Dil mehohad, ki guiamu giram [English title here]

Transcription

ХУРШЕДА ОТАХОНОВА
дпл мехоҳад, кп

ГӮЯМУ ГИРЯМ...



ХУРШЕДА ОТАХОНОВА

ДИЛ МЕХОҲАД, КИ
ГУЯМУ ГИРЯМ........

(АЗ ДАФТАРИ ХОТИ РОТ )

Душанбе

“Ирфон”

2011
ББК 83.3 (2тоҷик)+72.3
0-76

Муҳарир: Шаҳобуддини Шуҷоъ

Хуршеда Отахонова

0-76 Дил мехоҳад, ки гӯяму гирям... - Душанбе, “Ирфон”
2011, 196 саҳ.

Ин китоб аз ду қисм иборат буда, қисми аввал «Дил мехоҳад,
ки гӯяму гирям” ном дорад. Муаллиф дар он хотираҳои айёми
тифлӣ ва ҷавснии худро рӯйи коғаз овардааст, ки ба воқеаҳои соли
1937 марбут аст.

Селоби хунолудаи даврони сталинй оилаи ин зиёии тоҷикро
низ ба гирдоби худ кашида буд. Муаллиф ҳодисаҳоеро ёдовар
шудааст, ки падари ғамхору меҳрубон ва модари мискину бенавояш
аз сар' гузаронидаанд.. У дар симои модар тоқат, матонат, сидиу
вафо ва покии дили як нафар зани ба фоҷиаи мудҳиш рӯбарӯшудаи
тоҷикро таҷассум намудааст.

Қисми дуюм аз хотираҳо ва очеркҳои илмию оммавӣ иборат
буда, фаъолияти илмию адабии чеҳраҳои намоёни илму фарҳангро
фаро гирифтаанд. Инҳо Мирзо Турсунзода, Носирҷон Маъсумй,
Муҳаммад Осимӣ, Аҳрор Мухторов, Раҷаб Амонов ва дигарон
мебошанд.

Муаллиф аз шоир ва олими тоҷик, номзади илми
филология Шаҳобуддини Шуҷоъ, ки ба нашри китоб
мусоидат намудааст, сипосгузор аст.

4700000000-218

М501(12)-2011

-2011

ББК83.3(2тоҷик)+72.3

ISBN 978-99947-0-475-0

© Хуршеда Отахонова,2011
АЗ МУАЛЛИФ

Ман дар ин қисса хотираҳои айёми бачагй ва
ҷавонии худро, ки селоби хунолудаи соли 1937 ба
гирдоби худ кашида буд, рӯйи қоғаз овардам. Ҳарчанд
ин қисса “Дил мехоҳад, ки гӯяму гирям” ном дорад ва
ҳангоми ба хотир овардани ранҷу азобҳои бе ҳеҷ гуноҳ
кашидаи падару модари ғамхору меҳрубонам, умеду
ноумедиҳоям аз зиндагӣ борҳо ашки чашм рехтаам,
вале ҳадафи аслиям гуфтану гиристан набуд. Ман дар
аввали ин қисса дойр ба макраду мароми худ
навиштаам, вале мехохдм як нуктаро таъкид кунам.
Саргузашти талхи оилаи мо ба фоҷиаҳои бисёр
хонаводаҳои солҳои сиюми асри гузашта монанд буд.
Ман кӯшиш намудам, ки дар асоси тарҷумаи ҳоли худ
ва волидайнам дар симои модарам пуртоқатӣ,
таҳаммулнокӣ, шикастнопазирии рӯҳ, зах^атдӯстӣ,
инсонгароӣ ва сидку вафо барин хислатҳои модари
тоҷикро таҷассум намоям. Намедонам ин кор ба ман
муяссар гардид ё не, вале ман ба ҳамин ният қалам ба
даст гирифтам.

Ин қисса нахустин бор дар маҷаллаи “Садои
Шарқ” (1991,№ 1) ба табъ расида, дар шакли китобчаи
алоҳида аз тарафи нашриёти “Ирфон” бо дастгирии
моддии Ассосиатсияи қарокулпарварии Ҷумхурии
Тоҷикистон ва раиси он зиндаёд Мукаррама Тошматова
соли 1992 интишор ёфт. Рӯҳаш шод бод!

Инак, нашри дуюми қиссаи ҳуҷҷатии “Дил
мехоҳад, ки гӯяму гирям”-ро бо андак тахриру такмил
ба таваҷҷӯҳи шумо, хонандагони азиз, пешниҳод
мекунам.

3
ЗОДГОҲИ АЗИЗАМ,
ИСТАРАВШАНИ БОСТОНИИ MAH!

Ман дар ин қисса саргузашти талхи чанд тан
фарзанди аз беадолатии замон гирифтори азобу
шиканҷа гардидаи туро рӯйи коғаз овардам.
Фарзандони ситамдидаи ту зиёданд. Тақдири ҳар яки
онҳо борҳо туро ба изтироб овардааст. Борҳо мехостӣ
бо тамоми вуҷудат фарёд занӣ, вале додрасе набуд, ки
овози туро бишнавад, ба имдоди ту бирасад, андаке
бошад ҳам, ба дарди ту дармон бахшад.

Оре, боди самуми соли 1937 дарахти умри чӣ қадар
фарзандони барӯманди туро решакан намуд, чӣ қадар
хонаҳои ободро вайрон, модаронро аз фарзанд,
фарзандонро аз падар ва занонро аз шавҳар ҷудо кард.
Ҳеҷ кас намедонад, ки мазори фарзандони номбардори
ту Баҳриддин Азизӣ, Сангин Хидиров, Мухтор
Ҳайдаров, Олимҷон Бобоҷонов ва садҳо нафар дигарҳО
дар куҷо бошанд?! Ҳар яки онҳо аз обу хоки ту
парвариш ёфта, ба воя расиданд, бо азми қатъӣ ва
дили саршори орзую ормонҳо баҳри бунёди ҳаёти нав,
обод намудани Тоҷикистони азиз, паҳн кардани нури
маърифат дар он раҳсипор гардида буданд. Имрӯз мо
дар назди рӯҳи поки онҳо қарздорем ва то метавонем
номашонро бояд зинда гардонем.

Имрӯз аз пагоҳӣ маро душворие пеш омад. Кори
матншиносӣ бисёр нозук, андаке бедиқкдтӣ зоҳир кунӣ,
ҷазо мебинӣ. Санаи таълифи як шеъри лирикии устод
Лохутиро муқаррар карда будам, вале маъхазашро
нишон надодаам. Барои дарёфти маъхаз маводи зиёди
архивро дубора аз назар гузаронидан зарур шуд, вале
дар ҳеҷ ҷо онро пайдо карда натавонистам.

Хулоса, сахт заҳмат кашидан лозим омад, мадорам
рафт, чашмонам ба дард даромад, зиқ шудам ва
барои бедикҳатиам худро маломат мекардам. Фақат
дар поёни рӯз он шеърро бо санаи таълифаш аз байни

4
дастхатҳои устод пайдо кардаму оҳи сабук кашидам.
Лаҳзае ба сукут рафта, дам гирифтам.

Акнун бо хотири ҷамъ метавонам ба хона равам.
Сари роҳ даромада модарамро хабар мегирам, вале
чун ба ёдам расид, ки модарам дигар нест, дилам таҳ
кашид, дар вуҷудам як дарди ҷонкоҳе зуҳур кард, симои
нуронии модарам пеши чашмонам омаду лаҳзаҳои
ҳаёти камфурӯғаш чун навори филме аз назарам
гузашт.

Оҳ, модар, модари ҷафокашидаву ситамдидаам,
тору пуди туро аз меҳри саршор бофта, ҳама ҳастии
туро аз гили садоқату вафо сиришта будаанд! Мехоҳам
ҷаҳонро пур аз қиссаи ту кунам. Афсӯс, ки маро хунари
нависандагӣ насиб нашудааст, то ки ин нияти худро
амалӣ намоям. Бо вуҷуди ин наметавонам баъзе
лаҳзаҳои саргузашти туро рӯйи дафтар наорам. Ин
лаҳзаҳо аз он овоне, ки худро шинохтаам, зуд-зуд ба
ёдам мерасанду диламро меларзонанд. Дил бисёр
мехоҳад, ки гӯяму гирям....

Соли 1937. Мо дар Душанбе дар бинои якошёнае,
ки дар ҳавлии пушти кинотеатри ҳозираи ба номи Ҷомӣ
воқеъ буд, як хонаю як дах^езро ишғол мекардем. Ними
шаб садои аккоси сагҳо ва тақ-тақи ваҳмангези дар аз
хоб бедорамон кард. Падарам дарро кушод ва чанд
нафар одамони силохдор вориди хона гардиданд. Онҳо
ба падарам фармуданд, ки зуд тайёр шавад, ҳамроҳи
онх.0 меравад. Падарам гӯё ин соатро интизор бошад,
бо як оромии ба ӯ хос либосашро пӯшид. У ба чашмони
ҳаросони модарам нигариста, мисли он, ки ӯро аз хоб
бедор мекарда бошад, дасташро ба китфаш гузошту
ҷунбонда монд ва гуфт:

- Хавотир нашав, ман гуноҳе надорам, зуд
бармегардам.

Он шаб модарам то субҳ хоб нарафт. Маро маҷбур
кард, ки ба ҷогаҳам дароям. Хоҳарчаам Азиза, ки шаш-
ҳафтмоҳа буд, беист ғаш мекард, шояд аз он ки
модарам ба ӯ шири таре дода буд. Ва маро ҳам хоб
намебурд.

5
Дар ҳақиқат_падарам субҳ баргашт, вале хавосаш
парешон буд. У ба модарам паст-паст чизе гуфту
баромада рафт ва пас аз муддате бо ҳамроҳии тағоям
Акобирхон омад. Ман ҳамин қадарашро фаҳмидам, ки
мо бояд бо тағоям ба Истаравшан равем. Модарам ба
ҷамъ кардани чизу чораамон cap кард. Баъд мо ба
истгоҳи роҳи оҳан омадем. Ман ба гардани падарам
часпида бо овози баланд гиря мекардам ва хоҳиш
менамудам, ки ӯ ҳам ҳамроҳи мо равад. Модарам
беовоз мегирист. Падарам ба тағоям муроҷиат кард:

-Инҳоро ба шумо супоридам, ако,- баъд ба мо-
дарам рӯ овард:

-Бачаҳоро эҳтиёт кун! Намедонам, ки чӣ хел
зиндагӣ мекарда бошетон. Охир пасандозе ҳам
надорем. Соимхон, албатта, ёрӣ мерасонад, - ӯ
бародарашро дар назар дошт, ки он вақт мудири
молияи ноҳияи Калининобод (ҳоло ноҳияи Ғончӣ) буд,
вале ман аз ӯ хдм хавотирам.

-Шумо тинҷ шавед шуд, - гуфт модарам, мо ягон
илоҷ мекунем, ғами моро нахӯред.

Тағоям ба падарам рӯ овард:

-Шояд гапи рафиқатон дуруст аст, то ором шудани
замона ба ягон шахри дигар равед, балки халос
мешавед.

-Не, -гуфт падарам бо қатъият, - ман дуздам ё
ҷинояткор?! Чаро гурезам?! Ман гуноҳе накардаам,
охир. ҳақиқат мекардагистанд.

Поезд занги охиринро зад. Падарам бори дигар ман
ва хоҳарчаамро бӯсид, бо тағоям хдмдигарро ба оғӯш
гирифтанд, ба модарам даст дароз карда хайру хуш
намуд. Модарам, ки то ин вақт оби чашм мерехт,
ҳиққосзанон гиря карда гуфт:

-Рафтани мо ҳеҷ лозим набуд, охир ба шумо кй
нигоҳубин мекунад?

-Ҳеҷ ran не, ман бача нестам-ку! -гуфт ӯ ва
чашмонаш пури ашк шуданд.

Поезд ба роҳ даромад ва моро ба муддати дуру
дароз аз падарамон чудо кард.

6
Дар Истаравшан мо ба хонаи бобоям фуромадем,
зеро ҳавлии па дарам, ки дар гузари Лаби ҷӯ воқеъ буд,
ҳамагӣ ду дар хона дошт. Дар яке бибиам, дар дигаре
зану фарзандони амакам зиндагонй мекарданд. Амакам
ё нияти ба Истаравшан ба кор омадан дошт, ё ба
сабаби танҳоии бибиам зану фарзандонашро кӯчонда
оварда буд. Бибиамро дар маҳалла «ояи фалғарӣ»
меномиданд, ба он сабаб, ки ӯ аз қишлоқи Зосуни
Заҳматобод буда, ба авлоди Туғрал қаробат дошт ва
ҳамаи хешу таборонаш дар ҳамон ҷо зиндагӣ
мекарданд. Як пойи худаш хдм ҳамеша он ҷо буд, ба
амакам низ аз ҳамон ҷо зан гирифта дода буд.

Амакам баъд аз се-чор руз аз омадани мо хабар
ёфта диданй омад. У баръакси падарам крмати баланд,
китфони васеъ ва рухсори барҷаста дошт. Танҳо мӯйи
ғуллии рост ба боло шоназадааш ба мӯйи падарам
монанд буд. Ҳулку атвори амакам низ баръакси
падарам буд. Падарам ботамкин, бамулоҳиза ва
табиатан ором, амакам бошад, шӯх, тезҳаракат ва
оташинмизоҷ буд.

Он рӯз ӯ бо модарам ва тағоям дуру дароз сӯҳбат
кард. Ба модарам гуфт, ки хуб мешуд агар ба ҳавлии
худамон рафта, назди бибиам зиндагӣ кунад, онҳо сер
бошанд - сер, гурусна бошанд -гурусна.

Модарам гуфт, ки зиндагии ду ғамзада дар як хона
душвор аст, алами ояам (ӯ бибиамро ҳамин тавр
меномид) моро дида, ҳар дам тоза мешавад. Бе ин ҳам
х,амин ки ба хонаи мо омаданд, бачаҳоро ба оғӯш
мегиранду гиря мекунанд. Аз тарафи дигар, ин бачаҳо
ёш, бетобиашон ҳаст, бехобиашон ҳаст. Шукр, бачаҳои
шумо калонак шудагй, зарарашон камтар мерасад.
Беҳтар аст, мо ҳамин ҷо бошем. Тағоям ҳам гуфт, ки
ба зани ҷавон дар паноҳи падар будан беҳтар аст.

-Ана, ин хонаро таъмир карда медиҳам, - ба
ҳезумхонае, ки дар шафати хонаи бобоям воқеъ буд
ишора кард, - баъд худам ҳам нияти ба Бекобод кӯчида
рафтан дорам. Аслан мо мехостем, ки инҳо дар хонаи

7
падарам зиндагӣ кунанду падарам ба меҳмонхона
бароянд, вале келинатон намехохдд...

Ҳавлии бобоям дар гузари Даҳбедӣ, дар кӯчаи
Сталинобод, ки ҳоло номи Ленинро дорад, дар ҷойи
бинои почтаю телеграфи пештара воқеъ буд.
Меҳмонхонаи бобоям дар ҳавлии берун. Ҳавлии
дарунро аз берун дарвозахона, ки болояш болохона
буд, ҷудо мекард. Як тирезаи болохона ба ҳавлии берун
нигоҳ мекарду тирезаи дигараш ба болои боми тағои
хурдиам. Ба болохона аз дарвозахона ба воситаи
зинапояи тахтагин баромада, аз тиреза ба бом
фуромадан осон буд. Шабҳои тобистон бобоям болои
бом хоб мерафт. Азбаски бом бо хоки зард андова
шуда, тахту ҳамвор буд, мо духтарчаҳо рӯзона болои он
тӯббозӣ мекардем.

Дар пешгоҳи ҳавлии дарун як хонаю дахдез бо
пешайвонаш воқеъ буд, ки дар он тағои калониам
Акобирхон зиндагй мекард. Дар тарафи рост хонаю
дахдези тағои хурдиам Акбархон, дар поён хонаю
дахдези бобоям ва дар пахдӯи он ҳезумхонае, ки тағоям
устою мардикор андохта даруну беруни онро барои мо
андоваю сафед кунонда буд, ҷой дошт. Дар тарафи чал
танӯрхона воқеъ буда, болояш пӯшида, пешаш мисли
айвон кушода буд. Аз пушти танӯрхона сойи калон
мегузашт, ки шаҳрро ба ду тақсим намуда, солҳои
сербориш ва обхезй ба сари мардуми ин диёр
бадбахтиҳои зиёде меовард.

Дар мобайни ҳавлӣ садаи калони сершоху барг
қомат афрохта, ба саросари он соя меандохт. Ман
баъдтар, вақте ки дубора ба Душанбе кӯчида омадему
дар аксари ҳавлиҳо дарахтони мевадорро дидам, фикр
мекардам, ки чаро дар ҳавлиҳои Истаравшан дарахтони
мевадор кам ба назар мерасанд. Сабаби онро баъдтар
донистам. То инқилоби Октябр ва солҳои баъди
инқилоб, аниқтараш то ташкили колхозҳо, аксари
бошандагони шаҳр боғ доштанд ва тобистон он ҷо
кӯчида мебаромаданд. Онҳое, ки боғ надоштанд, боғро
ба иҷора мегирифтанд. Бинобар ин, ба дарахтони

8
ҳавлиҳои шаҳр он қадар эътибор намедоданд. Аз
тарафи дигар дар шаҳр об кам буд, ҳарчанд ки аз
мобайни он сойи калон мегузашт, аз он истифода бурда
наметавонистанд.

Аз ҳавлии мо ҷӯй намегузашт. Оби нӯшокиамон аз
чоҳ буд. Шояд решаҳои ин дарахти азим низ аз ҳамин
чоҳ, ки аз он ду метр дуртар кофта шуда буд, баҳра
мебурд.

Модарам ҳамон садаро ҳар замон ба ёд меовард.
Зери он айёми бачагиаш ҷойи хоначабозию лӯхтакбозӣ
ва байни шохҳои он гурезгоҳи ӯ будааст. Нақл карда
буд, ки боре ӯ гуноҳе содир карда, ба болои ҳамин
дарахт баромада, аз модарандараш пинҳон шуда
будааст.

Модарам аз бибиам сесола ятим монда будааст ва
модарандараш ӯро чун фарзанди худаш калон
кардааст. Ҳамон рӯзи дар байни шохҳои сада пинҳон

шуданаш модарандар тамоми______махдлларо кофта,

ҳамаро ба по хезондааст, вале ӯро наёфта гумон
кардааст, ки модарам ба чоҳ афтодааст. У ба сари чоҳ
омада, худро ба даруни он партофтанӣ шудааст,
Модарам, ки аз байни дарахт ҳамаи инро мушоҳида
мекардааст, худро таппӣ ба замин партофтаасту чанд
калтаки обдор хӯрдааст.

Баъди чанд муддат тағои хурдиам Акбархон аз
Душанбе хабар фиристод, ки падарамро ҳабс карда ва
ҳамроҳи дигар маҳбусон ба вагонҳои боркаш андохта,
ба куҷое фиристодаанд. Ба куҷо фиристоданашонро
ҳеҷ кас намедонад. Пас аз ин амакам шабона аз девори
тарафи сой худро рӯйи ҳавлӣ партофта^ моро
хабаргирӣ омад. Ин дидори охирин будааст. Уро низ
х,абс карданд.

Аз ҳабси ӯ муддати мадиде нагузашта, дар шаҳр
овоза шуд, ки Соимхон вафот кардааст, вале ҳеҷ кас
ҷуръат карда, ин хабарро ба модари зори ӯ расонида
наметавонист. У хдр бор дар поёни намозаш аз болои
ҷойнамоз нахеста, бо овози баланд илтиҷо мекард:

9
-Худоё, Худовандо, ту одилию қодир, каримию
раҳим, Отахону Соимхонро дар паноҳат нигоҳ дор, ба ту
амонат супоридаам, хиёнат накун. Писараконамро
сиҳату саломат баргардон, ки омада, ба хонаю дар ва
зану фарзандонашон соҳиб шаванд, он вақт ҷони маро
гир, ман розй.

Модаркалонам хату саводи кӯҳна дошт, вале
азбаски писаронаш ба қавли худаш одамони ҳукумат
буданд, ба онҳо ran нарасад гуфта, дар маъракаҳо ба
китобхонии бибиотунҳо ҳар чанд илтимос кунанд ҳам,
ҳамроҳ намешуд.

Рӯзе модарам дар сари гаҳвора нишаста
хоҳарчаамро мемаконд, ки дари хона кушода шуду
аммаам Бипошшохон даромада омад. Чашмонаш аз
гиря варамида суп-сурх шуда буданд. Ранги рӯяш
парида буд ва нигоҳаш даҳшатро ифода мекард.

Модарам ҳайратзада ба ӯ нигарист ва синаашро аз
даҳони хоҳарчаам гирифта, аммаамро саволборон
кард:

-Чи шуд ба шумо? Аз куҷо меоед? Ояам дуруст-ми?
- ӯ аз бибии кулфатзадаам хавотир буд.

Забони аммаам ёрои калом гуфтан надошт. У
беҳолона ба замин, ба болои кӯрпача нишаст ва канда-
канда гуфт

-Акоям...

-Чй? Дадаи инҳо? - ба тарафи ману хоҳарчаам
ишора кард модарам.

-Акои Соимхон гӯё нобуд шудаанд, - гуфт аммаам
беҳолона.

-Кй гуфт? Аз куҷо ин шумхабар? - пурсид модарам,
дар ҳолате ки тамоми вуҷудашро ваҳшат фаро гирифта
буд.

Аммаам оҳи чукур кашиду нафасашро рост кард ва
ба суханони модарам посух дод:

-Хушдоманам гуфтанд, - аммаам баъд илова кард,
ки дар маъракаи фалонй (яке аз хешовандони
дурамонро ном гирифт) занҳо дар бораи бибиам ҳар
хел гапҳо гуфтаанд. Гуфтаанд, ки ояи Тӯрапошшо аз

10
гӯру қиёмат ва сафедию сиёҳии он дунёву ин дунё
бохабаранд, вале чанд вак^г боз писарашон хок лесида
хоб рафтаасту дуои фотиҳа ба арвоҳи вай ба ёдашон
намерасад.

Хушдомани аммаам гуфтааст, ки то кай марги
Соимхонро аз он кас пинҳон медоретон. «Дарвозаи
шаҳра бастан мумкин, даҳони мардума не», як рӯз не,
як рӯз, воқеаи шудагӣ ба ҳама маълум мегардад.
Беҳтар аст, ки худатон гӯетон ва аз пайи азокушоён
шаветон.

Модарам ин суханони мудҳишро шунида, гиря
карда гуфт:

-Ин гапа ба он кас чӣ хел мегӯем?! Ҳанӯз алами
кори кардаи авсунам аз дилашон нарафтааст, - ӯ зани
амакамро дар назар дошт, ки баъди ҳабси амакам ба
зодгоҳаш Фалғар кӯчида рафт ва ба зудӣ шавҳар кард.
Шояд ҳамон вак^ қатл шудани ӯро фах^ида бошад. Ин
хабар қомати бибиамро хам занонд, ӯ дарун-дарун
месӯхт, вале аз ин хусус ба касе чизе намегуфт. Охир,
зани амакам чону чигари худаш буд.

- Ояам ба ин азоб тоб оварда наметавонанд, -
илова кард модарам, - сонӣ рафту ин овозаҳо дурӯғ
бошад. Охир, агар амакпочоям нобуд шуда бошанд,
наход як порча коғаз нафиристанд?

-То шамол нахезад, шохи дарахт намеҷунбад, -
гуфт аммаам, - ин ҷо ягон сирру асрор ҳаст. Чандин
маротиба ба ҳабсхона рафтам, фалонӣ нест, мегӯянду
тамом. Куҷо бурданд, чӣ кор карданд, вай дар куҷост,
ҳеҷ кас намедонад... Бечора акоякам, чӣ гуноҳ доштанд,
ки Худо, ба ҷаноза ҳам лоиқ надид. Одамҳо дуруст
мегӯянд, то кая он кас хок лесида хоб мераванду мо
нигоҳ карда мешинем? - аммаам хунгос зада гирист.

Модарам гуфт:

-Хезед, ҳозир пеши аммааш Сайнисохон меравем.
Номи аслии ин хеши падарам Сайиднисохон буда, дар
маҳаллаи бибиам, яъне гузари Лаби ҷӯ зиндагй мекард.
Ҳар чи ҳам бошад, он кас гармию сардин зиндагиро

11
бисёр дидагӣ, илоҷашро меёбанд. Секаса шуда ба ояам
мефаҳмонем.

Аммаам розӣ шуд. Модарам, ки ману Азизаро танҳо
монда рафта наметавонист, ҳамроҳаш гирифт. Сари
роҳ ба хонаи аммаи Сайнисохонам даромадем. Аммаам
ба ӯ масъаларо фаҳмонд. У зиёд фикр накарда гуфт:

-Шумоҳон рафтан гиретон, ман аз қафоятон расида
меоям.

Бибиам Азизаро гирифта, ба синааш пахш кард.
Сад бор садкдю банда шуда, сару рӯйи ҳардуямонро
бӯсиду бӯйид.

-Аз шумо бӯйи дадаатон меояд, - гуфту гиря кард.

Фурсате нагузашта, аммаи Сайнисохонам расида
омад.

-Шунидам, ки келинпошшо омадаанд, - гуфт ӯ, -
кайҳо боз бачаҳоро надида будам, як бинам гуфта
омадам. У бо модарам, гӯё акнун дида истода бошад,
канор гирифту пурсупос кард.

-Вай шумоҳонаконба мурам, - гӯён ману Азизаро
ба оғӯш каш ид.

Занҳо рӯбарӯйи бибиам нишаста, боз ба ҳолпурсӣ
шурӯъ карданд. Ҳарчанд, ки мақсади аз ин ҷо
омаданашон аз воқеа огоҳ кардани бибиам буд, ба
изҳори он шитоб нзмекарданд. Гапашон ҳам кӯр
намегирифт. Ҳар кадом бо фикру андешаи он банд буд,
ки гапро аз чй cap кунад. Хоҳарчаамро, ки модарам аз
гаҳвора кушода омада буд, дар бағали модарам хобаш
бурд. Бибиам аз таҳмон болишт гирифта, ба болои
кӯрпача монд ва аз модарам хоҳиш кард, ки ӯро
хобонад.

Модарам маро нагузошт, ки ба рӯйи ҳавлӣ бароям.
-Як дам дар пахдӯи бибиат шин, - гуфт ӯ, - ин кас туро
ёд кардагй.

У мехост, ки бибиамро андармон кунад. Аммаам
дастурхон андохту чой дам карда овард. Бибиам ҳар чй
дошт, рӯйи дастархон гузошт. У ба як нимтабака ғӯлунги
омехтаи ҳаштак гирифту ҳаштакҳоро чида ба ман дод.

12
Бибиам хоҳ ба хонаи мо равад ва хоҳ ман ба
хонааш оям, киссаҳои маро аз ҳаштак пур мекард. Ин
чизро хешовандонаш аз Фалғар мефиристоданд. Чй
қадар ширин ва хушмазза аст ҳаштак! Вақте ки мағзу
зардолуи баргак кардаро якҷоя ба даҳонат меандозй,
аҷаб лаззате мебахшад. Мазаи ягон конфет ва ё
шоколад ба он баробар шуда наметавонад.

Занҳо бо имою ишорат кушодани гапро ба ҳамдигар
ҳавола мекарданд.

Дар шахр овоза шудааст, ки акои Соимхонам нобуд
шудагӣ. Ба ҳабсхона рафта омадам, на дар бораи
мурданашону на дар бораи зинда буданашон ҳеҷ чиз
намегӯянд, - ниҳоят аммаам ran cap кард.

Май гумон карда будам, ки бибиам ҳозир дод
мегӯяд, фарёд мебардорад ва нолаю шеван мекунад,
рӯю мӯяшро меканад, вале бибиам дар ҳолате, ки ашк
аз чашмонаш шашкдтор чорй мешуд, гуфт:

-Не, не, ин хабарҳо дурӯғ! Худо нигоҳ дорад. Ман аз
Худо умед дорам, банда ба умед, шайтон ноумед...

У ба азокушоён қатъиян розй нашуд.

-Нияти бад намекунам, - гуфт ӯ, - забонам сӯзад,
ки «во балам» гуфта гиря кунам!

Аммаам гуфт:

-Гапатон дуруст, ояҷон, кй мурдаи фарзандаша
надида ба мурдани вай бовар мекунад. Кошки ин ran
дурӯғ бошад. Мо ҳам бовар намекунем, лекин агар
аком зинда бошанд, аз ягон ҷо маълум мешуд-дия.
Сонй, гап-гапи мардума чй кор мекунем? Ба даҳони ҳар
кас пахта тиққонда нашавад.

-Мардум ҳар чй гӯянд, гуфтан гиранд! - гуфт сахт
карда бибиам.

-Дар дунё одамони баднияту бадгӯ кам нест. Дар
хотиратон ҳаст-мӣ, - ӯ рӯй ба модарам гардонд, - вак^и
Отахона ҳабс кардан писари Мукаррамахон аз
Сталинобод чй хабарҳо оварда паҳн кард. Гӯё дар
вокзали Сталинобод аз даруни вагон Отахон «нон-нон»
гӯён фарёд кардаасту ягач кас ёфт нашудааст, ки як
бурда нон дароз кунад. У аз гуруснагӣ беҳол шуда,

13
дигар овозаш набаромадааст. Ҳол он ки Акбархон,
илоҳо, ба умру ҷонашон Худо барака диҳад, илоҳо, ин
некиашон аз ман нагардад, аз Худо гардад, - бибиам
даст ба рӯй кашида омин гуфт, - як роҳаша ёфта як
рӯймол нону қаиду гӯшт бурда додаанд. Инро ҳам
дигарҳо хабар оварданд-ку.

Аммаам чӣ гуфтанашро надониста хомӯш монд.
Занҳо ба сукут рафтанд. Амман Сайнисохон, ки то ҳол
ба ran ҳамроҳ нашуда менишаст, хомӯширо вайрон
кард.

-Набошад, - гуфт ӯ, - панҷ - шаш каса хабар карда,
як хатми Қуръон кунем, агар Соимхоч зинда бошад,
садақзи ҷонаш, набошад, арвоҳаш ором мешавад.

Бибиам инро ҳам кдбул накард. Акнун навбати
сухан гуфтан ба модарам расида буд. Ӯ гуфт, ки гапи
аммаам маъкул. Худатон мегуфтед, ки ба одам хайру
худой ҳам даркор. Ин ҳам як хайру худой-дия.

Бибиам ноилоҷ розй шуд, вале якбора фиғон бар -
дошт:

-Эй Худой тамошобин! Ин чӣ рӯзи сиёҳ буд. Ин
боди самум аз куҷо омаду бачаякони одамоя печонида
гирифта бурд. Модарона аз фарзанд, фарзандоя аз
па дар, занҳоя аз шавҳар чудо кард.

Модарам ва аммаҳоям, ки то ин дам дандон ба
дандон монда, ашки чашмонашонро нигоҳ дошта
менишастанд, домани гиряро cap доданд, вале бибиам
онҳоро ором кард:

-Овоз бароварда, одам ҷамъ накунетон, - гуфт ӯ, -
ношукрй мешавад. У чандин бор ба Худо рӯй оварда,
тавбаю тазаррӯъ кард ва бахшидани гуноҳашро
талабид.

Ҳарчанд бибиам ба марги амакам бовар надошт,
вале алами ҷудоӣ аз фарзандон ва зимнан овозаҳои
ҷонкоҳ ӯро аз по афтонданд. У ном и Отахону Соимхон
дар забои аз дунё чашм пӯшид.

Бибиам он вак^г ба шаст ҳам нарасида буд. Дар
таърихи 4 августи соли 1990 дар рӯзномаи
«Тоҷикистони советй» дар рӯйхати шахсони дар

14
давоми солхри 30 -40-ум ноҳақ ва беасос ҷазодида, ки
Бюрои КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон узвияти
. ҳизбиашонро баркдрор намудааст, номи Сайид
Мӯсохӯҷаевро дидам.

Ман бовар доштам, ки ин амаки ман асту дар
исмаш саҳв рафтааст. Ба куҷо муроҷиат карданамро
фикр мекардам, ки аз Комиссиям назорати ҳизбии назди
Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон
телефон карданд.

Маро дар Кумитаи Марказӣ ҷавони малламӯи
кушодарӯе пешвоз гирифт ва ба наздам ду ҳуҷҷат
гузошт. Дар ҳуҷҷати аввал ба забони русй навишта
шуда буд:	- ‘‘Мӯсохӯҷаев Саид (Сойм), соли

таваллудаш 1902, ҷойи таваллудаш шаҳри Уротеппа
(Истаравшан), ки 19 сентябри соли 1937 барои алоқа
доштанаш бо душманони халқ ва ҳимоят кардани
онҳо аз сафҳои ҳизб хориҷ карда шуда буд, бо
карори Бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти
Тоҷикистон рақами 2/30 аз 18 июли соли 1990 аз
ҷиҳати ҳизбӣ сафед карда шуд. Имзои раиси
комиссия. Санаи 27 июли соли 1990“ .

Дар шаҳодатномаи дуюм моҳияти масъала ташреҳ
ёфта буд:

“Мӯсохӯҷаев Сайид аз ҷиҳати ҳизбӣ ва ҷиноӣ
барои дар ташкилоти аксулинқилобии буржуазии
миллатгарой, ки дар ноҳияи Калининобод (ҳоло ба
ноҳияи Ғончӣ мутааллиқ аст -У.О.) амал мекард,
ширкат варзиданаш гунаҳкор дониста шуда буд.
Мақсади ин ташкилот мисли ташкилоти ба ҳамин
монанде, ки дар Сталинобод таҳти роҳбарии
Шоҳтемур, Раҳимбоев, Хидиров ва дигарҳо амал
мекард, сарнагун сохтани Ҳокимияти Шӯравӣ буд.

Бо қарори Тройкаи (сегонаи-Х.О.) УГБ (Идораи
бехатарии давлатй—Х.О.) ва НКВД-и (Комиссариати
Корҳои Дохилӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри
соли 1937 Мӯсохӯҷаев Сайид парронда шуд.

Тафтишоте, ки солҳои 1949 ва 1959 гузаронида
шуда буд, нишон дод, ки дар ноҳияи Калининобод
аслан чунин ташкилоти аксулинқилобӣ вуҷуд

1.5
надоштааст, бинобар ин, иштироки Мӯсохӯҷаев
Сайид дар он муқаррар нагардид.

Суди Олии Тоҷикистон 24 моҳи майи соли 1957
қарори тройкаи КГБ ва НКВД-и Тоҷикистонро нисбат
ба Мӯсохӯҷаев Сайид аз эътибор соқит донист».

Дар поёни ин ҳуҷҷат дойр ба фаъолияти меҳнатии ӯ
маълумот зикр ёфта буд. Маълум мешавад, ки амакам
фаъолияти меҳнатии худро дар давраи шӯравӣ аз
муздурӣ ва ҳаммолӣ дар шаҳрҳои Уротеппа
(Истаравшан) ва Бухоро шурӯъ намуда, бори охирин
пеш аз қатл вазифаи мудири шӯъбаи молияи ноҳияи
Калининободро ба ӯхда доштааст.

Ин ҳуҷҷатҳоро хондаму дилам об шуд ва сели ашк
пеши чашмонамро гирифт. Ба ёдам нолаҳои ҷонкоҳи
бибиам, хорию зорӣ ва саргардониҳои духтари хурдии
амакам апаи Розияам омад, ки ду сол қабл аз ин вафот
кард.

Кош ин фарзанди ноком ақаллан ин рӯз - рузӣ'
сафед шудани падари гирифтори ҳадафи тӯҳмату
бераҳмӣ шудаашро медид.

Ман то ин дам гумон доштам, ки амакамро ба
Сибир фиристодаанду ӯ ба маҳбусӣ ва хунукиҳои он ҷо
тоб наоварда вафот кардааст. Аз гӯшаи хаёлам
нагузашта буд, ки ӯ дар ватани худаш қатп шудаасту
касе намедонад, ки қабраш дар куҷост ва умуман
қабраш вуҷуд дорад ё не?

Ҷавони малламӯй аз графин ба истакон об рехта,
ба наздам гузошт ва маро дар кабинети кориаш танҳо
монда, худ берун баромад, то ки ман дар танҳоӣ сӯзаму
ба худ оям. Баъди чанд дақиқа аз нав вориди кабинет
шуду ба наздам ҳуҷҷати дигаре гузошт ва хоҳиш кард,
ки имзо кунам. Дар ин хуҷҷат навишта шуда буд, ки ман
ин сирро ба касе нагӯям, яъне дар бораи ноҳақ рехта
шудани хуни амакам мӯҳри хомӯшӣ ба забои занам.

Ман ҳайрон шудам: имзо кунам ё накунам? Имзо
накунам ҳуҷҷати дуюмро намедиҳанд ва дигар онро
гирифта наметавонам. Ҳол он ки маҳз ҳамин ҳуҷҷат ба
бегуноҳии амакам ва сабаби хукми қатли ӯ равшанӣ

16
меандохт. Ин ҳуҷҷат барои фарзандон ва наберагони
мо зарур буд, то ки ҳақиқати зиндагии аҷдоди худро
донанд. Ва агар имзо кунам, оё хомӯш буда
метавонам?!

Охир, дар бораи воқеаҳои хунини он солҳо дар
ҳамаи ҷумхуриҳо шоҳидони ҳол асарҳои зиёди хурду
калон ба табъ расондаанд. Китоби А. Солженитсин -
«Архипелаг Гулаг» машҳури олам гардид. Пае чаро
инҳо даҳони маро бастанианд? Магар насими сиёсати
бозсозӣ ва ошкоргӯйӣ дар cap то пойи мамлакати мо
навазидааст? Оё баъди вафот х,ам бошад, сафед
шудани амакам ва падарам, бардошта шудани доғи
ҷонкоҳи бадномӣ аз гардани онҳо, ғалаба кардани
ҳақиқат натиҷаи ҳамин сиёсати бозсозӣ нест, ки маҳз бо
ташаббуси Ҳизби Коммунист ба амал омад? Ба ҳамин
монанд саволҳои мураккабу мубҳам майнаамро гиҷ
карда, сарамро ба дард оварданд. Ҷавони малламӯй
дар болои сэрам рост меистод ва хдйрон буд, ки чаро
таъхир мекунам. Оқибат имзо гузоштаму ҳуҷҷатҳоро
гирифта, ба кифам андохтам ва бо ӯ хайрухуш карда,
берун баромадам.

* * *

Модарам аз рӯзҳои аввал кӯшиш мекард, ки ба гар-
дани падараш бор нашавад (зеро бобоям нафақаи
ночизе мегирифт). Бинобар ин, ӯ дар ҷустуҷӯйи кор
шуд. Ва ҳар рӯз коркобӣ мерафт, вале куҷое равад, бо
баҳонае гусел мекарданду ба кор намегирифтанд.

Модарам аз ҷумлаи занҳое буд, ки авва_лин туда
дар Истаравшан фаранҷӣ партофтаанд. У яке аз
фаъолаҳои шахр буд, дар байни занҳо доир ба зарари
фаранҷӣ ва аз хусуси ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб
намудани занҳо тарғиботу ташвиқот мебурд.

Боре нақп карда буд, ки хднгоми ба Уротеппа
(Истаравшан) омадани раиси Кумитаи Марказии
Иҷроияи РСС Тоҷикистон Нусратулло Махсум дар
митинги серодами шаҳрӣ ба гардани ӯ галстуки сурх
бастааст.

17
Дар албоми оилаи мо ду сурате мавҷуд аст, ки яке
модарамро дар байни иштирокчиёни Пленуми даъвати
сеюми Шӯрои шаҳрии Уротеппа (Истаравшан) 16-уми
январи соли 1929 ва дигаре дар байни фаъолзанони
шаҳри Кӯлоб 8-уми марти соли 1934 акс кардааст.

Аз рӯзи ҳабси падарам як ё якуним моҳ гузашта
буд, ки модарамро як бегоҳ ба бюрои кумитаи ҳизбии
шаҳр даъват карданд. Посе аз шаб гузашт, вале аз ӯ
дарак набуд. Бобоям асозанон чанд бор ба кӯча
баромада омад. Оқибат модарам баргашт. Уро чун зани
«душмани халқ» аз сафи ҳизб хориҷ кардаанд, билети
ҳизбиашро гирифтаанд. Модарам мадори сухан гуфтан
надошт. Хоҳарчаамро, ки аз гуруснагй бедор шуда гиря
мекард, маконду дар сари гаҳвора хобаш бурд. Рӯзи
дигар ҳам ӯ карахт буд, бо ҳеҷ кас ran намезад.
Азизаро ба гаҳвора бает ва ба ман гуфт, ки аз наздаш
наҷунбам. Агар бисёр гаш кунад, бикелинам - зани
тағои Исломро ҷеғ занам, ӯ хдмсояамонро дар назар
дошт ва худаш баромада рафт.

Модарам овози форам дошт. У одатан хоҳарчзамро
ба гаҳвора баста, то хобаш бурдан алла мегуфт. Дар
аллаи ӯ ҳам мехри саршори модарӣ ифода меёфту ҳам
дарду алами ҷавонзани бистучорсолае, ки аз як тараф
аз пушту паноҳаш - шавҳари маҳбубаш, чудо шуда буду
аз тарафи дигар, сари риштаи зиндагиро наёфта,
намедонист, ки ба кадом роҳ равад, чй кор кунад?

Ман аллаи модарамро дуст медоштам. Ҳоло ҳам ба
овозаш дилам гум мезанад. Ҳамин ки хоҳарчаамро ба
ман гузошта мерафт, ба модарам тақлид карда, алла
мегуфтам, суханони ӯро аз номи худам такрор
менамудам

Аплаё, аллаё,

Алла гӯям, аллаш биёд, аллаё,

Қодир худоя раҳмаш биёд, аллаё,

Дадаҷонама биёрад, аллаё,

Нони падар нахӯрдагӣ, укоҷонам, аллаё,

Либоси падар напушидагим, аллаё,

Аз дидорн падар сер нашудагим, аллаё...

18
Он рӯз бо овози баланд алла мегуфтам, ки
бикелинам даромада омад. Модарам пеш аз рафтанаш
даромада хоҳиш кардааст, ки маро хабар гирад.

-Хобаш набурдааст? - пурсид ӯ.

-Ҳозир хобаш бурд, - гуфтам аз саргарми
аллагӯйӣ шуданам шарм дошта.

-Хез, ба кӯча баро ё ба ҳавлии мо рафта як дам
бозй кун, - гуфт бикелинам ва илова намуд: -Ман ба
укоят нигоҳ мекунам.

Вале хднӯз ман ба куча набаромада, модарам
ҳамроҳи тэтой Ислом, шавҳари бикелинам, даромада
омад. Дар дасти тагои Ислом чарх ва дар як рӯймолча
чанд дона дук, дар сари модарам бухчаи пахта буд.

-Хайрият акома дидам, - гуфт модарам ба бикелин
рӯй оварда,

-Набошад, ҳалқам ба даҳонам меомад. Ин чарх чй
бало вазнин будааст.

Бикелинам ба рӯйи модарам саволомез нигоҳ кард.

—	Барой зани «душмани халқ» кор набудааст,
фарзандони ӯ аз гуруснагй мурад майлаш будааст, -
гуфт ӯ бо алам, - дигар чй кор кунам. Мегӯянд, ки ҳоло
бозори калоба тез аст. Як бахтамро санҷида бинам,
зоро ризку рӯзии бачаҳоямро пайдо карда тавонам.

Ман чархро аввалин бор медидам, бинобар ин
парраҳои онро гардондан гирифтам. Модарам
норозиёна ба тарафи ман нигоҳ карда гуфт:

—	Духтаракам, ин чархро аз хонаи... (ӯ нами як хе-
ши дурамонро ба забон гирифт) муваққатан гирифта
омадам, мабодо нашиканад, - ва боз ба бикелин рӯ
овард: - агар корам барор гирад, чархи нав мехарам.

Аз ҳамон вақт модарам дигар корковй намерафтагй
шуд. Кори хонаро саросема анҷом медоду ба сари чарх
менишаст. Аз пагоҳ то ними шаб чарх мегардонду
ресмон меришт ва фақат барои хӯрок пухтан ё
хоҳарчаамро макондану хобондан аз чояш мехест. Агар
хоҳарчаам дар гаҳвора бошад, ман ба модарам ёрй
медодам: аз пахта пилта тайёр мекардам ва пилтаҳои
тайёрро чудо карда ба ӯ медодам. Агар хоҳарчаам

19
бедор бошад, бо ӯ машғул мешудам, то ин ки ба
модарам халал иарасонад.

Модарам нӯги пилтаро ба дук пайваста, бо як даст
онро нигоҳ медошту бо дасти дигараш дастаи чархро
мегардонд. Пухтагии ресмон ва маҳин шудани нахи он
ба суръати гардиши чарх вобаста буд. Бинобар ин, ӯ
чунон тез кор мекард, ки ман пилтаи ҳардуямон за-
хиракардаро расонида наметавонистам. Ҳамин ки дук
аз ресмон пур мешуд, модарам як нӯги онро ба ресмони
чарх баста, ба гирди он мепечонд ва калоба мекард. Он
солҳо дар шаҳру деҳоти Истаравшан карбосу
алочабофй дар авҷ ва аз ҳамин сабаб калоба
серхаридор буд. Аз рӯйи суханони модарам сифати
ресмони ӯ ганда набуд, вале ӯ мисли дигарон ба назди
харидор рафта, молашро таърифу тавсиф карда
фурухта наметавонист. Бинобар ин, ба ҷаллобон дода
меомад.

-Ноинсофон, - мегуфт модарам, - аз ман бо нархй'
арзон харида, ду баробар қимат мефурӯшанд. Агар
худам фурӯхта метавонистам, ба дастам пули
дурустакак медаромад.

Баъзан, агар рӯзи бозор холаам биёяду нигоҳ
кардани хоҳарчаамро ба ӯхда гирад, модарам маро
ҳамроҳ ба бозор мебурд. Пули калобаҳояшро гирифта,
ба як қисми он пахта мехарид ва ба қисми дигараш
харид мекард. Агар калобаҳо аз чашмдошташ зиёдтар
ба фурӯш раванд, хдтман барои ман ва хоҳарчаам чизе
мехарид. Маро ба бозори хӯрок гирифта мебурду
мепурсид, чй мехоҳам. Ман нахӯдшӯрак мехостам. Бӯйи
нахӯдшӯраки серпиёзу серкабудӣ иштиҳоямро мекушод.
Баъзан қанди обаки дандон харида медод.

Дар яке аз рӯзҳои бозор (он солҳо рӯзи ҷумъа рӯзи
истироҳат ва бозор буд) ҳангоме, ки модарам
калобаҳояшро ба чаллоб мефурӯхт, аз куҷое амаки
Муллоиброҳим пайдо шуд. Амаки Муллоиброх^м —
ҳамсояи дасти рости бобоям, яке аз одамони
обрӯманди гузарамон буд. Ин марди хушсурату
хушлибос дар маркази диққати занони маҳалла буд.

20
Занон бегоҳирӯзиҳо баъди анҷоми кори хонаашон
чокашонро гирифта, назди модарам меомаданд. Ин ҷо
ҷамъ шуда, яке тоқӣ (тӯппӣ) медӯхту дигаре рӯймол. Ва
Муллоиброҳим мавриди сӯҳбати онҳо кдрор мегирифт:
ӯро аз cap то нохуни пояш муҳокима мекарданд.

Вай чӣ хел роҳ меравад, ки мӯзааш гард намегирад,
- мегуфт яке.

-Ягон бор надидаам, ки қати тӯппиаш вайрон шуда
бошад, илова мекард дигаре. Кителу шими галифе ва
яктаҳи чесучаи малларангаш, ба қавли аммаи
Муҳаррам, ба рӯйи сафед ва чашму абрӯвони сиёҳаш
ҷанг мекард.

Амаки Муллоиброҳим дар идораи савдои шаҳр кор
мекард, вале ҳавлии назарногир ва рӯзгори хоксоронае
дошт. Ман фақат ду духтари ӯро дар ёд дорам,
намедонам дигар фарзанд дошт ё не. Духтарчаи
калониаш ҳамсинни ман буда, Рафоат ном дошт.

Баъдтар ки калон шуда, дар бораи шоир ва ё
олимон китоб мехондагӣ шудам, симои нуронии амаки
Муллоиброҳим, дар ҳолате ки дастори сафед дар cap
дошт, пеши назарам меомад. Мегуфтанд, ки ӯ саводи
хуби кӯҳна дорад ва бисёр вак^г дарвозаро маҳкам
карда, китоб мехонад ва хдмин ки ягон кас дарро так, -
тақ кард, китобашро пинҳон мекунад.

-Худо накарда ягон кас китоби кӯҳна доштанашро
ба ҳукумат хабар диҳад, ӯро хдбс мекардаанд, - мегӯяд
аммаи Муҳаррам, -илоҳо чашми ҳасадхӯр кӯр шавад, -
дуои бад мекунад бикелинам, - аз тӯҳмати ноҳаку
балои ногаҳон Худо худаш нигоҳ дорад. Муллоиброҳим
одами хуб аст, ба ягон кас гандагӣ накардааст, ба ҳама
ёрӣ мерасонад.

Муллоиброх^м Саидов дар аввалҳои ҷанг ба фронт
рафт ва дере нагузашта хати сиёҳаш омад.

Модарам дар рӯбарӯи_худ амаки Муллоиброх^мро
дида, дасту по гум кард. У бошад, ҷаллобро ба инсоф
даъват карда, калобаҳои модарамро ба нархи қиматтар
фурӯхта дод.

21
Рӯзи дигар Рафоат ба хонаамон омад ва гуфт, ки
модарам ба ҳавлии онҳо равад будааст, падараш ran
доштааст.

Модарам аз хонаи Рафоатино бо вақти хуш
баргашт. У ба бобоям гуфт, ки амаки Мулдоибро-ҳим
барои ӯ кор ёфтааст: бо калонҳои идораи савдо
гуфтугӯ карда, розӣ кардааст, ки модарамро ба яке аз
дӯконҳои шаҳр шогирди фурӯшанда таъйин кунанд.

-Ҳамин ки корро ёд гирифтед, - гуфтааст ба мо-
дарам ӯ, - ба фурӯшандагӣ мегузаронанд.

-	Мабодо кор карда натавонам, акои Муллоибро-
ҳим музтар мешаванд-дия, - гуфт модарам ва ин лаҳза
ба чеҳрааш ҳузн соя андохт.

-	Чаро наметавонистаӣ?!—ӯро тасалло дод бо-
боям, - одам мекардагӣ кор, зеҳни тез дорӣ, ёд
мегирӣ...

Субҳи дигар модарам ба идораи савдо рафт. Уро
худи амаки Муллоиброҳим ба дӯкони назди кӯпруки
гузари Урус бурда, бо мудираш, ки Ботуров ном шахсе
будааст, шинос кардааст.

-	Ба дӯкони Тӯрахӯҷа таъйин карда бошад,_кори хуб
шудааст, -гуфт бобоям хурсанд шуда, -У одами
бамаънӣ, ҳалолу пок.

-	Ман намедонам ин некиҳои акои Муллоиброҳимро
чӣ навъ мегардонда бошам? - гуфт андешамандона
модарам.

Дар ҳақиқат зеҳни модарам тез будааст, ӯро зуд аз
шогирдӣ ба фурӯшандагӣ гузарониданд ва баъдтар
мудири дӯкон таъйин шуд.

* * *

Хаёли модарам ҳамеша ба падарам банд буд. Агар
касе ба Душанбе ва ё шаҳрҳои дигар барои дидани
бародар ё ягон хеши ҳабсшудааш рафта бошад, дарҳол
пеши ӯ рафта, мепурсид, ки мабодо шавҳари ӯро
надидааст ва ё аз ӯ хабаре нашунидааст. Ариза
нависонида ба чор тараф равон мекард, вале ҷавобе

22
намегирифт. Оқибат рӯзе аз падзрам мактуб омад.
Маълум шуд, ки ӯ дар ҳабсхонаи яке аз ноҳияҳои
Тошканд будааст.

Тошканд имрӯз наздик шудааст. Аз Истаравшан
мошини сабукрав дар ду-се соат ба он ҷо мебарад,
вале он вақтҳо канори дунё буд. Барой ба он ҷо рафтан
то Ховос бо ароба ва агар муяссар шавад, бо мошини
боркаш рафта, дар стансияи Урсатевская ба поезд
менишастанд.

Модарам пас аз хондани мактуби падарам дар
фикри сафар афтод. Кӯрпаҳои таҳмонро ба як тараф
гирифта монду сандуқ кушод ва бастаи чавоҳироташро
берун овард. Ман тамошои зару зевари мсдарамро, ки
ба ӯ аз модараш мерос монда буд, дӯст медоштам ва
ҳар бор, ки сандук, кушояд, илтимос мекардам, ки
онҳоро ба ман нишон диҳад. Модарам як-як нишон дода
номҳояшонро мегуфт: ин бозубанд, ин тӯморча, ин зеби
гардан... Махсусан заркокул бароям ҷолиб буд. Ба ду
кокули зери гӯш меовехтӣ ва ҳамин ки роҳ мерафтӣ,
ҷангар-ҷунгур садо мебаровард. Ҳар як кокул аз ду
қатор тангаи ба як банд часпондашуда иборат буд.

-	Ин тангаҳои қадимаи Бухоро, тангаҳои нукра, -
мегуфт модарам, - калон ки шавӣ, ба ту медиҳам.

Ман модарамро зорӣ мекардам, ки як бор зару
зеварашро овезад. У гӯшворашро меовехт.

-	О, чӣ қадар ба шумо мезебад, ояҷон! - шодӣ
мекардам ман, -нагиред аз гӯшатон, ақаллан як рӯзакак
нагиред!

У як ба ойина нигоҳ мекарду магар аз ҷавониаш, аз
ҳусни баркамолаш, аз он ки гӯшвор ба ҳуснаш ҳусн
меафзуд, метарсид, ки зуд гирифта ба ҷояш мемонд ва
мегуфт:

-	Дадаат биёянд, гӯшам ба гӯшвор, гарданам ба
марҷон меовезам, куртаи нав медӯзонам, сонӣ ҳар
чорамон - ману дадаат, тую Азиза ба тамошо меравем,
- ӯ ашки чашмонашро ноаён пок мекард.

Ин дафъа модарам фурсати бо ман сӯҳбат кардан
надошт. У ба нигоҳи саволомези ман чуиин чавоб дод:

23
-Дадаат биёянд, ба ту аз ин нағзтараша харида
медиҳанд. Ҳозир ба мо пул лозим.

У кӯрпаҳоро аз нав ба болои сандуқ таҳ карду
бастаро гирифта берун рафт, вале аз дарвоза
набаромада гашта омад. Бастаро кушоду заркокулро
гирифта ба ман дод. Магар ба ёдаш расид, ки заркокул
ба ман бисёр маъкул буд.

Модарам ба пули зеварҳои сэру гарданаш гӯшти
гӯсфанду равғани дунба харида қавурдоғ кард. Ба зани
тағо Исломам орд харида дод, ки фатири равғанин
пухта диҳад. Барой падарам либоси таг, мағзу мавиз ва
боз кимчиҳои дигар харид.

Бобоям ба модарам гуфт, ки наравад, бо бачаҳо
азоб мекашад. Ғайр аз ин базӯр ба кор даромад, боз
одамҳо ягон гапи нав набароранд, коргурез гуфта, аз
кор наронанд. Беҳтараш, ки вай -мӯйсафед равад.

-	Аз шавҳари «душмани халкдш» алоқаашро
наканд гуфта, аз кор пеш мекунанд, гӯед, - гуфт мода-
рам оташин шуда, вале зуд худро ба даст гирифт. Аз
афти кор ҳис кард, ки суханони бобоям ҷон доранд,
бобоям ғами ӯро хӯрда истодааст. У оромона гуфт:

-	Ман бо мудирамон маслиҳат кардам, се рӯз ҷа-
воб дода гуфт, ки ба касе низе нагӯям. Шумо ҳам
рафтани мана ба ҳеҷ кас нагӯед. Ман бояд ба он кас
бачахояшона нишон дихдм, инҳо ба дилашон кувват
мебахшанд. Охир, бачаҳояшон ба ҷонашон баробар
буданд.

Бобоям моро ба ароба савор карда монд.

-	Агар ба пайдо шудани мошин нигоҳ карда
шинетон, аз поезд монданатон мумкин,—гуфт ӯ. Баъд
аз ҷавоне, ки ҳамроҳи мо ба ароба нишаст, илтимос
кард, ки аз мо бохабар шавад.

Маҳаллеро, ки падарам ва дигар маҳбусони
ҳамрохдш нигоҳ дошта мешуданд, Боявут-1 меноми-
данд. Калимаи Боявут аввалин шеъри ба падарам
фиристодаамро ба хотирам меорад.

Духтарони махдллаи мо дар ҷамъомадҳои худ
сурудхонӣ мекарданд. Ин ҷамъомадҳо ба муносибатҳои

24
гуногун сурат мегирифтанд. Яке, мэсалан, маҷлиси дух-
тарон ном дошт, ки як ва ё ду шаб пеш аз тӯи никоҳ ба
вукӯъ мепайваст. Дар ин маърака факдт дугонаҳои арӯс
ҷамъ меомаданд ва бозию шодй мекарданд: нафаре
дойра менавохт, чанд духтар суруд мехонданд, дигарон
бо навбат рақс мекарданд. Баъзан духтарон дар хонаи
ҳамдигар ҷамъ омада, чокдӯзӣ мекарданд: яке тоқӣ
(тӯпӣ) медӯхт, дигаре рӯймол, сеюми ҷиҳаки ҷома ва ё
поҷома мебофт. Дар ин мавридҳо ҳам сурудхонӣ мекар-
данд. Як банд аз он сурудҳо дар хотирам нақш баста
аст:

Амерамо, амерам,

Педкомбинатба мерам.

Аз барои нимта нон,

Рӯма кушода мерам.

Дар омади ran бояд гуфт ки, ин мисраъҳо, аз афти
кор, солҳои фаранҷипартоӣ ва ба муносибати ба
мактабу истеҳсолот кашида шудани занону духтарон аз
тарафи муқобилони тарзи нави зиндагй гуфта шудаанд.
Бояд фолклоршиносон ҳангоми ҷамъ намудани
эҷодиёти даҳонии мардум ин қабил сурудҳоро низ
навишта гирифта бошанд, вале то замони бозсозй дар
бораи чунин сурудҳо сухан рондан кдтъиян мумкин
набуд. Ҳол он ки матни ин сурудҳоро низ ба риштаи
таҳқиқ кашидан барои муайян намудани рӯҳияи як
гурӯҳи одамон лозим буд.

Ман ин банди сурудро ба тариқи зер таҳрир карда,
ба падарам фиристода будам ва худам ҳам хдмин
мисраҳои таҳрир кардаамро месурудам:

Амерамо, амерам,

Боявутистанса мерам.

Аз барои дадаҷонам,

Пойи пиёда мерам.

Дар хотирам нест, ки мо чи тавр ба Тошканд
расида, аз он ҷо ба Боявут рафтем ва ё дар роҳ
фуромадем. Ҳамин қадар дар ёдам мондааст, ки дар

25
кӯчаи серхок бо азоб роҳ мепаймудем, дар як дасти
модарам хоҳарчаам, дар дасти дигараш халтаи пурбор.
У ҳамин ки монда мешуд, хоҳарчаамро ба замин
мегузошту халтаро бардошта чанд қадам бурда мемонд
ва боз омада хохдрчаамро мебардошт.

Ба ҳамин азоб пурсида - пурсида ба ҳабсхона
расидем. Модарам ариза навишта, илтимос кард, ки бо
бачаҳои хурдсол аз роҳи дур омадааст, чӣ мешуд, ки
падарашонро ба онҳо нишон диҳанд. Ба ӯ гуфтанд, ки
чизҳои овардаашро ҳозир супораду бегоҳ биёяд, он
ва«7 мумкин аст, ба мулоқот иҷозат диҳанд. Модарам
хурсанд шуда чизҳои ба падарам овардаро супурд. Аз
ҳабсхона дуртар рафта, зери сояи дарахте нишастем.
Хоби хоҳарчаам дар оғӯши модарам бурд. Модарам ба
май гуфт, ки халтаро ба зери сарам гузораму хоб
равам. Баъд ӯ маро бедор кард:

—	Хезетон, ба назди дадаатон меравем, - гуфта аз
дастам гирифт.

Модарам хоҳарчаамро ба замин гузошту хок ва хасу
хошоки ба куртаи ман часпидаро афшонд. Мӯямро
шона кард. Баъд сару рӯйи худро низ ба тартиб овард.
Азизаро бардошту ҳар сеямон ба мулоқоти падарам
шитофтем. Моро ба хонае дароварданд, бесаброна
падарамро интизорӣ мекашидем. Ба ногоҳ дар кушода
шуду марде дар паси нимдеворифахтагин пайдо шуд, ки
ба падарам ҳеҷ монанд набуд. У бо сари хам меистоду
зери лаб ким-чиҳо мегуфт. Модарам аз суханҳои ӯ чизе
нафаҳмида пурсид, ки ӯ кист.

—	Шавҳари ман куҷост? - қариб фарёд кард мо-

дарам. Баъд аз ин ӯ овозашро баландтар карда, ба
ӯзбекӣ ran зад. Маълум шуд, ки падари маро ду рӯз пеш
ба Боявути -2 фиристодаанд. Фамилияи ӯ ҳам
Мӯсохӯҷаев будааст, ба ҳамин сабаб чизҳои овардаи
модарамро ба ӯ додаанд. Аз модарам гаштаю баргашта
узр хоста мегуфт, ки гурусна буд, худро дошта
натавонист:	бидони қавурдоқро лесида будааст. Аз

нону фатиру мағзу мавиз низ чизе барнагардонд. Фақат
либоси такро оварда дод.
Модарам шах шуда монд, чизе гуфта натавонист.
Чй ҳам мегуфт?! Ҳарчанд халта холй шуда, як дасти ӯро
сабук карда буд, боазоб роҳ мерафт. Фақат як ҷумларо
такрор мекард: «Акнун ба падарат чй мебарем?»

Рӯз торик мешуд. Модарам_намедонист, ки чй кор
кунад, ба кадом тараф равад. Ӯ аз як марди роҳгузар
пурсид, ки ба Боявут -2 чй тавр рафтан мумкин аст. Он
мард тоҷик будани модарамро фаҳмида, ба тоҷикӣ
сабаби бо ду кӯдаки хурдсол ин ҷо омаданашро пурсид.
Модарам воқеаи шудагиро гуфт. Он мард ба модарам
фаҳмонд, ки то Боявут -2 хеле роҳ аст, пиёда рафта
наметавонад ва рӯз ҳам торик шудааст. Гумон, ки ҳозир
ягон мошин ё аробае гузарад. Беҳтараш ба ҳавлии ӯ
равем, пагоҳ ба ягон мошин ё аробаи ба ҳамон тараф
мерафтагй савор карда мемонад.

Модарам ноилоҷ розӣ шуд. Онҳо аслан аз
Самарканд будаанд ва солҳои қулаккунӣ бадарға шуда,
ба ин ҷойҳо омада мондаанд. Ҳавлиашон дар шафати
кӯчаи калон воқеъ буд, саҳнаш пур аз дарахтони
мевадор. Шохҳои сербори ба замин хамшудаи себ дар
хотирам мондааст. Себҳои сурху норинҷӣ аз байни
баргҳои сабз аҷаб назаррабо метофтанд. Як тарафи
ҳавлии васеъро палакҳои харбуза фаро гирифта
буданд. Духтарчаи соҳиби хона, ки аз ман калонтар буд,
маро ба харбузазор дароварда тамошо дод. Ман ин хел
харбузаҳои калонро, ки баъзеашон қариб як метр қад
доштанд, баъдҳо ҳам дар ҳеҷ куҷо надидаам.

Рӯзи дигар он мард барои падарам ду харбуза дод,
модарам бо ёрии ӯ аз куҷое ду буханка нон харид. Ба
толей мо аробае омад, ки ба ҳабсхонаи Боявут-2
хӯрокворӣ мекашондааст. Он мард бо аробакаш гуфтугӯ
намуда, моро савор кард ва аз марди дар пахдӯи
аробакаш нишаста илтимос намуд, ки ба мо барои бо
падарамон мулоқот кардан ёрй расонад.

Дар ҳабсхонаи Боявут - 2 ба мо гуфтанд, ки рӯзи
мулоқот дирӯз буд, акнун баъд аз ду моҳ биёем. Зорию
тавалло ва гиряҳои модарам ба дили ҳеҷ кас асар
накард ва мо ба хона ноумед баргаштем. Аз ин сафари

27
пурмашақат модарам фақат некий он марди
меҳрубонро ба хотир меоварду халос. Афсӯс, ки номи
он инсони накӯкор дар ёдам намонда аст. Ҳар гоҳ, ки
касе ба модарам шикоят карда мегуфт, ки дунё пур аз
одамони бад аст, ӯ розӣ нашуда ҷавоб медод, ки
одамони хуб ҳам кам нестанд ва он оиларо бо эҳтиром
ва сипосгузорӣ ба ёд меовард.

Модарам аз тору пуди рӯзгорамон зада, як сӯм,
нимсӯм сарфа мекард ва барои бори дигар леши
падарам рафтан пул ҷамъ менамуд. У ҳар сол ду-се
маротиба ба назди падарам мерафтагӣ шуд. Ҳар дафъа
бо вуҷуди бисёр азоб кашиданаш, ману хоҳарчаамро
хамроҳ мегирифт. Яқинан чунон ки худаш гуфта буд,
мехост, ки моро ба падарамон нишон дода, ба дили ӯ
қувват бахшад ё мехост, ки меҳри мо нисбат ба ӯ кам
нашавад, ё илоҷи моро монда рафтан надошт.
Дарвоқеъ, чунин илоҷ надошт: модарандараш, ки аслан
аз ноҳияи Басманда буд, ба хоҳару бародаронаш
дилбаста-гии зиёд дошт, зуд-зуд он ҷо мерафту дер
бармегашт. Бобоям бошад, моро ӯхда карда
наметавонист, ба холаам шавҳараш барои ба хонаи мо
омадан фақат ба ду-се соат иҷозат медод.

* * ★

Модарам дар ҷавониаш бисёр ситорагарм буд.
Чашмони сиёҳи ҷаззоб, рӯйи гандумгуни бахмалтоб,
бинии рост ва лабу даҳони базебаш ҳусн меофариданд,
агар ханда кунад, чашмонаш ҳам механдиданд, ва
дандонҳои сафеди марворидсонаш ба рӯяш нур
мепошиданд.

Чанд сол пеш аз ин муаллим Мирсаид Миршакар
маро бо модарам дар кӯча дида, пурсида буданд:

-	Ин ҳамон модарат? Ман ҳайрон шуда гуфтам:

-	Ҳа, модарам.

-	Зани аввалаи падарат? - боз пурсиданд маро
ҳайронтар карда.

-	Ҳа, - гуфтам, - зани аввалину охирини падарам.
-Зиндагӣ одамро чӣ навъ тағйир медиҳад, -гуфтанд
он кас андешамандона, - қариб ки нашинохтам. Ман
модаратро аввалин бор дар Гарм дида будам. Аҷаб
ҷавонзани зебое буданд (он вақт падарам дар Ғарм
мудири шӯъбаи маорифи халқро дар ӯҳда дошт).

Он солҳо, махсусан солҳои аввали кораш, дар
дӯконҳои шахри Истаравшан ба модарам мардҳо бо
шавқ муомнпа мекарданд, вале дар шахси ӯ зани
ҷиддию ботамкинро дида ва аз ӯ суханони нарму к,атъӣ
шунида, гапи беҷо намезаданд. Дере нагузашта ӯ дар
шаҳр чун зани покдоман ва оқилаву дурандеш ном
баровард. Боре тағо Ислом ба занаш чунин ҳодисаро
нақл кардааст:

Дар чойхона як ҷавони бодӣ манманӣ карда
гуфтааст, ки ҳатман дили фалон зани магазинчиро ба
даст медарорад. Ҳозирон ин гапро шунида, ба даҳони ӯ
задаанд, ӯро аз раъяш гардонданӣ шудаанд. Гуфтаанд,
ки ин як зани маъсумаест, ки ба ёди шавҳар ба хотири
ду фарзандаш зиндагӣ ва кор мекунад. Бехуда номи ӯро
бад накунад, бе ин ҳам ҳаёти ӯ талх аст, вале чавон
гӯш кардан нахоста:

-Бисёр дидаем чунин маъсумаҳоро, - гуфтааст.

Он гоҳ як марди хузарб аз ҷояш хестаасту ӯро ба
зери лагадаш гирифтааст. Дигарон ҳам ба ӯ ҳамроҳ
шудаанд. Агар Ҷалил-милиса намеомадааст,
куштамонданашон ҳам аз эҳтимол дур набудааст.
Ҷалил-милиса ӯро халос кардааст ва маҷбур
намудааст, ки тавбаю тазаррӯъ кунад. Вале модарамро
баъзе нохалафон озор медоданд.

Мо патефон доштем. Рӯзе модарам ба дӯконаш
гирифта бурд. Қартаҳои нав ба фурӯш омадааст, ба
харидорон шунавонидан лозим будааст.

Бегоҳӣ дар сари дастархон модарам гуфт, ки ба
патефони ман харидор пайдо шудааст. Як гӯсфанд, як
лингча орд ва ба болояш пул ваъда кардааст.

Патефонро падарам ба рӯзи таваллуди :ман харида
будааст. Бинобар ин, он азони ман ҳисоб мешуд.
Тобистон баъзан бо иҷозати модарам ман онро ба рӯйи

29
ҳавлӣ бароварда мемондам. Ҳамин ки овозаш баромад,
бачаҳои маҳаллаамон ҷамъ мешуданд. Агар чанд вакп"
намонам, дугонаҳоям илтимос мекарданд:

-Дугонаҷон, ашӯпамошинаата якбор мон!

Баъзан худи модарам мемонд. Дар байни
қартаҳоямон қартае буд, ки суруди онро падарам дӯст
медошт. Модарам дару тирезаҳоро мепӯшиду он
картаро гаштаю баргашта мемонд ва гиря мекард. Ману
хоҳарчаам дар пахдӯяш нишаста, ӯро ором_карданӣ
мешудем, вале ӯро ором кардан осон набуд. Ӯ чуноне
ки дар ҷойҳои мо мегӯянд, «муддаои табъ», яъне серӣ
гиря мекарду баъд аз ҷояш хеста, чашму рӯяшро
мешуст ва ба корҳои хона машгул мешуд.

-Наход ба фурӯхтан дилаш шавад?! - аз дил
гузаронидам.

-Гӯсфандро то зимистон мепоем, фарбеҳ мешавад,
баъд кушга гӯшгашро қавурдоғ карда, ба дадаат
мебарем. vCapy либоси шумоҳо ҳам кӯҳна шудагӣ, барои
либоси нав пул даркор, - бо овози паст андешамандона
гуфт ӯ.

— Не, ояҷон, хӯроки бегушт мехӯрем, ба мо либос
ҳам нахаред, кӯҳнаҳоямонро мепӯшем, ҳеҷ чиз нахаред,
фақат нафурӯшед! - илтиҷо кардам ман.

Модарам чизе нагуфт. Аз афташ худаш хдм дудила

буд-

Пагоҳи, пеш аз ба кор рафтанаш, боз илтиҷо кар-
дам, ки патефонро нафурӯшад. Баъди дарс шитобон
пеши модарам рафтам. Дилам хавотир буд: патефон
дар ҷояш бошад ё не. Наход, ки фурӯхта бошад?!

Дар назди модарам марди қоматбаланди
босалобате рост меистод. Дар танаш кител ва шими
галифеи хокистарранг, дар пояш мӯзаи хироми наппа-
нав ва дар сараш тӯппии чуст буд.

-Мана соҳиби патефон омад, - гуфт модарам маро
дида ва гӯё хотирҷамъ шуда, - ба амакат гӯй, ки
намефурӯшем.

Ҳанӯз ман даҳон накушода он мард ба сухан
даромад:

30
-	Ман ба шумоён бегона не, духтарам, хеши дадаат
мешавам. Ҳар вақт дилат хоҳад, метавонй ба хонаи мо
омада, қарта гӯш кунӣ. Ҳамин патефон ба ман бисёр
маъкул шуд. Ба ту сэру либоси нав ҳам харида
медиҳам. Не, нагӯй!

-	Ба ман сару либос лозим не! - гуфтам қошу
қавоқамро овезон карда ва рӯямро ба тарафи дигар
гардондам.

-	Ҳайр, чй илоҷ, нахоҳӣ ихтиёрат, - гуфт ӯ ва
баромада рафт.

Як рӯзи дигар аз даре баромада, боз ба дӯкони мо-
дарам даромадам. Модарам фармуд, ки зуд хона
рафта, ба хоҳарчаам нигоҳ кунам, бибиамро азоб
додагист. Ба куча баромадам, вале ҳанӯз се-чор кддам
намонда, садои модарам баромад.

-	Нарав, гард, ҳамроҳ меравем!

Ман ҳайрон шуда, ба дӯкон даромадам.

-	Худатон рав гуфтеду боз нарав мегуед, чй гап?! -
пурсидам аз модарам.

Ҳеҷ ran не, - гуфт ӯ ва хавотиромез ба дари
даромад нигоҳ кард. Ҳамон марди патефонхар дар як
даст қамчин, дар дасти дигар коғазпече даромада
омаду ба модарам салом дод ва даст дароз карда,
вохӯрдӣ карданй шуд, вале дасташ дар ҳаво муаллақ
монд. Модарам сард салом гуфту даст дароз накард.

Вай ба ман рӯ овард:

-Ҳа, ҷиян, аҳвол чй тавр? Ман барои ту рӯймоли
ғиҷими ғӯзапӯчоқ харида овардам, ана гир, - ӯ ба ман
коғазпечро дароз кард.

Он вак^хр ду навъ рӯймоли ғиҷим: ғӯзапӯчоқ ва
пистапӯчоқ маъмул буд. Онҳо аз рӯйи нақши
бофтаашон, ки ба пӯчоқи писта ва ғӯзаи аз пахта
тозашуда монанд буд, чунин ном гирифта буданд.

-Не, не, даркор не! - гуфтам дасти ӯро тела дода
ва ба модарам нигоҳ кардам. Модарам сабук cap
ҷунбонда, рафтори маро маъкул кард.

-Ин рӯймолро ба духтаратон баред, мо ба тӯхфаи
шумо мӯҳточ нестем, - гуфт ӯ сахт карда.

31
-Оббо, ба ҷиянамон якта рӯймол тӯҳфа кардем,
кардем-дия. Чй шуд? Осмон омада ба замин часпид-
мй? - ӯ когазпечро ба пештахтаи дӯкон гузошту
саросема ба гарафи дар район шуд.

Модарам аз болои пештахта ҳаллос зада, худро ба
ин тараф партофту аз паси ӯ Давид ва коғазпечро ба
дасташ дода гуфт:

-Шумо моро бекасу кӯй гумон накунед! Агар
шавҳарам ин ҷо набошад, ман падар дорам, ду акои
наррашер дорам. Онҳо шунаванд, медонед, шуморо чй
кор мекунанд?!

-Ман аз ҳеҷ кас наметарсам, ин як. Дигар ин ки то
ин вакт ягон кас гапи мана ба замин нагузоштааст. Инро
шуме ҳам дурустакак андеша кунед, - гуфт он мард ва
гӯё хашмгин шуда баромада рафт.

Ман аз ин гуфтугузори онҳо ҳаминро фаҳмидам, ки
модарам ба он мард сэру кор доштан намехоҳад, вале
ҷуръат накардам, ки сабаб пурсам.

Вакди кор тамом шуду ҳамроҳ ба хона рафтем. У
тамоми роҳ хомӯш буд. Дар хона ҳам ҳарфе нагуфт.
Хӯроки шом пухту худаш ба даҳон нагирифт. Аз гулӯяш
ҳеч чиз намегузашт.

Шабона то дер вақт хоби ман набурд, фикр карда
баромадаму ба хулоса омадам, ки хузури ӯ модарамро
азоб медиҳад. Уро дидан замоно ранги рӯяш чй хел
канд. Бигузор патефонро ба ӯ фурӯшад, то ки дигар ба
наздаш наояд.

- Ояҷон, - гуфтам овозамро паст карда, то ин ки
хохдрчаамро бедор накунам, - майлаш патефонамонро
ба он мардак фурӯшед.

-Санга медиҳам, ки ба сараш занад, - гуфт
модарам, - хоб рав, духтаракам.

Ин суханони қатъии модарам маро ором карданд.
Маълум мешавад, ки модарам аз он мардак
наметарсад. Аъзои баданамро як ҳисси гуворо фаро
гирифт ва хобам бурд.

Баъд аз се-чор рӯзи ин воқеа боре бегоҳ модарам
аз кор омада, либосҳои тозаи ману Азизаро пӯшонду

32
гуфт, ки ба хонаи холаи Сабоҳатой меравем. Холаи
Сабоҳатой зани бисер мехрубон ва нармтабиату
нармсухан буда, дар яке аз мактабҳои шаҳр муаллима
шуда кор мекард. Падари ӯ Қорисолеҳ аз фозилони
шаҳр ба шумор мерафт. Солҳои донишҷӯиям, вақте ки
ба Истаравшан ба хонаи онҳо ба меҳмонӣ рафта будам,
хати арабиро омӯхта истодани маро фаҳмида
«Баҳористон»-и Ҷомиро такдим карда буд. Ҳоло ин
китобро чун ёдгор аз ӯ эҳтиёт мекунам.

Шавҳари Сабоҳатой Мухтор Ҳайдаров ва
бародараш Олимҷон Бобоҷонов аз рафиқони наздики
падарам буда, онҳо ҳам соли 1937 ба тӯҳмат ҳабс шуда
буданд. Ҳар ду баъд аз фавт сафед шуданд.

Ман ба хонаи холаи Сабоҳатой рафтанро дуст
медоштам, зеро бо духтарчаи ӯ Фатҳия, ки қариб
ҳамсоли ман буд, унс гирифта будем. Духтарчаи
хурдиашон Равшаной ҳамсоли Азиза буд. Бародари
онҳо Бахром, ки аз ману Фатҳия ду-се сол калон буд,
моро бо ҳар гуна бозиҳои шавқовар машғул медошт,
китоб хонда медод, афсонаҳои шавқовар накл мекард.
Аз ҳамин сабаб ин дафъа ҳам бо камоли майл ба мо-
дарам ҳамроҳӣ кардам.

-Модарам дар сари дастурхон арзи матлаб кард.
Гуфт, ки ба сараш ғавғое омадааст, чй кор карданашро
намедонад, маслиҳати дугонааш зарур аст. Фалонй,
раиси фалон колхоз ӯро чандин вақт боз ором
намегузорад ва аз ҷонаш безор кардааст. Охир, ин
худобехабар хеши дадаи инҳо мешавад, - гуфту ба
ману хоҳарчаам ишора кард бо алам.

Отахон даҳ сол ҳукм гирифтагӣ, даҳ сол ба гуфтан
осон. У дигар барнамегардад, ояд ҳам, маъюбу маслуқ
шуда меояд, -мегӯяд ӯ, - ба ман чй зарур будааст, ки
дар ин солҳои қаҳтию қиматӣ барои кути лоямут аз
пагоҳ то бегоҳ дар дӯкони цементфарш рост истаму
умрама хазон кунам. Беҳтараш ба никоҳи ӯ дароям
будаасту пошшооим шуда дар хона нишинам. Маро ба
зару зевар мепечонидааст, бачаҳоямро мепӯшонида-
асту мехӯрондааст. Ман гуфтам, ки, - суханашро давом

33
дод модарам, -даҳ сол он тараф истад, бист сол дар
ҳабс нишинад ҳам, шавҳарамро интизор мешавам. Агар
маъюбу маслуқ шуда ояд, меҳнат карда мепоям. Агар
барнагардад, бо ёди ӯ бачаҳояшро калон мекунам, вале
шавҳар намекунам.

Аввал ӯ ба патефони мо харидор шуда омад. Се -
чор рӯз пеш аз ин рӯймоли ғиҷим тӯҳфа овардааст.
Тӯҳфаашро ба дасташ қапондаму гапҳои сахт гуфтам.

-	Ана, он мардак чй мехостааст, - гуфтам худ ба
худ ва нафратам нисбат ба ӯ афзуд, - хайрият, ки
модарам патефонро нафурӯхта будааст.

-	Ба ӯ ҳеҷ чиз таъсир намекунад, - гуфт модарам
оҳ кашида ва пиёлаи чойро, ки кайҳо хунук шуда буд, аз
дастархон гирифта, як култ нӯшиду ҳалқашро тар кард,
- аз ҳамкорҳоям шарм медорам, ҳар рӯз меояду меояд.
Намедонам ин гӯрсӯхта кай кор мекунад._Агар ҳақорат
карда пеш кунам, метарсам, ки ба поям ягон тӯҳмат
напечонад.

-	Аз дасти вай ҳар кор меояд, - гуфт
андешамандона холаи Сабоҳатой, - вайро бо райком
тарсондан лозим.

-	Рост мегӯед, - хурсанд шуд модарам, - ба ин
акдам нарасидааст. Ба райком меравам, як ҷеғ зада
адабаша диҳанд, зоро ба ҳолам гузорад.

-	Не, не, - гуфт саросема холаи Сабоҳатой, - ба
райком рафтани шумо лозим не. Дар райком ба гапи
ману шумо гӯш намекунанд. Баръакс гумон карданашон
мумкин, ки шумо зани «душмани халқ» ба ин коргари
пешқадами ҳукумат, раиси колхоз тӯҳмат карда
и сто да ед.

Холаи Сабоҳатой ба фикр фурӯ рафт, баъд
заҳрханда карда, илова намуд:

-Аҷаб замонаҳое шуд. Отахону Мухторҷон барои
ҳукумат тайёр буданд ҷонашонро нисор кунанд. Шаба
шабу рӯза рӯз нагуфта, бо душманҳои вай ҷанг карданд,
хонаашон палосу танашон либоси дуруста надид, имрӯз
«душмани халку» дар паси панҷара рӯз мегузаронанд.
Зану бачаҳояшон хору зор, вале ин хел зотҳо, ки ба

34
чашми ҳукумат хок мепошанд, аз ҳосили меҳнати
дигарон киса пур мекунанду занҳои ҷавонро аз роҳ
бароварданӣ мешаванд, дӯсти халқ, фарзанди эркаи
ҳукумат мебошанд...

-Чӣ кор кунам? - маъюс шуд модарам.

-Ина ба Ботуров гуфтан лозим, ба райком рафта
мегӯям гуфта, тарсонад, -гуфт холаи Сабоҳатой.

-Ман ин гапа ба Ботуров чӣ хел мегӯям, шарм
мекунам, - гуфт модарам.

-Не, - гуфт бо қатъият холаи Сабоҳатой, - худи
пагоҳ гӯед, ки овозаю дарвоза нашавад, шарм кардан
лозим нест. Бе ин ҳам Ботуров хдр рӯз омадани вайро
мебинад-ку.

Модарам ҳамин тавр ҳам кард ва аз он бало халос
шуд, вале зиндагӣ ҳар рӯз ба сари ӯ балоҳои нав ба
нав меоварду зарбаҳои нав-нав мезад.

Рӯзе ҳамроҳи модарам аз кӯчаи марказии шаҳр
мегузаштем. Нохост дар назди бинои кумитаи
партиявии шаҳр марди қоматбаланди босалобатеро
дидем. Модарам ӯро шинохта ба ман гуфт:

-Ана, амакат аз Душанбе омадаанд.

Мо зуд ба тарафи дигари кӯча, яъне ба тарафи он
мард майли гузаштан кардем. Ман аз модарам пештар
«амакҷон» гӯён Давидам. Чунон хурсанд шуда будам, ки
гӯё падарамро дида бошам. Ин мард яке аз рафиқони
падарам буд. Дар Душанбе ба хонаамон тез-тез
меомад. Ҳар дафъа, ки омаданӣ шавад, падарам ба
модарам тушбера мефармуд.

—У тушбераро дӯст медорад, - мегуфт падарам, -
вале занашро кӯчонда наомадааст, худаш танҳо.

Рафиқи падарам бо ман бисёр машғул мешуд, маро
ба ran меандохт, хоҳиш мекард, ки шеър ё суруд хонам,
баъзан то пухтани хӯрок ба кӯча мебароварду яхмос
харида медод, вале он рӯз як ба ман нигоҳ карду
шитобон, гӯё гурезон шуда, ба иморати якошёнаи
тозабунёд даромада рафт. Ман ҳайрон шуда дар ҷоям
шах шуда мондам. Модарам расида омада, маро

35
дуртар бурду ба оғӯш кашид. Тамоми вуҷудаш
меларзид.

-Мо нашинохтем, духтаракам, - гуфт модарам
мӯйҳоямро сила карда, - вай амаки ту набудааст...

-Не, худи худашон, - мегуфтам гирякунон, - ман ба
он кас чй кор кардам, ки қаҳр карда рафтанд.

-Мумкин туро нашинохтаанд, охир ту духтари калон
шудӣ, -бо рӯймолчааш ашки чашмонамро пок карда,
маро ором карданй мешуд, вале оби чашмонашро
дошта наметавонист.

Мо хомӯшона ба хона омадем. Шабона модарам
маро хоб гумон карда, ба бобоям воқеаро гуфта доду
хулоса кард:

-Акнун дӯстони наздики падари инҳо ҳам аз мо
рӯй тофта истодаанд. Ҳазарӣ шуда мондем.

Бобоям дар ҷавоб гуфт, ки аз онҳо гила накунад,
замона ҳамин хел. Одамон аз сояи худашон
метарсидагй шуда монданд.

Модарам чанд вақт ба худ наомад: кам ran мезад,
ҳатто рафтори кӯдаконаи дилкаши хоҳарчаам ӯро ба
завк, намеовард.

Пас аз чанд муддат намедонам модарам ин
ҳодисаро фаромӯш карда буд ё не, ки боз ҳодисаи ба
ҳамин монанде рух дод.

Як ҳамсоягузарамон, ки зани бефаранҷӣ буду дар
кадом идораи шаҳр кор мекард, ба духтараш сафедй
гирифт. Модарам рӯзи истироҳат оши палав пухта хост,
ки ӯро рафта муборакбод кунад. Барой он ки палав
хунук нашавад, онро кашида ба дастархон печонду
духтари тағо Ислом - апачаи Робиаро ҷеғ зада, илтимос
кард, ки ба хонаи онҳо бурда диҳад ва худаш дар
тараддуди либоспӯшӣ шуд. Дере нагузашта, апачаи
Робиа табак, дар даст гашта омад.

— Ҳа, Робиаҷон нарафтй-мй? -гуфт модарам
ҳайрон шуда.

Духтари бамулоҳизае буд апачаи Робиа, ӯ гӯё
гуноҳе содир карда бошад, худро ноҳинҷор ҳис мекард
ва чй гуфтанашро надониста рост меистод.

36
-Чӣ шуд, Робиаҷон? -боз пурсид модарам.

-Гуфтанд, ки ош лозим нест, - оқибат ҷавоб дод ӯ.

-Чӣ, бедастархон равам будааст-мӣ?

-Не, - гуфт апачаи Робиа забои хоида ва маҷбур
шуд, ки буду шуди гапро гӯяд:	тарафи кудо

калоншавандаҳо будаанд, агар касе зани «душмани
халқ»-ро он ҷо бинад, вайҳоба ran мерасидааст.

-Эҳ, ман кӣ будани худама фаромӯш кардаам, -
гуфт модарам ва худро ором вонамуд карда, табақро аз
дасти Робиа гирифту ба ӯ гуфт:

-Рав, бувата ҷеғ зада биё, ин оша ҳамроҳ мехӯрем.

Дере нагузашта апачаи Робиа ҳамроҳи модараш
омад. Модарам зуд хӯриш тайёр кард: як пиёзро майда
пора карду бо оби хунук шуст ва аз шишаи нимлитра ба
болояш сирко рехт, баъд дастархон андохту табақи
ошро кушода, дар мобайн гузошт.

-Баҳ, баҳ, чи палави бомаза пухтед, Хосиятхон, -
гуфт бикелинам, - кайҳо боз ин хел палава нахӯрда
будам. Ин насибаи мо будаасту шумо онро сарсон
кардед. Садқаи ош шавад вай..., - дашном дод он
ҳамсояамонро.

-Рост мегӯед, - гуфт модарам, - гиретон, ош
намонад, табақа холӣ кунем.

Вале ман медидам, ки аз гулӯяш ош намегузашт.
Вак^е ки ба табақ даст дароз мекард, ангуштонаш ноаён
меларзиданд. Баъд аз ин модарам ба ҳар хел маърака
намерафтагӣ шуд.

Нӯхуми январи соли 1944. Ҳама ҷо барфи сап-
сафед. Ҳаво чунон сард буд, ки туф кунӣ, ба замин
наафтода ях мекард...

Пас аз пешин корҳои хонаро анҷом дода, мехостам
ба хонаи Кароматино равам. Апачаи Робиа ба тӯппиам
нусха кашида доданро ваъда карда буд. Ба ҳамин ният
ба кӯча баромадам. Дар кӯча касе наменамуд. Фақат аз
мобайни роҳи калони пурбарф ду кас, яке пеш-пешу

37
дигаре аз қафо, меомаданд. Зан ё мард будани одами
пеш-пеш омадаистода маълум набуд. Ба сэру рӯяш
рӯймоли хокистарранге ва ба бадану пойҳояш матоҳои
кӯҳнаи ҳархела печонда буд. Латтаҳои нӯгҳояшон
овезони пойҳояш ба роҳ рафтанаш халал
мерасониданд. У мисли он ки касе таъқиб мекарда
бошад, қариб ки медавид. Каси аз ақиб омадаистода
кӯшиш мекард, ки ба ӯ расида гирад, вале
наметавонист. Ман ӯро шинохтам: аммаам Бипошшохон
буд. Ӯ маро дидан замоно фарёд кард:

-Биё, дав, ман дадаата гирифта омадам.

Бо тамоми кувватам Давидам, вале ба падарам
наздик шудаму истода мондам. Наход ҳамин
ҷулҳиндипӯш падари ман бошад?! - шубҳа кардам дар
дилам. Ман борҳо рӯйи ҷогаҳ дароз мекашидаму
омадани падарамро тасаввур мекардам. Ба мо хабар
медиҳанд, ки падарам озод шудаасту фалон рӯзу
фалон соат меояд. Ҳавлиро об зада мерӯбам, хонаро
топа - тоза мекунам, кӯрпачаҳои нав меандозам. Ба
пешгоҳи хона барои падарам болишти пар мегузорам.
Баъд ману модараму хоҳарчаам либосҳои нав
мепӯшему ба пешвози падарам ба аробахона меравем.
Аробахона гуфта он солҳо истгоҳи аробаю мошинро
меномиданд, ки дар даромадгоҳи маркази щаҳр воқеъ
буд. Падарамро низ дар либосе пеши назар меовардам,
ки то ҳабс шуданаш мепӯшид. Костюми сиёҳ, куртаи
гиребонаш тукмадори сафед, галстуки сурх ё сиёҳ, мӯйи
ғуллиаш ба тартиб ба боло шона зада. Агар зимистон
бошад, дар тани падарам палтои гиребонаш пӯсти
барра ва телпаки пӯстибаррагинро медидам. Андоми
ӯро ба чунин ҳоле ки гадо аз вай сад бор беҳтар буд, ба
ягон гӯшаи хаёлам наоварда будам.

Падарам рӯяшро андаке кушод.то худро ба ман
шиносонад. Сони маро ба оғӯш кашид ва ҳунгос зада
гирист. Ҳанӯз падарам ба хона надаромада, модарам
расида омад. Ба ӯ касе омадани падарамро хабар
додааст. Модарам ба таги падарам кӯрпача андохт.
Худаш зуд берун баромада, деги мисро болои оташдон

38
гузошта, аз об пур карду ба зераш оташ гиронд. Баъд
латтапораҳои ба тани падарам печондашударо кушода
партофт. Палоси хонаро андаке қат карду кӯрпаи
сандалиро боло бардошт ва тағораи калони
чомашӯйиро наздик оварда монд. Сандуқро кушода,
бухчаеро берун овард. Дар он бухча аз куртаи таг cap
карда, то ҷомаи ласи сиёҳ якқабатӣ барои падарам сару
либос буд. Модарам бо ҳамроҳии аммаам падарамро
оббозй доштанд. Бобоям сартарош овард ва ӯ мӯйи
сари падарамро гирифта, ришашро тарошид. То ҷамъ
шудани хешу табор ва ҳақку ҳамсояҳо падарам андаке
ба худаш монанд шуд, вале ҳоло ҳам ӯро ба осонӣ
шинохтан мумкин набуд. Пӯсти рӯйи як вақтҳо сафеду
шаффофаш ба зарди қаҳваранг табдил ёфта, дар
пешонӣ ва рухсораҳояш дасти пирӣ тӯр андохта, буд.
Чашмонаш чукур рафта, аз зери абрӯвони сермӯяш
базӯр менамуданд.

Аммаам чй тавр овардани падарамро накд кард, Ӯ
сеюм ё чоруми январ барои дидани падарам ба
Зангиато рафта буд. Дар ҳабсхона ба аммаам
гуфтаанд, ки падарам сахт бемор аст. Бинобар ин, ӯро
пеш аз мӯхдат ҷавоб додаанд. У дар беморхона аст.
Аммаам дар беморхона падарамро дар як ҳоли табоҳ
меёбад: на аз ҷояш хеста метавонистаасту на роҳ
рафта. Аммаам либоси беморхонаро супурда, куртаю
ҷомаи худашро ба падарам мепӯшонад, рӯймолашро ба
сару гарданаш мепечонад ва пуштора карда, то
наздиктарин чойхона, ки тақрибан дар масофаи 700-800
метр воқеъ будааст, мебарад. Дар он ҷо бо ёрии
чойхоначй, ки шахси раҳмдил, савобталаб ва пурдидае
будааст, андак орд ва шир пайдо мекунаду атола
мепазад. Пас аз хӯрдани атола падарам бисту чор соат
хоб меравад ва баъд бедор шуда, боз хӯрок талаб
мекунад.

-Дар ин ҳол то хонаатон намерасад, -мегӯяд
чойхоначй ба аммаам.Аммаам бо маслиҳати ӯ се рӯз
падарамро парвариш мекунад. Рӯзи чорум ӯ аз хонааш

39
як кампали қӯҳна ва латтапораҳои бисёре меораду ба
бадану дасту пойи падарам мепечонад. Хари кадом
ҳамсояашро талабида, падарамро ба он мешинонад ва
шогирдашро, ки бачаи тахминан 12—13-сола будааст,
ба онҳо ҳамроҳ мекунад, то ки бурда ба поезд савор
кунад.

Аммаам ҳоло хдм, вак^е ки он рӯзҳоро ба хотир
меоварад, ҳайрон шуда мегӯяд:

-Акоям, ки ба пояшон рост истода
наметавонистанд, ҳамин ки дар аробахона аз мошин
фуруд омадем, ба роҳ даромаданд. Ҳар қадар, ки ба
хона наздик мешуданд, ҳамон қадар қадамашон тезтар
мешуд ва қарибиҳои ҳавлӣ ба давидан даромаданд. Аз
афти кор хаёли дидори зану фарзанд ба он кас кувват
бахшида буд.

Хурсандии модарам ҳадду канор надошт. У ба
назарам аз пештара дида ҷавонтару зеботар шуд.
Ҳамеша табассум_мекард, ба шӯхии ҳамсояҳо бо шӯхӣ
ҷавоб мегардонд. У тамоман тағйир ёфт.

Дар хонаамон тӯй буд. Холаам барои меҳмонҳо ош
мепухт, модарам барои падарам мурғшӯрбо.

-Ба ин кас ҳоло хӯроки бақувват хӯрдан мумкин
нест^- гуфт модарам, - канда шуданашон мумкин.

Ӯ дар сари ин ran шавҳари аммаамро ба хотир
оварда овозашро паст кард, то ки аммаам нашунаваду
аламаш тоза нагардад.

Соли 1937 пас аз ҳабс шудани падару амакам
шавҳари аммаам, ки Қоришафеъ Мирхолов ном дошта,
роҳбари идораи накдиёти Истаравшан (Тоҷиктранс)
шуда кор мекард, даҳ сол хукм гирифта буд. У як сол аз
падарам пештар, соли 1943 мисли ӯ пеш аз мӯҳлат ба
сабаби беморӣ ҷавоб шуда омад. Аммаам дар ноҳияи
Басманда муаллима шуда кор мекард. Он сол ҳам
зимистон сахт омад, барфи бисёр борида роҳй байни
ноҳияҳо ва шаҳрро баста, робитаро қатъ карда буд. Дар
байни хешу табор ягон марди бутун ёфт нашуд, ки
рафта ба аммаам омадани шавҳарашро хабар диҳад.

40
Мардҳо ҳама дар фронт буданд. Ба аммаам ин хабар
баъд аз як хдфта расид. То омадани аммаам
нигоҳубини шавҳари бемори ӯро хешу табор ва
ҳамсояҳо ба ӯхда гирифта буданд, зеро модари ӯ, яъне
хушдомани аммаам низ бемори бистарӣ буд.

Шавҳари аммаам марди бузургҷусса ва фарбех,
буда, шиками калон ва рӯйи сергӯшт дошт^Пӯсти рӯяш
сафед ва рухсораҳояш суп-сурх буданд. У бештар ба
пахдавони гӯштингир монанд буд. Вақте ки ману
модарам ӯро диданӣ омадем, дар болои ҷогаҳ гӯё, ки як
қанор устухонро шинонда буданд. Пӯсти рӯяш дар
поёни манаҳаш, чун пуфаки чанд бор дам дода, боз
холӣ кардашуда, овезон буд. Дар назди ӯ дастархон
андохта буданд, болояш хӯрокҳои гуногун меистод.
Ҳамсояҳо яке тухмбирён оварда буданду дигаре
ширкаду, сеюмӣ торпухту чорумӣ кичирӣ. У ҳарисона
гоҳ ба яке даст мезаду гоҳ ба дигаре. Мехӯрду мехӯрд,
ҳеҷ сер намешуд. Ана, ҳамин пурхӯрй, чунон ки
воқифони ҳол мегуфтанд, аҷали ӯро тезонид. Рӯзе ки
аммаам болу пар бароварда, ба дидани шавҳараш
омад, аз дарвозаи ҳавлиаш ду тобутро паси ҳам берун
оварданд:	яке тобути шавҳарашу дигаре тобути

хушдоманаш.

Модарам падарамро се моҳ нигоҳубин кард. У акнун
ба тадриҷ ба худ омада, қувват пайдо мекард, вале
бемориҳои дар ҳабсхона гирифтор шудааш ҳанӯз ӯро
тарк накарда буданд. Фишори хунаш баъзан баланд
мешуд, узвҳои ҳозимааш хуб кор намекарданд,
Падарам дар Истаравшан мондан нахост. Модараш пае
аз як соли ҳабси падару амакам ба он алам тоб оварда
натавониста, вафот карда буд. Тағоям боз ба Душанбе
рафтанд. Падарамро низ Душанбе сӯйи худ мекашид.

Дар Душанбе ба хонаи тағои хурдиам фуромадем.
Рӯзи дигар баъд аз ноништа падарам ба назди
рафиқаш Бобоҷон Ҳусейнҷонов, ки он вак^ вазири
саноати сабуки ҷумхурӣ буд, рафтан хост. Модарам
чизе на гуфт, вале хавосаш парешон шуд. Баъд аз
рафтани падарам ба зани тағоям гуфт:

41
-Ин мардак базӯр ба худашон омада истодаанд,
илоҳо Ҳусейнҷонов нағз қабул кунад-дия. Агар Худо
накарда, рӯйи хуш надиҳад, зиқ шаванд, бемориашон
авҷ мегирад.

-Ҳар гапа ба дилатон нагиред, - гуфт зани тағоям,
- вай ҳам одам. Наход, ки баъд аз ин қадар сол
рафиқаш пешаш ояду рӯйи хуш надиҳад?!

Модарам фикр карда монд. Аз афти кор ба зани
тағоям чй гуфтанашро намедонист. Баъд гуфт:

-Охир, вай вазир, ин кас ҳар чи х,ам бошад, аз ҳабс
омадагй, кй медонад?...

-Хайр, вазир шудааст, шудааст-дия, имрӯз вазир,
пагоҳ Худо медонад, ки мешавад! - бо қаҳр гуфт зани
тағоям, - сонй ба пешонаи почоям «аз хдбс омадагй»
гуфта навишта мондаанд-мй?! Озод шуда, ки омаданд,
об ба лаби ҷӯй баробар.

-Баробар не-дия, - гуфт модарам андешамандона,
вале давом додани ин мавзӯъро дигар лозим надонист
ва нигоҳи саволомези зани тағоямро беҷавоб моноид.

Модарам чанд маротиба ба куча баромада омад,
вале аз падарам ҳамоно дарак набуд. Ниҳоят, соатҳои
сею ним дарвозаи ҳавлӣ кушода шуда, падарам намоён
гардид. Ману модарам ба пешвозаш давидем. У хушҳол
буд. Ман гумон кардам, ки модарам «ин қадар дер
кардед, диламона гургҳо тала карданд» гуфта, изҳори
зиққӣ мекунад, вале падарамро дидан замоно як оҳи
сабук кашиду чеҳрааш кушода шуда рафт.

-Ман дер кардам, хавотир шудй-мй, - гуфт па-
дарам гунаҳкорона, -бо Бобоҷон гапамон кӯр гирифт.
Ҳар чанд гуфтам, ки туро аз кор моноидам, иҷозат деҳ
равам, намонд. Ба ошхона рафта хӯрокхӯрдем.

Баъд падарам гапҳои аз забони Ҳусейнҷонов
шунидаашро гуфта дод:

-Ман ба бегуноҳии шумо ягон зарра шубҳа
надоштам, ҳоло ҳам надорам, - гуфт Бобоҷон. Дар
идораҳои боло ҳамон солҳо, аз афти кор, як гурӯҳ
душманони халқ нишаста буданд, кори худро карданд:
бисер кадрҳои хуб ҳайф шуданд.

42
Бобоҷон ба ман кор ёфта дод, мебахшӣ бо ту
маслихдт накарда, розигӣ додам, - гуфт падарам.

-Кадом кор аз дастатон меояд, шумо ина аз ман
нағзтар мефаҳмед, -гуфт модарам, - ин ҷо ихтиёр ба
дасти худи шумост.

-Ман ба кори идеологи ҳуқуқ надоштаам. Бобоҷон
ба ман вазифаи муовини сардори ОРС-и корхонаи
дӯзандагии рақами якумро пешниҳод кард. Гуфт, ки мо
ба коркунони нағз эҳтиёҷ дорем, худат медонӣ, ки ҷанг
рафта истодааст, ҳам фронта таъмин кардан, ҳам як
навъ карда, мардума аз ҳалокат нигоҳ доштан лозим.
Гуруснагӣ чизи сахт аст, ту инро аз мо беҳтар медонӣ.
Дар корхонаи дӯзандагӣ асосан занҳо кор мекунанд,
падару писару шавҳаронашон дар ҷанг. Таъмини оила
ба зиммаи онҳо. ОРС бояд онҳоро бо озуқа таъмин
кунад, дар ин кор дастони ҳалолу пок лозим. Ҷанг ҳам
ба қарибӣ тамом мёшавад, «душманони ҳалқ»-у
«писарони бою мулло» барин гапҳо ҳам нест
мешудагист. Ҳоло фикру зикри роҳбаронамон ба ҷанг
банд аст. Мана мебинӣ, ҳамин ки ҷанг тамом шуд,
ҳатман ба сари ин хел масъалаҳо бармегарданд. Он гоҳ
туро ҳам мувофиқи истеъдоду ақлу заковатат истифода
мебарем.

Бобоҷон маро ба корхонаи дӯзандагӣ гирифта
бурд ва бо директори корхона ва сардори ОРС
Владимир Владимирович Холодний шинос кард.

-Рафиқатон ҳамин қадар одами хуб будаанду ин
кас, - ба тарафи модарам ишора кард зани тагоям, -
худашона хӯрданд.

-Ҳа, - гуфт падарам, - Бобоҷон ҷони одам, баакд,
кордон. Одамгариашро намегӯед-мӣ: бегоҳ ҳамаамона
ба хонааш таклиф кард.

-Тамоми рӯз вақташонро гирифтеду боз бегоҳ
онҳоро ташвиш додан чӣ лозим! - гуфт модарам, - даст
дароз карданд гуфта, оринҷашонро надорем.

-Не, -гуфт падарам бо қатъият, - наравем
намешавад. Бобоҷон ба занаш телефон карда хабар
дод.

43
Бегоҳӣ мо ба хонаи амаки Ҳусейнҷонов рафтем.
Хонаи онҳо дар хиёбони Ленин, дар рӯбарӯи Боғи
истироҳат, дар ҳавлии ҳукуматӣ воқеъ буд. Дар ин
ҳавлӣ ҳар як оила дар хонаҳои алоҳида зиндагӣ мекард.
Зани амаки Ҳусейнҷонов - келинояи Муборакхон, аз
зурсандиаш намедонист, ки моро куҷо шинонад.

У чавонзани зебо, ранги рӯяш сафеди ба гулобӣ
моил буд, чашму абрувонаш сиёҳ ва мӯяш дорчиранг.
Аз гуфти модарам амаки Ҳусейнҷонов ҳангоми дар
Тошканд хонданаш ба ӯ ошиқ шуда, хонадор шуда
будааст. Муборакхон ба тоҷикӣ ширин ҳарф мезад,
вале баъзан калимаи «нақалгӣ»-ро ба гуфтор ҳамроҳ
мекард.

Моро ба хонае дароварданд, «и дар чор атрофаш
кӯрпача партофта, дар миёна дастархон андохта
буданд. Рӯйи дастархон аз анвои хӯрданӣ пур буд. Ман
гумон карда будам, ки ҳоло меҳмонҳои бисёре меоянд,
вале то охири меҳмондорӣ касе наомад. Маълум шуд,
ки фақат мо ба меҳмонӣ хабар шуда будаем. Вақте ки
соҳибони хона берун баромаданд, модарам ба падарам
оҳистаяк гуфт:

-Хайрият омадем, барои мо ин қадар ташвиш
кашидаанд, намеомадем айб мешуд.

Ман чунин меҳмондориро то он дам ягон бор
надида, будам. Ду духтарчаи соҳибхона, ки калонӣ
қариб ҳамсинни хоҳарчаам ва хурдӣ аз ӯ ду-се сол
хурдтар буд, Азиза ва Назира ном доштанд. Ба чеҳраи
сап-сафеду тару тоза, либоси зебою шинамашон ҳаваси
кас меомад. Махсусан куртаи духтарчаи калонӣ дар
хотирам нақш бастааст. Он аз матои катаки сурху
сафед, гиребон, нӯги остин ва кисаҳояш аз матои
якранги сафед дӯхта шуда буд. Мӯяшро дуто бофта, ба
нӯгаш лентаи сафед баста буд.

Дар Истаравшан духтарҳо то шавҳар кардан
мӯяшонро дуто намебофтанд. Ҳоло мӯйи Азизаро дида
суханони бикелини зани тағо Ислом ба хотирам омаду
хандаам гирифт. Боре дугонаам Каромат cap шусту

44
апачаи Робиа мӯяшро дуто бофта монд. Бикелин
апачаи Робиаро чанг карда гуфтанд:

-	Барой чй ина бевачаҳо барин карда мондй?!

Модарам пай бурд, ки ман ба либоси духтарчаҳо

зеҳн монда нигоҳ кардам ва ё магар ҳаваси худаш
омад, ки баъди ба хона баргаштанамон гуфт:

-	Куртаи Азиза маъқул шуд-а? Дадаат ба кор
дароянд, ба ту ҳам ҳамин хел курта харида медиҳам.

Дар сари дастархон амаки Ҳусейнҷонов аз падарам
пурсид, ки дар бораи ҷойи истиқоматашон чӣ фикр
дорад. Падарам гуфт, ки аз пагоҳ cap карда хонаи
иҷора мекобад. Ҳамин ки пайдо кард, рафта кӯчамонро
меорад. Модарам, ки то ин дам ба тал ҳамроҳ нашуда
хомӯш менишаст, беҷуръатона гуфт:

-	Ягонта ҳавлича мехаридем, нагз мешуд. Як дар
хона дошта бошад ҳам, азони худамон бошад. Ба иҷора
ҳавлии алоҳида ёфтан душвор, даруни як ҳавлӣ
ҳамроҳи соҳибаш зиндагй кардан боз ҳам душвортар.
«Гӯр ҷудо, гӯрхона ҷудо» гуфтаанд, шукр мо чор
нафарем.

Падарам ҳайрон шуда ба модарам нигарист. Барои
ҳавлӣ харидан пул аз куҷо меёбем, - чунин маъноро
ифода мекард нигоҳи падарам.

-Қолинамонро мефурӯшем, - гуфт модарам, -
моли асил, нағз пул диҳанд даркор.

Мо ҳамагӣ ду қолин доштем. Яке зардалои бепат.
Аз рӯзе, ки ман худро шинохтаам, ин қолин дар
хонаамон густурда шуда буд. Танҳо солҳои охир бекора
шуда монд. Дигаре қолини пати қирмизии бисёр хушобу
ранг, ки паташ нарму маҳин ва пурҷило буд. Ман ягон
бор надидаам, ки ин қолинро модарам андохта ё ба
девор овезон карда бошад. Модарам онро бисёр эҳтиёт
мекард. Тобистон кушода шамол медоду ба дарунаш
тамоку пошида, боз мепечонд ва болои сандуқ, ба зери
таҳмони кӯрпаҳо мегузошт.

Ман чанд бор гуфта будам, ки биёед, ҳамин
қолинро ба девор овезем, хонаамонро оро диҳем. Ҳар
бор мегуфт, ки дадаат биёянд, ба хонаи дигар мекӯчем,

45
он вак^ ё девор ба меовезем ва ё замин ба меандозем.
Модарам дар хонаи бобоям худро чун дар хонаи худаш
ҳис намекард.

Амаки Ҳусейнҷонов ҳам фикри модарамро
писандид. - Хайр, агар пулатон нарасад, ягон илоҷ
мекунем, - гуфт ӯ.

Модарам бо ҳамсоязанҳои тағоям зуд унс гирифт ва
ба воситаи онх,о дар байни се-чор рӯз ҳавлии фурӯшӣ
ҳам пайдо кард. Ин ҳавлӣ дар паси мактаби миёнаи
№7-и ҳозира (он вақт мактаби миёнаи №3 буд), дар
наздикии ҳавлии тағоям воқеъ буд. 'Гағоям он вак^ дар
маҳаллаи Сари осиё, кӯчаи Озодии занон истиқомат
дошт. Ҳавлӣ ду хонаи даруну берун ва як хоначаи
алоҳидаи гилии дошт. Замини хонаҳо тахтафарш
надошт, дар сақф ба ҷойи аасса шохаҳои дарахт
истифода шуда буданд, ки баргҳои хушки онҳо аз байни
болорҳои тахтагини каҷу килеб овезон буданд. Болои
девори андованашудаи похсггини ҳавлӣ бо хасу хошок
пӯшонида шуда буд. Май аз падарам сабаби онро
пурсидам, зеро деворҳои ҳавлиҳои Исгаравшан ин хел
сархор надоштанд. Падарам гуфт, ки хоки ин ҷо мисли
зағора аст, онро борон зуд шуста мебарад. Барон он ки
борон ба девор нарасад, болои онро мепӯшонанд.

Модарам аз хурсандӣ ба куртааш намегунҷид:

-Ин қадар қимат не: - мегуфт ҳар замон, - ҳамагӣ
даҳ ҳазор (бо пули кӯҳна). Қолинамонро бояд камаш
ҳафт - ҳашт хдзор гирад, мондагиашро ягон илоҷ
мекунем. Вале ба ман хонаҳои он ҳавлӣ маъкул набуд.
Дар Истаравшан ҳезумхонаи бобоям аз ин хонаҳо сад
бор ободтар буд, аммо дар ин бобат ба модарам чизе
нагуфтам. Модарам инро аз авзоам пай бурду гуфт:

-Ҳеҷ ran не, ба дарунаш даромада гирем,
оҳиста-оҳиста обод мекунем.

Модарам бо соҳиби ҳавлӣ гуфтугӯ карду чанд рӯз
мӯхдат гирифт ва ману Азизаро дар хонаи тағоям монда
бо падарам ба Истаравшан рафт. Аз он ҷо кӯчамонро
рост ба ҳамин ҳавлӣ оварданд ва дар айвон ҷой
карданд. Падару модарам аввал даруну беруни

46
хонаҳоро сафед, фаршашро андова ва тирезаҳояшро
ранг карданд. Ҳар рӯзи истироҳат падарам ягон тарафи
ҳавлиро лою гил мекард ва модарам ёрӣ мерасонд.
Падарам девори ҳавлиро андова кунад, модарам лой
мекашонд. Рӯйи ҳавлиро низ дукаса аз алаф тоза ва
ҳамвор карданд. Шохи дарахтонро буриданд, акнун
осмони ҳавлӣ васеъ шуда, нури офтоб ба рӯйи он
зиёдтар мерасид.

Чунон ки модарам гуфта буд, дар андак муддат
ҳавлӣ тамоман ранги дигар гирифт. Шавқи ман ҳам ба
тоза кардани ҳавлию хонаҳо то рафт меафзуд. Ба ман
махсусан ҳавзи начандон калони пушти ҳавлиамон, ки
дар замини мактаб воқеъ буду ба атрофи он дарахтони
баланду калон соя меафканд, маъкул буд. Ҳавлиамон
ба ғайр аз дарвозаи асосӣ ба тарафи мактаб дарича
дошт. Тобистони гарм ҳангоми таътили бачаҳо мо дар
болои суфаи пастакаке, ки посбони мактаб амаки Сӯфй
сохта буд, шолчаю кӯрпача андохта менишастем ва аз
ҳавои салқини он ҳаловат мебурдем. Солҳои шастум ин
ҳавзро гӯр карданд ва посбонхонаеро, ки дар шафати
он воқеъ буд, аз байн бардоштанд ва дарахтонро
решакан карданд. Ҳоло ҳам фаҳмида наметавонам, ки
ба чӣ сабаб ин хел карданд.

Ҳавлии мактабро ҷӯйи серобе, ки аз пахдӯи ҳамин
ҳавз мегузашт, ба ду тақсим месохт. Як тарафи ҷӯй
дарахтзор буда, тарафи дигараш, ки ба пушти девори
мо мечаспид, замини холӣ буд. Падарам ҳар замон ба
ин замин нигоҳ карда афсӯс мехӯрд, ки бекор
хобидааст. Оқибат бо иҷозати директори мактаб
Фахфур Ғафуров ном марди калонҷуссаи қадбаланд, ки
роҳбари кордону муаллими донишманд, вале хеле
сахтгир мегуфтанд, ба он замин картошкаю ҷуворӣ
коштанӣ шуд.

Падарам заминро побел ва хокашро нарм карда,
ҷӯякҳо кашид. Ба ману модарам фармуд, ки картошкаро
барои кишт тайёр кунем. Як картошкаро чанд пора
мекардем, дар ҳар пора чашмаке нигоҳ дошта мешуд.
Ҳар пораро дар масофаи ду ваҷаб аз ҳамдигар дуртар,

47
дар ду тарафи ҷӯяк чукурча кофта, шинондем. Падарам
дар чор тарафи замин чуворй кошт. Тирамоҳ картошкаю
ҷуворӣ ҳосили фаровон дод, ки кдриб тамоми зимистон
ба рӯзгорамон расид.

Модарам дони ҷувориро хушк карда, ба дети
тафсон андохта мезирбонид. Ҳангоми қариб бирён
шудани он ба болояш хокистар мепошид. Донаҳои он
часар - чусур садо бароварда, мекафиданд ва дар як
лаҳза даруни дег ба пахтазори сап-сафед табдил
меёфт. Модарам кисаҳои бачаҳои ҳамсояҳоямонро низ
аз ҷуворибирён пур мекард.

Падарам шабу рӯз заҳмат мекашид, лаҳзае вак^и
холиаш набуд, рӯзона ба кори идора машғул мешуду
бегоҳӣ ва рӯзи истироҳат ба корҳои рӯзгор банд буд. Бо
вучуди меҳнати зӯр баданаш об гирифта, ба рӯяш сурхй
дамид, чашмонаш нур пайдо карда, дар чеҳрааш осори
як навъ қаноатмандӣ аз зиндагй падид омад. Хусусан
баъд аз таваллуди хоҳарчаам Маҳбуба тамоман хушҳол
шуда рафт. Дасташ, ки холӣ шуд, бо хоҳарчаам машғул
мешуд ва ба модарам ёрӣ мерасонд. Ҳамин ки Маҳбуба
роҳравак шуду ба ran даромад, ба ӯ шеър ёд медод,
худаш суруд мехонду ӯро ба рақс медаровард.

Боз як орзуи падарам ҷомаи амал пӯшид. У бисёр
мехост, ки духтари амакам Розия ҳамроҳи мо зиндагй
кунад. Боре дар сари дастархон падарам аз ин хусус гал
кушод. Гуфт, ки Бипошшо ҳанӯз ҷавон, ӯ бояд шавҳар
кунад. Аз тарафи дигар, ман, ки баргаштам, бояд ба
фарзанди бародарам падарй кунам.

Модарам розӣ шуд. Маслиҳат карданд, ки падарам
телеграмма медиҳад ё мактуб менависад, то ин ки
аммаам Бипошшохон апаи Розияамро гирифта ояд ва
бо ҳамин баҳона се - чор рӯз меҳмони мо шавад.
Аммаам омад ва апаи Розияамро дар хонаи мо монда,
баъди як ҳафта ба Истаравшан баргашт.

Баъди шавҳар кардани зани амакам духтари
калонии ӯ Ойтӯтахон ба такдираш тан дода, дар Зосуни
Фалғар ҳамроҳи модараш зиндагй кардан гирифт, вале
духтари хурдии ӯ Розия аз рӯзи аввали дар хонаи онҳо

48
пайдо шудани марди бегона сабру қарор гум кард. Он
мард аз дар дарояд, ин аз тиреза мегурехт. Шабҳо ба
хонаашон намеомад, дар хонаи ҳамсояҳо ва хешу
табор мехобид. Ин хабар ба гӯши бибиам расид. У
аммаам Бипошшохонро фиристод, ки аз аҳволи бачаҳо
хабар гирифта ояд.

Ҳамин ки аммаам ба Зосун меравад, апаи Розияам
домани ӯро маҳкам медорад ва мегӯяд, ки ӯ ин ҷо дигар
як дақиқа ҳам намеистад, ба назди бибиам меравад.
Аммаам ӯро ба Истаравшан гирифта овард. Дере
нагузашта, ӯ аз бибиам ҳам маҳрум шуд, вале ба хо-
наашон баргаштан нахост ва ҳамроҳи аммаам монд.

Апаи Розияам табиатан шӯх ва хушҳол буд, вале
баъзан андешаманд менамуд ва дар ин лаҳзаҳо дар
қаъри чашмони сиёҳаш як ҳузни рикқатоваре падидор
мегардид. У падарашро зуд-зуд ба хотир меовард, вале
номи модарашро шунидан намехост. Дили ман ба ӯ
бисёр месӯхт. Модарат зинда бошаду аз ӯ ҷудо бошӣ.
Ман инро ҳеҷ тасаввур карда наметавонистам. Баъзан
маро тэтой Акобирхонам ба Бекобод гирифта мебурд.
Дар хонаи онҳо аз се рӯз зиёд истода наметавонистам
ва модарамро ёд мекардам. Аз зани тагоям пинҳонӣ ба
пушти хона гузашта гиря мекардам.

Боре байни ман ва апаи Розияам дар ҳамин мавзӯъ
сӯҳбате ба вукӯъ пайваст. Апаам гуфт:

-Дар аввалҳо модарамро бисёр ёд мекардам.
Чашмам ба роҳаш чор буд. Гумон мекардам, ки рӯзе
меояду мегӯяд, ки ман он мардакро пеш кардам, биё, ба
хона равем. Ҳар сеямон -ману тую Ойтӯта, зиндагй
мекунем ва падаратро интизор мешавем, вале ин тавр
накард. Дуруст аст, ки чанд бор одам фиристод. Баъзан
майли рафтан ҳам мекардам, вале ҳамин ки он
мардакро ҷомаи беқасаби падарам дар тан пеши назар
меовардам, нафратам меафзуд ва аз раъям мегаштам.
Ҳоло хдм чашми дидан надорам. Охир, ман ба модарам
гуфта будам, ки ё маро гӯяд ё шавҳарашро.

49
Пас аз ба хонаи мо омадани апаи Розияам зани
амакам падарамро диданй омад. Аз мактаб омадам, ки
дар айвон се-чор кас нишастаанд:

-	Янгапошшоат ва апаи Ойтӯтаат омаданд,
ҳозиракак, - гуфт модарам, пичиррос зада, - аввал
рафта бин, баъд либосатро мекашй.

-	Янгапошшоам? -ҳайрон шуда пурсидам аз мо-
дара_м.

У баъди ҳабси амакам ва ба деҳаи Зосуни ноҳияи
Айнй кӯчида рафтанаш ягон бор ба хонаи мо наомада
буд.

-	Ҳа, янгапошшоат, модари апаи Розияат, - такрор
кард модарам.

Ман рост ба тарафи айвон рафтам. Ба ғайр аз
янгапошшоаму апаи Ойтӯтаам боз ду-се нафар аз
хешовандони фалғариамон ҳамроҳ омада буданд.
Занҳо маро ба оғӯш гирифта бӯсиданд. Мардҳо
пурсупос карданд.

Ман зеҳн монда ба зани амакам нигаристам. Вай
«янгапошшо»-и ман медонистагй набуд: тамоман дигар
шудааст. Зани амакам андоми латифу нозук ва қаду
қомати зебо дошт. Ман ӯро намедонам ба чй сабаб
хдмеша дар либоси зимистонй пеши назар меовардам.
Ӯ палтои пашмини хокистарранг мепӯшид, ба сараш
рӯймоли шоли сафед ва аз таги рӯймоли шол дурраи
фаранги сиёхро қашқарча карда мебаст (аз афти кор,
чунин тарзи бастани рӯймол дар Қошгари Хитой
маъмул будааст ва аз он ҷо ба тарафҳои мо паҳн
шудааст: рӯймоли фаранг ё шоҳиро аз ду кунҷаш қат
карда, дар байни он як варақи дафтарро дуқат карда
мегузоштанду дар ҳамин хрлат ба cap мебастанд, ки
пешонабанди бухороихрро ба хотир меовард).

Янгапошшоам медонист, ки ранги сиёху сафед ба
рӯйи сафеду чашму абрӯвони сиёҳаш мезебад. Дар
пойи ӯ ҳамеша калӯшу маҳсии нав буд ва ӯ мисли
модарам бефаранҷӣ мегашт.

Ҳоло дар тан камзӯли бахмали сабзи рангпарида
дошт. Остинҳои куртаи гулдораш аз остини камзӯлаш

50
баромада меистод. Ранги рӯяш шахси аз бистари
беморй нав хестаро мемонд.

-Аз рӯйи кор бемор аст, - дилам сӯхт ба ӯ.

-Апаат канӣ? - пурсид аз ман ӯ ва гунаҳкорона
табассум кард.

Ман ба модарам нигоҳ кардам. Охир, ӯ як соат аз
ман пештар омада буд? Куҷо рафта бошад?

-Ҳозир меояд, - гуфт модарам ва маро фармуд ки
зуд либосамро иваз намояму чой дам кунам.

Ман даромада дидам, ки апаи Розияам рӯяшро бо
дастонаш пӯшида дар кунҷи хона нишастааст.

-Ҳа, - гуфтам, - чй шуд?

Аз ӯ садое набаромад. Ҳамин дам модарам ба хона
даромад.

-Хез, духтарам, аз ҷоят, - гуфт ӯ дастони Розияро
аз рӯяш гирифта.

-Э, тамоми баданаш меларзад-е!

-Худата ба даст гир, ҷони келиноя, - модарам сари
апаи Розияро ба синааш пахш кард ва ба ман фармуд,
ки як пиёла оби хунук орам. Обро нӯшонда гуфт:

-Баромада ояата бин. Аз ҳамин қадар рох^ дур
туро диданӣ омадааст. Бин ғами ҷудоӣ вайро ба чй ҳол
андохтааст. Аслашро гӯям, гуноҳи вай ҳам не. Хости
Худо ҳамин будааст. Агар падарат ҳабс намешуданд ва
хабари марги он кас овоза намешуд, магар ӯ шавҳар
мекард?! Чй тавр онҳо зану шавҳари мехрубон буданд.
Барой ояат аз шавҳари чашм кушода дидагиаш ҷудо
шудан кори осон набуд. Шояд ба ҷудоӣ токдт карда
натавонист.

Модарам чашмонашро ба як нуқтаи номаълуме
дӯхт ва андешамандона илова кард:

— Мардх,о_зани танҳои зеборо бинанд, ба ҳолаш
намемонанд. Уро ҳам шояд маҷбур карда бошанд.

Ин суханони модарам муносибати маро ба
янгапошшоам тағйир доданд. Ман ҳам то ин дам мисли
апаи Розияам ӯро зани бевафо ва модари сангдил
гумон мекардам. Пас гумонам хато будааст! Вале ба

51
апаи Розияам, аз афти кор, ин суханон он кадар таъсир
накарданд. Ӯ бо лабханди тамасхуромез гуфт:

- Маҷбур шуда будаанд?! Ин хел бошад, шумо
шавҳар накардед-ку!

Модарам гӯё ин суханони апаамро нашунида бо-
шад, худро ба нодонй зад ва аз дасти апаам гирифту
берун бароварданй шуд.

-Рафтем, ояата хавотир накун.

-Ин қадар сол хавотир нашуданд-ку, - овози апаам
дарду аламро ифода кард.

Модарам чй гуфтанашро надониста як лаҳза хомӯш
монд ва баъд бо кдгьият гуфт:

-Тамоми ин солҳо хавотир буд, вале илоҷе надошт.

Апаи Розияам бо сари хам берун баромад. Ман ҳам
аз паси онҳо баромадам.

Янгапошшоам апаамро дидан замон аз кати айвон
фуромада, ба пешвозаш Давид, ӯ духтарашро ба оғӯш
гирифта гиря кард, вале апаи Розияам ҳамоно карахТ
буд ва аз худ ятон ҳаракате зоҳир накард. Танҳо баъди
апаашро дидан гириста, худро ба оғӯши ӯ андохт. Апаю
хоҳар дуру дароз аз ҳамдигар ҷудо нашуданд. Дар
чашмони нишастагон ашк ҳалкд зад.

Меҳмонҳо дар хонаи мо ду-се рӯз истоданд. Аз рӯйи
мушоҳидаҳои ман дар байни модару духтар ягон
сӯҳбати самимие ба амал наомад ва апаи Розияам аз
модараш худро дур мегирифт. Пагоҳии барвақт ба
мактаб мерафту бевак^ бармегашт. Дар хона ба ин ва ё
он кор даст зада, худро машғул месохт. Рӯзи рафтани
меҳмонон онҳо оромона хайру хуш карданд.

Фақат баъдтар пас аз соҳиби хонаю дар ва фарзанд
шудан муносибати апаи Розияам бо модараш барқарор
гардид. Модараш ҳар сари чанд вақт ба хонаи ӯ
меомадагй шуд.

Апаи Розияам ба хохдру бародарони ӯгаяш
меҳрубон буд. Онҳоро хуш қабул мекард. Маънидеху
маслиҳатгарашон буд. Онх,о ҳам ба ӯ меҳр доштанд, ва-
ле намедонам ӯ «гуноҳи» модарашро бахшид ё не?

52
Риштаҳои гусастаи меҳри модару фарзанд пайванд
шуданд ё не?

Апаи Розияам хабари марги модарашро шунида, ба
Зосун рафт. Баъди_дафн карда омадан ман ба хонаи ӯ
дилпурсӣ рафтам. У мисли ҳар вак^га маро дида хушҳол
шуд.

-Дилатон ганда нашавад, - гуфтам чунон ки дар ин
мавридҳо мегӯянд, - бечора янгапошшоам бисёр дард
кашидаанд.

-Бандагӣ - дия, - гуфт ӯ дар ҷавоб ва якбора хунгос
зада гирист.

-Ҳар чӣ бошад, модар-дия! - аз дил гузаронидам,
вале ғайри чашмдошт апаам номи падарашро гирифта
ба нола даромад:

-Дадаҷонам, дадаҷони рӯзнодидаам. Кошки як бор
аз дарам даромада меомадед, дадаҷонам. Амакҷонам
ҳам падариро ба ӯхда гирифтанду ба сомон
нарасонида, бармаҳал рафтанд, вой амакҷонам.

Он рӯз ҳардуямон ба ёди падаронамон дуру дароз
ашк рехтем.

* ★ ★

Падарамро як чиз азоб медод: тамғаи «душмани
халқ» аз дӯши ӯ бардошта нашу да буд. У ҳанӯз бовар
дошт, ки ин ҷо хатое рафтааст ва гумон дошт, ки
метавонад ба идораҳои дахлдор рафта, бегуноҳии
худро исбот кунад.

Падарам ҳангоми дар ҳабсхона буданаш борҳо ба
ким-куҷоҳо ариза навишта будааст. Яке аз гунох^ое, ки
аз рӯйи мактуби кадом дӯсташ ба сари ӯ бор карда
будаанд, ҳамин будааст, ки ӯ гӯё дар Истаравшан
замини зиёд дорад. Падарам ба модарам мактуб
навишта, хоҳиш карда буд, ки ба назди раиси гузари
Лаби ҷӯ, ки_ҳавличаи хурдакаки падарам он ҷо воқеъ
буд, равад. У вазъи оилаи моро хуб медонад. Бинобар
ин, гувоҳнома диҳад, ки ба ғайр аз ҳамин ҳавлича
падарам чизе надорад. Модарам зуд аз пайи иҷрои ин
супориш шуд ва аз назди раиси гузар ноумед баргашт.

53
Раис гуфтааст, ки «то бача гиря накунад, модараш шир
намедиҳад». Модарам ҳайрон шуда пурсидааст, ки ин
мақол ба гувоҳнома чӣ алоқа дорад? У гуфтааст, ки
алокди бевосита. Агар аз боло чунин гувоҳномаро талаб
кунанд, ӯ ҳатман мефиристад.

Падарам баъди ба Душанбе омадан ба Вазорати
бехатарӣ ва Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо
мактуб навишта, хоҳиш намуд, ки кори ӯро аз нав
тафтиш кунанд. Нусхаи аризаи ӯ аз 23 августи соли
1944 ва 13 январи соли 1947 дар дасти ман аст. Мана
тарҷумаи матни яке аз онҳо:

Ба Раиси Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурияти

Тоҷикистон рафиқ
Шогадоев Мунаввар

аз номи муовини сардори ОРС-и корхонаи

дӯзандагии № 1
Отахон Мӯсохӯҷаев

Ариза

Дар соли 1901 дар оилаи деҳқони камбағал
таваллуд ёфтаам ва то соли 1919 дар таъминоти
падарам будам. Соли 1919 ба сафи ВЛКСМ дохил
шудам, соли1923 ба узвияти ҲК(б) қабул гардидам. Дар
вазифаҳои зерин кор кардам: котиби комсомоли ҳавзаи
Истаравшан, мудири шӯъбаи тарғиботу ташвиқоти
комитети ҳавза, мудири маорифи вилояти Ғарм, мудири
маорифи вилояти Сталинобод, муовини сиёсии сардори
МТС-и ноҳияи Октябр (вилояти Қӯрғонтеппа), солҳои
1936-37 инструктори шӯъбаи кишоварзии КМ ҲК
Тоҷикистон.

Соли 1937 бо тӯҳмат ва нишондодҳои бардурӯғ
маро аз сафи ҳизб хориҷ намуданд, ҳамон сол дар
асоси қарори Тройкаи (Сегонаи -X. 0.) НКВД, №39 маро
ба фаъолияти аксулинқилобӣ гунаҳкор карда, ба

54
муддати даҳ сол ҳабс карданд ва ба лагери меҳнатӣ
фиристоданд. Соли 1944 аз ҳабс ба сабаби беморй ва
инчунин барои кори хубам пеш аз мӯхдат ҷавоб шуда
омадам ва ҳоло дар яке аз идораҳои хоҷагӣ вазифаи
роҳбариро бар ӯхда дорам, вале ин маро қонеъ
намекунонад. Ман бо доғи сиёҳ ва мӯхри бадномй дар
дилу виҷдонам зиндагй карда наметавонам. Ин доги
сиёҳ ва ин бадномй маро маҷбур мекунад, ки дар байни
мардум худро бегона ҳис кунам ва аз шодии узви
комилҳуқуқи оилаи сотсиалистй будан махрум гардам.
Мехоҳам бо одамони поквиҷдон, муборизони роҳи
хушбахтию ободии Ватанамон дар як саф бошам.
Бинобар ин, шуморо илтиҷо мекунам, ки ба хотири
муборизаҳои ман дар роҳи барқарору мустаҳкам
намудани ҳаёти нав, барои ҳақиқат ва шарафи ҳизби
азизи мо кори маро аз нав тафтиш карда, ин доги
нангинро бардоред ва ба ман имконият диҳед, ки худро
чун шаҳрванди комилхукуқи Иттиҳоди Шӯравӣ озод ҳис
кунам.

Ба ман ҳукми	Тройкаи (Сегонаи) НКВД

(Кумиссариати Халқии Корҳои Дохилӣ)-ро надода
буданд. Фақат ҳабс карданду ба лагер фиристоданд.
Бинобар ин, аз шумо хоҳиш мекунам, ки ҳангоми
тафтиши кори ман қарори Тройкаи НКВД-ро аз
Прокуратураи ҷумхурӣ талаб карда гиред.

13 январи соли 1947.

Ин аризаҳои падарам беҷавоб монданд, Вале
солҳои 1948 - 49 як дарди падарам сад дард шуд.

Рузе аз мактаб омадам, ки дар рӯйи хона либосҳои
падарам титу парешону модарам гирён-гирён онҳоро ба
ҷомадон ҷо карда истодааст.

-Чй шуд? - пурсидам ҳайрон шуда, - дадаам ба
ягон ҷой мераванд-мй?

-Ҳа, — гуфт модарам, - мумкин ба Истаравшан
раванд.

55
-Чаро шумо гиря мекунед? Ё ба аммаам ягон ran
шуд-мй? -саволборон кардам модарамро.

-Не, -гуфт модарам, -аммаат тинч, ҳеч ran
нашудааст.

-Пас чаро гиря мекунед?

Модарам чй гуфтанашро намедонист.

-Росташро гӯед, ояҷон, -илтиҷо кардам, -охир, ман
хурд нестам-ку.

Модарам дигар илоҷ надошт.

-Ким-чи хел қарор баромадааст, ки соли 1937-ум
ҳабс шудагиҳоро боз гашта ҳабс кунанд, - гуфт мо-
дарам. - Имрӯз дадаат хабар оварданд, ки амаки
Мустафокулатро боз гашта ба Сибир бадарға кардаанд.

Ӯ рафиқи падарам иштирокчии Инқилоби Бухоро,
ҳоло ветерани ҷангу меҳнат, нафақахӯри шахсӣ
Мустафоқул Нурмуҳаммадовро дар назар дошт, ки соли
1937 х,абс шуда, соли 1946 баъди тамом шудани
мӯхдати чазо ба Душанбе баргашта буд.

Дадаат гуфтанд, ки шаб-мӣ, нисфи шаб-мӣ, он
касро ҳам бурданашон мумкин, бинобар ин, фармуданд,
ки либосҳояшона тайёр карда монам.

Ҳамин вақт_падарам ҳам даромада омад, қоғазпече
дар даст дошт. У худро ба нодонӣ зада аз ман пурсид:

-Хуш, духтарам, имруз дар мактабатон чӣ гапҳои
тоза?

Ман чизе нагуфтам. Модарам ба ӯ фаҳмонд, ки ман
ҳамаашро медонам. Падарам қоғазпечро ба модарам
дароз карда гуфт:

-Ду чуфт ҷуроби пашмин харидам. Мегӯянд, ки ин
дафъа ҳамаро ба Сибир мефиристанд. Ва баъд барои
тасаллои дили мо илова кард:

—Кӣ медонад мумкин маро набаранд. Ин ҳамту, аз
рӯйи эҳтиёт.

Аз ҳамин рӯз cap карда оромию осудагии оилаи мо
тамоман барбод рафт. Ҳамин ки дарвоза тараққӣ кард,
махсусан шабона, ҳамаамон аз ҷой мехестем. Падарам
саросема либос мепӯшид ва ҷомадонашро, ки дар таги
кати хобаш тайёр карда монда буд, берун мекашид.

56
Маи баъзан аҳволи падарамро фаромӯш мекардам,
вале баъзан вақти даре ӯ ба хотирам меомад. Ба гӯшам
садом ак-аки сагҳо мерасид ва гумон мекардам, ки
одамони силохдор падарамро ҳозир гирифта бурда
истодаанд. Тамом шудани дарсро бо беқарорӣ
интизорӣ мекашидаму ҳангоми танаффус ягон чизро
баҳона карда, ба сӯйи ҳавлиаамон мешитофтам ва аз
он ҷо андак хотирҷамъ шуда бармегаштам.

Падарам тамоман камгап шуда буд ва ба андак низ
асабӣ мешуд. Модарам кӯшиш мекард, ки дарди па-
дарамро сабук ва фикрҳои ғамангезро аз сараш дур
кунад, вале бенатиҷа. Бемориҳои дар ҳабсхона
гирифтаи падарам аз нав хурӯҷ карданд. Фишори хунаш
баланд ва узвҳои ҳозимааш хуб кор намекардагй
шуданд.

Хушбахтона, падарам аз бало эмин монд. Уро
дубора нагирифтанд, вале дигар ба ҳолати пештарааш
баргашта натавонист. У зуд-зуд бемор мешуд ва бо
ҳамин дарду аламҳо 24-уми майи соли 1952 аз дунё
гузашт.

Мо аз падар нор нафар мондем: ман - донишҷӯйи
курси чоруми донишгох,, Азиза - толибаи синфи ҳаштум,
Маҳбубаи шашеола ва Матлубаи сесола. Боз бори
вазнини зиндагй ба души модарам афтод. У
намепӯшиду моро мепӯшонд, намехӯрду моро
мехӯронд. Ба ҳар чори мо имконият дод, ки соҳиби
маълумоти олй шавем. Шаби тӯйи арӯсии ҳар
кадомамон афсӯс мехӯрд, ки падарамон ин рӯзи некро
надид ва пинҳонӣ оби чашм мерехт. Ҳангоми дар
ҳалқаи фарзандону наберагон нишастанаш падарамро
ба ёд меоварду хислатҳои неки ӯро ба мо талқин
мекард.

Баъд аз панҷ соли вафоти падарам Коллегиям Суди
Олии РСС Тоҷикистон оид ба корҳои ҷиноӣ аз 8-уми
июли соли 1957 падарамро бегуноҳ дониста, қарори
Тройкам НКВД-ро аз 10-уми декабри соли 1937 аз
эътибор соқит кард. Модарам аз Кумитаи Марказй
чунин мактуб гирифт:

57
«Ба гражданка Отахонова Хосият.

Комиссияи ҳизбии назди КМ ҲК Точикистон
хабар медиҳад, ки шавҳари шумо Отахон
Мӯсохӯҷаев бо қарори Бюрои КМ ҲҚ Тоҷикистон аз
21 ноябри соли 1957 аз ҷиҳати партиявй сафед
карда шуд.

26 ноябри соли 1957»

Модарам ин номаро ба даст гирифта, гиря кард.
Гуфт, ки падарат ин рӯзро чандин сол интизор буд. Ӯ
медонист, ки як рӯз бегуноҳ буданаш исбот мешавад.
Ҳайфо, ки номурод аз ин ҷаҳон рафт.

Он рӯз модарам аз ман илтимос кард, ки марсияи
дар вафоти падарам навиштаамро бори дигар барояш
хонам. Дили худам ҳам пур буд. Намедонистам чй навъ
холи кунам. Чашмони меҳрубон ва азияткашидаи
падарам пеши назарам омаданд. Падарам ба мо аз
солҳои маҳбусӣ ва азобҳои он чизе нақл намекард ва
касе дар ин бора даҳон кушояд, риштаи суханро ба
тарафи дигар мекашид. Танҳо як бор тасодуфан
сӯҳбати ӯро бо модарам дар ин хусус шунида будам.

Шаби тобистон буд. Ман дар хона даре тайёр
мекардам. Азиза ҳам дар назди ман нишаста китоб
мехонд. Падару модарам дар рӯйи ҳавлӣ болои кати
чӯбин, ки як тарафашро ба тирезаи хона ҷафс карда
монда буданд, гуфтугӯ доштанд.

-Маро ба девор рост монданд, - мегуфт падарам, -
намедонам чанд рӯз гузашт: ҳисоби рӯзу шабро гум
кардам. Пойҳоям чунон варам карданд, ки мӯзаам
кафида рафт. Баъд аз ҳуш рафтаам. Дар ҳамин ҳол ба
«гуноҳам» икрор шуда, имзо гузоштам.

-Биёед, он рӯзҳоро ба хотир наоред, - гуфт мо-
дарам, - барои мо зинда омаданатон давлати калон.
Понздаҳи моҳ торик бошад, понздаҳаш равшан. Шукр
кар дани мо даркор.

-Ҳа, - гуфт падарам, - ман боз ҳам батолеъ
будаам, ки чашмам ба чашми шумоён расид. Ҳазор-
ҳазор кас мурда рафт...

58
Наход, ки дар хдбсхонаҳои мо ба инсон чунин
азобро раво бинанд? Ман инро ҳеҷ тасаввур карда
наметавонистам. Наход ҳамаи ин рост бошад? Падарам
дурӯғ намегӯяд-ку, меандешидам худ ба худ. Он шаб як
ҳисси мағшуше вуҷудамро фаро гирифта, хобро аз
чашмонам рабуд.

Аз ҷевони китоб дафтари шеърҳоямро гирифтам,
вале марсияро хондан намехостам, зеро модарам онро
борҳо шунида буд. Бори аввал онро рӯзи ҳафти вафоти
падарам дар байни занҳои бисёре хонда будам.

Аз қабати дафтарам варақеро берун овардам. Дар
он шеъре сабт шуда буд, ки баъди хатми донишгох,,
рӯзҳои дар ҷустуҷӯйи кор саргардон буданам, яъне соли
1953, баъди яку ним соли фавти падарам навишта
будам. Модарам аз он хабар надошт. Шеър ҳолати
онвак^аи маро ифода мекард:

Падарҷон, гӯш кун, дипам пур зи дард,

Бубин чехраам аз гамат гашта зард.

Ҷавонам, валекин ба солам ҷавон,

Ғамамро зи чини ҷабинам бихон.

Чакад хун ҳар шаб зи чашмони ман,

Рабудй ту шодию дармони ман.

Магар бахри ин зод модар маро,

Ки созад гирифтори шӯру бало?

Магар ту талаб карда буди х,амин,

Ки созӣ ба ҷойи худат ҷонишин?

Чаро аз ту пештар нарафтам падар,

Чаро бармаҳал бинмудй ин сафар?

Маро кош мебурдӣ ҳамрохр худ,

Ҳамекардӣ х,амрозу хрмгохр худ.

Намолад кунун ин сарамро касе,

Напурсад чашми тарамро касе.

Нахоҳад шунидан касе рози ман,

Нагунҷад ба дилхр кунун нози ман.

Аниси дили дарднокам куҷо,

Бирафтӣ ба рӯям накарда ниго.

Аё маслиҳатгар, насиҳатгарам,

Ба рухсораам рангу тоҷи сэрам.

59
Дилам ҳамчунон хоҳад ин ки кунад,

Туро огаҳ аз хрлу пурсад мадад.

Аё номуроду гарибам, падар!

Ба дарду аламҳо қарибам, падар!

Аё такягоҳам, куҷоӣ, биё!

Намонда дигар сабру тоқат маро.

Чаро ин суханхри ман беҷавоб,

Магар масти гам ман ва ё масти хоб?

Модарам хомӯшона гӯш мекард, оби чашмонаш
мерехту мерехт, ёрои пок кардан надошт. Ҳамин ки
хонда тамом кардам, ӯ зор-зор гирист. Дарди дилашро
мегуфту гиря мекард.

Баъди оши соли падарам модарам ягон бор дар
ҳавлиамон овоз наандохта буд. Фақат дар маъракаҳои
мотами хешу табор ва ё ҳамгузару хдмшахриҳоямон
овоз андохта, аз таҳти дил гиря мекард, ба ҳадде сахт
мегирист, ки сараш ба дард медаромад.

Боре ба хонаамон ҳамсояамон холаи Меҳринисо
омад. Модарам ӯро ба болои кӯрпача шинонда гуфт, ки
ду рӯз боз дарди сараш намемонад.

-Шуморо кй гуфт, ки дирӯз ин қадар оби чашм
резед, - гуфт ӯ ба рӯзи сеи як ҳамгузариамон
рафтанашонро дар назар дошта, - охир, дар майнаатон
об намонд, албатта, дард мекунад-дия, cap аз пӯлод не-
ку.

-Ҳар кас ба азо дарояд, ба ёди қарибонаш мегиряд,
- гуфт модарам. -Ман ҳам дарди дили худама гуфта
гиристам-дия!

-Ман ягон каса надидаам, ки ба мурдаи шӯяш ин
қадар сӯхта бошад, хуб почоя нағз медидед-дия, - гуфт
ӯ модарамро ором карданӣ шуда ва баъд насиҳатомез
илова кард: -Шукр кунед, ки дар ҳамон мусофириҳо
хоку туроб шуда нарафтанд ва боз се-чор сол умрашон
будааст. Худо фармуд дар назди шумою
фарзандонашон ҷон ба ҳақ супурданд. Бо иззату
эҳтиром ва бо обрӯйи тамом ба оромгоҳи мӯъминон

60
гусел кардед. Акнун шукри бачаҳоятона кунед, ҳоло
шумо ба инҳо даркор, худатона ҳам эҳтиёт кунед.

Ҳамин хел «хати сафед» алами модарамро гашта
тоза кард ва ӯ паст-паст, то ки хдмсояҳоро безобита
накунад, ба овозандозй даромад:

-Воҳ хонумонам (дар Истаравшан шавҳарро чунин
ном бурда гиря мекунанд), хонумони ба ҳасрату
армонам, хонумонам. Хонумони рӯз дида, рӯшноӣ
надидагим, хонумонам. Хонумони дастархони мурод
наандохтагим, хонумонам. Хонумони мана ҳавлипою
ятимпой карда рафтагим, хонумонам. Хонумони ба
кулфатхои дунё адо шудагим, хонумонам. Кошки зинда
мебудеду ин рӯзро медидед, хонумонам. Акнун ман ин
хати сафеда ба сэрам мезанам-мй, хонумонам.

Ӯ қариб буд, ки коғазҳои дасташро пора кунад. Ман
гирякунон дастонашро нигоҳ доштам ва коғазҳоро
ги рифта гуфтам:

-Магар азобҳои маро фаромӯш кардед, ояҷон. Ин
коғазҳо ба ману хоҳаронам лозим, онҳо ба мо номи неки
падарамонро баргардонданд.

-Вай рӯзи фаромӯш мешудагӣ буд-мӣ, - гуфт
модарам оби гулӯяшро фурӯ бурда, - ту қариб маъюб
шуда монда будӣ, бачаякам.

Модарам оби чашмонашро пок карда, бадард оҳ
кашид. Як лаҳза сукут карду баъд, рӯзҳои тоқатфарсои
ба сари ман омадаро пеши назараш оварда гуфт:

-Ман дигар ношукрӣ карда гиря намекунам, шукри
ту ва хоҳаронат!

Гӯё тарсид, ки мабодо боз агон нохушие ба
сари мо ояд.

* * *

Модарам аз саргузашти пурмоҷарои он давраинаи
ман танҳо як ҳодисаро медонист.

61
Моҳи феврали соли 1952 мо чор нафар дугонаҳо,
ки дар як курс таҳсил мекардем, барои дохил шудан ба
сафи ҳизб ариза додем. Инҳо Лола Сулаймонова -
духтари шоири маъруфи тоҷик Пайрав Сулаймонӣ, ҳоло
корманди илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси
Академияи улуми Тоҷикистон, Кимё Шукурова -
додсенти Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ва Иноят
Рустамова — собик; сармуҳаррири шӯъбаи адабии
Радиои Тоҷикистон, ҳоло нафақахӯри шахсии аҳамияти
ҷумхурӣ.

Ман ҳуҷҷатҳои заруриро тахт кардам. Ба ҷуз
тавсияи ташкилоти комсомолӣ, муаллимамон
шодравон: Ҳилол Каримов ва декани Факултетамон -
факултети таъриху филология Виктор Григорьевич
Гранберг ба ман тавсиянома навиштанд (Тавсияномаи
Ҳилол Каримов дар дасти ман аст, вале тавсияномаи
Виктор Григоръевич ҳамон рӯзҳо аз қабати когазхрям
гум шуд).

Ҳамрс-ҳи дугонаҳоям чанд рӯз тайёрӣ дидам,
ойинномаи ҳизбро омӯхтам, оид ба вазъи байнал-
мипалй, сиёсати дохилию берунии мамлакатамон
мақолаҳо хондам. Бо вуҷуди ин метарсидам, ки мабодо
ягон чизро фаромӯш кунам ва ба саволҳои аъзои бюро
ҷавоб дода натавониста, шарманда шавам.

Ҳангоме ки аз маҷлиси бюрои кумитаи комсомолии
донишгоҳ мегузаштам, яке аз аъзои бюро савол дод, ки
чаро ман мехоҳам ба сафи ҳизб дохил шавам?

Гуфтам, ки узви ҳизби бузурги Ленин ва Сталин
будан барои ман боиси ифтихор аст, мехоҳам дар
бунёди ҷамъияти коммунистй дар сафи пеши мубориза
бошам, мехоҳам дар роҳи озодию ободии Ватанам чун
Павел Корчагини Николай Островский ҳамаи монеаю
душвориҳоро натарсида, паси cap кунам ва агар лозим
шавад, ҷонамро дареғ надорам. Ҳамаи ин суханҳоям
самимӣ буданд. Боз гуфтанй шудам, ки чун падарам
коммунисти хдқиқӣ, ҳалолкор, фидокор, ғамхор ва
мехрубон бошам, вале гуфта натавонистам.

62
Падарам худро коммунист меҳисобид ва бовар
дошт, ки рӯзе билети ҳизбиашро бармегардонанд. Бо
вуҷуди кашидани ин қадар азобу уқубат эътиқодаш ба
идеалҳои коммунистй заррае накоста буд. Барой ӯ
муҳимтарин хислати инсон шикастанафсӣ ва ҳалолкорӣ
буд. Ӯ ин хислатро аз даст надода буд.

Соли аввали баъди ҷанг, соли қаҳтию қиматӣ ОРС
хоҷагии ёрирасон дошт, ки дар замини он ҷуворимакка
мекоштанд. Як ҳамгузарамон Фозилҷон ном марди
фарғонагӣ дар он ҷо кор мекард. У рӯзе ду халта
ҷуворимакка овард ва як халтаашро ба ҳавлии мо
фуроварду дигарашро ба хонаи худаш бурд.

У ҷуворимаккаро фуровардаистода ба модарам
гуфт:

-Акаам аҷиб одам-дия. Ба ҳар коргар як халта - як
халта ҷуворӣ тақсим карданд. Роҳбарҳо ҳар кадом ду-се
халтагӣ гирифтанд. Мудири анбор барои ин кас ҳам ба
мошин ду халта бор карданӣ шуд, ман аз дигарҳо зиёд
намегирам гуфта, намонданд. О, аз кори ин кас кй
миннатдор мешавад?

Модарам табассум кард ва низе нагуфт. Маълум
буд, ки чунин рафтори падарам барои ӯ нав нест ва аз
ин ифтихор ҳам мекунад.

Ман дар маҷлиси бюрои комсомол аз хусуси пада-
рам чизе нагуфтам, на барои он ки аз ягон чиз хавф ва
ё ҳаросе доштам... Бо дили пур ариза навишта будам.
Аъзоёни бюро ба саволи аввалинашон ҷавоб
гирифтанду конеъ шуданд ва дигар савол ҳам
надоданд, тарҷумаи ҳоламро ҳам напурсиданд.

Рӯзи дигар гуфтанд, ки баъди даре маҷлиси бюрои
партиявии факултетамон барпо мегардад ва моро ба
номзадии узви ҳизб қабул мекунанд. Қариб нисфи
донишҷӯёни курсамон ҳамроҳи мо рафтанд. Ҳама дар
пушти дар интизор. Дар хотирам намондааст, ки аввал
аз байни мо кй даромад. Навбати ман расид. Дар
тараддуди даромадан шуда будам, ки дар кушода шуду
котиби ташкилоти ҳизбамон берун баромад ва бо
бепарвоии тамом хабар дод: аъзои бюрои ҳизбӣ ба

63
чунин қарор омаданд, ки аризаи шуморо муҳокима
накунанд, зеро доғи суди аз падаратон бардошта
нашудааст.

Намедонам кадоме аз ҳамкурсонам овоз дод: худи
Сталин гуфтааст, ки «писар ба гуноҳи падар ҷавобгар
нест». Котиб ба ӯ як теғ кашида нигоҳ карду даромада
рафт.	-

Аввал аъзои баданам гӯё оташ гирифт, баъд дасту
поям сует шуд. Аз ҳуш рафтам. Намедонам ин ҳолати
ман чанд дақиқа давом кард, чашмамро кушода худро
дар ҷойи дигэр дидам:	болои диван хобидааму

муаллимаи адабиёти хооиҷиамон Татяна Ивановна ба
рӯям зада, гӯшамро молида истодааст. Гирду
атрофамро ҳамкурсонам печонда гирифтаанд. Яке аз
онҳо дар даст дору нигоҳ медошт, дигаре пиёлаи об.
Татьяна Ивановна ба ман дору хӯронд, мехостам ба ӯ
ташаккур гуям, вале аз даҳонам садои ба худам бегона
баромад, забонаги гирифта ran зада натавонистам.'
Муаллима бо даҳшат ба рӯям нигарист ва ба бачахо
фармуд, ки ёрии таъҷилиро ҷеғ зананд. Бо ишорат ба ӯ
фаҳмондам, ки ба хона рафтанам даркор, падару
модарам хавотир мешаванд.

Татяна Ивановна мошини ректорро илтимос кард ва
мпро бо ду-се нафар ҳамкурсонам ба он савор намуда,
ба хона гусел кард.

-Албатта, духтурро ҷеғ занетон, - таъкид кард ӯ ба
ҳамкурсонам.

Ба ҳавлиамон худро бардам вонамуд карда
даромадам. Дар ҳақиқат то хона рафтан анча ба худам
омада будам. Хайрият падарам набудааст. Модарам
ҳамкурсонамро дида ҳайрон шуд. Хостам гӯям, ки инҳо
ба мехмонӣ омадаанд, забонам ҳамоно ғалдар - ғулдур
буд. Ҳуш аз сари модарам рафт, ранги рӯяш сап -
сафед канд. У фаҳмид, ки ман ба чӣ ҳол гирифтор
шудаам, зеро ин «шарбат»-ро борҳо чашида буд.

Маро ба хона дароварда хобонду аз як ҳамкурсам
илтимос кард, ки аз телефони кумитаи иҷроияи район,
ки дар ҷойи ҳозираи кинотеатри 8-ум и Март, дар

64
наздикии хонаи мо воқеъ буд, духтури ёрии таъҷилиро
ҷеғ занад. Духтур омада, сӯзандору фиристод, дору
хӯронд ва гуфт, ки ба ман фақат оромӣ лозим, ҳаракат
карданам мумкин не.

-Ҳозир хобаш мебарад, - гуфт ӯ ба модарам
муроҷиат карда, - агар то пагоҳ забонаш кушода
нашавад, духтури асабро даъват кунед.

Нимишабй бедор шуда, об пурсидам.

-Об диҳед! - овоз баровардам. Мисли пештара
калимаҳоро бурро талаффуз карда тавонистам.

-Ба худо шукр! - гуфт модарам чойи хунукро ба ман
нӯшонида.

-Худо оҳи мана шунид, забонат кушода шуд.

Падарамро дар пахдӯям дида, боз хориам омад ва
ашки чашмонам ҷорӣ шуд.

-Ба ту асабӣ шудан ҳеҷ мумкин не! - гуфт падарам
маро ором карда, - забонат боз гирифтанаш мумкин.
Худатро ба даст гир, ҳеҷ воқеа нашудааст, кирои гам
хӯрдан намекунад.

-Ман дигар ба донишгоҳ намеравам! - гуфтам бо
алам.

Падарам кафи гармашро ба ҷабинам гузошта гуфт:

-Ҳозир хоб кун, чашматро пӯшу ҳеҷ чизро фикр
накун! Пагоҳ маслиҳат мекунем.

Дар ҳақиқат чашмонамро пӯшидаму хобам бурд. Аз
афти кор таъсири сӯзандору ҳанӯз аз вуҷудам нарафта
буд.

Рузи дигар бевақт аз хоб бедор шудам. Модарам
оҳистаякак гуфт, ки дар назди падарам аз ҳодисаи
дирӯза ran накушоям, имшабаш кати хобашон
набурдааст. Фишори хунашон баланд шудааст, ки дору
хӯрдаанд.

Модарам падарамро бисер эҳтиёт мекард. Ҳар
гапро ба ӯ намегуфт, махсусан агар он ran ва ё ҳодиса
ба солҳои маҳбусиаш дахл дошта бошад.

Дар солҳои донишҷӯиямон ҷамъияти “Дониш”, ки
идорааш аз донишгоҳамон дур набуд, ҳангоми таътили
тобистона моро ба колхозҳо, корхонаҳои шаҳру ноҳияҳо

65
мефиристод. Мо ба колхозчиён ва коргарони он ҷойҳо
дар мавзӯъҳои гуногуни адабиёту фарҳангамон лексия
мехондем. Аз чунин сафарҳои хидматӣ мо баҳраи зиёд
мебардоштем. Аз як тараф дар суханронй малакаамон
зиёд мешуд, аз тарафи дигар пул кор мекардем. Ба ҷуз
харҷи роҳу ҷойи хобу хурду хӯрок, ки ҷамъияти “Дониш"
медод, мо ба ҳар як суханрониамон низ пул
мегирифтем ва пули кам ҳам не. Бинобар ин, ҳар як
пешниҳоди ин ҷамъиятро бо хушҳолӣ мепазируфтем ва
баъзан худамон ҳам хоҳиш мекардем, ки моро ба ягон
ҷой фиристонанд.

Дар ҳини яке аз ин сӯҳбатҳо бо колхозчиёни деҳаи
Басмандаи ноҳияи Ғончӣ муйсафеди нуроние ба назди
ман омада пурсид: - Шумо духтари Отахон Мӯсохӯҷаев
нестед? - Гуфтам, ки ҳа.

У гуфт: - Оё шумо медонед, ки ҳамаи заминҳои ин
колхоз, ки ҳоло қарор доред, ба бобои шумо тааллуқ
дошт. Ман ҳайрон шуда гуфтам, не, намедонистам. У'
маро боз ҳам ҳайронтар карда, бо таъкид гуфт: - Инро
донистанатон лозим.

Он вак^ ман гумон мекардам, ки ҳамаи заминдорон
ва давлатмандон одамони золиму бераҳм буданд ва ба
зердастонашон ҷабру зулм мекарданд.

- Наход, ки бобои ман ҳам ҳамин хел бошанд?
Меандешидам.

Аввалин таассуроти аз ин сафар бардоштаам,
вохӯрӣ бо хдмин мӯйсафед буд. Баъди баргаштанам
ман инро ба модарам накд кардам. Модарам гуфт, ки
инро ба падарат нагӯй. Чаро? - бо шитоб пурсидам аз
Ӯ-

Барои он, ки - гуфт модарам бо ҳамон оромии ба
худаш хос, - боз рӯзҳои маҳбусиашон ба хотирашон
меояд. Охир як гуноҳи ба сари падарат боршуда ва
номи “душмани халқ”-ро гирифтани он кас заминдории
бобоят аст.

Ман бисёр мехостам баъзе чизҳоро доир ба бобоям
аз падарам пурсида гирам, вале ба хотири нигоҳ

66
доштани саломатии падарам мӯҳри хомушӣ ба даҳон
задам.

Имрӯз ҳам ба модарам ваъда додам, ки ҳодисаи
рӯйдодаро ба хотири падарам намеорам, вале падарам
дар сари ноништа худаш ran кушод.

-	Маро бубахш, духтарам, - гуфт ӯ - барои ман
шуда ин қадар озор дидй.

Ба ӯ раҳмам омад. - Ариза доданам лозим
набудааст, дар донишгоҳ дар гурӯҳи мо ҳама коммунист
нестанд-ку, - акнун ӯро ман ором кардан мехостам.

Модарат ҳақ будааст, ба ман гуфта буд, ки ту ҳоло
ҷавон, мактабро тамом карда, ду-се сол кор кунию баъд
ариза диҳӣ беҳтар. У медонистааст, вале ман гумон
кардам, ки ту мактаби миёнаро бо медали тилло хатм
кардй, стипендияи сталинй мегирй, узви Кумитаи
Марказии Комсомоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастӣ,
бинобар ин, ба ту бовар мекунанд. Ман гумон кардам,
ки ҳар кддар зудтар коммунист шавӣ, ҳамон қадар
зудтар ба камол мерасй. Бовар доштам, ки ҳабс шудани
ман барои ба сафи ҳизб дохил шудани ту халал
намерасонад. Охир, метавонистанд делои ҷиноии маро
гирифта бинанд - гуфт ӯ ва абрӯ дар ҳам кашида, ба
хаёл рафт. Сонӣ боз ба рӯйи ман зеҳн монда,
суханашро давом дод:

-	Ман ба котиби ташкилоти ҳизбиатон ҳайронам.
Модоме, ки туро қабул кардан мумкин набудааст, чаро
ин масъаларо то маҷлиси бюро кашола карданд. У
метавонист бо аъзои бюро маслиҳат карда, бо ту
алоҳида сӯҳбат кунад ва дар танҳоӣ ба ту фаҳмонад.
Агар ҳамин хел мекарданд, ин қадар азоб намекашидй.
Чй қадар бераҳманд, одамон! Бовар кун, ман заррае
гуноҳ надорам, ман ба ҳизбу ҳукумат заррае хиёнат
накардаам, — дар чашмони падарам ашк ҳалқа зад.
Ману модарам ҳам худро дошта натавониста гиря
кардем.

Падарам аввалин бор бо ман дар ин мавзуъ ин хел
рӯйрост сухан мекард.

67
-Ман 6а шумо бовар мекунам, дадаҷон! - гуфтам
бо қатъият.

Падарам суханашро дзвом дод:

- Ба ҳабси ман ва қабул нашудани ту ҳизб гунаҳкор
не. Дар ҷамъият қувваҳое ҳастанд, ки солҳои сиюм ин
ҳама бесару сомониро ҷорӣ карданд. Кй медонад, шояд
он солҳо якта-нимта душманони халқ ҳам буданд, вале
дар байни маҳбусоне, ки дар тӯли ҳашт сол бо онҳо дар
лагерҳои гуногун будам, ягон нафар душманро
вонахӯрдам. Як кием одамони бомаърифат, донишманд
ва роҳбарони ҳизбию советй буданд, ки ин ҷазодиҳиҳои
оммавиро хиёнат ба инқилоб ва ҳизб меҳисобиданд.
Қисми дигарашон одамони оддиву заҳматкаш буданд,
намедонистанд, ки чаро ба ин ҳол гирифтор шудаанд.
Дар лагери_Тошканд Мария ном ҷавонзани рус буд, ки
ӯро дар Душанбе ҳабс карда, ба он ҷо фиристода
буданд. Аз рӯйи накди Мария ӯ дар ҳамсоягии Абдулло
Раҳимбоев зиндагӣ мекардааст ва ҳангоми ба кор
рафтанаш бо ӯ гарму ҷӯшон салому алейк ва ҳолпурсӣ
карда будааст. Вак^ге ки Раҳимбоевро одамони
силохдор аз хонааш бароварда, аз пеши назари ӯ
гирифта мегузаранд, бисер афсӯс мехӯрад, ки ҳамин
хел одами мехрубону хоксори хушмуомила ҷазо
мебанад. Рӯзи дигар ӯро низ думи Раҳимбоев гуфта, ба
ҳабс мегиранд ва бе ҳеҷ хел тафтишу суд ба ин лагер
меоваранд.

Ягон рӯз адолат баркдрор мешавад. Ман набинам
ҳам, ту мебинй, - аз афти кор падарам ҳис мекард, ки
умраш дароз нест. - Он гоҳ бо сари баланд ба сафи
ҳизб дохил мешавй, вале ҳоло хонданатро давом
доданат лозим. Ба кй ситеза мекунй?!

Баъд аз ин ҳодиса саломатии падарам рӯз аз рӯз
бадтар шудан гирифт. Фишори хунаш баланд ва
ҷароҳати меъдааш кушода шуд. Дар давоми се моҳи
боқимондаи умраш як ҳафта дар хона бошад, се ҳафта
дар беморхона буд. Ҳоло ман ҳодисаҳои он рӯзҳоро
пеши назар оварда, ба чунин хулоса меоям, ки падарам
ба ҳар азобе ки ба сараш омада буд, таҳаммул кард,

68
вале ба он фикр, ки шарҳи ҳоли ӯ боиси азоби
фарзандонаш гардидааст, тоб оварда натавонист.

Пас аз вафоти падарам кӯшиш кардам, ки
душвориҳои пешомадаро аз модарам пинҳон дорам.
Хушбахтона, дӯстоне доштам, ки метавонистам ба онҳо
дарди дил гӯям ва ё маслиҳат пурсам. Инҳо дугонаҳоям
Иноят, Киме ва Лола буданд. Иноят шабу рӯз маро ба
ҳоли худ намегузошт, ки инро ҳеҷ фаромӯш намекунам.

Ҳанӯз чили падарам нагузашта буд. Мо имтиҳонҳои
солонаро супоридему ҳамроҳи Иноят барои имзо
гузоштан ба варақаи адои қарз (обходной лист) ба
донишгоҳ рафтем. То он варакдро ба деканат
насупорем, стипендия гирифта наметавонистем. Дар
роҳрави донишгоҳ ба деканамон Степан Ҷаводович
Арзуманов вохӯрдем. Муаллим Арзуманов ба Иноят ру
оварда гуфт, ки ба кабинети ӯ дарояд. Иноят аз кабинет
бо авзои парешон баромад. Ба ман гуфт, ки
варақаҳоямонро пагоҳ имзо мекунонем. Ҳозир ба як ҷо
рафтанамон лозим. Ман гумон кардам, ки муаллим
Арзуманов ба ӯ супориш додааст. Гуфтам, ки ту рафта
биё, ман варақаҳоро имзо кунонда, ба ту мунтазир
мешавам.

-Не, - гуфт Иноят, - бе ту намешавад. Мо бояд ба
Кумитаи Марказии ҳизб равем.

Ман тамоман гаранг шудам. Кумитаи Марказй
куҷою мо куҷо! - гуфтам ба ӯ.

-Биё, ба кӯча бароем, раҳораҳ мегӯям.

Мо ҳар ду ба куча баромадему ба тарафи бинои
Кумитаи Марказии ҳизб роҳсипор шудем. Он вақт
Кумитаи Марказй дар бинои ҳозираи Академияи илмҳои
Ҷумхурии Тоҷикистон ҷой гирифта буд.

-Хӯш, - гуфтам ба Иноят, - сардорони Кумитаи
Марказй дар рӯйи ману ту офтобу маҳтоб дидаанд-мй?!
Ба мо чй кор доштаанд?!

Ҳа, дуруст гуфтӣ, - тасдиқ кард Иноят, - дар рӯйи
ту офтобу дар рӯйи ман маҳтоб дидаанд, - баъд худро
хурсанд вонамуд карданй шуда илова кард: -Ба назари
ман ба мо гуфтанианд, ки мана курси чорумро тамом

69
кардетон, баъди хатми донишгоҳ мо шуморо дар
Кумитаи Марказй ба кор мегирем.

-Мо чй мегӯем? - гуфтам бо ҳамон оҳанге, ки Иноят
сухан кард.

-Мо не намегӯем, вале шарт мемонем: ба вазифаи
аз котибии Кумитаи Марказй поёнтар майл надорем.

Ба қавли модарам он вак^т фариштаҳои раҳгузар
омин гуфта будаанд. Иноятро баъди хатми донишгоҳ, ки
ба аспирантура тавсия шуда буд, котиби Кумитаи
Марказии комсомолии Тоҷикистон таъин карданд.

-Хайр, ҳазлу шӯхӣ бас аст, - гуфтам, - агар асли
гапро нагӯйӣ, ман дигар як қадам намемонам.

Чехраи Иноят зуд тағйир ёфт, чашмони сиёҳи як
лаҳза пеш хандонаш изтиробу хавотирро ифода кар-
данд. Ӯ гуфтаи муаллим Арзумановро ба тафсил нақп
кард. Маълум шуд, ки имрӯз пагоҳӣ дар донишгох,
маҷлиси ректорат барпо гардидааст. Яке аз муаллимон
масъала бардоштааст, ки маро аз стипендияи сталинй
махрум кунанд. «Аз стипендияе, ки номи Сталини
бузургро дорад, набояд фарзандони душманони халқ
баҳраманд гарданд. Ин пул бояд ба фарзандони содиқи
халқ дода шавад», - гуфтааст ва ба ҷойи ман як
ҳамкурси дигарамонро пешниҳод кардааст.

Муаллимамон Арзуманов ва Ҳилол Каримов
тарафи маро гирифтаанд. Онҳо гуфтаанд, ки ӯ вақти
ҳабс шуда ни падараш панҷсола будааст. Агар падараш
гуноҳ дошта бошад, ҷазояшро дидааст, аммо ӯ чй гуноҳ
дорад?! Ӯро аз стипендияи сталинй маҳрум кардан
тамоман аз рӯйи инсофу адолат нест.

Он муаллим оташ гирифта гуфтааст, ки онҳо киро
ҳимоя мекунанд. Агар ӯ софдил ва бовиҷдон мебуд,
ҳабс шудани падарашро пинҳон намедошт.

Ин муаллим пешакӣ ба мудири шӯъбаи кадрҳои
донишгоҳ Иванов фармуда будааст, ки тарҷумаи ҳоли
ҳангоми ба донишгоҳ дохил шудан навиштаи маро
гирифта ояд. Иванов дар маҷлиси деканат суханони ӯро
тасдиқ намуда, тарҷумаи ҳоли маро хондааст. Як
муаллими дигар гуфтааст, ки агар ман пайрави падарам

70
намебудам, ба вафоти ӯ азо гирифта, либоси сиёҳ
намепӯшидам. Маҷлис қарор кардааст, ки маро аз сти-
пендиям сталинӣ маҳрум кунанд.

Баъд аз шунидани ин суханон аъзои баданамро
арақи сард пахш кард.

-Дар ҳак^қат дар тарҷумаи ҳолам ман дар бораи
падарам чизе нанавиштаам, - гуфтам ба Иноят, - ман
намедонистам, ки хдтман инро навиштан лозим. Ману
Кимё дар мактаб нишаста, аризаю тарчумаи ҳол
навиштем ва хуҷҷатҳоямонро бурда ба донишгоҳ
супоридем. Ақлам нарасидааст, ки дар ин хусус бо
падарам маслихдт кунам.

-Ман ҳам дар тарҷумаи ҳолам дар бораи падару
модарам чизе нанавиштаам, - гуфт Иноят, - фалон сол
дар фалон шахр таваллуд ёфтам, фалон сол б'а мактаб
рафтам. Аз фалон мактаб ба фалон мактаб гузаштам.
Фалон сол мактабро тамом кардам, - мана мазмуни
тарҷумаи ҳоли мо.

-Ту гапи дигар, - гуфтам афсӯс хӯрда, - вале ман
ҳатман навиштанам лозим буд, охир ман...

-Ин ҷо ran тамоман дар ҷойи дигар, - суханамро
бурид Иноят, чй хел одам будани муаллимамонро
намедонй-мй?! У ба ҷойи ту ҳамдиёрашро гузарониданй
будааст. Як кас ба нағзӣ мекунам гуфта, каси дигарро
азоб додан, пахш кардан, нобуд кардан - ин одамгарй
не-ку! Муаллим Арзуманов медонй чй гуфтанд, -
суханашро давом дод Иноят, - агар ҳамин рӯз ба
Кумитаи Марказй наравй, дер мешавад. Ҳоло фармон
набаромадааст, «илоҷи воқеа қабл аз вукӯъ бояд кард».

-Ман ба ҳеҷ куҷо намеравам! - гуфтам бо қатъият.
- Стипендиям сталиниро гадом намекунанд.

- Ин гадой не! - гуфт Иноят овозашро баланд
карда. - Ин ҳақиқатро талаб кардан ва ҳақиқатро
барқарор кардан аст.

-У ба стипендиям сталинӣ ҳақ дорад, - гуфтам
номи ҳамкурсамонро гирифта, - ҳамаи имтиҳонҳоро бо
баҳои аъло супорид.

71
-Бале, ӯ аъло мехонад, - гуфт Иноят, - вале ягон
супориши ҷамъиятиро иҷро намекунад. Аз номи
ташкилоти ҷамъиятӣ ягон кор фармою рӯзата бин.
(Иноят котиби кумитаи комсомолии факултет буд,)
Ба сарат чормағз мешиканад...

Ба назди бинои Кумитаи Марказй расиданамонро
надониста мондем. Ин ҷо май боз якравй кардам:

-Не, намеравам, барои худ кор меёбам, лекин ба
Кумитаи Марказй шикоят намекунам, - гуфтам ва ба
тарафи дигари куча гузаштанй шудам.

-Не, меравй! - гуфт аз дастам кашола карда Иноят.
-Агар наравй пуштора карда мебарам. Хоҳӣ, ки
шарманда нашавӣ, ran назада, аз пахдӯям қадам
мезанй. Муаллим Арзуманов гуфтанд, ки Имомов одами
хуб. Сонй, -Иноят аз пахду ба рӯбарӯям гузашт, -
фикри модару хоҳаронатро ҳам карданат даркор!

Дар воқеъ, агар ман аз стипендияи сталинӣ маҳрум
шавам, боз модарам ба азоб мемонад. Ҳар чй бошад
ҳам, 290 сӯм не, 750 сӯм (бо пули имрӯза 75 сӯм) бори
рӯзгорамонро мебардорад. Агар ман ин маблағро ба
хона набарам, модарам маҷбур мешавад, ки боз ба кор
дарояд, хоҳаронам хурд, мактабхон, онҳоро кӣ нигоҳ
мекунад? Духтарчаҳои бечора аз пагоҳ то бегоҳ ба ҳоли
худ мемонанд ва бесар мешаванд. Азоби модарам зиёд
мегардад. Ман ҳеҷ намехоҳам, ки модари
азияткашидаам рӯз то бегоҳ кор карда ба хона ояду боз
то ними шаб ба нонпазию хӯрокпазӣ, ҷомашӯйию
хонатозакунӣ машғул гардад. Дар ин ҳолат вай бемору
нотавон шуда монданаш мумкин. Худо накарда ин хел
шавад, мо чӣ кор мекунем?!

Ин фикр маро ба ҳаракат овард ва аз паси Иноят ба
сӯйи даромадгоҳи Кумитаи Марказй қадам задам.

Иноят дастамро cap намедод. У ба милитсионери
посбон гуфт, ки бо як масъалаи бисёр муҳим пеши
рафик; Имомов даромаданамон лозим. Милитсионер
рақами телефонро дода гуфт, ки занг занем. Иноят занг
заду баъд гӯшаки телефонро ба дасти ман дода,
саросема гуфт:

72
-Номатро гӯй, илтимос кун, ки ҳозир қабул кунанд,
набошад дер мешавад.

Ман аз гӯшак овози нарми занеро шунида гуфтам:

-Ман фалонӣ, донишҷӯйи донишгоҳ, ба назди котиб
даромадан мехоҳам.

-Як дақиқа сабр кунед! - гуфт ӯ. Баъди як-ду дақиқа
аз нав аз гӯшак овози ӯ садо дод:

-Шумо аз кучо занг зада истодаед?

-Аз поён, аз назди милитсионер! - гуфтам ман.

-Ҳозир ман наздатон мефароям, - гуфт ӯ.

Солҳои донишҷӯйй аз номи донишҷӯёни шахр дар
маҷлисҳои калон зуд-зуд баромад мекардам. Шеърҳоям
дар рӯзномаҳо чоп мешуданд. Намедонам маро
шинохтанд ё он вак^ҳо ба назди котиби Кумитаи
Марказй даромадан осон буд магар, ки маро Аликул
Имомов қабул кард.

Дар хонаи на чандон калони равшан дар паси мизи
калоне марди қоматбаланди сафедрӯй ва чашму
абрӯсиёҳе менишаст. Ман ӯро борҳо дар ҳайати
раёсати маҷлисҳо дида будам, вале ин хел аз наздик
бори аввал медидам. У аз паси миз хеста, ба пеш омад
ва ба ман даст дароз карда, вохӯрдӣ карду курсиро
нишон дода:

- Марҳамат, шинед, -гуфт.

Ман дасту пфгум кардам, аз ҳаяҷон чй гуфтанамро
намедонистам. Ӯ гузашта ба ҷояш нишасту аҳвол
пурсид.

Бо як азобе арзи муддао кардам. У ба ман чизе
нагуфта, гӯшаки телефонро бардошт. Фаҳмидан душвор
набуд, ки ба рекгори донишгоҳ Зариф Раҷабов занг
мезанад. Баъд аз садому алейк ба таври ҷиддӣ пурсид:

-Ман шунидам, ки фалоциро аз стипендияи
сталинӣ маҳрум кардетон, сабабаш чй? - У суханони
Рачабовро оромона гӯш карду гилаомезона гуфт:

-Худатон намедонед-мй, ки он солҳо чй солҳое
буданд. Агар дигар гуноҳаш набошад, хоҳиш мекунам
барқарор кунед! - баъд гӯшакро монда ба ман рӯй
овард:

73
-Баркдрор мекунад.

Ман ба ӯ ташаккур гуфтаму аз чй сабаб бошад, ки
хориам омад ва гиря карда фиристодам.

Имомов маро ором карда гуфт:

-Дар зиндагй ба сари одам ҳар хел ҳодисаҳо
меоянд, шумо ҳанӯз ҷавонед ва хдр чизро ба дил
наздик нагиред. Ҳамааш нағз мешавад.

Иноят ба рӯям бо дикҳат нигариста фаҳмид, ки
масъала ҳал шудааст. Хурсанд шуда гуфт:

- Намеравам - намеравам, гуфта хун кардй,
нусхата гирам! -ӯ норозӣ буданашро аз ягон кас изҳор
кардан хоҳад, ҳамин ибораро ба забои меовард.

Боз дилам ба зиндагй гарм шуд. Шавқи хондан дар
дилам афзуд. Умеду орзуҳои тоза рӯҳамро равшан
карданд, вале гумон надоштам, ки боз дучори зарба
мешавам.

Моҳи марти соли 1953 дар донишгоҳ комиссияи
тақсимот ба кор шурӯъ кард. Аксари донишҷӯёни курси
мо ҷавонони доною хушзеҳн ва шеърфаҳму
адабиётдӯст буданд. Як қисми онҳо ба аспирантураи
донишгоҳу Академияи илмҳо тавсия шуданд, қисми
дигарашонро дар донишгоҳ ба сифати муаллим нигоҳ
доштанд. Дугонаҳоям Кимё ва Иноят ба аспирантура
тавсия шуданд. Лоларо ба донишкадаи педагогии занон
фиристониданд. Ба ду хохдрон -Қамар ва Ҳамзия
Исмоиловаҳои исфарагй ва Саид Расулов ном ҷавони
варзобӣ ба мактабҳои миёнаи зодгоҳашон рох,хат
доданд.

Комиссияи тақсимот дар кабинети ректор кор
мекард. Он ҷо дар паси мизи дарозе ба ғайр аз
муаллимони худамон ва намояндагони ташкилотҳои
ҷамъиятии донишгоҳ, марди кдддарозе нишаста буд, ки
намояндаи Вазорати маориф будааст. У маро ба
нишастан таклиф намуда, ҷойи кори ояндаамро гуфт ва
ба дастам рохрсат супорид. Аввал ҳайрон шуда, як лаҳза
хомӯш нишастаму баъд беҷуръатона гуфтам:

-Ман мехостам хонданро давом диҳам.

74
Дар ҳақиқат кайҳо боз дар дилам чунин орзу
мепарваридам. Вак^ҳое ки бо роҳбари кори дипломиам
шодравои Шарифҷон Ҳусейнзода дар атрофи
қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими
Фирдавсӣ сӯҳбат мекардем, ин орзу дар дилам нумӯ
мекард ва реша медавонд. Мавзӯи рисолаи дипломиам
«Инъикоси шӯришҳои халқй дар «Шоҳнома» буд.
Муаллим Ҳусейнзода ин мавзӯро дар оянда давом
медиҳӣ гуфта буданд. Дилам пур буд, ки маро ҳам ба
аспирантура тавсия мекунанд.

— Агар ҳама олим шавад, дар мактаб кӣ кор
мекунад?! - гуфт рӯй турш карда намояндаи вазорат.
Оҳанги суханаш чунон дуруиит буд, ки диламро сӯрох
карда гузашт. Ман бо умед ба тарафи аъзои комиссия -
муаллимонам, ки панҷ сол ба ман даре дода буданд,
нигоҳ кардам. Сари хдмаашон хам: яке коғаз варақ
мезаду дигаре чизе менавишт, касе ба тарафи ман
нигоҳ кардан нахост.

-Зудтар рафта, бо директори мактаб гуфтугӯ карда
монед, боз ҳамин ҷой ҳам аз даст наравад! - гуфт бо
ҳамон оҳанг намоянда. Ин ran чунин маъно дошт, ки
дигар ҳоҷат ба саволу ҷавоб нест.

Имрӯз аз он воқеа сию ҳашт сол гузаштааст. Шояд
он мард одами бад ҳам набошад, шояд он вақт бо
духтари «душмани халқ» дигар хел гуфтугӯ кардан
мумкин набуд, вале ҳоло ҳам агар ӯро дар ҷое дида
монам, гуфтаҳояш дар гӯшам садо медиҳанду дилам
фишор мехӯрад. Бехуда нагуфтаанд, ки захми шамшер
мегузараду захми сухан не.

Аз назди комиссия баромада, ба хона равон шудам.
Иноят ба хонаи холааш рафт. Хайр, чӣ илоҷ, мактаб
бошад, мактаб. Охир, ба муаллимӣ ҳам шавқ дорам-ку!
Фақат як чиз диламро хиҷил мекард: мактаби русӣ
будааст ва ман дарси забони тоҷикӣ медодаам. Ман
бештар ба адабиёт майл доштам. Хайр ягон ran
мешавад. Ҳоло ҳозир рафтан даркор, - меандешидам
ман, - ҷой аз даст наравад.

75
Рӯзи дигар ба касе чизе нагуфта, он мактабро коф-
та ёфтам. Дуруст дар хотирам намондааст, мактаб, аз
афташ, дар кӯчаи «Партизани сурх», дар наздикии Боғи
пионерон, дар шафати бинои сирки кӯҳна воқеъ буд. Ба
назди директорат даромадам. Зане буд ҷавон,
нозукандом ва хушлибос, чашмонаш обӣ, мӯйи
малларангаш дар пушти сараш печонда туда буд.

Гуфтам, ки маро ба мактаби шумо фиристоданд.
Ҳар чанд то соли нави таҳсил хеле вақт ҳаст ва мо
ҳанӯз имтиҳонҳоямонро насупоридаем, ба ман гуфтанд,
ки бо шумо гуфтугӯ карда монам.

-Мо муаллимаи забони тоҷикӣ дорем, - гуфт ӯ, -
вай ба ҳеҷ куҷо рафтанӣ нест.

Узр гуфта ва маъюс туда берун баромадам. Гиря
гулӯгирам шуд. Наход дар пешонаи ман директори
мактаб шарҳи х,оли ладарамро хонда бошад. Худро бо
як илоҷе ба даст гирифта, ба донишгоҳ рафтам. Иноят
гуфта буд, ки маро он ҷо интизор мешавад. Баъд
ҳамроҳ хона рафтанӣ туда, ба кӯча баромадем. Дар
пеши донишгоҳ як шиносамонро дидем, ки хеле хушҳол
буд- Тақсимот гузашт? - пурсид аз мо ва ба савол
ҷавоб нагирифта, саросема гуфт: - Ман ҳозир аз назди
комиссияи тақсимот баромадам. Маро дар донишгоҳ
муаллим таъйин намуданд. Шумо ба худи донишгоҳ
лозим гуфтанд.

Албатта, ба донишгоҳ шумо барин кадрҳо лозим, -
писхандаомез гуфт Иноят. У духтари шахси
соҳибмансабе буд. Мегуфтанд, ки аз имтиҳонҳо ба
тавассути телефони падараш баҳо мегирад.

-Наход ман баробари ҳамин набошам?! - аламам
тоза туда, оби чашмонам ҷорӣ гардид. То кай маро
барои падарам азоб медиҳанд, то кай? - фарёд задам
ба сари Иноят, гӯё ки вай гунаҳкор бошад. Ман чӣ гуноҳ
дорам?!

Иноят намедонист чӣ ҷавоб гӯяд. Ҳаросон ба рӯям
нигарист, баъд дасташро ба китфам гузошта:

-Рафтем! - гуфт.

Гиряолуд гуфтам:

76
-Имрӯз ба мактаби роҳхат додаашон рафтам, ман
даркор набудаам.

Ҳамин вақт аз майдони назди Театри опера ва
балети ба номи Садриддин Айнӣ садои баланди
диктори радио ба гӯш расид. Радио дар бораи бемории
Сталин хабар медод. Мардум аз чор тараф, аз раху рӯ,
аз мағозаву дӯконҳо баромада, ба майдон
мешитофтанд. Кампираки хамидақомате дар cap яктаҳи
сафед бо тарсу ҳарос аз мо пурсид, ки худаш чӣ ran,
мабодо ҷанг-ку cap нашудааст.

- Не, - гуфтем, - Сталин бемор шудааст.

-Худоё, подшоҳи фуқаропарварамонро худат дар
паноҳат нигоҳ дор, ба дардаш шифо бахш! - ӯ даст ба
рӯй кашида, омин гуфту гузашта рафт.

Мо хомӯшона роҳ мерафтему ман аз гиря базӯр
худро нигоҳ медоштам. Он солҳо дар дохили Душанбе
ду-се автобуси хурди якдарае равуо доштанд.
Автобусҳо пуропур буданд, наздик рафта намешуд.
Пиёда рафтем.

Модарам дар рӯйи ҳавлй буд. У ба рӯям зеҳн монду
бо хавотирӣ пурсид:

-Чашмонат варам кардаанд, гиря кардй, барои чӣ?

Ман ақаллан дар роҳ фикр ҳам накардаам, ки ба
модарам чӣ мегӯям.

Инояти зирак зуд ҷавоб ёфт:

-Сталин бемор шудааст, ҳарчанд гӯям, ки сиҳат
мешавад, бовар намекунад.

Модарам оҳи сабук кашиду гуфт:

-Ман гумон кардам, ки ба ту ягон ran шудааст.
Хайр, Худой дарда додагӣ дармонаша ҳам медиҳад.

-Охир, бемории бисёр сахт, - гуфтам шердил шуда
ва бо овози баланд гиря карда фиристодам.

-Дард дигар, аҷал дигар, - дилбардорӣ кард
модарам, - дар Москва духтурҳои нағз ҳастанд, сиҳат
мекунанд.

Ба ман як рӯз ҳам бекор мондан мумкин набуд. Чор
нафар ба маоши ман мӯҳтоҷ буданд. Ба модарам
гуфтам, ки маро ба хондан, ба аспирантура тавсия

77
намуданд, вале стипендияаш хеле кам мегӯянд. Ягон
кор ёфтан лозим, ки маошаш калонтар бошад.

-Мабодо ин корро накун, духтаракам, - гуфт
модарам, - модом, ки боз хон гуфтаанд, хонданат
даркор. Муаллимонат медонанд. Як рӯзамон бошад,
мегузарад. Матлуба андак калон шавад, май ба кор
мебароям. Ҳоло бошад, -бастаро аз ток^аи хона
гирифта кушоду гуфт:

-Ҳамин сатини сабза аз дӯкони Саидхӯҷа харида
омадам, вақтҳои аз кори хона фориғ буданам миёнбанд
медузам. Ресмони сафед ҳам харида омадам, обаву
каҷобаашро сафед мекунаму гулҳои дарунашро сиёҳу
пуштй.

-Бат.д онҳоро чӣ хел мефурӯшед?

-Ба инаш корат набошад! - ӯ маро хотирҷамъ
карданӣ буд, - Дугонаҳои ман бисёр. Ба ягонтааш
медиҳам, фурӯхта медиҳад.

* * *

Дар ин миён Сталин вафот кард. Мо донишгоҳро
хатм намудем. Ман дар фикри коркобй афтодам.

Рузе дар назди банки давлатй бо директори
OHBaKjan Пажӯҳишгоҳи забои ва адабиёти Академияи
улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллимамон Муллоҷон
Фозилов вохӯрдам. Пурсид, ки дар куҷо кор мекунам.
Гуфтам, ки ҳанӯз номаълум.

-Пагоҳ ба пажӯҳишгоҳ, назди ман биё! - гуфт ӯ.

Хурсанд шудам. Чй хуш, агар маро ба пажӯҳишгоҳ
ба кор гиранд. Аксари муаллимонамон, олимони
намоёни ҷумҳурӣ:	Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон

Ҳусейнзода, Бобоҷон Ниёзмухдммадов, Шавкат Ниёзӣ,
Владимир Лифшитс дар ҳамин пажӯҳишгоҳ кор
мекарданд. Кормандони ҷавони пажӯҳишгоҳ Раҷаб
Амонов, Муҳаммадҷон Шукуров (дар оянда
академикҳои Академияи улуми Тоҷикистон), Расул
Ҳодизода (дар оянда доктори илмҳои филологӣ)-ро
мешинохтам. Баъзеи онҳо дар донишгоҳ ба ман дарс

78
медоданд, баъзеашонро аз рӯйи мақолаҳояшон дар
матбуот медонистам. Пажӯҳишгоҳи забои ва адабиёт
барои мо донишҷӯён даргоҳи муқаддас ва басо ҷолиб
буд. Ҳамон шаб хобам набурд. Рӯзи дигар субҳ ба
пажӯҳишгоҳ рафтам. Он дар яке аз зеботарин ҳавлиҳои
Душанбе воқеъ буд.

Мегӯянд, ки он биноро Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои
Бобоҷон Гафуров сохтааст. Бобоҷон Гафуров онро ба
устод Айнй додааст. Устод Садриддин Айнй ба
Пажӯҳишгоҳи забои ва адабиёт додани онро хоҳиш
намудааст.

Ман ба ҳавлӣ даромадаму ба вориди бино шудан
ҷуръат накарда, дар таги дар рост истодам. Ҳамин дам
дар кушоду шуду як кас баромад, дар рохрав муаллим
Фозиловро дидам. У ҳам маро диду пеш омада:

-	Даро, даро, - гуфт ва ба кабинеташ бурд. Ба ман
ҷойи нишаст нишон доду худаш ба паси мизи кораш
гузашт. У маъюби ҷанг, якпоя буд, ду асобағалро дар
паҳлӯи курсй рост монду бо азоб ба ҷояш нишаст. Аз
афти кор, аз чй ran cap карданашро надониста, коғазҳои
рӯйи мизашро аз як ҷо ба ҷои дигар гирифта монду
хиҷолатомез гуфт:

-	Маро бубахш, туро овора кардам. Ҷойи холи
надоштаему ман ба ту ваъда кардам.

Дилам таҳ кашид, баъд рӯям тафсида, муқаррар
суп-сурх шудам. Намедонам боз чй хел ҷуръат карда
пурейдам:

-	Муаллим... аспирантура чй..., агар мумкин бошад,
- овозам ба гӯшам бегона расид.

-	Мо фақат ду ҷой доштем, - гуфт Фозилов, - ду
ҳамкурсат Абдукрдир Маниёзов ва Муҳаммадвафо
Бакревро донишгоҳ тавсия кардааст.

Дигар чй ҳам мегуфтам. Поямро базӯр кашола
карда, баромада рафтам.

Рӯзҳо паси ҳам мегузаштанд. Намедонистам ба
куҷо, ба кй муроҷиат кунам, аз кӣ маслиҳат пурсам. Бо-
ре хостам ба Вазорати маориф равам, вале тарсидам,

79
мабодо ба он намояндае, ки дар комиссиям тақсимотии
донишгоҳ иштирок карда буд, дучор наоям.

Модарам гумон дошт, ки ман барои дожил шудан ба
аспирантура тайёрй мебинам, балки ӯ дар ин кор ба
ман ёрй кардан мехост. Дар хона кор карданй шавам, аз
дастам мегирифт.

- Рав китобата хон, охир имтиҳон доданат лозим! -
мегуфт ӯ.

Як дардам сад дард мешуд. Вазъияти бардурӯғ сахт
азобам медод, вале илоҷи ислоҳи ин вазъиятро
намеёфтаму аз паси коркобй мешудам.

Модари бечораам ҳамоно гумон дошт, ки ман ба
китобхона меравам, ба аспирантура тайёрй мебинам,
вале аз ҳама бештар маро як фикр азоб медод. Гуноҳи
падарам чист? Ҳашт соли ҳаёти ӯ баъди аз ҳабс
баргаштанаш дар пеши чашмони ман гузашт. Ҳалол
меҳнат кард, дуздӣ накардааст, ҳаққи мардумро
нахӯрдааст, касеро озор надодааст. Дар ҳақку Ҳукуматй'
Шӯро сухани баде нагуфтааст. У фақат аз як гурӯҳ
душманони хукумат домангир буд, ки атрофи Сталинро
печонида гирифтаанд.

-Сталин аз ин бехабар аст, - мегуфт ӯ.

Падарам маро_ дар рох,и хдлолкорию росткорй
тарбия карда буд. Ӯ сухане нагуфта буд, ки эътиқоди
ман ба хукумат, ба сохти ҷамъиятии мо ва ба Сталин
заррае коҳад! Чаро ба ман бовар намекунанд?

-Агар Сталин зинда мебуд, ба ӯ мактуб
менавиштам, — фикр кардам, -Умуман навиштан
даркор, ба Маскав, ба марказ навиштан даркор, - аз ин
фикрам худам хурсанд шудам,

Ин дафъа боз пеши Иноят рафтам. У гуфт, ки биё,
ба назди Обидҷон меравем. Вай коркуни кумитаи
бехатарй буд.

Обидҷон Қахҳоров бо мо дар як вақт ба донишгоҳ
ба факултети геология дожил туда буд. У ҷавони
хушрӯй, хушзеҳн ва ҷаҳонбнниаш васею муҳокимарони-
ҳояш ҷмддию амиқ буданд. Дар хотирам намондааст, аз
курси дуюм ва ё сеюм буд, ӯ хонданро дар донишгоҳ

80
тарк карда, ба Тошканд рафт ва ба мактаби Кумитаи
бехатарии давлатй (КГБ) дожил шуд ва баъди хатми он
ба Душанбе баргашта, дар ҳамин соҳа адои вазифа
мекард.

Ба Иноят гуфтам, ки аввал аризаро нависам, баъд
ба назди Обидҷон меравем, ба ӯ нишон медиҳем ва ба
номи кй фиристоданамонро мепурсем. Иноят розй шуд.
Ҳамон шаб то субҳ нахобида ариза навиштам, ҳамаи
дарди диламро баён кардам ва дар охир навиштам, ки
мехоҳам таҳсиламро дар аспирантура давом диҳам ва
барои ҷомаи амал пӯшидани ин орзуям мадад
металабам.

Иноят Обидҷонро ба хонаамон гирифта омад. Ба
модарам дар бораи ариза низе нагуфтам, фак,ат
гуфтам, ки ҳамкурсамон мактаби Тошкандро хатм карда
омадааст, ду-се сол боз надида будем, имрӯз ба хона
таклиф кардем. Обидҷон аризаро хонда таҳрир кард.
Гуфт, ки як нусхаашро ба Кумитаи Марказии ҲКИШ ва
нусхаи дигарашро ба номи Прокурори Генаралии
Иттиҳоди Шӯравӣ Руденко фиристам.

Обидҷон кори таъҷилӣ доштааст, зуд баромада
рафт. Ақаллан ба як пиёла мой ҳам нанишаст, ки ин
боиси ҳайронии модарам гардид.

-Ой, духтарам, - гуфт модарам, - нй ran шуд?
Меҳмон гуфта гирифта омадетону ӯ акдллан ба як
пиёла чой нашист-ку? Ягон ran шуд-мй? - модарам чой
дам карда, дар тараддуди дастархонкушой буд.

-Ҳа, - нимғурма ҷавоб додам ман, - як кори
зарураш будааст.

Иноят илова кард:

-Соати дувоздаҳ дар идора маҷлис доштааст,
нохост ба ёдаш омад.

Модарам гӯё бовар кард. Бо вуҷуди ин ман ким-чй
хел шудам. Дурӯғ бофтан ва дурӯғ гуфтан ҳар чанд аз
рӯйи зарурат бошад ҳам, чӣ қадар ногувор аст.

Акнун ҳар рӯз ҷавоби аризаро интизорӣ мекашидам.
Ҳамин ки дарвоза таққӣ кард, Давида мебаромадам.
Агар ҷое равам, гашта омадан замоно аз модарам

81
мепурсидам, ки оё ба ман мактуб наомадааст. Аввалҳо
модарам ба ин эътибор намедод, вале рӯзе ҳайрон
туда пурсид, ки бо ин бекдрорй ман аз кй интизори
мактубам. Ман ба ин савол ҷавоб тайёр карда монда
будам ва дарҳол:

-Аз дугонаам Фатҳия, - гуфтам. Модарам аз афти
кор бовар накард, вале низе нагуфт.

Рӯзе ҳамкурсам Аъзамхон Сидқиро тасодуфан дар
кӯча вохӯрдам. Ӯ ҳол пурсид ва гуфт, ки пагоҳ ба ӯ занг
занам. Сидқӣ ҳамон вак^ҳо аллакай ҳамчун шоир ном
бароварда буду бо идораҳои рӯзномаю маҷаллаҳо
робитаи эҷодӣ дошт.

Рӯзи дигар ба ӯ занг задам. Гуфт, ки ҳозир
хучҷатҳоятонро гирифта, ба идораи рӯзномаи
«Пионери Тоҷикистон» равед, ман бо муҳаррири он
Абдумалик Баҳорӣ гуфтугӯ кардам. Хурсандии маро
ҳадду канор набуд.

Баъди ду ҳафтаи ба кор қабул шуданам, рӯзе'
ҳамкурсамон Муҳаммадвафо Бақоев ба идораи рӯзнома
занг зада гуфт, ки ба назди директори Пажӯҳишгоҳи
забои ва адабиёт равам будааст. Чй мегуфта бошад?
Рафтан намехостам, поям намекашид, вале нарафтан
х,ам аз рӯйи одоб набуд. Бо гардани баста ба он ҷо
рафтам. Фозилов маро хушҳолона пешвоз гирифт..

Аз Кумитаи Марказии ҲКИШ ба Кумитаи Марказии
ҲК Тоҷикистон ҷавоби аризаам омадааст. Аз он ҷо ба
директори Пажӯҳишгоҳ фармудаанд, ки маро ба
аспирантура қабул кунад. Аз як ҷиҳат хурсанд шудам:
охир ман ҳам соҳибҳуқуқ будаам. Аз тарафи дигар аз
кор рафтан намехостам. Ҳамкорҳоям чӣ мегӯянд? Боз
бо Сидқӣ маслиҳат кардам. У вазъияти маро хуб
мефаҳмид. Гуфт, ки назди муҳаррир медароем, канй он
кас чй мегӯянд.

Назди Абдумалик Баҳорӣ бо тарсу ларз даромадам.
Албатта, мегуфтагист, ки идораи рӯзнома барои шумо
масхара аст магар, имрӯз меоеду пагоҳ меравед...

82
Суханро Аъзамхон Сидқӣ оғоз намуд. Баҳорӣ гапи
ӯро хомӯшона гӯш кард. Ман дар рӯбарӯяш бо сари хам
меистодам. Баҳорӣ ба тарафи ман нигоҳ карда гуфт:

-Модом ки имконияти хондан пайдо шудааст,
хонданатон лозим. Кӣ медонад, дар оянда боз чунин
шароит даст медиҳад ё не. «Ҳар чӣ пеш ояд, хуш ояд» -
гуфтаанд, вале ҳозир аз кор рафтанатон лозим нест.
Аввал имтиҳонҳоро супоред, қабул шавед, баъд он
тарафашро дида кор мекунем.

Намедонистам чӣ хел изҳори миннатдорӣ кунам.
Дар дилам ҳам ба Баҳорӣ ва ҳам ба Сидқӣ суханони
бисёри мегуфтагӣ доштам. Мехостам гӯям, ки дар рӯзи
сахтам шумо маро дастгирӣ кардед, ман инро ҳеҷ
фаромӯш намекунам, вале шарму хдё забонамро гӯё
баста буд, ба ғайр аз «раҳмат» чизе гуфта
натавонистам.

Бегоҳӣ аз кор боз гашта модарамро дар сари кӯча
дидам.

-Ба Пажӯҳишгоҳ рафтӣ-мӣ? - пурсид ӯ саросема.

-Шумо аз куҷо донистед, ки ман ба Пажӯҳишгоҳ
рафтанам даркор? - ба саволаш бо савол ҷавоб додам.

Маълум шуд, ки Муҳаммадвафо аввал ба
ҳавлиамон омада будааст ва ҷойи корамро аз модарам
фаҳмида, баъд ба идора занг задааст. Модарам
хавотир шуда чандин маротиба то сари кӯча баромада
омадааст.

-Иҷозат шуд, ки ба аспирантура дохил шавам, -
гуфтам хурсандона, -шодиёна диҳед. Ба гуфтан
гуфтаму баъд пушаймон шудам. Ман-ку аз модарам
инро пинҳон дошта будам. Дигар хел гуфтан лозим буд.

Модарам аввал ҳайрон шуд, баъд фаҳмиду ранги
рӯяш якбора тағйир ёфт.

-Бечора духтаракам, -гуфт ӯ маъюсона, - ин
қадар азоб кашидию мани гӯр бехабар. «Ман хондан
намехоҳам, кор мекунам» гуфтанат беҷо набудааст-
дия!

Модарам худро барои он сарзаниш мекард, ки ман
ин азобро бе ӯ танҳо таҳаммул кардаам.

83
-	Хайр, - гуфт ӯ баъд аз сонияе худро хушҳол
нишон дода, - сад бор шукр, Худо ба дилашон раҳм
андохтааст. Акнун ту чй кор карданй? Ин корат чй
мешавад?

-	Зинда бод одамони нағз!-гуфтам ва мазмуни
гуфту гӯямонро бо Баҳорй нақл кардам.

-	Илоҳо, аз мо нагардад, аз Худо гардад, аз
бачаякошон бинанд, - дуои нек кард модарам Баҳорию
Сидқиро.

Бистуми апрели соли 1956 баъд аз маҳкум шудани
шахспарастй ману модарам боз ба Кумитаи Марказии
ҲКИШ ва Сарпрокурори ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ ариза
навищта, хоҳиш кардем, ки қазияи падарамро аз нав
тафтиш кунанд. Дар баробари расидани чавоби ариза
ва хуҷҷати сафед шудани падарам модарамро ба
Кумитаи Марказии ҲК Точикистон-охирин ҷойи кори
падарам пеш аз хдбс, даъват намуда, маоши
думоҳаашро доданд. Модарам мехост, ки ба ин пул ба-
ром ман соати тилло харад. Гуфтам, ки ин ҳаққи ҳалоли
ӯст ва барои худаш ягон чиз харад.

-	Не, духтарам, - гуфт у, - соат ба ту аз падарат як
ёдгорй.

Оҳ модар, модар! Модари покдилу покдоманам!
Гузаштаро аз пеши назар мегузаронаму ба некбинии ту,
ки дар душвортарин солҳо ба бадбинй табдил наёфт,
ба дили гарми ту, ки дар гармою сармой зиндагй
насӯхту сард нагардид, ба сабру таҳаммул ва тоқату
матонати ту, ки аз ҳеҷ фоҷиае нашикаст, боди самуме
дарахти ҳастии туро сарнагун насохт, аҳсану офарин
мехонам. Зиндагй дар мехру шафкдт ва ҷидцу ҷахди ту
барин модарон пойдор аст. Рӯҳат шод бод модари азиз!

84
СИМОҲОИНАМОЁНИИЛМУ
ФАРҲАНГ

85
ДИЛИ ИНСОНҲОСТОШЁНИУ

Ман аз он ифтихор дорам, ки устод Мирзо
Турсунзодаро рӯ ба рӯ дидаам, борҳо суханрониҳояшро
дар маҷлисҳои хурду калон шунидаам ва аз файзи
сӯҳбатҳояш баҳраманд шудаам. Мехоҳам таваҷҷӯҳи
хонандагони мӯҳтарамро ба баъзе аз он вохӯриҳо ҷалб
намоям.

Дар рӯзҳое, ки ба муносибати 90 - солагии зодрӯзи
устод дар ҳама ҷо ӯро ёд мекунанд, аз қалби бузурги ӯ,
аз шахсияти бузургаш, аз саҳми бузурги вай дар
худшиносии миллат ва тарбияи адибони
соҳибистеъдод, аз шеъри баландаш сухан меронанд,
наметавонам он чиро, ки дар дил дорам, рӯйи коғаз
наорам. Шояд ин навиштаҳо ҳам ягон ҷиҳати шахсият
ва ё эҷодиёти ӯро пурра ва комил кунанд.

Бори нахуст устод Мирзо Турсунзодаро ҳангоми
мактабхониам дида будам.

Соли 1947 дар Душанбе Анҷумани дуюми
нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Аз
Самарканд устод Садриддин Айнй, аз Москва устод
Абулқосим Лохутӣ ва аз дигар шахру ноҳияҳои
ҷумҳуриамон нависандагон ба Душанбе омаданд.
Директори мо Марям Маликовна Бозорбоева, ки шахси
бомаърифат ва адабиётдӯст буд, дар арафаи анҷуман
аз устод Мирзо Турсунзода хоҳиш намудааст, ки
нависандагонро ба мактаби мо гирифта оранд. Дар рӯзи
таъйиншуда устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим
Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Суҳайлӣ
Ҷавҳаризода ва ду-се нафари дигар омаданд.
Мулоқотро устод Мирзо Турсунзода кушода,
нависандагонро ба мо шинос карданд ва дар бораи он
накд намуданд, ки онҳо ба анҷумани худ бо чй
дастовезҳо омадаанд. Дар бораи устод САдриддин
Айнй ва дигар нависандагон чиҳо гуфтанд, дар хотирам
намондааст, вале хуб дар ёд дорам, ки «устод Лоҳутӣ
ба анҷумани мо тӯҳфаи муносибе оварданд, ки
достони «Парии бахт» аст» гуфтанд.

86
Дар ҳамин вохӯрӣ ман аз номи хонандагон ва
муаллимонам меҳмононро хайра макдам гуфтам ва аз
устод Садриддин Айнӣ хоҳиш намудам, ки барои ба
мактабамон гузоштани номи эшон розигӣ диҳанд. Ана
аз ҳамон вақт cap карда мактаби миёнаи №10-и шаҳри
Душанбе номи Садриддин Айниро дорад.

Баъд аз ин устод Мирзо Турсунзодаро борҳо дар
минбари маҷлисҳо дидам, вале шахсан хдмсӯҳбат
нашуда будам. Боре ба ман гуфтанд, ки фалон рӯз,
фалон соат ба назди устод Турсунзода равам. Ман
ҳайрон шудам, ки ин одами бузург ба ман чӣ кор дошта
бошанд? Он вак^ айёми шӯҳрати шоирӣ ва боло
рафтани обрӯю эътибори ҷамъиятии он кас буд.

Ногуфта намонад, ки ман ҳангоми толибаи мактаб
буданам ва чанд соли донишҷӯиям шеър менавиштам
ва шеърҳоям дар рӯзномаю маҷаллаҳо, маҷмӯаҳои
дастҷамъӣ интишор меёфтанд, вале баъд аз он ки ба
мутолиаи осори классиконамон пардохтам, фаҳмидам,
ки дар ҷодаи шеър ба ман шавқ раҳнамун асту бас.
Барои шеъри асил гуфтан истеъдоди фитрӣ лозим аст.
Ман дигар шеър нанавиштам.

Инак, аз дилам гузашт, ки устод Мирзо Турсунзода
маро барои шеърҳои берӯху беҷонам сарзаниш хоҳанд
кард ва худамро ба чунин гуфтугӯ омода сохтам.

Дар рӯз ва соати таъйиншуда ба назди эшон
рафтам. Он вак^ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
биноеро, ки рӯ ба рӯйи ҳукумати шаҳр воқеъ буда,
пахдӯи чапи Вазорати кишоварзиро ташкил медиҳад,
ишғоп мекард.

Устод Турсунзода маро аз ҷояшон хеста пешвоз
гирифтанд ва рӯбарӯяшон шинонданд. Аввал ҳолпурсӣ
карданд, баъд гуфтанд, ки кайҳо боз ман шеъри шуморо
нахондаам. Имрӯз дар адабиёти тоҷик аз шоираҳо
фақат шумо - ду кас ҳастед: - шумо ва Гулчеҳра
(Гулчехра Сулаймонова -Х.О.). Шумо наменависед,
Гулчехра ҳам хеле кам менависад. (Кош устод Мирзо
Турсунзода зинда мебуданд ва медиданд, ки имрӯз чй
қадар шоирахр дар адабиёти мо қувваозмоӣ мекунанд

87
ва дар байни онҳо шоираҳои асил ҳам ҳастанд).
Гуфтанд, ки адабиёти классикии форсу тоҷик номи
бисер шоираҳоро медонад, ки бо намоёнтарин симоҳои
адабиётамон ҳампаҳлӯ меистанд. Кй медонад, чӣ кддар
занони соҳибистеъдод барои тазоҳури истеъдоди худ
ҷавлонгоҳ пайдо карда натавониста, беному нишон
рафта бошанд, вале имрӯз барои шумоён ҳамаи
имкониятҳо муҳайёст. Рӯзномаю маҷаллаҳо дар
ихтиёри шумо. Ана майдону мана гӯю чавгон.

Гуфтам, ки шеърҳоям ба худам маъқул нестанд.
Гуфтанд, ки кори некӯ кардан аз пур кардан аст.
Бисёртар нависед, болои ҳар мисраю байт гаштаю
баргашта кор кунед. Осори классиконамонро хонед, аз
онҳо санъату маҳорат омӯзед. Шеъри адибони русро
хонед.

Бо ҳамин насиҳатҳои устод дар гӯш аз назди он кас
баромадам, вале дигар шеър чоп накардам. Устод
Мирзо Турсунзода бо директори мо, сарвари Институти
забои ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Носирҷон Маъсумӣ
ҳамдиёр ва дӯстони қарин буданд. Он кас зуд-зуд ба
пажӯҳишгоҳи мо меомаданд ва дар маҷлисҳоямон
ширкат меварзиданд. Ҳар бор ки устодро бинам, худро
гунаҳкор ва хиҷил ҳис мекардам.

Соли 1968 маро ба узвияти Иттифоқи нависанда-
гони Тоҷикистон чун мунаққид ва адабиётшинос қабул
карданд. Маҷлиси раёсатро устод Мирзо Турсунзода
сарварӣ мекарданд. Он кас ҳангоми қабул дар бораи
ман чанд сухани гарм гуфтанд ва чунон хурсанд шудам,
ки ҳатто ташаккур гуфтанамро ҳам фаромӯш кардаам.
Баъд аз маҷлис ҳамкорамон нависанда ва мунаққид
Салоҳ Солеҳ, ки он ҷо хузур дошт, гуфт:

-Ақаллан арзи сипос ҳам накардед-а. Ба фикрам аз
ҳаяҷон фаромӯш кардед.

Ҳоло ҳам он лаҳза ба хотирам ояд, хиҷолат
мекашам. Ҳамин хел инсони меҳрубон ва ғамхор
буданд устод.

Мирзо Турсунзода бидуни шакку шубҳа яке аз
пайвандгарони адабиёти чандҳазорсола бо адабиёти

88
муосир, давомдихдндаи шеъри классики ва суннатии
тоҷик дар қарни бистум ба ҳисоб мераванд.

«Дар шеър на мукаллид, балки давомдиҳанда
будан, ба ҳам омехта тавонистани анъанаву
навоварӣ ва эҳсосоти шахсию миллй бо
умумиинсонй ба Мирзо Турсунзода имконият
додаанд, ки дар хусуси ин ҳодисаҳои давр, ки худ
шоҳиди онҳо буд ва ё иштирок дошт, ба мо
ҳамзамонҳокш нақл намояд», - барҳак, навишта буд
дар як мақолааш шоири маъруфи Доғистон Расул
Г амзатов.

Масъалаи анъана ва навоварй дар эҷодиёти Мирзо
Турсунзода диққати бисер адабиётшиносони тоҷикро ба
худ ҷалб кардааст. Аз ҷумла устод Муҳаммадҷон
Шукуров (академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухорой)
таҳти унвони «Халқият ва махорат» мақолаи
пурмӯҳтаво ва арзишманде дорад, ки мехоҳем аз он
пораеро ба таваҷҷӯҳи шумо, хонандагони мӯҳтарам,
пешниҳод намоем: - «Дар беҳтарин асарҳои вай
(Мирзо Турсунзода -Х.О.) назокати мафтункунандаи
лирикаи халқй, гоҳ ҳиссиёту ҳаяҷон ва сӯзу гудози
достонҳои ишқии романтикии классикӣ, гоҳ фикру
андеша ва мулоҳизаҳои амиқеро, ки ҳам баъзе
шеърҳои фолклору қасидаҳои фалсафии
классикони тоҷик ва ҳам назми ишқӣ ва гражданин
русро ба хотир меоранд, дидан мумкин аст. Гоҳо
манде аз онҳо як ҷо ҷамъ шуда, бо якдигар омезаш
ёфта, ба шеъри шоир қувваи азиме мебахшанд».

Устод Муҳаммадҷон Шукуров дар ҳамин мақола аз
хусуси дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода истифода
шудани мақоду зарбулмасал ва панду ҳикмати халқию
классикӣ сухан ронда, чанд шеъру достонҳои ӯро
мавриди тахдилу таҳқиқ кдрор додаанд, вале ҳаминро
низ зикр намудан бамавқеъ аст, ки бисёр байту бандҳои
шеъру достонҳои шоир ба панду ҳикмат табдил ёфта,
вирди забони умум гардидаанд. Мисолҳои зерин
баёнгари ин гуфтаҳост:

89
Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,

Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

ё ин ки:

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,

Дӯстони мехрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

Мушкил осонкун касонро гум макун.

Шеъри «Ошёни баланд» бошад cap то по панду
ҳикмат аст:

Ошён гар мегузорй, дар баландих,о гузор,

Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор...
Ошён гар мегузорй, дар дили инсон гузор,

Аз раҳи мехру вафову аҳди бепоён гузор.

Нест чунки ҳеҷ чизе аз дили инсон баланд,
Ошёни мехри худ дар магз - магзи цон гузор.

Ман худ шоҳиди он будам, ки чй тавр бадоҳатан як
рубоии пандомези устод Мирзо Турсунзода тавлид
гардид ва рӯйи қуттии сигор навишта шуд.

Соли 1957 ман дар Хоҷаобигарм истироҳат
мекардам. Ҳамон вак^ Мирзо Турсунзода низ бо
ҳамроҳии писарашон Масъуд ва нависанда М.Сидқӣ
табобат м
Дил Мехохад, ки гуяму гирям.txt
Open with Google Docs
Displaying Дил Мехохад, ки гуяму гирям.txt.

Translation

[Translation text here]