Ашк ва ханда
Love and laughter

Transcription






МИРБОБОИ МИРРАҲИМ

ДОСТОНҲОИ БУЗУРГИ ХОТИРОТ

Ҷилди 4

АШК ВА ХАНДА

Душанбе 2007
(1386 ҳ. ш., 1428 ҳ.қ.)
Зиндагии инсон миёни талхиву ширищо сипарй мешавад ва шояд мо
кам ба он тавацҷуҳ дорем ва на ҳама вақт ба қадри он мерасем. Дар ширищои
зиндагй ёде аз талхщост ва дар талхиҳои он намакест аз ширищо. Лаҳзаҳое,
ки зиндагии ман ва хонаводаам ҳамчун ашк дар сари мижгон меистод ва ҳар
дам номулоиматщо ва нохушояндщое дар як сарзамини дигар бар сари
бандаи гариб таҳдид дошт, ба тасвири талхиву ширищои рузгор ва кори
баргардони ҳикматҳо ва латифаҳои беҳтарини дунё пардохтам ва он
душворщоро бо хандаҳои гиряолуд ороставу пироста сохтам.

______Мушаххасоти китоб__________

Муаллиф: Мирбобои Мирраҳим (Мирраҳимов Мирбобо).

Номи китоб: Достонҳои бузурги хотирот. Ҷилди 4. Ашк ва ханда. 236 с.
Ҳурурфчинӣ: Муаллиф.

Виростор: СапедаиХонбулукй.

Бозхонй ватасқеҳ: Миртоҷиконшоҳ.

Интишорот: Бохтар
Ҷойи нашр: шаҳри Душанбе

Соли нашр: 2007 мелодй, 1386 ҳиҷрии шамсй, 1428 ҳиҷрии қамарӣ.
Шуморагон: 300

Таваҷҷӯҳ: Чопи порае ё кулли китоб танҳо бо ризоияти муаллиф раво
мебошад. Ҳаққи чоп маҳфуз аст.

Сипоси фаровон дустеро, ки маблаги чопи ин китобро пардохт.

Муаллиф

Нишони: e-mail: mirbobo@yahoo.coni

mirbobo_mirrahim@mail.tj

Аз бародари мӯҳтарам Имомназари Холназар (равонаш шод бод), ки
дастнависи ин китобро мутолаа фармуда, дидгоҳҳои вижае баён доштанд ва
дар рафъи камбудщо ва чопи он морю кӯмак намуданд, самимона сипос-
гузорам.
САРСУХАН

Зиндагй аз хандадор будан даст барнамедорад,
ҳатто вацте мардум мемиранд. Ҳамон тавр ки чизе аз
ҷиддияташ кам намешавад, вацте мардум механданд.

Ҷорҷ Бернард Шоу

Ғаму шодй дар рӯзгори инсон ҳамеша дар канори ҳамди-
гар қарор дорад ва агар гам намешуд, мо ба кадри шодиҳо, ба
қадри рӯзҳои нек намерасидем, лаҳзаҳо ва лаззатҳои хуби онро
дарнамеёфтем. Беҳтарин ифодагари рӯҳия ва ҳолатҳои зиндагии
инсон ханда ва табассум аст, ки дар офаридаҳои кӯтоҳи хиради
инсонӣ, ба вижа латифа, танз, азкия, мақолу матал ҷойи хешро
пайдо карда, ба чузъи муҳими зиндагй ва андешаҳои мо табдил
шудааст, ки ҳамеша олуда бо ашк ва ханда мебошад.

Халк кардани латифа, ба вижа дар айёме ба авҷи аъло мера-
сад, ки рӯзгори мардум нобасомон бошад ва ин худ як амри таби-
ист. Зеро ҷойе ки истибдод ва ҳарҷу марҷ бедод мекунад, одамон
пойи омилони фоҷеъаро ноилоҷ ба дори ҳаҷву танз, латифаву фа-
кой, маколу матал ва хдкоёти кӯтоҳ мекашанд. Беш аз даҳ-понздаҳ
сол мешавад, ки рӯзгори мардуми бечораи мо сахт асафбор аст, аз
чумла зиндагии бандаҳои хокие чун камина, ки яке аз аъзои чо-
миае аз ин мардуми бахтбаргашта ва овора ба шумор меравад.

Ба роста, ман худ бехабар мондам, ки чй тавр оҳиста-оҳиста
ба пушти ин сипари қавӣ ва сафшикан кашида шудам. Бале, ҳаҷв,
ҳазлу шӯхӣ, ба вижа латифа барои банда сипаре шуд алайҳи
зарбаҳои беадолатонаи зиндагй. Онҳоро гохе дар шакли ашк ба
рӯйи коғаз мечаконидам ва гоҳи дигар дар шакли ханда ба ҳаво
cap медодам. Чун баръакси гуфтаи шоире «аз дафтару аз калам
алам» гирифта наметавонистам ва дар зиндон моҳҳо мӯҳтоҷи як
қаламаки шикаста ва як порча коғаз мешудам, ба бозхонӣ ва гоҳе
бознависии шифоҳии танзу латифа мепардохтам, обу ҳавои сиё-
сиро бо онҳо андозагирй (чен) мекардам ва ба хотир месупурдам.

3
Охир, пеши дами шамшер ва ҳатто тири туфангро гирифтан
метавон, аммо даҳони ҳақгӯйро на (латифагӯён ҳақгӯйтарин аш-
хосанд). Ҳама гуна эҷоди осори адабӣ, ки шифоҳӣ шуд, моли
мардум маҳсубаш мекунанд, яъне мардумӣ- фолклор. Шояд ҳа-
мин ҷиҳат ҷони холиқашро аз бало эмин медорад. Бо вучуди ин
гохо, фарзан, дар замони истибдоди сталинӣ ва дигар давраҳои
султан коммуниста, ки заминай беҳтарин барои пайдоиши лати-
фа, ҳаҷву истеҳзо буд, аҳён-аҳён ба ходимони ҳушёру бедори
хадамоти дахлдор муяссар мешуд, ки муаллифони латифа ва
шӯхиҳои намакини сиёсй, яъне душманони идеологии «беҳтарин
сохти давлатдорй»-ро ошкор созанд. Дар ин мавзӯъ низ аз таҷри-
баи талхи он солҳои пурдаҳшат то ба рӯзгори мо чанд саҳнаи на
он қадар хушоянде расидааст, ки барои намуна яке аз он латоиф
чунин аст:

Ходими идораи махсус барои ба иштибоҳ андохтани
шахси гумонбар (ки дастгираш кардаанд), аз ӯ мепурсад:

-Латифаро чй тавр эҷод мекунанд: менишинанду мена-
висанд?!

Эҳсоси зиндадилӣ ва шӯхи шахси гумонбар боло меги-
рад ва худашро нигаҳ дошта наметавонад ва беихтиёр аз забо-
наш и и суханҳо берун меравад:

-На, аввал менависанд ва баъд менишинанд...

Хулоса, латифа, танз-кӯтоҳтарин ва мӯҷазтарин шакли хачв,
ба ибораи дигар ойиначаи рӯзгори мардум аст ва одамон ҳар гоҳе
ки бихоҳанд, дар он чеҳраҳои худро мебинанд ва аз ғубори рӯзгор
пок месозанд. Охир, намешавад, ки ойинаи бузург ва ба девор
насб ва ё мехкӯбкардаро ҳамеша бо худ дошта бошй! Ойинача
ҳарчанд кӯчак аст, аммо метавонад дар худ нурҳои заррини Оф-
тобро инъикос намуда, ба самти дилхоҳ равона кунад. Аз ин рӯ
латифаро рубоии наср мегӯянд. Як латифаи кӯтоҳ низ ба монанди
рубой метавонад дар хеш як ҷаҳон маъониро бе коставу кажй гун-
ҷонида,ҷавви ҳоким бар замонаро барои ҳамагон бозгӯйӣ кунад.
Латифаҳо, танз, ҳаҷв, мақол, зарбулмасал, матал ва ҳикоёти ши-
рин омезише аз ҳикмат ва андешаҳои жарф дар натиҷагирӣ аз
воқеоти замон, муошират, муносибат ва муомилоти инсонҳост. Ба
ҳар ҳол ман латифаҳоро ҳамин хел дидам, ки онҳо як чузъи

4
муҳими зиндагӣ ва андешаҳои ҳар яки мост, ки рӯзгорамонро
мисли озарахш рӯшан месозад.

Марде дар як нишаст бо огоҳии пуррааш аз вазъи сиёсиву
иҷтимоии кишвар ва ҷаҳон ҳамаро ба ҳайрат меорад. Аз ӯ менур-
санд:

- Аз афташ Шумо соатҳо аз пеши сафҳаи телевизион дур на-
мешавед?

Посух медиҳад:

-Телевизион надорам.

Боз мепурсанд:

-Маълум мешавад, ки мӯҳтавои нашрияҳои чопии хамарӯза
аз пеши назаратон дур набудагист?

Посухмедиҳад:

-Моҳҳост, ки рӯйи рӯзномаву ҳафтаномаву мохномахоро
надидаам.

Дафъатан мепурсанд:

-Пас, вазъи рӯзро аз куҷо ин хел хуб медонед?

Посух медиҳад:

- Аз мазмуни латифаҳои ҳамарӯза!

Ҳангоми вирости китоб дарёфтам, ки дар чанд саҳифа лати-
фаву ҳикмат бо ҳам омезиш ёфтаанд, яъне пасиҳам омадаанд.
Хостам онҳоро аз ҳамдигар ҷудо намоям. Дӯсте, ки дастнависи
ин китобро хонда буд, машварат дод:

- Асло чунин накун,-ва афзуд:

-Охири охирон латифа хам ҳикмат асг-ҳикмат ва хакикате
ки латифа дорад, ҳатто худи ҳикмат надорад.

Бархақ чунин аст.

Ман дар оғози ин китоб аз рӯҳи бузурги азизоне, ки дори
фониро тарк гуфтаанд ва ҳамзамононе, ки аз онҳо дар ин навиш-
таҳо ёд мешавад, агар дар ин нигоштаҳо лағзише нисбат ба касе
ворид шудааст ва ё нохудогоҳ сухане ба иштибоҳ рафта, пӯзиш
мехоҳам, зеро дар ҳикоёти банда заррае ғараз вуҷуд надорад. Он
чӣ дар ин мачмӯа-ҳикоёти мухтасар гирд омада, бардошге аз ди-
дахо, шунидаҳо, андешаҳо аз зиндагӣ ва таҷрибаҳои талху ши-
рин, яъне дар кулл ашк ва ханда аст. Иншои муфаесали ёддошт-
ҳо дар бораи устодони равоншод Латифӣ (18.03.1936-22.09.1998)

5
ва Лоиқ (20.05.1941-30.07.2000) ба оянда вогузор шуд. Дар бораи
устод Отахони Латифй филмномае навиштаам, ки дар дасти
виройиш мебошад ва умед аст, ки рӯзе ба чоп бирасад. Нахуст
мехостам, ки ҳамаи ин ҳикоётро бо мурур ва бо тартиб дар чилд-
ҳои минбаъдаи «Достонҳои бузурги хотирот» биёварам (бархе аз
ин ҳикояҳо дар воқеъ дар китоби дуввум чой гирифтааст), вале
чун дидам, ки на ҳамаи онҳоро дар «Достонҳо...» метавон
гунҷонид, китоби «Ашк ва ханда»-ро омодаи нашр кардам.

Чанд мақола ва навиштаҳои дигари банда, ки ҳамзамони
омодасозии ин китоб буданд, ки аз назари ҳақбини хонандагони
гиромй мегузарад.

Дар бахши «Тӯтии хушсухан» танз, факои, латифахо, гуф-
гор ва бархе дигар хикмату андешахоро гирдовари ва баргардон
кардаем, ки пешкаши хонандагони азиз шудааст ва номи маъ-
хазҳоро дар понавишт овардаем. Бахши умдаи ин латоиф дар
рӯзҳои бисёр сахту ашколуд ва душвори зиндагии банда чамъо-
варй ва аз забони русй ба форсии тоҷикӣ баргардон шуд. Лаҳза-
ҳое, ки зиндагии ман ва хонаводаам ҳамчун ашк дар сари мижгон
меистод ва хар дам номулоиматихо ва нохушояндихое дар як
сарзамини дигар бар сари бандаи гариб тахдид дошт, ба кори
баргардони ҳикматҳо ва латифаҳои беҳтарини дунё пардохтам ва
он душвориҳоро бо хандахои гиряолуд ороставу пироста сохтам
ва панда хубе аз онҳо гирифтам. Ба ибораи дигар:

То ҳама аз банд-банди худ чудову бандаем,

Пеши арвоҳи бузургони сухан шармандаем.

Хайрхоҳихои қисмат бин, ки бо ашки равон,

Дар кавири орзуҳо худ ба худ дар хандаем .

Баргардони андарзҳои Роберт Шуман бо номи «Қавонини
ҳаётӣ барои ахли мусиқи» ва мақолаи Борис Пастернак «Шо-
пен»-ро дар боби «Дурдонахои тобон» мехонед. Ин ду тарҷима
бо ҳамкории ҳамсарам Дилбар Ҳакимова анчом шудааст. Иллати
чой додани ин ду тарҷима дар ин китоб он аст, ки осори мазкур
дорой хикматҳои хуби зиндагианд.

1 Абдусамеьи Кудсй. Сапедаҳои рӯзангез. Исфара, 1997, с. 13.

6
Сипоси фаровон ба хоҳари донишмандам Сапедаи Хонубу-
лукӣ, бародарони мӯҳтарам Валии Самад ва Имомназари Холна-
зар, ки дастнависи ин китобро мутолаа фармуданд ва барон раф-
ъи камбудиҳо моро кӯмак намуданд.

Бар иловаи он заҳмати бисер душвории виройиши сарсу-
хани ин китоб бар ӯхдаи Имомназари Холназар (6.08.1952-
21.03.2007, худо раҳмат кунад) афтод. Дастнавишти баргардони
ҳикматҳо ва латоиф аз забони русӣ ба форсии тоҷикй аз назари
хонум Дижҳӯс низ гузаштааст ва банда ин ҷо миннатдории хеш-
ро ба ишон изҳор медорам. Дастони ин дӯстони банда дардро
набинад.

У мед аст, ки ин навиштаҳои парешони мо шуморо парешон
насозад.

Хушбахт ва хушком бошед.

Иродатманди шумо
Мирбобои Мирраҳим.

Оғоз, саҳарии рӯзи Душанбе 21-уми моҳи мубораки Рама-
зони 1426 ҳиҷрии қамарӣ=2 Ақраб (Обон)и 1384 ҳиҷрии хур-
шедӣ=24.10.2005 мелодӣ- Поён, шанбе 10 Ҷадӣ (Чилла-Дай)
1384=31.12.2005 мелодй. Меҳршаҳр.

7
ГУЛБОНГИ ЧАВОНИ
«ПАНҶИ КЛАССИКИ»

Саҳнаи имтиҳони дуввуми вурудӣ ба Донишгоҳ, ки дар таъ-
рихи 6 августа соли 1971 аз риштаи адабиёт ва забои (шифоҳи)
супурдам, то имрӯз пеши назарам ҷилвагар аст ва ҳеҷ гоҳ аз лавҳи
хотираҳо зудуда намешавад. Вақте вориди синфхона дар ошёнаи
дуввум шудам, аз тарафи дасти чаи, пушти мизи на он кадар бу-
зург муаллим Абдулғанӣ Эшонҷоновро дидам. Ҳоло ин миз ба-
рон муаллим бисер бузургй мекард, вале гӯё муаллим пушти он
бар курсй савор менишаст. Дар тарафи рост, пушти мизи бузург
ду нафари дигар ҷой гирифтаанд. Билетҳои имтиҳонро рӯйи мизи
ин ду муаллим ба тарзи чапагардон, ки хонда шуданашон имкон
надорад, паҳн кардаанд. Аз ин билетҳои чапагардон ҳар як довта-
лаб бояд якеашро бардошта, шумораи онро бо садои баланд эъ-
лон намояд ва муаллим шумораро дар вараки имтиҳон сабт меку-
над ва довталаб билетро бо худ гирифта, ба пушти нимкат мегуза-
рад, омода мешавад ва мунтазири навбати хеш менишинад, то ба
онҳо посух гӯяд.

Зери лаб худ ба худ гуфтам: «ё бахт, таваккул ба худо; та-
ваккул нару андеша мода» ва яке аз билетҳои рӯйи мизро бардош-
та, шумораи онро бо садои баланд хондам:

-Билета шумораи бисту як!

Яке аз он муаллимҳои пушти миз нишаста, ки каме чавон-
тар менамуд ва овози рӯғанӣ дошт, аз ман пурсид:

-Суолҳои билет фаҳмост?

-Метавонам ба суолҳои билет нанишаста ҷавоб гӯям.

-Ин хеле ҷолиб аст. Вале беҳтараш каме биншинед ва анде-
ша кунед ва баъд посух гӯед.

Дар билет се суол ҷой дошт: 1. Мазмуни гоявии (идея, ида)
достони «Муш ва гурба»-и Убайди Зоконй; 2. Тахдили достонҳои
«Садои Осиё» ва «Ҷони ширин»-и Мирзо Турсунзода; 3. Ҷумлаи

8
зеринро аз назари сарфу наҳв барраси кунед (ва як ҷумлаи дуру-
дароз мисол оварда шудааст).

Ман достони «Муш ва 1урба» ва умуман осори манзум ва
мансури Убайди Зокониро аз синфи чаҳорум cap карда, аз замоне
ки «Куллиёт»-и ин нобиғаи хуштабъи қазвинӣ дар Душанбе ба
чоп расид, хонда будам. Сабки содда ва ҳаҷви намакину нишон-
раси Убайд маро он қадар ба ҳикоёт ва гуфтори ҳакимонааш ало-
қаманд кард, ки соатҳо вақти холии хешро бо «Куллиёт»-и у
сипарй мекардам. Сари мутолааи осори Убайди Зокони гоҳо аз
ханда ашк мерехтам ва гоҳе соатҳо дар бораи гуфтораш дар вас-
фи касаба ва муллонамоҳо cap дар ҷайби тафаккур фурӯ мебур-
дам. «Куллиёт»-и Убайди Зокониро аъзои Иттиходияи нависан-
дагони Тоҷикистон, доктори илм, олими бисер ҷасур Холиқи
Мирзозода ба чоп омода кардааст ва он соли 1963 нашр шуда.

Яке аз муаллимоне, ки пушти миз нишастааст ва аз довта-
лабҳо имтиҳон мегирад, ба Холиқи Мирзозода бисер шабоҳат
дорад. Ман акси Холиқи Мирзозодаро дар китоби «Адибони То-
• чикистон» дидаам ва ба ҳамин муаллими пушти миз нишаста, дар
зеҳнам қиёс мекунам. Достони «Муш ва гурба» ва дигар осори
Убайди Зокониро ҳамин олим ба хатти кириллй баргардонида,
тахдил ва барраси кардааст. Ҳоло ман дар мавриди ин достон, ки
дар суоли билет омадааст, чй гуфта метавонам?! Шояд он чй худи
Холиқи Мирзозода дар муқаддимаи «Куллиёт» дар робита ба ин
достон овардаастро бо забони хеш нақл намоям, кифоят меку-
над?! Назари дигаре, ки ғолиб бар диди Мирзозода дар мавриди
мазмуни ғоявии достони «Муш ва гурба» вучуд дошта бошад,
ман наме донам.

Даҳ-понздаҳ дақиқа болои нимкат нишаста, андешахоямро
рӯйи чанд варак ба таври мухтасар навиштам ва дасти ростамро
боло бардошта, омодагии худро барои посух гуфтан эълом дош-
там. Вақте рӯ дар рӯйи муаллимони имтиҳонгир нишастам ва
суоли нахустини билетро бо садои хаядонзада, ки тарсу тардидро
бо худ ҳамроҳ дошт, қироат кардам, бидуни ихтиёр байтҳои авва-
лини он достон ба забонам омад:

9
Агар дори ту аҳлу допишу ҳуш,

Биё, бишнавҳадисигурбавумуш.

Устод Холиқи Мирзозода аз ин навъ шеърхонии ман ху-
шаш меояд ва бо шавқ гӯшу ҳуш мешавад. Ман низ ба хон дани
шеър идома медиҳам ва то метавонам дар таҳлили достон, сабки
шоир, тафсири воқеаҳои достон кӯшида, дар фароварди суоли
нахустини билет чунин чамъбандии куллиро иброз медорам:

-Ин достон инъикоси воқеиятҳои ҷомеаи феодалӣ (мулкул-
тавоифй) мебошад ва шоир дар он муборизоти нерӯҳои марказ-
гурез ва марказшитобро дар як давлати он замон ба риштаи тас-
вир кашидааст...

Холиқи Мирзозода чанд суоли иловагй ба ман пеш гузош-
танд, ки зуд посух гуфтам. Ниҳоят, ишон ба тури чиддй аз ман
суол карданд:

-Оё шумо дар ҳақиқат бовар доред, ки достони мазкур тас-
вири муборизоти феодалҳои марказгурез ва марказшитоб мебо-
шад?

-Магар шумо ба навиштаҳои худатон дар мавриди достони
«Муш ва гурба», ки дар муқаддимаи китоби «Куллиёт»-и Убайди
Зоконй омадааст, бовар надоред? Худи шумо онро навиштаед ва
ҳоло навиштаҳои худатонро зери шубҳа мебаред? Пас, мо ба кй
бовар кунем?!

Ин посух ва беҳтараш, суолҳои ногаҳонй ватамоман ғайри-
чашмдошт тааҷҷуби устод Мирзозодаро барангехт. Ишон аввал
бо ҳайрат ва як навъ сардаргумй ба сурати ман нигарист ва баъд
кам-кам дар чеҳрааш осори табассум падид омад ва якбора кох-
қоҳзанон хандид. Аз ханда бозистод ва дар ҳоле ки ҳанӯз ашк-
ҳояшро бо рӯймолча пок мекард, бо садои оромтар гуфт:

-Офарин, офарин! Ҳоло маро муттаҳам мекунед, ки гӯё ду-
рӯғ навиштаам?! Қойил кардед. Бори аввал дар умрам довтала-
беро мебинам, ки аз муаллими имтиҳонгиранда натарсида, фик-
рашро рӯйрост изҳор медорад. Шумо шунидед, рафик Насрид-
динов, ин писар чӣ гуфт? Домулло Эшонҷонов, ин бача маро
бает. Дигар суол надорам. Ҳакки ин писар дар ҳакиқат як панҷи
классикӣ аст. Барояш бояд панҷи классики гузошт. Шумо (ба

10
сӯйи муаллими дар пахдӯяш нишаста, ки «Насриддинов» ном
бурд, боз муроҷиат мекунад) ба ин бача суол доред?

-Бале. Суоли дуюми билеташро мухтасар ҷавоб диҳад, ман
ҳам ба «панҷи классикӣ» розиям.

Суоли дуюм он қадр осон аст, ки ман бидуни ҳеҷ муқад-
димае таърихи сурудани достонҳо, омилҳои асоси эҷоди онҳо,
мазмуни ғоявии ҳар достон ва кариб нисфе аз «Садои Осиё» ва
«Ҷони ширин»-ро азёд хондам.

Мирзозода аз шеърхонӣ ва посухгӯйиҳои ман ба ваҷд ома-
да, бо садои баланд таъкид бар ин нукта дорад:

-Ман гуфтам-ку, ҳаққи ин писар «панҷи классики» аст.
Домулло Эшонҷонов! Ман ба варақаи имтиҳоноти (корти) ин
писар имзо мегузорам, шумо баҳои панҷи классикиро бо дасти
мубораки худ гузоред, табаррукӣ мешавад. Муборак бошад, пи-
сари нағз!

Ман аз чанд бор такрор шудани ибораи «панҷи классики»
дар суханони Мирзозода ва Насриддинов сахт тарсидам ва он
* лаҳзаҳо ин андеша аз дилам мегузашт:

-Аз бало ҳазар! Ин «панҷи классикӣ» ҳатман ҳамон баҳои
пасти «ду» аст, ки барои бо Мирзозода рӯйрост сӯҳбат карданам
ба ман доданд. Худоё, ба доди мани бечора бирас, ки аз ин бало
сиҳату саломат берун шавам. Худоё!

Хеле ваҳшатзада шуда будам ва худро маломат мекардам,
ки чаро бо устод шартакигӯйй кардам ва фикри худро ошкор
намудам. Вале холо об аз cap гузашта буд ва фарқе надошт, ки як
сатил рехт ва ё дах сатил.

Ман аз нимкати муқобили муаллимон Мирзозода ва Нас-
риддинов бархоста, ба кунҷи дигари синфхона-тарафи дасти чап
рафтам ва дар рӯ дар рӯйи муаллим Эшонҷонов нишастам. Эшон-
ҷонов бо чеҳраи гушод ва бо табассуми ба худ хос ба тарафи ман
суоломез нигоҳ карданд. Ман суоли сеюми билетро барои муал-
лим хондам.

-Хӯ-ӯ-ш. Ҳоло ҳамин чумларо таҳлил кунед ва ҳиссаҳои
нутқро нишон диҳед. Ҳа, оё медонед ин чумла ба кадом нависан-
датааллуқ дорад ва аз кадом асараш мебошад?

-Бале, медонам. Ин мисол чумлаи нахустин аз боби «Ха-

11
зон»-и қиссаи «Одина»-и устод Айнист.

-Қанд занед! Ҳоло бо диққат онро тахдил кунед.

Муносибати самимонаи муаллим маро далер кард ва як
навъ оромиши хотир ба ман барагашт ва тавонистам ҷумларо бе
хато тахдил ва баррасй намоям. Эшонҷонов ба варақаи имтиҳо-
ноти ман баҳо гузошт ва баъд аз имзо онро ба дастам дод ва гуфт:

-Вокеан посухҳои ин бача ба «панҷи классики» меарзад.

Бо шунидани ибораи «панҷи классикй» аз забони муаллим
Эшонҷонов ҳолам ба ҳам хӯрд ва бехудона варақаи имтиҳонотро
ба ҷайби сари синаи пироҳан (курта) андохта, бандбона (тугма)-
ашро гузаронидам ва аз синфхона берун шудам. Имтиҳони ши-
фоҳӣ дар ошёнаи дуюми бинои донишкадаи адабиёт ва таърих
баргузор мешуд ва ман чй тур аз синфхона берун шуда, аз ошёнаи
дуюм пойин омадам ва ба берун қадам гузоштам, танҳо ба худой
бузург маълум аст. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба назарам наменамуд. Ба
суолҳои дигар довталабҳо, ки пеши дари донишкада истода бу-
данд, мисли одами хаёлӣ ҳеҷ чиз нагуфта, хомӯшона, бо сари хам
аз миёни анбӯҳи одамон гузаштам ва ба тарафи мабрази Дониш-
гоҳи омӯзгорй, ки дар гӯшаи шимолу шарқии ҳавлии он воқеъ
буд, роҳ пеш гирифтам.Раҳораҳ андешаҳои талх бар сарам мео-
мад ва аз шарм (тарси он ки аз имтиҳон нагузаштам) обу арақ сару
суратамро пахш карда, аз рӯйрост сухан гуфтанам ба худ мепечи-
дам ва сурху сафед мешудам. Фишори хунам боло рафт ва сарам
ба дард даромад. Ҳеҷ коре аз дастам сохта набуд. Чаро дар муко-
били суоли таҳрикомези Мирзозода хомӯш нанишастам? Агар
хомуширо ихтиёр мекардам, ба кавли маъруф, «сари хамро шам-
шер намебурид». Ин мақол маро ба ханда водор кард. Худ ба худ
хандидам ва гӯё як лаҳза дунё фаромӯшам шуд. Вале ҳамин як
лаҳза кифоят кард, ки боз суханони рамзомези муаллимон Мир-
зозода, Насриддинов ва Эшонҷонов, ки рӯйи ибораи «панчи
классикй» таъкид мекарданд ва табассум дар лабонашон ҳалқа
баста буд, дар гӯшам садо дод ва маро ба дунёи воқей баргардонд.
Эй кош, ҳамин ибораи сеҳромез ва лаънатии «панҷи классикй» ба
миён намеомад ва тақдири маро сиёҳ намекард! «Панчи класси-
кй» ҳатман ҳамон баҳои «ду» аст, ки муаллимон баркасд ба вара-
қаи имтиҳоноти ман гузоштанд ва ҳоло ман чуръати боз кардани

12
онро надорам ва аранг-аранг ба тарафи мабраз (ҳоҷатхона) мера-
вам ва маълум нест, ки дар он ҷо чй кор дорам? Хайр, сарнавишт
ҳамин будааст, ҳеҷ коре намешавад кард, он чй дар пешонй на-
вишта шудааст, тағйирпазир нест. Суханони шавҳархолаам-ама-
ки Нуруллохоҷа ба ёдам расид, ки дар боби бачаҳо - довталабҳои
аз имтиҳони вурудӣ ба Донишгоҳ баҳои бад ба даст оварда (афто-
да), бо ханда мегуфтанд:

-Кае ҳайрон мешавад, кариб ҳамаи кӯчаҳои шаҳри Душан-
бе ва Хуҷанд мумфарш (асфалтпӯш) ва ҳамвор аст. Аммо бача-
ҳои мо мераванд ва дар раҳи рост он ҷо аз имтиҳон меафтанд!
Магар мешавад дар раҳи рост пешпо хӯрд ва аз имтиҳон афтод?!

Ба ёд овардани ин суханҳои дар зоҳир тамоман беғараз боз
маро бештар сурху сафед кард. Ҳар гоҳ, ки ба зодгоҳ баргардам,
амаки Нуруллохоча маро низ ба масхара хоҳанд гирифт...

Дар ҳоҷатхонаи мардона ба бахти банда ин ҳангом касе
ҳузур надошт. Ман бандбонаи ҷайби сарисинагии пироҳанамро
боз карда, охйстаякак ва бо ҳазор тарсу ларз варақаи имтиҳо-
нотро аз он берун овардам ва онро боз кардам (гӯё маҳз ҳамин
варақи имтиҳонот ҳаёту мамоти маро ҳал мекард!). Баробари боз
кардани варақаи имтиҳонот ҳуш аз сарам парид. Боварам намео-
мад. Бо кафи дасти рост рӯйи варақчаро молиш додам ва мехос-
там ба рост будани ин чизе, ки бо чашмонам мебинам, бовар
ҳосил кунам. Хобам ё бедор?! Дар мукобили имтиҳони шифоҳии
риштаи адабиёт ва забони модарӣ баҳои «панч», яъне ҳамон
«панҷи классикй», ҳамон панчи сеҳрнок ва сеҳрангез, яъне
фариштаи наҷоти ман аз ин бадбахтиҳо ҷилва мекард, ки чанд
лаҳза пеш тамоми вуҷуди маро бо ваҳшат фаро гирифта буд.
Хостам аз хушҳолӣ фарёд cap бидиҳам, вале ба назарам ҳочат-
хона барои чунин кор ҷойи муносиб ба шумор намерафт. Варақаи
имтиҳонотро аз нав ба ҷайби сарисинагии пироҳан андохта,
бандбонаро гузаронидам ва бо шаст аз ҳочатхона берун шудам.
Сари роҳ, назди дари ҳоҷатхона беихтиёр китфам ба китфи як
шахси лоғарандом бархӯрд ва он бечора аз чунин бархӯрди
ногаҳонӣ қариб буд нақши замин шавад (филфавр ба кӯмакаш
расидам ва аз бозуяш нигах доштам). Аз ӯ узр хостам ва ба тарафи
донишкада роҳ пеш гирифтам. Сари синаамро баланд бардошта,

13
бо сарбаландӣ ва ғурур фотеҳона қадам мезадам. Дигар осори
шарм ва дилшикастагӣ аз сару сурат ва дили ман рахт хешро
бастааст. Ман як қуллаи навро фатҳ кардам ва ба орзуи донишчӯ
шу данам наздик.

Чӣ қадр ман соддаам! Аз ибораи «панҷи классикӣ» саргиҷ
ва калофа шуда, ҳатто ба фикри худ наёвардаам, ки агар довталаб
аз имтиҳон баҳои «ду» дарёфт намояд, муаллимон варакаи
имтиҳонотро ба дасташ намедиҳанд ва ин поёни кор, охири хат
аст. Ман варақаи имтиҳонотамро ба даст гирифтам ва метавонис-
там онро дар худи ҳамон синфхона боз карда, бубинам, ки чӣ
баҳо дарёфг кардаам.

ЧИ ҲУНАРЕ!

Шарикдарси банда-Турсони Ташриф дар соатҳои фориғ аз
дарс (беҳтараш бигӯем тамомвақт) раҳбарии дастаи ҳунарии
Боғи фарҳанги шаҳрро бар ӯхда дошт ва ҳар аз гоҳе агар ҳиммат
мекард, чанд нафарро ба таври баргузида барои тамошои барно-
маи консертй даъват менамуд. Турсон бистуҳафтсола аст ва тан-
ҳо ба хотири он ки ба хидмати сарбозй набарандаш вориди До-
нишгоҳ шудааст ва мутолаа, омӯзиш барояш бисёр сахт буд ва
табиист, ки ҳангоми имтиҳонот, аз дигарон кӯмак мегирифт.
Нуктаи ҷолиб дар мавриди давраи донишчӯии Турсон ин аст:
баробари шурӯъи (саршавии) давраи имтиҳонот (чӣ нимсола ва
чй солона) ин бандам худо ҳатман дар Бемористони Деҳи Боло
бистарӣ мешавад ва дар либоси бемористонӣ барон имтиҳонсу-
порй дар сохтмони донишкада ҳозир мешуд ва мошини «Ёрии
таъчилй» (яъне амбуланс) дар саҳни ҳавлии (ҳаёт) Донишгоҳ
мунтазири вай меистод. Ҳамаи устодон аз ин найранг(калак)и
вай хабар доштанд, вале бо раҳмдилӣ ба ин падидаи нодири до-
нишҷӯйй бархӯрд карда, дар ниҳоят «як баҳои се садкаи сар»
гӯён, ба дафтарчаи имтиҳоноташ имзо мегузоштанд. Билохира,
Турсони Ташриф бо ҳамин ҳунари нодир Донишгоҳро ба охир
расонд ва соҳиби маълумоти олй шуд.

14
АРАҚ МЕНУШУМ

Турсони Ташриф дар мавсими пахтачинӣ(панбачинӣ) ба
фаъолияти овозхонии хеш боли парвоз мебахшид: ӯ, ҳам пахта-
чини чирадаст ва ҳам овозхони доимотайёр (ҳамеша омода) ва
тамомайёр ба шумор мерафг (ҳамчунин дар ҷашнҳои арӯсй низ
ширкат карда, пули хубе дармеовард). Ҳар шаб пас аз сарфи шом,
барои шарикдарсҳо ва сокинони гирду атрофи иқоматгоҳи му-
ваққатии мо дар деҳаи Тағойободи ноҳияи Ёвон дастаи овозхоно-
нашро бо тору дойра ва тунбак (талбак) ва гоҳе аз кадом гӯре як
«ғижжак» ё ба қавли бархе «ҷиғак» низ ба ин даста ҳамроҳ сохта,
ба сахни майдон мебаровард ва худаш сардастагии овозхонҳоро
бар ӯхда дошт. Азбаски (чун) моро бештар ба ноҳияи Ёвон барои
пахтачинӣ мебурданд, Турсон низ ба сабки маъруфи таронаҳои
мардумй ин сатрҳоро аз дилу ҷон месуруд:

Эй духтари ёвонӣ маро ёр бигир,

Савготи маро ай сари девор бигир.

Имшаб, ки маро ҷойи дигар металбанд,

То омаданам худакта бедор бигир.

Ин мисраъ низ аз «шоҳкорҳои» Турсони Ташриф аст, ки дар
ёди ман як умр нақш бастааст ва ӯ ҳар шаб онро ба обу арақ ғӯтида
месуруд:

Дар каблуки (пошнаи) туфлиҳот (кафшҳоят) арақменушум!

МУАЛЛИМАИ «ГУНАҲКОР»

Ёрибеки Юсуфй низ ҳамсинни Турсони Ташриф аст ва хид-
мати сарбозӣ надида, вале тамоман бархилофи ин овозхон
камҳарф ва камсадо. Соли аввали таҳсил ҳангоми дарси амалии
забони модарӣ, ки асосан таҳлили ҷумла анҷом мешуд, яке аз
муаллимаҳои бисёр ором ва шинохта, ки ба яке аз қаҳрамонони
намоишномаи «Имтиҳон»-и Файзуллоҳи Ансорй шабоҳат дошт,
аз Ёрибек суол кард:

-Чаро шумо ин қадар дер вориди Донишгоҳ шудед, дар ҳоле

15
ки дониши хубе доред?

-Ҳар сол аз имтиҳон, яъне «иншо», баҳои «ду» мегирифтам!

-Охир, дониши шумо бад нест. Чй тур ба иншои шумо
баҳои «ду» гузоштаанд? Кй ба шумо баҳои «ду» гузошт, кадом
муаллим имтиҳон мегирифг?!

-Худут (яъне шумо).

Муаллима аз ин посухи рӯйрост (рук) чанд лаҳза ҳарфашро
гум карда, лол шуд ва моту ҳайрон гоҳ ба сақф ва гоҳ ба рӯйи тах-
таҳои фарш нигоҳ мекард ва намедонист, аз ин вазъияти ногувор
чй тур берун ояд. Ду-се нафар бо садои паст пиқ-пиқ хандиданд,
аммо Ёрибек гӯё ҳеҷ воқеаи pyx надода бошад, тамоман хомӯш
менишаст, монанди пайкараи (муҷассама) комил.

ХУДУТ ХОВӢ!

Чашмони Ёрибек каме иллат дошт ва аксар вақт бо айнак
мегашт ва ба ҳамин сабаб ба рӯйи одам кам нигоҳ мекард ва беш-
тар рӯйи миз ва замин менигарист ва гӯиё ғарқи тафаккур ба cap
мебурд. Муаллимҳо низ ба гумони ғолиб ӯро хоболуд ё дар ҳоли
хоб пиндошта, мехостанд бедораш кунанд. Боре дар дарси «Беҳ-
дошт ва равони донишомӯз», ки омезише аз улуми пизишкӣ,
равоншиносй ва усули тарбият ба шумор мерафт ва ба мо ҷанба-
ҳои сохти бадани инсон, ба вижа бачаҳо ва рушди синнусолии
онҳоро меомӯхт, устод пиндошт (яқин кард), ки Ёрибек хоб аст
ва бо нӯки адабчӯб (чӯбдаст барои нишон додани хати нақша ва
тасовир) ба китфи вай хала кард:

-Нахоб. Хобат набарад, бача! Хобӣ?

-На. Худут ховй! (хобӣ)

СЕ ДАФТАР ВА ДИГАР ҲЕҶ!

Соли дуввуми таҳсил дар Донишгоҳ, яке аз муаллимони
забони адабӣ, ки тамоман ба тури аҷиб «нукта»-ро аз «нуқта»
фарқ намекард ва ба ҷойи номи китоби Муҳаммадчон Шукуров
«Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» ба ибораи дилхоҳаш
«Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта муқоме дорад» мегуфт, доиман аз мо,

16
донишҷӯён, талаб дошт, ки дар дарси ӯ бо худ се дафтар биёварем
ва шахсан дар рӯйи нимкат шумораи дафтарҳои моро бозрасӣ
мекард. Ин кори муаллим барои мо дилбазан шуда буд, вале
чорае ба ҷуз итоъат надоштем ва се дафтарро баҳудаву беҳуда бо
худ ба дарси он устод ҳамл мекардем. Бачаҳо ба ин муаллим
барои чунин «бозёфти илмӣ» лакаби хеле муносиби «се дафтар»-
ро арзонӣ доштаанд. Боре Хагай Исҳоқӣ бо худ ба синф чаҳор
дафтар ҳамроҳ овард. Муаллим ҳангоми бозрасӣ дафтари чаҳо-
румро дар бастаи дафтарҳои ғафс (кулуфт) дида, бо тааҷчуб аз
Хагай пурсид:

-Май ба шумоён гуфтаам, ки бо худ се дафтар ба дарси ман
биёваред, на чаҳор дафтар?!

-Узр мехоҳам, муаллим, яке аз ин дафтарҳо изофа аст. Агар
шумо аз раъйатон баргардед ва талаб кунед, ки: -Бачаҳо! Аз ин
рӯз ба баъд чаҳор дафтар бо худ ба дарси ман биёваред, ҳоҷат ба
берун рафтан нест. Ман чаҳорумашро ҳамчун захира дар
сумкаам (киф) дорам!

ПАДАРИ ХАМА БОЯД ТОҶИК БОШАД!

Хагай пас аз бомуваффақият ба поён расонидани соли сев-
вуми таҳсилӣ ба Шӯъбаи гоибонаи (нопайваста) Донишгоҳ инти-
кол гирифт ва дар мактаби миёнаи (мутавасситаи) шумораи яки
шаҳри Душанбе (ин мактаб ба забони русй буд) машгул ба
тадриси забони тоҷикй шуд. Ҳодисаи бисёр ҷолибе маҳз ҳангоми
таълими забони тоҷикӣ дар ҳамин мактаб pyx дод, ки ба зиндагии
Хагай гиреҳхӯрд.

Ҳайате муташаккил аз Вазорати омӯзишу парвариш ва
Идораи омӯзишу парвариши шаҳри Душанбе барои бозрасии
вазъияти таълиму тарбият ва кайфияти дарсҳои муаллимон, ба
мактаби шумораи як ташриф меоваранд ва аз қазо вориди ҳамон
синфе (килос, класс) мешаванд, ки Хагай барои бачаҳои рус ва
ру сзабон, забони тоҷикиро даре медод. Аъзои ҳайати бозрасй дар
нимкатҳои ахири синф нишаста, ба кори омӯзгории Хагай ва
фарогирии забони тоҷикии бачаҳо шавқ зоҳир мекунанд. Хагай
низ кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳад, то собит намояд, ки устоди

17
мумтози забони тоҷикӣ аст. Ҳангоми суолу ҷавоб бо бачаҳо Ха-
гай аз духтаре чунин хоҳиш мекунад:

-Лутфан, бо феъли «омад» як чумла бисозед.

-Падарам дирӯз аз Қӯрғонтеппа омад.

-Офарин, офарин, духтари хуб! Ҳоло метавонӣ ҳамин феъ-
ли «омад»-ро тасриф кунй?

-Бале. Шахси аввал «омадам», шахси дуввум «омадй» ва
шахси севвум (гойиб) «омад».

-Боракалло! Бигӯй, ки ту аз куҷо забони точикиро ин қадар
хуб омӯхтай?!

-Охир, падари ман тоҷик аст!

Хагай аз посухҳои ин духтар тамоман худашро фаромӯш
карда, дасти росташро бо аломати «таваҷҷӯҳ» (диққат) баланд
бардошта, ба бачаҳо мегӯяд:

-Дидед, бачаҳо! Барой омӯхтани забони тоҷикӣ, доштани
падари тоҷикй чӣ қадар муҳим ва муассир аст! Аз ин рӯ падари
ҳама бояд тоҷик бошад!

Ҳайати бозрасй, райиси мактаб ва ҷонишини вай бо шуни-
дани ҳарфҳои боло даҳонашонро бо тааҷҷуб боз карда, ба тарафи
ҳамдигар менигаранд ва гӯё мехостанд бигӯянд ё суол намоянд:

-Ин чй маънй дорад?!

Аммо Хагай мисли он ки дар ин гуфтугӯ бо донишомӯз ҳеҷ
иттифоқе науфтода бошад, ба он духтарбача ташаккур эълон ме-
кунад ва ба даре и дома медиҳад. Баробари ба садо даромадани
занги танаффус, Хагайро ба утоқи корни райиси мактаб мехо-
нанд ва муҳокимаи чиддии ӯ пушти дарҳои баста шурӯъ меша-
вад. Сохдбмансабон суханони Хагайро дар мавриди доштани
«падари тоҷикӣ» барои ҳамагон, бурузи миллатгароии (миллат-
чигй) точикй талаққӣ карда, хоҳони муҷозоти сангини вай меша-
ванд. Муовини райиси мактаб, ки дар пазириши Хагай ба кори
омӯзгорй нақши асосй дошт, подармиёнй мекунад ва ба ҳайати
Вазорат ва Идораи омӯзиш ва парвариш мегӯяд:

-Рафиқ Хагай Исҳоқӣ ба ҳеҷ ваҷҳ миллатчии тоҷикӣ нест,
зеро ӯ яҳудӣ аст...

18
ДОНИШ АЗ САР РАФТ!

Мирзосалими Амин (хуҷандй) бо хӯрдагирӣ ва суолу по-
сухҳои рез, аксари муаллимҳоро дар ҳайрат мегузошт. Боре дар
соли нахустини таҳсил, ҳангоми семинари «Таърихи Ҳизби ком-
муниста Иттиҳоди шӯравӣ» (ба шакли мухаффаф-ҲКИШ) дар
мавзӯи «Манифести Ҳизби Коммунистй»-и Карл Маркс ва Фрид-
рих Энгельс муаллима Салтанат Турсунова аз Мирзосалим мӯҳ-
тавои асосии баёнияи бунёдгузорони назарияи коммунистиро
пурсид. Мирзосалим бо дили нохоҳам (бо бемайлй), вале бисёр
мутмаин, аз чояш баланд шуд ва ба тарафи муаллима бо диққат
чашм дӯхт ва ниҳоят бо ҷиддияти ба худаш том гуфт:

-Медонед, муаллимаҷон?! Пеш аз ин семинар мо дарси вар-
зиш доштем.

-Хӯш! Варзиш ба семинари таърих чй рабте дорад?

-Бешак “Таърихи ҲКИШ” бо варзиш рабти вижа дорад, зеро
ман барои ин семинар як ҳафга омодагй дидам ва сад дар сад
боварй доштам, ки ба ҳамаи суолҳои асосй посух гуфта метаво-
нам. Вале ҳангоми дарси варзиш ногаҳон тӯби футбол бар сари ман
исобат кард (зад) ва хамаи дониши андӯхтаам якбора аз магзи cap
берун парид. Ҳозир ҳеҷ чиз дар ёдам нест (ҳузури зеҳн надорам).

Муаллима Салтанат Турсунова аз ин посухи тамоман бе-
мантиқи Мирзосалим як лаҳза гарант (саргиҷ) шуд ва баъд ба худ
омад ва хандаашро то дер вақт нигах дошта натавонист ва рӯй-
молчаро аз сумка(киф)аш берун оварда, бо он ашкҳояшро чанд
бор гаштаву баргашта пок кард ва дар охир гуфт:

-Намуред, шумо Мирзосалим! Охир, ин чй хел донишфаро-
гирӣ будааст, ки ҳамаи донишҳо бо як зарбаи тӯб аз магзи cap
берун меравад. Агар ногаҳон як мушт бар саратон бархӯрад, пас,
ҳамаи ақлатон низ аз он мағз рахти сафар хоҳад бает?!

ТУРФАНДИ МИРЗОСАЛИМ

Умуман Мирзосалими Амин дар семинарҳо, конфронси
илмй ва ҳатто оддитарин посухгӯйй ба суолхои устодон аз тур-
фанди (найранг, ҳилла) тамоман аҷибуғариб истифода мекард ва

19
доиман аз баҳсҳо бо пирӯзӣ берун мешуд. Турфанди «илмй»-и
Мирзосалим чу нин тору пуди печи да дошт: дар робита ба мавзӯи
мадди назар ва ё баҳси илмй, новобаста ба он ки оё зарурат ҳаст ё
на, ӯ ҳатман як сухан-нуктаи ҷолиб ва ё таъкиди вижаи К. Маркс,
Ф. Энгельс ва ба вижа В. И.Ленин ва гоҳе раҳбари вақти шӯравӣ
Л. И.Брежневро мисол меовард ва аз гӯши он дидгоҳ ё гуфта (ва ё
нукта) кашида, ба мавзӯи рӯз пайванд медод ва пасон барои так-
вияти он ба ташреҳи дидгоҳи хеш мепардохт. Масалан, агар су-
хан дар мавриди баҳсҳои забоншиносӣ, таърих ва ҳатто ҳиссаҳои
нутқ-исм, феъл ва ғайра ва ҷумлаи пайрави тобеъ равад ҳам Мир-
зосалим ҳатман дар оғоз суханони Ленинро мисол меоварад ва
пасон бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти он гуфтаҳо дар «илми имрӯза» ба
суханони росту дурӯғаш идома медод. Албатта, вай хуб медо-
нист, ки аз ин турфанди сиёсӣ бештар дар дарси кадом муалли-
мон истифода намояд. Бидуни шак рӯшан буд, ки Мирзосалим ба
чуз ду-се маколаи маъруфи Ленин чизи дигареро аз он бузургвор
нахондааст, вале бархе аз устодон ҳатто ҳамон мақолаҳоро низ
дуруст мутолаа нафармудаанд (барои як забоншинос донистани
назари Ленин дар мавриди «феъл» аҳамияте надорад). Шубха
кардан ба гуфтаҳои Ленин ё раҳбари кабири шӯравй Леонид
Брежнев (дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти
Иттиҳоди шӯравӣ) дар солҳои донишҷӯйии мо бидъат ва камоли
нодонй ба шумор мерафт ва муаллимон низ аз ин чаҳорчӯбаи
идеолога берун ҷаста наметавонистанд ва ноилоҷ ба гуфтахои
Мирзосалим бо такой додани сар-аломати тасдик «Оре!» мегуф-
танд.

Муддатҳо ба ҳамин минвол гузашт ва ман гумон мекардам,
ки Мирзосалим дар воқеъ осори Ленинро cap то по мутолаа фар-
муда, нуктаҳои ҷолиб ва дархӯри ҳолашро аз он дар дафтари
алоҳида сабт кардааст. Ба ҳамин хотир номи сарчашмаҳоеро, ки
Мирзосалим ҳангоми баёни матлаб мисол меовард, дар варакчаи
алоҳида ё дафтарчаи ёддошт навишта, ба дунболи онҳо рафтам.
Вақте дидам, ки аз мисолҳои фаровоне, ки Мирзосалим меова-
рад, аксаран дар осори Ленин хабаре нест, аз худи ӯ суол кардам:

-Чаро нуктаҳои мисол овардаат дар осори Ленин ё дигар
бузургон ҷой надорад? Магар ту онхоро аз худат дармеорй?!

20
-Албатта, дар бархе маворид чанд ишорати кӯтоҳ ба ин ё он
мавзӯъ аз осори Ленин ё дигарон пайдо кардан мумкин ва баъд
онро ба масъалаи дилхоҳ метавон часпонд ва ё дарбеҳ кард, вале
ман корамро хуб баладам. Медонам, ки кадом муаллим дар ум-
раш ҳатто як бор ҳам китобҳои Ленинро ба рӯйи дасташ набар-
доштааст (куҷо монад ба мутолааи он). Аз ҳамин дидгоҳ ҳеҷ кас
ба гуфтаҳои Ленин ё Брежнев мухолифат варзида наметавонад.
Аслан ин ҳарфҳо чй? Пас, суханони ман, ки аз Ленин мисол мео-
варам ва онро каму беш хондаам, дуруст аст ва баҳои «хуб» ё
«аъло» моли ман аст, на каси дигар.

АЪЛО! ЗЕРИШУБҲА

Боре ҳангоми маъракаи пахтачинй дар Ёвон Мирзосалим
ногаҳон фарёд баровард:

-Бачаҳо! Шарикдарсҳо! Кӣ аз имтиҳони «Бехдошт ва равон-
шиносии донишомӯз» баҳои «аъло» гирифтааст?!

Дарҳол чанд нафар аз шарикдарсҳое, ки аз имтиҳони он
воҳиди дарсӣ баҳои «аъло» касб карда буданд, дар атрофи Мир-
зосалим гирд омада, аз вай пурсиданд:

-Чй вокеа рух дод, ки аз натиҷаи он имтиҳон дар майдони
пахтазор ва он ҳам ҳангоми пахтачинй мепурсй?

Мирзосалим бо кафи як даст рӯйи чашми чапашро пӯшо-
нида, ба “аълочиҳо” бо чунин хоҳиш муроҷиат кард:

-Аз боди сахт ба чашми чапам хок ё хас даромадааст. Касе
ҳаст, ки онро берун оварад? Вагарна аз имтиҳони «Беҳдошт ва
равоншиносии донишомӯз» баҳои «аъло» гирифтани шумоён зе-
ри шубҳа меравад!

«ҚАЧАН» ВА «ОБИ ВАДА»

Тобистони соли 1972 дастаи сохтусози донишчӯёни дониш-
кадаи адабиёт ва таърихи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе
дар ҳудуди таъовунии кишоварзии «Маскав»-и ноҳияи Ғӯлакан-
доз ба фаъолияти корӣ оғоз кард. Раҳбарони таъовунй аз омадани
донишҷӯён истиқбол намуда, бетонрезй ва дуруст кардани кана-

21
ли обёрии таъовуниро бар ӯхдаи донишҷӯён вогузор намуданд ва
қарордоди ин паймонкорй баста шуд. Ин афдақ (кома, канал) до-
рои якуним метр умқ, як метр зер, арзи рӯй ду метру ним ва девор-
ҳои уреб ва мойил ба ду тараф ва паҳн буд ва худудан чаҳор-панҷ
километр дарозӣ (тӯл) дошт. Мошини хокбардор (экскватор) ба
тури рост заминро бурида, каналро хокбардорй карда, вале бақияи
корҳои сохтусоз бояд ба тури дастӣ анҷом мешуд. Мо аввал бада-
наи (скелет, искелет) каналро бо оҳани мила (арматур) бастакорй
карда, пасон рӯйи он бетон мерехтем ва андова мекардем. Кори
рез (майда) ва миёншикан зери тамузи офтоби сӯзон аз субҳ то
шом идома меёфт. Бачаҳои шарикдарс зуд ба тавофуқ расиданд,
ки кор на соати нӯхд субҳ, балки бояд соати шаши пагоҳӣ оғоз ва
баъд аз соати чаҳордаҳ, таътил эълон шавад...

Урдуи донишчӯён-шарикдарсон ибтидо дар баландии (теп-
паи) болои канали дар дасти сохт чодар заданд ва пас аз як шабо-
нарӯз аз тахта ва шифер (ширвонй) барои катҳои хоби ҳафтоду
чанд нафар айвони барҳавое ва анбориву ошхона ва душ-ҳаммом
барои шустшӯй дуруст карданд.

Анварй, ки пештар дет он тараф истад, ҳатто кафлес (мало-
қа)-ро дар умраш надида ва дар даст нигаҳ надошта буд, ҳоло ош-
пази ин урду интихоб шуд ва сӯҳбатҳои вай бо ронандаи моши-
ни хидматии дастаи сохтмонии донишҷӯён Аббос-амак, ки аз
аҳолии Хуҷанди бостон аст, боиси дилхушй ва саргармии бачахо
гардид.

Аббос-амак барои бачаҳоро ба сари кор бурдан ва овардан
ба мо мулҳақ шуд ва пагоҳй пеш аз ҳамли донишҷӯён аз Анварй
суол кард:

-Қачан (яъне «кай») авқотатон (ақвот, чамъи қут-ғизо) омо-
да мешавад, то ман бачаҳоро сари вақт ба урдугоҳ баргардонам?

Анварй ангуштони дастҳояшро ҳафт бор кушода ва мушт
карда, ба он кас нишон дод ва чунин ҷавоб дод:

-Барои хафтод нафар хӯрок мепазам, барои ҳафтод нафар.
Фаҳмидед?!

-Фаҳмидам, фаҳмидам!

Ё худ Аббос-амак, ки пушти мошин барои обкашонй сис-
терна (тонкер) баста буд, аз Анварй пурсид:

22
-Барой шустани косаву табақ аз оби насос (помп) биёварам
ё оби вада (манзур водопровод, яъне оби лӯлакашӣ)?

Анварӣ дарҳол чунин ҳозирҷавобй кард:

-Ҳамун оби ҷӯй бошад ҳам мешавад.

Ба ҳар ҳол онҳо забони ҳамдигарро каму беш мефаҳмидагй
шуданд, вале баъзан барои пухтани як ваъда хӯрок, тамоми рӯз
сарф мешуд ва ҳосил чизе ба чуз пиёзоба аз дег берун дарнамеомад.

ТА-ШАК-КУР!

Бачаҳо хеле заҳмат кашида, ҳаммом-душро чанд қадам
дуртар, пушти айвони хоб, аз тахтаҳои маҳкам дуруст карданд ва
махзани обро дар болойи боми он қарор доданд. Ҳоло дар гармоба
ҳамзамон панд нафар метавонистанд душ бигиранд. Умуман чойи
хобу зиндагии дастаи донишҷӯёни сохтмончй каме дуртар аз
заминҳои кишти таъовунии кишоварзй искон гирифгааст, вале ин
фосила чандон дур нест ва кору зиндагии мо дар баландй дар маъ-
рази диди одамон қарор дорад. Вақте дар заминҳои кишоварзй
залу духтарҳо кор мекунанд, бачаҳо ба тарафи душ камтар мера-
ванд. Вале Офтоби сӯзони тобистон ва гармои тоқатфарсо магар
мегузорад, ки бачаҳо зери айвони аз тахта ва шифер сохташуда
ором нишинанд?! Ҳамагон пас аз анҷоми кори рӯзона, як бор ба
душ cap мезананд, то аз обу араки бадани хеш хал ос шаванд.

Шарикдарси мо-Ризвоншоҳ бо мӯйҳои заб-зард ва тани
пурпашм хамон гуфтаҳои Фридрих Энгельс дар мавриди аз май-
мун дар асари заҳмат қомат рост кардани инсонро ба хотир мео-
рад ва ҳар рӯз бо Хагай Исҳоқй ва боз се нафари дигар одат
доранд, ним соат бештар дар душ шустушӯй кунанд. Барои сар-
фачӯйй ва хадар нарафтани об Ризвоншоҳ пас аз ба сэру тан
собун задан, сари шир(кран)-ро мебандад, то дурустакак ба худ
собун молиш диҳад ва обу арақи баданашро пок созад. Вақте ба
мӯйҳои сараш собун мезанад, кафки зиёд монеи дидаш мешавад
ва Ризвоншоҳ барои хал ал нарасонидан ба дигарон, худро канор
мекашад ва яке аз бачаҳо бо шайтанат ӯро ба берун ҳидоят меку-
над ва дӯсти мо оҳиста-оҳиста аз душ берун шуданашро наме-
фаҳмад. Ҳоло шумо тасаввурашро кунед, ки Ризвоншоҳи тамо-

23
ман лухти модарзод ва дар кафки собун ғӯтида, аз душхона берун
мешавад ва дар ҷустуҷӯйи сари шир як дасташро боло бардошта,
дар берун саргардон қадам мезанад. Ҳамагӣ дар сад-садупанҷоҳ
метр поёнтар хонумҳо ва духтарҳо дар майдони пахтазор машгу-
ли хишоваанд. Онҳо бо дидани ин саҳнаи бисер аҷибуғариб ва
тамоман гӯшношунид, доду фарёд мезананд, то инзиҷори хешро
нисбат ба намойиши ин бешармй баён намоянд. Яке аз шарик-
дарсҳо, ки каме дуртар аз душхона қарор дошт, бо як дав худро ба
Ризвоншоҳ расонида, вайро ба тарафи душ мебарад. Хагай аз дас-
ти Ризвоншоҳ гирифта, сари ширро боз мекунад ва садои он бечо-
ра аз зери кафки собун баланд мешавад:

-Та-шак-кур!

Духтарҳо ва хонумҳои дар пахтазор ҳузурдошта гумон кар-
даанд, ки ин ҷилваи Ризвоншоҳ саҳнае аз ягон намойиш аст ва
маҳз бар хилофи ахлоқи ройиҷ дар минтақа ба саҳна гузошта шу-
дааст ва табиист, ки зуд шикоят ба раҳбарияти ҳизбй ва раёсати
таъовунии кишоварзй бурданд. Фардои он рӯз, бегоҳӣ, ҷаласаи
махсуси баррасии ин амал то дер вақт дар урдугоҳ и дома дошт...

Ба ҳамин сабаб вожаи «та-шак-кур» номи дӯсти моро таҳти
шуъо қарор дод ва хеле зуд ба лақаби Ризвоншоҳ табдил ёфт.

«ШУД+МЙ?»

Муаллим Карамшоҳи Яз дон-усто ди забони адабии муосир,
раҳбари гурӯҳи мо аст ва дар мавсими пахтачинй дар Ёвон ҳузур
дорад. Устод одат дорад сари ҳар чумлааш ибораи муфтхӯри (бе
рабт) «шуд+мй»-ро такрор кунад. Агар ӯ мехоҳад аз шумо бипур-
сад, ки: -Куҷо меравед?

Бояд ин тавр суол гузорад: -Куҷо меравед? Шуд-мй?

Бачаҳо ба устод «шуд-мӣ» лақаб гузоштаанд. Дар маъракаи
пахтачинй дар ноҳияи Ёвон устод Карамшоҳи Яздон сарвари гу-
рӯҳи мост, вале дар ситоди пахтачинй зиндагй дорад. Раем бар ин
аст, ки Карамшохи Яздон ҳар рӯз тахминан соатҳои даҳ ё ёздаҳ
барои хабар гирифтани бачаҳо як бор бар сари майдони пахтазор
ҳозир мешавад ва баъд боз ба мақари хеш-ситоди донишкада во-
қеъ дар маркази таъовунии кишоварзии давлатй бармегардад. Як

24
рӯз дар мавриди қитъаи замини панба (барои чидан) бачаҳои
гурӯҳи мо бо гурӯҳи дигари донишҷӯён даргир шуданд. Лозим ба
ёдоварист, ки ҷамъоварии пахта дар қитъаҳои замини хуб низ
баъзан боиси кашмакашҳое байни донишчӯён мегардад, ки гоҳе
ба даргириҳои тан ба тан меанҷомад. Агар он рӯз муаллим Карам-
шоҳи Яздон сари вақт ба муноқишаи донишҷӯёни гурӯҳи мо бо
дигар гурӯҳ мудохила намекард ва ба он хотима намебахшид,
даргирӣ ва ҳатто хунрезӣ дар байни донишҷӯён аз интизор дур
набуд. Он рӯз хабари ин муноқиша бо кӯмаки касе ба ситоди до-
нишкада расидааст ва аз он ҷо намояндагони гурӯҳи моро барои
муҳокима хостанд. Чанд нафар ба намояндагӣ аз гурӯҳи мо ба он
ҷой (ситод) рафтанд ва пас аз бозгашт воқеаи дар ҷаласа рухдода-
ро нақл карда, аз ханда худро нигоҳ дошта наметавонистанд ва
шикамашонро молида-молида, мегуфтанд:

-Бачаҳо! Ҷойи ҳамаи шумо холй буд. Мо аз ханда мурдем.
Муаллимони мӯҳтарами донишкада ҳангоми баррасии воқеаи
бархӯрди байниҳамдигарии донишчӯён ҳузури моро дар ҷаласа
ба дасти фаромӯшӣ супурда, байни худ ба даргирй ва пархош ва
ҳатто ҷанги лафзии пурҳақорати дӯстдоштанӣ даст заданд. Раҳ-
бари гурӯҳи мо-муаллим Карамшоҳи Яздон бо ҷасорат ва дифоъ
аз мо нисбат ба раҳбари гурӯҳи дигар-Неъматуллоев чунин ҳарф-
ҳои пурмуҳаббат мегуфт:

-Ҳой, к.. .теча! Шуд-мӣ? Агар ман сари вақт худро ба он ҷой
намерасонидам, шуд-мӣ? Медонй, чй мешуд, шуд-мӣ? Одам-
кушӣ мешуд, шуд-мй?

ИШ!

Соли дуввуми таҳсил дар Донишгоҳи омӯзгорӣ илми (воҳи-
ди) «Равоншиносии синну сол»-ро муаллиме бар мо тадрис кард,
ки ҳамагй ду ё се рӯз дар синфхона ба мо ҳарф зад ва пас аз шуни-
дани нидоҳои (садоҳо) пурмаънои «иш-иш» бо қаҳр ва аҷала
дарсхонаро тарк гуфт ва дигар ҳеҷ гоҳ ба назди донишҷӯён барна-
гашт. Маълум шуд, ки ишон нисбат ба садои «иш», ки фармонест
барои таваққуфи (нигаҳ доштани) хар, душмании беамон доранд
ва аз он сахт қимоб(парҳез)анд. Рӯзи дуввуми дарсгӯйии устод
дар синфхона буд, ки бачаҳои шайтонфеъл аз куҷое ба ин заъфи

25
устод нисбат ба фармони (нидои) «иш» пай бурда, аз хар гушае
садои «иш, иш»-ро баланд карданд ва муаллим низ бо шунидани
ин ҳарфҳои бемаънй бо асабоният синфхонаро тарк кард...

Бадзабонҳо мегуфтанд, ки устод дар айёми донишҷӯйӣ ва ё
ибтидои фаъолияти устодиашон дар кадом мавсими пахтачинй
алоқаи шадиде ба ҳайвони ахлй-хар (хархонум) пайдо карда,
онро каме навозиш намудаанд (шояд ба иллати мучаррадй) ва ба
ҳамин сабаб лақаби «иш» аз он таърих ба баъд ба он кас сироят
фармудааст. Аммо бархе ба ин шубҳа доштанд ва мегуфтанд:

-Муаллими воҳиди «Равоншиносии синну сол» аз майда-
миллатҳост, агар ӯ аз мардуми бумӣ мебуд, ин ҳарфҳо дар шаъ-
наш дуруст меомад.

ДОСТОНИ ПОҶОМА

Ду-се муаллимаи миёнсол, ки сатҳи дониши хубе хам на-
доштанд ва асосан дар умури таҷрибаомӯзии донишҷӯён (барои
назорат ва ҳамоҳангӣ бо мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе) ва
корҳои амалӣ (кӯмакёвари устоди асосй) фаъолият меварзи-
данд, ба кашфи поҷома(эзор, шалвор)-и духтарҳои донишкада
пардохтанд ва ин масъаларо ба ифрот расониданд. Номи хонаво-
дагии ҳар дуй онҳо хуб дар ёдам боқӣ мондааст: хонумҳо Кудра-
това ва Рахимова.

Хонум Кудратова духтарҳоро маҷбур мекард, ки поҷома-
ҳояшонро дарбиёваранд ва бо ҷӯробҳои соқкӯтоҳ ба Донишгоҳ
ташриф оваранд. Дар давраи таҷрибаомӯзӣ Қудратова ба муқар-
рароти худ дар мавриди лагви эзори духтархо меафзуд. Агар дух-
тарҳо талаботи Қудратоваро нодида мегирифтанд, ҳатман мучо-
зот мешуданд: муаллима ба онҳо аз таҷрибаомӯзӣ баҳо намегу-
зошт ва он муштипарҳо ба имтиҳон роҳ намеёфганд. Кудратова
хонуми каме асабонй ва носозгору камадаб буд, вале чунин тасав-
вур ва эътиқод дошт, ки бидуни эзор ба Донишгоҳ омадани дух-
тарҳои маҳаллӣ нишонаи маданият аст. Зоҳирбинии Кудратова
дар масъалаи фарҳанг ва сахтгирии вай дар эзорпойиновардани
духтархо ва чӯробҳои соқкӯтоҳ пӯшидани онҳо боиси ришханди
(хандахариш) бачаҳо ва ҳатто баъзе устодон гардид, ҳарчанд

26
муаллима дар сари ақидаи хеш бисер устувор меистод ва бар он
пофишорй дошт.

Донишҷӯёни духтар, ки мувозй бо мо дар як поя таҳсил дош-
танд ва дар дарсҳои умумй бо мо дар синфхона ҳозир буданд,
доиман бо Қудратова ва Раҳимова дар масъала поҷома ва ҳатто
дигар масоили камаҳамият низ даргирй доштанд ва кам-кам мас-
ъалаи кашидан ё накашидани эзори духтарҳои донишкада ранги
тахкирро ба худ гирифта, ба масъалаи сиёсй табдил ёфт ва дертар
низ солиёни зиёд устодони донишкадаро ба ташвиш ва ҷабҳагирӣ
водор сохт. Ниҳоят кор ба он до кашида шуд, ки донишҷӯёни
писар низ гирифтори масъалаи эзори духтарҳо шуданд: албатта,
тарафдори шадиди пӯншдани он ҳамчун нишонаи фарҳанги мил-
лй ва маҳаллӣ. Қудратова дарёфт, ки муборизааш дар пойин овар-
дани эзори духтарҳо натиҷаи дилхоҳе ба бор нахоҳад овард, боре
дар роҳрави бинои донишкада худ аз худ оташ гирифта, ба чанд
нафар аз бачаҳои гурӯҳи мо дарафтод (гӯё муқассири шикасти
барномаҳои вай писарҳо ба шумор мерафтанд):

-Шумо хама деҳотӣ ҳастед!

Бачаҳо низ паст наёмаданд: -Мо як шоир доштем, ки номи
«Деҳотй»-ро барои худаш тахаллус интихоб карда ва ишон аз
ҳама бофарҳангтар буд, ҳатто аз шумо ҳам, муаллимаи меҳрубон!

-Аслан шумоён мефаҳмед, ки «фарҳанг» чист?

-Ба ҳар ҳол маънои фарҳанг даровардани (кашидан) эзори
духтархо ва он ҳам ба иҷборро (зӯрй) надорад.

-Пас, бо эзор ба Донишгоҳ омадани духтарҳо фарҳанг аст?

-Дар кучо навишта шудааст, ки духтархо бояд бидуни эзор
ба Донишгоҳ ташриф биёваранд?! Пӯшидани либоси миллй ва
ҳифзи он бефархангй нест ва маънои эътироз ба идеологияи ком-
мунистиро надорад!

-Ҳа, маълум шуд. Шумо хама мутаассибед!

-Вале мо ба кори зишт - даровардани поҷомаи духтарҳо маш-
гул намешавем.

Бачаҳо бо тамасхур ва истеҳзо дар бораи поҷома ба ҷони
муаллима расониданд. Ҳарчанд Қудратова шикоят аз ин гуфту-
гӯи дар боло овардаамонро ба назди райиси донишкада бурд, вале
Сангинов ба ҳарфҳои вай ҳатто эътиборе надод.

27
МАЪШУҚА ҲАМ ЯКЕ БУД?!

Вохури бо шоир Боқии Раҳимзода ва овозхонҳои машҳури
«Шашмақом»-Барно духти Исҳоқ ва Аҳмади Бобоқул дар зеҳнам
аз даврони донишчӯйӣ якумрӣ нақш бастааст, ки бо вучуди
гузашти айём ва даргузашти ҳамаи ин номбурдагон (рӯҳашон шод
бод) аз ин сари пуршӯри мо ҳаргиз зудуда нахоҳад шуд. Дар он
вохӯрӣ ба мо рӯшан шуд, ки Холиқи Мирзозода ба Бокии Раҳим-
зода ҳаққи устодӣ доштаанд ва солҳои дар Донишгоҳ таҳсил
кардани Боқиҷон эҳтироми ҳасана байни ин ду нафар дар дараҷаи
бисёр хуб қарор доштааст... Бинобар ин ҳангоми шабнишинӣ-
вохӯрӣ шеъру суруд ва ҳаҷву мутойиба бо ҳам аҷин шуд ва он
шаби таърихй пур аз маънавият гардид...

Боқии Рахзшзода бо пайкари пахдавончусса ва бузургаш ба
минбари бисёр бузурги толор бо дасти рост нимтакия задааст ва
қиссаи душвори давраи донишҷӯйиро барои мо ба риштаи тасвир
мекашад:

-Он солҳо-давраи Ҷанги ҷаҳонии дуввум нарху наво ширин
буд, ҳарчанд донишҷӯён мавриди таваҷҷӯҳи давлат карор дош-
танд, вале хох нохоҳ дар аксар вақтҳо мо ниёз ба кӯмакҳои мод-
дию маънавии устодон доштем ва Холиқи Мирзозода ва Носир-
ҷони Маъсумӣ барои мо намунаи ибрат ба шумор мерафтанд.
Барои намуна як воқеаро бароятон нақл мекунам: азбаски ҳама
барои мулоқот ва дидор бо духтарҳо либоси муносиб надоштем-
мо, се нафар (яъне Мирзозода, Маъсумй ва Раҳимзода-М. М.), аз
як шиму костюм (кӯту шалвор) истифода мекардем ва мулоқот-
ҳоямонро чунин танзим менамудем, ки ҳеҷ гоҳ дар як замон
иттифоқ наяфтад. Як кӯту шалвор барои се нафар...

Ин ҷой буд, ки сухани Боқии Раҳимзода дар даҳонаш шах
шуд (монд) ва як суоли бамавқеъ, луқма-сухани зебо аз забони
устод Мирзозода берун омад, ки ахди толорро ба хандаи осмон-
кафмаҷбуркард:

-Боқиҷон! Маъшуқа ҳам барои се нафар яке буд?!

28
ЯК ТАБАССУМ КУН!

Бо вучуди он ки Боқии Раҳимзода талхию шириниҳои зиёде-
ро пушти cap карда ва дар сатҳи бисер боло бо раҳбарони воло-
мақоми Ҷумҳурӣ шину хез (нишасту бархост) дошт ва лахзаҳои
ногаҳонии пурсишҳоро шунида буд, аз ин суоли ғайричашмдош-
ти зебо ва шӯхиомези Мирзозода, чанд лаҳза моту маҳбут монд,
пасон қоҳ-қохзанон хандид ва гӯё чизи дигареро ба хотир оварда
бошад, пас аз ба хомӯшй рӯй овардани мардум, бо хандаи ба ху-
даш хос гуфт:

-Мо ҳеҷ гоҳ дар мутойиба ба устод Мирзозода баробар ту-
да наметавонем. Аз ин рӯй нақли дигареро барои шумо пешкаш
мекунам. Як замон бинам, ки умр мегузарад ва ман ба ей қадам
гузоштаам ва он гоҳ буд, ки азми хонадор шудан (издивоҷ) дар
дил пайдо шуд. Устодон низ ба ин кори хайр маро ташвиқ кар-
данд. Ман ба духтаре ошиқ шудам, ки дар корхонаи бофандагй
кор мекард. Қарори мулоқот гузоштем наздикиҳои намозигар
(намози дигар баъди пешин) дар зери дарахти чинор. Соати муло-
қот наздик мешуд. Худро орову торо додам ва сари роҳ дастагули
зебоеро харида, ба чойи мулоқот шитофтам ва танҳо он лаҳза ба
ёдам расид, ки дар зери кадом чинор духтари дӯстдоштаамро
мунтазир шавам? Дар шахр дарахти чинор якто не, балки садто ва
шояд ҳазорто аст. Духтари дӯстдоштаи мая ба зери сояи кадом
чинор меояд?! Маҳбубаи ман яктост, вале чинорҳо бе ҳадду ҳи-
соб. Муаммои сарбаста маро калофа кард. Аз тарси дер мондан аз
зери як дарахти чинори маъруф ба сояи чинори дигар меДавидам.
Билохира, ин даводав аз як чинор ба чинори дигар маро тамоман
аз пой даровард (бе пой кард). Рӯз поён ёфт ва шаб аз роқ фаро ра-
сид. Қасд кардам, ки ба ҳавлии духтари дӯстдоштаам меравам ва
дастгулро барояш такдим мекунам. Худи шумо, ҳозирини мӯҳта-
рам, хуб медонед, ки он замон тараддуд аз як гӯшаи шаҳр то ба
маҳаллаи дигараш чй кадар замон металабид. Табиист, ки то ба
манзили духтар расидам, шаб аз нисф гузашта буд. Барои он ки
духтари дӯстдоштаам ва ҳаққу ҳамсояҳояшро бедор накунам, аз
тақ-тақ задани дарвозаи ҳавлиашон худдорӣ (истиҳола) карда, аз
болои девор парида, вориди ҳавлии бузург шудам ва рӯйи ҳавлй,

29
зери дарахти тут ду кат-тахти хобро дидам. Дар хар ду кат хонум-
ҳо сарҳояшонро зери кӯрпа печонида хобидаанд. Яке аз катҳо
кӯрпаву болишти пурнақшу нигор дошт. Пиндоштам, ки дакик
тахти хоби духтари дӯстдоштаам ҳамин аст (зеро ҳеҷ пиразан ба-
рон худаш чунин кӯрпаву болишти зеборо эб, муносиби ҳол,
намебинад). Болои сари духтари дӯстдоштаам дастагулро ҷо бар
ҷой кардам ва аз канори болишт бӯсидам ва оҳиста аз ҳавлй берун
рафтам, албатта, ин дафъа низ аз сари девор ба берун паридам...

Фардои он рӯз, баъди пешин, ҳангоми аз шифт(смена)и рӯ-
зона берун рафтани коргарҳо назди дари хурӯҷии корхонаи бофан-
дагӣ ҳозир шуда, мунтазири берун омадани духтари дӯстдоштаам
истодам. Духтари дӯстдоштаам аз корхона берун омад, вале ба ин-
тизории ман ҳеҷ эътиное накарда, баръакс бо тундй ва кароҳат як
ба ҷониби банда назар дӯхту зуд бо душнаҳояш (дӯстон) ба тарафи
дигар раҳсипор шуд. Дертар маълум шуд, ки он шаб ман ба ипгги-
боҳ дастагулро боли сари тахти хоби модарбузурги духтари дӯст-
доштаам гузоштаам ва бӯса бар болишти вай задаам. Воқеан иш-
тибоҳи бисер зишт ва нописанд аз банда cap задааст. Модар-
бузурги духтари дӯстдоштаам он шаб гӯё хоб дидааст, ки Ҳазрати
Ҷабраил барояш он дастагули зеборо оварда, баъд ба ду рухсорааш
бӯс зада, чун фариштаи ишқ парида рафгааст...

Ним сол бо духтар қаҳрй будем ва дар ниҳоят ин шеъри «Як
табассум кун»-ро барояш навишта, бо ҳазор узру маънй аз вай
барои чунин иштибоҳ пӯзиш хостам ва аз нав дилашро ба даст
овардам ва то имрӯз ҳар бор агар кудурате бо хамсарам ба миён
ояд, ҳатман ин сатрҳоро ба гӯшаш мехонам ва мо аз нав бо хам
оштй мешавем:

Фалакро баҳри лабханди ту таъмири дигар кардам,
Қамарро зери поят мегузорам, як табассум кун!

БОҚИИ РАҲИМЗОДА-
РАЙИСИ КЛУБИ «ДУГОНАҲО»

Мо намедонем, ки ин қиссаи ширини ошиқии Боқии Раҳим-
зода то чӣ андоза воқеият дорад, вале ин ҳақиқатро хуб медонем,
ки ишон дар айни ҳол райиси клуби симои Тоҷикистон-«Дуго-

30
наҳо» (вижаи бонувон) мебошанд ва ҳар ҳафта дар ҷойи ифтихо-
рй менишинанд ва ҳар гоҳ ки духтаре дар ягон соҳаи ҳунар ва ё
адаб (ба вижа хонуми ҷавон ва зебоеро, ки шеър мехонад ва
мегӯянд, ки бархоста аз наздикиҳои мавзеъ-зодгоҳи Раҳимзода
аст) ва ҳатто коргари ягон корхонаи бофандагӣ (нассоҷй) ё дӯзан-
дагй дар саҳнаи намойишӣ кори хуберо анҷом медиҳад, Боқй-
амак аз ҷой баланд шуда, ибтидо бо дасти рост диди айнакаи
бисёр бузургашонро танзим карда, вазнин-вазнин ба пешвози он
нозанин мераванд ва баъд сари он духтари зеборо бо даст шриф-
та, ба зӯр ба сӯйи хеш мекашанд ва дар пеши чашмони хосу ом ба
пешонӣ, гунаҳои аз шарм суп-сурхшуда ва рухсораҳои фаришта-
вори он париваш сахт-сахт бӯса мезананд. Ин бӯсаҳо дар малоъи
ом як одам ба худ маънй пайдо мекунад ва тафсирҳои гуногунеро
дар пай дорад. Боре дар як мулоқот кадом як донишчӯйи говҷигар
аз Боқии Раҳимзода чунин суол кард:

-Чаро шумо дар клуби «Дугонаҳо» ин қадар духтарҳоро бӯ-
самекунед?

Боқии Раҳимзода гӯё пешакӣ посухи ин суолро омода дар
зеҳн дошт ва медонист, ки чй бигӯяд, филфавр аз ин турфанд ис-
тифода кард:

-Ман онҳоро падарворона бӯса мекунам!

- Аҷаб бӯсаи падарворонае!

ЗИНҲОР БА РУСТАМ НАРАСЕД!

Табъи нозук ва зарифу шӯхи Мирзозода ҳамеша омодаи
посух гуфтан ба ҳар суол ва ё иттифоқи аҷибе буд. Нақл мекар-
данд, ки хонуми донишпажӯҳе (аспирантка) дар мавзӯи «Тасви-
ри зан дар «Шоҳнома»-и Фирдавсй» рисолаи таҳқиқотй мена-
вишт. Дар ҷаласаи ҳайати илмии Донишкада устод Мирзозода аз
он хонуми донишпажӯҳ дар мавриди ҷустучӯйҳои илмиаш суол
мекунанд ва мепурсанд:

-Таҳқиқоти шумо чӣ пешравие дорад ва дар кадом марҳала

аст?

-Бахши умдаи пажӯҳиш ба хубӣ пеш меравад ва ҳол ба Рус-
тами Дастон расидам...

31
-Э?! Зинҳор ба Рустам нарасед, ки масаъала хеле чидди
мешавад. Пештар Таҳмина ба вай расида буд...!

«АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ ВА РАҲМАТУЛЛОҲИ ...»

Яке аз дӯстонам ин рухдоди воқеиро накл кард, ки дар яке аз
рустоҳои кишвари сарсабзи мо рух додааст: Соли 1946 ё 1947
шахсе-қассоби таъовунии кишоварзй ҳар пагоҳй як cap ба идораи
таъовунй зада (рафта), аз он ҷой дастуроти лозимиро барои чанд
гӯсфанд забҳ кардан дар эҳтиёҷоти рӯзмарраи таъовунй, дарёфт
мекардааст. Роҳи ӯ аз майдони марказии идораи таъовунй мегу-
заштааст, ки он ҷой муҷассамаи зебои И. В. Сталин қомат рост
карда. Як пагоҳии барвақт ҳангоми убур аз назди мучассама ин
мард ба тарафи бути берӯҳу беҷони И. В. Сталин менигарад ва
чунин ба назараш мерасад ё худ дурусттар бигӯем, мепиндорад,
ки гӯё муҷассама ба вай бо тамасхур нигоҳ мекунад. Мард низ ба
тарафи муҷассама нигариста, шӯхиомез мегӯяд:

-Чй даҳонатро каҷ кардаӣ ва ба сӯйи мо менигарӣ?!

Вай ин суханро гуфт ва рафт дунболи корҳояш. Аммо шаб
ӯро дар манзилаш дастгир карданд ва барои чунин «чурми» сахт-
беэҳтиромй нисбат ба муҷассамаи доҳӣ ба Сибир фиристоданд ва
дақиқан даҳ сол бо соат ва сония маҳбас ва табъидро пушти cap
кард ва дар поёни соли 1956 ба ватанаш баргашт. Ҳарчанд он за-
мой дар Маскав мурдаи Сталинро аз Оромгоҳи Ленин дур ан-
дохта буданд, вале осори даврони сталинй дар зодгоҳи ин мард
идома дошт ва муҷассамаи И. В. Сталин низ ҳоло дар ҷойи пеши-
нааш барқарор буд. Рохи ӯ аз ҳамон майдони марказии таъовунии
кишоварзй, яъне аз назди мучассама мегузашт. Ин бор он мард
пеш аз убур аз назди мучассама худашро омода кард-дастонашро
бар рӯйи сина гузошт, каме нимқат шуд ва бо камоли эҳтиром
сарашро пойин овард, бо гӯшаи чашм ва бо як ҷаҳон муҳаббат ба
чеҳраи зебои мучассама чашм дӯхт ва ором-ором ба роҳ уфтод ва
аз самими қалб гуфт:

-Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, доҳии
муаззам!

32
ИН ДОСТОНИ ШИРИН ПОЁН НАДОРАД

Тоби сгони соли 2004 китоби нахустини «Достонҳои бузурги
хотирот»-«Қиссаҳои ширини айёми баччагй»-ро, ки нав аз чоп ба-
ромада буд, ба хузури муаллимаи меҳрубонам, оне ки маро савод
омӯхг ва дастамро дар навиштани хат рост кард, бурдам. Муалли-
ма Фаҳима Азизӣ бо камоли эҳтиром китобро аз дастам шрифт ва
пас аз назар андохтан ба чанд сахифаи он аз ман пурсид:

-Ёдат мео(я)д?! Як бор аз мактаб қаҳр кардй ва гурехтй ба
дашт-боғи падарбузургат ва ман дунболи ту рафтам?! Модарбу-
зургат-худораҳаматй Очаи Биби(а)нор вақте маро диданд, ки аз
чй роҳи дуре ба дунболи ту омадаам, чй қадар ашк рехтанд ва бо
ҳасратгуфтанд:

-Духтарам! Ту арӯси бачилла ҳастӣ, чаро худатро ба азоб
андохта, ин қадар роҳро тай карда, ба ин ҷойҳо омад?! Одамҳо ин
аҳволи туро дида, чй мегӯянд?! Оё ин бача арзиши ин заҳматҳои
туродорад?!

Муаллима пас аз каме сукут суханашро ин тавр идома дод:
-Маълум шуд, ки иштибоҳ накардаам. Агар ҳамаи дарди-
сарҳои барои мо, муаллимон, дуруст кардаатро танҳо дар давраи
таҳсили ибтидой дар китоб нависй, ба фикрам, достонҳои ту поён
нахоҳад ёфт...

33
ЁДЕ АЗ ЛАТИФИ

ПАРТОБҲОИ АТОМИ БА ФОЗИЛОБ!

Дар як ҷаласаи муштараки нерӯҳои мардумй (соли 1989)
дар мавриди партобҳои атомӣ, ки сарзаминҳои тоҷиконро ба
гӯристони хеш табдил додааст ва пешгирй аз ин амали нобарҷойи
созмонҳои махуфи иттиҳод сухан мерафт. Кадом як ақлаке садо
баланд кард ва чунин пешниҳод дод:

-Ман пешниҳод дорам, ки партобҳои атомиро бо об омехта
карда, баъд ба маҷрои фозилоби (обпарто, ахлотпартоб, яъне “ка-
нализатсия”) Душанбе бирезем (ҳамроҳ кунем), ба ҳеҷ кас зарар
намерасад!

Ин ҷо буд, ки устод Латифй айнакро бо аҷала аз чашмашон
бардошта, ба тарафи он шахе нигаристанд ва дар холе ки аз шид-
дати ҳаяҷон нафрати худро нисбат ба ин «пешниҳод» базӯр нигаҳ
медоштанд, чунин гуфтанд:

-Чй?! Шумо мехоҳед мардумй Душанбе бе к..ру бе к..
монанд?! Ҳамаро мехоҳед ахта кунед?!

ШАХСИ СЕВВУМ-ЗИЁДЙ

Мақолаамро дар мавриди пайвастагии андешаҳо (истим-
рор, тадовум), диншиноей ва фарҳанг мустақим ба идораи рӯзно-
маи «Правда» бурдам. Онро бе ҳеҷ қилу кол барои чоп пазируф-
танд. Танҳо як риволи идорӣ боқй монд: бояд хабарнигори рӯз-
нома дар Тоҷикистон-устод Латифй таъйид мекарданд, ки мақо-
ла ба сиёсати Ҳизби коммунист дар ин минтақа мухолиф нест.
Аммо устод Латифй бо сад баҳона мақоларо аз нашр боздоштанд.
Ҳашт сол пас аз гузашти ин воқеа сабаби чунин рафторашонро
пурсидам. Хомӯш монданд ва пас аз андешаи тӯлонӣ бо садои
маъсумона гуфтанд:

-Мо Д. X. ва А. Т.-ро пешвои Тоҷикистон кардан мехостем.

34
Табиист, ки дар чунин шароит, шахси севвум зиёдатист ва ман аз
чопи мақолаи шумо дар рӯзномаи “Правда” пешгирй ба амал
овардам.

-Ман, ки даъвои пешво шуданро надоштам?

-Дар ҳар сурат номатон ба забои меафтод ва шӯҳрат пайдо
мекардед ва нақшаи мо ба ҳам мехӯрд. Мутаассифам.

ҒАРҚНАШАВАНДА

X. Б. Ҳ...В дар давраи нави ҳукуматдорй боз дар рикоби
мансаб монд ва ҳатто узви Комиссиони оштии миллй шуд ва дер-
тар боз ба мақоми сарварии вазорат расид. Устод Латифй бо хан-
даи ба худ хос дар ин маврид гуфтанд:

-Ин бача ғарқнашаванда аст! Дунёро об барад хам касе ба
вай кордор намешавад, доманаш тар бошад хам хама мегӯянд:
«хушк аст». Дар Растохез хам мақом пайдо кард-муовини Тоҳири
Абдучаббор шуд ва аз он ҷо париду дар замони Маҳкамов муови-
ни вазир шуд, дар замони Набиев ҳам дар мансабаш боқӣ монд ва
ба доди ҳеҷ бедодй нарасид, ҳол ҳамчун ... боз дар сари вазифа
аст. Ё тавба! «Ин мазори бешафоат» ҳамаро ба гӯр мефиристаду
худаш зинда мемонад! Пушташ (яъне пуштибонй) дар ҳақиқат
зӯрбудааст!

ОН ЗАМОН КӢ ҲАВСАЛА ДОР АД?

Пас аз ба озодй баромадан дар шаҳри Ишқобод-пойтахти
Туркманистон ҳангоми музокироти байни мухолифин ва
намояндагони давлати Тоҷикистон (моҳи декабри соли 1995) бо
устод Отахони Латифй дар меҳмонхонаи «Ахал» вохӯрдам. Он
рӯзҳо тарҳи пажӯҳиши тозаро дар даст доштам бо номи «Таърихи
шифоҳии мардуми тоҷик». Аз устод хостам, ки нахустин гуфту-
гӯро бо он кас анҷом бидиҳем. Устод бо каме ноз ба ман гуфтанд:

-Ҳоло вақт нест. Умуман ман ҳавсалаи гуфтугӯро надорам.
Ягон замон майли ran задан пайдо шавад, ба шумо хабар медиҳам.

-Вале он замон шояд ман ҳавсалаи гуфтугӯро надошта бо-

шам.

35
ЧАРО «ҚУЛ» МЕГУЯНДУ ДАСТ НАМЕДИҲАНД?

Устод Латифй аз ҳарфҳои ҳаррӯзаи мардум дар Теҳрон, ки
дар поёни ягон муомила ба ҳамсӯҳбат ва ё рафиқи худ мегуфтанд:
«қувл медиҳам» (яъне ваъда медиҳам, қавл, қувл медиҳам) сахт
тааҷҷуб мекарданд:

-Ҳамаашон бо садои баланд мегӯянд, ки «қӯл (яъне «даст»)
медиҳам», вале ҳеҷ гоҳ ба тарафи шахси дигар даст дароз намеку-
нанд. «Қӯл»-ашон қам мавриди эътимод нест. Аҷаб одамгарие!

«СИФР ТАВАҶҶӮҲ»

Дар меҳмонхонаи «Ахал»-и Ишқобод-пойтахти Туркма—
нистон устод Латифй барон худ ҷойи нишаст намеёфтанд. Худ ба
забон омаданд:

-Навакак аз Душанбе писарам ... занг зад. Чанд нафар ба
вай тахдид кардаанд. Ба қудоям ... ин хабарро расондам ва гуф-
там, ки писарам ... домоди ту ҳам ҳаст. Аммо вай ба ин хабари
даҳшатнок ҳатто таваҷҷӯҳе ҳам накард, сифр таваҷҷӯҳ («ноль
внимание»).

ГУМОН

Дар Теҳрон сумка(киф)и устод Латифиро дар яке аз хиё-
бонҳои шулуғ (пуртараддуд, серодам) мототсиклетсаворе зад
(дуздид). Ин қабил дуздй дар Теҳрон бисёр ройиҷ аст ва ҳатто ба
як шуғли пурдаромад мубаддал шудааст ва ҳар рӯз дар ахбори
рӯзномаҳо дахдо маврид аз ин иттифоқ нақл мешавад. Аммо ус-
тод ба дуздии сумкаашон ранги сиёсӣ доданд:

-Ҳатман ин кори амниятиҳост, онҳо барои донистани фик-
ру зикри ман сумкаамро дуздиданд.

Муддате пас кифи устодро дар байни дигар моли масруқа
(ба сирқат рафта, дуздида) пайдо карданд ва барояшон баргардо-
ниданд. Хеле тааҷҷуб карданд ва гуфтанд:

-Дар шӯравй ҳеҷ чизи дуздидаро барнамегардониданд.
Дуздҳои ин ҷо баинсоф будаанд, пулро мегиранду дигар чизро
бармегардонанд.

36
ЧИ ТАВР БАР САРИ ХРУШЧЕВ
КУЛОҲ ГУЗОШТАНД?

Устод Латафӣ аз рухдод(воқеа)ҳои нодир ва аҷибуғариби
олами рӯзноманигорй, ки иттифок афгода, хотироти зиёде дош-
танд, вале ин якеро хеле бонамак медонистанд ва нақл мекар-
данд:

Ҳайати хизбӣ ва Ҳукуматии шӯравӣ бо сарварии Н.С.Хруш-
чев аз сафари кадом як кишвари хоридй ба Маскав баргашт. Дар
фурудгоҳ пас аз пешвозгирӣ (истиқбол) аз онҳо акси хотиравй ги-
рифта шуд ва он дар рӯйи мизи сардабири рӯзномаи «Правда»
қарор гирифт, то дар шумораи оянда чоп шавад. Чун акс бояд дар
саҳифаи аввали рӯзнома чоп мешуд, яке аз аъзои ҳайати таҳ-
ририя ба он чунин эрод гирифт:

-Чаро дар акс хама аъзои ҳайати ҳизбй ва ҳукуматй дар cap
кулоҳ доранд, вале Никита Сергеевич Хрушчев сарлуч (сарлухт,
бекулоҳ)аст?

Дигарон низ ин эродро ба акс ворид донистанд ва рассоми
рӯзномаро даъват карданд, то ӯ ба онҳо дар рафъи ин мушкил кӯ-
мак намояд. Рассом низ бедаранг гуфт::

-Мушкиле нест, ман дар як они воҳид як кулох барои сари
Никита Сергеевич дуруст хоҳам кард.

Рассоми чирадасти рӯзнома даст ба кор шуд ва ба акс Таган-
рога лозимро ворид сохт. Фардо акси дасткоришуда дар рӯзнома
чоп шуд, ки рассом бар сари тоси (качал) Н. С. Хрушчев кулох
дуруст карда буд. Аз Кумитаи марказии Ҳизби коммуниста Ит-
тиҳоди шӯравӣ ба идораи «Правда» занг заданд ва ба чопи акс
сахт эрод гарифганд ва бо кароҳат чунин гуфтанд:

-Шумо, каллапӯкҳо, дар идораи рӯзнома ба чй кор машгу-
лед? Чарой дигарон дар акс як кулох доранд ва Никита Сергеевич
ду кулох дорад: яке дар даст ва дигаре дар cap?

37
ДАМЕ БО ЛОИК

НОЗ ВА СЕҲР

Ин рубоии устод Лоиқ:

То чанд ту бо гузаштагон менозй,

Бо Рӯдакию баҲофизи Шерозӣ.

Вақт аст сари минбари озоди сухан,

Хайёми дигарҲофизи дигар созӣ,

дар кадом як рӯзнома чоп шуд ва шӯру валвала байни дониш-
ҷӯён, ба вижа гурӯҳи мо, бар пой кард. Ҳама ба кадри дониши худ
ба тафсири он мепардохтанд. Аммо Мирзосалими Амин бетафо-
вут ба ҳамаи баҳси дигарон ин рухдодро нақл кард:

-Дирӯз дар боғи фарҳанги шаҳр китобчаи «Илҳом»-и Лоиқ-
ро дар даст доштам ва мехондам ва намедонам чӣ қадар таҳти
таъсир қарор шрифтам, ки беихтиёр ҳангоми мутолааи он чанд
бор гиристам. Охир, ин ашъори Лоиқ чӣ сеҳр дорад?! Аз баҳри
худо ба ман бигӯед, рафиқон!

Ҳама баҳсро дар мавриди рубой канор гузошта, сари ин
муаммо ғарқ дар андеша шуданд.

«ҲАМ ШУМО ВА ҲАМ МАРО ХОҲАНД КУШТ»

Китоби «Падидаҳои худшиносӣ»-ро, ки дар баҳори соли
1989 ба поён расонидам, бо хоҳиши худи устод Лоиқ барои муто-
лаа дар ихтиёрашон қарор додам. Даҳ рӯз пае занг заданд ва қаро-
ри мулоқот гузоштем. Дастнависи китобро ба ман бозпас доданд
ва гуфганд:

-Агар ман китоби «Падидаҳои худшиносй»-и шуморо дар
маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп кунам, «фарзандони фарзонаи ин
миллат» ҳам шуморо хоҳанд кушт ва ҳам маро!

38
ЧАРО «СОМОН»?

Бунёди забони тоҷикй (форсй) дар мавриди номи нашрия бо
андешамандон ва соҳибназарон машварат орост ва ҳатто ба мар-
дум муроҷиат кард. Дар ниҳоят қарор бар ин шуд, ки номи наш-
рияро «Сомон» гузорем. Устод Лоиқ бо нигаронй аз ин ном гуф-
танд:

-Ҳатман нотавонбинҳо хоҳанд гуфт, ки номи писарашро ба
нашрияи Бунёди забои гузошт. Охир, номи писари ман «Сомон»
аст.

имзо

Раёсати Бунёди забои тасмим гирифт, ки рӯзномаи (ҳафта-
нома) «Сомон»-ро дар Кумитаи табъ ва нашр ба сабт бирасонад.
Устод Лоиқ касолат доштанд ва мо маҷбур шудем, санадхои ло-
зимро омода ва танзим (дуруст) карда, ба он Идора бифиристем.
Зери ҳамаи ҳучҷатҳо имзои ман буд. Рӯзи баррасии салоҳиятҳо
ва судури муҷаввиз маро ба чаласаи Кумита даъват карданд. Яке
аз раҳбарони Кумита аз ман пурсид:

-Кй сардабири рӯзнома мешавад?

-Ман намедонам. Интихоби сардабир дар салоҳияти Раёса-
ти Бунёди забои аст, ҳар касро, ки Раёсат интихоб кунад, ӯ сарда-
бир хоҳад шуд.

-Шумо аввал сардабирроо интихоб кунед, баъд рузномаро
бақайд мегирем.

Бо сари хам ба коргох баргаштам ва хабари нокомиро бо
телефон ба устод Лоиқ дар миён гузоштам. Устод аз ин нокомй
каме нороҳат шуданд ва пас аз сукути тӯлонй ба ман гуфтанд:

-Аз Кумитаи табъу нашр ба ман занг заданд ва дар ин
маври д хабар доданд...

Пас аз як ҳафта ҳуҷҷатҳои рӯзномаро аз нав бо имзои устод
Лоиқ омода кардем ва пешакй Дорой Наҷотро сардабир интихоб
намуда, боз ба Кумитаи табъу нашр фиристодем.

Моро ба чаласаи Кумитаи мазкур даъват карданд. Бо устод
Лоиқ ба он чой рафтем. Ба интишори рӯзномаи (ҳафтанома)
«Сомон» рухсат доданд, «лом» он тараф истад, ҳатто «мим» на-

39
гуфтанд. Хурсандона аз ошёнаи дуввуми бинои Кумитаи табъу
нашр берун омадем. Дар пойин, устод Лоиқ маро аз роҳравӣ
нигаҳ доштанд ва каме бо озурдахотирй гуфтанд:

-Имзо! Аз имзои шумо дар пойини ҳуҷҷатҳои нашрия
тарсида, дафъаи нахуст ба мо иҷозати (муҷаввиз) нашрро надо-
данд. Ҳадсашон ин буд, ки шумо сардабирии «Сомон»-ро ба даст
мегиред. Худи райисаш ба ман занг зада, ҳамин хел гуфт. Ҳоло бо
имзои ман бе ҳеҷ мушкил ба нашрия иҷозат доданд. Тфу, бар ин
чархи нагун!

ҲУНАРИ ИШҚВАРЗИ

Аз хиёбони марказии шаҳр рад мешудем ва барои сари вақт
расидан ба ҷаласае шитоб доштем. Ногоҳ устод Лоиқ як лаҳза ба
тарафи духтари зебое майл пайдо намуданд ва чашм аз вай
намеканданд. Садояшон кардам:

-Устод! Ба ҷаласа намерасем, дер мешавад. Нишонй ё шу-
мораи телефонро барояш диҳед, ҳатман дунболатон меояд.

-Шумо ҳунари ишқварзиро намедонед. Аввал бояд як нигоҳ
кард, баъд бо чашм бояд эҳсоси худро баён намуд ва, сони,
таноби ишқро каме халта ва шояд барои муддате раҳо кард ва он
вақт аст, ки духтар дунболи одам меояд. Бо «ҳалво» гуфтан, ки
даҳон ширин намешавад, бародарҷон!

БО ШУМО ДУ КОРРО НАМЕШАВАД КАРД!

Устод Лоиқ сармохӯрдагӣ доштанд ва дар манзил кор
мекарданд. Барои чанд ҳуҷҷат имзои ишон лозим буд. Ночор ба
манзилашон занг задам. Гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳоро барои имзо наз-
дашон биёварам. Рафтам. Аз даҳани дар пешвозам гирифтанд ва
дар хонаи (утоқ) корӣ бо ҳам ҳуҷҷатҳоро аз назар гузарондем.
Дар ҳуҷҷатҳо ҳеҷ камбудие ҷой надошт. Устод бо хушҳолй ба
ҳуҷҷатҳо имзо гузоштанд ва гуфтанд:

-Бо шумо хама корро мешавад кард, илло ду.

-Кадомду?!

-Бо шумо ба гулбозӣ (духтарбозй) рафтан ва арақ нӯшидан
намешавад!

40
ЯК РУБОИ=ЯК МАНЗИЛИ НАВ

Дарҳафтаномаи «Огонёк» (1987, № 14)номиодамоне,киаз
роҳи шиносу ошнобозӣ ва ғайриқонунӣ дар Душанбе соҳиби
манзил шудаанд, ба чоп расид ва дар радифи онҳо аз устод Лоиқ
низ сухан мерафт. Боре устод аз он таърих ёд оварданд ва бо заҳр-
хандагуфганд:

-Ноҳақ навиштааст. Ман бар ивази як рубой ин манзилро
дарёфт кардам. Боре ба кадом сабаб, ба эҳтимоли зиёд баррасии
масъалаҳои адабй ва маишатии адибон буд, моро ба хузури Рахмон
Набиев хонданд. Дар поёни ин дидор Набиев аз ман пурсиданд, ки
чй хохишс аз ишон дорам. Ман шарм доштам, ки дар мавриди ша-
роити зиндага бо он кас ҳарф бигӯям. Бадоҳатан як рубой навиш-
там ва рӯйи мизи он кас гузонггам ва берун шудам. Муддате аз ин
рухдод сипарй шуд, маро даъват карданд ва санади хона (ордер)-ро
бароям доданд. Посухи он нотавонбинҳоро дар мавриди хона
гирифтанам бо ин сатрҳо дар шеъри «Хонаи шоир» баён намудаам:

Хонаи крнунй наборам ман,

Чунки ман берунам зи цонущо.

Хонаи к/онуним буди, агар
Будаме омада зи берущо...

Шоире цонуне намешиносад,

Г арчи бошадҳамеша дар қайде.

Аҳли байташ гурусна ҳам мирад,

Меху рад бозҳам вами байте.

Шоироне гарибу бехона

Дар гузашта чй бас фузун буданд.

Баски буданд дар вами мардум,

Баски мавлою зӯфунун буданд.

Шоирон бас фақиру бекасукӯй,

Балки бе гӯру кафан мурданд,

Лек дархидмати замон буданд,

Лек дар ҳасрати Батан мурданд.

41
Шоире, ки гами ҷаҳон дорад,

Хонааш ошёнаи дилҳост.

Ғами шоир чӣмехӯрӣ, эй дун,

Хонаи шоирон ҳама дунёст!

Ханда мегирадам, кимепурсанд
Одамон вазъи хонаи июир-
Пеши рӯшон китоби тозаиӯ,

Дарзабонашон таронаи шоир.

Ханда мегирадам, кимеханданд
Одамон хонда шеъри варо,

Лек аз чист, ки намегирянд
Дида сад дарди бедавои варо?...

Хайр бошад, чӣ ҳам тавонй кард?

Ин мабодо зи бад батар гардад.

Ин мабодо барои вусъати шеър
Хонаи танг тангтар гардад.

Сабзбахтам, ки листам ошиқ
Берун аз фиребузи ҳар шайде.

Ҳайф, садҳайф, ки наарзидаанд
Байтҳоям баҳимати байте.

Лек шодам, ки байтщо дорам.

Аз ду-се обкӯр боке нест.

Лоиқ ар пестам ба байти шумо.

Дар ягон байти хеш хоҳам зист!

Худ надонам зи кй суол кунам,

(Гарчи фарцомиумри ман дур аст )

Хонаи қонуним агар ин нест,

Хонаи крнуним пас гӯр аст?

(Садои Шарқ, 1990, №9)

Лоиқ бо дили бузург ва эҳсоси шоирона дарк карда буд, ки
нотавонбинон дар ин дунё ва ҳатто пас аз маргаш ҳам ором
намегузоранд ва ба сурурдани симфонии марг аз он солҳо cap

42
кард ва бо суоли «Хонаи қонуним пас гур аст?» мехост аз он ҳама
баҳсҳои бемаънӣ ва бепоён дурй бигирад. Бисту се сол пеш аз
фаро расидани марг дар қитьае бахшида ба сӯги равоншод Маҳ-
мудҷони Воҳид (вақте ки ӯро дар Бағдод куштанд - 7.11.1977)
навиштабуд:

Як ту тащо намурдй дар Багдод,

Бо туман низгӯиёмурдам.

Охирин ашъораш, ки дар онҳо ба такрор аз марг сухан
меравад, шояд аз он даврон сарчашма гирифта бошад. Зиндаши ӯ
байни фарҷоми ҷанг ва интизории марг рӯ ба ғуруб ниҳод ва
шояд ин байт нуқтаи таммати он аст, ки худаш фармуд (ва як
ҳафта пеш аз марг хонд):

Ҷангро нозам.

.......... Марсияи Хуршед. Маскав, 2001, с. 337.

ИФТИХОРИ НАБИЕВ

Дар ҷашни панҷоҳсолагй устод Лоиқ маъракае оростанд, ки
ба он Раҳмон Набиев низ ташриф овард. Рӯзе чанд пас аз маърака,
сари забони устод ин ҳарф рафт:

-Раҳмон Набиев ба маъракаи панҷоҳсолагиам омад ва пиё-
лаи пур-пури арақро ба даст шрифт ва гуфт:

-Агар барои ба Лоиқ манзил тӯҳфа карданам, ба ман ҷазои
ҳизбӣ дода бошанд, ин як ифтихор аст.

НАҲС

Интихоботи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи нояб-
ри соли 1991 ба суди Раҳмон Набиев ба поён расид. Устод Лоиқ аз
ин натиҷа бисёр дилхунук шуда, бо асабоният гуфтанд:

-Ин... дар ҳақиқат наҳс аст. Ба Мӯмини Қаноат наздик шуд,
вайро аз райисии Иттиҳодияи адибон дур андохтанд. Бозорро
таърифу тавсифи беандоза кард, ин бечора ҳам аз шоирй ба пил-
лаи сиёсат париду ҳамаро бо ҳам омехта, охиру охирон назму

43
сиёсатро баҳам зад. Ба Акбари Турсон ҳамнишину қарин шуд,
ҳамагон ба он файласуф ба душманй бархостанд ва аз курсив
сарвари Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улум ка-
нор заданд. Ёвари ман шуд (устод намояндаи мардумй дар пар-
лумони Иттиҳоди шӯравӣ буданд) Иттиҳоди шӯравй барҳам
хӯрд. Ба Д. X. «одами боваринок» шуд, ин бахтбаргашта ҳам раъй
наёвард. Наҳс, сад дар сад наҳс.

«АБДУЛЛОҶОНОВ ОДАМИ НАҒЗ»

Номи вазири маҳсулоти ғалла Абдумалик Абдуллоҷонов
дар рӯзномаҳои «Сухан» ва «Чароғи рӯз» ва ҳатто дигар нашрия-
ҳо ба тасвири манфй мубаддал шуд. Боре устод Лоиқ дар ин мав-
зӯъ сухан оғоз карданд:

-Абдуллоҷонов одами нағз, бархе аз қаламбадастҳо бехуда
ҳар хел ҳарфҳои дурӯғро дар борааш менависанд. Ба наздикӣ Аб-
дуллоҷонов ба ман гуфт, ки «агар Мирбобо аз Бунёди забон бе-
рун равад, ман ба суратхисоби созмони шумо дусад ҳазор сӯм пул
мерезам (мегузаронам)». Агар Шумо аз ин ҷой аз кор равед, мо
соҳиби дусад ҳазор сӯм пул мешавем!

АЛО, ШЕЪРИ АҶАМ!

Аз кишвари сардсер ва ба тамом барои ховариҳо номуно-
сиб-Шветсия (Суед) меҳмонони гарме доштем, ки ҳамаи онҳо
дар дори ғурбат ба cap мебурданд, яъне эрониҳое, ки бо амри
сарнавишт ҳоло дар он сарзамин зиндагиро ихтиёр кардаанд.
Аксар донишҷӯй буданд ва сарвари онҳо донишманди бисёр
хушсухан киёи Хусравй. Қарор бар ин шуд, ки дар тарабхонаи
«Душанбе» барои хӯроки пешин (наҳор) аз онҳо пазироӣ шавад.
Дастурхони хубе омода шуд ва меҳмонон ҳам сари вақт ташриф
оварданд. Устод Лоиқ низ сари суфра ҳозир шуданд. Пас аз «хай-
ра мақдам», сарфи наҳор ва сӯҳбати мухтасар, навбат ба шеър-
хонй расид. Ҳамагон аз устод Лоиқ хостанд, то ашъори худро
бихонанд. Устод аз сари миз бархостанд ва ҳини баланд шудан аз
ман, ки дар канорашон нишаста будам, оҳиста пурсиданд:

44
-Кадом шеърро барояшон бихонам хуб аст?

-Ҳамон шеъреро, ки бо мисраи «Ало, шеъри Аҷам фардо
маро ту зинда хоҳӣ дошт», оғоз мешавад, хонед беҳтар аст.

Садои ширадор ва хоси устод Лоиқ, ба дару девори тараб-
хона бархӯрда, акси он дар дилу гӯшҳо танини ғаму андӯх ва ҳас-
ратҳои шоирро бозгӯйй мекарданд ва сомеъон ба пайкар (ҳайкал)и
логар ва дар ин лаҳзаҳо ба сони кӯҳи Албурз побарчой, устувор ва
cap ба боло кашидаи ӯ менигаристанд ва ашкҳо аз нахустин ҳарф-
ҳо дар чашмҳо ба чӯш омада, омодаи фурӯ рехтан шуд:

Ало, шеъри А цам, фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт,
Ало, шури дили дунё, маро ту зинда хоҳӣ дошт.

Ба зери сангҳои собиту сайёри гардунҳо
Ало, Албурзи побарцо, маро ту зинда хоҳӣ дошт.

Басо шеъри тари дунё, бувад андарлаби дарё,

Ало, шеъри тари дарё маро ту зинда хоҳӣ дошт.

Ҳанӯз байти севвуми шеър ба поён нарасида, садои гиря ва
оҳи сӯзони дили бародарони гарибу дилозурда аз Ватан баланд
шуд ва устод як лаҳза бо тааҷҷуб ба аҳли меҳмонй ва баъд ба тара-
фи ман нигаристанд. Зери савти шеъри устод ва бо дидан ва дарки
ашкҳои ба рухсораҳои гули бародарони эронй сарозер шуда ва
эҳсоси рақиқи онҳо ашкҳои худро низ нигаҳ дошта натавонис-
там ва омодаи зор-зор гиристан будам. Устод Лоиқ пас аз дидани
ин манзараи ҳузнбарангез дар чеҳраи ман ибтидо каме даступо
хӯрданд ва бо пок кардани обу арақ ва порае аз ашк бо
дастрӯймол аз сурати хеш ба хондани шеър идома доданд:

Агар лак-лак дили покем, як-як дар дили хокем,

Ало, фарши зи арш авло, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Дилам рӯзе агар аз дарди шеъру ишц мемирад,

Ало, ишқи ҷаҳоноро, маро ту зинда хоҳӣ дошт.

Сухан пайдову нопайдои ҳар халқи сухансоз аст,

Ало, пайдову нопайдо, маро ту зинда хоҳӣ дошт.

Ало, Девони Ҳофиз, ҳофизам бошӣ зи ҳар марге,

Ало, Девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳӣ дошт.

45
Сукути комил ва чавви (яъне “атмосфера”) тамоман ҳай-
ратоваре дар фазой толори кӯчаки тарабхонаи «Душанбе» хукм-
фармо буд. Ашкҳои меҳмонон рӯйи дастурхон ва табақчаҳои
хӯрок мечакид...

Чанд рӯз пас аз ин меҳмонй устод Лоиқ аз ман пурсиданд:
-Чаро шумо хостед, ки ман маҳз он шеърро дар хузури
меҳмонон бихонам?

-Ин эхсос ба ман даст дод, ки худро як лаҳза дар ҷойи он
бародарони ғариб тасаввур намоям ва иштибоҳ накардам.

-Дуруст аст, ки иштибоҳ накардед, вале маро он чй ба хай-
рат овард, ин масъала буд, ки шумо аз кучо дарк кардед, ки ман
ҳам мехоҳам ҳамон шеърро барои онҳо бихонам?!

МО БО ШЕЪРИ ЛОИҚ БУЗУРГ ШУДЕМ!

Лозим омад посухи суоли устод Лоиқро бигӯям:

-Дакиқ ёдам нест, кадом сол буд -1979 ё 1980, вале ин нукта
дар ёдам ҳаст, ки шумо дар даҳаи адабиёт ва ҳунари тоҷик дар
Тошканд ширкат доштед ва навбати шеърхонй ба шумо расид.
Он сол ман дар кӯчаи ба номи Нахимов (64/8)-хобгохд Фарҳан-
гистони улум зиндагонй мекардам ва пахши бозгушоии (ифтито-
ҳия) он даҳаро аз симо(телевизион)ҳои Тошканд ва Душанбе ба
тури зинда (мустаким) дастаҷамъӣ тамошо мекардем. Вақте но-
ми шуморо эълон карданд ва омодаи ба рӯйи саҳна рафтан шу-
дед, мо бо бачаҳо шарт бастем, ки ҳоло Лоиқ кадом шеърро хоҳад
хонд. Ман бо боварии сад дар сад гуфтам:

-Лоик шеъреро хоҳад хонд, ки бо мисраъи «Дар миёни кӯҳ-
сорон сахтҷонам зодаанд», cap мешавад.

Шумо дар рӯйи сахла ҳозир шудед ва ба баланда ва дуриҳо на-
зар дӯхтед ва бисёр озод ва зебо ва дақиқан хдмин тур шурӯь кардед:
«Дар миёни кӯҳсорон сахтҷонам зодаанд...»

Устод Лоиқ чанд сония хомӯш монданд ва пасон бо оҳанги
хеле ором ва самимй гуфтанд:

-Дигар ин эҳсосро ба ман мунтақил насозед.

-Охир, мо бо шеъри Лоиқ бузург шудем ва ин Лоиқ буд, ки
дар рӯҳи миллии тоҷикон ва рӯшанфикронаш нафаси тоза дамид!

46
РОНАНДА

Бунёди забои саворй надошт ва фурсати хариди он низ фаро
нарасида буд. Зарурат пеш омад ва ночор устод Лоиқ пушти фар-
мони «Волга»-и шахсии худ нишастанд ва ба сафари якрӯзаи
Қӯрғонтеппа рафтем. Ҳангоми ронандагӣ юҳо ба хилоф роҳ ме-
доданд. Чанд бор ҳушдор додам, ки шояд дар ин масир на ҳамаи
нозирони роҳ ишонро мешиносанд ва барои суръати баланд
дарима мешавем. Устод бепарво гуфтанд:

-Калони (райиси) Идораи полней роҳро мешиносам. Парво
накунед.

Баногаҳ дар даромадгохи шаҳри Қӯрғонтеппа нозири ҷаво-
не савориро нигаҳ дошт. Устод аз саворй пиёда шуда, ба назди
нозири роҳ рафтанд. Дидам, ки таъхир карданд, калидро аз қуфли
саворй бардошта, ба дунболи устод шитофтам. Нозири ҷавон бо
ҷиддият ба устод қоидаҳои роҳ ва ронадагиро шарҳ медод ва ба
қеҷ шарт розй набуд, гувохиномаи ронадагиашонро пае диҳад.
Ноилоҷ вориди баҳс шудам ва бо ҷиддият гуфтам:

-Иштибоҳ аз банда cap зад. Ман ба ин кас гуфтам, ки бо сур-
ъати бештар ҳаракат кунанд, то ба мачдис дер намонем. Мо хеле
ачаладорем.

-Охир, ронанда ин кас, на шумо?

-Медонед?! Мо барои ширкат ба мачлиси кумитаи вилоятии
ҳизб (обком) даъват шудаем ва ин ҳам шумораи телефони мун-
шии кумитаи вилоятии ҳизб, метавонед занг зада, аз худашон
пурсед. Ман муовини райиси Бунёди забони тоҷикӣ-Мирбобои
Мирраҳим ҳастам ва бо шоири фарзона ва ягонаи миллати тоҷик-
Лоиқ Шералй, ки райиси ин Бунёд мебошанд, як ҷо кор мекунем.
Агар ба мачдис дер монем, масъала душвор мешавад. Масъулия-
таш бар дӯши шумост.

-Хайр, хамин масъаларо барвакгтар намегӯед, муаллим. Бе-
худа шуморо овора кардам. Мебахшед, роҳи сафед (сафар ба хайр)!

Устод гувохиномаи ронандагиро аз дасти нозири роҳ пас
гирифта, ба ҷайбашон гузоштанд ва сари роҳ ба ман гуфтанд:

-Ҳамин фикри хуб дар саратон будааст, чаро зудтар амал
накардед?

47
-Ман тарсидам, ки Шумо «магар ман ронандаи ту» гуфта
нороҳат мешавед ва шояд ҷанҷол ҳам барпо кунед. Охир, дили
шоир мардум бисер нозук ва зудранҷ аст!

Устод хеле хандиданд ва гуфганд:

-Ҳоло хоҳ нохоҳ ман ронандаи Мирбобо шудам...

«ИН ЗАНГ ВА ИН ЗАН БАРОИ ШУМО»

Ҳар гоҳ дар ҳуҷраи корй, садои занги телефон баланд ме-
шуд, ман гӯширо бардошта, пас аз саломуалейк аз корафтодаҳо
(муроҷеъин) суол мекардам, ки ба кй кор доранд. Хонумҳо аксар
вақт устод Лоиқро мепурсиданд. Ногоҳ як бор дар тамоми ин
муддат хонуме маро пурсид ва, мутаассифона, гӯширо устод
бардошта буданд. Он кас пас аз пурсупоси ахли хонавода ва бача-
ҳо ва каме ист ба тарафи ман нигаристанд ва маънидор чашмак
зада, чунин фармуданд:

-Ба фикрам, ин занг ва ин зан барои шумо!

Баъд каме микрафони гӯширо бо даст пӯшонида, бо табас-
сум илова карданд:

-Муборак бошад!

Гӯширо ба даст шрифтам ва аз он сӯйи хат садои ҳамсарам
баланд шуд, ки хабар аз ташрифи ногаҳонии меҳмонон дод. Би-
лофосила ба устод гуфтам:

-Ин зан-хонумам, ба хона меҳмон омадааст. Бояд баъди кор
ба бозор рафта харид кунам, на ягон гулбозй!

-Хайр як бор шӯхй кардем, осмон ба замин наафтод...

КЕНҶАЕВ-ХУБ. КЕНҶАЕВ...

Дар шрдиҳамойиҳои моҳҳои сентябр ва октябри соли 1991
ман ба иштибоҳ пас аз дигарон як хатчаеро дар бораи Кенҷаев
қироат кардам, ки ба сэрам хеле балоҳо овард. Бо шикояти Кенда-
ев додситони кулл-Ҳувайдуллоев аз рӯйи он хатча нисбат ба ман
парвандаи диной боз кард ва як бозраси бисер зубда ва нисбат ба
банда бисер бадбин бо номи хонаводагии як хӯроки суннатии
русй масъули ин кор шуд ва ҳар рӯз маро барои бозпурсй ба идо-

48
рай додситонии шаҳрӣ фаро мехонд.

Устод Лоиқ нахустин рӯзе, ки ин кор рух дод, дар бинои
Шӯрои Олй ҳузур доштаанд ва садои қироати хатчаро шунида-
анд. Он замон устод Лоиқ ба Кенҷаев сахт алоқаманд буданд ва
ӯро яке аз пешвоёни бузурги миллат мепиндоштанд. Маро тавас-
сути як одами шинос (ошно) дар Майдони Озодй ҷустуҷӯй, пайдо
ва ба ошёнаи якуми бинои Шӯрои Олй даъват кардан д. Ба шиддат
аз ман нороҳат буданд ва ғазабашонро нигаҳ дошта натавониста,
канда-канда сухан гуфтанд:

-Кй ба шумо иҷозат дод, ки ин хатчаро хонед?! Дигарон хон-
данд, ҳеҷ кас эътино накард, шумо хондед, ҳама фаҳмид. Кенҷаев
одами хуб, ҳаққи пешво шудан ба ин миллатро дорад. Шумо вай-
ро хароб кардед. Додамро ба кӣ гӯям?! Ман барои эътибор пайдо
кардани вай чӣ кадар заҳмат кашидам ва шумо ба як бор хамаро
барҳамзадед!

Хомӯш мондам, чизе намешуд гуфт. Ҷанҷол бармехест ва
шояд устод аз ман боз сахттар меранҷид. Панҷ моҳ кашмакаши
додгоҳӣ идома дошт ва ман бо хоҳиши устод Лоиқ ва маҳз ба хо-
тири он кас омода будам, то аз Кенҷаев расман узрхоҳй намоям
(ҳарчанд дар кирдори банда ягон заррае нишонаи хусумат вучуд
надошт ва ман дар Пленуми Кумитаи Марказии Ҳизби комму-
нисти Тоҷикистон-17 феврали соли 1990 бо илтимоси шахсии
Кенҷаев номзадиашро ба Комиссияи баррасии рухдодҳои 11-14
феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе пешниҳод карда будам)
ва озурдахотирии ишон аз байн биравад. Ниҳоят ин парвандаи
даъво ва мурофиа панчуми мохд майи соли 1992 дар Додгоҳи
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасй қарор гирифт ва
ман бегуноҳ баромадам.

24-уми октябри соли 1992 Кенҷаев бо кӯмаки нерӯҳои бего-
на-душманони ашаддии тоҷикон ва Точикистон ба пойтахти
мамлакатамон-шаҳри Душанбе юриши турктозй кард ва хароб-
корй ба роҳ андохт ва сари сабзи садҳо танро барбод дод ва шар-
мандавор шикает хӯрда, ба кишвари ҳамсоя (яъне аз ҳамон чойе,
ки ба хоки кишвар ҳучум карда буд) фирор (дингӯз) намуд. Ду
рӯз пас аз он таърих, ки каме оромиш ба Душанбе баргашт, барои
фаҳмидани саломатии устод Лоиқ аз тариқи дӯстон паёме фирис-

49
тодам. Ногоҳ занги телефони ҷойи кор ба садо даромад:

-Салом. Ман Лоиқ. Зиндаам. Кенҷаев-хойин ва пасттарин
фарди ин сарзамин аст... Ҳокими нимрӯза ва нафрати якумра бар
сараш бор шуд...

ВАЛИИ САМАД ЗИНДА!

Тобистони соли 1992 аз барномаи «Ахбор»-и симои Точи-
кистон хабари марги нобаҳангоми марди бисер фарзона ва озод-
маниш-Валии Самад пахш шуд. Ҷойи март он касро ҳам гуф-
танд: наздикии афдақ (кома, канал)-и Ҳисор. Бо шунидани ин ха-
бар дилам бисер озурда ва таҳ кашид. Худро сарзаниш кардам, ки
чунин хабари хушку холӣ аз «Ахбор» паҳн шавад ва ҳеҷ гузори-
ши комиле дар мавриди заҳамоти ин абармард дар раванди худши-
носии миллат ҷой надорад. Шумораи телефони Идораи «Ахбор»-
и симоро шрифтам ва аз сиҳҳатии хабар пурсон шудам. Гуфтанд:
-Дар рӯйхати фавтшудагон ва кушташудагон, ки Вазорати
кишвар (корҳои дохилӣ) ҳар рӯз барои садо ва симо мефиристад,
номи Валии Самад дар охири он ба шакли дастнавишта омадааст
Аз шиддати андӯҳ ҳоло ба худ наёмада будам ва меандеши-
дам, ки сазовор аст, барномаи муфассале дар сӯги Валии Самад
таҳия шавад. Садои занга телефон риштаи хаёлоти маро буррид.
Аз он сӯйи хат садои устод Лоиқ баланд шуд, ки бо каме асабо-
ният ва нороҳатӣ сухан мегуфтанд:

-...Ман Лоиқ. Шумо чй кор кардед?! Охир, Валии Самад
зинда аст! Худи ҳозир ман бо вай сӯҳбат кардам ва қарор гузош-
тем, ки ҷойи мурдаашро «зиёрат» кунем. Чаро одами зиндаро
мурда эълон кардед?

-Устод, асабонй нашавед! Ин тақсир(айб)и ман нест. Садо
ва симо рӯзона чандсад соат барнома дорад ва ман ҳамчун райиси
ин Ширкат тамомии онҳоро назорат карда наметавонам. Аз Идо-
раи «Ахбор»-и симо ба ман гуфтанд, ки хабари марги Валии
Самадро Вазорати кишвар (корҳои дохилй) таъйид карда фирис-
тодааст. Кори ҷаноби ... ё ягон аҳмақ аст, ки бо чунин шӯхии но-
раво номи Валии Самадро дар рӯйхати фавтидагон ҳамроҳ кар-
дааст. Ёд доред, як бор тирамоҳи (пойиз) соли 1991 аз номи
Валии Самад дар номаи ба Шӯрои Олии Тоҷикистон (райис Қ.

50
Аслонов) расида(3.09.1991), гирдиҳамомадагони Майдони Озо*
дй ба марг маҳкум шуда буданд. Ба дунболи он нома ҷавобии Қ.
Аслонов дар «Садои мардум» 4.09.1991 (№174, с. 3) чоп шуд ва
танҳо навиштаҳои намояндаи мардумй Атой Ҳамдам «Эй дил
сабур бош!» («Садои мардум», 6.09.1991, №176, с. 3) ҳамаро
ором кард. Дертар маълум шуд, ки муаллифи он «шӯхӣ»-и ноҷа-
вонмардона ҷаноби ... будааст. Ман ҳозир ин хабарро ислоҳ
мекунам ва худи домулло Валии Самадро ба симо даъват мена-
моем, то дурӯғбудани хабари мазкур фош шавад...

ДУ ФОЛ БАРОИ НАБИЕВ

Баъзан таърих ба одамон тамасхур мезанад ва агар онҳо ин
нуктаро дарк накарданд, зиндагй барояшон сангин тамом меша-
вад. Ба фикрам, ҳамин иттифоқ ду бор ба Раҳмон Набиев рух дод
ва ҳар дуй он ба фоли Ҳофиз гиреҳ хӯрд. Байни солҳои 1975 ё
1977 буд (дақиқ дар ёдам нест), ки дар Точикистон 650 солагии
Шамсиддин Ҳофизи Шерозиро чашн гирифтанд ва маросими
поёнии он дар театри опера ва балети ба номи Садриддини Айнй
баргузор шуд. Мехдюнони зиёде аз кишварҳои дунё дар он маро-
сим ҳузур доштанд. Дар паси мизи бузурги рӯйи саҳнаи театр
Раҳмон Набиев-Нахуствазири Ҷумхурй нишаста буд. Рахбари
хайати эронй, райиси Китобхонаи салтанатй бонуи бисёр зебо ва
донишманд Бадрии Отобой (ё Атобой) аз минбар суханронй
карда, нохост ба Р. Набиев ҳамчун мизбон ва садри ин ҷашнвора
рӯй овард ва хоҳиш кард, ки ҳамчун суннати дерин фоли ӯро аз
«Девони Ҳофиз» бигирад. Вақте хонум Бадрии Отобой китоби
«Девони Ҳофиз»-ро ба Раҳмон Набиев пешниҳод кард, то вай
саҳифаи дилхоҳашро боз кунад, нахуствазири Точикистон ки-
тобро аз дасти ӯ гирифт ва барон «чунин тӯҳфа» ташаккур карда,
ба гӯшае аз мизи ҳайатрайисаи ҷашн гузошт. Он хонуми шири-
надо аз чунин ранг гирифтани кор дар хдйрат монда, чй кор кар-
данашро намедонист. Мардумй рамузфаҳми толор нафасгир
шуда, садое аз худ дарнаёварданд ва аксар аз шармандагй сари
худро пойин андохтанд. Ин лаҳза яке аз муовинони Р. Набиев ба
кӯмаки вай расид ва «Девони Ҳофиз»-ро аз рӯйи миз бардошта, аз

51
нав ба дасти Набиев дод, то вай саҳифаеро аз он боз намояд...

Бадрии Отобой бо саҳифаи бозгушодаи «Девони Ҳофиз»
дар паси минбар қарор гирифт ва бо «баҳ-баҳ»-у «ваҳ-ваҳ», ки ҳо-
ло маънии дигар ҳам ба худ гирифта буд, ба қироати фоли Набиев
пардохт...

Рухдоди дуввум аз ҳамин чине, вале тобистони соли 1992
рух дод ва дар болои сари мазори Ҳофизи «лисонулғайб» итти-
фоқ афтод. Наворбардор Коваи Баҳор (равонаш шод бод) онро
барои таърих сабт карда, дар ихтиёри инҷониб карор дод, то он
тасовирро аз симо пахш намоем. Ман танхо суханони охири ин
сахнаро, ки аз забони Раҳмон Набиев садо дод («зӯр бу-аас», яъне
«зӯр будааст», «мо ҳам шоирони зӯр дорем») ва нигоҳи тамоман
ҳузномези устод Лоиқро «қайчӣ» задам ва ба дасти нашр супур-
дам...

Ҳайати Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Рах-
мон Набиев ба шаҳри Шероз омад ва барои зиёрат ба сари гӯри
Хоҷа Ҳофиз ташриф бурд. Сари турбати Ҳофизи «лисонулғайб»
китоби «Девон»-и шоирро барои Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон
Раҳмон Набиев оварданд, то чун суннати ачдодй фоли ӯро биги-
ранд (хайрият, ки ин бор Раҳмон Набиев китобро қабза назад).
Набиев саҳифаеро аз «Девони Ҳофиз» боз кард ва ин ғазал фоли
ҳолиӯшуд:

Ба даври лола цадаҳ гиру бериё мебош,

Ба бӯи гулнафасе ҳамдами сабо мебош.

Нагӯямат, киҳамасоламайпарастӣкун,

Се моҳ май хӯру нӯҳ моҳ порсо мебош.

Чу три солики ишқат ба май ҳавола кунад,

Бинӯшу мунтазири раҳмати худо мебош.

Гарат ҳавост, ки чу Ҷам ба сирри еайбрасӣ,
Биёвуҳамдами Ҷоми Ҷаҳоннамо мебош.

Чугунча гарчи фурӯбастанист кори ҷаҳон,

Туҳамчу боди сабо гиреҳкушо мебош.

Вафо маҷӯ зи кас гар сухан намешунавӣ,

Ба ҳар зарра толиби Симургу кимё мебош.

Сар бар тоаъти бегонагонмашав, Ҳофиз,
Валемуоъсири замони ошно мебош.

52
Вакте ровии маъруфи гулгашти Мусаллои Ҳофиз ғазали
болоро бо садои баланд ва хуши худ қироат кард, Набиев ва дигар
аъзои ҳайати Ҳукуматй таҳти таъсир қарор гирифтанд ва аз
чунин рост омадани гуфгаҳои Ҳофиз ва воқеъияти он дар тааҷҷуб
афтоданд. Ногох Рахмон Набиев пӯкид:

-Ҷудо хам шоири зӯр бу-аас!

Дафьатан ба устод Лоик, ки каме дуртар аз дигарон ғарқи
андеша ба cap мебурд, рӯй овард ва суоломез гуфт:

-Лоиқ! Мо хам шоиро(н)и зӯр дорем-а?! Ҳамту не-мй?!

Устод Лоиқ бо шунидани ин суханҳо аз тааҷҷуб ба суйи
осмон нигах карда, лаб газид. Ба ин мақом сухан гуфтанҳо аз
забони Р. Набиев ва муовинаш Н. Дӯстов кам набуд ва одамон аз
онҳо шох мебароваранд

ХАТШИНОСИ ҲИРФАӢ

Зищор бадй макун, бадй мебинй,

Некиву бадӣҳеҷзихотирнаравад.

*Тухафи аҳли Бухоро. Душанбе, 1991, с. 127.

Чопи Эрон, с. 208.

Дар чопи Душанбе мисръаи дуввум ҷой надорад.

Бештар аз як сол мешавад, ки дар боздошт, дар зиндон ба
cap мебарам, албатта, на бо хоҳиши хеш. Дар ин муддат соатҳо,
рӯзҳо, ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо бозрасҳо маро мепурсанд ва пар-
вандаи хеле калону беохиреро дар даҳҳо ҷилд омода кардаанд.
Аммо ин чанд рӯз аст, ки аз субҳ то шом бозрас Зоҳидҷони
Пайгамбарзода (ин ҷавони бисёр дӯстдоштанй ва беозор ва аз
нигоҳи кордонӣ низ корманди намуна) маро дар мавриди дар
моҳҳои январ ва феврали соли 1992 мелодй дар куҷо ва ба чи кор
машғул бу данам, истинток мекунад. Посух гуфган дар ин мавзӯъ
ва он хам дар ду мох ба чй кор машғул ва дар куҷо буданам, он
чунон ба дил задааст, ки одам ба мурдан розй мешавад, то ба
посух гуфтан. Вале чорае нест. Бояд ба суолҳои пай дар пайи
бозрас ҷавоб гӯям ва онҳоро ҳатман рӯйи коғаз бинависам.

53
Бозрас гаштаву баргашта рӯйи коғаз суолҳои печ дар печ
менависад, ки шояд аз ягон гӯшае сарнахе ба даст оварад, то му-
шаххас созад, ки дар ду моҳи аввали соли 1992 дар куҷо будам ва
ба чй кор машғул. Ниҳоят, сабри бозрас ба поён мерасад ва
бастаи навиштаҳои маро баланд бардошта, ба шиддат ба рӯйи
миз мезанад ва мегӯяд:

-Шумо, рафик Миррахимов, одами дурӯя ҳастед. Дар «Даф-
тарчаи хотирот»-и худ дар моҳи феврали соли 1992 менависед (ва
дафтарчаи ҷайбии ба май ношиносеро аз байни ҳуҷҷатҳо берун
меорад ва сахифаи заруриро пайдо карда, ба қироати сатрҳои
«фошкунанда» мепардозад): «Ба ҳеҷ ваҷҳ ба он роҳ додан мумкин
нест, ки радио (садо) ва телевизиони (симо) Ҷумҳурии исломии
Эрон дар Тоҷикистон фаъолият дошта бошад. Ҳатго барномахои
оддии телевизиони ин кишварро аз телевизиони Точикистон
намойиш додан барои мардуми тоҷик зарарнок аст». Ҳоло ба
навиштаҳои моҳи июни соли 1992-юми шумо муроҷиат мекунем,
ки дар «Дафгари хотирот»-атон навиштаед (ин бор дафтари ба
ман ошноро аз сумка(киф)аш берун меорад ва саҳифаеро, ки
коғаз гузоштааст, боз менамояд): «Ҳамагӣ дар тӯли бисту панд
рӯз пахши симои Ҷумхурии исломии Эронро дар Точикистон ба
роҳ андохтам ва аз пахши барномаҳои симои Туркия пешгирй
кардам». Ҳоло бигӯед, ки ин ду навишта, ки моли шумост, магар
дурӯягиатонро нишон намедихад?!

Ман дар посух гуфган андеша мекунам ва хунсардии худро
нигаҳ дошта, аз бозрас хоҳиш менамоям, то дафтарчаи хотиротро
ба дастам диҳад. Дафтарчаро боз мекунам ва аз сахифаи аввал
тааҷҷуб менамоям, ки чаро ин дафтарча, ки моли Атахон Сай-
фуллоев аст ва аз сафари он зоти тариф ба Эрон дар моҳҳои ян-
вар ва феврали соли 1992 ва натиҷаи мулоқоташ бо вазири фар-
ҳанг ва иршоди исломии он кишвар Алии Лориҷонӣ ва ақди қа-
рордод бо райиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломии
Эрон барои пахши барномахои садо ва симои он мамлакат дар
Точикистон нақл мекунад, ба ман нисбат дода шудааст. Тааҷчу-
бам бештар аз он аст, ки ҳатто ба одами олус (дубин) ва хирасар
ҳам маълум аст, ки ҳусни хати ман бо ҳусни хати чаноби Атахон
Сайфуллоев ба куллй фарқ дорад ва чаро бозрас навиштаҳои дар

54
вокеъ... дигар касро ба ман нисбат медиҳад ва маро «дуруя» ме-
номад?! Аз бозрас мепурсам:

-Шумо бовар доред, ки ин дафтарчаи хурдакак моли ман аст?

-Пас, моли кист? Моли падару модари ман, ки нест?! Му-
фаттишҳо онро аз хонаи шумо ба даст овардаанд ва он дар пар-
ванда дӯхта шудааст. Ин далелро намешавад нодида гирифт. Ин
дафтарча ба таври мушаххас нишон медиҳад, ки шумо пинхонй
аз раҳбарони Точикистон ва давлати дунявии (яъне «ғайримазҳа-
бӣ»-М. М.) мо ва ҳатто сардори идораи кориатон, яъне райиси
Бунёди забони точикй-Лоик Шералӣ, ба Ҷумхурии исломии Эрон
сафар карда, бо мақомоти он кишвар мулоқот ва хатто дар бораи
пахши барномаҳои садо ва симои Эрон дар мамлакати мо қарор-
дод имзо кардаед. Ин кори шумо худ як ҷурм аст ва хиёнат ба
Ватани азиз ва табиист, ки чанд моддаи дигар ба парвандаи шумо
афзуда мешавад ва маълум нест, ки сарнавишти шумо дар оянда
бочӣ меанҷомад...

Ман намунаҳое аз матни дафтарчаро, ки навиштаҳои
берабту низоми Атахон Сайфуллоев мебошад, бо садои баланд ва
хушҳолкунанда барои бозрас қироат мекунам ва барои он ки каме
бошад хам қусури чанд ҳафта азиятро аз худ берун намоям, аз
бозрас мепурсам:

-Аз куҷо метавонед собит намоед, ки ин дафтарча моли ман аст?

-Мо санади коршиносй дорем, санади мӯътабари хатшиносй,
ки он ба шумо таалллук доштани ин дафтарчаро сад дар сад (сад
фоиз) собит менамояд. Дотсент, номзади илми ҳуқуқшиноси, рай-
иси (мудири) кафедра(курси)и Донишгоҳи давлатии Точикистон ба
номи В. И. Ленин «Я.. .а» дар натиҷаи тахкикоти дурударози хат-
шиносй ба шумо тааллуқ доштани ин дафтарчаро ба исбот расо-
нидааст ва ин мадракест, ки барои додгоҳ мӯьтабар мебошад ва
хангоми мурофиа бар сари шумо бор мешавад. Ин ҳама ҳуҷчат...

Бозрас як даста коғазҳои мӯҳру имзодорро аз сумкааш бе-
рун оварда, рӯйи миз паҳн мекунад, то онҳоро бубинам ва шуб-
хаам аз байн биравад. Кунчковиам боло мегарад ва бо шавқ аз
нахустин саҳифа ба мутолааи онҳо мепардозам. Маълум меша-
вад, ки бозрасхои мӯҳтарам ва бисёр донишманди дастгохи ...
кишвар барои собит кардани он нукга, ки «ин дафтарча моли

55
Мирбобо Мирраҳимов мебошад» ба хаггшиноси ҳирфаии (яъне
“профессиональный”) бузурги давру замон «Я..а» ном зоти
тариф, ки устоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳам будааст,
муроҷиат карда, барои хидматаш ҳатто чандин ҳазор рубл ба он
хонум пардохтаанд. Нусхаҳои қарордоди тарафайнро дар мав-
риди хатшиносии «дафтарчаи хотироти Мирраҳимов» мехонам
ва хандаи худро базӯр нигаҳ медорам ва лабамро сахт мегазам, то
садое аз даҳонам берун наояд. Ниҳоят сабрам ба поён мерасад ва
ба ҳамон минволе, ки бозрас коғазҳоро ба рӯйи миз зада буд,
навиштаҳои муборак ва тамоман бемаънй ва фоқиди салоҳият ва
санадияти зоти тариф “Я...а” дар мавриди хатшиносии ҳирфаии
дафтарчаи «ба Мирраҳимов тааллуқцошта»-ро ба рӯйи миз
хдвола карда, бо хандаи осмонкаф ба Пайғамбарзода мегӯям:

-Зоҳидҷон! Хонум «Я.. .а» дар хатшиносй тамоман бесавод
аст ва унвони “номзади илми ҳуқуқшиносӣ” танҳо пардаи латиф
барои рӯйпӯш кардани бесаводй ва ҳамаи айбҳояш мебошад.
Охир, ба одами нимакӯр ҳам маълум аст, ки ҳусни хати ин ду
дафтар бо ҳам мувофиқат намекунад. Моли Сайфуллоев тамоман
дигар аст ва навиштаҳои ман тамоман дигар. Ин ду хат ва
мазмуни навиштаҳо аз ҳамдигар аз замин то осмон фарк дорад.
Чй хел хонум «Я.. .а» тавонистааст, ки онҳоро айният диҳад?! Ин
зоти тариф «Я.. .а» боз устоди Донишгоҳ ҳам ҳаст, пас, вой бар
ҳоли шогирдоне, ки аз вай «илмии хатшиносй» омӯхтаанд! Мета-
вон ба мардуми кишвар аз ин боб таслият арз кард. Воқеан ҳам ин
«Я.. .а» як нобигаи илми хатшиносй аст, Ҳатто додситони қатто-
ли шӯравй Вышинский (Додситони кулли Иттиҳоди шӯравӣ, ки
дар солҳои сиввум ва чиҳилуми асри бист бо ифтироъ ва беадо-
латй дар додгоҳҳо шӯҳрати хос касб карда буд) хам ба ин хат-
шинос ва сабки корни вай эътимод намекард, шумо чй тавр ба ин
бовар кардед? Охир, худо ба шумоён чашму ақл додааст, ки аввал
бубинед, андеша кунед ва баъд сухан гӯед! Агар ман ин дурӯғро
надида будам, пас, он дар додгоҳ ҳатман барои хукми тамоман
беадолатона асос мешуд ва сари шумоён аз ифтихор ба осмон
мерасид, ки «боз як душмани халқро пайдо ва фош» кардед!
Сониян, ман гузарнома (яъне «шиносномаи хоричй») надоштам,
ки ба хориҷа равам. Барои дарёфти гузарнома бояд аз галбери

56
Кумитаи ... давлатӣ гузашт ва шумо бозрасҳо ба Идораи раво-
диди хориҷӣ (ОВИР), ки зери сояи Кумитаи ... давлатист, муро-
ҷиат мекардед, ки оё банда барои касби мӯҳри хурӯҷй ба он дар-
гоҳ муроҷиат кардаам ё хайр. Ин роҳи бисёр осони собит кардани
«гуноҳи Мирраҳимов» буд. Дафтарчаи хотироти Атахон
Сайфуллоевро, ки навиштахои он кас дар мавриди сафарашон ба
Чумҳурии исломии Эрон мебошад, ман ҳангоми аз кор рафтан
(аввалҳои моҳи ноябри соли 1992) иттифоқан аз ғалладони миз
пайдо кардам ва бо худ ба хона бурдам, то ба писари он кас-Фи-
рӯз, ки дар як сохтмон-бино бо мо иқомат дорад, таҳвил бидиҳам,
вале Фирӯз Сайфуллоев он замон дар Душанбе набуд. Шерба-
чаҳои шумо ба хонаи банда юриш бурда, хама чизро зеру рӯ кар-
даанд ва ин дафтарчаро ҳамчун мадраки дол ба парванда замима
сохтаанд. Хуб, ҳоло даъвои шумо дар мавриди дурӯя будани
Мирраҳимов чй шуд?

Бо ин суханҳо буғзи дилро кафонда, аз бесаводй ва нодонии
хатшиноси ҳирфаии Тоҷикистон ва бозрасҳои тамоман фиреб-
хӯрда ва пули давлатро ба чошу пош сарфкарда, шикамсерй
хандидам. Он чунон хандидам, ки дар умри зиндониам ҳеҷ гоҳ
чунин нахандида будам. Зоҳидҷони Пайғамбарзода пиндошт, ки
ман ақламро аз даст додаам ва бо тарсу ҳарос ба гирду атрофи худ
менигарист, то омодагии фирор аз утоқи бозрасиро дошта бошад.
Вақте аз ханда бозистодам, Зоҳидҷон бо шаст (сареъ) ба тарафи
утоқи сардори зиндон Хурсандов давид ва гӯширо бардошта, ба
Идораи кулли бозрасии ... занг зад. Садояшро баръало мешуни-
дам, ки ба сардори бозрасҳо бо кароҳат мегуфт:

-Рафик...! Бо ин парванда маро тамоман шарманда кар дед.
Ин дафтарча моли Мирраҳимов набудааст ва фарзияи мо дар
мавриди пинҳонй ба Ҷумҳурии исломии Эрон сафар кардани ин
кас ва қарордод бастанаш бо Созмони садо ва симои он кишвар ба
як пули пуччак баробар шуд. Бар падари он хатшиноси хирфаиа-
тон лаънат, ки бо бесаводиаш моро дар вазъияти тамоман
номуносиб қарор дод. Нишондодҳои Лоиқ дар ин маврид дигар
ягон аҳамияте надорад. Ҳамаи ин навиштаҳо ва ҳуҷҷатҳо ба ягон
дард намехӯрад, ҳеҷ чизро собит намекунад. Ҳоло Мирраҳимов
моро масхара хоҳад кард...

57
НОМА БА ҲАЗРАТИ ФИЛ

Олиҷаноб Ҳазрати Фил! Аз он ки зиндаам ва бароятон нома
менависам бисер хушҳолам ва аз он ки аз занги дил ва ҳасратҳои
дигарон мегӯям, сарафканда ва шармандаам. Беш аз дувоздаҳ сол
мешавад, ки нияти иншои ин номаро дар дил мепарварам, ҳар
субҳ ва ҳар шом дар фикри он ҳастам, як лаҳза фориғ аз он нес-
там, вале аз сабаби гирифториҳои зиёд фурсати муносибе барои
ба он пардохтан то ба ҳол ба миён наёмад. Бубахшед, ки бо каме
таъхир бароятон ин номаро иншо кардам.

Қиблаи олам! Дар оғоз мехостам, ба як хоҳиши бисёр ночиз
ва кӯчаки банда таваҷчӯҳ дошта бошед: ин номаи камарзиши бан-
даро баробари ба зери димоғ бурдан пора-пора карда, ба сатли
ошғол напартоед (зеро хам барои шумо заҳмати бехуда аст ва хам
кори хуб нест: хартуми муборакатонро ба сатли ошгол меолонед,
ки аз ҷиҳати бсхдоштӣ хам ба худи шумо, Ҳазрати бузургворам ва
ҳам ба атрофиёнатон зарар дорад ва шояд ҳамсари шафику гамхо-
ратон, ки дар мавриди тозагй ва озодагй ва бехдонгги хонавода
васвоси зиёд ба харҷ медиҳанд, аз ин кор нороҳат шаванд), балки
то ба охир бо дониши фарогире, ки дар тамоми улум ва фунун, гу-
зашта ва ҳол ва оянданигарии стратега (истротежик) доред, онро
мутолаа фармуда, пасон тасмими хирадмандонаи худро иттихоз
намоед. Иншоаллоҳ, ки ҳамин тур хоҳад шуд ва хам шумо ва ҳам
дигар махлуқоти рӯйи Замину замон, Кайҳону малакут ва ҳатто
наслҳои оянда аз ин кори бошарафонаатон сипозгузор хоҳанд буд.

Суханро аз он ҷой cap мекунам, ки рӯшанфикрон ва бузург-
ворони ин миллати шариф, бузургвор, нотакрор, бехабар ва пой
дар гил дар поёни соли 1989 мелодй устод Лоиқро ба унвони
райис ва каминаи камтаринро ба ҷойнишинии ишон дар як Бунё-
ди фарҳангаи гайридавлатй баргузиданд. Он замон дунёи муоси-
ри мо обистани воқеаҳои бузург ва сарнавиштсоз ва такдирба-
рангез буд ва дар тӯли солиёни на чандон зиёд нақшаи ҷаҳон ба
куллй дигаргун шуд, ки мо, бандагони хокй ва муқтадири бахт-
баргаштаи шӯравии собиқ низ аз он бебаҳра ва дар канор намон-
дем. Намедонам аз дӯст шуд ва ё аз душман, ки рӯбаҳаки бузтақ-
лидеро барои дуздинаи мурге ва савор юудан ба мошине дар

58
кишвари ҳамсоя гирифтад ва он бечора барон халосии донаш
ишорат ба тарафи ин банда карда, ки гӯё ман фармони он чиноят-
ро содир намудаам (ҳарчанд ба ҳамагон рӯшан ва комилан дақиқ
аст, ки камина аз рӯзҳои аввали моҳи ноябри соли 1992 аз вази-
фаи райисии Ширкати садо ва симо ба истеъфо рафта будам ва
ҳеҷ ҳакки ба касе дастур доданро надоштам). Хулоса, устухон-
шиканҳои Ҳазрати бузургвор маро низ ба чурми сиёсии ин фар-
мон (ки танҳо ҷаноби олӣ ҳаққи дастур фармудани онро доранд
ва дигар бандагони худо танҳо фармонбардору фармониҷрои он
ҳастанд) гирифтанд ва ба зиндон андохтанд. Албатта, зиндони
Ҳазрати олӣ аз он зиндоне, ки устоди бузургвори сухан-Садрид-
дини Айнӣ дар навиштаҳои хеш қариб ҳафтод-ҳаштод сол пеш-
тар тасвир карда буданд, ба куллй фарқ дорад: он замон, ки устод-
ро ба зиндон маҳкум карданд ва ҳафтоду панҷ чӯби сахту маҳкам
ба тахтапушти муборакашон заданд, замона дигар буду ҳокимон
ҳам дигар. Таърихнависон он давраи шум ва наҳсро «султан ман-
ғит» номидаанд, ки ҳақ асту рост. Аммо ҳоло дар оғози ҳазораи
севвум ва асри бистуякум, ки инсоният ба кайҳон барои тамошо
меравад (парвоз мекунад) ва дигар кишварҳо барои ба даст
овардани бештарин суди иқтисодй ба фановариҳои чашмгире
нойил шудаанд, дар сарзамини гулгулшукфони шумо, Ҳазратам,
воқеаҳои тамоман гӯшношунид ба роҳ афтода, ки ҳатто шаммае
накл аз онҳо барои ҷаноби олӣ хушоянд нахоҳад буд ва шояд ба
пинаки Олиҷаноб халал ворид созад. Ҳарчанд дар даврони ман-
ғит ба шаъни бузургвори шумо чунин тӯҳмат задаанд, ки ба наза-
рам хеле игрок ба кор рафтааст (албатта «гунахкори» ин тавҳин
башаъни мубораки шумо ҳамон «истиқоматчиён» будаанд, ки ба
дунболи мансабаке доиман дар рикоби амир навбатдорӣ мекар-
данд. Аммо имрӯз бачаҳои ҳамон истиқоматчиён мансабҳоро
«мардак барин нақд мехаранд»):

Туро чӣ гусса зи гавгои истицоматчиён,

Ҳуҷуми пашша чӣ орадхалал бахояи Фил.

1Айнӣ С. Намунаи адабиёти тоҷик Маскав, 1926, с.300.

59
Фикр накунам, ки «киш-киш» гуфта, рондани пашша барои
шумо мушкил пеш оварад, вале ба ҳар ҳол маъруф аст, ки мефар-
моянд: «шеъри хуб он аст, ки дурӯғ бошад».

Саъдии алайҳираҳма (донишманди бузургвор ва нотакрор)
дар ‘Тулистон”-и ҷовидонааш (боби севвум) матлабро дар
мавриди тазодди ҷаҳонсӯзи пашша бо Ҳазрати Фил ин тавр
қаламдод карда, ки ҳақ бар ҷониби ӯст:

Пашша чу пур шуд бизанад Пилро,

Бо ҳама тундиву салобат, киӯст.

'саъдӣ. Гулистон, Техрон: Интишороти ишроқӣ, 1371, с.115.

Бигузарем аз ин ҳама ҳарчу марҷҳо ва ба асли матлаб рӯй
оварем. Маро наздик ба ду сол дар зиндон бо ҳазор айбу ибор ба
ҳайси гумонбар (мазнун) дар боздошт нигаҳ доштанд ва ҳар ҷур-
ми хурду бузурги дар сарзамини паҳновари шӯравии собиқ (ҳат-
то фурӯпошии он) ва кулли дунё иттифок афтодаро мехостанд,
бар гардани банда бор кунанд. Шербачаҳои ҷаноби олӣ шабро
шаб ва рӯзро рӯз, моҳро моҳ ва солро сол нагуфта ва ба ҷойи бис-
тучаҳор соати кории шабонарӯзӣ бисту шаш ва баъзан бистуҳашт
соат заҳмат кашиданд ва дар ниҳояти саъй ва кӯшиши бевакфа
тавонистанд, нисбат ба каминаи камтарин шастуҳафт ҷилд пар-
вандаи ҷиноӣ (чаҳор соли пеш аз ин рӯзгор бо муроҷиат ба як
идораи мӯътабар рӯшан шуд, ки аз он шасту хафти ҷилди нестан-
дарҷаҳон ҳоло панҷоҳу се ҷилдаш барои “ёдгорӣ” боқӣ монда-
аст) дуруст намоянд, ки дар як кишвари ҷаҳони севвум ҷойи тааҷ-
чуб ва ҳайратро надорад. Шояд дар маҳзари ҷаноби олӣ дурӯғ,
вале дар пешгоҳи даргоҳи ҳамабини яздони пок ин ҳарф рост аст,
ки ҳарчанд Офтоб аз Шарқ тулӯь мекунад, аммо мегӯянд дар ин
марзу бум одамоне ҳастанд, ки бо даму нафаси хеш онро дар ба-
ландии як қади найза нигаҳ медоранд ва ҳар кореро, ки дилашон
мехоҳад, дар рӯзи рӯшан ва малоъи чашми хосу ом анҷом меди-
ҳанд ва баъд ба Хуршеди оламоро рухсат медиҳанд, то ба роҳи
хеш идома диҳад. Бовар намекунед?! Хоҳиш мекунам, ба ин

60
накли қавл бовар намоед!

Ҳазрато! Олампаноҳо! Қонунхилофо! Ман дар зиндон бу-
дам ва аз воқеоти дунёи беруни пур аз ваҳшат ва даҳшат огоҳӣ
доштам. Бозрасҳо ҳар бор бо ифтихор мегуфтанд, ки «мо фалони-
ро ... дар бораи шумо пурсидем. Дар ҳаққи шумо хеле ҳарфҳои
бад гуфт...» Рӯзе хабар оварданд, ки шоири маҳбуб ва нотакрори
Вароруд-Лоиқро низ барон пурсуҷӯй дар мавриди банда ба идо-
раи хеш хондаанд ва то дер вақт аз вай бозҷӯйӣ кардаанд. Бозрас
ифтихор дошт, ки ин корро ба хубӣ анҷом додааст ва матни он
истинтоқро бароям пешниҳод кард, ки айнан дар парвандаи ҷи-
ноии шумораи 695, ҷилди 8, варақҳои корни (саҳифаҳои) 98-100
мундариҷ аст ва бо камоли эҳтиром ба ҳузури ҷаноби олӣ пеш-
ниҳод мегардад:

«.. .Барои фаъолияти кории Бунёди забонро бурдан ба мо ду
ҳуҷра аз бинои Тоҷиккитоб ҷудо карданд. Ман даряк ҳуҷра бо М.
Мирраҳимов менишастам. Ба назди Мирраҳимов М. бисёр вақт-
ҳо Комилов А., Ҳаитов М. ва якчанд одамони дигар меомаданд,
ки онҳоро намешиносам. Вақте ин одамон ба назди М. Мирраҳи-
мов меомаданд, онҳо аз назди ман ба берун мебаромаданд ва дар
бораи чӣ сӯҳбат мекарданд, намедонам. Мирраҳимов М. он
цадар кори дуруст барои Бунёди забони тоҷикӣ накардааст.
Бисёр вақтҳо ба кор намеомад. Дар ин бора як маротиба бо ӯ
ҳамсӯҳбат шудам. Дар назди Бунёди забон рӯзномаи «Сомон»
ташкил шуда буд. Бояд ин рӯзномаро дар Вазорати матбуот ба
қайд мегузоиапем. Ба номи вазир Мирраҳимов М. аз номи худаш
нома навиштааст. Кадоме аз коргарони вазорати матбуот,
фамиляааш дар хотирам нест, ба ман гуфт, ки ҳамаи мактубҳо
ваҳуҷҷатҳо доир ба қайдгирии рӯзномаи «Сомон» бо имзои шумо
мешуд. Баъд ман ҳуҷҷатҳоро аз дигар тартиб дода, имзои худро
гузоштам. Дар ин бора ба Мирраҳимов гуфтам. Даррафти сӯҳ-
бат баӯинчунин гуфтам, ки барои таращиёти Бунёди забон ҳеҷ
коре накардааст ва номи ӯро дигарон шунида, ба мо ёрй намеди-
ҳанд. Дар ҷавоб ӯ гуфт, ки «ман инро дарк карда истодаам ва
бинобар ҳамин ҷои кори дигар кофта истодаам». Ба гайр аз ин
моҳи сентябри соли 1991 азминбари Майдони Озодй, ки дархиё-
бони В. И. Ленин - ҳозир хиёбони Рудакии маҳри Душанбе ҷойгир

61
аст, баромад карда гуфта буд, ки С.Кенҷаев барои пищон наму-
дани воцеаҳои февралии соли 1990 як автомашиной ГАЗ-24 аз
ҳукумат тӯҳфа гирифта, онро ба мицдори 200 ҳазор сӯм фурӯх-
тааст. Ман ҳамон вацт аз дохили бинои Шурой Олй баромада
истода будам, ки Мирраҳимов ҳамин суханонро аз тариқи ба-
ландгуяк гуфта буд. Баъд вақте ки ман Мирраҳимовро дидам, аз
ӯ пурсидам, ки дар кадом асос ин суханонро ӯ гуфт. Мирраҳимов
ба ман як порча когазеро нишон дод, ки дар ҳақиқат суханоне, ки
ӯ дар Майдони Озодй аз минбар хонда буд, дарц гардидаанд. Баӯ
гуфтам, ки ин кори ӯ судӣ аст ва ӯ набояд чунин мактубро хонад.
Чунки дар зери матн «корманди ГАИ» навишта туда буд. Фами-
лия ва номи муаллифи матн набуд. Баъд аз ин воцеа чанд вацте
гузашт. Дар яке азрӯзҳои митинги сентябри соли 1991 дар толо-
ри бинои Шӯрои Олй С. Кенҷаев бо М. Мирраҳимов истода бу-
данд. Ман ба назди онҳо омада, ба сӯҳбати ощо ҳамроҳ шудам.
Кенцаев С. ба Мирраҳимов М. муроциат намуда, гуфт, ки «агар
ба Шума як порча когаз дода, ки дар он ман девона навишта
шуда буд, хон гӯяд, мехонед?» Дар ҷавоб Мирраҳимов гуфт, ки
«мехонам». С. Кенцаев гуфт, ки «дар ҳақиқат, шумо девона бу-
даед, ман шуморо ба суд медщам». Баъд Кенцаев С. ӯро ба суд
дод, чунки Мирраҳимов доимо ба ман даъватномаҳои прокурору
судро нишон дода, аз кор цавоб гирифта мерафт. Дар ҳақиқат
барои ин кирдораш Мирраҳимовро суд карда, ба мӯҳлати ду сол
шартан маҳкум карданд. Вацте ки дар назди қасри президент
моҳи феврали соли 1992 гирдиҳамоӣ ташкил шуд, Мирраҳимов
М. дар он иштирок мекард. Иштироки он дар ин гирдиҳамоӣ
нисбат ба митинги сентябрии соли 1991 фарқият дошт. Дар
митинги сентябрии соли 1991 ӯфаъол буд. Роли барандагиро иц-
ро мекард. ДарМайдони Шаҳидон, ки дар назди цасри президент
ташкил шуда буд, Мирраҳимов М. ҳар рӯз як-ду соат иштирок
мекард. Ман шахсан дар ягон митингҳо иштирок накардаам ва
аник; гуфта наметавонам, ки дар он Майдощо гирдщамомада-
гон чӣ мегуфтанд. Ҳамин қадарашро медонам, ки гирдщамома-
дагони Майдони Шаҳидон ба истеъфо рафтани раиси цущур
Набиев Р., раиси Шӯрои Олй С. Кенцаев ва аъзоёни ҳукуматро
талаб мекарданд. Гирдщамомадагони Майдони Озодй, ки моҳи

62
апрели соли 1992 дар назди бинои ШО ташкил туда буд, барзид-
ди талабҳои Майдони Шаҳидон баромада, истеъфои қозии
мусулмонони Тоцикистон Акбар Тӯраҷонзода, раиси Ҳизби наҳ-
зати исломии Тоцикистон Ҳимматзода ва раиси Хцзби демок-
рати Тоцикистон Ш. Юсуфро талаб мекарданд. Ин талабу дар-
хостҳои гирдщамомадагони ҳар дуМайдон ба ҳама маълум буд.

Моҳи май соли 1992 шароит дар шаҳри Душанбе муташан-
ниц шуд. Рӯзи 6 май мо, ҳама шоирону нависандагон, дар Итти-
фоқи нависандагон цамъ туда, зарур шуморидем, ки пешнщод
дойр ба сулҳу салоҳ даъват намудани ду майдон ва пеш гириф-
тани хунрезй тайёр кардем. Онро Акбар Турсун тайёр карда буд.
Баъд ба назди С. Кенцаев, ки раиси ШО буд, рафтем. Кенцаев С.
онро хонда маъкул шуморид ва гуфт, ки ба намояндагони оппо-
зиция бурда нигион диҳем. Ман бо ҳамроҳии А. Турсун, О. Латифи
ва Рашид Раҳимов ба Қозиёт рафтем. Лощаи тадбирҳои ба мусо-
лща овардани дуМайдонро ба А. Турацонзода пешнщод намудем.
Барой гпаҳлил ва ҳаматарафа дида баромадани ин лоща ба саро-
бӯстони ҳукуматӣ рафтем. Барой дида баромадани лоща ищо
иштирок карданд: Мирзоев А. - Раиси Девони Вазирон, цонишини
сарвазир Саидмуродов Ҳ., ёрдамчии сарвазир фамилияаш дар ёдам
нест. Инҳо аз тарафи ҳукумат буданд. Аз тарафи оппозиция ищо
буданд: раиси ҲНИТ Хумматзода, раиси ҲДТ Ш. Юсуф, раиси
созмони «Лаъли Бадахиюн» Амирбеки Атобек, раиси кинемато-
графистони Тоцикистон Д. Худоназаров инчунин ман, А. Турсун,

О.Латифӣ ва Р.Раҳимов низ иштирок кардем. Дар лощаи нахус-
тин сохтаи мо истеъфои С. Кенцаев, Хувайдуллоев Н., Дустов Н.
щмроҳ карда шуд. Баъд аз тайёр карда шудани протоколы созиш
онро раиси цумҳур Р. Набиев имзо гузошт ва баъд ман дигар дар
ҷараёни ҳодисщо иштирок надоштам.

Хаминро бояд цайд кард, ки аз бӯстонсарои ҳукумати Ҳим-
матзода ба Мирраҳимов М. ба воситаи телефон гап зада мегуфт,
ки ин ё он моддщои ба куввщои оппозиция маъкулро ба воситаи
радио ва телевизион пахш кунад. Ин гуна дастурро О. Латифи низ
ба Миррщимов медод. Мирраҳимов М. аз рӯзе, ки яъне ся 5 май
соли 1992, бинои телевизионро забт карда гирифтанд, гайрирас-
мй ба барномщои радио ва телевизион роҳбарӣ мекард. У баъд аз

63
иди моҳи май дигар ба кори ба Бунёди забони тоҷикӣ набаромад. Ӯ
фаъотяти кории худро дар Комитеты давлатии радиошунавонй
ва телевизион давом дод.

Савол: Дойр ба сафари Мирраҳимов М. моҳҳои январ-фев-
рали соли 1992 ба давлати Эрон чй гуфта метавонед?

Чавоб: Лоир ба ин сафари Мирраҳимов М. ба давлати исло-
мии Эронҳеҷ чизро намедонам. Вацтҳои охир Мирраҳимов М. ба
ман даъватномаҳои гуногунро нишон дода ба суд (додгоҳ-М. М.)
ва прокуратура (додситонӣ-М. М.) мерафт. Ба гайр аз ин ман
доимо дар цои кориам наменишастам ва аз болои кори ӯ вақти
назорат карданро надоштам.

Савол: Ба шумо варақчае, ки дар он аз калимаи «С.Кенҷаев»
cap туда «як нафар коргари ГАИ» тамом мешавад, пешниҳод
карда мешавад. Ин варацчаро мутолиа карда, нисбати он фикри
худро гӯед?

Чавоб: Ман бо ин варак, пурра шинос шудам. Айнан ман ҳа-
мин варакро дар дасти Мирраҳимов М. дида будам. Вацте ки Мир-
раҳимов нисбати С.Кенҷаев аз минбари Майдони Озодӣ моҳи сен-
тяби соли 1991 гуфта буд, ки «С. Кенцаев барои рупуш карданы
воқеаҳои феврали, аз ҳукуматдорон автомашиной Волга ГАЗ-24
гирифтааст ва ба як мицдори муайян фурӯхтааст» азӯ дар вақти
вохӯрӣ пурсида будам, ки барои чй ҳар гуна гапҳои беасос мегуяд.
Мираҳимов М. ана ҳамин варакро ба ман нишон дода буд. Дар ин
варак; дар бораи нархи фурӯши автомашина чизе гуфта нашуда-
аст. Вале Мирраҳимов аз минбари Майдони Озодй баромад карда
дар бораи нархи автомашина гуфта буд, ки ба кадом як шахе ба
нархи чанд сӯм дар хотирам нест фурӯхтааст. Яъне С. Кенцаев ба
кадом шахе мошинаи тӯҳфа гирифтаашро фурӯхтааст.

Ҳаминро бояд илова кунам, ки дар Майдонҳо, яъне Майдо-
ни Озодй ва Майдони Шаҳидон иштирок надоштам ва талаби
гирдщамомадагонро шахсан нашунидаам. О. Латифй ба тари-
фы телефон ба Мирраҳимов М. чй мегуфт ва чӣ супоришҳо медод
ман нашунидаам ва намедонам. Баъд аз он ки Мирраҳимов М.
Раисы Ширкати садо ва симо таъин гардида буд, тахминан моҳ-
ҳои июни соли 1992якмаротиба ба идораи Бунёди забони тоцикй
омад. У саросема буд. Мо бо ӯ дар бораи супурдани ҳуҷҷатҳои

64
Бунёди забон сӯҳбат кардем. У гуфт, ки вацташро ёфта баъд
меояд. Дар хотирам нест ҳамон рӯз кадом як масъалаи дигарро
боӯҳал карда будем. Дар бораи нархи автомашинае, ки гуё ҳуку-
мат барои рӯпӯш намудани ҳодисаҳои февралии соли 1992 ба С.
Кенцаев автомашина тӯҳфа кардааст, ҳаминро гуфтаниам, ки
Мирраҳимов М. дар баромади худ гуфта буд, ки онро Кенцаев ба
мицдори 200 ҳазор сӯм фурӯхтааст». (Баргирифта аз парвандаи
ҷиноии №595, ҷилди 8, варакхои кории 98-100. Нигаред: Мирбобои Мир-
рахим. Рӯзномаи маҳбуси маҳкум ба катл. Хотироти зиндони КГБ (солҳои
1993-1994). 1997, с. 173-175).

Вақте бозраси зубда ва устухоншикан ин нишондоди устод
Лоиқро барои шинос шудан бо он рӯйи миз гузошт, на танхо аз
баёноти ишон наранҷидам, балки билофосила пас аз мутолаа бо
ҷиддият ба зӯрдастҳо гуфтам, ки шоири миллат шуморо масхара
кардааст (ҳатто устод дар охири варақи баёнот бо дасти худ
нигоштааст, ки «аз рӯйи гуфтаи ман тахминан дуруст навишта
шудааст»). Зеро дар ин нишондод заррае аз «ҷинояти Мирбобои
Мирраҳим» зикр ва собит нашуда, балки танҳо хоҳиши шумо
бароварда шудааст, ки фурсатро ғанимат дониста, тавонистед, аз
он кас баёнот бигиред, то агар лозим шавад замоне забонкӯтоҳ
хдм созед ва ҳоло ба ин амали нобарчойи хеш ифтихор хам доред.
Ин кори устухоншиканҳо ҳамонади кори пашшаҳои ширапарас-
тест, ки бар хояи шумо, Ҳазратам, дарафтодаанд, ки на чойи
фахрфурӯшй дорад ва на боландагй, балки мояи сарафкандагист.

Бечора шоири маҳбуби миллат дар чй шароите ба додани ин
нишондод маҷбур шудааст. Воқеан ҳам инсон дар сарзамини
бузурги худо ва ба хусус дар қаламрави шумо, Қиблаи олам,
тамоман қадр надорад, ба вижа онҳое, ки худшиносу сарбаланд
ҳастанд. Азбаеки худи шумо Ҳазрати Фил ҳастед ва чй дар айёми
хушёрй ва чй ҳангоми мастӣ ва пойкӯбиҳо ҳаққу ҳуқуқи моро
тамоман нодида мегиред ва гоҳе мо-бандагони хокиро бо сумҳои
паҳну парешон лагадмолу поймол мекунед, барои баёни ин ҳақи-
қати ҳол ва арзи матлаб як байти Соибро бароятон ёдовар меша-
вам, ки мефармояд:

Мастон зи Фили мает муҳобо намекунанд,

Зӯри фалак ба мардуми ҳушёр мерасад.

65
Тасаввур мекунам, ки устод Лоиқ чӣ ранҷҳоеро дар он лаҳ-
захо тахаммул кардааст. Яке аз раҳбарони вахт дар хотироти хеш ба
тури ошкоро навиштааст, ки Лоик хатто дар зодгохаш низ дар он
рӯзҳо қадре надошт ва ҳам рахбарон ва хам мардуми он хиттаи
маъруф, ки имрӯз ба номи ин шоир ифгихор меварзанд ва ҳатго
номи мавзеъи бостониро ба номи “Лоиқ” (ё “Лоиқобод”) иваз кар-
дан мехоҳанд, ба вай муносибати тамоман беэҳтиромона доштаанд.
«Сухан аз забони Луқмон хуш аст» ва намунае аз он таърихро, ки
Абдумаҷид Достиев (ишон он солҳо шахси дуввуми мамлакати
тамоман демократа, ҳуқукбунёд ва ғайримазҳабӣ, яъне дунявии мо,
ба шумор мерафт) бо хуни дил навиштааст, бо хам мехонем:
«Аввалҳои моҳи феврали соли 1993 бо даьвати мардуми Панҷакент
ба он диёр сафар намудам ва намояндагони ноҳия маро ба деҳаи
Колхозчиён роҳнамоӣ намуданд. Ба назарам он кӯчаи пуродам, ки
мо аз миёнаш мегузаштем, бепоён буд (Аҷаб!). Ҳангоми баминбар
баромаданам (?) чаишам ба устод Лощ афтод, ки худаш дар гӯ-
шае тащо ва хеле маъюс ба девори чойхона такя карда, сигор мека-
шид ва касе ба вай эътибор намедод. Агарчи дидан замон нисбати
(ба) ин муносибати сарди замонасозон (мутаассифона, ин тоифа
ҳанӯз ҳам дар ҷомеъаи мо хеле зиёданд) нафратам омад, вале гӯиё
низе нашуда бошад, болои (?) минбар (саҳна!) баромадам (?) ва
то навбати сухан гирифтанам, ҳайратзада фикр мекардам, ки ча-
ро ин муносибатро (нисбат) ба ӯ раво дида бошанд? Пас ба хуло-
сае омадам, ки ин корро нисбати (ба) ӯ тащо мансабпарастони
замонасоз раво дидаанд, то (ин) ки намояндаи ҳукумати нав, яъне
ман, Достиев, наандешад, ки ощо бо Лощ ҳамақидаанд. Ғофил аз
он ки ҳукуматдорону режимҳо паси ҳам меоянду мераванд, вале
ЛоикуЛоиқҳо ҷовидонанд. Баъд сари (пои) минбар омадам ва суха-
намро чунин огоз намудам: «Барой мани фарзанди тоцик дар зодго-
ҳи ҳазрати Рӯдакӣ ва устод Лощ сухан гуфтан боиси ифтихор ва
сарфарозист, вале хеле душвор аст...» Инро ҳазорҳо мардуми дар
майдон ҷамъомада, бо кафкӯбӣ пазируфтанд ва ин гувоҳи он буд, ки
дар гӯгиаи тащой мондани устод Лощ айби мардум набудааст, ки
ощо чун пештара ба ӯ ихлос доранд ва ин амал сохтакории касе ё
гурӯҳе будааст (ин чӣ гурӯҳе, ки тамоми умр бечора Лоикро маври-
ди таъқиб қарор дода буд?). Боз гӯё, ки ӯро надида бошам, хоҳиш

66
кардам, ки агар устод Лощ дар ин ҷо ҳузӯр (ҳузур) дошта бошанд,
болои (рӯйи) саҳна биёянд. Баъди ҳамон ҷамъомад медидам, (ки)
чи намояндагони ҳукумат ва чи намояндагони мардум устодро
ҳалқавор печондаанд ва ҳангоми таъомхурй дар ҳамон чойхонае, ки
тани тащо ба девор такя карда менишастанд ва касе эътибюраш
намедод, бо камоли эҳтиром «устод» гуён ба ӯ сухан доданд ва
наворбардорон беҳарос ба навораш гирифтанд. Ман бошам худ ба
худ мегуфтам, ки туф бар оиҳое, ки ба шахсиягщо, умуман ба ҳаз-
рати одам (?) аз рӯи манфиагщои гузарандаи лаҳзаӣ муносибат
мекунанд. Ҳайрон мондам, ки ин хосияти номатлуб ба баъзеи мо аз
куҷо расида бошад, оё қимати инсон дар замани мо ин қадар арзон
шудааст?». (Досгаев А. Ваколати инсонй. Душанбе: Шарки озод, 2005, с. 116.
Бо арзи пӯзиш (маъзарат) он чй дар нақли қавл аз навиштаҳои ҷаноби Достиев дар
қавсайн омадааст, кӯшиши мо дар виройиши матн мебошад).

Ба фикрам, агар шоир дар зодгоҳаш чунин зиндагй дошта,
пас, дар Душанбе дар он солҳо бадтар аз он будааст, ки тасавву-
рашро метавон кард. Лоиқи «тани танҳо» дар як ҷомеъаи ошуфта
ва нобасомон ва зери фиш ори устухоншиканҳо ва...

Сухан аз забони шоҳиди рухдодҳои талхи зиндагии устод
Лоиқ дар он рӯзҳои мудҳиш Акбари Турсони Набипур: «Ҳамин ки
дар Душанбе ба истилоҳ, хукумати конститутсионӣ барқарор шуд,
мо, миёнҷиҳо, боз ба гирдоби бархӯрдҳои сиёсй афтодем. Таъсиси
Ҳукумати Муросии Миллиро расман «табаддулоти давлатй»
эълом дошта, моро ба ҳамдастӣ бо мухолифини исломӣ муттаҳам
карданд; ману Лоиқро (Латифй кишварро тарк карда буд) боре
чанд ба Кумитаи амнияти миллй ва Додситонии чумҳурй даъват
намуда, мавриди бозпурсй қарор доданд; ҳамзамон аз тариқи
воситаҳои ахбори оммавй ҳамлаи сиёсй огоз гардид. Чунончй, дар
рӯзномаи расмии коммунистон «Нидои ранҷбар» Лоикро ба
унвони «Миёнарав-3» масхара карданд (Гуноҳи азими Лоиқ дар
таъбири ҳамҳизбони собиқаш ин буда, ки ӯ «ба миёнарав-1 Акбар
Турсон ва миёнарав-2 Отахон Латифй бипайваст»). (Акбари Турсони
Набипур. “Ҳамин як калби ман омоҷгаҳи тиратон бошад!”. Дар китоби:
МарсияиХуршед. Маскав, 2001, с. 26).

Олиҷаноб Ҳазрати Фил! Сухан кӯтоҳ охири охирон устод
Лоиқ итминон хосил кард, ки банда пинҳонй аз диди он кас ба

67
сафари Эрон рафта, бо мақомоти баландпояи он кишвар гуфту-
гӯҳо анҷом до да ва ҳатто қарордодҳо имзо кардаам (Таваҷчӯҳ
дошта бошед, ки ман он замон на мақому мансаб доштам ва на
ягон масъулияти давлатй ва чй гуна мешудааст, ки бо мақомоти
расмии кишвари дигар гуфтугӯ ва пасон қарордод имзо намоям ва
он ҳам дар мавриди “пахши садо ва симои Эрон дар Тоҷикистон!).
Хоҳари азиз ... пас аз марги нобаҳангоми устод Лоиқ ҳасрати он
касро ба ман борҳо нақл намуд, ки устод Лоик мефармудаанд:

-Чаро Мирбобо аз ман ин сафарашро пинҳон нигаҳ дошт?
Охир, ман ки ба вай душманй надонггам! Агар як даҳан ба ман
мегуфг, ки ба Эрон меравам, магар ман пеши роҳашро мегирифгам?!

Ба шумо, Ҳазратам, маълум ва рӯшан бод ва ба хартуми по-
катой савганд мехӯрам ва ба гӯшҳои бузургатон, ки ҳоло каме
вазнин шудааст ва он қадр суханҳои ҳақро намешунаванд, дасти
иродат мезанам, ки ман ба ҳеҷ ваҷҳ ва ба ҳеҷ роҳе қонунй ва ё
ғайриқонунй дар мохдои январ-феврали соли 1992 ба Эрон сафар
накардаам (Эрон он тараф истад, ҳатто аз шаҳри Душанбе берун
нарафтаам). Аввалан, ман гузарнома надоштам ва гирифтани он
бароям имкон надошт (зеро бояд аз ғалбери дастгоҳи амниятй
мегузаштам). Сониян, ҳатто агар ба фарз ман гузарнома дарёфт
мекардам, вале барои хориҷ шудан аз кишвар боз маҷбур будам
ба Идораи гузарнома (барои мӯҳри хурӯчӣ) муроҷиат намоям, ки
дақиқан боз ҳамон галбери дастгоҳи амниятии кишварро дар
пешорӯи хеш доштам. Ниҳоят, сафар ба Эрон ниёз ба раводид
(виза) дорад, ки дарёфти он кори сахлу осон набуд ва он хам мох-
ҳои январ-феврали соли 1992 (ҳарчанд шӯравй фурӯ пошида буд,
вале қонунҳои он пой бар ҷой меистод). Аз хама муҳим: махо-
риҷи сафари банда бояд аз кудо таъмин мешуд!?

Ҳамаи ин иштибоҳот аз он дой маншаъ мегирад, ки бар
асари бесаводии як хатшинос ва дунуну тахаюли васвосии данд
устухоншикан чунин дурӯғ ба рост мубаддал мешавад ва бечора
шоири миллат низ ба он бовар мекунад, ки гӯё банда ба таври
пинхонй ба Ҷумҳурии исломии Эрон сафар кардаам. Гузашта аз
ин Лоиқи бечораро мадбур мекунанд, ки зери фишори сахт ба
идораҳои бозрасй дар мавриди ду «диноят»-и М. Мирраҳимов
шаҳодатдиҳад:

68
1. Сафари пинҳонии банда ба Эрон; 2. Хариди ду машинкаи
форсӣ (ки Мирраҳимов ба роҳи пинҳонӣ аз Эрон ба Тоҷикистон
ворид кардааст ва баъд онро аз роҳи мағозаи дасти дуввум ба
Бунёди забони форсӣ ба фурӯш расонидааст).

Бузургворо! Дар пешгоҳи меҳроби муқаддаси таърих ба
гӯшҳои паҳну бузург ва камшунавои шумо бори дигар сад бор
савганд мехӯрам, ки ман дар моҳҳои январ-феврали соли 1992 аз
Душанбе ва Тоҷикистон берун нарафтаам ва машинкаҳои хати
форсиро на аз ягон кишвари дигар, балки маҳз аз Маскав (ва бо
кӯмаки бародари бисер азиз Нуралӣ Давлатов, ки ҳоло дар қайди
ҳаёт аст ва метавонед аз вай ба сифати шохид суол фармоед) соли
1991 ба Душанбе ворид кардаам. Ман он машинкаҳои хати фор-
сиро бо дастони худ бардошта, ба дохили (салони) хавопаймои
хати парвози Маскав-Душанбе даровардам, то ҳангоми ҳамлу
нақл ҳеҷ латмае ба онҳо ворид нашавад ва дар тамомии тӯли
парвоз рӯйи зонуҳо(пойҳо)ям нигаҳ доштам. Баъд, барои расмият
бахшидан ба харид ва фурӯши онҳо лозим омад, аввал машинка-
ҳоро ба мағозаи молҳои дасти дуввум (яъне ба забони фасеҳи
имрӯзаи тоҷикй «комиссионй») таҳвил диҳем ва баъд онро барои
Бунёди забои харидорй намоем. Ин як кори тамоман оддӣ, муқар-
рарй-маъмулй ва қонунӣ дар хариду фурӯши ҳар гуна коло аст ва
ҳеч кас дар шӯравӣ барои ин кор мучрим шинохта нашудааст,
магар ин ки тахаллуфе карда ва ё бардурӯғ қиматро боло бар-
дошта, арзиши молро дар санади харидуфурӯш нодуруст ва гай-
ривокей сабт карда бошад. Аммо ман кори хилофе анҷом надо-
даам ва аз ин талошу заҳматҳои кашидаам дар роҳи ворид карда-
ни машинкаҳои форсй ба кишвар заррае фонда ҳам надидаам,
ҳатто як рубл ҳам барои худ нагирифтаам. Тамоми ин кор дар
санадхо сабт аст ва хар одами боақл барои раванди қонунӣ
бахшидан дар масъалаи хариду фурӯш дар шӯравии собиқ аз ин
масир амал мекард. Вале, пас аз фурӯпошии шӯравй ва аз байн
рафтани низоми иқтисодӣ ва қонунҳои муомилоти молй ва тиҷо-
рй устухоншиканҳои даноби олй бо чй ангеза ва ба таври гайри-
қонунй Лоиқро барои «ворид ва хариди мошинкаҳои форсй» зери
фишор ва шиканча қарор додаанд, танҳо ба худи шумо маълум аст
(ва ҳатто яздони пок низ аз ин чавсозии (атмосфера) фазой кишвар

69
ба мақсади пай до кардани «душман» дар ҳайрат мондааст). Ман аз
шумо ҷасоратан барон чунин кори бешарафонаи устухоншикан-
ҳоятон ҷуброни хисорат мехоҳам. Афзун бар ин солҳои 1989-1991
Эрон тавони сохти машинкаҳои форсиро надошт ва ҳоло низ
надорад (зеро эҳтиёҷе нест) ва онҳоро аз Олмон, Жопон ва дигар
кишварҳо ворид месохт ва месозад, зеро ҳамагон хуб медонад, ки
кашфи дучарха бори дуввум суде дар бар надорад.

Ҷалолатмаоб Ҳазрати Фил! Агар таърихро ба дасти фаро-
мӯшй насупурдаед, пас, ҳатман дар ёд доред, ки «подшохд Яман
азми ҳадм(хароб, вайрон кардан)и Каъба кард ва филони бисёр ва
лашкариёни бещумор ба хдм овард ва чун наздики Каъба расид,
Аллоҳ таъоло абобил(парастуҳо)ро ҳукм фармуд, то ҳалок
кунад» ва аз ин боб дар «Қуръон» (сураи «Фил») сухан рафтааст,
ки овардани онро барои ибрат зарур мешуморам: «Оё надидй, чй
гуна муомила кард парвардигори ту бо ахди Фил. Оё насохт
бадандешии ишонро дар бефоидагй ва фиристод барояшон
ҷонваронро фавҷ-фавҷ. Меандохтанд ба сӯйи ишон сангрезаҳо аз
санги гил. Пас сохт ишонро монанди охар ва боқимонда баъд аз
хӯрдани даввоб». (Қуръони карим. Тарҷимаи Шоҳвалиуллоҳи Деҳлавй,
Макка, 1417, с. 729).

Он замон подшоҳи Яман дар андешаи сӯъистифода аз шу-
мо, Ҳазратам ва ҳамгунаҳоятон ба нияти бад буд, вале ман ҳоло
шуморо ба покию Софии шир шофеъ ва нофеъ меоварам, то адо-
латро барқарор намоед ва нагузоред, ки дасти зӯрмандон ва
таъадцй дароз бимонад...

Ҳазратам! Одамони сарбаланд ва озодфикр дар ин сарза-
мини пургуноҳ доиман зери тозиёнаи танқид ва бадбинй қарор
доранд ва ба таъбири мақоли мардумй «калу кӯр ва ҳатто пасмон-
да кулӯх» ҳам ба сӯйи шахе сан г партоб карда, дар садади зарба
задан аст ва вазифаи муқаддаси худ медонад, то барои зери по
кардани он шахеи интиқодшуда кӯшиш ба харҷ диҳад. Лоиқ ҳам
аз тарафи дунявиҳо (шакли дурусташ «ғайримазҳабиҳо») ва ҳам
аз тарафи ухравиҳо (мазҳабиҳо) ва ҳам аз ҷониби миллатпарас-
тон ва ҳам аз ҷониби мансабпарастон (яъне маскавпарастон), ҳам
аз ҷониби меҳанпарастон ва ҳам аз ҷониби маҳалпарастон маври-
ди интиқод қарор шрифт ва ҳар яке барои худ дар нисбат ба ишон

70
гумоне дошт. Ҳеҷ як аз ҷонибдорони ҷараёнҳои сиёсии маъруфи
кишвар ва бузургони бесар тасаввурашро намекарданд, ки ӯ як
шоири миллӣ ва ҳатто гузашта аз он фаромиллй ва бузургтар аз
он як нобиғаи нотакрор аст, ки бо вуҷуди покаш ва ашъори нобаш
шеъри порсии Варорудиро дар садаи бистум мутаҳаввил сохт,
суолҳои бешумореро пешорӯи мо гузошт ва ба пурсишҳои зиёде
дар худшиносии миллат посух гуфт. Дар ҳаққаш тӯҳмату сухан-
ҳои бад бештар аз ҳарфҳои нек аст, ки ин хама боиси таассуф
мебошад. Ҳатто кадом як гунҷишкмизоҷе бо имзои мустаори
«Баҳриддини Хуҷандй» (аммо дақиқан мубталои бемории маҳал-
гарой) соли 1994 дар рӯзномаи «Сурӯш» дар посух ба як мисръаи
шеъри Лоиқ чанд сатр назмак-мазмаке эҷод карда, ба вай ин тавр
таъна задааст (ки май вайро барои чунин ҳарзагӯй шадидан
маҳкум мекунам):

ТУ СУҒД НАИ!...

Имрӯз зи баски охирин суғдам ман

Лоиқ

Бар цотили тоҷикон санохон шудай,

Аз нусрати ҷоҳилон ту шодон шудай,

Бин хуни нажоди сугдиён даре шуд,

Ту кур пай, чаро тухандон шудай!

Айб аст ба ту ки сугд хот худро,

Ту сугд пай, ту цотили сугдонй.

Он кӯҳу камар, ки маскани сугдон аст,

Азмарги шаҳидони Батан лагзон аст,

Бармурдаи зори тоҷики бесоҳиб,

Кӯҳу талу теппаву даман гирён аст.

Пекин тусанои цотилон мехонй,

Ту сугд най, ту нанги кӯҳистонӣ.

«Бобо» хондй ту цотили миллатро,

Гаштй ту намуна пастиву зиллатро,

Ҳам бар тувуҳам бар он ҷад(д)и ципчоцат,

71
Яздони карим насиб кунад лаънатро.

Ту васф бикардй дузду горатгарро,

Пас сугдӣ куҷо? Ту чопари элхонй.

Аз шеваи темуриву макри афранг,

Бар тоҷики бечора ҷаҳон омад танг.

Аз бехабарй кунун пури оринажод
Бар хуни бародару падар кард оҳанг.

Ай шоири миллато ту бепарвой,

Пас сугд пай, ту бардаи хокрнй!

Зуд аст, ки тоҷикон баҳам бозоянд,

Аз реша дарахти дуишанй бирбоянд
Афганда дар оташу ба гирдогирдаш
Паймони бародарӣ баҳам бинмоянд.

Баҳри ту дар он миёна цойе набувад,

Тусугднай, ту зодаи шайтонй.

Барой он ки суханонам дар мавриди бозпурсии (истинток) Рай-
иси Бунёди забони форсии тоҷикӣ Лоики Шералй ба хотири Мир-
бобо Миррахимов аз ҷониби... бе дал ел набошад ва боз ба камина
тӯҳмат назананд ва худое нокарда, дар пайгарди қонунӣ қарор нади-
ҳанд, барои намуна овардани санадеро лозим донистам, ки бо имзои
худи устод Лоиқ ба як идораи мӯътабар фиристода шудааст. Ин си-
фатнома ё беҳтараш бигӯем тавсифнома, ки тоҷикони имрӯза онро ба
забони модариашон «характеристика» меноманд (ва устод Лоик ню
маҷбур шудаанд, ки онро барои қобили фаҳми забонгумкардагон шу-
дан дар бояояш «характеристика» нависанд) тахти шумораҳои 7 ва 8
аз 18 марта соли 1994 мебошад. Онро бо хам мехонем:

«Ба Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амния-
ти миллй

Мувофики мактуби ирсолкардаи Шумо аз таърихи 11.03.94
таҳги раками 15-94 бо имзои муфатгаши ҳайати муффатишӣ мӯҳгарам
Воҳидов Д.А. бароятон характерисгикаи собщ корманди Бунёди забо-
ни форсии тоҷикӣ Миррахимов Мирбобо мефиристем.

72
ХАРАКТЕРИСТИКА

Дода шуд, ба Мирраҳимов Мирбобо, дар он хусус, ки вай аз
таърихи 1-уми марти соли 1990 то 11-уми май соли 1992 дар Бун-
ёди забони форсии тоҷикӣ ба вазифаи ҷонишини аввали раиси
Бунёди забони тоҷикӣ (форсй) кор кардааст. Мирраҳимовро дар
Анҷумани муассисони Бунёди забони точикй (форсй) аз таърихи
14-уми октябри соли 1989 ба ин вазифа мувофиқи Ойинномаи ин
созмон интихоб карда буданд. Ва тибқи ҚАРОРИ Девони Вази-
рони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 май соли 1992, раками 154, дар
бораи раиси Ширкати давлатии симо ва садои Ҷумҳурии Тоҷи-
кистон таъин шудани Мирраҳимов Мирбобо бо имзои Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон р. А. Мирзоев ва Муовини мудири корхои
Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи дар Бунёди
забои доштааш сабукдӯш карда шуда буд.

Миррахимов ба ин вазифа тасодуфй наомадааст, балки ҳамчун
яке аз созмондихандагони Бунёди забони форсии точикй интихоб
шудааст. У аз рӯзи аввали фаъолияти Бунёди забои то охирин рӯзҳои
кориаш аз ичрои вазифааш мебаромад. Албатга, мувофиқи он имко-
нияге, ки худи ташкилот дорад. Чунки дар тамоми тӯли фаъолияташ
ва то имрӯз ҷои (манзили) корни доимй ва дигар шароиту имконият-
ҳои заруриро надорад. Яъне, агар дар чое нақшаҳои корни ӯ пурра
амалй нашу да бошанд, ин ба тамоми фаъолияти ташкилот-Бунёди
забои тааллук дорад, на ба фаъолияти алоҳидаи ин ё он корманд.
Мирбобо бо хамкоронаш дар муносибати хуб ва дӯстона буда,
табиатан орому ботамкин аст. Ақидаҳои шахсии фарҳангй ва сиёси-
ашро ба касе талқин накардааст. Дар тӯли фаъолияташ аз тарафи
Садорат ва Раёсати Бунёди забони форсии точикй ягон норозигй
баён нашудааст. Ин сифатнома гибки хохдши расмии Кумитаи
Давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба амнияти миллӣ, таҳти рака-
ми 15-94 аз таърихи 11.03.1994 иншо шуд.

Бо эҳтиром Раиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ

Лощ Шералй»

Ҷалолатпаноҳ Ҳазрати Фил! Ёдатой меояд, ки дар тӯли
таърих ба уламо (олимон), удабо (адибон) ва рӯшанфикрони мо
чй қадар тӯҳмату тавҳин мекарданд, таъқибу азобашон медоданд

73
ва танҳо пас аз маргашон каме бошад ҳам ба қадру манзалати
онҳо мерасиданд (ҳамонанди муносибати Маҳмуди Ғазнавӣ ба
Фирдавсй пас аз марги ҳамосасаро). Аммо Лоиқ сазовори ин
хушмеҳри бузургони миллат қарор нагирифт. Ҳоло замона дигар
гаштааст ва одамон ҳам дигар шудаанд ва ватандорон танҳо дар
тафаккури музофотии хеш умр ба cap бурда, «бузург» мешаван ду
бо ҳамон «бузургӣ»-и қавпарастиву музофотпарастй ва доираи
махдуди маҳалагароӣ ба адамият (на абадият) мепайванданд. Ка-
се, ки қадри бузургон нашинохт, ҳеҷ гоҳ бузургаш нахоҳанд хонд
ва агар дар замони зинда буданаш ба вай тандис (нимтана, муҷас-
сама) гузоранд ва ҳар кадр эҳтиромаш кунанд хам, пас маълум
аст, ки ояндагон дақиқан чунин кореро дар ҳаққи вай нахоҳанд
кард.

Шеъру шоирй сарнавишти Лоиқ будааст ва то ба имрӯз касе
аз дасти сарнавишт по ба гурез наниҳода ва шоири давонмарги мо
низ аз он рад да истисно нест, аммо қадрношиносии ҳамзамонон
ва марги нобаҳангому пурмуаммо бисер дардовар аст. Ҳасрати
дардҳои ногуфта...

74
ДАР ДОРИ ХИЧРАТ ВА ҒУРБАТ

«МАХСУМИ ПАНФИЛ»

ВА «ЭШОНИ ДУБНОВ»

Дар замони ҷанги шаҳрвандиитоҷикон (1993-1997) барнома-
ҳои садои «Озодӣ» шунавандагони зиёде дошт ва рӯзноманиго-
рон-Олег Панфилов ва Аркадий Дубнов аз маъруфтарин чеҳраҳои
он ба шумор мерафтанд. Дар урдуи мухолифин номи ин ду нафар-
ро бо эҳтиром ба забои мегирифтанд ва ҳатман ду унвони муборак-
ро низ барояшон баргузида буданд: «махсуми Панфил» ва «эшони
Дубнов». Ин ду унвон ончунон бо номҳои хонаводагии Олег ва
Аркадий аҷин шуд, ки ҳатго бархе беихтиёр ва бо эҳтиром ба мақо-
ми шомихи он бузургворон ҳатман «махсум» ва «эшон»-ро ҳамроҳ
мекарданд. Ман аз садои «Озодй» дар мусоҳибае шунидам, ки яке
аз бачахои мухолифин дар хузури шахси Дубнов чунин сухан огоз
кард:

-Ҳозир аз микрафони эшони Дубнов истифода бурда...

Боре Олег Панфилов аз касе пурсидааст:

-Мартабан «махсум» баланд аст ва ё унвони «эшон»?

-Албатта, мартабаи «эшон» баландтар аст. «Махсум» он
аст, ки нав ба кори таблиғ (даъват) шурӯъ карда ва ҳоло ба мақо-
ми баланде даст наёфтааст...

-Ин тамоман беадолатист, ки банда дар Тоҷикистон ба дунё
омада ва барои мардуми ин марзу бум ин қадар заҳмат кашида
бошам ва ба ман унвони «махсум»-ро додаанд, аммо ба Дубнов,
ки ҳамагй чанд бор аз садои «Озодй» сухан мегӯяд, мартабаи
«эшон»-ро сазовор донистаанд!

-Нороҳат набошед, махсум-ака. Мардуми тоҷик мақоле
дорад, ки мефармояд: оби таги (зери) дар кадр надорад.

75
«исломи, исломи»

Ин вокеаро Олег Панфилов нақл кард:

-Дар даври навбатии гуфтушуниди мухолифин ва намоян-
дагони ҳукумат дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон сафири Ҷумҳу-
рии Исломии Эрон ҷаноби оқои Исломй барои тарафайн меҳмо-
ние орост. Худи ҷаноби оқои Исломй дар назди дари вурудии
толори пазирой (тарабхона, ресторан) бо иттифоқи ду нафар аз
ҳамкоронаш рост истода, аз меҳмонон истиқбол мекард. Ман ка-
ме таъхир доштам ва гумон кардам, ки дер мондам, аммо дидам,
ки ҷаноби А. С.. .а чанд қадам дуртар ғарқи андеша ба сӯйи толор
ҳаракат дорад. Мунтазир мондам, то он кас бирасад ва бо хам
вориди толор шавем. Вақге ишон ба дари вурудии толори пази-
рой расид, ҷаноби Исломй бо камоли эҳтиром аз он кас истиқбол
намуда, барои хушомад дасти росташро ба тарафи меҳмон дароз
карда, чунин гуфт:

-Саломуалейкум. Исломиам! Хуш омадед! Бифармоед.

Ҷаноби А. С...а бо шунидани садои «исломй» даступо гум
карда, пиндонгг, ки аз вай тарафдори ислом будан ва ё набуда-
нашро мепурсанд, филфавр чунин посух дод:

-Мо хам исломием, шукри худо исломй, ҳа, исломй...

ДАШНОМИ БОЛОХОНАДОР

Намояндаи мухолифин дар хайате муташакил аз намоян-
дагони Созмони Милали Муттаҳид (мухтасар СММ) ва ҳукумат
аз минтақаи Рашт дидан мекард. Ҳайат пас аз боздид аз урдуи
тарафдорони ҳукумат (яъне Фронти халқй) бояд ба тарафи урдуи
мухолифин мерафт. Ҳама савори мошин ва омодаи ҳаракат шу-
данд ва ҳамин лаҳза буд, ки яке аз фармондеҳони Фронти халқй
мусаллаҳ бо автомата Калашников хидмати меҳмонон расид ва
ба мошин наздик омад ва шишаи онро бо нӯки автомата Калаш-
ников тақ-тақ кӯбида, ба намояндаи мухолифин бо садои баланд
гуфт:

-Ҳей к...си ача! Ба вай (яъне ҷониби мухолиф) к...и ача
бигу, ки к.. .иачагарй накунад...

76
ДОЛЛАР-ВИДЕО

Бисту се нафар дар як хонаи бисер бузург дар шаҳри Хоруғ
нишастаем. Ҳама зиндониҳое ҳастанд, ки бояд бо асирон табодул
шаванд. Пагоҳии барвақти 8-уми ноябри соли 1994 аст ва ҳоло
намаке ба даҳон набурдаем. Ду марди салла(дастор, аммома)дор
вориди хона мешаванд ва ҳама ба ифтихори онҳо аз ҷой ҷаҳида
бармехезанд. Яке аз ин ду нафар бо теғи нигоҳ cap то пойи ҳамаро
як-як шикофта, аз назар мегузаронад ва дар ниҳоят ба тарафи
шахсе, ки дар канори ман бо қомати мисли алиф рост истодааст,
чашмонашро хира карда, ангушти ишораташро ба шамшери
бурро мубаддал месозад ва тунд-тунд бо забони кушанда мегӯяд:
-Ҳа, мулло Саъдуддин! Ту мавъиза мекунӣ ё ман?!

Мулло Саъдуддин бо шикастанафасӣ посух медиҳад:
-Шумо бифармоед, домулло.

Ҳазрати домулло низ билофосила ба мавъизаи дурударози
тавил ва беохир пардохта, ҳар лаҳза худ аз худ ба шӯр меоянд ва
дергоҳ ба тарафи мулло Саъдуддини Рустамзода хира мешаванд
ва боз ангушти ишоратро дар фазо ба кор андохта, ин бор онро
зери савти ширини «доллар-видео, доллар-видео» гоҳ ба тарафи
чап ва гоҳ ба тарфи рост ба шакли нимдоира чархонида, бо лаҳни
бисёр сахт ва танбеҳкунанда мефармоянд:

-Ту, мулло Саъдуддин! Ба ҳаҷ рафта буди, а, ба ҳаҷ?! Ёдат
меод? Малик Фатҳ-ҷосуси сионизм, барои шумо дастгоҳҳои
видео тӯҳфа дода буд. Баъд, он видеоҳоро ба Душанбе оварда, бо
доллар ба фурӯш расондед. Доллар-видео, доллар-видео...

АНА, ФАРАНГЙ! МАНА, ФАРАНҶЙ!

Дар Афғонистон воқеаи «доллар-видео»-ро, ки дар шаҳри
Хоруғ иттифоқ афтод, ба дӯстон накд кард ем. Онҳо аз он рухдод
завқ карда хандиданд ва чунин афзуданд:

-Мулло Саъдуддин бисёр одами хушбахт будааст, ки бе ҳеҷ
зарари ҷисмонӣ аз дасти он Ҳазрат хал ос шудааст. Ишон дар Аф-
ғонистон каромот карданд. Яке аз дӯстон, ки бо «Садои Тоҷикис-
тони озод» ҳамкорӣ дошт, дар сӯҳбате аз пайдоиши вожаи

77
«фаранг, фарангӣ» ва шабоҳати он бо рӯсарии «фаранҷӣ» сухан
ба миён оварад. Он Ҳазрат, ки зикри хайрашон дар «доллар-
видео» рафт, дар он сӯхбат хузур доштаанд. Пас аз ба поён раси-
дани сухани дӯсти азизамон, Ҳазрат ба тарафи ӯ теғ кашида, суо-
ломез нигоҳ мекунанд ва мепурсанд:

-Яъне маълум мешавад, ки калимаи «фаранҷӣ» аз «фаран-
гй» пайдо шудааст? А?!

Он дӯст ҳанӯз фурсати посух гуфтан пайдо накарда, Ҳазрат
ду мушти обдор ба даҳонаш мезананд ва мегӯянд:

-Ана, бату ин фарангӣ! Мана, бату ин фаранҷӣ!

БАЁНОТ

Дар ҶИДДИ 48 парвандаи ҷиноии шумораи 695, ки алайҳи
инҷониб дар як идораи мӯътабар дуруст намудаанд, баёноти Н. Д.,
ки ним соле бештар хатто шахси дуввум дар макоми раҳбарии Ҷум-
хурият будааст, ҷой дорад, ки хондани он касро ба андеша водор
мекунад. Вақге кас баёноти Н. Д.-ро ба идораи хуфия мехонад,
бидуни ихтиёр шоҳкори Николай Васильевич Гоголь «Ёддоштҳои
марди девона» («Записки сумашедшего» )-ро ба ёд меоварад. Қаҳра-
мони «Ёддоштхои марди девона» чунин даъво пеш меорад, ки дар
чугрофия байни Испониё ва Чин ҳеҷ тафовутеро намебинад ва агар
ҳар гох одам калимаи «Чин»-ро нависад, онро бояд «Испониё»
бихонад ва билъакс. Н. Д. аз худ он қадар дурӯғ бофгааст, ки на тан-
хо мавриди қабули одами тамоман беақд қарор намегирад, балки
онҳое, ки ӯро хамчун соҳибмансаб ба идораи тафтишотй даъват
кардаанд, ба баёнот ва гуфтаҳояш эътимод пайдо накардаанд:

Н. Д.: -Мохн августа соли 1991 Қшй Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба
ман пеншиҳод кард, ки вазифаи Райиси Чумхуриро бар ӯхда бигирам.

Бозрас: -Шумо чй гуфтед?

Н. Д. -Ман розй нашудам.

ХАР ВА ДУО

Зиндонбон Р. ҳар рӯз ба Мулло Аҷики Ализода (худо раҳ-
маташ кунад) бо чунин хоҳиш муроҷиат мекард:

78
-Домулло. Як дуои хайр диҳед. Дуои шумо табаррукист.
Илтимос.

Мулло Аҷик аз ин мулоимхуникиҳои зиндонбон ба қаҳр
омад ва чунин посух дод:

-Хар чию боз дуо хостанаш чй?

МАН-ФАРОНСАВӢ!

Рӯзи 14 ноябри соли 1994 пас аз табодули асирон бо зиндо-
ниён дар шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшони Тодикистон, моро ба
сӯйи ноҳияи Ишкошим бурданд, то дар нуқтаи марзии он чой ба
Афғонистон фиристанд. Баъд аз пешин, наздикихои намози аср
ба марз расидем. Мо-сездах нафар бояд хоки Точикистонро тарк
карда, вориди сарзамини Давлати Афғонистон шавем. Ҳама са-
вори мошини бологушодаи (комюн) ЗИЛ-130 ҳастем ва марзбо-
нони русу киргиз, ки дар айни ҳол қитъаи марзии «Ишкошим»-и
Точикистонро дар ихтиёр доранд, бо тарсу ларз ба чеҳраҳои мо
менигаранд. С. Р. ин ҳолати сарбозон ва афсарони марзбонро ди-
да, барои боз ҳам даҳшат афкандан дар рӯҳияи онҳо, дасти рос-
ташро боло бардошта, ба лаҳҷаи шикастаи забони русй баланд-
баланд ба тарафи марзбонон фарёд зад:

-Я-француз! Я принял ислам. Скоро мы вас освободим!
(Ман-фаронсавӣ. Ман исломро қабул кардаам. Ба зуди мо шумо-
ро озод хохем кард!)

Ҳар кас, ки С. Р.-ро дидааст, ба дурусти(воқеъият)и ин су-
ханон сад дар сад бовар хоҳад кард ва ҳеҷ шубҳаеро дар дилаш
роҳнамедиҳад.

НАМОЗИ БЕОХИР

Садои Аскар Сафаров дар зиндон борҳо ба гӯшам расида
буд. Вақте дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе омодаи парвоз ба та-
рафи Хоруг будем (дар таърихи 5 ноябри соли 1994) аз ӯ пурсидам:

-Чй воқеаи фаромӯшнашуданӣ аз зиндон дар ёдат монда-
аст?

-Ду воқеа ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад, ки бо ашку ханда оме-
зиш дошт. Якум, ҳангоме ки асир афтодам, як хафта дар ҳоҷат-

79
хона ба лӯлаи оби сард занҷирбандам карданд ва ҳар махлуқе
барон қазои ҳоҷат ба он ҷой ворид мешуд, як лагад ба шикам ё
сэрам мезад ва боз чанд дашноми болохонадор медод, ба чуз як
нафар марди рус, ки на шаттае мезад ва на сухане ба ман мегуфт
ва танҳо бо нигоҳи дилсӯзона аз канорам рад мешуд ва, дувум,
намозе, ки хондам ва се соат тӯл кашид.

-Охир, ту чй хел як намозро се соат тӯл додй?

-Барой шарикам, ки дар як ҳуҷра ба cap мебурдем, ду ё се
кило гӯштбирён оварданд. Як луқмай аз гӯштбирён гирифта бу-
дем, ки вақти хоб шуд ва маҷбур шудем ба рӯйи кати оҳанин да-
роз кашем. Рафиқамро зуд хоб бурд, вале ман аз бӯйи дилкаши
косаи гӯштбирён нафасгир шуда, ду чашмамро аз он намекандам.
Андешидам, ки чй хел мешавад, онро нӯши ҷон кард. Билохира,
роҳи ҳалли муаммои косаи гӯштбирёнро пай до кардам.

Аз чойи хоб баланд шуда, ба намозхонй шурӯъ кардам. На-
мозхонии ман тазоҳурй буд ва косаи 1ӯшт дар канори дасти рос-
там меистод. Ҳар бор ки даҳонам холй мешуд, даст ба сӯйи косаи
гӯштбирён дароз карда, як луқма гӯштро зуд ба даҳон меандох-
там ва сахт-сахт хойида, фурӯ мебурдам ва сарамро ба чойнамоз
мегузоштам ва боло мебардоштам. Кавша карда, хойидани гӯшт
бароям лаззат медод ва зиндонбон (ки ҳар бор аз чашмаки дар
намозхонии маро таҳти назар дошт) гумон мекард, ки аз сидки
дил намоз мехонам, зеро даҳону лунҷҳоям хеле хуб мечунбид.
Ниҳоят косаи сабри зиндонбон аз намозхонии нисфишабии ман
лабрез шуд ва даричаи ғизодиҳи(дар дохили дари ҳуҷра мавчуд
буда)ро боз карда, ба сэрам бонгзад:

-Ҳей, пат (падарлаънат) чанд соат намоз мехонй? Се соат
аст, ки саратро ба замин зада, боло мебардорӣ ва ҳеҷ не, ки намо-
зат ба охир расад. Ин намози ту беохирай?!

САГИ СУХАНФАҲМ

Ҳангоми убури зиндониёни сиёсии нав ба озодй баромада
аз марзи Тоҷикистон ба хоки Афгонистон, марзбонони рус ва
қирғиз барои нишон додани маданияти волои хеш дар марзбонй
саги тарбиятдидаеро оварданд, то аз ҳар як(так-так)и ин озодагон

80
(дар Эрон барон онҳое, ки аз зиндони Ирок озод шудаанд, исти-
лоҳи «озода» ва шакли ҷамъ «озодагон» истифода мешавад, ки
мо низ онро дар ин ҷой бамавқеъ ба кор бурдем) барои пайдо
кардани маводи мухаддир бозҷӯйӣ кунад. Ин саги бузург ва
бисер муаддаб аз cap то нохуни пойи ҳар зиндониро бӯй карда,
ҳатто бо фуки калонаш ба сари ҷайби шалвор ва боронй cap
мезад, то мутмаин шавад, ки мо чизеро пинҳон накардаем ва
натавонем асрори давлатиро бо худ ба хориҷ барем. Навбат ба
бозрасии Аскар Сафаров расид. Вақте саг қоматашро баробари
қомати Сафар баланд карда, ӯро «дар оғӯш» гирифт ва фукашро
ба зери гӯши вай бурд, ногоҳ садои баланди ав-ав аз хеш cap дод
ва аз Сафар дур шуд. Ҳарчанд марзбонон сагро ба тарафи Сафар
шерак карда, киш-киш медоданд, аммо саг дигар тамоюли ба
Сафар наздик шуданро надошт ва бо гӯшаи чашм ба вай нигоҳ
карда, бо таре аз ӯ фирорӣ мешуд. Иллати ин «ранҷиш»-и саги
бовафо барои марзбонон бисер машкук менамуд, вале ҳеҷ коре
барои рафъи он аз дасташон намеомад...

Вақте ба хоки Афгонистон расидем, аз Аскар пурсидам:

-Ту чй кор кардй, ки саг аз наздат гурехт?

-Ҳангоме ки саг ду пояшро ба сари синаам гузошта,
коматашро рост кард ва ба ман баробар шуд ва фукашро ба сару
рӯям мол ид, фурсатро ганимат дониста, ба вай гӯшакӣ кардам:
«биё, бо ҳам бозӣ кунем» ва филфавр гӯши сагро газ гирифтам.
Саг аз шиддати дард уллос кашида, аз наздам дур шуд ва дигар
дуръати наздик омаданро надошт.

УШТУК. СИЁҲСАР. ФОМ ИЛ

Дар поёни соли 1992 нахустин муҳоҷирони тоҷик, ки ҳама-
гон ҷинсияти «мард» доштанд, аз руди Аму (Ому) убур карда,
пой ба хоки Афгонистон гузоштанд. Бародарони афғонй бо меҳ-
моннавозии ба худ хос аз фирориҳо истиқбол карданд ва барои
тахияи манзил барои онҳо аз тоҷике пурсиданд:

-Уштук (бача, фарзанди хурдсол) доред?

Тоҷик бо шунидани вожаи «уштук» гумон кард, ки ин шояд
талаффузи вайроншудаи ҳамон калимаи русии «штук» ё «штука»

81
ба маънои «адад», «то», «чиз» аст ва мизбонон аз ӯ дар бораи
шумори фирориён мепурсанд, бо итминони хотир гуфт:

-Бале, сй-чихлл то уштук.

-Сиёҳсар ҳам доред? (дар Афғонистон ба «зан» ва «духтар»
«сиёҳсар»мегӯянд)

Тоҷик ин дафъа бовар мекунад, ки дар бораи ранги мӯйсари
одамон суол шудааст, дарҳол мегӯяд:

-Ҳамаамон сиёҳсарем.

Ватандори афғон аз ин суолу ҷавоб ҳеҷ чизеро дуруст дарк
накарда, ниҳоят пурсиши охиринро матраҳ месозад:

-Фомил ҳам доред? (аз “family”; фомил-хонавода, оила.
Дар Афғонистон ва Эрон «фомил» асосан ба маънои «оила, хона-
вода» аст, вале ба маънои “номи хонаводагй” ҳам ҳаст).

Муҳоҷири точик гумон мекунад, ки аз ӯ номи хонаводагии
ҳамаи рафиқонашро мепурсанд, бо бепарвоии ба худ хос мегӯяд:

-Ман фамилияи ҳамаи гурезаҳоро аз куҷо медонам.

«НОМАШ АБУЛАҲАБ!»

Соли 1993 дар яке аз урдугоҳҳои муҳоҷирини тоҷик дар
Афғонистон (Мазори тариф) дар хонаводае писаре ба дунё омад.
Он бегоҳ дар кулбаи фақиронаи муҳоҷир дӯстонаш ҷамъ шуданд,
то ин рухдоди муборакро барои падари хушбахт табрик гӯянд.
Албатта, чанд шиша машруб ҳам рӯйи дастурхон пайдо шуд. Пае
аз сархушӣ падари хушбахт аз дӯстонаш хост, то онҳо номи
муносибе ба тифли навзодаш гузоран д. Яке аз бачаҳо, ки гӯё каме
«саводи динй» доштааст, барои нишон додани донойии хеш
чунин номро барои он тифли маъсум пешниҳод мекунад:

-Номаш «Абулаҳаб». Дар Қуръон ҳам аз ин бобат сухан
рафтааст...

ЗАБОНИ РУСЙ ДАР МАККАИ МУКАРРАМА

Ин хушбахтй насиб шуд, ки мавсими ҳаҷи соли 1996-ро бо
ҳамроҳии Ҳазрати Эшони Тӯраҷон-Эшонбобо (таваллуд 1355 ҳ.
қ.=1934-вафот 5.08.2005, худованд ҷойи ин шахси азиз ва фар-

82
хехтаро ҷаннат гардонад) гузарондем. Корвони зоирин дар ма-
ҳаллаи Азизияи Маккаи мукаррама мустақар шуд. Мо аз эҳром
баромада будем ва ҳар рӯз бештари намозҳоямонро дар Каъба
мехондем. Бозгашт аз намози хуфтан ба меҳмонхона баъзан ба
душворӣ сурат мегирифт ва иллаташ ҳам ин буд, ки ронандагони
харис (чоплус) дар шаб ҳаристар мешуданд ва барон касби
даромади бештар одамони бисёреро ба мошинҳои кирокаш савор
карда ва боз дар рафти ҳаракат мусофир пайдо намуда, баъд бо
хотири ҷамъ моро то дойн иқомат меоварданд ва ҳатто баъзан
миннат ҳам мегузоштанд. Дар мавриди ҳарисии мизбонони
мавсими ҳаҷ ин мақол дар Маккаи мукаррама маъруф аст, ки
шахсияти аъроби судчӯйро бозгӯйӣ мекунад (аз забони худи
арабҳо чунин изҳор мешавад): «мо ёздаҳ моҳ истироҳат ва хоб
мекунем ва як моҳ зоиронро пӯст меканем».

Як шаб се нафар-Эшони Тӯраҷон, бародарашон ҳоҷӣ Абду-
самеъ ва банда пас аз адои намози хуфтан мошинеро ба нархи
понздаҳ доллари ИМА кироя кардем, то зудтар ба манзил бира-
сем ва барои субҳи оянда омода бошем. Мо, се нафар, дар сан-
дал иҳои пушти ронада дой гирифтем. Дар канори ронанда шахси
лоғаре (ба эҳтимоли зиёд шогирд ва ё кӯмакёвар буд) нишаста,
пули мусофиронро мечид (дамъ мекард) ва сари роҳ боз панд-
шаш нафари дигарро савор карда, пули онҳоро хам ба дайб зад.
Қисса кӯтоҳ мо се бор ба гӯшаи дигари шахр рафта, боз ба Каъба
баргашта, боз ба тарафи мақсади дигар ҳаракат кардем. Гӯё хам
ронанда ва ҳам марди пулчинак моро фаромӯш карда буданд ва ё
мехостанд, ки мо аз ин сайругашти бемаънй дилбазан шуда,
худамон аз саворӣ пойин оем. Эшонбобо каме нороҳат шуданд:

-Имшаб ба хона намерасем?!

-Моро фаромӯш карданд.

-Ягон сухан гӯед, шояд ақлашон ба дой ояд.

Ман вориди гуфтугӯ шудам ва ба ронанда ва он шогирди
пулчинак бо калимоти шикастаи арабй матлабро баён кардам, ки
мо се бор аст ба Каъба омаду рафт кардем ва ҳеҷ маълум нест, ки
ба маҳаллаи Азизия бирасем. Пулчинак бо садои нохушоянд гуфт:

-Ло (на, яъне наме донам).

Маҷбур шудам ба забони фасеҳи форсй матлабро такрор

83
намоям. Ин бор он шогирди пулчинак бо дурушти ҳарфи маро
бурида:

-Ло,лафарсй,-

гуфт ва маълум буд, ки аз мо нафрат дорад.

Бори дигар ба забони туркии истанбулй барон ҳар дуй он
падарраҳматҳо гуфтам:

-Шаб аз нисф гузашт, се соат аст, ки гирди Каъба давр меза-
нем ва ҳеҷ ба маҳаллаи Азизия намерасем. Агар моро ба он дой
бурдан намехоҳед, ҳадди ақал пуламонро пас диҳед, то бо моши-
ни дигар ба он ҷой биравем.

Аммо ин суханони ман ба гӯши хар азон хонданро мемонд:
ҳам ронанда ва хам шогирди пулчинакаш худро ба каррй заданд.
Аз чунин муносибат дар шахре, ки ‘‘Хонаи Худо” дар он вокеъ
аст, асабонй шудам ва нохост фишори хунам боло рафг. Ин хел
таҳқирро дар умрам надида будам ва он ҳам дар шафати Хонаи
Худо. Ба забони русй ва садои баланд, канда-канда гуфтам:

-Шумо номи «Иттиҳода шӯравй»-Русияро шунидаед?!
Медонед, ки ба забони русй бароятон ҳарф мезанам? Мо ба шумо
пул додем, то ба Азизия баред, аммо беш аз се соат бо фиреб сари
моро гиҷ кардед. Билохира, моро ба он ҷой мебаред ё на?!

Шогирд-пулчинак ин бор каме ба худ омад ва ба суханонам
таваҷҷӯҳ кард ва дар ниҳоят бо кароҳат хост кафши моро пеши
пой гузорад. Бо вучуди ҳамаи ин беадабӣ ман истиҳола мекар-
дам, вале он шогирди бадбахт аз сандалии канори дасти рости
ронанда ба кафо тоб хӯрда, ба тарафи мо рӯй овард ва ногоҳ дас-
ташро ба сӯйи ман дароз карда, хост як торсаки(сили)е ба суратам
занад. Ман фурсатро ғанимат шумурда, дарҳол дасти боло бар-
доштаашро ба пушташ тоб дода, се-чаҳор мушти обдор ба пушти
гарданаш фаровардам. Доду фарёдаш баланд шуд ва кӯмак хост.
Аммо ман дигар тоқати ором нишастанро аз даст дода будам ва аз
таксй берун омадам ва дари самти рости ронандаро гушода, он
шогирдпешаро барои муборизаи тан ба тан даъват кардам, то
губори дилро, ки дар тӯли ду соли зиндон ва ду соли ҳиҷрат ҷамъ
шуда буд, шикамсерй ба сараш холй созам. Араби бечора дудаста
ба фармони саворй часпида, аз ронанда кӯмак мехост, то вайро ба
дасти ман надиҳад. Чанд араби дигари бекор ва ҳангоматалаб дар

84
атрофи мо ҷамъ омаданд, вале ба мунокишаи мо мудохила
накарданд. Эшонбобо ба ман насихат мекарданд:

-Хонатон пури гандум, бас кунед. Боз ба зиндон набаранд.
Ин арабҳо мардуми қасосгир ҳастанд. Дар бало мемонем.

-Ҳеҷ ran нест, Эшонбобо! Зиндони КГБ-ро дидем, зиндони
Макка дар пеши он бозича аст.

Ронанда бо ишорати даст аз ман хост, ки шогирдашро раҳо
созам ва ба такси савор шавам ва омода аст, то моро ба Азизия би-
барад. Эшонбобо шак доштанд:

-Боз фиреб дода, шуморо ба идораи полис набарад?

-Дар ин гирду атроф пойгоҳи полис вучуд надорад. Агар ин
корро кунад, як-ду мушти дигар бар сари ронанда хам мезанам,
пас, ҳар чй бодо бод! Инҳо хуб медонанд, ки бо шӯравиҳо шӯхй
хатарнок аст, бинобар ин аз таре чунин рафтор намекунанд.

Ба ронанда ишорат кардам, ки аз кадом масир ба тарафи
Азизия ҳаракат намояд:

-По этой дороги. Поехали! Аз ин тараф. Ҳаракат! Рафтем!

«САДҚАИ ОДАМ ШАВ!»

Дар як хонаи бузурги меҳмонхонае дар Азизияи Макка нӯҳ
нафар иқомат дорем. Рахти хоби Ҳазрати Эшони Тӯраҷон дар мо-
байни ман ва бародари кӯчакашон-Ҳоҷй Абдусамеъ густарда шу-
дааст. Дар ин хона ҳар субҳ аввал ман аз чойи хоб баланд меша-
вам ва ба хотири он ки вузӯ гирифтан барои Эшонбобо роҳат бо-
шад, дарҳол ҳочатхона ва душро бо об тоза мекунам. Як мулло-
намо ҳам бо мо дар ин уток ҳамроҳ аст. Як пагоҳӣ ҳама барои
намоз бархостанд, ба чуз он муллонамо. Эшонбобо ду ракъат
намози суннатро хонда, ба тарафи мо нигаристанд ва гуфтанд:

-Ун муллоро ҳам бедор кунед, намозаш қазо нашавад.

Яке аз дӯстон ба китфи он шахеи хобида оҳиста даст расо-
нида, таконаш дод ва гуфт:

-Хезед, домулло, вақти намоз шуд.

Он шахе чашмонашро ҳатто боз накарда, бепарвоёна посух

дод:

-Ҳадис ҳаст, ки мефармояд: уламоро бедор накунед, онҳо

85
дар хоб бошанд беҳтар аст, зеро азизи худоянд. Ман дишаб дер
хобидам.

Ҳазрати Эшон аз ин ҳадисбофии он муллонамо (ҷолиб ин
ки баъзан худи Эшонбобо рустакй ба он муллонамо пул медо-
данд) сахт дар ғазаб шуданд, вале каме бо истиҳола гуфтанд:

-Рӯ(я)т сиёҳ! Дар шаҳри худо ва назди хонаи худо зиндаго-
нӣ дорем, чаро аз худат дурӯғ мебофй ва боз ҳадис дуруст меку-
нй? Дар ҳеч ҳадис ин ҳарфи ту нест. Зуд барои намоз бархез, сад-
қаи одам шав!

ТУ НА ИНН ВА НА ОНИ

Фориғ аз кӯфти роҳ дар меҳмонхона (Макка) нишаста бу-
дем ва аз ҳар боб сухан мерафт. Ногоҳ қазияи шаҳодат дар рохи
худо ба миён омад. Як муллонамо (ҳамоне ки шарҳи ҳадисаш дар
боло рафт) ба тарафи Эшонбобо рӯй овард ва гуфт:

-Ман мехоҳам ҳам шаҳид бошам ва ҳам зинда монда, аз лаз-
затҳои ин дунё истифода намоям.

Эшонбобо филҳол посух доданд:

-Ту на ин мешавй ва на он. Мурдаву зиндаат барои худо ҳеч
арзише надорад. Ҳайфи он кавме, ки аз пушти ту намоз икома
кард.

АВВАЛ ХЕШ...

Аз меҳмонхонаи Азизия-ҷойи иқомат, то сари роҳи бузург,
ки савори такой мешавем, бояд панҷ дақиқа пиёда қадам занем.
Ду бинои панҷошёна (табака) дар канори меҳмонхонаи мо чой
дорад. Ҳар рӯз ман дар канори Эшонбобо оҳиста-оҳиста том
мебардорам ва бо гӯшаи чашм ба соҳиби ин биноҳои панҷошёна
менигарам, ки ба эҳтироми Ҳазрати Эшони Тӯраҷон аз кати ҷойи
нишастааш бархоста, хеле муаддабона саломуалейк мекунад. Ба
Эшонбобо мегӯям:

-Ин бандаи худо дар дил ягон ran дорад.

-Шумо аз куҷо медонед?!

-Чашмонаш мегӯяд. Сониян, ҳеҷ араб ба одами гариба-зоир
ва ҳоҷӣ дар Макка салом намедиҳад ва он ҳам бо чунин молу
сарват.

86
Эшонбобо ҳарфи маро қабул доран д ва мегӯянд:

-Хайр, бубинем, оқибаташ чй мешавад.

Дар воқеъ чанд рӯз пас аз ин гуфтугӯ марде вориди меҳмон-
хона мешавад ва нишонии Ҳазрати Эшонро мепурсад. Дӯстон он
шахсро ба хонаи (утоқи) нишасти мо ҳидоят мекунанд. Яке вази-
фаи тарҷимониро бар ӯҳда мегирад. Араб (хидматкор) ба забони
ҳол меояд ва ба арабӣ мегӯяд:

-Шайхи мӯҳтарам! Арбоби ман, яъне ҳамон шахсе, ки ҳар
рӯз шумо ишонро дар назди бинои ҳамшафати меҳмонхона меби-
нед, одами бисер сарвагманд аст ва соҳиби панҷ меҳмонхона (хо-
тел) дар Макка ва Мадина мебошад ва чаҳор ҳамсар дорад. Ба шу-
мо хеле ихлосманд аст ва мехоҳад, ки ҷаноби олӣ бо ягон роҳ он
касро табобат кунанд ва ё бо каромоти худ мушкили он касро
рафъ намоянд.

Эшонбобо бо мулоиматй аз он мард мепурсанд:

-Мушкили арбоби шумо дар чист?

-Медонед? Он кас чаҳор ҳамсар доранд.

-Хуб, чаҳор ҳамсар дошта бошад ва панҷ меҳмонхона (ҳо-
тел)-сарваташ ҳам бошад, боз чй мушкил дорад?

-Охир, чанд сол аст, ки асбоби мардинаи арбоб аз кор уфто-
да ва ҷанҷол байни ҳамсаронаш шадидан идома дорад ва ҳама-
ашон талоқ мехоҳанд. Арбоб мехоҳад, ки шумо бо ягон роҳ - дуо
ва ё каромот асбоби мардинаи он касро ба кор андозед.

Ваҷоҳати Ҳазрати Эшон бо шунидани ин ҳарфҳо якбора
тағйир ёфт ва бо лаҳни сахт ба он мард гуфтанд:

-Хез, аз ин дой гум шав,...! Агар ман ин корро карда мета-
вони стам, аввал аз они худамро табобат мекардам.

БАДБАХТ

Дӯстон қарор гузоштанд, ки дар назди яке аз вурудиҳои
(боб, дарвоза) хонаи Каъба дамъ омада, баъд ба тавоф бипардо-
занд. Эшонбобо зудтар ба он дой расиданд. Барой он ки дар пайдо
кардани дари вурудии мавриди ниёз вақт (замон) беҳуда талаф
нашавад, ба як нозир (полис) муродиат намуданд, то он касро дар
ин маврид роҳнамоӣ кунад. Полис бо беэътиной гуфт:

87
-Намедонам он дар дар кадом тараф вокеъ аст.

Эшонбобо сахт дар тааҷҷуб шуданд:

-Магар ахди Макка нести?

-Чаро ҳастам, вале дарҳои вурудй ба Каъбаро намедонам.

-Чанд сол аст, ки дар ин макон хидмат мекуни?

-Ҳаждаҳсол.

-Маносики ҳаҷро ба ҷой овардаӣ? Ҳоҷи ҳасти?!

-На. Аслан то ба ҳол дохил нарафтаам ва хатто Каъбаро хам

надидаам.

-Бадбахт будай, бадбахт!

«БО ЯК ЧАШМ БУБИН»

Ҳангоми ҳиҷрат дар Афғонистон Мулло Абдуғаффор Ху-
дойдодзода (ҳамон Абдугаффори «южный») Қозии Наҳзати Ис-
ломии Тоҷикистон шуд ва дар як мавқеъияти хос ӯро ба вазифаи
қойиммақоми устод Сайидабдуллоҳи Нурй баргузиданд. Тасо-
дуфан устод Нуриро сафаре пеш омад ва ишон бояд ба тури фав-
рй шаҳри Толиқонро тарк мекард. Устод Нурй омодаи парвоз (бо
чархбол) ба тарафи шаҳри Кобул буд. Х,амин лаҳза, дар чунин
фурсати танг Мулло Абдуғаффор ба хидмати устод Нурй расид
вагуфг:

-Устод! Машварат кардан лозим аст. Корҳо хеле зиёд...

Устод дар посух фармуд:

-Бо Қуръон машварат кун.

Абдуғаффор узри дигар пеш овард:

-Асабҳоям хароб шудаанд, як чашмам бисер заъиф, наме-
бинад.

Устод барояш гуфт:

-Ҳамаро бо як чашм бубин, он гоҳ корҳо хуб мешавад.

ФАРҲАНГИ АНГУР ХӮРДАН

Дар яке аз шаҳрҳои Магриб (октябри соли 1997) меҳмон бу-
дем. Додоҷони Атовулло ҳар рӯз як хабари навро бо ҳазор обу-
ранг нақл мекард. Рӯзе мизбонон бароямон як лаган ангур овар-

88
данд ва рӯйи миз гузоштанд. Қозидомулло (Ҳоҷй Акбари Тӯра-
чонзода), Додоҷон ва камина аз сари ангур як шингилй бардошта
хӯрдем. Ammo шарики дигарамон бидуни таваҷҷӯҳ ба расму
ойини ангурхӯрӣ аз ҳар сари ангур ба таври дилхоҳ чаппагардону
ростагардон карда, як-ду ғуҷум канда мехӯрд ва эътиное ба хакки
дигарон надошт. Дар як они вохид лагани ангур шакли тамоман
безеберо ба худ касб кард: мисли табаке пасмонда(сарқут)и ғизо,
ки сагу гурба ба вай ҳуҷум оварда бошад. Қозидомулло аз ин
ҳолат тамоман норохат шуданд, вале чизе нагуфтанд. Ниҳоят аз
чунин рафтори он рафиқ ба сутӯҳ омада, ба тарафи лаган даст
бурда, аз сари ангур як шингил канда, боло бардоштанд ва онро
ба намойиш дароварданд ва гуфтанд:

-Дар фарҳанги мардуми тоҷик аввал аз як сари ангур як
шингил канда мехӯранд ва баъд боз шингили дигарро ба даст
мегиранд, на ин ки аз ҳар сари ангур як-ду ғуҷумро сайла
(интихоб) карда, бикананду пас онро ба саркут табдил диҳанд ва
дигар кас ба он даст назанад!

«НАСИБИ МИРБОБО»

Дар меҳмонсарои Вазорати умури хориҷаи Ҷумхурии исло-
мии Эрон воқеъ дар минтакаи Ниёварони (норвон, сада) Теҳрон
маҷлиси пазирое барпо шуд ва бандаро низ дар қатори дигарон ба он
Чой даъват карданд. Г ирифгории зиёде доштам ва бо каме таъхир ба
он меқмонӣ расидам. Ҳамагон ҳозир буданд. Ҷаноби оқои Маликӣ-
муовини мӯҳтарами вазири умури хориҷа бо дидани чеҳраи хаста ва
ранги паридаам каме дар хайрат уфгод ва бо лутф гуфт:

-Чӣ шуд?! Чаро ин кадр ранги паридае доред?

Қозидомулло ба ҷойи ман посухи суоли ишонро доданд:
-Агар шумо ба ҷойи Мирбобо мебудед, на танҳо рангатон
мепарид, балки ҷонатон мебаромад!

-Чаро?

-Танҳо барои сервиси (мошини) Мадраса, ки писарашро ме-
кашонад, аз ин бечора ҳаштод хазор тумон (баробар ба дусаду
бист доллари ИМА) хостаанд. Як муҳоҷир ин қадар пулро аз куҷо
пайдо карда метавонад?

89
-Ҳаштод ҳазор тумон ин кадр пуле нест.

-Агар ҳаштод ҳазор тумон пуле нест, пае, лутф бифармоед,
худи шумо онро бипардозед, то ранги паридаи Мирбобо аз байн
биравад.

Оқои Маликӣ ба ҷайбаш даст бурд ва як чеки садҳазортумо-
ниро даровард ва гуфт:

-Дирӯз дойи(тағо)ам оятуллоҳ ... барои чанд тан пизишки
муолиҷ пул пешниҳод карданд ва як чеки садҳазортумонӣ дар
дасти ман боқӣ монд. Насиби Мирбобо будааст.

ҲАДИСИ ҶАВОНМАРДӢ

Дар гуфтушуниди Ҳайатҳои мухолифин ва ҳукумат (моҳ-
ҳои сентябр-октябри соли 1994 дар пойтахти Покистон-шаҳри
Исломобод) масъалаи табодули сарбозони асир бо зиндониёни
сиёсй ба баҳси доғ табдил ёфт ва сабаби он дар рӯйхат қарор
гирифтани номи «Мирбобои Мирраҳим» буд. Раҳбари ҳайати ҳу-
куматй ба ҳеҷ ваҷҳ намехост, ки дар рӯйхат номи М. Мирраҳим
бошад ва ин сухани маъруфро таъкид мекард:

-Г енералро бо сарбоз иваз намекунанд!

Ниҳоят аксари ҳайати мухолифин низ аз ин баҳси бепоён
хаста шуда, аз Мирбобои Мирраҳим даст мекашанд ва номи ӯро аз
рӯйхати табодул берун андохтанй мешаванд, ба чуз як кас ва он
ҳам сарвари ҳайати гуфтушунид аз ҷониби мухолифин Ҳоҷй
Акбари Тӯраҷонзода. Ишон ҷавонмардона ва бо сароҳат мегӯянд:

-Ё Мирбобо ё ҳеҷ кас!

Ҳайати ҳукуматй розӣ аст ба ҷойи М. Мирраҳим сад нафар
аз зиндониҳоро озод намояд. Аммо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода
бар сари номи М. Мирраҳим пофишорй доранд ва сари харфи
хеш устувор:

-Ё Мирбобо ё ҳеч кас!

ТЕЛЕФОНЫ БЕНУ Л

Додочони Атовулло дар дори ғурбат ҳар аз гоҳе ба банда
хам занг мезанад. Боре аз шаҳри Бонни Олмон (ҳангоми гуфту-

90
шуниди сулҳи Афғонистон дар моҳи январи соли 2002) ба теле-
фона манзилам занг зад. Хеле сӯҳбат кардем, аз як соат ҳам
бештар. Посе аз шаб гузашта буд, аммо Додоҷон мехост боз ҳам
сӯҳбатро идома диҳад. Пурсидам:

-Маблағи зиёде барои ин гуфтугӯи телефонй пардохтан
лозим меояд, боз зарар накунед?

-На. Телефон бепул (ройгон) аст!

АВВАЛ ДИГАРОН

Пас аз ҳамин сӯҳбати телефонй бо Додоҷони Атовулло (бо
хориҷа, яъне шаҳри Бонни Олмон) боз бар сарамон бало омад:
маро ба ҷосусӣ айбдор (муттаҳам) карданд. Яке барои рафъи ин
шубҳачунин машварати «дилсӯзона» дод:

-Шумо аз дӯстй бо Додочон даст кашед ва ӯро барои
мусохибааш дар «Дойче вела» («Садои Олмон») маҳкум намоед,
ки пас аз сӯхбат бо шумо ин иттифоқ афтодааст, яъне кадом
ҳизби диниеро дар Точикистон барои дарёфти ришва аз кишвари
... айбдор кардааст.

-Бигузор аввал дигарон аз дӯстй бо ман даст бикашанд, то
дарди cap бароям камтар шавад. Ман ҳеч гоҳ ахди дӯстӣ намеши-
канам ва дар ин сабқат гоми нахустро барнамедорам.

ИН МАРД ФАРИШТА ACT

Дар мавриди шахсияти Қозидомулло-Ҳоҷй Акбари Тӯра-
ҷонзода сухан мерафт. Ҳама ба ӯ дарафтода буданд ва дар ҳаққаш
ҳар баду балое, ки шунида буданд ва ё аз худ мебофтанд, мегуф-
танд. Ман хомӯш менишастам. Яке пурсид:

-Назари шумо дар бораи Ҳочй Акбари Тӯрачонзода чист?

-Ин мард як фаришта аст, албатта, дар муқоиса бо он аш-
хосе, ки шумо ба онҳо иродат доред.

Косаи сабри мизбонон, ки аз вуҷуди банда кайхо лабрез
шуда буд, бо шунидани ин суханони озодандешона ва ҳарфи ҳақ
аз мо ба ҷон ранҷиданд ва аз он рӯз ба баъд мушкилоти фарово-
неро дар пешорӯямон қарор доданд.

91
РАЙИСИ ҲИЗБИ «ВАХДАТ»

Дар манзили Қозидомулло, воқеъ дар минтақаи Посдорони
Теҳрон, «Ахбор»-ро аз шабаки якуми симои Эрон тамошо мекар-
дем. Ногоҳ хабари шуме пахш шуд: толибон райиси Ҳизби «Вах-
дат»-и Афғонистон ҳуҷҷатулислом валмуслимин Мазорй ва ёз-
даҳ нафар ёри вафодорашро ноҷавонмардона ба қатл расонида-
анд. Хеле хабари ваҳшатнок ва андӯҳовар буд. Ҳамин вақт, меҳ-
мони бисер нозе аз аҳли Тоҷикистон, ки ҳоло муқими шахри
муқаддаси Қ. буд, бо ахди рикобаш вориди хона шуд ва ба ифти-
хори вай ҳама аз ҷой бархостанд. Қозидомулло филҳол меҳмонро
дар оғӯш гирифтанд ва гуфтанд:

-Худоро шукр, хайрият, ки омадед. Худи ҳозир хабар до-
данд, ки толибон дар Афғонистон райиси Ҳизби «Вахдат» ҳуҷ-
ҷатулислом валмуслимин Мазориро куштаанд. Номзадии
шуморо ба унвони райисии Ҳизби «Вахдат»-и Афғонистон пеш-
ниҳод мекунем. “Ҳуччатулислом валмуслимин”, ки ҳастед, сад
дар сад хоҳанд пазируфт, афтатон (башара, чеҳра) ҳам ба марду-
ми ҳазора бисер монанд аст (мехӯрад), ҳатто заррае шубҳа нахо-
ҳандкард...

АЗ МАШРИҚ ТО МАҒРИБ

Дар манзили Қозидомулло (Теҳрон) аз боби казову кадар,
русумот, душвориҳо ва осониҳои ичрои фароизи динй дар маз-
ҳабҳои ислом сухан дар миён омад. Ногоҳ Қозидомулло пеш аз
иқомаи намоз ба ҳамагон рӯй оварда, дастҳояшонро ба ду тараф
комилан боз карданд ва дунёи бузургеро дар фазо ба тасвир ка-
шиданд ва гуфтанд:

-Дар мазҳаби ҳанафӣ барои ибтикор ва фаъолияти инсони
мӯмин ин қадар ҷой гузоштаанд, ки мешавад гуфт: аз Машриқ то
Магриб аст. Боз чӣ мехоҳед?!

ТИМСОҲ Ё ТИМСОР?

Ҳангоми убури марзи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ворид шу-
дан ба хоки Ҷумҳурии исломии Эрон (соли 1993) марзбонони

92
эронӣ аз вуруди Қозидомулло ва ахди хонаводаашон пешгирӣ ба
амал меоваранд. Ҳарчанд далел пеш меоранд, аммо тимсор(унво-
ни генерали мартабадор, аз генерал-майор то генерал-сарҳанг)-
сардори марзбонон намепазирад. Ночор Қозидомулло маҷбур
мешаванд, ки аз ҳамон хатти марзй ва дар ҳузури марзбонон ба
вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ҷаноби оқои
Алиакбари Вилоятӣ занг бизананд. Оқои Вилоятӣ аз Қозидомул-
ло мепурсанд:

-Кй монеъи вуруди шумо ва хонаводаатон шуд?

-Кадом як тимсоҳ, ки ҳамин ҷой нишастааст. Суханҳои
маро қабул надорад.

-Чӣ хел тимсоҳ?! Шояд тимсор бошад?

-Намедонам, тимсоҳ аст ётимсор...

ДОМОДШАВАНДА

Дӯстам Д.-ро бист сол надида будам. Тобистони соли 2005
дар як маърака ба таври тасодуфӣ мулоқот кардам. Хеле сариҳол
ба назар мерасид ва бо вуҷуди он ки аз ман се-чаҳор сол бештар
умр дошт, як тори мӯйи сараш сафедй надида. Дар ҳайрат афто-
дам ва суол кардам:

-Чй тур тавонистӣ худатро ин кадар чавон нигаҳ дорй?

Хандид ва гуфт:

-Ту саратро бо сиёсат сафед кардӣ ва ман сарамро аз хама
балоҳо эмин нигаҳ доштам.

-Шунидам, ки ту ҳам ду-ё се бор ба маҳбас рафта будӣ?

-Маро барои серзанй (таъаддуди завҷайн) ба маҳбас бур-
дан д ва он ҷо низ боз ду бор издивоҷ кардам.

-Чӣ тур тавонистй, ки дар маҳбас издивоҷ кунӣ?

-Хеле осон. Ҳамаи раҳбарон ва зиндонбонҳо маро хуб мешинох-
танд ва коре хам надоштанд ва ман роҳаг ба хар ҷой, ки дилам мехосг,
масалан хостгорӣ ба манзили духтардор низ мерафгам.

-Росташро бигӯ: Чандто зан гирифтТ?

-Понздаҳто!

-Воқеан ҳам шоҳкор кардй!

-Як бор амакам барои хостгорй ба хонаи духтар рафт ва то

93
имрӯз миннат мекунад. Ба ҳамин хотир, чаҳордаҳ бори дигар
худам ба хостгории духтарҳо ва беваҳо рафтам.

-Хостгорй чӣ хел буд?

-Воқеият ин аст, ки ҳангоми хостгорй он қадар аз домодша-
ванда таъриф ба амал меовардам, ки ҳам падар ва ҳам модари
духтар даҳонашон гушода мемонд ва дархост мекарданд:

-Чй хел мешавад домодшавандаро як бор бубинем?

Он гоҳ мегуфтам:

-Маро бинед кифоят мекунад. Домодшаванда худам ҳастам!

ТЕЛЕФОНИ ОШНО

Шаби гарми тобистон пас аз хастагии сахт маро ба рахти
хоб мекашад. Ба соати деворӣ менигарам, ки занги соати дуи
шаб(бомдод)ро зад. Мехоҳам бихобам. Садои занги телефон хоб-
ро аз чашмонам мепаронад. Он сӯйи хат, садои тамоман ноошно
бо ачала фарёд мезанад:

-Манзили оқои Мирраҳим!?

-Бифармоед.

-Аз рестораны «Боги шимол»-и шаҳраки Ғарби (Қудс) Теҳ-
рон музоҳим мешавем...

-Мо дар Меҳршаҳри Караҷ зиндагонй мекунем, ки шояд
ҳафтод километр аз шаҳраки Ғарби шаҳри Теҳрон дур аст ва дар
ин нисфишабй ҳеч суфориши ғизо накардаем.

-Ман коргари ин ресторан ҳастам ва ин ҷо муштарие кифи
(сумкаи) худро чо гузоштааст, ки дар дафтарчаи ёддошти он
номи шумо сабт шудааст. Мо мехоҳем тавассути шумо соҳиби
кифро пай до кунем.

-Аҷаб гирифторе шудам дар ин марзу бум, оқо! Агар он
шахе дар ин нисфишабй гум мешуд ва ё худашро ҷой мегузошт,
пас, маро дастгир мекардед?

ЛЕГАТО ВА НОНЛЕГАТО

Нисфишаб садои занги телефон ба садо даромад. Гӯширо
ба даст гирифтам ва аз он сӯ садои шинос баланд шуд:

94
-Салом оқои Мирраҳим! Ҳоли шумо хубе? Ман Гулшани
Ватанпараст ҳастам, шогирди хонум Ҳакимова. Меша(ва)д аз
устод як суоли кучулу (хурдакак, майда, кӯчак) намоям?

-Алон нисфи шаб аст, азизам, ҳамаи мардуми дунё хоби-
даанд.

-Хеле хоҳиш мекунам. Ман дар ҳоли тамрини пиано (пиа-
нино, пиёну) ҳастам ва туи ин этюди шумораи дувоздаҳуми Шо-
пен гир кардам.

-Фардо субҳ занг занед ва суолатонро бо худи устод Хаки-
мова матраҳ намоед. Ҳоло беҳтараш бихобед, ки соат аз бисту-
чаҳори шаб гузаштааст.

Гӯширо рӯйи дастгоҳ гузоштам, вале пас аз панҷ дақиқа боз
садои занги телефон маро бедор кард. Боз хонуми Гулшан ва ҳа-
мон гуфтугӯи боло ва таоруфоти зиёд ва дар поён, аз ман хоҳиш
дорад, ки ҳамсарамро бедор намоям, то ба суоли вай посух гӯяд:

-... туро худо, ман танҳо як суоли кучулу дорам... Хобам
намебарад, то ки посухи ин суоли тахассусиро наёбам.

-Охир, ман наметавонам хонуми бечораамро, ки, мутаас-
сифона, устоди шумост, дар ин нисфи шаб бедор кунам, то ба
суоли шумо ҷавоб бигӯяд.

Вале Гулшани Ватанпараст исрор дорад бар сари хоҳиши
худаш. Ниҳоят мехоҳам бо ягон роҳи осон аз музоҳимати ӯ хал ос
шавам. Аз вай мепурсам:

-Шояд худи ман кӯмакатон кунам ва ба суоли шумо посух
бигӯям?

-Бубинед, суоли ман ин чост.

-Куҷост?

-Дар этюди шумораи дувоздаҳи Шопен бахши васат, саҳи-
фаи ... ин нотҳоро чй тур тамрин кунам: легато (пайваста) ё нон-
легато (муқаттаъ, нопайваста)?

-Посухи ин суол ҳеҷ мушкиле надорад, азизам, ҳамонанди
амали зарби ду бар ду, ки мешавад чаҳор.

-Чй хел?

-Хеле роҳат. Шумо аввал он нотҳоро легато бизанед ва агар
маъқул нашуд он гоҳ нонлегато бизанед. Масъала ҳал!

95
«A3 ҲАР КАЛЛА ЯК САДО»

Таърихи инсоният пур аз иттифоқоти аҷибу ғариб: гоҳе
хандаовар ва гоҳан фоҷиабор аст. Барой мисол: дар солҳои 70-
уми мелодй (асри 1) императоры Рум Веспасиан барои вуруд ба
ҳоҷатхона(туалет)ҳои дастаҷамъӣ (шаҳрӣ) андоз ҷорй кард. Вақ-
те писарашба император эродгирифт:

-Пул ситонидан барои ҳоҷатхонаи умумӣ кори хуб нест!

Падар як каф (мушт) аз сиккаҳои андози ҳоҷатхонаро ба
назди биннии(димоғ) писараш овард ва гуфт:

-Бӯй кун! Магар ин пулҳо бӯйи мадфуот медиҳад?

Ин суханони император мақоли маъруф шуд, вале румиён
ба ҳоҷатхонаҳои пулакии шаҳри Рум ба тури фаровон муроҷиат
мекарданд, зеро ин макони бо сангҳои мармар тазйиншуда на
танҳо ҷойи қазои ҳоҷат буд, балки ҷойи гирдиҳам омадан (таҷам-
мӯъ) ва сӯҳбати одамон низ ба шумор мерафт (имрӯз аксари ҳо-
ҷатхонаҳо дар шаҳрҳо пулакӣ ва хусусй шудааст, аммо фарҳанги
хуби муроҷиат ба ҳоҷатхона ба давраи Руми бостон нарасидааст);
Дар асри ҳаждаҳ дар Бютемберг барои гунҷишк андоз ситонида
мешуд. Соҳибхона бояд дувоздаҳ гунҷишк мекушт, дар ғайри ин
сурат бояд дар сол дувоздаҳ крейтсер ба хазона мерехт. Мардум
аз шикорчиёни ҳирфаӣ кӯмак гирифта ва дувоздаҳ гунҷишки
куштаро ба маъмурони андоз нишон медоданд; Соли 1941 дар
Иттиҳоди шӯравй қонуне насб шуд, ки ба мӯҷиби он шаҳрвандон
барои бефарзандй (безурётй, беавлодй) бояд андоз мепардох-
танд. Ин қонуни андоз дар таърихи инсоният тамоман бесобика
буда ва танҳо дар Иттиҳоди шӯравӣ ва Муғулистон вуҷуд дошт;
Дар поёни асри бист дар Арманистон (кишваре, ки «радиои» он
дар шӯравии собиқ ба латоифпароканӣ шӯҳрат дошт) қонуне ба
тасвиб расид, ки барои зуду дани гарду хок аз ҳар метри мураббаъ
ду драм андоз пардохтан лозим меояд; Аз соли 1993 дар Венетсия
барои «соя» андоз ситонида мешавад, яъне ба мӯҷиби ин конун
молики дӯкон, мағоза, тарабхона, ки болои дар ва қафасаи шиша
(витрин) соябон насб мекунад ва ба замини шаҳрдорӣ соя меаф-
канад, бояд андоз бипардозад; Иттифоқан дар Византия (Руми
шарқй-Туркияи имрӯза) барои «ҳаво» андоз мепардохтанд; Им-

96
РӮз ДаР бархе аз кишварҳои шӯравии собиқ аз ҳамон қонуни
хаво сабқат гирифта, лӯлаи газро пур аз ҳаво карда, ба мардум
боди холӣ мефурӯшанд; Дар Белжик барои шаҳват андоз сито-
нида мешавад: -аз фоҳишаҳое, ки дар назди шишаҳои мағоза дар
махаллаи ... истодаанд. Аз ин роҳи «қонунӣ» маблағи беш аз як
миллион франк (ҳоло «евро») ба хазонаи давлат ворид мешавад;
Дар Утриш (Австрия) «андози гаҷ» ё «гаҷгирифтагй» ҷорист, ки
ба мучиби он ҳар лижарон (эски) барои фуруд омадан аз кӯҳпояи
Алп бояд бипардозад ва он ба муассисоти тиббй вогузор шуда-
аст...

ПОСУХИ САЛОМ ВА ПАЛАВИ ХОМ

Рӯзе, ки заҳматкашони бисёр хоксор ва ҷаррору ҷаббори
хадамоти иттилоотии се кишвари осиёимиёнагй бандаи ҳақирро
аз Ишкобод барои таҳвил ба зиндонбонони сарзамини ҷоноҷо-
нам меоварданд (19-21.01.1993), аз хоки кишвари Ӯзбакистон
убур мекардем ва ҳангоме ки вориди мамлакати озоди хеш
шудам, чашмонамро маҳкам бастанд, то чизеро дида натавонам.
Ҷолиб ин аст: рӯзе, ки аз зиндон озод мешудам ва аз он ҷой берун
овардандам, боз чашмонамро бастанд ва савори мошини «зоғи
сиёҳ» карданд. Мошини «зоғи сиёҳ» пур аз одамони зиндонй
будааст. Чун пеш аз вуруд ба дохили мошини «зоғи сиёҳ» чашмо-
намро боз карданд, ҳеҷ чизро ба ҷуз сиёҳй ва шабаҳи чанд нафар
намедидам ва аввалин сухане, ки ба забон овардам, ин буд:

-Ассалому алейкум...

Яке саломи маро «алейк» гирифт ва аз садо ҳамдигарро ши-
нохтем. Соҳиби овоз Ҷумъабой Ниёзов буд. Дар шаҳри Хоруғ Ҷ.
Ниёзов ният карданд, ки барои бачаҳо палав бипазанд, вале дар
он баландии чандҳазометрии аз рӯйи баҳр зирбаки палав ба ҷӯш
намеомад ва биринҷ намепухт.

ТАЛХ ВА ШИРИН

Зиндагии инсон як навъ миёни талхиву ширинй сипарй
мешавад ва шояд мо кам ба он таваҷҷӯҳ дорем ва на ҳама вақт ба
кадри он мерасем. Дар ширинҳои зиндагй ёде аз талхиҳост ва дар

97
V

талхиҳои он намакест аз ширини. Аҳамияти ханда ва шоди дар
зиндагии инсон ба дараҷае ҷойгоҳи вижаи худро дорад ва файла-
суфони гузашта аз Афлотун ва Арасту cap карда, то ба имрӯз хам-
вора дар мавриди он изҳори андеша кардаанд. Эммануэл Кант
дар мавриди ханда чумлае зебое дорад, ки аксари назарияпар-
дозони мазҳака (комедия) ба он истинод доранд ва он чунин аст:
«Ханда ҳолатест, ки дар натиҷаи интизори шадид ва нақш ба об
шудани он падид меояд». Ханда танҳо хоси инсон аст ва ҳеҷ
махлуқи дигаре тавоноии онро надорад ва касе, ки дарки мохияти
хандаро надорад ба иштибоҳ дар чомеаи инсонй зистааст..

НАМЕШАВАД! САД ДАРИ ГУШОДА...

Вақте нахустин мақолаамро барои чоп ба идораи як рӯзно-
ма бурдам, корманди он нашрия, ки ба ҳамон муллонуқат (мулло-
нуқот)иҳои дар осори нависандагони рус (садаи нуздахум) тас-
виршуда бисер шабоҳат дошт ва айнакаш низ болои хараки бин-
ниаш қарор гирифта, гӯё ба афтодан мойил мешуд, ба тарафи
одам теғ кашида нигоҳ мекард, ба навиштаҳоям ҳатто дуруст
назар наафканда (хондан он тараф истад), пас гардонид ва гуфт:

-Намешавад!

Ноумед нашудам ва бо хушҳолӣ берун рафтам аз идораи
рӯзнома. Рӯзи хубе буд. Ба гирду атроф нигаристам: ҳама мисли
мӯру мал ах дар талоши зиндагй ва дар такопӯ ҳастанд. Ҳамоно
ин суханхо дар зеҳнам зинда шуд:

-Як дари баста ва сад дари гушода (боз)!

Ин воқеа дакикан сиву ду сол пеш аз ин рӯзгор pyx до да буд.
Аз он замон то ба имрӯз мақоли болоро доиман дар зехни хеш
дорам ва ҳар гох агар мушкиле пеш ояд барои таскини дил онро
ба забои меоварам.

СУОЛҲОИ БЕҶАВОБ

Рӯшан ҳарф задан чист? Рӯшан фикр кардан чист? Чаро шах-
се, ки дар бораи рӯшанӣ ва рӯшанфикрӣ меандешад, аз баёни хаки-
қат ва он хам ба тури возеҳ (рӯшан) таре дорад? Суолҳои беҷавоб.

98
ДУНЁ-ЗИНДОН

Дунё дар тӯли таърихи башар зиндони бузурге буда, ки инсон-
ҳои бешуморсро дар худ фаро гирифта. Дар ин чахони зиндонй
бархе мақому мансабе ҳам доранд, ки хешро ҳокими ҳаёту мамоти
дигарон медонанд. Ин ҳокимон бо насби қонунҳои дилхоҳ, ки танҳо
барои манфиат ва сарватандӯзиашон мебошад, роҳи озодии инсон-
ҳоро беш аз пеш масдуд карда, гирифгориҳои зиёдеро ба мушки-
лоти мардум меафзоянд. Озодандешон дар андешаи халосии инсон-
ҳо аз ин зиндони махдуд ва масдуданд. Вале аксарияти ҳамин ин-
сонхое, ки дар ин зиндон зиндагӣ карданро беҳтар аз озодй медо-
нанд, ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ давру замон озодандешон ва қишри рӯшан-
фикри ҷомеаро дӯст надоштанд ва надоранд ва хамаи бадбахтиҳо,
гумроҳӣ ва саргачиҳояшонро на аз ҳокимон, қонунҳои аҳмақона ва
сохгори номуносиби ҷомеа ва давлати вакт медонанд, балки мут-
маин хастанд, ки маншаи хамаи фоҷиаҳояшон махсули андеша ва
пайкори озодихоҳон аст. Танҳо иддаи махдуде аз наслҳои ояндаи
онҳо аз иштибоҳи гузаштагонашон огоҳ шуда, ба умри барҳадар-
рафтаи ниёконашон афсӯс мехӯранд. Ҷолиб ин нукта аст: худи ҳа-
мин наели оянда ва огоҳшуда аз иштибоҳи ниёкон камтар аз гузаш-
та сабақ (даре) шрифта, озодандешон ва рӯшанфикрони ҳамзамони
худро дар хайду банд мекунад (нигаҳ медорад). Гӯё як доираи баста,
қафаси тамошо барои таърих ба вуҷуд меояд ва дар ҳамин маънои
танг (кӯчак) дунё мушобеҳи як зиндон аст, албатта, зиндони бузург
вабеохир ва ҷаҳаннаме барои озодандешон...

ОЗОДИИ АНДЕША

Дар зиндон хешро озод ҳис мекардам. Чаро?! Медонистам,
ки маро қатл хоҳанд кард. Ман озод будам, зеро дарк мекардам,
ки бояд ҳар чй бештар ва сареътар таҷрибаи андӯхтаамро барои
фарзандон ва озодмардон бигӯям ва онҳоро рӯйи коғаз сабт
намоям. Ҳоло дар озодй ба cap мебарам ва озодам, аммо нуктаҳо
ва андешаҳои зиёдеро иншо намекунам. Ҳамин тур мегузорам
андешаҳоям паҳну парешон мераванд ба дасти фаромӯшй. Чй
бадбахтй!

99
ГУФТАНЛ RA ГУФТЕМ

БОЗТОБ

Дуруст дар ҳамон рӯзе, ки Раёсати мӯҳтарами Ҷумҳурӣ
ҷаноби оқои Сайидмуҳаммади Хотамӣ дар Душанбе-пойтахти
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди аҳамияти муштаркот ва ме-
роси бузургони илму адаби форсй сухан мегуфтанд, дар «Рӯзно-
маи Шарқ» (25 Шаҳривари соли 1383, шумораи 290) матлаби
оқои Шоҳини Ёфеъй таҳти унвони «Даъвии сӯҳбат ва ҳиҷоби
ғайбат» чоп шуд. Дар кулл мақолаи ёдшуда ба масоили бисёр му-
ҳим пардохта, вале нуктае, ки моро ба ҳайрат даровард ин идда-
ъои муаллиф аст: «Ба фарз ҳам ки Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ суннӣ
бошад оё вайро ба иттиҳоми суннй будан аз қаламрави мута-
факкирони мусулмони эронй берун гузорид? Он ҳам дар замоне,
ки кишварҳои мухталиф мекӯшанд мутафаккирони бузургро ба
худ мунтасаб кунанд ва аз ин тариқ барои худ ҳуввият ва ҳай-
сияте эҳроз кунанд. Туркҳо исрор доранд бигӯянд Мавлоно ахди
Туркия буд ва тоҷикҳо Ибни Синоро аҳли Тоҷикистон медонанд
ва ҳар як маросими мухталифе дар бузургдошти онон баргузор
мекунан д, ки ин интисоботро муҳраз созан д».

Мо бо туркҳо коре надорем, вале ба оқои Шоҳини Ёфеъӣ бо
қотеъият мегӯем, ки ҳеҷ як аз тоҷикҳо ва ба вижа аҳли илму адаб
ба ҳеҷ ваҷҳ ва дар ҳеҷ ҷо нагуфта ва нагуфтаанд, ки Ибни Сино
ахди Тоҷикистон буда ё ҳаст. Тоҷикон як қавми эрониасл ҳастанд
ва дар тӯли таърих бо тамоми душманони эронӣ ва фарҳанги
форсӣ муқобала кардаанд. Он чй тоҷикон дар мавриди Ибни Си-
но иддаоъ доранд ин аст, ки Ибни Сино тоҷик (бихонед «эронй»)
ва дар Бухоро ба дунё омадааст, ки ин сарзамин, сарзамини
қавмҳои эронӣ аст. Бинобарин ҳарфҳои оқои Ёфеъй як иштибоҳи
маҳз аст.

Оқои Ёфеъй агар каме таваҷҷӯҳ мекард, барои иддаъояш
ӯзбакҳоро мисол меовард, ки дар ҳоли ҳозир Ибни Синоро дар

100
шӯравии собик «ӯзбак» карданд ва дар «шиносномааш» навиш-
таанд, ки «модоме ки имрӯз Бухоро дар қаламрави Узбакистон
аст, пае Ибни Сино ҳамчун зодаи ин сарзамин ӯзбак аст». Аммо
оқои Ёфеъй дар ин иддаъои худ, ба ҳамон гӯдоле афтода аст, ки
худ барои дигарон ҳафр карда.

Рӯзномаи Шарқ, рӯзи Душанбе 25 Обони соли 1383,

№341, с. 18. 15.11.2004.

ГИР ДОДАН БА «КАЙҲОН» ВА ТӮБ
ТУИ ДАРВОЗАИ «РУЗНОМАИ ШАРҚ»

Аз нашри нахустин шумораи «Рӯзномаи Шарқ» онро бо
диққат ва ҳавсала мехонам ва сафаҳоти хубашро дар гӯшае нигаҳ
медорам (шояд рӯзе ба кор ояд). Борҳо ният кардам, ки то ба
сохтмони «Шарқ» воқеъ дар хиёбони Зогрус биравам, аммо чур-
ъат надоштам. Билохира рӯзи чаҳоршанбе бистуми Обонмоҳи
соли ҷорӣ вориди роҳрави сохтмони «Шарқ» шудам ва аз нигаҳ-
бон утоқи кории гурӯҳи «Андеша»-ро пурсидам ва баъд аз таҳви-
ли як ҷавобияи кӯчак (ки чаҳор рӯз баъд, яъне 25 Обони 1383 зери
унвони «Бозтоб» дар сафҳаи 18 «Рӯзномаи Шарқ» чоп шуд) ба
идораи равобити умумии рӯзнома cap задам ва чанд нуктаи
ҷолибро ба хонуми навбатдор, ки он ҷо ҳозир буд, гуфтам. Сухан
дар мавриди нашри такрориҳо дар сафаҳоти «Рӯзномаи Шарқ»
мерафт, ки ҳамин чанд ҳафтаи гузашта хеле зиёд шудааст...
Аммо рӯзи баъд бо мушоҳидаи «Рӯзномаи Шарқ» дарёфтам: ин
бор гӯё садои мо ба гӯши дастандаркорони рӯзнома расида, ки як
матлаби мушобеҳ дар бораи ҳамсари Ёсир Арафот-Сиҳо Тавилро
дар се чойи рӯзнома бо ду акс ба дасти чоп супурдаанд («Рӯзно-
маи Шарқ», №339, с. 8-11-24).

Рӯзҳои дигар низ «Рӯзномаи Шарк»-ро мехондам, то барои
худ рӯшан созам, ки ин чӣ сабки тозае дар рӯзноманигории Эрон
аст. Албатта, хондани матлаби такрории «Рӯзномаи Шарқ» ба-
рои мо кори саргармкунандае нест, балки як дарди cap ва аз даст
додани вақти зиёд аст, вале чй метавон кард, ки такрориҳо баъзан
инсонро ба ханда ва гоҳан ба саргиҷа во медорад. Охир ин хама
такрори матлаб ва он хам дар як шумора ва бо номи дигар барои

101
ки ва ба чи мақсад аст? Шояд «Рузномаи Шарқ» касд дорад барон
тақвияти ҳофизаи мо, хонадагон, ғамхорӣ мекунад (албатта, на
ройгон!) то битавонем дар оянда рӯйи матлаби такроран чоп
шуда кор кунем ва аз он суде ба даст биёварем (вале ман ба ҷойи
шукгузорй онро ба нақд кашидаам). Ба ҳар ҳол ман аз ин такрори-
ҳо ҳеҷ cap дарнаёвардам.

Вақте ба матлаби такроран чопшуда назар меафканед ба
виройиши он низ таваҷчӯҳ дошта бошед. Дар бархе аз такрориҳо
титри хабар айнан нашр шудааст. Масалан, дар сафхаи 4 «Руз-
номаи Шарк» аз 12 Обони 1383 мехонед: «Пардохти бадеҳии
Вазорати неру ба бонкҳо» ва боз онро дар сафҳаи 10 ҳамон шумо-
раи рӯзнома чоп кардаанд. Вале дар шумораи 341 аз 25 Обони
1383 виростор титри хабарро каме тағйир додааст (дасташ дард
накунад): дар сафҳаи 7 зери «Хабари кӯтоҳ» чунин омадааст-
«Қарзулҳасанаҳо таҳти назорати Бонки марказй» ва дар сафҳаи
10 зери «Гузориши хабари» ҳамон матлаб бо номи дигар ва
тамоман ҳайратангез такрор шудааст (албатта, каме тавилтар):
«Сандуқҳои қарзулҳасана» ҳамчунон билотаклиф». Ва мо
нафахмидем, ки ба кадом хабар бовар кунем. Зеро чунин номгу-
зорй дар такрориҳо хеле бонамак ва хонданй аст ва виростори
мӯҳтарам дар шумораи 344 рӯзи панҷшанбе 28 Обонмоҳи 1383 аз
ҳамин сабки санҷидашуда истифода карда дар саҳифаи 3 хабар
медиҳад: «Порлумони Урупо хостори идомаи таҳрими таслиҳо-
тии Чин шуд», аммо дар сафҳаи 8 ҳамин хабар чунин тағйири ном
кардааст: «Ройгирй (раъйгирй) дар мавриди таҳримҳои таслиҳо-
тии Чин дар порлумони Урупо». Ҳоло ин шуд як хабари тамоман
тоза ҳамонанди нӯшоба ва пуфакнамакии «Ашй машй», ки дар
паёмҳои бозаргонии расонаи миллй (яъне симо, телевизион)
бештар аз як бор дар ваъдаи «ғизои тиҷорӣ» ду ё се бор такроран
пахш мешавад, то он «Ашй машй» вирди забонҳо гардад. Барой
мисол дар шумораи 343 рӯзи чаҳоршанбе 27 Обони 1383 дар ду
гӯшаи сафаҳоти 10 ва 11 як хабар чунин титр хӯрда, вале матн
айнан чоп шудааст: аввал бо унвони «Хотамй ба вазъияти чой
расидагй мекунад» ва дар сафҳаи 11 бо номи-«Расидагй ба ваз-
ъияти чойи кишвар аз сӯйи Райиси Чумҳурй» (кадом як хонандаи
бозавқ пеш аз мо ин шигифгиро ба «Рӯзномаи Шарк» тазаккур

102
дода ва рӯзнома низ барон чунин бозёфт аз вай пӯзиш хостааст).
Дар ҳамин шумора боз як аҷоибот вуҷуд дорад. Дар сафҳаи 15 дар
канори матлаби «Барой як бозигари сиёҳ» акси ҳунарпешаи
дӯстдоштаи банда «Ғуломҳусейни Лутфӣ»-ро чоп кардаанд.
Мачур шудам он матлабро то охир бихонам, то дарёбам, ки акси
оқои Лутфй чй рабте ба хонум Ҷенат Сирез дорад, накунад ишон
низ муҳоҷират карда ва ... Сарам дард кард, вале ҳеҷ чизе
дастгирам нашуд ва ба худ гуфтам: бояд ин шӯхиро ҷиддӣ
гирифт. Баъдан маълум шуд, ки компютери рӯзнома ин
найрангро аз худ даровардааст ва дастандаркорони нашрия ҳеҷ
тақсире дар чунин рухдоди рӯзноманигорй надоранд.

Вақте компютерҳо низ рӯзноманигориро ёд мегиранд ва
кор клишай мешавад, ҳатман аз худ ҷасорат нишон медиҳанд
(чунонки дар як тавсия ба дархости хонандае таъкид шудааст:
«... ҳирфаи хабарнигорӣ аз чумлаи машоғиле нест, ки сирфан
таҳсилоти академик бихоҳад, балки чобукй, дасорат ва тавонойи-
хои шахсй дар он муаасир аст» (нигаред: «Рӯзномаи Шарқ», Ду-
шанбе 2 Озари 1383, сафҳаи 28). Ҳар гоҳ ки компютер таҳсилоти
академик нагирад ҳатман чунин шӯхиро аз худ дармеоварад ва
маълум нест компютерҳо аз ин пас чй балоҳое бар сари мо хоҳанд
овард.

Ҳар рӯз «Рӯзномаи Шарқ»-ро мехондам ва орзу доштам, ки
такрориҳоро набинам ва беэътино бошам, аммо намешуд аз кано-
ри ин ҳама адоибот охиста (ба қавли имрӯзиҳо «явошакй») рад
шуд. Шумораи рӯзи сешанбе муваррихи 3 Озарро боз кардам ва
дар сафҳаи 3 чашмам ба ин думлаи зебо: «... Бадеҳиҳои Ироқ, ки
125 миллиард доллар тахмин зада мешавад...» афтод, вале дар
сафҳаи 11 ҳамин шумора ҳамин хабарро хондам: «Бинобар ин гу-
зориш бадеҳии хоридии Ироқ 120 миллиард доллар эълом шуд...»
Туро худо ба ман бигӯед: кадом аз ин рақам дуруст аст (ман ба
унвон-титри ин ду хабар коре надорам!) Охир, як масали маъруфи
русй мефармояд: пул шуморишро (шумориданро) дӯст дорад.

Магар русҳо шумориши пулро ба дасти фаромӯшӣ супур-
даанд, ки ин рақам тағйир кардааст! Сухан аз мақол ё масал рафт ва
боз як нуктаи долиб ба ёдам расид. Мегӯянд, ки «такрор модари
дониш аст». Донишманде ба воқеъияти ин мақол шак кардааст ва

103
фармудааст: такрор номодари (мояндар, модари ӯгай) дониш аст.
Дар пайравӣ аз ин ҳикмат «Рӯзномаи Шарқ» дар шумораи рӯзи
Душанбе 25 Обони 1383 дар «Рӯзномак»-и окон доктор Нӯшерво-
ни Кайҳонизода дар мавриди марги хонуми Арис Чонг ба тури
комил маълумот додааст. Аммо пас аз ду рӯз (шояд ба иллати он ки
компютер боз шӯхӣ роҳ андохта) рӯзнома такроран дар бораи
хабари марги хонуми Арис Чонг чунин титр задааст: «Худкушии
як нависанда». Чизи тоза дар ин такрори номи инглисии китоби
хонуми Арис Чонг ва акси зебои ӯст, ки дили маро сахт ба риққат
овард. Вақте такрориҳо паси ҳам дар рӯзнома чоп мешавад маро
ҳамон маколи «такрор номодари дониш аст» ба ёд меояд. Ва рӯз-
номаи дӯстдоштаи банда гӯё садои дилро эҳсос карда, дар шумо-
раи рӯзи чаҳоршанбе 2 Озари 1383 дар сафҳаи 23 мақолаи «Шаш
гом дар пешгирӣ аз саратон»-ро бо «Тасҳеҳ ва пӯзиш» аз нав ба
дасти чоп медиҳад. Иттифоқан дар тамоми «Рӯзномаи Шарк»
сафҳаҳои аз ҳама беҳтар ҳамин сафҳаҳои пизишкӣ мебошад, ки
дар он такрор кам ба чашм мерасад, дар ҳоле ки такрораш ҳам
ишкол надорад.

Ростй, оё мешавад бидуни такрор рӯзеро пушти cap гузошт?
Барой он ки хонандаи мӯҳтарам ва нависандагони рӯзнома аз
нақди мо дилгир нашаванд, танҳо ба зикри номи бақияи такрори-
ҳо ва сафаҳоту шумораи «Рӯзномаи Шарқ» иктифо мекунем:
«Эъломи ширкатҳои муҷози воридкунандаи худрав» дар сафҳаи
10 ва такрори матлаби он дар сафҳаи 11 зери унвони «Рукуди
муваққатии бозори худрав» дар шумораи 333; «Дар бораи занони
хиёбонӣ халъои қонунӣ надорем» сафҳаи 7 ва такрори пораҳое аз
он дар сафҳаи 26 бо унвони «Пешниҳоди роҳи ҳалл барои бар-
хӯрд бо занони хиёбонӣ» дар шумораи 345; «Коҳиши ҳазинаҳои
хадамоти дармонӣ то поёни барномаи чаҳорум» дар сафҳаи 10 ва
такрори мухтасари он дар сафҳаи 26 бо номи «Коҳиши ҳазинаҳои
хадамоти дармонӣ то поёни барномаи чаҳоруми тавсеъа» дар
шумораи 346; «Нигаронии Буш аз тамаркузи қудрат дар Русия»
дар сафҳаи 3 ва такрори он бо каме виройиш бо номи «Ибрози
нигаронии Буш аз тагйироти сиёсии Русия» дар сафхаи 9 дар
шумораи 347; акси Райиси Ҷумҳури ИМА Буш дар шумораи 336
ва такрори он дақиқан дар ҳамон сафҳа ва ҳамон ҷой дар шумораи

104
349 (ҷолиб ин нукта аст, ки ин акс ба мақола рабте надорад, яъне
шумораи 4 Озари 1383); «Судури ҳукми эъдом барои қотили
чаҳор рӯзноманигор дар Афғонистон» дар сафҳаи 13, шумораи
348 ва шарҳи муфассали он дар сафҳаи 13 шумораи 350 бо номи
«Муҷозоти марг барои як муҳоҷим ба рӯзноманигорони хориҷи
дар Афғонистон» ва дар ҳамин шумораи рӯзнома дар сафҳаи 20
аксе бо таъкид бар «Таҷаммӯи занони курди эронӣ барои ҳуқуқи
баробар» чоп шудааст, ки ба назари мо он акс шояд ба Осиёи
Марказӣ ё як гӯшаи дигари мусулмоннишин Русияи шӯравӣ рабт
дорад (зеро дар канори акс ҳуруфи сириллики русӣ ба чашм
мехӯрад) дар сафҳаи 2 шумораи 351; «Ҳамойиши байналмилалии
бузургдошти профессор Эдвард Саъид» ватакрори он дар сафҳаи
18 дар шумораи 352 рӯзнома (дар ҳамин шумора «Порс»-ро
«Порис» навиштаанд-сафхаи охир); Такрори номи мақола-аз
шумораи 352 «Беҷа ва Боғй ду намуна аз ҷамъияти 1/2 миллион-
нафарии зидди иҷтимоъ» дар шумораи 355 ва айнан дар ҳамон
сафҳа 27 Озари 1383 онро мехонем.

Гоҳан дар сафаҳоти рӯзнома номҳои чуғрофиёи ва ашхос ба
шаклҳои аҷибу ғариб чоп мешавад. Барои намуна вожаи форсии
асл-«Намангон» ба шакли «Наманқон» (21 Меҳри 1383, сафҳаи
8); ноҳияи «Қубодиён» ба шакли «ноҳияи Қубод дар Тоҷикис-
тон» (шумораи 321, сафҳаи 19) номи хонаводагии «Атоуллоев»
(Атовуллоев-сардабири «Чароғи рӯз») ба шакли «Давлатов» ва
«Муҳаббатшоев» ба шакли «Муҳаммадшоев», Бобоҷон Абдул-
воҳидов ба шакли «Бобоҷон Абдулвоҳлов» (ва иддаъои кизби
«Тоҷикистон синамо надорад») дар шумораи 331, сафҳаи 13;
номи хонаводагии ҷаноби Лукашенко ба шакли «Кукашенко» ва
монанди инҳо. Аммо нуктаи ҷолиб дар мавриди чопи аксҳои
такрорӣ дар «Рӯзномаи Шарқ» ин аст, ки хонанда cap дарнамео-
варад, ки баъзан акс ба кй мутааллиқ аст. Барои намуна танҳо ба
як маврид ишорат менамоем. Дар шумораи 345 муваррихи 30
Обон дар сафҳаи 26 акси хонуме чоп шудааст ва ҳамин акс бори
дигар дар шумораи 373, муваррихи 5 Дайи 1383 рӯзнома ба нашр
расида. Билохира мушаххас нашуд ин акс ба кӣ мутааллиқ аст:
намояндаи мардум ... ё корманди вазорат? Дар зимн акси Виктор
Ющенко низ дубора айнан нашр шудааст: аввал дар таърихи 16

105
Озар, шумораи 357, сафҳаи охир ва баъд дар шумораи 362, 22
ОзардарсафҳаиЗ.

Дар поён иҷоза диҳед муваффақтарин намунаи такрор дар
«Рӯзномаи Шарк» дар шумораи 382 рӯзи якшанбе 20 Дайи 1383
иттифоқ афтодаастро муаррифй намоям. Матлабе бо унвони
«Ранги хардалй хуб нест» дар як сутуни «Мардумак» ду бор паси
ҳам чоп шудааст. Ман бақияи рӯзномаҳоро ба ин диққат баррасй
накардаам. Ба ҳар ҳол хушбахтии рӯзноманигорони эронй дар он
аст, ки ба ғайр аз Сафорати Туркия ва сафири мӯҳтарами он ҳеҷ
як аз сафоратхонаҳои дигар кишварҳо рӯзномаҳои Эронро муто-
лаа намекунанд ва ё метавон гуфт, ки дар Эрон хонандагони
рӯзномаҳо ба иштибоҳоти оной эроде намегиранд, вагарна барои
тавҳин ва ғалатҳо мешуд куллй пул даровард ва дастгоҳи қувваи
қазоияро низ дар амри тавқифи рӯзномаҳо фаъолтар мекард. Дар
анҷоми ин нақди беғараз омодагии хешро барои мутолааи сафа-
ҳоти «Рӯзномаи Шарк» пеш аз чоп эълом медорем ва барои ҳамаи
дастандаркорони ин рӯзномаи дӯстдоштанӣ бо такрорҳояш так-

роран орзуи муваффақият дорам.

*Ин мақола рузи 5 Дайи соли 1383 (25.12.2004) бо намобар (факс) ва
рӯзи 11 Баҳмани 1383 шахсан ба идораи «Рӯзномаи Шарк» (хонуми Юсуфй)
таҳвил дода шуд, вале рӯзнома аз чопи он cap печид. Дар мавриди номи ин
мақола танҳо ҳамин нуктаро ёдовар мешавем, ки онро аз «Рӯзномаи Шарк»
вом гирифтаем ва мехостем бигӯем, ки ойфони он мард (ки зикраш дар «Гир
додан ба ба рӯзномаи «Кайҳон» рафтааст) шояд ба барқи ҳамсоя пайваст
бошад ва хабарнигор ё таҳиякунандаи он ин «сирр»-ро махфй нигах доштааст.

«ГОҶ», ЯЪНЕ ЧЙ?

Вориди китобфурӯшие шудам. Ба дунболи китобҳои мав-
риди назарам унвонҳои мухталифро нигоҳ мекардам, ки аз
пушти сарам ҷумлаеро хитоб ба фурӯшанда шунидам. Ба иллати
издиҳоми харидорон ва сару садои зиёд ибтидои чумла бароям
кобили шунидан набуд ва дар натиҷа ба ин шакл ба гӯшам расид:

... -гоч доред?

Ба худ фикр кардам, ҳамон тур ки ибтидои чумла бароям



106
мубҳам буда, охирашро ҳам ҳатман иштибоҳ шунидаам. Магар
мумкин аст калимаи «гоҷ»-ро шунида бошам?!

Дар ҳамин андеша будам, ки фурӯшанда ба харидор посухи
мусбат дод! Ва шахси дигаре гуфт:

- Арабиашро ҳам доред?

Ва дигаре бо аҷала пурсид:

-Форсиашро чӣ тур?

Ва он дигаре гуфг:

-Ман инглисиашро мехоҳам.

Ва фурӯшанда ба ҳамаи онҳо итминон дод, ки ҳама ҷур
«гоч>> дорад ва тавзеҳан изофа кард, ки «гоҷ» дар саросари Эрон
пахш шудааст!

Бо шунидани ин ҷумлаҳо дигар дар ҷоям мехкуб шудам.
Дар ин лаҳза фурӯшанда ба самтам омад, то маро дар ёфтани
китоби мавриди назарам кӯмак кунад, вале эҳтимолан бо
чашмони аз ҳадқа (косахона) берун задай ман рӯ ба рӯ шуд, ки аз
таре ду қадам ба ақиб бозгашт ва ман дар чеҳрааш пурсишеро
дидам. Мехост бидонад чӣ мавзӯъе сабаби ҳайрат ва тааҷчуби
ман шуда. Хостам ба ӯ посух диҳам, вале дар ҳамин ҳангом
якбора чашмам ба девори пушти сари вай афтод, ки ба рӯйи он
пустере (плакат) аз Эйнштейни бечора дида мешуд, ки дуруст дар
болои сараш гӯё бихоҳанд вайро муаррифй кунанд, бо хати

бузург навишта буданд: «ГОҶ»!

Ин бор дигар аз шиддати тааҷҷуб забонам банд омад
(гирифт). Сареъ аз китобфурӯшӣ берун омадам ва дар ҳоле ки
нобоварона ба дидаҳо ва шунидаҳоям меандешидам «худо,
худо» мекардам, ки ақламро набохта бошам.

Ҳатман шумо намедонед, ки чаро ман тааҷҷуб кардаам. Пае
бароятон мегӯям, ки ахиран китобҳои кӯмакдарсие ба бозор арза
шудааст, ки онҳоро Гурӯҳи омӯзишии Ҷавкор (Ҷӯкор) ба чоп
расонда ва барон мухтасар шудани номи ин гурӯҳ, аз ибтидои
калимоти Г урӯҳи омӯзишии Ҷавкор (Ҷӯкор) истифода кардаанд,
бидуни он ки бидонанд ҳуруфи аввали ин се калима ба ин шакле
ки онҳо навиштаанд, яъне дар сурате, ки нуқтае байнашон набо-
шад, худашон воҳидеро ташкил медиҳанд, ки ҳамон калимаи

«год» аст.

107
Ва аммо ин вожа: вожаи «гоҷ», ки ин рӯзҳо на танхо дар ки-
тобфурӯшиҳо ва рӯйи деворҳои шаҳр пеши чашми ҳамаи мардум
қарор дорад (ва гӯё ҳамаро мухотаб қарор медиҳад), балки аз ра-
сонаи миллй низ бо садои ҳақ ба ҷониб борҳо такрор мешавад,
дар забони форсии Фарорудй як фуҳш ва калимаест бо бори маъ-
ноибисёрманфй.

Вожаи «гоҷ» дар фарҳангҳои форсии Мовароуннаҳри (ба
вижа гуфтори мардуми Бухоро, Самарканд, Хуҷанд, Истарав-
шан, Панчакент ва дигар мавзеъҳо), форсй ба русй ва русй ба
форсии он сӯйи руди Ому, бахши умдае аз Афғонистон ва Озар-
бойҷон бори маънии манфи дошта, маънояш аҳмақ, аблах, сод-
далавҳ, нораво, қабеҳ, мубтазал, ёвагӯ, беҳудагӯ, пурҳарф, хинг,
гӯсфанд, қуч, бемаънй, бемӯҳтаво, беадаб ва бефаросат аст.

Аз ин ҷост, ки истифода аз вожаи «год» дар мавриди одамо-
ни кундфаҳм ва ҳафтафаҳм (касоне, ки як хафта тӯл мекашад, то
матлаби соддаеро бифаҳманд ва дарк кунанд) бе пасванд ва бо
пасванди «алак» бештар ба сурати манфй ройиҷ аст, монанди
«мард ва зани гоҷалак» (дар шакли дамъ «гоҷалакҳо») ва ё «гапи
год», «сухани год», «китоби год», «филми год» «одами год» ва
гайра.

Инак намунаҳое аз навиштаҳои Фарорудиро, ки дар онҳо
вожаи «год» ба кор рафтааст, ба унвони шоҳид (намуна, мисол)
меоварем:

«Филме, ки ба намоиш даромад, фач, ҳатто як андоза гол
ҳам буд» (Муҳаммадиев Ф. Ҳикояҳо, 1, с. 221)

«Ин дафъа ба маънии «мардаки год» будай ба ӯ ба хашм
нигарист» (Сорбон. Актёр, с. 18)

«Пекин ин аҳмақ хеле сует, год, ба ишқу ошикии худаш сар-
гардон» (Мирзоев К. Дар орзуи падар, с. 209)

«Ба Наимй ин год маъқул» (Агар вай мард мебуд, с. 320)

Хулоса ин рӯзҳо хама до году год, ки кас аз онҳо мешавад
гид. Иттифоқан маънии дигаре аз «год» ба «гид» наздикй дорад,
яъне ин ду вожа ҳамнишину ҳамсоя ва қариб ҳаммаънианд. Ҳа-
монанди мақоли маъруфи «агарро бо магар якдо кунанд, як писар
мешавад кошкӣ»! Ё худ “Агар”-ро бо “Магар” тазвид созанд аз
он тавлид шавад “Кошкй” ном”.

108
Дар муҷаллади саввуми «Маснавии маънави» низ вожаи
«гоҷ» ва «гиҷ» ҳамнишин шудаанд:

Ах, ахе бардоштй, эй гиҷи гоҷ,

То ки колой бадат ёбад ривоҷ.1

1

Маснавии маънави. Теҳрон: Интишороти мавлави.

Тасҳеҳи Николсон, чопи ҳаштум, 1370, ҷ. 1, с. 400.

Ёхуд:

Ин қазоро ҳам цазо донад илоц.

Аҳли халцон дар цазо гиц аст гоц.

Ҳамон ҷо. ҷ. 1, с. 373.

Аз эҳтимол он рӯз дур нест, ки одамоне пайдо шаванд, ки
номи писарашонро «Гоҷ» ва номи духтарашонро «Гоҷпарӣ»,
«Гоҷзарӣ» гузоранд ва дар наели дуввум номҳои хонаводагии
«Гоҷзода», «Гочдухт», «Гоҷнасаб», «Гоҷбону» ва «Гоҷпур» қадам
ба арсаи вучуд гузошта, забои ва адаби форсиро таҳти таъсир қа-
рор диҳанд. Лобуд агар ба чойи номи хонаводагии Ҷӯкор номи
дигар буд, ки масалан бо ҳарфи «Л» шурӯъ мешуд, номи ин муас-
сиса табдил мешуд ба «Гол», ки як бемории пӯстӣ аст ва касе ҳам
дам намезад!

Ҳол пурсишҳои мо нисбат ба таблиги «Г оч» чунин аст:

1. Оё масъулони Вазорати мӯҳтарами фарҳанг ва иршоди
исломй, ки муҷаввизи нашри китобҳои «Гоч», Интишороти бай-
налмилалии «Гоч»-ро содир кардаанд ва ин вожаи фаҳш(фуҳш)-
ро ба расмият шинохтаанд, медонанд, ки канори ҳам қарор дода-
ни се ҳарфи «Г», «О», «Ҷ» бидуни ин ки баъд аз ду ҳарфи (дар
форсӣ) аввал нуқтае қарор гирад, ин се ҳарфро табдил ба калимаи
«Гоч» мекунад, ки як фуҳш (дашном) аст ва дар сурати пахши ин
китобҳо (бо унвон ва исме ки доранд) дар хориҷ аз кишвар боиси
шармандагии мардуми Эрон хоҳад шуд.

2.0ё донишмандони мӯҳтарами Фарҳангистони забои ва
адаби форей ва онҳое, ки аз пушти ин забои ном ва нон дармео-

109
варанд, дар бораи маънии ин вожа ва нораво будани истифода аз
он баунвони номи китоб ва муассиса, изҳори назар хоҳанд кард?

З.Оё расонаи миллӣ (симо, телевизион) пеш аз таблиғ, ба
маънӣ ва мафҳуми он чӣ ки таблиғ мекунад аҳамият медиҳад?

4.0ё муассисони ин гурӯҳи омӯзишй, ки то ба ҳол борҳо ва
борҳо дар таблиғоташон ва дар рӯйи ҷилди китобҳояшон гӯё
мардуми мӯҳтарам ва бехабари ин марзу бумро бо чунин вожае
мавриди хитоб қарор додаанд, аз мардум пӯзиш хоҳанд хост?

5.Мо аз муассиси ин гурӯҳи омӯзишй (ки номи “ГОҶ”-ро
барои хеш баргузидаанд) интизор надорем, ки ин вожаро
бишносанд, вале аз донишмандон ва мутахассисони забони фор-
ой дар ин марзу бум чунин интизорро дорем ва таваққӯъ дорем
дар мавриди маъонии вожаҳое, ки дар расонаи миллй пахш
мешаванд ва ё дар таблиғоти густарда истифода мешаванд, ҳас-
сосияти бештаре нишон диҳанд, он хам чунин вожае...

б.Оё шаҳрдори мӯҳтарами Теҳрон, ки бо мототсиклет шаҳр-
ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, мутаваҷҷеҳи пустерҳои
таблиғотии ин муассиса нашудаанд ва ё нахостаанд бидонанд, ки
ин вожа ба чй маънй аст?

7.Ҳол ки комисиюни фарҳангии Маҷлис сериоли (филмҳои
бисёрсерии) «Шабҳои Барара»-ро мавриди баррасй қарор дода ва
онро пур аз ишкол дидаанд, оё ба ин вожа бархӯрд накардаанд? Ба
ҳар сурат ҳар вожаи ҷадиде, ки ба ин шакли густарда (дар рӯйи
ҷилди китобҳо ва дар пустерҳои таблиғотӣ) ба чашм мехӯрад,
бояд ҳассосиятбарангез бошад ва аъзои мӯҳтарами ин комисиюн-
ро ба андеша во дорад, ки ин вожа ба чй маънй аст. Бояд хотир-
нишон кард, ки ҳамаи ин масоил дар таърих сабт хоҳад шуд: Оян-
дагон чй қадр ҳайратзада хоҳанд шуд, вақте бубинанд китобҳои
кӯмакдарсии пешиниёнашон чунин номе доштааст!

Билохира касоне ёфт мешаванд, ки нигоҳе бияндозанд ба
китобҳои луғат ва фарҳангҳои форсӣ!1

‘Ин мақола бо ҳамкории хоҳархондам Сапедаи Хонбулукй иншо ва бо
имзои мустаъори «Эрони Бостонй» дар рӯзномаи «Соҳибқалам» рӯзи
Душанбе, 16 Обонмоҳи соли 1384 ҳ.ш. = 7.11.2005, № 162, с.6 чоп шудааст.

110
ТАНҲО ЯК ҲАРФ ВА ЯК ОВОЗ!

(Таҳқир дар шаъни мард ва зан дар матбуот ва адабиёти
тоҷик ба авҷи худ расидааст)

Имрӯзҳо дар матбуоти Тоҷикистон иншои матлабҳои гуно-
гун ва тафсиру мусоҳибаҳо беш аз пеш ба назар мерасад. Вобаста
ба хар мавзӯъ гоҳо муроҷиати хабарнигор ба мусоҳиб (ё мухотаб)
бо вожаҳои рангоранг сурат мегирад. Баъзе аз қаламбадастон ба
маънӣ ва тарзи истифодаи вожаҳо (яъне калимаҳо) тамоман эъти-
бор намедиҳанд ва аз рӯйи шиори «ҳар чй пеш омад, хуш омад»
амал карда, баҳудаву беҳуда шахси мухотаб ва ё хонандаро бо
калимаи «ого» саргарм месозанд.

Пештар ҳангоми муроҷиат ба шахси дигар ё ҳамсӯҳбат аз
вожаҳои «рафиқ», «дӯст», «бародар», «сарвар», «сар», «сардор»,
«киё» (ва ҳатто «ҷаноб»), «ҳамшира», «хоҳар», «модар», «па-
дар», «бобо» «амак», «ако», «уко» ва монанди онҳо кӯмак меги-
рифтанд. Ҳоло тамоман баръакс: бархе «доноӣ»-и хешро дар са-
ҳифаҳои рӯзнома мехоҳанд бо навиштани «оғо» ба сабт расо-
нанд. Бехабар аз он ки маънии вожаи муроҷиатии «оғо» чи дар
шаъни марди оддӣ ва чӣ шахсони маъруфу машҳур ва чӣ намо-
яндагони мӯҳтарами мардумӣ, вазирон ва ғайра таҳқири маҳз
асту бас. Хушбахтии хабарнигорони воситаҳои ахбори умум ва
адибон дар он аст, ки тарафи муқобил ё аз лиҳози саводнокӣ
(нисбат ба худи қаламбадастон) дар зинаи поён қарор доранд ва ё
умуман дарк намекунанд, ки танҳо як ҳарф метавонад маънии
калимаро батамом тағйир диҳад ва хубро сад дар сад дар қабои
зишт ҷилвагар созад.

Ҷойи бисёр таассуф аст, ки бо кӯшиш ва ҳиммати чи хабар-
нигорон ва чй адибони соҳибноми шӯравии тоҷик вожаҳои
фаҳшои «занак» ва «мардак» имрӯз аз бори манфии худ коста, гӯё
маънии навозишӣ ба худ гирифтааст. Ҳарчанд маънии аслии
калимаҳои «занак» ва «мардак» дар гузаштаи начандон дур аз
хақорат ватаҳқири шахсияти инсон беш набудааст. Яъне, агар ба
фарҳангҳо (луғатномахо) дурусттар нигоҳ кунем, (пешопеш аз
хонандагони мӯҳтарам узр мехоҳем) дармеёбем, ки вожаи «за-

111
нак» ба маънии «зани сабукпо», «ҳарҷогард» ва «фоҳиша» аст ва
маънии вожаи «мардак» низ мутаносибан бори сахти таҳқиромез
дошта, нисбат ба марди ливоташуда мавриди истифода қарор
мегирифтааст. Ҳоло дар ҳар сари сатри китобу рӯзномаҳо ва
гуфгугӯи хонаву бозор зану шавҳар ва аксари мардум бо навозиш
ҳамдигарро «мардак» (ҳатто бархе барои нишон додани марди-
гарии хеш ба рафиқи худ ваъда медиҳад: «Мардак барин...» ва
ғайра) ва «занак» мегӯянд ва ҳеҷ гуна таҳқир ва паст задани шаън
ва шахсияти ҳамдигарро дарк намекунанд!

Сари матлаб меоем. Гуфтем, ки танҳо як ҳарф ва як овоз
маънии калимаро батамом тағйир медиҳад. Барои мисол: вожа-
ҳои «оқо» ва «оғо» дар иншо ва сухан гуфтан танҳо бо як ҳарф ва
як овоз (фонема, фонем) аз якдигар фарқ мекунад, аммо тафовути
маъноии онҳо аз замин то осмон аст. Ҳангоми навиштани вожаи
«око» ба хати форсӣ ниҳояти саъй ба кор меравад ва ҳар одами
босавод нисбат ба шахси дигар ҳеҷ гоҳ «оғо»-ро ба кор наме-
барад, балки ҳатман хоҳад навишт: «оқо» ё «оқои фалонӣ». Ал-
батта, ҳангоми талаффузи вожаи «оғо» байни овозҳои «ге» ва
«қе» як навъ қаробат ба вуҷуд меояд ва ин шабоҳати овозй одами
холо гӯшаш одат нокарда ба тарзи гуфтугӯии ҳамзабонони хори-
ҷиро ба иштибоҳ меандозад ва он шахе гумон мекунад, ки байни
«ого» ва «оқо» тафовуте нест. Ин ҷост, ки барои муқаллидони
тоҷикӣ бозори иштибоҳ ба роҳ меафтад ва дар рӯзномаҳо савдои
«ого» шурӯъ мешавад.

«Ого» калимаи туркй буда, маънии нахустини он «хотун»,
«бибй», «сайида», «хонум», «бону», «бегим», «зани харам» аст.
Дар маънии дуюм, чунон ки дар фарҳанг омадааст, «ого» калимаи
эҳтиромест, ки бар сари номи ходимон, яъне «хоҷасароён» даро-
ранд. Унвони «хоҷасарой» дар гузашта ба он марде гуфта мешуд,
ки ибтидо он бечораро ахта мекарданд ва баъд барои нигаҳбонӣ ва
хидмати ҳарам мегузоштанд. Ба ӯ ҳангоми муроҷиат ҳатман
калимаи эҳтироми “ого”-ро ба кор мебурданд. Иттифоқан дар яке
аз кишварҳои шарқӣ ҳокими золимеро, ки ҳирси шаҳвонии
фаровон доштааст, занҳои ҳарамаш ахта карда, баъд пешванди
унвонашро «ого» ниҳодаанд (аз он таърих шояд саду панҷоҳ-
дусад сол сипарй шуда бошад, вале ҳофизаи таърихии мардум он

112
вокеаро фаромӯш накардааст). Дар фарҳангҳои (луғат) форсӣ ба
русӣ калимаи «оғо»-ро «евнух», «госпожа» маънидод кардаанд.
Ҳоло вакте нисбат ба мард дар Тоҷикистон вожаи «оғо»-ро ба кор
мебаранд ва он чанд бор дар як саҳифаи рӯзнома ба чоп мерасад,
худи он ҷаноб чӣ эҳсосе дошта бошад, агар маънии аслии вожаро
мефаҳмад?! Кор ба дараҷае расидааст, ки аз бесаводии мардуми
мо дар бакоргирии вожаи беэҳтиромии «оғо» бархе ҳамазабонони
мо сӯъистифода ба амал оварда, аз як олими бехабар пурсидаанд:

-Шуморо «оғо» гӯем хуб аст ё «оқо»?

Он шахе низ барои хоксориро аз даст надодан ва аз тарафи
дигар зери таъсири навиштаҷоти рӯзномаҳо ва адабиёти дар киш-
вари мо роиҷ, ки аксарият гумроҳ шуда, ба вожаи «оғо» одат кар-
даанд, чунин посух додааст:

-Маро «оғо» гӯед беҳтар аст!

Аз мавзӯъ дур наравем: ин ҷост, ки одамони бофарҳанг дар
мавриди мард (ва он ҳам ахтанашуда) ҳатман вожаи «оқо»-ро ба
кор мебаранд. Калимаи эҳтиромии «оғо» боз як маънии дигар низ
дорад, ки дар фарҳанг таъкид шудааст: «оғо»-ба далолзане гӯянд,
ки воситаи корсози занҳои фоҳиша бошад.

Рӯшан аст, ки надониста тақлид кардан ба гуфтор ва навиш-
тори ҳамзабонони хориҷӣ дар бакоргирии вожаи таҳқиромез ва
номардкунандаи «оғо» боиси шармандагист, на нишонаи сатҳи
дониши қаламбадастон.

Аммо пеш аз хулоса кардани матлаб ба маънии вожаи
«оқо» низ назар меафканем. Ҳамчунон ки дар фарҳангҳо омада-
аст, «оқо» калимаи муғулй буда, маънои он (беҳтар аст бигӯем
вожаҳои ҳаммаънои он) «бародари бузург», «амак», «сайид»,
«хоҷа», «киё», «меҳтар», «саркор», «бузург», «сар», «ҷаноб»,
«сарвар», «мир» мебошад, ки, мутассифона, имрӯз аз чунин
захираи бузурги калимаҳои муроҷиатӣ танҳо «оқо» ба мафҳуми
«ҷаноб» бештар мавриди истифода қарор мегирад. Албатта,
мешуд дар навишти мақола ва мусоҳибаҳо аз маъноҳои зиёде, ки
мо онҳоро мисол овардем, истифода кард. Магар ба ҷойи
«ҷанобон» истифодаи «сарварони мӯҳтарам» ё ба ҷойи «оқо» ба
кор бурдани «киё» айбе дорад? Чунин ба назар мерасад, ки бархе
рӯзноманигорон (ба қавли худашон «журналист») аз камтаҷри-

113
багӣ ва шитобзадагӣ ва ё шояд барои ба намоиш гузоштани
ашрофияти (нахба, нухба, яъне «аристокартия» ё «аристокра-
тизм», наҷиб, наҷибзода) хеш кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то забо-
ни мақола ва навиштаҳояшон аз калимаҳои муроҷиатии такрор
ба такрор ва тақлидӣ сероб гардад. Аммо набояд фаромӯш кард,
ки дар мадди аввал маънӣ ва дуруст ва ба мавқеъ ба кор бурдани
вожаҳо метавонад, ҳадафи нависандаро барорад. Лозим ба зикр
аст, ки вожаи «оқо» дар фарҳангҳои форсӣ-русӣ ба шакли «гос-
подин», «хозяин» тарҷума шудааст.

Омилҳои асосии иштибоҳ дар бакоргирии вожаи «оғо» ба
ҷойи «оқо» аз чанд зовия қобили баррасй аст. Нахуст, дар фар-
ҳангҳои забони тоҷикии даврони шӯравӣ, ки олимони мӯҳтарами
мо дар нашриёти Душанбе ва Маскав ба чоп расонидаанд, байни
вожаҳои «оғо» ва «оқо» тафовуте қойил нашудаанд. Сарчашмаи
иштибоҳи бисёр соҳибназарон ва нависандагону рӯзноманиго-
рон маҳз ҳамин фарҳангҳост. Зеро муроҷиат ба луғат (яъне фар-
ҳанг) дониши касро ба иштибоҳ савқ медиҳад (албатта, дар чунин
ҳолат хонандаро гунаҳкор донистан нашояд). Бо камоли таассуф
бояд зикр шавад, ки чй дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва чӣ дигар
луғатномаҳои мӯътабар (ҳатто дар осори бузургворе чун устод С.
Айнӣ) фарқи куллии вожаҳои «оқо» аз «оғо» таъкид нашудааст.
Сониян, дар осори адибони тоҷик низ тафовуте дар истифодаи
вожаҳо ба чашм намехӯрад ва баръакс аз ҳамон ғалати маъруфи
«оғо» истифода ба амал меояд (ва агар кор ба ҳамин ривол идома
ёбад ҳеҷ гоҳ ба ислоҳия умед нест). Ҳатто вақте ба соядасти баъзе
адибони тоҷик нигоҳ мекунед, ба ҷойи калимаи муроҷиатии
«оқо» вожаи «оғо»-ро мебинед. Ин иштибоҳи маъруф ба акса-
рият сироят намудааст. Ниҳоят, имрӯзҳо дар густариши истифо-
даи вожаи номатлуби «оғо» матбуот ва садо ва симо (ба қавле
ВАУ) нуқтаи таммат гузошт ва, мутаассифона, аз он истиқбол
мешавад ва касе, ҳатто сардабири рӯзнома ва маҷалла, пеши ин
роҳи хаторо намегирад.

Дар зимн, пас аз фурӯпошии низоми коммуниста аксари ка-
ламбадастон аз навиштани калимаи муроҷиатии «рафик» шарм
дошта, чунин пиндоштаанд, ки истифода аз он тарғиби ғояҳои
аксариюн (дар солҳои бистуми асри бист ба чойи номи «боль-



114
шевик» истилоҳи «аксариюн» ба кор мерафтааст) мебошад. Ҳол
он ки садсолаҳо қабл аз аксариюн вожаи «рафик» чй дар гуфтугӯ
ва чй дар адабиёти шифоҳию хаттии мо ва чй дар осори Ҳофизи
лисонулғайб («Муҳимано, ба рафиқони худ расой бозам») ва чй
устод Садриддини Айнй («Биёед, эй рафиқон, даре хонем»)
мавриди истифода қарор гирифта будааст. Л озим ба ёдоварист, ки
6q)yH рондани вожаи хуб аз таркиби луғавии забои ба ҷурми
истифодаи «сиёсй»-и он кори хирадмандона нест. Кори баръакс,
яъне ворид кардани вожаи номатлуб ва иштибохд ягон раҳбар ба
таркиби луғавй низ дар ин маврид, боиси пешрафти забои наме-
шавад. Фаромӯш намекунем, ки ҳамагй бисту панҷ-сӣ соли пеш аз
ин рӯзгор раҳбари бузургвори шӯравии собиқ номи (ҷуғрофии)
неругохд обӣ-барқии «Бойғозӣ»-ро ба иштибох «Байпази» талаф-
фуз кард ва дар тамоми матбуоти он замон ва навинггаҳо барои
сарпӯш гузоштан ба ин иштибоҳ ва нотавонии забонии он рафиқ,
дар ҳама ҷой «Байпази» менавиштанд. Аммо ҳамон раҳбари бу-
зургвор ҳангоми қироати матни комилан русӣ-вожаи «системати-
чески»^ дар хузури садҳо ҳазор нафар (ва пахши мустақими он
аз садо ва симо) «сискимасиски» гуфт, вале касе дар шӯравии
собиқ онро ба шакли талаффузкардаи сарвараш нанавишт. Зеро ба
ҳамагон рӯшан аст, ки иштибоҳ рух додааст ва онро вориди на-
виштор намекунанд (ҳарчанд рухдоди талаффузи «сискимасис-
ки» ба хазинаи тиллоии латоифи шуравӣ ворид шуд). Аз он замон
дар Тоҷикистон ба забони русй «Бойғозӣ»-ро «Байпази» менавиш-
танд (далел: сарвар гуфт ва бояд ҳамин хел бошад!) ва ёдам ҳаст,
ки ба эътирози инҷониб дар мавриди чунин иштибоҳ дар идораи
яке аз рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ кормандони он нороҳатиашонро
нисбат ба шахси мо бо истилоҳи «зиддишӯравӣ» сабт карданд.
Дар ҳоле ки ман на тарафдори «Бойғозӣ» ҳастам ва на «Байпази»,
балки иштибоҳи рухдодаро гуфтам ва роҳи бартараф сохтани онро
нишон додам.

Дар фароварди сухан аз ҳамаи сарварони гиромиқадр хо-
ҳиш мекунам ҳангоми истифодаи вожаи «оғо» камоли саъйи
хешро ба кор баранд, то дӯстро душман нагардонанд ва боиси
таҳқири шаъни бародарони худ нашаванд. Ҳарчанд масъалае, ки
мо пеш гузоштем, сари истифодаи як ҳарф ва як овоз аст, вале

115
тафовути онро худи шумо пеши назар доред. Мо низ аз овардани
мисолҳои фаровон дар мавриди иштибоҳи сангини меҳтарони
азиз дар ин мақола маъзурем. Зеро мисол овардани иштибоҳи
дигарон дар мавриди истифодаи бемаънии вожаи зишти «оғо» ба
ҳусни ин мақола чизеро намеафзояд, балки аз эҳтимол боиси
дилозурдагии саркорони мӯҳтарам хоҳад шуд. Бигузор хар кас
дар мавриди мақолаҳои мутолаа кардааш аз рӯзнома ё ҳафтанома
дар ду моҳи ахир дурусттар андеша ронад ва ҳар ҷо вожаҳои
«оғо», «занак», «мардак»-ро дучор ояд бо навиштаҳои мо муқои-
са ва замима намояд. Дар омади сухан, аз қаламбадастон бо
камоли эҳтиром (на «эҳтиромона») хоҳиш менамоем, ки ишти-
боҳот дар мавриди истифода аз вожаҳои «занак» ва амсоли он
«занакҳо», «занакои...»-ро ба шакли «зан» ва «занҳои ...» тағйир

диҳанд. Вассалом.

'точикистон, №35(349), 2.09.2004, с. 7.

“Оғоро таҳқир накунед!”

НОМАИ САРГУШОДА БА
РАЙИСИ БУНЁДИ ОҚОХОН
ҶАНОБИ ОҚОИ ҲАКИМ ФЕРИСТА

Бо салом

Дар шумораи 35 (349) ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (2.09.
2004, с. 7) мақолаи инҷониб зери унвони «Оғоро таҳқир накунед!
(Паст задани шаъни мард ва зан дар матбуот ва адабиёти тоҷик ба
авҷи худ расидааст)» ба чоп расид. Ният доштам, ки ба дунболи
чопи мақола ҳоҷат ба иншо ва нашри ин номаи саргушода наме-
монад. Зеро нуктаҳои асосии тафовутҳо ва иштибоҳоту иншо ва
истифодаи дурусти вожа-истилоҳи «оқо» аз «ото» ба тури мухта-
сар ва бо ҳадафи ислоҳи ин ғалати машҳур баён шуда буд. Аз
чопи мақола муддати зиёде гузашт, аммо таҳаввулоте дар за-
минай истифодаи саҳеҳи вожаи «оқо» ба чашм нарасид. Гилояи
(гила) банда пеш аз хама аз он аст, ки унвони муборак ва мӯҳ-
тарами Алоҳазрат Шоҳзода Шоҳарим Ал-Ҳусайнӣ (Оқохони IV)
на ба шакли дурусти «Оқохон», балки боз мисли пештара «Оғо-

116
хон» навишта мешавад. Бовар бар ин буд, ки дастандаркорони
Бунёди мӯҳтарами Оқохон дар Тоҷикистон ва ашхоси фазли ин
хоку бум ғалати машҳури «оғо»-ро аз унвони Алоҳазрат Шоҳзо-
да Шоҳарим Ал-Ҳусайнӣ (Оқохони IV) дур андохта, барои ду-
руст навиштани он ва истифодаи саҳеҳ дар минтақаи Осиёи Миё-
на кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Мутаассифона, ин тур нашуд.

Дар кишварҳои форсизабон номи мубораки Алоҳазрат
Шоҳзода Шоҳарим Ал-Ҳусайнӣ (OkoxohhIV) бо унвони «Оқо»,
«Оқохон» ва бештар «Бунёди Оқохон» (гоҳе «Хазинаи Оқохон»)
навишта ва гуфта мешавад (ба ҳар ҳол дар Эрон ва Афғонистон
ҳамин тур аст). Вале ба чй иллат бошад, ки дар Вароруд (Моваро-
уннаҳр) чунин унвони мӯҳтарам ба ғалат дар матбуот ва дигар
воситаҳои ахбори умум роиҷ шудааст ва то имрӯз ёд надорем
касе ҳатто як бор ҳам пешниҳод карда бошад, ки ин ғалати фаҳш
ислоҳ гардад (шавад). Суханро ба дарозо намебарем ва пешниҳод
менамоем, ки ҷаноби олӣ дар ин қазия довталабона вориди амал
шаванд ва ба тури расмй ва катбӣ ба ҳамаи васоитаи ахбори умум,
ташкилоту муассисаҳо ва ашхоси ҳақиқй ва ҳуқуқй тазаккур
бидиҳанд, то аз тарзи дурусти навишти «Бунёди Оқохон» исти-
фода шавад ва вожаи «оғохон» дар нисбат ба ин Бунёд ба куллӣ
ҳазф гардад.

Зимнан агар пешниҳоди инҷониб мавриди писанди завқи

волои ҷаноби олист, хоҳишмандам ба дунболи он масъалаи даст-

гирии нияти банда дар омода сохтан ва нашри «Фарҳанги муоси-

ри форс(тоҷик)ии Мовароуннаҳр (Вароруд ё Фароруд)» мавриди

таваҷчӯҳ ва баррасй қарор бигирад. Умед аст, ки «Фарҳанги муо-

сири форс(тоҷик)ии Мовароуннаҳр (Вароруд ё Фароруд)» биста-

ри муносиб барои ислоҳи ғалатҳои маъруф, истифодаи саҳеҳи

вожаҳо дар навиштор ва гуфтор ва умуман боло бардоштани фар-

1

ҳанги мардуми заҳматкаши мо гардад.

Бо эҳтиром Мирбобои Мирраҳим.

Тоҷикистон. №15(381), 14.04.2005, с. 12.

117
АЗ ШУМО БАРОИ ЗАБОНИ МОДАРИАМОН
ГАДОИ НАКАРДАЕМ!

Вақте посухи ҷаноби оқои Ҳакими Феристаро ба даст ги-
рифтам ва бо диккат хондам, чанд лаҳза аз ханда дилам шод шуд.
Маълум шуд, ки мазмуни аслии номаи саргушодаи маро на танҳо
нафаҳмидаанд ва посухи бемаънй додаанд, балки беадабй ва но-
донии тарҷумони форсии тоҷикӣ ба инглисиро низ фошофош
нишон додаанд. Тамоми мӯҳтавои номаи саргушодаи банда дар
ду ҷумла ҷамъ шудааст, ки чудо кардани онҳо аз якдигар мумкин
нест ва агар ин кор сурат бигирад, пас, дарки мазмун ва мақсади
нависандаро барои шахсе, ки зарофат ва зебоиҳо ва мантиқу бур-
роии забони модарии моро намедонад, тамоман нофаҳмо месозад.
Ҳоло барои рӯшан шудани қазия ҳар ду чумлаи асосиро айнан
мисол меорем: «Суханро ба дарозо намебарем ва пешниҳод
менамоем, ки ҷаноби олй дар ин қазия довталабона вориди
амал шаванд ва ба тури расмй ва катбй ба ҳамаи васоити ах-
бори умум, ташкилоту муассисаҳо ва ашхоси ҳақиқӣ ва хуқу-
қй тазаккур бидиҳанд, то аз тарзи дурусти навишти «Бунёди
Оқохон» истифода шавад ва вожаи «отохон» дар нисбат ба ин
Бунёд ба куллӣ ҳазф гардад.

Зимнан, агар пешниҳоди инҷониб («инҷониб»-яъне
банда-М. М.) мавриди писанди завқи волои ҷаноби олист,
хоҳишмандам ба дунболи он масъалаи дастгирии нияти бан-
да дар омода сохтан ва нашри «Фарҳанги муосири форс-
(тоҷик)ии Мовароуннаҳр (Вароруд ё Фароруд)» мавриди та-
ваҷҷӯҳ ва баррасй қарор бигирад».

Барои хонандаи хушзавқ тамоман рӯшан аст, ки чумлаи
дуввумй шарт аст, ки «агар» пешниҳоди якум (яъне чумлаи якум)
пазируфта шавад, ба дунболи он масъалаи омода сохтан ва нашри
фарҳанги забони форсии варорудӣ (мовароуннаҳрӣ) мавриди
дикқат («таваҷҷӯҳ», яъне «внимание») ва баррасй (яъне «рас-
смотрение») қарор бигирад. Л озим нест, ки шумо беҳуда барои
пул додан ба мо даст ба ҷайби хеш бибаред. Шумо аввал зарари
чуброннопазир ва хатоҳои солқои сол ба забони модарии ман во-

118
ридкардаатонро ислоҳ кунед ва баъд андеша намоед, ки нисбат ба
забои ва фарҳанги мардуми ин марзу бум боз бояд чй кор кард?!
Яъне дар номаи саргушода хеле олимона ва бо камоли эҳтиром ва
дар айни ҳол амали тамоман носавоби шумо дар навишти номи
Алоҳазрат Шоҳзода Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ (Оқохони IV) дар
забони тоҷикй ва ислоҳи он тазаккур дода шудааст. Чизи дигаре
нест. Пешниҳоди дуввум (яъне чумлаи дуввум, ки дар болои
мисол овардем) бастагй ба чумлаи якум дорад.

Азбаски (чун) дар иншои номи Алоҳазрат Шоҳзода Шоҳка-
рим Ал-Ҳусайнӣ (Оқохони IV) дар Тоҷикистон беэҳтиромй cap
задааст ва сабабгории асосии ин беадабӣ се Бунёд (номи ин
созмонҳо дар манбаъҳои расмӣ ба шакли зер омадааст: 1. AKDN
Шабакаи тараққиёти Бунёди Оғо Хон. Намояндаи доимй Ҳаким
Фериста; Нишонй (яъне ба забони ӯзбекй «суроға»): Душанбе,
кӯчаи ба номи Ғанӣ Абдулло ҳавлиҳои 8-10, т. 215118; 246500;
217097; 2. АКНРСА Гуманитарии Бунёди Оғо Хон. Координато-
ри минтақавӣ Чад Томсон. Нишонй: ш. Душанбе, к. Толстой 75,
т.245823; 240702; 245297; дурнигор (факс) 510128; 3. AKF Бунё-
ди Ото Хон. Раҳбари иҷрокунанда Мирза Ҷаҳони. Нишонй: Ду-
шанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, т. 247650; 244750; дурнигор 008737
62560066) аст, ки ба номи ишон ва аз маблати ишон ташкил шу-
дааст ва дар Тоҷикистон фаъолият дорад, мебошад, зарурист, ки
ниҳодҳои зикршуда бояд аввал ин камбудиро ислоҳ намояд, на
Мирбобои Мирраҳим ва ҳафтаномаи «Тоҷикистон». Сарварони
гиромии азизи ин ниҳодҳои мӯҳтарам чумлаҳои дар боло мисол-
овардаи моро як бори дигар мутолаа фармоянд ва аз мутарҷими
босавод бипурсанд, ки маҳаки асосии сухани мо дар куҷост ва оё
чумлаи дуввум тобеъи чумлаи якум нест? Оне, ки номаи саргу-
шода ба номаш фиристода шуд, мебоист дақиқан ва ба тури рас-
мй ба воситаҳои ахбори умум тазаккур медод, ба вазоратхонаҳо,
садо ва симо нома мефиристод, аз минбарҳо дар ин бора сухан
мегуфт ва дар варақаи расмии хеш ва лавҳи пештоқи идораааш
номи ташкилотро ба тури дуруст ба забони давлатй, яъне тоҷикй,
менавишт (албатта, на ба забони инглисй, балки ба забони давла-
тие, ки дар ин ҷо зиндагй мекунад ва фаъолият дорад).

Ҷаноби оқои мӯҳтарам Ҳакими Фериста! Мо шахсан барои

119
забони модарии хеш аз шумо гадой накардаем ва намекунем!
Танҳо хостем дилу нияти поки шуморо бисанчем, ки то чй андоза
ба ном ва шахсияти Алоҳазрат Шоҳзода Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ
(Оқохони IV), ки пешвои мазҳабии худи шумост, эҳтиром мегу-
зоред. Албатта, шумо, ташкилот ва дигар Бунёдҳои мӯҳтарами
шумо ба забони модарии мо як сари мӯ эҳтиром қойил нестед
(лоақал ба номи сарвари хеш эҳтиром гузоред), вагарна посухи
номаи моро ба забонҳои инглисй ва русӣ намедодед. Дар хеҷ
ҷойи дунёи мутамаддин (барон мисол агар ин кори чаноби олӣ
дар кишвари Канада, ба вижа вилояти Квебек, pyx медод, ҳатман
чаримаи сангин мепардохтед, зеро номаи ба забони фаронсавӣ
навиштаро ба забони инглисӣ барнамегардонидед ва чунин амал
намунаи беэҳтиромӣ ва нодида гирифтани забони фаронсавй
маҳсуб мешуд) чунин беэҳтиромиро ба мурочиати расмии шах-
сияти хакикӣ раво намедоранд. Ин кор танҳо дар Тоҷикистон
(зеро ин чо забони тоҷикӣ соҳиб надорад) мумкин аст, ки ҳатто
дар эълонҳои созмонҳои мӯътабари байналмилалй, ки барои даъ-
ват ба кор дар рӯзномаҳо чоп мешавад, таъкид мешавад: дониста-
ни забони тоҷикй зарурат надорад, балки инглисӣ ва русй шарти
асосӣ аст.

Умед аст, ки пас аз мутолааи ин шарҳи мухтасар, шуморо
дар чараёни иштибоҳи рухдода қарор хоҳанд дод ва хатои маъ-
руф ислоҳ мешавад. Иродатманд Мирбобои Мирраҳим.

'Бори нахуст дар ин маҷмӯа чоп мешавад. Азчопи онхуддорӣ шуд.

УРА! ТЕЛЬМАН ГДЛЯН ҲАМ

«ИСЛОМШИНОС» ШУД ВА «ФАТВО» ДОД ВА
«НЬЮСИК» БАРОИ ИФШОИ ҲАҚИҚАТ A3
МУСУЛМОНОН ПУЗИШ ХОСТ!

15 майи соли 2005, соати 22-и шаб ба вақти Душанбе, бар-
номаи чамъбастии ҳар ҳафтаинаи «Время»-и Останкинои Русия
кашфиёти нави бозрасии вижаи даврони рашидовчигии Узбакис-
тон ҷаноби Тельман Гдлянро ба оламиён муаррифӣ кард. Муво-
фиқи назари ин корманди додситонии шӯравии собиқ он чй дар

120
шаҳри Андиҷон мегузарад, амали «дасти ваҳҳобиён» мебошад,
ки дар солҳои бозрасии он кас дар кишвари Узбакистон дар ка-
мин қарор доштааст. Воқеан ҳам чунин кашфиёти исломшиносӣ
дар рӯзгори камранги мо бозёфти тоза аст, зеро имрӯз низ мисли
даврони режими коммуниста ҳар дурӯғ, ки аз ҷониби говдӯше ё
ягон мақоми мансабдори гузашта гуфта шавад, ба ҳақиқати кулл
табдил меёбад ва мо заминиён бояд аз даричаи диди онҳо ба во-
қеаҳои гирду атроф ва олами берун нигоҳ кунем.

Аммо ин дурӯғ ҳадафи худро дошт: мардум набояд аз асли
казия огоҳ шаванд. Г ап дар сари он ки дар Осиёи Марказӣ ҳеч
гуна ҳаракати ваҳҳобӣ вуҷуд надорад ва он чй дар минтақа ба
харакати исломй асос гузоштааст ва пешрав аст, пеш аз ҳама
натиҷаи амали бедоргароии ихвонулмуслимин, мактабҳои ойини
ҳанафӣ, созмонҳои давлатй ва ғайридавлатии кишварҳои исло-
мии арабӣ ва туркй мебошад. Ин ҳақиқат биступанҷ-сй сол аст,
ки дар шӯравии собиқ ба шакли ҳаракати «ваҳҳобй» муаррифӣ
мешавад ва мардумро дар гумроҳии комил нигаҳ медорад. Зеро
агар мардум асли қазияро фаҳманд, ки «ваҳҳобиҳо» дар ин мин-
тақа нестанд ва он кӣ (ё худ чӣ) ҳастанд, ҳамон бародарони назди-
ки онҳоянд, ки бо бардошти хоси хеш аз дини мубини ислом чй
бо номи исломи расмй ва чӣ бо номи исломи нав ва ё ростин (дар
шакли ҳизб ва ё созмон) аз он суд мебаранд, барои «душман» ҷус-
тан ба Тошканд ва Бухоро намераванд.

Ҷаноби Т. Гдлян бо «фатво»-и додситонии хеш дар ислом-
шиносй дари беадолатиҳои нав ба навро барои раҳбар, асҳоби
қонун ва қонунбадастон дар Узбакистон боз мекунад ва мардуми
бечора барои барқарории адолат мубориза мебаранд ва доираи
сарбастаи фоҷиаҳо тамоми минтақаро фаро мегирад. Бозии хуби
сиёсӣ натичаи дилхоҳ ба бор меоварад: барои барқарории адолат
боз бояд ба Маскав муроҷиат кард, то аз оқои Т. Гдлян хоҳиш
шавад барои бозрасии масоили «ваҳҳобиҳо» ба ин сарзамин ази-
мат кунанд.

Танҳо тағйири истилоҳи «ваҳҳобй» ба истилоҳи ҳалли ма-
соили иҷтимой ва иқтисодӣ ва баркарории ҳадди ақали адолат
метавонад гиреҳгушой ва аз байн бардорандаи қазияи эътирози
мардумӣ дар водии Фарғона шавад. Аз тарафи дигар дар ҳамон

121
лаҳзаҳое, ки ҷаноби Гдлян аз симои Маскав суханронӣ мекард,
дар шаҳраки Қаросу (панҷоҳҳилометрии шарқи шаҳри Андиҷон)
мардуми ба ҷон расида, ҳокимиятро ба даст гирифтанд ва пули
иртиботи байни Узбакситон ва Қирғизистонро барқарор наму-
данд. Пуле, ки панд сол пеш аз тарафи ҷаноби оқои Ислом Кари-
мов тарконида шуда буд ва қалби ҳазорон хешутабор ва бастаго-
ни ҳамдигарро дар ду тарафи марз низ тарконид, аз нав ба ҳам
пайванд хӯрд. Ҷолиб ин нукта аст, ки дар гирдиҳамойии мар-
думи Қаросу ягон нафар ифротгаро ва исломгаро ҳозир набуд,
балки мардумони оддӣ сухан мегуфтанд ва ҳалли масъалаҳои
рӯзмарра ва ҷойи корро матраҳ месохтанд ва гирдиҳамойӣ низ ба
забони русӣ мегузашт (пагоҳии барвакти рӯзи 16.05.2005 бахши
русии ВСС аз ҷойи воқеа гузориш дод). Ҳафтаи оянда ҷаноби Т.
Гдлян ин гирдиҳамойиро чӣ гуна шарҳ медода бошад, танхо ба
ҳолдонҳо маълум аст. Танҳо хоҳиш ин аст, ки бо дурӯғ ва «фат-
во»-и додситонӣ мардумро гумроҳ накунанд^ Ногуфта намонад,
ки агар дар замони бозрасии Т. Гдлян дар Узбакистон бахт ёр
мешуд ва ишонро (на Ислом Каримовро) ба симмати муншии
якуми Ҳизби коммунисти он кишвар интихоб мекарданд, дар ин
айём, албатта, дасти исломгароёни ваҳҳобӣ аз тамомии водии
Фарғона бурида мегардид.

Аммо дар шумораи нави хеш маҷаллаи «Ньюсик» барои
ифшои ҳақиқат аз мардуми мусулмон пӯзиш хост. Пӯзиш аз хо-
наводаҳои қурбониёни бегуноқ хеле дер ба аҳли олам расид. Ас-
ли қазия дар он аст, ки дар шумораи ҳафтаи гузаштаи маҷаллаи
мазкур хабари дар ҳоҷатхонаи зиндони Гуантанама истифода
шудани саҳифаҳои «Қуръон»-и карим аз ҷониби сарбози дило-
вари Иёлоти Муттаҳидаи Америка олами исломро ба по хезонд ва
боиси кушта шудани даҳҳо нафар тазоҳуркунанда дар Афгонис-
тон, Покистон, Фаластин ва Дигар кишварҳо шуд (ҳарчанд дар
Ҷумхурии Исломии Эрон, ки худро пуштибони аслии арзишҳои
исломй медонад, ҳатто як зарра бошад ҳам обе такой нахӯрд).
«Ньюсик» тавзеҳ додааст, ки баррасии тавҳин ба китоби мукад-
даси мусулмонон воқеият надоштани чунин хабарро таъйид кард.
Воқеан ҳам шарҳи мӯъҷизанок!

Дар ҳоле ки дар Америка кӯчактарин иштибоҳ ва ё дурӯғ

122
будани хабаре дар матбуот аз тариқи додгоҳ баррасӣ мешавад ва
барон ҷуброни тӯҳмат маблағи зиёд пардохт мегардад, чаро дар
тӯли як ҳафта Артиши ИМА пойи маҷаллаи «Ньюсик»-ро барон
воқеъият надоштани чунин хабари пурошӯб ба додгоҳ накашид?
Чаро мардуми мусулмон дар кишварҳои гуногун тазоҳурот кар-
данд ва раҳбарони давлатҳои исломй аз чунин хабар ба ягон дод-
гоҳ ва ё созмони мӯътабари байналмилалй шикоят накарданд?
Билахира, хабари дар ҳоҷатхона истифода шудани саҳифаҳои
китоби муқаддаси мусулмонон ҳақиқат дошт ё на?! Агар хабар
ҳақиқат надошт, пас, чаро як ҳафта мунтазир шудан лозим омад,
то раддияи он чоп шавад?! Марги одамони бегуноҳ ба дӯши кист?!
Суолҳо зиёданд, вале посухе пайдо кардан ба онҳо душвор аст.

1Бори нахуст дар ҳамин маҷмӯа чоп мешавад.

Пас аз суханронии Т. Гдлян аз симо иншо шудааст.

Ҳеҷ рӯзномае онро чоп накард.

МИРБОБОИ МИРРАҲИМ
ҲАМАҚИДАИ «БУЗУРГОН» НЕСТ!

Ҷамшеди Доно: Номи Мирбобои Мирраҳим барои хонан-
дагони точдк ошност. Онҳое, ки понздаҳ-бист сол пеш рӯзнома-
ҳои Тоҷикистонро мутолаа мекарданд ва давраи кӯтоҳе аз
бедории миллии точиконро бо чашмони худ диданд, шояд дар ёд
доранд, ки мақолаи ӯ «То ба кай об аз таги ях меравад?» («Комсо-
моли Тоҷикистон» 6.01.1988) чй таконе ба озодфикрй ва ошкор-
баёнй ва бедории миллй дар Осиёи Миёна ва Қафқоз барпо карда
буд. То ба ҳол ҳеҷ мақолае дар раванди худшиносии миллат ин
кадар пуртаъсир ва амиқ набудааст. Дар сарзаминҳои бостони ва
шахрҳои қадимии тоҷикон - Бухоро, Самарканд, Шаҳрисабз ва
дигар маҳалҳо аз рӯйи мақолаи Мирбобои Мирраҳим бачаҳои
мактабхон иншо ва нақли хаттй навиштанд, аммо моххои январ ва
марти соли 1988 дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе коммунистов
ва комсомолон ва ҳатто олимтарошон ӯро маҳкум карданд ва дар
бархе навохй шумораи рӯзи 6-уми январи рӯзномаи «Комсомоли
Точикистон» пахш нашуд ва онро оташ заданд. Мирбобо зиндаго-
нии сахтеро пушти cap гузаронд, аммо ҳеҷ вақт ноумед нашуд.

123
Дар тамоми ин муддат аз пажӯҳиш ва баррасии таърих, фалсафа,
ҷятттни Наврӯз ва масоили марбут ба Осиёи Миёна дур нашуд. У
дар соли 1997 ба куллӣ аз муборизоти сиёсӣ канор рафт ва ҳатто
узвият дар Комиссияи оштии миллиро напазируфт. Садҳо нафар
қаламбадаст, ҳомй ва «шербачаҳои ҷаноби олй», ки дар як они
воҳид сояи худро бузург дидаанд, тӯҳматномаҳои зиёде дар ҳаққи
Мирбобо навиштаанд, ки намунаҳое аз онҳо дар китоби «Рӯзно-
маи маҳбуси маҳкум ба қатл» (1997) гирд омадааст. Китоби «Сар
омад қиссаи дуздӣ ҳикоят ҳамчунон боқист...», ки соли 2002 ба
чоп расид, ба гуфтаи бархе аз сохдбназарон дар жанри нақд ва
баррасии илмии осори қаламбадастон ва умуман нигориши кито-
би илмй бештар ба китоби пуртарафдор ва хонданибоб (бестсел-
лер) таааллуқ дорад, то як асари сирф илмй. Дар як субхд баҳорӣ
бо Мирбобои Мирраҳим дар пойи сӯҳбат нишастем.

-Киёи Мирраҳим! Ин нахустин мусоҳибаест, ки шумо пас
аз дах сол ризоият додед. Ба унвони суоли аввал мехостам бипур-
сам, чй ангезае шуморо водор кард, ки ба иншо ва нашри «Сар
омад киссаи дуздй ҳикоят ҳамчунон боқист...» бипардозед?

Мирбобои Миррахим: -Ангезае хосе набуд, танҳо вазифаи
инсонй ва қарзи олимй ҳукм мекард, ки ин китоб навишта шавад,
Зеро солҳои сол ҳарфҳои ногуфта ва дардҳои нуҳуфта дар мав-
риди дурӯғ ва риёи шеърхарошон ва олимтарошон, ки ба бозори
касоди илму адаб арзонй доштаанд, касро ба андешаҳои талх
водор мекунад ва табиист, ки бояд дар нақди онҳо китоби хубе
навишта шавад. Китоби хуб натиҷаи дарки масъулият, тахдил ва
андеша ва салоҳият аст ва ҳар олиме битавонад иншои онро дар
вақту замони муносиб анҷом бидиҳад, кори муфидеро ба субут
расонидааст.

Ч- Д-: -Аммо китоби шумо фаротар аз як таҳқиқот аст ва
давраи тӯлониеро дарбар гирифтааст?

М. М,: -Дар сарсухани китоб ман ба ҳамин нукта ишорат
кардаам: «Мақолаҳои ин китоб дар давраҳои гуногун навиш-
та шуда, вале муаллиф кӯшида, ки мавзӯи аслӣ-дурӯғгӯйӣ ва
таҳрифи таърих ва адабиётро, ки аз ҷониби бархе аз пешвоё-
ни дурӯғини Тоҷикистон идома доштааст, пайгирй намояд.
Табиист, ки ин кори бисёр мушкил ва хатарнок буда, сабру

124
бурдбории зиёдро талаб мекунад. Ба ҳар ҳол он чй дар пешо-
рӯи хонанда қарор дорад, маҳсули ранҷи қариб даҳ-дувоздаҳ-
сола мебошад.»

Ч. Д.: - Агар хато накунам шумо ибтидо мехостед дар силси-
лаи мақолаҳо андешаҳои худро ба хонандагон пешниҳод намоед?

М. М.: -Бале. Устухонбандии ин китоб низ дар воқеъ аз
мақолаи «Hallo аз Америка ва посух ба он» шурӯъ шуд. Моҳи
августа соли 2001 мақолаи мазкур(варианти севвум)ро ба охир
расонида, ба як нашрияи мамлакати азизамон пешниҳод кардам.
Албатта, ман мехостам бо чопи мақолаи банда он нашрия дар садри
ҳафтаномаҳои кишвар ҷой бигирад. Вале, мутаассифона, сарна-
вишт «мукофоти» дигаре ба ман дод: чопи мақолаи банда дар нима-
роҳ мутаваққиф шуд ва муаллиф ҳамонанди даврони яккатозии
Ҳизби коммунист дар мақомоти ҳизбии он нашрия мавриди танқид
ва маҳкумият қарор гирифт. Ман чунин сурат гирифгани вазъро аз
ибтидо пешбинӣ карда будам ва ҳаққи қаламамро низ қабл аз наш-
ри мақола дарёфт кардам, яъне барои мақолаи «Hallo аз Америка
ва посух ба он» сад (100 $) доллари амрикоӣ насиби мо шуд. Наме-
донам дар таърихи рӯзноманигории точнк то ба ҳол чунин иттифок
афгода ё на, лекин ман бо камоли ифтихор дар пешгоҳи меҳроби
муқаддаси таърих эълон медорам, ки барои мақолаи худ пеш аз чо-
паш сад доллар гирифтаам.

Ба ҳар ҳол пас аз таваққуфи чопи мақола рӯҳафтода нашу-
дам, балки бо нерӯи чанд баробар бештар рӯйи ин масъала пажӯ-
ҳишро и дома додам ва ҳамзамон бо китоби дуюми «Таърихи ши-
фоҳии мардуми тоҷик», яъне «Ватани ман дар куҷост?» Гуфтугӯ
бо Нӯъмон Неъматов», онро дар моҳи феврали соли 2002 ба охир
расонидам. Умуман ин китоб барои ман хеле гарон тамом шуд.

Ч. Д.: -Магар мушкилоти иқтисодӣ ва ё сиёсие пеш омад?

М. М.: -На танҳо мушкилоти иқтисодӣ, балки пеш аз ҳама
кули мушкилоти зиндата маро фаро гирифт: барои иқомат дар
кишвари дигар ба ман рухсат надоданд, сониян, чопи китоб ҳазор
душвории молй ба бор овард, ниҳоят, вақте китоб чоп шуд, маъ-
лум гарди д, ки соярӯшанҳое маро сахт таъқиб мекунанд.

Ч. Д.: -Аз мӯҳтавои китоб чунин бармеояд, ки шумо ҳам аз
шаъну шараф ва манзалати Эрон ва эрониён, ҳам Америка ва ам-

125
рикоиён, ҳам Исроил ва яҳудиён ва ҳам дигар кишварҳо ва ҳатто
Ватани худатон-Тоҷикистон дифоъ ба амал овардед. Магар аз ин
кишварҳое, ки зикрашон рафт, пунгщбоние надидед? Охир, оли-
мон ва донишмандони онҳо дар порух гуфтан ба қаҳрамонони
«Сар омад қиссаи дуздӣ ҳикоят ҳамчунон боқист...» оҷиз бу-
данд, пае, сафоратхонаҳо, дастгоҳҳои иҷроӣ ва ё сиёсатмадоре
пайдо нашуд, ки шуморо дастгирй кунад?

М, М.: -Феълан, ки на ва дар оянда низ ба гумон аст. Бигу-
зарем аз инҳо. Пас аз нашри китоб вақте дар марз масъуле гузар-
номаи маро ба дасташ шрифт, барои мӯҳри вурудй бидуни шарм
бисту панҷ доллари ИМА талаб кард, Ман чиптаи ҳавопаймои он
сафар ба Ватанро то ба ҳол нигаҳ доштаам. Гузашта аз ин, харҷи
чопи китоб то имрӯз домангири мост,

Ч. Д.: -Нуктаи ҷолиб дар мавриди китоби «Сар омад қиссаи
дуздй ҳикоят ҳамчунои боқист...» ин аст, ки муаллиф барои ис-
боти фикри хеш аз осори қаҳрамонони китоб ба тури фаровон ва
дар айни замон дақиқ истифода намуда ва дар ин замина ончунон
чустуҷӯй ва кофтукови илмӣ кардааст, ки шояд ба зеҳни кам ода-
мон мерасад. Дар ҳеч ҷойе аз китоб низ ба таҳқири шахсияти қаҳ-
рамонон роҳ надодаед. Шумо ибтидо иқтибос, далел ва мисол
меоваред ва баъд андешаи худро иброз медоред. Бифармоед, ки
чаро маҳз бо чунин сабк баҳси илмиро идома додед?

М. М.: -Мавзӯъ ва масъалаи мавриди баҳс бисёр ҳассос аст
ва май дар рӯ ба рӯйи хеш анбӯҳи зиёде аз мухолифинро мебинам
(дорам), ки ба ҳар сатри ман хӯрдагирӣ хоҳанд кард ва эрод хо-
ҳанд гирифт. Аз тарафи дигар дар сарзамини мо ҳар чӣ дар танқи-
ди касе гуфта шавад, ҳатман обуранги маҳал ва тобиши маҳал-
гароӣ мегирад ва ё ба он мӯҳри маҳалгарой зада мешавад. Шуме
бояд ҳамаро таъриф кунед ва худое накарда касеро танқид кар-
дед, ҳатман ҳамшаҳриҳои он ҷаноб ба шумо душмани ҷонӣ ме-
шаванд, агарчи подабон (галабон, чӯпон) ва бесавод бошанд ҳам.
Зеро шумо бо интиқоди хеш ба «муқаддасот» ва «кудсият»-и ма-
ҳалли онҳо шак овардаед. Бархе ҳатто вожаи «тасаллут»-ро «та-
ҷовуз» мефаҳманд. Маҳз ҳамин андешаҳо маро водор кард, ки
ҳангоми иншои китоб бо далелҳои маҳкам ва пеш аз ҳама аз осори
ба ҷоймондаи (нашршуда) худи он ҷанобон корро дунбол намоям.

126
Ч. Д.: -Мушоҷираи Р. Мусулмонқулов ва Ардамеҳр (Фотеҳи
Абдулло) дар ғурбат сари вожаи «оғо» ва «як халта китоби» Му-
сулмонқуловро «ба ғанимат бурдани» Ардамеҳр ба чӣ анҷомид?

М. М.: -Ман шоҳиди «мулоқоти самимонаи» онҳо набудам
ва аз он воқеаи шум тавассути номаи худи оқои Ардамеҳр хабар-
дор шудам. Аз номаи оқои Ардамеҳр чунин бармеояд, ки киёи
Мирзои Шакурзода, киёи Нурмуҳаммади Саидзода ва як нафар
корманди амниятӣ шохиди он моҷаро буданд. Аммо Ардамеҳр
тавҳини Мусулмонқуловро дар мавриди «ого» (дар китоби «Ус-
тодон ва ҳамдарсон») хитоб карданаш то имрӯз беҷавоб гузош-
тааст. Фикр накунам, ки ӯ ба Мусулмонқулов посух диҳад. Аз
ҷиҳати ҳуқуқй низ Ардамеҳр ҳеҷ даъвое ба мақомоти расмӣ пеш-
ниҳод накардааст ва замон бо суръат сипарӣ мешавад. Мо ҳар он
чй оқои Ардамеҳр навишта, бидуни каму кост бо нигаҳдории
амонат дар «Замима»-и китоб овардаем. Албатта, масъулияти он
навиштахо ҳам ба души худи оқои Фотеҳи Абдуллост.

Ҷ. Д.: -«Замима» ва «Вожанома»-и китобҳои шумо касро ба
андеша во медорад. Иллати чунин нигориш дар чист?

М. М: -Охир, на ҳамаи ақида ва андешаҳоро метавон дар
матн гунҷонид! Лозим аст, ки дар ҷойи дигар муфассал ба он
баргашт ва тавзеҳ дод, ки иллати он чист. Масалан, «Вожанома»-
и маҷмӯаи «Сар омад қиссаи дуздй ҳикоят ҳамчунон боқист...»
дар китоби дигари банда «Ватани ман дар куҷост?» Гуфтугӯ бо
Нӯъмон Неъматов» (Душанбе 2003) ба иштибоҳ чоп шудааст
(Ман дискета китобро ба Душанбе фиристода будам ва масъуло-
ни чоп онро дуруст баррасй накарда, ба дасти чоп супурдаанд).
Вале нуктаи муҳим: андешае, ки як умр дар жарфои (умқ) фикру
зикр нуҳуфта, дар «Тавзеҳот»-и «Ватани ман дар куҷост?», саҳи-
фаи 167 омада, ки чунин хулоса шудааст: «...Қотилони Аҳмад-
шоҳи Масъуд аз аъроб буданд. Ман ба хулосае омадам, ки
мардуми мо бонд аз шарри ду қавм-... ва дигаре араб худро
барҳазар доранд ва дар ҳар ҳаракат ва созмон ва ҳатго ҳизбе,
ки ин халқҳо ширкат доранд, набояд ба онҳо шарик шаванд».
Ман ин нуктаро мехостам, ки дар «Сар омад қиссаи дуздй ҳикоят
ҳамчунон боқист...» ҷой бидиҳам (зеро ин китобҳо ҳамзамон
навишта шудаанд), вале ҳарчанд кӯшидам нашуд, барои хонанда

127
сангин буд (вазнинй мекард). Мадбур шудам дар китоби дигар
гунҷонам. Ба фикри ман, «Замима», «Тавзеҳот» ва «Вожанома»
қисматҳои хоси китоб мебошад, ки ба масъалаҳои муҳим бахши-
да мешавад ва бидуни онҳо фикри олим нотамом мемонад. Аз
тарафи дигар, худи шумо тасаввур кунед, ки китоб саҳифабандӣ
шудааст, бояд имрӯз ё фардо ба чоп биравад ва ин лаҳза дармеё-
бед, ки чанд нукта тавзеҳ мехоҳад ё фаромӯш шудааст. Чй бояд
кард? Қисматҳои ахири китоб ба кӯмаки шумо меояд.

Ч. Д.: -Нақди ҳамақидаҳо барои дигарон ва мардуми кӯчаву
бозор мавзӯъи гуфтугӯҳо хоҳад шуд. Шумо аз ин ҳарос надоред?

М. М.: -Албатта, ман аз хиёнат ва разолати думравони қаҳ-
рамонони китоб нигаронам. Дар мавриди ҳамақидагии ман бо
«бузургон»: Якум. бояд зикр шавад, ки ман ҳамақидаи «бузур-
гон» набудам ва нестам. Борҳо ният доштам, ки ин нуктаро ба ҳа-
магон тазаккур бидиҳам, вале ҳеҷ имконият ба даст намеомад.
Дуввум. ман аъзои ягон ҳизби сиёсй набудам, нестам ва,
иншоаллоҳ, ки нахоҳам шуд. Севвум, пайрави ягон аки дай сиёсй
ва таълимоти хосе низ нестам. Чахорум. хеле бемасъулиятона
аст, ки андешаҳои маро дигарон бо майлу хоҳиши худ ҳамон ту-
ре, ки дилашон мехоҳад ва ақлашон мерасад, тафсир мекунанд.
Барои мисол. Ёд доред, пешниҳоди бандаро дар мавриди таъли-
ми ҳуруфоти арабй дар мақолаи «То ба кай об аз таги ях мера-
вад?» Мехоҳам як лаҳза ҳам бошад ба он пешниҳод баргардем, то
ҳақиқати ҳол комилан рӯшан шавад ва пас аз ҳаждаҳ сол таҳриф-
гарон бифахманд, ки чй хиёнате ба мардуми худ карданд. Пеш-
ниҳоди мо чунин буд: «Хулоса, шояд вақти он расида бошад,
ки ба масъалаи таълими ҳуруфоти арабй (ин танҳо ба ном
«арабй» аст, аммо кайҳо тоҷикй шудааст) дар мактабҳои миё-
наю олй баргардем. Барои ин кор ҳамаи шароиту имконият-
ҳо мавҷуд аст, танҳо хоҳиш даркор. Аз манфиат холй нест,
агар дар Ҷумҳурй рӯзнома ва маҷаллае бо ҳуруфоти класси-
киамон нашр мегардид. Шояд Кумитаи марказии комсомол
ва Иттиҳодияи адибон бо машварат дойр ба ин таклиф сари
мақсад оянд.» (Комсомолии Тоҷикистон, 6.01.1988). Ман мач-
бур шудам бори дигар пас аз понздаҳ сол дар «Сар омад қиссаи
дуздй ҳикоят ҳамчунон боқист...» он пешниҳоди хешро ба таври

128
муфассал шарҳ бидиҳам: «Ин пешниҳоди илмӣ, ки шояд солҳо
дар дили ҳар як тоҷики бохирад такрор мешуд, бо дили соф ва
биниши нав ба маьрази умум гузощта шуд. Ва аз охири моҳи
январи соли 1988 таҳрифи он cap щуд, ки то имрӯз идома до-
рад. Ҳарчанд бояд зикр шавад, ки дертар маҷаллаи «Чашма»
(сардабираш Камоли Насрулло) ва нашрияи «Пайванд» бо
хати форси чоп шуд; дар чанд рӯзнома ва ҳафтанома омӯзи-
ши хуруфи форси шурӯъ гардид; дар баъзе корхона ва идора-
ву муассисаҳо бо як азму талоши миллӣ дарси омӯзиши хуру-
фи форси барпо мешуд. Ва ман хушбахтам, ки имрӯз фарзан-
дони мо то синфи ҳашт дар мактабҳои миёна фанни «Алиф-
бои ниёгон»-ро меомӯзанд. Яъне аз пешниҳоди мо одамони
бохирад истифодаи дуруст ба амал оварданд, ҳарчанд гаҳ-
рифгарон ва ҳокимони вақт сояи моро аз деворҳо тароши-
данд ва ҳатто сари сабзи моро мехостанд барбод бидиҳанд.

Ammo абармардони таҳриф чун М. Осимӣ, Р. Амонов, Р.
Ғаффоров, С. Табаров, X. Юсупов ва даҳҳо нафари дигар та-
вонистанд, ки пешниҳоди дуруст ва илмиро чунон бо сароҳат
таҳриф созанд ва тамоми мардумро гумроҳ кунанд (ки ҳатто
шайтон аз кори онҳо дар хиҷолат ба cap мебарад).

Ҳадафи мо чунин буд: ду-се сол таълими хати ниёгон дар
мактаби миёна ва шояд дарси забои и модарй ва адабиёти форси
дар нусхаи асл-форсй ва баъд як-ду сол дар мактаби олй, ки
шахси соҳибмаълумот бояд саводи хуби форсй дошта бошад,
яъне саводнок бошад. Дигар ҳеҷ ҳарфе дар бораи табдили алиф-
бо ва ба ҷойи алифбои кириллй (русй) ҷойгузин кардани алиф-
бои форсй (арабй) набуд. Баръакс, аз нигоҳи илмй ман пешни-
ҳод карда будам, ки донистани ду ё се алифбо барои рущди фик-
рию фарҳанг й ва худшиносии миллат сабаб мешавад.

Таҳрифгарони пешниҳоди мо масъаларо ба ҳамагон ин
тавр пешкаш карданд: «Оё табдили алифбо лозим аст?» ва
боз даҳҳо шакли дигари тахриф ва дурӯғ» (нигаред: «Саромад
қиссаи дуздӣҳикоятҳамчунон боқист...», саҳифаҳои 51-53).

Ҷ. Д.: -Ҳамагон гумон мекарданд, ки шумо барои табдили
алифбо мубориза мебаред!

М. М.: -Иштибоҳ мекунанд. Аксарият мақоларо дуруст на-

129
хондаанд ва сарфаҳм нарафтаанд. Иттифоқан, дар ҳамон давра,
пас аз нашри мақола низ аз ман суол мекарданд:

-Кай ба алифбои ниёгон бармегардем?

Ман мадбур мешу дам бипурсам:

-Кй ба шумо гуфт, ки алифбо иваз мешавад?

-Шумо пешниҳод кардед?

-Ман?! Чй хел? Ман пешниҳод кардаам, ки «таълими хуру-
фоти арабй» ба рох монда шавад, на табдили алифбо. Чаро фикри
маро тахриф мекунед? Шарм намедоред, ки мақоларо сарсари

хонадаед?! _

Ниҳоят, намунаи тозатарин таҳриф ва туҳмат. Мақомоти

расмии шаҳре, ки ман замоне дар он ҷо ба дунё омадаам, чанд мох
пеш дар арафаи интихобот чунин ҳушдорро ба мардум эълон кар-

даанд: _

-Мирбобо дар интихобот ба нафъи Ҳизби наҳзат маблағгу-

зорй кардааст.

Ман аз хориҷа 14 марти соли 2005 ба Ватан баргаштам ва аз
интихобот (намедонам кадом интихобот бошад, ки 24 феврали
соли 2005 баргузор шудааст) ҳатто хабаре надоштам. Роста ran,
бо ин қабил тӯҳмат ва таҳрифҳо чй мешавад кард?

Хул оса, чй тавре ки мебинед, андешаи илмии маро то чи ан-
доза тахриф сохтаанд ва тӯҳмат мезананд. Лозим омад дар кито-
би «Сар омад қиссаи дуздӣ ҳикоят ҳамчунон боқист...» ба тури
муфассал на танҳо дар мавриди дуруғпароканиҳои бузургон,
балки тӯҳмат, ифтироъ ва ифроти онҳо низ посух бигуем.

Ч.Д.; -Оройиши рӯй ва пушти ҷилди китоби «Сар омад кис-
саи дуздӣ ҳикоят ҳамчунон боқист...» баёнгари муҳтавои пажу-
ҳиши шумо мебошад. Барой хонандагони сершумори ҳафтано-
маи мо чанд намуна аз мӯҳтавои китоб биёваред, то бовар шавад,
ки китобатон ҷолиб аст.

М. М.: -Бифармоед. Намунаи нахустин аз саҳифаҳои 122-
123 китоб: «Худнамоиҳои профессори мӯҳтарам дар мавриди
ирқу нажод танҳо худфошкунй асту бас. Вақте як одами бо-
фарҳанг ба навиштаҳои Р. Мусулмонқулов руй меорад, дар
тааҷҷуб меафтад. Зеро ин каҷқалам аввал як баҳсеро дар
мавзӯъе матраҳ мекунад ва «собит» месозад, ки «ҳақ» аст.

130
Ammo дар ҳамон саҳифа матлаби дигареро ҷой медиҳад (зеро
медонад, ки ҳақиқат пӯшида намемонад), ки нуқтаи назари
аввалиро ба куллӣ ботил менамояд. Барои намуна мо танҳо
як матлабро пурра мисол меорем:

«Ва аммо дар бораи нигоранда (яьне Р. Муеулмонҳулов-М. М.).

Дар огози ин тика бояд гуфта шавад, ки банда тоҷик аст
(агарчи баъзе азизон «араб» гуфтаанд, баъзе «ӯзбак» донис-
таанд); ҳамонанди шодравон Раҷабалӣ Ҷалилов, шодравон
Чорӣ Мирзоев (таъкид аз мост - М. М.), Зиё Абдулло, Бахтиёр
Муртазавӣ, Уроқ Алимардонов ва г. аз тоҷикони бумии Қабодиён
щстам» (ниг.: Р. Мусулмонқулов. Посух, саҳ. VII). Мо ҳам
қабул дорем, ки шояд Р. Мусулмонқулов дар «ин тика» дар
ҳақиқат тоҷик бошад (ҳеҷ бадбахтӣ нест, ба қавми тоҷик яке
дигар афзуда шуд). Аммо нрофессори мӯҳтарам дар ҳамин
саҳифаи китобчааш фикри худашро бо далели дигар рад ме-
кунад. Вай дар бораи Чорй Мирзоев ин тавзеҳотро дар пова-
рақй меорад, ки мо низ онро айнан иқтибос кардем: «Пас аз
марги нобаҳангоми эшон (яъне Чорӣ Мирзоев - М.М.), рӯзнома-
нигоре китоби пантуркистона аз номи ӯ мунташир кардааст;
бояд собит шавад китоб навиштаи он равоншод буд» (Посух,
cax.VII).

Ч. Д.: -Ва мисоли дуввум

М.М.: -Чунон ки маълум аст, дар кишвари азизи мо тахриби
чеҳраи Садриддини Айнӣ аз ҷониби зиёинамоҳо ба мӯд дарома-
дааст ва профессор Р. Мусулмоқулов дар ин кор аз ҳама пешдас-
тӣ гирифта, ки мо шаммае аз таҳаввулоти фикрии ин бузургворро
дар ин робита дар саҳифаҳои 115-117 чунии баррасй кардем: «Р.
Мусулмонқулов дар мавриди С. Айнӣ айнан чунин гуфтааст:
«Силсилаи донишмандони бузурги тоҷик бо устод Айнӣ огозме-
шавад, ҳарчандӯ бештармарди сиёсат буд, то адаб»

Яъне чй?! Устод Садриддини Айнй дар мавриди пас аз
исгилои Бухоро аз ҷониби болыневикҳо ва ҷавонбухориён аз
сиёсат дурй ҷустанаш дар «Мухтарсари тарҷимаи ҳоли ху-
дам», ки борҳо ба хатти кириллй ва форсй нашр шудааст, бо
сароҳат чанд бор таъкид карда, чунин навиштааст: «Ман дар
корҳои Ҳукумати Шӯроии Халқии Бухоро бевосита иштирок

131
карданро нахостам». Ва боз ба таври муфассал ин хел таъкид
кардааст: «Албатта, май дар он шароит дар Бухоро истода на-
метавонистам ва ин ҳолро май дар рӯзҳои барпо шудани Ҷум-
ҳурияти Халқии Шӯроии Бухоро ҳис мекардам. Бинобар ин
ман аз Самарканд хонадор шуда, ба ҳамаи сахтиҳои онвақта
дар он ҷо мондам ва ба Бухоро рафта «комиссар» нашудам».

С. Айнӣ қабл аз ҳама шоир, нависанда, рӯзноманигор,
муҳаққиқ, таърихнигор, рӯшанфикр, мураббии ҷавонон,
файласуф ва алломаи мунҳасир ба фард буд. Ва нақши пурбо-
ру шахсияти боризи ишон дар таърихи мардумони Осиёи
Марказӣ корест инкорнашаванда. С. Айнй ягон мақоми дав-
латй надошт ва он чй ки ишонро намояндаи мардумй дар
парлумон ва Райиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ин-
тихоб кардаанд, бори маънавии хуберо дорост ва ҳеҷ бадие
надорад. Ишон бо вуҷуди душвориҳо ва азияту озоре, ки аз
мунофиқин диданд, ҳеҷ гоҳ аъзои Ҳизби Коммунист нашу-
данд ва ба кору ақидаи ҷадидии худро идома доданд. С. Айнӣ
шахсият ва ахлоқи ҳамида дошт ва мисли дигарон ҳар рӯз аз
ҳарфҳояш намегашт. Албатта, танҳо Р. Мусулмонқулов ба-
рин профессор метавонад мақому манзалати алломагй ва
адабии С.Айниро инкор карда, вайро «марди сиёсат» бидо-
над, на адиб. Ҳоло, худи ҷаноби Р. Мусулмонқуловро ба ка-
дом чаҳорчӯба дарорем: мубаллиғи Б.Собир, профессори ча-
ласавод ё дасисабози сиёсй (муовини Раиси Ҳизби Демокра-
тии Тоҷикистон, шохаи Теҳрон) ва ё...?!

Аз суханони бемаънии ин «фарҳехтаи тоҷик» дар хакки
Устод Айнй панҷ сол сипарй мешавад ва таҳаввулоти фик-
рии аҷибе дар ҷаҳонбинии профессор Р. Мусулмонқулов рух
медиҳад ва дар китобчаи «Устодон ва шогирдон»-аш «марди
сиёсат» будани С. Айниро ба дасти фаромӯшй супурда, чунин
менависад: «Ҳамин ифтихороти даруниро аз аллома Айнй низ
доштем, ки эшон ҳам дар сафи ҳизби камунист набуданд»
(нигаред: Р. Мусулмонқулов. Устодон ва шогирдон, саҳ. 11).

Ба ҳамин роҳатй аз андешаи худ даст кашиданро танҳо
профессор Р. Мусулмонқулов метавонад ба ҷой оварад. Як бор
нисбат ба ягон шахсият дурӯғ мегӯяд, тӯҳмат мезанад, баъд

132
онро фаромӯш карда, ба гаърифаш мепардозад».

Идомаи баррасиҳои мо дар ин замина боз ҳам чолибтар аст...

Ч- Д.: -Дар ҳоли ҳозир рӯйи кадом пажӯҳиш ва китоби нав
кормекунед?

М.М.: -Фильмномае навиштаам дар бораи як шахсияти таъ-
рихй ва ҷилди дуввуми романи «Достонҳои бузурги хотирот»-ро
виройиш мекунам.

Ч. Д.: -Шойеъ шудааст, ки фильмномаи «Ҳароҷи шавҳари
фарангй»-ро менависед ва дунболи ҳомии моли (спонсор) мегар-
дед?

М. М.: Ният дорам, ки бинависам, аммо дар ин марзу бум
пайдо кардани ягон ҳомии молй чй дар рӯзи рӯшан ва чй дар шаби
тор кори Ҳазрати Фил аст, на мо, бандаи хокй. Зеро:

Дар ин дунё, ки мардонаш асо аз кур медузданд,

Мая аз хушбоварӣ ин ҷо муҳаббат ҷустуҷӯ кардам.

Ч. Д»: -Ва суоли охир. Китоби «Сар омад қиссаи дуздй ҳи-
коят ҳамчунон боқист.. .»-ро аз куҷо метавон пайдо кард?

М. М: -«Ҷӯянда ёбанда аст» ва ҳар кас дунболи китоб мегар-
дад онро пайдо хоҳад кард. Бархе хеле барвақт китобро ба даст
овардаанд, аммо дар бораи он ҳарфе намегӯянд.1

Ҷамшеди Доно Вижаи ҳафтаномаи «...»

Июни соли 2005

Ин гуфтугӯ ба иллата ба мо номаълум рӯйи чопро надид.

133
ТӮТИИ ХУШСУХАН

Рузе подшоҳе ҳукми маҳкумеро чунин содир кард:

«Бахшиш лозим нест, эъдомаш кунед!»

Вазир, ки гӯё масъалаи бахшиши он зиндониро матраҳ кар-
да буд, пас аз дарёфти ҳукм бо тағйири ҷойи як вергул, ҳукми
эъдомро ба ҳукми бахшиш таб дил меқунад:

«Бахшиш, лозим нест эъдомаш кунед!»

Ривоят мекунанд:

Замоне ки Исои Масеҳро ба қатлгоҳ мебурданд ӯ салиби
чӯбини вазнин (сангин)ро бо худ ҳамл мекард. Роҳи ӯ то ҷойи тас-
либ (чаҳормех) душвор ва тӯлонӣ буд. Беҳолу хаста хост ба дево-
ри як манзил такя занад, то каме нафас рост (тоза) кунад. Аммо
сохнбхона Агасфер (ё худ «Юсуф») иҷозаи ин корро ба вай надод
вафарёдзад:

-Бирав! Бирав! Бароят ҳеч истироҳате (дамгири) лузуме на-
дорад!

Коҳинон ин ҳарфҳои Агасферро таъйид карданд. Дар посу-
хи ин радду бадал Ҳазрати Исо гуфт:

-Хуб, ман меравам, аммо ту тамоми умр қадам хоҳй зад. Ту
тамоми умр дар олам парса хохй зад ва ҳеч гоҳ оромиш ва марг
нахоҳйдошт.

Дар мавриди Агасфер дертар мунаҷҷими итолёй Гвидо Бо-
наттй, ҳамоне ки Данте дар «Мазхакаи илохй» дар дӯзахаш ҷой
дода, навишт, ки вайро дида.

Гӯё Гвидо Бонаттй дар соли 1223 Агасферро дар дарбори
шоҳи Испониё мулоқот кардааст. Тибқи шаҳодати ӯ ин ҳамон
одаме буд, ки дар вақташ Ҳазрати Масеҳ, вайро лаънат карда ва
аз ин рӯ наметавонист бимирад. Маълум шуд, ки чунин подоше
он қадарҳо хушоянд нест (итолёӣ)

134
Дар мавриди як ҳокими Миср ин рухдодро накд кардаанд,
ки ӯ дар поёни умр дӯст дошт фарзанд-валиаҳдашро чунин таъ-
лим диҳад:

-Писарам! Ба ин муаммо гӯш фаро бидеҳ: сараш монанди
гурба, пояш низ монанди гурба, танаш ҳам мисли гурба, думаш
хам чун думи гурба, вале гурба нест. У кист? Посух: Гурба. Фир-
ъавн низ ҳамин тур аст. Гӯё вай одам аст, аммо вақте ки ҷойи хан-
да аст, наметавонад бихандад, замоне ки дилаш гирифта, намета-
вонад гиря кунад, ҳатто бо зане ки дӯсташ дорад, наметавонад
издивоч кунад. Аз ин рӯ ӯгӯё одам аст, вале дар ҳақиқат одам
нест, балки Фиръавн аст. У бештар ба худоён наздик аст, то ба
одамон (мисрй, ошӯрӣ)

Муваррихи Юнон Ҳеродот ҳикоят мекунад, ки чй гуна шо-
ҳи Лидй Крез аз худоёни маъбади Делфй суол кард:

-Ҷанг бо Форсро шурӯъ кунам ё хайр?

Посух чунин буд:

-Агар шоҳ бар зидди форсҳо биҷангад шоҳаншоҳии бузург-
ро барбод хоҳад дод.

Вақте Крез дар чанг шикает хӯрд ва ба дасти форсҳо асир
шуд, коҳинони маъбади Делфиро ба фиребкорй муттаҳам кард.
Онҳо посух доданд:

-Ба дурустй дар ин ҷанг шоҳаншоҳии бузург барҳам хӯрд,
аммо на Форс, балки Лидй (юнонй)

Мардуми скиф (яке аз ақвоми эронй-мутарчим) расми хубе
доштанд, ки ҳоло ба дасти фаромӯшӣ супурда шудааст. Ҳангоме
ки замони марги пешвояшон Сармак фаро расид, дар ҷаласаи
шӯро масъалаи бадрақаи (гусел) ӯ бо иттифоқи ҳайати эъзомӣ ба
охират баррасӣ шуд. Яке аз сипоҳиён аз ҷояш баланд шуд ва фик-
рашро чунин баён кард:

-Мо мехоҳем барои Сармак зиндагии хуби он дунёро му-
ҳайё созем. Сармаки азиз! Аз ту мехоҳам: Бифармо, чанд хонумро
хамроҳат ба он дунё бифиристем?

Сармак бо садои заъиф гуфт:

-Агар шумо воқеан хайрхоҳи ман ҳастед, ҳамаи хонумҳоро

135
барои худ нигаҳ доред. Дар зиндагӣ барои ман пирӯзй бар душ-
манон ва ҳукумат кардан бар шумо осонтар буд,то...

Пешво ин бигуфт ва даргузашт (украинй, юнонй)

Кай Юлий Сезар (Қайсар) на танҳо шаҳрванд, давлатмард
ва сарлашкари бузурги Рум, балки бисер одами бадрашке буд.
Оре, оре. Бар иловаи ҳамаи ин сифатҳо ӯ як мард буд. Боре импе-
ратор ба хонумаш ...чй тур мешавад мулоимтар баёни матлаб
кард, садамаи ороми баданй ворид кард. Касе аз муҳофизини им-
ператор онро надид, вале малика нохост гиря cap дод ва модар-
хонуми Сезар ба шӯр омад:

-Чаро ту ба дастат ин ҳақро медиҳӣ, ки дигаронро муҷозот
кунад? Магар худат нафармудй, ки ҳамсари Сезар аз ҳар гуна
гумон мубаррост?!

Сезар низ ба ситез бархост:

-Албатта, мубаррост ва аз хама болотар аст, аммо ба гумони
шумо, на ман. Барои ин ман Сезар ҳастам (румй)

Сезострис-фиръавни (шоҳи) Миср фармон дод, то аробаи
ҷашнии ӯро чаҳор амири асирафтода ба ҷойи аспҳо бикашанд.
Яке аз умаро ҳангоми ҳаракати ароба аз чархе, ки ба вай наздик
буд, чашм барнамедошт (намеканд). Сезострис ин ҳолро дид ва
аз асир пурсид:

-Дар ҳаракати ин чарх чй чизи ҷолиб дидӣ, ки тааҷҷуби туро
барангехт?!

-Ман дар гардиши чархҳо нопойдории амали одамҳоро ме-
бинам, зеро ба нохост қисмати пойинии чархҳо ба боло, ба нуқ-
таи олй меравад ва қисмати боло бо ҳамон суръат пойин меояд
(мефарояд).

Сезострис ба мазмуни ҳарфҳои ӯ андешид ва умарои асирро
озод кард (юнонй)

Анаксимен дид, ки Искандар бо лашкари фаровон ба сӯйи
шаҳри Лапсаку равон аст ва мехоҳад онро хароб кунад. Файласуф
ба пешвози Искандар омад. Шоҳ гумон кард, ки хаким (замоне
Искандар шогирди ӯ буд ва Анаксимен ба шоҳ ҳаққи устодй

136
дошт) мехоҳад шаҳрро аз харобй ҳифз кунад. Искандар ба ҳамин
хотир мунтазири суханони файласуф нашуд ва гуфт:

-Туро ба худат қасам медихам: барои баровардани хохдши
ту коре нахоҳам кард.

Файласуф инро шунид ва дуо кард:

-Шоҳо! Аз ту хоҳиш дорам: лутф фармо то ин шаҳр ба дасти
ту хароб шавад!

Искандер ҳангоме ки бар хилофи тасаввураш чунин дар-
хостеро шунид, натавонисг касами худро бишканад. Ба лашкар
фармон дод, то аз муҳосираи шаҳр даст бардоранд ва шахри Лап-
саку бегазанд боқӣ монд (юнонй)

Киштии Юлий-Қайсари Рум дар дарё гирифтори тӯфони
сахт шуд. Нохудо (суккондор) аз ин вазъ дар вахднат афтод, аммо
Юлий ба вай гуфт: -Натарс, ту бо Қэйсар сафар мекунй! (румӣ)

Шахсе бо номи Каний ба мақоми фармондори Рум интихоб
шуд ва дар ин мансаб танҳо як рӯз ҳукмронй кард. Ситсерон
(Сисрун) дар ин бобат гуфт:

-Ҳақиқат ҳокими бисёр бедоре дошт, ки дар даврони ҳоки-
мияти худ лахзае хоб накард (румй)

Бостоншиносон ғори давраи сангиро ҳаффорй карданд. Он-
хо тавонистанд навиштаҳои болои дари вурудиро бозгушойй ку-
нанд ва ин шиъорро хонданд: «Зинда бод сохти иҷтимоии барда-
гӣ (ғуломдорй)-ояндаи дурахшони ҳамаи инсоният!» (юнонй)

Далкак (масхара), ки ба суханронии сенатор таваҷчӯҳ дошт, аз
он чунин напгдагирй кард:

-Ҳунарпеша будан дар театр осонтар аст, то дар зиндаги (румй)

Боре Диоген шунид, ки яке аз маъмурони давлатиро барои
дуздии кӯчаке аз хазина ба қатл (эъдом) махкум кардаанд. У
гуфт:

-Дузди кӯчак(хӯрдапо)ро ба муҷозоти сангин маҳкум кар-
дан душвор нест (юнонй)



137
Пешво дӯст дошт ин нуктаро такрор кунад:

-Ҳангоми ба cap бурдан дар саъодат ва рифоҳ амниятро фа-

ромӯш накун (шумерй)

Аз сипаҳсолор суол карданд: -Чй чиз шоҳро аз он кас, ки
душманро гирифтор кардааст, фарк мекунад?

Ӯ посух дод: -Ғолиб, дӯст дорад қуввои мағлубро аз ҳад зи-

ёд чнлва (нишон) дихад (шумерй)

Плиний Кӯчак таъки д кард:

-Танҳо одами соддалавҳ метавонад дигар андеша дошта
бошад, ки оё ба манфиат ва шаъни давлат аст, одаме, ки аз тарафи
сенат доғи нанг хӯрда, дар сенат баробар бо онҳое нишинад, ки
ӯро доги нанг заданд; одаме ки барои рафтори разилона аз ман-
саби консулӣ ронда шуда буд, ҳоло дар масъалаи консулҳо тас-
мим бигирад ва оне ки барои ҳирси зиёд маҳкум шуд, дигаронро
маҳкум намояд ё табраа кунад.

У дар айни ҳол ташреҳ кард:

-Зимнан аксарият ҳамин тур тасмим гирифтанд. Охир,
андеша ба хисоб намеояд ва ғайри қобили вазн кардан аст, гайр аз
ин наметавон бошад, вагарна дар Шӯрои давлатй ба чойи бароба-
рй ин қадар нобаробарй вучуд надошт. Акл(ҳуш)и хама баробар
нест, вале ҳамагон аз хукуки баробар бархурдоранд (румй)

Табиб (пизишк) бар сари болини бемор хам шуд ва гуфт:

-Маълум нест аз хама бадтар чй аст: тавҳин (беҳурматй) ба
иқдом ё адами фаъолият.

Вазир ба фикри табиб мувофиқат кард ва сухани ӯро барои
иҷро навишт (ошурй)

Ҳоким ба сенатор барои омӯзиш чунин тавзеҳ дод: -Агар
муқаррарот (қавоъид) хуб аст, пас истисно аз он бехтар! (юнонй)

Меъмор издиҳоми одамонро дид, ки мехоханд ба зӯр аз
дари хонае, ки нон медоданд, ворид шаванд. Гуфт:

138
-Ба зур вориди дари боз шудан аҳмақист, дар ҳоле ки атроф
пур аз дарҳои баста аст (шумерй).

Файласуф дар мавриди муносибати ҳоким нисбат ба худаш
гуфт: -Ситоиши ноҳақ беҳтар аз интиқоди басазо (ошурй).

Файласуф ба шогирдон фармуд:

-Бештарин камбуди ақл адами он аст.

Ӯ сарвари худашро дар назар дошт (шумерй).

Абдерит (яке аз шахрхои Фракия-Юнон, ки мардумонаш бо
соддалавхии хеш маъруфанд) пайкари шахси бодпоро (пайк, шах-
се, ки хабарро аз як ҷой ба чойи дигар зуд мерасонад) дид ва гуфт:

-Ба худо қасам, ӯ ҳоло намедавад, балки парвоз мекунад
(юнонй).

Далкак (масхара) аз касе дар назди козй шикоят мекард
(мурофиаи додгоҳӣ дошт). Ҳоким ба ғанаб (чӯрт) задан даромад.
Далкак фаред зад:

-Шикоят мекунам!

Ҳоким ба худ омад (бедор шуд) ва аз ӯ пурсид:

-Шикоятро назди чй касе мебарй?

-Ба назди шумо, козии ҳушёр! (юнонй).

Солон-раҳбари сиёсии Афини бостон ба ҳоким чунин гуфт:

-Вакте туро бар сари кудрат гузоштанд, дар мақомҳои (ман-
сабхо) пойинтар одамони тамаллуккор (мутамаллиқ)-ро ҷой
мадеҳ. Зеро ҳар кадом муртакибе гунохе шавад, туро ба унвони
сардор ба он сифатҳо муттаҳам мекунанд (юнонй)

Марди хӯрдагир (муллонукатй) вориди магьбади «Серапис»
шуд. Кохин ба дасти вай як шохаи дарахти зайтун дод ва дуъо кард:

-Худованд бо ту меҳрубон аст.

Муллонукатй дар чавоб гуфт:

-Бигузор бо хуки ман меҳрубон бошад, барои май худован-
де (сохибе, молик) вучуд надорад (юнонй)

139
Аз Плиний Кӯчак пурсиданд:

-Интиқод (танқид) барои чй лозим аст?

Ӯпосухдод:

-Ҳеҷ кас сарзаниши одамони сабурро гӯш нахоҳад кард,
балки ба он таваҷҷӯҳ доранд, ки ишон сазоворанд (румй)

Сиёсатмадор ба ин нукта иктифоъ кард:

-Танҳо он кас ба худаш ин иҷозаро медиҳад, ки ба сози ғайр
нарақсад, ки нияти ба даст овардани оркестрро дорад (шумерй)

Хирадманд ин ҳикматро ба таври мукаррар мегуфт:

-Барои одамони хушбахт кулли умри инсонй як чашм
заданро мемонад, аммо барои ашхоси бадбахт, як шаб зиндагй
гӯё поённопазир аст (суриёнй)

Плиний Кӯчак гуфт:

-Дар мавриди он менависам, ки зиндагй чй таҷрибае омӯхт.

Шогирд пурсид: -Ба таври мушаххас дар ҳоли хозир дар
мавриди чй менависед?

-Дар мавриди он ки фурӯтанй ва гӯшагирй то чй ҳадд шӯҳ-
ратро аз инсонҳои босавод мегирад. Дар холе ки мо аз гуфтан ва ё
кироати он чй ки медонем дар назди онҳое, ки шугли худро ба на-
мойиш гузоштаанд, харос дорем. Аммо онҳое, ки хомӯшанд ва
онро гиромй ме доранд, ба маротиб беҳтар аз ашхосе, ки тазоҳур
мекунанд, ҳастанд (румй)

Яке аз хукком файласуфро дашном (фахш) дод. Файласуф аз
он мард роҳи фирор пеш гирифт. Ҳоким ӯро таъқиб кард ва гуфт:

-Чаро фирор мекунй?

Файласуф дар посух гуфт:

-Агар ту қудрат дорй, ки бад бигӯй, пас ман тавони онро
дорам, ки туро гӯш надиҳам (румй)

Шахсе барои коре ба сенаторе, ки ғур-ғур мезад, муроҷиат
кард: -Ман мехостам шуморо бубинам.

Сенатор дар посух: -Аммо ман мехоҳам, ки ту кӯр шавй (румй)

140
f

Дӯстон Алкивиадро маломат карданд, ки ту ибтидо маъму-
рияти ҷанги Афинро сарварӣ кардӣ ва баъдан тартиби ҷанг алай-
хи Афинро додй, аввал аз ҳукумати мутлақа тарафдорӣ ба амал
овардй ва баъдан баръакс аз ҳукумати демократик ва дар ниҳоят
бавайгуфтанд:

-Ту дар ин занаки сабукпо-Лаис чй пайдо кардӣ, ки раҳояш
намекунӣ?

Алкивиада посух дод:

-Шароб ва моҳй низ маро дӯст надоранд, вале ман аз онҳо
хушам меояд (юнонӣ)

Нотиқ (суханвар) ва шахсияти сиёсии Юнон Ситсерон на-
вишт:

Қонуни фиристодан (эъзом, ирсол), фармонравой кардан,
он чӣ адолат ҳукм мекунад ва муфид аст-вазифаи ашхоси соҳиб-
қудрат (ҳукком) аст. Қонун ба мақомот дастур медиҳад ва ман-
сабдорон ба мардум. Метавон гуфт: ҳукуматхалқкунандаи қонун
аст(румӣ)

Яке аз мушовирини асосии император суханони худро ин
тур ба поён расонд:

-Ман ба куллӣ пӯсти худро партофтам (даровардам, андох-
там). Танҳо нусхаи табиӣ-асли он боқӣ монд (чинӣ)

Фармонравои золими сиракузӣ-Дионисий шоир Филоксен-
ро барои танқиди достонаш ба маъдани (кон) санг ба кор фирис-
тод. Чанде баъд ситамгар шоирро аз нав ба дарбор даъват кард, то
ба шеърҳои вай гӯш фаро диҳад. Филоксен шеърхонии золимро
бо диққат гӯш кард. Сонй, нохост аз ҷояш баланд шуд ва роҳи
дари хурӯҷиро пеш гирифт. Дионисий аз ӯ пурсид: -Ба куҷо?

Филоксен дар посух гуфт:

-Ман ба маъдани санг бармегардам (юнонй)

Шогирд аз Суқрот суол кард:

-Чй тавр мешавад шарҳ дод, ки дар ҷабини ту осоре аз андӯҳ

нест?

141
Суқрот посух дод:

-Дар ман он чиз нест, ки барон аз даст рафтани он андӯҳгин
бошам (юнонӣ)

Аз файласуф суол карданд:

-Кадом вижагии ту бо шоҳ мутафовит аст?

У дар посух фармуд:

-Шоҳ бардаи иштиёқ(ҳавасҳо)и худ аст, аммо ман ҳокими
он (юнонӣ, ошурй)

Ҳамчунон ки маълум аст масалнависи машҳури Юнон Эзоп
гулом буд. Боре арбобаш ӯро барон анҷоми коре ба шаҳр фирис-
тод. Дар бозгашт қозй ӯро дид ва ба тури ҷи ддй пурсид:

-Куҷо меравӣ?

Эзоп посух дод: -Намедонам.

Ин посух ба назари қозӣ машкук омад ва фармон дод, ки Эзоп-
ро ба зиндон баранд. Эзоп нуқгаи назари худро собит кардан мехост:

-Ман ҳақиқати маҳзро гуфтам. Аз куҷо медонистам, ки ба
зиндон меафтам.

Қозй ба ин суханҳо хандид ва ӯро озод кард (юнонй)

Боре Диоген пас аз шустушӯй дар оби чоҳ, зери нури Офтоб
тани худро гарм мекард. Аз канори ӯ Искандари Мақцунӣ бо гу-
рӯҳе аз мулозимон ва ахди рикобаш рад мешуд. Искандар файла-
суфро дид ва аз вай пурсид:

-Эҳ, файласуфи фақир! Чизе аз ман бихоҳ. Ман ба ту ҳар
чизе, ки бихоҳй, мебахшам (медиҳам).

Файласуф дар давоб гуфт:

-Хоҳишмандам пеши нури Офтобро нагир (мапӯшон)
(юнонй)

Аз файласуф суол карданд: -Дар кадом ҷамъият метавон ба
оромй зиндагй кард?

Файласуф гуфт: -Дар он ҷой, ки ҳама баробар (мусовӣ) ҳас-
танд ва ҳақиқат қавитар, аммо дурӯғ мазлум ва он ҷой бад аст, ки
дар он сарзамин қозиҳо ватабибон зиёданд (румй)

142

I
Аз марди ҳаким суол шуд:

-Чаро шоҳ туро дӯст надорад?

Ӯпосухдод:

-Чунин хислат хоси шоҳ аст: онеро, ки аз вай бартар аст,
дуст надорад (юнонй)

Дар ангуштари Фишоғурис (Пифагор) ин шиор ҳак шуда
буд:

«Нокомии муваққат беҳтар аз муваффақияти даргузар»
(юнонй)

Аз Арасту пурсиданд:

-Чаро ҳасудон доиман аз як чизе норозианд?

-Барой он ки онҳоро на танҳо нокомии худашон месӯзонад,
балки мавкеъияти дигарон низ ишонро мегудозад (юнонй)

Хирдманде мегуфт, ки байни зиндагй ва марг тафовуте нест.
Аммо вақте аз ӯ суол шуд, ки чаро худаш намемирад, посух дод:

-Барой он ки ҳеҷ тафовуте вучуд надорад (юнонй)

Аз файласуф суол карданд:

-Чй чиз метавонад дар як он мардумро хушҳол кунад?

У дар ҷавоб гуфт: -Марги ҳокими бад (ҳиндй)

Мегӯянд, ки Суқрот ва Х,омер (Гомер) савод надоштанд.
Замоне аз Ҳомер пурсиданд, ки чаро чизе наменависй? Шоир
чавобдод:

-Барой он ки варақҳои папирус гаронтар аз он аст, ки дар
онхо метавон навингт (юнонй)

Шаҳри Абдерит ба ду бахш-шарқй ва ғарбӣ тақсим шуда
буд. Душман ногаҳон ба шаҳр наздик шуд. Ҳама ошуфга шуданд
ва худро дар маърази хатар эҳсос карданд. Аммо сокинони бахши
шаркй байни худ мегуфтанд:

-Мо ҳеҷ нигарон нестем. Охир, душман аз дарвозаи гарбй
вориди шахр мешавад (юнонй)

143
Фармондеҳи дастаи саднафарии Сидон дар шаҳр чорво-
дореро бо ду гов ди д ва фармон дод, ки ӯро тозиёна зананд. У фар-
ёдмезад:

-Ман шаҳрванди Рум ҳастам. Ҳеҷ конуне барон тозиёна за-
дани ман вуҷуд надорад.

Он гоҳ фармондеҳ амр кард, ки говҳоро тозиёна бизананд
(юнонй)

Дар маросими ташеъи ҷанозае Диоген гу фт:

-Пизишкон бештар мавриди эътимоди беморон буданд,
агар худ фавт намекарданд (юнонй)

Шахсе Суқротро дид, ки решай дарахт мехӯрад. Вай ба Сук-
рот гуфт: -Агар ту хидматкори шоҳ будй, лозим набуд ин ғизоро
бихӯрӣ.

Суқрот дар ҷавоб фармуд: -Агар ту ин ғизоро мехӯрдй,
лозим набуд, ки дар хидмати шоҳ бошй (юнонй)

Ҳангоми гусел(бадрақа)и ҳоким хирадманд ба вай гуфт:

-Одам бояд одам бимонад, ҳарчанд инсони машҳуре бошад
(сейлонй)

Аз файласуфи юнонй Диоген суол карданд:

-Аз ҳайвоноте, ки гоз (газидан) мегиранд, кадом аз ҳама
хатарноктар аст?

Диоген посух дод:

-Аз даррандаҳо хабарчин ва аз дастомӯз (аҳлй) тамаллуқгӯй
(юнонй)

Император ба мазмуни суханони сафири он сӯи дарё анде-
шид вагуфт:

-Он ҷо, ки рӯшной ва торикй ворид намешавад, ҳама ҷо
намуди зебо дорад (чинӣ)

Шоҳ аз Диоген пурсид: -Сарвати ту дар куҷост?

Диоген ба шогирдонаш ишорат кард ва гуфт: -Дар инҳо.

144
У ҳикматҳои ба шогирдон интиқол додаашро дар назар
дошт(юнонй)

Муллонуқатй (муллонуқотӣ) пас аз ғайбати тӯлонй ба мул-
ки худ баргашт ва дид, ки гӯсфандонро ба чарогоҳ мебаранд. Са-
дов (маъоси) маъмулии гӯсфандонро шунид ва пурсид:

-Чй ran (хабар)?

Мудири (идоракунандаи) амлок ба шӯхй гуфт:

-Инҳо ба ифтихори бозгашти шумо садо баланд карданд.

Муллонуқатй гуфт:

-Қасам ба донам, агар ин садоҳо барон ман аст, пас се рӯз
барояшон истироҳат (тафреҳ) эълон кун ва ба чарогоҳ нафирист
(юнонй)

Фолбин асири душманон шуд ва гуфт:

-Ман ояндаро пешгӯй мекунам.

Чун онҳо бо нерӯҳое, ки аз лиҳози қудрат баробар (мусовй)
буданд, вориди данг мешуданд, эълон кард:

-Шумо пирӯз хоҳед шуд, агар душман ҳангоми данг мӯйи
паси саратонро набинад! (юнонй)

Демосфен-шахсияти маъруфи сиёсй ва суханвари Афин бо-
ре ба як авомфиреб рӯ ба рӯ шуд ва он мард беш аз хад сухан гуфт
ва зиёдаравй кард. Демосфен фармуд:

-Бисёр ҳарф задан ҳанӯз маънои хуб сухан гуфганро надо-
рад, баръакс хуб гуфтан беҳтар аз зиёд ҳарф задан аст (юнонй)

Сенатор ба суханронии шахси навбатй (баъдй) гӯш фаро
дода, ин ҳикматро баён кард:

-Одатан беш аз он гуфта мешавад, ки коре андом нашуда
бошад ва баръакс он гох ки бештар кор ба андом расида, камтар аз
он сухан дар миён аст (юнонй)

Ин ҳикмат дар як нусхаи хаггй омадааст: Он чй дар мавриди
ман андеша дорӣ бигӯ, ман дар бораи ту бадтар аз он чй, ки ҳаст,
фикр мекунам (румй)

145
Аз як файласуф пурсиданд: -Вазифаи суханрон чй аст?

Ӯ посух дод: -Бодо бурдани онҳое, ки пастанд ва хурд
(пойин) кардани онҳое, ки бузурганд (румй)

Файласуф гуфг: - Аз шери дуло барҳазар бошед!

Бо ин сухан ӯ шоҳро дар назар дошт (румй)

Ҳаким Аристипп боре чунин фармуд:

-Гадо будан беҳ аз чоҳил, зеро аввалй танҳо факри молй до-
рад, аммо дуввумй баъзан аз ҷамъияти одамй хориҷ мешавад
(юнонй)

Сарфии (сарфу нахв) ахмак ба суоли:

-Модари шоҳ Приам чй ном дошт? - бо хайратзадагй чавоб дод:

-Дар воқеь бояд гуфг, ки ӯро «шоҳхонум» мегуфганд (юнонй)

Шоҳи форсҳо Хашоёр (Ксеркс) дар асри панчуми пеш аз
мелод алайҳи Юнон ҷанг эълон кард. Форсҳо дар тангаи (танг-
нои) Дарданел, ки Осиёро аз У руло чудо мекард, пул (яъне кӯп-
рук) заданд, вале тӯфон пулро вайрон кард. Хашоёршоҳи хашм-
гин фармон дод созандагони пулро ба қатл бирасонанд ва дарёи
саркашро ба занҷир баста, ба вай унвони «чинояткор»-ро дода,
ғӯлу занҷирҳоро ба об андохта, ин нуктаро барояш бигӯян д:

-Эй оби шӯр! Шоҳ туро барои он ба қатл маҳкум кард, зеро
мӯчиби озурдагии хотири ӯ шудй, ҳарчанд вай туро наранҷонид.
Хашоёршоҳ аз рӯйи ту рад (убур) хоҳад шуд-хоҳ инро ту бихоҳй
ва хоҳ онро нахоҳй (юнонй)

Искандар ба фиристодаҳои Дориюш, ки пештар ҳар сол аз
падараш Филип боҷ меситониданд, гуфг:

-Мурге, ки ҳар сол барои Дориюш тухми тилло мекард, мурд.

Искандар ба яке аз наздиконаш, ки хеч гоҳ вайро аз коре ва
чизе барҳазар намедошт, гуфт: -Ман аз хидмати ту розй нестам.

У пурсид:-Чаро? Чй иллат дар кори ман дидй?

Искандар гуфт: -Барои он ки ман ҳамонанди дигар инсонҳо
аз лагзиш (хато) орй нестам ва агар ту то кунун боре рафгори ха-

146
той маро надидй, пас, ту аҳмақӣ, вале агар онро дида, хомӯшй
ихтиёр кар дай, пас, ман туро хоин ме донам ё чоплус ва ё риёкор
(юнонй)

Ҳар касро шӯҳратест...

Консули Рум замоне ҷанговар(ҷангчӯ)и шуҷоеъ буд, аммо ба
мурури замон ба сарфи гизо бештар майл пайдо кард. Ошпазҳои ӯ
дар ихтироъи ғизо ва пухтани ғизоҳои хушмазза байни худ мусо-
биқа доштанд. Барой ӯ турнаҳоро аз Юнон, товусҳоро аз чазираи
Самос, паррандаҳои нодирро аз Форс барои табх меоварданд. Ба-
рой таҳбандй кардани гизо садафхоро аз чануби Итолиё меовар-
данд ва ба ҷойи ширинй хурмой Миср пешкаш мешуд. Он замон
буд, ки пота (паштет) аз забони булбулро ихтироъ карданд...

Аммо шикамчарони бузург Лукулл доиман такрор мекард:

-Ман дар ҷанг ва хӯрдани гизо ваҳшатнокам! (румй)

Дар соли 83 мелодй золим (диктатор) Сулла ҳокимият дар
Румро кабза зад (тасарруф кард). Барои итминони хотир ӯ фар-
мон дод, ки ҳамаи мухолифон ва рақибаш Марияро несту нобуд
кунанд. Барои он ки ҳеҷ кас аз мучозот фирор накунад, Сулла дар
ивази сари ҳар як мақтул дувоздаҳ ҳазор динор подош эълон
кард. Ва куштор шурӯъ шуд... қотилон ҳар лаҳза бо сари буридае
вориди манзили Сулла мешуданд. Худи диктатор дар рӯйхат
ашхоси ба қатл расидаро менавишт: ин рафг, он нест шуд...

Боре як қотил чанд сарро бо худ овард, вале дар байни онҳо
сари шахси мавриди назари Сулла набуд, яъне на сари душмани
Сулла, балки сари як шаҳрванди оддии Рум. Сулла асабонй шуд
(ба шӯр омад) ва гуфт:

-Гӯратро аз ин ҷой гум кун, марди хабис! Қалби ту разил ва
хунхор аст. Барои ин cap ту ҳеҷ подоше дарёфт нахохй кард. Агар
ҳар кас сари ҳар раҳгузарро биканад-сарвате ҷамъ овардан наме-
тавон.

Оре, пул ҳисобу китобро дӯст дорад (румй)

Файласуф Афлотун дар бораи (мавриди) давлати ормонй
(идеалй, яъне «мадинаи фозила») бисёр андешид ва оқибат ба ин

147
натиҷа расид. У чунин пешниҳод кард:

-Зан бояд аз синни бист то чиҳилсолагӣ зоимон (таваллуд)
кунад. Мард бояд барон манфиати давлат, аз сисолагй то панҷоҳ-
солагй хидмат кунад. Қавитарҳо бо қавитарҳо ва заъифтарҳо бо
заъифтарҳо ҳамхоб шаванд. Фарзандон гуруҳи аввалро тарбияг
ва дуввумиро бояд партоб (несту нобуд) кард.

Агар инсоният ба ин тавсияҳои файласуф гуш медод аз
бисёр нобиғаҳо бенасиб мемонд. Барои мисол падари Напалеон
бисту ду ва модараш ҳаждаҳ сол доштанд. Вақте Пушкин ба дунё
омад, падараш бисту ҳафт сол дошт.

Аз ин рӯ ба файласуфҳо эътимод намо, вале таҳқикро фаро-

мӯшмакун(русй)

Императори Рум Тиберий дар ҷавонӣ одами хубе буд, аммо
дар поёни кор ба одами носаре мубаддал шуд. Рӯшан аст, ки ба
сабаби ба қудрат расидан саргиҷа гирифтааст. Афзун бар ҳама ӯ
бисёр золим шуд. Вайро дар Рум дӯст надоштанд. Ба ахбори сена-
торҳо ва консулҳо эътино намекард ва мегуфт:

-Вақте сагро ба иҷбор ба занҷир бибанданд, вай низ норозӣ
аст, аммо баъдҳо одат мекунад. Бигузор маро одами баде бидо-
нанд, танҳо итоат кунанд кофист (румй)

Боре як ҳокими беақл (бешуур) ҳамроҳи бозаш, ки онро
бисёр дӯст дошт, ба шикор рафг. Ҳоким барои боз арзиши бисёре
қойил буд ва онро ҳатто боарзиштар аз як шаҳр ва ҳатто давлат
медонист. Аз зебоии парранда ба ваҷд омада, такрор ба такрор
мегуфт: -Афсӯс, ту шоҳи паррандаҳо - уқоб нестӣ.

Ҳангоми шикор ӯ бозро барои гирифтани турна, ки дар
баландӣ парвоз дошт, раҳо кард. Боз аз турна болотар парвоз кард
ва ногаҳон дар пойин бачаи уқобро дид ва ба таъқиби он пардох-
та, онро ба замин сарнагун кард, зарбае чанд ба он ворид сохт ва
бачаи уқобро кушт.

Ҳоким парида (ҷаста) аз асп пойин омад ва хост турнаро би-
гирад. Вақте ба сайд наздик шуд, дарёфт чй иттифоқе афтода. Аз
рӯйи хашм ҷаллодро фаро хонд ва фармон дод, ки бозро cap
бизанад (олмонй)

148
Таърих бо хунсардй ин воқеаро нақл мекунад, ки дар соли
193 мелодй муҳофизини Қайсари Рум аз ҳарҷу марҷ истифода
карда, тахти импераггориро ба музойида (кй зиёд) гузоштанд.
Ҷолиб ин ки касоне, ки мехостанд, император шаванд, беш аз он
буданд, ки интизораш мерафт. Як марди сарватманди мансабдор
бо номи Сулпитсиан барои хариди тахти императорй наздики
ҳашт миллион динор пешниҳод кард. Аммо довталаби дигар
сенатор Дидий Юлиан-шахсе на он қадар боақл ва чавон эълом
дошт, ки барои ба даст овардани тахт ба ҳар сарбоз шаш ҳазору
дусаду панҷоҳ динор пардохт мекунад, ки дар маҷмӯъ ба сездах
миллион динор баробар буд ва соҳиби тахт шуд. Ҳамсараш ба
Дидий Юлиан гуфт:

-Ту як аҳмак ҳастй! Сездах миллион динорро барбод додй.
Сарбозон ин тахтро ба нархи нӯҳ миллион динор хам мефу-
рӯхтанд..,

-Азизам! Ба ту хуш омадан душвор аст. Агар ман дар ин му-
зояда (мунокиса, ауктсион) баранда намешудам, ту дар ин дунё
сари маро мехӯрд?

Аммо сари ӯро дар ин дунё на ҳамсараш бар бод дод, балки
баъд аз ду моҳ ӯро бо ханҷар куштанд. Эҳтимолан аз он даврон аз
шумораи «13» ҳарос доранд ва онро наҳс медонанд ва аз маш-
варат бо зан низ дурй мегузинанд (румй)

Дар яке аз ҷашнҳо императори Рум Калигула ба ду нафар аз
сенаторҳо, ки дар атрофаш истода буданд, нигоҳ кард ва бо садои
баланд хандид. Сенаторҳо бо камоли эҳтиром аз ӯ сабаби ханда-
ашро ҷӯё шуданд, то вайро дар ин шодӣ ҳамроҳй намоянд. Посух
чунин буд:

-Зеро такони сари ман басанда аст, то ҳар дуй шуморо хафа
карда бикушанд. Сабаби хандаи ман ҳамин буд.

Чунин танзе (шӯхй) хам вучуд дорад! (румй)

Шахсе бо марди хӯрдагире (муллонуқатй) рӯ ба рӯ шуд ва
барояш гуфт:

-Ғуломе, ки ба ман фурӯхтй, фавт кард.

Муллонуқатӣ фавран ҷавоб дод:

149
-Ба худо касам, то он замон ки у дар ихтиёри ман буд, хеч
гоҳ ин қабил корҳоро намекард (юнонй)

Боре аз Гиппократ суол карданд:

-Ин ҳақиқат дорад, ки нубуғ як навъ беморй аст?

-Бидуни шак. Аммо, мутаассифона, бисер камёб ва ҳайф ки
тамоман ғайримусрист! (сирояткунанда нест) (юнонй)

Шахсе назди мустахдиме, ки аз вазифааш барканор шуда
буд омад ва гуфт: -Агар туро мехӯрданд, маълум мешуд, ки ту
барои одамон лозим ҳастй (юнонй)

Марди хӯрдагир писарашро барои рафтан ба ҷанг бадрақа
мекард. Писар ба падар ваъда дод, ки ҳатман бо пирӯзй ва бо сари
душман бармегардад. Муллонуқатй ба писараш гуфт:

-Ҳатто агар ту бидуни cap хам баргардй, ман хушҳол хоҳам
шуд (юнонй)

Искандари Макдунӣ мутаваҷҷеҳ шуд, ки дар лашкараш яке
аз сарбозон доиман аз майдони ҷанг фирор мекунад. Вақте му-
шаххас шуд, ки номи он сарбози тарсу низ «Искандар» аст, ба вай
гуфт:

-Ё дар ҷангҳо ҷасур бош ва ё номи худатро иваз кун, то маро
бо ту иштибоҳ нагиранд (макдунй)

Файласуф ба ҳуззор меомӯхт: «Соҳиби андеша будан кофй
нест, бояд дар мавриди он сарварат (оқо) мазнун (бадгумон) на-
шавад» (юнонй)

Суқротро барои эъдом мебурданд. Хонуме ин манзараро
дид ва гиря cap дод: -Ту ки ҳеҷ гуноҳе муртакиб нашудай ва
мехоҳанд эъдомат кунанд?

Суқрот посух дод: -Эй зани нодон! Магар ту мехоҳй ман
ҷинояте муртакиб шавам ва баъд маро барои чунин амал ба катл
бирасонанд? (юнонй)

150
Дар як нусхаи хаттй ин хабар мундариҷ шуда: «Микита бо
часад (нъаш) се сол, се моҳ ва се рӯз пайкор кард, аммо чанозаи
чиркни пайдо намуд» (русй)

Прокопий Кесарийский (гӯё замони моро дар назар дошта)
маънии зерро таъкид кардааст:

«.. .Онҳо ҳамзамон бо дарёфти моҳона (ҳуқуқ) тамоми киш-
варро ба беҳаёйй ба нафъи худ тороҷ менамуданд ва дар ҳама ҷо
ин истибдоди аҳмақ ба унвони маъмурони давлат раъиятро ғорат
мекарданд. Ин ҷост, ки император бо диққати том аз байни нокас-
ҳо нокастаринҳоро ба мақоми идораи минтақа мансуб мекард ва
хамчун шикорчии ҳайвони ваҳшӣ ин корро таҷассуми нерӯи ба-
данӣ беҳтарин кашфи худ медонист. Ва он гоҳ ӯ разилони дастаи
аввалро дар сари қудрат қарор дод ва намунаи барҷастаи истиб-
доди худашро ба маърази дид гузошт ва ашхоси фосидулахлоқ
офтобй шуданд. Мо дар ҳайрат мондем, ки табиати инсонй то чй
ҳад метавонад, барои чунин ҷинояте мавқеъият диҳад» (юнонӣ)

Аксари ҳокимон - одамони камсавод буда, ба соддагӣ ва ро-
ҳатӣ аз ҳамаи чизҳои бади пешиниён пайравӣ мекунанд ва биду-
ни заҳмат, ҳатто бидуни фикр ба корҳои зишт ва ҷиноятҳои аср-
ҳои гузашта майл пайдо мекунанд (юнонӣ)

Ҳеҷ ҳукумати устуворе вуҷуд надошт, балки доиман ба
тарафе такон мехӯрд, гоҳе ба ин тараф ва гоҳе ба тарафи дигаре
мутамойил мешуд: кафаи тарозуи қонуният ба он сӯ майл мекард,
ки дар он вазни тиллои гузошта бештар буд. Аммо дар майдон
пеши чашмони ҳама ва бо истифода аз номи император монанди
дӯкони савдои тиҷорат на танҳо аҳкоми додгоҳ, балки худи
қонунгузорӣ идома дошт (юнонӣ)

Ифакрат аз шаҷараи маъруфе набуд, вале бо наҷобате, ки
дошт, мардуми Афин ӯро ба унвони ҳокими худ интихоб кар-
данд. Аммо замоне, ки яке аз ашхоси номдор ба шӯхй вайро мало-
мат кард, Инфакрат чунин посух дод: -Шаҷараи ман аз банда оғоз
мешавад, аммо шаҷараи ту бо ту хотима меёбад. Ман барои шаҷа-

151
рай ояндаам, шуҳрати сазовор мерос гузоштам, он чи ки ачдоди
ту бароят боқӣ нагузоштанд (юнонй)

Шиноси ман-як марди нуктапардоз аз роҳиб суол кард:

-Барой ризои хотири худо чй чиз боарзиш аст: сухан ё амал?

Роҳиб посух дод:-Амал.

Он шахе таъкид кард:-Маълум мешавад-он кас, ки тасбеҳ
мегардонад, бештар ба худо хидмат мекунад, то касе, ки тасбеҳ
гардонида дуъо мехонад (лотинй)

Дар замони ҷанги флорентсҳо алайҳи Поп Григории ёзда-
ҳум вилояти (остон) Пичетин ва тақрибан ҳамаи мулки калисо аз
ихтиёри Поп хориҷ шуд. Фиристодаи шаҳри Реканати ба Фло-
рентс омад, то аз муборизини он ба хотири озодии ватанаш арзи
сипос намояд. Ӯ бо кабеҳтарин ҳарфҳо Поп, мушовирин ва ба
вижа мақомоти расмии вайро ҳақорат (фаҳш) дод. Ҳамчунин ӯ
тарзи идора ва ҷиноёти намояндагони Попро фош кард. Фирис-
тода ҳеҷ эътино ба шахеи Ридолфо накард. Ридолфо дар Флор-
ентс хидмат мекард ва дар маросими қабули сафирон ширкат
дошт ва ба ахлоқ ва ҳарфҳои онҳо одат карда буд. Ридолфо рӯ ба
сафир кард, ки вай чй шугле дорад ё ба кадом бахши илм мутаъл-
лиқ аст. Сафир посух дод, ки вай доктори ҳуқуқи шаҳрвандӣ аст.
Ридолфо боз суол кард, ки ӯ чанд сол касби илм карда.

Сафир гуфт:-Беш аз даҳ сол.

Он гох Ридолфо таъкид кард:

-Ман мехостам, ки ту ҳадди ақал як сол илми худдорй кар-
данро ҳам меомӯхтӣ.

Ридолфо бо ин сухан ба сафир фаҳмонд, ки дар хузури вай
маҳкум кардани ҳокимон нишонгари ҳамоқат аст (лотинй)

Як қозӣ (padesta, яъне «судья), ки барои адои вазифа ба Фло-
рентс фиристода шуда буд, рӯзи ташрифи хеш одамони обрӯман-ди
шаҳрро ҷамъ оварда, барои онҳо суханронии безоркунундае баён
намуд. Барои он ки аҳамияти шахсияташро нишон диҳад ва худро
бузург ҷилвагар созад, суханашро аз он ҷо шурӯъ кард, ки дар чй
замоне ӯ сенатори Рум буд. Ҳар он чй, ки ӯ дар макоми сенаторй

152
анҷом дод ва дигарон барои тавсифи ӯ изофа доштанд, бисёр дар-
ҳам барҳам баён шуд. Пас аз ин ӯ ба масъалаи тарки Рум ва сафар
бо ҳамроҳонаш пардохт: чӣ тур дар рӯзи аввали сафар то шаҳри
Ситри расид. Илова бар ин вай ин сафари худро ба тури муфассал
баррасӣ кард. Баъд ҳикояти рӯзшумори сафарашро нақл кард: аз
куҷоҳо дидан кард, дар чй маросиме ширкат дошт ва чӣ корҳо ан-
ҷом шуд. Чанд соат бидуни таваққуф суханронй кард ва ҳатто ба
шаҳри Сиен нарасид. Ҳама аз ин номбурданҳои беинтиҳо ва
тоқатфарсо безор шуданд. Поёни ин ҳикоят маълум набуд ва та-
моми рӯз бо суханпардозй мегузашт. Шаб ҳам аз роҳ фаро расид.
Он гоҳ яке аз ҳозирин (хуззор) ба тури шӯхй ба гӯши қозй гуфт:

-Ҷаноб! Дер шуд. Ба сафари худ суръат бахшед. Агар имрӯз
ба Флорентс ворид нашавед, шуғлатонро аз даст медиҳед. Шумо
бояд имрӯз ба адои вазифаи худро шурӯъ кунед.

Қозии аҳмақ ва пурҳарф бо шунидани ин сухан билохира
эълом кард:

-Маи ба Флорентс расидам (лотинй)

Усқуфи аъзами Уршалим (Ерусалим, Байтулмуқаддас), ки
бар дафтари ҳавориюн раёсат мекард, як дафъа вукалоро ҷамъ
кард, то масъалаеро баррасй кунад ва бархе аз онҳоро дар мав-
риде сахт маломат кард. Яке аз ҳавориюн-Томаззо Бирако ба
тури озод ба ҷойи дигарон посух мегуфт. Он гоҳ усқуфи аъзам
бар сари вай фарёд зад: -Каллахамак!

Бирако, ки дар посух гуфтан даранг надошт ва латифагӯи
хубе ҳам буд, ба ин фаҳш эътироз кард:

-Шумо дуруст фармудед ва ҳақ бо шумост: беҳтар аз ин на-
мешавад, агар ман сари хубе медоштам, кору бори мо хуб буд ва
ниёз ба ин баҳс набуд.

Усқуфи аъзам гуфт: -Маълум мешавад, ту худатро накӯҳиш
мекунй?

Бирако ҷавоб дод: -На худам, балки каллаамро.

Бирако бо чунин нуктапардозӣ худи усқуфи аъзамро масха-
ра кард, зеро вай сардори ҳамаи вукало маҳсуб мешуд (лотинӣ)

Боре дар роҳ ба сӯи қасри Поп усқуфе савори харе мерафт

153
ва дар банди андеша буд ва мутаваҷҷеҳ нашуд, ки шахсе сарашро
аз ҷайб берун овард, то ба вай саломуалейк кунад. Усқуф ба
саломи вай «алейк» нагуфт. Шахси саломкунанда аз ин муноси-
бат чунин натиҷа гирифт, ки ин кори усқуф аз рӯи фахрфурӯшӣ
ва такаббур аст. У гуфт: -Ин ускуф ниме аз хари худро дар манзил
намегузорад, балки онро комилан бо худ ҳамл мекунад.

Вай бо ин сухан мехост бигӯяд, ки танҳо харҳо ба «салом»
«алейк» намегӯяд (лотинй)

Дар деҳаи Тоскане кашиши сарватманди рустоне зиндагй
мекард. Вақте сагчаи дӯстдоштааш мурд, онро дар қабристон
(одами) ба хок супурд. Ин хабар ба гӯши усқуф расид ва ӯ барои
дастбурд задан ба пулҳои кашиш ва гӯё ки ҷинояти калон содир
карда бошад, кашишро ба назди худ хонд, то муҷозот кунад. Ка-
шиш ахлоқи усқуфро хуб медонист ва ба ҳамин сабаб ҳангоми
рафтан ба назди ӯ панҷ ҳазор сиккаи тилло бо худ бурд. Ускуф
кашишро барои ин ки сагчаашро дар қабристон ба хок супур-
дааст, сахт маломат кард ва фармод дод, то вайро зиндонй ку-
нанд. Аммо кашиши маккор ба ускуф гуфт:

-Падари рӯҳонӣ! Агар шумо медонистед, ки сагчаи ман чй
қадр боҳуш буд, тааҷчуб намекардед, ки чаро шоистагии дафн
кардан дар байни одамонро касб кард. Зеро вай ҳам дар замони зин-
да будан ва ҳам ҳангоми марг беш аз одамӣ соҳиби фазилат буд.

Усқуф аз ӯ пурсид :-Ин чй маънй дорад?

Кашиш гуфт: -Дар поёни умр сагчаи ман дар васиятномааш
ниёзҳои шуморо дар назар гирифта, панч ҳазор сиккаи тилло ирс
гузошт, ки онро ман бо худ ба хидмати шумо овардам.

Ускуф ҳам васиятнома ва ҳам масъалаи дафнро таъйид
кард, пулҳоро пазируфт ва кашишро озод намуд (лотинй)

Шогирдони Конфутсий ин боварро меомӯхтанд:

-Инсон ҳатто фазой кайҳонро тасхир хоҳад кард, агар
иродаи ӯ мутамаркиз бошад, на сарнавишт ва на чизи дигаре бар
вай асар нахоҳад кард (чинй)

Шахсе ба император Сигизмунд шикоят кард, ки дар Кали-

154
сои Константе озодй вучуд надорад. Император ба ӯ посух дод:

-Агар дар ин марз озодии комил ҷой надошт, ту чунин озо-
дона сухан намегуфтй. Зеро озодии сухан нишонаи озодии бу-
зургаст(лотинй)

Румиёни қадим мегуфтанд:

«Артиши харҳо бо сарварии шер қудратмандтар аз артиши
шерҳо бо раҳбарии хар аст» (итолёй)

Аббат (пири дайри католик) аз Сеттимо одами сангин ва
чоқ (фарбеҳ) боре шомгоҳон ба Флорентс равон буд. Дар роҳ ӯ аз
як кишоварз суол кард:

-Ту чй фикр мекунй, ман аз дарвоза рад мешавам?

Аббат онро дар назар дошт, ки оё қабл аз баста шудани дар-
возаҳо ба шаҳр мерасад ё хайр. Кишоварз шӯхиомез ба чоқии аб-
бат ишора карда, чавоб дод: -Мушкиле нест. Ароба бо алаф
меравад ва рад мешавад ва шумо ҳам (лотинй)

Кардинали Испаниё дар Пичено ба сарбозони зидди Поп сар-
дорй мекард. Як дафъа ду лашкар бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд ва чанго-
варони Поп ё пирӯз мешуданд ва ё шикает мехӯрданд. Кардинал
бо суханони зиёд сарбозонро барои чанг ташвиқ ва таъкид мекард,
ки ҳар кас дар ин ҷанг кушта шавад бо худо ва фиристодаҳои ӯ на-
ҳор хоҳад хӯрд ва хамаи гуноҳонаш бахшида хоҳад шуд. Бо ин кор
ӯ фикр мекард, ки сарбозонро ташвиқ мекунад, то ба пешвози марг
бираванд. У суханонашро ба поён расонида, аз майдони ҷанг бе-
рун рафт. Вақте яке аз сарбозон аз вай суол кард:

-Барои чӣ худи ту намехоҳӣ бо худо наҳор бихӯрӣ?

Кардинал ҷавоб дод:

-Барои он ки соати наҳори ман фаро нарасида аст. Ҳоло ман
намехоҳам ғизо бихӯрам (лотинӣ)

Эразми Роттердамӣ-нависандаи давраи Эҳё (Ренессанс)ро
борҳо ба он сабаб маломаткарданд, ки дар замони рӯза ғизоҳои
гуштӣ ва шароб мехӯрад. У ҷавоб дод: -Чӣ кор кунам? Ман худ
католик ҳастам, аммо меъдаам-лютеран (итолёӣ)

k .

155
Дар як иҷтимоъ дар мавриди он баҳс мешуд, ки чй тур вази-
ри аҳмақи пастфитратро аз мақомаш барканор кунанд. Яке аз
душманони сарсахти вай ногаҳон чунин пешниҳод кард:

-Чй мешавад агар ӯро ба кадом як иқцоми оқилона бо
рафтори дуруст таҳрик кард? Он гоҳ ҳатман ӯро аз вазифа хоҳанд
ронд (австралиёй)

Сарлашкари давлати Чжао ағлаб ин суханони файласуфи
қадимро такрор мекард:

-Сарват ва шӯҳрат аз паси марди баландпарвоз намедавад,
балки ӯ дунболи онҳост. Мавқеъият ва шӯҳрат ногузир барои
пайдо кардани одамони ҳадафманд меояд, зеро онҳо барояш дар
набард ҳастанд, ҳамонанди ҷанговароне, ки дар тангное назди
даре қарор доранд (чинй)

Файласуф ба суоли ҳоким посух дод ва таъкид кард:

-Одамоне ҳастанд, ки ҳамеша дар сурати онҳо навишта шу-
дааст - сардор ба вай чй тур рафтор мекунад (чинй)

Файласуфи чинй Лаотсзи таъкид мекард:

-Агар одам ҳатто як кӯҳ китобро бихонад ва кудрати анде-
ша надошта бошад, сазовор аст барояш бигӯем, вай танҳо санду-
қи китоб аст. Агар одам тамомии қавонини буддоиро ҳифз кунад,
вале қалбаш пок нашавад, монанди бути чӯбин аст (чинй)

Усгод Утсзу фармуд: -Вакте дар роҳ бо одаме рӯ ба рӯ мешавед,
ки ҳақиқатро дарк кардааст, шумо на метавонед бо ӯ сухан бигӯед ва
на метавонед бо сукут посух гӯед. Он гоҳ шумо чй кор мекунед?

Умэн тазаккур дод: -Агар ба мазмуни пинҳони ин ҳарфҳо
пай баред, ҳеҷ кас наметавонад монеъи баҳси шумо шавад. Вале
агар онро нафаҳмидед, шумо бо чашмони гушод ба чаҳор тараф
нигоҳ мекунед.

Агар дарроҳ дидед шахси бедор
Баӯна ҳарф гуед на хомуш.

Накарда фикр занед бар (фарци) сари ӯ
Ҳар он чй бонд дарк кард, он хоҳад буд (чинй)

156
Як бор ҳангоме ки дар Фарҳангистон баҳси доғ дар авҷ буд,
ҷаноби «М» пешниҳод кард:

-Ҷанобон! Чӣ мешавад агар мо кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ча-
ҳор нафар ҳамзамон суханронӣ кунем (чинӣ)

Бгахван Шри Раҷниш ин нуктаро талфиқ мекард:

-Шумо харҳое, ки механданд, намебинед, шумо говмеш-
ҳое, ки шӯхиро дарк кунанд, нахоҳед дид. Танҳо инсон метаво-
над аз шӯхиҳо лаззат барад. Онҳое, ки ин нуктаро намефаҳманд
ба говмешҳо ва харҳо шабоҳат доранд. Онҳо аз раддаи инсоният
хориҷ шудаанд; онҳо арзиши бузургеро аз даст додаанд. Инсон
бидуни ханда ба дарахте бе гул шабоҳат дорад (ҳиндӣ)

Боре подшоҳ аз Бирбал пурсид:

-Бирбал! Ту дар ҳисобу китоб устодй. Ҳоло бигӯ: аз дувоз-
даҳ чаҳорро тарҳ кунем, чӣ боқӣ мемонад?

-Гарду хок.

-Ин чӣ тур ҳисобу китобе?

-Сарварам! Аз дувоздаҳ моҳ чаҳор моҳ фасли бориши бо-
ронро тафриқ кунед, он гоҳ ба ҷуз гарду хок чизе боқй мемонад?

Подшоҳ ин тафсиро шунид ва хандид (ҳиндй)

Боре подшоҳ бо Бирбал ба шикор рафтанд. Онҳо дар ҷангал
ва бешаи анбӯҳ асп давонданд, аммо шикори дурусте ба даст наё-
варданд. Фасли гармо буд ва Офтоб бераҳмона ҳамаро месӯзонд.
Подшоҳ аз гармо безор ва аз роҳи дур хаставу кӯфта шуда буд.
Шикорчиҳо бо аҷала аспҳоро ба дарахт бастанд ва худ зери шоха-
ҳои анбӯҳ барои истироҳат ҷой гузиданд.

Подшоҳ аз ташнагӣ ва гуруснагй шикоят оғоз кард. Он гоҳ
Бирбал аз хӯрҷин нахӯди хушк берун овард ва баробар қисмат
кард ва ҳар ду ба ҷавидан пардохтанд. Ин замон аз канори онҳо
занони деҳ рад мешуданд. Аспҳо онҳоро дида шиҳа кашиданд.
Подшоҳ аз хонумҳои кишоварз пурсид:

-Бубинед, аспҳо шуморо дида, ба ҳарф задан даромаданд.
Онҳо ба шумо чӣ гуфтанд?

157
Хонумҳо низ он қадар содда набуданд. Яке аз онҳо бе таъ-
хир ба подшоҳ ҷавоб дод:

-Оҳ, мусофирҳо! Онҳо ба сарнавишти талхашон қасам хур-
да ва мегӯянд: агар ин саворкорҳо хӯроки моро мехӯранд, пас кй
онҳоро ҳамл хоҳад кард? (ҳиндӣ)

Рӯзе подшоҳ шахси бараҳнае (лухт)ро дид. Ин воқеа дар хо-
тири подшоҳ нақш баст ва пурсид:

-Бирбал! Дар ин дунё чӣ касе хушбахт аст. Ман одамони
гуногунеро дидаам, ки ҳар кадом дар худотарсӣ мазҳаре буда,
вале ҳоло шак кардаам. Ту олим ҳастӣ ва метавонӣ шаки маро
бартараф созй.

-Ҳокими олам! Ба ин суоли шумо одам танҳо пас аз марг ме-
тавонад посух диҳад.

Подшоҳ аз ин ҷавоб бештар ҳайратзада шуд ва пурсид:

-Чаро?

-Он кас, ки имрӯз хушбахт аст, фардо метавонад ба мусибат
афтад ва то он замон, ки одам зинда аст, чӣ тур метавон ташхис
дод, ки вай хушбахт аст ё бадбахт. Ва чй қадр одамон ҳастанд, ки
ба назар хушбахт менамоянд, аммо қалби онҳо пур аз андӯҳ аст ва
онҳоро наметавон хушбахт номид. Ман дар мавриди ин сӯҳбат
фикр карда, ба чунин натиҷае расидаам, ки он шахсеро метавон
хушбахт шумурд, ки марг ӯро дар авҷи хушбахтӣ дарёбад.

Подшоҳ аз ин посухи Бирбал хушаш омад ва ба вай подош
дод(ҳиндй)

Шомгоҳе подшох Акбар бо Бирбал сӯҳбати хуше доштанд.
Подшоҳ ёдовар шуд:

-Бирбал! Дишаб ман хоби аҷибе дидам. Гӯё ману ту дар ос-
мон парвоз мекардем ва ногаҳон ба замин афтодем: ман ба чоҳи
асал ва ту ба гудоли фозилоб (обпарто, ахлотпартоб). Ин ҷо буд,
ки ман аз хоб бедор шудам.

Бирбал билофосила садо баровард:

-Сарвари олам! Ин як мӯъҷиза аст! Ман ҳам дишаб айнан
ҳамин тур хоб дидам. Аммо хоби ман бо он чй, ки шумо фарму-
дед, ба поён нарасид. Вақте мо аз чоҳҳо берун омадем, ман шумо-



158
ро лесидам ва шумо - маро.

Акбар ҳеҷ ҷавобе наёфт бигӯяд ва аз шармсорӣ хомӯш монд
(ҳиндӣ)

Боре подшоҳ Акбар гуфт:

-Бирбал! Чй хуб буд агар подшоҳе бар сари тахт менишаст
вато абад бар сари қудрат боқӣ мемонд.

Бирбал бо камоли эҳтиром ва билофосилатаъкид кард:

-Шоҳаншоҳам! Суханони шумо ҳақ аст, вале он вақт шумо
чй тур подшоҳ мешу дед.

Подшоҳ тамасхурро дарк кард ва хомӯш монд (ҳиндӣ)

Боре дар авҷи фасли зимистон рӯзи бисер сарде фаро расид.
Подшоҳ пурсид: -Сармо чй тур аст?

Бирбал садо баровард: -Сарвари олам! Танҳо дар ду мушт.

Подшоҳ дар ҳайрат афтод: -Яъне чй? Чй тур?

Аммо Бирбал аз тиреза (панҷара) мардеро дида буд. У аз
сармо ҷамъу ҷӯр шуда, ҳазён мегуфг ва дастонашро мушт карда,
зери багал зада буд. Бирбал ӯро ба подшоҳ нишон дод ва гуфт:

-Алоҳазрат! Шумо ба вай нигоҳ кунед.

Подшоҳ аз ин посухи саргармкунанда ва дурусти Бирбал
бисёр хурсанд шуд (ҳиндй)

Боре Анӯшервон фармоне содир намуд, ки ба мӯҷиби он
ҳеҷ кас набояд аз ғизо ва нӯшобае, ки ӯ мехӯрд, истифода мекард.
Рӯзе як амир шахси номдореро ба меҳмонӣ пазируфт ва ба
шарафи вай бо ғизои шоҳона зиёфат орост. Он шахе гизои
шоҳона ва нӯшобаро нӯши ҷон кард ва ба манзили худ баргашт ва
воқеаро айнан барои шоҳ навишт: «Фалонӣ ва фалониҳо гизои
шоҳона мехӯранд. Ман худам онро дидам ва наметавонам пин-
ҳон кунам».

Шоҳ дар пушти он нома навишт: «Мо аз вафодорй ва садо-
қати ту ташаккур мекунем ва он шахсро, ки фармони шоҳро но-
дида гирифтааст, маҳкум менамоем. Мо ба вижа ӯро барои он
маҳкум менамоем, ки сирро ҳифз накард ва ба шахси ту эътимод
намудааст» (арабй)

159
Мегӯянд, ки дар даврони ҳукмронии Темури ланг дар як
шаҳр ошӯб бархост. Шаҳрвандон қиём карданд ва ҳоким ва
муҳофизонашро ба зиндон андохтанд. Темури ланг ин хабарро
шунида, бисёр ба хашм омад ва лашкарро бардошта ба он ҷо
рафт, то шӯришиёнро муҷозот кунад. Аҳолӣ дарвозаҳои шаҳрро
бастанд ва ба дифоъ бархостанд. Темури ланг бо ҳама кӯшиш-
ҳояш натавонист шаҳрро ба даст дароварад. Чанд бор ба тарафи
шаҳр юриш бурд, вале шикает хӯрд. Он гоҳ пайкро ба назди хеш
хоства гуфт:

-Омодаи ҳаракат бош. Ман нома хоҳам навишт ва ту онро
назди вазир мебарӣ. Ин ҳафта бояд кори ошӯбгаронро тамом кард^

Темур коғазу қалам хост ва ба навиштани нома оғоз кард. У
як номаи бисёр тӯлонӣ навишт ва баъд ба муқаррабонаш рӯй
овардугуфт:

-Ба вазир навиштам, ки барои ман фавран дастаи савораҳо,
пиёданизом, камонварон ва сарбозони хумпораандоз(манҷаниқ)
бифристад. Ҳоло шумо бигӯед, ки боз чй чизҳо лозим аст, ки ин
шаҳрро шикает диҳем.

Муллонасриддин низ дар қатори муқаррабон ҳузур дошт.
Темури ланг вайро барои юриш дар ин сафар ҳамроҳ оварда буд.
Мулло фармуд:

-Барои пирӯзй бар ин шаҳр аз он қуввое (қувваҳое), ки ту
хостй, ҳеҷ кадоме лозим нест. Беҳтар буд менавиштй, то як ҳоки-
ми хирадманд бифристад. Агар чунин шахсе пайдо шавад, ҳама
корҳо бидуни ҷанг худ ба худ дуруст мешавад (тодикй)

Темур ба Мулло фармон дод:

-Шаҳр пур аз гадо шудааст ва онҳо чунон беҳаё ҳастанд, ки
ҳар гоҳ касеро бубинанд, то садақа нагиранд, раҳояш намеку-
нанд. Когазу калам бигир ва рӯйхати (лист) ин беҳаёёнро омода
соз. Ман ҳамаи онҳоро аз шаҳр берун мекунам.

Мулло когазу калам бардошт ва дар садри рӯйхати гадоён
номи Темурро қарор дод. Темур навиштаро ба даст гирифт ва
наздик буд аз ғазаб беҳуш шавад. Мулло гуфт:

-Шоҳам! Ту наранд. Худат ба ман фармон додӣ, ки рӯйхати
гадоҳои беҳаёро омода созам. Ман ҳам ҳамин тур амал кардам.

160
-Магар ман-Темури кишваргушой гадо ҳастам? Ва аз ҳама
беҳаё?

-Чаро ту хашмгин мешавй, шоҳам! Офтобро бо доман
пӯшондан наметавон. Ту гадо ҳастй ва аз ҳама беҳётар.

-Пас, мувофиқи ин рӯйхат маро бояд аз шаҳр берун кард.

-Оре, шоҳам! Дигар гадоҳо он кадар хатарнок нестанд. Он-
ҳо чизро аз мардум бо зориву садақа металабанд, аммо ту ба зӯру
тавдид ва куштор аз мардум мегирй (форсй)

Мегӯянд, ки ҳар касро одатест хос. Муллонасриддин аглаб
авқот (вақтҳо) ришашро бо даст шона мекард. Темур барон озори
Мулло ба вай гуфт:

-Туро аз шона задани ришат манъ мекунам. Агар ту фар-
монро ба чой наёварй мегӯям ришатро битарошанд ва дастатро
катъ кунанд (бибуранд).

Мулло хулқу хӯйи бади Темуро медонист ва ба ҳамин иллат
даст рӯйи сина гузошт ва аз одати худ даст бардошт. Муддате ба
ҳамин минвол сипарй шуд. Боре Темур аз Мулло суол кард:

-Мулло! Чй кор бояд кунем, ки мардум адолати маро бовар
кунанд?

-Шоҳам! Пеш аз хама ба мардум ҳаққи ба риш даст заданро
баргардон(ӯзбакӣ)

Мардуми Вароруд (Мовароуннаҳр) аз андозҳо ва молиёт,
ки барон ҳазинаҳои ҷанги бепоён лозим буд, азоб мекашиданд.
Дар заминҳои кишт най (қамиш) ва алафҳои ҳарз (бегона) рӯйи-
данд. Дар кишвар садои оҳу нола ба фалак мепечид. Аммо Темур
барон юришҳои гуногун ҳар лаҳза омода мешуд. Вай фармон
содир кард, ки бар асоси он ҳар кас дар мамлакат аз сулҳ ҳарф
занад, бояд ба қатл бирасад. Бархе аз беэҳтиётӣ донн худро аз
дастдоданд.

Боре Афандй баъд аз ғайбати тӯлонӣ вориди дарбор шуд. Бо
дидани Афандй Темур хушҳол гардид ва ӯро бо садои «хуш ома-
дй, осойиш бар ту» хайра мақдам гуфт. Аммо Афандй бо рафтори
хеш хайрати ҳамаро барангехт ва ба саломи Темур «алейк»
нагирифт ва зери лаб гуфт: -Ҷаллодро даъват кунед!

161
Дарҳол ҷаллод бо шамшери бараҳнаи «адолат» ҳозир шуд.
Ин ҳол тааҷҷуби Темурро барангехт ва гуфт:

-Чӣ ниёзе ба ҷаллод дорӣ?

-Бигӯ, то сари туро аз тан ҷудо кунад, зеро ту фармони ху-
датронақзкардӣ!

Мегӯянд Темур фармони сангини худро бекор кард (озари)

Амир дар хоб дид, ки тамоми дандонҳояш рехтаанд. Барои
таъбири хоб фолбинро даъват кард. Фолбин хоби амиро чунин
таъбирнамуд:

-Ҳақиқатро наметавонам пинҳон кунам: ҳамаи фарзандон

ва хешу таборатон пеш аз шумо хоҳанд мурд.

Барои чунин таъбири маъхуф бо фармони амир фолбинро
ба қатл расонданд. Пас аз қатли он бечора амир Афандиро дид:
-Ту метавонй ҳақиқати ҳоли ин хоби аҷиби маро таъбир

намой? _ „ .. - ттт

-Чаро? Метавонам, амирам! Хоби бисер хуб. Шумо дар ин

дунё беш аз фарзандон ва хешовандонатон умр хоҳед кард.

Амир бо хотири осуда ба Афанди подоши хубе ато кард

(тоҷикй)

Боре худованд кишвари Фаронсаро халқ кард. Зебоии ши-
гифтангези ин сарзамин худи ӯро мафтун кард ва холиқ аз ин

халлоқият ба ваҷд омада, беихтиёр гуфт:

-Дар ин кор ман аз он чй мехостам бештар саъи ба харҷ
додаам! Чй иқлиме! Чӣ табиати ғанй ва нотакрор! Чунин манза-
раеро дар ҳеҷ ҷойи дигари дунё намебини! На, ин кор дуруст нест.
Нисбат ба дигар гӯшаву канори олам бедолати cap задааст. Бояд
адолатро барқарор кард.

Ва худованд фаронсавиҳоро халқ кард (фаронсави)

Имом харашро ба дарахте баст ва барои иқомаи намоз вори-
ди масҷид шуд. Афандӣ ва дӯстонаш аз ончой мегузаштанд ваба
фикри дуздидани хари ӯ афтоданд. Афанди чаҳорпоя шуд ва дӯс-
тонаш полонро ба пушти вай гузоштанд ва харро бурданд. Имом
пас аз намоз аз масҷид берун омад ва дид, ки хар нест ва ба ҷойи

162
хар Афандӣ чаҳорпоя истодааст. Дар ҳайрат шуд ва пурсид:

-Ту кӣ ҳастй? Одамӣ ва ё тилисм?

-Вақте ки шумо вориди масҷид шудед, ман хар будам, аммо
пас аз намози шумо одам шудам.

-Дар ҳайратам! Охир, ин чӣ тавр pyx дод?

-Замоне ман одам будам, аммо бо лаънати падар ба хар
мубаддал шудам.

-Возеҳтар сухан бигй, қазия аз чӣ қарор буд?

Афандӣ шурӯъ кард:

-Дар ҷавонй чӣ иттифоқоте намеафтад! Доиман дар мастӣ
ба cap бурдам ва бо алфози қабеҳ бо падар ва хешовандон бар-
хӯрд кардам. Падарам даст ба осмон бардошт ва дуъо кард: Ё
Аллоҳ! Писари беадаби маро ба хар мубаддал соз! Рӯзи дигар
бедор шудам ва дидам, ки хар шудаам. Он рӯз падар маро ба бо-
зор бурд ва шумо маро харидед. Аз он таърих ба баъд май дар
хидмати шумо будам ва ҳар вақте ки маро кӯтак мезадед, аз
чашмонам об ҷорй мешуд ва аз худо талаби омӯрзиш мекардам.

-Оре, оре. Ман ҳам хеле вақтҳо медидам, ки дар чашмони ту
об мавҷ мезад.

-Дуруст аст. Эҳтимолан Аллоҳ дуъои маро мустаҷоб гардо-
нид ва шукри худо ба сурати аслиам бозгаштам.

Ин нақли ҳузновар ба имом асар гузошт ва ӯ гуфт:

-Ман туро озод мекунам. Барой хидмати хубат муташакки-
рам, ба некй моро ёд кун.

-Шодии ман интиҳо надорад: май аз нав одам шудам.

Имом аз пушти Афандй полонро бардошт ва ҳангоми худо-

хофизй ба Афандй насиҳат кард:

-Бубин, дигар падаратро азият накуй. Дар мавриди шароб

бошад, онро фаромӯш кун.

-Бале, албатта! Ман дигар боақл шудам.

Афандй ин бигуфт ва аз паси кори худ рафт. Рузи таътил

(бозор) имом вориди бозор шуд ванохост аз нав харашродид:

-Ин боз ту ҳастӣ, беадаб! Маълум аст, ки боз машруб хурди
ва падаратро азоб додй! Ту вичдон надорй! Ман дигар туро нахо-
ҳам харид (озарй)

163
Ду нафар дар рӯйи пули борик (танг) бо ҳам рӯ ба рӯ шу-
данд. Яке ба назди арбоби некӯкораш шитоб дошт ва дигаре ба як
ҷашн. Ҳеҷ кадом аз онҳо розй набуд ба дигарӣ роҳ бидиҳад. Онҳо
байни худ хеле баҳс карданд ва оқибат маҷбур шуданд ба козй
муроҷиъат кунанд. Қозӣ ҳам натавонист баҳси онҳоро ҳаллу фасл
намояд. Ниҳоят онҳо баҳси худро ба назди шох бурданд. Шоҳ
пурсид: -Тавзеҳ бидиҳед: чаро шумо нахостед яке ба дигаре роҳ
диҳед?

Яке аз тарафайни даъво посух дод:

-Олиҷаноб! Ман мехостам зудтар худамро ба ҷашн бирасо-
нам, аммо вай роҳ надод.

Дуввумй ҷавоб дод: -Замоне як шахс ба ман некии бузург
карда буд. Ҳоло ӯ дучори бадбахтӣ шудааст. Ман ба кӯмаки вай
шитоб доштам ва нигарон будам, ки дер нашавад.

Шоҳ ба ин натиҷа расид: -Оне ки барои рафтан ба ҷашн
аҷала дошт, бояд ба он шахсе, ки барои кӯмак ба некӯкораш
мешитофт, ҷуброн кунад (кампучй)

Ҳукмрони олам фармон дод хазинадорро барои исроф ва
велхарҷӣ чаҳор пора (қисмат) кунанд ва ба ҷояш Афандиро бар-
гузинанд. Чанд муддат сипарӣ шуд ва ба Темур хабар оварданд:

-Хазонадори ҷадид, бигузор гӯри падараш бисӯзад, пули
хазонаро ба чапу рост харч мекунад.

Шоҳ аз сари хашм фармон дод, ки Афандиро ба пойи тахт
биёваранд ва аз ӯ пурсид: -Магар аз гузашта дарси ибрат наги-
рифтӣ? Мехоҳй мисли хазонадори пешин чаҳор пораат кунам?
Пулҳои маро ба киҳо медиҳӣ?

Афандй ба пеши шоҳ сари таъзим фуруд овард ва ҷавоб дод:

-Олиҷаноб! Ман ба бенавоён, бева ва ятимон барои салома-
тӣ ва саъодати шумо садақа мебахшам.

-Кадом саломатӣ ва саъодат? Ту маро варшикаста мекунӣ.
Агар ба ҳамин ривол коратро идома диҳӣ, маро ба гӯр мефиристӣ.

-Ҳақ бо шумо нест, фармонравои олам! Ба хар кас, ки мал барои
Ӯ пул мсдихам, таъкид мекунам, ки вай ин маблағро бояд пас аз март
Темур баргардонад. Албатта, ҳар кас, ҳагто як сиккаи тшшо дарёфг
карда бошад хам, дар дуъоҳои худ барои ҷаноби олӣ саломатй ва умри

164
дароз хоҳон аст. Қасам ба худо, бояд хар чй бештар садака дод, вашр-
на барон чунин мустабид ва чаллоде чй касе дуъо мекунад.

Темур китф дарҳам кашид (шона боло андохт) ва хазона-
дорро ором гузошт (озари)

Ҳеҷ гоҳ одамон дар ҳамаи маворид бо ҳамдигар мувофиқ
нестанд. Розй будани хама дар як замон мумкин нест.

Рӯзу рӯзгоре дар деҳкадае кашиши католики маккору зира-
ке зиндагӣ мекард ва ба ҳеҷ кас фурсати муносибе барои маҳкум
кардани вай ба воситаи коре даст намедод. Боре як пагоҳй чанд
тан аз солхӯрдагони калисо ба ҳуҷраи вижаи либос пӯшидани ӯ
ворид шуданд ва арзи иродат карданд:

-Салом чаноби кашиш!

-Салом дӯстони азизи май! Чй хабар? Дар хидмат ҳастем.
Бифармоед.

-Ҷаноби кашиш, хушксолй тамоми маҳсулоти моро нобуд
мекунад. Мо ба хидмати чаноби олй расидем, то аз шахси шумо
хоҳиш намоем, барои бориши борон кӯшиш ба харч диҳед.

-Аз ин кори осонтаре дар дунё вучуд надорад, фарзандони
ман! Ман дуъоеро баладам, ки агар он хонда шавад, худи ҳамон
рӯз борон меборад. Вале ҳамагон бояд чун як тан ба бориши ин
борон мувофиқат кунанд ва аз ман он корро хоҳиш намоянд. Дар
воқеъ имрӯз ман дар поёни хутба (мавъиза) бо мардум харф
мезанам.

-Ташаккур чаноби кашиш.

-Хушҳолам, агар битавонам ба шумо кӯмак расонам.

Солхӯрдагон ба калисо баргаштанд ва кашиш ба ибодати
субҳгоҳй пардохт. Чун замони ваъз фаро расид, ӯ ба пойи минбар
рафт ва гуфт:

-Фарзандони ман! Лаҳазоти пеш чанд тан аз солхӯрдагони
маъбад ба хучраи вижаи либос пӯшидани ман ташриф оварданд
ва шикоят карданд, ки хушксолй маҳсули имсолро барбод меди-
хад. Онҳо аз ман хостанд, то аз худованд талаби борон кунам.
Ман як дуъоро баладам, ки агар он хонда шавад, ҳамон рӯз борон
меборад. Лизо ҳамагон як садо боридани боронро бихоҳад. Ҳоло,
мехоҳед имрӯз борон биборад?

165
Ин ҷой буд, ки ҷавонон фарёд заданд: -На, на, ҷаноби
кашиш! Имрӯз мо пас аз сарфи шом мехоҳем сайругашт кунем.

-Пас, боронро барон фардо даъват намоям?

Се-чаҳор хонум билофосила садо баланд кар дан д:

-На, на, ҷаноби кашиш! Мо касд дорем, ки фардо либос
шӯйем ва то он вақте ки онҳо хушк нашаванд, борон лозим нест.

-Мехохед борон рӯзи сешанбе биборад?

Ин ҷой буд, ки духтарҳо фарёд заданд: -На, ҷаноби кашиш.
Рӯзи сешанбе мо ба бозори рӯз (ярмарка) меравем.

-Пас, биёед боронро барӯзи чаҳоршанбе даъват кунем?!

Ин бор дастаи даравгархо фарёд заданд: -На, ҷаноби ка-
шиш . Мо рӯзи чаҳоршанбе бояд юнучқа (юнҷа)ро дарав кунем.

-Мехоҳед борон рӯзи панҷшанбе биёяд?!

Ин ҷо буд, ки бачаҳо садо баланд карданд: -На, на, ҷаноби
кашиш! Рӯзи панҷшанбе Мадраса таътил аст ва мо мехоҳем дар
озодй нафас кашем ва футбол бозй кунем (фаронсавй)

Боре Темур ҳангоми сӯҳбат аз Мулло суол кард: -Мулло!
Биҳишт бузург аст ё дӯзах?

Мулло посух дод: -Албатта, биҳишт бузург аст.

-Ту аз куҷо медонӣ, ки биҳишт бузург аст?

-Охир, камбағалҳо (фуқаро) беш аз сарватмандон ҳастанд!
(озарй)

Насриддин назди ҳоким омад ва гуфт: -Ба ман ҳукми расмй
(санад) бидеҳ, ки ҳақ дорам, дар қаламрави ту аз ҳар мард, ки аз
ҳамсараш таре дорад, як мург боҷ бигирам (бистонам).

Ҳоким ба найрангҳои Насриддин одат карда буд, бинобар
ин ҳукмро содир кард ва ба дасти ӯ дод.

Насриддин чанд рӯз бо он ҳукм ба шаҳру русто сафар кард
ва наздик ба сад мурғ ҷамъ оварда, бо ҳамаи онҳо ба дарбори
ҳоким омад. Ҳоким аз ин кори Насриддин ба ҳайрат афтод ва аз ӯ
суол кард: -Оё ҳамаи ин мурғҳоро бо истифода аз он ҳукми соди-
ра дамъ овардай?

Насриддин посух дод: -Оре, аммо сабрам ба охир расид,
вагарна ман ҳамон қадр (ба ҳамон андоза) мург чамъ меовардам,

166
ки ҳамон қадар мард дар зери ҳукми шумо зиндагӣ мекунад. Ҳоло
ман омадам ба ҷаноби олӣ арз намоям, ки дар шаҳри ҳамсоя
зебосанаме зиндагӣ мекунад, ки садояш бисёр хуб аст ва он парӣ
зиннати ҳарами шумост...

Ҳоким ангушт ба лаб бурд ва бо садои ором пич-пич кард:

-Тисс, сс, хомӯш! Пушти дар малика ба ҳарфҳои мо гӯш
медихад.

Насриддин:-3уд бошед, ман вақти беҳуда надорам. Бифар-
моед, ба галаи мурғҳои ман яке дигарро изофа кунанд.

Ҳоким дарёфт, ки Насриддин ӯро фиреб додааст, фармон
дод то як хурӯси парвардаро ба ӯ бидиҳанд. Насриддин бо ғурур
ва сарафрозй роҳи бозорро пеш шрифт ва ҳамаи сарвати ҷамъо-
вардаашро ба фурӯш расонд (форсй)

Боре Темур кори ҳокими шаҳрро бозрасӣ кард. Маълум шуд,
ки ӯ аз мардум молиёт дарёфт карда, онро дар дафтари ёддошт ба
сабт намерасонидааст. Темур ба хашм омад ва ҳокимро маҷбур
кард, то дафтари молиёгро бихӯрад. Темур ба ҷойи он ҳоким Мул-
лоро шаҳрдор таъйин кард.

Пас аз чанд муддат Темур хост корҳои Муллоро тафтиш ку-
над ва дастур дод то Мулло бо дафтари молиёт наздаш ҳозир
шавад. Мулло дар вақти таъйиншуда ба дарбор омад. Ногоҳ
Темур дид, ки Мулло дафтари андозро аз нони лавоши нафис ду-
ру ст карда, ёддоштҳои худро дар он сабт кардааст. Темур аз ин
ҳолат дар ғазаб шуд ва пурсид:

-Магар дар ин мамлакат коғаз пайдо намешавад?

-Фармонраво саломат бодо! Медонистам, ки ту аз ман норо-
ҳат мешавӣ ва фармон медиҳӣ, то ин дафтари молиётро бихӯрам.
Аммо рӯдаи банда мисли рӯдаи ҳокими пешин он қадар захим
(ғафс) нест, ки ин қадар коғазро фурӯ барад ва ба ҳамин хотир аз
қабл омодагии хешро дидам (озарӣ)

Афандӣ барои адои (иқомаи) намоз вориди манзили мулло
шуд. Мулло бо аҷала пиёлаи пури асалро зери дастархон (суфра)
пинҳон кард. Дили Афандӣ мехост он асалро нӯши ҷон намояд.
Мулло аз зиндагй ва ибодати вай ҷӯё шуд. Афандӣ бо дили нохо-

167
ҳам (икроҳ) ба пурсишҳои вай ҷавоб медод ва чашм аз он пиёлаи
асал намеканд. Мулло нигоҳи Афандӣ ба сӯйи пиёларо дид ва
гуфт:

-Як қатраи ин кофист, то одамро аз пой дароварад.

Ин бигуфт ва барои овардани китоби Қуръон ба хонаи ди-
гар рафт. Афандӣ низ мунтазири чунин фурсате буд. Ӯ нонро
бардошт ва дар асал молид ва хӯрд. Баъд пиёларо шикает ва ҳарф-
ҳои тунд бар он зад. Мулло баргашт ва ин ҳолро дид ва аз Афандй
суол кард:

-Чй хабар, чй шуд Афандй?

-Ман гуноҳи кабир кардам: тасодуфан пиёлаи заҳрро ши-
кастам. Барои ҷуброни гуноҳ дар назди ту ва худованди мутаъол
хостам ба зиндагй поён бахшам. Ба ҳамин ният тамоми заҳрро
хӯрдам. Худо ҳофиз, мулло! Меравам то дар манзили худ ҷон ба
ҷаҳонофарин таслим намоям (форей)

Боре устондори (ҳокими) Пхеньян хост барои подшоҳ даст-
гоҳи бисёр боарзиши_мунфасил кардани мураккаби чинро ҳам-
чун ҳадя бифристад. У ин дастгоҳро ба шахсе бо номи «Пак» дод,
то ба хидмати подшоҳ бибарад. Пак хидматкори заминдор
«Хван» буд. Вақте Пак аз манзил хориҷ мешуд тасодуфан
дастгоҳро шикает. Дастгоҳ ба ду қисмати баробар чудо шуд. Пак
аз ин иттифоқ бисёр тарсид. Дар ҳамин мавқеъ буд, ки Ким Сон
Дал аз он до рад мешуд. У ба Пак гуфт: -Нороҳат мабош. Дастгоҳ-
ро ба ман бидеҳ - онро ба подшоҳ мерасонам ва, албатта, худи
подшоҳро низ зиёрат мекунам.

У бо ин ҳарфҳо тиккаҳои дастгоҳи шикастаро ҷамъ оварда,
дар як порча бает ва ба сӯи пойтахт роҳ пеш шрифт. Вақте Ким
Сон Дал ба дарбор наздик шуд, ба посбон гуфт: -Бояд подшоҳро
бубинам.

У беэътино ба хушдори посбон ба тарафи дарвозаи кох рафт.
Нигаҳбон ӯро аз он до дур мекард (меронд): -Магар намедонй дар
кучо ҳастӣ? Бирав, гӯратро аз ин чо гум кун.

Аммо Ким Сон Дал кӯтоҳ намеомад: -Ман бояд подшохро
бубинам. Ман баӯ кор дорам.

Нигаҳбон аз ин мулоимхунукии вай хашмшн шуд ва ӯро ба сӯе

168
ҳӯл (тела) дод. Ким Сон Дал мунтазири ҳамин хдракат буд: у ба замин
афгод ва аз зери бағал дастгоҳи шикастаро бсрун овард. Ким Сон Дал
бар сари дастгоҳи ншкаста хам шуд ва гиря cap дод. Нигаҳбон назди у
омад ва сабаби гиряашро пурсид. Ким Сон Дал чавоб дод: -Ман
барои подшоҳ хадяи боарзиши устондори Пхеньян -дастгохи мунфа-
сил кардани мураккаби чинро овардам, аммо ту маро хул додй ва дар
натича он шикает. Ҳоло маро барои ин кор хоҳанд кунгг.

Нигаҳбони ваҳшатзада ӯро маломат кард: -Аҳмақ! Чаро ту
дар бораи ин ҳадя чизе ба ман нагуфтй?

Нигаҳбон барои расонидани ин хабар ба назди поднюх рафт.
Подшоҳ суханони нигаҳбонро шунида, фармон дод, ки Ким Сон
Далро ба наздаш оваранд. Ким Сон Дал воқеъаи рухдодаро барои
подшоҳ муфассал хикоят кард ва барои чунин амали носавоб узр
хост. Подшох гуфт: -Дар ин кор нигаҳбон муқассир буд ва ту ҳеҷ
гуноҳе надорӣ.

Он гоҳ подшох ба хидматкорон фармуд, то аз Ким Сон Дал
пазироӣ кунанд ва ба вай подош диҳанд. Ҳамин тур Ким Сон Дал
дар меҳмонии худи подшох буд (корей)

Вақте Мулло Насриддин аз деҳ ба шаҳр кӯч кард, чанд сол
дар манзилҳои гуногун иҷоранишин (мустаъҷир) буд. Оқибат
каме пул ҷамъ овард ва каме қарз кард ва барои худ хонае сохт.
Аммо ошхонаи манзилаш кӯчак буд. Хабари хонасозии Муллоро
ба Амир Темур расониданд ва ӯ барои масхара кардани Мулло бо
ахди дарбор ба дидани вай омад. Темур хонаҳо ва ошхонаро аз
назар гузаронд ва ба Мулло гуфт: -Манзилат хуб аст, муносиби
худат. Аммо аз ошхонаат хушам наёмад. Магар мешавад чунин
ошхонаи хурдакак (кӯчак) сохт? Дар ин уток хатто ду муш ҷой
намешавад - яке ҳатман ба тала (мушқапак) меафтад.

Мулло посух дод: -Андозаи ошхонаи ман ба бузургии
мухаббати ман ба шумост.

Темур гуфт:-Мутаваҷҷеҳ нашудам. Рушантар сухан биту.

-Фаҳми ин нукта душвор нест. Агар одамхое мисли ман чу-
нин ошхонача (кӯчак) надоштанд, пас арбобоне мисли ту соҳиби
чунин кохҳои бузург намешуданд (форсй)

169
Як субҳ Ла Дан бо аҳолии деҳе, ки дар он зиндагӣ дошт, сӯх-
бат кард: -Барой худое, ки дар назди санги бузург воқеъ дар саҳ-
ро, бояд курбонй бурд. Дишаб хоб дидам ва худо аз ман пурсид,
ки «чаро шумо ба ман қурбонӣ оварданро фаромӯш кардед? Охир
ман шуморо аз хатарҳо эмин нигаҳ медорам!»

Кишоварзон аз ин хабар ба тарсу ваҳшат афтоданд. Онҳо ба
он хотир ваҳшатзада шуданд, ки худо ҳосили шолиро кам меку-
над варозй шуданд, қурбонии лозимро барояш бибаранд. Ла Дан
гуфт: -Барой он ки худо аз шумо розй шавад бояд ғизоҳои хуб
назр кард ва аз ҳама муҳимтар бо худ шароби нахл (хурмо, нор-
гил) ва гӯшти сурхкардаи хук биёваред. Ин ғизоҳо ба худованд
хуш меояд.

Рӯзи дигар даҳ нафар ба назди санги муқаддас омаданд. Он
ҷо хама назрҳои худро дар шикоф ва таракҳои санг ҷой дода, ба
манзил баргаштанд. Дар роҳ Ла Дан ба онҳо гуфт: -Ман ба назди
дӯстам дар деҳи наздик меравам.

Ин бигуфт ва ба роҳи дигар рафт. Ҳамон дам, ки рафиқонаш
аз назар гойиб шуданд, ба назди санг баргашт ва биринҷ ва гӯшти
хукро бо адвияҷот хӯрд ва шароби нахлро низ нӯши ҷон кард.
Баъд аз сер шудани шикамаш бисер хандид ва ба хонааш баргашт
(индонезй)

Боре Мулло огох шуд, ки ҳокими шаҳр касолат (маризй)
пайдо кардааст. У аз богаш чанд себ бардошт ва ба аёдати бемор
рафт. Ҳоким бо Мулло дарди дил кард: -Мулло! Ҳам дандон ва
ҳам гӯшҳоям дар як лаҳза ба дард даромаданд. Имрӯз ман як сар-
тароши хуб пайдо кардам ва ӯ дандони харобро даровард. Дарди
дандон поён ёфт, вале ин гӯши лаънатй оромам намегузорад.
Бояд табиби хуберо пайдо кард...

Мулло сухани ҳокимро нотамом қатъ кард (бурид): -Оре,
оре. Кош одами хубе пайдо мешуд ва гӯши туро мекашид. Он
вақт ҳам ту ором мешудй ва ҳам тамоми мардум роҳат (озарй)

Қозии шаҳр Мулло Насриддинро чашми дидан надошт.
Боре Мулло хост бо коре ба манзили қозӣ биравад. Вахте ба ман-
зили қозй расид, қозиро дид, ки бо аҷала аз назди тиреза (панҷа-

170
ра) дур мешавад. Мулло ҳалқаи дарвозаро зад. Хидматкор берун
омад ва гуфт: -Шумо бо чй касе кор доред?

Мулло:-Бо ҷаноби қозй кор доштам.

Хидматкор:-Ҷаноби қозӣ дар манзил ташриф надоранд.
Ишон ба бозор рафтанд.

Мулло:-Ба қозй бигӯ, ки вақте ба бозор меравад, сарашро
дар назди тиреза (панҷара) боқӣ нагузорад, вагарна одамон гумон
мекунанд, ки шахси ишон дар манзил ташриф дорад (озарй)

Султонсуюн аз бекорӣ дилтанг шуд ва барои хушҳолӣ
имтиҳони ҳуш барои аҳли дарбор баргузор кард. У фармон дод,
ки бо як кампали (патуй) кӯчак аз cap то пойи ӯро бипӯшонанд.
Барои вазирон ин кори осой набуд: пойи шоҳро мепӯшонданд,
сараш боз мемонд, сарашро мепӯшонданд, пояш боз мемонд.
Султонсуюн аз зери кампал пурсид: -Дар ин ҷой Миралй ҳузур
дорад ё хайр?

Миралй посух дод:- Олиҷаноб! Ман дар хидматам. Бифар-

моед.

-Коре бикун, то бо кампал пойҳои маро бипӯшонӣ.

-Ман он гоҳ ин коро анҷом медиҳам, ки шумо хашмгин на-

шавед.

-Хашигин мешавам, агар ин корро накунй.

Миралй тозиёнаро бардошт ва ба пойи Султонсуюн зад.
Шоҳ дар як он пойҳояшро ҷамъ кард ва дар зери кампал чо шуд.
Аммо фавран аз ҷой бархост ва ба Миралй дарафтод: -Ту чй тур
чуръат кардй, ки маро тозиёна бизанй?

Миралй бо камоли оромиш ҷавоб дод. -Ман танҳо фармони
чаноби олиро иҷро кардам (туркманй)

Насриддин чанд cap гӯсфанд дошт. Зимистон сахт омад ва
афзун бар он хӯроки чорво (дом) кофй набуд. Танҳо муллой деҳ
ба кадри кофй хӯроки чорво дошт. Насриддин назди мулло рафт
ва ба ӯ гуфт: -Муллой азиз! Ман пирам ва ба зудӣ хоҳам мурд.
Гӯсфандҳои маро бигир ва ҳангоме ки мурдам намози ҷанозаи
маро бихон.

Мулло ба ин пешниҳод розй шуд ва Насриддин гӯсфандҳо-

171
яшро ба ҳавлии ӯ овард. Фасли бахор фаро расид. Боре Насрид-
дин кӯлаборашро бардошта, ба назди мулло рафт ва ба ӯ гуфг: -
Ман ба сафар меравам ва ту бояд бо ман биё?.

Мулло дар ҳайрат афтод ва гуфт: -Барой чй ман бояд бо ту
биравам?

-Эҳтимол дорад дар роҳ фавт кунам ва ту бояд намози дано-
заи маро бихонй. Шартамонро дар ёд дорй?

Мулло хашмгин шуд ва гуфт: -Гӯсфандонатро бигир ва даст
аз сари ман бардор.

Барой Насриддин ҳамин ҳарф лозим буд (лезгинй)

Замоне ки Тил ба синни шашсолагӣ қадам гузошт барои
таҳсил ӯро ба Мадраса фиристоданд. Боре дар роҳи Мадраса бо
ҳертсог (герцог) рӯ дар рӯ шуд. Ҳертсог аз ин бачаи шӯх хушаш
омад ва пурсид: -Куҷо меравй, писарам?

-Мадраса.

Ҳертсог гуфт: -Ин як талерро (талер - воҳиди пули Олмон)
бигиру бирав барои худ ширинй бихар.

Тил ҷавоб дод: -Муташаккирам, аммо ман онро наметаво-
нам аз шумо бигирам. Падарам бовар нахоҳад кард, ки касе ба
ман як талер пул дода ва маро муҷозот хоҳад кард.

-Бигир ва нороҳат нашав ва ба падарат бигӯ, ки ин талерро
худи ҳертсог ҳадя дод.

Бачаи маккор оҳи амиқ кашид ва гуфт: -Ба вижа агар инро
бифаҳмад бовар нахоҳад кард.

Ҳертсог пурсид: -Чаро?

Тил ҷавоб дод: -Магар ҳертсог фақат як талер ҳадя меди-
ҳад? Ҳамагон медонанд, ки ҳертсог саховатманд аст. Агар шумо
кӯлапушти маро пур аз талер кунед, он гоҳ падарам сухани маро
бовар хоҳад кард.

Ҳертсог хандид чун дигар чорае ба ҷуз пур кардани кӯла-
пуштӣ бо талерҳоро надошт ва гуфт: -Ҳақ бо ту аст (олмонй)

Духтаре бо номи Кахереро аз қабилаи «караҷа» бо як марди
сарватманд издивоҷ кард. Боре ӯро барои овардани шохаҳои хушк
ба цангал фиристоданд. Офтоб бо суръат дар осмон ҳаракат ме-

172
кард ва Кахереро чизе ҷамъ наёварда буд, ки шаб аз роҳ фаро ра-
сид. Он гоҳ духтар ба модараш шикоят кард:

-Барой чй ман ба сарватманд издивоч кардам, агар лозим
аст ин кадр зиёд кор кунам? Ман ба чунин зиндагӣ тоқат надорам.
Офтобро мачбур соз оҳиста ҳаракат кунад.

Модар писарашро ба осмон фиристод ва ӯ як пойи Офтобро
шикает ва аз он замон Офтоб оҳиста ҳаракат мекунад (сурхпӯстй)

Боре Қосид дар айни гармо аз кавир (биёбон) рад мешуд. У
гурусна ва ташна буд ва мехост чизе бихӯрад. Чун Қосид марди
худотарсе буд, ҳеч гоҳ аз худо умед намеканд ва фикр мекард: аз
худо бояд хост то ба ман сад тумон фиристад.

У чашмонашро бает ва ба худо рӯй овард ва дуъо кард: -Ху-
дой бузург! Ман бо чашмони баста сад қадам роҳ меравам ва ҳан-
гоме ки онҳоро боз кардам, бигузор дар пеши ман сад тумон ҳо-
зир бошад.

Қосид масофатеро ба андозае сад қадам зад ва чашмонашро
боз кард, вале пуле вуҷуд надошт. Қосид ба ин натиҷа расид:
шояд ман аз худо хеле зиёд дархост кардам, аз ин рӯ худо ба ман
чизе нафиристод. Биё, ҳоло ман панҷоҳ тумон бихохам.

У панҷоҳ тумон дархост кард, вале пайсае (пул) пайдо на-
шуд. Ҳоло гуруснагӣ Қосидро аз пой дармеовард. Он гоҳ ӯ даҳ ту-
мон дархост кард. Баъд ӯ як тумон талаб кард, вале он хам ба даст
наёмад. Дар ин нокомй буд, ки аз канори кӯҳ рад мешуд. Дар авҷи
асабоният ӯ гуфт: -Худоё! Ту дархости маро мустаҷоб накардй ва
ман ҳам дигар зиндагй кардан намехоҳам. Санге бар сарам бизан,
тобимирам.

Дар холе ки Қосид ин суханонро мегуфт чӯпоне аз камари
кӯҳ мегузашт. Нохост санге аз зери пойи вай канда шуд ва рост ба
сӯи Қосид омад. Ӯ тавонист худро канор бикашад ва зери фурӯ-
рафтагии кӯҳ ҷой бигирад. Вақте сангрӯйи замин афтод ӯ баланд
шуд ва рӯй ба сӯи худо овард ва гуфт: -Парвардигоро! Ман аз ту
сад тумон хостам, надодӣ, панҷоҳ тумон талаб кардам, дарег
доштй, аммо вақте хостам санге бар сарам занй (парт кунй) ту он-
ро зуд анҷом дод?.

Ин лаҳза ӯ ангушташро ба даҳон гузошт ва андешид ва баъд

173
онро берун овард ва сарашро ба осмон баланд кард ва гуфт:

-Худое! Ҳар чӣ ҳам бошад мо он қадар содда (нотавон) нес-
тем ва аз санги хатарноки ту чони солим бадар бурдем (форси)

Боре Мулло бо як шахе даргир шуд ва ӯро ба назди ҳоким
бурданд. Маълум шуд, ки чанд рӯз пеш низ барои коре ӯро ба
назди ҳоким оварда будаанд. Ҳоким Муллоро дид ва гуфг:

-Шарм намедорй, Мулло? Бори дуввум аст, ки ин ҷо меой?

Мулло суол кард:-Чй бадй дорад?

Ҳоким:-Яъне чй? Чй бадй дорад? Магар намедонй? Одами
бовичдон ин ҷо намеояд.

Мулло эътироз кард: -Гӯш кун: ман фақат бори дуввум ба
ин до меоям, аммо ту тамоми рӯзҳо ин ҷо ҳастӣ (озарӣ)

Замоне дар Галич шох Данило зиндагй мекард. У устодкоре
дошт, ки барояш сикка месохт. Ин устодкор гарк дар тилло буд, ва-
ле озодие надошт. Агар устодкор мехост чое биравад, худи шоҳ Да-
нило дари зарробхонаро боз мекард ва бо баргашти вай дарро куфл
мезад. Танҳо ин устодкор медонист, ки шох чй кадар сарват дорад.

Устодкор он қадар сарватманд шуд, ки ҳисобу китоб на-
дошт. У боре ба шоҳ гуфт: -Тилло шох аст!

Аммо Данило вайро тасҳеҳ кард: -На, азизам! Нон ба хама
точи cap аст!

-На. Тилло ва нукра!

Ҳамин тур устодкор то замоне баҳс кард, ки шох хаста шуд
ва аз заррробхона берун рафт. Рӯзи дигар шох Данило рӯйи девор
ин навиштаҳоро, ки бо хати тиллой ҳак шуда буд, дид: «Нон бот-
лок, аммо точи сари ҳама нуқра ва тиллост!» Данило дар бораи ин
навишта чизе нагуфт. Аммо рӯзе пас шоҳ Данило устодкорро дар
зарробхона сари кор гузошт ва дарро қуфл кард ва дар ҳамин лаҳ-
за пайк хабар овард, ки душман ба сарзамини онҳо юриш овар-
даст. Данило сарбозонашро чамъ овард ва ба чанги душман рафт.
Шоҳ рафт ва устодкорро фаромӯш кард. У фаромӯш кард, ки
дари зарробхонаро ба рӯйи устодкор куфл кардааст. Қонуни
сахте дар мамлакат бар чой буд ва ҳеҷ кас аз тарси қатл ҳаққи
наздик шудан ба зарробхонаро надошт. Чанд моҳ аз ин таърих

174
сшарӣ шуд. Данило бо пирӯзи ба манзилаш баргашт. Данило
интизор дошт, ки устодкор ба хотири пирӯзиаш барои ӯ ҳадяе
биёварад. Аммо устодкорро дар қатори пешвозгирандагон на-
дид. Ин ҷо ба ёдаш расид ва ҷаҳида ба тарафи зарробхона давид.
Дарро боз кард ва ҷанозаи устодкорро рӯйи тиллоҳо дид. Пеш аз
марг устодкор ин суханҳоро дар девор ҳак кардааст: «Тилло-бот-
лоқ, аммо нон - шоҳ!»

Зиндагӣ одамро ин тур адаб меомӯзад... (украинй)

Аз мулоқоти нахустини Мулло Насриддин бо Темур ин ри-
воят боқӣ мондааст. Мегӯянд, ки Темур Муллоро барои мулоқот
ба қаср даъват кард. Мулло омад ва дид, ки пазиройй мамлӯ аз
одам аст. Ҳама рӯйи замин даври ҳам нишаста буданд ва танҳо
Темур дар тахти баланд қарор дошт. Мулло ҳамон лаҳза ба вай
таъзим кард ва гуфт: -Ассалому алайк, ё Аллоқ (худо)!

Темур ҷавоб дод:-Ман Аллоҳ нестам. Ман...

Мулло ба вай маҷоли сухан гуфтан надод: -Ҷонам ба қурбо-
нат, ё Азроили муқаддас!

Темур гуфт: -Ту чй мегӯй? Ман куҷову Азроил куҷо?

Мулло посух дод: -Ман намефаҳмам. Модоме ки ту на
худой, на фариштай, пас, биё пойин ва мисли одамон дар радифи
мардум биншин. Чаро ту ин кадр баланд - ба арши осмон барома-
дай?(озарй)

Боре Амир бо камон тир партоб мекард. Дигар муқаррабон
низ ҳузур доштанд ва тирандозй мекарданд, аммо ҳеҷ кас ба
нишон назад. Дар ин вақг фақире аз канори онҳо рад мешуд ва
садақа мехост. Амир ба ӯ камонашро дод ва фармуд, то ба нишон
тир партоб кунад. У камонро ба даст гирифт ва бо таваккул ба
худо тирро раҳо кард ва ба ҳадаф нахӯрд. Амир шод шуд ва ба у
сад сиккаи тилло подош дод ва гуфт: -Ҳоло метавонй биравй.

Фақир гуфт: -Ман аз ту садақа хостам, вале ту ҳеҷ низе ба
ман надодй.

Амир аз ин ҳарфҳо нороҳат шуд ва гуфт: -Ҳамин алон ман
ба ту сад сиккаи тилло додам, аммо ту мегӯй, ки ҳеҷ подоше дар-
ёфт накардй.

175
Факир гуфт: -О, шоки олам! Сад сиккаро май дар ивази он
ки ба кадаф назадам, дарёфт кардам, лекин касс ба май садакае

надодааст. , _ч

Амир хандид ва ба вай боз подош дод ( афгани)

Аз шоире иштибоҳе cap зад ва подшоҳ ба қатли фаврии у
фармон дод. Шоирро аз тарси марг ларза ба андомаш афтод. Яке
аз дарбориён барои шарманда кардани шоир ба ваи гуфт. -Чи бу

^^""ЙЖ^мар^биёддрнойи

манбиист,манбиравам.

Ин суханони шоир ба подшоҳ хуш омад ва хандид ва уро
афв кард (афганй)

Боре ходими масҷид аз Насридини Афанди пурсид. -Мегу-
янд, ки шумо бо шахси шайтон муошират доред? Бигуед, ки ваи

чй таврй аст?

Афандй посух дод: -Шумо ба ойина нигоҳ кунед ва уро
хоҳед дид (озарй)

Як савдогар дӯкон боз кард ва ҳамаро ба фурушгоҳаш фаро
хонд: -Ҳар кас, ки мехоҳад дар охират дар биҳишт мустақар
шавад, бояд як кох аз кохҳои маро бихарад, ки ҳоло мефурушам.
Бо ха-ридани кохи ман ҳамаи гуноҳони вай, ки дар ин дунё анҷом
дода-аст, бахшида мешавад ва ӯ рост (мустақим) ба биҳишт
меравад.

Як лаҳза ба худ тасаввур кунед: тиҷорати у равнақ гирифт
ва маълум шуд, ки гунаҳкорон аз одамони хуб бештар будаанд.
Ҳама ба ин дӯкондор пул медоданд. Бархе ба тури қисти ва бархе
накдй кохҳои биҳиштро мехариданд, то дар охират бе мушкиле
рост ба биҳишт бираванд.

Ин хабар ба гӯши Қосид расид ва ӯ ба назди дукондор рафт
ва ба вай гуфт: -Ман омадам, то аз ту дӯзахро бихарам.

Дӯкондори зоҳиднамо ба ӯ маҷоли ҳарф задан надод: -Мар-
ди ҳисобй! Ту чй ниёзе ба дӯзах дорй? Касе онро ҳатто маҷҷони
ҳам намехоҳад.

176
Ammo Қосид пофишорӣ кард: -Ба хар ход ман мехохам
дӯзахро аз ту бихарам. Агар ту барои ман санади харидро омода
созй, музди хубе ба ту пардохт хохам кард.

Савдогари зохиднамо хост, ки пуле ба даст оварад ва зуд са-
нади фурӯши дӯзахро омода кард ва таҳвили Қосид дод. Қосид
санади моликиятро дарёфт ва дӯкони савдогарро тарк кард. Рӯзи
дигар Қосид дар шахр мегашт ва дар тамоми кӯчаҳо фарёд мезад:

-Ҳой мардум! Ман дӯзахро харидам ва дарҳои онро маҳкам
қуфл кардам. Аз ин ба баъд ҳар кас мехоҳад ба он ҷой биравад-
рох баста аст! Ҳоло хама рост ба биҳишт мераванд ва ниёз ба ха-
риди чойе дар биҳишт нест.

Мардум сухани Қосидро бовар карданд ва аз хариди кохҳои
биҳишт мунсариф шуданд ва касбу кори савдогари зохиднамо касод
шуд. Он гох вай барои арзи эҳтиром ба назди Қосид омад: -Дӯзахро
ба ман баргардон, зеро биҳингг бидуни дӯзах арзише надорад!

Қосид гуфт:-Мехоҳй? Танҳо дар изои (иваз) сад хазор ту-
мон. Як қирон камтар хам намешавад!

Савдогари зохиднамо ба ин нарх розй шуд ва сад ҳазор ту-
монро ба вай пардохт ва дигар ба ҳеч кас дӯзахро нафурӯхт (форсй)

Як дафъа Мулло халифаи арманиро дид, ки дар гӯшаи рохе
нишаста буд. Халифа ғизои худро рӯйи порчае пахн карда, субхо-
на мехӯрд. Мулло омад ва дар канори халифа чой гирифт ва
бидуни харф дар тановули гизо ба вай кӯмак кард. Халифаи арма-
нй суоломез ба сӯйи Мулло нигох кард ва гуфт: -Азизи ман! Назар
ба акидаи мусулмонон мо наҷас ҳастем. Чаро ту бо ман як чой
гизо мехӯрй?

-Ба акидаи аромана (арманиҳо) ман низ начас кастам. Агар
ду наҷас ба хам бирасанд, барои ҳамдигар пок хастанд (армани)

Шахси бисёр мӯхтарам пушти фармони саворй нишаста, як
дасташро аз мошин берун оварда, бо фахр ронандагӣ ва кӯчаҳоро
тамошо мекард. Қосид аз канори ӯ рад мешуд ва ба мошини ин
шахси пулдор бархӯрд кард ва ба дасти вай осеб ворид сохт. Он
шахе аз саворй берун част ва бар сари Қосид фарёд зад: -Хар, ах-
мак, бешуъур! Чй тур ҳаракат мекунй?

177
Қосид оромона посух дод: -Дастатро набояд аз мошин
берун меовард?.

-Ту аз ман узрхоҳӣ кун!

-Ту кистӣ, ки ман аз ту узрхоҳӣ кунам!?

-Магар маро намешиносй? Ман намояндаи мӯҳтарами
маҷлис (парлумон) ҳастам.

Қосид дар ҳайрат афтод ва аз ӯ пурсид: -Яъне чй?

-Хуб, намоянда, ин яъне сиёсатмадор, мефаҳмӣ?

-Сиёсатмадор! Яъне чӣ?

-Он касро, ки маккор аст ва дигаронро фиреб медиҳад,
сиёсатмадор меноманд.

-Ман аз куҷо бидонам, ки ту сиёсатмадорӣ?

-Метавонӣ имтиҳон кунй?

-Ман дастамро рӯйи антенн мошин мегузорам, агар ту ба
дасти ман зарба ворид кунӣ, рӯшан хоҳад шуд, ки дар ҳақикат
сиёсатмадор хастй.

Намояндаи мардум ба ин шарт розй шуд ва Қосид сари вақт
дасташро бардошт ва зарбаи сиёсатмадор рост ба антен бархӯрд.
У аз нав чанчол ва пархош кард. Қосид оромона ӯро маломат
намуд:

-Маълум мешавад, ки ҳанӯз ту як сиёсатмадори воқей на-
шудай.

Намояндаи мардум хомӯш шуд ва сареъ баргашт ва пушти
фармон нишаст ва ба сӯйи Рашт роҳ пеш гирифт ва замоне ба он
ҷой расид, ки давраи интихобот оғоз шуда буд. Намоянда мубо-
ризоти интихоботиро оғоз кард, то дар давраи ҷадид ба маҷлис
роҳ ёбад. Дар яке аз нишастҳои кабл аз интихобот ӯ ба пойи
минбар рафт ва суханронй кард. Ин ҷой буд, ки найранги Қосид
ба хотираш расид. ӯ рӯ ба мардум кард ва гуфт: -Мардуми
мӯҳтарам! Маро намояндаи худ интихоб кунед, зеро ман одами
хубе ҳастам. Барой он ки дурустии суханонам собит шавад, ҳам
акнун ба шумо яке аз қобилиятҳои сиёсии худро нишон медиҳам.

Сиёсатмадор дунболи чизи барчастае, ки ба чашм биёяд
(бирасад) мегашт ва бинни дарозаш ба хотир расид. Ӯ кафи дас-
ташро ба рӯйи бинниаш гузошт ва ба як марди дуруштҳайкал
(паҳлавончусса, бӯзбала) гуфт:

178
-Биё ин ҷо. Метавонй бо муигг ба пуигги кафи дасти ман бизани?

Марди дуруштҳайкал бо тамоми қудрат ба пушти кафи дас-
ти сиёсатмадор зад. Аммо сиёсатмадор сари вакт дасташро аз рӯйи
биннӣ бардошта буд ва зарбаи маҳкам рост ба худи биннй бархӯрд.
Хун аз биннй фаввора зад ва мардум ба ин намойиш хандиданд.
Сиёсатмадор ба гурӯҳи мардум гуфт: -Ҳама дидед, ки ман чй тур
ӯро фирефтам. Накунад (наход) пас аз хама талош шумо маро ба
давраи нави мачлис ба унвони намоянда интихоб накунед? (форсй)

Як граф (конт) вориди майхона шуд. Баъд аз ӯ як марди ки-
шоварз низ аспашро дар тавила бает ва ба майхона даромад ва як
сотгин (ливон) оби ҷав хост. Граф низ барои худ як сотгин оби чав
супориш кард. Ҳар ду дар канори як миз нишастанд. Граф ба
тиреза (панҷара) нигоҳ кард ва аспи кишоварзро дид. Аз асп
бисёр хушаш омад. Граф аспро хуб мешинохт. Ӯ ба кишоварз
пешниҳод кард: -Барои асп чй кадр мехоҳй?

-Чӣ қадр? Алон аз назди оҳангар баргаштам ва барои наъл
сиву ду мех ба кор рафт. Барои асп чизе намехоҳам. Барои мехи
нахустини наъл як крейтсер (воҳиди пули чех) мехоҳам, барои
дуввумй-ду, барои севвумй-чаҳор ва ҳамин тур меравад барои
меххои баъдй ду баробар зиёд мешавад. Дар охир хисобу китоб
(муҳосиба) хохем кард, ки ин крейтсерхо чй кадр сиккаи тилло
мешавад, он гоҳ ман наъли аспро ба шумо ройгон мебахшам.

Онҳо бо хам тавофук карданд ва барои шодкомй оби чав
нӯшиданд. Г раф суфориш мекард ва оби чав ҳозир мешуд. Аммо
сохиби майхона шурӯъ кард ба хисобу китоби крейтсерхо. Вакте
теъдоди сиккаҳо ба ду ҳазорто расид, ба граф ишора кард, то як
лахза барои муддати кӯтоҳе ба берун бираванд. Онҳо аз майхона
берун омаданд ва мудир ба граф гуфт: -Ман танҳо арзиши ниме аз
меххоро хисобу китоб кардам, ки баробар ба ду хазор сиккаи
тилло шуд. Агар қарор аст асп харидорй шавад, хатто мулки граф
хам барои пардохти баҳои он кофй нахоҳад буд.

Граф фавран пули оби ҷавро пардохт, кулоҳашро бардошт
ва мисли тир аз майхона берун ҷаст. У ҳатто пули гизои кишо-
варзро низ пардохт ва аспро барояш гузошт ва роҳи фирорро пеш
гирифт (чехй)

179
Устод ба шогирдон меомӯхт: -Агар дар бораи ту бад
гуфтанд, розй бош, ки туро таҳкир накарданд. Агар туро тахкир
карданд, розй бош, ки кӯтак наза-данд ва агар туро кӯтак заданд,
каноат кун, ки туро ба катл нара-сониданд. Агар туро эъдом
(катл) карданд, розй бош, ки чунин олами нобасомонро тарк
мекунй (форсй)

Мегӯянд, ки Темур барои донистани шуҷоъати Мулло ба
ҷаллодонаш фармон дод: -Фавран Муллоро ба дор кашед!

Ҷаллодон ӯро кашон-кашон ба пойи дор бурданд, аммо
Мулло садое аз худ дарнаёвард. Вақте Муллоро мебурданд, Те-
мур аз ӯ пурсид: -Агар чизе гуфтанй ва ё сӯҳбате дорӣ бигӯ.
Дақиқаҳои поёнии умри ту фаро расида.

Мулло гуфт: -Ман ҳеҷ васияте надорам. Танҳо як хоҳиши
кӯчак ҳаст, ки бояд бигӯям.

Темур пурсид: -Чй хохише?

Мулло ҷавоб дод: -Ман ғелғелакӣ ҳастам (ғаш, китик до-
рам), ба вижа вақте чизе ба гарданам бархӯрд мекунад. Аз ту хо-
ҳиш дорам, фармон деҳ, то маро на аз гардан, балки аз камарам
биёвезанд (озарй)

Ман аз ҷаноби «Р» шахси бисёр оқил ва боистеъдод суол
кардам: -Чаро дар рӯзхои инкилоби 1789 худашро нишон надод.

У посух дод: -Ман дар ей соли умри худ борҳо ба фасоди ин-
сонҳо дар танҳой бовар ҳосил кардам ва агар онҳо дар чамъ бо
ҳам коре анҷом диҳанд, ҳеҷ посухеро интизор надорам (фарон-
савй)

Вазири бонуфуз табақаи нухбаи чомиаро тачриба карда,
тасмим гирифт онро тарк ва гӯшанишинй ихтиёр кунад. Вай ин
амали худро чунин шарҳ дод: -Агар ба тури машрут урфе ба
муносибати одамони табақаи боло нест ба табакаи пойин андеша
кард, рӯшан хоҳад шуд, ки харчанд аввалиҳо аҳмақанд, вале ҳа-
меша бар гурӯҳи дуввум бартарй доранд. Ман ба шатранчбози
моҳире шабоҳат дорам, ки дар бозй бо онҳое, ки хар бор фарзини
худро аз кабл мебозанд, дилзада шудаам. Чй суд бидуни иштибоҳ

180
бозй кардан ва бар сари ҳар ҳаракат гирифтору машғул шудан,
вақте мушаххас аст, ки ҳатто як қирон ба даст намеорй (суиссӣ)

Замоне ки Людовики ХУ ҳанӯз бача буд, бо кандани тӯри
сардастиҳои дарбориён саргарм мешуд. Ҷаноби Морепа аз ин
амал тарки одат омӯхтани шоҳро бар ӯҳда гирифт. Дар як рӯзи
зебо ӯ бо тӯрҳои сардастии бисёр зебо ба ҳузури шоҳ ҳозир шуд.
Людовик ҳамон замон ба ӯ наздик шуд ва яке аз тӯрҳои сардас-
тиашро пора кард. Ҷаноби Морепа низ бидуни эҳсос дигар тӯри
сардастиро барканд ва гуфт: -Аҷиб! Ин кор ба ман ҳеҷ лаззате
набахшид.

Шоҳ дастпоча ва сурх шуд ва аз он ба баъд ба тури сардас-
тии дигарон даст назад (фаронсавй)

Чунон ки маълум аст Бомарше вақте ҳертсог де Шон нисбат
ба ӯ рафтори беадабонае дошт, бо вай задухӯрд (дуел) накард. Аз
ин рӯ вай ба даъвати ҷаноби де Ла Блаша барои ҷанги тан ба тан
чунин ҷавоб дод: -Ман на танҳо ба чунинҳо посухи рад додаам
(фаронсавӣ)

Граф «Н» дар чидол барои ин ки дар як ибора ин ҳақиқатро,
ки одамони дурусткор дар дунё кам ба даст меоянд, баён кунад,
чунин гуфг: -Одами дурусткор - ин гунаи бисёр камназири нажо-
ди инсонй аст (белжикӣ)

«М» исрор дорад, ки табакаи баргузидаи ҷамъият нусхаи аслии
фоҳишахона мебошад, ки боре хонуми чавон-сокини он барояш
таъриф кардаасг. Боре ӯ он занаки ҷаюнро дар истгоҳи роҳи охдн во-
хӯрда, аз вай мепурсад, ки дар куҷо мумкин аст бо вай дар масъалае,
ки танҳо ба ҳар дуи онҳо марбут аст, сӯҳбат кунанд. Он занак мегӯяд:

-Ҷаноб! Ман дар манзили фалон хонум зиндагӣ мекунам.
Ин муассиса бисёр мӯътабар аст: ба он ҷо танҳо афроди дуруст-
кор ва ағлаб савори коляска (фойтун, ароба) меоянд. Ҳавлй дорои
дарвоза буда, дар канори он меҳмонхонаи (ҳотел, ҳутел) кӯчаки
хубе бо ойина ва қандил(лустер)и зебо низ мавчуд аст. Мушта-
риҳо ҳатто гоҳе барои сарфи шом назди мо мемонанд ва он гоҳ
барояшон дар зарфҳои нуқраӣ ғизо пешкаш мекунанд

181
-Дӯшизаи меҳрубон! Таваҷчӯҳ дошта бошед! Ман чунин
вазъеро танҳо дар иҷтимоъи дараҷаи олӣ дидаам!

-Ман ҳам, вале дар бисёре аз манзилҳои гуногуни ин сохтор
будам.

Ва ин ҷо «М» бори дигар мехоҳад ҷузъиёти тасвирро барра-
сй кунад, то собит намояд: ҳар як аз онҳо ба андозаи худ ба таба-
каи боло мансуб аст (фаронсавй)

Як ашрофзодаи хоричии ба Урупо сафар кардаро шоҳи Фа-
ронса Людовики понздаҳум розй шуд, ба хузури хеш бипазирад.
Ин шахе дар вақти аз қабл таъйиншуда ба кохи шоҳ омад. Аммо
шоҳ ба шикори хуки ёбоӣ (вахшй) шитоб дошт ва ваъдаи худро
фаромӯш кард. Вақте ба ӯ хабари ташрифи меҳмонро расонданд,
Людовик нидо баровард: -А!

Ин ашрофзодаи таҳқиршуда ба ҳертсог Шуазели хайрат-
зада гуфт: -Эҳтимолан шоҳ маро ба ҷойи хуки ёбой ивазй гириф-
тааст (фаронсавй)

Ба як марди донишманд тазаккур доданд, ки зиндагии дар-
борро хуб намедонад. У посух дод: -Метавон ҷуғрофиядони олй
буд, ҳарчанд аз хонаи худ по ба берун нагузошт (жопонй)

Чанд тан аз хидматкорони чавони дарбор бо хам шом мехӯр-
данд. Дере нагузашта онҳо ба хондани таронаи ношойиста оғоз
карданд. Онҳо ҳанӯз таронаро ба поён нарасонида буданд, ки ча-
ноби де Фронсак чаҳор миераи таронаеро шурӯъ кард, ки абёташ
ин ичгимоъро ба сутӯҳ овард. Бигӯ магӯи ҳамагонӣ оғоз шуд, ки
ба он де Конфлан поён бахшид: -Чй иттифоке барои ту афтод,
Фронсак? Магар ақлатро хӯрдй? Барои як чунин чизеро хондан ва
шунидан ҳадди ақал ба дах шиша шароб ниёз аст! (белжикй)

«М» мегуфт:

-Пойинтар аз шоҳзода будан таассуфовар аст, вале дуртар
аз онҳо хуш аст. Дуввумй бо диловарй аввалиро талофй мекунад
(фаронсавй)

182
Нухбагон (нахбагон, аристокарат) ба иттифоқи оро фазой
озодиро моли худ карда, чунин таъкид доранд, ки бардагон мис-
ли хайвонот метавонанд дар пойин бимонанд, зеро онхо дар ба-
ландй хафа мешаванд (фаронсавй)

Инглисй қонунро гиромӣ медорад ва ба хукумат ба чашми
ҳақорат менигарад ва ё умуман нафрат дорад. Фаронсавй баръакс
барои ҳукумат эхтиром койил аст, аммо аз конун мутанаффир.
Ӯро бояд омӯхт, ки баръакс рафтор кунад, вале ин кор такрибан
ғайримумкин аст: торикандешие, ки дар он мардумро карор до-
даанд, уфуқи рӯшане надорад. Ҷаҳолате, ки аз (набояд фаромӯш
кард) пешрафти маориф дар шаҳрҳо мафтун шудааст (фарон-
савй)

Пешвои қабилаи сурхпӯстони сиу ба сарбозони ҷавон роҳ-
намой мекард ва мегуфт: -Инсон бидуни таърих монанди алаф
аст дар зери бод (сурхпӯстй)

Боре Темур аз шахсе нороҳат шуд ва ба Мулло фармон дод:
-Ал он, хозир ба вай сад зарба чӯб бизан!

Мулло табассум кард. Темур боз бештар дар ғазаб шуд ва
фарёд зад: -Чаро ту нешханд мезанй? Фармони маро ичро кун!
Ҳозир ба вай сад чӯб зарба бизан!

Мулло хандид. Темур тамоман хашмгин шуд: -Ҳол чунин
аст, зуд бош ба вай ҳазор чӯб зарба бизан!

Мулло коҳ-қоҳ зад. Темур монанди одами моргазида аз чо-
яш барҷаст: -Ту ба ман механдй?

-На, на, ҳукмрони олам! Магар ман чуръат дорам бар ту би-
хандам? Ман ба кори Аллоҳ таъоло механдам. Чй тур шуд, ки ху-
дованд чунин одаме монанди туро ба мардум хукмрон кард, ки
ҳеч гоҳ зарба (шаллоқ)и чӯбро тачриба накарда ва аз хисобу ки-
тоб cap дарнамеоварад! Магар мешавад ба як одам ҳазор зарбаи
чӯб ворид сохт? (форсй)

Як файласуф гӯшанишиниро ихтиёр карда, ба ман чунин
нома фиристодааст, ки аз он бӯйи хирадмандй ва некхоҳӣ меояд.

183
Нома бо чунин суханон ба поён мерасад: «Худо ҳофиз дӯсти ман!
Кӯшиш накунед, ки дар худ манофеъи иртиботи одамон бо чо-
меаро саркӯб созед, вале хатман дар худ эхсосеро, ки шуморо аз
он дур мекунад, ташаккул дихед» (фаронсавй)

Боре Темур ба Мулло гуфт: -Мулло, имрӯз ман хушхолам.
Мехоҳам бароят ҳадяе бидиҳам, аммо намедонам чи чиз барон ту
хуб аст?

-Зиндагии ҳоким поянда бод! Ҳар чизе ки ба мо бахши хур-
санд мешавем.

-Хуб ман номгӯй ҳадоёро бароят меорам: дах сиккаи тилло,
як асп, рамаи гӯсфанд ё боғ. Кадоме аз инҳоро мехоҳӣ? Интихоб
бифармо.

-Агар ту аз ман мепурсй, ки чи чиз бароям хуб аст, ман
тарчеҳ медиҳам, ки ту дар амал собит намой, ки ҳокими одил

хастй.

-Чй тур?!

-Агар ту ба ман иҷоза диҳӣ, ки даҳ сиккаи тиллоро дар чайб
гузорам ва бар асп савор шавам ва рамаи гӯсфандонро ба тарафи
бог биронам, ту исбот хоҳй кард, ки дар ҳақиқат саховатманд ва
боадолат хастй.

-Иштиҳои ту хеле зиёд. Агар ман бароят ҳеҷ чиз надихам?

-Ҳарфе нест. Ту собит мекунй, ки дар воқеъ Темур хастй
(туркманй)

Марди рус аз яҳудй суол мекунад: -Чаро биннии миллати
шумо ин кадр дароз аст?

Яҳудй ба марди рус мегӯяд: -Ба чй сабаб? Охир, Ҳазрати
Мусо алайҳиссалом чиҳил сол моро аз бинниамон гирифта (ка-
шида), дар биёбон(кавир)ҳо ин сӯ ва он сӯ бурд. Ман хоҳам дид,
ки пас аз бист соли инқилоби большевикй (аксариюн, коммунис-
та) биннии русҳо чй тур хоҳад шуд (русӣ, яҳудӣ)

Ҳатто онҳое, ки андешахои Артур Шопенгауэрро чонибдор
нестанд, ин хулосаи ҳаётии вайро пазируфтаанд: -Ҳангоми зинда
будани шахе ба вай мучассама гузоштан - эътироф кардани ин

184
нукта аст, ки наели оянда нисбат ба ин шахе чунин корро нахохад
кард(олмонй)

Авраам (Иброҳим) Линколн дӯст дошт ин нуктаро такрор
кунад: -Гоҳе мешавад мардумро аҳмақ кард, аммо барои чанд
муддат; як кисмат аз мардумро бештар, вале ба таври доимй ха-
мам мардумро аҳмақ кардан наметавон (америкой)

Шоҳи Норвеж хост оҳангсози машҳури олам Эдвард Григ-
ро (1843-1907) ба подош (мукофот) сарфароз намояд. Оҳангсоз аз
ҳамаи намояндагони ҳокимият хушаш намеомад. Вахте Григро
ба кохи шоҳаншоҳй даъват карданд, ӯ фрак пӯшид ва ба мачлиси
Кабул рафт.

Ҳангоме ки яке аз мақомоти баландпоя бо суфориши шоҳ
нишон (орден)ро ба Григ эхдо кард, оҳангсоз гуфт: -Хоҳишман-
дам ба Алоҳазрат (улёҳазрат) ташаккури бандаро бирасонед, ки
шахсияти камарзиши маро мавриди таваччӯҳ карор додаанд.

Григ ин бигуфт ва нишони олии шоҳаншоҳиро ба ҷайб зад
(гузошт).

Дарбориён бо дидани чуни манзара худро бисёр норохат
ҳис карданд, зеро ҳеҷ гоҳ дар зиндагй чунин аҳволро надида бу-
данд: охир, ҷайби фрак дар пушт(акиб) воқеъ аст (норвежй)

Ин расид(санад, мадрак)и расмӣ-суратҳисоб дар анбории
яке аз дайрхои назди шахри Петербург пайдо гардид. Як наккош
барои тармими (мараммат) калисо даъват шуда буд. Пас аз итмо-
ми кор усқуфи калисо ба вай пешниҳод кард, ки суратҳисоби кор-
ро ба таври катбй омода созад. Наққош, ки саводи хубе надошт ва
аз ҳунари ҳисобдорӣ низ бохабар набуд, корҳои анчомдодаашро
чунин тавсиф кард:

1. Абрро васеъ кардам ва ситорахоро изофа намудам - 2 рубл

2. Осмонрорангомезй кардам-7 рубл

3. Дӯшизаи доноро шустам ва ду бор бо ранг пӯшонидам -
21рубл

4. Барои Марями Муқаддас бачаи нав дуруст кардам - 11

рубл

185
5. Ҷойҳои покшудаи Модари Мукаддасро тармим кардам -
4 рубл

6. Пироҳани Одам ва Ҳавворо пас аз васвасаи шаитон ду-
руст кардам -15 рубл

7. Се бор бар рӯйи Мария Магдалина ранги тира кашидам,

то ҷило (баррок) надиҳад - 42 рубл _

8. Болои токи дари вурудии шухадоро низ пушонидам - 15

9. Фариштаи муҳофизро ислоҳ кардам ва ба рухи мукаддас

пар гузоштам - 3 рубл

10. Пушти Мадоннаро ранг кардам - 3 рубл

11. Ҳазрати Ҷабраилро дароз кардам-11 рубл

12. Хутутро тафкик кардам ва ба ҳамаи авлиё салиб гузош-
там - 3 рубл

Имзо: Накқош Пророков (Пайгамбаров).

Дар гӯшае аз ин суратхисоб ба он чунин мувофикат шудааст:

«Ба ин оей (кофир) 140 рубл пардохт шавад, то ин ки хамаи
авлиёро фосид накунад» (руей)

Райиси Ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Америка маросими
зиёфат орост. Дар ҷамъи даъватшудагон чанд тан аз пешвоёни
қабилахои сурхпӯст низ ширкат доштанд. Ҳангоми сарфи шом
пешвои ҷавони сурхпӯст мушоҳида кард, ки мардуми сафедпуст
кадом як навъ ғизоеро мехӯранд, ки барои сурхпустон ноошно
аст. Ин гизо хардал (горчица) буд. Пешвои чавон дид, ки мехмо-
нон аз ин хӯришт (пешгизо) хеле кам ба чумча дар як гӯшаи та-
бақча мегузоранд ва баъд онро кам-кам бо гизои аслй мехуранд.
Ӯ ба хулосае омад, ки он хардал бояд хӯрдании камёб ва гарон-
баҳо аст ва миқдори (поре) зиёдеро аз он бардошт ва як мартаба
ба даҳонаш гузошт. Баъд аз ин кор нигоҳ доштани ашкҳо душвор
буд, ки аз рӯйи гунаҳояш мерехтанд. Пирамарди сурхпӯсти дар
бараш нишаста, аз ӯ пурсид: -Дар чй маврид ашк мерезй? Чаро
гирямекунй?

Пешвои ҷавон гуфт: -Ман барои он мегирям, ки чй тур дар
дарёчаи (кӯл) Г урон гарк шудани падарам ба ёдам омад.

Пешвои пир ҳеҷ гумони бадро ба худ ворид накард ва миқ-

186
дори зиёди хардалро бардошта, як мартаба ба даҳон зад ва фурӯ
бурд. Албатта, окибати кор (натиҷа) ҳамон буд, пештар бо пеш-
вои ҷавон pyx дод. Пешвои ҷавон маккорона аз ӯ пурсид: -Пира-
мард! Барой чй ашк мерезй?

-Ман барон он ашк мерезам, ки чаро ту ҳамроҳ бо падарат
дар дарёча ғарк нашудй (америкой)

Дар давраи Инқилоби Кабири Фаронса додгоҳ се нафар: фа-
ронсавй, инглисй ва лаҳистониро ба қатл маҳкум кард. Ба фарон-
савӣ гуфтанд: -Интихоб кунед: дастгҳои қатл (гилотин) ё тир-
борон?

Фаронсавӣ эъдомро тавассути дастгоҳи қатл интихоб кард
ва ҳангоми ичрои ҳукми додгоҳ дастгоҳ кор накард. Мувофиқи
қонун ӯро озод карданд. У тавонист ба дигарон хабари харобии
дастгоҳи қатлро расонад. Чун навбат ба инглисй расид, вай низ
дастгоҳи қатлро интихоб кард ва аз марг начот ёфт. Дар охир
лахистониро ба майдони эъдом бароварданд ва аз ӯ суол карданд:
-Дастгохи катл ётирборон? Интихоб намо!

-Албатта, тирборон. Дастгохи қатл, ки кор намекунад (ла-
ҳистонй)

Шатранчбози моҳир ба ҷавоне дарси шоҳмот меомӯхт: -Ин
тур ҳаракат рӯйи тахтаи шоҳмот мумкин нест! Агар чунин
ҳаракат кунӣ, ман шоҳи туро мезанам (мегирам).

-Хайр, чй? Ман чумҳурият эълон мекунам ва бозиро идома
медихам (мачорй)

Хидматкор бе ичоза савори ароба шуд, ки дар он қозӣ ва
дафтардор менишастанд. Сохиби ароба ӯро дид ва фарёд зад:-3уд
аз ароба пиёда шав, хар! Магар намебинй, ки ду махлуқ дар ин чо
нишастаанд.

-Бубахшед, ман онҳоро нашинохтам (тоҷикй)

Дар замони ҷанги Кримия (Қрим, чанги Русия бо Туркия)
Николаи 1 аз дуздӣ ва кулоҳбардории зердастонаш ба дод омада,
боре ҳангоми сӯҳбат бо валиахд чунин ибрози назар кард:

187
-Ба гумонам дар тамомии Русия танҳо ту ва ман дузди наме-
кунем (русй)

Полис: -Чаро шумо ба ишорати ман савори (худрав)-ро ни-
гаҳнадоштед?

Ронанда (бо эътимод ба нафс): -Гумон кардам шумо ба ман
мехохед бигӯед: «Субх ба хайр, ҷаноби шаҳрдор!»

Полис: -Ope (албатта), ҷаноби шаҳрдор. Ман мехостам ба
иттилои шумо бирасонам, ки каме пештар роҳ лағзанда аст ва аз
суръати худ бикохед (америкой)

Суол ба Райиси Маҷмаи лордҳо: -Ҷаноб! Дастуруламали
Маҷмаи лордҳо ба ман ин ҳаққро медихад, ки лорд Честертонро
«хуки чоқи касиф» гӯям?

-На. Шумо ҳақ надоред лорд Честертонро хуки чоқи касиф
ном баред.

-Дар чунин хол ман маҷбурам аз «хуки чоқи касиф» ном бур-
дани лорд Честертон даст бикашам (инглисй)

Донишҷӯи донишгоҳи улуми пизишкй дар имтиҳон ҳузур
ёфт. Ду искелет (скелет) дар рӯ ба рӯи вай қарор дорад. Устод аз
донишҷӯ мехоҳад, ки ҳар он чй дар мавриди ин ду искелет медо-
над, бигӯяд. Донишчӯ хомӯш аст ва ҳарф намезанад. Устод барон
донишчӯро ба худ овардан мефармояд: -Магар шарм намедорй
Оё фаҳмидани ин ду искелет душвор аст? Яке каме бузург ва
дигаре кӯчактар, хуб? Шумо дар тӯли шаш сол чй омӯхтед?

Донишҷӯ бо ранги парида: -Худоё! Магар инҳо Маркс ва
Энгельс нестанд? (маҷорй)

-Хабари навро шунидед: райиси корхонаи кибрит (гӯгирд)
под ош дарёфт кард?

-Барой чй?

-Душманон дар фурудгоҳи низомй мехостанд танкери (тон-
кер-систерна) бензинро оташ зананд, вале натавонистанд. Киб-
рит (гӯгирд) рӯшан нашуд (белорусй)

188
Дар утоқи райиси театр садои занги телефон баланд мешавад.
■Алло. Райиси театрро мехоҳам!

-Ман садои шуморо мешунавам (ба гӯшам). Кӣ ҳарф мезанад?

-Сталин!

Аз гӯшӣ садои дурударози бук (занг) меояд. Бори дуввум
иртиботи Сталин бо телефони райиси театр барқарор мешавад ва
хонуми муншӣ гӯширо бармедорад.

-Алло. Ман мехоҳам бо райиси театр сӯхбат кунам. Чаро
вай гӯширо гузошт?!

-Райис чанд дақиқа пеш аз сактаи қалбй фавт кард (русй)

-Шумо чанд намуди дурӯғро медонед?

-Чаҳорто: густохона (бешармона), муқаррарй, омор ва ар-
ком ва нақли кавл (мачорй)

Яке аз лордҳоро, ки бадеҳкориҳои зиёде дошт, пурсиданд:

-Шабхо хобат мебарад?

Вай ба ин суол чунин посух дод: -Ман рохат мехобам, аммо
намедонам аҳволи эътиборди-ҳандагонам (қарздиҳандагонам)
чй тур бошад?! (инглисй)

Рабинович бо иттифоқи хамсараш савори трамвай мерафт.
ӯ оҳи амиқ кашид. Занаш бо тардид (таре) ба гӯши вай гуфт:-Бор-
ҳо бароят гуфтам: дар таҷаммӯъи одамон ҳеҷ садои сиёсй аз ху-
дат баланд накун (яҳудӣ)

Хонуме ба назди вазир меояд ва аз вай манзил талаб дорад
ва барояш мегӯяд: -Мо бо шумо ҳамроҳ (як чо) хобида будем.

-Кай? Дар куҷо?

-Дар Анҷумани XXIV Ҳизби коммунист. Шумо дар радифи
севвум, аммо ман дар радифи панчум хобида будам (шуравй)

Аз ин ба баъд дар Иттиҳоди шӯравӣ ду забони хориҷй тад-
рис мешавад: ибрӣ барои онҳое, ки мехоҳанд ба хориҷ бираванд,
аммо забони чинй барои онҳое, ки мехоҳанд дар ин сарзамин
бимонанд (русй, яхудй)

189
-Дунё ба охир расид... Қаблан зан ҷойи худро медонист, аз
шавҳараш метарсид, ба корҳои вай дахолат намекард. Ҳоло кор
дигар шуда, хатто хонумҳоро нахуствазир интихоб мекунанд.

-Хайр, чй бадй дорад? Дар Инглис ва Ҳоланд нахуствазирхо

занхастанд...

-Инкорионхост.Урупо! ..

-Барой ман фарке надорад: нахуствазир мард аст е зан. Ьи-
гузор хоҳ мард ё зан ва хатто ҳеч нас раҳбар бошад - танҳо зинда-
гйхубшавад(туркманй)

Дума(маҷлиси қонунгузори)-и Русия нишонаи (орм, repo)
кишварро ба тасвиб расонд: дар пайи ихтилофи назари Райиси
Ҷумҳурй ва Мачдис (Дума) сарҳои уқоби дусар (дусара) ба ду
тарафи мухолиф (мукобил) чархонидашудааст (руси)

Давлат барномаи навбатии хориҷ шудан аз бӯхронро таҳия
кард - барон аз нав расидан ба ин бунбаст (покистони)

-Чй кадар ба шумо купон доданд?

-Ҳамон қадар, ки аз гуруснагй намурем.

-Агар сад баробар бештар медоданд?

-Он гох ман бо хаёли рохат мемурдем (украини)

Аждаҳои се cap дорад парвоз мекунад. Яке аз сарҳо фарёд

мезанад: -Зинда бод озодии сухан!

Дуввумй: -Зинда бод демокраси ва ошкоргуи!

Севвумй:-Ба пеш, ба сӯи бозор!

Шайтон аз Хари Даҷҷол мепурсад: -Ун чи фарёд мезанад. ^
-Боз ин бадбахт намояндаи мардумро фурӯ бурдааст (руси,
украинй, белорусй, гурчй, молдавй)

Владимир Жириновский дар шоҳроҳ (бузургроҳ) бо суръа-
ти зиёд ронандагй мекунад. Дар пахлӯи вай Борис Елтсин нишас-
тааст ва барояш мегӯяд: -Ту метавони каме оҳиста бирони? Ҳама
чизҳо аз пеши чашмонам милт-милт (су) мекунад.

-Ту ин кореро, ки ман мекунам, анҷом бидеҳ: чашмонатро

бибанд(русй)

190
Егор Ҳайдар (Г айдар) дар чаласаи давлат ба вазири бехдош-
ти Русия мефармояд: -Ҳамаи чораҳои заруриро барон аз
бемористонҳои равонй озод кардани асирони америкой биан-
дашед, вагарна ҳеҷ кӯмаке наметавон аз Америка интизор дошт.

Эълон дар бемористони равонии шаҳри Тамбов:

«Аз беморон Вашингтон, Швартсенегер ва Кеннеди хо-
ҳишмандем дар утоқи забони инглисй ҷамъ оянд» (русй)

Хабарнигор бо вазири умури хоричаи Иёлоти Муттаҳидаи
Америка Ҳенри Киссинҷер сӯҳбат дорад: -Ҷаноби Киссинҷер!
Шуморо кошифи «дипломасии рафту баргашт» мешуморанд.
Лутфан, бо намунаи рӯшан (мисол) ин мафҳумро шарҳ диҳед?

-Оҳ, ин кори бисёр содда аст, -посух медиҳад Киссинчер, -
Фарз кунем, ки ман назди Рокфеллер меоям ва мегӯям:

-Окои Рокфеллер! Таваччӯх дошта бошед: шумо як марду
дурушту дағали русии сибириро ба домодй мепазиред?

-Фу!-мегӯяд Рокфеллер, -Шумо ақлатонро хӯрдаед?

-Ва агар он марди дурушту дағали сибирй муштарии бонки
Суисс (Швейтсария) бошад чй?!

-Оҳ, ин ҳоло шуд як коре. Дар чунин вазъият масъала ранги
дигармегирад.

Идомаи гуфтугӯҳо беш аз ин осонтар аст. Вориди бонки Су-
исс мешавам ва суол мекунам:

-Шумо як муштарӣ-марди дурушту дағали сибриро суроғ
надоред?

Дар бонк бо як садо ба ман мегӯянд: -Фу!

-Аммо агар вай домоди Рокфеллер бошад чй?!

-О, о, ин гапи дигар.

Баъдан кор тамоман осон ва содда аст. Назди марди дуруш-
ту дагали сибрй меоям ва мегӯям:

-Мехоҳй бо як хонуми оддии америкой издивоҷ намой?

-Фу!- посух медиҳад вай.

-Он гох метавонй домоди Рокфеллер шавй!

-О, о! Ин масъалаи дигар аст.

Ҳоло бақияи кор чизе нест. Назди духтари Рокфеллер ме-
оям ва аз вай мепурсам: -Ту мехоҳй шавҳаре дошта бошй, ки

191
муштарии бонки Суис бошад?

-Фу, уф,-мегӯяд вай.

-Вале агар он мард рустой ва дурушту детали сибрй бошад чй?!

-0,о.Оҳ!(яҳудӣ)

Марди хориҷӣ дар Зебомайдон (Майдони сурх)-и Маскав аз
Рабинович суол мекунад: -Ин сафи бузург дар назди фурӯшгоҳ
барои чист?

Рабинович:-Ин саф барои хариди авроқи баҳодори
давлатист (облигатсия)!

Молотов Рабиновичро назди хеш хонд: -Рафик Рабинович!
Ман аз номи Кумитаи Марказии Ҳизби коммунист ва кулли мар-
думи шӯравй ба шумо изҳори ташаккур менамоям. Бигӯед, ки ин
посух чй тур ба зехни шумо расид?

-Ман як марди ватандӯст хастам!

-Бигӯед барои подоши ин ҳушмандиатон чй мехоҳед? Ҳар
чизеро, ки дӯст доред, ман бароятон мухайё месозам.

-Ба ман раводиди вуруд (виза) ба Америка бидиҳед! (шӯравй)

Рабиновичро ба узвияти Ҳизби коммунист мепазиранд. Ме-
хоҳанд саводи сиёсиашро имтиҳон кунанд. Пешниход мешавад, ки
ей нафар марксиста бузургро ном бибарад: -Маркс, Энгеле, Ленин.

-Бозкй?

-Албатта, шумо рафик дабири созмони Ҳизби коммунист ва
бисту шаш нафар комиссари Боку (яхудй, руей, украинй)

Мард ба манзили хеш баргашта ва ба ҳамсараш мегӯяд:

-Медонй? Ман вориди ҳизб шудам!

-Ту доиман вориди ягон балое мешавй (литовй)

-Комиссар! Имрӯз беҳтарин корогоҳи худро ба бемористони
равонй бифиристед.

-Ба бемористони равонй? Барои чй?

-Райиси бемористон хабар дод, ки он ҷой дар ҳоли ҳозир
панҷ Напалеон гирд омадаанд. Зарур аст мушаххас гардад, ки ка-
дом яке аз онҳо Напалеони ҳакикӣ аст (фаронсавй)

192
Як пирамарди яҳудӣ шикоят дошт, ки рӯзгори баде ба cap
мебарад. Аз вай суол карданд: -Шумо то инқилоби октябри соли
1917 чй тавр зиндагй мекардед?

-Монанди Карл Маркс: вай соҳиби «Сармоя» («Капитал»)
буд ва ман ҳам сармоя доштам.

-Аммо баъд аз инқилоб чй?

-Монанди Ленин: ӯ масъала дошт, ки «Чй бояд кард?» ва ман
ҳам мушкил доштам, ки дар вокеъ чй бояд кард?

-Муносибати шумо нисбат ба ҳокимияти шӯравй чй тур аст?

-Ҳамонанди муносибате, ки ба ҳамсарам дорам: каме дӯсташ
дорам, каме шак дорам (метарсам) ва каме дигареро мехоҳам
(русй, яхудй)

-Писарчон! Номат чист?

-Абраша.

-Ин қадр кучулу (хурдсол) ва аз ҳоло яҳудй!? (яҳудӣ, русй)

Намояндаи мардум: -Ба худ тасаввур кунед: вай маро аҳмак
номид.

-Ҳарфи пуч. Нороҳат нашав. Ҳавола кун ба ирсият (варосат)
(бразилй)

Рӯзноманигор бо чукча сӯхбат дорад ва аз ӯ мепурсад:

-Шумо то Инкилоби октябри соли 1917 чй тур зиндагй ме-
кардед?

-Аз гуруснагй ва сармо доштем мемурдем.

-Ҳоло дар даврони шӯравй чй тур зиндагй доред?

-Ҳам гуруснагй дорем ва хам сармо ва хам изҳори амики
сипосгузорй аз ҳукумати шӯравй (чукотка)

-Шумо ба он мутгахам хастед, ки ба хамсояи худ тавҳин кар-
дед. Шумо хамсояатонро бо хар баробар намудед.

-Бубахшед! Кадом яке аз онҳо нисбат ба ман шикоят дорад?!
(туркй)

Милллионер аз кашиш, ки гуноххои вайро омурзиш медод,

193
суол мекунад:

-Агар ман сад миллион доллар ба калисо вакф намоям, он гоҳ
мставонам рост ба биҳишт биравам?

-Фарзанди азизам! Ман шуморо бехуда умедвор намекунам.
Аммо ба назарам ин ҳамон вазъиятест, ки арзиши бахт озмуданро
(риск) дорад (америкой)

Кашиши протестант ба наққоше, ки кори мараммати калисо-
ро анҷом додаасг, бо шӯр мегӯяд: -Шумо ақлатонро хӯрдед магар ?
Дар куҷои дунё дидаед, ки фаринггахо путин (ботинка) дошта (пӯ-
шида) бошанд?

-Шумо дар куҷо дидед, ки фариштахо бидуни путин хастанд?
(олмонй)

Дар рӯзномаи шаҳрй ин хабар чоп шуд: «Ниме аз намоянда-
гони мо фиребгаранд (ҳуққабозанд, кулоҳбардоранд)»

Ҳукуматдорон аз ин хабар ба хашм омаданд ва талаб кар-
данд, ки ба он раддия чоп шавад (такзиб шавад). Рӯзи дигар дар
рӯзнома чунин такзиб чоп шуд:

«Ниме аз намояндагони мардум - хуккабоз нестанд» (крит)

Ҳангоми суханронии Сталин дар Анчумани сездахуми Ҳиз-
би коммунисти Итгиходи шӯравӣ касе атса зад. Сталин аз сухан-
ронй бозистод ва суол кард: -Кй атса кард (зад)?

Ҳама хомӯш, касе посух надод.

-Аз ҳар дах нафар якеро бибаред: даҳ сол зиндон (одамонро
мебаранд). Ҳоло бори дигар суоламро такрор мекунам: -1Сй атса зад?

Хомӯшй.

-Ҳоло ҳар шахси дахумро тирборон кунед (ин кор низ анҷом
мешавад). Билохира маълум нашуд: кй атса зад?

Глеб Кржижановский: -Ман!

Сталин: -Офият бошад (саломат бошед)! (русй)

Яхудй вориди манзили корманди Ҳизби коммунист шуд. Ба-
нохост тӯтй чунин садо баланд кард: -Пӯ-заи чу-ху-дй! Пу-заи чу-
ху-дй!

194
Соҳибхона дастпоча (хиҷолатзада) шуд, вале зуд роҳи хало-
сиро пайдо намуд: -Кй тасаввурашро мекард, ки паррандае бо
чунин минқор (биннй) андешаи зиддияхудӣ дорад (яхудӣ)

-Магар шарм намедорй, хичолат бикаш, одами солим, аммо
садақа металбй. Шарм дор, бояд кор кард, то пул даровард!

-Охир, май пас аз итмоми вакги корй ба садакаталби иштиғол

меварзам (шӯравй)

Кишоварзони таъовуни(колхоз)ро барои шунидани суханро-
нии сиёсӣ ба иҷбор вориди мачдисгоҳ карданд. Яке аз кишоварзон
дар он суханронй ҳузур надошт. У аз дигаре пурсид: -Дар чи мав-
рид сӯхбат фармуданд?

-Напурс, чизе набуд! Дар бораи ду яҳуди - Ҳегел (Гегел) ва

Фейербах.

-Чй хабар шудааст?

-Дар яке ҳаста (дона, ғалла, ядро) ва дар дигаре модда пайдо
кардаанд. Шояд боз онҳоро ба додгоҳ низ эхзор кунанд ва маҳкум
намоянд (қазокй)

Аз Сталин суол шуд: -Бо нависандаи маъруф N чй кор
кунем? Ӯро ба тарафдорй аз_Лев Тротский муттаҳам мекунанд,
аммо далеле вучуд надорад. Ӯ ҳеҷ гуноҳеро муртакиб нашудааст.
Қазияро чй тур бояд ҳаллу фасл кард?

Сталин посух дод: -Бубинед, одам ҳаст - казия вучуд дорад,
одам нест - казия ҳам нест (русй)

Харидор аз фурӯшандаи мағоза суол мекунад: -Чой доред?

-Шумо кадомашро дӯст доред: гурҷӣ ё чинй?

-Шумо суолро ин тур мегузоред? Пас, ба ман қаҳва бидиҳед
(ёқутй;

Америкой ва русй бо ҳам бахс доранд - кадоме аз пешвои
сиёсй бештар маъруфанд: Гувер ё Сталин?

-Гувер марди бузург аст: ӯ моро тарки нӯшидани машрубот
омӯхт.

-Аммо Сталин моро тарки ғизо хӯрдан омӯхт (америкой, русӣ)

195
Тафовут байни ҳукуматҳои демократа ва диктатори чи гуна

аст?

-Демократия - ин замонест, ки мардум ба тури рӯшод (аланй)
норизоиятии худро нисбат ба хукумати хеш баён мекунад. Аммо
дар хукумати диктатора мардум норизоиятии худашонро нисбат
ба хукуматҳои бетона иброз медорад (муғулй)

Садои занги телефон: -Лутфан Рабиновичро ба телефон даъ-
ват кунед!

-Ишон ташриф надоранд.

-Ишон сари кор ҳастанд?

-На, хайр.

-Дар маъмурият?

-На, курбон.

-Дартаътилот?

-На, хайр.

-Ман шуморо дуруст фахмидам?

-Оре(яҳудӣ)

Соли 1937 (замони террори сахти сталинй) Будённый ва
Ворошилов бо ҳам мулокот карданд. Воршилов аз Будённый
мепурсад: -Гӯш кун, Семён! Доранд ҳамаро пушти сари ҳам боз-
дошт мекунанд. Чй мешавад? Чаро ману туро дастгир намекунанд?

-Ҳамаро пушти сари хам дастгир намекунанд, танҳо онҳоеро
мегиранд, ки аклу фахм, яъне cap доранд. Ин боздоштҳо ба ману ту
дахл надорад (шӯравй)

Замоне, ки коммунисгҳо ба шаҳри Галич (воқеъ дар Украи-
наи ғарбӣ) расиданд (ишгол карданд), як кишоварз дар гардан
ҳалқаи хасиб (колбос, колбаса, ба қавли А.Бухоризода вожаи «кол-
бос» аз хамон «каллабаста»-и точикй пайдо шудааст - мутарч.)
овехт ва ба роҳпаймоӣ шурӯь кард. Комиссари шӯравӣ аз вай
пурсид: -Ин чй коре дорй мекунй? Дар гарданат чй овехтй?

-Ин ҳамон тавки бардагй аст, ки шумо моро аз он озод кардед
(украинй, канадай)

196
Молотов аз Ҳитлер суол мекунад: -Чаро нерӯҳои низомии
худро дар марзхои мо му стақар кардед?

-Маъракаи тасарруфи Урупои ғарбиро ба поён расонидем ва
нерӯҳоямонро барон истироҳат ба он чо бурдем. Аммо чаро нерӯ-
ҳои шумо дар марзҳои мо мустақар шудаанд?

-Ба хотири он ки барон нерӯҳои шумо шароити хуби истиро-
ҳатй ба вучуд оваранд (олмонй)

Ба Сталин хабар оварданд, ки шахсеро пайдо кардаанд, ки
шабоҳати зиёде ба ӯ дорад. Сталин фармон дод: -Ҳар чй зудтар
вайро тирборон кунед.

-Шояд буруташ(сибилаш)-ро зад, то шабохат аз байн биравад?

-Бисёр фикри хуб! Аввал буруташро бизанед ва баъд тирборо-
наш кунед (гурчй)

Рабинович дар ойина ба акси худ нигоҳ мекунад ва мегӯяд:

-Ҳатман яке аз мо хабарчин аст (яхудй)

Ҳитлер барои хароб кардани шаҳри Лондон аз Сталин
кӯмак хост. Сталин ба вай пешниҳод кард, то як ҳазор мудири иҷ-
роии (шаҳрдори) коммунист идораи (контроли) шаҳри Лондонро
ба даст бигиранд (арманй)

Ду нафар дар зиндон бо хам дидор карданд.

-Туро ба чй иллат ба зиндон андохтанд?

-Барои наққошии (тоблу) «Ленин дар Порис».

-Ба хайр бошад! Дар он наққошй чй тасвир шуда буд?

-Як алочук (алочик) ва чахор пойи одамй аз он берун шуда.

-Пойҳои кй?

-Фарз кунем, ки Одаму Ҳавво.

-Пас, Ленин дар кучост?

-Дар кучо, дар кучо... Албатта, дар Порис!

-Чаро шаётин аз вуруди коммунистҳо ба дӯзах пешгирй меку-

1анд?

-Барои он ки коммунистхо дар он ҷо ба сохтани биҳишт анд

197
шуруъ мекунанд ва чое С арой зиндагин шаётин боки намемонад
(литовй)

Хону ми америкой ба дӯст(дугона i-аш нақл мекунад: -Вақте
дар Лондон (Ландан) будем, моро барэи дидани Мачлиси авом
бурданд. Ту ба худ тасав) iypauipo кун: чй кадар одам ба он чо рех-
та буд?

-Албнтта! Ин бисер чолиб аст. Мачлиси авом яке аз кадим-
тарин намс дҳои демокрасй дар Урупо.

-Ин харфхо чй?! Асди казия тамоман дигар аст. Он чо анвои
сандвичҳои арзон мефурӯхтанд (америкой)

Яке буд, яке набуд, зери гунбади кабуд шохе буд: бидуни
чашми рост, бидуни дастн рост ва бидуни пойи рост. Иоҳ наккош
(суратгар)- ро назди хеш х энд ва каши да] ш аксашро суп ориш кард.
Суратгар акси шоҳро бо ду чашм, ду даст ва ду пой ооарид. Шоҳ
фармон дод, ки суратгарро ба қатл бирасонанд. Ҳамин тур давро-
ни романтизм ба сар^омгд. Суратгари дигарро барон анҷоми ин
кор даъват карданд. У шоҳро якчашма, якдаста ва якпой тасвир
кард. Сарнавишти ӯ низ чунин шуд, ки суратгари қаблй дид. Ҳа-
мин тур умри реализми и тгиқодӣ низ бг поён расид.

Суратгари севвумрэ барои поён бахшидан ба иг кор даъват
карданд. У шоҳро аз нимрухи тарафи чап ба тасвир даровард.
Ҳамин тур реализми сотсиалистй огоз шуд (бел ору ей)

Ба ҳучраи (уток, селул) зиндон кашишро хул (тела) доданд.
Зиндониён бо тааҷҷуби шёд аз ӯ пурсон шуданд: -Хазрати оли-
ро барои чн гунохе ба зиндон оварданд?!

-Инпибоҳ аз банда cap зад: хангеми дуъо ба нақшаи панч-
сол аи давл атй умри тӯл ш ш таманно кар даам! (л атишй)

Дар мавриди ОлмоНи ҳитлерй пас аз имзои қарордоди сул-
ҳи соли 1939 мегуфтанд: Душманони чонии мо (бело])усй)

Ин воқеа дар замони ҷанги чаҳон ни дуввум рух дод. Пира-
зане тӯтии дастпарвардас (таълимдида дошт ва дар рустои на он

198
кадар бузурге дар Фаронса зиндагӣ мекард. Тӯтии пиразан одат
дошт ин тур садо баланд кунад: -Марг бар Ҳитлер!

Боре полисҳои махфии нозӣ (натсистй) вориди манзили
пиразан шуданд ва садои тӯтиро шунида, вайро тахдид карданд:

- Агар дафъаи дигар тӯтй ин ҳарфҳоро такрор кунад ҳам ту
ва қам тӯтиро тирборон мекунем.

Пиразан барои машварат ба назди кашиши католики деҳа
рафт, ки вай низ тӯтии дастпарвардае дошт. Кашиш пешниҳод
кард, ки тӯтиҳояшонро барои муддате иваз кунанд. Рӯзи дигар
полисҳои махфй боз ба манзили пиразан cap заданд. Ин навбат
тӯтии пиразан хомӯш буд. Ингор дар даҳонаш об гирифта бошад,
садое аз вай берун намешуд. Яке аз полисҳо барои таҳрики тӯтй
гуфт: -Март бар Ҳитлер!

Тӯтй бо фурӯтанй ба забон омад: -Худованд дуъои туро
мустаҷоб гардонад, писарам! (фаронсавй)

Кашиш ибодатро ба поён расонид ва эълон кард:

-Рӯзи якшанбеи оянда ман бо шумо дар мавзӯъи зиёни дурӯғ
сӯҳбат хоҳам кард, лизо барои осонтар шудани дарки мавзӯъи
сӯҳбат тавсия мешавад, ки шумо дар манзил боби ҳафтдаҳуми
гуфтор «Аз Ҳазрати Марки Муқаддас»-ро мутолаа фармоед.

Рӯзи якшанбеи дигар кашиш пеш (қабл) аз ибодат аз ҳози-
рин чунин дархост кард: -Хоҳишмандам ҳар кас, ки боби ҳафтда-
ҳуми гуфтор «Аз Ҳазрати Марки Мукаддас»-ро мутолаа карда-
аст, дасташро боло бардорад.

Тақрибан ҳамаи ҳозирин дастонашонро боло бардоштанд.
Кашиш ин вазъиятро дид ва ба онҳо гуфт: -Ба хамин хотир ман
мехостам дар мавриди зиёни дурӯғ сӯҳбат намоям. Боби ҳафтда-
ҳум дар он китоб аслан вуҷуд надорад (итолёй)

ЧАНД СУXАНИ ҲИКМАТОМЕЗ ВА ТАНЗ

Ҷорҷ Бернард Шоу (1856-1950) мефармояд:

-Шаҳодат танҳо роҳе аст, ки як мард метавонад бе дағдаға
машҳур шавад.

-Демократия абзорест, ки итминон медиҳад, ҳукумате бар

199
мо таҳмил шавад, ки сазовори беҳтар аз оннестем.

-Ҳегел рост мегуфг, ки мо аз таърих даре мегирем, чаро ки
ҳеҷ вақг касе аз таърих чизе ёднамегирад.

-Ҷаҳаннам пур аз оматурҳои (ҳаваскор, ғайриҳирфаи) ода-
ми мусики аст.

-Инглис (Англия) ва Америка ду кишваре ҳастанд, ки бо як
забони муштарак аз хам чудо шудаанд.

-Агар таърих худашро такрор кунад ва воқеаҳои гайримун-
тазира иттифоқ бияфтад, чӣ қадр сахт аст, ки аз таҷрибиётамон
даре бигирем.

-Метавонам Алфред Нобелро ба хотири ихтироъи динамит
бибахшам, аммо танҳо шайтоне дар либоси иблис метавонист
Ҷоизаи Нобелро ихтироъ кунад.

-Ҳама чиз барои ҳама иттифоқ меафтад, дертар ё зудтар,
агар замони кофй дар ихтиёр дошта бошед.

- Америкоиҳо маро мепарастанд ва он қадр маро ситоиш хо-
ҳандкард,точизихубедар бораашонбигӯям.

-Тахаюл огози халк (сохтан, офаридан) аст. Он чиро, ки дуст
доред, ба хаёл меоваред. Орзуи чизе, ки дар хаёлатон вучуд дорадро
мекунед ва саранҷом чизеро, ки орзуяшро доред, халк мекунед.

-Фақр решай хамаи шарорат аст.

-Зиндагй аз хандадор будан даст барнамедорад, ҳатто вақте
мардум мемиранд. Ҳамон тавр ки чизе аз ҷиддияташ кам намеша-
вад, вакге мардум механданд.

-Вақге чизе хандадор аст, бодиққат дар он ҳақиқате пинҳон-
роҷустуҷӯкунед.

-Зиндагие, ки ба иштибоҳ гузашта бошад, ифгихоромез нест,
аммо судмандтар аз зиндагие аст, ки ба ҳеҷ талаф шуда бошад.

-Ҳар марде дар бист солагй коммунист набошад, аҳмақ аст
ва ҳар марде, ки дар ей солагй коммунист боқй бимонад, аҳмак-
тар аст. Ду фочиа дар зиндагй вуҷуд дорад: аввал он ки ба орзуя-
тон нарасед, дигар он ки ба орзуятон бирасед.

-Одами мантиқӣ худашро бо шароит мувофиқ медиҳад...
аммо одами ғайримантиқӣ шароити пиромунашро бо худаш хам-
оҳанг мекунад. Кулли пешрафти башар баста ба одамҳои гаири-
мантиқй аст.

200
Ален Бент: Ман комилан тарафдори озодии баёнам, ба шар-
ти он ки шадидан тахти назорат (контрол) бошад.

Вилсон Миснер: Дуздидан аз як нависанда сиркати (дуздй)
адабй аст, аммо агар аз чанд нависанда бидуздед, номаш мешавад
«таҳқиқ».

Роберт Бенчили: Дувоздаҳ сол вактам гирифта шуд, то
кашф кардам, ки дар нависандагй истеъдоде надорам, аммо дигар
натавонистам аз ин кор даст бикашам, чун беш аз андоза машҳур
шудабудам.

Жан Кокто: Зиндагӣ сукутест уфукй.

Марк Твен: Асари классик асарест, ки ҳама кас орзу меку-
над, онро хонда бошад, аммо ҳеч кас намехоҳад бихонадаш.

Амбрус Пресс: Зеҳн чизест, ки бо он фикр мекунем, ки фикр
мекунем.

Рене Декарт: Ақли солим атоест, ки бехтар аз хар чиз дар
дунё тавзеъ шуда аст. Зеро хама фикр мекунанд ба андозаи кофй
аз онбахраманданд.1

1 Ҳикматҳо ва латифаҳои «Тӯтии хушсухан» аз «Ривоят мекунанд...» то
«Кашиш ибодатро ба поён расонид ва эълон кард» аз китоби «Антология
мирового анекдота. К Вам мой попугай не залетал? Киев: Довира, 1994» ба
форсии тоҷикй баргардон шудааст.

Қиссаи як аломати «Вергул», ки сарнавишти инсонро ҳал мекунад, дар
адабиёти хуқуқшиносии рус низ хеле маъруф аст. Рӯзномаи Шарқ, 26.10.2003,
№ 50, с.24.

Гоҳе як латифа умри дубора пайдо мекунад ва тамоман дар чойи дигар
ва шароити мутафовит ба оғози нав шурӯъ менамояд. Аммо мазмун хамон аст,
ки дар он фаъолияти қишри пуркори инсоният - нерӯҳои амниятй - таҷассусӣ
мавриди баррасй ва танз қарор гирифтаанд. Барой намуна ин ду латифаи нама-
кинро мисол меоварем, ки дар огози истиқрори низоми коммуниста дар як
гӯшаи паҳновари кишвари шӯравй гӯё иттафоқ афтодааст ва пас аз ҳаштоду
анд сол дар Иёлоти Муттахиддаи Америка аз нав ба умри худ идома медиҳад.
Онро дар нусхаи асл ва баргардон мехонем:

201
1919 год. Рабинович мобилизован в Красную Армию. Приходит теле-
грамма отжены: «Надо сажать картошку, некому копать огород».

Рабинович - жене: «Не перекапывай, в огороде зарыт пулемёт».

Жена - Рабиновичу: «Приходили из ЧК, перекопали весь огород».

Рабинович - жене: «Сажай картошку».

Антология мирового анекдота. К Вам мой попугай не залетал? Киев.
Довира, 1994, с. 105-106.

Соли 1919. Рабинович барои хидмат ба сафи Артиши Сурх сафарбар
мешавад. Аз ҳамсараш барқия (телеграмма, телегроф) мерасад: «Бояд себ-
заминй (картошка) бикорем, аммо касе нест, ки заминро шудгор (шухм)
кунад».

Рабинович дар чавоб ба ҳамсараш чунин баркия мефиристад: «Заминро
шудгор накун, ман дар полиз мусалсал (пулемёт) пинхон кардаам».

Ҳамсараш ба Рабинович баркия мезанад: «Аз Комисиони фавкулодда
(ЧК - падари КГБ) омаданд ва тамоми заминро зерурӯ карданд».

Рабинович ба ҳамсараш менависад: «Ҳоло себзамини бикор».

Агар дар соли 1919 «мубориза бар зидди душманони синфи ва гурдони
сафед» шиори рӯз буда, пас аз воқеаи 11.09.2001, ки дар Ню-Иорк итгифок
афтод, латифаи боло дар ИМА зухур кард ва холо маншаи ин заминкови
«мубориза бо даҳшатафканй» номида мешавад. Онро бо хам мурур мекунем:

Мазраъаи себзаминии мисрй

Пирамарди мисрй танҳо дар Иёлати Айҳова дар Америка зиндаги
мекард. Ӯ мехост мазраъаи себзаминиашро шухм (шудгор) бизанад, аммо ин
кори бисёр сахте буд. Танхо писараш Абдулро, ки каблан кумакаш мекард,
FBI ба итгиҳоми ҳамкорй бо террористҳо боздошт карда буд. Пирамард номае
барои писараш навишт ва вазъияти душворро барои ӯ шарх дод: «Абдулҷон!
Вазъияти бисёр баде дорам, чун ба назар мерасад, нахоҳам тавонист мазраъаи
себзаминиро бикорам. Ман пиртар аз он ҳастам, ки битавонам тикказаминеро
шухм бизанам. Агар ин ҷо будй, мушкиле надоштам. Медонам заминро
бароям шухм мезадй. Падарат Мухаммад».

Чанд рӯз баъд вай паёме аз писараш дарёфт кард: «Бобоҷон, туро ба
худо, он мазраъаро шухм назан, ман чизҳое он ҷо пинхон кардаам. Абдул».

Соати чаҳори бомдоди субҳи рӯзи баъд сэру каллаи маъмурони FBI ва
пулиси маҳаллй дар мазраъаи пирамард пайдо шуд. Онон тамоми минтақаро
дар ҷустуҷӯи чизе, ки пинҳон шуда бошад, зерурӯ карданд, бе он, ки асаре аз
он ба даст оваранд. Аз пирамард узрхоҳй карданду рафтанд. Ҳамон рӯз пира-
мард номаи дигаре аз писараш дарёфт кард: «Бобоҷон! Ҳоло ба кор идома
бидеҳ ва себзаминй бикор. Ин беҳтарин коре буд, ки тавонистам дар ин
шароит анчом бидиҳам».

ҶонатанДевидсон.Ҳамшаҳрӣ. 18Тирисоли 1382 =: 9.07.2003, с. 16.

«Чанд сухани хикматомез ва танз» аз «Рӯзномаи Шарк» №372 аз
23.12.2004 ва N9 97,4 Дай, с. 1382 = 24.12.2003.

202
ДОСТОНИ МУРДАШУЙ ВА ТУРКОВ

(Накопи ҳавл аз забони мурдашӯй)

Даҳ сол пеш аз рӯзгор бо кӯмаки муллой шаҳрак (деҳшӯро)
ва дастгирии марди шариф-гӯркови мардуми азизи ин сарзамин-
амаки Насриддин вазифаи мурдашӯйй дар ҳамоати деҳоти Сарви
Баландро бар ӯхдаи ман вогузор намуданд. Мурдашӯйи пешин-
Мулло Ҳамза, ки устоди банда низ маҳсуб мешуд, дар ду-се соли
ахир бо ҳиллаву найранг ва гӯл задани мардум дили бисер довта-
лабҳои биҳиштро аз он дунё хунук кард ва ба раванди маргу мири
табиии аҳолӣ латмаи шадиде ворид сохт. Дар натиҷа афзоиши
аҳолӣ чанд дарсад зиёд шуд ва масъалаи таъмини мардум ба ма-
води ғизоӣ низ ба масъалаи дардисарофарини ҳамагонй табдил
ёфт.

Мулло Ҳамза дар оғоз эълом кард, ки ба манзили нав эҳтиёҷ
дорад, зеро писаронаш бузург шудаанд ва ҳар кадом барои зист
хонаи ҷудогона мехоҳад ва агар барояш манзили хуб ва муносиб
(албатта, бепул) надиҳанд, ҳеҷ мурдаеро нахоҳад шуст ва мурда-
хо рӯйи хонаҳо ҳайрон хоҳанд монд. Дар ҷаласаи фаврй ва фавқу-
лоддаи шӯрои шаҳрак (деҳа) масъалаи эхдои манзили нав барои
мурдашӯй-Мулло Ҳамза баррасй ва ҳалли мусбати хешро пайдо
кард.

Аммо чанде пае, боз Мулло Ҳамза ҳангоми фавти як ман-
сабдори бисёр баобрӯ изҳор дошт, ки барояш бояд як савории хо-
риҷӣ тӯҳфа диҳанд. Мулло барои он ки ин талаби худро ба иҷро
гузорад, аз ташриф бурдан ба манзили майит даст кашид. Ноилоҷ
барои аз ин вазъияти тамоман ночӯр ва шармандагй берун омадан
ва нарехтани обрӯйи мардуми шаҳрак ва шахси мурда соҳибмур-
да ва хешовандонаш ба таврӣ дастаҷмъӣ ба Мулло Ҳамза як саво-
рии «Тойота» тӯҳфа карданд. Пас аз ин воқеа, мардум аз мурдан
мурданивор тарсиданд ва барои аз дасти Ҳазрати Азроил раҳо
шудан бо баҳонаи пайдо кардани кор (шуғл) ба шаҳрҳои Русия
паноҳ бурданд. Чанд нафар барои осонтар кардани мушкили мар-

203
гу мири худ ба ойини масеҳият гаравиданд ва раванди ин гарой-
иш густариш пайдо кард. Аммо дар ойини масеҳият низ аз дасти
мурдашӯй роҳи халосие вуҷуд надоштааст. Ниҳоят Худованди
бузургвор ба доди бандагони бешумораш расид ва Мулло Ҳамза
бе эълони пешакӣ (қаблй) фавт кард ва мардум дар интихоби
мурдашӯйи ҷавонтар афтоданд, то дигар ба хидмати пири фартут
ва пурнозе эҳтиёҷ надошта бошанд.

Дар оғоз кори мурдашӯйии ман хеле хуб пеш мерафт. Наме-
донам бар асари бадбахтиҳои пешбининашуда ё дигаргуниҳои
ғайричамдошти ҷомеа дар замони нав, ки дертар лақаби «пасаз-
шӯравӣ»-ро ба худ гирифт, ногаҳон марту мири мардум зиёд шуд
ва равнақи бозори шутли банда ба авҷи аълои хеш расид. Ҳеҷ гоҳ
дар таърих бозори мурдашӯйӣ ин қадар фаъол набуд. Худо пада-
ри мурдадорҳоро биёмурзад, ки ҳангоми пардохти ҳаққи заҳмати
хоксоронаи банда хасисиро бар худ раво намедиданд: ҳам пули
хуб медоданд ва хам сэру либоси нав. Соҳибони мурда бар ило-
ваи ҳамагуна хароҷот боз моро иззату икроми зиёде карда, то да-
ми дари ҳавлиам бо саворй меоранд (барои рафтан ба манзили
майит низ ҳатман бароям саворй мефиристанд).

Баъзе рӯзҳо дар шаҳраки ху дамон ва деҳоти гирду атроф ду-
се мурдаро ба хок супурдан рост меояд. Соҳибдаракҳо низ барои
зудтар анҷом додани суннати аҷдодӣ-бахоксупории майит ачала
доранд. Нахуст, ҳеҷ соҳиби мурда дӯст надорад, ки ҷасади майит
дар хона маътал шавад ва ё онро ба сардхона (морг) бибарад.
Сониян, аз вучуди сардхона дар шаҳру ноҳияҳои мо ва наздик хеч
хабару дараке нест (ва ҳатто агар касе дар бемористон ҷон ба ча-
ҳонофарин таслим кунад, пизишкон зуд ҷасади мурдаро аз он чой
берун оварда, ба соҳибони мурда медиҳанд, то аз шарри нигаҳ-
дории мурда халос шаванд).

Аслан касби асосии ман омӯзгорист-муаллими риёзй хас-
там. Донистани риёзиёт (математика) ҳангоми чену ҳисоби (ба-
ровард кардан, андоза гирифтан) кафанбуррй барои майит хеле
хуб ба кор меояд. Ҳар ваҷаби ман ба бисту панч сантиметр баро-
бар аст ва бо як бор чен кардани порчаи суфи сафед кафанро ба
тани майит дуруст мекунам. Мурдашӯйҳои пешин танҳо барои
дуруст кардани кафан як-ду соат вақт сарф мекарданд, вале ҳоло

204
ман ин корро ба тури аҳсан дар панҷ дақиқа анҷом медиҳам.
Ниҳоят, мурдашӯйи дорои маълумоти олӣ ва он ҳам тахассусаш
риёзиёт, то ба имрӯз дар тамомии ин минтақа ба чашм нахӯрдааст
ва касе дар ин маврид чизеро дар ёд надорад. Хулоса, ба назари
мардум шуғли банда дар айни замон бидуни ракобат аст.

Лекин чандест, ки маро баъзе масъалаҳои ҷанбӣ ба ташвиш
овардааст. Ду сол мешавад, ки райиси шаҳрак (деҳшӯро) ба кор-
ҳои ман таваҷҷӯҳи хосе зоҳир карда, мехоҳад, ки яке аз дастни-
шондҳои хешро ба ҷойи ман баргузинад. Райиси деҳшӯро одами
бисёр мӯҳтарам ва қаттолу маккор аст. Тамоми дору дастгоҳашро
барои ҳокимият ба тури демократа интихоб кардааст, яъне ҳамаи
мансаб ва вазифаҳоро ба хешу табори худ бо ҳам дидаанд (қисмат
карданд) ва ҳатто дар вазифаҳои оддитарин, аз чумлаи рӯфтага-
рони кӯчаву хиёбонҳо, аробакашҳои бозор ва «мутахассисони
ҳирфан бостонӣ»-ро низ танҳо аз қавми хеш мегузорад, то ба
зинаҳои ҳокимият ва шаъну шавкаташон латмае ворид нашавад.

Пештар ҳоҷатхонаҳои умумӣ дар ҷой ҷойи шаҳрак ба вижа
бозор, истгоҳҳои автобус, фурудгоҳ ва қатор (вокзали роҳи оҳан)
фаъол буданд ва мардум аз онҳо ба тури ройгон истифода мекар-
данд. Аммо имрӯз домоди райиси деҳшӯро ҳамаи ҳоҷатхонаҳои
(дастшӯйӣ) шаҳракро ба милки хусусй табдил карда, ҳад ди акса-
ри истифода аз онҳоро марому мақсади хеш қарор додааст. Аз-
баски дар ин сарзамин таваррум (инфляция) ва фақр доду бедод
мекунад, ҳар сол нархи вурудии ҳоҷатхонаҳо мувофиқ бар боло-
равии таваррум афзойиш меёбад. Мардуми мо бисёр ҳунарманд
ва боҳушанд ва дар муқобила бар ҳоҷатхонаҳои гаронқимати
домоди райиси шаҳрак (деҳшӯро) ба кунҷи девори сохтмон ва
биноҳои иқоматй, ҷойҳои аз чашми одамон пинҳон ва канори
рӯдхонарӯй овардаанд. Шабҳо дар кӯчаҳо пиёдаравй хатарнок ва
хатарноктар шуд. Натиҷаи кор ба ин ҷо кашида шуд, ки ҳамаи
ҷойҳои каме аз назари халоиқ пинҳон ва канори роҳу роҳравҳо
пур аз наҷосат ва касофат шуд. Ҳоло райиси шаҳрак (деҳшӯро)
барои боло бардоштани фарҳанги ҳоҷатхонаравии шаҳрвандон
қонуне тасвиб намуда, ки ба мӯҷиби он нигаҳбонии кӯчаву пас-
кӯчаҳоро бар ӯҳдаи полис вогузор кардааст, то мардум ба ҳоҷат-
хонаҳои пулакии домодаш муроҷиат кунанд. Рӯзномаҳо низ ба-

205
рои амалӣ гардидани ин қонун камари ҳиммат баста, ба таърифу
тавсифи хидматҳои бузурги райис ва домодаш дар заминай зару-
рати ҳоҷатхона пардохтаанд.

Домоди дигари райиси шаҳрак (деҳшӯро) хадамоти баста-
бандии чизу чораи (мол) мусофирон дар фурудгоҳи маҳаллиро аз
они худ кард. У барои дар сарватандӯзӣ аз боҷааш (боҷаноқ) ақиб
намондан, ҳиллаҳои нав ба нави ғайришаръиро ба кор гирифт. Аз
чумла, ҳаққи заҳмати кормандон-бастабандҳоро ду баробар пой-
ин овард, вале нархномаи бастабандиро се баробар боло бурд.
Бар замми ин, барнагардонидани пули бақияи мусофиронро ба
суннат табдил дод...

Духтари райиси шаҳрак (деҳшӯро) хадамоти танзими рас-
му ойинҳоро бар ӯҳдаи хеш гирифтааст. Ана, ҳамин духтари
воломақоми райиси мӯҳтарами шаҳрак (деҳшӯро) ба шуғли бан-
да низ чашм ало карда, мехоҳад, ки зери номи зебои «пардохти
молиёт» аз ҳаққи заҳмати хоксоронаи мо музди хубе ба даст ова-
рад. Ба қавли ин духтари айёши райиси шаҳрак (деҳшӯро) «кори
мурдашӯйҳо ва гӯрковҳоро ба тури санъатй (яъне «промышлен-
ный») метавон ба роҳ монд». Ин суханони духтари райиси деҳ-
шӯро дар воқеъ маро сахт ба ташвиш овардааст. Зеро пагоҳ-
фардо на танҳо аз мурдашӯйй ва гӯрковй молиёт пардохтан
лозим меояд, балки лозим аст, нақшаи марту мир ва барномаи
солонаи онро низ тартиб дод.

Барои ба танзим даровардани кори мурдашӯйҳо ва гӯрков-
ҳо духтари райис дар cap андешаҳои шуме дорад. Ӯ мехоҳад, ки
ҳамаи мурдашӯй ва гӯрковҳо дар минтақа низ аз хешу ақрабояш
бошанд, то ба тури комил ҳам зинда ва ҳам мурдаи мардум дар
дасти хонадони райиси шаҳрак (деҳшӯро) қарор бигирад. Ба
ҳамин ният чанде пеш як нафар аз наздиконашро ба унвони
(сифат) шогирд ба назди ман ва гӯрков-амаки Насриддин фирис-
тод. Мо бо амаки Насриддин хеле улфат ва қарин ҳастем, то ҳадде
ки «кил аз байнамон намегузарад». Амаки Насриддин марди бис-
ёр шӯхтабъ ва кордон аст. Наздик ба бист сол мешавад, ки гӯри
ҳамаи мурдаҳои ин диёрро мекобад. Ҳунари гӯркобии вай вирди
забонҳост. Ҳатто ба қавли маъруф «амаки Насриддин рӯйхати
махсуси ашхоси мурандаро дар даст дорад, то гӯри онҳоро зуд ва

206
сари вақт омода созад ва ҳеҷ кас барои ба хок супурдани онҳо
маътал нашавад».

Амаки Насриддин барои барҳам задани нақшаи шуми дух-
тари райиси шаҳрак (деҳшӯро) ба май пешниҳод карданд, ки
шогирди фармоиширо каме адаб биёмӯзем. Май ба ин пешниҳод
розӣ шудам. Иттифоқан шогирди нав бачаи бисер шилқин (ла-
чуҷ) рӯзи мурдаи мансабдори ноҳия - Шаҳобиддин - райиси Идо-
раи савдо ва бозор ва яке аз муқаррабони дӯстдоштаи райиси
шаҳрак (деҳшӯро), сари расми шустани мурда ҳозир шуд. Мо аз
анбори масҷид тахтаи мурдашӯйӣ ва таштҳоро ба манзили майит
овардем. Шогирди шилқин қадам ба қадам бо мо буд ва ҳар бор
баҳудаву беҳуда аз мо суол мекард:

-Барои шустани як мурда чй кадар об сарф мешавад?

-Шастман.

-Шаст манаш чанд литр мешавад?

-Дакик намедонам, вале шояд сй-чиҳил литр шавад.

-Ин шаст манаш чанд тагора об мешавад?

-Бастагӣ дорад, ки тагораҳо чандлитрист?

-Тахминан?!

-Навад тагора!

-Тағораҳои чандлитрй?

-Боз мегӯям, ки ҳамаи ин андозагириҳо бастагӣ ба ҳаҷм ва
зарфияти тағораҳо дорад.

-Ҳангоми шустани мурда чй хел ва чанд бор ба он об
мегиранд?

-Аввал қисматҳои аз зону боло то ноф, яъне пушту пешро
бо об пок мекунанд ва пас аз он ба дигар ҷойҳои бадани майит об
мегиранд.

-Яъне аввал бояд мустаҳаб кард.

-Такрибан.

-Агар ин корро накунем чй мешавад?

-Мурда ҳаром мемонад.

-Кй дар ин давру замона ҳалол ё ҳаром будани мурдаро
мепурсад?

-Албатта, райиси шаҳрак (деҳшӯро) ҳоло дар он дунё чой ё
макоми муносибе надоранд, ки ҳамаи ин корҳоро зери назорати

207
хеш бигиранд, вале пурсандаҳои ҳирфаӣ аз бӯю тафи майити
ҳаром ба дод омада, ҳатман вайро рост ба ҷаҳаннам мефиристанд
ва мурдашӯй низ ба дунболи ҷинояташ ба он ҷойи наҳс меравад.

-Ягон шахси восита ё хешу табор бо он пурсандаҳо дар мав-
риди сарфи назар кардан аз шустушӯй ё худ «исмоилдавон кар-
данам мурдаҳо гуфтугӯ кунад, корҳо дуруст мешавад?

-Ман шумораи телефони сайёр (бесим, дастӣ, ҳамроҳ) ва ё
собити онҳоро намедонам. Агар шумораи телефони онхоро ба
даст биёварам, ҳатман дар ихтиёри шумо ва ё райиси шаҳрак
(дехщӯро) қарор медодам, то худи ҷаноби олӣ мустақиман бо
пурсандаҳо сӯҳбат фармоянд.

-Наход ширкатҳои мухобиротии «Тоҷиктелеком», «Инди-
го», «Babilon-М» ва « MLT» хам шумораи телефони он пурсан-
даҳоро надошта бошанд:

-Шояд ин ширкатҳое, ки ҷаноби олй ном бурданд, шумораи
телефони Азроилро дошта бошанд, вале шумораи телефони пур-
сандаҳо, аз чумла Ҳазрати Микоил, дар инҳисори ширкатҳои
америкоӣ қарор дорад.

-Бояд сим-карти ширкатҳои мухобиротии америкоиро ха-
рид, на «Тоҷиктелеком», «Индиго», «Babilon» ва « MLT»-po.

-Комилан дуруст фармудед, ҷаноби олй! Барой гуфтугӯ бо
пурсандаҳо телефони моҳвораӣ ва байниқорай лозим аст. Сим-
карти ширкатҳои мухобиротии «Тоҷиктелеком», «Индиго», «Ba-
bilon» ва « MLT» дар ин маврид ба дард намехӯрад. Ин ширкат-
ҳои мухобиротии маҳаллӣ дар кишвари сарватманд ва сарбалан-
ди мо танҳо бо нархномаи бисёр боло кор карда, аз мардум пул
ҷамъоварӣ мекунанд (меғундоранд) ва ҳамаро бо нархномахои
боло ва номахдуд, ба вижа аз ду ҷониб-ҳам хурӯҷӣ ва вурудии
занги телефон, горат мекунанд, вале ҳеҷ коре бо онҳо ба субут
намерасад. Вақте чаноби олй соҳиби телефони моҳвораӣ шу-
данд, гӯширо ба дасти райиси мӯҳтарами шаҳрак (деҳшӯро)
бидиҳед, то худи он кас ба шахси пурсандаҳо рӯйрост сӯҳбат
фармуда ва дар мавриди «ношуста ба он дунё фиристодани май-
ит» гуфтугӯ кунанд ва он гоҳ масъала рӯшан хоҳад шуд. Мо хам
аз сарфи беҳудаи об, ки неъмати парвардигор аст ва барои хама-
гон манбаи ҳаёт аст ва эҳтиромаш дар Ҷумҳуриятамон воҷиб аст,

208
хал ос мешавем.

Пас аз ин пурсиш ва посухҳои ширин шустани мурда cap
шуд. Дар ин кори хайр амаки Насриддин ва шогирди нав ба ман
кӯмак мекарданд. Шустушӯйи майитро бо дарназардошти дасту-
рот ваталаботи бехдоштй, исломй ва инсонй ба охир расонидем.

Мо мурдаро пас аз шустан ба тахтаи дастадор (мисли кати
якхоба) ҷо ба ҷой карда, сарашро боло бардоштем. Ҳоло мурдаи
тоза ва ҳалол дар хона мисли одами зинда қомат рост кард. Шо-
гирд бо тарсу ҳарос ба шиками варамида ва монанди каҷоваи
бузург берунҷастаи райиси Идораи савдо ва бозор менигарист ва
ғарқи хаёл шуд. Дар ҳамин лаҳза садои ширадори амаки Насрид-
дин шогирдпешаро ба худ овард.

-Мурда пас аз даҳ-бист дақиқа тамоман хушк мешавад. Ба-
рой кафан овардани порчаи суфи сафед (кафанворй) лозим аст.
Тезтар ба хонаи дарун рафта, кафанвориро биёваред. Шумо мах-
рам ҳастед. Аз занҳо кафанвориро пурсед, бароятон медиҳанд...

Шогирдпеша бо шунидани ин амр хост ҳар чй зудтар аз
пайи кор шавад ва ба ҳамин ҳадаф фаврй саду ҳаштод дараҷа тоб
хӯрда, ба тарафи дари хурӯҷй роҳ пеш гирифт. Ҳанӯз гоми дув-
вумро набардошта, нақши замин шуд ва мурдаи дар тахтаи мур-
дашӯйй рост истода дақиқ бар рӯйи вай уфтод. Садои ҷонхарош
ва доду фарёди осмонтароши шогирдпеша аз зери мурдаи райиси
Идораи савдо ва бозор ба фалак печид. Мардуми дар берун-рӯйи
ҳавлии майит ҷамъомада, аз ин садо ба таҳлука афтоданд, ки чй
хабар шуда бошад. Касе гӯё гуфтааст, ки мурда зинда шуда, ба
шогирди нави мурдашӯй ҳамла кардааст, ки ӯро ноҳақ ба он дунё
мефиристанд.

Амаки Насриддин филфавр ба кӯмаки ин шогирди бахт-
баргаштарасида, вайро аз чанголи мурда раҳонидан мехостанд:

-Ё Ҳазароти Азроилу Микоил! Тӯба кардам! Шумоҳо мур-
даи ҳалолшусташударо монда, ба ин зиндаи ношуста чй кор до-
ред?! Ин бечора шогирди нави мост. Киш-киш!

Ман дуртар аз онҳо пушти тахтаи мурдашӯйӣ истода будам
ва ба кӯмаки амаки Насриддин расида, мурдаро аз болои зинда
бардоштам. Бечора шогирпеша аз тарси ҳуҷуми ногаҳонии мур-
даи бекафан забонашро тамоман гум карда, танҳо бо ишорати но-

209
мафҳум аз мо мехост, то ҳар чӣ зудтар ӯро аз ин мурдахонаи наҳс
берун барем. Мо-ду нафар мурдаи ҳақиқиро канор гузошта, ҳоло
ин зиндаи мурдамонандро рӯйи дастҳоямон бардошта, ба берун
ишгиқол додем. Зарурат пеш омад, ки мурдаро аз нав бишӯйем ва
каме дертар аз вақти қаблӣ кафан кунем.

Он рӯз шошрпешаи духтари райиси шаҳрак (деҳшӯро) фи-
ристода аз марги ҳақиқӣ наҷот ефт, вале умр барояш вафо накард:
расо пас аз як хафта, ӯ дар сафи муштариёни азиз, аммо бмдуни
сафи мо қарор гирифт.

Дили духтари райиси шаҳрак (деҳшӯро) бо ин фоҷиа низ
орому қарор нагирифт ва аз сари мо дастбардор нашуд. Воқеаи
бар сари шогирпеша омадаро як ҳодисаи таоодуфӣ талакқй кар-
да, боз як нафари дигар-ин навбат писари амакашро ба шогирдии
мо фириетод. Мо хак надоштем ин бор низ ба шогирди нав ҳамо-
нанди пеш вокуниш нишон диҳем. Бояд сабш корамонро дигар-
тармекардем.

Шогирпешаи нав, аз шогирди худораҳматй ҳам шилкинтар
будааст. Доиман суол мекард ва дарси ахлоқ бароямон мехонд:

-Барои шустани як мурда чанд сомонй ҳақ мегиред?

-Ҳаққи заҳмати мо ба фарбеҳии (чоқии) ҳамён ва саховат-
мандии соҳибмурда бастагй дорад.

-Ба ҳар ҳол тахминан чанд баке мешавад?

-«Бакс»-аш чй ман намеданам, вале ба сомонӣ баъзан бист
ва гоҳе сито мешавад?

- Аз ин маблағ ба давлат чй қадар молиёт мепардозед?

-Дар сол ё аз ҳисоби ҳар мурда?

-Албатта, молиёти давлатй мувофиқи конуни муваккатӣ,
ки ба наздикӣ Вазорати дорой таҳия ва тасвиб кардааст, бояд
дувоздаҳ дарсади музди кории шуморо ташкил диҳад! Бояд гуфт,
ки агар мурдаи шусташуда зинда шавад, он гоҳ дарсади андоз аз
фаъолияти шумо боло меравад ва шояд ба бист дарсад расад.

-Росташро бигӯям, то имрӯз дар бораи андоз (молиёт) аз
муцрдашӯйӣ ҳеҷ қонуне дар Мачдиси намояндагон тасвиб машу-
дааст, ки ман молиёт пардохт намоям.

-Одамон дар давлати озод, соҳибистиклол ва тайримазха-
бии (дунявии) мо барои об, хаво (масалан, ба гчуз он ки мардум аз

210
ҳаво нафас мекашанд дастандаркорони ширкати миллии “Ҳавои
тоза” бо масъулияти махдуд дар ин сарзамин боз ба ҷойи газ дар
лӯла боди фишурдаро маҳкам ҷо ба ҷо карда, ба хонаҳои шаҳр-
вандон бо шиддати баланд мефиристанд ва ҳисобкунак-контури
газ ду-се соат кор мекунад ва одамон маҷбуранд барои ин коркард
пул пардозанд) ва табиат ва ҳатто мурдан низ ба давлат андоз
месупоранд. Чаро мурдашӯйҳо аз ин қавонин истисно бошанд?!

-Агар зиндагӣ чунин сахтиҳо дорад, пае, ман ба наздикӣ аз
мурдашӯйӣ истеъфо медиҳам. Худи шумо ба ҷойи ман кор карда,
I андози солонаи мурдашӯйиро бипардозед беҳтар аст. Нуран ало
| нур мешавад: ҳам мурдаҳо розӣ ва ҳам зиндаҳо ба ин андоз ман-
фиатдор мебошанд.

-Райиси мӯҳтарами шаҳрак (деҳшӯро) доиман дар мавриди
сари вақт пардохтани андоз ба шаҳрвандон ҳушдор медиҳанд.
Зеро пардохти бамавқеи андоз, кӯмак ба пирон, мустмандон,
бознишастагон, ятимон, муаллимон, ҳуқукбигирон, кормандони
давлат мебошад. Шуғли аслии шумо муаллимист, пас, чаро дар
ин бора фикр намекунед?!

-Фурсат нашуд, ки сари ин масъала дурусттар фикр намоям.

-Минбаъд дар ин бора фикр намоед, агар нафаҳмед, аз мо
пурсед.

-Чашм!

Ман бо амаки Насриддин машварат оростам, ки чй кор ме-
тавонем бикунем. Ду мурдаро бидуни ягон ҳодиса шустем. Рӯзе,
ки вақти шустани мурдаи севвум фаро расид, шогирдро пеш
гузарондем, то ҳамаи корҳои шустушӯйро худаш анҷом бидиҳад.
Ба хотири тамоман ором кардани шогирд барояш гуфтам:

- Аз ин ба баъд шустани мурда бар ӯхдаи шумо вогузор меша-
вад. Ман ба корҳои шумо танҳо назорат мекунам. Ҳунари худро дар
шустани мурда нишон диҳед. Пас аз он ки се-чаҳор мурдаро ҳалол
шустед, ман аз вазифаи мурдашӯйӣ истеъфо медиҳам ва ба кори
муаллимӣ бармегардам ва аз ҳамон андозе, ки шумо аз мурдашӯйӣ
хоҳед пардохт, маош гирифга, зиндагиамро хоҳам чархонд...

Шогирдпеша аз ин хабар бисёр хушҳол шуда, дарҳол гӯ-
шии телефони ҳамроҳро аз ҷайбаш берун овард ва ба шумораи
телефони духтари райиси (шаҳрак) деҳшӯро занг зад:

211
-Апаҷон! Дуо кунед, ман ба кори мурдашӯйӣ cap кардам.
Имрӯз бори нахуст мурдаро худам хоҳам шуст ва пас аз се-чаҳор
мурдаи дигар, ҳамаи корҳои мурдашӯйии минтақа дар дасти
худамон қарор мегирад...

Шогирд ба шустани мурда оғоз кард. Ҳанӯз ба сари мурда
об гирифтан тамом нашуда, банохост дасти шогирд дар ҳаво шах
шуд (хушкид). Ман бо чашми ҳайрат ба тарафи вай нигаристам.
Шогирд гунг буд. Намедонам ин ҳодиса чй тур рух дод, ки ҳанго-
ми об гирифтани cap, мурда шогирди азизи моро дар оғӯш гириф-
тааст. Ҳоло зинда гунгу лол буд ва аз ҷояш ҳеҷ такой намехӯрд,
гӯё вайро дар рӯйи хона мехкӯб кардаанд. Ба гумонам шогирд аз
ин ҷасорати мурда мурданивор тарсида, дигар маҷоли ҷунбидан
аз ҷойи худро надошт. Ман бо мушоҳидаи дар кучо қарор дош-
тани дасти мурда онро аз шонаи роста шогирд бардошта, фурсат-
ро ганимат донистам ва сари дастро ба кисаи шалвори амаки Нас-
риддин андохтам. Амаки Насриддин аз ин шӯхии ман бехабар но-
гоҳ расидани чизи ношинос ба баданашонро эҳсос карда, бо садо
баланд фарёд заданд:

-Дастатро бардор, нокас! Як касро ба оғӯш гирифтӣ, кифоят
мекунад. Дастатро бигир, вагарна як лагад ба шикамат мезанам...

Суханони амаки Насриддин шогирди лолшударо каме ба
худ овард ва ӯ чуссаашро аз ҷасади майит канор кашид. Ман як
каф оби хунукро ба рӯяш пошидам ва дуо хонда, ба сарӯ рӯяш
«куфу суф» кардам...

Шогирди бахтбаргаштаи мо пас аз ин ҳодисаи шум ба бемо-
рии дилзанак мубтало шуд ва ҳар аз гоҳе васвосӣ мешуд ва дар
рӯйхати (феҳрист) муштариҳои зудҳангомамон (бидуни саф)
қарор гирифт. Пас аз ин воқеаҳо духтари райиси шаҳрак (деҳшӯ-
ро) аз сари ман даст бардошт, вале ба тури шадид дунболи мурда-
шӯйи занҳост, то вайро маҷбур ба истеъфо созад ва хешашро ба
ҷойи вай баргузинад.

Хушбахтона, пас аз ин ҳодисаҳои ногувор, бозори кори
банда, боз рӯ ба беҳбудӣ гузошт. Чун (азбаски) мурдашуйҳои
дигар маҳаллаҳо ва дехоти гирду атрофи шахраки мо ба худ
мақоми расмӣ-давлатӣ гирифтанд, дар мухолифат бо онҳо об-
рӯйи ман ва амаки Насриддин хеле боло рафт ва мисли «каллаи

212
оти муҳимми таърихӣ мебошад. Ва нерумандии ин мелодӣ на
танҳо ба маънии таъсири амалиаш бар мост, балки нерумандии
вай ба он маъно низ ҳаст, ки хосиятҳои истибдодии онро худи
Шопен ҳангоми ба дунболи ҳормониза ва такмили хама нозуки-
ҳо, хамҳо(найрангҳо)и ин ташкили сахтгирона ва тасхиркунан-
да дар хеш таҷриба кардааст. Барой намуна бо халли умумитар ва
мӯътадилтар мавзӯъи (тем) севвуми этюди E-dur барои муаллиф
метавонист шӯҳрати беҳтарини маҷмӯъаи таронаҳои (лидҳо)
Шуманро ба даст биёварад. Аммо на! Барои Шопен ин мелодй
таҷассуми ҳақиқат будааст. Дар паси он кадом як тасвири вокей ё
худ иттифоқе (боре замоне ки шогирди мавриди алоқаи Шопен
ин қитъаро менавохт, Шопен мушти гиреҳкардааашро боло
бардошта, чунин хитоб кард: -Оҳ, Меҳани ман!) қарор дошт.

Ва хол Шопен ба хастагии мудёнтҳо ва модулосюнҳо (мо-
дуляция) афзуда, зарур дониста, то охирин нимпардаи фавосили
дуввум ва севвум бахши миёниро аз назар гузаронда, то барои ҳа-
маи шар-шар ва саррез шудани ин мавзӯъ (тема) ба ин пешсурат
содиқ бимонад ва аз ҳиқиқат дур нашавад.

Ё худ рӯҳия дар этюди хаждахуми gis-moll тертсиё (терция)
бо роҳи зимистона (ин мавзӯъ бештар ба этюди ҳафтуми C-dur
нисбат дода мешавад) ба рӯҳияи маҳзунона(элеготик, элегия)и
Шуберт монанд буда, мумкин буд, ба он бо камтарин ҳазина
нойил омад. Аммо на! На танҳо ғӯта хӯрдани суртма (чана) дар
пасту баландиҳо (чолароҳ) мавриди баён қарор гирифтааст, бал-
ки дар хати тирмонанди роҳ доиман барфпораҳо дар холи парвоз
хат мекашанд ва дар гӯшаи дигари уфуқ сурбе сиёҳ саф кашида ва
ин нақшу нигори мӯшикофонаи фироқро танҳо ҳамин тур минор
(minor)H хроматик(кроматик)и ҷарангосзананда-ҷарангасза-
нанда ва гоҳе гумшаванда, беҳис зангзананда ва хомӯшшаванда
ифода мекунад.

Ё худ дар «Баркаролла» (Barkarolla) тасаввур (хотира) бо
«Таронаи Гондолез»-и Менделсон шабохат дорад, ки мумкин
буд, онро бо василаҳои мутавозеътар (маҳчубтар) ба даст овард
ва ҳамон вахт ин тахмине шоирона мешуд, ки мо онро одатан ба
чунин унвон вобаста мекунем. Аммо на! Нурҳои соҳил дар дои-
раҳои рӯғанишакл печида, дар обҳои сиёҳи мунҳанӣ (хам) паро-

213
нашавед хоҳ нохоҳ ҳакқи захмати омадани имрузаи моро хоқанд
пардохт. Кори дигар мурдаҳоро то Офтобшинам (ғуруб) тамом
мекунем. Ин хел ленинчиёни собиқ хеле ҷонсахтанд. Ба қавле
«намурда, мурда мурда мегарданд» ва орзу доранд, ки як бори
дигар ҳокимияташон баргардад ва ба аспи қудрат аз нав савор
шаванд...

Май дар болои сари он шахе нишастам ва ду соат пае дарк
кардам, ки нафаскашиаш қатъ шуд ва гӯё ҷонаш баромад. Ҳанӯз
манаҳашро (чона) набаста, ба амаки Насриддин гуфтам:

-Баланд шавед, зуд ба гӯристон рафта, даст ба кор шавед.
Меҳмон, ба фикрам, рафт, дигар барнамегардад. Ман корҳои ин
ҷойро худам саранҷом мекунам. Гӯрашро тангтар канед ҳам ме-
шавад, зеро вакти бисёрро нагирад. Боз дигар мурдаҳоро ба хок
супурдан лозим меояд.

-Паридам. Худоё! Ба даргоҳат шукр, ки чони ҳамин думра-
ви Ленинро ҳам гирифгӣ!

Амаки Насриддин даҳ нафарро барои ёрӣ бо худ гирифта, ба
гӯристон рафтанд ва дар муддати ним соат гӯр омодаи пазироии
мсхдюни навбатӣ дар дарвозаи охират қарор шрифт. Амаки Нас-
риддин дар чу пин шароит, танҳо тархд гӯрро мекашанд ва бахши
лаҳадро аз нигоҳи коршиноей дуруст мекунанд. Кӯмакёварҳои гӯр-
ков аз сохнбмурда маблағе дарёфт намекунанд. Онҳо ё хешу табори
мурда ва ё савобчӯйҳое ҳастанд, ки ба нияти холис ба кори гӯрковй
сафарбар шудаанд.

Вақте барои шустани мурда шурӯъ кардем, ман эҳсос кар-
дам, ки бадани майит ҳанӯз гарм аст. Аз тарси он ки боз ин мурда
зинда нашавад, ба амаки Насриддин гуфтам:

-Боз аз гӯр хеста аъзои ягон ҳизби дигар нашавад?

-Хотирҷамъ бошед. Гӯрашро бисёр жарф (амик, чукур) кар-
дем ва лаҳадро он кадар танг шрифтам, ки агар зиндаро даҳ дақи-
ка дар он ҷойи муборак барои истироҳат гузорй ҷо ба ҷой нафас-
гир шуда мемурад, чй монад ба ин пири фартут, ки дасташро ху-
дятп ҷунбонида наметавонад. Даричаи лаҳадро ду қатор кулӯх
мечинам ва хокро то болои гӯр тамба мекунам. Аз чунин гӯре, ки
ҳоло ман барои ин шахе дуруст кардаам, ҳатто одами зинда берун
шуда наметавонад, чй монад ба ин осй.

214
Худо гуноҳҳои моро бубахшад, ки одами нимзиндаро (ал-
батта, бо исрори фарзандонаш, ки сари мерос ҷамъ шуда буданд)
ба гӯр андохтем.

Май як дафтарчаи ҷайбй дорам, ки руйхати эҳтимолии аш-
хоси фавтшавандаро дар он сабт кардаам. Амаки Насриддин ҳар
гоҳ кампул шаванд, ба май муроҷиат менамоянд:

-Домулло! Ба дафтарчаи дахлу харҷ нигоҳ кунед. Чанд руз
аст, ки тамоман бепул нишастаем. Бекорй ба дил зад.

-Аз одамони оддй касеро дар сафи равандаҳо намебинам,
аммо Худованд агар мадад кунад, аз мансабдорҳо чанд тан ваъ-
даи дидор бо Ҳазрати Азроилро додаанд ва он ҳам бо кумаки
райиси шахрак (деҳшӯро).

-Чй тур?! Магар райис барои мансабдорҳояш марг мехоҳад?

-Маро дуруст фаҳмед. Райис аз мақомоти болойй ва соз-
монҳои байналмилалй барои изофанависӣ, тороҷи молу мулки
мардум ва ришваву ҳаромхории худаш ва зердастонаш танкиди
сахт шунид ва ҳоло ҳамаи заҳру ҷаҳлашро ба сари тобеъонаш
ФУРӮ хоҳад рехт. Он гоҳ хоҳем дид, ки чанд мурда ба даст меояд
ва чанд тани дигар дар сафи оянда қарор мегиранд.

Дуои мо мустаҷоб шуд. Чаҳор рӯз баъд мо се нафарро пас аз
Ичлосияи ғайринавбатии Шӯрои шаҳрак ба хок супурдем. На-
хуст райиси Идораи роҳсозӣ бо шунидани хабари нохуш-бозра-
сии дафгари аъмолаш аз ҷониби бозпурсҳои додситонй, ки райи-
си дехшӯро ваъда додааст, ҷо бар ҷо дар ҷараёни Ичдосия аз ҳуш
рафт ва омодаи дори фониро падруд гуфтан шуд. Роҳҳои шаҳра-
ки мо ончунон харобу валангор аст, ки гӯё аз замони Дақёнус
рӯйи таъмир ва нигахдориро надидааст ва табиист, ки мошини
ёрии тиббй (амбуланс) масофати чанд километр роҳ то беморис-
тонро дар як соат тай кардааст ва шахси чаноби райиси Идораи
роҳсозӣ ба бемористон нарасида, дар рох аз сактаи магзй мурд.
Мурдаи ин ҳароммурдаро зуд ба хок супурдем, зеро дар тули дах-
понздах соли ахир як метр роҳ дар шахрак мумфарш (асфальт-
пӯш) нашуд ва маълум нест ин қадар пули мардум, ки ҳамчун
роҳпулӣ, мошинпулӣ, бима (яъне суғурта) ва боз даҳҳо намуди
дигари молиёт ва садақапулӣ ба сандуқи Идораи роҳсозй рехта
мешуд, ба куҷоҳо сарф гардид.

215
Дар бозгашт аз гӯристон хабари марги боз ду нафари дигар
расид. Райиси бахши бехдошт ва дармони шаҳрак барон талаву
тороҷи амволи бемористон ва фурӯши бачаҳои навзод аз зоиш-
гоҳ ба чанги конун афтодааст ва маргро аз зиндагй авло дониста,
бо истеъмоли қурсҳои зиёди хобовар ба зиндагии хеш поён бах-
шид. Тоҷири баобрӯйи шаҳрак низ бар асари ҳамлаи қалбӣ фавт
кард. Шукри худо ҳамаи ин мурдаҳо одамони пулдор буданд ва
ризқи мо аз даргоҳи парвардигор ато мешавад (Агар мурад хам
одами пулдор мурад, ки гӯру чӯбаш осонтар аст).

Ҳангоми донишомӯзӣ дар мактаби миёна дар китобе ин
матлабро хонда будам, ки гуфта мешуд: мардуми авом аз мурда-
шӯй хушашон намеояд ва қадами вайро ба манзилашон нишонаи
наҳсият медонанд ва аз мулло, ки бидуни заҳмате онҳоро ғорат
мекунад, хуш истиқбол ва пазиройӣ мекунанд. Шукр, ки холо бар
асари даргириҳои маълум ва ҳизбгаройӣ дар кишвар ба обрӯйи
муллоҳо латмаи сахте ворид шуда ва мардум ба кадри заҳмати
хоксоронаи мо ҳам мерасанд. Вале бо вучуди ин хама хидмати
хоксорона баъзан мулло ё сӯфии масҷид ба кори мо халал ворид
месозанд. Дирӯз як мурдаи оддиро ба хок супурдем. Ҳангоми
пардохти ҳаққи заҳмати мо соҳиби мурда аз худаш валинеъматй
нишон дода, ба ҳар нафар - ман ва амаки Насриддин панчохсомо-
нй ва як бӯғчаӣ либос эхдо кард. Аммо сӯфии хирриовоз (садоги-
рифта) ба соҳиби мурда чунин машварат дод:

-Даҳсомонӣ ба ҳар якеаш диҳед, кифоят мекунад.

Ин «тавсияи» сӯфиро ба соҳиби мурда ман шунидам ва хеле
нороҳат шудам. Беинсоф! Ба ҳаққи ҳалоли захмати мо зомин шуд
(гӯё аз ҷайби худаш ба мо пул медода бошад, боз миннат хам
кард). Мақоли маъруфи «мулло муллоро чашми дидан надорад,
соҳибхона ҳар дуро» ба ҳамин дард мехӯрад. Зеро ба он чиз, ки мо
хак доштем, ҳамин сӯфии хирриовоз мамониат кард. Худо агар
хоҳад, мурдаи ҳамин сӯфиро бо дастони худам хоҳам шуст. Он
вақт аламамро низ аз вай мегирам. Илоҳо! Ин сӯфии бадовозро
ҳар чй зудтар ба он дунёи дӯзах бифирист, ки хам мо аз шарраш
хал ос шавем ва хам мардум аз садои бадаш.

Аммо воқеаи тамоман гӯшношуниданй дар кори мурда-
шӯйй ва гӯрковии банда ва амаки Насриддин панд сол пеш аз ин

216
рӯзгор pyx дод. Як бегоҳ (ғуруб) моро ба тури таъҷилй ба манзили
яке аз азизони шаҳрак фаро хонданд. Савори худрави гаронқи-
мати хориҷӣ вориди ҳавлии бошукӯҳе шудем, ки аз кохи тобис-
тонаи Амири Бухоро-«Ситораи Маҳихосса» камӣ надошт ва
ҳатто метавон гуфт бартар ҳам буд. Моро бо иззату эҳтиром ба
хонаи бисёр зебо ва дару девор ва болорҳои чӯбинаш кандакори-
шудаи муҷаллал роҳнамоӣ карданд.

Мобайни хона, рӯйи мизи на он қадар паст ва кӯчак, тобути
рӯҳандудӣ (аз рӯҳин сохташуда, рӯй, рӯя, рӯҳандуда, синк, цин-
ковый гроб) дар маърази диди ҳамагон қарор дошт ва чанд тан
дар атрофи он, рӯйи кӯрпачаҳои махмалин гирд менишастанд
(маълум буд, ки ин ашхос аз зумраи наздикони майит ҳастанд).
Баробари дидани тобути рӯҳандудӣ тааҷҷуби ман боло гирифт ва
амаки Насриддин аз авзои банда пай бурда, оҳиста ба гӯшам
гуфтанд:

-Ин тур ба назар мерасад (аз афташ) ин мурдаи бисёр азиз ва
серпул мебошад ва худо раҳми моро хӯрдааст.

-Сабр кунед, ҳоло маълум нест, ки ин мурдаро шустан мум-
кин астёна.

-Агар мурдаро шустан имкон надорад, ҳадди ақал тобутро
бояд шуст ё “исмоилдавон кард”, зеро мо тобутро даруни лаҳад
қарор медиҳем.

-Охир, мувофиқи дастуроти мақомоти расмй, тобути рӯ-
ҳандудиро боз кардан мумкин нест. Ёд доред, ҳангоми ҷанги Аф-
ғонистон ҷасади сарбозони шӯравиро аз майдонҳои набард дар
тобутҳои рӯҳандудӣ меоварданд ва намояндаи Идораи низомва-
зифа (яъне военкомат) болои сари мо рост меистод ва иҷозат на-
медод, ки тобутро боз кунем ва ҷасади майитро берун оварда, он-
ро бишӯйем. Ин дастуротро касе то ба ҳол бекор накардааст.

-Солҳои пеш вазъ чунин буд, акнун масъала тамоман тағ-
йир кардааст ва ҳамаи мақомоти расмй дастур доранд, то ҳар
тобути рӯҳандудиро боз карда, ба дуруни он нигаҳ кунанд ва
бубинанд, ки он ҷой чист: ҷасади ҳақиқй ё «соқ-соқиҷон пиёла
пурмай кун».

-Ин «соқ-соқиҷон»-аш боз чӣ усулу нағма аст?

-Ёд надоред?! Ҳа, шумо ҷавон ҳастед, шояд он таърихро лои

217
надонед. Солиёни зиёде пеш кормандони хуфия дунболи домул-
лои шаҳраки Сарви Баланд мегаштанд, то бо мадраке дастгираш
кунанд ва ба ҷаҳаннамистони Сибир бадарғааш (таъбид) намо-
янд. Домулло ҳам одами андак мандак набуд, аз сабку услуб ва
найрангҳои ҷосусии кормандони хуфия огаҳӣ дошт. Боре як кор-
манди хуфия барои дуову табобат ба манзили домулло фиристо-
да мешавад, то битавонад ба боварии домулло даромада, аз дасти
вай ягон ҳуҷҷат касб намояд. Корманди хуфия бо ҳазор зориву
илтиҷоъ баъди дуохонй ва дам андохтан (пуф кардан) аз домулло
як тӯмор мегирад. Домулло низ чанд сатр бо хати форсй навишта,
ба вай медиҳад ва мегӯяд, ки ба рӯйи коғаз чарм дӯхта, зери
бағали пираҳан ё костюмаш (кӯт) бидӯзад, кораш омад мекунад.
Хулоса, кормандони хуфия бо ин “мадраки дол”, яъне тӯмор, ки
аслан ҳеҷ нисбате ба дини ислом надорад, вориди манзили до-
мулло мешаванд ва ӯро ба таблиғи ислом айбдор эълон намуда,
дар ҳузури додситон коғази тӯморро боз мекунанд ва мебинанд,
дар он навишта шудааст: «соқ-соқиҷон пиёла пурмай кун!» ҳоло
дар замони нав мӯҳтавои тобути рӯҳандудй ҳамон қиссаи «соқ-
соқиҷон пиёла пурмай кун»-ро мемонад, албатта, кор тамоман
баръакс шудааст: ҳоло на домуллоҳо, балки мансабдорони мул-
киву низомӣ даруни онро бо «хоки Ватан» пур мекунанд.

-Бифармоед, ки боз ин «хоки Ватан»-аш чй балост? Магар
ҳамон сабти наворҳои барномаи садо аст, ки як бор кампире дар
он чунин гуфг (ва он, мутаассифона, аз карнаи радио пахш шуд):
«Бачам, ту куҷоӣ?! Якуним сол шуд, ки аз ту хабаре нест! Шерба-
чаҳо омаданд, ин занат бачадор шуд...»

-На, на! Наход надонед?! «Хоки Ватан»-ҳамон хокаи лаъна-
тй-афюн, нашъа, тарёк, чарс, яъне маводи мухаддирро мегӯянд.
Чанд сол пеш, аз як симои моҳвораии хориҷӣ тобути рӯҳанду-
диеро нишон доданд, ки дарунаш пур аз маводи мухаддир буд.
Маълум шуд, ки марзбонони Русия аз марзи Тоҷикистон ва Аф-
ғонистон ҷасади сарбозеро барои волидайнаш фиристодаанд, ки
гӯё писарашон дар мубориза бо қочоқчиёни маводи мухаддир
қаҳрамонона ба халокат расид. Падари сарбоз пас аз ба хок су-
пурдани писараш дар дилаш алов (оташ, шӯъла) меафтад ва ша-
бона бо бел ва табар мусаллаҳ шуда, ба қабристон меравад. Вакте

218
ба гӯристон меравад, мебинад, ки ду нафар аз кормандони Идо-
раи низомвазифа машғули аз гӯр берун овардани тобути руҳан-
дудӣ ҳастанд. Мунтазир мемонад. Низомиён тобутро аз гӯр бе-
рун оварда, дарашро боз мекунанд ва чанд халта (киса) маводи
мухаддирро аз даруни тобут гирифта, ба сандуқи ақиби саворӣ
ҷой мекунанд ва мехоҳанд, ки тобутро боз аз нав ба гӯр андозанд.
Дар ҳамин лаҳза падари сарбоз ба онҳо пинҳонӣ наздик шуда, ба
фарқи сарашон бо навбат бо бел мезанад ва ҳар ду дохили гӯр
меафтанд ва беҳуш мешаванд. Пасон, ин падари ҷигарреш аҳо-
лии гирду атрофи гӯристонро ба ёрй даъват мекунад. Дар натиҷа
як шоҳроҳи бисёр гу стар дай қочоқи маводи мухаддир, ки марз-
бонон дар он даст доштаанд, кашф ва фош шуд. Ҷолиб он ки
марзбонон пас аз он ки тобути пур аз маводи мухаддир ба нишо-
нии даркорӣ (лозим) расид, сарбози бечораро бо баҳонае ба қатл
мерасонидаанд. Аз он таърих ба баъд боз кар дани тобути рӯҳан-
дудй раем шудааст, на мамнӯъ.

-Ман аз ин воқеатамоман бехабар мондаам.

Соҳибмурдаҳо тааҷҷуб ва пич-пичи моро дар мавриди то-
бути рӯҳандудӣ дида, чунин узру маънй пеш оварданд:

-Ин мурда аз роҳи дур-аз ... омад. Мӯсо дар шаҳри С. кор-
хонаи кафшҳои варзиширо зӯргӯёна моли худ кард ва дар оғоз
бозори маҳсулоташ гарм буд. Вале ба сараш якбора ин бало зад,
ки чанд сол пеш корхонаи кафшҳои варзиширо ба калӯши арзон
ва баъд корхонаи калӯшро ба тарабхона табдил дод ва садҳо тан
ҳамдиёронашро барои кор ба он чой бурд. Намедонем аз дуст
шуд ё душман ва ё бар асари нодида гирифтани дастуроти беҳ-
доштй дар пухту паз ва нимхом пешниҳод кардани ғизо чанд
муштарй ҷон ба ҷаҳнофарин таслим карданд. Мӯсо тарабхонаро
ба бозор иваз намуд. Он ҷой воқеан хам ба бозори ҳақиқӣ мубад-
дал шуд. Ҳама чизро хариду фурӯш мекарданд: ҳатто одам ва
падару модарро. Барои чархонидани кори бозор бо раҳбарон ва
турӯҳҳои мафиой даст ба дасти ҳам дод ва пули зиёде аз бонкҳо ва
ниҳодҳои давлатй вом гирифт. Душманон дар паяш афтоданд ва
хостанд варшикастааш намоянд ва ҳоло чунон ки мебинед,
натиҷаи кор чунин аст. Чй мешавад кард ба ин балоҳои худован-
дй?! Коре бояд мекард, ки аз қарзхоҳон халос мешуд. Ба хамин

219
хотир Мӯсо рохд душвор-мурданро баргузид. Хоҳишмандем дар
шустани майит эҳтиёт кунед.

Ман дигар сабрамро аз даст додам ва бо таваҷҷӯҳ ба нақли
амаки Насриддин барон худро аз бало эмин нигаҳ доштан аз онҳо
пурсидам:

-Мо бояд майитро бишӯйем ё тобутро?!

-Албатта, насади одамро. Шустани тобути рӯҳандудӣ чй
лозим?

-Охир, дари тобутро боз кардан мумкин нест!

-Худатонро ба даст бигиред. Мо ҳозир дари тобутро боз
мекунем.

Ду нафар аз ҷамъи соҳибмурдаҳо ба сари тобути рӯҳандудӣ
бо анбӯр ва чаккуш гирд омада, даст ба кор шуданд ва дар як они
воҳид дари (сарпӯш) болойи онро боз карданд. Дохили тобут
насади чавонмарди сӣ-сивупанҷсолае мехобид. Намедонам, аз
ҳаяҷон ё изтироб бошад ва ё зери таъсири нақли амаки Насрид-
дин ба чашми гунаҳкори банда чунин намуд, ки ин насад зинда
аст ва зарабони қалбаш аз вучуди ҳаёт дар рагҳои баданаш ово
медиҳад. Тааҷҷуби хешро пинҳон нигаҳ дошта натавонистам ва
ба тарафи амаки Насриддин нигаристам. Он кас маънидорона ба
тарафи ман чашмак заданд ва пасон сарашонро пушти гӯшам
оварда, оҳиста наҷво карданд:

-Корҳо вадаванг (хуб, олй) ва кордамон болои рӯған! «Гӯсо-
лаи тиллой» дар садаи бистуякум ҳамин ҷост. Ин насади одами
мурда нест, балки зиндаест, ки мехоҳанд бо дастони мо ба идо-
маи ҳаёти тозааш расмият бибахшанд. Мо коре ба мурдаҳо ва
зиндаҳо над орем, вазифаи мо шустан ва ба гӯр андохтани насад
аст. Суоли зиёде ҳам лозим нест, ҳалли ин муамморо худи соҳиб-
мурдаҳо нишон хоҳанд дод.

Дар воқеъ, соҳибмурдаҳо дар ин маврид тавзеҳоти зару-
риро ба мо доданд:

-Вазифаи шумо танҳо шустани ин ҷасад аст, ки аз доруи
формалин (моддае, ки барои аз бӯйзадагӣ нигаҳ доштани ҷасад ба
он молида мешавад) тамоман пок шавад. Гӯрро васеътар ва ба
вижа дари лаҳадро низ ба андозае бояд калонтар канд, то ки ин
тобут бемалол дар он гунҷад ва агар лозим ояд хорич шавад.

220
Шумо пас аз шустани ҷасад онро кафан карда, боз дар тобути
рӯҳандудй мегузоред ва дарашро мебандед. Дохили тобути рӯ-
ҳандудӣ барон танзими ҳаво ва хушбӯй мондани ҷасад чанд чиз
гузоштан лозим меояд, ки ба мавқеъ ба он расидагӣ хоҳад шуд...

Амаки Насриддин андозаи тобутро чен карда, зуд ба тарафи
гӯристон роҳ пеш гирифтанд, то ба кӯмакёварҳояшон тарҳи гӯри
васеъ ва калонтарро нишон диҳанд. Ман дунболи кати мурдшӯйй
ва таштҳои обгирй ба анбории масҷид рафтам. Вақте амаки
Насриддин ба мурдахона баргаштанд, мо омодаи шустшӯйи
ҷасад шуд ем. Ду тан аз наздикони мурда (ҷасад) ба мо дар ин кор
кӯмак мекарданд. Ҷасадро аз тобути рӯҳандудӣ берун оварда,
рӯйи кати мурдашӯйӣ гузоштем. Ман то ба имрӯз дар таҷрибаи
мурдашӯйиам чунин мурдаро надида будам. Осоре аз фавт дар
насади тамоман солими ин мурда дида намешуд. Амаки
Насриддин тани ҷасадро даст-даст карда, зери лаб гуфтанд:

-Парвардигоро! Ин чй хел мурда, ки осори фавт ва ё ҳамлаи
сактаи қалбӣ дар он тамоман дида намешавад! Мо зиндаро бо
номи «мурда» ба гӯр месупорем. Г уноҳи моро бубахш!

Эҳсос мешуд, ки мурда гӯё ба маънии суханони мо сарфаҳм
меравад ва ин ҷасади одами мурда нест, балки ин марг як навъ
игмо аст ва ё шахе нохудогоҳ ба хоби сахт рафтааст. Дар поёни
ойини шустушӯйи майит бадани гарми он аз осори зиндагй дар
насади вай гувоҳй медод. Яке аз кӯмакиҳо ин дарки маро пай
бурд ва бо оромй бароям гуфт:

-Аслан нигарон набошед. Агар ин мурда нохудогоҳ зинда
шавад ҳам, ба касе зарар нахохад расонд. Вале ба зинда шуданаш
ҳоло вакти зиёде хает.

Бо шунидани ин ҳарфҳо тамомии баданамро араки сард
пахш кард (пӯшонд). Ниҳоят, кори шустушӯйи насади ниммурда
ва нимзиндаро ба охир расонида, ба қадаш кафанро бурида
дуруст кард ем ва андаруни тобути рӯҳандудӣ гузоштем. Пеш аз
бастани дари тобут кӯмакёвари дигар ду балон (капсул)и кӯчаки
кислород ва як телефони бесимро дар канори ҷасад қарор дод.
Ман таанчуби худро аз чунин кор ин тур баён доштам:

-Мабодо ин балонҳо таркида, гӯрро ба ҳаво бардоранд ё дар
хангоми ба тури дастаҷамъӣ рӯйи китф бардоштани тобут итти-

221
фоке наафтад?

-Ман онҳоро хеле дақиқ танзим кардаам. Онҳо ҳавои дохи-

ли тобутро мӯътадил нигаҳ медоранд.

-Телефони бесим барои чй? Агар ин кор дар ҷомиаи ибти-
дой мебуд, мушкиле надошт, вале чаро дар асри бистуякум дар
тобути мурда бояд телефони ҳамроҳ (бесим) гузошт?

-Шумо аз пешрафти ҷомиа тамоман акиб мондаед, домул-
ло! Дар кишварҳои урупой аз чанд сол пеш раем шудааст, ки дар
дохили тобут телефони дастии майитро низ мегузоранд. Мабодо
мурда зинда шавад, тавассути кӣ ё беҳтараш бигӯем бо чй васи-
лае ба шумо хабар диҳад? Ин ҷост, ки телефони бесим ба кӯмаки
вай меояд ва хабари зинда шудани мурда ба шумо мерасад.

-Шӯхиро канор гузоред, бародар! Агар хар мурда бо теле-
фони бесим аз он дунё занг зада, зинда шуданашро эълом дорад,
ман дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқук дар бало мемонам. Хуфия
низ маро ҷосуси он дунё пиндошта, ба дунболам меояд ва дигар
аз дасти онҳо халоей нест.

-Ин мурда тамоман истисно аст. Хотирҷамъ бошед, дигар
мурдаҳо ҳаргиз зинда намешаванд, магар ин ки рӯзи растохез ва
«зинда гардонидани баъд аз миронидан ҳақ асту рост»...

Соҳибони мурда музди заҳмати хоксоронаи моро дах баробар
бештар пардохтанд ва хангом и худоҳофизӣ чунин тазаккур доданд:

-Мунтазир бошед! Телефони дастиатонро ба ҳеҷ вачх хомуш
накунед. Агар мурда зинда шуда, ба шумо телефон кунад, зуд ба
мо хабар диҳед.

-Оё ин худобиёмурз шумораи телефони маро медонад?

-Ман дар ҳофизаи гӯшии телефони ҳамроҳ (бесим) шумо-
раҳои телефони манзил ва дастиатонро сабт ва ворид кардаам.

-Агар ин мурда зинда шавад, сабаби зинда шуданашро чи

хел шарҳ медиҳед?

-Худо агар хоҳад, онро мӯъҷиза ва каромоти ҳунари мурда-
шӯйии шумо эълон мекунем.

-Худо нигах дорад аз ин хел рӯзҳо!

-«Астағфируллоҳ» гӯед се бор ва шукри ин неъмати парвар-
дигорро ба чой оваред. Охир, агар мурда зинда шавад, обрӯйи
шумо боло меравад ва суди ҷаноби олй чанд баробар меафзояд.

222
Одамон бештар ба шумо эътимод мекунанд ва бозори шуғлатон
равнақ пай до хоҳад кард...

Он шаб дар манзил ҷойи хоб барон хеш пайдо карда ната-
вонистам (мехмонони зиёде аз хешу табори ҳамсарам барон ди-
дорбинӣ ташриф овардаанд). Ноилоҷ худро дар ҷома печонида,
рӯйи кати назди ҷӯйбор дароз каши дам.

Посе аз шаб нагузашта занги телефони бесим ба садо даро-
мад. Шумораи телефони дастии он тараф бароям ноошно буд. Бо
ҳазор андеша ва тарсу ларз тугмаи посухро фишор додам. Садои
ношинос аз гӯшӣ баланд шуд:

-Салом акай мурдашӯй! Чанд соат дар ин тобути лаънатй
мунтазири пурсандаҳо шудам, аммо касе ба пурсиданам наёмад,
хатто ягон фариштаи савобҷӯйро ҳам надидам. Ин до ҳам ягон
тартиб нест ва монанди кишвари худамон, ки сару калобаи ҳеҷ
чизро пайдо карда наметавонӣ. Ҳоло чӣ рӯйи замин зиндагй кунй
ва чй дар гӯр бошй бо хам баробар аст, ҳама до торикистони ҳақи-
Кй. Ман фарке дар онҳо надидам. Ба фикрам, гулӯи пурсандаҳоро
ҳам рӯған кардан лозим аст, то бар сари мурдаи нав ташриф биё-
варанд. Ман ҳафт-ҳашт соат боз мунтазирам, вале касе ба наздам
наёмад. Дар ин тобути лаънатй ҳаво намерасад. Зудтар бо амаки
Насриддин ба ин гӯристон омада, маро аз ин даҳаннам берун ова-
ред. Болойи сарпӯши тобут чизе афтодааст. Ҳарчанд онро мебар-
дорам, аммо гушода наметавонам, зӯрам намерасад. Лутфан ба
хонаводаам занг зада, хабари зинда шудани маро бирасонед. Ха-
бари зинда шуданамро шунаванд, бисёр хурсанд мешаванд...

Дарҳол амаки Насриддинро, ки дар хамсоягиамон зиндагй
мекарданд, аз ин навигарй дар олами мурдашӯйӣ хабар кардам.
Ба хонаводаи соҳибони мурда низ занг задам. Онҳо хабари зинда
шудани мурдаро шунида, бисёр хушҳол шуданд ва филфавр ба-
роямон саворй фиристоданд...

Ҳамин тавр мурдаи зиндашударо бо ташрифоти лозим ба ман-
зилаш овардем. Имрӯзҳо он мурдаи зиндашуда яке аз сарватман-
дони барҷастаи мишака ба шумор меравад ва солҳои наздик намо-
яндаи мӯҳтарами мардум дар маҷлис (парлумон) хоҳад шуд...

223
ДУРДОНАХОИ ТОБОН
Роберт Шуман

ҚАВОНИНИ ҲАЁТӢ БАРОИ АҲЛИ МУСИҚЙ

1. Муҳимтарин масъала парвариши шунавоӣ аст. Кӯшиш кун
аз овони навҷавонй рангбандии (tonalite) ва садоҳои чудогонаро
дарк намойӣ. Ба садои ноқус (зангӯла), шишаи тиреза (панҷара),
мурғи куку гӯш фаро деҳ, ки чй садоҳое аз худ дармеоваранд.

2. Гомҳо (гаммы) ва дигар тамринотро бо саъй ва пуштикор
бинавоз. Аммо бисере чунин мепиндоранд, ки бо ин роҳ ҳама
чизро касб мекунанд ва то замони пирии фартут ҳар рӯз соатҳои
зиёдеро бо ин тамриноти механикй ба cap мебаранд. Ин кор так-
рибан мушобеҳи он аст, ки ҳар рӯз алифборо ба саъй ва кӯшиши
фаровон сареътар аз рӯзи қаблӣ талаффуз кунӣ. Аз вақти худ ду-
ру сттар ва беҳтар истифода кун.

4. Бо ритм бинавоз: иҷрои бархе навозандагони виртуоз мо-
нанди роҳ рафтани одами мает аст. Аз онҳо ибрат магир.

5. Ҳар чй метавонӣ қавонини асосии ҳормони(ҳамоҳанги)-
ро сареътар биёмӯз.

6. Аз вожаҳои теорй (назария), женерол-бас, контрпуан ва
монанди онҳо матарс; онҳо бо рӯйи боз ба сӯйи ту хоҳанд омад,
ба шарте ки ту низ дар мукобил чунин рафтор намойй.

7. Ҳеҷ гоҳ сози мусиқиро аз рӯйи беҳавсалагӣ нанавоз! Ҳа-
меша қитъаи мусиқиро то охир ва бо эҳсоси тару тоза бинавоз ва
ҳеҷ гоҳ дар нимароҳ раҳо макун.

8. Каш додан (тӯл додан) ва аҷала-нуқсонҳои яксон ва бу-
зургмебошанд.

9. Ба он биандеш, ки китъаҳои осонро дуруст ва хуб ичро
кунй; ин кор беҳтар аз он аст, ки қитъаҳои душворро ба тури му-
тавассит бинавозй.

10. Ҳамеша ба шаффофияти кӯки сози худ фикр кун.

224
11. Қитьаро на танҳо ашуштон бояд ба тасаруффи худ дарова-
ранд, балки онро барои худат бидуни соз замзама кун. Тасаввури худ-
ро он кадр густариш деҳ, то битавонй дар ҳофизаат на танҳо мелодии
асар, балки ҳормонии мутаышиқ ба онро низ ба хотир биспорй.

12. Ҳатто агар садои каме дорӣ, кӯшиш кун аз рӯйи варақи
нот ва бидуни соз бихонӣ (замзама кунӣ); зарофати шунавойии ту
аз ин ҳам бештар рушд мекунад (афзоиш меёбад). Агар садои ту
хуб аст, лаҳзае таъхир (даранг) макун ва онро густариш деҳ; инро
ҳамчун зеботарин неъмате бидон, ки осмон ба ту бахшидааст
(арзонӣ дошта аст).

13. Ту бояд ба андозае такомул пайдо кунй, то ҳангоми бо
чашм хондани нотҳо мусиқиро дарк намой.

14. Ҳангоме ки менавозӣ нигарон мабош, ки ба ту чӣ касе
гӯш мекунад.

15 .Ҳамеша чунон бинавоз, ки як устод ба ту гӯш мекунад.

16. Агар ба ту пешниҳод шавад, ки аз рӯйи варақаи нот
асари ношиносеро иҷро (де-шифр) намой, ибтидо онро аз назар
бигузарон.

17. Агар ту кори рӯзонаи мусикии худро анҷом додай ва
эҳсос мекунй хастай, дигар ба худат фишор наёвар. Истироҳат
беҳтар аст, то кори бидуни рағбат ва таровати рӯҳӣ.

18. Вақте ки бузургтар шудӣ, асаре, ки мӯд аст, иҷро макун,
вакт азиз аст. Бояд сад умри инсониро дошт, то танҳо он хама
чизҳое хубе, ки дар дунё вучуд дорад, бишносй.

19. Бо канду ширинй ва шоколад ҳеҷ бачаи солим ба булуг
(балоғат) намерасад. Ғизои маънавй низ ҳамчун ғизои дисмонй
бояд содда ва солим бошад. Устодони бузург ба тури кофй чунин
гизои хуб омода кардаанд; аз онҳо истифода кун.

21. Ту набояд дар интишори (пахши) осори бад мусоидат
кунй; баръакс бояд бо тамоми неру монеъи он шавй.

22. Ту набояд бидуни зарурат осори бадро иҷро кунй ва
бишнавй.

23. Ҳаргиз ба зоҳиргарӣ ва худнамой саргарм нашав, саъй
кун мусиқӣ он таъсирро гузорад, ки мадди назари муаллиф аст,
беш аз ин лозим нест ва он таҳриф ба шумор меравад.

24. Тагйир дар осори оҳангсозони хуб, ҳазф ва ё бадтар аз он

225
тазйиноти нав ва ё модерн вориди он кардан нораво ва зишт ба
шумор меравад. Чунин коре бузургтарин тавҳине аст, ки метаво-
нй ба ҳунар ворид созй.

25. Дар интихоби қитъаи мусиқй барон кор бо бузургтарҳо
машварат кун. Ту бо ин роҳ аз талаф кардани замони зиёд сарфа-
ҷӯйӣ мекунй.

26. Ба тадрич бо осори бузурги оҳангсозони барҷаста ошно шав.

27. Аз муваффақияти бархе навозандагони виртуоз (вир-
туоз-дар ин ҷо шахсе, ки худашро хунарманди воқеӣ тазоҳур
месозад-мутарҷимон), ки ағлаб ба даст меоваранд, фирефта ма-
шав. Бигузор дархӯри таҳсини ҳунарманд шудан барои ту боар-
зиштар аз мавриди қабули ом қарор гирифтан бошад.

28. Ҳама чизҳои мӯд бо мурури замон аз забои (мӯд) меаф-
танд ва агар ту доиман фаро расидани пирии мӯдро дунбол кунй,
ба як одами тухолй (дарунхолй, дарунтиҳй) ва зохирпараст му-
баддал мешавй, ки барои касе мӯҳтарам нахоҳӣ буд.

30. Ҳеч гоҳ фурсати ширкат кардан дар дует (дунавозй),
трио (сенавозй) ва монанди онҳоро аз даст мадеҳ. Ин фаъолият ба
навозандагии ту озодй ва ҷунбу ҷӯш мебахшад. Ҳар чй бештар
барои овозхонҳо аккомпанемент (ҳамроҳй кардан) бинавоз.

31. Агар ҳамагон мехостанд виолони (скрипка) аввалро
бинавозанд, чамъ кардани оркестр мумкин набуд. Аз ин рӯ барои
ҳар навозанда (мусиқидон) дар ҷойи худаш эҳтиром койил шав.

32. Сози мусиқии худро дӯст бидор, вале аз рӯйи такаббур
(шӯҳратпарастӣ) онро беҳтар ва мунҳасир ба фард (ягона) машу-
мор. Дар хотир дошта бош, ки созҳои дигар ва бо ҳамин андоза
зебо низ вуҷуд дорад. Мавҷудияти овозхонҳо ёдат бошад: фаро-
мӯш макун, ки олитарин мазмунҳои мусиқӣ баёни худро дар ор-
кестр ва хор пайдо мекунанд.

33. Ҳар гоҳ бузург шудй, бештар бо партитур муъошират
кун, то бо навозандагони виртуоз.

34. Бо чидду ҷахд фугҳои устодони бузург ва пеш аз хама И.
С. Бахро бинавоз. «Клавири таъдилшуда» бояд нони ҳар рӯзи ту
бошад. Он гохту бидуни шак мусиқидони ҷиддӣ ва доно хоҳи шуд.

35. Аз байни дӯстонат онҳоеро интихоб кун, ки аз ту бештар
медонанд.

226
36. Дар байни машғалаҳои мусиқии худ бо мутолааи ашъо-
ри шоирон истироҳат кун. Бештар дар домани табиъат бош!

37. Метавон аз овозхонҳо баъзе чизҳоро омӯхт, аммо дар
ҳама маворид ба онҳо эътимод макун.

38. Олам бузург аст. Фурӯтан бош! Дар ҳоле ки ҳеҷ кашфе
накардаӣ ва ҳеҷ чизеро наёфаридай, ки пеш аз ту ошкор набуда ва
агар хам чизеро кашф кардай, онро неъмате бидон, ки аз боло ба ту
арзонй доштаанд ва бояд онро бо дигарон қисмат (тақсим) кард.

39. Омӯзиши таърихи мусиқй ва тақвияти дониш бо шуни-
дани беҳтарин осори давраҳои мухталиф хеле сареътар туро аз
ҳар гуна худраъйй ва гурур мудово ва дур мекунад.

42. Фурсати тамрин кардани орган(орг)ро аз даст мадеҳ;
ҳеч созе монанди орган вучуд надорад, ки чунин сареъ барои ка-
сифи дар иншоъ ва иҷрои асари мусиқй интиқом бигирад.

43. Бо ҷидду ҷаҳд ва кӯшиш дар хор бихон ба хусус бахши
миёниро. Ин хор аст, ки хусусиёти музикалитаи (ҳисси муси-
қиёии) туро рушд медиҳад.

44. Аммо музикол (ҳисси мусиқиёй) будан чӣ маънй дорад?
Ту музикол нестй агар бо тардид ва чашмони ҳайратзада ба нотҳо
нигоҳ карда ва бо мушкил қитъаи мусиқиро то охир ичро кунй; ту
ҳамчунин музикол нестй агар шахсе ба тури тасодуфӣ ду сафҳа
нотро бароят варақ занад, таваққуф карда ва натавонй навох-
танро идома диҳй. Вале ту музикол ҳастӣ, агар дар қитъае чадид
тақрибан эҳсос кунй, ки дар идома чй бояд бошад, дар асари ош-
но ҳамин ривол дар зеҳнат бошад. Мусиқй на танҳо дар ангуш-
тон, балки дар cap ва дилат чой дорад.

45. Аммо чй тур метавон музикол шуд? Фарзанди азизам!
Аз ҳама чиз муҳимтар шунавойии тез ва дарки фаврй аст, чун
хама чиз аз осмон илқо мешавад. Аммо истеъдодро метавон пар-
вариш ва такомул дод, ба ин ҳадаф даст намеёбй агар гӯшаниши-
нй ихтиёр кунй ва тамоми рӯз тамриноти механикй анчом биди-
ҳй; тамоси зинда ва ҳамаҷониба бо мусикй зарурй аст: ба вижа
сару кор доштан бо хор ва оркестр.

46. Дар марҳилаи аввал густараи овойии одамиро дар чаҳор
шакли асосӣ мушаххас соз: ба овозҳо гӯш фаро деҳ, ба вижа дар
хор; таҳқиқ кун, ки кадом режестр(регистр-минтака)ҳо қудрати

227
бештарро доро ҳастанд ва дар кадом як овозҳо ба баёни нарму
латиф мепардозанд.

47. Ба ҳамаи таронаҳои маҳаллӣ бо диққат гӯш фаро деҳ; ин
ганҷинаи зеботарин мелодиҳост; онҳо хулқу хӯйи миллатҳои гу-
ногунро бароят бозгӯйӣ мекунанд.

48. Аз овони бачагӣ хондани калидҳои қадимиро таҷриба
кун. Дар ғайри ин сурат бисёре аз ганҷинаҳои гузашта барон ту
дастнаёфтанй аст.

49. Аз ибтидои омӯзиш ба садо ва характери созҳои гуногун
таваҷҷӯҳ кун. Кӯшиш кун, то хавоси (ҳиссиёти) махсуси садоҳо-
ро дар ҳофизаат ҳак кунй.

50. Ҳеҷ гоҳ фурсати шунидани операи хубро аз даст мадеҳ.

51. Бузургдошти кадимро ҳифз кун, вале ҳамчунин бо рӯйи
боз ба пешвози нав бирав. Ба номҳои ношинос бо назари муғри-
зона нигоҳ макун.

52. Дар мавриди як асари мусиқӣ аз аввалин таъсири он қа-
зоват макун: он чӣ дар лаҳзаи аввал ба ту хуш меояд, на ҳама вақт
беҳгарин аст. Устодон омӯхтанро тақозо доранд. Бисёр чизҳо дар
маҳилаи булуғ барои ту рӯшан мешавад.

53. Дар қазоват роҷеъ ба мусиқӣ байни як асари ҳунарӣ ва
асаре, ки танҳо барои саргармӣ (тафаннун, аматур) аст, тафкик
қойил шав. Аз аввалй дифоъ кун, аммо дар мавриди дуввумӣ
хашмгин машав!

54. «Мелодӣ» нидои разми(ҷанги)и ашхосе бо маълумоти
сатхӣ (ғайриҳирфаӣ) аст ва дар ҳақиқат мусиқии бидуни мелодй
мусиқӣ нест. Аммо бифаҳм, ки онҳо аз мафҳуми «мелодӣ» чй чиз-
ро дар назар доранд: онҳо мелодии сабукдаркшаванда бо ритми
ҷаззобро эътироф мекунанд. Вале боз осори зиёде дорои шеваи
дигар мавчуд аст ва агар ҳар гоҳ ҳар ҷойе аз осори Бах, Мотсарт ва
Бетҳовенро боз намойӣ, ҳазорон шакли гуногуни мелодиро меби-
нй; ба ин маънӣ, умедворам мелодиҳои операи нави итолёӣ бо
равиши ҳақиронаи якнавохт туро дилгир хоҳад кард.

55. Бисёр хуб ва ҷолиб аст, агар ту дар пианино (пиёну, пиа-
но) мелодиҳои кӯчакро бинавозӣ ва бештар хушҳол бош вақте ки
онҳо худ ба худ ва бидуни соз ба дунболи (суроғ) ту меоянд. Маъ-
лум мегардад, ки дар ту дарки ботинии мусиқӣ бедор мешавад.

228
Ангуштон бояд он чизеро, ки маҳз мехоҳад, иҷро кунанд, на бар-
ъакс.

56. Дар ибтидои сохтани як асари мусиқӣ ҳамаи қитьаро
хаёлан бисоз ва замоне ки комилан омода шуд, онро метавонй
рӯйи соз иҷро кунй. Агар мусиқии ту аз ботини (замири) ту бар-
хоста бошад ва ту онро эҳсос кардй, ба дигарон низ ҳамон таъсир-
ро хоҳад бахшид.

57. Агар осмон ба ту тахаюл(фантазия)и зинда ато кардааст,
пас, дар лаҳзаҳои танҳойӣ ҳамчун мехкӯбшуда пушти соз мени-
шинй, бо кӯшиши ботинии худ «ман»-ро дар ҳормонӣ баён кунӣ
ва хар қадр ин олами ҳормонӣ бароят норӯшан аст ту ҳамон қадр
мармузтар эҳсос дорӣ, ки бар гардунаи сеҳромези ҳастӣ ҷалб
шавӣ. Ин хушбахттарин соатҳои ҷавонй аст. Аммо ағлаб замони
худро дар ихтиёри рағбати истеъдод карор мадеҳ, ки он туро ба
сарф кардани вақт ва неруят гӯё барои сохти тасовири таваҳҳумй
(рӯёӣ) бармеангезад. Фаро гирифтани форм (шакл) ва неруи ифо-
даи рӯшан барои ту танҳо ҳамроҳ бо дониши нот муяссар меша-
вад. Аз ин рӯ бештари вақти худро ба навиштан сарф кун, то бадо-
ҳанавозӣ (imprivization, improvise)

58. Ҳар чй зудтар ба кори раҳбарии (дирежёр) оркестр ошно
шав. Ба раҳбарҳои хуб назар кун; ҳамроҳ бо онҳо мегавонй оҳиста-
оҳиста ба кори раҳбарӣ бипардозӣ. Ин кор мавзӯъро рӯшан менамояд

59. Ба диққат ба зиндагӣ назар кун ва низ бо ҳунарҳои дигар
ошно шав.

60. Қавонини ахлоқ айнан қавонини ҳунар аст.

61. Бо кӯшиш ва фаъолияти ҳамеша (ҳамавақта) ба дараҷо-
ти волотар хоҳй расид.

62. Аз як варақи филез (оҳан), ки чанд сикка (тин, дирхам)
бештар арзиш надорад, метавон ҳазорон фанари (пружина) соат
дуруст сохт, ки бисёр боарзиш аст. «Фанаре», ки аз боло ба ту
дода шудааст, аз рӯйи виҷдон исгифода намо.

63. Дар ҳунар ҳеҷ чизи ҳақиқй бидуни шӯру иштиёқ сохта
намешавад.

64. Ҳунар на барои ҷамъ кардани сарват аст. Саъй кун як
ҳунарманди баркамол шавӣ. Дигар ҳар чй ҳаст худ ба худ ба даст
меояд.

229
65. Фақат замоне ки форми (шакл) асар бароят рӯшан ша-
вад, мазмуни он низ возеҳ мегардад.

66. Шояд танҳо нобиға метавонад, нобиғаро то интиҳо дарк
кунад.

67. Шахсе гуфтааст, ки «навозандаи комил бояд бо шуни-
дани асари оркестрӣ дар бори аввал партитури онро тасаввур
кунад». Ин олитарин ҳадаф аст, ки дар мавридаш метавон орзу
кард.

68. Омӯзиш интиҳо надорад.

Дигар ҳикматҳо:

-Ба ҳар давра ба хидматҳояш эҳтиром қойил мешавем! Дав-
рони нав низ дастовардҳои дурахшоне дорад;

-Дар ҳама даврон оҳангсозони бад буданд ва нодононе низ,
ки аз онҳо таъриф мекарданд;

-Агар қарор аст, назди касе чизе бинавозӣ баҳона пеш наё-
вар: ин корро билофосила анҷом бидеҳ ва ё фаврӣ рад кун;

-Ту танҳо як устодро дӯст мадор, устодон зиёд буданд;

-Фикр накун, ки мусиқии қадимӣ мансух (кӯҳна, бекор) s
гашта. Сухани зебо ва ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешавад, мусиқии
зебо ва ҳақиқӣ низ чунин аст: пир намешавад;

-Қитъаи мусиқии худро чунон тасаввур кун, ки гӯё дар пе-
ши чашмонат ҳозир аст.1

1 «Қавонин хаётӣ барои аҳли мусиқй». Баргардон аз рӯйи нашри:
Шуман Р. Альбом для юношества. Для фортепиано. Москва: Музыка, 1972.
Виростор В. Мержанов. «Қавонини ҳаётй барои аҳли мусиқй» мувофиқ (муто-
биқ)и нашри соли 1959 бо вироиши Д. В. Житомирский чоп мешавад. Тибқи
нақшаи аввалияи Роберт Шуман ин ҳикма гҳо барои ҷойгузинии байни қитъа-
ҳои «Альбом барои навҷавонон» пешбинӣ гашта, вале оҳангсоз аз ин ният даст
кашида ва онхоро ба таври ҷудогона нашр намуд (замимаи «Маҷаллаи нави
мусиқй» Лейптсиг 1850, №36). Дертар «Қаюнини ҳаётй барои ахди мусиқй»
«Замима»-и «Альбом барои навҷавонон» гардид ва дар соли 1854 ба нашри
осори якҷилдии Роберт Шуман ба номи «Маҷмӯаи мақолаҳо дар бораи мусиқй
ва мусиқидонон» интишор ёфт. «Дигар ҳикматҳо» баъд аз марги Р. Шуман дар
байни дастнавиштақояш пайдо гардид. Дар нашри ҳозир баъзе аз ҳикматхо
ҳазф шудаанд.

Маҷаллаи «Маком», № 32,1384 ҳ.ш., марта 2006.

230
ШОПЕН

1

Борис Пастернак

Воқеъбин (реалист) будан дар наққошй, ҳунари таҷассумӣ,
ки таваҷҷӯҳи худро ба олами берун маътуф медорад, осон аст.
Аммо воқеъбин будан дар мусиқӣ чй мафхуме дорад? Дар ҳеҷ
қисмат аз ҳунарҳои зебо машрут будан ва номуайян будан ин тур
бахшида намешавад, чунонки дар мусиқӣ ва ҳеҷ яке аз риштаҳои
ҳунарӣ бо чунин рӯҳи романтик дарбар гирифта нашудааст, чу-
нонки дар мусиқӣ. Ҳамеша ин романтизм дар мусиқӣ даст меди-
ҳад, зеро бо ҳеҷ чизе отози озодонаи он муҳақақ нест. Аммо бо
вучуди ин мусиқй бар истисноҳо бино ёфтааст. Онҳо зиёданд ва
онҳо таърихи мусиқиро ташкил додаанд.

Вале истисно аз мустасноҳо низ вучуд дорад ва ин истис-
ноҳо ду нафаранд: Бах ва Шопен.

Ин ду нафар аз аркони аслй ва бунёнгузорони мусикии созй
ҳастанд ва дар назари мо қаҳрамони хаёлпардозй ва афроде рӯёӣ
намебошанд. Онҳо мазҳари дурустй дар ҷойгоҳи хеш мебошанд.
Мусиқии онҳо мамлӯ аз тафсилот аст ва тасвире аз таърихи зинда-
гии ононро пеши назари мо ба ҷилва дармеоварад. Ҳакикат дар осо-
ри онҳо беш аз ҳар каси дигар аз лобалои ҳар садо берун метаровад.

Дар мавриди воқеьбинӣ (реализм) дар мусиқӣ сухан ронда, мо
ба ҳеҷ вачх сарчашмаи тасвирии мусиқӣ, операй ва ё барномаи вайро
дар назар надорем. Баҳси мо ба куллй дар мавриди чизе дигаре аст.

Дар ҳама чо ва дар ҳар шакли ҳунар воқеъбинӣ, зоҳиран, ҷа-
раёни чудогонаеро ифода намекунад, балки дараҷаи хоси ҳунар,
олитарин дараҷаи дикқаги муаллифро ташкил медиҳад.

Воқеъбинй, эҳтимолан, он андоза таъйинкунандаи тафсилоти
халлоқият аст, ки на шунаванда ва на бинандаи муосир, на қаво-
нини умумии зебошиносӣ хеч як аз хунарманд такозо надоранд ва
ин чост, ки хамеша ҳунари романтизм мутаваққиф шуда ва ба он ик-

231
тифо мешавад. Барой шукуфоии хунари романтизм чӣ қадр кам ло-
зим аст! Шӯру шавки ғайритабиӣ, умқи дурӯғин, дилнавозии сох-
тагй ва хама шаклҳои маснӯъии тасвир дар ихтиёри вай қарор дорад.

Ҳунарманди воқеъбин дар вазъияти комилан мутафовите
қарор дорад. Фаъолияти вай салиб ва қазову қадар аст. На сояи
беқайду банде вуҷуд дорад ва на булҳавасӣ. Оё вай ҳақ дорад маш-
ғули бозй ва саргармй бошад, дар холе ки ояндааш бо худи вай бозй
дорад. Ҳангоме ки ӯ худ бозичае дар дасти оянда аст.

Ва пеш аз ҳама, кадом ҷиҳат ҳунармандро воқеъбин меку-
над, чй чизе вайро месозад? Фикр мекунем таъсирпазирии авва-
лия дар овони кӯдакӣ ва вазифашиносии бамавқеъ дар синни
булуғ. Ҳамоно ин ду неру ӯро пушти кор менишонад, ки ин чиҳат
ба ҳунарманди романтизм ноошно ва барояш ғайризарурӣ аст.
Хотироти шахсиаш ӯро ба заминай иктишофи (кашфи) текник-
ҳои зарурй барои бозгӯйии онҳо меронад.

Воқеъбинии ҳунарй, чунонки ба назари мо мерасад, умқи
таъсири тарҷимаи ҳоле аст, ки неруи асосии таҳрики ҳунарманд
шудааст ва ӯро ба навоварӣ ва асолат раҳнамун месозад.

Шопен воқеъбин аст дар ҳамон маъно чун Лев Толстой.
Халлоқияти ӯ саропо асл аст ва ин асолат аз тафовут бо рақибон
оғоз намешавад, балки аз шабоҳат бо воқеъият аст, ки осори худ-
ро бар асоси он офарида аст. Ин осор комилан тарҷимаи ҳоли
шахсй аст, на аз он ҷиҳат ки худмадор аст, балки ҳамонанди ди-
гар воқеъбинони бузург Шопен ба зиндагии худ ҳамчун воситаи
дарки ҳамагуна зиндагй дар олам нигоҳ мекард. Шопен мавчу-
дияти худро дақиқан ба велхарҷӣ сарф мекард ва ба танҳой
бидуни тамаъ ва ҳисоб накарда ба cap мебурд.

2

Василаи асосии баён-забони Шопен, ки хама он чизеро, ки
мехост, шарҳ бидиҳад, мелодии вай буд. Мелодии Шопен асил-
тарин ва нерумандтарин мелодиҳост, ки мо медонем. Ин на ме-
лодии мотиви (савти) кӯтоҳ бо баргашти (банди) мусиқй, на так-
рори арияи опера, ки садояш бидуни поён як чизеро тасвир меку-
над, балки андешаи пешравандаи рӯ ба густариш буда, монанди
раванди қиссаи ҷаззоб моро мехкӯб кардааст ё мӯҳтавои иттило-

232
оти муҳимми таърихй мебошад. Ва нерумандии ин мелодй на
танҳо ба маънии таъсири амалиаш бар мост, балки нерумандии
вай ба он маъно низ ҳаст, ки хосиятҳои истибдодии онро худи
Шопен ҳангоми ба дунболи ҳормониза ва такмили ҳама нозуки-
ҳо, хамҳо(найрангҳо)и ин ташкили сахтгирона ва тасхиркунан-
да дар хеш таҷриба кардааст. Барой намуна бо ҳалли умумитар ва
мӯътадилтар мавзӯъи (тем) севвуми этюди E-dur барои муаллиф
метавонист шӯҳрати беҳтарини маҷмӯъаи таронаҳои (лидҳо)
Шуманро ба даст биёварад. Аммо на! Барои Шопен ин мелодй
таҷассуми ҳақиқат будааст. Дар паси он кадом як тасвири воқеӣ ё
худ иттифоқе (боре замоне ки шогирди мавриди алоқаи Шопен
ин қитъаро менавохт, Шопен мушти гиреҳкардааашро боло
бардошта, чунин хитоб кард: -Оҳ, Меҳани ман!) қарор дошт.

Ва ҳол Шопен ба хастагии мудёнтҳо ва модулосюнҳо (мо-
дуляция) афзуда, зарур дониста, то охирин нимпардаи фавосили
дуввум ва севвум бахши миёниро аз назар гузаронда, то барои ҳа-
маи шар-шар ва саррез шудани ин мавзӯъ (тема) ба ин пешсурат
содиқ бимонад ва аз ҳиқиқат дур нашавад.

Ё худ рӯҳия дар этюди ҳаждаҳуми gis-moll тертсиё (терция)
бо роҳи зимистона (ин мавзӯъ бештар ба этюди ҳафтуми C-dur
нисбат дода мешавад) ба рӯҳияи маҳзунона(элеготик, элегия)и
Шуберт монанд буда, мумкин буд, ба он бо камтарин ҳазина
нойил омад. Аммо на! На танҳо ғӯта хӯрдани суртма (чана) дар
пасту баландиҳо (чолароҳ) мавриди баён қарор гирифтааст, бал-
ки дар хати тирмонанди роҳ доиман барфпораҳо дар ҳоли парвоз
хат мекашанд ва дар гӯшаи дигари уфук сурбе сиёҳ саф кашида ва
ин нақшу нигори мӯшикофонаи фироқро танҳо ҳамин тур минор
(minor)H хроматик(кроматик)и ҷарангосзананда-ҷарангасза-
нанда ва гоҳе гумшаванда, беҳис зангзананда ва хомӯшшаванда
ифода мекунад.

Ё худ дар «Баркаролла» (Barkarolla) тасаввур (хотира) бо
«Таронаи Гондолез»-и Менделсон шабохат дорад, ки мумкин
буд, онро бо василаҳои мутавозеътар (маҳҷубтар) ба даст овард
ва ҳамон вақт ин тахмине шоирона мешуд, ки мо онро одатан ба
чунин унвон вобаста мекунем. Аммо на! Нурҳои соҳил дар дои-
раҳои рӯғанишакл печида, дар обҳои сиёҳи мунҳанӣ (хам) паро-

233
канда мешаванд, амвоҷ, одамҳо, суханон ва қайиқҳо бо ҳам бар-
хӯрдаанд, ки ин ҷиҳат ба тасвир кашида шавад ва тамоми «Барка-
ролла» чунон ки ҳаст бо ҳамаи орпежҳо, трилҳо ва форшлагҳояш
бояд чун ҳавзи комил боло ва пойин мерафт ва парвоз мекард ва
рӯйи пункта орган шалапос-шалап мекард, иртиъоши хафаи ма-
жор-минор, ки муҳити ҳормони хешро пур мекард.

Ҳамеша дар пеши чашмони ботанй (ва ин шунавойй аст)
кадом як модел, ки бо он бояд гӯш дода, такомул ёфта ва баргузида
шуд, вучуд дорад. Ба ин ҷихат чунин садои қатраҳо дар прелюди
Des-dur, ба ин чихат дар полонези As-dur аз саҳна (сцена, сен) ба
сӯйи шунаванда дастаи саворкорон метозанд, аз ин рӯ дар кисмати
охири сонатаи h-moll обшор дар роҳи кӯхй сарнагун шудааст, ба ин
чцхат дар васати ноктюрни F-dur ором ва осуда ҳангоми тӯфони
шабона панҷараи (тиреза) работ беихтиёр боз мешавад.

3

Шопен мусофиратҳои зиёде донгг, барномаҳои консертй
иҷро мекард ва нисфе аз умрашро дар Порис гузаронд. Бисёре ӯро
мешинохтанд. Дар мавриди Шопен навиштаҳои ашхоси бузурге
чун Ҳенриш Ҳейне, Шуман, Жорж Санд, Делакруа, Лист, Берлиоз-
ро дар даст дорем. Дар ин изҳори назарҳо матолиби бисёр арзандае
вучуд дорад, вале сухан бештар дар мавриди париҳои обӣ, ҳорпи
бодӣ ва париҳои ошиқ аст, ки бояд онҳо дар мавриди осори Шопен,
шеваи ичро, симо ва хулқу хӯйи вай ба мо тасаввурот диҳанд. Ин-
соният гоҳе то чӣ ҳад шӯру шаъафи худро ба наҳви ивазй ва бемаъ-
нй иброз медорад! Рӯйиҳамрафта дар ин инсон париҳои обй ва
самандарҳо бисёр кам ҷой дошт, аммо баръакс саропо тӯдаи парво-
наҳо ва париҳои шоирона (романтик), аъён ва ашроф дар атрофи ӯ
чӯш мезад. Замоне ки Шопен аз пушти роял (пиёну, пиано) баланд
шуда, аз васати (миён) сафи каноркашидаи онҳо убур мекард, си-
мои хорикулоддаи дақиқ ва нобиғаӣ, муҳтотонаи (бо хунсардй)
масхараомез ва хаста ва ба хадди марг расида аз машғулиятҳои ша-
бонаи сохти асарҳои мусиқӣ ва тадриси рӯзона бо шогирдони вай
мушаххас мешуд. Накл мекунанд, ки ағлаб авқот баъд аз чунин
шабнишиниҳо, барои аз қайди беҳиссй берун овардани ичтимоъ,
ки ин бадеҳанавозиҳо (импровизатсиюн) онҳоро дар чунин ҳолат

234
ғӯтавар карда буд, Шопен ба таври дуздакӣ (пинҳонӣ, оҳистаякак)
ба дахдез (вурудӣ, кафшкан) гузашта ва дар назди ҳар гуна ойина
галстук (кровот) ва мӯйҳояшро ба вазъи нобасомон дармеовард ва
ба толори пазиройӣ бо ин тағйири чеҳра баргашта, ба иҷрои
нақшҳои танзомез бо матни сохтаҳои хеш мепардохт: гоҳе нақши
ҷаҳонгарди машҳури инглисй, гоҳе хонуми башшор(завқзада)-и
порисй ва ё пирамарди фақири яҳудиро меофарид. Рӯшан (мусал-
лам) аст, ки истеъдоди бузурги фоҷиавй (трагедй, трожедй) бидуни
эҳсоси айният вучуд надорад ва эҳсоси айният аз рагаҳои мимикӣ
чашм намепӯшад.

Бисёр хуб аст (олист) ҳар ҷо ки Шопен моро бо худ мебарад
ва ҳар чиро, ки ба мо нишон медиҳад, мо ҳамеша бидуни эъмоли
зӯрй бар эҳсоси бамавқеъ бидуни ногувории зеҳнӣ ба хаёлпар-
дозиҳои вай до да мешавем. Ҳамаи тӯфон ва драмаҳои ӯ бо мо ир-
тиботи наздик дорад, онҳо метавонанд дар асри иктишофи роҳи
оҳан ва телеграф pyx диҳанд. Ҳатто замоне ки дар қитъаи фанта-
зӣ, бахшҳое аз полонезҳо ва балладаҳо олами ривоят зуҳур
мекунад ва сужаҳое қисман бо Митскевич ва Словатски иртибот
дорад, ин ҷо низ кадом решаҳо ба ҳақиқат шабоҳат дорад ва аз он
ба инсони имрӯз кашида мешавад. Ин монанди ривояти ҷавон-
мардона дар вироиши Мишели ва Пушкин аст, на афсонаи пур-
пашми побараҳна дар кулоҳи сурхдор. Ба хусус мӯҳри ин ҷидди-
ят дар шопентарин осори Шопен, яъне дар этюдҳои ӯ бузург аст.

Этюдҳои Шопен, ки аз он ба унвони дастоварди фаннй (тек-
никй) ном мебаранд, бештар таҳқиқот аст, то китоби омӯзишй.
Ин баррасиҳо бо забони мусиқй баён шуда, таҳқиқот дар мавриди
теории кӯдакй (туфулият) ва бобҳои ҷудогона аз муқаддимаи
фортепиано (пиёну) ба марг аст (ҳайратовар аст, ки нисфе аз ин
осорро одаме, ки тоза ба синни бист қадам гузошта, навиштааст)
ва онҳо беш аз ҳама таърих, сохти кайҳон ва бештар аз он ҳар чй
дуртар ва умумитарро меомӯзад, то навохтан рӯйи роял (пиёну).
Аҳамияти Шопен густардатар аз мусиқӣ мебошад. Фаъолияти
вай ба назари мо кашфи дуввуми мусиқӣ аст.1
__________________________ 1945

1 Пастернак Б. Л. Охранная грамота. Шопен. -Москва: Современник,
1989, с. 91-95.

235
ФЕҲРИСТ

Сарсухан..........................................3

Гулбонги ҷавонӣ...................................8

Ёде аз Латифӣ....................................34

ДамебоЛоиқ.......................................38

Дар дори ҳиҷрат ва ғурбат........................75

Гуфтандвагуфтем.................................100

Тӯтии хушсухан..................................134

Достони мурдашӯй ва гӯрков......................203

Дурдонаҳои тобон................................224

Мирбобои Мирраҳим (Мирраҳи-
мов) 5.06.1975 баКумитаисадовасимои
Тоҷшшстон ба кор омад. Поёни с. 1975
ба хидмати сарбозй рафт. Аз с. 1977 таҳ-
силро дар аспирантурам АИ ҶТ идома
дод ва солҳои 1980-1989 дар АИ машгул
ба кор шуд. Муаллиф ва муассиси авва-
лин барномаҳои ҷашнгирии Наврӯз дар
сатхи давлатй дар Тоҷикистон (1980
Қӯрғонтеппа ва 1982 Душанбе). 15.5.
1987 рисолаи номзадиашро дар Маскав
дифоъ кард. Номзади илми фалсафа. Яке
аз бунёдгузорони Ҳаракати мардумии
Растохез ва нашрияи он. 14.10.1989 дар
Анҷумани нахустини Бунёди забони тоҷикӣ (форсй) ҷонишини
Райис интихоб шуд ва он ҷо кор кард. Аз 10 май то 2.11.1992 Райиси
Ширкати садо ва симои Тоҷикистон. 19.1.1993 дар ш. Ишқобод
дастгир шуд ва то 5.11.1994 дар боздоштгоҳи В А ба ҷурми сиёсй ба
cap бурд. 14.11.1994 дар Хоруғ бо асирони ҳарбӣ табодул шуд ва ба
Афғонистон ҳичрат кард ва дертар дар Теҳрон зиндагй ихтиёр на-
муд. Тобистони с. 1997 аз фаъолияти сиёсй канор рафт. Ҳеҷ гоҳ аъ-
зои ягон хизби сиёсй набуд ва нест.

Мақолаи Мирбобои Мирраҳим «То ба кай об аз таги ях мера-
вад?» («Комс.Тоҷикистон» 6.1.1988)-ро оғозгари бозсозй дар мат-
буот ва рухдоди бузург дар ҳаёти илмй, фарҳангй ва сиёсии тоҷикони
Вароруд донистаанд. Муаллифи беш аз дусад мақолаи илмй ва ин
китобҳост: Праздник Навруз (Ирфон 1985, 1999); Ҷашни Наврӯз ва
ҷаҳоншиносй (Ирфон, 1992); Ҷаҳон ҷои гудози дӯстон аст (1996);
Рӯзномаи маҳбуси махкум ба қатл (1997); Падидаҳои худшиносӣ
(1999); Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад (1998); То ба
кай об аз таги ях меравад? (1998); Саъдахтар (2001); Ватани ман дар
куҷост? (2003); Сар омад қиссаи дуздй ҳикоят ҳамчунон боқист
(2003); Достонҳои бузурги хотирот. ҷ. 1. Қиссаҳои ширини айёми
баччагй (2006). Тарҷимахо: Ҳ.А.Юлдошев - Нақшу нигори меъмо-
рии Тоҷикистон; С.Ҳакимова - Танзими оила; Д.Ҳакимова - матни
навор ва СД-и Чернӣ (оп. 599) ва матни «Китоби A. М. Бах».

Аз силсилаи «Достонҳои бузурги хотирот» ҷилди дуввуми он -
«Достони донишгоҳ» дар дасти виройиш буда, ҷилди севвум дар
арафаи анҷомёбист. Китоби «Ашк ва ханда» кӯшишест барои бо
диди дигар ба риштаи тасвир кашидани зиндагй ва пушти cap гузош-
тани душвориҳои рӯзгор бо хандаҳо...

Translation