Ёде аз Вализода Memories of Valizoda

Transcription



Ба 100-солагии шоир
ва хофизи халқии тоцик
Саидалй Вализода бах-
шида мешавад

Еде аз вализода

ДУШАНБЕ

ИРФОН

2000
ББҚ 83.3
Е—41

Мураттиб Соат Чалишев
Муҳаррир М у с т а ф о Р а қ и б й

Е—4! Еде аз Вализода (мураттиб С. Чалишев). —Душанбе:
Ирфон, 2000, 128 саҳ.

Дар китоб ёдномаҳое гирд оварда шудаанд, ки ба калами олимон,
шоиру нависандагон, дӯстону наздикони Саидалй Вализода мутааллиқанд.
Китоб оммаи хонандагонро ба хислатҳои наҷиби ин адиб ва ҳунарманди
халқи тоҷик шинос намуда,, аз мақоми хоси шоир дар таърихи адабиёти
шифоҳии халқи тоҷик ва эыирофу қадршиносии мардум иисбат ба фар-
занди баруманди халқ нақл мекунад.

q_ 4700000000-21 _2000 БВК 83.3

М (501 (12)—2000 ^ Е—41

ISBN 5-667-01023-0

© ИРФОН , 2000
БА ҶОИИ САРСУХАН

_ Ману марҳум Ашӯр Сафар, ки нав машки шеър мекардем,
рузе ба хонаи устод Сайдалй Вализода рафтем. Якчанд кас
болои суфаи таги ангур нишаста аз ҳар боб чақ-чақ ва хуш-
Iӯй мекарданд. Садои ханда ба фалак мепечид.

— Як рӯзи мавсими пахтачинй ман ба колхози ба номи
Шаталовн ноҳияи Кӯлоб рафтам, то бо деҳқонон чорта сӯҳ-
бат кунем, —нақл мекард Сайдалй Вализода ва зери лаб ши-
рин-ширин табассум менамуд. Дар чунин ҳолатҳо лабаш кам-
кам мепарид. —Баъди анҷоми сӯҳбат, ки мавзӯи он асосан меҳ-
нати ҳалолу таъмини маишати деҳқонон буд, мӯйсафеди тах-
минан аз 70-сола боло назди ӯ омада чунин арз кард:

— Вализода, Шумо ҳозир аз маишати мо ran задед. —Ма-
салан, ман пир шудааму зан надорам. Ҳамсарам чанд сол пеш
аз дунё гузашт. Б a xsap ҷое ки хостгор мефиристам, ҷавоби рая
мегирам. Акнун Шумо, ки шахси дунёдида ҳастед, ба ман дар
(ин бора чй маслиҳат медиҳед? Лабони Вализода боз ба пари-
дан cap карданд. У ҷавоби мувофиқ меҷуст. Мӯйсафеди зан-
гир ҳаёл мекард, ки Вализода маслиҳате медиҳаду мушкилаш
осон мешавад.

— Шумо пир шуда будаед, ғам нахӯред, ҳеҷ кас, ки наги-
рад, Худо худаш мегирад. Садои хандаҳои мардум боз ба фа-
лак печид. Муйсафед дар гапи ҳақ мулзам монд. —Рост мегӯяд
мардак, —ба маслиҳати Вализода тан дода гуфт ӯ.

Ана ҳамин хел одами аҷоиб буд Вализодаи мо. Ӯ ба куҷое,
ки кадам мегузошт, он ҷо ба тӯйхона мубаддал мегашт. Аз за-
бони у ба ҷӯз наоиҳат, панду ҳикмат ва ҳазлу шӯхӣ х<арфя
дигаре шунида намешуд. Ҳама —чй пир, чӣ ҷавон орзу доштанд,
ки бо Вализода боре нишинанд, аз сӯҳбатҳои гарму гуворои он
кас баҳравар шаванд. Суҳбатҳои Вализода ба мардум рӯҳц
тоза, қувваю ғайрати нав мебахшиданд. Хонаи Вализода мако-
ни базми шоирон ва сӯҳбати дӯстон буд.

Шоири бузурги халқ устод Вализода бо хислатҳои неки худ
ва суҳбатҳои дилрабояш дустони зиёде пайдо карда буд. Мар-

3
думи одди қама дар cap то сари Точикистон уро мешинохтанд
ва пазмони вохӯриҳояш буданд. Аз арбобони давлату ҳукумат
Маҳмадулло Холов, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Давлат Гадоев, Мир-
зоалй Вайсов ва дигарон Вализодаро чун мағзи нон ҳурмат
мекарданд. Аз бузургони миллат Мирзо ТурсунзоДаю Боки
Раҳимзода аз худаш буданд. Онҳо гуё бе Вализода зиндагй
карда наметавонистанд. Масалан, рӯзи, марги Вализода устод
Боқй Раҳимзода дар такяи ману Ашур Сафар то сари гур рафт.
Нолаю фиғони ӯ ҳисоб надошт.

— Вализода ҳам рафт, —мегуфт у бо ҳасрат оби дида рехта.
Маро дигар кй механдонаД? Кй дар васфи духтари балчувони
шеър мрнависад? Оиди ободии Кулоб ки рафта дар назди ка-
лонҳои чумхурй нотарсона масъалагузорй мекунад?

Оре, Сандали Вализода пирмуроди мо буд, дар х,ама ҷо аз
номи х’алки Кӯлоб ran зада, мушкилотамонро бо осони ҳал
мекард. Б иду ни ин, ӯ cap то по панду хркмат ва аклу зако-
ват буд. Суханн ӯ бероҳагонро ба роҳ медаровард. Ҳазлу шу-
хиҳояш ба рӯҳафтодагон руҳи тоза мебахшид, роҳгарди ва шину
хсзаш ба дигарон ибратбахш буд. Кувваи хофизаи беҳамто дошт.
Қиссаю достонҳои бузургро аз ёд медонист. «Калаи пӯсида» ва
<^Лӯлак-лӯлаки боқй»-ро касе монанди у таъсирбахш сароида

наметавонист. „ ,

Аз фарзандонаш Хостят, Ҳабиб ва Саивали ба худаш раф-
таанд. Хосият ҳамчун шоира аллакай овоза дорад. Сайвалию
Ҳабиб зарофатгӯ\ои аоил буда, дар тую дигар маъракаҳо
-мардумро механдонанд, аз шунидани шеърҳои ҳаҷвияшон оДа-
мон кайфият мебаранд. Чунон ки, Хабибу Саивали шу-
хиомез мегӯянд, касалии падарашон ба онҳо кам-кам гузаш-
тз зет

Саидалй Вализода устоди сухани халқ буд. Намунаи эчо-
диёти пурбаракати вай қариб дар даҳ маҷмуаи ашъораш ба
табъ расида, дар тарбияи инсонҳо ва солимии ҷомеа нақши
бузург дорад. Имсол мардуми мо 100-солаши зодрӯзи ин шои-
ри шахдрро ботантана чашн мегиранд.

Банда дар охир ба тадкиқотчии эчодиёти шоир, номзади
илми филология, дотсенти Донишгоҳи давлатии Кулоб, Кор-
манди Шоистаи, Точикистон, устод С. Чалишев аз самими дил
ташаккур мегӯям. Оиди эчодиёти доманадори С. Вализода у
то ин дам се асари калонхачми идмй ва зиёда аз bU мақола
таълиф намудааст. Мураттиби ин китоб низ олими мӯҳтарам
С. Чалишев мебошад. Чи тавре ки мегуянд, бузургонро бузур-
гон зинда медоранд.

4

САИДҶОН ҲАКИМЗОДА - коти-
би масъули шӯъбаи кулобии Ит-
тифок,и нависандагони Точикистон.
БОҚӢ РАҲИМЗОДЛ

ХОТИРАИ
САИДАЛЙ ВАЛИЗОДА

Тахминан пас аз як моқн даргузашти Муҳаммадҷон Ра-
жими Саӣдалӣ Вализода ба хонаи мо омад, ҳар ду марҳум
Раҳимиро ёд ва бо зикри фазилатҳову ашъораш руҳи ӯро шсд
кардем. Саидалӣ Вализода оҳи гароне кашида ин байтро бо
алам хонд:

Фарёд зи дасти фалаки чомакабуд,

Ерони маро ягон-ягон омаду бурд...

Ва ба завҷаи ман рӯ оварда гӯфт:

I— Ман омадам, ки бо шумо хайрухӯш кунам, ба ҳаққи но-
ну намаки худ розй шавед. Авлоди мо он қадар умри дарозе
надидаанд, эиёди умри дидаашон 150 сол... Умри ман бисёр бо-
шад, ҳафтод—ҳаштод соли дигар будагист, бинобар ин аз ҳозир
бо шумо видоъ мекунам...

Саӣдалй ин суханҳоро бо ҳамон зиндадилй ва ширингӯии
ба худ хос мегуфт ва зери лаб механдид.

Он рӯз сӯҳбати мо ду—се соат давом кард. Саидалй дар ин
ду-—се соат он қадар рубоиву байт гуфт, он қадар шӯхиву му-
тоиба кард, он қадар саҳнаҳои мазҳакавй ҳикоят кард, ки аз
ханда бемадор шудем. Аҳли оилаи мо чунон аз ширингӯӣ, за
рофат ва бадехаҳои ӯ завқ бурданд, ки ҳеҷ рафтанашро наме-
хостанд. Саидалй Вализода на фақат дар оилаи мо, балки дар
тамоми хонадони мардуми тоҷик ҳамин тариқ меҳмони дилхо\
ва писандида, сӯҳбаторо, базморо ва бадеҳасаро буд.

Саидалй Вализода тамоми умр мисли занбӯри асал, ки ши-
раи гулҳоро мечинад, байни мардум гашта, беҳтарин офари-
нишҳои шифоҳии ӯро ҷамъ карда, мисли ганҷина дар зеҳн ме
дошт ва дар сӯҳбатҳову мулоқотҳо бо халқ нуқли сӯҳбаташ
офаридаҳои худи халк буд. Вале Саидалй дидаву шунидаҳоятп-
ро бо обуранги хосе ҳикоят мекард, чунон ҳикоят мекард, ки
мардум ҳама онро ҳамчун ҳикояти ношунида ва тоза мепази-

5
руфтанд. У муносиби бардошти ҳар маврнд ҳам бо забони су-
руд, ҳам ба забони думбура, ҳам бо забонк шеър ва ҳам бола-
тифаву ширинкорй сухбат мекард. Ҳар тоифа одамеро, ки а\ли
суҳбат набошад, Сандали афсун м!екард, ҳама ӯро гӯш мекар-
данд.

Баъд аз нишасти хеле завқбахши ду-сесоата, ки дар хонан
мо гузашт, Вализода маро хдмроҳи худ ба хонаи Назаров ном
дусташ бурд, ки бисер марди адабдӯст, зиндагидида ва мухли-
си табъи латифи Вализода буд. Дар хонаи Назаров Ҳофизи
халққи республика Ҳошим Насим (падари Одина Ҳошим) ва
Раҷабалии чопандоз, ман ва худи Сайдалй зери воише нишаст
кардем. Баъд аз латифагӯиву байтхонӣ, зарофату мутоибаҳои.
зиёде Сайдалй гӯрӯғлихонӣ, Ҳошим Насим таронасарой кар-
данд ва шаб саҳар шуд.

Ин сс ҳунарманд то субҳ дар овозхонй сабкат карданд, ва-
ле ҳар кадоме дар мақоми ҳунармандии худ буд.

Сайдалй Вализода донандаи хикояву латифа, панду ҳикмат,
байту ғазал, достону мазҳакаҳои халқӣ буд, худаш ҳам мебофт^
худаш каҳрамони он ҳикоятҳо мешуд. Ин фазилат дар шеър-
гуй ва бадеҳанависии ӯ хам асари муайяне гузошт. Таронаи
«Ленин —бародар, раҳнамо» гувоҳи ин аст.

Аз халқ омӯхтан ва халқро омӯзондан кори осон нест. Ба-
рой ин пеш аз ҳама халқи худро дӯст доштан, урфу одат, рӯдия
ва зиндагии уро донистан ва ба Дили ӯ раҳ ёфтан лозим аст.
Барой ин аввал истеъдод ва баъд кӯшиш мебояд.

Сайдалй Вализода дар мағзи дил» халқ ҷой гирифта буд.
Ҳеҷ як тую сур, базму шодӣ, сӯҳбату мулоқоти мардуми во-
дии Кулоб ва на танҳо мардуми Кӯлоб бе ӯ намегузашт.

Сайдалй Вализода имрӯз байни мо нест. Думбураи ӯ хомӯш
аст. Вале ҳар ҷо, ки тӯй барпо шавад, мардум маърака ороян-
ду базм кунанд, думбураи ӯ ба навозиш cap мекард. Номи не-
каш, шухиву мутоибаҳояш, латифаҳову байтҳояш, садои хо-
нишаш ҳамеша вирди забонҳо ва ёдгори хотири халқ хоҳад буд.
Чунон ки гуфтаанд:

Зиндаю ҷовид монл, ҳар кӣ накӯном зист,

К~аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

6
ҶАЛОЛ ИҚРОМЙ
САЙДАЛӢ ВАЛ ИЗОДА

С. Вализода, аслаш аз ноҳияи Ховалинги вилояти Кӯлоб
аст. Вай мардест қоматбаланд, тануманд, бо вучудш калонсол
буданаш боғайрат, бо ваҷоҳати бузургворона, чашмонаш ба
нуфуз ва нигоҳаш пурмаънй. Ришаш ҳамеша тоза тарошида
шудагӣ, дар болои лабаш андак мӯйлаби кӯтоҳе дорад, ки мошу
биринҷ будани он намуда меистад. Мӯйсараш нисбатан сафед
шудааст, вале Сандали як тори онро ҳам намонда ҳамеша ме-
тарошонад. Зоҳиран аз аломатҳои пирӣ ибо дорад ва доим
чун дили ҷавонаш намуди берунии худро ҳам ҷавонона дош-
тан мехоҳад. Аксар вақт дар поят калӯшу масҳӣ, дар сараш
телпаки гӯшакдор. Роҳ гаштанаш бовиқорона ва ба андозае
оҳиста, ҳатто ба тангии вақт ҳам аҳамият надода ох|иста роҳ
мегардад. Овозаш ғафс, вале дар вақти суруд хондан —дар
пардаҳои боло тағйир меёбаду аз оҳанг мебарояд. Ҳарчанд ки
вай мақомҳоро хеле ширин карда ва шеърҳоро фаҳмо ва бурро
карда мехонад...

Падараш ҳам табъи шеъргӯй дошта ва дар байни мардуми
Ховалинг машҳур будаает. Табъи шеъргӯи ва сурудхонн аз
байни се писар ба ҳамин Сандали мерос гузошта, ҳанӯз аз
хурдй вай ба шеърсарой ва сурудхонй машгул будаает. Хат-
ту савод ки надоштааст, шеърҳои пештар гуфтааш фаромӯш
шудаанд. Фақат пас аз барқарор гардидани ҳокимияти совета
имконият пайдо мешавад, ки Сайдалн чун шоири халқ дач
байни^ мардум шӯҳрат пайдо кунад ва соҳибн хату савод гар-
дад. Уро мардуми вилояти Кӯлоб ва бисёр ҷоҳо хурмат ва эҳ-
тиром мекунанд, мешиносанд ва дӯст медоранд. Вақте ки май
Чбо вай кишлоқ ба кишлоқ, кӯх ба кӯҳ гаштам, худам бо чаш-
ми худ дида ба им боварй ҳосил кардам. Ҷойе набуд, ки уро
нашиносанд ва ё ки номашро нашунида бошанд. Бисёр гуф-
таҳои ӯ латифа шуда дар байни мардум мегарданд. Саидадй
дуторро хуб менавозад ва якчанд достончаҳои ҳаҷвӣ ва сати-

7
рикӣ дорад, ки ба шунавандагон хеле маъқул аст. Дар ҳар
ҷо вай, дар қатори рубоиҳои лирикии халқи аз осори худаш
ҳам мехонад ва шунавандагонашро хурсанд мекунад...

Аксарияти меҳмонҳои вай на барои хонаю бошишгоҳи вай,
балки барои сӯҳбат ва боздиди ӯ меоянду соате суҳбат карда,
хурсанд шуда, гоҳо аз вай маслиҳатҳо гирифта баромада ме-
раванд...
РАҶАБ АМОНОВ

Ӯ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

(Ба хотираи шоир ва х,офиз Саидалй Вализода)

Дар он рӯзҳое, ки тамоми мнсонияти тараққипарвар ва пок-
дили рӯйи олам 100-солагии ба олам омадани ташкилкунанда
ва илҳомбахши Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр, бар-
покунандаи аввалин ҳокимияти оммаҳои меҳнаткаш Владимир
Илич Ленинро бо камоли хурсандӣ ва миннатдори ҷашн ме-
гирифт, мо аз забони бисёр ҳофизони республика дар оҳанг-
ҳон гуногун сурудаеро мешунидем, ки дар он Ленин «бародар
ва раҳнамо» номида мешуд.

Наздиктарин дӯсти ғамхор ва мададгори ҳар кас бароДар
аст. Бародар касро хор шудан намемонад ва ҳамеша кушиш
мекунад, ки ба ҳар дардн бародари худ дармоне ёбед. Ҳамин
хел буд Ленини кабир нисбат ба халқи тоҷик ва ҳамаи халқ-
ҳои меҳнаткаши рӯйи ҷахон.

Бинобар ин муаллифи суруд ӯро бародар, раҳнамо номида

буд. _

Аз вақти эҷоди ин суруд бештар аз ним аср гузашт. Он вақт
муаллифи суруд Сайдалй Вализода ҷавони 22-сола буд. Дар
замони мо ҷавони бистудусола ин шахсест, ки институт ё уни-
верситетро тамом карда, дар соҳаҳои гуногуни илм дониши му-
каммал ба даст оварда, соҳиби маълумоти оли шудааст.

Писари деҳқони камбағалу мазлум Сайдали мисли садҳо
ҳазор гшсарону духтарони халқи худ маълумот надошт, хат
надошт, савод надошт. Нам!едонист, ки навиштан чиву хондан
чй, намедонист, ки дар олам бо номҳои гуногун илму дониш
вучуд дорад. Намедонист, ки барои осон ва пурсамар шудани
зиндагии инсон тараккиёти илму техника лозим аст.

Сандалии бистудусола бемаълумот ва бехату савод буд. вале
вай аллакай университети зиндагиро тамом карда буд, вай ал-
лакай талхих,ои зиндагиро бисёр чашида, бисёр ҳодисах,ои но-
гувору номусоиди рӯзгорро аз cap гузаронида буд. Вай медид,
кн духтарони маъсумаи хурдсолро ба одамони номуносиб,

9
боёну муллоҳову эшонони шикамдамидаи ришдароз ба зани
мефурушаид.

Вай дида буд, ки мардум дар бораи ҳамдиёраш Восеи озо-
дихоҳ, ки амири золими Бухоро ӯро ба қатл расонида буд, су-
рудҳои пурэҳтиросу ҷонгудоз мехонанд, занҳои кулфатдидаи
деҳқонони шуришгар ба маъракақо даромада, ба раке омада
дар ин рақсҳо қаҳру ғазаби пуршиддатро ифода намуда, Восеъ-
ро ёд мекунанд:

Восеъ газост имрӯз!

Ҷон мубталост имрӯз!

Ғавғои рӯзи маҳшар,

Бар фуқарост имрӯз.

Ҳофизон аз номй халқе, ки ба кавли Саидалй «бо камоли
муҳаббат аз кафои Восеъ хеста буданд» дар бораи мири фа-
кирон дар ҳашарҳо» гандумдаравй, рӯзҳои иди мубораки Нав-
руз, тӯю хурсандй суруд мехонданд:

Ҷамъ шавси, ъй ёрон,

Асир нашавен ба мирон,

Зулме дидем бепоён!

Нақлу ҳикояқои мардум ва сурудҳои халқ манзараҳои шӯ-
риши ҳазорх.о деҳқонони ҷабрдидаи хонахароб, ҳуҷуми камба-
ғалони корд ба устухонрасидаро ба қалъаи баланду мустахка-
ми ҳокими Балҷувон, гурехтани ҳоким ва мағлубияти лашкари
онро ба лавҳаи тасаввури Саидалӣ меоварданд.

Саидалӣ пойҳок лучу кафидаи меҳнаткашон, бачагони ба-
рақнаву аз хунукӣ ларзон, кулбаҳои торики деворҳояш аз дуд
сип-сиёҳро дида, дар бораи душвор ва токатшикан будани зин-
дагй фикр мекард. Дар бораи Достй ном марди камбағале
суруди падараш Валиро шунида, ба андеша меафтоД:

Ҳини дардмандии по Достӣ ба ҳаво мепарид,

Риштаи кӯкӣ барои ҳарду пояш мехарид.

Дар он замон кафшн чӯбин ё чоруқ, сару тани карбосй, ки
агар бо хоки сурх ранг диҳанд, номаш шоҳикарбос мешуд, сар-
вате буд. Як чома барои чандин домод либоси шаби тӯй буд:

Деҳқон барои киштукор,

Аз чӯби кач мекард сипор,

Оганги юғаш шулашнн,

Бо ҳоли зор меронд замнн.

Ҳаллоҷй аз чӯб сохта буд,

Гӯё заводи пахта буд-

fO
Чарха ба халк фабрик буд.

Карбос ба чойи тик буд.

Буд, кӯза аз хоки кулол,

Ҷойи чароғ буд дар сафол.

Дар як табак ёздаҳ нафар,

Оши тунук мехӯрд агар.

Як дона қошуқ доштанд,

Пур карда мебардоштанд.

Дар окибат бо доли зор,

Аз фолу таштову тумор,

Бемор мемурд ногаҳон,

3-он ки набуд дору ба он.

Ҳамаи ин кабил додисадо, ки аз ҳукмрон будани беадола-
тиҳои хонумонсуз дар ҷамъият гуводй медод, Сандалии ҷавон-
ро ба издори хашму ғазаб водор мекард ва ин хоҳиш дар дили
у руз то руз кувват мегирифт.

Рузе аз боду борон вайрон шудани мӯҳри дорғаро дар хир-
мани як нафар деҳқони ҳамдиёраш ва ба ташвишу изтироб аф-
тодани дедкони бечораро дида, Сандали беихтиёр думбура ба
даст мегирад ва доли забуии меҳнаткаши мехнатбардорро аз
ломи худи у бо суруди хашмолуде ифода мекунад.

Оре, Саидалй дар мактаби даёт хонда буд ва адволи
мардуми чафокашро дида, ба чунин хулоса меомад, ки дигар
ин хел зиндаги кардан мумкин нест, занҷири зулму ситам бояд
пора шавад, роди озодӣ бояд вуҷуд дошта бошад. Вақте ки
аввалин хабардо дар бораи сарнагун шудани подшоди рус ба
зодгоди у —Ховалинг расид, дар дили Саидалй умед пайдо
шуд. Хабари Инкилоби Бухоро ва гурехтани амир Олимхон ба
Афғонистон уро ва дама* дамдиёрони камбағали ӯро рӯди то-
зае бахшид.

Дере нагузашта, Ширин Толиб ном аммабачаи Саидалй аз
мардакорй аз Самарканд омад- Шарин ҷавони қадбаланди
бадодурсурати зебое буд. Вай дар Самарканд саркори корга-
рон будааст. Уро мардум идота мекунанд, хабар мепурсанД:

— Подшоди русро сарнагун кардаанд, амири Бухоро гурех-
та рафтааст, акнун ба ҷойи индо кй подшод шудааст? — мепур-
сад Саидалй.

— Дигар дар сари халк подшод намешавад, —ҷавоб меди-
дад аммабачаи Саидалй.

— Ленин ном як одам, ки аз байни халк баромадааст, ба
хамаи халқдои камбагал, коргару дедқон родбар шудааст, вай
бародар, вай раднамои мост. Шашяки дунё аз зери зулм озод
шуд.

Ин суханонро бо камоли шавк дар Дилаш такрор карда,
Сайдали хомӯшона суруд эчод мекунад:

11
Домони ҳимат бар задаст,

Бунёди зулм аз бех задаст,

Николая барҳам задаст,

Ленин —бародар, рақнамо.

Ленин, ба мо дилдор шуд,

Бар камбағалҳо ёр шуд,

Золим хама чо хор шуд,

Ленин—бародар, раҳнамо.

Аз ҳамон вақт cap карда, мардумони Ховалингу Балчувон,
Фархору Кӯлоб, Кангурту Сари Хосор аз забони ҳофизи хуш-
овоз дар бораи Ленин, дар бораи озодй ва ободй суруд мешу-
наванд. Соли 1925 Саидалй суруди худро дар байни коргарони
капали Фархор мехонад. Дар ин байн тақрибан 300 марди-
кор аз он тарафи дарёи Панч аз Афғонистон омада буданд, ки
суруди Сапдалиро дар бораи Ленин бо шавқ гӯш карда, на-
вишта гирифта, ба ватани худ мебаранд.

Саидалй дар байни мардум достонҳои эпоси «Гуруғли», су-
рудхои халқй ва шеърҳои худро иҷро карда, торафт бештар
обрӯ ва шӯхрат пайдо мекунад. Овози форам, истеъдоди ҳофизи
ва шеъргӯйӣ Вализодаро дар тамоми районҳои Кӯлоб машҳур
мегардонад ва дере нагузашта, ӯ ҳамчун ҳофизи хушовоз ба
кори театри колхозии республика чалб карда мешавад.

Дар пойтахти республика Вализода бо шоири инқилоби,
муаллифи манзумаи машҳури «Кремл», яке аз сардафтарони
адабиёти советии тоҷик Абулқоснм Лоҳутӣ шиносои пайдо кар-
да, шеърҳои худ, аз чумла манзумаи «Папанинчиён»-ро аз на-
зари диққати ӯ мегузаронад. Шоирони номдори тоҷик Боки
Раҳимзода, Суҳаилӣ Ҷавҳаризода, Абдусалом Деҳотӣ ба ӯ
маслиҳатҳои пурқимат медиҳанд.

Муҳити нависандагон ва театр дар инкишофи истеъдоди у
роли муҳим мебозад. У машқ карда, хату савод бароварда,
маълумоти худро вусъат дода, беш аз пеш сурудҳои кобили
диққат эҷод кардан мегирад. Сурудхои уро дар саҳнаи театр
мехонанд ва беҳтарини онхо ба забонҳои тоҷикй ва руси чоп
мешаванд.

Аз дпеъру суруду достонҳои у маҷмуаҳо тартиб Дода меша-
вад, ки мундариҷаи онҳо аз солҳои аввали Ҳокимияти Совета
ҳамчун сарояндаи боғайрати ҳаёти нав, вассофи пешрафтҳо ва
табаддулоти азими таърихй ба майдон омадан ва фаъолият
нишон додани ӯро собит мекунад. Вализода сурудҳо ва кала-
ми худро ба ярок табдил дода, ҳар як ҳодисаи зиндагии сотси-
алистиро ҷасурона ва собитқадамона ҳимоя карда омад ва ба
муқобили ҳар чизе, ки ба пешрафди ҳаёт халал мерасонд, му-
бориза бурд.

Дар асарҳои Саидалй Вализода, алалхусус дар достонҳои у

12
«Нозими Ватан», «Ду додарон», «Нодир ва Муҳтарам» саҳи-
фаҳои ҳаёти фарзандони неку шуҷои халқ ва талоши онҳо
дар роҳи озодии меҳнаткашон акс ёфтааст.

Вализода ҳамеша ба муқобили ҳама гуна урфу одатхри
зарарнок—мероси замонҳои гузашта бо яроқи ҳаҷв мубориза
мекард. Шоири ҳакикатгӯй, дар баробари ба зери тозиёнаи
ҳаҷву танқид гирифтани порахури, коргурези, бадмасти, шу-
рапуштӣ, фиребгарӣ барин рафторҳои ношоиста, қалин ва қа-
лингириро бо қаҳру ғазаби тамом махкум мекард. Мо бовари
дорем, ки шеъри ба тариқи ваъда ба аспи лоғар гуфтаи шоир
ва бисёр шеърҳои дигари ҳачвии ӯ як қисм масъулони хоҷагин
қишлокро бедору ҳушёр накарда намондааст.

Дар охур cap фурӯ бурдан

магиру интизорй каш,

Сабӯси гандуми озода аз

Фархор меояд.

Ба наздикӣ замине дар

биёбон мешавад шудюр,

Ду моШин решай аҷриқ аз

он шудгор меояд.

Ин одами наҷиб ва шоири ширингуфтор, яке аз фарзандо-
ни азизи халқи тоҷик, ҳофизи халк ва Артисти хизматнишон-
додаи республика, шарафманди бисёр грамотахои фахрӣ ва ме-
далу орденҳои давлатӣ, аъзои ҷамъияти «Дониш», аъзои Ит-
тифоқи нависандагони СССР ҳоло дар байни мо нест.

Аммо асарҳои ӯ вирди забони' мардуманд. Онҳоро дар бисёр
маҳалҳо зану мард, хурду калон, аз ҳафт то хафтодсола аз ёд
медонанд. Дар матни ашъори Вализода як қатор сурудҳо эчод
шудаанд, ки солҳо ин тараф аз ҷониби ҳофизон иҷро карда ме-
шаванд. Саидалӣ Вализода шахси хушнакл ва латифагуй, гули
сари сабади сӯҳбатҳо буд. Агар ҳикояву латифаҳо, ёддоштҳои
аҷиби ӯ навишта мешуданд, як китоби нурмазмуну шавқовар
ба миён меомад. Афсӯс ки онҳо дар сари вақт навишта гириф-
та нашуданд, вале якин аст, ки чун бисёр асарҳои хубу шав-
қангези даҳонакй онҳо аз ёди мардум намераванд ва даҳон ба
даҳон, аз наел ба наел гузашта, ба диққати бисёр наслҳои оян-
да рафта мерасанд.

Вализода умри худ, ҳамаи куввату ҳунари худро ба манфи-
ати халқу Ватан сарф кард. Умрҳо мегузарад, вале хизматҳои
вай ва асарҳои пурмазмуну пурҳаяҷони вай фаромуш нахо-
ҳанд шуд.

13
АБДУСАЛОМ ДЕҲОТЙ

ШОИР ВА ҲОФИЗИ ХАЛҚИИ тоҷикистон

Халқи тоҷнк ва сарзамини тоҷикон дар ҳар як давраи
ҳаёти худ баое олимон, шоирон, адибон ва санъаткорони номдор
расонидаанд, ки ном ва асарҳои ондо ситорадо» ҳамеша дурах-
шони маданияти ҷаҳонӣ гардидааст. Дар баробари ҳамин Дар
оғӯши халқи мо бисёрҳо шоирон ва санъаткорони худрӯйи (худ-
руйиди) халқй ҳам парвариш ёфта, ба воя мерасиданд, ки онҳо
аксар вақт аз байни мардӯми оддии меҳнаткаш (ё чунон ки
пештар мегуфтанд, аз байни «мардуми авом») баромада, бе
хеҷ гуна мактаб ва тарбняи махсус, худ ба худ шеъргӯйй ё до-
физию навозандапиро касб мекарданд. Ондо деҳа ва маҳалла
ба маҳалла гашта, ғам ва шодиҳои халқро месуруданд-

То зам он и советии мо дар дакки шоирон ва ҳофизони халқ
касе ғамхорй намекард. Асардои ондо, азбаски навишта гириф-
та ё чоп карда намешуданд, аввалдо дадан ба дадан, аз як наел
ба наели дигар гузашта, баъддо бо мурури айём аз байн мераф-
танд.

Саидалй Вализода, ки имрӯз мо 25-солагии эҷодиёти ада-
бии вайро гузаронда истодаем, яке аз дамон шоирон ва дофи-
зони худруйи халқй аст. Вай хушбахт аст, ки дар давраи мо,
дар давраи нашъунамои маданияти сотсиалистии халқи то-
ҷик зиндагй ва эҷод мекунад.

Сандали соли 1900 дар қишлоқи Чуқураки райони Ховалинг,
дар оилаи дедқони камбағал таваллуд шуд. Вай аввалдо дам-
роди падараш, баъд ба сари худ дедқонӣ карда рӯз мегузаронд.
Вай тамоми фоҷиадо ва зулму бедодидои давраи амирро бо
Чанши! худ дид.

Вақте ки дирмани дедқон тайёр шуд, амлокдор дорғаро ме-
фиристод, ки миқдори ғаллаи хирманро муайян кунад. Дорға
миқдори ғалларо дар ҷояш тахминан таъин карда, ба болояш
per (кум) рехта, дар чанд ҷойи он мудр мезад, то ки дедқон
ғалларо гирифта кам накунад. Агар додисае рӯй дода мӯдрдо

14
вайрон шаванд, дехдон ба тӯҳмату балоҳо гирифтор мешуд.

Дар соли 1918 ба сари Ширин Карим ном деҳқони камба-
ғали қишлоқи Чуқурак ҳамин гуна бадбахтй омада буд. Сан-
дали дар якумнн шеъраш —«Дехкони ҷабрдида» шикояти алам,-
ноки он деҳқонро ба назм медарорад:

Дареғ аз мсҳнати зорам, бутун дар зери борон шуд!

Бисӯзад хонаи золим, зи чавраш дида гнрён шуд!

Агар дорга маро пурсад чавоб додан ба ӯ мушкил,

Муқаррар ӯ хам мегӯяд: чаро нн муҳр вайрон шуд?

Баъд аз соли 1920, вакте ки дар хоки Тоҷикистони имрӯза
ҳукумати амири Бухоро сарнагун карда шуда, ҳокимияти со
ветй барпо гардид, Саидалй ба шодмонии озодии коргарону
деҳқонон, ба шарафи бунёдкори давлати меҳнаткашон —Ленини
бузург шеърҳо ва таронаҳо сурудан гирифт.

Шеъри «Ленин —бародар, раҳнамо» ҳанӯз дар соли 1922 ба
меҳнаткашони навозодшудаи тоҷик чунин хушхабар мерасонд:
)

Ҳукуматро Ленин зур кард,

Золнмро аз мулк дур кард,

Мулкро хама пурпур кард,

Ленин—бародар, рахнамо-
Ленин ба • мо дилдор шуд,

Бар камбагалхо ёр шуд.

Золим хама чо хор шуд,

Ленин—бародар, раҳнамо.

Яке аз меросҳои нанговаре, ки дунёи кӯҳна ба халки тоник
боқй гузошт, балои бесаводй буд.

Партияи коммуниста ва хукумати совета аз аввалин рӯзҳои
ташкили республикаи Тоҷикистон шиори бардам задани беса-
водиро ба майдон бароварданд. Саидалй, ки худ бесавод бу-
да, фалокатҳои онро аз сараш мегузаронид, ба тарафдорин
мактабу маорнф шеърҳо месуруд. Вақте ки худаш намуна шуда,
хату савод баровард, дар ҳаққи бесаводони танбал хаҷвияҳо
навишта, ба онхо таъсир мека,рд, ки ба курсҳои маҳвӣ беса-
водй рафта хонанд.

Дар солҳои 1930—31 ва солҳои баъди он, ки деҳқонони як-
кадаст ба хоҷагиҳои колхозӣ муттаҳид мешудакд, Саидалй Ва-
лизода монанди «Пеш меравад кори мо», «Тақсимоги замин»,
«Зеби меҳнат», «Тараққиёт» чандин шеър ва таронахо туфта,
тараққиёти хоҷагиҳои колхозй ва ба ҳаёти осудаҳолона соқиб
шудани деҳконони дар гузашта беҳуқуқбудаи точикро тасвир
менамояд.

Шеъргӯйӣ ва ҳофизии Вализода кам-кам аз ҳудуди Ховалинг

15
баромада, ба дигар ҷойҳои республика ҳам шӯҳрат пайдо це-
кунад. Соли 1936 вайро ба кори театри колхозии Сталинобод
даъват мекунанд. Вай дар ин ҷо чанд вакт кор карда, баъд ба
Ховадинг омада кружоки ҳаваскорони санъатро ташкил ме-
кунад.

Аз соли 1938 то имрӯз ҷойи кори вай театри вилоятии Кӯлоб
аст. Дар ин ҷо хизмат ва эҷодиёти Вализода хеле гуногун
аст: вай ҳам шоир, х,ам ҳофиз ва ҳам навозанда туда кор ме-
кунад.

Вай, азбаски фолклори адабӣ ва муз/икавии халқро хуб ме-
донад, бисёр суруд ва таронаҳои дилписанди халқиро ба санъ-
аткорони ҷавон меомӯзад. Баъзан худаш ба шеърҳо оҳангҳои
нав месозад. «Достони Папанинчиён», «Комсомол», «Санҷиши
ёр», «Ранҷиши ёр», «Ошиқу маъшуқ» барин чандин сурудҳо,
дуэтҳо ва таронаҳои вай, инчунин «Хоҳиши Гулчеҳра» ва «Тӯй»
барин инсенировкаҳои ҳаҷвиаш аз тарафи халқ бо шавку х.а-
васи калон шунида, хонда ва тамошо карда мешаванд.

Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанй эҷодиёти Саидалй хеле
пурзӯр шуд. Шеърҳо ва сози вай ифодакунандаи каҳру ғазаби
халқи совета шуданд. Вай ба Гитлер хитобан:

«Ту, эй душман, зи дасти мо хукукро канда натвонй,

Бимирию зн мо кардан якеро банда натавонй!»

гӯён ба мубориза барои озодии худ бо чӣ гуна қатъият даро-
мадани моро эълон мекунад. Вай аз забони падар ба писар, аз
забони маҳбуба ба маҳбуб насиҳат ва супоришҳо навишта,
фарзандони диловари халки тоҷикро ҳам дар фронти чангиизид-
ди гитлерчиёни хунхор ва хам дар фронти меҳнат ба нишон до-
дани қаҳрамонгиҳо даъват менамояд. Тақдир карда шудани
фаъолияти адабии Вализода дар хаёти мадании халки тоҷик
воқеаи нави хеле аҳамиятнок аст. Чунки мо хизматҳою чунин
як шоир ва ҳофизи халкии худро аввалин бор бо тантана кайд
мекунем.

Ба ин муносибат нависандагони советии Точикистон Саида-
лй Вализодаро муборакбод карда, ба вай муваффақинтхои на-
ви эҷодӣ мехоҳанд.

16
ПӮЛОД толис

ХОТИ РАҲО

... Вализода назди як ошнояш меҳмонй рафта, ҳамроҳаш
ду шахси дигар ҳам рафтандй, ки мо «туфайлй». Оши суюқ
зиёфат карданашон, вале чумча дуто овардандӣ. Хуллас, он
ду туфайлӣ насибаи ӯро ҳам нӯши ҷон кардаанд. Соҳиби хона
гила карда гуфтааст (ба Вализода), ки чойи мо он қадар Дур
несту лекин шумо чанд солу моҳ аст, ки намеоед. Гуфтааст:
«Кайҳо меомадам, аммо дасткӯтоҳӣ мекашидам, намехостам
дасти хушк биёям. Хайрият, худо имруз ду говро расонд, ки
овардамашон».

• * *

Вализода Орҷоникидзеобод рафта, Қара Дӯстовро ба юби-
леяш хабар кардааст. Гуфтааст, ки вақташ несту рафта наме-
тавонад. «Ту вақт надошта бошй, гову гусфандат ҳам вақт
надоранд?» — гуфтааст юбиляр.

2—2175

17
СОҲИБ ТАБАРОВ

РАВОНБАХШИ ХАЛҚ

Шиносоии бевоситаи банда бо Саидалй Вализода бо дав-
Раи хизматам аз оғози солҳои панчоҳум дар Дорулфунуни дав-
латии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ва махсусан дар солҳои
таҳсили пиеари бузургаш Мӯсо Валиев (Вализода) дар факул-
тети геолопияи он ва солҳои минбаъда то солу моҳу рӯзи ва-
фоти шоир алоқаманд мебошад.

Аз ҳамин вақт cap карда мулокогҳо, сӯҳбатҳо, шабниши-
ниҳо, чамъомадҳо(И) расми ва ғайрирасмии банда бо Сайдалй
Вализода дар бист соли охири ҳаёташ бешумор буданд. Аммо бо
сабаби камҳавсалагиам сари вақт натавонистам ҳиссае аз он-
ҳоро, ки хеле аҷоибу ғароиб мегузаштанд, дар варақе ё коғазе
сабт кунам ва маҳфуз Дорам ва ё дар дафтарҳои чайбиаму ёд-
доштҳоям сабт намоям, то ки минбаъд ояндагон дар бораи кӣ ва
чи гуна шахси муътабар ва фозилу оқил будани ин ҳамзамоно-
нам_тасаввури мукаммалтару равшантаре ҳосил намоянд.

^аидалй Вализода дар Душанбе аз Боқй Раҳи1Мзода, Мир-
саид Миршакар, Мирзо Турсунзода, Муҳиддин Ам1инзода, Аб-
дулло Суҳаилй Ҷавҳаризода, Ғаффор Мирзою Шараф Шарифи
он солҳо ҷавон ва дигар эҷодкорон cap карда то Бозор Шариф-
зода, Ашур Ҳалимов, Низорамоҳ Зарифова, Давлат Гадоев.
ХайруЛ(Ло Мирзаев, Абдураззоқ Абдураҳмонов, Нусратулло
Лбдулҳақов ва дигарон бисёр рафшкони асил дошт. Артисти
Шоистаи Тоҷикистон, собиқ ятимбача Мухаммад Қобиловро,
ш дар нима'и аввали солҳои сиюм дар дастаи ҳаваскорони хо-
наи бачагони Ховалинг фаъолона иштирок менамуд, ниҳоят
дӯст медошту вай ва аҳли байташро кариб дар ҳар сафараш
ба Душанбе хабар мегирифт. Банда, ки гоҳ-гоҳ дар баъзе аз
чунин вохуриҳо ва мулокотҳо дар хона ё ҳавлии яке аз он аш-
хоси номбурда ширкат меварзидам, аз сӯҳбатҳои ширину на-
макин, аскияву зарофтхо» ҳалиму обдори Вализода баҳраманд
мешудам ва ё гоҳҳо суруду таронахониҳояшро гӯш мекардам.

Баъдтар, вақте ки писараш Мӯсо Валиев (Вализода) таҳ-

18
силро дар Дорулфунуни давлатни Точикистон ба номи В. И.
Ленин оғоз менамояд, сафари Сандали Вализода ба Душанбе
зиёдтар мешавад ва у ҳамчун падар тез-тез ӯро хабар меги-
рад.

Ба сабаби он ки банда дар он солҳо вазифаи проректори-
ро оид ба корҳои таълимй ва илмии дорулфунун дар ӯҳда дош-
там, Саидалй Вализода гоҳ-гоҳ ба наздам медаромад. Дар ин
лаҳзаҳо ӯро бештар хеле ҷиддй медидам ва дар идора аз он
ширинзабонӣ ва ҳазлу шухиҳояш нишонаеро дарнамеёфтам.
Тамоми суҳбатҳо дар байни ӯ ва камина аз тарбия ва ахлоқу
дониши чавонон мерафт. Ҳеҷ дар ёд надорам, ки Саидалй
Вализода ягон хоҳише ё нмтиёзеро барои писаращ воҷиб до-
ниста ва аз фақир мададе пуроида бошад. Пас аз чанд гоҳ аз
худи Вализдоа дарак ёфтам, ки Мӯсо Валиеви донишҷӯ хо-
надор шудааст. Аз ҳами-вн вақт cap карда қадамранҷанамоии
у ба хонаи банда хеле зиёд мегардад. Ин ҳам сабаб дошт.

Падари ғамхор бо тавассут ё роҳбарияти Иттифоқи нави-
сандагони Тоҷикистон ва ё сарварони ҷумҳурият пас аз чанд
моҳи оипладории писараш барои ӯ хонаеро аз ҳавлии раками 46
кӯчаи Айнй, ки дар назди ҳавлии 42-юми моён воқеъ буд, ба
даст меорад.

Ба сабаби аз кадом як деҳаи назди шаҳр будани ҳамсари
Мусо Валиев, навойилаҳо гоҳ-гоҳ ба хавлии падару модари
арӯс мерафтанд. Дар ҳамин лаҳзаҳо, вакте ки Вализода дари
хонаи онҳоро қулф меёфт, ба ҳавлии наздиктарин —ба
хонаи камина қадам мегузошт. Ҳамин тавр, то замоне, ки Мӯсо
Валиев дар ҳавлии №46-ми кӯчаи Айнй мезист ва баъзан бо
занаш ба аёдати аҳли хонаводаи завҷааш мерафт. Саидалй
Вализода банда ва аҳли байтамро аз хотир намебаровард ва ба
наздамон меомад.

У танҳо дар хамин гуна нишастҳои якка ба якка он солҳо
ба шахсони боэътимоду боваринокаш, аз чумла ба камина,
бисёр саргузаштқои фоҷиавй ва пуралами худро накл мекард.
Аммо Вализода дар чамъомадҳои умумй аз баёни он ҳодиса-
хо худдорй менамуд. Кас дар ин холат гумон мекард, ки дар
зимни шухиҳо, латнфаҳо, аскияҳо, ҳазлу мазоҳҳо ва зарофаг-
хоп бешумораш у тамоман шахси беғам ва бепарво мебошад.
Дар сӯҳбатҳои якка ва шахсӣ бо камина ҳеҷ гоҳ ба нақли
ягон латифа, мутоиба, ҳазлу шӯхй роҳ намедод. Баръакс, чи
дар мулоқоту сӯҳбатҳои чудогонаамон дар кабинетам дар до-
рулфунун ва махсусаи дар нишастҳо дар хонаам аз забони
у бисёр саргузаштҳои фоҷиавии ба сараш омадаро шунидаам
ва ӯ онҳоро бо чнддият, бо ғарки фикру андеша, бо мулоҳи-
заҳои ҳаётӣ ва ҳатто фалсафй накл мекард. Аз ин чост, ки
касе ба умки ҳ/азлу шӯхӣ, мутоибаву зарофат ва латифаву ас-
кияҳои Саидалй Вализода ғӯта занад, аз онҳо на беғамӣ, бе-

19-
парвоӣ, шӯхмизоҷӣ, балки дарду алами чукур, ғаму андӯҳиг
беинтиҳоро дар қолаб ё пардаи рамзу тамсил ва кинояву
маҷоз дарёб менамуд.

Вақте ки чанд бор дар хонаам накли бадарғашавиашро
ба ғаммозй ва тӯҳмат ва кирдори қабеҳи. душманону ракибо-
наш, чӣ тавр дар солҳои 1933—1935 дар лагери ислоҳотй —
меҳнатии вилояти Оқмулло зистани аҳли байташ ва додараш
Аҳрор, вафоти ин бародараш ва духтараш Мушкиносоро, сар-
диҳои қаҳратуни дашту ҷангалхри Қазок>истон ва баракхои
лагер, меҳнати тоқатфарсояшро дар ом сарзамин аз забони
худи Саидалй Вализода мешунидам, днламро ба мисли ӯ ғаму
андуҳ фаро мегирифт. Аз ҷумла то ҳол нақли зерини Вали-
зода дар гӯшам садо медиҳад, ки бо яъсу алам мегуфт:

— Вақте ки азобамон дар Қазоқистон ҷонкоҳ шуд ва корд
ба устухонам расид, аз чонам сер шудам ва дигар тоқат на-
кардам. Гуфтам, ки одам як ҷон дорад, мегурезам ва сарам-
ро ба ҳар дар мезанам, то ки аз ин азоб халос ёбам ва ҷон
ба холиқ супорам. Тирамоҳи соли 1935 аз чангале, ки Дар он
ҷо дарахт мебуридрм, гурехтам. Ба воситаи даштҳои Қазо-
қистон ба Тошканд расидам. Аз ои ҷо рохи Хуҷанд ва Ӯро-
теппаро пеш гирифта ба Мастчох омадам. Дар бораи азобҳри
дар роҳ аз cap гузаронидаам, чй хел пинҳоншавлҳоям тоқа-
ти нақл кардан надорам. Акнун ба сарзамини Тоҷикистон ра-
сида будам, ки дар Мастчоҳ барфи бисёр борид ва хамаи
ағбаҳои роҳи Душанбе ва Ғарм баста шуданд. Одамони нағз
ба ман паногоҳ ва хӯроку ҷойи хоб доданд. Ба ҳеҷ кас аввал-
ҳо дар бораи гуреза буданам чизе нагуфтам. Баъд аз чанд
рӯз ё ҳафта аз соҳибхонае, ки дар хучрааш мезистам, дутор
пурсидам. Ҳар рӯз кам-кам дутор нохун мекардам ва гоҳ-гоҳ
сурудеро тараннум мекардам. Дуторзахмкунй ва сурудхони-
ҳоям ба ҳама маъқул шуд. Он вақт овози бакувват ва баланд
доштам. Ҳар бегоҳ дар меҳмонхонае ҷамъомад мешуд ва ман
дар он ҷо ҳофизй мекардам. Баъзе шабҳо кор то ба ҷойе ме-
расид, ки қисме аз занҳо ҳам аз паси дар ё девори он меҳ-
монхона сурудҳри маро гӯш мекарданд. Баъдтар, дар чилаи
зимистон (январ—феврали соли 1936 —С. Т.) аз куҷо будан,
чй тавр бо тӯҳмат ба Қазоқистон бадарға шуданам, аз он
ҷо гурехтанам ва ба Сталинобод барои ёфтани адолат раф-
танамро аввал ба соҳибхона ва баъдтар ба одамони наздики
соҳибхона, ки баъзеашон бо Раиси Суди Олии Тоҷнкистон ва
қисми дигарашон бо баъзе корманди КХКД шиносой доштанд,
нақл кардам. Он одамони нағз ҳеҷ сир бой надоданд ва ҳат-
то Дар пайи мададрасонии ман шуданд. Вақте к,и дар моҳн
март роҳи ағбаҳо кушода шуд, он одамони нек чанд адресч
кормандони Прокуратура, Суди Олй, милитсия ва КХКД-р»
ба ман доданд, то ки дар Сталинобод бо онҳо вохӯрам ва аз

20
онҳо мадад пурсам. Ман мувофиқи супориш ва хоҳиши он
одамони нағзи мастчохд ба назди одамони. гуфтагиашон да-
ромадам. Бо мадади онҳо роҳбарони масъули Суди Олӣ, Про-
куратурам Тоҷикистон, худи Ширинов, сардорони КХКД маро
кабул карданд, тамоми ҳуҷҷатҳо, материалҳо, далелҳои маро
чандборй чапаву роста карданд. Баъд аз санҷиш ва тафтиши
дуру дароз маълум ва равшан гардид, ки он бое, ки аз қиш-
лоқи Чуқураки мо ба Афғонистон гурехтааст, Саидалй ном
надоштааст, балки Саидвалӣ ном доштааст. Аммо кормандони
ҚҲКД бе ҳеҷ асос маро он Саидвалии гуреза ҳисоб карда,
ба маълумоти дурӯғ маро бо оилаам ва додарам ба Қазоқис-
тон бадарға карданд. Дар он чо додарам мурд, духтарам ҳам
мурд. Бо дасти худам онҳоро ба гур супоридам. Баъд аз но-
нам безор шуда, гурехта ба Сталинобод омадам. Тафтиши
амиқ исбот кард, ки ман бо он бойи гуреза Саидвали ҳеҷ хешу
таборй ва ҳатто каробат надорам. Баъд аз ин тафтиши К.ХК.Д
маро Прокуратура ва Суди Олии Тоҷикистон сафед карданд.
Тақрибан баъд аз якуним сол ҳамаи ҳуҷҷатҳоямро ба дзетам
гирифтам ва дар соли 1937 боз ба вилояти Акмолинск раф-
там. Аз он чо, аз лагер зан ва ҳамнн писари дусолаам Мусо-
ро гнрифта боз ба Ховалинг баргаштам. Баъди дар Мастчоҳ
буданам фаҳмидам, ки дутору думбуранавозй ва таронаву су-
рудхонии ман ба одамон маъқул будааст. Ба сабаби он ки
одамон ин ҳунарҳои маро дӯст медоштанд, аз соли 1937 cap
карда ба дастаи мусиқии театри вилояти Кулоб ба кор даро-
мадам. Дар ин театр аз мусиқачӣ ва ҳофизи мукаррарй cap
карда то ба вазифаи роҳбари дастаи мусиқии театр расидам.

Банда дар давоми сӯҳбату мулоқотхои зиёди худ дар хона-
ам аз бисёр вокеаҳои хурду калон ва ғамангезу фоҷиавии ба
сари Саидалй Вализода омада аз давраи бачагиаш то камо-
лоти умраш огоҳ гардидам. Дар байни онҳо нақлҳои ҳузнангез-
ро аз забои» Вализода шунида будам, ки ӯ ва додараш чй
тавр дар солҳои бистум дар Кулоб ва Саройкамар мардикори
мекарданд ,баъДтар чй тавр онҳо ба узвияти колхози дехан ху-
дашон аввал қабул ва баъд ронда шуданд ва сонй баъд аз
аризанависии зиёд бе асос будани хориҷшавии худро исбот
карданд ва боз ба узвияти колхоз баркарор гардиданд. Пас Саи-
далй Вализода дар бораи чй навъ ӯ ва аҳли байташро ба ла-
гери ислоҳотӣ-меҳнатии вилояти Оқмулло бе ҳеҷ асос бадар-
ға намудан ва дар он ҷо бо меҳнати сангин умр ба cap бурда-
нашонро бо яъсу алам нақл менамуд.

Дар ин лаҳзаҳои нақлҳои пураламу ҳазин ва пурдаду ғам
гӯё аз дили Вализода хун мечакид ва рагх^ои гардану пешо-
нааш таранг мегардиданд. Дар ин холат камина дар назди
худ як шахеи ниҳоят аламзаДаву пуряъеро медидам ва анде-
шае ба хаёлам меомад, ки ачаб не, ки ҳамаи он мутоибаву

21
латифаҳо ҳазлу шухиҳо ва аскияву мазоҳҳо, андаке ҳам бо-
шад вазифаи е *амчун ниқоб ва ё тасаллии ақлу дил ва рӯҳу
асаби ин шоир ва ҳофизро адо менамуданд. Ӯ гоҳо дап боэаи
хофиз,, машҳур Карими Шуш ва ё rypj Ғл„?ӯй„новдор'Ҳакна
оари Сарихосори бо муҳаббати калон сухан меронд. Дар баъзе
лаҳзавд Вализода дар хусуси маҳорати машшоқӣ ва махсусан
ҳофвзии, сарояндаи мумтоз, соҳиби овози мафтункунандака-
рими Шуш иақлу ривоятҳои олиҷаноб мекард ва гоҳ-гоҳ аз

У СУРУ4СР° таратуи вдлат ра„™

ру ва симову қиефааш руҳбахшона мегардид Р

м„Т'адуст;а Фарзандӯст будани Вализодаро банда аз рӯйи

мекардамИ беаНД03ааш ба писаРаш Мӯсо баръало тасаввур

^ау) ®°Ре’ ки ӯ вориди хонаи банда мешуд, сухани аввалаш-
ро аз ин писараш, хонишу тарбия ва баъдтар кору меҳнати ӯ
дар арсаи қуҳканц оғоз мекард. Аммо, сад афсӯс, ки на ҳамаи
фарзандони ин инсони наҷиб дар наздаш қарзи фарзандиро
аД° н;?1уданд- АгаР ^амин тавр намебуд, онҳо дар обод

наЕт^анлМгҲФУЗ Д0Ш1аНИ маРқади падари худ саҳмгузорӣ ме-
намуданд. Банда ин фикрамро бо чунин ҷумлаҳои ҷӯра» шоир
Аол Ислом тақвият медиҳам: к

«Чанде пеш аз мазори Вализода дидан кардем. Ҳеч таъ-
риф надошт. Ҳуруфи номашро авбошон аз санги мазораш кан-
Да РУДачД ва гӯраш зоҳиран чанд сол аст, ки таъмир надида
кьтобҳояш хеле сол аст, ки нашр нашудаает... Агар имрӯз мо
хотираи гузаштагонро гиромй надорем, фардо касе на хотираи
моро гироми хоҳад дошт, на номамонро ба некӣ ёд хоҳад
кзрд ».

Лозим мешуморам, ки дар поён боз аз баъзе лаҳзаҳои зин-
даги ва фаъолиятн эчодии Саидалй Вализода дар солҳои 1969—
Iy/1 чанде аз хотираҳои сершуморамро пешкаши хонандаго-
ни арҷманд гардонам.

Рузи чоршанбе, 17 декабри соли 1969 дар Кӯлоб курс—
конфереисияи адибонн ҷавон баргузор мегардид, ки 16 декабр
барои иштирок ба кори он гурӯҳи нависандагони тоҷт—Ғаф-
фор Лирзо, Лоик Шерали, Ҳабибулло Файзулло ва камина бо
сарварип мушовири Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷи-
кистон Боқи Раҳимзода ба он ҷо сафар намудем. Вақте ки
Оа маидони ҳавоии Кӯлоб фаромадем, моро Ашӯр Сафар Ҳак-
нэзар гоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Саттор Шокирзода, Абдул-
ҳэи Қаландаров бо сардории Саидали Вализода пешвоз гириф-
занд. Мошини сабукрави СБО 61—00 ва дигар мошинҳо моро
Оа меҳмонхонаи ҳукумати, ки пештар ҳавлии котиби якуми

22
комитети фирқавии шаҳр ҳисоб меёфт, расонданд ва дар он ҷо
моро ҷой гиронданд.

Ҳамон рӯз мо дар меҳмонии Саидалй Вализода будем.
Чашми бинандаро ҳавлии васеъ ва зебою босафои Вализода
мерабуд. Худи ӯ ва аҳли оилааш бо мехмоннавозиашон моро
мафтун сохтанд. Таронаву сурудхонй ва думбураву дуторнаво-
зии Вализода ба куҳансолиаш нигоҳ накарда хеле дилкаш бу-
данд.

Ғаффор Мирзо ва Вализода, ки бо хам хеле қадрдон бу-
данд, дар ҳангоми хайрухушамон аз мизбон пурсид:

— Замннат хеле калон менамояд. Боз ягон ҳамсояатро танг
накарда бошй?

Вализода бо як мулоиматй ва лахни оромона:

— Не, ҳукумат худаш заминро Дод, —ҷавоби самимй гар-
донд ба ин саволи шоири боистеъдод.

Соати 5 бегоҳ Вализода бо мо ба меҳмонхона омад ва дар
ин чо ҳам боз думбуранавозй ва ашӯлахониашро давом дод.

Адибони ҷавон —иштирокчиёни курс-конференсия низ то
еоати 10 бегоҳ дар меҳмонхона бо мо буданд. Боқи Раҳимзода
ва Вализода дар ин муддат ба моён нақлу ривоятҳои аҷоибе
карданд, ки ин аз фазилати ин ду инсони! фозилу оқил гувоҳӣ
медод.

Дар байни ин сӯҳбат, нақлу ривоятҳо ва луқмапартоиҳо
Вализода думбуранавозиро давом медод. Вақте ки ӯ думбура
нохун мекард, гӯё думбура ба нола меомад ва дилу ҷигари со-
меонро пора менамуд.

— Бо ,ин оҳангу нохункунй одам девона мешавад, —гуфт
Боқӣ Раҳимзода дар лаҳзаи думбуранавозии ВализоДа.

Вализода суруди «Ҳама рафтанд»-ро бо эҳсосоти ҳазину
дилхурӯш ва овози баланду бо маҳорати калон замзама мена-
муд, ки дар мн синну сол чунин истеъдод аз қудрати ҳофизии
у гувоҳӣ медод ва мо —сомеон мафтуни овози ӯ мешудем.

Дар ин якчанд соати мусоҳиба бо Саидалй Вализода моён
аз забони ӯ боз баъзе мутоибахои намакин (аз кабил» «Орзӯи
моли мардум rap кунй дар масканат...)-ро шунидем. Инчунин
худаш баъзе нақизаҳои ширадорашро низ гуфт, ки яке аз онҳо
бар ғазали Абдусалом Деҳотӣ «Дар шаъни Дарвоз» буд- Ӯ
баъд аз байти:

Деҳотиро хуморй кард як умр,

Тамошои шумо хубони Дарвоз, -—

бадоҳатан мисраъҳои:

Ҳамешабоб дар бозори мева,

Суночи тутпуси арзони Дарвоз.—

23
ро дар Сталинобод дар назди худи Деҳотй ва Мирзо Турсун-
зода, Боки Раҳимзода ва дигарон илова намуда будааст. Де-
ҳотии одатан ниҳоят ҷидди пас аз шуниДани ин байти илова-
шуда бо табассуми соддан худ:

— Тутпусаш чист? — гуфта мепурсад.

Мирзо Турсунзода ба ӯ мефаҳмонад, ки вақте тутро майда
карда, соида, орд мекунанд ва орди тут бо ҳам омехта гардида,
мисли ҳалво мешавад, ҳамон тути ҳалвогардидаву соидаи тутро'
тутпус мегуянд.

Тамоми он бегоҳ то хуфтан Вализода шӯхй ва гоҳо аскияву
мутоибагуйй мекард.

Ҳамин тавр, дар рӯзу соатҳои дар Кӯлоб буданамон Сайдалй
Вализода доимо ҳамроҳ ва ҳамсафари мо буд. Масалан, ӯ 17
декабри соли 1969 хеле барвақт, соати ҳашту ними пагоҳй ба
меҳмонхона омада, моро ба хонаи Ашӯр Сафар барои курутоб-
хӯрӣ бурд ва пас якҷоя ба Донишкадаи омӯзгории ба номи Рӯ-
ки омадем.

Бокӣ Раҳимзода курс-конференсияи адибони ҷавонро дар
кабинета адабиёти донишкада кушод.

Аввалин шуда ба муҳокимаи дастнависи маҷмӯаи ашъори
Абдулҳай Қаландаров «Савганд» шурӯъ намудем. Пас аз он
шеърҳои Раҷабалй Назаров, Саттор Шокирзода, Маҷқдаддин
Қурбонов, Саид Раҳмонов ва дигарон пай дар пай то 18 де-
кабри соли 1969 муҳокима шуданд. Дар мухокимаи шеърхри
аксари ин навкаламон Сайдалй Вализода низ иштирок мена-
муд.

Баъд аз ин ҳар бегоҳ аксари моён дар меҳмонхона таоми
шом мехурдем.

Дар ин вакт наклу ҳикоягӯйиҳои мусоҳибон авҷ мегирифт.
Масалан, бегоҳи 18 декабр бо иштироки Боқй Раҳимзода, Санда-
ли Вализода, Ашур Сафар, Ғаффор Мирзо дар ҳангоми чой-
нушй Боки Раҳимзода дар бораи Вализода чунин на.кл кард:

— Вақте ки, ман хонадор набудам, ҳар гоҳ киСаидалй ба
Сталинобод меомад, ба хонаи ман ҳам меомад. У гоҳ-гоҳ ба
ман аз бепулиаш арз мекард. Ба Вализода маслиҳат додам,
ки ба назди Ҷаббор Расулови Раиси Шӯрои Вазирон раву гӯй,
ки келинатон ба Шумо аз хешу таборатон салом оварданд.
Ӯ, албатта, аз аҳволи оилаат мепурсад ва ба ту ё)рии пулй ме-
расонад.

Баъд аз ин Сайдалй Вализода лаҷоми суханро ба дасти
худ гирифт ва дар давоми суханони Бокӣ Раҳимзода гуфт:

— Ба қабулгоҳи Расулов телефон кардам ва гапҳоямро гуф-
там, у маро кабул кард. Ӯ фармон дод, ки ба ман 2500 сӯм
(бо пули куҳна) диҳанд.

Бокй Раҳимзода пас аз ин боз давоми гапро гуфт:

24
— Баъд аз чанд вақт Саидалй ба пеши Ғафуров ҳам раф-
та, чунин мегӯяд.

— Кадам як хеши келинатон касал шудаасту май бо кели-
натон сафар дорам. Цеш аз рафтанамон барон хабаргирй ва
расондани дуову салом аз номи шумо ба шиносу хешу табо-
рон ба назди шумо омадем.

Ғафуров аз чигунагии зиндагиашон огох, шуда супориш ме-
диҳад, ки ба Сайдалй 3000 сӯм диҳанд. Ҳамин тавр, Сайдали
дар муддати кӯтоҳ сох;иби 5500 сӯм шуд. Ленин ба ман барои
ёриам як тин хам надод.

Баъд аз чунин нақли, тарафайн ҳама қоҳ-қоҳ хандиданд.

Саидалй Вализода ин гапи Боқӣ Раҳимзодаро тасдиқ на-
муда, сухани худро ин тавр давом медиҳад:

— Ҳар гоҳ ки Расулов ба Кулоб меомад ва нохост маро
медид, аҳволпурсй мекард ва ба Бобохонов (раиси комичрои-
яи вилояти Кӯлоб —С. Т.) таъкид мекард, ки аз ах,воли мод-
дии ман доимо огоҳ бошад. Ҳамин хел як бор аз фонди Бобо-
хонов боз 890 сӯм гирифтам. Боз онҳо барои ман ҳавли сохта
доданд.

Ҳамин гуна нақлҳои вокеиро дар он шабнишиниҳо аз за-
бони Вализода ва Боқй Раҳимзода кам нашунидем.

Сайдалй Вализода ва Боқй Раҳимзода бо чунин ҳозирҷа-
вобӣ ва зарофатгӯйии худ ҳамаро механдонданд ва шод ме-
карданд.

• * •

Дар арафаи ҳафтодсолагии зодрӯзи Сайдалй Вализода 12
майи соли 1970 мо се бародарон —Ашӯр Ҳалимов, Абдулло
Ҳаеанович Табаров ва камина барои иштирок ба ҷашни у тайё-
рй медидем. Ба сабаби он ки дар рӯйхати аввали ҳайати ва-
килони Иттифоқи нависандагони Точикистон номи банда на-
буд, роҳбарони ҷамъияти «Дониш» Воҳид Шарифов ва Азиз
Эрг'ашев аз банда хоҳиш карданд, ки соҳибҷашнро ҳамчун
аъзои фаъоли ҷамъият ва ташкилотчии фаъоли он табрик гӯям.
Бинобар ин раёсати ҷамъияти «Дониш» адрес ва Грамотаи
фахриро ба банда супорид, то ки онх,оро баъд аз табрик ба

Саидалй Вализода тақдим кунам.

Пас аз он ки 14 майи соли 1970 бори дигар аз роҳбарони
факултети филологияи УДТ дар бораи ба ҷашни Сайдали Ва-
лизода рафтанамон ҷавоби расми гирифтам, хабардор шудам,
ки бандаро ҳам ба хайати вакилони Иттифоки нависандагон
ҳамроҳи А. Шукуҳӣ, А. Сайфуллоев, Ғаффор Мирзо дохил на-
муданд. Инчунин чамъияти «Дониш» ҳам бо роҳи худ бандаро
барои табрики соҳибҷашн фиристод. . .

Соати 2. 25 аз Душанбе бо Ашур Ҳалимов ва Абдулло 1 а-

25
Пушкини HK/™°VapB03 Кардам- Мо даР меҳмонхонаи куча*
Пушкина назди боғи шаҳри дар хонаи №4 ва Аминчон IIIv™

Файзу^Й ЙГркГ°" Боаор tSZjfe

чой ги^фтем р С° °а Д,1Гар0“ дар мезЧмонхо"аи хукуматй

Чашни Саидалй Вализода соати 7 бегоҳ дар хонаи маляииа
Т« шахри Кӯлоб (куча,, Карл Маркс) барг™р гам„д Шо"Г

каю тутаПаКа,а'Т СУР"аЙ' ЯафД' T3eJ,aK- “"Раю кижжак ва
ляп У ЗК ба Зад даР°ваРДанд. Соҳибҷашн бо чомаи бекасаб

кааРбТарН»™КИИ ЧУСТ ДЭР ИР “а «*"«•«* ДВР “а“аР £ “а*6

Маҷлксро Раис и комиҷроияи шаҳри Кӯлоб Оиша Сарваоо
ва кушод. Аминчон Шукӯҳй чун депутати Советии Олин РСС
Точикистон ва котиби Иттифоқи нависандагони Точикистон аз
номи Президиума Совети Олии РСС Точикистон ба Сан-
дали Вализода Грамотаи фахри супорид ва чанд сухан дар бо
рай соҳибчашн гуфт. Ӯлмас Аҳроров аз номи Комитета Pmat
рии партия ва комиҷроияи Қӯлоб Вализодаро табрик наму£
Пас оид ба роҳи тайкардаи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ин
санъаткору шоир ва ҳофиз Раҷаб Амонов маърӯза к^рд.
ГяЛас 33 ин, табРИкоти Саидалй Вализода оғоз ёфт. Атахон
аифуллоев (аз номи Раесати Иттифоқи нависандагони Точи-
кистон), Ғаффор Мирзо (аз номи Қомитетн муҳофизати сулҳи

республика) банда (аз чониби Правленияи чаТъията Йо

ниш>>-и республика), Мирзо Бобоев (аз номи аҳоли„ зодгоҳи
шоир — ноҳияи Восеъ), Басир Расо (аз номи таҳририяи маҷал-
лаи «Хорпуштак»), Ашӯр Ҳалимов (аз чониби кормандони Эн-
сиклопедияи Советии Тоҷик), Бозор Тилавов (аз номи корман-
дони Пажуҳишгоҳи забои ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ) Аб-
Дуллоев (аз чониби Вазорати маорифи халқи Точикистон) Кур-
бонов Маҷиддин (аз номи аҳолии нохияи Фархор), Адолат Ами-
рова (аз номи чавонони шаҳри Кӯлоб), раиси колхози ба номи
ь_.йталов Сафарали Зарифов ҳамчун дӯсту рафиқ, Бӯринисо
Бердиева (аз номи рӯзноманигорон), Ашур Сафар, Саидҷон
Дакимзода (аз номи шогирдон) Вализодаро табрику таҳнияг
гуфтанд, ба у табрикномаҳо, мукофотҳо доданд, ба унвони
Аълочии маорифи халқи Точикистон ва ҳар гуна грамотаҳо
сарфароз гардонданд. Дусти доимии шоир Хол Ислом соҳиб-
ҷашнро бо шеъре самимона низ табрик гуфт.

Қадршиносии ҳизб ва халқ ба шоир аз ин зиёд намешавад!
Чунон ах л и маҷлис ба сохибчашн чапакзанй карданд дап хак-
ки у чунон бо мсхр ran заданд, ки кас бо эътиқоди том боварй
ҳосил мекунад, ки халқ Саидали Вализодаро хеле дуст медо-

рад ва осору номи ӯро бо дилгармй дар қалби худ нигох ме-

дорад.

Саидалй Вализода дар охир сухан гирифта самимона ба

26
хизб ва халқ миннатдори баён кард. У бо хоксориву ҳалимӣ ба
ҷамъомадагон мурочиаткунон гуфт:

• — Боисти ҳамин қадар қадршиносй хизмат кардан лозим

аст. Ман ҳоло кам хизмат кардаам, ман ҳоло хизмати шуморо
ба ҷо наовардаам. Бояд то охири умрам ба шумо хизмат ку-
нам.

Бегоҳ дар ҳавлии зебо ва барҳавои Вализода базми хоссае
баргузор гардид, ки дар он меҳмонон — адибону олимон, аҳли
санъат ва дӯстону наздикони соҳибчашн ҳозир буданд. Санъат-
кори мумтози тоҷик Одина Ҳошимов бо овозн ғулғуладори худ
ҳамаро ба ваҷд овард ва ӯ то як поси шаб ҳофизӣ намуд. Қур
бон Зардаков низ суруду тарона мехонд ва сомеонро мафтуни
овозн худ мегардонд.

* * *

Аз тирамоҳи соли 1971 cap карда ба саломатии Саидалй
Вализода, махсусан ба чашмони ӯ особе расид ва ӯ бистарй гар-
дид. Вализодаро дар оғоэи моҳи сентябри соли 1971 барои та-
бобат ба касалхонаи № 4, ки дар кӯчаи Михайлов чойгир аст,
оварданд. Баъд аз шунидани ин хабари нохуш рӯзи якшанбеи
12 сентябри солн 1971 Ашӯр Ҳалимов ва камина ба иёдати у
ба палатаи № 9-ми ҳамин касалхона рафтем.

Ин марди қавиирода, донишманд ва ҳикматгӯйи халқн то-
ҷик моро дар ҷойи хобаш ба шодмонй пешвоз гирифт. Ба са-
баби он ки ҳар ду чашмашро парда гирифта буд, аз рӯйи ово-
замон Ҳалимов ва бандаро шинохт. Пас аз салому алайк ва
аҳволпурсӣ ӯ бо мо хеле ширингӯйй кард.

— Бо доруву дармон маргро аз бадани ман гурезонданд,
—мегуфт Вализода ва боз давом медод. —Дард ба дар рафту
дармон оҳиста-оҳиста ба баданам даромада истодааст.

Дар ин якчанд дақиқаи мулоқот маълумам гардид, ки кув-
ваи ҳофиза ва хотираи Саидалй Вализода чунон пуркудрат
аст, ки воқеаҳои зиёду ҳодисаҳои хандаовартарини зиндагиашро
аз хотир набаровардааст. Ба замми ин ӯ даҳҳо байтро бадо-
ҳатан ба хотир меорад ва мегӯяд.

Саидалй Вализода дар бораи Ховалинг, Сари Пул, Мазори
Султон бо муҳаббати калон ran зада, орзу мекунад, ки кай ин
ҷойҳои биҳиштманзар ба маҳалҳои истироҳатй ва сарвати халк
табдил дода мешаванд.

— Ҷавонон на бояд ин хел ҷойҳои олиҷанобро ба хористон
мубаддал созанд, —-мегӯяд ӯ бо афсӯс.

У дар ин лаҳзаҳо дарди худро ба як сӯ гузошта, дар бораи
дарди кишвари харобгаштааш ва роҳҳои табобати он фикру
андеша меронад. Вализода ба сӯйи мо нигариста мегӯяд:

— Бояд ҳар кадоми шумо ва фарзандони шумо дар Ехсу,

27
Дуоб, Сарихосор хонаҳои истиқоматӣ Дошта бошад. Меома-
дагиҳо (Вализода дар ин ҷо роҳбарони аз дигар кишварҳо ба
вилояти Кулоб фиристодаро дар назар дорад —С. Т.) ба шумо
махсусан бо мадади роҳбарони маҳаллй ба хонасозии шумо
халал мерасонанд. Аммо наслҳои оянда онҳоро намебахшанд.

Баъд аз якчанд дақиқа самимона бо Вализодаи ширинкалом
ва меҳрубон хайрухуш кардем.

Боз соати 10 пагохии 3 октябри соли 1971 Ашӯр Ҳалимов
телефон кард. Ҳар ду барои хабаргирии вазири молияи РСС
I оҷикистон Мирзо Вайсов ва Саидалй Вализода ба касалхонаи
ҳукуматии №4 рафтем.

Зиндадилии Саидалй Вализодаи кариб аъмову нобино кас-
ро ба хайрат наоварда наметавонад. У дар ҳангоми ворид шу-
дани мо ба ҳамон палатаи № 9 ба кадом як мактаббача қаси-
даашро дар бораи Мирзо Турсунзода, ки дар он рӯзҳо шастсо-
лагиашро чашн мегирифтанд, дикта карда истода будааст. Мо
хис кардем, ки бо даромадани худ ба палата ба кори эҷодии
ӯ халал расондем. Аммо дар амал Вализода аз омаданамон
хеле шод гардид.

Пас аз салому алейк ва аҳволпурсии муқаррарй ӯ моро аз
чигунагии, аҳволи худ огох намуд. Дар баъзе лаҳзахо Вализо-
даи бетоб аз наомадани ҳамкасбонаш ба наздаш арзе ҳам на-
кард.

— Миршакар хабаргириам омад. Аммо Боқӣ наомад. У
дӯсти ман буд. Ба тӯйҳо мерафтем. Ҳозир мани бечораро аз
хотираш баровардааст. Турсунзодаи раисамон ҳам маро фаро-
муш кардааст. Ман як шеъри хуб дар ҳаққаш ба муносибати
чашнаш гуфтам ва ин бача аз рӯйи гуфти ман онро навишта
истодааст.

— Худатон медонед, ки Боқӣ Раҳимзода мисли Шумо тёз-
тез касал мешавад. Касалии қанд азобаш медиҳад. Турсунзо-
да бошад, як рӯз дар Душанбе, як ҳафта дар хориҷа. Барои ка-
мин ҳам аз моҳи май то ҳозир ҷашни шастсолагиашро гузаронида
наметавонад. У ҳам он қадар саломат нест ва бисёр дар касалхо-
наи Кремл хоб мекунад. Ман инро хуб медонам. Бинобар ин аз
онҳо хафа нашавед, —гуфт Ашӯр Ҳалимов дар ҷавоб ба ин
хафагиҳои Вализода.

Баъд аз ин аз ӯ хоҳиш кардем, ки як порачаи қасидаашро
дар бораи Мирзо Турсунзода хонад. У аз он қасида 3—4 байт-
ро аз ёд хонд. Ин шеъри тавсифй мувофиқи истеъдоди Вали-
зода эчод шуда буд.

— Чй тавр? —пурсид аз мо.

— Шеъри хуб навиштаед. Вале худатон медонед, ки ҳозир
навиштани шеъри таърифӣ барҳам хӯрдааст, —гуфтем мо-

Дар ҷавоб ба ин луқмаи мо Вализода аз саргузашти худ
як вокеаро мувофиқи завқу салиқа ва услуби худ нақл кард:

28
— Як ҷӯра доштам дар ҷавониам. Мегуфт, ки одам якчанд
забои дорад. Баъзан меҳрубон, баъзан хушомадгӯй, баъзан
тезутунд, баъзан ҳукмфармо. Бояд дар як одам ҳамаи ин за-
бонҳо бошад, мегуфт ӯ. Маи гапхои ӯро ба хотир оварда, дар
рӯзи иди раисамон, ҳамааш рост иабошад хам, ӯро таъриф на-
карда наметавонистам. У шоири зӯр аст. Дар баробари ин у
роҳбарамон аст, —гуфта ним шӯхиомез ва ним ҷидди ба мо
чавоб дод.

Саидалй Вализода дар давоми суҳбати худ бо мо ҳазломе-
зона дар хусуси қувваи ҷисмонии худ бо боварии том гуфт:

— Ҳар кас ба мисли май кувваи 72 сол умр дидан надорад.
Маи дар ҷавониам, мутаассифона, дӯстонам Раҳимй, Деҳоти,
Сухайлй, Аминзодаро гӯрондам. Боз баъд аз чанд вақт шифо
ёфта, ба хона бармегардам...

Дар ҳакиқат Саидалй Вализода пас аз чанд гохи табобат
боз ба хонааш —баКӯлоб баргашт. Вале саломатиаш пурра
баркарор нагардид. Уро боз дар охири моҳи ноябри соли 1971
аз Қӯлоб ба Душанбе оварда, дар корпуси № 6-ми касалхонаи
ҷумҳуриявии № 3, палатаи 3 ҷой доданд...

Якшанбеи 28 ноябри соли 1971 банда ҳамроҳи дустам ва
чӯраи ятимхонаги!ам Ашӯр Халимов, дорусози номдор Яъқуб
Одннаев, дотсенти соҳаи таърихи КПСС Бобо Шарифов, про-
курорш шаҳри Душанбе Қаюм Азизов ба касалхонаи респуб-
ликавии № 3 барои хабаргирии се дардманд рафтем. Аввал,
дӯсти ҳаммактабу ҷӯраи ятимхонагиам АбДулло Хасанович
Табаровро дар корпуси №2 касалиҳои биниву гулӯ дар кли-
никам профессор Исроил Бобочонович Холматов хабар гириф-
тем. Баъд, ба корпуси № 6 ба иёдати собик раиси комичроияи
райони Мӯъминобод Абдулло Давлатов, ки генерал Михаил
Степанович Топильский дар китоби «Ранние зори Таджикиста-
на» номи ӯро дар мубориза бо дастаҳои босмачиён ҳамчун раз-
ведкачии ҷасури ҷавон ба хотир меорад, рафтем. Дар охир ба
назди Саидалй Вализода даромадем.

Саидалй Вализодаро дар ин руз хеле хароб дарёфтем. Вале
дар ҳамин лаҳза ҳам он шӯхӣ ва зарофатгуйиҳояш камтар шуда
бошанд ҳам, ҳамон зиндадилй ва ҳаётдустиаш фавора меза-

данд. „ и

Кас гумон намекунад, ки саломатии шоир хеле бад аст. дар
хамин соату дақиқаҳо аз забони ӯ чун ҳамавақта нақлу ри-
воятҳои аҷибе, аз ҷумла саргузаштқояшро дар сафарҳо, ба
Фархор бо бисёр одамон, аз ҷумла бо Ғаффор Мирзо шунидем.

Бо сабаби он ки дар деҳот аскияҳои обдор ва баъзан ҳат-
ло суханҳои таҳқиромезро дуст медоранд, Саидали Вализода
дар хамин рӯзи сахт ҳам дар нақли онҳо устои моҳир будани
худро намоиш медод.

Саидалй Вализода ба банда гуфт, ки баъди мулоқоти гузаш-

29
таамон шеъри ба Мирзо Турсунзода бахшидаашро мувофики
мулоҳизаамон аз нав кор карда, ба он 12 М'исраъ илова кар-
дззст. ^

Дар сӯҳбати мо писари хурди Вализода ҳам иштирок дошт.
Дар ин вақт банда аз он писараш хоҳиш кардам ки дастна-
висҳои падарашонро гум накунанд... дастна

~ Шеъри ба Турсунзода бахшидаам ба Шукӯҳй маъқул
шуд. У фармон дод, ки бо радио шунавонанд, чунки мувофики
таклифи. шумо дар охираш навиштам, ки Турсунзода ҷавонон-
ро тар бия кунад, — гуфт Саидалй Вализода ва пас давом дод.

1 уфтам, ки Турсунзода ба ҳама чиз соҳиб шудааст. Лекин
кам шоирро аз аввал то охир мисли Садриддин Айнй тарбия
кардааст. Ҳамаи шоирони ҳозира бо у алока доранд як қисма-
шон дусташон мебошанд. Аммо бояд ҳар шои.ри бузург чанд
шоирро бевосита тарбия кунад. к

Дар охири дидорбинй Саидалй Вализода якчанд байти худ-
ро дар бораи зиндагй, ҳаёту март, дар бораи устод Фирдавсй
ва дойр ба баъзе дигар масъалаҳои иҷтимой бо лахни андаке
ғамангез хонд.

Банда дар ҳамин лаҳзаи касалии вазнин, ба қувваи ҳофи-
заву хотираи хеле тоза ва равшани шоир дар дилам аҳсан хон-
дам. У ҳар як порчаро ҳам нағз мехонд ва нағз аз ёд медо-
нист. м м

Баъд аз ин мо ҳамаамон бо Вализода хайрухуш камуда ба
хонаҳоямон баргаштем. Мутаассифона, ин мулоқоти охирина-
мон бо ин шоири маҳбуби халқи тоҷик будааст. Пас аз ин ди-
дани чеҳраи нуронй, шунидани овози ширадору форам ва са-
дои думбураву дутораш насибамон нагардид.

Он рӯзу соати ҳузнангезу фоҷиавй бадбахтона наздик ома-
да будааст.

Бегоҳии якшанбе, соати 8-и 12 декабри соли 1971 дӯсти ази-
зам Ашур Ҳалимов ба хонаам занг зад. Хабари дилхарош ва
мудҳиштарин. Саидалй Вализода вафот кардааст. Дар ҳамон

дақиқаҳо дар дафтари хотираҳоям ҷумлаҳои зайлро сабт кар-
даам!

«Боварии кас намеояд, ки чунин Одам вафот карда бошад.
Саидали Вализода барин фарзандони бузурги халқи тоҷик
таваллуд шудан доранд, аммо мурдан надоранд.

Саидали Вализода мактаби нави адабиёти даҳанакии хал-
ки тоҷикро асос гузошт. Агар Бобоюнуси балҷувонй, Юсуф
Вафои мастчоҳӣ дар асоси конунҳои казми даҳанакӣ асар
эҷод карда бошанд, Саидали Вализода назми ҳалқиро ба
назми хатти наздик ва алоқаманд намуд.

Саидали Вализода аз халқ ва адабиёти ӯ нозуктарин ҷиҳат-
хои санъати бадеиро омӯхт, ширинзабонй, зарофат (юмор) ва
хаётдӯстиро аслиҳаи ҳаёт ва эҷодиёти худ намуд ва бо ҳамин

30
ӯ чун Мушфикй шоири дӯстдортарини халқи тоҷнк гардид.

Саидалй Вализодаро бе халқ, бе ҳикматҳои халқӣ ва бе
алоқамандии ӯ бо халқ ҳеҷ гоқ тасаввур намудан мум-
кин набуд, мумкин нёст ва мумкин нахоҳад буд.

Имрӯз тамоми халқи тоҷик дар наздн ин фарзанди бузурги
худ сари таъзим хам менамояд ва оби чашм мерезад.

Шаъни адабиёти тоҷик аз ин олам чашм пӯшид, вале бо
ашъори абадзиндаи худ дар дили ҳазорҳо хонандаи муосир ва
оянда ҷой гирифт ва еол то сол он ашъор мақоми худро дао
сифатҳои таърихи афкори адабӣ-эстетикии халқи тоҷик беш-
тар ишғол хоҳад намуд».

Ҷумлаҳои фавқ, ки дар дафтари хотираҳоямон, дар лаҳ-
заҳои нахустини пуряъсу ғам саросемавор сабт гардидаанд, дар
казари баъзе шахсони аз ҳаёт ва осори Сандалӣ Вализода бе-
хабар ва ҳатто бепарво муболиғаомез намоянд ҳам, аз самими
қалб навишта шудаанд. Қасе ба номи ин шоир хатти баттол
зада наметавонад.

Банда, пас аз хондани як лексия дар дорулфунун дар «Вол-
га»^ худам бо мадади ронандаи ғамхорам Павел Герасимович
Московкин соати даҳу ним ҳамроҳи Ашӯр Ҳалимов ва Лау-
реата Мукофоти Давлатии СССР, Артисти Шоистаи РСС То-
чикистон, яке аз нахустин артистони балети тоҷик Мухдммад
Қобилов роҳи Кӯлобро пеш гирифтам.

Соати яки рӯз ба ҳавлии Саидалй Вализода ҳозир шудем.

Дар рӯйи ҳавлӣ, гирду атроф, кӯчаи калони назди он ва
хавлии ҳамсоя одамони бисёре ҷамъ омада буданд, ки| мик,-
дори онҳо ба чанд сад нафар мерасид.

Моро бародари Саидалй, иисараш Мӯсо, Бобохон Давла-
тов, мухбирони рӯзномаи «Точикистони Совета» ва радио
Алоуддин Давлатов, Ҳақназар Ғоиб, шоирон Ашӯр Сафар,
Саидҷон Ҳакимзода ва дигарон ғамгинона пешвоз гирифтанд.

Тобути Саидалй Вализодаи меҳрубон дар кисмати чанубии
айвони ҳавлӣ рӯ ба шимол гузошта шудааст. У, ки ба касалии
саратони хун гирифтор буд, хеле хароб гардидааст. Гирду ат-
рофи тобутро занаш, духтаронаш ва запони дигар, ки ҳамаашон
хешу акрабоҳои мутаваффо мебошанд, иҳота кардаанд.

Ашӯр Сафар нақл кард, ки Саидалй Вализода маргро мар-
донавор пешвоз гирифт. Ӯ ду соат пеш аз вафоташ (соати дуй
рӯзи дувоздаҳуми декабр) хОҳиш кард, ки ришашро тарошанд.
Пас оббозй кард. Соати 4- рӯз ҷон дод.

Халқ, бе ҳеҷ як эълонй расмй, бо телеграфи дил дар мудда-
ти чанд соат озими Кӯлоб ва ҳавлии шоири дӯстдори худ гар-
дид. Одамон аз районхои Восеъ, Мӯъминобод, Ховалинг, Фар-
хор, Москва ва деҳаҳон гирду атроф ба видои шоир ҳозир шу-
данд,.

Аз руйи нақли ҳамаи онҳое, ки бо мо вохӯрданд (Ашӯр Са-

31
фар, Саидҷон Ҳакимзода, Алоуддин Давлатов, Ҳақназар Ғоиб
ва баъзе хешу ақрабоҳои марҳум) Вализода хоҳиш ва васияти
охиринашро дар бораи ҷойи дафни худ ба таври зайл баён
кардааст:

— Ним соат пеш аз ҷон доданаш пиру муаллимамон гуфт,
ки маро дар боғ, дар қарибиҳои музей гӯр кунед. Агар ин ҷо
нашавад, дар Қурбоншаҳид, дар қарибиҳои чанорҳои даст-
ниҳоли худам ва ё дар теппаи Лӯлӣ-Кӯтал дафнам кунед, —
мегуяд Ашур Сафар, ки то нафаси охирин ҳамроҳи му-
таваффо будааст. Айнан ҳамин гапро мудири шӯъбаи маорифи
шаҳр Шариф Саидов ва Алоуддин Давлатов низ аз забони му-
таваффо шунидаанд.

Аммо роҳбарони шаҳри Кӯлоб Саидалй Вализодаро Дар Та-
мошотеппа (гуристони дурдасти шаҳр) гӯрониданд.

Соати 3-и рӯз аз Душанбе бо мошинҳо Бокй Раҳимзода,
Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Мӯъмин Қаноат, Басир
Расо ва Атахон Сайфуллоев омаданд. Тобути Саидалй Вали-
зодаро ба даромадгоҳи кинотеатра «Комсомол» оварданД. Сад-
ҳо одамони хурду калон ба видои шоири маҳбуб бо сари хам
омаданд ва аз назди тобути ӯ гузаштанд. Гузариши онҳо аз
назди тобут мотамкаддеро мемонд. Гулдастаҳо, чамбарҳои та-
ру тозаи гулу баргҳои сабз пайи ҳам меомаданд ва мотамҷой-
ро пур мекарданд.

Дар ҳангоми хайрухуши охирин Котиби Президиума Шӯрои
Олии Тоҷикистон Давлат Гадоев ҳамроҳи Хайрулло Мирзоев
ва шоири маҳбуби ояндадор Ғаиб Сафарзода бо самолёт ба
дафни Валиаода низ расида омаданд, гаму андӯҳи онҳо ҳадду
канор надошт.

Дар ҳамин лаҳзаҳои видоъ ҳар кадом кӣ ва чй гуна инсон
будани мутаваффоро бо меҳри калон ба забои мегирифт.

— Саидалй Вадизода барин шоири халқро тоҷикон дигар
солҳои дароз ёфта наметавонанд. Ӯ гули сари сабади ҳамаи
маҷлисхр буд. Дар куҷое, ки Саидалй Вализода ҳозир мешуд,
агар ҳазор кас ҳам ҷамъ омада бошад, ӯ ба ran cap кунад,
ҳама хомӯш мешуданд ва гӯш ба суханони ӯ медоданд, —ме-
гуяд раиси колхози ба номи Ленин Қаҳрамони Меҳнати Сотси-
алистй Миралӣ МаҳмаДалиев.

Гоҳо видоъкунандагон баъзе нақлу ривоятҳоро аз ҳаёти
Вализода ба хотир меоварданд. Бокӣ Раҳимзода мегӯяд:

—Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Ҷ. Расулов ба Вали-
зода дар арафаи рӯзи шастсолагиаш гуфтааст:

— Агар шастсолаги» Шумо гузарад, ман ба тӯйи шумо
меоям.

— Оҳ, Худозада, —шӯхиомезона ҷавоб додааст Вализода,
—акнун ман аз гузаронидани тӯй зарар мебинам.

— Барои чӣ? —пурсидааст Расулов.

32
Раисоци колхозҳо аз омадани шумо хабардор шуда вак-
ти кори хочагии қишлоқро баҳона карда, ягонтаашон ба’ туйи
ман намеоянд ва ягонтаашон ба хонаам тӯҳфа намеорандУ

,„Л..„ИрСаИДоМиршакаР накли машҳурро дар бораи муно-
сибати дустии Вализода ба хотир оварда чунин мегуяд:

Ман даР сесс»яи Шурой Оли Қара Дуста дидам. Ба ӯ
Р^гуфт- КИ ДУСТЭТ Саидалй 60-сола шуд, хабараш нагирифтй!

Саидалӣ 1ма”а ҲаКорат мекунад, ки худат-ку ба туй нао-
мади, чува гова роии накарди... У у

Пӯлод Толис ҳамин нақли машҳурро бо як няк пи
Умуман ҳангоми видоъ ҳама дар бораи Вализода cvxa

6o"„”e;r6aMstr:-:pS;ла™фа-мугоиба ва *-■>

Соати 4.15 хайрухуши охирин...

Ля^оа™ 4'3° Т°буТр0 ба кабРистон -ба Тамошотеппа бур-
данд. Бо гаму андуҳ ва сарҳои хам мо ба он чо рахсипоо inv

фон’ ^ааягоНнаАкИкосаРКгЬаД ^ СаҳнавУ ҷойи м™г, на магнито-
J?"* “а ягон аккос 'фотограф дида наМ>ешавад. Муаллгами До-
ишкадаи омузгории ба номи Рӯдаки дотсент Соат Чялишрн

кДарРдб0кР„аазМоУ„ТГФ?0 б“ ?аВР" ра““ "

кард, ки аз он на гаму на андуҳ, на дарду ҳасратпо лапёб

кардан мумкин набуд. Нутқи шифоҳига Мирсаид Миршакарона

буд, хеле самимона садо дод. Ӯ ҳаққонй мавқеи Саидалй Ва

tToSP°kS Т„ааЪ„Т ада6"ё™ ТОЧИК Ва ~

АшУп Му я ДУ НУТЪ ®иша Сарварова митинги мотамиро бает

ним ооУхРи л1жяМ0«’ Муҳаммад Кобилов ва банда соати шашу
ним роҳи Душанберо аз ҳамон маидони гӯристони Тамошотеп-

вГсоШатиРдахи шябПГ ГИрифтем- ДаР ДанғаРа ™йю нон хӯрдем
ва соати даҳи шаб ба хонаҳоямон расидем.

ВализодаТ ^ ХЗИР’ фарзанди бУ3УР™ халқи тоҷик Саидалй

Март—майи с. 1990.

3-2175

33
ҒАФФОР МИРЗО

ШОИРИ ШИРИНКАЛОМ

Эътиқоде, км ба шахсияти ВализоДа дар дили ман пайваста
шуда буд, кайқо боз маро талқин ва таъкид менамуд, то ба ӯ
ҳиссиёти дили худро андаке ҳам бошад, батафсилтар изҳор
намоям. Инак, ҷашни ҳафгодсолагӣ, ки синни муборак аст ва
шоир Вализода ба остони он кадам ниҳодааст, он рӯз ва он
соати изҳори этиқоди ман гарднд.

Биёед, аз соли 1920 cap кунем.

Мо он солро соли Инкилоби Бухоро, соли ба инқилоб, ба
Ҳокимияти Советй, ба маънии озодӣ сарфаҳм рафтани ҳазорон
фарзандони халқи тоҷик меномем. Лекин, охир аз ёд бояд на-
барорем, ки ин сарфаҳмравй дар ҳама ҷо як хел набуд. Тоҷи-
коне, ки дар Тошканд, Самарканд, Бухоро ва Хуҷанд зиндаго-
нӣ мекарданд, онро аз мардуми кӯҳистон пештар фаҳмида бу-
данд.

Баъзе одамон намедонистанд, ки озоди ба чи дастур меояд.
Онҳое, ки гурги борондида ва душмани ғоявии инкилоб ва
Ҳокимияти Советӣ буданд, бесавод будани аҳолии куҳистонро
истифода бурда, доир ба инқилоб, озодӣ ва ҳокимияти нав тӯҳ-
мат ва овозаҳои даҳшатангез паҳн мекарданд.

Ана дар ҳамин соли пурмағал, ки воқеаҳо ба аксарияти халқ
номафҳум буданд, дар ҳамин соле, ки баъзе одамон дӯстро аз
душман, некиро аз (5адй, фоидаро аз зарар, ҳақикатро аз дурӯғ
ба осонӣ фарк карда наметавонистанд, аз миёни мардуми ку-
ҳистон одамоне пайдо шуда баромаданд, ки тарғиботчии катъи
ва чдаддии сохти нави советй шуданд. Яке аз он ташвдқотчиёни
сохти нави совета деҳконбачаи бесаводи ховалинги муаллифи
шеъри «Ленин—бародар, рах,намо» Саидалӣ ВализоДа буд.

Вализода тиру туфанг гирифта, шамшер ба камар баста,
ба ҷанги босмачиҳо набаромадааст. Дар ягон кишлок» куҳистон
бо ташаббуси худ колхоз ташкил накардааст. Аммо дар ҳамаи

34
ин ва дар ҳамаи корҳои дигари сохтмони нави сотсиалистй Ва-
лизода ба тарам дигар иштирок кардааст.

Тақдири меҳнатии Сайдалй Вализода аз ибтидои хизматаш
ба шоирй, ҳофизй ва санъаткорй, ба рӯҳбаланд ва хурсанд
кардани одамон ба воситаи санъат ба фаҳмондан®! моҳшти
сохти нав ба мардуми кӯҳистон, ба танқид, фошу масхара,
шармандаву расво намудани бою муллоҳои фиребгар вобаста
шуда монд.

Соли 1936 ё 1937 буд. Як рӯз мудири хонаи бачагони Хо-
валинг ҳамаро дар майдони пеши хобгоҳ ҷамъ кард. Мо, ба-
чагон, катор саф кашидем. Як мардаки хушқаду қомат, хуш-
афту андом ва хушбурут дар паҳлӯи мудири мо истода буд.

Мудир бо овози баланд пурсид:

— Бачахр, шумо номи Сайдалй Вализодаро шунидаед ё не?

Дар он солҳо, ки овозаи хушхонй ва хушгапии Вализода

ҳамаро фаро гирифта буд, номи ӯро хама медонист. Ин аст, ки
қариб ҳамаи бачагон бо як овоз ҷавоб додем:

— Шунидаем!

— Агар шунида бошед, мана акнун худашро бийед, —гуфт
мудир.

Он мард Вализода буд.

Мо, бачагон, ки меҳрубонӣ ва ғамхории Ҳукумати Советӣ
дили моро пур аз завку ҳавас, пур аз муроду максад карда
буд, мо, бачагон, ки акнун ҳоҷатманди нону либос не, ҳоҷат-
манди фақат гуфтани рози дил, ҳоҷатманди нишон додани
«ханъати» худ будем, бо шунидани номи Вализода ва дидани
симои ӯ ба як ҳиссиёти амиқи таваҷҷӯҳ афтидем.

— Бачаҳо, —давом кард мудир, —шоир ва ҳофиз Сайдалй
Вализода омадааст, ки дар «дедом®» мо дастаи санъати нафи-
са ташкид кунад. Ҳар кас ҳар ҳунаре, ки дорад, гӯяд, нишон
диҳад, номашро дар рӯйхат дарорад,

Сайдалй Вализода кружоки дастаи ҳаваскорони хонаи ба-
чагони Ховалингро ташкил карда, ба бачаҳо омӯзиш мегуза-
ронд, онҳоро барои дар саҳна, дар пеши мардум баромад кар-
дан тайёр мекард. Он вақт шеърҳои классикҳои адабиёти, гу-
заштаи тоҷик қариб ёфт намешуданд. «Репертуар»-и шеърии
дастаи санъати нафисаро асосан эҷодиёти халқ, баъд шеърҳои
С. Айнй, А. Лоҳутӣ, М- Турсунзода, А. Деҳотй ва албатта, шеър-
ҳои Вализода ташкил мекарданд. Мусиқӣ бошад, мусиқии хал-
Кй ва оҳангҳои эҷодкардаи худи Вализода буданд.

Як моҳ гузашт ё нагузашт, ки дастаи ҳаваскорон дар ҷамъ-
омадхои меҳнаткашони район консерт медодагй шуд. Хонаи
бачагон ифтихор мекард, ки сох,иби ҳамин хел дастаи ҳавас-
корон аст. Район ифтихор мекард, ки ҳамин хел хонаи ба-
чагон дорад. Мо ифтихор мекардем, ки монанди Вализода устод
дорем.

35
Баъд ин даста пееса мемондагй шуд. Фарқи он пеесаҳо аз
пеесаҳои ҳозира дар он аст, ки онҳо нонавишта буданд. Вали-
зода савод надошт, ки пеесаи фикр карда баровардаашро на-
висад. Ӯ ҳамаи пеесаро аз аввал то охир калима ба калима аз
ёд мекард. Баъд ролҳоро ба бачагон таксим намуда, мегуфту
ҳар кас суханҳои роли худашро навишта мегирифт.

Дар ду-се !моҳи аввал дар дастаи ҳаваскорон закон ва дух-
тарон набуданд. Роли онҳоро бачаҳо ба ҷо меоварданд. Аммо
дар натиҷаи қишлоқ ба қишлоқ гашта, намоиш додани ин дас-
таи ҳаваскорон, дар натиҷаи тамоман ҳаётй будани он кори
савобе, ки Вализода ва бачагони «дедом» cap карда буданд,
дар натиҷаи рӯз то рӯз обрӯ гирифтани ин даста окибат дух-
тарон ҳ,ам пайдо шуданд. Аввалин духтаре, ки бо ихтиёри худ
омаду ба дастаи ҳаваскорони хонаи бачагон номашро навишт,
Малика ном дошт, ки ӯро Духтари Абдурахими аробакаш ме-
гуфтанд. Баъд аз Малика Зумрат, Сангимоҳ, баъд дигарон
омадан гирифтанд.

Санъате, ки Саидалй Вализода дар Ховалинг ва кишлок-
ХОи он ташкил кард ва ривоҷ дод, зинаи аввалин, марҳалаи на-
хустини озодии занони ҳамон гирду гӯша гардид.

Он солхо пойтахт» худи республика хам мӯҳточи хунарман-
дони халқӣ, мӯҳтоҷи санъаткорони соҳибистеъдод буд. Ходимо-
ни маданияти республика ба хазор умсд қишлоқ ба кишлок,
мсгаштанд, ки ягон писар ё Духтари санъаткорро пайдо кар-
да, ӯро бд Душанбе биёранд. Ин кор он вақт хеле душвор буд.
Ана дар x^miwh маврид Саидалй Вализода ҳамроҳи вақилони
маданияти пойтахт мегашт ва монанди тиллокобон бо заҳмати
азим зарраҳои тиллои санъати халқро чамъ мекард, то дар То-
ҷикистон театр ба вучуд биёяд, то дӯстон ва душманон донанд,
ки тоҷик гуфтанй халк бо санъати хос ва беназ1ири худ дар
дунё вучуд дорад.

Ман як мулоҳизаеро, ки мебоист дар боло накл кунам, ба-
рон ин қисми мақола мондам ва он сабаб дорад. Гап дар он
аст, ки рақсу суруду масхарабозии хамаи дастаи ҳаваскорон
як сӯ буду хониши худи Саидалй Вализода як сӯ. Вализода
ҳамчун санъатвари ҳакиқӣ ҳуҷайраҳои дили мардуми кӯҳис-
тонро якта ба якта медонист. Барой хдмин ба хандондан ё гир-
ёндани шунавандаи худ кудрати комил дошт.

Дар шеваи кӯҳистон «ҳумба» гуфтанй калимае ҳаст. Вах-
те ки ҳофиз бо лабони баста, фақат ба воситаи садопардаҳои
худ фароварди мақомеро замзама мекунад, онро «ҳумба» ме-
номанд. Одамоне, ки 15—20 сол пеш ҳумбаи СаиДали Вализода-
ро шунидаанд, шоҳиданд, ки ин маҳорати аз акл беруни ӯ ҳар
хел одами сангдилро ҳам ба вачд меовард, коил мекард. Вале
афсӯс ки хунари бемислу монанди ҳофизй ва намвозандагии
С-айдалй Вализода навишта гирфта нашудааст!

36
Меҳвари хрзираи ҳофизони: кӯҳистонро намедонам, лекин
пештар ҳофизи ҳақиқӣ ҳамон ҳофиз буд, ки дар баробари ҳамаи
суруду оҳангҳои калону хурд, мураккабу содда «Гӯрӯғлй»-ро
ҳам донад ва навозад. Ман хониши достони бузурги халк.и то-
ҷикро аз чор ё панҷ ҳофиз шунидаам. Росташро гӯям, азбаски
достони «Гурӯғлй» достони ҳаҷман беандс&а бузург аст, аксари
он «гурӯғлӣхонҳо» вайро пурра намедонистанд. Дар байни ин
гуна ҳофизон касони баномус ва бавиҷдон буданд, ки се—чор
банди «Гӯрӯғлӣ»-ро пурра аз ёд карда, фақат хдмонҳоро ме-
хонданд ва рӯйрост иқрор мекарданд, ки дигар байтҳояшро
намедонанд. Лекин ҳофизони ҳаромкор ва тамаъкори дигаре
ҳам буданд, ки матни пурраи «Гӯрӯғлй»-ро намедонистанд, би-
нобар 1ин матни ба колиби хушрӯ андохтаи достонро як тараф
монда, качу килеб ва дурӯғу рост худашон мебофтанд. Досто-
ни cap то cap сириштаи ишқу муҳаббати ҳақиқӣ, қаҳрамонӣ
ва фидокори, достони пур аз драматизм, пур аз заҳрханд ва ҳаҷ-
ви бемислу монандро ба сафсаттаи бемаънӣ табдил медоданд.

Истеъдоди модарзоди шоирй ва ҳофизи ва навозандагй
ва дар ҳамин асос Х)иссиёти нозуки муназзанат, ба таври мусав-
вир ва муҳақик тасаввур ва идрок намудани воқеаҳои достон,
бозй доронда тавонистани тобишҳои аҷоибу ғароиби достон,
Вализодаро гӯяндаи беҳтарини «Гӯрӯғлй» карда буд. Овози
нарму ширадори ӯ, ҳумбаи ҷонбахши фақат вализодагиш ӯ, як
чӯби хушки дутора, ки дар дасти Вализода на танҳо ба забони
ҳол меомад, балки воқеанигори ҳиссиёти одамон мешуд, мими-
каи у, ки расми воқеаҳоро бо обуранги ҳайратангез ва дилфи-
реб мекашид, ғайр аз ин эх^осоти хурсанд ва қонеъ карда ни
шунавандагон, ки эҳтиёҷи қонунии ҳар як санъаткор мсбошад,
ҳамаи ин як ҷо шуда, як оркестре ба вуҷуд меоварданд, ки аз
табошири он ягон гӯшаи дили шунаванда бетаъсир намемонд.
Хуллаои калом, Вализода «Гӯрӯғлиро» аз самими дилу ҷон
фаҳмида, ҳис карда, қадрашро дониста мехонд. Аммо боз аф-
сӯс, ки на танҳо хониши Вализода, балки хониши чандин гӯ-
руғлигуйҳои ҳақиқии дигар нонавишта монд ва беному нишон
шуда рафт.

Ман дар хусуси шеър ва достонҳои Вализода ҳеҷ чиз гуф-
тани нестам, зеро ин бе гуфтани ман ҳам ба ҳама маълум аст.
Ман дар хусуси як хизмати дигари Вализода, ки имрӯз дар айё-
(.мц пирии худ ба ҷо оварда истодааст, гуфта гузаштаниам.

Панҷаҳои ӯ акнун дуторро девона карда наметавонанд. Зӯри
овози у акнун ба авҷҳое, ки фарёди ҷонкоҳи дили ошиқон, га-
рибон ё ғолибонро ифода кунад, намерасад. Достони «Гӯрӯғлй»
ҳам мисли паризоде, ки ҳаргиз пир намешавад, Вализодаи пир-
ро партофта, ҷавони дигар мековад. Аммо Вализода ҳанӯз ҳам
соҳиби ҳунарест, ки аз ҳунархо ва хизматҳои айёми ҷавонии ӯ
мондани надорад . Ин ҳунар ҳунари хурсанд кардани одамон аст.

37
Дар замонҳои гузашта ҳеҷ як чамъият ташкилоти муқаррар,
Еазифадор ва доимй надошт, ки ба таври ҳақиқӣ вами димо-
ғи чоқи халкро хӯрад. Ҷамъиятҳо ташкилотҳои ба халк азоб
додан, чабр кардан, куштан, воситаҳои бехонумон ва бесарусо-
мон кардан доштанд. Аммо ташкилоте, ки андаке хам бошад,
шодмонии мардумро вазифаи худ карор дода бошад, набуд.
Дар ин кор ихтиёри халк ба дасти худаш буд. Халк бошад, та-
биатан ҳаётдӯт, шодипарвар ва ширинкор мебошад. Ин аст, ки
ба зулму истибдод ва маҳрумиятҳои бемисл нигоҳ накарда, во-
ситае мечуст, илоҷе меёфт, ки дили ғамхонаи худро андак хур-
санд кунад, заҳмат ва андӯҳи харрӯзаи худро ба ханда рӯпӯш
на|мояд. Ана барои ҳамин яке латифае мебофт, мардумро ме-
хандонд ва онро моли Хода Насриддин мегуфт. Дигаре ширип-
корй карда, вами мардумро писанда менамуд ва ширинкории
худро ба номи Мушфиқӣ мебаст.

Дар замони мо дар баробари ҳамаи вамхориҳои иқтисодӣ
ва маънавӣ давлат ва Ҳокимияти Советй кори рӯҳбаланд, шод
ва хурсанд нигох доштани халкро ба программаи амалиёти худ
дохил карда, дар ҳамин асос садҳо ташкилот ва муассисаҳое
ба вучуд озардаанд, ки нақшаҳои! он программаро ба ҷо меова-
ранд. Бо вучуди хизмати ҳақиқии ин муассисаҳо, бо вучуди ба
халқ маъқул ва маъмул шудани онон боз хам чойи Хода Насрид-
дин ба Хода Насриддин ва ҷойи Мушфиқӣ ба Мушфиқӣ мондааст.
Яъне peiuain ширинкорони соҳибистеъдоди- халқй ҳанӯз ҳам дар
ларӣ аст. Латифаҳои ширадор ва ҳаётии Вализода, ки бо маҳо-
рати аҷиби ҳозирҷавобӣ гуфта шудаанд ва паҳн гардидаанд, аз
латифаҳои Хода Насриддин ва Мушфикй сифатан мондани на-
доранд. Садҳо латифаҳои Вализода, ки фардо барои пайдо кар-
дана ҳар кадоми он чи академияи фанҳо, чи хонаи эҷодиёти
халк, чи муддаиёни бешумори номзади илмҳо экспедитсия таш-
кил хоҳанд кард ва на ҳамаи онҳоро хоҳанд ёфт, мутаассифона,
то ҳол пурра навишта вирифта нашудаанд.

Дар замони мо садҳо нависандагон, артистон, рассомон, оли-
мон ва намояндағони ихтисосҳои дигар ҳастанд, ки ягона орзуя-
шон ба дили халк чой гирифтан аст. Аммо каманд он касоне,
ки ба муродашон мерасанд. Лекин Вализода бо ҳамин санъати
айёми пирии худ mcxjmohh азизи ҳар як хонадони халки точик
аст. Кадом рӯз ба кадом қишлоқе, ки Вализода биёяддамон
рӯз дар ҳамон қишлоқ ид аст.

Оре, шоир ва Ҳофизи халкии РСС Точикистон Сайдали Ва-
лизода,ки ҳоло ба 70 даромад, ба халки тоҷик ана ҳамин хел
ба таври худ ва аз самими дил хизмат карда омад ва ҳануз ҳам
хизмат карда истодааст.

Халки тоҷик ва дар қатори он мо мухлисонаш кадри уро
медонем ва дар чашни мубораки ҳафтодсолагии у аз чону дил
табрикаш мекунем.

38
COAT ЧАЛИШЕВ

ШОИРИ МАҲБУБИ ХАЛҚ

Баъд'И соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар
яки мо ба роҳи тайкардаи халқ назар андӯхта, онҳоеро ба ёд
адеорем, ки барон Ватан, барои ҳаёти нав ва хушбахтии халқ
хизмати бошарафе кардаанд.

Шоири халқ Сайдалй Вализода, ки имрӯз мо ба муносиба-
ти 95-солагии зодрӯзаш хотираи неки ӯро ёдовар шуда исто-
даем, аз ҷумлаи ҳамин гуна шахсон аст. С. Вализода аз ибти-
до то интиҳои зиндагии бошууронааш ба идеалҳои сиёсии замон
содиқ монда, ба манфиади ҳаёти навин ва мустаҳкаму пойдо-
рии Ҳокимияти Шӯро дар кӯҳистйни тоҷик шеър эҷод карда-
аст.

Оре, Саидалй Вализода шоири номии халқ, ҳофизу дутории
оҳангпардоз, чароғи давраи ширингуфторй, мунису мушфиқ
ва маҳбуби мардум буд.

С. Вализода 10-уми октябри соли 1900 дар қишлоки Чуқу-
раки ноҳияи Ховалинг таваллуд ёфтааст.

Падари шоир —Валй деҳқони чоряккор буд. Заминҳои ди-
гаронро ба иҷора гирифта, музди ночизе ба даст медароваод.
Дар дарбори Муҳиддинбой, Бадриддин ва дигарон замин ме-
ронад. Валӣ ҳофизи хушовоз, дуторй, ғижжакнавоз, дойрадас-
ти моҳир ва марди шоиртабиат буда, ба сароидани шеърхои
ҳаҷвӣ рағбати калон доштааст.

Сандалии хурдсол дар оплаи чунин шахси санъаткор ва
шеърдӯст тарбия ёфта буд ва ҳамин ҷиҳати характери падэраш
ба ташаккули касби шоирии ӯ таъсир кардааст. Дере нагузаш-
та дар баййи халк ҳамчун шоир ва ҳофиз ном мебарорад.

Шеърҳои Сапдалй Вализода дар аввал монанди шеврхои
падараш характ;ери ҳаҷвй ва шикоятй доштанд. Дар шеърқби
ӯ сармоядорон х.амчун шаҳсони сифла (за бадкирдор ' танқяд
карда мешаванд. ‘

Аввалин шеъри С. Вализода «Деҳқони ҷабрдида» ном дош-

39
ja, соли 1917 эҷод карда шудааст. Шоир дар ин шеър шикояти
деҳконро бевосита аз забони худи ӯ баён кардааст. Деҳқон бо
забони ҳол аз замони бадкирдор, аз ҷабру зулми ситамгарони
хунхор, аз тӯҳмати ногаҳон ва ҷаримаи бепоёни давраи амирӣ
шикоят мекунад.

Дареғ аз меҳнати зорам, бутун дар зери борон шуд!

Бисӯзад хонаи золим, зи ҷавраш дида гирён шуд!

Агар дорға маро пурсад, ҷавоб додан ба ӯ мушкил,

Муқаррар ӯ ҳамегӯяд: чаро ин мӯҳр вайрон шуд?

Чи афзун кардаам меҳнат, бисӯхтй ҳосили корам,

Кунад ярғӯ саги золим, надорам пул, ки биспорам!

Саидалӣ Вализода дар ин шеър вазъияти зиндагии камба-
ғалони кӯҳистони тоҷикро, ки то Револютсияи Октябр ва ре-
волютсияи Бухоро (1920) асири зулми ҳокимону боён буданд,
реалистона тасвир кардааст. Вализода аз рӯзҳои аввали фаъ-
олияти эҷодиқ худ рафти ҳодисаҳои зиндагиро зиракона мушо-
ҳида карда, бо ин шеър аввалин бор нафрату адовати худро
нисбат ба дунёи кӯҳна изҳор намудааст.

Ба х)еҷ кас пӯшида нест, ки он вақтҳо бисьёре аз бенавоё-
ни кӯҳистонӣ ба тарафҳои Фарғона, Самарканд, Тошканд ва
дуртар аз он дар мусофират, дар ғарибй рӯз ба cap мебурданд.
Онҳо мардикорӣ ва дар корхонаҳои саноатӣ кор мекарданд.
Ин барояшон ҳаёти оддй набуд: онҳо бо зиндагонии коргарон
ошно мешуданд, аз фикру ҳаракатҳои револютсионии коргарон
ба дараҷаи муайяне таъсир мегирифтанд, андаке бошад ҳам,
бо тағйироти фикрӣ ба ватани худ ба кӯҳистон бармегаштанД
ва тадриҷан ба ҳамватанони худ таъсир мебахшиданд. Маса-
лан, Мирзо Барот аз қишлоки Доровии Ховалинг, роҳи оҳанчӣ
Комилов Абдуғаффор аз кишлоки Қайлонӣ ва Толибов Ширин
аз кишлоқи Панҷурти ҳамон ноҳия дар шӯриши ярокноки Тош-
канд ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна иштирок карда, соли 1919
ба ноҳияи худ баргашта, дар бораи револютсияи Тошканд ва
барқарор шудани ҳокимияти камбағалон наклҳо мекарданд.
Ин ҳол махсусан дар арафаи револютсияи февралии соли 1917,
Револютсияи Октябр ва револютсияи Советии Бухоро ниҳояг
характерной шуда монда буд. Идеяи озодй ва револютсии ба
воситаи болщевикон, коргарон ва инчунин мардикорони аз му-
софират бозгашта оҳиста-оҳиста дар гӯшаю канорхри Тоҷикис-
тони ҳамонвакта ҷорӣ шуда, ҳаракати зиддиамирии халкро бо
ҳаракати револютсионии болшевикон пайванд мекард. Ин дар
зиндагии халқи тоҷик, дар бедории фикрй, синфй, идеявй ва
муборизаи минбаъдаи инкилобй лаҳзаи ниҳоят муҳимми сиё-
сй ба шумор мерафт.

Ана дар ҳамон вактҳо дар катори садҳо камбағалон С. Ва-

40
лизода ҳам аз фикру ҳаракат ва табаддулоти инқилобие, ки
мешунид ва медид, таъсир мегирифт ва фикри эҷодии ӯ то-
рафт инкишоф меёфт. Ин ҳолат дар эҷодиёти баъдиинкилобии
шоир равшану возеҳ мушоҳида карда мешавад.

Баъд аз Инкилоби Октябр дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва
мадании халқҳои Ватанамон (собиқ Иттиҳоди Шӯравй) табад-
дулоти бузурги таърихй ба вучуд омад. Халқӣ тоҷик низ бо
ёрий халқҳои бародар ба ҷумхурии мустақил соҳиб гардид ва
дар оилаи бародаронаи дигар халқҳо зиндагй кардан гирифт.
Ин револютсияи бузург, ки қувваҳои эҷодии халқро хеле инки-
шоф дод, баром С. Вализода барин шоирони халқй роҳи васеъ
кушод.

С,. Вализода он вақт чавон буд, вале гузашти айём ӯро пух-
та карда буд. Воқеаҳои сарнагун шудани подшоҳи рус, хабари
Инкилоби Бухоро ва гурехтани а мир Олимхон ба Афғонистон
доираи чахрибинщи ӯро васеъ кард. Вай, чунон ки дар боло
кайд кардем, аз мардикорони аз Самарканду Бухоро баргашта,
аз забони чанговарони сурх дар бораи ташкилкунанда ва ил-
ҳомдмҳандаи Инкилоби Кабири Сотсиалистии Октябр В. И.
Ленин наклҳо мешунид ва эҳсос мекард, ки танхо чунин шахе
ба дарди мардуми ҷафокаш дармоне ёфта метавонад. Илҳоми
шоир ба ҷӯш омад ва тӯғёни он шеъри «Ленин —бародар, раҳ-
намо»-ро ба имён овард. Ин шеър сентябри соли 1922 эчод, шу-
дааст. Суруди «Ленин —бародар, раҳнамо» ҳамчун таронаи
мардуми озод барои онҳое, ки баҳри ҳаёти нав ва нашъунамои
Тоҷикистон мубориза мебурданд, аслиҳаи маънавй буд.

Дар солҳои сиюм сохтмони хаёти нав дар Тоҷикистон босуръат
кеш мерафт, ба чойи хоҷагиҳои кулаки колхозу совхозҳо бунёд
мегардиданд.

Соли 1932 дар Ховалинг низ колхозҳо ташкил шуданд. Па-
дари шоир я^е аз аввалинҳо шуда ба колхози «КИМ» аъзо
гардид. Саидалй Вализода, ки то револютсия дар даргоҳи бой-
кой Кӯлобу Фархору Сароикамар хизмат карда ризку рӯзӣ пай-
до менамуд, ҳамроҳи падараш ба колхоз даромад.

Саидалй Вализода кӯшиш мекард, ки ҳам дар колхоз сама-
ранок меҳнат кунад, ҳам кори эчодии худро инкишоф диҳад.
Бо ин максад ӯ дар байни аҳолй бо сурудҳои дилчаспи халкй,
бо шеърҳои эчодкардаи худ баромад карда, меҳнаткашонро ба
сохтмони ҳаёти нав даъват менамуд, душманони сохти колхозиро
фош мекард ва дар ташкилу мустаҳкамшавии Ҳокимияти Шӯ-
равй фаъолона ширкат меварзид.

Душманони синфй аз фаъолияти шоир дар ғазаб шуда, рохи
нобуд кардани ӯро меҷӯстанд, ба вай ҳар гуна тӯхматҳо меза-
данд.

Ин буд, ки Саидалй Вализода соли 1932 дар чумлаи ку-
лакҳо бо зану бачаҳояш ба Қазокистон бадарға карда мешавад.

41
У, ки ҳеч гуноҳе надошт, хомӯш истода наметавонад ва соли
1934 гурехта, аввал ба нодияи Мастчоҳ, баъд ба Душанбе ме-
ояд. Вай ба хукумати Ҷумҳурии Точикистон ариза навишта
хоҳиш мекунад, ки ӯро аз ҷазои ноҳақ озод намоянд. Шоир бо
карори Президиума КИМ РСС Точикистон №38, аз 22 июли
соли 1936 аз бадарға чун шахси тамомаи бегуноҳ бармегардад.

Эҷодиёти Саидалй Вализода минбаъд бо нақшаҳои сохт-
мони ҳаёти нав, бо ҳаёти хоҷагӣ ва мадании республика, ки
босуръат пеш мерафт, алокаи зич пайдо мекунад. Дар айни
замой, муҳаббати беинтиҳо ба санъат Саидалй Вализодаро ором
намегузорад. Бинобар ин, Вализода мохи ноябри) соли 1936 ба
театря колхозии шаҳри Душанбе ҳамчун артист дохил шуда,
дар он чо то соли 1938 кор мекунад.

Он солҳо пойтахти худи республика хам мӯҳтоҷи дунарман-
дони халки, мудточн санъаткорони соҳибистеъдод буд. «Хо-
димони маданияти республика ба ҳазор умед қишлоқ ба киш-
лок мегаштанд, ки ягон писар ё духтари санъаткорро пайдо
карда, ӯро ба Душанбе биёранд. Ин кор он вақт хеле душвор
буд. Ана дар ҳамин маврид Саидалй Вализода ҳамроҳи вакилони
мадаиияти пойтахт мегашт ва монанди тиллокобон бо заҳмати
азим зарраҳои тиллои санъати халқро ҷамъ мекард, то дар
Точикистон театр ба вуҷуд биёяд, то дӯстон ва душманон до-
нанд, ки тоҷик гуфтанй халқ бо санъати хос ва беназири худ
дар дунё вучуд дорад». —кайд шудааст дар хотираҳои шоир
Гаффор Ми(рзо.

Соли 1938 Саидалй Вализода ба Ховалинг бармегардад ва
бо ташаббусу роҳбарии ӯ дар назДи интернати ноҳияи Хова-
линг кружоки драмавй-мусиқй ба фаъолият оғоз менамояд. Он
ьақтҳо шеърҳои классикҳои адабиёти гузаштаи тоҷик кариб
ёфт намешуданд. Репертуари шеърии дастаи ҳаваскоронро асо-
сан эҷодиёти халк, баъд шеърҳои С. Айнй, А. Лоҳутӣ, Мирзо
Турсунзода, А- Деҳотй ва албатта шеърҳои Вализода ташкил ме-
карданд. Мусиқй бошад, муоикии халқй ва одангдои эҷодкар-
даи худи Вализода буданд.

Соли 1939 С. Вализода ба театри вилоятии Кӯлоб даъваг
карда мешавад. Саҳнаи театр мннбари нави эҷодии шоир гашт-

Валнвода дар театр расман чун ходими адабй кор кунад
хам, саҳнаи театр 66 саъю кӯшиши ӯ пайваста обод буд. Дар
тӯли бештар аз понздаҳ соли кор ӯ ба заҳмати ҳамагон шарик
буд. Гаҳ чун роҳбари муоикӣ мавқею мақоми хар созро таъин
намуда, хусну кубҳи одангро дармеёфт. Гад чун дуторнавоз
дар сафи навозандагон нишаста, рафти навою усули мусиқиро
нигод медошт. Гаҳ чун салист сурудеро замзама мекард. Лад-
задое мешуд, чун суфлёр лукма медод, чун режисёр намоишно-
ма, алалхусус намоишномаҳои ҳаҷвиро таҳия мекард, мисли

42
ҳунарпешаи ҳақиқӣ чи гуна офаридани нн ё он нақшро ба ҳам-
касбонаш ёд медод.

Беҳуда нест, ки ӯ аз саҳнаи ҳамин театр аъзои Иттифоки
навиеандагон шуд, ба гирифтани унвонҳои фахрии Артисти хиз-
матнишондодаи РСС Тоҷикистон ва Ҳофизи халқии Республи-
ка мушарраф гардид.

Ҳангоми дар театр кор карданаш Саидалӣ Вализода ғазал,
тарона, бадеҳа ва ҳатто достонҳои сюжетноки калон, монанди
«Қаҳрамон Саидкул Турдиев», «Достоин Чанги Ватанй» ва
«Нозими Ватан»-ро меофарад. Бадеҳаҳои эҷодкардаи шоир
Муҳаббат», «Сабзинае», «Духтари ҳамсоя», «Дилдода ёронем
мо», «Ҳамсояҳо», «Барори кор» ва монанди инҳо дар саҳнаи
театр бомуваффақият хонда мешуданд.

Дар адабиёти муосири тоҷик аз нахустин рузҳои Ҷанги Бу-
зурги Ватанӣ мавзӯи мубориза бар зидди фашизм, ғояҳои ва-
танхоҳӣ ва гуманизм аз умдатарин масъалахои эҷоди бадей
қарор гирифт.

Саидалӣ Вализода аз ҷумлаи он шоироне буд, ки дар ка-
тори садҳо адибони советй бо шеърҳои худ халкро ба мубо-
ризаи зидди фашизм даъват менамуд. Масъалаҳои асосие, ки
дар назми индавраинаи Вализода гашгаву баргашта дахл ме-
шавад, ободӣ ва ҳимояи Ватани мост. Шоир дар ин мавзуъ
шеърҳои «Падар ва писар», «Ыатвонӣ», «Март ба фашизм»,
<гМур ту, асаг», «Мактуб», «Салом ба аскарн сурх» барин як
қатор шеърҳо эҷод менамояд. Қайд кардан лозим аст, ки ин
шеърхБ чи аз чихати мазмун ва чи аз ҷих,ати бадеият дар эҷо-
диёти Саидалй Вализода мавкеи муҳим ишғол мекунанд. Шоир
дар рӯзҳои сахти ба сари мамлакати мо омада ба фашизм наф-
ратн беандоза баён карда, қаҳрамонии одамони Шӯравиро
ситоиш мекунад. Чунончи, дар шеъри «Хабар», ки дар рузҳои
аввали саршавии чанг навишта шудааст, шоир фашистонро
f>a ҳайвони даранда —гурги гурусна монанд карда, халкро ба
муборизаи зидди онҳо даъват менамояд.

Бегонаро дар ин чаман,

Гнрем сарашро аз бадан.

Бар мо ҳамегӯяд Батан:

Бидиҳед душманро чазо!

Гурги гурусна шуд ба танг,

Девонавор омад ба чанг.

Кубем сари ӯро ба сайг,

Ҷонаш бурод дар мулки мо!

Маҳорати Саидалй Вализода махсусан дар вақти тасвири
образи душман намоён мегардад. Шоир хислатҳои хоси душ-
ман, симои нафратовари уро бо суханони талху тунди обдор
фош мекунад.

43
Дар шеърҳои дар мавзӯи ҷанг эчод кардан шайр, чунон кн
академик Раҷаб Амонов қайд мекунад, «Ҳаҷву сатираи тезу
буро, тамасхур ва истеҳзои пурғазаб хеле пурқувват садо ме-
диҳад ва ин хусусият яке аз чиҳатҳои қобили дикка™1 эҷодиё-
ти Саидали Вализода мебошад». Шеърҳои «Мур, ту асаг», «Март
ба фашизм», «Натвонӣ» низ ба чунин хусусиятҳо моликанд.
Дар ин шеърҳо шиддати ҳисси нафратангез ва адовати хашмо-
мези шоир нисбат ба Гитлер ва гитлерчиён хеле хуб ифода
ёфтааст.

Эҷодиёти Саидалӣ Вализода баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ
хеле инкишоф ёфт. Вай дар ин давра як оилсила шеърҳо ва
достонҳо эҷод кардааст, ки онҳо чи аз чиҳати мазмуну мунДа-
риҷа ва чп аз ҷиҳати санъати бадей аз асарҳои пештараи шоир
фарк карда меистанд. Шеъру достонҳО|И; индавраинаи шоир ба
васфу тараннуми Револютсияи Октябр, Ватан ва ватандӯстй,
ободонии мамлакат, ҳимояи сулҳ, м,еҳнат, ишқу муҳаббати поки
чавонй, мубориза бар зидди урфу одатҳои кӯҳна ва дигар co-
xa ҳои ҳаёти халқи мо бахшида шудаанд.

Адабиётшинос Соҳиб Табаров дар бораи характери иҷтимой
ва гражданй доштани ашъори лирикии Саидалӣ Вализода су*
хан ронда, кайд менамояд, ки «Саидалй Вализода аз рӯзҳои
аввал дар назми халқии адабиётӣ точик саркор ва асосгузори
лирикам халқии сиёсӣ ва гражданй ба шумор меравад ва аз на-
хустин шеъри баландмазмунаш «Ленин—бародар, раҳнамо»
cap карда, то имруз бисёр шеърҳои лирикии ичтимоӣ ва граж-
данй офаридааст». Ин хусусият дар шеърҳои ба Револютсияи
Октябр бахшидаи шоир хеле равшан зоҳир гардидааст. Шоир
Револютсияи Октябрро ҳамчун воқеаи бузурги таърихй, ки ба
шарофати вай ранҷбарон аз зери фишори марговари зулму
тааддй тамоман озод гардиданд, ҳамчун асоси офариниши ҷа-
ҳону ҳаёти нав мадҳ месозад:

Дар рӯзҳои вазнин рӯзаш ба мо барор шуд,

Аз зӯри бемислаш хунхор торумор шуд.

Шахсе, ки бандагй дошт, соҳиби ихтиёр шуд,

Аз ҳар ҷиҳат барои мо пурбаҳост Октябр.

Меҳнати эҷодкоронаи халқамон, ободонӣ ва муваффакият-
хои рузафзуни Ватани сотсиалистй мавзӯи асосии эҷодиёти
Саидалй Вализода қарор гирифтааст. Вализода, ки худ аз оилаи
деҳкон буд, кору бор ва зиндагии деҳқононро аз ҳар ҷиҳат хуб
медонист. Аз ин рӯ, вай ба тасвири ҳаёти деҳконон ва самара-
хои меҳнати фидокоронаи онқо бештар дикқат медод. Шоир
дар шеърҳои худ тараққиёту гулгулшукуфии Тоҷикистон, қаҳ-
рамони, меҳнати ватандӯстонаи халқ ва комёбиҳои Ватанамон-
ро бо суханҳои образноки халкй, бо самимият ва ҳарорати хоси
шоирона тасвир намудааст.

44
Шеърҳои дар васфи меҳнат гуфтаи шоир қисман хусусияти
ташвиқотй доранд. С. Вализода одамонро ба меҳнати фидоко-
рона даъват мекунад ва ин мазмун дар шеърҳои у «Зарур»,
«Меҳнат кун», «Ибрат гир», «Даъвати ман», «Меҳнат шараф
аст» махсусан равшан ифода ёфт:

Ту, эй фарзанди меҳнаткаш, муҳаббатдор меҳнат кун!

Ба шодй дар канори мулки беозор меҳнат кун.

Аз ин хубтар камар банду зи чо дар субҳдам бархез,

Ба дӯстон дар гулистони Ватан дилдор меҳнат кун!

Сайдалӣ Вализода ба мукобили ҳама гуна урфу одатҳои
зарарноки замони гузашта ва нуксонҳои зиндаги бо яроқи ҳаҷв
мубориза мебарад. Фикрҳои танқидй ва тасвири мазҳакавию
ҳаҷвӣ ҳусни бадеиёти назми Вализодаро бештар зоҳир карда
меистанд. Мо дар мазҳакаву ҳаҷвиёти шоир тасвири бисёр
масъалахрро мебитцем. Масалан, дар шеъри «Шикояти пахта»
—бепарвоии баъзе колхозчиён дар нигоҳубини пахта, дар шеър-
ҳои «Дурӯя» ва «Такаббур» —одамони бадхислат, дар «Сарта-
роши моҳир» —беаҳамиятию беҳунарии баъзе сартарошҳо, дар
«Гилла ва М1И1Ннатдорӣ» беҳавсалагии баъзе депутатҳо, дар
«Фиребгарӣ» —бетартибиҳои бозор ва ошхонаю чойхонаҳо, дар
«Таронаи бедонабози коргурез», «Ҳасрати танбал»—муфтхӯрии
танбалон, дар шеъри «Ваъда ба аспи лоғар» —муносибати бе-
масъулиятонам баъзе роҳбарон бо моли колхоз, дар шеърхои
«Гуфтори колхозчй» ва «Шикояти хурус» —хиёнаткории баъзе
коркунони масъули колхоз, дар «Саволи омма» —роҳбарони
холабеғами идораҳои роҳсозӣ ва ғайра сахт танкид ва ҳачв
карда мешавад. Масалан, дар шеъри «Гуфтори колхозчӣ» наф-
рати шоир ба муқобили хулқу атвори шахсе равон шудааст, ки
барои манфиати худ ба талаву тороҷи моли ҷамъиятӣ роҳ ме-
диҳад ва аз мансаби худ сӯистеъмол мекунад:

Хӯрд зи ферма гӯсфанд,

Нагуфт, ки нархи ин чанд.

Ферма аз ин ба чояш,

Пирбузи лоғар гирифт-

Маҳорати ҳаҷвнависии С. Вализода дар шеъри «Вай кӣ бо-
шад» низ хеле барҷаста зоҳир шудааст. У дар ин шеър.хислат-
ҳои бади ашхосеро як ба як тасвир карда, ба ҳамин восита си-
мои нафратовари онҳоро дар назди хонанда ҷилвагар месозад:

— Вай кӣ бошад дар чуқурчо чун барак?

— Вай касе, ки беш менӯшад арақ.

— Вай кй бошад мефурӯшад шонаро?

— Вай касе, ки дар кимор зад хонаро.

45
— Вай кй бошад рангу рӯш пуркидагӣ?

— Вай дурӯғгӯ, дар хиҷолат мондагӣ.

— Вай ки бошад қаст берун аз катор?

— Вай такаббур, нест ӯро эътибор.

— Вай кй бошад знштро ҳурмат кунад?

— Вай касе, ки некро тӯҳмат кунад.

— Вай кй бошад меравад аз дар бадар?

— Вай дурӯя, мебарад ҳар сӯ хабар...

Саидалй Вализода достонсарои мумтоз ҳам хаст. Аввалин
достони калонҳаҷмц ӯ, ки «Достони Ҷанги ВатанП» ном дорад,
соли 1946 эҷод шудааст.

Идея» ватанпарварӣ, ки дар ашъори лирикии ӯ инъикоси
худро ёфтааст, дар ин достон боз ҳам пуркувваттар шуд. Агар
дар шеърҳои ӯ баъзан баёни умумии ғояи ватандӯстӣ ва факаг
тасвири образи шахси ватандӯст мушоҳида гардад, дар ин
достон ватандӯстӣ ба воситаи нишон додани қаҳрамоииҳои бе-
назири халк тасвир гардид.

Сюжети достонҳои калони шоир «Нозими Ватан», «Ду до-
дарон», «Нодир ва Мӯҳтарам» дар заминаи мукоисаи ҳаёти кӯҳ-
на ва нав ҷараён гирифтааст. Мукоисаи ҳаёти наву кӯхна дар
адабиёти муосири тоҷик қодисаи нав н,ест ва он таърихе дорад.
Саидалй Вализода ин приёми бадеиро бори дигар бамавқею
уҳдабароёна истифода кардааст.

Дар ҳар як достони шоир як сахифаи таърихи халқи то-
ник, саҳифаҳои ҳаёти фарзандони неку шуҷои халқ ва мубо-
ризаи онҳо дар роҳи озодии меҳпаткашон акс ёфтааст.

То имрӯз чандин маҷмӯаи хурду калони шеъру достонҳои
Сайдалӣ Вализода мисли «Таронахо» (1949), «Дар водии мех-
нат» (1955), «Ду додарон» (1960), «Шеърҳо ва достонҳо» (1965),
«Ошиқи баҳор» (1970), «ПайванДи ҷон» (1981) аз чоп барома-
дааст.

Саидалй Вализода на танҳо ҳамчун шоири ширинкалом ва
ҳофизи хушовоз, балки тарғиботчии бомаҳорат низ шинохга
шуда буд. Шоир дар байни аҳолии вилояти Кӯлоб, водии Хи-
сору Вахш ва Ғарм бисёр баромадҳо кардааст.

Саидалй Вализода 12 декабри соли 1971 баъди бемории ваз-
нин вафот мекунад.

Хизматҳои Саидалй Вализода бо ҳафт Грамотаи фахрй, ду
ордени «Нишони Фахрй» ва якчанд медалҳо такдир карда шу-
дааст. Шоир борҳо депутати совети меҳнаткашони вилоятй ва
шахрии Кӯлоб интихоб гардидааст.

Саидалй Вализода дар байни халки тоник на танҳо бо шеъ-
РУ сурудҳои дилпазири худ машҳур гаштааст, балки ӯ ҳамчун
донандаи латифаю сурудҳои халқй ва гӯяндаи достонҳои «Гӯ-
руғли» шуҳрати хоссае дошт, дар тамоми хонадони тоҷик мех-

46
мони дилхоҳ ва писандида буд. Чунон ки дӯсти қадрдони ӯ
Боқӣ Раҳимзода бо муҳаббат изҳор менамояд: «Вализода та-
моми умр мисли занбӯри асал, ки шираи гулҳоро мечинад, бай-
ни мардум гашта, беҳтарин офаринишҳои шифоҳии уро ҷамъ
карда, мисли ганҷина дар зеҳн медошт ва дар сӯҳбатҳову му-
лоқотҳо бо халқ нуқли суҳбаташ офаридаҳои худи халқ буд.
Вале шоир дидаву шунидаашро бо обу ранги хосе ҳикоят ме-
кард, чунон ҳикоят мекард, ки мардум хама онро ҳамчун ҳи-
кояти нашунида ва тоза мепазируфтанд. У муносиби бардошти
ҳар маврид ҳам бо забони суруд, ҳам бо забони думбура, ҳам
бо забонц шеър ва ҳам бо латифаву ширинкорй сӯхбат мекард».

Саидалй Вализода бо эчодиёти пурсамар ва бобаракати
худ дар маданияти маънавӣ ва бадеии имрӯзаи халки тоҷик
мавқеи хос ишғол намудааст ва дар сафи он фа.рзанДони халқ
қарор гирифтааст, ки осорашон муддатҳо ба халқ хизмат хо-
ҳад кард.
ГУЛНАЗАР КЕЛДЙ
«ЧУДО АЗ ХУД НАГӮЕДАМ...»

Шоир ва ҳофизи халқ Саидалй Вализода дигар бо мо нест.
Боварии кас намеояд, ни дигар шеъру сурудҳои дилангези ӯро
нахоҳем шунид, дигар латифаю мутоибаҳои ширина ӯ моро
шоду мафтун нахоҳад кард.

Умр бақо надорад. Аммо ному насаб, кору бори одамӣ ҷо-
видон мемонад. Алалхусус homhi оне, ки тамоми вуҷуди худро
ба кори халқу Ватан бахшидааст.

Боз баҳор меояду боз фасли хазон мерасад, чарки фалак
бошад, ноором ҳаракат мекунад, аммо халқи тоҷик дар тӯю сур,
дар иду маърака «Ленин —бародар, раҳнамо»-ро месарояд’
боз чеҳраи нуронй, чашмони шаҳбозии Саидалй Вализода пеши
назар меоянд.

У ҷавононро Дӯст медошт, зуд-зуд меҳмони идораи рӯзномаи
«Қомсомоли Точикистон» шуда, аз кору рафтори ҷавонон бо
меҳру муҳаббати хосае сухан меронд.

Боре ӯ хаставу нотавон ба идораи рӯзнома омад. Моро ҳо-
лати ин пири чавондил хавотир кард.

Дил ҷавону чй кунам, ки пирй асар карда истодааст, —ба
ran даромад шоир. — Kade дар дунё ҷовид нест. Ман ҳам ме-
равам. Офтоби лаби кӯҳ.

Мо, кормандони газета, шоирро рӯҳбаланд кардем, гуфтем,
ки бо чунин дили пуршур аз марг сухан рондан мавқеъ наДо-
рад.

Дилҳои Деҳотй, Раҳимй, Аминзода ҳам дилҳои анча-мунча
набуд. дама рафтанд...

Баъд, шоир аз бағали худ коғази чорқатеро бароварда ба
ман дароз кард. ғ ’

Онро кушодаму «Васиятнома» ном шеъри нави шоиооо
дидам.

Ана, писарам, вақте ки маро ба водии хомӯшон меба-
ранд, ин шеърро чоп кунед...
Он вақт суханони шоир ба мо ҳазл менамуд. Имрӯз ҷидди-
яти он ба ҳама маълум. Имрӯз хонандагони ҷавони газетаи мо
бо «Васиятнома» ва бо яке аз шеърҳои охирини шоири маҳбуби
халқ СаидалйВализода шиносо мешаванд, ки онҳоро ҳангоми
дар қайди ҳаёт буданаш шоир ба идораи рӯзнома овардааст.

Бигузор ёди шоир ва ҳофизи халқ Саидалӣ Вализода ҳаме-
ша ба хайр ва ҷовидон бошад.

4-2175
АШӮР САФАР

МАҶЛИСОРО

(Порча аз хотираҳо)

МУСОБИҚАИ БЕЭЪЛОН

Моҳи октябри соли 1968 шоирон Нодир Шанбезода, Муҳид-
дин Фарҳат, Басир Расо ва адабиётшинос Соҳиб Табаров ба
Кӯлоб омада, Вализодаю манро ҳамроҳашон гнрифта, гуфтанд^
ки ба пешвози 90-солапии зодрӯзи устод Айнй бо меҳнаткашо-
ни колхозу совхозҳо, коргарони корхонаҳои саноатӣ ва дониш-
ҷӯёну муаллимон вохӯрда, сӯҳбатҳо мегузарнем, дар бораи
нақшаҳои эҷодии худ нақл карда, фикри онҳоро фаҳмида ме-
гирем.

Сӯҳбату вохӯрии адибон бо муаллимону донишчуёни Инс-
титути педагогии шаҳри Кӯлоб барпо гардид. Дар ин чо баъ-
ди шиносонидани адибон аввал ба Шанбезода сухан доданд.
Бисёриҳо медонанд, ки Шанбезода одами камдон нестанД,
дунё—дунё шеър аз ёд медонанд ва гуфтори ширину ҳаловат-
бахш ҳам доранд. Шанбезода дар хусуси саршавии фаъолияти
эҷодиашон ва ёрии бемислу монанди устод Айнй нисбат ба ади-
бони ҷавон ran зада, ба ёд оварда гуфтанд, ки «китоби авва-
линамро тартиб дода, ба Самарканд барои хондан ба устод
Айнй фиристодам ва хеле муддат чавоби устодро интизор гарди-
дам. Баъди чанде аз устод чунин мактуб гирифтам; (вай мактуби
устод Айниро, ки бо хуруфоти арабй навишта шуда буд, аз ки-
сааш баровард ва хонд). «Агар шумо, Шанбезода, дар навиш-
тани як шеър як шабро рӯз карда бошед, ман дар тақрири хар
як сатри Шумо як шабро рӯз кардаам».

— Ана ҳамин хел, —илова карданд Шанбезода, — устод
Айнй сахтгир ва меҳрубон буданд. Китоби аввалини ман бо
таҳрири бевоситаи устод Айнй аз чоп баромада, дастраси хо-
нандагон гардид.

— Китоб аз Айнию ном аз Шанбезода гӯед? —луқма пар-
тофтанд устод Вализода.

Зал пури ханда шуд. Шанбезода, ки нав ба шеърхонй cap
карда буданд, аз зӯри хандаи ҳозирон байтхои мтнбаъдаи

50
шеърашонро фаромӯш карда, «гум кардам» гӯён дар паҳлӯи
Вализода нишастанд.

— А, бача, шеър хондӣ, ё гӯрӯғлӣ? — гуфтанд устод Вали-
зода ба Шанбезода.

— Шеър хондам.

— Шеър, ки хондед, барон чй бандаш андохтед? Гӯрӯғлиро
банд меандозанд!

Дар хаммн ҳолат «эҳ, ёфтам» гӯён Шабезода аз ҷояшон хес-
та, ба минбар баромаданд ва ба шеърхонй cap карданд.

— Бандаш кушода шуд, —гуфтанд устод Вализода. Чун
сухан ба устод Вализода расид, сӯҳбат ранги дигар гирифт, яъне
ширинтар шуд. Сипае Вализода суханронй карданд:

Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,

Ҷигарҳо хун шавад то як писар мисли падар гардад.

Па дар дар кӯдакӣ аз шавқи дил дасти писар тирад,

Ба умеде, ки дар пирй писар дасти падар тирад...

Ҳамин муаллимон ба ҳамон умед хуни ҷигар шуда, ба шумо
таълиму тарбия медиҳанд, ки фардо дасти онҳори гиред, яъне
мададгори онҳо шуда, корашонро давом диҳед, халку Ватан
ва ин донишгоҳ аз шумо, донишҷӯён бошанд.

Устод боз чан дин суханони пандомези дигар гуфтанду шеър-
ҳо хонданд, ки ҳозгарон ҳама гӯшу ҳуш шуда ӯро мешуниданд.

Шаб дар Мӯъминобод баъди ин гуна вохӯриҳо устод Ва-
лизода думбураро ба даст гирифта, ба торҳои он як нохун за-
данду бо оҳангу замзамаи ба худашон хос ба ҳофизӣ дарома-
данд;

Душ он маҳ аз лаби чу бо қади дилчӯ тузашт,

Чӯ зи гулшан, гулшан аз гул, гул зи рангу бӯ гузашт...

Устод ин ғазалро сароиданд ва Шанбезода аз Эраҷ шеъре-
ро аз ёд хонданд. Боз шеъри дуюм аз Эраҷ хонданй шуданд,
ки Вализода «Шумо ғайри Эраҷ дигар шоир надоред?» —гӯён
аз нав бо сози думбраашон ба хониш даромаданд;

Лӯлак—лӯлаки хокй,

Дашти кулаки Бокй,

Аз боло санг омад,

Пеши бузи ланг омад-...

Аз шунидани ин шеъри дароз, ки банду басти басо аҷоиб
дошта, бо тақозои мазмунаш М1Исраъҳои минбаъдааш дарозу
кӯтоҳ мешаванд ва ин санъат онро аз андоза зиёд фораму дил-
каш кардааст, Шанбезода ба ҳайрат афтода, аз Вализода пур-
сиданд;

51
— Ин шеъри ки?

— Шеъри Эраҷ не, —ҷавоб гардонданд Вализода.

Дар ин мусобиқаи беэълон Шанбезода бештар аз ЭраҷМирзо
байтҳою қитъаҳо ба ёд меоварданду Вализода бо навои Думбу-
раашон қариб аз ҳамаи шонрони классик ва эҷодиёти даҳонии
халк ғазалу рубоиҳои беҳтаринро хонда ҳозиронро мафтуну
шайдо мекарданд. Нодир Шанбезодаи пурдон ба шеърдонии
Вализода қоил шуда, «Вализода аз ман зӯртар будааст» гуф-
та монданд...

СУХАН ДОНИСТА ГӮ...

Дар райони Фархор дар хонаи як раиси колхоз, ки он кас
муддатҳо интизори Вализода будаанд, меҳмон шудем. Устод
аз руйи одат аввал хуб ҳаматарафа ҳол пурсиданду баъд думбу-
ра хостанд. Пеш аз овардани думбура дастархон густурда шуд.
Устод баъди нӯшидани як пиёла чой Думбураро, ба кавли ху-
дашон, дар мақоми Карими Шиш (Карими Шиш навозанда ва
ҳофизи машҳури Кангуртй мебошад) ба нола дароварданд;

Хуш он замон, ки ба сахни чаман ту бошию ман,

Миёни гул бе як пираҳан ту бошию ман ...

Дар айни базм соҳиби хона аз сари дастархон хеста, найи
кадом коре шуданд. Яке забони ман хориду оҳиста гуфтам;

— Устод, раис барои чома хестанд.

Ҳамсафари сеюмамон, ки бо устод Вализода ҳамсӯҳбати
Д)ерин буданд ва табъи хуби шоирй дошта, ҳазлу шӯхиро накз
медиданд, гуфтанд;

— Хеле хуб мешавад, агар сето биёранд.

Устод Вализода ин гапҳои моро шунида, дар айни авчи базм
бо ҳамон равиши мақомаш бегумон байти зеринро омехта хон-
данд;

Сухан дониста гӯ, то дӯстро душман нагардонй,

Зи ҳарфи бетаамул ошно бетона мегардад.

52
АШӮР САФ АР'

ДАР СӮҲБАТИ ВАЛИЗОДА

Ҷанг ба сари мардум бисёр рӯзқои сахт овард. Ва нон каҳ-
тй омад ва модарам аз нонхӯрй кариб даст кашид. Ӯ ноии ёф-
тагиашро тақсим карда ба бачаҳояш медод. Агар ягон бурда
зиёдтар нон ба даҳон барад, гумон мекард, ки хакки: бамахоро
мехурад.

Ман дар чунин рӯзҳои мушкил, дар саҳифаи газетахо гоч-
гоҳ бо шеърҳои Саидалй Вализода вомехӯрдам. Шеър дар га-
зета чоп мешуд, баъд мардум онро тарона карда мехонданд-

Зи дасти мо, ту, эй душман, ҳуқуқро канда натвонй,

Бимирию зи мо кардан, якеро банда натвонй.

Шеърҳои «Март ба фашизм», «Лаънат ба Гитлери палид»-ро
ҳамон вақтҳо хонда дар дил орзу доштам, ки муаллифашро
бубинам. Он солҳо дар шаҳри Кӯлоб Чорсӯ гуфтанй ҷое буд,
ки дар симчӯби баланде радио шинонда буданд ва мардум дар
вақтҳои муайян он ҷо омада хабарҳои ҷангро гӯш мекарданд

Як бегоҳ дар Чорсӯ одами бисёре ҷамъ омада шеърхонии
мардеро гуш мекарданд. Ман наздиктар рафтам. Касе ба ода-
М;И паҳлуяш мегуфт:

— Ана ҳамон мардаки ҷомадор ва бурутакй шоир Саидалй
Вализода.

Ин аввалин шиносоии мач бо шоири халк Саидалй Вализода
буд.

Тобистони соли 1945 як нисфирӯзй ду мардак, ки якеаш
«Ҳо хеҷ кас ҳаст» гӯён овоз мебаровард, ногахон ба хавлии
мо даромаданд. Онҳо Саидалй Вализода ва дӯсти ӯ Сӯҳроб
Ривоев буданд. Акай Ризо ба ман фармуд, ки «рав ба модарат
гу як оши бурида пазад». Баъд думбураву даф талаб кард.
Думбура доштем, аммо даф набуд. «Даф набошад, тагора биёр»,
— гуфт акай Ризо.

53
Думбураву тағора овардем. Ризо чашмонашро сахт пӯшида
«дойра» мезад ва мастона cap меҷунбонд. Саидалй Вализода
нохун ба торҳои думбура мезад. Ин аввалин базме буд, ки дар
гузари мо баъди чанг барпо гардид.

Аз он рӯз эътиборан Вализода ба хонаи мо бемалол раф-
ту омад мекард ва ман фаҳмидам, ки Вализода на танҳо шоир,
балки ҳофизи номдор ва марди хушгӯй ҳам будааст.

Шавқу ҳаваси ман ба хондани асарҳои Саидалй ВализоДа
афзуд ва бисер шеърхряшро аз ёд карДа дар кружоки ҳавас-
корони мактаб мехондам.

Соли 1950 хонандагони синфҳои болоии мактаби моро ба ки-
нотеатра тобистонаи боғи шаҳр бурданд ва гуфтанд, ки дар ин
чо 50-солагии рӯзи таваллуди шоири халқ Саидалй Вализода
ҷашн гирифта мешавад. Голор пури одам буд, бисёриҳо ҷойи
нишаст наёфта рост меистоданд.

Ҷашни шоири халқ Саидалй Вализода хеле самимй ва лид-
кат гузашт. Шоир ва адабиётшинос Носирчон Маъсумй оид ба
фаъолият ва эҷодиёти Саидалй Вализода маърӯзаи муфассалу
пурмазмун кард. Дар ҷашн устод Мирзо ТурсунзоДа хам бу-
данд. Ман бори аввал Мирзо Турсунзода ва Носирчон Маъсу-
миро дар хамин ҷо ба ҳамин муносибат дидам.

Аввали солҳои панчоҳум ман ба машки шеър cap кардам.
Ҳар чизе ки нависам, ба редаксияи газетаи вилоятии «Ҳақика-
ти Кӯлоб» мебурдам. Дар редаксия гуфтанд, ки шеърҳоро аввал
ба Вализода нишон диҳам. Во ҳамин сабаб ба хонаи Вализо-
да рафтуомад мекардам. Он вакт хонаи Саидалй Вализода дар
кӯчаи ба номи Калинин буд ва ҳавлиаш аз дигар ҳавлиҳо бо
он фарк мекард, ки водопровод Дошт.

Як рӯз як шеъри навамро покнавис кардаму пешаш бурдам,
Вализода шеърро хонда маспиҳат дод ва талаб кард, ки баъ-
зе ҷойҳояшро дигар кунам. Ман мувофики маслиҳат шеърро
аз нав таҳрир кардам. Баъди чанд вакт шеър бо номи «Тамо-
шо кун» дар газета, чоп шуд.

Аз он дам cap карда ҳамеша аз Вализода маслиҳат меги-
рифтам ва «злак баҳонаю дидор ганимат» гуфтагй барин аз
файзи сӯҳбатҳои рӯҳбахши ӯ баҳра мебардоштам. Як бегоҳ
Вализода ба хонаи мо омад. Папкаи калоне дар таги кашаш
дошт. Баъди сӯҳбати андак гуфт, ки «имшаб ҳардуямон кор ме-
кунем. Дар ин папка достони нави ман «Ду додарон». Онро
тозанавис кардан лозим. Ман сатр ба са--р мехонаму ту онро
дар вараққр,и дафтари чилхата мекӯчонй». Вай бо хуруфоти
лотинй менавишт.

Камон шаб то рӯз кор кардем. Вай мехонду ман ба варақ-
ҳо менавиштам.... Дастам, ки ба бисёрнависй одат накарда буд,
дард кард, карахт шуд. Ҳар дам рӯмолча гирифта лабу даҳон
пок мекардам. Вализода инро дида хандид: «Албат шалпар

54
шудай, ки фух кашида истодай». Баъд, аз афти кор, барон шав-
ки маро овардан накл кард, ки....

Вализода дар Ховалинг ба як духтар дил баста хостгор ме-
фиристонад. Хостгорҳо рафта гуфтугӯ мекунанд, маслихат ме-
пазад. Рӯзи тӯй муайян мешавад. Он вақтҳо чунин раем буд,
ки шаҳ—домод ба ҳавлии арӯс аспсавор мерафт. Вализодаи
камбағал асп надошт, ки савор шавад. Бинобар он ӯро харса-
вор мебаранд. Хамин ки тӯякиҳо ба ҳавлии қудо медароянд,
хари шаҳ якбора ҳанг мезанаД. Арӯс эз равзани хона шаҳи
харсаворро дида, якбора хафа мешавад ва аз фикраш мегар-
дад: ба падару модараш мегӯянд, ки ман ин касро намегирам.
Ҳар кадар насиҳат мекунанд, духтар якравй карда розй наме-
шавад. «Худамро мекушам», мегӯяд. Тӯй вайрон мешавад.

Аз миён солҳои| зиёде мегузарад. Як руз Вализода дар Ае-
ҳае ба хонае меқмон мешавад. Ҳангоми хайрухуш пиразане
ба Вализода м£гӯяд: «Барой чй ягон бор моро хабар намеги-
рӣ, меҳмони мо намешавй? Вализода рӯйи занро набинад ҳам
овоаи ӯро мешиносад: «Оҳ, ту ҳамон духтар нестӣ!» —номи ӯро
мегирад.

-— Бале ман ҳамонам, -—мегӯяд пиразан.

— Худо хонаи харро сӯзад, —мегӯяд Вализода, —маро як
умр аз ту чудо кард...

Дар меҳмонхонак як муаллим чанд нафар зиёй аз боби одо-
би сухан гуфтугузор доштанд. Вализода ба баҳси онҳо хеле
гӯш карда истоду навбати сухан ки ба худаш расид, гуфт:

— Подшоҳе Ноз ном аспе дошт. Нозро саиои махсус нигоху-
бин мекард —коҳу ҷав медод, мешуст, меорост ва Оа саворйи
шоҳ муҳайё медошт. Шоҳ ҳар боре ки бо Ноз савор шуда ши-
кор равад кораш барор мегирифг, бинобар Нозро аспи бахо-
сия)т ҳисоб мекард ва беҳад дӯст медошт. Вай гуфта буд: «Ra-
ce гӯяд ки Ноз мурд, сарашро аз тан чудо мекунам».

Ниҳоят рӯзе расиду Ноз касал шуд ва мурд. Саис, аз рӯйи
одат, бояд пеши подшоҳ омада хабар медод, ки Ноз ба шикор
тайёр аст. Вай ба кабули шоҳ меояд, шоҳ ахдоли Нозро ме
пурсад.

— Шоҳам! —мегуяд саис, —Ноз ноз кард.

— Чй хел ноз кард. —мепурсад подшоҳ бо ҳайрат.

— Даҳонашро‘боз карду пояшро дароз кард, —ҷавоб меди-
ҳад саис.

— Мурд гӯед?!, —мегӯяд бо овози баланд подшоҳ.

— Тақсир, мурданашро аз даҳони шумо шунидам, —чавоб
мегардонад саис.

— Яъне ҳар ran услуб дорад, —хулоса баровард Вализода....

Арафат 60-солагии Вализода буд. Вай ба таъмнри хона ва

рӯбучини атрофи он зиёдтар диққат медод. У тозагиро дуст ме-
дошт, чунон ки мегӯянд, худаш мӯсафеде буд, ки бӯйи гул ме-

55
кард. Комитети партиявии шаҳри Кулоб комиссиям ҷашн таш-
кил карда буд. Газета дар бораи ҳаёту эчодиёти шоир хабару
мақолаҳо чоп мекард.

Ба чаши аз Душанбе шоирону нависандагон ва олимону
адабиетшиносони зиёде омада буданд. Хонаи маданияти шаҳр
аз одам пур буд. Дар байни онҳое, ки шоирро табрик гуфтанд
Пулод Толис ҳам буд. Вай Вализодаро бо ҷашни камолоти
умраш муборакбод кард ва дар охир гуфт:

— Орзуи, ман ҳамин аст, ки шоир Саидалй Вализода ба чан-
дин ҳамин хел шастҳо даромадаю баромадан гиранд.

Устод Вализода ин суханҳо ва худи Толисро ҳамеша бо
неки ёд мекард.

Баъди мачлис дар хонаи Вализода зиёфат шуд ва ӯ ба ҳа-
маи меҳмонон яктоӣ китоби «Ду додарон» тӯҳфа дод.

Ранен маърака, яъне соқй, устод Боқй Раҳимзода буданд.
Вализода хоҳиш кард, ки аввал ба худи ӯ сухан диҳанд. Су-
хан ба Вализода дода шуд. Вай гапи бисёр назада кӯтоҳакак
гуфт: «Хуш омадед, дустон ва меҳмонони азиз! Фақат як чиз-
ро оа шумо гуфтаниям, боз нагӯед, ки хабарамон накард. Бо-
боҳои мо мегуфтанд, ки хӯроки шаб ба саломатии одам зарар
дорад. Аз бисёр хурдан эхтиёт шавед!...»

Базм аз қадаҳи аввал бо ханда cap шуд ва то охир бо хан-
да давом кард....'

Мо ҳамроқи Вализода ба сафар баромадем. Максади сафар
бо пахтакорону чорводорон вохӯрдан буд. Шоирон Гаффор
Мирзо, Ғоиб Сафарзода ва Ҳабибулло Файзулло низ бо мо бу-
данд. Вализода маҳорате дошт, ки як воқеаро чанд боре накл
кунад, образҳоҳамон кадар нав ба нав мешуданд ва шаклу маз-
муни наве мегирифтанд.

Дар клуби колхози ба номи Карл Маркси райони Фархор
вох|урии серодам барпо гардид. Ба ман фармуданд, ки рӯйхати
нотиқонро навишта ба раисои маҷлис днҳам. Ман номи Вализо-
даро дар охири руйихат навиштам. Гаффор Мирзо, ки дар паҳ-
лӯи) ман менишаст, бо коҳиш гуфт:

— Барой чй номи Вализодаро дар аввал нанавиштй?

Барой он ки, домулло, —гуфтам ман,—навад фоизи ҳамин

одамон барон шунидани Вализода омадаанд. Агар ӯ дар аввал
сухан гуяд, баъд моро касс гӯш намекунад.

Ин ran ба Гаффор Мирзо як дараҷа сахт расид. Ленин ран-
чиши у дер давом накард. Ҳангоме ки «сухан ба шоири халқ
Саидалй Вализода» гуфтанд, залро мавҷи қарсак фаро гирифт.
Вай аввал як—ду латифа гуфта мардумро хуб хандонд.БаъДи
он ки гушу хуши мардум ба ӯ нигаронида шуд, сифати меҳ-
нат, пахта, пахтакорон ва пешқадамонро як—як ном гирифта
таъриф кард, аз ҳаёти колхоз ва оилаҳо мисолҳо овард, гумон
мекардед, ки у пахтакор аст ва дар ҳамин колхоз кор мекунад.

56
Дар охир «Маро зан дод амак» ном шеърашро хонд. Дар шеър
беҳунарии зани навхонае тасвир ёфта буд, ки мақтаи он ин
аст:

Вале вақте ни ӯ хамиркун шавад,

Ду ҳис орд мегираду се ҳис намак.

Мардум бо ҳайҳуй, каф кӯфтанд. Ғаффор Мирзо ҳам дуру
дароз хандид ва ба ман нигоҳ кард, гӯё гуфтанй $уд: «Хуб
кардй, ки номи Вализодаро дар аввал нанавиштй».

Вализода охирҳои умр зуд-зуд касал мешуд. Вале дар бе-
мориаш ҳам доим ҳазлу шӯхй мекард. Худашро ҳамон вақт
касали вазнин ҳисоб мекард, ки бешӯхиву беханда монад.

— Устод, —гуфтам боре, ба ман дуо медиҳед ё не?

— Албатта, дуо медиҳам, илоқо хор нашавй, —гуфт.

Бемордории ман кариб як моҳ давом кард. Як рӯз боз ба

шухй гуфтам:

— Устод, кай мехезед?

— Ин дафъа мемурам! —гуфт дар давоб.

— Тасаллои дили бемор Оллоҳ гуфтаанд, як Худо гӯед, би-
нем чй мешавад.

—Фонда надорад, дигар зӯри Худо ҳам намерасад, мемурам,—
гуфт.

— Баъд мо чй кор мекунем?

— Мотами сахт гиред...

Ҳар гоҳ аз пеши ҳавлиаш гузарам, гумон мекунам, ки устод
Вализода ҳозир аз хона мебарояду ҳамроҳи ман ба сафар ме-
равад.
ХОСИЯТ ВАЛИЗОДА

ҲУҶҶАТҚО АРЗИ ҲОЛ ДОРАНД...

Ман ҳамеша ‘баъди анҷоми корҳои рӯэмарраи Хона-музеи
падарам—шоир ва ҳофизи халқ Саидалӣ Вализода ба омӯхта-
ни архиваш машғул мешавам.

То имрӯз эиёда аз 3000 дастхат ва ёдгориҳои Дигари ин
осорхона ба ҳисоб гирифта шудааст. Ҷамъоварии осор ва кор-
дой ҷустуҷуйй давом дорад.

* • *

Аз байни ин ҳуҷҷатҳои нодир 30 шеъри чопнашуда» шоир-
ро ёфтам, ки ба солҳои гуногун тааллуқ доранд ва имрӯз низ
боарзишаид. Ман ба муносибати 90-солагии зодрӯзк шоир, ки
соли 1990 ҷашн гирифта мешавад, маҷмӯаи ашъори баргузида»
ӯро бо нами «Умри дубора» тартиб дода, ба чоп тавсия наму-
дам, ки аз ҷумла ҳамин 30 шеъри чопнашудаи шоирро ҳам Дар
бар мегирад.

Дар ҳақиқат дар он солҳо пурсиш набудааст, ки ҳазорон-
ҳазор бегуноҳ гирифтори туҳмату ноҳақиҳо гаштаанд. Ва ҳазо-
рони дигар бепурсишу тафтиш кушта шудаанд.

Хушбахтона имрӯз зери нурҳои ҳаётбахши бозсозӣ одамон
бепарда суханронй мекунанд. Ошкоро дарду алами худро ифшо
карда метавонанд.

Чун нақли хешу ақрабои падарамро, ки ҳамроҳаш дар ба-
дарга буданд, мешунавам, нисбат ба қонуни сангини он давра
нафратам меояд.

Баъди дарсфтани шеърҳои дар Қазоқистон навиштаи пада-
рам, ман ба ҷустучӯйи шоҳидон ва хешу таборе, ки ҳамроҳи
у дар муҳоҷират буданд, машғул шудам. Аз нақли зани амак-
бачаи падарам Исмоилова Хубон (соли 1988 аз олам даргу-
зашт):

«Бо азобу ранҷи бисёр моро ба диёри дури Қазоқистон овар-
данд. Ба чуз либосҳои тан ва як—ду курпаву кӯрпачаи дариДа-
гй дигар чизе надоштем. Кӯдакон ба азоби гуруснагй ва хунукй
тоб намеоварданд. Худи ҳамон соли 1933 кариб' ними бадарға-
шудагон бо азобу уқубат нобуд шуданд.

58
Моро, ки аз Тоҷикистон хеле бисёр будем, ба Оқмалинск
ном диёре оварданд. Ленин аз маркази Оқмалинск моро ба як
биёбони беканор, ки аз он чанд фарсах дур буд, оварданду гуф-
танд, қи ҳамин ҷо худатон хона месозед ва зиндагй М(екунед.

Гирдогирди лагери моро бо симхор печонданд. Баъди сим-
хор ги|рдошрди онро шудгор карданд, то ин ки гурезаҳоро дида
битавонанд.

Барой ,ин аз баландие аскарон моро назорат мекарданд.

Саидалй, ки он вақт 33-сола буд, моро чамъ карда гуфт, ки
тақдир ҳамин 'Дудааст, аммо мо бонд рӯҳафтода нашавем. Ман
медонам, ки мо гуноҳе надорем ва бояд зиндаву саломат би-
монем, то ки бегуноҳ будани худро исбот карда битавонем.

Мо хаймае аз намаду гилемҳои кӯҳна сохтем. Сайдалй гуфт,
ки дар он занону кӯдаконро ҷой медиҳем.

Дар чеҳраи Сайдалй ҳарчанд хастагй ва ошуфтагй Дида
мешуд, Ленин лабханд мезад, бо кӯдакон шӯхӣ карда ба онҳо
аз лой бозичаҳо месохт...

Моҳи сентябр буд. Ҳаво оҳиста-оҳиста хунук мешуд. Мард-
ҳо хишт мерехтанд, занҳо об меоварданд, лой мешуридем ва то
зимистон хонае сохтем, ки дар он 6 оила зиндагй мекардем. Ба
ҳар якр аз мо 400 грамм нон медоданд. Сайдалй, ки бисёр
чолоку бардам буд, -бино бар ин ҳамеша ҳаракат мекард, ки
зиёдтар кор кунаду зиёдтар нон бигирад. Вай медид, ки чй
гуна кӯдакон азоби гуруснагиро мекашанд. Нони зиёди гириф-
таашро ба кӯдакон таксим мекард.

Баъди чанд мохдо бадарға духтарчаи Сайдалй Мушкинисо
касал шуда вафот кард...»

Ман аз архиви шоир марсияи нотамомеро, ки барои дух-
тари нокомаш навиштааст, ёфтам ва он гувох,и рӯзҳои муд-
ҳиш аст:

Хун бигирям аз бароят, эй балам,

Пур бувад калби ман аз дарду алам.

Нимбараҳна, нимгурусна бо азоб,

Ҷон супурдй дар мусофирй, бачам.

Марсия нотамом аст ва дар соли 1933 навишта шудааст.

Биёед боз ба гуфтаҳои момои Хубон гуш андозем: «Аз ҳама
даҳшаташ он буд, ки агар дар хаймае шахсе ё кудаке мемурд,
ӯро аз дасти соҳибаш, хешу табораш ба зурй мегирифтанд.
Намегузоштанд, ки маросими дафнро ба ҷо биёрем.

Аскарон ба аробае ҳамаи мурдаҳои ҷамъкардаашонро пур
карда, бурда ба чукурие мепартофтанд ва аз болояшон хок
пур мекарданд. —Момои Хубон оби чашмонашро бо сари ости-
наш пок карда боз гапи худро давом медод. —Бегоҳиҳо Саи-
далй бо дутораш суруд мехонд. Дар гирди хонаҳои мо дигар
миллатҳо: тоторҳо, туркманҳо, ӯзбекҳо, русҳо низ буданд.

59
Хама Саидалиро дӯст медоштанд. Ӯ бо шеъру суруди хул
аидаке ҳам бошад ғаму дарди ғарибонро аз дил берун мекард».

Момои Хубон бисер қиссаҳои аҷибу ғарибро ба май Дар
борам падарам ҳикоят кард. Дар рафти сӯҳбат ӯ гуфт ки гуё
падарам дар Қазоқистон бо шоири казоқ Ҷамбул Ҷабаев м'у-
лоқот кардааст, аммо ӯ сол ва ҷойи дидорашонро ба ёд овар-
да натавонист. и

Чустуҷӯи шоҳидон маро ба вилояти Ленинобод ба нохиян
Мастчоҳ овард. Ман медонистам, ки падарам баъди 2 соли ба-

сар Ғабур3д^аастОКИСТОН Гурехта дар Мастч°* 4 моҳи умрашро ба

Аз нақли Сафоев Абдуллохон (б'ошандаи Мастчоҳ бо таха*-
луси Ҳоҷи Абдуллохон):

«Тахминан соли 1935 буд. Қарибиҳои1 фасли хазон, дурус-
тараш моҳҳои ноябр дар деҳаи мо марди лоғаранДом пайдо
шуд, ки дар тан ҷомаву телпаки кӯҳна ба cap дошт. Дар дас
гаш як халтаи карбосй буд, баъдтар фаҳмидем, ки дутор аст.

на ба шахси саеҳатгар монанд буд, на ба гадо. Фақат ҳамин-
ро гуфт^ ки роҳгузарам ва ба тарафҳои Самарканд раҳсипорам.

Лз руин одати тоҷики мо уро меҳмондорй кардем.

Саидалиро ҳама дар Мастчох дӯст медоштанд.

Ҳар бегоҳ уро ба яке аз хонадон ба меҳмонй даъват мекар-
данд. v

Баъдтар фаҳмидем, ки Саидалй аз 'Ладарға, ки бо тӯҳмат
гирифтораш кардаанд, гурехтааст.

4-моҳи расо дар Мастчоҳ зиндагй кард. Ӯ бо шеъру суруди
дилнишину бо нақлу ривоятҳои аҷибаш дили, мардумро шод
мекард. Дар тӯйҳо иштирок менамуд.

Дертар мардуми Мастчоҳ ба вай сарулибос ва камтар пул
чамъ карда доданд ва ба Душанбе гуселониданд.

^Дар Душанбе Ҳамдамов гуфтанй шахе, ки раиси маҳкамаи
поитахт буд (бародарзодаи! Ҳоҷи Абдуллохон), ба шоир бисёр
кумаки калон мекунад. Баъди тафтишу чӯстуҷӯйи ҳуҷҷатҳо
ниҳоят шоир сафед карда мешавад.

То ҳол Саидалй Вализодаро мардуми Мастчох ба некй ёд
мекунанд».

Боз ба Кӯлоб бармегардему ҳуҷҷатҳоро варақ мезанем.

_ Онҳо шаҳодат медиҳанд, ки нисбат ба шоир ва аҳли олилаи
у беадолатиҳо кардаанд.

Аз нақли Шамсов Шамсулло —истиқоматкунандаи деҳка-
даи^ Зиракии ноҳияи Кӯлоб, ки дар ҳамсоягии оилаи шоир зин-
даги мекардааст:

«Мо ҳам гуноҳамонро намедонистем. Падар, модар ва хо-
ҳару бародаронам, амакам Шамсов Асо бо 4 нафар кӯдакони
бегуноҳаш қурбони он ноҳақиҳои солҳои 30-юм гаштанд».

60
Ман аз бобои Шамсулло пурсидам, ки оё шоир дар Қазо-
қистон бо Ҷамбул Ҷабаев мулоқот карда буд?

— Бале, воқеа ин тавр рӯҳ дода буд:

Мо бадарғашудагонро аввал ба маркази Оқмалинск (ҳо-
зира Селиноград) оварданд. Аз ин ҷо ба дашти беканоре, ки
аз Оқманлинск 75 км дур буд, фиристоданд.

Шаҳраке, ки мо он ҷо истиқомат доштем, зери раками 31-ум
ном гирифта буд. Ин шаҳракро ба таври дигар лагер ҳам ме-
гуфтанд. Дар он ҷо Саидалй Вализода бо хешонаш зиндагй
дошт. Саидалй Вализода ба номм Ҷамбул Ҷабаев мактуб на-
)вишт (як бор не, чанд бор) ва дар хаташ ҳамаи воқеаву ҳоди-
саи ба сараш омадаро нақл мекунад.

Хати Саидалй Вализода ба Ҷамбул Ҷабаев мерасад. Ҷам-
бул Ҷабаев ба пирии худ нигоҳ накарда аз Нур-ато, ки дар он
ҷо зиндагй мекард, ба Окмалинск меояд. Окмалинск бошад аз
Нур-ато, кариб 700 км, дур буд.

Баъди омадани Ҷамбул Ҷабаев ба Окмалинск, СаиДалиро
аз лагер (лагери №31, ки 75 км дур аз маркази Окмалинск
буд) ба назди ӯ мебаранд. Ана дар ҳамон ҷо вохӯрии ин ду
шоир ба миён меояд.

Ҷамбул Ҷабаев саргузашти шоирро аз забони худаш пур-
ратар шунида, ваъда медиҳад, ки албатта ба ӯ кӯмак мерасонад.

Аз шаҳраки мо мардҳои бокувватро ба ҷангал барои чӯб-
бурй мс?3урданд. Дар байни онҳо Саидалй, низ буд.

Он ҷангал «Гуляй Поля» ном дошт, ки аз шаҳраки мо 220
км, дур буд.

Саидали ного.х, дар ҳамин ҷангал ғайб мезанаД, яъне мегу-
резад. Танҳо соли 1937 ҳуҷҷат оварда зану писарчаи 2-солаашро
гирифта мебарад. Лекин хешу табори шоирро баъди 15-соли
дигар озод мекунанд». Ман ҳуҷҷатҳоро варақ мезанам. Варак
мезанаму хаёлам ба дуриҳо меравад.

Оре, ҳуҷҷатҳо арзи ҳол доранд.

Ҳуччатҳое, ки бо мурури вақт рангзарду рангпарида гаш-
таанд, аз ноҳақиҳои замон ҷлҳон-ҷаҳон ҳикоят мекунанД.

Омӯхтани ҳуҷҷатҳои архиви шоир ва пурсуҷӯ, дарёфтҳо дар
бораи ҳаёту фаъолияти шоир давом дорад.

Ман суханамро бо ин мисраъқои шоир ба охир мерасонам,
ки дар Қазоқистон соли 1934-ум иншо намудааст:

Болинам коку ду чашми ман тар аст,

Хӯшиву хурсандиҳоям абтар аст.

Мисли ман ҳам ҳаст ин чо бегунох,

Боварам ҳаст мераҳем аз ин бало.

Аз ватан дуру ба ғам олудаам,

Чун дуторам бо ман аст, осудаам,

Бо сурудам ғусса аз дил мебарам,

Ҳам ҳакиқатро ба манзил мебарам.

61
ШАРИФХОН МИРЗОЕВ
ЁДАШ БА ХАЙР

Ед дорам, охири соли 1934 ва аввали соли 1935 буд. Дар рано-
ни Масчоҳи собиқ дар деҳаи Ярм дар ҳавлии Ҳамдамуф Бобо-
хон шоир ва ҳофизи ширинкалом Саидалй Вализода истиқомат
дошт.

Азбаски Модари ман духтари холаи Ҳамдамуф мешавад, рӯ-
зе ба деҳаи Худиф ба ҳавлии мо сибинчагар омад ва ӯ хабар
дод, ки дар ҳавлшь Ҳамдамуф писар таваллуд шудааст. Ҳамаи
хонаводаи мо ва дигар хешу табор аз ин хабари хуш чунон хур-
санд шуданд, ки интиҳо надошт. Чунки фарзанди якумини Ҳам-
дамуф буд. Он руз анҷом карда, рӯзи дигар ҳамаи хешу табор
қариб 10 12 кас аз занон барон рафтан омода шуданд, чунки

дар он солҳо қариб ҳамаи занон бекор буданд. Дар он вақт ман
17-сола будам, лозим донистанд, ки ман ҳамчун роҳбалад ҳам-
роҳи занҳо ба деҳаи Ярм равам. Дар ду маркаб (хар) анҷомҳои
савғотиро бор карда ба деҳаи Ярм рафтем. Вақте мо ба хавлии
Ҳамдамуф расидем, дидем, ки дар берун ва даруни ҳавлӣ одам
чунон бисёр буд, ки агар сузан партой дар замин намерасид.
Бисёрии онҳо ҳамдеҳаҳои Ҳамдамуф буданд ва аз моён пештар
аз қишлоқҳои, ҳамсоя, аз Рог, Палдорак, аз Пакшиф, аз Сом-
гон одамони бисёр ба он ҷо омада буданд. Дар як тарафи ҳавлй
ҷавонон дойра зада, сурудхони мекарданд, дар ҳавлии дарун
занон ҷой рост карда ба навбат раке мекарданд.

Ман дар он сол, гарчанде ҳабдаҳ солро пур карда бошам
ҳам, рости ran, бисёр бачаи шармгин будам. Агар дар пеши чор
кас менишастам, шарм карда сурх мешудам. Маро ба доли худ
намонда ба меҳмонхона ба пеши меҳмонҳо бурда ҷой доданд.
Ин меҳмонхона лампапӯш буд, ҳаҷмаш аз хонаҳои ёздаҳболора
калонтар буд, бо вучуди калон буданаш, аз одам пур буд. Дар
байни муйсафедон як одами миёнақади гандумгун, андак хати

62
ришдошта, ки ба худаш бисер зебанда буд, пушокҳои на он ка-
дар нағз дар тан дошт, тахмин мекардам 34—35-сола буд. Дар
лешаш як дутори майдаяк, саргарми сӯҳбат буд. Пас аз хурдани
таъом дуторро ба даст гирифта, чунон моҳирона машқ мекард,
ки ҳама офарин мегуфтанд. Бо нағмаи дутор наътҳои хуб, гу-
рӯғлӣ, ғазалҳои шоирони гузаштаро бо мах,орати баланд бо су-
зу гудоз мехонд. Ҳатто дар вақти хонданаш чунон завқ мекард,
ки кариб рост-рост мехест.

Рӯзи дигар гап-гап шуд, ки он кас бдрои фарзанди навтавал-
лудшуда аз худаш шеър кардааст, кариб бист байт мебошад, —
мегуфтанд дигар мӯйсафедон. Давонон бесаброна интизори шу-
нидани шеъри нав буданд. Соҳиби дуторро меҳмон, гуфта даъ-
ват мекарданд. Ман аз касе номи ин меҳмонро напурсидам, чун-
ки аз рӯйи одоб намешуд. Пас аз фароварди сӯҳбат дуторро ба
даст гирифта бо чӯр шудани дутор шеъри худро чунон хонд, ки
ҳамаи ҳозирон: бар падарат раҳмат, боракалло, сарад (сарат)
дардро набпнад,—мегуфтанд. Аз ҳамон вакт шиш (шаш) байти
он дар лавҳаи хотирам монда буд-

Пас аз гузаштани солҳо боре ман аз Ҳамдамуф пурсидам:

— Ҳамон меҳмон аз кучо буд, ба кучо рафт?

— Гуфтанд: Шумо дар газетаҳо дида истодаед, ки он кас шеър-
хои хуб менависад, ҳамон меҳмон Саидалй Вализода буд, аз
Кӯлоб!

Баъди вафоти Саидалй Вализода ҳамон байтҳои дар хоти-
рам мондаро дар болои когаз навиштам, ки ин аст:

Булбул ба Ярм пайдо шудаст,

Овоза дар Масчо шудаст,

Хурсандй дар Шӯро шудаст,

Фарзанд муборак, бар шумо1
Хамдам муборак, ба шумо!

Дар Ярм омад як нигин,

Хурсандй афтид дар замин,

Ин кудрати холиқ бубин-
Фарзанд муборак, ба шумо!

Ҳамдам муборак, ба шумо!

Аз наели ту фарзанд шудаст,

Душман кучо дилтанг шудаст,

Дӯст ҳар кучо хурсанд шудаст.

Фарзанд муборак, ба шумо!

Ҳамдам муборак, ба шумо!

Ба ҳамин ман як ҳафта дар ҳавлии. Ҳамдамуф истодам, аз
пеши меҳмон дур намешуда’м. Ҳар рӯз одамон аз атроф барои
муборакбод омаду рафт мекарданд.

63
Вализода одаме буд ширинсухан, ҳамеша чеҳрааш хандон
хушчақчақ, ҳозирҷавоб ва басо олуфта буд. Ба қавли одамон
зеби ҷома ва кабули омма буд. Ҳамон сол панҷ моҳ дар Мас-
чоҳ истода, сӯхбаторои базмҳою тӯйқо буд.

Май борҳо ихтиёр кардам: боз як бори дигар бо ҳамон мар-
ди фозил мулокот кунам. Афсӯс, ки ин орзу ба май муяссар на-
шуд. Шоире дар ин бора хуб гуфтааст:

Биё, эй дӯст, бо ман бош имрӯз,

Ки фардо ман кудо бошам, кучо ту.
Надонам боз кай гардад мулокот,
Замоне ман туро бинам, маро ту.

Вализода дар роҳи Ватан бо бадбинон, бо качрафторон, бо
коргурезон бо каломи буррои худ то охири умраш мубориза
°УРД> Г°Ҳ 33 хотири халқи Масчоҳ фаромӯш намешавад.
хол ислом

ЕДДОШТҲО

I

Солҳои сиюм ман дар шаҳри Кулоб кор ва зиндагй мекар-
дам. Дар ин солҳо аллакай бо Вализода дусту ошно шуда бу-
дам. Рӯзе вақти зӯҳр ба хонаи Вализода рафтам. Вақте ки бе-
хабар ба ҳуҷраи меҳмонхонаи ӯ даромадам, дидам ки Вализода
бо чанд нафар шоирон ва нависандагон нишаста машғули хӯр-
дайн палав ҳастанд. Май ҳам пеш нишаста ба палавхӯрӣ дара-
мадам. Вализода, ки зери, забонй ким-чй мегуфт, ногаҳон б»
садои баланд ин байтро хонд!

Бародар омадй дар вақти хӯрдан,

Бароят орзу дорем мӯрдан.

Ман бе он ки фикр кунам, гуфтам:

Нафахмидам, бародар, хӯрдани ту,

Давидам чун шунидам мӯрдани ту.

Ҳозирон хандиданд.

Вализода худро ранҷида нишон дода гуфт:

— Мардум, ачаб бемаърифат шудаанд. Охир калонтар, кй
як гапро мегуфт, хурдтарҳо хап мекарданд. Хурдҳои ҳозира нд
калонро мешиносанд, на хурдро.

* * *

Дар Душанбе боре Вализода ба кабули сардори кулл раф-
та буд. Ӯ пурсид:

— Вализода, Кӯлоб плани шудгорро анҷом дод, ё не?

Вализода гуфт:

— Колхозҳоро намедонам, лекин шаҳри Кулоб плани шуд-
гори кӯчаҳои шаҳрро ду—се баробар иҷро кард.

5—2175

65
* * *

Боре Вализода дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе бо як рафиқаш
вохӯрд. Он рафиқаш гуфт:

— Вализода, ҳнчи пул надорй, як миқдор бидеҳ. Ҳамин вақт-
ҳо бисёр камнул шудаам.

Вализода гуфт:

— Дӯсти азиз, ту кампул шуда бошӣ, ҳиҷ гаи нест, ман та-
меман бепул шудаам.

* * *

Вализода дар Душанбе як дӯст дошт. Ӯ ҳар гоҳ, ки ба хонаи
дусташ меҳмон мешуд, дӯсташ ҳамеша ба наздаш хӯрокҳои Ка-
лугин мемонд.

Боре дӯсташ дар хонаи Вализода меҳмон мешавад. Вализо-
да мурғпалав карда дар пешаш мемонаду дар айни ҳол узр ме-
пурсад:

— Дусти азиз, мебахшед, тамоми шаҳри Кӯлоба ба як по
хаштам, каду наёфтам. Ҳамин мурғакро палав кардем.

* * *

Боре як дӯсти Вализода бемори сахт шуда, дар бемористон
дуру дароз мехобад, вале Вализода ба аёдаташ намеравад. Ни-
ҳоят он бемор сидат шуда, бармехезад. Як рӯз он мард, дар ку-
ча бо Вализода рӯ ба рӯ шуда мегӯяд:

— Ҳай, ҳай, ошногӣ ҳам ба тани ту. Ҳамин қадар беморй
кашидам, як бор ба хабаргириам наёмадӣ!

Вализода гуфт:

— Аҳмақӣ накун. Пайи қадами ман вазнин аст, ҳар касеро,
ки хабар ги,рифтам, мурдааст.

Он мард як қад париду гуфт:

— Пае, хуб кардӣ, наёмадй?

* * *

Боре Вализода ва ман ба хонаи яке аз дӯстони Вализода, ки
сокини яке аз деҳоти Кӯлоб буд, рафтем, Вализода дар доле, ки
вориди ҳавлӣ мешудем, пурсид:

— Янга, Карим дар хона аст?

Зани Карим гуфт:

— Карим дар хона нест.

Вализода пурсид:

— Оё ҳамин хонаи Карим нест?

66
Зан гуфт: ' ‘ г

Ҳамин хбиаи Карим аст, вале Карим нест. Шумо ба v чй
кор доред? ' *

Вализода гуфт: •

— Э хоҳар, мо кор дорем, кй омадем. Бекор одам меояд?

Зан гуфт:

— Амакӣ, аҷаб одами сергап будай. Карим нест гуфтам нест
Вализода гуфт:

Э хоҳар, ба мо дуруштй накун, мо чанозахабаркунем. Аз
Руии зарурат омадаем. Акай занаш шаб дар Мӯъминобод қазо
кард, агар ҳамин рӯз нарасад, ҷанозаро дарёб намекунад. Инак,
мо рафтем, боқи шумо медонед. Вализода ицро гуфт ва мо ба
қафо гашта ба хонаи ҳамсояи Карим даромадем. Дар ин вақт
доду фарёд ва гиряву нолаи зани Карим ба фалак мепечид.

Чанде нагузашт, ки Карим ҳаросон ба хонааш даромад. За-
ни Карим фарёдкунон гуфт:

Бачакушта, куҷо мегардй? Хонаат аз сарат сабил монад!
Акай ман мурдаасту ту бепарво мегардй. Худи ҳозир як мошин
биёву маро бар, ки хонаатро оташ мезанам.

Хонаи Карим дар як лаҳза ба мотамкада табдил ёфта буд.
Карим пурсид:

— Ҷанозахабаркунҳо киҳо буданд?

— Ду марди солхӯрда буданд, ки ба хонаи бобои Саид да-
ромаданд. Карим ҳаросон ба хонае, ки мо менишастем даромад.
Ӯ моро дида зиёдтар ҳайрон шуду пурсид:

— Магар ҷанозахабаркунҳо шумо будед?

Вализода гуфт:

— Бале, мо ҷаноза хабар кардем. Занат, ки аз одамгарй бе-
хабар буду ба ҷойи даъвати нишастан бо мо дуруштй кард, ҷа-
ноза хабар кардем.

Карим аз ханда ба пушт афтод ва баъд гуфт:

— Вализода, беваро хуб кардед. Ҳолаш аз ин бадтар.

* * *

Ҳамроҳи Вализода аз роҳе мегузаштем. Аз пешамон марде
баромад, ки бисёр зишт ва сиёҳпӯст буд. Вализода аз ӯ аҳволаш-
ро пурсид. Он мард гуфт:

— Аз хок берун гашта истодаам. Вализода гуфт:

— Хуб мекунӣ, вагарна хокро ҳаром мекардй.

* * *

Вализода дар бандари ҳавоӣ мунтазири парвоз ба Душанбе
буд. Мардуми зиёд атрофашро печонда ба сӯҳбаташ гӯш меан-
дохтанд. Вализода аз кисмати инсон дар он дунё нақл мекард.

67
Марди соддадиле гуфт:

— Бобо, падари ман ӯзбаку модарам тоҷик аст. Дар он дунё
чй мешуда бошад?

Вализода гуфт:

— Дар он дунё хачир хоҳӣ шуд.

* * *

Махсуми Дусқулӣ — дӯсти Вализода бисер зан мегирифту
cap медод. Ба кадре, ки дар шақри Кулоб зани бевае намонда
буд, ки Махсум ӯро як бор нагирифта бошад.

Боре Вализода занеро барои Махсум хостгорн мекард.

— Хоқар, илтимос, ҳамин Махсумро бигиред, бисёр одами
хуб аст.

— Садқаи Махсум мешам, лекин ӯ як дафъа маро гирифта
буд,—гуфт зан. Махсум хиҷолатмандона аз хона бадар рафт.
ПАЙШАНБЕ ШОҲЗОДА

ВАЛИЗОДА ДАР ВАНҶ

Дар рӯзҳои вшюяти Кӯлоб дар Вилояти Мухтори Кӯҳисто-
ли Бадахшон мардуми Ванд меҳмонони Кӯлобиро бо хӯшӣ ва
лону намак истиқбол гирифтанд- Дар ин ноҳия аз Кӯлоб низ мар-
думи зиёде иқомат дорад ва онҳо бо мардуми хушхулқу хушси-
мои, Ванҷи зебо ин ҳамсоянишинии бародаронро ҳамчун торҳои
заррини ногусистании муҳаббати як кавму миллати бузурги мо
ба чон эҳсос мекунанд. Газетаи ноҳиявии Ванд, ки бо коми «Ва-
тан» интишор мегардад, ба ин муносибат шумораҳои махсус
бахунид. Дар яке аз шумораҳояш мақолаи Пайшанбе Шоҳзода
чоп гардидааст, ки баъзе хотираҳояш ба устод Вализода
убахшида шудааст.

Мо холо ин мақоларо пешкаши хонандагон мегардонем.

* • •

Амаки Саидалӣ ғарқи андешаҳои гуворо оҳиста-оҳиста ка-
дам зада, хотироти гузаштаи худро пеши назар меовард.

Вализода... Вализода... Аҷоиб инсоне буд, худораҳматӣ, хок-
сор буд. Чеҳраи нуронй дошт. Ҳамеша табассуми ширин дар
лабонаш ҳувайдо мегардид. Раҳ ба раҳ шеър мегуфт, худаш
оҳанг месохт ва онро ба мо хонда медод.

Бори нахуст соли 1939 ҳамроҳи марҳум Нодир Шанбезола
аспсавор ба Ванд омада буданд. Баъд аз шиносоии, якдоя бо
Қуввати Хол, Қурбони Шафон ва Урфони Беназир ба сафари
Ванди Боло баромадем. Раҳматии Нодир тамоми роҳ ба таъри-
фу тавсифи Ванҷ машғул буд ва ҳар дам ба Вализода нигарис-
та шӯхиомез мегуфт;

— Ҳуудёр бош, ки вандиҳо ману туро аз тамошои манзараи
диёрашон шароб нанӯшонида, маету мадҳӯш карданианд,

— Ман масти шароби диёри дӯстонам,—давоб дод Вализода.

Мардуми Ширговад бегохй овозаи омадани шоиронро шу-

69
нида, барои дидорбинӣ омаданд. Вализода бо ҳар яке мулоқот
намуда, бо ҳазлу шухй чизе мегуфт. Баъд сетор талаб кард. Вақ-
те ки у мехонд, хаёлам касе нафас намекашид. Ба мисли Одина
Ҳошим. Ӯ беш аз соате суруд хонд. Мӯйсафедон ӯро ба оғуш ги-
рифта, аз барояш дуои хайр гуфтанд. Пас навбати Нодир ра-
сид._

У низ шеъри бисёре хонд. Ниҳоят Вализода ӯро боз дошта
илова намуд;

— Шумо, устод Нодир, шеър қироат кардед, шеърбарак ҳам
кардед. Акнун май менавозаму шумо суруд мехонед, то ки дар
дилатон армоне намонад.

Онҳо инчунин ба қишлоқҳои Дуршер ва ба зиёрати Пойма-
зор рафтанд. Вализода дар қабристонҳо аз асп фуромада, дуо
мехонд, ки ин хислати ӯ ба мардуми. мо басе писанд омад.

Пеш аз омадани ӯ ман ду бор ба зиёрати эшон рафта будам.
Ҳамроҳ тамоми Балдувонро сайр кардем. Ҳамон тирамоҳ Вали-
зода танҳо ба Ванд омад. Ӯ ҳарди аз мардум мешунид, навишта
мегирифт. Мулло Ерро ҷустудӯ мекард.

— Мо шумо, мардуми вандиро дӯст медорем. Вале шумо
кам ба Кулоб рафтуомад доред. Шумо ба ғаллаи мо эҳтиёд на-
доред, зеро Ванд пурганд будааст, — гуфт Вализода._

Пагоҳи хама хурду калон ба гуселаш омаданд. Ӯ аз баға-
лаш ду токни кӯлобӣ бароварда, ба ману Қурбони Шафон доду
шӯхиомез гуфт;

— Ба дӯстони дарвозй надода, ба шумо овардам, акнун бо-
варкунед, к и шуморо бештар дӯст медорам.

У рафт. У рафту дигар барнагашт. Ин охирин падруди ману
бародарам СаИдалй Вализода буд.

Амаки Саидалй суханашро ба охир расонда, ғарқи хаёл ба
дуродур назар андохт. Ин дам қатраи ашке ба бари рухсорааш
шорида, ба замин чакид. Ин ашк ашки фироқи дӯст буд.
ЗАИНИДДИН НАҶМИДДИНОВ
МУНОДИИ МАҚСАДУ МАРОМИ МАРДУМ

Вақте ки сухан дар бораи шоирони халқи тоҷики давраи
;баъди барқароршавии Ҳокимияти Шӯравӣ меравад, дар пеши
назар симои бузурги абадзиндаи Саидалй Вализода чилвагар
мегардад. Шоирони халқи тоҷик Бобоюнус Худойдодзода ва
Юсуф Вафоро май дар ҳамин қатор мешуморам.

Шиносоии ман бо Саидалй Вализода хеле дерина ва ниҳоят
яаздик буд. То аввалҳои соли 1940 мо дар қшнлоқи Хуҷайбоғи
ноҳияи Шӯрообод зиндагӣ мекардем. Амакҳоям дар қишлоқи
Бештигирмони колхози «Хатлон»-и ҳознраи ноҳняи Кӯлоб зин-
дагй мекарданд. Он солҳо, ки ман хурдсол будам, падарам ба
ҳар гуна корҳои хоҷагӣ ба Бештигирмон мефиристод, ки худам
ҳам ба он ҷо рафтанро бисёр хоҳиш доштам. Сабабаш он буд,
ки дар Бештигпрмон рафтуомади мошинҳоро дар роҳп калон
тамошо мекардам. Кори тракторҳоро дар байни пахтазор ме-
дидам. Дар он солҳо ин барои ман хеле аҷоиб буд. Дар ҷойхои
мо на мошин мерафту на трактор буд. Вақте ки ман ба кишло-
қамон рафта, дидагиҳоямро ба ҳамсолонам нақл мекардам, он-
хо бо ҳайрат ба ман гӯш мекарданд.

Писари амакам аввал трактор меронд. Баъд ӯро раиси ха-
мин колхоз интихоб карданд. Акай Борон ба ман дар бораи
Саидалй Вализода дар ҳар омаданам ҳикоя мекард. Ҳам ran мс-
заду ҳам механдид. Гуфтаҳои С. Вализода ҳамааш латифз вя
ҳазлу шӯхӣ буданд. Ман аз акай Борон _мепурсидам, ки Вали-
зода барои чн ба ин ҷо зуд-зуд меояд? Ӯ мегуфт ки Вализода
омада дар сри кор бо деҳқонон дар бораи сохти шӯравӣ, колхо-
зй ва манфиати он, зиндагин гузашта ва имрӯза сӯҳбатҳои шав-
қовар мегузаронад. Ҳар дафъа ҳангоми хайрухуш дехконон аз
май хохиш мекунанд, ки онҳоро боз хабар гирад. Қариб ҳар моҳ
омада сӯҳбат мегузаронад. Ман аз ҳамон солҳо ба Саидалй Ва-
лизода ғоибона таваҷҷӯҳ пайдо карда, шинос шудам.

71
Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ман аз хизмати ҳарбӣ омада,
дар яке аз колхозҳои ноҳияи Ховалинг ба кор даромадам.

Тирамоҳи соли 1946. Як бегоҳирӯзй аз Ховалинг гашта мео-
мадам. Дар наздикии. қишлоқи Хӯҷа Халил аз рӯбарӯям чор са-
вора баромад. Вақте ки наздик омаданд, ду савораашро шинох-
там, яке котиби аввали ҳамонвақтаи райком А. Алиев ва аспка-
паш Хол ном шахе буд. Ду савори дигарашро нашинохтам. Қо-
тиб аспашро нигоҳ дошта, бо ман майли. вохӯрдан кард. Ман
ҳам зуд аз асп фуромада бо ӯ вохӯрй кардам. Баъди каме аҳ-
волпурсии котиб онҳо ба тарафи қишлоқи Наврӯҳо рафтанд.

Баъди чанд рӯз ман аз Шовалй Иброҳимов, ҳозир ҳам дар
қишлоқи Наврӯҳо истиқомат мекунад, фаҳмидам, ки шахсони
ношинос якеаш Вализодаю дигаре нависандаи маъруфи тоҷик
Ҷалол Икромй будаанд. Ман фаҳмиданй шудам, ки онҳо ба
қишлоқи Хӯҷа Халил барои, чй омада бошанд. Шовалӣ гуфт, ки
бобокалони Ҷалол Йкромӣ дар ҳамин қишлоқ умр ба cap бур-
да, дар ҳамин ҷо вафот кардааст. Он кас ба сари қабри бобока-
лонаш омада будаанд.

Ин вохӯрии аввалини ман бо Вализода буд.

Тахминан баъди як моҳи ин вохӯрй дар газетаи вилоятии
«Ҳақиқати Кӯлоб» ман мақолаи Ҷалол Икромиро дар бораи
ин сафараш ба Ховалинг хондам, ки дар он асосан сифатҳои
хоси Вализода кайд шуда буданд. Навишта буд, ки чй хел Ва-
лизода дар сангоб чолокона аз рӯи, сангҳо парида мегузашт.
Инчунин оиди хушчақчақй ва бо дутор ҳофизӣ карданашро об-
разной карда навишта буд.

Тобистони соли 1947 ба қишлоқи Шағмони Нав ба хонаи ҳи-
собчии колхоз Хон Хоҷаев рафтам. Падари он кас бобои Мул-
лохӯҷа кариб 80-сол дошт дар теппачан хушманзара, дар ним
гектар замин бо дастони худаш боги пурмеваи зебое бунёд кар-
да буд, ки ҳамон вақт ҳамаи дарахтонаш пур аз мева буданд.
Дар мобайни боғ ҳучрачаи долондори бо тарҳи шаркй хело дил-
каш би.но карда буд. Акай Хон гуфт, ки Вализода омадаасту
дар ҳамон ҳучраи дохили боғ истироҳат дорад ва моро таклиф
кард, ки ба он ҷо равем. Ман зуд розй шудам. Чунки хоҳиши
деринаи ман ҳамин буд. Вализода худаш танҳо якчанд дафтар
дар болои кӯрпача ба назар мерасид, нишаста буд. Чашмам
ба калами сиёҳу ҳуруфоти лотинии качу килеб афтод. Вализода
моро дида аз ҷояш хеста якчанд кадам ба истикболи мо омаду
вохӯрдӣ кардем. Баробари вохӯрй кардан ба соҳибхона гуфт:

— Ҳамроҳатонро нашинохтам, вай кист?

Акай Хон маро шиносонид. Ман ҳамон сол дар шӯъбаи хо-
ҷагии кишлоқи ноҳияи Ховалинг кор мекардем, ки кӯтоҳакак
онро Рай-30 мегуфтанд.

Мо аз ними рӯз то бегоҳ он ҷо ҳамроҳи Вализода будем. Ду-
тор оварданд, он кас шеърҳои нави ҳаҷвияшро бо оҳанги шӯхе

72
хонд. Аз гармии суҳбат бо шоири зарофатгӯ пай набурдем, ки
кай рӯз бегоҳ шудааст. Man аз ҳамон рӯз cap карда, бо Вали-
зода аз наздик шинос шудам. Ҳар вақте ба Кӯлоб мерафтам,
албатта ба ҳавлиаш медаромадам. Баъзе шеърҳои ҳаҷвии ӯро
азёд мехондам. Ӯ ниҳоят хурсанд мешуд.

Оилаи мо соли 1953 ба Фархор кӯчида омад ва то ҳозир
дар участкаи Қомсомоли колхози ба номи Ломанов истиқомат
дорем.

Баъди ба Фархор омадан рафтуомади мо бо Вализода дои,-
мй шуд. Агар ба кадом колхозе ки мерафт, аксарият шабҳо ба
хонам мо омада, рӯзи дигар боз ба куҷое, ки лозимаш буд, ме-
рафт. Дар Фархор ҳамчунин ба хонаи Ҷӯрахон Қаюмов, Баҳо-
дур Давлатов, Тӯйдӣ Кишваров ва Салом Нуров рафтуомад
дошт. Вақте ба колхози мо меомад, аввал хабар медод, ки дар
чанд бригада бо колхозчиён вохӯрӣ мегузаронад. Баъзе вақтҳо
май шӯхиомез мегуфтам:

— Мопед, ташвиш накашед, дар як—ду бригада вохури гуза-
ронед, кифоя. Роқхатҳоятонро қайд карда медиҳем. Он касро
малолашон меомад. Мегуфт:

— Ба май кайди роҳхат лозим нест. Барой май қиматаш он
аст, ки бо деҳқонони оддй гуфгугӯ кунам, фикру ақидаи онҳоро
донам ва ба замми и,н аз онҳо омӯзам. Аксаран суҳбатҳояш аз
савол додан ба мардум cap мешуданд. Аз ҷавоби гирифтаашон
ба онҳо сӯҳбати пурҷӯшу хурӯше барпо мешуд.

СӮҳбатҳои Вализода ҳама аз таҷрибаи рӯзгори халқ буд.
Мардумро аз ахлоқу одоб одамгарӣ, зисту зиндаги, ҳамсоядо-
рӣ тарбияи фарзанд ва мехнати ҳалол кардан насиҳат медод.
Албатта ба хонаи як-ду колхозчй даромада, ҳамроҳашон чою
нон мехӯрд. Одамон ҳисоб мекарданд, ки Вализода шахси наз-
диктаринашон аст. Ғайр аз Саидалй Вализода ман ҳеч касро,
—-хох рохбар, хоҳ тарғиботчй надидам, ки бо халқи мехнаткаш
мисли ӯ наздик бошад. Ба фикри ман машҳур будани номи у
хам дар ҳамин аст.

Баъзе вақтҳо Махсум ном рафиқашро, ки дар шаҳри Ку-
лоб зиндагӣ мекард, хамрохаш меовард- Махсумро андомаш хам
хандаовар буд. Ба гуфтугӯи муқаррарияш низ хама механди-
данд. Шабҳои дарози зимистон Вализода бо Махсум ҳазл ме-
карду факат механдидем.

Як вахт Вализода ба ман нақл кард, ки бори аввал уро ба
азназаргузаронии гурӯҳи худфаъолиятии бадей ба шаҳри Ду-
шанбе бурда, дар он чо ба ӯ якчанд чойнику пиёла мукофот до-
данд. Баъди ба Ховалинг баргаштан ба хонаи ӯ якчанд нафар
аз чамоати Загара меҳмон шуданд, ки якеаш раиси, чамоа, ду-
вумаш раиси колхоз ва сеюмаш коркуни молия будааст. Вализо-
да дар ҳамон чойники аз шаҳри Душанбе овардааш барои ме\-
монон чой меорад. Баъди хӯроку чой хӯрдан меҳмонон мераванд

73
ва шоир мебинад, ки, чойник нест. Он солҳо чойнику пиёла ни-
хоят чизи камёфт буд. Вализода нағз медонад, ки чойникро меҳ-
монҳо бурдаанд.

Ба номи котиби ҷамоа, ки номаш Муллосаид будааст, бо
шеър мактуб менависад. Қисми он ба хотирам мондааст.

t

Сею дузди маскара,

Меҳмон шуданд аз Зағара
Дуздида бурданд сибара,

Рафиқ, шумо тафтиш кунед!

* * •

Якташ дарози ашқадай,

Якташ ходаи маркадай,

Якташ калта бисёр бадай,

Рафик, шумо тафтиш кунед!

• * *

Мулло Саид кокой ту,

Саркотиби Шурой ту.

Аз афташ хеши мой ту,

Рафик, шумо тафтиш кунед!

Вақте ки ин мактуб ба Муллосаид мерасад, ӯ зуд ба чой-
никдуздон хабар медиҳад, ки Вализода онҳоро бо шеър ҳачв
кардаасту бояд чойники уро бурда диҳанд. Баъди ин онҳо чой-
ннкро бурда дода, аз шоир узр мепурсанд.

Вализода бародараш Аброр ва рафиқаш Махсумро ба кол-
хоза мо оварда, ба кори кирояи шоликорй ва полезкорй монду
ки онҳо 3-4 сол кор карданд. Як солаш чй хел шуд, ки дар кори
ҳисоби муздашон хатогй содир гашта, ҳаккашонро пурра надо-
данд. Онҳо рафта ба шоир аз ин ҳолат хабар медкҳанд. Ӯ як
шеър навишт, дар он оиди нодурустии қисоби музд, кӯдакдорни
Аброру Махсум, дар гармии тобистон машаккат кашидани он-
ҳоро зикр намуда, ба правленияи колхоз дод.

Мисраъҳои аввали он шеър чунин буданд:

Маи зи Кӯлобам кунун бар мулки Фархор

омадам,

Аз барои хотири тифлони Аброр
омадам.

Афсӯс, ки он шеър дар хотири ман пурра намондааст ва ха-
мом мактуб хам нобуд шудааст. Баъди ин мактуб мо зуд ҳисо-
би муздн кори Аброру Махсумро аз нав дида баромадем.

74
... Дар шаҳри Душанбе дар бемористони ҳукуматӣ касал ме-
хобид. Ман барон, аёдаташ рафтам. Ҳамргоҳи Саидхоҷаев ном
шахе ҳардуяшон дар як ҳуҷра табобат меёфтанд. Чашмонаш
оҷиз шуда буд. Маро аз овозам шинохта, хеле хурсанд шуд. Ман
бо ӯ ҳамчун бемор бо дилсӯзй дилбардорикунон ran мезадам,
вай бошад, ҳамоно мисли сиҳатиаш ҳазлу шӯхӣ мекард. Саид-
ходаеви ҳамроҳаш ба ман гуфт, ки баъзе беморон бояд кайҳо
мемурданд. Лекин ҳамин Вализода ба онҳо имконияти мурдан
намедиҳад, фақат онҳоро механдонад.

Баъди чанде нишаетан Вализода гуфт, ки ӯро ба долони бе-
мористон барорем. Ҳамроҳи мо Саидхоҷаев ҳам рафт. Дар до-
лой катҳои зебои болояшон курпачаву болиштҳо мондагй буд.
Баъди ба долон баромадани Вализода якбора беморон аз ҳуд-
раҳояшон омадан гирифтанд. Ҷӯрабек Искандаров, ки яке аз
барқароркунандагони Ҳокимияти Шӯравй дар Тодикистон ва
яке аз аввалин котибони кумнтаи ҳизбии ноҳияамон мебошад,
дар х;амон до табобат мекардааст. Он кас бо Вализода ба ас-
княгуи cap карданд. Х,ардуяшон аския мегуфтанду мардуми бе-
Мор механдид. Чунон ханда шуд, ки беморон дардашонро фаро-
муш карданд. Ман ҳам механдидаму хам ба дил ба Вализода
ба руҳи, бузургу тавонои у таҳсин мегуфтам.

Ҳангоми хайру маъзӯр ба ман гуфт, ки ин се абётро навиш-
та гирам. Яке аз онҳо дунин аст:

Ҳамсоя, чаро ба меҳнати дасти ман,

Бахилй мекунию хохй ба ман дӯзӣ кафан.

Ҳеч медонй, ки аз дунёи равшан бар Адам
Меравем ҳар ду ба ҳасрат, на ту мониву на ман.

Дар миераи охиринаш аз чашмони Вализода ду қатра об ба
мисли донаки мардон афтоданд. Ман оби дашми ӯро дида беих-
тиёр гирён шудам. Хайрият, ки овоза набаромад ва зуд худам-
ро, ба даст шрифтам. У, ки чашмонаш намедид, аз аҳволи ман
воқиф нашуд. Вализодаро оби чашмаш рехта бошад хам, ле-
кин овозаш вайрон нашуд. Аввала барин бо қувваи баҳодурона
ran зада насиҳат медод.

Дар охир гуфт, ки нону намаки хӯрдаам, суханони пасту ба-
ланд гуфтаам, синну соли мо ба дое расидааст, ки ҳозир бемо-
раму маро бубахшед. ,•

Ман ғайрати ба ӯ давоб гардондан надоштам. Дасташро қа-
пида аз рӯяш як бӯсидаму баромада рафтам,

Каме гузашту ӯро ба Кӯлоб оварданд ва дигар Вализодаро
зинда надидам. Ӯро ба хок супурданд. Ба назарам тамоми мар-
думи Хатлонзамин ба данозаи ӯ омада буд.

75
С. ЧАЛИШЕВ

АЗ ҲАЗЛХ.ОИ ШОИР

Зимистон буд. Вализода сафари Душанберо ихтиёр карда, аз
занаш телпакашро пурсон шуд.

— Телпаки ман дар куҷост?

Зани Вализода, ки хуҷандй буд, бо лафзи хуҷандиён гуфт:

— Телпакатон механда!

Вализода ҳайрон шуда боз пурсид:

— Ҳо занак, охир телпаки ман ҳеҷ гоҳ намехандиду чй шудг
ки имрӯэ механдад?!

* * *

Рӯзе Вализода дар Душанбе аз гармии ҳаво тоқат накарда
ба лаби кӯли Комсомол рафт, то оббозй карда каме салқин ша-
вад. Ӯ либосҳояшро кашида, таги трусй ба об даромад. Баъди
чанд вақт аз об баромада дид, ки либосҳояш дар чояш нестанд.
Ӯ тадбире чует, то шармсор нашавад ва баъди каме андеша аз
об баромада ба тарафи меҳмонхонаи шаҳр давидан гирифт. Аз
пеш шиносе баромада пурсид:

— Ҳа, Вализода, чаро ин кадар медавй?

Ӯ гуфт:

— Байнн шоирон мусобиқаи давидан рафта истодааст. Би-
нед, ман аз хама пешам.

* * *

Вализода дар ҳамаи тӯйҳои тантанавй ин нақлро мекард:
Рӯзе пирамарде писарашро зан додааст. Пирамард ва занаш
хурсанд буданд, ки акнун дастёр ёфтанд. Аммо келин аз сахар
то бегоҳ ба орову торо машғул шуда, ҳатто ҳангоми рӯбучини
хавлӣ ҷорӯбро аз дасти онҳо намегнрнфтааст.

Як саҳар, вақте ки келин дар рӯи ҳавлӣ нишаста ба абру-

76
вонаш усма мекашид, зани мӯйсафед ҷоруб дар даст ба саҳни
ҳавлй баромадааст. Мӯйсафед хостааст ҷорӯбро аз дасти кам-
пираш гирифта ҳавлӣ рӯбад. Лекин занаш розй нашудааст. Дар
миён андаке кашмокашй шудааст. Келин аз ҷой хеста бо нозу
карашма сӯи онҳо омада гуфтааст:

— Ҷанҷол накунед, ҳозир якетон хавлиро рӯбеду дигаратон
бегоҳӣ.

* * *

Чанд муддат академик Раҷаб Амонов дар Институти педагогии
Кӯлоб ба студентон даре мегуфт. Як рӯз Вализода ӯро ба мех,*
монй ба хонааш таклиф кард. Он вақт арафаи ҷашнгирии 70-
солагии зодрӯзи Вализода буд. Баъди сӯҳбатҳои гарму ҷӯшом
Вализода ба Амонов рӯ оварда гуфт:

— Домулло, ҳукумати республика ба ман як мошини сабук-
рави «Газ-69» тӯхфа кардааст. Лекин мошин як айб дорад, да-
рунаш мандатар, тарбуза кам мебарад.

— Парво накунед, домулло, тарбуза кам барад, ду рейс ме-
кунед...

* * *

Як рӯз Вализода дар аэропорта Душанбе ба як рафиқаш
вохӯрдааст. Баъди ҳолпурсӣ рафиқаш ба Вализода арзи ҳол на-
мудааст:

— Мо як тарафҳои Самарканд тамошо рафтанй, лекин кам-
пултарем. Чй мешавад, ки камтар пул карэ медодед.

Вализода дар чавоб гуфтааст:

— Хуб аст, ки шумо кампулед, ман бошам, тамоман бепу*
лам.

* * *

Вализода барон лексияхонй ба яке аз колхозҳо рафтааст:
Садри колхоз ба ӯ гуфтааст:

— Дар бучети колхоз барои лексияхонй пул намондааст.
Вализода гуфтааст;

— Парво накун, раис, ман ба ивази ғӯзапоя хам лексия хон-
дан мегирам.

* * *

Сайдалй Вализода одати қалингириро ҳамчун ҳодисаи ба
оила ва ҷамъият бадбахтиовар дар шеърхояш сахт танқид ва

77
маҳкум мекард. Рӯзе дар як маъракае диарди, солхӯрдан мулло-
намо Саидалйро музлам кардани шуда, ба ӯ саволе медиҳад:
Ту Шеър навиштӣ дар бораи қалин, қалинро заҳри қотил
гуфтай, зани мо мурд, касе нест, ки моро ннгоҳбунӣ кунад, ка-
лин ки надиҳем, моро ки мегирад?

Саидали ба рӯи пурожанг ва чашмони фурӯрафтаи он мӯй-
сафед бодиққат нигоҳ карда, гуфт;

— Ғам нахӯр, мӯйсафед, гуро ҳеҷ кас, кп нагирад як рӯз не—
як рӯз Худо худаш мегирад.

* * *

Як ,в.ақт Вализода аз болои токи ангур афтида пои, чапаш
мешиканад ва чанд моҳ бистарӣ мешавад. Яке аз дӯстони Ва-
лизода^, ки бо номи Махсуми Хокистар машхур буд, зиёда аз
бист рӯз аз болои сари, Валнзода дур_наш\?д. Махсуми Хокистар
марди шухтабнат буда, дар латифагуӣ, шпрингапию ҳозирҷаво-
би аз Вализода монданн надошт.

Дӯстон ва наздикони ба аёдати Вализода меомадагй’ албат-
та дасти холй намеомаданд. Аз ilh рӯ фуки Махсуми Хокйстар
дар равған ғутида буд.

Аз байн чанд вақт гузашту'пби Вализода сиҳат шуд. Мах-
суми Хокистар бо Вализода хайрухӯш карда гуфт:

— Худоё, агар пои дигари Вализодаро менткастй, боз як
моҳи дигар.фукамон аз равған канда намешуд.

* * *

Як рӯзи гарми тобистон Махсуми Хокистар барои хабаргирй
ба хонаи Вализода меравад. Мебинад, ки дар хонаи ӯ чанд паш-
ша давр зада истодааст. Махсуми Хокистар мегӯяд:

— Ваҳ, наход хонаи шоир ин қадар серпашша бошад? Хо-
нан мо салқин, тозаву озода ва тамоман бепашша аст,—лоф ме-
занад Махсум.

Вализода зери лаб табассуме карда мегӯяд:

— Ҳой Махсум, лофи беҳуда назан, пашша ҳам ба хонае
меояд, ки. якчиз ҳаст!

* * ♦

Соли ҷанг. Зиндагй харобу мардум лоғар буд. Вализода дар
кӯхистон як рафики хубе дошт. Рӯзе ӯ дӯсти карини худ Махсу-
ми Хокистарро ҳамроҳаш гирифта ба кӯҳистон ба хонаи ҳамон
дусташ ба меҳмонӣ меравад. Марди, кӯҳистонй бо вучуди чор-
вои зиёд доштанаш хеле хасис буд. Вай се шабу се рӯз йнҳоро
бо чурготу чакка меҳмондорй кард.

78
Вализода ба Махсум гуфг:

— Илоҷе карда, ин хасиси номардро шарманда кардан ло-
зим!

Илоҷ ҳам ёфт шуд. Саҳарӣ, ҳангоми ношто ҳар ду бо як овоз
ба соҳиби хона гуфтанд;

— Бародар, эҳтиёг шав, ки ҳо дар он кунҷи боғат шаҳиде
ҳаст. Шаби дароз он ҷо чароғ месӯзад. Лгар бовар накунй, ху-
дат имшаб нигоҳ карда бин!

Шаб фаро расид. Посе аз шаб гузашт. Вализода ва Махсум
оҳиста аз ҷой хеста пилтачароғро даргиронда ба ҳамон кунҷи
боғ бурда монданд ва соҳибхонаро аз «Чароги шаҳид» воқиф
карданд. Соҳибхона ба он сӯ назар андохта, ба «ҳакнқати» га-
пи онҳо бовар кард ва дилашро ваҳм зер кард.

Марди хасис саҳар барвақт хеста як гӯсфанди чории ка-
лонро кушта садақа кард.

Вализода ва Махсуми Хокистар кӯр-кӯр механдиданд ва
аз таомҳои сергӯшту равған нӯши ҷон мекарданд.

Вақти, хайрухуш расид, Вализода табассумкунон гуфт:

— Дӯсти азиз, бовар кунед, ки баъди рафтани мо дар бога-
той дигар чароғ фурӯзон намешавад. Мо шаҳидро ҳамроҳи худ
мебарем.
ШОҲҲАЙДАР ЁДГО.РЙ

РӮҚИ 3ИНДАИ ШОИР

Боре эълон карданд, ки китобҳоямонро рӯйи парта гузорем
ва ҳама ба саҳни мактаб бароем. Дар саҳни мактаб бо шоир
Саидалй Вализода вохӯри баргузор мршавад. Пеш мо номи ин
шоири халқро шунида, худашро надида будем. Шеърҳояш, мах-
сусан, «Таронаҳо»-и шоир чунон машҳур буд, ки аз даҳон ба
даҳон мегузашт. Симои шоир пеши мо, мактаббачагон, мисли
одами афсонавӣ ҷилвагар мешуд. Орзӯи дидораш будем. Инак,
шоир ва сарояндаи номй акнун ба мактаби мо омадааст ва мо
аз шунидани ин хабар ниҳоят шод шудем.

Дар саҳни мактаб, дар як ҷои сабзазор столу стул монда
буданд. Алвони болои стол дар партави офтоб чашм мебурд.
Мо, мактаббачагон, рӯ ба рӯи стол чорзону зада нишастем. Му-
днри қисми таълимии мактаб даст бардошта моро хомӯш ку-
нонда гуфт:

— Ҳамин ки Саидалй Вализода омад, ҳамаатон аз ҷой хе-
зед ва баробар чапак занед.

— Фаҳмо, — такрор кардем ҳама.

Саидалй Вализода, директорамон, раиси колхоз ва боз чанд
нафари дигар омаданд. Ҳама аз ҷой бархеста меҳмононро бо
кафкӯбии зиёд пешвоз гирифтем. Аввалин бор дар умрамон
шоирро медидем.

Қисми расмӣ ба охир расид. Баъд Саидалй Вализода аз ҷой
хест ва ҳикоятҳои аҷибе гуфт, моро хандонд, шеърҳояшро хонд,
насидати бисёр ҳам кард, таъкид намуд, ки хубу аъло хонем.
Аз ҳамон вақт, нағз ба ёдам ҳаст, ки шоир аз ҳаёти худ баъзе
лаҳзаҳоро нақл карда буд. Яке аз он лаҳзаҳо ин аст:

... Се—чор рӯз пеш хабар паҳн шуд, ки Аскарони Сурх то ба
Кӯлоб омада расидаанду пиру барно, аҳли фуқаро онҳоро бо
хушнудӣ истиқбол гирифтаанд. Сокинони, Ховалинг ҳам ба пеш-
вози онҳо баромада буданд. Он рӯз Абдураҳим—писари Ҳоҷӣ
Абдуалим дар бозори Ховалинг вазъ гуфт. Вай тасдиқ мекард,

80
ки рӯҳн, Восеи баҳодур ғалаба кард, камбағал озод шуд, дар
мамлакат дигар шоҳ ва ҳоким нест, бой ва амалдор ҳам нест.
Ҳамаро Аскарони Сурх таслим кард, салтанаташонро барбод
дода, хӯҷаини давлат коргару деҳқон шуд. Ҳарчанд, ки ин су-
ханон ким-чӣ хел пурасрору нофаҳмо буданд ва на х,ама маънии
онҳоро равшан мефаҳмиданд, бо вучуди и,н меҳнаткашони Хо-
валинг бисёр хурсанд шуданд. «Наход, ки дигар ҳаққи моро
касе намехӯрад», — мегуфтанд. Ҳар касе ки дар бозор ин хаба-
ри хушро шунид ва бо ҳамин пайғом ба деха, ба зану фарзанд,
падару модар ва ҳамсоя баргашт. Ману падарам ҳам ҳамин
дам дар бозорн Ховалинг сайругашт доштем ва шоҳиди он гуф-
таҳо будем.

Мо ба қишлоқамон Чуқурак не, пиёда ба қишлоқи Панҷурт,
кн аммаам он ҷо мезист, роҳ пеш гирифтем.

Ба Панҷурт дер омадем. Аммаам аз ду барн рӯи ман ва кит-
фи роста падарам бӯснду ба хона даровард. Аз рӯи одат ӯ аввал
хеле долу аҳвол пурсид, хурду калони қишлоқамонро ёдоварӣ
хард ва пас аз чой хесту паи меҳмондорӣ шуд.Бечора аммаам пе-
ши мо чй оварда монданашро намедонист. Ьа назарам охирин ор-
ди таги сурфаашро ба табақ андохту хамири фатир хелид.Ӯха-
мир мехелиду бо иадарам ran мезад. Ҳамин ки фатирҳо пухтанд,
фатнрмаска кард. Ману падарам ва аҳли, хонадон фатирмаска
мехӯрдему аммаам ашк аз дида мерехт, ки фарзанди ҷигарбан-
даш — Ширин се сол боз бе хату хабар дар мардикорӣ аст. Па-
дарам аммаамро дилбардорӣ мекард, таскин медод, ки ғам на-
хӯрад, агар зинда бошад, як рӯз не, як рӯз аз дар медарояд. Ле-
нин аммаму дили, саршори меҳри вай оромй надошт, ҳамоно ме-
гирист. Ӯ ба гапи падарам, ки «замона, шунидем, дигар шуда-
аст» ҳеч бовар намекард. Бовар кардан мушкил буд. Охир, чи
тавр бою камбағал баробар мешудааст.

Шаб поён ёфту рӯзи дигар муждагонй расид. Ногоҳ чапар-
дарӣ кушода шуду ба ҳавлй усто Зокирн чармгар даромад. Ам-
маам дар чойлоб болои дулонаҳои офтобкардаашро бо пахоли
зағир мепӯшонд. Усто Зокир фарёд кард:

— Ҳо холаи Сафро, ҳайдама буте, ки Ширин омад...

Аммаам қариб буд, ки аз болои чойлоб афтад, базӯр фаро-

мада худро ба пешн пои усто Зокир партофт ва гирёну нолон
туфт:

— Ох,, дар зувонут намурдуме, дар куҷоай?

— Ҳозир меояд, — гуфт усто Зокир ва ба чапардарӣ нигоҳ
кард.

Ширин, писари аммаам, бо чанд нафар ҳамқишлоқиҳои пан-
чуртиаш ба хавлй даромаданд. Аммаам Ширинро ба оғӯш ги-
рифт, зор-зор гирист, ашки шодй рехт.

Омадани Ширин барон ҳама як хурсандй буд. Ҳар кас ме-

«-2175

81
хост гапи наве аз у шунавад. Бародари Ширин — Абдураҳмон:
аз ҳамсоя як буз қарз шрифта, дар пеши пои Ширин сарашро
бурид. Одамон ҳам зиёфат мехӯрданду ҳам аз воқеаҳои дунё
гуфтугузор мекарданд.

Падарам, ки бисёр мехост аз одами худй, дар бораи Шӯро
асли воқеаро шунавад, аз Ширин пурсид:

— Бачаи амма, шунидем амир гурехтаасту ҳукумати Шӯро
шудаст. ПоДшоҳи нав кй бошад?

Каримов Ширин, ки дар ҳавлй иҳотаи деҳконони бисёр ме-
нишаст, гуфт:

— Ҳозир шоҳу гадо гуфтанй ran нест Мамлакат хама аз мо-
ву шумо шудааст. Давлат Шӯро ном дорад. Ба он Ленин сардо-
ри мекунад. Агар шунидагиамро гӯям бовар кунед. Мегӯянд, ки
Ленин бисёр марди меҳрубону ғамхор будааст, аллакай ба ха-
ма маъкул шудааст. Боз ran ҳамнн, ки дар поёнҳо аллакай деҳ-
қонҳо соҳиби замин шудаанд. Қамбағалҳои Ховалинги мо ҳам
замин мегиранд...

Мо рӯзи дигар ба кишлоқамон Чуқурак баргаштем. Чукурак
вақти офтобшин дар иазарам манзараи зебоеро гирифта буд.
Абрсӯз тори теппаҳою кӯҳҳоро ранги алвонй медод ва ин ни-
шонаи он буд, ки пагоҳ рӯзи, офтобй мешавад.

Хабари нав ба ин ҷо низ расида будааст, ки одамон ҳарчанд
сару либосҳои куҳна дар бар доштанд, хеле хурсанд буданд.
Гурух-гурӯх шуда сӯҳбат мекарданд. Қадам сарбаландона ме-
монданду чисми заифашон ҷон мегирифт. Ман хам худро дар
қатори онҳо рӯҳбаланду озод медидам. Ин воқеа соли 1920 рӯй
дода буд.

— Ана хамон вақт, — гуфт Саидалй Вализода, — ман ба син-
ни 21 даромада будам...

Аз ҳаёти шоири халқй Саидалй Вализода чунин лаҳзаҳоро
бисёр нақл кардан мумкин. Аммо ин ҷо ҳамин порча кифоя аст,
хонанда пай мебарад, ки Саидалй Вализода овони ҷавониашро
чи тавр гузарондааст, баромади иҷтимоиаш аз кадом табақаи
аҳолй будааст. Бар замми ин маълум мегардад, ки шоир авва-
лин нурҳои субҳи ҳаёти навро дар кадом синну сол истиқбол
кардааст. Вализода дар айёми камолот кулфати замонаи тори
амирй ва аз байн рафтани осори нанговари онро медид ва ба
пешвози бахт ҳамчун аз ворисони аввалини ҳаёти нав қадам
мезад. Ва бояд гуфт, ки ҳамин лаҳзахои ширин, ҳамин ҳолати
аз зулмот ба рӯшнои баромадани ӯ ва тамоми халқаш, дар та-
моми роҳи мннбаъдаи ҳаёти адабиаш ндома ва инъикоси бадеии
худро ёфтааст. Аз ҳар як сатр, аз ҳар як шеъру достони шоир
садои миннатдорию сипосгузорӣ ба инқнлоб, ба озодй, ба до-
ҳии аъзам Владимир Илич Ленин ба гуш мерасад ва аз дили
хонандагонаш акси садо медиҳад.

82
Саидалй Вализода 10 октябри соли 1900, дар қишлоқи Чу-
қурак, собиқ райони Ховалинги вилояти Кӯлоб ба дунё омада-
.аст. Падараш деҳқони камбағал буд ва ҷуфти гов, замйну обе,
ки зиндагию рӯзғорашро таъмин карда тавонад, надошт. Вай
танҳо дар замини боён шариккорӣ мекард ва рӯз мегузаронд,
барои фарзандонаш порае ноне меёфт. Ҳофизи хушзеҳн хатту
савод ва таҳсили расмӣ нагирифта бошад ҳам, марди закй ва
боистеъдод буд. Тӯю сӯр ва базму маҳфйли мардум бе иштиро-
кй ӯ намегузаштанд. Дутории хубу ҳофизи хушовозе буд. На
фақат рубонёти халқиро бо таровати хосае месароиду хушгуй
мекард, базми бечораю бенавоёнро метафсонд, балки худ низ
маҳорати шеъгуй ҳам дошт. Ба гуфти марҳум Носирҷон Маъ-
сумй дар сареухани китоби «Таронаҳо» падари Саидалй Вали-
зода табъи баланди шеъргӯӣ доштааст ва бештар шеърҳои ҳаҷ-
вӣ мегуфтааст. Шеърҳои ӯ мазмунан ба муқобнлп кирдор ва раф-
тори ношоистаи амалдорони Ховалинг равона карда шудаанд.

Табиист, ки чун.ин одам, одаме, ки ба гаму шодии мардум
шарик бошад, дар ҳама до пещгузару болонишин аст. Махсу-
сан, мардуми кӯҳистон чунин шахронро ҳурмат ва кадрдонй ме-
кунад. Ӯро аз як мачлис ба маҷлиси дигар, аз як деҳа 0а деҳаи
дигар мебурданд. Маърака ороста аз латифаҳои ӯ баҳра меги-
ркфтанд ва ғубори, дилашонро мебароварданд. Падари Саида-
лй дар деҳаҳои атроф гули сари сабади аҳрлй буд.

Сацдалй ҳамроҳи падараш мерафт, паҳлӯи ӯ менишаст, ма-
хорату салиқаи ҳофизни ӯро азбар мекард. Чун зехни тез дощ-
ту ҳамдилу хамнафаси халқ буд, батадриҷ дар таъсири падар
навохтан ва сароиданро ёд мегирифт. Овози хубаш дилҳоро ба
чӯш меовард, занону духтаронро ба раке медаровард. Дигар
дар куртааш намеғунҷид, дидаю шунидаҳояш аз лабони у бо
садои дутор ба қолаби шеър медаромад ва ба гушҳо мерасид.
Вай сарояндаи мумтозп достоин Гӯрӯғлӣ мегардад ва тадриҷан
ба сурудани шеърҳои ҳаҷвй оғоз менамояд. Ҳаҷваш тез, пур-
таъсир буд, чунон ки шахеи ҳаҷвшуда мадори бо шоир ру ба
рӯ шудан намекард.

Яке аз он шеърҳо, ки имрӯз дастрас аст «Деҳқони ҷаврдида>
мебошад. Ин шеър соли 1917 гуфта шудааст ва шикояти деҳқо-
не бевосита аз забони ӯ баён ёфтааст. Дехкон а,рз мекунад, ки
вай дар натиҷаи ғорати золими маҳал хонабардуш шудааст. Он
чи ки ӯ дошт ба тороч бурдаанд. Дигар чизе надорад. Танҳо
ӯро зану ду фарзанд боқӣ мондааст, ки онҳо ҳам,—мегуяд вай,
—оқибат «Гурусна мемурад охир занам бо ҳар ду фарзандам!».

Мазмуну мундаричаи шеъри «Деҳқони чаврдида» баёни ҳа-
диқати зиндагии талхи, деҳқони гоинкилобй буда, шоир онро
хеле реалнетона сароидааст. Аҳамияти иҷтимоии шеъри маз-
кур багоят зиёд аст. Шоир дар ин шеър ба халқаш садои дили

83
худро баён карда буд. Ин садо то замоли мо омада расид ва
дар айёми мо ба ҳақиқати таърихй табдил ёфт. Хонандаи им-
рӯза таъбирҳои шоир «бисӯзад хонаи золим», «саги золим», «си-
тамкорон» ва «занҷири зулму ситам» ва ғайраҳоро, ки танқиди
рӯйрости золимону дигар намояндагони синфи хукмронанд, хон-
да ба ҷуръати шоир таҳсин мегӯяд- Гуфта шудани чунин шеъ-
ри танқидӣ аз ҷониби як деҳқонзода ва боз онро бо навои ду-
тор ҷӯр карда, дар байни халқ хондан дар он солҳо, аз ҳақикат-
чӯию далерии Саидалй Вализода гувоҳӣ медиҳад.

Дареғ аз меҳнати зорам, бутун дар зери борон шуд!

Бисӯзад хонан золим, зи ҷавраш дида гирён шуд!

Ҳофизй дар байни мар дум Сандали Вализодаро ҳамчун шоир
боз ҳам маъруфу машҳур гардонд. Ва ҳамон вақте, ки бо писа-
ри аммааш дар хонаи онҳо вохӯрд ва аз забони ӯ сохтн нав, но-
ми шарифи Ленинро шунид, аллакай ҳофизи мекард, забони
бурро дошт, номашро халқ медонист.

Сандалии ҷавон ба вачд омада буд. Дилаш аз кадом ҳнссиё-
ти аҷоибе лабрез мешуд, кадом як чизеро баён кардан мехост.
Ҳар гоҳ ки дутор менавохт, хаёл мекард, ки навои он замину
замонро меларзонад ва дар кӯҳу камар, дашту ҷангалзорҳои
диёр аксн садо медиҳад. Гӯё дасти пурқуввате ӯро бардошта рӯ-
рӯи кӯҳҳо сайр медиҳад.

— Наход ҳамин гапҳо рост бошанд? Воқеан, писарн аммааш
—Ширин ҳам гуфт-ку! Ленин! Ленин худаш чи хел одам, ки
шоҳонро бетахту точ гардонд? Пушту паноҳи камбағалон шуд?

Ин андешаҳо Сайдалӣ Вализодаро ором намегузоштанд. Хуб-
тар ва амиқтар фаҳмидан мехост, ки оё ҳамин гапу хабар рост
аст ё не? Ва фаҳмид. Аскарони Сурх то Чуқурак омада расиданд..
Мардум онҳоро пешвоз гирифт, пеш-пешашон рақсу ғазалхонӣ
кард. Онҳоро Ленин фиристода буд, ки халқро дасти ёрӣ биди-
ҳанд, озодӣ бахшанд. Халқ фаҳмид, кн акнун барои вай рӯзи
озодӣ расидаасту худаш хуҷаинӣ худаш аст. Ба ҳамаи о,н худи
Ленин раҳнамо будааст.

Баъд аз ду сол, яъне соли 1922 Саидалй Вализода бо меҳру
муҳаббаги беандоза дутор ба даст гирифт ва онро ҷӯр намуду
корномаи ин марди асил ва пешвои маҳбубро достон кард.

Дар чанд рӯз, — гуфта буд Саидалй Вализода, — шеърро-
гуфтам. Вақте ки шеъру оҳанг ба худам маъкул шуд, онро дар
маъракаҳо мехондам. Халқ бо камоли муҳаббат гӯш мекард-
Баъзан дар маъракаҳо одамон хоҳиш менамуданд, кн шеъри
«Ленин — бародар, раҳнамо»-ро ба онҳо хонда диҳам.

Дар бисёр маъракаҳо бобо Садриддин, Абдукодир Дости ва
дигарон ҳамовоз шуда «Ленин—бародар, раҳнамо»-ро месарон-
данд. Ман аз ҳамон вакт cap карда дар васфи Ленин бисёр
шеърҳо навиштаам...

84
Ope, ба гуфтаи шоир, эҷоди «Ленин — бародар, раҳнамо»
ба соли 1922, моҳи сентябр рост меояд. Ва онро бо як меҳру му-
ҳаббат, садоқати бепоёне офаридааст. Ин бесабаб набуд. Инқи-
лоби Октябр зандири зулму асоратро хам дар аморати Бухоро
пора-пора сохт. Садои раъди «Аврора» ба чабрдидагон муждаи
озодй расонд. Акнун деҳқонони мазлум озод шуданд. Саидалй
Вализода, ки намояндаи он деҳқонони азнятдида буд, орзую омо-
ли гузаштагонро бо чашми худ дид. Ва чуй фурсат расид, дуто-
ри, ӯ гӯётар, табъи шоириаш равонтар гардид. Дар шаъни Ле-
нину Октябр ва Партия вай шеърхо мебофту дар миёни халқ
замзама мекард- Шеъри «Ленин—бародар, раҳнамо»-и ӯ, ки
дар таърихи афкори шифоҳни нав аз чумлаи аввалнн шеърхо
дар шаъни В. И. Ленин мебошад, ҳамон рӯзҳо ахамияти кало-
ни тарбиявй ва тарғиботӣ пайдо мекард:

Ҳукуматро Ленин зӯр кард,

Золимро аз мулк дур кард,

Мулкро ҳама пурнур кард,

Ленин—бародар, рахнамо.

Дар мамлакат хоҷагиҳои коллективй ташкил карда шуданд,.
деҳқонон моҳияти давру замон ва заруратн ба хочагиҳо аъзо
шуданро мефаҳмиданд. Падари Саидалй Вализода хам ба кол-
хози «КИМ»-и собиқ райони Ховалинг, ки соли 1932 ташкил шу-
да буд, аъзо шуд. Падару писар аъзои комилхукуки хочагии
колелктивй гардида, хуб кор мекарданд ва аз зумраи тарғибот-
чиённ фаъоли он буданд. Вале падари шоир зиндагин осудаҳо-
лонаро кам дида соли 1936 вафот кард. Саидалй Вализода, ки
акнун ҷавонмарди ҳаётдида буд, дар зиндагй худ роди худро
муайян кард. Давлати Шӯро ба ӯ шароит мухайё намуд, забо-
ни бурро ва хома дод. Ҳамчун шоир ва сарояндаи моҳири «Гу-
рӯғлӣ» дар байни деҳқонон шӯҳрат пайдо кард. Овозаи хофизию
шоириаш аз даҳон ба даҳон гузашта то ба Душанбе расид.

Партияи ленинӣ баробари ба иқгисодиёти ҷамъиятй эътибор
додан, мустаҳкам намудани хочагиҳои коллективй, ба мактаб
чалб кардан ва саросар саводнок гардондани аҳолӣ, ба баланд
бардоштани маданият ва ривоч додани санъат низ диққати ҳа-
матарафа медод. Аз тамоми гӯшаю канори республика сароян-
дагон, навозандагон, ҳаваскорони санъат ва ҳофнзонн номй ба
колективҳои эҷодӣ чалб карда мешуданд. Табиист, ки Саида-
лй Вализода барин шахси ҳунарманд аз доираи ҳаёти мадани
берун намонд. Ӯро соли 1936 ба театри халқии шаҳри Душанбе
ба сифати ҳофиз таклиф намуданд. Саидалй Вализода бо хо~
ҳиши тамом таклифро маъқул донист ва ба Душанбе омад. Ҳам-
чун санъаткор дар ин ҷо хунарнамои кард, шеърхо мегуфт ва'
маҳорати эҷодиашро равнақ дод. Ҳофиз ва сарояндаи халк дар
пойтахт қариб ду сол хунарнамои кард. Дар ин муддат бисёр'

85
чизҳоро омуҳт, шӯҳраташ зиёд шуд, шеърҳои гуфтаю сароидааш
лирди забонҳо мегарднд.

Вале ӯ фаҳмид, ки барои саньаткор танҳо навои хуб ва ово-
•зи хуш ҳануз кам аст. Уро лозим буд, ки бештар меҳнат кунад
ва маҳорати эҷодии худро сайқал диҳад. Ҳарчи бештар аз халқ
омухтан лозпм буд. Ана барои ҳамин соли 1938 боз ба Ховалинг
баргашт ва дар интерната ин ҷо роҳбари кружоки драмавӣ-му-
сиқи таъин шуд. Пас аз як сол ӯро ба Кӯлоб даъват карданд.
Музофиқн талаби театри вилоят ӯ дар ин ҷо аввал ба сифати
роҳбар ва баъдтар чун ходими адабӣ то охири умр кор кард.

Оре, хнзмати Саидалй Вализода дар инкишофи санъати хал-
қи, ташкил намудани театри касбӣ ва тарбияи санъаткорон ни-
ҳоят калон аст. Аз ин рӯ, партия ва хукумати республика хиз-
матҳояшро тақдир намуда, ӯро бо унвони Артиста хизматнишон-
додаи Тоҷикистон мушарраф гардонданд. Ин қадршиносӣ ба
Саидали Вализода болу нар ва равнақи эҷодӣ бахшид.

Бо вуҷуди ин, Саидалй Вализода дар байни халқ на ҳамчун
санъаткор, балки ҳамчун шоири халқ ва сарояндаи эпоси қаҳ-
рамонӣ маълуму маъруф аст. Шеърх'ояш аз солҳои охири сиюм
дар матбуоти даврй-пайдо шудан гирифтанд.

Албатта ин баъди он, ки съезди Якуми нависандагони СССР
соли 1934 баргузор гардид ва масъалаи ҷамъ кардану дастраси
омма намудани сарвати бебаҳои Халқ—фолклор ба миен омад.
Саидалй Вализода ҳам, ки намояндаи ҳамин қабил адибон буд,
акнун суруду таронаҳояш ба табъ мерасиданд. Бояд гуфт, ки
то он солхо асарҳои ин шоири халқ навишта гирифта нашуда
буданд ва бо гузашти солҳо офаридаҳои ондавраинаи ӯ боқй
намондаанд. Маҳорати эҷодии худро Саидалй Вализода махсу-
сан дар ибтидои солҳои чилум бештар зоҳир намуд ва соли 1943
ба аъзогии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардид.

Хизмати ин шоири халқ дар пешрафти тамаддун ва санъати
миллии тоҷнк бо ду ордени «Нишони фахпй», медалии юбилеии
«-Барои меҳнати шуҷоатнок бахшида ба 100-солагии рӯзи та-
валлуди В. И. Ленин» ва чанд медалу грамотаҳОи фахрии Пре-
зидиуми, Совети Олии РСС Тоҷикистон тақдир гардидааст. Ба
ифодап адабиётшиноси маъруфи точик Н- Маъсумй «Саидалй Ва-
лизода яке аз машҳуртарин ва сермаҳсултарин шоирони халқии
тоҷик аст. Эҷодиёти вай беҳтарин хислатҳои адабиёти даҳана-
кии халқро дарбар мегирад ва худи Саидалй Вализода бо ху-
сусиятҳои махсуси эчодиёташ намояндаи фолклори хаттии со-
ветии. тоҷик мебошад».

Шоиру сарояндаи боистеъдод ва хофизи халк Саидалй Ва-
лизода 12 декабри соли 1971 аз олам даргузашт ва аз худ ба
хонандагони точик мероси пурбаҳое боқӣ гузошт.

86
ПУЛОД РАҲМАТОВ

МАРДИ ХИРАДМАНД

I

(Еде аз шоир ва ҳофизи халқ Сандали Вализода)

Саъдни бузургу хирадманд хеле хуб фармудааст: бузургй ба
ақл аст, на ба сол. Ҳазорон бор ҳақ ба чониби Саъдии оқилу
доно ва ҷаҳонгарду ҷаҳоншинос. Чунин як фнкри бикрро ӯ аз
қаърн знндагӣ, аз мағзн ҳаёт чвда гирифта ва онро чун какими
рӯзгор суфтааст. Ҳақиқатан, таърихи зиндагй ному насаби
садҳо ҷаҳонгиру ҷаҳонгоз, сарлашкару шоҳони баландмақом-
ро дар қайди худ дорад ва ҳар кадоми он шӯхрату ҷаҳонтала-
бон дар қайди таърих ё ба хубӣ ва ё бо бадӣ ном баровардаанд.

Вале мардони хирадманд аз тамоми ашхоси ҷаҳонгиру ҷа-
ҳондор аз Само то ба Самақ фарқ дсфанд ва ба он гуна мар-
дум нисбате, сарукоре надоранд. Зеро хирадмандон симу зар,
чоҳу ҷалолро намеписанданд. Аз ин рӯ, аксариятн зиёди хирад-
мандону бузургони гузашта умри худро дар бенавой, нодорй ба
сарф дода, ҷоҳу ҷалоли худро сарфн илму маърифат, сарфи хиз-
мати халқу ватани азизи худ сохтанд. Бинобар, ченаки асосии
бузургию хирадмандй он инсони поксиришт аз хизмату заҳма-
ту ранҷи кашидаи ӯ ба халку миллати давлати азизаш санҷида
ва муайян карда мешавад.

Шахси бузург офаридаи халқ аст. Бинобар ин ба бузургию
хирадмандии ҳар як шахси таърихй танҳо худи халқ баҳои ҳақ-
қонӣ дода метавонад.

Соли равон ба зодрӯзи шоиру ҳофизи мумтози мардумй Сай-
далӣ Вализода 91 сол пур шуд. Агар марги беамон ӯро барма-
хал аз ҳаёт намебурд, то ба ин рӯз ӯ корҳои знёди тамому но-
тамомн худро ба сомон мерасонд ва ба халқи кишвари худ боз
ҳам хизмати шоистаю пурарзише мекард. Вале афсӯс, сад аф-
сӯс аз дасти марги беамон! 13ализода ягон Мадраса ва ягон уни-
верситета махсусеро хатм накарда буд, вале мактаби ҳаёт, мак-
таби мардуми кӯҳистони азияткашидааш ва истеъдоди худодо-
ду модарзодияш ӯро бузургу доною хирадманд сохт. Ӯ бо ақлу
фаросат ва саъю кӯшишу меҳнати зиёд хату савод баровард ва

87
дар майдони шеъру суруди ҳофизй то ба вопасин рузҳои ҳаё-
таш ҷавлон кард. Ӯ тамоми, нозукиҳои санъату адабиёту зисту
зиндагии халқн меҳнатиро ришта ба ришта омӯхта буд ва хеле
хуб медонист. Дар зиндагӣ шоирон, ҳофизон ва ромишгарон
бисёранд, вале на ҳамаи онҳо ба дилу дидаи мардум ба тези
ҷой мегиранд ва бо эҳтирому эътибори он лоиқ мегарданд.

Вализода ҳам шеьр менавишту ҳам шеър мехонд ва ҳам
мусиқй менавохт. Ана, ҳамин ҳунарҳои волои ӯ буд, ки марду-
ми тоҷик ӯро ҳамчун мағзи нон, ҳамчун шоиру ҳофизи дуст-
доштаи худ иззату икром мекардаид. Дару дарвозаи мардум
ҳамеша ба рӯи ӯ боз буд ва дар ҳар як хонадони тоҷик меҳмо-
гни азизу олиқадр буд. Ӯ ба ҳар як хонае, ки меҳмон мешуд, ҳам-
роҳи ӯ ханда, ҳазлу мутоиба, созу суруд ва тамоми хушиҳои зин-
дагӣ меомад.

Ӯ, ки донандаи мумтози эҷодиёти даҳонақии мардумӣ буд,
шеъру суруди эҷодкардааш низ ҳамсадо, ҳамоҳанг, ҳамрадифу
ҳамтану ҳамҷони ин адабиёти бою куҳна буд. Ҳар як шеъру
суруду таронаҳои ифшокардаи вай чу нури сафо ба ҳар хонадо-
ни тоҷик ба тезӣ роҳ меёфг ва ҳамсозу ҳамрози халқ мегашт.

Ӯ ба ҳар хонадоне, ки барои дидорбинӣ мерафт, баъди ҳолу
аҳволпурсй, ҳазлу шӯхӣ дуторро, ки зеби ҳар як хонаи тоҷик
аст, ба даст шрифта оҳангеро, сурудеро замзама мекард ва ба
дилхо шодию сурур меовард. Ҳақиқатан, Вализода ҳофизу ро-
мишгари мумтоз буд. Адабиёти классикнро хеле хуб медонист.
Хусусан, шеърҳои баландмазмуни шоирони классик Хоҷа Ҳофи-
зи Шерозӣ, Шайх Саъдй, Ҳаким Саной, Ҷалолиддини, Руми,
Ҳоҷй Ҳусайни Кангуртӣ ва дигарҳоро бо маҳорату санъати хо-
са мехонд. Бузургии ӯ пеш аз ҳама дар он зоҳир мегашт, ки у
аксарияти зиёди оҳангҳою игеърҳои классикиро бо думбраи од-
дии тоҷикй менавохт ва месуруд. Ҳофизи хушсалиқа аксарияти
навоҳои беҳтарини халқиро бо камоли маҳорати ромишгари иҷ-
ро мекард. Хусусан ӯ оҳангҳои дилошӯби ромишгару ҳофизи
машҳури Хатлон Карими Шишро бо як маҳорату санъати ба-
ланд иҷро мекард ва аз ӯҳдааш хеле ба хуби мебаромад. Вали-
зода каду қомату чуссан бузургонае дошт. Синну солаш ба ҷое
расида бошад ҳам, қоматаш хам набуд. Сарулибоси тару тоза,
сару риши ба тозагӣ тарошида ва мӯйлаби паст қайчизадаю шир
барин сап-сафед ӯро боз ҳам марди ботадбиру хирадманд ни-
шон медод. Бо ин ҳама бузургӣ Вализода хислати ба худ хосе
дошт. Ӯ худро ҳеҷ гоҳ ноҳинҷору малул хис намекард. Ҳамеша
лабони ӯ майли табассум ва хандаи беозор буд. Ӯ ҳамеша дар
ҳалқаи ёру дӯстон буд ва лаҳзае умри худро бе ёру дустон на-
мегузаронид. Ҳар як дақикаи зиндагқро фонда мебурд: шеъре
менавишт, суруде мехонд ва ё навоеро бо табъи чоқ замзама
мекард. Вализода шоири ниҳоят ҳасос ва соҳиби истеъдоди мо-

88
дарзодии баланд буд. Ӯ кариб ба ҳамаи шохаҳои зиндагй ва:
ба ҳама жанрҳои адабй даст задааст ва аз уҳдаи он ба хуби
баромада тавонистааст Дар адабиёти баъдиинқилобии тоҷик
аввалин шахсе, ки ба офаридани образа абадзиндаи доҳии про-
летари ҷаҳони В. И. Ленин даст задааст, ин Сандали Вализода
буд. Вай соли 1922 дар шеъри «Ленин—бародар, раҳнамо» бо
равняй халкй хеле соддаю равон, вале ниҳоят ҷозибаноку му-
каммал образи доҳиро офарида тавонистааст.

Вализода шоири ниҳоят нозукбаену ҳамаҷониба буд. Ва
дар тамоми мавзӯъҳои мухталифи зиндагн дар тамоми рукн-
ҳои он васфи доҳӣ, Октябри, Кабир, Давлати Совети’ “

мунистй Сарбозони инкилоби, васфи меҳнат, гулдухтарони пах
та кор у пахтачин, пиллакаш, васфи гулу баҳори кишвараш шеър
гуфтааст. Хусусан бо ҳаҷви тезу нишонраси худ ҳасудон, пора-
хурон, ҳатулкорон, фиребгарону ҳаннотонро мазаммат карда-

аСТВализода дар эҷод кардани бадеҳа ва сурудҳои ҳаҷвй санъа-
ту маҳорати хосае дошт. Ҳамеша тири у ба нишон мерасид.
Майнӯшону қиморбозони хонабезор ҳадафи тири ҳаҷву мут
боти у мегаштанд. Масалан, дар шеъри «Ваи ки бошад.» мар-
ди майнӯшу қиморбозро бо образу ибораҳои муъҷази халқи
хеле санъаткорона ба қалам додааст:

— Вай кй бошад дар чукурчо чун барак,

— Вай касе, ки беш менӯшад арак.

— Вай кй бошад мефурӯшад шонаро,

— Вай касе, ки дар кимор зад хонаро.

Щоир дар кушода фош кардани нуқсонҳои роҳбарони соҳаи
чорводорй маҳорати хосае дошта, аз номи чорвоени Ф^ма му-
дип ва роҳбарони дигари онро хеле шоирона мазаммат меку-
над Махсусан, вай дар шеъри ҳаҷвии «Ғазаби модагови ферма»
аз номи модагови ба газаб омада чунин менависад:

Мудир бахчи, ки мо ин чо ба афғонем,

ту механди-

Гурусна интизори коҳи каҳдонем,

ту механдй-

Аз он вакте ки дар колхоз гардидй мудири мо,

Ба худ мо марсияи ин ҷо ҳамхонем,

ту механдй.

ӯ буГ Вайааз°хаРрИ яГ^еЙр^вй^а^уваффа^шт мХлид, ба

89
хазон рафта, одамони ҳанноту фиребгару мансабдоронк мағ-
руру ҳатулкор дили шоирро ба риқъат меовард ва барон ис-
лоҳи ин норасогиҳон зишт ба камоли ҳнссу эҳсоси шоирӣ ка-
мар мебаст.

Саидалӣ Вализода ёру дӯстони зиёде дошт ва дар ин ҷода
ҳамто надошт. Ӯ дӯсти беғаразу софдилс буд. Дарҳақиқат дӯс-
ти холис буд ва пулу молро намепарастид. У аз май ка-
риб 30 сол калонтар буд, вале моро кадом риштае, иқдоме, хис-
лате дӯсти покдилу поктинат сохт ва ин дӯстии мо то ба рӯзи
вопасини умраш идома ёфт. Мо солҳои зиёде бо ҳам рафтуомад
доштем, сӯҳбату шабнишиниҳои хосае меоростем, дар боби зин-
дагӣ ва шеъру шоирӣ чақ-чақ мекардем, маслиҳату машварат
мекардем. Дар ин қадар солҳои тӯлонии дӯстию бародарӣ ман
аз марди хирад бисёр чизҳоро омӯхтам, бо тақдиру зиндагии
ӯ аз наздик шинос шудам. Аз ин рӯ, мехоҳам, ки оиди ин бузур-
гӣ якчанд лаҳзаи хуши ҳаёти ин марди наҷибро ба хотир овар-
да, хотири ёру дӯстон ва ҳамдиёрони азизи ӯро шод гардонам.

Соли 1954 буд. Он солҳо ман котиби комитета, комсомоли
вилоят будам. Дар яке аз рӯзҳои фасли баҳорй ману инвалида
Ҷанги Бузургй Ватанй Солкев бегоҳӣ аз маҷлиси бюрои ҳизби
шаҳр баромада дар хиёбони ба номи Ленин сӯҳбаткунон мераф-
тем. Аз пеш дар рӯ ба рӯи мо бардам — бардам қадам монда
Вализода меомад. Баъди вохӯрӣ ва салому алейк он кас пур-
сиданд:

— Аз куҷоҳо ба куҷоҳо, йигитҳо? Ин қадар хастаю шалпар
менамоед? Ҳамроҳи ман, ки марди хело ботамкину сухандон
буд, гуфт: Домуллоҷон, мо ҳозиракак баъди зиёда аз ду соат
маҷлисбозй ба кӯча баромада сӯи хонаҳоямон рафта истодаем.
Одати устод он буд, ки суханро санҷидаю ботамкин ва бо мулои-
мату ширадор карда бо ҳазлу шӯхӣ мегуфтанд. Дӯсти ман кунҷ-
ковй карда пурсиданд: домулло (баъзан уро бо ин ном муро-
ҷиат мекардем) мо — ку аз маҷлис баромадем, чаро шумо дар
ин бегоҳӣ сарсону саргардонед? Устод табассуми зебое карда
гуфт: роста ran, кампир (завҷаашро гоҳҳо чунин меномид) ин
бегоҳй ош пухтааст, вале дар хона ман танҳо будам, дилам ба
танҳо ошхӯрдан накашид, бинобар ин дар суроғи ошхур ба ку-
ча баромадам. Худоро шукр, шуморо ёфтам, дигар дар ошхури
танҳоӣ намекашам ва иштиҳоям пайдо мешавад. Ба фикрам,
шиками шумо ҳам аз маҷлисбозиҳон бисёр ба нағоранавози да-
ромада истода буд. Мо аз суханони устод як шикамсери ханди-
да сӯи хонаи ӯ (он вақт дар хонаҳои кӯҳнасохти назарногире
зиндагонй мекард) раҳсипор шудем. Ба ҳавлӣ расидан замон:
«Занак, ҳо занак»,—гӯён овоз доданд. Завҷаи меҳрубонага аз
хона баромада: «Ҳа ман ин чо»,—гуфта овоз дод.^ Вализода
дар ҳузури мо аз оилааш пурсид: «Занакҷон, ош тайёр шуд —

90
-ми?» Аз афти кор таъсири сухан ва шӯхиҳои шакарини устод.
ба аҳли оилааш асар гузошта будааст, ки ҳамсари устод баде~
ҳатан: «Охир, домулло гӯшту биринҷу равған набуд, аз кучр
ош мешавад», *—гуфта монд. Ману рафикам ба ҳайрат монда
гумон кардем, ки ин шӯхии навбатии устод аст. Баъд аз чанд
сония моро ба ҳучра таклиф карданд. Дохили меҳмонхонаи ба
тозагй рӯфташудаю кӯрпачаҳои напа-нав густурдашуда шудем.
Фурсате нагузашта писари устод Саидалй обдаста гирйфта до-
хили ҳуҷра гардид ва мо даст шустем. Баъди якчанд дакика
кампири устод лаълии пур аз оши сергӯшту равғанй думба во-
риди ҳуҷра шуд. Ману дӯстам дар ҳайрат монда чизеро сарфаҳм
намерафтем. Мо ҳар се оши бомаззаро бо иштиҳои том мехӯр-
дем, вале ҳамроҳи май Солиев (ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд)
ҳар замой хира-хира месулфиданд. Устод, ки марди рамузфаҳм
буд, фаҳмид, ки дили меҳмон чизе мехоҳад. Устод бадеҳатан
халқӣ карда чунин гуфт: «Баъзе ёбуро код андозй, боз кур-кур
карда ҷав мехоҳад. Охир ҷав набошад, чиро наздат гузорам»,
—гуфту аз таги кат шишаи конякро бароварда мана нӯши ҷон
кунетон, гуфту қоҳ-қоҳ хандид.

Мо баъди хӯрокхӯрӣ чақ-чаки, зиёде карда ба ақлу хирад
ва заковати устод офарин хонда баромада рафтем.

Моҳи майи соли 1958 буд. Шаҳраки Восеъ идона зиннат
ёфта буд. Ҳама мунтазири рӯзи ид буданд. Устод одати хубе
доштанд, бештар рӯзҳои ид ба ноҳияи Восеъ меомаданд. Мис-
ли ҳарвақта устод рӯзи иди 1- Май пагоҳий барвақт ба хонаи
мо омад. Мо якҷоя наҳорй кардем. Он солҳо ман сарварй кол-
хози ба номи Томин будам. Баъд аз наҳорй ҳарду ба маркази
ноҳия омадем. Дар назди майдони ҷашнгирй бо дӯсти дигара-
мон Одина Остонаев вохӯрдем. Он солҳо Остонаев раиси прав-
ленияи колхози «Коммунизм» шуда кор мекарданд. (ҳоло он
кас дар қайди ҳаёт нестанд. Ёдашон ба хайр) Мо ҳар се дӯсто-
на гуфтугӯ карда хеле чак-чақу шӯхй кардем. Остонаев аслан
марди некдилу хуштабиате буд. Ӯ маро ба кунҷе даъват карда
гуфт: «Биёед, бо устод як шӯхии дӯстона мекунем, лекин ӯ ҳам
як шикамсерӣ хандаду ҳам фаҳмад, ки мо ҳам ҳазлу шӯхиро
медонем».

Мо нақшаи ҳазлро кашидем, ки чунин буд. Гӯё дӯсти ниҳоят
наздику гиромии мо дар шаҳри Кӯлоб тӯи дабдабаноке таш-
кил карда бошаду ману Остонаевро таклиф кардааст ва агар
ба хотири он кас ба тӯй наравем, ӯ албатта, хафа мешудааст.
Бо ҳамин фикр мо андешаи худро ба устод фаҳмондем, азбаски
мо фикрамонро хеле ботамкину ҷиддй гуфта будем, он кас бе
дудилагй розй шуданд. Боз илова кардем, ки як сари кадам раф-
та боз гашта давоми тӯйро дар хонаи ҳар дуй мо идома меди-
ҳем. Ҳар се хушҳолона ба тарафи шаҳр раҳсипор гаштем. Ҳан-

91
гоми сафар ҳазлу шӯхиҳои, намакини устод ба авҷи аъло мера-
сид, ҳама шоду мамнун будем. Кай ба шаҳр расиданамонро на-
фаҳмида мондем. Як вақт бинем, мошин моро ба назди шӯъ-
баи алоқаи вилоят (ҳоло дар он ҷо идораи Кумитаи ҳизбии ви-
лоят сохта шудааст) расонидааст. Аз ин идора то хонаи устод
ҳамагй 100—150 қадам роҳ монда буд, ки он кас аз ҳиллаи боф-
таи мо огоҳ шуда, мошинро манъ карда гуфт: «Эй шумо, шан-
тонбачаҳо, аздусар ба хонан ман меравед, истед ягон балою
батар гирем, ки дар хона чизе нест». Ҳама бо завқ хандидему
дар як лаҳза ба ҳавлии дӯстамон расидем. Мо ҳар се тамоми як
рӯзи иди майро бо ҳазлу шухй, бо шеъру суруд ва мусиқӣ гуза-
ронидем, ки яке аз беҳтарин рӯзҳои умри мо буд.

Устод мардн фурӯтан ва шикастанафс буд. Бо он қадар об-
рӯю эътибори дар назди халқ доштан зиндагии фақирона ва бе
дашамат ба cap мебурданд. Ҳаққи каламу маблағи ночизе, ки
аз чопи китобҳояш мегирифт, базӯр ба ризқу рӯзии фарзандо-
наш мерасид. То солҳои охир ҷои дурусте ҳам надошт, мошини
дабдабанок он тараф истад.

Рӯзе пагоҳии барвақт аз беруни ҳавлии мо овози садои, ба-
ланди мошин шунида шуд. Ман тозон беруни дарвоза барома-
дам, устод маро дида аз мошин фурӯд омаду бо ваҷоҳати баҳо-
дуронаю қади қомати ҷавонмардона, бо табассуми ширини ҳа-
мешагй бо тантана гуфт: «Метавонӣ, маро бо ин маркаби оҳа-
нин табрик бнгӯӣ. Акнун тезтар ширинкоронаро барор, аз им-
рӯз эътиборан метавонй маро хабаргирй наравй. Акнун мошин-
дор шудем, чй кадар хоҳй омада худам туро хабар гирифта ме-
равам». Аҳлн оила ва ману устод дар беруни дарвоза аз ■■
х,азли намакини ӯ хандида завқ бурдем.

Сайдалй Вализода дар зиндагй ёру дустони зиёде аз байн*
ҷавонони соҳибзавк ва пирони ҳунарманд дошт. У ҳамеша
дар иҳотаи ёру дӯстон буд. Вализода, хусусан, муйсафедонн
хуштабиату меҳна гқаринро дӯст медошт.

Дар байни деҳаҳои Тугараку Лархобӣ қад-кади дарёчаи сиё-
ҳоб теппачае бо дасти табиат сохта шудааст. Дар қисми тимо-
лу шарқии, ҳамин кӯҳтеппа (ин теппача асосан аз кум иборат
буд.) замини полез доман паҳн кардааст. Деҳқони тахминан
50—55-сола Бобои Чилла дар белой ин қумтуппа хона сохта, ҳар
сол дар заминҳон атрофи он ин марди меҳнати барои колхоз
зироатҳои полезй—харбуза, тарбуз, қаду ва дигар чизҳо кишт
мекарду ҳосили фаровон мегирифт. Ин мард дар хушдилию хо-
зирҷавобӣ ҳамто надошт, бинобар ин солҳои зиёде бо Вализо-
даю ман дӯстию бародарй дошт.

Соли 1956 буд. Он солҳо ман донишҷӯи, институти омӯзгории
шаҳри Кӯлоб будам ва ҳангоми таътил ба зодгоҳам—деҳаи Ту-
гарак омада будам. Тахминан 15—20 моҳи июл буд, Вализода

92
ба хонаи мо омад. Мо ҳарду то қарибиҳои бегоҳй сӯҳбати хоса
ва чақ-чақ кардем. Сони устод таклиф карданд, ки қарибих,он
бегоҳй хонаи бобои Чилла дидорбинй бақонаю харбузахури
меравем.

Хонаи бобои Чилла аз хонаи мо тахминан 700—800 метр
дурй дошт. Мо ҳарду пои пиёда ба сӯи хонаи дустамон раҳсипор
гаштем. Азбаскн хонаи бобои Чилла дар баланди буд, моро аз
дур дида шинохтааст. Ба хушбахтии мо кампири дустамон осе-
бе надида буд ва бо амри тасоддуф аз ҷой хеста тарафи мо омад.
Хӯҷаин низ, ки тарафи мо меомад, аз ин ҳол моту ҳайрон шуДа
буд. Соҳибхонаро дида Вализода бадеҳатан «нагуфта будам,
агар ин шавҳари хуб мешуд, ба ту мерасид?» Чӯра пойҳои чой-
лобро дар қумй холй сихонда, қасди ҷони туро карда будааст».
Мо ҳар се дӯстона хандидем. То бевақтии шаб он чо нишаста
дарбузахӯрию чак-чақи хушҳолонаю самими оростем. Чунин шаб-
нишинии холисонаю озода аз хогири шахе як умр намеравад.

Чи хеле ки дар боло ишора рафт, Вализода ромишгари хеле
бомаҳорат ва навозандаи дутору думбра буданд ва бо ин ду ас-
боби мусиқӣ бисер навоҳои халқию классикиро навохта мета-
вонистанд. Маи мусикиро хеле дӯст медорам, мефаҳмам, вале
навохта наметавонам ва дар хона хам дутор надоштам. Ҳар бо-
ре, ки Вализода меҳмони хонаи мо мегашт, май рафта дутори рай-
ей Қаландарро гирифта меовардам. Дар навбати худ раиси Қа-
ландар ҳам дӯсти мо буд. Мо ҳар се дар хучраи май чамъ мешу-
дем. Баъд аз чак-чақу хӯрдухӯрок Вализода дуторро мегирифту
то нисфи шаб овози хушу савти сози уро гуш мекардему лаззат
мебурдем.
САНГАҲМАД ДАМИНОВ
ДАР СӮҲБАТИ УСТОД

I;

Дар ҳаёт шахсиятҳои бузурге ҳастанд, ки бо сехри сухак
дар дилҳо ҷо мегиранд, аз дил ба диле ршлтаҳои муҳаббат ме-
пайванданд, ҳар сухани онҳо панд ва мактаби одаму одамга-
рист. Мо аминем, чунин одамон то даме, ки одаму сухан, базму
сӯҳбат боқист, ном ва нақлу ривоятҳои онҳо ҷовидон хоҳад монд.

Шодравон Саидалӣ Вализода аз зумраи. ҳамин гуна шоирон
буд, ки ҳам бо шеър ва ҳам бо аскияҳои худ, дили мардумро
об мекард. Аз рӯзи вафоти ӯ 20 сол гузашта бошад хам, номи
ӯ дар байни мардум зиндаю ҷовид аст.

Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ншк,

Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо.

Ва инак, мо чанд хотираро барои шодии рӯҳи ӯстод пеш-
каши Шумо мекунем.

ВОХӮРЙ ДАР ХОНАИ ҲАМСОЯ

Ман Сандалӣ Вализодаро бори аввал моҳи октябри соли 1963
дар хонаи хамсояамон Азизбек Исмоилов, ки аз солҳои панҷо-
ҳум бо Саидалй Вализода аҳди дӯстӣ баста будааст, дида ҳам-
сӯҳбат шудам. Ҳамин ки ба ин хона омадани Вализода,ро ҳам-
сояҳо диданд, яке паси дигар вориди ҳамон ҳавлӣ шуданд ва ак-
сар занон аз устод шармида рӯи худро пӯшида нишастанд.

Устод табассуме карда гуфтанд:

— Аҷабо, шумо маро тамошо мекунеду мо аз тамошои шума
маҳрум.

Баъди ин занон як — як рӯи худро кушода ба сӯҳбат ҳамрох;
шуданд.

Азизам, ба кас ошноӣ макун:

Агар кардй, бевафой макун,

Ба ҳар кас, ки лофи муҳаббат задй,

Ки то зиндай з-ӯ чудой макун.

94
— Ман бо Исмоилов Азизбек 13 сол пеш аҳди дӯстй баста
будам ва имрӯз шунидам, ки ин кас аз Даштичум ба Кӯлоб кӯ-
чида омадааст, ба зиёраташ омадам, — гуфт Вализода. Сипае,
устод нақл кард, ки одам бояд дӯстро қамеша аз байни сад мард
чудо карда гқрад ва домонн дӯсти хубро набояд cap диҳад.

Ба хоҳиши аҳлн сӯҳбат он рӯз устод шеърро дар бораи шар-
ҳи ҳоли зангириаш, ки матлааш ин буд, хонд:

Маро дар чавонй зане дод амак,

Зани додагиаш зи карбостанак.

Ба гоҳй хамир карданаш он занак,

Як ҳис орд медохту се х,ис намак.

Ана дар ҳамин сӯҳбат мо бо Вализода аҳДи Дӯстӣ бастем
ва он кас гуфтанд, ки муаллими, хуб будан ва яке аз писарҳоям-
ро барои хондан ба мактаб (он вақт ман ҷонишини директори
мактаби № 6, шаҳри Кӯлоб будам) меорам.

Баъди чанде устод Вализода яке аз писарашро, ки Аваз ном
дошт (ҳоло муаллими фанни. забони англией) барон таҳсил ба
синфи IX мактаби № 6 овард, ки ин сабабн тез-тез вохӯрии мо
бо Вализода гардид.

ПИСАРИ ХУСУРБУРДААМ ЯК ШОМАК ДОРАД

У боре ба мактаб омад ва он гоҳ ман вазифаи директориро
муваққатан иҷро мекардам ва ӯро дар идораи директор пеш-
воз гирифтам.

У ин дафъа нақли аҷибе кард.

— Марди деҳотие буд, — оғоз кард устод, — он мард ҳар
бегоҳ аз роҳи пода баромада, бо подабон ҷангу ҷанҷол ва муно-
к,иша мекард, ки подаро нағз намечаронй, нағз нигоҳ наме-
кунй ва ман аз подабонии ту розй нестам.

Подабон, ки бисёр шахеи ҳалим буд, бо илтиҷо ба ин мард
рӯ оварда гуфт;

— Бузу гусфандатро ба ман нишон деҳ, онҳоро ман алоҳи-
да мечаронам.

— Ман бузу гӯсфанд надорам, танҳо писари хусурбурдаам
як шомак дорад, — гуфт он марди ҷанҷолӣ.

Баъди ин устод остини ҷомаи бекасаби сабзашро, ки ба тани
ӯ хело шинам буд, ба даҳонаш наздик карда, қоҳ—қоҳ хан-
дида, сипас оиди рафъи камбудиҳои мактабу соҳаи таълим ба
мо маслиҳатҳо доданд.

«АГАР МУРДАН МАРО ИН ТАВР ЗЕБ МЕДОД»

Мо омӯзгоронн мактаби jNb6 Вализодаро ба депутатии Совети
шаҳрӣ номзад пешбарй кардем ва дар арафаи интихоб дар якчоя-
гй бо дигар номзадҳо Қурбонов Ш., Шифоев К., (чонишинони

95
онвақтаи раиси комиҷроияи Совети шаҳри Кулоб) вохурй бо
интихобкунандагон ташкил шуд. Ман, ки раисн участкаи. инти-
хоботӣ будам, аввал ҷонишинони комиҷроияро шинос карда,
сипас гуфтам, ки нмсол мо шоду мамнун ҳастем, ки шон-
ри халқ, шахси ба ҳама маҳбуб, як марди вали (халқи тоҷик
а слан шоиронро валлиюло ё худ одами назаркардаро мегуянд)
номзад ба депутата пешниҳод шудааст.

Аз зал садои «Вализода, Вализода» баланд шуд ва ҳама аз
ҷой хеста, қарсак заданд. Вализода ҳам аз мардум ва ҳам аз
маҷлисбарии ман хело шод шуд. Аз рӯи маслиҳат баъди воху-
рй мо дар хонаи шодравон Қувватали Олим, ки он вақт ранен ко-
митета маҳаллаи мо буд, ҷамъ омадем, то ки фақат Вализода
суруд хонаДу мо лаззати бадей барем. Аз руи таклифи Қувва-
тов Вализода бо дутори пардагӣ, ки онро устод ҳеле хуб мена-
вохт, сурудеро, ки чунин оғоз меёфт, хеле дилчасп замзама кард;

Ғофил манишин бин, ки азизон қама рафтанд,
Аз дори фано силсиладорон ҳама рафтанд.

Дарёб чй Ҷамшед, Сулаймон ҳама рафтанд.

Ковусу Каю кайсару шоҳон хама рафтанд.
Пайтамбари мо, чумла имомон ҳама рафтаьд:

Ин шеърро тамом накарда, каме рангаш тағйир ёфт. Бо
мӯйсафеди паҳлӯяш, ки. ҳангоми шеърхонии устод диққат наме-
дод ва ran мезад, нигоҳи маънидоронае карда гуфт;

— Илтимос, як лаҳза чашмонатонро пушида каме хумор

кунед. ,

Он кас ба моҳияти гапи шоир сарфаҳм нарафта, чашмонаш-

ро пӯшида хумор кард. Устод Вализода чеҳраи уро бо тамасхур

нигоҳ карда, чунин лутф карданд;

— Агар мурдан маро ҳамин тавр зеб диҳад, ман ҳозир ме-

М^*Аҳли сӯҳбат ба ҳозирҷавобию андешамандии ӯ офарин гуф-
танд.

МАЙЛАШ ХӮРОКАШРО ХӮРДА БИЁЯД.

Боре шунидам, ки Вализода бистарӣ шудааст. Ҳамроҳи муал-
лнм Саидов Шариф савғое чанд гирифтем, тахминан соатҳои
8 бегоҳ ба зиёрати устод рафтем. Устод Вализода аз ташрифи
мо хело шод шуданд. Ҳамсарашон қамроҳи маро хело аҳвол-
пурсй карданду вале маро чизе напурсиданд. Ман хеле ҳиҷо-
лат кашидам ва Саидали Вализода бе ягон андеша.

I

96
— Шумо хафа нашавед: Азбаски Директора мактаби

шумо зан ҳасту он зан ба ман никоҳрас, аз ин сабаб зани ман
ба шумо бахилй дорад, —гӯён хандаи бардавом карданд. ,

Сӯҳбат бо Вализода хеле хуб тафсид. Он кас аз ҳамсара-
шон пурсиданд, ки хӯрок ҳаст ё не. Маълум шуд, ки хурок буда-
аст. Устод гуфтанд, ки чандест хӯроки бе Ашӯр ошам намеша-
вад, вале ба ҳар ҳол занг занед, ки хӯрокашро дар хонааш хур-
да биёяд.

Баъди чунин суханон мо ҳис кардем, ки намак, таом ва иш-
тиҳои шоирон ҳазлу шӯхй будааст. Аз байн андак вақт нагу-
защта буд, ки Ашӯр Сафар омаданд ва Вализода ӯро барои дер
омаданаш каме сарзаниш карданд. Ашӯр Сафар бошад «Дар
хӯрокхӯрӣ дер кардам»—гӯён, дасти устодро гирифта, барда-
вом фишурда қоҳ-қоҳ хандида, сипас ӯро ба оғуш кашид. ;

«ГРАФИК»-ро ХУДАМ ТАРТИБ МЕДИХДМ».

Сайдалӣ Вализодаро ҳамеша чун меҳмони фахрӣ ба тӯйҳо даъ-
ват мекарданд. Ба маврид аст бигӯям, ки то кунун касеро на-
дидам, ки пирй ва либос ӯро чун Вализода зеб дода бошад.

Тоқии чоргулаи ҷӯстӣ, ҷомаи беқасаб, мӯйлабҳои кӯтоҳи
сап-сафед ба ӯ чунон шинам буданд, ки кас аз тамошои он серй
надошт. Дар кадом мизе, ки менишаст, ҳама дар тамошои ӯ ва
интизори суханронии ӯ будаанд.

Боре дар тӯи Сарахонамак, ки Саломатбону ном духтараш-
ро ба шавҳар медод, ба устод Вализода сухан доданд. Нақл
кард, ки як дӯсти Душанбегиаш аз Ургути вилояти Фарғона чи-
зи бисёре дода, келин меорад, то ки пиру кампир, ки аз 70 боло
буданд, андаке давлати пирй ронанд. Аммо, чуноне ки рӯзи
дуюмаш келин изҳор кардааст, вай аз рӯи, график кору хоб ме-
кардааст, ӯсмаю сурма мекашидааст, магнитафон гуш мекарда-
аст...

Ҳафтаю моҳҳо мегузаранд, келин ягон кори хонаро наме-
кунад ва «график»-и аз хонаи падар мерос овардаро пурра риоя
мекунаду халос. Чолу кампир аз рӯи маслиҳати пешакй паго-
ҳии рӯзи дигар барои рӯбучини ҳавлӣ дар болои ҷоруб даъво
карда, яке «ман ҳавлиро мерӯбам», дигаре «не ман мерубам,
савоб мегирам»,—гӯён ғавғо мекунанд.

Келинча, ки дар ин айём нав чашму қоши росташро бо як-
чанд ранг оро дода буд, ба болои ҷанҷол омада мегӯяд:

— Ой худаш чй ran, ман сабаби хархашаи шуморо хело нағз
фаҳмидам, модоме ки хонарӯбӣ савоб аст, «графикаш»-ро тар-
тиб медиҳам. Шумо онро «саблюдат» кунеду ба навбат ҳавлию
хона рӯбед.

7—2175

97
ХИЗМАТИ ГУЛНАЗАР
ЛАҚЗАҲОИ ГУВОРОИ ҲАЁТИ МАН

I ■■

I

Рузе падарам аз шаҳр ба хона баргашт, болои кате, ки дар
сояи зери дарахги тути калони ҳавлиамон гузошт.а шуда буд,
нишастанду маро, ки бо писарчаи ҳамсояамон дар як гӯшаи
ҳавлӣ машғули. бозй будам, ҷеғ зада гуфганд:

— Писарам, дуторчаатро оварда барои ман ягон ашӯла би-
хон, баъд ман ба ту як чизи бисёр қиматбаҳо медиҳам...

Ман бо шунидани «чизи қиматбаҳо» хурсанд шуда, зуд ду-
торчаамро овардаму болои кат баромада, рӯ ба рун падарам
нишастам ва онро навохта сурудеро хондам. Баъд падарам аз
зери болиште, ки такя намуда буданд, китобчаеро бароварда
гуфтанд.

— Ин китобча, писарам, бисёр қиматбаҳост, хонда аз бар
намо, то ки чун нависандаи он шеърдон шавй...

Ман «миннатдорй» карда, кнтобчаро аз дасти падарам қабул
намудам. Он китобча маҷмӯаи, «Шеърҳо ва таронаҳо»-и устод
Саидалй Вализода буд. Ана, аз ҳамон рӯзе, ки ман ҳамагӣ даҳ
сол доштам ва дар синфи се мехондам, бо ашъори равону ше-
вои устод Вализода шиносой пайдо намудам. Азбаски аз ёд на-
муда хондани шеърҳо нисбати синну солам ба ман мушкил ме-
намуд, дуторчаамро ба даст гирифта, аз рӯи китобчаам бо оҳан-
ги ба худам хоси кӯдакона замзама намуда мехондам.

Дар хотир дорам: рӯзе бобси Абдулло ном мӯйсафеди ҳам-
деҳаамон, ки мардум ӯро барои ҳунари хуби ошпазй доштана-
шон Абдуллой ошпаз низ ном мегирифтанд, падарамро ба хона-
ашон таклиф намуда, хоҳнш карданд, ки маро ҳам ҳамроҳа-
шон гиранд. Писарашон аз хизмати аскарй баргашта будааст.

Вақти рафтанашон ба хонаи бобои, Абдулло падарам таъ-
кид карданд, ки дутору китобчаамро бо худ тирам.

Моро дар даромадгоҳи ҳавлӣ бобои Абдулло пёшвоз гириф-
та, ба ҳуҷрае, ки меҳмонон нишаста буданд, бурданд. Вақте ки
ба назди меҳмонон даромадем, падарам салом доданд ва бо

98
мехмонон як-як вохӯрӣ намуданд ва мо ба яктарафи хона гу-
заштанишастем.

Баъди чанде мӯйсафеди нуронне, ки мӯйлаб ва риши кӯто-
ҳи гирд қайчизада. дошт, ба падарам ру оварда гуфт:

— Акай Гулназар чй мешавад, писаратон барон мо як—ду

ашӯла хонад? • д

Падарам узрхоҳона ба мӯйсафед рӯ оварда гуфтанд;

■ — Беҳурматӣ нашавад, магар, вақге ки шумо ин чо нишас-
таед? Ҳоло ин кӯдак аст. Аввало шумо як базм мекардед, хуб
мешуд;..'

Мӯйсафед табассум намуда, ба падарам гуфт:

— Ин тавр нагӯед, акай Гулназар, монед, хонад, як овозаш-
ро шунавем...

Баъдтар аз падарам пурсида фаҳмидам, ки ин мӯйсафеди
нуронц, овозхони шинохта Шарифи Набот будааст, Хуллас, ха-
ма меҳмонони дигари он чо нишастагй виз таклифи. мӯйсафед-
ро тарафдорй намуданд. Баъд ман китобчаро аз зери багалам
бароварда ба пешам кушода будам, ки хама меҳмонон хушҳа-
лона хандиданд, вале ман ба хандаи онхо ахамият надода, ду-
торчаамро навохта, ба сурудхонӣ шурӯъ намудам. Баъди су-
рудхониамро ба охир расонидан хамон мӯйсафеди нуронй:

— Офарин, офарин! Бисёр базми хуб кардй. Илоҳо умрат
дароз шавад, — гуфтанду дастонашро ба рӯяш бурда, дуо до-
данд. Падарам баъди чанде бо меҳмонон нишаста сӯҳбат кар-
дан майли хестан намуда, аз меҳмонон рухсат гирифтанд. Бо-
бои Абдулло , ки дар назди дар нишаста буданд, «холо каме
сабр кунед», гуфта, зуд аз ҷой хеста аз дар баромада рафтанд
ва баъди андаке дар дасташон як китоби калони муковааш
чарми сиёҳ доштаро ба падарам дода гуфтанд:

— Ин китобро ман бисёр солҳо нигоҳ доштам, акнун ба на-
бераам барои базму сурудҳои хубаш чун тӯҳфа мебахшам.

Падарам миннатдорй карда, китобро аз дасти бобои Абдул-
ло гирифта, ба ман доданд.

Он китоб маҷмӯаи шеърҳо ва таронаҳои халқии тоҷикӣ ба
номи «Музикаи тоҷикон» будааст. Ман дар дастам китобро дош-
та, дар дилам суханони падарамро такрор мекардам, ки дар ҳа-
қиқат ин китобчаи ман қиматбаҳо будааст, ки дар ивази хон-
дани шеърҳои вай боз соҳиби як китоби қиматбаҳои дигар шу-
дам. Ҳамин тавр, шеърҳои устод Саидалӣ Вализода руз аз руз
дар дили ман завқи шеър ва шеърхониро бедор менамуд. Тақ-
дир мададгор шуду соли 1956 ман бо худи устод аз наздик ши-
нос шудам. Он солҳо дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кулоб
донишомӯз будам. Дар яке аз рузҳои тобистони ҳамон сол хан-
гоми таътил маро ба идораи колхози ба номи Шаталов, ки де-
ҳаи мо низ ба ҳамин колхоз дохил мешуд, чег заданд. Дар идо-

99
-рай колхоз багайр аз май якчанд нафар ҷавонони дигар, 'ки
аз аъзоҳои дастаи хаваскорони санъати колхоз буданд, дамъ
омадем ва баъд маро ба кабинети корни раиси колхоз бурданд.
Дар кабинет» корни раиси колхоз Сафаралй Зарифов, ки мар-
дум ӯро барон табъи шоирй доштанаш раиси Зарифй меноми-
данд, устод Валнзода низ ҳозир буданд. Баъд раис ба мо маъ-
лум намуданд, ки «аз фардо шумо ҳамчун агитбригада бо сар-
-варии шоир ва ҳофизи халқй Саидалӣ Вализода ба сафари ҳу-
нарӣ меравед».

Ман аз шунидани ин суханон ниқоят хурсанд шудам.

Фардои. он рӯз мо ба сафар баромадем. Нақшаи сафари мо
аз ноҳияи Совет ибтидо гирифт. Нахуст барномаҳои худро аз
участкаҳо ва бригадаҳои ғаллакории болои кӯҳи намакӣ Сар1-
тез ибтидо намудем. Аз як участка ба дигар участка ва аз як
бригада ба дигар бригада пои пиёда рафта, дар бошишгоҳҳои
•сари замини ғаллакорон баромад намудем.

Ба ҳар як бригада ва ё участкае, ки мерафтем, аввал баро-
мадн устод дар назар дошта шуда буд. Устод дутори калони
дастааш пардабастаро ба даст гирнфта, дар назди кишоварзон
бо як маҳорати баланди ба худашон хос менавохтанд ва меса-
роиданд. Дар ҳар як баромадашои аввало аз ҳамон шеъри дӯст-
доштаи мардумӣ, ки ба калами худашон таалуқ дошт. «Ленин—
бародар, раҳнамо» шурӯъ менамуданд.

Гоҳо устод дар рафти шеърхониашон, азбаски тамошобино-
ни ӯзбекзабон нисбатан бештар буданд, ба шеърхонии «ширу
шакар» мегузаштанд. Дар хотир дорам, ки ин байта халқн:

Рафтй, нагуфтӣ, ман ёр дорам,

Дар шаҳри Кӯлоб ғамхор дорам. —

ро чунин қироат карданд:

Рафтй нагуфтӣ, мени ёрум бор,

Кӯлоб шарида, ёри чонум бор.

Ҳар як баромади устодро тамошобинон бо чапакзанию ҳур-
мату қадрдонӣ пазироӣ менамуданд.

Ope, ин лаҳзаҳо дар дили мо, шогирдон низ бузурги, хисла-
ту рафтори наҷибона ва дили саршори меҳру муҳаббат нисбат
ба халқу Ватан доштаи устодро боз ҳам аёнтар пайдо кунонд.

Шояд дар тобистон то чӣ андоза тафсидани ҳавои заминҳои
галлазори болои кӯҳи намаки Сартез ба бисёриҳо маълум бо-
шад.

Рузона ҳаво чунон метафсад, ки кас гумон мекард, аз замин
оташ мебарояд. Вале устод ба синну солашон нигоҳ накарда,
аз як бригада ба бригадаи дигар пиёда мерафтанд ва дар роҳ

100
<5о ҳазлу латифаҳои шакаринашон моро аз, мондашави гуё эмин
зяедоштанд. 1

Боре барои, баромади навбати ба бригадаи дигар мерафтем,
Дк ҷавони ҳамроҳамон аз гармии ҳаво шикоятомез гуфт^

* — Гӯё аз осмон оташ мерехта бошад, аз гармира сухтем.

Устод хандида гуфтанд:

— Парво накун, шогирд, мегуянд, ки одам дар зиндаги чи

цадаре, ки дар офтоб сӯзад, вуҷудаш ҳамон қадар тоҳир мешу-
дааст. _ ■

Баъд ба устод рӯ оварда гуфтам:

— Набошад мардуми ин ҷо ҳама тоҳир шуда будагистанд?

— Бале, шогирд, намебннед, ки тоҳир шуданашон дар сару
рӯяшон зоҳир шудааст, — шӯхӣ карданд устод.

Дар роҳ ҳамроҳи ҳамсафари дигарамон, ки номаш Сафар
•буд ,аз устод пурсидем, ки агар рози бошанд, аз ҳамин хонаи.
.дар канори роҳ воқеъбуда об пурсем.

Устод розй шуданд ва худашон низ ҳамроҳи мо рафтанд- Ҳа-
мин, ки дарро кушода вориди хона шудем, дар як гушаи хона
кампнри солхӯрдае нишаста буд. Устод ба кампир салом дода,
«об лозим» — гуфтанд, вале кампир ягон ҷавобе надода, ҳамоно
ба мо нигоҳ мекард. Маълум буд, ки ӯ забони тоҷикмро наме-
фаҳмад ё бо сабаби пиронсолй ҷиҳати шунавоияш сует шудааст.

Устод аз ин вазъият ба зудй пайбурдагй барин, ин рубоиро
■ба тарнқи ҳазл бо овози қадре баландтар хонданд:

Шаршарага су ичтим,

Шолипаяда тушдим.

Гурга мени такдирим,

Чӯпонбачага тушдим.

Тарчумаи таҳтулафзии ин рубой чунин аст;

Аз шаршара об хӯрдам,

Шолипоя хамбидам.

Дар гӯр рава такдирам,

Ба чӯпонбача афтидам.

Аз шунидани ин рубоӣ кампир табассуми хушҳолона наму-
да, «сӯ керак, сӯ керак», — гуфта бо дасташ ба сӯи машки оби
дар кунҷи хона хобида шпора намуд. Мо дар ивази як рубоии
хондаи устод об нӯшида, ташнагиамонро шикастем.

Рӯзи дигар дар ду мактаби маркази ноҳия, дар назди мак-
таббачагон ва бегоҳӣ дар клуби назди хонаи маданият баро-
мад намудем. Хуллас, баъди ду рузи дар ноҳияи Совет будан
тшяти. роҳ ба сӯи ноҳияи Ховалинг намудем.

Сарварони ноҳияи Совет пагоҳи барои мо як маркаб барои

101
бор кардани ҷомадонҳою асбобҳоямон ва як<аспи лоғари на-
мудаш сиёҳтоби баданаш ҷо-ҷо холҳои сафеддошта барон са-
воршавии устод оварданд. Ин ду намуДи, нақлиет бояд моро та
роҳи калони мошингарде, ки маркази вилоят—шаҳри Кӯлобра
бо ноҳияи Ховалинг мепайваст, расонда, ба қафо мегаштанд.

Ҳамин тавр, мо ҳамроҳи ҷавонмарде, ки ҳамчун роҳбалад.
ва соҳиби нақлиёти мо вазифадор шуда омада буд, ҷомадонҳо
ва асбобҳоямонро ба маркаб бор кардем. Ва устод норозиёна ба
аспи лоғар нигариста пеш аз савор шудан бадоҳатан чунин шеър>
хонданд:

Хай ёбуи зӯр будай,

Як чашмакуш кӯр будай.

Танаш пури нахш будай,

Ҷонвар ранги Рахш будай...

Дар вақти аз байни дараи Гилсой гузаштан дар байн чӯи.
начандон калоне ҷорй буд, ки аз сабаби шӯрй нӯшида наме-
шуд. Вале аҷибаш ин, ки дар чунин баландии кӯҳдара ҷӯйча
чунон аз моҳичаҳо пур буд, ки дар ҳолати шинокунй ба ҳам-
дигар монеъги мерасониданд. Агар сангчаеро ба оби ҷӯйча ҳаво
медодед, моҳичаҳо хӯсида, аз бесарусомонй ҳаракат кардани
онҳо гумон менамудед, ки оби ҷӯйча ба ҷӯш омада бошад.

Мо кунҷковй карда, аз устод пурсидем, ки чаро ин дараро
Гилсой номидаанд..

— Ин дара аз қадим Гилсой ном дорад, зеро хоки теппа-
ҳои атрофи он барон тайёр кардани гили кулолгарй сифати хуб
дошта, кулолгарони ноҳияҳои атроф аз хоки он бурда, ҳаргуна
зарфҳои кулолй месохтаанд, — гуфтанд устод:

Мо ҳар қадар, ки пеш мерафтем, ҳаво гуё муқобилият ни-
шон медода бошад, торафт тафсида нафасгириро танг мекард.
Атроф чунсн хомӯш буд, ки гӯё ҷонзоди дара ба ғайри чирчи-
ракҳо аз гармй тарсида, пинҳон шуда бошанд.

Гоҳ-гоҳ аз байни. гйёҳҳо ва парраҳои хушкидаи чоқлаю то-
ронҳо овози чирчиракҳо ва малахҳо аз ду тарафи дара хому-
широ халалдор менамуданд.

Маркаби боркашони мо, ки биниашро фирих-фирихкунон
афшонда, хомӯшакҳоро пеш намуда, вазнин-вазнин қадам пар-
тофта меомад, ногоҳ фукашро боло бардошта ва чунон ҳангоси'
дарозе кашид, ки гӯё дара ларзида акси садо дод. Устод ҳазло-
мезона гуфтанд:

— Парво накунед, шогирд, «ҳангихуча» мужда расонд, ки
то роҳи калон андаке мондааст.

«Муждаи ҳангихӯҷа» фол баромадагӣ барин баъди чанде мо
ба роҳи калони мошингард баромадем.

Дар канори рости роҳ яккачинори баланди. боҳашамате чу»
нозири роҳ қад афрохта буд.

102
Мо зери wit яккачинор гузашта бор.уоямонро аз маркаб фа-
роварда, то омадани ягон мошини роҳгузар дам гирифтанро
дистиёр намудем. Баъд ҷавонмарде, ки аз ноҳияи Совет ба мо
Чун роҳбалад шуда ом а Да буд, хайрухуш намуду ба асп савор
туда, маркабро пешандоз карда, ба ҳамон роҳи омадаамон бар-
гашт. Мо дар сояи салқини яккачинор аз сӯхбати устод лаззат
бурда, менишастем, ки марди аспсаворе аз гардиши роҳ баро-
•мада рост ба тарафи мо омад.

Чун ба назди мо расид, устодро шииохта, зуд аз болои, асп
фаромада, азвало бо он кас ва баъд бо мо ҳам вохӯрдӣ намуда,
ҳолу аҳвол пурсид.

— Сафар ба хайр бошад? Аз куҷо ин хел саргардон?

Устод ба мо лигоҳи маънидорона намуда, ба он мард фаҳ-

монданд, ки мошинамон моро то ҳамин чо оварду вайрон шуда
монд, дигар илоҷаш набуд, ба як мошини, роҳгузар баста ба
:қафо ба тарафи Кӯлоб фиристодем. Худамон бошем ин чо ни-
шаста интизори ягон мошини роҳгузарем, ки то ба Ховалинг
'биравем. . - ; -? .

— Илоҷе нест, ки имшаб дар Дектури мо меҳмон бишавен,
баъд саҳарӣ ба салқинӣ рухсат бтемтон, — гуфт марди омада-

I И. :: '

— Саломат бошед, акай Қурбоналй, агар насиб кашида бо-
шад, дар бозгашт умед аст, ки як хабар гирем, —гуфтанд устод
ва илова намуданд: — Ба қишлоқ рафтед, ба муаллими Дав-
рон ва Субҳони човандоз аз мо салом бирасонед.

•— Хуб, албатта, мерасонам, — гуфта мард ба аспаш савор
шуду аз роҳ баромада, ба тарафи дара фаромада аз назар гоиб
ШУД. та

Тақдир мададгор шудагй барин як мошини боркаш аз рохи
тарафи Кӯлоб омад ва шояд ронандааш сйфаракй будани Моро
фаҳмида мошинро дар наздамон боздошта ва бо овози баланд
.гуфт:

— Ба Ховалинг рафтанй бошед, савор шавед!

Устод дар кабинай мошин назди ронанда нишастанд. Мо бо-
шем, борҳоямонро ба согуи мошйн баровардем, худамон низ
баромада нишастем. Мошйн ғурросзанон ба ҳаракат даромада
ба сӯи зодгоҳи устод роҳ неш гирифт.

Бегоҳирӯзӣ мо ба маркази ноҳияи Ховалинг расидем. Аз
омадани устод мардум хабар ёфта, гӯё. ӯро солҳо боз надида
бошанд, хурду калон ба пешвозашон баромада, вохӯрӣ мена-
муданд ва бо чеҳраҳои кушода «хуш омадед» мегуфтанд.

Баъди ин вохӯрии самими моро ба меҳмонхоиаи маркази но-
хия бурда чо карданд ва устод бо ду марди хушсару либосп ба
мо ношииос ба кучое рафтанд. Аз фардо cap карда мо рӯзона
,дар клуби хонаи маданияти ноҳия бо дастаи ҳаваскорони санъа-

,103
ти он чо тайёри ди.да, бегоҳиҳо дар назди меҳнаткашон баромад

мёнамудем. . -

Дар ҳақиқат, баромадҳои устод дар назди тамОшобинон яке
аз дигараш фарқияти хосаё доштанд, ки гоҳ дар ҳавои оҳанг-
ҳои халқй ва гоҳе дар ҳйвои оҳангҳои классики ҳам менавох-
танду ҳам месаровданд.

Устод дар хондани шеърҳои «Анора овардам», «Сад доғй ту
дар ҷонам», «Сабзаке, дона — дона» дар равняй овозхони мар-
думӣ, шодравбн Шариф Ҷӯраев басо дилкаш месуруданд.

Лаҳзаеро ба хотир дорам, ки боре эълонкунанда маро ба
баромади навбатӣ ба саҳна даъват намуд, ки бояд шеъри «Дух-
тари балҷувонй»-и устодро мехондам. Ман тайёр шуда ба саҳна
баромаданӣ будам, ки таъкиди устод ба гушам расид:

— Шогирд, дар зол духтарони ховалингй нишастаанд.

Ин ишораи устодро зуд фаҳмидам ва сурудро ин тавр
хондем:

Эй ту, рафик» як назар,

Рангу рӯямро нигар.

Сӯхт моро дар гузар,

Духтари Ховалингй.

Якбора садои қарсаки тамошобинон баланд шуд. Ин вазъият-
ро устод тамошо карда, ба ман офарин хонда гуфтанд.

— Акнун шумо, шогирд, ба фаҳмиши як ишора расидаед.

Дар ҳақиқат устод чй дар ҳолати, тайёриҳо ва чи дар ҳола-

ти баромадҳоямон дар саҳна басо мушоҳидакорона назар аф-
канда, камбудию муваффақиятҳоямонро сари вақт ба мо ра-
сонда,ҳал менамуданд.

Мо баъди як ҳафтаи дар назди меҳнаткашони ноҳияи ло-
валинг баромад намудан ба тарафи мавзеи Шугнов раҳсилор
шудем ва он ҷо ҳам аз суханони ҳикматнок, аз хазлу шухи,
суруду навозишҳои устод ҷаҳон-ҷаҳон лаззат бурдем. Ман чу-
нин мешуморам, ки беҳтарин лаҳзаҳои умрам ҳамон лаҳзаҳои
ҳамсафарӣ бо устод буд. Аҷаб ода\ш маъракаорову базморо
буданд устод Вализода. Едашон ба хайр.
у

МУҲАММАД ҒОШЗ

БА ХОТИРИ ШОИР

Тобистони соли 1952, ҳамон вақт давраи ҷӯшу хурӯши ҷамъо-
варии ҳосили ғалладона буд, устод Саидали Вализода ба де-
ҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара меояд. Деҳқонон ин хабари хуш-
ро шунида, бисёр шод мешаванд. Зеро онҳо устодро ягон маро-
ти,ба дар деҳаи худ надида буданд. Ва роҳбарон талаб меку-
ванд, ки устодро ҳангоми хӯроки чошт ба фароғатгоҳашон бие-

РаННисфирӯзй шоир ба фароғатгоҳи дехконон ҳозир мешавад.
Саидалй Вализода сӯҳбатро аввал дар бораи кори пурзаҳмати
дехдонои, кадри нон ва азоби солҳои гуруснаги оғоз кар-
да сипас шеърҳои нави худро қироат менамояд.

Заҳматкашон аз сӯхбати ширину ҳазлҳои намакини шоир
куфти корро фаромӯш карда, худро дар дунеи фароғат меби-
нанд. Вохӯрӣ чунон шавковар мегузарад, ки. деҳқонон ҳатто ба
шабдарав розӣ шуданд.

Баъди рафтани шоир ҷавоне ба фароғатгох, омада мегуяд.

— Акаи Саидалй ҳайдаамро бидеҳ, дар хонаат меҳмони нав

ба дунё омад, писардор шудӣ. „„„„„„

— Муборак шавад, умри дароз бинад, — гуен деҳқонон да

ти Саидалии ҳамкорашонро мефишурданд.

Акаи Саидалӣ аз тавлид шудани фарзанди нахустин чунон
хурсанд мешавад, ки ҳатто чигуна пайтоба кардану муза пӯ-
шиданро намедонад ва саросема аз ҷо бархоста ба ҳамкорон ру

— Ин хам шарофати кадами неки Саидалй ВализоДа аст.

Ба бачаам Вализода ном мегузорам.

— Андак фикр кунед, акаи Саидалй Вализода ном нест, на-

саб аст, колабшиканй чӣ даркор?

— Бача бачаи ман аст. Метавонам ба хотири шоир ҳар Гу-
на колабро шиканам. Худам, ки Саидалй ном дорам, ба бачаам
Вализода ном мегузорам, мешавад Саидали Вализода-

105
— Акай Саидалй дар хонааш ба гапи касе гуш надода, 6а
писараш Вализода ном мегузорад.

Аз он тобистон 38 сол гузашт. Ҳоло Вализодаи Саидалй ба
касби ронандаги машғул буда, дар ҳамон деҳа зиндагӣ меку-
над.

Гоҳо ҳолдонҳо шӯхй карда, ба ӯ мегӯянд: — Падарат ба ту
Вализода ном гузошт, ба умеде, ки шоир шавй, ту шофир шудй.

— Х,ама шоир шуда наметавонад. Ман шоир нашуда бо-
шам ҳам, кӯшиш мекунам, ки бо меҳнати ҳалолу кирдори йе-
нам машҳур шавам. Ва номи шоирро доғдор накунам, — ме-
Гтуяд Вализодаи Данғарагй.



Г

• i
хол ислом

ч '

(Шоири халк)

„ - ■ . . •■■■.. ..'.'о ,*;г :: ' ■ :

УСТОДИ ДУТОРНАВОЗАМ

Устодам С айда л й Вализода дар дутор навохтан устухон на-
дошт, аҷаб мутриби хушнавое буд. Рӯҳаш шод бод! Ман ҳануз
солҳои бисту се—бисту чорум Саидалй Вализодаро ғоибона ме-
шинохтам. Вай он айём ҳамчун муаллифи шеър дар васфи Ле-
нин шӯҳрати беандоза дошт. Баъдтар чун ҳофиз машҳур шуд ва
дутор дар дастонаш гӯё бозк мекард. Во ӯ соли бисту ҳаштум
шинос шудам ва умре риштаи бародарй пайваста, роздон ва бор-
до ҳамсафараш будам. Вализода бо ҳуруфоти араби хондаву
навишта наметавонист. Факат лотиниро медонист. Бо ин алиф-
бо шеър эҷод мекард ва сабки хоса дошт. Ашъорашро ба алиф-
бои лотинй ба ҷуз ҳамсару фарзандон каси дигар хонда наме-
тавонист ва баъдтар ман «услуб»-ашро ёд гирифтам. Гуё шоири
модарзод буд, бадеҳатан шеър мегуфт ва банда онро менавиш-
там. Марди гармрӯи меҳмондӯст, рафиқи мушфик буд, ба ҳар
кас ба мисли бародар сӯҳбат мекард; кувваи ҳофизаи мустаҳ-
кам дошт ва бағоят зарифу шӯх буд. Боре ба хонааш рафта, бе
так-так дари ҳуҷраашро кушодам. Дар хона аз Душанбе чанд
нафар меҳмон ва дар рӯи дастурхон табаки оши палав буд ва
устод гушт пора мекард. У маро дида бадеҳатан гуфт;

Ту расида омадй дар вақти хӯрдан,

Typo беҳтар ҳамин буд зуд мӯрдан.

Ман ҳам дарҳол ҷавоб додам:

Нафаҳмидам, бародар, хӯрдаиатро,

Шунидам овозаи мӯрданатро.

Устод ва ҳозирон бо завқ хандида, маро ба сари дастурхон
даъват намуданд. Як рӯз аспи зебои овозадори як раис гум
шуд ва ҳамрохи устод сй шабонаруз сарсону саргардон^ шуда,
оқибат онро аз Сарой Камар (Панч) ёфтем ва баъд се рузи ди-

10Т
rap дар ҳавлии Саидалй Вализода мондам. Завҷааш се шсж
шӯрбо пухт. Ба устод гуфтам, ки ба янгаи меҳрубон гӯй, ақал-
лан як бегоҳ оши палав пазад. «Ошатро медиҳаму ҷумъагиат-
ро не. Бигзор, хешонат оши ҷумъагй диҳанд» — бо зарофат гуфт
Вализода. Зарбулмасале ҳаст: «Зарофат оташафрӯзи ҷудоист»,
яъне шӯхии аз ҳад зиёд боиси дилсардӣ ва ҷудой мешаванд, Ле-
нин аз зарофату ҳозирҷавобии Сайдалй Вализода нафаре наме-
ранҷад ва меҳри ҳамсӯҳбат гармтар мешуд. Ин марди шариф
шамъи маҳфил буд.

Мегӯянд, ки ҳамсараш аз Хуҷанд буд.

Бале, зани. охиринаш хуҷандй буд. Барон инсон чӣ фарк
дорад, ки шарикумраш аз кадом маҳал аст, муҳимаш, дар зин-
дагӣ ҳамдигаро фаҳмида, аробаи рӯзгорро баробар кашиданд-
Гап дар зебоӣ нест. Ба андешаам, нозанинтарин зан — зани бо-
ҳаёст.

. 1*5.

*•: ■ ?
МУХИДДИН ФАРҲАТ

ДАРАХТИ ТАВОНО

(Ба шоири халқ Саидалй Вализода)

Дарахтест рӯйида болои роҳ,

Ки бошад зи гармо ба ҳар кас паноҳ,

Нигоҳаш кунад рӯзу шаб меҳру моҳ.

Сарояд ба гӯшаш хурӯшанда бод,

Бигардад аз овози ҷушанда шод.

Гузар дорад аз сояаш ҷӯйбор,

Гуҳар борадаш ба,р cap абри баҳор,

Бувад мевааш ҳам фузун аз шумор.

Чу ойина равшан, ки ҳар раҳгуэар,

Аз ӯ гоҳу бегоҳ шавад баҳравар.

Дарахте гаронбору озода аст,

Чуннн сабзу подор истодааст,

Ба некии бисёр омода аст.

Бувад решааш дар канори замин,

Аз нн рӯ бувад, чун замин, нозанин.

Тановар дарахтест, мардумписанд,

Ба ҷовид, чун равшанй, арҷманд,

Фузун мева орад зи андарзу панд.

Кунад пешдаш дар раҳи зиндаги,

Зи ҳар сӯ намояд ба фархундаги.

Дарахте бузургу тавоно бувад,

Гузин решааш чо ба дилҳо бувад,

Шукӯҳаш зи Ҳар чиз боло бувад.

Бувад обаш аз чӯйи хангоми мо,

Аз ӯ мерасад .шӯру ороми мо,

Суханвар шавад аз сухан некбахт,

Бибандад ба роҳи дурахшанда рахт,

Ҳамон мева бахшад ба сони дарахт.

К-аз ӯ раҳравон ком ширин кунанд,

Сипосаш ба ҷону дил ойин кунанд!

109;
САИДҶОН ҲАКИМЗОДА

ШОИРИ ХАЛҚ

(Ба хотири Саидалй Вализода)

Шоири маҳбуби пандомӯз буд,
Одами бисёр ҳам дилсӯз буд.

Ҳар куҷое даврае мекард ӯ,

Я к ҷаҳонн Ханда меовард ӯ.
Нохалафро дидаи дидан надошт,
Дуздро виҷдонн бахшидан надошт.
Танбалонро дида ғаш мекард ӯ,
Паскашонро пешкаш мекард ӯ.

Буд фикри халқ доим дар сараш,

Буд байни халқ ҷою минбараш.

Бо ҳама кас ошноӣ дошт ӯ,

Иқтидори дилрабой дошт ӯ.

Одами дар зинДагй ноёб буд,
Пирмуроди мардуми Кӯлоб буд.

« ?: . * * * \ . .

Аз яке баъди сараш якрӯза,

Рӯзии зоғу заған мемонад.

Аз днгар ҷоҳу ҷалоли шоҳщ’

Бар яке зори кафан'мемонад.

Аз яке ҳамчу.гаме,дар дилҳо,

Буйи мурдори да\ан меояд. .
Ҳарчие ҳар кӣ бимонад аз худ,

Аз Вализода сухан мсмонад.

ДУТОРИ ВДЛИЗОДА

ш ■ > ■" ; "; ; -

Дутори Вализода
Буд ёри Вализода.

Аз савти хушаш буд гарм,
Бозори Вализода.

т
Будаш ба сари сина
Чун дамдами дерина.

Мебурд зи ҷону дил
Озори Валнзода.

Ду тори сухангӯяш
Бо нагман дилҷӯяш.

Аз дил ба диле мебурд
Гуфтори Вализода.

Аз сулду сафои хуш
Медод садои хуш.

З-у ёфт навои хуш
Ашъори Вализода.

Бо сози пур аз розе
Чун ошики дамсозе.

Бинмуд суруди халқ
Овори Валнзода.

Ҳарчанд кн танхо монд
Бе ёр зи ово монд,

Шуд такягаҳаш дигар
Девори Вализода.

АГАР ЗИНДА МОНАМ...

Дар сари дар кадамам ёди Вализода кунам,
Ед аз табъи шарарзоди худодода кувам.
ёд аз мартабаю номи баланди шоир,

Ед аз гӯри ғарибонаи афтода кунам.

Як сияддил зи азал душмани фарханг шуда,
Бо Вализодаи докимшуда дар ҷанг шуда.

Аз дили тангу пур аз чангу ғубораш торафт,
Хонаи охирати шоири мо танг шуда.

Ӯ чй донад, ки Вализода ҷаҳонп сухан аст*
Гапу номаш дама дам дар даман анҷуман аст.
Пуштибонаш нашавад бешарафе. нест гаме,
Пуштибони азалияш сухан асту Ватан аст.
Дар сари дар кадамам ёди Валнзода кунам,
ёд аз гӯри ғарибонаи афтода кунам.

Эй Вализода, агар зинда бимонам чанде,
Марқади хори туро гӯшаи озода кунам-
. ................ ,

ш
ҚУРБОНАЛЙ РАҶАБ

ШОИРИ ХАЛҚ

БА УСТОД ВАЛИЗОДА

Шоиру мутриби хушовоз буд,

Турфа як марди суханпардоз буд.

Дошт хислатҳои хубе инчунин,

Ҳар куҷо бо кӯдакон ҳамроз буд.'

Дар кадомин маҳфиле, ки менишаст,

Дар гапи, ҳар ки шакарандоз буд.

Аз барон пешрафТи кору бор,

Чун вакиле ӯ ба хар колхоз буд.

Обрӯяш гашта боло, ҳамчунОн,

Қуллаҳои Помиру- Дарвоз буД’. !1\

Шоирони водии Кӯлобро,

Сайдалй* б$щак, яке устод б,уд..

Чун дарахти серборё дар диер,

Баҳри мо оқ щоири мумтоз. буд.

САЙИДАЛЙ ‘ !

Гашта будам борҳо ман меХмбни Сайдалӣ,

Чунки будам чун муридИ меҳрубони Сайдалй.

Дода будам дил ба ҳар Шёъру сурудн Сайдалй,

Кардаам аз ёд шеъру достони Сайдалй.

Дар ҳама ҷое, ки буд бо чақ^чақу ббзй гузашт,

Бо рафиқони азиз умри ҷавони Сайдалй.

То даме ки зинда буд, шодиву базму бозй буд,

Бар дари ҳавличаву рӯйн дукони! Саидалй.

Зидди ҳар авбошу нокас мёйавишт ӯ шеърҳо,’

Шеъри ҳаҷвӣ буд чун тири камони Сайдалй.

Тири ҳаҷверо ба сӯйи хасм меандохт rap, J
Бар дарй' ҳавличаву рӯйи дӯкони Саидалй,

Дар кадомин маҳфиле ҳозир мегардид агар, ■

Шақд меборид ҳар дам аз даҳони Сайдалй.
ХОСИЯТИ ВАЛИЗОДА
БА ИФТИХОРИ ПАДАРАМ

Падарҷонам

Ба рӯйи хонаат ҳар гақ қадам монам,

Хаёлан менамоям гуфтугӯ бо ту.

Ба тушам мерасад овозн нарми ту.

Ба тушам мерасад овози, нарми ту.

Вале чун бар худ оям мекашам фарёд,

Ки бе ту ҷойи холият ба фарёд аст.л ; '1

Ки бе ту шодмонй дар лаби ҳар кӯдаки шоди ту ношод аст.

Ту гӯё дар алифбои адаб ҳарфе буди, ки аз миён рафтй.

Ки бе ту ҷумлаҳои шеъри мо бе ҳарф манда...

Мисоли косаи сабре* ки шуд лабрез,

Маи он гаҳ дар вуҷуди худ намеғунҷам
Ба мисли кӯли Сарез,

Зи чашми мардумон ПиНҳонӣ аз худ мешавам ҷорӣ,

Ба дашту водиҳои беканоре...

Ҳамон вақте падарҷонам

Сари қабри ту ҷойи думбраи ту, бедшмАҷнун натма мехонад.
Чу май абри баҳорӣ ашк афшонад.

Ту гӯйи догу дардамро фалак донад..-
Маи он гаҳ мекашам аЗ Хештаи фарёд: ';

— Бузургй дар бузургй нест, дар панд аёт,

Бузурге мемирад, дар хеш тар банд act/..

Зиҳӣ он мард, к-аз худ шуд бадар, дунёи нав бикшод,

Барой мо зи по афтод.

Ба санги рӯйи қабри худ бузургй дод.

ДУТОРИ ШОИР

Хомӯшу бесадой ту,

Овёзонй бари девор.

Битобад косааш дар чашм,

Ба монанди дили гамдор.

Замене ҷӯр мегаштй,

Ба оҳанги дили. шоир.

Ҳазорон қисса мехондй,

Ба ҳар як маҳфили шоир.

8—2175

ИЗ
Ба тори дилнавозат чун,
Ҳамезад соҳибаш нохун.

Зи афсунҳои ту мегашт,

Ғами дилҳо зи дил беру».

Кунун аз чй ту ноҷӯрӣ,

, Насозй дилнавозй ту.

Ча'ро дигар намеояд,

Ба гӯшам сӯзу сози ту. <'■

Ҳанӯзам бахри моей ту,

Чу панди рӯзгор астй.

Чу торн меҳри бепоён,

Зи шоир ёдгор астй.

ДАР ШЕЪРИ МАИ ТУ ЗИНДАӢ

Фарёд дорам бесадо,

Ян ҷо хамӯшиҳо ҳазин,

Ҷойи нишастат, эй падар,
Анруштарини беки Чип.

Овози ту ояд ба гуш,

Аз чор кунчи манзилат. .

Бо сӯэу сози ошно,

Бетоб сӯзад кандидат.

г т ■ -
Бо дарду хасрат гушае,
Ноҷӯр бинам тори ту.

Торе, ки андар зиндагй,

Буд ёвару ғамхори ту.

Ҳар гаҳ тагурӯ мекунам,
Қалбам тагурӯ мешавад.
Авроқд гашта зардрӯ,

Печад нафас андар гулӯ.

Чашмам ҳамегардад пуроб,
Мурғи хаёлам мепарад.

Бар расми ту созам назар,
Бар гӯшаҳон дуртар.

Ман ёд меорам ҳаме,
Ширинии гуфтори ту.

Андар сари як мксраъ шсър,
(л Ҷонбозии бисёри ту.
Ҳамқнсмати мардум буди,
То лаҳзаҳои вопасин.

Номи туро дорад ба дил,
Халқи азизат ҳамчунин.

Донам, намеёбам туро,

Бо оҳу шеван, эй падар.
Ман зинда месозам туро,
Дар шеъри худ борй дигар.

■ - ■ . ■ .1 . > а ■ ■■■> • ■ '■

■■■ ■

■ It IV' -М ■'
'• ислом хол

(шоири халқ)

ЕДИ ПИРИ ХИРАД

Ҳар гаҳ он пири хирад пеши назар меояд,

Аз ғаму дард хаданге ба ҷигар меояд.

Чи каси додрасу хушсухану хушдил буд,

Кай зи дил ёди чунин мард бадар меояд.

Мӯр аз роҳравиҳояш намедид озор,

Ин мусофир кай аз ин роҳ дигар меояд?

Гум намудаст магар хамраҳи, худро Ислом,

Ки дигар сархаму танҳо зи сафар меояд.

Сафҳаи холим дафтао нигарон аст, ки кай,

Хома бо рози наве ростнигар меояд.

Курене холй ба ҳар маҳфилу базм аст ҳаиуз,

Бо умеде, ки Вализода зи дар меояд.

ҒОИБ САФАРЗОДА

АЗ ДАМИ САРДИ АҶАЛ

Аз дами сарди ачал хофизи мумтоз гузашт,

Бо дилу ҷони ҳама ҳамдаму ҳамроз гузашт.

Монд ҳайрон каламу думбураю тору дутор,

Аз гулистони ҳунар мурғи хушовоз гузашт.

Байни мардони замои дошт сари болое,

Ошён дар дили мо монду сарафроз гузашт.

Буд ҳозир ба ғаму шодии мардум хама умр,

Хз ҷаҳон марди накуному хушалфоз гузашт.

Фатҳи куллаи ному шарафу хурмат шуд,

Аз сари қулла укобе дами парвоз гузашт.

11в
МАҶИДДИН ҚУРБОНОВ

СИТОРАИ РАХШОН

(Ба хотираи Саидалй Вализода)

Аз осмони Хатлон рахшон ситорае рафт,

Ё моҳ шом хурду аз ӯ ишорае рафт.

Чун машъали маноре метофт бар сари мо,

Машъал гузашт бо мо, худ бе манорае рафт.

Соқин маҳфили мо боқист дар дили мо,

Гулрез гашта аз ӯ cap то сари гили мо.

Аз осмони кишвар шуд канда чун ситора,

Чун меҳри пок бигрифт оғӯши манзили мо.

САФАРМУҲАММАД АЮЬЙ:
БАЗМОРО

Чу Вализода касе базм наёрост ҳанӯз,

Лаби пурхандаи у пеши назарҳост ҳанӯз.

Ҷойи гӯраш агар аз мадди назарҳо дур аст,

Меҳри ӯ дар дилу дар дидаи мо ҷост ҳанӯз.

Санги гӯраш агар аз санги рақибон бшнкаст,

Назми ӯ ҳамқадаму ҳамдами дилҳост ҳанӯз.

Ҳачви ӯ дар назарам гулхани Восеъ тобад,

Қи сари кӯҳи муродам ба таҷаллост ҳанӯз.

Ҳар кӣ аз мактаби эҷоди Вализода гузашт,

Ҳар куҷо мӯътабару фозилу доност ҳануз.

Он кн бар қадри баландии мақомаш нарасид,

Бехуди хештану бодаю миност ҳанӯз.

Фитнагар гар шунавад номи варо, таре хӯрад,

Барзгарро суханаш, ҳарфи тасаллост ҳанӯз. 1
Ҳар ки шӯхизадаи ҳаҷви Вализода шудаст,

Ӯ қимобӣ шуда дар сӯзишу сармост ҳануз.

Ҳар касеро агар арвоҳи Вализода задаст,

Буд як умр маломатзада, расвост ҳануз.

Дар Чуқурак агар ӯ турфа ба дунё омад,

Ҷош боло буду дар минбараболост ҳануз.

Мисли ӯ шоири ҳақҷӯй бирӯяд шояд,

Зумрае мунтазири мӯъҷизи фардост ҳанӯз.

Вакт бигзашту мнёни шуаро нест, ки нест,

Чу Вализода ба халқу ба Худо рост ҳанӯз.

117
МУҲАММАД ҒОИБ

ВАЛИЗОДА

Умре буда ӯ ҳамтабақу ҳамнафасн халқ,

Мехӯрд ғами пораи нони ҳаваси халқ.

Мехост, ки чун хушаву донаш нашавад кам,

Аз пуштаву аз хирмани умед хаси халқ.

Дар пойгаҳи' қисмату иқбол талаб дошт,

Бигзаштану машҳуршавии фараси, халқ.

Тири қаламаш сӯйи фиребанда равон буд,

То фитнагаре зуд фитад дар қафаси халқ.
Соҳибнамаконро зи худаш пеш ҳамехонд,

Ин марди сухан гом ҳамезад зи паси халқ.

Шоҳномаи. нанвиштаи ояндаи моро, ' 1

Дар даври худаш карда буд ӯ дастраси халқ. v
Номаш ба ҳама маъракаҳо вирдн забои аст,

Рафтаст ба ин шоири мардум нафаси халқ.

ХАЙРАНДЕШ

УСТОД ВАЛ ИЗОДА

Ту >дз?ҳам-а болойӣ, устод Вализода,

Чун меҳр ба дил ҷойӣ, устод Вализода. : '

Ку сози дутар и ту, ку гуфтугузори ту, j , 5 S.

Дигар ту намеойй, устод ВализоДа. • 5 ■: <

Дар хона,мамам танҳо,. дар ёна туйй танҳо, . v.4
Танҳояму танқойй, у.сгод Вализода. цт I

Ту дар багали хокй, май дар мағали хокам, ч
Пинҳонаму пайдойй, устод Вализода. , .„ ?и

Аз ганҷи суҳан беҳтар, ганҷе набувад дар дахр, \

Ту аз ҳама кас бойй, устод Вализода. ; . ; Х
Э ҳамдили Хайрандеш, дар маҳфили «Хайрандеш»,
Сад шукр, ки аъзойй, устод Вализода.
СЕРГЕИ ИНДЮКОВ

ОШ ПК И ФАСЛИ БАХОРОН БУД Ӯ'

Чашми. ӯ сарманшаи умед буд,

Дар табассумҳои ӯ хуршед буд.

Ошнқи фасли баҳорон буд ӯ.

Ҳамдили умедворон буд ӯ.

Ровин афкори Ленин буд ӯ.

Ташнаи фардои рангин буд ӯ.

Х,ар ки бигзашт аз раҳи Қурбоншаҳид,
Як замоне шаҳчинори сабз дид.

Ӯ ба дасти худ нишонид ин чинор,

То шавад бар роҳи мардум соябор.
Мисли оне, ки танаш пурдард шуд,
Шоҳчинори сабзи ӯ ҳам зард шуд.

Лек дар дилҳо чанори сабзи ӯст,

То даме ки назми мо ҳамнабзи уст.

САФАР АМИРХОРГ

Ё Д НОМ А

Раҳи ман бигзарад ҳар субҳ аз кӯйи Вализода,
Назар созам ба ин даргоҳи хушруйи Вализода.
Шуда Ленин бародар, шашяки руйи чахон обод,
Бувад чашмони днл як умр бар сӯйи Вализода.

Зи як ҳазлаш ҳазорон там бурун аз сина мегардад,
Кучо серн бувад аз ҳазли дилҷӯйи Вализода.

Қадам ҳар ҷо ки мемонд ӯ губори кипа гум мешуд,.
Саҳар гӯё ки равшан мешуд аз мӯйи Вализода.
Агарчи нест ӯ дар байни мо, ҳарфаш вале барчост.
Нахушкад дар замири сина сарчӯйи Вализода.
Кунам шукронаи хоку насими дилкаши Кӯлоб,

Ки орад боди Теҳрай ҳар замон бӯйи ВализоДа.

Аз русй тарҷумаи Сафари у хаммад Аюбй.

119
i



ҚАМОЙ БОҚЙ

ОВОЗИ ШОИР , 'J

Боре бишунидам ман овози Вализода,

Умре бишудам мафтун аз сози Вализода.

Гуфтам ба дилам, эй кош, ёбам ба хушй он дам,;

Як бори дигар бошам дилсози Вализода.

Хушбахт ба ман бинмуд он кас, ки ба хушнудй, ’

Як лаҳза агар будй ҳамрози Вализода.

Хондам асарашро ман фаҳмидам аз асрораш,

Аз теги сухан будаст микрози Вализода.

Парвоз накардам ман гарчй пару болам буд.

Дар дил бикунам армон парвози Вализода.

То зиндагй сарсабз аст дар зери фалак, эй дуст,

Аччом надорад ҳеч овози Вализода.

АБДУЛВАҲҲОБ ТОҚИРЙ
ЁДИ Ӯ БОҚИСТ

. 1 Эй, чи хуш ашъор дорад Сайдалй,

Чун шачар асмор дорад Сайдали.

Шеърн ӯ бошад равон чун руди шук,

. Табъи оташбор дорад Сайдалй.

Тутй омӯзад зи. ҳарфащлафзя хуб,

Чун шакар гуфтор дорад Сайдалй.

120
ӯ сухан меронд бо сабки худаш,
Шеъри нотакрор дорад Сайдали.
Гирди ӯ шинанд мардум орувор,
Дар баён бозор дорад Сайдали.
Кони лутфу ҳазл будӣ қалби вай,
Ҳар ҳунар бисёр дорад Сайдали.
Месарояд мисли булбул дар чаман,
Савти хуш чун тор дорад Сайдали.
Чун чанорон ном монад ёдгор,

Умри ҳайкалвор дорад Сайдалй.
ёди ӯ боқист ҳамчун ганҷи кӯх1
Чун дарахт осор дорад Сайдали.
' ■ • • . у-jc • ' я л \

"■ .1

■ ■■ ■ : '■ 5 . сг • ■ ^ - у. у

/*•>• уфт а яиоХ

> - >чО qec у/. qc. X

1 ,■1 ■; г ■■■•'(• Re1]а.'

ТАВЗЕҲОТИ МУХТАСАР

Боқй Рақимзода. Хотираи Саидалй Вализода. —Дар журнала «Са-
лон Шарк», соли 1972, №3 чоп шудааст.

Ҷалол Икромй. Саидалй Вализода. —Пн мақола дар очерки нави-
санда «Сафари Қӯлоб» дар журнали «Шарқи Сурх», №1. соли 1952 ба табт,
расидааст.

Раҷаб Амонов. ӯ фаромӯш намешавад. — Дар газ. «Маориф ва Ма-
даният», соли 1972, 13 январ чоп шудааст.

Абдусалом Дехотӣ. Шонр ва ҳофизн халқии Тоҷикистон. — Мақола
ба 25-солагии фаъолияти эчодии шоир бахшида шуда, дар газ. «Точикистони
сурх», 30 марти соли 1945 чоп шуда, баъд ба куллиёти шоир, ҷилди 5 дохил
гардидааст.

Пӯлод Толис. Хотираҳо.— Аз дафтари панчуми ёддоштҳои нависанда,
ки дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», с. 1989, 2 август чоп шудааст.

Сохиб Хабаров. Равонбахши халқ. — Дар жури. «Садои Шарк», с. 1992,

Jyfo 4 чоп шудааст.

Ғаффор Мирзо. Шоири ширинкалом. — Ин мақола дар газ. «Точикистони
Советй», 15 майи с. 1970 ба шарафи 70-солагии зодрӯзи С- Вализода чоп шуда-
аст. Макола ёддошти нодир ва яке аз сарчашмаҳои мӯътамад барои омӯзи-
ши мақоми Вализода дар чодаи санъату адабиёт ба шумор меравад.

Соат Чалишев. Шоири маҳбуби халқ. — маърӯза дар маҷлиси тантанавие,
ки 10 октябри соли 1995 бахшида ба 95-солагии Саидалй Вализода дар ш.
Кӯлоб баргузор гардида буд.

Гулназар Келдӣ. «Ҷудо аз худ нагӯёдам». — Ин ёднома дар газ. Комсо-
моли Точнкистон», 16 январи с. 1972 чоп шудааст.

Ашӯр Сафар. Мачлисоро (порча аз хотираҳо). — Дар газ. «Маориф ва
Маданият», 14 октябри с. 1980 чоп шудааст.

Ашӯр Сафар. Дар сӯҳбати Вализода. — Дар жури. «Садои Шарк», с. 1980.
№ 11 чоп шудааст.

Хосият Вализода Ҳуччатҳо арзи хол доранд...—Дар ҳафтавори «Адабиёт ва
санъат» соли 1989, 24 август чоп шудааст.

Шгрифхон Мирзоев. Едаш ба хайр.— Муаллифи макола марди бомаъ-

122
рифат—Шарифхон-ақа зодаи Мастчоҳ аст, солҳои охир дар ноҳняи Проле-
тари вилояти Ленинобод зиндагй ва кор мекардааст„ Хотироти худро ба,бо-
лЬй коғаз'баровар.да, соли 1972 ба редаксияи газ. «Точикистони Советй» ме-
фиристад. Шоири шннохта шодравон Ғоиб Сафарзода, ки он вахт ходим»,
газетам «Точикистони Совети» Суд, он ёддоштро Оа номи мураттцби ид мач-
мӯа фиристода буд. ^ . . ■ , , ]

Хол Ислом. Еддоштхо. —Ин ёднома дар раз. Хақиқати Ховалинг», 11
октябри с. 1995 интишор ёфтааст. *

Пайшанбе Шохзода. Вализода дар Ванч. — Ин хотирот ба ифтиҳори рӯз-
хои вилояти Қӯлоб дар Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳй дар газетам но-
хияи Ванч, ки бо номи «Ватам» интишор мегардид, чои шудааст, баъдан ёд-
дошти мазкур дар газ. «Хатлон». 4 октябри с. 1990 ба табъ расидааст.

Зайниддин Начмиддинов. Ин мард яке аз дӯстсщи наздики шоир Вализода
аст ва солҳои тӯлонӣ раиси колхози ба номи Ломомови ноҳияи Фархор буд.
ӯ ёддоштҳои худро бо номи «Мунодии максаду мароми мардум» дар газ.
«Гулистон»-и ноҳияи Фархор 15 сентябри с. 1990 чои карда, як нусхаи газе-
таро ба Донишгохи давлатии Кӯлоб фиристодааст.

Соат Чалишев. Аз ҳазлҳои шоир. — Дар газетам «Хатлон», 4 октябри с-
1990 чоп шудааст.

Шоқхайдар Ёдгорӣ. Рӯхи зиндаи шоир. —Ин мақола дар газ. «Роҳн Ле-
нинй» 19 августи с. 1980 чоп шудааст. Мақолаи мазкур дар сарсухани асар-
хои мунтахаби С. Вализода «Пайванди чон», Душанбе, «Ирфон», 1981 низ
ба табъ расидааст. Қисми аввали мақола, ки характера ёддощтй дорад, инти-
хобан ба маҷмӯа дохил карда шуд.

Пӯлод Раҳматов. Ин мард солҳо вазифаи котиби комитети вилоятии ком-
сомол, директори мактаб, раиси колхоз, котиби ташкилоти партиявии колхоз,
раиси комиҷроияи ноҳияи Восеъро ба ӯҳда дошт. Ҳоло омӯзгор ва нафакахӯр
аст. Хотираҳои ӯ оид ба Вализода бо номи «Марди хирадманд» дар газетам
«Хатлон», соли 1991, 7 декабр чоп шудааст.

Сангахмад Даминов. (омӯзгор) Дар сӯҳбати устод. —Дар газ. «Хатлон»,
10 октябри с. 1990 чоп шудааст-

Хизмати Гулназар. (омӯзгор) Лаҳзаҳои гуворои ҳаёти ман. — Дар газ.
«Хатлон», с. 1991, 24 май чоп шудааст.

Мухаммад Ғоиб. Ба хотири шоир. — Ин макола ба шарафи 90-солагии
зодрӯзи С- Вализода дар газ. «Хатлон», 10 ноябри с. 1990 чоп шудааст.

Ислом Хол. Устоди дуторнавозам. —Ин хотира аз тарафи Мақсуди Хусейн
соли 1991, 1 январ дар газетаи «Садои мардум» чоп кунонда шудааст

Муҳиддин Фархат. Дарахти тавоно. (ба шоири халқ Саидалй Вализода).
__Ин шеър дар газ. «Маориф ва Маданият», 14 майи соли 1970 чоп шудааст.

Саидҷон Ҳакимзода. Силсилаи шеърҳои шоир таҳти унвони «Шоири
халқ» дар маҷмӯаи «Сарчашма», соли 1983; «Дутори Вализода» дар мачмуаи
«Чигаргӯша», соли 1987; «Агар зинда монам» дар газ. «Хатлон» 9 октябри
соли 1990 ба табъ расидаанд.

Қурбоналӣ Раҷаб. Ба устод Сайдалй Вализода, «Саидалй». — Ин шеър-
хо дар мачмӯаи ашъори Қурбоналӣ Рачаб «Ҳафтранг» с. 1995 чоп шудаанд.

123
Хосият Вализода. Силснлаи шеърдои шоира— «Ба ифтихори па дарам ».—
.Дар газ. «Роди Ленинй», 29 октябри соли 1980- «Дутори шоир». Дар шеъри
май ту зиндай »—Дар маҷмӯаи «Пайғоми Кӯлоб», МИП «Тоҷикистон», 1992
ба табъ расидаанд. ' ; ’** ‘

Ислом Хол (шоири халк). Еди пири хирад. —Шеъри мазкур дар жури.
«Садои Шарқ», № 3, с. 1972, сад. 156 чоп шудааст.

Ғоиб Сафарзода, Ҳофизи мумтоз гузашт. —Ин шеър дар жури. «Садои
Шарк», № 3, 1972, сад. 156 чоп шудааст.

Мачиддин Қурбонов. Ситораи рахшон. — Ин шеър дар мачмӯаи ашъори
Маҷиддин Қурбонов «Насими Фархор», с. 1974. сад. 12 чоп шудааст.

Сафармудаммад Аюбй- Базморо. — Ин шеър дар газ. «Хатлон», 9 октяб-
ри с. 1990 чоп шудааст.

Мудаммад Ғоиб. Вализода. —Ин шеър дар газ. «Хатлон», 9 октябри с.
1990 чоп шудааст.

Хайрандеш. Устод Вализода— Ин шеър дар газ. «Хатлон», 9 октябри
■с. 1990 чоп шудааст.

Сергей Индюков. Ошиқи фасли баҳорон буд ӯ. (тарч. С. Аюбй). —Ин
шеър дар газетаи «Хатлон» 9 октябри с. 1990 чоп шудааст.

Сафар Амирхок. Еднома. — Ин шеър дар газ. «Хатлон», 10 октябри с.

1990 чоп шудааст.

Камол Боки. Овози шоир. —Ин шеър дар газ. «Хатлон». 10 октябри с.
1990 ба табъ расидааст.

Абдулваддоб Тодирй. Едн ӯ бокист. —Ии шеър дар газ. «Ҳақнқати Хова-
линг»,11 октябри с. 1995 чоп шудааст.
МУНДАРИҶА

Ба чойи сарсухан...........................................•*

Боқӣ Рақимзода. Хотираи Саидалй Вализода..............5

Ҷалол Икромӣ. Саидалй Вализода 7

Раҷаб Амонов. ӯ фаромӯш намешавад........................9

Абдусалом Дех,отй. Шоир ва ҳофизи халди Тоҷикистон . • 14

Пӯлод Толис. Хотираҳо......................................17

Соқиб Табаров. Равонбахши халқ ................18

.Ғаффор Мирзо. Шоири ширинкалом............................34

Соат Чалишев. Шоири маҳбуби халқ . . . • • • .39

Гулназар Келдй. «Ҷудо аз худ нагӯедам» ..... 48

Ашӯр Сафар. Маҷлисоро .............................. . . 5в

Ашӯр Сафар. Дар сӯҳбати Вализода....................... . 53

Хосият Вализода- Ҳуҷҷатҳо арзи ҳол доранд ..... 58

Шарифхон Мирзоев. Ёдаш ба хайр...........................62

Хол Ислом. Ёддоштҳо .......................................65

Пайшанбе Шоҳзода. Вализода дар Ванч........................69

Зайниддин Начмиддинов. Мунодии мақсаду мароми мардум. . 71

С, Чалишев- Аз ҳазлҳои шоир................................76

Шоххайдар Едгорй. Рӯҳи зиндаи шоир...............80

Пӯлод раҳматов. Марди хирадманд . . . • ... 87

Сангақмад Даминов. Дар сӯҳбати устод.....................94

Хизмати Гулназар. Лаҳзаҳои гуворои ҳаёти ман .... 98

Муҳаммад Ғоиб. Ба хотири шоир..............................Ю5

Хол Ислом. Устоди дуторнавозам . 107

М. Фарҳат. Дарахти тавоно..........................■ Ю9

Саидчон Ҳакимзода. Шоири халқ............................1 Ю

Қурбоналй Рачаб. Ба устод Вализода, Саидалӣ . . . .112

Хосияти Вализода. Ба ифтихори падарам. Дутори шоир. Дар

шеъри май ту зиндай .................................113 — П5

'Ислом Хол. Ёди пири хирад.................................116

125
Ғоиб Сафарэода. Аз дами сарди аҷал ......................—

Мачиддин Қурбонов. Ситораи рахшон..........................117

Сафармухаммад Аюбӣ. Базморо ................................—

Мухаммад Ғоиб. Вализода . . . 118

Хайрандеш. Устод Вализода ................................. —

Сергей Индюков. Ошиқи фасли баҳорон буд ӯ (Тарч. С. Аюбй) 119

Сафар Амирхон. Еднома..........................• —

Камол Бокй. Овози шоир ....................................120

Абдулваххоб Тохирй. Еди ӯ боқист.....................• —

Тавзехоти мухтасар....................................... 122Г

< . - •• •

ш нсноЕ л*л ,

Ш **" тг

зп IK' .сг.ф ч (ш
ЁДЕ АЗ ВАЛИ30ДА

Муҳаррири ороиш А. Исоев.
Муҳаррири техники Я- Бекназарова

.*» счпоғ
■ >'ейт

(У т; .
,£/

) ианғоТ

л ВТ.' ОГ02 г. Е-3

г / nrj- >qzb вдвдв нф-xqv X

щи !,; '3:., ; .. КВ НЕ , - т'уЯ

OiI2 v ншнц» г .0001 qu •-*?! яд

(' ИНО ' KWh'* “ 0??Э38уМ

1 обь ; • Г; •4 '• ;■'/»' ;:>;н^оТ ;

' mqoeta гдтаМ :>F

т>; ■ нку.' . i; - ’ 'f' I>, ii-/ОV
БИ №2971

Ба матбаа 16. 08. 2000 супурда шуд. Ба чопаш 9. 10.
2000 иизо шуд. Андозаи 60Х84‘/16. Коғази матбавии № 1.
Ҳуруфи адабй. Чопи барҷяста. ‘Ҷузъи чопии шартй 7.21.
Чузъи рангаи шартй 7,68. Ҷузъи нашрию ҳисобй 7,51. Ада-
ди нашр 1000. Супориши № 2175.

Муассисаи нашриявии Ирфони Вазорати фарҳанги Ҷум-
ҳурии Тоҷикистон. 734034, Душанбе, кӯчаи Н. Қаробоев, 17.
ҶС Матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
734025, Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 37.



/ ^

„ИРФОН“

Translation