Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутй. The correspondence of Sadriddin Ayni and Abdulqosem Lahuti

Transcription




\

















С .Айни ва А. Лоҳути соли 1941 дар ш. Москав.
АКАДЕМИЯМ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ИНСТИТУТИ ЗАБОИ ВА АДАБИЁТИ
БА НОМИ РУДАКИ

МУКОТИБАИ

САДРИДЦИН АЙНЙ
ВА АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТИ

(Нашри дуввум бо такмил ва иловаҳо)

Душанбе 2003
ББК 84. (2) 7-5 тоҷик.
М-75

84 (2) 7-5 тоҷик

Эҳдо ба 125-солагии
устод Садриддин Айнӣ

Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутй.

Душанбе, «Деваштич» 2003,140 саҳ.

Ба чоп ҳозиркунанда ва муаллифи тавзеҳот:

Муҳаррири масъул: Хуршеда Отахонова Шаҳобуддини Шуҷоъ

Ин китоб аз мактубҳои ду устоди бузург, Қаҳрамони
Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ фароҳам
омадааст. Мактубҳо қимати илмиву адабӣ ва таърихӣ доранд.

© «Деваштич» 2003
ЧАНД СУХАН ОИД БА ТАРТИБИ ИН МАҶМУА

Мукотибаи Садридцин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутй,ки дар
бойгонии Институти забои ва адабиёти ба номи Рӯдакии
Академиям илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст, бори
аввал ба тариқи мунтахаб соли 1978 ба муносибати ҷашни 100-
солагии устод Айнй ба табъ расида буд. Он вақт мо имконият
надоштем, ки ҳамаи мактубҳои ин ду устоди бузургро ба нашр
ҳозир намоем. Аз ҷумла мактубҳое, ки ба солҳои 1937-38 марбут
буда, воқеаҳои давраи шахспарастӣ,иғвоҳои дар атрофи устод
Айнй ба амал омадаро инъикос кардаанд,ба маҷмӯа дохил
нашуда буданд,

Аввал ин ки ин мактубҳоро мо дар даст надоштем. Аз тарафи
дигар ҳанӯз дар он солҳо бо вуҷуди ошкор шудан ва маҳкум
гардидани шахспарастй барои интишори мадорики мушаххас
доир ба ин масъалаҳо замина ба миён наомада буд. Танҳо баъд
аз даҳ соли нашри «Мукотиба» ду мактубро доир ба саргузашти
талхи Садридцин Айнй дар он айём ва ёрии беғаразонаи
Абулқосим Лоҳутӣ ба ӯ устод Муҳаммад Осимй ба даст
оварда,дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советй» ба табъ
расониданд ва асли онҳоро лутфан ба бойгонии Институти
забои ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ супориданд. Нашри нави
«Мукотиба» ин ду мактуб ва чанд мактуби дигарро аз бойгонии
Институт,ки дар атрофи масъалаҳои мазкур баҳс мекунанд,
дарбар кардааст.

Аз нашри пешинаи «Мукотиба» инчунин мактубҳои
хусусияти шахсй дошта, яъне мактубҳое, ки дар онҳо сухан аз
ҳаёти маишй ва моддии оилавии онҳо меравад,берун монда
буданд. Ҳоло мо тасмим гирифтем,ки ин қабил мактубҳоро ҳам
ба маҷмӯа ворид созем, зеро ҳаёти шахсии одамони бузург аз
ҳаёти ҷамъиятиашон ҷудонашаванда буда, он ҳам аҳамияти
таърихй,адабӣ ва тарбиявӣ дорад. Ҳар чизе, ки аз зери қалами
ин нобиғаҳои давр таровидааст, як ҷиҳати ҳаёти онҳо,
хислатҳои инсонй, муносибати онҳоро ба аъзои оила ва
атрофиён мунъакис менамоянд.

3
Дар охир баъзе мактубҳое, ки дар нашри соли 1978 бо
сабабҳои гуногун ихтисоран зикр ёфта буданд, дар нашри нав
ба таври пурра, яъне дар шакли аслиашон дохил гардидаанд.

Маҷмӯа аз рӯи санаи таълиф тартиб ёфта, нахуст мактуби
яке ва баъд ҷавоби дигаре омадааст. Дар сурати набудани
мактубҳои ҷавобӣ чанд мактуби яке паиҳам зикр меёбад. Аксари
мактубҳо сана доранд, вале агар сана вуҷуд надошта бошад,
санаи мактуби ҷавобӣ муаяйн гардида, дар қавсайн оварда
шудааст.

Азбаски мактубҳо аҳамияти таърихй доранд, имлои
муаллифон ба қадри имкон маҳфуз монд. Бинобар ин, дар тарзи
навишти калимаҳои русию интернатсионалй ягонагй дида
намешавад.

Нашри аввали ин маҷмӯа бо сарсухани Муҳаммад Осимй ба
табъ расида буд.Як ҳафта пеш аз вафоташон устод Осимй
сарсуханро бо илова ва таҳрир ба мо супорида, ба нашри нав
фотиҳа дода буданд. Инак сарсухани эшон ба маҷмӯа ворид
карда шуд.

Хуршеда Отахонова

4
САРСУХАН

Дар ин китобча мактубҳое гирд омадаанд, ки муносибати ду
саромади адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнй ва
Абулқосим Лоҳутиро инъикос менамоянд. Ин муносибат, ки
бисёр ҷиҳатҳои ибратбахш дошт, хислатҳои инсонӣ, мавқеи
адабию ҷамъиятӣ, фаъолияти серсоҳа ва ниҳоят хидмати он ду
суханвари бузургро ба халку Ватан, ба маданият ва адабиёти
тоҷик ифода мекунад.

Садриддин Айнй ва Абулқосим Лоҳутӣ дар марҳилаи хеле
мураккаб, ҳассос ва такдирсози халқи тоҷик зиндагй ва фаъолият
кардаанд. Ду устоди забардасти назму наср, донишмандони
беҳамтои адабиёти классикии форсу тодик ба адабиёти муосири
тоҷик пояҳои мустаҳкаме гузоштанд ва дар ҳифзи сарвати
маънавии миллат ва дастраси халқ гардондани он кӯшиши зиёде
ба харҷ дода, хидмати бузурги таърихиро адо намуданд. Дар ин
ҷода онҳо ҳамдигарро дастгирӣ мекарданд ва ба ҳамдигар илҳом
мебахшиданд. Ин соҳаи фаъолияти пурбаракати онҳо дар
мактубҳо акс ёфтааст.

Ҷустуҷӯи оромгоҳи сардафтари адабиёти форсу тоҷик
Абӯабдуллоҳи Рӯдакй, навиштани тадқиқотҳо дойр ба эҷодиёти
классикой, ба нашр ҳозир намудани асарҳои онҳо, тартиб додани
луғате, ки хондану фаҳмидани он асарҳоро осон мекард ва
ғайраҳо, ки дар мактубҳо дар бораи онҳо сухан рафтааст, як соҳаи
мухдми фаъолияти С.Айнӣ қарор гирифта, ин масъалаҳо, дар
айнй замон, таваҷҷӯҳи А.Лоҳутиро низ ба худ ҷалб мекарданд.

С.Айнй "Намунаи адабиёти тоҷик"-ро навишт ва он бо
сарсухан ва саъю кӯшиши Лоҳутӣ дар Москва нашр гардид. Аз
мактубҳо маълум мешавад, ки ин китоб на фақат дар мамлакати
мо, балки берун аз хоки он низ шӯҳрат пайдо карда будааст.

Мутолиаи мактубҳои ин ду устод ба хубӣ нишон медиҳад, ки
онҳо ниҳонтарин розҳои худро ба ҳамдигар изҳор мекардаанд,
дар душвортарин рӯзҳо дастгири ҳамдигар будаанд.

Соли 1937 дар рӯзномаҳои "Ҳақиқати Узбекистан" ва "Ленин

5
йӯлӣ" дар ҳаққи устод Айнй мақолаҳои саропо тӯҳматангезе чоп
шуданд. Муаллифони ин мақолаҳо эҷодиёти Айниро тамоман
ба таври дигар маънидод карда, асарҳояшро ба Хукумати Шӯравӣ
душманона ва худи ӯро душмани синфӣ эълон карданд. Ин
тӯҳмати ногаҳонӣ устод Айниро ҳам ба ғазаб овард ва ҳам
маъюсу малӯл гардонид. Устод Айнӣ ба устод Лоҳутй дар ин
рӯзҳои ногувор мактуби пурсӯзу гудозе навишта, ӯро аз вазъи
ҳоли пуризтироби худ бохабар намудааст. У , аз ҷумла, дар ин
мактуб навиштааст:

"Ман агар пир намебудам, ба ин ақвол сабр карда
метавонистам, зеро яқин дорам, ки ба тафтиши дурусти совета
оқибат ҳақиқат маълум хоҳад шуд. Лекин азбаски пири
барҷомонда шудаам, метарсам, ки то ба зухур омадани ҳақиқат
организми ман тоб наоварда маҳв шавад."

Айнй бо ин мактуб ба унвони роқбарони ҳизб ва ҳукумати
Узбекистану Тоҷикистон ва Иттиҳоди нависандагони СССР
аризаи муфассале (дар ҳаҷми 30 саҳифа) навишта ба Лохутй
фиристодааст ва илтимос кардааст, ки дар тарҷумаи он ёрй
расонад.

Устод Лохутй ин аризаро дар тарҷумаи Бону ба ҷойҳои лозимй
расондааст ва худаш доир ба ҳаёт ва эҷодиёта Айнй дар маҷлиси
правлениям Иттафоқи нависандагони СССР маърӯза кардааст.

Хушбахтона, кӯшиши устод Лохутӣ ва қамсари ӯ мӯҳтарама
Бону барабас нарафтанд. Ҳақиқат ғалаба кард. Лохутй устод
Айниро аз шиканҷа ва гумномии тӯлонй наҷот дод, номи неки
ӯро ҳифз кард. Агар дахолата ҷасуронаи Лохутй намешуд, кй
медонад, ки такдири Айнй чй мешуд. Ин хидмата ӯро точмкон
ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Мактубҳо як қатор хислатҳои мухммми инсонии ин ду адибро
акс кардаанд. Ҳамеша манфиата ҷамъиятро дар мадди аввал
гузоштан, моли халқро эҳтиёт кардан ва ба исрофи он роҳ
надодан барои онҳо одата муқаррарй будааст. Масалан, дар
мактуби худ аз 6 апрели соли 1940 Айнй навиштааст:

"...Худам ба тариқи доимй ба таҳрири "луғати русй-тоҷикй"
машғулам, Колпаков (корманди илмии Базаи тоҷикистонии
Академиям фанҳо) бо ман кор мекунад. Азбаски аз хукумат харчм

6
сафар ва рӯзина мегирад ва ҳам бе харҷе дар гостинитса
менишинад, ман бо вуҷуди қувватам кам будан кӯшиш мекунам,
ки зиёдтар кор кунам, то ки ба хукумат бори зиёд нашавад."

С.Айнй ва А.Лохутй дар ҳеҷ вазъият ҳисси масъулият ва
вазифашиносиро фаромӯш накардаанд. Ба қар коре, ки пеш ояд,
бо ҷиддияти тамом машғул шудаанд, ба қалли масъалаҳои
мухймми ҳаётй басо дурандешона ва нозукбинона муносибат
намудаанд.

Аз мактубҳо чунин ба назар мерасад, ки онҳо чй дар пешаи
адабй ва чи дар корҳои ҷамъиятй ҳамеша нисбат ба худ ва
дигарон серталаб будаанд. Аз ҳар як мактуби онҳо ҳамин
серталабй ба ҳамдигар, серталабй нисбат ба эҷоди якдигар, дар
зимни ғамхории доимй бо назари танқид муносибат кардан ба
асарҳои якдигар пай бурда мешавад. Онҳо ҳамеша фурсатро
ғанимат донистаанд ва ҳар дақиқаи зиндагии пурсамари худро
ба манфиати мардум, ба манфиати ҷамъият истифода кардаанд.

С.Айнй ва Лоҳутй аз мактубҳо ҳамчун шахсоне ба назар
мерасанд, ки дӯстй ва рафоқати қамдигарро барои худ бисёр азиз
медонанд. Дӯстии ин ду марди бузург саршори самимият ва
эҳсосоти поки одамй буда, ба адабиёти тоҷик бисёр фоидаҳо
овардааст. Онҳо аз комёбиқои якдигар шодмон ва аз
нобаробариҳои кори эҷодиашон гамгин мегардидаанд. Чунончи,
А.Лоҳутй яке аз китобҳои С.Айниро гирифта ба ӯ навиштааст:

"Асарҳои наватон барои халқи тоҷик ганҷинаҳои наве ҳастанд,
ки боигарии адабиёти тоҷикро афзун мекунанд. "Чашми бад дур",
ҳанӯз як китоби шумо хонда нашуда, китоби дигар мерасад, чи
қадар бояд Тоҷикистон хурсанд бошад... Чй кунам!

Зи дасти кӯтаҳи худ зери борам,

Ки аз болобаландон шармсорам.

Асаре қобили ҳадя надорам, аммо умед ҳаст, ки "Девон"-и
дуюм барояд ва ба хидмати шумо бифиристам."

Дар бораи аҳамияти мукотибаи Садриддин Айнй ва
Абулқосим Лоҳутй, ки саҳифаҳои дурахшонитаърихи адабиёти
муосири тоҷикро дар назари хонанда муҷассам мекунанд, сухан
дароз аст. Хонандагони мӯҳтарам ин мактубқоро мутолиа карда,
воқифи бисёр ҳодисаҳо хоҳанд шуд, ки чи дар шарҳи холи

7
бобаракати ду устоди бузург ва чи дар таърихи тараққиёги ҳаёти
мадании халқи тоҷик аҳамияти калон дорад. Ғайр аз ин маводи
ин маҷмӯа дар тадқиқи таърихи адабиёти тоҷик ва дар бобати
муайян намудани симои онҳое, ки дар сари гаҳвораи адабиёти
муосири тоҷик истода, барои ба камол расидани он хидматҳои
пурарзише кардаанд, сарчашмаи муҳимест.

Муҳаммад Осимӣ,
академики Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон

8
1.

Аз Москва ба Самарканд,

6 апрели 1927

Устоди бузургвор, Садриддин Айнй!

Ду ариза (бо ин 3-то) фиристодам ва як телегроф задам. Ба
ҷавоби ҳеҷ як сарафроз нашудам. Ба пиндори ин, ки шояд бо
нишони нашриёти Тоҷик ба шумо нарасад, ин якеро тавассути
рафиқ Саидризо Ализода мефиристам. Банда дар ин рӯзҳо
кореро, ки ҳамеша орзуи онро доштам, ёфта қабул шудаам. Аз
ин сабаб бисёр фикрам осуда шуда ва мумкин аст, ки ҳоло дигар
муолиҷа шавам. Фардо, ки рӯзи ҳафтуми апрел аст, ба санатурй
меравам, ки як моҳ бимонам. Аз масъалаи талаби банда ва
васотати шумо ҳеҷ хабаре нест. Ҳатто моҳонаамро
нафиристодаанд. Ин бисёр беназокатист. Махсусан дар ин вақги
муолиҷа барои ман ёрии зиёде мешуд. Шумо медонед, ки
рафтану барганггани банда ба Тоҷикистон маро наздик» паичсад
сӯм қарздор карда, чунки як тин ба ман надоданд. Бо ин ки ман
дар Маскав бекор набудам, маро рафик Имомуф даъват карда
буд. Дар ҳар ҳол мунтазири хати шумо кастам, ки дар санатурй
бихонам. Агар осори наве бошад, бо фиристодани як рӯйхат аз
он сарфарозам кунед. Дастхати шумо, аз манзиле, ки дорам,
барои ман ба санатурй хоҳанд фиристод.

Ба рафик Имомуф салом бирасонед. Аз ӯ гида намекунам, ки
чаро ҷавоб наменависад, чаро ки ҳоли ӯ камин аст. Ба касе хат
наменависад. Рафиқи азиз Ҷаббориро салом мерасонам. У
фиристодани «Кремл»-ро фаромӯш кард. Бародари азизам
Ҳасанзодаро саломи фаровон мерасонам. Қиблагокй Махсум ва
дигар рафиқонро саломи иродатмандона мерасонам.

Бо саломи шогирдй

Лохутй,

Махсусан Холидаҷонро саломи бисёр-бисёр баланд аз тарафи
амаки Лохутй!

9
2.

Аз Москва ба Самарканд,

21 апрели 1927

Рафиқи мӯҳтарам ва устоди муаззам Садриддин Айнй!

Ду рӯз аст, ки ба Маскав ворид шудаам ва дар корҳои фирқавй
машғули хидмат ҳастам. Аз шумо истидъо дорам, ки натидаи
қоғаз ба рафиқ Муҳиддинуфро ба банда марқум доред. Агар
хоҳиши ман ва шуморо қабул накарда, аз Маскав иқдом хоҳам
кард. Агар шумо дар Маскав коре ва ё фармоише доред,
бинависед, албатта, анҷом хоҳам дод. Ҳар вақт рафиқи мӯҳтарам
Мунзим (устоди ман) аз сафар боз омаданд, саломи шогирдонаи
маро таблиғ фармоед.

Орзу дорам, ки ҳамеша аз саломатии шумо бохабар бошам.
Дар Маскав гоқо маҷлисҳои роҷеъ ба адабиёти форсӣ мешавад
ва ҷамъияте ҳам ҳаст. Ошно ки шудам, майл дорам шуморо ба
он анҷуман муаррифй кунам. Дар он ҷо аз адабиёти Шарқ,
махсусан форсй гуфтугузорқо мешавад.

Холидаҷонро аз қавли амаки Лохутй салом бирасонед!

Бо эҳтиром ва салом
Лохутй!

3.

Аз Ленинград ба Самарканд,

22 августи 1927

Фозили мӯҳтарам ва устоди азиз Садриддин Айнй!

Як ҳафта аст, ки дар Ленингрод ҳастам ва ду рӯзи дигар ба
Маскав меравам. Дар ин до донишманди мӯҳтарам профессор
Бертелсро мулоқот кардам. Бисёр хушам омад. Марде фозил ва
устоде қодир аст. Тамоми забонҳои Шарқ ва тақрибан ҳама
забонҳои Ғарбро монанди забони модарй медонад ва аз таърих
ва тамоми ҷузъиёти онҳо бохабар аст. Дар хидмати эшон
махсусан аз мақоми фазлу дониши шумо гуфтугузор кардам.

10
Бисер шод аст ва аз шумо мамнун, ки ба воситаи "Намунаи
адабиёти тоҷик" басо шоирони Осиёи Миёнаро шинохта ва аз
чоп шудани чунин китобе бисёр розй ҳастанд. Худашон ҳоло як
китоб роҷеъ ба адабиёти Эрон менависанд, ба забони русй, ки
дастовезҳои зиёде дар он ҳаст. Бисёр орзу дошт, ки рӯзномаҳои
тоҷикиро барон ӯ бифиристанд. Намедонам ин мумкин аст ё не.
Гумон мекунам, ки агар шумо ба Душанбе бинависед, қабул
кунанд. Агар илова ба шоироне, ки дар "Намуна" номашон
навишта шуда, боз ҳам шоироне ба ёдатон омад, бо каме аз
намунаи ангьорашон барон профессор бифиристед. Ба гумонам
беҷо набошад.

Як газал дар ин покет фиристодам. Илтимос ин ки пас аз
тасҳеҳ кардан онро ба "Овози тоҷик" бидиҳед ва бифармоед, ки
ҳамон тавре ки ҳаст, чоп кунанд ва дар болояш "Пешкаш ба
даноби Мовандй" бинависанд. Бисёр миннатдор мешавам. Як
сӯм дар ҳамон покет фиристодам, ки дигар ғазалро ака Ҳасан
чоп кунад, аз ҳамон рақам ба қадри як сӯм ба нишонаи ман ба
Маскав бифиристанд.

Дар мактаби шарқшиносии Ленингрод ҳама гуна китобҳои
тоҷикй буд, ба чуз "Адабиёти сурх" ва "Кремл". Фақат ду дилд
аз вазорати маорифи Узбекистон ба таври шахсй барои
профессорҳо фиристода буданд.

Уме дворам, ки дар Маскав дастхати шуморо зиёрат кунам.
Агар фармоише бошад ба ҷону дил дар идрои он мекӯшам.
Холидадонро аз тарафи амакаш салом. Камолдонро иродате бо
камоли хидмату ҳасрати дурй саломи бародарона! Бародари
мӯҳтарам Ҷаббориро саломи фаровон мерасонам.

Махсусан хидмати бародари мӯҳтарам Имомуф саломи бисёр
таблиғ фармуда, аз саломатиаш марқум доред.

Бо салом, иродат ва ихлос Лохутй!

4.

Аз Москва ба Самарканд,

4 декабри 1927

Устоди мӯҳтарам Айнй! Намояндагони Эрон ва мудирони
рӯзномаҳо ва вакилони маддис, ки омада буданд, беандоза аз

11
судмандии "Намунаи адабиёти тоҷик" хурсанд буданд ва борҳо
дар хусуси ин китоб ва заҳмати шумо дар тараққии адабиёти
тоҷикй баҳс карданд.

Мегуфтанд, ки ҳама кас дар Эрон орзуи дидани ин китобро
дорад. Чанд дастовез роҷеъ ба ҳамон китоб, ки яке аз онҳо пеши
худам пайдо шуд ва дигаронашро аз нашриёт шрифтам, барои
шумо мефиристам. Г арчи вақти онҳо гузашта, аммо чун роҷеъ
ба шумо буд, барои худатон фиристодам.

Ба хидмати дӯстони мӯҳтарам Зеҳнй, Ҷабборӣ, қиблагоҳй
Махсум ва дигар дӯстон саломи фаровон мефиристам.
Хоҳишмандам саломи бародаронаи маро ба рафиқ Имомзода
расонед. Ба хидмати рафиқ Мусавй саломи рафиқона

Холидаҷонро салом мерасонам. Саломатии Камолиддини
Самарқандиро аз табиат мунтазирам.

Бо салом, иродат ва ихлос Лохутӣ.

Москва, Воровская, 25 М-Л-К.

ком. 6, Лахути

5.

Аз Москва ба Самарканд
12 ноябри 1929

Устоди мӯҳтарам!

Хати азизи шуморо шрифта, аз ёдоварии устодонаи шумо
мамнун шудам. Худатон, албатга, медонед, ки чй қадар орзу
дорам дар Самарканд бошам ва аз ҳузури шумо дарки илму файз
кунам. Аммо чй чора, ки беморй (дар натиҷаи хиёнат ва ҷинояти
корҳои чоплусонаи душманони дӯстнамо) кори худро карда ва
бар хилофи орзу маро ҳазорон фарсанг аз шумо дуртар андохт.
Хуб бошад дурии роҳ монеъи наздикии дил нашавад. Иродати
банда нисбат ба шумо дар ҳад ци камол аст ва ба қадри муҳаббати
Камол нисбат ба шумо. Тафсили ҳоли худро ба рафиқи азиз
Рахдм навиштаам, ба шумо арз хоҳад кард.

Аз он ки номаро дер навинггам, маъзурам...,

Холидаҷон ва Камолро иродате ба камол мерасонам.

12
Ба хидмати дусти муҳтарам Вадуд Маҳмуди салому арзи
иродат дорам.

Бо салом ва ихлоси дусти
Лохутй.

6.

Аз Москва ба Самарканд,

4 июли 1930

Устоди мӯҳтарам ва азиз!

Яке аз рафиқони аврупоӣ, ки коргари муҳимест, мехоҳад дар
вақти истироҳати тобистонй чанд рӯзе бо занаш дар Самарканд
монда, ҳам саёҳат ва ҳам истироҳат кунад. Баъд ба ҷоҳои дигар
равад. Дар ин чандрӯза мехоҳад ҷои сабзу хурраме дошта бошад.
Агар мумкин нашавад ба Самарканд намеояд. Аз ман хоҳиш
карда, ки ин масъаларо ба дӯстони худам дар Самарканд
бинависам ва агар мумкин бошад, ки чанд рӯзе дар бог бимонад,
он вақт дар ҳамин саёҳат ба Самарканд ҳам меояд.

Ман ин мавзӯьро хидмати шумо ва тавассути шумо ба рафики
азиз Раҳим Ҳошим ҳам менависам. Ё шумо ё Раҳим агар кабул
кунед, ки он рафик дар боги шумо ё боги дигар, ки шумо
маслиҳат донед, монад (чанд рӯз), он вақт ба ӯ бигӯям, ки
осудахотир бошад. Аввалҳои сентябр аз Маскав ҳаракат хоҳад
кард. Илова бар ин ки одами бо аҳамияте аст, коргари адабй ва
адабиётдӯст ҳам ҳаст ва дар доираи байналмилалй хидматҳои
адабй мекунад. Аз ин ҷиҳат аст, ки ман низ чандрӯза ӯро аз
ҷиҳати ҷой дар бог аз ҷониби шумо илтимос мекунам.

Ҳам шумо ва ҳам бародарам Раҳим аз мулоқот бо ӯ розй хоҳед
шуд. Аммо дар хусуси худам дар Кумитаи Марказй дар Маскав
монда дохили хидмат шудаам Илтимос ин ки агар коре дошта
бошед ба банда бинависед, хидмате, ки аз дастам ояд, дарег
нахоҳам кард. Агар ҳам рӯзе гузоратон ба Маскав афтод, манзил
манзили хоссаи худи шумост.

Дуст ва шогирди шумо
Лохутй.

Албатта ё Шумо ё Рахдм (ё ҳарду) ҷавоби ин аризаро хоҳед

13
навишт, ки ба он рафиқ бигӯям. Асосан дилам мехоҳад, ки шумо
бо ӯ опгао шавед. Бародарзодаҳоям ва модарашонро салом аз
тарафи амакашон бирасонед.

Мунтазири ҷавоб.

Москва, площадь Свердловск-3 кв. 26

Лахути

7.

Аз Москва ба Самарканд,(июли 1930)

Устоди мӯҳтарам! Яке аз коркунони байналмилалй бо занаш
ба истироҳат меравад ва мехоҳад, ки дар Самарканд чанд рӯз
бимонад, ба шарте ки битавонад дар як боге манзил кунад. Ман
ба ӯ ваъда додам, ки дар ин хусус ба вай ёрй кунам. Албагга дар
ин ваъда итминонам ба мароҳими шумо буд. Дар ин бора хидмати
шумо ариза кардам, вале ҷавобе нагирифтам. Ин аст, ки аз дигар
менависам ва истидъо мекунам, ки дар ҳар сурат ҷавоб
бинависед, чаро ки рӯзи аввали август ин кас ҳаракат мекунад.

Дирӯз бо вай ran задем. Шуморо гоибона мешиносад. Худаш
адабиётчй аст. Мулоқоти шумо бо вай хуб аст.

Дар сурате, ки ҷо додан ба вай дар бог (чанд рӯз) барои шумо
мумкин набошад, бинависед, ки он кас донад ва дар Самарканд
нафарояд.

У мед аст, ки ин илтимос бе ҷавоб намонад.

Ба амаки азизам, Холидаҷон ва Камолиддини Самарқандй
салом мерасонам.

Бо салому иродат
Лохутй

Москва, площадь Свердлова, д. 3, кв. 26, Лахути.

8.

Аз Москва ба Самарканд,

18 июни 1931

Устоди мӯҳтарам Садриддин Айнй!

"Малая Советская Энциклопедия"-ро аз нав чоп карда

14
бароварданӣ ҳастанд. Ман ба ӯхда гирифтаам, ки як мақолаи
хурд роҷеъ ба шумо бидиҳам, ки дар он чоп кунанд. Барои ин
кор лозим аст, ки шумо ба саволҳое, ки дар варақи махсус
навишта ва ҳамроҳи ин хат мефиристам, ҷавоб диҳед.

Ба илова як акси худатонро, ки пушти маҷрӯҳи шуморо нишон
медиҳад ва яке ҳам акси дигари худатонро, албатта, барон банда
бифиристед.

Ман дар Маскав дар рӯзномаи "Правда" хидмат мекунам.
Аҳволи саломатиам як навь, на нағзу на бисёр ганда, мегузарад.
Тартиби осоиш ва хонаам нағз аст. Илова бар "Правда" дар ду
ҷои дигар ҳам хидмат мекунам.

Агар барон шумо мумкин шавад як китоби " Алифбо"-и
тоҷикӣ ва як китоби хониши соли аввал барон ман бифиристед.
Хеле муташаккир мешавам. Аз ман талаб кардаанд, ки як алифбо
ва як китоби қироат бо хати лотинии нав, ки барои эрониёни
хоки шӯравй қабул карданд, бинависам. Ман ин китобҳоро, ки
аз шумо илтимос кардам, барои истифода кардан мехоҳам.
Албатта шумо беҳтарашро интихоб хоҳед кард. Се сӯм барои
китобҳо ва уҷрати пусти он фиристодам.

Бо салом ва эҳтироми тамом

Лохутӣ

Москва, Тверская "Правда", культ. Отд. Лахути

Ҷавобро зудтар мархдмат кунед.

1) Номи падаратон, 2) Соли таваллудатон, 3) Ҷои
таваллудатон. 4) Аз кадом табақаи халқ шумурда мешавед:
деҳқон, савдогар, дохунда, мардикор ё дигарон. 5) Узви кадом
як ҷамъияти адабй ҳастед. 6) Чанд асарҳои чопшуда (ва
чопнашуда) доред; Чанд бор ва дар куҷо ва дар кадом забонҳо
чоп шудаанд; (Номи асарҳоро навиштан даркор - на ин ки фақат
рақами онҳоро). 7) Дар кадом шаҳр ва кадом таърих ва аз тарафи
кадом идора чоп шудани онҳоро навиштан даркор, 8)
Миллататон.

Ман инҳоро, ки намедонистам аз саволҳое, ки ба таври умумй

15
дар бораи ҳар кас медиҳанд ҷудо карда хидмати шумо
фиристодам, ки ҷавоби онҳоро марҳамат карда бинависед.
Мунтазирам, ки ба фурсат ин хохдши маро анҷом дода, бештар
аз пеш мамнунам кунед.

Бо салом ва эҳтиром
Лохутй.

Москва,

Тверская "Правда", культ, отд.

Лахути.

9.

Аз Москва ба Самарканд,
15 октябри 1931

Устоди мӯҳтарам Айнй!

Хабари муфтахир шудани шуморо бо Нишони Сурхи Заҳмат
аз хукумати шӯрои Тоҷикистон дар рӯзнома хонда бисёр-бисёр
шодам.

Махсусан дар вақте , ки унсурҳои зиддиинқилобй аз
боқимондаҳои панисломизм, тамоман худро ба пролетариат
таслим намудани шуморо дида ба хашм омада, ба шумо ҳуҷум
мекунанд ва мехоҳанд бо тӯҳматҳо ва гуфтаҳои ношоиста
шуморо аз хидмат ба пролетариат маҳрум кунанд, (қатъиян шумо
маҳрум нахоҳед шуд), ин марҳамати хукумати коргар-деҳқон
хеле бамавқеъ ва дуруст аст.

Ман яқин дорам, ки шумо дар ҷавоби ин хоинҳои манфури
пролетариат қалами худро барон хидмат ба тӯдаи захдоаткаш,
синфи ранҷбар ва ҳукумати шӯрой тезтар хоҳед кард. Инак ман
саводи телеграммаҳоеро, ки ба Душанбе фиристодам, хидмати
шумо тақдим мекунам, дасти шуморо маҳкам ва дӯстона
мефишорам ва шуморо аз таҳти дил табрик менамоям...

Бо салом ва эҳтиром
Лохутй.

16
10.

Аз Москва ба Самарканд,

4 ноябри 1932

Устоди мӯҳтарам

Имрӯз хатеро, ки ба Маскав фиристода будед, пас аз ба Қрим
рафтаву гашта омаданам, гирифтам. Марҳамати шуморо бо
телефун ба Ҷаводу Рӯҳангез гуфтам, мамнун шуданд.

Ҷаводро ҳам ҷавоб додаанд, ба Сталинобод рафтанй аст.

Имрӯз дар Совнаркум прикоз доданд, ки Дорохро озод кунанд
ва маро ба ҷои ӯ таъйин карданд. Ман фақат барон ин ки барои
он хоин даре шавад, ин хидматро қабул кардам. Яқин дорам, ки
шумо ҳам барои ин хабар хурсанд мешавед.

Ин шеърро, ки фиристодаам, марҳамат карда ба рафик
Садруллин диҳед ва фармоед, ки бидуни хато чоп кунад. Ман
махсусан ҷасорат карда барои шумо мефиристам, чаро ки аз хама
шеърҳое, ки то кунун гуфтаам, дар назари ман беҳтар аст.
Мехоҳам фикри шуморо дар ин (бора) бидонам. Албатта, худам
айбҳои онро фаҳмида наметавонам.

Ҳоло соати 8-и шаби 4-ум аст. Мунтазирам, ки Бону омада
онро ба тарҷума диҳад.

Холидаҷон, Камолҷон ва укаашонро салом бирасонед.

Ба хидмати рафиқ... ва дигар рафиқон салом бирасонед.

Худованди корӣ Раҳимро саломи канон!

Бо с алому эҳтиром
Лохутй.

И.

Аз Симферопол ба Москва,
22 ноябри 1932

Устоди мӯҳтарам, салом!

Рӯзи 7-уми моҳ аз Маскав ба Ялта сафар кардам. Дар Ялта
бештар аз 10 духтуру профессорҳо бо диққати комил маро
муойина карданд. Маълум шуд, ки дар гулӯям як par пора

17
шудааст ва хун аз ин до буда. Аммо касалии маскавиам ангина
будааст, ки ин ҳам ба сахт шудани гулӯ ёрдам карда. Абадан
сил набудааст. Акнун ҳолам хуб аст. Ин хатро аз Симферопол
менависам. Ин ҷо барои корректории китобам омадам. Охири
моҳ Маскав мебошам. Ба ҳама рафиқон салом!

Холидаҷон, Камолҷон ва укаашро салом мерасонам.

Бо эқтиром ва саломи фаровон

Лохутй.

12.

Аз Москва ба Самарканд,
28 декабри 1932

Рафиқи мӯҳтарам Айнй!

Ҳар ду хати шуморо бо рафиқ Бону дар як ҷо хондем. Акнун
ҷавоби хати якум: Аввало ҳамин, ки аз касал шудани Камол ва
шумо бисёр дилтанг шудем. Аммо аз ин ки сиҳату саломат
шудаед, хурсандиҳо кардам.

Лекин аз ин бобат хурсанд шуда бошем ҳам, қисмати дигари
хати шумо ҳар дуй моро ҳақиқатан мутаассир кард.

Устодҷон, шумо дар хати худатон аз мурдан, он ҳам бо ҳасрат
ran задаед. Ин хел маъюсиҳо аз тарафи шумо, ки ранҷбарони
тоҷик умедворй ба ёрдами адабиатон доранд, (мебахшед) дуруст
нест. Акнун ҳама пролеториёти СССР ва аз он ҷумла
меҳнаткашони Тоҷикистон ба зиндагонии нав, зиндагонии
хушбахтию озодй қадам ниҳодаанд, чунин вақте аз мурдан ran
задани шумо инсоф-мй?

Не, шумо бояд зинда монед ва ба сохтани сусиёлизм дар
Тодикистон дар қисмати адабй хизмат кунед.

Мо аз тарафи хонандагони "Одина", "Дохунда" ва порчаҳои
дигари адабии шӯрой ба шумо бар зидди ин настроение протест
карда ва аз шумо талаб мекунем, ки бисёр зиндагонй кунед.
Дохундаҳои мукаммалтар нависед. "Мо камбаголонем" барин
таронаҳои ранҷбарӣ ба вучуд оваред ва дигар ин хел гапҳо нагӯед.

18
Хуб-мй, устодҷон?

Хайр, акнун дар хусуси мусофирати тобистонии шумо ба
Вахт ва дигар ҷоҳо. Ин қасди шумо, албатта, қобили табрик
аст. Акнун шодмонии дигаре, ки дорем - масъалаи то як андоза
озод шудани шумо аз корҳои зиқкунанда аст. Ман (Лохутй) дар
Симферопол дар ин хусус бо рафиқ Расулй бисер муфассал ran
зада будам ва ба Сталинобод қам хат навишта ёдоварй карда
будам, ки шуморо тамоман аз корҳои идорй озод намуда,
маошатонро таъйин карда, аз шумо эҷоди асарҳои инқилобии
пролетарй талаб намоянд.

Мумкин аст, ки ба ҳамин зудиҳо барои чанд рӯзе ба он тарафҳо
мусофират кунам. Агар ин мусофират сурат гирад, итминон
дорам, ки ин масъаларо бо хукумат ва фирқаи Тоҷикистон дар
хусуси шумо тамоман ҳал кунам. Хати охиринатонро ҳамин
ҳозир хондем ва чунин пеш омад, ки ин хати шуморо ҳам рафиқ
Бону мисли хати аввалинатон дар вақги омадан барои тарчума
аз поён гирифта пеши ман овард. Ин аст, ки ҳардуро бо ҳам
хондаем. Ҳозир ман нишаста авқот мехӯрам ва дар зимни хӯрдан
ҳамин хатро дикта мекунам ва шогирдатон Бону менависад ва
аз анҷоми ин вазифа бисёр шод аст.

Он байтро дар шеъри охирин "Ба Сталин" ин хел тасҳеҳ кардан
даркор аст:

"Инак-инак тагарги марг парид,

Нохудоро заду расид ба дил".

Агар ҳамин хел тасҳеҳ шуда бошад, бисёр мамнун мешудам.

Аз захвати устодонаи шумо дар кӯчонидан ба лотинй ва
супориш ба рафик Садрулин ташаккур, ташаккур!

Бо салом ва эҳтиром
Лохутй, Бону

Фозили мӯҳтарам, агар дар ин мактуб хатоқои имлой биёбед,
гуноқамро мебахшед.

Ба Камол, Холида ва модарашон саломи гарм бирасонед.

Бону.

19
13.

Аз Москва ба Самарканд,
(охири ноябр ё аввали декабри 1932)

Устоди мӯҳтарам!

Ман аз Қрим гашта омадам. Аз Симферопол як хат навипгга
ба номи шумо фиристода будам. Намедонам ба шумо расид ё
не?

Рафиқа Бону хати шуморо барон ман ба Қрим фиристода
будааст. Ман дар роҳ будаам. Ҳанӯз он хат гашта наомадааст.
Бисер афсӯс мехӯрам. У мед аст, ки саломат бошед. Ба ҳама
рафиқон салом!

Бачаҳоятон ҳарсеро салом мефиристам.

Дӯсти шумо
Лохутй.

14.

Аз Тошканд ба Самарканд,
29 январи 1933

Рафиқи мӯҳтарам Айнӣ!

Рӯзи 25-уми ҳамин моҳ аз Маскав ба Тошканд ворид шудам.

Бояд рӯзи 5-6-уми феврал ба Сталинобод равам. Он ҷо як
ҳафта бепггар намебошам ва дар муроҷиат (агар масъалаи билет
то Маскав ёфтан дар Самарканд ҳал шавад) ду рӯз ба шаҳри
шумо меҳмон мешавам. Саломи бародаронаамро ба оилаатон
бирасонед. Холидаҷон, Камолу бародарашро салом бирасонед.
Махсусан ба рафиқ Аминзода салом мерасонам.

Ба бародари мӯҳтарам Ирфон салому каломи фаровон.

Бо эҳтиром ва салом
Лохутй.

20
15.

Аз Сталинобод ба Самарканд,
20 июни 1933

Рафиқи шафиқ Шоири ҷаҳоншумули инқилобчии болшевик
Лоҳутй!

Ман шуморо ба муносибати дашни сисолагии фаъолияти
адабиатон самимона табрик менамоям.

Рафиқи мӯҳтарам!

Шуморо танҳо шоири ҷаҳоншумули инқилобчӣ гуфтан кам
аст. Шумо он устоди адабу санъаткори пурбаракат ҳастед, ки бо
шеърҳои инқилобии оташбори худ дар димоғи ҷавонони
меҳнаткаш шамъи адабиро афрӯхтед ва ҳисси шоириро бедор
кардед. Хусусан ҷавонони навраси тоҷик - коргару
дехдонзодагони Тодикистонро амалан ва бевосита ёд додед ва
тарбия кардед. Ман мисли як нависандаи пири то дик ба қатори
ин давонони тарбиятдидаатон худро миннатдори шумо
мешуморам ва рухсат диҳед, ки бо ин васила дастатонро бо
эҳтиром фишорам. Умедворам, ки солҳои бисер осори адабияи
обдори оташбори шумо чун наҳр дорй буда, дар ин дӯйбор садҳо
навниҳолони адаб - шогирдони рошиди пролетарй расонед.

Дӯсти деринаи шумо:
СЛйнй.

16.

Аз Москва ба Самарканд,
(то соли 1934)

Устод ва рафиқи мӯҳтарам Садриддин Айнй!

Номаи шумо, ки дар 16-уми июл навишта будед, расид.
Маълум мешавад, ки хати якумини шумо ба нишони дуруст
расида, аммо дар он дам як донишманди нодон аз ошно расида
ва номаи шуморо гирифта, ки ба ман бирасонад.

21
Дар ҳамон рӯз ҳам ба истироҳат рафта ва (баъди) даҳ моҳи
дигар ба Маскав омад. (Оре, ин гуна донишмандон ёфт
мешаванд). Ман чунончи навшпта будам, дар санатория машғули
муолиҷа ҳастам. Аз Душанбе моҳонаи якуниммоҳаи маро, ки
илтимос карда будам, фиристодаанд. Гирифтам, қарзҳоямро
додам ва аз шумо ташаккурҳо кардам. Аммо ҳанӯз аз талаби
ман роҷеъ ба сурате, ки ба тавассущ шумо фиристодаам, хабаре
нест, гарчи хате аз бародари мӯҳтарам Муҳиддинзода гирифтам,
ки дар он хат ваъдаи фиристодан додаанд. Гумон мекунам, ки
шумо ёдоварй бикунед, хуб хоҳад шуд.

Дар Маскав як ҷамъияти Эрони озод ташкил шуда буд. Маро
дар маҷлиси умумй раиси он ҷамъият интихоб кардаанд ва пае
аз муолиҷа шурӯъ ба кор хоҳам кард. Умдаи мақсуди ҷамъият
нашри маорифи форсй аст7 Ман яқин дорам, ки ин ҷамъият
манфиатҳои зиёд ба маорифи Тоҷикистон хоҳад расонд. Албатта
бо шумо ва дигар уламо робитаи расмй пайдо карда истифодаҳо
хоҳад кард. Ҷамъият расман дар мохй ноябр дохили кор хоҳад
шуд, аммо пепггар ҳам баъзе маҷлисҳо ва корҳо хоҳад кард.
Ҷамъиятяк маҷаллаи махсус хоҳад допгг, ба номи "Эрони озод".
Ман гумон мекунам, ки бояд дар ин кор бо ҷамъияти илмии
Тоҷикистон алоқа бибандем ва аз якдигар истифода кунем. Мо
қувваи илмй ва ҳакамии хуб дорем. Аз дохил ва хориҷ моро ёрй
хоҳанд кард. Илтимос дорам, ки ба Мирзо Абдулқодир ёдоварй
кунед, ки кори ин кулубро яксара кунанд! Ба рафиқи азиз Ҷабборй
саломи фаровон! Холидаҷонро саломи махсус, аз тарафи амакаш.
Камолро саломи комил! Агар хатояш бошад, албатга, бинависед.

Бо ҳисси эҳтиром ва саломи шогирдона

Лоҳутӣ.

Москва,

Покровка, дом 29, кв. 1 Осетрову для Лахути.

Ин хатро аз санатория дар наздики Маскав навинггам.

22
17.

Аз Самарканд ба Москва,
23 ноябри 1934

Рафиқи азиз, Лоҳутии мо!

Салом! Мактуби 9-уми ноябр навиштаатонро 19-моҳи мазкур
гирифтам. Мувофиқи хоҳиши шумо аз румони "Ғуломон" ба
котиб фармуда чордаҳ саҳифа китобат кунонидам, ки ҳамроҳи
ин мактуб ба хидмат мефиристонам. Ҳоло худам дар румони
"Ғуломон" кор карда истодаам. Шароити корам ба ин тариқа аст:

Ҳар шаб соати 2-баъд аз ними шаб кор cap мекунам, то соати
ҳапгги рӯз, баъд чой менӯшам ним соат, боз аз соати 8-ним ба
кор медароям то соати 4-ним, бе он ки чизе бихӯрам ва чое
нӯшам, кор мекунам. Агар бисер дил беҳол шавад, як ду дона
конфет мемакам. Соати 5 корро ғундошта кӯча меравам ва газета
мехарам, ба ин восита пойҳоям, ки 14 соат дузону мондаанд,
меёзанд. Боз пас ба хона омада таом мехӯрам, чой менӯшам ва
рӯзнома мехонам. Соат, ки ҳафт шуд мехобам. Боз соати 2 гӯё
маро касе бедор карда бошад, аз хоб ҷаста мехезам. (Ин мактубро
ҳам соати 2-ним, баъди ними шаб, навишта истодаам, ки аввали
ҳавсала аст, вагарна хонда наметавонистед).

Агар корам лат нахӯрад, умедворам, ки ин корро ("Ғуломон"-
ро) то иди даҳсолагии Тоҷикистон тамом кунам.

Аз чизҳои тозае, ки имсол навиштам, ин аст: ба ман аз
института тадқиқотии педагогии Маскав як мактуб омад ва дар
он мактуб хоҳиш карда буданд, ки дар бораи мактабе, ки худам
хондаам (мактаби ибтидой) як очерк нависам, ман ин очеркро
дар ҳаҷми тахминан ду лист навистам. Дар ин ҷо тарҷума кунонда
(ба русй) ба института мазкур фиристодам. Агар шумо хоҳиш
дошта бошед, фармоед ба шумо ҳам нависонда фиристонам
(албатга тоҷикиашро, аммо тайн кунед, ки бо мошинкаи лотинй
чоп кунонам ва ё бо арабй дасти нависонам).

Дар бораи Фирдавсӣ ва "Шохдома"-и ӯ ҳам тахминан се лист
чиз навишта ба Тоҷикистон фиристодам.

Бачагон саломатанд, мехонанд. Лутфия ҳам саломат аст, гӯё
ки вай ҳам мехонад ва ҳаргиз қаламу дафтарро аз даст

23
намегузорад ва "менависад".

Аммо модараш озорпой аст. Чанд гоҳ аст, ки бистарист.
Умедворам, ки Далер ва модараш ҳам саломат бошанд.

Бо эҳтиром
Айнй.

Илова: тарҷумаи ҳоламро ба қадри имкон мухтасар
навиштам, агар шумо хоҳед боз ҳам мухтасартар карда метавонед
ва аз расми мавҷудаам ҳам якеашро фиристодам.

18.

Аз Москва ба Самарканд, 1935

Самарканд,

Ба рафиқ Айнй

Романи Ғуломон"-и шумо на танҳо ба фарзандони озоди
ҷумҳуриятҳои шӯроии Осиёи Миёна хизмат мекунад, балки
ғуломони имрӯзаи мамлакатҳои Шарқи берунаро, ки бо забони
Тоҷикиетони фотеҳ гуфтугӯ мекунанд, барои расидан ба озодй
тайёр менамоянд.

Қалами озоди нависандаи "Ғуломон"-ро аз таҳти дил табрик
менамоям.

Лохутй

19.

Аз Самарканд ба Сталинобод,
21 октябри 1936

Рафиқи шафиқ, мӯҳтарам Лоҳутй!

Ман ҳамон руз - рузи истиқболи шумо бинобар тангии вақт
ҳамаи аҳволи худро ба шумо гуфта натавонистам. Гуфтани
сабабҳоеро ҳам, ки ба зуди ба рафтани ман ба Сталинобод монеъ
буд, фаромуш кардаам: Ман бинобар бепулй ремонта ҳавлиро

24
нотамом гузошта будам ва ҳамин рӯзҳо мунтазир будам, ки аз
Тошканд пул ояд ва ремонтро тамом кунам, агар дер кунам,
борон cap шуда кор мемонад. Дуввум барон билета роҳи оҳан
ҳам дар Самарканд камаш як ҳафта мунтазир бояд шавам. Ва
инчунин то гирифтани пул аз Тошканд барои хароҷота роҳ ҳам
пул надоштам. Вақте ки телегрофи отдели печати ЦК-аи
Тоҷикистонро шрифтам, маҷбур шудам, ки монеъаҳоро рӯйрост
гуфта узр хоҳам. Умедворам, ки аз ин кори ман шумо хафа
нашавед ва аз ман наранҷед. Агар баҳонаи дигар ёфт нашавад,
мумкин аст, ки дар аввалҳои нуябр равам, ба шарте, ки то он
вақт шумо дар он ҷо бошед ва пештар хабар диҳед, ки ман билет
тахия карда тавонам.

Бо камоли узрхоҳй:

Айнй.

20.

Аз Самарканд ба Москва.!

17 январи 1937 *

Рафиқи шафиқ, мӯҳтарам Лоҳутй!

Салом! Ман аввал бояд ба шумо аз гузорипш ҳолам нависам.
Тирамоҳ баъд аз тамом кар дани иморат хостам ба районҳо
биравам. Барои Хуҷанд рафтан аввал Тошканд рафтам. Дар ин
ҷо даҳ рӯз мондам, баъд дар 18 сенгябр Хуҷанд рафтам. Дар он
ҷо даҳ рӯз монда будам, ки аз Сталинобод маро ҷез заданд. Ба
Самарканд баргашта чанд рӯз аҳволи хонаро саранҷом дода дар
6 октябр Сталинобод рафтам. Дар он ҷо то 4 ноябр мондам.

Коре, ки дар он до кардам, ташкили ҳамон рапорте буд, ки
шояд дида бошед.

Самарканд баргапггам, дар роҳ шамол хӯрда бемор шуда, 6
ноябр ба хона омадам. Духтур дид, сахт грипп шудаам,
берунравиро манъ кард, 15 рӯз хобидам, хайрият, ки дар имората
нав адои ҳама эҳтаёҷ дар дарун мумкин буд.

Грипп гузашт, аммо сустии дил ва шуш боқй монд, бинобар

25
ин духтоурон маслиҳат доданд, ки рузҳои сармо ва бориш берун
набароям.

Инак, дар ҳамин ҳол, хонанишин ҳастам. Корҳоям ҳам он
қадар пеш намеравад, пештар рӯзе 12 то 14 соат кор мекарда
бошам, ҳоло аз 4 ё 5 соат зиёда кор карданам мумкин нест.

Бо ин ҳама камқувватӣ нахостам, ки дар ёдоварии Пушкин
иштирок накарда монам. Як порча шеър навиштам, як нусхаи
онро бо ин мактуб, аммо дар конверта ҷудогона ба рафиқа Бону
фиристода, тарҷумаашро илтимос кардаам. Аз шумо
хоҳишмандам, ки дар вақта тарчума барои эзоҳ ёрӣ медодед ва
ҳам дар санаи пушкинии литгазета чопашро таъмин мекардед.

Акнун аз аҳволи хона нависам: модари Холида сиҳатаи тамом
надорад, аммо бачагон имсол бемор нашудаанд ва ба мактабашон
давом мекунанд. Лутфия, ки ҳанӯз ба синни мактабй нарасидааст,
лекин аз қаламу қоғаз ҷудо намешавад ва мундариҷаҳои баъзе
ҳикояҳоеро, ки бародару хоҳараш мехонанд, аз бар кардааст ва
ба ман нақп ҳам мекунад.

Дирӯз як воқеаи аҷоиб шуд. Бояд дар хотар дошта бошед, ки
шумо соли гузашта аз Қрим ба номи Холида як мактуб навишта
ба вай "Ёри масчоҳй"-ро фиристода будед. Вақте ки ман он
мактубро хондам, номи Лутфияро ҳам ҳамроҳ карда будам, табъи
Ӯ ҳам баробари Холида ва Камол хурсанд шуда буд.

Дирӯз 16 январ холабачаи инҳо, ки саводи арабй ҳам дорад,
ин хатро аз даруни чизҳои Холида шрифта хондааст, Лутфия
шунидааст.

Пеши ман омад. Дар ҳолате, ки дар чашмаш об чарх мезад ва
маюуб ҳам дар дасташ буд, пурсид:

Ин хата амаки Лоҳутй аст;

Аз дасташ шрифта дидам ва ҷавоб додам:

Х,о, мактуби амаки Лоҳутй аст.

Порсол шумо дар вақта хонданатон ин хатро номи маро ҳам
хонда будед, ҳоло Мирзо "номи ту ин ҷо нест" мегӯяд.

- Номат ҳаст гуфтам ва ба тарзе, ки ба ӯ нафаҳмонам, бо
қалами худ номи ӯро ҳам навистам.

- Канй куҷост? Нишон диҳед.

Ман он навиштаи худро нишон дода, лекин қариб буд, ки

26
"обдузд афтам", зеро ранги сиёҳии шумо сабз ва аз ман бунафш
буд. Эътироз кард:

-Чаро ҷоҳои дигари хат зангор аст ва азони номи ман бунафш;

-Номи туро бо сиёҳии бунафш, ки хеле аълост навиштаанд.

Ба ин ҷавоби ман он қадар қаноат накарданаш аз чеҳрааш
равшан буд, бо вуҷуди ин хатро аз дасти ман пас гирифта:

Ҳоло дурӯғи Мирзоро ба рӯяш мезанам! - гӯён ба хонаи
худҳошон давид.

Охир, ин соли панҷумашро пур карда аз соли шашум ба моҳи
нӯхум қадам монд, бисёр чизҳоро мефаҳмад.

Далер, Атияро мебӯсам, аммо намедонам, ки саввум доранд
ё не? Ҳамаи самарқандиён, аз он ҷумла худам ва бачагонам хоҳиш
доштем, ки шумо имсол дар баҳорон саёҳати Самарканд
мекардед.

Бо эҳтиром ва саломи рафиқона Айнй.

Адреси ман:

Самарканд, Ленинский район,
кв. Қӯрғонча, дом нумури 10,

Айнй.

21.

Аз Самарканд ба Москва,
14 марти 1937

Мухтарам рафик Лохутй!

Азбаски ахзоли саломатиам хуб набуд, аз гузориши аҳволи
худ то ҳол ба шумо хат навишта натавонистам. Ҳоло аҳволам
кадре беҳтар аст; мухтасаран навишта натиҷаро маълум мекунам.

Баъд аз аризаам ба Кумитети Марказии Тоҷикистон ва
Узбекистон ва Иттифоқи Нависандагони Советии СССР фавран
пенсаамро давом кунонида шуд, ки ин ҳолро бо телегроф ба шумо
маълум карда будам.

Кумитети Марказии Узбекистон барои тафтиши корқои ман

27
дар зери раёсати рафиқ Соттисин як комиссия ташкил дода
будааст. Соттисин дар 9 декабри 1937 маро ба Тошканд даъват
кард, азбаски ман ҳамон рӯзҳо сармо хӯрда будам, рафта
натавонистам ва ваъда додам, ки баъд аз интихобот биравам.
Аммо баъд аз интихобот Соттисин ба Тифлис рафт ва
тошкандравии ман ҳам то бозгашти ӯ мавкуф монд. Пекин дар
охирҳои декабр котиби Кумитети Марказии Узбекистон рафиқ
Усмон Юсупов ба воситаи Иттифоқи Нависандагони Узбекистон
маро ба Тошканд ҷеғ зад ва шахсан бо ман мусоиба карда хеле
дилбардорй кард ва ваъда дод, ки ба воситаи шӯъбаи матбуоти
Кумитети Марказии Узбекистон изияти асарҳои маро бекор
мекунад.

Ман ба Самарканд баргаштам ва рафиқ Юсупов ба Маскав
ба сессия рафт ва баъд аз омаданаш аз сессия аз Маскав он ваъдаи
худро ба амал овардааст, ки дар натиҷа узглавлит қароре дар
бораи бекор кардани манъи асарҳои ман баровардааст. Ин аст,
ки як нусхаи куфияи он қарорро барои маълумот ба шумо
фиристодам. (Ман мехостам куфияи қарорро аз нотариус тасдик
кунонам, аммо нотариуси район ҳақ надоштааст, ки куфияи
қарори марказиро тасдиқ кунад ва ин кор махсуси нотариуси
ҷумхурияти марказй будааст, бинобар ин ба бардоштани нусхаи
оддй қаноат кардам).

Дар охири моҳи феврал Союзи Нависандагони Советии
Узбекистон маро ба Тошканд ҷеғ зада дар он до як маҷлиси
кумитети ташкилотии союзро ва ҳам як маҷлиси умумии
нависандагонро гузаронид, бе аслу асос будани хуҷумҳои ба ман
бударо эълон кард. (Бояд дар наздикй қарори ӯ дар матбуот ҳам
эълон шавад).

Дар омади ran ҳаминро гуфтанам даркор аст, ки дар ҳамин
муддати 7-8 моҳ дар Тошканд на аз тарафи идораҳо ва на аз
тарафи шахсҳо, нисбат ба ман ҳеҷ беэҳтиромй нашуд. (Ғайр аз
рӯзномаи "Ҳақиқати Узбекистон"). Дар Самарканд ҳам идораҳои
роҳбарии нав (гумрук, гурсовет) ба ман беэҳтиромй накарданд.
Ҳар кор кард, газетаи маҳаллӣ ва роҳбарони пештара карданд.
(Котиби собиқи партияи Самарканд Ҳоҷиматуф, раиси Г устпроф
Умаруф, мудири собиқи рӯзномаи Самарканд Закй Сатторуф,
ки ташкилотчии хуҷум ба ман буд, ҳоло дар ҳабсхона (албатта

28
на барон кори ман, балки бо гуноҳқои дигари худ).

Кӯчае, ки дар Самарканд ба номи ман буд, ҳанӯз ҳам ба номи
ман барқарор аст.

Аммо идораҳои поёнии Тоҷикистон ҳар беэҳтиромие, ки
мумкин буд, карданд ва колхузҳоро аз номи ман гирифтанд.

Масъалаи пенсияро собиқан навишта будам, ки бо мудохилаи
Кумитети Марказии Тоҷикистон дуруст шуд. Инчунин Тоҷигиз
як договори маро вайрон кард ва ба панҷ ҳазор сӯм аванс 2500
сӯм настойка зам карда, аз ман 7500 сӯм талаб карда, маро ба
суд додааст ва ҳол он ки Тоҷигиз аз ман 5400-у чанд сӯм қарздор
буд, ки аз мохи май 1937 боз намедод.

Вакте ки ман дар Самарканд повесткаи судро шрифтам, ба
Тоҷигиз хат кардам, ки аввал қарзашро ҳисоб карда аз ин маблағ
барорад ва бақияро аз ман талаб кунад ва куфияи ин хатро ба
тариқи маълумот ба рафик Протопов фиристодам. Фаврй
телегроф омад, ки кори суд пӯшида шуд.

Хул оса партия ва Ҳукумати То дики стон ҳам эҳтироми маро
нигоҳ дошт, аммо "хушёрони" поёнй ҳар чи мумкин буд, карданд.
Ҳоло гумон мекунам, ки атмосфери Тоҷикистон ҳам нисбат ба
ман ислоҳ ёфта бошад.

Ҳоло ахволи умумй нисбат ба ман хуб шуд, аммо аҳволи
хифзи сиххатиам б ад аст. Ба шумо маълум аст, ки ман дар соли
1935 крупозни восполини лӯхки бемор шуда будам. Назар ба
қавли духтурҳо баъд аз он беморй саломатии ман хавфнок шуда
монда буд. Истироҳати порсола, ки дар муддати 20 сол бо маҷбур
кардани духтурҳо қабул карда будам, ба ман бисёр фонда дода,
диламро хеле ба эътидол оварда буд, ба сабаби воқеаҳои имсол
ба сарам омада, дил ва асаб аз кор баромад, ҳоло зуд-зуд таппиши
дил рӯй дода аз ҳол меравад. Намедонам, охираш чй мешавад.

Ба мӯхтарам Бону салом, бачагонро мебӯсам.

Бо салом Айш7.

Адреси ман:

Самарканд, Ленинский айон,
квортоли Қӯрғонча, дом нумури 10

Айнй.

29
22.

Аз Самарканд ба Москва,

7 октябри 1937

Рафиқи шафиқ, мӯҳтарам Лоҳутй!

Телегрофатон дар вақгаш расида буд ва пул ҳам расид, аммо
бархилофи насиҳате, ки ба Холида дода будам, дар ҷавоб дер
мондам, мебахшед.

Рубоиҳое, ки ба Холида фиристодед, дар хонаи мо сабаби
ҷашн гардид, бачагон даст ба даст шрифта хонда қариб буд, ки
қоғазро дарронанд. Медонед, ки ин хел корҳо нисбат ба бачагон
сабаби тарбияи хеле калон мешавад ва бачагонро ба тарафи
адабиёти совета монанди як фишанг ҳаво медиҳад.

Худам имрӯзҳо ба кори луғат машғулам. Ман бо Тодигиз соли
35-ум як муохдда баста будам, ки як луғата тоҷикии нимтафсилй
таргаб диҳам. Медонед, ки дар даста тоҷикони Осиёи Миёна
ду-се луғат ҳаст, машхуртарини онҳо "Ғиёс" ва "Бурҳони қотеъ"
аст. Ammo ҷавонон, ҳатто арабидонҳои онҳо ҳам аз ин луғатқо
фонда бурдан наметавонанд, зеро тартаб бисёр кӯҳна ва луғатҳо
бо чизҳое, ки ҳаргаз даркор намешаванд, пуранд. Бинобар ин
барои кофта ёфтани як луғата матлуб варақҳоро гардонидан ва
саҳифаҳоро хондан лозим меояд, аммо ҷавононе, ки дар замони
охир саводнок шудаанд ва арабиро намедонанд, аз он луғатҳо
ҳеҷ фонда бурда наметавонанд. Бинобар ин хостам, ки ба асоси
ҳамон луғатҳои кӯҳна як луғата тоҷикй ба тоҷикй бо усули
замонй тартаб диҳам. Корро ба ин тартаб пеш шрифтам:

Аз луғатҳои кӯҳна хдр чизеро, ки мурда буд ва ба забони мо
даркор намешавад, партофтам, чизҳои даркориро шрифтам.
Чизҳои даркорй ҳам ду қисманд: як қисми онҳо барои таҳрир ва
мутолиаи адабиёти имрӯза ба кор мераванл ва қисми дигарашон
барои мутолиа ва фонда бурдан аз адабиёти классикй даркор
мешаванд.

Медонед, ки ба ин сабаб хеле луғатҳои арабй ва форсии қадим,
ки дар адабиёти классикй ҳастанд, шрифта мешаванд ва манбаи
дигари ман халқ аст. Ҳар кадом бобро бо забони халқ, ки то ҳол

30
дар ягон луғат дида нашудааст, аммо дар миёнаи мардум зинда
ва дар гуфтушунид аст, пур мекунам.

Дар тафсили луғатҳои кӯҳна қам маънии кӯҳнаашро, ки дар
адабиёти классикй ва дар забони имрӯза нест, партофтам ва он
маъниҳояшро, ки имрӯз зинда аст, гирифта истодаам.

Агар ба тамом кардани ин кор комёб шавам, гумон мекунам,
ки барои ҷавонон ва забони адабии имрӯзаи тоҷик хазинаи калон
ба вуҷуд ояд. Табиист, ки таҷриба ва кори аввалй бо хеле
нуқсонҳо омехта мешавад. Бо вуҷуди ин як асосе, ки дар оянда
такмил ва ислоҳ кардани он осон аст, гузошта мешавад. Ман
хаёл кардам, ки то тамом шудани кор ба кори дигар даст назанам,
то ки чизҳои пеш-пеш навиштаам аз ёд набаромада, кор нисбатан
зудтар ва осонтар тамом шавад. Ин коре, ки ман ба танҳой cap
кардам, корест, ки Бектош бо роҳбарии Нисормуҳаммад бо як
дастаи калоин "забоншиносон" cap карда, ду сол "кор карданд"
ва садҳо ҳазор сӯми давлат харҷ шуду дар натиҷа чизе ҳам нашуд.

Бектош дастгир шуд, аммо боқимондагони ӯ ва дигар касоне,
ки роҳбарони шайкаашон имрӯз фош гардиданд, нисбат ба ман
аз игвогарй боз намеистанд. Шумо медонед, ки Вадуд ба ман
додарарӯс аст ва инро ҳам медонед, ки миёнаи ман ва ӯ ҳеҷ алоқаи
маънавй ва маслакй нест.

Баъд аз он ки ӯ аз ҳабсу нафй халос шуд, асосан дар Тошканд
меистод, аммо ҳар вақт, ки Самарканд ояд, азбаски модараш
мурдааст, пеши ҳамширааш меистод. Албатга ҳаммаслакони ӯ
ба хонаи ман рафтуой надоштанд.

Соли 36-уми мохд декабр ба Тошканд рафта буд, то вақти
ман ба саёҳат рафтан ӯ дар Тошканд буд. Ман 7 июли соли 37 ба
саёҳат рафтам, ӯ дар Тошканд буд. Ман 7 июли соли 37 ба саёҳат
баромадам, ки 11 июл дар Маскав будам. У 16 июл ба Самарканд
омадааст, бачагон дар бог буданд ва як қисми ин бог ҳам азони
ӯст. Табий дар ҳамон бог пеши ҳамширааш мондааст ва 19 август
дастгир шудааст ва ман 22 август ба Самарканд дохил шудам.

Инак, ба ҳамин муносибат дар рӯзномаи маҳаллии Самарканд
маро ба кори Вадуд баста навинггаанд. Як бор ки ном дар қатори
одамони бадном баромад, чанд блри дигар ба корҳо ва одамоне,
ки ман бо онҳо ҳеҷ муносибат надорам, баста навиштаанд.

31
Албатта ба ҷоҳои даркорӣ ва органҳои тафтишй муроҷиат
кардам, ки ин корро тафтиш намоянд. Пекин то ҳол натиҷаи
тафтиш маълум нест. Амин ҳастам, ки ман аз тафтиш пок
мебароям, аммо душманон як дараҷа муваффақ шуданд, ки маро
беобрӯ кунанд ва ҳар рӯз ҳабс шудани маро дар кӯчаҳо овоза
карда гаштаанд.

Бачагонро аз тарафи ман бӯсед, ки онҳо ба бӯсидани ман роҳ
надода буданд ва ба мӯҳтарам Бону саломи самимона.

Воқеан аз ёд баровардам, ки пурсам тарҷумаи достони ман
чй шуда бошад;

Бо саломи самимона:
Айнй.

Ба хабари саломатй чашм дар роҳам.

Адрес:

Самарканд, Ленинский район,
квортоли Қӯрғонча, дом 10,

Айнй

23.

Аз Москва ба Самарканд,
(29 октябри 1937)

Устоди мӯҳтарам Айнй! Рӯзи 28-ум аз Сталинобод ба Маскав
муроҷиат карда, хати шуморо дар хона дидам, ки инак, ба он
ҷавоб менависам. Ман хаёл карда будам, ки дар ин сафар ба
Самарканд фуромада, як рӯзро дар сӯҳбати шумо ба cap мебарам,
бачаҳотонро мебинам ва духтараки азизам Холидаро, хусусан
барон дарсҳояш табрик мегӯям. Аммо чанд сабабҳо маро аз ин
саодат маҳрум ва аз шумоҳо шарманда кард. Яке аз ин сабабҳо
ин буд, ки дар Тошканд масъалаи мақолаҳои роҷеъ ба шуморо
дар газетаҳо хонда бо рафиқони марбута машварат кардам ва ба
ин қарор омадам, ки бетарафона ин корҳоро расидагй кунам.
Росташро туям, то кунун аз ҳеҷ до як сабаби сиёсии муҳим
наёфтам. Инак, корро то омадани Маскав вогузор кардам. Дар

32
ин ҷо ба тавассути правления ба ин кор ба таври ҷиддй
мепардозем. Албатта, ба он чи вазифаи виҷдонй, одамият ва
коммуниста (ҳар се як аст) бошад, амал мекунем ва дар ин кор
ҳам мисли ҳар корамон роҳи партаяро сармашқ қарор медиҳем.

Ба Холидаи меҳрубон, ба Камоли азизу латафаи Лутфия
саломи ҳамаи моҳоро бирасонед.

Аз Бону ба рафиқонатон салом ва эҳтаром. Дигар саломат
бошед.

Бо эҳтироми тамом

Лохутй.

24.

Аз Самарканд ба Маскав,
(6 ноябри 1937)

Рафики мӯхтарам Лохутаи азиз!

Хата 29-уми ӯктабр навиштаатонро 5-уми нуябир гирифтам.
Шумо дар зарфи 12 сола шиносой дар бораи май бисер некиҳо
кардед, аммо ин мактубатон аз қамаи онҳо фарқият дорад. Дар
вақге ки май тамоман афтодаам ва ҳама аз май даргурезанд, шумо
маро дилпурсй кардед. Саломат бошед!

Маи аризаи навиштаи худро мехостам ба русй перевод
кунонида ба секаи Узбекистон ва Тоҷикистон ва ҳам ба
правленияи Союзи Нависандагони Советии СССР фиристонам.
Аммо дидам, ки касе нест ин аризаи дурударозро дар ин вақт ба
май ба русй перевод карда дихдц. Бинобар ин он аризаро ба ҳамон
ҳоли тоҷикй ва арабиаш ба шумо фиристодам, ки дар вақти
тафтиши кори май ба Союз перевод карда, ё маъиияшро
фаҳмонида хоҳед дод.

Аммо мехоҳам, ки аризаи кӯтоҳтари дигарро ба русй перевод
кунонида ба секаҳо диҳам, аммо касе нест, ки ин корҳоямро ба ӯ
маслиҳат кунам ва дар корҳои техникии перевод ёрй талабам.

Чунончи дар аризаи худ гуфтам, май дар он хабарҳое, ки дар
ду газетаи "Ленин юли" ва "Ҳақиқати Узбекистон" навишта
шудааст, худро айбдор наменамоям.

33
Танҳо ман ба ин айбдор ҳастам, ки ба алоқаи маҷбурии Вадуд
гирифтор шудам, ман ба бадбахтии шавҳари хоҳари ӯ будан
гирифторам. Ман натавонистам зани бемори малари, ревматизм
ва порук сердсаи худро бо бачагони хурдсол бароварда пеш
кунам.

Вақге ки ман ба хоҳари Вадуд (соли 1920) хонадор шудам, ӯ
коммунист буд ва як коммуниста чап буд, май муллой аз Мадраса
баромадагй будам. Партия ва инқилоб маро тарбия карда ба
дараҷаи нависандаи совета расонд, мусоҳибатҳои одамони бад
ӯро вайрон карда ба ин дараҷа расонд.

Такрор мегӯям, ки ман ба Вадуд ҳеҷ як алоқаи мафкуравй ва
сиёсӣ надорам ва доштанам ҳам мумкин набуд.

Маро бо алоқаи Файзулло Хӯҷа ва Икромуф айбдор мекунанд.
Аммо шумо медонед, ки танҳо кӯшиши шумо ва ҳимояти
хукумата совета маро аз шарри Файзулло Хӯҷа ва Икромуфҳо
нигоҳ дошта омад. Шумо медонед, ки Икромуф ба "Намунаи
адабиёти тоҷик" чигуна ҳучум карда буд, шумо медонед, ки
Икромуф ин масъаларо пеши Бухорин гузошта ӯро ба майдон
андохта буд.

Имрӯз боқимондаи онҳо мехоҳанд, ки маро ба болои лошаи
мурдори онҳо тела дода, мусибата аз афтодани онҳо дидаашонро
ба шодии аз маҳв шудани ман гирифтаашон сабук кунанд.

Ман агар пир намебудам, ба ин аҳвол сабр карда
метавонистам, зеро яқин дорам, бо тафтиши дурусти совета
оқибат ҳақиқат маълум хоҳад шуд. Пекин азбаски пиру
бардоманда шудаам, метарсам, ки то ба зухур омадани ҳақиқат
организми ман тоб наёварда маҳв шавам.

Ман, албатта, бехатою нуқсон нестам, лекин ҳеҷ гоҳ муҳаббат
ва садоқата ман нисбат ба Хукумата Совета ва pox# Партияи
Коммуниста халалдор нашудааст ва халалдор нахоҳад шуд. Ман
дар вақтҳое, ки диндор будам ва дар вақтҳое, ки ҳанӯз
боқимондаҳои мафкураи ҷадидизм дар ман мавчуд буд ва дар
вақгҳое, ки ҳанӯз роҳи партия ва мақсадҳои ӯро намедонистам -
дар ҳамон вақтҳо ҳам бо садоқати хосса ба советҳо хидмат
мекардам. Садоқати ман мисли имони он аҷуза буд, ки аз вай
пурсиданд:

"Худо ҳаст, ё нест?" - ҳаст, - гуфт.

34
Боз пурсиданд:

" - Агар касе нест гӯяд, ту чигуна исбот мекунй?" Ӯ дар ҷавоб
табарро бардошт ва гуфт:

" - Ана бо ин табар сари он гуна одамро зада мешиканам". Ин
афсона дар самимият ва садоқати ман тамоман мувофиқ аст. Зеро
ман медидам, ки Совет мазлумҳоро ҳимоят мекунад ва
золимонро мезанад. Аммо вақте ки савияи ман инкишоф ёфт, он
садоқати аҷузонаам ба як садоқати илмй ва мантиқй мубаддал
шуд. Ин самимияти ман бояд аз ҳар калимаи навиштаам хувайдо
бошад, дар асарҳои ман баъзан саҳвҳо, хатоҳо воқеъ шавад ҳам
садоқату самимияти худро барҳам намедиҳад. Ман ба ин ҳол
фахр мекунам.

Аҳволи дигаре, ки маро зиёда дар печутоб меандозад, ин аст,
ки занам бемор аст ва бачагонам хурдсол. Дар ин аҳвол инҳо, ки
ба ғайр аз зану бачагони ман будан, гуноҳе надоранд, хароб
хоҳанд шуд.

Ман зотан то 45-солагиам - дар замони амир аз он ҷиҳат
хонадор нашуда будам, ки дар задухӯрди байни мо ва амир зану
бача поймол хоҳад шуд (чунончи зану бачаи додарам баъд аз
купгга шудани ӯ дар дасти амир маҳв гардид). Аммо вақте ки
инқилоби Бухоро нгуд ва амирй абадан маҳв гардид, ман ҳам
осудаҳолона хонадор шудам. Агар медонистам, ки дар охири
умрам ин гуна ҳодиса ба ман рӯй медодааст, ман ҳаргиз хонадор
намешудам ва бо гуноҳи ман инҳо азоб намекашиданд.

Шумо маро собир медонистед, тааҷҷуб хоҳед кард, ки чаро
ман ин қадар тилтанг шудаам. Дар ҳақиқат ман хеле борбардор
будам, дар вақге ки дар арки амир маро мезаданд, гӯнггҳоям
мепаррид, хун аз баданам мешорид ва гоҳо аз хуш мерафтам,
лекин вақте ки ба хуш меомадам, нигоҳ мекардам, ки онҳо
маҷбур мешуданд чашмонашонро аз ман канда ба замин дӯзанд.
Аммо ман на дод мегуфтам ва на аз чашмам об мебаромад. Зеро
онҳо душман буданд ва дар онҳо ҳамонро дида истода будам,
ки чашм доштам ва ба интиқом ҳозир мешудам. Аммо дар
шароити совета, ки ба вай содиқ ва самимӣ ҳастам, "ту" гуфтанро
бардошта наметавонам.

Имрӯз 6-уми ноябр аст, ҳамаи СССР, ҳатто маҳнаткашони
хориҷ ҳам ба иди 20солагии уктабри бузург тайёр мешаванд.

35
Бачагони ман ҳам ба мошин лента баста истодаанд, байрақчаҳоро
тайёр мекунанд. Лутфияча ҳам хониши Интернасионалро машқ
карда истодааст. Аммо ман, мани бадбахт дар зарфи ин 20 сол
танҳо ҳамин рӯз аст, ки дилам пурхун аст, аммо ҳеҷ зоҳир
намекунам, то ки ба шодии бачагонам халал нарасонам.

Хулосаи калон, ақволи ҳозира ҳаминро нишон медиҳад, ки
аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барон беҳбудии кори ман умеде
нест. Танҳо умеди ман дар Маскав, дар марказ, дар сека ВКП(б)
монда аст. Ман умед дорам, ки партия ва совет бардопггаи худро
нахоҳад гузопгг, ки бар хоки хорй афтад, охир маро cap карда
Маскав ва матбуоти шӯрой бардошта буд. Ҳоло ҳам умеди ман
танҳо ба он ҷо монд. Оҳ, кошки аз ин рӯзи ман Сталини бузург
хабардор мешуд ва бори дигар ба ман ҳаёт медод. Охир, ӯ гуфта
буд, ки "ба гуноҳи падар писар ҷавоб намедиҳад?"

Илтимоси дигар аз шумо ин аст, ки агар бо ҳамаи кӯшишҳо
кори ман бад шавад, шумо ба бачагони ман монанди як каси
доғдор нигоҳ накунед. Кӯшиш кунед, ки инҳо дар роҳ намонанд.
Шароити Осиёи Миёна бад аст, дар ин ҷо агар касе зада шавад,
бачагони хурдсолашро ҳам мезананд, касоне мезананд, ки онҳо
ба корҳои ҷамоатй ва сиёсӣ ҳеҷ дахле надоранд. Охир шумо
коммунист ва соҳиби фарзанд ҳастед. Васияти охирини ман
ҳамин аст!

Бо салом ва эхтиром:
Айнии бадбахт.

25

Аз Маскав ба Самарканд,
(4 апрели 1938)

Фозили мӯҳтарам! Мактуби аввалини шуморо, ки шрифтам,
ба забони русй тарчума кунонда ба маҷлиси секретариат дода ва
таклиф кардам, ки зудтар кори шуморо расидагй карда як хотима
диҳанд. Маг гуфтам, ки вақте родеъ ба як нависандаи машхур
дар сари забонҳо ва дар баъзе рӯзномаҳо нисбатҳои бад
медиҳанд, ақидаи ман ин аст, ки бояд расидагии комил ва
тафтиши сара дар он бора бишавад, ки:

1. Агар он гапҳои забонакй ва навипггагй дурустанд, пас инро

36
ошкор намуда ба он кас ҷазои даркорй диҳанд. II. Агар ин гапҳои
кӯча ва баъзе матбуот асос надорад, бояд ба таври қатъӣ гӯянда
ва нависандаи онҳоро фош намуда ва ҷазои даркорй диҳанд, ки
обрӯи мардумро набурда бигузоранд хидмат кунанд."

Ҳаминро ба рафиқон Прутопопуф ва Юсуфуф ҳам гуфтам.
Р.Паустовский ба ҷамъияти нависандагон телегром фиристод,
ки комиссия кунанд. Чанд рӯз пеш телегромми рафиқ Юсуфуф
расид, ки муждаи дуруст шудани кори шуморо медиҳад. Ин
ҳамаро хушҳол кард, ки охираш ба хуррамият анҷом гирифт.

Ман яқин дорам, ки ба сахтиҳо таслим нашуда,т асарҳои хуби
ба манфиати халқи фотехи шӯрой, ба манфиати Ҳукумати Совета
ва Партияи Коммуниста хоҳед навишт. Шумо дар мактуби
худатон гила кардаед, ки "одамони поёнй харчи тавонистанд дар
ҳаққи шумо бадй карданд."

Охир, домуллодон, одамони поёнй дар ҳаққи кй бадй
накардаанд? Албатта, мо "поёнй"-ро нисбат ба сифат ва ахлоқи
онҳо мегирем.

Шумо мебинед ба он марди бузурги замонй, ба Максим
Горкии чиҳо кардаанд? Ва шумо медонед, ки то дақиқаи мурдан
ба хидмати коргару деҳқон, ба хидмати ватани сусиёлистй
машгул буд. Ин барои мо даре бояд шавад. Агар хидмати мо ба
халку ба партияи коммуниста содиқона бошад, он вақт кори мо
фоиданок, ҳаёта мо қиматдор ва асари мо ҷовидона аст ва аз ҳеҷ
кас ва аз ҳеҷ чиз набояд битарсем. Мунтазири хондани асарҳои
нави шӯроии шумо мухлисатон Лохутй.

Аз тарафи Бону ба оилаи мӯҳтараматон ва аз тарафи ман ба
ҳама фарзандони азиз салом бирасонед. Умед дорам саломат
бошанд ва хуб бихонанд.

26.

Аз Самарканд ба Москва,

8 май 1938

Фозили мӯҳтарам, рафиқ Лоҳутй!

Мактуби 4-апрел ба пӯчта супурдаатон, дар вақташ расида
буд, аммо дар ҷавоб мебахшед, ки бешармона хеле ва бисёр дер

37
мондам. Сабаби ин бемориам буд. Рафиқҷон, ман хеле бемори
дарунй шудаам, ки бо андак таъсири хориҷӣ, масалан бо ягон
хӯроки андак нофорам, ё шамоли тундтар зуд бистарй мегардам.

Ман дар рӯзҳои гирифтани мактуби шумо бемор будам, он
қадар сахт набуд. Ман фикр кардам, ки баъд аз беҳтар шудан
ҷавоб хоҳам навишт. Аммо дишаб 17-апрел бо 39 дарада таб ба
як қай ва исҳоли сахт гирифтор шудам ва ба чунин ҳол як ҳафта
бештарин бехуш будам. Шумо медонед, ки дар вақти бемории
қай ва исҳол бехуш бошанд, чй фалокатҳо рӯй медиҳад, бар
болои ин модари Холида, ки аслаш бемор буд, дар ҳамин рӯз
бемориаш сахтгар шуда буд. 24-апрел дардам рӯй ба беҳбудй
овард. (Албатта яке аз духтурони хуб маро муолиҷа кард). Дар
якуми мой ҳарчанд дар намоиш иштирок карда наметавонистам,
ба пеши дарвозаам баромада намоишчиёнро тамошо кардам. Аз
7 мой тавонистам, қалам ба даст тирам, ин аст, ки дар 8-мой ба
шумо ҷавоб менависам.

Албатта аз он хуҷумҳо, хусусан, ки ҳамааш дурӯғ баромад,
дар матбуот эълон карданд ва нависандагони мақолаҳо
айбашонро ба гардан гирифтанд, рӯхд ман наафтод, ҳатто аз
аввалй зиёдтар кувват гирифт. Аммо чй кунам, ки бадан, хусусан
ин бадани пири фарсуда, ба қуввати аввала наомада истодааст.
Одам танҳо бо шавқ ва қувваи рӯҳ кор карда наметавонад, бадани
солим ҳам даркор аст, ки ба фармони рӯҳ ва шавқ итоат кунад.

Чунон ки дар мактуби худ шпора кардаед, барои бартараф
шудан ва дуруст шудани кори ман қисмати шумо ба воситаи
секретариот ва шахсан ба воситаи рафиқ Ставский роли калон
бозй кард.

Рафиқ Ставский ба Точдкистон ҳам телегроф карда будаанд.

Корқои дар замони сонй дар Узбекистон дар ҳаққи ман шуда
ин аст: Дар Тошканд дар хдр маҷлисҳое муносибате бароварда
номи маро ба некй ёд карданд ва қайд кардаанд, ки ба ман ноҳақ
ҳуҷум шудааст. Дар рӯзҳои бемории ман аз Союзи
Нависандагони Узбекистон ба Самарканд одами махсус омада,
дар 23-апрел ба муносибати шашсолагии қарори ЦК дар бораи
адабиёт як мачдиси калон гузаронида хуҷумкунандагон ба манро
фош кардааст. (Зам. директури собиқи газетаи Самарканд ва
мудири культпропи собиқи Самарканд ба гуноҳҳои

38
аксулинқилобии худ кайҳо ба подвол рафтаанд.

Рӯзномаи "Ленин юлй"-и Самарканд, ки ташкилотчии хуҷум
буд, расман эълон кард, ки хуҷумҳо нодуруст аст.

Инчунин дар 5 -мой ба муносибати рӯзи матбуот дар
Самарканд маҷлиси умумии шаҳрй гузарониданд ва дар он
маҷлис маро ҳам даъват карда ба маҷлиси президиум
гузарониданд. Дар он ҷоҳо мудири ҳозираи газета ва мудири
ҳозираи культпропоблуси Самарканд баромада ноҳақ шудани
хуҷумҳо ба манро ва аз тарафи киҳо шудани он хуҷумҳоро ба
омма гуфтанд ва таклиф карданд, ки нависандагони он мақолақо
баромада ran зананд. Баъзе аз он нависандагони мақола, ки дар
маҷлис буданд, аз он чумла Валй Карим ном, ки дар Тошканд
дар маҷлисе, ки шумо будед, ба ман ҳуҷум карда будааст,
баромада иқрор кард, ки ман ба фармуни редактури собиқ, ки
ҳоло дар ҳабс аст, он маколаро навишта будам ва боз редактур
баъзе чизҳоро худаш илова кардааст. Ба вай мудири культпроп
ran парронд, ки "агар редактур ба ту мегуфт, ки худатро аз бом
парто, магар ту мепартофтй?..." Албатта соҳиби мақола ба ин
сухан чавоб гуфта натавонист. Ва инчунин дар рӯзи матбуот дар
зовуд ва фабрикаҳо, дар колхозҳои Самарканд мачдис гузаронида
ноҳақ будани ҳучум ба манро эълон кардаанд.

Хулоса дар Узбекистон ва аз ин чумла дар Самарканд, ки
маркази хуҷум ба ман буд, гуфта метавонам, ки корҳо тамоман
дуруст шуд. Зотан ҳам идораҳои расмй, аз ин чумла Союзи
Нависандагони Узбекистон мутлақо ба ман беҳурматй
накардааст.

Аммо дар Тоҷикистон корҳо дигарранг аст. Дар Тоҷикистон
колхозҳо ва ҷоҳое, ки бо қарори Кумитаи Иҷроияи Марказй ба
номи ман шуда буд, бе ҳеҷ қарори Кумитаи Марказй номҳоро
дигар карданд. Ҳарчанд бо ташаббуси шахсии рафиқ
Прутопопуф кори пенсаам дуруст шуд, дуговори вайрон
кардашуда боз ба амал оварда шуд ва аз тарафи партия рухсат
додаанд, ки асарҳои маро хонанд ва ба хрестоматияҳо гиранд,
аммо Тоҷигиз ва идораҳои поении дигар, хусусан шахсони
ҷудогона ҳанӯз дар ҳаққи ман ба зеҳнияти аввалаи худ
барқароранд. Масалан Тоҷигиз бо ташаббуси рафиқ Прутопопуф
ба ман фармуд, ки то 10 июл кор кардани лугатро тамом карда

39
диҳам, аммо аз пули ман, ки аз корҳои дигар аз соли гузаштаи
моҳи мой қариб 5000 сӯм ба гарданаш аст, як пул
намефиристонад ва ҳол он ки ман даҳ моҳ боз кори пулнок
накардаам ва карда наметавонистам ва танҳо бо пенсия зиндагӣ
мекунам, ҳар чи сабаб ҳам буд ба фурӯш рафт. Ман шарм
медорам, ки масъалаи пулро қам ба рафиқ Прутопопуф нависам.
Ман дар ҳолати беморӣ кӯшиш карда истодаам, ки то июл
луғатро тамом кунам, аммо бо ин зеҳният маълум нест, ки қабул
мекунанд ё не, пул медиҳанд ё не.

Дар ҳамин рӯзҳо касе аз коркунони нашриёти Самарқанд
омад, мегӯяд, ки аз тарафи Тоҷлит, ҳам отдели печати ЦК
фармуданд, ки асарҳои Айниро дар китобҳои мактаб дароред.
Баъд аз даровардан, боз касе намедонам аз куҷо, бо телефон гуфт,
ки ҳозир асарҳои Айниро нигоҳ дошта истед, албатта ин
провокатсия аст. Сиёсати партия дар Узбекистон дигару дар
Тоҷикистон дигар намешавад, хусусан дар ҳаққи шахсҳо ва
асарҳо.

Бадии аҳволи Тоҷикистон дар ҳаққи нависандагон дар он ҷост,
ки дар Союзи Нависандагон каси дуруст нест. Танҳо Шанбезода
раис аст, ки вай танҳост. Нависандагони ҷавон ба пеши
Шанбезода омада таклиф кардаанд, ки мачдиси расмӣ ҷеғ зада
Айниро фош кардан даркор аст. Шанбезода ҷавоб додааст, ки
агар билети партиягии маро зи дастам гиранд ҳам, бе ягон
хуҷҷати расмие, ки исбот шуда бошад, ба дасти ман нарасад,
ман ин корро нахоҳам кард.

Котиби Союз Деҳотист, ки ба вай чӣ ном доданро худам ҳам
намедонам. Агар дӯсти ман гӯям бояд "дӯсти нодонам гӯям, ки
аз душмони доно бадтар аст".

Хулоса, дар Тоҷикистон, ки дар ҳаққи ман ба ғайр аз чизҳои
дар газетаи Самарканд навишта шуда, дигар асосе ба даст
надоранд, ҳанӯз дар ҳаққи ман корҳо ҳамин тарз аст. Хайрият,
ки ман ба Союзи Нависандагони Точлкистон аъзо набудаам,
вагарна маро кайҳо аз союз мебароварданд. Чунончи баъзе
касоне, ки дар Бухоро буданд ва умуман аъзои Союзи
Нависандагон набуданд, дар Союзи Нависандагони Тоҷикистон
мисли душмани халқ аз союз бароварда дар матбуот эълон
карданд.

40
Баъд аз эътирози он одам эзоҳ доданд, ки саҳв шудааст. Он
ғарибон барон муҳофизати худ ва барон хушёрй нишон додани
худ чй аҳмақиҳо накарданд. Деҳотй як мақола барон пок кардани
худ ба рӯзнома чоп карду дар вай ба баъзе хатоҳои худаш рафик
Садрулинро нишон дод ва Садрулинро дар он мақола ба унвони
душмани халқ ном бурд ва ҳол он, ки дар Тошканд кори
партиявии Садрулин дуруст шуд ва дар нашриёти Совнаркуми
Узбекистон мудир гардид.

Хул оса дар Тоҷикистон хусусан дар ҳаққи нависандагон
қарори январии ЦК як фоиз ҳам иҷро нашудааст.

Бо вуҷуди беморй ва бемадорй бисёр ran зада шуморо дарди
cap додам, мебахшед. Аммо "Бе субҳ шабе хоҳам, бо ту гами
дил гӯям, ман гиряму ту хандй, танҳо ману танҳо ту".

Агар иғвогарй нагӯед, инро ҳам бояд гӯям, ки дар Хуҷанд як
колхузро, ки ба номи шумо "Лохутй" будааст, бо як провокатсия
номи шуморо аз вай гирифта ба номи "Димитров" мондаанд ва
ҳол он ки лар Сталинобод теотр, кӯча ва колхузҳо ба номи шумо
барқарор аст. Ин ҳам ба чигуна иҷро шудани қарори январи як
мисол аст.

Чунончи аз ин пеш навишта будам, ман бачагонро аз мактаби
тоҷикӣ гирифта дар мактаби русй монда будам, зеро беқамин
бачагонро олим кардан ва аз мактабҳои олй баҳравар кардан
мумкин набуд. Зеро дар мактабқои тоҷикӣ ва ӯзбекй дарсҳо сует
мерафт, хусусан дарси забони русй мисли бозй буд. Албатта
бачагон имсол дуруст фонда бурда тавонистанд. Як муаллими
русй нигоҳ допггам, ки дар хона дарсҳои онҳоро тайёр карда
диҳад. Лекин дар вақгҳои охир аз ҷиҳати бепулй маҷбур будам,
ки муаллимро рухсат диҳам. Хулоса имсол истифодаи бачагонам
аз мактаб ноқис аст, аммо умедворам, ки дар соли оянда дуруст
фонда бурда тавонанд.

Қароре, ки хукумат ва партияи Узбекистон дар бораи дуруст
таълим додани забони русй дар мактабҳои ӯзбекӣ ва гайри русй
(аз он ҷумла мактабҳои тоҷикй ҳам) бароварданд, умуман
мувофиқи талаби зиндагй аст.

Умедворам, ки баъд аз ин дар мактабҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ
забони русй дуруст таълим ёбад ва монанди ман касе маҷбур
нашавад, ки фарзанди худро дар мактаби гайри модариаш

41
гузопгга ҳам харҷи зиёд кашаду ҳам бачагон азоб кашанд.

Ба рафиқ Бону аз худам ва аз оилаам салом. Бачагонро
мебӯсам ва бачагон, ҳатто Лутфия ҳам ба шумо ва бачагон салом
доранд. Роста Лутфияро ҳам ба боғчаи бачагонаи русй мондам.
Ба рафиқ Ставский ва Арошур салом.

Бо эҳтиром
Айнӣ.

Адреси ман:

Самарканд, Ленинский район,
квортали Қӯрғонча, дом нумур 10.

Айнӣ.

27.

Аз Москва ба Самарканд,
17 май 1938

Устод Айнй салом! Хата шуморо гирифта аз андоза берун
хурсанд удам. Асосан вазъията шуморо медонистам, ки дуруст
шудааст. Дар ҳукумати шӯро зулм мумкин нест. Касоне ҳам, ки
барон манфиати шахсй хиёнат мекунанд ва дигаронро меозоранд,
дер ё зуд ба даст меафтанд. Чизе ки ҳаст, сиҳҳатро хароб мекунад.
Ҳоло аз касал будани шумо мутаассирам. Умед аст, ки партаяи
Ленин-Сталин касолата ҷисми шуморо ҳам шифо диҳад. Омин!

Дар хата худатон навиштаед, ки ким кияк дар пеши ман ба
шумо ҳуҷум кардааст. Домулло маълум мешавад, ки ин ҷо ҳам
иғвогарй кардаанд. Масъала ин аст, ки дар редаксия ба ман мисли
яке аз котабони Союзи нависандагон маърӯза карданд ва сабаби
ба шумо ҳуҷум карданро (албатга, ба ақидаи инҳо) гуфтанд.
Ҳамин тавр тарафдорони шумо ҳам ба манфиата шумо гуфтанд.
Ман ҳар ду тарафро гӯш дода ва гуфтам, ки мавзӯъи кӯҳна,
аҳамияте надорад ва мо салоҳията мудохила ба онро надорем.
Аммо аз давраи ҳукумата шӯро Айнй хидматҳои адабй кардааст
ва инҳо ба манфиата заҳматкашон аст.

42
Ман лозим донистам ин масъалаҳоро ба шумо хабар диҳам,
ки бештар ба сихдати шумо зарар нарасад ва мисли худам
асабонӣ нашавед. Масъалаи дигар мавзӯьи баргардонидани номи
колхоз дар районы Ленинобод, аз "Лохутй" ба "Димитров":
Устодҷон, қасам ба маслаки ленинизм ба қадри сари мӯе ба ин
корҳо аҳамият надиҳам. Тоҷикистон қадрдонии худашро кунад.
Ҳукуматдорони он ҷумҳурият алоқаи шахсй надоранд. Майлаш,
раҳмат. Ман дилам осуда ва фикрам солим аст. Таърих хомӯш
нахохдц шуд ва халқ нахохдц мурд. Мардум хидмати адабии маро
ба Тоҷикистон медонанд ва раҳбари мардум - фирқаи
коммуниста ҳам медонад. Аммо як чизро хеле дилам мехост, ки
бидонам:

Махсусан ин ки чй баҳона донгганд ва иғвогарй дар чй шакл
ва ба чй иборат будааст.

Агар инро ба банда менавиштед, мамнуни абадй мешудам.
Боқй кори халқ аст, ба номи хдр кас, ки мехоҳад колхози худашро
меномад. Шумо менависед, ки дар Сталинобод ҳанӯз театру кӯча
ба номи ман боқй аст. Боқй монад ҳам, домулло, аҳамият
намедиҳам. Аммо аҳамият барои номи Тоҷикистон дорад. Дар
Маскав ҳеҷ мунтазири ин хабар набудам. Ҳоло, ки шуд, хайр
шавад. Охир, ки партия инро хоҳад шунид ва фикри худашро
хоҳад гуфт. Ман хомӯш мешинам.

Роҷеъ ба Деҳотй бошад, нисбат ба ман ҳам иғвогарй кардааст.
Аммо шумо беқтар аст, ки ба ӯ нагӯед. Ин хел бачаҳо тараққии
худро дар ин гуна "садоқаткориҳо" медонанд. Ба Холидаи азиз,
Камоли бемисол ва Лутфияҷон салом бирасонед.

Дилам бисёр мехоҳад онҳоро бубинам.

Акнун як мисоли зинда барои шумо менависам. Ҳарчи
мехоҳед аз он дарк кунед: Ду рӯз пеш пирзанак (курйер) якчанд
билета театр, ки худам заказ дода будам, аз котибаи ман гирифта
ба хонаам оварда дод. У намедонист, ки билетҳоро худам пул
додаам. Фақат котабаам онҳоро тайёр кардааст. Пас бо як зудй...
ба ман мегӯяд.

Бисёр истода мунтазир шудам. Охираш ба директори театр
гуфтам, ки медонй ин билетҳо барои кист; ҳо, ӯро тарсондам,
даррав дод. Набошад кй медонад, билетҳоро медод ё не? Як даҳ

43
ҳазор одам дар очеред буданд. Гуфтам ташаккур, ҳамин яқинан,
ки бидуни шумо билет намедоданд. Хуб, чй қадар пул додед.
Рангу рӯи мағруронае нишон дода гуфт. Ман пул диҳам? Уху,
ман барои шумо бепул гирифтам. Ман ба ӯ ташаккур гӯён ҷавоб
додам, ки ба котибаи ман бигӯ. Агар аз пули билетҳо, ки ман
пеши ӯ гузоштаам, чизе мондааст, ба ту инъом диҳад. Ҳо, корам
бисёр, меравам гуфта гурехт.

Хуб, саломат бошед, тандуруст бошед ва бештару беҳтар ва
солҳои дароз ба захматкашон хидмат кунед.

Бо салом ва эҳтиром Лохутй.

Илтимос бинависед, масъалаи колхоз чй хел игво будааст.
Ин ҳамон колхози Қистакӯз нест?

Мебинед, домулло. Ман дар хати лотинй шогирди Холидачон
ҳастам.

Холидаҷон, Камолҷон, Лутфияҷон, салом!

Дар орзуи дидори шумо амакатон

Лохутй.

28

Аз Самарканд ба Москва,
25 май 1938

Рафиқи шафиқ, мӯхтарам Лохутй!

Салом!

Мактуби 17 май ба пӯчта супурдаатонро 23 моҳи мазкур
гирифтам, бисёр мамнун ва хурсандам, ки зуд ҷавоб навиштаед.
Маънии мисоли зиндаатонро тамоман фаҳмидам, айни мулоқот
шарҳ хоҳам дод.

Пеш аз он, ки ба хоҳиши шумо ҷавоб диҳам, як нуктаи
мактуби пештараамро мехоҳам шарҳ диҳам, зеро аз мактуби
шумо маълум шуд, ки ин фиқра дар он ҷо мубҳам ва нофаҳмо
рафтааст, сабаби ин он аст, ки ман он мактубро дар ҳолати
беморй навишта будам: дар он мактуб ба ҳамин мазмун "як кас
дар маҷлисе, ки шумо ипггирок допггед, ба ман ҳуҷум карда

44
будааст, ба хатой худ дар мачдиси умумй иқрор кард..." чизе
набуд.

Шарҳи ин он аст, ки шумо дар вахте, ки дар Тошканд будед,
Союзи Нависандагони Узбекистон як пленум ҷеғ зад. Дар он
пленум Валй Карим ном аз Самарканд рафт. Ин одам, яке аз
нависандагони он мақолаҳои бесарубун буд, дар пленум дар
баромади худ дар болои ман истода баъзе чизҳои нописанд
гуфтааст. Инро ман аз ҳисоботе, ки аз он пленум дар газетаи
"Ҳақиқати Узбекистон" бо имзои "Солеҳ Исмоилзода" баромад,
фахмидам. Ана ҳамин Валй Каримуф дар маҷлиси умумии рӯзи
матбуот дар Самарканд ба сухан баромада, ноҳақ будани
хучумҳои ба ман кардаашро иқрор кард. Ман хостам, ин воқеаро
(яъне ба хатой худ иқрор кардани Валй Каримро) мухтасар
нависам. Аммо ба ҷое, ки "дар пленуме, ки шумо иштирок
допггед..., нависам, бинобар бедиққатии беморй "дар мачдисе,
ки шумо иштирок допггед.,." навиштаам. Аммо дар ҳақиқат ба
ман маълум набуд, ки дар вақти баромади Валй Карим шумо
дар маҷлис будед ё не?

Ман гумон мекунам, ки бо ин кадар, ин нуктаро эзоҳ дода
тавонистам.

Аммо масъалаи мудофиаи шуморо дар бораи худ дар
Сталинобод, ҳатто дар баъзе мачдисҳои хусусӣ дилсӯзиҳои аз
ҳад зиёд кардаатонро шунида будам. Албатта ман ин нуктаро ба
шумо нанавиштам, зеро ман ҳарчанд худро аз риё, нифоқ
тамоман орй медонам, боз дар гуфтани некий касе ба рӯи ӯ як
навъ бӯи "риё"-ро пай мебарам, бинобар ин он ва монанди он
некиҳои шуморо шарм медорам, ки шахсан ба худи шумо
нависам.

Масъалаи номи як колхузи Ленинобод ба ман ба ин тариқа
маълум шуд: Дар наздикй яке аз рафикон, ки аз Сталинобод
омада будааст, пеши ман даромад. Ин дар вақте рост омад, ки
бегуноҳии ман дар матбуот ва дар маҷлисҳои умумй эълон шуда
буд. Ин рафик дар аснои ба ман дилдорй доданаш ба ҳамин
мазмун гуфт: "Ин гуна иғвогариҳо танҳо дар ҳаққи шумо нашуд,
дар наздикй дар ҳаққи рафиқ Лохутй ҳам як воқеа шуд. Чунон
чи Раҳим Ҷалил аз Ленинобод ба Сталинобод омад, кӯча ва

45
театрро ба номи Лоҳутй дида гуфт: дар Ленинобод дар ҳаққи
Лохутй магар ягон чизи иғвогарона паҳн шудааст, ки колхузи ба
номи "Лоҳутӣ" бударо ба номи "Димитруф" гардонидаанд, аммо
Рақим Ҷалил ҳам надонистааст, ки чи гуна будааст ва дар куҷо
будани он колхузро нагуфтааст. Фақат аз табдили номи колхуз
ҳамин гуна ягон игвогарй буданро хне кардааст.

Ин рафиқи нақлкунандаи ин хабар ҳам табий чй будани
игвогариро ва дар куҷо будани он колхузро намедонад. Аммо
худи ман аз рӯи таҷрибаҳои ба сари худам воқеъ шуда гумон
мекунам, ки бояд ягон душман на рӯйрост, балки дар зери доман
ба роҳбарони он колхуз дар ҳаққи шумо ягон хабари нописанд
гуфта бошад ва он роҳбарон хам барон нишон додани "хушёрй"
ва мудофиаи худ ба зудй, гумон меравад, ки ҳатто дар мачдиси
умумй, номи колхузашонро дигар карда бошанд.

Ба табдили номхои колхузҳои баноми ман буда ҳам ҳамагӣ
қариб ба ҳамин тариқа шуд. Акнун омадам ба болои сиҳҳатии
худ: он бемории таҳлуканоке, ки дар мактуби аввалиам навишта
будам, гузашт. Аммо харобии бадан, вайронй ва азоби
беқувватии бадан ва дил, беиштиҳой ва бадҳазмй боқй аст, бояд
ҳаррӯза ҳаёти худро боэҳтиёт гузаронам. Корам ҳозир танҳо кор
кардан бар болои луғат аст.

Дар ин миён баъзе мақолаҳо бо хоҳиши баъзе редаксияҳо
навишта бошам хам, онҳо ба ҳисоби кор дохил намешаванд.

Бачагон дирӯз ба бог кӯчиданд, худам дар хона танҳоам, фақат
бегоҳонй соати 5 пеши бачагон рафта соати 9 бармегардам.
Азбаски дар бог хона нест, барои ман дар он ҷо хобидан мумкин
нест, бачагон бошанд хдтго дар айвон намехобанд, дар рӯи суфа...
хобидан мегиранд.

Модари Холида бемор аст. Духтурҳо барои вай курортро
лозим донистанд ва аз комиссия гузаронида хат доданд. Аммо
ба даст даровардани путёвка мумкин наменамояд, хусусан дар
ин шароит, ки пул ҳеҷ надорам.

Агар путёвка ба даст медаромад, ӯро мефиристодам ва
Камолро барои дастёрй ба вай ҳамроҳ мекардам, охир Камол
ҳам 12-сола шуд, дар як сола мактаби руей қадаре забони русиро
ҳам омӯхт, ба қавли худан "об карда хурд".

46
Ammo худам имсол хаёлоти курорт надорам, аз як тараф ҳеҷ
хавсала надорам, аз тарафи дигар шароити сафари ман бисёр
душвор аст. Порсол, ки рафтам, Деҳотиро барон ёрмандй дар
роҳ бо худ гирифта будам ва путёвкаи ӯро ҳам худам таҳия карда
будам, имсол бошад ин гуна корҳо ба назарам наменамояд.

Бачагон хама гуфтан мумкин аст, ки саломатанд, ҳарчанд
бинобар бепарвой гоҳо як ду рӯз мехобанд, аммо асосан
тандурустанд.

Аз ҷониби ман бачагонро бӯсед ва ба мӯҳтарам Бону салом
расониданатонро хоҳишмандам.

Бо салом ва эҳтиром
Айнй. Самарканд.

Адреси ман:

Самарканд, Ленинский район,
квартали Қӯрғонча, дом № 10.

Айнй.

29.

Аз Киев, Ирпен ба Самарканд,
(9 июни 1938)

Рафиқи мӯҳтарам Айнй!

Дар мактуби 17 май ба таври қатъй хаёл накарда будам, ки аз
хидмати худам ба шумо нависам.

Ман ин қадар медонам, ки якеро гуфтан, якеро фурӯхтан аст.
Мақсуди ман ин буд, ки аз баъзе дурӯяҳо, ки мутлақо ба
манфиати худи дурӯён аст, барҳазар бошед ва фиребгаронро
бишиносед.

Мактуби 25 моҳи майи шумо маро хурсанд кард. Зеро, ки
хабари саломатии шумо дар он дарҷ буд. Охир, нгумо намедонед
мактубҳои аз нохушии сиҳҳатии шумо мӯҳтавй чй қадар маро
парешон мекард ва ба ҳаёти бачаҳотон мепечонд. Шукр, ки
фарзандонатон саломат ҳастанд.

Ман ин хатро аз наздикии шаҳри Киев менависам. Барой чахор
моҳ ба ин ҷо омадаем. Аз рӯзи вуруд сиҳҳатии бачаҳо ва худам

47
дуруст шуд, зеро ҳавояш бисёр хуб аст, хушку форам ва дар хдр
тараф ҷангали коҷ. Шубҳа нест, ки агар баъзе мулохдзаҳо набуд,
ба дурии роҳ нигоҳ накарда имсол ба боғҳои Самарканд
меомадем. Дар он ҷо, албатта, бачаҳои ман забони тоҷикиро, ки
хуб мефахманд, гуфтан мегирифтанд.

Муаллими мӯҳтарам, як хоқиш дорам: дар ҷавоби ҳамин хат
ба ман бинависед, ки дар давраи амири Бухоро чанд хел нолугҳо
(налог) аз деҳқон мегирифтанд, бо чй номе ва чй қадар. Сонй
барои шариат чй мегирифтанд. Ҳамин тавр косибони шаҳрй...
санъаттарон ва савдогарон чй молиётҳо медоданд. Умед аст, ки
инро зудтар ба банда бинависед, чаро ки мехоҳам як асаре
бинависам ва ин иттилоот барои он даркоранд. Ин хатро бо аҷала
навишта мефиристам. Ба бачаҳо ҷудогона хат мефиристам.
Ташаккур ба Холидаи азиз, ба Камоли бемисл ва Лутфияи ширин
барои хату саломашон.

Аз Бону ва бачаҳо ба рафиқаатон ва бачақотон салом
бирасонед. Мо ҳама аз касал будани модари Холида мутаассир
ҳастем. Умед аст, ки ба зудй сиҳату саломат шаванд.

Бо салом ва эҳтиром

Лоҳутӣ.

Киев, Ирпен, Тургеневская, 6,

Лохутй.

30.

Аз Киев, Ирпен ба Самарканд,
(июн-июли 1938)

Устоди мӯҳтарам Айнй! Дар хати охирини худатон як нукта
навишта будед, ки худамро барои тавзеҳ додан маҷбур ҳис
мекунам. Шумо навиштаед, ки "ба ин хат фаврй ҷавоб додед".

Фаврй ҷавоб додани ман сабабаш ахде нест. Ман ба як қисмат
аз хатҳои шумо фаврй ҷавоб додаам. Умуман баъзеро, ки дертар
ҷавоб навиштаам, сабабаш ин буда, ки дар мазмуни онҳо мавзӯе

48
роҷеъ ба худи шумо будааст, ки мебоисти роҷеъ ба он музокира
мекардам, сонй ҷавоб менавиштам. Ҳатто баъзе хатҳои шуморо
ба русӣ тарҷума кунонда ба роҳбарони ҷамъияти нависандагон
нишон дода, натиҷа гирифта, сонӣ ҷавоб навиштаам. Баъзе хатҳои
шуморо баъд аз муроҷиат аз сафари дар Маскав гирифтаам ва
ҳоказо. Ин хати охиринатонро дар рӯзи пеш аз ҳаракат баУкраина
гирифтам. Мазмунаш аз ду қисмат иборат буда: 1) Ин ки корҳои
шумо хуб ва сиҳатиатон дуруст шудааст. Ба фикри ман барои ҷавоб
наиштан ба ин бо касе машварат кардан ё тарчума кунонда ба
рафиқони марбута нишон додан лозим набуд. Худам хушҳол
шудам ва забонӣ ба рафиқон гуфтам. 2) Бинобар мазмуни хати
шумо колхози ба номи Лохутиро ба номи дигаре кардаанд. Ин
ҳам роҷеъ ба шахси ман буд. Барои ҷавоб навипгган ба ин машварат
кардан бо касеро лозим надонистам ва ба шумо навипггам он чиро
ақида допггам. Навиштам, ки як зарра мутаассир намешавам. Инро
бигузор халқи тоҷик, роҳбаронашон, нависандаҳои бузургашон
мисли шумо фикр кунанд, ки ин иғвогарии ду се нафар хулиган
ба манфиати кист; Сабаби дигари "фаврй" ҷавоб навиштанам ин
буд, ки рӯзи дигараш боис ҳаракат мекардам ва нахостам, ки сафар
боиси нанавиштани ҷавоб ба шумо шавад. Дар зимни корҳое, ки
бояд пеш аз сафар анҷом дода шаванд, инро ҳам иҷро кардам.
Ҳамин тавр дониста бошед, устод, ман ҳеҷ як хати шуморо бе
сабабе дер ҷавоб нагузоштам.

Ҳоло шумо ҷавоби хатеро, ки дар он аз шумо хоҳиш кардаам,
ки ном ва шумораи нолуғҳои давраи амири Бухороро барои банда
бинависед, зудгар марҳамат кунед ва бидонед, ки агар ҳам фаврй
ҷавоб надиҳед, дар сари ман як зарра хаёл намеояд, ки шубҳа
дар самимияти шумо кунам.

Ҳама аҳли хонаводаро аз тарафи банда ва оилаам салом
бирасонед.

Бо салому эҳтиром
Лохутӣ.

Украина, Киев,
Ирпен, ул. Пушкина, 32,
Лаҳути.

49
31.

Аз Самарканд ба Москва,

12 июли 1938/

Мӯхтарам рафиқ Лохутӣ!

Мактуби аз наздикии Киев 9 июн ба пӯчта супурдаатон, 18
моқи мазкур ба май расида буд. Аммо бадбахтона ба май вақге
расид, ки 39 дараҷа таб доштам ва соат ба соат қай ва исҳол рӯй
медод. Маълум мешавад, ки ин беморй барои май музмин
шудааст ва рафта-рафта муҷмалак хоҳад шуд. Бояд дар хотир
допгга бошед, ки май пештар ҳамеша барҷом менӯшидам, он
барои ҳамин беморй буд. Он вақгҳо ин қадар сахт набуд. Акнун,
ки пир шудаам ва асабҳо аз кор баромадаанд, қувваҳои мосика
сует шудаанд, ин беморй хусусан имсол бисёр ба таври сахт
мегирад. Ин дафъа аз дафъаи моҳи апрел сахттар гирифт ва
дертар кашид. 15 июн бемор афтода 27(ум) ба таом тавре рухсат
доданд, ки он ҳам оби гуппи мурғ буд. Аз якуми июл тавонистам,
ки қалам ба даст гирам. Ин аст, ки ҷавоби мактуби бо он ки ба
тарзи аҷала мехостед, дер кашид ва хоҳишмандам, ки маъзур
доред.

Акнун менависам ҷавобро:

Нолук ва андози амириро ба як рӯйхат навиштан хеле душвор
аст, ба дараҷае, ки идораи амир бетартиб буд, нолуки амирй хам
ҳамон қадар бетартиб буд.

Ба хукумати амирй ҳар кас бо ҳар роҳ, ҳатто бо роҳҳое, ки
худи он кас намедонист, нолук медод. Бо ҳамаи ин бойҳо гӯё аз
нолук озод буданд, муллоҳо тамоман озод буданд. Ҳарчанд ин
ба таври қонун дар ҷое сабт наёфта буд, аммо ҳақиқат ҳамин
буд.

Як бетартибии нолуки амирй ин буд, ки чунон ки дараҷаи
бисёрй, камни он ба шахсҳои нолукгиранда вобаста буд, инчунин
дар вилоятҳо ҳам тафовут мекард. Дар вилоят ва ҳар район, ки
аз марказ, аз Бухоро дуртар буд, нолуки вай ҳамон қадар
вазнинтар буд. Ин буд аҳволи умумии нолукгирй ва нолуқцеҳй.

Акнун ба тафсилот дароем:

Дар шаҳри Бухоро майдаҳунармандон зоҳиран нолук
намедоданд, аммо онҳо ҳар чизе, ки гирифта хӯранд ё нӯшанд,

50
дар зимни пули он нолук медоданд. Зеро майдасавдогарон, ки
барои ин косибҳо ва ҳунармандон мол мерасонданд, ба амир ба
номи закот ва аминона нолук медоданд.

Масалан, як майдасавдогари ба кисааш ҳазор танга андохта
аз Бухоро ба Шаҳрисабз барои мавизхарй ё алочахарй мерафт.
Ин савдогар, вақге ки ба Қаршй расид, омилони закот аз пули ӯ
дуним фоиз, яъне аз ҳазор тангааш 25 танга ба номи закот
мегирифтанд, ин савдогар вақте ки ба Ҳизор расид, боз ҳамин
муомила такрор меёфт. Ба Шаҳрисабз ҳам боз як бор закот медод.
Агар харидаш хуб нашуда ба Китоб равад, дар он ҷо ҳам нолук
медод. Хулоса аз ҳазор танга қариб саду панҷоҳ тангаашро ба
номи закот дар ин сафар медод.

Вақте, ки молро харида баргапгг, боз ҳамин ҳол cap мешавад:
дар Ҳизор як бор, дар Қаршӣ як бор, дар пепга шаҳри Бухоро як
бор аз молаш ба хисоби дуним фоиз закот медод. В акте ки ба
шахр даромад, ба номи аминона боз яку ним фоиз нолук медод.
Дар вақти фурӯш ба номи тагҷой (иҷораи бозор( боз намедонам
чанд пул медод. Ҳамаи он намудҳо ба сари он мол, мавиз ва
алоча (масалан) зам мешуд. Вақге, ки майдахунарманд ин молро
барои сарф кардан мехарид, ин нолукхрро зимнан ӯ медод. Вақте,
ки аз як оила як одам бимирад, қозй одам фиристода моли уро
тарака мекард. Дар тарака кардани моли мурда як сӯма чизро
даҳ сӯм хнсоб мекарданд ва аз рӯи ин ҳисоб аз х,ар ҳазор танга 5
танга нолуг мегирифтанд ва аз ғайри ин одамони қозй
"хизматона" хам мегирифтанд.

Боз як нолуг харҷи қозихона буд. Ҳар сол бар сари ҳар кас бо
роҳҳои гуногун даъво мебароварданд. Масалан, касе бо игвои
касе, бештарин бо игвои одамони хуку мат даҳ ҳазор танга даъво
мекард. Ин даъво мохло кашол меёфт. Дар ин моҳҳо ҳар рӯз ба
дари қозихона пул харҷ мешуд.

Оқибат ҷанҷол маҷҷонй ибро мегардид, лекин дар хатги ибро
аз рӯи маҳзари муддаиюналайҳ аз рӯи ҳар ҳазор танга панҷ танга
пул медод. Қозй ин ҷумла пулҳоро бе рӯйхат ва дафтар ҷамъ
карда, ҳар сол ба амир ба қадре, ки дилаш хоҳад ё амир талаб
дошта бошад, медод.

Қозии Бухоро аз ҳамин қабил пул ҳар сол ба амир қариб ним

51
миллийун сум пул медод.

Аммо дар ҳамин шаҳри Бухоро бойҳои калон ба ҳеҷ қозӣ ва
амир нолук намедоданд, таракан мурдаи онҳо ҳам ба чизе, ки
худи эшон ба ризо ва рухсат медоданд, мегузашт.

Аммо аҳволи деҳқонҳо тоқатгудоз буд. Заминҳои атрофи
Бухоро, яъне ҷойҳое, ки ба районҳои шаҳр дохил буд, чор кием
буд: мулки хур, мулки хироҷ ва мулки султонй ва авқоф. Замини
мулки хур кам буд ва он ҳам ба дасти бойҳо буд ва нолук ҳам аз
он заминҳо намегирифтанд. Мулки хироҷ ҳар сол миқдори
муайян пул ва галла нолук медод (ин миқдор ҳар сол дигар
мешуд). Ин кием замин хоҳ кишта шавад ва хоҳ кипгга наашвад,
нолук медод.

Замини мулки султонй, ки қисми бештарини заминҳо (қариб
81 фоизи заминҳо буд) расман аз ҳосилот аз даҳ чор, яъне 40
фоиз нолук медод. Аммо ҳакиқатан баъд аз додани тамоми ҳосил
гоҳо аз подшоҳ деҳқон қарздор шуда мемонд. Зеро тахмини
масоҳати замин ва тахмини миқдори ҳосил ба дасти одамони
нолукчин ва амин буд, ки метавонистанд 5 ман ҳосилро даҳ ман
ва як таноб заминро ду таноб тахмин кунанд (барон тафеилоти
нолукгирй аз заминҳои амлок, махдака ва ваққоф хоҳишмандам,
ки ба қисми дуввуми рӯмони "Ғуломон" муроҷиат кунед ва барои
фаҳмидани закоти роҳҳо ба боби "Бозгашт"-и "Одина" муроҷиат
кунед).

Авқоф ҳам, ки ба Мадраса ва масҷидҳо, ба муллоҳо сарф
мешуд, айнан мисли заминҳои махдака нолук медод.

Аз гайри ин деҳқонон ба номи кафсан, доруга, мироб, арбоб,
ҳақулло (ба имола) аз ҳосили худ медоданд, ки миқцори инҳо
вобаста ба зурӣ ва бақувватии деҳқонон буд, яъне дехдони бойтар
камтар медод ва камбагал зиёдтар медод.

Харҷи қозихона ва таракан дехдонон нисбат ба ахди шаҳр 5-
6 чанд вазнинтар буд.

Илова ба ин деҳқон бо ин ки чӯйҳоро шахсан худаш кофта
роҳҳои обро худаш таъмир мекард, ба номи пули ҳашар ва пули
боқи ба подшохд нолук медод. (Микдори ин нолук вобаста ба
ҳиммати мироб ва амин буд, ки дар ҳар таноб замин аз дақ танга
то 50 танга меафтод). Ин ҳол дар атрофи Бухоро буд, аммо дар

52
Қаршй аз ин вазнинтар, дар Шаҳрисабз боз вазнинтар, дар
Чорҷӯй ва лабҳои Ому боз вазнинтар. Дар Тоҷикистони имрӯза,
ки дар он вақгҳо Кӯҳистон меномиданд, аз ҳад зиёд вазнин буд.

Дар Тоҷикистон - Кӯҳистон деҳқонон бо ду-се чанд
доданаш(он) нолукҳоеро, ки деҳқонони атрофи Бухоро медоданд,
инҳо ба номи дастурхонпулй, уловпулй, амалдорпул, сарбозпул
ва дигарҳо мол, хӯрокворй ва пул медоданд. Барон дастурхони
ҳоким аз ҳар cap хона равған ва тухми мурғ мечиданд.

Барон кӯч додани арбоби хукумат ва сарбозҳо ба замми ин,
ки хару асп медоданд, боз бо мол ва пули ба номи "уповпул"
нолук медоданд. Ҳар қиншоқ барон амалдорони дар он қишлоқ
буда чиз медод, муллоҳоро тамоман таъмин мекарданд. Замини
муллоҳо ва амлокдорро бемузд кишта медоданд ва дигарҳо.

Рафиқи шафиқ!

Чунон ки дар боло гуфтам, тартиби нолуки амирро, ки ниҳоят
бетартиб ва печ дар печ буд, ба як рӯйхат гирифтан қариб мумкин
нест. Мумкин аст, ки инҳо ба тарзи ҳикоя дар зимни асарҳои
адабй баён ёбад, барон инҳо боз як бор хонда дидани қисми
дуввуми "Ғуломон" ва ду-се қисми аввали "Одина" ва саргузашти
дар кӯҳистон гузаронидаи Одинаро хоҳшпмандам.

Бо саломи рафиқона

Айнӣ.

Аз бачаҳо ба бачаҳо, аз худам ва оилаам ба мӯҳтарам Бону
салом.

Айни.

Мебахшед, ки ҳануз қуввати дуруст надорам, бинобар он
қисми зиёд бадхон шуд.

Айнӣ.

Самарканд,
квортоли Қӯрғонча, дом 10,

Айнӣ.

53
32.

Аз Киев ба Самарканд,
25 июля 1938

Рафиқи мӯҳтарам салом!

Чанд рӯз буд барои кори зарурй (шахсй) ба Маскав рафта
будам. Ҳоло баргашта хати шуморо дидам. Ҳам мамнун шудам,
ҳам дилтанг. Мамнун аз гирифтани хат, дилтанг аз хабари
бемории шумо. Бештар маро барои бачаҳоятон мутаассир
мекунанд. Охир, ҳоло онҳо дар синие ҳастанд, ки тарбия ва
таълими шуморо мустақиман ва ҳаррӯза лозим доранд. Ин
касолатҳо ва бадбахтиҳо вақти шуморо мегирад. Ана ин таъсири
сахт аст. Умед дорам то расидани хати ман сиҳат ва саломат
шуда бошед. Беҳад муташаккирам аз масъалаи нолукҳои давраи
амир, ки навишта будед, махсусан дар ин ҳоли касал, авф кунед,
домулло, ки заҳмат додам, Ман ҳам гирифтори муолиҷаи бачаҳо
ҳастам. Имсол вақтам тамоман гум шуд. Ҳеҷ чиз навиштан
натавонистам. Ҳамин масъала боиси зарар ба сиҳатам шуд.
Хулоса, ин хатро фақат барои донистани сиҳати шумо ва
бачаҳоятон менависам. Хоҳишмандам як ду сатр аз саломат
буданатон бинависед, ки хурсанд шавам.

Рӯзи 20(?) июл ба Маскав меравем. Беҳтар аст, ки хатро ба
адреси Маскав нависед.

Бо салом ва эҳтироми фаровон

Лохутй.

33.

Аз Самарканд ба Москва,

3 августа 1938

Рафиқи шафиқ, Фозили мӯҳтарам Лоҳутй!

Мактубе, ки 25-уми июл аз Украина навишта будед, расида
маро бисер мамнун кард. Ман зиёда муташаккирам, ки шумо
бисер дар ҳаққи ман ва фарзандонам гамхории самимона доред.
Х,оло иҷолатан сиҳатиам дуруст аст, лекин аз ҷараёни аҳволи
баданиам маълум мешавад, ки чунон, ки дар мактуби пештараам

54
навишта будам (ин бемории меъдагй ) қай ва исҳол дар ман
музмин шудааст. Чунончи дар апрел гирифт ва сахт ҳам гирифт,
дар май шрифт, боз дар июн гирифт. Дар аввалҳои июл беҳтар
шудам. Дар 20 июл шрифта то 25 давом кард, (лекин ин бор
сусттар буд). Ҳоло ором аст ва ҳол он ки ман дар парҳез камоли
эҳтиётро ба кор мебарам. Зардолу, ки имсол дар Самарканд хеле
хуб шуд, ҳеҷ нахӯрдам. Ҳоло мавсими харбуза аст, аммо ман
намехӯрам. Дар таом ҳамеша сухорй ва франсузки булка ба кор
мебарам, бештарин оби шӯрбои мурғ ба кор мебарам.

Ҷурғот-мост, ки беҳтарин чизҳост, барои сиҳҳати ман,
деҳқонй кардам, яъне гов нигоҳ доштам. Агар дар ин програмҳо
халале воқеъ шавад, албатта тамоман хароб мешавам.

Аз рӯи тавсияатон ҳоло ба ҳамин қадар навиштан қаноат
кардам.

Ба рафиқаи мӯҳтарам Бону саломи самимона расида бод,
бачагонро ягон-ягон мебӯсам.

Бачагонам саломатанд, модари Холида имсол қасди курорт
дорад, комиссияи тиббй ба Сочи таъин кард. Союзи
Наивсандагони Советии Узбекистон мутасаддй шуд, ки барои
20-октябр аз Сочи путёвка таҳия кунад.

Агар путёвка тайёр шавад ва касе ҳам ёфт нашавад, ки ба ӯ
ҳамрохй намояд, эқтимол худам то Маскав биравам, ба поезди
Сочи шинонда баргардам.

Бо саломи самимии рафиқона

Айнй

Самарканд,

квортоли Қӯрғонча дом номир - 10

Айнй.

34

Аз Москва ба Самарканд,
25 августа 1938

Фозили муҳтарам рафиқ Айнй!

Хати охирини шуморо дар Маскав шрифтам. Рузи 21 моҳ бо

55
ҳама оила ба Маскав баргаштам. Дар ин ҷо рафиқ Қурбонуф
хоҳиш карданд, ки ба Сталин (обод) рафта чанд вақте кӯмак
кунам. Бошад, ки бо шумо биравам (Агар худи шумо розй бошед,
яъне бароятон имконият дошта бошад). Ман ба ӯ ваъда додам,
ки ба Самарканд рафта, дар будани имконият бо рафиқ Айнӣ
ҳамроҳ меоем. Дар ҳар ҳол ба хидмати шумо омадан мутобиқи
орзуи худи ман аст. Агар сиҳҳататон иҷозат надиҳад ба рафтан,
зиёрати шумо барои ман хурсандиест.

Фақат мехостам ба ман бинависед, ки чӣ вақт омадан беҳтар
аст. Мутобиқи хати шумо ман гумон кардам, ки ҳамин рӯзҳо бо
рафиқаатон ба Маскав, албатта, ба хонаи бародаратон меоед.
Бону бисёр шод шуда буд, ки модари Холидаро пас аз чанд сол
боз ҳам мебинад. Аммо афсӯс, ки ҳеҷ кас намедонад шумо
омадаед ё не? Дар ҳар ҳол агар омаданй шавед телегром
фиристонед, ки пешвоз кунем ва ба хонаи мо фароед. Шумо дар
хати худ аз иродаи ман нисбат ба худ ва бачаҳоятон изҳори
самимият кардаед.

Охир, домуллоҷон, аз одамҳои дунёи кӯҳна, ки ҳама кӯчаву
паскӯчаи он оламро шахсан дида ва медонанд ва ҳоло дар зиндагй
ва хидмат ба дунёи нав муваффақият пайдо кардааст ва шарафи
иштирок дар сохтмони ҳаёти сусиёлизм ба ӯ додаанд, фақат мо
дуто, охир, бошарафона пеш рафта истодаем.

(Аз адабиётчиён ва нависандагон).

Пас чй тавр мешавад, ки мо нисбат ба якдигар бад шавем, ё
беиродат бошем ва ин вақге мешавад, ки яке аз мо нисбат ба
сусиёлизм носамимй шавем, ин ки барои ман мумкин нест, ҳамин
ақидаро дар ҳаққи шумо ҳам дорам.

Охир, инсоф диҳед, барои фахдюндани як қисмат аз ҳаёти
кӯҳна мо бояд барои ҷавонон чанд китоб нависем, аммо ҳар
нигох# мо ба якдигар ҳазор тӯмори зиндагонии гузаштаро дар
пеши ҷаҳониён боз карда, нишон дода мегузарад. Ҳаёти навро
ҳам, ки зери роҳбарии партияи Ленин-Сталин бо якдигар тай
мекунем, пас чаро беиродат бошем ва на ин ҷиноятро мо
намекунем. Инро дунёпарастон ва манфиатдӯстон кунанд. Мо
бояд то охирин нафас таҷрибаҳои гузаштаро барои наели нав ба
шакли адабиёт нишон диҳем. Мо бояд ба фарзандони давраи

56
сусиёлизм, ки бачаҳои худи мо ҳам бо онҳо ва мисли онҳо бузург
мешаванд, самимона хидмат кунем. Агар ҳар ду ҳамин тавр фикр
бикунем, пас иродаамон содиқ ва комил аст.

Май ҳатто ба касоне, ки тамоман ва аз тайи дил ба сусиёлизм
самими набуданд, аммо агар илму қувваи адабии онҳоро мумкин
буд ба ҷомиаи шӯроӣ манфиат расонд, ҳамроҳӣ мекардам ва
пушаймон ҳам нестам.

Мо медонем, ки дехдонони бофаҳм барои пурқосил кардани
кипггзори худ ҳатто аз фазилаи одамӣ ва ҳайвонҳо истифода
мекунанд. Ин нисбат ба касонест, ки чунон ки муаррифй кардам,
комилан ва ё аслан дӯсти сусиёлизм набуданд, вале истифода
додан(?) метавонистанд. Шумо, ки бо асарҳои худ ин қадар
хидматҳои содиқона ба халқи советй кардаед, сазовори
беиродатй аз тарафи тарафдорони совет нестед.

Бо салом ва иродах
Лохутй.

35.

Аз Самарканд ба Москва
4 сентябри 1938

Мӯхдарам рафик Лохутй!

Мактуби муҳаббатуслуби 25-август навиштаатон 3 сентябр
расид. Баёни ақидае, ки нисбат ба муносибат бо мардум ва аз ин
чумла байни худ ва ман кардаед, тамоман мувофиқи воқеъ ва
дар ин зимн мувофиқи ақидаи ман аст. Аз ваҷхд ба Маскав
рафтани рафиқаи ман ва мушояат кардани ман ӯро бошад, ин
мавқуф ба роҳномаи курорт аст. Союзи Нависандагони
Узбекистон мутасаддй шуда буд, ки барои 20 ӯктабр барои
рафиқаам путёвка диҳад. Агар ин ваъда ба амал ояд, бояд
путёвкаро то сари ӯктабр бар ман расонанд. Баъд аз ин маълум
мешавад, ки ӯро худам мушояат мекунам, ё ба ягон каси
рафтагори онтараф ҳамроҳ карда мефиристонам. Рафтани худам
(ҳарчанд то Маскав ҳам бошад) ду душворй дорад: якум ин ки
вақте ки модарашон сафар кард, бачагон тамоман танхо

57
мемонанд. Дуввум ин ки дар зимистон сафар ҷониби Маскав
барон ман таҳлуканок аст. Ҳамаи инҳо ба шарти ба даст
даровардани путёвка аст. Пекин ҳоло маълум нест, ки ваъда ба
амал меояд ё не, зеро аз рӯи навиштаи "Правда Востока" маълум
мешавад, ки кори Союзи Нависандагони Узбекистан бесару бун
меравад, дар ин ҳол маълум нест, ки сари савдои ман дошта
бошанд.

Агар бар такдире, ки то ҳол мерафтам ё ин ки баъд аз ин равам
бе ҳеҷ даъвати шумо ва рафика Бону ҳам ба шумо бо телегроф
хабар медодам ва хабар хоҳам дод.

Ҳамин рузҳо аъзои оилаам тамоман ба богчаанд, та сари
ӯктабр он ҷо хоҳанд буд ва бачагон аз он до ба мактаб рафта
меоянд. (Богча дар дохили худи шаҳр аст). Худам шахсан
хонабонам. Азбаски соли гузапгга хона бе ремонт монда буд,
ҷои бисёриаш рӯ ба харобй овард.

3 сентябр (рӯзи вуруди мактуби охирини шумо) ремонт cap
кардам. Тахминан то 12 ҳамин моҳ тамом хоҳад шуд.

Аз ваҷҳи сафари шумо бошад ба тарафи мо ҳамин рӯзҳо
мувофиқ аст ( то омадани шумо ремонт хам тамом мешавад). Аз
ваҷҳи ҳамроҳи шумо ба Сталинобод рафтани ман бошад, ин яке
аз матлабҳои асосии ман аст.

Агар ремонт тамом шавад ва касеро ёфта посбонии хонаро ба
ваи с упорам, барои ман монеии дигар намемонад, аммо агар ин
сафар ба аввалҳои ӯктабр рост ояд, дар он сурат ҳеҷ монеъ нест.

Сафари шуморо ба тарафи мо дар сатрҳои боло барои аз баёни
мудцао берун ва дур нарафтан ба тарзи содда гуфта гузапггам,
вагарна ин хабар муждае буд, ки ҳамаи аъзои оилаи моро (албатга
сари оила худам) ба вачд овард. Агар ихтиёрро ба дилҳо монем,
ҳеҷ гоҳ ин вақт мувофиқ аст", ё "он вақт мувофиқ" намегӯянд,
балки "ҳарчи зудтар аст, беҳтар аст", мегӯянд. Вақте ки ман
мактуби шуморо бегоҳии 3-ми сентабр ба дасти аъзои оила барои
хонданашон дода, баъд аз хондан "кадом вақг муносиб аст?"
гуфта пурсидам: Ҳама якборагй "ҳамин ҳоло ҳамин соат хуб аст"
гуфтанд дар ҷавоб. Аммо баъд аз қадре ором гирифтани ҳолати
ваҷҳ ва шодй, Холида гуфт: "Ба фикри ман аввалҳои ӯктабр
муносиб аст, зеро то он вақт мо ҳам ба шаҳр мекӯчем ва бисёртар

58
шарафёби ҳузур мешавем". (Ин фиқраи охирин таъбири ман аст,
аз забони Холвда таъбири худи ӯ "ҳамаҳомо бисёртар мебинем
ва бисёртар гапҳошонро мешунавем" буд). Холида пеш аз мактаб
рафтанаш, дар вақтҳои шашсолагиаш аз модараш алифбои
арабиро қадре омӯхта буд. Баъд аз он гоҳ-гоҳ хатҳои арабиро аз
назар гузаронида саводи арабиашро қадре пеш бурдааст. Ҳоло
хатҳои чопагии арабиро мехонад. Порчаеро, ки шумо дар вай
номи ӯ ва бародаронашро навипгга дар даруни мактуб монда
будед ва хусусан он порчаро хеле хоно ва гӯё ҳам навипгга будед,
худаш хонда тавонист. Ин ҳолат шодй бар шодии вай афзуд.

Ҳоло Холида ва бародаронаш дар мактаби русй мехонанд,
Лутфияро ҳам дар боғчаи бачагонаи русй додам. Навипггаи
конверт захми қалами русин Холида аст. Ман дигар барои
адреснависонй одамковй намекунам. Телегрофи соддаро ҳам
метавонад нависад. Баъд аз як-ду сол (агар зинда бошам) барои
мактубҳои русй ҳам ба одамони беруна мӯҳтоҷ нахоҳам шуд.

Мунтазири сафар ва вуруди шумо ба Самарканд.

Бо салом ва самимияти рафиқона:

Айнй.

Адрес и ман:

Самарканд,
квортоли Қӯргонча, дом номир 10

Айнй

(Адресро хеле кӯтоҳ кардам).
Албатта рӯзи сафари худро ба тарафи Самарканд бо телегроф
ба ман хабар хоҳед дод.

А.

36.

Аз Москва ба Самарканд,

15 декабри 1938/

Рафиқи азизи мӯҳтарам устод Айнй! Хати шуморо гирифта,
аз меҳрубониатон бисёр хурсанд ва аз муждаи сиҳат

59
саломатиатон хеле шод шудам. Дина чоруми декабр аввалин рӯзе
буд, ки бетабу бе дарди дил ба cap бурдам. Дар ҳамин рӯз хата
шумо расид. Ман ҳоло дарди дилро мудаво карда бошам ҳам,
тамоман сиҳат шудам гуфтан мумкин нест. Чй бояд кард? Ҳадяи
дустонаи Тоҷикистонро боад қабул кунам. Ҳоло ман ба давом
додани пьеса ва навиштани сенария cap кардам. Аммо ҳанӯз ба
ин кор гарм нашудаам. Дар мудцата беморй табиист майна хаста
шудааст. Бачаҳо ҳам бемор буданд. Ҳоло фақат Г ёвак каме сармо
задаги дорад. Боқй сиҳат шуданд. Дар Сталинобод ба воситаи
гирифториҳои фикр ба беморй ғафлата калоне аз ман cap зад, ки
китоби худро ба шумо тақдим накардам. Ҳоло як ҷилд ёфта ба
шумо мефиристам. Умед аст, ки онро қабул кунед.

тт азизони ме*Рубон Холидаҷон, Камоли некӯхисол ва
Лутфияи маҳбуба саломи амакашро бирасонед. Ба хидмати
модараш аз тарафи Бону саломи дуру дароз бирасонед.

Бо салом ва эҳтироми дӯстона

Лохутӣ.

37.

Аз Москва ба Самарканд,
(28 декабри) 1938

Рафиқи мӯҳтарам салом! Дирӯз 27 моҳи декабр дар идораи
чамъията нависандаҳо фаҳмидам, ки билета аъзоии шуморо
ҳануз бароятон нафиристодаанд. Кофта ёфтам. Имзои
М.Горкийро дорад. Билета рақами 7. Аз тарафи шумо имзо карда
онро шрифтам. Намедонам чи кор кунам? Агар бо телегроф
иъҷоза диҳед, онро ба А.Деҳотй медиҳам, ки барои шумо
биоварад. Бо имзои Горкий билет допгган шараф аст.

Ман як шеър (мисраъ-138) навиштам. Як нусхаи онро ба рафиқ
Деҳота барои шумо мефиристам. Истадъо дорам, ки фикри худро
дар он бора ба банда бинависед. Бисёр мамнун мешавам.
Сиҳатаам беҳтар туда истодааст, аммо бачаҳо боз ҳам касал
шудаанд. Бемордори вақти маро тамоман мегирад.

60
Ба фарзандони азиз салом бирасонед. Аз сиҳҳатии худатон
бинависед. Хабар дошта бошам.

Бо салом ва эҳтиром
Лоҳутӣ.

38.

Аз Самарканд ба Москва,

2 январи 1939

РАФИҚИ ШАФИҚ, МӮҲТАРАМ ЛОҲУТӢ!

Хати 24-декабр навиштаатон якуми январ гирифтам, мисли
ҳамешагй дар ин мактуб ҳам аз аҳволи сиҳҳатии ман дилҷӯй ва
ба бозгардонидани сиҳатии ман бо такдими тахдяи путёвкам
курорт ғамхорй кардаед, ки бағоят миннатдорам.

Дар бораи бемории охирии ман, ки дар Сталинобод рӯй дода
буд, дарёфти духтурони Самарканд тамоман дуруст баромад.
Ҳақиқатан ман грипп шуда будаам. Баъд аз хонанишинии дуру
дароз - тахминан чихдл рӯз, озори по гуфта мешавад, ки тамоман
зоил шуд, аммо бо андак шамол ба зудй зукоме cap мешавад.
Акнун ман ба ҳамин қарор омадам, ки дар айёми зимистон ва
намигариҳои ҳаво ҳеҷ аз хона набароям, дар он вақт ман аз грипп
эмин мемонам. Фақат эҳтиёҷи зиндагй маҷбур мекунад, ки ҳеҷ
набошад, ҳафтае як ё ду бор берун равам, дар он вақт фавран
хориши гулу, сурфа ва обой аз димог cap мешавад.

Дар аснои хонанишиниам - яъне дар вақти омадани мактуби
аввалинатон ва девони ёдгорй ба бемории одни исҳол гирифтор
будам, ҳамон сабаб шуд, ки давобнависй ба он хат ва ташаккур
ба ёдгорй дер монд. Аз ин ҷиҳат узр мехоҳам.

Ёдгории шумо монанди ҳарвақта барои ман пурбаҳосг.
Махсусан ин ёдгорй боз ҳам пурбаҳотар ва шодиоварандатар
шуда, на танҳо ба ман, балки ба Холида ҳам. Сабаби ин он аст,
ки ман як нусха аз девони шуморо аз магазини Тоҷиккитоб дар
Сталинобод ба даст дароварда будам. Вақте ки Самарканд
омадам, Холида аз ман талаб кард, ки он нусхаро тамоман ба ӯ
диҳам. Аммо ман ба истифодаи муваққатиаш рухсат додам ва

61
тамоман ба ӯ доданро қабул накардам. Албатта ӯ хафа шуд, лекин
чора набуд, зеро тирожи ин кигобро чунон кам кардаанд, ки бо
вуҷуди байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи мубодилаи
нашриёти худҳошон муомила будан, Тоҷиккитоб
натавонистааст, ки лоақал даҳ нусха аз китоб ба Самарканд
фиристонад. (Ин аст, ки тоҷикзабонони Самарканд ҳам то ҳол
аз ин китоб махруманд ва ҳол он ки талабагони ӯзбеки шӯъбаи
адабиёти дорулфунуни Самарканд ҳам ҳар кадом мехоҳанд аз
ин китоб нусхае дошта бошанд). Вақге ки нусхаи ёдгорй ба ман
расид: ман тавонистам, ки он нусхаи аз Сталинобод ба даст
даровардаамро тамоман ба Холида бахшам, аз ин ҷиҳат такрор
ташаккур менамоям.

Барой ман, албатта, курорт лозим аст, лекин масъалаи вақт
ва фурсат монеъ аст, ман ба Тоҷигиз як дуто вор бастаам, ки бояд
то сари май тайёр карда диҳам. Бо кумитети юбилеии Навоии
Узбекистон ду дуговор бастаам, ки вақги гамом кардани кор дар
ӯктабр ва ноябр аст.

Кори Навой чунон аст, ки бояд ман дуру дароз мутолиа кунам.
Масалан, дар натиҷаи мутолиаи шабонарӯзй ниҳояташ як сафҳа
материал ғундорам ва баъд аз ҷамъ шудани материалҳо онҳоро
ба шакли китоб нависам. Зеро (чунон ки медонед) манбаъҳои
шарқи ҳамагй китобҳои бефеҳристанд, баъд аз хондани саҳифаҳо
нохост ба як ҷумла вохӯрда мешавад, ки гирифтани он даркор
аст. Бинобар ин аз ваҷҳи курорт ба ҳамин қарор омадам, ки баъд
аз ба роҳ мондани корҳои дар даст доштаам, агар фурсати
муносибе ба назар намоянд, аз ин ваҷҳ менависам.

Барой модари Холида Союзи Нависандагони Ӯзбекистон
апрели соли 1939 як путёвкаи Сочи бо харҷи роҳ ваъда кардааст,
агар ин ваъда ба амал ояд, ӯро бояд дар моҳи апрел фиристонам.

Мушкилии кор дар ин ҷост, ки ӯ ҳам ғайр аз моҳи а прел дар
дигар вақт рафта наметавонад, зеро дар миёнаи мохи мой вақти
боғкучии бачагон мерасад. Ман ки боғ рафта ба бачагон
нигоҳубин карда наметавонам, ӯ бояд доимй дар боғ бошад.
Аммо дар вақги дар шаҳр будани бачагон назорати ман ба онҳо
осонтар аст. Азбаски зимистон сафар душвор аст, моҳи аплелро
муқаррар кардам. Аммо дар он вақт путёвка дар даст медарояд ё

62
не ин масъалаи толеъ аст.

Имсол дар Самарканд сармой сахт нашуд ва барфи бисёр
наборид. Дар рӯзҳои мо дар Сталинобод будан, каме барф
борида, сармо ба даҳ дараҷа расида будааст, баъд аз он дар рӯи
ҳавлй сардй шабона як-ду дараҷа ва рӯзона гармй 4-5 дараҷа
шуда истодааст. Танҳо дар 21 -22 декабр сармо ба 7 дараҷа расида
буд, дар 30-31 декабр барф борид, аммо хунук нашуд. Ҳоло ду
рӯз аст, ки монанди баҳорон борони сел меборад. Гармии рӯи
ҳавлй 5 дараҷа аст. Ҳамин вақг ки соати 4-саҳарии дуввуми январ
асту ман ин хатро навишта истодаам, осмон аз шишаи дар бо
порчаҳои абри сиёҳ ва сурху сафед мулавван менамояд ва борон
ҳам дақиқа дар миён меборад ва меистад. Гумон мекунам, ки
мохи апрел аст.

Ба мӯҳтарам Бону аз худам ва аз модари бачагон салом.
Бачагонро мебӯсам ва ба зудй сиҳат ёфтанашонро хоҳишмандам.
Бачагони ман шукр, ки саломатанд, ҳоло таътили зимистонаашон
cap шуд, аммо бо муаллими хусусй дар хона забони русй
меомӯзанд. _

Лутфия ба боғчаи бачагони русй давом дорад. У илова бар
ин, ки дар боғча ҳарфҳои русй ва забони русиро кам-кам
меомӯзад, дар хона ҳарфҳҳои тоҷикй ва ӯзбекиро ҳам аз ғайри
таклифи касе худ ба худ омӯхта истодааст. Ҳоло алифбои
тоҷикиро хонда метавонад. Аз газетаҳои ӯзбекй сарлавҳаҳои
ҳарфи калонро хонда ва баъзан маъниашро ҳам мефаҳмад.

Аз ҳамаи бачагон ба амакашон салом.

Бо салом ва эҳтиром
Айнӣ

Квортоли Қӯрғонча, нумур 10,

Айнӣ.

Маълум мешавад, ки нам барои ман аз сармо музтар аст, ҳоло
ки борон давом дорад, бо вучуди дар хона, дар пеши печка бо
гармии 19 дараҷа нишастаам, зукоме cap шуд, аз димог зардоб
омад.

А.

63
39..

Аз Москва ба Самарканд,
(9 январи 1939)

Рафиқи мӯҳтарам устод Айнй!

Г арчи ин хатро ду ҳафта аз соли нав гузашта мегирам, аммо
мисоли "моҳиро ҳар вақт аз об гиред тоза аст"-ро дар назар
гирифта, соли навро ба худатон ва тамоми оилаатон табрик
мегӯям.

Имрӯз соати ду рафиқ Деҳотӣ бо телфун аз ман хоҳиш кард,
ки ба ғазали:

Ер аз дили ман хабар надорад,

Ё сӯзи дилам шарар надорад.

се байт илова кунам. Бастакор (композитор) талаб кардааст,
ки ба ин шеър 6 мисраъ илова шавад. Баъд аз тамом кардани
корҳои ҳаррӯза, бисёр кӯшиш кардам, ки хоҳиши Деҳотиро
анҷом диҳам, нашуд. Ҳоло соати 5 вақте ки тамоман маъюс
шуда машғули корҳои дигар шудам, се байти зерин "худ ба
худ" омаданд. Дар ҳоли навиштани онҳо хати шуморо хондам
(2-1) ва ин байтҳоро навиштан гирифтам. Намедонам
меписандед ё не?

Ё васли ту қисмати башар нест,

Ё толеъи ман хунар надорад,

Ё ишқ хати амон ба ӯ дод,

Ё дил зи шарар ҳазар надорад.

Ё мӯниси сабри ман хазон шуд,

Ё нахли умед бар надорад.

Агар инҳоро лоиқ донед, он вақг мумкин аст ҳавсала пайдо
шавад, ки як ғазал кунам.

Телегромми шуморо гирифтам. Пеш аз он китобчаро ба
А.Деҳотй дода будам. Гарчи ӯ мегуфт, ки шумо китобча доред,
гӯё ба ҳисоби Узбекистон, аммо беҳтар, ки дуто дошта
бошед.Дар ҳар ду имзои Максим Горкий. Ин шарафи музоаф
аст. Аз сиҳат шуданатон хеле хурсандам. Албатта эҳтиёг кунед,
ки сармо назанад. Ба рафиқони Узбекистон раҳмат, ки масъалаи
курорта шуморо таъин мекунанд. Агар натавонед, то вақг дер

64
нашудааст, бинависед, ки аз ин ҷо таъмин кунам.

Аҳволи ман бад нест. Г арчи ҳанӯз ба таври табий намехобам.
Шабе ду соат хоб асту бас.

Ин рӯзҳо як шеър ба номи "Достоин гул" навиштам. Нусхаи
онро рафиқ Деҳотй ба шумо нишон медиҳад. Хоҳишмандам, ки
фикри худро дар бораи он ба ман бинависед.

Аз Бону ва бачаҳо ҳамаи шумоҳоро салом!

Дар орзуи сихату саломати и шумо

Лоҳутӣ.

40.

Рафиқи муҳтарам Айни!

Аз Москва ба Самарканд,
1 феврали 1039

Хати 22-январ навиштаатонро гирифтам. Беҳад мамнун
шудам. У мед аст, ки то кунун Камоли азиз сиҳату саломат шуда
бошад. Ғазалро, инак, тамом карда бароятон мефиристам. Дар
хини тамом кардан чанд байтҳои дигар аз фикрам cap зад, ки
онҳо муносиб ба мазмуни ин ғазал нестанд. Бинобар ин онҳоро
барои газали дигар гузоштам.

Масалан:

Ё бози ситам ҳаво гирифтаст,

Ё тоири сидк пар надорад.

Ё ҷинси вафо шудаст нобуд,

Ё ҷайби замона зар надорад.

Ё гӯши суханшунав намондаст,
Ё гуфтаи ман асар надорад.

Ба ҳама бачаҳо салом бирасонед. Махсусан ба модарашон
салом.

Бо саломи фаровон
Лохутй.

65
41.

Аз Москва ба Самарканд,

2 феврали 1939

Рафиқи мӯҳтарам! Аз шодй дар пӯст намеғунҷам. Ҷавонони
шоири тоҷик бо нишонҳои давлатии шӯроӣ сарфароз шудаанд.
Дирӯз як телегроф фиристодам ба номи худи онҳо. Имрӯз дилам
ҳукм дорад, ки боз онҳоро табрик кунам. Фармони дилро (мисли
ҳамеша) итоат кардам. Ин шараф барои ҳама адибон ва адабиёти
тоҷик аст. Роста, ки ба шодии онҳо бисёр шод ҳастам.

Як нусхаи нав аз ғазали навро мефиристам. Хоҳишмандам
нусхаи пештар фиристодаамро ё пора кунед, ё пас бифиристед,
ё мутобиқи ин нусха дуруст кунед.

Умедворам, ки нури чашми Камолҷон то расидани ин хат
тамоман сиҳат шуда бошад. Ба духтараки азизам, бародарзодаам
Холидаҷон, ба Лутфияи меҳрубон ва Камолҷон салом бирасонед.
Ба модарашон аз тарафи Бонуи ман салом ва эҳтиром.

Саломат ва муваффақ бошед.

Лоҳутӣ.

42.

Аз Самарканд ба Москва,
11 феврали 1939

Рафиқи шафиқ, Лохутии меҳрубон!

Рафиқи мӯҳтарам, мактубҳо ва шеърҳои дар 2 феврал
фиристодаатон расида, маро аз ҳад зиёд мамнун кард.

Шеърҳои шумо бо дастхатҳои худатон дар архиви ман будан
ва барои таншиди хотир ҳамеша тайёр истодан (ашон) барои ман
як фахр, як шараф ва як гавҳари гаронбаҳост.

Ҳарчанд баҳо додан ба шеърҳои шумо аз ғунҷоиши иқтидори
ман берун аст, ба мазмуни "алмаъмур маъзур " амал намуда
маҷбур шудам, ки нуқтаи назари худро баён кунам.

Достонҳо саъдиёна ва Камолиддини румиёнаи совета аст,
ҳарчанд мо инҳоро аз ҷиҳати услуб саъдиёна ё ин ки румиёна

66
мегӯем, аз ҷиҳати мазмунҳои бикр - бериёёна мегӯям, ки онҳо
ба гӯяндаи ин достонҳо нахоҳанд расид. "Шамъи бино" - ин унвон
ва исботи ин унвон ба мисоли ҳаётии ҳақиқӣ дар фикри ҳеҷ
классик нарасида буд.

Ё ин ки нишон додани образи боғбони пурасрори мо бо он
ифодаҳое, ки тамоми муваффақиятҳои имрӯзаи моро дар бар
мегиранд, аз иқгидори башарӣ берун аст.

Ин корро танҳо он башарй метавонад, ки аз мотореоли дигар
сохтаанд. Рӯҳи раҳбари башариятро дар худ хулул кунонида
тавониста бошад.

Ин нуктаро ҳам гӯям, ки таҷрибаҳои порсола ба мо нишон
доданд, ки ҳарчанд ба тарзи символ аст, номи шахсқои
ҷудогонаро (ғайр аз он шахсе, ки мустасност) дар шеър овардан
мувофиқ нест. Бинобар ин ман дар бастани достони гул ба номи
"Михоэлс" мухолиф ҳастам, шояд он шахс ба ин кор ва ҳатто
зиёдтар аз ин кор қам арзад. Лекин ҳар чй бошад шахс аст.
Омадам ба ғазал. Мо дар шеърҳои шумо ғазалҳои равони
ҳаяҷонбахшро бисёр хондаем,аммо аҳамияти хусусии ин ғазал
дар он аст, ки бо тақлид кардани вазн, қофия ва услуб як газали
тамоман мазмунҳои бикр суруда шудааот. Ин газали соддаи
равони равонбахшро чуз "сахдй мумтанеъ" гуфтан дигар таъбире
намеёбам.

Аммо ман аз баҳо додан ба байта охирини ин газал:

Ё чашми ту бо дилам рафиқ аст,

Ё шеъри сияҳ хатар надорад.

Ё бо дили хаста меҳрубон бош,

Ё ҷон биситон! Зарар надорад.

- оҷиз ҳастам.

Инро ҳам бояд бигӯям, ки

"Ё бар рухи ман намешавад боз,

Ё қалъаи бахт дар надорад", хдрчанд аз ҷиҳата шеърият мисли
ҳамқаторони худ дар пояи аълост ва ҳарчанд
мутолиакунандагони холис мефаҳманд, ки ran дар бораи ишк
меравад, дар ин газал мувофиқ нест. Ин бояд дар қатори он
байтҳое, ки барои газали чудогона мондаед, дароварда шавад. Ё
ин ки дар ҷои калимаи "бахт" калимаи "васл" дароварда ба ин
тариқа:

67
"Ё бар рухи ман намешавад боз,

Ё қалъаи васл дар надорад".

Хонда шавад. Ва инчунин ба хотири ман мегузарад, ки агар
байта

"Ё тири ту бигзарад ниҳонй,

Ё синаи дил сипар надорад."

"Ё тири ту бигзарад ниҳонӣ

Ё синаи ман сипар надорад"

Мебуд, бо байтҳои болоии худ (бо таъбири тоҷикй) "бе ширеш
мечаспид".

Пора кардани мусаввадаи аввалӣ ё тасҳеҳи он мувофиқи
нусхаи покнависшудаи дуввумӣ (ки ин ҳам маъно ба пора кардан
оид мешавад) ё пас фиристодани он ба ман таклиф шудааст.

Аммо ман наметавонам чизеро, ки бо дастхати шумо аз
натоиҷи фикри худатон навингга шудааст, пора кунам. Ҳарчанд
маҳфуз дар даста худ нигоҳ доштани онро дил мехост, барои ба
амал овардани таклиф, бар зидди хоҳиши дил (медонед, ки ин
чи қадр душвор аст) пас фиристодам.

Камол дар 25 январ сиҳат ёфта, 26-ум тавонист ба мактаб
равад, аммо модараш ба дардҳои гуногун гирифтор аст.
Бачагони дигар ҳама саломатанд, худам дар рӯзҳои охир бемор
нашудаам.

Хоҳиш дорам, ки бачагонро аз тарафи ман бӯсед. Ба
мӯҳтарама Бону аз худам ва аз рафиқаам салом.

Бо саломи рафиқона:
Айнй.

Самарканд,
Қӯрғонча, нумури 10.

43.

Аз Москва ба Самарканд,

18 феврали 1939

Устоди азиз Айнй. Хати 2-ми моҳи февралиатонро дар
санаторй шрифта, бо камоли шавқ хондам. Ҳамин рӯз ҳам ҷавоби
онро менависам. Дар масъалаи ном набурдан дар шеър тамоман

68
дуруст мегӯед ва баъд аз ин номи ҳеҷ чунбандаро (номи муайяни
як кас) дар шеър нахоҳам гуфт. Кй медонад номи пахдавони
имрӯза фардо ба чй ранг медарояд?

Дар масъалаи: "Ё қалъаи васл дар надорад", албатга, ин дуруст
аст ва ман онро ба ҷо меовардам, агар: "Ё васли ту қисмати башар
нест" намешуд.

Аммо дар бораи "Ё синаи дил сипар надорам".

Ба фикри ман "Синаи дил"-ро ҳеҷ кас то кунун нагуфтааст.

Ё гуфтаву ман хабар надорам

Ё гуфтаву дил хабар надорад.

Ин як байти навеет, ки нахостам онро аз миён барам.
Домуллоҷон, шумо медонед, ки дил азони шоир бошад ҳам,
ҳамеша гӯянда онро мисли як шахеи сонй дар муқобили худ
гузошта бо ӯ гуфтугузор мекунад, шикоят мекунад, метарсад,
гила мекунад...

Ё мисли як шахеи сонии ғоиб бо ӯ муомила мекунад. Бинобар
ин метавонад "надонад", ки тири ёраш ниҳонй андохта мешавад,
ё "синаи дил", "шахеи сонй" сипар надорад. Аммо синаи худашро
шоир бояд бидонад, ки сипар дорад ё на. Инак, ҳамин ду масъала
сабаб шуданд, ки "синаи дил" гуфтам. Агар ин арзҳо ба хидмати
шумо маъкул афтад, он вақг он мисраъҳоро иваз намекунам. Як
газал дар санаторй гуфтам. Баъд онро барои шумо мефиристам.
Ҳоло соати 12 шаби 18-ум аст. Бачаҳоро салом бирасонед. Дасти
шуморо мефишорам.

Бо саломи рафиқона
Лоҳутӣ.

Ҳоло, ки орзу допггаед хати банда муҷовири хидмати шумо
бошад, онро пас мефиристам. Ҷояш дар пеши шумо гармтар
хоҳад буд. Хуш ба ҳолаш!

44.

Аз Звенигород ба Самарканд,

1 марти 1939

Рафиқи мӯҳтарам ва азиз Айнй!

Бачаҳои ман ҳама касал шуданд, бо модарашон табибон

69
гуфтанд, ки бояд берун аз шаҳр бираванд. Бо ин сабаб муолиҷа
дар санаториро тарк карда, бо ҳамаи оила ба хонаи истироҳат
омадаем. Имрӯз рӯзи чорум аст ва ҳама бачаҳо сиҳат шуданд.
Ҳавои тоза ва покиза ба онҳо ҷон бахшид. Ин ҷо ду моҳ дар
хонаи истироҳатии Академияи улуми СССР меистем. Имрӯз
барон озмоиши табъ ғазале гуфтам. Онро ба ҳамин хат ба
хидмати шумо мефиристам. Назария ва танқиди шумо барон
ман пурқиматанд ва мунтазири он ҳастам. Аз рафиқа Бону ба
модари муҳтарамаи Холидаҷон салом бирасонед. Ба нури
чашмон Холида, Камол ва Лутфия саломи амакашонро
бирасонед.

Бо салом ва эҳтироми фаровон

Лоҳутӣ.

Бо адреси хона агар хат кунед, барон ман мефиристанд.
Хоҳари Бону он ҷо мондааст, ки дар мактаб мехонад.

Бо салом ва эҳтироми фаровон

Лохутй.

Устодҷон! Дар Эрон гар чизеро бо чизе иваз мекунанд,
масалан, китобро бо дафтаре, соҳиби китоб метавонад бигӯяд:
кигоби ман аз дафтари ту пурқиматтар аст, як қалам "cap бидеҳ".
Ман дар Тоҷикистон ба ин истилоҳ тасодуф накардам. Аммо
хаел мекунам, ки инро хонандагони тоҷик медонанд. Намедонам
хаёли ман дуруст аст ё на? Агар надонанд, бояд дар ҷое, ки ин
газалро чоп мекунанд, тавзеҳ бинависам.

Звенигород.

45.

Аз Звенигород ба Самарканд,

6 марти 1939

Устодчон! Мебахшед, ки мухтасар менависам. Ҳоло 39
дараҷаву ним таб дорам. Фақат мехостам, хоҳиш кунам, ки дар
ғазали Корашҳаманозаст..." мисраи "Ҷонмедиҳамашдаривази
бусаву гуяд''-po тамоман битарошед ё сиёҳ кунед ва ба чояш
бинависед: "Ҷон дар ивази як нигаҳаш додаму гӯяд". Бахт

70
саркашӣ мекунад, ба хонаи истироҳат омадему ҳама касал
шудем. Ҳамин дақиқа аз хонаи дигар (Утоқи паҳлуи ман) садои
гиряву нолаи писаракам Г евро мешунаваму дилам пора мешавад.
Дар минёни мо як Бону сиҳат мондааст. У қам дар арафаи
беморист. Чандин шабест, ки намехобад ва бемордорӣ мекунад.
Ба шумо ва оилаатон салом мерасонад. Бачаҳои азиз ва
меҳрубонро аз ман салом гуфта бӯсед.

Бо салом ва эҳтиром
Лоҳутӣ.

46.

Аз Звенигород ба Самарканд,
10 марти 1939

7 марти 1939, соати 4-5 субҳ. Бо 40 дараҷа табъ дар санотури.
Чй дарди сахтею оташфишон табе дорам,

Саҳар намешавад асло, аҷаб шабе дорам!

Рафиқи мӯҳтарам Айнй, бешубҳа шумо бидуни тавзеҳи ман
ҳис кардед, ки ин ғазал аз байти 2 шурӯъ шудааст. Сахтии
ҳолатам дар он шаб аз мазмуни ин байт ҳам болотар буд. Ҳоло
(рӯзи 10 феврали 1939) беҳтар шудам, 37,5 табъ дорам.

Хушбахтам, ки ман метавонам ба шумо ин хатчаро нависам.
Фарзандони азизу модари мӯҳтарамашонро салом бирасонед.

Лоҳутӣ

47.

Аз Звенигород ба Самарканд,
12 марти 1939

Ин ғазалро ҳам дар ҳамон шаби балоангези беморӣ гуфтаам.
Ҳоло рӯзи 12-уми морт табам афтодааст. Ғазалҳои навро
меписандед ё на! Заҳмати танқид дилатонро назад, ки? Агар ин
тавр бошад, саломҳои мухлисонаи ман дар хидмати шумо
узрхоҳӣ мекунанд.

Иродатманд

Лохутӣ.

71
48.

Аз Самарканд ба Москва,
12 марти 1939

Рафиқи шафиқ ва дӯстдори меҳрубон Лоҳутӣ!

Мактубҳоятон дар вақти худ расиданд, аммо ман шарманда
ҳастам, ки дар вақташ ҷавоб навиштан натавонистам, сабаби ин
боз ҳамон беморӣ аст.

Имсол дар Самарканд бар хилофи одати ҳарсола ва иқлимй
зимистон гарм гузашт. Аммо баробари даромадани мохл хут -
20 феврол), ки муқаддимаи баҳор аст, барфҳои пай дар пай
боридан гирифт, дар рӯзҳои аввали бориш ҳаво онқадар сард
нашуда бошад ҳам, рафта-рафта ба дараҷаи миёнаи зимистонҳои
солҳои гузапгга расид. Ин аст, ки ман бо вуҷуди камоли эҳтиёт,
сармо хӯрдам ва илова бар ин касалии меъдагии одатӣ ҳам cap
шуд. Ба ин сабаб ҷавобҳо дер монданд.

Ҳоло ҳам ҳаво, ҳам аҳволам рӯй ба беҳбудӣ оварданд, инак
ҷавобҳоро якҷоя ба тарзи "ду ба як" (истилоқи нонвойҳои ин
ҷоҳо) ё ин ки "як ба ду" (истилоҳи худам) менависам.

Мактуби аввалинатон маро хеле парешон карда буд, чунки
вайро аз санаторӣ навишта будед, маълум мешавад, ки бемор
будаед, аммо дар мактуби дуввум аз истироҳати беруни шаҳр
сиҳатии бачагон изҳори мамнуният кардаед, ба умеди ин ки
худатон ҳам саломатии комил ёфта бошед, як дараҷа хотирҷамъ
шудам. Дар мактуби аввал (18 феврол) байте, ки дар хусуси "Ё
синаи дил сипар надорад", маслиҳат кардед, тамоман дуруст аст
ва ин чунин байте ҳам, ки дар бораи "Ё қалъаи бахт дар надорад",
гуфтед аз ҷиҳати тартиби ғазал риояи мисраи "Ё васли ту қисмати
башар нест" дуруст аст. Лекин модоме, ки дар ин байт, дар ин
ғазал ба сабаби шарқи додаатон ба дои "бахт" "васл" гузопгган
мумкин нест, ин байтро аз ин ғазал бароварда дар қатори он чанд
байте, ки дар ин ғазал муносиб надида барои ғазали дигар кардан
монда будед, даровардан муносиб менамояд. Албатта сабаби
таклифи маро худатон медонед.

Мактуби якуми март навиштаатонро бо шоҳғазал бо ин

72
мактуби аз Звеногород фиристодаатон 8-уми моҳи морт
гирифтам. Ин ғазал, ки ман мислашро аз ин пеш надидаам, маро
девона кард. "Ин шеъри тару тоза зад оташ ба ниҳодам, Дар даҳр
чунин оби шарарбор кй дидаст", ки ман дида бошам.Хусусан
байти саввум - Ғайр аз дили ман шери ситамкаш кй шунидаст,
Ҷуз чашми вай охуи ситамгор кй дидаст." - тамоман як эҷоз аст.
Ситамкашии шерона ва ситамгарии охувона, ки ҳар дун инҳо
хам дида нашудаанд, муқобили якдигар афтода, аввалй ҳолати
дили ошиқи шоирро ва дуввумй хусусияти чашми маъшуқи ӯро
баён карда, як қиёмат барпо медоранд. Ин як қиёматест, ки пеш
аз ин воқеъ нашудааст ва баъд аз ин воқеъ нашуданаш хам (мисли
киёмати динй) мумкин нест.

Чашмаш ба нигоҳи ғазаб аз ҳар тарафам тир,

Бар дил занад ин гуна тарафдор, кй дидаст.

Ин мазмуни бикр аст, ки то ҳол касе тасарруф накардааст ва
натавонистааст, ки тасарруф кунад.

Акнун меоем ба сари матлаъи

Кораш хама, ноз аст чунин ёр кй дидаст,

Нозаш хама бо мост, чунин кор кй дидаст.

Ин хама чунон тоза, чунон мазмуни нав, чунон равон аст, ки
сазовори болонишинй аст ва тамоман ҳақ дорад, ки дар ин ғазал
матлаъ шавад. Аммо дар хотир чунин мерасад, ки дар мисраи
дуввум агар ба ҷои "нозаш хама бо мост", "нозаш хама кор аст
мебуд, илова ба ин ки cap то пои матлаъ тардиди акси пурра
мегардид, як тозагии дигар ҳам пайдо мекард, нози маҳбуби
Лоҳутй ҳам бояд бар хилофи нози маҳбубони дигар - хама кор
бошад.

Истилоҳи "cap бидеҳ"-ро дар миёнаи тоҷикон то ҳол ман
нашунидаам, аммо дар ёд дорам, ки дар Бухоро ингуна муомила
буд ва чизи иловашаванда як ном хам допгг, ки гайр аз "cap бидеҳ"
буд, лекин ҳарчанд фикр мекунам, он ном ба хотирам намерасад.

Дар ҳар ҳол дар вақти чоп эзоҳ додан даркор аст.

Бачагон ҳозир саломатанд, дар хондан давом доранд. Имсол
русиро хеле омӯхтанд ва дарсҳояшонро дар забони русй
мефаҳмонанд, ба амакашон арзи ихлос доранд.

Модари Холида дар як ҳол, яъне беморй. Намедонам Союзи

73
Нависандагони У збекистон дар хусуси путёвка ба ваъдааш вафо
мекунад ё не?

Ба мӯҳтарам Бону аз ман ва аз рафщаам саломи самимона.

Бо саломи самимона:
Айнй

Самарканд, Қӯрғонча, 10

49.

Аз Самарканд ба Москва
18 марти 1939

Рафиқи шафиқ ва мӯҳтарам Лоҳутӣ!

Ҳоло дар пенш ман се конверта шумо истодааст, ки ба ҳеҷ
яки онҳо ҷавоб нанавиштаам. Мактубҳо аз ғазалҳое, ки бо ин
конвертҳо бо вусули худ маро бахтаёр ва шарафёб карданд, дар
айни замон дар изтароби пурпечу тоб ҳам андохтанд, зеро инҳо
бемории мизоди шариф ва авлоди латафро хабар медоданд. Ман
медонам: одами солаш ба эътидол расида дар вақте, ки бачагони
хурдсол допгга бошад, бо бемории ҷисмонӣ чй қадар изтароби
қалбй ҳам мекашад, хусусан, ки дар он вақт он бачагон ҳам бемор
мешаванд.

Ин аст, ки қалби таҷрибадида ва ингуна бемориҳоро аз сари
худ чанд бор гузаронида, музтариб мешавад. Қатъи назар аз он,
ки шумо дараҷаи таби худро чиҳил навиштаед, нақши қалам ва
мазмуни шеърҳо, хусусан шеъре, ки байта "Бемориву бедориву
танҳоиву зулмат, Купгганд маро, эй шаби ҳиҷрон, саҳарат ку?"
дар он аст, ки дараҷаи таби шуморо нишон медиҳад.

Ман аз он мактубе, ки дар вай ба кӯчидан ба Звенигород рӯ
ба маҷбурй овардани худатон ва аъзои оилаатонро навишта
будед, хеле хотирҷамъ будам, мутаассуф мактуби сонй боз
шиддата бемориро нишон дод. Хуб аст чунон ки дар он газали
бемори қайд кардаед, дараҷаи таб ба 37-ним фаромадааст, лекин
ин дараҷа ҳам барои мову шумо таб асту таби сахт ҳам шуморида
мешавад. Дар ин бояд фирефта нашуд, дар паи муолиҷа кӯшидан
зарур аст. Муолиҷаи аввал ин аст, ки дар вақта беморй ва таб
ҳарчанд, ки дараҷаи паст ва қариб ба эътидол бошад ҳам, ҳам

74
ҷисму ҳам димоғ осуда гузошта шавад.

Аз шеърҳо маълум мешавад, ки шумо димоғро аз вақти
тандурустиатон бештар кор фармуда истодаед, бо ин ки худаш
худ ба худ зиёд кор карда истодааст. Димоғро аз ин худрой
нигахдорӣ кардан даркор аст, дуввум ҳамаи таҷрибаҳои чандсола
нишон дод, ки ҳавои Маскав, хусусан дар айёми зимистон ва
баҳор барон шумо созиш надорад. Дар ҳақиқат ҳам касе, ки як
қисми муҳими умри худро дар тарафҳои ҷануб гузаронида
бошад, сармои сахт, ҳавои сербориши беофтоб ӯро аз кор
мебарорад. Бинобар ин се моҳи баҳорро, ки Маскав боз ҳам
сербориштар ва намтар мешавад, бо оила ба Қрим кӯчида
гузаронед. Албатта партия ва хукумат дар ин хусус ба шумо
ёрмандии лозимиро хоҳад кард.

Дар оянда ҳам мувофиқи мавсим табдили макон карда
истоданатон лозим аст.

Ман ҳоло дар тахдили ғазалҳои охирй ва таассуроти аз онҳо
гирифтаам, чизе намегӯям, фақат ҳаминро мегӯм, ки ғазали охири
"Парвоз кун, эй мурғи вафо, болу парат ку...? вирди забон ва
дилхоликуни ман гардид.

Умедорам, ки дар мактуби ояндаатон комилан сиҳат ёфтани
худатон ва бачагонатонро хонам. "Ғунчагиҳоят насиби дидаи
Бедил мабод, чашми он дорам, ки то бинам гулистон бинамат".

Бачагонро аз ҷониби ман бӯсед, ба мӯҳтарам Бону аз тарафи
худам ва рафиқаам салом.

Бо саломи рафиқонаи самими

Айнӣ

Самарканд, Қӯрғонча, 10

50.

Аз Москва ба Самарканд,
30 марти 1939

Рафиқи мӯҳтарам ва азиз, устод Айнӣ!

Хати 18-уми март навиштаатонро гирифта хондам ва мисли
ҳамеша аз меҳрубонии шумо шоду мамнун шудам. Аз дер
навиштани ҷавоб ё беҷавоб гузоштани чанд хати ман мутлақо
мутаассир нашавед. Бовар кунед, ки ман ба таври катъӣ инро

75
фикр намекунам. Хатҳои мо ба яқцигар мактубҳои расмии идора
нестанд. Ҳар вақт бароятон мумкин аст (валав ин ки ҷавоби 10
хатро дар як хат) бинависед, ман хурсанд ҳастам. Аммо маънии
ин ran нест, ки ман гӯё мунтазири хатҳои шумо нестам.

Ҳоло шаш рӯз аст, ки ҳама ба Маскав баргаштаем. Бачаҳо
ҳанӯз тамоман сиҳат нашудаанд. Аммо қуввати моддй иҷозат
надод, ки беш аз ин дар хонаи истироқат монам. (ҳар моҳаш 5
ҳазор сӯм мешуд).

Баъд аз он ғазали охир, ки барои шумо фиристодам, фақат
чанд байт гуфтаам. Омадан ба шаҳр, телфунҳо, талоши маош,
беморй, бемордорй ба дари хонаи шеър қулф (ё қуфл) заданд.
Ду Рӯз пеш аз тарафи Литфунд омада ваъда доданд, ки ба зудй
шурӯъ ба сохтани дача хоҳанд кард. Агар ин кор шавад, моҳоро
наҷот медиҳад. Дар дача шурӯъ ба навиштан хоҳам кард.

Агар масъалаи дурии роҳ намешуд, бидуни шубҳа ба боғҳои
Самарканд мекӯчидем. Хушо ба ҳоли шумо, ки ҳар қадар ҳам
сахт бошад (аз ҳайси идора кардан ва рафту омад ва ғайра) боз
ҳам боғе дар наздики шаҳр доред, ки дар тобистонхо
бачаҳоятонро ба он ҷо мефиристед.

Хеле дилам мехоҳад, ки зудтар имконият ба даст омада, чунин
мавзӯеро, ки дар назар дорам, бинависам.

Дар Маскав аз рӯзи 28-уми март ҳаво шурӯъ ба гарм шудан
кардааст. Барфҳо дар ҳоли тамом шудан ҳастанд. Албатта
Самарканд гулистон аст. Баҳор хукмронй мекунад.

Бачаҳоро салом бирасонед. Аз Бону ва ман ба хидмати
модарашон салом.

Бо саломи самимона
Лохутӣ.

51.

Аз Москва ба Самарканд,

2 апрели 1939

Рафиқи мӯҳтарам ва азиз!

1 •-

Шумо ғазали маро дар байти ширини худатон "оби шарарбор"
номидаед ва бо ҳамин байт ба он " оби шарарбор" намак задаед.
Ташаккур!...

76
Инак, барои шумо як шеъри нав мефиристам. Ин шеърро
мешавад "Мубориза" ном дод. Чаро ки дар зимни гуфтани чандин
ғазали шиква, рӯҳи мубориз онро эҷод кардааст.

Сиҳҳати худ ва бачаҳоям ру ба хубй мераванд. Таассуф дар
ин аст, ки ҳанӯз як дача натавонистам ёбам, ки то вақти дуруст
шудани дачаи худам дар он чо зиндагй кунам. Дар хдр ҳол
мекӯшам, ки до биёбам.

Ин шеърро "ҳунар карда" покнавис кардам. Бештар навишта
наметавонам. Бубахшед. Сиҳатии шуморо хоҳонам.

Ба бачаҳо ва хидмати модарашон аз тарафи мо салом гӯед.

Бо салом ва эҳтиром
Лохутй.

52.

Аз Самарканд ба Москва,
б апрели 1939

Дӯсти азиз, мӯҳтарам Лохутй!

Хати 30-март навиштаатонро ҳоло ҳозир гирифтам ва бар
хилофи одати пенггараам бе воситаи хонданам ба ҷавоб шурӯъ
намудам, чунки ҳамин соат Тошканд рафта истодаам, агар ҳозир
монад то баргашта омадан мемонад. Ин чанд рӯзи гузаштаро
гоҳ гоҳ дар беморй, гоҳ дар нимбеморй гузаронидам. Дар ин
миён кӯшиш кардам, ки Союзи Нависандагони Узбекистон барои
модари Холида як путёвка диҳад, охир хабар доданд, ки як
путёвка, ки муддаташ аз 16-апрел то 15 мой аст, медиҳанд. Ман
аз инҳо пурсидам, ки (бо телегроф) қимати путёвка ва харҷи
роҳро кй медиҳад? Азбаски ман ба ин давоб мунтазир набудам,
як қадар пули иловагй таҳия карда будаму бае, дигар пул
надоштам. Якбора дар паи пулёбй афтодам, албатга, дар ин гуна
вақги танг пулёбй ба фурӯпш асбоби хона мешавад. Ҳанӯз пул
таҳия нашуда, як телегроф омад, ки агар пули путёвка бо перевод
то 5 апрел нарасонед, союз 5-апрел путёвкаро мефурӯшад, (1
апрел). Ман кӯшиши худро боз ҳам суръатнок кардам ва дар
дуввум пули путёвкаро, ки дар мактуб 1290 навишта буданд,

77
онро дар телегроф 1330 талаб карда буданд, рақами охириро
перевод кардам. Билета роҳи оҳанро (албатта лар ин мавриди
кампул вагони сахт) аз Самарканд то Москав шрифтам, аз
Самарканд то Сочи билет набудааст). Шуфири май, ки бачаи
хубест, то Маскав ҳамроҳ мешавад ва баъд аз савор кардани
холааш дар поезди Сочи баргашта меояд. Онҳо аз Самарканд 8-
апрел ба искори мебароянд ва май ҳамин рӯз Тошканд рафта
путёвкаро ба даст дароварда шаб аз Тошканд гузашта рафтани
инҳо ба вакзоли Тошканд бароварда медиҳам.

Худам натавонистам, ки то Маскав равам, аввалаш ин ки
Маскав ҳоло боришгарй аст, дуввум ин ки дар хона ва дар пеши
бачагон касе нест.

Хулоса инҳо аз Самарканд 8-апрел бо искори баромада, агар
дар роҳ поезд намонад, 12 апрел ба Маскав медароянд.
Умедворам, ки агар лозим шавад ёрй хоҳед расонд, хусусан ки
модари Холида аз вакзоли Курски билет шрифта наметавонад
ва шофир ҳам дар Маскав нобалад аст.

Ҳозир ба ҳамин қадар қаноат мекунам. Умедворам, ки дача
ба зудй тайёр шавад ва бачагон ҳам ба зудй саломат ёбанд.

Бо саломи саммимй

Айнй.

Ба қама салом, Самарканд.

53.

Аз Москва ба Самарканд,

7 апрели 1939

Рафиқи мӯҳтарам! Дар яке аз хатҳо навипгга будед, ки байта
шикоятомези "Ё бар рухи ман намешавад боз, Ё Қалъаи бахт
дар надорад"-ро ба газали дигар бигузорам. "Сабабро худатон
кис мекунед" гуфта будед. Ман аз ин чунон фаҳмидам, ки шумо
мегӯед мабодо мардум хаёл кунанд, ки Лоҳутй ба воситаи
нагирифтани нишон ранҷидааст. Инро шумо дуруст фаҳмидаед
ва аз ин насиҳататон муташаккирам. Аммо инро ҳам илова
мекунам (на барои шахсан шумо), ки агар ман як зарра дар хаёли

78
нишон гирифтан буда ё ҳастам, ё аз ин нагирифтан ҳатто сояи
хаёл ҳам ба сарам афтода бошад, бояд номамро аз дафтари
одамҳб берун кунанд. Гирифтани нишон, албатта, шараф аст.
Аммо фақат ба хотири гирифтани нишон кор кардан чандон
шарафе надорад. Масъалаи дигаре аст худро муқобили тӯҳмат
ва иғвои бешарафон мудофиа кардан. Шумо ин Туйгун ном
шоири туркро мешиносед. Чандин сол пеш дар Сталинобод пеши
ман омада хохдш кард, ки китоби шеъри ӯро бидиҳам ба тоҷикӣ
тарчума ва чоп кунанд. Ман гуфтам, ки агар мо барои тарчума
пул ёбем, китоби Максим Горкийро тарҷума мекунонем, на
китоби туро. Эшон ранҷиданду рафтанд. Пас аз омадани ман ба
Маскав (яъне баъди ду ё 3 моҳ) ба тавассути Ғанӣ Абдулло,
Носируф ва гайра китобашро ба тарчумаи мархум Мунзим чоп
кунонда, пули бисёре гирифта буд. Акнун ин "болшевики
дуоташа" (ба истилохд нонвойҳо) соли гузангга ариза додааст,
ки ӯ (Туйгун) дар Душанбе бар зидци миллатчиҳо мубориза кард,
аммо Лоҳутй Раҳим Ҳошимро аз Самарканд ҳамроҳ оварда, бо
зӯр котиби нависандаҳо кард. Лохутй бо Ғанй Абдулло, Носируф
ва дигар душманони халқ гӯё ки дӯст буд. Коркунони онрӯзаи
Союзи нависандаҳои СССР ахдан ин хатро пинҳон карданд ва
шӯҳрат додаанд, ки бар зидци Лоҳутй матриёлҳо ҳам ҳаст. Ман
ба ин ҳарзагӯиҳо аҳамият намедиҳам-ку, аммо дигарон ё амалан
ё ҳақиқатан аҳамият дод буданд. Фақат чанд рӯз пенггар масъала
ошкор шуд, (баъд аз маъӯзаи раф. Ждануф дар съезди партия)
ки фақат аризаи Туйғун будааст. Табиист, ки собит кардани ин
бӯхдони бешарафона осон аст. Шумо ёдатон қаст рафиқ Айнй
чй қадар ману шумо протест кардем, ки Рахдм Ҳошим котиб
нашавад ва раф. Бройдо чдддан протеста моро рад карда ва талаб
кард, ки Раҳим котиб шавад. Дар зимни ҳамин кор ман аз
Сталинобод рафтам ва то Бройдо секретари ЦК буд, дигар ба он
чо барнагаштам. Ҳоло виз-визи ин пашаи беномус ду соли тамом
маро азоб дод ва намедонистам, ки ин таъқиб ва бадрафторй аз
куҷост. Ҳоло маълум шуд. Агар ҳамон рӯзе, ки ин аризаро
гирифт, раҳбари онрӯзаи нависандаҳо онро ба маҷлис мегузошт,
ҳақиқат ҳамон рӯз маълум мешуд. Аммо маслиҳата шахсии v
дар ин будааст, ки онро пинҳон кунанд ва шӯхраташро олам.

79
Дар ҳар ҳол ҳақиқат қавитар аз тӯҳмат аст. Бубахшед, ки
нороҳат кардам. Ба дӯстон ва рафиқони азизамон Холида, Камол
ва Лутфия салом мерасонем. Аз Бону ба хидмати модарашон
салом.

Бо салом ва эҳтиром
Лохутӣ.

54.

Аз Самарканд ба Москва,
18 апрели 1939

Рафиқи шафиқ ва мӯҳтарам Лохутй!

Мактуби 7-уми апрел навиштаатонро баъди аз Тошканд
омаданам шрифта хондам ва имрӯз муваффақ шудам, ки ҷавоб
нависам.

Маслиҳати ман дар бораи байта "Ё бар рухи ман намешавад
боз" умуман буд. Дар он вақт на аз аризаи Туйғун ва на аз
гапковии дигарон хабар надоштам. Лекин умуман медонам, ки
ҳанӯз дар зеҳнияти як қисм одамон боқимондаҳои ахлоқи
феодалй, буржуазй ва майдабуржуазй барқарор аст. Ҳанӯз дар
масъалаҳои ичтимоии асар нотавонбинии шахсии худро буруз
медиҳанд ва ҳанӯз одамоне ҳастанд, ки шӯҳрати худро на ба
кори худ, балки бо бадном кардани одамони машхур таъмин
карданй мешаванд. Сабаб он буд, ки ман он машваратро дода
будам.

Аризаи Туйғун ва масъалаи Раҳим, чунон ки худ навиштаед,
тӯҳмати маҳз аст. Шумо ва ман дар ин кор бисер сахт муқобилат
карда будем, аммо Бройдо ба сифати секретори сека (СК) гуфтаи
худро карда буд. Агар зинда бошанд, Бройдо ва Рахим Ҳошим
ҳам, чизеро, ки ман ва шумо мегӯем, тасдиқ хоҳанд кард.

Вақге ки Бройдо аз кор шрифта шуд ва шумо ба Сталинобод
омадед, ман аз Самарканд истода ба шумо хат кардам, ки Раҳим
аз кори союз шрифта шавад ва худи шумо ҳам, албатта, дар
ҳамин фикр будед ва шумо дар он сафаратон (баҳори соли 1935)
Раҳимро на танҳо аз кори Союз, ҳатто аз кори котибии журнали
"Барой адабиёти социалистӣ" ҳам гарифтед. Ингуна фактҳои

80
таърихй аз хотири ҳеҷ кас намебарояд.

Акнун ду калима дар бораи сафари модари Холида. Май вақте,
ки барои вай то Маскав билет гирифтам, ба шумо хат навиштам.
Аммо телегроф надодам, зеро дар хати шумо хондам, ки ҳанӯз
бачагонатон дуруст сиҳат наёфтаанд ва худатон ҳам бемор
мебошед. Дар дили худ гуфтам "агар хат пеш аз вуруди онҳо ба
Маскав расад, онҳо ёрмандии комил хоҳанд дид ва агар нарасад,
бо телегроф ташвиши барзиёд надиҳам.

Аз телегрофи рафиқаам маълум шуд, ки ба шумо меҳмонанд.
Май дар ин бора ба шумо ва мӯҳтарам Бону ташаккури самимона
изҳор мекунам ва аз ин хусус, ки дар вақти ташвишмандии шумо
ва оилаатон як ташвиши барзиёд зам кардам, узр мехоҳам.

Ҳоло дар хона худам ҳам хонабон, ҳам бачабардор ва ҳам
иҷрокунандаи ҳамаи корҳои дигари хона мебошам. Ба болои
ҳамаи ин корҳо дирӯз хабар гирифтам, ки 23 апрел съезди
дуввуми нависандагони Узбекистон мешудааст ва иштироки ман
лозим будааст. Намедонам хона ва бачаҳоро ба кӣ супурда ба
Тошканд меравам. Як хизматгорзан қаст, аммо ӯ ҳам кар аст,
ҳам гунг. Як хидматгормард аст, аммо мард аст. Албатта мисли
ман дар хона нишаста (хусусан дар набудани ман) қаровулй
нахоҳад кард.

Ду калима аз аҳволи ҳаво:

Имсол дар Самарканд бақор бар хилофи одат ва қиёс бисёр
дер омад. 6-8 апрел қаво хунук шуда, меваҳои саридарахтиро
сабук кард. 9 апрел гармй cap шуд. Дар 13-14 апрел гармии ҳаво
дар аввали пагоҳ пеш аз баромадани офтоб ба 22-20 расид. 15-
ум гармй ба ду дараҷа фаромада, шабона боди сахт ва борони
сард cap шуд, дар Тошканд бод баъзе дарахтҳоро бо решааш
канда партофт. 16-ум аз нимаи шаб дар Самарканд барф cap шуд.
То бегоҳй барфҳое, ки об нашуда буданд, як вадаб гафсй
доштанд. Дараҷаи ҳаво дар сифр буд. 17-ум дараҷаи гармй ба ду
баромад. Аммо офтоб нашуд, борон монугир давом кард. Имрӯз
ҳам, ки 18-(ум) аст, борони сард меборад ва шамоли сард
мешавад.

Ба мӯҳтарам Бону салом, бачагонро мебӯсам.

Бо салом ва эҳтиром:

Айнй.

81
55.

Аз Самарканд ба Москва,
30 апрели 1939

Рафиқи азиз Лоҳутй!!

Чунон ки дар мактуби охирини худ навишта будам, барои
съезди нависандагони Узбекистон ба Тошканд рафтам. Имрӯз,
ки 30 моҳи апрел аст, аз он ҷо ба хона омадам, ки мактуби 16
апрел навиштаатонро пӯчтачӣ оварда монда будааст ва шофур
ҳам дар набудани май аз Маскав омада будааст. Май аз мактуб
ва хам аз шофур тафсилоти сафари рафиқаамро шунида аз шумо
ва аз Бону бисёр миннатдор шудам ва аз он ҷо, ки сафари вай
дар вақти парешонии шумо рӯй додааст (ҳарчанд, ки ин туна
аҳвол барои дӯстон сабаби хиҷолат нест) хиҷолатманд ҳам
шудам.

Ҳаракатҳои шармгинонаи хоҳаратонро шумо ба одоби тоҷикй
ҳамл кардаед, лекин аз кадом ҷиҳат, ки бошад, ба ин дараҷа
расидани шармгинй шармовар аст.

Барои ба шумо хуб фаҳмонидани аҳволи хусусии ӯ як воқеаи
имсол рӯй додаро арз мекунам (Албатта, маҳрамона ва худи ӯ
нашунавад). Зимистон дастаи консерти Узбекистон ба Самарканд
омад, ки сард ори онҳо Ҳалимахони машҳур буд. Бачагон бо
сардории хоқаратон хостанд, ки ба консерт рафта хониши
Ҳалимаро шунаванд. Ман барои харидани панҷ билет ба театр
рафтам, ки билетҳо як рӯз пеш аз омадани Ҳалима фурӯш шуда
будааст. Ман "шояд барои ба даст даровардани билет ёрмандй
расонад" гӯён ба директори теотр муроҷиат кардам.

Директур гуфт: "Барои тамошобинони умумй ягон ҷои фурӯш
ҳам нест, аммо ман метавонам, ки аз луҷаи совета шаҳр ба шумо
ду ҷои маҷҷонй бепул диҳам". Албатта, ман розй шудам ва ӯ
оварду барои ду ҷо аз луҷа хат дод.

Ин ду ҷоро дар байни панҷ кас тақсим кардан мумкин набуд
ва инчунин ду бачаи хурдсолро ба луҷаи ҳукуматй баровардан
ҳам муносиб нанамуд. Бинобар ин худам шахсан хоҳаратонро
гирифта бурдам ва бачагонро дар навбата дигар ваъда дода

82
розиашон кардам. Мо рафтем. Дар луча ғайри моҳо котиби
кумитаи облусти Самарканд, котиби кумитаи шаҳрӣ ва раиси
иҷроияи облуст буд. Дар вақги тамошо бо мо ва онҳо ғайр аз як
вохӯрии оддй ва аҳволпурсии сари забонй дигар низе дар миён
нагузашт, аммо дар охири тамошо директури теотр омада ба май
маълум кард, ки баъд аз тамошо як маҷлиси чойнӯшӣ мешавад,
ки дар он ҷо Ҳалимахон ҳам роҳбарони облуст хоҳанд буд ва
хоҳиш кард, ки май ҳам бошам. Маи розй шудам.

Аммо азбаски дари даромади луҷа ба золи васеи сард кушода
мешуд, даруни золи тамошо бо нафаси одамон гарм шуда буд ва
дар ҳар даромада баромадани одамҳо аз он дар дараёни бод ба
амал меомад. Хоҳаратон кадре сармо хӯрда ахдоли худашро бад
ҳис карда ва хост, ки барои он маҷлиси чой намонад. Маи баъд
аз тамошо дар золи истироҳат ба директур сармо хӯрдани
рафиқаамро узр оварда, барои ^саҷлиси чой истода
натавонистанамро маълум кардам. У узри маро ба котиби
комитета облустии партия гуфтааст. Котаб, ки шахси аврупоии
бисёр боназокате буд, шахсан пеши моҳо Давида омада дубора
истодани моро хоҳиш кард. Маи хоҳаратонро нишон дода
бемории ӯро узр овардам. У шахсан аз вай "шумо чигуна бемор
шудед" гуфта пурсид. У ҳам чунон ки дар пеши шумо кардааст,
чашмашро ба замин дӯхта чизе нагуфт.

Шумо медонед, ки як шахси аврупой ба ин гуна муомила чихр
хохдд фикр кард ва низ шумо мефахдгед, ки ман дар он ҷо ба чй
коли шармандагй афгода будам. Аммо дар ҳақиқат ӯ бемор шуда
буд, ки баъд аз он тамошо бо ангина ва асложненияи он як мох,
бистарй шуд, на танҳо ӯ ман ҳам грипп шуда, 15 рӯз дард
кашидам. Ин ахдол дар зиндагй шуданй аст. Аммо дар ҷавоби
аҳволпурсии котаб чизе нагуфта, чашм бар замин дӯхта истодан
нобахшиданист.

Дар бораи қабул накарданаш ёрмандии пулии шуморо ҳамин
қадар узр меоварам, ки дар ҳақиқат ӯ ба пул эҳтаёҷ надошт, зеро
пеш аз ба сафар баромадани ӯ ман ба хаёли он ки союз путёвка
ва пули кироро медиҳад, барои харчи иловата як ҳазор сӯм тайёр
карда будам. Баъд аз он ки союз путёвкаро ба ман фурӯхта ва
пули роҳро ҳам надод, ман маҷбур шудам, ки ҳамаи чизҳои

83
даркориро дар ду руз таҳия кунам. Бинобар ин дар танга афтодам.
лекин бо кадом мушкиле бошад ҳам бо иродаи айниёна таҳия
кардам. Билета ӯ ва шофурро то Маскав шрифтам, барои харҷи
роҳ ба ӯ як ҳазору панҷсад сӯми пули накд додам ва харди
тофурро барои бозгашт аз Маскав таъмин кардам.

Хоҳаратон ҳам қадре пул доштааст, гирифта буд, бинобар ин
у натарсида аз Маскав барои бачагон яктагй либос харида
фиристодааст.

Шофур ҳам ба он пул эҳтиёд надошт, эҳтиёд надонггани ӯ аз
ин ҳам маълум аст, ки аз Маскав барои ошноёнаш аз пули ман
додагй ба дусаду бист сӯм чизҳои техникй харидааст.

Аҳволи танга модции худро, ки арз карда будам, дар арафаи
ба сафар баромадани хоҳаратон буд. Аммо вақте ки ман барои
съезд ба Тошканд рафтам, аз он до Қорун шуда баргапггам: 2700
сум барои чизҳои аз ман ба матбаа додааш Узгаз ба ман дод.

Барои чоп шуда баромадани "Мактаби кӯҳна"-и ман дар
забони узбеки нашриёта бачагонаи ӯзбекй 675 сӯм дод. Журноли
руси ва узбекии адабии Узбекистон аз порчаҳои дар соли гузашта
чоп кардаашон 150 сӯм ба ман фиристода будааст, ки ман дар
21 апрел шрифтам.

Аз ғайри инҳо "Марги судхӯр", "Ҷаллодони Бухоро"_ро
узбекон ба матбаа додаанд, ки дар ҳамин наздикй мебарояд ва
аз ин ду китобча ду-се ҳазор сӯм ба ман мерасад.

Бо кумитаи юбилеии Навой дувогор баста будам, ки аз рӯи
он муоҳида то ҳаппуми мой ба ман ду ҳазор сӯм мефиристонад.

Дар тодики чопи чоруми "Одина" баромадааст, ки бояд дар
наздики пули вайро фиристонад. Ҳикоята "Ятим"-ро дар охири
мой тамом мекунам, ки аз рӯи муоҳида аз вай 2400 сӯм ба ман
мерасад... Ҳамаи инҳо ба ман нишон медиҳанд, ки ман Қорун
шудаам ва Қорунии худро дар амал нишон додам, ки барои хдмаи
аъзои оила 13 метр марказит харидам ва ба хоҳаратон теглегроф
кардам, ки агар эҳтиёд дорад бо телегроф хабар диҳад ва ба ӯ
пул фиристонам.

Ҳоло дар вақти кӯфтагии чандрӯзаи сафари Тошканд ва
бедорхобии роҳ ба ҳамин қадар кифоя мекунам, ки барои
ташвишҳое, ки бо шумо ва мӯҳтарама Бону ба муносибати

84
сафари хоҳаратон рӯй дод, узр мегӯям ва барои таклифи
ёрмандиҳои моддиатон арзи ташаккур ва изҳори миннатдорӣ
мекунам. Дар бораи сафарҳо навиштанро дар навбати дигар
мегузорам.

Бо саломи самимонаи рафиқона

Айнӣ.

Рафики шафиқ Лоқути!

56.

Аз Самарканд ба Москва,
30 апрели 1939

Май вақге, ки аз Тошканд омадам, (субҳи рӯзи 30) бачагон ба
май як извещение доданд, ки аз вай маълум мешуд ба ман аз
Маскав як ҳазор сӯм перевод омада будааст. Аммо ман аз Маскав
аз идорае нигарони пул набудам. Ман ҳарчанд фикр кардам
фиристодаи ин пулро наёфтам, чун пӯчта рафта пурсидам,
гуфтанд, ки аз Лохутӣ аст. Аммо аз ин ҷо, ки рӯзи охири моҳ ва
пӯчта дар ҳисоб машғул будааст, додани он пулро дар баъди
иди мой ваъда доданд. Лекин ман ба шумо барои чй ва аз кй
будани ин пулро пурсида телегроф додам.

Вақте, ки аз пӯчта баргашта ба хона омадам, мактуби 22-апрел
фиристодаатонро ба ман расониданд. Аз ин мактуб масъала
равшан шуд.

Ман аз хусусияти шумо, ки агар ба ягон тангй афтодани ягон
рафиқро ҳис кунед, фавран ба ёрмандй мерасед, бисёр
миннатдорам ва аз ин чумла ба ин коре, ки дар ҳаққи ман кардед,
бениҳоят ташаккур мекунам. Лекин бинобар сабабҳое, ки ҳозир
Қорун шудани худро дар мактуби аввалиам арз карда будам, ба
кабул кардани ин маблағ ҳеҷ эҳтиёҷ надорам ва аз ин ҷо ки шумо
дода гирифтаед ва бояд бачагонро ба он ҷо кӯчонида тарбия
намоед, шуморо аз худ мӯҳтоҷтар медонам. Бинобар ин бо
камоли ташаккур ва узр ин маблагро , бе он ки аз пӯчта гирам
(баъд аз ид, ки пӯчта ба кор медарояд), ба худатон баргардонам
ва умедворам, ки шумо ҳамин тарз ҳисоб мекунед, ки ман ин

85
маблағро барон бачагонатон, ки дар айни замон бачагони ман
ҳам мебошанд, ҳадя кардаам.

Ин радду бадал як манзараи шоирона медиҳад, ки мо мисли
инро дар афсонаҳо дар байни дӯстон хондаем.

Такрори арзи шукрона мекунам ва узр металабам, ки аз ин
баргардонии ман дилгир нашавед. Бо камоли эҳтиром Айнй.
Албатта, вақти аз Сочи баргаштан ва ба вагзоли Қазон
баромадани хоҳаратон боз шумо хеле ташвиш хоҳед кашид, ки
ман барон вай пешакй арзи миннатдорӣ мекунам ва он гуна
ёрмандиҳоро баробари миллиунҳо ёрмандии пулӣ медонам.

57.

Айни.

Аз Москва ба Самарканд,
1 майи 1939

Самарканд, райони Ленин, Қурғонча, 10, ба Айнӣ.

Пул азони шумо

Бо салом

Лоҳутӣ

58.

Аз Москва ба Самарканд,
14 майи 1939

Рафиқи азиз ва мӯҳтарам Айнй!

Дирӯз ҳазор сӯмро шрифтам. Ҳамон тавр, ки пепггар навишта
будам, албатта, ки намеранҷам. Аммо, росташро гӯям: агар ман
мебудам ба дои шумо ҳазор дафъа ҳам Қорун шуда бошам, ин
пулро пас намефиристодам. Хуб, он тавр ки шумо хостаед шуд.
Ризоияти шумо асоси орзуи ман аст.

Моҳо рӯзи 12-ум боистй ба дача мекӯчидем. Барой пазироии
хоҳарам нарафтем. Аммо то имрӯз ҳанӯз на хат, на телегроф аз
он кас нагирифтаем. Намедонам кай аз Сочи берун меоянд ва

86
бо кадом поезд? Дар ҳар ҳол то 20-ми моҳ мунтазир мешавем.
Ман метарсам, ки хоҳарам шарм карда телегроф нафиристанд
ва танҳо дар Маскав парешон шаванд. То дина боз ҳам осуда
будам. Аммо аз имрӯз фикрам парешон шудан гирифт. Мабодо
он кас омада ва бехабар раванд. Агар билет ва плоскорти яксара
дошта бошанд, ran нест, ки. Аммо барои ёфтани пласкорд шабро
дар вокзал хоб кунанд-чй?...

Наход ки ба хонаи мо намеоянд? Хайр, боз ҳам то 20-ум 6 рӯз
аст... Шумо ваъда додед, ки дар бораи шеърҳо назарияи
худатонро нависед. Ман мунтазири ин ҳам ҳастам.

Х,оло бачаҳоям ҳама саломат ҳастанд. Ба шумо ва бачаҳоятон
салом мерасонам.

Бо салом ва эҳтироми тамом
Лохутй.

59.

Аз Сталинобод ба Москва,
14 июни 1939

Рафики муҳтарам Лохутй.

Ман дар пеши шумо худро гунаҳкор ҳис мекунам, ки ба бисёр
хатҳотон ҷавоб нанавиштам. Сабабаш саргардониҳои гайри
мунтазирй буд. Дар курорт будани хоҳаратон чанд рӯз Камол
бемор шуд. Баъд аз қадре беҳтар шудани ӯ дар 17-мой Холида
бемор шуд. Бемории ин дар вақти имтиҳонҳои солонаи мактабаш
рост омад. Шумо хуб медонед, ки бемории бачагоне, ки дар вақти
пирии падарашон рӯида бошанд, ба он падар чй қадарҳо бад
таъсир мекунад.

Мушкилии кор дар ин ҷо ҳам буд, ки ин бемориҳо дар вакди
набудани модарашон рӯй дод. Масъалаи мушкили дигар -
масъалаи озод кардани Холида аз имтиҳони солона буд. Аммо
бо вуҷуди қарори комиссияи духтурон директори мактаб қабул
накард ва ба имтиҳон додан маҷбур кард. У дар ҳоле, ки 38-таб
дошт, дар 20-23 мой аз ду даре имтиҳон дод, бо вучуди ин аз яке
баҳои хуб ва аз дигаре, ки навиштани забони руей буд, баҳои

87
миёна гирифт, лекин табаш ба 39 ва зиёдтар бар он расид.

Вақте, ки Холидаро барон табобат боз ба беморхонаи бачагон
бурдам, директори беморхона хдкояи аз имтиҳон озод накардани
директори мактабро аз ман шунида сахт шӯрид ва хати норизой
ва тахдидомез карда оқибат ӯро аз имтиҳон озод кунонид. Баъд
аз он ба табобат машғул шуд. Дар саввум ва чорумҳои июн
Холида ру ба беҳбудй овард ва беморхонаи бачагон ӯро дар моҳи
июл ба санаторй таъин кард.

Дар ин миён ман аз Союзи Нависандагони Тоҷикистон
телегроф гирифтам, онҳо барон дидани қисми классикиии
алманахе, ки барон даҳсолагии Тоҷикистон тартиб доданй
будаанд, маро ҷеғ зада буданд ва ин даъвати худро аз номи СКА
мекарданд. Ман ба қабул кардани ин даъват розй шудам.
Директори беморхонаи бачагон дар ин сафар ҳамрохй худам
бурдани Холидаро ҳам тавсия кард, "табдили ҳаво, хусусан ба
тарафи кухдстон барои ин бача нофеъ аст", гуфт. Ман ҳам Холида
ва Камолро ҳамроҳи худ гирифта 7-ноябр ба роҳи Сталинобод
баромадам.

Мана дар ҳамин миёнаҳо барои муқаддима навиштан ба
Тоҷикистон ном маҷмӯаи шумо аз Зингер ва Икромй таклиф
гирифта будам, лекин барои ин кор лузуми дидани он маҷмӯаро
нашр (?) карданй ҷавоб гардониданй будам.

Баъд аз ин муросала бо Зингер маҷмӯаи шумо фиристодагй
аз тарафи худи шумо расид, аммо ҳамроҳи худам аз шумо
мактубе надоштам. Бо вучуди ин ман ба муқаддима навиштани
худам ризоии шуморо ҳис кардам. Ман дар миёнаи ҳамин
парешониҳо муқаддимачае навиштам ва дар Сталинобод дар
мошинка чоп кунонида як нусхаашро ба Зингер ва дигарашро
бо нусхаи маҷмӯаатон ба Шумо фиристода истодаам. Албатга
дар чунин вақти парешонй муқаддимаи хубе нашуд, лекин
мувофиқи қоидаи "моядраку кулла лоятрака кулла" амал карда
ба фиристодани ин порча часорат кардам.

Ман ният дорам, ки 17-июн (агар билети роҳи оҳан ба даст
дарояд) ба Самарканд баргардам.

Бо саломи рафиқона:

Айнй.

88
Ба мӯҳтарама Бону салом расониданатонро ва бачагонро аз
ҷониби ман бӯсиданатонро орзу дорам.

Маҷмӯа ва муқаддимаро ба ходимони Тоҷигиз супоридам, ки
посилка карда ба шумо фиристонанд.

А.

60.

Устоди муҳтарам Айни!

Аз Москва ба Сталинобод,
17 январи 1940

Хати дуввуми ҳамин моҳ навшнтаатонро имрӯз шрифтам.
Ба меҳрубонии шумо раҳмат. Ин ҳам, ки хатро чунин муфассал
навипгга ва дар бораи "шутко ва қапчуқча" тавзеҳ доданатон
меҳрубонии махсус аст ва ҷавоби онро муфассал нанавиштан
беодобй мешуд. Ман бисер маъзарат мехоҳам, ки ба воситаи ду
телегроф сабаби ин ҳама заҳмат ва нороҳатии шумо шудаам.
Роста ҳоло мумкин аст, ки як шеър ба номи достоин "шутко ва
қапчуқча" (агарчи луғата кадом забои будани " қапчуқча"-ро
намедонам) бинависам. Тафсили нашри онро ба раф. Улуғзода
навишта будам. Намедонам барои чй ба шумо нагуфтааст,
албатта, фаромӯш кардааст. Акнун худам мухтасари он
муфассалро ба хидмата шумо менависам ва он ин аст:

1. Писари "бузургам" Далер, ки ҳоло панҷумин сол дорад,
дар синни дуввунимсолагй як қошуқи оддии фулузиро ба ман
"ҳадя" гуфта дода буд. Албатта 20 ҷо барои он иваз кард. Охираш
онро дар пушта даруни шкофи китобҳо ҷо дода ва ҳар рӯз пагохй
омада нигоҳ мекард, ки ҳадяаш саҳеҳу солим аст, ё на. Як рӯз
ходимаи наве онро шрифта ба матбах бурда буд. Далераки ман
баъд аз дидани ҷои холии ҳадяаш кам монад буд, ки ғаш кунад.
Ин игрок нест, рост аст. Фақат ӯро бо ин осуда карда тавонистам,
ки гуфтам: "Қошуқатро фиристодем барои падарат аз матбах
авқот биёварад". Осуда шуд, аммо қавл гирифт, ки баъд аз он
қошуқи ҳадяшударо заҳмат надода ҳеҷ ҷо намефиристем.
Мабодо қошуқи дигар аз вай истифода карда ба ҷои вай

89
бинишинад. Ин "азоби рӯҳонӣ" сабаби касал шудани Далер шуд.

2. Г ев писараки сесолаам . дар ду солагии худаш ин қошуқи
"таърихиро" дида ва хост, ки онро дошта бошад. Ҷангу
мубоҳисаи мобайни Далеру Г ев агарчи як-ду соат бештар давом
накард, аммо барои муфассалан навиштани он як ду рӯз вақг
даркор аст. Охир, ки Гев муҷоб шуд. Аммо ӯ ҳам як шуткаи
хурдак ба қадри як чаҳормағзро аз модараш гирифта ба ман ҳадя
дод. Табиист, ки ӯ ҳам аҳволи ӯро мепурсад. Вақти ба
Сталинобод омадани ман онро ҳамроҳи ман фиристод, ки ҳар
Рӯз ба бобо аз Гевак ёдоварй кунам ва талаб кунам, ки зудтар
бобо ба Маскав пеши Гевак биёяд. Инак, ҳамин шуткаи
"оламгир" дар дачаи совнарком, дар беруни шаҳри Сталинобод,
ҷо монда буд. Ман мағлуби эҳсосоти шоирона шуда, ба як шоири
дигар, ки ӯ ҳам падар аст, бо телегроф илтимос кардам, ки онро
ёфта барои ман бифиристад. Ман нахостам гиря ва таъсири бачаи
дусоларо (ҳоло наздики се сол дорад) бубинам. Ман дуруст
фаҳмида будам. Вақте, ки ба Маскав расидам, аввал чизеро, ки
Гевак пурсид, ҳадяаш буд, Аммо ман дар тамоми роҳ шабҳо
нахобида ҷавоб тайёр карда будам ва аз ҷавоби қаноатбахши
хандаовари хушҳолкунанда наҷот ёфтам. Телегроми дигар барои
кисача чурме буд, калиди хонаам (дурусташро гӯям кабинета
корам) даруни он буд. Аз он до, ки калид аз қулфи англисй буд,
бидуни он дарро фақат шикастан боз кардан мумкин буд. Чун
нахостам дарро шиканам, заҳмати ба ходимони дача барои
ёфтани он фармударо ба шумо додам. Табиист, ки қар ду
телегроф ба итминон ва эътамод ба дӯстии шумо фиристода
шуданд ва инак, шумо дар ҳамон ҷо манзил доред, маро ба фикри
истафода аз ин итминон ва эътамод кашонед.

Аммо ин ки телегрофро одами комиссориёти дохила
овардааст, ман яқин дорам, ки барои эҳтароми ба шумо буд ва ё
ин ки барои корҳои дигар ба дача омаданй будааст, зимнан барои
изҳори иродаи ба шумо он телегрофро ҳам ҳамроҳ овардааст.

Ин ки дар вақти буданатон дар Сталинобод баъзе
дурусткуниҳо ба "хата халқи тоҷик ба падари халқҳо Сталини
бузург" даровардаед, албатта, дуруст будааст. Ман онҳоро
надида бошам ҳам дар марҳамата шумо ғоибона раҳмат мегӯям.

90
Саломи гарму ҷӯшони шуморо ба рафиқа Бону гуфтам. Ба
шумо саломи шогирдй ва фарзандй доранд. Ба хоҳарам,
рафиқаатон саломи бародаронаи маро расонед. Бачаҳотонро аз
амакашон ва амаки бачаҳотон салом бирасонед.

Бо салому иродат
Лохутй.

61.

Аз Москва ба Самарканд,
(феврали 1940)

Ба Сталинобод бо вагони 8-уми поезди байналхалқй рафта
истодаам. Умедворам, ки барои мактуби халқи тоҷик боби
иловагиро о ид ба канал навипгга тамом кардед.

Хоҳиш мекунам бо ягон роҳ матни онро ба вокзал фиристонед.

Бо салом
Лохутй.

61.А

Аз Москва ба Самарканд,
18 феврали 1940

Б ид у ни хоқиши худ ба Самарканд фуромада наметавонам.
Агар имкон допгга бошед, дар вокзал пешвоз гиред. 13-ум, бо
вагони 8-уми поезди байналхалқй рафта истодаам.

Лохутй.

62.

Аз Самарканд
26 феврали 1940

Мӯҳтарам рафик Лоҳутй!

Ман 19-уми феврал аз шумо як телегроф гирифтам. Телегроф
18 феврал аз Маскав дода шуда будааст. Мазмуни телегроф
"Сталинобод рафта истодаам, шеъри бар бораи канал
навиштаатонро ба вакзол фиристонед" буд.Ман хисоб кард?'

91
дидам, ки 18-феврал, яъне рӯзи якшанбе аз Маскав ба
талинобод поезди нумури 8 ҳаракат намекунад. Ба ин

мулоҳиза муқаррар кардам, ки бояд шумо аз Маскав 17 феврал
ҳаракат карда бошед. ^ 1

(Дар телегроф рӯзи ҳаракат навишта нашуда буд). Поезде
ки 17 и Маскав ҳаракат мекунад, 22- ба Сталинобод мерасад!
Май 22-феврол дар вақти омади поезд ба вокзал баромадам
Поезд 7-соат дер карда меомадааст. Бинобар ин ба хона
баргашта дар вақти таъйиншуда баромадам.

Поезд омад, аммо дар он поезд дар вагони международни
шумо на удед ва касоне, ки шуморо шахсан мешиносанд дар
он вагон буданд, онҳо ҳам тасдиқ карданд, ки шумо бо ин поезд
аз Маскав набаромадед.

Ман гумон кардам, модоме ки 17-феврол аз Маскав
набаромадаед ва 18 феврол навбати поезди Красноводск аст
бо ваи ҳам ҳаракат нахоҳед кард ва 19-феврол боз барон
Сталинобод поезд нест, лоҷарам бояд 20-феврол баромада ,бояд
jr д.аР СамаР^анд шавад. Дар вақташ баромадам. Гуфтанд ки
боз 10 соат дер мондааст. Аммо дар вақти саввум ба баромадан
комеб нашудам, бинобар ин бо ин мактуб аҳволро арз карда

ф™н'™дамР б°РаН КаНаЛ НаВИШТа ШУДа 6УД' ба хидмат
Аз хоҳаратон ва аз ҳамаи бачагон саломи гарму ҷӯшон

Бо саломи рафиқона:
Айнй

63.

Устоди муҳтарам Айнй!

Аз Сталинобод ба Самарқанд,
26 феврали 1940

Хати ба р. Турсунзода навиштаатонро хондам. Дар вақти
баромадан аз Маскав ба рафиқ Бону гуфта будам, ки ба шумо
телегроме фиристода ва хоҳиш кунад(аз номи ман), ки агар

92
шеъри дар бораи канол гуфтаед, ба вогзол фиристонед. Ҳатто
гуфта будам бинависад, ки бо шуфиратон фиристонед. Маълум
мешавад, ки телегромро ҳам монанди телегром дар бораи
"шутко" хато мухобира кардаанд, ки шумо худатон ба вогзол
баромадаед. Вичдон шоҳид аст, ки қатъиян ба захвати шумо
розӣ набудам. Инак, ҳоло шарм мекунам, ки сабаби дарди сари
нав шудам. Дар хати муфассал ба шумо навишта будам, ки рафиқ
Қурбонов хоҳиш ва исрор карданд, ки ба шумо нависам, худам
бошам чунин заҳматро ба шумо намедиҳам.

Акнун дар бораи хати рафиқ Сталин бошад, шумо шахсан
медонед, ки ширкати ман дар ин хидмат ба талаби Кумитаи
Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон буд. Табиист, ки
ба талаби Кумитаи Марказй асоси самимимяти ман нисбат ба
раҳбар ҳам илова мешаванд.

Инак, ки шумо хаёл кардаед, ба воситаи дарозии хат "Правда"
онро чоп накарда, дуруст нест. Чоп нашудани хат фақат ва фақат
ба ин сабаб буд, ки халқи тоҷик онро даст намонда буданд.
Маълум мешавад, ки халқҳои дигар, ки чанд сад ҳазор имзоҳои
ҷудогона ба хатҳои худ фиристодаанду хати тоҷикҳо ба ҷуз номи
ҷаҳор шоир имзои дигар надошт. Вақге, ки СК Тоҷикистон инро
донист, аллакай ҷашни 60-солагии р. Сталин гузашта буд. Пас
р. Прутупопуф ва Қурбонуф дар Маскав гуфтугӯ карда, қарор
П1уда буд, ки хатро ба ягон воқеа вобаста кунанд, то чоп шавад.
Дар натиҷаи музокираҳо бино шуд, ки хатро ба конол вобаста
кунанд ва р. Қурбонуф талаб кард, ки ба шумо хат ва телегром
бифиристам, ки ба конол омада, ман ҳам равам, иловаи навро
нависам. Ана ин таърихи росту дурусти чоп нахоҳанд кард,
валекин на ба сабаби дарозии хат ё бадии обзорҳо, балки ба
воситаи гузаштани вақт.

Мазмуни хат, махсусан обзорҳоро коркунони Кумитаи
Марказй писандидаанд ва таъриф кардаанд, инро бовар кунед.

Бо салом ва эҳтиром

Лоху mi1.

93
64.

Аз Самарканд ба Москва
9 марти 1940

Рафики шафик, мӯҳтарам Лоҳутӣ!

Мактуби аз Сталинобод дар таърихи 26-феврол навиштаатон
ба 8-морт расид. Сабаби дермонии мактуб дар ин аст, ҳарчанд
шумо мактубро 26-феврол навишта бошед, ба пучта 3 морт
супурда шуда будааст, ки мӯҳри пӯчтаи Сталинобод ба рӯи
маркаи конверт 3 морт буд. (ба ин тариқа "3-3-40").

Шумо дар як ҷои мактубатон навиштаед, ки "дар хати
муфассал ба шумо навишта будам, ки "яъне ин мактуби
муфассал, умуман мактубе аз шумо дар бораи илова кардани
мавзӯъи канал ба мактуби халқи тоҷик ба ман нарасидааст, Дар
ин бора танҳо аз рафиқ Раҳимӣ телегроф гирифта будам, ки дар
ҳамон вақт куфияи он телегрофро ҳам ба рафиқ Деҳотй ва ҳам
ба рафиқ Турсунзода фиристода будам (Куфияи он телегроф бояд
дар дасти Турсунзода бошад).

Шумо дар мактубатон бисер афсӯс ҳӯрдед ва нороҳат шудаед,
ки "чаро ба сабаби хато мухобира шудани телегроф ман шахсан
ба вакзол баромадаам".

Рафиқи шафиқ, тамоман осуда шавед, ки ман дар ин бора
мазмуни телгрофро хато нафахмидам ва ин чунин телгроф ҳам
дар ин хусус хато набуд, балки дар вай саҳеҳ навишта буд ки
"агар шеър навишта бошед ба ягон кас ба вакзол фиристонед".
Азбаски дар ин вақг ҳаво хуб буд, мошин ҳам буд, агар аз шумо
телеграфе ҳам намешуд ва ман тасодуфан мефаҳмидам, ки шумо
аз вакзоли Самарканд мегузаред, хоҳ шеъре навишта бошам, хоҳ
не, албатга ман вакзол мебаромадам ва барои ман ҳеч ташвиш
ҳам набуд. Пекин таъсири ин дар ин ҷост, ки дар телегроф рӯзи
ҳаракати шумо сареҳ навишта нашудааст ва худи телгроф аз
Маскав 18 феврол дода шудааст ва ман ба қиёси таърихи телгроф
(чунон, ки дар ин хусус дар мактуби пештараам муфассал
навиштам) гумон кардам, ки шумо аз Маскав бояд 17-феврол ё
ин ки 20-феврол, ки рӯзҳои ҳаракати поезди Сталинобод аст,
баромада бошед ва ба асоси ин тахмини хатой худ ба вакзол

94
баромадам, аммо ба зиёрат мушарраф нашудам. Вагарна ман
дар баромади вакзол ва дар интизорй дар вакзол, ки дар он до.
дар хонаи ҳукуматй нишастам, ҳеҷ нороҳат нашудаам ва
ташвише ҳам накашидаам.

Баъд аз он аз рафиқ Деҳотй фаҳмидам, ки шумо аз Маскав
15-феврол ҳаракат карда будед ва аз Куйбишев рӯзи
ҳаракататонро сареҳ карда ба онҳо телгроф дода будед.

Агар ба ман ҳам рӯзи ҳаракати шумо 15-февролро сареҳ карда,
телгроф медоданд, медонистам, ки шумо дар 20-феврол аз
Самарканд мегузаред ва ман хам, ки дар он вақг ҳаво 2-дараҷа
гармй дошт, бе ҳеҷ ташвиш ба хидмат мерасидам. Агар ҳаво бад
мебуд ба текста телгроф амал карда, шуфир ва ё ягон каси
дигарро мефиристодам. Хулоса таъсир аз тайин нашудани рӯзи
ҳаракат аст, дар телгроф. (Ман барои исботи ин кавли худ нусхаи
он телгрофро бо ин мактуб ба хидмат мефиристонам).

Баъд аз он, ки аз вохӯрдан бо шумо дар вакзоли Самарканд
маъюс шудам, 72-мисраъ шеърро, ки навишта будам, бо мактуби
муфассале заказной карда ба Сталинобод ба номи шумо
фиристодам, ки бояд расида бошад.

Бачагон қамагй саломатанд. Дар мактаб давом доранд.
Хоҳаратонро имсол курорт фиристодан даркор шуд. 8-морт бо
вагони международний Маскав фиристодам, ки аз он ҷо ба Сочи
равад. Азбаски шумо дар Маскав набудед, ба Бону телегроф
карда ташвиш додани он касро муносиб надидам ва ба
ваколатхонаи Тоҷикистон телегроф кардам, умед аст, ки
Галферин лар вакзол пешвоз гирифта ба Сочи узод мекунад
(билет то Сочи аст).

Умедворам, ки шумо дар бозгашт ба Самарканд фароед.

Намедонам, ки ахволи "Мактуб чй шуд? Аз порчаи ман фонда
бурда шуд ё не? Агар аз вай фонда бурдан муносиб дида нашуда
бошад, хоҳишмандам, ки ба худам баргардонед ва ман ӯро
дубора кор карда як чизи муфассалтар сохта ба маҷмӯае, ки дар
бораи обёрй мебарояд, медиҳам.

Бо саломи рафиқона ва эҳтироми самимона:

Айнй

95
65.

Устоди муҳтарам Айнй!

Аз Сталинобод ба Самарканд,
(26 марти 1940)

Ҳамон рӯз, ки хати шуморо гирифтам ва аз рафтани хоҳарам
ба Маскав хабарро хондам, бо телфун ба Бону хабар додам, ки
ба вакзол баромада, он касро пешвоз гирад ва ба хона барад.
"Хатой" шуморо дуруст карданй шудам. Баъд аз чанд рӯз Бону
бо телфун ба ман гуфт, ки ҳам ӯ ва ҳам Голферин ба вакзол
баромаданд ва то бегоҳӣ кофтаанд, вайро наёфтаанд. Бону бисёр
мутаассир буд, ҳатто ранҷида буд. Ман ба ӯ дилдорй дода ва
гуфтам айб надорад, бародарҳо гоҳе ин гуна корҳои "хуб"-ро
мекунанд. Охир, бародараш дар хона набошад, зани бародараш
дар хона аст. Магар Бону одам нест?...

Хайр шуд-дия... Акнун масъалаи "Хати халқ ба р.Столин!"
Ин рузҳо ҳамаи халқ бо ҷӯшу хурӯш хатро даст монда, шодй
мекунанд. Ғӯё чаҳор сад ҳазор имзо ҷамъ мешавад. Охир ин халк
ғалаба кард^ Муҳаррири масъул р. Турсунзода аст, ки шеърҳои
шуморо кайҳост гирифта буд ва баъзе аз онҳоро илова карда
буд. Баъд аз он ки халқ имзо карда ба Маскав фиристод, радцу
қабули он вобаста ба иродаи роҳбарони он мебошад. Чизе, ки
имрузҳо маро хурсанд кард ва ба завқ овард, ҳатто ифтихорманд
намуд, хондани мақолаи ширин, содда ва хушуслуби Холидаи
азиз буд. Офарин бар вай! Илтимос ин ки аз тарафи ман ба ӯ
салом расонед. Ба худаш як хат менависам.

Бачаҳоро салом ва дуо гӯед.

Бо салом ва эқтиром
Лохутй.

66.

Аз Самарканд ба Сталинобод,
6 апрели 1940

Фозили муҳтарам ва устоди муаззам рафик Лоҳутй!
Мактуби шавқатуслуб, ки 26 морт навишта будед, 30 апрел

96
расид. Аз муваффақиятқои имзои "Мактуб" мамнунам, аз ин ваҷҳ
аз Миршакар ва Деҳотй ҳам хат буд.

Аз оянДагон хабари муваффақияти "Кова"-ро ҳам шунидам,
ки фахри Даҳрӯза хоҳад шуд.

Деҳотӣ аз Маскав омад, назар ба қавли ӯ ҳарчанд ман дар
телгроф "8-морт аз Самарканд бо поезди 8 - дар вагони
международна ҳаракат кард" гуфта, сареҳ навишта бошам хам,
дар ваколатхона ҳаракати поездро аз Сталинобод ҳисоб карда,
як рӯз баъд ба вакзол баромадаанд.

Бо саҳви онҳо Бону хам ташкиши муфт кашидаанд. (Аз ман
узри ташаккур навиштанатонро хоҳишмандам).

Аз Сочи хат гирифтам, поезд то Маскав 12 соат дер монда, ба
вакзоли Маскав соати даҳи рӯзонаи 13 морт расидааст, чун дар
вакзол каси шиносеро надидааст, такси гирифтааст ва ба вакзоли
Курски рафтааст ва дар он до ҳам поезди Сочи тайёр будааст,
зотан билет то Сочи буд, дар он до бо осонй искорий ва
плоскортро ба даст дароварда Сочи рафтааст. Ҳарчанд рӯзи
вурудаш ба Сочи аз мӯҳлати путёвка ду рӯз пеш бошад ҳам, ӯро
ба санатури кабул кардаанд ва аз он до бо телегроф аз вурудаш
ба Сочи ваколатхонаро хабардор кардааст.

Ҳар чи бошад ҳам ин тасодуф ва ғалатфаҳмии ногувор бо
хушй ва осонй гузапгга аст.

Бачагон саломатанд. Холида арзи ташаккур дорад, аввалин
ҳикояашро дар журнал дида хурсанд аст. Боз як ҳикоя доштааст,
ки то ҳол ба ман нишон надодааст (ҳикояи аввалинашро хам
додараш дуздида ба ман нишон дода буд). То ҳол се бор кор
кардааст, мегӯяд, ки дар таътили тобистона боз як бор кор карда,
покнавис карда, баъд аз он ба шумо нишон медиҳам ва агар
писандед ба матбуот мефиристонам.

Камол як фолклорро аз як кампир шунида кор кардааст,
тобистони гузашта ба ман нишон дода буд. Дар таътили
зимистонй боз як бор кор кардааст.

"Ба матбуот фирист гуфтам" - не мегӯяд, ҳоло ман хурдам,
шарм медорам, ҳар вақт ба 16 дароям, бад мефиристонам".

Аммо фолклоре, ки ӯ кор кардааст, хеле хуб аст, як
домуллоимомро расво мекунад, қобили чоп аст.

97
Худам ба тариқи доими ба таҳрири "Луғати русӣ-тоҷикӣ"
машғулам. Колпокуф (корманди илмии базаи Тоҷикистонии
Академияи фанҳо) бо ман кор мекунад. Азбаски ӯ аз Хукумат
харҷи сафар ва рӯзина мегирад ва ҳам бо харҷ дар гостинитса
менишинад, ман бо вуҷуди қувватам кам будан, кӯшиш мекунам,
ки зиёдтар кор кунам, то ки ба хукумат бори зиёд нашавад.

67.

Аз Самарканд ба Москва,

4 августа 1940

Рафиқи шафиқ, мӯҳтарам Лохутй!

Дерест, ки аз шумо мактуб нагирифтаам, худам ҳам айбдорам,
хате нанавиштаам. Ба наздики Абдушукур омада хабари
саломатиатонро расонид, ба хонаи боб гузаштанатонро ҳам гуфт.

Марги судхӯр", "Ятим", "Фирдавсй" ба наздикй аз чоп
баромада буданд, як нусхагй ёдгорй фиристода шуд, аммо агар
Фирдавси -ро ҳам як нусха мефиристодам, баста ноҳамвор
мешуд, бинобар ин ду нусха фиристодам ва тафоул карда як
нусхаашро ба номи Далер навиштам. Охир вай ҳам бояд
мактабхон шуда бошад ва лозим аст бидонад, ки мо ҳам классик
дорем.

Бачагон дар боғанд, хоҳаратон ва ҳама бачагон салом
мерасонанд. Худам шабҳо ва рӯзҳо ҳам дар вақти кор дар ҳавлй
мебошам, фақат баъд аз фароғи кор боғ мсравам ва соатҳои нӯҳ-
даҳ бармегардам.

Бештарини ин тобистони май дар роҳи кор кардан бар болои
классикҳо рафт. Абӯалй Синоро дубора (кор) карда аз асарҳояш
баъзе (порчаҳо) ҳамроҳ карда шуд. Барои Рӯдакй як маҷмӯаи
алоҳида сохта шуд. "Бӯстон"-и Саъдиро интихоб карда 4 ҳазор
мисраъ гирифтам ва эзоҳ додам. Барои вай як муқаддима ҳам
навипггам.

Май шунидам, ки Саъдиро ба шоири форсу тоҷик номидан
баъзе шарқшиносон розй нашудаанд, аммо ман аз тарҷеъбанди
у ёфтам, ки вай худро тоҷик номидааст. У мегӯяд:

98
Гуфтори хушу лабони борик
Мо атяба фока ҷалла борик.

Ё зорибати бисайфи лаҳзен,

Воллоҳи қаталтани баҳотик.

Аз бахри худо, ки моликон ҷавр,

Чандин накунанд бар мамолик.

Шояд, ки ба подшоҳ бигӯянд,

Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Ман ҳамин масъаларо ҳам дар охири муқаддима илова кардам.
Ҳозир дар болои асарҳои тоҷикии Навой кор карда истодаам.
Ба рафиқа Бону аз ман ва аз хоҳаратон салом расониданатонро
орзумандам. Аз чашми бачагон мебӯсам.

Бо саломи рафиқона:

Айнӣ

Хона ҳамон бошад ҳам, дар номи кӯча ва нумури ҳавлӣ
дигаргунй рӯй дод.

Адрес ин аст:

Самарканд,

улитса Лаби Ғор, нумур 103а (Қӯрғонча)

Айнӣ.

68.

Аз Москва ба Самарканд
(Августи 1940)

Самарканд, Лаби Fop, 103/а, Ба Садриддин Айнй. Китобҳоро
шрифтам, бехдц миннатдорам, ҷавоби мактубро менависам, ба
ахди оила салом расонед.

Лоҳутӣ.

69.

Аз Москва ба Самарканд,
17 августи 1940

Рафиқи мӯҳтарам устод Айнӣ! Мактубу китобҳои шумо чанд
рӯз пеш ба Маскав расида бошад ҳам, ман дирӯз онқоро

99
гирифтам. Сабаб ин аст, ки ҳанӯз дар дача ҳастам ва ҳафтае як
бор ходимаро барон харидани хӯрокворй ба шаҳр мефиристам,
зимнан рӯзномаҳо ва хатҳоро ҳам ҳамроҳи худ меоварад. Ин
дафъа илова бар ғизои ҷисмӣ газон рӯҳии мо ҳадяҳои пурқимати
шумо шуданд, ки ба ин фаровонй ба мо расиданд. Махсусан
Далери ман чунон хурсанд шуд... "барон ман махсусан
навиштаанд, амакам!" ва ба ҳама кас китобҳоро нишон дода
мефахрид. Ба меҳрубониҳои шумо ташаккур! Асарҳои наватон
барон халқи тоҷик ганҷинаҳои наве ҳастанд, ки боигарии
адабиёти тоҷикро афзун мекунад. "Чашми бад дур!" Ҳанӯз як
китоби шумо хонда нашуда, китоби дигар мерасад. Чй қадар бояд
Тоҷикистон хурсанд бошад...

Ман бошам хеле хӯрдагир ҳастам ва дернавис. Як контото
барон консерти охирини Даҳаи Т оҷикистонро 4 мох пеш навишта
бошам, фақат моҳи гузашта хотирҷамъ шуда, онро тамомшуда
ҳисоб кардам. Ман як нусхаи онро барон шумо мефиристам ва
хоҳиш мекунам, ки назариян худатонро марҳамат карда ба ман
менависед. Чй кунам? "Зи дасти кӯтаҳи худ зери борам. Ки аз
болобаландон шармсорам", асари қобили ҳадия надорам. Аммо
умед ҳаст, ки "Девон"-и дуйум баъд аз як моҳ аз чоп барояд ва
ба хидмати шумо бифиристам. Хидмати хоҳари мӯҳтарама аз
ман ва аз ҳамаи ахди оила салом бирасонед. Холидаи азиз,
Камоли пурматонат ва хоҳарчаи пурфатонаташро салом
мерасонам.

Бо саломи рафиқона
Лоҳутӣ.

Устодҷон салом!

70.

Аз Москва ба Самарканд,
26 августа 1940

Чанд рӯз пеш дар ҳолати беморй ва сардардии сахт ҷавоби
хат ва ташаккурнома аз ҳадяҳои пурбаҳои шумо навишта
фиристода будам. Аммо ҳоло, ки беҳтар шудам, ба ёдам меояд,
ки беморй ба бадхатии ман афзуда буд, чунон ки барои шумо
хондани он мушкил хоҳад шуд. Албатта, мебахшед.

100
Рӯзи 21 ҳамин моҳ (шабона) як тарона барои декодо
навиштаам, хостам, ки бо фиристодани як нусха аз он худро ба
ёди шумо оварам. Духтарам Атия барои тарона як оҳанг
навиштааст, ки онро компузитурҳо бисёр писандиданд. Афсӯс,
ки ман дар ин фан бесавод ҳастам ва наметавонам нотаи онро
навишта бароятон бифиристам. Ҳамин дирӯза як нусха аз
контото, ки онро ҳам барои декода навиштаам, бароятон
мефиристам. Китобҳои шуморо хонда лаззат мебарам. Аз Бону,
ман ва бачаҳо ба шумо ва ахди оилаатон саломи фаровон.

Бо салом ва эҳтиром
Лохутӣ.

71.

Аз Москва ба Самарканд,
28 августи 1940

Рафиқи мӯҳтарам устод Айнй!

Дирӯз нусхаи лотинии ин таронаро барои шумо фиристодам.
Имрӯз маълум шуд, ки ман иштибоҳан нусхаи аввалиро
фиристодаам. Инак, нусхаи охиринро фиристода, хохдпп мекунам
аввалиро аз рӯи ин дуруст кунед.

Бо салом ва эҳтиром
Лоҳутӣ

72.

Аз Самарканд ба Москва,
26 сентябри 1940

Устоди мӯҳтарам, рафиқ Лохути!

Ду мактубатон паи ҳам бо ду нусха таронаи
Туселкунандагон" расид. Ду нусха будани он бисёр хуб шуд,
ки мошиниашро ба бачагон ва арабиашро ба худам гирифтам
(албатта, лотиниашро мувофиқи арабиаш дуруст кунонидам).
Ҷавоби мактубҳо ва арзи ташаккур дер монд, сабабаш ин буд,

101
ки ба муносибати юбилеи садсолагии "Камине" (Камина) ба
Туркманистон даъват шуда будам, умедворам, ки ташаккур ва
арзи маро қабул фармоед.

Рафиқони туркман барои Камина, ки шоири халқи туркман
будааст, хеле тӯйи тантанадор гузарониданд. То рӯзи тӯй асарҳои
Каминаро ҳам ба забони туркманӣ, ҳам ба забони русй чоп карда
баровардаанд. Аз ғайри ин 6 китоби дигар аз адабиёти халқии
туркман чоп кардаанд, ки ҳама бо техникаҳои бисёр аъло. Аз
шакли ин китобҳо гумон мекунед, ки асарҳои Пушкинро дар
Ленинград чоп кардаанд. Як роман, 27 печатний лист ҳам аз
нависандагони ҳозира ба ҳамон техникаи хуб чоп кардаанд.
Ҳамаи ин китобҳо дар Ашқобод чоп шудаанд. Аз республикаҳои
бародари қариб сад нафар меҳмон буд. Ҳамаи роҳбарони
ташкилоти партиягӣ ва советй, хоҳ рус бошад хоҳ туркман аз
аввал то охир ба туй шахсан иштирок карданд. Бар болои ин оид
ба ҳаёти Камина рафиқ Скосируф ба забони русй як романи калон
нависонда омад, ки ҳам ба забони русй, ҳам ба забони туркманй
чоп шуда баромадааст. Ҳозир рафиқони туркман ба тӯйи
Махтумқулӣ тайёри мебинанд, ки у шоири хубест. Асарҳои ӯ то
инкщюб ба забони русй ва забонҳои аврупо тарчума шудааст.
Ин туй дар соли 1942 мешудааст, ӯ дар соли 1780 вафот карда
будааст. Ҳарчанд туй дар соли 1942 шуданй бошад ҳам, то ҳол
ҳарчумаи шеърҳои ӯ ба забони русй тайёр шудааст. Узбекон як
масал доранд, ки мегӯянд, "ғайратлидан имон қутулмас", (аз
одами богайрат имон халос намешавад"). Ин масал дар ҳаққи
рафиқони туркман тамоман дуруст аст. Инҳо то инқилоб ҳаёти
кучманчиги мегузарониданд. Аз тарбияи Партияи Ленин-Сталин
чунон фонда бурданд, ки номи худро ба қатори миллатҳои
мутамаддин дароварда тавонистанд. Аммо тоҷикон, ки
маданияти чандин ҳазорсола ва адабиёти ҳазорсолаи зинда
доранд, бисёр сует мечунбанд.

Дар поёни ran ҳаминро гуфтан даркор аст, ки то ҳол дар байни
тазкира ва таърихчиёни шарқва ҳам шарқшиносон дар бораи
ватани Рудаки ихтилофе буд. Уро баъзеҳо аз Бухоро ва баъзеҳо
аз Самарканд мегуфтанд.

Ман аз рӯи тафтишоти охиринам, аз рӯи як ривоят, ки ровиаш
астарободи буда дар Самарканд зиндагонй карда, дар ҳамон ҷо

102
баъд аз 60 соли вафоти Рӯдакй мурдааст ва қабри Рӯдакиро зиёрат
кардааст, қарор дода будам, ки Рӯдакй аз Самарканд аст. Чунки
ин ровӣ аз қарияи Рӯдаки Самарканд мегӯяд.

Ammo ман паи тафтиши дар куҷои Самарканд будани деҳаи
Рӯдакӣ афтодам. Дар наздикй дар вақги ремонта ҳавлӣ ба кори
ман як мардикори моғиёнии фарбеҳе омад, ки аз райони
Панҷакент аст. Ман аз вай номи деҳаҳои ба онҳо наздикро
пурсидам. Маълум шуд, ки Рӯдак ва Панҷрӯд - Панҷрӯдак (ҳамаи
инҳо ба Рӯдакй дахл доранд) дар кӯҳистони Панҷакент будааст.
Ман ин маълумоти ҳавоиро ба котиби райкоми Панҷакент
навипгга тафташро хоҳиш кардам. Котаби райком шахсан ба
хонаи ман омада, ин маълумотро тасдиқ кард.

Ҳоло бо ташаббуси ман як экспедитсияи тадқиқотй аз тарафи
базаи тоҷикистонии Академиям илмҳо ва Комиссариёта маорифи
Тоҷикистон ба он ҷо фиристода шуд. Уме дворам, ки ин
экспедитсия маълумота равшани расмие биёрад.

Дар ин сурат дар илм ва адабиёт як кашфиёти калон ба вуҷуд
меояд.

Бояд тоҷикон аз ҳамин рӯз cap карда барои 1952, ки дар вафоти
Рӯдакй ҳазор сол пур мешавад, тайёрй бинанд. Аммо намедонам,
ки чй кор карда метавонанд.

Ба рафик Бону ва бачагон аз аъзои оилаи ман саломи гарму
ҷӯшон. Хоҳаратон барои тайёр шудан ба Узгу (Института
Давлатии Узбекистон) ба курс и тайёрй даромад. Аммо сиҳатааш
хуб нест, намедонам муваффақ мешавад ё не. Аз ӯ ба шумо ва
мӯҳтарам Бону саломи махсус аст. Бо саломи рафиқона: Айни.
Номи кӯча ва нумури ҳавлии ман дигар шуд:

Самарканд,
ул. Лаби Fop, дом номир 103/а

Айнй.

73.

Аз Москва ба Самарканд,
26 октябри 1940

Мӯҳтарам устод Айни, салом!

Ҷавоби хататонро дер навиштам. Гунаҳкорам, бубахшед.

103
Сабаб бемории ҳама хонавода, ба илова корҳои таъдили буд. Аз
ширкати шумо дар дашни Камина бисёр хурсандам. Намедонам
аз Тоҷикистон нависандагони дигар хам иштирок карданд ё на.
Ба фикри ман барои онҳо тадриба мешуд. Дар бораи дашни
Анварй, Рӯдакй ва даҳҳо нависандагони пуразамати тодик,
ёдовариҳо ва маслиҳатҳои шумо (бидуни риёкорй) қимати калон
доранд. Фақат бояд кӯшиш кунем, ки ба ин гуна икдомҳои олй
ҳама домеаи советии республикаамон алоқаманд шаванд. Бидуни
ширкати диддй бо алоқа ва боварии тагидилй, ин хел корҳо ноқис
монда, дуруст ба андом намерасад. Базаи Академияи улум,
Комиссариёти маорифи халқӣ, нашриёти давлатй, Союзи
нависандагон, ташкилоти партиявй ва ҳукуматй, музей,
китобхона хама ва ҳама бояд ба ин гуна дашнҳо - дашнҳои
намоиши ифтихормандии таърихи халқи озоди тодик, дашни
намоиши ҳосилот ва натидаҳои Инқилоби кабири советии ӯктобр
иштирок кунанд. Масалан, магар рассомон, компузиторҳо,
коркунони театр ва инҳо барин мардумон ба чунин дашнҳо
иштирокашон даркор не? Аммо ҳамаи ин корҳо, беҳтар гӯем,
ҳед кадом аз онҳо худсарона натидаи хуб намедиҳад. Ҷамъияти
нависандаҳо бояд ин корҳоро ба таври ташкилоти идора ва
раҳбарй кунад. Раҳбарй ва ёрии партия ва ҳукумат ҳамеша буда
ва Ҳаст. Бояд умедвор буд, ки союзи нависандагон баробари кашф
кардани "ғайбҳои бузург"-и мо ба ин хидматҳои лозима ҳам
чунон ки бояду шояд иқдом мекунад.

Нависанда ва шоири давони мо Юсуфй дар мақолаи худаш
(дар "Тодикистони сурх", 19 ӯктабр) лирикаи маро мухолифи
ахлоқи давонони совета муаррифй кардааст. Чаро ки дар он аз
ишқ сухан меравад. Аз он до ки шумо синнан аз пирони совета
ҳастед, ман дуръат мекунам, ки газали дар сонотурй гуфтагиамро
бароятон бифиристам. Чунон ки хоҳед дид, дар он на самолют,
на туп, на тонк, ҳатто як чоқу ҳам нест. Аммо дар он дил ҳаст,
ишқ ҳаст, ки барои тайёрачиёни совета, тӯпчиён, тонкистҳо ва
ҳама мудофиони ӯктабри Кабир доштанашон водиб аст ва онҳоро
доранд ҳам.

"Уштур ба шеъри араб, дар ҳолатасту тараб,

Ту худ чй донварй, к-аз шеър бехабарй..."

104
Дар ин ҷо "к-аз ишқ бехабари" гуфтани соҳиби байт даркор

буд.

Бо саломи бародари
Лохутй.

74.

Аз Москва ба Самарканд,
30 октябри 1940

Устоди муҳтарам Айни, салом!

Аз омадани "Ятим" ва "Одина" ба хонаи амакашон бисёр
хурсанд ҳастам. Ду касро, ки тавонанд намунаи ҳамаи халқи
заҳматкаши тоҷик бошанд, беҳтар дидам, ки аз фарзандони шумо
гирам. Ин аст, ки онҳоро даъват кардам. Онҳоро бад пазирой
накардам, ки?...

Хайр, ба ҳамаи ахди хонаатон аз ҳама хонаводаи ман салом.

Лохутӣ.

Устоди муҳтарам!

75.

Аз Москва ба Самарканд,
7 ноябри 1940

Имрӯз аз рӯзномаҳои Тоҷикистон фахдгадам, ки дар муқобили
хидматҳои чандинсолаатон, хидматҳои пурбаҳо ва барон халқи
совета зарур, ба номи шумо монанди олими хвдматнишондода
илова кардаанд. Мехоҳам бигӯям, ки хидматҳои илмни шумо,
ки адабиёт, забон ва таърихи тоҷикро боигарии бузург додааст,
баҳои ҳақиқӣ аз тарафи партия ва ҳукумата совета гирифт. Ин
ба ҳамаи мехдатаашони Тоҷикистон хурсандй медиҳад, махсусан
ба дӯстони шумо шараф ва сарбаландӣ аст. Азбаски дер хабарро
шунидам (чунон ки дар боло навиштам, газетаҳоро ҳамин рӯз
гирифтам) фиристодани телгрофро ҳам дершуда ҳисоб кардам.
Албатта, мебахшед. Ман ба василаи ин хат табрики самимонаи
худро ба шумо такдим карда, аз дилу ҷон даста шуморо фишурда,
бисёр зиндагй кунед ва бешумор ба халқи совета фоидаҳои

105
илмию адаби диҳед, мегуям. Ин орзуи ҳақиқии ман аст. Риё
нашавад гуфта беш аз ин низе наменависам.

Бо салом ва иродат
Лохутй.

76.

Аз Самарканд ба Москва,
24 ноябри 1940

Рафиқи мӯҳтарам, устод Лоҳутй!

Мебахшед, ки бо монеаҳои гуногун, ба шафқатномаҳои
гуногуни шумо то ҳол ҷавоб навишта натавонистам.

Аз ҳама пештар рухсат диҳед ба табрик ва изҳори шодмонй,
ки ба муносибати ба ман дода шудани номи "Ходими
хизматнишондодаи илм" кардаед, арзи ташаккури самимона
намоям.

"Ҳадяи Заррина" ҳам дар вақти худаш расида буд. Алҳақ,
"Одина" ва "Ятим"-и маро хуш пазирой кардаед. Худам ҳам
"Одина"-ро яке аз меваҳои пешпазаки чорбоғи ҳаёти худ ва
"Ятим"-ро яке аз беҳтарин асарҳои замонии худ мешуморам.

"Ҳадяи Заррина"-ро дар рӯзнома ҳам хондам. Маълум
мешавад, ки коркунони редаксия ин хушпазироии шуморо
написандидаанд ва ба дои "Ятим" -у "Одина" калимаи "фақерак"-
ро гузопггаанд.

Шеър ва мактубе, ки ба номи Холида фиристода будед, дар
вақги худ расида буд. У то ҳол арзи ташаккур накардааст: "Ман
танҳо як чизи ноарзанда навиштам ва ба муқобили он аз тарафи
надари маънавиям ин ҳама меҳрубонй дидам. Аммо шарм
медорам, ки ташаккур кунам. Ҳар вақг ягон чизи дигар нависам,
он маънои арзи ташаккур мешавад. Ҳоло дар нӯҳум класси
мактаби русҳо хонда истодаам, наметавонам, ки чизи наве
нависам" мегӯяд.

Дар бораи мақолаи Юсуфй таассуроти худро изҳор кардаед.
Ман ҳам дар вақти хонданам он мақоларо мутаассир шуда будам.

106
Шеъри лирикие, ки ба ин муносибат бо он мактуб фиристодаед,
ҳақиқатан ба авҷи аълои лирика баромадааст. Бо ин ҳама
баландй, ин ҳама соддагй, ин шеър маро аз шавқ ба ҳаяҷон овард,
ки мо ингуна намунаҳоро дар классикҳо надидаем. Ман
наметавонам, ки дараҷаи софй, соддагй, равонй ва ба болои инҳо
ин қадар баландии ин шеърро тақдир намоям. Фақат дар тавсифи
ин шеър метавонам, ки аз як таъбир тадқиқотчиёни классик (агар
фаромӯш накарда бошам аввали ин таъбирро Абдураҳмони Ҷомй
гуфтааст) фонда барам, ин шеърр бо тамоми маънояш "сахди
мумтанеъ аст".

Азбаски дар байни мову шумо нифоқу риёро ҷое нест, як
хӯщаро, ки дар ин мақтаи шеър ба хотирам расид, изҳор кунам.
Ин дар мисраи "Покиза бидораш, ки ба ҳастй сабаб аст ин" аст.
Ман гумон мекунам, ки дар байни хукамои қадим як ҳамин гуна
ҷараён буда ишқро сабаби хилқат мешуморанд, баъзе
мутафаккирони сӯфияи ислом ҳам ин назарияро бо таъбирҳои
гуногун дар таълимоти худ даровардаанд. Ин таълимот бояд ба
марксизм мухолиф бошад, лекин ман дар ҳақиқат на он назарияи
ҳукамои қадим ва на марксизмро бахубй намедонам. Шумо
инҳоро аз ман беҳтар медонед. Фикр карда бинед, ки агар дар
ҳақиқат ҳамин гуна фикрҳо дар таърихи фалсафа бошад ва ба
марксизм мухолиф бошад, дар вақти ба чоп фиристодан ин
мисраъро ислоҳ хоҳед кард. Аммо агар ман дар ин фикри худ
хато карда бошам, хатоямро бо самимият хоҳед бахшид.

Воқиаи наве, ки имсол дар таърихи адабиёти форс-тоҷик рӯй
дод, ёфт шудани деҳаи Рӯдак (ҷои таваллуди устод Рӯдкй) ва
қабри Рӯдакй аст. Маълум аст, ки то ҳол дар байни аҳли таърих
ва тазкираҳо ихтилоф буд, ки Рӯдакӣ аз Бухорост ё Самарканд.
Ман дар вақги навиштанам "Намунаи адабиёти тоҷик"-ро фикри
аввалиро тарҷеҳ карда будам. Аммо имсол, ки дар бораи Рӯдакй
мақола навиштам ба асоси як манбаи арабй, ки ривояти худро аз
Идрис ном нақл мекунад, қарор додам, ки аз Самарканд аст ва
ин Идрис Астарободй буда, умри худро дар Самарканд
гузаронидааст ва дар ин ҷо пас аз шаст соли вафоти Рӯдакй
мурдааст, ҳам таърихи Астаробод ва ҳам таърихи Самарқандро
навиштааст. Идрис мегӯяд, ки Рӯдакй аз қарияи Рӯдак аст. /1" ^

107
ҷои дигар мегӯяд, ки қабри Рӯдакй дар Панҷрӯдак аст, ки яке аз
қарияҳои Рӯдак буда, дар навоҳии Самарканд аст.

Аммо намедонам, ки ин Панҷрӯдак ва Рӯдак дар куҷои
Самарканд бошад. Профессор Семёнов, ки имсол дар ин бора
мақола навишт, дар мақолаи худ қайд кардааст, ки Рӯдак ва
Панҷрӯд дар 15-километри шақри Самарканд аст. Аммо ман бо
пурсуков аз атрофи Самарканд ба ин номҳо деҳае наёфтам ва ба
тариқи ҳазл ба Деҳотй гуфтам, ки охир Рӯдак аз Панҷакат ёфт
мешавад. Ин сухан зоҳиран ҳазл бошад ҳам ба ақидаи худам
ҷиддй буд ва бинобар ин ба ҳамин асос тадқиқот бурдам. Имсол
дар моҳи июл вақте, ки ҳавлии худро ремонт мекардам, як
мардикорро ба кор овардам. У аз деҳаи Фароби Панҷакат
будааст. Аз вай Рӯдак ном деҳаеро пурсидам. У тасдиқ кард, ки
дар Панҷакат аст, аммо ӯ надидааст ва бобои ӯ, ки ҳанӯз зиндааст,
дидааст, Панҷрӯд (Панҷрӯдак) ҳам дар ҳамон ҷоҳо аст. Инро
ҳам шунидааст. Ман ин маъниро ба секретари якуми
райкомпартияи Панҷакат - ба рафиқ Муҳаммадиев навипгга, аз
вай илтимос кардам, ки ин маълумотро пурсуков кунад. У баъд
аз чанд рӯз шахсан пеши ман омада маълум кард, ки Рӯдак ва
Панҷрӯд - ҳар ду ҳам дар Панҷакат ҳастанд ва аз маркази район
тахминан 60-70 километр меоянд. Ман ин маълумотро ба
Сталинобод ба Союз навишта илтимос кардам, ки як
экспедитсияи расмӣ фиристонад. Аз ин ҷо аз базаи Академия
Бузургзода ва аз Наркомпросс Гаррецкий ном як таърихшинос
омаданд ва маро раҳбари экспедитсия қарор доданд. Азбаски
барои баромадан ба болои кӯҳи баланд дили ман тоб надошт,
ман ҳамаи маълумот ва нишонақоро ба онҳо дода фиристодам.
Онҳо рафта қабри Рӯдакиро ёфтанд. Ба қишлоқи Рӯдак бошад
Г аррецкий нарафта, танҳо Бузургзода рафта омад ва ҳардуи инҳо
ҳам ҳамаи маълумотҳоеро, ки ман ёфта будам, тасдиқ карданд.

Аммо вақте ки Гаррецкий бо мухбири радиои Москва
мусохдба кардааст, ҳамаи ин кашфиётро ба худ нисбат додааст.
Ба қавли ӯзбекон "Тайёр ошга бакавул" (боварҷии оши тайёр).

Ман имсол бо даъвати панҷакентиҳо 11 ноябр ба болои кори
каноли Марғедар рафтам, ки дар кӯҳистон дар шаст километр
дуртар аз маркази район фарҳодвор сангро буррида кофта

108
истодаанд. Дар ин ҷо ман бо панҷрӯдиён ва ҳам бо рӯдакиён
мусоҳиба кардам. Рӯдакй дар байни онҳо бо унвони як олими
400 шутурдор (чунон ки дар тазкираҳо маълуманд) ва ба унвони
уфорй (уфарӣ) ба маънии сознавоз машҳур будааст. Ҳатто
мегӯянд, ки азбаски шутурдорй дар кӯҳистон душворй кардааст,
Рӯдакй чанд вақг дар Самарканд ва Бухоро кӯчида рафта будааст.
Дар охирҳои умраш боз омадааст.

Акнун ба ман маънии таъбири манбаи арабй маълум шуд, ки
дар вай Рӯдак ва Панҷрӯд (Панчрӯдак) аз навоҳии Самарканд
шумурда шудааст. Ноҳия бо маънои арабиаш ба канори дур кор
шумурда шудааст. Дар ҳақиқат ҳам Панҷакати то розмежевание,
то соли 1925 яке аз районҳои (ноҳияҳо) Самарканд ба шумор
мерафт.

Ман дар сари кори канол бо бисёр колхозчиён мусоҳиба
кардам. Номи қишлоқҳои онҳо диққати маро ҷалб кард: шумо
аз куҷо? - аз Ҳуснобод, Шумо чй? - Нигинобод, шумо аз куҷо?
Аз Майкада, Шумо чи? - Аз Зебон )3ебиён) ва ҳоказо. Ҳақиқатан
районе, ки ба деҳаҳои худ ин гуна номҳои шоиронаро кабул
кардааст, ҳақ дорад, ки монанди Рӯдакй як устоди номурдании
шеъру музикаро расонад.

Дар вақти кори канал ягона роҳи кӯҳй, ки ба Рӯдак мерафтааст,
муваққатан баста шудааст. Вагарна ман ба он до ҳам мерафтам.
Чунки Рудак аз сари канал 8 ё 10 километр будааст.

Ин кашфиёт хеле муҳим аст. Ба хама ахди хонаводаатон аз
худам ва аз ҳамаи ахди хонаводаам саломи самимона.

Бо саломи рафиқона

Лйнй.

77.

Аз Москва ба Самарканд,
28 декабри 1940

Рафиқи мӯҳтарам, устод Айнй!

Г арчи масъалае, ки ба шумо навипгганй кастам, барои ман

109
ғамангез аст, боз ҳам бояд нависам, ки баъзе иштибоҳҳо сабаби
каҷфаҳмӣ нашаванд.

Чанд ҳафта баъд аз чоп шудани "Хати халқи тоҷик ба раҳбари
халқҳо рафиқ Столин" дар ҳамаи матбуоти Тоҷикйстон, аз р.
Миршакар як хат гирифтам. Дар он хат ба ман навишта буд, ки
аз редаксия силаи шеъри "Хати халқ"-ро ба союзи нависандагон
фиристодаанд, валекин аз онҳое, ки хатро ба назм даровардаанд,
ягон кас ҳам дар Сталинобод нест, ки аз вай пурсанд, ки қар як
чанд навинггаанд. Бинобар ин аз шумо ва Айнӣ мепурсанд, ин
мушкилро ҳал кунанд. Ман барои вақт ба навинггани хат гум
накардан як телегроф фиристодам, ки чанд хат аз ман буданро
муайян кард. Аз он ҷо ки ман вакили дигарон набудам, чанд хат
навинггани ҳар касро ба худаш вогузор кардам. Пас аз 8-10 рӯз
якҳазору панҷсад сӯм аз пӯчта барои ман оварданд... Ба ғайр "аз
Сталинобод, аз союзи нависандагон, гонорар барои хати халқ"
ҳеҷ чизи дигар навишта нашуда буд. Ман фикр кардам, ки ин
гонорарро ба ман ҳам монанди шоири совета мефиристанд, пае
чаро онро монанди як порча нон ба гадо медиҳанд? Охир ду сӯму
чанд тин барои ҳар мисраъ ба ман додан, он ҳам барои мисраҳое,
ки дар "Хати халқ" гуфтаам ва аз ҳар ҷиҳат қабули оммаи
партиявӣ ва совета пайдо кардаанд, як порча нон ба гадо додан
аст. Махсусан ки асари моҳо дар ҳамаи матбуота Тоҷикистон
чоп шудааст. Ман ин масъаларо ба р. Миршакар навишта ва
хусусан гӯшзад кардам, ки инро ба вай монанди раиси кумитета
мудофиаи ҳуқуқи нависандагон менависам. Дар масъалаи аз рӯи
чй ҳисоб тақсим кардани гонорар як калима нанавиштаам ва ба
сарам ҳам ин хаёл наёмад, чаро ки асосан чанд сӯм будани
гонорар барои тамоми хатро намедонистам ва донистан ҳам
мумкин набуд, чаро ки такрор менависам, инро ба ман нанавишта
буданд, ғайбдон ҳам нестам. Мана, ҷавоби хати маро
Миршакаруф чй менависад.

"...Домулло Айнй навишта буданд, ки:

- Муаллифон баробар барои навиштани мактуб вақтро сарф
карда буданд. Масалан Рахдмй чандин бор мактубро аз нав чоп
кард ва хатоҳои техникии онро дуруст кард. Вақта бисёри худро
барои он сарф карда, бо вучуди он аз Раҳимй дар он ҷо зиёда аз

110
25 мисраъ нест. Бинобар ин ҳаққи қаламро ба таври зер тақсим
карда шавад. Ба домулло Лоҳутй 70 фоиз, ба ману Раҳимӣ 15
фоизӣ ва ғайра..."

"Мо қам таклифи домулло Айниро рад накарда ва ба розй
будани шумо ҳам боварии калон пайдо карда (мебинед рафиқи
мӯҳтарам, боварии калон!) пули мазкурро ба тариқи зер тақсим
кардем (мувофиқи талаби домулло Айнй):

1. Лохутй аз рӯи 70 фоизй 1463 сӯму 80 тин.

2. Айнй аз рӯи 15 фоизй 314 сӯму 10 тин.

3. Раҳимй аз рӯи 15 фоизй 314 сӯму 10 тин.

Ҷамъулҷамъ ду ҳазору нӯҳсаду чаҳор сӯм.

(Рафиқ Айнй агар дар ҷамъулҷамъ хатой ҳисобӣ ҳаст, кӯтоҳии
ман нест. Ман айнан купили хати р.Миршакаруфро навипггам).
Миршакар давом дода менависад:

"Замоне ки шумо бо ин тақсимот розй набошед, ба бухгалтер
фармон додам, ки 400 сӯми боқимондаи шуморо фиристад, он
вақт дар союз 204 сӯми дигар мемонад, ки домулло Айнй ва
Раҳимй дар байнашон, чй тавре ки хоҳанд, тақсим кунанд."

Акнун устод Айнй аз шумо мепурсам то ҷавоб (диҳед): ба
кадом хдсоб ҳаққи ҳалами 600-у чанд мисраъи ман, ки дар ҳамаи
матбуот чоп шудаанд, қазору понсад сӯм шудааст? Ин бояд
бошад? Ман то вақте, ки хати Миршакарро шрифтам, на аз хати
шумо ба вай ва на аз таклифи шумо ва на аз шакли тақсими
гонорар аз қеҷ кадомашон хабар надоштам. Ин давоби Миршакар
ба ман қадре бепггар аз сӯитафохум нест? Хайр, ин телгроф
фиристодам, ки фармони худро дар бораи фиристодани 400 сӯм
иваз кунад. Чаро ки ин фармон бехабар ва ризоияти ман шудааст.

Акнун ду калима дар бораи сарф кардани вақт. Устоди
мӯҳтарам чанд шаб нахобидани ман дар дачаи совноркум дар
Столинобод барои навиштани "Хати халқ" ба худи шумо маълум
аст. Шумо ҳам нахобидед. Илова бар ин ки хатро шахсан худам
ҳам дар Столинобод ва ҳам дар дача дикта карда, чоп кунондам
(охир мошинистка дар хонаи шумо чанд рӯз ба cap бурд ва хатро
муқарраран навишт) дар Маскав ҳам барои тарчума кунондан,
тарчумаҳоро дигар кардан, як 5-6 мартаба аз нав чоп кунондани
асл ва тарчума се моҳ ҳамаи вақгамро додам. 3 мартаба рафиқаам

111
Бону тарҷумаи нашри хатро барон мутарҷимҳо навиштааст, дар
тамоми кори тардума ширкат кардааст. Як тин ҳам на талаб
кардаасту на талаб мекунад. Гумон мекунам ҳамаи мо ин корро
мисли хурмат ба халқ анҷом додем ва аслан дар хаёли гонорар
набудем. Аммо вақге, ки медиҳанд, бояд мисли садақа надиҳанд,
вассалом.

Ҷавоби хати шуморо фаромӯш накардаам, қарзнокам.
Мебахшед, ҳамин ду рӯз-ба менависам.

Бо салом ва эҳтиром
Лоҳутӣ.

78.

Аз Самарканд ба Москва,
15 феврали 1941

Рафиқи мӯҳтарам Лоҳутй!

Ман тамоми ин зимистонро дар мусофират гузаронидам.
Аввалҳои декабр ба Тошканд ва Бухоро рафта, шеърҳои тодикии
Навоиро ғундоштам. Дар бозгапгги ин сафар чанд рӯз дар хона
монда, маҷмӯаи Навоиро, ки дар тодикй тартиб дода будам, бо
шеърҳои мазкур пурра карда ба Тоҷигиз фиристодам.

Баъд аз он фаврй боз Тошканд рафтам, чунки рафиқони ӯзбек
дида баромадани луғатҳои Навоиро, ки аксаран форсй ва арабй
буда ба чоп тайёр нашуда буд, ба ман ҳавола карда, маро ба
Тошканд даъват карда буданд.

Ин дафъа дар Тошканд 17 рӯз монда кори луғатро иҷро
кардам. Дар аснои ин кор маро ба Сталинобод ҷеғ заданд. Аз
Тошканд рост ба Сталинобод рафтам, Миршакар набуд ва ман
аз дигарон масъалаи ҳаққи қалами "Мактуб"-ро шунидам. Ман
пеш аз он, ки маълумоти дар ин бора аз Сталинобод гирифтаамро
арз кунам, воқеаи ба ин кор тадохул кардани худамро маълум
намоям. Магар дар моҳи ноябр буд, ки аз Миршакар ба ин мазмун
як мактуб гирифтам (кӯтоҳ карда медиҳам) "Редаксия ҳаққи
қалами "Мактуб"-ро ба союз дода, тақсимашро аз он пурсид.
Ҳозир дар Сталинобод касе аз инггироккунандагони мактуб нест.

112
Шумо маслиҳат диҳед, ки ба чй тариқа тақсим намоем..." Дар
мактуби Миршакар чй қадар ва барои ҳар сатр чанд сӯм таъин
шудани ҳаққа қалам навиштагй набуд.

Ман дар ҷавоби мактуби Миршакар ду таҷрибаи кори
коллективиро, ки пештар аз cap гузаронида будам, ба назар
гирифтам: яке "рапорте" буд, ки дар соли 1936 навишта будем.
Дар он "Мактуб" аъзои коллектив на аз ҷиҳати сарфи вақт ва на
аз ҷиҳати адади маҳсулот баробар набуданд. Бинобар ин ман
дар он вақт ба фоиз тақсим карда будам. Ба Ҳамдй, ки кори
бисёрро ӯ карда, вақти бисёрашро қам ӯ сарф карда буд, 50 фоиз,
ба худам, ки ҳарчанд вақтро баробар сарф карда дар музокираи
ислоҳот иштирок карда бошам ҳам, ба сабаби маҳсулотам камтар
будан 25 фоиз, ба Раҳимй 15, ба Турсунзода 10. Дигар таҷрибаи
кори "Оби ҳаёт" буд. "Оби ҳаёт"-ро рафиқон дар Самарканд
навиштанд. Пеш аз cap шудани кор ман ба онҳо (Деҳоти,
Турсунзода, Юсуфй) эълон кардам, ки мо ҳаққи қаламро баробар
тақсим мекунем, ҳарчанд, ки маҳсулоти мо баробар набошад.
Ҳарчанд маҳсулоти худам аз нима зиёдтари он достон буда ва
азони рафиқони дигар ҳам аз як дигарашон бо тафовут буд, ман
он ваъдаи худро ба амал овардам. Чунки ҳамаашон баробар вақт
сарф карда буданд.

Ман дар тақсими ин ҳаққи қалам як роҳи байн-байнро
гирифтам: на баробари маҳсулоти ҳақиқии ҳар кас ва на тамоман
ҳамаро баробаршуморй. Ба ин тариқа 1 (ҳаққи қалами
Турсунзода ва Суҳайлй, ки маҳсулоти онҳо дар қисми охири
мактуб дарҷ шудааст ва тахминан 25 фоизро ташкил мекунанд,
25 фоизи умумии ҳаққи қалам. Барои рафиқ Лохути, ки гӯё ҳамаи
боқимондаи мактубро навиштаанд ва дар Маскав ҳам барои
илова ва ислохй вай бисёр вакги худро сарф караанд, 70 фоизи
бақияи ҳаққи қалам, ба Раҳимй, ки гайр аз чанд мисраъ дар ин
мактуб иштирок надорад, бо ҳамаи ин дар дача чанд рӯз бо мо
истода бедорхоб шудааст ва хдм бори дуввум ба мошинка чоп
шудааст) ин мошинка дар моҳи январи соли гузашта шуда буд,
ки баъд аз ислохй дуввуми шумо дубора чоп кардан лозим шуда
буд) 15 фоиз, ба ман ки дар ин мактуб он қадар иштироки дуруст
надорам, дар қатори Раҳимӣ 15 фоиз (ҷавоби худро ҳам дар ин

113
ҷо хулоса карда нақл намудам).

Дар охири мактуб ба Миршакар навиштам: Союзро лозим аст
ки 33 ҳамаи журнолҳо ва газетаҳо хоҳ районй бошад, хоҳ маҳаллй,'
ки ин мактУб нашр шудааст, ҳаққи қаламро рӯёнида ба тартаби
мазкур тақсим намояд. Чунки мудофиаи хуқуқи авгорй ба зиммаи
Союз аст (ва ҳол он ки ман дар он вақт на миқдори ҳаққи таҳрир
Ва додан е нЗДодани журнолҳо ва газетаҳоро намедонистам ва
мактубҳои шумо ҳам ба ман нарасида буданд). Вақге ки ман ба
Сталинобод рафтам, (Миршакар ба Қирғизистон буд) Деҳотй ба
ман ҳикоя кард, ки газета "Тоҷикистони сурх" фақат ба ҳар
шюраъ се сум додааст, дигар журнолҳо чизе надодаанд ва
гуфтаанд, ки бухголтерияи мо як аст".

Албатта ман хотирнишон кардам, ки ин кори газет тамоман
беқонуни аст. Мебояд, ки редаксияи "Тоҷикистони сурх"
мувофиқи тариф пурра диҳад ва журнолу газетаҳои дигар ҳам
мувофиқи қонун ва мисли он ки чопи дуввум кардаанд, бояд
шаст фоиз диҳанд. ғ

Рӯзе Раҳматзода (муҳаррири "Тоҷикистони сурх") дар роҳе
б3 ман вохУРД> ман ба у масъалаи ҳаққи таҳрири "Мактуб" ва
умуман дар ҳар мисраъ чанд сӯм тариф буданро аз ӯ пурсидам.
гуфт, ки дар вақти ба маюуб ҳаққи таҳрир додан тарифи

аТро^дем. ™сраъ се сӯм 6уд'аммо бавд “ «

Ман гуфтам баъд аз чоп шудан ба газета шумо дар журнолҳо
Ва газета*£ дигар чон шавад, чй медиҳетон ва ба ин 2туб^й
додетон. У ^фт: Мо то ҳол танҳо аз як газет ҳақ дода омада
истодаем ва ба дигар чопҳояш надодаем. "Чунки бухголтерияи
мо як таст . Ман ба ин беқонуни уро сахт танқид кардам ва ӯ
мутасадди шуд, ки бақияи ҳаққи таҳрири "Маюуб"-ро (то 5 cvm)
диҳад ва аз чопҳои дигар ҳам рӯёнад. У

Чи қадр аҳамияти амалй доштани ин қавли ӯро ман
намедонам, аммо ҳамин қадар маълум шуд, ки онҳо аз кори
ардагиашон сахт дар хиҷолат мовдаанд. Албатта дар ин кор
вазифапшносшрохб.рони союз, ш қуқуци авториро мудофиа
накардаанд, аибдор аст. То он вақт ман мактубҳои дар ин бора

114
ба ман фиристодаи шуморо надида будам. Вақте, ки (14 феврал)
аз Сталинобод ба хона омадам, мактуби ба номи ман
навиштаатонро, хам нусхаи мактуби русиро, ки ба Миршакар
навишта будед, дидам. Гумон мекунам, ки фикрдавониҳои
пешакии ман дар бораи нодуруст вазъ карда шудани ҳаққи тахрир
ба ин мактуби шумо ҷавоби амалии пешакии шумо ва дар ин
бора ба фикри шумо ҳамроҳ будани маро нишон медиҳад.
Албатта тақсими ман хам дар ҳақиқат нодуруст буд, лекин ман
ин нодурустиро дида ва дониста кардам, чунки он фоизҳо нисбат
ба мо ва шумо он қадар аҳамият надоранд. Оне ки муҳим аст ин
аст, ки ин ҳодиса мувофиқи зарбулмасал ва мақоли ӯзбекон
"Қорним учун йиғламайман, қадрим учун йиғлайман" (барои
птиуям гиря намекунам, аммо барои қадри манзалатам гиря
мекунам) шуда баромад, ки ман ин ҳолро ба онҳо пешакӣ (пеш
аз дидани мактуби шумо) ҳоле ва хотирнишон карда будам.

Бо салом »а эҳтироми дӯстона:

Айнӣ

Самарканд,
Лаби Fop, 103/а
Айнӣ.

79

Аз Сталинобод ба Самарканд,
12 марти 1941

Рафиқи мӯҳтарам устод Айнй!

Дар роҳ рафиқ Деҳотӣ гуфта буд, ки шумо бояд ҳоло дар
Сталинобод бошед. Бинобар ин хату телегроф нафиристодам.
Аммо падарашон дар вокзали Самарканд гуфтанд, ки устод Айни
дар хонаи худашон нишастаанд. Аз як тараф афсӯс аст, ки ба
шарафи мулоқоти шумо ноил нашудам. Аз тарафи дигар
хурсандам, ки аз ин манзили ифлосу дарди сарҳои бефоида дур
ҳастед. Шодмонии калони ман аз тайёр шудани Даҳаи санъати
Тоҷикистон аст. Дар ҳар ҳол рӯзи 22-23 ҳамин моҳ ба Маскав
меравем. Умед дорам, ки дар он ҷо ба хидмати шумо бирасам.

115
Мебахшед, ки қоғаз дар сари даст нест. Хайр, марҳамати шумо
ки калон бошад, хурдии қоғаз зарар намерасонад.

Бо салом ва эҳтиром
Лохутй.

80.

Аз Сталинобод ба Самарканд,
26 августи 1942

Дар ин қарибй аз фронт ба номи рафиқ Деҳотй маюубе омада
буд. Мазмуни мактуб барои ҳамаи мо ғамовар аст дар бораи
қаҳрамонона ба ватан хидмат карда истода ҷон додани рафики
боистеъдоди мо, яке аз беҳтарин шогирдони шумо - драматурги
ҷавони тоҷик Абдушукур Пирмуҳаммадзода мебошад. Ин
галафот барои Союзи Нависандагони Советии Тоҷикистон хеле
тарой аст. Ин талафот барои халқи мо хеле қимат аст, вале дар
баробари ҳамаи ин талафот ғазабу кинаи халқи советиро, дар он
қатор ғазабу адовати мо ахди калами Тоҷикистонро нисбат ба
душмани гаддори инсоният - гитлерчиёни лаин шиддатноктару
болотар мекунад. Албатта барои бародари қаҳрамони марҳум
ва падару модари вай ин хабари чонгудоз аст. Мо ҳанӯз ин
хабарро ба онҳо нарасондаем, интизори омадани Деҳотй будем.
Рафиқ Деҳотӣ дар ин рӯзҳо бояд ба Самарканд бирасад. Зеро ки
мо аз Куйбышев телеграммаи ӯро гирифтем.

Ҳоло мактуби ба номи рафиқ Деҳотй расидаро ба шумо
фиристода хоҳиш мекунам, ки аз номи мо ба ахди аёли мархум
таъзия расонида, ба ғами онҳо шарик буданамонро маълум
намоед.

Бо салом ва эқтиром:
Лоҳугй, Турсунзода, Миршакар,
Неъматуллоюф, Бону, Икромй,
Суҳайлй, Аминзода, Ниёзй ва диг.

116
81.

Аз Самарканд ба Москва,

21 июли 1946

Фозили мӯҳтарам, Рафиқ Лоҳутй!

Аввало рухсат диҳед, ки ба муносибати бо хушй қабул
карданатон бародарзодаатонро ва ёрмандй карданатон ба ӯ,
шахсан аз тарафи худ ва аз тарафи хоҳаратон арзи ташаккур
намоем. Дуввум ба мӯҳтарам Бону саломи худ ва саломи
шогирдонатонро мерасонам. Саввум Атия, Далер ва
бародарашонро мебӯсам ва аз дониби май бӯсиданатонро аз
шумо илтимос менамоям.

Аз рӯи гуфтаи Камол дар байни шумо ва баъзе эрониён бар
болои калимаи "ҷангара" мубоҳиса рӯй додааст. Онҳо гӯё ба
шумо эътироз мекардаанд, ки калимаи мазкур сирф калимаи i
тоҷикй аст, ба забони форс-эрон ҳеҷ алоқа надорад.

Фақир ингуна эътирози он касонро шунида таадчуб кардам.
Ҳарчанд дар "Шоҳнома" ва дар дигар апгьори шоирон ва
устодони форсизабон диданам, ин калимаро дар ёдам нест, аммо
бо далелҳои раднопазир исбот карда метавонам, ки ин калима
моли холиси умуми форсизабонон аст.

Далели ман ба тарзи зерин аст: ҷои инкор нест, ки
калимаи"ҷанг", ки решай калимаи мазкур аст, аз рӯзи баромадани
форсии ҷадид то имрӯз ҳам дар Эрон ва ҳам дар Тӯрон кор
фармуда шуда омадааст. Инчунин муштақоти ин калима масалан
"ҷанговар", ки исми сифатии мусбати ин калима аст, инчунин
"ҷанггоҳ", ки исми макон аст ва инчунин "ҷангҷӯй", ки исми
сифатии манфии ин калима аст, умумианд.

Акнун мо калимаи "ҷангара"-ро тахдил карда мебинем:
"дангара" монанди "коргар" исми сифатии умумии ин калима
аст, ки тамоман ба қоидаи забони форсй мувофиқ аст ва ҳар
касеро ки ҷанг мекунад, "ҷанггар" гуфтан мумкин аст.

Қоидаи дигаре дар забони форсй ҳаст, ки мувофиқи он ҳар
гоҳ исм ё сифати умумиро ба як чиз ё ба ягон гурӯҳ махсус кардан
хоҳанд, дар охири он калима часпаки "а" ё "ак"-ро мечаспонанд.
Чунончи, "девор", ки маънии маълум дорад, вақге ки вайро ба

117
асотираи даруни чоҳ ё ба давродаври кӯҳ махсус кардан хостанд
"девора" гуфтанд, ки мо ҳеҷ гоҳ аз ин калима маънии "девор"-и
маълумро намефаҳмем ё ин ки калимаи "оташгир" ба хдр чизу
ба ҳар касе, ки қобилияти оташро гирифтан дошта бошад, содиқ
меояд. Вақте, ки хостанд ин калимаро ба олати оҳанини маълуми
оташбардор махсус кунанд, бо иловаи "ак" "оташгирак"
гуфтаанд. Инчунин калимаи "тар" ба ҳар чизе, ки тарй, обнят
дошта бошад, рост меояд. Вақге, ки мардум хостанд ин калимаро
ба сабзавоти махсус хос кунанд, "тара" гуфтанд.

Монанди ин калимаи "ҷангара", ки маънии
умумии'Чангкунанда" дошт, хостанд ба касе, ки бебоист (ё бо
сабабҳои сохта) бо одамон ҷанг мекунад ва ҳамеша барои ҷанг
сабабҳо омода менамояд, хос гардонданд, ба ин калима часпаки
"а" илова намуда "ҷанггара - ҷанг-гара" гуфтанд.

Мувофиқи қоидаи дигари забони форсӣ, ки ҳар гоҳ дар
калимаҳои мураккаб ду ҳарф аз як чине ё ҳарфи қариб алмахраҷ
дар як до ояд, яке аз онҳоро хазф мекунанд. (Чунончи сафедор
ба маънои дарахти маълум, ки дар асл сафеддор буд, ё ин ки
"ягона" ки дар асл "як-гона" буд) яке аз ҳарфҳои "г"-ро ҳазф карда
"ҷангара" гуфтанд ва аз ин калима маънии чангкунандаи манфй
- бадро ифода намуданд(тоҷикон ин калимаро чунон, ки ба одами
ҷангчуй ба маънои манфиаш кор мефармуданд, инчунин ба
ХУРӮС, ба тагал (қӯч) ва монанди ингуна паррандагон ва ҳайвонот
ҳам, ки зиёда ҷангдӯст бошанд, кор мефармоянд).

Дар ҳар ҳол ин гуна калимаҳо, ки ҳеҷ набошад ҳамаи
муштақоташ дар адабиёт ва гуфгугузори ҳамаи форсизабонон
кор фармуда мешаванд ва сохташ тамоман мувофиқи қоидаи
забони форей аст, аз оилаи забони форей бароварда партофтан -
дониста ё надониста забони худро танг кардан аст.

Ман дар тааччуб мондам, ки шумо то ҳол китобчаи "Дар бораи
Фирдавси ва Шоҳнома"-и ӯ" навиштаи маро надидаед. Ман дар
охири ин китобча як қисм луғатҳоеро, ки баъзе эрониён луғатҳои
махсуси тоҷики медонанд, аз "Шоҳнома" ёфта дарч кардаам, ки
аз назар гузарониданаш бефоида нест. Ба ин муносибат ба ин
китобча як нусха ва инчунин аз "Муқаннаъ" ва "Темурмалик"
ном китобчаҳое, ки дар айёми Данги Бузурги Ватанй чоп шуда

118
буданд, як нусхагй бо бандерол ба хидмат фиристодам. Умед
аст, ки қабул фармоед.

Дигар низе, ки шумо аз Камол пурсидед, давои дарди пой
аст. Маълуми шумост, ки май дар Сталинобод дар охирҳои соли
1939 сахт дарди пой шуда будам. Вақте ки ман аз он ҷо баргашта
ба хона омада ба духтурони таҷрибакори Самарканд худро
муоина кунондам, онҳо бемории асосии маро "грипп" ва дарди
поро аз асари таҷовузи он (аслажнения) қарор дода ва мувофиқи
ин дарёфти худ онҳо аз як тараф грипп даво дода бошанд, аз
тарафи дигар барои дарди по бо арақ - ё бо спирт об омехта
тарбандй (компресс) фармуданд.

Вақге ки ман дар ду се рӯз се-чор бор бо арақ (водка) тарбандй
кардам, пеш аз рафъ шудани грипп дарди по бартараф шуд. Ғайр
аз ин барои дарди пои худ давои дигаре ба кор бурданамро ёд
надорам.

Баъзан дарди по бо таъсири ангина пайдо мешавад, дар ин
сурат давои он сӯзондан ё бо амалиёти ҷарроҳӣ дур кардани
ангина аст, ки хдм дар таҷрибаи бемории бачагонам дар назди
ман собит шудааст.

Холида имсол шӯъбаи адабиёти дорулфунуни Узбекистон
УЗГУ (дар Самарканд) дар гурӯҳи русй ба сифати аъло тамом
намуд. Дар кори дипломиаш дар бораи "Шоҳнома" бо забони
русй чизе навишт, ки ба вай Бертеле баҳои хеле хуб дод.

Акнун ӯ мехоҳад, ки дар Москва дар Института шаркшиноей,
ки ба тозагй кушода шудааст ва роҳбарии шарқии вай дар дасти
Бертеле мебошад, ба сифати аспирант хониши худро давом
дихдд. Аммо аз он ҷо, ки мизоҷи Холида хеле сует аст, ҳам имсол
бисёр монда шуд ва инчунин ҳавои Москва бисёр сахт аст ва ба
болои ҳамаи инҳо дар хобгохи умумй зиндагонй кардани ӯ кариб
мумкин нест, ман дар ин кор ризой надодам. Аммо ӯ бо
инодкории сахт ин корро талаб мекунад.

Ман аз ин вачд хеле ба душворӣ афтодаам ва маҷбур шудам,
ки аз шумо пурсам, ки барои ӯ дар Москва истиқоматгоҳи як
дараҷа оромона ёфтан мумкин аст ё на?

Агар шумо ба ин пурсиши ман лутфан дар қамин наздикиҳо
ҷавоб мефиристодед, маро боз як бори дигар аз худ миннатдор

119
мекардед.

Дар охири мактуб боз як бори дигар ба шумо ва ба Бону изҳори
ташаккур намуда, хушбахтии бачагонро хоҳиш мекунам.

82.

Аз Самарканд ба Москва,
17 октябри 1946

Фозили муҳтарам рафиқ Лоҳутӣ!

Баъд аз саломи самимона, он ки дар 17 моҳи август ба мазмуни
он, ки китобҳо расиданд, аз шумо як телеграмнома гирифта
будам. Дар телеграмнома ҳамин ҳам қайд ёфта буд, ки "ҷавоб ба
мактуб аст . Аз ҳамон вақт то имрӯз, ки 17 октябр аст, мунтазири
мактуби муҳаббатуслуб шудам, аммо ба мутолиаи он мушарраф
нагардидам ва яқин ҳосил кардам, ки бояд мактуб дар роҳ гум
туда бошад. (Чунончи Камол аз Ленинград 5 мактуб навииггааст,
ба ман танҳо се то аз онҳо расид).

Баъд аз он лозим донистам, ки нарасидани мактубро хабар
диҳам, то ки дар он мактуб матлабе бошад ва аз ман ҷавобе
нашавад ва ин ҳодиса ҳамл ба бепарвоии фақир нашавад.

Камол 7 август Сталинобод рафта, аз он ҷо бо поезди таъҷилӣ
рост ба Москва рафт (чунки аз Самарканд ҷой ва билета роҳи
оҳан ба даст даровардан аз имкон берун буд). Аз Ленинград
мактубе гирифтам, ки менависад: се рӯз вагони мо барои таъмир
аз қатор баромада дар роҳ монд ва 27-уми август ба Москва
расидам, азбаски вақта таҳсил бисёр танг монда буд ва ҳам устод
фармуда буданд, ки "ман то моҳи сентябр дар боғча хоҳам буд",
рафта ба зиёрата эшон мушарраф шудан натавонистам.

Холида дар 18 моҳи август дар Тошканд рафта дар он ҷо
имтиҳонҳои лозимиашро дода, ба аспирантураи САГУ даромад.
Хаёл дошт, ки агар имсол профессор Бертеле зимистон ба
Тошканд баргардад, (чунки ӯ ҳамин тарз гуфта буд) имсолро

афтаГ°ШКаНД Гу3ар°Над’ вагаРна Дар паи таҳияи сафари Москва

Аз хабари охирин маълум мешавад, ки Бертеле ин зимистон

120
ба Москва нахоҳад омад ва хабари дигар низ расид, ки ӯ бемори
сахт аст. Дар ҳар ҳоле, ки бошад, агар ба Тошканд баргашта
наёмадани профессури мазкур муайян шавад, Холида маҷбур
аст, ки зимистон ба Москва равад. Чунки дар Тошканд дар САГУ
профессури шарқшиносе, ки ба адабиёти форсӣ роҳнамой кунад,
нест.

Лутфия дар ин ҷо дар Самарканд дар синфи ҳафтуми гурӯҳи
русй дар таҳсил давом дорад.

Ҳамшираатон имсол беҳтар аст. Дар айёми ҷанг, бинобар
маҳрум мондан аз курорт ва муолиҷаи обҳои маъданй, дарди по
ва озори дил хеле шиддат гирифта буд. Зимистони соли 44-45
бемориаш бисёр сахт шуда бистарй гардид. Ба духтурқои гуногун
табобат кунонда шуд. Охир духтури содиқе вохӯрд, ки асоси
бемории ӯро дар ангинаи музмин ёфт ва дар ҳамин асос ба.як
профессуре, ки мутаххассиси ҳамин беморй буд, муолиҷа
кунонданро маслиҳат дод. Дар ҳақиқат ин муолиҷа - амалиёти
ҷарроҳии гулӯ, фоидаи калон бахшид ва беморй тамоман
бартараф нашуда бошад ҳам, хеле сабук шуд. Имсол боз ҳам
беҳтар аст. Албатта боз муолиҷаи дар обҳои маъданй зарур аст.
Аммо ин кор мавқуфи осон шудани шароити сайру сафар аст.

Холида ҳоло дар Самарканд аст, дар Тошканд мондан ё ба
Москва рафтани ӯ то охирҳои ҳамин моҳ муайян мегардад.

Умедворам, ки маломати мизоҷи шариф ва сиҳатии ҳамаи
аъзои оилаатон баркамол бошанд. Ба мӯҳтарама Бону саломи
самимона расониданатонро ва аз пешонии фарзандони азиз аз
ҷониби амакашон бӯсиданатонро хохдшмандам.

Аз ҳамшираатон ба шумо ва рафиқаатон саломи пурэҳтиром
расида бод.

Бо саломи рафиқона:
Айнй s

Самарканд,
Лаби ғор, ҳав. 103/а.

Аз аҳволи худ низе нанавистам, зеро қувват ва сиҳатии касе,
ки умраш ба ҳисоби ҳақиқй аз 70-солагй гузапгга бошад, шарҳ
ва эзоҳеро талаб намекунад.

121
83.

Аз Москва ба Самарканд,
10 июни 1949

Ҳоло ҳозир аз рӯзномаҳо аз ҷашни бошарафи шумо хабардор
шудам. Шуморо, инчунин тамоми халқи тоҷикро аз самими дил
табрик мекунам.

Шумо бародари бузургворам, нависанда, олим - ходими
ҷамъиятиро фикран ба оғӯш мегирам, мебӯсам, ба манфиати
халқи шӯравй умри дароз, саломатӣ, комёбиҳои эҷодй хоҳонам.

Лохутӣ.

84.

Аз Москва, 11 майи 1953

Устоди назму наср, фозили мӯҳтарам Садриддин Айнй!

Аз он ҷо, ки табрикномаи бериёи ман ба идораи нависандагон
нарасидааст, имрӯз онро дубора боисти ҳавой бароятон
фиристодам. Ин саводро ҳам барои худатон мефиристам ва аз
дилу ҷон табрик мегӯям. Аз ҳама аъзои хонаводаам ба ҳама
касони шумо салом ва табрик мегӯям.

Бо салом ва эҳтироми комил

Лохутй

85.

Рафиқи муҳтарам устод Айни!

Аз Москва

Фақат имруз 20 моҳи август тавонистам ба Москва биёям.
Хатро аз ин ҷо мефиристам. Аз дер фиристоданам маъзарат
мехоҳам.

86.

Бо салом ва эҳтиром
Лохутй.

Кай ва бо кадом поезд ба Москва меоед?

Аз Москва

122
87.

(1937-1940)

Дар як ҷои мактубатон "қуфл (ё қулф) навиштаед. Ба ин
муносибат низе ба хотирам омад, ки ҳарчанд вақг танг бошад
ҳам менависам: "Достони Вахш"-и маро ба Миршакар барои
таҳрири сиёсй додаанд. Вай дар қатори эътирозҳои сиёсии
беасосаш эътирози забонй ҳам кардааст ва ба ин далел овардааст,
ки автор дар 72 саҳифа 124 эзоҳ додааст. Ва ҳол он ки ин эзоҳҳои
ман бепггарин дар бораи нешбанд, навбар, поёноб ва рағбанд
барин калимаҳо буд, ки инҳоро деҳқонони бесавод медонанд,
аммо ҷавонони "саводи сиёсинок" намедонанд. (Таҳрири забонй
карда чанд мисраъро вайрон ҳам кардааст).

Дар як асари дигари ман дар Тоҷигиз яке аз раҳбари шеърҳо
калимаи "даҳанмард"-ро дидааст. Ва бо мактуб аз ман маънии
инро пурсид. Ва ҳол он ки ин калима ҳам мисли калимаҳои боло
дар ҳеҷ луғат набуда, танҳо дар даҳони мардум ҳаст, яъне
тамоман халқӣ аст. Пеш аз навиштаҳои ман дар адабиёт
нагузаштааст ва маънияш - даҳанмард одаме аст, ки касони дар
атрофаш буда ба гапи вай медароянд ва дар вақги лузум ӯ аз
тарафи онҳо монанди як вакили расмй ran задан мегирад.
Даҳанмард аз даҳанкалон фарқнок аст. Даҳанкалон ҳамеша
сифати салбии одамро ифода мекунад, аммо даҳанмард гоҳо дар
маънии салбй ва гоҳо дар маънии эҷобй меояд. Акнун намедонам,
ки ман бо ин раҳбарони забонй тоҷик чй кор кунам. Инҳо забонй
адабии классикиро надонанд ва забонй зиндаи халқиро надонанд
ва мачбур кунанд, ки "чизе навис, ки ман фаҳмам" дар ин сурат
вой бар холи ману монанди ман.

Боқй эҳтиром Айнй.

Аҷоиб дар ин ҷост, ки муҳаррири "сиёсй" Миршакар дар як
дои тақризи худ "...мо материализм ҳастем" гуфгааст. Муҳаррири
сиёсии "материалист", ки аз материализм то материалист фарқ
накунад ва инро надонад, ки одам материализм намешавад, балки
материалист мешавад, пас дар ҳаққи асар ва муаллифи он чй
хоҳад накунад.

А.

123
ТАВЗЕҲОТ

1. Сарчашмаҳои матн: Архив фонди 18;

"Мукотибаи Садриддин Айнй ва Абулқосим Лоқутй"
(Минбаъд "Мукотиба")

Матни асосй: Архив фонди 18.

Ду ариза - ин ҷо муаллиф мактубро дар назар дорад. Саидризо
Ализода (1886-1937) инқилобчй, маорифпарвар, журналист ва
олими тоҷик Имомуф - Чинор Имомов, яке аз коркунони масъули
ҷумхурият дар он солҳо. Ҷабборӣ - Шароф Ҷабборов, муовини
мудири онвақтаи Нашриёти Давлатии Тоҷикистон. "Кремль"
достони Абулқосим Лоҳутй, ки аввалин бор соли 1923 дар
Москва ва соли 1927 дубора дар Душанбе чоп шудааст. Ин ҷо
нашри дуюм дар назар аст. Ҳасанзода - Чингиз Ҳасанзода (1900-
13 июли 1938), аз муҳоҷирони эронй, дар он солҳо, корманди
рӯзномаи "Тоҷикистони Сурх"). Қиблагохй Махсум - шояд
Олимхон Махсуми Хуҷандй, шарикдарси мадрасагии устод Айнй
бошад. Холидаҷон (1923-1986) - духтари Садриддин Айнй,
адабиётшинос.

2. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18.

"Мукотиба"

Матни асосй: Архив, фонди 18.

Мухиддинов - Абдуқодир Муҳиддинов (ваф. 1934), яке аз
ходимони барҷастаи давлатии Тоҷикистон, дар он солҳо раиси
Кумитаи Инқилобии марказии Ҷумҳурии Бухоро.

Мунзим - Мирзо Абдулвохид (1877-1934), шоири тоҷик, дӯсти
С.Айнй.

3. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18.

"Куллиёт", ҷ. 6, "Мукотиба".

Матни асосй: Архив, фонди 18.

Бертельс - Евгений Эдуардович (1890-1957), шарқшиноси
машҳури рус, узви вобастаи АУ СССР, узви фахрии АУ
Тоҷикистон, ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
"Намунаи адабиёти тоҷик" - асари Садриддин Айнй, ки соли 1926
бо сарсухани Абулқосим Лоҳутй дар Москва чоп шудааст.
Худашон ҳоло як китоб роҷеъ ба адабиёти Эрон менависанд -

124
ин китоб "Очерки истории персидской литературы" ном дорад,
ки соли 1928 чоп шуда буд.

Ака Ҳасан - Ҳасан Ирфон (1900-1973), нависанда ва
тарҷумони тоҷик. Як ғазал - ғазале дар "Овози тоҷик", ки дар
зери он "пешкаш ба чаноби Мовандй" навишта шуда бошад,
пайдо нашуд. "Адабиёти сурх" маҷмӯаи шеърҳои А.Лохутӣ, ки
соли 1927 дуввум бор нашр шуда буд. "Кремль - маҷмӯаи "Кремл
ва рубоиёт" дар назар аст, ки соли 1927 нашр шуда буд. Камолҷон
- Камол Айнй - писари С.Айнй, адабиётшинос.

4. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18.

"Куллиёт", ч. 6; "Мукотиба".

Матни асосй: Архив, фонди 18.

Чанд дастовез роҷеъ ба ҳамон китоб - муаллиф шояд
тақризҳои дойр ба "Намунаи абабиёти тоҷик"-и устод Айниро
дар назар дорад, ки дар матбуоти Эрон чоп шудааст. Нашриёт -
Нашриёти марказии халқҳои СССР, ки "Намунаи адабиёти
тоҷик" дар он ҷо ба табъ расидааст. Зеҳнй - Тӯрақул Нарзиқулов,
тахаллусаш Зеҳнӣ (1891-1983), шоир ва олими тоҷик.

5. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18;

"Куллиёт", ч. 6, "Мукотиба".

Матни асосй: Архив, фонди 18.

Аммо чй чора, ки беморй (дар натиҷаи хиёнат ва ҷинояти
корҳои чоплусонаи душманони дӯстнамо) кори худро карда -
Рӯзномаи "Тоҷикистони Сурх", 1932; № 23, 8 октябр қарори
кумиссияи назорати байналмилалиро дойр ба Лохутй аз рӯзномаи
"Правда" гирифта чоп кардааст.

" 1. Айбҳое, ки аз тарафи баъзе гӯяндагони эронй ба муқобили
рафиқ Лохутй дар бораи гузаштаи ӯ то ба фирқаи коммуниста
дохил шудани рафиқ Лохутй ба амал омада буд, беасос ҳисоб
карда шавад.

2. Ҳеҷ навь гунаҳгории рафиқ Лохутй чун коммунист дар
вақта ба фирқа гузаштан дар кумитаи контролии байналмилалй
исбот карда нашудааст.

3. Ба рафиқони эронй таклиф карда шавад, ки минбаъд дар
бораи рафиқ Лоҳутй паҳн кардани гуфтугӯҳои беасос ва ҳуҷум
карданро бас кунанд.

125
4. Қайд карда шавад, ки аз тарафи кумитаи фирқаи Эрон ба
кори рафиқ Лоҳутӣ диққати махсус дода нашуда ва хуҷҷатҳои
рафиқ Лоҳутиро, ки барои беэътибор намононидани гуфтугӯҳои
гузашта қувват допгг, аз назар нагузаронидааст".

Шояд Лоҳутӣ "душманони дӯстнамо" гуфта паҳнкунандагони
чунин овозаҳоро, ки боиси ба амал омадани қарори кумиссияи
назорати байналмилалй гардидааст, дар назар дошта бошад.

Як ҷумла аз охири мактуб кӯр шудааст, бинобар ин се нуқга
гузошта шуд. Раҳим - Раҳим Ҳошим (1908-1993), олим ва
тарҷумони тоҷик.

5. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18;

"Мукотиба".

Матни асосй: Архив, фонди 18.

Санаи ин мактуб июни 1930 тахмин карда шуд, зеро дар он
сухан дар бораи Самарканд рафтани "Яке аз коркунони
байналмилалй" меравад. Дар мактуби аз ин пеш фиристодаи
муаллиф гуфта шудааст, ки он рафиқ аввали август ба Самарканд
рафтанист. Марохдм-мархдмат.

8. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18.

"Куллиёт", ҷ. 6; "Мукотиба".

Матни асосй: Архив, фонди 18.

"Малая советская энсиклопедия" - нашри дуюми он дар назар
аст, ки соли 1933 то 1940 ва 1947 дар 11 ҷилд ба табъ расида
буд. Мақолаи Лоҳутй роҷеъ ба Айнй дар ҷилди 1, Москва, Изд-
во "Советская энциклопедия", 1993, с. 205 чоп шудааст.

9. Сарчашмаҳои матн: Архив, "Куллиёт", ҷ. 6; "Мукотиба".

Матни асосй: "Куллиёт", ҷ. 6.

Нишони Сурхи Зақмат - 18 октябри соли 1931 ҳукумати
Тоҷикистон устод Айниро бо ордени "Байрақи Сурхи Меҳнат"
сарфароз карда буд.

10. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18.

Ин шеърро, ки фиристодам.. - кадом шеър буданаш маълум
нашуд. Садрулин - Хоҷаев Шаҳобиддин (1902-1982), дар он
солҳо корманди матбуот буд.

11. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18.

Ин чо барои корректории китобам омадам - китоби "Адабиёти

126
сурх" дар назар аст. Дар он солҳо як қисми китобҳои Нашр. Давл.
Тоҷикистон дар Симферополь чоп мешуд.

12. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 18,

Расулӣ - собиқ корманди Нашриёт

Шеъри "Ба Сталин" бо номи "Нохудо" чоп шудааст. Ниг.:
"Девони Лоҳутй", 1938, саҳ. 269

13. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 18.

Мактуби аз Симферополь фиристодаи Лохутй 20 ноябри 1932
навишта шудааст, бинобар ин санаи таълифи ин мактуб охири
ноябр ё аввали декабри 1932 тахмин карда шуд.

14. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 18.

Аминзода - Муҳиддин Аминзода (1904-1966), шоири тоҷик.

15. Сарчашмаи матн: маҷ. "Барой адабиёти сотсиалистй",
1933, № 5-6, саҳ. 22.

16. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 18.

Дар ин мактуб Мухдддинов Абдулқодир ёдоварй шудааст.
Муҳиддинов соли 1934 вафот кардааст, бинобар ин тахмин
кардан мумкин аст, ки мактуб то соли 1934 навишта шудааст.

17. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди № 17, "Мукотиба",

Матни асосй: Архив, фонди № 17

Ман ин очеркро дар ҳаҷми ду лист навиштам - ин очерк асоси
повести ӯ "Мактаби кӯҳна"-ро ташкил кардааст. Китобчаи "Дар
бораи "Фирдавсй ва "Шоҳнома"-и ӯ" соли 1940 чоп шуд.

Модари Далер - ҳамсари А.Лохутй Ситсилия Бенисиановна
Бону (с. тав.1911) шоир ва тарчумон, ки шеърҳои устод Лохутй
ва дигаронро ба забони русй тарҷума кардааст. Инчунин
тарчумони "Шоҳнома"-и безаволи Фирдавсй ба забони русй
мебошад. Асарҳои Шекпир ва дигаронро бо ҳамроҳии устод
Лохутй ба тоҷикй гардонидааст.

Тарчумаи ҳоламро... - ҳамроҳи ин мактуб тарҷумаи ҳоли
мухтасари устод Айнй - фиристода шудааст, ки ҳоло дар архив
маҳфуз аст.

18. Сарчашмаҳои матн: рӯзн. "Тоҷикистони Сурх", 1935, 3
январ; "Куллиёт", ҷ. 6

Матни асосй: рӯзн. "Тоҷикистони Сурх", 1935, 3 январ.

19. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 17

127
20. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 17;

"Мукотиба"

Матни асосй: Архив, фонди 17.

Рапорт - мактубе, ки дар бораи иҷрои планҳо ба ҳукумат
навишта мешуд.

Як порча шеър навиштам - ин шеър ба 100-солагии рӯзи
вафоти А.С.Пушкин бахшида шуда, бо номи "Пушкин" аввалин
бор дар рӯзномаи "Тоҷикистони Сурх", 1937, 10 феврал ва ба
забони русӣ дар тарҷумаи Бону дар "Литературный Узбекистан"
1937, № 1 чоп шудааст. Лутфия - духтари С.Айнй, санъатшинос.
"Ёри масчохй" - шеъри А.Лохутй, ниг.: "Куллиёт", ҷ. 1, саҳ. 204.
Атия - духтари А.Лохутй.

21. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 17.

Ғайр аз рӯзномаи "Ҳақиқати Узбекистон" - ниг. Ба тавз. 23.

22. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 17;

"Мукотиба"

Матни асосй: Архив, фонди 17.

Худам имрӯзҳо ба кори луғат машғулам - ин луғатро устод
С.Айнй соли 1938 ба итмом расонида буд, вале бо сабабҳои
гуногун он вақг чоп нашуд. Ҳоло бо номи "Луғати нимтафсилии
тоҷикй барои забони адабии тоҷик" ҷ. 12-уми "Куллиёт"-и устод
Айниро ташкил мекунад.

Ба чоп тайёркунандагон К.Айнй ва Х.Рауфов, муҳаррир Рахим
Ҳошим.

Беггош - Нарзулло Ҳайдарзода Бектош (1900-1937), яке аз
адабиётшиносони точик. Нисормуҳаммад (1898-1938) - яке аз
ходимоне, ки дар давраи ташаккули ҷумҳурии шӯравии
Тоҷикистон барои пешрафти маданияту фарҳанги ҷумҳурй
хидмагҳои калон карда, ду бор вазири маориф шудааст.

Вадуд - Вадуд Маҳмудӣ (1898-1976), додарарӯси С.Айнй.

23. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 18.

Дар поёни ин мактуб рақами 29 сабт ёфта моҳ ва соли таълифи
он гузошта нашудааст. Аз рӯи мактуби ҷавобии устод Айнй санаи
таълифи он "29 октябри 1937" муқаррар гардид. Устод Айнй дар
мактуби худ аз ноябри соли 1937 чунин навиштааст: "хати 29
ӯктабир навиштаатонро 5 ноябр шрифтам."

128
...Мақолаҳои роҷеъ башуморо дар газета хонда - соли 1937
дар рӯзномаи "Ҳақиқати Узбекистон" ва "Ленин юли " роҷеъ ба
устод Айнӣ мақолаҳои саропо тӯҳматангезе чоп шуданд. Дар ин
мақолаҳо эҷодиёти устод Айниро тамоман нодуруст маънидод
карда, асарҳои ӯро ба Ҳокимияти Шӯравӣ душманона ва худи
устодро душмани синфй номида буданд.

24. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 17.

...Ман дар он хабарҳое, ки дар ду газетаи "Ленин юли" ва
"Ҳақиқати Узбекистон" навишта шудааст, худро айбдор
намедонам - мақолаҳои тӯҳматангезе дар назар аст, ки устод
Айниро душмани Ҳокимияти Шӯравй эълон карда буданд.

Файзулло Хӯҷа - Хоҷаев Файзулло (1896 Бухоро -1938) раиси
СКХ (совета комиссариата халқии Узбекистон соли 1937 ҳамчун
душмани халқ ба ҳабс гирифта шуда баъд аз фош гардидани
шахспарастй бегуноҳ дониста шуд.

Икромуф - Икромов Акмал Икромович (1898-1938) - котаби
бюрои осиёимиёнагии КМ ВКП(б). Соли 1937 ҳамчун душмани
халқ ба ҳабс гирифта шуда, баъд аз фош гардидани шахспарастй
бегуноҳ дониста шуд. В.И.Ставский - котиби Иттифоқи
Нависандагони СССР дар он солҳо.

Дар ҳошияи номаи устод Айнӣ бо хата устод Лохутй суханони
зерин сабт ёфтааст:

"Аризаи рафиқ Айнӣ навиштагиро (30 саҳифа) рафиқ Бону
ба русй тарҷума кард ва ман як нусхаи онро бо истқдъои худам
баҳри ёрй ба вай ба Кумитаи Марказй якеро ба хукумат додам,
дар секретариата Иттифоқа Нависандагони Совета маърӯза
карда, бегуноҳии ин пири мӯҳтарамро гуфтам ва хидматҳои ӯро
баён кардам. Ман бо телефон пурсидам, маълум шуд, ки аризаи
мӯҳтарам Айнӣ ба даста роҳбари мӯҳтарами мо расида"

25. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 17; "Куллиёт", ҷ. 6;
"Мукотаба"

Матни асосй: Архив фонди 18.

Д.З. Протопопов (тав. 1897) солҳои 1937-46 котаби якуми КМ
ПК(б) Тодикистон буд.

26. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 17.

Аввалин бор дар рӯзномаи "Тоҷикистони Совета" аз 4 декабри

129
соли 1987 бо шарҳу эзоҳи М.Осимй чоп шудааст.

Матни асосй: Архив, фонди 18.

28. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 17.

29. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 18; "Шарқи Сурх", 1962,

№ 12;

"Мукотиба".

Матни асосй: Архив, фонди 18.

30. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 18.

Дар ин мактуб низ сухан дар бораи налогҳои давраи амир
меравад, ки Лоҳутй дар мактуби аз 9 июни соли 1938 тавзеҳи
онро аз Айнй хоҳиш карда буд. Пас ин мактуб моҳи июн ва ё
аввали июли соли 1938 навишта шудааст.

31. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Мукотиба",
"Шарқи Сурх", 1962, № 12.

32. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Куллиёт", ҷ. 6:
"Мукотиба".

Матни асосй: Архив, фонди 18.

33. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 17.

34. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18;

"Куллиёт", ҷ. 6, "Мукотиба".

Матни асосй: Архив, фонди 18.

35. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 17; "Мукотиба".

36. Сарчашмақои матн: Архив, фонди 18; "Куллиёт", ҷ. 6;
"Мукотиба"

Матни асосй: Архив, фонди 18.

Ба давом додани пйеса ва навиштани сенария cap кардам -
Лохутй бо номи "Биҳипгг" дойр ба гузашта ва имрӯзи Тоҷикистон
песаи манзуме навиштанй будааст, аммо онро ба анҷом
нарасонида аст. Танҳо баъзе сурудҳо аз он леса дар ҷилди
шашуми "Куллиёт"-и ӯ чоп шудаанд. Вале ба навиштани чй гуна
сенария шурӯъ кардани ӯ ҳоло маълум нест.

Г евак - Г ев, писари А.Лоҳутй.

Китоби худро ба шумо такдим накардам - муаллиф шояд
Девони Лохути"-ро, ки соли 1938 аз чоп баромадааст, дар назар
дошта бошад.

37. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Куллиёт", ҷ. 6;

130
"Мукотиба"; "Шарқи Сурх", 1962, № 12.

Матни асосй: Архив, фонди 18.

Билети аъзоии шуморо - Билети аъзои Иттифоқи
Нависандагони СССР, ки дар музеи С.Айнӣ нигоҳ дошта
мешавад.

Маи як шеър (мисраъ - 138) навиштаам. - Шояд "Достоин
гул" бошад, зеро дар мактуби ҷавобии Айнй аз 11 феврали соли
1939 сухан дар бораи ҳамин достой меравад. Вале матни чоп
шудаи "Достоин гул" аз 152 мисраъ иборат аст.

38. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 17;

"Мукотиба".

Матни асосй: Архив, фонди 17.

Девони ёдгорй - Девони Лоҳутй. Сталинобод, Ленинград,
Нашр. Давл.Тоҷикистон, соли 1938.

Бо Тоҷигиз як договор бастам - солҳои 1939-40 чанд асари
бадей ва илмии устод Айнй ба табъ расидааст. Ин шартнома ба
кадоме аз онҳо о ид аст, маълум нашуд. Бо комитети юбилеи
Навоии Узбекистон ду договор бастам - устод Айнй "Хамса"-и
Алишери Навоиро мухтасаран ба нашр тайёр кардааст ва ба он
сарсухан навиштааст, ки соли 1940 дар Тошканд ба табъ
расидааст. Як шартнома шояд ба ҳамин китоб алоқаманд бошад,
вале шартмомаи дуйум маълум нашуд.

39. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Куллиёт", ҷ. 6;
"Мукотиба"; "Шарқи Сурх", 1962, № 12.

Матни асосй: Архив, фонди 18.

Ғазали "Ёр аз дили ман хабар надорад" - ин газали классикй
дар либреттои "Шӯриши Восеъ"-и М.Турсунзода ва А.Деҳотй
истифода шудааст ва аз чор байт иборат аст. Инак, баъд аз ба
итмом расидани либретто бастакор С.Баласанян талаб кардааст,
ки ба он се байта дигар идова шавад. А.Деҳотй ба устод Лоҳутӣ
муроҷиат кардааст.

Байтҳои зерин:

Ё васли ту қисмата башар нест,

Ё толей ман ҳунар надорад...

Ё мавсими сабри ман хазон шуд,

Ё нахли умед бар надорад.

131
Бо баъзе тағйирот дар либреттои "Шӯриши Восеъ"истифода
шудааст. Дар мисраи якум ба ҷои "қисмати башар" "толей башар"
ва дар мисраи чорум ба ҷои "нахли умед" "боги умед" оварда
шудааст. "Достоин гул" - ниг. "Девони Лоҳутй", китоби дуюм,
саҳ. 130.

40. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Куллиёт", д. 6;
"Мукотиба"; "Шарқи Сурх", 1962, № 12. Матни асосй: Архив,
фонди 18.

Ғазалро инак тамом карда бароятон мефиристам - ғазали "Ҷуз
ишқҷаҳон ҳунар надорад"-ро фиристодааст. Ниг.: "Куллиёт", ҷ.
2, саҳ. 187.

41. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Куллиёт", д. 6;
"Мукотиба".

Матни асосй: Архив, фонди 18.

Ҷавонони шоири тодик бо нишонҳои давлатии шӯроӣ
сарфароз шуданд. - Бо укази Президиуми Шӯрои Олии СССР аз
1-уми феврали соли 1939 М.Турсунзода бо ордени "Байроқи
сурхи меҳнат", А.Деҳотй ва М.Раҳимй бо ордени "Нишони
фахрй" мукофотонида шудаанд.

Як нусхаи нав аз газали навро мефиристам - Ин қамон газали
"Ҷуз ишқ даҳон ҳунар надорад" аст, ки байтҳои он ба тартиби
дигар паи ҳам чида шудаанд.

42. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 17; "Мукотиба"; "Шарқи
сурх", 1956, № 7.

Матни асосй: Архив, фонди 17.

"Шамъи бино" - номи достони Лоҳутй, ки ба шоири нобинои
чечену ингуш Ахмад Нечаев бахшида шудааст. Ин достон дар
дилди сеюми "Куллиёт"-и шоир (саҳ. 33) таҳти унвони "Ба
ҳофизи нобино" дохил шудааст.

Образи богбони пурасрори мо - образи И.В.Сталин, ки устод
Лоҳутй дар "Достони гул" офаридааст.

Михоэлс Соломон - артисти театри яхудй дар Москва, ки соли
1937 ё 1938 ба тӯҳмат чун душмани халқ ҳабс карда шуда, баъд
аз фош гардидани шахспарастй сафед карда шудааст.

43. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Куллиёт", д. 6;
"Мукотиба"; "Шарқи Сурх", 1962, № 12.

132
Матни асосй: Архив, фонди 18.

Хати 2-уми моҳи февралатонро - Лоҳутӣ хати 11 феврал
навиштаи Айниро 2-уми феврал гумон кардааст, азбаски он бо
рақами римй навишта шудааст.

44. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Куллиёт", ҷ. 6;
"Мукотиба"; "Шарқи сурх", 1962, № 12.

Матни асосй: Архив, фонди 18.

Имрӯз... ғазале гуфтам - устод Лоҳутй бо ин мактуб, ғазали
"Кораш ҳама ноз аст"-ро фиристодааст. Ниг.: "Куллиёт", ҷ. 2,
саҳ. 196. Агар надонанд... тавзеҳ бинависам - сухан аз хусуси
байта ҳанггуми газали "Кораш ҳама ноз аст" меравад.

45. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Мукотиба",
"Шарқи сурх", 1962, № 12:

Матни асосй: Архив, фонди 18.

46. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Куллиёт", ҷ. 6;
"Мукотиба", "Шарқи сурх", 1962, № 12.

Ҳоло (рӯзи 10 феврал) - устод Лохутй саҳван ба ҷои март
феврал навиштааст.

Аввал ин ки дар болои саҳифа бо хати римй "7/111-39"
навишта шудааст. Дигар ин ки ин газал ва мактуб ба устод Айнй
бо мактуби дигари Лоҳутй аз 6 марта 1939 дар як покет
фиристода шудааст. Дар мактуби мазкур бошад, сухан дар бораи
тасҳеҳ даровардан ба газали "Кораш ҳама ноз аст..." меравад,
ки онро Лохутй 1 марта 1939 фиристодааст. Бинобар ин ба чунин
хулоса омадан мумкин аст, ки санаи навишта шудани ин мактуб
10 март аст, на 10 феврал.

Устод Лохутй бо ин мактуб газали "Ба рӯят гуфтаам хуснат
чу моҳ аст"-ро низ фиристодааст. Дар поёни шеър 6/111-39
навишта шудааст.

47. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18;

"Куллиёт", ҷ. 6; "Мукотиба".

Матни асосй: Архив, фонди 18

Ин газалро - газали "Замину осмонро гар бикобам" дар назар
аст. Ниг. "Куллиёт", ҷ. 2, саҳ. 194.

48. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 17; "Мукотиба";
"Шарки сурх", 1956, №7.

133
Матни асоси: Архив, фонди 17; Г. Шохғазал - ғазали "Кораш
хама ноз аст"

"Мукотиба", "Шарқи сурх", 1962, № 12.

Матни асосй: Архив, фонди 17.

49. Сарчашмахои матн: Архив фонди 17.

51. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Куллиёт" ч. 6'
"Мукотиба".

Матни асосй: Архив, фонди 18.

52. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18;

"Куллиёт", ҷ. 6: "Мукотиба", "Шарқи сурх", 1962, № 12.
Матни асоси: Архив, фонди 18. Матни асоси: Архив, фонди

18.

Инак барои шумо як шери нав мефиристам - бо ин мактуб
шеъри "Посбони Ватан" фиристода шудааст, ниг.: "Куллиёт", ҷ.
3, саҳ. 36-39.

53. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18.

54. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18;

"Мукотиба".

Матни асосй: Архив, фонди 18.

Ранй Абдулло - нависанда ва драматурги тоҷик (1912-1984).
Носируф - Саид Тӯрабоевич Носиров (1901-1938) соли 1934
раиси Комитета ташкилии Иттафоқи нависандагони Тоҷикистон
буд, як муддат низ раиси Иттафоқи нависандагони Тоҷикистон
низ интихоб шудааст. Маърӯзаи раф. Ждануф дар съезди партия
- съезди 18-уми ВКП(б) дар назар аст, ки 10-21 марта соли 1939
дар Москва барпо гардида буд. Бройдо - Бройдо Григорий
Исаакович (тав. 1884, Вильнюс), аз декабри 1933 то ноябри 1934
котаби якуми КМ ПК(б)-и Тодикистон буд.

54. Сарчашмаи мата: Архив, фонди 17; "Мукотиба".

55. Сарчашмахои матн: Архив, фонди 17 "Мукотиба"

Матни асосй: Архив, фонди 18.

Луҷа - ложа, дои нишаст дар театр.

56. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 17;

"Мукотиба".

Матни асосй: Архив, фонди 18.

57. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 17.

134
Телеграмма

58. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 18.

59. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 17; "Мукотиба";
"Шарқи сурх”, 1963, № 4.

Матни асосй: Архив, фонди 17.

Мо ядрику кулла ло ятрака - ҳар кас чизеро нафаҳмад, аз он
набояд даст кашад.

Маҷмӯаи шеърҳои Лоҳутй "Шеърҳои Тоҷикистонй" бо
муқаддимаи устод Айнй соли 1940 нашр шудааст. Зингер -
вакили Нашриёти Тоҷикистон дар Ленинград.

60. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 18.

"Хати халқи тоҷик ба падари халқҳо Сталини бузург" -
Назмкунандагон шоирон: С.Айнй, А.Лохутй, М.Турсунзода,
М.Раҳимӣ, Ҷ.Суҳайлӣ. Дар матубот бо номи "Ба пешвои халқҳо,
ба дӯст, ба муаллим, ба Сталини кабир" чоп шудааст. Ниг.:
Маҷмӯаи шеърҳои "Сталини мо", Сталинобод, 1949, саҳ. 47-70.

Дар болои мактуб 17 январи 1940, вале дар охир 20 январи
1940 навишта шудааст. Шояд навиштани мактубро 17-ум шурӯь
карда, 20-ум ба охир расонидааст.

61. 61А Сарчашмаи матн: Архив, фонди 18.

Аз мактуби Айнй ба Лоҳутй аз 26 феврали 1940 маълум
мешавад, ки телеграмма моҳи феврал дода шудааст.

62. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Мукотиба".

Матни асосй: Архив, фонди 18.

63. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Мукотиба".

Акнун дар бораи хати ба рафиқ Сталин бошад - ниг. Ба

тавзеҳоти 60. Қурбонуф - Маҳмадалй Қурбонов (1905-1976)
ходими хдзбй ва давлатии шӯравӣ, солҳои 1937-46 раиси Совети
Комиссарони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

64. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18;

"Мукотиба".

Аз порчаи ман фонда бурда шуд ё не - ин порча бо номи
"Комёб шудем" дар маҷмӯаи "Хати заррин", Сталинобод, 1940,
ки ба канали калони Фаргона бахшида шудааст, чоп шудааст.

65. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 17.

66. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Мукотиба".

135
Матни асоси: Архив, фонди 17.

Кова - операи "Коваи оҳангар", ки либреттои онро Лоҳутӣ
навиштааст. "Луғати русй-тоҷикй" - нашри соли 1946-и ин луғат
дар назар аст.

67. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 17: "Мукотиба"
"Шарқи сурх", 1963, № 4.

Матни асосй: Архив, фонди 18.

Абдушукур - Абдушукур Пирмуҳаммадзода (1911-1942).
драматурги тоҷик, дар Ҷанги Бузурги Ватанй ҳалок шудааст.

Мо атяба фи ҳи ҷалла борик

Е зора баниби сайфи лафзин.

Валлоҳи қаталтани биҳотик -

Чй хуш аст он гуфтори ту

Эй он касс, ки задй маро бо шамшери сухан

Қасам ба худо, ки куштй маро бо ин бахшишат.

68. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 18.

Устод Айнй дар мактуби худ аз 4 августа 1940 дар бораи ба
устод Лоҳути фиристода шудани китобҳои "Марги судхӯр",
"Ятим" ва "Фирдавсй" сухан рондааст. - Лохута дар мактуби худ
аз 17 августа 1940 гирифтани китобҳоро хабар медиҳад. Шояд
ин телеграмма пеш аз мактуб фиристода шуда бошад.

69. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Мукотиба”.

Матни асоси: Архив, фонди 18.

Мактубу китобҳои шумо чанд рӯз пеш ба Маскав расида
бошад ҳам.„ - китобҳои "Марги судхӯр", "Ятим" ва "Фирдавсй",
ки устод Айни фиристодааст. Девон-и дуйум ҷилди дуйуми
Девон -и Лоҳута, ки соли 1940 Нашр. Давл. Тодикистон нашр
кардааст.

70. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Мукотиба"

Матни асоси: Архив, фонди 18.

Як тарона барои Декодо навиштам - бо ин мактуб таронаи
"Гуселкунандагон" фиристода шудааст. Ниг.: маҷм. "Асарҳои
мунтахаб", Нашр. Давл. Тодикистон, Сталинобод 1949, саҳ. 337.

Ҳамин дируза як нусха аз контото, ки онро ҳам барои Декодо
навиштаам, бароятон мефиристам - ин контото бо номи "Суруди
куҳсор" дар мад. "Асарҳои мунтахаб", Сталинобод, 1944, саҳ.

136
149 чоп шудааст.

71. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18. "Мукотиба

Матни асосй: Архив, фонди 18.

Дирӯз нусхаи мошинии ин таронаро барои шумо фиристодам.

- Таронаи "Гуселкунандагон" дар назар аст.

72. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 17; "Мукотиба";
"Шарқи Сурх", 1962, № 12.

Матни асосй,: Архив, фонди 17.

Камина - Муҳаммад Валй (1770-1840) шоири туркман.
Махтумқулй - тахаллусаш Фурӯғй (Фраги), нхоири асри 18-и
туркман.

73. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Мукотиба"

Матни асосй: Архив, фонди 18

Анварй - Аҳвадуддин Алй ибни Муҳаммад ибни Исҳоқи
Абевардй (1126, Абеварди Хуросон - ваф. тах. 1040, Ғазнин)
шоири форсу тоҷик. Нависанда ва шоири ҷавони мо Юсуфй -
Хдбиб Юсуфй дар мақолаи худ "Барои поэзияи муносиби давр"
дар бораи лирикаи ишқии Лохутй чунин навишта буд: "Аммо
вақте ки мо бо асарҳои ҷаҳоншумули устод Лоҳутй фахр
мекунем, як қисм асарҳои охирини ӯро ҳам аз назар дур партофта
наметавонем, ки дар ин асарҳо он сарояндаи баландовози ҳаёти
нав, ба куллаҳои баланд расонандаи поэзияи революсионии тодик
дар қафаси лирикаи "софи"бадбинона ва ба давонони имрӯзаи
мо бетона мемонад. Вақте ки мо сатрҳои Хуршеди ман кудой?
Сард аст хонаи ман,

Дур аз рухат сарои дард аст хонаи ман -ро мехонем, дар ҳайрат
мемонем, ки оё онҳоро ҳам ҳамон табъи оташбор ва сарояндаи

Нӯшам ба шодмонии ин дам шароби сурх,

К-аз шарқи инқилоб дамад офтоби сурх.

Эдод кардааст?" Ниг.: Мадм. Ҳ.Юсуфй. "Роҳи нотамом".
Нашриёти "Ирфон", Душанбе, 1973, саҳ. 223.

Ғазали дар санаторй гуфтаамро - Лоҳутй бо ин мактуб тазали
"Аз ҳар гапи он тоза шавад дон, чй лабает ин"-ро фиристодаас i.
Ниг.: "Куллиёт", д. 2. Саҳ. 205.

74. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Мукотибн
"Шарқи Сурх", 1962, № 12.

137
Матни асоси: Архив, фонди 18.

Устод Лохутй дар "Ҳадяи Заррина" ном манзумаи худ
қаҳрамони асарҳои устод Айнй "Одина" ва "Ятим"-ро истифода
кардааст:

Дил нағунҷад зи шавқ дар сина,

Гардад иҷро хаёли дерина

Шуда Қорун Ятиму Одина.

75. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18; "Мукотиба";

Матни асосй: Архив, фонди 18.

76. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 17; "Мукотиба",
"Шарқи Сурх", 1962, № 12.

Матни асосй: Архив, фонди 17.

Шеъри лирикие, ки... - Ин шеър бо чунин мисраъ шуруъ
мешавад:

Аз ҳар гапи он тоза шавад ҷон, чй лаб аст ин! Куллиёт, ҷ. 2 с.
205.

Профессор Семёнов - А.А.Семёнов (1873-1958) олими
шарқшинос. Бузургзода - Лутфулло Бузургзода (1909-1943)
олими забоншинос ва фолклоршинос, дар Ҷанги Бузурги Ватанй
ҳалок шудааст. Наркомпрос - Народный комиссариат
просвещения (Комиссариата халқии маориф). Размежевание -
шпора ба тақсими ҳудудҳои миллй дар Осиёи Миёна, соли 1925.

77. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 18.

"Хата халқ" - ниг.: ба тавзеҳота 60.

78. Сарчашмаҳои асосй: Архив, фонди 17.

Маҷмӯаи Навоиро, ки дар тоҷикй тартаб дода будам. - Китоби
устод Айнй дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Навой бо иловаи шеърҳои
мунтахаби форсй-тоҷикиаш таҳта унвони "Алишери Навой" соли
1948 аз чоп баромад. Редаксия ҳаққи қалами "Мактуб"-ро -"Хата
халқ ба Сталин" дар назар аст.

79. Сарчашмаҳои мата: Архив, фонди 18; "Мукотиба"

Матни асосй: Архив, фонди 18.

80. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 18.

81. Сарчашмаҳои матн: Архив, фонди 17; "Мукотиба";
"Шарқи сурх", 1963, № 4.

82. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 17.

138
83. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 18.

Телеграмма, тарҷума аз русй.

Ба муносибати 70-солагии Садридцин Айнй.

84. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 18.Ҳамрохи ин мактуб
шеъри "Ба 75-солагии фозил ва адиби муҳтарам "Садридцин
Айнй" фиристода шудааст".

85. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 18. Телеграмма, тарчума
аз русй.

86. Сарчашмаи матн: Архив, фонди 17.

Аввали ин мактуб нест ва санаи навишта шудани он низ
маълум нест.

Дар мактуб сухан аз хусуси "Достоин Вахш" меравад. Таърихи
итмоми ин достон 10 апрели соли 1937 буда, дар шакли китоби
алоҳида соли 1940 ба табъ расидааст. Пас санаи таълифи
мактубро 1937-40 тахмин карда мумкин аст.

139
Мукотибаи Садриддин Айни
ва Абулқосим Лоҳутй.

(Натри дуввум бо такмил ва иловаҳо)

Ба чоп ҳозиркунанда ва муаллифи тавзеҳот:

Хуршеда Отахонова

Муҳаррири масъул:
Муҳаррири ороиш:
Мусаҳҳеҳ:

Шахобуддини Шуҷоъ
Диловар Бобохонов
Фарид Исматуллоев

Ба чоп 20.03. 2003 таҳвил шуд. Когаз ва чопи офсет.
Андозаи 60x84 1/16. Супориши № 9. Ҷузьи чопии шартй 9,0.
Адади нашр 500 нусха.

Анчумани «Шуҷоъ»
Нашриёти «Деваштич»
ш. Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода, 36'

Translation