Он чӣ аз саргузашт
The stuff of memoirs

Transcription












*


/ [_ и jcjljlS-ЛЭ-^-jO Оі Ҷ

/Гл-

■*Аг&. Сэг£)/у

г^е г ^ о

jit /с ъсгр&&.

~£-tsO*J>^L C, /Уос Л' о/Ѵу^ О^с/^гГ^

с еу '

e^f !*-## <° исе„ъ„гл -f/Л

Of С/ O' ҷу

Э^СкЛс ft ~£cuj Q^y^e<rc£cjr^ '•

С*? У' ЪС / 7(9^ ^ ^ (Го е &./> с? ^ jciv,~

с ^г с. С/ /\

Ёс^Га/*£ £2^ ^£ г

<8-------



'2л-^/Ул о

Ѵ&Г^£а

с/ ~c*£f&^CSp£>

V,

tjDK С/у

аЛс (і,

JJ• teXa by dooQ

іі

J

Ҷалол Икроми

ОНЧЙ АЗ САР ГУЗАТТТТ

Ёддоштҳо

Душанбе - 2009
ББК 84 тоҷик 7-4
И-25

Муҳаррир
Ҷонон Икромӣ

Ҷалол Икроми. Ончи аз cap гузашт, ёддоштҳо, Душанбе
2009, 360 саҳ.

Ин китоби охирини Ҷалол Икромӣ мебо-
шад. Нависанда дар бораи солҳои наврасиаш,
хешу табораш, революсияи сосиалистии Бухоро
ва сарнагун шудани республикаи сосиалистии
Бухоро, тараққиёт ва сабзиши республикаи со-
сиалистии Тоҷикистон сухан меронад.
Саҳифаҳои зиёде ба солҳои мудҳиши 1937-39
бахшида шудааст.
Хонандагони муҳтарам!

Инак саҳифаи охирини саргузашти Нависандаи Халқии
Тоҷикистон Ҷалол Икромиро дар маҷаллаи «Садом
Шарқ» хонда баромадед. Шумо фаҳмидед, ки адиб умри
дароз дида, дар муҳити аморати Бухоро зиста, пайдоиш ва
сарнагуншавии ҳукумати Советиро аз cap гузаронидааст.
Вай иштирокчии барпошавй ва сабзиши Республикам
Тоҷикистон буд.

Дар солҳои 30-юми асри іузашта нависандаи ҷавон ба-
ром рушди адабиёт, фарҳанг ва илму маърифати тоҷик ба
пойтахти республика - шаҳри Душанбе кӯчида ом ад. Дар
пеш роҳи номаълум, мураккаб ва пурмашаққат буд, аммо
ин роҳи озодй, роҳи нави пурҷӯшу хурӯши зиндагй буд.
Нависанда нотарсида, бо боварии калон қадамҳои нахус-
тини эҷодии худро ба ин роҳ іузошт ва умеду орзу дошт,
ки ин роҳ вайро ба қуллаҳои нави адабиёт ва фарҳанг мео-
варад. Вай хато накард. Дар ин чо Ватани худро ёфт ва ба
комёбиҳои ниҳоят баланд ноил гардид.

Солҳои зиёде іузаштанд. Ҷалол Икромй дар ин сарза-
мин 10 роман, зиёда аз 12 повеет, 16 песа, очерку ҳикояҳо
ва мақолаҳои зиёде эҷод кард. Вай чун тарҷимон асарҳои
А.Чехов, Л.Толстой, М.Горкий, Б.Карбобоев, А.Қодирй,
Н.Балтушис ва дигаронро ба хонандагони тоҷик дастрас
намуд. Барой ин хизматҳояш ба унвони Нависандаи халқй,
мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ, ордену медалҳои
зиёде сазовор гардид.

Вай ҳама вақт бо халқ буд, аз муваффақиятҳои он хур-
санд мешуд, аз нобарориҳои замона андӯҳгин мегардид,

3
ҳамроҳ бо мардум рӯзҳои мудҳиши солҳои 1937-38 ва
Ҷанги Бузурги Ватаниро аз cap гузаронид.

Аммо шикаста нашуд, ноумед нашуд ва боварии худро
ба зиндагӣ ва ояндаи Ватан хум накард. Давоми умр
дӯстони зиёде пайдо кард ва дӯстонашро ҳам гум кард. Ин
ҳаёт буд, бо ҳама пастй ва баландиҳояш.

Нависанда ба халқ боварй дошт ва то охири умр хидма-
ти онро ба дараҷаи тавонаш адо кард. Вале дар анҷоми
умр фоҷиаи даҳшатовар/ ҷанги бародаркуширо низ дид.
Ба омадани ин ҳодиса ӯ тайёр набуд ва дили ранҷуру бе-
мораш тоб оварда натавонист. Дар синни 85 солагй, моҳи
апрели соли 1993 аз дунё чашм пӯшид. Нависандаро та-
моми мардуми тоҷик, хонандагон, муаллимон, шоирону
нависандагон бо эҳтироми бузург ба роҳи охирин іусел
карданд.

Ном, ёд ва равонаш пирӯзу дурахшон бод!

Нашрияи Миллии адабии «Садои Шарҳ»,
шумораҳои №1-4, соли 2006

4
«Хушбахт он аст, ки аз саргу-
зашти дигарон панд бигирад».
Ҳадиси Муҳаммад пайғамбар(с)

1983 декабр

ПЕШГУФТОР

Нависандаи Халқии Тоҷикистон Ч,алол Икромӣ моҳи
апрели соли 1993, замоне, ки дар кишвари мо ҷанги
шаҳрвандй идома дошт, аз дунё даріузашт. Бай
Тоҷикистон, кишвари азизашро дуст медошт, ба марду-
маш эҳтиром дошт, аз дастовардҳояш шод мешуду аз
камбудиҳояш ғамнок мегашт. Дили нависандаи куҳансол,
дӯстдори Батан фоҷиаи ҷанги шаҳрвандиро натавонист
дар худ гунҷонад. Вақте нерӯҳои ҷоҳталаб хостанд ӯро ба
сӯйи худ кашанд, барои расидан ба мақсад аз номашу
обрӯяш истифода кунанд, аз умраш 85 сол гузашта буд.
Вай онҳоро қатъан рад кард, ба ҳамин сабаб хостанд ӯро
сиёҳ кунанд, рӯйи номаш доғ ниҳанд. Аммо вай акнун на-
метавонист чун дар ҷавонй мубориза барад. Барои ин кор
ӯ дигар нерӯ надошт. Дар Тоҷикистон ҳукумати нав бар
сари кор омад, вай онро табрик іуфт ва ҳамчун ҳукумати
халқ шинохт. Чанде пас ӯ аз олам іузашт. Ва дар рӯзҳои
мушкили барқароршавии хукумати нав ба хок супорида
шуд.

Ин ёддоштҳои падар дар бойгониаш зиёда аз 10 сол хоб
буданд. Ҳеҷ іуна имкони чопи онҳо мавҷуд набуд, зеро ин

5
ёддоштҳо дар замони шӯравй навишта туда буданд ва та-
биист, ки нақши ҳамон замонро дар худ доштанд.

Кишварм мо дар солҳои сипарй гашта мушкилиҳои
зиёди иқтисодиву сиёсиро паси cap кард. Ба роҳбарияти
давлат, президента мо Э.Раҳмонов лозим омад барои
барқарории сулҳ, ташкили сохтори нави давлати
демократа, пойдории тартиботу қонун, наздик намудани
замони рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум
мониаҳои гӯшношунидро паси cap кунад. Он чй дар як
замони кӯтоҳи таърихй Президента мо кард, ба каси дигар
муяссар нашуда буд ва акнун мо метавонем осудаву ором
ба ин роҳи тайкардаи кишвари худ бингарем. Мо ба оян-
даи неки худ шак надорем ва дигар аз бозгашти ноороми-
ву бесомонй наметарсем. Мамлакат инак нерӯву иқтидор
дорад ва ба сӯйи офтобу баҳор ва шукуфоиву эҳёи миллаі
гомҳои боварбахш меіузорад.

Ба пиндори ман ҳоло замони чопи ин ёддоштҳо, ки ба
қалами куҳансолтарин нависандаи кишвари мо мансу-
банд, фаро расидааст. Вай зиндагии дарозу мушкил, вале
хушбахтонаро аз cap іузаронидаву бо одамони аҷиб
вохӯрдааст, ки дар ҳаёти ӯ нақш іузоштаанд.

Сафҳаҳои зиёде аз ин китоб метавонанд барои хонан-
даи мо омӯзанда бошанд, зеро дар онҳо зиндагии падарон
тасвир шудааст. Ва месазад, ки мо - созандагони ҳаёти нав
- ба пае нигарем, ба таърих рӯ оварем, гузаштагонро
бифаҳмем ва осорашонро бодиққат биомӯзем. Нигоҳи
ҳақиқатбинона ва ростин ба таърих, зиндагй ва кору эҷоди
падарон ба мо имкон медиҳад дар кори эъмори давлати
худ ба камбудиҳову каҷравиҳо роҳ надиҳем. Мо бояд па-
дарони худро бифаҳмем, ба онҳо тақлид бикунем, ба осо-
рашон арҷ іузорем. Ман бовар дорам, ки ин гуна бинишу
фаҳмиш дар зиндагй ба мо комёбӣ меорад.

6
Замоне расидааст, ки хонандаи мо ба пас нигарад,
ҳамроҳи нависанда он зиндагиро аз cap гузаронад. Ин ки-
тоби охирини нависанда, тӯҳфаи падрудии Ҷалол Икромй
ба мардумаш аст. Бигзор ин китобро хурду калон бихо-
нанд, аз марҳилаҳои зиндагии падари ман бигзаранд. Бояд
мардум бидонанд, ки вай чи іуна зистааст, чи шебу
фарозҳое бар сари роҳаш будааст. Ин танҳо таърихи пада-
ри ман не, таърихи кишвари ман низ ҳаст. Ин сафҳаҳои
таърихро кӯр кардан, фаромӯш намудан ё нагуфтан мум-
кин нест. Онҳо бозгӯи онанд, ки чи гуна мо то ба имрӯз ра-
сидаем ва акнун метавонем сарнавишти миллату кишва-
рамонро бо дасти худ бисозем.

Нотарсона сафҳаҳои ин китобро бикшоед ва ҳамроҳи
падари ман, нависандаи Халқии Тоҷикистон Ҷалол
Икромй ба роҳ бароед.

Ҷонон Икромй,
доктори илми кимиё, профессор

7
ЯК-ДУ СУХАН

Дар вақти cap карда навиштани ин саргузашт умрам ба
ҳафтоду панҷсолагӣ расид. Хеле монда шудаам. Охир,
ҳамаи асарҳои маро «дӯстонам» ҳамеша ба сари найза
пешвоз мегиранд. Баъд аз оне, ки ман бо хуни ҷигар, бо
талош ва азоби бисёре ба чоп кардани асарам муваффақ
мешавам, хонандаи беғараз онро бо хушнудй ва бо мароқ
ба даст мегирад ва ба ман изҳори миннатдорй мекунад.
Намедонам, чаро ин тавр мекунанд ин «дӯстонам»! То ба
кай, то ба кай ман бояд ҳам асар нависаму ҳам барои чоп
кардани он хуни ҷигар хурам?!

Бале, айёми пирй ҳам расида омад. Аксари ҳамсолон ва
ҳамсӯҳбатон аз байн рафтанд. Ҳоло ман ба худ ахд кардам,
ки дигар роман наменависам. Фақат бо хоҳиши дил, шавқ
пайдо шавад ба даст қалам шрифта ягон асари бадей ме-
нависам. Набошад, ҳамин ёддоштҳои умри гузаштаамро
менависам. Дар бораи одамҳои бисёре, ки дар муддати
зиндагиам ба ман вохӯрдаанд ё ки ман бо муносибате ба
онҳо рӯбарӯ шудаам, менависам. Одамҳоро чи тавре, ки
ман медонам ва ман фаҳмидаам, беғаразона, чи тавре ки
ҳастанд, то тавонистам ҳар тарафа нишон додан мехоҳам.
Ин дунё бо одам обод, бо одам барқарор гаштааст. Одам-
ро ки тасвир кардам, замонаш, муҳиташ, кору борашро
ҳам менависам.

Бигузор, хонанда аз ман хафа нашавад, ки чаро
баъзеҳоро дар либоси сиёҳ, ё ки хокистарранг, баъзеҳоро
дар ҷомаи іуліун ва сабз ва баъзеҳоро дар хилъати сафед
тасвир кардаам. Ман беғараз, ҳар чй ки ҳаст менависам.

8
Худи тасвири беғаразона ба онҳо раніубор медиҳад, худи
кор ва амалашон онҳоро сиёҳ ё сафед мекунад.

Мехоҳам, ки пеш аз ҳама худам ва аҷдодамро нависам.
Дарахти шаҷараи мо нест ва авлодамон намедонанд, ки
падару бобоҳои мо киҳо буданд.

9
MAH, ПАДАРАМ BA ДИГАРОН

Ман дар соли 1909, дар тирамоҳ, тақрибан дар моҳи
сентябр ба дунё омадаам. Ин таърихро ман худам аз іуф-
таи хешу таборон муайян кардам; набошад дар дастам
ягон санад нест, ки синну соли маро муайян кунад. Зеро ки
дар вақти таваллуди ман дар Бухоро амир ҳокимият дошт;
ягон муассиса ва ё идораи қайди таваллудшудагон - ЗАГС
набуд. Одатан падарони босавод ва китобхон дар муқоваи
ягон китобашон менавиштанд, ки «Худой таоло дар фалон
таърих, дар фалон рӯз ва дар фалон соат ба банда як фар-
занди нарина (яъне писар) ё оҷиза (яъне духтар) ато намуд.
Номашро фалонча мондем». Афсӯс ки падари ман бо
вуҷуди босаводй ва китобхонй, ё ин корро фаромӯш кар-
даанд ва дар ягон китоб таърихи таваллуди маро нана-
виштаанд, ё ки навишта бошанд ҳам, ҳамон китоб дар
вақти ҷанги Колесов (соли 1917-18) дар Чорҷӯй, дар қатори
ҳамаи чизҳои хонадони мо монда, іум шуд ва ё дар вақти
ҷанг ва инқилоби соли 1920 дар Гиждувон, дар қатори
ҳамаи молу ашёи оилаи мо монда іум шудааст. Бале, ои-

f

лай мо ду толон, ду іурезоіурезро аз cap іузаронид.

Дар соли 1917-18 мо дар Чорҷӯй будем. Падарам унво-
ни Судуриро1 гирифта ба вилояти Чорҷӯй қозӣ шуда буд,
ки он яке аз вилоятҳои калон, мирнишин ва ободи Бухоро
ба шумор мерафт. Мири Чорҷӯй ҳамон вақт Муҳаммад
Юнус буд. Чорҷӯй арк дошт, ки мир дар он ҷо менишаст.
Падари ман бо мир Муҳаммад Юнус чандон созиш на-

1 Су дур - яке аз унвонҳои баланди уламои давраи амири.

10
дошт. Вақте ки ҷанг cap шуд, шӯришгарон (инқилобчиҳо)
ғолиб баромаданд. Қозй ва мир Чорҷӯйро партофта iy-
рехтанд. Дар ин бора дар поёнтар боз муфассал истода ме-
іузарам, ҳоло сухан дар бораи толон дидани падари ман.

Дар соли 1920 мо дар Ғиждувон будем. Ду рӯз пеш аз
ҷанг (намедонам дониста ва надониста) падарам зани ка-
лони худро бо мо (ман, акем ва хоҳарам) ба Бухоро фири-
стод. Мо бо худ чандон чизи бисёре нагирифта будем. Дар
Бухоро, дар гузари Дегрезй ҳавлии калони даруй ба даруй
асбобу ускунаю чизу чора доштем. Бинобар он ҳамаи чизу
чораҳоро дар Ғиждувон монда омадем. Баъд ҷанг cap шуду
мо боз толон дидем...

Инак, агар падарам дар муқоваи ягон китоб рӯзи тавал-
луди маро навишта бошанд ҳам, дар ин толонҳо он китоб
нест шуда рафт ва ман пас аз вафоти падар ба гайр аз як-
ду китоби ҳикоят, ки баъд аз инқилоб дар Бухоро ба даст
омада буд, дигар асаре нагирифтаам ва бинобар он
меіуям, ки дар дасти ман ягон санаде нест, ки рӯз, моҳ ва
соли таваллуди маро нишон диҳад. Амма ва холаҳоям
гуфтанд, ки ман дар вақти ҷанги Суннию Эронй, дар
тирамоҳ таваллуд шудаам. Ҷанги Суннию Эронй дар Бу-
хоро дар соли 1909 ба вуқӯъ омада буд; сентябр ҳам моҳи
тирамоҳ аст. Бо ҳамин қарор додам, ки ман дар соли 1909,
дар 20 моҳи сентябр ба ин дунёи пуршӯр омадаам.

Дар вақти таваллуд шудани ман падарам хатми китоби
Мулло Ҷалолро тӯй мекардаанд ва бинобар он номи маро
Ҷалол гузоштаанд. Маълум мешавад, ки он кас дар он дам
дар Мадраса мехондаанд ва китоби Мулло Ҷалол, ки яке аз
китобҳои мушкил ва муҳимми Мадраса ба шумор мерафт
ва ҳар кас, ки онро хатм кунад, як маърака, як тӯе мекарда-
аст. Падарам ҳам ба муносибати хатми китоби Мулло
Ҷалол тӯй кардаанд ва чун ёдгории ҳамон рӯзи хушнудй

11
номи маро Ҷалол гузоштаанд.

Ман аз модар фарзанди сеюм шуда ба дунё омадаам.
Пеш аз ман хоҳарам - Масрура, бародари калонам - Ну-
риддин буданд. Пас аз ман як додарам - Муҳиддинҷон ба
дунё омадаасту модарам вафот кардаанд. Дар он дам ман
тахминан дусола будаам. Аз ин рӯ ман лутфу марҳамати
модарро дуруст надидаам, аз меҳрубониҳо ва навозишҳои
модар маҳрум мондаам. Бинобар он дар ин ҷо мехоҳам, ки
падарамро нависам ва ёди падарро кунам!

Падари ман Киромиддин махсум ном доштанд ва фар-
занди шашуми падар туда ба дунё омадаанд. Аз бобои
ман, ки қозй Бадриддин ном доштанд як духтару
(модарарӯси ман - раҳматй Саломатбегим), панҷ писар
шудааст, ки калонтарини онҳо Бурҳониддин, баъд
Қиёмиддин, баъд Зиёиддин, баъд қорй Масъуд, баъд Ки-
ромиддин будаанд. Аз амакҳоям фақат қозӣ
Бурҳониддинро медонаму бас. Қиёмиддин, Зиёиддин ва
қорй Масъуд барвақт аз дунё гузаштаанд.

Аз амаки калонй - қозй Бурҳониддин, ки се-чор зан
доштаанд, ҳамин фарзандҳо ба дунё омада буданд: Умар-
хон, Усмонхон, Массаратхон, Маъсумахон, Шаҳобхон,
Муҳаббатхон, Зуҳурхон, Аслихон ва Муслихон. Аз амаки
Қиёмиддин як писар - Шарифҷон; аз амаки Зиёиддин як
писар - Аминҷон Махсум: аз амаки қорй Масъуд як духтар
Асолатхон ба дунё омадаанд. Албатта ҳар кадоми инҳо
ҳикояте доранд ва ман то метавонам, дар мавқёаш дар бо-
раи ощо ва тақдирашон сухан мекунам.

Пеш аз он ки дар бораи падарам маълумоти муфассал
диҳам, дар ин ҷо мехоҳам, ки дар бораи бобо ва бобокало-
нам он чй ки шунидаам ва медонам баён кунам:

Бобои ман (яъне бобои қозӣ Бадриддин) аслан аз мав-
зеи Хоҷа Халили райони Ховалинги вилояти Кӯлоб буда-

12
анд. Гӯё, бо бародаронашон созиш карда натавониста
озими Бухоро шудаанд. Номашон, іуё, мулло Байзо буда-
аст.2 Ин кас толибилм ва хеле хушистеъдод будаанд, ки як-
чанд сол дар мадрасаи Мири Араб фаррошй карда, дар
айни замой хонда, мулло ва мударриси калон гаштаанд.
Намедонам, ба ягон мансаб расидаанд, ё не, вале писара-
шон мулло Садриддин оҳиста-оҳиста ба мансаби
қозикалони шаҳри Бухоро мушарраф гашта чандин сол
дарсгӯй ва қозигй кардаанд. Пас аз он кас писарашон мул-
ло Бадриддин қозикалони Бухоро мешаванд. Назар ба
шунидам ин кас шахси доно ва ба тадбир будаанд, шеъру
адабиётро дӯст медоштаапд. Қозигии ин кас дар замони
амир Аҳадхон меіузарад ва қариб навадсола шуда аз дунё
чашм мепӯшанд. Ба ҷояшон писари калонй - мулло
Бурҳониддин, ки аввал раиси Бухоро будаанд, қозикалон
мешаванд...

Ин ҳамаро ман шунидагй ҳастам. Он чй ки худам дида-
му аз cap гузаронидам ва медонам, чунин аст.

Аз соли 1914 ин ҷониб ба фаросат гашта, дунёро
медонистагй ва дар хотир медоштагй шудам. Дар он дам
падарам дар Қароқӯл қозӣ буданд. Ҳамин дар хотирам
натз мондааст, ки мехостам шайтонароба (велосипед)-и

2 Азбаски қозикалонҳои Бухоро кӯлобй будаанд, дар мадрасаҳои
Бухоро бештар муллобачаҳои кӯлобӣ таҳсил мекардаанд ва
аксарияти мулло ва мударрисҳо ва ҳатто қозиҳои туманҳо аз
кӯлобиҳо будаанд. Ин ҳол як қисми мардуми Бухороро ба ҳаяҷон
меовардааст. Чунончй Фитрат ва дигарон чунин ҳаҷвияро бофта
бароварда дар байни мардум пахрн кардаанд: гӯё мардуми кӯҳистон,
пойлучони Кӯлоб ба Бухоро сафар карда, то ба зери қалъаи Бухоро
номашон мулло Тухмак бошад ҳам, аз дарвозаи Бухоро, ки
даромаданд номашонро мулло Байзо мемонанд!.. Ин ҳаҷвия бевосита
ба бобои бокалони ман тааллуқ дорад, ки номашон мулло Байзо бу-
дааст.

13
сечарха дошта бошам. Ҳар рӯз ба падарам дар ин бора ran
кушода, талаб мемондам. Лекин падарам мегуфтанд, ки
сабр кун, ҷанги ҷаҳон ба охир расад, ба ту шайтонароба
харида медиҳам. Ҷанги ҷаҳон соли 1914 cap шуда буд ва
маълум, ки дунёбинии ман ҳам ҳамон солҳо cap шуда аст.

Ҳоло дар сари стол расми ҳамон солҳо ё ки андак пеш-
тар кашида шудаи падарам истода аст. Ба он нигоҳ меку-
наму симои бародарам Зайниддин (дар аввали солҳои
ҷанги дуюми ҷаҳон ба фронт рафта ҳалок шуд4 буд) ба хо-
тирам мерасад. Вай ба падарам хеле монанд буд. Чашмҳои
сиёҳи калон-калон, қабоқҳои бодомй, абрувони андак пай-
васти сермӯ, бинии баандом, лабу даҳони базеб... Падарам
дар cap саллаи начандон калон, хушбасти сафед, мӯлабҳои
сиёҳи андак аз ду бари лаб овезон, риши кам, фақат дар
манаҳ доштанд. Фарқи Зайниддин ва падарам ҳамин буд.
Дар ин сурат падарам дар тан ҷомаи сафед (адрас)
пӯшида, намуда истода аст, ки дар зери он камзӯли гире-
бонаш майда (рангаш номаълум) доранд. Дар хотир до-
рам, ки падарам мисли мулло ва қозиҳои замонашон
либосҳои фахӯл ва саллаи калон надоштанд. Саллаю
ҷомаю камзӯлҳояшон то ҳадди имкон сабук, базеб ва наво-
варона буданд..

Хӯрокашон ҳам аз дигар ҳамкасб ва ҳамкоронашон хеле
фарқ мекард. Дар қозихонаи Қароқӯл ошхонае ба тарзи
аврупой сохта, плитаи оҳанй, каструлҳо, қошуқ ва

л

чангчаҳо, стаконҳою зарфҳои шишаги ва чинигии руси-
сОхт гузошта буданд. Як ошпази нуғай (тотор) бо занаш
кор мекард, ба падарам ва меҳмонҳои рус ва навфикри он
кас хурокҳои аврупоӣ, аз қабили борш, катлет, шашлик,
кампот, кисел барин хурокҳо тайёр карда медод. Падарам
ҳар пагоҳ хеле барвақт аз хоб бедор шуда, таҳорат мекар-
данд ва ду ракъат суннати намози бомдодро дар хона адо

14
карда, ба масҷиди назди қозихона мерафтанд, дар он ҷо бо
ҷамоа ду ракъат фарзро адо карда ба меҳмонхона, (ки де-
вонашон - яъне ҷои арзпурсиашон ҳам он ҷо буд) барме-
гаштанд ва бар маснадашон дар назди тирезаи боло ме-
нишастанд. Зимистон бошад дар қарибии ҷои нишасти он
кас сандалй буд, тобистонҳо мизи начандон калони
хуштарҳе меистод, ки дар рӯи он коғазу қалам, китобҳо,
дар қуттиҳои он дигар чизҳои даркорӣ (мӯҳр, қайчй,
тасбеҳ ва ғайра)-ро меіузоштанд. Дар рӯи он миз сӯрохе
буд, ки падарам мӯҳрона (пул)-ҳоро ба он мепартофтанд,
ки ба яке аз қуттиҳои миз меафтод.

Кори саҳарии падарам ҳамин буд, ки аз Далоил ном
китоби арабй-динӣ якчанд варақ мехонданд. Дар ин байн
маҳрамашон (яъне одами хосашон) Абдушукур дар як
лаъличаи мисини тиллоранг як стакон шири доғ, дар як
тақсимӣ се тухми нимдунбул, дар тақсимии дигар як пор-
ча нони равғании бомаза ва мурчдону намакдон оварда ба
рӯи миз мемонд. Наҳории аввалини он кас ҳамин буд. Ак-
саран ин наҳорй пеш аз баромадан, ё акнун тулӯъ кардани
офтоб воқеъ мегашт. Баъд, агар меҳмон дошта бошанд,
дар чоштгоҳ бо меҳмонҳо ширчой, ё ширбиринҷ тановул
мекарданд ва пас аз намози пешин (тақрибан дар соати 2-
3) аксаран оши палав (ман барин ошхӯр буданд) аз пасаш
харбуза; бегоҳй чизе аз хӯрокҳои аврупой - масалан кат-
лет, ё мурғбирён бо картушкабирён мехӯрданд.

Яке аз меҳмонҳои падарам сардор (началник)-и станси-
яи роҳи оҳани Қароқӯл бо дӯстонаш буд. Ё духтуре (таби-
бе) аз Чорҷӯй ва ё Бухоро меомад. Масалан «Духтуршо»
ном табиб, зане, ки ҳамон солҳо дар Бухоро кор мекард ва
машҳур буд, меомад; ду рӯз, се рӯз меҳмон мешуд. Пада-
рам барои чунин меҳмонҳо хонаи баланди барҳавои авру-
поисохт андохта буданд, ки як даҳлезу ду хона дошт. Яке

15
ЛА (С Т(К б ІА- Ч, А* Л 9 и '

зали калон, дигаре хонаи хоб. Фаршаш тахта, деворҳояш
бо ранги равғанӣ гулкорй карда шудагй, сақфаш ламма.
Залаш ду тирезаи калони дуқабата дошт, ки бо пардаҳои
тӯрин ва ҳарир пӯшида буд. Хонаи хобаш аз қарибии
сақфаш равоқе дошт, ки бо шишаи булӯрин шрифта ту-
да буд. Аз дахдези ин хона як даре буд, ки ба ҳавлии дару-
ни қозихона кушода мешуд. Таҷҳизоти хона ҳама ба
тариқи аврупой - стол ва устулҳои махмалин, диван ва
буфет дар зол; кати калони симй ва дигар ашёҳо дар хонаи
хоб; дастурӯшӯяки калони мармарй бо собунҳои ироқй ва
дастурӯпоккунаки сафед дар даҳлез меистод.

Дар хотир дорам: гоҳо бародарзодаи падарам -
Аминҷон махсум, ки ҷавони хушманд, навпараст, ба қавле
аврупой маоб ва тарафдори ҷадидони Бухоро буд (ин
ҷиҳати хислати ӯро ман баъдтар донистам) меомад ва чанд
гоҳ меҳмони падарам гашта, дар он хонаи навсохт
истуқомат мекард. Устод Садриддин Айнӣ ҳам дар
Қароқӯл меҳмони падарам шуда, дар он хона чанд рӯз
истуқомат карда буданд ва дар ҳамон сафарашон пада-
рамро ба кушодани мактаби нави ҷадидӣ ташвиқ карда,
бовар кунониданд, ки агар моро (писаронашонро) дар
мактаби нав хононанд, дар андак муддат бохатту савод
гашта, соҳиби илму маърифат мешавем. Падарам ба гапи
он кас бовар кард ва мактаби ҷадидй кушод, ки муаллими
аввали он мактаб - Атоуллохоҷа - яке аз ҷадидони Бухоро,
хеши Файзуллохоҷа буд. Атоуллохоҷаро ба мо кй фири-
стод, равшан іуфта наметавонам, вале тахмин дорам, ки ӯ
бо тавсияи Садириддин Айнй омада буд. Зеро Айнй дар
вақти мактаби ҷадидиро ташвиқ карданаш, іуфта буд, ки
муаллим ёфта фиристоданаш ба зиммаи вай аст. Падарам
пештар бо Атоуллохоҷа ошноӣ ва алоқа надоштанд.

Ба ҳар ҳол Атохоҷа омада, дар меҳмонхонаи калони як

16
бои қароқулй мактаб кушод. Дар он мактаб ману барода-
рам Нуриддинҷон, Абдураҳим ном ҷӯраи мо, ки писари
мирзои падарам буд ва боз ду-се нафар ба хондан cap кар-
дем. Атохоҷа бо худаш дафтар, қалам, сиёҳидон ва баъзе
китобҳои дар Қазон ва Когон чопшудаи бачагонаро оварда
буд. Мо аз ду тараф дар сари миз менишастем ва аз рӯи
нишондоди муаллим ҳарфҳоро ба дафтар менавиштем ва
навиштаҳои муаллимро аз рӯи іуфтаи вай мехондем. Баъд
чанд дақиқа танаффус карда ба дарси дуюм, ба дарси
ҳисоб cap мекардем. Аз як то даҳ менавиштем, ҷамъу тарҳ
мекардем. Муаллим моро намезад, ҷант намекард, бо су-
ханони мулоим фаҳмонида медод ва мо шод будем, ки аз
мактаби кӯҳна, аз азобу кулфати он ба осонй халос шудем.

Атохоҷа пас аз се моҳи омаданаш, пас аз моро алифбо-
хон карданаш, чй шуд, ки ба Бухоро баргашта рафт. ӯро
падарам эҳтиром мекарданд, бисёр вақт ба сӯҳбат ва
меҳмонй даъват карда меоварданд, танбӯрнавозӣ мекар-
данд... Падарам танбӯрро хуб менавохтанд. Пир ном
машшоқ ва танбӯрнавози машхур устодашон буд, ки
ҳамроҳ машқ мекарданд. Атохоҷа аз ҳар ҷиҳат бояд хур-
санд мебуд.3 Лекин намедонам барои чй Атохода рафту ба
ҷои вай як муаллими туркистонй омад. Ин муаллим ҳам
хушфеъл ва хоксор бошад ҳам, лекин ба іумон донишаш
камтар буд ва бо мо дуруст машғул намешуд. Бештар ба
саёҳат мебаровард, машқ медод, мисли сарбозҳо поймашқ
карда роҳ гаштан ва даст боло карда фаровардан барин
ҳаракатҳоро меомӯхту мухтасар гимнастика мефармуд...

Дар ин байн хабари мактаби ҷадидӣ кушодани падарам
ба амаки қозикалон рафта мерасад. Он кас одам фиристо-
да аз падарам шарҳи воқеаро мепурсанд. Падарам як му-

3 Ман дар бораи Атохоҷа дар романи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ба
тафсил баён кардаам.

17
лозими наздики худашон, одами пурдонро ran омӯхта ба
назди акашон ба Бухоро мефиристанд, ки он касро осуда
карда баргардад. Лекин фиристодаи падарам аз Бухоро
гашта омада чунин баён мекунад:

- Маро нағз қабул карданд, ба меҳмонхонаи калон, ба
қарибии худашон шинонданд. Баъд пурсиданд, ки дода-
рамон ҳоло ҳам саҳарҳо дар стакон шири доғ ва тухми
нимдунбул мехӯранд ё не? Гуфтам, бале тақсир, тановул
мекунанд. Гуфтанд, ки рафта гӯед, ин корашон хуб не, ба
іуши болобудагон расад, он касро ҷадид мегӯянд. Баъд дар
бораи мактаби ҷадидӣ пурсиданд. Ман он чй ки шумо
омӯхта будед, бекамукост баён кардам; бартарй ва афза-
лияти мактаби навро фаҳмонида додам. Аммо суханони
ман ба ҷаноби шариатпаноҳ таъсире набахшид; баръакс
оташин шуда маро ҳам коҳиш карданд ва фармуданд, ки
ба шумо расонам: ҳар чй зудтар мактабро баста, бачаҳоро
ба мактаби мусулмонии худамон фиристед. Дар ҳақиқат
ҳам, гӯё чанд нафар муфтию аъламҳо фатво навишта мак-
таби навро кофирй эълон кардаанд.

Пас аз ин падарам маҷбур шуд, ки мактаби навро баста,
моро боз ба мактаби кӯҳна фиристонад.

Аз ҳамаи ин шарху баёнот мехоҳам, ки дар чӣ ақида ва
боварй будани падарамро баён кунам. Он кас дар ҳақиқат
одами тозафикр, русидон, газетхон ва донишманд буданд.
Фарзанддӯст, меҳрубон ва мулоҳизакор буданд.
Навпарастӣ ва ақидаи ҳаётии он кас, баіумонам, ҳануз аз
даври ҷавонӣ, аз даври хонда гаштанашон cap барзадааст.
Он кас дар вақти ҷавонӣ ба бемории сил (туберкулёзи
шуш) гирифтор мешаванд. Азбаски фарзанди дӯстдори
бобоям буданд, ба табобати падарам ҳеҷ чизро дареғ на-
доштаанд. Табибҳои маҳаллй коре карда натавонистаанд,
пас аз Чорҷӯй ва аз Когон табибҳои рус - духтурҳоро ҷег

18
зада овардаанд. Духтурҳо дорую даво карда, фармудаанд,
ки шароити осудагй, хурсандй ва беғамиро муҳайё кунанд;
хӯрокҳои хуби равғанй, меваҷот бисер хӯранд; дар ҳавои
софу тоза бисёр бошанд... Аммо ин шароит дар Бухоро
муяссар намешуд. На ҳавои хуб, на осудагй ва бегамй! Пас
қарор доданд, ки дар чорбоги Когон (дар қарибии станси-
яи Когон, дар қишлоқи ӯбачӯлй чорбоги калони бобом
буд), ҳамин шароитро муҳайё созанд. Аз рӯи гуфтаи
духтурҳо падарам бояд аввали рӯз хуб ба иштиҳо какав,
қаймоқ, тухми нимдунбул хурад; дар чоштгоҳ ягон хӯроки
гарм ба мисли ширбиринҷ, ё мургкабоб хурад; баъд сайр
кунад, баъд мусиқй іуш кунад, баъд бо ягон коре машгул
шавад (масалан шоҳмот бозад); дар соати сеи рӯз хӯроки
нимирӯзӣ - оши палав, шӯрбо, шашлик хӯрад, баъд ду со-
ат истироҳат карда бихобад ва ҳоказо... Лекин дар рӯзи ав-
вал хӯрокҳо дуруст маъқул нашудаанд, сагҳои қишлоқ ак-
ak карда ба асаб расидаанд, саркори чорбог аз зиндагии
сахти худ шикоят карда падарамро хафа кардааст... Хуллас
ки чорбоги Когон санатория нашудааст! Пас, бо маслиҳати
духтурҳо падарам ба Ялта рафтанй шудааст. Он вақт ба
Россия рафтанй қозизодаҳо осон набуд. Барой ин рухсати
амир лозим буд. Хайр, коре карда рухсат ҳам гирифтанд
ва ҳамроҳи Аминҷон махдум ба сафари Россия рафта, дар
Ялта чанд гоҳ истиқомат карда, баъд ба Қазон, ба Москав
ва ба Петербург ҳам рафтанд. Ман тафсили ин сафара-
шонро шарҳ намедиҳам, фақат ҳаминро мегӯям, ки ин са-
фар ба он кас ва амакзодаашон - Аминҷон махдум таъси-
ри мусбат кардааст; ҷаҳонбинии он касро вусъат дода,
ақидаашонро ба зиндагй тағйир додааст. Бедарак набуд,
ки забони русиро омӯхта, аз байни русҳо ба худ дӯстҳо
пайдо карда, газетахон ва навпараст шуданд.

Чи тавре ки іуфтам, модарам дар дусолагии ман вафот

19
кардаанд. Пас аз іузаштани идда ба падарам зан доданй
шудаанд. Модаркалонам (модари падарам, ки мо он касро
тӯтапошшо меіуфтем) маслиҳат додаанд, ки зани падарам
бояд як духтари синнаш калонтар, бо таҷриба ва ӯхдабаро
бошад. Зеро ки мо се нафар аз модар сағира мондаро чун
фарзанди худаш тарбия кунад. Бо ин мақсад кофтуков ва
ҷустуҷӯ намуда ояи калониамонро ёфтаанд. Вай духтари
як муллой қашшоқ аз гузари Бозори Нав буда, модару як
бародар доштааст, синнаш ҳам ба бистсолагй расида буда-
аст. Падарам аз хостгорҳои рафтагй пурсидаанд, ки ҳусну
ҷамоли духтар чй тавр? Онҳо ҷавоб додаанд: «Бад не, фар-
занди одам-дия!» Яъне ки чандон хушрӯ ва бахусн не. Па-
дарам, ки фарзанддӯст буд, ба хотири тарбияи мо ба ги-
рифтани «фарзанди одам...» розй мешавад. Тӯй кардаанд,
ё не, намедонам. Вақто ки дар Қароқӯл ман одаму оламро
медонистагй шудам, ояи калонй, модар ва бародараш -
Дтқиёхоҷа дар ҳавлии мо буданд. Модари оякалонро мо
«Ойбибй» меіуфтем, вай кампири даступойнок, хушфеъл
ва хунарманд буд. Моро натз саробонй мекард. Дар хоти-
рам ҳаст, ки агар шабҳо базудй хобам набарад, синаи ху-
дашро ба даҳонам медод. Ман намаккам ҳам синаро ба
даҳон гирифта мехобидам. Оякалон хӯрокҳои бомаза ме-
пухт. Аз ин ҷиҳат мо розй будем. Лекин вай (оякалон) ан-
даке девонафеъл ва камақлтар баромад. Бесавод буд.
Шеъру мусиқию нафосатро памедопист. Бинобар он па-
дарам чун ҳамсараш, чун рафиқи ҳаёташ аз вай розй на-
буд. Ҳиссиёти падарам нозук ва баланд буд. Сӯҳбати ши-
рин, лутфу марҳамат ва навозишро дӯст медошт. Мусиқй
менавохт, ишқия буд. Китобҳои бисёре дошт, китобхон ва
босавод буд. Аз сиёсат ва рафти зиндагй бохабар, хуллас
ки одами мадании замонаш буд. Аммо дар сӯҳбати ояка-
лон аз ин чизҳо асаре намеёфт. Бинобар он агар аз берун

20
барвақт ба хона дарояд, агар меҳмон надошта бошад, беш-
тар ману бародараму ҳоҳарамро дар хона ба атрофаш ме-
гирифт. Ба мо аз гузашта, аз саёҳатҳои кардагиаш, аз Ялта,
аз Петербург, аз Қазон нақлҳо мекард. Ба мо маълум шуд,
ки дар сафари Ялта ва Петербург ба онҳо (яъне ба падарам
ва амакзодааш Аминҷон махдум) Мулло Мирзо ном
маҳрами хоси худро бобом ҳамроҳ кардаанд, ки ба
намозхонӣ, рӯзадорӣ ва ибодати фарзандонашон дар са-

фар мувзибат кунад, хабардор бошад; мабодо онҳо коре,

-Г г г—-да». J ■ A-afe- <%. nf.fl і, :~ж~ r *

амалеро шоиқ шаванд, ки боиси қаҳру ғазаби худо бошад.
Ammo мулло Мирзои бечора коре карда наметавонад.
Махдумҷонҳо аз худи Когон, аз он даме, ки ба вагони
дараҷаи якум (мулоим) медароянд, саллаю ҷомаҳоро
1 ғундошта монда, ба cap телпакҳои баррагии кавқозидӯхт,
ба тан костюмҳои аврупой карда, пива нӯшида, ҳаёти та-
моман дигархеларо оғоз кардаанд. Дар Петербург дар
моҳи рамазон мерасанд. Он вақт дар он ҷо тақрибан шаб
набудааст, қариб бист соат офтоб дар осмон будааст. Мул-
ло Мирзои бечора ҳар рӯз бист соат рӯза медоштааст. Па-
дарам ва Аминҷон махдум ҳарчанд, ки рӯзаи ӯро
хӯронанд, қабул накардааст. Бинобар он маҷбур шудаанд,
ки зудтар ба Қазон раванд...

Ин ҳикоятҳоро шунида мо завқ карда механдидем. Мо-
доме ки аз рӯза ran шуд, ба хотирам расид, ки падарам
моро (инчунин ояи хурдии моро) рӯза доштан намемон-
данд. Ман як бор дар Ғиждувон ҳавас карда рӯза доштам,
падарам қариб маро шрифта зада буд. Худи ҳамин факт
нишон медиҳад, ки он кас ба дину шариат он қадар бовар
надоштанд ва ё ҳамаи аҳкоми шариатро чун муллоҳои
ҷоҳили хурофотпараст сахт риоя намекарданд.

Бале, падарам ба мо нақлҳои ширин мекарданд, моро
навозиш мекарданд ва ҳамаи ин ба оякалонй намефорид,

21
моро бад медид, вале чорае надошт. Дар ин байн падарам
ба фикри зани дуюм (сеюм) афтоданд. Дар хотир надорам,
ки он кас кай ба Бухоро рафтанд ва чи тавр ояи хурдиро
ёфтанд, фақат ҳамин дар хотирам мондааст, ки як рӯзи
тирамоҳ аз Бухоро аммапошшо ва занҳои бисере ояи хур-
диро шрифта оварданд. Аз қозихона дуртар, дар соҳили
дарёи Қароқӯл як ҳавлии дарунберуннокро ба гумон
иҷора гирифтанд ва дар он ҷо як шаб тӯйчае карданду
соҳиби зани сеюм шуданд. Ояи хурдй зани донишманд,
зебо, русидон, босавод ва бо назокат буд. Падарам бо вай
худро хушбахт мешуморид ва ӯро хеле дӯст медошт. Пе-
кин ҳаёташ сахту вазнинтар гашт. Зеро ки ояи калонй ба-
мавриду бемаврид бо падарам ва бо мо ҷангу ҷӯш
мекардагй шуд. Падарам як шаб дар хонаи ояи калонй
бошад, шаби дигар дар хонаи ояи хурдй мешуд ва албатта
дар ҳар ҷо падарам бошад мо ҳам мешудем ва медидем,
ки падарам дар хонаи ояи хурдй іул-гул мешукуфт, хур-
санду хандон ва хушчақчақ мешуд. Пекин дар хонаи ояи
калонй зиқ мегашт, аз сӯҳбати вай лаззат намебурд (чй
ҳам меіуфт ояи калонй! Е ғайбат ва шикояти палонҷашро
карда падарамро мегиччид, ё аз камбудиҳои рӯзғор шико-
ят мекард, ё маро ба падарам мехоёнид...).

Дар Қароқӯл натз буд, ки ҳавлии ояи хурдй алоҳида ва
аз қозихона як кӯча он тараф буд. Пекин дар Чорҷӯй ва ху-
сусан дар Ғиждувон ҳавлиҳо шафат ва дар миён фақат як
похсадевор буд. Бинобар он палонҷҳо бевосита
ҳамдигарро медиданд ва ба ҳамдигар суханпарронй ме-
карданд. Ҳатто ояи калонй ба тарафи хонаи ояи хурдй санг
мепартофт.

Падарам ҳеҷ касро, хусусан зану бачаҳояшро намезад.
Фақат ҷазаба мекард, дӯғ мезад. Ояи калонй, ки пӯстғафс
буд, аз ҷазабаҳои падарам наметарсид. Ҷашуҷӯшро давом

22
медод. Ин ҳаёти дарунии оилавй, ки тираю тор буд ва боз
воқеаҳои дигар, ки дар поёнтар мегӯям, бемории пада-
рамро афзудан гирифтанд. Касалии сил, ки дар шушҳои
вай хона монда буд, охир кори худашро кард ва дар соли
1924 падарамро аз зиндагӣ маҳрум кард.

Падарамро ҷадид ва тарафдори ягон гурӯҳ ва ё партия
іуфтан намешавад. Вай одами замони худ буд. Лекин
оқил, босавод ва аз олам камубеш хабардор буд. Дӯстони
ҷавон ва навфикр дошт, ба мисли Аминҷон махдум,
Қулиҷон, Айнй ва бисёр дигарон, ки ба Қароқӯл ва
Чорҷӯй омада мерафтанд. Падари ояи хурдй
Муҳаммадии тарикачй ном дошт, низ одами бафаҳм, бо-
савод ва русидон буд ва фарзандони худро низ хуб тарбия
намуда, русй омӯхта буд, Додари ояи хурдй - Фазлиддин
Муҳаммадиевро мо «Ҷӯра» меіуфтем ва бо вай хеле дӯст
ва улфат шуда будем. Вай бачаи хушёр, ихтироъкор (дар
бозиҳо ва асбобҳои бозй) ва хушфеъл буд. Дар хондан ва
илм омӯхтан ҳаваси калон дошт. Пас аз инқилоб дар мак-

таби нав хонда муаллим шуд ва то синни пирии худ даре
ѵ , ѵ,

дод. Ҳоло нафақахур аст...

Инак, падарам дар сӯҳбати ин дӯстон ва ҳамфикрони
худ, навпараст ва кӯҳнабезор буд. Лекин қозй буд ва аз да-
ромади қозигй нон мехӯрд. Ба амир ва ҳокимияти ӯ
муқобилият кардан, зиндагии халқро тағйир додан барин
фикрҳо ба сари ӯ намеомаданд, вай аз ин андешаҳо дур
буд. Дар вақти дар Қарокӯл қозӣ буданаш унвони «ӯроқ»-
ро дошт. Баъд, вақте ки ба Чорчӯй қозй шуд, ба ӯ унвони
«Судур»-иро доданд.

Дар Қарокӯл чор-панҷ сол қозй буд. Баъд як рӯз хабар
омад, ки падарам ба Чорҷӯй қозӣ шудааст. Дар ҳавлй
ҳаракати кӯчокӯч cap шуд. Падарам аз Бухоро хабар фи-
ристод, ки фалон рӯз бо поезд ба тарафи Чорҷӯй меіуза-

23
рад, ака Турсун (одами падарам, ки мѵаккали мо буд) ме-
боист моро ба стансия барорад. Ҳамон рӯз акай Турсун
моро ба фойтун сувор карда роҳи стансияро пеш гирифт
ва бо акем якзабон туда, маро ташвик, мекарданд, ки агар
падарам хоҳад, ки моро ҳамроҳи худаш ба Чорҷӯй барад,
ман розй нашавам, ҳамроҳи ояҳо меравем іуям.
Нафаҳмидам, ки мақсадашон чист, чаро намехоҳанд, ки
ҳамроҳи падарам ба Чорҷӯй раванд. Дар ин бора баъдтар
тааммул карда донистам, ки ҳамроҳи кӯчу кӯман, ҳамроҳи
ояҳо (занҳо) рафтан ба онҳо хушаст ва худро озод ҳис ме-
кунанд. Ҳар чӣ хӯранд, ҳар куҷо раванд ихтиёрашон! Аммо
ман тамоми роҳ, то худи стансия дар дил худо меіуфтам,
ки падарам маро ҳамроҳаш тирад.

Дар саҳни стансия расида будем, ки поезди «Почтовой»
ҳам расида омад. Падарам дар тан ҷомаҳои фохира, дар
cap саллаи сафед, дар печи салла «Ёрлиқ» халонида
шудагй, аз зинаҳои вагони класси якум (вагони мулоим)
фуромада омад. Дар саҳни стансия, сардори стансия, ака
Турсун, дигарон ва мо ба пешвози ӯ рафта муборакбод
кардем. Падарам маро бӯсид ва ба вагон гирифта даро-
вард. Аз пас сардори стансия ва дигарон даромаданд,
хурсандй ва муборакбодиҳо карданд. Баъд падарам пур-
сид, ки барои мо билет гирифтаанд, ё не. Ака Турсун іуфт
не! Падарам фармуд, ки зуд рафта то ба Чорҷӯй билет ги-
ранд. Ака Турсун билет гирифта омад, ман хурсандона па-
дарамро бӯсидам.

Чорҷӯй дар соҳили чапи дарёи Омӯ, аз «Девонабог», ки
шаҳри нав, стансияи роҳи оҳан ва бандаргоҳи дарёи
Омӯро ҳамин тавр ном ниҳода буданд, қариб даҳ-дувоздаҳ
чақрим ба тарафи ғарби ҷанубй воқеъ гашта буд. Ин
шаҳри қадима бо арку регистону бозорҳои калонаш аз ди-
гар шаҳрҳои калони аморати Бухоро фарқе надошт. Ал-

24
батта аз Қароқӯли мо хеле калон ва шаҳри ҳокимнишин
буд. Чй тавре ки іуфтам, дар вақти қозӣ будани падарам
дар Чорчӯй мир Муҳаммад Юнус буд. Агар дар Қароқӯл
падарам калонтарин каси туман бошад, дар Чорҷӯй ба
мир Муҳаммад Юнус тобеъ буд ва ҳар рӯзи ҷумъа ба қабул
ва «шӯлон»-и вай ба болои арк мерафт. «Шӯлон» іуфта,
қабул ва меҳмондориеро меіуянд, ки ҳар рӯзи ҷумъа ка-
лонтарини вилоят (ё туман) барпо мекунад. Дар он
меҳмондорй қозӣ, раис, амлокдор ва муфтию дигар казо
в а казоҳои шаҳр ҳозир мешуданд, сӯҳбат мекарданд, ош
мехӯрданд ва бо рухсати мир (ё қозй) баргашта мераф-
танд. Падарам шӯлонравиро бад медид, маҷбуран мерафт.
Агар зиқ шавад, гоҳ-гоҳ моро ҳамроҳ шрифта ба
«Девонабоғ», ба шаҳри нави Чорҷӯй мерафт. Он шаҳри
аврупой ба шумор мерафт. Депо, заводҳои пахта,
равғанкашй, бандаргоҳ ва дигар муассисаҳои техникй,
ресторанҳо, магазинҳо ва кинотеатрҳо дошт. Дар он шаҳр
коргарон, мутахассисҳо, инженерҳо ва духтурҳо зиндагй
мекарданд. Русҳо, арманиҳо, туркманҳо, тоҷикҳо ва туркҳо
буданд. Аз шаҳри кӯҳна ба шаҳри нав рафтан як саёҳати
калон, як сафари аҷоиб ба ҳисоб мерафт. Гӯё, ин хел
сайрҳои падарам ба мир Муҳаммад Юнус маъқул нашуда-
аст ва ӯ ба воситаи маҳрамҳояш инро ба падарам расони-
дааст. Бинобар он падарам ба мир хурмат надошт, муно-
сибати хуб намекард.

Дар Чорҷӯй қозихонаи калоне буд. Ба тайр аз
меҳмонхонаи падарам, ки ҷои арзпурсии вай ҳам буд ва

дар зери айвон воқеъ гашта буд, боз чандин хонаҳои дигар

г- л Strv&r

буд. Дар ин хонаҳо меҳмонҳо, мирзоҳо ва мѵлозимхо _меи-

стоданд. Дар Чорҷӯй мо фақат ду сол истодему ҷанги Ко-
лесов cap шуд ва мо іурехта ба Бухоро рафтем. Ҳеҷ
фаромӯш намекунам, ки ним сол пеш аз cap шудани ҷанг

25
аз Бухоро амакбачаи ман Усмонхон махсум ва амакзодаи
падарам Аминҷон махсум ба Чорҷӯй омаданд. Баъдтар
фаҳмидам, ки онҳоро амакам қозй Бурҳониддин іурезон-
да, бадарға карда ба Чорҷӯй фиристодааст; іуё бо ҷадидҳо
ҳамфикр будани онҳо ба баъзе аз ахди аморат ошкор шу-
дааст ва амакам пораи бисёре дода, ҷони онҳоро харида
гирифтааст.

Як рӯз, зимистон буд, қариби торик шудани рӯз ман ба
ҳавлии берун баромадам, ки дар рӯи ҳавлй касе нест, ҳатто
дарвозаи қозихона баста шуда буд, Ака Турсун ҳам наме-
намуд. Ҳайрон шуда истода будам, ки падарам аз
меҳмонхона баромад; қабоқҳояш овезон, табъаш хира буд.
Ба канори суфа рафту:

- Усмон! - іуён фарёд кард.

Ин тавр бо овози баланд фарёд кардани падарамро ав-
валин бор шунидам. Вай дубора ҷеғзада буд, ки аз
меҳмонхонаи хурд Усмонхон Давида баромада омаду ху-
дашро ба зери пои падарам партофт. Падарам аз канори
суфа химчаҳои тайёр карда монда шудаи юлғунро шриф-
та ба пушту сэру пои Усмонхон задан шрифт. Боз фарёд
карда Атқиёхоҷаро ҷеғ зад. Атқиёхоҷа (бародари ояи
калонй) аз куҷо пайдо шуда омаду дар назди пои падарам
дузону нишаст ва ба зорию тавалло даромад. Падарам ба
ду даст ду химча шрифта ҳар дуро задан шрифт. Вақто ки
химчаҳо мешикастанд, дигарашро мегирифт ва мезад.
Раҳми ман ба ҳоли шаттахӯрандагон омада гиристам. Ака
Турсун омада маро ба кӯча шрифта баромад. Пурсидам,
ки падарам чаро ин қадар бераҳмӣ мекунад, чаро хешо-
вандони худашро мезанад. Ака Турсун гуфт, ки онҳо
гуноҳи зӯр кардаанд. Лекин воқеаро наіуфт, агар гӯяд ҳам,
ман шояд дуруст сарфаҳм намерафтам. Баъдтар донистам,
ки Усмонхон ба як дӯсти ҷадидтақлидаш ба воситаи

26
Атқиёхоҷа хат навишта фиристодааст ва он хат дар
натиҷам беэҳтиётии Атқиёхоҷа ба дасти амаки Қозикалон
Бурҳониддин афтодааст. Қозй Бурҳониддин падарамро
сахт сарзаниш карда хат фиристодааст ва гуфтааст, ки
ҷазои Атқиёхоҷа ва Усмонхонро бидиҳад ва наіузорад, ки
пас аз ин хату хабар кунанд.

Амакзодаи падарам Аминҷон махсум хеле эҳтиёткор ва
боақл буд. Ҳарчанд ки муносцбати вай бо ҷадидон, хусусан
бо гурӯҳи Айнӣ ва ёрони ӯ зичтар ва мустаҳкамтар буд,
лекин ба даст наафтода буд. Бинобар он ба итоби падарам
барнахӯрд. Аминҷон махсум, ки русиро хуб медонист,
мактубҳои аз консулхонаи Русия омадаро хонда ба
падарарӯсаш (қозй Бурҳониддин) тарҷума карда медод.
Дар айни ҳол мазмуни он хатро (агар тавонад худи мак-
тубро) ба ҷавонбухориҳо мерасонд. Аз ин ваҷҳ хизмати
Аминҷон махсум дар роҳи инқилоби Бухоро кам набуд.
Бинобар он буд, ки Аминҷон махсумро пас аз инқилоби
соли 1920 ба вазифаҳои масъули ҷумхурияти халқии Бу-
хоро іузоштанд. Медонам, ки вай аввал нозири адлия буд.
Баъд ба Кармина раиси Комитаи инқилоб таъин шуд.
Вақто ки вай дар Кармина буд, падарам ману бародарам
ва ака Шарифхон (амакбачаи ман писари Қиёмҷон мах-
сум)-ро ҳамроҳ шрифта ба Кармина сафар кард. Он вақт
ба Кармина бо поезд мерафтанд. Ман шоду хурсанд бу-
дам, ки боз ба поезд сувор мешавам. Падарам инро медо-
нист ва бинобар он то ба Когон ҳам ба «поездча» сувор
шуда рафтем, дар Когон ба вагони дилхоҳ нишаста ната-
вонистем. Поездҳо серодам, ифлос ва сустгард буданд. Ба
ҳар ҳод ба як вагони «обши» (умумй) ба зӯр билет шрифта
сувор шудему ба як кати поён як навъе карда ҷо гирифтем.
Ман натавонистам, ки дар назди тирезаи вагон нишаста,
дашту саҳроҳоро тамошо карда равам. Хайр, майлаш,

27
ҳамин іумбур-іумбур карда рафтани поезд ҳам як кайфе
дорад. Баъд аз тирезаи начандон калони вагони класси се-
юм камубеш берунро ҳам дидан мумкин мешуд. Хул оса,
қариби нимрӯзй ба Кармина расидем. Як аробаи кӯтакро
киро карда ба сӯи шаҳр раҳсипор гаштем. Дар қарибии
Кармина фиристодагони Аминҷон махсумро се-чор нафар
сувор ва як фойтуни дуаспа моро пешвоз гирифтанд ва
маълум шуд, ки ба истиқболи мо ба стансия равона буда-
анд. Амаки Аминҷон моро хушу хурсандона пешвоз ги-
рифт. Бошишгоҳи вай иборат буд аз бота васеъу калони
сермева ва ҳавлии ҷои дарун берундор. Ҳам идора ва ҳам
истиқоматгоҳи вай дар ҳамин ҷо буд. Меҳмонхонаи кало-
ни дубаҳра, ки столу устулҳо ва диванҳо дошт бо қолину
гилемҳо муфраш буд, ҳам кабинета раиси комитета
инқилобй (ревком), ҳам ҷои меҳмонқабулкунии амакам
буд. Дар ҳавлии дарун аҳли байта раис, бо ҳамон карру
фарри қадима, бо хизматгор ва кайвониҳо ва ошпазҳо
зиндагй мекарданд. Ман диққат карда бинам гирифту-гир
ва тарзи зиндагонии раиси ревком аз қозии пештара хеле
кам фарқ мекард. Инро ман на аз нуқтаи назари танқид,
балки аз нуқтаи назари бачагонаи худам медидам ва
боварӣ доштам, ки бояд ҳамин тавр ҳам шавад.

Дар болои қалъаи баланди Кармина штаби аскарони
сурх ҷо гирифта буд, ки он шаҳрчаи ҳарбӣ ба шумор ме-
рафт. Як бегоҳӣ моро сардори штаб ба кабинета худ хабар
кард. Дар хотирам ҳаст, ки ҳамон рӯз борон меборид. Мо-
ро ба фойтунҳо савор карда ба болои қалъа бароварданд
ва ба як хонаи калон дароварданд, ки дару девораш пур аз
милтиқу пулемёту яроқу аслиҳа буд. Маро то андозае
воҳима гирифт. Зеро, мизбонон ҳам cap то по мусаллаҳ
буданд. Вақто ки дар сари стол нӯшонӯшй cap шуд ва
командирҳо андак кайфбаланд шуданд, ҳар замон

28
тапончаҳою гранатаҳоро ба даст гирифта, бозй медоданд
ва сӯҳбат дар бораи ҷанги босмачиён буд. Дар он вазъият,
он 1уфту1ӯҳоро шунида ману акаам дар ҳақмқат тарсидем.
Маълум шуд, ки дар гирду атрофм Кармина босмачй би-
сёр будааст. Агар аскарони сурх набошанд, ревком ва
идораҳои ҳукумати Бухороро дар як шаб тороҷ мекарда-
анд. I

Дар ҳамин сафар ман аввалин бор номи Ленинро шу-
нидам ва сураташро дидам. Ин дар пагоҳии ҳамон рӯзи ба
қалъа рафтани мо буд. Амакам ба куҷое рафта буд, мо ӯро
дар кабинеташ мунтазир будем. Ба іумонам ҳамроҳ ба ҷое,
ба тамошое рафтанй будем. Падарам дар кабинет
қадамзада мегашт ва як бор ба рӯбарӯи сурате истода
монд ва ба фикр фурӯ рафт. Ман ба наздаш рафта, низ ба
сурат диққат кардам. Бай сурати Ленин буд, ки дар каби-
неташ, дар ҳолате, ки ба рӯи стул нишаста газетаи «Прав-
да»~ро дар даст медошт гирифта шуда буд. Аз падарам
пурсидам, ки ин расми кист. Падарам аз сурат чашм на-
канда истода гуфт, ки:

- Ин расми Ленин аст. Ленин роҳбар ва сардори давла-
ти Шӯроист. Ба инқилоби Руссия роҳбарй кард, Ҳукумати
кӯҳиаро барҳам дод, амири Бухороро ҳам бо фармони Ле-
нин зеру забар карданд. Ту бояд ӯро натз донй ва натз
шиносй!

Ҳамин суханҳои падарам ҳеҷ аз ёдам намераванд ва ман
пас аз он кӯшидам, ки дар бораи Ленин бештар донам ва
бештар фаҳмам.

Сафари Карминаи мо ба охир расид. Пас аз як ҳафта
меҳмонй, мо ба Бухоро баргаштем. Амакам Аминҷон бо-
шад, боз дар дигар идораҳо кор кард ва пас аз ташкили
республикам ӯзбекистон ба Самарканд рафта дар Совети
вазирони ӯзбекистон кор кард. Баъд ба Тошканд кӯчиданд

29
ва солҳои 1936 аз кор рафт, нафақахӯр буд. Як-ду китоб
барои нашриёти давлатии Тоҷикистон тарҷума карда дод.
Дар соли 1937 дар қатори бегуноҳони дигар ба ҳабс ги-
рифта шуд, вале пас аз ду сол озод гашту дар охирҳои
солҳои ҷанг вафот кард, хеле афсӯс!

Амакам Аминҷон махсумро, ки ҳақиқатан одами аҷоиб
хушсалиқа, доно ва табъаш баланд буд, ман дӯст медош-
там ва номи ӯро, корнамоиҳои ӯро кам бошад ҳам дар ро-
мани «Сафар Махсум дар Бухоро» қайд карда іузаштам.
Биіузор, он чанд саҳифа ба хотираи поки ӯ аз ман ёдгор
бимонад!

* * *

Сӯҳбати мо дар бораи Чорҷӯй ва қозигии падарам дар
он ҷо буд:

Чорҷӯйро, хусусан шаҳри нави Чорҷӯйро
(Девонабоғро) шаҳри инқилобй номидан мумкин буд. Дар
соли 1920 аввалин анҷумани коммунистони Бухоро дар
Девонабоғ кушода шуда буд. Зеро дар ин шаҳр, ки іуфтан
мумкин аст русист, коргарон бисёр буданд. Ҳокимияти
амир, дасти зулми аморати Бухоро намерасид. Дар ин ҷо
ҳаракати инқилобӣ рӯз то рӯз меафзуд ва дар рӯзҳои
воқеаи Колесов дар байни ҳокими Чорҷӯй ва аскарони ӯ аз
як тараф ва коргарони шӯришкарда ҷанги сахте дарги-
рифт. Падарам, багумон аз пешомади кор бохабар буд, ки
ҳанӯз ҷанг cap нашуда, моро ба тарафи ӯбачӯлй (шаҳрчае
дар канори роста дарёи Ому) фиристод. Кӯчи моро
падарарӯси падарам амаки Муҳаммадии тариқачй
сардорй мекард. Истгоҳи аввалии мо дар ин сафар ҳавлии
Чӯлибойи машхур буд.

Дар Чорҷӯй аскарони мир Муҳаммад Юнус ва аламони
бисёре ба Девонабоғ ҳуҷум мекунанд. Қисми зиёди роҳи

30
оҳани Чорҷӯй-Мориро канда мепартоянд. Лекин аскарони
инқилоб, коргарон ва меҳнаткашони ба шӯромада ҳуҷуми
аксулинқилобро зада бармегардонанд, роҳи оҳанро зуд ба
ҷояш монда, аз Мории Ашқобод ёрӣ мепурсанд. Гӯё, ёрй
ҳам мерасад ва чандин рӯз шаҳрчаи Девонабоғ ва Чорҷӯй
дар дасти шӯришгарон мешавад. Лекин баъдтар амир ас-
кар фиристода, бо ёрии офитсерони сафед Чорҷӯйро ба
даст медарорад ва шӯришро зер мекунад.

Мо аз ин моҷароҳо бехабар, дар ҳавлии калон ва
ҳангомадори Чӯлибой бозй карда мегаштем. Мо мегӯям,
яъне бародарам ва ҷӯраамон Фазлиддин

Муҳаммадизодаро дар назар дорам. Бале, ҳавлии Чӯлибой
дар домани дашт бошад ҳам хеле калон, хеле хуб ва
ҳангомадор буд. Чандин ҳавлӣ-ҳавлии берун бо
меҳмонхонаи калону тирезаҳои рангдораш бо рӯи ҳавлии
васеъ ва дарахтзораш, бо саисхонаҳо ва аспхонаҳояш;
ҳавлии дарун бо хонаҳои бисёр, бо ошхона ва
кайвонихонаҳояш; бо анборҳо, говхонаҳо ва қӯтанҳои
гӯсфандонаш замини бисёреро ишгол карда буд.
Қишлоқи начандон калон, бо кулбаҳои ҳақиронааш
қадаре дуртар ҷо шрифта буд, ки тақрибан ҳамаи марду-
мони он хизматгорҳои Чӯлибой буданд. Дар ҳавлии
Чӯлибой занҳо дар андарун, мардҳо дар ҳавлии берун ҷо
гирифтанд ва аз ҷиҳати хӯроку таъминот дараҷаи олй буд.
Рӯзе чандин бор таомҳои болаззат пухта мебароварданд ва
моро парвариш менамуданд.

Дашти васеъ, юлгунзор, регзор шавқи моро боло карда
буд. Мо ки дар шаҳр осмони васеъро намедидем, дар ин
саҳрои васеъ кайфе доштем. Аз чӯби юлгун тиру камон
месохтем, бо бачаҳои қишлоқ «ҷангбозӣ» мекардем. Хаба-
рамон набуд, ки даҳҳо километр онтарафтар тӯппарронй
давом дорад ва бомбаҳо мекафид, мардум барои озодй

31
мубориза мебаранд...

Рӯзи дуюм, ё сеюм хабар омад, ки «кӯчро бардоред!»
Кӯчу каманро бардошта ба канори наҳри Ому расидем.
Ҳаво тира, шамоли сард мевазид. Калонҳо бо
киштиронҳои туркман гапзаноц карда фақат занҳо, бачаҳо
ва чанд нафар аз калонҳоро ба кема андохтанд. Ман бори
аввал дар умри худ ба рӯи об дар кема шино мекардам.
Росташро мегуям, ки дар дилам ҳеҷ як тарсе набуд,
ҳарчанд ки оби дарёи Ому пуртуғён буд, кемаро шамол
мелаппонид. Аз симои хоҳар ва ояҳоям медидам, ки онҳо
ба тарсу ҳаросанд, аз худо паноҳ мехоҳанд. Киштиронҳои
туркман нотарсона кема ронда дар ним соат моро ба
соҳили дигар расониданд. Дар он ҷо амаки Муҳаммадй
хоҷа, ки сардори корвон буд, аспу ароба ёфта моро савор
кард ва дар охири рӯз ба Бурдалиқ расидем. Ҳокими
Бурдалиқ моро хуш қабул кард ва ман, ки ҷогаҳи хобро
ёфтам, зуд хобидам. Рӯзи дигар ба ҳавлии берун баромада
дидам, ки боқимонда одамони мо кӯчу борҳоро аз дарё
іузаронида овардаанд. Ака Турсун нақл мекард, ки пас аз
шино карда рафтани мо онҳо кемаро хеле мунтазир шуда-
анд. Ду-се савори туркман, ки аз афташон ятмогар ва
роҳзан барин будаанд, дар гирду атрофи онҳо чарх зада-
анд. Дар он ҳол ака Турсун ва дигар одамони мо таппонча
ва милтиқҳои худро бароварда, ба ҳолати ҳозирбош даро-
мадаанд. Роҳзанҳо яроқи оташборандаро дида тарсидаанд,
магар ки онҳоро монда рафтаанд.

Баъди як рӯз падарам ба Бурдалиқ омад. Моро навозиш
кард, зиёфати ҳокимро хӯрд ва ба калонҳо супоришҳо до-
да боз гашта рафт. Ба пурсиши ман іуфтанд, ки вай боз ба
Чорҷӯй рафтааст. Рӯзи дигар мо як корвон - иборат аз се-
чор шутур, хару асп ташкил дода, озими Бухоро шудем.
Ин сафарро ҳеҷ фаромӯш намекунам. Моҳи март буд, ҳаво

32
борони, андак хунук... Ба шутурҳо каҷобаҳоро бор кар-
данд, ки болояшон аз чӯбҳои бед айвонча - соябон карда
шуда ва бо намадҳои ғафс пӯшида буданд. Даруни
каҷобаҳо бо гилемчаҳо ва кӯрпачаҳо іустурда шуда бу-
данд, ки барои нишаста рафтани ду кас хеле мувофиқ буд.
Ман бо хоҳарам дар як каҷоба, дар каҷобаи тарафи дигари
шутури мо ояи хурдй бо додараш буд. Дар дигар каҷобаҳо
ҳам дукаса-дукаса - дар ҳар шутур чор кас ва дар шутури
охирин, ки дар каҷобаҳои он озуқаворӣ - нон, іушти ях-
нии бисёре, машкҳои об бор карда шуда буд, як кас, дар як
каҷоба амаки Ҳоҷӣ Муҳаммад ва дар каҷобаи дигар баро-
дари калонии ман ҷо шрифта буданд. Ака Турсун ва дигар
мардҳо дар аспҳо буданд.

Ба каҷобаҳо нишастем, шутурҳо аз ҷо бархоста ба роҳ
даромаданд ва борон ҳам cap кард. Тамоми рӯз дар регзо-
ри Қароқум роҳ гаштем. Шаб дар доманаи теппае манзил
кардем. Борон борида истода бошад ҳам барои ёзонидани
поҳо аз каҷобаҳо баромада, дар дашт камтар гаштем, дар
іулхани оташе, ки барандагони мо аз хору хас афрӯхта бу-
данд, нишастем, чою нону іушт хӯрдем ва боз ба каҷобаҳо
даромада, поҳоро лунда карда хобидем. Аввали рӯз, ки
бедор шудем, ҳанӯз борон меборид. Камтар-камтар нону
іушт ва як пиёлагй об нӯшидему боз ба роҳ даромадем.
Тамоми рӯз роҳ гаштем. Бобо Ҳоҷӣ (амаки Муҳаммадй
хоҷа) нону іушту обро эҳтиёт мекард; мурдам, мурдам
іуфтан баъд камтар хӯроку об медод. Шаб боз шутурҳоро
шинонданд ва мо берун баромадем. Роҳбаладҳо гуфтанд,
ки ситораҳо наменамоянд, эҳтимол мо роҳро іум карда
бошем. Канй имшаб борон монад, ситора намояд, роҳ
маълум мешудагист. Лекин борон намонд, ситора нанамуд
ва мо боз як рӯзи дигар азоб кашидем. Саҳари дигар бо-
рон бозмонд, офтоб баромад ва мо дар осмон селаи

33
зоғҳоро дида хурсанд шудем. Ин якумин аломати зиндагӣ
дар он дашти бепоён буд. Фақат дар рӯзи чорум роҳи Бу-
хороро ёфта, дар нимрӯзӣ аз дарвозаи «Қарокул»-и Бухо-
ро ба ин шаҳри пурғулғула ва серодам ва ободу маъмур
ворид гаштем.

Шаҳр бо қалъаи баланд ва мустаҳками таърихй иҳота
шуда буд. Ин қалъаи мустаҳками таърихиро пас аз
инқилоб, пас аз солҳои 1925 оҳиста-оҳиста вайрон карда,
хокашро чун «порӯ» истифода бурданд ва ҳоло фақат як
чанд сад метр ду тарафи дарвозаи «Қарокӯл» боқӣ монда-
аст, ки он ҳам фатарот шуда, рехта ва нобуд шуда истода-
аст. (Ин боқимондаи қалъаро барои бардоштани филмҳои
таърихй истифода мебаранд). Ин қалъа дар вақташ
дувоздаҳ дарвоза доштааст, ки баъд яке аз ин дарвозаҳо
масдуд ва баста шуда мондааст. Ёздаҳ дарвозаи боқимонда
(дарвозаи Қавола-Қаршй, дарвозаи Самарқанд, дарвозаи
Мазор, дарвозаи Талипоч, дарвозаи Қарокӯл, дарвозаи
Шайх Ҷалол, дарвозаи Намозгоҳ, дарвозаи ӯғлон, дарво-
заи Салоҳхона) ҳама бурҷу бораҳо 1улдастаҳо,
қаровулхонаҳо дошта, аз чӯбҳои ғафс ва мисли оҳан
мустаҳкаму вазнин сохта шуда буданд, ки ҳоло аз ин
дарвозаҳои чӯбину таърихй ягонтааш ҳам боқӣ намонда-
аст. Куҷо шуданд ин дарвозаҳо? Наход ки ҳамин тавр ашёи
таърихй ва мустаҳкамро сӯхта, ҳезум карда бошанд?

Бале, ба Бухорои таърихй, ба Бухорои машхур ва ободи
Машриқзамин ворид гаштем. Пас аз се-чор рӯза сафари
дашти Қароқум, пас аз азоби каҷобанишинӣ, шаҳри Бухо-
ро ба назари ман мисли ҷаннат менамуд. Кӯчаҳои санг-
фарши он, растаю бозорҳо, баққолҳо, нонвойҳо, қассобиҳо
ва оҳангариҳо ва кӯчаҳои пур аз одам, пур аз сувораю пиё-
да, пур аз овозҳои ҳархела ва ғайра ҳама зиндагй буданд,
ҳама аз ҳаёт дарак медоданд... Бале, одам маҳсули ҷамъият

34
аст; бе ҷамъият, дар дашти бекас вай худро ғариб, нотавон
ва пажмурда мешуморад. Чуноне ки дар чоррӯза сафари
дашти Қароқум ман худро ҳис намудам, ҳарчанд ки дар
байни ҷамъияти хурде будам, ҳарчанд ки парасторон
доштам... &$XjL <М г и 4. рШ$<х№

Корвони мо рост рафта дар гузари Дегрезй, дар назди
ҳавлии калони худамогъбозистод. Ба ҳавлй даромадем. Ин
ҳавлӣ як дарвозахонай калоне дошт, ки дар охири хамгаш-
ти кӯча, _дар рӯбарӯи масҷиди Мавлоно Шариф воқеъ гаш-
та, дарвозаи дутабақаи он ба сахлави кале кушода мешуд.

Дар сахлав суфае буд, ки дар вақти ҳавлии раиси Бухоро
будани ин бино дар он хизматгорҳо, арзиҳо ва дигарон
менишастанд. Дар тарафи чапи ин сахлав дари ҳавличае
кушода мешуд, ки дар айвони гирдогирди он аспҳо ва
саисҳо ҷо мегирифтанд. Пас дар охири сахлав дари ҳавлии
берун буд, ки дар тарафи рост воқеъ гашта, омадаро ба
рӯи ҳавлии васеъи хиштфарш мебаровард. Бевосита пас аз
дарвоза, дар тарафи рост бо се-чор зина ба рӯи суфа ва
таҳти айвони баланд мебаромадед, ки дар он ҷо дахдез ва
хонаи калон бо мадонаш воқеъ гашта ва ин хона - хонаи
раиснишин ва меҳмонқабулкунӣ буд. Дар поёни суфа боз
як хона (шояд мирзохона бошад) ва дар рӯбарӯи айвон боз
як хонаи ёздаҳболори баланд буд. Дари ҳавлии дарун аз
байни ин ду хона кушода мешуд.

Ҳавлии дарун аз ду ҳавлй, хонаҳои бисёре, таҳхона ва
ошхона иборат буд, ки аз омадани мо ояи калонй дар
ҳавлии асосй, (ки ошхона ва тах^сонаҳо дошт) ҷо шрифту
ояи хурдй дар ҳавличаи шафати он. Сохти ин ҳавлию
хонаҳо, осмони васеъи онҳо, рӯи суфа, тахиона ва
болохонаҳои он ба ман хеле маъқул буд. Аз паси хонаи ка-
лони ҳавлии дарун кӯчаи калони сангфарш меіузашт, ки
тах^сонаи ҳавлй ба он кӯча якчанд сӯрохиҳои ҳаводаро

35
дошт (ин сӯрохиҳо бо панҷараҳои оҳанин мазбут буданд).

Дар Бухоро шодии ман ҳадду канор надошт. Фақат як
чиз диламро мефушурд, ки падарам бо мо набуд. Ҳар
пагоҳ аз хоб бедор шуда мепурсидам, ки дадем омаданд, ё
не. Ҷавоби манфй шунида хафа мешудам. Вале ҳавлию
хонаҳои каршастй, хешу таборҳои бисёр, кӯчаю бозорҳои
серғавғои шаҳри Бухороро дида димоғам чоқ мешуд, ҳама
чизро, ғаму ғуссаро фаромӯш карда, бо ҷӯраҳои шаҳрй,
ҳамгузариҳо ба бозй машіул мешудам. Дар кӯчаҳо сума-
лак, обинабот ва каллапочафурӯшон пайдо мешуданд, бо
садо ва нағмаҳои диққатҷалбкунанда, моли худро таъриф
мекарданд. Мо, бачаҳо ҳавасе доштем, ки як танга пул ги-
рифта, ба даст коса ба кӯча тозем, сумалак, ё обинабот ха-
рем, ҳарчанд, ки дар хона ин чизҳо бисёр буданд.

Падарам пас аз даҳ-дувоздаҳ рӯз омаданд. Намедонам
ки ин қадар муддат дар куҷо буданд, чӣ кор карданд.
Ҳамин қадараш ба ман кифоя буд, ки он кас сиҳату сало-
мат, хурсанду шод баргаштанд. Баъдтар донистам, ки ба-
рои дар ҷанги Колесов Чорҷӯйро аз даст додан, амир ба
мир Муҳаммад Юнус ғазаб карда, ӯро зиндонй кардааст,
падарамро маъзул (бекор) карда, ба рикоб даъват карда-
аст. Ба рикоби амир будан, худаш як ҷазо ҳисоб меёфт.
Зеро ки амир дар куҷо бошад, қозӣ, раис ва мирҳои
маъзули рикобй дар гирду атрофи қароргоҳи амир, дур аз
аҳлу аёл, бекор ва ҳамадам мунтазири фармоиши амир
шуда зиндагй мекарданд. Гоҳ сер буданд, гоҳ іушна. Хай-
рият ки дар вақти рикобй будани падарам, амир дар Бу-
хоро, дар қасри Ситораю Моҳи Хосса буда, рикобиҳо ҳам
дар як чорбоғи қафои боги қаср истуқомат доштанд. Азба-
ски Бухоро наздик буд, гоҳ-гоҳ фарзандонашонро ҷеғ зада
медиданд.

Падарам ки додари қозии калон буд ва қозй

36
Бурҳониддин (амаки ман) дар байни мулло ва муллобача-
гон обрӯй дошт, амир ба вай сахтгирй намекард. Падарам
аз Чорҷӯй баргашта як ҳафта, даҳ рӯз дар ҳавлй буд. Моро
ба мактаби кӯҳна, ки дар «Лаби Чуқурй»-и паси мадрасаи
Азизхон буд, ба хондан дод. Баъд, гуё рикобӣ шуд. Many
бародарам дар дасти муллой «нимчамулло» мехондем.
Ман Ҳафтяку Чоркитоб мехондам. Зеҳнам тез буд.
Сабақҳои додашударо зуд азёд мекардам. Домулло ҳам,
барои гирифтани инъому эҳсон зуд-зуд сабақҳои нав ме-
дод ва ман дар андак муддат Ҳафтякро ба охир расонида,
Қуръон шрифтам. Қуръон гирифтан як тӯй буд. Ба до-
мулло ҷома пӯшониданд, ба мактаб ду-се лаълй нону ши-
ринию мавизу чормағз доданд. Ба ман ака Турсун аз бозо-
ри китоб як қуръони чаппаи зарҳалкорй ва хушхат харида
дод. Аммо акем базӯр Ҳафтякро тамом карда Қуръон ги-
рифт. Бисёр вақт мактабгурезӣ мекард...

Ҳамин тавр, баҳор іузашту тобистон расид. Мо бе
таътил мехондем, фақат рӯзи ҷумъа озод будем. Рӯзҳои
ҷумъа дар хонаҳои масҷиди Мавлоно Шариф ҷаър мешуд.
Ман аввалин бор дар умри худ ҷаърро дидам. Масҷид ва
хонақоҳи Мавлоно Шариф хеле калон буд. Рӯзи ҷумъа
одами бисёре ҷамъ мешуд. Даруни хонақоҳ, беруни он,
таи айвон ва саҳни масҷид аз одами намозхон пур мешуд.
Пеш аз намоз дар қарибии меҳроби масҷид як ҳалқа
(тақрибан даҳ-дувоздаҳ нафар) қаландармонанд одамон
давра мегирифтанд ва ҳама баробар бо ритми (вазни) му-
айян «ҳо-ҳу» гӯён садо мебароварданд ва ҳофизони хушхон
ва машҳури ҳамон замона (аз қабили Қорй Камол, Қорӣ
Наҷм) ба по рост истода дар мақомҳои классикй шеърҳои
сӯфиёна ва ғамгинро бо вазни «ҳо-ху»-и қаландарон таро-
на мекарданд. Бисёрии одамон маҳз барои іуш кардани
ҳофизии ҳамин сарояндагони хушовоз ҷамъ мешуданд.

37
Оҳиста-оҳиста қаландарон ба ваҷд омада қй-чу мекарданд,
аз даҳонашон кафк баромада, ҳатто бехуш шуда меафто-
данд. Беҳуш шудагонро берун мекашиданд... Ин ҳама, то
вақти намоз давом мекард. Гоҳо пас аз намоз ҳам одамҳо
нарафта ҷаърро давом медоданд. Ин барои мо бачагон та-
мошои аҷибе буд.

Падарамро қариб ду моҳ надида будем. Як рӯз ака Тур-
сун хурсандона хабар дод, ки падарам моро ба наздаш
даъват кардааст. Ҳамон рӯз ака Турсун аз куҷое
кӯтакаробае ёфта, ману бародарамро бор карда ба сӯи Си-
тораи Моҳм Хосса равон шуд. Дар қарибии боғи Ситораи
Моҳи Хосса нохост аробаро боздоштанду ака Турсун амр
дод, ки мо cap хам карда ба рӯи ароба дароз кашем ва аз
болои мо кӯрпа партофт. Ман ки хеле кунҷков будам,
кӯрпаро бардошта ба роҳ нигоҳ кардам. Дидам ки аз роҳи
калон аспакиҳои бисёре іузашта истодаанд ва баъд дар
байни онҳо фойтуни калоне бо аспҳои «америкой»
(аспҳои калони сиёҳпӯст, ки зоташонро америкой мено-
миданд) низ іузашта рафт. Пас аз дур шудани онҳо ака
Турсун аз болои мо кӯрпаро бардошт ва іуфт, ки амир гу-
зашта рафт. Хайр, барои чй моро пинҳон кардед, іуфта
пурсам, ҷавоб дод, ки мабодо чашми амир ба шумоён аф-
тад, хуб намешуд. Чаро хуб намешуд, чунки амир бачаҳои
хушрӯйро кашида гирифта ба худаш маҳрам мекунад,
гуфт ака Турсун.

Чорбоғи бошандагони рйкоби амир дар қафои чорботи
Ситораи Моҳи Хосса буд. Падарам моро дида хурсанд
шуд, бӯсиду навозит кард. Вай хеле фарзанддӯст буд. Ви-
но барон буд, ки дар рикоби амир истода моро ҷеғ зада ба
наздаш овард. Мо ду-се соат бо вай будем, баъд хайрухуш

Дар моҳи сеюм падарамро аз рнкии изод када, ба

карда ба шаҳр баргаштем.

38
Ғиҷдувон қозӣ карданд. Ғиҷдувон яке аз музофотҳои ка-
лонтарин ва ободтарини аморати Бухоро ба шумор ме-
рафт. Он вақтҳо дар Fиҷдувон гӯза мекоштанд. Ғалла, мева
ва чорпои Ғиҷдувон бисёр буд. Дар Ғиҷдувон ҳунармандон
бисёр буданд. Суфоли Ғиҷдувон аз чинй камтар фарқ ме-
кард. Хумдонҳои бисёре буд, ки хишт мепухтанд. Кулчаи
ширмоли Ғиҷдувон, ҳалвои терии Ғиҷдувон машхур буд.
Ҳанӯз ҳам ин чизҳо дар Ғиҷдувон фаровонанд (фақат он
сифат не). Ғиҷдувон пиллаи бисёр медод. Бозори пилла
дар боги масҷиди Ҷомеъ, ки дар паси Қозихона воқеъ буд,
барпо мегашт. Ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа пиллафурӯшон дар
сабадҳои калон пиллаҳои сафеду сурхчарангро оварда сав-
до мекарданд. Харидор ва фурӯшкорони бисёре ҷамъ ме-
шуданд. Мо бачаҳо пиллаҳои ба замин афтодаро чида ме-
гирифтем. Онҳоро ба хона оварда, бо тавсияи кампирон ба
як мех ҳамел карда меовехтем. Пас аз чанд гоҳ аз нилла
шапалак мебаромад. Шапалак, ки баромад, парида наме-
рафту ба ҳамон пиллаҳои тешук карда баромадааш час-
пида меистод. Мо ба зери ҳамели пилла халтаи
даҳонкушодро меовехтам, ки шапалакҳо ба он тухм ме-
партофтанд. Намедонам, фаромӯш кардам, ки тухми пил-
ларо чй кор мекардем. Маълум, ки онро дар хонаҳои мах-_
сус, ба рӯи пӯстакҳо паҳн карда монда, аз рӯяшон баріи
тут мечинанд. Пас аз іузаштани фурсати муайян аз тухми
шапалак кирмаки пилла мебарояд ва ба хӯрдани барги тут
cap мекунад. Пас аз чанд ҳафта дар шохаҳои дарахти тут
пилла танида мемонад. Бо ҳамин ин ҷонвараки пурфоида
ду навъ ҳаёт мегузаронад. Аввал кирмаку баъд шапалак.1'
Донистани худи ҳамин, ки ба мо аз таҷриба айн шуда буд,
як илм ба шумор меравад.

Падарам дар Ғиҷдувон даври накӯи умри худро іузаро-
нид. Қозихона дар шафати намозгоҳ ва боги калони он

39
буд. Дар ду тарафи майдони назди қозихона чойхонаҳои
обод, баққолй ва дигар дӯконҳо буданд. Қозихона дарво-
заи калоне дошт, ки ба ҳавлии васеъе кушода мешуд. Дар
тарафи рости поёни суфа айвони дарозе барои аспбандй
сохта шуда буд. Дар тарафи чап, бевосита аз дами дарвоза
мирзохона ва пас аз он саисхона ҷо шрифта буд. Аз ши-
моли қозихона як даре ба сӯи боғи намозгоҳ кушода ме-
шуд, ки мо аз он іузашта ба мактаби дар назди намозгоҳ
буда мерафтем. Дар поёни суфаи қозихона ду дарахти ту-
ти куҳансол рӯида буд, ки байни онҳоро васл карда суфае
сохта буданд ва дар он суфа хизматгорҳо, саисҳо бегоҳҳои
тобистон нишаста истироҳат мекарданд. Дар поёни суфа
боз як хонаи баланд буд, ки он барои баъзе меҳмонҳои
меомадагй хос буд. Меҳмонхонаи калон ва ҷои арзпурсии
падарам дар рӯи суфа буд. Як дахдези калони дудара, ки
яке аз ин дарҳо ба сӯи боғ ва суфаи он ҷо кушода мешуд.
Меҳмонхона се дар ба сӯи ҳавлӣ ва се дар ба сӯи боғ дошт,
ки бо тирезаҳои қадимисохт шрифта шуда буд. Дар назди
тирезаи пешгаҳ маснади арзпурсии падарам буд, ки ҳамон
мизи дар Қарокӯл буда дар қарибии ҷои корашон іузошта
шуда буд. Ин хона дубаҳра буда, тобистонҳо ҷои арзпурсӣ
дар тарафи боғ, зимистонҳо дар тарафи рӯи ҳавлӣ буд, ки
айвони васеъ то ба болои тирезаи боло мерасид.

Кори қозй аз чй иборат? Аз ҳамин иборат: дар беруни
тиреза, ба таҳти айвон як бурёи калон партофта шуда буд,
ки онро бурёи шариат меномиданд. Арзкунанда
(ҷабрдидае) ~БсГ~мушойиати ягон мулозим омада ба рӯи
бурё менишаст. Қатъи назар аз мартаба ва рутбаи он бояд
ба болои ҳамин бурё нишаста ба қозй арз кунад, ки маро
фалонй зад, фалонй ҳаққамро хӯрд, ба фалонй даъво до-
рам, ки хизмати маро накарда, пуламро хӯрда іурехта
рафт ва ҳоказо... Ё ки ба фалонй даъвои хун дорам, додари

40
маро, ё падари маро кушт. Дар он ҳол қозй ба ягон муло-
зимаш мефармуд, ки ба қишлоқ (ё маҳалла)-и даъвогар
рафта, амину оқсақолро дида, шоҳидҳо ва тарафи даъво-
гарро ҳамроҳ шрифта баргардад. Мулозимҳо ҳам ба мар-
таба баланду паст буданд. Ба корҳои сермағал мулозими
баландмартаба мерафт. Аз ин кори калон даромади вай
ҳам калонтар буд (мулозимҳо моҳёна намегирифтанд). Бо
кору ҷанҷолҳои хурд мулозими муқаррарй мерафт.
Мулозимҳо қариб даҳ-дувоздаҳ нафар буданд, ки ҳамеша
мунтазири кори калон менишастанд. Ака Турсуни мо ҳам,
ки тарбиятгар ва муаккали мо буд ва аз падарам моҳёна-
маош мегирифт, гоҳ-гоҳ ба корҳои ҷанҷолй рафта меомад.

Дар бораи ака Турсун чанд сухан іуфтанро лозим ме-
шуморам. Вай марде буд (дар вақти дар Ғиҷдувон будани
мо) тақрибан сӣ сола, миёнақад, кулӯтариш, тануманд,
хушафту андом ва хушмуомила. Шеъру қиссаю ҳикоятро
дӯст медошт, худаш савод надошт, лекин дар тоқи хонааш
ҳамеша китобҳои «Иброҳими Адҳам», «Қасасуланбиё»,
«Ҳотами тай», «Лайлй ва Маҷнун» ва «Фарҳоду Ширин»
(дар Тошканд ба шакли брашура бо насру назм чоп
шудагӣ) барин асарҳо мавҷуд буданд. Ин китобҳоро ба
одамони босавод, ба мирзоҳои падарам дода мехононд ва
худаш бо мо нишаста гӯш мекард. Аксарияти шеърҳо ва
ғазалҳои он китобҳоро ёд карда мегирифт. Дутор навохта
он ғазалҳоро андак-андак замзама ҳам мекард. Вазифаи
ака Турсун ҳамин буд, ки аз пагоҳ то бегоҳ аз ҳоли мо бо-
хабар бошад, моро ба мактаб барад, сайру тамошо диҳад.
Тобистонҳо, дар вақти дар дарёҳо ва рӯдҳо оббозй кардани
мо бохабар бошад...

Ҳамин ака Турсун боис шуду дар Ғиҷдувон ман қариб
хату саводамро бароварда шрифтам. Вай ҳар рӯз меіуфт,
ки ғайрат карда хопем, навингганро омӯзем, ана дар Бухо-

dj !>л 'и Сс

41
ро амакбачаҳои мо аллакай хату саводи худро бароварда-
анд ва ғайра. Ин суханҳоро шунида ман шабу рӯз ғайрат
мекардам, навиштан ва хонданро машқ мекардам ва дар
қарибии аз Ғиҷдувон рафтан, ман Хоҷа Ҳофиз ва «Чаҳор
китоб»-ро ҳиҷҷа карда мехондагй; номи худам, номи ба-
родарам ва номи ҷӯраҳоямро навишта метавонистагй ту-
да будам. Ҳатто Бедил (ғазалиёт), Навой,
Маслакалмустақим барин китобҳоро хонда ба охир расон-
дам. Барой ин кораш ман аз ака Турсун як умр миннатдор
гаштам.

Боз як даромади ака Турсун гоҳ-гоҳ аз ҷанҷолҳо ва аз
хизмате, ки дар фурӯ нишондани ин ҷанҷолҳо мешуд,
иборат буд. Падарам гоҳ-гоҳ дар қатори дигар мулозимон
ба ака Турсун ҳам кор медод ва ӯ хурсанд туда бо даъво-
гар ба қишлоқаш мерафт.

Пас аз инқилоби Бухоро ака Турсун якбора калон туда
монд. ӯро ба вазифаи раисии комитета тафтишй таъйин
карданд. Бо занаш дар як ҳавлии калони хукуматӣ ҷойгир
туда буд. Падарам ману акаам Нуриддинҷонро ба назди
ака Турсун ба салом фиристод. Ба гумонам мехост, ки вай
(ака Турсун) қадри нону намаки моро карда, ба мо ва ба
оилаи мо некиҳо (аз ҷиҳати моддй) мекунад. Вале вақто ки
мо ба ҳавлии вай рафтем, он ака Турсун дигар туда буд.
Моро дуруст қабул накард, муомилаи хуб накард. Мо
малӯл баргаштем. Лекин пас аз чанд гоҳ фаҳмидем, ки ака
Турсун ва занаш дар як шаб вафот кардаанд. Касе ба оши
онҳо заҳр андохта дода аст. Барой чй ин корро карда бо-
шанд, ба ман номаълум аст.

Хӯш! Вақто ки мулозим, даъвогар, ҷавобгар, оқсақол ва
шоҳидҳоро гирифта овард, боз ба рӯи бӯрёи шариат
даъвогар ва ҷавобгар мешинанд. Шоҳидҳо, оқсақолу
мулозимҳо рост меистанд ва муҳокима cap мешуд. Пада-

42
рам даъвогарро шунида, аз ҷавобгар мепурсид,
шоҳидҳоро мешунид ва агар ҷавобгар иқрор шавад ва
даъвогарро қонеъ кунонад, ҷанҷол ба охир мерасид. Қозй
ба аризаи даъвогар мӯҳр монда, мӯҳронаи худашро аз та-
рафайн шрифта ба ҳама ҷавоб медод. Агар ҷавобгар
қайсарй кунад, мункир шуда истад, қозй ба ӯ дӯғ мезад,
ҳатто ба мулозим мефармуд, ки ӯро шаллоқ кунад. Гоҳо
ҷинояткоронро бо дарра мезаданд, гоҳо ҳабс карда (дар
саисхона, ки «кундахона» дошт) чанд рӯз нигоҳ медош-
танд. Баъд хешу табори ҷавобгар бо оқсақол омада,
ҷарима дода, даъвогарро розй кунонда, ҷанҷолро тамом
карда мерафтанд. Ҳар рӯз аз аввали рӯз то қариби бегоҳ
кор ҳамин буд. Рӯзҳои бозор кор меҷӯшид. Таи дарвоза,
мирзохонаҳо пур аз мардуми арзӣ, даъвогар, ҷавобгар ва
шоҳидҳо мешуд.

Мирзоҳои падарам аксаран ҷавонҳои босавод,
хушсалиқа ва ҳатто мунавварфикр буданд. Яке аз он
мирзоҳо, ки номаш гӯё Мирзо Исмоил буд, пас аз инқилоб
ба идораҳои давлатӣ даромада кор кард, хеле фаъолият
нишон дод, ҳатто аъзои партияи коммуниста шуд ва ӯро
раиси иттифоқи косибон интихоб карданд. Ин мирзо хеле
босавод буд, намедонам лафзи арабиро медонист, ё не, ба
ҳар ҳол ба мо (ба ман, ба акаам ва ака Турсун) рӯзҳои кам-
кории зимистон, дар ҳамон меҳмонхонаи баланд, нишаста
аз рӯи Қуръон қиссаи Юсуфу Зулайхоро хонда, тарҷума
карда медод. Афсӯс ки он ҷавони босавод дер намонд, ба
бемории сил гирифтор шуда мурд. Ҳукумати Бухоро ӯро
бо тантана гӯр кард.

Яке аз мирзоҳои падарам Мирзо Муҳаммад Мурод ном
дошт, ки хеле босавод буд. Ба іумонам шеърдӯст ва
шеърдон будааст. Аз вай баёзи бисёр хубе ба ман мерос
мондааст, ки ҳоло дар китобхонаам маҳфуз аст. Умуман

43
дар қозихонаҳо ва идораҳои болоии аморат босаводтарин
ва хушсалиқатарини одамон ҳамин мирзоҳо буданд.
Аҳмади Догони ҳам дар арк, дар назди қушбегӣ мирзой
мекардааст. Дар мирзохонаи қозии калони Бухоро Мирзо
Қобил ном мирзои босаводи машхур кор мекард, ки вай
ҳам шоир буд, ҳам донишманд ва забоншинос буд. Солҳои
охири умраш дар китобхонаи ба номи Фирдавсй, дар Ду-
шанбе, дар шӯъбаи дастхатҳо кор мекард ва баъд хеле пир
шуда вафот кард.

Рӯзе ба китобхонаи Фирдавсй, ба шӯъбаи дастхатҳо да-
ромада бинам, Мирзо Қобил оташин ва хафанамост. Ҳа, ба
шумо чй шуд, іуфта пурсам, меіуяд ки Махдум, ҳамин
Ғиёс (соҳиби лутати машхур) ба іумонам як одами
қаддароз, хароб (лоғар) ҳераовезон будааст. Охир, ҳар
лутати даркориро ҷӯед, намеёбед, луғатҳои нодаркори ба
ҳама маълум чй қадар ки хоҳед, ҳаст! Аз ин суханони Мир-
зо Қобил ман ва шарики кораш Сироҷиддин махдум (ки ӯ
ҳам дар ҳамон шӯъба кор мекард) хуб хандидем. Ин ҳарду
донишманд ва одамони хушсалиқа бисёр китобҳои даст-
хатти нодирро таъмир карданд, ҷоҳои суқуташро аз нав
навишта пур карданд ва ба китобхона фоидаи бисёре ра-
сониданд.

Мирзоҳои падарам низ одамони босавод ва босалиқа
буданд. Дар сӯҳбати онҳо падарам іул-гул мешукуфт.
Онҳо низ падарамро хурмат мекарданд. Дар Ғиҷдувон ми-
ру ҳоким набуд, бинобар он маснади падарам - қозигӣ ка-
лонтарини маснадҳои музофот ба шумор мерафт. Амлок-
дор, раис ва муфтй гӯё тобеи падарам буданд ва рӯзҳои
ҷумъа, ки дар ҳавлии мо оши шӯлон мешуд, ҳамаи ман-
сабдорон ҳозир мешуданд. Дар хотир дорам, ки амлокдо-
ри Ғиҷдувон (ки одами сипоҳй буд) ба сӯҳбати падарам
камтар меомад. Аммо раису муфтй бисёр вақт дар сӯҳбати

44
падарам мешуданд.

Падарам ошипалавпазиро дӯст медошт ва оши нағзу
бомаза мепухт. Додари раиси Ғиҷдувон як марди шӯх,
ҳозирҷавоб ва кӯкнорй буд. Аксар вақт падарам ба сӯҳбат
ӯро ҷез мезад ва гоҳо шабу рӯз дар ҳавлии мо умр меіуза-
ронид. Дар вақти ошпазии падарам он марди шӯх гирд-
гирди оташдон гашта шӯхиҳо мекард, ҳикояҳои хандаовар
мегуфт ва аз падарам илтимос мекард, ки ошро
серравғантар кунад. Падарам ҳам ошро ба дараҷае
серравған мекард, ки аз таки дег як нимкоса равған шриф-
та ба додари раис медод ва ӯ ҳам бемуҳобо онро дам ме-
кашид.

Падарам бо ин марди шӯх чунон улфат шрифта буд, ки
ҳатто пас аз инқилоб ҳам муносибатро наканд ва додари
раис ба ҳавлии мо рафтуомад дошт, дар аксар
меҳмондориҳо ҳозир буд. Бо шӯхиҳо ва гуфторҳои аҷоиби
худ ҳамаро хандонда менишаст. Дар хотир дорам, ки боре,
дар соли 1921, тобистон падарам бо улфатҳояш - Аминҷон
махсум, ака Шарифхон (дар бораи ин кас дар оянда батаф-
сил хоҳам гуфт) ва Ҳоҷӣ Зиёдулло - яке аз мардони зариф,
ки баршхӯр ва шӯх буд (дар идораи адлия кор мекард) ва
инчунин додари раиси Ғиҷдувон - ҳамон марди кӯкнории
ҳарза1ӯ ва шӯх дар аробаи кӯтак нишаста ба беруни шаҳр
сафар кард ва азми Чаҳорбоғи Кӯлбаро дошт. Албатта ма-
ну бародарам ҳам будем. Он вақтҳо дарвозаҳои қалъаи Бу-
хоро посбон дошт ва ҳар кй дарояд, ё барояд албатта таф-
тиш мекарданд, чизу чораҳояшро кофта медиданд. Инак,
вақто ки аробаи мо ба дарвоза расида барои аз тафтиш
гузаштан бозистод, посбонҳо баромада аробаро иҳота
карданд ва яке аз онҳо ба таври расмй ба ин ҷо, ба он ҷои
ароба ва суворони он чашм давонд. Ба гумонам, падарам, ё
амаки Аминҷон ба посбон имо карданд, ки вай махсусан

45
додари раисро сахт тафтиш кард, куртаҳояшро боло кар-
да, шикамаш ва сари дилашро даст-даст карда дид ва дар
ин кор шиками ӯро сахт пучида ҳам шрифт. Ҳамин кор
бас буд, ки додари раис ба куфру ҳақорат cap кард.

- Э лаънатии Худо, меіуфт вай. - Ба шиками май чй кор
дорй? Май моли падаратро ба кукам печонда баромадам
чй? Диданат бас набуд, ки пучида гирифтанат чй? Э, фа-
лонатба фалонам!

Додари раис гӯё ҷиддй ҳақорат дода куфр мегуфт, аммо
амаку падарам ва ака Шарифхонҳо механдиданд.

Дар Ғиҷдувон тӯйҳои калони бойҳо мешуд, як ҳафта-
даҳ рӯз давом мекард. Аз туману элотҳои бисере одам ме-
омад, тӯйхона ва гирду атрофи он як сайлгоҳ барин ме-
шуд. Бозиҳо, мусобиқаҳои гуноіун давом мекард.
Гӯштингирӣ, бузкашй, тагалу хурӯсҷангмонй ва ғайра
бозиҳо мешуд. Соҳиби тӯй ба ҳамаи ин мусобиқаҳо ҷома,
мӯза, іусфанд, асп ва ғайра чизҳоро ба мукофот меіузошт.
Мо бачаҳо тухмбозӣ мекардем, чормағзбозй мекардем ва
ба ҳамаи мусобиқаҳо тамошобин будем. Дар Ғиҷдувон
мардум ба ду 1урӯҳ тақсим шуда буданд: Учруқ ва Қирғиз.
Аз куҷо омадани ин номҳо ва ин тақсимотро шарҳ дода
наметавонам. Фақат ҳаминро меіуям, ки ин тақсимот аз
туркй (ӯзбекй) омада баромадагист. Зеро ки шиорҳои ин
1УРӮҲҲО ба забони ӯзбекӣ буд: Учрукнинг учтасй,
киргизнинг минггасй! Киргиз кирон килса, учрук учуб
кеталй!

Дар Ғиҷдувон бозор калон мешуд. Тобистонҳо бозор
рафта роҳатиҷони дастакй харида хӯрданро дӯст медош-
там. Роҳатиҷон ҳамин ки аз яхдонҳо рафта тахта-тахта ях
меоварданду ба рӯи чорпоя гузошта бо дастарраи дудаста
метарошиданд ва барфи ҳосилшударо бо шолчаҳо иечида
монда ба харидорон бо қошуқ, дастакй бошад ба даст соз

46
карда (кулча сохта) аз рӯяш шиннӣ пошида; табақчагй
бошад, ба табақчаҳои мисин соз карда, шиннй пошида
медоданд. Яхдонҳо дар Ғиҷдувон бисёр буд. Зимистон
одамони ҳамин касб ҳавзҳо, кӯлҳоро яхбандонда, яхи рӯи
обро ба воситаи об рехта истодан тафс карда, бурида, тах-
та-тахта карда мегирифтанд ва дар саҳро ҳавз канда,
яхҳоро боло-болои ҳам меіузоштанд бо найю хасу беда
пӯшонда гирду атрофаш ва болояшро хокпӯш мекарданд,
баъд тобистон аз як канораш кофта яхро мегирифтанд ва
истеъмол мекарданд. Ин ҳамаро май дар Ғиҷдувон дида
будам. Дар Ғиҷдувон кулчаи ширмол машҳур буд (ҳоло
ҳам машҳур аст). Худам дида будам, ки як қишлоқи калон
фақат кулчаи ширмолпазй мекард. Ширмоли Ғиҷдувон ба
Бухоро ва дигар шаҳрҳо мерафт, ҳарчанд ки дар хона
нонҳои равғанй ва фатирҳои бомаза мепухтанд, лекин мо
дар бозор боз ҳавас карда кулчаи ширмол ва ҳалвои терй
харида мехӯрдем.

Дар солҳое, ки мо дар Ғиҷдувон будем, амир бо Русия
муносибаташро канд. Бинобар он қанду карасину гӯгирду
тазворй барин матоъҳо аз бозор тамоман барҳам хӯрданд.
Лекин халқи ҳунарманд бе ширинй, бе равшанй ва бе
оташ намонд. Шинниҳои пермастй ривоҷ ёфт. Ин
шинниҳо чунон ширин ва чунон болаззат буданд, ки қанд
дар пеши он бемаза менамуд. Аз шиннй ҳалво мепухтанд,
аз шиннй хӯрок мепухтанд, шиннй сари дастурхонҳоро
оро медод. Дар хонаҳо ба ҷои лампаҳои карасинй
шамъҳои хурду калон равшанй мебахшиданд.
Ҳунармандҳои бисёре пайдо шуданд, ки аз чарбу ва
равтани гов шамъ мерехтанд. Ҳатто чунин дурӯғ паҳн шуда
рафт, ки іуё як устои шамърез морро кушта, дар шиками
мор пундона парварирда, пахта ҳосил кардааст ва аз он
пахта пилта сохта, шамъ рехтааст, ки дар вақти даргирон-

47
дани он шамъ, ба ҳар ҷо, ки шунаъи шамъ расад морҳо
бозй карда мегаштаанд... Мо бачаҳо ба ин афсонаҳо бовар
мекардем ва аз бозор ҳамон хел шамъ мекофтем.
Шамъҳои нимчагй, чаҳорякй ва ҳар хела месохтанд, ки аз
шунаъи ду-сетои он хонаҳои калон ҳам равшан мешуданд.
Модоме ки шамъсӯзй раем шуд, ба он миқроз (асбобе, ки
«бинии» шамъро мегирифтанд) ҳам баромад. Ба ҷои
гӯгирди фабрикй олтингӯгирд баромад. Чӯби дарахти
бурсро хушконида, хилол карда, бандча месохтанд ва ду
тарафашро ба «олтингӯгирд» (сера) ғӯтонида мегириф-
танд ва дар вақти лозима, онро ба чӯғи оташ расонида
аланга ҳосил мекарданд. Олтингӯгирд бад набуд, лекин
барои истеъмоли он дар хонадонҳо албатта як чӯғ оташро
саришта карда нигоҳ доштан лозим буд. Ҳатто санги
чақмоқро ба кор бурданд.

Ба ҷои читу сатину дигар газвориҳои фабрикӣ карбосу
қаламию алочаю шоҳию дигар матоъҳои хунармандӣ -
бофандагй пайдо шуданд. Чунон карбосҳои нафис мебоф-
танд, ки қариб аз суф фарқ намекард. Дар қозихона акса-
рияти мо курта-эзорҳои карбосй мепӯшидем. Қаламиро
намегӯед; хунармандони іулдаст қаламиҳое бофта меба-
роварданд, ки рангу нусхаи он қариб аз алочаи абрешимй
фарқ намекард!

Ҳамин тавр будааст зиндагӣ! Дар эҳтиёҷ эҷодкории
халқ тараққй мекардааст!

Дар бозорҳо ва шаҳру деҳот қаландарҳо, хуққабозҳо,
«девонаҳо», «мардони худо» бисёр шуда рафтанд. Дар
мазорҳо, дар гӯрхонаҳо шайху қорию дуохонҳо ба
«корнамоӣ» даромаданд. Мардум ба фиребу найранги
онҳо бовар мекарданд. Афсонаҳои деву парӣ, гӯру қиёмат,
дунёбезорӣ ривоҷ ёфт. Намедонам аз чӣ бошад, ки мар-
дум бо ҳамин нақлу афсонаҳо тасаллӣ меёфтанд ва аз

48
даҳон ба даҳон мегузарониданд.

Ака Турсуни мо дар яке аз мазор (қабристон)-ҳои назди
шаҳр як қаландар, маҷнунеро пайдо кард, ки дар балан-
дии байни қабру сағаҳо ба худ козае сохта, шабу рӯз іулхан
афрӯхта, чилим кашида, ҳақ-дӯст гӯён зиндагӣ мекард ва
бо сафсатаҳои худ чандин соддаҳоро ба худ мухлис карда
буд. Ака Турсун моро як-дубор ба назди он қаландар ги-
рифта бурд. Вай марди қавиҷуссае буд, ки мӯҳои сараш
овезон, ришу мӯйлабаш дароз шуда баҳам печида, кулоҳи
нущезаш чиркин ва дудолуд. Дар танаш ҷандаи дарида,
сари дили пурмӯяш бараҳна, чашмонаш барқпош, овозаш
ғафси равғанй... Маснадаш иборат аз хасу беда, ки ба рӯи
он як пӯстаки буз, ё гусфанд іустурда шуда, дигар як-ду
шолчаи чиркин ва намадпораҳо дар гирди іулхан буду
бас. Дар іулхан чойҷӯши аз дуд сиёҳгашта меҷӯшид, дар
чойники чинии нӯлшикаста, ки бо тунука ямоқ шуда буд,
ҳамеша чои кабуди талх дам карда шудагӣ, дар дастурхон-
чаи чиркин як-нимто нон, камтар мавиз ва іулунг буд.

Ака Турсун ва моро аз «муроқиба» cap бардошта қабул
кард:

- Нағз омадетон, ҳамин навакак базми париҳо тамом
шуда буд ва ман бекор шуда мондам. Ана, намебинед,
чӯбҳои іулхан ҳануз тамом нашудаанд. Ҳамин шабаш катй
оташи іулхан баланд буд.

Ман, ки «базми париҳо»-ро бисёр шунида ва ба
мавҷудияти онҳо боварӣ доштам, афсӯс мехӯрдам, ки чаро
барвақт наомадем, то ки мо ҳам ба «базм» иштирок ме-
кардем.

- Париҳо боз кай меоянд? - мепурсидам.

- Худо медонад, кай меоянд, - меіуфт «марди худо», -
гоҳ мешавад, ки ҳар шаб меоянд, гоҳ мешавад, ки ҳафтаҳо,
моҳҳо ғоиб шуда мераванд. Лекин овози маро аз дур бо-

49
шад ҳам мешунаванд ва талабамро адо мекунанд.

- Набошад аз париҳоятон талаб кунед, ки дар ин ҷо ба-
рон шумо як кӯшк созанд!

- Ба ман кӯшк чй лозим, - меіуфт «марди худо» ба суо-
ли ман. - Ҳамин пӯстаки зери поям, ҳамин гулхан ва
ҳамин коза ба ман басу кифоя!

Боз мандонамй карда чизе пурсиданй будам, ака Тур-
сун манъ карду гапи дигарро пурсид:

- Марди худо, іуед, ки қиёмат кай мешавад?

- Қиёмат наздик аст! - меіуфт вай. - Гуноҳи одамон аз
ҳад іузашта истодааст. Ба мардони худо, ба қаландарони
худоҷӯй эътиқод кам шуда истодааст. Тавба кардам, бад
кардам, астағфируллоҳ! Еху, ёмапху!

Пас ака Турсун аз бағалаш якто нони гарм, якто кулча
бароварда ба назди қаландар іузошт ва кисаи худро кофта,
намедонам чанд танга ба дасти ӯ дод ва «дуо» шрифта аз
ҷо бархост...

Аммо падарам ба ин хел қаландарҳо ва «мардони худо»
ва ҳуққабозҳо бовар надошт. Вақто ки ман дар бораи онҳо
ran мекушодам ва аз дидагию шунидагиҳоям нақл мекар-
дам, хуб механдиду меіуфт, ки онҳо дурӯиӯянд, онҳо фи-
ребгар ва найрангбозанд. Ба гапҳои онҳо бовар накун!
Пагоҳ-фардо амир ба Ғиҷдувон омада истодааст, ана
аскарҳои амирро тамошо мекунед. Ман ба Турсун мегӯям,
шуморо ба ягон баландй бароварда тамошо диҳад.

Ҳақиқатан, амир азми Гиҷдувон карда буд. Сабаби ин
дар он буд, ки рӯзҳои охир вай ҳис мекард, ки аз зери по-
яш замин фурӯ рафта истодааст ва мардум аз дастгоҳу
боргоҳи ӯ наметарсидагӣ шудаанд. Хавфи шӯриши умум
рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Банобар он вай хост, ки
тӯпу тӯпхонаи мавҷудаи худро ва чанд даста аскаронашро
бо нақораю сурнай ва оркестири европоӣ ҳамроҳ шрифта

50
ба туманҳо барояд ва «қувваю тавони» худро ба мардуми
деҳот нишон дода тарсонда монад ва инчунин аз гаму
гуссаи ҷадидкушӣ ва ғавғои шаҳри Бухоро каме осуда, дар
Гиҷдувон ду-се рӯз давр ронад.

Ҳоло ман фаҳмидам, ки ин сафари амир ба табъи пада-
рам чандон нафорида буд, Зеро, аввалан ташвиши қабулу
тортуқ тайёркунй ва таъмини аскару одамони вай як кул-
фати калон буд. На дар қозихона, на дар амлокдорхона
барои ҷо ба до кардани ҷамоа ва наздикони амир шароит
набуд. Бинобар он падарам маҷбур шуд, ки ҳам ояи хурдй
ва ҳам ояи калонй ва мо ва умуман бошандагони ҳавлиҳои
дарунро кӯчонад. Дар қарибии қозихона, дар пешгаҳи
майдонй, дар баландӣ ҳавлии калон ва дабдабаноки
Қазоқҷонбой буд, ки дар рӯзҳои «меҳмонии» амир мо ба
он ҷо рафтем. Дар ҳавлии беруни қозихона дегҳои калон
шинонда ошу кабобу шӯрбо мепухтанд. Дар
меҳмонхонаҳо ва хонаҳои ҳавлиҳои дарун одамони амир
меистоданд. Дар майдониҳои гирди қозихона ва боги
намозгоҳ аскарҳо чодару-чаман заданд. Худи амир дар
ҳавлии амлокдор буд.

Аммо рӯзи омад-омади амир мо дархуд набудем. Шо-
дии мо ҳад надошт, ки амирро ва аскарони ӯро мебинем.
Барои тамошо, ака Турсун моро ба рӯи боме, ки дар рӯ ба
рӯи дарвозаи амлокдорхона буд, шрифта баровард. Он
бомҳо аз аввали пагоҳ пур аз тамошобин шуда буданд
(хайрият, ки ягон боми хона аз вазни он қадар одам
начӯкид!).

Поёп-кӯча ҳам пур аз одам буд. Ҳама ба роҳи сари пул
нигоҳ мекарданд, ки роҳи Бухоро дар он тараф буд. Ҳар
замон якто аспакӣ омада меіуфт, ки амир омаданд. Ҳама
бо гулгула ба сӯи омади амир менигаристанд, мунтазир
мешуданд, лекин аз амир дарак набуд. Боз пас аз ним со-

51
ати дигар аспакии дигаре тозон меомад ва меіуфт: амир
омаданд, амир омаданд. Боз ҳама ба роҳ менигаристанд,
боз ҳаяҷон меафзуд. Ҳамин тавр, аз аввали пагоҳ то пас аз
нимрӯзӣ «амир омаданд» меіуфтанду амир намеомад.
Ниҳоят пас аз пешин даста-даста сарбозҳо омадан гириф-
танд. Баъзе дастаҳо мусиқй-оркестр дошт, баъзе дастаҳо
суруд мехонданд. Ин дастаҳои махсус таълимдидаи ҳарбй
буданд, ки «шефиска», «териска» ва боз намедонам чй
номҳо доштанд. Онҳоро мутахассисҳои ҳарбии турк,
белшувардистҳо ва англисҳо омӯхта буданд. Онҳо сэру ли-
боси ҳақиқатан ҳарбиёна доштанд (на мисли сарбозҳои
пештараи амир, на мисли «сешанбегиҳо»). Дар
китфҳояшон милтиқҳои панҷтира, ҳафтираи англисй, дар
сари синаҳо «қаторвазна»-ҳо... Сардоронашон бо пагонҳо,
шамшерҳо ва мавзирҳо худро оро дода буданд. Аз паси
онҳо тӯпу-тӯпхона расид. Тақрибан даҳ-дувозда тӯпи на
хурду на калон, ба аспҳои пурзӯр баста шуда, бо тӯпзанҳо
ва қӯрхона (сандуқи тир) омаданд. Гулдур-іулдури чархи
тӯпҳо ва намуди боҳайбати онҳо мардуми надидаро ба
воҳима ва ҳаяҷон оварда буд.

Пас аз іузаштани ҳарбиҳо калоншавандагони ғайри
ҳарбӣ, ки аз одамони хосси амир буданд қатор шуданд.
Онҳо ҷомаҳои шоҳӣ, зарбофт, саллаҳои сипоҳона (гирдаи
сахт печонидашуда - шалғамӣ) ва камарбандҳои нуқураю
тилло доштанд. Пас аз іузаштани ин гурӯҳ боз як даста -
«шербачаҳо»-и махсуси амир, ки либосҳои сабуки чаққон
- нимкамзолҳои то зону, миёнбандҳои шоҳй, ханҷарҳо,
гурзчаҳо ва шалворҳои васеъи афғонидӯхт доштанд, пиёда
іузаштанд, вале аз амлокдорхона дур нарафта, атрофи
дарвозахонаи онро иҳота карда гирифта истоданд. Баъд
дуто-дуто аспҳои бисёр зеборо, ки хеле оро дода буданд -
ба сарҳояшон тоҷ, ба сағраҳояшон ҷулҳои зардӯзй, зинҳои

52
махмалин, ӯзангиҳои тиллокорӣ доштанд - шотирҳои
ҷавон, дар либоси шотирӣ - кулоҳи нуктези баланд, дар
поҳо зангӯлачаҳо, дар миёнҳо камарҳои нуқурагирифта
іузаштанд, ки микдори он аспҳо як-даҳто буд. Ва ниҳоят
худи амир дар фойтуни дуаспаи калон расида омад.
Фойтунчй ҳам либоси махсуси сиёҳ дар бар дошт. Амир
танҳо нишаста буд. Ба дуо ва салому фотиҳаи муллоён, бо-
ён ва мансабдорон, ки дар кӯча буданд, дасташро ба ри-
шаш бурда, іуё алек мегирифт. Худаш дар ҷомаи фохираи
махмали іулобии зардӯзй, дар по мӯза, дар cap саллаи са-
фед, ки тоҷи майдае дошт, оро ёфта буд. Фойтун ба
роҳравхонаи амлокдорхона рафта даромад, дигар мо на-
дидем, ки амир чи тавр фуромад, киҳо пешвозаш гириф-
танд ва дар кӯча будагон чй кор карданд. Зеро ки ака Тур-
сун моро зуд аз бом фуроварда ба ҳавлй бурд, ки ҳамин
қадараш бас аст.

Амир Олимхон дар Ғиҷдувон се-чор рӯз истоду баргаш-
та ба Бухоро рафт. Ҳама одамонаш ва сарбозонаш
ҳамроҳаш рафтанд. Ғиҷдувон якбора гӯё холй шуда монд.
Мо ба ҳавлй баргаштем. Падарам хеле монда шуда буд.
Рангаш канда, лоғар гашта монд. Намедонам амлокдор
(Мухторҷони нонвой) ба чй ҳолат буд. Лекин писари ӯ -
Муҳаммадҷон (ки баъдтар ба худ тахаллуси Васфиро ги-
рифт) ҷӯраи ман, шоду хуррам буд. Вай ҳамсинни ман, як
бачаи хушфеъл, хушмуомила, доно ва боақл буд. Ҳамроҳ
бозӣ мекардем, мегаштем, ҷоҳои сарбозони амир истода-
гиро медидем, ки шояд ягон таппонча, ёки тири милтиқро
ёбем. Афсӯс ки аз сарбозон ба ғайр ахлот ва ифлосй чизи
дигаре намонда буд. Ин писари Мухтори нонвой, ки аз
ҳамон вақтҳо бо ман тарҳи дӯстй баста буд, пас аз
инқилоби Бухоро низ ҳамдигарро ёфтем ва дар Бухоро
гоҳ-гоҳ вохӯрда меистодем. Акнун китобхон ва бо хату са-

53
вод шуда будем. Сӯҳбатамон аз китобу аз машқи хату ва
мактабхонй буд... Баъдҳо Муҳаммадҷон шоир шуд, тахал-
луси Васфиро гирифт ва шеърҳои бисёре павишта ба
газетаҳо чоп кард. Худаш аз аввал то ба охири умраш кор-
куни идораи газета буд. Аввал чандин сол дар газетам Бу-
хоро кор кард. Баъд ки дар Тошканд газетам «Ҳақиқати
ӯзбекистон» (ба забони тоҷикй) ташкил ёфт, ӯ кӯчида ба
Тошканд рафт ва ба ҳамин газета ба кор даромад. Чандин
достонҳо навишт, тарҷумаҳои шеърии бисёре дорад, аз
классикҳо, аз шоирони ҳамин замони тоҷик ба забони
ӯзбекй ва баръакс. Забони тоҷикиро нагз медонист,
болаёқат ва хушбаён буд. Зуд шеър мебофт ва дар ҳар ху-
сус, дар ҳар маврид, бахшида ба ҳар кас шеър іуфта мета-
вонист. Пас аз анҷумани якуми нависандагопи
Тоҷикистон, ки вай вакили он буд, ӯро ба аъзогии
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул карданд. Пас
аз 5-6 сол, ки чизи дурусте нанвишт дар қатори се-чаҳор
нафар ба ном нависандаҳо, аз сафи нависандагони
Тоҷикистон хориҷ карданд. Ман ҳар қадар кӯшиш кардам,
ки ӯро мононам, нашуд. Лекин баъдтар, пас аз іузаштани'
чанд сол ва пас аз эҷодкориҳои дурусташ, бо тавсияи худи
Мирзо Турсунзода ӯро боз ба сафи нависандагони Совета
қабул карданд. Лекин ин дафъа дар Иттифоқи нависанда-
гони Узбекистан. Васфй бисёр менӯшид. Ҳамин
пӯшиданҳо оҳиста-оҳиста кори ӯро карданд ва ҷӯраи хуби
ман дар аввали солҳои ҳафтод бемор шуда вафот кард.
Қабраш дар қабристони Дурмани шаҳри Тошканд, дар
қатори одамони номдори ӯзбекистон аст.

Васфй бо Ҳаким Ҳомидй ном рафиқ ва ҳамдами ман
бисёр дӯсти қарин шуда буд. Дӯстии инҳо дар Тошканд
огоз ёфт. Одати ҳамшаҳриҳо дар шаҳри худ бо ҳамдигар
чандон коре надоранд. Лекин дар мусофират, дар шаҳр ва

54
макони дигар ҳамдигарро ёфта мегиранд ва бо ҳамдигар
улфат ва дӯст мешаванд; вомехӯранд, сӯҳбат мекунанд, ёди
ватан - шаҳри худро мекунанд ва хеле тасаллй меёбанд.
Ҳаким Ҳомидию Васфӣ ва боз чандин бухориҳо - ба мисли
Яҳё Юлдош, Самеъзода К., Айюб Саидй, Зикриё Хоҷаи
шоҳмотбоз ва дигарон - бо ҳам қарин гаштанд ва оҳиста-
оҳиста дар маслаку нияту корубор ҳам бо ҳам наздик шу-
данд.

Ҳаким Ҳомидӣ писари Ҳамидхоҷа, яке аз дӯстони пада-
рам буд. Дар вақти амир дар туманҳои майдаи Бухоро
қозигӣ мекард. Бо Аҳмадҷон махдуми Ҳамдй хешигарй
дошт. Ҳаким Ҳомидй дар вақти дар дорулмуаллимин хон-
да гаштани ман, ҳамроҳ мехонд. Аввал аз ман як синф по-
ён буд; баъд дар миёни сол (бинобар натз хонданаш) ба
синфи мо гузарониданд. Баъзе як ӯзбекбачаҳои шӯх ва
шум ба ӯ лақаби «Пӯттӣ»-ро дода буданд. Имтиҳон надода
ба синфи мо гузаштани Ҳомидй ғаши он шумбачаҳоро
овард ва ин ҳаҷвияро дар ҳаққи ӯ іуфтанд:

Пӯтти, имтиҳон бермасдан

Иккинчй асосга ӯтдй!

Ҳомидй ҷӯраи бисёр самимй, ҷӯраи мувофиқи ман буд.
То дами охиринаш ин ҷӯрагй канда нашуд. Ҳар вақт, ки
ман ба Тошканд мерафтам, албатта Ҳомидй (ҳамроҳи
Васфӣ) дар гирду атрофи ман буд. Аекин Ҳомидӣ одами
хоксор, фақир ва бемурод буд. Даъвои калон надошт. Зӯр
зада, ҳаракат карда номзади илми педагогй шуд ва дар
пединститута Тошканд муаллимй мекард, ба забони
ӯзбекй даре медод. Ба забони тоҷикй ҳавасе дошт, фаъо-
лияти адабй кардан мехост, ҳаракат мекард, ки чизеро
тарҷума кунад, ба чизе тақриз нависад ва ҳоказо... Азбаски
Васфӣ дар газетаи тоҷикии Тошканд кор мекард, Ҳомидй
ҳам дар гирду атрофи газета буд. Муҳаррир ва ходимони

55
V

газета ҳам ин ҳардуро дуст медоштанд ва ҳурмат мекар-
данд.

Забони тоҷикй ва адабиёти тоҷик дар Тошканд
Ҳомидию Басфиро бо шоири забардасти тоҷик - Муинзо-
да қариб ва қарин карда буд. Ин се рафик, (хусусан Муин-
зода) ба арақхӯрй майли зиёд доштанд. Ҳомидй дониста
менӯшид, бисёр наменӯшид. Лекин худро аз арақхӯрҳо
намекашид, дур намешуд.

Муипзода (Мунирхон) пеш аз соли 1937 дар Душанбе
ходими адабии театри Лохутй буд. Боре директори театр
Олимҷон Бобоҷонов бо талаби режиссёр Фатхулло Умаров
ба вай як шеъри туркиро - дар ҳаққи 26 комиссари Боку -
медиҳад, ки ба тоҷикй тарҷума кунад. Лекин Муинзода
арақхӯр ва бепарво ба зудй тарҷума намекунад (Муинзода
дар хонаи стандартии кӯчаи Орҷоникидзе, дар поёни
квартираи мо зиндагӣ мекард ва қариб ҳар шаб мастию
арахӯрӣ мекард. Аввали рӯз аз хоб cap бардошта натаво-
ниста, менолид, то ки духтараш рафта як шиша арак, ха-
рида меоварду ба ҳалқи падараш мерехт ва пас вай «одам»
шуда аз ҷо бармехост. Бисёр вақт духтараш омада аз мо
даҳ сӯм қарз шрифта мерафт. Дар натиҷаи ҳамин
арақхӯрй кор ҳам карда наметавонист).

Он шеъри туркй ба муносибати кадом як юбилеи 26
комиссари Боку лозим будааст. Юбилей қариб мешавад,
лекин тарҷума нест. Як бегоҳй худи Бобоҷонов ҳамроҳи
Фатхулло Умаров ба хонаи Муинзода меоянд, ки вай бо
улфатҳояш Ғанй Абдулло, Баҳлулзода ва боз намедонам
киҳо арақхӯрй карда нишастааст. Ба суоли Бобоҷонов, ки
тарҷума чй шуд, Муинзода меіуяд, ки он шеъри ба 26 ко-
миссари Боку бахшида шударо ман сӯрох карда ба фало-
нам овехтам. Ин суханро Фатҳулло Умаров зуд ба дафтари
хабаркашиаш қайд мекунад. Пас аз ҳамин, дере наіузашта

56
дар клуби нависандагон (дар ҳамон хонаи кӯчаи
Орҷоникидзе як квартираро клуб карда буданд) бо ҳузури
Бобоҷонов ва дигарон Муинзодаро муҳокима карданд ва
аз сафи нависандагони тоҷик хориҷ карданд. Худи ҳамон
шаб, ки ҳаво хунук ва барф меборид, Муинзода ба вокзал
баромада, ба поезд аввал ба Хӯҷанд ва баъд ба як қишлоқи
дури Андиҷон рафта муаллимй карда мегардад. Пас аз
іурехта рафтани Муинзода як рӯз духтараш ба ман хатчае
оварда дод, ки Муинзода навишта буд. Дар он хатча вай аз
ман, чун аз котиби масьули журнали «Барой адабиёти
сотсиалистй» илтимос мекард, ки ҳаққи қалами ӯро аз
бухгалтер рӯёнида, ба ахди байташ диҳам. Ман ин илти-
моси ӯро ба ҷо овардам ва то кӯчида ба Ленинобод рафта-
ни ахди аёлаш ҳамеша ёрй ва мададгорй намудем. Муин-
зода бо вуҷуди арақхӯр буданаш оқил ва дурбин будааст.
Бо ҳамин гурехта рафтанаш аз дасти ҷаллодони Сталин
дар соли 1937 халос шуд ва бохузур кор карда, зиндагй
карда гашт. Дар охири солҳои ҷанг котиби якуми СК-аи
Узбекистан - Усмон Юсуфов ӯро дар Андиҷон ёфта меги-
раду ба шоирй ва қудрати ӯ таслим шуда ба Тошканд ме-
орад ва ба Ғафур Ғулом супорида меіуяд, ки аз вай исти-
фода кунад.

Ғафур Ғулом шоири халқии бузурги ӯзбек, соҳиби
ҷоизаи Ленинӣ, офаринандаи шеъру достонҳои бисёре;
марди оқил, донишманд, шӯх, хоксор ва шаробхӯри іуза-
ро буд. Тоҷикиро меомӯхт, ҳусну таваҷҷӯҳе дошт, худро аз
авлоди Бедил (бобом ҳамшаҳри Бедил аз Насаф) мегуфт.
Бо ман ва бо Раҳим Ҷалил дӯстӣ дошт. Раҳим ба Тошканд
биёяд, дар хонаи Ғафур меистод ва баръакс Ғафур ба Ле-
нинобод биёяд дар хонаи Раҳим. Пас аз соли 1971 (пас аз
зилзилаи Тошканд) вафот кард. Қабраш дар Дурмани
Тошканд.

57
Муинзода бошад, бо ҳамин тошкандй шуда, нағз кор
карда мегардад, вале боз арақхӯриро давом медиҳад. Хусу-
сан ки шеф ва ҳамкори ӯ Ғафур Ғулом буд! Бо ҳамин,
арақхӯрй ин шоири забардаст, хушилҳом ва доноро
барвақт аз дунё бурд. Вай дар ммёнаҳои солҳои 1970 ба
Хӯҷанд кӯчида рафта вафот кард.

Ҳомидй то солҳои 1987-88 зинда буд, кор мекард. Пае,
гӯё дар натиҷаи бемории саратон (рак) вафот кардааст.
Дар ҷанозаи ӯ Яҳё Юлдош иштирок ва сардорӣ кардааст,
бо иззат ва икром дар Дурман дафн кардаанд. Аммо худи
Яҳё Юлдош ҳам пас аз чанд моҳи дигар, дар тирамоҳи сол
1988 аз баландии фишори хун вафот кард ва бо ҳамин
дӯстон ва ҳамқаринони ман, ки дар Тошканд буданд, ҳама
сипарй шуданд ва ягон кас намонд. Афсӯс!

Яҳё Юлдошев писари Ҳоҷй Гадой (Ҳамроев) ном яке аз

ҷадидони Бухоро буда, дар іузари. (Лаби рӯд, аз Говку-

шон ба сӯи Бозори нав) ҳавлии хубе дошт. Синну солаш
баробари ман буда, ҳамроҳ дар дорулмуаллимини Бухоро
мехондем, ҳамроҳ даре тайёр мекардем. Азбаски Ҳоҷӣ Га-
дой одами бой буд, бештар ману Ҳомидй (гоҳ-гоҳ
Иброҳим Мӯъминов ҳам, ки ҳамроҳ мехондем) дар ҳавлии
Яҳё даре тайёр мекардем, ҳам оши палав мехӯрдем. Яҳё
бачаи ҳушёр, боақл буда қалами равон ва тез дошт. Аз ав-
вал ба хурналистй ҳавас кард ва муваффақ ҳам шуд. Ҳанӯз
мо дар дорулмуаллимин мехондем, ки фелетонҳои вай
дар газетаи «Озод Бухоро» чоп мешуд. Як фелетони вай ба
зидди Аббос Алиев буд, ки баъд ӯро дастгирй карда Ко-
мил Алиев (журналист ва фелетоннависи машҳури ӯзбек)
дар газетаи «Қизил ӯзбекистон» мақола навишт.Вақто ки
синфи моро ба Самарқанд, ба аввалин института олии пе-
дагогии Узбекистан (ВПИ) кӯчонданд, Яҳё нарафт, ба кори
газета даромад. Баъд ба Тошканд рафт, дар УзТаг

58
тарҷумон ва муҳаррир шуда кор кард. Солҳои гирудори
хоинонаи Сталин аз Тошканд іурехта ба Тоҷикистон, ба
Душанбе кӯчида омад, худаш дар газетам «Қизил
Тоҷикистон», занаш муаллима ва директори мактаб шуда
кор карданд. Пас аз гирогирй ба охир расидан, пас аз мар-
та Сталин боз ба Тошканд баргашт ва ба кори журналиста
давом кард. Дар мавриди ба Тошканд рафтанҳои ман вай
маро меҳрубонона пешвоз мегирифт, дар ҳавлиаш
меҳмондориҳо мекард; дар мавриди ба Душанбе омада-
наш албатта маро суроғ мекард ва ба хонаам меҳмон ме-
шуд. Занаш Саодатҷон зани меҳрубон, боақл, батадбир ва
зебо буд. Ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст ва дар Тошканд зиндагй
дорад. Ман боз дар мавридаш дар бораи дӯстонам сухан
хоҳам кард. Ҳоло гапро дар бораи падарам давом
медиҳам.

Падарам дар Ғиҷдувон то ба cap шудани инқилоби соли
1920 Бухоро қозигй кард. Мо ҳам бо вай будем. Ғиҷдувон
бисер хуб, аз ҳар ҷиҳат, ҳам аз ҷиҳати обу ҳавояш, ҳам аз
ҷиҳати ободониаш, ҳам аз ҷиҳати мева ва нозу неъмати
фарвонаш ба мо маъқул буд. Лекин орзуи Бухоро рафтан,
дар кӯчаҳои сангфарши он, дар бозорҳои бисёри он сайр
карда гаштан ҳамеша дар хаёли ман буд. Инак, ду рӯз пеш
аз cap шудани ҷанг (ки инро мо намедонистем) падарам
моро ба Бухоро фиристоданй шуд. Ману бародараму
хоҳарам ва ҳарду ояҳоямро. Маълум мешавад, ки вай аз
оғози ҷанг хабаре доштааст, ки ахди-аёлашро дар сари
вақт ба Бухоро фиристод.

Он бегоҳ, пеш аз сафари Бухоро ман аз хурсандй дер гоҳ
хобида натавонистам. Пагоҳ ба Бухоро меравем, ба орзу
мерасам... Саҳари барвақт ношто карда, ба ду аробаи
кӯтак бор шуда ба сӯи Бухоро ҳаракат кардем. Мегуфтанд,
ки байни Ғиҷдувону Бухоро панҷ санг роҳ аст. Ин панҷ

59
i

сангро, ки ҳар сангаш 12 километр аст, мо қариб дар як рӯз
тай кардем. Ҳаво чандон гарм набоіиад ҳам офтоби моҳи
сентябр хеле батаъсир буд. Азбаски роҳ бедолу дарахт буд,
офтоб ҳамеша ба пешонаи мо буд. Дар нимаи рӯз ба сари
пули Меҳтар Қосим расидем. Ин пули хиштине буд, ки ба
болои дарёи Зарафшон сохта буданд. Дар гирду пеши пул
дарахте, сабзае набуд, дашт буд. Вале аз пул ки іузаштед,
дар соҳили тарафи Бухоро чойхонаҳо, ошхонаҳо, саройҳо
ва як растачай болопӯшидае буд. Мо ба чойхонаи канори
дарё манзил кардем. Калонҳо ба чою нонхӯрй нишастанд,
ману бародарам ба канори дарё фуромадем, ки обаш хеле
кам, мисли як ҷӯе ҷорӣ буд. Лекин одоғаш ва канораш пур
аз сангчамайда ва per буд, ки ба бозии мо мувофиқ афтод.
Пас аз соате осудан боз ба роҳ даромадем ва дар соатҳои 4-
5 бегоҳй чархи аробаи мо ба рӯи қайроқҳои фарши кӯчаи
Бухоро садо дод. Аробаи мо аз дарвозаи Самарқанди Бу-
хоро, ки дар беруни он майдонии васеъ, ҷои машқи сарбо-
зони амир буд, ба шаҳр дохил шуд. Ба ҳавлии дар іузари
Дегрезй будаи худамон фуромадем. Ҳавлибудагон -
қадрдонҳо ва наздикони мо хурсандона моро пешвоз ги-
рифтанд. Он шаб осуда хобидем. Пагоҳ аз хоб бархоста,
дар рӯи ҳавлй ношто карда истода будам, ки дар ҳаво аэ-
роплан пайдо шуд. Ин аввалин бор буд, ки ман аэроплан-
ро медидам. Вай дар осмони лоҷувардй хеле майда мена-
муд. Дуболдор буд, ки онро ташхис кардан мумкин буд.
Ҳар замон-ҳар замон аз думаш мисли дуди сафед чизе ме-
баромад. Мо меіуфтем, ки аэроплан паперос мекашад.
Лекин он варақаҳои сурху сафед - хитобномаҳо ва
муроҷиат ба мардуми Бухоро будааст, ки пас аз замоне
одамони мо аз куча ёфта оварда ба мо доданд. Ман ки са-
вод доштам, он хитобномаҳоро хонда додам. Онҳо мар-
думро ба шӯриш, ба нест кардани аморати Бухоро, ба

60
озодӣ ва ҳуррият ташвиқ мекарданд. Занҳо, ки посбони
ҳавлии мо шуда меистоданд, хабар доданд аэроплан ҳар
рӯз дар осмон парвоз карда хат мепартояд. Ҷадидҳо «яша-
сун хуррият, яшасун мусовот!» мегӯянд. Амир аскари би-
сер, тӯпу-тӯпхонаи бисёр ҷамъ кардааст. Агар рафту ҷанг
cap шавад, амир ҳамаи ҷадидҳоро қир карда, нест мекар-
дааст. Муллоҳо іуфтаанд, ки як хишт аз қабри ҳазрати
Баҳоуддин боқӣ монад ба Бухоро осебе намерасад ва ғайра
ва ҳоказо... Аз ин хабарҳо калонсолҳо хафа шуда бошанд
ҳам, ман парвое надоштам. Пурсидам, ки сарбозҳои амир
машқ мекунанд ё не? Гуфтанд ҳар ҳафта се рӯз ба ялангии
беруни дарвозаи Самарқанд тӯппаронй мекунанд. Ман
давида берун баромадам ва аз ака Турсун хоҳиш кардам,
ки пагоҳ маро ба машқи сарбозҳо, ба тамошои тӯппаронй
барад. Вай розй шуд.

Рӯзи дигар, аввали саҳар, ҳанӯз офтоб cap назада
хоҳарам маро аз хоби ширин бедор карда іуфт, ки зудтар
аз хоб бархезам, ки аз машқи сарбозҳою тӯппаронй мон-
дам. Чй тавр туфта пурсам іуфт, ки ана гӯш кун, тӯп паро-
нда истодаанд. Ман хушёртар шуда гӯш кунам, дар
ҳақиқат аз дур овози тӯп шунида мешуд. Пас зуд дастурӯ
шуста ба берун тохтам, ака Турсунро бедор карда гуфтам,
ки аз машқи сарбозҳо дер кардем. Вай ҳам зуд аз ҷо бархо-
ста дастурӯ шуста истода буд, ки дари кӯчаро кӯфтанд.
Рафта кушоем, Атқиёхоҷа - бародари ояи калонй омада-
аст ва бо овози баланд хабар дод, ки:

- Дар Когон ғазот шудааст, ин овози тӯп аз ҳамон ҷо!
Гӯё амакам - қозикалон фармудаанд, ки берун набарома-
да, мунтазири фармон шавем.

Хурсандй ба іусса, шахди лабон ба заҳр мубаддал гашт.
Ғазот, яъне ҷанг cap шудааст. Акнун чй кор мекунем?

- Ҳеҷ ran не, даромада ношто кунед! - іуфт ака Турсун

61
осудаҳолона.

Мо ин хабарро ба ҳавлии дарун бурдем. Ҳамам занҳо
бедор шуда буданд. Воҳима ва тарсу ваҳм боло шуд. Гӯши
ҳама ба тӯппаронӣ шуд. Баъд баъзе калонсолҳо ба ҷавонҳо
тасалло доданд. Фармуданд, ки ҷоҳоро гундошта, ба
таҳхона дароем, ба ҳар эҳтимол таҳхона эминтар аст ва
ношторо дар таҳхона кунем. Мо ба таҳхона даромадем.
Оҳиста-оҳиста овози тӯп ва туввоси іузашта рафтани
тирҳои тӯп ва таркиши бомбаҳо баланд шудан шрифт.
Рӯзи дигар як тири тӯп ба болохонаи мо расида, девори
хонаи калонро шикоф намуда, дар рӯи ҳавлии мо таркид.
Ҳама ҷо аз дуди сафеди заҳролуд пур гашт. То ба ҳалқи мо
дуди талх расид. Пас аз он ки дуд бартараф шуд, ману
акем ба рӯи ҳавлӣ тохта қӯрғошиммайдаҳои тири тӯпро
меғундоштем. Лекин ояҳо, апаҳо моро коҳиш карда ба
тахиона дароварданд ва хабар доданд, ки Маҳмуд ном ба-
чаи іузари мо дар кӯча ҳамин тавр қӯрғошиммайда мечи-
дааст, ки як тир омада ба сараш задаасту ҷо ба ҷо мурда-
аст.

Рӯзи дуюми ҷанг аз қозихона фармоне омад, ки мо ба
қадри лозимй либос ва чизу чора шрифта ба іузари
Мирдӯстим (дар ҷиҳати ғарби Бухоро) ба ҳавлии як хеша-
мон равем.

Намедонам пиёда, ё бо ароба ба іузари Мирдӯстим
рафтем. Иніузар аз ҳадафи тирҳои тӯп ба канортар буда,
ғавғою маҳшари ҷанг ҳам чандон шунида намешуд. Дар
ҳавлии даруни он ҷо ҳамаи занҳои хешу табор, дар
роҳрави дарози болояш пӯшидаи он, мардон ҷо карда ме-
нишастанд. Он ҳавлй боғчае дошт, ки мо бачаҳо дар он
бозй карда мегаштем. Писари соҳиби ҳавлй Ҳасанхон ном
дошт, ки ҳамсинну соли ман буд ва мо ҷӯра шудем. Рӯзи
чаҳоруми ҷанг хабар омад, ки Тӯраи Рузор бо лашкари

62
фаровон омада истодаанд, лашкари куффор, гӯё
ақибншинй кардааст. Дар ҳақиқат ҳам ҳамон шаб садои
тӯп каме хомӯш шуд. Лекин рӯзи панҷум, аз аввали пагоҳ
боз садои тӯппаронй зӯртар шуд. Ҳатто ба ҳамин канори
шаҳр ҳам тирҳои «шрапнел» ғув-ғув карда омадан гириф-
танд. Пас боз фармон шуд, ки зуд аз шаҳр берун равем.

Ҳамон рӯз он қадар саросемагӣ, он қадар дӯлоб шуд, ки
ман дуруст дар хотир надорам. Ҳамин қадараш ба ёдам
аст: пиёда, аспакӣ, харакй, бо аробаҳо мардум аз шаҳр ба-
ромада, гурехта рафта истода буданд. Дар миёни он
издиҳом ман саргардон шуда монда, аз аҳлибайтамон
ҷудо шудам.

Мегиристам, ба одамҳо муроҷиат мекардам, лекин ҳеҷ
касро ба ман коре набуд... Нохост, бинам, ки ака Турсун ба
як аспаке сувор, маро ҷез зада гаштааст. Давида ба наздаш
рафтам, іуфт, ки ба қафои вай ба асп сувор шавам. Лекин
ҳеҷ наметавонистам. Хурд будам, қадам намерасид. Ба
одамҳои калонсол зорй карда хоҳиш мекардам, ки ба ман
ёрй диҳанд, то ки ба асп сувор шавам. Лекин ҳеҷ кас ёрй
намедод. Ниҳоят ака Турсун аспро ба канори як баландӣ
ронд, ман аз он баландй ба асп, ба қафои зин сувор шудам
ва маҳкам аз миёни ака Турсун дошта шрифтам. Ака Тур-
сун асп ронда, аз дарвозаи Тали Поч ба беруни шаҳр ба-
ромад. Ба беруни шаҳр мардум ба ҳар тараф парешон ту-
да, роҳ андаке холитар шуд. Ана, дар ин ҷо мо ба аробае,
ки дар он аҳлибайти мо (ояи калонӣ, хоҳарам, акаам ва
дигарон) нишаста буданд расидем. Ман аз қафои асп ба
ароба іузаштам ва оҳи сабуке кашидам. Ароба аз они ама-
ки Абдулҳафиз ном мулозими амакам будааст. Вай моро
шрифта ба ҳавлии худаш мебурд. Аммо ояи хурдй ва ба-
родару падари ӯ чй шуданд, намедонам. Баъд фаҳмидам,
ки онҳоро амаки Муҳаммадихоҷаи тарикачй саравонй

63
карда нигоҳ доштааст.

Ҳавлии амаки Абдудҳафиз дар яке аз қишлоқҳои кало
ни Вобкенд, дар сари роҳи Бухоро - Ғиҷдувон будааст.
Ҳавлии калони беруну дарундор, богу сарҳавзу ангурзорҳо
дошт. Дар ин ҷо осудем. Занҳо ва мо бачаҳо дар ҳавлии
дарун, ака Турсун ва Атқиёхоҷаино дар берун буданд. Ман
бо писарҳои амаки Абдулҳафиз ҷӯра шудам ва рӯзу
шабҳоям хуш меіузашт. Бачаҳо ва ҷиянҳои Абдулҳафиз
дар ёбон гандум даравида, хирман карда, кӯфта буданд.
Гандум аллакай ба анбор оварда шуда буд, лекин коҳаш
монда будааст. Ипак, линга ва ҷуволҳоро ба се-чор хар бор
карда, ману бачаҳо ба коҳкашонй cap кардем. Рӯзи дуюми
каҳкашонй мо дар сари хирман будем, ки аз роҳи калон як
даста аскар, пеш-пеши онҳо ду-се нафар тоҷик, ё ӯзбекон
дар тан камзӯлчаҳои чармин, дар cap телпакҳои гирдаи
баррагй доштанд ва дар бозувонашон латтаи сурх баста
буданд, іузаштанд. Мо аз таре худро ба даруни коҳ задем.
Пас аз оне ки суворон аз назар пинҳон шуданд, коҳгундорй
накарда, ба харҳо сувор шуда, давон-давон ба ҳавлй ома-
дем. Амаки Абдулҳафиз дар сояи ток, дар рӯи ҳавлй ба чй
коре машгул буд. Ҳаяҷони моро дида пурсид:

- Хӯш, чй воқеа рӯй дод?

- Мо урусро дидем, - гуфтем, ҳаяҷон ва тарси худро

пинҳон накарда. - Аз роҳи калон аспакиҳо гузаштану раф-
танд. »

- Аз ҳамин тарсида бе коҳ омадед?

- Ҳа, охир урусҳо буданд...

- Хайр бошанд чй?

- Мо тарсидем.

- Э писарам, - іуфт осудаҳолона амаки Абдулҳафиз, -
рӯзе шавад, ки ба урус ҳамтабақ мешавед! Аз чии урус ме-
тарсед?!

64
Соли 1980, Ҷалол Икромй
Соли 1959, Ҷалол Икромй
Соли 1982, Ҷалол Икромй
Соли 1986, Ҷалол Икромй
Августа соли 1930. Вакилоии анҷумани зиёиёни тоҷик
Нишастаюн, аз чаи - Ҷалол Икромй, Рабий, М. Ьурхонов, Дар
катори 1 - Зехнй, Айнй, Лоҳутӣ, Шотемур, Иосир Мухаммадов,
Ҷабборӣ, Дяконов, Чинор Амонов, Ализода

Аз чан 6а рост: М. Рахими, С.Улугзода, К. Улугзода, Ҷ.Икроми,
Б.Раҳимзода, С.Ҷавхаризода. Н.Маъсумй, Ф.Ниёзй ( солхои 1950)
Анчумани 3-уми нависандагони РСФСР. Аз чаи ба рост дар катори
якум - Ҷ. Икромй, М.Турсуизода, Р.Ҷалил, М.Шолохов,
М.Миршакар, А.Шукӯҳй.

Соли 1951. С.Айнй, Ҷ.Икромй, С.Улугзода.
Соли 1957. Москва. Ҷалол Икроми
Соли 1982. Душанбе Ҷ. Икромй бо Сотим Улугзода

Сотим Улугзода ва Ҷалол Икромй - ду нависандаи бузурги точи к
дӯсти наздик буданд.
Ҷалол Икроми бо Алексей Сурков (аз рост). Анҷумаии 3-юми
пависандагони РСФСР.

Ҷалол Икроми бо нависандаи казок Анвар Олимҷонов (аз рост).

Москва
Соли 1959. Москва. Переделкино. Мирзо Турсушода ва Ҷалол

Икромй

Ҷалол Икромй ва Абдусалом Дехоти (аз рост). Солхои аввали 1950
Отахон Сайфуллосв, Павел Лукнитский ва Ҷалол Икроми (аз чан ба
рост). Анчумани 3-юми нависандагони РСФСР.

Лоик Шсралй, Раҷаб Амонов, Огахон Сайфуллосв, Аскар Ҳаким,
Султон Мирзошо, Фотех Ниёзй, Сотим Улугзода. Соли 1979,

Душанбе
Ҷалол Икроми ва Мирали Махмадалиев (аз рост). Соли 1982. Восеъ

Ҷалол Икроми дар сохтмони тоинел. Майхура. Соли 1982
Соли 1980 Ьухоро. ҶалоЛ Икроми бо Лминҷон Шукуров
Ҷалол Икромй бо донишҷусни донишгоҳи миллим Тоҷикистон.

Соли 1979

Соли 1947 (аз чаи 6а рост) Боки Раҳимзода, Исхода, Ҷалол Икромй
Саодат Икромй ва Ҷалол Икромй (соли 1985) бо иабераашон
Диловар ва абераашон Фарход (аз рост)

Саодат Икромй ва Ҷалол Икромй бо ахли оилаашон: духтарон,
наберагон ва абсрагон. Нишастагон аз чаи ба рост-Замира (духтари
калонй), Саодат ва Ҷалол Икромй, доктор Рахимов
Ҷалол Икромй бо хамсарапюн Саодат Икромй. Соли 1985

Ҷалол Икроми бо хамсарашон Саодат Икромй. Соли 1980
Ҳамин сухани амаки Абдулҳафизро ҳеҷ фаромӯш на-
мекунам. Ҳақиқатро гуфт вай! Кй будан ва чӣ будани рус-
ро хуб донистем, бо рус ҳамтабақ ва ҳамризқ шудем, бо
рус ҳамкор ва ҳамзист шудем... Натанҳо бо рус, балки бо
бисёр халқҳои мамлакати паҳноварамон шинос, улфат ва
дӯст шудем.

Аз падарам хабар надоштем. Одамҳо меіуфтанд, ки дар
Бухоро амон-амонӣ шудааст. Амир ва одамонаш хурехта
рафтаанд. Ҳукумати нав ташкил шудааст. Дар Бухоро
тинҷй, оеудагй ва «хуррият» будааст. Аммо падари мо дар
куҷо бошад? Дигар хешу таборҳо дар куҷо бошанд?
Маълум набуд. Як рӯз нохост аз падарам хабар расид. Як
одам омада іуфт, ки қозй Киромҷон дар фалон қишлоқи
Ғиҷдувон, дар ҳавлии фалонча истуқомат дорад ва
мехоҳад, ки писаронашро бинад. Ака Турсун ва амаки
Абдулҳафиз ҳардуи моро ба қафои зини аспашон бор
карда ба ҳамон қишлоқ шрифта бурданд.

Дар қишлоқе, ки падарам то як дараҷа паноҳ бурда бу-
дааст, тинҷию осудагй буд. Аз инқилобу шӯришҳои баа-
маломада, аз ҳокимияти нав асаре набуд. Падарам дар
ҳавлии кадом бое истиқомат мекардааст. Дар сӯҳбаташ
казо ва казоҳои қишлоқ, оқсақол, амин ва дигарон буданд,
хизматашро мекарданд, мукаррам ва ба хурмат медош-
танд. Падарам моро дида хурсанд шуд, навозиш кард ва
намедонам як шаб, ё ду шаб дар назди ӯ будем. Хабар на-
дорам, ки падарам бо амаки Абдулҳафиз ва ака Турсун чй
маслиҳате карданд ва чй қарор доданд. Ба ҳар ҳол пас аз ба
қишлоқи амаки Абдулҳафиз баргаштан, мо дар он ҷо дер
намондем, ба шаҳри Бухоро баргаштем. Гумон мекунам,
ки падарам аз воқеаҳои Бухоро пурра бохабар буда ва
фармуда буд, ки моро ба куҷо баранд ва чй кор кунанд.

Ин дафъа ба Бухоро баргаштани мо ба ман таассуроти

65
тамоман дигар бахшид. Охир, вақто ки мо дар қишлоқи
амаки Абдулҳафиз будем, рӯзонаҳо медидем, ки аз тарафи
Бухоро чи тавр дуди ғализ баромада ба ҳаво паҳн мешавад.
Мардум меіуфтанд, ки шаҳр сӯхта истодааст, шаҳр хоки-
стар шуда истодааст... Шаҳре, ки сад солҳо инҷониб чунин
ҷанг ва чунин инқилобро надида буд. Шаҳре, ки обод,
маъмур ва машҳури дунё буд, шаҳре, ки он аз Коштар то
Хитой, аз Туркистон то Росия, аз баҳри Хазар то ба Кафқоз
ва Туркия ва Арабистон, аз Ҳисор то ба Ҳинду Афтону
Эрон овоза бардошта буд; шаҳре, ки мардум гумон мекар-
данд инҷо маркази ислому дин аст, ин ҷо ба дунёи Шарқ
нури имоне мепошад; шаҳре, ки маркази тиҷорат, савдо ва
манбаъи моли хом аст (охир тиллои Бухоро, абрешим ва
пашм, пӯсти қарокӯлй ва меваҳои шахдбори Бухоро ба
оламиён машҳур буд); шаҳре, ки ба он меомаданд, мебур-
данд, медоданд ва мегирифтанд; шаҳре, ки солҳои охир
остонаҳои он аз тилло шуда буд, пулу молу маноли олам
дар он ҷамъ шуда буд... Инак ҳамин шаҳр, ҳамин Шӯҳраи
офоқ тӯъмаи оташ гашта, борони тиру бомбаҳо ба боло-
яш, ба кӯчаю хонаҳояш, ба қасру масҷиду растаҳояш рехта
аст. Пас чӣ шуда бошад ин шаҳр? Аз вай чӣ боқӣ монда
бошад? Аробаи мо аз ҳамон дарвозаи Самарқанд ба шаҳр
ворид гашт. Дарвозахона ва қалъаи ду тарафи он ҳама
барҷо буданд. Даруни шаҳр ҳам ҳавлиҳо, кӯчаҳо асли
қадим барин буданд. Ман ҳар замон ба худ суол медодам,
ки куҷои ин шаҳр сӯхта боіііад. Вақто ки аз таи тоқи Зар-
гарон, ки он побарҷо буд, гузашта ба тарафи Манор равон
шудем, натиҷаи сӯхгору бомбаборонро дидем. Масҷиди
калон чизе нашуда буд, лекин ба чундаки манор тири тӯп
расида, хеле ҷояшро афтонда буд. Аз таи манор растаю
бозорҳо, сарои чойфурӯшӣ, дӯконҳо ва ғайра cap мешуд,
ки ҳеҷ кадоми онҳо намонда буд. Ба ҷои онҳо тӯдаи вайро-

66
на ва харобиҳо боқӣ монда буданд. Аз паси масҷиди калон
растаҳои қаннодӣ, мисгарӣ, ҷомафурӯшӣ cap шуда то ба
Регистон мерасид, ки аз онҳо низ чизе боқй намонда буд.
Ҳама сӯхга, афтода, валангор шуда буданд.

Амаки Абдулҳафиз моро ба ҳавлии ака Шарифхон бур-
да фѵровард, ки тақрибан ҳамаи хешу таборони наздики
моро ба ҳамон ҳавлй ҷо дода буданд. Ин ҳавлй дар
қарибии қозихона, ки дар гузари «Шарифҷон» буд, воқеъ
гашта, ҳавлии калони серхона буд. Аз растай собиқ
Чарчинфурӯшӣ, ки камтар роҳ гашта ба тарафи қозихона
баргаштед, кӯчаи начандон дароз ва начандон васеъ cap
мешуд, ки ҳавлии ака Шарифхон, ҳавлии аммаамон ва ди-
гар хешу таборон дар ҳамон кӯча буд. Лекин миёни ҳамаи
ҳавлиҳо беҳтарин ва калонтаринаш ҳавлии ака Шарифхон
буд. Дар он ҳавлй мо (акаам Нуриддинҷон, хоҳарам Мас-
рурахон) ояи калонй бо бачаҳояш дар як хона ҷо гириф-
тем. Ояи хурдиро падараш амаки Муҳаммадихоҷа ба
ҳавлии худаш гирифта бурда буд. Ака Турсун аз қишлок,
бо мо наомад, ба Ғиҷдувон рафт, магар ки баъд ба ӯ ман-
саби калон дода (ба идораи тафтиши давлат калон карда)
ба Бухоро оварданд, ки ӯ бо занаш апа Маъмура дар авва-
ли рӯзҳои ҳукумати Бухоро кайфе дошт. Боре падарам
моро ба ҳавлии вай фиристод, ки шояд ёрие расонад. Вале
ака Турсун тамом одами дигар шуда буд, моро писанд на-
кард ва дуруст қабул ҳам накард. Пас аз чанд гоҳ шунидем,
ки зану шӯ ҳарду заҳр хӯрда мурда мондаанд. Ин кори кй
буд, маълум нашуд.

Дар ҳавлии ака Шарифхон дар як хона аммапошшо
(модари зани ман Саодат) бо писару духтаронашон, дар як
хона холаи ака Шарифхон бо духтараш Маъсумахон
истуқомат мекарданд. Баъд оҳиста-оҳиста ҳар кадом оила
хонаю ҷо гирифта, дар бадали як сол ҳавлиро холй кар-

67
дем. Аввал ба аммапошшо ҳавлиашонро холй карда до-
данд ва онҳо зуд кӯчиданд. Баъд ба холапошшо модари
Маъсумахон як ҳавличаи рӯбарӯро доданд. Холапошшо -
хоҳари модари ака Шарифхон, ки яке аз занҳои амаки
қозикалон буданд ва Маъсумахон аз қозӣ Бурҳониддин
шудагй. Модари ака Шарифхонро мо тӯтапошшо меіуф-
тем. Зани боақлу фаҳм, баидрок буданд (чй тавре ки дар
аввали хотиротам іуфта будам, ин кас зани Қиёмиддин
махсум - бародари миёнаи Қозй Бурҳониддин мебошанд).
Ягона писарашон - Шарифхон дар хурдсолй бемор шуда,
дар натиҷа букрй гашта буданд. Лекин дар ақлу фаҳм
нобиға буданд хӯям, хато намекунам. Модарашон дар зин-
дагиашон духтари хоҳари худ Маъсумахонро (ки ҳанӯз 14
сола буд) ба ака Шарифхон тӯй карда гирифта доданд. Ле-
кин онҳо ба зудӣ зану шӯ шуда натавонистанд.
Тӯтапошшо аз ин ғам ба бемории саратон гирифтор шуда,
дар тобистони 1922 қазо карданд. Ин аввалин мотам ва
азодорй (пас аз инқилоб) дар оилаи калони мо буд.
Маъсумахон ва ака Шарифхон чаҳор-панҷ сол бо ҳам бу-
данд, вале зану шӯ гашта натавонистанд. Баъд ки нашуд, аз
ҳам ҷудо шуданд. Ака Шарифхон хонаю ҷо, чизу чораи
худро партофта бо нияти хондан ба Тошканд рафтанд,
Маъсумахон ба Умедҷонов ном муаллими физкултура, як
ҷавони бебок ва дагали шофиркомй ба шавҳар баромад.
Аз вай ду духтар ва як писарнок шуд. Афсӯс ки дар соли
1937 Умедҷоновро ҷаллодони Сталин ба ҳабс гирифтанд ва
дигар барнагашт. Маъсумахон бо модар ва фарзандонаш
азобу уқубати бисёре дид. Ман дар бораи ҳаёти
пурмашаққати Маъсумахон як повеет бо номи «Дувоздаҳ
километр» навиштам, ки аввал онро чоп накардам, тарси-
дам. Ман онро дар соли 1962 навишта будам. Ин повеет 26
сол дар архиви ман чоп нашуда хобид. Пас дар соли 1988

68
тарҷумаи русин онро журнали «Помир» ва оришналашро
газетаи «Ҳақиқати ӯзбекистон» дар даҳ шумораи худ чоп
карда баровард. Ходимони журнали «Садом Шарқ» бо
фитна ва душмании баъзе ходимони журнал повестро чоп
накарданд ва ягон баҳонаи ба ақл рост меомадагй ҳам
оварда натавонистанд. Ин хиёнати калон дар ҳаққи ман
буд.

* * *

Зимистони соли аввали инқилоби Бухоро ҳаво хеле ху-
нук шуд, барфи бисёре борид, ҳама ҷо яхбандй шуд. Мо ки
либоси мепӯшидагии дуруст надоштем, хеле азоб мека-
шидем. Шунидем, ки падарам худаш омада ба ҳукумат
таслим шудааст ва ӯро гирифта ҳабс кардаанд. Дар ин ху-
сус ҳам мо ғаму ғусса доштем. Ҳабсхонае, ки дар он ҷо па-
дарам маҳбус буд, дар іузари Говкушон, дар ҳавлии амир
буд. Ҳар рӯз ман ба падарам хӯрок ва нон мебурдам. Як
рӯз - тахмин дар моҳи ноябр, соли 1920 буд, ҳаво соф, ос-
. мон беіубор, ман дар дастам туіунча (як коса ошу нон) ги-
рифта ба сӯи ҳабсхона мерафтам. Ба таи девори масҷиди
ҷомеи Говкушон расида будам, ки ногоҳ іулдуроси
гӯшкаркунандаро шунидам, ки аз зарбаи он дарҳои бастаи
масҷид шараққос заданд ва дар осмон як порчаи калони
дуди сафед, ба мисли абри тафсе пайдо шуд. Ман чунон
тарсидам, чунон ларзидам, ки ба тохтан поҳоям маҷол на-
доштанд. Ҳабсхона рафтан куҷо?! Аз роҳ баргашта ба
ҳавлй Давидам. Ҳолати маро дида хонабудагон тарсиданд.
Ба ман дар косаи оби хунук коғаз сӯхта хӯронданд ва
тасаллй дода гуфтанд, ки натарсам. Дар беруни шаҳр, дар
вокзалча вагони тиру доруи милтик, таркида аст. Баъдтар
фаҳмидам, ки «ин кори душманони инқилоб» будааст.
Дар вақти ба вагонҳо тиру дору бор карда истодан, қасдан

69
таркондаанд. Чандин кас мурда, чандин кас ярадор шуда-
анд.

Ҳар пагоҳ ба Бозори нав рафта ширу қаймоқу обинабот
овардан вазифаи ман буд. Як пагоҳ, ки ҳаво хеле хунук буд,
дар дастам ду коса ба Бозори нав рафтам. Қаймоқ харида-
му обинабот харидам ва ҳарду дастам банди косаҳо ба сӯи
ҳавлй баргаштам. Дастҳо ва панҷаҳоям чунон хунук
хӯрданд, чунон шах шуданд, ки кам монда буд, косаҳоро
ба замин партоям. Вале дандон ба дандон монда, ба сӯи
ҳавлии ака Шарифхон Давидам ва дар баробари аз дарвоза
ба ҳавлӣ даромадан гиряро cap кардам. Хона будагон сахт
ба тарсу ваҳм монда, маро иҳота карданд, косаҳоро аз дас-
там шрифта, панҷаҳоямро молиданд ва ба сандалй даро-
варда гарм карданд.

Ҳамин ду воқеа аз давраи дар ҳавлии ака Шарифхон бу-
данамон ба хотирам мондааст.

Барои аз ҳабс халос кардани падарам, мо ҳар чй ки ме-
тавонистем, кардем. Ба номи Файзулло Хоҷаев, ба номи
Абдуқодир Муҳиддинов, ки яке раиси шӯрои нозирон,
дигарй раиси комитета инқилоб буд, аризаҳо менавиш-
тем; бегуноҳй, тарафдори ҷадидон будан ва тарафдори
мактаби нав будани падарамро махсусан қайд мекардем.
Ниҳоят дар моҳи январ, ё ки феврали соли 1921 дар Реги-
стон дар масҷиди Поянда Суди падарам шуд. Падарамро
бо ду каси дигар қушбегии поён (номашро фаромӯш кар-
дам) ва боз кадом як мулло суд карданд. Файзулло Ходаев
сиёҳкунанда ва қозии якум (яъне пас аз инқилоб қозии ав-
валин) сафедкунанда буд. Ҳаво сард, барфи боронаралаш
меборид. Дар ҷое, ки суд мешуд, пулемётҳо іузошта
шудагй ва атрофи ҳайъати суд ва ҷои мурофиаро гвардия-
чиёни силоҳбадаст иҳота карда гирифтагй... Ману акааму
хоҳарам, ояи калонй бо модараш ва дигар чандин хешу

70
таборон дар атрофи маърака мунтазир будем, ки суд чй
ҳукм мебарорад. Мурофиа хеле дуру дароз давом кард, ё
ки ба ман чунин намуд. Ҳатто дар ҳамон ҷо ҳам, дар вақти
танаффус ба ман фармуданд, ки ба дасти Файзулло Хоҷаев
ариза дароварда диҳам. Нотарсона ҳамин корро ҳам кар-
дам. Суд пас аз нимрӯзй ба охир расид. Падарамро сафед
карда, аз худи ҳамон ҷо озод карданд. Мо чунон шод, чу-
нон хурсанд будем, ки чй кор карданамонро намедони-
стем. Гирд-гирди падарам мегаштем, мебӯсидем ва бо
шодмонй ӯро иҳота карда ба ҳавлии аммаамон бурдем.
Аммаамон дар ҳавлии худашон, соҳиби ҷумла чизу
чораҳошон буданд. Он рӯз дар ҳавлии аммаамон гӯё тӯе
барпо шуд.

Падарам чанд рӯз истироҳат ва табобат карданд ва баъд
барои ҷои истуқомат ба ҳукумат муроҷиат карданд.
Ҳукуматҳо аввал ба мо аз іузари Бозори сабзӣ ҳавлии
«Қозии Закун»-ро доданд. Ин ҳавлй чандон калон набуда,
ба се оилаи падарам (ману акааму хоҳарам, ояи калонй бо
фарзандонаш ва ояи хурдй) намерасид. Аз дарвоза, ки да-
ромадед, як долон (бостурма) буд, дар болои он болохона
ва пас ҳавлии дарун як ду хона дошту ошхона, дигар ҳеҷ.
Ба гумонам падарам боз ариза дода, ҳавлии калонтар та-
лаб карданд. Ба он кас ду ҳавлии даруни қозихонаро до-
данд, ки аз тарафи «Лаби чуқурй» (кӯчаи нишебе, ки ба
гузари ҳаммоми Кавшолак мефуромад) даромад карданд.
Дар ин ҷо дар буд, вале дари партав ҳисоб мешуд. Дар он
ҷо ҳавлии «Ҷомашӯйхона» ҳам буд, ки онро ҳам ба пада-
рам доданд. Албатта баъзе ашёҳои хона, аз қабили гилем,
намад, кӯрпаю кӯрпача, дегу табақу косаю чойнику пиёла
ва ғайра ашёҳои лозимаро ҳам доданд. Худи падарамро ба
назорати ҳифзи сиҳат, надонам ба чй коре монданд, ки дар
як хона бо чанд кас нишаста кор мекард. Баъзе коіазу

71
делаҳо дар дасташ буд. Аҷобати кор ин ки ин идора ҳам
дар ҳамин ҳавлие буд, ки як вақтҳо ҳабсхона карда буданд.
Маълум, ки то дар он дам ҳамаи ҳабсиҳоро озод карда,
ҳавлиро ба идораи ҳифзи сиҳат додаанд.

Падарам ояи хурдиро аз ҳавлии падараш оварда дар
ҳавлии дарун, ки пештар онро «ҳавлии толорнок» меіуф-
танд, ҷойгир кард. Ин ҳавлй як хонаи калони дубаҳра
дошт, ки аз калонтарин хонаҳои ҳавлии қозихона ба шу-
мор мерафт. Даҳлизу мадон дошт. Як тарафаш ба рӯи
ҳавлии толорнок, тарафи дигараш ба ҳавличаи махсус ку-
шода мешуд. Аз даҳлизи ин хона боз як хоначаи европои-
сохт буд, ки тирезаи калони он ба ҳамон ҳавличаи махсус
кушода мешуд. Ояи хурдй дар хонаи калон, мо - ману
акааму хоҳарам - дар хонае, ки номаш «хонаи баланд» буд
ва дар ҳақиқат ба он аз поёни суфа бо панҷ-шаш зина ме-
баромадем, мезистем (дар поёни ин хона таҳхонаи баҳавое
буд. Дар зери суфаи начандон баланди ин ҳавлй ҳам
тахрсонаи васеъ буд). Ояи калонӣ дар ҳавлии дигар, ки ак-
нун ҳавлии аввалин (пас аз ҷомашӯйхона) ба шумор ме-
рафт, ҷойгир гашт. Аз дарвозаи кӯча, ки даромадед, ба во-
ситаи як роҳрави ду хамгаштнок ба рӯи ҳавлй мебарома-
дед. Дар ин ҳавлй ду тахиона, як суфаи баланд ва се хона
буд. Ошхонаи калони қозихона ҳам дар байни ин ду ҳавлй
воқеъ гашта буд.

* * *

Дар ин ҷо мехоҳам якчанд сухан дар бораи инқилоби
соли 1920 Бухоро ва хукумати ҷумхурияти халқй, шӯроии
Бухоро іуям. Инқилоби Бухороро инқилоби пролетарй-
сотсиалистй (ба мисли инқилоби Октябр) іуфтан нашояд.
Ин инқилоб - инқилоби халқй - инқилоби буржуазияи
майда буд. Дар сари он дар баробари партияи коммуни-

72
стии Бухоро, инчунин партиям давонбухориён, партиям
ҷадидон меистоданд. Партиям ҷавонбухориён асосан аз
намояндагони зиёй, буржуазиям майда, савдогарон, мул-
лобачагони Бухоро иборат буд. Аксарияти ҷадидоне, ки ба
сари ҳокимият омаданд, ё дар Туркия таҳсил карда бу-
данд, ё дар Тотористон ва қисми ками аз онҳо дар Россия
соҳиби маълумот гашта буданд. Файзулло Хоҷаев,
Абдуқодир Муҳиддинов, Оқчурин барин касон дар Москва
тарбия ёфта буданд. Шояд барои он ки аксарияти ҷадидон
ба таъсири пантуркистон монда буданд, хукумати нави
Бухоро забони давлатиро дарҳол забони турки эълон на-
муд. Газетам «Бухоро ахборй» ба ду забои чоп мешуд. Фай-
зулло Хоҷаев ба забони турки (ӯзбекй) нависад, Абдуқодир
Муҳиддинов ба забони тоҷикй мақола чоп мекард.
Мактабҳо ҳама ба забони туркй, баъдтар ба забони ӯзбекӣ
буданд. Ҳар кас, ки ба ҳукумат аризае навиштанй бошад,
ба забони туркӣ менавишт, муомилоти расмии идораҳо
туркй буданд.

Халқи Бухоро, ки аксарият (аз 80 фоиз бештарашон)
тоҷикон буданд, хеле мушкилй мекашиданд. Пантурки-
стон бошанд, бо ҳар роҳ ба халқ талқин мекарданд, ки
шумо аслан турк ҳастед, фарзанди туркед, забонатон бо
таъсири эрониён вайрон шуда тоҷикй гаштааст... Мо турк
ҳастем, миллати мо турк аст, мо туркнажодем... Ба ин
«ақидаи» ҷадидони Бухоро зобитони турк, ки аксарияти
онҳо муаллим шуда буданд, ёрй медоданд, тақвият мена-
муданд ва ба шогирдон туркй даре медоданд. Мо талаба-
гони мактабҳои ибтидой ду сол азоб кашида, умру вақт
талаф карда забон меомӯхтем.

Зобитони турк пас аз ҷанги аввали ҷаҳон ба Россия асир
афтода буданд, ки аксарияти онҳо дар ҷумҳурияти халқии
Бухоро ба худ ҷои муносиб ёфтанд. Онҳо маориф, милит-

73
сия в а нашриятҳоро ба даст гирифтанд. Ҷадидон ба ин роҳ
медоданд ва то метавонистанд ғояи миллатчигй ва пан-
туркистиро ривоҷ медоданд. Ҳаминро бояд қайд кунам, ки
ҷадидони Бухоро ҳама якранг ва якақида набуданд. Қисми
калони онҳо ба партиям коммуниста дохил шуда,
ҳокимияти Советиро равнақ ва ривоҷ медоданд ва
ақидаашон интернатсионалистй буд. Як қисмашон мехо-
станд, ки давлати миллим алоҳида созанд ва ҳокимиятро
ба даст гирифта, ба инқилоби сотсиалистй монеъ шаванд.
Ҳамин қабил ҷадидон ба ташкили босмачигарй ёрй ра-
сонданд. Чунончй Муҳиддин Махсум (ки раиси комиссиям
«фавқулоддаи атроф» буд) ва нозири ҳарбии хукумати Бу-
хоро - Абдулҳамид Орипов, ки ҳардуяшон ҳам хиёнат
карда, ба тарафи босмачиён іузашта буданд. Баъд Усмон
Хоҷаев президента Ҷумҳурияти Бухоро буд ва аз Бухорои
Шарқй гурехта ба Афтонистон рафт. Хушбахтона ин хел
ҷадидон бисёр набуданд. Боз як қисм ҷадидон коммунист
нашуданд, лекин ба аксулинқилоб ҳам ҳамроҳ нагаштанд.
Баръакс бо ҷону дилашон тарафдори ҳокимияти шӯроӣ ва
тарафдори инқилоб буданд. Чунончй Аҳмадҷон Махсуми
Ҳамдй, Мунзим, Мирзоабду Воҳид, Мукаммил ва Мазҳар
Бурҳоновҳо, Аминҷон Махсум Зиёиддинов, Мирзо Изза-
тулло, Порсо Хоҷа ва дигарон...

Метавон гуфт, ки ҳукумати Ҷумхурияти халқии Бухоро
давлати туркиасос буд. Аммо ҳамаи асосіузорони он дар
хона ва кӯчаҳо ба забони тоҷикӣ ran мезаданд, туркиро
фақат дар расмият нигоҳ медоштанд. Ҳозир ҳам агар ба
Бухоро равед, мебинед аксарияти мардум ба забони
тоҷикй ran мезананд, ҳатто дар идораҳо, мактабҳо ва
комитетҳои вилоятию шаҳрӣ мардум дар байни худ ба за-
бони тоҷикй іуфтуіу доранд ва ҳамин ки расмият шуд, за-
бони ӯзбекй ба миён медарояд.

74
Давлати туркии ҷумҳурияти халқии Бухоро то ба
охирҳои сол 1924, то ба тақсимоти ҳудудҳои миллим
ҷумҳуриятҳои Осиёи Миёна давом кард. Дар ин муддат
ҷадидҳо, ҳукуматдорони ҷумҳурияти халқии Бухоро дар
байни худ созиш карда натавонистанд (ё ки онҳоро ба
ҳамдигар махсусан ҷанг меандохтанд). Файзулло Хоҷаев бо
Абдуқодир Муҳиддинов, Усмон Хоҷа бо Аббос Алиев,
Мирзо Иззуталло бо Порсо Хоҷа ва ҳоказо ғуррӯ пис дош-
танд. Фитрат дар як тараф, Қорӣ Юлдош (нозири маориф)
дар як тараф, Мукаммил Махсум дар як тараф, Оқчурин
дар як тараф! Худи ҳамин кашмакашҳо ҳам то як дараҷа
ба нест шудани Ҷумҳурияги халқи Бухоро сабаб шуданд.
Инчунин иқтисодиёт, молиёти давлат ба дараҷае паст фу-
ромад, ки якто нон ба панҷсад сӯм расид. Пули коғазии
Бухоро, ки дар матбаа ҷувол-ҷувол чоп карда мебаровар-
данд, ҳеҷ қурбе надошт. Вақто ки Червонс баромад ва
фармон шуд, ки пулҳои Бухороро ба Червонс иваз кунанд.
Мардум лингча-лингча ва ҷувол-ҷувол «коғазакча» мео-
варданд. Кассирҳо нашуморида, бо тарозу баркашида, ба
ҷояш як дона червонси даҳсӯма медоданд. Алҳақ нархи
червонс баланд буд, ба як тиллои панҷсӯма чорсум чер-
вонс медоданд. Ин пули бақурбу манзалат котазақчаи Бу-
хороро аз миён бурд ва дар бозор каме тартиб ҷорй шуд.

Ман афсӯс мехурам, ки Ф.Хоҷаев, А.Муҳиддинов, Фит-
рат ва Аббос Алиев барин одамони боақл бо ҳам дӯстона,
ба иттифоқ зиндагй карда натавонистанд. Агар игтифоқ
мешуданд, шояд зиндагии халқи Бухоро беҳтар ва хур-
рамтар мегашт. Баъд ҷумҳурияти ӯзбекистон ташкил шуд
ва ҳамаи хоки Бухоро ба ӯзбекистон мулҳақ гашт. Нагуф-
танд, ки дар ин сарзамин тоуикон аз қадим зиндагй дош-
танд, давлат доштанд, маданият доштанд, забои ва
фарҳанг доштанд! Қисми калони ҳукуматдорони Бухоро

75
бо сардории Файзулло Хоҷаев ба ӯзбекистон іузаштанд.
Москва шояд маҷбур шуд, ки аввал Бухорои Шарқиро,
кӯҳистонро ҷумҳурияти мухтор дар ҳайати ӯзбекистон
монад ва баъд дид, ки намешавад (ҳам аз ҷиҳати сиёсй ва
ҳам аз ҷиҳати сотсиологӣ) ва дар дарвозаи Шарқи мазлум,
дар сарҳади Ҳинду Афғону Ирон як давлати мустақил -
Ҷумҳурияти шӯроии Тоҷикистонро насозанд, хуб нест,
Тоҷикистони имрӯзаро ба майдон оварданд, ки он аз
марказҳои маданият ва таърихи худ ҷудо монд. Ба ман
мешуд, ҳамон хок ва сарзамини ҷумҳурияти халқии Бухо-
ро, Самарқанду Хуҷанд илова карда ҷумҳурияти
Тоҷикистон месохтам/ ки кори дуруст ва баинсофона ме-
шуд. Дар он ҳол забои ва миллияти мардумон намекоҳид,
ҷумхурияти Тоҷикистон ҳам - ҷумхурияти пурра,
ҷумхурияти ҳақиқатан мустақил ва аз ҳар ҷиҳат асоснок
мегашт. Афсӯс, ки ин нашуд! Инқилоби соли 1920 Бухоро
вазифаи худро то ба охир адо карда натавонист. Алҳақ ин
инқилобро давом додан, вусъат додан ва ба охир расони-
дан лозим буд- Мо мардуми Бухоро рӯзҳои аввали
инқилоб умедҳои калон доштем. Аз зулми амир ва истиб-
дод наҷот ёфта, ба роҳи нав, ба ҳаёти нав қадам монда бу-
дем. Аз мактабҳои кӯҳна халос шуда, бо шавқу завқ ба
мактабҳои нави шӯроӣ даромадем. Ҳарчанд ки мактабҳо
туркй буданд, лекин ба усули нав буданд. Муаллимҳои
мактабҳо, ки аксарашон бухороӣ буданд, тоҷикиро медо-
нистанд, агар лозим шавад, ба мо ба забони тоҷикй
фаҳмонда медоданд.

Ман аз соли аввали инқилоб, ҳамин ки мактабҳои нави
ибтидой кушода шуданд, ба мактаби «Учунчй Тӯрон»
рафта даромадам, ки он дар іузари Пои Остона, дар
ҳавлии кадом як бой ҷо шрифта буд. Ҳавлии калон ду хо-
на дошт, ки дар он ду синф буд. Хонаи муаллимҳо дар бо-

76
лохона воқеъ гашта буд. Ман дар синфи аввал мехондам.
Якумин бор ба парта нишаста, қаламу дафтару китоби
алифборо бепул гирифтам. Дарем забои, дарси ҳисоб, дар-
си таълимоти диния, дарси гимнастика ва дарси «Шарқй»
(яъне сурудхонй) буд. Ба ман ин мактаб хеле маъкул шуд.
Баъдтар дарси хусни хат, дарси забони руей ҳам илова
шуд. Аз саҳар то соати чор-панҷи бегоҳӣ мехондем.

Ба мо либос - формаи бисёр хуб доданд. Куртаҳои са-
фед, шалворҳои кабуд, миёнбапдҳои заррин, телпакҳои
рӯяш аз матоъи пашминаи сафед, дарунаш махмалин буд.
Ҳар мактаб формаи ба худаш махсус дошт. Мактабҳои
«Намуна», «Тӯрон», «Авлоди Шуҳадо» ва ғайра ташкил
шуда буд. Вақто ки мо поймашқ карда, шарқй хонда ба
кӯча мебаромадем, мардум тамошо мекарданд. Баъдтар
нақора ва най доданд. Ду най, ду нақора. Ман нақора ги-
рифтам. Дар кӯча нақора ва най навохта гаштуіузор ме-
кардем. Як рӯз дар таи тоқи Заргарон нақора навохта,
поймашқ карда гузаштани маро аммаам дида, чунон ги-
ристанд, ки базӯр худро ба ҳавлй расонидаанд ва ба пада-
рам арз кардаанд. Падарам он касро тасалло дода іуфта-
анд, ки зарар надорад, мактабҳои нав ҳамин хел мешавад.

Бале, нақоранавозӣ, нақорачӣ будан дар он дам айб
башумор мерафт. Дар Бухоро инқилоб шуда, ҳокимияти
нав ташкил ёфта бошад ҳам, ҳаёту маишати кӯҳна ҳанӯз
побарҷо буд. Дар ҳама масҷидҳо сӯфиҳо азон мегуфтанд,
мардум панҷ вақт намози худро дар масҷидҳо адо мекард.
Дар моҳи рамазон сӯфиҳо, мисли аввала, ба болои манор
баромада азони шому бомдодро меіуфтанд ва саҳарҳо дар
нақорахонаи арк нақора менавохтанд. Дар гузарҳо
оқсақолҳо хукмронй мекарданд. Ҳукумати халқии Бухоро
қозию муфтиҳоро боз аз нав расмӣ кунонд. Мардум - ҳар
кас, ки хоҳад, арзу додашро ба қозй мегуфт ва хукми ӯ pa-

77
во буд. Фақат ҳамин, ки қозиҳо ба қонуну қоидаи нав риоя
мекарданд. Масалан, ба занҳо тааддй кардан, ба
хизматгорҳо зулм кардан ва истисмор намудап, порахӯрӣ
ва ғайра манъ буд. Инчунин судҳои халқй ва назорати ад-
лия низ ташкил ёфта буд, ки ҳар кас мехост арзу доди худ-
ро ба судҳои халқй кунад. Падари ман чанд гоҳ муовини
қозӣ шуда кор карданд. Вале пас аз панҷ-шаш моҳ ис-
теъфо дода баром аданд ва он касро мувофиқи хоҳиши ху~
дашон (азбаски ба корҳои духтурй ва ҳифзи сиҳат
муҳаббате доштанд) мудири бемористони асосии шаҳри
Бухоро, ки дар қарибии дарвозаи «Шайх Ҷалол» буд,
таъйин карданд. Падарам дар ин ҷо хеле нағз кор карданд.
Бо маслиҳати духтурҳо чандин шӯъбаҳои нав - шӯъбаи
бемориҳои дохилӣ, шӯъбаи бемориҳои сирояткунанда,
ҷарроҳй ва ғайраро тартиб доданд.

Бале, фаромӯш кардаам, хукумати Бухоро шӯъбаи
авқоф ҳам ташкил дод, ки сардори он қозӣ
Шарифҷонмахсум буданд. Ин шӯъба то солҳои охири
хукумати халқии Бухоро давом кард. Дар солҳои 1924 буд,
магар ки дар вақти таътил бо ташаббус ва корчаллонии
Сулаймонхон (ҷиянам - писари Усмонхон ва хоҳари Сао-
дат) дар ҳавлии навсохти Абдураҳмон Ҳамидй (ҳамсояи
мо) «артел»-и санбӯсапазй сохтем. Дар «танӯр» (духовка)-и
ошхонаи Абдураҳмон санбӯсаҳои гӯштини бисёр нағз
мепухтагй шудем. Дар гӯшту пиёз резакунй ман ёрй ме-
додам. Хамирашро Абдураҳмон мегирифт. Ба рӯи
санбӯсаҳо зардии тухм молида, ба духовка мемондем ва
пас аз замоне дар ҳақиқат ҳам санбӯсаҳои хушбӯ ва хуш-
таъм тайёр мешуд. Зуҳурхон, Аслихон (амакбачаҳоям) ва
Сулаймонхон санбӯсаҳоро ба лагандҳо ва лаълиҳо андохта
дар вақти танаффуси нимрӯзӣ ба идораҳо мебурданд ва
пул карда меоварданд. Дар байни ин фурӯшандагон аз

78
ҳама чаққон ва фаъол Аслиддин ва баъд Сулаймонхон бу-
данд. Бечора Зуҳурхон бисёр вақт фурӯхта натавониста,
ними санбӯсаҳоро баргашта меовард. Мо аз Аслиддин
пурсидем, ки боиси муваффақияти ту дар чист. Вай иқрор
шуд, ки як лаганд санбӯсаро шрифта, рост ба идораи
авқоф (дар мадрасаи болои ҳавзи говкушон ҷо шрифта
буд) мебурдааст. Дар он ҷо нишастагон, ки аксарият мулло
ва муфтиҳои маълум ва машҳур буданд ва хусусан худи
шодравон Шарифҷон Махсум Аслиддинро шинохта ва хо-
риашон омада, баъзеҳо ҳатто оби дида карда (ки фарзанди
қозикалони Бухоро санбӯсафурӯш шуд-мй?!) дарҳол та-
моми санбӯсаҳояшро харида мегирифтаанд ва ҳатто аз
нархаш ҳам зиёдтар пул медодаанд. Аслиддини бало бо-
шад, пулро шрифта ба сӯи ҳавлй медавидааст...

Ин «артел»-и мо тақрибан ягон моҳ давом карду баъд
бо ҳар хел сабабҳо (манъ кардани падар ва акаҳои
Абдураҳмон, ки ошхонаи вай буд) барҳам хӯрд.

Дар ин ҷо мавқеаш омад, дар бораи корчаллонии Су-
лаймонхон ва фурӯшандагии ман боз як ҳикоят гӯям:

Ҳукумати халқии Бухоро аз баҳори соли 1921 cap.карда,
ҳар сол дар регистон, ки майдони васеъ буд (се растай ка-
лон, тоқи аллофон ва ғайра сӯхта буд, ки ҷои онҳо холй
монд) иди Наврӯз ташкил медод. Ин иди наврӯзй
аҳамияти калоне дошт: халқро ба ҳукумати нав ҷалб кар-
дан, тантанаи рӯзҳои озодӣ, ташвиқот ва тартиботи ҳаёти
нав ва тайра ва тайра. Бо қарори хукумат ҳар як идора ва
муассиса дар регистон чодари худро барпо месохт. Маса-
лан чодари Кумитаи марказии фирқаи иштирокиюн, чо-
дари Кумитаи марказии инқилоб, чодари маориф, чодари
камсомол, чодари назорати ҳифзусиҳат ва тайра ва ғайра...
Ҳамаи ин чодарҳо нағз оро дода мешуданд ва мувофиқи
номашон таҷҳизонида мегаштанд. Дар чодарҳо анвои

79
хӯрокворй, оши палав, шӯрбо, манту ва ғайра; чои кабуд,
нон, ҳалво ва ширинй муҳайё буд. Дар як қисм чодарҳо
ҳофизҳои машҳури ҳамон вақта базы мекарданд. Дар
майдонҳо гӯрашгирй (кураш) масхарабозй, сирк, театр ва
киноҳо кор мекарданд. Ин чодарҳо ва кӯчаҳои он аз саҳар
то ними шаб пур аз одам буданд. Ҳар кас, ки ба чодари
фирқа даромада зиёфат хӯрд, дар вақти баромада рафта
истоданаш ба дасташ билети сурх медоданд ва мегуфтанд,
ки акнун шумо аъзои фирқа шудед. Онҳое, ки дар ҳақиқат
мехостанд, ки аъзои фирқа шаванд, аз ин марҳамат хур-
санд мешуданд ва онҳое, ки намехостанд, билети сурхро
намегирифтанд. Дар чодари комсомол ҳам ҳамин ҳол буд,
фақат дар ин ҷо ба ҷавонҳо билет медоданд.

Мо бачаҳо бештар ба чодари комсомол медаромадем ва
зиёфат мехӯрдем.

Ана дар ҳамин сайли Наврӯз Сулаймонхони корчаллон
намедонам аз куҷо ду қугтй тамокуи паперосбоб ва коғази
паперосро ёфта, ба ман омӯхт, ки чи тавр ба воситаи гилза
(асбоби тамокуҷудокунак) паперос созем. Мо ду кас ду
қуттй паперос сохтем ва дар шоҳроҳи сайлгоҳ нишаста
паперосфурӯшй кардем. Дар ин кор ҳам Сулаймонхон
пешдастй кард ва дар охири рӯз тамоми як қуттй папе-
росро пул кард. Ammo ман лоақал ним қуттиро ҳам
фурӯхта натавониста, ба хона баргаштам. Бегоҳӣ ояи
калонӣ ин кори маро ба падарам іуфта, қуттии паперосро
нишон додааст. Падарам қуттиро бо ҳамаи паперосҳояш
ба халоҷо партофтааст. Рӯзи дигар аз хоб бедор шуда би-
нам, қуттии паперос дар ҷои мондагиам нест. Ояи калонй
хандаи заҳрин карда, ба ман нигоҳ кард ва іуфт:

- Дадет ҷазоятро медиҳад.

Аммо падарам ҷазо надод. Ба ман бо қаҳру ғазаб гуф-
танд, ки агар дубора ин корро кунй «оқ» мекунам. Ҳамин

80
ran ба ман кифоя буд. Ман аз нигоҳи ғазаболуди падарам
сахт метарсидам. Он кас овози баланд надоштанд, лекин
бо садои паст ҳам таҳдидомез ran зананд, ман метарсидам.
Ин, шояд аз он буд, ки он кас хеле меҳрубон, фарзанддӯст
ва навозишкор буданд. Мо ки ба суханони мулоим ва
осудаҳолонаи он кас одат карда будем, ба ногоҳ дар ғазаб
шаванд метарсидем. Тарбияро медонистанд: аз ҳад зиёд
эрка ҳам намекарданд, аз ҳад зиёд ғазаб ҳам.

Боре дар хонаи калони ояи калонй устоҳо кор мекар-
данд. Ман ҳам ба гирду атрофи онҳо гашта, ба корашон
синча мекардам. Ба рӯи хона тахтапораҳо, мех, болға ва
ғайра паҳну парешон буд. Нохост ба фикри ман як идеям
аҷоиб омад: он рӯзҳо медидам, ки бачаҳо бо мех ба рӯи
чӯбу тахтаҳо чуқурча карда, ба он ҷо доруи нуки гӯгирдро
(сераро) тарошида андохта, баъд аз болояш мехро монда
мезаданд, ки шараққос зада мерафг. Ман бошам таппон-
чаи бачагона доштам, ки «тираш» пробкам дарунсӯрохи аз
кардӯн сохтагй буд. Онро ба мили таппонча меіузоштем
ва курокашро, ки кашидем, мехи таппонча ба дору расида,
шараққос зада мерафт. Иттифоқан таппончаи ман вайрон
шудагй буд, аммо «тирҳо» бисёр буданд. Пас, чй мешавад,
ки агар аз даруни тирҳо ҳамон доруро камтар-камтар та-
рошида шрифта, ба чуқурчаҳои рӯи чӯбҳо монда «парро-
нам»? Бо ҳамин хаёл як «тир»-ро гирифтаму бо мех
тарошиданй шуда будам, ки «тир» шараққос зада оташ
шрифт ва ба чашмонам зад. Ман дод гуфта чашмонамро
доштам. Падарам, ки он ҷо буд, аз воқеа хабардор шуда,
зуд маро бардошта, ба духтури чашм бурд. Духтур муой-
ина карда, іуфт ки хайрият ба чашм чандон зиён нараси-
дааст. Дорую даво карданду дар ду-се рӯз сиҳат шудам.
Дар ин бор ҳам падарам ба гайр аз меҳрубонй ва панду
насиҳат кори дигар накард ва ҳол он, ки насақи кардагии

81
ман ба ҳар іуна ҷанг меарзид.

Ба мактаби «Учунчи Тӯрон» даромада хондани ман ҳам
ба падарам хеле маъқул шуда буд. Вақто ки ба мо дарси
забони русй доданд, падарам хурсандтар шуд. Ҳатто фар-
муд, ки муаллимаи забони русиро ба меҳмонй даъват ку-
нам. Муаллима ба ҳавлии мо омад. Падарам ӯро зиёфат
карда, илтимос намуд, ки ба ман бмсёртар диққат кунад,
ман бояд забони русиро нағз омӯзам. Ба илм, ба маданият,
ба забони русӣ аҳамият додани падарам ба бисёр касон, аз
он ҷумла ба роҳбарияти хукумат ҳам маълум буд. ӯро
хурмат мекарданд ва дар ҳама ҷо иззаташро баҷо меовар-
данд.

Як рӯз (тахмин дар тирамоҳи соли 1922 буд) ман аз мак-
таб омада, дар кӯча бозй карда мегаштам, ки як милиса
омада аз мо пурсид:

- Писари Икромҷон кадоматон мешавед?

Ман іуфтам, ки ман мешавам.

- Набошад, пеш даро! - іуфт милиса.

Ман ҳам нотарсида ҳамроҳи милиса рафтам. Бай боз аз
дигар гузарҳо як-ду бачаро ҳамроҳ шрифта, ҳамаро ба
идораи милиса бурд. Сардори милиса фармуд, ки моро ба
назди мудири дорулмуаллимин, ба гузари Сарой сабзй
барад. Рафтем.

Мудири дорулмуаллимин Аҳрор Шерзода ном касе
буд, ки чанд моҳ пеш дар мактаби Учунчй Тӯрон мудир
шуда буд. Бай маро дида іпинохту пурсид, ки барои чй
омадаам. Гуфтам, ки милиса шрифта овард. Аҳрор Шер-
зода хандид. Гуфт, ки саҳв шудааст, бояд акай туро мео-
вард. Бай чанд рӯз ин тараф ба курс давом накарда,
мактабіурезй мекунад. (Он вақтҳо мактабгурезонро бо
милиса шрифта мебурданд).

- Хайр, - іуфт Аҳрор Шерзода, - ба акаат гӯй,

82
мактабіурезй накунад! Исто ки худи ту мехоҳй, ки ба до-
рулмуаллимин омада хонй?

- Мехоҳам.

- Бисёр нағз, набошад ман номи туро ба дафтар мена-
висам, аз пагоҳ cap карда ба ҳамин ҷо биё!

- Учунчй Тӯронро чй кунам?

- Ман худам іуфта мемонам, ки туро ба ин ҷо гириф-
тем.

Ҳаминро қайд кунам, ки ҳамаи ин сӯҳбати мо ба забони
ӯзбекй мерафт. Дар Учунчи Тӯрон ҳам ман ба забони
ӯзбекй мехондам. Дар он ҷо, чуноне ки гуфтем, дар қатори
дарсҳои забон, ҳусни хат, ҳисоб ва шарқй, инчунин дарси
диния ҳам буд. Тобистони соли 1922, ҳанӯз макгабҳо
таътил нашуда ба мо як мардаки тошкандй мудир шуда
омад. Вай дарси диния ҳам медод. Боре мо дар синф ҷамъ
шуда нишаста будем, ки мудир бо қавоқи шрифта, ба
синф даромад. Ман чун сардори синф хабар додам, ки
бачаҳо ҳама ҷамъанд. Мардаки тошкандӣ ба ман нигоҳ
карда:

- Су кетир! (яъне об биёр) - іуфт.

Азбаски ҳаво гарм буду дарҳои синфро пӯшонда, фақат
як дари даромадро кушода монда будем, ман гумон кар-
дам, ки мудир мехоҳад ба рӯи фарши синф оби хунук зада
салқинтар кунад. Бинобар он давида ба болохона барома-
дам, ки дар хонаи муаллимҳо сатили пуроб меистод. Ма-
ни даҳсола сатили пуробро базӯр бардошта, аз зинаҳо фу-
роварда, ба синф, ба назди мудир оварда монда будам, ки
вай аз ҷо бархоста як шатронии обдоре ба рӯи ман зад, ки
аз чашмонам оташакҳо париданд ва қариб буд, ки ба за-
мин афтам.

- Офтобанй кетир! (офтобаро биёр) - фарёд зад мудир.

Ман аз тарси уон боз сатилро бардошта ба болохона

83
бурда мондаму офтобаро шрифта фуровардам. Мудири
бадқавоқ офтобаро шрифта, ба мо тарзи таҳорат карданро
омӯхт.

Хайрият, ки он падарсагро зуд аз мо гирифтанду ба
ҷояш Аҳрор Шерзода омад, ки ин одами хеле бофаросат,
доно ва педагоги ҳақиқӣ буд. Афсӯс, ки пас аз чанд гоҳ ӯро
ҳам гирифтанд. Маълумам шуд, ки аз мо шрифта ба до-
рулмуаллимин мондаанд.

Дорулмуаллимин аввалин мактаби баландмартаба буд,
ки муаллим тайёр мекард. Бинобар он беҳтарин
муаллимҳои шаҳрро ба он ҷо ҷамъ карда, шароити фаро-
вон дода буданд. Ҳар рӯз пас аз дарсҳо (дар соати сеи рӯз)
ош медоданд, либос медоданд. Баъдтар ба талабаҳое, ки
хоҳиш доштанд, хобгоҳ доданд (ба онҳое, ки аз қишлоқи
атроф омадаанд, ё ки шароити зиндагиашон сахт аст). Ман
ҳеҷ іумон надоштам, ки ба ин зудй ва ба ин осонй талабаи
дорулмуаллимин мешавам. Зеро ки дар «Учунчи Тӯрон»
ҳанӯз дар синфи дуюм мехондам. Аммо хату саводам буд,
ҳисобро медонистам ва китобхон шуда будам. Аҳрор
Шерзода ҳамин хусусиятҳои маро дониста, маро ба
рӯихати курси тайёрй навишта монд. Он рӯзҳо дорулму-
аллимин ду курси тайёрй ва як курси асосй дошт. Ман ки
дар натиҷаи тасодуфи ғайриоддй талабаи дорулмуалли-
мин шуда будам, хурраму шод ба сӯи ҳавлй Давидам.

Аммо дар ҳавлии мо гаму гусса хукмронй мекард. Ми-
лиса шрифта бурдани маро ҷӯраҳоям ба ҳавлй хабар до-
даанд. Падарам аз кор баргашта омада ин хабарро мешу-
наваду зуд ба ҳавлии Мукам милмахсум (ки раиси Куми-
таи иҷроияи марказй буд) меравад. Ҳавлии Мукаммил-
махсум аз ҳавлии мо чандон дур набуд. Мо дар баландй,
дар гузари қозихона, Мукаммилмахсум дар поён, дар іу-
зари Ҳаммоми Кафишолак буд. Вақто ки ман ба ҳавлй ра-

84
сидам хоҳарам ва ояам гуфтанд, ки Давида ба ҳавлии Му-
каммилмахсум равам, ки падарам ба он ҷо барои ман ба
арз рафт. Ман ба ҳавлии Мукаммалмахсум рафтам, ки па-
дарам дар меҳмонхона бо Мукаммидмахсум ва
Мазҳармахсум (бародари калонии Мукаммилмахсум)
сӯҳбат карда нишастааст. Маро дида хурсанд шуданду
воқеаро пурсиданд. Ман іуфта додам. Мазҳармахсум ҳам
хурсанд шуда іуфт, ки нагз шудааст, дар дорулмуаллимин
дар андак муддат мулло мешавад. Баъд маълумам гардид,
ки худи Мазҳармахсум ҳам яке аз муаллимони дорулму-
аллимин будааст.

Мазҳармахсумро устод Лйнй дар ёддоштҳои худ чун
«Ака ҳоҷӣ» ё ки «Ака махсум» ном бурдаанд ва
корномаҳои аҷоиби ин одами аҷоибро тасвир кардаанд.
Мазҳармахсум ҳам дар вақташ дар қатори Фитрат, Исмо-
ил Садрй ва дигарон ба Туркия рафта, хонда омада буд.
Дар Туркия бечорагй ва бенавой кашида, мардикорй ва
фурӯшандагй (масалан мева) кардааст. Ҳикоят мекунанд,
ки боре аз қишлоқ рафта ду ҷувол тарбузро ду кас (номи
шарикашро фаромӯш кардаам - вай ҳам бухорой) арзон
харида ба шаҳр оварда, ба сари кӯча гузошта ба нархи га-
ронтар ба фурӯхтан cap кардаанд. Мазҳармахсум, ки доно-
тар ва тарбузшинос будааст, бо овози баланд меіуфтааст:

- Кесиб, кесиб вераҷаям (яъне бурида-бурида медиҳам)!

Агар харидор бурида доданашро хоҳад, тарбузи пухта-
гиро ҷудо карда шрифта мебуридааст, ки сурх мебарома-
дааст ва ба харидор маъқул шуда тарбуз харида мерафта-
аст. Шарикаш ҳам ба вай тақлид карда «кесиб, кесиб
вераҷаям» меіуфтаасгу тарбузи ба даст рост омадаро ги-
рифта мебуридааст, ки сап-сафед, хом мебаромадааст.
Пас, харидор аз вай ранҷида, дур мешудааст.
Мазҳармахсум тарбузҳои пухташро ҷудо карда, ба назди

85
шарикаш гузорад ҳам, вай мандонамй карда, тарбузҳои
хомро мебуридааст...

Ана ҳамин Мазҳармахсум пас аз инқилоб ба Бухоро
баргашта муаллимиро касб мекунад.

Аз вай пурсанд, ки:

- Дарси ҳисоб медиҳед?

- Бале, мегуфтааст.

- Дарси ҷуғрофия?

- Бале!

- Дарси таърих?

- Бале!

- Дарси табииёт?

- Бале!

- Дарси иҷтимоиёт?

- Не, гардам! - меіуфтааст, - иҷтимоиёт даре додан ко-
ри мо не!

Мазҳармахсум дар дорулмуаллимин дарси ҳисоб ва
дарси ҷуғрофия медод.

Аз дарси ҳисоб ману Яҳё Юлдошев (яке аз рафиқони
қадрдони ман, ки дар Тошканд истиқомат дошт ва дар он
ҷо солҳои бисёре муҳаррири калони Узтаг шуда кор ме-
кард ва соли 1988 вафот кард) аз ҳама пешқадам ва аъло-
хон будем. Як рӯз Мазҳармахсум ҳамин хел як имтиҳон
кард. Ба як тарафи доска (тахта) Яҳё ва ба тарафи дигараш
маро іузошта ба ҳардуямон як масъаларо дод, ки ҳал ку-
нем, канй кадомамон пешдастй мекунем. Ду кас бӯрро
шараққос занонда кор кардем, лекин Яҳё аз ман
нимдақиқа пештар масъаларо ҳал кард. Ман аз алам гиря
кардам. Лекин Мазҳармахсум ба ҳар дуямон ҳам баҳои
аъло дода маро тасаллӣ бахшид:

- Ту ҳам писарам нағз, аз Яҳё камй надорй!

Мо дарс додани Мазҳармахсумро дӯст медоштем. Зеро

86
ки вай бо ҳикояҳо, тамсилҳо, шӯхиҳо ва мисолҳои аҷоиб
оварда даре медод. Дар вақти даре додани вай занг шуда
монад, ҳатто бачаҳо норозй мешуданд, ки занг шуду
сӯҳбат нотамом монд.

Як рӯз кадом даре буд, ки як талабаи синфи асосй ома-
да маро пурсид, гуфт ки муаллими ҷуғрофия талаб дорад.
Ман бо вай ба синфи асоси якум рафтам.

Мазҳармахсум маро дида, гуфт:

- Биё писарам, ана харита, ана глобус. Аввал Бухороро
нишон деҳ ва баъд саёҳати даври олам кун!

Ман аз харита шаҳри Бухороро нишон дода, бо роҳи
поезд то ба канори баҳри Хазар (шаҳри Красновод), аз он
ҷо бо пароход то ба Боку, аз Боку бо поезд то ба Одесса ва
аз Одесса бо пароход ба воситаи Дордонел ва баҳри Миё-
назамин ва канали Суис ва баҳри Сурх ба окиани Ҳинд да-
ромада, Америкаро саёҳат карда, ба воситаи окиани От-
лантик ба Ленинград омада, бо поезд ба Бухоро расидам.

Талабаҳои синфи асоси якум ҳайрон монданд.
Мазҳармахсум сари маро сила карда іуфт:

- Ана, дидед, ин бача ба шумо додари хурдй ва ҳатто ба
баъзеҳо писар мешавад, аммо донишаш аз ҳамаи шумо
зиёдтар аст. Айб не-мй, ки мисли ҳамин талабаи синфи
тайёрй харитаро намедонед!

Харитаро мисли ман надонистани онҳо, аввало аз
танбалй ва кундфаҳмиапюн бошад, сониян аз нахондан, аз
нахондани адабиёти бадей буд. Охир ман пеш аз он ки аз
харита саёҳати даври олам кунам, романи Жюл Верн
«Саёҳаг бар давродаври курраи замин дар ҳаштод рӯз»~ро
хонда будам. Ин китобро Маҳмуди Тарзии афгон ба забо-
ни дарй (форей) тарҷумаи олиҷаноб карда, дар Кобул чоп
карда буд, ки ман онро аз китобхонаи ба номи Абӯалй иб-
ни Синои Бухоро шрифта хонда будам ва шавқу завқи до-

87






ts*

ниш маро ба он ҷода расонида буд.

Падарам вақтҳои охир зуд-зуд бемор мешуд. Духтурҳо
ҳар хел табобат мекарданд. Сӯзан мекарданд, дору
мехӯронданд, ғизоҳои боқувват хӯрданро маслиҳат медо-
данд, аммо камтар фоида мебахшид.Ояҳоям ҳам ҳар дуя-
шон дар ду ҳавлй ҷо гирифта буданд. Ману бародарам
Нуриддинҷону хоҳарам Масрураҷон дар хонаи баланди
ҳавлии «Толорнок» ҷо гирифта будем. Нуриддинхон аз
ман се сол калон, Масрураҷон панҷ сол калон буданд. Дар

соли 1922 агар ман сездаҳсола бошам, хоҳарам ҳаждаҳсола
шуда буд. Қадрас шудани хоҳарам калонсолонро ба

ҳаракат овард. Аммаамон (модари Саодат), ки якто писа-
ри эрка ва бадгашт (арақхӯр, чилимкаш ва ҷавонбоз) дош-
танд, остонаи ҳавлии моро қариб сӯрох кунанд. Мехо-
станд, ки хоҳари маро ба писарашон Иноятхон ба занй ги-
ранд. Аммо падарам розй набуд, бадгаштии Иноятхонро
медонист. Лекин хешу таборон ва миёнаравон ба ҳолу
ҷони падарам намонданд, падарам розй шуд. Ҳамаи расму
русуми тӯйҳои пештараро ба ҷо оварданд. Дар ҳар ид, дар
ҳар маросим аз тарафи аммаамон ба ҳавлии мо
дастурхонҳо, боркашҳо меомад. Ниҳоят фотиҳа шуду баъд
аз чанд гоҳ тӯй. Дуруст дар хотирам намонда аст, ки тӯй чй
тавр іузашт; албатта бо ҳамаи тантанаю домодбарию

созандаҳою рақсу бозиҳо іузашт. Ҳатто дар хотирам ҳаст,

r VWokflv,

ки ояҳо ба хоҳарам насиҳат медоданд.

- Пас аз тӯй агар додаронатон ба хонаи шумо раванд, ба
иззати онҳо аз ҷо бархезед, шумо-шумо іуфта ran занед,
навозиш кунед, то ки тарафи қудоҳо ва шавҳаратон онҳоро
иззат кунанд. tjfjuy f

Дар ҳақиқат хоҳарам дар ҳавлии худамон бо мо муоми-
лаи хуш камтар мекард, мезад, ҷанг мекард, ту-ту меіуфт.
Лекин пас аз тӯй ба хонаи калони орододашуда ва

<?гс-

/

88
чимилиқаш ҳанӯз канда нашуда равам, хоҳарам, ки дар
либосҳои фохира буд, ба хурмат аз ҷо бархост, маро изза-
ту ҳурмат кард ва дар наздам дастурхон кушода, лаълии
ширабор ва нонҳои равғанию ширмол гузошт. Ман ки ин
тавр муомиларо дидам, ба хӯрок ва ширинию ҳалвою рус-
та дарҳол начаспидам, камтар таматтӯь карда берун раф-
там.

Язнаам - Иноятхон хеле эрка ва пулмаст буд. Чизучо-
раи толон нашудаи аммаамро фурӯхта, пул карда кайфу
сафое дошт. Албатта рӯзу мохдои аввал бо хоҳарам нағз
муомила мекард; лекин оҳиста-оҳиста ҳақорат мекардагй,
ҳатто мезадагӣ шуда мондааст. Инро ман аз ҳамон дони-
стам, ки падарам пас аз main моҳи тӯй хоҳарамро ба
ҳавлии худамон овард ва дигар нагузошт, ки ба ҳавлии
аммаам баргардад. Хоҳарам чанд гоҳ дар ҳавлии мо буд,
ман намедонистам, лекин баъд фаҳмидам, ки обистан ҳам
шуда будааст. Бинобар он боз ба хоҳиш ва урзгӯиҳои ам-
маам ва тавбаю тазаррӯи худи Иноятхон, хоҳарам ба назди
шавҳараш рафт. Дар ин миён (шояд аз ғаму ғуссаи
хоҳарам) дарду касалии падарам зӯра кард ва ӯ бистарӣ
шуда хобид. Ҳар рӯз духтурҳо меомаданд, дорую даво ме-
карданд, лекин бефоида буд. Рӯз то рӯз аҳволи падарам
бад шудан шрифт ва ниҳоят дар тирамоҳи соли 1924 аз
ҷаҳон чашм пӯшид - ӯро ба 41-солагӣ исқот бастанд. Дар
ҳавлии мо шряндагй ва доду фиғон баланд шуд. Он вақт
хешу таборон бисёр буданд. Амаки Аминҷонмахсум, па-
дари Саодат, язна ва амакбачаҳои бисёре, ахди гузар ҷамъ
шуда омаданд. Маросими дафн хеле бо дабдаба гузашт.

Ман ки ҳанӯз чаҳордаҳсола будам ва дар умри худ ҳанӯз
дар оила мурдани касеро надида будам, рн қадар ғамнок
ва ғусрамарг нашудам. Гумон мекардам, ки худам
мустақил (албатта бо ака ва ояҳоям) зиндагй карда мегар-

V
\

Слл л-

< сл '

дам. Вале мутассифона ин андешаи бачагона будааст; зеро
пас аз марги падарам зиндагй бо худи ман бедрсита
найрангбозиҳое кард, ки шарҳи он дар зайл меояд.

Ҷанозаи падарамро дар саҳни масҷиди Девонбегй
хонданй шуданд. Маълум мешавад, ки он рӯз ҷумъа буда-
аст. Ману акааму дигар ман барин ҷавонҳои ақрабоямон
дар даст асо шрифта, пеш-пеши тобут гирёну нолон ме-
рафтем. Дар пешу қафои тобут одами бисёре ҳамроҳ ме-
рафтанд. Дар кӯча аксарияти раҳгузарон пои тобутро ги~
рифта ҳафт-даҳ қадам мебурданд ва ниҳоят ба саҳни
масҷиди Девонбегй расидем. Саҳни масҷид он қадар аз
одам пур буд, ки мо ба поён нафуромада, ба боло - ба рас-
тай Ангиштиён, дар дами дарвозаи саҳни масҷид истода
мондем. Баъд дар хотирам намондааст, то ба гӯрхона мо
пиёда рафтем, ё ки моро ба фойтуне савор карда бурданд,
намедонам. Гӯрхонаи авлоди мо дар беруни дарвозаи Ма-
зор буд.

Аз дарвозаи Мазори Бухоро, ки баромадед, дар ду та-
рафи роҳи калони пурчанг, пуштаҳо баланд шуда рафта
буданд. Қабр ба болои қабр, қабр ба болои қабр в а дар
баландй, дар миёни ин қабрҳо кулбае менамуд, ки ба бо-
лои он тут буд ва іуё қабри кадом авлиёи мӯътабаре буд
дар он ҷо. Аммо гӯрхонаи мо ва гӯрхонаҳои казо ва
казоҳои шаҳр (гӯрхонаи қушбегй, раиси Бухоро, іурхонаи
Муфтиаскар ва бойҳои машҳур) дар як кӯчае буд, ки пас аз
пуштаҳо воқеъ гашта. Дар ин кӯча ҷӯи пуроб, дар ду тара-
фи кӯча дарахтҳои сабз. Гӯрхонаҳо бошанд, мисли
мадрасачаҳо бо пештоқҳо, дарвозаҳои дутабақаи калон ва
хеле хуштарҳ буданд. Ман іурхонаи худамонро дар хотир
дорам, ки саҳни васеъе дошт ва дар атроф хуҷраҳои бисёре
буданд, ки дар онҳо кӯрқориҳо истиқомат мекарданд. Дар
як тарафи саҳни ин мадрасача чаҳор-панҷ қабри калон

90
воқеъ гашта буд, ки бобо ва бобокалонҳои оила дар онҳо
мадфун буданд. Падарамро низ дар он қатор дар як
сағонаи хиштини калон хӯр карданд. Дар ин гӯрхона боз
як ҳавлие буд, ки дар он фақат қабри занҳо, дар ҳавлии ди-
гар қабри мардҳо ва дар қафои іурхона қабри хизматгорҳо
мебуд.

Ману акаю язнаю амакбачаҳо се рӯз саҳаркатй ба сари
қабри падарам рафтем, қориҳо Қуръон хонданд ва мо ба
онҳо нону ҳалвою пул садақа карда баргаштем.

Бо ҳамин ба арвоҳи падари бузургворам фотиҳа хон-
дем! Хайрият ки падарам - ҷавонмарг шуда бошад ҳам -
дар сари вақт мурдааст. Агар дертар ва бисёртар умр ме-
дид, албатта ба ҳабсу табъиди сталинӣ гирифтор мешуд ва
ба чй хорию зориҳо мурда мерафт, чунончй амаки
Аминҷонмахсум ва садҳо дигарон ба ин бадбахтй гириф-
тор шуданд. Чй касони нағз, чй касони олиҷаноб аз дасти
золимон ва хунхӯрон нобуд шуданд, қир гаштанд! Афсӯс!

Қайд:

Пас аз чанд сол - дар соли 1929-30 на пуштаҳои беруни
дарвозаи мазор монд ва на гӯрхонаҳои мо! Ҳоло на іури
падарам, на іури модарам ва на гӯри дигар хешовандонам
ҳаст. Ба ҷои ҳамаи ин қабристонҳо пахта коштанд. Ҳамон
рӯзҳо дар газетам Бухоро як сурат чоп карданд: мардикоре
сағонаеро вайрон мекард ва хишти онро мегирифт. Дар
зери он сурат навишта буданд: «Хишти қабр хеле сахт аст,
аз ин хиштҳо иморатҳои нав месозем!»

91
БАРОДАР, ХОҲАР ВА ХЕШУ ТАБОРОНИ MAH

Намедонам, пас аз чанд гоҳи мурдани падарам, ояи
хурдй аз ҳавлии мо кӯчида рафт. Акнун ҳарду ҳавлй ба их-
тиёри ояи калонй монда буд. Ояи калонй бо модари пир,
вале хеле хушёр, коркун ва дарздӯзаш, бо бародари
бекорхӯҷа ва камақлаш, ки девонафеълтар буд, бо мо дар
ҳарду ҳавлй зиндагиро cap кард. Дар ҳавлии берун (ки дар
вақташ ҷомашӯйхона буд, як меҳмонхона ва як таҳхонаи
калон дошт) як коркуни падарам (ҷавони бисту се, бисту
панҷ сола) истиқомат мекард. Ин ҷавон аз ҳисоби идораи
падарам буд, ки ба асп нигохубин мекард. Пас аз вафоти
падар аспро баргашта гирифтанд, вале ҷавон дар ҳамон
меҳмонхона истиқомат кардан шрифт. Ояи калонй ҳам ба
истиқомат кардани вай зид набуд, зеро вай ба модагови
сершири оякалон шабҳо қаровулй мекард. Ҷавони боса-
вод буд, ҳар хел китобҳо, қисса ва ҳикояҳо, ҷангномаҳоро
оварда ба мо хонда медод. Хусусан бародарам
Нуриддинҷон бо мамнуният ва шавқи калон гӯш мекард.
Ману акаам дар як хоначаи ҳавлии якум истиқомат дош-
тем. Акаам дар кадом як идора хаткашонй мекард, ман

мехондам. Пас аз гузаштани ду-се моҳ бепадарй ба мо сахт

, „ Ueu «О

таъсир кардан шрифт. Оякалон рузтори худро там ом ҷудо
кард, ба мо як даҳбн нон намедод. Ҳаминро қайд кунам, ки
пас аз ду-се моҳи вафоти падарам вай як духтар зоид, ки
номашро Бориса іузоштанд. Ин хоҳарам ҳоло ягона на-
здиктарин авлоди ман аст, ки дар Бухоро муаллимй ме-
кард ва ҳоло ба нафақа баромадааст. Ду духтар дорад.
Аммо оякалон, ки аз ҳеҷ ҷо даромаде надошт, фақат бо

92
CjQ\PJ

шири модагоБ (қисман фурухта, қисман ба хӯроки бачаҳо
кор мефармуд) зиндагӣ мекард, мушкил буд. Модараш
калапӯшдӯзӣ мекард, бародараш калапӯш мефурӯхт ва ба
модагов нигоҳубин мекард. Духтари калони оя - Матлуба
ва писараш Зайниддин мехонданд.

Ба мо аммаам ва хешу таборон ёрй мерасониданд. Зи-
мистон ангишт оварда доданд. Як гӯсфанд кушта доданд,
ки гӯпггу равғани онро мо бирён карда монда, пеш-пеш ба
сандалӣ гарм карда мехӯрдем. Ҳамин тавр рӯз мегузарон-
дем.

Чи тавре ки гуфтам, бародарам китоб іуш карданро
дӯст медошт. Худаш дуруст хонда наметавонист. Пас аз
оне ки ҷавони коркуни падарам аз ҳавлии мо рафт,
китобхонй ба сари ман афтод. Бародарам бо ҷӯраҳояш
ҷамъомада маро маҷбур мекарданд, ки «Абомуслим»,
«Аҳмади Замҷй», «Ҳотамнома» барин ҷангнома ва
қиссаҳоро хонда диҳам. Музди хонданам ҳар рӯз ей тин
буд. Ба ей тин бегоҳиҳо бо ҷӯраҳо ба кино рафта ба
қаторҳои аввал (арзонтарин ҷоҳо) билет шрифта филмҳои
америкой - Тарзан, Шортй ва ғайраро тамошо мекардем.
Рӯзона китоб хондан, даре тайёр кардан ва бегоҳй дар
қаторҳои пеш нишаста кино тамошо кардан ба чашми
ман таъсири бади худро іузоштанд, ки онро ман баъдтар
донистам, вале пушаймонй бефоида буд. Маҷбур шудам,
ки дар ей солагй айнак шрам.

Бародари калонам савияю дониши паст дошт, бинобар
он дар ягон мактаби миёна ва олй таҳсил карда натаво-
нист. Андак савод бароварду дар идораҳо хаткашонй ва
дигар корҳои майда-чуйдаро адо мекард. Ба ман на аз
ҷиҳати моддй ва на аз ҷиҳати маънавй ёрии дуруст расо-
нида наметавонист. Лекин бародари ҷонй буд, ба ман меҳр
дошт, ман ҳам ӯро дӯст медоштам. Мо гоҳ-тоҳ ба назди

93
хоҳарамон мерафтем, ки пас аз вафоти падар ба тақдири
сиёҳаш тамом тан дода, ба ҳар ҷавру ҷафои шавҳар cap
фуроварда буд. Язнаам Иноятхон намедонам дар кадом
идора кор мекард ва бисёртар умраш дар кайфу сафо,
ҷӯрабозй ва меҳмондорй мегузашт. Аксарияти шабҳо
ҷӯраҳо, амакбачаҳо ва хешутабори падараш - ба мисли
Ёдгорхоҷа, Темурхон, Шарофҷонҳо ба меҳмонхона ҷамъ
мешуданд. Албатта аз ҳавлии дарун оши палав, ё кабоб, ё
ягон хӯроки дигар мебаромад. Чои кабуди талх ҳамеша
дар манқал тайёр буд, дар чилим тамокуи қаршигӣ дуд
мекард. Бисёр вақт барш (як навъ маъҷун, ки дар тарки-
баш афюн дошт) мехӯрданд ва он кайф медод. Баъд
Шарофҷон дутор навохта ашӯла мехонд. Ёдгорхоҷа (амак-
бачаи язна), ки одами бофаросат, боақлу донишманд буд,
ҳикояҳои аҷоиб іуфта, сӯҳбатро метафсонид. Гоҳо мани
мандонам ҳам ба ин сӯҳбатҳо иштирок мекардам ва аз
калонсолҳо монданй накарда сӯҳбат мекардам. Ҳамаи ин
хароҷот ва зиёфатҳо аз ҳисоби аммапошшо мешуд, ки чи-
зучораи будагиро фурӯхта пул мекарданд ва он пулҳоро
Иноятхон ба ҳавою ҳавас бод медод.

Хоҳарам рӯз аз рӯз лоғар ва нотавон мегашт. Ду писар
зоида дод. Номи калонй Ибод, номи баъдина Мисбоҳ буд,
ки ҳоло дар қайди ҳаётанд ва соҳиби фарзанду набера
гаштаанд. Фарзанди охирини хоҳарам - Қаҳрамон дар
солҳои пеш аз ҷанг ба дунё омад, ки дар машаққат ва бе-
падару модар, дар дасти Саодат калон шуд (мо ба ӯ
маълумоти олй гирифта додем) ва ҳоло дар Қӯргонтеппа
муаллим аст, зану фарзандҳо дорад, аҳволаш хуб аст.

Язнаам пас аз ба Тоҷикистон омадани мо будушуди
чизҳои аммаро (модарашро) фурӯхта хӯрда, азбаски
зиндагй дар Бухоро танг шудааст, ба Ғиҷдувон рафта, на-
медонам ба чй коре машғул шудааст. Боре ман ба Бухоро

94
омада фаҳмам, ки дар Ғиҷдувон ҳам аҳволашон танг буда-
аст. Маҷбур шуда, ба Ғиҷдувон рафтам ва дар ду-се рӯз
онҳоро кӯчонмда, ба поезд сувор карда ба Душанбе, ба хо-
наамон роҳй кардам, худам ба саёҳат рафтам.

Язнаам дар Тоҷикистон, дар райони Янгибозор
(Орҷоникидзеободи ҳозира) ба кори муаллимй даромада,
аввал дар қишлоқи Эскиіузар, баъд дар дигар қишлоқҳо
чанд гоҳ муаллимӣ карданд. Солҳои ҷанг дар худи марка-
зи район як ҳавличаро гирифта истиқомат мекарданд. Дар
ҳамин ҳавлича зиндагии пурмашаққат меіузарониданд.
Ҷанг cap шуд, қаҳатӣ ва гушнагй cap шуд. Боре дар вақти
хӯрок пухта истодан, хоҳарам ним шиша равғани заводро
шикаста мерезонад. Язнаи девонаам моҷаро мекунад, ки
дили хоҳарам мекафад ва пас аз як рӯз вафот мекунад.
Ҳаво хунук буд, ман рафта азо кушодам ва хоҳари ноком
ва азобкашидаи худро бо ёрии як муаллими савобталаб
бурда гӯр кардам, ки он рӯзи сахт ҳеҷ гоҳ аз хотирам на-
меравад.

Дар бораи аммапошшо - модарарӯсам ҳамин қадар
меіуям, ки он кас ба ман модарарӯс не, модари ғамхори
ҳақиқӣ буданд. Худашон босавод, қуръонхон, шеърдон ва
боақлу ҳуш буданд. Устод Айнй бисёр вақт агар дар
асарҳоям ғалат ёбанд, маро сарзаниш карда мегуфтанд, ки:
«забонро аз модарарӯсатон омӯзед!» Дар ҳақиқат ҳам
модарарӯси ман забондон, хуипуфтор, ҳалим ва бамаънй
буданд. Солҳои сахти ҷанг бо мо ҳамнафас буданд. Азобу
сахтиро бо ҳам дидем. Афсӯс ки пас аз ҷанг, дар тирамоҳи
соли 1946 бо бемории сахте, дар синни 75-солагй вафот
карданд.

Писари калонии хоҳарам - Ибодро мо гирифта будем.
Пас аз хатми мактаби даҳсола, ӯро ба института педагога
дохил кардем. Язнаам бо Мисбоҳ ва Қаҳрамон буданд. Аз-

95
баски вақтҳои охир хеле дардманд шуда буданд,
Қаҳрамонро ба интернат доданд, худашон бо Мисбоҳ, ки
мехонд, дар ҳавлӣ зиндагй мекарданд. Чи тавре ки дар бо-
ло қайд кардам, язнаам дар Бухоро аввал хеле арақхӯрй
карданд. Баъд ба кӯкнор ва чакида іузаштанд. Дар
Тоҷикистон боз чанд гоҳ арақхӯрй карданд ва боз ба чаки-
да іузаштанд. Ҳамаи ин ва ҳаёти сахту бенавоёна он касро
хеле ҷавон аз по афтонд. Ба дардҳои ҷигар ва меъда ги-
рифтор шуданд. Дар вақти март ба хоҳарашон Саодат ва-
сият кардаанд, ки Қаҳрамонро ба тарбияи худаш тирад. Ва
ҳамин тавр ҳам шуд. Язнаам дар синни 51-солагй вафот
карданд, Қаҳрамонро мо ба тарбияи худ гирифтем.
Мисбоҳ дар Янгибозор, дар ҳавлии худашон монд. Рӯзҳои
бозор ба ҳавлй (ки дар рӯбарӯи бозор буд) аспу хари
деҳқонони ба бозор омадаро дароварда, аз музди пули ас-
пу харпой то ҳафтаи дигар зиндагй мекард ва дар кадом
як техникум мехонд, мо ҳам албатта ёрй медодем. Пас аз
хатми техникум Мисбоҳ ҳам ба ҳавлии мо омад ва ӯро ба
факултаи таърихи института педагога ҷо кардем.

Саодат - ҳамсари ман як хоҳари калонй дошт, ки ба пи-
сари амаки Бурҳониддини қозикалон - Усмонхон ба
шавҳар баромада буд. Аз онҳо як духтару як писар - Риз-
вонхон ва Сулаймонхон ба дунё омаданд.

Мунъимахон (хоҳари Саодат) зани бадбахт ва сияҳрӯзӣ
будааст. Пеш аз инқилоб Усмонхон ҳамеша ба вай хиёнат
мекард. Ҷавонбозй, ҷалаббозии, рӯйрост Мунъимахонро
ба ҷон расонида буд. Меіуянд) ки дар вақти дар кадом ту-
ман қозӣ буданаш мешунавад, ки зани як мулозимаш зебо
будааст. Пас он мулозимро бо Коре ба қишлоқи дур фири-
стода, шабона, бом ба бом ба ҳавлии он мулозим рафта
мефарояд ва бадахлоқӣ мекунад. Ҳамин тавр шавҳари бе-
вафо будаааст Усмонхон! Пас аз инқилоби соли 1920 Ус-
монхонро ҳабс мекунанд. Вай, іуё аз тарафи модар ба Фай-
зулло Хоҷаев хеш мешудааст. Бинобар он аммапошшо ба
ҳавлии Файзулло Хоҷа рафта арз мекунанд ва халос карда
шудани Усмонхонро хоҳиш мекунанд. Вале арзу додҳо
фонда намебахшанд. Усмонхонро трибунал ба қатл ҳукм
мекунад. Зани ҷавон бева шуда, фарзандҳо бепадар мемо-
нанд. Овозаи зебой ва паричеҳра будани Мунъимахонро
Муҳиддинмахсум мефаҳмад ва хостгор мефиристонад. Он
вақт Муҳиддинмахсум ранен «Атрофкомиссиясй» (яъне
Чекан беруни шаҳрӣ) буд. Аз қамчинаш хун мечакид ва
садҳо бегуноҳон дар ҳабсхонаи ӯ қину азоб медиданд.
Муҳиддинмахсум бо хунхӯрӣ ва разолати худ мардумро ба
дод оварда буд. Ин ҳамаро аммапошшо ва Иноятхон (яз-
на) ва дигар хешу таборон медонистанд. Бинобар он ба
хостгорҳо ҷавоби манфй медиҳанд. Лекин Муҳиддин аз
нияташ барнамегардад. Боз одам фиристода таҳдид меку-
над. Агар Мунъимахонро ба занӣ надиҳанд, Иноятхонро
ҳабс карда мепарронам, гуфтааст. Пас аммапошшо
маҷбуран розӣ мешаванд. Муҳиддинмахсум як тӯйча кар-
да Мунъимахонро ба занй мегирад. Вале аз тӯй се-чор моҳ
нагузашта Мунъимахон ба бемории сил гирифтор мегар-
дад ва ӯро бо ароба оварда ба ҳавлии модараш мепарто-
янд. Бо ҳамин Мунъимахони паричеҳраи ноком ҷувонмарг
мешавад. Вафоти Мунъимахон аввалин азо ва мотами
ҷошудоз дар авлоди мо буд. Хурду калон сӯхтанд. Падари
Саодат аз ғами духтари нокомаш дар андак вақт бемор
шуда, қазо карданд.

Муҳиддинмахсуми хунхор хиёнат ва ҷиноятҳои бисёре
карда, охир фош мегардад ва ӯро суд карда мепарронанд.
Ман образи ӯро дар романи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»
чун Асадмахсум тасвир кардаам ва ҳамаи хиёнат ва
ҷиноятҳои ӯро ба тафсил навиштаам.

97
* * *

Духтари Мунъимахони раҳматй - Ризвонхон пас аз
хатми мактаби миёна ба шавҳар - ба Темурхон ном як хе-
ши падари Саодат расид ва аз вай ду духтар таваллуд кард,
ки калониаш - Башира дар синни ҳафт-ҳаштсолагй вафот
кард. Хурдиаш - Мунзираро мо ба Душанбе шрифта
оварда, ба тарбияи худ гирифтем. Бо ҳамин дар ҳавлии мо
ба ғайр аз фарзандҳои худамон чаҳор нафар сатира мон-
данд, ки ҳамаашонро ба воя расонида калон кардем, хо-
нондем ва оиладор кардем. Мунзира ба писари ойбй Асо-
латхон (духтари амаки ман) - Муҳаммадхон Раҳмонов ра-
сид, ки аз вай ду фарзанд дорад. Сулаймон (писари Мунъ-
имахон) ҳам дар Душанбе бо мо буд, муаллимй мекард.
Дар ҷанги дуюми ҷаҳон фидокорона ба фронт рафта, дар
соли 1944 захмй ва кантузия шуда баргашт. Пас аз
муолиҷаи ду-сесола ба ҳол омаду чанд гоҳ дар кадом
идораҳои хоҷагй кор кард, муаллим ва директори мактаб
шуд. Оҳиста-оҳиста беморй ва дарди матзи cap авҷ кард.
Тирҳое, ки дар устухони cap халида буданд кори худро
карданд ва Сулаймонхон дар соли 1971, дар моҳи июн ва-
фот кард.

Дар бораи писарҳои амаки қозикалон: Зани хурдии
амакамро мо янгапошшои. хурдй меіуфтем. Аз он кас
чаҳор писар ва духтар шуд. Писари калонӣ - Шаҳобхон, ки
хеле ва хеле бадгашт буд (арақхӯр, ҷувонбоз), пас аз
инқилоб, дар соли 1922 ба дарди по (касалии туберкулёзи
устухон) гирифтор шуда, чанд гоҳ бемор хобида вафот
кард. Духтари янгапошшои хурдй - Муҳаббатхон буд, ки
ӯро барои пул ва давлат дар охири соли 1924 ва аввали со-
ли 1925 ба Дониёрбек ном бойбаччаи вобкандй, ба болои

98
занаш ба шавҳар доданд. Падари Дониёрбек дузд ва
босмачӣ буда, ӯро дар сари заммн душманонаш мепарро-
нанд. Баъд Дониёр аз душманони падараш ниқор мегирад
ва шаҳр омада як ҳавлиро мехарад ва зани ҷавонашро
ҷойгир мекунад. Муҳаббатхон аз вай як духтар мезояд, ки
номашро Муслима мемонанд. Муслима ҳанӯз дусола на-
шуда Дониёрбекро ГПУ гирифта ҳабс мекунад ва бо ҳамин
дигар барнамегардад. Муҳаббатхон се-чаҳор шавҳар меку-
над. Аз ин шавҳарҳо боз ду духтари дигар шуд. Шавҳари
охиринашон Ҳамидов (лақабаш «Кӯҳна») буд, ки дар теат-
ри Лоҳутй артист буд. Муҳаббатхон дар соли 1985 вафот
кард. Се бародари Муҳаббатхон - Зуҳурхон, Аслихон ва
Муслеҳхон буданд, ки аҳволашон чунин аст:

Зуҳурхон ҷавони болаёқат, ҷавони бамаънй ва софдил
буд. Вай дар мактаби мусиқии миллй, ки дар вақташ онро
Фитрат ташкил карда буд, даромада хонд. Аввал
дуторнавозй кард, баъд ба танбӯр іузашт. Зуҳурхон
танбӯрро чунон хуб ва чунон форам менавохт, ки шуна-
ванда кайф мекард. Вай ба Душанбе ҳамроҳи мо омад,
ҳамроҳи мо зиндагй кард, пас ба театри ба номи Лоҳутй ба
кор даромад. Дар ин театр, ки дар солҳои сй дастаи кало-
ни мусиқинавозон буданд, ба мисли акаммулои Тоҳирҷон
дуторӣ, Қаровулбегии рубобнавоз, Бадеъ Наҷмуддинови
ғижжакнавоз ва дигарон... Зуҳурхон ҳам бо танбӯраш ба
онҳо ҳамроҳ шуд. Баъд хона гирифт, модар, хоҳар ва баро-
даронашро аз Бухоро кӯчонида овард. Дар соли 1933,
вақто ки Мисбоҳ Бурҳоновро ба ҳабс гирифтанд, зани зе-
бои ӯ - Муаллимаро ба занй гирифт.

Модоме, ки ran дар бораи Мисбоҳ Бурҳонов расид, ман
маҷбурам, ки оид ба ӯ хотиротамро баён кунам.

Мисбоҳ Бурҳонов ҷияни Мукаммал ва Мазҳар
Бурҳоновҳо (аз бародари; калонии онҳо) мебошад. Вай
роуѵ/'й-^.

J

фақат як хоҳар дошт, ки номаш фотимахон буд. Ман
Мисбоҳро пештар надида ва ё муШаххас накарда будам.
Вақте ки дар соли 1930, моҳи авіуст ба аввалин анҷумани
забоншинос (лингвистон)-и тоҷик ба Душанбе вакил шуда
омадам, Мисбоҳро дидам, ки муҳаррири газетам
«Тоҷикистони Сурх» буд. Вай ҷавони миёнақад, чашму
абрӯ сиёҳ, сафедпӯст ва зебое буд. Аз ҳад зиёд фаъол,
серҳаракат ва сергуфтор, ҷозиб, то як дараҷа «сурх» ва
«яшасунчй» буд. Ҳамроҳ ва ҳаммаслаки ӯ Саидризо Али-
зодаи бухорой (аз эрониҳо) муҳаррири газетам комсомол
буд. Ин ҳар ду, гӯё аз лидерҳои матбуот ва ҷамъияти
ҳамонвақтаи Душанбе буданд. Инҳо ба анҷумани мо - на-
висандагон, олимон ва мутахассисон ҳам иштирок дош-
танд, вале ягон бор ҳам, бо ягон таклиф баромаде накар-
данд. Фақат дар гирдуатрофи роҳбарон, калонҳо (ба мисли
Шоҳтемуров, Лоҳутй, Айнй ва дигарон) мандонамй карда
мегаштанд ва бештар худнамой мекарданд. Мисбоҳ бо ман
фақат «саломуалейк» буд. Дар анҷуман бо вай сӯҳбате на-
кардаам. Пае, вақте ки (дар тирамоҳи соли 1930) кӯчида
омадем, Мисбоҳ то як дараҷа бо ман наздик шуд ва
«ҳамшаҳригӣ» кардан шрифт. Дар маркази шаҳр (дар
рӯбарӯи боги пионером) хонаи хубе дошт ва бисёр вақт
зиёфат ва сӯҳбатҳо мешуд. Дар ин зиёфатҳо, зани зебо ва
паричеҳраи ӯ - Муаллимаро мо дида ҳайрон мешудем.
Мисбоҳ занашро дӯст медошт ва хеле эрка мекард. Боре
зиёфате ҷеғ зад, ки дар он Аббос Алиев ва Фотимаҷонҳо
ҳам ҳузур доштанд. Абос ба Фотимаҷон хеле хушомад
кард, гӯё «хунари» худро нишоп доданй шуда,
Фотимаҷонро «гипноз» кард. Фотима ҳам гӯё ба «гипноз»
дода шуда, як андак хоб кард. Дар ин зиёфат Абос ва
Мисбоҳ, Фитратро «фурӯхтанд» ва ба Фотимаҷон
фаҳмонданй шуданд, ки Фитрат лоиқи шавҳари ӯ нест, вай

100
, пир аст, Фотимаҷон ҷавон ва забост... (ва ҳол он ки Фитрат
Фотимаҷонро аз ҷонаш ҳам дӯсттар медошт). Ташвиқот ва
тарғиботи ҳаминҳо буд, ки Фотимахон ба Самарқанд бар-
гашта, пас аз андак муддат Фитратро талоқ дод ва ба қорӣ
Абдурашид ном марди самарқандӣ ба шавҳар баромад.
Аз вай як духтар зоид, ки номашро Дилбар ниҳоданд ва ин
духтар ҳоло дар Тошканд аст, шавҳару фарзандҳо дорад.
Аммо Фитрат аз рафтани Фотимаҷон хеле сӯхт ва шеърҳои
ҷонгудозе навишт.

Мисбоҳ Бурҳонов нағз ё бад, ҷавони коркуне буд. Дар
соли 1933, дар қатори Абдуқодир Муҳиддинов, Комилов
ва дигарон ӯро (Мисбоҳро) ҳам шрифта ҳабс карданд ва
дигар барнагашт. Чй ҷавонҳо, чӣ шахсони олидараҷа, чи
іули ҷамъияти моро морон ва хунхӯрони Сталини аждаҳо
хӯрда нест накарданд! Лаънат ба он давр, лаънат ба он ка-
соне, ки хоки пои Сталинро лесида, ба халқ ҷабру ҷафоро
раво медоштанд. Афсӯс, сад афсӯс, ки Мисбоҳ барин садҳо
ҷавонони мо, бегуноҳ мурда рафтанд!

Гапро дар бораи Зуҳурхон ва зани ӯ Муаллима давом
медиҳам: Пас аз заношӯии инҳо як писар ба вуҷуд омад,
ки номашро Хуршед ниҳоданд. Зиндагиашон хуррамона
буд. Дар ин байн Аслиддин - бародари Зухурхон ҳам ба
театри Лохутй ба кор даромад. Қобилияти хуби артистии
ӯ ба роҳбарияти театр маъқул шуд. То ки соли сиёҳи 1937
расид ва Зухурхонро ҳамроҳи акамуллои Тоҳирҷон,
Қаровулбегӣ ва Бадеъ Наҷмиддинов шрифта ҳабс карданд
ва бо ҳамин аз онҳо ному нишон нашуд. Чй ҷабр, чй зулм
ва чй хиёнат ба халқи тоҷик! Беҳтарин одамон, беҳтарин
санъаткорон, беҳтарин олимони онро гарифтанд, нест
карданд, куштанд! Лаънат ба он давр! Лаънат ба
мӯзалесони Сталини золим!

Зуҳурхони бегуноҳ, Зухурхони санъаткор ва марди

101
олиҷаноб, ки дар дасти разилон несту нобуд гашт, Муал-
лимаи сарсахт боз бешавҳар монд, дар хонадони Зуҳурхон
бева монд. Писари Зуҳурхон калон шуда буд. Аммо
амакҳояш ӯро тарбия карда натавонистанд, аз сарашон
дафъ карданӣ шуда, ба Ленинград ба хондан фиристоданд.
Мебоист аз қафояш хабар мегирифтанд, пул фиристода
меистоданд. Инро накарданд. Хуршед дар солҳои пас аз
ҷанг азоб кашида, маҷбуран ба дуздӣ cap мекунад ва ба
дасти дуздони мумтоз меафтад ва дере наіузашта ҳабс
мешавад ва ӯро суд карда бадарға мекунанд... Ҳамин тавр
аст кирдори бади Аслихон ва Муслеҳхон, ки ба ягона пи-
сари бародарашон нигохубин карда натавонистанд.

Зани Зуҳурхон - Муаллима пас аз нобуд шуда рафтани
шавҳар ба театри колхозй (ҳамин тавр як коллективи
санъаткорон ташкил шуда буд) ба кор даромаду дере наіу-
зашта ба мудири ҳамин театр шавҳар кард. Аҷобати корро
бинед, ки ин шавҳар ҳам пас аз чанд гоҳ ба зери чархи ав-
тобус монда ҳалок мешавад. Пае, Муаллимаро як
ғижжакнавози театр ба занӣ мегирад ва ба Ленинобод (ё
ба кадом райони шимолй) шрифта мебарад. Ҳоло бо
ҳамон шавҳар зиндагй дорад ва соҳиби фарзандҳост. Воқеа
ва саріузашти ҳамин Муаллимаро ман дар «Зани бехоси-
ят» ном ҳикояам нағз тасвир кардаам.

Феълу атвори Аслихон аз феълу атвори падараш
монданй надорад. Намедонам барои чй бо мо ин қадар
балрафторй мекѵнал. Аммо ба рӯям «акаҷон» меіуяд. Вай
бо додари ҷонии худ Муслиҳиддин созиш карда намета-
7 вонист, рӯйнодид шуд. Лекин Аслиддин қобилияти зӯри
артистй дорад. Лар театр ролҳои калонро бозид, оҳиста-
оҳиста ба гирифтани номҳо ва унвонҳои фахрй сазовор
гардид. Ниҳоят ба дараҷаи ғоятулғоя - ба гирифтани номи
артиста халқии СССР ва депутата Совета Олии

102
Тоҷикистон расид. Ҳоло (1990) дар қайди ҳаёг аст, аммо
бисёр нотавон ва бемор хобида аст.

Бародари хурдим Зуҳурхон - Муслиҳиддин ҳам чандон
олиҷаноб набуд. Барой фиребу найранг дар мактаб ӯро
ҳабс карданд. Занаш - Ойишахон ва Аслихон ҳаракат кар-
да халос намуданд. Баъд муаллими қаторй шуда гашт.
Рост ё дурӯг худро бавиҷдон ва корманд шрифта мегашт.
Ойишахон (ин духтари Азизхон ном касест, ки аз Бухоро
ба Германия дар қатори як гурӯҳ ҷавонон ба хондан рафта,
пас аз фашиста шудани Германия ба Иттифоқи Совета
баргашта буд, лекин соли 1937 ҳабс шуда барнагашт). Ой-
шахон аз Муслиҳиддин ду писар ва ду духтар зоид. Лекин
дар миёни солҳои шастум баҳам зиндагй карда натавони-
ста ҷудо шуданд Муслиҳиддин зани дигар гирифт, аз ҳоли
фарзандонаш бехабар монд. Ойишахон дар солҳои
ҳафтодум ба Мирхон Саидов ба занй расид. Мирхон ҷӯраи
нағзи ман буд. Бай аз Бухоро буда ба Тоҷикистон бо даъва-
ти партия дар солҳои 1934-35 омада ба корҳои масъул
(сардори МТС, вазири тандурустй, вазири хоҷагии
қишлоқ, вазири молия) шуда кор кардааст. Дар солҳои
ҷанг вазири молия буд. Баобрӯ ва ба эътибор буд. Дар
охирҳои ҷанг, боре ману Улуғзода ба наздаш рафтем ва аз
ҳоли зори нависандагон шикоят кардем. Вай дарҳол ба
мудири хоҷагии ёрирасони худ фармуд, ки ба мо іушт,
биринҷ, орд ва дигар хӯрокиҳо диҳад. Рӯзи дигар (охирҳои
зимистони соли 1944 буд) ману Улуғзода як автомобили
боркашй гирифта ба қишлоқ, ба хоҷагии ёрирасони идо-
раи молия рафтем. Дар он ҷо моро хуб зиёфат карда, се
линга биринҷ, орд, себ, іушт (як гӯсфанд) ва дигар
хӯроквориҳо дода іуселонданд. Мо он чизҳоро ба шаҳр
оварда, дар байни нависандагон тақсим кардем. Бале,
Мирхон ҳамеша ба нависандагон ёрй мерасонид ва тала-

103
боти онҳоро (аз ҷиҳати пул ва молиёт) таъмин карда меи-
стод. Дар он вақт котиби СеКа Бобоҷон Ғафуров буд. Чй
шуд, ки муносибати Ғафуров ва Мирхон вайрон гашт,
ҳамин тавр коркуни хуб ва ӯхдабароро аз кор шрифт.
Мирхон қаҳр карда дигар ба корҳои масъул нарафт, ба ин-
ститута педагогй ба кор даромаду дар асперантура хонд ва
кори илмй мудофиа намуда, номзади илмҳои таърих шуд
ва ӯро ба шӯъбаи ғоибхонҳо мудир карданд. Баъди чанд
гоҳ бемор гашта ба бемористон афтод. Занаш Евгения Ни-
колаевна (ки бисёр зани олиҷаноб ва меҳрубон буд) қазо
кард. Ин ба ҳаёти осудаи ӯ зарбаи калон шуд. Чанд гоҳ
безан буд. Баъд ба Ойшахон толиб шуда ба назди ман ба
маслиҳат омад. Ману Саодат ба ин издивоҷ розигй надо-
дем, лекин ба маслиҳати мо гӯш надода, издивоҷ карданд.
Хуб, ё бад чор-панҷ сол зиндагй карданд. Баъд Мирхон
сахт дилкаф (инфаркт) шуду вафот кард. Пас аз ду-се соли
дигар Ойшахон аз бемории саратон (рак) азоб дида мурд.
Фарзандҳои Ойшахон ҳоло дар қайди ҳаётанд.

Муслиҳиддин дар солҳои ҳафтод бо бародараш созиш
накард, аз ҳам ҷудо шуданд. Дар миёнаҳои солҳои ҳаштод
қазо кард. Ин буд қиссаи мухтасари аҳли байти янгапош-
шои хурдй. Худи он кас дар охирҳои солҳои шастум вафот
карданд.

Давоми сухан дар бораи худам ва бародарам
Нуриддинч(он: Ман дар Дорулмуаллимини Бухоро ме-
хондам, аълохон будам. Аввал мактаби мо дар іузари Бо-
зори сабзӣ, дар ҳавдии кадом бой буд. Баъд ба мадрасаи
Кӯкалдош кӯчидем, ки дар ин ҷо ман ба хобгоҳи мактаб
рафтам. Дар хуҷраҳои қабати дуюм истиқомат мекардем,
дар миёни саҳни мудраса ҳукумати Бухоро бо хишти пух-
та шаш синфи калон ва баҳаво сохт. Дар хуҷраҳои поёни

104
Мадраса идораи мактаб, идора ва амборҳои хоҷагй, хонаи
муаллимҳо ва дигарҳо буд. Дар дарсхонаи Мадраса ошхона
(ҷои хӯрок мехӯрдагӣ), дар масҷид ҷои тарбияи бадан буд.
Дар хобгоҳ аҳвол бад набуд. Ҷӯраҳо, рафиқон буданд. Ху-
шу хурсандона мехондем. Баъд мактаби мо ба гузари Со-
бунгарон кӯчид, ки дар ин ҷо хукумат бинои якқабатаи
хубе сохта буд. Ними бино дарсхона, нимаш хобгоҳ буд.
Дар ин ҷо ҳайъати талабагон гуншун шуд, тоторҳо ва
қазоқҳои бисёре пайдо шуданд. Ду тоторбачаи ака-ука бу-
данд, ки беҳад бадрафтор ва бо ман намедонам барои чӣ
хусумат доштанд. Боре ҳарду ба ман хуҷум карданд,
заданй шуданд, вале рафиқони дигар (ба мисли Сулаймон
Алй, ки сардори комсомол буд) нагузоштанд. Баъд он
ҳарду мактабро тамом накарда ба куҷое гум шуданд. Мо
ба забони ӯзбекӣ ва туркй мехондем. Муаллимҳои
бухороӣ, ки дар Туркия таҳсил карда омада буданд, гоҳо
ба туркӣ, гоҳо ба ӯзбекй ҳарф мезаданд. Муаллимҳои ди-
гар ба забони ӯзбекй дарс медоданд. Як муаддим буд, ки
ӯро Киромиддинов меіуфтанд, нисбатан ҷавон буд, дар
Туркия таҳсил карда буд. Вақто ки мактаби мо дар Собун-
гарон буд, вай аксар вақт ба дарс қафо мемонд. Дарси та-
бииёт медод. Мо ба синф даромада мунтазир мешудем,
пас аз даҳ-понздаҳ дақиқа ба консидярия нарафта, рост ба
синф медаромад. Қабоқҳои варам, дабудунҷ овезон,
маълум, ки шаби дароз арақхӯрй ва мастй карда, аз хоб
сер нашуда омада аст. Ба синф медаромаду дар назди тах-
та (доска) ба инсӯ-онсӯ мегашт ва баъд мепурсид:

- Гечан дарс на эдй? (дарси гузашта чй буд?)

Бачаҳо меіуфтанд, ки:

- Дона эдӣ (дона буд).

- Пекй, - меіуфт муаллим (яъне «хуб») - Донайи нима
қидамиз (донаро чй мекунем? «Нима қиламиз»-аш

105
ӯзбекй).

Мо мегуфтем, ки:

- Экамиз (яъне мекорем).

- Пекй, - меіуфт муаллим ва ба хотираш оварда дарсро
давом медод.

Ана ҳамин тавр буд хондани мо!

Ман ҳам, гарчанде авлод ба авлод тоҷики холис ҳастам,
(бобокалонамон аз Ховалинги Тоҷикистон то Бухоро пиё-
да рафта, аввал дар мадрасаи Мири Араб фаррош шуда,
хонда, баъд мударрис шуда будаанд). Бо вуҷуди он дар
анкетаҳо турк, ӯзбек нависондаам. Миллатчиёни ӯзбек,
пантуркистон дар солҳои бистум сиёсати туркй кунони-
дан, ӯзбек кунонидани аҳолии Бухороро ҷорй карда бу-
данд. Дар вақти ба қайд гирифтани аҳолй ҳавлй ба ҳавлй
гашта мепурсиданд, ки «шумо ӯзбек ҳастед, ё эронй?» Ба
суол албатта ҳама аз эронй (шиа) будан иҷтиноб намуда,
худро ӯзбек (суннй) меномиданд. Дурусттараш ҳамин, ки
ҳамма авом ва ҳатто босаводи Бухоро то инқилоб чй буда-
ни миллат ва миллиятро намедонистанд. Мо дар мактаби
кӯҳна мехондем: «Миллат ба кй дорй?» гуфта пурсанд,
бигӯ, ки «ба Иброҳим халилуллоҳ!» Вассалом, дигар чиз
не! Баъд вақто ки миллат ва миллият муайян шуд, кор ба
дасти пантуркистон афтод ва аксарияти халқи Бухороро
«ӯзбек» номиданд. Баъдтар ман донистам, ки Файзулло
Хоҷаев ва атрофиёнаш ба иғвои пантуркистон дода шуда,
худро турк ва ӯзбек номидаанд. Хусусан ин ки Файзуллои
ҷавонро раиси шӯрои нозирони ӯзбек интихоб карданд ва
бардор-бардор намуданд, вай ғирт ӯзбек шуд (ва ҳол он ки
аслаш араб аст!). Аммо Абдуқодир Муҳиддинов ва атро-
фиёнаш тоҷикпараст буданд. Ба тоҷикпарастии
Абдуқодир Муҳиддинов ба іумонам, таъсири устод Айнй
калон аст. Зеро ки он кас бо Муҳиддинов наздик буданд, ӯ

106
ҳам устодро ҳурмат мекард. Ба «тоҷик» шудани ман ҳам
устод Айнй таъсир расониданд. Вақто ки дар соли 1927 ба
Бухоро омадапд, «ӯзбек» будани маро фаҳмида, хуб хан-
диданд ва фаҳмонида доданд, ки асли мо - бобо ва
бобокалонҳоямон - аз Тоҷикистон (Кӯлоб) буда миллати
мо тоҷик аст.

Пас аз ҳамин ман тоҷик шудам ва худро шинохтам. Ав-
лоди ман ҳам миллати худро шинохтанд. Бинобар он аст,
ки хизмати устод Айнй дар ин роҳ калон аст. Як худи
«Намунаи адабиёти тоҷик», ки дар соли 1926 дар Москва
чоп шуда баромада аст, санад ва асоси мустаҳкаме барои
аз нав зинда шудани халқи тоҷик, маданияти ҳазорсолаи
тоҷик шуд. Бинобар он аст, ки халқи тоҷик устод Айниро
падар ва устоди бузургвори худ медонад ва хизматҳои он
касро фаромӯш намекунад.

Хӯш ки бошад, ман мехондаму бародарам
Нуриддинҷон кор мекард ва ҳар ду дар як хона истиқомат
доштем. Дар январи соли 1928 (ё ки дар декабри соли
1927), ки ман дар синфи охирини дорулмуаллимин ме-
хондам, нохост моро, талабаҳои синфи охиринро ба
Самарканд бурданд ва ба курси аввали мактаби олии пе-
дагогии ӯзбекистон (ВПИ) дохил намуданд.

Дар Самарканд амакам Аминҷонмахсум бо оилаашон
дар як квартираи қадимаи хубе (ки се хонаи дарун ба да-
руй дошт) зиндагй ва дар шӯрои нозирон кор мекарданд.
Духтари қадраси он кас, ки номаш Муҳаббатхон буд, дар
дорулмуаллимини занонаи Бухоро мехонд ва дар ҳавлии
аммаи ман (модари Саодат) истиқомат мекард. Ба
Самарканд, ба хондан омадани ман Аминҷонмахсумро
хурсанд кард. Ман дар хобгоҳи мактабй дой шрифта бо-
шам ҳам, аксар вақт дар квартираи онҳо будам, корашон-
ро мекардам, ба хӯрокашон шарик будам ва бегоҳиҳо

107
сӯҳбат мекардем (мани мандонам, ки китоби бисёре ме-
хондам, бо калонсолон дар сӯҳбат забондарозӣ мекардам).
Пас аз даҳ-дувоздаҳ рӯзи ба Самарқанд омадани ман, як
рӯз аввали пагоҳ, ҳанӯз амакам ва зану бачаҳояшон аз хоб
бедор нашуда, дарро тақ-тақ заданд. Азбаски ман дар хо-
наи берун мехобидам, дарро кушодам, ки амаки Умархон
(писари калонии қозй Бурҳониддин, ки аз Бухоро ба
Самарканд омада, дар кадом қишлоқи назди шаҳр
имоматй мекарданд) даромада омаданд. Амаки Умархон
одами аҷоиб буданд: боақли содданамо, хасиси баднафс,
худбини безарар, тарсуи ба кори худ пухта... Дар бораи
тарсуи ба кори худ пухтагии он кас ҳикоят мекунанд: дар
соли 1922, як рӯз бегоҳй дар ҳавлии беруни мо
Аминҷонмахсум, ҳоҷӣ Зайдулло (яке аз дӯстони падарам),
Азимҷонмахсум ҷамъ мешаванд. Ҷои Умархон холй! Па-
дарам ду-се нафар аз ҷиянҳоро ба гузари Дегрезӣ мефири-
стонанд, ки он касро аз ҳавлиашон ҳамроҳ шрифта биё-
ранд. Умархон ба ин таклиф аввал не мегӯянд, рӯз торик
шуд, кӯчаҳо хавфнок, ман рафта наметавонам. Вақто ки
ҷиянҳо гапро қатъй монда мегӯянд, ки мо бисёрем, натар-
сед, ноилоҷ қабул карда, ба роҳ медароянд. Лекин ҳамин,
ки онҳо ба қарибии хамгашти кӯча мерасидаанд, он кас аз
ёрон қафотар мемондаанд. Ҳамин ки ёрон ба хамгашти
кӯча баргаштанд, тез роҳ гашта, аз онҳо пеш мегузашта-
анд. Ин ҳаракати он касро ҷиянҳо омада ба падарам
меіуянд. Падарам сабаби корро аз худи Умархон пурсида-
анд. Он кас іуфтаанд, ки дар қарибии хамгашти кӯча қафо
монданам аз баҳри он, ки агар дар хамгашти кӯча дузде ё
бадқасде поида истода бошад ва ба ҳамроҳон ҳамла кунад,
ман дарҳол ба қафо меіурезам. Ammo вақто ки ҷиянҳо
сиҳат-саломат ба хамгашти кӯча баргаштанд, маълум ме-
шавад, ки он тарафи кӯча бехавф аст, лекин акнун хавфи аз

108
қафо омадани дузд мумкин аст, бинобар он тез роҳ гашта
пеш мегузаштам!

Ҳамин хусусияти худбинии безарар, тарсуи ба кори худ
пухтагии он кас буд, ки аз ҳамаи таъқибот ва гирогирии
хукумати шӯроии онвақта худро халос карда буданд. Агар
дар Бухоро меистоданд, албатта ҳабс мешуданд. Он кас
дар сари вақт, дар солҳои 1925-26 ба Самарқанд ҳиҷрат
карданд. Зани аввалаи он кас Ойбй Асолатхон (духтари
амакам Қорӣ Масъуд, ки гӯё бо фармони қозй
Бурҳониддин табиби ҳинду доруи заҳрнок дода кушта буд)
мебошад. Аммо Умархон дар солҳои 1924 Ойбй Асолат-
хонро талоқ дода, чанд гоҳ безан гаштанд ва баъд ба воси-
таи инуон як хеши падари Саодатро, ки Сайиба буд, ба
занй гирифтанд. Лақаби ин зан «ойими хушрӯй» (бипобар
баднамоияш ин лақабро дода буданд) буд, номашро наме-
донам. Умархон аз ин зан се-чаҳор фарзанд диданд ва дар
Самарканд дар байни аҳолӣ обрӯю эътибор пайдо карда,
дар солҳои пас аз ҷанг вафот карданд.

Инак, амаки Умархон ба хона даромада, маро дида хур-
санд шуданд ва аз рӯи одат, бахузур нишаста ба гаппурсй
ва суолдиҳӣ сарк арданд: Бухоро чй тавр? Нарху наво (ба
тафсил) ҳаво? Мардум? Фалонча-фалончаҳо ҳастанд?
Аҳволашон? Чй кор мекунанд ва ғайра ва ҳоказо... Дар ай-
ни сӯҳбати мо буд, ки (шояд овози моро шунида) аз хонаи
дарун амаки Аминҷон омада баромаданд ва бо Умархон
саломуалек карда гуфтанд:

- Сӯҳбати ширини шуморо шунида хестам. Набошад
рӯзи ҷумъа (рӯзи истироҳат) дертар мехестем.

- Ҳа, - іуфтанд Умархон, - мо Ҳаблулматин хонда исто-
даем.

Амаки Аминҷон хандиданд ва ба ман, ки аз іуфтаи
Умархон чизе нафаҳмида будам, эзоҳ доданд:

109
- Газетам «Ҳаблулматин» аз Миср ба Бухоро пас аз як
моҳ омада мерасид, ҳамаи хабарҳо кӯҳна мешуданд. Ҳоло,
км аз омадани шумо даҳ-дувоздаҳ рӯз іузаштааст, ҷӯремо
«Ҳаблулматин» хондагӣ барин, аз хабарҳои кӯҳна огоҳ ту-
да истодаанд.

Бале, ҳамин тавр буд сӯҳбати ахди фазл. Бо як сухан, бо
як ишора маънои бисёреро ифода мекарданд. Масалан,
агар ягон нодон ба назди аҳли фазл сухани беҷое іуфта
монад, меіуфтанд, км аз ин кас хафа нашавед «саҳроӣ
гунаҳгор аст». Албатта одами оддй (авом) ин кинояро
намефаҳмид. Маънои ин ҳамин ки, бачаҳо дар хурдй агар
«нағзак» бароранд, тавсия медоданд, ки шири хар хӯранд.
Дар Бухоро мардум камтар хар медоштанд. Хари модаро
фақат дар саҳроҳо меёфтед, ки аз саҳроомадагон баста ме-
монданд. Одами ширталаб ба соҳиби хари мода (яъне ба
саҳрой) муроҷиат карда, камтар шир ҷӯшида диҳед гӯяд,
аксар вақт соҳиби хар як коса ҷӯшида медод. Бача ки ши-
ри харро бисер хӯрад, табиати харй (іуё) ба вай меіузаш-
тааст. Бинобар он ба ҷои «ин кас хар» іуфтан, «саҳрой
гунаҳгор» меіуфтанд.

Он рӯз ҳам амаки Умархон дар хонаи Аминҷонмахсум,
ҳамин тавр киноя карда, «Ҳаблулматин» хонда истодаем»
іуфтанд. Хулласи калом, ки ман дар хонаи амаки Аминҷон
омадаю рафта, хеле маъқул шуда будам ва шояд занушӯ
маслиҳат карда, гапро пазонда буданд, ки маро домод ку-
нанд. Ҳаминро ҳам қайд кунам, ки он вақтҳо дар байни
ману Муҳаббатхон іуё як навъ «ишқ» пайдо шуда буд. Ба-
рой чй «гӯё» ва «як навъ ишқ» іуфтам. Зеро ки (баъд дони-
стам) он ишқи ҳақиқй набудааст. Ман аз хурдй ишқия бу-
дам. Азбаски афсонаҳои бисёре шунида, китобҳои бисёри
ишқй хонда ва хусусан дар вақтҳои охир «ӯткан қунлар»-и
Абдулло Қодириро гаштаю баргашта хонда будам, дилам

110
аз ишқ пур буд. Мисли «Дон Кихот» ба худам «Дулсиния»
мекофтам ва ниҳоят дар симои Муҳаббатхон онро ёфта
будам. Аз Самарқанд мактубҳои пурсӯзу1удози ишқй ме-
навиштам. Муҳаббатхон ҳам ба ман як-дубор мактуби
ишқӣ навишт.

Инак, вақте ки дар таътили зимистона (моҳи феврал)
ман ба Бухоро рафтанӣ шудам, амакам Аминҷон фарму-
данд, ки дар бозгашт Муҳаббатхонро ҳамроҳам биёрам.
Ин таклиф ба ман хеле маъқул шуд. Гӯё парвоз карда ба
Бухоро расидам. Овозаи ба Бухоро омадани ман дарҳол ба
ҳавлии аммапошшо расида аст. Вақте ки ман ба ҳавлии
аммапошшо омадам ва бо ҳамаи ахди байт (хоҳарам ва
дигарон) боздид кардам, аз хоҳарам оҳиста пурсидам, ки
Муҳаббатхон канй. Бай іуфт, ки омадани туро фаҳмида,
қариб беҳуш шуда, дар хонаи калон хобидааст. Ба хонаи
калон рафтам. Муҳаббатхон ба пешвозам бархост. Дасто-
наш меларзиданд, сард шуда буданд. Ман ҳолу аҳвол пур-
сида, мактуби падарашро супоридам ва іуфтам, ки пас аз
як ҳафта ба Самарқанд меравем. Муҳаббатхон хурсанд
шуд. Ман қариб як ҳафта дар Бухоро монда, бо хешутабо-
рон боздид карда, баъд ба Самарқанд баргаштанй шудам.
Як фойтуни дуаспаро киро карда, ба назди дарвозаи
ҳавлии аммапошшо овардам. Муҳаббатхон ба сараш
фаранҷй, ба рӯяш чашмбанди дока шрифта баромад. Чи-
зучораи андак дошт, ман онро бардошта ба фойтун ниша-
стем. Бо ҳама хайрухӯш карда, ба сӯи стансияи Когон ра-
вон шудем. Рӯз бегоҳ мешуд, ҳаво тира буд. Фойтун аз
шаҳр баромада ба роҳи Когон равон шуд. Дар ҳамаи ин
муддат ман ақаллан дасти Муҳаббатхонро шрифта наво-
зит карда натавонистам. Шарму ҳаё гиребонгир буд. Дар
бораи ишқам ва муҳаббатам ҳам калимае нагуфтам. Ин
хуб буд, ё бад? Ҳоло ки аз он таърих солҳои бисёре гузашта

111
аст, фикр карда мегӯям, ки хайрият боҳаё ва шармгину
беҷуръат будаам. Агар он вақт ба Муҳаббатхон мечаспи-
дам, шубҳа надорам, ки вай ҳам ба ман мечаспид ва дар
Самарканд тӯямон мешуд. Нашуд хуб шуд! Сабабашро
дар поёнтар меіуям.

Ба Когон расида, ба билетхона даромада фаҳмем, ки
поезди мо пагоҳ мешудааст. Пас чй бояд кард? Боз гашта
бу Бухоро равем гӯям, аввало бевақт шуд (роҳ хавфнок
буд), сониян ба хароҷот пуламон намерасид. Он вақтҳо дар
Когон, дар қарибии вокзал, ду тарафи кӯча аз чойхонаҳо
иборат буд. Дар қатори чойхонаҳо масҷиде буд, ки мулло
имоми он ҳам имом буду ҳам корчаллони бало! Русиро
хуб медонист, бо кассирҳои билетхона алоқа дошт. Ба ра-
вандагон бо нархи дучанд билет гирифта медод. Ман инро
медонистам, намедонам ба воситаи кадом рафиқам, бо ин
марди балоранг каме ошной пайдо карда будам. Бинобар
он ба вай муроҷиат кардам. Вай, намедонам аз ман чанд
сӯм шрифту іуфт:

- Имшаб дар чойхона, ман меіуям, дар хуҷраи алоҳида
бохузур хоб кунед, пагоҳ саҳар, пеш аз омадани поезд ху-
дам шуморо бедор мекунам.

Ҳамин тавр, ману Муҳаббатхон дар ҳуҷраи алоҳидаи
чойхона даромадем. Ҳуҷра бад набуд, қолин ва намадҳо
густурда шуда, кӯрпаю кӯрпачаҳо дошт. Мо ҳарду нону
чою гӯшти яхнй хӯрдем ва камтар аз ин сӯ он сӯ сӯҳбат
карда, ба тараддуди хоб афтодем. Мани содда ба ҷои он ки
дари хуҷраро аз дарун баста, ба ҳар дуямон як ҷойхоб пар-
тофта, арӯси ояндаамро дар оғӯш гирифта, хоб кунам,
іуфтам, ки ба шумо дар пешгоҳтар ҷой мепартоям, худам
дар поёнтар, дар қарибии дар мехобам, мабодо нохалафе
наояд. Муҳаббатхон базӯр «майлаш» гуфт ва димогаш
сӯхтагӣ барин шуд. Ҳаминро ҳам дида мани содда ва

112
беҷуръат ғайрат накардам, ки ӯро ба оғӯш гирам ва «хур-
санд» кунам. Бале, ман содда ва беҷуръат будам. Хайрият,
ки ман содда ва беҷуръат (нисбат ба занҳо) будаам. Лгар
ман бо Муҳаббатхон ҳамон шаб ҳамроҳ мехобидам ва
занушӯ мегаштем, ҳолам хароб мешудааст! Зеро ки
Муҳаббатхон дар ҳаёт зани - закон шуда натавонист. Дар
умраш чандин шавҳар карда хушбахт нашуд, ки инро дар
хотимаи ин порчам саріузаштам нақл менамоям.

Аммо ҳамон шаб, ҳамон шабе, ки «ҷонона» дар хонаи
танҳо ҳамаи шароити васл муҳайё ва мани беҷуръат ва
шармгин дар поёни ҳуҷра ба худ ҷойхоб партофта хоби-
дам, ҳеҷ аз ёдам намеравад. Баъд, вақто ки синнам калон-
тар шуду боҷуръаттар гаштам ва бо занҳо муомила кар-
данро омӯхтам, худро сарзаниш мекардам, ки чаро фур-
сатро аз даст додам, чаро аз «ҷонона» таматтӯъ набзрдоти-
там, чаро лабонм шмрииро намакмдам, чаро баданм нарму
пистонҳои мисли лемӯ расмдаро нафмшурдам!.. Маълум
км бахтм ман дар ҳаммн беҷуръатй ва соддагй, дар ҳаммн
боҳаёй ва шармгмнй будааст.

Рӯз шуд. Ман км дуруст нахобмда будам, дар баробарм
дар берунм дар овозм поро шунмдан, ҷаҳмда бархостам ва
дарро кушодам, км имоми масҷмд билет шрифта оварда-
аст. Ба вай ташаккур іуфта, ҳисобамро баробар кардам ва
ба Муҳаббатхон іуфтам, ки ба вокзал меравем.

Поезд омаду ба вагони «полоскард» баромада ниша-
стем. То ба Каттақурғон сӯҳбат карда, хӯрок хӯрда, хушу
хурсанд рафтем. Ба истгоҳи Катгақурғон фуромадам, ки аз
бозораш хабар гирам, чизи мехаридагй набудааст. Аз ки-
оска газета гирифтаму ба вагон баромадам. Дидам ки
Муҳаббатхони «шармгин» ҳамаи шарму ҳаёро партофта
бо ду йигити бӯзбала чақ-чақу хандаю бозӣ карда ниша-
стаанд. Ба ман, ҳатто аҳамияге надоданд ва ба сӯҳбату хан-

113
даю бозии худ давом карданд. Ман пас аз ба роҳ дарома-
дани поезд ба роҳрав баромадаму дар назди тиреза рост
истода ба газета нигоҳ кардам. Вале чизе, ҳарферо нади-
дам. Тамоми баданам дар оташи рашк месӯхт. Худамро
сарзаниш мекардам, ки беҷуръатй карда духтарро аз даст
додам.

Шаб торик шуда буд, ки ба Самарканд расидем. Ама-
кам Аминҷон бо зану бачаҳо ба пешвози мо баромада бу-
данд. Ман бо онҳо сардакак вохӯрӣ кардам. Муҳаббатхон
хурсанду шод буд. Ба х'она омадем, ки стол рост кардаанд.
Ҳазор хел нозу неъмат, шароб, таомҳои лазиз... Вале аз
гулӯи ман дуруст хӯрок намеіузашт, шароб ҳам
нанӯшидам. Ammo Муҳаббатхон шӯху хандон буд. Албатта
вазъияти м&н аз амакам ва занашон пинҳон намонд, бино-
бар он як-ду соат нишаста, ба хонаи дарун даромадаид ва
хоб карданд. Ман дар хонаи берун хеле вақт хобида ната-
вонистам. Бо вуҷуди он дар баробари сафед шудани рӯз аз
ҷо бархостаму дастурӯ шуста, чизу чораҳоямро бардошта,
оҳиста аз хона баромада рафтам. Рост ба хобгоҳи макта-
бамон рафтам. Дар он ҷо ман ҷо доштам. Бо ҳамин чандин
вақт ба хонаи амакам нарафтам. Баъд фаҳмидам, ки
Муҳаббатхон ба техникуми педагогии Самарканд дарома-
дааст. Пас аз чанд рӯзи дигар дидам, ки бо Ҳамид
Олимҷон (ки он вақт дар синфи охирини техникум ме-
хонд) ошно шуда, сайру гашт мекунад. Ҳамин шуд -
ҳамин, муносибати байни ману Муҳаббатхон ба таври
абадй канда гашт ва ман чанд рӯз хаёлолуд гашта, баъд
ҳамаро фаромӯш кардам, ба хондан дода шудам. Ин буд
ишқи пок ва беғаши ман, ки дар натиҷаи сабукй ва
беақлии Муҳаббатхон поймол гашт. Шояд он ишқи
ҳақиқй набуд; як ҳавас, як тақлид ба кирдори қаҳрамонҳои
китобҳои ишқии хондагиам буд! Дар ҷавонй ин ҳолат би-

114
сер воқеъ мешудааст.

Дар аввали январи соли 1929 дар Бухоро тӯи ману Cao-
дат барпо гашт. Дар ин тӯи Сурх, ки занону мардон дар як
хонаи калон ҷамъ шуда буданд Муҳаббатхон (ки ҳанӯз
шавҳар накарда буд) низ ҳузур дошт. Дар ин тӯй бо Қосим
Самеъзода, ки яке аз ҷӯраҳои ман буд шинос шуда, пас аз
ду-се рӯз (шояд аз алам бошад!) бе тӯю бе никоҳ ба вай зан
шуда шрифт. Дар байни онҳо фарзанд шуду лекин напо-
ид, вафот кард. Пас аз соле Самеъзода Муҳаббатхонро ба
Самарқанд іусел карда, аз қафо коғази талоқашонро ҳам
роҳй кард. Чанд гоҳ бешавҳар гашта, баъд ба як ошпази
бой расиданд. Лекин бо вай ҳам чандон бисёр назистанд.
Ошпаз мурду хонаю ҷояш ва молу мулкашро ба он кас іу-
зошт. Муҳаббатхон бо модарашон дар андак вақт ҳамаи
боигариро фурӯхта хӯрданду муфлис шуда гаштанд. Боз
намедонам ба киҳо расиданд, соҳиби як духтар шуданд.
Дар солҳои охири зиндагиашон дар хонаи духтару домод
каме осуда зиндагӣ карда, соли 1988 нохост вафот карданд.
Ин буд саріузашти ману Муҳаббатхон.

Хуллас ки дар Самарқанд, дар мактаби олии педагогӣ
мехондам ва дар хобгоҳ истиқомат доштам. Тобистон, дар
вақти таътил ба Бухоро рафтан хостам. Пули кирои роҳ
набуд. Ба Бухоро ба бародарам Нуриддинҷон хат навиш-
там, ки ба ман андак пул ёфта фиристонад. Пас аз ҳафтае
пул омад. Хурсанд шуда, поездсувор ба Бухоро омадам.
Дар Бухоро як ҷомаи алочаи ҳисорй доштам, ки ба ман
бисёр маъқул буд ва онро фақат дар иду айём мепӯшидам.
Бухоро расида аз ояи калонй пурсидам, ки ҳамон ҷома
канӣ. Ояи калонй іуфт, ки онро бародарам фурӯхта, пу-
лашро ба ман, ба Самарқанд фиристодааст. Man хеле хафа
шудам. Аз бародарам пурсидам, іуфт ки пули
мефиристодагй надоштам,- маҷбур шуда ҷомаро

115
фурӯхтам. Ана ҳамин тавр камбизоат ва косатиҳи буд ба-
родари ман!

Баъд зан гирифтааст. Хоҳари бевамондаи як ҷӯраи ман
- Сулаймонҷонро ба занй шрифта, дар кадом қишлоқи
атрофи Бухоро ба шӯрои ҷамоа котибй мекардааст. Чуно-
не ки баъд фаҳмидам, дар ҳамон қишлоқ, боре ба болои
айвони масҷид баромада худашро ба поён партофтааст, ки
мурад. Хайрият, ки мӯъҷизае шуда сиҳат мондааст. Бале,
вай ба ҳамин касалии худкушй гирифтор шуда будааст, ки
мо надонистем. Соли 1934 ман ӯро ба Тоҷикистон даъват
кардам. Бо занаш, ки нозой буд, хеста омаду дар ҷамоаи
Андигони райони Яншбозор котиби ҷамоа шуд. Нағз кор
карда мегашт. Гоҳо ба Душанбе, ба хонаи мо меомад, гоҳо
мо мерафтем, меҳмон мекард. Дар моҳи май соли 1941 ха-
бар омад, ки бародарам худашро ба дарёи Кофарниҳон
партофта, нобуд кардааст. Мо сӯхтем, кабоб шудем. Он
вақтҳо хоҳарам ва язнаам дар худи Янгибозор ҳавличае
доштанд. Хоҳарам пас аз тоиб шудани бародарам, аз да-
руни як коса дастхатчаи бародарамро ёфтааст, ки бо
хоҳарам видоъ карда навиштааст. Мо ба ҷустуҷӯи мурдаи
бародарам шурӯъ кардем, аммо дар ҳеҷ ҷо наёфтем. Но-
умед шуда ба Душанбе баргаштем. Фақат баъд аз бист рӯз
хабар омад, ки ҷасади бародарамро як моҳигир дар кано-
ри як ҷазираи Кофарниҳон, ки аз Янгибозор шаш-ҳафт
километр дур будааст, ёфта овардааст. Мо хешу таборон
ба Янгибозор рафтем. Устухони ҷасадро кафан карда ба
кампал печонда, бурда ба қабристоне, ки дар қарибии Ан-
дигон буд, ба хок супоридем ва ба арвоҳи бародари ноко-
мам фотиҳа хондем.

* * *

Аммаам Саломат, хоҳари калонии падарам дар вақташ

116
ба Ҳидоятуллоҳ хоҷа ном муллобачаи қашшоқ аз тарафи
бобоям ба занй дода шуда будаанд. Аз ин издивоҷ ду дух-
тару як писар ба вуҷуд меоянд. Духтари калонй Мунъима-
хон (ки.зани Усмонхон - писари амақи қозӣ Бурҳониддин
буд), писар Иноятхон (язнаи ман), аммо духтари хурдй пае
аз даҳ соли таваллуди Иноятхон ба дунё меояд. Номи ӯро
Саодат меіузоранд ва духтари эркаю аллони падару модар
мешавад. Дар вақти инқилоби соли 1920 шаш-ҳафт сола
будааст. Аммаам, ки мо он касро аммапошшо меіуфтем,
зани зебочеҳра, мулоимфеъл, босавод ва доно буданд.
Овози баланд надотптанд, худотарс ва порсо буданд;
раҳмдил, фарзанддӯст ва дасткушод буданд. Он кас (ба
қавли Саодат) шавҳарашон - Ҳидоятуллохоҷаро чандон
дӯст намедоштаанд. Пас аз инқилоб Ҳидоятуллохоҷа дар
ҳавлии берун, дар меҳмонхона шаш рӯз зиндагй карда,
гоҳ-гоҳ ба ҳавлии дарун медаромадаанд. Одами хоксор,
беҳаст ва мулло буданд. Ман дар хотир дорам, ки пояшон
ланг буд, қат намешуд. Бо асо роҳ мегаштанд. Ҳавлии ам-
мапошшо дар кӯчаи назди қозихона ба рӯбарӯи фойтун-
хонаи қозикалон буд. Ин ҳавлии берунударуннок ва хеле
серускуна ва қулай буд. Ҳавлии берун аз айвони молбандй,
ду хона: як хонаи калони рӯ ба боло, як хонаю дахдизи рӯ
ба ғарб дошт. Дар болои айвон шабгаҳ ва болохона буд. Ба
воситаи роҳрав, ки ду хамгашт дошт ба ҳавлии даруни на-
чандон калон ва на чандон хурд медаромадед. Ин ҳавлй
ошхонаи калон, танӯри нонпазӣ, суфаи масолеҳ гайёр
мекардагй, ду хуми гӯркардашудагй дошт. Дар пахдӯи
ошхона, хонаи поён буд, ки дар он кайвониҳо, пас аз
инқилоб онаи лақлаққагӣ ном хизматгори куҳансоли хо-
надон ва баъдтар Ойиша ном духтарчаи понздаҳ-
шонздаҳсолаи сағира истиқомат мекарданд. Тамоми рӯи
ҳавлй хиштфарш буда, фақат дар канори пеши рӯи суфа

117
іулзор буд, ки дар он ҳар хел гулҳо (нозбӯ, садбарг, іули
зард) мерӯиданд. Дар болои суфа як хонаи калони
каршастй бо дахдезаш ҷо гирифта буд. Аз даҳлизи он дари
боз як хонаи начандон калон, ки хонаи рӯ ба қибла ном
дошт, кушода мешуд. Хонаи калон хеле баҳаво, сақфаш
баланд, се дар ва тиреза, дар болои тирезаҳо тобадонҳо
дошт. Ман вақто ки домод шуда, ба он хона даромадам,
ҳамеша орзуям буд, ки дар поёни хона дар як тараф пиё-
нина ва дар тарафи дигар сандуқ ва ба болои сандуқ
кӯрпаву кӯрпачаҳо рах карда чида монда шудагй бошад.
Орзуи якум муяссар нашуд, лекин орзуи дуюмин ба амал
омада буд. Боз дар он ҳавлӣ хонае буд рӯ ба Шарқ, ки онро
хонаи «баланд» меномиданд, пас аз домод шуда омадани
ман дар он хона аммапошшо истиқомат мекарданд.

Дар рӯзҳои аввали инқилоб, ки ҳамаи ҳавлиҳои хешони
қозӣ Бурҳониддин мусодира ва баста шуда буд, аксарияти
хешон дар ҳавлии Ака Шарифхон (писари
Қиёмиддинмахсум, ки кайҳо вафот кард, ҳавлию ҷояш ба
писару занаш - холаи «Судур» монда буд) истиқомат дош-
тем. Ин ҳавлй дар рӯ барӯи ҳавлии аммапошшо буда, хеле
калон буд. Берунаш иборат аз саботи калон, болохона, да-
рунаш ҳавлии серхона, сертаҳхона ва серболохона буд. Дар
як хона мо - ояи калонй бо фарзандонаш ва ҳар сеи мо,
холаи «таи манфй», ки хоҳари модари ака Шарифхон бу-
да, як духтар аз қозй Бурҳониддин доштанд, ки номаш
Маъсумахон аст (ҳоло дар қайди ҳаёт буда, аз Умедҷонов
шавҳараш як писару ду духтар дорад). Дар хонаи дигар
аммапошшо бо се фарзандашон, дар як хона худи ака Ша-
рифхон бо модараш ва дар хонаи поёни суфа наздикони
дигар ва хизматгорон буданд... Ҳеҷ фаромӯшам намеша-
вад: ҳар пагоҳ ба ман ду коса медоданд, пул медоданд, ки
рафта аз «Бозори нав» ҳалвои обинабот ва қаймоқ харида

118
биёрам. Боре, зимистони қаҳратуни шаҳри Бухоро буд, ду
косаро шрифта рафтаму қаймоқу оби набот харидам. Он
вақт дастпӯшак набуд. Дар танам як ҷомачаи пахтаноки
остинкӯтоҳ, дар поям кафш... Бо ҳамин ҳол дар ду даст ду
коса ба сӯи ҳавлӣ равон шудам. То ба ними роҳи ҳавлй
тоқат кардам, баъд гиряро cap кардам. Дар кӯчаҳо касе на-
буд, ки ба ман ёрй расонад, ё гӯяд, ки ба ягон ҷо косаҳоро
монда, дастонатро бо ҳурми даҳонат гарм кун, баъд боз
рафтан тир! Не, бо дастони яхбаста, каб-кабуд гашта, ки ба
дарди ҷонхарош даромада буд, аз дарвозаи ҳавлй фарёд-
занон даромадам. Ҳамаи бошандагони ҳавлӣ, хусусан
хоҳарам хеле тарсиданд, ки ба ман чй шуд, чй ҳодиса рӯй
дода бошад. Дарҳол косаҳоро аз дастам гирифтанд ва дас-
тони маро ба сандалй дароварда молиданд ва таскинам
доданд.

Пас аз ду-се моҳ ҳавлии аммапошшоро кушода ба ху-
дашон доданд. Чизу чораҳои он кас ба ҳар ҳол чандон та-
лаго тороҷ нашуда будааст. Аммапошшо кӯчида буданд,
ки кори мо саҳлтар шуд, зеро ки мо гоҳо дар ҳавлии он кас
хӯрок мехӯрдем. Ҳамон сол; (1921), нас аз шаш моҳ иада-
рамро аз ҳабс озод карданд. Рӯзҳои аввали аз ҳабс барома-
данашон, падарам дар ҳавлии амманошшо зиндагй ме-
карданд. Баьд ҳукумат аввал аз гузари Саройи Сабзӣ
ҳавлии мусодирашудаи «Қозй Закун» ном шахсро доданд.
Мо кӯчида ба он ҷо рафтем.

Шавҳари аммаам - Ҳидоятуллохоҷа одами нағз, содда
ва беозор буданд. Бисёр вақт дар болои суфачаи пеши
дарвоза як пояшонро дароз карда, асо дар даст мениша-
станд. Мо бачаҳо, ки серғавғо ва шӯх будем, ба ҷонашон
мерасонидем. Баъд маро ҷеғ мезаданд:

- ӯ, ӯ! - меіуфтанд, инҷа биёед, ҷони амак, инҷа биёед!

Ман суханашонро рад накарда меомадам. Маро аз дас-

119
там дошта истода, хуб насиҳат медоданд; шӯхй накунед,
бисер надавед, одам монда мешавад, пояш ба сайт хӯрда
хуншор мегардад ва ғайра ва ҳоказо...

Ҳамин сергапии он касро дониста дигар бачаҳои шӯх ба
наздашон намерафтанд. Лекин май босаброна ба
гапҳояшон гӯш дода, хуб, хуб меіуфтам. Бинобар он маро
дӯст медоштанд.

Соли дигар, вақто ки хукумати Бухоро қозигиро
барқарор кард, Ҳидоятуллохоҷаро ба Бобканд қозй кар-
данд. Он кас ҳамроҳи худ бародари маро -
Нуриддиндонро, ки ҷавони дастёр шуда буд, шрифта
бурданд. Дар ин миён хоҳари Саодат - Мунъимахон аз ка-
сании сил вафот кард. Барой сиҳат кардани вай аммаам ва
падарам ҳар чй ки аз дасташон омад, карданд, вале нашуд.
Он вақт медисина камкувват буд, дорую даво набуд.

Ин марш бемаҳал ҳамаи ахди байтро ба мотам ва андӯҳ
меіузорад. Хусусан аммапошшо ва Ҳидоятуллохоҷа
месӯзанд, парту бирён мешаванд. Ҳидоятуллохоҷа пас аз
чиҳил рӯзи вафоти духтари калонаш аз Бобканд бемор
шуда омада, дар андак муддат вафот мекунад. Меіуянд ки
ба вафоти ӯ боз як воқиаи дигар сабаб шудааст. Дар рӯзи
бозори Бобканд, ки қозию раис дар бозордой будаанд, як-
бора босмачиён зер мекунанд, халқро талаю тороҷ меку-
нанд. Ҳидоятуллохоҷа аз худаш нею аз бародари ман -
Нуриддинҷон метарсад, ки мабодо ӯро зӯран шрифта ба-
ранд. Коре карда, бародарамро дар кадом хуҷраи масҷид
руст мекунанд ва ларзида мешинанд. Вақто ки босмачиҳо
мераванд, бародарамро бо касе ҳамроҳ карда ба Бухоро
мефиристанд, лекин худашон ҳам пас аз як рӯз бемор шу-
да меоянд. Гӯё ки тарсида, дилашон кафида бошад.

Аммапошшо бо писарашон - Иноятхон, ки дар кадом
идора кор мекард, ё кор намекард, умраш фақат бо айшу

120
bCU'ttdJ c

нӯш ва ҷӯрабозй мегузашт ва хоҳарм ман, ки келинашон
буд ва Саодатхон, ки он вақт духтари даҳ-дувоздаҳсола буд,
мемонанд. Иноятхон аз ҳеҷ ҷо даромаде надошт, фақат
аммапошшоро мемакид. Дар бисоташон будагй чизҳоро -
либосворй, мису мисина, ҷома, курта, маҳсй ва дигар
чизҳоро фурӯхта, кайфу сафо мекард, ба хоҳари ман ҷабру
ҷафо мекард. ӯро на чун зан, балки чун каниз медонист.
Барои ҳамин ҳам падарам хоҳарамро чанд вақт ба ҳавдии
мо оварданд ва тамом ҷудо карданӣ буданд, вале амма-
пошшо гиряю нола карда боз ба ҳавлиашон бурданд.

Аммо зани ман - Саодат духтари яккаю ягона ва эрка
шуда калон мешуд. Хеле хушрӯ ва соҳибҷамол буд. Аз ҳар
тараф хостгорҳо меомаданд, лекин аммапошшо онҳоро бо
хушй рад карда іусел мекарданд: духтарам ҳанӯз ҷавон аст,
ба балоғат нарасидааст, мегуфтанд. Саодат аввал дар мак-
таби кӯҳна, дар назди оймулло мехонад, чала савод меба-
рорад, баъд дар мактаби ибтидоии занона, ки дар
қозихона кушода шуда буд, мехонад. Аммапошшо бо-
шанд, ба болои вай «ҳафтларз» буданд. Дар ин байн ба
фаранҷӣ ҳуҷум cap шуд. Ба мактаб бо фаранҷӣ омадан на-
мемонданд. Саодат ҳам фаранҷиро партофт. Ҳусну
ҷамоли ӯ бисёриҳоро мафтун мекард. Вале Саодат
парҳезкор, вазнин ва хушахлоқ баромад. Аз мактаб рост ба
ҳавлӣ меомад ва бо дугонаҳои хоссаи худаш (бо Маъсума-
хон баринҳо) улфат буду бас. Саодат ҳарчанд ки хеле эрка
ва нозпарвар калон шуда буд, лекин ботайрат, коркун ва
хизматгор буд. Ҳарчанд ки «онаи Лақлақагӣ» (кампире ки
ҳанӯз пеш аз инқилоб дар хонадони онҳо буда, кайвонигй
мекард ва чун яке аз ахди хонавода гашта буд) Саодатро
кор кардан намемонд, лекин вай аз мактаб, ки баргашт,
дасту остин барзада, рӯи ҳавлй, шабгаҳ ва болохонаҳоро
рӯфта, тоза мекард, баъд нишаста даре тайёр мекард.

121
Солҳои 1927-28 ба вай хостгорҳо бмсёр буданд. Яке аз
хостгорҳо ҳамсояи рӯ барӯяшон Ҳаким Ҳамидй (писари
муфтй Абдулҳамид, ки лақабаш «муфтии хунин») буд.
Ҳаким фарзанди сеюми ин хонадон буда, чандон ақлу фа-
росат надошт. Лекин дар либоспӯшй, арақхӯрй ва
ҷӯрабозй той надошт. Албатта аммапошшо ба вай розигй
надоданд. Талабгори ҷиддии дигар додари Мансурхоҷаи
Самарқандй - раиси суди округй буд. Мансурхоҷа бо за-
наш дар ҳавлии беруни аммапошшо иҷора менишаст. То-
бистон додараш, ки муаллим буд, аз Самарқанд омада
Саодатро мебинад ва ба қавле «ба як дил не, ба сад дил»
ошиқи шайдо мегардад. Зани Мансурхоҷа ба аммапошшо
ваъдаю ваидҳои бисёре карда, талабгор будани худашонро
изҳор мекунад. Аммапошшои сода, ҳайрон мешаванд, не
гуфтанашонро ҳам намедонанд, ҳа гуфтанашонро ҳам на-
медонанд ва чанд рӯз бо хаёлу андеша меіузарад. Ниҳоят
қарор медиҳанд, ки хешу таборҳоро ҷеғ зада, машварат
пурсанд...

122
ҚАДАМИ АВВАЛ
(порчаҳо аз хотира)

Дар соли 1927 ман дар курси охирини дорулмуаллимин
(ба ӯзбекй «Билим юртй»)-и Бухоро мехондам. Мактаба-
мон дар бинои нави дуқабатаи хиштин, ки дар регистон
буд, ҷо шрифта буд. Дар қабати якум синфҳо,
лабораторияҳо, зали спортй, идора ва хонаи муаллимон
бошад, дар қабати дуюм хонаҳои хоб (ӯзбекй «ётоқ» ме-
гуфтем), ошхона ва матбах буд. Директорамон Ҳайдар
Ашрафй ном дошт. аз Тошканд буд. Як додар дошт, ки бо
мо мехонд ва бо ман ҷӯра буд. Занаш турк, зебо ва боақлу
хирад буд. Ҳайдар Ашрафй марди боақл, ташкилотчй ва
маданй буд. Дорулмуаллимини моро хеле хуб ба роҳ мон-
да буд. Муаллимони зӯр ва пурқувватро ҷамъ мекард, Чу-
нончи аз адабиёт Абдурауф Фитрат дарс медод; аз табииёт
ва ҷуғрофия Восеъ (Восем мегуфтем) Султонов ном муал-
лими пуртаҷриба дарс медод; аз ҳисоб (ҷабр), физика ва
химия Смуррй ном муаллими рус дарс медод, ки хеле
пурдон ва ботаҷриба буд. Ба гумон ин Смуррй аз Ленин-
град омада буд ва Бухоро ба вай маъқул шуда буд. Ояи
калонй чанд гоҳ хонаи калони худашро ба вай иҷора мон-
да буд ва бинобар он ҳар рӯз вохӯрда меистодам.

Ман дар хобгоҳи мактаб истиқомат доштам. Шарико-
нам Мубин Мансур, Ҳаким Ҳомидй, Яҳё Юлдошев, Валй
(тоторбача) боз як тоторбачаи бисёр нағз, ки номашро
фаромӯш кардам, Нуриддин - ҷӯраи бисёр нағзам, Су-
лаймон Камол - писари Қорй Камоли ҳофизи машҳур ва
дигарҳо... Нағз мехондем, илм мегирифтем. Ба ростй, ки
дорулмуаллимини онвақта бо программа ва доираи илму

123
дониши медодагиаш, қариб баробари мактабҳои олии
имрӯза буд. Ман аз бахту тақдирам розӣ будам, ҳарчанд
ки бепадару модар будам, ҳарчанд ки бенаво ва нодорам
будам, ҳарчанд ки дар интернат зиндагй мекардам. Лекин
хурраму шод буда ва тамоман ба омӯхтан ва илм гириф-
тан дода шуда будам.

Дар мактаби мо рӯзе се маҳал хӯрок медоданд. Аввали
рӯз нони тафтон (як навъ нони тунуки бомаза) қанду чою
шир; дар нимрӯзй шӯрбо, кабоб (ё оши палав) ва ҳалвойи
тар (ё ягон хӯроки ширин); бегоҳӣ низ камтар кабоб, ё
мошоба ва ғайра медоданд. Аз ҷиҳати хӯрдухӯрок ҳеҷ
камбудие надоштем.

Як қазоқбачаи андак девонамизоҷ шарик доштам. Но-
маш Чангбостӣ буд. Вай дар вақти хӯроки нимирӯзӣ тоси
шӯрбохӯрии калонеро бардошта ба матбах, ба назди ош-
паз мерафт, меіуфт, ки «шӯрбо андоз!», ошпаз шӯрбо ме-
андохт. Баъд ба ҳамон коса (тос) кабоб, ё оши палав тала-
бида меандохт; баъд ҳалвоитар андохта, якбора ҳамаашро
мехӯрд. Мо хандида мепурсидем, ки чаро ин тавр мекунад
ва чи тавр он шӯрбою оши палаву ҳалвоитарро якҷо карда
хӯрда метавонад. Ба ҷавоб меіуфт, ки аз дусар ҳамаи ин
хӯрокҳо дар шикам баҳам ҳамроҳ шуда мераванд, чӣ фарқ
ки ҷудо-ҷудо хӯрему ҳамаашро якҷоя хурем?

Бо Чангбостй боз як воқеаи дигар шуда буд, ки нақл
кардани онро лозим донистам.

Дар вақти хонда гаштани ман романи машҳури Абдул-
ло Қодирй - «ӯткан кунлар» дар бадали ду-се сол дар
ҳаҷми се ҷилд бо хатти арабй чоп шуда баромад. Ман
ҳамин ки ҷилди аввалро хондам, тамом мафтун гаштам.
Шабу рӯз дар хаёлам қаҳрамонҳо, воқеаҳои роман
ҷилвагар буданд. Хусусан синну соли сездаҳ-
чаҳордасолагии ман айни парвардаи ҳамин тавр романҳои

124
ишқӣ ва таърихй буд. Ҷилди аввалро хонда шуда шабу рӯз
мепоидам ва аз магазинм китобфурӯшй хабар мегириф-
там, ки ҷилди навбатй омад, ё не. Ниҳоят ҷилди дуюм ҳам
омад. Бо ташнагй, шавқу завқ онро ҳам хондам. Дар вақти
расидани ҷилди сеюм ва охирин ман дар хобгоҳи дорул-
муаллимин будам ва китобро хонда, ба охир расонида
гиряҳо кардам. Дилам ба мурдани Кумуш сӯхт. Ин ҳолати
маро Чангбостй дида ҳайрон шуд, чаро гиря мекунй гуфта
пурсид, гуфта додам, ки таъсири китоб! Пае, вай аз ман
хоҳиш кард, ки ба вай ҳам китобро дихам, то ки хонад. Ки-
тобро додам, ду-се рӯз хонд. Ҷои хоби Чангбостй дар
қарибии дари даромад, дар назди печка буд. Шабе ки вай
саҳифаҳои охиринро мехонд, ҳаво хунук ва дар печка оташ
месӯхт ва намедонам барои чй даҳани печка кушода буд.
Бегоҳӣ, соат қариб даҳ буд, ҳанӯз ҳама нахобида буданд.
Ман ҳам чизеро мехондам. Якбора шунидам ва дидам, ки
Чангбостй девонаҳо барин аз ҷо парида хест ва чй овозе
бароварда, ҳаққоратҳо дода китобро ба болои оташи печ-
ка партофт. Ман ҷаққонӣ карда Давида рафтаму китобро,
ки ҳанӯз насӯхта буд, фақат муқова канори варақҳо кам-
кам оташ шрифта буданд, аз печка шрифтам ва боиси ин
девонагии Чангбостиро пурсидам:

- Кумуш ӯлдй! (Кумуш мурд!) - іуфт вай ва сэра ба бо-
лишт хаста хобид, надонам мегирист, ё ғамашро фурӯ ме-
бурд, маълум набуд...

Ана ҳамин тавр ба кас таъсир мекардааст, асари хуб ва
хунармандона навишта шуда!

Ҳаминро қайд кунам, ки ман аз хурдй хеле мутаассир ва
ҳассос будам. Вақте ки дар сӯҳбати ака Турсун китобҳои
ҷангнома, Лайлй ва Маҷнун, Фарҳод ва Ширин барин
асарҳоро мешунидам; вақто ки шабҳои дарози зимистон
дар гирди сандали нишаста афсонаҳои аҷоиб ва гароиби

125
Янгаро мешунидам, аз худ бехуд мешудам, ба даруни
ҳодиса, воқеаҳои ҳикоят ва афсонаҳо даромада мерафтам.
Баъд, вақто ки ба ҷогаҳ даромада, кӯрпаро ба cap мекаши-
дам, хаёлам маро ба куҷоҳо ки намебурд! Гоҳо ба аспи
болдор сувор шуда, ба осмон парвоз мекардам, аз болои
шаҳрҳо, дарёҳо ва кӯхҳо мегузаштам. Мисли Қаработури
афсонавӣ бо девҳо ҷанг мекардам; ба «Боғи Ирам» рафта
базми париҳоро тамошо мекардам; ба «ғорҳои бетак», ба
зери замин даромада, аҷоиботи бисёреро медидам... Вақте
ки саводам баромад ва китобхон шудам, бо маслиҳаг ва
таҳрики амакбачаҳоям - ака Шарифхон ва Баҳоутдинхон
ва падарам ва дигарон аз китобхонаи Абӯалй ибни Сино4
рафта роман аз паси роман шрифта мехондам. Ин китоб-
хона дар қарибии ҳавлии мо, дар мадрасаи Бибихон, ки
бевосита дар пеши манори Бухорост, ҷо шрифта буд. Аз
ин китобхона ман тарҷумаи туркй ва форсии асарҳои
М.Горкий (Модар), Тургенев (Оби навбаҳор), Чехов, Тол-
стой, Олимҷон Иброҳимови тотор, Ҷурҷи Зайдони араб
(Карбало ёнғусй, Армонуса, Абӯмуслими Хуросонй), Вик-
тор Ҳугу (Одаме, ки механдад; Чиҳилу сеюм), Александр
Дюма (Граф Монтекристо, Лордҳуб, Писари Монтекристо)
ва тайра ва тайраро шрифта мехондам. Вақто ки дар
ҳавлй, дар назди Ояи калон будам (бевосита пас аз вафоти
падар дар солҳои 1924) дар рӯи ҳавлй то ба торик шудани
рӯз мехондам. Ояам бисёр вақт ба сӯзондани лампа иҷозат
намедод, ба рӯи шабгаҳ баромада, аз нури маҳтоб истифо-
да мебурдам. Вақто ки ба интернат афтодам, имконияти
китобхонй бисёртар шуд, лекин дарсҳо торафт мушкилтар
мешуданд, бисёртар мешуданд. Ман аз ҳамаи дарсҳо, дар- 4

4 Ин китобхона бевосита пас аз инқилоби Бухоро, аз ҳисоби китобҳои
мусодирашуда - китобҳои амир, амалдорони амир ва бойҳо ташкил
шуда буд. (Муаллиф)

126
си адабиётро дӯст медоштам. Хусусан, вақто ки Фитрат
даре медод мо гараніу моту мабҳут мешудем. Ман дар
тӯдаи (кружок) адабй фаъол будам, ба газетам деворй яке
аз муҳаррирон будам ва дар ҳар шумораи он шеъри
ӯзбекии ман дарҷ мешуд. Лекин ин «асарҳои адабии» ман
аз кружоки адабй ва газетам деворй берунтар намебаро-
маданд. Аз шариконамон Яҳё Юлдошев хеле фаъол буд.
Хабар ва мақолаҳои вай ҳар замон ба газетаҳои Бухоро ва
Тошканд баромада меистод. Ин ба ман алам мекард.
Ниҳоят, боре фаҳммдам, ки устод Айнй ба Бухоро омада-
анд (тобметони 1927). Баҳоутдин Икромй (писари муфтй
Икромчаи бухорой, ки бо ман улфат ва дӯст буд) ва ҷӯраам
Ҳаким Ҳомидй ва боз намедонам киҳо хостанд, ки ба са-
ломи устод раванд. Ман ҳам ҳамроҳ шудам. Мо устодро
дар китобхонаи Абӯалй ибни Сино ёфтем. Он кас ба мо
илтифот карда, аз ҳолу аҳволи ҳар кадомамон пурсиданд.
Азбаски маро, падари маро ва авлоди моро мешинохтанд
аз ман бисёртар пурсиданд. Дар куҷо хонданам, бо чй
корҳо машіул буданам, ба кадом миллат буданам ва
тайра... Ман гуфтам, ки миллатамро узбек нависондагй.
Устод хандиданд, іуфтанд, ки ҳар кас ӯзбек нависонад их-
тиёраш-ку, лекин шумо ҳам аз тарафи падар ва ҳам аз та-
рафи модар тоҷики асил ҳастед. Бобокалони шумо аз Хо-
валинти вилояти Кӯлоб пиёда ба Бухоро омадагй! Хуб, чй
менависед? Шеър менависам, гуфтам. Ба кадом забои,
пурсиданд. Гуфтам умуман ба забони ӯзбекй, лекин ҳоло
як шеър ба забони тоҷикй навишта овардам (азбаски шу-
нида будам, устод барои исбот кардани ҳақиқати миллати
тоҷик ва мавҷудияти он ва маданияти қадимаи тоҷикон
кӯшиш доранд ва ба забони тоҷикӣ менависанд; ман ҳам
махсусан ба забони тоҷикй навишта будам). Устод
шеърамро шрифта сатри аввалашро хонданд: «Эй духта-

127
ри ранҷбарони тоҷик!» Хӯш, іуфтанд, ин шеърро ба кадом
вазн навиштед? Гуфтам, ки ба вазни «бармоқ» (яъне ки
ҳиҷо). Устод гуфтанд, ки не, ин ба вазни арӯз навишта шу-
дааст ва арӯзро бо ангушт шуморида донистан мумкин
нест. Вазни арӯз тарозуҳои махсуси худашро дорад ва ав-
валин тарозуи он гӯши шоир аст. Дар ин мисраъи шумо,
ки бо вазни арӯз навишта шудааст, ҳарфи «ҷ» зиёдатй ме-
кунад ва онро агар «э духтари ранҷбарони тоҷик» хонем
вазпаш дуруст мешавад, аммо маъно вайрон! Бо ҳамин
іуфтанй ҳастам, ки домани шеър хеле танг аст. Шумо
беҳтар ки ҳикоя нависед. Домани ҳикоя васеъ аст ва шумо
фикри худро бемалол баён карда метавонед. Ман қабул
кардаму ба хона рафта, дар бадали се-чор рӯз як ҳикоя на-
виштам, ки номашро «Хаёл» мондам ва ба зери сарлавҳа,
ба даруни қавс навиштам: «Шабе дар регистони Бухоро».

Аввал ҳикояро бардошта ба ҳавлии Баҳоутдин Икромӣ
шрифта бурдам. Дар ҳавлии ӯ аз Хуҷанд Муҳиддин Амин-
зода меҳмон шуда омада буд ва рӯзҳои охир ман бо ӯ хеле
унс шрифтам. Вай дар он дам шоири шинохта шуда буд
ва шеърҳояш зуд-зуд ба газетам «Овози Тоҷик» нашр ме-
гардид.

Дар хонаи Баҳоутдин, бо иштироки Аминзода ҳикояро
хондем. Дар аснои хонда истодани ҳикоя дидам, ки
Баҳоутдин мазоқ карда механдад. Ман яке оташин шудам
ва ҳикояро дарронда, пора-пора карда партофтаму аз ҷо
хеста рафтам. Аминзодаи бечора он пораҳоро ҷамъ карда,
ба ҳам васл намуда, аз рӯяш рӯбардор кардааст. Рӯзи ди-
гар ба ҳавлии мо омада, маро ҷеғ зад ва ҷанг карда гуфт, ки
«ҳе, аҳмақ, чаро ҳикояи натзи худро даррондй?!» Ман гуф-
там, ки Баҳоутдин ханда кард. Аминзода іуфт, ки хайр,
ханда кунад, кардан тирад. Ҷур, ба назди устод меравем.

Мо ба назди устод ҳамон дам расидем, ки он кас

128
ҷомадон ва чизҳояшонро мегундоштанд. Ҳикояи маро ҳам
ба даруни чамадон гузошта гуфтанд, ки аз Самарқанд
ҷавобашро мефиристанд. Ман малӯл шуда ба хона бар-
гаштам ва пае бо дарсҳо машгул шуда, фаромӯш кардам,
ки ҳикоя навиштам ё не. Зеро ки пас аз хандаи Баҳоутдин
ҳеҷ умедам набуд, ки он ҳикоя - ҳикоя бошаду ба дарди
касе расад. Ин дар моҳи август буд. Дарсҳо аз моҳи сен-
тябр cap шуданд ва азбаски синфи мо синфи охирин ва
хатмкунанда буд, машғулоташ ҳам зиёд буд. Дарсҳо муш-
кил шуда буданд. Ман ки яке аз шогирдони пешқадам бу-
дам, намехостам, ки пешқадамиро аз даст диҳам. Бинобар
он тамом бо сэру гарданам ба дарехонй ва дарстайёркунй
гӯтида рафтам...

Дар моҳи Октябр ба хобгоҳи дорулмуаллимин ба номи
ман ду нусха журнали бисёр нафис ва диққатҷалбкунанда
расид. Бинам, аз Самарканд устод Айнй фиристодаанд.
Журнал - «Роҳбари Дониш» ном дошт ва ин аввалин жур-
нали адабй, сиёсй, иҷтимой ва педагогии тоҷикй буд, ки
дар Тошканд дар таҳти назорати муаллим Маннофзода
табъ шуда буд. (Шумораи аввалини ин журнал «Биниш ва
дониш» ном дошт, ки дар Самарканд, дар ҳаҷми майда ва
бенур чоп шуда буд. Пас аз танқиди Маннофзода, кори
табъи журналро ба худи ӯ супориданд). Дар муқоваи жур-
нал мундариҷаи он чоп шуда буд, ки ман номи худро дар
он дидам. Бале, ҳикояам «Хаёл»-ро бо номи «Шабе дар ре-
гистони Бухоро» чоп карда буданд. Зуд варақ зада
саҳифаеро, ки ҳикояи ман буд, ёфтам. Яъне ки бе ҳеҷ
тагйирот чоп шуда аст.

Чи тавре ки іуфтам, то ба он дам ягон сатр аз
навиштаҷоти ман на дар газетае ва на дар журнале чоп
нашуда буд. Инак, ба журнали машхури «Роҳбари дониш»
айнан чоп шудани ҳикоятамро дида, қариб буд аз шодй

129
беҳуш шавам. Хурсандие, ки дар он дам ба ман даст дода
буд, аз тасвир берун аст. Ман зуд ҳикояро хонда дидам, ки
ҳамааш чи тавре ки навишта будам, чоп шуда аст. Фақат
дар баъзе ҷо нуқтаю вергулҳо, баъзе феълҳо ва чанд кали-
ма ислоҳ шудааст. Журнал бо ҳуруфи арабӣ чоп шуда буд.
Онро ба даст гирифтаму аз ин хобгоҳ ба хобгоҳи дигар, аз
клуб ба рӯи ҳавлӣ, ба назди ҷӯраҳоям Давидам: ҳо, бинед,
тамошо кунед, ҳикояи ман дар журнали марказй чоп шу-
дааст! Ин бас набуд, ки тохта ба ҳавлй, ба іузарамон, ба
назди хешу таборон рафтам ва ба ҳама журналро, ҳикояи
чоп шудаи худро нишон дода, фахр мекардам ва хурсанду
шоду мамнун будам. Он хурсандию шодмоние, ки дар он
дам ба ман даст дода буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯшам намешавад
ва он тавр хурсандй дигар ба ман рух надода аст. Ман ба
муваффақиятҳои борҳо аз он афзун ноил гардидам.
Повестҳо, романҳои бисёри ман чоп шуданд, пиесаҳои би-
сёри маро театри академии ба номи Лохутй ба саҳна іу-
зошт ва ба ман орденҳо, мукофотҳои бисёре доданд, лекин
ҳеҷ кадомаш мисли он хурсандии аввалин чоп шудани
асарам набуданд...

Бале, устод Айнй дидаю дониста ҳикояи маро айнан
чоп карда буданд. Мехостанд, ки дили ман ба ин кор гарм
шавад, шавқам зиёда гардад, боз ва боз нависам ва ба
нависандагй иштиёқ пайдо кунам... Ҳамин тавр ҳам шуд!

Дар соли таҳсили 1927-28, дар моҳи ноябр ё октябр,
синфи моро ба Самарканд бурданд ва моро ба аввалин ин-
ститута олии педагогии ӯзбекистон, чун студент қабул
карданд. Ин института моро ба забони русй ВПИ номи-
данд.

ВПИ дар бинои Гимназияи собиқ, ки дар аввали булва-
ри Абрамов (ҳоло булвари ба номи М.Горкий) ҷо гирифта
буд. Барой студентон хобгоҳ тайёр набуд, лекин сохта ис-

130
тода буданд. Муваққатан моро дар саҳнаи клуби калони
институт ҷо карданд. Мо ҳар кадом аз Бухоро бо худ
кӯрпаю болишт оварда будем. Дар ҳавои сард, дар саҳнаи
хунук ба ҳамон кӯрпаю болишт печида мехобидем ва пар-
вое надоштем. Рӯзонаҳо даре мехондем - гоҳо ҳар шӯьба
(факултет) алоҳида, гоҳо ҳама якҷоя дар клуб будем. Ин
тавр дарсҳои якҷояро профессор Вяткин (Таърихи Осиёи
Миёна), профессор Фитрат ва Абдулло Алавй (адабиёт)
мегузарониданд. Дигар дарсҳо - ҳисоб, физиология, бота-
ника ва ғайра алоҳида буд. Мо дар ошхонаи кашқариҳо, ки
дар даромадгоҳи бош шаҳрй буд, хӯрок мехӯрдем.
Соҳибони ошхонаҳо ба мо бепул, рӯзе се бор хӯрокҳои
бомаза (лағмон, манту, оши палав ва чои кабуд) медоданд
ва фақат дар дафтари махсуси худ қайд карда мемонданд.
Вақто ки стипендияро мегирифтем, қариб ҳама пуламон-
ро бурда медодем. Ин кашқариҳо ба мо бовар мекарданд
ва бепул хӯрок медоданд. Мо ҳам онҳоро фиреб намедо-
дем.

Дар ҳамин фарсат - дар ҳамин муддати хонда гаштан,
ман нависандагиро ҳам фаромӯш накардам. Як ҳикояе на-
виштам, ки номаш «Ширин» буд. Вай аз воқеаҳои
босмачигарӣ ва истеҳкомияти ҳокимияти шӯроӣ нақл ме-
кард. Ҳикояро ба назди устод Айнй шрифта бурдам. Он
кас он вақтҳо дар шӯъбаи Самарқандии Нашриёти давла-
тии Тоҷикистон муҳаррир шуда кор мекарданд. Мудири
шӯъба Ҷабборй буд. Ҳамроҳи устод Раҳим Ҳошим, Саид-
ризо Ализода ва Ирфон кор мекардаанд. Вақте ки ман
ҳикояро бурдам, аввали рӯз - айни кори устод Айнӣ буд.
Он кас аз дасти ман ҳикояро гирифтанду іуфтанд, ки пас
аз се рӯз, дар соати яки рӯз, дар вақти танаффуси нимрӯзй
биёям. Намехостанд, ки вақти кори давлатиро бо
маннулияти дигар - бо қабули ман сарф кунанд! Ин

131
шӯъбаи нашриёт дар маркази шаҳри нави Самарканд, дар
радифи бином Комитета марказии иҷроияи ӯзбекистон,
дар бинои начандон калони бисёр хуби якқабата, ки чан-
дин хона дошт, ҷо гирифта буд. Ман пас аз се рӯз, дар со-
ати як омадам, ки Айнӣ чою нон хӯрда истода буданд. Ма-
ро дида истакону бӯлкаро ба як сӯ іузошта, аз қутии сто-
лашон дастнависи маро бароварданд ва cap карданд ба
ҷанг кардани ман. Ҳо, чаро ин калимаро надониста кор
фармудед? Чаро ҷумларо ғалат кардед? Чаро образ нота-
мом? Сует тасвир кардед! ва ҳоказо ва ҳоказо... Устод бисёр
серҷазаба ва бадқаҳр буданд. Аз ҳайбат ва дӯғи он кас
ҷигарҳо об мешуданд. Мани ҳикоянависи ноӯхдабаро ба
ҳадафи тири ғазаби он кас дучор шуда будам. Ба обу арақ
гӯтида, дӯ*у ҷазабаи он касро мешунидам. Кошки дар он
хона мо танҳо бошем. Раҳим Ҳошим, Саидризо Ализода,
Ирфон, баъд (ғавғои устодро шунида) Ҷабборй ҳам аз ка-
бинет баромада омад. Ман аз хиҷолат намедонистам, ки
чй кор кунам. Аз нависанда шудан сад пушаймон гаштам,
март ба мани нависандашаванда меіуфтам. Ниҳоят устод
ҷангашонро бас карда, дастнависро ба ман доданд ва іуф-
танд, ки аз нав кор карда биёрам. Ман дастнависро гириф-
таму ба худ іуфтам, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба ин даргоҳ қадами
худро нахоҳам іузошт. Хеста берун баромадам. Раҳим
Ҳошим аз аҳволам пай бурд магар, аз пасам баромаду дар
роҳрав гуфт, ки аз қаҳру тазаби устод наранҷам. Ин ҳама
аз меҳр, аз нуқтаи назари тарбия аст. Устод дар ниҳоди
шумо чизеро, истеъдодеро пай бурданд, ки ин қадар ҷон
коҳонда ба шумо фаҳмонданд. Рафта ҳикояро аз нав кор
кунед ва боз ба ҳукми устод биёред!

Дили омӯхта бало, меіуянд, рост аст. Аввал чанд рӯз
кор накардам, баъд нашуд; боз қалам ба даст тарифта
ҳикояро ба таври худ ислоҳ кардам ва ба назди устод овар-

132
дам. Устод онро хонда, пас аз се рӯз боз маро ба зери таъну
лаън гирифтанд, ҷанг карда ҳикояро баргардониданд.
Ҳамин тавр, қариб панҷ бор ҳикояро гаштаю баргашта кор
кардам ва дар дафъаи шашум, ё ҳафтум ҳикояро қабул
карда гирифтанд ва ба журнал доданд. Пас аз ин ҳикояи
«Оё чй бояд кард»-ро навиштам. Вале инро Айнй нади-
данд ва ман ҳам, гӯё «усто» шуда будам, ки дигар,
ҳикояамро ба худи идораи журнал фиристодан гирифтам.
Ҳамин тавр, ҳикоя аз паси ҳикоя чоп шуда, ман насрнавис
шуда мондам.

Дар Бухоро повести «Тирмор»-ро навиштам. Ин ба
журнал чоп нашуд (худи журнал набуд, чоп нашуда монд),
китоб шуда баромад. Вале устод таҳрир накарда буданд.
Пас романи «Шодй»-ро навиштам. Дар 36 дафтари
мактабй бо хуруфоти арабй. Во нашриёт гапзанон карда,
ин дафтарҳоро ба муҳбкимаи устод, ба Самарканд фири-
стодам. Пас аз чанд гоҳ устод романро таҳрир карда,
дафтарҳоро боз ба ман фиристоданд. Ин дафтарҳо бо
таҳрири Айнй, ки худаш як мактабй адабӣ мебошад, ҳоло
дар дасти худам мебошад. Камол Айнй онро якбор аз дас-
там гирифта буд, лекин баъд бо сад азоб ва ёрии
Муҳаммад Осимй (президенти Академиям илмҳо)
дафтарҳоро бозгирифтам ва дигар ба касе намедиҳам. Ус-
тод Айнй дар болои ин дафтарҳо хеле кор кардаанд. Ҳар
калимаеро, ки иваз кардаанд, дар саҳифаи дигар сабаби
онро бо шарҳу баён навиштаанд, ки чаро ин тавр нею ин
тавр аст. Масалан ман сарлавҳаи як бобро «дар шаби
маҳтобй» навиштаам. Устод онро ислоҳ карда «дар шаби
маҳтоб» навиштаанду дар эзоҳи худ іуфтаанд, ки
«маҳтобӣ» он чиро мегӯянд, ки ба маҳтоб тааллуқ дошта
бошад, масалан себи маҳтобӣ, ранги маҳтобӣ ва тайра.
Шаби маҳтоб мешавад ва ҳамин байта халқиро мисол

133
f\ (кл {(j шХ'фХщ йікі"! оі

.Ал -iff /у?4.#

овардаанд:

Шаби маҳтоб, маҳтобӣ кашидам,

Чилими нуҳраро холй кашидам...

Боз ба калимаи «бадтар» ирод шрифта навиштаанд, ки
«бадтар» нею «батар» аст. Барой мисол байти:

Рӯз агар гаме расадат тангдил мабош

Рае шукр кун, мабод ки аз бад батар шавад-ро овардаанд...
Баъзан ба воқеа ва типажҳо ирод шрифта, саҳифа-саҳифа
фикр баён кардаанд ва дар охири роман навиштаанд, ки
ин роман бад не, агар муаллиф гашта кор кунад як асари
замонавй ва даркорй мешавад.

Устод қисми дуюми «Шодй»-ро ҳам таҳрир карданд.
Вале ин дафъа ба Душанбе омада, дар бош ҳукуматӣ
истиқомат карда, ба ман фармуданд, ки ҳар рӯз омада, дар
наздашон романро хондан шрам ва он кас дар рафти хон-
дани ман ислоҳоти худро медароранд. Ҳамин тавр ҳам
шуд. Ман мехондаму ҳар калима, ё ҳар ҷумлае ки ба он кас
маъқул набошад, меіуфтанд, ман ислох мекардам. Боре аз
роман чунон як эпизодро хондам:

Барака ном ҷавони колхозчй ба духтари бойи бухорой,
ки ба Тоҷикистон, ба ноҳияи дур гурехта омада буд, ошиқ
шуда хонадор мешавад. Вале ҷанг cap мешаваду Барака ба
ҷанг меравад, ҳар вақт хату хабар карда меистад. Лекин
душманони Барака хатҳои сохта карда фиристода, ба Ба-
рака мефаҳмонанд, ки занаш ба вай хиёнат мекунад, бо
дигарон айшу ишрат дорад. Барака ин тавр хатро дар гос-
питал мегирад. Чанд гоҳ бемор шуда мехобаду баъд аҳд
мекунад, ки дигар ба хонааш ва ба ҳеҷ кас хат наменависад.
Занаш ба хатҳои пайдарпаяш ҷавоб намешрад. Сол меіу-
зарад аз Барака дарак намешавад. Ҳама іумон мекунанд,
ки Барака ҳалок шудааст. Фақат занаш умедашро намека-
над, Барака сиҳат саломат баргашта меояд. Дар ин фурсат

134
</

от fy?

дар Душанбе як коркуни (хизматчии) совета зани зебояш-
ро аз даст медиҳад, зоида натавониста мемирад. Мардак
ончунон занашро дуст медошт, ки дигар дар Душанбе ис-
тода наметавонад, ба ҳамон шаҳре, ки зани Барака (тахмин
Қӯрғонтеппа) истиқомат дошт, рафта ба кор медарояд.
Иттифоқан ба вай ҳам аз ҳамон биное, ки зани Барака
истиқомат мекард, хона медиҳанд. Мардак зани Баракаро
дида ҳайрон ва моту мабҳут мегардад. Зеро ин зан ба зани
вафоткардаи ӯ тамом монанд, як себу ду қисм мебошад.
Мардак пурсуков карда мефаҳмад, ки занак шавҳар надо-
рад, шавҳараш аз фронт барнагаштааст. Бинобар он
ҷуръат карда, ба хонаи зан меравад ва арзу муддао карда
мегӯяд, ки агар вай ба зании ӯ розй шавад, мардак аз іусса
наҷот меёбад. Лекин зани Барака мегӯяд, ки вай шавҳар
дорад, имрӯз не, пагоҳ шавҳараш аз фронт бармегардад ва
дигар ин хел таклифҳоро накунад.

Боре, вақто ки ин мардак аз Душанбе дар автобус ба ҷои
кораш бармегашт, иттифоқан бо Барака, ки аз фронт бар-
гашта буд, дар як ҷо мешинад. Дар роҳ ran аз ran меба-
рояду мардак саргузашташро ба Барака нақл мекунад ва
Барака медонад, ки занаш чй қадар бовафо, ҳалол ва поки-
за будааст...

Ин эпизодро ман бисер хуб, бо обу тобаш дода будам.
Вақто ки онро хондам, нохост дида мондам, ки дар чаш-
мони устодам ашк пайдо шудааст. Бале, ашки шодй, ашки
ҳаяҷон, ашки миннатдорй... Ҳамин ашки устодам, ба ман
аз ҳазор мукофоти олй авлотар буд. Ман ҳам хонда ната-
вонистам, овоз дар гулӯям печида монд... Ин буд охирин
таълим, охирин омӯзиши устод Айнй!

Боз пессаи «Духтари ноком»-ро гӯш карданд ва фикра-
шонро іуфтанд ва ниҳоят «Дохунда»-ро песса кардам, вале
устод онро дида натавониста, қазо карданд. Ин дар соли

135
1954 буд.

* * *

Оид ба яке аз муаллимҳои аввалам - Мазҳар Бурҳонов
дар боло каме нақл карда будам. Ҳоло мехоҳам, км давомм
онро нависам: Мазҳар Бурҳонов муаллими аввали дарси
ҳисоб, муаллими аввали дарси ҷуғрофия, дарси мантиқ
буд, моро нағз тарбия мекард ва меомӯхт, моро ҳаёт
меомӯхт, бо ҳамдигар дӯст ва улфат шуданро таълим ме-
дод. Барои вай фарзанди кӣ - фарзанди бой ва ё бечора
аҳамият надошт. Ба ҳама бо чашми хирад ва меҳрубонй
назар мекард. Дар ҳаққи Мазҳар Бурҳонов ҳикояҳои бисе-
ре ҳаст, ки ман баъзе аз онҳоро нақл кардам ва боз нақл
мекунам: Мазҳар Бурҳонов дар синни пирй зани ҷавон ги-
рифт. Пештар зан дошт ё на, намедонам. Номи ин занаш
Бибишхон буд. ӯро аз дилу ҷон дӯст медошт ва ҳеҷ гоҳ
озоре намедод. Ин муҳаббати пок ва ишқи самимии онҳо
афсона шуда буд. Вақто ки дар Тошканд зиндагӣ мекар-
данд, ҳамеша худи Мазҳар Бурҳонов дар ошхона хӯрок
пухта, тайёр карда, ба табақу косаҳо кашидани таомро ба,
Бибишхон мефармудааст:

- Азизам, таом тайёр шуд, рафта кашида оварда мета-
вонед, ман дастурхон мекушоям?

Боре бегоҳй оши палав пухта, дам карда, ба хона меоя-
ду ба Бибишхон муроҷиат карда мегӯяд:

- Азизакам, ош тайёр, рафта ба табақ кашида биёред,
ман дастурхон паҳн мекунам.

Бибишхон ба ошхона, ба ошкашй рафтанй мешавад, ки
барк, хомӯш мегардад. Онҳо дар хона яктою ягона лампаи
керосинй доштаанд. Бибишхон лампаро даргиронда ба
ошхона мебарад, Мазҳар Бурҳонов дар торикй дастурхон
пахр мекунаду аз тоқ пиёларо гирифта, ба паси сандуқ

136
Д|0 ч b <іѵ Ц>шк%чьоі ./’м f с 4^--

даст дароз мекунад ва аз он ҷо шишаеро шрифта майро ба
пиёла мерезад ва дам мекашад. Маълум мешавад, ки Мах-
сум аз Бибишхон пинҳонй шишаи арақро ба паси сандуқ
руст карда, вақти ба ошхона, ба ошкашй рафтани занаш
як пиёла рехта менӯшидааст ва хомӯш «мушаки бе1уноҳ»
шуда менишастааст. Ин дафъа, вақто ки Бибишхон аз ош-
хона табақи ош ва лампаро оварда ба рӯи дастурхон мегу-
зорад, ба рӯи шавҳараш нигоҳ карда мепурсад:

- Махсум, ба лабу даҳони шумо чй шуд, чаро ранги
чернил?

- Ҳа! - мегӯяд Махсум ва худро ба рӯи кӯрпа мепартояд.
- Духтур, ёрии таъҷилиро дет занед!

Маълум мешавад, ки Махсум аз паси сандуқ ба ҷои
шишаи арақ, шишаи сиёҳй - чернилро шрифта, ба пиёла
рехта дам кашидааст. Ош сабилу зор мемонаду Бибишхон
аз пайи духтур медавад. Духтур омада Мазҳар Махсумро
ба касалхона мебарад ва то пагоҳ дарунашро шуста, тоза
карда, аз мар г наҷот медиҳанд. Махсуми бечора пас аз ду-
се рӯз ба ҳол омада ба хона бармегардад.

Ҳамин тавр як одами донишманд, хизматнишондодаи
ҳақиқй, дӯст ва меҳрубони халқро, дар синни пириаш, но-
тавониаш «душмани'уалк,» ка рда дар Тошканд ба ҳабс ш-
рифтанд. Меіуянд ки пас аз чанд гоҳ азоб додан ва қийн
кардан, мӯсафедро бадарта мекунанд, ба лагер мефири-
станд. Зимистон, аз осмон барф меборад. Бибишхон ва ди-
гарон - зану хешутабори бадарта мешудагон ҷамъ шуда,
мунтазири баровардани шавҳарон, падарон ва хешован-
дон будаанд. Бибишхон дар байни издиҳом истода меби-
над, ки шавҳари нотавонаш дар иҳотаи аскарон пайдо
мешавад. Дар дасташ як лӯла чизи печонида шуда, худаш
бо як қабат курта, шалвор ва як нимтанаи даридаш. Вақто
ки Бибишхонро мебинад, лӯлаи дасташро ба вай партофта

137
л

мегӯяд, ки инро гиред, дигар ба ман даркор намешавад.
Дар он лӯла кампал, полту ва боз дигар майдачуйдаҳо пе-
чонида шуда будааст. Дар ҳақиқат ҳам он чизҳо ба
мӯсафед даркор намешаванд. Ба зудӣ, ё дар роҳ, ё дар ла-
гер муаллими дигари ман аз ҷаҳон чашм мепӯшад...
Афсӯс, сад афсӯс!

Мукаммил махсум - бародари Мазҳар махсум низ ҳабс
мешавад ва дар кимкуҷоҳо нобуд шуда меравад. Ҳамин
тавр буд тақдири миллионҳо бе1уноҳон дар солҳои 1930-

1946,

Модоме ки сухан дар бораи Бурҳоновҳо рафт, дар ин ҷо
дар бораи Мисбоҳ Бурҳонов ном ҷияни Мазҳар махсум
іуфта гузаштанро л озим мешуморам.

Дар соли 1930, моҳи август, ки ба аввалин анҷумани за-
боншиносони тоҷик ба Душанбе вакил шуда омада будам,
Мисбоҳ Бурҳоновро дида шинохтам, ки муҳаррири
рӯзномаи «Тоҷикистон Сурх» буд. Ба назарам одами хеле
серкор, фаъол ва обрӯманд намуд. Бай як ҷавони сй-
сиюдусола, миёнақад, сергӯшт, симояш ҷолиб ва назарра-
бо буд. Ба ran усто, меҳрубон ва хушмуомила буд. Баъд,
вақто ки дар моҳи октябр кӯчида ба Душанбе, ба кор ома-
дам, бо Мисбоҳ Бурҳонов аз наздик шинос шудам. Аъзои
хукумат, дар болоҳо қадру эътимоднок буд, лекин хеле
«сурх» буд. Ба газета мақолаҳои танқидй (гаправона),
занозанй, гурӯҳбозиро бештар чоп мекард. Боз Ризо Али-
зода ном ҷавоне муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли
Тоҷикистон» буд. Бай ҳам аз Бухоро (аз эрониҳои Бухоро),
вай ҳам мисли Бурҳонов даҳонкалон, калтакбардаст ва
гурӯҳбоз буд. Ин ҳарду ба адабиёт, ба қаламкашони
ҳамонвақта часпида шрифта буданд. ПайравСулаймони-
ро, Бектошро, Суҳайлиро ба найзаи танқид мегирифтанд.
Бедарак ва нораво танқид мекарданд, «пролетари сурх»

138
Ы Ш,

буданд ва аз гирудорашон маълум буд, ки худашон аз
маъно ва мантиқ бетона, ҳар он касе ки қобилият дорад ва
кор карда метавонад рашк ва ҳасади онҳоро бедор мекард
ва газетаро дастак карда танқид кардагешон - танқид
кардагӣ. Ин ҳаракат ва рафторашон ба худашон зарар
кард, душманҳои бисере пайдо карданд.

Мисбоҳ Бурҳонов Муаллима ном зане дошт, зебо ва
паричеҳра. Меіуфтанд, ки бо заиаш чандон хуб зиндагй
карда наметавонистааст... Ин хабарҳоро ман аз мардум
шунидам, вале пухта намедонам. Ба Мисбоҳ Бурҳонов ва
С.Ализода таъсири Аббос Алиев хеле зӯр буд. Рузе дар
ҳавлии Мисбоҳ Бурҳонов зиёфати калоне шуд. Аз Тош-
канд хоҳараш Фотимаҷон омада буд. Аббос Алиев, Ализо-
да, Қосим Карим (ки ҳамсояи Мисбоҳ буд), дар қатор ман

ҳам ва дигарон буданд. Аббос Алиев бар зидди Фитрат, ки

сМр' '

шавҳари Фотимаҷон буд, ташвиқог бурд. Ба Фотимаҷон
таъсир карданй шуд, ки Фитрат пир аст, Фотимаҷон ҷавон
ва лоиқи шавҳари ҷавони баобрӯст. Ба гумон ҳамин
маҷлис ва ҳамин ташвиқотҳо сабаб шуданду Фотимаҷон аз
ин ҷо рафта бо Фитрат муносибатро канд ва ҷудо шуд.
Фитрат пас аз ҳамин шеъри машхурашро навишт, ман
порчаҳои дар хотирам мондаи он шеърро дар ин ҷо мео-
варам:

Рафт аз барам, ёри нозанин,

Ба ҷабин зи ҳаҳр барфиканда чин
Хасми беамон, дид то чунин,

Ҷаст аз камин, санги зулму кин
Кӯфт бар сарам,

К-аз шарорааш, дидаи тарам
Мекунад равон хуни оташин...
Дилбарам зи даст рафту дог монд,

139
Тирагун шабам бе чарог монд,

Шоми зулматам бе чарог монд,

На оҳ монд, на воҳ монд,

Дар дилам ҳамин дарду дог монд.

Сина меканам, дод мезанам,

Аз ягон тараф як ч,авоб нест,

Дод, дод, дод!

Додрас намонд
Ҳамнафас намонд,

Ҳамкафас намонд
Хок бар сарам!

Ин шеър даҳон ба даҳон гашт ва дар байни
соҳибфикрони замонаш хеле машҳур буд.

Дар соли 1933 Мисбоҳ Бурҳоновро шрифта ҳабс кар-
данд ва бо ҳамин беному нишон аз байн рафт, то ки пас аз
марги Сталини хунхор ӯро сафед карданд, маълум шуд, ки
бегуноҳ будааст.

Муаллими дигари ман Восим Султонов (бояд Восеъ
Султонов бошад), марди тотор буд. Аввали инқилоб аз То-
тористон муаллим ва корманди бисёре ба Бухоро омада
буданд ва ба корҳои маориф ва хоҷагй ёрии калон мерасо-
ниданд. Дар дорулмуаллимин ҳам муаллимҳои тотор як-
чанд нафар буданд. Аммо Восим Султонов беҳтарини онҳо
буд. Аз табииёт даре медод. Дар бораи растаниҳо (ботани-
ка), дар бораи ҳайвонот ва одам (физиология) ҳақиқатро
кушода медод. Одами мулоимфеъл, маданй ва ботамиз
буд. Овози баланд надошт, мо талабагонро мисли фарзан-
дони худ дӯст медошт. Ман ба дарсҳои вай ҳам хеле марок,
доштам. Хусусан физиологияи одамро бодиққат
меомӯхтам. Мехондаму нагз медонистам, ки мо чй тавр
нафас мекашем, ҳаво ба воситаи кадом аъзоҳо ба бадан

140
Р-

медарояд, муваллидулҳумуза (кислород), ҳамзикорбун
(углерод), муваллидулмоъ (водород) чист ва кадомаш ба
одам лозимтар ва ғайра ва ҳоказо... Ҳамон дониш, ки бо
ёрии Восим Султонов ва баъд ба воситаи дигар муаллимҳо
дар ҷавонй шрифта будам, ҳанӯз ҳам дар ёдам истодааст
ва бадани худамро нагз медонам ва ба тарбияи ӯ дониста
амал мекунам. Восим Султонов хеле вақт дар Бухоро, дар
дорулмуаллимин даре медод, баъд мудири илмии курси
дусолаи муаллимтайёркунй шуд, ки дар он ман ҳам муал-
лим шуда омада будам ва тақрибан ду сол бо ҳам кор кар-
дем. ІІас ман ба Тоҷикистон омадам ва намедонам, ки Во-
сим Султонов чй шуд.

Баъде ки Мазҳар Бурҳонов аз муаллимй рафт, ба мо
Смурий ном донишманди бузурги рус (зоҳиран ҳамон
вақтҳо бадарға шуда омада буд) муаллими ҳисоб, физика
таъйин шуд. Смурий як зани бамаънй дошт, ки духтури
доно буд ва дар бемористон кор мекард. Ин зану шавҳари
солхӯрда (тақрибан 50 сола)-ро ояи калонй ба хонаи кало-
ни ҳавлии мо иҷоранишин кард. Бинобар он хусни
таваҷҷӯҳи муаллим Смурий ба ман бештар гашт. Ман
маҷбур будам, ки дар байни ояи калонй ва
иҷоранишинҳояш тарҷумонй кунам ва ба ин восита до-
ниши худро ба забони руей афзоям. Ҳамин Смурий маро
ба калбосахӯрй одат кунонд. Пештар бинобар таассуби
қадима аз ин қабил хӯрокҳо безор будам. Смурий моро
ҷабрдон кард ва чй будани алҷабрро ба мо омӯхт. Вай му-
аллими ҷиддй, доно ва олим буд. Дар вақти даре додан бо
бӯри сафед кор карда, нафаҳмида мемонд, ки лабу
даҳонаш сафед шудааст. Баъде ки ман ба Самарканд раф-
там, намедонам, ки Смурий чй кор кард ва ба куҷо рафт.
Ба'гумонам ба ватанаш баргашт.

Яке аз муаллимҳои аввалини ман Назарй (номашонро

141


фаромӯш кардам) буданд. Ин кас ҳам аз ҷадидони Бухоро
буда, дар Туркия таҳсил карда баргашта буданд. Ин кас ба
мо дарси «таълиму тарбия», дарси «шарқй» (суруд) ва
дарси «элишй» (бо даст кор кардан)-ро меомӯхтанд. Ода-
ми солхӯрда ва файласуфнамо буданд. Баъзан худашон
шеър (ба забони туркй) бофта меоварданд. Аввали мис-
раъи як шеърашон: «Эй, тӯ қуш, саболайин ӯйғон» (Эй
мурғи тӯтӣ, саҳаргоҳон бедор шав) буд. Ин кас тарафдори
таълим ва дарс додани қадима буданд. Аз программа бе-
рун сухане намеіуфтанд. Хеле дилбазан дарс медоданд ва
бинобар он ҳамеша бо Мазҳар Бурҳонов, ки тарафдори
дарс додани озод буд ва бо суханони аҷиб,
диққатҷалбкунанда, бо ҳикоят ва шӯхиҳо мақсадашро
мефаҳмонид, дар мубоҳиса буданд. Боре ҳамин
мубоҳисаашонро дар ҳузури талабагон давом доданд. Ле-
кин ҳеҷ яке аз онҳо ба дигарй таслим нашуданд ва ҳар кас
дар фикри худ боқй монд. Вақте ки баъд мо аз Мазҳар
Бурҳонов кунҳи ин мубоҳисаро пурсидем, іуфт ки ин ба-
рон ба шумо омӯхтан буд, ки бояд чи тавр баҳс кард, чи
тавр даъво кард ва чи тавр исбот намуд.

Назарй як писар доштанд, ки номаш Акмал Назарй
буд. Бачаҳои шӯх ӯро азоб дода, ба ҳаққаш шеърҳо бофта
буданд: Акмал Назарй, шаққулқамарй ва ҳоказо... Ба ҳар
ҳол Назарй ҳам барои равнақи дониши мо ҷидду ҷахд ме-
намуданд ва аз он кас ҳам ман рохдои ҳаётро омӯхтам. Як
дафтари калон доштам, ки дар он аз коғазҳои ранга дар
вақти дарси «Элишӣ» ҳархел шаклҳо бурида ва қад карда
часпонида будам. Назарй хеле пир шуда, дар солҳои сй
вафот карданд. Аммо намедонам Акмал - писарашон чӣ
шуд ва ба куҷо рафт. Назарй дар іузари Бозори Сабзӣ, дар
мадрасаи Кӯкалдош ва ниҳоят дар Собунгарон ба мо дарс
доданд, баъд аз муаллимй даст кашиданд.

142
fib*.*-

Дар синфҳои боло, вақто ки мо дар бинои нави дорул-
муаллимин - дар регистон мехондем, дарси адабиётро ба
мо Абдурауф Фитрат медод (солҳои 1926-27). Ин кас яке аз
муаллимҳои донотарини мо, яке аз бузургони соҳаи ада-
бмёт буданд. Фитрат бухорой буда, яке аз мунавварулфик-
рони замони худаш мебошад. Дар вақташ ба Туркия раф-
та хонда, илм шрифта ва чандин китобҳои ватанпарваро-
на, дилсӯзона ва халкдӯстона ба забони тоҷикӣ навишта
буд: «Сайёҳи Ҳинд», «Мунозира», «Сайҳа», «Роҳбари
Наҷот», «Оила» ва «Мусулмонони Дорулроҳат» барин
китобҳои вай машхур аст. Пас аз инқилоб «Ҳинд
ихтилолчиларй» (Шӯришгарони Ҳинд), «Абулфайзхон»
барин пессаҳо навиштааст. Вақто ки ман дар Дорулмуал-
лимин мехондам, дар дастаи ҳаваскорони бадей пессаи
«Абулфайзхон»-ро тайёр карда, ба саҳнаи калони театр -
хонаи халқ гузоштем. Ман ҳам аз ин песса баъзе ролҳои
сабукро бозидам, вале суфлёрӣ асосан вазифаи ман буд.
Дар хотир дорам, ки бозии ҳаваскорони мо ба мардум хе-
ле маъқул шуда буд ва мо онро чандинбор ба саҳна гузош-
тем, намойиш додем.

Фитрат пас аз инқилоби 1920 дар Бухоро нозири мао-
риф буд. Мактаби мусиқии миллиро ташкил намуд. До-
мулло Ҳалим Ибодов, акамуллои Тоҳирҷон, Отағиёс,
Отаҷалол барин классикони мусиқии Бухороро якҷо ҷамъ
кард, ба дасти онҳо шогирдони бисёреро дод. Мутаваккил
Бурҳонов ва Мухтор Ашрафй (композиторони машҳури
ӯзбекистон) ва дигарон тарбиядидагони ҳамон мактабе
мебошанд, ки Фитрат ташкил дода буд. Вай профессор
Мироновро ҷеғ зада оварда, ба вай Отаҷалол ва Отағиёсро
ҳамроҳ карда ба нота навишта гирифтани мақомҳои
шашмақом cap кард. Афсӯс ки дар он вақт фақат китоби
аввали Шашмақом бо нота чоп шуда баромаду

143
Д-tVvj Рад d о/ Pi in- t • -

боқимондаҳояшро баъдтар дар ӯзбекистон (Юнус Раҷабй)
ва Тоҷикистон бо қувваи Фазлиддин Шаҳоббв, Шоҳназар
Соҳибов ва Бобоқул Файзуллоевҳо навишта гирифтанд.

Фитрат барои боло бардоштани савияи маданй ва мао-
рифи халқи Бухоро хизматҳои шоёни тақдир кардааст.
Кадом соле (1924-25) Фитрат ва боз чандин касонро аз Бу-
хоро ба Москва ҳай карда фиристоданд. Фитрат дар он ҷо
ором наистод, ба омӯхтан ва азхудкардани илму мадания-
ти рус кӯшид. Баъд, пас аз ташкили ҳукумати ӯзбекистон
ба Бухоро омаду дар солҳои 1926-27 ба мо муаллими ада-
биёт шуд.

Фитрат ҳам шоири ширинсухан ва мумтоз, ҳам насрна-
виси зӯр ва ҳам драматурги аъло буд. Асарҳои ӯ дар
вақташ таъсир ва нуфузи калон доштанд. Устод Айнй дар
ҳаққи Фитрат чунин іуфтаанд: «Ранги адабиёти нав ги-
рифтани забони тоҷикй дар наср аз Абдурауф Фитрат cap
шуд». Фитрат соли 1910 барои таҳсили улум фирорап
озими Станбул шуда, дар он ҷо асари якумаш «Мунози-
ра»-ро навишта нашр кард. Дар муқаддимаи он навишта
буд: «Ҳамватанони азизам, миллати наҷибам Бухороро
пӯшида нахоҳад буд, ки муддатест ихтилофи ҷадиду
қадим, ки мабдааш ба ҷуз иштибоҳкорй ва фасодангезии
баъзе хоинони миллат чизи дигар нест, Ватани муқаддаси
моро фурӯ шрифта, ҷамоае муттаҳидаи аҳолиро ба унво-
пи ҷадиду қадим ду фирқа ва ҳар кадомро нохуши они ди-
гар намуда!»

Фитрат дар «Сайҳа» бо сӯзу іудоз дар бораи Бухоро
мегӯяд:

Эй боди сабо сӯи мани зор надидй,

Якбора чй шуд, к-аз мани гамнок рамидй?

Охир, суйи мо низ худоро назаре кун!

144
г

Бозою барои дили мо ҳам сафаре кун!

Бинмо саҳаре азми тавофи Ватани ман,

Оҳ, оҳ чӣ Ватан, сафдагаҳи ч,ону пиши ман.

Хам маъмани осойишу иззу шарафи ман,

Ҳам каъбаи ман, ҳиблаи ман, ҳам чамани ман!

Он к-аз гами ошуфтагии ҳоли харобаш,

Огушта ба хунаст, харобаст тани ман.

Рае, ч,абҳаи табч,ил фурӯмол ба хокаш,

Зан буса ба дееору дараш аз даҳани ман!

Аевал бирасон аз тарафам арзу дуоро,

В-он гаҳ бинамо лобаю баргӯӣ «Бухоро!»

«Сайҳа» дар Станбул, дар соли 1329 ҳиҷрӣ аз тарафи
муҳаррираш нашр шудааст.

Фитрат Бухоро-Ватанашро аз дилу ҷон дӯст медошт ва
барои озодии Бухоро ва халқи Бухоро кӯшиш ва
чонбозиҳои зиёде кард. Бо Файзулло Хоҷаев ҳамдам/®'
ҳамнишин ва дӯст буд. Устод Айнй бинобар ҳамин ӯро

ҳам шуд. лекин пас аз инқилоо, пас аз сраҳмидани рафти
ҳаёт аз ақидааш баргашт. Сад фоиз одами шӯрой шуд.
Дар Ӯзбекистон машхур гашт, овоза бардошт, то ба
дараҷаи профессорй расид ва дар мактабҳои олй дарси
таърих ва адабиёт медодагй шуд. Хеле китобҳо навишт ва
тадқиқотҳо кард. Китоби «Қудодулқибил»-ро аввалин бор
ӯ ёфт ва дар бораи он тадқиқот гузаронида, мақолаҳо на-
вишт. Худаш тоҷики асл бошад ҳам, дар хизмати ӯзбекҳо
гашта, ӯзбек шуд, шеърҳои ӯзбекӣ іуфт. Вақте ки вай ба
синфи мо ба даре додан медаромад, ҳамаи талабаҳо нафас
набароварда ӯро гӯш мекарданд. Вай қоидаҳои шеър,
навъҳои наср ва драматургияро бо мисолҳои равшан

145
фаҳмонида медод. Ман аввалин бор аз вай шунида дони-
стам, ки дар шеър вазни ҳиҷо ҳасту вазни арӯз. Вай арӯзро
ба мо чунин фаҳмонида буд: Арӯзро бо аніушт шуморида
намефаҳманд. Барои фаҳмидани вазни арӯз гӯши шоир
тарозуст. Вазни арӯз хеле зиёд аст. Масалан: мафоилун
фаъ - мафилун фаъ. Ё ки фоилотун-фоилотун-фоилотун-
фоилун. Агар ягон шеърро ба ин вазн часпонем (барка-
шем) чунин мешавад:

Ер бепарво, фалак бедард, даврон бесуіун!

Ер бепар - фоилотун, во-фалак бе - фоилотун, дарду
даврон - фоилотун, бесугун - фоилун. Ҳамин мисоли
овардаи Фитрат ҳанӯз ҳам аз хотирам нарафтааст. /

Аз таъсири гуфтаҳои Фитрат ман ҳам ба адабиёт ва
шеър меҳр бастам ва ба навиштани шеърҳои ӯзбекй cap
кардам. Ammo шеърҳои ман ба ғайр аз саҳифаҳои девории
мактаб, дигар ҷоро надидааст. Ягон шеърам, ягон
мақолаам то соли 1927 дар ягон газет ва ё журнал чоп на-
шуд. Лекин меҳри адабиётро Фитрат ба дилам чунон ҷо
карда буд, ки шеърнависиро ҳеҷ тарк намекардам. Албат-
та ба нависанда шудани ман боз факторҳои дигар ҳам бу-
данд (ёрии устод Айнй, бисёр китоб хондан ва шунидани
қиссаю афсонаҳои халқӣ...), лекин яке аз он факторҳои
асосӣ ҳамин дарси адабиёти Фитрат дар дорулмуаллимин
буд. Фитрат ба мо як - якуним сол даре дод, баъд ӯро ба
Самарканд, ба муаллимии мактаби олии педагогии авва-
лини ӯзбекистон гирифтанд. Дере наіузашту синфи моро
ҳам ба Самарканд, ба ҳамин мактаби олй бурданд. Дар ин
мактаби олй дарси адабиётро ба мо Фитрат ва Алавй ном
шоири ӯзбек мехонданд. Ба Фитрат аз худи мактаби олй як
котеҷ (ҳавлӣ)-и алоҳида дода буданд, ки дар он ҳоло про-
фессор Абдураҳим Муқимов истиқомат дорад.

Фитрат вақтҳои охири умраш дар Тошканд буд. Наме-

146
а

Си

Г •!

,7/

d



донам дар куҷо даре медод ва дар куҷо кор мекард. Соли
шум ва хонумонсӯзи 1937 расид ва дар қатори дигар ода-
мони бузурги ҳамон солҳо Фитратро ҳам гирифта ҳабс
карданд ва дигар аз вай ному нишон нашунидем. Фақат /
баъди чандин солҳо Ғуломҷон Изомй, ки яке аз шогирдон
ва котибони Фитрат буд ва ҳоло яке аз одамони куҳансол
ва донишманди Бухоро ба шумор меравад (синну солаш
ҳоло дар соли 1988 ба 93 расидагй, бемор ва хонанишин
аст), дар бораи рӯзҳои охирини Фитрат чунин іуфта буд:

- Соли пурдаҳшати 1937 ман дар Тошканд, дар курси
муаллимтайёркунй мехондам ва гоҳ-гоҳе ба ҳавлии Фитрат
рафта, хабар шрифта меистодам. Ҳамон рӯзҳо Фитратро
аз ҳама до ронда, хонанишин карда буданд ва дар газетаҳо
дар қатори дигарон «васфи» ӯро ҳам карда меистоданд. '
Боре, нимирӯзй ба ҳавлии Фитрат - дар мавзеи «Боти
ягоч» рафтам. Аввал аз тарқиши дарвоза нигоҳ карда ди-
дам, ки Фитрат ба тан як ҷомаи нимдошт, миёнаш бо фӯта
баста шудагй, ба cap кулоҳи сиёҳи пахтадоре мондагй, гоҳ
ба болои кати тахтагии рӯи ҳавлӣ мебарояд, гоҳ аз
зинаҳои он поён мефурояд ва боз гашта боло мебарояд ва
боз мефурояд. Ба ҳоли устодам раҳмам омад. Як сулфида-
му дарвозаро кушода даромадам. Фитрат маро дида ба
поёни суфа фуромаду бо табассуми андаке сохта ба сӯям
нигарист ва іуфт: «Ҳа махсум, натарсида ба ҳавлии ман
омадед? Биёед, биёед. Лекин ҳушёр бошед!» ісѴйгс/-. •- і . .

Пас ба хона даромадем ва дар зимни сӯҳбат іуфт, ки за-
мона нобоб аст, ману шумо баринҳоро гирифта истодаанд.

Ба шумо маслиҳат ҳамин ки то тавонед зудтар аз ин до ба
ягон кунду бахила рафта ниҳон шавед ва донатонро халос
кунед! Шумо ман барин пешонақашқа не, ки дар ҳар до
шиносанд! Ман бо маслиҳати Фитрат худи ҳамон рӯз азм
кардам, ки ҳақиқатан аз ин до рафтан лозим. Иттифоқан,

147

й «ч л’ ' 'к .
Ь‘‘

дар чойхона нишаста чой мехӯрдам, ки бо як марди мусо-
фирнамо, ки вай ҳам чой мехӯрд ва танҳо буд ҳамсӯҳбат
шудам. Маълумам гашт, ки вай мудири маорифи Нурато
будааст, барои гирифта бурдани муаллимҳо омадааст ва
ба май барин одам эҳтиёҷманд будааст. Ман іуфтам, ки
агар хоҳад бо вай рафта метавонам. Азбас донист, ман му-
аллими кӯҳна, ботаҷриба ва дар курси такрории
муаллимтайёркунй мехонам, хеле хурсанд шуд ва худи
ҳамон дам дукаса ба шӯъбаи маориф рафтем. Вай аз му-
дири маориф илтимос кард, ки маро ба Нурато фиристо-
над. Мудири маориф ҳам розй шуд, санадҳоямро дуруст
карда дод. Рӯзи дигар ман ба Нурато, ба як қишлоқи дури
кӯҳистонаш рафта муаллим шудам ва то гузаштани
даҳшати соли 1937, яъне то солҳои охири ҷанг дар ҳамон
ҷо мондам ва баъд ба Бухоро омадам... Аммо Фитрат, ки
ба ҳабс гирифта буданд, дигар барнагашт.

* * *

Модоме ки дар боло оид ба Ғуломҷон Изомй сухан
рафт, мехоҳам, ки дар ин ҷо андаке дар бораи он кас баён
кунам. Ман бо ин кас ва шодравон додарашон Аминҷон
Изомй, (ки дар цанги дуюми ҷаҳон ба фронт рафта барна-
гашт) аз солҳои 1927-28 шинос будам, Ғуломҷон ва додари
ин касро чун муаллим мешинохтам. Аминцон Изомй ак-
сар вақт дар болохонаи ҳавЛии язнаам - Иноятхон омада
зиёфат мехӯрд ва шабҳо мехобид. Ғуломҷон Изомиро
баъдтар, ба воситаи Фазлиддин Шаҳобов ва бародараш,
духтур Аъламхон (Бадриддин) шинос шудам. Ғуломҷон
іуё ба ин акаука тагой мешаванд ва бинобар он чандин бор
ба Душанбе омада, дар хонаи онҳо ва баъд дар хонаи мо
ҳам меҳмон шуда буданд. Боре ман бо оилаам дар
Хоҷаобигарм истироҳат ва табобат мекардам, ки Ғуломҷон

148
бо писари хурдии худ ҳамон ҷо ба зиёрати мо омаданд.
Мо бисёр хурсанд шудем. Азбаски маскани мо алоҳида,
дар канори дарёча чодир зада менишастем, ба омада
истиқомат кардани Ғуломҷон монеае набуд. Ду-се рӯз
меҳмони мо туда, аз оби гарм истифода бурданд. Дар
ҳамин вохӯриҳо медидам ва мефаҳмидам, ки ин кас шахси
хеле доно ва бисёр чизро медонанд. Ғуломҷон ба авлоди
мо аз ҷиҳати модарашон қаробате доранд ва бинобар он
тамоми авлоди моро медонанд. Дар назди амакам
Бурҳониддини қозикалон даре хонда, шогирд шудаанд.
Ғуломҷон, ки одами донишманд, аз таърих ва адабиёт бо-
хабаранд, сӯҳбати хубе доранд. Ман аз сӯҳбати ин кас серй
надоштам. Ҳам шеърдон, ҳам шӯх ва ҳам одами бохирад
ҳастанд. Фақат як айб доранд, ки хасйс ва тангназаранд. Ин
хусусияти ин касро ба ман пештар Аъламхони духтур
ҳикоят мекарданд (аҷобати кор дар ин ки агар Ғуломҷонро
танҳо бинам, аз хасисй ва тангназарии Аъламхон шикоят
мекарданд).

Солҳои 1945-50, вақте ки ман ба Бухоро мерафтам, хусу-
сан дар он замонҳое, ки ба ҷусгуҷӯи материал барои ро-
мани «Духтари оташ» машгул будам, албатта бо Ғуломҷон
Изомӣ вомехӯрдам. Он кас чанд гоҳ дар мадрасаи динияи
Бухоро (мадрасаи Мири араб) муаллими забон ва адабиёт
буданд. Баъд ба кори китобхонаи Абӯалй ибни Сино гу-
заштанд. Дар ин китобхона аксаран бо он кас вомехӯрдам
ва сӯҳбат мекардам. Он вақтҳо мудири китобхона Шоев
ном марди зарифе буд. Шоевҳо дар Бухоро як іузари мах-
сусро ишгол мекарданд. Гӯё онҳо аз помириҳо буда, дар
кадом замоне, аз тарафи кадом амире ба ин ҷо, ба Бухоро
кӯчонида шудаанд. Лекин аз «помиригии» онҳо фақат
лақаби «шоҳ» мондаасту бас. Шоеви мо, директори китоб-
хона, яке аз бухориёни асл, яке аз бухориёни типикӣ - ҳам

149
аз ҷиҳати намуди зоҳирй, ҳам аз ҷиҳати забои, талаффуз
ва ҳозирҷавобй ва нозукбаёнӣ буд. Ман аз сӯҳбати ӯ лазза-
те мегирифтам. Боре ба ман дар бораи касе нақл карда ис-
тода гуфт: - Аз он кас наранҷед, ба кирдори бади он кас
саҳрой гунаҳгор аст!

Боре Шоев чунин нақл кард:

- Маориф ва комитаи иҷроияи шаҳрй ба ман вазифаи
роҳбаладй (гидй)-ро барои қабули меҳмонҳо супориданд.
Азбаски ман таърих ва ҷоҳои таърихии Бухороро нағз ме-
донам, не наіуфта, ин вазифаро қабул кардам. Аз хориҷа
ва аз дигар ҷумҳуриҳо ва вилоятҳо сайёҳон меоянд, ҳамроҳ
гашта, дар бораи манор, Мадраса, арк ва дигар ҷоҳо баёнот
медодам. Як бор аз кадом вилояти Узбеки стон сайёҳон
омаданд ва ман онҳоро шрифта гаштам. Дар байни онҳо
як марди шилқин буд, ки ба зудӣ гапро намефаҳмид ва
болоболойиҳам суолҳо дода ба ҷонам расонид. Вақто ки ба
зери манори Бухоро расидем, ман мухтасар дар бораи он
ran задам ва мехостам, ки ба объекти дигар гузарам, ҳамон
одами шилқин суол дод: - Ин манораро «манораи аҷал»
меноманд, барои чй? Ман ки ба ҷон расида будам, іуфтам
ки як бор аз болои ҳамин манор як раҳбалад, яъне гидро
партофта кушта буданд. Мардак ба кинояи ман сарфаҳм
нарафта боз пурсид, ки чаро гидро партофта бошанд. Ман
іуфтанй будам, ки як сайёҳи шилқин ба ҷонаш расонида-
аст, лекин шарикаш, ки одами ҳушёртар будааст, «э, ра-
шо», іуфта ӯро кашола карда шрифта бурд ва ман халос
шудам...

Ана ҳамин тавр марди зариф ва хушгап буд Шоев ва
бинобар он ман ба назди ӯ мерафтам ва хоҳиш мекардам,
ки Изомиро ҳам ҷеғ занад, то ки китобҳои хуби дастнавис-
ро биёранд. Изомй баъзе китобҳои нодирро шрифта ме-
омаданд ва сӯҳбати гарму ҷӯшони мо огоз меёфт. Боре ман

150
ба ҳавлии Изомй рафтам, он кас як даста китобҳои аҷмбро
ба назди ман монда, ба таърифу тавсифи онҳо cap кар-
данд. Мо баъзс китобҳоро мехондем ва сӯҳбате доштем, ки
кайфи он ҳанӯз аз хотирам нарафта аст. Як вақте зани
Изомй як табак, оши палав гирифта даровард ва мо бо
иштиҳо ош хӯрдем ва то ними шаб чой хӯрда сӯҳбат кар-
дем. Ин тавр сӯҳбатҳо дар хонаи Изомй борҳо такрор шу-
дааст. Ман ба қувваи ҳофизаи он кас ҳайрон мемондам.
Саъдй, Ҳофиз, Бедилро аз ёд медонистанд. Дар ҳар гапа-
шон аз шеърҳои Бедил ва дигарон байте мегуфтанд.
Чунончй:

Ростон аз сӯҳбати кацтинатон кац мешаванд,

Кафш гардад з-ихтилоти пои кац ночор кац!

(Бедил)

Дарвеши шикастапо би'ёяд ба дарат,

Чизе баҳри барои равони падарат.

Зар цамъ кунй барои се бегона,

Шӯи зану домоду арӯси писарат.

(Нагуфтанд, ин шеъри кист)

Падаре гуфт бо писар дами марг,

Ки ту моро ба цону дил ҳавасӣ.

Солу маҳ баҳри цамъ кардани мол,

Нагунудам ба рузу іиаб нафасе.

Аблаҳӣ кардаму ҳама ба ту мондам,

Зиракй кун, бихӯр, намон ба касе!

(Муаллифаш номаълум)

Ду рӯз ҳазар кардан аз марг раво нест,

Рузе ки ҳазо ояду рӯзе, ки ҳазо нест.

(Ин шояд аз они худашон бошад)

151
Решай нахли куҳансол аз цавон афзунтар аст,

Бештау дилбастагй бошад ба олам пирро.

(Бедил)

Дарди cap хам буд, то тадбири сандал маҳв буд,
Нармии болину бистар халҳро бемор кард.

(Бедил)

Гову хар аз огаҳӣ инсон нахоҳад гашт, лек -
Одамй гар андаке гофил шавад, хар мешавад

(Бедил)

Ҳамин тавр сӯҳбатҳо мекардем. Ҳаминро ҳам қайд ку-
нам, ки ҳар бор, вақто ки ба ҳавлии Изомӣ мерафтам, дас-
ти холӣ намерафтам, албатта дастовези хубе мебурдам. Ба
писарашон, ки аз тарафи котиби райкоми Когон фишор
оварда шуда буд, ёрй расондам ва корашро дуруст кардам.
Барои ин як китоби «Духтари оташ»-ро ки дар Москва,
нашриёти «Худ.Лит.» чоп карда буд ва китоби бисёр хуб ва
камёб буд, бурда додам. Аммо он кас ба ман ягонта аз он
китобҳои қимати худро надоданд. Ҳатто чанд бор пурси-
дам. Гуфтам ки то замоне, ки он китобҳо пӯсида нарафта-
анд ва ё мушҳо нахӯрдаанд, камтар ба ман диҳед! Гуфтанд,
ки не, пас аз мурданам бо васияти ман мегиред. Бовар до-
рам, ки васияте намекунанд ва китобҳояшон нобуд меша-
вад.

Ҳамин соли 1978, вақто ки ҳамроҳи Муҳиддин Олимпур
- суратгири идораи газетаи «Адабиёт ва санъат» ба Бухоро
рафта ба лентаи видео сурат гирифтем, ӯ фаҳмид, ки
Изомй одами мӯътабар ва камёбанд, аз мо хоҳиш кард, ки
ба хонаи он кас рафта сураташонро ба лента (ба навор) ги-

152
рем ва овозашонро нависем. Вақтамон танг буд, Олимпур
мебоист ба Душанбе мерафт. Бинобар он аз ҳавлии
Аминҷон Шукуров, ки мо дар он ҷо будем ва ҳавлии Изомй
ҳам қариб буд, рост хеста рафтем ва ин дафъа дасти холй
рафтем. Изомй танҳо будаанд, пас аз хеле дар кӯфгани мо
дарвозаро кушоданд (дарвозаи ҳавлии он кас аз роҳ қариб
сӣ-чиҳил сантиметр паст буда, дар роҳравашон ҳоҷатхона
доранд). Бо мо дуруст салому алейк ҳам накарданд. Мо
мақсади худро іуфтем. Ақаллан моро ба хона даъват накар-
данд. Дар ҳамон роҳрави бӯгин ба рӯи курсӣ нишастем. Пас
аз гуфту шуниди каме, Олимпур бо Аминҷон илтимос кар-
данд, ки ба хона дароем ва сурат гирем. Пас, он кас базӯр
розй шуданд ва моро ба хонаи хурдакаки худашон даро-
варданд. Хонаи калонашон аз они писару келинашон буда-
аст. Занашон як сол пеш вафот карда буд.

Пас аз сӯҳбат ва сураткашй хайру маъзур карда баро-
мадем. Дар вақти баромадан ман маъзарат хостам, ки ме-
бахшед, ин дафъа фурсат нашуд, дасти холй омадам. Ба
ҷавоби ман гуфтанд, ки «Аз рӯи одат-дия! Аз рӯи одат-
дия!» Ин ҷавоб ба ман хеле сахт расид. Ман, гӯё, ҳамеша
дасти холй мерафта бошам! Пас ба худ қарор додам, ки
дигар ба ҳавлии ин хел марди хасис ва тамаъгор (бо
вуҷуди донишмандй ва пурдонй,дадами худро намегузо-
рам). Ҳоло Изомй наваду се сола шудагй.

■а г-

X- X- X-

Устод Садриддин Айнй маро ба соҳаи адабиёт, іуё аз
дастам дошта дохил карданд ва ман ин некий он касро ҳеҷ
фаромӯш намекунам. Ҳарчанд дар солҳои охир чандин
касон - масалан Абдул і а ни Мирзоев мегуфтанд, ки «Чаро
Айнй ба шумо устод мешудааст! Шумо ҳоло худатон устод
ҳастед! Асарҳое офаридаед, ки Айнй чунин наофарида аст!

OUcdtj.

153
Айниро муаллим, худро шогирд нагӯед!» Аммо ба ин
суханҳо ман фирефта нашудам, дар ҳар ҷо Айниро устоди
худ іуфтам ва дар ин ҷо боз ба тафсил менависам: Дар до-
рулмуаллимин мехондам, ба адабиёт ва шеър иштиёқе,
ҳавасе доштам. Лекин дар ҳеҷ як рӯзнома ва маҷалла ягон
чизи ман чоп нашуда буд. Шеърҳоямро фақат ба газетам
девории мактаб навишта мебароварданд.

Боре (вақто ки синфи сеюмро хатм карда ба синфи
чаҳорум ва охирин гузашта будам) хабар омад, ки Сад-
риддин Айнй ба Бухоро омадаанд. Он вақт устод чун пат-
риот ва ташвиқкунандаи забони тоҷикй ва эҳёкунандаи
миллати тоҷик машҳур шуда буданд. «Намунаи адабиёти
тоуик»-и он кас чоп шуда баромада буд ва дар натиҷаи ин,
маданияти ҳазорсола ва мероси бои классикй доштани
халқи тоҷик, бузуртй ва қудрати халқи тоҷик ба ҷаҳониён
аён гашта буд. Устод Айнй ба муқобили пантуркистон ва
миллатчиёни ӯзбек қаҳрамонона ҷанг эълон карда, іуф-
танд, ки халқи Бухоро ва Самарқанд тоҷикони асланд ва
ин шаҳрҳо маркази маданияти қадимаи халқи тоҷик ме-
бошанд. Он вақтҳо (солҳои 1926-27) чунин ҷасорат
ҳақиқатан қаҳрамонй ҳисоб меёфт. Зеро ки дасти пантур-
кистон ва миллатчиёни ӯзбек хеле боло буд. Инак, ба Бу-
хоро омадани устод Айниро шунида, мо чанд нафар
ҷавонон ба наздашон рафтем. Устод бо ҳама ҳолпурсй на-
муда, кй будан ва аз авлоди кй буданашро мепурсиданд.
Маро зуд шинохтанд ва пурсиданд, ки ба адабиёт шавқ
дорам, ё не. Гуфтам ки ҳавасмандам, лекин чизе чоп на-
кардаам. Чй менависед? - іуфта пурсиданд. Гуфтам, шеър
менависам. Ман ки тоҷикдӯст будани устодро медонистам,
пешакй як шеъри тоҷикӣ навишта бурда будам ва ҳамон
шеърро хонда додам.

154
ҲИҶРАТ БА ДУШАНБЕ

Ман дар бобҳои іузашта кам-кам дар бораи ҳаёти
Самарқанд ва дар мактаби олй хонданам навишта будам.
Ҳоло мехоҳам, ки дар борам аз ин мактаби нағз ҳангоми бо
ҳавасу иштиёқ хонда истоданам, чй тавр ронда шуданам,
нақл кунам.

Дар охири соли таҳсили 1927-28 дар мактаби олии мо
ІіЛ <J> ғавғое саР шУДа рафт. Гӯё як ҷавони тошкандй (ё
Туркистонй) миллатчигй карда шеърҳо навиштааст ва
ташвиқоти зидди советй бурдааст. Якбора аз идораҳои бо-
ло - Маориф, Горком ва НКВД «одамҳо» омаданд,
маҷлисҳо карданд; он ҷавон, ки номаш Мирзо Раҳимов
буд, ба зери ҳуҷуми «найзабдзҳо» монд ва дере нагузашта
омаданду шрифта бурда ҳабс карданд. Дигар ҳамаи мо
студентҳо ба воҳима ва таре афтодем. Баъд аз Маориф ва
КМ партия Комиссиям тозакунии сафи студентон омада
ба кор cap кард ва ҳар рӯз ба тахтаи эълони мактаб номи
қатор-қатор бегуноҳон навишта мешуд, ки бинобар «бето-
на» буданашон аз мактаб ронда шудаанд. Дар қатори ди-
гарон ман ҳам ҳар рӯз ба мактаб омада, аввалин коре ки
мекардам, дѵихатро аз назар іузаронидан буд. Ниҳоят
рӯихати аз мактаб ронда шудагон ба охир расид ва хайри-
ят, ки номи ман набаромад. Аз ин ҷиҳат хурсанд шуда, пас
аз супоридани имтиҳонот ба Бухоро рафтам, бо Баҳоутдин
Икромй маслиҳат карда, ба сафари Самарканду Хуҷанд
баромаданй шудем. Иттифоқан Муҳиддин Аминзода ҳам
дар Бухоро буд ва ӯ барои ин сафари мо боиси аавалин
буд. Ман ки барои аз мактаб ронда нашуданам хурсанд
будам ва дар ҳақиқат маро - писари қозиро, ҷияни



155
қозикалони Бухороро ба рӯйихати рондашудагон нана-
виштан, як мӯъҷиза, як бахти баланд буд, бо хурсандй ба
саёҳат рафтанро тақозо мекардам.

Се ҷӯра ба поезд нишаста, аввал ба Самарқанд рафтем.
Дар Самарканд, дар мадрасаи Шердор, дар хуҷраи
Муҳиддин Аминзода қарор гирифтем. Ин хуҷра дар
қабати аввал буда, тирезааш ба тарафи бозорчае, ки дар
байни мадрасаю тоқи калапӯшфурӯшӣ буд, кушода ме-
шуд. Аз он тиреза ҳамаи овозҳои фурӯшандагон -
нонвойҳо, қаннодҳо, кабобпазҳо шунида мешуд. Дар он
Мадраса института мусиқии миллии ӯзбекистон ҷо ги-
рифта буд. Ҳамаи ҳофизони машхур ва навозандагони
овозадори онвақта дар он ҷо гирд омада буданд.
Муҳиддин Аминзода ҳам дар ин институт мехонд, тамбӯр
машқ мекард. Ҳаррӯз пас аз пешин дар рӯи ҳавлии Мадра-
са бузургони институт - Мулло Тӯйчй, Домулло Ҳалим,
Абдуқодир Найчӣ, акамуллои Тоҳирҷон ва дигарон ҷамъ
шуда машқ мекарданд, месуруданд ва як базми олиҷанобе
барпо мегашт. Мо, сайёҳон кайф карда аз он лаззат ме-
бурдем. Дар ин сафар як рӯз моро устод Айнй ба
ҳавлиашон хабар карданд. Ману Баҳоутдин Икромй раф-
тем. Аз Бухоро Мӯсо Саидҷонов, аз Самарканд намедонам
киҳо буданд. Сӯҳбати бисёр хубе шуд.

Аз Самарқанд ба Хуҷанд рафтем. Он вақтҳо аз стансияи
Хуҷанд то ба шаҳр бо фойтунҳо рафтан лозим мешуд.
Байни шаҳр ва стансия аввал як дашт буд. Фақат дар
қарибии шаҳр ободониҳо cap мешуданд. Дар шаҳр ду
марказ буд: Чоршанбе ва Панҷшанбе. Дар Чоршанбе
чойхонаҳо, дӯконҳо ва майдони васеъ буд, ки дорбозҳо до-
ри худро барпо карда буданд. Мо дар ҳавлии Аминзода
иқомат кардем.

Саёҳатамон хеле хуб іузашт, лекин дар охири кор андак

156
хафагӣ ҳам шуд. Додари Муҳиддин Аминзода - Акмал
Аминзода дар Хуҷанд мухбири махсуси газетам «Овозм
тоҷик» шуда кор мекард. Ба вай супориш шуда буд, ки дар
Хуҷанд ба газета обуна қабул карда пулашро фиристонад.
Аммо Акмал, ки ҷавони арақхӯр ва бадгашт буд, як
миқдор пули обунаро арақ хӯрда, аз идораи газет қарздор
шуда монда будааст...

Вақто ки ман ба ҳавлии М.Аминзода расидам,
<$//■/. пиҷакамро кашида, ба вай додам, ки ба ҳавлии даруй бур-
да саришта кунад, зеро ки ҳаво гарм буд ва іуфтам, ки дар
кисабағалии он ҳафтод сӯм пулам ҳаст, онро ба Муҳиддин
нишон ҳам додам. Муҳиддин Аминзода пиҷакро шрифта
бурд. Пас аз як ҳафта ба ман пул лозим шуд. Ба Аминзода
гуфтам, ки пиҷакамро биёрад. Аминзода ғарқ шуда рафту
пас аз замоне бо ранги парида баромад ва іуфт, ки пулат-
ро аз кисаат дуздидаанд, ин албатта кори додарам аст.
Ман аз кисаи вай ду квитансияи фиристодани пулро ёф-
там, яке сӣ сӯм дигарй чил сӯм. Ин албатта ҳамон ҳафтод
сӯми ту аст. Ман пули туро ёфта медиҳам, парво накун!

Пас аз ду-се рӯз Аминзодаи бечора, намедонам аз куҷо
пул ёфту ба ман дод. Ман нагирифтанӣ шудам, лекин вай
іуфт, ки ту дар сафар ҳастй, ба ту пул лозим аст, ман дар
хонаи худам, пулро меёбам!

Баъд аз ин ҷӯраҳо ба Фарғона ва Андиҷон рафтанй шу-
данд, аммо ман нарафтам, аз Хуҷанд ба Самарканд бар-
гаштам. Дар роҳ як воқеаи аҷиб рӯй дод: кадом як поезд аз
Хуҷанд, шабона омада маро ба истгоҳи Хавос расонид. Дар
Хавос мебоист ба поезди ба тарафи Самарқанд мерафтагй
нишинам буд. Ин поезд қариби саҳар мерасидааст. Бино-
бар он дар толори мусофирнишин, ба рӯи курсии сахт
нишаста, пинак рафта (дар дастам фақат як чамадонча бу-
ду бас), поездро маътал шудам. Ниҳоят даричаи кассам

157
билетфурӯширо кушоданд. Ман ба вагони купидор билет
шрифтам. Поезд тақрибан дар соати шаши саҳар омад. Ба
вагон баромада, дари купии аввалро кушода бинам, фақат
як мард дар кати болоӣ хобида асту дигар ҷоҳо холӣ. Ман
хурсанд шуда, дар поёни он мардхобида ҷо дуруст карда-
му ҳанӯз поезд ба роҳ надаромада хобидам. Ҷавонй, зуд
хобам бурд. Вақто чашм кушода бедор главам, офтоб ба-
ромада аст, поезд дар стансияи Ҷиззах истодааст. Ҳадаҳа
либосамро пӯшида поён фуромаданй шуда бинам, дар
тӯртокчаи болои сэрам, ба болои куртаи ман як қабчуқ
истода аст. Донистам, ки қабчуқи марди болой афтодааст/
Хостам ки ба худаш диҳам, бинам ки вай нест. Ба кадом
истгоҳ фуромада рафтааст. Ҳайрон шуда қабчуқро кушода
бинам, дар дарунаш зиёда аз ҳафтод сӯм пули ҳархела
(коғаз, тангаи рупия - як сӯма) будааст. Ин пул он солҳо
пули калон буд. Ба як сӯм даҳто нон медоданд, як табақ
оши палав дар ошхонаҳо бист тин буд. Ба мани студенти
кампул, ин кори калон буд. Гуфтам инро худо ба ман дод
ва қабчуқро ба киса задам. Ҳақиқатан ҳам он пулҳо дар
Самарканд ба ман лозим шуданд.

Дар Самарканд ба бухгалтериям институт даромада,
хостам ки стипендиям семоҳаамро бигирам, аммо бухгал-
тер іуфт, ки номи ман аз рӯйихати студента бароварда
шудааст. Ба роҳбарияти институт муроҷиат кардам, онҳо
ҳам сухани бухгалтерро тасдиқ карда іуфтанд, ки комис-
сия маро аз институт хориҷ кардааст. Ман ки акнун на-
шъунамо меёфтам, ман ки акнун бо гайрат ва ҳаваси том
ба хондан ва илм гирифтан cap карда будам, аз ин хабари
шум якбора малӯл ва гамгин шудам. Дилбардоре,
маслиҳатгаре, тасаллибахше надоштам, танҳо, гариб ва аз
бахту саодати хондан ронда шуда, музтар ва бечора будам.
Дар синни нуздаҳсолагиам, ин аввалин зарбаи сахт буд, ки

158


)y\

ба ман расид. Албатта то ба он вақт ҳам дар дорудмуал-
лимини Бухоро ҳар замон аз тарафи баъзе комсомолони
ношуд ва ҳасуд, баъзе бадкирдорон таънаҳо мешунидам,
ҳо писари қозй, ҳо махсумҷон іуфта ҷеғ мезаданд, іуё пи-
сари қозй буданам бо песу махавҳо баробар бошад! Ҳатто
як бор ду тоторбача - бародарон маро таъна карданд ва аз
тарафи ман, ки ҷавоби сахт шуниданд, бо мушт ба сэрам
кӯфтанд. Ба ин бедодгарй на мудирият, на сардорони
ташкилотҳои комсомол ва фирқа аҳамияте надоданд, ле-
кин ба ҳар ҳол он бедодгарии талабагони бадкирдор ва
тоторҳои разил буд. Мудирият ва муаллимон ба ман дар
қатори ҳама баробар нигоҳ мекарданд, ҳатто барои нағз
хонданам, таъриф мекарданд. Аммо аз институт хориҷ
карда шудани ман бедодгарие буд, ки аз тарафи
роҳбарият, аз тарафи идораҳои «адолатпарвар» ба амал
меомад. Акнун ман ба куҷо дод гуфта рафтани худро на-
медонистам...

Малӯл шудани маро дида, кадом як муаллими раҳмдил
маслиҳат дод, ки ба нозири маориф - Маннон Ромиз раф-
та арз кунам. Пас аз як рӯз навбат поидан, ба ман муяссар
шуд, ки ба назди нозир дароям. Маннон Ромиз одами бад
набуд, баинсоф менамуд (боз намедонам!) маро хуш қабул
карда арзамро шунид, вале гуфт ки:

- Хайр, ҳеҷ боке не. Ту ҳоло ҷавон ҳастй, майлаш, рафта
як сол кор кун, баъд биё, боз туро ба институт қабул меку-
нем.

- Ба куҷо рафта кор кунам? Чй кор кунам?!

- Мо туро ба Термиз мефиристем. Дар он ҷо пулро
мӯлтар медиҳанд. Зимистонаш чандон хунук не, тобистон
таътил мешавад, ту боз гашта меой!

Ман розй шудам. Худи ҳамон рӯз бо фармони Маннон
Ромиз ба ман шаҳодатнома ва роҳхату пул доданд ва ба

159
ихтиёри маорифи шаҳри Термиз роҳй карданд. Рӯзи ди-
гар ба поезд нишаста ба сӯи Бухоро раҳсупор гардидам.
Дар купим вагон ҷои ман дар кати поёнй буд. Дар
рӯбарӯям як марди самарқандй менишаст. Дар сӯҳбат до-
нистам, ки вай дар Термиз кор мекардааст, магазинчй бу-
дааст. Вай іуфт, ки дар Термиз маро ёфта мегирад. Бо
ҳамин хайрухуш кардем, ман ба Когон аз поезд фурома-
дам.

Дар Бухоро ба ҳаётам воқеаи аҷибе, воқеаи
ғайримунтазира рух дод: Рӯзе аммапошшо якчанд хешу
таборони худро ба маслиҳат ҷеғ заданд. Ман ҳам чун
ҷияни хондагй ва донишманди он кас ба ин маслиҳат
ҳамроҳ будам. Маслиҳат ҳамин буд, ки ба Саодат, ба дух-
тари эркаи он кас як ҷавони самарқандй талабгор шуда
кас мондааст. Ин ҷавон додари Мансурхоҷа ном раиси су-
ди округам шаҳри Бухоро буд, ки дар ҳавлии беруни ам-
мапошшо иҷора нишаста буд. Додараш дар Самарқанд
муаллим будааст ва то^истон ба Бухоро омада, чашмаш ба
Саодат афтода «ошиқ» шудааст. Мансурхоҷаев молу чизи
бисёре ваъда дода хостгор фиристода аст... Акнун амма-
пошшо чй кор карданашонро надониста бо хешон
маслиҳат мекарданд. Духтари азизашонро дода, ба
Самарканд фиристонанд чй шавад; надиҳанду монанд чй
шавад! Духтар қадрас шудааст; фаранҷӣ гирифтан ки манъ
аст, мабодо дар кӯчаю хиёбоне ба сӯиқасде во нахурад; ё
фиреби касеро хӯрда, бадбахт нашавад... Беҳтар немй, ки
дар сари вақт ба дасти соҳибаш супоранд?

Дар маҷлиси машварат, ҳар кас ҳар хел фикр ронд, ле-
кин аксарият ба додани духтар розӣ шуданд. Фақат ман,
ки дар поёни хона нишаста ба сӯҳбат гӯш медодам. якбора
оташи рашк ва ҳимматам ҷӯш зад; ба худ іуфтам, ки ҳанӯз
зан нагирифтаам ва монам, ки ҳамин тавр духтари барно-

160
/ро

J

po як марди самарқанди шрифта барад! Бинобар он сухан
шрифта гуфтам:

- Аммапошшои азиз! Агар ман ба шумо як домоди
мувофиқи табъ ва дилхоҳатонро ёфта диҳам, чй мегӯед?

- Кошкй.. - іуфтанду сухани маро рӯякй пиндоштанд ва
маҷлисро хатм карданд.

Вале ман ба хона рафта оя ва холаамро ҷеғ задаму іуф-
там, ки лаълию дастурхон бардошта ба ҳавлии аммапош-
шо раванд ва барои ман Саодатхонро хостгорй кунанд.

Рӯзи дигар, вақто ки оя ва холаам рафта хостгорй меку-
нанд, аммапошшо бовар карда наметавонанд. Зеро ки ма-
ро студент, ҷавони толибилм медонистанд ва ба зан ги-
рифтанам ҳеҷ іумон надоштанд. Лекин оя ва холаам, ки
таъкид мекунанд, бовар карда розй мешаванд, ҷияни ху-
дам, ҷону ҷигари худам толиб бошад, барои чй ман духта-
ри аллону азизамро ба бетона диҳам! Сад бор розй ҳастам,
ки Ҷалолхонро домод кунам!

Хоҳарам Масрурахон, ки дар дасти писари аммапошшо
- Иноятхон буд ва аз бахти шуми худ норизо буд,
шавҳарашро, ки бадмаст ва бадахлоқ буд, дӯст намедошт, ch ’;
ин хабарро шунида, ба наздам омад ва триста іуфт, ки ин
корро накунам, ба Саодатхон хонадор нашавам. Зеро ки
агар бо шавҳарам носозӣ рӯй диҳад, ҷои мерафтагии ман
назди ту, хонаи ту мешавад. Агар хоҳари шавҳари маро ба
запӣ гирй, пас ман ба куҷо меравам?!

Азбаски азми ман ҷазм буд ва дигар намехостам, ки
«сашра» шуда гардам ва аз Саодат беҳтар заншаванда му-
яссар шуданаш маълум набуд, ба хоҳарам тасаллй додам,
іуфтам ки ғарибӣ ба ҷонам расид, ба хонадони аммапош-
шо хонадомод шуда дароям, ҳам барои шумо, ҳам барои
худам хуб аст. Вақто ки ман ҳамеша дар назди шумо
ҳастам, шавҳаратон ҷасорат намекунад, ки ба шумо тааддӣ

161
/

COPM-s

кунад ва ғайра ва ҳоказо... Мухтасар хоҳарамро осуда кар-
да фиристодам.

Пас, ноншиканоне кардему тӯйро дар вақти таътили
зимистона мавқуф іузорида, ба сӯи Термиз раҳсупор гаш-
там. Дар истгоҳи Термиз аз поезд фуромадаму донистам,
ки Термиз иборат аз ду шаҳр будааст. Аввалаш қалъаи
хиштин, ки ба даруни он ҳарбиҳо ҷо гирифтаанд. Автобус
аз даруни он шаҳр іузашта ба Паттакесар - яъне шаҳри
аҳолинишини Термиз мерасида аст. Дар Паттакесар
бозорҳо, чойхонаҳо, дӯконҳо ва маҳаллаҳо дар канори да-
рён Омӯ ҷо шрифта буда аст. Ман бегоҳрӯзй ба ин шаҳр
расида, аз автобус пиёда шудам. Дар дастам як чамадонча
ва кӯрпаю болишт лӯнда карда печонидашудагй буд.
Чизҳоро бардошта ба чойхонаи калоне, ки дар назди дар-
возаи як сарой воқеъ буд, даромадам. Ба болои суфакат
нишаста, як чой пурсидам ва ба гирду атрофу одамони
дар он ҷо буда чашм давондам. Ягон симои ошно, ягон
манзараи ба чашм омӯхта набуд. Аз кӯча ӯзбекҳо, тоҷикҳо
ва якто-дуто русбашара касон іузашта мерафтанд. Ҳаво на
гарм, на хунук, мӯътадил буд. Офтоб ба сӯи ғарб менй-
шаст, дар он ҳаволй пои мардум қатъ мешуд. Дар рӯбарӯи
ин чойхона, аз роҳ он тараф бозорҷой воқеъ гашта буд, ва-
ле дар он бегоҳй пештахтаҳои бозор холӣ ва фурӯшандаю
харидорон ба назар наменамуданд. Ман, барои чй буд, ки
худро тамоман ғариб ва мусофири бекас ҳис кардам. Як
пиёла чой ба зӯр аз гулӯям іузашт. Зиқ шудам, хориам
омад, зеро ки то ба он дам ҳеҷ гоҳ танҳо худ ба ҷое нараф-
та, ба ягон шаҳри бетона меҳмон нашуда будам...

Ҳамин тавр бо димоти сӯхта ва хаёли парешон нишаста
будам, ки ҷавоне ба канори суфакат наздик омада ба ман
салом дод ва іуфт, ки шуморо Абдулаҳадакем таклиф до-
ранд.

162
Абдулаҳадака кӣ бошад? Чаро маро таклиф мекарда
бошад? Ба ман чй кор дошта бошад, намедонистам. Лекин
ҷавонй ва камтаҷрмбагиро бинед, ки ин суолҳоро напур-
сидам, шарм кардам, ё ақлам нагирифт, ё соддагй кардам
ва аз рӯи он ҷавони гузашта натавониста, хуб гуфтаму аз
ҷо бархостам ва чизҳоямро ба чойхоначй супорида, бо он
ҷавон ба даруни сарой даромадем. Дар он ҷо як нардбони
баланд іузошта шуда буд. Ҷавон ба нардбон баромадан
гирифт ва маро ҳам таклиф кард, ки аз паси ӯ биёям. Бо
ҳазор тарсу ваҳм ба нардбон часпида баромадан шриф-
там. Охир як кас намегӯяд, ки дар ин шаҳри мусофират,
ки як соат пеш омадай, чаро ба таклифи ҷавони бегона ба
даруни сарой даромадй ва акнун аз нардбон боло шуда
истодай?! Не, гӯё ба таклифи ҷавон розй нашавам айб ме-
шавад, гӯё ман тарсончак мешавам ва боз намедонам
чиҳо...

Ба боми баланди аввал баромадем. Аз он бом боз ба
боми дигар, ба болои дарвозахонаи сарой баромадем. Дар
он ҷо, дар шабгаҳи болохонае, ки дар он ҷо буд, дар кӯраи
оҳанин деги оши палав меҷӯшид ва расидани моро дида
аз даруни болохона марде ба истиқбол баромад. Диққат
карда бинам, ҳамон марди самарқандие, ки дар вагон то ба
Когон бо вай ҳамроҳ омада будем, ҳамон аст.

- Э, шумо-мӣ? - гуфтам, озодона нафас шрифта. - Ман
ҳайрон будам, ки дар ин шаҳри мусофирй боз кӣ будааст,
ки маро мешинохтааст!

- Ҳа, ман, мулло, - іуфт он мард бо табассум. - Гуфга
будам-ку, ба Термиз биёед, шуморо ёфта мегарам.

Пас ба хона даромадем. Дар он ҷо боз ҷавоне буд.
Вохӯрдй кардему ба сари дастурхон нишаста, чой
нӯшидем, баъд ош хӯрдем ва то як поси шаб сӯҳбат карда
нишастем. Соҳиби хона таклиф кард, ки шабро дар ман-

163
/

зили ӯ іузаронам, қабул накардам, узр хоста поён фуро-
мадаму дар чойхона ба кӯрпаю болишти худ такя карда
хобидам. Замонаҳо тинҷу осуда будааст; касе ба чизи ман,
ба чамадони ман даст нарасонид. Пагоҳй барвақт бархоста
нону чой хӯрдаму идораи маорифро суроғ карда рафтам.

Мудири маориф маро хуш қабул кард ва ба дастам
фармони хаттй дода, ба мактаби даҳсолаи ӯзбекй, ки дар
он қарибй буд, фиристод. Мактаб ҳанӯз кушода нашуда
буд. Мудири мактаб хоҳам-нахоҳам маро қабул карду
іуфт, ки ба синфҳои шашу ҳафт дарси адабиёт бояд диҳам,
ҳоло то кушода шудани мактаб даҳ рӯз ҳаст, бояд ҳар рӯз
омада, хабар шрифта равам. Ман хонаю ҷои истиқомат
пурсидам. Гуфт ки хона надоранд; аз округком ва маориф
пурсидан лозим. Мудири маориф гуфт, ки ҳоло дар чой-
хона истиқомат кардан гиред, пас аз як-ду моҳ хона ёфта
доданамон мумкин мешавад. Ҳамаи ин ба ман таъсири
манфй мерасонид, ғусса мехӯрдам ва худро таъна медо-
дам, ки чаро ба ин ҷо омадам, чаро аз Манной Ромиз (ко-
миссари маориф) хоҳиш накардам, ки маро ба Бухоро
фиристонад! Ва ғайра ва ҳоказо...

Пас аз се рӯз аҳволам бад шуд, ба касалии дилзанй ду-
чор шудам. Духтурхонаро сурог карда рафтам, худамро ба
духтур нишон додам ва кй будану аз куҷо омадани худро
дуфтам, илтиҷо карда хоҳиш намудам, ки ба ман справка
диҳад, ки дар Термиз истодани ман ба саломатиам
мувофиқ не ва ман бояд зуд аз ин ҷо равам. Худо ба духтур
инсоф дод, аз гуфтаи ман ҳам воҳиманокгар карда справка
навишта дод. Онро шрифта ба маориф рафтам. Мудири
маориф маро ҳамроҳ шрифта ба назди котиби округком
даромад. Котиб аҳволамро дида розй шуд, ки маро бар-
гашта ба ихтиёри комиссари маориф фиристонанд ва
роҳкиро ҳам диҳанд. Мудири маориф фармон навишт ва

164
ба дасти ман хат навишта дод, ки бинобар он ки ҳавои
Термиз ба саломатии ман мувофиқ наомад, маро баргаш-
та ба ихтиёри маорифи марказй мефиристад, аз бухгалтер
роҳкиро ҳам шрифта дод. Ман сад бор розй будам, ки як
тин пул надиҳаду ҷавоб дода фиристонад.

Ҳамин ки хату пулро шрифтам, рост ба вокзал барома-
дам. Аз толеам поезди ба Бухоро мерафтагй тайёр истода
будааст. Билет шрифта ба вагон баромадаму то ба роҳ да-
ромадани поезд дилам мезад ва дар тарсу ҳаяҷон будам,
ки мабодо мудири маориф аз қавлаш гардаду маро бар-
гашта ба Термиз дарорад. Не, ҳеҷ ran нашуд, поезд ба сӯи
бахту саодати ман ба роҳ даромад ва дилам қарор шрифт.

Дар Бухорои тариф (он дам Бухоро ба ман аз ҳар чй
шарифтар ва азизтар менамуд), кӯчаҳо, ҳавлиҳо ба наза-
рам кӯча ва кӯшкҳои ҷаннат барин менамуданд. Бале,
ҷавон будам, танҳоӣ, мусофират ва сахтиро надида будам.
Дар дорулмуаллимини Бухоро бачаҳои бадкирдор ва ба-
дангор - талабаҳои бадтол ва нобоб ба ман таарруз кунанд
ҳам, дар баъзе маҷлисҳо маро «чун писари қозӣ» сарза-
ниш кунанд ҳам (азбаски ман аълохон будам, азбаски ман
ба муаллимҳо маъқул будам, шарикҳо ҳасад мебурданд ва
қасдашонро аз «падари ман» мегирифтанд), лекин ба ҳар
ҳол Бухоро буд, шарикҳо, муаллимҳои қадрдон ва ниҳоят
хешу таборон буданд. Дар Термиз бошад, ман іуё танҳо
будам, мусофир будам, ғариб будам...

Не, хайрият шуд, боз гашта ба Бухоро омадам, шарикҳо
маро бо хурсандй пешвоз гирифтанд, ба маорифи округй
бурданд, ки дар он ҷо Сулаймон Алиев ном рафиқ, ки дар
дорулмуаллимин аз ман як синф боло буд, мудир шуда
будааст. Сулаймон Алӣ маро ба мактаби миёна
(ҳафтсола), ки дар іузари Собунгарон буд (як вақтҳо до-
рулмуаллимин дар ҳамон бино буд), муаллим таъин кард.
Гуфтам, ки бинобар хате, ки аз маорифи Термиз шриф-
там, бояд ба Самарқанд, ба маорифи марказӣ равам? Су-
лаймон Алй іуфт, ки хатро ба май диҳед, ҳоҷати маорифи
марказй нест! Май хурсанд шудам ва рафта дар мактаби
миёнаи гузари Собунгарон синфи якумро ба ӯҳда шриф-
там.

Гумон доштам, ки синфи якум осонтар аст. Зеро ки
пештар муаллимй накарда будам, кори таълиму тарбияро
дуруст намедонистам. Хусусан ки он вақтҳо дар кори
таълим ҳар рӯз як методи нав, як қоидаи нав мебаромад.
Ба ман ҳам дастур ва қоидаҳои «долтун план»-ро дода гуф-
танд, ки ҳамаи дарсҳоро бо ҳамин қоида, танҳо худатон
таълим медиҳед. Қоида ҳамин буд, ки ҳар рӯз як мавзӯъро
мегирифтем. Масалан мавзӯи пилла. Ба дарси забон дар
бораи пилла, ба дарси ҳисоб ҳам, ба дарси суруд ҳам ҳама
дар бораи пилла бояд гаи шавад. Ман дарси пилларо гу-
зашта, талабаҳоро ба заводи пиллакашй ва абрешим ги-
рифта бурдам. Бачаҳо дар бораи пилла маълумоти пурра
гирифтанд. Рӯзи дигар мавзӯъи масалан нон буд. Ҳамаи
дарсҳо дар бораи нон іузашт ва дар охир ба ягон нонвой-
хона рафта пухта шудани нонро, ё ки ба ягон осиёб ва ё
заводи орд рафта, просеси ба майдон омадани ордро аз
гандум, дидан лозим буд ва ҳоказо...

Моҳонаи ман ҳаштоду ҳашт сӯм буд. Ба нарху навои
онвақта, ин моҳонаи хуб ба шумор мерафт. Ман аз ҳар
моҳёна миқдори калонеро саришта карда, барои тӯй
нигоҳ медоштам. Ба ман іуфтанд, ки ба арӯс як полту, як
сарбанди абрешимин, ду-се курта, як ботинкаи хуб ва
ғайра харидан лозим. Барои харидани ин чизҳо ва
хароҷоти тӯй, пули ҷамъкардаистодаи ман намерасид.
Маҷбур шудам, ки аз Нақшбандхон яксаду панҷоҳ сӯм
қарз гарам. Нақшбандхон яке аз шайхзодагони хоҷаҳои




мини моҳути сиёҳ, як сарбанди абрешимини «тушберагй»,
як ботинкам соқноки тукмачадор ва ду-се куртаи русидӯхт
харида овардам. Ин чизҳо албатта писанди аммапошшо
намешуд, лекин барои иззати арӯс лозим будааст.

Дар вақти таътили зимистона - охири декабр, ё аввали
моҳи январи соли 1929 - тӯй кардем. Як бегоҳ дар ҳавлии
аммапошшо якчанд хешу таборон ҷамъ шуданд. Ман
ҷӯраҳои худамро хабар кардам. Раҳматй Зуҳурхон, ки дар
мактаби мусиқии миллй мехонд, бо хоҳиши ман устодо-
наш домулло Ҳалим Ибодов, ака Муллой Тоҳирҷони
дуторӣ, Қаровулбегии торзан ва боз намедонам киҳоро
хабар карда овард. Ҳамон дам дар іузари мо, балки дар
тамоми Бухоро аввалин тӯи «сурхро»-ро мо барпо кардем.
На чимилиқ буд, на саломномахонй, на созанда ва ақди
никоҳ! Марду зан дар хонаи калон ҷамъ шуданд, зиёфат
хӯрданд, арӯсро ба паҳлӯи ман оварда шинонданд ва баъд
мусиқй, суруд ва ҳатто рақс cap шуд...

Як детали майдаро ҳеҷ фаромӯш намекунам: Вақто ки
рақс cap шуд, ҷӯраҳо маро ҳам ба рақс кашиданй шуданд,
Саодат - арӯс, ки ҳамин ҳоло ба ман қариб шуда буд, аз
паҳлӯям кашида, рақс накунед, рақс накунед! іуфт. Ин, ба
ман алам кард (як-ду пиёла м?й нӯшида будам), ҳа, ҳоло
ҳамин тавр-мй, іуён аз ҷо бархостам ва донам-надонам
рақс карда нишастам... Хулоса тӯи «сурх» нағз шуд. Ҳама

Шояхшй буда, одами донишманд, адабиётдӯст, мунаввар- Д
фикр ва баобрӯ буд. Ман ва Баҳоутдин Икромӣ гоҳо ба
ҳавлии Нақшбандхон рафта зиёфат мехӯрдем ва сӯҳбатҳои
ширин мекардем. Нақшбандхон китоб ва газетаҳои
мехондагӣ доштанд. Инак, бо маслиҳати Баҳоутдин аз
Нақшбандхон пул қарз шрифтам. Он кас, гӯё расмй куно-
нида ба ман як векселро доданд, ки имзо кунам. Ба пули
қарз аз Когон рафта ба Саодат як полтуи гиребонаш паш-

167
хурсанду шод буданд, магар ки аммапошшо ва кампирҳои
дигар, ки дар хонаи шафат менишастанд ва ба ҷои
хурсандй мегиристанд, ки духтари аллону азизашон
бечимилик, ва бе расму ойини қадима тӯй шуда истодааст.

Ман хонадомод шуда ба ҳавлии аммапошшо дарома-
дам. Дар хонаи калон хоҳарам бо шавҳараш ва фарзанди
аввалинаш - Ибод, ману Саодат дар хонаи «рӯй ба қибла»
(хонаи ҳафтболср, ки начандон калон буд), худи амма-
пошшо дар хонаи «баланд», она лағлақагй (кампире, ки
Саодатро калон карда ва қадрдони ин хонадон буд) ва Му-
родіул ном духтархона дар хонаи «поён» истиқомат ме-
кардем. Ман «домодхоҷаи эрка ва азиз» будам. Як ҷиҳати
калони рӯзгори ҳавлиро ба ӯхда шрифта будам. Ҳар моҳ
аз пули маош орд, биринҷ ва равған мехаридам, дар ҳар се
рӯз гӯшт меовардам. Ба ширу қаймоқу майдахароҷот ам-
мапошшо пул медоданд. Язнаам, ки дар кадом район, на-
медонам чй кор мекард, ба хонадон ҳеҷ манфиат намера-
сонид, як тин пул намеовард, балки гоҳо омада, қасос кар-
да, аз аммапошшо пул мегирифт, ё ки ягон чизашонро
рабуда, бурда мефурӯхт ва баромада мерафт. Кораш
аспсуворӣ, арақхӯрй ва бемазагй буд. Ман, ки ба хонадо-
нашон омада даромада будам, аз ман каме мекибид ва дар
ҳавлй бедодгарй карда наметавонист, банобар он ҳафта-
ҳафта нест шуда мерафт. Хоҳари бечораам номи
шавҳардориро дошта бошад ҳам, бешавҳар ва бепарастор
буд-

* * *

Дар мамлакат сиёсати оқилонаи НЭП (сиёсати нави
иқтисодй), ки Ленини бузург ба муддати дуру дароз
барқарор карда буд, дар замони диктатураи мутлақаи
Сталин ба охир расида истода буд. Он фаровонй ва серию

168
пурие ки буд, барҳам мехӯрд. Дар бозор, дар натиҷаи
андозҳои калон ва фишори сахти иқтисодй деҳқон ҳосил
намеовард, орду гандуму равғану биринҷу гӯшт камёб ва
қимат шуда монд. Шаҳри Бухоро файз ва равнақи худро
іум мекард. Мардум чизу чораи худро ба бозор бароварда
мефурӯхтанд. Бозори ауксиои (кто болше), ки онро дар
Бухоро «хитой болшуй» мегуфтанд, равнақе дошт.
Чиниворӣ, мису мисинаҳои аҷоиб, либосҳо ва
либосвориҳо, соатҳои маҷлисӣ ва девории қадима ва ғайра
ва ҳоказо ҳама ба «хитой болшой» мерафт. Аз берун, аз
дигар ҷоҳо омадагиҳо ин чизҳоро арзону гарон харида ме-
бурданд. Дар Бухоро зиндагӣ кардани мардум душвор
шуда монд. Як хел одамони ба андеша ва батадбир, дар
сари вақт молу ҷонашонро шрифта, ҳавлию ҳавличаю
ҷояшонро партофта, аз Бухоро ба дигар шаҳрҳо, аз
Самарқанду Тошканду Фарғона cap карда, то ба Душанбею
Кӯлобу Ғарм мерафтанд. Ҳавлию ҷои бекас мондаи онҳоро
комитетҳои гузарҳо, ки бештарини онҳо иборат аз фитна-
гарон, молимардумхӯрон ва даҳонкалонон буданд, вайрон
мекарданд, чӯбу чахс, дару тирезаҳои он ҳавлиҳоро
фурӯхта пулашро мехӯрданд. Дар натиҷаи ҳамин
ғоратгарй ҳавлиҳои олиҷаноб, хона ва меҳмонхонаҳои бо
ишқу муҳаббат сохташуда, дару деворҳои нақшин ва
кошкорй ҳама зери хок шуданд. Оҳиста-оҳиста дар
тарафҳои Регистон, канорҳои шаҳр іузар-іузар нобуд ме-
шуд, агар аз боло нигоҳ кунед, он ҷоҳо ба зери бомбаборон
мондагй барин менамуданд. Бале, Бухоро хароб мешуд.
Мо Бухорои қадима ва овозадорро бо дасти худамон зада
нест мекардем, хароб мекардем... Ҳатто ба мадрасаҳо ва
масҷидҳои қадима ва таърихӣ аҳамият надода вайрон ме-
кардем. Як қисми он обидаҳои ноёбро зада пора-пора ме-
карданд, қисми дигарашро анбор, саисхона, мошинахона,

169
ошхона мекарданд. Масҷиди калон анбори кадом идораи
хоҷагй гашта, ба даруни он бо аробаҳо ва автомобилҳо мол
оварда, мол мебурданд. Дар қарибии собиқ дарвозаи
Намозгоҳ, ҳавлии калон ва хонаҳои пурнақшунигори як
бои калонро ба комитета радиошунавонй дода буданд, ки
дар меҳмонхонаи калони нақшунигорини он аппаратураи
радиоро шинонда, аз болои он нақшунигорҳои олиҷаноб
бо оҳак сафед карда буданд. Мадрасаи «Ғозиён»-ро
ҳабсхона карданд, мадрасаи Калободро зада вайрон кар-
данд, ки хишташро истифода баранд, лекин ягон хишти
бутун гирифта натавонистанд, мадрасаи «Турсунҷон»-ро
ба русҳою тоторҳои омадагй ва дигар одамони аз ҷоҳои
дигар омадагй барои истиқомат доданд. Онҳо дар байни
як-ду сол ҳуҷраҳои онро расво карда, дару бидингҳояшро
шикаста нобуд карданд...

Дар чунин шароит зиндагй дар Бухоро мушкил шуда
монд. Соли аввали корам муаллими синфи якум будам.
Моҳёна ҳаштоду ҳашт сӯм бошад ҳам, мерасид. Лекин дар
соли дувум моҳёнаи мегирифтагиам нарасида монд. Дар
шаҳр қиматй cap шуда буд. Соли дувуми корам, яъне соли
1929 ман дар курси дусолаи муаллимтайёркунй, ки дар
гузари Дегрезй, дар ҳавлии собиқи падарам кушода шуда
буд, муаллим шудам. Дар он курс, муаллими собиқи ху-
дам Восем (Восеъ) Султонов мудири илмй буд. Баҳоутдин
Икромй ҳам муаллим буд. Ман дарси забони ӯзбекй ва
дарси табииёт медодам. Дар ин курс бисёртар кор карда,
бисёртар маош мегирифтагй шудам.

Дар ин байн эҷодият ва фаъолияти адабии ман cap шу-
да рафт. Азбаски бисёр мехондам ва дилам бо шавқу
ҳаваси нависандагй пур шуда буд, пас аз дар журнали
«Роҳбари дониш» чоп шудани ҳикояҳои аввалинам («Ша-
бе дар Регистони Бухоро» ва «Ширин») қаламро напар-

170
\ч в

fee* е Іи*.

УЖ-(;

А

тофтам. Дар Бухоро ҳикояҳои «Оё чй бояд кард» ва
«Дорурроҳи мусулмонон»-ро, баъд «Раҳматулло Эшон»-ро
навишта ба «Роҳбари дониш» фиристодам, чоп шуданд.
Аз ин муваффақиятҳо рӯҳ шрифта, повести «Тирмор»-ро
cap кардам ва дар муддати солҳои 1929 ва 1930 ба навиш-
тани он саъй кардам ва ниҳоят ба охир расонидам.

Соли 1930, соли пурташвиш ва ҳиҷрати умумии мар-
думи Бухоро оғоз ёфт. Намедонам чй хосият буд, ки мар-
думи Бухоро ҳамдигарро дида наметавонистагй шуданд..
Аз болои якдигар ба НКВД - ба ГПУ ва дигар идораҳо
хабаркашй, бӯҳтон ва тӯҳмат карда аризаҳо менавиштанд.
Одамони бадкор ва бадхоҳи мардум дар комитегҳои
гузарҳо ҷо шрифта буданд, ба мардум зиндагй намедо-
данд. Ҳар рӯз дарвозаҳоро тақ-тақ зада омада хати сиёҳи
андоз ва налогҳои бедарак ва ноҳаққонаро дода таъкид ме-
карданд, ки пулро зуд тар бурда диҳанд, ки набошад омада
хонаро «печат» (мӯҳр) намуда, молу ашёро хитой болшой
карда мефурӯшанд. Дар мактабу идораҳо ба муаллим ва
хизматчиён заёмҳои бисёре бароварда, моҳёнаи бе он ҳам
андакро ниму нисфй мекарданд ва чунон шароити
дамзиқу бад ба амал омада буд, ки кас мехост, ҳарчй зуд-
тар сарашро шрифта ба ягон ҷои дигар равад. Ана дар
натиҷаи ҳамин ману Баҳоутдин дар курси дусола истода,
кор карда натавонистем, ба Тошканд, ба меҳмонӣ ва тала-
би кор рафтем.

Он вақтҳо дар Тошканд дорулмуаллимини Тоҷикистон
буд. Бектош, Аббос Алиев, Самеъзода, Айгоб Саидй
баринҳо даре медоданд. Директор Комилии Самарқандй
буд, ки яке аз пешравон ва зиёиёни мӯьтабари
ҳамонвақтаи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Вай баъдтар
ба Душанбе омада одами калон шуд, агар фаромӯш на-
карда бошам, раиси Госплан шуд.

171
Ману Баҳоутдин Икромӣ дар хонаи Бектош меҳмон бу-
дем. Як шаб ба рӯи кати калонаш ҳамроҳ хобидем. Он кат
он қадар тахтакана доштааст, ки Баҳоутдинро газида, ху-
нашро макида, абгор карданд. Лекин чй хосият, ки маро
намегазианд, хунам ба онҳо маъқул набуд, лекин ба рӯи
пӯсти бадан ғибир-ғибир роҳ гашта, ғиҷини касро меовар-
данд. Бинобар он, ҳамон шаб ҳар дуямон ҳам қариб хоб
накардем. Рӯзи дигар ман ба ҳавлии амакам -
Аминҷонмахсум, ё ки ба ҳавлии хоҳарам - Матлубаҷон
(дурует дар хотирам намондааст) рафтам. Баҳоутдин на-
медонам ба куҷо рафт. Қисса кӯтоҳ, ки Бектош ва дигарон
ба мо маслиҳат доданд, ки дар Тошканд, ба ҳамон дорул-
муаллимин монда, муаллим шавем. Директор фармон на-
вишт, лекин ба оғози дарсҳо қариб ду моҳ вақт буд. Мо
баргашта ба Бухоро рафтанӣ шуда истода будем, ки аз
Душанбе як хабар омад. Дар моҳи август (соли 1930) дар
пойтахти республика аввалин анҷумани забоншиносони
тоҷик барпо мешудааст. Ба ин анҷуман аз тамоми
шаҳрҳои Осиёи Миёна зиёиёни тоҷик даъват шудаанд.
Роҳбарияти дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд мо ҳар
дуро ҳам ба ин анҷумман вакил таъйин намуда, ба даста-
мон шаҳодатнома дод. Мо хурсанду шод ба Бухоро сафар
кардем.

Дар Бухоро чанд рӯз истодем, пас ба роҳ баромадем. Аз
Бухоро ҳам Хохомов ном муаллими яҳудӣ вакил шуда буд.
Дар Когон ба мо Ҳасанов ҳамроҳ шуд, ки он вақтҳо дар
Тоҷикистон, дар кадом як кори калон буд. Ба вагони
«обшй», яъне бепласкард, ки се қабата буда, тирезаҳои
майда дошт, баромада, бо хурсандй ва шодкомй,
сӯҳбаткунон, шӯхикунон, дар муддати ду рӯз ба Душанбе
расидем. Як сол шуда буд, ки аз Термиз ба Душанбе хатти
роҳи оҳан кашида буданд. Вокзал ҳанӯз бинои дуруст на-

172
ф-

дошт. Аз назди вокзал бинои комитета марказии иҷроия,
ки якумин иморати нав ва калон ба шумор мерафт, мена-
муд. (Ин бино ҳоло аз миён бардошта шуда, ба ҷои он би-
нои нави сеқабатаи вазорати дохилии ҷумҳурй сохта шу-
дааст). Дар миёни шаҳру вокзал дигар иморати казоие на-
буд. Моро ҳеҷ кас пешвоз нагирифт. Мо худамон фойтун
киро карда, ба назорати маориф рафтем. (Дар кӯчаи ба
номи Горкий иморатҳои якқабатаи навсохт буданд, ки дар
онҳо назорати маориф ва идораи рӯзномаи «Тоҷикистони
Сурх» ҷо шрифта буданд). Нозири маориф Нисор
Муҳаммадов моро хунт қабул кард ва бо фойтун ба бинои
техникуми педагога фиристод, ки барои мо дар он ҷо ҷои
истиқоматй тайёр карда буданд. (Он вақтҳо дар Душанбе
меҳмонхона набуд). Бинои техникум дар қатори бинои
ҳозираи вазорати дохилй ҷо гирифта буд, низ аз вокзал
менамуд. Бинои хонаи матбуот, вазорати алоқа ҳанӯз
қомат набардошта буданд, устоҳо пойдевори ин биноҳоро
мегузоштанд. Ягона кӯчаи калони шаҳр - кӯчаи Ленин буд,
ки аз вокзал cap шуда (на ба мисли ҳозира - дуроҳа, балки
як роҳи сангфарш) то ба майдони охирини шаҳр, ки дар
назди бинои ҳозираи Кумитаи марказй воқеъ гашта буд,
мерасиду боз андаки дигар, то ба қарибии бинои ҳозираи
театри Лоҳутй калош меёфт, ки дар ду тарафи он
чойхонаҳо, ошхонаҳои қашқариҳо ва дигар дӯконҳо қатор
шуда буданд. Ободтарин ҷои шаҳр ҳамин ҷо буд. Кӯчаи
Путовский тангу борик ба сӯи дарёи Душанбе мерафт, ки
дар ду тарафи он кулбаҳои ҳақиронаи қишлоқи собиқи
Душанбе буданд. Дар канори дарё ҳар ҳафта як бор, дар
рӯзи Душанбе бозори калон ҷамъ мегашт.

Аз биноҳои калони кӯчаи Ленин, бинои театри ҳозираи
Маяковский буд, ки он вақтҳо онро «Хонаи деҳқон» мено-
миданд. Инчунин бинои бонки давлатй, ки ҳоло ба ҷои

%

К

173
tfrvW&/) АИ, - j/T.'X ОМІ ГЬѴ)

бином сеқабатаи истиқоматй (дар қатори бином магазини
«Универмаги марказӣ») воқеъ гардида аст, буд. Бонки
давлатй якқабата буда, рӯи ҳавлии васеъ дошт ва дар он
ҷо, дар зери айвони васеъ ошхонае буд, ки меҳмонҳои ба
анҷумани забоншиносй омадаро хӯрок медоданд...

Рӯзи аввали омаданамон истироҳат кардем, бо дигар
вакилон шинос шудем, андак пиёда роҳ гашта шаҳрро та-
мошо кардем. Рӯзи дигар, аввали пагоҳ маҷлиси анҷумани
забоншиносй - аввалин анҷумани зиёиёни тоҷик, аввалин
анҷумане, ки дар он аз Тошканду Самарқанду Бухоро ва
дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна вакилон, олимон, забонши-
носон, нависандагон, шоирон ва муаллимон ҷамъ омада
буданд, cap шуд.

Дар қатори вакилони анҷуман устод Айнӣ, устод
Лоҳутй, Пайрав Сулаймонй, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим,
Сарвар, Обид Исматй, Бектош, Зеҳнй, Улуғзода, Баҳоутдин
Икромӣ (писари муфтй Икромчаи мударрис), Ҷабборй
(мудири шӯъбаи нашриёти тоҷикии Самарқанд), Мисбоҳ
Бурҳонов (муҳаррири газетам «Тоҷикистони Сурх»),
САлизода (муҳаррири газетам «Комсомоли Тоҷикистон»,
Носир Муҳаммадов, Комилй, Азизӣ, Баҳром Сирус, Шоҳ
Темуров (котиби СеКа), профессор Андреев, профессор
Семёнов, Ҳилол Каримов, Муродзода (муаллим аз
Самарканд), Хохомов (муаллим), Климчитский (олими
забоншинос), Болотова, Фаина Бравда, Раҳим Ҳошим,
Дайламй ва дигарон буданд. Дар ман сурате ҳаст, ки дар
он акси ҳамаи вакилони анҷуман шрифта шудааст.

Дар ин анҷуман ман аввалин бор бо устод Лоҳутӣ ши-
носо шудам. Пештар, дар он даме, ки бо маҷмӯаи
шеърҳои устод - «Адабиёти Сурх» дар Бухоро шиносо
шудам, шеърҳои классикии он касро хонда азёд мекардем,
дар тасаввури ман устод як шахси фавқулодда,

174
dutii

v i

қоматбаланд, ҷуссакалон, баҳодур, пайғамбар барин ме-
намуданд. Ҳоло бинам он кас як марди миёнақад,
серҳаракат, бо чашмони бонуфуз, бо дасту пои начандон
бузург, ширинзабон, хандон ва ҷозибсимоянд. Моро дида
ба наздамон омадапд, аҳвол пурсиданд, аз куҷо будана-
монро донистанду хурсандй изҳор намуданд. Бухоро мар-
кази маданият ва пойтахти тоҷикон буд; Бухоро ба олам
бузургони бешумор додааст, ки устод Айнй исми як
қисми онҳоро дар «Намунаи адабиёти тоҷик» зикр карда-
анд. Шумо ҳама тоҷикони ҳақиқй ва меросшрандагони
бузургон ҳастед! іуфтанд. Мо ин суханони устодро шунида
ба худ болидем. Устод ба ҳама ёр, ба ҳама мададгор бу-
данд. Хусусан ба занону духтарон серилтифот буданд;
баҳонае намеёфтанд, ки хушомаде зада аз рӯи онҳо бӯсанд.
Ҳаракат ва рафторашон мисли ҷавонони бистсола буд.

Дар ин анҷуман аз Туркистон як олими бузурги забон-
шиноси туркман ҳам омада буд. Дар хобгоҳ бо мо буд.
Халқашро хеле дӯст медошт ва аз қаҳрамониҳои мардони
туркман ба мо нақлҳо менамуд. Наметарсид, рӯйрост
русҳоро истилогар меномид. Мо ҳарчанд ба фикри вай
ҳамроҳӣ накардем ва исбот карданӣ шудем, ки лашкари
сурх ба мо озодй овард, аммо вай ба гуфтаи худ
истодагарй мекард ва мисолҳои аҷиб меовард. Ин олимро
ҳанӯз дар солҳои 1933 шрифта нест карданд, чи тавре ки
ҳамон солҳо Бектош барин касонро аз Тоҷикистон шриф-
та буданд. Вале Бектош пас аз як сол озод шуд ва боз ба
кори илмии худ давом дод.

Дар анҷуман якчанд масьала дида шуд. Масъалаи забо-
ни адабии тодик, масъалаи имло ва алифбо (лотинй) ва
тайра... Дар масъалаи забони адабии тоҷик кашмакаши
зиёде шуд. Баъзеҳо меіуфтанд, ки дар асоси забони адабии
тоҷик забони Бухоро ва ё Самарканд шрифта шавад.

175
h

ъФ

Баъзеҳо меіуфтанд, ки дар асоси забони адабии тоҷик-
забони кӯҳистон гирифта шавад, зеро ки забони кӯҳистон
тоза ва алғаш не. Ниҳоят ба ҳамин қарор омаданд, ки асо-
си забони адабии тоҷик забони миёнкол (байни Бухорою
Самарқанд) аст. Ин забон ҳам дар Бухорою Самарканд,
ҳам дар кӯҳистон ва ҳам дар Хуҷанду Уротеппа фаҳмост.
Лекин ҳаёт худаш нишон дод, ки забони адабии тоҷик бо
мурури замон, бо саъю кӯшиши нависандагон, олимон,
журналистон ва муаллимон - забони адабии шаҳри Ду-
шанбе, забони адабии маркази Тоҷикистон аст. Зеро дар
Душанбе аз бисёр вилоят ва ноҳияҳои тоҷикнишини Оси-
ёи Миёна одамон, соҳибони забон - наеисанда, журналист,
олим ва муаллимон гирд омада буданд. Устодони бузурги
адабиёти шӯравии тоҷик - устод Айнй, устод Лоҳутй ба
ташкили чунин забони адабй роҳбарӣ карданд.

Дар ин ҷо оид ба роҳбарияти ин бузургон ҳаминро қайд
кардан мехоҳам, ки боре дар солҳои 1937-38 як қисм олим-
тарошон ва ҳатто БрагинскийҶдар СеКа кор мекард) ва
дигар «роҳбарони» чаласавод даъво карда баромаданд, ки
«забони адабиро ба халқ, ба забони іуфтуіуи халқ наздик
кардан лозим аст. Модоме ки мардум пасояндаи «ро»-ро
дар іуфтугу кор намефармоянд, китоба те, Бухороба мера-
вам, диламба занед, хоная рӯбед ва ғайра меіуянд, дар на-
вишт ва забони адабй ҳам инро кор фармудан лозим, «ро»
даркор нест...» Азбаски ин даъвогарон дар роҳбарият бу-
данд, то як дараҷа гапашонро іузарониданд ва дар мат-
буоту нашриётҳо пасоянди «ро»-ро нест карданд. Газетаҳо,
китобҳо бе «ро» чоп мешуданд, ба ҷои «ро» - «я», «ба» кор
мефармудагй шуданд. Он вақтҳо дар нашриёти тоҷик, дар
шӯъбаи адабиёти бадей Коволевская ном зани рус мудир
буд, аз забони тоҷикӣ баҳра набурда буд. Вай ҳамаи
корректураҳоро аз назар іузаронида, дар ҳар ҷо ки «ро»

176
бошад кӯр карда, ба ҷояш «я» ё «ба» менавишт. Боре як
корректураро аз назар іузаронидам, ки аз калимаи Бухоро
ҳам, «ро»-ро шрифта партофта, «я» - «Бухоя» навишта-
аст... Дар ин ҳол устод Айнй ва устод Лоҳутй дар конфрон-
си забои чун аждаҳо баромад карданд ва тарафдорони
барҳам додани «ро»-ро зада, торумор намуданд ва боз
гашта забони адабии тоҷик ба ҳадди эътидол даромад...

Бале забони миёнколро асоси забони адабии тоҷик
карда шрифта буданд, вале дар ин байн забони миёнкол
забони мардуми Бухоро ва Самарканд, чунон вайрон шуда
рафт, ки ҳатто ман ба Бухоро рафта бо мардум сӯҳбат ку-
нам, баъзеҳо суханҳои маро дуруст намефаҳмиданд ва
фаҳманд ҳам механдиданд, ки гӯё ман «мастчоҳӣ» шуда
рафта бошам. (Дар ин хусус дар вақти навишта истодани
ин сатрҳо дар истироҳатгоҳи «Зимчурӯд» бо Камол Айнй
ва Салоҳ Солеҳов сӯҳбат кардам. Ба фикри ин дӯстон асоси
забони адабии тоҷик таърихан ва амалан дар ҳақиқат за-
бони мардуми Бухорост. Зеро забони мардуми Бухоро за-
бони аслй ва қадимаи халқи тоҷик аст. Луғат ва калимоте,
ки дар забони мардуми Бухорост, дар вақташ, дар замони
Абӯалӣ ибни Сино ва аз он ҳам пештар дар адабиёти
классики кор фармуда мешудааст. Калимаҳое ба мисли
«магас, тагал, санҷид» ва ғайра дар дигар лахдаҳо ва
ноҳияҳои Осиёи Миёна нест. Алҳақ асоси забони адабии
тоҷик - забони мардуми Бухорост! Алҳол ки дар натиҷаи
зӯран ӯзбекӣ карда шудани матбуот, мактаб ва маориф,
дар Бухоро забони ҷавонҳо тағйир ёфтааст ва бисёр
калимаҳои ӯзбекй ба миён даромада аст, ин ҳисоб не. За-
бони адабӣ гоҳо ба ҳамин қабил тағйиротҳо дучор шуда
меистад. Мо асоси онро мегирем...)

Дар масъалаи имло ва алифбо ҳам кашмакаши зиёде
шуд. Хусусан оид ба «ӯ»-и дароз ва «у»-и кӯтоҳ, дар бораи

177
«о» ва «а» мубоҳиса калон шуд. Дар забони мардуми
кӯҳистони тоҷик, дар іуфтугуи мардуми Кӯлоб, Ғарм ово-
зи «ӯ» (кӯҳ, кӯр) нест, яъне ҳарфи вови мавҳуда пест, онҳо
ин ҳарфро ба шакли вови дароз мехонанд. Мардуми Бухо-
ро, Самарканд, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо «ӯ» (вови мавҳуда)
доранд. Агар «кӯшиш»-ро бо ҳарфи «у» (чуноне ки дар
кӯҳистон) хонед, «кушиш» (аз калимаи куштор) мешавад.
Е ки «кӯра» (оташдон)-ро бо ҳарфи «у»-и дарози
кӯҳистониён хонед «кура» (ба маънои чизи лӯнда, шар)
мешавад. Дар масъалаи ҳарфи «о» іуфтем, ки онро ба ҷои
«алиф», яъне «ойи кушод» ба мисли офтоб, ойина ва ғайра
қабул карда шавад. Баъзеҳо, хусусан рафиқони эронй онро
ба ҷои «ӯ», яъне вови мавҳуда қабул карданӣ шуданд.
Ниҳоят ба ҳамин қарор омаданд, ки дар тоҷикон ҳарфи
«о» ҳарфи кушод аст ва он ба ҷои «алиф» қабул карда ша-
вад.

Дар анҷуман Бектош, Климчитский, Мунзим, Лоҳутй,
Айнй, профессор Семёнов, Андреев ва дигарон фаъолона
баромадҳо карда, суханҳои нек гуфтанд. Дар охири
анҷуман Сотим Улуғзода баромад карда, рӯйихати
ҳафтдаҳ нафар нависанда, олим ва муаллимонро хонда
дод, ки онҳо изҳори ба Душанбе омада кор карданро кар-
даанд. Ба ин гурӯҳ.номи «Бригадаи зарбдори адабй» до-
данд. Дар ин ҷо ман номи онҳоеро, ки дар ин «бригада»
аъзо буданду дар хотирам монда аст, менависам: Бектош,
Муродзода, Сирус, Ҳилол Карим, Азизй, Баҳоутдин
Икромй, Ҷалол Икромй, Обид Исматӣ, Зеҳнй, Бухоризо-
да, Раҳим Ҳошим, Хохомов, Пайрав Сулаймонй ва дига-
рон. Анҷуман сухан ва таклифи Улутзодаро бо
чапакзаниҳо пешвоз шрифт. Рӯзи дигар моро комиссари
маориф - Носир Муҳаммадов дар кабинета худаш қабул
карда, масъалаҳои ба Душанбе омадан ва кори моро

178
\AArk ;/ dsii

муҳокима кард. Гуфта шуд, ки барон мо як хонаи
стандарта (аз тахтаю чӯб) дар шаҳраки стандартии Ду-
шанбе сохта шуда истодааст, ки дар моҳи октябр ба анҷом
мерасад. Ба ҳамаи мо кор тайёр. Ҳар кас хоҳад муаллим
мешавад, нахоҳад дар идораҳои рӯзнома ва маҷаллаҳо кор
мекунад. Худи ҳамон рӯз ба ҳар кадоми мо бо қимати
имрӯзааш қариб ҳазор сӯмӣ пул доданду іуфтанд, ки ин
маблағи командировка ва ғайра мебошад. Ба гумонам ба
ҳамин тадбирҳо дили моро гарм карданӣ буданд, ки аз
қавламон барнагардем ва албатта ба Душанбе, ба кор биё-
ем. Дар ҳақиқат он рӯзҳо ҷумҳурият ба кадрҳои илмию
адабй эҳтиёҷи калон дошт ва бо ҳамин восита корҳои ил-
мию адабиро равнақ доданй буданд.

Ману Баҳоутдин Икромй, ки худамон як ҷои кор ва да-
ромади беғаш кофта гашта будем ва аз таъқиботу фишори
доданҳои чуғулҳои Бухоро безор шуда будем, ин воқеаро
барои худ як амри хайр донистем ва хеле хурсанд шудем.
Дар бозгашт бисёрии вакилон ҳамроҳ ва дар як-ду вагон
будем. Чи тавре ки іуфтам, поезд аз Душанбе ба Бухоро
қариб ду шабу ду рӯз роҳ мегашт. Дар ҳар ҷо меистод,
баъзан дар истгоҳҳо соатҳо мунтазири роҳ гаштани поезд
мешудем. Дар кадом як истгоҳ паравоз вагонҳоро монда
ба ким-куҷо мерафт. Меіуфтанд, ки ба обгирй ба канори
дарёи Омӯ меравад. Дар ҳамин хел истоданҳо Баҳор ном
сароянда ва навозандаи машҳур, ки он вақтҳо мақбули
ҳама буд, торашро гирифта, аз вагон мефуромад, мо ҳама
ба гирди вай, ба рӯи сабза ва сангҳо менишастем ва ӯ
нағмасарой мекард. «Мурғи саҳар» ном суруди ӯро ман
дар ҳамин сафар шунида будам. Ин Баҳор, чанд гоҳ дар
Душанбе консертҳоро обод_мекард. Баъд намедонам, дар •
соли 1933, ё дар соли 1937 ӯро ҳам гирифта ҳабс карданд ва
беному нишон рафт.

179
Хоҳари ҳамин Баҳор Мулук Баҳор артисткам хизмат-
нишондодаи театри Опера ва балети мо буд, дар соли 1989
қазо кард.

Воқеаи дигаре, ки дар ин роҳ воқеъ шуд, ҷанҷоли гум
шудани пули Б.Икромй буд. Дар вагон ману Баҳоутдмн,
ҳар ду рӯ ба рӯ, дар полки лѵюм мерафтем. Рӯзона
Б.Икромй ҳар замон кисаи пур аз пули худро нишон дода,
ана пул, ана пулҷон! іуфта мемонд.

Боре дар вақти хобидани ӯ рафиқон пулашро аз кисааш
гирифтаанд. Чун бедор шуд, якбора ба доду вой cap кард.
Намедонам касе ба вай гуфт, ё худаш шубҳа карда ба ман
часпид, маро ҳақорат дод (ки ман ҳеҷ гоҳ аз вай ин раф-
торро надида будам) ва пуламро ёфта те, іуфт ва чунон
девонагиҳо кард, ки ҳама ҳайрон шуданд... Ниҳоят пулаш-
ро доданду вай хомӯш гашт.

Пас аз ин дӯстии байни мо гусиста шуд ва аз ҳамдигар
ҷудо шудем. Бале, одами ҳарис, одами тангчашм ва іурус-
намурда ва нокас ҳамин хел мешавад. Барой як тин пул
дӯсташ, додараш, хоҳарашро мефурӯшад. Б.Икромй аз
ҳамин қабил одамҳо будаасту ман аз соддагӣ ва
бетаҷрибагӣ инро намедонистем.

Модоме ки ran омад, шаммае дар бораи Баҳоутдин
Икромй: ин, писари дуюм (сеюм)-и муфтй Икромҷони
машҳур аст, ки устод Айнй шарҳи ҳоли ӯро дар
ёддоштҳои худ ва дар «Материалҳо оид ба таърихи
инқилоби Бухоро» қайд кардаанд. Писари калони ӯро дар
Ғузор бо фармони амир, ҳокими Ғузор ба ҳабс шрифта
кушта буд. Писари аз вай хурдй - Маъсум Икромӣ буд, ки
хонда муаллим шуд ва рафиқи хеле хуб, донишманд буд.
Дар охирҳои умраш (соли 1932-40) ба Самарқанд рафта
муаллимй кард, аз ҳисоб дарс медод, зану фарзандонаш
буданд ва дар ҳамон ҷо вафот кард. Баъди Маъсум,

180


Баҳоутдин, баъди вай Зиё Икромй буд, ки институти тиб-
бии Самарқандро тамом карда духтар шуд ва пае бо чй
навъе ба устод Айнй худро маъқул кард, номи профессо-
риро шрифт ва бо саъю кӯшиши устод ба Душанбе омад,
чанд гоҳ дар институти тиббй даре дода, дар бемористони
назди институт сардухтур шуд. Боре дар фалокати
автомобилӣ сараш кафид, пояш шикает, дар натиҷа ба
майнааш халал расид ва худро шоир ҳам эълон кард.
Ҳатто М.Турсунзода дар кадом як анҷумани нависандагон
ба вай сухан дод, ки нутқ карда, шеърашро хонад. Баъд
маълум шуд, ки ин ҳама аз халал ёфтани майна будааст.
Дар бемористон ҳам кор карда натавонист, якчанд
духтурҳои ленинободй ба вай ҳуҷум карда, аз кор гириф-
танд ва ӯ маҷбур шуд, ки дар институти педагога муаллим
шавад. Ана, дар ҳамин вақт аз зану фарзандҳояш ҳам ҷудо
шуд ва аз кадом маҳалле ҳавлӣ харида, танҳо истиқомат
кард ва расвоиҳо кард, ки маҷбур шуданд, аз муаллимй
ҳам ҳай карданд. Ба іумонам ҳоло дар райони
Орҷоникидзеобод, дар ҳавлии писари калониаш
истиқомат дорад ва ба ҳеҷ ҷо кор намекунад. Ихтилоли
майна ҳанӯз ҳам асари худро дорад.

Бародари аз ҳама хурдии онҳо (номашро фаромӯш
кардам) чанд гоҳ дар поезди борик (узкоколейная ж.д.) дар
зери дасти як рафиқи меҳрубон кор кард, баъд ба
муқобили вай баромада ӯро зад ва ба ҷояш нишаст. Пае,
ин хислати бад ва рафтораш ӯро ҳам дар охир расво бояд
карда бошад.

Аммо Баҳоутдин Икромй, ки на аъзои комсомол ва на
аъзои партия буд, ба Душанбе омада якбора бе ҳеҷ ran
аъзои комсомол шуда монд. Баъд фаҳмем, занашро ба
Қурбонов ном котиби СеКа комсомол, ки аз эрониҳои Бу-
хоро буд, ошно карда, бо ин васила соҳиби билети

181
комсомолй гаштааст. Вай чанд гоҳ дар идораи маҷаллаи
«Инқидоби маданй» кор карду пас ҳамроҳи Қурбонов ба
Кӯлоб рафт. Қурбоновро дар Кӯлоб котиби Обком партия
таъйин карда буданд. Пас аз соле аз он ҷо баргашта омаду
гуфт, ки вай аъзои партия шудааст. Дигар дар Душанбе
кор накарда рафт ба Самарканд. Баъд фаҳмам, ки занашро
талок, додааст (ин занро дар вақти дар курси дусолаи
муаллимтайёркунй муаллим буданаш, аз байни шогирдо-
наш интихоб карда шрифта буд. Номи занаш Муҳаррама
буд, ки баъд ӯро Ато Иззат - писари Мирзо Иззатулло
махсуми ҷадид шрифт. Аз Ато Иззат фарзанд кард. Ато
Иззат хеле ҷавон мурд, вале занак ҳанӯз барҳаёт аст).
Баҳоутдин дар Самарканд ба техникуми хоҷагии қишлоқ
мудири илмй шуда гашт; зан шрифт, хонаю до кард. Дар
соли 1937 ҳабс нашуда монд (зоро худаш агенти ГПУ бо-
шад). Вале баъд маълум шуд, ки техникумро горат карда-
аст. Аз партия ронда, чанд гоҳ ҳабс ва бадарға карданд.
Дар охирҳои ҷанг озод шуда боз ба Самарканд меояд ва
дар Уріут ба кадом як курс мудир таъйин мешавад. Дар ин
ҷо ҳам аз аъмоли бадаш тавба намекунад; ведомостҳои со-
хта карда пули давлатро мехӯрад ва боз ҳамроҳи бухгалте-
раш суд мекунанд, чанд сол дода бадарга мекунанд. Пас аз
ду-се сол озод шуда ом ада, дигар кор намекунад. Ҳоло на-
медонад дар чй аҳвол аст.

Ҳаёт ва зиндагии ин шахе ана ҳамин тавр мегузарад.
Пул бошаду мансаб бошаду калонигарй бошад. Барой ин
ҳар се обрӯ, иззат, номус ва зану бачаро мефурӯшад. Дар
дунё чй одамони разил ҳастанд, ки аввал мо намедонем,
ошно ва ҷӯра мешавем, асрори дили худро мегӯем... Баъде
ки вай мисли каждуми зери бӯрё заҳр зад, медонем, ки вай
чй ноодам будааст. Ман дар умри худ ба чунин номардҳо,
ба чунин бевиҷдонҳои бисёре вохӯрдаам, ки навбаташ ра-

182
сад дар бораи онҳо низ менависам.

Аз Душанбе бо кисаҳои пур ва димоғи чоқ баргашта
оидаро хурсанд кардам. Гуфтам, ки пас аз ду моҳ мо бояд
кӯчида равем. Дар Душанбе барои мо хонаи махсус бино
кардаанд ва он дар ҳамин қарибӣ тайёр мешавад (аҷаб
соддагӣ!). Аммапошшо ва Саодат розй шуданд. Ҳаминро
қайд кунам, ки ҳамон сол дар аввали сол Саодат ба ман як
духтарча оварда буд, ки номашро Мунира мондем.

Дар ин ҷо як саргузаштро, ки аз хотирам баромада
мондааст, навиштан мехоҳам.

Ҳамон соле ки;.(1928) ман аз мактаби олии Самарканд
нағз имтиҳон дода, ба рӯйихати аз мактаб хориҷкарда-
шудагон набуданамро дониста хурсанду шод ба Бухоро
баргаштам, Аббос Алиев дар Бухоро мудири илмии курси
тобистонаи такрории муаллимон туда будааст. Ман, ки
пештар каме шиносой доштам, рафиқонам маро ба назди
вай бурданд. Вай маро хуш қабул карду дарҳол муаллими
адабиёти ӯзбек таъйин намуд. Ман ки то ба он дам
муаллимй накарда будам ва усули тадрисро дуруст наме-
донистам, ҳайрон будам, ки ба муаллимҳо чи тавр карда аз
адабиёти ӯзбек даре диҳам. Аз ҷиҳати назария тайёр бу-
дам, маълумоти кофй доштам, вале таҷриба надоштам.
Аббос Алиев іуфт, ки шарм накарда даре додан гиред,
инҳо муадлим бошанд ҳам, дуруст намедонанд.

Рӯзи аввали ба синф даромаданам ва дарси аввал ҳанӯз
ҳам аз хотирам нарафтааст. Ба синф ҳамроҳи Аббос Алиев
даромадем. Бинам, ҳамон муаллимҳои калонсол, ки баъзе
аз онҳо дар вақташ ба худи ман даре дода буданд, болои
партаҳо нишастаанд. Аббос Алиев маро шиносонда,
муваффақият^д дарсро хоҳон баромада рафт. Ман мондаму
як синф пур аз муаллимҳои калонсол, ки бисёрии онҳо ба
ман падар ва бародари калон шуда метавоиистанд. Ба рӯи

183
онҳо нигоҳ карда, аввал ман даступо хурдам ва дақиқае чи
іуфтани худро надониста мондам. Дақиқае гузашт ва ман
худро ба даст гирифта, мақсадамро іуфтам: Мо аз адабиё-
ти ӯзбек, аз таърихи адабиёти ӯзбек сӯҳбат мекунем, іуф-
там ва cap кардам аз таърих, вале бесарунӯк гуфтан ги-
рифтам. Хайрият, ки занг шуду ман халос хӯрда барома-
дам. Дар дарси дуюм яке аз муаллимҳои кӯҳансол ба ман
мактубе оварда дод, ки дар он навишта буд:- Муаллим
Икромй асло мулоҳиза накарда даре додан гиред. Дунё
ҳамин хел сохта шудааст: мо муаллимҳо дар вақташ ба
шумо даре медодем, акнун шумо хонда, илм гирифта ома-
да ба мо дарс медиҳед, ҳеҷ ran не!

Ман ин меҳрубонй ва ёрии он муаллимро ҳеҷ фаромӯш
намекунам. Дар ҳақиқат, пас аз ин хеле далер шудам ва
озодона даре додан шрифтам...

Модоме ки ran дар бораи Аббос Алиев рафт, мехоҳам
дар бораи ин шахси машҳур чизе гӯям: Аббос Алиев аз
эрониҳои бухорост. Дар куҷо таҳсил карда, илм омӯхтааст,
намедонам, фақат ҳамин қадар медонам, ки вай яке аз
инқилобчиҳои Бухоро буда, ҳанӯз пеш аз инқилоб аъзои
партияи коммуниста будааст. Дар корҳои тайёрй ба
инқилоби Бухоро хизматҳои намоёне дорад. Дар Чорҷӯй
ба корҳои ташкили аввалин анҷумани партияи коммуни-
стам Бухоро иштирок карда, фаъолият нишон додааст.
Пас аз инқилоби 1920, дар. комитета марказии партияи
коммуниста!! Бухоро кор карда, ба іумонам шӯъбаи
ташвиқот ва тарғиботро идора мекард. Аз ҳамон рӯзҳо як
чиз ба хотирам мондааст: соли 1924, моҳи январ дар Бухо-
ро кадом як дастаи артистони тотор, ба гастрол омада, пе-
саи «Йӯлбосар Алим» ва чанд песаи дигарро нишон медо-
данд. Як шаб дар посоҷ, дар бинои театр ба тамошои
«Йӯлбосар Алим» машғул будем, ки нохост дар байни

184
рафтаистодани бозй, пардаро пӯшонданду ба пеши саҳна
Аббос Алиев баромад ва гиря карда истода хабар дод, ки
«доҳии меҳнаткашони одам», «падари бузургвори мо» -
Владимир Илич Ленин аз дунё чашм пӯшид!» Мо ҳама
маъюс ва гамгин шудем. Театр ва саҳнаро фаромӯш карда,
аз ҷо бархостем ва хона ба хона шудем. Рӯзи дигар митин-
ги калоне барпо шуд. Дар ин ҷо ҳам Аббос Алиев ба сухан

баромад. Ман, ки Ленинро медонистам,. (бори аввал дар
_ іія 4*л ' 4 ^^-j

бораи у аз падарам шунида будам) ва доҳи, роҳбар будани

ӯ ба шуури ҳамонвақтаи ман даромада монда буд ва хусу-

сан пас аз нутқҳои оташбори Аббос Алиев вафоти ӯро до-

ниста хафа шуда будам.

Аббос Алиев дар ҳақиқат нотиқи зӯр буд. Вай ҳам ба
тоҷикй, ҳам ба русй, ҳам ба ӯзбекй нутқ карда метавонист.
Ҷавони базеб, далер ва боақл буд. Ҳамин қадар айб дошт,
ки дар як ҷо ором кор карда наметавонист. Албатта ба яке
аз калонҳо мечаспид ва танқид мекард ва бо опозитсия
бармехост. Дар Бухоро бо Файзулло Хоҷаев ва дигарон да-
стбагиребон буд ва бинобар он бисёр кор карда натаво-
нист, гӯё ба Москов ба хондан рафт. Пас аз ташкили
ҷумҳурии ӯзбекистон ба муаллимй машғул шуд. Дар хо-
тир дорам, ки боре бо рафиқонаш дар Бухоро шӯриш
барин ҳодисаро барпо кард. Ҳамаи мактабҳо ва ода-
мони гузарҳоро ба no хезонда ба кӯча намоиш ташкил
дод. Максад хамин буд. ки мактабхои Бухороро
точикӣ кунанд! Дар хакикат. пас аз намоиш такрибан
хамаи мактабхои Бухоро ба забони точикй баргардо-
нида шуда.нд.

Аббос Алиев дар Москов кадом як мактаби олии пар-
тиявиро тамом кард, ё худаш ҳаракат карда маълумоти
олй гирифт ва чанд гоҳ дар мактабҳои олии Тошканд (дар
дорулмуаллимини тоҷикон, ки дар Тошканд буд) дарси

185

J
таърихи партия ва ленинизм медод. Дар соли 1937 ӯро ҳам
ҳабс карданд. Ман дар ҳабсхонаи умумии шаҳри Душанбе,
аз тирезаи яке аз хуҷраҳо ӯро дидам. Пас аз соле озод шу-
ду дар Москов, дар Днепропетровский ва Алмаато кор
кард, чун профессор даре дод ва дар Алмаато нохост ди-
лаш кафида мурд.



Бале, дар Бухоро барои ба Душанбе кӯчида рафтан та-
раддуд мекардем. Мо хостем, ки қолину кӯрпаю кӯрпача,
либосу асбоби рӯзғорро ба бағоҷ супорида, гирифта ба-
рем. Ягон кас нагуфт, ки о аблаҳ, аввал сабукак худат рафта
хонаю ҷоягро дуруст кун, баъд кӯчу кӯчманатро бардошта
бар! Ҳамин тавр содда, гапдаро ва бетаҷриба будам ва ягон
каси оқил, роҳбар ва маслиҳатгӯ надоштам.

Дар Бухоро ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна «Союз-
транс» ном ташкилоте буд. Мардум ба сарои он ҷо чизу
чораашонро бурда мебандонданд ва ба ҷои лозима бағоч
мекарданд. «Болшой скорий» (тезрав), «Малоскорий» (сус-
грав) дошт. Ман ҳама асбоби рӯзғорро ба ин «Союзтранс»
бурда, аввал ба қолинҳо ва шолҳо печонида бандондам ва
баъд бағоч кардам. Бо худ як-ду-се чамадон ва чизҳои за-
руриро гирифтем, ки то расидани боғоч истифода барем.

Моҳи октябр расид. Man аммапошшо, Саодат ва дух-
тарчаамон - Мунираро гирифта, ҳамроҳи Б.Икромй, ки
вай ҳам занашро ҳамроҳ дошт, ба Когон баромадем. Дар
Когон ба мо Пайрав Сулаймонй ҳамроҳ шуд. Вай ҳам ба
Душанбе мерафт. Ман аз рӯи «одат» ба вагони мулоим
(мягкий) билет шрифтам, Пайраву Б.Икромй ба вагони
му&аррарй - плоскард. Лекин ҳайрон будам, ки ҳамаи мо
дар як вагон будем, рақами вагонамон як буд. Поезд омад,
баромада бинем, ними вагон мулоим, нимаш плоскард

186
t

будааст. Плоскард гирифтагон ҷо ёфтанд, аммо ману ои-
лаам беҷо мондем. Дар қисми мулоими вагон ҷо набуд.
Маълум, ки билетро барзиёд фурӯхтаанд. Боҳиб, ё хизмат-
гари вагон (проводник) гуфт, ки дар Қаршй ҷо холй меша-
вад, ҳоло як ҷо ҳаст. Дар он як ҷо аммапошшо, Саодат ва
Мунираро шинонда, худам дар кати Пайрав нишастам.

Пайрав Сулаймонй шоири олиҷаноби тоҷик, мумкин
аст іуфт, яке аз сэром адони шеърияти пасазинқилобии
тоҷик, аз «чала»-ҳои Бухорост. Падару бобоҳояш туҷҷор
буда, бою бадавлат будаанд. Дар солҳои НЭП худи Пайрав
ва бародараш Яҳёҷон дар растай калони Бухоро магазини
пойафзолфурӯшӣ доштанд. Пайрав фурӯшандагй наме-
кард, лекин Яҳёҷон дар паси тахтаи дӯкон фурӯшандагӣ
мекард. Пайрав бо сарулибоси бисёр хуби урупой, дар
даст асои базеб, дар чашм айнак гоҳо дар магазин ба бо-
ной стул нишаста, бо дӯстонаш сӯҳбат мекард. Бай ҷавони
қадбалапд, логарандом, бо чашмони калон-калони бану-
фуз, бо симои ҷозиб ва ҷолиб, хушсарузабон ва меҳрубон
буд. Бай пеш аз инқилоб дар мактаби «Русский-
туземний»-и Когон мехонд. Чи тавре ки худаш меіуфт, то
аз дарвозаи шаҳр баромада ба «поездча» (поезди байни
Бухоро ва Когонро ҳамин тавр меномиданд) ҷогир шуда-
наш, саллаю ҷомаро аз сэру тан намегирифтааст. Ҳамин
ки поезд роҳ гашт, ҳар ду бародар саллаю ҷомаро аз сэру
тан дур карда, бо шабкаю фӯрмаи мактабй ба Когон мера-
сидаанд. Албатта бо таъсири ҳамин мактаби русй ва бо
мутолиаи китобҳои бисёр, Пайрав аз ҷавонй ба шеъру
адабиёт марок, нишон дода, пас аз инқилоб ба шеърнависӣ
cap кардааст. Бай дар Афганистан, дар сафоратхонаи
ҷумхурияти Бухоро кор карда, баъд ба Эрон меравад, пас
дар Москов истиқомат ва кор мекунад, ҷаҳонбинии худро
васеъ месозад. Азбаски русиро хуб медонист, аз адабиёти

187

і
классики ва замонавии рус нагз истифода бурдааст.
Меіуянд, ки ба як духтари тотор ошиқ туда «Ишқи дух-
тари Чингиз» ном роман, ё повеете навишта будааст. Am-
mo ин'асар чоп нашуда мафқуд гашт.

Вақто ки мо дар поезд ҳамроҳ мерафтем, Пайрав шои-
ри такмилёфта ва хеле боистеъдод ва олиҷаноб шуда буд.
Пайрав аз ман даҳ сол калон ва хеле ҷаҳондида буд. Дар

Lcӯҳбaтaш шинед маҳву мот мешавед ва худро канда наме-
тавонед. Бе ҷо мондани маро дида, маро ба назди худ ши-
нониду хеле суханони тасаллоомез гуфта, таскин дод. Баъд
іуфт, ки то ба Қаршй вақт бисёр, ман ба шумо як афсонаи
ғалатиро іуфта диҳам. Номи афсона «Ҳастимӣ, ҳастам» аст
ва cap кард ба афсонатӯй... Ҳамин тавр маро сокӯл карда
нишасту худаш ҳам нахобид, то ки ба Қаршй расидем ва
ман ба ҳуҷрае, ки оилаам дар он ҷо буд, даромада ҷо ги-
рифтам ва хобидам.

Ба Душанбе расидем, ба вазорати маориф рафта аз хона
ҷӯё шудем. Гуфтанд ки ҳайҳот, хона ҳанӯз буд нашудааст.
Хайрият ки дар он ҷо Сулаймонхон Усмонов - ҷияни худ-
ро дидем, ки аз мо пештар омада будааст ва дар тараддуди
кор будааст. ӯро Юсуфй ном мудири шӯъбаи кадрҳои
маориф ба ноҳияи Кангурт, ба мудирии кадом як мактаб
таъйин мекард. Ҳамин Сулаймонхон моро ҳамроҳи худ
шрифта бурд ва дар кадом як паскӯчаи Душанбе (ба гумо-
нам дар мавқеи ҳозираи меҳмонхонаи СеКа), дар кулбаи
кампираке ҷо дод. Ин кулба як дари даромад дошт, дигар
тиреза ва сӯрохие надошт. Ба замини^н^ми он аз куҷо шо-

лаке ёфта партофтему хобидем. Кб^юн^а^ои Бухоро, гиле-

- г X'

му қолину курпаҳои адрасу шоҳи ва болиштҳои париқуро
партофта бошем ҳам, чандон хафа ва пушаймон набудем.
Ҷавон будем, ба ҳар сахтй ва нотинҷй тоқат мекардем. Ху-
сусан ки дар Душанбе аз ҷиҳати кор, аз ҷиҳати ҳурмат ва

188
эътибор бартарӣ доштем.

Бале, аз Бухоро аз зодгоҳамон баромада, ба ин хел азо-
би мусофирй дучор шуданамон сабаб дошт. Сабаби он
ҷамъият, сиёсат, шароит ва муҳити ҳамонвақта буд. Охир,
аз Бухоро фақат мо не, садҳо ҳазор оилаҳои ба худашон
тинҷ ва осуда, аз баҳри ҳама чиз іузашта, кӯчида ба кӯи
мусофирй рафтанд. Ба худамон ноошкор, номаълум моро
танг карданд, фишурданд ва ба ҳоламон намонданд. Ин
сиёсат ва зулми сталинй буд, ин сиёсати ҳамонвақта буд,
ки мардуми бисёр нағз, осуда ва мадании Бухороро, зуб-
даи халқро саркӯб карданд (ба ғайр аз он, ки садҳо
бе1уноҳонро ҳабсу табъиду тирборон карданд) боз куш-
танд, ронданд ва аз шаҳр берун карданд. Ҳавлию хонаҳои
карпгастӣ. іулу гулбуррии мардумро вайрон карданд,
обидаҳои таърихиро аз миён бардоштанд, қабристонҳоро
вайрон карданд... Ба кӣ лозим буд ин кор? Ба чй лозим буд
ин кор? Разилон ва нокасони бисёр, ки буданд, аз ин сиё-
сат, аз ин таъқиби мардум истифода бурданд, соҳиби хо-
наю ҷою кошонаҳои мардуми бегуиоҳи бадарғагашта шу-
данд... Ин ҳол дар бисёрии шаҳрҳои Осиёи Миёна воқеъ
гашт.

Хулоса, ки дар Душанбе, маориф маро ба техникуми
педагогй муаллим таъин кард. Техникум, чи тавре ки гуф-
там, дар қатори кинотеатри Ҷомии ҳозира, пас аз бинои
Управленияи ЗАГС, дар кӯчаи (давоми) Ленин воқеъ гаш-
та буд. Мудирият ба ман як қисми роҳрав (коридор)-ро
ҷудо карда, пешашро бо тахта банд карда, дар ниҳод ва
хонае сохта дод. Ба он хона столу стулҳо ва катҳо монданд.
Мо кӯчида омада ба роҳат нафас гирифтем.

Баъд аз оне ки хонаю донок шудем, ба фикри рафта ги-
рифтани баточ афтодам. Ба Союзтрапс рафта, ҳамаи
чизҳоро ёфтам, ба тайр аз як лӯнда чиз, ки он иборат буд

189
А

аз қолини хуби қизилаёқи туркманй - бараш дуним метр,
қадаш сеюним метр, сандуҷкаи бисер хуби «мавҷ», ки ба
дарунаш асбобҳои қиматбаҳо, нуқра ва тилловориҳо буд,
дар байни чизҳо ҳамин лӯнда нест. Союзтранс іуфт, ки мо
намедонем, он чй ки фиристоданд, мо ба шумо додем!

Дуд аз димотам баромад. Соддагй ва бетаҷрибагиро
бинед, ки ба ҳеҷ як идора, на ба милиса, на ба прокурор
муроҷиат накардам. Бо маслиҳати Союзтранс ба поезд би-
лет шрифта, ба Бухоро сафар кардам. Анбори истгоҳҳои
кал они байни Душанбе ва Бухороро, Деҳнав, Термиз,
Қаршй ва тайраро дида-дида ба Бухоро расидам.

Дар Союзтранси Бухоро гуфтанд, ки мо ҳамаи чизҳоро
баточ карда фиристодем, ана санаду коғазҳо, дигар чизеро
намедонем, замин сахт, осмон баланд! Ба хотирам омад, ки
дар вақти борбандондан, борбанд як мардаки бухории
қаллоб буд. Ҳамаи чизҳоро дида буд. Ҳоло ҳамон мардак
набуд, аз кор ҷавоб шрифта рафта буд. Албатта он бори
моро ҳамон мардак дуздида, баъд аз кор рафтааст. Мани
содда, ба тақдир тан дода, малӯлу парешон ба Душанбе
баргаштам. Ҳанӯз ҳам ба гум шудани он молҳоямон дила-
мон месӯзад. Як кӯч - ду толон меіуфтанд, рост баромад.
Бале, он молҳоро худамон наёфта будем, моли аммапош-
шо ва меросй буд. Аз мероси падару модаронамон на ба
ман ва на ба Саодат чизе нарасид, он чй ки расид онро ҳам
дуздҳо бурданд. Ҳоло ҳар чй ки дорем, ҳар чй ки дар бисо-
тамон ҳаст, бо меҳнати ҳалоли ҳардуямон ёфт шудагӣ ва
илоҳо ба мо ва фарзандонамон насиб кунад!

Пас аз омадани ҳамаи «Бригадаи зарбдори адабй» ба
Душанбе, дар назди назорати Маориф комитети илмии
«Тоҷикшиносй» ташкил шуд, ки сардори он Бектош (На-
зрулло) буд. Ман ба он комитет коргари илмй шуда даро-
мадам. Зеҳнй, Пайрав, Муродзода, Муинзода, Неменова,

190
Роза, Котсис, Болотова ва боз ыамедонам киҳо кор мекар-
данд. Комитет ба бинои махсус, ки баъдтар дар он у о Гор-
коми Душанбе ва боз баъдтар Иттифоқи нависандагон ҷо
шрифта буд, кор мекард. Марому мақсади Комитет луғат
тартиб додан, фолклор уамъ кардан ва боз намедонам
чиҳо буд.

Б.Икромй дар мауаллаи «Бо роҳи Ленинй», ки нашри
афкори маориф буда, мауаллаи муаллимон ба шумор ме-
рафт, ҳамроҳи Азизй ва Сирус кор мекард. Улутзода дар
идораи газетаи «Комсомоли Тоуикистон» котиби масъул
буд. Аз Турсунзода ва дигарон ҳанӯз дарак набуд. Зани
пештараи Улутзода - Клавдия Благовещенская ҳам дар
Комитети Тоуикшиносй ба кор даромад.

Дар ин уо л озим омад, ки дар бораи Бектош чизе туям.

«Бектош» ин тахаллуси вай аст, номаш Назрулло буд.
Ин шахси самарқандй, донишманд, таҳсилкарда, дар Мос-
ков кадом мактаби олиро хатм карда, саводи кӯҳнаи пухта
дошт. Худаш марди қадбаланд, каллакалони сермӯй,
лоғарандом, бо бинии калони нӯкаш сурх, чашмони на-
чандон калон, рӯяш дароз ва уозиб набуд. Пештар дар
Тошканд ба чй кор машгул буда, дар он рӯзҳо, ки бо ман
ошно шуд, дар дорулмуаллимини Тоуикистон кор мекард.
Зан надошт, ё ки аз занаш уудо шуда буд. Вақто ки ба Ду-
шанбе омад, бо худ як зани миёнсоли русро овард, ки ин
занро ман дар кӯчаю бозорҳои Бухоро дида будам. Сабук-
поча буд. Дар он биное, ки ҳукумат - маориф ба мо дод,
Бектош дар шафати квартираи мо буд, дар қабати якум
мезист. Занаш, боре карасинкаи моро аз рбҳравамон дуз-
дида буд, ки баъд рафта аз хонааш ёфтем. Худро сафед
карда мегуфт, ки «дар кӯча бесоҳиб мехобид, ман шрифта
даровардам». Мухтасар ки зан - зани одами доно ва оқил

CL Й : ' *'/ ■J

191
Бектош бо вуҷуди олим буданаш ҳамин хел зам дошт!
Худи Бектош аз ҷиҳати ахлоқ баандеша, вазнин набуд. Ду-
русташ ин ки бадахлоқ буд. Мегӯянд, ки дар вақташ ба
босмачиҳо ҳамроҳ туда, ё ки босмачиҳо ӯро зӯран шриф-
та бурда, ба худ мирзо карда будаанд. Худи Бектош (рост ё
дурӯг) ба май нақл карда буд, ки: «як бегоҳ дар
меҳмонхонаи касе дар кадом як қишлоқи Самарқанд бо
чандин дӯстон ва рафиқон (босмачиён) нишаста будем.
Дар байн як зани раққоса ҳам буд. Хуб рақс карду монда
шуда, сарашро ба зонуи як босмачй монда, дароз кашид.
Мо ба майхӯрӣ овора надида мондем, ногаҳон садои «хар-
хар»-ро шунидем, бинем, ҳамон мардак гулӯи занакро бо
корд бурида, куштааст... Ин ҳикояти Бектош гувоҳи он аст,
ки вай хеле корҳо карда, дар ҷавонӣ ба ҳар роҳ даромада,
баромада аст.

Соли 1933 ӯро ҳабс карданд. Он сол бисёр касон ҳабс
шуданд, дар он қатор Бектош ҳам. Комилй, Абдуқодир
Муҳиддинов, Мисбоҳ Бурҳонов ва боз намедонам киҳо ба
чоҳи бетаки НКВД афтода ғарқ шуданд. Соли пурдаҳшат,
солуі гуруснагй буд он сол. Мо ҳама зиёиёни тоҷик ба
воҳима афтода будем. Ҳама хуроквори ба норма буда,
мардум аз іуруснагй мемурданд. Сангпушт, хорпушт на-
монд, ки дошта хӯранд...

Азбасқи ман нисбат ба Бектош некбин набудам, ба газе-
та бо сарлавҳаи «Сухан ба ман» як мақолаи калон навиш-
та, Бектошро ба босмачй буданаш, миллатчй буданаш
айбдор кардам. Навишта шудани ин мақола чанд сабаб
дошт. Аввалаш ин, ки ҷавонй, довталабӣ, беақлй буд. Со-
ниян тарсу ваҳм, ки мабодо маро ҳам ба Бектош ҳамроҳ
карда баранд; баъд замона, ва шароит ҳаминро талаб ме-
кард. Пас аз чоп шуда баромадани ин мақола, ман гӯё ба

худ амонй шрифта бошам, хеле осуда шудам.

ШйЙу р£-гь< с

192
Бектош пас аз соле, ё зиёдтар, ба озодй баромад. Тоби-
стони ҳамон сол ба Самарқанд рафта будам. Ҳамроҳи
Абдуганй Мирзоев дар растай «Нав»-и Самарканд қадам
мезадам, ки Бектош бо як-ду нафар бо мо рӯбарӯ шуд.

Вохурй кардем. Бай хандон-хандон ба ман хитоб карда

, ё\сЛл.-кхг, ъ».

іуфт:

- Шунидам, ки «Сухан ба ман» іуфта навиштед, акнун
сухан ба ман мешавад!

Ин сӯҳбатро намедонам кй ба Г.И.Бройда, - котиби
якуми партиям коммунистам Тоҷикистон расонида аст.
Бройда дар якумин анҷумани нависандашни Тоҷикистон
баромад карда, қариб чаҳор соат нутқ кард. Дар ҳамон
нутқаш гуфт: «Шунидам, ки Икромй «Сухан ба ман» ном
мақола навиштааст. Баъд Бектош іуфтааст, ки акнун сухан
ба ман. Не, рафиқон, сухан ба мо, Сухан ба партия аст!»

Бектош ин дафъа, намедонам ба кадом институт даре
медод, ё фақат бо корҳои илмй маштул буд, дар хотирам
намондааст. Фақат ҳаминаш дар хотирам ҳаст, ки ин
дафъа вам хеле вазнин буд. Арақхӯрй ва бадгардй наме-
кард. Ба газетаҳо мақола ва тақризҳо менавишт. Он коми-
тета Тоҷикшиносй барҳам хӯрда буд. Пеш аз дуюмбора
ҳабс шуданаш (дар соли 1937) корҳои илмии Бектош
равнақ ёфта буд. Дар бораи «Сайдой Насафй» кори кало-
ни илмиро cap карда, мақола ва тадқиқоти илмй навишта
буд. (Ин мақолаи калон ё ки кори илмӣ-тадқиқотии ӯро
ман бо чашми худ дидам, ки дар қатори хирвор
дастнависҳо ва коғазҳои одамони ҳабс шудагй дар
тахионам НКВД парешон мехобид. Пас аз ҳабс озод шуда-
нам ба ман рухсат доданд, ки ба он таҳхона даромада
коғазҳоямро ёфта тирам. Бо ман касе набуд. Хостам ки он
кори илмии Бектошро бардорам, боз тарсида нагириф-
там.

193
Дар ҳабсхона маро бо Бектош рӯбарӯ карданд. Муфат-
тиш Гриша Гаритский буд. Ва дар пешгаҳи кабинетам да
сари столи худ менишаст, маро оварда дар пеши дари да-
ромад, дар як тараф ба курсй (табуретка) шинонданд. Дар
он тарафи дар Бектошро шинонданд, ки дар дасташ як
ҷомачаи кампахта, дар тан курта ва шалвори нимдошт
дошт. Ба май нигоҳ накарда менишаст. Гаритский аз вай
пурсид, ки Икромиро мешиносй? Гуфт, «ҳа, мешиносам.
Ман ӯро ба ташкилоти аксулинқилобй-миллатчии худам
ҷалб кардаги!» Ман якбора девона шудам. «Дуруғ мегуяд
ин разил!» гӯён аз ҷоям Давида хестам ва хостам, ки курси-
ро шрифта ба сараш занам. Якбора худи Гаритский ва по-
сбони дар ба сари ман расиданд, маро ба ҷоям шинонда,
таҳдид карданд, ки сахт ҷазо медиҳанд ва фармуданд, ки
Бектошро шрифта баранд. Рйи'ѵ ''

Зимистони соли 1930-31 даромад. Мо дар шаҳраки
стандарта, ки аз маркази шаҳр (аз назди почтаи марказй
то ҷои ҳозираи кумитаи марказй) як дараҷа ҷудо буду кас
ба воситаи майдонии ноҳамвор мерафт, хона доштем. Дар
он хонаи дуқабата Бектош, Бухоризода, Зеҳнӣ, Улутзода,
Б.Икромй ва боз намедонам киҳо ва мо зиндагй мекардем.
Мили об (водопровод) набуд, обро бо ароба ва бӯчкаҳо ме-
кашониданд ва мардум навбат истода, сатилҳоро пур кар-
да мегирифтанд. Электрик набуд, лампаи карасинй
месӯхтем. Андак борон борад ба шаҳрчаи мо рафтан азобе
буд. Галӯшҳо ба лой часпида мемонданд ва бинобар он
мардум ё мӯзаҳои солдата (кирзагй) мепӯшиданд ё бо
галӯшҳои чуқур роҳ мегаштанд. Дар дасти аксарият асо, ё
калтак буд. Хсусан шабҳои зимистон - султони бедодгар

Дидори охирини ман бо Бектош ҳамин буд.

194
I в I jf

j° Y

касе аз хона намебаромад. Ягона дидхушии мо радио буд,
ки гоҳо ran мезад, гоҳо не. Боз ҳамин ки ба хонаи ҳамдигар
ҷамъ мешудем, сӯҳбат мекардем. Агар театр, ё маҷлис ту-
да монад, шабона бо сад азоб ба хона мерасидем ва дер гоҳ
шустушӯ карда, аз лой худро тоза мекардем. Аз миёни
шаҳрчаи мо як кӯчаи калон (ҳозира Партизани сурх ё
М.Турсунзода) мегузашт. Дар ду тарафи кӯча, ҳаштой -
шонздаҳ иморати тахтагии дуқабата буд. Дар байни ҳар
чаҳор иморат майдоне буд, ки дар он ҳоҷагхонаҳо ва
қуттии ахлотпартой буд. Аз марказ аз тарафи кӯчаи Ленин
ба воситаи майдонҳои холй мерафтем.

Пайрав Сулаймопй ҳамроҳи бародараш - Яҳёҷон дар
хонаи Нашриёт, дар он сӯи роҳи калон истиқомат дошт,
гоҳо дар хонаи Пайрав ҷамъ мешудем. Пайрав бо барода-
раш як навъ винои дастй тайёр карда буданд, ки номашро
«Пайраввино» монда буданд. Аз ин вино менӯшидем.
Сӯҳбатҳои хуб барпо мешуд. Яҳёҷон сураткашй мекард.
Пайрав шеър мехонд. Боре «Дасти булӯрин» ном
шеърашро, ки худи ҳамон рӯз (ба Броувд) навишта буд, ба
мо хонда дод.

Дар ин ҷамъомадҳои мо Раҳим Ҳошим тақрибан иш-
тирок надошт. Бай дар яке аз хонаҳои ҳавлии хукуматй
ҳамсояи Дайламӣ шуда иқомат мекард.

Ҳамон сол охири тирамоҳ, як рӯз дар хонаи Аскарони
Сурх якумин анҷумани Комсомоли Тоҷикистон барпо
шуд. Дар қатори дигар нависанда ва зиёиёни тоҷик ману
Пайравро ҳам хабар карданд. Мо мамнунона ин даъватро
қабул карда рафтем ва дар золи калону равшану серодам
хурсанду шод нишаста будем, ки (ҳанӯз анҷуман оғоз на-
ёфта) Бектош ба ману Пайрав омада іуфг, ки «оҳиста аз
зол баромада раветон, ran ҳаст, ки Ғ.Ализода пеш аз cap
шудани маҷлис аз минбари анҷуман баромада мегӯяд, ки

195
фарзандони бойҳо ва қозиҳо, ки дар ин ҷо ҳастанд, золи
маҷлисро холй кунанд!» Аз ин ran ману Пайрав албатта
хеле маъюс шудем, ба диламон ба Ализода, ки худаш фар-
занди дӯкондори Бухоро буд, лаънатҳо хонда, золро тарк
кардем. Берун баромадем, ки борони сахт борида истода-
аст. Пайрав чатр (соябон) дошт, ду кас ба зери чатр, аз
кӯчаҳои торику нимравшан роҳ гашта, ба кӯчаи Ленин ба-
ромадем. Дар кӯчаҳо кас хеле кам буд. Мо аз кучам Ленин
ба кӯчаи Горкий баргаштем, ки бинои Маориф ва
редаксияҳо дар он буд. Он вақтҳо агар борон борад, мар-
дум ба зери новаҳо сатил ва дигар зарфҳоро монда об
ҷамъ мекарданд. Мо аз пайроҳаи назди бинои Маориф
меіузаштем, ки назари Пайрав ба сатиле афтод, ки ба зери
нова гузошта шуда буд. Пайрав рафту сатилро шрифт,
обашро рехта ҳамроҳаш овард. Пурсидам, ки чаро ин тавр
кардй, іуфт:

- Ҷазои инҳо ҳамин! Моро аз маҷлис ҳай карданд, мо
ҳам сатили онҳоро мегирем!

Ин як эътирози хурди дили рамида буд; ин аз алам ва
сӯзиши дил буд; ин ҳарчанд ночиз буд, вале эътироз, ифо-
даи ғазаб ва ноҳаққӣ буд... Набошад Пайрави назарбаланд
ба сатили зеринова эҳтиёҷе надошт.

Ана ҳамин тавр буд бо мо муомила; ана ҳамин тавр буд
зиндагии мо! Офарин ки ҳамон рӯзҳои сахту пуразобро аз
cap гузаронида, намурдем, боз чанд сол зиндагй кардем,
кор кардем...

Дар хонаи стандарта аввал ба мо як квартира доданд.
Се хона дошт. Зимистонро дар он хона іузаронидем.
Аҳвол умуман бад набуд; арзонй ва фаровонӣ буд. Ба як
сӯм ҳашто нон медоданд. Ба даҳ-понздаҳ сӯм як іусфанд
харидан мумкин буд...

Соли 1930, моҳи ноябр Комитета тоҷикшиносӣ чанд

196
нафари моро (Зеҳнӣ, Муродзода, Неминова ва боз наме-
донам кй) барои ҷамъ овардани фолклор ба ноҳияи
Шаҳринав ва шаҳри Қаротоғ фиристоданд. Мо дар он ҷо
ду-се рӯз гашта хеле чиз ҷамъ кардем. Масалан касби
кулолгарӣ, чармгарй, бофандагй ва ғайраро тадқиқ карда,
номи асбобҳо, таҷҳизот ва матоъҳоро ба тафсил навишта
гирифтем. Он вақтҳо Қаротог - шаҳр буд. Растаю бозорҳо 0'
дошт, іузар ва маҳаллаҳои бисёре буд. Чармгарӣ,
кулолгарӣ ва маҳаллаи бофандаҳо буд. Мардумаш ҳам би-
сёр буд. Мо ба ғайр аз Қаротоғ ба қишлоқҳояш барома-
дем, шеъру афсонаҳо ғун кардем. Баъд ҳамаи ин матери-
алро оварда ба дасти Бектош, ба коммтети тоҷикшиносӣ
супоридем. баъзе аз ин материалҳоро Бектош дар
маърӯзаҳояш истифода мебурд. Масалан як достончаро,
ки ман аз як бача навишта шрифта будам, Бектош таъриф
карда, бо шарху баёнаш іуфта медод. Як порчаи ин дос-
той, ки дар хотирам монда аст, ҳамин аст:

Як рӯз рафтум Каҳдаза,

Гуфтум зоре нагаза.

Зоре яке газидум,

Аӣ цош маҳкам ҳапидум.

Ваҳти ширпазӣ очам,

Чӣ зуд омадӣ бачам?

Сияҳ гунда алолам...

Январ, ё ки феврали соли 1931 дар Душанбе як
ҷамъомади калон оид ба мусиқй ва фолклор ташкил шуд.

Ба ин маҷлис, ё ки фестевали мусиқй ва фолклор ба Ду-
шанбе аз Тошканд, Самарканд, Москов ва дигар шаҳрҳо
мутахассисҳо, мусиқишиносҳо, ҳофизҳо, навозандаҳо,
раққосҳо ҷамъ омада буданд. Бектош яке аз ташкилотчиён
ва сардорони кор буд. Бай ҳамаи мо коркунони комитета
Тоҷикшиносиро вазифа супурда буд. Навишта гирифтани

197
шеърҳои нав, номи мақомҳом нағз, ном ва касбу кори
ҳофизон ва ғайра ва ҳоказо... Ба ин фестивал Домулло
Ҳалим Ибодов (аз Бухоро), Мулло Тӯйчй, Лбдуқодир
найчй (аз Тошканд), Акашариф Ҷӯраев (аз Ғарм) ва дигар
классикони мусиқй; инчунин ҷавонҳофизон аз Ғарм, аз
Кӯлоб, аз Қаратоғ ҷамъ омада буданд. Меҳмонҳо аксарият
дар қатори вагонҳо, ки бо роҳи махсус то ба даруни шаҳр
(то ба бинои китобхонаи ҳозираи Фирдавсй) оварда шуда
буданд, истиқомат мекарданд. Қисмашон дар «Хонаи
деҳқон» буданд. Фестивал чанд рӯз давом кард.

Дар ҳамин фестивал г^пд^лан бо Бектош ідэехт. Мо ба
ҳамдигар суханҳои сахт іуфгем. Ман хеле нозеҳ ва малӯл
шуда аз маҷлис баргаштам, дар хона хеле гиристам.
Ҳамин шуд - ҳамин, ман ба фикри ба Бухоро баргашта
рафтан афтодам. Дар моҳи апрел, ё ки дар аввали моҳи
май рухсатй (отпуск) шрифта, аз квартира фақат як хонаи
хурдро ба худ монда, дигарашро супурда, қариб ҳамаи
кӯчро бардошта ба Бухоро сафар кардам. Ҳамон рӯз дар
Душанбе борон меборид. Кӯчу оиларо ба як бричка (аро-
баи чорталтака) бор карда ба истгоҳи поезд омадам. Кӯчро
ба бағоч дода, чизҳоро ба вагон бор карда, дар зери борон
шиб-шилта шуда, ниҳоят ба вагон нишастем. Саодат, ам-
мапошшо ва Мунирача, ҳама тар шуда буданд. О, як кас
намегӯяд, ки дар ҳамин рӯзи боронй сафар кардан бо кӯчу
кӯчман зарур буд магар?! Ҳамаи ин аз беақлй, аз
камтаҷрибагй, аз беандешагии ҷавонӣ буд. Оҳ, дар ҷавонй,
кас чи хатоҳо, чй рафторҳои нодуруст мекунад! Агар ба
болои сари ман падарам мебуданд, ҳеҷ гоҳ ба ин хатоҳо
роҳ намедоданд ва ман ин қадар азоб намекашидам. Ба
қадри падару модарони бофаросат расед, дӯстонам!

Ба Бухоро расида сабук нафас шрифтам. Ҳаво соф, ос-
мон беғубор буд. Дар фазой ҳавлй фароштурукҳо қй-
чукунон парвоз мекарданд. Саодату аммапошшо ҳам хур-
санд'буданд. Дар ҳавлии худамон кайф карда хобидем.
Рӯзи дигар ба кӯча, ба бозор, ба даби ҳавз баромадам. Дар
таи тоқи Саррофон, иттифоқо ба Пайрав Сулаймонй
вохӯрда мондам. Бай ҳам қаҳр карда аз Душанбе кӯчида
омада аст. Дар лаби ҳавз гашту іузор карда, Пайравро ба
ҳавлй таклиф кардам. Не наіуфт, омад. Ба хона дароварда
дастурхон кушодам, як андак кабобча ва газак муҳайё со-
хтам. Як шиша арақе, ки аз магазин харида будам, ба рӯи
дастурхон іузоштам.

Сӯҳбати хеле ширин ва фаромӯшнашавандаи мо cap
шуд. Хостам даҳони шишаи арақро, ки пробка дошт ку-
шоям. Штопур набуд, бо корд кӯшидам, ки кушоям, на-
шуд. Дар он ҳол Пайрав шишаро аз дастам шрифта, бо
қаламаш нробкаро ба даруни шиша тела дод ва як
пиёлагй рехт. Нӯшидем, димоғҳо чоқ шуд. Пайрав ҳам
шеър мехонд, ҳам сӯҳбат мекард. Як вақте ба шиша нитоҳ
карда бинем, ранги арак, ниліун шудааст. Аввал ҳайрон
шудем, баъд Пайрав іуфт, ки нӯки қалам, ки химики буда-
аст, шикаста ба даруни пробка монда аст ва он боиси ран-
гин гаштани арак, шудааст. Ба ҳар ҳол, ин монеъ нашуд, ки
мо аз арак, даст кашем. боз рехтем ва арақи чернилгашта-
ро нӯшидем.

- Э ҷӯра, - меіуфт Пайрав оҳ кашида, -

Бигзарад ин рӯзгор талхтар аз заҳр,

Бори дигар рӯзгори чун шакар ояд!

Ин Бектошҳо, ин Мисбоҳҳо ва ин Ализодаҳо ҳам чандон
дер намепоянд, ҳар кас мувофиқи кору рафтораш сазо ва
ҷазояшро меёбад. Ба ман имконияти осуда зистан, эҷод
кардан ва кор кардан надоданд; аз ҳар тараф зер карданд,
ба корам хала^доданд. Ман ба худ іуфтам, ки дидоратонро
«бобо Алй» бинад, хестаму омадам. Дигар ба Душанбе на-

199
меравам. Аз іушнагй намемурам. Дар назди аҳлу аёлам
хуш зиндагй мекунам. Шумо ҳам, агар тавонед, дар ин ҷо ё
дар Тошканд ба худ коре ёбед, аз Душанбе ҷавоб шрифта
биёед!

Май гуфтам, ки не, Душанбе ба ман маъқул, фақат ди-
гар бо Бектош дар як ҷо кор намекунам. Гап ҳаст, ки
маҷаллаи «Роҳбари Дониш»-ро ки дар Тошканд мебаро-
мад ва чанд моҳ ин тараф набаромада истодааст, ба Ду-
шанбе бурда, аз нав идора ва ҳайати таҳририя ташкил
медиҳанд. Ба ман ваъда доданд, ки ба ҳамон идораи
маҷалла котиби масъул таъин мекунанд. Ман ин
маҷалларо дӯст медорам. Ин маҷалла боиси ба роҳи
нависандагй қадам мондани ман гашт. Мехоҳам ҳамаи
қувват ва тавонамро сарф карда, дар ин маҷалла кор ку-
нам.

- Ин тавр бошад, ихтиёратон! - гуфт Пайрав. - Лекин
ман дигар ба Душанбе намеравам. Гап шунидан ба ҷонам
расид. Ман іуё тӯби футбол бошаму ин найзабадастҳои
«сурх» маро ба ҳар тараф зада равон мекунанд, гоҳо чап,
гоҳо рост, гоҳо савдогар, гоҳо балвогар іуфта фарёд мека-
шанд. Ба рӯзномаҳо мақолаҳои калон менависанд. Ба ман
чй зарур, ки таънаи ин нокасонро шунида, ба миллат хиз-
мат мекунам гуфта, аз зану бачаҳо ҷудо, дар мусофират
гардам?!

Росташ, ки ба ҳоли Пайрав раҳмам омад. Ҳамин тавр
шоири забардаст, беҳамто ва ояндааш дурахшонро дида
наметавонанд найзабозҳои «сурх» худро «дӯст»-и проле-
тариат ва меҳнаткашон, «ленинчй» ва «бошевик» нишон
дода, корҳое мекунанд, ки ҳеҷ душман накардааст. Ин
таъқиби одамони бегуноҳ, одамони фидокор то ба кай?!
Он вақт ман намедонистам, ки «усул дар дасти нақорачй»
будааст. Аз иморати баланди дуошёнаи тирафоми ГПУ, ё

200
ки НКВД симҳои бисёре баромада, аз байни мардум рази-
лон, беақлон, бевиҷдон ва нопоконро ёфта, ба гарданашон
ҳалқадавак карда, ба сӯи одам они пок ва бе1уноҳ равона
карда мешудааст ва киш-кишак-~-медндохтаанд. Сиёсат
ҳамин будааст, ки рафта-рафта то ба худи Кремл, то ба
дасти хунолуди Сталини золим ва бемурувват мерасида-
аст. Инро мо намедонистем. Зинда бод Сталин, доҳй ва
падари халқҳо іуфта мегаштем. Намедонистем, ки ин ҳама
«танқидҳо», ин ҳама кина ва кудуратҳои найзабозони
«сурх» муқаддимаи одамкушй ва ҳабсу табъидҳои оянда
будааст. Хайрият, ки одам ояндаашро намедонад. Агар
медонист, ки кай мемурад ва чй тавр мемурад, ҳаёту
зиндагй набуд.

Ман ки ҷавон будам, боумед ва богайрат будам, аз ҳеҷ
чиз парвое надоштам. Ҳар чй ки партия меіуфг, гӯш ме-
кардам, ба ҳар роҳе, ки мефармуд, рафтан мегирифтам.
Дар худ гуноҳе, айбе намедидам, магар ин ки писари қозй
будам. Хайр, худи Сталин гуфта аст, ки писар барои падар |
ҷавобгар нест! Баъд, падари ман аз он хел қозиҳои
иртиҷоӣ набуд, тараққипарвар, бавиҷдон ва навпараст
буд. Моро ба одамдӯстй, ба раҳмдилй ва бомурувватй тар-
бия мекард. Тарбияи ҳамон падари олиҷанобро шрифта,
ман ба ин ҷода расидам.

Тарбиятгари дуюми ман шаҳри ман, дӯстони ман, хешу
таборони ман буданд. Бале, Бухоро шаҳрест, ки ҳазорон
бузургонро дар маҳди ба файзи худ тарбия карда расони-
да аст. Ғафур Ғулом - шоири халқии ӯзбекистон іуфта буд,
ки (бо услуби футуриста ва ба амир Олимхон кина карда)
«Бухоро як косаи заррин аст, вале бо хун лабрез!» Не, ин
галат аст, Бухоро дар ҳақиқат косаи заррин аст, бо файзу
баракат, бо илму дониш лабрез! Одамоне ҳастанд, ки хоки

мадрасаҳои Бухороро лесида ба мартаба расидаанд. Дар

(Хсім ку У бЫс

201
кӯчаю бозорҳои Бухоро илм, дониш, файзу баракат ҷорй
буд. Мардуми Бухоро анъанаи қадимаи бузургӣ доштамд;
босавод, хушгап, нозукадо, бофаҳм буданд. Албатта ианҷ
панҷа баробар не; дар байни мардуми Бухоро ҳам рази-
лон, нокасон, фалокатзадагон буданд. Вале онҳо ба номи
пок, ба номи неки мардуми Бухоро истинод оварда наме-
тавонистанд...

Ана ҳамин шаҳр, ана ҳамин муҳит, сӯҳбати ҳамин мар-
дум маро тарбия карду ба воя расонид. Афсӯс, ки ҳоло он
файзу баракат, он тарзи муомила ва он нозукадоиҳо ва
хушгапиҳо ё тамоман нестанд, ё хеле кам мондаанд! Зеро
ки ҳиҷрати умумии халқи Бухоро таъсири худро расонид.

Пайрав ҳам яке аз он касони олиҷаноби Бухоро буд.
Шеърҳояш ҳам дилчасп, ҳам ҳаёҷоновар, ҳама аз дилу ҷон
іуфга туда буданд. Як зану ду духтар дошт. Духтарҳояш
калон шуда, илм гирифта, мартаба ҳосил кардаанд. Дух-
тари хурдй - Лола дар института илмии шарқшиносй кор
мекунад. Духтари калонӣ - Гулчеҳра шоира аст. Ҳоло ба
вай номи шоираи халқӣ додаанд. Модари ин духтарҳо
чанд сол пеш вафот кард.

Пайрав дар соли 1931-32 дар Бухоро каме истода, ба
Самарканд кӯчида рафт, зану бачаҳояшро ҳам бо худ бурд
ва дар идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» ба кор даромад. Аз
ҷиҳати иқтисодй танқисӣ мекашад, зиндагй дар
Самарқанд хеле сахт мегузарад. Дар миёнаҳои соли 1933,
боре бо коре ба Тошканд меравад ва дар бозгашт, дар ва-
гон шабуш мегазаду ба бемории тиф мубтало мегардад...

Боре дар ин бора Гулчеҳра нақл карда буд:

- Падарам аз Тошканд бемор баргаштанд. Мо бачаҳои
беақл Давида ба он кас часпидем, дада чй овардед? Чй
савготй овардед? Падарам, ки дар таб месӯхтанд, бо қаҳру
уахуі гуфтанд: «бало овардам, марта яқин овардам!» Мо

202
d'v -<hXA~nJ>

маъюс гашта гиристем. Пас аз чанд рузм ҳамиы, беҳуш хо-
бида вафот карданд.

Ба вафоти Пайрав аз Айнй cap карда, чандин шоирон -
аз он ҷумла Ҳамдй - шеър, марсия гуфтанд, номи ӯро ба
некй ёд карданд ва ӯ чун яке аз шоирон - нависандагони
машҳури тоҷик, чун яке аз саромадони шеъри шӯроии
тоҷик шинохта шуд ва боқй монд.

Пайрав агар дар ҳамон соли 1932-33 намемурд, дар соли
1937 албатта ҳабс мешуд, душмани халқ ном мегирифт ва
дар чй азобу уқубат мурда мерафт. Баъд, албатта сафед
мекарданд(пас аз марки Сталин), лекин чандин сол ба но-
ми бошарафи ӯ лакнати «душмани халқ» мечаспид.

* * *

Зану бачаҳоро дар Бухоро монда, худам танҳо ба Ду-
шанбе рафтам. Дар Душанбе, дар як хонаи хурди кварти-
раамон истиқомат кардам. Хонаи калонро ба маориф су-
пурдам, ки ба он ҷо Ҳиё Мирзоев ном муаллими яҳудиро
ҷогир карданд. Ин Ҳиё дар Самарканд ҳамроҳи ман дар
ВПИ хонда буд. Вай як модари бисёр хуб ва меҳрубон
дошт. Худаш дар техникум ва института педагогии нав
ташкилёфта дарси табииёт медод. Баъдтар ману Ҳиё ки-
тоби дарсии табииёт барои мактабҳои миёна ва ибтидой
навиштем. Ҳиё ҷиҳати илмй ва методии китобро, ман
ҷиҳати адабиашро менавиштем. Оид ба масъалаҳои та-
бииёт ҳар хел мисолҳо, ҳикоячаҳо менавиштам. Ҳиё ме-
іуфт, ки дар мондани номҳои колхозҳо ва дигар ҷоҳо
эҳтиёт кунед, номҳои пухта ва дигарнамешудагй, доимиро
монед. Ба мисол «Коммунизм», «Сотсиализм», «Ленин»,
«Октябр» ва ҳоказо. Номи одамҳоро намонед, ин одамҳо
имрӯз ҳастанд, пагоҳ нестанд. Аз паси худашон китоби
моро ҳам нобуд мекунанд.

203
rl

Бо Ҳиё ва модараш дар як хонаи якквартира танҳо ме-
зистам ва дар идораи маҷаллаи «Роҳбари Донищ» кор ме-
кардам. Дар ин ҷо оид ба Исмоил Садрй баёноте доданро
раво донистам. Зеро, дар ҳамон рӯзҳое, ки ҳамроҳи Саъдй
Мақсудй маҷаллаи «Роҳбари дониш»-ро мебаровардем, аз
Бухоро Исмоил Садрй омада монду ман бо вай дар як хона
мезистам ва дар як идора кор мекардам.

Исмоил Садрй яке аз фарзандони барӯманди Бухорост.
Пеш аз инқилоб мунавварфикрони Бухоро ӯро ҳам дар
қатори дигар ҷавонҳо ба Туркия, ба Истамбул фиристода,
хононда буданд. Пас аз инқилоби соли 1920 Исмоил Садрй
ба Бухоро бармеіардад. Рӯзҳои аввали инқилоб чй кор
кардани ӯро намедонам, фақат ҳаминро медонам, ки чаххд
гоҳ нозири маориф шуд ва ба корҳои роҳбарият буд. Вақте
ки ҷумҳурияти Бухороро барҳам дода Узбеки стон карданд
(хеле афсӯс, ки ин ҷумҳуриятро барҳам доданд. Охир ин
ҷумҳурият тамом мувофиқи табъи халқи Бухоро буд.
Ҳокимият - ҳокимияти шӯрой бошад ҳам, ҳокимияти
халқй, ҳокимияти миллӣ ва мустақил - ба маънои томи
маънӣ буд. Ҷумҳурияти Бхоро ҳақ дошт бо хориҷа муно-
сибат ва сафир дохлта бошад. Бо Эрон, бо Туркия, бо
Афюнистон муносибати расмй барпо карда, сафир фири-
стода ва сафир қабул карда буд. Давлати Россияро чун
давлати ҳамсоя, чун давлати дӯст, ҳамкор ва мададгор ме-
шинохт. Лекин ин хел ҷумхурияти халқӣ ва миллй, ки
қариб мустақил буд, ба роҳбарияти Москов нафорид, ба
байни хукуматдорони Бухоро нифоқ андохтанд,
Муҳиддиновҳоро бо Файзулло Хоҷаевҳо ҷанг андохтанд.
Онҳо ҳам бо ҳам ҷанг карданд. Ҳокимиятро аввал ӯзбекҳо
ва баъд худи русҳо ба даст гирифтанд, ҷумҳурияти Бухо-
роро нест карданд, хок ва сарзаминашро тиккаю бӯлак
карданд ва Бухорои Шарқиро «Тоҷикистон» іуфтанд. Агар

204
ҳамаи ҷумҳурияти Бухороро вайрон накарда, Хуҷанду
Самарқандро ҳам ҳамроҳ карда Тоҷикистон месохтанд,
ҷумхурияти аълодараҷа мешуд. Аммо инро накарданд ва
Бухорои сарсахтро яке аз ноҳияҳои Тошканд карданду
монданд...)

Бале, вақто ки ҷумҳурияти Бухороро барҳам додапд ва
Бухоро чун як округ, чун як вилояти ӯзбекистон шуда
монд, Исмоил Садрй муаллим шуд. Дар дорулмуаллимин
даре медод ва баъд дар кадом курсҳо мудир ва муаллим
шуд. Ба ҳамин рӯзаш ҳам шукрона мекард. Лекин касоне
пайдо шуданд, ки ба хомӯш даре дода гаштани Исмоил
Садрӣ ҳасад бурданд, ба кори вай халал додан гирифтанд.
Коре карданд, ки аз занаш чудо шуд, баъд ба худаш час-
пиданд. Чи тавре ки боре худаш ба ман іуфта буд:

- Ҷӯра, зани аввалан, шунидам, ки бо милисаҳо мегаш-
та аст.

- Хайр, іуфтам, - шумо аз вай чудо шуда зани дигар ги-
рифтед, вай ҳам ба худаш шавҳар мечустагист.

- Ҳамин тавр-ку, - мегуфт бечора Исмоил Садрй. - Ле-
кин рашкам меояд.

Бале, мардҳо рашки зӯр доранд. Инро эгоистии мардо-
на меноманд.

Бори дигар дар кӯчаи Бухоро маро дида гуфт:

- Ҷӯра, имрӯз дар ҳавлии «Маориф ӯйй» (хонаи мао-
риф) газетаи деворй бароварда маро танқид кардаанд.

- Чй іуфта танқид карданд?

- Навиштаанд, ки «Ёр ислоҳотй, мухбирлар

хотун қизлар озолиги ва гайра ва ҳоказо, дар охи

моил Садрй ямон!»

Ман хандидам.

- Наханд, ҷӯра! - гуфт Исмоил Садрй. - Маро танг кар-
да истодаанд, Намедонам чй кор кунам.

205
- Ҳеҷ боке не, - іуфтам. - Газетаи деворй ҳам чиз шуду
аз навиштаҳои он хафа мешавед?!

- Ту намефаҳмӣ, ҷӯра - іуфта монд вай.

Рост мегуфт Садрй, ман намефаҳмидам, намедонистам,
ки ин «мақолаҳо» ибтидои тӯҳмати калон будааст. Бале,
дар Бухоро Исмоил Садриро танг мекарданд, чи тавре ки
садҳо дигаронро танг карда іурезонда буданд. Вай іурехта
ба Душанбе рафт, ба ман меҳмон шуд. Аз омадани Исмо-
ил Садрй ман хеле шод шудам. Охир вай ҳамшаҳрй, дуст
ва меҳрубони ман буд, ба ҳам сӯҳбатамон меҷӯншд. ӯро ба
идораи маҷаллаи «Роҳбари дониш» чун коргари адабй ба
кор таъин кардам ва хеле хушу хуррам зиндагӣ мекардем.
Исмоил Садрй, ки одами босавод, босалиқа ва доно буд,
зуд кори нашри маҷалларо аз худ кард ва дасти маро хеле
сабук сохт. Лекин замон ба ҳамин ҳоли мо ҳам рашк кард.

Боре ҳамроҳи Исмоил Садрй дар кӯча мерафтем, ки ба
Б.Икромии наҳс вохӯрдем. Вай аз Садрӣ пурсид, ки соат
чанд аст. Соати Исмоил Садрй дар кисаи ҷилет
(камзӯлчаи беостин, ки аз зери костюм мепӯшанд) будааст
ва занҷираи он ба тарафи дигари ҷилет гузаронида шуда
будааст. Садрй соати худро, ки «қопнок» буд, бароварда,
қопашро кушода диду ҷавоб дод ва боз соатро ба ҷайбаш
гузошт. Баҳоутдини бадбахт ва фитна бо хандаи ғаразолуд
гуфт:

- И-и-и, ин боз «Туркиз яшариз-ку! (туркему мезием).

Исмоил Садрй хандиду «ҳа, ҳа» іуфта монд ва мо аз

Баҳоутдин ҷудо шудем. Пас аз хеле хомӯш гаштан, Исмо-
ил Садрй гуфт: - Ҷӯра, ин чӣ іуфтагеш бошад, туркиз
яшариз іуфт?

- Ҳеҷ ran не, - іуфтам, - ҳамин тавр шӯхй кард.

- ІТе, ту намедонй, ин хел шӯхй намекунанд. Дар таҳи
коса нимкоса бояд бошад.

206
- Ҳеҷ ran не, ин лаънатй ҳамин тавр сахтгап аст, хафа
нашавед!

Лекин Исмоил Садрӣ дигар нахандид. Ҳамон шаб ба
хона наомад. Пагоҳ ҳам аз Садрй дарак нашуд, рӯзи дигар
ҳам. Вай дар Янгибозор як ҷӯраи хешнамо дошт, мо іумон
кардем, ки ба хонаи ҳамон ҷӯреш рафтагй. Бо телефон
сурог кардем, наёфтем, ба кофту ков даромадем. Пас аз у
рӯзе як ҷӯраи бухорогияш ба ман хатча оварда дод. Исмо-
ил Садрй менавишт, ки аз вай хавотир нашавем, вай дар
ноҳияи Ҳисор аст, дар маориф кор мекунад.

Бале, замона одамҳоро тарсу карда мондааст. Исмоил
Садрй барин касон аз сояи худ метарсидагй шуда буданд.
Мисоли дигари ин ҳол Шавкат Ниёзии бухорой буд, ки
вай ҳам дар Туркия таҳсил карда омада буд ва аз сояаш
метарсид. Як сухани аҳмақонаи Баҳоутдин (туркиз яша-
риз) Исмоил Садриро ором наіузошт ва ӯ боз ба кунҷи ди-
гар хазида рафт.

Пас аз ҳафтае ба ноҳияи Ҳисор рафтам. Он вақт Ҳисор
ноҳияи навташкил буд. Дар дашт як қатор хонаҳои
якқабата сохта буданд, ки дар яке аз он хонаҳо Исмоил
Садрй мезист ва дар идораи маориф ба кор даромада буд.
Ҳарчанд кардам, ки бо ман баргашта ба Душанбе равад,
нахост, дар Ҳисор монд. Вале дар он ҷо ҳам зиёд наистод,
пас аз чанде шунидам, ки ба Бухоро баргашта рафтааст ва
ба музеи Бухоро ба кор даромадааст. Ниҳоят аз ҳамин му-
зей, дар соли 1937 ба ҳабс шрифта, нобудаш карданд.

Боре дар ноҳияи Қубодиён писари Исмоил Садрй -
Учкун Садриро дидам, ки директори совхози
қароқулпарварй шудааст. Як навъ пӯсти аҷоиби
қароқулиро ихтироъ карда номзади илм гаштааст. Ҳоло
вай серфарзанд ва ба нафақа баромадагй, дар Қубодиён
истиқомат дорад.

207
Сухан дар бораи он мерафт, ки дар идораи маҷаллаи
«Роҳбари дониш» кор мекардам. Дар боло оиди ба ин кор
іузаштанам іуфтам, ё не, ба ҳар ҳол боз менависам. Вақто
ки ман дар комитета «тоҷикшиносӣ» кор карда мегаштам,
дар саҳифаи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» мақолае ба-
ромад, ки аз хобида мондан ва нашр нашудани маҷаллаи
«Роҳбари дониш» шикоят мекард. Сарлавҳаи мақола чун
шеър буд: «Аз чй бошад, ки Роҳбари дониш, шаш моҳ аст,
монда аз хониш». Ин мақоларо дар КМ ва назорати Мао-
риф муҳокима карда, қарор додаанд, ки маҷалларо дар
Душанбе нашр кунанд. Бинобар он маро аз кори комитета
Тоҷикшиносй гирифтанду ба маҷалла котиби масъул
таъйин карданд. Ман ин маҷалларо аз дилу ҷон дӯст ме-
доштам, ҳамин маҷалла буд, ки ҳикояҳои аввалини маро
ба саҳифаҳояш ҷо дода, маро ба роҳи нависандагӣ пеш
бурда буд. Пас чаро ман ба кори ин маҷалла, ба нашр кар-
дани он миён набандам! Муҳаррир Муҳаммадҷон
Ҳасаниро таъйин карданд, ки он вақтҳо дар рӯзномаи
«Қизил Тоҷикистон» муҳаррир буд. Ба зери дасти ман, чун
ёридиҳанда ва коркуни адабӣ Саъдй Мақсудиро доданд,
ки аз Самарканд, кадом институтро там ом карда ом ада
буд ва ҷавони бисёр хубу коркун буд. Ману ҳамин Саъдй
Мақсудй дукаса ҳаракат карда маҷалларо мебаровардем.
Аз бинои маориф ба мо як хона доданд. Ба он хона стол,
стулҳо ва шикофҳоро монда ба кор cap кардем, на
мусаҳҳеҳ, на метрампаж (саҳифабанд ва устои кор), на бух-
галтер, ҳеҷ як каси дигар набуд. Корҳои ҳисобу китобу
когазу пулро бухгалтери идораи рӯзнома мекард.
Мусаҳҳеҳ (корректор) дар матбаа кор мекард ва маҷаллаил
моро ҳам медид. Мошинистка набуд. Аз даст навишта ме-
додем ва баъзе чизҳоро дар мошинкаи рӯзнома чоп карда
мефиристодем... Азбаски шавқу ҳавас буд, азбаски нағз

208
г>

кор мекардем, маҷалла нашр шудан шрифт. Борҳо шуда-
аст, ки ман шабро то рӯз дар матбаа мегузаронидам. Дар
зери кассаҳои хуруфчинҳо, ба рӯи коғазу тазетаҳо лунда
шуда мехобидам. Бетаҷрибагй, дуруст надонистани кори
нашру чопи маҷалла аввал хеле азоб дод. Лекин кӯшиш
мекардем, мепурсидем, ёрй металабием; ба метрампажҳо
хушомад мекардем, то ки маҷалларо нағзтар саҳифабандй
карда, бехато чоп кунанд. Маҷалла аввал фақат бо хуруфи
арабй нашр мешуд, баъдтар қисман бо ҳуруфи лотинй
чоп шуд. Дар ин маҷалла аввал ҳикояи «Шабе дар реги-
стони Бухоро» чоп шуд. Баъд дигар ҳикояҳо ба мисли
«Ширин», «Оё чй бояд кард», «Як ҳавзаи хунин»,
«Раҳматулло эшон», «Фармони рақами...» ва ғайра ва
ҳоказо чоп шуда баромадан гирифтанд.

Соли 1932 бо қарори СеКа ВКП(б) дар мамлакат ҳамаи
дигар ташкилотҳои нависандагон (ВАП, РАП ва ғайра)
баста шуда, ягона ташкилоти Иттифоқи нависандагони
шӯравй сохта шуд. Дар^оҷикистони мо ҳам, ки то ба он
дам ҳеҷ як ташкилоти нависандагй набуд, комитета таш-
килии нависандагони шӯравӣ сохта шуд. Нависандагони
онвақта ҳар кадом дар идорае, дар муассисае кор мекар-
данд, иттиҳодия ва иттифоқе надоштанд. Дар роҳбарияти
Комитета ташкилии иттифоқи нависандагон Сотим
Улуғзода, Ғанӣ Абдулло, Содиқов, Раҳим Ҳошим ва боз
намедонам киҳо буданд. Ман ки дар идораи маҷаллаи
«Роҳбари дониш» котиби масъул шуда кор мекардам, ба
ин ташкилот чун аъзо дохил шудам. Пас, бо қарори
ҳайъати нав ва нишондоди СеКаи Тоҷикистон маҷаллаи
«Роҳбари дониш» аз ихтиёри.маориф бароварда шуда, ба
ихтиёри ташкилоти нависандагон дода шуд ва номи
маҷаллаи навро «Барои адабиёти сотсиалистй» монданд.
Дар ин маҷалла Улуғзода муҳаррир, ман котиби масъул

209
будам. Маҷалла пурра бо алифбои лотинй мебаромад.
Лидерҳо - саркардагони ташкилоти нависандагон -
Улуғзода, Раҳим Ҳошим, Ғанй ва Рашид Абдуллоҳо,
Содиқовҳо буданд. Аз боло - аз СеКа Дайламй барин ка-
сок идора мекарданд. Ман, Мунзим, Пайрав, Азизӣ,
Абдулғанй Мирзоев, Алихуш, Зеҳнй, Сарвар,
М.Турсунзода барин нависанда ва журналистон аъзоёни
қаторй будем. Устод Айнӣ, ки дар Самарқанд буданд ва
устод Лоҳутй, ки дар Москов буданд, аз дур ҳамкорй ме-
карданд.

Мирзоабдулвоҳиди Мунзим, ки яке аз мунавварфикрон,
яке аз саркардагони ҳаракати маорифпарварӣ дар Бухоро
буд, дар вақти мо ба Душанбе кӯчида омадан, дар идораи
рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» кор мекард; Абдулғанӣ
Мирзоев ҳам дар зери дасти он кас кор мекард. Мунзим
дар маҳаллаи кӯчаи Советӣ, дар қарибии аввалин масҷиди
Душанбе ҳавличае дошт ва дар он бо ду нафар фарзандаш
истиқомат мекард. Маро дӯст медошт, ҳар вақт меҳрубонӣ
менамуд. Чанд бор ҳамроҳи Пайрав, Зеҳнй, Бектош ва боз
намедонам киҳо дар ҳавлии Мунзим ҷамъ шуда будем,
зиёфати он касро хӯрда сӯҳбатҳои аҷоиб ташкил медодем.
Мунзими пир шеърҳо менавишт, маҷмӯаи асарҳояш чои
шуда буд. Лекин ҳамин тавр одами табаррук ва
мӯҳтарамро ҳам осуда наіузоштанд, ба вай тӯҳматҳо зада,
шеърҳояшро танқид карда, бароварданд. Мунзим, ки ба-
рои халқаш, барои босавод гаштани мардуми тоҷик
хизматҳои бисёре кардааст, дар охири умраш хор шуд; ба
ҷои хурмат ва тавозеъ, ба сараш кӯфтанд ва марди
мӯҳтарам то ба анҷумани аввалини нависандагон зиндагй
карда натавонист, қазо кард ва ӯро дӯстонаш бурда ба хок
супориданд. Ба іумонам на як рӯзнома, на як ҷамъомаде
мардумро аз вафоти ӯ огоҳ накарданд...

210
Дар ин ҷо воқеаи Муҳамммад Тақихони Кункули эронй
ба ёдам расид. Дар Эрон солҳои аввалй асри XX Муҳаммад
Тақихон яке аз мунавварфикрон ва навпарастон буда, бар
зидди ҳокимияти истибдоди онвақтаи Эрон кор мекарда-
аст. ӯро аз Теҳрон ронда, ба Қазвин, ё шаҳри дигаре ҳоким
таъин кардаанд. Пае дуздеро фиристода, шабона сарашро
аз танаш ҷудо сохтаанд. Шоири инқилобии Эрон - Ориф
дар ҳамин шаҳр будааст. Худи ҳамои рӯзи дафни Кулнул
як варақа чоп кунонда паҳн кардааст, ки дар он расми сари
буридаи Муҳаммад Тақихон ба нӯки ханҷари хунолуд тас-
вир ёфта аст ва ин ду байт дар боло ва поёни он раем дарҷ
шудааст:

Ин cap, ки нишони сарпарастист,

К-имрӯз раҳо зи каӣди ҳастист.

Бо дидаи ибраташ назар кун.

К-ин оҳиба?пи ватанпарастист!

Дар ҳаққи Мирзоабдулвоҳиди Мунзим низ инро іуфтан
ҷоиз аст. Ниҳояти умри ин марди ҷонфидо, ин марди ва-
танпараст ва дӯсти миллат ҳамин тавр ноаён гузашт ва
ҷисми ӯ ноаён ба хок рафт. Бале, Мунзим ватанпараст буд,
халқашро дӯст медошт ва ҳар чй ки аз дасташ меомад, ба-
рои халқаш дареғ намедошт. То метавонист, ҷавонҳоро
тарбия мекард. Ҳамин Мунзим буд, ки ба ҳолу ҷони
Абдуғанй Мирзоев намонда ӯро ба Ленинград, ба хондан
фиристод. Ҳар вақт маро ҳам таъкид мекард, ки хонам,
маълумоти олӣ гирам.

Аз нимаҳои солҳои 1932 гирогир ва таъқиби мардони
номии мо cap шуда будаасту мани ҷавони бегам ҳеҷ хабаре
надоштам, зинда бод Сталин іуфта, ҷонро дарег надошта
кор мекардам. Ва ҳол он ки мабдаъи ҳамаи бедодгариҳо,
ин гаъқибҳо ва гирогирҳо ҳамин худи Сталин будааст; сиё-
сати ғаддорона ва золимонаи Сталин ва шариконаш буда-

211

N
/ й 1 7 ?

/J? С

аст, ки ман бехабар будаам.

Як вақт фаҳмидем, ки Абдуқодир Муҳиддиновро (ки
нозири ксрҳои савдо буд), Комилиро (ки раиси Госплан
буд) ва Бектошро шрифта ҳабс кардаанд. Албатта ба
муқобили ин нобиғаҳои замон дар рӯзномаҳо мақолаҳои
кушанда чоп шуданд. (Ҳатто ман ҳам «Сухан ба ман» гуфта
бар зидди Бектош мақола навиштам). Мо соддаҳо ҳам бо-
вар мекардем, ки онҳо ҳақиқатан зидди ҳокимияти
шӯравй будаанд. Ва ҳол он ки Абдуқодир Муҳиддинов яке
аз сарварони ҷадидон ва инқилобчиёни Бухоро, ҷонфидо,
марди доно, оқил ва ҳамафаҳм буд. Халқашро дуст ме-
дошт, молу ҷонашро барои тараққй ва пешравии миллат
фидо карда буд. Омада-омада, вай аксулинқилобчй туда
баромад. Комилй ҳам яке аз пешқадамон ва зиёиёни
тоҷик, яке аз донишмандон ва дӯстони халқи тоҷик буд.
Вай ҳам душмани халқ шуда баромад. Бектош, ки олими
донишманд ва марди пешқадам буд, ҳамеша мекӯшид, ки
маданият, санъат ва адабиёти шӯравии тоҷик пеш равад,
сабзад, вай ҳам душмани халқ будааст.

Ин сиёсате буд, ки халқи тоҷикро аз сарваронаш ҷудо
кунанд, намонанд, ки мардуми тоҷик бо ёрй ва
роҳбарияти ин сарваронаш пеш равад, сабзад, тараққй ку-
над ва худашро шиносад. Мардумро ба ҳам ҷант меандох-
танд; фитнаҳо ва иғвогаропро дастшрй мекарданд; ҳар кй
даҳанкалон бошад, ҳар кй авбош бошад, нонаш ба равған
буд... Ammo ин ҳамаро ман намедонистам; ҳар чй ки ме-
іуфтанд бовар мекардам, эътиқодам ба партияи
коммуниста, ба ҳокимияти шӯравӣ ва ба НКВД зӯр буд. Ба
инҳо эътиқод ва боварй доштам.

Дар шаҳрчаи Стандарта, дар як бинои тахтагй,
дуқабата буд, зиндагй мекардем. Ғуломризо Ализода ҳам
дар он бино, ҳамсояи мо буд. Ин ҷавоп, ки аз эрониҳои Бу-

212


і6І4\

ICLf-k

хоро, шеамаз)щб буд, бо модар ва зану фарзандаш зиндагй
мекард. Хеле худписанд, мандонам ва «инқилобчй» буд.
Муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» шуда кор
мекард. Содиқов, ки аввал мудири китобхона буд, баъд
котиби кумитаи ташкилоти Иттифоқи нависандагон шуда
буд, домоди Ализода буд, яъне хоҳари Ализода дар дасти
ӯ буд. Соли 1937 ин ҳар дуро ҳам ҳабс карданд ва дигар
барнагаштанд.

Улуғзода ҳам, ки аввал дар идораи рӯзномаи «Комсо-
моли Тоҷикистон» кор мекард ва дар адабиёт чун
мунаққид дохил шуда буд (як-ду мақолаи танқидии худро
чоп карда буд), баъд муҳаррири маҷаллаи «Барои адабиё-
ти сотсиалистӣ» шуда ба кор даромад. Вай ҳам дар яке аз
хонаҳои шафати мо зиндагй мекард. Баъд ба Клавдия Ве-
шинская хонадор шуда ба хонаи вай кӯчид. Ин Клава зане
буд, ки дар дунё фақат худаш, шавҳараш ва фарзандашро
аз ҳама авло медонист. Ин хусусияти ӯ ба шавҳараш
Улуғзода ғуруру калонгариро дучанд афзуд. Клава, Роза
Неминова, Болотова ва боз чанд духтари дигар факултаи
шарқшиносии Тошканд ва Ленинградро гамом карда ба
кор омада буданд. Роза дар комитети тоҷикшиносй кор
мекард. Баъд ба Калонтаров шавҳар кард (Калонтаров дар
маориф кор мекард). Боз духтаре буд Катеис ном дошт,
ӯро нозири маориф Нисор Муҳммадов ба занй гирифт.
Болотова ном духтарро олими забоншинос - Климчит-
ский ба занй гирифт. Раҳим Ҳошим ба Бравде хонадор
шуд.

Он вақтҳо Мирзо Турсунзода як мухбир, журналисти
оддй буд ва дар идораи рӯзномаи «Комсомоли
Тоҷикистон» кор мекард. Ному овозае надошт ва бисёр
кам касон ӯро мешинохганд. Боре дар рӯзномаи Комсо-
мол оид ба кадом пиесае тақризе навишта София

213
С\АІЛ

Тӯйбоеваро сахт таҳқир кард. Албатта ин кораш хуб набуд.
София сахт ранҷида Турсунзодаро ба суд кашиданй шуд.
Инро фаҳмида Мирзо зуд ба Ленинобод іурехга рафта,
дар он ҷо ба театр ходими адабй шуда ба кор даромад.
Директори театр Ҳомид Маҳмудов ба вай ҳама шароитро
фароҳам овард. Турсунзода дар яке аз ҳуҷраҳои театр
истиқомат мекард. Ҷӯра ва ошноҳои бисёре пайдо кард.
Раҳим Ҷалил ӯро дастгирй мекард. Дар бадали як сол
Мирзо обрӯй шрифт, пиеса навишт ва ба Сабоҳатхон, ки
яке аз артисткаҳои театр буд, хонадор шуд. Намедонам
дар Ленинобод як сол, ё ду сол истиқомат карда, пас боз ба
Душанбе баргашт ва намедонам ё боз ба рӯзнома, ё ки ба
Иттифоқи нависандагон ба кор даромад. Он вақтҳо Ғанӣ
Абдулло, Рашид Абдулло, Азизй, Алихуш барин касон
вирди забонҳо буданд.

Ғанй ва Рашид Абдулло писарони Абдуллоҷон-акаи
самарқандй буданд, ки дар Боку таҳсил карда маълумот
шрифта буданд. Онҳо ду хоҳар доштанд, ки калонӣ
Муҳаррама дар дасти Маъруф Расулӣ буд ва хурдӣ - Му-
заффара дар дасти Абдулҳаким Қосимов буд. Ин
Қосимовро «махсуми қош» лақаб буд. Пеш аз он ки оид ба
Расулй ва Ҳ.Қосимов баёноте диҳам, дар ин ҷо як очерки
худамро, ки дар рӯзнома чоп шуда буд, такрор меорам.

Маъруф Расулй аз Самарқанд, яке аз касони пешқадам
ва бамаънии ҳамон солҳо буд. Ба Тоҷикистон кай омад ва
аввал чй кор кард, дар хотир надорам. Ман ин шахсро аз
ҳамон дам мешиносам, ки ӯ директори Нашриёти давла-
тии Тоҷикистон буд (солҳои 1932-33). Расулй одами боса-
вод, бамаънй, вазнин, одаму оламро медонистагй ва инсо-
ни ҳақиқй ба маънои томи ин маънй буд. Як мисол аз
одамгарии Расулӣ.

Чи тавре ки дар боло іуфтам, соли 1930 ба Душанбе

214
кӯчида омадему баҳори соли 1931 боз баргашта ба Бухоро
рафтем. Лекин дар Бухоро бисёр истода натавонистам. Бо-
зо гашта танҳо худам ба Душанбе омадам. Чанд гоҳ ба
ҳамон як хонаи майдае, ки дар вақти ба Бухоро рафтан на-
дода рафта будам, истиқомат кардам. Пас Саодатро, ки
дар дасташ Мунира ном духтарчаи аввалини ман буд, ҷеғ
зада овардам. Саодат дар саҳни вокзали Когон, дар дасташ
кӯдаки дусола истода будааст, ки кадом паравоз іузашта
истода баланд сигнал додааст. Мунирача дар хоб будааст,
магар ки якқад парида, бедор шуда триста аст. Маълум
ки бача дилкаф шудааст, ки Душанбе омада қазо кард. Мо
дар ошхонаи танге, ки ба Расулй тааллук, дошт, зиндагй
мекардем. Мунирачаи ман як-ду рӯз бемор шуда, ҷон дод.
Дар ошхонаи майда, ману Саодат, ки дар зиндагй ҳеҷ
таҷриба надоштем, бо мурдабача чй кор карданамонро
намедонистем. Аз даст додани фарзанд як алам бошад,
фикри ӯро ба хок супурдан сад алам буд. Мо мусофир чй
кор карданамонро намедонистем. Расулй ба ҳоли мо раҳм
хӯрда чунин маслиҳат дод: Ба Шаҳаншоев ном шахе, ки
худаш аз Душанбе буда, дар вазорати маориф мудири
корҳо аст муродиат кунед, вай одами раҳмдил, ба дарди
шумо даво мекунад.

Ман рафта ба Шаҳаншоев муроҷиат кардам. Он марди
куҳансол, одамшаванда ва бамаънй, ки дар қишлоқи Сари
Осиё (ин қишлоқ ҳоло ба шаҳр ҳамроҳ шудагй) зиндагй
мекард, маро хуш қабул кард. Дарди маро фаҳмида іуфт,
ки бачаро ба ҳавлии ман биёред, худам обу гомон меку-
нам. Пас, ҷасади бачаро (гӯё ки зинда бошад) ба кампал
печонида, як фойтун киро карда ба қишлоқи Сари Осиё
шрифта бурдем. Шаҳаншоев ва занаш бачаро шуста, ка-
фан карда, даноза хонда, ба қабристони қишлоқ бурда
дафн карданд ва моро аз як тахдука халос карданд. Илоҳй

215
a red Кд 50

арвоҳашон шод бод!

Аішун дар бораи он ки чи тавр туда мо дар ошхонаи
квартири Расулй ҷо карда будем:

Обид Исматй дар иморати якқабата, дар квартираи би-
сёр хуб ва дар марказтари шаҳр истиқомат мекард. Ҳамон
рӯзҳо ба Самарқанд кӯчида рафтанй шуду квартираашро
ба ман дод. Ин бино ба Назорати маориф тааллуқ дошт ва
дар ҳамон як квартира, ки ду хона, як айвон ва як ошхона
дошт, дар як хона ману занам (дар хонаи Обид Исматй),
дар як хонаи калони дигар Маъруф Расулй бо зану фар-
зандонаш (ду писар ва як духтар) зиндагй доштем. Тоби-
стон іузашт, тирамоҳ Обид Исматй боз гашта омада, ҳошо
хонаи маро холй карда деҳ туфта аз гиребони ман шрифт.
Ман ба маориф муроҷиат кардам. Онҳо гуфтанд, ки пас аз
муддате бояд хонае холй шавад, онро ба ман медиҳанд.
Ammo Обид Исматй маро ором намегузошт. Ниҳоят
Расулй ба миёна даромад, ба ман іуфт, ки шумо як зану
шӯ, ба ҳамин ошхона іузаред, хонаи Обид Исматиро ба
худаш баргардонед. Ман іуфтам: шумо хӯрокро дар куҷо
мепазад? Гуфт ки муваққатан дар айвони ошхона месозем.
Ҳамин тавр, бо вуҷуди он ки бечораҳо худашон танг бу-
данд, боз ошхонаро холй карда ба май доданд ва ману

зиндагй кардем.

Бай чунон раҳмдил буд, ки фарзандонаш агар сахт
шӯхй кунанд сахт ҷанг намекард (ё ки ҷанг карда намета-
вонист). Агар онҳо бисёр шӯхй карда ба ҷонаш расонанд,
ҳатто онҳоро танбеҳ карда истода аз чашмонаш ашк ме-
рехт. Ин марди бавиҷдон ва пок ба ҳеҷ кас гапи сахт зада
наметавонист, бо ҳама дар муомилаи хуб буд ва гӯё ҳама
ӯро дӯст медоштанд ва ҳурмат мекарданд. Аммо дар соли
1937 ҳамин тавр марди фариштахисолро шрифта ҳабс

Саодат чанд гоҳ дар ошхона

216
карданд ва нобудаш сохтанд.

Зани Маъруф Расулӣ ҳам зани олиҷаноб буд: боақл,
озода, мулоимгап ва бамаънй. Ин зан ҳам пас аз чанд сол,
дар вақти тӯйи духтараш (шояд аз хурсандй) шодимарг
гашт. Фарзандони М.Расулй дар қайди ҳаётанд ва дар
корҳои хуб хизмат мекунанд.

Боҷаи Расулӣ - Абдулҳаким Қосимов> ки махсуми қош
мегуфтанд, дар ҳақиқат марди хушрӯ, бо абрувони ка-
монмонанд, рӯи дароз, қомати хубу фарас. Вай дар на-
шриёт муҳаррири сиёсй шуда кор мекард, дар тарҷумаи
асарҳои Ленин ва Сталин саҳми калон дорад. Ду духтару
як писар дорад. Марди доно ва босалиқа буд. Афсӯс, ки
ӯро ҳам дар соли 1937 гирифтанд, вале пас аз якуним сол
озодаш карданд. Пас аз озодй Қосимов осуда нагашт, ба
прокурор ва идораҳои дигар аз НКВД шикоят навишт?.
Шояд ҳамин буд, ки ӯро дафъаи дуюм шрифтанду ноба-
душ карданд.

Азизй. Ин зот аз ӯротеппа буда, яке аз мунавварфикро-
ни солҳои 1919-20 буд. Ҳамон солҳо ба фаъолияти адабй ва
равшаннамой (ҳамроҳи Неъматуллоев) cap карда, мактаби
навро хатм намуда, мухбир шуда ва намедонам дар кадом
идораҳо кор карда, ба анҷумани халқҳои Шарқ, ки бо сар-
дории Зиновев дар Боку ташкил гашта буд, ҳамроҳи
Неъматуллоев рафта иштирок намудааст.

Ман ӯро аз ҳамон дам мешиносам, ки дар Тошканд, дар
идораи маҷалаи «Роҳбари дониш» кор мекард ва
ҳикояҳои аввалини худро чоп карда буд. Ҳикояҳояш ҳама
ҳаётӣ буда, он чи ки дида ва аз гаҷрибаи худ іузаронида
аст, ба рӯи коғаз оварда, табий ва равон навишта шудаанд.
Танқиди ҳамонвақта ҳикояҳои Азизиро таъриф карда буд.
Вай аз ман се-чор сол, балки зиёдтар калон буда, лекин
худро калонсол ҳисоб намекард, ба қатори мо ҷавонҳои

217
п

ҳамонвақта ҳамроҳ шуда мегашт. Дар соли 1931 ва ё 1932
ба Душанбе омад, дар хонаи стандартии мо як ҳуҷраро аз
қабати дуюм ишғол мекард. Зану фарзандонаш дар
ӯротеппа буданд ва ӯ худро тамом бетааллуқ, безану бачча
ҳисоб мекард. Пас аз ба Душанбе омаданаш дар идораи
маҷаллаи «Бо роҳи ленинй», ки нотири афкори муалли-
мон буд ва педагоги ба шумор мерафт, котиби масьул шу-
да ба кор даромад. Муҳаррири ин маҷалла шодравон Си-
рус5 буд.

Аз баҳори соли 1932 мо як тӯда нависандагони ҷавон
(гаштак)ташкил карда будем, ки Азизӣ ҳам иштирок дошт.
Ҳар ҳафта яке аз мо зиёфат мекардем. Аъзои ин гаштак:
ман, Абдуғанӣ Мирзоев, Азизй, М.Турсунзода, Алихуш ва
боз намедонам кй буд. Дар гаштак оши палав буду камтар-
камтар май ҳам менӯшидем ва сӯҳбатҳои бисёр хуш ва
аҷоиб меоростем. Дар ҳамаи ин сӯҳбатҳо Азизй «оқсақол»
буд ва чун калонсолтари мо ба сӯҳбат раисй мекард. Вай
ба сафари калони мо, ки соли 1933 ба тарафи Тошканд,
Самара, Қазон ва Москва карда будем, ҳамроҳ буд. Тафси-
ли ин сафарро дар очерки махсусе навишта будам, ки агар
аз архиви худам ёбам, ба ин хотираҳо илова мекунам.

Абдуғанӣ Мирзоев. Дар гашгакҳо, ба ошиазй ва дигар
корҳои ҳамаи мо боғайратона иштирок мекардем, ба ғайр
аз Абдуғанӣ Мирзоев. Вақте ки ӯро таъна карда ба кор
даъват мекарданд, масалан ба биринҷтозакунй, сабзй
наргасй кардан, гӯшт пора кардан ва ғайра ва ҳоказо, ме-
гуфт, ки аз дасти ман коре барнамеояд, ман намегавонам.
Баъд бо ханда илова менамуд:

5 Сирус яке аз инқилобчиёни Эрон буда, одами тануманд, хушфеъл ва
дар роҳи ҳизб хизматнишондода буд. Дар соли 1980 ба 94 даромада
қазо кард.

218
Булбул зи ҳунар банди гирифтори қафас шуд,

Аз беҳуиарй фароғате дорад зоғ!

Боре, вақте ки худи Абдуганй моро ба ҳавлиаш даъват
кард ва ош пухт, аз аввали кор ба ҳама эълон кард, ки мо
набояд ба коре даст занем, ҳамаи асбоби ош қариб тайёр
аст, ошро худи Абдуганй мепазад. Мо ёрй надодем,
қартабозй ва сӯҳбат карда шиштан гирифтем. Вақте ки
ошро кашида овард, аз бӯ, аз хуб бомазагй ва болаззат бу-
дани ош ҳама ҳайрон мондем. Мо іуфтем, ки ҳамин қадар
хунари хуб доштй, чаро ягон бор дар гаштакҳои дигарон
ба кор набурдй? Абдуганй хандиду іуфт: «Зоғ-да, зог!»

Бале, Абдуганй Мирзоев «зог» буд, ба маънои томаш.
Аз дасташ корҳои бисёре меомад, метавонист муҳимми
касеро барорад, метавонист ба касе ёрй диҳад, касеро аз
бадбахтӣ наҷот диҳад, лекин намекард. Ба кори худаш
пухта буд. Эгоист буд, лекин устокорона эгоистй мекард.
Аз касе қаҳр кунад, аз касе дилаш монад, ӯро то абад бад
медид ва ҳеҷ намебахшид, авф намекард. Бештар
одамҳоро ба ҳамдигар ҷанг монда, худаш ба канор меба-
ромад ва хандида, ҷанги онҳоро тамошо мекард. Доно буд,
олим буд; ба мартабаҳои олй расид, академик шуд; лекин
ба гирду атрофаш дӯст надошт. Бедарак набуд, ки рӯзи
вафоташ ба таъзияи ӯ хеле кам кас омад ва гаогирдонаш
наомаданд. Зеро ки бо кирдори бади худ бисёр касонро
озурда буд. Бисёриҳо аз вай метарсиданд ва бо мулоҳиза
ва андеша бо вай доду шрифт мекарданд. Дар ин маврид
ҳадиси Муҳаммад пайғамбари худо ҳаст: «Бадтарин кас он
аст, ки мардум аз ӯ битарсанд».

Соли ҷанг ӯро барои Эрон ба сафи армия сафарбар
карданд. Дар вақти рафтанаш аз ман хоҳиш кард, ки ҳар
сари чанд гоҳ аз модараш хабар шрифта истам. Вақто ки

219
пас аз рафтани ӯ ба хонааш хабаргирй рафтам, дидам ки
Ҳошим (вазири маорифи ҳамонвақта) дар яке аз хонаҳояш
истиқомат дорад. Вай маро дилпур кард, ки ҳамеша аз
модари Мирзоев бохабар аст ва омада гаштани ман ҳоҷат
надорад. Бо ҳамин, ман дилпур шуда рафтам. Вақте ки
Абдуғанӣ аз Эрон баргашт, донист ки ман ба хонаи ӯ би-
сёр наомадаам (ё ки Ҳошимчаи нобоб шикоят кард), аз
ман ранҷид ва ҳарчанд ки ман будани Ҳошимро дар хона-
аш далел овардам, қабул накард ва бо ҳамин миёни мо
вайрон шуд. Вай аз ман қасд шрифт.

Ду моҳ пет аз cap шудани ҷанг, ман ариза дода аз кори
идораи маҷаллаи «Гулистон» (гӯё падари «Садои Шарқ»)
хориҷ шудам, фақат бо кори эҷодй машғул шудан хостам.
Ҷанг cap шуд. Ҳамаи нашрияҳоро бастанд. Мондагиаш
(нашриёти давлатй, рӯзномаҳои марказй) ҳам хурд ва но-
чиз шуданд. Нашриёт китоб чоп намекард, брошюра ва
маҷмӯаҳои оид ба ҷанг ва мудофиаро чоп мекард. Ҳамаи
ин барои ман ва оилаи ман балои ҷон буд, балои
іуруснагй буд. Як вақат ба маоши андаки занам - Саодат,
ду фарзанд, модарарӯс ва ман зиндагй карда наметавони-
стем. Як бухонка нон сад сӯм ва зиёдтар шуд. Бинобар он
ман боз маҷбур шудам, ки кори эҷодиро тарк карда, ба
ягон идора ба кор дароям. Хостам ба идораи рӯзномаи
«Тоҷикистони сурх» ба кор дароям. Муҳаррири масъул
Фузайлов ном яҳудй буд. Вай ба хоҳиши ман бо хурсандй
ҷавоб дод. Маро мудири шӯъбаи адабй карда ба кор қабул
кардан хост. Гуфт ки пас аз ду рӯз омада кор кардан гиред.
Пас аз ду рӯз омадам. Гуфт, ки мебахшед, ман намедони-
стам, ин вазифа (штат)-ро аз мо бардоштаанд, дигар ҷои
холй надорем. Маъюс шуда баргаштам. Ба идораи На-
шриёти давлатй, ба назди Неъматуллоев рафтам. Илтимос
кардам, ки маро ба кор тирад. Неъматуллоев розй шуд, ки

220
маро чун муҳаррири адабй ба кор таъин кунад. Лекин пас
аз ду рӯз ба кор биёям. Пас аз ду рӯз омадам, Неъматулло-
ев ҳам узр гуфт, ки ҷои кор надорад.

Бо ҳамин тариқ, маро ба ҳеҷ ҷо ба кор намегирифтанд
ва баъдтар маълумам гашт, ки ин ҳамаро бо таҳрики
Абдуғанй Мирзоев, котиби СеКа Ғафуров: мекардааст. Ху-
до хайри Ефим Исоевич Мителманро диҳад, рӯҳаш шод
бод, ки маро ба кор гирифт, моҳёнаи хубе таъйин кард ва
май дар театри ба номи Лоҳутй ходими адабй шудам. Пас
аз чанд гоҳ аз Тошканд Файкоро (драматурги машхур, ки
пиесаи «Человек с портфелем »-и ӯ овоза бардошта буд)
даъват карда овард ва май бо роҳбарии Файко пиесаи
«Дили модар»-ро навиштам. Баъд ҳамроҳи Файко пиесаи
«Хонаи Нодир»-ро навиштам ва зиндагй равнақ ёфт...

* * *

Дар ин боби хотираҳоям, чи тавре ки хондед, оид ба як
қатор шахсон, ошноён ва ҳамкоронам баёнот дода истода-
ам. Акнун навбат расид ба Сотим Улуғзода. (Вақте ин
сатрҳоро менавиштам, Улуғзода як-ду ҳафта ин ҷониб дар
бемористони рақами 4, сактаи майна - инсулт шуда хоби-
дааст. Гоҳ ба худ ва гоҳ бехуд меіуянд. Ман ду бор ба аёда-
таш рафтам, ба ҳолаш дилам сӯхт. Ин ҳам мисли Раҳим
Ҷалил бо азобу машаққат қазо накунад, мегӯям).

Сотим Улутзода аз деҳаи Варзики Фарғона, тоҷик,
ҷавони хушрӯ ва зебо буд. Дорулмуаллимини тоҷикии
шаҳри Тошкандро хатм карда ба кор, ба Душанбе, ба идо-
раи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» дар соли 1931
омада буд. Ман бо Улутзода дар анҷумани якуми лингвис-
тони Тоҷикистон, дар авіусти соли 1930, дар Душанбе ши-
нос шуда будам. Як расми (сурати) калон дорам, ки дар он
тақрибан ҳамаи иштироккунандагони ҳамин анҷуман акс

221
f ( ■ f/J іСѵГИл/ Л у-НПЛ >ЧР7

( ^o)@dLj.

ёфтаанд. Дар он сурат ману Улугзода дар қатори пеш ни-
шастаем, ки ҳар ду ҳам ҷавони наврас будем.

Дар ҳар ҷои ин хотираҳоям дар борам Улуғзода андак-
андак баён карда будам. Улуғзода одами доно, боақл, ба
маънои томаш зиёй ва хондагй - босавод мебошад. Одами
вазнин, батааннй, бамулоҳиза, вале хеле худхоҳ, ботинан
эгоист ва агар лозим ояд, ҳатто ба дӯсти наздикаш ҳам
тайёр аст, ки хиёнат кунад. Ин ҳол аз худхоҳй ва эгоистии
ӯ cap барзада аст.

Дар соли 1937, баъд аз оне ки маро ҳабс карданд,
Улугзода ба газетам «Тоҷикистони сурх» мақолаи калоне
навишта, маро сиёҳ кардааст. Гуфтааст, ки Икромй писари
қозӣ ва қозикалонзода. Икромй душмани халқ ва душма-
ни ҳокимияти шӯроӣ, зеро ки дар «Тирмор» ном асараш
персонажи манфй Замира аст. Пас ба духтари худаш ҳам
номи Замираро дода аст, ки ҳамин тавр манфй шавад,
тайра ва тайра... Пас аз озод шуданам рафта ба рӯяш іуф-
там, ки шумо одами бамаънй, мантиқ ва ақл доред, наход
ки падар мехоҳад фарзандаш мисли персонажи манфй
бадкирдор бошад? Инро шунида гуфт, ки чй кор кунам, аз
гулӯям сиққонда гирифта буданд, агар нанависам, худам-
ро ҳабс мекарданд. Ман іуфтам, ки хайр ҳабс кунанд, кар-
дан гиранд; худамро ҳабс накунанд іуфта, каси дигари
бегуноҳро ба куштан медиҳед?!

Ман аз гуноҳаш іузаштам, боз дӯст шудем, боз ба
ҳамдигар муҳаббат пайдо кардем... Улугзода мегуфт, ки
акнун сад кас омада іуянд, ки Икромй одами бад, ман
меіуям, ки не, Икромй одами соф ва бегаш аст. Ба ин
гапҳо бовар кардам. Вале дере нагузашт, ки боз ахдро вай-
рон карданд: Дар соли 1990 ман ба шрифтами автомобил
ариза додам. Улугзода ҳам ариза дода будааст. Раиси
шӯрои шаҳр - Икромов ба ман ваъда дода, ки махсус ба

222
. Л4/ { \ _ Д

номи ман як «Волга» медиҳад, лекин надод. Рӯзе ҳамроҳи
Убайд Раҷаб, ки раиси кумитаи маҳаллйи Иттифоқи нави-
сандагон буд, ба назди раиси шӯрои шаҳр - Икромов раф-
тем. Бай моро дида гуфт, ки дигар на ба Икромй, на ба
Улугзода ва на ба нависандагони дигар автомобил
намедиҳад, зеро ки Улугзода аз ман (яъне аз раиси шӯрои
шаҳр) ба рафиқ Қаҳҳор Маҳкамов шикоят кардаанд, гуф-
таанд, ки Икромов ба хеши худаш, ба Ҷалол Икромй мо-
шинаи Волга медиҳаду ба ман не! Ман кай ба он кас не
іуфтаам?! Дурӯғгӯй ҳам ҳад дорад!

Пас аз ин ману Убайд чй қадар илтимос кардем. Ниҳоят
раиси шӯрои шаҳр розӣ шуд, ки ба ман мошинаи УАЗ -
яъне ки «газик» медиҳад. Ҳақиқатан ҳам пас аз як-ду моҳ
ман УАЗ шрифтам, Аъзам Сидқй ҳам, аммо Улугзода пас
аз як-ду моҳи дигар соҳиби як мошинаи «Нива» шуданд.

Аз ҳамин ду мисол ман іуфта метавонам, ки агар ман-
фиати худашон бошад, «ҷӯраи ҷонии ман» Улугзода ба як
пул мефурӯшанд. Ана ҳамин хусусияти он кас хуб не. Ба
худашон хеле менозанд, магрур ва таманное доранд. Дар
вақташ зани мурдагиашон Клавдия Вишневская меіуфт,
ки дар Душанбе як шавҳари хуб ҳаст, вай ҳам шавҳари
ман; як фарзанди хуб ҳаст, вай ҳам фарзанди ман; як ои-
лаи олй ҳаст, он ҳам оилаи ман! Ин гоя аз худи Клава на-
бояд бошад, ин аз таъсири ҷӯраи ман бояд бошад!

Улугзода нависандаи хуб аст. Аввал аз танқид cap кард,
баъд ба драматурга іузашт ва ниҳоят насрнавис шуд. Дар
байни асарҳои насрии вай ба ман романи «Восеъ» хеле
маъқул аст. Ман ин романро таҳрири адабй карда, хеле
хуб ва бодиққат хондам ва таҳлил намудам. Улугзода «са-
рам-дилам», донам надонам наменависад. Як мавзӯъро, ки
гирифт, материали онро хуб ва ҳартарафа меомӯзад ва
баъд ба навиштан cap мекунад. Дар «Восеъ» ҳам шӯриши

223
деҳқонҳоро хеле ба тафсил ва боварибахш навишта аст.
Хусусан дарбори амири Бухоро, гмрудорм вазир ва
қӯшбегиҳоро дониста ва хуб навиштааст. Ин роман аз та-
рафи Лукнитский ба забони русй ҳам тарҷума шуда, чоп
гардид.

Улуғзода дар мавзӯъҳои таърихй, дар борам зотҳои
машҳур ва классикҳоямон чандин асарҳо офарида аст: Те-
мурмалик, Рӯдакй, Фирдавсй, Аҳмади Дониш барин
асарҳои вай ва драмаҳояш машҳуранд. Улуғзода одами
батафаккур ва нависандаи хуб аст. Бинобар он ман боз ва
боз аз «гуноҳ»-ҳои ӯ мегузарам. Одам шири хом хӯрда аст,
аз як ҷиҳат нағз бошад, аз ҷиҳати дигар камбудинок меша-
вад. Дар дунё одами тамоман беғаллуғашро ёфтан муш-
ки л.

Улуғзода ду писару як духтар дорад. Писари калонӣ -
Азиз пас аз вафоти модараш, дар солҳои шастум ба
Ҳиндустон рафта, дар он ҷо ба воситаи сафоратхонаи Анг-
лия паноҳгоҳи сиёсй ҷуста ба Лондон рафта буд. Ҳоло вай
дар хориҷа (намедонам дар Лондон, ё Порис, ё Олмон) аст.
Пас аз ба хориҷа іурехтани Азиз ба сари Улуғзода балоҳо
омад. Ҳамон вақтҳо дар хонаи эҷодии Переделкино ман
Мирзо Турсунзода аз самими қалб Улуғзодаро даъват кар-
дем ва маслиҳат додем, ки бар зидди писараш як мақола
навишта, ӯро «оқ» кунад ва аз писараш даст кашад. Лекин
Улуғзода қабул накард, ин тавр мақола навишта наметаво-
нам, ба ҳар ҳол Азиз фарзанди ман аст, гуфт. Аз ин сӯҳбат
каме фурсат іузашту Улуғзодаро ба зери тозиёна гириф-
танд. Дар маҷлиси ташкилоти партиям Иттифоқи нави-
сандагон амали фарзандаш ва муносибати ӯро муҳокима
карданд. Аз Турсунзодаю Миршакар cap карда, то Юсуф
Акобир ва дигарон тарафдори аз партия хориҷ кардани ӯ
шуданд. Ман пеш аз ҳама бархоста ба ин таклиф муқобил

224
и-







баромадам (бо вуҷуди он ки рӯзона котиби ҳамонвақтаи
ташкилоти партияи нависандагон - Левин Михаил маро
махсусан ҷеғ зада іуфта буд, ки тарафдори аз партия
хориҷ карда шудани Улутзода бошам. Лекин ман ба ӯ
ҷавоби рад дода будам). Дар маҷлис баромад карда іуф-
там, ки ба Улуғзода фақат «виговор» дода шавад, зеро па-
дар ба кирдукори писар ҷавобгар не. Аз партия хориҷ
кардан ба март ҳукм кардан барин аст. Таклифи маро Си-
рус, Арнолд Одинсов ва боз намедонам киҳо тарафдори
карданд ва дар овоздиҳй моён 12 нафар бар зидди 11 на-
фар шуданд. Бо ҳамин Улуғзодаро аз партия хориц накар-
да, ба виговор монондем. Лекин қарордоди моро дар Рай-
ком латв карда партофтаанд ва бюрои СеКа Улутзодаро аз
партия хориҷ кард. Бо ҳамин Улуғзода 18 сол бепартия
буд. Мирзо чанд бор ба Расулов - котиби якуми СеКа-и
Тоҷикистон муроҷиат карда ба партия гашта монондани
Улутзодаро илтимос кард, лекин Ҷаббор Расулов қабул
накард. Ниҳоят пас аз ҷорй шудани бозсозй котиби
ҳозираи СеКа - Қаҳҳор Маҳкамов ба Улуғзода марҳамат
карда ӯро боз гашта ба партия барқарор карданд.

Улуғзода аз зани дуюмаш боз соҳиби як писар шуд, ки
номаш Зариф аст. Лекин ин Зариф аз ҷиҳати ақлу дониш
нуқсонҳое дорад. Худаш бачаи хуб. Азиз ҳанӯз дар хориҷа
аст. Як-ду бор хоҳарашро - Нораро ҷеғ зада ба Лондон ва
Порис бурд, хеле хуб пазироӣ карда, хурсанд карда бар-
гардонид. Меіуянд, ки Азиз дар хориҷа ҳаёти хуберо аз
cap мегузаронад.

Аз ҷиҳати синну сол\Раҳим Ҷалил бо ман ҳамсол буд.
Вай ҳам дар соли 1909 (фақат дар моҳи июн) таваллуд ёф-
тааст. Ҳоло мехоҳам дар бораи ин нависандаи халқии
Тоҷикистон, аъзои комитети марказии ҳизби коммуни-
стии Тоҷикистон, дорандаи ордени Ленин ва ғайра хоти-

225
рай худамро давом диҳам.

Раҳим Ҷалилро аз солҳои 1933-34 ин тараф мешиносам.
Пеш аз ҳабс шуданам (ҳарчанд одами иоустувор баданаш-
ро медонистам) ҷӯраи «ҷонй» будем. Борҳо ман ба Хуҷанд
рафта, ба ҳавлии Раҳим Ҷалил меҳмон шудаам. Вай одами
меҳмондӯст, улфат ва ҷӯрабоз буд. Корашро аз мухбирй ва
корманди идораи газета cap карда аст. Ба нависанда шуда-
ни ӯ Ҳаким Карим то як дараҷа мадад расонида аст. Раҳим
Ҷалил бисёрии вақти эҷодии худро дар идораи рӯзномаи
«Ҳақиқати Ленинобод» іузаронидааст. Дар ин идора муо-
вини муҳаррир, баъд сармуҳаррир шуда кор кардааст.
Баъд аз оне ки дар Хуҷанд шӯьбаи нависандагони тоҷик
ташкил шуд (онро ман рафта ташкил кунонида будам),
Раҳим Ҷалил котиби масъули ин шӯъба шуд ва аз ҳамин
ҷо моҳёна мегирифт, идора ташкил дод, ба худ духтараке-
ро котиба карда гирифт (баъд бо ин котиба ҳамзистӣ кар-
да, зану шӯ шуда, ҳатто аз қайд гузарониданй шуд). То
охири умраш (касал хобида бошад ҳам) вай котиби таш-
кил оти нависандагони Хуҷанд буд. Дар соли 1989, тоби-
стон аз ҷаҳон чашм пӯшид. Лекин хеле азоб кашида мурд.
Чандин сол безабон, беҳаракат, бистарй шуда, нимзиндаю
ниммурда хобид. Зани аввалаи ӯ Ҳалима ном дошт. Вай
зане буд бесадо, ҳалима, вазнин, коркун, мутеъи шавҳар...
Аз вай як духтару як писар дорад. Писари калонй - Ман-
зур, ки ҳоло академик шудааст. Касбаш геология. Духта-
раш духтур - табиб.

Раҳим Ҷалил нависанда буд. Ба ин шубҳа нест. Аввалҳо
ба мавзӯъҳои замонавй менавишт. ҳикояҳои хеле хубаш
ҳаст. Хусусан дар ҳаҷвнависй усто буд. Баъд романи
«Пулод ва Гулрӯ»-ро навишт. Боре, пеш аз даҳаи адабиёти
тоҷик дар Москав, ман дар як хона, Раҳим Ҷалил дар як
хонаи боги (дачаи) Шӯрои вазирон нишаста, ман романи

226
«Шодй», вай романи «Гулрӯ»-ро менавиштем. Ба ҳамдигар
мадад мекардем. Дар вақти навишта истодани «Шодй» дар
як ҷо илҳом ба охир расид, кор пеш нарафта монд, фикри
дуруст намеомад. Ҳарчанд ҳаракат кардам нашуд. Баъд
қаламу коғазро ба ҷояш монда аз хона берун баромадам,
ба сӯи хонаи Раҳим Ҷалил рафтам. Аз тиреза дидам, ки
вай бо ангушташ мӯи сарашро печонида-печонида ба
қалами карандаш ба дафтари мактабӣ навишта истодааст.
Оҳиста дарашро рафта тақ-тақ задам. Иҷозат дод. Даро-
мада аҳволпурсӣ кардам ва аз ҳоли худ хабар додам, ки
корам пеш нарафта истодааст. Раҳим іуфт, ки ман як боби
бисёр талатй навиштам, ба ту хонда диҳам, шояд илҳом
биёяд. Ман розӣ шуда гӯш кардам. Вақте ки хонда шуд,
ман ҳис кардам, ки ба ман ҳам илҳом омад. Ба хонаи худ
баргашта, ба сари кор нишастам, корам пеш рафт...

227


я

w

'*кл

СОЛИ 1937

Ин соли наҳс ва бадбахтие буд, ки ба сари халқҳои та-
моми мамлакат ҳабсу табъиду марг овард. Ин соле буд, ки
гумон мекардед, пас аз кӯрдуд-кӯрдуд сохтани хонумонҳо
якбора оташи фалокатовар шӯъла барафрӯхт ва
бадбахтиҳои бузургро сабаб гардид. Оё оташдиҳандаи ин
сӯхтор, боиси ин ҳама бадбахтиҳои мардум дар чй буд?
Кадом золими хунхор фармуда буд, ки миллионҳоро би-
гиранд, азоб диҳанд, таҳқир кунанд, ҳабсу табъид намоянд
ва ба вартаи марг партоянд? Он солҳо, ки НКВД (КГБ)
иҷрокунандаи ҳабси мардумон ва кушандаи миллионҳо
буд, ҳама сардорони ин идораи фавқи ҳамаи идораҳоро,
Ежовро, Ягодаро, Бериаро ва дигаронро боис медонистанд
ва іумон доштанд ин сардорон ба сари мардум фалокат
меоранд; аммо Сталии іуё памедонад, іуё аз ин зулму
бедодй хабар надорад. Вай бо гирифта куштани сардори
аввали ин идора - Ягода ва баъд бо гирифта куштани Ежов
ва таъини Берна гуноҳро ба сари онҳо монда буд ва чунон
воменамуд, ки худаш беуноҳ аст. Мо ҳам ҳама ба ҳамин
ақида будем. Мардум аз ҳар тараф ҳазорон ариза ва
дархостҳо ба номи Сталин менавиштанд ва аз вай бо
илтиҷо хоҳиш мекарданд, ки он бегуноҳонро фармояд, ки
озод кунанд.

Ин асрор фақат пас аз анҷумани бистуми партияи ком-
муниста, пас аз іуфтори Никита Сергеевич Хуршев рав-
шан гашт, ки боиси ин зулму куштор бевосита худи Ста-
лин будааст. Ин даҳшат ва хунхӯрии вай оҳиста-оҳиста дар
рӯзҳои пас аз соли 1985 ба воситаи матубот равшантар
гардид.

228
Сталин маҳз барои тарсонидани халқ, тарсонидани
гирду атрофиёнаш ба ин даҳшат даст задааст. Вай ҳокими
мутлақ шудан мехостааст, мисли Чингиз, мисли дигар зо-
лимони іузашта! Вай ҳатто наздиктарин одамҳои худро
кушта, нобуд карда, ба дили дигарон даҳшат, воҳима ан-
дохта аст. Касе аз фармони вай як сари мӯе гардан тофта
наметавонист. Мекушт ва бераҳмона несту нобуд мекард.
Мегӯянд, ки вай ин таълимро аз Ленин гирифтааст. Іуё
Ленин ҳам дар аввали инқилоб ҳамин тавр куштор карда-
аст. Сталин - турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро,
даҳ баробари устодаш одам кушта, ба дили халқ воҳима ва
ҳарос андохтааст. Мардум аз таре дар танҳойй ҳам Ста-
линро дуо мекарданд ва ба Сталин сано мехонданд. Ҳама
іумон доштанд, ки боиси зулму, ҳабсу табъиду марта мар-
дум дигаронанд - Ежов, Берна ва гайра - на Сталин.

Соли 1937-ро соли бехосият, соли бадбахтии мардум
медонистанд. Ин соли наҳсро ҳама дуои бад мекарданд ва
ба онҳое, ки ин солро барои мардум наҳсу фалокатовар
кардаанд, аҷалу марг мехостанд. Дар ҳақиқат 1уноҳ ба сол,
ба рақам ва омади он нест, 1уноҳ ба онҳое мебошад, ки
амали фалокатовари худро дар ҳамин сол тезониданд, дар
ҳамин сол бо даҳшати каснадида ва іушнашунида ба сари
миллионҳо беіунохон борони аҷал ва маргро рехтанд.

-■ ( 0Y Даҳшату фал окат оилаи моро ҳам фаро тариф?. Барои
он ки таърихи зиндагонии ман дар ин солҳо равшан ва аён
гардад, барои он ки мардум боиси бадбахтй ва азобу
уқубати дар хонадони мо рухдодаро дуруст бифаҳманд,
лозим донистам, ки ҳар чй аз он солҳои фалокатовар дар
хотир мондааст, дар ин ҷо бирависам.

Одам ва аҳволи рӯҳияи он аҷоиб сохта шудааст.
Бадбахтй ва рӯзҳои сиёҳи зиндагй бо іузаштани вақт,
фаромӯш мешаванд. Бисёр кам воқеъ мегардад, ки кас дар

229
шабҳои бехобӣ ғаму ғуссаи іузаштаро ба ёд орад. Ин ал-
батта аз як ҷиҳат хуб аст, ки одам азоби дидагии худро дар
хаёлаш такрор карда азоб намекашад. Лекин баъзе як
воқеаҳо ва ҳодисаҳое дар зиндагй воқеъ мегарданд, баъзе
як бадбахтй ва фалокатҳо рух медмҳанд, ки одам як умр аз
хотир фаромӯш намекунад; агар ба хотир биёянд, беихти-
ёр ҳамин мисраъҳои Бедили бузургро такрор мекунем:

Эй фаромӯшӣ кучрӣ, то ба фарёдам расӣ,

Боз аҳволи дили гампарварам омад ба ёд!

Дар ёдам ҳаст, ки дар аввалҳои моҳи авіусти соли 1937
барои табобат (ман ба бемории сил гирифтор будам) ва
дам гирифтан ба табобатгоҳи Шаҳристон, ки бо қимиз
муолиҷа мекарданд, сафар кардам. Дар он вақт ман
ҷавони бистуҳафтсола будам. Дилам аз умеду орзуҳо мам-
лу буд. Ба дунё некбинона ва хурсандона нигоҳ мекардам.
Дар дил ба ҳеҷ касе, на ба хешу таборон ва на ба ёру
дӯстон ва на ба нависандагон, ки ҳамқалам ва ҳамкори ман
буданд, кинае, іумони баде, душмание надоштам. Содда
будам, ҳамаро, ҳар касеро ки ба ман муомилаи хуш ме-
кард, дӯсти наздик ҳисоб мекардам. Намедонистам, ки
одамҳо іуногун мешудаанд. Баъзе одамҳо ба дидан мисли
малоика намоянд ҳам, дар асл аз шайтон ҳам бадтар ме-
шудаанд. Дар ёдам ҳаст, ки шодравон Сирус борҳо меіуфт:
«Ҷони одам зухми мурғ нест, ки дар офтоб дид!» Бале,
одамонро, «дӯстон»-ро аз ҳамдигар фарқ кардан, раніу
рӯи ҳақиқии онҳоро дида, донистан мушкил аст; хусусан
барои ман, ки дар он дам на таҷрибаи зиндагй доштам на
шайтанат ва ҳушёрй...

Ҳамроҳи шодравон Суҳайлии Ҷавҳаризода бо поезд ба
стансияи Хавос расидем. Бо роҳбарии Суҳайлй ба фойтуне
бор шуда ба сӯи Уротеппа равон гаштем. Суҳайлй, алҳақ
одами софдил, бегараз, камтар беҷуръаг бошад ҳам худро

230


далер нишон медодагй, меҳмоинавоз ва меҳрубон буд. За-
не доштанд, ки фақира, бемурод ва хеле оддй. Худи
Суҳайлй одамаки майда, қадпаст, харобак ва хеле наҳиф
буданд. Духтаре пайдо карданд ва номи ӯро Муҳаббат iy-
зоштанд. Ҳама меҳру муҳаббати худро ба ин духтар до-
данд. Муҳаббат нағз хонд, ба воя расид ва шавҳари хубе
кард, ба Суҳайлй набераҳо овард ва ҳоло чарош падару
модарро равшан карда гаштааст.

Дар бораи Суҳайлй дар байни мардум ҳаҷвия ва
латифаҳои бисёре паҳн шудагй, лекин бисёрии он итроқ
аст, ё дурӯғ! Дар асл Суҳайлӣ, ки одами содда, аз шайтанат
дур буданд, дар зиндагй баъзе корҳои соддалавҳона ме-
карданд, ки одамҳо он соддагиҳоро бо муболиға дар байни
худ паҳн карда, латифаҳои бисёре ба майдон оварда бу-
данд. Масалан Боқй Раҳимзода мегуфт, ки ӯро аз тарафи
Иттифоқи нависандагон ба Суҳайлй кафил кардаанд, ки
дарси сиёсй ва иҷтимоӣ диҳад, он касро аз таърихи халқ ва
партия бохабар кунад. Боқй ҳам бо мамнупият бо он кас
даре меіузаштааст. Боре туфта аст, ки ҷамъияти
капиталиста нисбат ба ҷамъияти феодалй пешқадам ва
протрессивй буд, ҷамъиятро ба сӯи тараққй пеш бурд.
Суҳайлй ҳамин ки ин суханро мешунаванд, дар зери лаб
табассум мекунанду зуд ба назди Турсунзода мераванд,
меіуянд, ки шумо киро ба ман роҳбари сиёсй карда мон-
дед?! Охир, Боқӣ ҷамъияти капиталистиро пешқадам ва
протрессивй іуфт. Ин чй маъно дорад?! Мирзо Турсунзода
ба зӯр Суҳайлиро қаноатманд кардаанд, ки ин маънои ба-
де надорад ва он кас хотирҷамъ бошанд... Ин воқеа
шудагй, ё не, намедонам. Шояд ин ҳам аз ҳазлҳои Боқй
бошад.

Суҳайлӣ фарзанди шоири бузурт ва яке аз устодони
назми мутааххирини замони іузашта - Ҷавҳарй Зуфархо-

231
ни Истаравшанй мебошанд. Истеъдоди шеъру шоирй ба
он кас мероси авлодист. Дар қоидаи шеърнависй, дар до-
нистани вазну қофияву саҷъ устод буданд. Лекин аксари
шеърҳояшон «қадимона», такрори образҳо ва юя буд.
Шеърҳояшонро бад гуфтан нашояд, дар замони худашон
ба харҷ мерафт, вале хубу аъло гуфтан ҳам нашояд. Фикри
бикр ҳам буд, бештар таърифу тавсифи замон, одамон ва
комёбиҳо буданд. Шогирдҳо доштанд. Чунончӣ, Фарҳат,
Ҳабиб Назаров ва дигарон. Меіуфтанд ки аз шогирдон
Фарҳат истеъдод дорад ва аз руи муслиҳат пухта кор меку-
над. Дар шеърҳояш хатой вазнй ва маъной кам вомеху-
ранд. Аммо Ҳабиб Назаров истеъдоди хуб надорад, лекин
одами ғалақадаро ва ба худ ҷалбкунанда аст. Вазири адлия
буд, баъд раиси суди олй шуд. Маро хурмат мекунад, ман
ҳам мувофиқи он ӯро дӯст медорам ва шеърҳояшро ислоҳ
карда медиҳам...

Ин Ҳабиб Назаров бо ман дӯст буд ва ҳамкорй мекард.
Боре, дар хонаи эҷодии «Переделкино» ҳамроҳ будем. Дар
вақти сӯҳбат ҳикояти Сафармахсум ном ҳамқишлоқии
худро ба ман нақл кард. Бале, ҳаминро гӯям, ки Ҳабиб
қиссапардоз буд, нағз ҳикоя меіуфт, аз сӯҳбаташ канда
намешудед. Ман ҳам ҳикоят (ҳаҷвия)-ҳои Сафар махсуро
шунида, іуфтам, ки чаро оид ба ин шахс ва латифаҳои^ӯ
романе наменависй? Гуфт ки худам наметавонам, биё
ҳамроҳ кор кунем. Ман розй шудам. Вай дар 16 саҳифаи
коғази блокнот баъзе латифаҳои Сафармахсумро навишта
дод. Баъд, ман аз ин 16 саҳифа коғазпораҳо як романи 16
ҷузъи чопй навиштам, ба мошинка чоп кунондам, Ҳабиб
ягон ҳарфи дигар нанавиштааст. Пае, инро дониста як
қисм рафиқон ба ман маслиҳат доданд, ки китобро бо им-
зои худам барорам. Инро ба Ҳабиб іуфтам, ба ту пули
латифаҳоятро медиҳам, дар сарсухан номатро зикр меку-

232
нам, лекин ба муаллифй шарик намекунам. Ҳабиб доду
фарёд кард, қавл додй, ба қавлат исто, іуфт. Маи оташин
шуда іуфтам, ки ана ин 16 саҳифа коғазпораҳоятро тиру
худат навис! Ман ин асарро чоп намекунам. Пас чизи тай-
ёрро ба токча партофта мондам. Ду сол іузашт. Убайд
Раҷаб, ки муҳаррири маҷаллаи «Шарқи Сурх» буд, аз ман
илтимос кард, ки романро чоп кунам. Улутзода ва Мирзо
Турсунзода ба миён даромаданд. Онҳо іуфтанд, ки ҳама
услуби туро медонанд, майлаш чоп кун ва ҳафтод фоиз
ҳаққи қаламро худат тир! Ҳабиб ба ин розй шуд. Роман ба
маҷалла чоп шуд. Ҳабиб ей фоиз ҳаққи қаламро шрифта,
қонеъ шуд. Ammo вақто ки китобро нашриёт чоп кард, Да-
вида рафта ними ҳаққи қаламро шрифт. Ман дигар ran
назадам. Ба даст қалам шрифта қисми дуюми роман -
«Сафармахсум дар Бухоро»-ро навиштам, то ки мардум
донанд, ки роман аз нӯга қалами кй ба майдон омадааст.

Ман ин ҳамаро наменавиштам, лекин дар таърих
ҳақиқат монад іуфтам!

Pan дар бораи Суҳайлй буд, қалам ба сӯи дигар рафта
монд! Хуллас ки ман ба Суҳайлй хурмат ва эҳтиром дош-
там. Он кас ҳам маро дар қатори дигарон дӯст дошта
меҳрубонй мекарданд. Суҳайлй дар синни 63-солагй (дар
соли 1964) вафот карданд.

Бо Суҳайлй дар фойтун аз роҳи пурчаніу іубор ва аз
байни дашти бедиё ба сӯи Уротеппа мерафтем. Он вақтҳо
ободонй фақат дар қарибиҳои Уротеппа cap мешуд. Хул-
лас ки дар ҳавои гарм, арақшорон, монда шуда ба Уро-
теппа, ба ҳавлии Суҳайлй расидем. Ҳамин дар хотирам
ҳаст, ки Суҳайлй ба ман іуфтанд:

- Марҳамат карда, аз оби моҳй нагӯзидагй дасту рӯ
шӯед!

Дар ҳавлии Суҳайлй як чашмаи оби шаффоф ва хунук

233
ҷӯшида мебаромад. Ман аз он об дасту рӯ шуста роҳат
кардам ва дар сари дастурхони пурнозу неъмати Суҳайлӣ
нишастам.

Дар ҳавлии Суҳайлй ду-се рӯз меҳмон будам. Як бегоҳй
аз кино баргашта омада истода, дар роҳи калон автомоби-
ли боркашеро дидам, ки дар болои он якчанд нафар ни-
шатсаанд ва суханопи онҳоро фаҳмидам, ки ба Шаҳристон
мераванд. Пурсидам, ки ман ҳам ба онҳо шарик шавам, ба
Шаҳристон, ба табобатхонаи қимиз мерасида бошам. Гуф-
танд, ки марҳамат, мо ба ҳамон ҷо меравем. Пас аз ҳавлии
Суҳайлй чамадончаи худро гирифтаму бо он кас (ҳарчанд
ки ба истоданам тақозо мекарданд) хайру хуш карда, ба
автомобили боркашй нишастам. Ҷавонҳое, ки ман
ҳамроҳи онҳо будам, муаллимоне будаанд, ки аз Ленино-
бод меомадаанд. Ҳама ҷавонҳои хуб ва боодоб буданд. Бо
онҳо сӯҳбаткунон дар соати дуи шаб ба Қимизхона раси-
дем. Моро ба хонаҳои «сиёҳ»-и қазоқӣ ҷо доданд. Он вақт
дар табобатгоҳ иморати истиқоматй набуд. Рӯзи дигар пае
аз муойинаи духтур ба табобату истироҳат сарк ардам...

Дар он табобатгоҳ хӯрокҳои бомаза ва равғанй, қимизи
хуб ва аъло медоданд. Лекин на театру клуб буд, на кино
буд, Фақат як радио буду дар ҳар ду-се рӯз газета меовар-
данд. Мо беморон пас аз хӯроки шом ба канори баландие,
ки дар паси хонаҳои «сиёҳ» буд, мерафтем ва сӯҳбат карда
менишастем. Дар поёни ин баландй дарёчае ҷорӣ буд ва
дар он тарафи дарёча роҳи калони Душанбе-Ленинобод
меіузашт. Ҳар мошинае, ки аз роҳ меіузашт диққати моро
ҷалб мекард. Мо иштиёқманди дидани осори мадаиият
будем. Пас аз як рӯз муҳаррири газетаи райони Нов омад,
ки моро мешинохт. Дар ин ҷамъомадҳо аз ман илтимос
кард, ик ҳикоя гӯям. Ман ҳам нею-нестон накарда ба іуф-
тани ҳикоя ва саргузаштҳои аҷоиб cap кардам. Он вақтҳо

234
ҳофизаам хеле хуб кор мекард. «Чаҳор дарвеш»-ро аз ёд
медонистам. Мардум аз ман хеле миннатдор буданд, ки як
худам вазифаи кино ва театрро барои онҳо ба ҷо меовар-
дам.

Рӯзе ҳамроҳи як муаллими ҷавон ба болои теппаи ба-
ланде, барои тамошои горе, ки дар болотари теппа буд,
мебаромадам. Нохост, аз поён муҳаррири газетаи Нов ма-
ро ном шрифта ҷеғ зад ва іуфт, ки сабр кунам, вай ҳам бо
мо ҳамроҳ меравад. Муаллими ҷавон ба ман бо диққат
нигоҳ карда пурсид:

- Икромӣ мегӯянд, магар шумо Икромй ҳастед?

- Бале, ман Икромй ҳастам.

- Кадом Икромй? Наход ки Ҷалол Икромӣ бошед?

- Бале, Ҷалол Икромй ҳастам.

- Ҳамон нависанда?

- Ҳа, ҳамон нависанда!

- Э, шумо ҳам худамон барин будед-ку!

Муаллими ҷавон аз ҳайрат ва тааҷҷуб намедопист ки чй
гӯяд.

- Ҳа, ман чй хел мешудам? Дев барин? Малоика барин?

- Не, ман Ҷалол Икромиро як одами калон, ришдор ва
босавлат мепиндоштам...

Бале, ҳамаи мо нависандаи дӯстдори худро ҳамин тавр,
як шахси фавқулодда, аз худамон зиёдтар, бузурггар ва
тавонотар мепиндорем. Он вақт ман ҳанӯз асарҳои калони
худро наофарида бошам ҳам, хонанда аллакай маро ши-
нохта ва писандида будааст.

Ҳамин тавр, дар табобатгоҳи Қимиз, дар Шаҳристон
хушу хурсанд гашта будам, ки ношҳ дар газетаҳо ҳодиса,
воқеаҳои ҳузнангез ва даҳшатоварро хондам. Дар Душан-
бе, іуё органҳои НКВД ташкилотҳои зидди шӯравй ва
душманони халқро ёфта бошанд. Ширинов ном раиси су-

235
ди олй, Шоҳтемуров, ки раиси Шӯрои Олй буд ва Чинор
Имомов, ки котиби СеКа буд ва боз чандин касони дигар
фош гаштаанд ва ҳар рӯз дар бораи онҳо радио ва
рӯзномаҳо хабарҳои даҳшатовар мерасонданд.

«Беморон» ҳайрон буданд. Баъзе бовар мекарданд, ки
ин хабарҳо рост аст ва дар ҳақиқат номбаршудагон душ-
манони халқанд. Баъзе дигарҳо - аксарият - бовар наме-
карданд. Шоҳтемуров ва Чинор Имомов, ки роҳбарони
ҷонсупори ҷумҳурият буданд, ба ин тавр ҳақорат ва носазо
муносиб нестанд, меіуфтанд. Баъзеҳо ба тарсу ҳарос афто-
данд, ҳатто баъзеҳо пеш аз муддат чизу-чораҳоро
гундошта, баромада рафтанд. Ман хеле ғамгин шуда бо-
там ҳам натарсидам ва аз худ ҳеҷ іумоне надоштам, ки он
бадбахтие, ки ба сари Шоҳтемуров ва дигарон омадааст, ба
сари ман ҳам меояд. Дар ин ҷо як банд мухаммаси Хоқонй
ба ёдам омад, ки аз номи иблис навишта буд: Иблис дар
осмон муаллими малоикаҳо будааст ва мегӯяд:

Будам бад-он таҷаммулу цоҳу ҳашам басе,

Рӯзе ба арш чашм фикандам ба боисе,

Дидам ба чашми сир, ки ба хатти муҳаддасе,

Бар лавҳи зар навишта, ронда шавад касе,

Кардам гумон зи ҳар касу аз худ гумон набуд.

Ман Иблис набошам ҳам, муаллими малакут набошам
ҳам, газетаҳоро хонда истода, хабарҳои радиоро шунида
истода, ҳеҷ гумон намекардам, ки он бадбахтй ба сари ман
ҳам меояд. Охир ман ҷавон будам, дар айни ҷӯшу хурӯши
зиндагй, дар айни равнақи эҷодӣ будам. Дар кори худ, дар
эҷодиётам ҳам ҳеҷ хатое, ҳеҷ саҳве намедидам. Ин аз як
тараф, аз тарафи дигар ман ба партия, ба хукумати «адо-
латпеша»-и Шӯравй, хусусан ба органҳои он НКВД бова-
рии том доштам, ки ин орган ҳеҷ саҳву хатое ва беадолатие
намекунад. Пеш аз ба ҳабс шрифтами касе, пеш аз айбдор

236
lie L ■ , " ■ . ■ '

-V ’ /

кардани шахе чандин фурсат тадқиқ мебарад, материал
ҷамъ мекунад ва пас аз он ки ҳеҷ шубҳае ба гунаҳгории кас
намонд, баъд онро ба даст мегирад, Маро ин орган ягон
бор ба зери шубҳа (гӯё) нагирифта буд, ягон бор ҷеғ назада
буд, чизе напурсида буд. Пае маълум, ки ман 1уноҳе, айбе
надорам! (Аҷаб соддагӣ!)

Ин фикру андешаҳо маро ва дигаронро хеле
бесаранҷом кард. Дар ҳақиқат дигар табобат ва қимизхӯрй
фоида надошт. Шабнишиниҳо, сӯҳбатҳо тамом шуданд.
Дар ҳамин ҷамъияти хурди мо аллакай мардум ҳарфикра
ва ҳаргумона шуданд. Дар ин байн муддати табобати ман
ба охир расид ва бору бунаҳоро баста ба роҳ баромадам.
Рост ба Тошканд рафтам. Дар Тошканд хоҳарам Матлуба
бо шавҳару фарзандонаш истиқомат мекард. Шавҳараш
Мирзооғо дар вазорати хоҷагии қишлоқ кор мекард ва ко-
тиби ташкилоти партиявии он ҷо буд. Мирзоого аслан
озарбойҷонӣ буда, дар Бухоро калон шудагй ва дар Бухоро
бо Матлуба шинос шуда, зану шавҳар шудагй. Одами бад
набуд. Ҷиддй, камгап ва меҳрубон буд. Зану фарзандо-
нашро дӯст медошт. Аз онҳо чаҳор духтар монд: Алмос,
Фирӯза, Сӯлмас, Зумрад. Мирзоого дар аввали солҳои
ҳафтод аз дунё чашм пӯшид.

Хоҳарам Матлуба аз модарандари калонӣ, ки мо он
касро Ояи калонй меіуфтем ва дар боло дар ҳаққи он кас
муфассал маълумот ҳаст, таваллуд шудагй. Ояи калонй ду
духтар (хурдӣ - Бориса, ки пас аз вафоти падар ба дунё
омада буд) ва як писар дошт. Писарашон - додарам Зай-
ниддин ҷавони барное буд, боақлу зебову меҳрубон; дар
айни навҷавониаш ба ҷанг рафта нобуд шуд. Матлуба -
духтари бисёр боақл, меҳрубон ва хушмеҳр буд. Афсӯс, ки
ба касалии сил гирифтор шуда, дар солҳои панҷоҳ аз дунё
чашм пӯшид...

237
Инак, аз Шаҳристон омада ба хонаи Матлуба фурома-
дам. Дар ин ҷо гапҳое шунидам, ки мӯҳои баданам рост
хестанд. Амакам - Аминҷонмахсумро ҳабс кардаанд;
Аҳмадҷонмахсум (Ҳамдй)-ро ҳабс кардаанд, Акмал Икро-
мов ва Файзулло Хоҷаевро бо элу авлодашон ҳабс карда-
анд ва ғайра ва ҳоказо... Ака Шарифхон - амакбаччаи ман,
ки яке аз беҳтарин авлоди мо буданд, дӯст ва ғамхорм мо
буданд, аз Бухоро саріурез гашта ба Тошканд омада бу-
данд ва дар куҷое таҳсил мекарданд. Ман он касро ҷустуҷӯ
карда ёфтам ва дар кӯча, дар болои хараке нишаста сӯҳбат
кардем. Фикри он кас хеле бадбинона буд. Дар мамлакат
даҳшат хукмрон гашт, гуфтанд.

- Шумо ҳам, укаҷон, дар борам худатон фикр кунед, то
тавонед, ба ягон ҷои дур равед!

Аммо ҳамаи ин ҳодисаҳо, ҳамаи ин моҷароҳо, ҳамаи ин
панду насиҳат ва маслиҳатҳо ба ман сахт таъсир намекар-
данд. Аввалаш ин ки ман аз худам дилпур будам; сониян
ин ки ман камбизоат, зану фарзанду аҳли байтро монда ба
куҷо ҳам мерафтам! Ҷавони камтаҷриба ва соддаи маҳз
будам. Бинобар он пас аз ду-се рӯз аз Тошканд ба Душанбе
раҳсупор гаштам. Дар Душанбе аҳли байти худро сиҳат,
саломат ёфтам. Замира - духтари калонй 4-5 сола шуда
буд; Ҷонон - писарам як сола буд. Аммапошшо
(модарарӯс) ва Саодат (занам) сиҳат ва саломат буданд, ва-
ле дар ҳаяҷон ва хавфу ҳарос буданд, аз сари ман метарси-
данд. Амма-пошшо меіуфтанд:

- Писарам, аз мо парвое накунед, аз худатон бохабар
бошед! Ҳамаро гирифта, ҳабс карда истодаанд. Беҳтар ки
саратонро гирифта, ба ягон ҷо равед, іурезед!
Муҳаммадч;он Раҳимй гурехта рафтааст, ҷонашро халос
кардааст.

- Ман ба куҷо мерафтам?! - давоб медодам. - Барой чй

238
ҳам меіурехтаас? Ман ҳеҷ гуноҳе надорам, ки маро ҳабс
кунанд.

- Замонаҳо ҳодис!

Бале, ҳодис будани замонаро одамони ботаҷриба ва ка-
лонсол, одамони пухта ва доно зуд фаҳмида гирифтанд.
Масалан М.Раҳимй\у(ки зану фарзанд надоштанд), пули
нақдашонро аз касса шрифта, дар як шаб ғайб заданд ва
касе намедонист, ки ба куҷо рафтанд. Баъд маълум шуд, ки
ба Ленингирод, ба яке аз шаҳрчаҳои атрофи он рафта, ба
хонаи як зани коргари бешавҳар истиқомат кардааид. Пас,
аз он зан фарзанде ба вуҷуд омаду ҳоло дар қайди ҳаёт аст.
Худашон пас аз гузаштани даҳшат ба Душанбе баргаш-
танд ва занашон ҳам аз қафояшон омад.

Боз мегӯянд, ки яҳудй мардаке, ки аз худаш хавф дош-
тааст, дар як ҷомадон чизҳои заруриро баста, тайёр карда
мондааст ва ба занаш таъйин кардааст, ки шабона ҳар касе,
ки аз органҳо омада маро сурот кунад, нестанд, ба коман-
дировка рафтагй іуй. Шабе ки ба гирифтани ӯ меоянд,
мардак ҷомадонро шрифта, аз дари поёни ҳавлӣ барома-
да рост ба вокзал меравад ва ба поезд савор туда ба
Самарқанд, ба назди хешони худ сафар мекунад ва аз
даҳшат халос мешавад.

Агар ман ҳам ақл медоштам ва пул медоштам ва аз
Тошканд ба Еиждувон барин ҷо рафта меистодам, ҳеҷ боке
набуд. Аммо ин нашуд.

- Ҳеҷ боке не, - іуфтам ба аҳлу аёлам ва осуда гаштан
шрифтам.

Ду рӯз пас аз ба Душанбе ворид шудани ман (ин дар
^сентябри 1937 буд) дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» як
мақолаи калоне чоп шуд, ки дар он як қатор нависанда ва
зиёиёни онрӯзаро муттаҳам карда, душмани халқ эълон
намуда буданд. Дар рӯйихати онҳо Ҳаким Карим, Ғанй ва

239
Рашид Абдуллоҳо, падари онҳо - Абдуллоҷон-ака, Али-
хуш, Обид Исматй, Азизӣ, Мирзозода, Расулй, Бектош,
Ҳаким Қосимов ва Ҷалол Икромй буданд. Ин номбаршу-
дагон іуё душманони ашадии халқ буда, ба рӯяшон ниқоб
кашида, ҳамеша бар зидди партия ва ҳукумати Шӯрой кор
мебурдаанд, миллатчӣ ва хоин будаанд... Ҳоло дуруст дар
хотирам намондааст, ки дар он мақола боз чӣ тӯҳмат ва
бӯҳтонҳо қатор шуда буд. Мирзо Турсунзода ва Раҳим
Ҷалил, ки дӯсти қарин, ҳамсӯҳбат, ҳамқалам ва бо ман
мисли бародар ва хешу табор буданд; ҳамроҳ дар як бино
истиқомат доштем, ҳамроҳ кор мекардем, ҳамроҳ мегаш-
тем ва ман онҳоро аз ҷон беҳтар медонистам ва аз онҳо дар
дилам асрори пӯшидае набуд, моро тарафдорй накар-
данд? Чаро беҳтарин рафиқони дилсӯз ва содиқи худро
ҳймоя накарданд? Тӯҳматзада карданд? Намедонам! Мум-
кин аз тарси ҷони худашон. Худро софу бегаш нишон
доданӣ шудаанд, замона ҳаминтавр буд.

Он вақтҳо одат ва қонун шуда буд, ки пас аз ба газета
номбар шудан, душмани халқ эълон шудан, ҳамон шаб, ё
шаби дигар дар автомобил сиёҳпӯшон меомаданду бечо-
раи бе1уноҳро дошта шрифта мебурданд ва аз ҳамаи сао-
дати дунё, аз зану фарзанд, аз хешу табор, аз озодӣ маҳрум
мекарданд.

Лаънат ба он душманони ҳақиқии мардум! Лаънат ба
он рӯзи сиёҳ, ки ба девҳо, ба албастиҳо ва одамхӯрон им-
коният дода буд! Лаънат ба он касон, ки ба девони одамхӯр
ёрй медоданд, кафи пои хунолуди онҳоро лесида, дӯстони
худ, ҳамнишинони худро ба доми аҷал тела медоданд.

Он рӯзҳо рӯзномаҳо барои мардум балои ҷон буданд.
Ҳар рӯз дар баробари ба фурӯш баромадани рӯзномаҳо ва
ба дасти обуначиён расидани онҳо, дар хонумонҳо нолаю
фиғон баланд мешуд. Мардум аз дасти ин игвогарони фа-

240
локатовар, аз дасти ин «нависанда»-гони маріу аҷал, аз
дасти ин душманони ҳақиқии халқ ба ҷон расида буданд.
НКВД-будагон - ин ҷаллодони хунхӯр ва полисони Сталин
аз ин хабаркашон, аз ин бӯҳтончиён, аз ин нокасон хуб ис-
тифода мебурданд. Ин разилон ҳам ба рӯзномаҳо мена-
виштанд, ҳам саҳифаҳоро сиёҳ карда, бурда ба дасти
ҷаллодони НКВД месупурданд. Ҳар шаб менавиштанд, ба
дӯстон, ба ҳамнишинон, ҳамкорон ва ҳатто ба хешу табо
рони худ бӯҳтон мекарданд ва рӯз, ки шуд, ё ба рӯзнома, ё
ба сӯи бинои тирафоми НКВД медавиданд.

Ман дар ин дафтари хотираи худам бе ҳеҷ рӯю хотир,
бе ҳеҷ тарсу бим, бе ҳеҷ рӯпӯшй - рӯйрост менависам. Би-
гузор авлоди ман, авлоди оянда аз бадкирдории
ҳамзамонони ман бохабар шаванд ва саріузашти маро
фаҳмида, аз худашон хушёр бошанд, ба ҳама ва ба ҳар кас
бовар накунанд.

Дар ҳамон солҳои 1937-1938 А. Пиримқулов ном касе,
ки аз Уріут буд, дар идораи рӯзномаи «Тоҷикистони
Сурх» кор мекард, дасту остин барзада, ба хабаркашй, ба
и твою бӯҳтон ва разолат cap карда буд. Аз кирдори худ
ҳамаро тарсонда, дар ҷои кораш «обрӯю эътибор» пайдо
кард; пул, гонорарҳои калон ва мансабу манзалат ба даст
овард. Ҳар рӯз саҳифа-саҳифа мақолаҳо навишта ба
рӯзнома чоп мекард; одамони бисёреро, одамони беіуіюҳ,
одамони садоқатманд, одамони ҷонфидои ҳукумат ва
халқро тӯҳмат мезад, сиёҳ мекард ва бо неши қалами
заҳрбораш ба сӯи ҳабсу табъид, ба сӯи аҷал тела медод.
Ҳамин Пиримқулов қариб ду саҳифаи «Тоҷикистони
Сурх»-ро пур карда, бар зидди устод Айнй мақола навиш-
та буд. Айниро душмани халқ, ҷадид, аксулинқилобчй,
миллатчй ва боз намедонам чиҳо номид. Дар натиҷа
асарҳои устод Айниро дар майдонҳо тӯб карда сӯхтанд, аз

241
фурӯш бардоштанд ва дар китобхонаҳо аз хондан манъ
кардан д. Пиримқулов албатта, танҳо устод Айниро
муттаҳам намекард; дар қатори устод Айнй бисёр касонро,
аз ҷумла маро ҳам тӯҳматзада кард. Ин шахси лаин ва хо-
ин, он нокас ва беҳаё то дами мурданаш дар идораи
рӯзномаҳо кор кард ва одамҳо аз вай метарсиданд. Зани
ҷавонаш мурд, писараш мурд, аммо вай парвое накард,
боз зан гирифт. Хайрият ки аҷал ва марги боинсоф ин
ҳайвони хунхӯрро аз ҳаёт ва нобакорй маҳрум гардонид.

Шахсони дигаре буданд, ки аз байни «зиёиён» дасту ос-
тин барзада, ба тӯҳмату иғво cap карда, бисёр равшанфик-
рон ва олимонро нест карданд. Ман ҳамон вақтҳо бо
Абдураҳмон Бухоризода шинос шудам. Ин мардаки
самарқандй қариб дар як вақт бо мо ба Душанбе омада
буд ва дар вазорати маориф кор мекард, муаллимй ме-
кард. Дар хонаи стандарта, ки барои мо вазорати маориф
сохта буд, Бухоризода ҳам хона гирифт ва бо зани зебо ва
паричеҳраи худ истиқомат мекард ва ҳамсояи бад набуд;
шӯх, овозбаланд ва каме дағалу бебок буд, вале ба мо ҳеҷ
зарару зиёне намерасонид. Бараке, ба давраҳоямон ишти-
рок мекард, моро ба хонаи худ хабар мекард ва ҳоказо.

Дар соли 1931 буд, магар ки зани зебои вай дар вақти
таваллуд аз ҷаҳон чашм пӯшид. Ин фоҷиа ҳамаи моро
малӯл ва сам тин кард. Лекин одамон меіуфтанд, ки Бухо-
ризода бо занаш муомилаи бад мекард, ҳатто мезад, азоб
медод. Келинчаи паричеҳра мурду халос шуд, меіуфтанд;
аммо инро мо дуруст намедонистем. Пас, Бухоризода зани
дигар гирифт, аз ин занаш іуё, фарзанд дид. Лекин боре ба
Ленинград (іуё вай дар он ҷо мехонд) занашро бурда, чанд
гоҳ нигоҳ медорад, пас ба Душанбе узот мекунад. Занаш
дар роҳ нохост бемор шуда мемирад. Бухоризода ин
дафъа зани рус мегирад, аз вай як духтар шуд, ки ҳоло ба ӯ

242
Азимҷон, писари Содиқ-бек Аминов хонадор шудааст.

Ман бо Бухоризода то дами вафоташон ошно ва салому
алейк будем. Шахсан аз вай бадие надидаам. Вай дар
солҳои охири ҳаёташ хонанишин буд. Вале пеш аз он дар
университет даре медод. Аслан худаш муаллими ҳисоб ва
риёзиёт бошад ҳам, намедонам, баъд забондон ва муалли-
ми забон шуда монд. Дар ин муддат, яъне баъд аз гузаш-
тани солҳои сиёҳи зулми Сталин, Бухоризода хеле хомӯш
ва номурод шуда монд. Бо одамҳо муомилаи хуб мекард
ва іуё, аз он кирдори бади худ тавба карда буд.

Боре ба ман телефон карда, аз эҷодиёти худ чизҳои
аҷоибро гуфт, Азбаски вай риёзиёт ва ҳисобро медонист,
аз илми раёзиёти қадим ҳам каме бохабар буд ва «Абҷад»-
ро медонист, инак бо ҳамин ҳисоби абҷад чандин
таърихҳоро гуфтааст:

Ҷашни шастсолагй дар абцади ман
«Духтари оташ»-и Ҷалол омад (1960)

Ҷалол Икромӣ меарзад ба кадру ҳимати Айнӣ
Ба миҳдори Ҷалол андешу зам кун ҳимати «Шодӣ».

Бухоризода байты армугони дӯстӣ бинвишт,

Муаммо нест ин таърихи базми ҳафтодаш.

Ҷалолу Шодӣ ҳамраҳ бар,

(Ҳам раҳбар) ба базми ҳаити ҳафтодаш

Ту медонӣ чаро Айнии мо саркардаи илм аст,

Чаро ин ки дар абцад «илм»-у «Айнӣ» ҳамҳатор омад.

Ҳамон соли 1937 Сотим Улуғзода ҳам ба газетаи
«Тоҷикистони Сурх» як мақолаи калони пуровоза навиш-

243
таанд. Ин мақоларо ман пас аз ҳабс баромаданам хондам.
Дар ин мақола дар қатори дигарон маро ҳам «душмани
халқ» эълон карда, тӯҳмату бӯҳтон задаанд. Мақолаи
Улуғзода аз дигар мақолаҳо бо ин фарқ мекард, ки ин кас,
іуё бо «тадқиқи адабй» ва бо «факт», «олимона» навишта-
анд. Асарҳои маро «тадқиқ» карда, рӯйрост бӯҳтон зада-
анд. Улуғзода дар мақолааш повести «Тирмор»-и маро
мисол меорад ва мегӯяд, ки іуё ман қасдан образҳои ман-
фиро пурзӯр ва боқувват нишон дода, образҳои мусбатро
сует ва нофаъол нишон дода бошам. Гӯё ман қасдан ба
духтари худам номи Замираро, номи яке аз қаҳрамонони
манфии повести «Тирмор»-ро монда, орзу мекарда бо-
шам, ки духтарам ҳам мисли ҳамон Замира шавад!? Ин
сафсатаҳоро хонда, ба назди Улутзода рафтам, іуфтам ки
чаро ин тавр іуфтед? Чаро суханонеро навиштед, ки ҳеҷ ба
ақл рост намеояд. Охир, кадом падар мехоҳад, ки фарзан-
даш образи манфиро ба худаш тирад?.. Ба ин эродҳои ман
ҷавоб дод, ки агар ҳамин тавр нанависам, маро ҳам ҳабс
мекарданд, шароит хеле танг ва нобоб буд... Ба ин ҷавоби
вай іуфтам, ки наход барои ҳабс нашуданатон каси
бегуноҳи дигарро ба чоҳи март тела медиҳед?!

Албатта ба ин суханони ҳаққонй ҷавобе набуд ва чй ҳам
іуфта метавонист?!

Солҳо іузашт. Ман чи тавре ки пеш аз ҳабс шуданам
будам, ҳамон тавр мондам, муомилаи дӯстии худро накан-
дам. Лекин тақдир ва ҳаёт кори худро кард. Зани Улутзода
- Клавдия, ки ҳамон солҳо баробари шавҳараш хабаркашй
ва бадхоҳии мардумро мекард, ҳар рӯз ба НКВД рафта, бо
Гаритский (муфаттиши корҳои мо) сӯҳбат мекард ва моро
бад карда нишон медод, ҷавонмарг шуд, ба муродаш на-
расида, бо дарди саратон аз дунё чашм пӯшид. Баъд писа-
ри вай - Азиз ба хориҷа, табааи Англия гашт. Дар натиҷа

244
аз болои Сотим Улугзода кор кушода, масъалаи «ба пар-
тия мондан» ё намондани ӯро муҳокима карданд. Дар бю-
рои ташкилоти партиям иттифоқи нависандагон ҳама бо
як овоз «Улугзода аз партия хориҷ карда шавад» гуфта
қарор бароварданд. Аз М.Турсунзода сард карда, Мирша-
кар, Левин ва дигарон ба ин қарор даст монданд.

Ҳамон рӯз Левин (котиби ташкилоти партия) маро ба
наздаш ҷеғ зада іуфт, ки мо дар бюро қарор додем, ки
Улугзода аз партия хориҷ карда шавад, ту ҳам дар
маҷлиси умумй қарори моро дастгирй кун! Ман іуфтам,
ки ин чй сухан аст! Ту ба ман фармон медиҳӣ, ё маслиҳат?
Ман худам медонам, ки чй гӯям.

Дар маҷлис Турсунзода, Миршакар, Юсуф Акобир, Ле-
вин ва дигарон бар зидди Сотим Улугзода суханҳои сахт
іуфта, ӯро муттаҳам карданд. Навбат ба ман расид. Ман
гуфтам, ки ҳеҷ гоҳ барои падар писарро ва барои писар
падарро намекушанд. Аз партия хориҷ кардан - ин куш-
тани одам аст. Дар ҳақиқат ба тарбияи бади писараш
Улугзода айбдор аст, вале бо ин гуноҳ мо ӯро набояд чу-
нин ҷазои сахт диҳем. Таклиф мекунам, ки виговори сахт
дода, ба дафтари қайдаш нависанд!

Ин таклифро шодравон Сирус, Одинаев ва боз намедо-
нам киҳо тарафдорй карда, сухан іуфтанд.

Вақто ки ба овоз монданд ба таклифи ман 12 кас ва ба
таклифи Бюро 11 кас овоз дод. Бо ҳамин таклифи мо іу-
зашт. Пас аз ҳамин Улугзода гӯё гуфта бошад, ки дигар
агар сад кас омада аз Икромй гайбат кунанд, ман бовар
намекунам ва дӯстии худро намеканам. Бале, медонам ки
ин суханҳо дар вақти тангй ва рӯзи сахт гуфта шудааст.
Аммо инро бубинед, ки дар яке аз рӯзҳои моҳи октябри
соли 1989, бегоҳй Улугзода ба хонаи мо омада, на салом, на
аҳволпурсӣ, іуфт ки ин роҳи навро шумо ҳаракат карда

245
бандондед, кори хуб накардед! Ман гуфтам ки на танҳо,
балки ҳама мардуми қишлоқи Шараф ва комиссияи
ҳукуматӣ ин корро карданд. Аммо Улутзода бо дӯғу ҷазаба
маро таъна кардан шрифт. Ман ҳам оташин шудам ва ба
якдигар гапҳои сахт гуфтем.

Боз, вақто ки ман (дар с.1989) барои мошинаталабй
ҳамроҳи раиси кумитаи маҳаллй - Убайд Раҷаб ба назди
М.Икромов - раиси шӯрои шаҳр рафтам, вай гила карда
іуфт, ки Улутзода ба назди президент Қ.Маҳкамов рафта,
шикоят карда туфтаанд, ки М.Икромов ба хеши худаш (!)
Ҷалол Икромй мошинаи «Волга» медиҳаду ба ман
намедиҳад. Ман ин суханро шунида аз Улутзода хеле хафа
шудам.

Гап дар бораи маҷлиси ташкилоти партияи Иттифоқи
нависандагон мерафт. Бале, қарори мо дар бораи аз пар-
тия хат назадани Улутзода, ба ӯ рӯҳ бахшид ва гӯё вай до-
нист, ки кй одам асту кй ноодам. Аммо комитета
ноҳиявии партия қарори маҷлиси моро фасх карда,
Улутзодаро аз партия хориҷ кард. Ин қарорро дар бюрои
Комитета марказй ҳам тасдиқ карда, аз Улутзода дафтар-
чаи аъзогии партияро боз гирифтанду ӯ зиёда аз ҳаждаҳ
сол бепартия буд. Ниҳоят бо ташаббуси нависандагони
машҳур Расул Ғамзат, Марков ва дигарон Улутзодаро боз
гашта ба сафи партия (дар соли 1988) барқарор карданд.

Дар ҳамин қарибӣ (дар аввали феврали соли 1989),
вақто ки пас аз солҳои бисере аввалин бор дар маҷлиси
партиявии мо Улутзода иштирок кард, ман дар иутқи худ
пеш аз ҳама ин ҳодисаро табрик кардам ва ба дӯстам Со-
тимхон хайрият ва муваффақияти эҷодй хотам.

Ҳеҷ кас монанди сӯзан дар цаҳон ҳиммат надошт,

Бо вуууди тангчашмӣ пардапӯши олам аст.

246
* * *

Дар соли 1937, пас аз ба ҳабс шрифта шудани май,
Деҳотй ҳам мақолаи калоне навишта, іуфтааст, ки вай на-
дониста бо душманони халқ ҳамхона ва ҳамтабақ шудааст.
Икромй, ки писари қозй ва ҷияни қозикалони Бухорост,
ҳеҷ гоҳ дӯсти ҳокимияти шӯро шуда наметавонист. Ман
(Деҳотй) ҳаминро дидаю дониста, ӯро дӯст ва ҳамкори худ
донистам... водареғ! водареғ!..

Дар квартираи мо як хонаро Деҳотй бо додараш - Аб-
душукур Пирмуҳаммадзода шрифта буд. Мо гӯё дӯст ва
ҳамсояи мувофиқ будем. Хусусан Абдушукур ҷавони
бамаънӣ, раҳмдил ва баинсоф буд, Мисли дигарон тарсу,
бадгуҳар ва бадкина набуд. Деҳотй аз тарси ҷони худ
мақола навишта, чандин рафқони бегуноҳ ва софу беғаши
худро муттаҳам кардааст. Ин буд таъсири замона, одамон
аз ҷони худ метарсидатід.

Аҷобати кор дар ин ки Абдушукури беіунох дар ҷанг
ҳалок ғпуд. Тақдир хост, маззаи талхи ҷудой аз ҷону
ҷигарро ба Абдусалом чашонад! Баъд падари Деҳотй
мурд; баъд худаш дар синни панҷоху яксолагй, дар айни
камолоташ захира гардид. Модараш ва хоҳаронаш мур-
данд. Аз ин оилаи калон тақрибан як ва ё ду кас боқй мон-
ду халос! Дар ин ҷо чаро нагӯям:

Дидӣ ки хуни ноҳаҳи парвона шамъро,

Чандон амон надод, ки шабро саҳар кунад!

Бале, бисёрии онҳое ки дар ҳаққи ман ва бегуноҳоғш
дигар хиёнат карданд, ҷазояшонро диданд.

Мирсаид Миршакар, ки ман барои нашъунамои
эҷодии вай ёрии аз дастам меомадагиро дода будам, ба
іумон дар ҳаққи ман хиёнати сахте накардааст. Вале, вақте
ки ман дар ҳабс будам, вай котиби иттифоқи нависандагон
буд, зану бачаҳои маро аз бинои истиқоматии Иттифоқ

247
берун карда, ба кӯча партофтааст. Занам - Саодат ҳайрону
гирён ба кӯчаҳо давида, як сарпаноҳе, як хонаи иҷора коф-
тааст. Вале ба ҳар даре, ки равад, мепурсидаанд, ки то ҳоло
дар куҷо будед? Чаро он хонаро тарк кардед? Шавҳаратон
дар куҷост? Ба вай чй карданд? Ҳарчанд Саодат бардурӯғ
бошад ҳам, шавҳарам мурдагй іуяд, бовар намекардаанд.
«Мо ба зани душмани халқ хонаи худро намедиҳем» ме-
іуфтаанд. Дар ҳақиқат ҳам мардум метарсиданд. Авлоди
он касе ки ҳабс шуда, номи «душмани халқ»-ро шрифта
бошад, чун муртад буд. Мардум аз салом додан ба ин тавр
касон метарсиданд. Агар салом диҳанд, ба хонаашон роҳ
диҳанд, мумкин буд, худи онҳо ба тӯҳмат гирифтор ша-
ванд.

Саодат сарсон шуда, ниҳоят дар кӯчаи Ленин, дар паси
дӯкон ва ошхонаҳое, ки дар он вақт буд (ҳоло ба ҷои онҳо
иморати сеқабатаи калоне сохта шудааст, ки дар поёни он
дӯконҳо, идораи ақду никоҳ ва ғайра мавҷуд аст), ба
ҳавлии Маҳмудовҳо (Муқаддас Маҳмудов - режиссёри
Тоҷикфилм) меравад. Модари Муқаддас, ки зани
бешавҳар буд (шавҳарашро дар соли 1933 ҳабс карда бу-
данд) бо ду писараш дар ҳавличае истиқомат мекард. Дар
он ҳавлӣ ба гайр аз хонаи соҳиби он боз як хоначаи
чизмонӣ будааст, ки модари Маҳмудов ба он Саодат ва
фарзандони маро роҳ додааст. «Шавҳаратон ҳабс бошад
ҳам, ман наметарсам, шавҳари худи ман ҳам ҳабс шудагӣ»
іуфтааст. Саодат хурсанд шуда, зуд чизу-чораҳои андак
боқй мондаи хонаро ба он ҳуҷра мекашонад ва аз як ғам
халос мешавад...

Саодати ман он рӯзҳо ҳазор ғам доштааст: дарбадарй,
рӯзгор, номи бади «зани душмани халқ», бепулй ва
бебизоатй...

Ҳазор гам ба дилам ҳаст, ин гам аз ҳама бадтар,

248
Ки касе зи хешу зи бегона гамгусор надорам.

гуфтааст шоир. Дар ҳақиқат Саодати ман, оилаи ман он
рӯзҳо ғамгусоре надоштаанд. Ба болокорй ӯро, Саодатро,
ки дар китобхонаи ба номи Фирдавсй кор мекард ва як ан-
дак маош мегирифт, рӯзе директор ҷеғ зада меіуяд, ки
«Шумо аз кор ронда шудед, мо зани душмани халқро ба
кор монда наметавонем. Аз пагоҳ ба кор наоед!» Саодат
гирён-гирён ба хона бармегардад, ки модараш (амма-
пошшо) ҳам триста нишастаанд. Саодат сабаб мепурсад.
Мегӯянд, ки ман дар рӯи ҳавлй як шолчаро партофта ни-
шаста будам, ки се нафар занй нависандагон омадаанду
пурсиданд, ки «ба ҳамин ҷо омадетон?» Ман іуфтам, ки
«шумо ҳай кунетон ба куҷо равем?!» Баъд дар байн худ пи-
чир-пичир карданду хандида, баромада рафтанд... Ба
ҳамин рӯзи мо ҳам намемонанд. Илоҳо рӯзашон аз рӯзи
мо ҳам бадтар шавад!»

Саодат ба модараш тасаллӣ медиҳад, майлаш, ман хо-
наи дигар кофта меёбам, аз ин бадкирдорҳо дуртар мера-
вем, іуфтааст. Модараш аз кор холй карда шудани Сао-
датро фаҳмида, пурсидааст:

- Туро аз кор бароварда бошанд, мо бо чй зиндагй ме-
кунем?

Саодат гуфтааст ки:

- Ҳамаи он ҷизҳоеро, ки фурӯхта, пул карда будем, ба
ҳамин рӯзамон ба кор меояд. То тамом шудани он пулҳо,
худо подшоҳ!..

Як ҳамшаҳриамон, ки дар кассаи амонатй кор мекарда-
аст, номаш Раҳматов будааст, ба Саодат як кулбаи
бафурӯшмондашударо ёфта, хабар додааст. Он кулба, ки
дар гузари «Интернатсионал», дар қафои стансияи
ҳамонвақтаи апаратураи радио будааст, як хонача бо
дахдизаш ва айвон. Аз зери девори хона ҷӯи об меіузарад

249
ва хонаю даҳлиз пурнам. Вале сандали дорад, ҳамсояҳояш
одамони бисёр нағз, мусалмонони Фартона, инчунин як
акамуллои бухорой, занашон «Пошшои Ҳарир» (хоҳари
зани Раҳмон Ҳамидй) ҳастанд. Ин хона, хусусан ба аммаа-
мон маъқул мешавад. Мегӯянд ки албатта он хонаро ги-
рифтан лозим. Қарз мекунем, қавола мекунем, ба ҳар ҳол
хонаи худамон мешавад ва аз ин ҳавлии номувофиқ
мекӯчем.

Дар ин ҷо як чизро қайд карда іузаштан мехоҳам:

Ман дар бораи Ҷамшед Шанбезода нагуфтаам. Ин шах-
си помирй буда, шоир, марди хушзеҳн, хушҳофиза, (аз
Қоонй сад, саду бист сатр достонҳоро аз ёд медонист) ва
босалиқа буд. Аз Помир омаду бо мо - нависандагон ул-
фат шрифт. Намедонам дар куҷоҳо кор карду ниҳоят дар
соли 1937, пас аз он ки ҳамаро шрифта ҳабс карданд, ӯро,
Шанбезодаро раиси шӯрои шаҳр таъйин намуданд.

Инак, Саодат дар рӯзҳои оворагии худ, дар рӯзҳои хона
кофта гаштанаш, як рӯз дар кӯча додари Бобоҷонов (ди-
ректори театри Лоҳутӣ)-ро мебинад. Бай дар бонки
коммуналй кор мекард. Азбаски мо бо Бобоҷонов ва авло-
ди ӯ шинос будем, Саодатро дида аҳволпурсй мекунад.
Саодат ҳам дарди дилашро мсгӯяд, аз хона ҳай карданд,
хонаи иҷора ёфта наметавонам, ҳайрону саргардон ҳастам,
меіуяд.

Ситамрасида ба ҳар кас. дучор гардаду нолад - меіуяд
ҳазрати Бедил!

Сухани Саодатро шунида додари Бобоҷонов мегӯяд, ки
бародарам дар ҳабс аст, акнун оилаи вай кӯчида ба Тош-
канд меравад. Ҳавлии онҳо якчанд хона дорад. Ман
мехоҳам, ки ба он хона кӯчам. Ду хонаи он ҳавлй зиёдатй.
Биёед, ман ба шумо нишон диҳам, агар маъқул шавад, ба
он ҷо омадан мумкин, фақат бо иҷозатномаи шӯрои

250
шаҳрӣ! Саодат меіуяд, ки раиси шӯрои шаҳр ошнои ху-
дамон, шоир Шанбезода, наход ки дар ин кор ба ман ёрӣ
надиҳад.

Пае, дукаса рафта, ҳавлиро мебинанд. Ба Саодат хеле
маъқул мешавад. Зуд ба шӯрои шаҳрй меравад, Шанбезо-
да ӯро қабул мекунад. Саодат ба вай дарди дил карда, хона
ёфтанашро меіуяд. Шанбезода ваъда медиҳаду ҷои хона,
адресро пурсида, навишта мешрад. Ба Саодат меіуяд, ки
шумо равед, ман худам бо ин кор машгул мешавам... Сао-
дат пас аз ду рӯз рафта аз додари Бобоҷонов мепурсад, ки
чй шуд, аз шӯрои шаҳр омаданд, рухсат доданд? Додари
Бобоҷонов мегӯяд, ки шумо чй кор кардед. Корҳо расво
шуд. Шанбезода омада хонаро дид ва онро (хонаро) ба як
помирии худаш додааст.

Саодат гиря карда, маъюс шуда меравад... Ана ҳамин
тавр, дар рӯзи дармондани оилаи ман Шанбезода «ёрй»
дода аст.

Хайрият ки дар сари вақти онҳо аз Тошканд, курси му-
аллимиро тамом карда Сулаймонҷон Усмонов, ҷияни
Саодат (писари хоҳараш) ба Душанбе меояд ва суроғу пай
карда ба хонаи холааш мерасад. Меіуяд ки гиря накунед,
гам нахуред, ман ҳастам, имрӯз не, пагоҳ он кас ҳам озод
мешаванд. Ҳоло ман, ҳар чй ёрие, ки аз дастам ояд, аз шу-
мо дарег намедорам. Ними пули хонаро медиҳам, худи
ҳамин рӯз ей кило биринҷу як халта орд меорам.

Бале, Сулаймонҷони мо одами аҷоиб, одами боҳиммат,
меҳрубон ва олиҷаноб буд. Падари Сулаймонҷон, писари
амаки мулло Бурҳониддини қозикалон - Усмонхон махсум
буд, ки ба хоҳари Саодат хонадор буд. ӯро дар аввали
инқилоб бесуд ва бепурсиш, ба хукми трибунал парронда
буданд. Чаро ин тавр карданд ва ин корро кй кард, ҳанӯз
маълум не. Аз Усмонхон як писару як духтар (Ризвонхон)

251
монданд. Ризвонхон пас аз вафоти модараш чанд гоҳ хонд,
баъд дар магазин кор кард ва чанд шавҳар кард. Шавҳари
аввалинаш Темурхон ном дошт, аз хешовандони падари
Саодат буд. Аз онҳо ду духтар монд: Мунзира ва Башира.
Мунзираро аз Бухоро мо шрифта овардем, Башира дар
хурдсолй вафот кард. Мунзираро баъдтар ба писари ойтй
Асолатхон - Муҳаммадхон (писари Умархон, ки ӯ ҳам пи-
сари калонии қозикалон Бурҳониддин буд) ба занй додем.
Ҳоло онҳо як писар - Ҷамол ва як духтар - Ҷамила доранд.
Ризвонхон бошад бармаҳал бемор шуда вафот кард. Лекин
Сулаймонхон хеле тандуруст ва багайрат буд. Дар курсҳои
муаллимтайёркунй хонд. Дар ноҳияҳои Тоҷикистон муал-
лим ва директори мактаб буд. Баъд ба Душанбе ба кор
омад. Аз ҳамин ҷо ба ҷанг рафт ва дар соли 1943 аз ҷанг
кантуз (касали рӯҳй) шуда баргашт. Чанд гоҳ забонаш ду-
руст кор намекард ва бемор буд. Баъд ба Москва рафт, дар
табобатхонаи академик Бурденко хобида табобат дид ва
худи Бурденко ӯро дида, табобат кардааст. Аз он ҷо бар-
гашта, дар идораҳои савдо кор кард, муаллим буд, дирек-
тори мактаб шуд, соҳиби писару духтарҳо гашт ва дар со-
ли 1974, дар бемористони бемориҳои рӯҳӣ (дар Кӯктош) аз
ҷаҳон чашм пӯшид. Ҷояш ҷаннат бошад, равонаш шод
бошад!

Сулаймонхон марди олиҷаноб буд. Ба касе ғараз ва ки-
нае надошт, ба ҳама меҳрубон ва ғамхор буд. Афсӯс, ки др
натиҷаи фалокати ҷанги хонумонсӯз ҷавонмарг шуд. Хул-
лас ки Сулаймонхон ба Саодати ғамзада тасаллй дода,
дилбардорй карда мегӯяд, ки ба Бухоро рафта, саёҳат кар-
да биёед, дар ин ҷо аз ҳоли тӯта (аммапошшо) ва бачаҳо
худам бохабар мешавам... ва Саодатро ба Бухоро хусел ме-
кунад. Саодат дар Бухоро дугонааш - Маъсумахонро меё-
бад ва боз як дугонаи зебои дигараш (зани Хонови афғон)

252
ба онҳо ҳамроҳ мешавад ва хуб хурсандй мекунанд. Онҳо
дар ҳавлии онаи Насриддин ном зани қадрдони хонадони
мо, ки аз ҳавлии мо чандон дур набуд. истиқомат карда-
анд. Онаи Насриддинро Саодат «нана» мегуфт. Саодат, ки
хеле хушрӯ ва зебо буд, Маъсумахону дугонаи дигараш
ҳам дар зебоӣ аз Саодат кам набуданд, дар Бухоро ҳаваси
мардаконро оварда, лекин ба талабгонрон пушти по зада
гаштаанд.

Ҳаминро дар ин ҷо қайд кунам, ки ба Саодати ман пае
аз ҳабс шуданам, аввал ҳамон Раҳматов, ки дар кассам
амонатй кор мекард, толиб шуда баромада, ба занй
гирифтанй шудааст, ки Саодат ва модараш сахт рад кар-
даанд. Баъд Мирзоев Абдулғанӣ ба хонам Саодат омада-
рафта, бо аммапошшо улфат шуда, утром он касро нӯши
ҷон карда, ба Саодат талабгор шудааст. Баъд ҳатто Боқй
Раҳимзода, ки ҳамроҳи Сулаймонхон омада будааст, низ
нияти ба аммапошшо домод шуданро кардааст. Инҳо гу-
мон кардаанд, ки ман тамом шудам, дигар барнамегардам
ва зани зебои бекас аз даст наравад. Хайрият Саодати ба-
номус ва ба иффати ман, Саодати бовафо ва меҳрубони
ман ба ҳамаи ин талабгорон пушти по зада, рад кардааст
ва гуфтааст, ки ман дигар шавҳар намекунам, ягона
шавҳарам албатта аз ҳабс озод мешавад. Ва Замирам чор-
панҷсолаю Ҷонони як-якуним соларо ба синааш часпонда,
бо умед зиндагй мекардааст.

Чи тавре ки дар боло қайд кардам, пас аз ду рӯзи чоп
шуда баромадани мақола, дар 26 сентябри соли 1937, дар
соати чаҳори саҳар дари хонаи маро сахт кӯфтанд. Ману
ҳама хонавода бедор шудем ва ҳама донистем, ки баром
гирифта бурдани ман омаданд. Он рӯзҳо ҳар мошинае, ки
шабона аз роҳи калон меіузашт, ба ман воҳима мебахшид,
то іузашта рафтани мошина іуш ба қимор мешудам. Агар

253
мошина ба тарафи дарвозаи ҳавлии мо гардад, гумон ме-
кардам, ки барои бурдани ман омаданд. Ин эҳсос фақат
дар ман не, балки ба тамоми мардуми шаҳр, ба тамоми
мардуми мамлакат хос буд.

Он саҳар аз ҷо бархоста дарро кушодам. Ду нафар аф-
сарони НКВД, мардакони рус, ҳамроҳи коменданти ҳавлй
- Наҷмиддинов омада буданд, Ба хона даромада ба ман
ордери ҳабс карда шуданамро нишон доданд ва ба кофту-
ков cap карданд. Пурсиданд, ки ярок, дорам, ё не. Баъд
китобҳоро диданд. Китобҳои классикони тоҷик бисер буд,
ҳама бо ҳуруфоти арабй, омадагон хонда наметавони-
станд, аз ман мепурсанд. Гуфтам Бедил шоири классикии
тоҷик аст. Дар кабинета ман расми Айнй буд ва як расми
ҷавонии худам дар чорчӯба буд. Ҳардуи онро гирифтанд.
Дар хонае, ки аммапошшо бо Замира буданд, Қуръони
кампирро гирифтанй шуданд. Лекин кампир ҷасурона
муқобилият кард ва Қуръонро надод. Дигар чандон коф-
туков накарданд. Ба ман іуфтанд, ки полту ва либосҳои
гарм тарам. Ман нахостам, гуфтам ки ҳабс карда шудани
ман кори хато ва саҳвест, ман бояд зуд ба хона баргардам.
Омадагон ба ин гапи ман аҳамият надоданд. Вале Саодат
маҷбур кард, як жемпир, костюм, полту ва телпак гириф-
там. Бо зану бачаҳо хайрухуш карда, поён фаромадам. Дар
дами дарвозаи ҳавлй автомобили сабукрав истода буд. Ба
он бор шудем ва ба роҳ даромадем. Аҷобат дар ин ки ман
ҳеҷ ваҳму ҳарос надоштам. Дар роҳ ба кӯчаю хонаҳо
диққат мекардам. Фаррошҳои саҳарй кӯчаҳоро
мерӯфтанд. Дар тарафи шарқ андаке сапеда дамида буд.

О, ягон кас наіуфт, ки эй мардаки содда, намедонй ма-
гар, ки ба зери чоҳ рафта истодаӣ! Кй медонад баргашта
меой, ё на! Боз ин кӯчаҳоро мабинй, ё на! Боз дидани субҳи
босафо ва осмони соф ба ту муяссар мешавад, ё не! Бале,

254
ман содда, ҷавони бетаҷриба ва нодон будам...

Мошинаи сабукрав аз дарвозаи калони оҳанин ба дару-
ни ҳавлй даромад. Аз мошина пиёда шудам. Яке аз ду на-
фар, ки ба гирифтани ман омада буданд, ба даруни бинои
НКВД рафт, дигараш маро бони карда истод. Пас аз даҳ-
понздаҳ дақиқа он мард аз бино баромада омад, ки дар
дасташ коғазе буд. Шояд «путевка»-и ман ба ҳабсхона бо-
шад. Рафтем ба ҳабсхона...

Ҳабсхонаи дохилии НКВД дар тарафи шарқи ҳавлй,
иборат аз иморати якқабатии махсус ба ҳабсхона сохташу-
да буд, ки бо деворе аз гирдаш иҳота шуда буд. Он ду
«малоикаҳо-»и азоб маро ба роҳрави ҳабсхона бурда, ба
дасти ҷаллодони он ҷо супурданду рафтанд. Аз паси ощо
дари оҳанин баста шуд. Яке аз он ҳабсибонҳо тоҷик, бухо-
рии худамон буд, ки ман мешинохтам. Марди талчаи
парзадарӯ ва датал. Бо саломи ман алейк нагирифт. Бо
шарики русаш чизу-чораҳои маро диданд, ҳамаи
тукмаҳои либосҳои маро канданд, тасмаи шарворамро
кашида гирифтанд ва ба муқобилияти ман бо ҳақорати
қабеҳ ҷавоб доданд. Он разили бухорой бадтарини
ҳабсибонон будааст ва дар вақти ҳабсиро муфаттиш ҷет
зада истинтоқ кардан, агар задану қин кардан лозим бо-
шад, ҳамин разилро ҷеғ зада мебурдаанд ва ӯ ҳабсии бечо-
раро хуб мезадааст, лағаткӯб мекардааст ва бо азоб додани
одам лаззате мебурдааст. Он саг пас аз ҳабс озод шудани
ман дере напоид, мисли ҳайвони мурдор бо азобу укубат
ҶОН дод.

Ҳабсибонҳо маро ба роҳрави дарози ҳабсхона даровар-
данд. Дарозии он тақрибан бисту панҷ-сй метр буд. Дар ду
тарафи ин роҳрав дарҳои вазнин ва оҳанкӯби камераҳо -
хуҷраҳои ҳабсхона ба назар менамуд. Дар назди дари да-
ромад ба роҳрав, столи майда ва стул іузошта шуда буд,

255
ки дар он ҳабсибонҳо менишастанд ва дафтари ҳисоби
ҳабсиҳо буд. Ҳар пагоҳ дар сари он стол духтури ҳабсхона
омада менишаст ва касе, ки аз ҳабсиҳо бемор шуда бошад,
муойина мекарду даво мехуронд (даворо ба даст намедод).

Маро дар охири роҳрав ба хуҷраи (камера) ҳафгум бур-
да дароварданд, ки се кати симини зангзадагй іузошта
шуда буд. Ду кат соҳиб дошт. Яке Ташринов ва яке марди
руси миёнсин буд, ки аз кормандони идораи НКВД буда-
аст. Дар вақти ба ҳуҷра даровардан ба ман бистар (матрас),
кампал ва як болишт доданд. Ман кати худамро дуруст
кардам. Дар болои дар лампаи электрики ҳамадам месӯхт.
Дари ғафс аз миёнаҷояш даричае ҳам дошт, ки ҳар вақт
ҳабсибонҳо онро кушода ба мо бонг мезаданд, ин ва ё он
корро накунед, меіуфтанд ва хӯрокро ҳам аз он дарича ме-
доданд, инчунин он дари ғафси бераҳм сӯрохии дидбонй
ҳам дошт. Дар девор қоида ва қонуни ҳабсхона дар як
саҳифаи чопй часпонида шуда буд, ки онро вазири аъзами
НКВД - Ежов тасдик, карда имзо монда буд. Пас аз пар-
тофтани ҷогаҳ, ба мутолиаи он пардохтам. Ташрипов (яке
аз коркунони масъули ҳамон вақт) аз ҷогаҳ cap бардошта
іуфт, ки хоб кунам, ба хондани он вақти бисёре дар пеш
аст. Ман ба рӯйи кат нишастам. Ба хона диққат кардам.
Хона ҳафт метр дарозй, чаҳор метр васей дошт. Дар
рӯбарӯи дари даромад, дар қарибии сақф сӯрохие буд, ки
аз берун бо панҷараи ғафси оҳанин мазбуд гашта.

Қоидаи ҳабсхона ҳамин буд: рӯзона ба рӯи кат дароз
кашидан, хобидан манъ аст, то он ки шабона, дар вақти
муайян сигнал нашавад. Дар соати ёздаҳи шаб чирчираки
хобидан мешавад ва дар соати шаши пагоҳ чирчираки
бархостан. Бо овози баланд сухан кардан манъ аст ва
ҳоказо... Дар қарибии остонаи дар «параш» гузошта шуда
буд; он иборат аз зарфи тунукагии калоне буд, ки

256
тақрибан ҳашт-даҳ литр об мебурд. Ба он рӯзу шаб, агар
пешоб ояд, ҳабсй мемезад ва дар вақти ба ҳоҷатхона баро-
вардан (рӯзе ду бор) онро бурда, холй карда меоранд. Аз
ин рӯ, дар хуҷра бӯи бади пешоб ҳамеша ҳис карда меша-
вад.

Рӯзҳои дар ин хуҷра будани ман шароит он қадар сахт
ва пурдаҳшат набуд. Рузе се бор дарича кушода мешуду
аввали рӯз чой, дар пиёлаҳои фулузй, нон - ду порча дода
мешуд. Дар соати дуй рӯз шӯрбо, дар миска (косаҳои фу-
лузин) - бегӯшт, ё як-ду лунда іушт, ё борш дода мешуд.
Бегоҳй якон шӯла - каша, бештар кашаи пишонка (кӯфтаи
арзан) дода мешуд. Агар толеатон ёрй дода, ба шумо аз
аввали сатил ризқу рӯзй расад, як андак равганй мешавад,
набошад пишонкаи дар об ҷӯшидаи беравған! Фаромӯш
кардаам, дар вақти ба ҳабсхона даровардан аз кисаи ман
чиҳилунӯҳ сум пулро гирифтанд ва ба ман санад доданд.
Ҳабсиҳо дар ҳар ҳафта-даҳ рӯз як бор ҳақ доштанд, ки аз
пули худашон сардори ҳуҷраро фиристода, аз магазин ба
микдори муайян (чаҳор-панҷ сумӣ) хӯрокворй, равганй
маска, пиёзи кабуд, тамоку, сирпиёз, қанд барин чизҳоро
харанд. Мо ба нон сирпиёзро молида мехӯрдем ва іумон
мекардем, ки колбаса мехӯрем.

Дар ҳуҷраи ҳафтум ман дер нанишастам. Пас аз чанд
рӯз маро ба ҳуҷраи шашум, ки калонтарини хуҷраҳо буд
ва дар он ҷо 12 нафар буданд, кӯчонданд.

Лекин хуҷраи ҳафтум бад набуд. Се кас сӯҳбат карда
менишастем ва ба мо ҳеҷ халал намедоданд, яъне ба таф-
тишу истинтоқ ҷеғ задан ва бурда овардан набуд. Гӯё ки
моро фаромӯш карда буданд. Рӯзе як бор барои ҳавогирй
ба ҳавличаи ҳабсхона мебароварданд, ки чандон калон на-
буд. Як тарафи ҳавлича ҳабсхона, тарафи дигараш девори
баланде буд, ки аз болояш симхор дошт. Дидбон дар

257
баландй бо милтиқи автомат дар даст нигарон меистод.
Дар он тарафи ин девор ҳавлиҳои кормандони НКВД буд.
Садои хандаю бозии кӯдакон, занон ба гӯш мерасид. Дар
он тарафи ин девор ҳаёт ҷӯш мезад, мардум з'индагй ме-
карданд; зану шӯ мешуданд, мезойиданд; бачаҳо калон
мешуданд, шӯхию бозй мекарданд... Аммо дар ин тарафи
девор хонаи таму гусса, хонаи азобу қийн, хонаи март буд!

Ҳуҷраи шашум нисбатан фарохтар, дарозрӯятар буд.
Одамон дар хона роҳ мегаштанд, саҳариҳо гимнастика ме-
карданд. Дар он қисми хона, ки аз чашми дидбонҳо панаҳ
буд, се-чаҳор кас нишаста қартабозй мекарданд. Қартаро
аз коғазҳои чой ва гайра худашон сохта буданд. Дар ин
ҳуҷра дар дасти одамҳо қалам ҳам буд, коғаз ҳам буд ва
чандон пинҳон мекарданд, ки посбонҳо дар вақти кофту-
ков ёфта наметавонистанд.

Дар ин ҳуҷра Нусур Абдуллоев - коркуни комсомол,
бачаи бисту панҷ - ей сола, серҳаракат ва сергайрат буд, ки
ӯро сардори хона гузошта буданд. Вай ҳар ҳафта - даҳ рӯз
ба магазин рафта, барои мо хӯрокй гирифта меовард. Як
коргари матбаа, ки номаш чй - махсум буд, тошкандй ва
одами босавод; як муаллими тотор аз Қӯрғонтеппа, як то-
тори дигар - коргари молия буд, Майский ном рафик, ко-
тиби райкоми ноҳияи Исфара буд, олим, донишманд ва
боақл, забони тоҷикиро медонист, одами хеле хуб ва
олиҷаноб буд. Инчунин Ҳамдамов, ки шахеи бохурмат ва
доно, шахеи боақл, вазнин ва рӯздида буд, пештар раиси
суди олй буда, дар соли 1933 ҳабс шуда, қариб як сол хо-
бида, баъд озод гашта будааст. Вай бо вазнинй ва ботам-
кинии худ ба мо ибрат буд, ба ҳама насиҳат медод... Боз як
солхӯрда русе буд, ки дар Госплан ва ё дар Шӯрои вазирон
кор мекардааст. Марди аҷоиб буд. Гоҳо худ ба худ сухан
мекард ва кадом Юраро ҳақорат медод... Хуллас ки 12 на-

258
фар буданд. Рӯзу моҳҳои аввал, гӯё чандон бад набуд.

Боре ба ҳуҷраи мо як марди хурдҷусса,
қирғизбашараро, ки ҷомаи сатини сиёҳи қиргизй дар тан,
як телпак дар cap дошт, оварданд. Мо аз вай ба забони
туркй пурсидем, ки кист ва аз куҷост. Он мард ҷавоб на-
дод, боз пурсидем, пас забои бароварда ло-ло гуфт. Аз
лаҳҷа ва «ло» іуфтанаш фаҳмидем, ки араб аст. Пас, ману
Майскию Ҳамдамов, ки каму беш забони арабиро медони-
стем, пурсида, ба зӯр фаҳмидем, ки номаш Салим будааст,
аз Макка, аз қабилаи Қурайш ва ба ҳабс афтоданаш тамо-
ман тасодуфй будааст. Баъдтар, ки мо бо Салим ran зада -
ran зада дониши арабии худро хеле такмил додем,
фаҳмидем, ки дар Макка дӯконе доштааст, савдогарй ва
дӯкондорй мекардааст. Як додарзодааш чанд гоҳ гоиб ту-
да рафта будааст, нохост аз як туҷҷор донистааст, ки до-
дарзодааш дар Кошгар зиндагй дорад. Салими хомтамаъ
ба нияти кофта ёфтани додарзода ва инчунин тиҷорат ба
Кошгар рафтанй мешавад. Барой ин ба сафоратхонаи
Англия рафта хоҳиш мекунад, ки ба вай паспорта хориҷй
диҳанд. Онҳо мепурсанд, ки Салим ба куҷо рафтанй аст.
Вай мегӯяд, ки ба «мулки Бухор» меравад. Маълум меша-
вад, ки дар Арабистон ҳамаи ин сарзаминҳоро - Кошгар,
Турки стон, ӯзбекистон ва Тоҷикистонро «мулки Бухор»
меномидаанд. Англисҳо ки нодуруст будани ин ақида ва
ин номро хуб медонанд, қасдан дурусташро (Кошгарро)
нанавишта, ба паспорта Салим «ин кас ба мулки Бухор
меравад» гуфта менависанд. Пас аз ин Салим бо худ даҳ-
дувоздаҳ тиллои даҳсӯма, каме либос гирифта ба роҳ ме-
барояд. Тиллоҳоро ба халтачае андохта ба зери хояаш ме-
овезад, ки дуздон нагиранд. Вай бо роҳи замин ва киштй
аввал ба Карочй меравад, аз он ҷо ба Афганистан меіуза-
рад. Дар сарҳади СССР ва Кошгар ба худ як роҳбалади

259
қирғизро киро карда, мегӯяд ки ӯро ба Кошғар (ба мулки
Бухор) барад. Қирғиз, ки дар ҳақиқат роҳбалади хуб буда-
аст, мегӯяд, ки дар сарҳади Кошғар ва Ҳиндустон чй як
моҷарое хеста, ҷанг шуда истодааст. Аз хоки Афганистан
(ба воситаи Забонаи Вохон) ба Кошғар роҳ махдуд аст, ам-
мо аз хоки Русия (яъне Помир) ба Кошғар іузаштан мум-
кин аст, лекин русҳо иҷозат намедиҳанд. Салим меіуяд, ки
чаро иҷозат надиҳанд?! Охир, вай ба Карочй омад, рухсат
доданд, ба Ҳиндустон омад, рухсат доданд, ба Афганистан
гузашт, рухсат доданд, пас чаро Русия рухсат надиҳад?!
Рафтем, ман паспорт дорам. Қиртиз маҷбур мешавад, ки
Салимро аз дарё гузаронида, ба назди сарҳадчиёни мо ба-
рад. Дар комендатураи сарҳадӣ мебинанд, ки дар паспор-
та Салим навишта шудааст, ки «ба мулки Бухор меравад».
Пас аз худаш мепурсанд. Худаш ҳам тасдиқ мекунад, ки ба
мулки Бухор меравад, дар он ҷо додарзодаи худро ёфтан
мехоҳад. Сарҳадчиён меіуянд, ки мо туро худамон ба мул-
ки Бухор мебарем! Ва Салимро ба шаҳрчаи Мургоб бурда,
ба дасти НКВД-чиён месупуранд. Онҳо ӯро бе пурсиш ва
тафтиш ба ҳабс меандозанд. Моҳи октябр дар Муртоб ҳаво
хеле хунук мешавад. Салими бечора бо либосҳои тунук, аз
хунукй меларзад. Хайрият ки қиртизҳои ҳабсии худотарс
медоданд, ки Салим аз Макка омадааст, ба вай ҷомаи пах-
танок ва телпаки пашмин медиҳанд. НКВД-чиён бошанд,
ӯро луч карда, тамоми баданашро аз назар меіузаронанд
ва тиллоҳояшро мегиранд. Салими бечора, ки намедонад,
барои чй ӯро ҳабс кардаанд, понздаҳ-шонздаҳ рӯз дар азоб
меіузаронад. Пас ӯро «этоб» карда ба Душанбе меоранд ва
ба ҳуҷраи мо меандозанд...

Салим бо ман ва бо Ҳамдамов хеле улфат шуда тарифт.
Вай марди беІ’аше буд. Дурӯт намеіуфт, хушомад намезад,
аз касе наметарсид, лекин чандон савод надошт. Марди

260
диндор бошад ҳам, дуохонию тавбаю тазаррӯъ намекард.
Ҳикоятшунавӣ, чақ-чақро дӯст медошт. Ман ҳам бо вай
сӯҳбат карда, оҳиста-оҳиста дониши арабии худро афзудан
шрифтам. Кор ба ҷое расид, ки ман ба вай баъзе қиссаҳои
«Чаҳор дарвеш»-ро ба забони арабй нақл мекардам ва аз
изҳори ҳаяҷон ва фаҳмиши вай медонистам, ки 1уфтаҳои
ман ба вай таъсир мекунад ва забони маро мефаҳмад.

Салимро як-ду бор ба пурсупос бароварданд. Дафъаи
сеюм маро бо ҳамроҳи ӯ ҷеғ заданд. Муфаттиши Салим -
Халфин ном тотор будааст. Халфин гуфт, ки вай ҳам забо-
ни арабиро каму-беш мефаҳмад ва аз 1уфтаҳои Салим
протокул тартиб додааст. Аз Салим пурсида аст, ки дар
ҳуҷра (камера) забони ӯро кй хубтар медонад. Салим маро
ном бурдааст ва бинобар он барои тафтиш карда дониста-
ни навиштаҷоти худ, маро ҷеғ задааст. Мо бо Халфин ва
Салим ҳамрох, навиштаҷоти ӯро аз назар іузаронидем,
ҳама дуруст баромад. Маълум шуд, ки Халфин ба
гуфтаҳои Салим бовар доштааст ва афсӯс мехӯрд, ки ӯро
бедарак ҳабс карда овардаанд. Пурсидам, ки тақдири вай
чй мешавад. Халфин іуфт, ки маслиҳат мекунад, агар Мо-
сква рухсат диҳад, Салимро аз сарҳад іузаронида мемо-
нанд. Ман аз ин «ваъда» хурсанд шуда ба Салим тарҷима
кардам, вай ҳам хурсанд шуд. Лекин Салими бечораро пас
аз «конференсияи августа» (ин маъниро дар поёнтар шарҳ
медиҳам) ҳамроҳи ман ба ҳабсхонаи умумӣ, ки дар яке аз
ҳавлиҳои он, дар зери ду чодари калон нӯҳсад касй, ҳазору
ҳаштсад касро нигоҳ медоштанд, бурданд. Дар он ҷо Са-
лим ба бемории дизинтерй гирифтор шуда, ба бемори-
стони ҳабсхона афтод. Пас аз чанд рӯз шунидем, ки Салим
ҳам дар қатори садҳо беморон ҷон додааст ва шабона мур-
даи ӯро буда ба кадом чуқурие партофтаанд...

Ин буд ҳикояти Салими араб, ки аз қабилаи Қурайши

261
шаҳри Макка омада-омада қурбони соли 1937 шуд!

Хӯш, сухан дар бораи ҳуҷраи шашум мерафт. Дар ин
ҳуҷра аввалҳо (октябр) нисбатан озодтар буд. Нусур ҳар
рӯз ба сӯрохӣ хез зада одамони аз дигар хуҷраҳо барои
«сайру гашт» бароварда шудагонро медид ва ба мо хабар
медод, ки киҳоро овардаанд. Дар рӯбарӯи ҳуҷраи мо, дар
он сӯи роҳрав ҳуҷраи сеюм буд, ки дар он ҷо Мавлонбеков,
Раҳимбоев ва боз як котиби СеКа-ро (номашро фаромӯш
кардаам) нигоҳ медоштанд. Дар вақти хӯрок додан, ки да-
ричаи он хуҷраро мекушоданд ва сари ҳабсиҳри хӯрок ме-
гирифтагиро мо аз сӯрохи даричаи худамон медидем, ба-
рало мушоҳида мекардем. Боре дидем, ки ҷоғи Раҳимбоев
баста шуда буд. Маълум ки ӯро задаанд, шояд манаҳаш
лат хӯрда бошад... Бечора Раҳимбоев, ки дар вақташ бо
Ленин вохӯрда буд ва дар роҳи барқарор гардидани
ҳокимияти шӯроӣ дар Осиёи Миёна хизматҳои шоёне
кардааст, акнун кадом як ҳайвони НКВД ҷоғи ӯро зада
мешиканад. Охир, Раҳимбоев ҳанӯз аз солҳои 1934 дар
Тоҷикистон раиси шӯрои вазирон шуда омада буд. Вай
дар якумин анҷумани нависандагони Тоҷикистон нутқ
эрод карда буд. Пас аз гирифтани Раҳимбоев, боз як-ду
нафар раисони шӯрои вазирон ва се нафар котиби коми-
тети марказии партияи коммунистии Тоҷикистонро ҳабс
карданд. Он вақтҳо дар Тоҷикистон сию ду ноҳия (район)
буд, ки ҳамаи котибони райкомҳо, ҳамаи раисони
иҷроияҳо ва мудирони шӯъбаҳои онҳоро ҳабс карда бу-
данд. Баъдтар котиби райкоми Варзоб - як яхудии пурзӯр
ва одами хубро оварданд, ки яке аз охирин котибони рай-
ком будааст, ки ҳабс нашуда будааст ва боре бо раиси
НКВД - Заіувоздин (пас аз Тарашук) ба Варзоб рафта іуф-
тааст, ки мебояд ҳамаи котибони райкомҳоро ҳабс кунем!..
Инак, ӯро ҳам оварда, чанд гоҳ қийну азоб дода, ба ҳуҷраи

262
<oL /Vfttr

mo фмристоданд.

«Конференсияи августа» чунин маъно дорад: дар моҳи
августа соли 1938, як рӯз чандин ҳуҷраҳоро холй карда, ба
рӯи ҳавлй бароварданд ва пас одамҳоро «сэра» карда (ҷудо
карда) баъзеро боз ба ҳуҷра, баъзеро ба автомобили «зоғи
сияҳ» (черный ворон) бор карда, ба ҳабсхонаи умумй бур-
данд. Дар ин рӯз ман ]Зобочоі юв" (ки вақтҳои охир дирек-
тори театри Лоҳутй буд), Носиров Саид (ки вазири мао-
риф буд)-ро аз дур дидам. Онҳо ҳам маро диданд. Баъд
фаҳмидам, ки Носиров ба Бобоҷонов дар бораи ман гаи
зада, хеле афсӯс хӯрдааст, ки ин ҷавони болаёқат илоҳй
намурад, вай бемор аст, ба касалии сил тарифтор аст.

Носиров чандин сол вазири маориф буд. Ба іумонам,
пас аз Посир Мухаммедов (аз соли 1932) ҳамин Носиров
вазири маориф буд. Ҳам вазир, ҳам раиси нависандагон
шуд. Марди вазнин, бамаънӣ, меҳрубон буд. Худаш аз
Хуҷанд бошад ҳам қатрае шаҳрчигӣ ва маҳалчигй надошт. ф—
Бо ҳама баробар ва андак шӯх ҳам буд. Вақто ки Итгифоқи
нависандагони Тоҷикистон ташкил ёфт (ё ки дар вақти
комитета ташкилии он) вай ба мо, нависандагони
Тоҷикистон сарварй мекард. Дар бораи Носиров ҳамин
воқеа дар хотирам мондааст: соли 1932-33 юбилеи
панҷоҳсолагии Лохутиро тӯй кардем. Ба ин тӯй аз Тош-
канд ду нависандаи машҳури ӯзбек - Зиё Саид ва Сотти
Ҳусейн меҳмон шуда омада буданд. Онҳо Лоҳутиро хабар
карда гуфтанд, ки дар Тошканд ҳам юбилейро ид меку-
нанд. Пас, мо бо сардории Лохутй ва Носиров - ман, Ғанй
Абдулло, Деҳотй, устод Айнй, Имомов, боз як марди
озарбойҷонй (номашро фаромӯш кардам), ки дар СеКа
кор мекард, меҳмонони ӯзбек ба вагони хукуматй нишаста
озими Тошканд шудем. Сафари бисёр аҷоиб ва
фаромӯшнашуданй буд, он сафари мо! Устод Айнй, ки ба

263
Лоҳутӣ бахшида шеър гуфта буданд, дар роҳ ба ман нави-
сонданд ва аз бар кунонда фармуданд, ки дар Тошканд,
дар маҷлиси тантанавй хонда диҳам. Ман розй шудам. Ус-
тод бо ман ду-се соат машғул шуда, машқ кунонданд. Чй
тавр бояд шеърро хонам, бо даст чй ҳаракатҳо кунам. Ма-
салан, вақто ки мисраи: Аоҳутӣ ба чор сӯи цаҳон, карты
ииҳилоб гуррои кард,-ро мехонам, бояд чаҳор аніушти
панҷаамро бардошта, чаҳор тарафаро нишон диҳам... Ба
ин вазну қофия Лохутй шеъре навишт, ки як мисраи он ин
буд: Икромӣ аз чамадони устод, конякҳоро бурун чу дуздон
кард!

Чунки дар байни рафиқон овоза шуд, ки устод Айнй
чандин шиша коняки хубу аъло бурда истодааст. Баъди
шунидани шеъри Лоҳутй, устод Айнй ду-се шишаи май-
даи конякро оварда іуфтанд, ки «ин заҳри чашм!»

Деҳогӣ ва устод Айнй ба Самарқанд фуромаданӣ шу-
данд. Поезд ба Самарқанд шабона, тақрибан дар соати
дахуним-ёздаҳи шаб расид., Ману Ғанй ба фуровардани
чизу чораҳои устод (хеле зиёд буд) ёрй додем ва ба паси
вокзал бароварда, ба фойтун бор кардемі Пас, дар он ҷо
дидем, ки пивои хуби Самарқандро мефурӯшанд. Мо ҳар
ду як ҷомй (кружкагй) нӯшидем. Ба назди вагонамон ома-
дем, ки Лохутй истодааст. Аз мо пурсид, ки дар куҷо бу-
дем. Мо гуфтем, ки борҳои устодро бароварда, ба фойтун
іузоштем, пас як ҷомӣ аз пивои хунук ва іуворои
Самарқанд нӯшидем. Лоҳутй, ки май (арақ, вино ва коняк)
наменӯшид, іуфт ки ба вай чаро наовардем! Мо ҳарду боз
тохтем, ки ба устод пиво биёрем, лекин ҳанӯз аз вокзал на-
баромада дидем, ки поезд ҳаракат кард ва рафтан шрифт.
Ғанй Давида ба вагони ростомадагй баромад, аммо мани
нодон беихтиёр давида хостам, ки ба вагони ҳукуматӣ, ки
дар сари қатор буд, рафта бароям. Саҳни вокзали

264
I

Самарқанд баланд аст. Вақто ки поезд дар қатори якум
меистад, ба рӯи зинаҳо, ки барои поён фуромадан сохта
шудааст, тахтаи оҳанин мепартоянд. Лекин он шаб ба рӯи
зинаи охирин тахтаи оҳанин набудааст.Ман, чашмам ба
поезд, Давида рафта ба ҳамон чуқурии зина афтодам.
Одамҳое ки ин ҳолати маро диданд, тирев бардоштанд ва
іумон карданд, ки ман ба зери чархи вагонҳо мондам. Дар
ҳақиқат ҳам дар байни ману роҳи оҳан як ваҷаб ҷо монда
буд. Умр боқӣ будааст, бо оринҷам такя карда, боз ба рӯи
саҳни вокзал баромадам ва ба зинаи вагони чаҳорум худро
шрифтам. Мардум ва коркунони роҳи оҳан маро бо
ғамхорй пешвоз гирифтанд ва аз вагонҳо іузаронида, ба
вагони хукуматӣ расониданд. Вақто ки дар равшании
чароғи вагон нишастам, дидам ки оринҷҳоям ва тахтаиуш-
там хуншор шудааст. Рафиқон куртаи маро кашида, ба
захмҳоям дору (йод) молиданд ва либосҳои тоза
пӯшонида, ба сари дастурхони шом нишонданд. Аввалии
қадаҳ ба саломатии ман буд.

Дар Тошканд, ки аз омадани мо бехабар будаанд, касе
моро пешвоз нагирифт. Зиё Саиду Соттй Ҳусейн дар
хиҷил шуда, худро ба ҳар сӯ мезаданд. Лоҳутй қаҳр кард.
Мо ҳама ба трамвай нишаста ба дорулмуаллимини
тоҷикон, ки дар маркази шаҳри нави Тошканд буд, рафтем
ва дар он ҷо ҷогир шудем. Қисса мухтасар, ки ӯзбекҳо тай-
ёр набудаанд. Пас аз маҷлису машварат қарор додаанд, ки
пас аз як ҳафта-даҳ рӯз маҷлиси ботантанаро тузаронанд.
Ман ки камбизоат будам, ба муддати дароз бо худ пул на-
гирифта будам. Пас аз чанд рӯз ба кабинета мудири до-
рулмуаллимин даромада ба Носиров, ки дар он ҷо буд, арз
кардам, ки ба ман камтар пул ёфта диҳад. Носиров ҳанӯз
ба ягон қарор наомада ва ман аз талаб хомӯш нашуда, аз
дар Лоҳутй даромада омад.

265
- Ҳа, машмаша дар сари чист? - пурсид вай. - Ба ту пул
лозим аст?

- Не, мо машмаша накардем, - гуфтам. - Пул лозим не!

- Не, ту пул надорй, ман шунидам, ман ҳозир!

Инро іуфту Лоҳутй аз кисабагал як банда пул -
коғазҳои панҷсӯмиро бароварда, чиҳил сӯм шумурда, ба
рӯи стол партофт. Ман нею нестон кардан гирифтам, ам-
мо Носиров чашми Лоҳутиро хато карда ба ман ишора
мекард, ки пулро тирам. Пулро гирифтам ва гуфтам, ал-
батта аз Душанбе ба Москва ба адреси устод қарзамро ме-
фиристонам. Лоҳутй гуфт, ки лозим нест.

Пас аз ба Душанбе омадан ба назди Носиров даромада,
адреси (нишони) Лоҳутиро пурсидам. Гуфтам, ки қарзро
фиристодан лозим. Раҳматй Носиров гуфт:

- Э, шумо аҷаб содда будед, қарз чй?! Пулро хӯред!
Гуноҳашро ман ба гардан мегирам! Лоҳутӣ 40 сӯмро пи-
санд намекунад.

Бале, Лоҳутӣ ҳамин тавр сахй, дасткушод ва олиҳиммат
буд!

* * *

Йрсиров ҳам, Бобоҷонов ҳам дигар нанамуданд, охирин
дидори мо дар ҳамон рӯйи ҳавличаи ҳабсхонаи дарунии
НКВД буд. Онҳоро, ки ҳеҷ гуноҳе надоштанд ва одамҳои
хубу аъло буданд, гуломони Сталини хунхор куштанд,
ҷавонмарг карданд...

Чи тавре ки дар боло қайд кардам, моҳҳои аввал (сен-
тябр, октябр) хуҷраи шашум кушод буд. Баъд, як рӯз
ҳамаи моро ба ҳаммом кӯчонданд ва дар он ҷо қариб чор-
панҷ рӯз доштанд, баъд боз ба хуҷраи худамон баргардо-
ниданд. Даромада бинем, ҳуҷраи моро ба ду тақсим кар-
даанд. Ба тарафи мо як сӯрохи ҳаво-равшанидаро монда-

266
анд. Ҳаминро низ қайд кунам, ки вақтҳои охир аз берун ба
сӯрохии хуҷраҳо тӯрбаи (намордники) тахтагӣ овехтанд,
яъне пеши сӯрохиро бо тахта гирифтанд, ки акнун аз он
сӯрохии майда фақат аз боло камтар ҳаво медаромаду бас.

Вақтҳои охир дар хуҷраи мо 18 нафар одам ҷамъ шуда
буд. Бино барон дар таки девор - поёни сӯрохӣ панҷ кат
(катҳои солдатии оҳанин), се кат қариб ҷафс, дар миён
роҳгузари танге ва боз ду кати дигар буд. Дар миёни хона
боз ба ҳамин тартиб катҳо ва дар охир дар як тарафи дар
кати Майский, дар тарафи дйгараш кати Ҳамдамов. Дар
катҳои дигар аксари мардум дукаса мехобиданд. Дар
паҳлӯи ман котиби райкоми Варзоб - яхудии бисёр хуб ва
раҳмдил, одами фарбеҳ ва бақувват мехобид. Оҳиста-
оҳиста одам овардан гирифтанд, ки се-чаҳор нафар дар
зери катҳо кӯрпа-болишт партофта мехобиданд. Ҳаво на-
мерасид, бӯю тафи параш ба ҷон расонида буд.

Рӯзе ба хонаи мо Климчитский - олими забоншиносро,
ки дар институти забои кор мекард ва забони гоҷикиро
нагз медонист, оварданд. Вай ба Душанбе дар солҳои 1928-
29 омада буд. Дар кӯчаи Аскарони Сурх, дар ҳавлии муал-
лим Сайидови эронй кулбае дошт, ки даруни онро бо тах-
та ва фанеркаҳо мисли купии вагони мулоим сохта буд.
Аввалҳо муҷаррад буд, дар солҳои охир Болотова ном
духтари русро, ки вай ҳам шарқшинос буд, ба занй ги-
рифт. Климчитский рӯзи аввали ба ҳуҷрайи мо омаданаш
бо касе ran намезад. Ҳатто бо ман, ки іуё шинос ва дӯст
буд, дуруст муомила намекард. Ба гумон, ақида дошт, ки
мо ҳама ҳақиқатан «душманони халқ» ҳастем ва ӯро ноҳақ
ба байни мо андохтаанд. Лекин пас аз чанд гоҳ фаҳмид, ки
ran дар куҷост ва хеле улфат шуда рафт. Пояш бисёр
бадбӯй буд. Тобистони гарм, худи ҳаво намерасид, ба
болокорй бӯйи бади пойи вай! Бачаҳо туфлии ӯро дуздида

267
руст карданд. /(ар вақти «сайру гашт», ки мебароварданд,
Климчитский пойи луч ба рӯи хоки тафсони ҳавлӣ хез
карда - хез карда роҳ мегашт. Ҳамин тавр, дар се рӯз бӯйи
пойи вай нест шуд ва баъд туфлиашро доданд.

Рӯзи дигар ба ҳуҷраи мо - Амир Ниёзови помириро
оварданд, ки пас аз ҳабс шудани дигарон, вазири маорифи
ҷумхурй шуда буд. Ҳоло ришу мӯйлаби дароз мондагй,
дар тан курта-эзори суфи сафед, ҳайрону гарант буд.
Маълум шуд, ки ӯро даҳ-понздаҳ рӯз дар азобхона (кар-
тсер) дошта, хуб қйину қасос кардаанд ва ниҳоят вай ба
ҳар чй айбе, ки ба гарданаш бор мекунанд, розй шуда, им-
зо карда аз азоб то як дараҷа халос мешаваду ба ҳуҷраи мо
меояд.

Баъд Бобокалонови калонй (раиси колхоз, аз Ленино-
бод)-ро оварданд, ки як марди содда, деҳқон ва одами хубе

буд. Ҳамеша додараш Бобокалонови хурдиро (Пӯлодро)

*■ 4? X (- ■■■

ҳақорат медод, ки ба мансаб дода шуда, ба раиси иҷроияи
марказй муовин шуду ба касофати вай ӯро шрифта ҳабс
карданд. Бечора ҳар шаб Сталинро хоб дида бедор мешуд.
Ҳамин тавр дар ҳуҷраи мо рӯз то рӯз одам зиёд мешуд ва
рӯз то рӯз азоби мо меафзуд.

Касе ки ҳабсхона ва зиидонро фикр карда бароварда
бошад, аҷаб одами доно ва одамшинос будааст. Зеро ки
ҳабсхона, бе ҳеҷ қйину қасос худаш филро сархам ва ба
муши мурда табдил медодааст. Ҳар як одамҳои ман-ман
мегуфтагй ба ҳуҷраи ҳабсхона меафтиданду пас аз даҳ-
понздаҳ рӯз сархам, пажмурда ва мулоим шуда мемон-
данд. Ҳабсхона одамҳоро мефушурдааст, одамро оҳиста-
оҳиста аз одамият бароварда, бекора мекардааст. Боз хай-
рият, ки мо бисёр будем. Одам заҳри одамро мебардорад
меіуянд, ки рост аст. Ба ҳар ҳол бо ҳамдигар дарди дил
мекунем, сӯҳбат мекунем, ба дардамон даво меҷӯем ва

268
ғайра... Вой ба ҷони он касоне, ки дар азобхонаҳо, дар
картсерҳо мехобанд! Дар он нимаи хуҷраи собиқи мо
азобхона сохтаанд. Онро ба се тақсим карда, як қисмашро
даромад ва ду қисмашро азобхона сохтаанд. Мо чанд рӯз
гиряю нолаи Хидировро (котиби горкоми Конибодомро)
шунидем, ки менолиду гиря мекард. Бале, одам девона
мешавад.

* * *

Пас аз се моҳи беному нишон хобиданам, як шаб дар
нимишабй маро бедор карданд. «Малоикаи азоб»
(ҳабсибон) іуфт, ки либосамро пӯшида бароям. Маро як-
бора вараҷа шрифта, дарат-дарат меларзидам. Зуд либос
пӯшида баромадам. Маро, ки ду дастам ба пуштам буд,
ҳабсибон раҳнамун шуда, ба бинои калони НКВД бурда
даровард ва аз зинаҳо боло бароварда, ба хонае даровард.
Дар он ҷо як коркуни НКВД танҳо менишаст. Маро ба
рӯбарӯи худаш шинонда, анкета пур кард. Номам, номи
падар, синну сол, цойи кор, миқдори аҳли байт ва тайра...
Дигар гапе напурсид. Ман ҷуръаг пайдо карда пурсидам,
ки чаро маро ҳабс кардед? Гуноҳам чист? Гуфт ки дар
қарибй мефаҳмам ва фармуд, ки маро ба хуҷра баранд.
Боз ба хуҷра барташтам.

Боз, пас аз даҳ-дувоздаҳ рӯз маро Гаритский, ки муфат-
тиши ман будааст, рӯзона ҷеғ зад. Ин Гаритский ҳамроҳи
зани Улутзода - Клавдия Благовещенская факултети
шарқшиносии университета Тошкандро тамом карда
омада буд. Аввал дар вазорати маориф ҳамроҳ кор мекар-
дем, газетаи деворй мебаровардем ва улфат будем. Акнун
вай лейтенанта калон, коркуни НКВД шудааст. Модараш
дар китобхонаи Фирдавсй, ҳамроҳи Саодати ман кор ме-
кард, дӯст буданд.

269
Гаритский маро дар таҳи дар шинонда, худаш ба сари
столи корй нишаста ran пурсид:

- Гӯй ки бо Бектош чй корҳои аксулинқилобӣ мекар-
дед? Бектош туро кай ба ташкилоти аксулинқилобй ка-
шид? ва ғайра ва ҳоказо... Ман іуфтам, ки Борис, ту хуб
медонй, ки ман бо Бектош чй хел муносибат доштам.
Охир, ман дар бораи Бектош ба рӯзнома «Сухан ба ман»
ном мақолаи калоне навишта, дар вақташ бо босмачиҳо
ҳамроҳ будани ӯро фош карда будам. Боз чаро ман бо вай
ҳамроҳ мешудаам?!

- Гӯй, ҳамон гапҳоро гӯй! - фармон дод Борис Гарит-
ский. Дар ин вақт телефон занг заду вай трубкаро бардош-
та гӯш кард ва ҳозир меравам іуфта трубкаи телефонро ба
ҷояш гузошт, баъд ба ман муроҷиат карда іуфт:

- Ҳозир ба ҳуҷра (камера) меравӣ, хуб фикр мекунй,
агар аз ҷонат умед дошта бошй, ҳамаи гапҳои медониста-
гии худатро дар бораи Бектош ва алоқаи худат ва ғайра
дигарбор, ки ҷеғ задам, іуфта медиҳй!

Ман боз ба ҳуҷра баргаштам. Ба хуҷраи мо як одами
собиқ ҳарбиро оварда буданд, ки дар гррнизони Душанбе
сардори дастаи мусиқинавозон будааст - немиси рус шуда
рафтагӣ, ҳатто Германияро надидагй. ӯро қариб ду моҳ
пеш ҳабс карда будаанд ва то ба ҳоло азоб дода, «иқрор»
карданй шудаанд. Чандин рӯзу шаб рост мондаанд, хоб
кардан намонда, зада, абгор карда, ба бемористон фири-
стода, табобат карда, боз оварда задаанд ва рост мондаанд,
қариб девона кардаанд. Ниҳоя вай маргро ба гардан ги-
рифта, ба ҳар сафсаттае, ки онҳо навиштаанд (ман душма-
ни халқ, ман ташкилоти зидди шӯрой сохтам, фалонӣ ва
фалониҳоро аъзо кардам, плонамон ҳамин буд, ки бо ёрии
фашистони немис ҳукумати шӯроиро торумор кунам ва
ғайра ва ҳоказо...) имзо монда аст. Пае ӯро ба ҳуҷра фири-

270
стодаанд.

- Акнун, пас аз чанд рӯз ё тирборон мекунанд, ё ба Си-
бир ҳай мекунанд! - меіуфт вай.

Дар ҳақиқат пас аз се-чаҳор рӯз ӯро ҷеғ зада бурданд ва
дигар наомад.

Он даҳшат ва разолат, беинсофй ва зулмро дида ва шу-
нмда дарун-дарун месӯхтам, азоб мекашидам. Наход ки ба
сари ман ҳам ҳамин фалокатҳо афтанд? Наход ки маро
ҳам қайин кунанд, азоб диҳанд? Барой чӣ?! Ман чй кар-
дам? Чй гуноҳ дорам? Ҳамдамов ва Майский ба ман ва ба
дигарон тасалло медоданд, бо ҳар хел ҳикояҳо саргардон
мекарданд. Боре, пас аз чандин моҳ, дар баҳорон Гарит-
ский ба ман як_буғчаи майда либосҳоямро, ки Саодат
оварда дода будааст, расонд. Аз он либосҳо бӯйи хона, бӯи
аҳлибайтро шамида хуб гиристам, ба ҳоли худ ва ба ҳоли
аҳли байта худ гиристам.

Маро боз ба истинтоқ ҷеғ заданд. Ин дафъа Гаритский
маро ба шогирди худаш, ки номаш Московкин буд, - як
ҷавони бебок, аблаҳ ва расво, супурда худаш рафт. Мос-
ковкин аз ман мепурсид, ки ба адабиёт чй тавр дохил пгу-
дам. Ман гуфтам, ки бо ёрии устод Айнй нависанда шу-
дам. Вай навишта аст, ки Айнй сардори ташкилоти
аксулинқилобй буд ва маро ба ташкилот аъзо кард. Мо
миллатчигй мекардем, мо душмани халқ будем ва ҳоказо...
Ҷавони разил маро маҷбур кард, ки ба он протоколи cap
то по дурӯғ даст монам. Ман нахостам. Бо дадвали гафси
чӯбин задан шрифт. Аз сэру рӯям хун шорид. Тарсидам,
ки мемирам ва маҷбур шудам, ба ҳамаи он сафсаттаҳо им-
зо мондам.

Боре маро бо Бектош чорбарӯ карданд. Рӯзона буд. Га-
ритский ва шогирдаш дар ҷоҳои худ, дар сари столи корй.
Маро ба рӯи табуретка дар як тарафи дар шинонданд. Га-

271
ритский іуфт, ки ту аъзо будани худро дар ташкилот:
аксулинқилобии Бектош инкор мекунй, ана ҳозир мо тур
бо вай чорбарӯ мекунем. Дар ҳақиқат, дар кушода шуд
Бектош даромада омад. Дар дасташ як ҷомачаи сатині
сиёҳ қат карда шудагй, дар танаш куртаи нимдошти читі
кабуд; ҷомаро ба рӯи зонуяш іузошту нишаст. Гаритскиі
аз ҳар дуй мо пурсид, ки ҳамдигарро мешиносем ё не. М<
тасдиқ кардем. Баъд аз Бектош пурсид, ки ба гуфтаҳои ху
дат собит аст ё не. Вай гуфт, ки ҳамаи нишондодҳояп
ҳақиқат аст. Гаритский іуфт, ки такрор кун. Бектош шар?
накарда іуфт, ки вай ташкилоти аксулинқилобӣ в,
миллатчигй сохтааст ва ба он ташкилот маро (Ҷалол Ик
ромиро) кашида аъзо кардааст. Ман тоқат карда натавони
стам аз ҷо ҷаҳида хестам ва дурӯғ мегӯяд ин хоин! гӯён хос
там, ки табуреткаро ба сараш занам. Лекин шогирди Га
ритский, ки ба ман қариб буд, ҷаҳиду табуреткаро аз дас
там гирифт ва Бектошро аз дар бароварда іусел кард...

Бори дигар маро бо Обид Исматӣ чорбарӯ карданд. Бе
чора Обид Исматй чашми Московкинро хато карда (вай а:
ҷо хеста ба тиреза менигарист) ба ман имо кард, эі
ҷӯраҷоне, іуфт оҳиста, дод аз дасти зулм! Вай ба тӯҳмаг
иқрор нашуд ва маро сиёҳ накард. Пас, Московкин марс
іусел карду албатта пас аз рафтани ман он бечораи Оби/
Исматиро зада, азоб додагист.

Обид Исматиро куштанд. Вай ба тӯҳмату бӯҳтонҳот
пурдаҳшати онҳо иқрор нашуда ҷон дод, қаҳрамонона ҷоғ
дод. Шод бошад равони поки ӯ, ки имрӯз пас аз март бо-
шад ҳам сафед шуд ва номи некаш барқарор гардид. Бек
тош ҳам пас аз март сафед шуд. Агар дуруст мулоҳизг
карда бинем, вай - яъне Бектош ҳам ҳеҷ гуноҳе надошт
Баръакс як олими пурдон ва барои Тоҷикистон одам г
даркорй буд. Таърих ва адабиётро медонист, бо классико-

272
ни адабиёти мо нағз ошно буд. Дар бораи Сайидои
Насафй кори каноне навишта буд. Намедонам дар боло
оид ба ин кори Бектош іуфтам ё не, ба ҳар ҳол боз такрор
мекунам.

Пас аз озод шуданам ба ман гуфтанд, ки аз таҳхонаи
НКВД даромада коғазҳо ва асарҳоямро ёфта гирам. Маро
танҳо іузоштанд. Дар замини таҳхона хирвор-хирвор
коғазҳо, дастнависҳо, папкаҳо ва портфелҳо мехобиданд.
Он коғазҳоро такурӯ карда, баъзе асарҳои худамро ёфтаму
чашмам ба ҳамон кори калони Бектош «Сайидои Насафй»
афтод, ки қариб сад саҳифа дастнавис, бо ҳуруфи арабй
мураттаб сӯзанбанд карда шуда меистод.

Хуллас ки пас аз бо Обид Исматй дучор кардан, маро
боз ба ҳуҷра бурданд. Дигар суроғ накарданд. Зимистон
іузашту тобистон расид. Дар ҳавои гарм, дар ҳуҷраи танг,
ки дар он қариб бист нафар будем, ҳаво намерасид. Арақ
мекардем, ҳалқак мезадем, уанг мекардем...

Дар ҳабсхона, дар ҳуҷраҳои ҷудогона, аз тамоми дунё
канда шуда хоб карда бошем ҳам, одам ором намеистода-
аст. Мо ба хуҷраҳои ду тарафамон муносибат доштем ва
ҳар хабари нав дар ҳол ба мо шоеъ мешуд. Ин муносибат
ба воситаи «телеграфи» дастй буд. Ба коғаз ҷадвал кашида,
аз як канори он рақамҳо: 1, 2, 3 ва ҳоказо, то даҳ навишта
мешавад; аз болои ҷадвал ҳарфҳо: а, б, в ва ҳоказо. Аз рӯи
ҳамин ҷадвал ҳарфи «а» як нуқта (ё ки як бор задан) буд;
ҳарфи «б» ду нуқта ва ҳоказо... Ҳамин гуна ба девор тақ-тақ
зада мақсадамонро мефаҳмондем ва аз тақ-тақ задани
ҳамсояҳо гуфтаҳои онҳо мешунидем. Дуруст шунида на-
шавад, даҳони кружкаро ба девор часпонда, гӯшро ба зери
он (ба куни кружка) мечаспондем. Дар ин ҳол тақ-тақи
ҳамсоя хуб шунида мешуд. Бекор шудани Тарасюк (вазири
Чека)-ро мо бо ҳамин восита шунидем. Дар кадом ҳуҷра

273
кадом як одами машҳур ва калон буданро низ мо бо ҳамин
восита мешунидем. Боре шунидем, ки Гаритскийро ҳабс
кардаанд ва боз пас аз чанд гоҳ шунидем, ки Гаритскийро
тирборон кардаанд. Модоме ки Гаритский нест, муфатти-
ши ман Халфин ном тотор будааст, ки як бор барои
тарҷимаи истинтоқи араб маро ҷеғ заду дигар фаромӯшам
кард. Боз шунидем, ки Московкин ба отпуск рафта, дар
кӯл бо милтиқи думила бо қайиқ бор шуда рафтааст ва
сайдро дида саросема милтиқро гирифтани шудааст, ки
ҳар ду милаш тирро ба синаи вай холй кардаанд. Бо ҳамин
ҳар ду ҷаллоде ки ба қасди ман буданд, ба ҷаҳаннам раф-
танд.

Дар моҳи авіуст «конференсия» шуду (яъне ҳабсиҳои
чандин ҳуҷраҳоро ба рӯи ҳавлй бароварда, алоҳида-
алоҳида шинонда, баъд сэра карда буданд, яъне қисмеро
боз ба ҳуҷраҳо, қисмеро ба мошинаи «зоғи сияҳ» шинонда
ба ҳабсхонаи умумӣ бурданд) маро ҳам ба ҳабсхонаи
умумй бурданд. Ана дар ин ҷо ман беқадрии одамро ди-
дам!

Ҳабсхонаи дохилии НКВД хеле тазъйиқкунанда, фишо-
роваранда, азобдиҳанда бошад ҳам, мураттаб буд, тартибу
қоида дошт, муаккалҳои азоб дошт, озода буд. Агар аз
ягон кас шабуше пайдо кунанд, дар ҳол табли хатар мена-
вохтанд, ҳамаи либосҳоро буғ медоданд, хуҷраро дезин-
фексия мекарданд. Бинобар ин шабуш набуд, тахтакана
набуд, ҳар даҳ рӯз як бор ҳаммом мекардем. Хӯрокҳо
ҳарчанд ки «ҳабсхонагй» буданд, вале мураттаб дода ме-
шуданд. Касе (аз ҳабсхона) ба касе таарруз карда намета-
вонист. Дуздӣ, зӯроварӣ набуд, ҷанҷолу хархаша набуд.
Ammo аз тарафи ҷаллодон ҳамаи қйину азоб буд.

Дар ҳабсхонаи умумй даҳшат буд. Тақдири мо дар дас-
ти дуздон ва одамкушон буд. Аз чандин касон (пуратар аз

274
русҳо ва асатинҳо) пурсидам, ки бо чй ҷиноят ҳабс шуда-
анд. Меіуфтанд, ки «бо кори намдор» (бо кори хунин) аф-
тодаанд. Ин кори «намдор»-ашон одамкушй будааст. Ман
аробакашеро медонистам, ки асатин буд, дар қарибии хо-
наи стандартии мо мезист. Вай рӯйрост меіуфт, ки одам
куштааст, аз ҷазо ва оқибати кораш парвое надошт.

Инак, маро оварда, дар байни ҳамин хел одамҳо пар-
тофтанд. Дар як бино, ки ҳафт хона дошт ва хонаҳо, ҳатто
роҳравҳо пур аз ҳабсиҳо буданд, маро ҷо карданд. Маълум
шуд, ки дар ин ҳафт хона ҳафт сардори калон таъйин ту-
да будааст. Сардорҳо ҳама дуздони шигарф, аммо сардори
калон (ба қавле подшоҳ) духтур Усмонов, шиноси ман
(сардухтури поликлиникаи хукуматй) буд.

Дар ин ҳабсхона, ки як дари даромад дошту роҳраву
ҳафт хона ва як мабрази калону се мили об барои дастурӯ
шустан, одами бисёре ба замин кӯрпа-болишти худро
паҳн кард менишастанд. Посбонҳо, ки онҳо ҳам аз дуздони
собиқ будаанд, дар даст милтиқ, як-ду нафар дар рӯи
ҳавлй менишастанд. Дигар паноҳи мо дар дасти дуздони
ҳабсхона!

Мардум шоҳмотбозй мекарданд (аз мағзи нон донаҳои
шоҳмотро месохтанд ва хеле базеб месохтанд) савдо ме-
карданд (нонро ба қанд, қандро ба равған ва тайра иваз
мекарданд), мегаштанд, Қуръон мехонданд, сӯҳбат карда
менишастанд. Касе халал намедод. Дуздй мекарданд,
ҳамдигарро мезаданд, зӯроварй мекарданд, аммо аз
соҳибони хона (аз ҳабсбонҳо) касеро хабаре набуд. Тарти-
би хӯроки ин ҷо ҳамин хел: як бор чою нон, як бор хӯроки
гарм (ё шӯрбои юндуқ, ё ягон шӯлаи - кашаи бемаза).
Аммо вақти додани ин хӯрокҳо ҳар хел, гоҳо чойи ношто-
ро дар ними шаб медоданд, хӯроки гармро дар аввали рӯз.
Ҳар кас, ки бедор бошад, ҳар кас ки ҷогаҳ дошта бошад, аз

275
хӯроку чой баҳра мебарад, надошта бошад не. Дар се-
чаҳор моҳе, ки ман дар ин ҷо будам, фақат ду бор ҳаммом
кардем. Як бори он дар ҳавои хунук, нимишабӣ, дар рӯи
ҳавлӣ ҳамаро луч карда сарулибосро ба буғ бурданд, мар-
думро ба ҳаммом. Пас аз ҳаммом бо тани луч ба рӯйи
ҳавлй баромада, аз байни тӯдаи либосҳо такурӯ карда, ли-
боси худро меёбему тани худро мепӯшем. Ними одамонро
шамол мезанад, бемор мешаванд.

Шабуш ҳукмрон буд, ҳама шабушкин буданд. Як
рафиқи рус, ки ба ӯ «афандӣ» лақаб монда буданд ва ода-
ми боақл, файласуфтабиат буд, боре дар офтоб нефаи
эзори худро медид ва шабушкҳои қаторро бо аніуштонаш
ронда ба замин мепартофту бо кафшаш зер карда меку-
шат. Ин шабушҳо фақат бо хун хӯрдан бас намекарданд,
дар байни мардум бемориҳои бисёреро паҳн мекарданд.

Дар ин байн дар рӯи ҳавлӣ ду чодари калон зада дар зе-
ри он чодар нӯҳсадкасй, ҳазору ҳаштсад касро ҷойгир кар-
данд ва дар хонаҳои ҳабсхона ремонтро cap карданд. Баъд
чй будани «ремонт»-ро донистем: дар хонаҳо «нара» (яъне
раф сохта, ҳар хонаро ба ду қабат ҷудо) кардаанд.

Дар зери чодар мо ба қавле «валет» шуда мехобидем.
Яъне сараку-пояк! Пойи як кас ба даҳони каси дигар! На-
бошад ҷо набуд, намеғунҷидем. Дар ин «маҳшар»-и худо
ман ба худ паноҳе ёфтам. Паноҳи ман дониш ва эҷодиётам
шуд, Ҳофизаам нағз кор мекард. Ман ба Усмонов (сардор)
ва ҳафт нафар ёридиҳандагони вай ва касони дигар «Чаҳор
дарвеш» ва романҳои дигарро аз ёд нақл мекардам. Мар-
дум бо шавқу завқ ҳикоя іуфтани маро гӯш мекарданд ва
ба ҳамин як-ду соат ғаму гуссаро фаромӯш мекарданд.
Ман «шоири дарбор» шудам. Ба ман як нафарро чун хиз-
матгор муайян карданд. Ин мардак ба ман чой, хӯрок,
нонро (ҳар вақте ки диҳанд) шрифта мемонд ва аз ман бо-

276
хабар буд. Дасти уммеди кас аз дигар ҷо канда шавад, ба
худо мечаспидааст. Дар ин ҳабсхона бисёриҳо диндор,
дуохон ва намозхон буд, ки аз кулӯлаҳои нон ба худ тасбеҳ
сохта, ҳамеша дуо хонда менишаст. Қиличзода аз
эрониҳои Бухоро буда, дар вақти ҷумҳурияти Бухоро дар
корҳои роҳбарият буд. Баъд ба «чапҳо» пайваст, хеле шат-
та хӯрд ва солҳои охир дар Душанбе намедонам чй кор
мекард, ки ман ӯро дар ҳамин ҳабсхона дидам.

Вақто ки мо дар зери чодар будем, ҳаво гарм буд, бемо-
рии дарунравӣ-дизинтерй авҷ гирифт. Мардум чун паш-
ша мемурданд. Ҳар рӯз ба зери девор ҳашт-даҳто мурдаро
қатор карда мемонданд. Деҳқонҳо, қишлоқиҳо, мардуми
бегуноҳ ба чй хорию пасти ҳалок мешуданд. Дар он тара-
фи девор бемористони ҳабсхона буд. Аз ҳавлии он бемо-
ристон ҷӯйи обе меіузашт ва ба ҳавлии ҳабсхона меомад.
Мардум ки ташна мемонданд, аз оби ҳамон ҷӯй
менӯшиданд. Ва ҳол он ки ба оби он ҷӯй кормандони бе-
мористон ҳамаи ифлосиҳои беморонро шуста мепартоф-
танд. Ҳар кас ки аз он об нӯшад, албатта бемор мешуд ва
ҳалок мегардид. Салими араб ҳам бемор шуду дар бемо-
ристон аз дунё чашм пӯшид. Ман ҳам бемор шудам
(ҳарчанд ки аз оби ҷӯй нанӯшида будам). Духтур Усмонов
маро табобат кард. Нонро бурида дар офтоб қоқ карда ба
ман дод, ба ғайр аз чой дигар чизе надод. Дар ин байн аз
бемории ман раҳматй Калонтаров хабардор шудааст (вай
ҳам дар ҳамин ҳабсхона, вале дар хонаи дигар буд). Ба во-
ситаи касе ба ман пенисилин ва сахарин дода фиристода-
аст. Ин доруҳоро истеъмол карда, парҳез карда, хайрият
намурдаму офият ёфтам. Бинобар он ман аввал ба духтур
Усмонов, баъд ба Калонтаров як умр миннатдорам!

Тобистони гарм іузашт, тирамоҳ расид. Моро боз гашта
ба хонаҳо ҷо карданд. Ман аз қабати дуюм ҷо шрифтам.

277
Дар шафатам раҳматй Чӯлибоев буд. Одами шоиртабиат,
доно ва закӣ. Ба ман шоҳмотбозиро омӯхт ва соатҳои да-
роз чақ-чақ кард менишастем. Чӯлибоев ба Пайрав
Сулаймонй хеши наздик аст. Вай яке аз одамони
пешқадами давраш буд. Кораш, касбаш пӯсти қароқулй ва
пашм буд. Дар ин кор, яъне донистани сифати пӯсти
қароқулӣ ва навъҳои он тахассуси калон дошт ва дар
ҳамин соҳа кор мекард. Пас аз ман, вай ҳам озод шуд. Зани
беваи Қосим Қориро ба занй шрифт. Аз вай ду писару як
духтар дорад. Лекин бемор шуд ва дар солҳои шастум, дар
роҳи Кисловодский бемор шуд а, ба Тошканд аз поезд ме-
фурояд ва дар ҳавлии кадом хеши худ аз дунё чашм
мепӯшад.

Дар ин ҳабсхона Собир ном найчй (падари артисткаи
халқй Малика Собирова) ва боз артиста дигар вазифа
доштанд, ки аз қаровулхона чизҳоеро ки хешовандони
ҳабсиҳо (хӯрок, либос) медоданд, ба соҳибонашон расо-
нанд. Ин ду разил ба ҷойи бекаму-кост расонидани он
чизҳо, ба зану бачаҳои ҳабсиҳо тааддиҳо, носазогӯйиҳо ме-
карданд ва чизҳоро ниму нисфй карда, оварда медоданд.
Ман ҳам як бор камтар нон, себ ва боз намедонам чиҳо ги-
рифтам. Ин чизҳо ба ман аз хонадонам, аз зану бачаҳоям
хабар медоданд ва аз ҳамин сабаб қимат буданд.

Рӯзе дар рӯи ҳавлии мо ба «этаб» мерафтагонро аз на-
зар гузаронида, командаи посбонҳои роҳ қабул карда ги-
рифтанд. Ин манзарае буд хӯровар ва пурдаҳшат, қадру
қимати одам ҳеҷ будааст, ман донистам. Ҳабсиҳои бисёре-
ро, ки бояд ба бадарғагй баранд, дар як сӯи майдон бо чи-
зу чораҳояшон шинонда монда буданд. Дар миёни ҳавлй,
дар сари стол сардорҳо менишастанд ва аз рӯи коғаз якто-
якто ном бурда ҳабсиҳоро ҷеғ мезаданд ва тамом луч карда
баданашро медиданд, хам карда маъқад ва байни

278
поҳояшонро месанҷиданд, даҳонашро калон кушода ме-
диданд ва баъд либосҳояшро тафтиш карда медоданд, ки
пӯшад. Дигар чизҳояшро аз назар іузаронида, чойнику
пиёлаҳояшро ба як сӯ гурронда мепартофтанд, фақат ли-
босу палосро меіузоштанд. Пас аз ин он ҳабсиро ба сӯи
дигар, ба зери назорати посбонҳо меіузарониданд. Дар
ҳамин маҳшар ман Ализода и эрониро, ки номаш ҳам
Ғуломризо буд, дидам (аз даруни хона), ӯро ном гирифта
ҷеғ задам. Лаънатй ба ман илтифоте накард ва ба гапам ё
аз таре, ё аз кина ҷавоб надод. Ин Ализода дар идораи га-
зета кор мекард. Бо ман сахт ошно ва ҷӯра шуда гирифта
буд. Хонааш дар қарибии хонаи мо, дар шаҳрчаи
стандарта буд. Ман бо вай боре ба «Хосто» ном
истироҳатгоҳи назди Сочи рафта будам. Путевкам он ҷоро
ман барои ӯ таҳия карда будам. Ализода як зани тотор
дошт, мо рафту омад доштем. Баъде ки маро ҳабс карданд,
Саодати бекас ба хонаи ин муртад рафта ёрй ва маслиҳат
пурсиданй шудааст. Ализода дар хона набудааст, занаш
Саодатро қабул кардааст. Вақто ки вай меояд, Саодатро
дар хонааш дида, якбора ҳушаш канда аст. «Омадани шу-
моро касе дид, ё не? Чаро омадед? Аз дасти ман чй кор
меояд?!» іуфтааст ва фармон додааст, ки оҳиста худро ба
касе нишон надода аз хонаи вай баромада равад. Ҳамин
тавр буд замона, ҳамин тавр буданд одамҳо! Фарзандон аз
падару модарашон мункир мешуданд, чй ҷойи он ки Али-
зода барин муртаду тарсу! Ман пас аз озод шуданам Сао-
датро таъна кардам, ки чаро ба хонаи Ализода рафтааст!
Ализода мувофиқи кирдораш ҷазо дид, бадарга шуда ди-
гар наомад.

Сентябри соли 1939 іузашту октябр расид. Овозаҳои

279
нек паҳн шудан гирифтанд. Ба ман аз берун як порча
рӯзномаро расониданд, ки дар он устод Айниро таъриф
карда навиштаанд ва гуфтаанд, ки Айнй пас аз беморй
офият ёфта, дар бораи оилаи Файзулло Хоҷаев роман на-
вишта истодааст. Ин хабар маро хеле шод кард, зеро ки
ман барои устод Айнй ҳабс шуда хобида будам, модоме ки
устоди ман саломат ва бегуноҳ аст, ман ҳам бояд озод гла-
вам ва бегуноҳии ман ҳам исбот шавад. Дар ҳақиқат пас аз
чанд гоҳ (дар моҳи ноябр) ҳабсиҳоро озод кардан гириф-
танд. Инчунин хабар омад, ки аз НКВД-и марказй Ежовро
гирифта паррондаанд ва ба ҷои ӯ дӯсти наздики Сталин -
Берия вазир шудааст. Ин Берия, іуё одами доно,
ҳақиқаткунанда ва пурқувват будааст. Ҳабсиҳои бегуноҳро
озод мекардааст. Баъдтар ба ман аён шуд, ки Берия ба
НКВД омада, як дараҷа фармон додааст, ки одамони без-
арар ва оддӣ, ҳабсиҳои бемансаб ва қаториро озод кунанд.
Бо ҳамин, вай ба худ обрӯ ва эътибор гирифтанй будааст.

Як бегоҳй вазири НКВД-и Тоҷикистон - Загувоздин ху-
даш ҳабсхонаҳоро гашта, аз ҳоли ҳабсиҳо пурсон шуд.
Вақто ки ба хонаи мо омад, бисёриҳо ба вай ариза дода, аз
нодуруст ҳабс шудани худ шикоят карданд. Ман ки ариза
нанавишта будам, дар дами дар рост меистодам. Загувоз-
дин ба ман рӯбарӯ шуда пурсид, ки кистам ва чаро арз на-
мекунам. Ман гуфтам, ки фалонча ҳастам, барои шогирди
Айнӣ буданам ҳабс шудаам. Заіувоздин іуфт, ки Айнй на-
висандаи бузург аст. Ман іуфтам, ки барои ин нависанда
мани бегуноҳ ҳабс шдам. Гуфт, ки дар ин қарибй натиҷаро
мефаҳмед! Гуфтам, мани силкасал то расидани натиҷа ме-
мурам. Не, ба зуди мефаҳмед! гуфт Заіувоздин. Гапаш
рост баромад. Дар нимаи моҳи декабр маро ба берун ҷеғ
заданд. Он рӯзҳо ҳар киро, ки озод мекарданд, дар аснои
ҷег задан мегуфтанд, ки бо чизу чора барояд. Лекин маро

280
бе чиз ҷеғ заданд. Ба даруни автомобили «Зоти сиёҳ» да-
ромада Калонтаров ва Навбариро дидам, ки шоду хурра-
манд, ба ман навиди озодиро доданд. Ман бовар намекар-
дам. Боз ҷавони дигарро бор карданду ба бинои вазорати
НКВД оварданд ва ҳамаи моро ба ҳаммоми ҳабсхонаи
дохилӣ ҷо карда монданд. Ин дафъа муомилаи
ҳабсибонҳо хело мулоим буд, ба мо дӯғ намезаданд.

Дар ҳаммом аввал ҳамон ҷавонро ҷеғ зада бурданд ва
бознагашт. Мо як шаб ба рӯи харакҳо пинак карда іузаро-
нидем. Рӯзи дигар Калонтаровро бурда озод карданд. Пае
маро ҷеғ заданд, рост ба кабинета калоп ва пурдабдабаи
вазир бурданд. Загувоздин дар сари столи калони корй
нишаста буд. Маро дар қарибии дари даромад, ба рӯи
курсй шинонданд. Вазир пурсид, ки шумо ба миллатчи-
гии худ иқрор ҳастед ё не. Гуфтам, миллатчигии мани на-
висанда бояд дар асарҳоям акс ёфта бошад. Канй, ягон
сатр ёфта исбот кунед! Заіувоздин хандид ва аз ҷо бархоста
ба рӯи хона қадам задан гирифт. Гуфт ки шуморо ба хеле
гуноҳҳо айбдор кардаанд, лекин мо тафтиш карда
мефаҳмем. Гуфтам, то фаҳмидани шумо мани силкасал
дар ҳабсхона мемирам. Не, гуфт натиҷаи тафтишро зуд
мефаҳмед ва фармуд, ки маро гирифта баранд. Боз ба
ароба бор карда ба ҷои худам, яъне ба ҳабсхонаи умумй
бурданд. Чӯлибоев ва дигарон аз ман ҳолу аҳвол мепурси-
данд. Ҳама воқеаро туфта додам. Чӯлибоев ва дигарон ма-
ро тасалло дода гуфтанд, ки озод мешавам.

Ду рӯз баъд, 20 декабр маро боз ҷеғ заданд, ин дафъа бо
чизу чораҳоям. Дар ҳабсхона одат будааст, ки ба одами
озодшаванда ҳамаи чизу чораҳояшро медодаанд, ки аз
ҳабсхона берун барад, набошад агар ягон чиз монад, боз
гашта ҳабс шудани он кас мумкин мешудааст. Инак, ба
ман ҳамаи чизҳоям, чойник, кружка, косаи чӯбин,

281
либосҳоям ва ҷойхобамро бор карданд. Ман танҳо, бо чизу
чораҳоям ба вазорат омадам. Аввал маро ба як хона даро-
варданд, ки чанд нафар ҷавонҳо кор карда менишастанд.
Онҳо ба сӯи ман бо назари ғамхорй нигоҳ карданд ва пур-
сиданд, ки чанд гоҳ аст, ки ҳабс ҳастам. Гуфтам чаҳордаҳ
моҳ. Онҳо бо таассуф cap ҷунбониданд. Пас маро ба назди
муовини вазир дароварданд. Вай ба ман рафмқ іуфта хи-
тоб кард ва гуфт, ки бинобар набудани iy-ноҳам маро озод
карданд. Ман бояд ба ҳамаи ҳаққу хуқуқи собиқам молик
шавам. Ин чандмоҳа ҳабс шуданам бояд ба кору бори оян-
даам халал надиҳад. Ман сад фоиз сафедшуда ҳастам. Агар
касе чизе гӯяд, ба ман телефон кунед! Ана ин номерам те-
лефони ман, ана ин хати сафед шудани шумо! Саломат
бошед!

Ман хурсанд шуда, аз назди вай баром адам. Чизу
чаораҳоро гирифта аз дарвозаи калоне ки як вақтҳо маро
бо мошина дароварда буданд, берун шудам^ Ҳеҷ бовар на-
мекардам, ки озод ҳастам. Ҳар замон ба қафо менигари-
стам, ки посбон ҳаст ё не. Аз дарвоза ба кӯчаи Ленин ба-
ромадам. Ба рӯи пиёдагард (тротуар) қадам монда будам,
ки ду-се ҷавони нобакор іузашта истода ба ҳам мегуфтанд:
ана душмани халқ! Ман инро шунида фикр кардам, ки бо
кадом роҳ ба хона равам. Бо роҳи калон бояд аз ҳама
ҳамин таъну лаъни «душмани халқ» буданамро шунавам!
Ман фикр карда бо раҳу паскӯчаҳои камодам рафтанӣ
шудам.

Ногуфта намонад, ки боре Саодат ба ман камтар пиёзу
ношпӯтию дигар чизҳо дароварда, бо хат хабар дода буд,
ки онҳо дар кӯчаи Интернатсионал, дар қарибии стансияи
радио, дар фалон паскӯча истиқомат доранд. Бинобар он
ман бо кӯчаи Ленин то ба чаҳорроҳаи назди китобхонаи
Фирдавсй (он вақтҳо ба иморати нав накӯчида буд) омада-

282
му ба сӯи кӯчаи Гӯркй (ҳоло Теҳрон), ба тарафи бемори-
стони шаҳрӣ баргаштам. Пас, аз даруни шаҳраки ҳарбӣ,
кӯчаи бозор ва кӯчаи «Аскарони Сурх» рафтан шрифтам,
то ки ба майдони назди радио баромадам. Он вақтҳо ин
кӯчаҳо канори шаҳр ва ҷоҳои камодам буд. Дар кӯчаи Ин-
тернатсионал аз бачаҳо пурсидам, ки Саодат Икромй дар
кадом ҳавлй истиқомат дорад. Онҳо ба ман тангкӯчаеро
нишон доданд, ки охираш ҳавлй буд. Дар он ҷо аз
ҳамсояҳо дараки Саодатро пурсидам. Онҳо дар канори
ҷӯйчае, як айвонаки хурд ва кулбаи ҳақиронаеро нишон
доданд. Балки духтарчаҳо давида рафта хабар дода буданд,
ки раҳматӣ аммапошшо, очет мурад гӯён давида барома-
данд, аз паси он кас Саодат, ки cap шуста истода будааст,
бо обҳои чаккон давида баромад. Вохӯрие шуд, ки ҳеҷ
фаромӯш намекунам.

Охир як солу ду моҳ ман аз Саодати ҷонам, аз аммаи
ғамхорам ва аз ҷигаргӯшаҳоям Замираҷону Ҷононҷон
ҷудо, дар коми наҳанг, дар ҳабсхонаи бадтарин
ҳабсхонаҳои дунё, дар дасти хунхӯрони Ежов ва Берияи
золим будам, гирифтор аз равшанй, аз офтобу зиндагй, аз
хуррамию хурсандӣ маҳрум будам; чй будани муҳаббат,
навозиш, ҳавои софу озодиро фаромӯш карда будам; як-
бора худро дар огӯши маҳбубаам Саодат ва модари
ғамхорам - аммапошшо дидам; Замира дар атрофи мо
ҳайрон чарх мезад, занҳои ҳамсоя баромада ба гиря ва
хурсандии мо шарик шуданд. Он рӯз дар ҳаёти ман яке аз
хуштарин, яке аз босаодаттарин рӯзҳои зиндагониам буд.
Он рӯз (рӯзи 20-декабри соли 1938) ман дуюмин бор ба ду-
нё қадам мондам, ҳаёти дубора дидам. Ҳаёти дубора ши-
ринтар аз ҳаёти аввала будааст. Чаро ки дар вақти аввалин
бор ба дунё омадан, кас аз ҳама чиз бехабар мешавад,
фақат огӯши модар ва пистони пуршири ӯро медонаду

283
бас. Ammo дар ҳаёти дубора кас сардию гармии дунёро ҳис
карда, талхию ширинки ҳаётро чашида, бадию некиро
пай бурда ба қадри зиндагй мерасад. Бинобар он ба ман
он ҷӯйчаи ҷилдироба, он паскӯчаи борик ва он кулбаҳои
ҳақирона чун дарёи пуроб, чун шоҳроҳи биҳишт, чун
кӯшкҳои мӯҳташам менамуданд.

Ба хона даромадем. Дар хонаи аввал, ки ҳам дахдез, ҳам
ошхона, ҳам ҷои чизмонй буд ва хеле хурду сақфаш паст
буд, дар примус чойники об меҷӯшид ва лаганди саршӯии
Саодат меистод. Дар хонаи дуюм палое, ба гирди сандалй
кӯрпаю кӯрпачаҳои одамиёна партофта туда буданд. Дар
кодоки поён, ба болояш кӯрпа, Ҷонони дусола хоб мекард.
Аз ҳарорати сандалй ду рӯяш сурх, ба назарам мисли оф-
тоб метофт. Хуллас ки нишастем, омин гуфтем ва ҷомаю
либосҳои чиркинро аз бадан дур андохтам; бо ҳамин
ҳамаи ғаму іусса ва бадбахтиҳоро низ дур андохтам. Сао-
дат ба ман куртаю эзор ва костюмҳои тоза дод, ки онҳоро
ба умед нафурӯхта нигоҳ дошта будааст.

Пас аз чою нон хӯрдан аммапошшо ба Саодат фарму-
данд, ки тохта рафта хушхабари аз ҳабс озод шудани маро
ба модари Зухурхон (ки он бечора ҳам дар ҳабс буд) расо-
над. Мақсади аммапошшо ин буд, ки навиди озод шуда
истодани ҳабсиҳоро ба янгапошшо (модари Зухурхон) ра-
сонад, ки шояд аз паси ман Зухурхон ҳам барояд.

Зуҳурхон, амакбаччаи ман, писари амакам қозӣ
Бурҳониддин мебошад, ки аз зани хурдии он кас (янга-
пошшо) фарзанди сеюм шуда (пеш аз вай Шаҳобхон ва
Муҳаббатхон буданд) ба дунё омада аст. Пас аз Зухурхон
Аслихон ва Муслиҳхон мебошанд. Зухурхон ҳамроҳи мо аз
Бухоро ба Душанбе омада буд. Дар театри ба номи Лоҳутӣ
танбӯрнавоз шуда кор мекард. Танбӯрро бисёр хуб мена-
вохт. Худаш писари бисёр хуб, ором, бамаънй ва ҷигардӯст

284
буд. Пеш аз ҳабс шуданаш ба зани собиқ Мисбоҳ
Бурҳонов, ки номаш Муаллима буд, хонадор шуда, зинда-
гии хубе ба cap мебурд. Муаллима зани хушрӯ ва дилкаш
буд. Ҷавонҳо ба ҳам ошиқ буданд. Лекин соли шуми 1937
бахти онҳоро вожгун намуд. Зухурхонро қатори
Тоҳирҷони дуторй, Қаровулбегии торнавоз, Бадеъ ном
ғижжакнавоз ба ҳабс гирифтанд, ки ҳеҷ кадоми онҳо ба
сиёсат ҳамроҳ набуданд, касбу кори худро медонистанду
одамони хунарманду даркорй буданд. Чаро онҳоро ҳабс
карданд, ҳанӯз ҳам намедонам. Ҳабс кардан бас набуд, ки
ҳамаи онҳоро тирборон карданд ва дигар аз онҳо ному
нишоне намонд. Афсӯс, хеле афсӯс!

Саодат ба сараш рӯмоли гарм печонда ба хонаи янга-
пошшо (кӯчаи Орҷоникидзе) медавад ва ба хонаи калони
квартира медарояд, ки янгапошшо, Муҳаббатхон, Аслихон
ва боз киҳо нишастаанд. Саодат хурсандии худро пинҳон
накарда мегӯяд, ки маро муборакбод кунед, Икромӣ аз
ҳабс озод шуданд. Нишастагон ба ҷои хурсанд шуда мубо-
ракбод кардан, хафа шудагӣ барин, хомӯш мондаанд. Сао-
дат дигар ran назада баромада меравад.

Ҳамон рӯз бегоҳй нохост ба кулбаи мо Холиқова бо
шавҳараш даромада омад. Ин Холиқова бухороӣ буда,
духтари Мирзо Аҳмади машҳур аст. Шавҳараш Холиқов
дар Бухоро дар идораи молия кор мекард, ба Душанбе
омада, низ дар идораи молия ба кор даромад. Худи
Холиқова дар идораи комсомол, яке аз котибони комсо-
мол буд. Хеле фаъол вф^мандопам' буданд. Аз ҳабс озод
шудани маро шунида, азбаскіГ"хдвлиашон дар қарибии
кулбаи мо буд, омаданд ки табрик кунанд. Мо ҳам хуш
қабул карда гуселондем. «

Рӯзи дигар Аслихону Сулаймонхон омаданд. Ман
некиҳои ҷону ҷигарам Сулаймонхонро ҳеҷ фаромӯш на-

285
мекунам. Ин марди поквиҷдон ва ҷигардӯст дар мушкил-
тарин айёмм оилаи мо ёриҳо додааст. "Ҳар чй ки мадад аз
дасташ ояд дарег надоштааст. Аз бародар ва фарзанди ху-
дам беҳтар корҳоро адо кардааст. Аз ҳабс озод шудани ман
ба вай(д,унё-дунё хурсандй овард.

Сулаймонхон пас аз ба Душанбе омадан, чанд гоҳ дар
ноҳияҳои Тоҷикистон - Кангурт, Балҷувон ва боз намедо-
нам дар куҷоҳо муаллим ва директори мактаб буд. Дар
соли ҷанг довталабона ба ҷанг рафт ва дар соли 1943 кан-
тузия (ним беҳуш) шуда аз ҷанг баргашт. Бо асобағал ме-
гашт. Оҳиста-оҳиста сиҳат шуд ва ба идораҳои хоҷагӣ ба
кор даромад. Лекин он оҳанпораҳое ки ба cap ва майнаи ӯ
нишаста буданд, охир кори худро карданд. Чанд гоҳ
бистарй шуд, дар Кӯктош (дар бемористон) хобид ва дар
соли 1965 вафот кард...

Бале, ҳамон рӯз мо ба Аслиддин ва Сулаймонхон ба
ҳаммом рафтем, шустушӯи озодона кардем, хуб хандидем
ва хурсандиҳо кардем. Ба ростй ки он рӯзҳои хушбахтй
ҳанӯз аз ёдам нарафтаанд. Бегоҳии рӯзи дигар, ними шаб
касе аз берун тирезаи кулбаи моро тақ-тақ зад. Мо, калон-
солон ҳама бо воҳима бедор шудем, кист іуфта пурсидем.
Аз берун Навбарии тел ба овоз баровард. Дарро кушодем.
Маълум шуд, ки ӯро ҳам озод кардаанд ва ҷои мерафтагй
надоштааст, лоҷарам ба хонаи мо омадааст.

Навбарй, эронй, дурустт.араш аз Озарбойҷони Эрон,
шахси аҷоиб аст. Меіуянд ки дар кӯдакӣ ӯро ба Москав
бурдаанд ва Луначарский (дар соли 1922) ӯро ба худ фар-
занд карда гирифтааст, хононда аст. Дар миёнаи солҳои ей
ба Тоҷикистон омаду ба фаъолияти іуногун cap кард. Гоҳо
бинокор, гоҳо раиси кооперативи зиёиён, гоҳо нависанда
ва тайра буд. Як зану духтар дошт, баъд онҳоро ҳай кард.
Солҳои ҷанг аз тарафи давлати СССР ба Эрон, ба кор фи-

286
ристода шуд. Турсунзода боре ӯро дар либоси қаландарй
дар Теҳрон дидааст. Пас аз ҷанг муқими Москав гашт.
Баъзе нависандагони русро истифода бурда, ду-се роман
навишт. Як песаи вай бо номи «Гули сиёҳ» дар баъзе
театрҳои Осиёи Миёна ба саҳна гузошта шуд, ки Навбарй
дар он тахаллуси худро «Соҳибҷамол» мондааст. Додари
Фотеҳ Ниёзй - Шавкат Ниёзй, ки дар Москов, дар
Иттифоқи нависандагон мушовир шуда кор мекард, дар
пайи он шуд, ки ӯро аз аъзогии Иттифоқи нависандагон
хориҷ кунонад ва бардурӯғ будани нависандагии ӯро исбот
кунад, нашуд, зӯраш нарасид. Ба іумон «соҳибон»-и
Навбарй нӯхтаи Шавкатро кашида монда ба Иттифоқи
нависандагон фаҳмонидаанд, ки ӯро аз нависандагй хориҷ
кардан мумкин нест. Бале, замона ҳамин тавр буд ва ҳамин
тавр мемонад! Шахе ночиз бошад ҳам «ба восита» обрӯ ме-
гирад.

Боз дар бораи худам: Пас аз ба худ омадан ва нагз дам
гирифтан дар хона, оҳиста-оҳиста ба Иттифоқи нависанда-
гон рафтам. Дар он ҷо Мирзо Турсунзода раис, Миршакар
котиб буд. Маро бо тақозои зарурат қабул карданд,
ваъдаҳо доданд. Масъалаи хонаро іуфтам. Онҳо іуфтанд,
ки дар хона Ашӯрмат Назаров истиқомат дорад, ба вай гаи
зан, як хонаро холй карда диҳад. Бо Ашӯрмат гаи задам,
бечора зуд хонаи якунимтаиро холй карда дод ва ман ба
он ҷо кӯчидам. Баъд Ашӯрмат ҳавлй гирифту кӯчида рафт
ва ба мо боз як хона холй шуд. Ба хонаи калон Ф.Ниёзй
кӯчида омад. Ҳамин тавр ман оҳиста-оҳиста ба ҷойю ман-
зил ва ҳуқуқи худ соҳиб шудан гирифтам.

Дар ин байн ба Лоҳутӣ мактуб навишта, озод шуданам-
ро фаҳмонидам. Лоҳутй ба ҷавоб мактуби дилнавозонае
навишт: ту ки зарри холис будй, аз имтиҳони кӯраи зарга- I
рии НКВД бе ҳеҷ зиён баромадй, іуфтааст. /

287
Дар бораи Ашӯрмат Назаров чизе іуфтан мехоҳам: ин
марди бошараф аз ӯзбекони ноҳияи Нов буда, дар идораи
рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» кор мекард. Шоири ши-
нохташудаи ӯзбак, дилсоф, хушадо, бовиҷдон буд. Як зани
тотор дошт, ки номаш Моҳӣ буд. Аз ӯ ду писар дошт, ки
яке геолог буд ва боре ба экспедитсия рафта (пас аз марги
падар) гоиб шуд. Дигарашро пас аз вафоти Моҳй хешо-
вандонаш Едгор ном дода ба худ гирифтанд. Ашӯрмат боз
як зани тотор шрифт, аз ин зан се духтар шуд. Афсӯс ки
бахти духтаронашро надида, дар синни 51-солагй вафот
кард.

Ашӯрмат бо ман хеле улфат туда шрифт. Борҳо ман бо
ӯ ба Москов, ба ноҳияҳои Тоҷикистон сафарҳо кардам. Ле-
кин дӯстам ба ҷанг рафта, ғолиб баргашту ба нӯшидан cap
кард. Бисёр менӯшид. Гоҳо ба хонаи мо омада меіуфт:

- Ҷалол, юзта тӯкӯб бер!

Ман агар рад кунам ба занам, ба Саодат зорй мекард: -
Ҷон сенглим, ӯзинг марҳамат қилиб юзта тӯкӯб бер!

Саодат бо шарти он ки агар нишаста ош хӯрад, садта не,
дусадто мерезад, арақ медод. Лекин ба ҷои газак бо ости-
наш лабро пок карда мерафт.

I'jjl Дӯсти дигар ва қарини ман Ҳаким Карим буд. Вай аз
[ шаҳри Хуҷанд буда, солҳои ей дар аскарй хизмат карда,
пас дар Шаҳринав, дар комитета иҷроияи ноҳия кор кар-
да, таҷрибаи ҳаётй афзудааст. Баъд дар Хуҷанд, дар идо-
раи рӯзнома ба кор даромада, то солҳои 1932-33
журналиста кардааст. Вақто ки ман дар Душанбе бо вай
шинос шудам, нависандаи хубе буд. Ҳикоя менавишт,
ҳикояҳояш бештар аз воқеаҳои ҷанг бо босмачиён ва аз
ҳаёти деҳоти Тоҷикистон буд. Дар новелла - ҳикояҳои
хурд навиштан маҳорате дошт. Бештар ба Чехов тақлид
карданй мешуд. Лекин кори асосии вай тарҷумонӣ буд ва

288
дар идораи нашриёти давлатй кор мекард. Дар кӯчаи
Орҷоникидзе, дар қафои хонаи нависандагон ҳавлме дошт.
Баъд аз хонаи нависандагон ҳам як квартира гирифт.
Бегоҳӣ дар «клуб» (клуби мо ҳам дар ҳамон хонаи нави-
сандагон, дар қабати дуюм буд. Ду хонаро як карда, но-
машро клуб монда буданд), шоҳмотбозй, билиярдзанй
карда, то ними шаб машгул мешуд. Баъд ки ҳама хоби-
данд, ба хонааш рафта то қариби саҳар кор мекард,
тарҷума мекард, ба қавли худаш «қитир-қитир» мекард...

Ҳикояҳояшро аввал ба рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо чоп ме-
кард. Агар ба ягон рӯзнома ҳикояаш чоп шуда бошад, ме-
гуфт ки: «Имрӯз саҳифаи сеюми фалон рӯзнома бисёр хуб,
аз ҷиҳати техника аъло чоп шудааст». Мо медонистем, ки
дар саҳифаи сеюм ҳикояи вай ҳаст. Баъд якчанд маҷмӯаи
ҳикояҳояш чоп шуданд.

Тобистонҳо, аксар ба Хуҷанд мерафт, аз обу ҳаво ва ме-
ваю гизои онҷо истифода бурда, дам мегирифт. Дар байни
нависандагон яке аз фаъолон ва пурдонҳо буд. Русиро нагз
медонист, аз адабиёт ва матбуоти русй хуб истифода ме-
бурд. Бонухон ном зане гирифт, ки бо вай хушбахт буд. Аз
Бонухон ду писар ба дунё омад. Лекин дар соли шуми 1937
Ҳакимро шрифта ҳабс карданд, ҳатто Бонухонро ҳам_да£с
карданд. Писари аввалашро аз модараш ва модаркалонаш
(модари Ҳаким) канда, ҷудо карда ба сагирхона бурданд,
ки дар он ҷо зуд қазо кард. Бонухонро пас аз чаҳор-панҷ
моҳ ҷавоб доданд, аммо Ҳаким як ҳафта пеш аз ман озод
гардид.

Ҳабс шудани ҳардуи мо боис шуд, ки пас аз озод гарди-
дан дӯстй ва рафоқатии мо боз ҳам мустаҳкамтар ва зич-
тар гардид. Ҳаким пас аз озод шуданаш боз ба
ҳикоянависй ва тарҷумонии худ давом кард. Вай бисёр на-
висандагони Ғарб ва классикони русро тарҷума мекард.

289
Асарҳои Чехов, Горкий ва дигаронро бо забони тоҷикӣ
моҳирона бармегардонид. Бисёр мехонд ва бо назарияи
адабиёт ҳам машіул мешуд... Лекин ҳамеша тарсе дар дил
дошт, ки мабодо ӯро боз гашта ҳабс кунанд. Ин тарсу
воҳима ба дили ман ҳам буд. Ман ҳам метарсидам, ки ма-
бодо маро боз гашта гиранд. Дар ҳар қадам, аз кирдори
касон воҳима буд. Касе агар ба саломам дуруст ҷавоб
надиҳад, метарсидам, ки чаро вай ба саломи ман алейк на-
іуфт. Шояд дар бораи ман гапе шунавида ва шубҳае дорад.
Боре шодравон Муҳаммадҷон Қосимов, ки одами асабӣ ва
пурғазаб буд, дар кӯча, аз наздам гузашта рафта, ба сало-
ми ман ҷавобе надод. Ҳамон шаб хобида натавонистам.
Чаро Қосимов ба ман ин тавр муомилаи бад кард? Чаро ба
саломи ман ҷавоб надода рафт? Шояд вай аз чизе хабар
дорад, шояд ба вай іуфтаанд, ки Икромиро боз мегирем ва
ҳоказо... Моргазида аз ресмони ало метарсад, мегӯянд,
рост аст. Ману Ҳаким Карим ҳамин тавр аз ҳар чиз метар-
сидем, аз ҳар муомилаи бади мардум ба диламон ваҳму
ҳарос ҷо мешуд. Гӯё ки мо ҷинояткорони ашадй бошем,
гӯё ки мо гуноҳи афвнопазир карда бошем! Охир ману
Ҳаким Карим бағайр аз ҷонфидой, ба ғайр аз меҳнати
ҳалол ва пок, ба ғайр аз сидқу сафо ба давлат ва партия
коре надоштем. Пас чаро метарсидем? Чунки замона
ҳамин тавр буд. Басо касоне буданд, басо бегуноҳоне бу-
данд, ки пас аз як бор озод шудан ва ду-се моҳ аз ҳавои
озодй нафас гирифтан, боз ҳабс карда шуданд, боз бадарға
гаштанд ва солҳои зиёде дар азоб буданд. Чунончи Раҳим
Ҳошим, Ҳаким Қосимов озод гаштанду хушу хуррам
зиндагй карданд, вале боз ба даст афтоданд, боз ҳабс шу-
данд. Қосимов дигар бар нагашт, Раҳим Ҳошим понздаҳ
,сол азоб кашида омад.

Охир, Р.Ҳошим чй 1уноҳе дошт, ба ғайр аз меҳнати

290
ҳалол! Вай аз хурдӣ ба меҳнат ва эҷод умри худро сарф
карда, дар нашриёти давлатии Тоҷикистон - аввал дар
шӯъбаи самарқандии он, баъд дар Душанбе кор кардааст.

Солҳои шуми 1937-38 ба сари мардум балоҳо овард.
Беҳтарин фарзандони халқи тоҷик (на танҳо халқи тоҷик)
ҳабс шуданд, парронда шуданд ва несту нобуд гаштанд.
Бинобар он буд, ки ману Ҳаким Карим метарсидем,
меваҳмидем, ки мабодо моро боз гашта ҳабс кунанд!

Вақто ки ман ба партиям коммуниста аъзо шудам, аз
дилам ин тарсу ваҳм хеле дур шуд ва бовар кардам, ки ди-
гар аз ман шубҳа надоранд. Он вақтҳо ман дар театри
Лоҳутй мудири шӯъбаи адабӣ шуда кор мекардам. Коти-
би ташкилоти партия Зубков ном марде (мудири шӯъбаи
фолклорҷамъкунй ва фолклорнависй) буд. Бо ман дӯст ва
улфат шуда монд ва ҳар рӯз ташвиқ мекард, ки ба партия
ариза диҳам. Рафиқони дигар - М.Қосимов, Гулчеҳра
Бақоева, Сайид Маҳмудовҳо низ дар ҳамин фикр буданд.
Ман ариза додам. Ба ман Зубков ва Гулчеҳра кафолат до-
данд. Боз як нафар лозим буд. Ба назди Мирзо Турсунзода
рафтам. Он вақтҳо вай раиси комитета санъат буд. Ба
хоҳиши ман чунин ҷавоб дод:

- Ман партияро аз ҳар чй азиз мешуморам, бинобар он
ба ту, ки аз ҳабс баромадаӣ, кафолат дода наметавонам!

Ҷӯраи ҷони ман ана ҳамин тавр хуфт.

Ман маъюс шуда ба театр баргаштам. Зубков ба ман та-
салло дода іуфт, ки хафа нашавам, вай як рафиқ дорад, ки
аз соли 1920 аъзои партия аст, вай кафолат медиҳад. Дар
ҳақиқат он шахе, ки дар комитета санъат кор мекард, ба
ман кафолат дод ва бо ҳамин дар маҷлиси партиям театр
маро ба сафи партия чун номзад қабул карданд. Лекин,
пас аз чанд гоҳ маро ба райком ҷеғ заданд ва дар шӯьбаи
қабули аъзоёни партия «дела»-и маро нишон дода іуф-,

291
танд, ки бар змдди шумо аз КГБ котаз ом ад, то шумо раф-
та, ин масъаларо ҳал накунед, райком шуморо ба партия
қабул карда наметавонад. Ман боз хафа ва маъюс шудам.
Ба ҷонам расид. Ин мардум аз ман даст мекашанд, ё не?!
КГБ мемонад, ки ман зиндагй ва кор кунам, ё ҳар қадами
маро таъқиб карда мегардад? Ин чй гап?! Ин чй зиндагй?!

Рафтам ба қабули котиби якуми партиям коммунистии
Тоҷикистон, ки он вақтҳо Протопопов буд. Бай маро зуд
қабул кард. Арз кардам, ки рафиқон маро бо як овоз ба
партия қабул карданд, лекин КГБ намемонад. Протопопов
іуфт, ки шумо ҳеҷ айбе надоред в а ҳақ доред, ки аъзои
партия бошед. Ман ин суханҳоро барои чашми сиёҳи шу-
мо намегӯям! Равед, ҳама корҳоятон дуруст мешавад.

Рӯзи дигар ба райком рафтам, ки аз «дела»-и ман ҳамон
коғази КГБ гум шудааст. Бо ҳамин, маро дар миёнаи соли
1944 ба номзадй ва дар соли 1945 ба аъзогии ҳақиқии пар-
тия қабул кардапд ва хотирам осуда шуд.

Ҳаким Карим ба партия ариза надод. Бай ба кори эҷодй
ва тарҷума маішул шуда гашт. Дар огози ҷанг вай дар Ле-
нинобод буд. Албатта барои соф будан ва бе1уноҳии худро
исбот кардан ва барои ба давлат ва партия содик, будан,
яке аз аввалинҳо шуда ба комитета ҳарбй рафт ва фидоко-
рона талаб намуд, ки ӯрЪ ба фронт фиристонанд. Аммо
дар Ленинобод, ки ӯро медонистанд, ба сафи армия қабул
накарданд. Чашмаш дуруст намедид ва умуман вай ба
хизмати ҳарбй чандон иқтидор надошт. Хуб шудааст, ки
талаби ӯро рад кардаанд.

Ҳаким пас аз чанд рӯз ба Душанбе омад. Мо бо ҳам
сӯҳбат кардем. Вай хафа буд, ки ӯро ба армия қабул на-
карданд, ҳатто дафтарчаи ҳарбии ӯро дошта монданд. Он
рӯзҳо ман ҳам ба сафи армия рафтан мехостам, ки ба ман
даъватнома расид. Ба гумон мехостанд маро дар қатори

292
онҳое, ки ба Эрон фиристоданӣ буданд, ба аскарй гиранд.
Ба комитета ҳарбй рафтам. Аз як комиссия гузаштам, ле-
кин комиссияи тиббӣ маро ба деспансери губеркулёзй
фиристод, ки дар бораи саломатиам санад биёрам. Зеро
ки аз байни «дела»-и ҳарбии ман коғазе ёфт шуд, ки дар
бораи силкасал будани ман шаҳодат медод. Пас ба «туб-
деспансер» рафтам. Дар ои ҷо Мудрих ном профессор буд,
ки талаби маро шунида ҳайрон шуд ва гуфт, ки ман ба
хизмати ҳарбй нораво ҳастам ва дар «поход»-и аввалин
афтода мемонам. Бинобар он санади манфӣ дод. Дар «во-
енкомат» ба санад асос карда, ба ман коғази сафед доданд
ва аз аскарй тамоман озод карданд. Ман то як дараҷа хафа
шудам. Аммо оилаи ман шодмонй карданд. Баъд аз ин,
азбаски аз кор озод гашта будам ва имконият буд, чанд рӯз
ба Тошканду Ленинобод рафтанй шудам. Ҳаким илтимос
кард, ки дафтарчаи ҳарбии ӯро аз идораи ҳарбии Ленино-
бод гирифта биёрам. Ман ин супориши ӯро баҷо овардам.
Ҳаким бо санади ҳарбй ба идораи ҳарбии Душанбе
муроҷиат кард ва талаб намуд, ки ӯро ба фронт фиристо-
нанд. Инҷангиҳо талаби ӯро зуд ба ҷо оварданд. Азбаски ӯ
лейтенанта хурд буд, ба худаш покет дода, ба Тошканд
фиристоданд. Аз Тошканд ба фронт рафт, аз фронт ба ман
чанд мактуб навишта, баъд ҳалок шуд.

Одамоне буданд, ки чанд гоҳ ба роҳи Ватан ҷон фидо
кардани Ҳакимро бовар намекарданд. Меіуфтанд, ки
эҳтимол вай ба душман таслим шудагист. Барои ҳамин,
аввал ба вай мукофоти комсомолро надоданд. Баъд ки
фидокорӣ исбот шуд, баъд ки ҳама фаҳмиданд, ба номи ӯ
мукофоти комсомол баромад. Чи тавре ки пайгамбарамон
іуфтаанд: «Бадтарини халқ касе аст, ки мардум аз ӯ битар-
санд». Бале, бале, бадтарини касон буданд ва мардум аз
онҳо метарсиданд. Афсӯс ки яке аз беҳтарин касон - Ҳаким

293
Карим барои исботи садоқат ва бегуноҳии худ довталабо-
на ба ҷанг рафту нобуд шуд. Афсӯс, сад афсӯс!

Яке аз беҳтарин касон, ки мардум аз ӯ наметарсиданд,
зеро ки хоксору меҳрубон буд, шоир Муҳаммадҷон
Раҳимй буд. Ман ин марди наҷибро ҳанӯз дар солҳои 1922,
дар Бухорои шариф дида будам. Додари вай дар растай
чинифурӯшӣ дӯкони дарздӯзй дошт, дар мошинаи
дарздӯзии поякй кор мекард. Муҳаммадҷон Раҳимй бо-
шад дар идораи молия кор мекарду ризқу рӯзй меёфт ва
инчунин ҳамон вақтҳо шеър ҳам мегуфт. Мардум шоир
будани ӯро эътироф карда буданд. Боре бо як рафиқи аз
худ калонтарам аз назди дӯкони дарздӯзй мехузаштам, ки
рафиқам іуфт:

- Ана ҳамон марди ҷавон, ки дар поёни мошинаи
дарздӯзй нишаста китоб мехонад, шоир будааст, инро ба
ман дадем гуфтанд, вай писари Раҳими қанд будааст.

- Раҳими қандаш кй? - туфта пурсидам. Намедонам
іуфт рафиқам.

Кй будани Раҳими қандро ман пас аз хондани
«Ёддоштҳо»-и устод Айнй донистам. Раҳими «қанд» барои
он лақаб гирифтааст, ки дар лаълие курсу қандалоту қанд
іузошта, дар растаҳо фурӯхта мегаштааст ва бо ҳамин ба
худаш ва оилааш ризқу рӯзй меёфтааст. Устод Айнй мена-
висанд, ки Раҳими қанд танбӯрии хубе ҳам будааст. Гӯё,
агар вай дар боғ танбӯр навозад, булбул омада ба дастаи
танбӯраш менишастааст ва баробари нохун задани Раҳими
қанд чаҳ-чаҳ мезадааст.

Инак, писари калонии Раҳими қанди танбӯрй -
Муҳаммадҷон Раҳимй ба адабиёт шуғл намуда, шоир шу-
дааст. Вай дар солҳои 1928-29 ба Душанбе омада, дар идо-
раи молия кор мекунад. Он вақтҳо на хона доштааст, на

294
ҷой! Дар қарибии бинои ҳозираи Иттифоқи нависандагон,
дар сари кӯча як бӯдкам партофташудаи электрик будааст,
ки Раҳимӣ дар он кати симини худро іузошта зиндагй ме-
кардааст. Лекин баъд, дар солҳои ей хона мегирад, дода-
раш аз Бухоро расида омада дар «Главлит» ба кор медаро-
яд ва ҳар ду бародар, ки зан надоштанд, дар он хона
истиқомат мекунанд. Муҳаммадҷон аз идораи молия ба
нашриёт меіузарад, муҳаррир мешавад, ба газетаю
маҷаллаҳо шеър навишта чоп мекунад ва оҳиста-оҳиста
машҳур мегардад.

Раҳимй одами аҷоиб, бо феълу хӯйи махсус, як дараҷа
қаландармашраб, хоксор, вале донишманд буд. Дониш-
манди забон, донишманди шеър ва услуб, донишманди
адабиёт буд. Танҳо зиндагй мекард. Додараш ба ҷанг раф-
та бознагашт. Худи Раҳимй дар солҳои гирифтугири 1937,
дар як шаб ғойиб шуда рафт. Баъд ки фаҳмем, аз тарси
ҳабс шдан іурехта, ба як ноҳияи Ленинград рафта, дар хо-
наи Козлова ном коргарзане истиқомат мекунад. Баъд он
занро ба никоҳи худ медарорад ва аз вай як писар меша-
вад, ки ҳоло Козлов ном дорад ва дар куҷое кор мекунад,
Пас аз ба Душанбе баргаштани Раҳимй, занаш бо писараш
меояд, чанд гоҳ ҳамроҳ зиндагй мекунанд, лекин баъд
Раҳимй онҳоро тарк мекунад.

Раҳимй одати аҷиб доштанд: дар як хона, дар як квар-
тира бисёр иқомат намекарданд. Дар умри кӯтоҳи худ
қариб шаш ҳафт хонаро иваз карданд. Он касро Қаҳҳоров
(раиси шӯрои вазирони ҳамонвақта) хеле дӯст медоштанд.
Лекин Раҳимй, ба іумонам, аз ин муҳаббати калон фонда
бурдан намехост, фақат хона иваз мекард.

Ман ҳам Раҳимиро эҳтиром мекардам.
Қаландармашрабй, дониш ва илми он касро дӯст медош-
там. Ҳар вақт ки калимае, ҷумлаеро сарфаҳм наравам ба

295
он кас телефон карда мепурсидам. Устод Раҳимӣ дарҳол
он калима ва ё ҷумдаро фаҳмонида медоданд. Раҳимй
муҳаррири шеърҳои «Шашмақом» буданд, бо Фазлиддин
Шаҳобов хеле кор карданд.

Шеърҳояшон то якдараҷа мураккаб, ба ҳар хонанда
фаҳмо набуд. Бинобар он он касро хеле танқид мекарданд.
Боре, кадом достони он касро рӯзномаи «Тоҷикистони
Сурх» чоп кардааст. Ин достони мураккаб ва мушкилфаҳм
ба рафиқон чандон маъқул нашуд ва дар Иттифоқи нави-
сандагон муҳокимааш карданд. Аввал Мирзо Турсунзода,
баъд Улуғзода, сонӣ Миршакар баромад карда нофаҳмо,
мубҳам ва мураккаб будани достонро іуфтанд. Навбат ба
Деҳотй омада буд, ки Раҳимй аз ҷои нишасти худ партоф-
та монданд:

- Ту ҳам ёде бикун аз ман!

Мо ҳама хандидем. Зеро ки ин лутфи бисёр аҷоиб буд.
Ҳама медонистанд, ки Деҳотй шеъре дорад, ки
тарҷеъбанди он шеър «Ту ҳам ёде бикун аз ман» аст.
Деҳотй сухани Раҳимиро шунида ба ҷояш нишаст ва
хомӯш монд.

Боре Соҳиб Табаров он касро танқид мекунад. Ба ҷавоб
меіуянд: он чӣ ки бо перо навишта мешавад, бо табар бу-
рида намегардад (То что дкшиш пером, нерубеш топо-
ром). Ана ҳамин тавр ҳозирҷавоб ва лутфіу буданд
Муҳаммадҷон Раҳимӣ.

Афсӯс ки ин кас ҳам нобаҳангом вафот карданд ва мо
дӯстонашонро ба ҳасрат ва надомат іузоштанд.6

6 Ин боби саргузашти падарам Ҷалол Икромй бо ҳамин сатрҳо ба
анҷом мераса. Ман чанд бор онро хонда баромадам. Хостам, ки баъзе
ҷойҳои сахту пурҳаяҷони онро камтар дигар кунам, аммо дастам лар-
зид, ба ин сатрҳои пурмашаққат ва мудҳиши солҳои 1937-1938 даст
задан мумкин нест. Онҳоро нависанда бо хуни дилаш навиштааст.

296
Акнун, дар бораи он ки ман чи тавр шуду ба театири ба
номм Лоҳутй ба кор даромадам.

Ду моҳ пеш аз cap шудани ҷанги дуюми ҷаҳон, ман аз
идораи маҷаллаи «Шарқи Сурх» («Садом Шарқ»-и ҳозира)
ариза дода холй шудам, ки бо корҳои эҷодй машғул ша-
вам. Саломатиам чунон хуб набуд, бисер кор карда наме-
тавонистам. Ҳам кори эҷодй ва ҳам кори идора ба ман
зӯрй мекард. Замона осудаю тинҷ буд, рӯзғорамон ба хубй
меіузашт; каму беш ҳаққи қалам, ки аз рӯзномаҳо ва
маҷаллаҳо расида меистод ва моҳёнаи Саодат ба мо басан-
да буд. Ҷавони бепарво ва камандеша ки будам, як рӯзро
фикр накарда, пулу давлати захира надошта бошам ҳам,
таваккал карда фақат ба кори эҷодй гузаштам. Аҷаб
соддагй! Намедонистам, ки «ноомад» шуданаш мумкин,
бепул мондан мумкин ва вайра ва ҳоказо...

Акнун ки шатта хӯрда, азоб дида, таҷриба ҳосил кар-
дам, дар ин бора, яъне дар бораи вами «фардо»-ро хӯрдан,
дар бораи дурро, ноомади корро андешидан сухан меро-
нам. Он вақтҳо шпорам «ҳарчй пеш ояд, хуш ояд!» буд.

Аз идораи маҷаллаи «Шарқи Сурх» озод шуда, ҳанӯз ба
ягон кори калон даст назада будам, ки ҷанги хонумонсӯзи
дуюмини ҷаҳонӣ cap шуда рафт. Бале, фаромӯш кардам:
ман бо Нестеренко ном коргари илмй, аз филиали акаде-
миям улум, ки ба чоп кардани луғати русй-тоҷикй тайёрй
медид, кор шрифта будем. Ҳар рӯз ба идораи филиал (ки
ҳоло института экономика аст) рафта, ё дар хонаи Несте-
ренко дукаса луват месохтем. Вай русиро, ман тоҷикиро.
Калима ва луғатҳои русиро, ки рӯйихаташро тартиб дода
буданд, Нестеренко хонда, ба ман маъноашро
мефаҳмонид, ман тоҷикии он калимаро ёфта мемондам.

Хонанда худаш сарфаҳм меравад ва ба хулосаи лозими меояд. Бояд
таърих дида, хулоса кунад.

297
Идора ба мо, намедонам, ба ҳар калима чанд сӯм ҳақ ме-
дод, мо розй аз кор ва аз даромадамон будем.

Рӯзи 22-моҳи июни соли 1941, мо дар хонаи Нестеренко
кор карда нишаста будем, ки соатҳои сеи рӯз занаш аз бе-
рун омада хабар дод, ки ҷанг cap шудааст ва Молотов бо
радио сухан мекунад. Мо радиоро мондем, сухани
даҳшатовари Молотовро шунидем, ки фашистони Герма-
ния бе эълони ҷанг ба хоки мо ҳуҷум карда, бисер ҷоҳои
сарҳади ғарбй ва ҷанубии моро бомбаборон кардаанд.
Дасту диламон аз кор монд. Ман Давида ба хонаамон, ки
дар кӯчаи Орҷоникидзе буд, рафтам. Дар рӯи ҳавлй Тур-
сунзода, Миршакар, Ҳабиб Юсуфй, Деҳотй ва дигарон
нишаста, дар хусуси ҷанг ва аҳволи мамлакат сӯҳбат ме-
карданд. Меіуфтанд ки бояд халқро ба аскарй сафарбар
кунанд, бояд мардум фидокорона ариза дода ба ҷанг ра-
ванд, бояд ин ҷанг ба зудй хотима ёбад, бояд душманро
зада нобуд кунем ва ҳоказо... Лекин дили ҳама сиёҳ, дили
ҳама ғамолуд, дили ҳама пур аз таҳлука буд. Аҳли байти
ман бесаранҷом буданд. Он дам Замира нӯҳсола, Ҷонон
панҷсола буд. Аммапошшо дуо мекарданд, ки илоҳо ҷанг
ба тарафи мо наомада хотима ёбад. Бале, ҷанг ба тарафи
мо наомад, лекин мо, халқи бечораи мо ба тарафи ҷанг
рафтем. Садҳо, ҳазорҳо ҷавонони тануманди мо ба ҷанг
рафта, азбаски ҳеҷ тайёр набуданд (машқ накардагй бу-
данд) нобуд шуданд. Ҳар рӯз аз фронт хабарҳои
даҳшатовар мерасид. Фашистон зер карда меомаданд. Бе-
лоруссия, Украинаро забт карданд. Хавфи ба Маскав на-
здик шудан буд ва ҳоказо...

Ҳамон рӯзҳое ки ман дар филиали академия кор ме-
кардам, Ҳабиб Юсуфй (шоири забардасти мо) ҳам дар он
ҷо кор мекард. Ниёзмуҳаммадов (баъдтар академик) дар
филиал муовини мудир ва котиби ташкилоти партия буд.

298
Юсуфиро ба аскарй гирифта, ба Рязан бурда, ба кадом
курси ҳарбй дохил кардаанд. Юсуфии шоир дар ҳамон ҷо
ҳам ба шеърнависй машіул будааст. Боре фармондеҳи
курс ӯро дар айни шеърнависй дида пурсидааст, ки чй
менависй. Шеър менависам, іуфтааст Юсуфй. Ту шоир
ҳастй магар? - боз пурсидааст фармондеҳ. Юсуфй бале
гуфтааст. Фармондеҳ ҳайрон шуда пурсидааст, ки магар
дар Тоҷикистон шоирҳо ҳамон қадар бисёр, ки туи шоир-
ро ба аскарй додаанд? Ин хуб не. Ба ҷои корат навис, ки
расман ба мо мактуб фиристанд, туро озод мекунем, ба
ватанат рафта шеъратро навиштан гир!

Мо рӯзе аз Юсуфй мактуб гирифтем ва ману Николай
Николаевич Ершов (ки ҳамроҳи Юсуфй кор мекард) ба
назди Ниёзмуҳаммадов даромадем ва хоҳиш кардем, ки як
мактуби расмй навишта, озод карда шудани Юсуфиро та-
лаб кунанд. Ба ин хоҳиши мо Ниёзмуҳаммадов гуфт:

- Э, Икромй, шумо ором ва хап намегардед? Худатон-ку
дар қарибй аз ҳабс озод шудед? Равед, ба ин корҳои
«сиёсй» дахл накунед! Юсуфй бояд хизмати Ватанро ку-
над!

Афсӯс, сад афсӯс, ки Ниёзмуҳаммадов нодонй карда
мактуб нанавишт ва боиси дар ҷанг ҳалок гардидани шои-
ри беҳамтои тоҷик гардид. Агар мактуб менавишт, кй ме-
донад, шояд ҳоло Юсуфй дар қайди ҳаёт мешуд ва ба Ва-
тан хизмагҳои фаровоне мекард.

Хуб, тақдир ҳамин будааст!

Дар ақибгоҳ рӯзҳои аввали ҷанг он қадар мушкилй на-
бошад ҳам, оҳиста-оҳиста аҳвол бад мешуд. Рӯзнома ва
маҷаллаҳоро бастанд, рӯзномаҳои марказй майда шуда
монд. Нашриёт ба ғайр аз китобҳои дарсй ва чизҳои оид
ба ҷанг, дигар ҳеҷ китобе чоп намекард. Бозорҳо хароб,
нону гӯшту шакар камёб шуда монд. Мардуми шаҳр, дар

299
ҳар ҷо ки порча замине ёбанд, картошка, сабзӣ, пиёз ме-
кориданд. Ман ҳам дар назди филиали академия ба порча
замине киштукор кардам. Вале бо ин қаноат накардам. Бо
ташвиқи модари Фазлиддин Шаҳобов, ки дар маҳаллаи
Сари Осиё (кӯчаи Озодии Занон) ҳавлй дошт, мо ҳам
кӯчида ба онҳо ҳамсоя шудем (ними ҳавиро мо харидем).
Кӯрпаҳоро канда, читу сатин карда, фурӯхта, ҳамаи
захираҳоро дода ҳавлй харидем. Аҷаб аҳмақй! Аҷаб
нодонй! Мақсад ҳамин ки бо холапошшо ҳамсоя бошам ва
аз замин истифода бурда чиз корем, то ки гурусна намо-
нем.

Аммо іушнагй ва қаҳтӣ cap шуд. Дар бозорҳо чизе на-
буд. Аз Русия ва дигар ҷоҳо мардуми бисёре іуреза шуда
омада буданд. Ба онҳо ҳар чй диҳанд гирифта мехӯрданд.
Як рӯз дар бозор шунидам, ки деҳқоне ба хар як ҷувол
турб бор карда овард. Ҳанӯз вай ба ягон ҷо наистода, бо-
рашро нафуроварда, аз паси хараш навбат (очеред) қатор
шуд. Ҳама «витамин, витамин» меіуфтанд. Худо нишон
надиҳад!

Ман бекор будам. Аз ягон ҷо даромаде надоштам. Аса-
рамро чоп намекарданд. Боре «Хандаи пас аз гиря» ном
ҳикояе навиштам, чоп шуд. Боз чизҳои ба ҷанг оид мена-
виштам, майда-майда чоп мешуд. Аммо ҳаққи қалам но-
чиз буд. Шӯрои вазирон дар боғи ҳукуматй, ки дар миёнаи
кӯчаи Ленин буд, ошхонаи умумӣ дошт. Ба он ошхона ар-
тистон ва олимонро вобаста карда монда буданд, аммо на-
висандагон аз он маҳрум! Ман маҷбур шудам, ки ба раиси
шӯрои вазирон - Қурбоналй Қурбонов муроҷиат кунам.
Ба вай іуфтам, ки як худи ман не, ҳамаи нависандагонро ба
он ошхона вобаста кардан лозим. Қурбонов фармон дод ва
мо ҳар рӯз зарф бурда, аз ошхона шӯрбои обакй, гоҳо кат-
лет ва «каша» мегирифтем. Ба ҳамин ҳам шукр мекардем.

300
Ба ҳама маводи хӯрока «карточка» - «заборний» барои
орд, равған, қанд ва дигар чизҳоро бо «карточка» меги-
рифтем. Акашариф Ҷӯраев (ҳофизи халқӣ), ки ҳамсояи мо
буд ва ҳар вақт аз Ғарму Қарогегин озуқавориҳои бисёре
(орд, нонҳои равғанӣ, гӯшт, равған, мавиз, қанд ва ҳоказо)
мегирифт, ба чизҳои андаки «заборнӣ» эҳтиёҷ надошт,
бинобар он карточкаҳои худро ба мо медод. Саодат ба он
карточкаҳо орд, хокаи тухм, колбаса, собун, равған ва ди-
гар чизҳо гирифта, баъзеи онҳоро (колбаса) бурда
мефурӯхт, ба ҷояш аз бозор баъзе маводи лозимаро хари-
да меовард. Ба иловаи ин бо бачаҳо ва модараш шаби да-
роз самбӯсапазй мекард, самбӯсаҳои нахӯдин, картошка-
гин ва аввали рӯз бо Замира ба сохтмони стансияи элек-
трикии Варзоб, ки ҳоло ба даруни шаҳр мондааст ва он
вақт аз заминҳои корам іузашта рафтан лозим буд, ме-
бурд, ба коргарон фурӯхта меомад. Дар бозгашт аз
заминҳои корам сабзй, картошка барин чизҳо ёфт шавад,
гирифта меовард ва бо ҳамин рӯзғор мекашид, зани бечо-
ра!

Ман бекор, бе даромад, ба дасти зан мӯҳтоҷ!

Боре ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» рафтам,
ки ба ман ягон кор диҳанд. Муҳаррири он Фузайлов ном
яхудй буд. Вай ба таклифи ман хурсанд шуду гуфт, ки:

- Аз пагоҳ биёед, ман шуморо мудири шӯъбаи адабй
таъйиғ! мекунам.

Ман хурсанд шудам. Пагоҳ омадам, ки вазъи Фузайлов
тағйир ёфтааст. Ба ман узр іуфт:

- Аз мо ин штатро буридаанд, мо шуморо ба кор ги-
рифта наметавонем.

Хуб, чй илоҷ! Не, бошад, не-дия! Малӯл шуда рафта ис-
тода будам, ки касе маслиҳат дод: ба нашриёти давлатӣ, ки
директорат Неъматуллоев буд, муроҷиат кунам. Рафтам.

301
Неъматуллоев ҳам розй шуд, ки маро ба кор тирад,
муҳаррири адабй таъйин кунад. Лекин пас аз ду рӯз ома-
данамро хост. Пас аз ду рӯз омадам. Неъматуллоев ҳам
тамом дигар шуда буд: - Мебахшед, мо шуморо ба кор
қабул карда наметавонем, штат надорем!

- Во аҷабо! - гуфтам ба худам. - Ин чй сирру асрор бо-
шад?!

Сирру асрорашро ман баъдтар фаҳмидам: Як вақтҳо
ман бо Бобоҷон Ғафуров хеле наздик ва дӯст будам. Он
вақтҳо Гафуров дар шӯьбаи пропагандаи СеКа кор ме-
кард. Ҷавон буд, батайрат буд. Ин ошноии мо ҳанӯз аз
вақти дар институти журналистии Москав хонда гаштани
вай cap шуда буд. Ман бо корҳои эҷодй ба Ленинобод би-
сёр мерафтам. Дар Ленинобод Раҳим Ҷалил дар идораи
рӯзнома кор мекард. Ғафуров ҳам тобистонҳо ба таътил
омада дар рӯзнома муваққатан кор мекард. Ана, дар
ҳамин рӯзнома ман ӯро медидам ва шинос шуда будам.
баъд Гафуров дар комитета марказии ҳизби коммунистии
Тоҷикистон кор карда кал он шуд. Ба іумон, ба гирду ат-
рофи худ Абдутанй Мирзоев, Неъматуллоев, Набиҷон
Поччоҷонов, Самад Ганй барин одамонро ҷамъ карда, аз
ҳамонҳо дар бораи ман суханҳои бад шунидааст, ки нисбат
ба ман пӯстини худро чаппа пӯшид. На ин ки саломи ма-
ро алейк намеіуфт, балки сояамро аз девор тарошида ме-
партофт. Инак, Фузайлов маро ба кор қабул карандй шуда
ба маслиҳати Гафуров меравад, вай албатта не мегӯяд.
Неъматуллоев ҳам аз Гафуров маслиҳат пурсида, ҷавоби
«не» мегирад ва ман бекор мемонам. Ба іумони ман
Абдуғанӣ Мирзоев нисбат ба ман бештар шикоят карда,
номи маро, худи маро ба Гафуров бад кардааст. Бобоҷон
Гафуров бошад, ба гапи ҷосусони худ бовар карда ба ман
муқобил шудааст. Аммо ман аз ин гапҳо бехабар, ба як

302
лаб нон зор шуда мегаштам.

Дар ҳамин вақт, дар ҳамин айёми тангй, худораҳматӣ
Ефим Исоевич Мителман, ки саррежиссёри театри ба но-
ми Лоҳутй буд, ба ман дасти мадад дароз кард ва маро ба
театр бурда, мудири қисми адабй таъйин намуд ва
маслиҳат дод, ки пиеса нависам. Барой ёрии ман аз Тош-
канд - Файкоро - драматурги намоёни русро, ки аз Москав
муҳоҷир шуда омада буд, ҷеғ зада овард. Ман дар муддати
ду-се моҳ бо ёрии Файко пиесаи «Дили модар»-ро навиш-
там ва дар соли 1942 онро ба саҳна гузоштанд. Пас
ҳамроҳи Файко пиесаи дуюмини худ «Хонаи Нодир»-ро
навиштам, ки онро ҳам дар соли 1944 ба саҳна гузоштанд.
Бо ҳамин ману оилаам осуда шудем, қомати худро боло
бардоштем.

Рӯзе дар театр будам, ки маро ба телефон ҷеғ заданд.
Рафта іуш кардам, ки Бобоҷон Ғафуров ran мезанад. Ба
ман меҳрубониҳо карда гуфт, ки имшаб дар соати ҳашти
бегоҳ ба СеКа биёям. Он вақт Ғафуров котиби якуми Ком-
партияи Тоҷикистон шуда буд. Ман ҳайрон шудам, ки чй
ran бошад. Бегоҳӣ ба СеКа рафтам. Маро зуд ба назди
Ғафуров роҳ доданд. Рафуров пас аз ҳолу аҳволпурсӣ іуфт:

- Ана, ҷанг ҳам ба охир расида истодааст, биёед, мо ҳам
дӯстии худро барқарор мекунем?

- Ман бо шумо ҳеҷ гоҳ дар ҳолати душманӣ набудам! -
іуфтам.

- Ҳар чй ки буд, гузашт! - іуфт Рафуров. - Дар ҳаёт
ҳамин хел нофаҳмиҳо ҳам мешавад. Хайрият ки кас зуд
сарфаҳм меравад. Хайр, аҳволатон чй тавр? Зисту
зиндагонй?

- Хуб не, - гуфтам. - Дарди сил оҳиста-оҳиста кори худ-
ро карда истодааст. Бо маслиҳати духтурҳо ба шӯрои ва-
зирон муроҷиат кардам, ки ба ман каме равгани маска,

303
қанду дигар хӯрокворӣ мадад кунанд. Муовини раис ба
номи вазирм савдо - Қосимов як мактуб навишта дод, ки
ба ман ёрӣ диҳад. Мактубро бурда додам, Қосимов ба рӯи
он коғаз чизе навишта ба ман дод, ки ба кадом шӯъба
муроҷиат кунам. Бинам, навиштааст, ки ба ман як кило
равғани маска, як кило қанд ва ду кило биринҷ диҳанд.
Инро дида гуфтам, ки ба мани бемор, ин чй мешавад!?

- Э, рафиқ! - іуфт Қосимов бо дағдаға. - Ман ин
чизҳоро аз ҳаққи сад нафар сағирбача канда ба шумо дода
истодаам.

- Ҳаққи сағирбачаҳо ба ман лозим нест! - гуфта, коғазро
дар наздаш пора-пора карда партофтам.

Ин сӯҳбатро шунида Ғафуров оташин шуд ва ба теле-
фон даст бурда Қосимовро ҷуст. Толеи Қосимов баландй
кард, Ғафуров ӯро наёфт. Баъд ба ман гуфт парво накунед,
ман ин масъаларо ҳал мекунам. Бо ҳамин хайрухуш карда
рафтам.

Рӯзи дигар дар театр боз маро ба телефон ҷеғ заданд.
Ин дафъа аз управленияи хоҷагии шӯрои вазирон. Гӯш
кардам. Мудири управления бо ман салому алейк карда
іуфт, ки ба назди ӯ равам. Рафтам. Вай ба ман як іусфанд
іушт, даҳ кило равғани маска, даҳ кило қанд, даҳ кило ша-
кар, бист кило биринҷ дод.

Ин хӯрокиҳоро гирифта ба ҳаққи Бобоҷон Ғафуров ду-
ои хайр кардем. Ин піахси олиҷаноб дар ҳаққи ман
некиҳои бисёре кард, ки фаромӯш намекунам. Бо ҳамин аз
машаққат ва танқисиҳои рӯзҳои ҷанг халос шудем. Маро
аввал худо, баъд Ефим Исоевич Мителман ва ниҳоят
Бобоҷон Ғафуров наҷот доданд. Арвоҳашон шод бошад!

304
Ҷалол ва Саодат Икромй бо набора ва абераҳояшон.

Аз чан ба рост: Мунира, Азамат, Ҷалол Икромй бо Зӯхро, Саодат
Икромй бо Зумрад, Нодира

Оилаи Ҷалол Икромй. Нишастатон аз чан ба рост Дилошӯб,
Замира, Саодат, Назира. Ростистодагон Мунира, Нодира,
Дилафруза, Мухаббат
Ҷашни 60-солагии Ьухорои Ссвстй.

Ҷалол Икромй бо шогирдонашон - Ахмедов ва Шукуров

Ҷалол Икромй бо дуетонашоп - Лазил Қаюм (дар мобайи)
ва Нодир Сафар
Ҷалол Икромй ка шогирдонашоп дар Хуҷанд

Ҷалол Икромй дар президиуми маҷлис
Дар Қазоқистон. Ҷалол Икроми ва Саидали Валаматзода

>ШУЖ
Киев. Съезди 4-уми нависандагони Украина. Рахим Ҷалил, Ҷалол Икроми ва Боки Рахимзода

бо нависандагони Украина
Москва. Соли 1968. Аскад Мухтор, Мирсаид Миршакар ва Ҷалол Икроми
Вохурии нависандаі он бо занони нешқадами тоник

Соли 1965. Тошкенг. Лз чап ба рост: Фотех Нисзй, Мирсаид
Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Сарвар Азимов, Мирзо Турсунзода,
Ьокй Рахимзода, Ғафур Ғулом
Соли 1987. Расми кушодани китобхона дар қишлоқи Раш г. Ибод
Файзуллоев, Ҷалол Икромй ва Гулрухсор Сафиева

Конибодом. Соли 1986. Ҷалол Икромй бо хешу табори Ҳилол Карим
Гурӯхи нависандагони тоҷик бо донишҷӯсни Донишкадаи нсдсг огии
шаҳри Душанбе. Дар байп Сохиб Хабаров, Ҷалол Икромй, Мирсаид
Миршакар ва Рахим Ҷалил

Соли 1980. Тошкент. С. Икроми, С. Азимов, Ҷ. Икроми, Туркмен А то
г

Соли 1947. Москва. Нависандагон ва шоирони Тоник. Иштирокчиёни декадаи Адабиёт. Аз чап ба рост:
Б. Рахимзода, М. Рахимй, С. Ҷавхаризода, А. Дехотй, М. Ризо, С. Вализода, Р. Ҷалил, К. Улуғзода, Ф.
Ниёзй, С. Улутзода, С. Табаров, М. Аминзода, М. Турсунзода, М. Миршакар, А. Назаров, С. Икромй,

Ҷ. Икромй, Т. Пӯлодӣ, М. Фархад, П. Толис
Москва. Кремл. 1971. Съезди 5-уми Иггифоки нависандагони СССР
Июн. 1930. Бародари Ҷалол Икроми - Зайниддин
Соли 1951. Ьухоро. Садриддии Лйии бо шоі ирдонаіи Ҷ.Икроми на
С. Улугзода бо зисисни Ьухоро дар назди макбараи И. Сомони
Нависандагони Узбекисгон дар хонаи Ҷалол И к ром и

Ҷалол ва Саодат Икромй бо духтарашои Назира
ва ҷиннашоп Фирӯз Усмонов
Москва. 1957. Ҷалол ва Саодат Икромй
бо писарашон Ҷонон


Ҷалол Икроми, М. Шакури ва
М. Рахмонов
Амрико. 2004. Фируза Икроми баъди
гирифтани дишюми Университет
ДӯСТОНИ НАЗДИКИ БУХОРИИ МАН

Яке аз дӯстонм наздик ва меҳрубони бухории ман
Икромхоҷаев буд. Падару модар ва хешутабори ӯро ман
дуруст намедонам, ё ки фаромӯш кардаам. Вақто ки дар
Бухоро ман бо вай шинос шудам, муаллим буд ва ба воси-
таи як рафиқи ҳамсинфи худ, бо вай ошно шуда будам.
Вай шахси меҳрубон, ватанпарвар (Бухороро хеле дӯст ме-
дошт), хушсаризабон ва одами қатишав буд. Як ҷиян
дошт, ки ҷавони пухта, корчаллон ва шайтон буд.
Икромхоҷаевро аксаран бо вай медидам. Ин дӯстии моро
баъдтар Исмоил Садрӣ мустаҳкамтар кард. Икромхоҷаев
азбаски дар кӯдакӣ чӣ касале шуда, дастонаш аз оринҷ по-
ён наёзида мондаанд. Нисбат ба танаш, дастонаш хеле
хурд буданд; бинобар он ба ӯ «Икромхоҷаи ча-ча» лақаб
дода буданд. Аҷоиби кор дар ин буд, ки вай дар аснои су-
хан кардан бештар «ча-ча»-ҳои худро ҳаракат дода, нишон
дода ran мезад. «Ча-ча»-ҳо хурд бошанд ҳам коргар бу-
данд. Гоҳо бо ин «ча-ча»~ҳо тахдид карда ҳам мемонданд: -
Як мезанам, ки...

Вақто ки ман бо эшон шинос шудам, зан надоштанд,
лекин муштоқи зан буданд, занбозиро дӯст медоштанд.
Намедонам, фаромӯш кардаам, ки дар куҷо таҳсили олй
гирифта, дар куҷо хонданд. Зеро ки дар соли 1930 мо ба
Душанбе кӯчида омадем ва муносибати мо канда шуд. Аз
дигарбор муносибати мо дар баҳори соли 1934 дар
Самарканд барқарор гардид.

Дар баҳори соли 1934 анҷумани якуми Иттифоқи нави-
сандагони Тоҷикистон барпо гардид. Чанд гоҳ пеш аз
анҷуман корҳои тайёрӣ давом кард. Он вақт ман дар идо-

305
раи маҷаллаи «Барой адабиёти сотсиалистй» (бобои
маҷаллаи «Садом Шарқ») котиби масъул шуда кор мекар-
дам. Дар Душанбе матбаа хеле сует буд ва аз ӯҳдаи то ба
анҷуман чоп карда баровадани маҷалларо надошт. Бино-
бар ин қарор додем, ки шумораи ба анҷуман бахшидашу-
даи маҷалларо дар Самарканд барорем. Дар ин бора бо
шӯъбаи дар Самарқанд будаи нашриёти давлатй гапзанон
кардем, онҳо розй шуданд, ки ба мо ёрӣ дода, маҷалларо
чоп карда диҳанд. Бинобар он идораи маҷалла маро ба
Самарканд фиристод.

Ман дар соати даҳ-ёздаҳи рӯзи баҳорон ба Самарқанд
расида, аз меҳмонхона ҷо шрифтам. Ҳавои Самарқанд ма-
сткунанда буд. Ман аз омаданам хурсанд будам. Чизҳоро
дар утоқи меҳмонхона монда ба кӯча баромадам.
Иттифоқо дар кӯчаи Ленин, ки кӯчаи калон ва кӯчаи обо-
ди шаҳри нави Самарқанд буд, Икромхоҷаро дида мон-
дам. Он кас маро дида хурсанд шуду ҳолу аҳвол ва ба куҷо
фуромаданам ва бо чӣ мақсад омаданамро пурсид. Ман
іуфта додам. Икромхоҷа іуфт, ки «ман дар қарибии Гӯри
Мир як ҳавлй дорам, дурусттараш, ҳавлии беруни касеро
иҷора гирифтаам. Хонаам бад не. Ҳозир чизҳоятонро ги-
рифта, ба хонаи ман меравем, дар ҳамон ҷо истиқомат ме-
кунед!» Ман ҳарчанд узр туфта нарафтанй шудам, лекин
Икромхоҷа ба ҳолу ҷони ман намонд. Бо чачаҳои худ аз
дастам шрифта ба сӯи меҳмонхона кашид. Лоҷарам, бо
меҳмонхона ҳисобро баробар карда, чизҳоро шрифта ба-
ромадем ва ба ҳавлии Икромхоҷа рафтем. Ҳавлй як
меҳмонхона, айвон ва рӯи суфа дошт. Икромхоҷа чою дас-
тархон муҳайё карданд. Ҳар чй ки аз хӯрданй ва ширинӣ
буд, ба дастархон гузоштанд. Пае, қарор додем, ки ман ба
идораи нашриёт, ки аз ҳавлй чандон дур набуд, рафта ба
Самарқанд омаданамро маълум мекунам ва мефаҳмам, ки

306
материалҳои фиристодаи моро ба матбаа додаанд, ё не.
Баъд, боз меоям ва пагоҳ аввали рӯз ба матбаа меравам.

Дар нашриёт іуфтанд, ки ҳамаи мақолаю хабару
ҳикояҳо чида шудагӣ, матбаа ба омадани ман мунтазир
аст. Аз ин хабар хурсанд шуда, ба матбаа рафтам ва бо
метрампаж (оне ки саҳифаҳои маҷалларо мебандонад)
гуфту шунид кардам. Бай іуфт, ки пагоҳ биёед,
саҳифаҳоро мебандонем. Метрампаж одами худи, шахси
босавод ва донишманд буд. Аз ин ҷиҳат хотирҷамъ шуда
ба ҳавлӣ баргаштам, ки Икромхоҷа дар тарддуди оши па-
лав шудаанд.

- Як духтари хушрӯи рус дорам, - гуфтанд он к ас, саб-
зиро пора карда истода. - Номашро «русалка» мондаам.
Ҳозир омаданӣ, иҷозат медиҳед?

- Марҳамат, хона хонаи шумо, ҳар киро ки хоҳед, так-
лиф кардан гиред.

- Русалка духтари хеле дилбар аст, ман ба тайр аз вай
касеро нагуфтаам. Мумкин аст бо хоҳараш биёяд. Ҳамроҳ
ош хӯрда, сӯҳбати ширин мекунем. Ман Русалкаро дӯст
медорам, мехоҳам, ки ба вай хонадор шавам, лекин вай
камтар почапарешон аст, бо як мард қаноат намекунад.
Ҳамин қадар насиҳат мекунам, ваъда медиҳам, қабул на-
мекунад. Ман мегӯяд, маҳбуба шуда гаштанро дӯст медо-
рам.

- Хайр чй, ба шумо маҳбуба шавад, бас-дия!

- Безанй ба ҷон расид.

- Ба Душанбе биёед, якто зани барно ёфта медиҳем,
хушбахт мешавед!

- Худам ҳам дар ҳамин ният ҳастам. Дарсҳо тамом ша-
вад, албатта ба Душанбе рафта, ба кор медароям. Бо
рафиқон іуфтушунид кардам, ба ман аз института
педагога кор ва хона доданй шуданд.

307
- Ин тавр бошад, бисёр хуб.

Русалка танҳо омад, хоҳараш ваъда дода аст, ки пагоҳ
меояд. Ман Русалкаро дида ҳайрон шудам. Бо ҳамин талъ-
ати зебо, бо ҳамин латофат ва хушрӯй, бо ҳамин шӯхӣ ва
таннозй, афсӯс ки ахлоқи накӯ надоштааст. Агар ҳамин
тавр намешуд, ба рафиқам Икромхоҷа ҳамсари мувофиқе
мебуд.

Ман ба ҳамин хел духтарҳо ҳайронам. Мехоҳанд, ки ум-
ри ҷавонии худро фақат бо айшу ишрат, бо ҷӯрабозй гу-
заронанд. Ҳар рӯз як ёр ёбанд, ҳар шаб дар канори каси
дигаре бошанд, тани худро ба молу чизу зебу зиннат
фурӯшанд... Намехоҳанд ки шавҳаре дошта бошанд, фар-
занд кунанд, оилаи хушбахтона барпо кунанд. Гумон ме-
кунанд, ки ҷавонӣ, зебоӣ ва тароват доимист, ниҳоят надо-
рад. Фардо ки синну сол гузашт, фардо ки «ошиқонашон»
аз онҳо даст кашиданд, фардо ки танҳо монданд,
пушаймонӣ суд надорад. Хайрият ки Русалка
Икромхоҷаро фиреб надода, рӯйрост гуфтааст, ки вай за-
ни як кас шуда гаштанро намехоҳад. Агар ба он кас расида,
баъд хиёнат мекард, ҳоли ҷӯраам хароб буд.

Хуб, ҳамон бегоҳ бо оши палав камтар май нӯшида,
сӯҳбат кардем, хурсандиҳо кардем, ба рафиқам Икромхоҷа
ташаккур ва раҳматҳо іуфтам.

Рӯзи дигар ба кор рафтам ва дар ошхонаи сари роҳ, ки
дар булвари Абрамов буд, пиво нӯшида, ош хӯрда, то
бегоҳ бардам будам. Ҳамин тавр як ҳафта, даҳ рӯз меҳмони
Икромхоҷа гашта, маҷалларо аз чоп бароварда, ба Душан-
бе баргаштам.

Икромхоҷа ба ваъда вафо карда, тобистони ҳамон сол
ба Душанбе омаданд ва дар института педагога муаллим
шуданд. Институт ба он кас аз бинои асосй як хонаи калон
дод. Ҷӯраам дар байни муаллимон обрӯй доштанд, он

308
касро ҳурмат мекарданд. Лекин он кас муҷаррад буданд ва
талабгори як зани ба худ муносиб буданд.

Иттифоқо дар охирҳои тобистон Маъсумахон (духтари
холаи мо, ки дар Тошканд зиндагй мекунаду аз шавҳари
ҳабсшударафтаи худ се фарзанд дорад) ба Душанбе омад.
Саодат ӯро ташвиқ кард, ки ба Икромхоҷа ба шавҳар ба-
рояд. Маъсумахон аввал не гуфт, аммо баъд бо ташвиқи
мо розӣ шуда іуфт, ки хайр, аввал ҳеҷ ran нозада, бо он кас
шинос кунетон, мебинам, санҷам, баъд ягон ran мешавад.
Мо ба ин розй шудем. Ба Икромхоҷа іуфтем, ки мо имрӯз
ба хонаи шумо меравем, бо худ як зани хушрӯйро меба-
рем. Агар ситораҳоятон ба ҳам мос афтад, баъд оид ба
хостгорй сухан мекунем. Икромхоҷа бо мамнуният қабул
карданд. Як рӯз ману Саодату Маъсумахон ба хонаи
Икромхоҷа рафтем. Хайр, хурсандона пешвоз шрифта,
қабул карданд. Нишастем, на чой, на нон, на дигар чиз! Мо
мусофир-дия іуфтанд, асбобу чизу чора надорем, мебах-
шетон, зиёфат дар ресторан!

Пас аз камтар сӯҳбат, Маъсумахон папирос кашиданй
шуд, киса ва сумкаҳояшро кофт, аммо қуттии папиросро
наёфт. Ман аз Икромхоҷа пурсидам, ки папирос доранд, ё
не. Он кас аз ҷо бархоста, аз куҷое калиди шкафро ёфта,
онро кушода як қуттй «Казбек»-ро ёфтанду як дона папи-
рос шрифта ба Маъсумахон доданд ва як дона худашон ба
лаб гузошта, қуттии папиросро боз ба шкаф іузошта қулф
карданд. Маъсумахон гапе назада, аз гӯгирди даргирондаи
он кас папиросро дуд кунонду аз ҷо бархост.

- Мебахшетон, - гуфт, - ман ба Аслихон (Бурҳонов, ки
додараш аст) ваъда дода будам, ки дар соати се вомехӯрем.
Дар ин ҷо ran зада монда, вақтро аз даст додем...

Бо ҳамин аз хонаи Икромхоҷа баромада, ба кӯча қадам
гузоштем:

309
- Ибй, ибй, дафъ дафу! - іуфт Маъсумахон. - Ман дево-
на нашудем, ки ба ин хасиси мурданй расам.

Ана ҳамин тавр занёбии мову зангирии Икромхоҷа ба
охир расид. Маъсумахон дигар шавҳар накарданд. Духтару
писарҳояшон калон шуданд, зандору шавҳардор гаштанд
ва ҳоло ҳам бад зиндагй намекунанд.

Икромхоҷа бошанд, як занм фақирак ва номуродакро
ёфта гирифтанд. Аз вай як писар шуд (Шурик). Лекин
ҷӯраи бечораам, ки силкасал буд, ба писараш зан надода,
вафот кард, дар бечорагй ва камбизоатй вафот кард. Мо
ҷӯраҳо пул ҷамъ карда іурондем. Арвоҳашон шод бод!

* * *

Дигар як рафик, ва ҷӯраи ман Ҳаким Ҳомидй буд. Ин
кас писари қозй Ҳомидхоҷа буда, падарашон бо падари
ман ошной ва рафту омад дошт, бинобар он мо
ҳамдигарро аз ҷавонй, аз мактаб хонда гаштани худ ме-
шиносем. Ҳамроҳ дар дорулмуаллимини Бухоро мехон-
дем. Баъд ба Самарканд ба аввалин мактаби олии педаго-
гии ӯзбекистон рафта хондем. Ман ба Тоҷикистон омадам,
Ҳаким Ҳомидӣ ба Тошканд рафтанд. Дар Тошканд, дар
института педагога даре медоданд. Зану бача карданд.
Дар шаҳри кӯҳнаи Тошканд, дар як ҳавлй ду хонаро иҷора
гирифта, меистоданд. Аммо меҳмонпарвар буданд. Дар
ҳар бор ба Тошканд рафтанам, албатта ба хонаашон так-
лиф мекарданд. Бо ҷӯраҳои дар Тошканд будаи ман, бо
Муҳаммадҷон Васфӣ, Яҳё Юлдошев, Юсуфҷон Ҳамдам
баринҳо дӯстй ва рафоқат доштанд. Ба воситаи Васфй ва
дигарон ба рӯзномаи «Ҳақиқати ӯзбекистон» (ҳоло «Овози
Тоҷик» ном гирифтааст) иштирок карда меистоданд.
ӯзбекӣ даре диҳанд ҳам, хайрхоҳ ва тарафдори Тоҷикистон
буданд. Худашон одами хеле ва хеле мулоимфеъл, хушса-

310
ризабон, қатишав, донишманд буданд. Лекин соддагиҳо
ҳам доштанд. То ба солҳои охирм ҳаёташон дар ҳамон
ҳавлии кӯҳна, ки ҳеҷ шароитм мувофиқ надошт (ҳаммом,
оби гарму хунук ва ҳоказо) истиқомат карданд. Ниҳоят ка-
се ба ҳолашон тараҳхум карда, аз хонаҳои навсохт кварти-
ра доданд. Ба он ҷо кӯчида дер зиндагӣ накарданд. Нохост
хабар омад, ки вафот кардаанд. Бале, ин хабарро ба ман
Яҳёхон ба Душанбе омада расонид. Гуфт ки худаш ба сари
кор истода, ҷанозаи он касро нағз обрӯй кардааст ва дар
ҷои корашон митинг карда, дар Дӯрман ба хок супуруда-
аст.

Вақте ки Яҳёҷон, рафиқи ҷавонии ман, писари
Ҳоҷигадои бухорой, ки ҳавлиашон аз ҳавлии мо чандон
дур набуд, охирин бор ба Душанбе омад, аҳволаш хуб на-
буд, фишори хунаш хеле баланд буд. Ош кардем, дуруст
нахӯрд, май таклиф кардам, рад кард. Бечора аз ҳамин ҷо
рафта вафот кардааст. Шод бод арвоҳи покаш, дояш
ҷаннат бошад!

Яҳёҷон бо ман дар Дорулмуаллимин мехонд. Хеле
бафаҳм, ҳушёр ва пешқадам буд. Дар синф мо ба ҳам
мусобиқа доштем. Яҳёҷон то ба охир бо ман дар дорулму-
аллимин наистод, ба Тошканд рафт, журналист шуд. Бай
ҳанӯз дар вақти дар Бухоро буданаш бо мақола ва
фелетонҳояш машхур шуда буд. Ҳамроҳи Комил Алиев
ном журналист ва фелетоннависи машҳури ӯзбек кор ме-
кард. Баъд дар «Узтаг» (атентии ахбороти ӯзбекистон)
гарҷумонй кард, мудири шӯъба буд. То ба охири умраш
дар ҳамон як ҷо - дар «Узтаг» кор кард. Аз худ шогирдони
бисёре расонид. Дар Тошканд ҳавлии хубе дорад. Ҳоло
завҷааш - Саодатҷон дар қайди ҳаёт аст, ба іумон бо дух-
тару писараш зиндагй дорад.

311
* * *

Муҳаммадҷон Васфй — нгаир, журналист, шахси хеле
хуб ва бофаҳм буд. Падараш дар Ғиҷдувон амлоқдор буд,
падари ман қозй, бинобар он мо бо ҳам аз хурдй, ҳанӯз аз
солҳои 1918 шинос будем. Пас аз инқилоб (падараш ба
Афганистан ҳиҷрат карда буд) бо модар ва хоҳаронаш бо
машаққат зиндагй мекард. Мо чанд гоҳ аз ҳамдигар ҷудо
будем. Баъд, вақто ки ман аз Самарқапд, аз хондани мак-
таби олй мосиво шуда ба Бухоро баргаштам, Васфй дар
идораи рӯзномаи Бухоро ходими адабй шуда кор мекард.
Азбаски истеъдоди хуби шоирй ва забондонй (ҳам ӯзбекй
ва ҳам тоҷикй) дошт, дар идора ҳама ӯро ҳурмат мекар-
данд. Пас аз ташкил шудан ва ба нашр cap кардани
рӯзномаи «Ҳақиқати ӯзбекистон» ба забони тоҷикӣ, Вас-
фиро ба Тошканд ҷеғ зада бурданд ва дар идораи рӯзнома
вазифаи ходими адабиро ба ӯ супориданд. Васфй бо зану
бачаҳояш (ду духтар) дар Тошканд ба ҳавлии иҷора ме-
нишаст ва ҳар рӯз аз шаҳри кӯҳна ба шаҳри нав, ба идора
мерафт. Хусусияти аҷоиби Васфй дар ин ҷо буд, ки вай
шеърро зуд ва равон мегуфт. Дар тӯе бо он кас будам,
нӯшидем, хӯрдем, Васфй дар худи ҳамон тӯй, ба шаъни
келину домод шеъре іуфтанд, ки ман шоҳиди навишта
шудани он шеър шудам. Васфй вақтҳои охир бисёр
менӯшиданд, қаландармашраб буданд. Ба сэру либоси худ
аҳамият намедоданд, ринд набуданд. Он кас то ба охири
умрашон бой, серпул ва осудаҳол набуданд. Ба қадри ҳол
зиндагй мекарданд, парвои олам надоштанд. Дар хона
шароити корй - мебел, стол ва устул надоштанд. Корҳо
заминакй буд. Занашон инҷиқ ва серноз буд. Масалан
гӯшти магазинро намехӯрд, іушти дасткуш ёфта биёред,
меіуфт. Ба Васфй шароити кор муҳайё карда намедод.
Вақто ки Васфй китоби «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-и ма-

312
ро ба ӯзбекй тарҷума карданд, Ҳомидй пурсидааст, ки ин
қадар корро кай ва дар куҷо кард.

- Шабохун задем-дия! - гуфта ҷавоб додаанд. Ҳомидй
мегуфтанд, ки коғазу дафтару қаламу шеърҳояшон дар
таки паси кӯрпаҳои чидамонда шудагй меистод. Агар
коғазе лозим шавад, аз болои кӯрпаҳо хам шуда, аз тоқ
базӯр ёфта мегирифтанд. Дар ҳамин шароит кор ва эҷод
мекард, шоири бечора Васфй! Ман ҳайронам, ки он қадар
шеъру достонҳо, он қадар тарҷума ва мақолаҳоро чй тавр
навишта бошанд.

* * *

Дар шаробнӯшӣ шарики бисёр наздики Васфй -
раҳматй Муинзода буданд. Боре, ману Юсуфҷон Ҳамдаму
Ҳомидй дар ҳавлии Васфй меҳмон будем. Хуб хӯрдем,
нӯшидем, баъд қарор додем, ки ба дидани Муинзода, ба
Челонзор (яке аз маҳаллаҳои нави Тошканд) меравем. Ба
кӯча баромадем, Юсуфҷон як таксиро дошт, савор туда ба
Челонзор рафтем, ки квартираи Муинзода дар он ҷо буд.
Дар роҳ, дар назди мағозае Васфй мошинаро боздоштанд
ва фуромада, як шиша арақ шрифта баромаданд. Мо он
касро маломат кардем, ки ин корро бедарак карданд. Зеро
ки дар меҳмонй хуб нӯшидем, хӯрдем, акнун ба назди Му-
инзода рафта, ҳолпурсй мекунему бармегардем. Вақт хеле
іузаштагй буд, ман дар шаҳр кор доштам. Васфй далел
меовард, ки ба хонаи устод бе арақ рафтан хуб не. Хуллас
ки рафтем, дар қабати савум квартира доштаанд. Моро
худашон ва оилаашон хуш қабул карда, хурсандона пеш-
воз гирифтанд. Нишастем, омин іуфтем, аҳволпурсй кар-
дем. Баъд Муинзода ба занашон фармон доданд, ки ош
пазад. Асбоби ош муҳайё аст, іуфт занашон. Мо ҳарчанд
манъ кардем, нашуд. Занҳо ба ошхона рафта, ба ошпазй

313
cap карданд. Хонаи Муинзода ҳам заминакй буд, фақат
дар миёни хона хонтахта меистад. Дар баробари омадани
мо ба рӯи хонтахта нон, мавиз, чой ва шириниҳо оварда
монданд. Пас, Васфй аз киса шишаи арақро бароварданд.
Ману Ҳомидию Юсуфҷон нанӯшидем. Васфй бо устод
нӯшиданд, Арақ тамом шуда буд, ки мо аз ҷо бархостем,
лекин занашон дар дами дар омада іуфт, ки зирбак тайёр,
камтар сабр кунем, ош тайёр мешавад. Мо узр іуфтем, ман
кори зарур дорам іуфтам. Медонистем, ки аҳволи
иқтисодии Муинзода чандон хуб не ва баъд, мо ёрои
хӯрокхӯрй надоштем.

Дар он ҳол Муинзода аз ҷо бархоста гуфтанд:

- Мон, ош накун, инҳо гӯҳ хӯранд!

Мо гапе назада, хайру хуш карда аз хона баромадем.
Охирин бор вохӯрӣ бо Муинзода ҳамин буд. Ин шоири
забардаст ва қариб классики тоҷик, ҳамин тавр, дар
каландармашрабӣ, нодорамй ва арақхӯрӣ умр іузаронида,
баъд дар охири умраш ба Ленинобод рафта вафот карда-
аст.

Муинзода Мунирхон ном дошт. Вай аз мо пештар ба
Душанбе омада буд, дар кадом идораи рӯзнома кор ме-
кард, шеърҳои бисёр хуб менавишт ва тарҷумаҳо мекард.
Вақто ки хонаи дар кӯчаи Орҷоникидзе будаи Иттифоқи
нависандагон тайёр шуд, мо дар қабати дуюм будем, Му-
инзода дар қабати якум, дар зери хонаи мо истиқомат ме-
кард. Он вақт Муинзода дар театри ба ном и Лоҳутй ходи-
ми адабй буд, лекин арақхӯрй ва мастиро аз ҳад меіузаро-
нид. Шаби дароз арақхӯрӣ ва мастй карда, бевақт хоб ме-
кард ва то саҳар нолида «у-у» іуфта рӯз мекард. То
чоштгоҳ хобида, бедор шавад ҳам аз ҷо бархоста намета-
вонист, то ки духтараш, ё занаш як пиёла арак, оварда,
нанӯшонад. Аксаран пагоҳирӯзӣ дар хона арак, намемонд.

314
Барои арақ харида овардан зану бачаҳояшон пул надош-
танд. Лоҷарам духтарашон боло баромада, аз мо пул қарз
мегирифт ва ба дӯкони арақфурӯшӣ рафта, арақ меоварду
ба падараш менӯшонид, то ки он кас ба по хезанд...

Боре театр ба он кас шеъре ба забони туркй дода (бах-
шида ба 26 комиссари Боку), тарҷумаашро фармудааст,
зеро ки солонаи ёдоварии бисту шаш комиссари Боку
қариб будааст. Аммо Муинзода ба арақхӯрй ва мастй ово-
ра туда, ба зудӣ тарҷума накардаанд. Ниҳоят як бегоҳ ре-
жиссёр - Фатхулло Умаров ва директор Бобоҷонов ба хо-
наи Муинзода меоянд, ки аҳбоб ҷамъ, дасіурхон паҳн,
арақу газакҳо монда шудагй, кайфи Муинзода баланд.

Омадагон пас аз аҳволпурсй ва сӯҳбат, аз Муинзода
тарҷумаи шеърро металабанд. Он кас мегӯянд, ки тарҷума
нест. Омадагон бо исрор талаб карда, ҳеҷ набошад, ориги-
нали шеъри туркиро бидиҳед мегӯянд. Муинзода дар
ҷавоб меіуянд, ки:

- Ман шеъри бисту шаш комиссарро ба фалонам ха-
лонда партофтам!

Ии суханро омадагон навишта шрифта мераванд. Пас
аз ду-се рӯзи дигар дар клуби хонаи мо маҷлиси правле-
ниям иттифоқи нависандагон ташкил ёфт ва дар он масъа-
лаи дида баромадани кори Муинзода гузошта шуда буд.
Гӯё ки Муинзодаро суд мекарданд. Сиёҳкунандагон
Фатхулло Умаров ва Бобоҷонов буданд. Пас аз андак
муҳокима, 1уноҳашонро ба гарданашон дайн карда, қарор
доданд, ки Муинзода аз сафи нависандагон хориҷ карда
шавад. Ин қарори бисёр сахт буд, қароре ки пас аз он шах-
сро озод намемонданд. Хусусан ки сол - соли 1937 буд.

Муинзода бо вуҷуди арақхӯрй ва мастй ба кори худ
пухта ва тақдири ояндаи худро медопистагй будаанд. Он
кас худи ҳамон шаб ба поезд савор шуда, рост ба Андиҷон

315
мераванд ва дар кадом қишлоқ (шояд дар он ҷо шиносе
дошта бошанд) муқим шуда, муаллимй карда мегарданд.

Рӯзи дигари гойиб шудани Муинзода, духтарашон ба
ман як хатча бароварда дод. Муинзода ба ман, ки котиби
масъули маҷаллаи «Барой адабиёти сотсиалистй» будам,
навиштаанд, ки ҳаққи қалами он касро аз бухгалтер
рӯёнида ба оилаашон супорам. Ман ин корро кардам ва
боз аз худам ҳам ёрии моддӣ расонидам, зану бачаҳои
Муинзода, пас аз чанде кӯчида ба Ленинобод рафтанд, хо-
наро Турсунзода ишгол кард.

Муинзода то гузаштани даҳшати соли 1937 гоиб буданд.
Баъд Усмон Юсуфов, ки котиби якуми комитета марказии
партияи коммунистии ӯзбекистон буд ва шахси бисёр
бафаҳм, доно ва маданй буд, ба Андиҷоп рафта, иттифоқо
аз касе мефаҳмад, ки дар кадом мавзеи он ҷо як шоири за-
бардасти тоҷик истиқомат дорад. Он касро ҷуста меёбаду
бо худаш ба Тошканд бурда, ба Ғафур Ғулом месупорад,
ки ба он кас кор ёфта диҳад ва аз ҳар ҷиҳат таъмин кунад.
Ғафур Ғулом хурсанд мешавад ва бо Муинзода улфат гаш-
та, шеърҳояшро ба тоҷикӣ тарҷума мекунонад ва бо ҳамин
Муинзода сокини Тошканд мешаванд. Солҳои охири ум-
рашон (фаромӯш кардаам) ба Хуҷанд баргашта, дар зодгоҳ
худашон вафот карданд.

Вақто ки ин сатрҳоро менависам, дар мамлакат
дигаргуниҳои калон ба вуқӯъ омадаанд. Пас аз вафоти
Брежнев ва яки дигараш (Черненко) ба мамлакат (СССР)
Горбачев Михаил Сергеевич калон шуд. Бай дар соли 1985
«Бозсозй» ном чизеро ба майдон андохта, тамоми корубор
ва рафти осудаи зиндагиро тагйир дод. Ошкорбаёнй,
озодй, истиқлолиятро ривоҷ додан хост. Нӯшидан, араку
виноро манъ кард. Оҳиста-оҳиста коре кард, ки сохти дав-

316
лати Шӯравй, СССР зеру забар гашт, нест шуд. Дар
натиҷаи манъи арақу вино ҳазорҳо гектар ангурзорҳоро аз
бехаш канданд, садҳо заводҳои арақу вино несту нобуд
гашт. Мардум ба нашакашй ва дигар корҳои бад іузаш-
танд. Пас аз харобии иқтисодиёт ва бемории мардум ху-
даш иқрор шуд, ки хато кардааст. Ин «хато» ба миллиард
ва курорҳо баробар гашт. Пас аз «хатой» Горбачев мамла-
кат титу пора гашт. Сохти коммуниста қариб нест шуд.
Ҷумҳуриятҳои назди Балтика cap карда бу худ истиқлол
гирифтанд. Ҳамаи мамлакатҳои демократии атроф -
Полша, Чехословакия, Руминия, Булгория ва Германия
юги коммунистиро партофта, ҷудо шуданд. Германияи
шарқй бо Германияи ғарбй ҳамроҳ шуд. Хоникер
овораҳои вилоят шуда, ҳоло дар сафоратхонаи Чилй ба
худ паноҳ бурдааст. Дар СССР бошад, аввал Украина, Рос-
сия ва Белоруссия иттифоқ баста аз СССР чудо шуданд.
Баъд ҷумхуриҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна истиқлол ги-
рифтанд ва Горбачев бекор шуда монд. Алҳақ ҳеҷ қувва ба
ин қадар зуд ва осонй давлати зӯр, бошукӯҳ ва бузурги ду-
нё - СССР-ро нобуд карда наметавонист, чи тавре ки Гор-
бачев кард!

Дар Қафқоз ва Молдавия ҷангҳои сахти байни
ҳамдигарй огоз ёфт. Арманистон бо Озарбойҷон ба болои
Қаробоғ ҷангро cap карданд. Ҳазорҳо одамон талаф гаш-
танд. Дар Осияи Миёна аввал қирғизҳо бо тоҷикҳо, баъд
бо ӯзбекҳо ҷанг карданд, хайрият ки зуд оштй шуданд.
Горбачев М.С. ба ҳамаи ин воқеаҳо ва расвоиҳои дигар са-
баб шуд. Вай бо чӣ мақсадҳои нопок ҳаёти осудаи
халқҳоро вайрон ва зеру забар кард. Умуман ғояи вай ду-
руст бошад ҳам, ҳоло мардуми ҷоҳил ва қафомондаи мам-
лакат ба ин «озодй» тайёр набуд. Горбачев ба ҳамаи дигар
ҳизбҳо озодӣ дод. Дар ҷумҳуриятҳо ҳизб (партия)-ҳои оп-

317
позитсия пайдо шуданд. Дар Тоҷикистон партиям
«Наҳзати ислом», партиям демократа, партиям мардумии
«Растохез» ва ниҳоят партиям «Лаъли Бадахшон» ба вуҷуд
омад. Ин ҳизбҳо, ин партияҳо бо қозии ислом ва муллоҳо
даст ба ҳам дод, Тоҷикистонро нотинҷ ва пурғавғо сохтанд.
Аввал дар феврали соли 1990 игташоши калон дар Ду-
шанбе ба вуқӯь омад. Мағозаҳоро сӯхтанду талаю тороҷ
карданд, ҷавонҳо кушта шуданд (бинобар он майдони на-
зди СеКа-ро - майдони Шаҳидон ном доданд). Дар он дам
СССР вучуд дошт. Аз Москав ва дигар ҷоҳо аскару тӯпу
танк омад. Шӯришро зер карданд. Ду сол як навъе іузашт.
Интихобот шуд. Раҳмон Набиев президент шуд. Лекин
сардорони партияҳои номбурда намонданд, ки хукумат ва
Набиев дуруст кор кунад. Дар моҳи марти соли 1992 боз
иттишош, митингбозй cap шуд. Аввал дар майдони
Шаҳидон мардуми бисёре хаймаю боргоҳ сохта, шабу рӯз
доду фарёд карданд. Дар ин маърака Бозор Собир (шоир)
фаъолона ҳамроҳӣ кард. Маи шеърҳои ӯро дӯст медоштам
ва ӯро хурмат мекардам. Лекин баъд девонагй ва
саркашиҳои ӯро дида ихлосам гашт. Гуфтам: ҳайфи
шоирй ба вай! Шоир наход ки халқро итво кунад, бедарак
мардумро ба хунрезй тарғиб кунад! Мардум ба гуфтаҳои ӯ
бовар карда худро ба ҳар тараф мезаданд. Ҳатто бинои
СеКа-ро аз чаҳор тараф печонида гирифта, намонданд, ки
ҳукумат кор кунад. Пас ба муқобили онҳо, ба іумонам,
сардорони хукумат аз Кӯлоб ва дигар ҷоҳо мардуми бисё-
реро ҷамъ карда ба майдони Озодй оварданд ва қариб як-
якуним моҳ дар ду майдон доду фарёд карданд. Шаҳр ба
зилзила даромад. Автобусу тролейбусҳо намегаштагй шу-
данд. Зиндагй тираю тор гашт.

Ҳукумат, Набиев ва дигарон бо сардории генерал
Раҳмонов иборат аз 700 нафар лашкар тартиб дода бо ярок,

318
таъмин карданд. Лекин Раҳмонов ба ҳукумат хиёнат карда,
ба тарафи балвогарон іузашт. Инро дида, ҳукумат іуё дуз-
дон ва ҳабсиҳоро бароварда, бо ярок, мусаллаҳ гардони-
данд. Лекин зӯрашон нарасид, магар ки кӯлобиҳо дар як
шаб чизу чораҳояшонро ниму нисфй гундошта майдонро
тарк карданд. Набиев, Кенҷаев ва Дӯстов дар таҳхонаи КГБ
руст шуданд. Як рӯз ҷавонони майдони Шаҳидон ба КГБ
ҳуҷум карданд, лекин аз бинои нотайёри назди КГБ
аскарҳо ба онҳо оташ кушоданд. 10-15 кас кушта ва
бисёриҳо захмй шуданд. Хуллас ки воқеаҳо чунон тезу
тунд шуданд, ки қариб буд ҷанги гражданй cap шавад. Не,
хайрият ки сардорони ҳизбҳо ва хукумат чанд рӯз туфту
шунид карда, қарор доданд, ки ҳукумати миллим нав,
иборат аз намояндагони оппозитсия ва ҳукумаг созанд.
Набиев дар ҷои худ боқй монд.

Ҳоло қариб як ҳафта (имрӯз 22 май) мешавад, ки дар
шаҳр нисбата тинҷй ва осудагй барқарор гашт. Лекин ба
ҳамаи ин ҷанҷолҳо ва хунрезиҳо қаҳри худо омад, магар ки
боронҳои селро фиристод. Дар Кӯлоб, Ғарм ва ҷоҳои ди-
гар ҳазорҳо хона ва садҳо қишлоқҳо вайрон ва дар зери
хоку лой монданд, ҳазорҳо гектар киштзор хароб шуд,
садҳо нафар ғарқу ноёб гаштанд. Ҳоло ҳукумат бо ҳамин
кор, яъне бо пешгирй ва илоҷи оқибати сел машгул аст.
Намедонам имсол, зимистони оянда аҳволи халқи чй ме-
шавад. Гушнагӣ, қаҳтӣ нашавад, илоҳо!

Мо дар моҳи май ба Бухоро рафтанй будем, нашуд.
Воқеан: Дилошӯб писар таваллуд кард, дар 4 майи соли
1992, ҳоло дар хонаи модараш, лекин бисер вақт таб меба-
рорад. Чанд рӯз пеш пинисилин ёфта, сӯзан карданд, кам-
тар сиҳат шуд. Имрӯз 22 моҳи май, боз таб баровардааст.
Ин хабарро шунида боз дилам сиёҳ шуд. Намедонам чй
кор кунам. Духтурҳо мегӯянд, ки ширашро дӯшидан ло-

319
зим. (Имрӯз ки рӯнавис мекунам - 6 шоп, аҳволи Дилошӯб
хуб аст). Номи писарашро Азиз монданд.

Имрӯз 25 моҳи майи соли 1992, ҳаво абрнок, борони
кӯтоҳмуддат меборад, іуфт радио. Боз аз радио шунидам,
ки дастаи дуздон ва ғоратгарон, ки ҳукумат ярок, дода буд,
ба яғмогарӣ давом доданд. Дар ноҳияи Восеъ касеро пар-
рондаанд ва боз дар канори наҳри Яхсу касеро куштаанд
ва ғайра ва ҳоказо... Ин хабарҳоро шунида ба воҳима ме-
афтад кас. Меіуям: Худоё, ба мулки тодикон чй шуд? Чаро
ба ғазаб шрифта? Аз гуноҳи мардум іузар, бубахшой!
Дишаб аз телевизор дидам, ки дар ноҳияи Комсомолобод
ба болои 21 хонавода теппаи хокй чаппа шудааст. Чи
қадар ҷонҳо талаф шудаанд. Комиссияи хукуматй рафта,
ба қадри имкон ёрй дода истодааст. Тавба кардам, бад
кардам, худоё! Аз гуноҳи бандагонат іузар, ба ғазабат ги-
рифтор накун! Ана ҳамин воқеаҳо имкон намедиҳад, ки мо
ба Бухоро рафта, камтар дам гарем ва даҳ-понздаҳ рӯз
истироҳат карда биёем. Як монеаи дигар ин ки дар вақти
Бухоро рафтани мо дар хона, дар назди Назира
меистодагй кас нест. Ба ҳар ҳол, ҳанӯз дуруст маълум не,
ки мо кай ба Бухоро ва киҳо меравем. Ҳеҷ нашавад, ман бо
Алиҷон рафта, камтар истода, корҳоро саранҷом дода
меоям.

Шаҳру мамлакат нотинҷ аст. Ҷӯрабек Муродов, ки ар-
тиста халқии СССР ва ҳофизи машҳуру овозадори тоҷик
аст, аз тарси иғвогарон ва иғтйшош іурехта, намедонам ба
куҷо рафтааст. Меіуянд, ки дар Бухорост, боз меіуянд, ки
дар Мастчоҳ аст. Ба ҳар ҳол аз Душанбе рафтааст. Ин чй
рӯз буд-а?! Ҳамин тавр одами машхур ва ягонаро таъқиб
мекунанд?! Хайрият ки ба ман тааддй намекунанд. Шояд
пирй ва барҷомондагии маро медонанд! Дирӯз Барис На-
матиев омада мегӯяд, ки ҳамон рӯзҳои сахти балво Абду-

320
салом Раҳимов - артисти халқии ҷумҳуриро дошта, зада,
камтар ҳабс карда ҷавоб додаанд. Театри Лоҳутй кор на-
мекунад, ҳаёти маданй қариб аст ки хомӯш гардад.

Рӯз то рӯз қиматй ва қаҳтй туда истодааст. Боронҳои
сел ва офатм табий имкон намедиҳад, ки деҳқон киштукор
кунад. Техника камёб, бензин камёб, одамҳо дар азоб...
Илоҳо, ин зимистони оянда гӯшти одамхӯрӣ нашавад! По-
ко, парвардигоро ба бандагонат раҳм кун! Кошки ҳаво
гарм шавад, кошки борон монад! Кошки осудагй, тинҷй
шавад! Наход ки дар охири умр, дар ин синну соли пирй
ману Саодат ва бачаҳоямон дар азоб монем?! Не, аз худо
дархост мекунам, моро наҷот диҳад, моро дар паноҳи ис-
мати худаш саломат нигоҳ дорад! Омин, ё раббулоламин!

Дар Бухоро кй дорем? Як хоҳару ду ҷиян? Хоҳарам -
Бориса гоҳо бемор, гоҳо сиҳат ва аксар вақт дар бемори-
стони «Ситораю моҳи хосса», ки пештар «ҳукуматй» буд,
мехобид. Намедонам дар он до чй ёфтааст, ки ran ду шуд,
ӯро дар бемористон меёбед. Албатта аз хонаю ҷояш осуда,
тинҷ аст. Рӯзонаҳо ки набераю духтараш - Кимиё ба хон-
дан ва кор мераванд, як худаш зиқ мешавад, бемористон
хуб аст, дар беруни шаҳр, дар боғи дилфазо, бо ину он
сӯҳбат карда хоб мекунад. Духтари калонй - Сурайё хонаи
алоҳида дорад, фарзандаш дар дасти Кимиё, вай бетам,
кайф!

Дар Бухоро боз Аминҷон Шукуров ҳастанд. Ин кас рай-
ей радиокомитети Бухоро мебошанд. Ҳар вақт ки мо Бу-
хоро рафтанй шавем, ба ин кас телефон мекунем, бечора
моро пешвоз гирифта, ба хона бурда, барои тундор-тундор
ва тоза кардани хона ёрй медодагй касонро меёбанд,
илоҳй барака ёбанд!

Боз Тошпӯлод Аҳмедов - шоир ва раиси нависандагони
Бухоро ҳаст. Ин ҷавони ӯзбек, аз Шофирком буда,

321
тоҷикиро нағз медонад ва китоби «Зоғҳои бадмур»-ро ба
ӯзбекӣ тарҷума карда баровард. Аз ин ваҷҳ вай ба ман
ёрии калон дод. Дар ҳар бор ба Бухоро рафтанам, албатта
ба хонааш хабар мекунад.

Имрӯзҳо эҷодиётам гӯё яхбаста мондааст. Ба навиштан
ва эҷод кардан ҳавас нест. Умуман пирй ва нотавонй
оҳиста-оҳиста худнамой карда истодааст. Қувваи ҳофиза
хеле суст шудагй, ҳагто ҳамин хотираҳои худамро ҳам ба
ёд оварда навишта наметавонам. Асари охирини ман (шо-
яд дар ҳақиқат «охирин» бошад!) «Гули бодом» аст, ки аз
ҳаёт ва фаъолияти артисткам халқии СССР - Тӯҳфа Фози-
лова шрифта навишта шудааст. Ин асар дар шумораҳои
11-12 «Садои Шарқ» соли 1981 чоп шуд (ба таври мухта-
сар). Пурраи романро ба нашриёти «Адиб» дода будам,
ҳоло қариб ду сол мешавад, ки аз чопаш дарак нест.
Мегӯянд ки коғаз нест, пул нест, кор нест... Дар ҳақиқат
агар рафту чоп шавад, бояд хеле қимат афтад. Шояд нархи
як китоби 40-50 сӯм шавад. Пас онро кй мехарад? Аҷаб за-
мона шуд?

Имрӯзҳо - моҳи сентябри соли 1992 пирию дармонда-
шро дар худ бештар ҳис мекунам. Хусусан пас аз он ки
рӯзи 20 сентябр, дар соати 11-и рӯз нохост диламро, балки
тамоми сари диламро дарди қаттол шрифт. Дод задам,
ёрй хостам, Саодат ба сэрам омада чй кор карданашро
намедонист. Хайрият ки дар ҳамин замон аз берун Ҷонон
ва ПІодй даромада омаданд. Ҷонон дар Москов буд, рӯзи
шанбе бегоҳон бо телефон гуфт, ки пагоҳ аввали рӯз ба
Душанбе меравад. Аз Кофарниҳон Озод ҳам телефон кар-
да іуфт, ки пагоҳ аввали рӯз мерасад. Рӯзи якшанбе шуд,
соат аз нӯҳ іузашт, на аз ин ва на аз он дарак нашуд. Дилам
ҳавл кард, ба воҳима афтодам. Шояд як боиси инфаркт
шудани ман ҳамин бошад.

322
Хайр, Ҷоноп зуд ёрии таъҷилиро ҷеғ зад. Ба толей май
ёрй дер накарда омад, лекин дар сумкааш на сӯзани як бор
истифода мешудагй буду на ягон дору. Хайрият ки Ҷонон
аз Москов ҳам сӯзан ва ҳам доруҳои бисёре оварда будааст,
ки аз онҳо истифода бурда, сӯзан карда, дард андак ором
ёфт. Баъд кардиограмма карда гуфтанд, ки инфаркт шуда-
ам. Зуд ба замбар бор карда, ба мошина іузоштанд ва ба
бемористон Қарияи боло - ба кардиосентр бурданд. Маро
зуд ба хонаи ёрии дам-бадам (интенсивний) бурданд. Пи-
сари духтур Лбдураҳмонов дар он ҷо будааст, зуд ба
муолиҷа cap кард. Чандин доруҳоро сӯзан карда ид. Ман то
шаб хобидам. Бедор шуда будам, ки боз дору іузарони-
данд. Ин дафъа субҳ қариб сиҳа'1' шуда бедор гаштам. Баъд
маро ба хонаи дигар, ки дар он ҷо панҷ нафар буданд. іу-
зарониданд, фақат рӯйнокй мехобидам, ҷунбидан наме-
монданд. Ҳар замон дору медоданд ва нигоҳубин хеле хуб
буд. Ман дар он хона қариб як ҳафта хобидам. Дарди ди-
лам қариб тамом шуд. Пас ба хонаи дигар іузарониданд,
ки дар он ҷо се-чор кас буд. Дар ин хона ҳам як ҳафга ба-
рин истода, баъд ба қабати дуюм бароварданд, ки дар ин
ҷо роҳ гаштан мумкин буд, лекин ба андозааш! Баъзеҳо ки
аз ман се-чор рӯз пеш омада буданд, боҳузур роҳ гашта,
тамошо карда мегаштанд. Лекин аз ҷиҳати духтур ва табо-
бат дар ин ҷо чизе набуд. Ҳар рӯз як бор (атар фурсат ёбад)
духтур омада фишори хун ва набзро медиду халос. Ман
пас аз як ҳафта бо худи духтур маслиҳатро пухта, ба бемо-
ристони ҳукуматй іузаштам. Дар ин ҷо Раиса Сергеевна ба
ман нигоҳубин мекард. Аҳволам рӯз то рӯз беҳтар шудан
шрифт. Аввал рухсат дод, ки дар роҳрав гардам, баъд ба
рӯи ҳавлй баромада гиштам, баъд аз зинаҳо боло шуда ба
қабатидуюм баромадам.

Дар қабати дуюм Одина Ҳошим буд, ки ҳамегаа бо

323
шеърҳои бисёре, ки медонист маро хурсанд мекард.

Масалан:

Пирӣ ту маро зору табоҳам кардӣ,

Маҳкум ба рӯзу моҳу солам кардӣ.

Инҳо ҳама ҳецанд, вале сад афсӯс

Маҳрум зи лаззати гуноҳам кардӣ.

(шоири афғон)

Ман бо худам Ҳофизи Шерозиро оварда будам, муто-
лиа мекардам. Нохост рӯзи 4 октябр ба Душанбе ҳуҷум
cap шуд. Духтурҳо наомада монданд. Қисми беморон ба
ҳавлиҳои худ рафтанд. Ман ҳам рӯзи панҷуми октябр аз
Раиса Сергеевна бо телефон рухсат ва розигй пурсида ба
хона омадам ва чанд рӯз истироҳат карда, имрӯз ба
хотиранависй cap кардам.

324
ОХИРСУХАН

Хонандаи мӯҳтарам!

Инак саҳифаи охирини саргузашти нависанда Ҷалол
Икромиро хонда баромадй. Ту фаҳмидй, ки ӯ умри дароз
дида, дар муҳити аморати Бухоро зиста, пайдоиш ва сар-
наіуншавии ҳукумаги Советиро аз cap іузаронидааст. Бай
иштирокчии барпошавй ва сабзиши Республики
Тоҷикистон буд.

Дар солҳои 30-юми асри іузашта нависандаи ҷавон ба-
рои рушди адабиёт, фарҳанг ва илму маърифати тоҷик ба
пойтахти республика - шаҳри Душанбе кӯчида омад. Дар
пеш роҳи номаълум, мураккаб ва пурмашаққат буд, аммо
ин роҳи озодй, роҳи нави пурҷӯшу хурӯши зиндагӣ буд.
Нависанда нотарсида, бо боварии калон қадамҳои нахус-
тини эҷодии худро ба ин роҳ гузошт ва умеду орзу дошг,
ки ин роҳ вайро ба қуллаҳои нави адабиёт ва фарҳанг мео-
варад. Бай хато накард. Дар ин ҷо Ватани худро ёфт ва ба
комёбиҳои ниҳоят баланд ноил гардид.

Солҳои зиёде іузаштанд. Ҷалол Икромй дар ин сарза-
мин 10 роман, зиёда аз 12 повеет, 16 песа, очерку ҳикояҳо
ва мақолаҳои зиёде эҷод кард. Бай чун тарҷимон асарҳои
А.Чехов, Л.Толстой, М.Горкий, Карбобоев, А.Қодирй,
Н.Балтушис ва дигаронро ба хонандагони тоҷик дастрас
намуд. Барой ин хизматҳояш ба унвони Нависандаи халқй,
мукофоти давлатии ба номи Рӯдакй, ордену медалҳои
зиёде сазовор гардид.

Бай ҳама вақт бо халқ буд, аз муваффақиятҳои он хур-
санд мешуд, аз нобарориҳои замона андӯҳгин мегардид,
ҳамроҳ бо мардум рӯзҳои мудҳиши солҳои 1937-38 ва

325
Ҷанги Бузурги Ватаниро аз cap іузаронид.

Аммо шикаста нашуд, ноумед нашуд ва боварии худро
ба зиндагй ва ояндаи Ватан іум накард. Давоми умр
дӯстони зиёде пайдо кард ва дӯстонашро ҳам іум кард. Ин
ҳаёт буд, бо ҳама пастй ва баландиҳояш.

Нависанда ба халқ боварй дошт ва то охири умр хидма-
ти онро ба дараҷаи тавонаш адо кард. Вале дар анҷоми
умр фоҷиаи даҳшатовар, ҷанги бародаркуширо низ дид.
Ба омадани ин ҳодиса ӯ тайёр набуд ва дили ранҷуру бе-
мораш тоб оварда натавонист. Дар синни 85 солагй, моҳи
апрели соли 1993 аз дунё чашм пӯшид. Нависандаро та-
моми мардуми тоҷик, хонандагон, муаллимон, шоирону
нависандагон бо эҳтироми бузург ба роҳи охирин іусел
карданд.

Ёдаш зинда бод!

326
МУНДАРИҶА

Пешгуфтор........................................5

Як-ду сухан......................................8

Ман, падарам ва дигарон.........................10

Бародар, хоҳар ва хешу таборони ман.............92

Қадами аввал (порчаҳо аз хотира)...............123

Ҳиҷрат ба Душанбе..............................155

Соли 1937......................................228

Дӯстони наздики бухории ман....................305

Охирсухан......................................325

327
Ҷалол Икромй.

Ончй аз cap гузатт, ёддопггҳо.

(ба забони гоҷикй)

Муҳаррир
Ҷонон Икромй

Муҳаррирм техники

Тарроҳ

Ҳуруфчии

Р. Муродов
III. Ҷабборов
I I. Рауфова

Ба матбаа 24.07.2009 супурда шуд. Ба чопаш 4.08.2009 имзо шуд.
Андозаи 60 X 84 1/16. 22,5 ҷузъи чопӣ Коғази офсетии № 1.
Супориши 78. Адади нашр 700 нусха.

734018, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозй, 16.
Нашриёти «Шарқи озод»
'

*
ifill' Yfr ,
( Л./Г- A . •. ) ■ db i-
d
!» /1 .

J



|W! ^ -

f)v ■|ton-

бз/ҷ

Caed'd

'l№-
£РІ?3'7‘ к VI гсо%
и & Ш-Ьі in го?ъ

1?ь

Іьб

ITZ

т

*1°!, 2* 1,1*1
2'>

Translation