Тақдир (хотира ва
ёддоштҳо) Fate (memoirs)

Transcription

















КАМОЛИ СӮФИЁН

ТАҚДИР

Душанбе

«Адиб»

2011
ББК-84 Тоҷик
С-35

Муҳаррири масъул Саидқул Шомалангзода
Муҳаррир Гурез Сафар

С-35 Камоли Сӯфиён. Тақцир (хотира ва
ёддоьитҳо). - Душанбе, «Адиб», 2011,144 саҳ.

«Такдир» хотира ва ёддоштҳои ходими маъру-
фи ҳизбиву ҷамиятй Камоли Суфиён буда, аз тал-
ху шириниҳои рӯзгор ва лаҳзаҳои хотирмону но-
такрор ҳикоят мекунад.

Роҳи паймуда ва қисмати қаҳрамони марказй
ибратбахшу пандомӯз аст, махсусан, барои
ҷавонон.

ISBN 978-99947-2-123-8

© Камоли Сӯфиён, 2011
ПЕШГУФТОР

Зиндагии ҳар як ипсоп бо талхиву ширина ва
шебу фарозиҳояш шабеҳи китобест. Хоса инсо-
пе, ки умри дароз ва ратину пурбаракат дида,
зимпи талошу ҷопкоҳонӣ ва хидмати беҳисоби
ҳалолу содиқоиа байпи ҷомеа ҷову мақоми шои-
стаеро ёфтааст Пири бадавлат, собиқадори
арсаи хидмат, ходими маъруфи ҳизбию
ҷамъиятӣ Камоли Сӯфиён аз ҷумлаи чунин
шахсиятҳои некном ба шумор меравад. Зинда-
гиномаи эшон чун тамоми ҳамсолоиаш саршори
заҳ.нату азият, азобу ранҷ, орзуву ормон, мубо-
ризаву ҷустуҷӯ ва лаҳзаҳои аҷоибу гароибе буда-
аст, ки дар ин китоби хотираҳояш ба номи
«Тақдир» гирд овардаасш Зимни мутолиа мо
дармеёбем, ки вай, як писараки содадили деҳотӣ
чи сои ба мушкилотҳо тоб оварда бо заҳмат ва
иродаи қавӣ, фаросату омӯзиш қоматашро
рост карда, аз паи таҳсил меафтад, зина ба зи-
иа бо фотиҳа ва дастгирии пирони кор, устодо-
ну дустон вазифа, мақом ва обрӯи колон пайдо
мекупад, соҳиби иззату эҳтиром мешавад.

Оре, Камоли Сӯфиён, ки пеш хотира ва
ҳиссиётширо бо пораҳои наш дар чаш) маҷмӯа
ба хонанда пешкаш карда буд, акнуп зипдагипо-
маи ибратомӯзашро басо хоксоропа дар ин ки-
тоб ҷой додааст, ки мутолиаи он барои хонан-
да ва махсусан ҷавонон аз манфиапг холй пест.

Абдулҳтид САМ АД

Нависапдаи хащии Тоҷикистон

3
БА ХОКИ ПОЯТ САЧДАГАРАМ

Ба ман борҳо савол медиҳанд, ки дар куҷо та-
валлуд шудаам ва зодгоҳам куҷост. Ман ҳама вақт
ҷавоб медиҳам, ки дар Тоҷикистон таваллуд шу-
даам ва Ватани азизу ягонаам Тоҷикистон аст. Ин
ҷавоб мантиқан ва комилан дуруст аст. Аммо хуни
нофи ман дар деҳаи Қули Сӯфиёни ноҳияи Кан-
гу рт соли 1931 чакидааст. Соли 1930 ноҳияи Кан-
гурт ташкил шуд ва яке аз ҷамоатҳои сераҳолӣ ва
бонуфузи он Қули Сӯфиён ба шумор мерафт. Па-
дарам Сӯфии Шариф ва модарам Бибӣ Солеҳа низ
зодаи деҳаҳои Калот ва Қуруғи ноҳияи Кангурт
мебошанд. Соли 1936 ноҳияи Норак ташкил ме-
шавад ва Кули Сӯфиёнро ба ҳайати он дохил ме-
кунанд. Дар тобеиати ҷамоати Қули Сӯфиён
деҳаҳои Даҳана, Шингихо, Обиҷонак, Зардолу,
Ҳалқаёр, Боботӯбхона, Қизилқия, Хумордара, Да-
раи Шӯр дохил буданд, ки аксарияти онҳо зери
баҳри Норак мондаанд. Деҳаи К^ли Сӯфиён дар
ҳалқаи доманакӯххои хушманзара ва дар канори
бахри Норак воқеъ буда, аз чаҳор маҳалла, ё гузар
«Чапкандӣ», «Навобод», «Чанор» ва «Боло» ибо-
рат буд. Дар ҳар маҳалла як масҷид вучуд дошт,
ки мардум ҷамъ шуда дар он ҷо тоату ибодат ме-
карданд ва ҳамсӯҳбат шуда, ғубори дилро мебаро-
варданд. Мусофироне, ки ба ин деҳа меомаданд,
дар ин масҷидҳо дам мегирифтанд ва баъд ба
ҷойҳои муқимии хеш равон мегаштанд.

Чаҳор фасли зодгоҳам баҳор аст. Чашмасоронаш
роҳати ҷон, кӯҳҳояш пур аз гиёҳҳои шифобахш, та-
лу теппаҳояш лолазор, мардумаш меҳнатқарину

4
меҳмондӯстанд. Духтаронаш соҳибҷамол ва
соҳибҳунаранд солҳои чилуми асри гузашта аз ка-
нори деҳа роҳи мошингарди Душанбе-Кангурт ме-
гузашт, ки аз амбори ғаллаи Кангурт мошинҳои
боркаши тамғаи «Студабекер»-и амрикоӣ ба Ду-
шанбе ғалла мекашонданд. Аз ҷамоати Қули
Сӯфиён ҳам садҳо тонна ғалла ва дигар маҳсулоти
кишоварзӣ ба дигар ҷойҳо фиристода мешуд.

Аз ин ҷамоати номдор ҳамон солҳо бисёр мута-
хассисони роҳбарикунанда ба воя расидаанд. Ху-
дойназар Холов, раиси ҷамоати Кули Сӯфиён,
Раҳим Зиёев, раиси колхози «Аскари Сурх», Юл-
дош Қулчиков, раиси колхози «Қизилқия»,
Ниёзмаҳмад Бегов, раиси колхози Лоҳутӣ,
Саидҷон Саидов, раиси колхози «Даҳана», На-
срулло Назаров, раиси колхози «Зардолу» аз ин
зумраанд. Баъзе кадрҳо аз ин ҷамоат ҳатто дар
сатҳи ноҳияву ҷумҳурй кору фаъолият кардаанд.

Масалан Ғафур Саидов - раиси комиҷроияи
ноҳияи Норак, Узбак Ризо - мудири маорифи
ноҳия, Мирзо Ризо - котиби ҳизби коммуниста
ноҳияи Норак ва Гурез Ганиев - мудири ташкилии
ҳизби коммуниста ноҳия кору фаъолият кардаанд.
Қули Сӯфиён бо шоирону табибон, олимону вази-
рон, сиёсатмадорон ва деҳқонони заркору
олиҳиммат ном баровардааст. Доктори илмҳои
кишоварзӣ шодравон Гулмаҳмад Холов, Тоҷиддин
Пиров, Сафар Саидов, Мирзо Ризо, Ғафур Саидов
аз қабили онҳоянд. Ман серкору серташвиш будам
ва ба зодгоҳам Қули Сӯфиён хеле кам сафар кар-
даам, ки ин боиси таассуф аст.

Доктори илмҳои суханшиносй, олими шинох-
таи тоҷик, профессор Атахон Сайфуллоев дар яке

5
аз мақолаҳояш оид ба диёри ҳамешабаҳори Кули
Сӯфиён чунин навиштааст: «Ҳангоме ки банда дар
Душанбе хидмат мекардам, борҳо меҳмонони из-
затманди хориҷиро ба Норак ҳидоят мекардам.
Онҳо кӯҳҳои cap ба фалаккашидаву бахри нилро
тамошо мекарданд ва завқ мебурданд. Онҳо ҳавас
мекарданд, ки Кули Сӯфиёнро бинанд, аз ҳавои
чонбахши он нафас кашанд, аз оби ширини он
нӯши ҷон кунанд. Ҳатто як нависанда ва
рӯзноманигори фаронсавй Анри Алег, ки дар бо-
раи Тоҷикистон китоби завқоваре иншо кардааст,
аз тамошои манзараҳои назаррабо ва мулоқоти
мардуми дилкушоди Кули Сӯфиён ба вачд омада
гуфта буд: «Агар дар дунё мисли Париж шаҳри
зебо намебуд, ман дар Қули Сӯфиён зиндагй кар-
данро орзу мекардам».

Зодгоҳам, эй саропо богу гулзори бщишт,
Омадам ман боз бар огрши сабзу дилкашат.
Омадам, то бӯса гирам аз рухи гулҳои ту,

Дил кунам хуш аз насими дилкашу ҷонпарварат.

6
МОДАРИ ЗАҲМАТКАШАМ

Модарам Бибӣ Солеҳа зани оқилаи заҳматкаш,
хушсалиқа ва панҷ панҷааш ҳунар буд. Бори
зиндагй аслан ба дӯшаш буд. Ризку рӯзии мо аз
ҳисоби кулрлии модарам ва замини
наздиҳавлигй, ки дар он дарахтони мевадиҳанда
ба монанди ангур, себ, олу, тут буданд мегу-
зашт? Дар қисми дигари замин модарам пиёз ва
каду кишт мекарданд. Оилаи мо аз панҷ кас ибо-
рат буд. Падар, модарам ва мо се нафар фарзан-
дон. Солҳои сиюму чилуми асри гузашта
зиндагй хеле сангин буд. Солҳои Ҷанги Бузурги
Ватанӣ 1941-45 зиндагй боз ҳам сангинтар гар-
дид. Одамон алафҳои табий ба мисли рахдавак,
шулха, так-так, донаву решай ширинбия, пӯсти
дарахтони себу туғ, сабӯсу кунҷоларо истеъмол
мекарданд ва ба касалиҳои гуногун гирифтор
шуда мефавтиданд. Оилаи мо ҳам истисно набуд.
Ман ва апаҳоям Сабиҳа, Ҳокима ба касалии до-
мана гирифтор шудем ва моро муаллим ва усто-
дам Шомаланг Гадоев ба касалхонаи маркази
ноҳияи Норак бурда хобонданд ва доимо аз ҳолу
аҳволи мо хабар мегирифтанд, ки ман як умр аз
устодам миннатдорам. Нағз дар хотир дорам, ки
мо як модагови ҷӯшои зоти маҳаллй доштем, ки
3-4 литр шир медод. Барои зиёдтар ҷамъ кардани
шир ва баъд кашидани дӯғ бо ҳамсоягон пайваст
мешуданд, ки онро «певоз» меномиданд, яъне се
рӯз бо навбат ширро ба якдигар медоданд.
Ногаҳон модагови мо касал шуду мурд. Модарам
ашк рехтанд ва мегуфтанд, ки акнун аҳволи фар-

7
зандони ман чй мешавад. Баъд аз ин шабу рӯз
заҳмат кашида кулолй мекарданд ва зарфҳои
тайёршударо ба деҳаҳои ҳамсоя бурда, бар ива-
заш гандуму ҷав, наску нахӯд меоварданд.

Модарам донишманд буданд, Қуръонро аз ёд
медонистанд ва духтарони деҳа ба наздашон ома-
да сабақ мегирифтанд. Шогирдон модарамро
«охунд» мегуфтанд, ки маънояш устод, мураббй,
муаллим мебошад.

Зимистон буд, хама ҷо барфпӯш. Хабар омад, ки
бобоям, яъне падари модарам мулло Сафар, ки дар
деҳаи Сирзор зиндагй мекард, аз олам чашм
пӯшидааст. Модарамро усто Мастак, ки муриди
бобоям будааст, ба аспи худ савор карда ба Сирзор
бурдааст. Бобоямро оварда дар қабристони Кули
Сӯфиён ба хок супоридаанд. Момаам Азиза (Га-
добегим) набераи Ҳазрати Мавлавй (Мавлоно
Юсуфи Кангуртй) буда, дар қабристони Қуруғ
манзил гирифтаанд. (Аз нақли модарам). Дар
деҳаи Қуруғ тағои модарам эшони Ҷорубалӣ, яъне
набераи ҳазрати Мавлавй зиндагй мекарданд. Ман
чандин маротиба бо модарам ба аёдати ин шахси
бузург рафтаам ва дуои некашро гирифтаам, ки
ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонам. Модарам
набераи нахустини худро Асолат номгузорй кар-
данду соли 1945 ба касалии домана гирифтор ту-
да, хеле ҷавон аз олам чашм пӯшиданд, ки ман 14-
сола будам. Бо хукми такдир модарам хама орзуву
умедҳояшонро ба хок бурданд. Падарам хам ба ин
касалй дучор шуданд. Шукри Худо, ки сиҳат шу-
данд ва хурсандии мо фарзандон ҳадду канор на-
дошт.

8
Модар, зи ҷаҳои ҷавон гузаштӣ,

Чун гул ба дами хазон гузаштӣ.

Кардӣ ту зи ҷоии худ маро сабз,

Аммо зи ҷщону ҷои гузаштӣ.

Моҳи майи соли 1999 ман боз ба мақсади зиё-
рати зодгоҳу оромгоҳи модарам ба Қули Суфиён
сафар кардам. Дар ин сафар маро акаи бузургво-
рам Раҳмонкул Саидов (ҳоҷй Раҳмондӯст), ҷиянам
Саидкул Шомалангзода, амакбачаам Ҳайдарқул
Пирматов, ҷиянам Азимуллоҳи Эмомалй, Раҳмон
Сангов ва додарам Ҳабибулло ҳамроҳӣ карданд.

Зодгоҳам саросар лолазору сабзапӯш буд, гӯё
баҳри мо пойандоз густурда бошанд. Насими фо-
рами баҳри Норак мевазид, дар машомам накҳати
гулҳои зодгоҳам мерасид. Ҳамдеҳагонам моро са-
мимона бо дафу чанг пешвоз гирифтанд.

Шариконам ҳама зодаи ҳамин деҳаи зебоман-
заранд. Ҳоҷй Раҳмондӯст солҳои тӯлонй дар мак-
таби ҳафтсолаи Қули Сӯфиён сарвариро ба ӯхда
доштанд. Саидкул Шомалангзода бошад, дар деҳа
шогирдони зиёде доштааст. У солҳои зиёде
роҳбари омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 19-и
ноҳияи Колхозобод (Ҷалолиддини Румй) буданд,
ки дар ин муддат бисёр ҷавонони Қули Сӯфиён ин
боргоҳи илму ҳунарро хатм кардаанд.

Сараввал мо ба зиёрати оромгоҳи модарам ва
падару модари акаам ҳоҷӣ Раҳмондӯст рафта, даст
ба дуо бардоштем. Ман дар сари қабри модарам
санг гузоштам, ашкам беихтиёр ҷорй гардид ва
чор мисраъ аз ашъорам дар санги мазораш сабт
намудам.

9
Дар умр намонад ормонам,

Г ар хок шавам барои модар.

Дар хонаи ҷону дидагонам
Холист ҳамеша ҷои модар.

Дар зодгоҳам ёдбуди модарамро гузаронидам.
Мо дар хонаи хоҳари ҳоҷӣ Раҳмондӯст, ки Нурбӣ
ном дошт, маскан гирифтем. Шаби аввал ҳодисаи
аҷибе рӯй дод. Барои Саидкулу Раҳмон дар болои
суфаи ҳавлй ҷои хоб партофтанд, кати ман дах
қадам дуртар аз онҳо дар долони хушбоду ҳаво
ҷойгир буд. Нимаи шаб Саидқул ба хурроккашй
cap кард, ки ман аз ин «наво» аз хоб бедор шудам.
Гӯсолачае аз мо дуртар бандро канда, ба сӯи оғил
давид, саги хона аз ҳарос ба кӯча баромада мудда-
ти дароз аккос зад, Раҳмон бошад кӯрпаву болиш-
тро бардошта ба куҷое ғайб зад Саҳар ин
ҳодисаро ба шариконам накл кардам ва хуб хан-
дидем.

Мо дар давоми ду рӯз бо ҳамдеҳагон,
омӯзгорону хонандагони мактабҳои миёнаи Қули
Сӯфиёну Талхов вохӯриҳо доштем. Ман ва ҳоҷӣ
Раҳмондӯст, ки табъи шоирӣ доштанд, аз эҷодиёти
хеш порчаҳо қироат кардем. Вохӯрии мо ба
маҳфили эҷодй табдил ёфта, толибилмон аз ашъо-
ри мо порчаҳо қироат карданд ва рақсу бозй кар-
данд. Вохӯрй хеле хотирмон гузангг. Директорони
мактаби ҳарду деҳа, Қули Сӯфиён ва Талхов,
ҳамдеҳагонамон дар навбат истода, моро ба
меҳмонй ба хонаҳои худ мехонданд. Мо дар хонаи
Сафармаҳмад Холов, духтари тагоям Сайрамбй
(рӯҳашон шод бод) ва писари тагои модарам Аб-
дурасул меҳмон шудем. Моро бо фатирмаскаву

10
таҳмол зиёфат доданд, ки то ҳол маззааш аз
даҳонам намеравад. Баъд бо киштӣ дар баҳри Но-
рак тамошо доданд. Ин вохӯриҳо, меҳмоннавозиҳо
як умр дар хотири мо боқй хоҳад монд.

Ба ман биҳишти Худо Кули Сӯфиён бошад,
Баҳори сабз аз ин гӯша гулфииюн бошад.

Бар ин макони биҳиштӣ, ки ҷовидон зебост,
Камоли Сӯфиён доим таронахон бошад.

11
ҚИБЛАГОҲАМ

Баъд аз вафоти модарам бори вазнини зиндагӣ,
тарбия ва навозиши фарзандон ба зиммаи падарам
гузашт. Падарам Сӯфй Шарифзода бо бародараш,
яъне амакам Пирмаҳмад устои кафшдӯз буданд ва
мардуми деҳа ӯро бо эҳтиром у сто Сӯфй мегуф-
танд. У мутриби хушнаво ва овозхони хушсалиқа
хам буданд.

Падарам бо суруду навоҳои дилангези худ хо-
тири мардумро болида мегардонид. Ғазалҳои
Ҳофизу Саъдй ва сурудҳои халқиро замзама ме-
кард. Май суруду таронаҳои падарамро бо шавқи
зиёд гӯш мекардам ва дар танҳоӣ онҳоро замзама
мекардам ва ҳамон вақтҳо ҳисси шеърдӯстй дар
қалбам ҷо гирифта буд.Падарам доимо либосҳои
сафед ба бар мекард ва дар ҳолати меҳмон ба хона
омадан мегуфт, ки ман шуморо як зиёфат медиҳам
ва дуторро гирифта бо як нозукии ба худ хос ва
овози форам месароид:

Дунё ба мисоли рабопт дудар аст,

Ҳар рӯз дар ин работ цавми дигар аст.

Ба хотир дорам, ки гоҳе хотирпарешон ба хона
меомадам, падарам ҳоли маро дида аҳволпурсӣ
карда мегуфт:-«Камолҷон, димоғат чоқ нест, ба ту
чй шуд»?

- Ҳеҷ ran не падарҷон, як коре буд гузашт.
Ҳамин тавр падарам маро насиҳат мекард, ки кай
хотирпарешон шавй, лаби дарё ё ба гӯристон рав,
таскин меёбӣ.Баъдтар насиҳати падарро фаҳмидам,
ки дар ҳақиқат дар лаби дарё нишастан рӯҳи касро
ором мегардонад. Маънои ба гӯристон рафтан бо-

12
шад он аст, ки дар манзили хомӯшон чй қадар
шоҳу гадо, бузургон, олимон маскан гирифтаанд
ва мо бояд андеша намоем, ки мо низ рӯзе дар ба-
ри онҳо ҷо мегирем...

Аввали тобистон буд. Ман ба хабаргирии пада-
рам ба ҳавлии ӯ омадам. Дар гирди дастархон
набераҳояш Саидкул, Ҷӯракул ва Азимулло ниша-
ста харбузаи нопухтаро реза карда бо чою нону
қанд хӯрда истодаанд. Ин ҳолатро дида ба ҳайрат
омадам ва ҷиянам Саидкул, ки аз дигар ҷиянҳоям
калонтар буд, тааччуби маро пайхас намуда, маро
фаҳмонданй шуд, ки худи бобоям иҷозат доданд,
ки аз палак харбуза чида хӯрем. Ин амали падарам
бори дигар аз олиҳимматию саховатмандии ӯ да-
рак медод, чунин ёддоштҳо дар бораи падарам хе-
ле зиёданд.

Боре падарам айёми зимистон маро ҳамроҳи
худ ба масҷид бурданд. Гирди сандалй 8-10 кас
нишаста, пойҳои худро зери сандалй дароз карда,
гарм мекарданд. Бобои Муқим ба ҷои он, ки пои
худро бихорад, пои падарамро хоридан мегирад.
Падарам бо овози баланд мегӯяд, эй Муқим, пои
маро хуншор кардй. Бобои Муқим дар ҷавоб
мегӯяд, барои ҳамин ҳам ҳеҷ не, ки пои ман аз хо-
риш монад. Ман инро шунида аз масҷид берун
шуда, хуб хандидам.

13
КОР ДАР КАНАЛИ ВАРЗОБ

Соли 1946 сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Вар-
зоб оғоз бфт. Одамонро бо навбат аз ноҳияи Норак
ва аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба ин со-
хтмон ба мудцати як мох равон мекарданд. Навба-
ти падарам расид, саркори деҳа Бобохон Нуров
ҳар рӯз омада, падарамро ба рафтан даъват мекард.
Саломатии падарам хуб набуд ва ман бачаи 15-
сола нангу номус карда, ба ҷои падарам рафтам.
Бо ман писари ҳамсояамон Ашӯр Мирзоев, ки аз
ман ду сол калон буд, шарик шуд.

Фасли тирамоҳ ҳаво хеле сард буд, чои хоб як
хонаи тангу торик, тагсариву кӯрпача аз коху па-
хол, кӯрпа аз матои тунуки пахтагин иборат буда,
10-15 нафар дар як ҳуҷра шабро рӯз мекардем. Бо
шиками нимгурусна корро аз соати шаши субҳ cap
карда, соати шаши бегох ба охир мерасонидем.
Музди меҳнат дар як мох 5 кг ордро ташкил ме-
кард.

Як лаҳзаро мехоҳам ба хотир орам. Зане аз
деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ҳар рӯз дар вакти
муайян нони гарм оварда ба сохтмончиён
мефурӯхт. Ман инро дида афсӯс мехӯрдам, ки
маблағ надорам. Рӯзе мерасида бошад, ки хӯрдани
нони гарм насибам гардад. Кадом фариштае омин
гуфт, ки рӯзе аз дастархони ин зан як нон афтиду
ғел зада ба пастӣ рафт ва ҳеҷ кас инро пайхас на-
кард. Баъд аз рафтани зани нонфурӯш ман ба поён
рафта нонро бо иштиҳои том хӯрдам, ки то ҳол
маззааш аз даҳонам нарафтааст. Духтарони Варзоб
дар ҳақиқат зебо буданд. Ҳамин буд, ки раис

14
Ғафур Саидов аз ин деҳа ба духтари соҳибҷамоле
хонадор шуд.

Ситоди сохтмон чор километр дуртар дар деҳаи
Чорбоғ ҷойгир буд. Сардори ситод раиси
комиҷроияи ноҳияи Норак Ғафур Саидов буданд.
Ҳамаи корҳо дар сохтмон бо кувваи даст иҷро
мешуданд. Олоти кор аз белу каланд, лому зоғнул
ва замбар иборат буданд.

Хушбахтона мӯхлати кори мо ба охир расид ва
панҷ килограмм ордро дар халта ҷо карда, рӯзи
дигар ба сӯи деҳаамон раҳсипор шудем. Моро бо
мошин ба Норак оварданд ва баъд ҳар кас чй хеле,
ки тавонад, ба манзилаш мерафт. Ман бо рафикам
Ашӯр Мирзоев то деҳаи Тутқавул бо мошин рафта,
баъд пои пиёда то Қули Сӯфиён, ки 12 км роҳ буд,
раҳсипор шудем. Ба ҳавлиамон дохил шуда, гуф-
там, ана, падарҷон, ман омадам ва панҷ кило орд
ҳам овардам. Падарам маро ба оғӯш кашида бӯса
карданд. Баъд халтаро кушода хандида гуфтанд,
ки ин оҳак аст писарам. Кадом беинсофе ордро
гирифта, ба ҷояш оҳак пур кардааст. Ман гирён
шудам, падарам дилсӯзй карда, ҳеҷ ran не писарам,
худат соку саломат баргаштй шуд, дигар ҳеҷ чиз
лозим нест гуфтанд.

«Ман он дам ҷаҳоне 6а бар доштам,

Ки гӯӣ ба cap тоҷи зар доштам.

Зи ҳар дарду гам будам он гаҳ канор,

Чу cap дар канори падар доштам.»

15
КӮҲУ ҶАР A3 БАҲРИ
МАН ҲАМВОР БУД

Айёми бачагиву наврасй ширину нотакрор аст.
Барои ӯ кӯху ҷар чун роҳи мумфарш ҳамвор аст.
Зери барфу борон пои бараҳнаву сари луч медави-
дам, беғаму бедарду бепарво будам. Гаҳе хандон,
гаҳе гирён, гаҳе бо ҳамсолон моҷаро намуда, даст
ба гиребон мешудам, гоҳе мо бародарҳои ҷонй бу-
дем. Ман бо ҳамсолони худ ба кӯху камар рафта аз
дарахтони шулашу ҳурғай, зарангу пушол ҳезум
тайёр карда ба хона мекашонидем, ки модарам аз
ин кор хушҳол гашта, «писарам ёрдамчӣ шудааст»
гуфта меҳрубонии зиёде мекарданд ва даст бар-
дошта дуои нек медоданд. Ман бошам худро
«мардак» ҳисобида, очаҷон, рӯзи дигар боз ба
ҳезумкашонӣ меравам гуфта «ҳавои даҳан» ме-
кардам. Мо бачагон дар омад-омади Наврӯз
гулгардонй мекардем ва ҳамдеҳагонамонро шод-
бош мегуфтем. Ба бозиҳои бачагона аз қабили
зӯдавонак, ликакбозй, буҷулбозй, ҷаракез, саво-
рон-савор, пиёдаҳо савор аз саҳар то шом машғул
будем. Дар айёми зимистон, ки ҳама ҷо барфпӯш
мешуд, бозии дӯстдонггаи мо «посафедак» кардан
cap мешуд, ки маънояш пои луч дар болои барф
давидан мебошад. Касе, ки бисёртар сабру тоқат
кунад, ҳамон кас ғолибиятро ба даст меорад. Мо
чор нафар бачагон ҳамсоя будем, ман, Идрис,
Ашӯр ва Раҷабалӣ, ки доим бо ҳам якҷоя мегаш-
тем. Боре маслиҳат кардем, ки шабона боги бобои
Холмирзоро дуздй мекунем, ки себу нок ва олуча
дошт. Ҳамин тавр ҳам шуд. Аммо дар вақти чида-

16
ни себу нок писари бобои Холмирзо Чақал, ки дар
бог, болои чойлов хоб буд, бедор туда доду фарёд
бардошт ва мо гурехта ҷони худро халос кардем.
Баъди чанд рӯз Ашӯр ба мо гуфт, ки имшаб боги
ангури Мирзоро дуздй мекунем. Мо дар хайрат
монда аз у пурсидем, ки кадом Мирзо. У гуфт, ки
падари ман-дия, боз кй мешуд. Падарам маро ба
ангурхӯрй иҷозат намедиҳад. Мо шаби дигар раф-
та, ангури бисёреро чида, дар багал зада, кайф
карда хӯрдем, агарчанде ангур хеле турш буд.

Баъзан мо бо якдигар ҷангу ҷанҷол ҳам мекар-
дем. Апаам Ҳокима хеле зираку ҷасур буданд.
Агар садои гиряи маро мешуниданд, дарҳол ҳозир
мешуданд ва бачаҳо роҳи гурезро пеша мекарданд.
Баъзан байни мову бачаҳои маҳаллаи Чанор
мубоҳиса cap мезад. Бачаҳои гузари Чанор мегуф-
танд, ки мактаб, идораи ҷамоату колхоз, амбори
галла дар маҳаллаи онҳо ҷойгир аст, маҳаллаи мо
бошад як масҷид дораду халос. Мо хам паст на-
омада, ба онҳо ҷавоб мегуфтем, ки директори мак-
таб, мудири амбор аз гузари мост. Аз гузари мо се
чашма аз синаи кӯҳ ҷӯш зада мебарояд. Инҳо
чашмаи оби «Ширинах», «Кабутак» ва «Талхак»
мебошад, ки гузари шуморо бо об таъмин мекунад.
Бе об ҳаёт вуҷуд надорад.

Дар ин мубоҳиса мо голиб омада, худро
қаҳрамон ҳисоб мекардем. Айёми бачагии мо дар
деҳот воситаҳои ахбори омма, садо, симо, клубу
китобхона, рӯзномаву маҷалла вуҷуд надоштанд.
Дар бораи хизматрасонии тиббй ҳоҷати ran хам
набуд. Танҳо соли 1939 Амонов Бурҳон ба сифати
духтур ба деҳа омаданд ва як дучарха (велосипед)
ҳам доштанд. Вахте ки ӯ дучархаронй мекарданд,

17
мо бачагон қатори ӯ медавидем. Мардуми деҳа
дучархаро шайтонароба мегуфтанд.

Бори аввал соли 1940 май бо апаҳоям Сабиҳа ва
Ҳокима филми беовозро, ки дар девор нишон ме-
доданд, тамошо кардам. Апаи Сабиҳа, ки хеле
дилсӯз, ҳалим ва меҳрубон буд, одамон аз девор
мабодо наафтанд гуфта дилаш сахт сӯхт ва як
ҳафта касал шуданд. Модарам дуо хонда куфу суф
карданд ва апаам сиҳат шуданд.

Соли 1938 ба мактаби ҳафтсолаи деҳаамон до-
хил шудам. Роҳбари мактаб Узбак Ризо буд.
Баъдтар муаллим Раҳмонкул Саидов директор
таъин шуданд. Ҳамсинфонам Майдамоҳ ва Шам-
сия, Идрис Ҳамидов, Ашӯр Мирзоев, Мирзоҳалим
Самадов, Раҷабалй Боймуродов, Мирзомурод Хо-
дов, Гулмурод Сафаралиев, Мирзомуддин Гулму-
родов, Хӯҷа Ғаниев, Сафар Носиров ва дигарон
буданд, ки дӯсту тифоқ таҳсил мекардем. Дӯстии
мо баъди хатми мактаб хам идома ёфт. Аксарияти
онҳо аз ин олам даргузаштанд ва бо онҳое, ки дар
қайди ҳаёт ҳастанд, дӯстии мо то ҳанӯз канда на-
шудааст. Му ал лимон Шомаланг Гадоев, Узбак Ри-
зо, Раҳмонкул Саидов, ки маро 7 сол таълим дода-
анд, устодони аввалини мананд.

Дар синфи 3 таҳсил мекардам. Рӯзе муаллим
Шомаланг Гадоев мактубчаеро ба ман доду илти-
мос кард, ки ба апаам Ҳокима диҳам. Баъд аз чанд
рӯз апаам мактуберо дода гуфтанд, ки ба муаллим
Гадоев диҳам. Ҳамин тавр ман вазифаи
«хаткашонй»-ро ба ӯхда гирифтам. Ман бачаи 10-
сола бехабар аз он, ки онҳо ошиқи шайдои
хамдигар будаанд.

18
Соли 1942 онҳо оила барпо намуданд ва зиёда
аз 50 сол бо ҳам хушбахтона зиндагй карданд ва
даҳ фарзандро тарбия намуда ба камол расониданд.
Вале афсӯс, ки се ҷиянам дар хурдсолй аз дунё гу-

заштанд. _

Ҷиянҳоям Асолат, Саидқул, Чуракул, Турақул,
Нурулло, Гуландом, Дилором соҳиби маълумоти
олй ва миёнаи махсус буда, дар соҳаҳои гуногуни
хоҷагии халқ софдилона кору фаъолият намуда
истодаанд.

Нағз дар хотир дорам, ки язнаам Шомаланг 1 а-
доев соли 1943, ки ман 12-сола будам, маро бо худ
гирифта ба Кангурт бурд. Дар он айём бозор танхо
дар Кангурт вучуд дошт. Мо ба хонаи духтари хо-
лаам Ҳоҷарбӣ, ки дар деҳаи Сафарбоён бо
шавҳараш У сто Ҳалими заргар зиндаги мекард,
меҳмон шудем. Моро бо нони аз ғӯраи тут пухтаги
ва як коса ҷурғот меҳмондорӣ карданд. Баъд ба
хонаи. духтари холам дигарам, яъне хоҳари
Ҳоҷарбй-Сунбул, ки дар хамон деҳа зиндагй ме-
кард, рафтем. Шавҳараш Чилла Бодом раиси кол-
хоз буданд. Ду чаппотиву як косагӣ нахӯдшурборо
хӯрда қаноат кардем. Сахари барвақт ба суи бозор,
ки дар масофаи 6 километр дуртар буд, раҳсипор
гаштем. Дар наздикии бозор холаам Мастура
зиндагй мекард. Мо дар он чо ношто карда, баъд
дохили бозор шудем. Язнаам 10 килограмм ҷав ва
як микдор кунҷола харидорй карданд ва мо ба
Қули Сӯфиён баргаштем.

Аз забони язнаам шунидаам, ки аз дехаи Кули
Сӯфиён зиёда аз 30 нафар ба чанг рафтанду танхо
7 нафар саломат баргаштанд. Яке аз онҳо Гурез
Ганиев буд, ки бо ду ордени «Шараф» баргашта,

19
дар мактаби деҳа роҳбари ҳарбй (военрук) туда
кор мекард. Дар деҳа танҳо занону пиронсолон,
наврасону кӯдакон монда буданд, ки бори зиндагй
бар дӯши онҳо буд. Ман дар қатори дигар навра-
сони деҳа дар корҳои саҳрой, кишт, алафу
ғалладаравй, шудгори замин иштирок мекардам.
Боре дар вақти шудгори замин бо сипор маро
барзаговҳо ба ҳар тараф кашида бурданд ва пои
барзаговро неши оҳани сипор захмин кард. Брига-
дири маҳаллаи «Чапкандй» Холов Эмомалй маро
хеле сарзаниш карданд ва гуфтанд, ки биё ёрдам-
чии ман шав, корҳои иҷрогардидаи бригадаро
ҳисобу китоб мекунй ва бо ҳамин ҷонат аз
ҷуфтронй халос мешавад. Ҳамин тавр, ман
ҳисобчии бригада туда, қариб ду сол кор кардам.

20
ТАҲСИЛ ДАР МАКТАБ-И НТЕРНAT

Акаам Раҳмонқул Саидов, ки директори мактаб
буданд ва исми муборакашон дар гувоҳномаи ба
итмом расонидани синфи ҳафт ҳаст ва язнаам
Шомаланг Гадоев маслиҳат доданд, ки таҳсилро
идома диҳам. Онҳо гуфтанд, ки 2-3 ҳамсинфи худ-
ро ташвиқот кунам ва ба шӯъбаи маорифи ноҳия
равем ва дар он ҷо ҳамаашро ба шумо
мефаҳмонанд. Ман Идрис Ҳамидов, Ашӯр Мирзо-
ев ва Мирзоҳалим Самадовро ризо кунонидам, ки
хонданро давом диҳем. Баъди чанд рӯз мо ба
шӯъбаи маорифи Норак рафтем. Моро мудири
маориф Узбак Ризо қабул карданд ва насиҳати би-
сер намуда гуфтанд, ки таҳсилро дар мактаб-
интернати ноҳияи Ҳисор давом медиҳед.

Ҳамин тавр соли 1947 мо бо роҳхати шӯъбаи
маориф гоҳе пиёда, гоҳе мошинсавор ба маркази
ноҳияи Ҳисор дар давоми се рӯз расидем. Дар ин-
тернат моро директор Махсум Бобоев бо хушнуди
қабул намуда, бо шароити интернат шинос наму-
данд. Моро дар хобгоҳи интернат, ҳуҷрае, ки 12
кат дошт, ҷойгир карданд. Рӯзи дигар ба мактаби
миёнаи ба номи Крупская, ки 800 метр дуртар аз
хобгоҳ воқеъ буд, бурданд ва мо ба таҳсил шурӯъ
кардем. Тартибу интизом дар интернат ба низоми
ҳарбй шабоҳат дошт. Хурду хӯрок ҳам он қадар
хуб набуд. 300 грамм нони сиёҳ, хӯроки
нисфирӯзй бошад аз карамшӯрбову наскшӯрбо,
кадуҷӯшак иборат буду халос. Ашӯр ва Идрис тоб
наоварда ба ман гуфтанд, ки аз ин ҷо бояд фирор
кард. Ману Мирзоҳалим ба онҳо ҳамфикр нашу-

21
дем ва онҳо интер натро тарк карданд. Ман бо
Мирзоҳалим сабру тоқат карда, таҳсилро идома
додем. Бо ҳамсинфҳоямон Шаҳобиддин Давлатов,
Ниёзмурод Акрамов аз Ҳисор, Қодир Валиев аз
Кӯлоб, Ҷӯракулов аз Шаҳритус, Ҳайдар Шарифов
аз ноҳияи Варзоб, Ғолиб Толибов аз Файзобод,
Аминҷон аз ноҳияи Айнӣ дӯстони қарин гаштем.

Баъди хатми мактаб-интернат такдир моро ба
ҳар тараф партофт. Лек аз ҳоли якдигар хабардор
будем. Дар рӯзҳои истироҳат ман бо Мирзоҳалим
ба вокзали роҳи оҳани ноҳия рафта, вагонҳоро аз
чӯбу тахта, ангиштсанг ва дигар ашёҳо холй ме-
кардем. Маблағи ночизе, ки ба даст меомад, онро
ба маводи хӯрока, асосан нон сарф мекардем. Боре
ба ошхонаи назди вокзал даромада дуто нон ва ду
коса шӯрбо истеъмол кардем, ки дар як соли охир
бори аввал буд, ки хӯроки гӯштинро чашидем.

Моро устодони сахтгиру меҳрубон Азиз Зиёев
аз фанни таърих, Малик Сафаров аз забои ва ада-
биёт, Сангак Мухторов аз физикаву математика,
Эмма Александровна Хатагова аз забони русй ва
дигарон даре медоданд.

Мехоҳам дар бораи яке аз онҳо Азиз Зиёев
(рӯҳашон шод бод) муфассалтар накл намоям. Он
қас соли 1948 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ду-
йганберо хатм намуда, ба мактаб-интернати
нбҳияи Ҳисор ба сифати муаллими фанни таърих
омаданд. Дар ҳуҷраи хурдакаки хобгоҳи интернат
мезистанд, ки як мизи хурдакак, як курей ва як кат
дошт. Баъди чанд вақт ба ман на ҳамчун муаллим
ба талаба, балки хамчун рафик рафтор мекарданд.
Аҷаб не, барои он, ки ман фанни таърихро дуст
медоштам ва доимо баҳои панҷ мегирифтам. Аз

22
ҷониби дигар синну соли мо он қадар фарқи калон
ҳам надошт, ӯ 21-сола ва ман 17-сола будам.
Қатори мо дар ошхонаи интернат хӯрок
мехӯрданд. Аммо барои муаллимон 300 грамм нон
нею 500 грамм нон медоданд.

Рӯзе ба ман гуфтанд, ки маош гирифтааст, ба
бозор рафта маводи хӯрока харид мекунем. Мо
пиёзу картошка ва каме гӯпггу ҳасиб харидорӣ
кардем. Устод ин маводҳоро ба ошпаз дода, илти-
мос карданд, ки баҳрашон шӯрбо тайёр кунанд.
Рӯзи истироҳат буд. Ӯ маро ба хуҷрааш даъват
карда, шӯрборо бо хам дидем ва гуфтанд, ки каме
дар бораи худам накл кунам. Баъди шунидани
тарҷимаи холи ман устод гуфтанд, ки ту бачаи
хушбахт будай. Ман бошам айёми талхи бачагиро
аз cap гузаронидаам гуфта, ба накл кардан cap
кард:

«Ман дар деҳаи Хоҷаи Самарканд ба дунё ома-
даам. Дусола аз модар ва нӯҳсола аз падар ятим
мондам. Падарам Луқмон Зиёевро чун омӯзгор со-
ли 1932 ба ноҳияи Балҷувон фиристонданд, ки ман
он вакт чорсола будам. Падарам дар Балчувон
панҷ сол омӯзгорй кард. Соли 1937 шабе шахсони
номаълум падарамро бурданд ва то ҳанӯз аз ӯ да-
раке нест. Маро апаам Анварой Носирова, ки дар
Душанбе истиқомат дошт, ба тарбияи худ гирифт.
Дар чашмонаш ашк ҳалқа зад...»

Дар давоми таҳсил ман бо устод ду бор ба ин
хонадон, ки дар Душанбе, кӯчаи Гогол №1 воқеъ
буд, рафта нону намак хӯрдаам. Агар устод ба
ягон ҷо рафтанй мешуд, калиди хонаашро ба ман
монда, таъкид мекард, ки дар он ҷо оромона
дарсҳоямро тайёр намоям.

23
Устод борҳо мегуфтанд, ки дар оянда дар куҷое
кору фаъолият кунем, алоқаи байни мо бояд канда
нашавад. Дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам шуд. Ман
соли 1950 мактаб-интернатро бо медали тилло
хатм намуда, бо роҳхати Кумитаи Марказии Ком-
сомоли Тоҷикистон ба ноҳияи Норак ба кор раф-
там. Баъдтар дар корҳои ҳизбиву хоҷагӣ ва
тиҷоратй чӣ дар сатҳи ноҳиявй ва чй дар сатҳи
чумҳуриявӣ фаъолият доштам, ки дар поён хоҳам
навишт. Устодам Азиз Зиёев бошад кори
омӯзгориро идома дода, солҳои 1954-1978, яъне 24
сол директори калонтарин мактаби миёнаи рақами
9-и деҳаи Карамкули колхози Калинини ноҳияи
Ҳисор кор карданд.

Хизматҳои шоистаашро дар тарбияи наели на-
врас қадр карда, ӯро бо ордени «Нишони фахрй»,
медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», унвонҳои
«Аълочии маорифи СССР», «Аълочии маорифи
халқи Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати мао-
рифи СССР сарфароз гардониданд. Устод соли
1954 бо Бибй Шарофат оиладор гардиданд. Бисту
чор сол бо ҳам зиндагй намуда, ҳашт фарзанди
дӯстрӯякро ба дунё оварданд. Ҳамаи онҳо дорои
маълумоти олй буда, дар соҳаҳои мухталифи
чумхурй хизмат карда истодаанд.

Завҷаи устод Бибй Шарофат 35 сол пурсамар ба
касби омӯзгорй машғул гардида, ба унвони «Аъло-
чии маорифи Тоҷикистон» мушарраф гардиданд.
Ҳоло бошад дар ҳалқаи 8 фарзанд, 30 набераву абе-
ра давлати пирй меронанд. Соли 1972 устод Азиз
Зиёев ба ноҳияи Колхозобод омаданд. Ман он вакт
котиби райком туда кор мекардам. Мо якдигарро
ба оғӯш кашида, давраҳои гузаштаро ба хотир овар-

24
дем. Устод гуфтанд, ки дар колхози «40-солагии
Октябр» боҷааш Ҷумъа Исматов директори мактаб
мебошанд. Ду-се рӯз меҳмон мешаваму гашта мео-
ям. Паси чамбараки мошин нишаста, устодро ба хо-
наи он кас бурдам. Баъд аз ду рӯз баргаштавд ва ман
он касро ба хонаам даъват кардам. Устод гуфтанд,
ки розианд, ба шарте, ки худашон палав пазанд.
Ҳамин тавр оши хеле болаззат тайёр карданд ва мо
онро бо ҳам дидем. Баъди хӯроки нисфирӯзӣ устод-
ро гусел кардам.

Соли 1973 устод ба Орҷоникидзеобод (ҳозира
Вахдат) омаданд. Манро ба муносибати котиби
аввали Ҳизби коммунист интихоб шуданам табрик
карданд, муваффақиятҳо таманно намуданд. Ин
охирин дидорбинии мо буд.

Сад афсӯс, ки устодам соли 1978 ҷавон, дар
синни 50-солагй аз олам чашм пӯшиданд. Соли
1998 бо қарори ҳукумати ноҳияи Ҳисор мактаби
миёнаи деҳаи Карамкул номи устоди зиндаёдамро
гирифт. Ба ин муносибат шогирдон, ҳамкорон,
дӯстон, хешу ақрабо аз дуру наздик омада,
рӯҳашро шод гардониданд. Муовини сарвазири
Ҷумхурии Тоҷикистон Исмат Эшмирзоев дар ин
тантана иштирок намуда, суханронй карданд.
Хушбахтона, ман ҳам даъват шуда будам ва дар
ҳаққи устод и зиндаёдам аз хотираҳо нақл кардам.
Рӯҳашон шоду ёдашон бахайр.

Фахр созам з-он, ки номи ту баланд аст,

Ҳарфи ту аз баҳри мо андарзу панд аст.

Номи некат аё устод, андар ин олам,

Чун ҳацицат пойдору бегазанд аст.

25
КОР ДАР HOPAK

Соли 1950 мактаб-интернати ноҳияи Ҳисорро
бо медали тилло хатм намудам ва ба Кумитаи
марказии Комсомоли Тоҷикистон барои дарёфти
кор муроҷиат кардам. Котиби КМ комсомол Ибо-
дат Раҳимова маро қабул намуда, сӯҳбат карданд
ва якчанд савол ҳам доданд. Баъд гӯшаки теле-
фонро бардошта, ба куҷое занг заданд. Ба май рӯ
оварда, шумо ба ноҳияи Норак раҳсипор шавед,
дар он ҷо дар кумитаи комсомоли ноҳия кор меку-
нед. Ман ташаккур гуфтаму ба Норак омадам.

Ноҳияи Норак хеле зебоманзар буда, дар канори
дарёи пурталотуми Вахш ҷойгир аст. Кӯҳҳои cap
ба фалаккашидааш касро дар ҳайрат мегузорад.
Аммо дар он солҳо (1950) маркази ноҳия ба деҳот
шабоҳат дошт. Хонаҳои пастаки аз похса биноёф-
та, кӯчаҳои тангу торик, ҳамагй ду мағоза, яке
хӯрокворӣ, дигаре асбобҳои рӯзгор, якчанд
идораҳои маъмурй-хоҷагй вуҷуд дошту халос. Са-
ноат умуман вуҷуд надонгг. Шуғли асосии мардум
кишоварзй буд. Асосан пахта, тамоку, ғалла, боғу
токпарварй ва каме чорводорӣ буд. Дар миқёси
ноҳия танҳо як мактаби миёна, он ҳам бошад дар
маркази ноҳия воқеъ буду халос.

Ба Норак омада Кумитаи комсомоли ноҳияро
пурсон шудам ва дохили он гардидам. Маро як
ҷавони миёнақади чеҳракушод пешвоз гирифтанд.
Ман ному насабамро баён кардам. Он кас гуфтанд,
ки аз ин кор воқифанд. Худро шинос намуданд.
Ман котиби аввали Кумитаи комсомоли ноҳия
Мирзоев Алимаҳмад мебошам. Дар бораи кору

26
фаъолияти Кумитаи комсомоли ноҳия нақл кар-
данд. Вазифаи ман аз чй иборат аст, гуфта гузаш-
танд ва барори кор хостанд. Идораи комсомоли
ноҳия дар бинои кумитаи ҳизби коммунист ва
комиҷроия дар як хуҷраи хурдакак ҷойгир буд.
Кормандони кумитаи комсомол аз панч, нафар
иборат буд, яъне котиби якуми комосомол Мирзо-
ев Алимаҳмад, дуюм Филаткин А.Г. мудири
шӯъбаи баҳисобгирии комосомолон ва муҳосиб
Агузарова И.Г., мудири шӯъбаи ташкилии комсо-
мол Хӯҷаназар Холназаров ва камина мудири
шӯъбаи мактабҳо ва пионерон. Кумитаи комсомол
як аспи корй дошт, ки мо бонавбат ба сафари корй
мебаромадем. Баъдтар соҳиби дучарха гаштем, ки
кор осонтар гардид.

Аз набудани ҷои зист азият мекашидам. Боре аз
Мирзоев А. илтимос намудам, ки дар идора барои
шабро рӯз кардан иҷозат диҳад. У каме хомӯш
монда, баъд гуфтанд, ки як хонача доранд,
муҷарраданд ва ба ҳардуямон басанда аст. Ҳамин
тавр ман ним сол дар ин хонача зиндагй кардам. У
оиладор шуд ва ман ин хонаро тарк намудам. Зиё-
да аз як моҳ дар идора шабро рӯз кардам.

Рӯзе Гурез Ганиев, ки мудири шӯъбаи ташкилй-
партиявии ноҳия шуда кор мекарданд, аз ман пур-
сон шуданд, ки ҳоло ҷои хоб дар куҷост. Дар идо-
ра гуфтам. Дар идора шароит барои хоб нест-ку?!
Ман дар ҷавоб гуфтам, ки мизу курсй дорад, аз
онҳо кат сохта мехобам. Ман шуморо аз ҳамин рӯз
чун иҷорашин қабул мекунам, шӯхиомез гуфтанд.
Хонаи ман аз як ҳуҷра иборат буда, як долончаи
хурд ҳам дорад. Ана ҳамон долонча ҷои хоби шу-
мо мешавад. Ман муддате дар он ҷо зиндагй на-

27
му да, худро ноором ҳис мекардам. Ҳамдеҳаам Гу-
рез Ғаниев шаш моҳ қабл оиладор шуда буданд.

Хонандаи нуқгасанҷ вазъияти маро хуб дарк ме-
кунад. Рӯзи дигар ба ҷои корашон даромада
миннатдорӣ баён намуда, гуфтам, ки ба ҷои хоби
пештараам, яъне идора бармегардам. Он кас як та-
бассум карданду гуфтанд, ки шуморо нағз
мефаҳмам. Ин шахси ғамхор бо Алимаҳмад Мирзо-
ев ба назди раиси комиҷроияи ноҳия Собиров даро-
мада, вазъияти маро накл кардаанд. Баъди як ҳафта
ба ман як ҳучраи похсагини як кат базӯр
меғунҷидагӣ чудо карданд, ки хурсандиам ҳадду
канор надошт. То зиндаам, некий онҳоро фаромӯш
нахоҳам кард. Рӯҳашон шоду манзилашон обод бод.

Сентябри соли 1951 ман аспсавор ба сафари
корни панҷрӯза барои санҷиши корҳои комсомо-
ливу пионерй ба деҳаҳои Тутқабул, Кули Сӯфиён,
Шингиҳо баромадам. Аз маошам каме савғотй ба-
рои падарам, ки дар Қули Сӯфиён зиндагй мекард,
харқдорӣ кардам. Сафари кории ман аз Тутқабул
оғоз ёфт. Дар ин чо мактаби ҳафтсола амал мекард.
Директори мактаб шахси донишманду обрӯманди
ноҳия Ализода буданд. Ман кори худро ба анчом
расонида, дар хонаи ҳамкасбам Хӯчаназар меҳмон
шудам. Рӯзи дигар ба сӯи Қули Сӯфиён раҳсипор
гаштам, ки 12 километр дуртар аз Тутқабул воқеъ
буд. Бо падарам то нимаи шаб сӯҳбат кардам.
Саҳар ба мактаб рафта, баъд аз чанд соат ба хонаи
падарам баргаштам.

Пагоҳ айёми субҳ ба деҳаи Шингиҳо сафарро
идома додам. Ба деҳа расида, рост ба мактаб раф-
там. Дар саҳни мактаб 10-12 талаба бозӣ мекар-
данд. Аз онҳо пурсидам, ки муаллим дар куҷост,

28
гуфтанд, ки намедонем. Ба онҳо аз кори пионерй
(мактаби ибтидой буд), мактабу маориф сӯҳбат
оростам. Ягон нафари онҳо гарданбанди пионерй
надоштанд. Соат аз 10 гузашта буд, ки муаллим
камон дар китф ҳозир шуданд. Маро дида, хеле
дар ҳайрат монданд. Баъд ба худ омада, мебахшед,
каме кор баромаду аз даре дер мондам, гуфтанд.
Ҳеҷ ran не, дар зиндагй баъзан ҳодисаҳои
ғайричашмдошт рӯй медиҳанд. Баъд мо бо якди-
гар шинос шудем. Номашон Ҷамил, насабашон
Ҳакимов будааст.

Ба хонааш ба меҳмонй даъват кард. Ман ба асп
ишора карда, «Меҳмон атои Худо, аспаш балои
Худо» гуфтам. Ҳеҷ ran не, дар ин ҷо коҳу кахдарза
фаровон аст, шикамашро сер мекунем. Хӯроки
нисфирӯзй аз кабкбирён иборат буд. Ман шӯхй
карда гуфтам, ки кабкбирён аз ҳисоби шикори
ҳаминрӯза аст? Не, шикори имрӯза барор наги-
рифт. Ин аз захираҳои пешина.

Барой меҳмоннавозй ташаккур, мактабро ба
ҳоли худ нагузоред гуфта, аз он кас иҷозати ба роҳ
баромаданро гирифтам. Он кас бо табассум: «Чизе,
ки дар вайронаҳо дидед, дар ободиҳо нагӯед».

Баъдтар аз даҳони ҳамдиёронам фаҳмидам, ки
муаллим Ҷ. Ҳакимов то охири умр дастурхони
кушода доштааст...

Ман ба Кули Сӯфиён баргаштам. Рӯзи дигар
вакти гусел падарам ба ман як болишту кӯрпача ва
ҷома тӯҳфа карданд. Дар ҳақам дуои хайр карданд
ва ман ба Норак баргаштам.

Дар хонае, ки барои ман чудо карда буданд,
кариб як сол зиндагй кардам. Асбобу анчоми хона
аз як сатил, болишту кӯрпача, ки падарам тӯҳфа

29
карда буданд, иборат буду халос. Ин кӯрпачаву бо-
лишт ва ҷома то соли 1952 доимо бо май буданд.
Дар ҳамсоягиам фарроши комиҷроия Шамсияхола
бо духтараш Лутфия зиндагонй мекард. Лутфия хе-
ле соҳибҷамол буд. Ман бо ӯ шинос шудам. У гоҳ-
гоҳе пинҳонӣ аз модараш хоначаи маро рӯбучин
мекард ва аз дарёи Вахт об меовард. Муҳаббати мо
поку беолоиш буд. Мо ахду паймон карда будем, ки
баъди хизмати ҳарбй оила барпо мекунем.

Рӯзҳои истироҳат кормандони идораву
муассисаҳои маркази ноҳия ба чидани барги тамо-
ку сафарбар мешуданд. Ман сардори бригадаи
комсомолону ҷавонон таъин шуда будам. Боре ди-
дам, ки дар байни хатакҳои тамоку Лутфия дар
оғӯши Салоҳиддин аст. Ба наздашон омада, ҳа
Лутфия, магар ахду паймон ҳамин аст гуфтаму
ғурури ҷавонй боло гирифт ва қариб буд, ки бо
Салоҳиддин мушту гиребон шавам. Одамон, ки ба
хӯрокхӯрии нисфирӯзй мебаромаданд, халал расо-
ниданд.

Салоҳиддинро хуб мешинохтам. У мудири ам-
бори молу амволи ҷамъияти матлуботи ноҳия буд.
Бо ҳамин муҳаббати мо ба поён расид. Баҳори со-
ли 1952 маро ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд,
аммо комиссияи чумҳуриявй бо сабабҳои но-
маълум маро моноид. Дигар ба Норак барнагаш-
там... Ҳоло бошад Норак машхури ҷаҳону ифти-
хори Тоҷикистон аст. Аз Нораки соли 1950 осоре
намонда, аз замин то ба осмон фарқ мекунад.

Шаҳри нуру шӯҳрату июн, Норакам,

Ифппаори Тоҷикистон, Норакам.

30
ДАР ҶУСТУҶӮИ КОР

Дар Душанбе на ҷои кор доштаму на ҷои зист.
Гоҳо дар истгоҳи (вокзал) роҳи оҳан, гоҳе дар
чойхонаҳо шабро рӯз мекардам.

Ҳамин тавр як моҳ сипарӣ шуд ва маблағе, ки
доштам, ба охир мерасид. Рӯзе дар чойхонаи до-
хили бозори ҳозираи Шоҳмансур барон чойнӯшӣ
рафтам ва то бегоҳ он ҷо нишастам. Чойхоначй
инро мушоҳида кардаанд, ки ба наздам омада, пи-
сарам, бегоҳ шуд, ба хонаатон равед, волидайна-
тон хавотир мешаванд гуфт. Ман ба ӯ ҳамаашро
накл кардам ва гуфтам, ки Кумитаи Марказии
комсомол ваъда медиҳанд, аммо то ҳол ҷои кор
надорам.

Чойхоначй акои Ҳалим маро бодиққат гӯш кар-
данд ва гуфтанд, ки агар ризо бошед, ёрдамчии
ман шуда кор мекунед. Ҷои хобатон ҳам ҳамин ҷо
мешавад. Ман аз хурсандй чй гуфтанамро надони-
ста, бо ризоият калла чунбонидам.

Чойхоначй шахси дилсӯзсу ҳалим буданд. У
маро писарам гуфта муроҷиат мекарданд. Дар
муддати як моҳ чандин маротиба ба КМ комсомол
муроҷиат кардам. Бинои КМ комсомол дар пушти
ҳозира ҳайкали Исмоили Сомонй ҷойгир буд. Ви-
но аз чӯбу тахта сохта шуда, онро «финский дом»
мегуфтанд. Бори охир ба назди котиби аввали КМ
комосомол Маҳмудбек Нарзибеков даромадам. Он
кас баъди саволу ҷавоби бисер гуфтанд, ки баъди
як қафта хабар гирам. Баъди як ҳафта боз ба на-
здашон омадам. Биёед комсомол, биёед комсомол
гуфтанду гӯшаки телефонро бардоштанд. Салом

31
Насриддин Исломович, ҳамон ҷавони гуфтагиам
ба наздатон ояд, қабул карда метавонед? Ташак-
кур гуфтанду гӯшаки телефонро ба ҷояш гузош-
танд. Тугмачаи зангро пахш карданду котиба
ҳозир шуд. Ба ин ҷавон бинои кумитаи маданй-
равшаннамоиро нишон диҳед.

Шумо комсомол ба қабулгоҳи раис Исломов ра-
вед. Ман арзи сипос карда, бо котиба хайрухум
кардам. Котиба бо дасташ ишора карда, ҳо ана
ҳамон бинои кумита мебошад. Бино тахминан 500
метр дуртар аз КМ комсомол дар дохили боги ба
номи Ленин (ҳозира Рӯдакй) воқеъ буд. Исломов
маро кабул карданд ва хуҷҷатҳоямро аз назар гу-
заронида, ҷои зист дар куҷост гуфта пурсиданд.
Ман дарҳол ҷавоб додам, ки дар чойхона. Дигар
чизе нагуфта, котибаро даъват карданд. Гуфтанд,
ки наздашон Н.В. Никонов ва Фозилов дароянд.
Онҳо ҳозир шуданд. Ин ҷавонро сарнозири
шӯъбаи китобхонаҳо фармон тайёр кунед, шумо
Николай Василевич, нозукиҳои ин соҳаро
фаҳмонида, ӯро тарбия кунед.

Ҳамин тавр фаъолияти кории ман дар ин таш-
килот аз апрели соли 1952 оғоз ёфт. Аммо
мушкилй ҳамоно ҷои зист буд. Ман хаёл кардам,
ки ҷои кор ёбам, масъалаи ҷои зист ҳалли худро
меёбад. Аммо ин хаёли хом будааст. Дар пойтахт
ҷои зист пайдо намудан орзу будаасту халос.
Баъди ду ҳафта раис маро наздашон даъват наму-
данд. Дар наздашон марди миёнасоли қоқинае
нишаста буд. Ин кас мудири боғи истироҳат ва
маданияти шаҳр Мустафокулов мебошанд. Хайр
раис, мо рафтем гуфта, аз чой бархестанд ва маро
бо ишораи cap аз қафои худ даъват карданд. Маро

32
ба як хонача бурда, ана дар ҳамин ҷо истиқомат
кардан гиред. Ба шумо маъқул рафик «началник»
гуфтанд ва илова намуданд, ки аз началник гуфта-
нашон наранҷам. Боғ дар итоати кумита мебошад.
Ин хонача амбори ашёву анҷоми боғ будааст.

Барой хайру манзур ба чойхона рафтам. Ба ама-
ки Ҳалим миннатдорӣ изҳор намуда, арз кардам,
ки ҷои кору зист пайдо намудам. Ӯ ба ман 20 сӯм
дода, хабар гирифта истед, чойхонаро фаромӯш
накунед, писарам, гуфтанд.

Ман дар ҷои манзили навам кариб ду моҳ
зиндагй кардам. Рӯзе язнаам Шомаланг Гадоев ба
суроги ман ба ҷои корам омада, аз ҳолу аҳволам
пурсон шуда, дар куҷо истиқомат мекунед гуфта
пурсон шуданд. Ман гуфтам, ки дар бог. У дар
ҳайрат монда2 чй хел дар бог гуфтанд. Ба ҷои зис-
там омадем. Ӯ ҷои хобро дида, каме хомӯш монду
шароит барои ҷои зист хуб набудааст, гуфт.

Мо ба ҷои кор баргаштем. Он кас таъкид кар-
данд, ки ба хонаи ҷиянаш ба меҳмонӣ меравем.
Мо ба кӯчаи Озодии Занон, №108, ки дар шафати
масҷиди Сариосиё ҷойгир будааст, расидем. Дарро
ба рӯямон як марди миёнақади ситорагарм, ки як
дасташ набуд, кушода, моро гарм пешвоз гирифт.
Биёед Маланг, хуш омадед Маланг, кадом шамол
шуморо парронд гуфта, шӯхй карданд. Язнаам
шамоли шумо-да гуфтанд. Моро барои нишастан
ба суфачаи таги тут даъват кард. Оилааш дастар-
хон оросга, нону ширинй гузошта, як чойник чой
оварданд. Ба оилаашон фармон доданд, ки барои
меҳмонон хӯрок тайёр кунанд. Оилаашон Надежда
Михайловна аз миллати рус буда, забони точикиро
хеле нагз медонист ва расму русуми точикиро

33
пурра ба ҷо меовард. Ҳарду дар хонаи бачагон
тарбия ёфта, омӯзгориро пеша кардаанд. Язнаам
маро муаррифй намуданд. Дар айни замон дар ку-
митаи маданй-равшаннамоии назди Совета Вази-
рон кор мекунад, аммо дар масъалаи ҷои зист
танқисй мекашад гуфтанд.

- Агар розй мешудед, то пайдо шудани ҷои зист
муваққатан дар хонаи шумо зиндагй мекарданд.

- Ман розй, аммо ҷои зист ба Камолҷон маъкул
мешуда бошад?

Дар як хуҷра акои Наим бо зану фарзандонаш,
дар долой ҷои хоби ман буд. Ман дар ин ҷо қариб
ҳашт моҳ зиндагй кардам. Рӯзе акои Наим гуфтанд,
ки барои ту дар саҳни ҳавлй як хонача сохтан ло-
зим аст. Хишташро худат мерезй, харочоти дига-
раш ба дӯши ман. Ман аз ин икдом хеле хушҳол
гашта, рӯзҳои истироҳатам ба рехтани хишт
машгул шудам. Хонача оҳиста-оҳиста қомат рост
кардан гирифт. Аммо ман декабри соли 1952 бо
хоҳиши худ ба сафи Армияи Совета барои хизма-
ти Модар-Ватан рафтам.

34
ДАР АШҚОБОД

Хизмати ҳарбӣ дар пойтахти Туркманистон-
шаҳри Ашқобод оғоз ёфт. Дар мактаби қисми
ҳарбй як сол таҳсил намудам. Ба ман рутбаи
ҳарбй-сержанти хурд доданд ва кумандони гурӯх,
ки аз 12 аскар иборат буд, таъин карданд. Дар
қисми ҳарбии (полки) мо зиёда аз 20 миллату
халқиятҳо хизмат мекарданд. Аз Тоҷикистон 16
нафар будем. Латиф Шарифов аз Ҳисор, И. Сай-
фиддинов аз Ашт, Абдуллоев аз Конибодом, Сай-
кин аз Хуҷанд, Никитин аз Душанбе, Кӯзиев аз
Нов (ҳозира Спитамен) ва дигарон буданд. Ман ба
газетаи «Фрунзечй», ки органи округи ҳарбии
Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт, аз фаъолияти
қисми ҳарбй мунтазам мақолаҳо менавиштам. Як
саҳифааш ба забони тоҷикй чоп мешуд. Бо Зухур
Гадоев, ки корманди газета буд, тавассути мактуб
алоқаи хуб доштам. У пайваста ба ман маслиҳат
медод, ки дар кадом мавзӯъ бисёртар нависам.
Каму беш ҳаққи қалам хам мегирифтам. Хизмат
хуб ҷараён дошт.

Рӯзе дар вақти сайругашти шаҳри Ашқобод ба
яке аз мағозаҳои хӯрокворй ворид гаштам. Дар он
ҷо сардори ситоди дивизия полковник Зубчини-
новро дидам, ки сигор харидорй мекард.
Бақияпулиро дар болои пештахта гузош-
та,полковник панҷ сӯмро фаромӯш карда барома-
да рафт. Ман панҷ сӯмро гирифта аз кафояш Дави-
дам. Иҷозат диҳед рафик полковник, муроҷиат ку-
нам. Ба ман назар афканда, иҷозат гуфтанд. Шумо
панҷ сӯми бақияро дар мағоза фаромӯш кардед

35
гуфтаму панҷсӯмаро ба сӯяш дароз кардам. Та-
шаккур, сержанта хурд гуфтанду ному насаб ва
қисми ҳарбиро навишта гирифтанд.

Қисми ҳарбии мо дар итоата ҳамин дивизия буд.
Баъди як ҳафта полковник ба қисми ҳарбии мо
ташриф овард. Ӯ хеле сахтгир буд. Қумондонҳо аз
ӯ сахт метарсиданд. Чанд соат фаъолияти қисми
ҳарбиро санҷида, дар охир фармон дод, ки полк
саф кашад. Полковник воқеаро нақл кард ва бо
овози баланд сержант Сӯфиев ду қадам ба пеш
гуфт. Ман дар ҳайрат мондам, ки рутбаи ҳарбии
ман сержанта хурд мебошаду чаро полковник
сержант эълон кард. Ба ин рафтори некаш
кумандони дивизия бо фармони худ ба ман пеш аз
мӯҳлат рутбаи ҳарбии сержантро дода,

раҳматнома эълон карданд.

Баъд аз ин ҳама маро хеле эҳтиром мекарданд.
Ёрдамчии кумандони взвод таъин карданд, номзад
ба аъзогии КПСС кабул намуданд. Соли 1954 бо
духтари озарй Кубриё Амруллоева шинос шудам.
Моҳи майи соли 1954 бо иштироки панҷ нафар
ҳамхизматам ва 15 нафар аз тарафи арӯс тӯи
арӯсиву домодй барпо намудем.

Декабри соли 1955 хизмати ҳарбии ман ба поён
расида, бо оилаам ва духтарчаи шашмоҳаам
Солеҳамоҳ, ки номи модарамро гузошта будам, ба
Ватан баргаштем.

36
БОЗГАШТ БА ВАТАН

Дар вокзали роҳи оҳани шаҳри Душанбе
мувофиқи барқияе, ки ман равон карда будам,
Наим Мирзоев бо оилааш Надежда Михайловна
маро пешвоз гирифта, ба хонаашон бурданд. Дар
ин хонадон, ки бароям хеле азизу муқаддас мебо-
шад, дар давоми се сол баъзе тағйиротҳо ба вучуд
омадааст. Дугоникҳои дӯстрӯяк-Тоҳир ва Зӯҳро ба
дунб омадаанд. Хоначае, ки хишташро рехта бу-
дам, ба итмом расонидаанд. Дар ин хона
донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г.
Шевченко (ҳозира ба номи устод Садриддин
Айнй) Маҳмадулло Лутфуллоев ҳамчун иҷорашин
истиқомат мекардааст. Баъдтар ин донишчӯ бо
духтари акои Наим Марямбй оила барпо кардаанд.
Шиносоии ман бо Маҳмадулло Лутфуллоев аз со-
ли 1955 сурат мегирад. Ҳоло ӯ академик, доктори
илмҳои филологӣ, профессор, муаллифи китоби
«Алифбо» мебошад. У зиёда аз 240 мақолаи илми-
ву асарҳо дар мавзӯъҳои гуногун эҷод намуда, 24
нафар доктору номзадҳои соҳаи омӯзгорӣ тайёр
кардааст. Дар ҷумҳурӣ хурду калон ӯро мешино-
санд ва эҳтиром мекунанд.

Соли 2010 синни мубораки ин донишманди ши-
нохта ба 75 расида бошад ҳам, хеле ҷавон аст ва
дар соҳаи мактабу маориф кору фаъолият дорад.

Умрест, ки дар талоши дониш бошӣ,
Таргибгаре ба роҳи дониш бошӣ.

Таългши алифбои my дидем ҳама,

Садсола шавшо ҳам ба ромиш бошӣ.

37
Ту пайкари пату ору бовар бошй,

Дар маҳфилу анҷуман суханвар бошй.

Бо нуру зиёи гиту допит абад,

Дар чархи ҳупар мисоли ахтар бошй.

Ман ба ҷои кори пешинаам, яъне кумитаи
маданӣ-равшаннамой рафта, ба шӯъбаи кадрҳо
муроҷиат кардам, то ин ки мувофиқи қонун маро
ба ҷои кори пешинаам барқарор кунанд. Мудири
шӯъбаи кадрҳо Фозилов гуфтанд, ки ҳоло ҷои
холӣ нест, баъдтар муроҷиат намоям. Ман ба ӯ
гуфтам, ки оилаамро ба Колхозобод бурда, дар
хонаи хешу ақрабоям монда, баъди чанд вакт
меоям.

Фозилов «бахтат омад кард, дар Колхозобод
ҳамкурси ман Абдулло Фаёзов котиби дуюми
ҳизби коммуниста ноҳия кор мекунад. Ман ба ӯ
мактуб менависам ва ту рост ба наздаш медарой»
гуфт. Аз ин ман бисер хурсанд шудам, мактубро
гирифта, дарҳол ба ноҳияи Колхозобод,
аниктараш ба колхози «Коммунизм», ки хешу та-
борон соли 1952 аз ҷамоата Кули Сӯфиён ба ин ҷо
муҳоҷир шуда буданд, равона гаштам. Бо акои
Наим хайру манзур кардам. Некий ин марди дарё-
дилу нексириштро то зиндаам, фаромӯш нахоҳам
кард. Ҷояшон ҷаннат бод.

Гардиши фалакро бинед, ки тағоҳоям
Абдулғиёс, Исомиддин, Насим ва Ҳасан ҳам
солҳои бистум муҳоҷир шуда ба водии Вахш мео-
янд ва барои ободии ин водӣ заҳмат мекашанд.
Ҳамаи онҳо дар қайди ҳаёт нестанд. Рӯҳашон шо-
ду манзилашон чароғон бод. Фарзандон, набера-

38
гону аберагонашон дар хоҷагии ба номи
Ниёзмаҳмад Бегов ва шаҳри Қӯрғонтеппа
истиқомат доранд.

Ман бо оилаам дар хонаи язнаам Шомаланг Га-
доев, ки омӯзгор буданд, маскан гирифтем. Ба ку-
митаи ҳизби коммунисти ноҳия рафтам. Ба
қабулгоҳи котиби дуюм ворид шудам. Котиба
гуфт, ки он кас банданд, каме интизор шавам.
Баъди 20 дақиқа маро қабул карданд. Мактубро ба
у супоридам. Онро аз назар гузаронида, аз ман
пурсиданд, ки Фозилов ягон хешатон мешавад.
Гуфтам, ки не, ман дар ин ташкилот қабл аз хиз-
мати ҳарбӣ кору фаъолият кардаам. Боз савол до-
данд, ки ман аъзои комсомол, ҳизб кастам. Посух
додам, ки номзад ба аъзогии КПСС мебошам.

Чехраашон хеле шинос менамуд. Мебахшед,
шумо дар мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор кор ме-
кардед? Бале, ман муаллим шуда кор мекардам.
Такдирро бинед, ки ин шахе дар мактаб-интернат
аз фанни химия даре медодаанд. Ин кас устоди
ман Абдулло Фаёзов буданд. Устод, шумо маро
нашинохтед, ман Сӯфиев Камол, хатмкунандаи
ҳамон интернат мебошам. Эҳҳа, шумо ҳамон Ка-
моли аълохон гӯед. Хурсандии ман ҳадпу канор
надошт. Ба котиба фармон доданд, ки котиби ку-
митаи комсомоли ноҳия Исмоил Бобоевро даъват
кунад.

Ба утоки кории котиб як ҷавони паканаи фароех
ворид гардид. Ин ҷавонро аз ҳамин рӯз инструк-
тори кумитаи комсомол оид ба минтақаи МТС-и
Чапаев ба кор қабул намоед. Ху б шудааст муал-
лим гуфтанду харду ба кумитаи комсомол рафтем.
15-уми декабри соли 1955 ба кор шурӯъ кардам.

39
Дар ҳайати МТС-и Чапаев колхозҳои «Комму-
низм», «Калинин», «Карл Маркс», «Правда» ва
«Сталин» томил буданд, ки ман ҳар рӯз даҳҳо ки-
лометр роҳро тай мекардам, дар азоб будам. Дода-
рам Ҳайдарқул Пирматов, ки омӯзгор буданд, як
дучарха тӯҳфа карданд ва кори ман хеле осон гар-
дид. Вале шодии ман дер давом накард. Ба садама
дучор шудам, дучарха корношоям шуд. Шукри
Худо, ки зиндаву саломат мондам.

Ҳамин тавр ман бо оилаам қариб чор моҳ дар
хонаи язнаҳоям Гадоев Шомаланг ва Холов
Эмомалй зиндагй кардем. Баъд хонае пайдо карда
ба он ҷо кӯчидам. Соли 1956 ман бо амакбачахрям
Раҳмонкул Саидов ва Ҳайдаркул Пирматов бо
мақсади падарамро бо оилааш овардан ба Кули
Сӯфиён сафар кардем. Падарамро бо се фарзандаш
Зуфнунбй, Ҳабибулло ва Тоҷиддин ба колхози
«Коммунизм» овардем. Падарам чанд сол дар хо-
наи ман зиндагй намуда, оилаашон аз дунё гузаш-
танд.

Соли 1957 маро ба аъзогии КПСС кабул наму-
данд, комсомолони ноҳия бошанд маро аввал ко-
тиби дуввум, баъдтар котиби якум интихоб наму-
данд. То соли 1961 корманди комсомол будам.
Дар маркази ноҳия ба ман хонаи духуҷрагӣ ҷудо
карданд ва мо ба он ҷо кӯчидем. Шароити зисту
зиндагй каме вазнин гардид. Ман бо ризоияти па-
дарам Ҳабибуллоро ба хонаи бачагони ноҳияи Со-
вет (ҳозира Темурмалик) ва Тоҷиддинро ба хонаи
бачагони шаҳри Душанбе супоридам.

Баъд аз шаш моҳ падарам гуфтанд, ки писаро-
намро биёред. Дар ин мудцат ду маротиба аз
холашон хабар гирифтем. Ман ба назди раиси

40
колхози «Коммунизм» Ниёзмуҳаммад Бегов рафта,
аҳволамро нақл кардам. У дере нагузашта як хо-
наи пастаки похсагин, ки як ҳуҷраи хурдакаку до-
лонча дошт, ҷудо карданд, ки замини
наздиҳавлигй низ дошт.

Рӯзе Сироҷиддин Исоев ба колхози «Комун-
низм» (алҳол хоҷагии ба номи Ниёзмаҳмад Бегов)
рафта бо раиси хоҷагӣ Н. Бегов рафти корхои
саҳроиро аз назар мегузаронанд. Онҳо ба бригадаи
пахтакорй, ки саркораш Мирзомурод Холов буд,
мераванд. Дар роҳ М. Холов «ин ҷо хонаи падари
Суфиев аст» гуфта, хонаи падари маро ба Исоев
нишон медиҳад. Шодравон С. Исоев мошинро
нигоҳ дошта, вориди хонаи падарам мегардад. Дар
хуҷрачаи хеле майда падарам бо се фарзанди
ятиммонда зиндагй мекард. Баъдан бо супориши
Сироҷиддин Исоев дар шафати ин хонача як хонаи
замонавӣ аз ҳисоби колхоз сохта шуд. Падарам то
охири умрашон бо фарзандонаш дар ин макон
зиндагй карданд. Соли 1975 падарам аз дунё гу-
заштанд. Ҳоло бошад додарам Ҳабибулло бо фар-
зандонаш дар ин хона истиқомат дорад.

41
НОМИ Ӯ ҶОВИДОН ACT

Соли 1961 маро котиби ҳизби коммунисты
ноҳияи Колхозобод интихоб намуданд. Котибии
аввали ҳизбро шодравон Сироҷидцин Исоев ба
ӯхда доштанд. Мехоҳам дар бораи ин марди не-
ксиришт, инсони наҷиб, дилсӯзу меҳрубон, хоксо-
ру мураббии беҳамто ба хонандаи арҷманд каме
накл намоям.

Ман бо ин марди шариф 15 сол пахлӯ ба пахлӯ
истода кор кардаам. Аз ӯ сабақи зиндагй, тамоми
хислатҳои неки инсониро омӯхтаам ва дар кору
фаъолияти тӯлонии хеш дар корҳои масъулиятно-
ки ҳизбӣ, хоҷагй ва давлатй буданам истифода
бурдаам. Ба ҳар ҳол банда, ки котиби аввали ком-
сомол ва баъдтар котиби ҳизби коммунисти ноҳия
оид ба идеология, ки бевосита дар зери роҳбарии ӯ
иҷрои вазифа намудаам, якчанд хотираҳои худро
ба таври кӯтоҳ рӯи коғаз оварданиам.

Шодравон Сироҷиддин Исоев шахси фурӯтан,
шикастанафс, дурандеш, закй, ҳалиму серталаб
нисбати худ ва зердастон будавд. Ман борҳо аз ӯ
шунидаам, ки солҳои 30-юми асри гузашта, вақге
ки қарори КМ ВКП(б) Тоҷикистон «Дар бораи со-
хтмони канали Вахш» баромад, мо як гурӯҳ
ҷавонони конибодомй дар ҳайати 42 нафар ба во-
дии Вахш омадем. Дар он ҷо аввалин колхозы
«Ленинчии ҷавон»-ро ташкил намудем. Шодравон
Сироҷиддин Исоев аз ҳисобчии колхоз то ба
дараҷаи котиби аввали ҳизби коммунисти ноҳияи
Колхозобод расидаанд.

42
Боре шодравон Сироҷиддин Исоев котиби дуюм
Тавобилов Р.Х. ва бандаро ба тӯи арӯсию домодии
фарзанди раиси хоҷагии «Коммунизм»
Ниёзмуҳаммад Бегов даъват намуданд. Дар болои
миз маводи хӯрока, махсусан нон хеле зиёд гу-
зошта шуда буд. У ба сӯи ман нигоҳе карду дигар
чизе нагуфт. Баъди чанд рӯз раисро наздаш даъват
намуда, дар бораи исрофкорӣ сӯҳбати тӯлонй на-
муда, баъд дар маҷлиси васеи фаъолони ноҳия дар
ин масъала гуфтугӯи ҷиддй сурат гирифт. Инро
бинед, он кас танзимро ҳамон солҳо ба мардум
мефахмонданд...

Бонд гуфт, ки дар тамоми маъракаҳои мардум
ширкат меварзид ва маро ҳатман бо худ мегирифт.
ӯ ин ҷамъомадҳоро бисёр моҳирона истифода ме-
бурд ва дар бораи дӯстиву рафоқат, одаму
одамгарй, меҳнатдӯстй суханронй мекард.

Ӯ соати шаши сахар роҳбарони хоҷагиро огоҳ
накарда, ба фермаю саҳроҳои хоҷагй рафта, соати
нӯҳ ба идора бармегашт. То соатҳои 11-12-и шаб
кор мекард. Ман ҳам илоҷи дигаре надопгга, дар
идора менишастам. Пеш аз ӯ аз кор рафтан аз рӯи
одоб набуд.

Шодравон хотираи хеле хуб доштанд ва ному
насаби на танҳо роҳбарони хоҷагй, балки брига-
дирону механизаторон, говдӯшу чӯпонҳоро ҳам
медонистанд. Дар бораи тарбияи кадрҳо бисёр
эҳтиёткор буданд. Дар кумитаи ҳизби ноҳия намо-
яндагони 10 миллат, аз чумла тоҷику ӯзбек, русу
тотор, қазоку туркман, украину осетин аҳлона кор
мекарданд.

Боре ӯ соати шаши бомдод ба фермаи ширию
молии колхози ба номи Ленин рафта, ягон

43
говдӯшро надидааст ва баъд аз идорааш ба раиси
хоҷагй Абдувадуд Дӯстов занг зада, пурсидааст,
ки говдӯшҳо кай ба кор мераванд. Соати панҷи
саҳар, гуфтааст раис. Сироҷиддин Исоев гуфтааст,
ки дурӯғгӯй кори хуб нест. Дар соати шаши саҳар
дар ферма касе набуд.

У дурӯғгӯиро бад медид. Моҳи феврали соли
1962 маро ба наздашон даъват карданд ва таъкид
карданд, ки пагоҳӣ ба назди чӯпонҳо рафта, аз
ҳолашон хабар мегирем. Рӯзи дигар ба сӯи
чарогоҳи зимистонаи гӯсфандон раҳсипор гаштем.
Чӯпонҳо моро хеле хуш пешвоз гирифтанд.
Ҳаваскорони хонаи маданияти ноҳия консерт ни-
шон доданд.

Дӯконҳои сайёри ҷамъияти матлубот молҳои
камёфтро ба чӯпонҳо пешкаш намуданд. Баъд
ҷамъомад барпо гардид, ки дар он Сироҷиддин
Исоев суханронй намуда, вазифаи чӯпонҳоро дар
давраи зимистон муайян карданд. Қайд карданд,
ки барои фарбеҳу солим аз зимистон баровардани
гӯсфандон ва ба давраи наслгирй хуб тайёр шудан
комиссияи ноҳиявй ташкил шудааст, ки рафти зи-
мистонгузаронии чорво, наслгириро назорат ва
ҷамъбаст мекунанд. Ба ғолибон тӯҳфаҳои пурар-
зиш аз қабили мошинаи сабукрав, мотосикли се-
чарха, қолину рӯймоли пашмин тақдим карда ме-
шавад. Баъд ба ман ишора карда, аз чӯпонҳо пур-
сиданд, ки ин касро мешиносанд ё не. Чӯпонҳо
ҷавоб доданд, ки намешиносанд. Ин кас Сӯфиев,
котиби райкоманд. Раиси комиссияи ноҳиявй
ҳамин кас мебошанд.

Шодравон дигар чизе нагуфтанд ва мо ба мар-
кази ноҳия баргапггем. Рӯзи дигар маро ба назда-

44
шон даъват карда гуфтанд, мулло Камол, шумо
бисёртар дар байни халқ бошед, агар дар идора
нишастан гирем, аз бисер чизҳо бехабар мемонем.
Барой ман ҳаминаш кифоя буд, ки хулосаи лозимй
барорам.

Мохи шарифи Рамазони соли 1964 буд. Аз кол-
хози «40-солагии Октябр» механизатореро ба сафи
ҳизби коммунист қабул намуда, хуҷҷатҳояшро ба
бюрои кумитаи ҳизби коммуниста нохия пешниҳод
карданд. Шодравон ба ӯ савол доданд ,ки ӯ рӯзадор
аст ё не. Котаби ташкилоти ҳизби колхоз Сафол
Мирзоев ҷавоб доданд, ки рӯзадор нест. Механиза-
тор ба сӯи аъзоёни бюро нигоҳ карда чунин гуфт:
Рафик Исоев, коммунист бояд рост гӯяд, ман
рӯзадорам. Шодравон хеле хандиданд ва гуфтанд,
ки барои ростқавлиаш ба сафи хизби коммунист
Кабул карда шавад. Сафол Мирзоев худро хеле но-
ором ҳис мекард ва гумон дошт, ки ӯро ҷазои ҳизбӣ
медиҳанд. Ammo баъд аз рафтани механизатор
Сироҷиддин Исоев ба Сафол Мирзоев гуфтанд, ки
кори хуб накардед ва ӯ чизе нагуфта аз толор баро-
мада рафт. Баъди чанд муддат Сафол Мирзоев ба
ман гуфт, ки то зинда аст, ин воқеа барои ӯ чун
сабақ хоҳад монд.

Сироҷиддин Исоев дилу нияти пок доштанд,
шахси бофайзу бобаракат буданд. Дар давоми 28
соли роҳбариашон дар ноҳия дигаргуниҳои ҷиддй
ба амал омаданд. Даҳҳо корхонаҳои саноатй,
сохтмонй, кишоварзй, маишиву маданй, хонаҳои
баландошёнаи истиқоматӣ бунёд гардиданд.
Соҳаи мактабу маориф, фарҳанг тараққй кард.
Истеҳсоли пахта бошад 65 ҳазор тонна,
ҳосилнокиаш ба 32 с/га расонида шуд. Дар масъа-

45
лай тарбия намудани кадрҳо ва ҷобаҷогузории
онҳо аҳамияти хоса медоданд. Кадрҳои зиёди кор-
дону поквиҷдонро тарбия кардаанд, ки дар сатҳи
ноҳия, вилоят ва ҷумҳурй дар соҳаҳои мухталифи
хоҷагии халқ меҳнати софдилона кардаанд ва ҳоло
ҳам заҳмат мекашанд. Ғоибназар Паллаев, Уктам
Яхшибоев, Қосим Саидов, Абдуллоҷон Ахмадов,
Сафар Саидов Қаҳрамонони меҳнат, раисони
хоҷагиҳои «Қизил Аскар», Тӯрахон Эсанқулов,
«Янгиобод» Эшбек Сатторов, «К. Маркс» Сафар
Ҷумъаев, «М. Горкий» Отаҷон Дадобоев, раисони
колхозҳои «Коммунизм» Ниёзмуҳаммад Бегов,
«Ленин» Абдувадуд Дӯстов, «Москва» Мавлон
Қорёғдиев, «Якуми май» Эргаш Султонов, «Съез-
ди XXII партия» Анвар Қаландаров ва даҳҳо дига-
рон аз қабили онҳоянд. Ҳар кадоми онҳо аз 30 то
35 сол роҳбари хоҷагй буданд. Микдори шогирдо-
ни Сироҷиддин Исоев беҳисобанд, ҳамаи онҳоро
номбар кардан аз имкон берун аст.

Бемуболиға Колхозобод диёри қаҳрамонхез аст.
Панҷ нафар колхозободиҳо барои корнамоиҳояшон
дар Ҷанги Бузурги Ватанй бо унвони олй-
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравй сарфароз гардонида
шудаанд. Инҳо Неъмат Қаробоев, Эргаш Шарифов,
Н.П.Балакин, А.П. Горелов, А.П. Ходов мебошанд.
Ҳамаи онҳо ихтиёран ба фронт рафтаанд. Даҳ нафа-
ри дигар бо унвони Қаҳрамони Меҳнати
Сотсиалистй қадр карда шудаанд.

Таҷрибаи кори ҳизби коммуниста ноҳияро КМ
КПСС ва КМ Партияи Коммуниста Тоҷикистон
борҳо омӯхта, дастраси ташкилотҳои ҳизбии
Иттифоқ ва ҷумҳурй гардонидаанд. Шодравон ба
шахсони маъруфи чумҳурй муҳаббати хоса дош-

46
танд. Академик Бобоҷон Ғафуров, шоирони
машҳур Мирзо Турсунзода, Боқй Раҳимзода, Мир-
саид Миршакар, Абдуаҳад Қаҳҳоров ҳар сари вақт
меҳмони ноҳия мешуданд ва соатҳои тӯлонй шод-
равон бо онҳо дар хонаи худ ва мехмонхонаи ҳизб,
ки дар ҳавлии кумита воқеъ буд, ҳамсӯҳбат мешу-
данд. Хушбахтона ман ҳам гоҳ-гоҳе дар ин
сӯҳбатҳо ширкат меварзидам ва барои худ як
ҷаҳон маънй мебардоштам. Сироҷиддин Исоев дар
ҷамъомадҳо бо се забои: русй, тоҷикй ва ӯзбекй
суханронй мекарданд. Боре ман дилсӯзӣ карда
гуфтам, ки бо як забои суханронй намудан кофист.
Як табассуми ба худашон хосе карданду баъд
изҳор намуданд, ки ноҳияи мо сермиллат мебошад,
русҳо ва ӯзбекҳо хеле зиёданд. Агар бо як забон
суханронй кунам, аксарияти онҳо намефаҳманд ва
боиси ранҷиши онҳо мегардад. Инчунин нисбати
онҳо беэътиноӣ мешавад.

Доимо мегуфтанд, ки нафси бад худро эҳтиёт
намоед. Аввал кордро ба худат зан, агар дард
наёбй, баъд ба дигарон бизан.

Дарди халқро дарди худ ҳисобед.

Дар бораи ин марди наҷиб бисёр маҷмӯаҳо на-
вишта шудааст ва боз хоҳанд навишт. Ватан фар-
занди ҷоннисори хешро бо унвони олй-Қаҳрамони
Меҳнати Сотсиалистй, чор ордени «Ленин»,
«Инқилоби Октябр», «Байрақи Сурхи Меҳнат»,
Нишони фахрй, се медалу Ифтихорномаи Шӯрои
Олии Тоҷикистон сарфароз гардонидааст. У ҳафт
даъват намояндаи мардум дар Шӯрои Олии
Тоҷикистон интахоб шудааст. Соли 1985 дили ин
марди наҷиб аз задан монд. Соли 1991 бо дархости
халқ шаҳраки маркази ноҳияи Колхозобод дар

47
арафаи 80-умин солгард ба номи Сироҷиддин
Исоев номгузорй шуд. Ҳамчунин дар бинои собиқ
кумитаи ҳизби ноҳия лавҳаи ёдгорй сабт карда
шудааст. Нимпайкарааш дар майдончаи комбина-
та орди ноҳия гузошта шудааст.

Ман шодравон Сироҷиддин Исоевро на танҳо
устод, балки падари маънавии худ меҳисобам, ки
ин дар шеъри ман бо номи «Падар» таҷассум ёф-
тааст. Ба ман баъзан ёру дӯстон савол медиҳанд,
ки чанд диплом дорам. Ман дар ҷавоб мегӯям, ки
се диплом. Донишкадаи кишоварзй, мактаби олии
ҳизбии назди КМ КПСС шахри Маскав ва Дониш-
кадаи олии одаму 'одамгарии ноҳияи Колхозобод,
ки 15-сол таҳсил намудам. Раиси донишкада ака-
демик Сироҷиддин Исоев буданд. Ин донишгоҳ
барои ман аз ҳама муқаддастар ва азизтар аст, ки
дар фаъолияти минбаъдаи хеш, дар вазифаҳои
масъулиятноки ҳизбй, хоҷагй ва давлатй мавриди
истифода қарор додам.

Дар бораи зиндагиномаи ин марди чонфидо он
чизе, ки гуфтаанду навиштаанд, қатрае аз бахр аст.
Бовари комил дорам, ки таърихшиносон,
муҳаққиқон, нависандагон боз мегӯянду менави-
санд, ки ин ба наслҳои имрӯзаву оянда чун макта-
би зиндагй хизмат хоҳад кард. Хотираи дурахшо-
ни устоди зиндаёд дар дидаву қалби мардуми
Колхозобод, водии Вахш абадй хоҳад монд. Еда-
шон ба хайр, хонаи охираташон обод бод.

Ту ба май монанди ҷон буди, падар,
Раҳнамои меҳрубои будй, падар.

Бас нщоле сабз кардй мысли ман,

Ту ба мысли богбон будй, падар.

48
ВАНҶИ ПУРГАНҶ

Моҳи ноябри соли 1965 буд. Котиба ба идораи
ман ворид шуда, ба назди Сироҷиддин Исоев да-
роед гуфт. ТТТумо пагоҳ ба КМ ПК Тоҷикистон ба
назди мудири шӯъбаи ташкилӣ И.Ф. Дедов равед
гӯён таъкид карданд. Ман аз ӯ пурсидам, ки оиди
кадом масъала тайёрӣ бинам. Дар КМ ҳамаашро
ба шумо мегӯянд. Рӯзи дигар соати 10-и саҳар дар
қабулгоҳи Дедов шудам.

У маро ба назди Ҷаббор Расулов бурданд. Саво-
ли аввал чунин буд: Чанд сол аст, ки шумо дар
корҳои комсомоливу ҳизбии ноҳияи Колхозобод
кор мекунед? Даҳ сол, гуфтам. Даҳ сол аз мактаби
Сироҷиддин Исоев баҳравар шудед, акнун ба кори
мустақил гузаред ҳам, мешавад. КМ шуморо ба
котибии аввали ҳизби коммуниста ноҳияи Ванҷ
тавсия мекунад. Шумо чӣ мегӯед? Ман бе ҳеҷ
дудилагй дар ҷавоб гуфтам, ки мо сарбози ҳизбем.

Баъд дар бораи ноҳияи Ванҷ мухтасар нақл кар-
да, насиҳат карданд, ки хоксору шикастанафс бо-
шам, аз халқ дур нашавам. Бо ноҳия шинос шуда,
дар масъалаи баланд бардоштани иқгисодиёти
ноҳия фикрамро ба таври хаттӣ ба КМ баён кунам.
Барори кор гуфтанду мо аз идораашон берун шу-
дем.

Баъд аз ду рӯз ман бо ҳамроҳии ҷонишини авва-
ли мудири шӯъбаи ташкилии партиявй Охун Ис-
моилов ба шаҳри Хоруғ, кумитаи ҳизби коммуни-
ста вилояти Кӯҳистони Бадахшон парвоз кардем.
Дар кумитаи ҳизби вилоят муншии аввал Моёншо
Назаршоев бо ман сӯҳбат намуданд. Рӯзи дигар бо

49
Охун Исмоилов ва Моёншо Назаршоев ба ноҳияи
Ванҷ бо мошина равон гаштем. Роҳҳо пурпечутоб
буданд, фаромадани тармаву сангреза аз эҳтимол
дур набуд. Дар ҳақиқат ҳам дар ҳудуди ноҳияи
Рӯшон қариб 20 метр роҳ аз тармаву санг банд
гардида буд. Қариб ду соат интизори кушодани
роҳ шудем. Баъди шаш соат ба маркази ноҳияи
Ванҷ Рохарв расидем.

Ҳамон рӯз, яъне 27-ноябри соли 1965 маро ко-
тиби аввали ҳизби коммуниста ноҳияи Ванҷ инти-
хоб намуданд. Ман дар ин вазифа Тошмат Малла-
евро иваз намудам. Ноҳияи Ванҷ соли 1933 таъсис
ёфта, дар иҳотаи қаторкӯҳҳои Дарвоз, Ванҷ,
Язғулом воқеъ аст. Дар синаи ин қаторкӯҳҳо санги
мармар, лоҷувард, ақиқ, рухом ва ғайраҳо
маҳфузанд. Дар ин диёр Мулло Ёри Ванҷӣ шоири
ширинкалом ба дунё омада, ба ояндагон мероси
бойи адабй боқй мондааст. Гардиши айёмро бинед,
ки набераи мулло ёри Ванҷӣ, Чӯпон Бадал бо
ҷияни ман Нурулло Гадоев қудо мебошанд. Ҳоло
бошад, кори ӯро ҳамдиёронаш академик Раҳим
Масов, профессор, доктори илмҳои таърих
Ҳайдаршо Пирумшоев, Басир Расо, Нодир Одилов
(файласуф), шоираи хушзавқ Шаҳрияи Аҳтамзод
ва даҳҳо дигарон идома медиҳанд.

Раиси колхози ба номи Сталин (солҳои 1943-
1957) Қобиламоҳ Баротова ду даъват (1946-1954)
депутата Шӯрои Олии СССР интихоб гардидааст.
Борҳо вакили съездҳои ҲКИШ интихоб шудааст.
Аъзои бюрои КМ ҲК (б)Тоҷикистон будааст.
Таърихи 70-солаи Ванҷ, тамоми соҳаҳои хоҷагии
халқи ноҳия, зиёда аз 320 нафар олимону шоирон,
ходимони ҳизбиву давлатй, хоҷагиву фарҳангй,

50
варзишгарону ҳунармандон, ки на танҳо номбар-
дори Ванҷ мебошанд, балки ифтихори
Тоҷикистонанд, дар китоби профессор Ҳайдаршо
Пирумшоев «Ванҷ» хеле мукаммал дарҷ ёфтааст.
Бояд иқрор шуд, ки муаллиф дар эҷоди ин асари
хонданбоб заҳмати зиёде кашидааст. Ман аз ин
китоб истифода бурдаам.

Дар ҳақиқат Ванҷ макони ганҷ аст. Меваҳояш
шахдбор, чормағзаш беҳамто, боду ҳавояш
ҷонбахш, чашмаҳои зулолаш ҳавзи чун Кавсар аст.
Мардумаш ширинзабон, меҳнатқарин,

меҳмоннавозанд. Ванҷ аслан камзамин ва мавқеи
ҷойгиршавиаш ба Норак шабоҳат дорад. Аз шафа-
ти маркази ноҳия дарёи шӯхи «Ванҷоб» равон аст.

Ба хотирам омад, ки дар Норак зироати тамоку
ҳосили дилхоҳ медод. Баъди шиносой пайдо кар-
дан бо шароити ноҳия мутахассисон, деҳқонони
асил ва роҳбарони хоҷагиҳои «Коммунизм» Назрй
Олимов, «Съезди XX партия» Маҳмадҷон
Ҷорубкашов, «Октябр» Нағзалӣ Маҳмадуллоев,
сардори раёсати кишоварзии ноҳия Сайфиддин
Раҷабов, раиси комиҷроия Ширинҷон
Бегиҷоновро даъват карда, дар масъалаи
тамокупарварй сӯҳбат оростам. Ба онҳо супориш
додам, ки дар муддати як моҳ фикру андешаҳои
худро ба тарзи хатгй ба кумитаи ҳизби ноҳия
пешниҳод намоянд. Соли 1966 барои санҷиш дар
майдони ду гектар ва дар хоҷагии «Коммунизм»
чор гектар дар дигар хоҷагиҳои ноҳия навъи «Ду-
бек», «Самсон»-и тамокуро кишт намудем. Дар
натиҷа аз ду гектар кишти тамоку 43 сентнер
ҳосил рӯёнда шуд, ки қариб ҳашт ҳазор сӯм даро-
мади соф ба даст омад.

51
Тахлилҳо нишон доданд, ки даромад аз кишти
тамоку нисбати кишти ғалладонагӣ 10-12 баробар
зиёд аст. Бо вучуди ин шахсоне пайдо шуданд, ки ба
ин кор монеа мешуданд. Далели онҳо ин буд, ки та-
моку барои саломатии инсон зараровар аст. Мо
корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондем. Кумитаи
ҳизби вилоят, КМ ҳизби коммуниста Тоҷикистон
моро дастгирӣ намуданд. Соли 1967 майдони кишти
тамоку аз шаш гектар ба 50 гектар расонида шуд.
Дар натиҷа даромаднокй аз тамокупарварй афзоиш
ёфта, некӯаҳволии мардуми ноҳия беҳтар гардид.
Соли 1966-1967 панҷ-шаш километр болотар аз
маркази ноҳия сохтмони истгоҳи обии барқиро бо
иктидори 1200 кв соат огоз намудем. Дар ин кори
хайр ҳиссаи муовини сардори идораи
«Тоҷикэнерго» Шамсулло Юсуфов хеле калон аст.
Дар Ванҷи Боло хоҷагии нави ба номи «Федченко»-
ро ташкил намудем, ки ба он шахси кордон Алй
Сафаровро мардум раис интихоб намуданд. Хоҷагй
бояд ба богу чормагзпарварй ва замбӯри асал мах-
сус гардонида мешуд.

Дар ноҳияи Ванҷ аз соли таъсисёбиаш (1933) то
соли 1965 сенздаҳ котиби аввали хизби коммунист
кору фаъолият кардаанд, ки ин албатта ба фоидаи
кор набуд. Баъзе аз онҳо Вайсберг А.С., Савин
Н.М.,Мелников С.Ф.,Сафар Мастибеков, Тошмат
Маллаев аз нӯҳ моҳ то яксолй кор кардаанд. Ман
чордаҳумин муншии аввали ҳизби коммунисти
ноҳияи Ванҷ будам. Дар ноҳия масъалаҳои
ҳалталаб хеле бисёр буданд, дар сурати ҳалли
онҳо ноҳия қадаме ба пеш мегузошт.

Моҳи июли соли 1967 маро ба кумитаи ҳизби
коммунисти вилоят даъват карданд. Котиби якум

52
Моёншо Назаршоев маро кабул намуда, аз кору
бори ноҳия пурсон шуданд. Ман дар хиҷолат мон-
да гуфтам, ки дар ин мудцати кӯтоҳ ягон кори на-
заррасе накардаам, нақшаҳо дар пеш аст. Ана ба-
рон ҳамин ҳам обком ва КМ шуморо барои таҳсил
ба мактаби олии назди КМ КПСС-и шахри Маскав
тавсия мекунад. Ман, ки инро интизор набудам, чй
гуфтанамро надониста, ташаккур, вале аз ҷиҳати
моддй имконият надорам гуфтам. Ҳамин маоша-
тонро дар он ҷо пурра мегиред, шароит барои
тахсил хеле хуб аст.

Ман ду-се рӯз мӯҳлат пурсида, ба ноҳия бар-
гаштам. Бо оилаам маслиҳат кардам, аммо ӯ фиғон
бардошта, аҳволи ману фарзандон чй мешавад
гуфт. Шуморо ба назди хешу таборонам бурда
мемонам, хар мох маблаги муайян ба мефиристам.
Розй шуданд. Баъд ман бо Сироҷиддин Исоев дар
тамос шуда, мақсадро иброз намудам. Гуфтанд, ки
аз ин кор воқифанд. Розй шавед, ҷои зист хам дар
маркази ноҳия тайёр аст. Ба М. Назаршоев занг
зада, розигии худро баён кардам. Моҳи август ои-
лаамро бо фарзандон ба ноқияи Колхозобод овар-
да ҷо ба ҷо кардам ва аз падар дуо гирифтам, ба
устодам Сироҷиддин Исоев изҳори миннатдорй
баён намудам.

53
СОКИНИ МАСКАВ

Охирҳои моҳи август ба шаҳри Маскав парвоз
кардам. Сӯҳбат гузашта шунавандаи мактаби одни
назди КМ КПСС гаштам. Мо 8 нафар будем: Ис-
кандар Қаландаров, Нусратулло Сулаймонов, Нур
Сафаров аз шаҳри Душанбе, Шарифҷон Давлатов
аз Хуҷанд, ману Саидамид Маҳмадсаидов аз Ба-
дахшон ва дигарон. Ҳамин тавр дар мактаби олии
партиявй қариб намояндагони ҳамаи мамлакатҳои
сотсиалистӣ таҳсил мекарданд. Гурӯҳи мо 12 на-
фарро ташкил мекард, ки панҷ нафарашон аз
Булғория, Куба, Полша, Ветнам ва Муғулистон,
ҳафт нафари дигарашон аз ҷумҳуриҳои Итгифоқи
Шӯравй буданд.

Дар давоми ду соли таҳсил мо дӯсту бародар
гаштем. Бо ҳам ба тамошои кинову театр, осорхо-
наву дигар ҷойҳои таърихй мерафтем, рӯзҳои мав-
лудро бо ҳам қайд мекардем. Ман Маскавро пеш
надида будам, ҳамкурсам Иван Сиротин, ки худ
москвагӣ буд, роҳнамои ман шуд ва ман дар муд-
дати кӯтоҳ бо ҷойҳои асосии шаҳри Маскав шинос
гардидам.

Баъди хатми мактаби олии партиявй Иван Си-
ротин мудири шӯъбаи ҳизби коммунисти шаҳри
Маскав туда кор карданд. Ман чандин маротиба
меҳмони ин хонадон гаштаам. Бо ҳамкурси дига-
рам низ Иван Колини молдовагй, ки баъдтар раиси
Президиуми Шӯрои Олии РСС Молдова интихоб
гардид, алоқаи зич доштам. Бо Виктор Ганев, ки аз
Булгористон буданд, солҳои тӯлонй мактуб мена-
виштем ва доимо дар тамос будем. Ӯ котиби авва-

54
ли ҳизби коммуниста яке аз ноҳияҳои София-
пойтахти Булғористон буд. Мутаассифона,
вактҳои охир алоқаи байни мо канда шуд.

Гурӯҳи тоҷикон дар мактаб чй дар хониш ва чи
дар одобу ахлоқ намуна буданд. Инро роҳбарияти
мактаби олӣ борҳо дар ҷамъомадҳо мегуфтанд.

Ману Саидамид Махмасаидов ду сол дар як
ҳуҷра истиқомат доштем. Гарчанде дар соли дуюм
ба ҳар кас ҳучраи алохдда медоданд, мо аз ин даст
кашидем. Мо доимо ҳамроҳ будем, хамкурсонамон
моро «дугоник» мегуфтанд. Ҳар ҳафта гурӯҳи
тоҷикон палав мепухтанд, ошпази мо Шарифҷон
Давлатов буданд. Бӯи палав долонро фаро мегирифт,
хамкурсонамон «тоҷикон палав пухта истодаанд»
мегуфтанд. Деги ошпазии мо аз давраи донишчӯии
Турсун Улҷабоев мерос монда будааст.

Соли дигар 8 нафар аз Тоҷикистон барои
таҳсил омаданд, ки дар байни онҳо Иззатулло
Ҳаёев, Шералӣ Мақмадалиев низ буданд. Шера-
лиро хуб мешинохтам, чунки ӯ ҳамдеҳаи ман буд,
аммо И. Ҳаёевро бори аввал медидам. Шиносоии
ман бо ӯ аз ҳамин сол, яъне 1968 оғоз меёбад.

Низорамоҳ Зарифова ва Ибодат Рахимова
меҳмони мо шуданд. Маслиҳат шуд, ки оши палав
мепазем. Ошпазиро Иззатулло Ҳаёев ба ӯхда ги-
рифтавд. Зирбаки ош тайёр шуда буд, ки мо панҷ
нафар дар ошхона ҷамъ шудем ва аз гӯшти зирбак
нишоне намонд. Ошро назди меҳмонон гузошта И.
Ҳаёев мебахшед, ки гӯшташ нест, ҳаёти донишҷӯй
ҳамин-да, гуфт. Апаҳо сархушии моро пай бурда,
ҳеҷ ran не, ҳамааш фаҳмо гуфтанд...

Ба Шералӣ таъкид кардам, ки бе ман ба сайру-
гапгги Маскав наравад. Рӯзе бо мақсади харидани

55
сарпӯши зимистона ба мағозае, ки аз ҷои зист
тахминан 2 км дуртар воқеъ буд, рафтааст ва дар
бозгашт роҳгум задааст. Чанд соат ҳар тараф гаш-
та, баъд ба назди чароғаки роҳ омада, дар вақги
сурх будани чароғак дари мошини мусофиркаш
(таксиро) кушода дохили он мегардад. Ронанда
ҳайрон шуда, куҷо барам мегӯяд. Партшкола,
мегӯяд Шералй. Ронанда шароити кулайро аз даст
надода, Маскавро хуб тамошо медиҳад. Баъд дар
назди мактаб мошинро қарор медиҳад.
Ҳисобкунаки мошин 20 сӯмро нишон медиҳад.

Рӯзе ба ман аз номи Ниёзмуҳаммад Бегов ва
Гулмурод Саидов барқия омад, ки онҳоро аз
фурудгоҳи Домодедово пешвоз гирем. Онҳо аз
шаҳри Сочи баъди истироҳати осоишгоҳ меома-
данд. Ман бо Шералӣ онҳоро пешвоз гирифта, ба
хобгоҳи мактаб бурдем. Ду рӯз Маскавро ба онҳо
тамошо додем, мақбараи Ленинро зиёрат карданд.
Баъд илтимос карданд, ки онҳоро ба Ленинград
барем. Ман ва Саидамид Маҳмасаидов онҳоро ба
шаҳри Ленинград бурдем ва дар яке аз
меҳмонхонаҳои шаҳр маскан гирифтем. Корманди
меҳмонхона Н.И.Яковлев, ки мо ӯро Николай ме-
гуфтем, моро роҳбаладй намуда, дар давоми ду
рӯз ҷойҳои таърихии шаҳрро тамошо дод.

Мо қасри зимистона ва хаскапаи Пётр, киштии
«Аврора», осорхона, қаторфаввораҳоро, ки
микдорашон аз сад зиёд буд, тамошо кардем. Ле-
нинград аз ҷиҳати санъати меъморй беҳамто буда,
мардумаш ҳалиму меҳмоннавоз аст. Такдирро би-
нед, ки ҳамон вакт дар шаҳр «Шаби сафед» (белая
ночь) ҳукмфармо буд, сокинони шаҳр шаб хам ба

56
мисли рӯз сайругашт мекарданд. Мо бо як таассу-
роти фаромӯшнашаванда ба Маскав баргаштем.

Рӯзи дигар мо чор нафар - ман, Изатулло Ҳаёев,
Саидамид Маҳмасавдов ва Шералӣ Маҳмадалиев
меҳмононро аз фурудгоҳи Домодедово гусел на-
мудем. Дар тарабхонаи фурудгоҳ раис моро зиё-
фат дод. Мо ғарқи сӯҳбат будем, ки ногоҳ аз
баландгӯяк такрор ба такрор мегуфт, депутат
Ниёзмуҳаммад Бегов, таъҷилан ба хонаи депутата
ҳозир шавед. Гулмурод Саидов бошад номи маро
нагирфтанд гуфта, нишастан гирифт. Уро як бало
карда розй кунонида, ҳама сӯи хонаи депутата да-
видем. Раис ба ҳар яки мо 50 сӯмй дода, ба
ҳамаамон ташаккур гуфту дохили хонаи депутата
гатит Мо аз ин ҳотамии раис шод гашта, ба ҷои
зисти худ баргаштем.

Дар давоми ду соли таҳсил хеле дониш
андӯхтем, ҷойҳои таърихиву фарҳангии Маскавро
тамошо кардем, доираи ҷаҳонбинии мо васеъ гар-
дид. Олимони машхури мамлакат ба мо даре ме-
гуфтанд. Боре ҳамаи шунавандагонро дар толори
калони мактаб ҷамъ намуданд, ки дар он академик
Аловидцин Баҳоваддинов аз фанни философия ду
соат лексия хонд. Шунавандагон офарин гуфтанд,
мо тоҷикон аз ин меболидем. Дарсҳо оид ба наза-
рияи марксистй-ленинй, иқгисодиёти сиёсй,
асосҳои фалсафа, таърихи КПСС, ҳаракати
байналхалқию коргарй хеле мароқовар мегузаш-
танд. Дар чорабиниҳои сиёсй-фарҳангие, ки КМ
КПСС мегузаронид, шунавандагони мактаби олй
фаъолона иштарок мекарданд.

Як воқеаро нагуфта наметавонам, ки дар соли
якуми таҳсил рӯй дода буд. Аз болои ман аризаи

57
беимзо ба кумитаи ҳизби коммуниста вилояти
Кӯҳистони Бадахшон дохил шудааст, ки гӯё ман
дар вакта гусел шахсони бисёреро даъват карда
бошаму зиёфата калон ороста бошам. Ҳол он ки
ҳамагй 12 нафар буданд. Комиссияи махсуси об-
ком як ҳафта санҷиш гузаронида, ба бюрои обком
хуҷҷат пешниҳод кардааст. Бюро қарор кабул кар-
дааст, ки маро аз мактаби олй бозхонанд. Қарорро
ба КМ барои тасдиқ намудан ирсол намудаанд.
КМ ин масъаларо ҳаматарафа санҷида, қарори об-
комро беасос ҳисобидааст. Соли 1968 вақта
таътили тобистона ба Колхозобод омадам. Маро
ба КМ даъват карданд. Мудири шӯъбаи ташкилии
КМ В.А. Никитин маро бо қарори обком шинос
намуда, таъкид кард, ки эҳтиёткор бошам. Ин
ҳодисаи бофтаву сохта бароям дарси ҳаёт шуд.

Моҳи майи соли 1969 буд. Ҷиянам Саидкул
Шомалангзода барои хабаргирй ба Маскав омад.
Аз накдаш маълум гашт, ки ӯ ҷои хобгоҳи моро ду
рӯз кофтааст. Барои омадан ба назди ман падараш
ба ӯ маблағ надодааст, зеро гуфтааст, ки Маскавро
ту намедонй, ин шаҳри хеле калон ва серодам аст,
азобу машаққат мекашй. Дар ҳақиқат ҷиянам дар
он вакт 21-сола буд ва бори аввал аз Тоҷикистон
берун ба сафар баромада буд. Ман аз ғайрати ӯ
хеле хушҳол шудам.

Соли 1969 мактаби олии партиявиро хатм наму-
дам. Дар кумитаи марказй И.Ф. Дедов, ки мудири
шӯъбаи ташкилй буданд, ба ман гуфтанд, ки
Сироҷиддин Исоев як сол боз ҷои котиби райком-
ро холй нигоҳ медорад ва ӯ шуморо интизор аст.

58
БОЗ КОР БО УСТОДАМ

Ман аз ин хеле шод гаштам ва гуфтам, ки бо С.
Исоев кор кардан ифтихор аст. Дигар ин ки оила-
ам бо фарзандонам дар маркази ноҳия зиндагй ме-
карданд. Ман чор сол қабл дар ин ноҳия даҳ сол
ифои корҳои комсомолй-ҳизбӣ кардаам ва шарои-
ти ноҳияро хуб медонистам.

Аввалҳои мохд август раиси колхози «Комму-
низм» Ниёзмуҳаммад Бегов илтимос намуд, ки ба
Г армчашмаи Помир рафта, каме табобату
истироҳат намоем. Мо 8 нафар, ману раис,
Саидҷон Салимов, Гулмурод Саидов, Турсунхӯҷа
Тошпӯлодов ва дигарон ба сӯи Бадахшон равон
гаштем. Дар ноҳияи Ванҷ дар хонаи Беназир Ор-
зуев, ки мудири шӯъбаи ташкилй-партиявй шуда
кор мекарданд, меҳмон шудем. Моро Беназир ва
оилааш Саидабибй Лайлиева хеле нагз
меҳмоннавозй карданд ва сӯҳбати мо то нимаи
шаб давом кард.

Рӯзи дигар субҳи барвакт ба роҳ баромада, баъд
аз шаш соат ба шаҳри Хоруг расидем. Моро
ҳамкурсам Саидамид Маҳмасаидов, ки
дастурдиҳандаи кумитаи ҳизби коммуниста вилоят
буданд, самимона пешвоз шрифта, то ба Гармчаш-
ма ҳамроҳӣ карданд. Саидамид чандин маротиба ба
Колхозобод омада, меҳмони ману Ниёзмуҳаммад
Бегов шуданд. Сад афсӯс, ки ин ҷаҳонро хеле ҷавон
падруд гуфтанд. Ёдашон ба хайр!

Маслиҳат чунин буд, ки баъди як ҳафта тавас-
сути вилояти Оши Қирғизистон ба водии Фаргона
рафта, каме сайругашт мекунем. Аммо чй тавре

59
мегӯянд, «Савдои хона ба бозор рост намеояд».
Фишори хуни акаи Саидҷон баланд шуд ва мо ба
Колхозобод баргаштем.

Августа соли 1969 маро котиби ҳизби коммуни-
ста ноҳия интихоб намуданд ва соҳаи идеологияро
ба зиммаам гузоштанд. Дар ин мансаб то соли
1973 ифои вазифа намудам. Дар бораи кору фаъо-
лияти 10 соли қаблиам дар ин ноҳия ба таври му-
фассал рӯи коғаз овардаам. Ман мехоҳам танҳо ду
лаҳзаи дигарро ба хотир биёрам: Соли 1971 колхо-
зи «Коммунизм» дар ҷадвали пахтасупорӣ ҷои
охирро ишғол мекард. Дар ин хоҷагй ҳамдеҳагон
ва аҷдодони ман, ки солҳои 20-ум ва 50-уми асри
гузашта муҳоҷир шуда буданд, сукунат доштанд.
Аз ин рӯ ман дар хиҷолат монда будам. Рӯзе аз
пахтазори хоҷагй дидан кардам, бо мутахассисон,
сардорони бригадаҳо, пирони кордида сӯҳбат на-
мудам. Ҳама гуфтанд, ки ҳосили дар саҳро буда
нақшаи пахтасупориро таъмин карда наметавонад.

Раиси хоҷагӣ Н. Бегов ва котиби ташкилоти
партиявй Юлдош Қулчиков бемор буданд. Ман аз
Сироҷиддин Исоев як моҳ иҷозат гирифта ба кол-
хоз омадам. Маҷлиси фаъолони колхозро даъват
намуда, дар бораи сафарбар намудани кувваи
қобили меҳнат ва беталаф ҷамъоварии ҳосили
мавчуда гуфтугӯи ҷиддӣ қарор гирифт. Қарор
кабул гардид, ки ситод ташкил карда шавад. Раиси
ситод ман интахоб шудам. Аъзоёни ситод дар
меҳмонхонаи колхоз бояд хоб раванд, соати панҷи
саҳар ба бригадаҳо рафта, рафти корро назорат
кунанд.

Сарони бригадаҳо, директорони мактабҳо ва ди-
гар шахсони мутасаддй ҳар бегоҳ аз соати 9 то 11-

60
и шаб бояд ҳисобот диҳанд. Барой чинакчиён ва
механизаторон тамоми шароитро муҳайё намудем.
Чинакчиён дар сари тарозу музди меҳнати худро
накд мегирифтанд. Дар натиҷа колхоз дар ҷадвали
пахтасупорй чанд зина боло рафта, нақшаи пахта-
супориро сарбаландона иҷро намуд. Ман бори ди-
гар боварӣ ҳосил намудам, ки агар муттаҳид бо-
шем, софдилона меҳнат намоем, ғамхори халқ бо-
шем, мушкиле нест, ки осон нагардад.

Соли 1970 мо дар ҳайати 8 нафар бо супориши
КМ ПК Тоҷикистон барои санҷиши шартҳои
мусобиқаи сотсиалистй ба ноҳияи Куйбишев
(Абдурахмони Ҷомӣ) рафтем. Роҳбари гурӯҳ шод-
равон Умарбек Отабеков раиси комиҷроияи ноҳия
буданд. Санҷишро тамом намуда, натиҷаашро дар
маҷлиси фаъолони ноҳия бояд ҷамъбаст мекардем.
Котиби аввали ҳизби ноҳия шодравон Ҷалолиддин
Мухаммадов хабар доданд, ки дар маҷлис котиби
якуми КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ишти-
рок менамоянд. Ба Умарбек Отабеков нигаристам,
рангашон дигар гаштааст. Ӯ аз баромад кардан
даст кашида, илтимос намуд, ки ман суханронй
кунам.

Ҳамин тавр ин бори гарон ба дӯши ман афтод.
Ман худро хеле нофорам ҳис мекардам, чунки бори
аввал дар ҳузури Ҷаббор Расулов суханронй мекар-
дам. Дар мачдис 30 дақиқа баромад карда,
роҳбарони хоҷагиҳо, котибони ташкилотҳои
партиявй, мутахассисонро дар баробари
муваффақиятҳо камбудиҳое, ки мо ошкор кардем,
зери танқид гирифтем.

Ҷаббор Расулов дар суханронии худ қайд кар-
данд, ки колхозободиҳо таҳлили хуб кардаанд,

61
махсусан соҳаи пахтакориро. Аз ин гуфтаҳо хуло-
саи даркорй баровардан лозим аст. Ҷалолиддин
Мухаммадов баромад карда ваъда доданд, ки
камбудиҳоро дар муддати кӯтоҳ бартараф мена-
моянд. Ман нафаси озод кашидам. Баъд аз маҷлис
Ҷалолиддин Мухаммадов ба назди ман омада, бо
овози паст моро хуб боб кардед, Камолиддин,
гуфтанд. Каме ранҷидахотир менамуд. Агар хатое
аз ман гузашта бошад, узр мехоҳам гуфтам.

62
ДИЁРИ ҚАҲРАМОНОН

15-уми марта соли 1973 Ҷаббор Расулов маро
ба ҳузур пазируфта, савол доданд, ки Колхозобод-
ро дигар тарк карданй нестам.

- Чанд сол дар он ҷо кору фаъолият доред?

- 15 сол Ҷаббор Расулович.

- КМ шуморо ба ҷои салқинтар, ба ноҳияи
Орҷонкидзеобод, ба ҳайси котиби аввали ҳизби
коммунист тавсия медиҳад.

Ноҳия дар қарибии пойтахт-шаҳри Душанбе
воқеъ буда, таъминота сокинони пойтахт ва
меҳмонон бо сабзавоту меваи тару тоза, маҳсулоти
шириву гӯштй нақши муҳим мебозад. Ноҳия
серсоҳа буда, дар он миллатҳои зиёде зиндагй ме-
кунанд, саноат хеле тараққй ёфтааст. Боронҳои пай
дар пай ва жола хеле зиёд меборад. Ин нохия аз
ҷихдти иқлим аз Колхозобод аз замин то осмон фарқ
мекунад. Ба ман нигариста, «ҳа тарсидед» гуфтанд.
«Коммунист аз ҳеҷ мушкилие бояд наҳаросад. Ба-
рой шумо дар мехмонхонаи КМ ҷои хоб тайёр кар-
даанд. Рафта истироҳат кунед. Пагоҳ соати 9,30 дар
назди даромадгоҳи КМ ҳозир шавед».

Бо мошинаи хизматии Ҷаббор Расулов тарафи
Орҷоникидзеобод раҳсипор гаштем ва рӯзи 16-
уми март, пленум маро котиб интихоб кард.
Ҷаббор Расулов дар бораи кору фаъолияти ман
кӯтоҳакак ахборот доданд. Вазифаҳои навбатиро
таъкид карданд, барори кор хостанду рафтанд.
Ман дар ин вазифа В.Е. Захватовро иваз намудам.
Захватовро раиси хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ таъин
намуданд. Василий Ермолаевич шахси кордону

63
ботаҷриба буда, дар ин ноҳия 11 сол кору фаъоли-
ят кардааст. Барои ободии ин диёр саҳми босазое
гузоштааст,

Орҷоникидзеобод (Вахдат) дар ҳақиқат диёри
номдор аст. Мардумаш меҳнатқарин, меваҳояш
шакарин, чашмаҳояш зулолтарин, хокаш зархез
аст. Агар дар чумхурй се нафар ду карат
Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ бошанд, якто-
яш зодаи ноҳияи Орҷоникидзеобод Карим Исмои-
лов мебошад. Ӯ зиёда аз 15 сол раиси колхози
«Москва» буд. Ҳоло ин хоҷагй номи ӯро гирифта,
дар боғи марказии ноҳия нимпайкарааш гузошта
шудааст. Орҷоникидзеобод бо фарзандони фарзо-
наву деҳқонони асилаш ном баровардааст. Бист
нафар бо унвони Қаҳрамони Меҳнати
Сотсиалистй сазовор гардидаанд. Бозорбой Буру-
нов, Гадо Ҳасанов, Зоғ Раҷабов, Раҷаб Исмоилов,
Ҷолмат Ғоибов, Сайфура Зоирова ва дигарон,
Шоири Халқии Тоҷикстон Мирзо Файзалӣ, шоир
Нӯъмон Розиқ барҳақ номбардорони ноҳия мебо-
шанд. Ветеранҳои ҷангу меҳнат Сафар Саидов, М.
Толибов, Холиқ ва Мухтор Ризоевҳо, Бӯригул
Асоева, Зоир Алиев, Сафар Қурбонов, Насим Са-
фаров, ки бо се ордени «Шараф» сазовор гардони-
да шудаанд, ифтихори мардуми ноҳия мебошанд.
Роҳбарони хоҷагиҳои «Коммунизм» Аввалмурод
Кенҷаев (ки аз дасти шахсони номаълум ба
шаҳодат расонида шуд), «Съезди XXII партия»
Назрулло Шарифов, «Карим Исмоилов» Музаф-
фар Саидов, «50-солагии комсомол» Шаме
Ғуломов, сарварони бригада, деҳқонони асил
Раҳмон Наботов, Қадам Аминов, Бозор Сайфид-
динов, Сайфиддин Асоев, Гадо Ҳасанов, Амон

64
Усто Пирмади Шариф -
амаки Камоли Сӯфиси.

Я

Усто Сӯфӣ -
падари Камоли Сӯфиён.

К. Суфиён бо устодаш Ш. Гадоев ва Н. Мирзоев,
ҷиянҳояш Асолат, Назокат, Мариям.
Камоли Суфиён бо ҷиянаш
Саидқул Шомалангзода, 2010.

Камоли Суфиён бо дусташ Сангин Ҳафизов.
ғтлт

VI ЗАСЕДАНИЕ МЕЖДУНАРОДНОГО СОВЕТА ПО СОТРУДНИЧЕСТВУ
ТОРГОВО-ПРОМЫШЛЕННЫХ и хозяйственных палат

VI MEETING OF THE INTERNATIONAL COUNCIL FOP COOPERATION OF
CHAMBERS OF COMMERCE ANO INDUSTRY AND CHAMBERS OF ECONOMY

Камоли Суфиён дар Конфренсияи байналхалқи
дар шаҳри Алма-Ато, 9-10 октябри соли 1999.
'.."ЩЩг- л juttm - ,V№«k..

Камоли Сӯфиён - Раиси Палатам савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2001.

Камоли Суфиён дар намоишгоҳи
Палатам савдо, Африка.
Камоли Суфиён, Изатулло Ҳаёев,
Султон Мирзошоев дӯстони деринанд.

Котиби аввали ҲК шаҳри Ваҳдат Камоли Сӯфиён, 1978.
Вакилон аз ноҳияи Восеъ: МиралИ Маҳмадалиев,
Неъмат Сулаймонов дар пахтазори ноҳияи
Орҷоникидзеобод, котиби аввали райком К. Сӯфиён.

Камоли Суфиён бо дӯстонаш.
Дар намоишгоҳ. Камоли Сӯфиён бо Изатулло Ҳаёев ва Қаҳҳор Махкамов.
Камоли Суфиён дар ҳалқаи дустон.
Аз чап ба рост: С. Мирзошоев, М. Қаноат, К.Суфиён, Н. Одилов.
Камоли Суфиён бо сафири Ҳиндустон Ҷаноби Кумар.
К. Сӯфиён дар зодгоҳаш Қули Суфиён
Саидқул - ҷиян, Солеҳа - духтари К. Суфиён.
К. Сӯфиён бо сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон
Ҷаноби Кумар дар Палатам савдо ва саноат.

i 1 as з 11

1 ill 111

\ I ! 2« S % *
К. Суфиён дар иҳотаи наберагон.
Нависанда Ато Ҳамдам Камоли Суфиёнро табрик мекунад.
Академик М. Лутфуллоев, дусти Камоли Суфиён.

Абдулмаҷид Достиев ва Ҷамолидцин Мансуров
дар зодрӯзи Камоли Сӯфиён.
Тағоев, Аҷикабону Давоеваро бо эҳтиром вирди
забон меоваранд.

Фаъолияти кории ман дар ин ноҳия аз моҳи
марта соли 1973 оғоз афт. Ба хоҷагиҳо, ташкилоту
муассисаҳо, заводу фабрикаҳо рафта аз наздик
шинос шудам. Дар ин кор раиси комиҷроия
Имомназар Сулаймонов кӯмак карданд. Азбаски
айёми киштукор буд, ман аз роҳбарони хоҷагиҳо,
мутахассисон ва пирони кордида мепурсидам, ьси
дар шароита Орҷоникидзеобод кишта пахта, саб-
завот, ғалла ва зироати хӯроки чорворо кай оғоз ва
ба анҷом расонидан мумкин аст. Ҳамин тавр ду
соли пурра омӯхтаму бо одамон шинос шудам ва
нақшаҳои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия
барзиёд иҷро гардиданд.

Қариб ҳар сол боронҳои пай дар пай, жола ме-
борид, сел меомад, ки ба зироатҳои кишоварзӣ, аз
ҷумла пахта зарари ҷиддӣ мерасонид. Нақшаи
пахта 24 ҳазор тоннаро ташкил мекард. Ба КМ бо
мактуб муроҷиат намуда, хоҳиш намудем, ки
накдғаи пахтаро кам карда, майдонҳои кишти саб-
завоту хӯроки чорво, картошкаи барвакгиро зиёд
намоянд. Ин дар навбати худ барои таъмини соки-
нони пойтахт бо меваю сабзавоти тару тоза, кар-
тошка, гӯшту шир мусоидат мекунад. КМ маро
дастгирӣ кард ва нақшаи пахта панҷ ҳазор тонна
кам карда шуд. Истеҳсоли сабзавот ба 48 ҳазор
тонна ва картошкаи барвақтй бошад ба 12 ҳазор
тонна расонида шуд, ки ин 221 сентнерро аз ҳар
гектар ташкил мекард. Бо ҳамин таъминоти соки-
нони пойтахт бо картошкаи барвақтӣ пурра
таъмин гардида, дигар шаҳрҳои чумҳурӣ аз ҷумла
Норак, Роғунро таъмин мекардем.

65
Колхози «Коммунизм» дар масъалаи ба даст
овардани ҳосили баланди пиёз таҷрибаи хеле бой
дошт. Бригадаи А. Тағоев аз ҳар гектар 80 тонна
пиёз ба даст меовард.

Бо супориши Ҷаббор Расулов котиби аввали
кумитаи ҳизби коммуниста вилояти Ленинобод
(Суғд) Рифъат Ҳоҷиев ва вазири хоҷагии қишлоқ
Муҳиддин Зоиров ба Орҷоникидзеобод омаданд.
Майдонҳои кишти пиёзро дидан карданд, бо мута-
хассисон ҳамсӯҳбат шуданд. Ҳоҷиев гуфтанд, ки
ин зироат дар вилояти мо дар дасти кореягиҳо ме-
бошад. Баъд мутахассисон паиҳам аз хоҷагиҳои
вилоят омада, таҷрибаи пиёзкориро омӯхтанд ва
дар кори худ амалй карданд.

Дар ҷумхурӣ аввалин шуда кишти зироата
хӯроки чорво рапс ва перкоро кишт кардем, ки ба-
рон зиёд гаштани истеҳсоли шир сабаб гардид.
Хоҷагиҳои ҷумхурӣ тухми ин зироатро аз мо
харидорй карданд. Дар натиҷа кишти ин зироат дар
чумхурй хеле ривоҷ ёфт. Хоҷагиҳои байниколхозй
гӯсфанду мурғпарварй, бурдоқипарварй, комплекси
чорвои шохдори калон, фабрикаҳои мургпарварй
ташкил ёфтанд, ки натиҷаи дилхоҳ доданд. Дар
ноҳия якчанд семинарҳои чумхуриявй барои
омӯхтани таҷрибаи пешқадам барпо гардид.

Дар яке аз пленумҳои комитета ҳизбии ноҳия
масъалаи тараққиёти соҳаи чорводорй ва баланд
бардоштани ҳосилнокии онро мавриди муҳокима
қарор додем. Ҷаббор Расулов дар кори пленум иш-
тирок намуда, баромад низ карда, чунин гуфтанд:
Шумо хама шароиту имкониятҳоро доред, ки
истеҳсоли ширро зиёд намуда, дар чумхурй ба ҷои

66
аввал бароед. Шумо метавонед ба ленинободиҳо ба-
робар шавед, ҳатто аз онҳо ҳам гузаред.

Мо ба ҳисоби аз ҳар cap модагов нисбати
ленинободиҳо 138 литр қафо монда будем ва дар
чумҳурй ҷои дуюмро ишғол мекардем. Д&р
ҳақиқат баъди ду сол ноҳияи Орҷоникидзеобод
дар чумхурй ба ҷои аввал баромада, 2713 литрро
ташкил дод, ки нисбати вилояти Ленинобод 128
литр зиёд буд.

Ҳамин тавр пешравиҳо дар тамоми соҳаҳои
хоҷагии халқи ноҳия ба назар мерасид. Дар
ҷамъбасти сол даҳҳо корхонаҳо, колхозу совхозҳо
соҳиби Байрақҳои Сурхи сайёри КМ ҳизби ком-
муниста Тоҷикистон ва КМ КПСС, Совета Вази-
рони СССР мегаштанд. Хонандаи мӯҳтарам фикр
накунад, ки худро ситоиш мекунам. Ин ҳама
муваффақиятҳо дар натиҷаи меҳнати софдилонаи
аҳли заҳмат, ташкилотҳои ибтидоии ҳизби, мута-
хассисон, роҳбарони колхозу совхозҳо, корхонаву
муассисаҳо, ки шахсони кордону ташкилотчи
роҳбарй мекарданд, ба даст меомаданд.

4-июни соли 1977 борони селу жола борида,
заминҳои пахтай колхози «Съезди XXII партия»-
ро, ки ғарқи гулу шона буданд, ба замин яксон
кард. Ҷаббор Расулов рӯзи дигар омада,
майдонҳои пахтаро аз назар гузаронида, амр кар-
данд, ки дигар зироат кишт намоем. Мо шолй,
турб, ҷуворимакка, зироатҳои лӯбиёгӣ кишт наму-
дем. Аз Ҷаббор Расулов илтимос кардам, ки барои
таҷриба дар майдони 15 гектар кишти пахта гуза-
ронем. Он кас норозигй баён карда,
Орҷоникидзеобод водии Вахш нест, гуфтанд. Баъд
ба раиси хоҷагй Назрулло Шарифов нигариста,

67
фикри шумо чист гуфта суол доданд. Ягон маро-
тиба дар моҳи июн пахта кишт накардаем, аммо
барои санҷиш ин корро кардан лозим аст. Майлаш,
лекин масъулияташ ба зиммаи ту, котиб. Дар бри-
гадам Бозор Сайфиддинов навъи пахтай «108-Ф»
кишт намудем. Ин қитъаи замин зери назорати
доимй қарор гирифт. Дар толей мо тирамоҳ хушк
омад, дар натиҷа ба мо муяссар гардид, ки аз ҳар
гектар 28-сентнерй пахтай хушсифат ба даст ова-
рем.

Рӯзе субҳгоҳон барои аз назар гузаронидани
корҳои саҳрой ба колхози «Съезди XXII партия»
равон гаштам. Дар наздикии деҳаи Дашти Бед аз
юнучқаи даравшуда мӯйсафеде бори вазнинро ги-
рифта, ҳарчанд зӯр мезад, хеста наметавонист.
Ман ба ронанда акай Гургалй амр кардам, ки мо-
шинро нигох дорад. Рафта кӯмак кардам,
мӯйсафед аз ҷой бархесту раҳмат писарам гуфта,
вазнин-вазнин қадам монда сӯи деҳа равон шуд.
Дар назди идораи колхоз раиси хоҷагй Назрулло
Шарифовро дарёфт намудам ва ин ҳодисаро ба вай
нақл кардам. У гуфт, ки дуздро ҳатман ёфта ҷазо
медиҳад. Ҷазо надиҳед, даъват намуда бо ӯ сӯҳбат
намоед. Раис ба деҳаи Дашти Бед рафта, ӯро да-
рёфта, ту чй кор кардй мӯйсафед, шахси
кӯмаккарда райком Сӯфиев буд, гуфтааст. «Вой
хонаам сӯхт гӯед раис», гуфтааст.

Ин воқеа ба тезй дар миқёси ноҳия паҳн гардид.
Дар яке аз ҷамъомадҳо супориш додем, ки ба шах-
сони эҳтиёҷманд барои хӯроки чорво колхоз мета-
вонад бар ивази музди меҳнат хошоки дурушт
ҷудо кунад. Бо ҳамин дуздии моликияти ҷамъиятй
хеле кам гардид.

68
Айёми шудгору заминҳои пахтаро аз ғӯзапоя
тоза кардан буд. Ба колхози «Карим Исмоилов»,
деҳаи Сангпар рафтам. Дар қитъаи замини 20-
гектара шудгор мерафт. Аммо як порам замин аз
ғӯзапоя тоза нагардида буд. Аз раиси хоҷагй пур-
сон шудам, ки чаро замин аз ғӯзапоя пурра тоза
карда нашудааст. Гуфт, ки он пораи замин аз як
кампири бесоҳиб аст. Раисро каме сарзаниш наму-
дам. Ба комиҷроияи ноҳия супориш додам, ки
рӯйхати шахсони танҳову барҷомондаро тартиб
дода, ба кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия
пешниҳод намояд.

Маълум гардид, ки ин гуна шахсон дар нохия
зиёда аз 110 нафаранд. Ба ҳамаи роҳбарони колхо-
зу совхозҳо, ташкилоту муассисаҳо супориши
қатъй дода шуд, ки аз ҳолу аҳволи онҳо мунтазам
хабардор шаванд ва кӯмаки модцй расонанд.

Боре раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон
Абдулаҳад Қаҳҳоров ба Орҷоникидзеобод ома-
данд, ки борони сел ва жола меборид. Хотирпаре-
шонии маро ҳис намуда, насиҳат карданд, ки худ-
ро эҳтиёт кунам. Абдулаҳад Қаҳҳоров шахси до-
нишманд ва бофарҳанг буданд. Баъдтар вазъи са-
ломатиам бад гардиду маро дар яке аз бемористо-
ни шаҳри Душанбе хобонданд ва ду хафта табобат
гирифтам. Духтурон гуфтанд, ки асаб каме хароб
гаштааст. Мирзо Бобоев ба аёдатам омада,
шӯхиомез гуфтанд, ки котибро ҳам жола задааст.

Соли 1979 бо мақсади боз хам ободу зебо гар-
донидани маркази ноҳия, тараққй додани саноат,
сохтмон ба КМ ПК Тоҷикистон бо мактуб
муроҷиат кардем, ки шаҳрро аз ноҳия чудо намуда,
бо Орҷоникидзеобод мақоми шаҳр дода шавад.

69
Инчунин илтимос кардем, ки хатти троллейбус то
Орҷоникидзеобод кашида шавад, чунки одамони
бисере аз ноҳия дар Душанбе кору фаъолият ме-
карданд ва аз Душанбе дар Орҷоникидзеобод. Аз
маркази ноҳия ба самти Роту ну ноҳияҳои водии
Рашту Бадахшон, Нораку вилояти Кӯлоб
мошинҳои боркаши вазнину сабукрав мегузаш-
танд. Барой ҳамин ҳам илтимоси дигари мо
роҳҳои мошингарди худуди ноҳияро ба ҳисоби
давлат гузаронанд. Мактубро КМ ба Шӯрои Вази-
рон ирсол намуда, супориш дода буд, ки ин
масъалаҳоро санҷида, мусбй ҳал намояд. Раиси
Шӯрои Вазирон Раҳмон Набиев маро даъват на-
муданд ва изҳори норозигй баён карданд. Мо ба
КМ ҷавоб медиҳему шумо дигар даъво накунед.
Ман розй нашудам.

Аз ҳамон сол (1979) муносибати мо бо Р. Наби-
ев сард гардид ва дар давраи вазириам муносибати
мо боз ҳам бадтар шуда, муноқишаю мубоҳисаҳо
хеле шиддат ёфтанд. Соли 1980 шахр ташкил гар-
диду дигар масъалаҳо ҳалли худро наёфтанд.

Ман дар ин ноҳия соҳиби набераи нахустин
гардидам, ки номашро Шодй гузоштам. Ҳоло
Шодиҷон соҳиби се фарзанд мебошад. Ҳар рӯз аз
ҳолам хабар мегирад. Дар ҳаққаш дуои хайр меку-
нам.

Аз ноҳия ду даъват вакили мардумй дар парлу-
мон будам. Бо панҷ ордену медалҳо сарфароз гар-
дидаам. Нону намаки мардумй сарбаланди ин ди-
ёрро бисёр хӯрдаму кам хизмат кардам. То ҳоло
алоқаи ман бо мардумй ин шаҳру ноҳия канда на-
шудааст. Шогирдони вафодорам Исматулло
Ҳафизов, Самандар Тоиров, Убайдулло Давлатов,

70
Мирзоалй Болтуев, Маҳмурод Каримов, Афғон
Саидов ба хабаргирии май меоянд, ки аз онҳо си-
посгузорам.

Ҳар кадоми онҳо дар мансабҳои баланди масъу-
лиятнок фаъолият карда, борҳо вакили мардумй
дар парлумон интихоб гардидаанд. Убайдулло
Давлатов раиси Суди Олй, муовини раиси Шурой
Олй, Исматулло Ҳафизов дар мушкилтарин давра,
яъне ҷанги шаҳрвандй раиси комиҷроияи ноҳия
буданд. Самандар Тоиров бошад раиси
комиҷроияи шаҳрро солҳои тӯлонй ба ухда дошт.
Котибони дуюми ҳизби коммунисти ноҳия Ю.Ф.
Поносов, котиби аввали ҳизби шаҳри Кӯлоб, ко-
тиби дуюми ҳизби коммуниста вилояти
Кӯҳистони Бадахшон, раиси шаҳри Душанбе,
муовини аввали раиси Шӯрои Вазирон Н.В.Речкин
бошад котиби дуюми ҳизби коммуниста вилояти
Кӯлоб, Бӯригул Асоева раиси комиҷроияи шаҳри
Орҷоникидзеобод шуда кору фаъолият кардаанд,
ки ман аз ин мефахрам:

Пораи ҷони манй, Кофарнщон,

Чораи ҷони манй, Кофарнщон.

Хонаи эҳсони ман, Кофарнщон,

Файзи дастархони ман, Кофарнщон.
Манбаи илҳоми ман, Кофарнщон.

Шеъри ман, илҳоми ман, Кофарнщон.
Саҷда меорам ба ҳастии ту ман,

Меҳр дар дал, то бувад ҷон дар бадан.

71
ДАР СӮҲБАТИ СОҲИБДИЛОН

Шиносоии ман бо адибон, олимон, вазирон,
аҳли санъату дигар шахсони мӯътабар аз соли
1969, ки он вақг котиби ҳизби коммуниста ноҳияи
Колхозобод оид ба идеология будам, оғоз ёфта,
баъдтар дар Орҷоникидзеобод солҳои 1973-1981
тақвият меёбад. Дар ин солҳо аҳли адаб ба
ноҳияҳо рафта, бо мардум вохӯриҳо мегузарони-
данд, шеърхонй мекарданд ва шеърҳои тоза эҷод
мекарданд. Дар ин масъала Мирзо Турсунзода,
Боқй Раҳимзода, Мӯъмин Қаноат, Гулназар Келдй,
Муҳаммад Осимӣ, Ҷалол Икромӣ, Талбак Назаров,
Рустамбек Юсуфбеков хеле фаъол буданд.

Боре бо Мирсаид Миршакар, ки чун номзад ба
депутатии Шӯрои Олии Ҷумҳурй аз ноҳияи
Орҷоникидзеобод пешниҳод шуда буданд, ба сам-
ти Ромит равона гаштем. Дар лаби дарёи
Кофарниҳон мошинро нигоҳ дошта, ба манзараҳо
наззора намуданд. Баъд ба сӯи ман нигариста,
«Камолҷон, дар хаёлам ман ҳеҷ гоҳ намемирам»
гуфтанд. «Устод, ин хаёл нест, шумо бо асарҳои
худ ҷовидон мемонед» ҷавоб додам ман. Устод
низе нагуфта табассум намуданду «хайр, рафтем»
гуфтанд.

Устодон Мирзо Турсунзода ва Боқй Раҳимзода
ба Орҷоникидзеобод омаданд. Баъд аз вохӯрӣ бо
аҳли заҳмати колхози «Съезди XXII партия» дар
таги чиноре, ки дар лаби дарёи Кофарниҳон
ҷойгир буд, каме истироҳат карданд. Хеле
шеърхонй карданд, ҳазлу шӯхӣ намуданд. Устод
Турсунзода аз ман пурсон шуданд, ки аз рӯи баъзе

72
сарчашмаҳо шумо кам-кам шеър ҳам мегӯед, ин
рост аст? Ман, ки ин саволро чашмдор набудам,
дар хиҷолат мондам. Баъд худро ба даст гирифта,
«каму беш шеърҳои ҳаваскорона барои худам
мегӯям» гуфтам.

Устод хеле хушҳол гаштанд ва гуфтанд, ки ягон
шеърамро қироат намоям. Ман гуфтам, ки ду
шеъри нотамом дорам, яке «Модар», дигаре
«Деҳқон».

- Ба итмом расонед, баъд бо ҳам муҳокима ме-
кунем. Шумо чй мегӯед ҳазрат, - эшон вай ба - ба
Боқй Раҳимзода муроҷиат карданд. Бисёр фикри
олиҷаноб, - гуфтанд устод Боқй ва афзуданд. Вале
вақташро муайян накардед, Мирзоҷон.

- Як моҳ кофист? - аз ман пурсиданд устод
Турсунзода.

Ман хеле хурсанд туда арзи сипос кардам.

Баъди якуним моҳ ин ду шахси мӯътабар аз са-
фари ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) баргашта дар
Орҷоникидзеобод тавақкуф карданд ва аз ду
шеъри ман пурсон шуданд. Гуфтам, ки шеърҳо
ҳоло ҳам нотамоманд, аммо аз эҷодиёти шумо ме-
тавонам ду шеърро қироат намоям. Оҳҳо, «Канӣ
шунавем чй» гуфтанд. Ман назди ин мардони бу-
зург бори аввал чуръат карда шеърхонй кардам.
Шеъри М. Турсунзода «Котиби райком», шеъри Б.
Рахимзода «Як табассум кун»-ро қироат кардам.

Устод М. Турсунзода гуфтанд, ки ана барои
ҳамин шеърҳои шумо нотамом мондаанд. Кори
котиби райком ниҳоят пурташвишу мураккаб аст.
Б. Раҳимзода бошанд бо хислатҳои хоси худ
шӯхиомезона аз серкорй не, аз табассуми
маҳҷабинҳо беҳол шуда, маҷоли шеърнависиатон

73
намондааст, гуфтанд. «Аз табассуми «оимчаҳо»
шумо беҳолу бемадор мешавед, ҳазрат, инҳо бо-
шанд коммунисти матанирода» гуфтанд устод
Турсунзода.

Ман ваъда додам, ки то омадани навбатияшон
шеърҳоямро ба итмом мерасонам. «Ин тавр бошад
Мирзоҷон, пасфардо меоем», ҳазломез гуфтанд
устод Боқӣ. Турсунзода гуфтанд, ки ҳазрат, ҳеҷ
набошад баъд аз як ҳафта гӯед.

Баъд аз як моҳ ҳарду ба Орҷоникидзеобод ома-
данд. Мавсими пахтачинй буд. Шеърҳоямро
қироат кардам. М. Турсунзода шеъри «Модар»-ро
гирифту шеъри «Деҳқон»-ро ба Боқй Раҳимзода
дода, як аз назар гузаронед, гуфтанд.

Баъд ислоҳ карданду ана акнун шеър шуд, гуф-
танд. Маслиҳат доданд, ки шеъргӯиро идома
диҳам. Баъд онҳо шеърҳои аввалини худро ба хо-
тир оварда бо завқ хандиданд. Ман ҳам ба тарзи
нгӯхй гуфтам, ки дар шеъри устод Боқй Раҳимзода
«Як табассум кун» омадааст: «Қамарро зери поят
мегузорам, як табассум кун.» Ба ҷои қамар камар-
ро кор фармоем, беҳтар мешуд, аз осмон қамарро
фаровардан амри маҳол аст. Устод Турсунзода
гуфтанд, ки котиб ҳақ аст. «Мирзоҷон, камарро
зери пои бону гузорам, рафту миён шиканад, баъд
табассуми ӯ ба ман чй лозим?» гуфтанд устод
Боқӣ. «О, ҳазрат, ягон сабуки мӯрчамиёнашро ёф-
та, баъд камарро зери пояш гузоредция», бо ханда
посух доданд устод Турсунзода.

Ин ду марди хирад қатъи назар аз серкорй
ҳамеша аз кору бор, зиндагиву рӯзгори
меҳнаткашони деҳот аз наздик ошно мешуданд.
Ҳеҷ воқеае дар Тоҷикистон набуд, ки аз мадди на-

74
зари онҳо берун монад. Чй рӯзи хушу чй рӯзи бад,
аҳли ҷомеаи Чумҳурй ҳарорати дили ин шоирони
нотакрорро эҳсос мекарданд. На танҳо бо шеъри
равону пурмеҳр, балки бо андарзҳои хирадмандо-
на, дилбардориҳои гоҳ ҷиддиву гоҳ ҳазломез ба
мардум умедҳо аз зиндагй мебахшиданд. Як
лаҳзаро то зиндаам, фаромӯш нахоҳам кард.

Моҳи майи соли 1974 дар ноҳия нохушие рӯй
дод. Борони селу жола бориду зироатҳои
кишоварзй, аз ҷумла ниҳолҳои пахта, меваю саб-
завот нобуд гардиданд. Дар айни ин ташвишҳои
шабонарӯзй ҳеҷ гумон намекардам, ки Мирзо
Турсунзода бо ман тавассути телефон тамос меги-
ранд. Эшон пас аз ҳолпурсй, бо ҳамон оҳанги ди-
ловезашон ба дилбардории ман шурӯъ карданд:
Сабур бошед, Камолҷон, мушкиле нест, ки осон
нашавад. Табиати саркаш дар муқобили иродаи
пӯлодини инсон ҳеҷ аст.

Дар чашмони ман ашк ҳалқа зад. Гумон кардам,
ки дар ин лаҳза дилам мисли кӯҳ шуд.

Фардои ҳамон рӯз Мирзо Турсунзода бо дӯсти
ҷониашон Боқй Раҳимзода бидуни огоҳй ба ноҳия
омаданд ва ба сари заминҳои обшуста, ба назди
меҳнаткашон рафтанд. Падарвор онҳоро тасаллй
доданд. Мӯъҷизаро бинед, ки бо пою қадами онҳо
якбора абрҳо пароканда шуданд, хуршеди
ҷаҳоноро дурахшид. Мардум аз ин мӯъҷиза моту
маҳбут шуданд. Бори дигар итминон пайдо кардам,
ки онҳо инсони муқаррарй нестанд. Онҳо мардум-
ро ба сарҷамъӣ, якдилй, ҳамфикрй ва меҳнатдӯстӣ
ҳидоят намуданд, ки ин дар ҳамон вазъияти баа-
маломада аҳамияти хеле калон дошт.

75
Тақрибан пас аз як моҳ устодон боз ба ноҳия
ташриф оварданд, аз хоҷагиҳои зарардида дидан
карданд ва аз натиҷаи барқароршавии зироат хур-
санд шуда, ба ман рӯ оварда гуфтанд: «Деҳқонони
асил, ки дар ин ноҳия заҳмат мекашанд, аз назари
мо кӯҳро ҳам талқон карда метавонанд, шумо аз
ин хусус осуда бошед». Барой ҳар инсон шиносо-
ии шахсй пайдо намудан бо шахсони бузург боиси
ифтихор аст. Хотираҳои ман бо ин ду марди
дилсӯзи миллат, шоирони нотакрор, арбобони
барҷастаи давлатй, ҷамъиятиву сиёсй умрбод дар
қалбам боқй хоҳад монд. Ихлосу эҳтироми ман ба
ин ду абармард ҳанӯз аз овони ҷавонй дар дилам
маҳкам ҷой гирифта буд. Зеро аз ҳамон вақг ба
ашъори баландпарвози онҳо таваҷчӯҳи хоса дош-
там, пайваста қироат мекардам ва дар зиндагию
фаъолияти кориам ҳамчун раҳнамо истифода ме-
бурдам.

Соли 1977 устод Мирзо Турсунзода бемор шу-
данд. Ман бо дӯстам котиби ҳизби коммунисти
ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакй) Сангин Ҳафизов ба
аёдати устод рафтем ва эшон аз дидани мо шод
гардида, дуои нек доданд. Ин дидорбинии охири-
ни ман бо устод буд. Баъдтар шеъреро бо номи
«Сарфидоиёни диёр» дар ҳаққи ин ду бузургмард
навиштам. Порчае аз он шеър:

Ҳар гаҳе бо меҳр меорам ба ёд
Боциву Мирзои Турсуизодаро
Чун зи хурдй мепарастидам ба ҷои
Шеъри ин ду шоири озодаро.

76
ВАЗИР ШУДАМ

Декабри соли 1980 бо Сироҷидцин Ҳақназаров
дар осоишгоҳи Ливадияи кишвари Краснодар
истироҳат мекардем. Ман котиби аввали ҳизби
коммуниста ноҳияи Орҷоникидзеобод,
Сироҷиддин бошад сардори идораи меваю сабза-
вота назди Совета Вазирони Тоҷикистон шуда кор
мекард. Дар ҳамон ҷо қарори КМ КПСС ва Совета
Вазирони СССР-ро ба воситаи радиову телевизион
шунидем ва аз газета қироат кардем. Дар қарор
омада буд: «Бо мақсади беҳтар таъмин намудани
аҳолй бо меваю сабзавот ва маводи хӯрока Вазо-
рати хоҷагии меваю сабзавоти умумииттифок ва
чумҳуриявй таъсис дода шавад». Сироҷиддин ба
ман нигариста, шумо вазир мешавед гуфт. Ман
шӯхиомезона дар ҷавоб гуфтам, ки агар ман вазир
шавам, шумо ҳатман ҷонишини аввал мешавед.
Ҳамин тавр хам шуд.

Истироҳат ба охир расиду мо баргаштем. Баъди
чанд рӯз Ҷаббор Расулов маро ба наздашон даъват
карданд.

- Хуб истироҳат кардед, акнун дар вазифаи му-
раккабтар кор мекунед. КМ шуморо ба вазифаи
вазири хоҷагии навтаъсиси меваю сабзавот тавсия
мекунад.

- Ин вазорати серсоҳаро идора карда наметаво-
нам, -гуфтам.

- Аз кори вазнин тарсидан хислати коммунист
нест. Пагоҳ ба Маскав мепаред, дар КМ КПСС бо
шумо сӯҳбат мекунанд.

77
Рӯзи дигар ба Маскав паридам. Дар КМ КПСС
маро мудири шӯъбаи саноату кишоварзӣ (мутаас-
сифона, ному насабашро фаромӯш кардам), қабул
намуда, хеле саволборонам карданд. Метавонед
равед, ба Ҷаббор Расулов занг мезанам гуфтанд.

Рӯзи дигар ба Душанбе баргаштам. Дар вдораам
нишаста будам, ки занги телефон баланд шуд.
ГӯШаки телефонро бардоштам, салом, зуд ба назди
ман оед гуфтанд Ҷаббор Расулов. Ба наздашон да-
ромадан замон табрик, КМ КПСС ризоияти худро
доданд, пагоҳ фармони Раёсати Шӯрои Олии
Ҷумхурӣ нашр мешавад. Метавонед корро cap ку-
нед, муваффақият ба шумо.

Фармони Раёсати Шӯрои Олй аз 3-феврали со-
ли 1981 нашр гардид ва ман вазир шудам. Дар ва-
зорати навтаъсис ҳамаи корхонаҳои шаробкашй,
консервабарорй, ниҳолпарварй, 6oiy токпарварй,
сабзавоту картошкапарварй муттаҳид шуданд. Ва-
зорат ба ҷуз соҳаи пахтакорй дигар ҳамаи соҳаҳои
хоҷагии халкро дарбар мегирифт. Истеҳсол, кор-
карди тамоми маҳсулоти кишоварзй, захира наму-
дану нигоҳ доштани маҳсулот, савдо, фонди
итгифоқ, яъне ба Маскав фиристонидани меваю
сабзавоти тару тоза ва хушкро ба ӯхда доигг.
Фақат дар шаҳри Душанбе 148 мағозаву дӯконҳои
меваю сабзавотфурӯшй, картошкаву дигар
маҳсулоти истеҳсолии вазорат амал мекард. Ғайр
аз ин зиёда аз 40 дӯкони сайёри мавсимӣ вуҷуд
дошт. Нархи як килограмм меваю сабзавот, кар-
тошка дар мавсими ғунучини маҳсулот 8-10 тинро
ташкил дода, баъдтар ба 18-20 тин мерасид.
Дастгоҳи марказй 200 нафарро ташкил мекард ва
шаш ҷонишини вазир дошт. Ердамчии асосии ман

78
ҷонишини аввал Сироҷидцин Ҳақназаров буд. У
иқгисодчй буд, кори хоҷагиро хуб медонист. Шах-
си боодоб, хоксор мебошад. Мо шиноси дерина
будем ва якдигарро хеле хуб мефаҳмидем.
Эҳтироми якдигарро ба ҷо меовардем. У аз ҳамин
ҷо котиби аввали ҳизби ноҳияи Ҳисор интихоб
гардид ва дар вазифаҳои дигари пурмасъули
чумҳуриявӣ кору фаъолият кард. Ҳоло ӯ
нафақахӯри шахсй буда, давлати пирӣ меронад.

Дӯстии мо то ҳол идома дорад. Дар маъракаҳои
якдигар ширкат меварзем ва аз ҳоли якдигар боха-
барем. Дигар муовинҳо ҳам А. Қодиров, Маҳмадӣ
Қосимов, Сафаркул Раҷабов, Аҳрор Умаров,
Н.Я.Зюзин шахсони кордону ботаҷриба буданд ва
барои пешрафти кори вазорат саҳми босазо гу-
зоштанд.

Умуман дар вазорат мутахассисони варзида кор
мекарданд. Бархе аз онҳо дар мансабҳои масъули-
ятноки чумҳурӣ кору фаъолият карданд ва карда
истодаанд. Нормат Юнусов вазири молияи
ҷумҳурй, Турсунбой Ахмадов, доктори илмҳои
кишоварзй, роҳбари института тадқиқотии боғу
токпарварй, Аҳрор Умаров директори комбината
ордбарории Душанбе ва Нов (Спитамен), депутат
дар парлумон буданд. Ҷамшед Зиёев ҷонишини
вазири молия, ҳоло бошад зиёда аз 15 сол бонки
саноатии Тоҷикистонро роҳбарй мекунад. Ҳамаи
онҳоро номбар кардан аз имкон берун аст.

Дар давоми се сол 15 хоҷагии нави богу
токпарварй, картошкаву сабзавоткорӣ ташкил
карда шуд. Даҳҳо нуқгаҳои савдо, сохтмон,
консервабарорӣ, шаробкашй, хоҷагиҳои
тухмипарварй бунёд гардид. Ин хоҷагиҳо дар

79
ноҳияҳои Ашту Ӯротеппа, Исфараву Конибодоми
вилояти Ленинобод (Суғд), ноҳияҳои Даҳанакиик
(Хуросон), Шаҳритусу Октябр (Бохтар), Данғараи
вилояти Кӯлоб, ноҳияҳои Ғарму Ҷиргатол, Ленин
(Рӯдакӣ), Орҷоникидзеобод (Вахдат) ва Ҳисор бу-
нбд гардиданд.

Дар натиҷа ҳаҷми маҳсулот боло рафта, сифати
маҳсулот беҳтар гардид. Вазорати иттифоқ бо
мақсади таҷрибаомӯзӣ семинару машваратҳо доир
намуд. Мо аз ҷумхурии Молдова масъалаи богу
токпарварй ва аз оби ангур тайёр кардани шароб
(вино)-ро омӯхтем. Аз Федератсияи Русия бошад
коркарди меваю сабзавот, тарзи нигохдории он, аз
Украинаву Белоруссия бо техника ҷамъоварии ме-
ваю сабзавотро омӯхта, ба қадри имкон дар фаъо-
лияти кории худ амалй намудем. Вазири иттифоқ
Н.И.Козлов бо даъвати вазорат соли 1982 ба
Тоҷикистон ташриф овард. Бисёр масъалаҳои
ҳалталабро ба миён гузоштем. Аз чумла дар
ноҳияи Данғара ташкил намудани 14 хоҷагиҳои
богу токгтарварй ва як заводи шаробкаширо ба
нақша гирифтан розигӣ доданд. Махсус бояд қайд
намоям, ки мувофиқи нақшаи Ҳукумат дар ноҳияи
Данғара бояд 14 хоҷагии богу токпарварй ташкил
мешуд, аммо бо сабабҳои гуногун ин кор амалӣ
нагашт, ки ба ин баъзе роҳбараш ҷумхурй сабаб
шуданд.

Дар хотир дорам, ки соли 1982 мо вазиронро
муовини раиси Совета Вазирони СССР Зиё Нури-
ев дар Кремл қабул намуданд ва фаъолияти яксо-
лаи вазоратро таҳлил намуда, саволу ҷавоб кар-
данд. Камбудиву норасоиҳои соҳаро зери танқид
гирифтанд ва маслиҳатҳои муфид доданд.

80
Тоҷикистонро дар пеш аз мӯҳлат корношоям шу-
дани куттиҳои тахтагин барои кашонидани меваю
сабзавот зери танқид гирифтанд. Мувофиқи меъёр
як қуттӣ панҷ маротиба бояд гардиш диҳад, дар мо
бошад се гардишро ташкил мекард. Вазири
хоҷагии меваю сабзавоти Тоҷикистон гуфтанду
ман аз ҷоям бархостам. Ҳаяҷон вуҷудамро фаро
гирифта буд. Бори аввал дар чунин маҷлиси
воломақом ҳисобот медодам. «Чаро фонди
иттифоқ 70 фоиз иҷро шудааст?» «Ба исрофкории
кутгиҳои тахтагин чӣ мегӯед?» Ман худро ба даст
гирифта, ваъда додам, ки фонди умумииттифоқ бе
чуну чаро иҷро мешавад. Дар масъалаи қуттиҳои
тахтагини меваю сабзавоткашонӣ бошад Зиё Ну-
риевич, Ҷумхурии Тоҷикистон диёри кӯҳсор аст.
93 фоизашро кӯҳҳо ташкил мекунанд. Накдиёти
асосии боркашонӣ автомобил мебошад. Моро бо
дигар ҷумҳуриҳо баробар кардан нашояд. Нуриев
ба вазири иттифоқ супориш дод, ки шароити ҳар
ҷумхуриро ба ҳисоб гирифта, меъёри истифодаи
қуттиҳоро муайян намоянд. Мо тамоми зарфҳои
шишагӣ, куттиҳои тахтагину симин, тухми кар-
тошка ва дигар ашёҳоро аз хориҷи кишвар ворид
мекардем, ки ин кори осон набуд.

Вазоратро бо 28 миллион сӯм зарар қабул наму-
да будам. Тамоми корхонаҳои консервбарорӣ, ак-
сарияти хоҷагиҳои сабзавоткорй низ зараровар
буданд. Аз Ленинобод тавассути ағбаи Шаҳристон
ва Анзоб барои таъмини сокинони пойтахт бо
мошинҳои махсуси боркаш зардолу мекашонидем,
ки ин ба вазорат зарари пулию молӣ мерасонд. Мо
илоҷи дигар ҳам надоштем, чунки фармон аз боло
чунин буд.

81
Рӯзе набуд, ки моро дар КМ, дар Совети Вази-
рон, назорати халқй, кумитаҳои ҳизби коммуниста
шаҳру ноҳия, ташкилотҳои кудратй, иттифоқи ка-
саба муҳокима накунанд. Маҷлиси ҳукумат аз ва-
зората мо оғоз меёфту анҷом мешуд. Занги
телефонҳои ман пайваста садо медоданд. Котибо-
ни аввали ҳизб, раисони комиҷроияи шаҳру
ноҳияҳо, вилоятҳо аз болои вазорат пайваста ба
ташкилотҳои болой шикоят мекарданд, ки
маҳсулота онҳоро қабул намекунанд.

Барой кори вазорат вақг намерасид ва мо
маҷбур будем 12-15 соат кор кунем. Тамоми
шӯъбаҳои КМ, Совети Вазирон ба корҳои вазорат
дахолат мекарданд ва баъзан саволҳои бемантику
супоришҳои кайҳонй ҳам медоданд. Дар комбина-
та шаробкашии Шаҳринав истеҳсоли «Шампан-
ский» паст рафт. Сабаби асосй он буд, ки шиша,
чӯб барои маҳкам кардани даҳони шиша (пробка),
симе, ки даҳони шишаро маҳкам мекунад, этикет-
ка ва каларетка, ки дар шиша ширеш карда меша-
вад, дар вакташ ворид карда нашудааст.

Котиби КМ ҳизби коммуниста Тоҷикистон
Мирзо Бобоев, ки вазоратро сарпарастй мекарданд,
маро ба наздашон даъват намуда, сарзаниш кар-
данд ва сабаби паст рафтани истеҳсоли «шампан-
ский»-ро пурсон шуданд. Ман гуфтам, ки ҳама
чизро дастрас кардем ба ҷуз «каларетка». М. Бобо-
евро ҷаҳлашон омаду калареткааш боз чй гуфта
пурсиданд. Калареткааш коғазе, ки дар гардани
шиша мечаспонанд гуфтам. М. Бобоев хандида
гуфтанд, ки ин калимаро бори аввал мешунавам.

Ман ҳам ба наздикй ин калимаро фаҳмидам. Ва-
зорат зиёда аз 20 намуд вино истеҳсол мекард, ки

82
дар намоишгоҳҳои умумиитгифоқй, байналмиллалй
бо нишони «Сифат», ифтихорномаҳо ва медалҳои
нукраву тилло сарфароз гардидаасг. Бо фармони ва-
зири иттифоқ дар Молдова намоишгоҳи
умумииттифоқ маҳсулоти корхонаҳои шароббарорй
барпо гардид, ки Тоҷикистон ҷои намоёнро ишғол
кард. Моро ба Крикова, яъне шаҳри зеризаминӣ
бурданд, ки дар он ҷо виноҳои 35-50 сол пеш
истеҳсолшуда дар хумҳои калони тахтагин нигоҳ
дошта мешуданд. Ба ҳар навъи вино кӯчаҳо
номгузорй шудаанд.

Дар он ҷо нуқтаҳои хизматрасонӣ, меҳмонхона,
тарабхона, корхонаҳои шаробкашй амал мекунанд.
Ҳарорат аз 18-20°/ боло набуда, мошинаҳои сабу-
крави мусофиркашй шабу рӯз дар ҳаракатанд. Ба
мо нақл карданд, ки кайҳоннавард Юрий Гагарин
як ҳафта дар ин ҷо истироҳат намудааст.

Ана ҳамин хел вазорат бе сару нӯг буд. Вазъи
саломатиам рӯз ба рӯз бад шудан гирифт. Ба назди
котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон Раҳмон Набиев
рафта илтимос намудам, ки бинобар бад шудани
ваъзи саломатиам ба кори дигар гузаронед ва ӯ аз
ин хушҳол гашт. Баъди чанд вақте Мирзо Бобоев
ба наздашон даъват карда, хабар доданд, ки ба
ноҳияи Ҳисор котиби якуми ҳизби коммунист ме-
равед. Ман розӣ шудам.

Бо ҳамин як моҳ сипарӣ шуд, вале аз КМ садое
набаромад. Ба ин вазифа муовини якуми ман
Сироҷиддин Ҳақназаров интихоб гардид. Саба-
башро то ҳол намедонам, аммо баъд маълум гашт,
ки боз аз болонишинон садди ин кор шудаанд.

83
НАКӮКОРУ НЕКНОМ

Ҷаббор Расулов ба тарғибу ташвиқ эҳтиёҷ на-
дорад, аммо ман, ки тамоми фаъолияти худро бе
номи ӯ тасаввур карда наметавонам, рӯи коғаз
овардани баъзе лаҳзаҳои ҳамкориамро бо ин мар-
ди хирад вазифаи худ медонам. Бо номи Ҷаббор
Расулов қариб ҳамаи тараққиёт ва тағйироти кул-
лие, ки дар кишварамон то солҳои 80-ум ба вуҷуд
омадаанд, пайвастагии сахт дорад, чунки ӯ зиёда
аз сӣ сол роҳбари аввали ҷумҳурй буд. Ман бо
Ҷаббор Расулов зиёда аз 20 сол шиносой доштам,
аммо дар давраи котиби авали ҳизби коммуниста
ноҳияи Орҷоникидзеобод Вахдат буданам боз
кавитар гардид. Боре як гурӯҳ мутахассисон Бад-
риддин Шамсиддинов, Домуллоҷонов бо сардории
муовини раиси Совета Вазирон Акбар Махсумов
ба ноҳияи Орҷоникидзеобод омаданд. Моҳи ав-
густ буд. Онҳо вазъияти пахтазорро аз назар гуза-
ронда, маро сахт сарзаниш карданд, ки барои чй
дар нимаи дуюми моҳи август пахтаро об медиҳем.
Супориши КМ ва Совети Вазиронро дидаю дони-
ста дар ин хусус худсарона ичро намекунем.
Мубоҳиса ва муноқиша хеле давом ёфт ва онҳо аз
ин ранҷида ба мошин нишастанду рафтанд.

Маро бо раисони хоҷагиҳо ба КМ даъват кар-
данд ва дар ҳузури котиби КМ Мирзо Бобоев зери
танқид гирифтанд. Супориш доданд, ки обмонии
пахтазорро қатъиян манъ намоем. Дар акси ҳол ин
масъаларо ба муҳокимаи бюрои КМ ПК пешниҳод
мекунанд. Ин ба ман бисёр алам кард ва ба назди
Ҷаббор Расулов рафтам. Даромадан замон ҳа, аз

84
болои олимон шикоят дорй гуфтанд. Не маслиҳату
дастгирии шумо лозим аст гуфтам. Мо шароити
замин, вақти кишти пахтаву навъи онро ба ҳисоб
гирифта об мемонем. Деҳқонони асиле хастанд, ки
шароити ҳар қитъаи заминро аз ману олимон хуб-
тару беҳтар медонанд. Агар нақшаи пахтасупорй
барзиёд иҷро нагардад, дар назди шумо ман худро
ҷавобгар ҳис мекунам ва дар ҳаққи ман кадом чо-
рае, ки мебинед, розй кастам.

Ҷаббор Расулов дигар чизе нагуфтанд ва ба
рафтан иҷозат доданд. Дар колхози «Коммунизм»
дар қитъаи замини 10-гектара, ки дар охирҳои
моҳи апрел кишт шуда буд, ду тақсим карда, ни-
машро дар вакги муайян об мондем ва ними дига-
рашро об надодем. Дар натиҷа ними замини пахта
дар ҳолати шукуфтан ва ними дигараш дар холати
пажмурдагй қарор дошт. Тифоқан нимаи дуюми
моҳи сентябр Ҷаббор Расулов занг заданд, ки бо
котиби дуюми КМ Юрий Иванович Полукаров ба
ноҳияи мо меоянд. Онко аз кору бори хоҷагиҳои
«Ленинград», «50-солагии комсомол», «Ленин»
дидан карданд. Баъд онҳоро ба колхози «Комму-
низм» оварда, ҳамон пахтай замини 10-гектараро
нишон додам. Ин чй сиру асрорест, пурсиданд Ҷ.
Расулов. Ман гуфтам, ки панҷ гектараш аз
деҳқонону ними дигараш аз олимон мебошад.
Юрий Иванович ба Ҷ. Расулов нигариста бо забо-
ни русй гуфтанд, ки бигузор ҳар кас кори худашро
иҷро кунад, олим олимиаш ва деҳқон
деҳқониашро.

«Ҳақ ба ҷониби шумост» гуфтанд Юрий Ивано-
вич. Ба ҳамин ҷони ман аз ҷанҷол хал ос гардид.
Ҷаббор Расулов олимон, мутахассисони сокаи ки-

85
шоварзиро даъват намуда ба онҳо супориш доданд,
ки ба Орҷоникидзеобод рафта, ин таҷрибаро бо
чашми худ бубинанд. Минбаъд шароити обу ҳаво,
замини ҳар минтақаро нағзакак санҷанд, бо
деҳқонони асил, мутахассисон маслиҳат карда,
баъд хулоса бароранд.

Моҳи июли соли 1978 котиби аввали ҳизби
коммуниста ноҳияи Ленин Сангин Ҳафизов занг
зада хабар дод, ки баъди як соат Ҷаббор Расулов
ба ноҳияи шумо меояд. Дар сарҳади ноҳия ӯро
пешвоз гирифтам. Ӯ аз рафти корҳои саҳроии панҷ
хоҷагй дидан карда, бо димоги сӯхта ба ман гуфт:
ба ноҳияи Ленин рафта аз рафиқи худ чй хел кор
карданро омӯз. Ман ба ҳар ҳол пурсидам, ки чиро
омӯзам? У ҷавоб дод, ки мо дар ҳар ҷамъомад,
машварат мегӯем ва огоҳ менамоем, ки аз нуркҳои
табиӣ пурсамар истифода баред, нуриҳои
минералй хеле қимат буда, шароита ҳамаи
хоҷагиҳоро таъмин кардан надорем. Ман гуфтам,
ки имсол се-чор маротиба истифодабарии нуриҳои
органикиро зиёд намудем. Ба ин ӯ ҷавоб дод, ки
шумо нуриҳои табииро хеле кам истифода меба-
ред, дар ноҳияи Ленин бошад қад-қади роҳ, дар
саргаҳи заминҳои пахта ғарам-ғарам нуриҳои
табий рехта шудааст.

Ман зуд фаҳмидам ва ба ӯ гуфтам, ки барои чй
кори дубора? Мо нуриҳоро якбора ба агрегатҳо рех-
та, ба ғизодиқии пахта ва дигар зироатҳо cap меку-
нем. Дар сари роху сари замин намерезем, ки ин аз
ҷиҳати иқгисодӣ фоидаовар набуда, ба ғайр аз ин
му хитро тоза нигоҳ дошта, вазъи экологиро вайрон
намекунад. Баъди ин ӯ каме хомӯш монду хайр ман
рафтам, гусел накунед, аз паи кор шавед гуфт.

86
Бегоҳии ҳамон рӯз боз Сангин Ҳафизов занг за-
да пурсид, ки ту ба Ҷаббор Расулов чй гуфтй? У
занг зада маро сарзаниш кард ва супориш дод, ки
тез аз сари роҳҳо ахлотҳоро гиред. Дар бораи са-
ломатии одамон, тозагй, ҳифзи табиат, исрофкорй
фикр кардан лозим аст ва илова намуд, ки фардо
ба Орҷоникидзеобод рафта, аз рафиқи худ Камол
Сӯфиев омӯз чй тавр нуриҳои органикиро истифо-
да бурдан лозим аст.

Ана ҳамин тавр Ҷ. Расулов зуд ба ақидаи дуруст
сарфаҳм мерафт, вақте боварй ҳосил мекард, к и
нисбати чизе ҳақ нест. Ҷаббор Расулов баъзан
рӯзҳои шанбе ва якшанбе бо наберааш Тимур ба
ноҳияи мо меомаданд. Дар колхози «Коммунизм»
хӯроки нисфирӯзй тайёр намудем. Болои дастар-
хон меваю сабзавот, кулча, чаппотй, чанд дона
нони калони танӯрй гузоштем. Ҷаббор Расулов
дастархонро диданду табъашон хира шуда қариб
буд, ки раванд.

Ман ба раиси колхоз Аввалмурод Кенҷаев ишо-
ра кардам, ки дастархонро ба тартиб дарорад. Баъд
хонро аз назар гузаронида нишастанд. Ба ман ни-
гариста гуфтанд, ки ҳеҷ гоҳ ба исрофкорй роҳ
надиҳед. Маро насиҳат карданд, ки бисёр вазирон,
роҳбарони баландпоя ба ноҳияи шумо меоянд.
Ҳеҷ гоҳ ба онҳо дастархон ва зиёфат аз ҳисоби
колхозу совхозҳо, ташкилоту кормандони савдо
ташкил накунед.

Шумо фабрикаи мурғпарварй, меваю сабзавоти
фаровон доред, аз ҳисоби худатон як мурғ, камакак
меваю сабзавот харед, ана як зиёфати олиҷаноб.
Агар аз ҷиҳати молиявӣ ба шумо душворй орад, ба

87
ман хабар диҳед, ҳамаи хароҷотро аз ҳисоби худ
пардохт мекунам.

Духтарам Солиҳа дар бахши охирини Донишка-
даи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил ме-
кард. Хостгорҳо ба хона омаданд. Бояд тӯи
арӯсиву домодй барпо намуда, ба роҳи мустақил
гусел мекардем. Ман барои маслиҳат ба назди
Ҷаббор Расулов рафтам. У маро табрик намуда,
таъкид кард, ки дар ягон ошхонаву тарабхона
маърака барпо накунед. Дар хонаатон аз 15-20 на-
фар зиёд даъват накунед, як маъракаи хоксорона
ороста, духтаратонро гусел кунед. Ман духтарам
Иринаро ва Махдоадулло Холов писарашро чунин
тӯй кардем, гуфта аз ҳаёти худ мисолҳо овард.
Ҳамин тавр дар тӯи духтарам 20 нафар иштирок
карданд ва ӯро гусел кардем.

Хонае, ки ман бо оилаам зиндагй мекардам,
давлатй буд, бояд таъмири ҷорй мекардам. Ба на-
зди Ҷаббор Расулов рафтам. Ӯ маро бодиққат гӯш
намуда, гӯшаки телефонро бардошта ба муовини
аввали раиси Шӯрои Вазирон В.Е. Новичков су-
пориш доданд, ки комиҷроияи ноҳия хароҷоти
таъмирро (смета) тартиб дода ба пгумо пешниҳод
намояд. Баъд ба тарзи хаттй иҷозат диҳед.
Хароҷот ҳамагй 2200 сӯмро ташкил медод.

У котибони аввали ҳизбро бисёр дастгирӣ ва
эҳтиром мекард. Ман борҳо шунидаам, ки дар
ҷамъомадҳо Ҷаббор Расулов ба вазирон ва дигар
роҳбарони сатҳи чумхурй таъкид мекард, ки бо
корҳои майда - чуйда вақги котибони аввали
ҳизбро нагиранд. Ҷаббор Расулов устоди сахтгир,
дар айни ҳол некхоҳ, роҳбари ғамхор буданд.
Ақидае ҳаст, ки Ҷаббор Расулов ҳазлу хандаро

88
нағз намедид. Дар асл ин тавр нест. Дар бисёр
ҳолат ҳазлу шӯхиҳои он касро шунидаам.

Соли 1964 бюрои КМ масъалаи «Дар бораи ко-
ри комитета ҳизбии ноҳияи Колхозобод оид ба
тарбияи атеистии меҳнаткашон»-ро дида баромад.
Дар он вақг ман котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи
Колхозобод оид ба идеология будам. Котиби авва-
ли ҳизби ноҳия Сироҷиддин Исоев аз Ҷ. Расулов
илтимос намудааст, ки бигузор Сӯфиев дар ин
масъала ҳисобот диҳад, чунки ин соҳаи кори у ме-
бошад. Бори аввал ман дар бюрои КМ ҳисобот ме-
додам, вучудамро ҳаяҷон зер карда буд. Тайёрии
ҳаматарафа дида, ба бюро ҳозир шудам. Ҷ. Расу-
лов пурсиданд, кй ахборот медиҳад? Мудири
шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботи КМ Ҳомид Гадоев
ҷавоб доданд, ки Сӯфиев. Ҷ. Расулов шӯхиомезона
гуфтанд, ки Сӯфй дар бораи атеизм ҳисобот
медиҳад? Ман худро гум накарда, аз ҷоям хеста
ҷавоб додам, ки «оре, Сӯфй дар назди Ҷаббор Ра-
сулов ҳисобот медиҳад». У дароз хандида, таклиф
намуд, ки қарор барои чораҷӯӣ кардан ба ихтиёри
комитета ҳизбии ноҳияи Колхозобод фиристода
шавад. Дигар ҳеҷ гуна муҳокима нашуд.ва ман
нафаси озод гирифтам.

Ба Колхозобод баргашта, хостам ҳамаашро ба С.
Исоев нақл кунам. Ба идораашон ворид шудам, ки
хандида, шумо чӣ кор кардед, гуфтанд. Ман
ҳамаашро нақл карданй будам, ки ҳамаашро медо-
нам гуфтанд. Ман тарсидам, ки хатое рӯй додааст,
акнун такдири ман чй мешавад. Баъд гуфтанд, ки
Ҷ. Расулов телефон карда, ҳамаашро нақл кардааст.
Қарори КМ-ро, ки гирифтем, нақша-чорабиниҳоро

89
оид ба ин масъала тартиб дода, дар пленуми куми-
таи ҳизби ноҳия муҳокима мекунем, гуфтанд
Сироҷиддин Исоев.

Ақидаи дигаре низ ҳаст, ки гӯё Ҷаббор Расулов
фақат ба соҳаи кишоварзӣ машғул буданд. Авва-
лан ин ҳеҷ бадие надорад. Чунки маҳсулоти
кишоварзӣ барои сатҳи зиндагии мардум нақши
муҳимро мебозад, дуюм ин ки ашёи хом барои са-
ноат ба шумор меравад. Ҳуҷҷатҳо, гуфтаҳои шах-
соне, ки бо ӯ солҳои 1945-1955, ки раиси Шӯрои
Вазирон буданд ва солҳои 1961-1982 котиби авва-
ли КМ ҳизби коммуниста ҷумҳурй буданд,
шаҳодат медиҳад, ки ин ҳама бофта буда, заминаи
асосӣ надорад. Барои тасдиқи ин далелҳо
гуфтаҳои худи Ҷ. Расуловро дар анчумани XIV
Ҳизби Коммуниста Тоҷикистон, ки 21-сентябри
соли 1961 баргузор шуда буд, мисол меорем:

Ҷ. Расулов гуфта буданд, ки дар бист соли на-
здик тараққиёти энергетики афзалият мегирад. Ло-
зим меояд, ки ГЭС-и Норак сохта шавад. Дар асо-
си ГЭС-и Норак саноати кимиё ва алюминий
тараққӣ мекунад. Вазни қиёсии соҳаҳои саноата
вазнин то 65 фоиз баланд мешавад. Ӯ дар анчуман
эълон намуд, ки бо қарори Шӯрои Вазирони
ҶИШС аз 5-сентябри соли 1961 лоиҳаи ГЭС-и Но-
рак бо иқгидори солонаи коркарди барқ 11,3 мил-
лиард киловатт / соат муқаррар шудааст. Санги
аввалинро дар пойдевори ГЭС-и Норак Ҷ. Расулов
бо иштироки котиби ҲКИШ Н. Муҳиддинов гу-
зоштааст. Баъди ба итмом расидани сохтмон ӯ ба
воситаи гиронкунанда (рубилник) ГЭС-ро бо
ҳамаи иқтидораш ба ҳаракат даровард.

90
Дар натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи Ҷ. Расулов
саноати Тоҷикистон аз 203 адади соли 1961 ба 400
адад расонида шуд. Ӯ ба тамоми соҳаҳои хоҷагии
халқи Тоҷикистон аҳамияти ҷидцӣ медод ва тамо-
ми соҳаҳо баробар тараққй мекарданд. Натиҷаи
ҳамин буд, ки ӯ бо унвони Қаҳрамони Меҳнати
Сотсиалистӣ сазовор гашта, бо 25 ордену медалҳо,
ки 10-тояш ордени Ленин мебошад, сарфароз гар-
донида шудааст. Ӯ депутата Шӯрои Олии СССР
ва Шӯрои Олии Тоҷикистон даъватҳои дуюм-
ёздахум интихоб шудааст.

Моҳи апрели соли 1982 дар хонаи маорифи сиё-
сии КМ ПК Тоҷикистон (ҳоло Кохи Вахдат)
анҷумани комсомолони чумҳурй баргузор гардид.
Ман ҳам дар ин анҷуман даъват шуда будам. Ҷ.
Расулов дар ин анчуман баромад карданд. Ин су-
ханронии охирини ӯ буд. Дар кори анҷуман та-
наффус эълон карда шуд. Баъди танаффус Ҷаббор
Расуловро дар раёсат надидем. Баъд маълум гар-
дид, ки ба сактаи дил гирифтор шуда, ӯро ба бе-
мористон бурдаанд. Ҳамон рӯз дар синни 69-
солагй Ҷаббор Расулов аз олам чашм пӯшид. То-
бути мархумро дар толори калони КМ гузоштанд.
Аз тамоми шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо барои видоъ
ҷамъ омада буданд. Ҳама ашк мерехтанд. Мо Ҷ.
Расуловро ба рохй охират гусел намудем. Макони
абадии ӯ дар боғи Садриддин Айнӣ, дар пахлӯи
Бобоҷон Ғафуров ҷойгир мебошад. Рӯҳаш шоду
манзилаш обод бод. Дар ситоиши устоди зиндаёд
бо номи «Ёдат ба хайр» шеъре эҷод карда онро
пешкаши хонандагон кардаам. Ҳоло бошад чанд
мисраи онро рӯи коғаз меорам.

91
Эй азиз, эй зиндаёд, эй некмард,
Додиям ту ёд илми сарварй.

Дар туман дидам бузургиву хирад,
Некроиву раьнятпарварй.

Эй азиз, эй некдил, ёдат ба хайр,
Эй сазовори ҳама ному шараф.
Зистй умре ту баҳри халқи худ,

Ҷон су нору ҷоннисору ҷон ба каф.

92
РАИС ҲАМ ШУДАМ

Бори дуюм ба назди Раҳмон Набиев рафта ил-
тимос намудам, ки маро ба кори дигар гузаронанд.
Баъди чанде котиби КМ Мирзо Бобоев маро ба на-
зди худ даъват карданд. Дар он ҷо ҷонишини ав-
вали раиси Совети Вазирон Г.В.Кошлаков низ
ҳузур доштанд. Гуфтанд: мувофиқи хоҳиши худа-
той ба шумо вазифаи дигар ёфтем, яъне раиси Па-
латаи савдои саноати ҷумҳурӣ. Ман калимаи сав-
доро шунида, аз ман савдогар намебарояд гуфтам.
Онҳо хандида гуфтанд, ки дар он ҷо ягон хел ха-
риду фурӯш вучуд надорад. Шумо як пули пай-
вандгари байни соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ме-
бошед. Ман 2-3 рӯз иҷозат пурсидам, то ки бо
оинномаву дастурамал ва дигар ҳуҷҷатҳои ин кор-
хона шинос шавам. Кошлаков гуфтанд, ки ҳамаи
ҳуҷҷатҳо дар дасти он кас аст ва ҳозир метавонем
бо хам рафта бо ин ҳуҷҷатҳо шинос шавем.

Баъд аз ин ман розй шудам ва маро ба Палатаи
савдои саноати СССР барои сӯҳбат фиристоданд.
Маро раиси Палата А.И. Питовранов қабул намуда,
сӯҳбат карданд. Ман ба Душанбе баргаштам. 15-
октябри соли 1983 анчумани Палата баргузор гар-
дида, маро раис интихоб намуданд. Дар фармони
Шӯрои Олии Тоҷикистон омадааст: «Бо сабаби ба
кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири хоҷагии
меваю сабзавот озод карда шавад».

Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
соли 1960 бо қарори рақами 130-и Шӯрои Вазиро-
ни ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Вази-
фаи асосии Палата инкишоф ва таҳкими алоқаҳои

93
хориҷй бо Тоҷикистон мебошад. Аз соли 1963 Па-
лата ба кори санҷишии амвол шурӯъ кард. Ҳайати
кори Палата аз 9 нафар иборат буд, ки 6 нафараш-
ро санҷишгар ташкил медод.

Соли 1973 Палата ба тобеияти Палатаи савдои
саноатии СССР гузашт. Палата ғайридавлатй буда,
ташкилоти ҷамъиятй мебошад. Дар давоми зиёда
аз 20 сол, ки ман сарвари ин ташкилот будам,
тағйиротҳои куллй ба вуҷуд омаданд. Сохтори
Палата нав шуд, дар шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо
сохторҳои зертобеи Палата арзи вуҷуд карданд. Бо
фармони раиси Палатаи савдои саноатии
Тоҷикистон соли 1997 бо мақсади ҳамкории зичи
Палата бо хадамоти дахлдори вилояти Хатлон,
мусоидат дар инкишофи алоқаҳои ҳамкорй бо
доираҳои корчаллонҳои мамолики хориҷй, ташки-
ли намоишу ярмаркаҳои байналхалқй дар худуди
вилоят ва берун аз он, ҳаллу фасли мустақили та-
моми масъалаҳо дар ҷойҳо ширкати «Хатлонэкс-
пертиза» ба Палатаи савдои саноатии Хатлон таб-
дил дода шуд.

Дар Палата Қудратулло Олимов солиёни дароз
адои хизмат менамояд, ӯ ҳар гоҳ маро хабар меги-
рад, ман аз дидани чунин дӯстони беғараз шод ме-
гардам.

Ҳамчунин дар минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои
Шаҳршус, Кубодиён, Данғара, Фархор,
Қумсангир, Колхозобод, Панҷ, Москва филиалу
намояндагй кушода шуданд. Ҳамин тавр моҳи ав-
густа соли 1997 ширкати «Ленинободэкспертиза»
ба Палатаи савдои саноатии Ленинобод табдил
ёфта, номгӯи хизматрасонй ба 18 намуд расид.

94
Аз соли 1983 Палата хизматрасонии намудҳои
зеринро ба роҳ монд: додани иҷозатномаи (серти-
фикат) содироти амвол, нархгузорй ба молу амво-
ле, ки бо қарори судҳо мусодира шудааст, хизмат-
расонии миёнаравҳо, ки ба иқгисоди хориҷӣ во-
баста аст. Соли 1998 Маҷлиси Олии ҷумҳурй
«Қонун дар бораи Палатаи савдои саноатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард, ки мақоми
ҳуқуқии Палатаро муайян намуд ва майдони
фаъолияти онро васеътар гардонид. Дар асоси ин
Қонун оинномаи Палата танзиму таҳия гардида,
дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуд. Палатаи
савдои саноатии Тоҷикистон ба узвияти Палатаи
савдои саноати ЭКО ва шӯрои Палатаҳои
давлатҳои мустақили собиқ Иттиҳоди Шӯравй ва
Аврупову Осиё пазируфта шуд. Барои ҳамкории
муфид баҳри баланд бардоштани иқтисоди
ҷумҳурй Палата бо кишварҳои хориҷй
шартномаҳои зиёдеро ба имзо расонд.

Аз чумла чунин шартномаҳо бо Палатаҳои Ру-
сия, Украина, Белоруссия, Қазоқистон,
Қирғизистон, Туркманистон, Озорбойҷон, Молдо-
ва, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳо ба
имзо расиданд. Бояд бигӯям, ки раиси Палатаи
савдои саноати Федератсияи Русия Евгений Мак-
симович Примаков нисбати Тоҷикистон эҳтироми
хоса доштанд. Байни Палатаҳо муносибати хуби
ҳамкорй ба рох монда шуда буд. Албатга ин беса-
баб набуд.

Ӯ солҳои тӯлонй ҷонишини директори институ-
та шарқшиносии Итгиҳоди Шӯравй, ки сарвараш
Бобоҷон Ғафуров буд, ифои вазифа кардааст. Ман
борҳо бо ин олими машҳури шарқшинос, ходами

95
барҷастаи сиёсиву давлатй ҳамсӯҳбат гардида, аз
бисёр чизҳои муфид баҳравар гаштаам. Ӯ ба му-
носибати ҷашни 70-солагиам барқияи шодбош
фиристод, ки ман дар ҷавоб арзи сипос намудам.

Бо мақсади ташвиқоту тарғибот оид ба фаъо-
лияти Палата ва аъзоёни он, ахбороте, ки аз
Палатаҳои дигар мамлакатҳо ворид мешуданд,
маҷаллаи «Тоҷпал»-нашри Палатаро таъсис додем.
Инчунин «Бизнес каталоги»-и Ҷумхурии
Тоҷикистон низ ба табъ расид, ки дар сарсухани
он Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар бораи
ҷумҳурй муфассал нақл намуда, соҳибкорони
хориҷиро ба ҳамкорӣ даъват мекунад. Соли 2000
40-солагии таъсисёбии Палатаро ботантана ҷашн
гирифтем.

Бо мақсади инкишофи муносибатҳои
иқтисодии берунаи Тоҷикистон мо гурӯҳҳои ко-
рни кишварҳои хориҷиро даъват мекардем ва
вохӯриҳои онҳоро бо соҳибкорони тоҷик, аъзоёни
Палата ташкил менамудем. Қариб ҳар моҳ ин гуна
мулоқотҳо барпо мегардид, ки аз аҳамият холй на-
буд. Кормандони Палата дар -семинару такмили
ихтисос, омӯзиши таҷриба, ки дар Палатаҳои ди-
гар кишварҳо барпо мегардид, фаъолона ипггирок
менамуданд. Дар Палата мутахасссони варзида
фаъолият мекарданд.

Моҳинисо Давлатова, Ғафур Хоҷаев, Юнус
Шокиров, М. Орифова, М. Юнусова, Максуда Ну-
рова, шодравон Забиҳулло Абдуллоев, Алефтина
Умарова ва дигарон, ки ҳар кадоми онҳо 30-40 сол
дар ин даргоҳ кору фаъолият кардаанд ва баъзе аз
онҳо то ҳоло кор карда истодаанд. Онҳо
мураббиҳои ҳақиқӣ буда, даҳҳо шогирдонро тар-

96
бия намудаанд. Ҷонишинҳо Шариф Сияров,
Ҳасаналй Карамалиев шахсони ботаҷрибаву кор-
дон буда, дар пешрафти Палата саҳми беандоза
доранд. Ҳ. Карамалиев бошад то ҳоло муовини
раиси Палата мебошад, ки собиқаи ҷонишиниаш
ба ёздаҳ сол расидааст.

Бисер корхонаҳои калони саноатй, сохтмон, вазо-
рату идораҳо ба аъзогии Палата қабул гардиданд.
Заводи алюминии тоҷик, иттиҳодияи қолинбофии
Қайрокум, заводи трансформатори Қӯрғонтеппа,
итгиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикатлас»-и Душанбе,
заводи «Тоҷиктекстилмаш», комбинати нассоҷй, за-
води армату ри Орҷоникидзе, Тоҷикматлубот
фаъолтарин аъзоёни Палата ба шумор мерафтанд.
Ҳамин тавр 58 аъзои Палата бевосита дар амалиётҳо,
воридоту содирот, 135-тоаш фармоишгари санҷиши
мол, 38-тоаш маҳсулоти худро дар маъразҳои дохи-
ливу хориҷй намоиш медоданд. 75 фоизи аъзоёни
Палата дар амалй намудани барномаи озуқа ишти-
роки фаъолона доштанд. Палата бо почтаи барқй
(электронй), компютер таъмин ва ба хати Интернет
пайваст буд.

Яке аз равандҳои муҳимтарин дар фаъолияти
Палата иштирок дар намой шгоҳҳои байналмилалӣ,
дар хориҷу дохили кишвар ба шумор меравад. Дар
ин самт Палата таҷрибаи хеле бой дошт. Дар да-
воми мавҷудияти Палата мо тавонистем, ки дар 20
мамлакат намоишгоҳҳои мустақили худро гузаро-
нем. Хушбахтона ба 6 медали тилло,
ифтихорномаҳои зиёд ва дигар қадрномаҳо сазо-
вор гаштем. Дар намоишгоҳҳо соҳаҳои гуногуни
хоҷагии халқ, гидроэнергетика, ГЭС-и Норак,
пахтакорй, маҳсулоти саноатӣ, заргарй, зардӯзӣ,

97
чакан, меваи хушк, қаннодиро пешкаши муштари-
ён менамудем. Танҳо чойхонаи миллй, ки аз тара-
фи устоҳои чӯбтароши тоҷик бо услуби кандако-
рии наққошй сохта туда буд, ҳазорҳо тамошоби-
нонро ба вачд меовард. Рӯзномаи арабии «Ал-
Муҷоҳид» чойхонаи миллим тоҷикиро зиннати
намоишгоҳи Совета номид.

Соли 1985 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи
байналмилалии «Интерлёгтехника» ташкил карда
шуд, ки дар он 30 ширкат аз 12 мамлакати ҷаҳон
(ФРГ, Япония, Швейтсария, Чехословакия, Ук-
раина, Узбекистан, Латвия, Қазоқистон, Белорус-
сия) иштирок доштанд. Намоишгоҳ 10 рӯз давом
ёфта, онро бештар аз дусад хазор тамошобинон
дидан карданд.

Ду намоишгоҳ-яке дар Перу ва дигаре Олмон
барпо шуданд, махсус қобили қайданд. Перу дар
қисмати ғарбии Американ Ҷанубй ҷойгир аст. Дар
намоиши анъанавии байналмилалй, ки дар он 28
кишвари ҷаҳон иштирок доштанд, Палатам савдои
СССР низ ширкат варзиданд. Тоҷикистон баъди
танаффуси панҷсола дар ин намоишгоҳ иштирок
кард. Роҳбарии ин намоишгохро Хукумати
Точикистон ба зиммаи ман гузошт.

Тоҷикистонро 800 намунаи маҳсулоти 30 кор-
хона ба хориҷиён муаррифй кард. Мароку
иштиёқи беандозаи тоҷирон ва фирмаҳои
тиҷоратии мамолики мухталифи ҷаҳон ба
маҳсулоти корхонаҳои мо, аз ҷумла қолинҳои
Иттаҳодияи қолинбофии Қайрокум, Комбината
шоҳибофии Хуҷанд, Иттиҳодияи истеҳсолии
матоҳои пахтагини шаҳри Душанбе, мақсулоти
чинии шаҳри Турсунзода, ашёи сафолию ороишии

98
корхонаҳои вазорати маҳаллй мавриди таваҷҷӯҳи
хосаи тамошобинон қарор гирифтанд. Ғановату
рангорангии гӯшаи Тоҷикистонро дар намоишгоҳ
табиати дилангези он, маводи хӯроквории ком-
плекси агросаноатӣ, нӯшокиҳои мухталиф,
маҳсулоти ҷангал-чормағз, писта, асал, равғани
ангат ва ғайра зиннат медоданд.

Перугиҳо ва меҳмонон, васоити ахбори оммаи
ин кишвар чойхонаи тоҷикиро «нигини пурҷилое
дар тоҷи намоишгоҳ» номиданд ва онро намунаи
олии ҳунари мардумй хонданд. Деҳқонон, замин-
дороне, ки аз гӯшаҳои мухталифи Перу ба
намоишгоҳ меомаданд, нисбат ба пахта, коркарди
он мароқи беандоза зоҳир мекарданд ва маро са-
волборон менамуданд. Таваҷчӯҳи мутахассисон ва
технологҳои перугиро махсусан равғани пахта ба
худ ҷалб намуд. Гап дар сари он, ки дар Перу ҳар
сол 400-450 ҳазор тонна истеҳсол мешудааст, ам-
мо аз технологиям коркард ва тавлиди равғани
пахта бехабар будааст.

Онҳо омодагй изҳор намуданд, ки аз мо техно-
логиям тайёр намудани ин маҳсулотро харидорӣ
кунанд, вале мутаассифона, дасту пои мо баста
буд. Ҳукуқи мустақилона бастани шартномаҳои
тиҷоратиро надоштем. Бо даъвати фирмаи
кишоварзй ҷаноби Фавиер Пасчиери мо аз
хоҷагии ӯ воқеъ дар вилояти Чинчо дидан кардем.
Дар бобати кишту коркарди қаторҳои пахта ва ди-
гар зироат табодули назар кардем. Моро пеш аз
ҳама маданияти баланди зироаткорӣ дар ин хоҷагй,
тарзи ташкили меҳнату маишати деҳқонон хуш
омад. Ҳарчанд деҳқонон ба тарзи кироя кор ку-
нанд ҳам, вале музди хуб мегиранд.

99
Аз ҷаноби Фавиер пурсон шудем, ки оё дар
заминҳояш ба таври доимй пахта кишт мекунад?
Посух дод, ки ин аз талабот ва вазъи бозори дохи-
ливу хориҷй вобаста аст. Дар ҳар маврид дастав-
вал эҳтиёҷоти бозори дохилй, ниёзҳои мардум ба
эътибор гирифта мешаванд. Чизи дигари барои мо
ибратомӯзе, ки дар ин фирма дидем, ин корхонаи
коркарди пахта буд. Ин корхона бо дастгоҳҳои
муосир муҷаҳҳаз буд. Амалиёти технолога чунон
хуб ба роҳ монда шудааст, ки бо корхонаҳои пах-
татозакунии мо қиёснашаванда аст. Дар ин ҷо аз
тоза кардани пахта то ба тавлиди ресмон ҳама дар
хатти автомата сурат мегирад. Масалан дар куҷое
ришта канда шавад, дастгоҳ ба тарзи автомата ӯро
гиреҳ мекунад. Корхона бо дастгоҳҳои чангкашак
ва пахши садо ҷиҳозонида шудааст. Ҷаноби Фави-
ер гуфт, ки сохтмони корхона идома дорад ва
хамин сол сехи матоъбарорй ба кор медарояд.
Минбаъд мо на ашёи хом, балки маҳсулоти тайёр-
ро ба фурӯш мебарорем, ки аз ин фоидаи соф ба-
маротиб хоҳад афзуд.

Ба роста, аз дидани ин корҳо дар дили ман ор-
зуе пайдо мешуд, ки кош нисбат ба пахтай мо, ки
бо хуни ҷигару обилаи дастони деҳқон ба каф
меояд, чунин тарзи кор сурат мегирифт. Колхозу
совхозҳои мо низ соҳиби чунин корхона мешу-
данд. Чумҳурй имкон пайдо мекард, ки бо
маҳсулоти тайёри худ ба бозори ҷаҳон роҳ ёбад ва
ба ин васила ниёзи моддиву маишии мардум қонеъ
гардонда шавад.

Хушбахтона Президента кишвар мӯҳтарам
Эмомалй Раҳмон ин масъаларо зери назорати шах-
сии хеш карор додааст. Дар бораи мустақилият би-

100
сбр сухан меронему аз ҷониби дигар сари обро ним
мезанем. Агар чунин монеаҳои сунъй намешуд, мо
имкон доштем, ки дар Перу оид ба савдои чандин
намуд маҳсулоти корхонаҳои чумҳурӣ шартномаҳо
ба имзо расонем. Бо вуҷуди ҳамаи ин бо ширкат дар
намоишгоҳи Перу мо як ҷаҳон таассуроти бою ран-
гин бардоштем, ҳам хаёлоту андешаҳои таассуфан-
гезе пайдо кардем.

Иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи
умумиҷаҳонии «ЭКСПО-2000» дар давраи
истиқлолияти Тоҷикистон сурат гирифт. Мавзӯи
намоишгоҳ «Инсон, табиат ва техника» буд. Ин
намоишгоҳ панҷ моҳ-аз 1-июн то 31-октябри соли
2000 (дар шаҳри Гановери Олмон) идома ёфт. Дар
он зиёда аз 180 мамлакати дунё иштирок доштанд.
Дар намоишгоҳ таърихи Тоҷикистон, манзараҳои
он, тамоми сарватҳои табий, миллию мадании
худро пешкаши тамошобинон гардонд.

Дар омодасозию ширкат дар ин намоишгоҳ
Ҳукумати Ҷумҳурӣ кумитаи миллӣ таъсис дода,
ҷавобгарии онро ба зиммаи вазорати иктисод ва
савдо, Палатаи савдои саноатии ҷумҳурй вогузор
намуд. Мо як гурӯҳ бо қарори Хукумати Ҷумҳурӣ
дар ин намоишгоҳ иштирок доштем. Ба ҳайати ва-
килон шоирон, нависандагон, олимон, вазирон ва
аҳли санъат шомил буданд.

Устод Мӯъмин Қаноат, нависанда Абдулҳамид
Самадов, олими шинохта Нодир Одилов, адаби-
ётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов, раиси Ку-
митаи телевизион ва радио Убайдулло Раҷабов,
вазири фарҳанг Бобохон Маҳмадов, ҳунармандон
Саидкул Билолов, Афзалшоҳ Шодиев, Сурайё
Қосимова аз қабили онҳоянд. Дар фурудгоҳи

101
Мюнхен сафири Тоҷикистон дар Олмон Акбар
Мирзоев моро пешвоз гирифт. Моро 30-35 км дур-
тар аз шаҳри Гановер ҷобаҷо карданд.

Маро дар ошёнаи сеюм, ки фақат аз як хуҷраи
хурдакак иборат буд, ба қавли Абдулҳамид Сама-
дов «кафтархона» ҷойгир карданд. Баъд чанд ма-
ротиба хостанд, ки маро ба шаҳри Г ановер баранд,
аммо аз аҳли адаб чудо шудан нахостам ва ин так-
лифро кабул накардам. Акбар Мирзоев минбаъд
хам аз холи мо мунтазам хабар мегирифт. Рӯзи
миллии Тоҷикстон барпо гардид, ки дар он
роҳбари кулли намоишгоҳи Гановер ва комиссари
намоишгоҳи Тоҷикистон Ҳаким Солеҳов
суханронй кард. Баъд меҳмононро ба зиёфат
даъват кардем. Ҳунармандон консерти калон бар-
по намуда, садои карнаю сурнай садо доданд.

Немисҳои Тоҷикистон, ки ба ватани
ачдодияшон баргашта буданд, бо мо якҷоя рақс
мекарданд ва ашки шодй мерехтанд. Онҳо арз ме-
карданд, ки дар Олмон зиндагияшон хуб нест,
онҳоро эҳтиром намекунанд. Ватани онҳо
Тоҷикистон мебошад.

Як рӯз бо устод Мӯъмин Қаноат ба тамошои
намоишгоҳҳои дигар давлатҳо рафтем, аз чумла ба
намоишгоҳи «Ҳизби сабз»-и Олмон дохил шудем.
Баъди тамошо ба берун баромада куҷо рафтана-
монро надониста роҳгум задем. Зиёда аз як соат ба
чор тараф давида намоишгоҳи Тоҷикистонро да-
рёфт накардем. Автобуси вобасташуда бояд моро
ба ҷои зистамон мебурд, ки ҳамагй 15-20 дақиқа
вақг монда буд. Оқибат дар баландие полисро ди-
да ба сӯяш давидем ва дар қоғаз рақами
намоишгоҳи Тоҷикистонро навишта ба ӯ нишон

102
додем. У бо ангушташ нишон дод, ки тахминан
500-метр дуртар буд. Вакте ки мо омадем, шари-
конамон дар дохили автобус моро интизор бу-
данд.Мо сирро бой надода дохили автобус шудем
ва нафаси озод кашидем.

Намоишгоҳи Тоҷикистон дар бинои шишагини
симетра дар ҳамсоягии Узбекистон, Қирғизистон,
Эрон, Покистон, Малайзия, Ветнам, Камбоҷа ва
Муғулистон таҳти рақами 26 буд. Якуми июн
намоишгоҳи умумиҷаҳонии Гановер кушода гар-
дид. Дар маросими кушодани намоишгох Кантс-
лер ва Президента Олмон Герхард Шрёдер ва Ио-
ханнес Дау иштирок доштанд.

Мо ифтихор аз он доштем, ки Тоҷикистони
соҳибистиқлол дар қатори мамлакатҳои пешраф-
таи ҷаҳон Россия, Чин, Англия, Олмон, Канада,
Франсия, Япония дар ин намоишгоҳи таърихй
ширкат меварзад. Тамошобинон аз манзараҳои
Тоҷикистон ба вачд омада, биҳишти рӯи замин
меномиданд ва саволборон мекарданд. Онҳо дар
саҳни чойхонаи миллй, ки бо усули кандакорй со-
хта шуда буд, нишаста чои кабуд менӯшиданд ва
шириниҳои Тоҷикистонро мечашиданд.

Онҳо манзараҳо, кӯҳҳои cap ба фалаккашида,
шаршараҳо, кӯли Сарез, ГЭС-у обанбори Норак,
қолинҳо, сангҳои қиматбаҳоро аксбардорй мекар-
данд. Вохӯрии соҳибкорони мо бо тоҷирони ма-
молики хориҷӣ барпо мешуданд ва дар натиҷа
шартномаҳои дутарафа ва бисёртарафа ба имзо
мерасиданд. Шоирон, олимон ва нависандагони
мо бо адибони дигар мамлакатҳои ҷаҳон
мулоқотҳо намуда, аз таъриху фарҳанги миллати
кӯҳандиёри тоҷик маълумот медоданд.

103
Ҳамин тавр мо Тоҷикистони азизро ба ҷаҳониён
шинос намуда, ба муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсй
ва ҳамкориҳои зичи мамлакатҳои ҷаҳонро бо
Тоҷикистон тақвият бахшидем.

Яке аз соҳаҳои асосии Палата экспертиза
(санҷиши миқдор ва сифати молу амволи воридотй)
ба шумор меравад. Санҷиши молу амвол мувофиқи
меъёрҳои ҷаҳонй тартиб дода шудааст, ки эътибори
ҳукуқй дошта, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар
хориҷи он эътироф карда мешавад.

Соли 1984 Президиуми (раёсат)и Палата масъа-
лаи такмил додани усулҳои гузаронидани
санҷиши маҳсулотро баррасӣ намуд. Соли 1985
дар Палата зиёда аз 70 санҷишгар кору фаъолият
дошт, ки ҳаҷми умумии хизматрасонй 93 фоизро
ташкил медод. Соли 1985 6 нафар беҳтарин
экспертҳои Палатаи СССР дониста шуданд. Дар
Слёти умумииттифоқии устодон, ки дар шаҳри
Маскав баргузор гардид, Моҳинисо Давлатова са-
зовори медал ва «Устоди беҳтарин» дониста шуд.

Соли 1999 шӯъбаи экспертизаи молҳо барҳам
хӯрда, ба управленияи Палата оид ба экспертиза
ва сертификатҳои мансубияти молҳо табдил дода
шуд. Дар натиҷа ҳаҷми экспертиза ва додани
сертификатҳо (иҷозатномаҳо) хеле афзоиш ёфтанд.
Дар як сол ба ҳисоби миёна то 6-6,5 ҳазор санҷиш
гузаронида ва зиёда аз 5 ҳазор сертификат дода
мешуд, ки ин ҳам ба нафъи фармоишгарон ва ҳам
ба нафъи Палата буд. Танҳо барои заводи алюми-
нии Тоҷикистон дар тӯли се соли охир 376
санҷиши борҳои воридотиро гузаронида, ба
маблағи зиёда аз 386 миллион сӯм камомад муай-
ян гардид, ки он пурра ба завод баргардонида шуд.

104
Ammo мутаассифона, баъди аз байн рафтани
Иттиҳоди Шӯравй ва гузаштан ба иқгисоди
бозоргонй дар Палата тағйиротҳои манфй ба
вуҷуд омаданд. Бисер корхонаҳо аз байн рафта,
баъзеи онҳо бо сабабҳои гуногун алоқаро бо Пала-
та гум карданд. Сохторҳои нав, фирмаҳо,
асотсиатсияҳо, корпоратсияҳо, корхонаҳои
саҳҳомӣ ва муштараку шахсй арзи вуҷуд карданд.
Дар давраи гузариш ба иқгисоди бозорй ба замони
номунтазами иқгасодӣ, сиёсй рост омад. Дар
солҳои 90-уми асри гузашта ҷанги шаҳрвандй cap
зада, харобшавии иқтисодиётро ба бор овард, ки
он ба кори Палата низ бетаъсир намонд. Аммо дар
чунин шароити вазнин ҳам Палата кору фаъолият
мекард ва кормандон дар вақташ маоши худро ме-
гирифтанд. Натиҷаи ҳамин буд, ки Президента
кишвар 12 нафар кормандони Палатаро бо ордену
медал ва ифтахорномаҳо сарфароз гардониданд.
Ман бошам бо ордени «Дӯстй» мушарраф гарди-
дам. Оид ба кору фаъолияти Палата Президента
мамлакат Эмомалй Раҳмон чй хуб гуфтааст: «Па-
латаи савдои саноатии Ҷумхурии Тоҷикистон пай-
вандгари соҳибкорони ватанй ва хориҷй мебошад».

105
ЛАҲЗАҲОИ ХОТИРМОН

Дар давоми 53 соли кориам чи дар Тоҷикистон
ва чи берун аз он дӯстони зиёде пайдо кардаам.
Ҳамаи онҳоро номбар кардан аз имкон берун аст.
Аммо дар бораи се тан дӯстони ҷониам мехоҳам
муфассалтар нақл намоям.

Султон Мирзошоев. Дӯстии мо аз соли 1957,
вакте ки корманди комсомол будем, оғоз меёбад.
Ин шахсро ба хонандагон муаррифй кардан ҳоҷат
нест ва ӯ ба ин эҳтиёҷ ҳам надорад. Ӯро дар
Точикистон ва берун аз он ҳам хуб мешиносанд ва
нисбаташ эҳтироми хосса доранд.

Сарфи назар аз он, ки ӯ сафир ва вазир буду
роҳбари Дастгоҳи Президент ё дигар мансабҳои
воломақом, дӯстии мо яксон боқй монд ва ба
бародарӣ табдил ёфт. Мо дар Душанбе қариб 30
сол аст дар ҳамсоягӣ зиндагй мекунем ва ҳар рӯз
аз ҳоли якдигар бохабарем.

Соли 1959 ӯро котиби аввали КМ комсомоли
Точикистон интихоб намуданд. Ман бошам коти-
би аввали кумитаи комсомоли ноҳияи Колхозобод
будам. Ман аз ин хеле хушҳол гаштам ва яке аз
аввалинҳо шуда табрик намудам. Баъди чанд моҳ
ӯ ба ноҳияи Колхозобод ташриф овард. Таъкид
кард, ки вақташ хеле танг аст. Дар Кӯрғонтеппа
маҷлис даъват кардаанд. Бинобар ин мехоҳад яке
аз бригадаҳои комсомолону ҷавонони маккапарва-
ри ноҳия дидан кунад. Дар он айём таҷрибаи мак-
капарварии Иттиҳоди Шӯравй Мануковский паҳн
шуда буд, ки ин таҷрибаро КМ КПСС маъқул до-
ниста буд ва қарори махсус ҳам қабул карда буд.

106
Тибқи ин қарор тамоми ҷумҳуриҳои Иттифоқи
Шӯравй ин таҷрибаро дар амал бояд ҷорй кунанд.
Ин масъала зери назорати шахсии Н.С. Хрушёв,
котиби генералии КМ КПСС қарор дошт. Комсо-
мол ин зироатро ба «шефй» гирифта буд. Ман ӯро
ба бригадаи Хоҷаев, колхози ба номи Ленин (А.
Дӯстов), ки аз маркази ноҳия 3-4 километр дур буд,
бурдам. Аъзоёни бригада 10 нафар буданд ва май-
дони макказори онҳо 10 гектарро ташкил медод. У
бо аъзоёни бригада сӯҳбат ороста, саволу ҷавоби
бисёре карданд ва бо табъи хира хайру манзур
карданд.

Дар дохили мошин ба ман гуфтанд, ки ин чи хел
бригадаи комсомола будааст, ки қариб ҳамаи
аъзоёни бригада аз бригадир cap карда риш доранд.
Ин фиреб рӯякй рафтор кардан мебошад. Ғайр аз
бригадир дигар ҳамаи онҳо аъзои комсомол ме-
бошанд, гуфтам. Бригадир бошад аъзои ҳизби
коммунист аст. Мо ба назди котиби якуми ҳизби
коммуниста ноҳия Сироҷиддин Исоев рафтем.
Мирзошоев дар бораи бригадаи комсомола нақл
карда, номаш бригадаи комсомола, лекин қариб
ҳамаашон риш доранд, гуфт. Сироҷиддин Исоев
чизе нагуфтанду гӯшаки телефонро бардоштанд.
Рафиқ Дӯстов (раиси колхози ба номи Ленин),
аъзоёни бригадаи Хоҷаевро оварда дар сартарош-
хонаи колхоз ришҳояшонро тарошед.

Баъди як ҳафта маро ба КМ комсомол даъват
карданд ва ман хушнуд гаштам, ки дӯстам ба ман
ягон вазифа медиҳаду ман дар пойтахт зиндагй
мекунам. Аммо кор ранги дигар гирифт. Маро дар
бюрои КМ комсомол сахт муҳокима карданд.
Саволҳои зиёде ва билохира танбеҳ доданд.

107
Ман ба Колхозобод баргаштам. Хушбахтона ӯро
соли 1961 котиби аввали ҳизби коммуниста
ноҳияи Восеъ интихоб карданду бо ҳамин ҷони
ман халос шуд. Чй хуш гуфтааст ҳазрати Ҳофиз:
«Ман аз бегонагон харгиз нанолам,

Ки бо ман ҳар чй кард, он ошно кард».

Мо дар вақги рухсатаи навбатй дар осоишгоххои
чумҳурй бисбр бо ҳам истироҳат кардаем ва
хотираҳои фаромӯшнашаванда хеле бисёранд. Am-
mo ман қатрае аз баҳр чандтояшро ба хонандаи
нуқгасанҷ мисол оварданиам.

Соли 1998 дар Осоишгоҳи шаҳри Қайрокуми
вилояти Суғд истироҳат доштем. Дӯстони зиёде ба
хабаргирии мо меомаданд ва мо дар хона хӯрок
тайёр мекардем. Ба ошхонаи осоишгоҳ ягон-ягон
барои хӯрокхӯрй мерафтем. Бори хӯрокпазй, коса-
ву табақшӯй, тоза кардани картошка, сабзиву пиёз
бар дӯши ман буд. У баъзан аз сабзавот газак тай-
ёр мекарду халос. Дигар корашон дастурдиҳй буд.

Рӯзе ба ҷонам ин гуна истироҳат расиду ба ӯ
гуфтам, дар роҳхати (путёвка) ман ба ғайр аз дегу
косашӯй, хӯрокпазй ягон намуди табобат навишта
шудааст ё не. Султон дар ҷавоб гуфтанд, ки кадом
роҳхат. Шумо ягон путёвка-мутёвка надоред. Дар
ҳақиқат ба путёвка назар афканам, аз ному насаби
ман асаре нест.

Боре ба зиёрати дӯстон ба шаҳри Кӯлоб рафтем.
Моро дӯстон самимона пешвоз гирифтанд ва дар
меҳмонхонаи комиҷроияи вилоят ҷойгир карданд.
Дӯстонамон Мирзо Бекматов, Пирназар Шарифов,
Абдумаҷид Ҳақназаров ва дигарон ба меҳмонхона
омада, то нимаи шаб сӯҳбат кардем. Онҳо ба мо

108
шаби хушу бофароғат таманно намуда рафтанд.
Мо ба ҳуҷраамон даромада хоб рафтем.

Баъди якчанд дақиқа Султон ба хурроккашй да-
ромад, ки дару тареза ва девор ба ларза дарома-
данд. Ман аз ин «шашмақомнавозй»-и дӯстам
тоқат накарда, кӯрпаву болин гирифта, ба ошёнаи
якум фаромадам ва дари яке аз хуҷраҳоро кушо-
дам, ки дар он ҷо ду бону бедор шуданду доду фа-
рёд бардоштанд. Соат дуй шаб буд. Хайрият, ки
ин мағалро касе нашунид. Боз ба ошёнаи дуюм
баромада, шабро дар болои мизи саққобозй рӯз
кардам. Саҳар ин қиссаро ба дӯстон нақл кардам.
Онҳо хуб хандиданд. Султон гуфт, ки ин масъала-
ро чидцй бояд санҷид, ки то чӣ андоза ҳақиқат до-
рад. Хайрият ки аз ин ду бону арзе нашуд, вагарна
аҳволи мо чй мешуд.

Рӯзе Султон меҳмони хонадонам гардид ва су-
хан аз боби эҷоду эҷодкорй сурат гирифт. Он кас
гуфтанд, ки дар мавзӯъҳои гуногун чанд асаре
эҷод карданианд. Баъд ба ман савол доданд, ки чй
нақшаҳои эҷодй дорам. Ман гуфтам, каме
шеърҳои ҳаваскорона навиштаам, ки дар солҳои
гуногун дар бойгониам маҳфуз мебошанд. Чанде
аз он шеърҳоро қироат кунед, гуфтанд. Бодиққат
гӯш карданду гуфтанд, ки ин шеърҳо барои таги
тагсарй монда хоб рафтан навиштагй ё барои хо-
нанда.

Баъд аз он ман дилгарм гаштаму шеърҳоямро ба
шодравон Ҷамолиддин Каримзода, ки дӯсти дери-
на будем, нишон додам. Соли 1998 китоби авва-
линам бо номи «Давоми умр», ки муҳаррираш Ҷ.
Каримзода буд, аз чоп баромад. Ҳоло бошад кито-
би ҳафтумам омодаи чоп аст. Бародари азизам

109
Султон бошад бо вуҷуди он, ки дар вазифаҳои
масъул хидмати халку Ватанро кардааст, боз вақт
ёфта 9 асар эҷод кардааст.

Султон Мирзошоев шахси донишманд, сиёсат-
мадори варзида, бофарҳангу поктинат, дилсӯзи
халку Ватан мебошад. Дар зарофатгӯӣ ҳамто на-
дорад. Ӯ ходими давлатию сиёсй ва суханвари но-
такрор буда, узви Иттифоқи нависандагон ва жур-
налистони Тоҷикистон аст, 45 сол роҳбарии ав-
валро бар дӯш дошт, 30 сол депутата Шӯрои Олии
Тоҷикистон буд. Хизматҳои ӯ бо ҳафт ордену
медалҳо, панҷ ифтихорномаи Ҷумҳурии
Тоҷикистон қадр шудааст. Ӯ ҳамчунин бо
унвонҳои фахрӣ «Аълочии маорифи халқи
Тоҷикистон», «Аълочии кинематографиям СССР»
мушарраф гардидааст. Гарчанде Султон ба синни
мубораки 80 қадам гузоштааст, дилаш, рӯҳаш, су-
ханаш ҳамеша ҷавон мебошад.

Ба ҷон хоҳам баҳорон сабз бошад,

Ҳамеша богу бустон сабз бошад.

Худо гӯям, ки то дунёст барҷо,

Дарахти умри Султон сабз бошад.

Бароям чун дилу чун ҷон ту бошй,

Ҳабиби неку бопаймон ту бошй.

Ба ман дунёст хуш, гар то қиёмат,

Ба мулки дӯстӣ Султон ту бошй.

Дӯсти дигари ҷонии ман Сангин Ҳафизов, ки
бо тахаллуси «Мавлоно» машҳур аст, шахси дарё-
дилу бекина, вафодору хоксор ва хушчақчақ ме-
бошад. Шиносоии мо аз соли 1973 маншаъ меги-

110
рад ва то ҳоло идома дорад. Моҳи марта соли 1973
Сангин Ҳафизовро коммунистони ноҳияи ба номи
Ленин (Рӯдакӣ) сарвари худ интихоб намуданд.
Баъди як соат ман котиби аввали ҳизби коммуни-
ста ноҳияи Орҷоникидзеобод интихоб шудам. Дар
кори Пленуми ҳизби коммуниста ҳарду ноҳия
Ҷаббор Расулов иштирок намуданд.

Барой ҳамин хам Сангин даъво мекунад, ки
собиқаи кории ӯ дар мансаби муншии якум аз ман
зиёдтар аст, ки ҳақ ба ҷониби ӯст. Дар як соат би-
сер масъалаҳо ҳалли худро меёбанд.

Ин ду ноҳия аҳамияти хоса дошта, аҳолии пой-
тахтро бо маҳсулота тару тозаи кишоварзй таъмин
мекард. Ноҳияи ҳозираи Варзоб хам дар тобеияти
ноҳияи Ленин буд. Ҳарду ноҳия ҳаммусобиқа бу-
данд ва ҳар сари чанд вақг санҷишҳо гузаронида
мешуд, ки аз фонда холй набуд. Мо тачрибаи якди-
гарро меомӯхтем ва дар амал ҷорй мекардем. Дар
бисёр ҷамъбасти санҷишҳо Ҷаббор Расулов ишти-
рок ва суханронй мекарданд, ки аз ин мо рӯҳбаланд
гашта, масъулията бештар ҳис мекардем.

Боре дар сарҳади ноҳия Ҷаббор Расуловро
қабул намудам, ки аз ноҳияи Ленин меомад. Сан-
гин аз мошин берун шуду баъди салому алейк тез
рафт.Ман дар ҳайрат мондам, ки чаро Ҳафизов ин
қадар дар шитоб аст. Табъи Ҷ. Расулов хира буд.
Салом кардан замон пурсиданд, ки юнучқаро ба-
рон тухмй мондаед? Ман гуфтам, ки ин замини
юнучқа ба ноҳияи Ленин тааллуқ дорад. «Ҳардуи
шумо кай масхарабозиро бас мекунед? Ҳафизов
мегӯяд, ки ин замини Орҷоникидзеобод, шумо
мегӯед замини ноҳияи Ленин». Дар ҳақиқат зами-
ни панҷгектара, ки юнучқа кишт шуда буд, дар

111
сарҳади ду ноҳия ҷойгир буд. Фақат аз байн як
чӯйборча мегузашту халос. Ҷ. Расулов мебинад, ки
юнучқа ғарқи гул асту кайҳо вақги дараваш гу-
заштааст, Ҳафизовро хеле сарзаниш мекунад.

Ӯ барои ҷонашро халос кардан ин замини
ноҳияи Орҷоникидзеобод мебошад, гуфтааст. Баъд
фаҳмидам, ки чаро Сангин шитобкорона фирор
кард, то сирри дурӯғгӯии ӯ ошкор нашавад.

Моҳи январи соли 1975 бо Сангин Ҳафизов бо
завҷаҳои худ дар фароғатгоҳи «Пушкино»-и назди
Маскав, ки ба КМ КПСС тааллуқ доигг, истироҳат
мекардем. Сангин ба назди Ҷ. Расулов рафта,
масъалаи ба рухсатӣ рафтанамро ҳал намудааст. У
ба Ҷ. Расулов гуфтааст, ки мо бо оилаҳои худ ба
истироҳат меравем, розигии шумо лозим аст.

Рӯзи дигар ман ба назди Ҷ. Расулов рафтам. Ӯ
ба ман гуфт, ки бисёр хурсанд аст, ки мо бо
оилаҳои худ ба истироҳат меравем. Ман аз ин та-
моман бехабар будам, дигар чизе нагуфтам. Ба ои-
лаам гуфтам, ки барои истироҳат рафтан ба шахри
Маскав омодагй бинад. Оилаам гуфт, ки дар ин
фасли сармо ба ҳеҷ куҷо намеравад. У боре ҳам бо
ман ба истироҳат нарафта буд. Ман ба ӯ
фаҳмондам, ки ин амри Ҷ. Расулов мебошад.

Рӯзе бо мақсади зиёрати мақбараи Ленин ба
Маскав омадем. Дар навбат одам хеле бисёр буд.
Сангин бо аксбардор дар сафи одамон меистод.
Шахсе омаду Сангинро илтимос кард, ки аксбар-
дорро дар осорхонаи ба номи Ленин, ки дар шафа-
ти Майдони Сурх воқеъ аст, супорад ва баъди зиё-
рат рафта гирад.

Ман ҳозир меоям гуфту бо ҳамин бедарак шуд.
Ҳаво хеле сард буд. Мо ба тарабхонаи

112
меҳмонхонаи «Москва», ки он қадар дур набуд,
барои хӯрокхӯрии нисфирӯзӣ рафтем. Дар лифт
(кемачаи барқй) дохил шудем, ки Султон Мирзо-
шоев ва Ӯктам Яхшибоевро вохӯрдем. Баъди са-
лому алейк Мирзошоев аз ман пурсиданд, ки ин
хонумаҳо кистанд. Ман ба Заррагул ишора карда,
инаш завҷаи Сангин, инаш бошад оилаи ман аст,
гуфтам. «Пас Сангин куҷост», пурсон шуд Ӯктам
Яхшибоев. «Як ҳафта шуд бедарак аст, ин ду бону
дарди сари мананд», шӯхй кардам ман.

Мирзошоев гуфтанд, ки ба ташкилотҳои дах-
лдор хабар надодед? «Бо ҳамин мақсад назди шу-
мо рафтанй будам», гуфтам. Мирзошоев намоян-
даи Тоҷикистон дар назди Шӯрои Вазирони СССР
шуда ифои вазифа мекарданд. «Ман аз ҳамин рӯз
ба ин кор машгул мешавам, гуфтанд. Ман гуфтам,
ки Сангин чор сол дар Маскав донишҷӯ буд, Мас-
кавро хуб медонад, ҷои ташвиш нест. Мирзошоев
гуфтанд, ки Маскав Душанбе нест. Мо баъди
хӯроки нисфирӯзй ба «Пушкино» баргаштем. Сан-
гин моро дар истгоҳи роҳи оҳан пешвоз гирифт.
Ман ба Сангин гуфтам, ки ба Мирзошоев занг за-
над, то ки ӯ ором шавад. Ӯ дар ҳайрат монда, ба-
рои чй Мирзошоев дар ташвиш мемондааст гуфт.
Оилааш ҳамаашро ба ӯ нақл кард. Гуфт, ки дигар
гайб назанед, мо хам дар ташвиш намонем. Сан-
гин ба ман нигариста, «мемонед тинҷу ором
истироҳат кунем?» гуфт.

Истироҳатгоҳи Пушкино дар бешазоре ҷойгир
ва боду ҳавояш хеле тоза буд, қабати барф ба 10-
15 сантиметр мерасид. Як рӯз бинам Сангин ли-
жаро бардошта ба хуҷраи хобаш ворид шуд. Ман
пу рейдам, ки ту лижаро чй кор мекунй?

113
«Лижабозӣ мекунам» гуфт. Вақги истироҳат ба
охир расиду аммо Сангинро боре ҳам бо лижа на-
дидам. Рӯзе шарикони ҳамсоямизамон аз мо пур-
сиданд, ки чаро лижабозй намекунем. Ман
пешдастй карда, ман наметавонам, аммо рафиқам
Сангин дар лижабозй устухон надоранд, гуфтам.

Онҳо дар ҳайрат монда гуфтанд, ки мо ин касро
боре хам бо лижа надидаем. Сангин дарҳол ҷавоб
дод, ки ӯ соати панҷи субҳ ба лижаронй мебарояд.
Онҳо гуфтанд, ки соати панҷи субҳ хеле барвақт
аст. Ҳамин тавр як рӯз пеш аз сафар лижа рӯи
барфро надида, бурда супорид ва арзи сипос на-
муда, хеле ҳаловат бурдам гуфт.

Рӯзе занги телефони хона баланд садо дод,
гӯшаки телефонро бардоштам. Салом, ман Сангин,
аз ноҳияи Рӯдакй. Пурсид, ки ман ба маҷлиси
тантанавй бахшида ба рӯзи Истиқлолияти
ҷумхурй даъват шудаам ё не. Бале гуфтам. Маҷлис
соати 10-и пагоҳй дар Кохи Вахдат бояд баргузор
мешуд. Пагоҳ ман соати 8 меоям, бо ҳам ба
маҷлис меравем. Интизор мешавам, гуфтам ман.
Сангин дар вакти муайяншуда ҳозир шуд.

Ман шиносномаамро гирифта, телефони дасти-
амро рӯи миз гузоштам. Сангин аз ман пурсид, ки
чаро телефони дастиро бо худ намегирам, шинос-
нома чй лозим. Ҳамааш дар даъватнома навипгга
шудааст гуфтам. Даъватномаашро аз ҷайбаш ба-
роварда хонд. Телефонамро дар хонаи ту мемонам,
лекин ягон ҳуҷҷат надорам. Ман гуфтам, ки туро
хама мешиносад, агар ягон мушкилие ба миён ояд,
ман кафили ту мешавам.

Мо дохили бино шудем ва аз Сангин хуҷҷат та-
лаб карданд. Ӯ гуфт, ки ҳуҷҷатро фаромӯш карда-

114
аст. Ҳамроҳи Сӯфиев ба маҷлис омадааст. Шахсо-
ни мутасаддй аз ман пурсиданд, ки ӯро мешино-
сам. Ман гуфтам, ки ин касро бори аввал мебинам.
Ҳамин тавр ӯ баромада рафт.

Дар берун бо Шукурҷон Зуҳуров, вазири шуғли
аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимой вомехӯрад ва ӯ Сангинро
ба толори мачдис медарорад. Баъди маҷлис хайру
манзур накарда, ӯ ба хонааш бармегардад. Аз фур-
сати муносиб истифода бурда, бо телефон и Сан-
гин ба ҳар тараф занг зада, пули телефонашро та-
мом намудам.

Баъд аз панҷ рӯз ба хона омада, бо димоғи сӯхта
телефони ман дар куҷост, гуфт. Телефонро оварда
додам. Дарҳол ба куҷое телефон карданй шуд, ам-
мо аз он тараф садо омад, ки маблаги шумо тамом
шудааст. Мавлоно ба газаб омада, ду рӯз пеш 20
сомонй гузаронида будам гуфт. Инашро ман на-
медонам, гуфтам.

Сангин ҷонишини вазири фарҳанги Тоҷикистон
буд. Ду нафар кормандони Вазорати фарҳанги
СССР дар осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм» истироҳат
мекарданд. Мо ба бозор рафта меваю сабзавот ва
дигар маводҳои хӯрока харид карда, ба сӯи
осоишгоҳ равона гаштем. Дар роҳи осоишгоҳ мо-
шини мо ба автобуси мусофиркаш, ки пури одам
буд, бархӯрда, қаноти чапи мошини мо пачақ шуд.
Хайрият, ки аз харду тараф касе зиёни ҷисмонӣ
надид.

Байни Сангину ронандаи автобус хархашаву
ҷанҷол cap шуд. Ронандаи автобус розй шуд, ки
зарарро пардохт кунад. Ман ба Сангин гуфтам, ки
розй шавад, аммо ӯ якравй карда, талаб кард, ки
нозири давлатии автомобили (ГАИ) даъват карда

115
шавад. Нозир омада ҳамаро санҷида, айби Сан-
гинро исбот кард. Нозир аз ӯ пурсид, ки дар мо-
шин мусофир доштед. Сангин бо ишора маро ни-
шон дод, ки 50 метр дуртар дар болои санге ниша-
ста будам.

Ҳарду ба наздам омаданд. Нозир аз ман пурсид,
ки чй ҳодиса рӯй дод, шумо дар мошини сабукрав
будед. Ман гуфтам, ки мусофири автобус мебо-
шам, низе гуфта наметавонам. Нозири хукуқ
ҳуҷҷати ронандагии Сангинро гирифту рафт. Мо
савғои хешро ба меҳмонон супоридему бо табъи
хира ба Душанбе баргаштем.

Рӯзи дигар ба назди Қумриддин Баҳриддинов,
сардори ГАИ-и шаҳри Душанбе, ки ӯ шиноси ман
буд, рафта ҳодисаи рухдодаро накд кардем. Ӯ та-
вассути телефон аниқ намуд, ки ҳуҷҷати
ронандагй дар дасти нозирони ноҳияи Октябр (И.
Сомонй) мебошад. Шумо метавонед рафта бема-
лол ҳуҷҷатро гиред. Сангин барои гирифтани
ҳуҷҷат ҷарима супорида, барои таъмири мошин
бошад маблаги зиёде сарф намуд.

Сангин бо чанде роҳбарони хоҷагиҳои ноҳия
барои дидан кардан аз ҳолу аҳволи чӯпонҳо, ки
дар минтақаи Ромити ноҳияи Орҷоникидзеобод
ҷойгир буданд, бо чархбол парвоз кардаанд. Чар-
хбол ба як гӯшаи хушманзараи қишлоқи Вистан
мефарояд. Сангин аз қумондони чархбол илтимос
мекунад, ки ба ман аз ҳамин ҷо барқия диҳад. Ба
номи ман бо чунин мазмун барқия расид: «Ба ко-
тиби якуми ҳизби коммуниста ноҳияи
Орҷоникидзеобод рафиқ Сӯфиев Камол Сӯфиевич.
Аз фазой ноҳияи бо хдм дӯсту ҳаммусобиқа пар-
воз карда, ба шумо ва меҳнаткашони ноҳия

116
муваффақиятҳо ва комёбиҳои бузург орзумандам.
Бо эҳтиром, дӯсти шумо Сангин Ҳафизов». Дар
вақги бозгашташ бо чунин мазмун боз барқия ги-
рифтам. Матни барқия ба дасти раиси
ҳамонвақтаи КГБ Шевченко расидааст ва ӯ ба Ҷ.
Расулов ахборот додааст. Ҷ. Расулов ба Сангин
занг зада, хуб танбеҳ додааст. Ба ман ҳам занг зада,
шумо кай рафторҳои бачагонаро бас мекунед, аз
кай боз шумо ду давлати мустақил ташкил карда-
ед.... Мумкин нест аз чархбол ба ин мазмун барқия
додан. Ман гуфтам, ки бубахшед, ман дар ин
масъала гуноҳе надорам.

Қиссаҳо, саргузаштҳо, хотироти ҳардуи мо бе-
шуморанд. Агар ҳамаи онҳоро ба қалам диҳем,
чанд ҷилд хоҳад шуд. 16-тои он дар китоби «Боз-
гашти хотирот»-и Султон Мирзошоев, ки соли
2004 нашр гардидааст, хеле моҳирона гирд оварда
шудааст. Барои ҳамин ҳам мо дар ин ҷо нукта ме-
гузорем. Агар хонандагони гиромй ин китобро да-
страс намуда қироат кунанд, хеле ҳаловат меба-
ранд.

Акнун каме дар бораи кору фаъолияти Сангин
нақл карданиам. Ноҳияи Ленин калонтарин ва му-
раккабтарин дар ҷумҳурй ба шумор мерафт. Пой-
тахт-шаҳри Душанбе пурра дар иҳотаи ин ноҳия
буд. Дар давоми зиёда аз 10 сол, ки Сангин сарва-
рии ин ноҳияро ба ӯҳда дошт, дигаргуниҳои куллӣ
ба амал омаданд. Бояд тазаккур дод, ки рушду
равнақи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар
солҳои 70-80 бевосита бо номи ӯ вобастагй дорад.
Ӯ чун сарвар бо дасту дили поку нияти нек фаъо-
лият кард, ки ин на ба ҳар кас муяссар мешавад.
Ман Сангинро бисёр санҷидаам ва ҳаматарафа

117
омӯхтаам. Баъзе мавридқо оид ба ин ё он паҳлӯҳои
ҳаёт, тарзу усули корбарй фикрҳои мо якхела на-
буданд. Аммо дере нагузашта онҳо аз хотир меба-
ромаданд. Бояд иқрор шавам, ки Сангин дар
зиндагӣ мардест, ки дар дили ӯ кинаву ғубор,
ҳасад нест. Дар риштаи дӯстй ҳамто надорад. Дар
«Гулистон»-и Саъдй омадааст: «Дӯстеро, ки ба
умре ба даст оранд, нашояд, ки ба як дам биёзо-
ранд». Мо бо ҳамдигар чунон унс гирифта будем,
ки қариб ҳар рӯз дар тамос будем, аз аҳволи якди-
гар хабардор мешудем. Ҳар ҳафта Сангин назди
ман меомад ё баръакс ман ба дидорбинии ӯ ме-
рафтам.

Дар давраи роҳбарии Сангин Ҳафизов
истеҳсолу ба давлат фурӯхтани пахта ба 28 ҳазор
тонна расид. Ба давлат ҳар сол зиёда аз 8 ҳазор
тонна гӯшт, 13 ҳазор тонна шир, 50 миллион дона
тухм, 40 ҳазор тонна сабзавот ва дигар маҳсулоти
кишоварзй фурӯхта мешуд. Саршумори чорвои
майда ба 140 ҳазор расида буд. Дар соҳаҳои мао-
риф, фарҳанг, тандурустӣ, ободонии шаҳру деҳот
бисёр дигаргуниҳо ба амал омаданд. Бо ташаббуси
Сангин Ҳафзов дар маркази ноҳияву деҳот
биноҳои бисёрошёна қомат афрохтанд,
муҷассамаи боҳашамат бахшида ба шахдцони
Ҷанги Бузурги Ватанй дар даромадгоҳи ноҳия со-
хта шуд, ки зиёратгоҳи мардуми ноҳия гардид.

Маҳз барои ҳамин ҳам мардуми ноҳия ӯро се
даъват депутата Шӯрои Олии Ҷумхурии
Тоҷикистон интихоб намуданд. У бо ордену медал
ва ифтихорномаҳои бисёре мушарраф гаштааст.
Мардуми ноҳия ӯро эҳтиром мекунанд. Шодравон
Ҷаббор Расулов Сангинро бениҳоят дӯст медошт

118
ва ҳурмат мекард. Сангин яке аз роҳбарони
обрӯманд дар ҷумҳурй ба шумор мерафт. Агарчи
даҳсолаҳо паси cap шудаанд, аммо дӯстии мо
тағйир наёфтааст. Чанде пеш ҷашни 70-
солагиашро ботантана қайд намудем. Ӯ ҳоло дар
ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирй меро-
над. Мо ба ӯ хонаи ободу қомати шамшодро та-
манно дорем.

Танҳоӣ ба кас чу душманы ҷон бошад,
Дулёст ҳамеша хуш ба ёрони азиз.

Мал хоса даме ба умри худ хуш бошам,
Чул малыши сӯҳбат аст Сангины Ҳафиз.

Дӯстии ман бо Изатулло Ҳаёев зиёда аз 40 сол
боз идома дорад. Дӯстии мо соли 1968 аз давраи
таҳсил дар Мактаби олии партиявии шаҳри Мас-
кав сарчашма мегирад. Соли 1969 ман мактаби
мазкурро хатм намудам, Изатулло Ҳаёев бошад
соли 1970. Бо амри такдир ҳарду вазир шудем. Ӯ
вазири саноати гӯшту шири ҷумҳурй, ман вазири
тозабунёди хоҷагии меваю сабзавоти Тоҷикистон
таъин гардидем. Баъзан ба назди якдигар рафта
дарди дил мекардем. Боре Изатулло ба назди ман
омада, ҳа, «княз Капустин» чй ҳол дорй гуфта
хандид. Ман ҳис кардам, ки ran дар бораи
мошинҳои пурбори карам, ки дар назди бинои Со-
вета Вазирон қатор истодаанд, меравад, чунки
ҷонишини раиси Совета Вазирон Акбар Махсумов
ба ман занг зада, супориш дод, ки ҳисоби корро
ёбам. Бинои вазорати гӯшту шир дар паҳлӯи би-
нои ҳукумат ҷойгир буд. Ин воқеаро Изатулло
мушоҳида карда, барои дилбардории ман омадааст.

119
Ғоибназар Паллаев-котиби аввали ҳизби комму-
ниста вилояти Қӯрғонтеппа ба Ҷаббор Расулов
шикоят намудааст, ки дар ноҳияи Шаҳритус чанд
ҳазор cap мурғобй барои супоридан ба гӯшт омода
мебошад, аммо вазорати гӯшту шир қабул накарда
истодааст. Ҷ. Расулов ба вазир супориш медиҳад,
ки ба Шаҳритус сафар карда, масъаларо дар ҷояш
ҳал намояд.

Дар натиҷа маълум мегардад, ки шумораи
мурғобиҳо аз 50 cap зиёд набуда, харобу лоғар бу-
даанд. Баъди бозгашт аз сафар ман ба наздаш раф-
там. Бо димоғи сӯхта дарди дил кард, ки котибони
ҳизби коммунист аз пашша фил месозанд. Ман
гуфтам, ки аз ҳамин рӯз иборат тахаллуси шумо
«княз Уткин». Дӯстони наздики мо шахсан Талбак
Назаров аз ин ҳодиса бохабаранд ва баъзан моро
бо ҳамин тахаллус номбар мекунанд.

Дар «Кохи Вахдат» анчумани навбатии Ҳизби
Коммуниста Тоҷикистон барпо гардид. Баъди
маърӯзаи ҳисоботии Ҷаббор Расулов ва музокира-
чиён интихоби ҳайати нави аъзоёни КМ ба тарзи
махфй сурат гирифт. Ман, Сангин Ҳафизов ва
Изатулло овоз додему ба идораи Ҳаёев омадем.
Сангин изҳори ранҷиш кард, ки ӯ як моҳ барои ба-
ромад кардан тайёрй диду ба ӯ сухан надоданд.
Изатулло аз ҷояш бархеста, тирезаи идораашро
кушод ва дар он ҷо як минбарчаи дастиро гузошта,
ана сухан ба шумо, чй қадаре хоҳед баромад кунед
гуфт.

Ба поён нигарем, одамони бисёре дар ошхонаи
тобистона хӯрок хӯрда истодаанд. Изатулло Ҳаёев
шахси донишманд, боандеша, фурӯтан, бофарҳанг
мебошад. Дар ҷумҳурй соҳибэҳтиром аст. У аз

120
санҷишгари қаторй (ревизор) шӯъбаи молили ви-
лояти Ғарм то котиби аввали ҳизби вилояти Кӯлоб,
раиси комиҷроияи вилояти худмухтори Кӯҳистони
Бадахшон, ду маротиба вазир, раиси Шӯрои Вази-
рони Тоҷикистон расидааст. Дар ҳамаи вазифаҳои
ниҳоят масъулиятнок пурсамар заҳмат кашидааст.
Хизматҳои шоистаи ӯро халқу Ватан қадр карда,
се даъват депутата Шӯрои Олии Тоҷикистон ин-
тихоб кардаанд. Бо мукофотҳои бисёри давлатй,
ордену медалҳо, ифтихорномаҳо сарфароз гарди-
дааст. Ӯ ҳоло нафақахӯри шахсӣ буда, дар ҳалқаи
пайвандон хушу хуррам умр ба cap мебарад.
Дӯстаи мо бошад то ҳол идома дорад.

Ту кашидӣ ранҷ аз баҳри Ватан,

То шавад обод монанди чаман.

Ҳар қадам аз кори ту бошад нитон,

Ибрати хубе шуда бар дигарон.

Дӯстро ҳар лаҳза бинмоӣ сурог,

Дорӣ аз меҳру вафо садҳо чарог.

Зиннати ҳар маҳфилӣ ту, зинда бош,
Баҳримо ҷону дилӣ ту, зинда бош!

Дӯсти ҷонӣ барои кас такягоҳ мебошад, бе дӯст
зиндагй сангин аст, бо дӯст зиндагӣ рангину ши-
рин аст. Шахсе, ки дӯсти ҷонй надорад, ӯ ба мо-
нанди дарахти береша, паррандаи бебол, моҳии аз
об берун аст.

121
ҚАДРИ ВАТ АН

Ман бо тақозои замон аз рӯи вазифа ба ҳамаи
чумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравй ва баъзе
мамлакатҳои хориҷи дур сафар кардаам. Ҳар са-
фар ба мо таассуроти зиёде бахшида, бисёр чизҳои
муфидро меомӯзем, доираи ҷаҳонбинии мо васеъ
мегардад ва хотираҳои фаромӯшнашаванда боқй
мемонад.

Соли 1988 раиси Ҷамъияти дӯстй ва робитаҳои
мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷй Сул-
тон Мирзошоев мо як гурӯҳ дар ҳайати раиси ку-
митаи давлатии меҳнат Юлдош Шокаримов, сар-
вари идораи сайёҳони хориҷи Тоҷикистон Мурта-
зо Остонаев ва ман раиси Палатаи савдои саноа-
тии ҷумҳуриро ба Буркина Фассо ва Мали, ки дар
қитъаи Африқо ҷойгир аст, ба сифати дипломати-
яи халқӣ (народная дипломатия) фиристод.

Дар ҳайати мо дастаи хунарии «Қуллаи кӯҳ» аз
вилояти Кӯҳистони Бадахшон низ шомил буд.
Моро дар Маскав раиси Ҷамъияти дӯстии
Иттиҳоди Шӯравй, кайҳоннавард Валентина Вла-
димировна Терешкова қабул намуда, хуб насиҳат
карданд. Мо ба Буркина Фассо парвоз кардем. Дар
фурудгоҳ моро кормандони Ҷамъияти дӯстй, Па-
латаи савдои саноатй пешвоз гирифтанд ва дар
меҳмонхонаи пастакаки якошёна ҷойгир карданд.
Ман ва Шокаримов дар як хуҷра ҷой гирифтем, ки
деворҳояш пур аз калтакалос буд. Хостем, ки
онҳоро нест кунем ё аз хуҷраи хоб берун созем,
аммо ба мо иҷозат надоданд. Ин ҷонвар муқаддас
ба ҳисоб рафта, ӯро расидан мумкин набудааст.

122
Мо ба ташкилотҳои Ҷамъияти дӯстй, Палатаи сав-
до, вазорати фарҳангу корҳои хориҷй ташриф
овардем.

Дар бораи Тоҷикистон маълумот додем ва
тӯҳфаҳои хешро, ки Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон
ба мо дода буд, супоридем. Дар толори тобистона
ҳунармандони мо консерт барпо намуданд. Шах-
сан ба онҳо рақси «аспак» писанд омад, ки гаштаю
баргашта бо қарсакзаниҳои дуру дароз онҳоро ба
саҳна даъват мекарданд.

Як рӯз моро ба тамошои қасри шоҳ бурданд.
Дар он ҷо ҳазорон одамон ҷамъ омада буданд,
онҳо 500 метр дуртар аз қасри шоҳ саф кашида
буданд ва тартибу низомро полис назорат мекард.
Шоҳ бо завҷааш аз ҳавлие, ки атрофаш бо девори
баланд маҳкам буд, берун шуд ва дар курсӣ ни-
шаст. Баъди чанд дақиқа як аспи сафеди зинзадаро
бо як шамшер назди шоҳ оварданд. Шоҳ аз ҷояш
бархоста шамшерро ба даст гирифт ва каме сӯи
асп нигариста, фармон дод, ки зини аспро гиранд
ва шамшерро пас гардонид. Мо пурсидем, ки ин
ҳама чй маъно дорад. Ба мо фаҳмонданд, ки Ватан
дар хатар аст, шоҳ бояд мардумро бар зидди душ-
ман бархезонад ва Ватанро наҷот диҳад. Аммо
шоҳ ба ин розй нашуда, ҷанг ба мардум бадбахтӣ
меорад, ба мо сулҳ лозим аст мегӯяд. Бо ҳамин
шоҳ мардумро дар рӯҳияи сулҳпарварй тарбия на-
муда, ҷангро маҳкум мекунад.

Буркина Фассо қашшоқтарин мамлакат дар
қитъаи Африқо ба шумор меравад. Кӯчаҳо пур аз
гадо, бачаҳои нимбараҳна, пои луч сӯи мо медави-
данд, аммо онҳоро ба мо наздик шудан намемон-
данд. Мо баъд аз чанд рӯз ба Ҷумхурии Мали пар-

123
воз кардем. Дар ин ҷо ҳам сафари мо ба мисли
Буркина Фассо ҷараён гирифт.

Аз қитъаи Африқо ба Осиё бармегардем.

Бо Маҳмадамин Оймаҳмадов-ҷонишини аввали
Изатулло Ҳаёев, ки вазири савдои хориҷии
Тоҷикистон буданд, ба Ҳиндустон сафари хизматй
доштем. Мо дар вазорати савдои беруна, палатаи
савдои саноатй ва дигар идораву муассисаҳои
дахлдор, корхонаҳои саноатй, тиҷоратӣ ва
соҳибкорони бисёре вохӯриҳо доштем. Дар рафти
мулоқотҳо шартномаҳои тарафайн ба имзо раси-
данд. Дар фабрикаи пойафзолбарории шахсй
мулоқоти мо тӯлонй буд. Рохбари ин корхона
ҷаноби Сингх моро ба хонааш таклиф намуд. Мо
дар хонадони ӯ меҳмон шудем. Ба завҷааш атласи
тоҷикй тӯҳфа кардем. Баъд аз чанд дақиқа
пироҳани атлас бар тан, ки хеле зебанда буд, ба
назди мо омада, миннатдории худро изҳор намуд.
Шавҳараш ба ӯ нигариста ба арӯси тоҷикӣ монанд
аст гуфта аз мо суол кард. Мо гуфтем, ки аз арӯси
тоҷикӣ ҳам зеботар аст. набошад барои арӯси зе-

ботарин қадаҳ мебардорем.

Дар мулоқоту вохӯриҳо мо аз Махадма Ганди,
асосгузори давлати Ҳиндустон, Ҷавоҳирлол Неру
ва Индира Ганди ёдрас мешудем ва ба онҳо ме-
гуфтем, ки ин шахсиятҳои таърихй дар
Тоҷикистон маълуму машхур мебошанд. Онҳо дар
навбати худ номҳои Бобоҷон Гафуров ва Мирзо
Турсунзодаро бо эҳтиром вирди забои меоварданд,
ки мо аз ин фахр мекардем. Моро ба маҳаллаи
тоҷикнишин бурданд ва мо бо онҳо ҳамсӯҳбат
шудем, онҳо бо забони тоҷикӣ хеле хуб ҳарф ме-
заданд ва расму оини точикиро риоя мекунанд.

124
Дар рафти мулоқот маълум шуд, ки ачдодони онҳо
қабл аз Инқилоби Октябр ба ин сарзамин омада-
анд. Мо аз зиндагй шиква надорем, аммо сад
афсӯс, ки аз Ватани ачдодии худ дурем ва худро
ғариб ҳис мекунем. Бо шунидани номи
Тоҷикистон ашк мерехтанд.

Моро шукӯху шаҳомати Тоҷмаҳал ба ҳайрат
овард. Тоҷмаҳал дар ҷануби Ҳиндустон наздикии
шаҳри Агра воқеъ буда, аз Деҳлй 200 километр
дуртар ҷойгир мебошад. Тоҷмаҳал ба маънои то-
маш мӯъҷиза мебошад ва аз ҷиҳати санъати
меъморӣ на ин ки дар Ҳиндустон, балки дар ҷаҳон
беҳамтост. Ин мақбараро Шоҳ Ҷаҳон барои завҷаи
дӯстдоштааш Мумтоз-зеботарин зан сохтааст. Со-
хтмон аз асри XVII оғоз ёфта, зиёда аз 20 сол идо-
ма меёбад. Дар сохтмони ин мӯъҷизаи афсонавӣ
зиёда аз 20 ҳазор коргарон, беҳтарин хунармандон,
меъморон аз Эрон (Перси), Туркия, Самарканд,
Венетсия ва худи Ҳиндустон иштирок кардаанд.
Дару тиреза бо усули кандакорӣ, фаршу девор аз
мармари сафед, куббаҳояш аз сангҳои қиматбаҳо
ва тилло зебу зиннат дода шудаанд, ки бо тулӯи
офтоб бо рангҳои гуногун ҷило медиҳад. Баландии
қаср 74 метр буда, дар чор гӯшааш манораҳои 42-
метра ба чашм мерасад. Мумтоз аз Шоҳ Ҷаҳон 14
фарзанд ба дунё овардааст. Дар вақти таваллуди
фарзанди охиринаш ин дунёро падруд мегӯяд.
Шоҳ дар мамлакат ду сол мотам эълон мекунад.
Турбати ӯ дар таҳхонаи қаср буда, Шоҳ Ҷаҳон низ
дар паҳлӯи завҷааш ба хоби абадй рафтааст.

Майдони Тоҷмаҳал 18 гектарро ташкил дода,
дар он ниҳолҳои ороишй, фаввораҳо, ҷӯйчаҳо ва
майдакӯлҳо арзи ҳастй доранд, ки ба Тоҷмаҳал

125
хусни хоса мебахшанд. Ҳар сол миллионҳо
сайёхони хориҷй ба тамошои Тоҷмаҳал меоянд.
«ТТ Ту ни пан кай бувад монанди дидан». Ин
мӯъҷизаро бо чашми cap дидан лозим аст.
Ҳиндуҳо мегӯянд, ки касе Тоҷмаҳалро надида бо-
шад, Ҳиндустонро надидааст.

Соли 1981 бо қарори бюрои КМ ПК Тоҷикистон
мо як гурӯх барои санҷиши шартҳои мусобиқаи
сотсиалистй ба Ҷумҳурии Озорбойҷон рафтем.
Ман вазири хоҷагии меваю сабзавот будам.
Роҳбарии гурӯҳро ба зиммаи ман гузоштанд. Ба
Озорбойҷон намояндагони ҷумҳуриҳои
Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ омада^ буданд.
Санҷиш се рӯз идома ёфт. Роҳбарони ҳайатро ко-
тиби аввали КМ ПК Озорбойҷон, номзад ба узвия-
ти бюрои сиёсии КМ КПСС, Қаҳрамони Меҳнати
Сотсиалистй Ҳайдар Алиев ба хузур пазируфт. Бо
мо 30 дақиқа ҳамсӯхбат шуд. Мо мухтасар аз
чумхуриҳои худ накл кардем ва таассуроти хешро
дар бораи кору бори меҳнаткашони Озорбойҷон
иброз намудем. Ман пайғоми Ҷаббор Расуловро ба
у расонидам ва як мох пеш, ки ӯ ба унвони
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистй мушарраф гар-
дида буд, табрик намудам. Ин ба Ҳайдар Алиев
хеле хуш омад ва аз ҷой бархоста ба ман даст дод.

Гапҳои боқимондаро дар бюрои васеи КМ меза-
нем гуфтанду ҷамъбаст карданд. Дар ҳақиқат дар
ҳамон солҳо пахтакорй, богу токпарвари дар
Озорбойҷон хеле ривоҷ ёфта буд. Ҳайдар Алиев
обрӯю эътибори баланд доштанд. Дар тамоми
гӯшаву канори ҷумхурй расми Алиев ба чашм ме-
расид. Рӯзи дигар натиҷаи санҷиш дар бюрои КМ
ҷамъбаст гардид. Баромади ман 20 дақиқаро таш-

126
кил мекард. Роҳбарони ҳайати Узбекистан 30
дақиқа ва Қирғизистон 25 дақиқа суханронӣ кар-
данд. Ман ному насаби Ҳайдар Алиевро борҳо ба
забои оварда хуб ситоиш кардам ва бори дигар бо
унвони Қаҳрамон сазовор гаштанашон шодбош
гуфтам. Ахли толор аз ҷой бархоста дуру дароз
қарсак заданд.

Ҳайдар Алиев кори маҷлисро ҷамъбаст намуда,
барои маслиҳатҳои муфид изҳори сипос намуданд.
Баъд моро ба зиёфати ҳукуматй даъват намуданд.
Аввалин шуда суханро ба ман доданд. Барои
меҳмоннавозии самимй, дӯстии халқҳои
Озорбойҷону Тоҷикистон аз Низомии Ганҷавй
ёдовар шудам. Барои гулгулшукуфии Озорбойҷон
бо сарварии ходими партиявию давлатй ва сиёсӣ,
барои саломатии Ҳайдар Алиев бо чапакзаниҳои
бардавом қадаҳ бардоштем. Дар баромади худ
Алиев Низомии Ганҷавиро шоири Форсу
Озорбойҷон номиданд. Роҳбарони ҳайатҳои
Узбекистану Қирғизистон низ суханронй карданд.
Вакилони Узбекистан ва Қирғизистонро гусел
карданд. Ҳайдар Алиев назди ман омада, шуморо
бегоҳ гусел мекунем, имрӯз бемалол истироҳат
кунед, гуфт. Рӯзи дигар моро хуб меҳмондорй
карданду баъд гусел намуданд.

Ба назди Ҷаббор Расулов рафта ҳисобот додам.
Ҷ. Расулович гуфтанд, ки Алиев телефон намуда,
аз ҳайати Тоҷикистон қаноатмандӣ изҳор карданд.

Ман ба Чину Эрон, Афгонистону Покистон, Ру-
мину Юнон, Перую Олмон, Дубай ва қариб ҳамаи
ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравй сафари хизматй
доиггам ва аз бисёр чизҳои фоидабахш баҳравар
гаштам. Дар тамоми кишварҳое, ки будам, як чиз-

127
ро баръало ҳис намудам, ки мардуми оддй тараф-
дори дӯстии халқҳои ҷаҳон буда, ташнаи сулҳу
вахдат мебошанд. Аз Хитой меҳнатдустй, сабру
тоқат, аз Эрон эҳтиром нйсбати забони модарй ва
тозаю беолоиш суханронй кардан, аз Олмон инти-
зом, тозагии кӯчаву хиёбонҳо, гулгаштҳо, аз Ду-
бай* ки бо Султон Мирзошоев сафар доштем, хиз-
матрасонии олиҷаноб ва боварии комил доштани

байни одамонро ҳис кардам.

Масалан дар мағозаҳои Дубай молу ашёро
харидорй кунй, бор вазнин бошад, суроғаатро
мегӯӣ халос. Бори туро ба манзилат бурда мерасо-
нанд. Ту бошй бемалол сайру гангг мекунй. Аммо
дар кадом қитъае ё кишваре будам, ба мисли
Тоҷикистон дилкашу зебо надидам. Ҳар дам бо
Ватан будам, аз боду ҳавояш нафас мегирифтам,
бо суруди миллй аз хоб бедор мешудам ва бо су-
руди аллааш хоб мерафтам. Парчамаш болои са-
рам партавафшонй мекард, аз минбараш
суханронй мекардам, дар кӯчаю хиёбонҳояш,
гулгаштҳояш сайругашт мекардам, аз оби чашма-
соронаш менӯшидам. Хумору пазмонаш гашта,
дилам гум мезад. Бозганггро бесаброна интизорй
мекашидам.

«Нури чаишонам ту бошӣ, Тоҷикистон,

Зӯру дармонам ту бошӣ, Тоҷикистон.
Сарпаноҳе ҷуз ту дар дунё наборам,

Чун саробонам ту бошӣ, Тоҷнкистон.

Ман туро чун модарй ҷон дуст дорам,
Модарй ҷонам ту бошӣ, Тоҷикистон.»

128
КӮРНАМАК НАБОШЕМ

Ман дар умри хеш бо амри такдир ду ҷанги
пурдаҳшату хонумонсӯзро аз cap гузаронидаам.
Ҷанги Бузурги Ватании соли 1941-1945 ва ҷанги
шаҳрвандии бародаркуш, аниктараш худкушии
солҳои 1992, ки дар Тоҷикистон рӯй дода буд. Дар
ду аср XX-XXI ва дар ду давра, яъне Совета
(Шӯравй), ки Тоҷикистон дар тобеияти он буд ва
Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки баъди
ҳазорсолаҳо соҳиб гардид (1991) кору фаъолият
кардаам. Аммо мо шукрона накардем, ки теша ба
решай худ мезанем. Оқибат ҷанги шаҳрвандӣ cap
зад, ки ба сари мардум бадбахтиҳои зиёдеро овард,
хонабардӯшу гуреза гаштанд. Даҳҳо нафар
ҷавонон курбон гаштанд. Ман хам дар қатори ди-
гарон писар гум кардаам. Писарам Искандарҷон,
ки рутбаи афсарй дошт, ихтиёран ба ҳимояи
ҳукумати қонунй рафта, курбон гашт.

Миллату кишвар бувад андар хатар,

Ман чй сон осуда шинам эй падар.

Гуфтй о.мад фурсати номусу напг,

Ихтиёрӣ меравам ман ҳам ба ҷанг.

Зидди душман синаро кардй стар,

Тири душман чок бинмудат ҷигар.

Хавфи аз байн рафтани давлати тоҷикон ба ми-
ён омад. Бо ҷонбозиҳои Сарвари давлат Президен-
та кишвар Эмомалй Раҳмон сулху субот баркарор
гардид. Ҳоло мо дар арафаи ҷашни 20-солагии
Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

129
қарор дорем. Шукр, ки мо дар фазой сулҳу оромй
кору фаъолият дорем. Ниҳолҳои Истикдолият са-
мари хуб дода истодаанд ва мо меваҳои шахдбори
онро чашида истодаем. Дар ин давра бисёр
пешравиҳо ба чашм мерасанд ва мо устуворона ба
пеш қадам мегузорем. Бисёр корхонаҳои саноатй,
нерӯгоҳҳои обии барқии хурду миёна, роху
купрӯкҳо, туннелҳо, мактабу муассисаҳои тиббй,
манзилҳои истиқоматй сохта ба истифода дода
шуда, некӯаҳволии мардум рӯз ба рӯз беҳтар ме-
гардад.

Тоҷикистонро давлати иҷтимой гӯем хато наме-
кунем. Зеро зиёда аз нисфи буҷаи давлат ба соҳаи
иҷтимой сарф мегардад. Ғамхорй дар ҳаққи
собиқадорони ҷангу меҳнат, пирони барҷомонда,
кӯдакони бепарастор яке аз самтҳои асосии
ғамхории давлат мебошад.

Аммо ба фикри ман нафақа на аз нишондоди
маош, балки аз рӯи хизмат ба халку давлат наму-
дан муайян карда шавад, ин аз рӯи адолат мешуд.
Зеро бисёрии одамонро медонам, ки бо ҳар роҳу
восита нафақаи худро даҳ чанд баланд мекунанд.

Соҳаи кишоварзй рушд дорад, обрӯи Тоҷикистон
дар арсаи ҷаҳонй рӯз то рӯз меафзояд. Тоҷикистон
узви комилхукуқи Миллали Мутгахдц ва бисёр
созмонҳои байналмилалии ҷаҳон мебошад.

Президента кишвар аз минбарҳои баланд бо за-
бони ноби тоҷикй суханронӣ мекунанд.
Тоҷикистонро зиёда аз 150 мамлакати дунё ба
расмият шинохтааст. Бо 90 давлатҳои ҷаҳон
муносибатҳои тиҷоратӣ дорад. Дар аксари
мамлакатҳои ҷаҳон сафоратхонаҳои Тоҷикистон
амал мекунанд. Тоҷикистонро на танҳо дар хориҷи

130
дур, ҳатто дар Иттиҳоди Шӯравй ҳам намедони-
станд. Президента мӯҳтарами мо бошад бо бисёр
ҷоизаву унвонҳои байналмилалй мушарраф гар-
дидааст.

Чй хел мо фахр накунем, ки «Шоҳнома»-и
Фирдавсй, рубоиёти Умари Хайём, «Маснавии
Маънавй»-и Ҷалолиддини Балхӣ, ашъори Мирзо
Турсунзодаро ҷаҳон медонаду мехонад. Магар ин
ифтахору шаъну шарафи тоҷикон нест, чй хел мо
шукр нагӯем? Баъзан мешунавем, ки мегӯянд
истиқлолият ба мо чй дод?

Истиқлолият қабл аз ҳама озодӣ дод, магар аз
ин дида пурарзиштар ягон неъмате вучуд дорад.
Ammo мо истиқлолияти сиёсиро ба даст овардем.
Барой пурра ба даст овардани истиқлолияти
иқгисодй бояд пайваста заҳмат кашем. Тақдири
Тоҷикистон дар дасти худи мо мебошад. Мо бояд
ба илму техника, технологияи мусоир такя кунем.
Тоҷикистон барои дигар давлатҳо бояд манбаи
ашёи хом набошад, балки худамон коркард намуда,
моли тайёрро ба бозори ҷаҳон барорем. Чаро мо
ташаббускор нестем. То Президента кишвар
нагӯяд, мо аз хоб бедор намешавем. Масалан
камхарҷ гузаронидани маъракаҳо, истифодабарии
лампаҳои каммасраф, истифодаи телефонҳои
мобилӣ, фарзандоне, ки дар хориҷа ғайриқонунй
таҳсили илм мекунанд ба Ватан баргардонидан,
самаранок истифодабарии замин ва дар як сол ду-
се ҳосил рӯёнидан ва ғайраву ҳоказо. Мо дар бо-
раи бузургони гузаштаи хеш, панду андарзҳои
эшон бисёр мегӯему менависем. Албатта ин кори
хуб аст, давлату миллате, ки гузаштаи худро
фаромӯш мекунад, оянда надорад.

131
Маҳз барои ҳамин ҳам Президента кишвар ин
масъаларо хеле хуб ба роҳ мондааст, ки мо аз ин
ифтихор дорем. Аммо саволе ба миён меояд, ки
ҳар яки мо барои равнаку ривоҷи Ватан ғайр аз
суханпардозй дар амал чӣ коре кардаем ва чй бояд
кунем. Мо бояд сулху вахдатро монанди
гавҳараки чашм ҳифз намоем, шукрона кунем, ки
озод нафас мекашем, чунин Ватани биҳиштосо
дорем.

Тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба
хоста гирифтан, ҷобаҷогузориву тарбияи кадрҳо
зич вобастагй дорад. Дар ин масъала бояд
эҳтиёткор бошем, чунки баъзе кадрҳои баландпоя
ба давлату миллати хеш хиёнат карданд, обрӯю
эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқй
паст заданд, ки ин гуноҳи нобахшиданист.
Кадрҳоро аз рӯи аклу заковат, қобилията
ташкилотчигй, дасту дили пок, бофарҳанг бояд
интихоб намоем, на аз рӯи хешу таборӣ,
рафиқигарй, хушомадгӯй ва чуғрофӣ. У аз кадом
минтақаву маҳаллаи Тоҷикистон мебошад,
аҳамияте надорад.

Мо бояд ба соҳаи кишоварзй диққати ҷиддй
бидиҳем. Ба фикри шахсии ман соҳаи кишоварзй
ислоҳотро тақозо дорад. Хоҷагиҳои деҳқоние, ки
5-10 гектар замин доранд, оянда надоранд, чунки
ғайр аз замину кувваи корй, он ҳам бошад занону
кӯдакон мебошанд, дар ихтиёри худ на техника
доранду на доруҳои маъданй, на заҳрхимикату
тухмиҳои хушсифат. Дар натиҷа ҳосили паст ме-
гиранд ва қарздор мешаванд. Ҳавасмандии моддӣ
аз байн меравад. Ташкил намудани нуқгаҳои хиз-
матрасонии техники аз фонда холй нест. Дар

132
заминҳои обӣ асосан бояд пунбадона (пахта) кишт
намоем. Махсусан навъи пахтаи маҳиннахро аф-
зоиш диҳем. Киштгардонро дар асоси илм ҷорӣ
намуда, кишти зироати чорво, картошкаю сабзавот,
ғалладонаро ба роҳ мондан лозим аст.
Ҳосилнокиро аз ҳар гектар баланд бардоштан ва-
зифаи аввалиндараҷаи мутахассисони соҳаи
кишоварзй мебошад. Богу токпарвариро дар талу
теппа ва доманакӯҳҳо тараққй додан мувофиқи
матлаб аст. Соҳаи кишоварзй барои саноат манбаи
ашёи хом ба шумор меравад.

Дар акси ҳол саноати сабук ва хӯрокворӣ рӯ ба
таназзул меорад. Аммо афсӯс, ки ҳазорҳо гектар
заминҳои обй аз кор баромада, ба ботлоқу
шӯразор табдил ёфтааст. Дар шароити камзаминии
Тоҷикистон ин гуноҳи азим аст. Мутаассифона
хариду фурӯши замин то ҳол пурра аз байн нараф-
тааст. Сохтмон дар заминҳои обй идома дорад.
Аҳолй бошад дар афзоиш аст. Дар ин масъала бо-
яд дурандеш бошем. Бо тақозои замон бисёр
иншоотҳои давлатӣ бо нархи ночиз шахсӣ карда
шуданд.

Аммо баъди моликияти хусусй шудан чй
натиҷае дод: ҳаҷми истеҳсолот, нархи он, ҷойҳои
корӣ, музди меҳнат, сифати маҳсулот нисбат ба он,
ки давлатй буд, чӣ фарқе дорад. Ин масъала шаф-
фофият ва таҳлили ҷиддиро талаб мекунад. Бисёре
аз ин иншоотҳо дубораю себора фурӯхта шуда,
даст ба даст мешаванд ё умуман фаъолият наме-
кунанд.

Ғалабаи Инқилоби Октябр буд, ки мо тоҷикон
соли 1924 чумҳурии худмухтор дар ҳайати
Ӯзбекистон ва соли 1929 ҷумҳурии мустақил дар

133
ҳайати СССР томил шудем. Инро нодида гириф-
тан таърихро инкор кардан аст, ки ин аз рӯи инсоф
нест. Мо бояд рӯзи ташкилёбии Тоҷикистонро аз
соли 1924-1929 ҷашн гирем. Аммо афсӯс, ки
Тоҷикистон соли 2009 80-сола шуд, вале ҳама
хомӯш буданд.

Масъалаи нарху наво ва нархгузорй танзимро
талаб мекунад. Нархҳо мунтазам бо таври сунъй
боло мераванд. Баъзан мегӯянд, ки ин давраи
бозоргонй мебошад, моликият хусусӣ аст, нархҳо
бояд озод бошанд. Аммо бесарусомонй дар масъа-
лаи нархгузорй бояд набошад. Монополистону
миёнаравон худашон шоҳу табъашон вазир набо-
шанд. Ҳукумат бояд нарху наворо назорат намояд
ва ҷилави беинсофонро каме бошад ҳам, кашад.

Дар натиҷаи ғалабаи Инқилоби Октябр бо
роҳбарии В.И. Ленин давлати Шӯравй арзи вуҷуд
кард. Дар натиҷа пеш аз ҳама дӯстии халқҳо ва ди-
гар омилҳо таҳти роҳбарии Партияи коммунистй
И.В. Сталин дар Ҷанги Бузурги Ватанй (1941-45)
мо бар Германияи фашистӣ галаба намудем.
Тоҷикистон 62 сол дар ҳайату тобеияти Иттиҳоди
Шӯравй карор дошт.

Ҳақ бар ҷониби устод Айнист. Ӯ гуфта буд, ки
агар Итгиҳоди Шӯравӣ намебуд, ин маконро
Тоҷикистон номидан бемаънигарй мебуд. СССР
тоҷиконро аз вартаи нестй наҷот дод.

Ташкилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комёбиҳо
ва истикдолияти тоҷикон аз Инқилоби Октябр
сарчашма мегирад. Мо инро бояд инкору
фаромӯш накунем. Албатта ҳар ҷамъияту давлат,
роҳбар, шахе ҷиҳатҳои мусбату манфй ва бурду
бохти худро дорад.

134
Давлати Шӯравй низ истисно нест. Аммо дар
давоми зиёда аз 70 сол он муваффақиятҳое, ки
халқи советй, аз он ҷумла Тоҷикистон ба даст
овардааст, нодида гирифтан кӯрнамакй мебошад.
Баъзе шахсони дунёбехабар давраи Шӯравй ва
кадрҳои ҳамон давраро давраи карахтй, рукуд ва
барҷомондагй мегӯянд, ки ин хеле аламовар аст.
Ҳатто мо баъзан аз гуфтани калимаи Инқилоби
Октябр, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистй, Депу-
тата Шӯрои Олии СССР ва ғайра хазар мекунем.
Ҳамсолони ман дар давраи Шӯравй таваллуд шуда
ба камол расидаанд ва ба таври ройгон маълумот
гирифта, соҳиби мансабу эҳтиромҳо гашта-
анд.Мутаассифона, бисёр коммунистон тарки ҳизб
намуда, рӯи хешро сӯи дигар ҳизбҳо гардониданд.

Мо дар каламрави 15 Ҷумҳурии Иттиҳоди
Шӯравй озодона сайругашт мекардем. Ҳоло бошад
ба Ҷумҳурии Узбекистон, ки ҳамсояи дар ба девор
мебошем ва муносибатҳои хешу таборй дорем, бе
раводид рафта наметавонем. Дар қаламрави
Иттиҳоди Шӯравй терроризм, экстремизм,
нашъаҷаллобй, нашъамандй, одамфурӯшй, низои
миллй ва бекорй қариб, ки вуҷуд надошт. Маълу-
моти олй, табобат ройгон буд, худкушй кам ба
чашм мерасид, ришвахӯрй вучуд надошт. Мардум
некӯаҳволона ва дар фазой сулҳу ваҳдат зиндагй
мекарданд. Хеле афсӯс, ки ин давлати абаркудрат
бо омилҳои хориҷиву дохилй дар натиҷаи хоинии
(зархаридони) хориҷй Горбачёв, Яковлев, Шевар-
надзе аз байн рафт. Аслан барои аз байн рафтани
давлати Шуравй дар давраи хукмронии Хрушов
Н.С. замина пайдо шуда буд. У бо мақсади
ғаразноку қасос гирифтан И. Сталинро бо

135
шахспарастй айбдор мекунад. Далелу рақамҳои
бофтаву сохтаи пучро асоснок намуда, Сталинро
бадном мекунад ва насади ӯро аз мақбара берун
месозад. Бо ҳамин боварии халқро коҳиш дода,
обрӯю эътибори СССР дар арсаи байналхалқй
паст мегардад.

Давлатҳои капиталиста муттаҳид шуданду мо
пароканда шудем. Онҳо иттиҳоди ҳарбӣ НАТО-ро
таъсис доданду мо бошем Иттиҳоди Варшаваро
барҳам додем. Дар натиҷа қариб буд, ки Россия аз
байн равад.

Мардуми Иттиҳоди Шӯравй талаб карданд, ки
раъйпурсии умумихалқй дар масъалаи бақои
Иттифоқи Шӯравй гузаронида шавад. Дар натиҷаи
интихобот қисми зиёди мардум барои нигоҳ дош-
тани Иттифоқи Шӯравй овоз доданд, аммо Борис
Елтсин, Шушкевич, Кравчук - сарони се давлата
славянй Россия, Украина ва Белоруссия шартно-
маро ба имзо расониданд ва давлатҳои худро
соҳибистиқлол эълон карданд. Бо ҳамин ба демо-
кратия хати батлон кашиданд. Бо кирдорашон
вуҷуд доштани демократияро зери шубҳа гузош-
танд.

Аз байн рафтани СССР омилҳои дигаре низ
вуҷуд доштанд. Якум, хукуқи чумхуриҳои
йттиҳод хеле махдуд буданд, бе ризояту иҷозати
Маскав я гон масъаларо мустақил ҳаллу фасл карда
наметавонистем. Дуюм, масъалаи забои, миллатҳо
аз забони модарии худ дур монда буданд.
Тоҷикистон низ истисно набуд. Забони тоҷики
қариб ки аз байн рафта буд. Ҳама маҷлису
машваратҳо, коргузорй бо забони русй сурат ме-
гирифт. Шахсоне, ки забони русиро намедони-

136
станд, соҳиби мансаб туда наметавонистанд. Се-
юм, нобоварй нисбати кадрҳои маҳаллӣ. Котиби
дуюми КМ ҳизби коммуниста Тоҷикистон, муо-
вини раиси Шӯрои Вазирон, раиси кумитаи беха-
тарии давлатӣ, прокурори генералй, ҷонишини
якуми вазири корҳои дохилй, аксарият вазирон
ғайримиллй буданд.

Дар ҳамаи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, котибо-
ни дуюми ҳизби коммунист русҳо буданд. Ҳатто
дар ноҳияи кӯҳистон ба монанди Комсомолобод
(Нуробод), Тоҷикобод, Ванҷ, ки ҳамагӣ 15-20 на-
фар миллатҳои дигар зиндагй мекарданд, котибо-
ни аввали ҳизби коммунист русҳо буданд. Ғайр аз
ин дар ноҳияҳои Ҳисор, Восеъ, Кӯлоб, Норак,
Ёвон, Орҷоникидзеобод, шаҳри Қӯрғонтеппа ко-
тибони аввал русҳо буданд. Магар хандаовар нест,
ки раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи
Орҷоникидзеобод аз кишвари Ставропол, сардори
идораи сохтмон С.Н. Огороновро соли 1987 коти-
би дуюми КМ ПК Тоҷикистон Лучинский ПК
даъват намуда, таъин мекунанд. Номгузориҳо аз
Маскав сурат мегирифт, ки мардум онҳоро уму-
ман намедонистанд. Номгузории бузургони мил-
лат ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд.

Шукри беандоза, ки бо шарофати истиқлолият,
бо ташаббуси Президента кишвар Эмомалй
Раҳмон ин масъала ҳалли пурраи худро ёфт. Чо-
рум масъалаи дин-дар ин ҷода нофаҳмиҳо,
каҷравиҳо ва монеаҳо, беҳудаву баҳуда хеле бисёр
буданд. Калимаи «бисмиллоҳ», «омин» гуфтан
қатъиян манъ буд.

Майитро ҷаноза хондан, дар назму наср кали-
маи Худоро кор фармудан, хатнасур кардан

137
мамнӯъ буд. Ҳатто ҷашни Наврӯзро, ки ба дину
хуруфот ягон вобастагие надорад, қайд кардан
манъ буд.

Намозгузорй, рӯза доштан, ҳамчунин ба ҳаҷ
рафтан орзу буду бас. Озодии вичдон қариб, ки
вуҷуд надошт. Шахсоне, ки фармоиши болоро дар
ин масъала иҷро намекарданд, аз вазифа сабукдӯш
ва аз сафҳои ҳизби коммунист хориҷ мегаштанд.
Ба фикри шахсии банда ҳамин чор омил сабаб шуд,
ки Иттиҳоди Шӯравй пароканда гардид. Ҳоло бо-
шад бо шарофати истиқлолият акси ҳолро меби-
нем. Наврӯзи Аҷам ҷаҳонй гашта, мардуми олам
онро ботантана ҷашн мегиранд. Магар ин боиси
сарфарозии тоҷикон нест?!

138
ХОТИМА

Навиштани ёдцоштҳо дар хобу хаёлам ҳам на-
буд. Аммо баъди навиштани сарсухан ба китоби
навбатиам «Самари умр», ки соли 2009 ба нашр
расида буд, устод Мӯъмин Қаноат чунин навишта-
аст: «Дониши муаллиф дар шинохти зиндагино-
маи халқи тоҷик бисёр фарогир, амиқ ва дақиқ аст.
Орзумандам, ки андӯхтаҳои гаронбаҳои худро ба-
рон хонанда акнун дар шакли ёддоштҳо эҷод ку-
нанд». Дӯстам Гулназар хам чунин маслиҳат дода
буданд. Ҷиянам Саидкул Шомалангзода борҳо ил-
тимос кард, ки ба навиштани ёддоштҳо оғоз кунам.

Ҳамин сабаб шуд, ки ҷуръат карда, ба навишта-
ни ёдцоштҳо, хотираҳо cap кардам. Агар ба хонан-
даи нуктасанҷ заррае маъкул шавад, ман худро
хушбахт меҳисобам. Китобамро «Такдир»
номгузорй кардам. Дар давоми 80 сол такдир маро
ба чаҳор тараф партофта, гӯё маро месанҷид,
имтиҳон мекард. Рӯзҳои сахту нармро аз cap гуза-
ронида, сабру тоқатро пеша кардам. Хушбахтона
такдир маро бо одамони мӯътабар ва дӯстони ҷонй
рӯ ба рӯ кард. Аз панду ҳикмати онҳо баҳравар
гаштам, то тавонистам, дар зиндагии хеш истифо-
да кардам, вақгро беҳуда сарф накардам, чунки
вақт бебозгашт аст.

Қадри вақтро надонистан гуноҳи азим, умри
худро барбод додан аст. Инсон бояд иродаи қавй
дошта бошад, аз зиндагй дилмонда нашуда, барои
ҳаёти хушбахтона мубориза барад. Мегӯянд, ки бе
такдирчунбон кас ба ҷое нарасад. Аммо ман
муқобили ин ақида мебошам. Такдири ҳар кас дар

139
дасти худи ӯ ва Парвардигор аст. Худованд хам
фармудааст, ки «Аз ту ҳаракат, аз ман баракат».
Агар заҳмат накашй, маълумот олй бошаду калла
холй, ягон такдирчунбон кӯмак карда наметавонад.

Худат ва дигаронро дар азоб гирифтор намуда,
такдирҷунбонро хам шарманда менамой. Шукри
давру замон, ки дар ҳар гӯшаву канори
Тоҷикистони азизам тӯю сур барпо мегардад. Дар
чеҳраи одамон табассум ҳувайдост. Шукри сулҳу
вахдат, истиклолият, шукри Тоҷикистони азизам,
ки дар кӯчаҳояш озодона сайругашт намуда, аз
ҳавои беғубораш нафас мекашам, озодона сухан
мегӯям. Ҳар сари вақг мо панҷ тан-Султон Мир-
зошоев, Сангмаҳмад Раҳмонов, Амрулло Одинаев,
эшони Хусниддин ва камина сарчамъ туда,
«сӯҳбати дӯстон»-ро ташкил мекунем. Ҳазлу шӯхӣ
намуда, ғубори дилро мебарорем. Ман дар ин
мавридҳо худро ҷавон ҳис мекунам.

Ба як ҷое расида синну солам,

За юмни дӯстони худ ҷавонам.

Намоянд ар сурогам гоҳ-гоҳе,

Ҳумоюн рӯзгорам, ҷовидонам.

Шукр мекунам, ки ба синни 80 қадам гузоштам.
Дар рӯзи мавлудам ёру дӯстон, хешу таборон,
пайвандон ба табрикотам меоянд, ки хонаам
чарогон мегардад. Ҳар гоҳе, ки ҷиянҳоям бибй
Асолат, Саидкул, Азимулло, Ҷӯракул ва хешам
Сафар Саидов аз ноҳияи Ҷалолиддини Румй дари
хонаамро мекушоянд, сарам ба осмони ҳафтум
мерасад. Ҳар гоҳе, ки духтарам Солиҳамоҳ аз Ка-
нада, набераам Мавчигул бо фарзандонаш аз

140
Хуҷанд ва ҷиянам Файзулло аз ноҳияи Румй та-
вассути телефон ҳолпурсиам мекунанд, аз шодӣ
дар куртаам намеғунҷам.

Ман бо завҷаам Кибриё 52 сол зиндагӣ намуда,
соҳиби 21 набераю абера гаштем ва соли 2006 ӯ
дунёро падруд гуфт. Ҳар гаҳе, ки наберагонам
Шодиҷон, Нозигул, Фарангис бо фарзандонашон
Соҳиб, Камолҷон, Ҳабиб, Некбахт, Қурбон, Саб-
ринаву Идрис ба аёдатам меоянд, хонаам ба
боғчаи бачагон табдил меёбад. Ин дӯстрӯяконро
навниҳолу хешро боғбон ҳис мекунам.

Наберагонам Фаррух, Синбод, Фирӯз, Фирдавс,
Фараҳноз, Муҳаммад, духтарам Назокат, келинҳои
қадрдонам Баҳригулу Хосият вориди хонаам ме-
гарданд, худро хушбахтгарин инсон мешуморам.
Такдир маро он сол бо хешдухтарам Зебо
Абдулҳақова, зани ғамхору ҳалим пайваст кард. У
наберагону аберагонамро ба мисли фарзанди худ
дӯст медорад. Ман аз зиндагиву тақдири хеш ши-
квае надорам. Мувофиқи кудрату тавоноиам то
тавонистам баҳри халқи азизи Тоҷикистон хизма-
ти хоксорона кардам. Аммо хизмати халқу Ватан
нисбат ба ман бештар аст. Аз ин рӯ хешро қарздор
меҳисобам.

141
МУНДАРИҶА

Пешгуфтор..................................3

Ба хокат сачдагарам........................4

Модари заҳматкашам.........................7

Қиблагоҳам................................12

Кор дар канали Варзоб.....................14

Давраи ҷавонӣ.............................16

Таҳсил дар мактаб-интернат................21

Кор дар Норак.............................26

Боз дар ҷустучӯи кор......................31

Дар Ашқобод...............................35

Бозгашт ба Ватан..........................37

Номи ӯ ҷовидон аст........................42

Ванҷи пурганҷ.............................49

Сокини Маскав шудам.......................54

Боз кор бо устодам........................59

Диёри қаҳрамонон..........................63

Дар сӯҳбати соҳибдилон....................72

Вазир шудам...............................77

Накӯкору некном...........................84

Раис ҳам шудам............................93

Лаҳзаҳои хотирмон........................106

Қадри Ватан............................ 122

Кӯрнамак набошем.........................129

Хотима...................................139

142
Камоли Суфиён
ТАҚДИР

(хотира ва ёддоштҳо)

Ороиши О. Раҳлюнӣ
Муҳаррири ороиш Р. Шералй
Муҳаррири саҳифабанд М. Саидова

Ба матбаа 16.08.2011 супорида шуд.
Чопаш 18.08.2011 ба имзо расид. Ҷузъи чопй 9.
Андозаи 60x84 ‘Лб. Адади нашр 500 нусха.
Супориши 67/11.
Муассисаи нашриявии «Адиб»-и
Вазорати фарчанги Ҷумхурии Тоҷикисгон.
734018. Душанбе, кӯчаи Н. Қаробоев, 17а

Дар матбааи Нашриёги «Истеъдод» чоп шудааст.
734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакй, 36.
Тел.: 221-95-43. E-mail: istedod2010@mail.ru.







. V'
'V'


Translation