Ҳамтабаки Шодмон Юсупов ва Хулькар Юсупов ПӮКИД.
The Union of Shodmon Yusuf and Khulkar Yusupov has come Undone

Transcription



МИРБОБОИ МИРРАҲИМ
(М. МИРРАҲИМОВ)

ҲАМТАБАҚИ
ШОДМОН ЮСУПОВ
BA

ХУЛЬКАР ЮСУПОВ

ПӮКИД

Душанбе

«Бухоро»

2012
ҳеҷ гоҳ бо чунин дилгарми дар навиштани посухе capi арм
нашу да будам, чуноне ки дар як моҳи пас аз Наврӯзи соли 2011. Зеро
ҳамин даҳ-понздаҳ соли ахир чандин китоб ва садҳо мақола дар
мукобили андеша ва шахсияти Мирбобои Мирраҳим (Мирраҳимов)
ба нашр расида, ки аксари онҳо қобили накд ва посух нестанд, аммо
дурӯғпароканӣ ва тӯҳматномаи С. Мирзорахматов аз ҷинси дигар аст.
Дар мавриди навиштаҳои С. Мирзорахматов метавон танҳо бо
ибораи хеле зебои Ибни Ҳуққал (Ҳавқал) ифодаи матлаб кард, ки
барҳақ дар сурату сирати ин қабил бузургворон мефармояд: «ишон
пойбанд ба фазоили ахлоқӣ нестанд ва дар касби разоил бисёр
ҳарисанд». Ба ҳар ҳол дурӯғпароканиҳои ҷаноби С. Мирзорахматов,
боне шуд, ки дар посухҳо бо бурҳони қотеъ парда аз чеҳраи ҳақиқии
он кас бардошта, шахсияти яке аз коргардонони асосии фоҷиаҳои
хунини моҳи феврали соли 1990 барои касби мақоми аввал дар
Тоҷикистонро дақиқ нишон дода, бисёр дигар иттилоот ва далелҳо
дар боби таърихи худшиносии миллии тоҷикон ва умуман таърихи
навин мисол оварда шавад, ки то ба ҳол аксарият аз онҳо огоҳ набу-
данд ва ё бархе аз таре ва барқасд аз онҳо иҷтиноб меварзиданд...

Мушаххасоти китоб

Номи китоб: Ҳамтабаки Шодмон Юсупов ва Хулькар Юсупов
ПӮКИД. Колбудшикофии як тӯҳматнома. Бо пешгуфтор, охирсухан,
замимаҳо, шарҳи вожаҳо, тавзеҳот ва аксҳо. 248 саҳифа.

Муаллиф: Мирбобои Мирраҳим (М. Мирраҳимов)

Хуруфчин ва сафҳабанд: Муаллиф
Ношир: Интишороти «Бухоро»

Ҷои нашр: Душанбе

Соли нашр: сентябри 2012,1391 хуршедй, 1433 хиҷрии қамари

Шуморагон: 500

Сообщник Шодмона Юсупова и Хулькара Юсупова взорвался.
Вскрытие тайны одной клеветы

Таваҷҷӯҳ: Чопи порае ё кулли китоб фақат бо ризоияти муаллиф
равост. Ҳаққи чоп барои муаллиф маҳфуз аст.

E-mail: mirrahiml954@gmail.com

ISBN 978-99947-910-2-6
ЧАНД НУКТА БА ҶОИ ПЕШГУФТОР

Шукри беҳад яздони покро, ки фурсате кофй ба мо
дод ва иншои ин китоб сари вақт ба поён расид. Ҳеҷ гоҳ
бо чунин дилгармй дар навиштани посухе саргарм нашуда
будам, чуноне ки дар як моҳи пас аз Наврӯзи соли 2011.
Бояд ба ҳарифон низ ташаккур баён намоем, ки ба маҳзи
он ки ҳар гоҳ андар ягон ҷои тани хеш хорише пайдо
карданд, ному навиштаҳои моро ба миён меоваранд ва
ҳадафи тӯҳмату ифтироъ' қарор медиҳанд.

Албатта, барои ҳарифони мӯҳтарам бояд тазаккур
дод, ки ба забони русй ба ҷаноби С. Мирзорахматов посух
навиштан душворие надорад, вале баҳсу андеша дар ин
мавзӯъи таърихи начандон дур ё навин пеш аз ҳама кори
дохилии миллат аст ва бояд байни тоҷикон ҳаллу фасл
шавад ва ба доварии бародарони бузург ва миёна ниёзе
нест (лозим ояд матни посухҳо ба забони русй баргардон
ва нашр хоҳад шуд). Афзун бар ин пойи олами ҷиноятро
бо дастаи додситонҳо даромехтан ва аз ҳамсояи миёна ва
бародари бузург кӯмак хостан ва боз дар кишвар
дарҳамбарҳамй ба роҳ андохтан (ки як бор аз сари миллат
гузашт) кори оқилона нахоҳад буд.

Дар посухҳо ба таври бисёр мухтасар танҳо ба
бархе масъалаҳо ишорат кардему халос, зеро барои аҳли
фаҳм ҳамин ишоратҳо кифоят мекунад. Худованд агар
илҳом бахшад шояд дар ояндаи дуртар ба таври муфассал
ин қазия ва масоил пайгирӣ хоҳад шуд. Аммо имрӯз аз ин
бештар дар ин маврид андеша рондан хатарнок аст. Зеро
мавқеъияти дурӯғнависон ва пуштибонони онҳо коро
буда, мо дар танҳой қарор дорем ва суханони мо ба
иборати бузургон «ба гӯши хар азон хонданро» монад.

'Ифтироъ-бофтан, ran бофтан, ran сохтан; тӯҳмат кардан, бӯҳтон
кардан, тӯҳмат задан, ба дурӯг нисбати хиёнат ба касе додан, касеро
беасос хоин гуфтан.

3
Мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?», ки
6.01.1988 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон»1 ба
нашр расида буд, ҳикояти «Достони мурдашӯй ва гӯрков»,
ки байни солҳои 2001-2004 халқ шуд, номаи саргушода ба
вазири кишвар, ки ҳафтуми сентябри соли 2011 дар
ҳафтаномаи «Фараж» ба нашр расид, ду мақолаи дигар ва
ниҳоят мақолаи «Худи шумо кистед, Саломиддин-ака!»
бар ин китоб замима шуд.

Мирбобои Мирраҳим (М. Мирраҳимов)
ш. Душанбе, 27.04.2011
7 Саври (Урдибиҳишт) 1390 хуршедй

30.04.2011 ба Китобхонаи миллии давлатии Тоҷикистон ба номи
Абулқосими Фирдавсӣ муроҷиат кардем, то аз мақолаи «То ба кай об
аз таги ях меравад?» нусха бардошта, намой онро дар ин китоб ҷой
бидиҳем. Ammo дар ҳар ду бастаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон»
(ки кормандони Китобхона ба толори мутолаа оварданд) шумораи
рузи 6.01.1988 вуҷуд надошт. Он шумораи рӯзномаро ҳатто дар
Китобхонаи милли несту нобуд кардаанд, то дигар ҳеҷ асаре дар
дастраси мардум қарор надошта бошад ва нишоне аз он боқй
намонад. Афсус... Аммо як сол пас аз ин рухдод ҳафтаномаи «Нигоҳ»
дар шумораи 51(274), рузи 11-уми марта соли 2012 (ниг.: саҳ. 32-34)
матни комили мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?»-ро ба наше
расонид.

4
ҲАМТАБАҚИ ШОДМОН ЮСУПОВ ВА ХУЛЬКАР
ЮСУПОВ ПУКИД1!!!

Колбудшикофии як тӯҳматнома

Саромади гуноҳон дурӯғ аст.

Дурӯғ гуноҳро поягузорӣ мекунад,
ба ҷустуҷӯ аз он мепардозад, онро собит
ва барқарор медорад. Дурӯғ ҳамвора ба
се ранг дармеояд: ба ранги орзӯ ва ранги
инкор ва ранги си гезаҷӯ.

Рӯзбеҳ (Ибни Муқаффаъ)

Чашми ҳасуд кӯр аст ва гоҳе дубин. Ҳар чӣ каҷ
мебинад ҳамон хел дар зеҳнаш мемонад ва солҳои сол дар
гаму андӯҳ ба cap мебарад, ки чаро на ӯ, балки дигаре дар
садри коре ҳаст ва ё андешаи волое дорад. Суоли -Чаро?!
Чаро?! Чаро на ман?!,- дар ҳама ҷо ва ҳар давру замон ӯро
азобу азият мекунад ва то дами марг дар гами ҳамин
андӯҳ мемонад. Зеро:

Хӯи бад дар табиате, ки нишаст,

Надиҳад ҷуз ба вақти марг аз даст.2

Бисту се сол пеш аз ин рӯзгор мақолаи «То ба кай
об аз таги ях меравад?» дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷи-
кистон» (6.01.1988) чоп шуда буд, ки фитрат ва ғояҳои он
то ба имрӯз бархе аз ҳасудонро ором намегузорад, ки
«чаро» ва «сад чаро, ки он нуктаҳоро ман нагуфтам...»

Аз он ки мо то имрӯз зиндагй дорем барои бархе

'Пӯкидан-таркидан, мунфаҷир шудан, ногаҳон садое даровардан;
ҳарфи бемаънй ва пуч гуфтан. Одами пӯк-одами бемаънй, пуч, холй,
дарунхолй. Дар бархе маворид ибораҳои «одами пӯк, одами пӯкка»
низ истифода мешавад.

2Саъдй, Муслиҳиддин Абдуллоҳ. Гулистон. Теҳрон: Хоразмй, 1368
хуршедй, с. 106.

5
сахт гарон аст, зеро бознависии таърих ва дурӯғҳояшон
поидор ва бозоргир нахоҳад шуд. Бинобар ин кӯшиши
зчеде ба харҷ медиҳанд, то мавриди қабули хоҷагонашон
дар Маскаву Тошканд ва Остонаву Вашингтон қарор
оигиранд, ки дар ҳамаи ин дигаргуниҳои бист-сй соли
ахири Тоҷикистон маҳз Мирбобо Мирраҳимов «гунаҳ-
кор» аст ва дигарон уболаку ҷабрдида ва мазлум. Тӯҳмат-
гдрюен fap ин боваранд, ки ҳар қадр дурӯг ва ифтироъ
нисоат ба андешаҳои илми ва шахсияти Мирбобо Мирра-
ҳимов бештар шавад ва деги китобу мақолаҳо ва намоиш-
ҲОИ симо ва гуфторҳои садо дар ин маврид ба ҷӯш ояд,
одамон низ таҳти таъсири он қарор шрифта, дар ниҳоят
ба бофтаҳои ишон бовар хоҳанд кард. Аз ин рӯ ҳар
фурсатро ганимат донисга ва аз ҳар мавқеъияте, ки пеш
меояд, моҳирона суъиистифода ба амал меоваранд.

Дар даҳ-понздаҳ соли ахир чандин китоб ва садҳо
мақола дар муқобили андеша ва шахсияти Мирбобо
Мирраҳимов ба нашр расида, ки аксари онҳо қобили нақд
ва посух нестанд, вале китобчаи нав дар шаҳри Остона-
поитахти Ҷумҳурии Қазоқистон, бо забони русй ба нашр
расонидаи ҳазрати Саломидцин Мирзорахматов* 1 аз ҷинси
дигар аст, зеро дар туҳматгарой ба одамон (истисно танҳо
мақолае аст, ки ба зиндагй ва фаъолияти устоди равоншод
Отахони Латифи бахшида шудааст) то ба ҳол дар мактаби
рузноманигории коммуниста2 ва пас аз суқути он режим
назир надошт ва надорад.

Мирзорахматов С. Герои-истинные и мнимые.-Астана: РК 2011.-96
стр. Минбаъд иқтибос аз ин кигобча дар шакли «Мирзорахматов С

1 ерои...,» ва нишон додани саҳифаи он оварда шудааст.

-Ҳеҷ бадбиние нисбат ба назарияи коммуниста ва пайравони он-
мардуми коммунист надорам, баръакс коммунистони бовичдон ва
соҳибхирад мавриди эҳтироми мо ҳастанд. Аммо дар мавриди онҳое
дастгоҳи Ҳизби коммунист ва сохтори давлатии он барои
Pf“6a мақсадҳои нопок ва шахсии хеш истифода ба амал оварда
нисоат ба мо душмантароши доштанд ва доранд, як зарра ҳам гузашт
нахоҳад шуд ва посухи муносиб хидматашон ироа мегардад.

6
Рунамои муқоваи китобчаи С. Мирзорахматов

Дар рӯзноманигории коммунистони собитқадам
қабл аз он ки дар додситонй ё додгоҳ нисбат ба касе пар-
вандаи тамоман содцаи шаҳрвандй ё ҷиной боз шавад, на-
хуст дар саҳифаи рӯзномаҳо ё дигар васоити ахбори умум
ҳукми маҳвсозӣ ва ё марги зудҳангоми ӯ содир мешуд (ба
вижа дар солҳои 1937-1939 ва 1993-1997) ва пасон «додго-
ҳи боадолати коммуниста» ҳалномаи онро таъйид мекард.
Пас аз содир шудани ҳукми додгоҳ сиёҳ кардани шахси
мақтул ё маҳкумшуда дар саҳифаи рӯзнома ва дигар васо-
ити ахбори умум кори бисёр содца ва «бо санад ва далел»
маҳсуб мешуд. Ҳеҷ эътирозе нисбат ба навиштаи рӯзнома-
нигори чапдасти коммунистмаоб ворид намегардид.
Нахуст, ҳеҷ роҳ ва имкон вуҷуд надошт, ки дар муқобили
дурӯғу тӯҳмат чизе дар рӯзнома ё дигар васоити ахбори
умум чоп шавад (зеро ҳама имкониятҳо дар инҳисори ре-
жими коммуниста ва дастгоҳи идеологии он кдрор дошт)
ва сониян, эътироз ба дурӯғпарокании коммунистй чй

7
маъно ба хеш касб мекунад ва ки ба он ҷуръати дасту
панҷа нарм кардан дорад?! Шиори доимии қаламбадас-
тони коммунистмаоб чунин буд ва ҳаст: «бигузор он шахе
аз айб ва гуноҳҳое, ки мо дар ҳаққаш навиштем, худашро
пок созад» (нақли қавл аз Юлиан Семёнов). Ин сабк ва
ҳунарнамои дар навиштаҳои хабарнигори собиқи рӯзно-
маи дарбори коммунист-«Коммунист Таджикистана» дар
вилояти Қӯрғонтеппа Саломиддин Мирзораҳматов сад
дар сад риоят шуда ва ҳатто гузашта аз он яке дигар аз
ҳамтабақҳои куҳнаколо ва коммунистмаоби як бор аз
даргоҳи Ҳизби коммунист рондашуда дар пешгуфторе ба
он «фатвои» илми ҳам додааст, ки ин рӯзноманигори на
он қадар бофарҳанг «ойинаест, ки чеҳраи ҳақиқӣ»-ро
инъикос менамояд. Вале гӯиё фаромӯш шуда, ки ҳам ойи-
на ва ҳам худи муфтии нохонда мулло на танҳо каж ва
сиёхдил, банки аъмоли онҳо хилофи ақли солим ва беш аз
ҳад нороҳаткунанда аст. Албатта, барои посух ба дурӯғ-
бофиҳои ойинаи беҷону каж ва пешвои он бояд китобе на-
вишт, вале мувофиқи мақоли маъруфи «мушт намунаи
хирвор аст» дар поён ба мӯҳтавои пешгуфтори он «бузург-
вор» низ чанд нуктаеро ворид хоҳем сохт, ки чеҳраи ҳақи-
Қии ҳар кас, ҳам С. Мирзорахматов ва ҳам Н. Табаров,
дар таърих дақиқ ба тасвир дарояд.

Дар нахустин сархати мақолаи С. Мирзораҳматов
ДаР бораи Мирбобо Мирраҳимов чандин дурӯғ ҷой дорад.

Нахуст, дурӯғнавис чунин иддаоъ кардааст, ки гӯё
муаллифи мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?»
масъалаи «переход к национальному алфавиту»;-ро пеш
гузошта буд. Ин таҳриф чизи наве нест ва куллан сад бор
бештар ва хеле пештар, яъне бисту се сол пеш аз ин рӯзҳо,
аз чониби «пешвоёни бузурги миллат» ба монанди М
Осимй, Р. Амонов, Р. Ғаффоров, С. Табаров, Қ. Маҳкамов
ва дигару дигарон ва ҳамчунин ҳамтабақи ишон-Хулькар
Юсупов туфта ва навишта шудааст, ки аз дараҷаи «саводи

'Мирзорахматов С. Герои..., с. 71.

8
баланд, ҳамадонӣ ва дониши фарогир»-и онҳо шаҳодат
медиҳад. Барой ҳамаи он бузургворон (ки мутаассифона
чанд нафаре то имрӯз худораҳматй ё худо...й шудаанд) ва
ҳатто ҷаноби мӯҳтарам С. Мирзорахматов айнан оварда-
ни он пешниҳоди илмӣ (ки дурӯғгӯйии онҳоро собит
намояд) аз мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?»
лозим аст: «Хулоса, шояд вақти он расида бошад, ки ба
масъалаи ТАЪЛИМИ (таъкид аз мост-М.М.) ҳуруфоти
арабӣ (ин танҳо ба ном «арабӣ» аст, аммо кайҳо тоҷики
шудааст) дар мактабҳои миёнаю олй баргардем»1. Дар ин
пешниҳод ба таври эҳтимол-«шояд» (на «бояд» ва «ҳат-
мй») роҷеъ ба «таълими ҳуруфоти арабй», яъне масъалаи
омӯзиши алифбои ниёкон ҳамчун як фанни омӯзишӣ, су-
хан рафтааст, на гузаштан ва на баргаштан ба он. Ҳар ка-
се, ки каму беш забони тоҷикиро балад аст, хуб медонад,
ки вожа ё худ истилоҳи «таълим»2 чй маънй дорад. Дар
мақола истилоҳи «таълим» танҳо б а маънии «омӯзиш» ва
«омӯхтан» ба кор рафтааст ва ҳеҷ маънии дигаре дар бар
надорад. Ибораи «таълими ҳуруфоти арабӣ»-ро танҳо он-
ҳое, ки дубинанд, ифтироъ ва тӯҳматро кеши хеш гузида-
анд ва мақсади нопок доранд, ба таври худсарона «бар-
гаштан ба ҳуруфоти арабй ё алифбои миллй» («переход к
арабскому или национальному алфавиту») тафсир карда, аз
шахси мо душмани дигар алифбо месозанд. Бисту се сол
пеш аз ин рӯзгор М. Осимӣ, X. Юсупов, А. Маниёзов, С.
Хабаров3, Р. Амонов, Р. Ғаффоров1, Қ. Маҳкамов ва садҳо

'Нш\: Комсомоли Тоҷикистон, 6 январи соли 1988, саҳ. 2.

2Таълим-илм ё ҳунареро ба касе ёд додан, касеро чизе омӯхтан;
омӯзиш; ба касе чизеро омӯхтан; ёд додан; омӯхтан.

3Устоди маҳалгароӣ ва тахрифу ифтироъ, алломаи даҳр, мӯҳтарам С.
Табаров 18 феврали соли 1988 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»
бо унвони «Алифбо гунаҳкор аст?» (ин мақолаи сархур ва пур аз
тавҳин мувофиқи мақсади нопоки сардабири ҳафтаномаи зикршуда-
Аскари Ҳаким рӯзи чаҳоруми феврали соли 1988 чоп мешуд, вале ба
сабаби марги Муаззамаи Ахмад ба 18.02.1988 интиқол ёфт) дар ин
замина чунин дурри маънй суфтааст: «Баъзе рафщон бо мақсади он ки

9
нафари дигар маҳз ҳамин мазмунро ба ҳамагон тафсиру
талқин мекарданд (зеро аз дидгоҳи ононе, ки зикрашон
дар боло рафт, чунин тафсир ва таҳриф барои ҳамагон
коро ва таъсиргузор буд ва манкуртҳо бештар ба пешво-
ени коМмунисти эътимод мекарданд ва саркӯбии Мирбо-
бо Мирраҳимов чи дар Тоҷикистон ва чй дар тамомии
ттиҳоди Шурави аз ин тариқ осонтар ба даст меомад) ва
ҳоло пас аз гузашти беш аз ду даҳсола С. Мирзорахматов

«башсътт тышш ҳуруфоти арабй ...дар мактабҳои миёнаю олй
ргардем», бартарии алифбои ҳиҷоӣ-овозии арабиро бар алифбои
овозии лотини вару си муболигаомез ба қалам медиҳанд.. Дар ин холит
гщо андешаи субъектгшии ощо бар ҲаҚщат еолиб омаданӣ мешава7
Масалан, чунин фикри хато ва носащида нисбат ба халқҳои гурҷӣ

27иГмШтиШ ва ЭСт°Н НатЩаи Ҳамин гуна андешаи мост ки
rltxo ^“Рраҳимов маюУРи хонандагон гардондааст». Чунин таҳриф
танҳо дар каллаи нимчаламулло С. Табаров гулгулаандоз туда
метавонад. Ҳол он ки дар мақолаи мо на аз муқобилгузории
алифбоҳо ва на аз бартарии алифбои арабй бар алифбои овозии русй
е лотин ҳарфе набуд. Танҳо ба таври эҳтимол ва шояд як пешнщод
ироа шуд: омузиши (таълими) алифбои арабиасоси тоҷикй Jap
мактабҳои миена ва олй ба роҲ монда шавад, то мардум 1з саводу
ДОНИШ баҳраманд гарданд. Дигар он ки агар дар мақола оид S
омузиши алифбои ниёгон нуктае пешниҳод шудааст, чаро пушти С.
Табаров сухтааст ва туҳмат ба мо мезанад?!

Р. Амонов ва Р. Ғаффоров дақиқан ҳамон таҳриферо, ки С. Табаров
таври табартақсим, тамоман бемаъни ва сафеҳона шурӯъ карда
буд, чунин идома додаанд: «Андешаи М. Мирраҳимов дар ин хусус
(манзурн ишон «хату алифбо»-М. М.) чандон равшан нест. Вай анщ
нагуфтааст, ки аз хоти арабй даст кашидани мо кори дуру cm буд ё не
инобарин мақолаи ӯ дар байт хотндагон аз ин хусус шубҳа ба вуҷуд
оварб М. Мирраҳимов чунин далелҳо меорад. ки агар мақсад аз табдили

0С0Н KapdTU пешРаФпш илмУ маданият бошад, мардуми
Наздибалтика ва баъзе халқҳои Кавказ бе ин кор, яъне бе тагъири
алифоо ҳам, б а зинаҳои баланди илму маданият расиданд. Ба халшн

мет2пМУвОФЩи Пинд0Шти раФ^ М Мирраҳимов, халқи тоҷик ҳам
метавонист, чун халқҳои мазкур бидуни табдили алифбо пеш равад ба
комебиҳои имрӯзаи адабиёт ва фарҳанг нот гардад. М. Миррахимов аз
руи ин ақида дубора ҷорӣ кардани таълими алифбои арабиро дар
мактибҳои миена ва оли мувофиқи матлаб дониста мегӯяд: «Шояд
вақти он расида бошад, ки ба таълими...»

10
дурӯғ ва дасисаи онҳоро такрор кардааст ва он ҳам бисёр
ноҷавонмардона1. Аслан ба шумо ин пешниҳоди банда чӣ
зарар расондааст, ки имрӯз бояд ҷуброни хисорат шавад,
мӯҳтарам С. Мирзорахматов?! Чаро соли 1988, замоне ки
мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» нашр шуд,
садоятонро баланд накардед? Агар ин дурӯғатонро он сол
менавиштед ва чоп мекардед, шояд ҳол дар Қазоқистон
зиндагй намекардед. Онҳое, ки ин корро сари вақт ё каме
дертар дар аз солҳои 1989-1994 ва ҳатто 2001 анҷом дода-
анд, имрӯз дар Ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳо чй мақому
мансабе ва чӣ ҷоҳу манзалате доранд, ки шумо онҳоро дар
хоби шабатон ҳам орзӯ карда наметавонед ва намебинед!
Ин машварати муфтро дар хотиратон занҷирбанд кунед:
минбаъд дурӯғ ва тӯҳматро сари вақт нависед ва ба чои
расонед ва аз пода дер намонед. Зеро Саъдии бузургвор
фармудааст:

Агарчи пеши хйрадманд хамӯшй адаб аст
Ба вақти маслиҳат он беҳ ки дар сухан кӯшй
Ду чиз тайраи2 ақл аст: дам фурӯ бастан
Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшй

Нуктаи ҷолиб дар тамоми навиштаҳои «бузургони
миллат» ин аст, ки ҳамаи тӯҳматгароён дар саркӯбии
муаллифи мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?»
таҳрифи хешро айнан бо ин сабк шурӯъ кардаанд:

' Ин ҷо маълум мешавад, ки хосу ом ба дурӯғ зуд хӯ гирифта, бештар
ба он эътимод мекунанд, то ба ҳақиқати ҳол. Он нукта, ки М. Осимӣ,
X. Юсупов, Р. Амонов, Р. Ғаффоров, X. Юсупов, С. Табаров ва дига-
рон дидгоҳи илмии моро дар мавриди таълими расмулхати форсии
(арабиасоси) ниёгон дидаву дониста вожаи «таълим»-ро барқасд таҳ-
риф ва онро бардурӯғ «баргаштан ба алифбои арабй (миллӣ)» тафсир
карданд, иғво ба роҳ андохтанд ва ба самар нишонданд, то меваи
талхе ба бор овард, ки ҳатто имрӯз ҷаноби С. Мирзорахматов дурӯғи
онҳоро ҳақиқати кулл пиндоштаасг. Ғалат кардед, рафиқ С. Мирзо-
рахматов!

2 Тайра-сабукй, сабукфикрй.

11
1. А. Саъдуллоев ва И Усмонов: «Дар шумораи 6
январи соли ҷории газетаи «Комсомолии Тоҷикистон» ба
чунин навиштаҳо дучор омадем...»1

2. «Дар шумораи 6 январи соли ҷорӣ дар рӯзномаи
«Комсомолии Тоҷикистон» мақолаи номзади илми
фалсафа Мирбобо Мирраҳимов бо номи «То ба кай об аз
таги ях меравад?» чоп шуда буд.. .»2

3. Р. Амонов ва Р. Ғаффоров: «Дар рӯзномаи «Ком-
сомоли Тоҷикистон» 6 январи соли ҷорӣ зери сарлавҳаи
«То ба кай об аз тагй ях меравад?»-Андешаҳо аз боби
тарбияи интернационалӣ ва атеистй»-мақолаи номзади
илми фалсафа М. Мирраҳимов чоп шуд»3.

-О*.

Тоҷииистони соеет(

Баҳе

анденш

Оё табдили алифбо
дуруст набуд?

-fpfftmut *.* ?* лвгть Зяд&я т, **

мздкгв*'» -S viy «>.****<* 4yvrvt*pst «удзйк щл. 3*

i щ.% елр&аАШ*.«?«<sa «aft Ош* щкисуъ. т **&#. щт*х*«* г<х«* ҳл*

$ №•* SS ■■ АЯЖ' ** р>> **t, ***ft»ft¥ft»«Wl *+?*■ V:ft *# ft»??ft

j№> «:» &>&» «*$»*«** -$*кгх**&. йк »«r«:тя к*?** *»x «ляф$>х «*»

ДООМА* ft-Д tvmxi* ' *.v *» ну**ф»к* -«py?Wft- Aft? «#*- ** i*

>i;«M» «дхк хьр* луд s.sr «у** *ш*ж* wyypsr si л*»»**;*

£ МЯ*Р**К».У* иуд £*р' SWA Jw *9** ft»?**** *.« ку?>» Д*$р- д»$

*й»я »«**««. *a длр >**« мл*, Шн ъжгрлф. ■«*>• <Sy.j. Дер rifoytm* )«*«.»*«

ШйМ ЭДОД WKSSAS* «ttev :*ft» '«*мт* и xft? »ум **• нл*-.у*. K«f ***** у КУМС» «Aft

#6* **** «*ч>д Mam.**- ««wr* **«►* **• «Л*** в» £м* ж-Ш**т. «aaw.

гж.. «* *«* »**«** *«*« *яг »5> «я«дх -***«$*' хадо $«/ х»

jynyL' «*«*$*- &хг* укуз *:*■ »» sw w « w ду лу*у< «%*

t-tf. ли *Ш»Р*Х&* ?<!>: 8«Л*.

J- J* Нщ/М
фз* г»-
*а*?А*< дх****** **

ftrx* tw?:> Aft? <«М#* **

у» м^с- w«(^ «У*’

^Swr?^. *>*¥*?»«* y*>;xxft

Axas»j?fto« дк-
«•yp «?> «ft ft*»**» ywyxft Й4
«'•> ««{Ж**- xywfti ss x«»4«C ft*-
.*««««■»» J»r«3K
AX 6ft УКМЮГ *

y.x ftX ftys* «X»fs :1-::>у*:ХАл«
•TfcAfty ^.KvtAf. x>y-

wjxsw :WA<3$S.\ X« у« 4S^ft<

яе» **т*ж й.р**яш *$•■

*y«;ir« «лдая<».й ** Kftx-.

ft* «eft;»* ->S«S

ДАХД, Xft.KX.» У» Vj-KyyiAfty
rV.jffv

>.<T«>Kftx .«.«AAyS^ftS А>\<й:>

?ix 4i: 4*«5W^:0 ft AW »<.<<*?•
Htq&c# yftj<y*K fc'r. A*

W «АжйдхАтяда* Шдякя
»у<5ГЛ*<:*^ M&A»*:. ftS» Ту,".

Рунамои мақолаи Р. Амонов ва Р. Ғаффоров дар рузномаи
«Тоҷикистони советй»

Дурӯғи дуввуми ҷаноби С. Мирзораҳматов ин аст,
ки гӯё «Акбар Турсунов, Сафар Абдулло в те годы опубли-
ковали на эти темы в центральных литературных и фило-

'Ниг.: Тоҷикистони советй, чоршанбе 27.01.1988, №22(17.421), саҳ. 4.

2Ниг.: Адабиёт ва санъат, 18.02.1988, №7(532), саҳ. 4.

3Ниг.: Тоҷикистони советй, 4.03.1988, №53(17.452), саҳ. 3.

12
софских журналах научные статьи»1. Бо вуҷуди эҳтироми
зиёде, ки нисбат ба А. Турсунов, С. Абдулло ва дигарон
дар ин дунё роиҷ ва мӯд аст, даъвогар ҳеҷ далел намеова-
рад, ки ишон дар куҷо ва дар кадом маҷаллот ва ё рӯзно-
маҳо ва дар кадом мақола ва навиштаҷот ва дар кадомин
сол ва дар чй робита дар мавриди омӯзиши алифбои ниё-
гон (расмулхати форсй) ва дигар масоиле, ки дар мақолаи
«То ба кай об аз таги ях меравад?» сухан рафтааст, ба тав-
ри кушоду рӯшан пешниҳоде ироа додаанд ва он пешни-
ҳод аз чй ҷинсе ё инее иборат буд. Ин ҷо дурӯғгӯй аз ду ус-
луби бисёр санҷидашудаи ҷаҳонбинии (тасаввурот, идео-
логия) низоми коммуниста истифода ба амал овардааст:

ТМуқобил гузоштани андеша ва корномаи М.
Мирраҳимов бо А. Турсунов ва С. Абдулло;

2. Дурӯғи бузург далел намехоҳад, ҳамон ки паҳн
шуд, кифоят мекунад. Чунин дурӯғпароканӣ хонандаро
роҳгум мезанад ва ӯ ҳатто барои шубҳа ва ё андеша кар-
дан фурсат намеёбад ва маҷбур аст ба он дурӯг бовар
кунад.

Шояд худи дурӯғгӯй камбудии даъвояшро дарк
карда, ки дар чумлаи дигар чунин узр пеш меоварад: «Но
эти материалы читали в республике лишь единицы,
поскольку широкой публике эти издания были недоступны» .
Ба эҳтимоли зиёд дар сафи он нафароне, ки яккаву ягона
ба он маводи нашрии комилан сиррӣ дастрасӣ дошт, ҳа-
мин мӯҳтарам С. Мирзорахматов қарор шрифта буд, ки
ҳол аз овардани мисол аз он нашрияҳои махфй худдорй
варзидааст (бахилии гоҷикона аз даст наравад ва ё сирри
давлатй фош нашавад!). Ба ҳар ҳол лутфи карам мебуд,
агар шаммае аз мақолоти илмии он сарварони гиромй ба
таваҷчӯҳи хонандагон бо мисоли рӯшан пешниҳод мешуд
ва даъвои ин рӯзноманигори тӯҳматгар бо далел собит
мегардид, ки чизе ҳаст ва андак хираде хам дар cap дорад. * 2

'Мирзорахматов С. Герои..., с. 71.

2Мирзорахматов С. Герои..., с. 71.

13
ДУРӮ™ севвуми С. Мирзорахматов идомаи ҷумлаи
болост, ки чунин фармудааст: «Тем более не могли знать
об этих публикациях далекие от культуры, национального
самосознания руководители республики»1. Ин ҷо низ С.
Мирзорахматов бо дурӯғи бефурӯғаш хонандаро ба дом
меандозад, то роҳ ба бофтаҳои дигар ва бузургтарро боз
намояд. Дар даврони султан коммунистӣ ҳар нуктае, ки
дар мавриди бедории миллй, худшиносй ва ҳатто латифаи
тамоман беозор нисбат ба масъалае (барои мисол, камбу-
ди об ё кайфияти пойини маҳсулоти корхонаи нон ё ҳасиб,
яъне колбос) туфта мешуд (навиштан он тараф истад!) ба
таври катбӣ ва фаврй мӯҳтавои он ба шакли гузориши
фишурда рӯйи мизи корни раҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикис-
тон ва ҳатто Маскав қарор мегирифт. Ба ҳар ҳол боз
рӯзноманигороне чун С. Мирзорахматов ва «Аскари За-
мой»2 кам набуданд, ки камтарин озодихоҳй ва ошкор-
баёниро дар рӯзномаҳои дарбории коммунистй ба боди
интиқод мегирифтанд (масалан X. Юсупов) ва садҳо
қаламбадасти хабарчину хабаркаши хуфиянавис (масалан,
М...Назаров) низ дар камин ҳозиру нозир буданд. Дигар
он ки раҳбарони Ҷумҳурй он қадр нобихрад набуданд, ки
С. Мирзорахматов онҳоро чунин ба қалам додаст. Нобих-
радии онҳо дар он зоҳир мешуд, ки монанди С. Мирзо-
рахматов, «Аскари Замон» ё «Аскари Тақал», М...Назаров
ва X. Юсупов рӯзноманигорони дарбор доштанд ва ба
навиштаҳои онҳо бовар мекарданд ва замоне ки М. Мир-
раҳимов матлабро рӯшан ва ошкоро пешниҳод кард, дар
доми дурӯғи каҷқаламҳои рӯзномахарош ба cap мебур-
данд, воқеъиятро дидан намехостанд, ҷуръат надоштанд,

'Мирзорахматов С. Герои..., с. 71.

‘«Аскари Замон»-имзои мустаъори кадом як нозим ва ё носири
хабарчине ^ буд, ки соли 1990-1991 дар рӯзномаҳои дарбори
коммуниста зуҳур кард. Теша Раҷаб ба номи мустаъори «Аскари
Замон» боз як номи дигар афзудааст: «Аскари Тақал». Муфассал
нигаред: Теша Раҷаб. Ҳафт хӯшаи сабз, Душанбе, 2008, с. 132-133.

14


то камбудии худро ислоҳ созанд ва дар роҳи мустақим
(рост) қарор бигиранд.

Барой он ки дурӯғпароканиҳои С. Мирзорахматов
дар ин маврид фошофош нишон дода шавад аз китоби
муаллифи ин сатрҳо-«Падидаҳои худшиносй» (ин китоб
то ба ҳол ду бор нашр туда) навиштаҳои рӯзи 27.01.1988-
ро айнан меоварем:

«27-уми январи соли 1988 дар рӯзномаи “Комсомоли
Тоцикистон ” зери унвони ‘Тӯшаи муҳаррир ” хабари муҳиме
нашр шудааст. Дар он аз мулоқоти Абдурраҳмон Додобоев
магзи суханрониашро дар бораи аҳамияти омӯзиши алифбои
ниёгон чоп кардаанд.

Дар Тоҷикистон ба муқобили мақолаи «То ба кай об
аз таги ях меравад?» ва раванди бедории миллй фитнаи
бузург шурӯъ шуд ва он бо пештозии И. Усмонов ва А.
Саъдуллоев-устодони донишкадаи рӯзноманигории Дониш-
гоҳи давлатии Тоцикистон ба номи В. И. Ленин бо мақолаи
«Сухани нобарцой зишт бошад» дар шумораи имрӯзаи
рӯзномаи «Тоцикистони советӣ» қадам ба арсаи вуцуд
гузошт, ки думаш хеле дароз аст. Ин мақола аз циҳати
вазн ва фурсати чоп пурмӯҳтавотар аз хиёнати хуцанди-
ҳое аст, ки Темурмаликро дастгир ва ба чингизиҳо таслим
карданд ва сулолаи Оли Хуцанд, ки дарвозаҳои шаҳри
Исфаҳонро барои сипоҳи мугул боз карданд, мебошад. Ҳец
фарди боандешаи миллат дар ин рӯзҳои сарнавиштсоз ба
чунин хиёнат даст намезанад, вале тоцикнамоҳо бояд
ҳамин хел рафтор дошта бошанд ва бо супориши хоцагона-
шон фаъолият намоянд. Бо ин стал И. Усмонов сари вақт
пешгирӣ аз чопи мақолаи мо карда натавонистанашро
цуброн кард (ва ҳатто бештар аз цуброн). Аҳсант, бар
шумо Иброҳимцон Кенцаевич Усмонов!

Мақолаи А. Саъдуллоев ва И. Усмонов бо ин сархат
огоз мешавад, ки ҳадафи асосии фитнабарангезонро рӯшан
месозад: «Дар шумораи 6 январи соли цории газетаи «Ком-
сомоли Тоцикистон» ба чунин навиштаҳо дучор омадем:
«Дар минбари муқаддас агар ҳар кас ҳар низе, ки ба даҳа-

15
наш ояд, гуфтан гирад, оцибат чй мешуда бошад?» Ин гапи
хуб ба ёди мо шумораи аввали имсоли худи газетаи «Комсо-
мола Тоҷикистон», бахусус, саҳифаи сеюми онро ба ёд
овард, ки вақфи рӯзгори иддае аз кормандони он гардида-
аст»'.

Мукарризони мугриз, беистеъдод, орй аз одоби
рузноманигорй ва даспхгоҳи гапбофии донишкадаи рӯзнома-
нигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И.
Ленин И. Усмонов ва А. Саъдуллоев бештар Додоҷони
Атовуллоҳро мавриди танқид қарор дода, мехостанд, ки бо
ин роҳ уро ҳамчун сабабгори нашри мақолаи мо дар
«Комсомола Тоҷикистон» саркӯб ва маҳкум созанд. Вале
навиштаҳояшон бисёр нотавон, сустбунёд ва бемаънй буд.
Танҳо фитна дар он мавқеи асосй дошт2.

’Ниг.: Тоҷикистони совета, 27.01.1988, №22(17.421). Бисту ду сол аз ин
таърих сипари мешавад ва И. Усмонов даъвои «вақфи рӯзгори иддае
аз кормандони» рӯзнома шудани «саҳифаи сеюми» «Комсомоли
Тоҷикистон»-ро ба дасти фаромӯшй супурда, дар як китоб се бор
ному номи хонаводагиашро ба ҳайси «муҳаррири масъул ва
мушовир» ва ду бор аксашро чоп мекунад ва бешармона онро вақфи
хеш ва ҳаммаслаконаш месозад. Агар он китоби шахсй ё ёдбуди
профессор И. Усмонов буд, эроде надошт. Вале китоб дар бораи
«Қаҳрамонии прокурори генералй» аст, на маҷмӯаи паёми бозаргонй
(яъне реклама) ва парастиши И. Усмонов, Н. Азимов ва М. Хайрул-
лоев? Ниг.: Қаҳрамонии прокурори генералй. Душанбе: ИрсЬон 2010
саҳ. 1,131-132 вапуштиҷилди китоб.

Имрузҳо Иброҳимҷон Кенҷаевич Усмонов ҳомии миллат аст ва
барои дифоъ аз ҳуқуқи тоҷикони Бухоро чунин менависад: «Таърих
мо ва Бухороро то рафт аз ҳам дур меандозад. Мо ба ин аксаран
бетафовутона, гоҳе ҷигарпурхун, вале лаб хамӯш ва гоҳе ҳам дар таги
дил хурсанд нигоҳ мекунем. Ҳол он ки тоҷик ва Бухоро ҳаммаъност.
Хрл он ки таърихи Бухоро таърихи мост ва таърихи мо-тоҷикон
таърихи Бухорост» (Чй ҳикмати хубе, вале чаро барои фитна дар
таърихи 27.01.1988 ба матолиби рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон»
дарафтодед ва ҳадаф чи буд, мӯҳтарам И. К. Усмонов! Тоҷикписарону
духтарони Сурхондарё, Кеш, Шаҳрисабз, Тошканд, Бухоро ва
Самарканд ва дигар минтақаҳои тоҷикнишини Узбакистон моҳҳои
янзар ва марти соли 1988 аз рӯи мақолаи «То ба кай об аз таги ях
меравад?» дар дарсҳо нақлҳои хаттй ва иншо навиштанд /ин нуктаро

16
Дирӯз dap шаҳри Сумгаити Ҷумҳурии Озарбоӣҷон
қатли оми арманиҳо pyx дод ва ба дунболи он муборизаи
озодихоҳонаи мардуми армании Кӯҳистони Қаробог ба
вуқӯъ паӣваст.

Афсари КГБ Абдулазиз Му родов, ки масъулу
маъмури (куратор) Академии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис-
тон аз ҷониби он созмон acm, маро барои бозпурсӣ ба хонаи
махфии хуфия воқеъ дар кӯчаи ба номи А. Чехов бурд. Ин
истинтоқ беш аз се соат тӯл кашид...

Ба таври ошкоро аз ман хостанд, ки аз муаллифии
мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» даст бикашам
ва тавбанома нависам, ки «дигар ин хел гуноҳ намекунам».
Аммо ман ваъда додам, ки ҳатман «паймудани роҳи худши-
носиро идома хоҳам дод ва дар оянда осоре беҳтар аз
мақолаи «То ба кай аз таги ях меравад?» хоҳам навишт».
Намояндаи КГБ-и Иттиҳоди Шӯравӣ, ки миллияташ гурҷӣ
буд ва унвони сарҳангӣ (яъне «полковник») дошт, хеле ку-
шит ба харц дод, то маро ба миллатчигӣ аӣбдор созад. Сар-
ҳанг ҳангоми бозпурсӣ бо таҳдид таъкид бар ин нукта
дошт, ки аз муаллифии мақолаи «То ба кай об таги ях
меравад?» даст бикашам ва нашри онро ба Акбар Турсунов
ва ё Давлат Худоназаров нисбат бидщам. Ман ин хабосат
ва дархости он сарҳангро бо далоили зер рад кардам ва
чунин посух додам:

-Асли ин мақола нахуст ба забони русӣ ҳанӯз солҳои
1981-1982 навишта туда буд ва ба хотири он ки он солҳо
хафацон буд, мо аз нашраш худдорй варзидем. Акбар

ба таври бисёр рӯшан намояндаи КМ ҲКИШ рафиқ Ткаченко дар
ҷаласаи фаъолони шаҳри Ленинобод-Хуҷанд, ки барои маҳкум
кардани муаллифи ин сатрҳо ҷамъ омада буданд, изҳор дошт/ ва
мардум барои ҳақку ҳуқуки хеш кӯшиш карданд, вале бо кӯшишҳои
хиёнатбори шумо, X. Юсупов, М. Осимй, Р. Амонов, Р. Ғаффоров, С.
Табаров, Ғ, Ашӯров ва дигарон ҳама саркӯб шуданд). И. Усмонов.
Ёди Бухоро мекунам.-«Нигоҳ», №51(274), 11-уми марти соли 2012,
саҳ.59. Мақолаи И. Усмонов бори нахуст моҳи ноябри соли 2007 дар
ҳафтаномаи «Нигоҳ» чоп шудаст.

17
Турсунов ва Давлапг Худоназаров наметавонанд ва ҷуръати
ин хел мақола навиштанро надоранд...

Маълум шуд, ки маҳз қамин сарҳанг соли 1958 Звиад
Гамсахурдиаро дар додгоҳ 6а миллатчигӣ маҳкум карда
будааст (ӯ аз натиҷаи ин кораш ифтихор мекард). У дар
ниҳоят ба воқеъаҳои шаҳри Сумгаит ва Вилояти Худ-
мухтори Кӯҳистони Қаробоги Ҷумҳурии Озарбоӣҷон низ
ман ва мақолаамро сабабгору гунаҳкор донист (зеро баро-
дарони арманӣ мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?»-
ро ба забони арманӣ баргардон ва ба теъдоди беш аз чиҳил
ҳазор нусха чоп ва дар Қарабоги Кӯҳистон, Арманистон ва
Озарбоӣҷон паҳн намудаанд) ва таҳдид кард, ки «туро ҳеҷ
гоҳ ором нахоҳем гузошт...» Тафсилоти ин бозрасӣ як
китоби ҷудогона мешавад, ки шояд дар ояндаҳои дур иншо

шавад...»

2SD.£L<XS5

2% *553 «К>

f4! SS5? газ хгз Й53
V >'• ™
4 \yiv>

щ

&

I

|

I

I



Китоби «Падидаҳои худшиноси»-рузшумори
таърих аз 4.05.1987 то 30.04.1989

Имрӯз пас аз бисту се сол аз он таърих ҷаноби С.
Мирзорахматов бо наҳви андаке дигар суханони ҳамон
сарҳанги КГБ-и Иттиҳоди Шӯравии собиқро дар сархати
нахустини шоҳасари безаволаш такрор кардааст {«Акбар
Турсунов, Сафар Абдулло в те годы опубликовали на эти
темы в центральных литературных и философских жур-
налах научные статьи»), ки ҷои ҳеҷ тааҷҷубе нест, зеро

18
«таги коса нимкосае ҳаст» (дар поён ба ин мавзӯъ
бозмегардем).

Агар май дар баҳсҳо, дору даъвои муллонуқотиҳои
Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва мансабдорони даст-
нишондаи идораҳои зирабти маъмурӣ ва қудратӣ, тахдиду
таҳқирҳо, хулоса ҳар он чй, ки пас аз нашри мақолаи «То
ба кай об аз таги ях меравад?» нисбат ба мо рух дод,
шикает мехӯрдам ва аз мубориза даст кашида, пешниҳоди
сарҳанги КГБ-и Иттиҳоди Шӯравиро мепазируфтам,
ҳамаи рӯшанфикрону худшиносон, тарафдорони хешро
сархам ва дар кулл мардуми тоҷикро тамоман ноумед
мекардам. Масъулияти бузурге ба дӯши банда афтода буд,
на шӯҳрате, ки то имрӯз ҳасудонро ором намегузорад. Он
чй имрӯз С. Мирзорахматов бо нашри сафсатта ва тӯҳмат-
нома ва устодаш Нур Табарович Табаров бо пешгуфтори
бемасъулиятона ва орӣ аз дарки таърих анҷом додаанд,
дар муқоиса бо дасисаҳои гузашта, танҳо ғуруби фитна
аст ва арзиши кӯшишҳои ишон ба хокбӯсии қадамҳои
нопоки қаҳрамонони мақолаи Додоҷони Атовулло-
«Уштура гуфтам ғамза кун...»1 намерасад.

Дар ҳамин сархати нахустини мақолаи С. Мирзо-
рахматов боз як иштибоҳи ҷузъӣ ҷой дорад: замоне, ки
мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» дар рӯзнома
чоп шуд, онро «Комсомоли Тоҷикистон» меномиданд, на
«Ҷавонони Тоҷикистон». Номи рӯзнома ба «Ҷавонони
Тоҷикистон» пас аз як соли нашри мақолаи мо тағйир
дода шуд. Ин нуктаи ҷузъиро танҳо барои он мисол овар-
дем, то рӯшан шавад, ки С. Мирзорахматов ба ҳар матла-
бе, ки дар танқиди нуқтаи назари дигарон даҳон мезанад,
сатр ба сатр фаротар аз дурӯғпароканй мепардозад.

Ниҳоят, дар боби мақолаи «То ба кай об аз таги ях
меравад?» боз як ишораи муҳимро таъкид кардан аз
манфиат холй нест: ман пас аз бар маснади давлатй

’Ниг.: Додоҷони Атовулло. Уштура гуфтам ғамза кун...-Комсомоли
Тоҷикистон, 31.01.1988.

19
нишондани Ҷашни Наврӯз] як боби тозае аз сархати
худшиносии хешро бо ин мақола оғоз кардам, қамаи чиз
ва ҳамаи нукот дар мавриди худшиносй ва эҳёи фарҳанги
миллиро гуфта натавонистам ва лозим ҳам набуд. Ин
садои нағмаи худшиносии мо ба гӯшу ҳуш ва дилу хиради
одамони бедор расид ва онро ба ҷону дил пазируфтанд ва
озодагону озодмардон (занҳои озода низ дар ҳамин
қаторанд) аз андешаҳои нек пайравй карданд. Онҳое, ки
сиришти пок доштанд, бедор шуданд, ба нигоҳи дигар ба
хеш нигаристанд, нукоти муҳими худшиносиро ба ёд
супурданд, ҳифз карданд ва онҳое, ки табиати ғуломона
доштанд, дар рӯзномаҳои дарбориашон бар зидди мо шӯ-
риданд, даъвову дасиса ба роҳ андохтанд, эзору шалвора-
шонро кашида, то ба даргоҳи КМ ҲКТ ва КМ КПСС ва
ҳатто Тошканду Мюнхену Вашингтон давиданд, ки Мир-
бобо Мирраҳимов ин суханҳоро дар мақолааш навишт ва
мардум бедор мешаванд, бояд коре кард ва сари ин роҳи
худшиносиро гирифт, вагарна идора карданашон душвор
хоҳад шуд. Ҳеҷ чизе барояшон оид нашуд, танҳо дурӯғу
дасисаҳояшон то имрӯз идома дорад. Нафаҳмиданд, ки:

Зиндагӣ саҳнаи кимёи ҳунармандии мост,

Ҳар касе нагмаи худ хонаду аз сахда равад.

Саҳна пайваста ба ҷост-
Хуррам он нагма, ки мардум бисупоранд ба ёд!

'Муроҷиат шавад ба мақолаҳои: Мирраҳимов М. Ҷашни Наврӯз дар
тарзи ҳаёти советй.-Маориф ва маданият, 25.03.1980; Навруз-
праздник весны.-Турист, 1981, №4, с. 16-17; Весенний праздник.-Наука
и религия, 1981, №5, с. 64-65; Навруз: сегодняшний день древнего
праздника.-Наука и религия, 1983, №5, с. 17-19 ва китобҳои М.
Мирраҳимов: Праздник Навруз. Душанбе: Ирфон, 1985, 2-е изд. 1998;
Ҷашни Навруз ва ҷаҳоншиносӣ. Душанбе: Ирфон, 1992 ва дигар
пажӯҳишҳои муаллиф дар рӯзнома, маҷалла ва маҷмӯъаҳои илмии
Иттиҳоди Шӯравй, Афғонистон ва Эрон (ва истиноди олимон бар
пажӯҳишҳои муаллиф. Барой мисол ниг: Л. А. Тульцева.

Современные праздники и обряды народов СССР. Москва: Наука,
1985, с. 107-110).

20
Рӯнамои нашри нахустини китобчаи М. Мирраҳимов
«Праздник Навруз» ба забони русй дар соли 1985

Аз ҳар сатри мақолаи С. Мирзорахматов бӯйи
ғараз ва ҳасодат меояд. Он чй М. Мирраҳимов дар бисёр
маворид сухани аввалро гуфтааст, ӯро ором намегузорад
ва барон он ки танқидаш коро шавад ба муқобилгузори
бо дигарон-Лоиқ, Гулрухсор, Бозор Собир, Акбар Тур-
сунов1 мепардозад, ҳатто андозаи ҳуруфро дар миёни
матни мақолааш тағйир медиҳад, то хонанда ба ҳунари
рӯзноманигории вай итминон кунад, ки метавонад авомро
бештар саргарм созад ва ҳар дурӯғро ба фурӯш бароварад.
Барой он ки хонанда ба худ наояд ва танҳо зери навиштаи
С. Мирзорахматов ба cap бибарад, суханҳои кучаву
бозорро «далели шаъйӣ» меоварад ва «яке аз ашриқ ва
дигаре аз Машриқ» мегӯяд ва якбора дасиса ва беадабии
бисту се сол пеш анҷомдодаи ҳамтабақ ё худ ҳамқадаҳаш-
Хулькар Юсуповро ба тарзи тамоман бозоргир ва иғроқ-
омез ҷилва медиҳад: «А тут случаи, чтобы напоминать о
себе все громче и громче, представлялись один за другим.
Взять хотя бы публикацию Хулькара Юсупова в газете
«Коммунист Таджикистан» против статьи Мирбобо,

’Ниг.: Мирзорахматов С. Герои..., с. 72.

21
вызвавшую негативную реакцию творческой интеллигенции,
что, конечно же, прибавило ему популярности» *.

Магар Хулькар Юсупов бардаи ҳалқабаргӯш аст ва
бо супориши мо мақола навишта, ки шӯҳрате бароямон
бияфзояд?! Агар аз дасти Хулькар Юсупов кори шӯҳрат
бахшидан ба дигарон меомад, ҳатман онро аз пгумо дарег
намедошт, мӯҳтарам С. Мирзорахматов! Коре, ки Хуль-
кар Юсупов бо нашри мақолааш дар рӯзномаи «Ком-
мунист Таджикистана» (3.02.1988) анҷом дод, аз одоби
рузноманигори ва ҳатто фарҳанги инсонй хориҷ аст, ки
номаш «фитна ва дасиса» мебошад. Мо ба миллияти X.
Юсупов коре надорем, бигузор аз ҳар қавме ё миллате
бошад, ин кори шахсии ӯст ва худо нокарда боз ба кори
хилоф ва фитна дар байни миллат ва кишвари мо даст
назанад. Вале моҳи феврали соли 1988 дидаву дониста
ихтилоф ва тафриқа ангехтан байни миллатҳоро пешаи
худ кард, ки ҳам аз рӯи одоби рӯзноманигорӣ ва ҳам
ахлоқи инсони кори нолоиқ ва шармовар ва ҳатто
нафратбор аст. X. Юсупов метавонист мақолаашро дар
рузномаи «Комсомоли Тоҷикистон», ки мақолаи «То ба
кай об аз таги ях меравад?» дар он чоп шуда буд (мақолаи
мо ба забони тоҷикй ва дар рӯзномаи тоҷикй чоп шуда

Дар воқеъ С. Мирзорахматов дар сафсаттафбофи ва дуруг устухон
надорад. Вагарна бо чунин шакл ҷилва додани дасисаи ҳамтабақаш-
X. Юсупов дар таърих беназир аст. Ин ҳунари воло ва нотакрори С.
Мирзорахматов латифаи маъруферо ба ёди кас меоварад (варианта
русии ин латифа дар байни ҳуқуқшиносон низ хеле маъруф аст), ки бо
тагйири ҷойи як вергул мешавад сарнавишти инсонро дигаргун сохт.
Онро бо ҳам мурур мекунем: Рӯзе подшоҳе ҳукми маҳкумеро чунин
содир кард: «Бахшиш лозим нест, эъдомаш кунед!»

Вазир, ки гӯё масъалаи бахшиши он зиндониро матраҳ карда
буд, пас аз дарёфти ҳукм бо тагйири ҷоӣи як вергул, ҳукми эъдомро ба
бахшиш табдил мекунад: «Бахшиш, лозим нест эъдомаш кунед!»

Имрӯз ҷаноби С. Мирзорахматов на танҳо як вергул, балки
дар як сархат мақолаи ҳамтабақашро чунон аёрона ба мазмуни
тамоман нав ба хонандагон муаррифи карда, ки то ба ҳол ба зеҳни ҳеҷ
як аз дурӯғофаринҳо нарасида буд. О-фа-рин!

22
буд ва аз мӯҳтавои он мардуми рус ва русзабонҳо тамоман
огоҳӣ надоштанд ва то имрӯз ҳам надоранд ва сарчаш-
маашон ҳамон мақолаи фитнакоронаи X. Юсупов аст), ба
нашр бирасонад ва ҳақ ҳам дошт (бовар кунед рафиқон А.
Норматов ва Р. Қ. Олимов1 дастҳояшонро ба осмон
бардошта, онро бо дилу ҷон ба дасти нашр месупурданд,
зеро рӯзи якшанбе, 31.01.1988 мақолаҳои 3. Саидов ва
Ӯроқоваро дар «Комсомоли Тоҷикистон» ба муқобили
мақолаи М. Мирраҳимов чоп карда буданд).

Ҷаноби Мирзорахматов! X. Юсупов барои касби
шӯҳрат дар муқобили андешаҳои мо ба забони русй мақо-
ла навишта ва онро махсусан дар рӯзномаи русизабон ба
нашр расонид, то нишон диҳад, ки кори фитна ангехтан аз
дасташ ба хубӣ бармеояд. Мақолаи X. Юсупов боиси
марги як инсон шуд, ки барои С. Мирзорахматов, албат-
та, арзише надорад. X. Юсупов дидаву дониста одоби
рӯзноманигориро пушти по зад ва ба рӯи миллати тоҷик
туф кард ва дигар он ки чӣ қадар тоҷик кушта мешавад ва
ё русҳо муқобили тоҷикон мешӯранд, коре надошт, зеро...
Ҳадафаш ин буд ки дасиса ба роҳ андозад, «қаҳрамон»
шинохта шавад ва ҳамаро гумроҳ созад. Пайт (мавқеъ)
мепойид, ки шӯҳрат ба даст оварад ва нашри мақолаи мо
он фурсатро барояш ҳадя кард. Аҳсант! Аммо чй тавр он
разолат ва доғи сиёҳро С. Мирзорахматов сафед мекунад
ва имрӯз бо чӣ ҳунар онро ба хосу ом пешниҳод месозад,
воқеан ҳам нодир аст, ки назирашро таърих надидааст.
Ҳазор бор на офарин!

Ин таърихро маҳз барои ҷаноби мӯҳтарам С.
Мирзорахматов менависам, ки дигар гузаштаро таҳриф
насозанд: дуввуми феврали соли 1988 ман аз нашри
мақолаи X. Юсупов ва матни ҳуруфчинишудаи (гранкаи

1 Р. Қ. Олимов-котиби якуми КМ ЛКСМ (комсомол) ва А. Норматов-
котиби идеологии КМ ЛКСМ Тоҷикистон дар он даврон.

23
пеш аз нашр)1 он пурра хабар доштам ва ба идораи руз-
нома муроҷиат кардам ва ҳатто ба сардабири «Комму-
нист Таджикистана» В. Наумов гуфтам, ки аз чунин
дасиса худдорӣ намояд ва аз Райиси Фарҳангистони
улуми I оҷикистон Муҳаммади Осимй, ки сарриштаи наш-
ри ҳамаи мақолаҳои зидци «То ба кай об аз таги ях
меравад?» дар дасти ишон буд2, хоҳиш кардам, ки бигузор
баҳс ва мақолаҳои муқобили андешаҳои банда дар
рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чоп шавад, на ягон
нашрияи дигар. Вале маҳз бо супориши болонишинҳо
мақолаи X. Юсупов 3.02.1988 дар рӯзномаи «Коммунист
Таджикистана» ба чоп расид. Албатта, ҳадафи X. Юсупов
барангехтани фитна ва рӯҳияи зиддитоҷикй буд, ки ба он
даст ёфт (ноил шуд), вале таъсири баръакси он низ кам
набуд. Ҳоло пас аз даргузашти бисту се сол аз он рӯзҳо
мӯҳтарам С. Мирзорахматов дақиқан ҳамон роҳеро
мепаймоянд, ки пештар яке убур карда ва ба ҷуз фитнаву
дасиса аз хеш мероси наҳсе боқӣ нагузошта. Гузашта аз
ин, субҳи рӯзи севвуми феврали соли 1988 соати 08-55 ба
Кумитаи Марказии ҲКТ рафтам ва бо мудири бахши
матбуотии он даргоҳ «Набй Каримов чунин изҳор доштам:
-Дар шумораи 28(17371). рузномаи «Коммунист
Таджикистана», яъне имрӯз чаҳоршанбе, севвуми феврали
соли равон, мақолаи X. Юсупов «А разве ледоход не начался?
Открытое письмо кандидату философских наук М. Мирра-

Дар гранкаи мақолаи X. Юсупов чанд бор ном ва номи хонаводагии
мо ба шакли «Мирзобобо», «Мирзобобоев» чоп шуда буд.

2Бо кӯшиши М. Осимй ва супоришу салохдиди КМ ҲКТ бар зидци
маколаи «То ба кай об з таги ях меравад?» дар маҷмӯъ беш аз ей
мақола омода шуда буд, ки аксари онҳо дар рӯзномаҳои «Тоҷикис-
тони совета», «Адабиёт ва санъат», «Коммунист Таджикистана» ба
нашр расид. Аз олимони тоҷик танҳо Атахон Сайфуллоев ба таври
мустақим аз навиштани мақола дар муқобили ғояҳои «То ба кай об аз
таги ях меравад?» cap печид, ҳарчанд навиштани матлаберо аз ӯ хоста
буданд. Ин ҷиҳати масъаларо худи ишон дар поёни моҳи феврали
соли 1988 ба ман гуфтанд.

24
химову» чоп шудааст, ки хилофи одобу ахлоқи инсонй ва
рӯзноманигорӣ ва таҳрифи нуктаҳои асосии мақолаи мо
мебошад. Хоҳишмандам дар робита ба нашри ин мақолаи
игвобарангез ду мулоҳизаи маро ба котиби якуми КМ ҲКТ
Қаҳҳор Маҳкамов бирасонед:

Якум. Агар “Номаи кушода”-и Хулькар Юсупов дар
Ҷумҳурӣ рӯҳияи зиддирусиро барангезад, дар он раванд маро
гунаҳкор кардан мумкин нест;

Дутм. Дар сурати дар хориҷа нагир ва ё тавассути
радио пахш шудани мақолаи “То ба кай об аз таги ях
меравад?" ман аз ҳуқуқи муаллифй даст намекашам»1.

Дақиқан ҳамин матлаби болоро дар мулоқот бо Қ.
Маҳкамов 5 марта соли 1988 низ баён карда будам2.

Агар С. Мирзорахматов каме ба худ заҳмат медод
ва аз ақли солим кӯмак мегирифт ва китоби «Падидаҳои
худшиносй»-ро, ки дувоздаҳ сол пеш нашр туда, мутолаа
мекард, ба чунин таҳрифот намепардохт. Хушбахтона, Қ.
Маҳкамов дар қайди ҳаёт ҳастанд ва ҳар кас метавонад ин
ҳақиқатро аз он кас суол фармояд.

Ҳатто пас аз сипарй шудани як моҳ аз нашри игво-
номаи X. Юсупов ба таври катбӣ ба сардабири рӯзномаи
«Коммунист Таджикистана» В. Наумов муроҷиат кардам,
ки матни пурраи мақолаи «То ба кай об аз таги ях
меравад?» ба забони русй чоп карда шавад, то камбудй
ислоҳ ва аз дасисаҳои нав ба нав пешгирй ба амал ояд.
Аммо сардабири мӯҳтарам, ки вазифааш барангехтани
иғвоҳои нав ба нав дар Тодикистон буд, аз нашри
мақолаи мо cap печид3. Боз далел меоварам, то ба

'М. Мирраҳим. Падидаҳои худшиносй (ё саҳифаҳо аз дафтари
хотира). 1999, с. 124-125.

2М. Мирраҳим. Падидаҳои худшиносй (ё саҳифаҳо аз дафтари
хотира). 1999, с. 155-156.

3Умуман В. Наумов ва кормандони рӯзномаи «Коммунист Таджи-
кистана» барои фитна ангехтан байни мардуми мо устухон
надоштанд. Барои мисол: нашри муқолаи Т. Бердиева «Союз наций,
содружества языков» дар таърихи 22.04.1987 аз ҳамин қабил аст...

25
хирасарон сабақ шавад, ки дар амал рӯзномае, ки шумо,
ҷаноби С. Мирзорахматов, хабарнигории онро бар ӯхда
доштед ва ҳамтабақи шумо-Хулькар Юсупов мақолаи
иғвоангезашро дар он ба чоп расонид, чй хиёнате ба
мардуми тоҷик ва кишвари Тоҷикистон кард (ҳам номаи
мо ва ҳам посух ба он баргардон аз забони русй):

«Дуюми марты соли 1988 соати рас о II00 ба идораи
рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» ин номаро
супоридам:

«Мӯҳтарам сардабири рӯзнома!

Бо сабаби он ки пас аз нашри «Номаи кушода»-и
аъзои Иттиҳодияи рӯзноманигорони шӯравӣ Хулькар
Юсупов шарҳи гуногу ни мақолаи ман «То ба кай об аз таги
ях меравад?» идома дорад ва муаллиф қасдан бисер
нуктаҳои илмии мақолаи маро таҳриф кардааст, аз ин рӯ
хоҳишмандам онро бо тарчумаи саҳеҳ аз тоҷикӣ ба забони
русй дар рӯзнома чоп намоед.

Бо эҳтиром Мирбобо Мирраҳимов»
Посухи сардабири рӯзномаи «Коммунист Таджи-
кистана» рафиқ В. Наумовро ҳам айнан бароятон
меоварем, то мушаххас шавад: киҳо нахуст ба дасиса даст
задаанд ва чй касе имрӯзҳо он суннатро дар Қазоқистон
ба таври густарда идома медиҳад:

«Рафиқи мӯҳтарам Мирраҳимов!

Агар мақолаи шумо ҳацман мӯътадилтар мебуд, мо
онро якҷоя бо мақолаи Юсупов медодем1. Алҳол чопи он
тамоман бецо аст, зеро дар бюрои КМ ҲКТ 2 марти соли
1988 ба вай баҳои аз ҳама манфитарин дода шуд. Сардабир
В. Наумов»/№35, 03.03.1988/

Мутолааи номаи ҷавобии сардабири рӯзномаи
«Коммунист Таджикистана» маро бисёр шод кард. У дар
сари қаҳр асли қарори бюрои КМ ҲКТ-ро ба ман хабар
додааст, ки на ҳар як одами боақл ин хел рафтор мекунад.

'В. Наумов барон фитнаангезии X. Юсупов дар саҳифаҳои рузнома
ҷой пайдо кард, вале барон ислоҳи он дасиса...

26
Ба ҳар ҳол то нашри қарори бюро аз он истифода бурдан аз
рӯи одоби сиёсй нест.

Маълум шуд, ки ҷаласаи муҳокимаи банда дар Маҷ-
лисгоҳи АИ Тоҷикистон, ки сеюми моҳи марты соли 1988
ташкил шуд, бесабаб набудааст. Мансабдорони ҳизбиву
комсомола ва коргардон-саркардаи «илмӣ»-и онҳо Мухам-
мады Осимй мехостаанд, ки пас аз он ки «дар бюрои КМ
ҲКТ 2 марты соли 1988 ба вай (яъне мацолаи «То ба кай об
аз таги ях меравад?»-М.М.) баҳои аз ҳама манфитарин
дода шуд» маро зери по ва тамоман маҳву нобуд сохта, пас
дар рӯйи устухонҳои мо ҷашни шодӣ биёроянд. Онҳо
мехостанд, ки маро рӯҳан ва ҷисман шикает бидщанд ва
пасон аз болои тани зинда ва рӯҳи мурдаи ман ҷаноза
бихонанд. Ғалат карданд. Шукри Худованд, ки нотавонон
ба мацеади нопокашон нарасиданд»1.

Ба андешаи соҳибназарон мақолаи «То ба кай об аз
таги ях меравад?» таҳаввулоти ҷидциеро пайрезй ва
наслеро дар байни милати мо ба рохи худшиноей ва
озодихоҳй ХТ1ДОЯТ кард, ки инкори ин рухдоди илмй ва
фарҳангиву сиёсй аз ҷониби ҷаноби С. Мирзорахматов ва
ҳамтабақи ӯ X. Юсупов кори бисёр носавоб ва гайри-
ақлонӣ аст. Абдулқаюми Қаюмзод дар як мусоҳибаи хеш
аз он мақола чунин ёд меоварад:

«Шояд метавон он давраро наели Мирбобо ном дод.
Манзурам Мирбобои Мирраҳим яке аз поягузорони Ҳара-
кати мардумии «Растохез» ва муаллифи мацолаи пуровозаи
«То ба кай об аз таги ях меравад?» буд, ки он солҳо сукути
чандсоларо шикает ва гулгулае дар афлок андохт. Он замон
мо донишҷӯ будем. Ва ҳама Тоҷикистон ба ду цисмат туда
буд: -Тарафдорони Мирбобо ва муцобилони ӯ. У воцеиятҳои
онрӯзаро тавре навишт, ки то он замон намегуфтанд. Он

'М. Мирраҳим. Падидаҳои худшиноси, с. 143-145.

27
мақоларо метав он о вози ҷунбишҳои озодихоҳии cue си арзёби
кард»1.

Рӯзноманигор Фахриддини Холбек аз накдш он
мақола дар бедории мардуми Тоҷикистон, шикастани
пояҳои низоми истибдодй ва инҳисори нашриёти комму-
ниста (ки барҳақ ҳатто пас аз гузашти даҳсолаҳо ғазаби С.
Мирзорахматовро барангехтааст) ин таъкидро хотир-
нишон кардааст:

«Начало концу тоталитарной системы и ее прессы в
Таджикистане было положено статьей Мирбобо Мирра-
химова «До коле вода будет течь подо льдом?», опубли-
кованной в газете «Комсомола Точикистон». Для Таджи-
кистана эта статья была равноценна исторической фразе
Горбачева-«Процесс пошел!»2.

Ҳанӯз он замон, яъне моҳи январи соли 1988, низ
бисере аз инсонҳои худшинос (ба ҷуз ҷаноби С. Мирзо-
рахматов ва ҳамтабақҳои ишон) дар мавриди аҳамияти
мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» дар бедории
мардум дарку диди дуруст доштанд. Лозим аст каме
бошад ҳам ба ҳолу ҳавои он рӯзҳо баргардем, ки ҳақиқати
Ҳол Дар дафтари хотироти банда бо номи «Падидаҳои
худшиноси» чунин сабт шудааст:

«25,01.1988. Ин субҳ ба Шуъбаи фалсафа омада, ин
номаро рӯи мизи кориам ёфтам:

’Абдулқаюми Қаюмзод: «Чароғи руз» мавзӯи матбуотро дигар карл -

Фараж, 5.05.2010, №18(185), с. 8.

Фахриддин Холбек. Дети «Бухорои шариф».-Азия Плюс 13 03 2008'
Нигоҳ, №51(274), 11.03.2012, с. 65. Дертар Раҷаби Мирзо дар мақолае
бо унвони «Инқилоби мадани-2» пиромуни нашри мақолаи мо чунин
унвон (титр) задаст: «Бомба»-и Мирбобои Мирраҳим» ва чунин
таъкидро раво доштааст: «Пеш аз ин, чопи матлаби «То ба кай об аз
таги ях меравад?»-и Мирбобо Мирраҳим, ки миёнаи солҳои 80 дар
«Ҷавонони Точикистон» нашр туда буд, бомбаеро мемонд, ки бояд 1
руз мехафид. Самараи ин бомба ва ашъори ватандӯстонаву иҷтимоӣ-
сиёсии шиороне чун Бозор Собир, Мӯъмин Қаноат ва дигарон
истиқлолияти сиёсие гардид, ки ахиран августа соли 1991 эълон шуд»
Ниг.: СССР, №21(194), 24.05.2012, саҳ. 10

28
«Салом Мирбобо! Баъди аз қайди ҳаёт рафтани
марҳум Бобоцон Гафуров гумонам буд, ки солҳои бешу мор
сипарӣ хоҳанд шуд, то фарзанде модари тоцик ба дунё
биёварад, ки ӯ тавонад бори гарони ҳақиқатро ба ҳама
тозиёнаҳои замена нигоҳ накарда, бардошта тавонад.

Шодам, ки хато кардам.

Вақте омадааст, ки аз он истифода барем. Бо ҳақи-
қати таърихи гузашта ва ҳозира миллати солҳо хомӯшро
бедор созем. Ман боварӣ дорам, ки бисёр душвориҳо Шумо-
ро интизоранд. Чунки роҳе, ки пеш гирифтаед ё ба нестй
мебарад ё ба ҷовидонӣ. Ҳар як фарзанди миллат беибо роҳи
дуюмро пеша хоҳад кард.

Ман боварй дорам, ки баъди чопи ин мақолаи шумо
ларзише дар дили ҳар як тоцик даромад, ҳар кй худро ба
қадре бошад ҳам шинохт. Дар ин роҳ ба шумо барор
мехоҳам.

Д. Сиддщшо, шаҳри Орцоникидзеобод, 18.01.1988».

Пеш аз ин нома зангҳои зиёди телефон, табрикоти
шифоҳй буд, вале ин номаи нахустин бароям бисёр азиз
аст. Ибтидо муаллиф маро аз пешомадҳои душвор огоҳ ва
ба ҳадаф расидани мақоларо ифшо кардааст. Ба вижа ба
худшиносӣ роҳ кушодани ғояҳои мақола маро шод гардо-
нид. Сониян, Сиддиқшо номаи дар ҳақиқат пурмеҳре
навиштааст, ки аз он сарфи назар кардан нашояд.

Аз Самарқанди бостон ин нома бо имзои шаш
нафар омӯзгори мактаби миёнаи №18 расид. Онҳо
навиштаанд:

«Дар мо, махсусан, он нуктае, ки дар хусуси “поймол
ва таҳқир” кардани ҳуқуқи тоҷикон ва яҳудиён дар Ҷум-
ҳурии Ӯзбекистон гуфта шудааст, маериди баҳс гардид.
Дар ҳақиқат, чунон ки дар мақола қайд мешавад, солҳои
охир дар Самарканд ҳуқуқи тоцикон поймол мешавад.
Қисми зиёди аҳолии Самарканд ва ноҳияҳои рустоии он бо
забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд, аммо бо забони тоцикй
на дар Самарцанд ва на дар атрофи он ягон саҳифа рӯзнома
ба ин забон дида намешавад. Аксарияти мактабҳои тоцикй

29
дар шаҳри Самарканд ба узбеки гардонда шудаанд... Наме-
донем ҳамаи ин таҳқирҳо кай хотима меёбад».

Номаҳо, номаҳо, номаҳо. Рози дили одамон, дарди
дал, дарди миллат. Номаҳои дурудароз, номаҳои кӯтоҳ.
Ьаъзе олимоне, ки солҳои сол иттилооти ҷолиб доштанду

аз чопаш худдори меварзиданд, онро пеши май меовар-
данд»1.

Ин ҷо зарур аст аз заҳамоти дӯсти азиз Додоҷони
Атовулло дар дастгирй ва кӯшишиҳои фаровонаш дар
нашри мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» сами-
мона ташаккур намоем. Бе талошҳои Додоҷони Ато-
вулло чопи мақолаи мо дар рӯзномаи ҷавонон бе чароги
сабз мемонд. Рӯзи нашри мақола садои садҳо занги теле-
фонии идораи рузномаи «Комсомоли Тоҷикистон» хо-
муш намешуд ва барои посух гуфтан ба изҳори сипоси
мардум Додоҷони Атовулло ҳатто «ба сархорй вақт
надоил ». Дар як замони кӯтоҳ ба дастгирии мақолаи «То
ба кай об аз таги ях меравад?» чанд сад нома (назар ба
иттилои он рузҳо беш аз панҷсад нома) омад ва шояд беш
аз ҳазор бор занги телефон ба садо даромад. Худи ман
наздак ба сад нома дарёфт кардам. Агар ҷаноби С.
Мирзорахматов ба худаш каме заҳмат медод ва он
таърихро аз Додоҷони Атовулло суол мекард шояд ба ин
дарҳамбарҳами роҳ намедод ва ба дурӯғфурӯшӣ ва ифти-
роъву ифрот даст намезад.

С. Мирзорахматов дар масъалаи интихоботи Раёса-
ти Бунёди забони форсии тоҷикй дар таърихи 14 октябри
соли 1989 низ ба сафсатта ва дурӯғпароканиҳои зиёде
пардохта, иттилооти нодурустро сармашқи кори хеш

Мирраҳим М. Падидаҳои худшиносй, 1999, с. 81-82. Сарварони
коммунистмаоб аз садҳо нома ва мақолаҳои ба дастгирии мақолаи
«1о ба каи об аз таги ях меравад?» ба идораи рузномаҳо омада, ҳатто
барои чопи як намуна аз онҳо дар «Комсомоли Тоҷикистон» ё дигар
рузномаҳо иҷозат надоданд. Баръакс кӯшиши фаровон ба харч
доданд, то танҳо мақолаҳое дар ҳамаи рӯзномаҳо чоп шавад, ки дар
муқобили андешаҳои мо ба таври супоришй омода карда буданд.

30
кардааст. Нахуст, дар рӯзномаи интихоботи Раёсати Бунё-
ди забои масъалаи пешниҳод шудани устод Лоиқ ба ҳайси
Райис дар муқобили номзадии Мазҳабшо Муҳаб-батшоев
меистод. Номзадии М. Муҳаббатшоев ба сифати Райиси
Бунёди забои аз ҷониби КМ ҲКТ дастгирй мешуд ва
ҳадафи мансабдорон ба даст гирифтани нахустин соз-
мони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон буд. С. Мирзорахма-
тов дар он интихобот ширкат надошт ва агар ҳам дошт
касе ӯро намешинохт, ҳоло хулосаи худашро аз номи ди-
гаре ин тавр ба хонанда пешниҳод мекунад: «предложения
избрать заместителем Председателя именно Мирбобо,
были категоричными-он и только он! Кто-то пытался объ-
яснить, что Мирбобо толком не знает таджикский язык,
историю нашей культуры и, наконец, нашу письменность.
Не хотел его избрания и Устод Лоик, которого просто
раздражали крикуны от культуры»'.

Бояд ба ин мардаки бедарак (бехабар) гуфта шавад,
ки мо медонем, ки ин дурӯғро ба гӯшатон чй касе {«кто-
то») рехтааст ва шумо онро мисли ҳақиқати кулл ба
фурӯш баровардаед. Шумо аз кай крзй (яъне ба забони
модариатон «судья») шудаед ва худсарона ҳукм ва
ҳалнома содир мекунед, ки ин шахе забони тоҷикй ва
фарҳангро медонад ва дигаре намедонад? Шумо ва
хонаводаи мӯҳтараматон маро қеҷ гоҳ надидаед (шояд дар
хоби шумо ва аҳли хонаводаатон даромада бошем!), бо
банда аз наздик ҳамсӯҳбат ҳам нашудаед (худ дар тӯҳмат-
номаатон навиштаед) ва ин қадар бӯҳтон аз хеш бофтаед
ва ҳатто бовар ҳам кардаед, ки ҳама чизро дар бораи мо
медонед! Мо номзадии хешро барои тасадции ҷонишинии
Райиси Бунёди забони форсии тоҷикй пешбарй накар-
даем, ки ба газаби шумо гирифтор шавем. Агар Мирбобо
Мирраҳимовро ба ҷонишинии Райиси Бунёди забои инти-
хоб карданд, на шумо ва ягон ҳамтабақи имрӯзаатонро,
гуноҳи мо дар чист? 1

1 Мирзорахматов С. Герои..., с. 74.

31
Дар робита ба масъалаи интихоби банда ба ҳайси
муовини Райиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ овардани
як далели мухдмро лозим медонем, то бебунёдии дурӯғи
ҷаноби С. Мирзорахматов рӯшан шавад.

Барой он ки суханонам дар мавриди бозпурсии
(истинтоқ) Райиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ Лоиқи
Шералӣ ба хотири Мирбобо Мирраҳимов аз ҷониби
бозрасҳои мӯҳтарами Кумитаи давлатии амнияти миллй
бе далел набошад ва боз ба камина тӯҳмат назананд ва
худо нигаҳ дорад, дар пайгарди қонунӣ қарор надиҳанд,
овардани санадеро лозим донистем, ки бо имзои худи
устод Лоиқ ба он идораи мӯътабар фиристода шудааст (ва
ҳоло бори дуввум хидмати С. Мирзорахматов пешкаш
мегардад). Ин сифатнома ё беҳтараш бигӯем тавсифнома,
ки тоҷикони имрӯза онро «характеристика» меноманд (ва
устод Лоиқ низ маҷбур шудаанд, ки барои қобили фахми
забондонон шудан унвони онро «Характеристика»
нависанд) таҳти шумораҳои 7 ва 8 аз 18 марти соли 1994
мебошад. Онро бо ҳам мехонем:

«Ба Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид
ба амнияти миллй

Мувофщи мактуби ирсолкардаи Шумо аз таърихи
11.03.94 г. таҳти рақами 15-94 бо имзои муфаттиши
ҳаӣати муфаттишӣ, мӯҳтарам Воҳидов Д. А. бароятон
характеристикой собщ корманди Бунёди забони форсии
тоҷикӣ Мирраҳимов Мирбоборо мефиристем.

Бо эҳтиром Раиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ

Лоиқ Шералӣ

ХАРАКТЕРИСТИКА

Дода шуд, ба Мирраҳимов Мирбобо, дар он хусус, ки
вай аз таърихи 1-уми марти соли 1990 то 11-уми май соли
1992 дар Бунёди забони форсии тоҷикӣ ба вазифаи ҷонишини
аввали раиси Бунёди забони тоҷикӣ (форси) кор кардааст.
Мирраҳимовро дар Анҷумани муассисони Бунёди забони
тоҷикӣ (форой) аз таърихи 14-уми октябри соли 1989 ба ин

32
вазифа мувофиқи Ойинномаи ин созмон интихоб карда
буданд. Ва тибқи ҚАРОРИ Девони Вазирони Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 11 май соли 1992, рацами 154, ДАР БОРАИ
РАИСИ ШИРКАТИ ДАВЛАТИИ СИМО В А САДОМ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪИН ШУДАНИ

МИРРАҲИМОВ МИРБОБО бо имзои Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон р. А. Мирзоев ва Муовини мудири
корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи
дар Бунёди забон доштааш сабукдӯш карда туда буд.

Мирраҳимов ба ин вазифа тасодуфй наомадааст,
балки ҳамчун яке аз созмондиҳандагони Бунёди забони
форсии тоцикй интихоб шудааст. У аз рӯзи аввали фаъоли-
яти Бунёди забон то охирин рӯзҳои кориаш аз ицрои вази-
фааш мебаромад. Албатта, мувофиҳи он имконияте, ки
худи ташкилот дорад. Чунки дар тамоми тӯли фаъолия-
таш ва то имрӯз ҷои (манзили) кории доимй ва дигар
шароиту имкониятҳои заруриро надорад. Яъне, агар дар ҷое
нақшаҳои кории ӯ пурра амалй нашуда бошанд, ин ба тамо-
ми фаъолияти ташкилот-Бунёди забон тааллуқ дорад, на
ба фаъолияти алоҳидаи ин ё он корманд. Мирбобо бо ҳамко-
ронаш дар муносибати хуб ва дӯстона буда, табиатан
орому ботамкин аст. Ақидаҳои шахсии фарҳангӣ ва сиёси-
ашро ба касе талқин накардааст. Дар тӯли фаъолияташ аз
тарафи Садорат ва Раёсати Бунёди забони форсии тоцикй
ягон норозигй баён нашудааст. Ин сифатнома тибци
хоҳиши расмии Кумитаи Давлатии Ҷумҳурии Тоцикистон
оид ба амнияти миллӣ, таҳти рақами 15-94 аз таърихи
11.03.1994 иншо шуд.

Бо эҳтиром Раиси Бунёди забони форсии тоцики
Лощ Шералй».

Он сол, ки Устод Лоиқ ин тавсифномаро барои М.
Мирраҳимов навиштаанд, зери фишори сахт қарор
доштанд ва мо дар зиндони Кумитаи давлатии амнияти
миллй дар боздошт ба cap мебурдем. Он рӯзҳо камтарин
дифоь аз Мирбобо Мирраҳимов бо нархи ҷон тамом мешуд.
Вале Устод Лоиқ мисли бисёр номардҳо дурӯғ нанавиш-

33
танд, балки баръакс ҷавонмардона аз Мирбобо Мирраҳи-
мов дифоъ ба амал оварда, ҳақиқатро навиштаанд. Худо
раҳматашон кунад, ки сурату сирати С. Мирзорахматов
барин дуруғнависонро надиданд.,.1

Ин мардакро ҳасад ва ғараз он қадр кӯр кардааст,
ки ҳатто одцитарин нуктаро дарк намекунад ва ба ҳар
роҳе мехоҳад дуруғашро ҳамчун ҳақиқат ҷилва диҳад2. Ин
ҳам яке аз дуруғҳои уст: «Сейчас он (т. е. М. Миррахимов)
в своих мемуарах выдает себя за одного из учредителей
движения Растохез. Конечно, врёт. Растохез был задуман
яркими представителями таджикской интеллектуальной
этиты» . Ин ҷо на Мирбобо, балки маҳз С. Мирзорахма-
тов дуруг мегуяд. Зеро чй тавр таъсис шудани Созмони
мардумии Растохез ва чй тавр ва дар куҷо чоп шудани
нашрияи «Растохез»-ро С. Мирзорахматов дар хоби
шабаш ҳам нашунидааст ва намедонад.

Ҷалолатмаоб С. Мирзорахматов! Барой шумо пӯ-
шида намонад, ки пеш аз таъсиси Созмони мардумии Рас-
тохез маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ» амал мекард ва пештар
аз он маҳфили дигаре буд, ки ба шакли «гаштак» ва дар он
Г7 унедгузорони асосии ҳар ду ҷараён ширкат доштанд.

Номи чанд нафари онҳоро ин ҷо овардан аз манфиат холй
| а Н.ест, то дигар ба дуруғи шумо ҳоҷат набошад: Ҳ. Ҳаби-
fliPyjmoeB5 Ҳ- Файзуллоев, М. Мирраҳимов, А. Холиқзода

tfC ’

Иттифоқан агар С. Мирзорахматов ин туҳматномаашонро соли 1988
ва аз ҳама беҳтар байни солҳои 1993-1994 менавиштанд, имруз дар
оҷикистон ба он кас аз кулух тандис гузошта, дар фехристи

Тп™аСОТИлДаоЛаТИ Кар°,Р Медоданд ва бо суфориши вазири маориф
Тоҷикистон А. Раҳмонов (ҳол собиқ) мактаббачаҳоро барон саҷда ба
назди он нимпаикара меоварданд. Ҳатман як ё ду куча хам дао
Душанбе ва е Қурғонтеппа ба ифтихорашон номгузорй мешуд, то
барон наслҳои ояндаи кишвар намунаи ибрат шавад.

Саъди дар маврид чунин фармудааст:

Нури гетифурӯзи чашмаи ҳур
з Зишт бошад ба чашми мушаки кӯр

Мирзорахматов С. Герои..., с. 75.

34
Ҷ. Исоев, Б. Мақсудов ва дигарон. Ҳеҷ як аз шахсиятҳои
бузург, ки шумо даъво доред ва аз ишон ном намеоваред,
дар таъсиси Созмони мардумии Растохез нақше надош-
танд. Нашрияи «Растохез»-ро Мирбобо Мирраҳимов дар 1 ' ^
хориҷ аз Тоҷикистон чоп кардааст ва бо кӯмаки дӯстони
наздик аз ҷойи нашр то Маскав ва аз Маскав то Самар-
канд бо қатор (яъне поезд) ва аз он ҷо то ба Душанбе бо
роҳи заминй овардааст (чй тавр ва бо кадом саворй аз
шаҳри Самарканд то ба Душанбе овардани чаҳор ҳазор
нусхаи шумораи нахустини «Растохез»-ро биравед аз
Халифабо-бо Хдмидов, ки ҳоло зиндааст, бипурсед, он
таърихро бароятон нақл хоҳад кард. Агар ӯро зинда
пайдо накардед, пас, биравед ба Самарканд ва он до
ҷавонмарди худшинос Қаноати Ҳикматёрро пайдо карда,
ин гуфтаҳом маро аз ӯ суол фармоед). Мо аз хазинаи Соз-
мони Растохез ҳамагӣ ҳаштсад сӯм пул гирифта, боқимон-
да ҳамаи хароҷоти нашр ва ҳамлу нақлро аз ҷайби хеш
пардохта, шумораи нахустини «Растохез»-ро чоп кардем.
Бародари мӯҳтарам Ҳадятуллоҳ Файзуллоев, ки хазинадо-
рии Созмони Мардумии Растохезро бар ӯхда доштанд, ин
қазияро бароятон ба таври рӯшан шарҳ хоҳанд дод.

Барой он ки қазияи нашрияи «Растохез» рӯшантар
шавад боз чанд далел меоварам. Нахуст, дар саҳифаи яку-
ми шумораи аввалини моҳномаи «Растохез» порае аз та-
ронаи мансури донишомӯзи (хонанда) мактаби миёнаи но-
ҳияи Ғончй Фахриддини Холбек чоп шуда буд, ки акса-
рият онро акси садое ба воқеаҳои феврали соли 1990 та-
лаққй мекарданд. Ҳол он ки Фахриддин нома ва тарона-
ашро моҳи ноябри соли 1989 бароям фиристода буд ва он
моҳи январи соли 1990 ба дастам расид ва як пораашро
моҳи май дар нахустшумораи «Растохез» ҷой додам1.
Сониян, дар саҳифаи дуввуми нахустшумораи «Растохез»

'Имрӯз Фахриддини Холбек яке аз рӯноманигорони шинохтаи
Тоҷикистон аст ва ҷаноби С. Мирзорахматов метавонанд ҳақиқати ин
гуфтаҳои моро аз ӯ бипурсанд, то дар дилашон армон намонад.

35
мақолаи маъруфи «Ким гарафдор? Ким бетараф? Ҳамагӣ!»

чоп шуда. Муаллифи мақола равоншод Абдуқодири Хо-
лиқзода аст бо имзои мустаор. Асли мақола аз дувоздаҳ
саҳифа (ва бо замимаҳо понздаҳ сафҳа) иборат буд ва агар
мо ҳамаи онро дар «Растохез» чоп мекардем, барои нашри
дигар матолиб ҷой намемонд. Ман онро даҳ ё понздаҳ бор
виройиш карда, дар як сафҳае ба андозаи А-4 гунҷонидам
ва чунин сарлавҳа (унвон, титр) задам: «Ким тарафдор?
Ким бетараф? Ҳамагӣ!». Ин сарлавҳа паёми асосии мақо-
ларо ба хубй ба хонанда мерасонд ва масхарабозии Иҷло-
сияи Шӯрои Олиро даровард. Дар Иҷлосияи дуввуми ШО
(моҳи августа соли 1990) рафик, Қ. Маҳкамов танҳо як бор
ба истилоҳ «ким» гуфтанд ва барои чунин иштибоҳ фил-
фавр узр хостанд. Имрӯз дар нашрияҳои гуногун аз он
сарлавҳаи мо, ки дар он мақола ба кор бурдем, садҳо бор
кӯр-кӯрона ва ба такрор истифода мешавад. Севвум, дар
моҳномаи «Растохез» ҷойи нашри он «Published in Barn-
bay» зикр шудааст. Дар мавриди ҷойи нашри моҳно-ма
ин, албатта, як муболига буд ва дастгоҳҳои давлатии Ҳиз-
би Коммунистиро ба иштибоҳи бузург во дошт, то он ҷо
ки ҳатто дар ҳамон соли 1990 аз намояндагии расмии
давлати Ҳиндустон тақозо шуда, ки чй тавр дар Бомбай
ба табъ расидани як чунин нашрияи мухолифи идеологияи
коммунистиро шарҳ бидиҳад...1

'Директории маркази таҳқиқоти сотсиологии «Бозтоб» мӯҳтарам
Раҷаби Мирзо пас аз даргузашти бисту ду сол аз нашри шумораи
якуми «Растохез» чунин кашфиёт кардаанд: «66. Тоҳири Абдуҷаббор-
яке аз муассисони рӯзномаи «Растохез». Ин рӯзнома моҳи майи соли

1990 дар Прибалтика чоп шуд» (ниг.: Раҷаби Мирзо. Шахсиятҳои
таъсиргузори матбуоти тоҷик. «Нигоҳ», №51(274), 11.03.2012, с. 101).
Нахуст, Тоҳири Абдуҷаббор дар нашри «Растохез» ҳеҷ нақше
надопгг, на моли, на фикрй ва на ҷисмонй. Дуввум, сари ҷой додани
матолиб дар моҳномаи «Растохез» бо Тоҳири Абдуҷаббор ихтилофи
назар вучуд дошт, вале чун он моҳнома бештар бо ма благи шахсии
банда ба нашр мерасид, ҳарфи охир бо мо буд. Севвум, солҳои 1990-

1991 ҳеҷ кас аз бузургон, аз ҷумла Т. Абдуҷаббор, ҷуръат надошт
эътироф кунад, ки моҳномаи «Растохез»-ро кй ба чоп мерасонад.

36
Агар гӯри хешро пеш аз марг канда бошед, дурӯғ
нагӯед, мӯҳтарам С. Мирзорахматов! «Инналлоҳа ло
юҳиббул козибуна», яъне «Худо дурӯғгӯёнро дуст намедо-
рад». Чанд шумораи дигари «Растохез» ва нашрияи «Як
рӯзи пинҳон аз мардум» низ маҳсули ранҷи мост ва як
шумораи моҳномаи «Согдиана» низ бо пул ва кӯшиши мо
чоп шудааст, ки ин мавзӯъро шоҳидони зинда тасдиқ
карда метавонанд1.

Навиштаҳои С. Мирзорахматов маро ба ёди ин
латифаи юнонй мебарад, ки овардаанд:

«Аз Арасту пурсиданд:

-Чаро ҳасудон доиман аз як чизе норозианд?

-Барой он ки онҳоро на танҳо нокомии худашон
месӯзонад, балки мавцеъияти дигарон низ ишонро мегу-
дозад».

Бояд зикр шавад, ки дар Тоҷикистон аз огози
таъсиси Созмони Мардумии Растохез ном ва корномаи
фаъолони онро бо диққат ва зери заррабин меомӯзанд ва
дар ин замина ҳатто докторону профессорони «Растохез»-
харош кам нестанд, ки ҳанӯз соли 1992 мо дар бораи яке аз
он зотҳои шариф бо номи «Музаффар Абдулваққосович
Олимов» бо номи «Докторанти «Растохезшинос» дар рӯз-

Чаҳорум, «Растохез» моҳнома буд, на рӯзнома. Панҷум, шумораи
нахустини «Растохез» аввалҳои моҳи майи соли 1990 ба дасти чоп
супорида шуД ва моҳи майи ҳамон сол аз нашр баромад. Пекин ин
ҷумлаи Р. Мирзо: «Баъдан бо номи «Дунё» дар Тоҷикистон чун моли
шахсии Тоҳири Абдуҷаббор ва Аҳмадшоҳи Комилзода ба кяйд
гирифта шуд», дуруст аст, танҳо ба афзудаи ибораи «соли 1992».
Ҳамзамон бо нашри таҳқиқоти Р. Мирзо ҳафтаномаи «Миллат» (ниг.:
№10/340/, 7.03.2012, с. 3) чунин муаррифй дошт: «А. Комилзода, собиқ
сардабири ҳафтаномаи «Растохез». Барой маълумоти бештар дойр ба
нашри моҳномаи «Растохез» муфассал нигаред: М. Миррахимов:
«Растохез»-первая свободная газета в Центральной Азии,-
Центральная Азия, 1996, №6, с. 85-88: М. Мирраҳим. То ба кай об аз
таги ях меравад? 1998, с. 176-184.

Дар ин маврид ба сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов ва Ҳокимшоҳ
Муҳаббатов муроҷиат намоед.

37
номаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (8.02.1992, №16/8498)
мақолаи танзомезе навишта будем1. Ба наздикй мӯҳтарам
сарвари собиқи Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саиданвар Камолов китоби хотироташонро бо номи
«Сангар» 2 ба нашр расонидаанд, ки ба он доктори илми
таърих, профессор С. Мухторов пешгуфторе навишта, на
танҳо ба таърих ва ҳофизаи таърихии мардум, балки ба
даъвои С. Мирзорахматов дар мавриди таъсиси Созмони
Мардумии Растохез ба қавли Умари Хайём «тиз»3 фирис-
тодааст. Ин профессори бисёр мӯҳтарами таърих, ки нази-
раш дар таърих камёб аст (аслан беназир аст!), дар маври-
ди таъсиси Созмони Мардумии Растохез «кашфиёти нес-
тандарҷаҳон» кардааст, ки овардани танҳо як сархат аз
музахрафоташро ин ҷо лозим донистем, то бо С. Мирзо-
рахматов ҳамсангу ҳамтарозу шавад: «Аз хараҷу мараҷи4
замена истифода бурда дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои
мухталиф пайдо шуданд. То пошхӯрии Иттиҳодӣ Шӯравӣ
бо дастгирии дӯстони хориҷӣ «Растохез» пайдо шуд5. Ба он

Мутаассифона, он танзи бонамак барон таъриххарошон сабақ
нашуда будааст, ки ҳол профессори «Растохез»-харош ба майдон
баромадааст.

^Самолов С. Сангар. Душанбе: Империал-Груп, 2010, 146 саҳ.

Тиз-боде, ки аз шикам мебарояд; боди садодор, ки аз мақъад хориҷ
шавад.

Истилоҳи «хараҷу мараҷ» дар ягон фарҳанги забон нест, ҷаноби
профессор С. Мухторов! Ба ин таъриххарош бояд гуфт шавад, ки
истилоҳи илмии «ҳарҷу марҷ» вуҷуд дорад, ки ба маънии «дар-
ҳамубарҳам, дарҳамбарҳам ё дарҳам ва барҳам, баҳамрехта, дарҳа-
момехтаги ва беназмй» аст. Вақте ба ном «профессори илми таърих»
маънии оддитарин истилохи илмиро намедонад ва ҳатто дарк наме-
кунад, пас, чи монад ба дониши фарогири ӯ дар мавриди дигап
масоил!

Баҳ-баҳ, профессори мӯҳтарам! Умратон дароз бод, ки чунин гавҳари
маъни суфтаед! Чй кашфиёте кардаед, ки ҳатто шайтон ва агар дар
замони режими коммуниста ин гузоришро ба идораҳои дахлдор
пешкаш карда будед, КГБ, дастгоҳи идеологии Ҳизби коммуниста ва
хабаргузории он-ТАСС ба он ҳасад бурдй! Он дӯстони хориҷй, ки аз
«Растохез» дастгирй ба амал овардаанд, киҳо будаанд, мисол

38
бештар зиёиёни равшанфикр1 майл карданд. Аз рӯи нақшаи
«Растохез» моҳи феврали соли 1990 ҳалқабаргӯшони он ба
намоиш баромада кувваташонро санҷиданд ва диданд, ки
ҳизби коммунист дигар садди роҳи онҳо туда наметавонад.
Аз он хайрхоҳон илҳом гирифта, дар шаҳру ноҳия ва вилоя-
тҳо игӯъбаҳои хешро таъсис доданд. Оҳиста-оҳиста ин
ҳаракатҳо ба худ мақоми маҳалпарастиро гирифт»2. Ба ин
даъвои дурӯғини профессори мӯҳтарам С. Мухторов
танҳо ҳаминро метавон муқобил гузошт, ки ҳанӯз соли
1990 дар нашрияи яке аз муассисақои пажӯҳишии ИМ А
мақолае ба чоп расида, ки дар хулосаи он чунин омадааст:
«Таъсиси Созмони Мардумии Растохез ба манофеъи стра-
тегии ИМА дар Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ дорад».
Ҷолиб он ки муҳаққиқини ҳамабини амрикой он замон
низ тамомии ҳунари интиқоди хешро бар зидци М. Мир-
раҳимов равона карда буданд, на ягон нафари дигар. Суол
ин ҷост, ки сарчашмаи ҳамаи ин бадбинҳо нисбат ба М.
Мирраҳимов аз куҷо нашъат гирифта: аз гузоришҳои сир-
рии гумоштагони созмони хуфияи Иттиҳоди Шӯравии со-
биқ ва ё Созмони таҷассусии Амрико (ЦРУ) ва ё ҳар ду, ки
то имрӯз идома дорад?! Чаро маҳз пас аз гузашти беш аз
бисту се сол аз он таърих ҷаноби С. Мирзорахматов дақи-
қан он бадбинӣ ва нотавонии хуфиянависонро бо дурӯғ ва
ҳунармандии муҳоҷиронаи тоҷикй такрор мекунад ва дар
пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон-шаҳри Остона ба чоп
мерасонад?! Пушти ин ҳама дурӯғпароканиҳои ҷанобони
қаламбадаст киҳо қарор доранд ва бо ангулаки кӣ С.

наовардед, то бишносем! Охир, аз дурӯғ намешавад санад дуруст кард
ва аз он парвандаи ҷиноӣ дӯхт!

‘«Зиёиёни» торикфикр дар куҷо пинҳон шуданд?

2 Ниг.: Камолов С. Сангар, саҳ. 4. Навиштаҳои профессори мӯҳтарам
С. Мухторов дақиқан шабеҳи тӯҳматномаи ТоҷикТА «Растохез»
чист?» мебошад, ки 25-уми феврали соли 1990 дар саҳифаи аввали
рӯзномаҳои тоҷикӣ ва русӣ ба чоп расида буд ва маънии «Растохез»-
харошии ҳақиқиро ба худ касб кард (поёнтар матни комили он оварда
шудааст).

39
Мирзорахматов барин «рузонманигори русизабони
тоҷик» фаъол шуда, музахрафоташро ба таври муфт ба
бозор баровардааст?!1

Дар мавриди Созмони Мардумии Растохезро тарк
гуфтани Мирбобо Мирраҳимов низ ҷаноби С. Мирзорах-
матов аз худаш бисер дурӯғ бофтааст ва рӯшан аст, ки
ҳақиқати ҳолро намедонад. Яке аз сабабҳои асосии тарки
Созмони Мардумии Растохез ин буд, ки гурӯҳе аз гирди-
ҳамомадагон 21 апрели соли 1992 дар Майдони Шахидон
намояндагони парлумонро ба гаравюн гирифтанд. Вақте
хабари гаравгонгирии намояндагони мардумиро шуни-
дам, ба Майдони Шаҳидон рафтам. Нисфишаб фаро раси-
да буд ва шоири бузурги миллат Бозори Собир дар симма-
ти Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони
мардумии ба гаравгон афтодаро дар минбари гирдиҳамой
мавриди истинтоқ ва бозпурсии ҷиноӣ қарор дода, ҳар
ғалат ва тавҳину таҳқир, ки мехост нисбат ба онҳо анҷом
медод ва ҳар дону нодониашро бар сари он бечораҳо ме-
рехт. Дар яке аз хаймаҳо ҳамқадаҳу ҳамтабақ ва дӯсти С.
Мирзорахматов-Шодмон Файзуллаевич Юсупов ва намо-
яндаи мардумӣ, Райиси Созмони Мардумии Растохез То-
ҳири Абдуҷаббор бо хаёли роҳат хӯроки шом-шӯрбои сер-
гӯшту рӯғанро бо нону чаппотй нӯши ҷон мекарданд. Ин
кори Ш. Юсупов ва Т. Абдуҷаббор хиёнат ба ҳамаи ор-
монҳои миллии мо буд ва ман ҳар дуи онҳоро «хоин, ду-
рӯя ва мурдаҳои сиёсӣ»2 номидам ва аризаи қатъи узвият
дар Созмони Мардумии Растохезро навиштам ва аз он бе-
рун рафтам3. Чанд омили муҳими дигар низ сабаб шуд, ки
ман ба ин қарор биёям:

Ҳалли ин муаммо низ ба таваҷҷуҳи Афлотуни тоҷик вогузор
мешавад.

2Т._ Абдуҷаббор пас аз он ки мо ӯро дар таърихи 21.04.1992 «мурдаи
сиёси» эълон кардем, боз ҳаждаҳ соли дигар зиндагй ба cap бурд ва
дақиқан 21.04.2010 дори фониро падруд гуфт.

Муносибати мо бо Т. Абдуҷабборро аз он таърих ба сардй гаравид
ва дигар хеле кам иттифоқ афтод, ки бо ҳам сӯҳбате дошта бошем.

40
Нахуст, мувофиқи қарори Раёсати Созмони Марду-
мии Растохез Т. Абдуҷаббор ба ҳеч ваҷҳ ҳақ надошт дар
гирдиҳамоии Майдони Шаҳидон, ки ба тарафдорй аз М.
Навҷувонов1 ташки л шуд, ширкат намояд ва аз он
пуштибонй ба амал оварад.

Дуввум, Т. Абдуҷаббор бояд ба амали гаравгон
гирифтани намояндагони мардумӣ мухолифат мекард.

Севвум, ҳамаи намояндагони мардумии ба гаравгон
афтода, аз аҳолии вилояти Ленинобод буданд, ки маънои
маҳалгаро будани гирдиҳамомадагони Майдони Шаҳи-
донро рӯшан мекард.

Чаҳорум, худи ҳамон лаҳзаҳое, ки намояндагони
мардумй гаравгон гирифта шуданд, яъне шаби 21 ба
22.04.1992, мӯҳтарам Шодӣ Шабдолов-Муншии якуми
КМ ҲКТ озими навоҳии Данғара ва Кӯлоб шуданд, то
барои гирдиҳамоии муқобили Майдони Шаҳидон зами-
най муносиб дуруст созанд ва баҳона ҳам пайдо шуд, ки
«ҳангоми гаравгонгирии депутатҳо дар Майдони Шахи-
дон ба номуси хоҳари азизи мо ... таҷовуз шудааст»
(нақли қавл аз забони Рустами Абдураҳим, ки дертар дар
ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон 29.04.1992 садо дод ва

Охирин дидоре, ки бо ӯ доштем, аввалҳои мохд майи соли 1995 pyx
дод. Мо аз зиндон озод шуда будем ва барои табобат ба Теҳрон
рафтем. Т. Абдуҷаббор барои дидорбинӣ бо мо ба меҳмонхонаи
«Ромтин» бо як дастагул ташриф овард. Рӯзе пас шунидам, ки ӯ ва
муовинаш аз мавқеи ҳукуматдорон пуштибонй мзкунанд. Занг задам
ва чанд сухани бисёр сахт ва ҳақ, ки дархӯри аъмол ва мавқеъияти ӯ
ва муовинаш буд, барояш гуфтам ва ба се ҳарфи русй раҳо кардам...
'М. Навҷувонов дар рухдодҳои моҳи феврали соли 1990 дар шаҳри
Душанбе дасташ то оринҷ ба хуни мардуми бегуноҳ оғӯшта шуда буд
ва дар кадом як ҷаласаи Шӯрои Олӣ номи ноҳияи «Ғозималик»-ро ба
шакли «Зогималик» эълон карда, боиси латифа ва масхараи мардум
шуда буд. Т. Абдуҷаббор сабаби ширкат дар гирдиҳамоӣ дар
пуштибонй аз М. Навҷувоновро чунин шарҳ дод: «Ду рӯз дар
қабулгоҳи Райиси Ҷумҳур Р. Набиев мунтазир истодам, то ба вай
сӯҳбат кунам, вале ӯ маро напазируфт. Қаҳрам омад ва ба назди
гирдиҳамомадагон рафтам ва суханамро гуфтам..»

41
он хонум, намояндаи мардумии ноҳияи ..., ки дар иҷлосия
ҳузур дошт... Сукути он хонумро мардуми Ҷумҳурӣ ало-
мати ризоият ва ҳақиқати ҳол на зируфтанд)1.

Панҷум, Сафаралй Кенҷаев, ки Раёсати Шӯрои
Олии Тоҷикистонро дар даст дошт, барои таъсиси Фрон-
та халқи дар шаҳри Турсунзода икдом кард.

Ман ҳеҷ гоҳ аъзои ягон ҳизби сиёсй набудам ва
пестам2, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ. Ҳеҷ қаробате ё
узвият ба ин ҳизб наҷустаам, надоштам ва надорам. Чаро
С. Мирзорахматов чунин дурӯгро навиштааст, онро ба
виҷдони худаш во мегузорем. Ман барои тасаддии
мансаби Раёсати Ширкати давлатии садо ва симо ҳеҷ гоҳ
кушише ба харҷ надодаам ва лозим ҳам набуд. Ҳизби наҳ-
зати исломи номи маро ба мансаби Раисии Ширкати дав-
латии садо ва симо пешниҳод кардааст ё на ҳатто хабар
надорам. Бояд аз масъулини ҲНИТ суол кард, ки оё ин
даъвои С. Мирзорахматов сиҳҳат дорад ё на?!2 Тобистони

Дертар генерал-майори муставфй Нуралй Назаров дар китобаш
«Маҷрои зиндаги» аз ҳодисаи гаравгонгирии намояндагони мардумй
дар таърихи 21.04.1992 чунин афсонаи ваҳшатнок бофтааст, ки гӯё
гирдиҳамомадагони Майдони Шаҳидон: «Ҳатто як депутати занро
(ба фикрам аз ноҳияи Данғара буд) ҳақоратҳои ноҷо дода, лагадкӯб
намуданд». Нигаред: Самак, №05(05), 5.12.2011, с. 10. Танҳо
геиералҳои садаи XXI дар Тоҷикистон бо такя ба тахаюлоти хеш ва
таҷрибаи парвандасозй метавонанд ҳам ба таърих ва ҳам ба ахлоқи
ҷомеа тағйирот ворид созанд ва ҳамагон бояд ба онҳо бовар кунанд
ки ишон ҳақанду рост. Аммо худи он намояндаи мардумй дар як
бозпурси эълон дошта, ки «қиссаи таҷовуз ба номуси ман аз тарафи
гирдиҳамомдагони Майдони Шаҳидонро хабарнигор О. Панфилов аз
худ бофтааст». Дар ҳоле ки бечора О. Панфилов умуман дар ин
мавзуъ ва масъала чизе нанавиштааст.

-Дар зиндагиномаи М. Мирраҳимов, ки борҳо ба нашр расида
навишта шудааст: «Ҳеҷ гоҳ аъзои ягон ҳизби сиёсй набуд ва нест».
Дуругпарокании С. Мирзорахматов дар нисбат ба мо, ки гӯё ба
Ҳизби наҳзати исломи қаробат дорем, то бад-он дараҷа дар ҷомеаи
1 оҷикистон таъсир гузошт, ки дар мақолаи «Агар Кабирй равад »
дар шумораи 38(248) ҳафтаномаи «Фараж» аз 21-уми сентябри соли
-011 чунин навиштанд: «Муҳаммадалии Ҳайит ҳамроҳи яке аз

42
соли 1992 як бор аз равоншод Раҳмон Набиев-Райиси
Ҷумҳури Тоҷикистон сабаби интихоб шуданам ба Раёсати
Ширкати давлатии садо ва симоро пурсон шудам. Он кас
чунин гуфтанд:

-Дар рӯйхати довталабҳо фамилияи («номи хонаво-
дагӣ») шумо набуд. Мухолифон номҳои Абдунабй Саттор-
зода, Сафар Абдуллоев, Бозор Собиров, Бӯрӣ Каримов, Дав-
лат Усмонов, чанд нафари дигар ва ҳатто Отахон (Лати-
фй)-ро ба Раисии Ширкати давлатии садо ва симо пеш-
ниҳод карданд. Ҳеҷ кадоме аз онҳоро май қабул надоштам.
Он гоҳ номи хонаводагии шуморо пеш оварданд. Пурсидам:

-Чаро Мирраҳимовро ба ин вазифа пешниҳод
мекунед?

Яке гуфт:

-Бай агар кушта шавад ҳам ба мо ҳеч зарар
намерасад. Садқаисар...

Агар С. Мирзорахматов дар ин маврид далели ди-
гаре дорад, бояд пешниҳод мекард, на ба шахсияти инсон
таҳқир ворид карда, дурӯғ мегуфт! Ман як «гуноҳи бу-
зург» дорам ва он ин аст, ки барои мардуми ҷануб ва Fap-
му Бадахшон «шимолй», «ленинободй» ва барои шимоли-
ҳо бегона-«ҷанубӣ» (ё ба гуфтаи як сокини Хуҷанд, ки дар
мохи августа соли 1992 рӯ дар рӯ ба шахси мо фармуд:
«мастчоҳӣ») ҳастам. Тарозуи ақлу хиради С. Мирзораҳ-
матов низ бо тамоюли қамин ақрабак (пандул, раққосак)
вуҷуди маро баркашида. Албатта, боз ҳам галат кардааст.

нахустин пешвоёни озодихохД Мирбобо Мирраҳимов дар
Тоҷикистон моҳи апрели соли 1992 ба ҲНИТ иайваст» (с. 3). Як ҳафта
пас дар шумораи 39(249) «Фараж» аз 27-уми сентябри соли 2011 ин
«Тасҳеҳ» чоп шуд: «Дар шумораи №38 дар мақолаи Нуралй Давлат-
«Агар Кабирӣ равад...» бо такя ба манбаъҳои носанҷидашуда ба
иштибоҳҳо роҳ дода шудааст. Баъди чопи мақола маълум гардид, ки
мӯҳтарам Мирбобо Мирраҳимов дар моҳи апрели соли 1992 ба
ҲНИТ шомил нашудааст. Бинобар ин муаллиф бо арзи пӯзиш аз
номбурда иброз медорад, ки Мирбобо Мирраҳимов аъзои ягон ҳизб
набудааст, аз ҷумла ҲНИТ низ» (с. 4).

43
Воқеаҳои феврали соли 1990 ва интихоби банда дар
«Кумитаи 17» ба ин шарҳ аст:

Пешдаромади воқеаҳои февралй аз барномаи даси-
.jсаомези телевизионии шоми 8-уми феврал бо ширкати
V шаҳрдори Душанбе Мақсуд Икромов (худо раҳмат кунад)
i 7 | ва Рашид Қутбиддинович Олимов шурӯъ шуд, ки дар он

аз ташрифи чандсад нафар муҳоҷир аз шаҳри зилзилаза-
даи Спитаки Арманистон ва фирориҳои арманй аз
Озарбойҷон ба пойтахти Тоҷикистон ва ҷобаҷоии онҳо бо
манзил хабар паҳн шуд...

То имрӯз фаромӯш намекунам, ки пагоҳии рӯзи
якшанбе, 11-уми феврали соли 1990, соати 07-50 аз дӯкони
рӯзномафурӯшии бозорчаи шаҳрак-маҳаллаи 102-уми
шаҳри Душанбе як нусха аз рӯзномаи «Правда»-ро ба даст
гирифта, дар саҳифаи дуввуми он чашмам ба ин титри
бисер таҳрикомез ва аҷибулғариб афтод:

«В Комитете государственной безопастности СССР»

Дар он чунин гуфта мешуд:

«В последнее время в Москве и ряде других мест ши-
роко муссируются слухи о якобы готовящихся погромах ев-
рееев, азербайджанцев, армян. Для придания достоверности
этим слухам их распространители используют национал-
истически окрашенные «программы» некоторых неформаль-
ных объединений, а также хулиганские, провокационные вы-
ходки отдельных элементов, подобно той, что недавно име-
ла место в Центральном Доме литераторов в Москве. Слу-
хи о погромах будоражат людей, вызывают среди них кри-
вотолки, чувство неуверенности, обостряют социальную
обстановку.

Комитет государственной безопасности СССР в
пределах своей компетенции, особенно в части, касающейся
защиты конститутционных прав советских граждан, не
проходит мимо экстремистских националистических про-
явлений и в предусмотренных законом случаях предприни-
мает меры к их пресечению.

44
Что же касается распротраняемых слухов о
погромах, то конкретных данных об их обоснованности не
имеется. Единственные сведения, которые поступают в
органы госбезопасности,-это сами слухи, их муссирование в
средствах массовой информации и обращения отдельных
граждан за разъяснениями по поводу все тех же слухов.
Тем не менее КГБ СССР следит за развитием ситуации и
предпримет надлежащие меры в случае ее реального
обострения...»' 8

8 Комитете государственной безопасности СССР

ЖуЖ* S •>!

хуш. я&л

ул-.-:. «дозд*

:>:•*» щгж «* ДОф»
*<№№$№ ЩМ

щ щшт».

у. тЫ.ш*

& КМ-Сч ШЯ» *

Шь&т тфтл s

» (щяя Ш&. ЖЖ

щ ФЬяШт

:>>? i&GS'Jf’
Ш.

З&Л&ЙЗД

*фя**х ?>-

{£&< у ВДОмДО <*к-
* ЪОШщщ цфщ s s*.
Щ ЪХ-ЯЩЦ&Я tjJsAx -В44КТМ*'
:Х« Г!»*-



доим

SJfS&SS
**. П Ж

а?3-

« * №?Лу&:»рЧ:ШХ >S
к*



Ин хабар ва ё худ ҳушдори ҷиддй ва бисёр тагдор
дар субҳи он рӯз бароям бисёр такондиҳанда ва аҷиб
намуд ва аз дилам гузашт, ки худо накунад ҳокимон бар
сари мо ягон бало наёваранд. Дақиқан чаҳору ним соат
пас аз мутолааи ин хабари шум-рӯзи ёздаҳуми феврали
соли 1990 дар Майдони ба номи Ленини шаҳри Душанбе
гирдиҳамойӣ сурат гирифт. Наздикиҳои пешин-дақиқан
байни соати 12-30 ва 13-50 хабари ин гирдиҳамойиро бо
телефон Салими Аюбзод ба мо гуфт. Он рӯз Додоҷони
Атовулло меҳмони хонаводаи мо буд ва як кабки зинда
барои писарам тӯҳфа оварда...

Рӯзи 13-уми феврали соли 1990 ман барои пешвоз
гирифтани як нафар меҳмон, ки аз истироҳатгоҳи Хода
Обигарм бармегашт, назди чойхонаи «Роҳат» қарор
гузошта будем, рафтам. Дигар он ки соати 18-00 рӯзи 13 1

1 Ниг.: Правда, 11.02.1990, №42(26125).

45
феврали соли 1990 дар Хонаи маорифи сиёсӣ бояд даласаи
маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ» баргузор мегардид. Он до
канори сохтмони «Зиннат» Акбари Турсун ва Сафари
Абдулло ва дертар бародари мӯҳтарам Қамариддин
Нурулҳақовро вохӯрдам.

Мӯҳтарам С. Мирзорахматов! Шумо аз китоби мо-
«То ба кай об аз таги ях меравад?», ки дар дасти
номуборакатон ҳаст, бисёр иқтибос оварда, дойҳои лозим
барои таҳрифатонро ба забони русй тардума ҳам кардаед,
наход ақлу фаросататон нарасид, ки бояд доир ба
воқеъаҳои февралии соли 1990 ба матни истинтоқи
бозраси КГБ Ю. Н. Косухин аз М. Мирраҳимов дар
таърихи 16.05.1990 нигоҳе меандохтед, ки ба забони русӣ
аст, ки дар он дақиқан чунин омадааст; «... Несколько раз
ходил в сторону ЦК (вместе с С. Абдулло, А Турсун и др.).
Наблюдал. В 17-30 направился в Дом политпросвещения,
поскольку в 18-00 было назначено заседание клуба «Ру ба ру»
с Председателем Гостелерадио т. А. Ы1. Дэ/сураевым.
Приблизительно к 18-35 был рядом с «Зинат» и хотел
поехать домой. Остановили трое, сказали, что читают
мою фамилию. Потом видел X. Хабибуллоева. Когда пере-
шел дорогу то понял, что обратно не могу. Вот так я
вошел в водоворот этих событий»1. Худованд моро ҳифз
карда, ки он матни истинтоқро аз бозрас Ю. Н. Косухин
бигирем (албатта, бо ҳазор пофишорй ва дар асоси ҳаққи
мусаллами шаҳрвандй, ки на ҳар кас он замон метавонист
ин корро андом бидиҳад) ва тавонистем чоп кунем, вагар-
на бо ин дурӯғпароканиҳою тӯҳмат ва сафсаттабофии С.
Мирзорахматов чй метавон кард?!

Он чй баъд иттифоқ афтод ва сабабҳои асосии
гирдиҳамой чй буд ва мутаҳаррики он киҳо будандро дар
навори мустанаде (бо сармогузории Бунёди забони фор-
сии тодикй), ки Ёрмаҳмад Аралов таҳия кардааст,

Ниг.: М. Мирраҳим. То ба кай об аз таги ях меравад? Маҷмӯаи
мақолаҳо, китоби нотамом ва ҳикояҳо. 1998, саҳ. 228.

46
муфассал шарҳ додаам ба ҷуз ин нукта, ки кунун бароятон
ифшо хоҳам кард. Зеро дар тафсири С. Мирзораҳматов ва
пешгуфтори мӯҳтарам Hyp Табаров дар ин китобча сирри
ҷолибе нуҳуфта аст, ки имрӯз пас аз бисту як соли сипарй
шудани таърих гуфтанаш воҷиб ба назар мерасад.

То имрӯз намехостам, ки ин роз фош шавад (шояд
Бӯрй Каримов дар китобҳояш аз ин боб навишта бошад,
вале камина ҳеҷ як аз онҳоро, мутассифона, нахондаам,
зеро дастрас кардани онҳо бароям муяссар нашуд). Ба
шарофати навиштаҳои С. Мирзорахматов ва пешдоварии
Нур Табаров ҳоло ин дайн аз дӯши мо соқит мешавад. С.
Мирзорахматов навиштааст, ки М. Мирраҳимов дар
Пленуми феврали соли 1990 КМ ҲКТ «зачитал список
членов ревкома, подобранных им лично, куда попали, в основ-
ном, присутствовавшие в зале партийные функционеры,
занимавшие высокие посты на областном и републиканском
уровне»1. Ҳазор раҳмат, рафиқ С. Мирзораҳматов, ки ин
дурӯғро навиштед. Худо падари шуморо раҳмат кунад. Як
офарин ва сад лак на офарин!

Ҳол ҳақиқат ин аст: рӯзҳои 13 ва пагоҳии 14-уми
феврали соли 1990 дар дафтари корни Бӯрй Каримов
ҷаласаи «Кумитаи 17» баргузор шуд. Дар ин ҷаласаи
дуввум, ки масъалаи баргузории Пленуми КМ ҲКТ
рӯшан гардид, баррасй ва ширкати намояндагони «Куми-
таи 17» дар он қатъӣ шуд, ногаҳон Hyp Табаров (ҷолиб
аст, ки ишон ба «Кумитаи 17» ҳеҷ нисбате надошт, вале
доиман дар канори Бӯрӣ Каримов мисли парвона пар
мезад) ҳузур пайдо кард. Ӯ аз ҳуҷраи хилвати Б. Каримов
берун омад ва вориди толори пазироии на он қадар бузург
шуд, ки аксари аъзоёни «Кумитаи 17» он ҷо нишаста
буданд. Чизе мехӯрд ва даҳонаш меҷунбид (албатта, риш
надошт, вагарна мешуд ҳамонанди афсонаи Ақлак гуфт:

’С. Мирзорахматов. Герои..., с. 76.

47
«-Ришаш меҷунбид»). Н. Табаров палтояшро сари китфаш
партофта буд ва остинҳои он холй ва овезон. Вазири
мӯҳтарами фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон-Нур Табаров
хеле сари ҳол ба назар мерасид ва кадом як ояндаи
рӯшанеро дар пешорӯи хеш медид. Тарзи суханрониаш аз
он шаҳодат медод, ки то чанд рӯзи дигар ӯро дар маснади
болотаре хоҳем дид. Худораҳматӣ Олими Зарробек (мо
канори ҳам нишаста будем) бо ҳушёрии хос зуд аз ин
тағйироти рӯҳию равонии Нур Табаров пай бурда, бо
садои каме паст ба гӯши ман гуфт:

-Ҳозир Котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби
коммунистии Тоцикистон су хан хоҳад гуфт...

Нур Табаров филҳол эълон дошт, ки дар Пленуми
КМ ҲКТ бояд рӯйхати аъзоёни нави бюрои КМ ҲКТ
пешниҳод гардад ва номи чанд нафареро, ки дар як
варақча омода сохта буд, ибтидо қироат ва пасон таъкид
кард, ки бо чанд нафаре, ки дар рӯйхат номашон зикр
шудааст, ҳамоҳангиҳои усулии лозим («принципиальная
договоренность») ба амал омадааст ва онҳо барои узвият
дар бюрои ояндаи КМ ҲКТ розианд. Вақте баррасии
номзадҳои нави бюрои КМ ҲКТ шурӯъ шуд ва дар ниҳоят
бо иловаҳо қатъӣ гардид, ироаи онро ба мо вогузор
намуданд. Иттифоқан ин пешниход низ нахуст аз ҷониби
Н. Табаров садо дод, ки:

-Бояд Мирбобо Мирраҳимов рӯйхатро дар Пленум
ироа намояд!

Барои банда то имрӯз муаммост, ки чаро Н. Таба-
ров дар ҳуҷраи хилвати Б. Каримов ҳузур дошт ва дар
ҷаласаи «Кумитаи 17» ширкат ба амал оварда, пешниҳоди
рӯйхати бюрои нави КМ ҲКТ ироа дод ва чаро ӯ
сиёҳнависи рӯйхати номзадҳои нави бюрои КМ ҲКТ-ро
омода сохта, бо онҳое, ки мехост, «ҳамоҳангиҳои усулии
лозимро ба амал оварда», барои машварати ҳуқуқй Н.
Ҳувайдуллоевро ба дафтари кори Б. Каримов даъват кард

48
(ҷолиб он ки Н. Ҳувайдуллоев низ гӯё мунтазири ишорат
будааст, ки дар як они воҳид он ҷо ҳузур пайдо кард) ва
чаро солиёни зиёд ин таърихи манҳус ба дасти фаромӯшӣ
супурда шуд ва чаро ҳол пас аз бисту як сол сипарй
шудани он фоҷиаҳо С. Мирзораҳматов айбномаи омода
сохтани рӯйхати «ревком»-ро маҳз ба дӯши шахси М.
Мирраҳимов бор кардааст?! Шояд барномае (ё фильм-
номаи музҳике) дар пеш аст, ки касе аз мӯҳтавои он огоҳ
нест?! Агар ман тавони таъйин кардани «ревком»-ро
доштам, ҳеҷ гоҳ ба фоҷиаҳои бештар роҳ намедодам ва
кишвар имрӯз дар ин ҳол қарор намегирифт.

Барой он ки маҳз мо рӯйхати номзадҳо ба бюрои
КМ ҲКТ-ро пешниҳод кардем, солҳои 1990-1991 дар КГБ,
Додситонии кулли (яъне Прократураи генералй) кишвар
ва Комиссиони Шӯрои Олии Тоҷикистон оид ба баррасии
воқеаҳои февралии соли 1990 борҳо ва борҳо мавриди
бозҷӯӣ ва истинтоқ қарор гирифтем, вале дар ҳеҷ ҷой аз
он ки ин кор, яъне тартиб додани рӯйхати «ревком» (узр,
ки аз ин истилоҳи бофтаи ҷаноби С. Мирзорахматов
истифода мешавад), ибтикори вазири фарҳанг Ҷумҳурии
Тоҷикистон рафиқ Нур Табарович Табаров буд, чизе
нагуфтем, зеро ба таври мустақим дар мавриди мутаҳар-
рикин ва коргардони гирдиҳамоӣ ва муаллифи асосии
рӯйхати аъзоёни нави бюро КМ ҲКТ суол гузошта
намешуд, балки мустақиман моро айбдор эълон мекар-
данд, чуноне ки имрӯз ҳазраги С. Мирзорахматов дақиқан
аз ҳамон масир амал намуда, моро барои таъйини
«ревком» айбдор мекунанд. Ҳол худи ҷаноби Н. Табаров
хостаанд, ки ойина ба дасташон бидиҳем, то дар он
чеҳраи ҳақиқиашонро наззора кунанд, ки росту зебо
ҳастанд ва ё хеле... Лозим нест, ки ойинаро бишканед,
мӯҳтарам Нур Табаров! Инъикоси он дуруст аст! Дар
ойина худи шумо-ҷаноби олӣ ҳастед, на каси дигар!

49
Даъватномаи бозҷуи аз М. Мирраҳимов
дар соли 1990

Ҷаноби С. Мирзорахматов! Шояд шумо низ ба
монанди Б. Каримов иштибоҳ карда, ба доме афтодаед, ки
аз он берун омадан муҳол шавад! Агар Б. Каримов он
вақт бо маслиҳати Hyp Табаров ва мушовираи ҳуқуқии Н
Ҳуваидуллоев кор намекард ва аз ақли хеш кӯмак
мегирифт ин қадар гирифтори бадномй ва бадбахтй
намешуд. Ба ҳар ҳол дуруғпароканиҳои шумо, ҷаноби С
Мирзораҳматов, боне шуд, ки ман шахсияти яке аз

3^QQnT асосии Фоҷиаҳои хунини моҳи феврали
1990 барои касби мақоми аввал дар Ҷумҳуриро

дақиқ нишон бидиҳам. Ба фоҷиаҳои февралии соли 1990
ворид сохтани фаъолони Созмони Мардумии Растохез
маҳз барои бадном кардани нерӯҳои миллй-озодихоҳӣ
тарҳрези шуда буд ва таҳриккунандагон ва коргардонҳои
асосии он як мушт аз маҳалгароёни ашаддй буданд, ки дар
ниҳоят ЬО нақшаи Маскав аз ҳар бало эмин монданд (ва
ҳоло аз нав cap бардоштаанд), зеро ҳадафи асосӣ саркубии
мардуми бедор ва касби пирузи барои коммунистон дар
интихоботи намояндагони мардум ба Шӯрои Олии Тоҷи-
кистон, 25-уми феврали соли 1990 буд*. Он ҳадаф баровар-

Агар бар сари мазмуни пинҳонии ҳушдори КГБ СССР аз 11.02 1990
ки дар боло аз рузномаи «Правда» мисол овардем, дурусттап
мулоҳиза шавад, дақиқан маълум хоҳад шуд, ки ҳадафи асосй
саркубии неруҳои мардуми дар Тоҷикистон буд. Интихоби рузи
дасиса низ бисер муҳим буд, зеро 11-уми феврал солгарди инқилоби

50
исломй дар Эрон аст ва аз ҳар ҷиҳат танҳо ба дарди Тоҷикистон
мехӯрад, на ягон минтақа ё ҷумҳурияти дигар. Барой рӯшантар
шудани ин масъала овардани як мисоли дигарро лозим медонем. Як
шаб пеш аз интихоботи Шӯрои Олии Тоҷикистон аз садо ва симо ва
рӯзи якшанбе 25 марти соли 1990 дар саҳифаҳои нахустини
рӯзномаҳои «Коммунист Таджикистана» ва «Тоҷикистони совета»
хабари таҳрикомези хабаргузории ТаджикТА бо номи «Что означает
слово «Растохез»? нашр шуд. Муаллифони гумноме бо имзои
мустаори «ТаджикТА» дар таҳрифи хеш чунин дурӯғпароканӣ
кардаанд (чанд нукта аз онро дар нусхаи асл ва аз рӯзномаи
«Коммунист Таджикистана» мисол меоварем): «Этот вопрос, как,
впрочем, и другой,-были ли организации с подобным названием
раньше, в эти дни задают многие жители Таджикистана. Это не
случайно и связано с созданным в республике неформальным объеди-
нением «Растохез». ...Это слово имеет несколько толкований. Первое-
возрождение, подьем. В религиозном же смысле оно означает-воскре-
шение из мертвых, кроме того, в словосочетание «рузи растохез»-
«день страшного суда». Словарь дает еще одно понятие, которое
редко используется в смысле бепорядок, волнение, суматоха (подни-
мать суматоху, устраивать беспорядок). Что же касается второй части
вопроса, то, перелистав не один десяток страниц книг, периодики,
был найден материал, касающийся организаций «Растохез». Так, в
1982-1986 годах в ряде граничащих с Ираном провинциях Афга-
нистана (Герат, Фарах) и городе Кабула была отмечена деятельность
антиправительственной промаоистской организации с названием
«Растохез». До 1984 года она находилась на нелегальном положении.
Численность быле не велика. Состояла из представителей интел-
лгенции и грамотной части населения. В своей деятельности эта
организация использовала исламские лозунги, методы диверсии,
террора, распространения листовок антисовет-ского, антиправитель-
ственного характера. Кроме того, с 1975 года в Иране существовала
единственная партия «Растахиз-Е меллат-Е Иран» (партия наци-
онального возрождения Ирана). Она была создана по указанию шаха
Мухаммед Реза Пехлави...» Ин тафсири роҳибона ва игвогаронаи
«ТаджикТА» дар зеҳни мардум рӯҳияи тарсу ҳарос ва нигарониро
барангехт. Гузашта аз ин амдан ба мардуми русзабон то он ҷое
талкин мекарданд, ки номи созмони мардумй «Растохез» нест, балки
дар асл «Ростохез» аст ва маънии он ин аст, ки «рост карда, тартиби
одамонро медиҳад, яъне мег...яд» (Шоят ин байти Мавлоно Румй
барои таҳрифгарон дастак шуда бошад: Чун ту Исрофили вақтй, рост
хез// Растахезе соз пеш аз растахез). Дар баргардони тоҷикии матлаби
«Растохез» чист?» (нигаред ба матлаби мазкур дар рӯзномаи

51
да шуд ва барангезандагон ва коргардонҳо дар паси парда
монданд1. Ҳоло он «қадаҳ бишкасту он паймона рехт» ва
дигар шумо ва устодатонро ба дасти надоматбонони
надоматгоҳи таърих месупорам2. Бифармоед:

Гар хоҷаи мо Хода Ҳасан хоҳад буд,

Моро на ҷуволу на расан хоҳад буд!’

Барой чунин пешниҳод, ки дар Пленуми ХУ 11 КМ
ҲКТ руйхати Н. Табаров таҳия кардаро қироъат кардам,

«Тоҷикистони совета» аз 25.03.1990 ва муқоиса шавад бо махни русй)
низ дарҳамбарҳамии зиёде дида мешавад, ки танҳо барои rvMpo\
кардани мардум ба кор рафтааст...

Иншои ин посухҳо ба поён расида буд, ки ҳафтаномаи «Asia-Plus»
мусоҳибаи чаҳор сод пеш (№17, 2007 г.) бо Қ. Маҳкамов ба табъ
расонидаашро ба тарзи фишурда аз нав (20.04.2011, №30/619) чоп
кард. Албатта, чунин тасодуфи таърих, ки чаро маҳз пас аз чопи
туҳматномаи С. Мирзорахматов ин мусоҳиба такроран нашр шуд,
касро ба андеша водор мекунад. Қ. Маҳкамов бо услуби ба худашон
хос, ки ҳеҷ гоҳ аз ҳеҷ кас ва аз ҳеҷ чиз ном бурдан намехоҳанд
барангезандагони воқеаҳои феврали соли 1990-ро асосан дуруст шарҳ
додаанд, лекин нақши коргардонии вазири мӯҳтарами фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дасти фаромӯшӣ супурдаанд ё худ нади-
даанд: «Февральские события, на мой взгляд, были инспрированы
извне в момент ослабления и начала развала Союза. Эти события, по
мнению их организаторов, должны были ускорить развал. ...В качес-
тве «народа» город был наводнен бандитами и сомнительными людь-
ми со всей Средней Азии. ...Я еще раз повторяю, что все безобразия
были инспрированы извне, в том числе эти люди (т. е. люди
«Комитета 17»-М. М.) были введены в заблуждение различными
посулами...». Мо ин нуктаҳоро ҳанӯз соли 1990 гуфта будем, ки ассо-
сан Маскав бо кӯмаки Узбакистон ва Боку ва ... рухдодҳои февралии
соли 1990-ро дар шаҳри Душанбе барангехтанд ва дертар бар асоси он
тамриноти кулли фоҷиаҳои тобистони соли 1992-ро дар тамомии
кишвар роҳандози карданд, ҷанги шаҳрвандии беш аз як панҷсоларо
оташ заданд, ки натиҷааш қатли оми мардум, харобӣ, қаҳтй. беса-
боти, бесаводи, ришвахори ва маҳалгароиро ба бор овард. Сарза-
минҳои тоҷикон ва кишвари Тоҷикистон аз соли 1988 омоҷгоҳи
таҷрибаҳои нав ба нави коммуниста интихоб туда буд...

Льне таърихнависону таърихнигорони дақиқназар, на доктору про-
фессори «Растохез»харош ба монанди М. Олимов ва С. Мухторов.

52
ҳеҷ кас моро мазаммат накардааст ва агар касе ба шумо,
ҷаноби С. Мирзорахматов, ин иттилоъро расондааст, сад
дар сад дурӯғ гуфтааст ва чунин дарҳамбарҳамиро аз ху-
даш бофтааст, то қаҳрамон шинохта шавад. Агар ман он
рӯйхати аъзоёни бюро КМ-ро аз минбари Пленуми февра-
лии КМ ҲКТ намехондам, шояд мавриди интиқод ва хӯр-
дагирй қарор мегирифтам ва ба «хиёнат» гумонбар мешу-
дам.

Он чӣ шахси ҷаноби Н. Табаров дар рухдодҳои фев-
ралии соли 1990 «ҳамоҳангиҳои усулии лозимро ба амал
оварда», ҳама ҷо ҳозиру нозир буд ва мутаҳаррики асосӣ
шакке вуҷуд надорад1. 18 марты соли 1990 котиби КМ
ЛКСМ Тоҷикистон П. Пӯлотов дар гузориши хеш ба Ра-
йей КГБ-и Тоҷикистон В. В. Петкель оид ба нақши М.
Мирраҳимов ва ҳузури Н. Табаров дар гуфтушуниди «Ку-
митаи 17» ва он ки тамомии фоҷиаҳои февралии соли 1990
дар Душанбе кори як даста аз маҳалгароён буд, чунин
навиштааст:

«... 13 февраля я находился в зале, где собиралась
групппа представителей митингующих с трех сторон у
площади ЦК КПТ. Было примерно 30-35 человек. Среди них
я увидел некоторых знакомых мне людей: Хамидов X., Хаби-
буллоев X., Миррахимов М., Саидов Б., Холиков А. и др.

... При формировании «Комитета» в основном канн-
дидатуры предлагали Хабибуллоев, Миррахимов, Холиков. В
«Комитет» включили Т. Абдуджаббора, которого не было
вообще в городе. Начались переговоры с руководством
республики. По-моему Холиков вытащил из кармана гото-
вые требования из 12 (или 19) пунктов. Зачитал руковод-

'Ба эҳтимоли зиёд вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам
Hyp Табаров, дар фоҷиаҳои февралии соли 1990 паҳлӯҳои гуногуни
фарҳанги гирдиҳамоиро мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода
будаанд, ки ҳоло аз нав бо пеш андохтани С. Мирзорахматов дар
масири инҳирофй ҳамчун сӯзанбон (стрелочник) фаъолияти хешро аз
cap гирифтаанд!

53
ству. Основные пункты были обсуждены. Главное требо-
вание осталось отставкой руководства. Вначале разговор
шёл о полной отставке руководства в составе Бюро и Сов-
мина, некоторых руководителей республики и города. К ве-
черу на танке Холиков зачитал эти требования и сказал,
что руководство согласилось и их приняли, чего не было в
действительности. После переговоров оставалось всего 2
пункта, это проведение джанозы и отставка руководства
республики. В процессе переговоров основную роль играли Б.
Собир, X. Хабибуллаев, М. Миррахимов и где-то X. Хами-
дов. Наиболее настойчиво отстаивал пункт об отставке
М. Миррахимов. Когда протокол был подписан, решили
уточнить и отпустить задерживающих, пригласили Ках-
харова (за ним ходил Табаров Н.). Каримов ему поручил
разобраться и отпустить людей, он отказался т.к., это
компетенция министра, тогда ему сказали уточнить спис-
ки, он ушел.

Предложение о приглашении представителей КГБ и
МВД исходило от Миррахимова, который сказал Каримову
Б. Б.. «Не надо Вам подниматься наверх, а пригласите их
сюда, надо уважать свой Комитет». Предложение об от-
ставке русскоязычных руководителей, а также Каримова
Д. X., Алимова Р. К. внес он (Миррахимов М.).

Пока обсуждался вопрос о протоколе, проходило
время. Митингующие уже из трех колонн превратились в
толпу и находились у здания ЦК. Я позвал в коридор С.
Абдулло, которого знал по учебе в Москве, и сказал, что
здесь вопрос о власти имеет местнический характер. Надо
сейчас решить другие вопросы, успокоить народ, распус-
тить, а потом возвратиться на переговоры. На что он в
коридор пригласил Б Собира и то А. Хакима, или М. Бахти.
Они с мной согласились и зашли в комитет. Посоветовались
с Табаровым Н., Миррахимовым М., Хабибуллаевым X. и
решили этого не делать. Я был вынужден сказать уже в за-
ле всем. При этом были и руководители республики. Холи-

54
ков, который писал текст протокола (договора), сказал,
что сейчас уже заканчивает, но после этого прошло 3-4
часа.

Весь ход переговоров я был в зале, видел 14 числа под-
писание протокола, который 13-го еще назывался дого-
вором. После подписания протокола на двух языках М.
Миррахимов распределил экземпляры сам. Отдал по одному
экземпляру газете «Тоцикистони советй», радио, Каримову
Б. Б., остальные взял с собой, чтобы известить город, и
уехали на машине с громкоговорителем. Каримов Б.,
Табаров Н. ушли через двор ЦК. С самого начала инициа-
тиву по формированию «комитета» взяли свои в руки
представители «Растохеза». Список менялся несколько раз.
Каримов Б., Хабибуллаев X., Миррахимов собственноручно
вводили и выводили людей в состав комитета. 18 марта
1990 г. П. Пулатов»1.

Дертар мӯҳтарам Н. Табаров дар бораи воқеаҳои
февралии соли 1990 хотироте навиштанд ва лутф фармуда,
дастхаташонро барои мутолаа ба мо доданд. Дар он
навиштаҳо ба ҷуз ғараз ва бадбинии шахсй нисбат ба
Отахони Латифӣ ва Дӯрабек Муродов чизи тозае набуд.
Ман онро бодиққат мутолаа кардам ва ба ишон бозпас
гардонидам ва гуфтам, ки ин сиёҳкориҳо барояшон обрӯе
нахоҳад овард...

Ҷолиб он аст, ки дар замони рухдоди фоҷиаҳои
мохи феврали соли 1990 ҷаноби С. Мирзорахматов дар
куҷое хомӯш нишаста, ҳоло пас аз як аср бо дурӯғбофӣ ба
забои омадааст ва бо чӣ маҳорате он давра ва накдни
одамонро тасвир мекунад, ки ҳатто шайтонро дар ҳасрат
мегузорад. Бехабар аз он ки шоҳидони ҳақиқии он рӯзҳои
фочдабор зиндаанд ва тавонистаанд воқеиятро дуруст ба
қалам бидиҳанд. Тешаи Раҷаб дар китобаш «Ҳафт хӯшаи

Ниг.: Парвандаи №625, ҷилди X, варақҳои корни 84-87; М. Мир-
рақим. Рӯзномаи маҳбуси маҳкум ба қатл. Хотироти зиндони КГБ
(солҳои 1993-1994). 1997, саҳ. 197-198.

55
сабз» фазой даҳшат ва ваҳшати Пленуми ХУ 11 КМ ҲКТ
чунин тасвир кардааст (ки агар ҷаноби С. Мирзорахматов
онро мутолаа мекард, армон дар дилаш намемонд ва аз
худаш «ревком» намебофт). Лозим аст аз он китоб барои
хонандаи мӯҳтарам чанд саҳифаро мисол биёварем (пешо-
пеш барои чунин иқтибоси тӯлонй пӯзиш мехоҳем), то дар
1 аърих ҳоҷат ба дурӯғномаи С. Мирзорахматов намонад:

«Вале, ҳамин ки Муроди Ҳаёт1 ба минбари пленум
оаромаду дар хусуси ким-кадом лоиҳаи фармони Раёсати
Шурой Тоцикистон дойр аз вазифа озод карданаш хабар
дод, золи маҷлис ба замбӯрхона табдил ёфт:

-Наход?!...

-Чй тавр?!...

-Кай?!...

-Кй?!...

-Лозим не, рафщ Муроди Даёт, лозим не!... -сухани
Раисы Девоны Вазирони Тоцикистонро бурид Пуго бо
ҳаяҷону истироб. -Охир, мо ду соат пеш дар Бюрои ЦК бо
шумо ҳама гапро пазондем-ку?!...

-Не, Борис Карлович, мардум бояд гунаҳкорони
асосии фоҷиаи Душанберо донанд! -якравй кард Муроди
Ҳаёт ва бо газаб афзуд:

-Айбдори ҳамаи бетартибщо Ҷунбиши мардумии
«Растохез» бо сардории Тоҳири Ҷаббор, ҷонишини ман,
раиси «Комитеты 17 нафарон» Ҳакими Карим, вазири
маданият Нури Муҳаммад2, мудири гиӯъбаи Комитеты
Марказии партияи Коммунистии Тоцикистон Ҳувайдуллои
Вовайло, сармуҳаррири газетаи «Тоцикистони советы»
Мазҳаби Мухтор ва дигарон мебошанд!... Ва онҳо имрӯз

‘Тешаи Раҷаб ном ва номи хонаводагии Райиси Шӯрои Вазирони
Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёевро ба ду шакл-«Муроди Ҳаёт» ва «Ҳаёти
Мурод» муаррифи кардааст

2Ш шахсро ҷаноби С. Мирзорахматов хуб мешиносанд: домулло
Тешаи Раҷаб ба ҷои «Нур Табаров» танхо номи ишонро ба шакли
«Нури Мухаммад» овардаанд.

56
бояд дар пеиш аъзоёни пленум ва мардуми Тоҷикистон ба
кирдору рафтори худ ҳатман ҷавоб диҳанд, ҳатман!...

Ин изҳороти ногаҳонии Раиси Ҳукумат гӯё бомбае
буд, ки золи мацлисро якбора тарконд:

-Аз сафи партия ронда шаванд!...

-Аз вазифа холӣ карда шаванд!...

-Ба ҷазо кашида шаванд!...

Мансабдорону мансабхоҳон ҳама ба талвосаю изти-
роб афтода маҷлисгоҳро ба cap бардоштанд... Ҳамдигарро
навбат надода ба минбар баромаданд.

-Ором, рафиқон, ором!... Тартиби маҷлиси пленумро
риоя кунед, -ба минбарбаромадагон рӯ оварда илтимос кард
Қаҳҳори Сиёҳ ва афзуд:

-Ҳоло сухан ба ҷонишини раиси Ҷунбиши мардумии
«Растохез» рафиқ Раҳими Мир1 дода мешавад.

Дар золи пленум боз гало гула cap шуд...

-Авбошон садқаи сухан шаванд!...

-Барастохезчиён ҳаргиз сухан дода нашавад!...

- Ҷои онҳо ҳабсхона аст, на минбари плену ми ЦК!!!...

-Ором, рафицон, ором!... Рафик, Раҳими Мир ба пле-
нум бо хоҳишу илтимоси мо омада аст ва бигузор ақида-
ашро ошкоро баён кунад, -аъзоёни пленумро огоҳ кард Қаҳ-
ҳори Сиёҳ ва илова намуд:

-Агар мо хоҳем, ки дар Душанбе ва умуман Тоҷикис-
тон осоиштагӣ ва сулҳу салоҳ барқарор кунем, бояд бо
ҳамдигар созиш намоем, ба эҳсосот дода нашавем...

Баъди ин суханони котиби аввал зол каме ором шуд
ва Раҳими Мир ба минбар баромад.

-Рости гап, -сухан огоз кард ӯ,-ман ҳеҷ гумон надош-
там, ки аъзоёни пленумы Кумитаи Марказӣ, сиёсатмадоро-
ни мӯҳтарами мо нисбат ба тақдири халқи тоҷик то ба
ҳамин дараҷа бефарқ, бепарво ва хиёнаткоранд!...

Дар золи пленум боз гало гула шуд...

'Домулло Тешаи Раҷаб ном ва номи хонаводагии муаллифи ин
сатрҳоро дар романи «Тақдири Тоҳир» ба ҳамин шакл овардааст.

57
-Худат хиёнаткор!...

-Сафсатта нахон, нобакор!...

-Аз минбар дур шав, балвогар!!!...

-Ба ҷуз як нафаратон-Тоҳири Раҷаб!..., -ба шавқуну
таҳқири рӯи росгпи баъзе аъзоёни пленум эътибор надода
суханрониашро идома дод Раҳими Мир. -Ман ҳамчун олим,
ҳамчун як шаҳрванд таклифҳои оқилонаи ӯро сад дар сад
тарафдорӣ мекунам. Ва ба онҳо як илова дорам:

-Ҳамаи аъзоёни Бюрои Кумитаи Марказӣ ҳам хушӣ
ба хуигӣ ба истеъфо раванд... Ба ҷои онҳо дар худи ҳамин
пленум одамони поквиҷдону ба мардум дилсӯз интихоб кар-
да шаванд... Нисбат (ба) гунаҳкорони асосии воцеаҳои ху-
нини Душанбешаҳр коммунистони бешарафу бевиҷдон Қаҳ-
ҳори Сиёҳ, Ғоиби Назар, Ҳаёти Мурод ва раиси КГБ Борис
Иванович Подгелъ ҳатман кори ҷиноӣ кушода шавад... Дар
акси ҳол, муҳтарам Борис Карлович Пуго, nadapy модар ва
хешу ақрабои он 30 нафар ҷавонмардони қурбонишуда ва
бештар аз 500 ҳазор нафар мардуми дар кӯчаю хиёбонҳои
Душанбешаҳр бар зидди сиёсати нодурусти Партияи Ком-
муниста ва Ҳукумати Тоҷикистон гирдомада рӯзи якшанбе
ҳукми одилонаи худро мебароранд. Ва он гоҳ дер мешавад,
аз ҳамаи ин маҷлисбозию сиёсатбофию ба чаиши мардум
хокпошиҳо!...

Дар золи пленум хомӯшии том ҳукмфармо гашт.
Дигар касе ба ин гуфтаҳои Раҳими Мир эрод нагирифт,
эътироз баён накард.

Чунки вазъият дар Душанбе дар ҳақиқат ҳам он
рӯзҳо чун бомбаи тарканда буд...»1

‘Теша Раҷаб. Ҳафт хушаи сабз. Душанбе, 2008, с. 64-67. Романи
Тешаи Раҷаб «Тақцири Тоҳир» дар сабк ва тасвир падидаи тамоман
нодир дар адабиёти тоҷик аст. Зеро нависанда бо тағйири андаке аз
ном ва номи хонаводагӣ шахсиятҳои асосй-бозигарони таърихи навро
бармало мекунад. Таваҷҷӯҳ фармоед ба таърих ва тасвири воқеии
фоҷиаи он солҳо ва ин номҳо: «Дастаҳои Кенҷаи Норасид, Ғафури
Бенур ва Баҳриддини Бедин аз самти Ҳисор ба Душанбе!... Ҳо, он рӯз
дар Хуҷанд оши оштии миллӣ не, оши худоии тоҷику Тоҷикистон

58
Пас аз чанде, моҳи майи соли 1990 Пономарёв ном
зоти шариф, ки дар амал афсари баландрутбаи КГБ буд,
рухдодҳои февралии соли 1990 дар Душанберо он чунон
дар рӯзномаи «Правда» воруна тафсир ва мардуми тоҷик-
ро таҳқир кард, ки навиштаҳои имрӯзи ҷаноби С. Мирзо-
рахматов дар пеши он дурӯғҳо ба як пули пуччак баробар
аст, ба монанди виз-визи паша дар атрофи хояи фил. Дар
оғоз рӯзномаҳои дарбори коммуниста бо супориши КМ
ҲКТ он мақоларо ҳамчун баҳои сиёсии хоҷагони маска-
виашон, ҳақиқати кулл ва ҷамъбандии комил дойр ба рух-
додҳои фоҷиабори февралй дар матбуоти Тоҷикистон ба
чоп расониданд ва пасон фаҳмиданд, ки на танҳо ба рӯйи
хеш туф кардаанд, балки дар паси худашон қаланфури
сурх (филфили қирмиз) ҳам молидаанд1. Намедонистанд

буд!... Баъд... Баъд Дузди Сайгак, Кӯри Табар, Мулло Ҳайдари
Чекист, Малики Дурӯя, Акбаршоҳи Гадо, Дости Тупаланг, Шаголи
Шабдол, Аскари Тақал, Анорбии Ҷанҷол, Холи Дурӯғ, Ашӯри
Кадугенерал, Гургалии Кӯлобӣ ва дигарону дигарон... Имоми
Чӯпонро бо зӯри яроқ ва хунрезй ба тахти тоҷик шинонданд. Бо
яроқи пурзӯру аскари бегона ва дастгирии хӯҷаинони аҷнабиашон ба
Душанбе-пойтахти тоҷикон чун гургони хунмаст зада дарома-
данд!!!...» Ниг.: Теша Раҷаб. Ҳафт хӯшаи сабз. Душанбе, 2008, с. 132-
133. Боз ба ин номҳо, ки корномаашон дар рухдодоҳои феврали соли
1990 ба ҳамагон ошност, дар саҳифаҳои 66-72 китоби мазкур таваҷчӯҳ
шавад: Қаҳҳори Сиёҳ, Ғоиби Назар, Муроди Ҳаёт, Б. И. Подгель,
Ҳувайдуллои Вовайло, Нури Мухаммад, Ҳакими Карим, Мазҳаби
Мухтор ва дигарон... Албатта, дар китоби Тешаи Раҷаб аз нақши
«ҷӯра»аш-Бозори Собир дар равандаи ҳодисаҳо ба таври игроқомез
су хан рафтааст.

'Сиёсати раҳбарони калладори Тоҷикистон дар мавриди тафсири
рухдодҳои феврали соли 1990 дақиқан ба ин латифаи Афандй
шабоҳат дошт: Афандй бо хари дӯстдоштааш аз осиёб як ҷувол орд
меовардааст. Хар аз хастагй ва ё мугамбирй сарашро пойин андохта,
ҳеч роҳ намеравад. Ин якравии харро дида, яке аз ошноҳои Афандй
мегӯяд:-Як пора аз қаланфури тундро гирифта, зери думи харатон
кашед, монанди асп хоҳад давид! Афандй ин «машваратро» ба кор
мебарад. Хар аз расидани қаланфур ба ҷои нозукаш ба ҷон расида, он
чунон ба давидан медарояд, ки Афандй ба он расида наметавонад. Он
гоҳ худи Афандй ҳам аз «мӯъҷизаи қаланфури сурхи тунд» ба ҳайрат

59
боз то ба куҷо бидаванду ғубори дилашонро бароваранд
ва аз ин шармандагй чй тавр берун оянд. Ҳеҷ кас ба таври
расмй ба дурӯғнома ва тӯҳматҳои Пономарёв посух нана-
вишт. Зеро «Правда»-органи Кумитаи Марказии Ҳизби
Коммунисти Иттиҳоди Шӯравй маҳсуб мешуд ва ба рух-
додҳои моҳи феврали соли 1990 дар Душанбе баҳои сиёсй
дода буд ва он даврон ҳар кас ҷуръат надошт, ки ба он
посух гӯяд (ҳарчанд замони бозсозй фаро расида буд).

Ноилоҷ моро лозим омад, ки ба он дурӯғномаи По-
номарёв посухи маҳкам бинависем (бо арзи маъзарат, ҷа-
ноби С. Мирзорахматов, ки ин бор низ сухани аввал дар
посух ба мақолаи «Зангӯлаҳои умед»-ро мо навиштем, на
шахси шумо) ва ба идораи ҳафтаномаи «Сухан» барои чоп
бурдем1. Барои он ки ин суханони мо бе далел набошад ва
боз шумо ягон балоеро ба по нахезонед, аз матни мусоҳи-
баи сардабири ҳафтаномаи «Сухан» Насибҷони Амонй
(шояд шумо, ҷаноби С. Мирзорахматов, он касро дар
Ҷумҳурии Қазоқистон дида бошед!) дар мавриди посухи
мо ба дурӯғномаи рафиқ Понамарёв мисол меоварем:

«Вале баъди воқеаҳои феврали (соли 1990-М. М.)
вазъ басо мушкил шуд ва чун нашрияҳои ҳизбиву давлатӣ
матлаберо бо дурӯгбофиа Пономарёв ном шояд корманди
амнияти давлатӣ чоп карданд ва рӯйдоди баҳманмоҳро во-
руна нишон доданд, мо мақолаи Мирбобо Мирраҳимовро ин-
тишор додем ва ин цавоби дандоншикане буд ба навиштаи
Пономарёв. Ёд дорам, рӯзи чопи мақола кадом як анҷумани

афтода, мехоҳад онро озмойиш намояд ва шалворашро кашида,
андаке ба паси худаш аз қаланфур меомолад ва аз сӯзиш ба давидан
даромада, аз хараш пеш мегузарад ва зудтар ба деҳа мерасад. Назди
масҷиди деҳа одамон Афандии дар ҳоли давро дида, мепурсанд: -Ҳа,
Афандй, чй шуд? Ин қадр дави миллӣ ба роҳ андохтед! Афандй дар
посух мегӯяд: -Хоҳишмандам хари маро ин ҷо нигаҳ дошта, ба хонаам
баред. Ман каме дигар бидавам, то тубори дилам барояд...
'Ғайричашмдошт ин мақолаи моро Шодмон Юсупов дастгирй ва
баъзе носуфтагиҳои онро виройиш кард, ки ин ҷо лозим аст барои
чунин некй ба ӯ миннатдорй баён менамоям.

60
ҳизбӣ буд ва дар он устод Латифиро барои «Сухан» сахт
интицод карда буданд. Он кас аз ман хоҳиш карданд, ки
шумораи навбатии нашрияро барояшон пеш аз чоп нишон
диҳем ва мо варақаҳои хондашударо фиристодем. Устод
баъзе ҷои мақолаи Мирраҳимовро ихтисор карданд ва ба мо
дубора фиристоданд. Вале мо дар «Сухан» як низоми демо-
крата доштем ва ҳама масъалаҳоро бо роҳи раъйдиҳӣ
ҳайати эҷодӣ ҳал мекард ва ман мавзӯи кӯтоҳ шудани
матлабро ба баррасӣ гузоштам ва назари аҳли нашрияро
пурсон шудам. Ҳама муқобили кӯтоҳ кардани матлаб раъй
доданд ва ман матлабро ҳамон тавре буд, ба чоп супори-
дам. Интизор будам, ки барои ин гарданшахиам устод
сахт эрод мегиранд, вале чунин нашуд. Ҳарчанд фаҳмида
буданд, ки матлаб мисли пештара чоп шудааст, чизе
нагуфтанд...»1

Гузашта аз ия вақте ки дар Тоҷикистон аз боби
қатли оми мардуми тоҷик чизе гуфтан имкон надошт мо
дар мавриди сабабҳо, омилон ва муҳаррикони фоҷиаҳои
моҳи феврали соли 1990 дар як ҳафтаномаи мӯътабири
Иттиҳоди Шӯравӣ низ мақолаеро ба чоп расонидем.

Дар солгарди воқеаҳои феврали соли 1990 Соҷидаи
Мирзо бо афсари КГБ Абдулло Назаров мусоҳибае анҷом
дод, ки дар «Чароғи рӯз» бо номи «Ку Кунаҳгорони Баҳ-
манмоҳ» (барои пайдо кардани посух ба ин суол нахустин
ҳарфҳои се вожаи болоро канори ҳам гузоред, мухаффафи
он мешавад «КГБ») чоп шуд (пас аз бист сол он мусоҳиба
дар нашрияи «Самак» бознашр гардид). Соли 1991 на ҳар
кас чуръат дошт ва метавонист аз асрори КГБ дар таҳ-
рики воқеаҳои феврали соли 1990 дар Душанбе парда
бардорад. Аммо Абдулло Назаров ин асрорро ифшо кард
ва ҷавонмардона нишон дод, ки чй созмоне тарҳи ин
фоҷиаҳоро нисбат ба тоҷикон тарҳрезй карда ва аз

'Нигаред: Б. Шафиев. Насибҷон Амони: Он замон нашрияҳо озодтар
буданд.-Нигоҳ, №27(250), 21.09.2011, с. 4.

61
таҷрибаи амалӣ гузаронд ва ҳамаи мардуми моро бадном
ва танҳо Хулькарҷону Саломиддин-акому устоди он кас
ва ҳамтабақҳои ононро хушҳол сохт.

Овардани як пора аз он мусоҳибаи таърихиро ба-
рон ҷаноби С. Мирзорахматов лозим донистем, зеро суха-
нони А. Назаров ба таври дақиқ вазъи кунунии рӯҳӣ, си-
ёсй ва ҷисмонй, ба иборати дигар колбуди бадбинӣ ва
нафрати бепоёни тоҷики тӯҳматгарои қазоқистониро
нисбат ба М. Мирраҳимов, нишон медиҳад:

«Муттаҳидии рӯшанфикрон зарбаи сахте буд ба ни-
зоми мавҷуда. То он вақт идеологияи ба ин мафкура алтер-
нативӣ набуд. Пайдо шудани Клуби «Рӯ ба рӯ», созмони
маардумии «Растохез» ноӯҳдабароӣ ва фурӯгалатии сох-
тро ошкор мекард. КГБ хавф мебурд аз ин созмонҳо ва
бинобар ин ба хулосае омад, ки бо намояндагони он вохӯрад.
Ин вохӯрӣ шояд аввалин шикасти ин ташкилоти абарқуд-
рат, ки тираш ҳаргиз хато намехӯрад, гардид. КГБ мақсад
дошт, ки ба вохӯрии омада, рӯирост демагог будани созмон-
чиёнро эълон кунад, гӯяд, ки онҳо ҳама як гурӯҳи нави ман-
сабхоҳонанд, ба онҳо фишор орад. Махсусан, хашмаш ба
М. Мирраҳимов зиёд буд ва атрофи номи ӯ «кори зиёде» низ
мебурд.

Роҳбарияти кумита ба ягон саволи аъзои клуби «Рӯ
ба рӯ» ҷавоби мушаххас ёфта натавонист. Он цо намоян-
даи Кумитаи Марказии ҲКИШ К Долгушкин низ ҳузур
дошт.

Роҳбарони кумита залро тарк гуфтанд. Аз нотаво-
нӣ ва забонкӯтаҳӣ. Ин наӣранг ҳам нагузашт, хирс аз пан-
ҷара бадар туда буду ҷин аз кӯза. Илоҷи дигар бояд ҷуст.

62
Илоҷе, ки чунин клуби созмощоро ба як бор ба хок яксон
кунад. Таҳдид, зӯрӣ, шантаж»1.

Гузашта аз ҳамаи ин: ҳанӯз соли 1989 мо барои тӯҳ-
матномаи «Кто есть кто», ки 16-уми сентябри соли 1989 дар
рӯзномаҳои Тоҷикистон чоп туда буд, КГБ ва наш-рияҳои
коммунистиро ба додгоҳ додем (посухи мо бо да-лелҳои
лозим зери номи «Симои ҳақиқӣ ё чанд мулоҳиза ба диққати
муаллифон ва муҳаррири он» дар китоби «Ҷашни Наврӯз в
ҷаҳоншиносй», ки соли 1992 интишо-роти «Ирфон» ба табъ
расонидааст, саҳифаҳои 153-170 чоп шудааст, ки алоқа-
мандон метавонанд ба он муроҷиат намоянд) ва натиҷаи
кори додгоҳро ба таври ҷидцӣ пайгирй доштем.

Соҷидаи Мирзо. Ку Гунаҳкорони Баҳманмоҳ. «Чароғи рӯз» №7(28)
феврали соли 1992. Бознашр дар ҳафтаномаи таърихӣ-тадқиқотии
«Самак» №07(14), 6 феврали соли 2012, саҳ. 9-10 ва №08(15), 13
феврали соли 2012, с. 9-10. Дар хдмон ҷаласаи маҳфили «Рӯ ба рӯ» бо
КГБ дар таърихи 29.09.1989 он созмони бонуфурзро муовини Раиси
КГБ Белоусов намояндагй мекард ва ҳузур дошт. Поёни фаъолияти
вай дар Тоҷикистон ин «корнома» аст, ки онро Солеҳҷон Ҷӯраев пас
аз бист сол фош кард: Суол: «-Аммо Белоусов он вақт худро сафед
карда гуфта буд, ки ӯро гаравгон гирифта, маҷбур карда буданд, ки ба
миёни анбӯҳи одамон граната партояд. Дар ин бора дар китоби С.
Кенҷаев гуфта шудааст. Посух: -Ин ҳақиқат нест. Вақте ки ӯро мохд
майи соли 1992 боздошт карданд, дар тан ҷома дошт ва рӯяш грим
кардагй буд. Уро ба таҳхона бурданд. Ман онҷо будам, баъдан
Сангак Сафаров, Нурулло Ҳувайдуллоев (ӯ он вақт Прокурори
генералй буд) ва Сафаралӣ Кенҷаев омаданд. Сафаров хост ки ӯро
кушад, латукӯбро cap кард, аммо Ҳувайдуллоев ва Кенҷаев
намонданд. Белоусов дар ҳузури ман эътироф кард, ки фармони раиси
КГБ-ро иҷро кардааст». Ниг.: Н. Давлатов. М. Мамадшоев. Пушти
ҳодисаҳои баҳманмоҳ кй истода буд?- «Азия-Плюс» ва «Фараж»
феврали соли 2012. Дертар Белоусов ба Русия рафт ва мубталои
майзадагй гардида, ба сазои аъмолаш расид ва дар як ҳодисаи
тасодуфй кушта шуд.

63
Дар чашмони заррабини ҷаноби С. Мирзорахматов
симои Мирбобо Мирраҳимов ҳар қадр манфӣ ва таҳқир-
шуда ҷилвагар гардад, ҳамон қадар забони ӯ дарозтар ме-
шавад. Муносибати Мирбобо Мирраҳимов ба дин ва рӯ-
ҳоният бо чӣ орову торо нақл шудааст, ки мутолааи он
хандаовар аст. Ҳазрати С. Мирзорахматов дар мавриди
Мирбобо Мирраҳимов чунин навиштааст: «Воинственный
атеист, специалист по научному атеизму, защитивший
кандидатскую диссертацию на тему безбожия ни где-
нибудь, а в Академии наук общественных (?) при ЦК КПСС
в одночасье перекрасился в верующего. И стал заигрывать с
авторитетными деятелями духовенства-Эшони Тураджон
(Отец Ходжи Акбара Тураджонзода), Эшони Саидашраф.
И здороварся с ними хот трижды в день не рукопожатием,
а объятиями»'.

Нахуст, хушбахтона, имрӯз фасли сармой сиёсии
солҳои 1937 ё 1953-1955 нест, ки барои чунин «кашфиёт»
ба С. Мирзорахматов ҷоиза бидиҳанд. Албатта, аз ин боз-
ёфти ишон танҳо хуфиянависон ва афроде аз қабили Л. А.
Чигрин, худобиёмурз Сайфулло Ҷӯрабоев ва созмонҳои
амниятии кишварҳои коммунистии собиқ ба таври фаро-
вон метавонанд истифода ба амал оваранд, ки дойи ифти-
хор надорад.

'Мирзорахматов С. Герои..., с. 78.

64
Дуввум, барои ин мардаки орй аз адаб бояд гуфта
шавад, ки ба шахсият ва эътиқоди дигарон сару кор дош-
тан танҳо хоси ҲКИШ-коммунистони ва мутаассибони
тундраву (аз ҳар адён ва мазоҳиб) лаҷуҷ аст, ки мехоҳанд,
сараввал ба андеша ва орзуҳои инсон туф кунанд ва пасон
шахсияташро поймол созанд.

Севвум, шукр, ки Қонуни асосй (Конститутсия)
барои ҳар шаҳрванд озодии виҷдонро замонат додаст ва
аз дасти С. Мирзорахматов ба ҷуз дурӯғ ва тӯҳмат бофтан
дигар коре намеояд. Вагарна бо чунин иддаоҳо мисли
солҳои 1937 бар сари ҳамагон чй балоҳоеро меовард, ки
ҳатто шайтон аз ӯҳдаи он намебаромад.

Чаҳорум, дар олами мутамадцини имрӯз ҳеч кас
эътиқоди одамонро ба андешае ё дин дунбол намекунад,
балки ба он эҳтиром мегузорад. Гузашта аз ин олами
мутамадцини имрӯз чандсад сол пеш Хода Х,офиз барои
кӯрдилоне, ки фазозат ва фузулиро1 ба касабаи аслии хеш
табдил дода, дунболи бовар ё ишқи дигарон мегаштанд, ё
ба парастиши онон айб мегирифтанд, чунин фармудааст
(ба фикрам, барои фузулон ин беҳтарин ва зеботарин
посух аст):

Душ он санам чй хуш гуфт дар маҷлиси мугонам:

-Бо кофарон чй корат?! Гар бут намепарастй!2

Ниҳоят, ман диндорй ва иродати хешро нисбат ба
Ҳазрати Эшони Тӯрачон (худо раҳмат кунад) ва шаҳид
Эшони Сайидашраф (ҷояшон чаннат шавад) ҳеҷ гоҳ

‘Фазозат-дағалӣ; сангдилӣ, бераҳмй; нокасй, ноодамй. Фузулй-
сергапӣ; беҳуда мудохила кардан дар корҳои дигарон; забодарозй;
зиёдаталаб, одаме, ки дар корҳо ва муносибатҳо аз ҳадци эътидол
берун меравад.

2Ҳофиз, Шамсиддин Муҳаммад. Девон. Теҳрон: Китобсарои нек,
1383, с. 272.

65
пинҳон накардаам ва намекунам, ки аз он ба сифати
«далел» истифода кард.

юоп Б° Ҳазрати Эшони Тӯраҷон дар миёнаҳои солҳои
1У«и ошно шудаам ва дар мавсими ҳаҷҷи соли 1996 бо ҳам
будем ва маносики ҳаҷро бо ҳам анҷом додем. Дар дори
ҳиҷрат ва ғурбат низ аз дидани он кас хушҳол будам ва
ҳатто барои дидор бо ишон дар соли 1997 ба Ҷумҳурии
Қазоқистон ҳам сафар кардаам. Ҳазрати Эшони Тӯраҷон
муносибати хеле хубе бо ман доштанд. Як мусоҳибае низ
бо ишон анҷом додаам, ки ба шакли китобча даромада-
аст .Дар зимн, ман андешаи худро дар ҳар маврид: чӣ
сиеси, чи дини ва чи озодихоҳй бо Ҳазрати Эшони
I ураҷон озодона дар миён мегузоштам ва ҳеч гоҳ надида-
ам' ки аз ягон сУхан ва баҳси банда озоре ба он кас ворид
шуда бошад. Барои мисол: замоне ки масъалаи бозгашти
Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода (поёни соли 1997 ва моҳҳои
январ ва феврали соли 1998) аз Эрон ба Тоҷикистон ба
сифати муовини нахуствазир матраҳ шуд ва ҳама онро
тарафдори карданд, ман ба ин бозгашти писари бузургво-
рашон қатъиян мухолиф будам ва андешаамро дар ин
маврид рӯйирост изҳор намудам. Далел ҳам доштам ва он-
ро ба худи Ҳазрати Эшони Тӯраҷон ва Ҳоҷй Акбари Тӯ-
раҷонзода гуфтам2 (метавонед он далоилро аз бародари

Al. Мирраҳим Ҷаҳон ҷои гудози дӯстон аст... (Гуфтугӯ бо Ҳазоати
Эшони Тураҷон). 1997. 64 саҳифа.

-Он чӣ мо дар мавриди бозгашти Ҳ. А. Тӯраҷонзода ба Тоҷикистон ва
натиҷааш пешбини карда будем, дақиқан аз об дуруст даромад:
ҳарифон ҳамаи аиби ҷанги шаҳрвандӣ ва тамоми бадбахтиҳои бар
сари мардум омадаро бар души ишон бор карданд (ҳарчанд
гунаҳкорони асоси дигарон буданд), зери фишори сахти сиёсй ва
иҷтимои карор доданд, корхонаи коркарди пахтаро, ки моли ишон
буд, оташ заданд ва моҳи декабри соли 2011 ба ӯ ва бародаронаш
туҳмат бор карданд, ки «маросими шиъа» баргузор намудаанд ва
мае™, ,оме„ «Мухам„ади„>-р„ „ахуст ба Myi,a™ ее мох бапащ
Мувофиқи ҳукми додгоҳ аз 23 майи соли 2012 масҷиди «Муҳаммадия»
аз баргузории намози ҷумъа маҳрум карда шуд. Аз огози соли 2012

66
мӯҳтарам Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, бародарони ишон
ва оқои Мирзои Шакурзода бипурсед). Солҳо пас аз гу-
зашти он сӯҳбат дар як дидор худи Ҳазрати Эшони Тӯра-
ҷон фармуданд:

-Танҳо Мирбобо дӯсти ҳақиқӣ будааст, ки он вақт
ба бозгашти Ҳоҷй Акбар ба Тоҷикистон мухолифат кард!

Бо Эшони Саидашраф дар нимаи дуввуми солҳои
1980 ошно шудам ва дидам, ки инсони босавод ва
мантиқист, вале аз он ки барон касби мансаби қозигӣ дар
Тоҷикистон мубориза мебаранд, хеле нороҳат шудам.
Боре рӯйирост ба он кас гуфтам:

-Ин кори шумо як тафриқаи маҳз аст ва ҳамаи
душманон аз ин хушҳоланд. Ҳол агар Ҳоҷӣ Акбари
Тӯраҷонзода Қозии Тоҷикистон аст, чӣ айбе дар кори
ишон дидед? Хуб, танҳо ин ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода
аз қавми Қаротегин нест?!

Хомӯш монданд ва пас аз сукути тӯлонӣ фарму-
данд:

-Таҳрики дигарон сабаб гардид, ки мо ба ин бало
гирифор шудем...

Солҳои 1993-1994 бо Эшони Сайидашраф зери як
сақф-зиндони КГБ1 дар боздошт ба cap бурдем. Онеро, ки
ҷаноби С. Мирзорахматов, ба дастбӯсиаш расидан мехо-
ҳанд, маҳз Эшони Саидашраф соли 1992 аз чанголи марг
наҷот доданд, вале он фард ҳангоми шахеи дуввум дар
қудрат буданаш барои аз зиндони марг озод кардани
Эшони Сайидашраф дасти ёрй дароз накард... Дар зиндон
бо сахтӣ ва шиканҷа шаҳид шуданд. Худо раҳмат кунад.

cap карда шахсияти Ҳоҷи Акбари Тураҷонзодаро ба таври мураттаб
дар саҳифаҳои матбуот мавриди тӯҳмат ва таҳқир қарор доданд...

Пас аз ҳодисаи шаби 23 ба 24 августа соли 2010 ин зиндон дар ҷаҳон
бештар маъруф шудааст ва ҳатто овоза аст, ки Ҳолливуд сужай филми
нави ҳунариеро бар асоси воқеаҳои ин зиндон ва фирори бандиён
дуруст карданист...

67
Ман дуои неки ин бузургонро гирифтаам ва аз ав-
аву ҷақ-ҷақи ҳасудон парвое надорам. Бигузор нависанд
ва садо баланд кунанд. Корвони худшиносии мо аз садои
онҳо ҳаросе надорад ва ба роҳи хеш идома медиҳад..

Рӯйи ҷилди китоби М. Мирраҳим «Мерасад марде, ки занҷири
ғуломон бишканад. Ҳоҷй Акбари Тӯраҷонзода дар оинаи дусту

душман» 1998.

Ин муқаддимаро танҳо барон он овардам, ки дин-
дорон аз он ки шахсиятҳои бузурганд ва ё мақоме

68
надоранд, бароям аҳамияте надорад, ҳама баробаранд ва
ҳаммиллат ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ аз онҳо худро канор
намекашам ва бо ҳама муносибати хуб дорам, албатта, то
он замоне ки онҳо низ бо ман муносибати хуб ва баро-
дарона дошта бошанд. Зеро ҳеҷ кас дар ин дунё муқаддас
нест, ки қудсияти ӯ парастиш ва ё ситойиш шавад. Танҳо
худованд ва паямбарон орй аз ҳар чӣ ҳастанд. Агар С.
Мирзорахматов филми мустанади «Он чй, ки аён аст...»1-
ро тамошо карда бошанд, дар он саҳнаи бисёр таконди-
ҳандае ҳаст, ки мо дар як гӯшае дуртар аз қабрисгон назди
марқаде истодаем. Мутаассибон барои гӯронидани муал-
лими деҳа дар қабристони умумй мухолифат варзидаанд.
Он замон касе ҷуръат надошт ин ҳақиқатро ба таври ош-
коро бигӯяд, вале М. Мирраҳимов хатари хонумонсӯзи та-
ассуб ва меваи талхи ба бор овардаи онро гуфт ва дар на-
вори синамо сабт ҳам кард ва барои ҳамагон намойиш
дод. Вақте аз Ҳазратҳои (Ҳазарот) Эшони Муҳаммадҷон
(Мавлавии Ҳиндустонй, ки дар он мустанад нахустин бор
аз ин шахсияти бузург низ филмбардорй ва мусоҳиба
анҷом шудааст), Эшони Тӯраҷон ва Эшони Сайидашраф
суол кардам:

-Оё муллое ҳақ дорад барои гӯронидани шахси фав-
тида, ки ба айби озодфикрй гумонбар шудааст, мухолифат
кунад ва ҷанозаи майитро ба қабристон роҳ надиҳад?

Посухи ҳар се нафар дақиқан яке буд ва ҳатто бо
суханони андак қабеҳ гуфтанд:

-Он одам мулло набудааст, балки як хар. Аз куҷо
чунин фатво баровардааст ва он ҳам дар ин замон, ки на-
мешавад дақиқ собит кард, ки он майит дар зиндагиаш
диндор буд ва ё бедин! Дуввум, кй медонад, шояд Худо-
ванд он шахсро дар биҳишт ҷой до да бошад...

1 «Он чй, ки аён аст...», номи ин мустанад ба забони русй: «Из первых
рук», коргардон П. В. Ахмадов, муаллифи филнома ва ровй М.
Мирраҳимов.-Тоҷикфильм, 1987, муддатзамон 1 соату 10 дақиқа.

69
Пеш аз наворбардории саҳнаҳои атрофи қабристон
дар навори мустанади «Он чӣ, ки аён аст...» ин ҳикоят аз
«Гулистон»-и Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозй маро
ба ёд омад:

«Яке аз ҷумлаи солеҳон ба хоб дид подшоҳеро дар
бщишт ва порсоеро дар дӯзах. Пурсид, ки:

-Мӯҷиби дараҷоти ин чист ва сабаби даракоти он чй,
ки мардум ба хилофи ин мӯътақид буданд?!

Нидо омад, ки:

-Ин подимҳ ба иродати дарвешон ба биҳишт
андараст ва ин порсо ба тақарруби подшоҳон дар дӯзах.

Далқат ба чй кор ояду мисҳову мураққаъ
Худро зи амалҳои накӯҳида барӣ дор
Ҳоҷат ба кулоҳи баракӣ доштанат нест
Дарвешсифат бошу кулоҳи татарӣ дор»1.

Вақте ман панди ин ҳикояти безаволи Шайх Саъди-
ро бо суханони дар боло иқтибос овардаам аз Ҳазратҳои
Эшони Муҳаммадҷон (Мавлавии Ҳиндустонй), Эшони
Тӯраҷон ва Эшони Сайидашраф муқоиса кардам ва аз
назари мантиқӣ ва илмй дар он лағзишеро надидам, ки
шубҳа ворид шавад, чаро онҳоро эҳтиром накунам?!

Барой он ки авом бештар ба дониши фарогири
туҳматгаро эътимод намоянд, С. Мирзорахматов на танҳо
ба шахсияти Мирбобо Мирраҳимов тавҳин ва дурӯғбофӣ
менамояд, балки ба номи писараш ҳам даҳон мезанад ва
гоз мегирад, то маълум шавад, ки бесавод ва безавқ нест.
Ҳар номе, ки ба фарзандонам гузоштаам, пеш аз ҳама дар
доираи фарҳанги ном, одоб ва ахлоқ ва сониян, майлу

Саъдй,^ Муслиҳиддин Абдуллоҳ. Гулистон. Теҳрон: Қадёнй, 1370
хуршеди, с. 112. Тақарруб-наздикй, ҳамнишинй; мисҳ-ҷомаи пашмини
дурушт; мураққаъ-ҷомаи дарбеҳдор; баракй-1.кулоҳе дароз аз пашми
шутур, 2. қаҷ гузоштани кулоҳ ба маънои ҳавобаландй ва олуфтагй;
кулоҳи татарй-кулоҳест, ки муғулон бар cap ниҳодаанд; каллапӯши
муғулон.

70
хоҳиши ман аст ва ба шумо марбут нест ва ба машварата-
тон низ ниёз надорам, рафиқ С. Мирзорахматов! Вале
хушҳолам ба шумо машварати холисонае бидиҳам: то ме-
тавонед ба наслҳои ояндаатон номҳои хуби замонавӣ, ма-
салан, барои абнои ҷинси хеш-«Мирзошутур Ҳангихӯҷа
Кулӯхиддин (ҳамвазни Саломиддин) Осмонтӯра Саломид-
динович-Мирзорахматов», барои ҷинси муаннас-«Бибиаба-
сон Дастнарасон Тӯфоннисо Дарёбегим Саломиддиновна-
Мирзорахматова» ё «Эзорбӣ ё «Кулӯхнисо Саломиддинов-
на-Мирзорахматова» (ва агар ба забони русӣ мехоҳед:
Медведь, Волк, Заӣяц, Капуста, Сковородка, Топор, Тополь,
Подбородник, Брызгалка, Копейкин, Собакевич)1 ва монан-
ди онҳоро гузоред, то фарҳанги номгузории асили тоҷикй
ва русй, ки ба мазмуни «Интернационален коммуниста
шабоҳат дорад, дар даштҳои қазоқ (иттифоқан он сарза-
мини аслии ниёкони ориёй аст: Ҳазрати Зардушти Сапета-
мон дар он ҷой қадам ба олами ҳастӣ гузошта ва дини
поки хешро маҳз дар паҳнои бузурги Қазоқистони имрӯз
тарғиб ва устувор кардааст. Дар ин маврид муроҷиат
шавад ба осори муҳаққиқин ва ба вижа Мери Бойс оид ба
пайдоиши ойини зартуштӣ ва ҷуғрофиёи он) густариш
пайдо карда, оламгир шавад, иншоаллоҳ.

Гоҳо С. Мирзорахматов аз бехудй ба худ меояд ва
ба мо машварат медиҳад, ки бояд воқеаҳои солҳои бист,
ей ва панҷоҳи асри ХХ-ро мавриди пажӯҳиш қарор биди-
ҳем, ки он солҳо беҳтарин мағзҳои миллат дар гирдоби
таъқиб маҳв шуданд. Чаро худи шумо ба ин кор машгул
намешавед?! Дар оғози солҳои панҷоҳи садаи бист ҳазо-
рон тоҷик ба ҷурми «босмачӣ» ба даштҳои қазоқ таъбид

'Ин номҳои меваю сабзавот, парранда, ширинӣ ва аҷибулғарибро ҳам
дар зеҳнатон захира намоед, то замоне ба дарди шумо ва наслҳои оян-
даатон бихӯрад: Шафтолу, Олуболу, Себча, Шарбат, Лаблабу, Ка-
рам, Шалғам, Ҳалво, Қаторӣ, Гушна, Хирсалй, Гургалй, Гургак, Каф-
тар, Зоғ, Архив, Акка, Пахта, Порча, Қиматй, Ҷанҷол, Панир, Пуф-
фак, Нӯшоба, Тарбуз, Харбуза, Барра, Тойча, Тарозу, Истгоҳ ва
ғайра.

71
шуда буданд ва шояд насле аз онҳо то ба ҳол боқӣ бошад!
Ба ҳар ҳол бо хаёли роҳат дар Қазоқистон ба корҳои сав-
дои худатон машғул шавед ва агар метавонед гоҳ-гоҳ
барои нашр ва пахши дурӯғномаи навбатӣ ё бо баҳонаи
сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ҳам ташриф биёваред, ҳама-
гон аз шумо миннатдор мешаванд, ҷаноби С. Мирзорах-
матов!1

Мо ба пажӯҳиши ин масоил ва мавзӯъҳои дар боло
зикршуда пеш аз васияти аҷулонаи ҷаноби С. Мирзорах-
матов огоз карда, осори хуберо ҳам ба нашр расондаем
(бо арзи таассуф, ки онҳо ба дасти номуборакаи шумо ва
мушовиратон нарасидааст, вагарна боз чй қадр дурӯғ
менавиштед ва устодатон-Н. Табаров ба ҳар тӯҳмат ва
дурӯғатон фатвоҳои шаръй ва ғайришаръӣ содир карда,
ҳамаро ба дарди cap меандохтанд): «Падидаҳои худшино-
сй» (1989 ва 1999), «Ҷаҳон ҷои гудози дӯстон аст...»
(Гуфтугӯ бо Ҳазрати Эшони Тӯраҷон, 1997), «Саъдахтар»
(Гуфтугӯ бо Муҳаммадҷони Шакурй. Теҳрон, 2001, ба
хати кириллй ба чоп расида), «Ватани ман дар куҷост?»
(Гуфтугӯ бо Нӯъмон Неъматов. Душанбе, 2004), гуфтугӯҳо
бо Моили Ҳиравй, Бӯринисо Бердиева2, Саъдинисо Ҳаки-

Моҳи апрели соли 2011 ин ҷумларо навишта бовар дошлем, ки рӯзе
мерасад, ки ҷаноби С. Мирзорахматов худ барои ҳамагон симои
ҳақиқиашонро боз хоҳанд кард. Дақиқан як сол пас аз он таьрих, яъне
25.04.2012, акси садои бисёр бамавқеъи С. Мирзорахматов ба паёми
солонаи Раиси Ҷумҳур дар «Asia-Plus» (№31/718/, 25.04.2012, с. А/4) бо
унвони «Мы тоже могли бы инвестировать в экономику
Таджикистана» ба чоп расид ва дурустии диди моро дар мавриди
мавқеъгирии хуби ишон собит кард. Агар касе дилу нияти поки
сармоягузори дар Тоҷикистонро дорад, ҳоҷат ба пахши эълони
бозаргони нест, ки бо баҳонаи паёми солонаи Раиси Ҷумҳур худашро
нишон диҳад. Ба иборати дигар ба С. Мирзорахматов бояд гуфта
шавад, ки: -Ҳазрато! «Тар ба дил шавқе надорӣ синаҷунбонӣ (бархе
фармудаанд: дунбаҷунбонӣ) чй суд!»

-Ин гуфтугӯи мо Бӯринисо Бердиева бори нахуст дар шумораҳои
45(152)-55(162) ҳафтаномаи «Фараж» аз 7 октябр то 25 ноябри соли

72
мова, Камолидцини Айнӣ, Валии Самад, Сайидқиёмид-
дини Ғозй ва боз чаҳор-панҷ китоби дигар низ омодаи
нашр аст.

Яке аз намунаҳои ҳунари волои С. Мирзорахматов
дар дурӯғбофй бо ҳам омехтани таърих ва шиорҳои гир-
диҳамомадагони Майдони Озодй аз 29-31-уми август, 7-
10-уми сентябр1, 22-уми сентябр то 7-уми октябри соли
1991 бо гирдиҳамой аз 24-уми март то аввалҳои моҳи ма-
йи соли 1992 дар Майдони Шаҳидон мебошад. Ин сана-
хоро барои он овардам, то тӯҳматбофии С. Мирзорах-
матов дар баҳамомехтани таърих дақиқ мушаххас шавад
ва муаллифии ҳарфи дигаронро ба мо бор накунад. Он чй
Эшони Қиёмидцин шиори «Русияи рӯсиёҳ»-ро дар миён
гузоштааст2 ва бармало кардааст, далел дошт ва он Афғо-
нистон буд, ки беш аз сиву се сол мешавад оромй аз он до
рахт бастааст (ҳоло қарор аст ба ин номгӯ Боснй ва Ҳер-
зоговин, Косово, Қафқоз, Гурҷистон, Ироқ, Либӣ ва ҳатто
Қиргизистон изофа шавад). Шиори «Марг бар Амрико!»

2010 ва ду сол пас, соли 2012 дар шумораҳои 3-4-и маҷаллаи
«Тоҷикистон» бо андак ихтисор чоп шуд.

'Ин ҷо лозим аст ёдовар шуд, ки агар ин гирдиҳамоиҳои нерӯҳои
мардумӣ дар охири моҳи август ва даҳаи нахусти моҳи сентябри соли
1991 набуд, бо итминони комил мегӯем, ки сад соли дигар ҳам
парлумони Тоҷикистон эълони истиқлолият намекард. Ҳатто онҳое,
ки баҳори соли 1992 бо шиору даъватҳои «СССРа баркарор менем!»,
«Мо бо шумоем С. Кенҷаев», «Байрақи СССРа дар қуллаи Комму-
низм мезанем!» (коммунистони аршад ва сарварони гиромӣ барои
анҷоми ин мақсади наҷибашон сарҳанг М. Худойбердиевро баргу-
зида буданд!) дар Майдони Озодӣ гирдиҳамой ороста, хайма заданд,
имрӯз бо шиорҳои «Шукри истиқлоли Ватан», «Истиқлолият муқад-
дас аст» сухан мегӯянд ва бистсолагии истиқолиятро ҳамчун пеш-
даромад ё тамриноти (репититсия) куллй ба бистсолагии Иҷлосияи
ХУ1 Шӯрои Олй дар Кохи Арбоби Хуҷанд ҷашн мегиранд. Албатта,
ин мавзӯъ аз назари рафиқ С. Мирзорахматов дур мондааст ва ин ҷо
ҳамин ишорат кофист.

2Барои чӣ ва бо кадом далоил шиори «Русияи рӯсиёҳ» ба миён
гузошта шуд, хоҳишмандонро лозим аст, ки ба китоби гуфтугӯҳои мо
бо Сайидқиёмиддини Ғозй (ки дар дасти чоп аст) муроҷиат намоянд.

73
ба ҳеҷ ваҷҳ ва ҳеҷ вақт соли 1991 дар гирдиҳамоиҳои Май-
дони Озодй садо надодааст ва сад дар сад дурӯғ аст, Ра-
фик С. Мирзорахматов! Бо камоли масъулият эълон мена-
моям, ки ин тӯҳмат ва сафсаттаро С. Мирзорахматов тан-
Ҳо оарои худашро ба амрикоиҳо ва Русия ширин кардан
аз хеш бофтааст. Шиори «Март бар Амрико!» моҳи апре-
ли соли 1992 дар Майдони Шаҳидон аз ҷониби кй садо
дод, мо дақиқан намедонем ва ҳамаи ин сафсаттаҳои боф-
таи тахаюлоти мавҳуми ҷаноби С. Мирзорахматов аст ва
ба М. Мирраҳимов ҳеҷ нисбате надорад?! Зеро дар гирди-
ҳамоии Майдони Шаҳидон (март-майи соли 1992) М.
Мирраҳимов на баранда, на сухангӯ буд ва на муҷрӣ! Он
вақт мо ҳаққи сухан гуфтан дар ҳеҷ гирдиҳамоиро надош-
тем1. Чй тавр мешавад ин қадр дурӯғ бофт, ба инсон гӯҳ-

1 ДаР хамон китоби «То ба кай об аз таги ях меравад?» (ниг.: с. 101-
104), ки рафик С. Мирзорахматов дар даст доранд, матни сухани охи-
рини М. Мирраҳимов дар мурофиаи Додгоҳи (суд) шаҳри Душанбе аз
24.02.1992 оварда шудааст ва аз мӯҳтавои он бармеояд, ки моро бо
даъвои С. Кенҷаев мувофиқи модцаи 138/3 КҶ ҶТ шартан ба муддати
ду сол аз озоди маҳрум кардаанд ва ҳукми додгоҳ ба таъвиқ афтода.
Яъне агар аз мо дар зарфи ду сол ягон камбудие содир шавад худ аз
ХУД хукм фаъол мешавад. Бинобар ин банда дар гирдиҳамоии
Майдони Шаҳидон (соли 1992) ҳаққи сухан гуфтан ва фаъолона
ширкат карданро надошт. Ман аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри
Душанбе шикоят ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон бурдам. Дар ҷаласаи
баррасии шикояти ворида ба ҳукм рӯзи 5 майи соли 1992 Додгоҳи
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе дар
мавриди даъвои С. Кенҷаев нисбат ба М. Мирраҳимовро бекор кард.
Аммо ним сол пас, яъне дар поёни соли 1992, Додситони шаҳри
Душанбе Саломиддин Шаропов бо фармони худ Қарори Додгоҳи
Олии Тоҷикистонро бекор ва ҳукми боздошти М. Мирраҳимов дар
зиндонро содир менамояд. Албатта, ин кори хилофи ақли солим
гиребони худи додситон Саломиддин Шароповро гирифт ва мо ба
озодй баромадем. Ҳатто хирасарон ва бесаводон медонистанд ва
медонанд, ки М. Мирраҳимов баҳори соли 1992 ҳаққи сухан гуфтан ва
муҷригӣ дар ягон ҷамъомад, гирдиҳамой, ҳатто гирдиҳамоии
Майдони Шаҳидонро надошт, вале фақат маликулдурӯг С. Мирзо-
рахматов метавонанд чунин тӯхмат ва ҳарза дуруст карда, бешармона
онро ба нашр бирасонанд ва ҳатто фикр ҳам накардаанд, ки чй

74
мат зад ва як бор андеша накард, ки чй менависй?! Камтар
қонунҳои кишварро донистан ҳам лозим аст, ҷаноби С.
Мирзорахматов! Агар Эшони Қиёмиддин дар мусоҳибаи
хеш бо хабарнигорони рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар маври-
ди Артиши 27.000 нафараи исломй сухан гуфтааст1, бирав
аз Ҳазрати Эшони Ҳоҷӣ Қиёмиддин бипурс, ки он Арти-
ши бисту ҳафт ҳазорнафараи буррону таррору ҷаррори2
ислом куҷост? Ё Давлати Усмон қаблан нигаҳбони кадом
як идора буда ва пасон муовини нахуствазир (таваҷҷӯҳ
фармоед, ки ин қаламбадаст дар ҳаққи як инсон чй кадр
дурӯғ ва тӯҳмат бофтааст): «Назначение бывшего охранни-
ка райселъхозтехники, человека с кишлачным мышлением и
кругозором Давлат Усмона вице-премьером, курирующим
правоохранительные органы, вызвало тогда бурю негодова-
ния по всей республики и стало вкупе с убийством Сангова
одной из главных причин разразившийся впоследствии траге-
дии». Карикатурный вице-премьер оказался страстным
любителем пресс-конференций. Чуть ли не каждый день он
собирал журналистов, чтобы осветить какой-нибудь
вопрос»3 ва ба гуфтаи шумо «ҳеҷ ҷое таҳсил накардааст»
(«нигде не учился»)4, ба Мирбобо Мирраҳимов чй дахл
дорад?! Шумо агар мардед ва соҳиби ақли солим ба худи
Давлати Усмон нависед, ки дурӯғ гуфтед, зеро он вақт ҳам
Ӯ маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ дошт ва имрӯз унвони
номзади илмй дорад ва ба наздикй рисолаи доктори илм
дифоъ хоҳад кард. Албатта, чунин таҳқир ва тавҳин нис-
бат ба дигарон дар олами мутамаддин пайгарди қонунй
ҳам дорад, ки шояд шумо аз он бехабар бошед.

менависанд. Ба гуфти бародарони хуҷандӣ «каллаи шумо куҷонда
(яъне «дар куҷост»), ҷаноби С. Мирзорахматов!»

’Мирзорахматов С. Герои..., с. 84.

^Буррон-бурро, тез; таррор-аёр; ҷаррор-анбӯҳ, бисер.

3Мирзорахматов С. Герои..., с. 85.

4Мирзорахматов С. Герои..., с. 89.

75
Азизи дилу дидаи Нур Табаров, рафиқ Саломиддин
Мирзорахматов! Мирбобо Мирраҳимов 30 октябри соли
1992 бо табдили «Ширкати давлатии садо ва симо» ба
«Кумитаи давлатии садо ва симои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
аз вазифаи Райисии он канор рафт ва худи ҳамон рӯз
Даврон Ашӯров Райиси «Кумитаи давлатии садо ва симои
Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъйин шуд. Аз таърихи якуми
моҳи ноябри соли 1992 дигар на барномаҳои садо ва на
намойишҳои симо ба Мирбобо Мирраҳимов ҳеҷ нисбате
надошт ва надорад. Он чй намунае аз мусоҳибаи муовини
шаҳрдори Душанбе ҷаноби Юрий Филимонович Поносов
(шумо, ки даъвои рӯзноманигорӣ доред, чй тавр ҳатто
ном ва номи хонаводагии муовини шаҳрдории Душанберо
дар ёд надоред!? Ҳофизаи таърихиатон куҷост?) мисол
овардаед, ба нимаи дуввуми моҳи ноябри соли 1992 дахл
дорад ва шумо барои аҳмақ кардани одамон ин тӯҳматро
ба мо мебандед, то ҳамагон бовар кунанд, ки шон ҳақгӯ
ҳастанд?! Дар мавриди Аҳмадшоҳ Комилов ва Муҳаммад-
юсуф Ҳакимов низ С. Мирзорахматов суханҳои зиёде бах-
шидаанд {«Преуспевал в этом деле бездарный, необра-
зованный Ахмадшохи Комил (язык не поворачивается наз-
вать его журналистом)-заместитель (?) Мирбобо и Му-
хаммадюсуф в роли политического обозревателя»1, ки ло-
зим буд мушаххас ба худи онҳо туфта шавад, на ба Мир-
бобо Мирраҳимов! Вале С. Мирзорахматов ҷуръат надо-
ранд, ки рӯирост нисбат ба худи онҳо чизе бинависанд.
Зеро хуб медонанд, ки ба А. Комилов ва М. Ҳакимов дар-
афтодан барояшон шӯҳрат намеоварад, балки он ашхос
метавонанд тартиби ин беадабиро чунон ҳам ба ин даноби
мӯҳтарам нишон бидиҳанд, ки ҳафт пушташ фаромӯш на-
хоҳад кард. Чй лозим! Беҳтар аст ҳамаи айбу камбудиҳоро
ба Мирбобо Мирраҳимов нисбат дод (зеро М. Мирра-
ҳимов шимолй аст ва касе аз ӯ пуштибонӣ нахоҳад кард,
аммо он ду нафар ҳамшаҳриҳои ҷаноби олианд), то барои

1 Мирзорахматов С. Герои..., с. 85.

76
пойбӯсии зинаи қудрат заминаи муносиб муҳайё шавад.
Охир, солҳои оянда интихоботи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷи-
кистон ва пас аз он интихоботи дигареро дар пешорӯ
дорем ва нерӯҳои тозанафаси тамаллуқкор аз имрӯз барои
хидмат камари ҳиммат бастаанд!!!

Ҷаноби С. Мирзорахматов нафрати бепоён ба Мул-
ло Абдуғаффор (худо раҳмат кунад) ва Мулло Муҳаммад-
расул доранд1. Намедонам Ҳоҷӣ Мулло Муҳаммадрасул
чй коре дар ҳаққи шахси Саломиддин Мирзорахматов
анҷом додаст, ки нуздаҳ сол мешавад, ин бечора шабу рӯз
дар зеҳнашон ин ҷумлаҳоро парваридаанд ва бадбахтиа-
шонро аз Мирбобо медонанд:

«Среди этих с позволения сказать «духовных отцов»
особо выделялись своей жестокостью и цинизмом терро-
ристы мулло А бдугаффор и мулло Мухаммадрасул. Как же
можно назвать их виновными, ведь Мирбобо был их
имиджмейкером!

Я не голословно называю и Мулло Мухаммадрасула
террористом»2.

«... Мулло Мухаммадрасулу, который возглавлял
мародерство, этого было мало. Ему нужны были живые
деньги. И он на терроре наладил доходный бизнес. Захваты-
вая, без разбора в заложники и гармцев и кулябцев, он приго-
ворил их к смертной казни. Затем, оповестив родственни-
ков, он ставил условие-если к такому-то времени те прине-
сут нн-ую сумму денег, смертник может быть помилован.

'Кинаи деринаи ҳазрати С. Мирзорахматов ба муллоҳо ва рӯҳоният
реша дар даврони коммуниста ва касабаи рӯзноманигории тамоман
суп-сурхи коммунистии ишон дорад. Намунае аз он: «Так, до
недавнего времени в совхозе «Комсомол» (Джиликульского района-
М.М.) проживал самозваный мулла по имени Анвар, который в
течение ряда лет нигде не работал, вел религиозную пропаганду среди
населения. Более того, открыв незаконно школу, обучал детей догмам
ислама». -Коммунист Таджикистана, 4.04.1988 г. с. 2.

2 Мирзорахматов С. Герои..., 92.

77
Помнится, у одного приговоренного дома не нашлась назван-
ная сумма, и для него весь кишлак собирал деньги.

Летом 1992 года Давлат Худоназаров в рамках своей
миротворческой миссии привел в совхоз Туркменистан
председателей Вахшского и Бохтарского районов Файзали
Кувватов и Абдулмаджида Достиева для переговоров. В
зале, где должны были состояться переговоры, собралось
много журналистов, а Достиев и Кувватов сидели на пер-
вом ряду. Вдруг в зал ворвался мулло Мухаммадрасул и с
истериичным криком «Кто вас позвал сюда!!!» набросился
на Достиева и приставил пистолет к его виску. Все сидящие
замерли от страха. Охранники Худоназарова с трудом раз-
няли их. Переговоры, конечно, не состоялись.

Кровавый фанатик мулло Мухаммадрасул своей
ненавистью и жестокостью фактически опорочил благо-
родные идеи возрождения священной религии ислам»'.

Хушбахтона, Мулло Муҳаммадрасул зинда аст ва
ҷаноби А. Достиев ҳам. Бигузор онҳо даъвояшонро бо
ҳамдигар бигӯянду бишнаванд ва пои моро ба он таърих
кашондан чй маънӣ дорад?! Ҳар кас он замон горатгарй,
гуноҳе ё имрӯз дуздие карда, ба худаш марбут аст, на ба
мо! Имрӯз Ҳоҷй Мулло Мухаммадрасул имом-хатиби кА-
дом як масҷиди расмии вилояти Хатлон аст ва ҳазорон-
ҳазор диндор аз паси ӯ иқомаи намоз мекунанд ва шумо,
ҷаноби С. Мирзорахматов, бо ин навиштаҳоятон доге ба
гиребони пироҳани пок ва намозии ишон часпонидаед, ки
масъулияташ бар дӯши худи шумост. Сониян, барои ҳалли
чунин даъво дар дунёи мутамаддин ДОДГОҲ (яъне ба
забони модарии шумо «суд») ҳаст. Биравед додатонро аз
он кас ба додгоҳ бигӯед, на ба Мирбобо Мирраҳимов!
Одатан занҳои руспй эзору поҷомаашонро дароварда бар
гардани бегуноҳон меандозанд, ки: «ту ин корро дар ҳаққи
ман кардй!» Мо, ки писархолаи шумо ва Мулло Муҳам-

1 Мирзорахматов С. Герои..., 92.

78
мадрасул нестем, ки ҳар нозатонро бардорем ва болои
чашм гузорем!

Аммо асли паёме, ки дар навиштаҳои боло нуҳуфта
аст, ин хушомадгӯӣ ва тамаллуқи дерҳангоми С. Мирзо-
рахматов ба А Достиев мебошад, ки ишон ду дасташонро
сари сина гузошта ва бардаворона дуқат хам шуда, сара-
шонро то ба замин расонида, мехоҳанд чунин бигӯянд:

-Ассалому алейкум, мӯҳтарам ҷаноби Абдулмаҷид
Достиеви азиз! Он таърихро ёб doped?! Олиҷаноб! Қурбони
шумо! Кӯчаки шумо ҳастам! Хоки поятон шавам! Дастбӯси
шумо ҳастам! Ман бо шумо бубам ва имрӯз аз бируз ҳам
бештар шуморо бӯст борам! Иробат борам! Имрӯз шумо
сафири Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоцикистон бар Русия
ҳастеб. Хоҳиш мекунам, ин навиштаҳои моро ба ҳокимони
кунунии Маскав-хоцагонамон Д. А. Медведев, В. В. Путин
ва ҷаноби Н. Назарбоев ва ҳатто мӯҳтарам Ислом Кари-
мов тӯҳфа бибаред, то ощо муталеъ шаванд, ки ба ҳамаи
воқеаҳои Тоцикистон ва бедории тоцикон гунаҳкор Мирбо-
бо Мирраҳимов буд ва ҳаст! Китобчаамро ҳатман бепул ва
бо камоли эҳтиром ба намояндагони парлумони Тоцикис-
тон, аъзоёни Итщодияи рӯзноманигорон, ширкаткунанда-
гони ёдбуди 75-солагии Устод Отахони Латифй дар Ит-
тщодияи адибони Тоцикистон (ки шахсан цоизае таъсис ва
барои тақдир аз худ пешбинӣ кардаам) ва ҳатто носфурӯ-
шон ва лӯлиҳои сершумори садақаталаб дар кӯчаҳои Душан-
бе бо соябаст тақдим хоҳам кард, то ҳамагон ба васваса-
ҳои бофтаам бовар кунанд ва ҳаққо, ки ман ҳаққам!1

Паёми пурасрори С. Мирзорахматов ҳатман дарёфт
хоҳад шуд ва муаллифаш бе подош нахоҳад монд.
Мутмаин бошед!

1 С. Мирзорахматов ба ин ваъдаҳои хеш асосан вафо карданд ва
афзун бар он: 18.03.2011 ҷоизаи ба номи Латифй, ки худашон таъсис
ва сармоягузорй фармуданд, ба худи ишон тааллуқ ёфт. Одамон
барои шӯҳрат чӣ корҳое намекунанд!

79
Дар навиштаҳои боло (ки аз С. Мирзорахматов ми-
сол оварда шуд) боз як дурӯғ ва хиёнату таҳриф ҳаст, ки
фош кардани он лозим ба назар расид: Давлат Худона-
зоров дӯст дошт ба таври доимӣ навори гузоришҳо аз
«гаштҳои сулҳофар»~иниаш аз симо пахш шавад ва дақи-
қан аз ҳамон сафаре, ки ҷаноби С. Мирзорахматов ёд
овардааст, шогирдонаш мустанаде дуруст карда буданд ва
аз Райиси Ширкати давлатии садо ва симо талаб доштанд,
ки он ба таври фаврй аз симо пахш шавад. Мо ба пахши
фаврии он навор мухолифат кардем, зеро медонистем, ки
чунин бузургнамоиҳо аз нақш ва шахсияти Д. Худона-
заров дар истиқрори сулҳ он рӯзҳо ба ҳеҷ кас намефорад
ва ҳатто нафратангез аст. Зеро масъалаи таъйини сарна-
вишти ояндаи тоҷикон ва Тоҷикистон дар секунҷаи (му-
салласи) бонуфузи Маскав-Вашингтон-Тошканд1 ба
нафъи дигарон ҳаллу фасл шуда буд ва танҳо пардаи охи-
ри намойиш боқй монда буд, ки бояд ба он ҷомаи қонунӣ
мепӯшониданд. Бояд зикр шавад, ки Давлат Худоназаров
он пардаи қонунй ва хотимавиро ҳамчун мушвири кафили

'Шоҳид ва омили фаъоли фоҷиаҳои тоҷикон А. С. Чубаров аз он
таърих чунин ёд меоварад: «В ночь с 15 на 16 сентября мы совершили
перелет в район Кокайды. Этот под Термезом. Там загрузились и
караваном из двадцати восьми Ми-8 под прикрытием «двадцатьчет-
верток» пошли в направлении Курган-Тюбе. Задачу нам поставили
десантироваться на территорию 191-го мотострелкого батальона и в
случае необходимости отбивать атаки боевиков-исламистов».

Ин нукта низ аз хотироти А. С. Чубаров хеле муҳим аст:

«На прощание Ахмедов (Рустам Урманович-министр обороны
Узбекистана-М.М.) задал мне вопрос:

-Чубаров, ты знаешь, кто в Средней Азии заказывает музыку?

-Не могу знать, товарищ министр обороны!-отвечал я.

-Чубаров, в Средней Азии музыку заказывают узбеки! И запомни-так
было и так будет всегда!

Много позже мне стало известно, что указание о моем
командировании в Таджикистан давал сам Каримов».

Подроб. см.: Александр Чубаров. Сто десять боевых выходов.-журнал
«Братишка», январь 2011. Сайт: bratishka.ru

80
Райиси Ҷумҳурӣ А. Искандаров бо маҳорати баланди кор-
гардонии синамои ковбойи шарқӣ дар даҳаи севвуми мо-
ҳи ноябри соли 1992 бо барпоии Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои
Олй дар Кохи Арбоби Унҷии Хуҷанд (бояд зикр шавад, ки
меъмори асосии он Кохи беназир дар Осиёи Миёна
академики зиндаёд Х,икмат Абдуллоевич Юлдошев аст, ки
гумном боқӣ мондааст) устодона пиёда кард.

Мантиқи тӯҳматбофии С. Мирзорахматов нисбат
ба мо хеле содда ва бозорист, ки ба ягон делел ва санад эҳ-
тиёҷ надорад ва ҳар чй шон менависанд бояд ҳамчун ҳақи-
қати кулл пазируфта шавад. Бояд ба бозрасҳои мӯҳтарами
дастгоҳҳои Додситонии кулл ва амнияти кишвар ташак-
кур кард, ки ишон заҳмати фаровон кашида, санади ассо-
сии ба сифати мушовир ба кор пазируфтани Абдугаффор
Худойдодов (яъне Мулло Абдугаффор) дар Ширкати дав-
латии садо ва симоро пайдо ва барои ояндагон ҳифз наму-
даанд. Понздаҳ сол пеш аз ин рӯзҳо мо онро нашр кардем
ва ҳол он санад бори дуввум ба таваҷҷӯҳи ҳамагон пеш-
каш мегардад:

«Азбаски дар тамоми навшитаҳои дӯсту душман ба
сифати мушовир ба кор гирифтани Мулло Абдугаффор ба
камина нисбат дода мешавад, ҳол як ҳуҷҷати муҳимро, ки
бозрасҳо аз Идораи коргузории садо ва симо (Отдел кад-
ров) пайдо кардаанд ва дар варақҳои кории ҷилди У 111 (пар-
вандаи №625) ҳифз шудааст, айнан меорем:

Перечень

Изменений в штатном расписании Госкомитета Тад-
жикской ССР по телевидению и радиовещанию на 1992
год. Телевидение. Дирекция программ. Ввести: Ст. редак-
тор (Советник) шт. 1. Должностной оклад 660, надбавка
персональная 340. Всего в месяц 1000 руб. Подпись:

Заместитель Председателя Госкомитета Таджик-
ской ССР по радиовещанию и телевидение Г. Махмудов.

Начальник планово-финансового отдела Азимова К.

Ба сифати мушовир ба кор гирифтани А. Худойдодов
(Мулло Абдугаффор) кори хеле пурмасъулият буд ва ман

81
ба ҳеҷ ваҷҳ онро наметавопистам анҷом бидиҳам. Аввалан,
ҳарифон моро аз нигоҳи қонун метавонистанд айбдор со-
занд. Сониян, мушовирӣ дар бахши барномаҳои динӣ бояд
салавотӣ мешуд, на бо пул. Ва ниҳоят, Мулло Абдугаффор
бо ахлоқ ва тундхӯии худаш ҳамаро аз мо дур мекард, ки
намунаи он ҷанҷоли машҳури ишон бо А. Комилов бар сари
тасаллут ба ... аз 8.05.1992 дар студияи телевизион буд, ки
дар он гавго ҳеҷ ангезаи исломӣ ҷой надошт. Ғулом Маҳ-
мудов барои хушомад ҳамаи корҳоро анҷом дода, дертар ба
ман эълом дошт, ки «домуллоро ба кор гирифтем». Ростӣ,
ман дар вазъияте аз ин бозиҳои Ғ. Маҳмудов ва Мулло
Абдугаффор огоҳ шудам, ки рад кардан ва ё тагйир доданы
он ҳеҷ имкон надошт ва ба салоҳи кор ҳам набуд. Мулло
Абдугаффор дертар ба корҳои радио ва телевизион дахо-
лат намекард. Аммо дар тафаккури одамон танҳо номи ӯ
монд ва корҳое, ки дар кӯчаю бозор, фурудгоҳ ва маҳаллаи
«Южный» аз цониби ҳаводорони ӯ ба миён омад, умдатан
ба тамоми оппозиция нисбат дода мешуд»1.

Устоди таҳрифоти таърих-С. Мирзорахматов фаро-
мӯш кардаанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва хо-
риҷ аз он бо имзои тавофуқи сулҳ дар Маскав 27 июни
соли 1997 ба поён расида ва бод до дани «коҳи кӯҳна» ди-
гар ҳамонро мемонад, ки дар мақоле овардаанд: «мушти
пас аз ҷанг боло бардоштаатро ба сари худат бизан!»
Имрӯз маҳз чунин дурӯгбофон мехоҳанд боз кишварро
ноором созанд ва бо санг партофтан ба сӯи дигарон
заминаҳои назарӣ ва амалии дарҳамбарҳамӣ, ташаннуҷ ва
даргириҳоро ҳамвор созанд.

Дар мавриди намоишҳои симо ва гуфтори садо дар
тобистони соли 1992, ки ҷаноби С. Мирзорахматов онҳо-
ро ба боди интиқод гирифтаанд, чанд нуктаи муҳимро ёд-
овар мешавем, то ҳолашон ба худ ояд ва шояд дарк на-

1 Ниг.: М. Мирраҳим. Рузномаи маҳбуси маҳкум ба қатл. Хотироти
зиндониКГБ (солҳои 1993-1994). 1997, с. 177-178

82
моянд, ки воқеъият ва ҳақиқати ҳол тамоман чизи дигар
буда, на он дурӯғест, ки ишон ба қалам додаанд.

Нахуст, дар бораи «қаҳрамон» шиносонидани Сан-
гак Сафаров аз симо. Замоне ки С. Сафаров ва Р. Абду-
раҳимро* (5.05.1992) дастгир карданд, коргардони боис-
теъдоди синамо Д. Худоназаров ба кӯмак расид ва тарҳи
мусоҳиба ба онҳоро матраҳ кард, то «тӯба» намоянд1.
Сӯҳбаторои ин намойиши фоҷиа устод Сафари Абдулло
буд, ки ҳоло дар Қазоқистон зиндагй ба cap мебарад ва
ишон-ро С. Мирзорахматов хуб мешиносанд. Ман дар
бораи он мусоҳиба чизе намегӯям, зеро дуруштиву дага-
лии онро то ба ҳол ҳар фарди каме аз фарҳанг бохабар
дар ёд дорад. Наворбардори он мусоҳиба ва саҳнаҳои он
равоншод Коваи Баҳор буд, ки дертар ба таври мармуз
дори фониро падруд гуфт. Чизе, ки мехоҳам ба таваҷҷӯқи
шумо бирасонам ин аст: ба ҳеҷ ваҷҳ пахши он навор аз
симо ҷоиз набуд. Аммо Д. Худоназаров, С. Абдулло ва
боз як даста аз тарафдоронашон борҳо ва борҳо таъкид
бар он доштанд, ки навори бозпурсии (истинтоқи) С.
Сафаров ва Р. Абдураҳим бояд ва ҳатман аз симо пахш
шавад. Бечора Коваи Баҳор се бор аз студияи симо ронда
шуд ва ба ӯ гуфтанд:

-Гӯру чӯби ин наворро нест намо, зеро бадбахтй
меоварад!

Гӯё қисмат чунин будааст, ки маҳз Коваи Баҳор он
мусоҳибаро (албатта, маълум аст, ки бо супориши кй) ба
навор бигирад ва воситае байни коргардонон ва симо ша-
вад. Билахира, бо пофишориҳои зиёде, ки данобон дош-
танд, навори бозпурсии С. Сафаров ва Р. Абдураҳим аз
симо пахш шуд2. Барой он ки умуман ба симо дахл на-

'Бо пофишории Д. Худоназаров беш аз 450 нафар бо силоқ ба Кӯлоб
баргаштанд ва маҳз онҳо ҳастаи асосии Фронта халқии мусаллаҳро
ташкил карда, ҳокимиятро дар минтақа ба даст гирифтанд.

2Корманди Додситонии кулли кишвар Солеҳҷон Ҷӯраев аз он таърих
чунин ёд меоварад: «Он рӯз (5.05.1992-М.М.), дертар Сангакро

83
доштани он мусоҳиба ва истинтоқ рӯшан шавад ҳангоми
пахш дар гӯшае аз он чунин навиштаҳо ҳаккокӣ ва сабт
шуд: «Наворбардор Кован Баҳор», «Навори Кован
Баҳор».

Ҷаноби С. Мирзорахматов! Агар шумо ҳирфаи рӯз-
номанигорй ва ба вижа рӯзноманигории садо ва симоро
дуруст омӯхта бошед, ҳатман медонед, ки ҳангоми пахши
навор ё санаде, ки симо ба моликияти он соҳибҳуқуқӣ
надорад ва ба садо ва симо дахил нест, бояд сарчашмаи он
нишон дода шавад. Инро дар истилоҳи рӯзноманигорй-
идорй «одоби ҳирфаӣ-ҳунарӣ» (профессииональная эти-
ка) ва ҳуқуқӣ-«ҳуқуқи молй ва маънавии асари муаллиф»
меноманд, ки шояд шумо фаромӯш карда бошед. Коваи
Бақор ҳангоми пахши навори он бозпурсй аз симо ду бор
ба студияи телевизион ташриф овард ва хост, ки он на-
виштаҳои «Наворбардор Коваи Баҳор» ва «Навори Коваи
Баҳор» аз экран пок карда шавад. Аз «боло» ҳам занг ме-
заданд, ки навиштаҳои фавқулзикр аз экран пок шавад,
зеро маълум буд, ки он ба наворбардорони симо дахл на-
дорад ва моли каси бегона ва ибтикори дигарон ҳаст, ки
мехоҳанд, паси парда бимонанд.

Дар ин робита боз як мисоли дигарро, ки маҳз чу-
нин бозиҳо дар берун аз симо рух медод, ёдовар мешавем.
Райиси Ҷумҳур Р. Набиев дар сафарҳои расмиаш низ тан-
ҳо аз ҳунари наворбардорий* Коваи Баҳор истифода ме-
кард (на наворбардорони телевизиони давлатй), ки як по-
раи онро дар «Даме бо Лоиқ» овардаам, ки соли гузашта
ҳафтаномаи «Тоҷикистон» онро ба нашр расонида буд.
Биёед як бори дигар онро бо ҳам мурур мекунем:

мухолифин гаравгон гирифтанд. Аммо бо Сангак чӣ сӯҳбат шуд, ба
фикрам як умр ҷавоб намедиҳам. Онҷо гапҳо зиёд буд, намехоҳам
ифшо шаванд. Вале тамоми ҷараёни сӯҳбат, ки ба таври расмй ба
протоколи пурсиши Сангак Сафаров ва инчунин Рустам Абдураҳим
аз тарафи муфаттиш баргузор шуд дар навори магнитофон сабт
шудааст».- Фараж, №39(240), 27.09.2011, с. 9.

84
ДУ ФОЛ БАРОН НАБИ ЕВ

Баъзан таърих ба одамон тамасхур мезанад ва агар
онҳо пн нуктаро дарк накарданд, зиндагй барояшон сангин
томом мешавад. Ба фикрам, ҳамин иттифоқ ду бор ба Раз-
мен Набиев рух дод ва ҳар дуй он ба фоли Ҳофиз гиреҳ хӯрд.
Баӣни солҳои 1975 ё 1977 буд (дақиқ дар ёдам нест), ки дар
Тоҷикистон зодрӯзи Шамсиддин Ҳофизи Шерозиро ҷашн ги-
рифтанд ва маросими поёнии он дар театры опера ва бале-
ты ба номы Садриддини Аӣнӣ баргузор шуд. Меҳмонони зиё-
де аз кышварҳои дунё дар он моросим ҳузур доштанд. Дар
паси мизи бузурги рӯйи саҳнаи театр Раҳмон Набиев-На-
хуствазири Ҷумҳурӣ нишаста буд. Раҳбари ҳайати эронӣ,
райиси Китобхонаи салтанатй бонуи бисёр зебо ва дониш-
манд Бадрии Отобой (ё Атобой) аз минбар суханронй кар-
да, нохост ба Раҳмон Набиев ҳамчун мизбон ва садри ин
ҷашнвора рӯй овард ва хоҳиш кард, ки ҳамчун суннати де-
рин фоли ӯро аз «Девони Ҳофиз» бигирад. Вақте хонум Бад-
рии Отобой китоби «Девони Ҳофиз»-ро ба Раҳмон Набиев
пешниҳод кард, то вай саҳифаи дилхоҳашро боз кунад, На-
хуствазири Тоҷикистон китобро аз дасти ӯ гирифт ва ба-
рои «чунин тӯҳфа» ташаккур карда, ба гӯшае аз мизи ҳай-
атрайисаи цашн гузошт. Он хонуми ширинадо аз чунин ранг
гирифтани кор дар ҳаӣрат монда, чй кор карданашро наме-
донист. Мардуми рамузфаҳми толор нафасгир туда, садое
аз худ дарнаёварданд ва аксар аз шармандагй сари худро
пойин андохтанд. Ин лаҳза яке аз муовинони Р. Набиев ба
кӯмаки вай расид ва «Девони Ҳофиз»-ро аз рӯйи миз бардош-
та, аз нав ба дасти Набиев дод, то вай саҳифаеро аз он боз
намояд...

Бадрии Отобой бо саҳифаи бозгушодаи «Девони
Ҳофиз» дар паси минбар қарор гирифт ва бо «баҳ-баҳ»-у
«ваҳ-ваҳ», ки ҳоло маънии дигар ҳам ба худ гирифта буд, ба
қироати фоли Набиев пардохт...

Рухдоди дуввум аз ҳамин ҷинс, вале дар моҳи июни
соли 1992 рух дод ва дар болои сари мазори Ҳофизц «лисон-

85
улгайб» иттифоқ афтод. Наворбардор Коваи Баҳор (раво-
наш шод бод) онро барои таърих сабт карда, дар ихтиёри
инҷониб қарор дод, то он тасовирро аз само пахш намоем.
Ман танҳо суханони охири ин саҳнаро, ки аз забони Раҳмон
Набиев садо дод («зӯр бу-аас», яъне «зӯр будааст», «мо ҳам
шоирои зӯр дорем») ва нигоҳи тамоман ҳузномези успгод
Лощро «қайчӣ» задам ва ба дасти нашр супурдам...

Ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарва-
рии Раҳмон Набиев ба шаҳри Шероз омад ва барои зиёрат
ба сари гӯри Хоҷа Ҳофиз ташриф бурд. Сари турбати Ҳо-
физи «лисонулгайб» китоби «Девон»-и шоирро барои Райиси
Ҷумҳури Тоҷикистон Раҳмон Набиев оварданд, то чун
сунннати аҷдодӣ фоли ӯро бигиранд (хайрият, ки ин бор
Раҳмон Набиев китобро қабза назад). Набиев саҳифаеро аз
«Девони Ҳофиз» боз кард ва ин газал фоли ҳоли ӯ шуд:

Ба даври лола қадаҳ гиру бериё мебоиг,

Ба бӯи гулнафасе ҳамдами сабо мебош.

Нагӯямат, ки ҳамасола майпарастӣ кун,

Се моҳ май хӯру нӯҳ моҳ порсо мебош.

Чу пири солики ишқат ба май ҳавола кунад,
Бинӯшу мунтазири раҳмати худо мебош.

Гарат ҳавост, ки чу Ҷам ба сирри гайб расй,
Биёву ҳамдами Ҷоми Ҷаҳоннамо мебош.

Чу гунча гарчи фурӯбастанист кори ҷаҳон,

Ту ҳамчу боди сабо гиреҳкушо мебош.

Вафо маҷӯ зи кас гар су хан намешунавй,

Ба ҳар зарра толиби Симургу кимё мебош.

Сар бар тоаъти бегонагон машав, Ҳофиз,

Вале муоъсири замони ошно мебош.

Вақте ровии маъруфи гулгашти Мусаллои Ҳофиз га-
зали болоро бо садои баланд ва хуши худ қироат кард, На-
биев ва дигар аъзои ҳайати ҳукуматӣ таҳти таъсир қарор
гирифтанд ва аз чунин рост омадани гуфтаҳои Ҳофиз ва

86
воқеъияти он дар тааҷҷуб афтоданд. Ногоҳ Раҳмон Наби-
ев пукид:

-Ҷудо ҳам шоири зӯр бу-аас!

Дафъатан ба устод Лоиқ, ки каме дуртар аз дигарон
гарқи андеша ба cap мебурд, рӯй овард ва суоломез гуфт:

-Лоиқ! Мо ҳам шоиро(н)и зӯр дорем-а?! Ҳамту не-

ми?!

Устод Лощ бо шунидани ин суханҳо аз тааҷҷуб ба
суйи осмон нигаҳ карда, лаб газид. Ин хел суханҳои подар-
ҳаво аз забони Раҳмон Набиев ва муовинаш Н. Дӯстов кам
набуд ва одамон аз онҳо шох мебароваранд.

Дуввум. Террор ва фаҳшиёт на аз Симои мардумии
Тоҷикистон, балки аз садо ва симои Узбакистон (оғоз: шо-
ми 12 ва 14 июни соли 1992) ва Русия шурӯъ шуд, ки то ба
ҳол идома дорад (зеро на мурда ва зиндаи мардуми тоҷик
барояшон аҳамияте надорад). Ёд доред, ҷаноби С_Мирзо-
рахматов, чи наворҳое сохтаву бофта аз симои Узбакис-
тон пахш мекарданд ва чӣ қаҳрамононе аз он сухан мегуф-
танд?! Ин кор хеле идома дошт ва танҳо ҳамон рӯзе, ки мо
ба Райиси Кумитаи садо ва симои Узбакистон ҷаноби
оқои Ҳайитметов занг задем ва ба таври қатъй талаб кар-
дем, mi: «агар ин хел дахолатҳоро ба корҳои дохилии киш-
вари мо бас накунед, мо навори қатли оми Ӯшро дар даст
дорем ва пахш мекунем» аз дасисаҳояшон ба таври муста-
қим каме худдорй карданд. Албатта, онҳое, ки дар маври-
ди дасисаҳои дигарон дар корҳои дохилии Тоҷикистон аз
қабл чашмашонро кӯр ва гӯшҳояшонро ба карй задаанд,
он таърихро зуд ба дасти фаромӯшӣ супурданд (чй расад
ба ин рӯзҳо, ки ҳоло солиёни зиёде аз он таърих сипарӣ
шудааст) ва ҷомае пур аз дурӯғ ва ҳарзаву тӯҳмат барои
мо дуруст карданд. Ба эҳтимоли зиёд барои Ҷумҳурии Уз-
бакистон ва Федератсиони Русия (ва ҳол Ҷумҳурии Хал-
қии Чин) сарзамин ва сарватҳои кишвари Тоҷикистон бе
вуҷуду ҳузури тоҷикон лозим буд ва ҳаст. Равоншод Ис-
моил Давлатов (собиқ Райиси Донишгоҳи давлатии Тоҷи-
кистон, вазири иқтисод, вазири ҳифзи иҷтимоӣ) дар як му-

87
соҳибаи телевизиониаш соли 1993 таъкид карда буд, ки
соли 1992 як миллиону сесад ҳазор (1.300.000) cap гов
(«чорвои калони шохдор») аз вилояти Қӯрғонтеппаи То-
ҷикистон ба Ҷумҳурии Узбакистон бурда шудааст, то он
заҳамоти ройгони ҷаноби олй-Ислом Каримов ва ҷаноби
холӣ-Салим-бойбачча дар истиқрори сулҳу сабот дар То-
ҷикистон ҷуброн шавад. Бунёдгузори Фронти халқии То-
ҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев барои чунин корномаи пур-
ифтихори солҳои 1993-1995 мӯҳтарам Ислом Каримовро
ба Ҷоизаи сулҳи Нобел номзад пешбарӣ карда буд (сад
шукр, ки Ҷоизаи сулҳи Нобел насиби Ислом Каримов на-
шуд, вагарна имрӯз монанди Бараки Ҳусейни ё Ҳусейно-
вич Обама, ки ба таври муфт Ҷоизаи сулҳи Нобелро ҳам-
чун пешпардохт дар ҷайб зад ва ба Либӣ ҳуҷум овард,
ҷанги наверо дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекард). Ин нук-
таи ҷолибро ҳам ёдовар мешавем, ки_чанд сол пеш дар
шаҳри Сочии Русия Райиси Ҷумҳури Ӯзбакистон, мӯҳта-
рам Ислом-ака Каримов, барои он ҳама иштибоҳоти со-
диркардаашон дар истиқрори сулҳ ва осойиш дар Тоҷи-
кистон аз «халқи бузургвори тоҷик» узрхоҳй кардаанд...

Севвум, соли 1992 хати интиқоли сигналҳои садо ва
симоиТоҷикистон аз Душанбе ба вилояти Ленинобод аз
хоки Ӯзбакистон убур мекард ва дақиқан аз оғози моҳи
май дӯстони ӯзбакии мо онро масдуд карда буданд. Ал-
батта, бо ибтикори хеш ва дархости мансабдорони Тоҷи-
кистон. Бесабаб набуд, ки бархе аз мансабдорони баланд-
рутбаи Тоҷикистон моҳи майи соли 1992 чанд бор ба тав-
ри пинҳонй ба он кишвар сафар карда ва бо мақомоти ба-
ландпояи Ӯзбакистон дидор ва гуфтугӯ ба амал оварда,
масъалаи бо роҳҳои қонунӣ ва ҳуқуқӣ аз Ҷумҳурии Тоҷи-
кистон ҷудо кардан ва ба Узбакистон пайвастани вилояти
Ленинободро матраҳ сохта буданд ва ҳатто дар ҳамин за-
мина Иҷлосияи намояндагони вилояти фавқулзикр низ
баргузор шуд. Дертар мо навори суханронии Додситони
куллро дар он Иҷлосия аз симо намойиш додем, вале аз он
ки паси парда сарварони мӯҳтарам ба чӣ кори шармовар

88
ва хиёнат машгул шуда буданд, чизе нагуфтем1 (масъалаи
тарҳи таҷзияи Тоҷикистон аз ҷониби мухолифин бо сарва-

Тухми хиёнате, ки дар мавриди ҷудосозии вилояти Ленинобод (имрӯз
Суғд) аз кишвари Тоҷикистон дар моҳи майи соли 1992 кошта шуд,
дар як муддати кӯтоҳ панҷ бор ҳосили талх ба бор овард. Нахуст,
рӯзи қатли Н. Ҳувайдулоев, 24 моҳи августи соли 1992, раҳбарони
вилояти Ленинобод бо машварат ва дастгирии М. Осимӣ ва Ю.
Исҳоқӣ масъалаи ҷудошавии вилояти Ленинободро ба таври қатъй ба
миён гузоштанд (ҳатто С. Кенҷаев, рақиби ашаддии Н. Ҳувайдуллоев,
дар маросими ба хоксупории Додситони кулл ашки тимсоҳ рехта,
савганд ёд карда буд, ки «кори ӯро давом хоҳем дод...»). Дуввум,
фирори Раиси Ҷумҳур-Р. Набиев аз шаҳри Душанбе ба мақсади
Хуҷанд дар авоили моҳи сентябри соли 1992 низ яке аз марҳалаҳои
ҳассоси ин раванди ҷудоихоҳӣ буд, ки бо даст кашидани эшон аз
ҳокимият хотима ёфт. Севвум, дар маросими ифтитоҳияи Иҷлосияи
ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Кохи Арбоби Хуҷанд моҳи ноябри
соли 1992 Раиси Кумитаи иҷрояи вилояти Ленинобод А. Ҳомидов
суханронии хешро бо забони ӯзбакӣ шурӯъ кард ва ҳатто дар навори
симо суханони ӯ: «Хуш келибсиз, азиз меҳмонлар!» садо дод. Ин ба он
маънй буд, ки А. Ҳомидов аллакай (ба лаҳҷаи хуҷандиҳо
«аллақачан») вилояти Ленинободро дар огӯши Ҷумҳурии Узбакистон
медид. Чаҳорум, А. Х,омидов соли 1993 ба нерӯҳои қудратии вилояти
Ленинобод дастур дод, ки ҳамаи фирориёни аз пойтахт ва навоҳии
ҷумҳурӣ ба вилоят омада, ба вижа мухолифинро, зери фишор ва
таъқиб қарор диҳанд ва дастгир карда, ба Душанбе фиристанд.
Панҷум, ҳамин ҷаноби А. Ҳомидов буд, ки як бор ба Узбакистон
фирор кард ва пасон боз ба мансаби Раиси комиҷроияи вилояти
Ленинобод расид ва пули иртиботии рӯдхонаи Ягнобро, ки шимол ва
ҷануби Ҷумҳуриро бо ҳам мепайваст, тарконид ва дар ниҳоят бо
аъмоли зиёди хиёнатборе бар зидди тамомияти арзии кишвар
муттаҳам шуд ва соли 2010 дар зиндон ба сахтй мурд. «Валлоҳу ло
юҳиббу хоинина»-Аллоҳ хоинонро дӯст намедорад! Ниҳоят, фарҷоми
хиёнатҳо _ҳуҷуми сарҳанг М. Худойбердиев дар соли 1997 аз хоки
кишвари Узбакистон ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Барои ҷаноби С. Мирзорахматов ва Н. Табаров ёдовар меша-
вем, ки агар садо ва симо хиёнати додситонҳо, раҳбарони вилояти
Ленинобод ва мушовираи М. Осимй ва Ю. Исҳоқй ва фирори Р.
Набиевро сари вақт бозгӯй намекард, мо имрӯз ба монанди
нимҷазираи Корея ва мардуми он ду қисмат будем ва ё зери султан
Узбакистон. Бо камоли масъулият арз менамоям, ки дар тафсири
сиёсии симо шаби 27-уми августи соли 1992 ин нуктаҳои боло ошкоро

89
рии А. Соҳибназаров, Ш. Ф. Юсупов Т. Абдуҷаббор ва ...
мавзӯъи дигар аст). Бояд ба Ислом-ака Каримов ташаккур
гӯем, ки ин пешниҳоди калладорони бузурги Хуҷанд1 дар

ба тамошобинон гуфта шуд. Пас аз он ҳам М. Осимӣ ва ҳам Ю.
Исҳоқӣ шахсан ба мо занг заданд ва изҳори норозигй карданд, ки «мо
ба тасмими раҳбарони вилоят ҳеҷ таъсире надорем». Дар ҳоле ки
далелҳо шаҳодат бар он медод, ки маҳз ин ду тан пас аз марги Н.
Хувайдуллоев ибтикори амалро дар ин замина ба даст гирифта
буданд. Аҷаб не марги нохостаи эшон самараи хиёнати худи онҳо
бошад... Нақл мешавад, ки пас аз ба қатл расонидани М. Осимй дар
даҳонаш ин хатчаро гузоштаанд: «Сазои сари хоин ин аст».

'Пагоҳии 23 сентябри соли 1991 кафили қонун-Додситони кулли
кишвар-Н. Хувайдуллоев ҳангоми берун шудан аз дари хурӯҷии
бинои Шӯрои Олии Тоҷикистон ба дастгирии гирдиҳамоии
коммунистон дар сӯги фурӯ рехтани муҷассамаи В. И. Ленин чунин
гуфта буд: «Ман ҳамаи авбошону зиндониёнро озод карда, к...ни
исломиҳоро медаронам...» Ман шохиди зиндаи ин суханони таърихии
Додситони кулли Тоҷикистон Н. Хувайдуллоев будам. Додситони
кулл олами ҷиноятро бо баҳонаи гирдиҳамоии мардум дар Майдони
Озодӣ моҳи сентябри соли 1991 аз маҳбас берун овард. Чанде пеш дар
«Asia-Plus» (20.06.2012, №47/734/, с. А/6) ба ин амали Додситони кулли
кишвар талвеҳан ишорат шудааст. Додситони кулли кишвар натиҷаи
ваъдаашро надид, вале подоши кирдори хешро 24 августи соли 1992
дарёфт кард, албатта, ба эҳтимоли зиёд аз тори ҳамон сипоҳе, ки ба
сӯи мардуми Тодикистон равона карда буд... Истеҳзо ва фочиаи
таърихро бинед, ки пас аз даргузашти ҳаждаҳ сол шахсият ва
корномаи Н. Хувайдуллоев бо калами номзади илмҳои филологй Н.
Азимов ба хонандагон ҳамчун «марди тарифу бузург ва қаҳрамони
беҳамтои роҳи истиқлолият» (ниг.: Фараж, 17.03.2010, №11(178), с. 13)
муаррифй шудааст. Воқеан ҳам ин қабил рӯзноманигорон, олимон ва
таърихнигорон танҳо дар байни тоҷикон пайдо мешаванд, ки дурӯғи
бефурӯғашонро бо нархи гарон ба фурӯш мебароранд ва харидор ҳам
доранд ва чунин пиндоранд, ки мардум аҳмақ аст ва чизе дарк
намекунад ва ҳар он чй ки шон навиштанд ҳақиқат аст ва танҳо
сухани онҳо маҳаки таърих буда ва худи таърих низ дар инҳисори
онҳо қарор дорад. Барой мисол яке дигар бо унвони доктори илми
таърих миннатдории хешро аз табартақсими русӣ-коммунистии
Осиёи Миёна чунин изҳор доштааст: «Новобаста аз он ки Тоҷикистон
дар гӯгиаи дурдасти тоҷикнишини кӯҳистон ташкил гардид, на дар
марказҳои аслии зисти тоҷикон ба мисли шаҳрҳои Бухорою Самарканд,
халқи тоцик бояд як умр аз халқи бузурги рус ва хусусан ҳизби

90
мавриди ҷудосозии вилояти Ленинобод аз кишвари
Тоҷикистон ва мулҳақ кардани он ба Ҷумҳурии Ӯзба-
кистонро «ба таври муфт напазируфтанд», вагарна мо
имрӯз на танҳо даҳ-бист ҳазор километри мураббаъ беш-
тар аз хоки Тоҷикистонро тамоман аз даст до да будем1.

коммунисты он миннатдор бошад...». Ғолиб Ғоибов. Таърихи Хатлон
аз огоз то имрӯз. Душанбе-2006, саҳ. 593. Ин нуктаро аз китоби он
таъриххарош сокини шаҳри Норак С. Алиев дарёфт кардааст ва
ҳафтаномаи «Нигоҳ» зери сарлавҳаи «Хари моро нахандонед!»
25.01.2012, №45(268), с. 15 ба чоп расонидааст. Ин «хулосаи илмии»
таърихшиноси мӯҳтарам дақиқан ҳамон мусоҳиба-латифаеро дар
бораи қавми чукча пеши назар меоварад. Худ бихонед ва ба нуктаи як
умр «миннатдории» халқи тоҷик аз халқи бузурги рус ва коммунистон
муқоиса намоед:

«Журналист берет интервью у чукчи: -Как вы жили до революции
1917 года?// -Голод и холод.//-А как вы живете теперь?// -Голод, холод
и чувство глубокой благодарности». Ниг.: Антология мирового
анекдота. Социльно-политический анекдот. Киев: Довира, 1994, с. 99.
Боварии комил дорем, ки дар нашрҳои ояндаи китоби «Антология
мирового анекдота» дурри маънии суфтаи Ғолиб Ғоибов ҳамчун
латифаи тоҷикӣ ворид хоҳад шуд, ки боиси ифтихор ва рӯсурхии С.
Мирзорахматов ва Н. Азимов мегардад.

'Барои пӯшонидани кирдори пешин ва нави Н. Ҳувайдуллоев дар
ҳамон рӯзҳои сарнавиштсози моҳи майи соли 1992 дар саҳифаҳои
матбуот дурӯғпароканиҳои зиёде ба роҳ андохтанд (имрӯзҳо ин
раванд бо қотеъият идома дорад ва гузоштани тандису кӯчах,о ба
номи вай ба мӯд даромадааст), то ҳама чиз пинҳон бимонад. Ин
дурӯғпароканиҳо маҷбур сохт, то дар раддия бо унвони «Изҳороти
нерӯҳои демократии Тоҷикистон», ки рӯзномаи «Садои мардум»
№103(353), 30.05.1992 дар саҳифаи дуввум ба нашр расонид, чунин
таъкид шавад: «Рӯзномаҳои «Садои мардум» ва «Ҷумҳурият» аз
27.05.1992 хабаре нашр кардаанд, ки «Рӯзҳои наздик мири шаҳри
Душанбе Мақсуди Икром... ба озодӣ мебарояд. Ин щдоми ҳукуматро
гӯё қувваҳои опозисион табрик намуда, аҳд кардаанд, ки кафили осоиши
Додситони кулли ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев мебошанд», Мо
албатта иқдоми ҳукуматро дар бораи озод кардани Икромов табрик
мегӯем, вале бо салоҳат (шояд шакли дурусташ «сароҳат» бошад-
М.М.) изҳор менамоем, ки мо ба ҳеҷ касе аҳд накардаем ва кафили
осоиши касе нашудаем. Дар бораи Додситони кулли ҷумҳурӣ
гуфтанием, ки бар асоси протоколы созиш байни Раисы ҷумҳур,

91
Бидуни шак И. Каримов на танҳо вилояти Ленин-обод
(Суғд), балки тамомии Тоҷикистонро мехост гасб ва та-
сарруф кунад1, вале дар кадом як марҳилае байни мано-
феи Ӯзбакистон ва сиёсати геополитикии Русия тазодд ба
миён омад ва дуввумй бар якумй амалиёти маъруфи
иборат аз се ангуштро нишон дод. Лозим аст ба-рои дақик
шудани ин нукот ба хотироти афсари баландрутбаи
Созмони иттилооти Артиши Русия-ГРУ Александр
Сергеевич Чубаров, ки дертар бо дастури раҳбарияти
Ӯзбакистон муовини вазири дифои Ҷумқурии Тоҷикистон
таъйин шуд, муроҷиат намоем. А. С. Чубаров аз тобис-
тони соли 1992 ва дахолати бевоситаи Ӯзбакистон ва
Русия дар даргириҳои Тоҷикистон чунин ёдовар меша-
вад: «Хотелось бы пояснить, чем мы в республике зани-
мались и в чьих интересах действовали. Мы защищали конс-
титуционный строй Таджикистана, одновременно являясь
офицерами узбекской армии, и думали в первую очередь о
том, что матушке-России не нужен был этот бардак в
регионе, где к власти рвались исламские фундаменталисты.
Все, кто там воевал из ГРУшников, имели опыт Афганис-
тана за плечами. Выдвигались мы из Чирчика, с территории

Раёсати Девони Вазирон ва неруҳои опозисион истеьфои Нурулло
Ҳуваӣдуллоев пешбинй шуда ва минбаъд дар вазифаҳои мисъули давлатй
кор накардани он зикр шуда буд. Аз ин рӯ, мо аз Раисы ҷумҳур қатъиян
талаб менамоем, ки ицрои бандҳои протоколы созишро пурра таъмин
намояд. Раисы ҲНИ М. Ҳимматзода; Раисы ҲДТ 111. Юсуф; Раисы
созмони Растохез Т. Абдуҷаббор; Раисы созмони «Лаъли Бадахшон» А
Амир бек».

'И. Каримов моҳи марти соли 2012 даъвоҳои бист соли пеши хешро
ба ёд оварда, ба таври ошкоро ва бешармона тасарруфи бахше аз
қаламрави Тоҷикистон ва ба вижа сарбанди нерӯгоҳи Фарҳодро
ҳадаф қарор дод. Ҷолиб ин аст, ки ба ин ғосибӣ ва зиёдаравиҳои И.
Каримов на мақомоти расмии кишвар, балки сафорати Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар Маскав, ки сарпарастии онро мӯҳтарам А. Достиев
бар ӯхда дорад, вокуниш нишон дод. Муфассал ниг.: Таджикистан
обвиняет Узбекистан-Asia-Plus, №25(712), 4.04.2012, с. А/3; Фараж,
№14(279, 4.04.2012, с. 2.

92
15-й бригады спецназа ГРУ, на тот момент «отошедший»
к Узбекистану. Нужно признать, что президент Ислам
Каримов повел себя мудро. Он прозливо предугадал возмож-
ное развитие ситуации и, опасаясь ее развития по сценарию
ваххабитов, решил отдать приказ на формирование специи-
ального корпуса в Узбекистане и оказать помощь Народ-
ному фронту Таджикистану. Разумеется, он преследовал и
свои цели: отсечь северные провинции Таджикистан, где
располагались более ста развитых предприятий и мощный
военно-промышленный комплекс (ВПК). Забегая вперед,
скажу, что сделать это ему не удалось... Усилиями спец-
назовцев, которым приходилось не только воевать, но вести
разведку в этом необыкновннно сложном регионе и зани-
маться там политикой, был создан так называемый Народ-
ный фронт-по сути, местные отряды самообороны, кото-
рые мы обучали и направляли для борьбы с исламистами.
Нам был придан статус советников, но мы, офицеры спец-
наза, вместе с «фронтовиками» принимали участие в бое-
вых действиях и подставлялись под «ваховские» пули. Мы
учили людей воевать, учили командиров руководить боем»1.
Бар замми ҳамаи ин тақвиятдиҳандаҳои (ретранслятор)
садо дар шаҳраки Гулистони ноҳияи Вахш дар ихтиёри
марказ набуд. Аз 24 августа соли 1992 сарварони вилояти
Ленинобод пахши садо ва симоро дар вилоят қатъ карда,
телевизиони Тошканд ва Русияро бозгушой намуданд ва
бо дастури онҳо кор мекарданд, ки якбора чй тавр аз даст
рафтани ҳокимияташонро нафаҳмида монданд (ва имрӯз
дар ҳасрати он дилтангй доранд).

Чаҳорум, Карим Абдулов, мудири котиботи Раиси
Ҷумҳури вақт-Раҳмон Набиев дар солҳои 1991-1992 аз

‘Александр Чубаров. Сто десять боевых выходов.-журнал «Братиш-
ка», январь 2011. Сайт: bratishka.ru Нуралии Давлат матни ин
хотироти генерал А. С. Чубаровро аз забони русй ба тоҷикй
баргардон ва дар шумораҳои 16(226), 17(227) моҳи апрели соли 2011
ҳафтаномаи «Фараж» ба чоп расонидааст.

93
таърихи он хиёнатҳо чунин ёдовар шудааст: «Як чизро ме-
хоҳам хотиррасон кунам, ки он шабу рӯз Тоҷикистон дар
арафаи парокандашавӣ қарор дошт. То сессияи 16 Шурой
Олй як гурӯҳ намояндаҳои вилояти Ленинобод талош дош-
танд, сессияи вилоят баргузор карда, ба ҳайати Узбекис-
тан дохил шаванд. Вақте ки ба Кӯлоб аз Душанбе имкони

Л > >*• о .. V Ж ** 4, s. i ft « i Л £. Л *. <& Л •

«Изҳороти неруҳои демократии Тоҷикистон»
«Садои мардум» №103(353), 30.05.1992, с. 2

парвози самолёт (ҳавопаймо-М. М.) набуд, депутутҳои во-
дии Вахт, водии Ҳисор, Кӯлоб ва водии Қаротегин барои
иштирок дар иҷлосия аз тарщи Термез ба Хуҷанд рафтанд.
Дар Термез одамоне пайдо шуданд, ки аз депутатҳои узбеки
вилояти Қӯргонтеппа даъват карданд, ки ба ицлосия нара-
ванд. Онҳоро ташвиқу талқин карданд, ки баргарданду ра-
ванд ва дар Қӯргонтеппа сессия дойр карда, дар бораи ба
ҳайати Узбекистон шомил шудан, қарор қабул намоянд. Пе-
кин депутатҳои мо қатъиян муқобил баромаданд. Он вацт
бадахшониҳо ҳам фикру андеша доштанд, ки худро мух-
тору мустақил эълон кунанд. Хавфи дохилшавии Мургобу
Ҷиргатол ба Қиргизистон вуҷуд дошт. Як тасаввур кунед,

94
ки агар кор чунин ранг мегирифт, аз Тоҷикистон чи бокй
мемонд?»1

Панҷум, яке аз таъриххарошони садаи бист ва оғо-
зи садаи бисту як-Иброҳим Усмонов дар китоби хеш «Со-
ли Набиев» аз таърихи хиёнатҳои бузургони миллат ба
маънои мусбат чунин ёдовар мешавад (ҳамчун пуштибо-
нии маънави), ки мутолааи онро ба худи шумо, рафиқ С.
Мирзорахматов, вогузор менамоем: «Бонд гуфт, ки дар
арафаи ҳабси (гарави умумии кормандони дафтархонаи
Раисы Ҷумҳур ваДевони вазирон) вазъияти сиёсии Тоҷикис-
тон ниҳоят тезутунд туда буд: Дар водии Вахт вазъияти
неруҳои мардуми танг мешуд, телевизиони Узбекистон
намойте аз Тоҷикистон нитон дод, ки дар он фоҷиа ва
куштори ваҳтиёнаи водии Вахт тарсим, ба ҳайси соз-
мондщанда Қозикалон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Шодмон
Юсуф номбар мешуданд. Дар навор барои исботи даъво
далел ком набуд. Ин албатта вату газаби пирӯзонро мео-
вард. Чунин навор ҳоро op ом тамошо кардан имкон надошт,
зеро танаҳои бесар, сарони бегӯту биннӣ, ҷасади сӯхта,
кӯдаки тикофтатуда, инҳоро ҳатто тунидан дутвор аст.

Дар ин вақт воқеае туд, ки онро ба ҳайси баҳона
истифода намуда, намоити телевизиони Тоткандро барои
минтацаи мавҷи Душанбе қатъ карданд. ТМТ дар арафаи
гурези Набиев бо номи «Хиёнат» дар бораи роҳбарияти
вилояти Ленинобод, ки хоинони миллати тоҷик «мухолифо-
ни якпорчагии онанд» намоиш дод ва зикр кард, ки онҳо
намоити телевизиони мардумиро барои вилоят қатъ
карданд. Чизи дигаре гуфта нашуд ва намоити телевизиони
Тошканд барои водии Ҳисору Душанбе қатъ гардид»2.

^Ниг.: Фараж, 5.10.2011, №40(450), с. 16.

Усмонов И. Соли Набиев. Душанбе: Матбааи байни донишкадаҳои
оли, 1995, с. 99. Дар ин солноманависии И. Усмонов дурӯғ ва
дарҳамбарҳамии зиёде ҷой дорад: Нахуст, намоиши саҳнасозишуда ва
иғвобарангези Симои Узбакисгон на дар «арафаи ҳабс» ё «гарави
кормандони дафтархонаи Раиси Ҷумҳур ва Девони Вазирон» ки
чахоруми сентябри соли 1992 иттифоқ афтод, балки хеле бармаҳал,

95
Шашум, пас аз юриш ва турктозии С. Кенҷаев1 ба
шаҳри Душанбе (дар таърихи 24 октябри соли 1992) ха-

яъне 14.06.1992 соати 2100 шаб пахш шуда буд. Дуввум, барон ҷанобон
И. Усмонов ва С. Мирзорахматов гуфта шавад, ки Ранен Симон
Ӯзбакистон Ҳайитметов аз акди қарордоди тарафайн дар мавриди
пахши Симон Ҷумҳурии Узбакистон дар қаламрави Ҷумхурии
Тоҷикистон ва билъакс-Симои Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии
Узбакистон cap печид. Узбакистон мехост, ки барномаҳои ТВи ӯзбак
ба таври зӯрӣ ва яктарафа дар Тоҷикистон аз буҷаи давлати
Тоҷикистон пахш шавад ва бар иваз Симон Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ
дар Узбакистон намоиш дода нашавад. Матни қарордод дар мавриди
пахши тарафайни намоишҳои симо моҳи июни соли 1992 ба тарафи
Узбакистон ва Русия пешниҳод гардид ва пеш аз он таърихе, ки И.
Усмонов навиштааст, пахши ТВи ӯзбак мутаваққиф шуд. Севвум, он
чй, ки мо ба намоиши ТМТ дар 27.08.1992 «Хиёнат» ном гузоштем,
дақиқан дуруст буд ва ҳеч муболиғае накардем. Ҳосили он хиёнатҳо
(ки бархе бори аввал ба таври мухтасар дар боло бозгӯй шуд) ва пас
аз онро мардуми Тоҷикистон дар тӯли бисту як соли ахир ҳамчун заҳр
мечашанд, ки аз инҳо иборат аст: минкории марзҳо (дар ин мудцат
беш аз сад нафар ҳаммеҳани мо кушта шуданд ва боз садҳо нафар
захмй); роҳбандон; боздошти масолеҳи сохтмонӣ, нафтй, хӯрокӣ;
вайрон кардани роҳи оҳани самти Қӯрғонтеппа; қатъи газ; қатъи
нерӯи барқ ва интиқоли он; ғасб ва талаби хоки кишвар; боздошт ва
куштори мардуми тамоман бегуноҳ; муҳосираи иқтисодй; бастани
марз ва эҷоди монеа дар убур ва мурури шаҳрвандон (аз 16 посгоҳи
марзии ду кишвар ҳамагй ду ё се фаъол асту халос) ва боз даҳҳо
мавриди дигар, ки ба ҳамагон маълум аст. Чаҳорум, масъалаи
қарордоди пешниҳодгардида байни Ширкатҳои телевизионии
Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Русия ва Узбакистон ва рад шудани он аз
ҷониби бародарони бузург ва миёна борҳо дар барномаи «Ахбор»
матраҳ шуда буд ва дар намоиши «Хиёнат» ҳоҷат ба такрор надошт.
’С. Кенҷаев шаби 23 ба субҳи 24 октябри соли 1992 дақиқан бо
супориши И. Каримов ва дастгирии нерӯҳои он кишвар аз роҳи самти
ғарбии мамлакат-шаҳри Турсунзода вориди хоки поки Тоҷикистон
шуд. Ин бузургтарин хиёнат ба миллат ва якпорчагии кишвар буд.
Русия тавонист ин бозиро ба нафъи худ ҳал кунад: тири С. Кенҷаев ва
пуштибонаш хок хӯрд ва С. Сафаров (ки бо тарафдоронаш ба
Душанбе наёмад ва С. Кенҷаевро фиреб дод) ӯро бо ин шармандигии
абадй аз саҳнаи бозиҳои минбаъдаи сиёсй дур андохт. Русия дар ин
масир ва барои саркӯбии тоҷикон аз нерӯҳои тарафдори М.
Худойбердиев ҳам хуб истифода карда, дертар ӯро низ канор зад.

96
барнигори симои Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар бо да-
ноби А. Достиев мусоҳиба дошт ва номбурда талаб кард,
ки суханрониаш бе виройиш пахш шавад. Мо ин талаби
ишонро ба ҷой овардем. Суханони даноби А. Достиев бе
камукост аз симо пахш шуд. Ёд доред: дар он суханронй
даноби А. Достиев ба нишонии ҳамсари идрокунандаи
вазифаи Райиси Ҷумҳурӣ А Искандаров дақиқан чй
фиристод?!

Дигар боз чй даъво доред, даноби С. Мирзорах-
матов?! Шояд ин далелҳо, ки дар боло овардем, дар
радция ба дурӯғномаи шумо кифоят кунад? Щумо чунин
ПУРРӮИ ва дурӯғпароканй доред, ки ҳед ба гӯшу хаёли
одамон намерасид: дар асри XXI таҳрифи таърихи
тоҷикон бозоргир хоҳад шуд.

Дар мавриди баркандани мудассамаи В. И. Ленин
дар таърихи субҳи бисту дуввуми сентябри соли 1991 (пас
аз адои намози бомдод) ин до чизе намегӯем. Бигузор ди-
гарон бинависанд, дертар дамъбаст хохем кард (пажӯҳи-
шеро дар даст дорем). Танҳо ҳамин нуктаро ёдовар меша-
ем* ки нахуст дар Арманистон мудассамаи Ленинро бо
тӯб тирборон ва несту нобуд карданд ва ҳед садое баланд
нашуд, ҳед кас онро «ваҳшоният» нагуфт, ҳатто Маскав
онро маҳкум накард. Зеро пас аз пирӯзии Инқилоби
Октябр, вале дар асл кудатои болыневикии соли 1917,
маҳз бо тасмими доҳии заҳматкашони дунё В. И. Ленин
бахши азими хоки Арманистон ба кишвари Туркия бах-
шида шудааст. Х,ол он ки В. И. Ленин на танҳо сарза-
минҳои асосй, шаҳрҳо-пойтахтҳои бостонии давлатдории
тодикон, марказҳои пешрафтаи иқтисодию фархангии
мардуми моро ба дигарон бахшид, балки бештар аз он
ҳатто гӯри миллати тодикро ҳанӯз соли 1920 канда буд ва

Бояд зикр шавад, ки бознависии таърих ва «қаҳрамони истиқлоли
кишвар» ҷилва додани С. Кенҷаев (ҳамчунин Н. Ҳувайдуллоев) дар
матбуоти кишвар аз устод Лоиқ cap карда, то нависандаву рӯзно-
манигорон бисёр мӯд шудааст, ки ин аз маҷоли посухи мо берун аст.

97
нафрати бепоёне ба миллати тоҷик дошт ва аҷиб аст, ки
имрӯз фарзандони нохалаф ва беору номусе дар сӯги
муҷассамаи берӯҳу беҷони он «доҳӣ» ё ҳодй аз таърихи
бистудуввуми сентябри соли 1992 то ба имрӯз дар
Тоҷикистон мотамзада ҳастанд...

Шиори «ҲКТ «Тоҷикистони шӯравиро се талоқ бидеҳ!»-ро моҳи
сентябри соли 1991 дар Майдони Озодй мо пешниҳод намуда будем
ва М. Муҳаббатшоев онро тарафдорӣ кард

Аз оғоз то поёни мақолаааш С. Мирзорахматов
тӯҳмат, сафсатта, таҳқир ва тавҳин нисбат ба Мирбобо
Мирраҳимов ба кор бурда ва дар ҳеҷ ҷое ба худ суол
намедиҳанд, ки ин корҳо чй маънй дорад? Чй чеҳрае аз
миллати хеш барон дигарон дуруст мекунед? Туфе, ки бар
осмон барон дигарон фиристодаед, ҳатман рӯи сари
худатон хоҳад афтод. Натиҷаи чунин мақолаҳои тамоман
бемасъулиятона аст, ки обрӯи тоҷикон дар хориҷ аз
кишвар ба сифр баробар аст ва аксарият имрӯз дар Русия
ба тоҷикон бо таҳқир ҳамчун қавми пасттар аз «чукча»
нигоҳ мекунанд.

«Ин ҳикмат дар як нусхаи хаттӣ омадааст: он чӣ
дар мавриди ман андеша дорӣ, бигӯ, ман дар бораи ту
бадтар аз чӣ, ки ҳаст, фикр мекунам».

Ҷанобон хуб медонанд, ки тоҷиконро дар Қазо-
қистон беш аз ҳам ҷӯгиҳо (лӯлӣ) бо дурӯғ, гадой ва беша-
рафӣ шӯҳратманд кардаанд ва ҳоло «Саломиддин Мирзо-
рахматов, достаточно известный русскоязычный таджик-

98
скш журналист-публицист»1 (тавсифномаи хеле хуби Нур
Табаров) бо чунин «шоҳасараш», ки бо бебандуборй ва
бефарҳанги дар олами мутамаддин назир надорад, афзун
бар он муаррифиномаи зишт кохи дурӯғе аз ҳарза ва иф-
тироъ дуруст кардааст, ки шояд мояи ифтихори ин қаҷ-
қалами коммунистмаоб хоҳад шуд.

Фирор ва муҳоҷират барои мардуми тоҷик чизи нав
нест-ин қабил фоҷиаҳо чй дар замони истилои мугул ва чй
истилои Шайбонихони ӯзбак ва ҳатто солҳои 1920-ум ва
нимаи дуввуми соли 1930 иттифоқ афтода. Аммо он чй
боиси нигаронй ва тааммул аст, ин мебошад, ки мардуми
мо, ба вижа қишри ба ном рӯшанфикр ё каме саводнокаш,
ҲеҶ гоҳ аз ин бадбахтиҳо сабақ нагирифтанд. Имрӯз ҳар
ҷо ки тоҷик муҳоҷират кардааст агар ду нафар як ҷо ва ё
дар як кишвар буду бош доранд, рӯзу рӯзгорашон ҳатман
ғайбати дигарон ва ҳасрати гузашта ва агар се нафар дар
як кишвар ба cap мебаранд ҳатман тафриқа ва маҳалгароӣ
ва агар чаҳор нафар дар як мамлакатанд, афзун бар нуко-
ти зикршуда ҳатман даргирй, фиреб, кулоҳбардорӣ, зӯр-
гарои ва дуруғпароканй нисбат ба ҳаммиллати хеш аст ва
ҳамин тавр зиндагй ба cap мебаранд ва ҳар чй бештаранд
ин ҷиҳатҳо, яъне хулқу хӯй ва хусусиёти манфй, густар-
датар ба чашм мерасад2. Бархе дар заминаи дурӯғпа-
рокани ва туҳмату ҳарзабофй ба бемории васвос гирифтор
шуда, онро ҳеҷ гоҳ наметавонанд табобат бибахшанд
(ҳатто табибони исавиҳуш ва муллоҳои бисёр зӯр низ бо
даму нафаси хубашон ва дуоъхонй бари сари ин беморон
оҷизанд, зеро на сухани нек ва на оёти муқадцас бар онҳо
таъсиргузор нест).

'с. Мирзорахматов. Герои..., с. 12.

Як сол пас аз иншои ин сатрҳо Сайдумар Салимов дар мақолае
хислатҳои асосии муҳочирини тоҷик ва хиёнатҳои ононро ба таври
бисер рушан нишон додаст. Ниг.: Почему таджикиу плохо на
чужбине,- Asia-Plus, №63(750), 16.08.2012, с. B/6-B/7.

99
Инглисиҳо ва ирландиҳо бо фирор аз кишвари хеш-
ҷазоири Инглистону Ирланд ва муҳоҷират ба Амрикои
шимолӣ, Осиё, Африқо, Австралиё ва Зеландияи Нав он
сарзаминҳоро моли хеш сохтанд, кишваргушойӣ карданд.
Арманиҳо ва яҳудиён аз муҳоҷират сабақ гирифтанд ва
барои вахдати миллии хеш дастури зиндагоние таҳия на-
мудаанд, ки ҷомеаи иборат аз се нафар ҳамзабону ҳаммил-
лат бояд се корро ҳатман анҷом бидиҳад:

1 .Барои фарзандони хеш ба забони модарй мактабу
Мадраса боз кунанд (ё бисозанд), то дар он ҷо навиштор
(яъне «хат»), забон ва адабиёти миллӣ омӯзонида шавад;

2. Ба ҳаммилати хеш кӯмак намоянд, то дар зиллат
ва хорй намонад ва набошад;

3. Маъбади мазҳаби хеш (калисои арманй ва
канисаи яҳудй) бунёд ва барпой нигаҳ доранд.

Чашмандози имрӯз ба муҳоҷират ва фирори тоҷи-
кон, ба вижа ба Русия ва Қазоқистон ва муқоисаи он бо
дигар халқҳо нишон медиҳад, ки муҳоҷири тоҷик дар ҳама
мавқеъият ҳамон хулқу хӯйи тоҷиконаашро хеле ва хеле
хуб ҳифз кардааст ва нукоти боризи он ин аст: ин ба ман
дахл надорад; ҳамааш айби дигарон аст ва омодаам худи
хозир гунаҳкори асосии он воқеъаҳоро ба забони русӣ ба
шумо бинависам ва нишон бидиҳам; нисбат ба ҳаммила-
тони ман ҳар чӣ хоҳед бикунед, фақат ба ман кор надошта
бошед; бигузор дунё бисӯзад, вале деги шӯрбои ман
биҷӯшад ва хонаи ман барпой бошад...1

'Яксаду сӣ сол пештар аз ии рӯзгор академик А. Ф. Миддендорф дар
китоби хеш «Очерки Ферганской долины» (СПб, 1882, с. 401) дойр ба
тоҷикон чунин тавсифномае навишта буд: «...мы можем судить и о
прочих качествах таджика, поставляемых ему в упрек и часто
противоречащих одно другому. Тирания сделал его послушным,
низкопоклонным, замкнутым, скрытным, недоверчивым, лгуном,
обманщиком, мстительным, хвастуном, льстецом и лжесвидетелем;
будучи мельником, он занимается фальсификацией муки и постного
масла; будучи шелководом, он продает песчаные зерна за грошу
шелковичного червя; будучи «ученым», он подделывает документы и

100
Имруз тоҷикон дар кишварҳои Русия, Қазоқистон
ва дигар ҷойҳо барда ва асиранд-ҳам асирл он кишварҳо
ва ҳам бардаву асири кишвари хеш, ки мурдаву зинда-
ашон ба касе аҳамият надорад. Аз ин рӯ:

Завқ дар бонги асирон набувад,

Наъра(а)шон низ асирона бувад!

Ҳазорон-ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ва
дигар кишварҳо мардикоранд ва ҳар сол наздик ба ҳашт-
сад тобути (кушта) тоҷикро танҳо аз Русия ба Тоҷикистон
меоваранд. Албатта, ин танҳо омори расмй аст1. Он чй ба
таври гайрирасмй чй қадар тоҷик дар Русия ва дигар
кишварҳо кушта ва рабуда мешавад ва нопадид аст шояд
беш аз ҳазор нафари дигар бошад. Ба ин омор боз худку-
шии шаҳрвандон (соли 2010 танҳо дар вилояти Сугд 309
ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст2) дар кишвар
ва қурбониёни мин (мина) дар марзи Ҷумҳурии Узбакис-
тон ва даргириҳои дохилй (ба вижа соли 2010 ва баҳори
соли 2011) изофа шавад, дар ей сол ҳатман аз омори куш-
ташудагони ҷанги хунини Гватемала, ки 100 ҳазор нафар
баровард кардаанд, бештар хоҳад шуд. Худо нигаҳ дорад,
ки ин раванд боз ей соли дигар идома пайдо накунад.

Ин нукоти болоро маҳз барои ҷаноби С. Мирзорах-
матов (ва устоди ишон) баринҳо мисол овардам, то ишон

монету. Как человек ловкий и алчный, он, если занимает высокий
пост, лучше всякого европейского дипломата проявляет свое
мастерство в лжи и обмане; он виртуоз в искусстве невозможных
извращений и хитросплетений. Как житель больших городов, он в
низостях всякого рода далеко превосходит европейца-жителя этих
гнезд пороков».

«...тибқи иттилоъи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар соли
гузашта (яъне соли 2011-М.М.) беш аз 800 ҷасад вориди кишвар
шудааст, ки аз он наздик ба 100 ҳолат куштор арзёбй мешавад». Ниг ■
Нигоҳ, №46(269), 1.02.2012, с. 2.

:Фараж, №3(213), 19.01.2011.

101
дарк намоянд, ки барои хидмат ба хоҷагони нав лозим
нест, ки монанди Хулькар Юсупов, Шодмон Файзуллае-
вич Юсупов ва Раҳим Мусулмонкулов дигаронро сиёҳ
кард. Зеро бо сиёҳ кардан ва таҳқири дигарон обрӯ наме-
гиранд. Х,ар рус ва ё қазоқи бофарҳанг (албатта, тоҷикон
дар ин қатор нестанд, зеро тоҷик ба ҳама чиз ё аз назари
маҳал менигарад ва ё манфиати шахсии хеш) пас аз муто-
лааи тӯҳматномаи С. Мирзорахматов дар бораи М. Мир-
раҳимов ҳамон сухани О. Сулаймонов «сволочь»-ро дар
ҳаққи ин рӯзноманигори дурӯғбоф дар бораи Б. Каримов,
Ш. Ф. Юсупов ва М. Мирраҳимов дареғ нахоҳад дошт ва
саҳнаҳои аҳмақонаи намойиши музҳики симои Русия-
«Равшан» ва «Ҷамшуд», ки хулқу хӯйи муҳоҷирини
меҳнатии тоҷикро ба боди интиқод ва масхара гирифта-
аст, дар зеҳнаш зинда хоҳад шуд. Мо дар мақолаи «То ба
кай об аз таги ях меравад?» барои онҳое, ки даъво доранд,
ки чизе ҳастанд ва аз забони русӣ ҳамчун олати сиёҳ
кардани дигарон истифода ба амал оварда, худашонро
донишманд чилва медиҳанд ва ё одам мешуморанд, ин
нуктаро таъкид карда будем, ки имрӯз онро бори дигар ба
С. Мирзорахматов ёдрас менамоем:

«Маро нуктаи дигар ба ташвиш меорад, ки он ҳам
бошад, ҳамаи ин назарияи «фавкцнтернационалистӣ» аз
номи забони русӣ, аз номи халқи рус, тавассути забони русӣ
ба амал бароварда мешавад. Ва ҳол он ки худи халкц рус ва
забони русӣ чунин хушомадгӯиро намеписандад ва мӯҳтоҷи
он ҳам нест»'.

Агар С. Мирзорахматов каме аз ақлашон истифода
ба амал меоварданд ва онро ба кор меандохтанд, гузашта-
ро дар ҷояш мегузоштанд (зеро ба ибораи як овозхони
маьруф: «гузаштаҳо гузашта-гузашта барнагашта») ва ба
оянданигарй мепардохтанд, ки чй бояд кард, то наели
нави миллат дигар дастнигари хоҷагони бузург ва миёна
нашавад ва роҳи дурустро интихоб намояд. 1

1 Ниг.: Комсомола Тоҷикистон, 6.01.1988.

102
Гузашта барои одамони боандеша ва худшинос ча-
роги оянда аст, аммо барои хирасарон сарчашмаи гаму
ҳасрат. Мо дар оғози ин посух ҷумлаи «чашми ҳасуд кӯр
аст ва гоҳе дубин»-ро беҳуда наёвардем. Он чӣ ғазаби да-
ноби С. Мирзорахматовро сахт барангехтааст китоби ма-
қолаҳои мо «То ба кай об аз таги ях меравад?»1 мебошад,
ки ҳанӯз соли 1998 ба нашр расида буд. Худи мунаққиди
нотавонбин чунин навиштааст: «Эти статьи, которые он
собрал в одну книгу, будучи «политэмигрантом» в Иране,
мало, чем отличались от его эмоциальных речей»2. Хушбах-
тона, чашми С. Мирзорахматовро буғзи ҳасрат ва кина он
чунон танг кардааст, ки аз мақолаҳо танҳо камбудй ва
нуқсон дуста, дар ҳоле ки донишмандон ва рӯзноманиго-
рони бофаҳм аз он нукоти хуб ва пешбиниҳои дақиқ пай-
до кардаанд.

Нуралии Давлат дар пажӯҳиши муфассали хеш
«Тӯраҷонзода номзади ҲНИТ ба президентй буд» ин нук-
таро ёдрас шудааст (хеле хуб ки чашми ҷаноби С. Мирзо-
рахматов ва Нур Табаров онро надидааст, вагарна боз
дар бало мемондем, ки: -Чаро?!):

«Вақте ки баъди 10 рӯзи гирдиҳамоӣ мухолифат бо
парламент дар бунбаст қарор гирифт, ба Тоҷикистон
Аннатолий Собчак ва Евгений Велихов омаданд. Имрӯз бо
гузашти замон комилан ошкор гуфтан мумкин аст, ки са-
фари ин ду нафар намояндаи Кремл дар моҳи октябри соли
1991 ба Тоцикистон сифр барои саркӯб гардонидани нирӯҳои
демократй ва исломй сурат гирифта буд. Аммо дар он та-
бу рӯз инро танҳо як нафар дарк кард. Ин нафар Мирбобо
Мирраҳимов-олими файласуфи тоҷик буд. Ӯ дар мацолаи
худ зери унвони «Тоцикистон дар пешорӯи ищилоб аст?»
менависад: «...аксарият чунин гумон доранд, ки А. А. Соб-
чак ва Е. И. Велихов маҳз ба дастгирии гирдщамомадагон

‘М. Мирраҳим. То ба кай об аз таги ях меравад? Маҷмӯаи мақолаҳо,
китоби нотамом ва ҳикояҳо. 1998.-240 саҳ., бо аксҳо ва замимаҳо.

2Мирзорахматов С. Герои..., с. 79.

103
ба Душанбе омаданд. Ҳақиқати ҳол тамоман дигар буд...
Собчак ва Велихов дар симои Раёсати Шӯрои Олии Тоци-
кистон ҳамон дастпарварони собиқи хешро диданд, ки мин-
баъд низ ба онҳо содиқона хизмагп хоҳанд кард. Аммо гир-
дщамомадагон на ин ки гарданшах, балки хатарнок ҳам бу-
данд. Ҳамчунин ин Иттиҳоди қувваҳои мардумӣ ҳар лаҳза
метавонистанд аз доираи таъсири Русия берун раванд»х.

Нуктаи ҷолиб он аст, ки пас аз як соли ин баҳое, ки
мо ба сафари А. Собчак ва Е. Велихов додаем, «хабарни-
гори вижаи «Правда» бо номи «Виктор Ряшин» чунин
тафеири баръакси ҳақиқати ҳолро ба ҳамагон талқин кар-
дааст, то ҳадафи асосии истеъморгарон комилан пӯшида
боқӣ бимонад: «... кто поджег бикфордовы шнуры на ок-
раинах разрушенного Союза? Разве не экспортеры «демок-
ратии», которые были готовы сбыть свой товар с гнильцой
кому угодно, даже дьяволу. Вспомните прошлогодний блиц-
визит А. Собчака, приезжавшего в сопровождании Е. Вели-
хова в Таджикистан. Тогда при их активном посредни-
честве были заключены «согласительные протоколы», обес-
печившие, в конечном счете приоритет оппозиционно-
националистическим силам в республики»* 2.

Дар он сафари таърихии А. Собчак ва Е. Велихов
ба Тоҷикистон боз як тани дигар низ ҳамроҳи онҳо буд,
ки «Виктор Ряшин» аз ӯ ном набурдааст (зеро соли 1992
касе ҳатто пешбинй намекард, ки аз 1-уми январи соли
2000 В. В. Путин ба вазифаи «Президента Федерацияи
Русия» мансуб мешавад). Ишон шоҳроҳи дуруст баргу-
зидаи А. Собчак ва Е. Велихов барои пешрафти Тодикис-

'Ниг.: Фараж 21 октябри соли 2009, саҳ. 5. Барои шахеи С.
Мирзорахматов лозим аст ба ҳамон китоби «То ба кай об аз таги ях
меравад?», ки дар даст доранд ва ё ба дасташон додаанд, ба
саҳифаҳои 88-89 муроҷиат намоянд ва бо ибораи бисер обдори
мақоли халқӣ барояшон мегӯем: «ҳамаро бо як чашм бинед!».

2 Правда. 4 сентября 1992 г., с. 1.

104
тонро дар даҳсолаҳои нахустини садаи бисту якум идома
дод ва медиҳад...

Боиси таассуф аст, ки ҷаноби С. Мирзорахматов
Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе (имрӯз ба номи
Устод Садриддини Айнй)-ро бо ихтисоси «муаллими фан-
ни забои ва адабиёти рус» ва бо «Дипломи аъло» хатм ва
дар мактаби миёна ва ҳатто ба сифати декани Донишгоҳи
омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа ва мудири шӯъба ва хабар-
нигори рӯзномаҳои «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Комму-
нист Таджикистана» кор ва ҳатто дар Қазоқистон зиндагӣ
карда, аз одоб ва фарҳанги рӯшанфикрии рус ва ҳатто
инсонй баҳрае набардоштааст (барои чунин таъкид аз хо-
нандагон маъзарат мехоҳам). Вагарна бо чунин адабиёте
(алфоз), ки нисбат ба мо ва дигарон (истисно очерк дар
бораи устод Латифй аст) мақола навиштааст (осори ҳам-
табақҳои пешин ва кунунияш низ аз ин баҳо берун нес-
танд), танҳо дар зиндону маҳбасҳои имрӯзаи Русия ва
бемористонҳои равонии Кишварҳои Муштаракулмано-
феъи пас аз суқути режими коммуниста сухан мегӯянд ва
баҳс меороянд. Табиати инсони солимфикр чунин хира-
сариро ба худ раво намебинад, ки бидуни далел дар ҳаққи
дигарон бо ҳақорат, таҳқир ва паст задани шахсияти инсо-
нй саҳифа сиёҳ кунад ва қаламфарсоӣ намояд. Ин ҷо мета-
вон бо ибораи хеле зебои Ибни Ҳуққал (Ҳавқал) ифодаи
матлаб кард, ки барҳақ дар сурату сирати ин қабил бу-
зургворон мефармояд: «ишон пойбанд ба фазоили ахлоқӣ
нестанд ва дар касби разоил бисёр ҳарисанд».1

Барои нақди корнома ва китобҳои Мирбобо Мир-
раҳимов ҳунар ва дониш лозим аст ва сарсарй аз як ҷо
сархатеро интихоб карда, мавриди тӯҳмат ва сасаттабофй
қарор додан кори сафеҳон аст! Мирбобо Мирраҳимов
дунболи шӯҳрат нест ва аз он ки касе имрӯз ӯро ба хотир
намеоварад, ҳеҷ парвое надорад ва ҳатто хушҳол аст, зеро

'Ниг.: Сафарномаи Ибни Фазлон. Теҳрон: Интишороти Бунёди
фарҳангии Эрон, 1345, саҳ. «яб».

105
«гумномӣ барои инсон зеботар аст аз бадномӣ» (Рӯзбеҳ).
Гумон накунед, ки бо дурӯғҳоятон моро метавонед боз ба
вартаи бало бикашонед. Иштибоҳ кардаед, ҷаноби С.
Мирзорахматов! Пеш аз шумо, аз соли 1987 cap карда (ва
ҳатто пештар аз он), беш аз шашсад ё ҳафтсад нафар ху-
фиянавис, гумошта, рӯзноманигор, вазир, академик, ним-
чамулло ва муллонамо, ходими ҳизби ва давлатй дар бо-
раи Мирбобо Мирраҳимов ба КГБ, рӯзномаҳо ва
хоҷагонашон гузориш, баёнот, мақолаҳо навиштаанд, ки
дар маҷмӯъ парвандаи шастуҳафтҷилдаеро ҳанӯз соли
1994 дар Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил
дода буданд (ҳоло панҷоҳу се ҷилди он дар Вазорати ам-
нияти ҶТ маҳфуз аст). Байни солҳои 1995 ва 2010 низ боз
даҳҳо мақола ва чандин ҷилд китобу рисола ба он музах-
рафот афзуда шудааст (аммо китобу дастнавишти солҳои
1978-1992 ва манзили мо воқеъ дар кӯчаи ба номи Чехов,
гузари 8, ҳавлии №1 то ба ҳол дар дасти дигарон аст).

Нақди Мирбобо Мирраҳимов барои хуфиянависон,
ҳангоматалабҳо, гузоришгарон, дурӯғнависон, бархе аз
рӯзноманигорон, сиёсатмадорон, мансабдорон, тӯҳматга-
роён, тафсиргарон, мушовирони мақомоти баландпоя ва
ҳатто уламои мӯҳтарами ислом низ бозоргир аст. Ахиран
ҳамзамон бо нашр ва пахши китобчаи С. Мирзорахматов
дар Тоҷикистон дар нишасте бо номи «Ёдбуди Нурӣ ва
Ҳимматзода» уламои мӯҳтарами ислом низ аз китоби
нави мо (бо ҳаммуаллифии С. Ҳакимова) «камбудие» пай-
до кардаанд ва бо дастони мубораки хонум Мушкинисои
Ассозода дар сайти интернета ва рӯзнома чунон тафсире
ба қалам додаанд, ки дар тарозуи ақл намегунҷад. Ибтидо
он тафсири аҷибу ғариби осмониро ба таваҷҷӯҳи шумо ва
ҳамтабақҳоятон пешкаш менамоем:

«Ин уламо буданд, ки ҳам забонро ҳифз карданд ва
ҳам фарҳангро. Набошад он замон бо дасти рост хӯрданро
ҷоиз намедонистанд. Барои замонавӣ будан ҳатман бо
дасти чап нон мехӯрдӣ. Имрӯз ҳам таъсираш ҳаст. Ҳозир
бародар Мирбобо дар бораи этикет китоб навишпгааст, ки

106
бояд бо riacmu чап хурӣ.Ҳол он ки пайгамбари худо гуфта
буданд бо дасти рост хурок хӯред. Бо дасти чап хӯрдан ин
фарҳанги ва замонави будан ҳисобида мешудаасту бо дасти
рост хурокхури ақибмондагӣ»1.

Ҳоло аз китоби «Илми ахлоқ ва одоб» ҳамон сар-
хатеро, ки ҳадафи интиқод қарор гирифтааст, айнан ми-
сол меоварем, ки уламои мӯҳтарами ислом ва хонум М.
Асозодаро сахт ношод ва мушавваш сохтааст ва гӯиё ки
ба муқаддасоти динй тавҳин шуда бошад:

«Ҳангоми тановули гизо аз васоили хӯрокхӯрӣ-чумча,
чангол (чангча, вилка) ва корд бе садо истифода карданро
ёд бигиред. Бояд чумчаро дар дасти рост, чанголро дар дас-
ти чап, аммо корд ё кордчаро дар дасти рост нигаҳ доьит
ва аз онҳо бе садо истифода ба амал овард. Замоне ки сарфи
таъом ба поён расид васоилро на рӯйи дастархон, балки
дохили табақча ё коса, ки аз он хӯрок истеъмол кардед
гузоред»2.

Ҳар инсони бофарҳанг пас аз мутолааи ин сархат ва
тафсири уламои мӯҳтарами ислом ё хонуми Мушкинисои

'Ниг.: Фараж, 9.03.2011, №10(220). Ин тафсири исломии хонум М.
Асозода як рухдоди аҷоиби дигар ва дар ҳақиқат «исломй»-ро дар ёди
мо зинда кард, ки овардани онро зарур медонем:

Соли 1994 дар шаҳри Кундуз (Куҳандизи Афғонистон) корман-
дони «Садои Тоҷикистони озод» бо як нафар аз уламои мӯҳтарами
ислом нишасте доштаанд. Яке аз бачаҳои рушанфикр зимни сӯҳбат
чунин ҳадс мезанад:

-Шояд решай калимаи «фаранҷй» аз вожаи «фаранг фарангй»
гирифта шудааст...

Сухани он ҷавон дар даҳонаш ях мебандад ва он олими
муҳтарами ислом филфавр бо чашмони ало ва шубҳа ба тарафи он
ҷавон менигарад ва мегӯяд:

-«Фаранҷй», яъне «фарангй»?! Ҳо?! Ана, ба ту фарангй мана ба
ту фаранҷй...

Муллой мӯҳтарам бо чолокии хос ба даҳони он ҷавони
рушанфикр ду-се мушти обдор зада, дандонҳои вайро мешиканад'
-Ҳакимова С., Мирраҳим М. Илми ахлоқ ва одоб. Душанбе-
Шуҷоъиён, 2010, саҳ. 35.

107
Асозода1 худаш хулоса барорад, ки оё дар навиштаҳои мо
даъвои ҳатман бо дасти чап хӯрок хӯрдан вуҷуд дорад ва
оё мо бо дасти рост хӯрок хӯрданро «ақибмондагӣ» гуф-
таем ё на! Дигар он ки чумчаро дар дасти рост ва чан-
голро дар дасти чап нигаҳ доштан боз барои он лозим аст,
ки ҳангоми тановули палав ё дигар ғизо, ки дар табақча
гузошта шудааст, бо чангол бар чумча ҳидоят шавад. Ин
мавзӯъ, ки уламои мӯҳтарами ислом дар таърихи фарқан-
ги мо чй нақше бозидаанд, ба ҳамагон рӯшан аст ва нук-
таи ҷолиб ин ҷост, ки ҷаноби С. Мирзорахматов дар на-
виштаҳояш нисбат ба худи уламои ислом мушаххасан чизе
намегӯяд, балки айб ва аъмоли онҳоро аз Мирбобо Мир-
раҳимов медонад. Уламои мӯҳтарами ислом низ дар нав-
бати худ аз Мирбобо Мираҳимов домангиранд, ки ислом-
гаро нест.

Даҳ сол пеш вақте ки «шоири бузурги миллати
тоҷик Бозори Собир» дар тамомии рӯзномаҳои кишвар
номаи бисёр пурсӯзу гудози худаш-«Симхорҳои «девори
оҳанин»-ро набардоред»2-ро ба чоп расонд, мо мақолаеро
бо унвони «Hallo аз Амрико ва посух ба он»3 навиштем ва
бахше аз он дар се шумораи ҳафтаномаи «Наҷот» ба нашр
расид. Вале якбора уламои мӯҳтарами ислом ҷомаашонро
чаппа пӯшида, на танҳо аз чопи идомаи посухи мо дар
ҳафтаномаи «Наҷот» cap печиданд, балки муаллифро ҳа-
монанди даврони режими коммунистӣ мавриди накӯҳиш

'Шояд хонум М. Асозода ҳам барои шӯҳрат ёфтан дар таҳриф ба худ
муносиб надидаанд, ки аввал як бор ба сарчашма, яъне китоби «Илми
ахлоқ ва одоб», нигоҳ кунанд ва пас аз он тафсир бинависанд.
Албатта, тафсири исломии ин хонум ҳам аз фаросат ва ҳам аз дониши
фарогирашон гувоҳӣ медиҳад. Аз ин пас хонуми М. Асозода машҳур
хоҳанд шуд ҳамонади дигар дурӯгнависон бо тафсирулдурӯғинашон...

2Ҷумҳурият, 18.08.2001 ва муроҷиат шавад ба дигар нашрияҳои
кишвар дар мохдои август ва сентябри соли 2001 ба забонҳои тоҷикӣ,
русй ва ӯзбакй.

3Наҷот, №№38, 39, 40 дар таърихи 21 ва 28 сентябр ва 5 октябри соли
2001.

108
ва маҳкумият ҳам қарор доданд1. Тафсири уламои исломй:
он замон ва ин замон Бозори Собир ҳаммаҳали онҳо буд
ва Мирбобо Мирраҳимов бегона. Имрӯз, ки Бозори Со-
бир манъи фаъолияти ҲНИТ-ро дар кишвар ошкоро та-
лаб дорад ва «ҳизби исломиро дар Тоҷикистон бастан дар-
кор,чунки оянда зарараш дучандону садчандон хоҳад шуд»2
мегуяд, уламои мӯҳтарами ислом дар сардаргумӣ ба cap
мебаранд ва бо тафсирҳое чун «ин фикри шахсии вай»
иктифоъ меварзанд.

Бо иродати фаровон ба мақоми волои уламои мӯҳ-
тарами ислом хоҳишмандем аз баҳри худо дар ин маврид
ягон фатвое ё дастуре содир фармоед, ки мардум раҳгум
назананд. Агар нигаҳ доштани «чангол дар дасти чап», ки
мо гуфтем, ин қадар тафсири исломй дар пай дошта, пае
чаро суханони Бозори Собир бе тафсир монда?! Ҳадди
ақал барои маросими тановули ғизо мефармуданд:

-Бародарон ва хоҳарони аҳли суннат вал-ҷамоат!
Барои он ки бо дасти чап чангол шрифта нашавад, дан-
гоми тановули ғизо ҳатман дасти чапро бо рӯймол ё таноб
ё таноби фӯлодӣ (таноби филезй, яъне трос) ба тани хеш
(албатта, на тани бегона!) маҳкам бибандед ва мувозиб
бошед, ки боз нашавад!

Е ин ки: -Бародарони исломй! Чанголро дар дасти
рост ва корд ё кордчаро дар дасти чап бигиред!

Магар ҷаноби С. Мирзорахматов бо уламои мӯҳ-
тарами ислом ҳамфикру ҳамақида ҳастанд ва барои шӯҳ-
рат бахшидан ба онҳо аз шахсияти Мирбобо Миррҳимов
интиқод ба амал меоваранд?!

Мухолифат дар нашри мақолаи «Hallo аз Амрико ва посух ба он» дар
ҳафтаномаи «Наҷот» ва маҳкумияти муаллифи он аз ҷониби уламои
муҳтарами исломй заминае шуд барои иншои китоби нав, ки моҳи
феврали соли 2002 ба охир расондем ва худи ҳамон сол чоп шуд. Ниг.:
М. Мирраҳим. Cap омад қиссаи дуздӣ ҳикоят ҳамчунон боқист...».
2002, 147 саҳ., бо замима ва аксҳо.

2Ниг.: Миллат 26.01.2011, саҳ. 8.

109
Дар китоби «Илми ахлоқ ва одоб» дар мавриди
суннати таъом хӯрдан аз осори бузургон нуқтаи назари
тоҷикй ё худ исломй оварда шудааст, ки, мутаассифона, аз
назари уламои имрӯзи (модерн) ислом пӯшида мондааст
ва ҳол он ки лозим буд, лутфан, ба ин навиштаҳо таваҷҷӯҳ
мефармуданд:

«Агар пурсанд, ки чаҳор суннат (дар таъом хӯрдан-
М. М.) кадом аст? Бигӯй: -Аввал, «Бисмиллоҳ» гуфтан.
Дуюм, пеш аз таъом даст шустан. Сеюм, таъом ба дасти
рост хӯрдан. Чаҳорум, баъд аз таъом «ҳамд» гуфтан»1.

Чанде пеш китоби Шарон Ҳиллер «Донишномаи
Фрейд» дастраси мо шуд, ки оқои Муҷтабои Пурдил аз за-
бони инглисй ба забони форсй баргардон намуда ва онро
соли 2010 интишороти «Тарона»-и Машҳад бо теъдоди ду
ҳазор нусха чоп кардааст. Ин китоб, ки дар мазмун хило-
фи таълимоти динии мост, бо як пешгуфторе, ки бархе ин
тазоддро шарҳу тафсир кардаанд, нашр шудааст. Аммо
дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ як аз уламои мӯҳтарами
ислом алайҳи он нашӯридаанд ва тафсири подарҳавое ба
он нанавиштаанд, зеро мефаҳманд, ки омӯхтани ҳатто
нукоти мухолиф беқ аз надонистан аст. Мо одоби дар
олами мутамаддин роиҷ дар истифода аз чумча, чангол ва
кордчаро ёдовар шуда, дар бало мондем*.

Дар мавриди мо ҳар он чй дигарон менависанд,
агар интиқоди солим ва дуруст аст, ҳеҷ эроде надорад ва
бо камоли эҳтиром пазируфта мешавад. Вале агар дасиса
ва даъвое чун навиштаҳои X. Юсупов, Р. Амонов, Р. Ғаф-
форов, С. Табаров, А. Маниёзов ва дурӯгу тӯҳмат монан-
ди очерки С. Мирзорахматов аст, бо ин байта Убайди Зо-
конй, ки борҳо дар Эрон ва Тоҷикистон (ба фикрам, ҳатто
дар Фаронса ҳам) нашр шудааст, қотеъона рад мешавад:

1 С. Ҳакимова, М. Мирраҳим. Илми ахлоқ ва одоб, саҳ. 268.

по
Ҳар «маърифате», ки марди банги гуяд
Бар к.. .ри харе навису дар к.. .наш кун!1

Хуб мебуд агар ҷаноби С. Мирзорахматов пеш аз
даст задан ба мавзӯъоти таърих, ба вижа таърихи бедорй
ва худшиносии миллии тоҷикон пас аз нашри мақолаи
«То ба кай об аз таги ях меравад?» ба мутахассисини ра-
вонкобй (психоанализ) ва равоншиносй (психология) му-
роҷиат намуда, худашонро каме ташхис ва табобат мекар-
данд. Вагарна бо чунин ҷуволу тӯрбае пур аз васваса,
сафсатта ва дурӯғу буҳтон ба ҷое нахоҳанд расид:

Тарсам нарасй ба Каъба, эй аъробй2,

Ин роҳ, ки меравй ба Туркистон аст!

Воқеъан ҳам бо ин коре, ки ҷаноби С. Мирзорах-
матов дар ғурбат анҷом додаст, роҳ ба сӯи Туркистон пеш
гирифта, ки пасгашт аз он имкон надорад ва ҳаргиз ба
Каъба нахоҳад расид ва агар бирасад ва ҳатто мулло
шавад ҳам шакке нест, ки суде дар бар надорад.

Ман аз суханоне, ки дар мавриди осори халқкардаи
Устод Айнй (мавзӯъ ва сабки «Ҷаллодони Бухоро», «Оди-
на», «Дохунда», «Ғуломон» ва «Мактаби кӯҳна» дар назар
аст) навиштаам, ҳеҷ гоҳ даст накашидаам ва намекашам,
зеро он як дидгоҳи илмй аст ва дар ин замина мешавад
баҳс кард ва он чй мо гуфтем, аз бузургии Устод ҳеҷ чизе-
ро нахоҳад кост. Баръакс дар он сархат аз бузургии Устод
Айнй, ҳунари халлоқият ва устувории ӯ дар сари ақидааш
сухан рафтааст. Як бори дигар онро бо ҳам мурур
мекунем:

Ниг.: Убайди Зокони. Куллиёти мунтахаб. Душанбе: Нашриёти
давлатии Тоҷикистон, 1963, саҳ. 117; Куллиёти Убайди Зоконй.
Теҳрон: Чопи Теҳрони мусаввар, чопи дуввум, 1343, саҳ. 210.

Кадом як танзпардоз мисраъи нахустини ин шеърро чунин таъбир
кардааст:

Тарсам нарасй ба Каъба, эй ғир(р)омӣ!

Ill
«Иншои нщорнома дар адабиёти шӯравии тоҷик пас
аз кудатой нангини большевики соли 1917 ба майдон омад.
Устод Садриддини Айнй бар ивази 75 дарра, ки аз шерба-
чаҳои Амир хӯрда буданд, аз Сайид Олимхон қасос гириф-
танй туда, тамоми таърихи тоцикро чй дар адабиёти ба-
дей ва чй дар осори илмӣ бо маҳорати фавқулодда сиёҳ кар-
данд. Ва Устод тамоми умр аз ақидаи хеш даст накаши-
данд. Аммо ин ниқорномаи профессори шӯравипарвард роҷеь
ба ҷиноятҳои сангакиён ва нақши онҳо дар таърих тамо-
ман чизи дигар аст. Зеро ин китобча на асари илмй аст ва
на аз ҷумлаи каломи бадей»1.

Рӯи сухани мо дар ҷумлаҳои боло, ки ҷаноби С.
Мирзорахматов ноҷавонмардона таҳриф кардааст, нишон
додани ҳунари нависандагй ва садоқати Устод Садридди-
ни Айнй ба мавзӯи осори хеш аст, на даъват ба маҳкум
кардани ишон. Аз ин рӯ андешаи мо ба тафсири хирасаро-
ну бесаводон ниёз надорад (зеро дар ин қиёс ҳадафи асосӣ
нишон додани беистеъдодии Р. Мусулмонкулов дар ин-
шои китоб роҷеъ ба рухдодҳои таърихии Тоҷикистон дар
солҳои 1992-1997 аст). Ин нуктаро борҳо бо равоншод Ус-
тод Камолиддини Садриддинзодаи Айнй (15.05.1928-
14.08.2010) низ дар миён гузоштаам ва ишон онро
пазируфтанд. Худи Камолиддини Айнй ёдовар шуданд, ки
ҳатто Амир Сайиди Олимхон дар як номае ба тарзи тас-
вири Устод Айнй дар мавриди вахдюнияти замони аморат
эътироз карда будааст...

Камоли булуғи дониши ҷаноби С. Мирзорахматов
дар он аст, ки як сархатеро аз мақола барканда ба тарзи
тафаккури мугризона тафсир мекунад ва пас аз он бо
маҳорати бисёр хос, ки танҳо вижаи муллонуқотиҳост, ба
аъмоли сафеҳона ва ифротгароёнаи толибони покистонии
Афгонистон мечаспонад:

'Ниг.: М. Мирраҳим. Ниқорнома. Перомуни як рисолаи профессор Р.
Мусулмонқулов.-Чароги рӯз, №3(92), 1996, саҳ. 15; То ба кай об аз
таги ях меравад? с. 130-141.

112
Умедвор бувад одами ба хайри касон

Маро ба хайри ту уммед нест, шарр марасон1

С. Мирзорахматов дар «шоҳасар»-и хеш бо истеҳзо
ва шояд як навъ ҳасодат роҷеъ ба зиндагии М. Мирраҳи-
мов дар хориҷ аз Тоҷикистон ёдовар шудааст. Ин ҷо мо
ба С. Мирзорахматов як ҳазор бор ташаккур мегӯем, ки
ишон ба худфошкунй пардохтаанд. Дар поёни мақолаи С.
Мирзорахматов таърихи иншои он шаҳри «Алматы 2002
г.»2 сабт шудааст. Ин таърих моро ба андешаҳои талх
водор сохт. Мо намедонем, ки ин гузориши бо сабки хоси
хуфиянависони ҳирфаӣ иншокардаи ҷаноби С. Мирзорах-
матов нахуст ба куҷо ирсол шуда ва дар кадом кишвар ба
нашр расида, вале ин нуктаро дақиқ метавонем бигӯем, ки
маҳз аз ҳамон соли наҳси 2002 масъалаи душвориҳои
иқомати мо дар кишварҳои Русия, Эрон ва ҳатто Туркия
cap шуд. Ҳар ҷо ки мерафтем масъала пеш меомад. Ед до-
рам, ки боре ба Русия сафар доштам ва дар меҳмонхонае
(Hotel) ҷой гирифта, барои сарфи хӯроки пешин бо дӯстон
берун рафтам. Вақте ба меҳмонхона баргаштам, масъули-
ни пазириши меҳмонхона хабар доданд, ки гузарномаам,
яъне «загранпаспорт»-ро, шербачаҳои созмони хуфияи Ру-
сия бо худ бурдаанд ва лозим аст, ки зуд ба нишонии онҳо
муроҷиат намоям. Рафтам. Ду соат аз банда бозҷӯй кар-
данд. Он дурӯғу сафсаттаҳое, ки ҳоло ҷаноби С. Мирзо-
рахматов (ва «Игорь Ленский») чун ҳақиқат дар ҳаққи мо
дар мақолаашон ба қалам додаанд, ба наҳве дақиқ дар су-
олот ва пурсишҳои бозҷӯии ҷанобони дастгоҳи амниятии
кишвари Русия ҷой дошт. Далеле надоштанд, ки ба ҷурме
моро айбдор созанд ва ба ҳабс бигиранд. Ноумед шуданд
ва дар ниҳоят яке аз афсарони баландрутба, ки чанд бор
вориди хонаи бозҷӯй шуда ва боз берун мерафт ва ба асли

’Шайхи Шероз Саъдй. Гулистон. Теҳрон: Интишороти Қадёнй, 1370,
с. 185. Шарр-бадй, фасод.

2С. Мирзорахматов. Герои..., с. 94.

113
қазия таваҷҷуҳи вижа дошт, бо ҳақорат ба нишонии гузо-
ришгарони тоҷик, ки дар мавриди М. Мирраҳимов
навиштаанд, чунин гуфт:

-Дарди cape бароямон дуруст кардаанд ва ба таври
дақиқ далеле нест, ки ин одамро барои чй боздошт кунем:
бо айби «бунёди ҷумҳурии исломй ва ё терроризми бай-
налмилалӣ». Дигар ба гузоришҳои тоҷикони лаънатй дар
мавриди Мирбобо Мирраҳимов бовар накунед...

Соли гузашта барои дарёфти раводиди кӯтоҳмудда-
ти саёҳатӣ ба сафоратхонаи яке аз кишварҳои мутамадди-
ни дунё муроҷиат кардам. Бароям раводиди саёҳатй
(туристическая виза) надоданд ва гуфтанд, ки нерӯҳои
расмии кишвар барои сафари шумо ба хориҷ мухолифат
меварзанд...

Дар тӯли ин солҳо боре барои «Фотиҳа»-хонӣ ба як
хешамон аз_марзи байни ноҳияи Истаравшан ва мавзеъи
Қӯшканди Узбакистон убур мекардем ва ду соат марзбо-
нони кишвари дӯст ва ҳамсоя-Ҷумҳурии Ӯзбакистони
бародарй маро боздошт карданд. Иллат пурсидам.
Гуфтанд:

-Ба мо аз хориҷа гузориш расида, ки «Мирраҳимов
бунёдгузори ҷумҳурии исломй дар Осиёи Миёна аст»...

Ниҳоят як афсари ҷавоне, ки, хушбахтона, миллия-
таш тоҷикй будааст ва ному номи хонаводагии мо ба гӯ-
шаш расида, шояд аз ин қабил гузоришҳо хаста шуда буд,
ки гузарнома ва шиносномаамро пае дод ва гуфт:

-Дигар назди марзҳои кишвари мо пайдо нашавед.
Бароятон хатари зиёд дорад!

Ин саҳнаҳои дар воқеъ ҳам даҳшату ваҳшат ва ҳам
музҳикро барои он мисол овардем, ки имрӯз пас аз сипарй
шудани наздик ба даҳ сол аз таърихи иншои тӯҳматномаи
С. Мирзорахматов маълум шуд, ки бод аз куҷо мевазида-
аст ва чй тавр ишон дар ин муддат зиндагиро чӣ дар
хориҷ ва чй дар Меҳан барои мо заҳр кардаанд... Ҳазор
ташаккур ба шумо ҷаноби С. Мирзорахматов!

114
Дар Эрон барон зиндагии ман ягон имтиёзе вуҷуд
надорад, раводиди «паноҳандаи сиёсй» низ надорам ки
ооиси ҳасодати дигарон шавад. Агар зарурате (аз қабили
баргардон е виройиши китоб) пеш ояд монанди дигар
шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раводиди саёҳатй
(«туристическая виза») ба он кишвар меравам ва ҳаққи аз
ду е се моҳ бештар иқомат дар он ҷоро надорам Шукр
мегуям ва коре ба касе надорам. Бинобар ин даъвои дано-
би С . Мирзорахматов дар бораи он ки «политэмигран-
том» в Иране» , «Мирбобо теперь в стабильном, процвета-
ющем Иране пишет мемуары»2 ҳақиқат надорад ва дурӯғи
маҳз аст. Худо шуморо барои ҳамаи тӯҳматҳоятон аз
даргоҳащ беподош нагузорад ва ҷойгоҳи арзандае дар
Асфалассофилин бароятон муҳайё созад. Омин!

Ҳар чизе ки метавонам бо истинод аз қонунҳои дав-
лати демократии ҳуқуқбунёд ва ғайримазҳабй (яъне «свет-
ский» ё ба истилоҳ «дунявй» ва дар амал «лоик») дар То-
дикистон менависам ва ба чоп мерасонам ва аз ҳеҷ кас
иҷозат намепурсам ва ба шахсе ё идорае низ оид ба
муҳтавои осоре, ки халқ менамоям, ҳисобот намедиҳам, ки
чи менависам ва чй матлаберо чоп мекунам. Худованд ин
хушбахтиро ба банда арзонй доштааст.

Сарнавишт чунин рақам хӯрда, ки номи мо доиман
зери интиқод ва дуруги дигарон қарор бигирадЗ. Ба ҳамаи
ин неъмат шукргузорем. Зеро дар гафлат намемонем-

Даврони бақо чу боди саҳро бигузашт,
Талхиву хушиву зишту зебо бигузашт.

'Мирзорахматов С. Герои..., с. 79.

"Мирзорахматов С. Герои,.., с. 91.

Бархе чунин ақида доранд, ки ҳар дурӯғе дар ҳаққи инҷониб
оинависанд, равост ва ба мо лозим аст хомӯширо авло бидонем Яке
аз дастандаркорони пахши китобчаи С. Мирзорахматов дар
Душанбе, ки кадом ҷоизаеро дар таърихи 18.03.2010 бо ӯ ҳамроҳ касб
кардааст, аинан ҳамин тавр фармуд: -Хайр, чй? Барои шумо боз як
туҳмати дигар! J

115
Пиндошт ситамгар, ки ҷафо бар мо кард,

Дар гардани ӯ бимонду бар мо бигузашт.

Р. S. Ба посухҳоям нуқтаи таммат гузоштанй
будам, ки ногаҳон ду нукта ба ёдам расид.

Нахуст, ду баёнот ё гузорише аст, ки дар мавриди
М. Мирраҳимов соли 1990 (пас аз рухдодҳои моҳи феврал)
ба КГБ-и Тоҷикистон расида. Дертар он гузоришҳо ба
парвандаи ҷиноии шастуҳафтҷилдаи №625 нисбат ба М.
Мирраҳимов (ба ин парванда корномаи А. Комилов, X.
Қосимов ва X. Назаровро низ мулҳақ кардаанд) дӯхта
шудааст ва ҷилди даҳумро ташкил додаст. Мо аз овар-
дани ин аснод дар китоби «Рӯзномаи маҳкум ба қатл. Хо-
тироти зиндони КГБ дар солҳои 1993-1994» худдорй карда
будем. Он чй, ки ҷаноби С. Мирзорахматов бо ҷумлаҳое
чун-«Кто-то пытался объяснить, что Мирбобо толком не
знает таджикский язык, нашей культуры и, наконец, нашу
письменность»'', «писаки»1 2', «он картавит немного»3, «барои
Бунёди забон, Растохез коре накард» ва дигар ибораҳо дар
ҳаққи М. Мирраҳимов мақола менависанд, дар он гузо-
ришҳо дақиқан навишта шудааст4. Албатта, ҷаноби С.
Мирзорахматов хуб медонанд, ки муаллифи он суханҳо ва
гузоришҳо кист. Афзун бар ин аз сабки нигориши С. Мир-
зорахматов чунин бармеояд, ки касе ҳамчун хуфиянавис
аз рӯзе (ва ҳатто пеш аз он), ки мақолаи «То ба кай об аз
таги ях меравад?» ба нашр расид, доиман дар камин ва ё
пушти сари Мирбобо Мирраҳимов ҳама ҷо ва дар ҳар
макон ва дар ҳар замон ҳозиру нозир аст ва бо диққат

1 Мирзорахматов С. Герои..., с. 74.

2 Мирзорахматов С. Герои..., с. 80.

3 Мирзорахматов С. Герои..., с. 82.

4 Ҷаноби С. Мирзорахматов барои дурустии ин ҳарфҳо ва итминони
комил метавонанд ба рафиқон Хайридцин Қосимов, Аҳмадшоҳ
Комилов ва Хуршед Назаров, ки он парвандаро дидаанд ва мутолаа
ҳам кардаанд, муроҷиат намоянд. Онҳо ҳатман шуморо дар ин масир
роҳнамоӣ хоҳанд кард.

116
наззора дорад ва мунтазир аст, ки чи иштибоҳе аз ӯ pyx
медиҳад, то дастгираш кунем ва ба гуноҳе муттаҳам созем.
Чун рафтори ғайриқонуние аз банда рух надода, пас бо
туҳматномаҳои подарҳаво мақола навишта, сиёҳ кардан
ва дар ҳаққаш дурӯғ парокандан, ки касе посухгӯ
набошад, беҳтар аст, то даъвои ҳақиқй!

Дуввум, дар авҷи даргириҳои соли 1992 дар рӯзно-
маи «Правда» мақолаи «Двойка по философии. Эхо тад-
жикского полупереворота»1 бо имзои «хабарнигори вижа
Игорь Ленский» чоп шуд, ки асосан дар танқиди М. Мир-
раҳимов ва қисман Ш. Юсупов ихтисос дошт. Он замон
ман ба он дурӯғнома эътирозе накардам, зеро хатто фур-
сати кофӣ ҳам дар ихтиёр надоштам. Албатта, «Игорь
Ленский» кист ва чаро ӯ танҳо дойр ба масоили даргири-
ҳои Тоҷикистон мақола менавишт ва чаро имрӯз С. Мир-
зорахматов айнан ба монанди Игорь Ленский аз М. Мир-
раҳимов (ва, албатта, аз Ш. Ф. Юсупов-ҳамтабақаш) тан-
ҚИД ба амал меоварад, пас аз хондани ин чумлаи зерини
сафсаттабоф: «С Мирбобо вообще не знаком»2 каме шубҳа-
омез аст. Ёд надорам, ки кадом як «хабарнигори вижаи
«Правда» Игорь Ленский» ба таври мустақим моҳи июн
ва ё июли соли 1992 бо ман мусоҳиба карда бошад, вале
чанд тоҷики роҳибнамо, ки маълум буд, дасти Маскав
ҳастанд ва ба олами рӯзноманигорй низ сару кор доранд,
бо баҳонаи дидор вориди дафтари корӣ шуда, аз боби гӯё
баста шудани барномаҳои русй дар садо ва симо пурсон
шуда буданд, ки суроби яке онҳо шабоҳат ба устоди С.
Мирзорахматов дошт...

Он рӯзҳо «Игорь Ленский» аз «мулоқот ва мусоҳи-
ба» бо М. Мирраҳимов ин тавр ёдовар шудааст:

«С видным деятелем оппозиционного движения Мир-
бобо Миррахимовым по странному совпадению тоже канн-
дидатом философии, мы встретились в его только обре-

' Правда, 11.07.1992, №92(26846), с. 2.

2Мирзорахматов С. Герои..., с. 9.

117
тенном кабинете председателя теле радиокомитета (?)
Таджикистана. Захотелось узнать о происшедшем из
первых уст. Мое намерение не понравилось министру.

-Как член правительства национального примерения я
не могу нарушить затишья.

Раз так, я спросил: почему ликвидируется русская
редакция. Министр нахмурился:

-Она не ликвидируется. Она преобразуется в между-
народную.

-Не следствие ли это заявления Шодмона Юсуфа?

-Он прав. Русские в большинстве своем никогда не
чувствовали себя гражданами Таджикистана.

-У нас была одна страна...

-Все равно. Им не дорога наша земля. Они даже
языка не знают.

Внезапно сверкнув очами, министр стал резко гово-
рить о начальнике гарнизона и о русских солдатах, которые
так здесь не нужны. Я осторожно напомнил, что в мар-
товском интервью «Правде» президент Набиев высказался
за охрану внешних границ республики силами СНГ.

-Сейчас другое время. Нам незачем защищаться от
своих братьев, -жестко возразил философ, давая понять,
что разговор окончен»'.

«Игорь Ленский» дар шумораи 4 сентябри соли
1992 рӯзномаи «Правда» (№117/26871/) дар мақолае бо
номи «Что стоит за путчем в Душанбе» дар мавриди
истеъфои Р. Набиев чунин навиштааст*:

«Ссылка на таджикское радио крайне важна для
оценки информации. Не исключено, что таджикская теле-
радиокомпания, руководимая одним из вождей исламистов
М. Миррахимовым, выдает желаемое за действительное.
Телега-то явно поставлена впереди лошади. Сессия еще не
собралась, и неизвестно, соберется ли и будет ли на ней кво-
рум, уже решен. Решен правительством и президиумом пар- 1

1 Правда, 11.07.1992, с. 2.

118
ламента, которым по конститутиции Таджикистана
такое право не предоставлено...»

Як моҳ пас аз нашри ин мақола ин бор дар саҳифа-
ҳои якум ва дуввуми шумораи 6 октябри соли 1992
(№139/26893/) рӯзномаи «Правда» шахси «Игорь Лен-
ский»-ро якбора «хабарнигори вижаи «Правда» Виктор
Ряшин» иваз мекунад ва мақолаи муфассалеро бо номи
«Кулябское сопротивление» ба чоп мерасонад, ки мазму-
нан ба навиштаҳои С. Мирзорахматов дар соли 2002 ҳам-
садо аст. Турфанди беназир дар рӯзноманигории комму-
ниста ин аст, ки рӯзномаи «Правда» дар соли 1992 дар
Тоҷикистон аз хидмати ду «хабарнигори вижа» истифода
мекардааст, дар ҳоле ки аз мӯҳтавои рӯзнома бармеояд он
замон вазъи иқтисодии хубе надошт ва гирифтори дод-
гоҳи фаъолони ГКЧП ва рӯзшумори ташрифи ҳунарпе-
шаи Мексикой Вероника Кастро ба Русия буд. Дар поёни
моҳи октябр «Игорь Ленский» сари кор баргашта ва боз
дар бораи воқеаҳои Тоҷикистон 31 октябри соли 1992
мақолаи дигареро ба нашр расонидааст, ки «Таджикистан
может остаться без таджиков» ном дорад. Унвони мақола
бисер дилсӯзона нисбат ба тоҷикон ба назар мерасад, вале
муаллиф дар мазмуни нигориш ба юришу турктозии С.
Кенҷаев, ки пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанберо бо
зархаридони аҷнабӣ гасб карда, куштаҳои зиёде бар ҷой
гузошт, чунин баҳои мусбат додааст:

«Захватив президентский дворец, Кенджаев нашел
мужество признать: за полгода погибло больше 20 тысяч
человек. Одна из самых жестоких гражданских войн в Гва-
темале унесла 100 тысяч. Но за тридцать лет. Сравните
цифры»1.

Агар ин қатли оми омори 20-ҳазор нафар тоҷик аз
Ширкати давлатии садо ва симои пахш шуда буд, ҳатман
террор маҳсуб мешуд, вале ҳоло бо қаламфарсоии «Игорь
Ленский» «мардонагии С. Кенцаев» ном гирифтааст, зеро

' Правда, 31.10.1992, №158(26912).

119
он устоди кудато субҳи 24 октябри соли 1992 Ширкати
давлатии садо ва симоро бо кӯмаки низомиёни Русия ва
бо сарварии сарҳанг Камышкин гасб карда, дар суханро-
нии хеш ва Рустами Абдураҳим1 шахси худашро «Прези-
денты Тоцикистон» эълон кард. Он чй пас аз юриши С.
Кенҷаев2 * * танҳо дар назди сохтмони бинои садо («Дом
Радио») се кушта ва назди қаҳвахонаи «Деҳқон»-и бозори
«Баракат» (дигар имрӯз на аз он қаҳвахона ва на бозор
нишоне нест) беш аз сездаҳ шаҳид (дигар куштори дар Ду-
шанбе анҷомшуда аз ҷониби аҷнабиён дар 24.10.1992-ро
мо мисол намеоварем) мерос боқй монд, аҳамияге надо-
рад ва дар қатори омори 20 ҳазор нафара дохил намеша-
вад!

Лозим аст далелҳои ин ду ҷумла бо ҳам муқоиса
шавад. Ҷаноби С. Мирзорахматов солҳои 2002-2011 чунин
навиштаанд:

«21 июня 1992 года большой отряд боевиков народно-
го фронта вторглись на территорию печально известного
совхоза «Туркменистан» Вахшского района. Мирные жи-
тели от страха прятались в сбросных каналах, на полевых
станах и на кладбищах. Однако, боевикам, видимо была
дана команда не трогать мирное население (был убит один

’Пас аз ин суханронии таърихи Р. Абдураҳимро байни соатҳои 1240 ва
1305 ҳамон рӯзи 24 октябри соли 1992 Ризвон Содиров дар автобазаи
№3 ба қатл расонд. Ин воқеаро ба мо Имомназари Холназар ва А.
Комилов бо телефон хабар доданд.

2Бунёдгузори Фронти халқии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев, ки кор-

нома ё дақиқтараш парвандаи ҷиноятии худашро дар чанд ҷилд китоб

бо номи «Табаддулоти Тоҷикистон» ба сабт ва дар Душанбе ва То-

шканд ба нашр расондааст, дақиқан дар ҳамон рӯзе ба қатл расид, ки
Файзалӣ Саидов ва Сангак Сафаров ҳамдигарро (ё онҳоро) кушта бу-
данд, яъне 30.03.1993. Тафовут танҳо дар он буд, ки таърих ба С. Кен-
ҷаев дақиқан шаш соли дигар фурсати зиндагӣ дод, то дарк кунад ва
панд бигирад, ки барои мансаб талош кардан, хиёнат ва хун рехтан
мукофоти сахте ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё насибаш хоҳад
шуд.

120
мирный житель, якобы оказавший сопротивление). Это
был акт устрашения, демонстрация силы»1.

«Игорь Ленский» 11 июли соли 1992 дар мақолааш
чунин навишта буд:

«Новой кровью налился полувековой давности этно-
религиозный спор между гармскими и кулябскими таджи-
ками. Без видимых причин 27 июня произошло столкновение
в совхозе «Ленинград» Курган-Тюбинской области -погибли
более 30 человек»2.

Умуман мақолаҳои «Игорь Ленский» барои хоҷа-
гони Маскав ва Тошканд (Ӯзбакистон), ки дар воқеъаҳои
фоҷиабори Тоҷикистон дахил буданд, раҳнамуд ва дас-
таки хубе шуд ва таъсири баде ба мерос гузошт ва имрӯз
дар навиштаҳои нави Нур Табаров ва С. Мирзорахматов
бо ҳамон сабки қадим, вале ба ранги нав зуҳур кардааст.

Дар муаррифиномаи С. Мирзорахматов, ки пушти
ҷилди тӯҳматномаашон (якҷо бо акс) овардаанд, як порае
аз тарҷумаи ҳоли дурӯғнависи коммунистмаоб аз нашр
афтодааст (шояд барои рӯйпӯш кардани фитнаи таърих,
фарти фаромӯшхотирй ва ё бо машварати устод Нур
Табаров), ки барои хонандаи дақиқназар лозим аст ин ҷо
зикр шавад: рафик, С. Мирзорахматов пас аз мудцатҳо
хабарнигорй дар «Коммунист Таджикистана» бо пофишо-
рии устод Отахони Латифй (пас аз истеъфои ишон дар
соли 1989) ба вазифаи пурмасъулияти хабарнигори рӯзно-
маи «Правда» дар Тоҷикистон тавсия шуданд (дар мухо-
лифат бо номзадии Шариф Ҳамдамов-Шарифи Ҳамдам-
пур). Ин ҷо ради пои хабарнигори «Правда» дар
Тоҷикистон гум мешавад. Пас аз ҳазф шудани модцаи
«нақши роҳбарикунандаи ҲКИШ дар Иттиҳоди Шӯравй»
аз Қонуни Асосии (Конситутсияи Иттиҳоди Ҷамоҳири
Шӯравии Сотсиалистй) дар моҳҳои аввали соли 1990

1 Мирзорахматов С. Герои..., с. 85.

2 Правда, 11.07.1992, с. 2.

121
«Правда» дигар мухтор буд, ки ҳар касеро мехост барон
хабарнигорй дар Тоҷикистон баргузинад.

Барой андеша: мақолаи «Аплодисменты есть, не
дай Бог слезы», ки бо имзои мустаори «М. Дал ер» дар
шумораи 224(26672) аз 25 сентябри соли 1991 чоп шудааст,
ҳамгаро бо сабки навиштаҳои С. Мирзорахматов дар
солҳои 2002 ва 2011 мебошад. Албатта, бо итминони
комил наметавон гуфт, ки матни зер ба қалами С.
Мирзорахматов тааллуқ дорад, вале мисол овардани он
барои муқоиса бо навиштаҳои минбаъдаи ин ҳазарат ва
мутолааи таърих аз аҳамият холй нест:

«Чуть больше двух часов Республика Таджикистан
находилась на черезвычайном положении, объявленном
парламентом. И лишь за несколько минут до окончания
заседания Верховного Совета депутаты переиграли и
приняли черезвычайное положение только в Душанбе.

Тем временным митнги в столице республики не пре-
крещаются пятый день и, видимо, захватили парламента-
риев. Под аплодисменты приняли они отставку и. о. Прези-
дента Республики Таджикистан, Председателя Верховного
Совета Таджикистана К. Аслонова, признавшего свою
вину, под аплодисменты отменили его указ о Национали-
зации имущества Компартии Таджикистана и ее правопре-
емников. Под аплодисменты сессия избрала и нового Предсе-
дателя Верховного Совета Республики Таджикистан
народного депутата Рахмона Набиева. По Конституции
Таджикистана он теперь является и и. о. президента рес-
публики до всенародных выборов нового главы таджикского
государства, которые назначены на 27 октября этого года.
Кстати, Р. Набиев-один из претендентов на этот пост.
На сегодняшний день свыше 240 трудовых коллективов и
организаций республики выдвинули и поддержали его
кандидатуру. Овациями встретили нового Председателя
Верховнего Совета Республики Таджикистан участники
митинга протеста против запрещения компартии (переше-
дшей, правда, в ранг социалистической), национализации ее

122
имущества, против сноса памятника В. И. Ленину. Митинг
проходил на прощади Озоди, у здания парламента.

Сторонники оппозиции-представители народного
движения Растохез, Демократической партии Таджикис-
тана и Партии исламского возрождения не ликовали. Они
организовали свой митинг, который шел всю ночь и
продолжался во вторник. На проспекте имени Ленина, пере-
именованном в проспект Рудаки, баррикады. Митингующие
не согласны с решениями сессии, и они выступают против
введения черезвычайного положения, за восстановление
законной власти в лице К. А слонова. Оппозиция требует
отставки Р. Набиева.

к

чс

«X»



ш

. '• мм»

««о

_ :: тт т *

Ш *1;

•V/ «у*

S 3S ..

(X. & Ъь .......

^ ф «с S

: :v: :■

— f#|§

» s ¥ г ғ » a g 5^*» «’ с s? g $ yss'frvS го s у g » г»«.

III£111* • Ij? fl§iIiftfflist* 1 1$

: ! t : ■ ч >:

i J -g « i С £ ~ t Д i ^ 5 J

• , i • .

I? I Ж * I g ' ' I : I ! i: I * ■ Щ I 1 I ::: I

Дертар 9-уми декабри соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ
бо муоҳидаи Беловежск байни Президентҳои Русия, Ук-
раина ва Белорус-Б. Н. Ельцин, Л. Кравчук ва С. Шуш-
кевич барҳам хӯрд ва мавқеи рӯзномаи «Правда» нисбат
ба тоҷикон ва Нерӯҳои миллӣ-озодихоҳии Тоҷикистон
шабеҳу айни сиёсати хасмонаи Б. Ельцин ва И. Каримов
ва ҳатто дар бархе маворид бештар аз он чӣ буд, ки ме-
тавон тасаввурашро кард, шуд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин дар корномаи хабарнигори
«Правда» ҳеҷ мақолае дар нимаи дуввуми соли 1992 бо
ному имзои номубораки-«С. Мирзорахматов» рӯи чопро
надидааст. Шумо кистед, Саломиддин-ака?! Чанд чеҳра
доред?! Мардаки ҳазорчеҳра. Ба наздикй ҳама шуморо

123
хоҳанд шинохт ва хеле маъруф хоҳед шуд. Фарҷоми
оғозатон муборак!

Ҷилва бар ман мафурӯш, эй маликулҳоҷ, ки ту
Хона мебиниву ман хонахудо мебинам'.

Шояд қатли нобаҳангоми Отахони Латифӣ дар
рӯзи наҳси 22-юми сентябри соли 1998 барои дигарон
роҳи шӯҳрати тозаеро боз карда ва таъриф аз он равон-
шод ин таъриф аз худ бошад?! Одатан ашки тимсоҳ (сус-
мор) барои он аст, ки касеро фурӯ бурда ва гӯиё намаки
дар бадани инсон вуҷуд дошта вайро азият мекардааст...
Агар моҳи феврали соли 1990 бо кӯмаки сӯзанбоне
(стрелочник) чун Нур Табаров рӯзноманигори барҷаста
Отахони Латифиро барои тарафдории гирди-ҳамома-
дагон муттаҳам карда бошанд, пас чаро дар соли 1998 он
тӯҳмат бо пӯкиши нохостаи С. Мирзорахматов ҷомаи
март напӯшад?!

Пас аз ин посухҳои бо мантиқ, мадорик ва далелҳои
маҳкам, ки дар боло овардем (ва инҳоро устод Нур Таба-
ров бисёр таманно доштаанд ва доранд, ки рӯи дасташон
гузошта шавад ва ё барои ҳамлунақл ҳамчун гулчанбаре
гирди сарашон дуруст гардад, ки ҳатто ба хонандагони
китобча ҳам ин орзӯяшонро қисмат кардаанд)1 2, ба ҷаноби

1 Ин байт аз Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аст. Маликулҳоҷ-сардори дастаи
ҳоҷиён, сарвари корвони зиёраткунадагони Каъба; ба қавли тоҷикони
имрӯз «ҳоҷибарак».

2 Устод Нур Табаров дар ин маврид чунин таърифу тавсифро нисори
хоки пойи Акбари Турсун ва Саломиддин Мирзорахматов кардаанд,
ки мутолааи он аз аҳамият холи нест: «Историки и философы, кроме
ссылки на общепринятую официальную оценку глубоких исследований
причин и последствий происшедших событий, ничего толком пока не
говорят, исключая серьезные заметки Акбара Турсуна-нашего Платона
в изгнании. И вот Саломиддин Мирзорахматов, достаточно известный
русскоязычный таджикский журналист-публицист, взялся за описание
портретов политических фигур XX столетия-своих соотечественни-
ков, замечу, наиболее известных» (с. 12). Чй ҳикмате суфтаанд ва чй

124
Саломиддин Мирзорахматов барои он ки аз нав бар
осиёби дигарон об рехта истодаанд, бо забони худо-
биёмурз Ҷӯлқунбой (А. Қодирӣ) ва бо камоли эҳтиром
таманнои шаби хуш менамоем ва мегӯем:

-Энди яхши етиб туринг!1

каромоте халқ кардаанд ин пири ботадбир, ки дақиқан ин байт
баёнгари таърихдонй, ҳамадонй ва ҳамабинии ишоп аст:

Аз каромоти пири мо чй аҷаб
Панҷаро боз карду гуфт: -Ваҷаб!

Ду рухдоди бузурги таърихй дар соли 2011 барои Тоҷикистон
ин аст, ки пас аз ин таърифу тавсиф Афлотун аз дори табъиди Амрико
(ИМА) ба Ватан баргашта (ва 11 апрели соли 2011 Раиси пажӯҳиш-
гоҳи забои, адабиёт, ховаршинсӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони
улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда) ва Саломиддин-ака
Мирзорахматов ҳам бо пахши ройгони китобчаи пур аз дурӯғу тӯҳмат
ва сафсаттаҳояшон дар дилу дидаи ҳамагон ҷо гирифтаанд. Ҳамчунон
ки худи С. Мирзорахматов дар мавриди шинохти мавқеъият ва
замонасозй чунин фалсафафурӯшй кардаанд: «А вообще у многих
тогда нюх сработал. Следуя принципу УУ (выражение Акбара Турсуна-
угадай и угоди), одни коммунисты, сдав билет члена КПСС, стали
демократами и на каждом шагу демонстрировали ненависть к
коммунизму. Другие же, ставь беспартийными, стали выжидатьь:
куда же примкнуть, чтобы не прогадать» (с. 80-81). Ҳазрати Афлотун
низ пас аз ба мансаб расидан мувофиқи усули ҳикматбарангезу
сеҳрангези хеш-«УУ», яъне «угадай и угоди», фармуданд: «Тоҷикистон
давлати тоталитарй нест» (Ниг.: Пайкон, №15/98/; Фараж, №17/227/).
Чй хуб аст, ки аъмоли имрӯзи бузургон ба қавли нозиме «шарми
занона дорад» ва шабеҳ ба гуфтаи болост ва

УУ=СМ+НТ+АТ=УУУУУУ~=баробар аст ва ба як муаммои тоза ё
фарзияи (гипотеза) риёзии тоҷикона. Фарзияи (гипотеза) риёзии
дардисарофарини Пуанкаре пас аз даргузашти сад сол аз ҷониби
риёзидони Русия Перельман кашф шуд. Мунтазир хоҳем монд то ягон
тоҷик ин фарзияи тозапайдои «УУ=СМ+НТ+АТ=УУУУУУ~»-ро низ
дуруст ҳаллу фасл намояд. Хушо ба ҳоли шумо, сарварони гиромй!
'«Ҳоло бо хаёли роҳат бихобед!» Иттифоқан Қ. Маҳкамов ҳам дар
ҳафтодупанҷсолагии хеш дуруст фармудаанд, ки: «По ночам я сплю
спокойно» -«Asia-Plus», №17, 2007 г.; 20.04.2011, №30(619). Бо хаёли
роҳат хобидан хеле хуб ва муҳим аст ва ҳамчунон ки дар як мисраъ
шеъри мардумй гуфта мешавад: Гар хоб барад, хоби калонат бибарад!
Мо ҳам мегуем: Аз хоби гарон махезед, дар хоби гарон бимонед!

125
БА ҶОИ ОХИРСУХАН

Баробари ба даст гирифтани китобчаи С. Мирзо-
рахматов «Герои истинные и мнимые» дар таърихи 17
марти соли 2011 ва боз кар дани нахустин саҳифаи он номи
ин посух дар зеҳнам зуҳур кард: «Ҳамтабақи Шодмон
Юсуфов ва Хулькар Юсупов ПУКИД». Ин номи китоб
маро он чунон ба худ мафтун сохт ки дар як они воҳид
аксари далоили лозим барои ради тӯҳматномаи ишон
омода шуд ва маро зарур омад, ки як моҳи комил паси
мизи корӣ нишаста, онҳоро рӯи сафҳа биёварам (дертар
танҳо бархе пойнавишт ва аксқо ба он афзуда шуд). Шояд
хонанда суол пеш оварад, ки чаро номҳои Шодмон
Юсупов ва Хулькар Юсупов дар ин китоб бо унвони
ҳамтабақӣ бо С. Мирзорахматов ба таври вижа таъкид
шудааст. Посух ин аст:

Замоне ки мо мақолаи «То ба кай об аз таги ях ме-
равад?»-ро навиштем Ш. Юсупов вазифаи котиби созмони
ибтидоии Ҳизби коммунистй дар Шӯъбаи фалсафа ва
пасон котиби кумитаи Ҳизби коммуниста Фарҳангистони
улуми Тоҷикистонро бар ӯхда дошт ва ҳамчун коммунис-
ти сирф сурх шӯҳрат ба даст оварда буд ва, бадбахтона,
мо ҳамкор маҳсуб мешудем. Пас аз нашри мақолаи «То ба
кай об аз таги ях меравад?» дар рӯзномаи «Комсомоли
Тоҷикистон» онро шадидан маҳкум кард ва каме баъдтар
дар ҷойи кор сарангушти дасти росташро ба сӯям тир
намуда, чунин таъкидро ба нишонии мо раво донист:

-Ҳамаи ин бедори мардуми тоҷик аз мақолаи шумо
cap шуд. Шумо сазовори ҷазо ҳастед...

Лозим аст ба дафтари хотирот муроҷиат намоем ва
ба моҳи марти соли 1989 баргардем:

«10.03.1989. Муҳити корй дар Шӯъбаи фалсафа
барои ман бисёр носозгор шудааст. Ҳарчанд ҳамкоронам
Шерзот Абдуллоев, домулло Раҳим Мацидов, акай Фармон,
Саидалй маро дастгирй мекунанд, вале дар маҷмӯъ эҳсос
мешавад, ки бо сарварии котиби бюрои ташкилоти комму-

126
нистии Шӯъба рафиқ Шодмон Файзуллаевич Юсупов
алайҳи инҷониб таъқиби пинҳонӣ идома дорад. Шодмон
Юсупов дар бобати вазъияти ба миёномада дар Ҷумҳурӣ,
яъне раванди худшиносӣ ва бедории миллии мардум, мақолаи
«То ба кай об аз таги ях меравад?»-ро сабабгор медонад. Ин
циҳати масъала маро бисёр мушавваш кардааст. Ҳарчанд
мая коммунист нестам ва ҳатто ягон бор ҳам барои
узвият ба ягон ҳизб аризае нанавиштаам, аммо ҳоло ҳам ба
ҷомеаи шӯравӣ Ҳизби Коммунист сарвар аст ва бо ҳар
баҳона гардани одамро метавонанд, бишкананд. Зиёда аз ин
котиби бюрои ҳизбӣ Ш. Юсупов худашро ҷонсупурдаи
ҷаҳонбинии марксиста мешуморад ва ягон ақидаи
мухолифро таҳаммул надорад. Ҳамаи бадбахтиҳо дар
ҷомиаи шӯравӣ аз дасти ҳамин хел котибони бюроҳои ҳизбӣ
рух додаст ва фоҷеаҳои бешуморе бар сари мардуми мо
фурӯ рехта аст. Дод аз дасти ин қабил котибчаҳо!»1

Чунон ки зикр шуд мо аъзои Ҳизби коммунист
набудем ва дар замони бозсозӣ ва ошкораёнй ба cap
мебурдем, барои муҷозоти идеолога ва сиёсй дасти Ш.
Юсупов кӯтоҳӣ кард ва ба «гуноҳи навиштани мақола» ва
аз назорат дур мондан, ба ҷои банда сардори бахши
диншиносии Шӯъбаи фалсафаи Фарҳангистони улуми
Тоҷикистон доктори илми фарсафа, профессор Раҳим
Маҷидович Маҷидовро бо танбеҳи ҳизбӣ «мушарраф»
сохт. Бо дастгирии бевоситаи Муҳаммади Осимй ва
Ғаффор Ашӯров (ин зотҳои шариф он замон ба тартиб яке
Раёсат ва дигаре муовинати улуми иҷтимоии Фарҳангис-
тони улуми Тоҷикистонро сарварӣ мекарданд) монеъаҳои
зиёдеро дар масири кори мо ба вуҷуд овард. Яке аз эроди
«ҷиддй»-и сарварони гиромӣ нисбат ба банда ин буд, ки
набояд зери мақолаҳоям, ки дар матбуот ба нашр мерасад,
нишонии ҷои кор зикр гардад, зеро ин ҷиҳат гӯё нуқтаи
назари Шӯъбаи фалсафа талаққӣ хоҳад шуд. Бинобар ин
мо дигар аз навиштани нишонии ҷои кор дар поёни

'М. Мирраҳим. Падидаҳои худшиноси, с. 302-303.

127
мақолаҳоямон худцорй меварзидем ва хушбахт ҳам будем,
ки дигар наметавонанд ба мо эрод бигиранд (бинобар ин
зери мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» танҳо
унвони илмии мо зикр шудааст)1.

Бо вуҷуди эҷоди ҳамаи он бадбинй ва монеъаҳо ман
аз Ш. Юсупов нороҳат нестам ва ӯро бахшидаам. Бо Ш.
Юсупов мешавад баҳсу андеша кард ва ба қар ҳол андаке
одамигарй дар вуҷудаш ҳаст (шояд Ҳазрати Бурх ё Борухи
Валй назар карда, вале ҷаноби С. Мирзорахматов ба
куллӣ аз ҳар гуна одамигарй орй ва холист). Ёд дорам, ки
боре Шодмон Юсупов дар як баҳси илмй даъво пеш
овард, ки ӯзбакҳо ҳам ба нажоди ориёй дохил мешаванд.
Банда дар посух ба ин даъво филфавр бо сароҳат барояш
чунин гуфтам:

-Барои ҳамсари ту шуда, нажоди ориёиро олуда ва
хароб намекунем!2

Шодмон Юсупов аз ин ҳарфи бисёр сахти банда
наранҷид ва дилгир ҳам нашуд, ки ҳамсараш ӯзбакзан аст.
Аз назари илми нажодшиносй ӯзбакҳо боқияи ҳамон
Олтик Урда ва нажоди муғул (ранги зард) маҳсуб
мешаванд ва дар сухани мо ҳеҷ ҷое таҳқир дар шаъни Ш.
Юсупов вуҷуд надошт. Вале, мутаассифона, он замон аз
назари ахлоқй лаҳни сухани мо хуб набуд...

‘Имрӯз ҷаноби С. Мирзорахматов дар тӯҳматномааш ба унвони
илмии мо эрод мегирад. Дигар аз дасти шумо, ҳамтабақҳо-Юсуповҳо
ва Мирзорахматов чӣ кор кунем?! Ба куҷо равем, ки шуморо набинем
ва садоятонро нашунавем!

2Барои ҷаноби С. Мирзорахматов оҳиста ба гӯшашон мегӯем, ки
ҳақиқати ин суханҳоро аз Сайфулло Сафаров-ҷонишини Раиси
Маркази таҳқиқоти стратегии Дастгоҳи иҷроияи Раиси Ҷумҳур
пурсон шаванд. Боварй дорем бисёр нуктаҳои дигар аз ин посухҳо, аз
ҷумла масъалаи эҳё ва нахустин баргузориҳои Ҷашни Наврӯз дар
сатҳи давлатй дар солҳои 1980-1982 ва 1987, пайдоиши номи писарам,
навиштани мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?», дигар далоил
ва ҳатто «ангезаи зидцикоммунистӣ доштани осори» моро ишон
барои мӯҳтарам С. Мирзорахматов ба таври рӯшантар бо овардани
аснод ва мадорик шарҳ хоҳанд дод.

128
Ammo дар мавриди ҳамтабақи дигари С. Мирзо-
рахматов рӯзномахарош Хулькар Юсупов бояд ин нукта-
ро зикр кард, ки фузулй, хиёнат ва пештозии аҷулонаи ӯро
бо номаи саргушодааш «А разве ледоход не начался?
Открытое письмо кандидату философских наук М.
Миррахимову» аз ҳеҷ нигоҳ бахшидан наметавон, зеро бо
дуруғ мардуми бечораро фиреб дод ва гумроҳ сохт ва
рӯҳияи зиддитоҷикиро дар Тоҷикистон, қаламрави шӯра-
вии собиқ поягузорй намуд, фитна ва низоъи байни
миллатҳоро бар по хезонд ва бо даҳон задан ба номи мо
ҳамаро гирифтори балои миллатчигӣ гардонид. Номбур-
да то имрӯз он хиёнаташро дарк накарда (шояд он фитнаи
ангехтаашро ба дасти фаромӯшй супурдааст) ва пешаи
дурӯғпароканиро кеши худ интихоб кардааст. Рӯдакии
бузурговор дар мавриди фитнакорон, ки ҷомеаро бо доғи
нангин меолоянд, чунин фармудааст:

Яке олуда кас бошад, ки шаҳреро биёлояд,

Чу аз говон яке бошад, ки говонро кунад рихин1

Он чӣ ки имрӯз С. Мирзорахматов аз X. Юсупов
пуштибонӣ мекунад ва ӯро ҳақ мебарорад гувоҳи он аст,
ки ин бандаи нохонда мулло ҳам дар ҳамон баҳри таҳриф
ва ғафлат шиновар аст ва аз ҳамон оби шӯри уқёнуси
бузурги хиёнат об мехӯрад.

Мо дар боло беҳуда ба С. Мирзорахматов машва-
рат надодем, ки «агар ин дурӯғатонро он сол менавиштед
ва чоп мекардед, шояд ҳол дар Қазоқистон зиндагӣ
намекардед. Онҳое, ки ин корро сари вақт ё каме дертар
дар аз солҳои 1989-1994 ва ҳатто 2001 анҷом додаанд,
имрӯз дар Ҷумҳурй ва дигар кишварҳо чӣ мақому мансабе
ва чӣ ҷоҳу манзалате доранд, ки шумо онҳоро дар хоби
шабатон ҳам орзӯ карда наметавонед ва намебинед! Ин

'Манбаъ: Саъди, Муслиҳиддин. Гулистон. Теҳрон: Хоразмй, 1387
хуршеди, чопи 8-ум, с. 325.

129
машварати муфтро дар хотиратон занҷирбанд кунед:
минбаъд дурӯғ ва тӯҳматро сари вақт нависед ва ба чоп
расонед ва аз пода дер намонед».

Барой мисол. Аскари Ҳаким дар бораи рухдодҳои
феврали ба КГБ роҷеъ ба мо гузориш навишта, таъкид
карда буд, ки ба Қ. Маҳкамов таҳдид кардааам, ки ба
истеъфо биравад ва гӯё ҳангоми гуфтушуниди Кумитаи 17
бо раҳбарони вақти Тоҷикистон дар бинои Кумитаи
Марказии ҲКТ аз забони мо даъвати «Зинда бод
ҷумҳурии исломй!» баланд шудааст. Дар мавриди шиори
бисёр таҳрикомези «Зинда бод ҷумҳурии исломй!»
ҷанобони дастгоҳи амниятй ва Додситонии кулли кишвар
беш аз як сол аз мо бозҷӯӣ ба амал оварданд. Он лаҳзаҳои
бозҷӯӣ дар солҳои 1990 ва 1991 мо то нимқадамии март
фосила дошлем ва ҳар бор пеш аз «лаббайк» гуфтани
даъватномаи Додситонии кулл ё ... бо ахди хонавода ва
дӯстон самимона хайрухуш мекардем. Дар охир маълум
шуд, ки гӯшу ҳуши ҷаноби Аскари Ҳаким ҳангоми
воқеаҳои моҳи феврали соли 1990 ба ихтилол дучор шуда,
аз роҳи иштибоҳ даъвати пурҳаяҷони Назари Мӯсозода-
«Зинда бод ҷумҳурии исломй!»-ро ба мо нисбат додааст.
Ин маврид танҳо ҳангоми мулоқот-рӯбарӯкунӣ дар
сохтмони Додситонии кулли кишвар, ки бозрас Гаркуша
анҷом дод, мушаххас шуд ва ҷаноби Аскари Ҳаким ба
иштибоҳи хеш эътироф кард ва парванда баста шуд.
Бозраси Додситонии кулли кишвар рафиқ Гаркуша, ки ин
парвандаро дар даст дошт, қасам хӯрда буд, ки агар
даъвои Аскари Ҳаким дар мавриди даъвати «Зинда бод
ҷумҳурии исломй!» дуруст аз об дарояд ва собит шавад, ки
он аз забони ман баромадааст, ҳатман дар ҳамон дафтари
кориаш як тири халосро (амале, ки пас аз ба қатл
расонидани одам ба ҷой меоваранд ва ба русй онро
«контрольная пуля» меоманд) аз банда дареғ нахоҳад
дошт ва ҳаққи хеш медонист, ки ин корро анҷом бидиҳад
ва ҳатто далелашро ҳам аз қабл эълон карда буд...

130
Мо мақолаеро бо номи «Се дурӯғи Аскар Ҳаким»
навишта, ҳақиқати ҳолро нишон додем. Аммо Аскари
Ҳаким ба ҷои он ки ҳамчун инсон аз тӯҳмат даст бардорад
ва узр пеш оварад, баръакс пешхезиро ихтиёр карда, бо
ҳақорат дар ҳаққи мо дар саҳифаи «Адабиёт санъат»
назме ба чоп расонид. Мо ба чунин беадабӣ ва
оефарҳангии ин шеърхарош чизе нагуфтем, зеро вақте ба
ҷои далел таҳқир ва ҳақорат ба кор меравад, шаҳодат аз
носолимӣ ва нотавонии рӯҳии он тараф медиҳад, на
эҷодкори каломи бадеъ ва махлуқи нотиқ. Сардабири
ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» нозимхӯҷа Гулназар
Келдиев (Келдӣ-ҳам доир ба рухдодҳои февралй ба ...
нишондод додаанд) дақиқан дар ҳамон ҳолу ҳавои дурӯғ,
мавқеъият ва ҷаҳонбиние қарор дошт, ки Аскари Ҳаким
ба cap мебурд ва ҳақоратномаи он нозими шеърхарошро
бе ҳеҷ андеша дар ҳафтанома чоп кард. Ин ифтихороти
беназирро бубинед ки пас аз чунин корномаи пуршараф
«хидматҳои Аскари Ҳаким ва Гулназари Келдӣ» бо
Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакй қадр шуд, дар зинаҳои
мансаб нишонда ва кам-кам рӯи даст бардошта ба боло
бароварданд ва афзун бар ҳама онҳоро сазовори унвони
«Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» донистанд ва ҳол
аз обрӯи баланди иҷтимой ва сиёсӣ бархурдоранд,
осорашон бо ҳазинаҳои давлатй чоп мешавад ва яке
ҳамчун Райиси собиқи Иттиҳодияи нависандагон ва
дигаре узви Кумитаи давлатии Ҷоизаи Рӯдакй каллаву
гардани адабу фарҳанги Тоҷикистонро дар дохил ва
хориҷ аз кишвар бо забондарозй муаррифй мекунанд.
Бубинед, душманони озодии мо ба чй ифтихоротеро
сазовор шудаанд (шумо бошед муҳоҷир дар Қазоқистон)!
Дар интиқод ва бадбинӣ нисбат ба М. Мирраҳимов дарки
мавқеъият ва ҳушёрии сиёсӣ лозим аст, ҷаноби С. Мирзо-
рахматов! Шумо аз пода ақиб мондед.

Метавон боз даҳҳо ном ва номи хонаводагии
дигарро мисол овард, ки он солҳо дар муқобили мо дар
рӯзномаву моҳномаҳо мақола ва идораҳои дахлдори

131
давлатӣ гузоришҳои сиррӣ навиштанд ва имрӯзҳо аз
мавқеъияти хуби мақоми расмй ва давлатй бархурдоранд
ва аз вазифаи мушовиру мағзи мутафаккир ва сафир cap
карда, то мансаби сардору курсии вазирй ва сарвату
савлати бепоёнро дар ихтиёр доранд. Агар мӯҳтарам
ҷаноби С. Мирзорахматов он солҳои худшиносии миллат,
ки ба поёни солҳои ҳаштодуми садаи бист рост меояд,
сари вақт тӯҳматномаашонро дар ҳаққи мо навишта, дар
рӯзномаи «Коммунист Таджикистана»-органи КМ ҲКТ
чоп мекарданд, бо итминони комил метавон гуфт, ки
имрӯз дар ҷои Шукурҷон Зуҳуров симмати Райиси
Маҷлиси намояндагонро дар даст доштанд ва аспашонро
маҳмез мезаданд, валекин мо боз ҳамон Мирбоби
Мирраҳим будем, ҳастем ва боқӣ мемонем, ҳарчанд ба ин
нуктаи зебои Хода Ҳофиз натавонистем амал намоем:

Мо озмудаем дар ин шаҳр бахти хеш,

Берун кашид бояд аз ин варта рахти хеш1

Ҳеҷ даъво ба касе надорем ва аз забони шоири
шаҳири рус-Сергей Есенин, ки дар зиндагиномааш 14
моҳи майи соли 1922 дар шаҳри Берлин навиштааст,
қамчун ҳусни хитоми ин матлаби мухтасар ба ҳамаи
сарварони гиромӣ мегӯем:

«-Хоҳишманд аст, тирборон накунед!»2

'Хоҷа Шамсидцин Ҳофизи Шерозӣ. Девон. Теҳрон: Интишороти
Раҷабӣ, 1373 хуршедй, с. 271.

2С. Есенин. Овоҳои форсй. Ба эҳтимоми Мирбобои Мирраҳим.
Теҳрон: Фартоб, 1387, с. 14. Бо хати форсӣ.

132
3 АМИМАҲО

ТО БА КАЙ ОБ АЗ ТАГИ ЯХ МЕРАВАД?

Андешаҳо аз боби тарбияи интернационалй ва атеиста

Ман метавонам он чиро такрор намоям, ки пештар
гуфта будам.ҳақиқатро ҳарос нест. Ҳақщат ва таре
с.озгор нестанд.

Академик Дмитрий Сергеевич Лихачёв
Пиромуни бахс

Як соли сипаришуда пас аз маҷлиси фаъолони
идеологии Ҷумҳурӣ, ки масъалаҳои тарбияи интерна-
ционалию атеистиро барраей карда буд (30 августи соли
1986), барои таргиботи атеистй хеле бобаракат гардид.
Дар ин муддат мақолаҳои зиёде дар рӯзномаву маҷаллаҳо
ба табъ расиданд, радио ва оинаи нилгун гуфтору
намоишҳои хешро зиёдтар намуданд ва дар ин гуфтугузор
афкори ҷолиби диққате рӯи об омад. Барраей ва
чамъбасти ҳамаи мақола, гузориш ва суханрониҳои
номбурда, аз ҳавсала ва имконияти ин мақола берун аст.

Бояд иқрор шуд, ки на ҳамаи фикру мулоҳизаҳои
оид ба тарбияи интернационалию атеистй баёнгардида
дар як поя меистанд. Ва ин худ як амали табиист. Сатҳи
назариявии мақолаю барномаҳои воситаҳои ахбори
оммавй дар солҳои охир боло рафта бошад ҳам, мута ас-
сифона, бояд гуфт, ки ҳоло ҳам тамоюлҳои тафаккури
қолабии гузашта аз байн нарафтааст. Аз ҷумла, ҳамин ки
мавзуи баҳс ба тарбияи интернационалию атеистй дахл
менамояд, аксаран зуҳуроте, ки дар миқёси умумииттифоқ
бо номи «сверхинтернационалист» ё дақиқтараш «ниги-
лизми миллй» (нестангории миллӣ) машҳур шудааст, тору
пуди баҳсро печонида мегирад. Яъне ҳанӯз ҳам сатҳй

133
фаҳмидани масъалаи интернационализм ва тарбияи
атеистӣ, гурез аз масъалаҳои ҳассоси миллӣ, муқоисаҳои
архаистию (кӯҳнаву обшустаи) омиёна, хунукназарӣ ва
таҳқири гузаштаи худ-дар партави таърифҳои бамаҳалу
бемаҳали маданият ва забони русй паст задани таърих,
маданият ва забони хеш ҷой дорад. Рости ran, кор ба да-
раҷае расидааст, ки интернационализмро ба таври сода-
лавҳона тасаввур кардан, яъне воридоти мех ба Осиёи
Миёна, баъзан (бемавқеъ!) номгузорӣ кардани бисёр
ҷойҳо, номи одамон, чандин баробар афзудани истеҳсоли
мол ва ашё, пахта ва қувваи барқ бо муқоиса назар ба со-
ли 1913 раем шудааст. Дар натиҷа арзишҳои ахлоқию маъ-
навй, ҷаҳонбинию идеологӣ ва бунёдкоронаи интернацио-
нализм ва атеизми марксиста ба мадди охир партофта
мешавад. Муросокорӣ бо нигилизми миллӣ, ки дар рад
кардан ва паст задани миллати хеш, забои, маданият,
анъанрт ва хизмати таърихии вай зуҳур меёбад, оқибати
нек нахоҳад овард. Алалхусус, вақте ки дар санаи 70-
солагии Инқилоби Октябрь ва пештар аз он дар баъзе
асарҳо, китобу маҷмӯаҳои интишорёфта халқҳоро бо
ибораҳои «саросар бесавод», «аз маданият қафомонда» ва
ғайраҳо ёдовар мешаванд, натиҷаи чунин муносибат дар
афкори умум ва психологияи ҷамъиятӣ таъсири баръакс
пай до мекунад.

Пас, моҳияти зуҳуроти нигилизми миллй ё худ
«фавқинтернационалистй» дар куҷост? Ба фикри мо ин, ин
зуҳурот ҷанбаи (характер) дутарафа дошта, дар айёми
карахтӣ аз як тараф бештар барои рӯйпӯш кардани амали
ноҷоя ва тамаллуқкорона ба кор мерафт. Чи тавре ки
хотирнишон шуд, дар чунин ҳолат муқоисаи амудй (вер-
тикалй)-и инкишофи иҷтимой ва иқтисодии Ҷумҳурӣ ба
таври пуртумтароқ ба хонанда пешкаш мегардид ва хид-
мати ин ё он халқу миллат на бо тамоми буду шуд, балки
бо муқоисаи пасту баланд баҳо мегирифт. Аз ҷониби дигар
ҳадафи зуҳуроти хотирнишоншуда ба таври маъмурй
таъҷилан ҳал намудани баьзе масъалаҳои ба муносибатҳои

134
миллӣ, маданият ва паҳлӯҳои маишат алоқаманд буд. Дар
натиҷа зиддиятҳои ҳанӯз дар муносибатҳои миллӣ ҷойдош-
та ба таври сунъӣ як навъ «аидова» мешуданд. Мутаасси-
фона, ин ду ҷиҳат ба ин ё он шакл имрӯз низ идома дорад,
ки мехоҳем, баъзеи онҳоро баррасӣ намоем.

Аз ҷумла, дар як қатор мақолаҳои Ҷавоҳир
Қобилов, ки дар зери унвони (рубрика) «Ба пешвози
Пленуми 111 ЛКСМ Тоҷикистон» ба нашр расид, метавон
зуҳуроти болоро рӯшан мушоҳида кард. Ин муаллиф бе
ҳеҷ як ибо дар рузи қабули Қонуни Асосии (Конститу-
циияи) Иттиҳоди Шӯравӣ дар мақолааш «Интернацио-
нализм чист?» навиштааст: «Баъди ғалабаи Инқилоби
Октябрь мардуми мо ҳуруфоти хеш (?), ягонагии худудй (?),
баробарй бо дигаронро пайдо кард» (Ниг.: Комсомолец
Таджикистана, 7 октября 1987 г.).

Бадбахтй дар он аст, ки мақолаҳое, ки дар онҳо
ғояҳои нигилиста ва «фавқинтернационалистй» ҷой
доранд, хеле бозоргиранд ва ҳамин ки касе ба хатоии онҳо
эрод ё цавоб нависад, бо тезй ба «миллатчигй» ва
нафаҳмидани «сиёсати миллӣ» гунаҳкор карда мешаванд.
Хулоса, ҳар қадар халқи хешро паст занем, таҳқир кунем,
ҳамон қадар барои «фавқинтернацонализм» роҳ меку-
шоем. Он нукта, ки муаллифи мақола ҳақиқати таърихиро
нисбат ба ҳуруфоти тоҷикон таҳриф месозад, бе ягон
далел ҳам рӯшан аст. Вале тааҷҷубовар аст, ки касе ба ин
хел камбудиҳо эрод намегирад ва аз рӯи зарбулмасали
мардумӣ-«аз бало ҳазар» канорагирй менамояд. Ва ҳол он
ки камбудии рафиқамонро бояд рӯирост бигӯем, то ки
минбаъд такрор нашавад.

Тааҷҷубовар аст, ки баъзе аз «мутахассисони»
атеизм низ дар дарки мавзӯи баҳс ба бепринципй (беусу-
лй) ва таҳриф роҳ медиҳанд. Одатан баъзе аз муллоёнро
ба сифати «чаласавод» ном бурдан раем шудааст. Пас,
чаро баъзе аз чаласаводонеро, ки аз номи илм ба ҳақ ё
ноҳақ будани ин ё он масъала баҳо медиҳанд, ном
набарем. Аз ҷумла, муаллими фанни атеизми Институти

135
давлатии педагогии шаҳри Ленинобод (алҳол Хуҷанд) X.
Давлятмендов баробари нафаҳмидани омилҳои айнии
(объективии) диндорӣ роҷеъ ба масъалаи омӯзиши забони
арабй, ки дар деҳаи Қалъаи Баланди ноҳияи Ӯротеппа
фанни таълимй аст, сухан ронда, гуфтааст: «... Пурсиши
хонандагон нишон дод, ки бачагон бо рагбати калон забони
арабиро меомӯзанд» (Ниг.: «Круглый-не значит без углов»-
Комсомолец Таджикистана, от 15 декабря 1987 г.).

Ба мантиқи суханони боло эътибор диҳед. Суоле
қонунист, ки агар фанни таълимиро хонандагон бо рагбат
биёмӯзанд хуб аст ё бад? X. Давлятмендов гиламанд аст,
ки аз хатмкардагони мактаби мазкур то ҳол касе ба мак-
таби олй дохил нашудааст. Дар асноди КМ ҲК Тодикис-
тон, ки дар матбуот интишор ёфт, аз боби «усули» (прин-
ципи) қабул ба Донишкадаи ховаршиносии ДДТ ба номи
В. И. Ленин сухан рафта буд, ки барои бартараф намуда-
ни камбудиҳои ҷиддии он дахолати КМ лозим омад.

Аммо, бубинед, ки тадқиқотчии атеизм аз омӯзиши
забони арабй дар мактаби тоҷикй чй хулосаи «илмй»
баровардааст: «Аз кучо кафолат дода метавонем, ки ба
наздикй ин бачаҳо аз донистани забони Қуръон истифода
бурда, ба дини мусулмонй пайравй накунанд». Таърихи
начандон дуреро ба ёд биёварем, ки солҳои 1937-38 низ
бисёр китобу дастхатҳо бо «айби» он ки бо ҳуруфоти
арабианд, сӯзонда шуданд. Шояд он солҳо ҳамин хел
«омӯзгорон» ба он ҷиноятҳо «фатво» дода бошанд.

Мо аз шарҳи бисёр нуктаҳо худдорй намуда, иқти-
боси дигареро аз суханронии X. Давлятмендов мисол мео-
варем, ки ба гуфтаҳои боло тамоман зид аст. Натиҷаи тад-
қиқоти (ва ҳол он ки услуби тадқиқоти X. Давлятмендов
шубҳаовар менамояд) он кас дар мактаби миёнаи деҳаи
Янгиқӯрғони ҳамин ноҳия, ки он до низ забони арабиро
меомӯзанд, гӯё нишон додааст: «Падар, модар ба худо
эътиқод доранд, бобою момоям ҳам, аммо ман на». Ана, аз
куҷо бояд бурдани кори атеистиро омӯхт».

136
Шояд худи хонандагони гироми бемантиқии ин
гуна суханрониҳои печ дар печи X. Давлятмендовро дарк
намоянд. Танҳо ҳаминро илова кардан мехоҳам, ки агар
чунин омузгорон дар мактабҳои олй атеизми илмиро даре
диҳанд, пас, вой бар ҳоли шогирдоне, ки аз онҳо сабақ
гирифта дар мактабҳои миёнаю дигар соҳаҳои хоҷагии
халк, кор мекунанд.

Имрӯз ба мо лозим аст, ки арзишҳои ахлоқию
маънавии атеизми илмиро баланд бардорем. Барой ин кор
пеш аз ҳама камбудиҳоеро, ки аз надонистани атеизми
илми cap задаанд ва алҳол идома доранд, фошофош
бигуем. Бале, фошофош! Ман он ҷиноятҳо ва камбудиҳое-
ро дар назар дорам, ки солиёни зиёде аз тарафи амалдоро-
не содир мегардиду дар оқибати кор оммаи васеъ
атеизмро гунаҳкор мекарданд. Масалан, вайрон кардани
усулҳои озодии виҷдон дар як қатор шаҳру ноҳияҳо
(чунончи, ба талаби қонунии диндорон барои қайд
кардани ҷамоаи диниашон ҷавоби манфй додани комиҷ-
роияи ноҳияи Ленинград, ки аз ин бобат дар Пленуми
кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб моҳи июли соли 1987
сухан рафта буд), нодуруст баҳо додан ба мероси
гузаштагон танҳо бо «айби» он ки гӯё ҳуруфоти арабй
динист, иваз кардани он ва сӯзонидани дастхату китобҳо
дар солҳои сиюм, ба анборҳои хоҷагӣ табдил додани
масҷидҳо, ки баъзеашон имрӯз ҳоли табоҳ доранд ва
гайра, дар рӯзҳои мо бошад ба ҷои кор бурдан бо мардум
«муллоҳо дар чойхона»-гӯён қуфл задани дари онҳо (аз
нотавони ва ноӯхдабароӣ), либоси миллй-куртаю поҷома-
ро «нишони дани ислом» гуфта ба ин васила таҳқир
кардани ҳисси миллии духтарон аз ҷониби баъзе
омузгорон, калимаҳо, номҳо ва топонимикаҳоро (номи
мавзеъҳо) динй эълон кардан (чунончи, «Ялла» ва «Мӯъ-
минобод»), хулласи калом, зери пардаи «атеистӣ» корҳое
ба субут расидаанд ва идома доранд, ки агар дар тарозуи
хирад баркашем, ба ягон кӯчаи илми атеизми марксистй
намегунҷад. Зиёда аз ин пастфитрати(вульгаризми)-и маъ-

137
муриятчиги е худ «экстремизми атеисти», ки алҳол дар
ноҳияҳо ва вилоятҳои Ҷумҳурӣ устувор аст, ба назрияи
атсизми марксистӣ ягон алоқамандие надорад, балки
баръакс тамоман хилоф аст.

Андешахо

Маро он нукта ба ташвиш овардааст, ки дар
тарбияи атеистию интернационалй, ки қисми таркибй ва
муҳими тарбияи коммунистй аст, камбудиҳои ҷиддй ҷой
доранду аммо баррасии онҳо бештар яктарафа сурат ме-
гирад. Ба иловаи ин роҷеъ ба тарбияи атеистй ва интерна-
ционалй ҳама омодаанд соатҳои зиёде сухан ронанд, вале
дар амал кореро ба субут нарасонанд. Ё худ шоирону
нависандагонеро, ки кӯшиш мекунанд, дар мавзӯъҳои гу-
ногун сухани бикр гӯянд, бо тезй ба ин ё он «гуноҳ» айб-
дор созанд. Ман ҳаминро дар назар дорам, ки шеъри Бо-
зор Собир «Забони Ватан», ашъори Мӯмин Қаноат, Лоиқ
ва Гулрухсорро баъзан бо унвони «миллатчиёна» ном
мебаранд. Ҳол он ки ягон нафар аз шоирони зикршуда
миллати дигареро паст назадаанд, балки дар ашъори онҳо
ифтихор аз тамадцун ва таърихи инсонҳо баландтар садо
медиҳад. Кор ба дараҷае расид, ки боре дар як сӯҳбати
илмй шахсе, ки ҳатто унвони илмии баланд дар Фарҳан-
гистон дорад, ин шоҳбайти Муҳаммади Иқбол:

Шоир андар синаи миллат чу дил,

Миллати бешоире анбори гил-
ро «шеъри миллатчиёна» номид1. Хайрият, ки Муҳаммади
Иқбол аз назари нажодй ҳиндуӣ аст ва ба забони форсии

'Муаллифи ин «кашфиёти илмй» узви вобастаи Фарҳангистони улуми
Тоҷикистон Ғаффор Ашӯров аст, ки 6.01.1988 аз овардани номи ишон
дар рӯзнома худдорй карда будем. Истеҳзои таърихро бинед, ки маҳз
ҳамин Ғ. Ашӯров узви комиссиони омӯзиши «парвандаи» сардабири
рӯзномаи «Комсомолии Тоҷикистон» Ато Хоҷаев (А. Ҳамдам) дар
мавриди чопи мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» таъйин шуд
ва ҳатто чанд бор барои таъзим ва пӯзиш ба Тошканд ҳам рафт.

138
тоҷики дурри маънй суфтааст, вагарна метавон тасаввур
кард, ки тавассути ин шоҳбайт бар сари ашъори ӯ чй ноху-
шиҳо меомад. Дар омади ran, бояд бигӯям, ки дар дунё
халқе нест, ки шоир надошта бошад ва мазмуни байти
боло бузургдошти мақоми шоир дар ҷамъияти инсонист.

Алқисса, ҳамаи масъалаҳои пухтарасидаро дар як
мақола гунҷонидан имкон надорад. Ва ҳоло мехоҳем бар
сари мақсад биёем, ки дар муносибати байни миллатҳо чй
қазияҳое вуҷуд дорад ва ҳалли онҳо чй гуна бояд амалй
шавад.

Нахуст зарур аст, ки маданияти муносибатҳои милиро
баланд бардорем, яъне баробарҳуқуқии ҳамаи миллатҳо ба
таври демократе ҳам дар сухан ва ҳам дар амал таъмин
гардад. Бо таассуф қайд кардан мехоҳам, ки дар ҷумҳурии
бародарии Узбакистон ҳуқуқи тоҷикон ва яҳудиён дар
интихоби мактаб, боғча ва матбуот бо забони тоҷикӣ
(мулоимтар карда гӯем) поймол ва таҳқир мешавад.

Мо ба бародарони яҳудй бояд ташаккур бигӯем, ки
маҳз тавассути онҳо дар Шаҳрисабз як мактаби тоҷикй
барқарор аст ва боз Тӯҳфа-апа Пинҳосова дар Бухоро
ансамбли тоҷикй дорад. Мо аз саҳифаҳои матбуот борҳо
мутолиа кардаем, ки дар мактабҳои тоҷикии ҷумҳурии
бародарии Узбакистон китобҳои дарсй намерасанд, ба
обунашавии аҳолй ба рӯзномаҳои тоҷикй дар бисёр ҷойҳо
монеъ мешаванд ва ғайра. Зиёда аз ин то он ҷое, ки
иттилоъ дорем, дар чанд соли охир ба забони тоҷикй дар
Узбакистон ҳамагй ду китоб (он ҳам тарҷумаи адабй)
нашр шудаасту халос. Бародарони ӯзбак бошанд, нашр
нашудани китобҳои тоҷикиро бо он ҷиҳат шарҳ медиҳанд,
ки гӯё имконияти чоп вуҷуд надорад. Кас ҳайрон меша-
вад, ки нашриётҳои зиёди Тошканд барои ба забонҳои
ӯзбакй, тоторй, қазоқӣ, русй, инглисӣ, арабй, корей, фа-
ронсави, пушту, ӯрду ва даҳҳо забонҳои дигар чоп карда-
ни китобҳо, маҷаллаву маҷмӯаҳо имконият доранду ҳа-
мин ки навбат ба тоҷикй расид, яку якбора оҷиз мемо-
нанд. Мувофиқи маълумоти расмии рӯйхати аҳолй (соли

139
1979) дар Узбакистон 595 ҳазор нафар тоҷик зиндагй
дорад.

Пас, наход ки то имрӯз барои ҳамин қадар аҳолй ва
хонандагони мактабҳои тоҷикй нашри китобҳои дарсй
имкон надошта бошад? Дур наравем, дар Тоҷикистон
ҳамаи китобҳои дарсй, ки барои ӯзбакҳо зарур аст, чоп
карда мешавад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар пули телевизионй
(телемост)-и Душанбе-Тошканд раиси яке аз совхозҳои
вилояти Сурходарёи ҶСС Узбакистон, ки дар студияи
Душанбе меҳмон буд, изҳор дошт, ки гӯё байни ҷумҳури-
ҳои мо «монеаҳо» мавҷуд аст. Дар раванди ҳамин пули
телевизионй Ҳунарпешаи Иттиҳоди Шӯравй, дорандаи
Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакй Ҷӯрабек
Муродов сари вақт ба ин иштибоҳ ҷавоб туфта, хотирни-
шон намуд, ки байни ду ҷумҳурии бародарй ягон_хел мо-
неае вуҷуд надорад ва агар бошад ҳам маҳз дар Узбакис-
тон бар хилофи сиёсати миллй-ленинй нисбат ба тоҷикони
он ҷо мавҷуд аст.

Бо як назари сатҳй ҳам рӯшан аст, ки дар равобити
дутарафаи Тоҷикистону Узбакистон нобаробариҳо вуҷуд
доранд. Масалан, рӯзномаи «Совет Тожикистони» ҳафтае
6 (шаш) бор нашр мешаваду «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ҳа-
магӣ се бор, дар рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Ленино-
бод» ва «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», рӯзномаҳои ноҳиявии
даҳҳс ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаҳои ӯзбакӣ
мавҷуд буда, ҳатто дар рӯзномаҳои ноҳиявии Нов ва Про-
летар аҳён-аҳён саҳифаҳои тоҷикй низ вомехӯранд. Ҷум-
ҳурии Тоҷикистон намоишҳои студияи телевизионии
Тош-кандро тамоми ҳафта ҳар бегоҳ аз аввал то охир
иаҳн (транслация-пахш, тақвият) мекунад, аммо намоиш-
ҳои оинаи нилгуни тоҷик тавассути студияи Тошканд
ҳамагӣ ду бор: шаби сешанбе баъд аз соати 22.15 ва шоми
шанбе аз соати 19.00 нишон до да мешавад. Ё худ дар
Тоҷикистон театри касбии ӯзбекй вуҷуд дорад (дар бораи
мавҷудияти театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарӣ, студияҳои

140
сабти овоз ба забони узбеки ҳоҷати ran ҳам нест, онҳо дар
сари ҳар қадаманд), дар кинотеатрҳо ва клубҳо фильмҳо
ба забони узбеки намоиш дода мешаванд, дар барномаи
радиои тоҷик гуфтори «Қишлоқ ҳаёти» ҳаст, дар гуфтори
радио барон коркунони кишоварзй (агросаноатй) ва
дигар барномаҳо доимо сурудҳои ӯзбекӣ садо медиҳанд
тамоми асноди (материалҳои) расмй ба забони ӯзбекй бо
сифати баланд ва теъдоди (тиражи) зиёд нашр мешавад
ки ҳеҷ кас ба ин зид нест. Барьакс, донистани забони
халқи дигар, ҳурмату эҳтиром кардани дӯстон дар байни
тоҷикон анъанаи нек аст, ки банда низ парвардаи ин обу
ҳавоям ва аз он ифтихор дорам.

Пас, чаро бародарони ӯзбек дар муносибатҳои хеш
оа нишондодҳои сиёсати миллй-ленинии Ҳизби Комму-
ниста беэътинои зоҳир мекунанд, Ман дар бораи таҳрифи
таърих, таҳқири ҳисси миллии тоҷикон, ғараз, сиёсати
панӯзбакистӣ, ки ғолибан дар 20-25 соли охири замони
«шарофрашидовчиги» ба авҷи аълояш расид ва тору пуди
тамоми адабиёт ва илми Узбекистонро печонида буд
(намунаи хуби онҳо китоби Л. Солдадзе «Ибни Сино»
мақолаи соли 1980 дар маҷаллаи «Гулистон» нашршуда’
ки Бобочон Ғафуровро «олими буржуазй» номид
тарҷумаи узбекии китоби В. Васкобойников роҷеъ ба
пури Сино, ки аз ҳама саҳифаҳояш калимаи «тоҷик»-ро
хат заданд, китоби М. Маҳмудов «Қуллаҳои абадӣ» ва
ғайра) ва гояи ҳамаи ин «сиёсат»-ро олими ӯзбек М.
Ваҳҳобов дар мақолааш «Правде истории вопреки» (Ниг •
Правда Востока, от 4 декабря 1986 г.) барҳақ танқид кард'
ки ба он чизеро илова кардан намехоҳам.

Дар Узбекистон сиёсати зидцитоҷикӣ ва ҳамчунин
антисемитизм пеш бурда мешавад. Моҳияти шовинизми
бузурги узбеки дар чунии самтҳо зоҳир мегардад:

1.Нашри асарҳои ходимони ҳизбию давлатии
гузашга, ки дар вақташ ба миллатчигй ва пантуркизм
гунаҳкор туда буданду имрӯз сафед гардидаанд (пеш аз

141
ҳама Файзулло Хоҷаев, ки дар вақташ ба ҳаракати
ӯзбакгароӣ ба муқобили тоҷикон раҳбарӣ мекард).

Гап дар сари нашри осор нест, балки моҳияти кор
дар он аст, ки ин асарҳо бидуни шарҳ, муқаддимаи зарурӣ,
баҳои марксистӣ, тавзеҳоти илмию таърихӣ чоп мешаванд.
Ва ҳол он ки аксарияги онҳо дар давраи инкишофи
ӯзбакгароӣ, миллатчигии ӯзбекӣ бо мақсади густариши ин
ҷараёни махуф иншо шудаанд;

2. Минбаъда манъ кардани доираи истифодаи забони
тоҷикӣ дар Узбекистон. Ин кор бо роҳи манъ кар дани
фурӯши китобҳои тоҷикӣ, китобҳои дарсии тоҷикӣ,
рӯзнома ва маҷаллаҳо, кам кардани мактабҳои тоҷикй ва
бастани онҳо ба амал бароварда мешавад /Барон собит
намудани ин ҳақиқати рӯшан маълумоти омории шумораи
тоҷиконро дар вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Фарғона ва
дигар мавзеъҳо байни солҳои 1940-1982 муқоиса кардан
кифоя аст/. Гӯё далел меоранд, ки китобҳои дарсии тоҷикй
дар мактабҳо намерасанд. Ҳақиқатро гӯем, Вазорати
маорифи Узбекистон ба таври маснӯъӣ аз фармоиши
китобҳои дарсии тоҷикй худдорй менамояд. Сониян, гуё
таҳсил ба забони тоҷикӣ оянда надошта бошад ва ба ҳамин
сабаб ин забонро падару модарон намехоҳанд; гӯё забони
тоҷикй дар ин минтақа аз Эрон (!) омада бошад ва ғайраю
ҳоказо. Дар тамомии мактабҳои олии Узбекистон ҳангоми
имтиҳоноти қабул ба забони ӯзбекй иншо талаб карда
мешавад. Ammo дар Тоҷикистон дар Институтҳои педаго-
гии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа муаллимо-
ни ҳамаи фанҳо бо забони ӯзбекй тайёр карда мешаванд.
Ҳамчунин дар техникуму омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон низ
таълим ба забони ӯзбекй ҷорист. Донишкадаи дандонпи-
зишкии Институти давлатии тибии ба номи Абӯалй ибни
Синои Тоҷикистон дар ииҳисори ақвоми турку лақай, яъне
ӯзбак қарор дорад (ва ин як раем ё худ анъана шудааст) ва
довталабони тсҷик ба ин донишкада ба душворй он роҳ
меёбанд;

142
3. Яке аз ҷиҳатҳои хоси сиёсати имрузаи ӯзбаксозии
гоҷикон кушиши таърихи фарҳанги тоҷиконро аз они худ
кардан мебошад, ба вижа онҳоеро, ки таърихан зодаи
ьухоро ва Самарканд буданд /таъкиди ин нукта зарур аст,
ки он вақт дар ин сарзаминҳо аз қавми узбек ҳеҷ ному
нишоне набуд/. Ин амал навъе аз истеъмори фарҳангии
навбаромад ва бознависии таърих аст.

Ҳамчунин ба ҳамагон рӯшан аст, ки солҳои бистум
ва сиюм шиносномаи ҳазорон-ҳазор тоҷики Бухорову
Самарканд, Фарғонаву Тошканд, Сурхондарёву Ҷиззах ва
бисер дигар мавзеъҳоро ба таври ғайриқонунӣ дигар карда-
анд, яъне ба таври зӯр ба зӯрй миллати онҳоро дар
шиносномаҳояшон «узбек» сабт намуданд. Имрӯз на танҳо
тоҷиконе, ки дар Узбекистон, балки онҳое, ки дар Тоҷикис-
тон ё дигар ҷойҳо зиндагонй ба cap мебаранд, наметавонанд
ҳуқуқи миллиашонро барқарор намоянд, инчунин фарзан-
донЗ' наслҳои ояндаи онҳо низ ин корро карда наметаво-
нанд. Пешниҳодҳои ман ин аст, ки: якум, дар Низомномаи
шиносномаи шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравй ин тағйироти
ҷиддй ворид карда шавад, ки ҳар кас ҳақ дорад бо хоҳиши
худ миллаташро дар шиноснома бинависад, яъне ҳаққи
интихоби миллат ба худи шаҳрванд аст, на маъмури Идо-
раи шиноснома; дуввум, дар рӯйхатгирии навбатии аҳолӣ
дар Иттиҳоди Шӯравӣ ин рафтори ғайриинсонӣ ва ғайри-
конституционй, ки миллионҳо нафар тоҷик ба зӯрӣ «ӯзбак»
навишта шудаанд, бояд бартараф карда шавад ва «ҳақ ба
ҳақдор бирасад»1.

Сабаби дигар, мавзӯи муносибатҳои миллй ҳам дар
илм ва хам дар адабиёт, санъат ва синамо (кино) аз
мавзуъҳои пӯшида ба шумор мерафт. Ва агар ба мавзӯи

Аз ҷумлаи «Дар Узбекистон сиёсати зидцитоҷики ва ҳамчунин
антисемитизм пеш бурда мешавад» (с.141) cap карда, то мақоли «ҳақ
ба ҳақцор бирасад» ҳангоми чопи мақола дар рӯзнома (6.01.1988) ҳазф
шуда буд, ки ҳоло он ба шакли пурра ба таваҷҷӯҳи хонандагон
пешкаш мешавад.

143
муносибатҳои миллӣ дахл кардан лозим ояд, зарур буд, ки
онро танҳо бо обу ранги хуб бе ягон қазия (проблема),
ҳалшуда нишон бидиҳем, ки оқибати кор бо қадаҳгӯиҳои
шодбошӣ хотима меёфт. Вобаста ба ҳамин мавзӯъ боз як
нуктаи муҳимро ёдоварй кардан зарур аст, ки то кунун
илмҳои ҷамъиятшиносй, ба вижа таърих ва адабиёт,
мардумшиносй ва ҳикмат ба муносибатҳои миллй хеле
кам дахолат намудаанд. Яьне, худи мавзӯъ ва масъалаи
тақсимоти миллию ҳудудй, давлатдории миллй ва усулҳои
он то имрӯз дар илми ҷомеъашиносии шӯравӣ ба таври
бояду шояд тадқиқ нашудааст ва бисёр нуктаҳои
баҳсталаб ҷой доранд, ки ба гумон аст, дар ин солҳои
наздик илм ба онҳо посух гӯяд.

Банда ҳамфикри нависандаи мардумии Узбекистан
Комил Икромов ҳастам, ки ба қарибй гуфта буд: «Даҳсо-
лаҳои охир қазияҳои (проблема) тарбияи интернационалй
хеле умумй омӯхта мешуданд, ки ба қадаҳҳои шодбош
монанд буд. Чунин менамуд, ки гӯё асарҳои В. И. Ленин
роҷеъ ба масъалаи миллй ба давраи қадим дахл дорад ва
бо иқтибос аз суханрониҳои сталинй иктифо карда
метавонем. «Мутахассиси» асосй доир ба муносибатҳои
миллй Берия буд, ки аксаран «назарияи» хешро дар амал
татбиқ мекард» (Литературная газета, 10.06.1987).

Мо таърихи ташкили Ҷумҳуриамон, ҷонбозиҳои
устодон Садриддини Айнй, Абулқосими Лоҳутй, Абдул-
қодир Муҳидцинов, Чинор Имомов, Шириншоҳи Шоҳте-
мур, Нисор Муҳаммад ва садҳо рӯшанфикри пешқадами
миллатамонро дар ин роҳ ба таври муназзам намедонем.
Ва агар донем ҳам хеле сарсарй ба таври канда-канда, ки
тасаввуроти комил пайдо кардан душвор аст. Таъкиди он
нукта зарур аст, ки баъди тақсимоти миллию ҳудудй дар
Осиёи Миёна қисми асосй ва сершумори зиёиёни тоҷик
дар Узбекистон монданд ва барои ташаккули илм ва
маданияти социалистии узбек хидмати шоистае карданд
(метавон худи устод С. Айниро мисол овард, ки яке аз

144
асосгузорони адабиёти шӯравии ӯзбек шинохта шудааст
инчунин Мухтор Ашрафи, Комил Ёрматов ва дигарон). ’
Охирин нуктае, ки мехостам дар боби аъҷубаи

бГпхГяГ ТЛӢ баррасӣ НаМОЯМ’ ИН нодУРУстии ақидаи
рхе аз рафиқон, ки монда нашуда, омода набудани

<<саР°саР бесаводии» мардумро баъди Инқилоби
Октябрь исбот кардани мешаванд. Дар остонаи 70-
солагии Инқилоби Октябрь ибтидо рӯзномаи «Известия»
ва сонитар «Советская культура» лозим донист, ки ба ин
ақидаи бардурӯғ зарба занад. «Ин нукта бӯҳтон аст, ки гӯё
Ҳокимияти Шӯравй дар гӯшаҳои миллӣ тавассути силоҳ
аз Маскав оварда шуда бошад,-навиштааст «Известия» аз
4 октябри соли 1987,-ибтидои соли 1919 дар сафҳои
Артиши Сурх зиеда аз 50 ҳазор нафар мусулмон
ҷоннисори мекарданд». «Известия» навиштааст, ки ба
эътирофи аксарияти чаҳониён Ҳукумати Шӯравй пас аз
Инқилоби Октябрь «зиёитарин Ҳукумати дунё буд». Ба
мазмуни ин суханон бояд сарфаҳм рафт ва ифтихор кард.

Дуюм. Масъалаҳое, ки ба таблиғот ва тарбияи ин-
тернационалистию атеистӣ сахт алоқаманд аст, барбарии
забонҳо е аниқтараш барбарҳуқуқии амалии дузабонй дар
Ҷумҳ>рии мост. Бигузор чунин масъалагузорй касеро ба
ҳаират наорад. Ин нуктаро дуруст шарҳ додан лозим аст
Дар омади ran, пеш аз баррасии қазияҳои дузабонй як-ду
ишораеро раво медонам. J

Дар давоми бист соли охир дойр ба камбудиҳои
забонии шиору плакатҳо, навиштаҷоти кӯчаву хиёбонҳо
эълони пештоқи дари идораҳо он қадар мақолаҳо навиш-
та шудаанд, ки ҳисоб кардан душвор аст. Аммо то имрӯз
ман ед надорам, ки вайронкорону гунаҳкорони ин хиёнат
ҷазое дида бошанд ва дар навиштаҳои тоҷикй ғалат кам
шуда бошад. Балки баръакс, рӯҳи беэътиной ба забони
тоҷики бештар шудаасту халос.

атл и Борҳо. ^а сӮҲбатҳои устоди мӯҳтарам, Президента
И Ҷумҳури Муҳаммади Осими шарафёб гардидаам. Ва
ҳар гоҳ ки муаллим аз сафарҳои хеш ба хориҷа, аз

145
сӯҳбатҳояшон бо арбобони илму фарҳанги ҷаҳон нақл
карда, таъкид менамоянд, ки шеъри Мирзои Турсунзода
ва ё ашъори Муҳаммади Иқболро дар нусхаи асл (яъне
форсии тоҷикӣ) дар Ҳинду Покистон, Эрону Туркия ё
мамолики араб, Италия, Франция ё Олмон қироат
кардаанд ва сомеъонашон мафтун гаштаанд, рости ran,
ифтихори бузурге маро фаро мегирад. Мазмуни сӯҳбатҳои
устод М. Осимй ҳикмати ҳаёт, пос доштани анъанаҳои
пешқадами миллатамон ва вахдати забони тоҷикист.

Вале кас дар ҳайрат мемонад, ки ҳамин як-ду соли
ахир чанд тан махсус ба «тақсими» забони модарии мо
даст задаанд. Ман мақолаҳои дар рӯзномаҳои «Адабиёт
ва санъат» ва «Коммунист Таджикистана» ба табъ
расонидаи доктори илми филологӣ, профессор Турдинисо
Бердиева ва номзади илми филологй С. Мергановро дар
назар дорам, ки масъалаи бардоштаи онҳо зуҳури
пахдӯҳои нави нигилизми миллй буда, посухи муайянеро
тақозо менамояд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки рӯи об
омадани ақидаи рафиқони зикршуда бесабаб нест.
Шоираи хушсалиқаи тоҷик Гулрухсор оид ба ин мавзӯъ
хуб фармудааст: «Марги миллат аз марги забон cap
мешавад, марги забон аз беномусиву бегонапарварии соҳиб-
забонон» (Адабиёт ва санъат, 20.08.1987).

Аз ин лиҳоз ба таври «илмй» даъвои он ки гӯё
забони тоҷикӣ аз форсй ё дарӣ фарқи куллй дорад, аз
равобит ва иқтибос бо онҳо даст кашид (гӯё забон синфӣ
бошад), зеро онҳо се забони мустақиланд, забони тоҷикӣ
вазифаи интернационалистиро иҷро карда наметавонад,
чй маънӣ дошта бошад? Аз қазо рӯзе насиб гардад, ки
нафаре аз мо бо намояндагони ягон мамолики Шарқ ва ё
Ғарб тавассути забони тоҷикй радду бадал намоем, магар
аз ин кор ба интернационализм халал мерасад? Ё худ дар
шароите, ки муносибатҳои мо ба мамлакати дӯст-
Ҷумҳурии Мардумии Чин беҳтар шуда истодааст ва шояд
дар ин равобит бо ҳазорон-ҳазор тоҷике, ки аз қадим-
улайём дар он сарзамин зиндагӣ доранд, иртибот барка-

146
pop гардад, бо кадом забои бо онҳо бояд гуфтугӯ кард? Ва
мақсад аз чунин тақсимот чист? Роста ran, боз як қатор
суолҳое ҳастанд, ки ба он посух гуфтани забоншиносони
зикршуда, душвор аст. Мӯмин Қаноат ба ин баҳси
зиёитарошон бо шеъри «Ба ҳаводорони забони тоҷикй»-
аш хеле барвақт ҷавоб гуфта буд.

Чй тавре ки дар боло ишора рафт, масъалаи
дузабони барои ҳамаи Ҷумҳуриҳои Иттиҳод хеле муҳим
аст. Ammo чи метавон кард, ки иддае аз забоншиносони
зикршуда чунин ақидаеро пеш рондаанд, ки гӯё танҳо
иқтибоси калимаҳо аз забони русй «интернационализм»
асту бас. Вақте ки таърихи 29 апрели соли 1987 дар толори
АИ Точикистон баҳсе дар мавзӯи забоншиносй, мадания-
ти забони тоҷикй дойр гардид, на муаллифи мақолаи
«Хазинаи хирад», на ангезандагони ин назарияи навбаро-
мад ва на ходимони рӯзномаи «Коммунист Таджикиста-
на» ба он чой наомаданд. Дуруст аст, ки Т. Бердиева
наомада бошад ҳам ... як нафар донишҷӯи ДДТ ба номи В.
И. Ленинро пинҳонй бо магнитафон фиристод (шояд аз
руи одоби омузгорй ин хел корҳо раво бошад!), ки баҳси
илмиро сабт карда, ба ӯ бирасонад. Хушбахтона, корман-
дони Пажуҳишгоҳи забои ва адабиёти ба номи Абӯабдул-
лоҳи Рудаки баҳсро пурра дар навори овоз сабт карданд
ва ба «хидмати хирсонаи» он донишчӯ ҳоҷат намонд. Ин
нуктаҳоро на барои он навишта истодаам, ки аз баҳси
мазкур ним сол сипари шуда шуда бошад ҳам, нашри
мадорики он баҳсро на ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»
ва на рузномаи «Коммунист Таджикистана» чоп кардан
намехоҳанд, ҳарчанд ки баҳсро худи онҳо оғоз намуданд.
Ку он ошкорбаёнй, ки дар саҳифаҳои аввали ин рӯзно-
маҳо ибтидо ҷилвагар буд?

Ёдоварй кардан лозим аст, ки дар баҳси мазкур
донишмандони соҳаи забои ва адабиёти точик узвҳои во-
бастаи АИ Тоҷикистон С. Улуғзода, М. Шукуров (алҳол
академик), докторҳои илмҳои филологй Б. Тилавов, М.
Шаҳобова, Ш. Рустамов (алҳол узви вобастаи АИ), А.

147
Афсаҳзод, Р. Ғаффоров ва боз даҳҳо нафар дигар олимон
суханронӣ карда, беасосии даъвои Т. Бердиева ва зиёита-
рошонро рӯшан нишон доданд. Акнун хулоса бароред, ки
забони тоҷикиро Т. Бердиева хуб медонад ё рафиқоне, ки
зикрашон рафт?!

Аммо ним сол мешавад, ки Т. Бердиева ба ҷои ди-
гаронро низ шунидан дари идораҳои болоиро иҷора ги-
рифтаасту сари ҳар вақт ҳамаро ба «миллатчигй» айбдор
карда мегардад ва аз он ҷо «матни русии баҳс»-ро талаб
мекунанд (охирин маротиба ин талаб 18 ноябри соли 1987
воқеъ гардид). На, ба ҳамаи ин салавот. Маро нуктаи ди-
гар ба ташвиш меорад, ки он ҳам бошад, ҳамаи ин назари-
яи «фавқинтернационалистӣ» аз номи забони русй, аз номи
халқи рус, тавассути забони русӣ ба амал бароварда меша-
вад. Ва ҳол он ки худи халқи рус ва забони русӣ чунин
хушомадгӯиро намеписандад ва мӯҳтоҷи он ҳам нест.

Хулласи калом, ба ҳамаи ин нуктаҳои дар боло
хотирнишоншуда оид ба аъҷубаи нигилизми миллӣ ва
«фавқинтернационалистй», илова бар он гилаи ноҷояи М.
Некрасова, ки гӯё барои нависандагони рус дар Тоҷикис-
тон имконият нест, инчунин серфарзандии тоҷикону
ӯзбекҳоро «бадбахтй» эълон кардани С. Ҳакимова ва ба-
рои банақшагирии он фатвои «илмй» додани мутахассиси
иқтисоди сиёсии социализм, номзади илми иқтисодй (ҳоло
доктор) Ҳ. Умаров, ақидаи нодурусти гӯё «оилаҳои интер-
националӣ ва русҳо дар Тоҷикистон кам шуда истодаанд»,
ки баъзе рӯзномаҳо ин масъаларо гоҳ-гоҳе баҷою беҷо
ҳадафи хеш қарор додаанд, мехоҳам бо суханони С.
Куняев, ки ӯ ҳам 27 ё 28 апрели соли 1987 дар Пленуми
риёсати Иттиҳоди адибони ИҶШС суханронй кардааст,
хотима гузорам: «Ба наздикй як шоири қазоқ дар матбуоти
маҳаллӣ чунин навишт: «Ифтихор аз забони модарӣ,
гамхорй барон тозагии он, кӯмак барои инкишофи вай-аз
вазифаҳои асоситарини ҳар як қазоқ ва тамомии аҳолист.
Мо бояд забони модариамонро ба яке аз маърифатноктарин

148
ва аз хама бойтарин забои табдил диҳем. Ин вазифаи
имрузаи мо ва ҳам наслҳои оянда аст».

Аз эҳтимол ҳар яки мо роҷеъ ба забони модариамон
фикр карда, дар дил ҳамин суханҳоро мегӯем. Вале бубинед
ин даъвати табии чи тавр тафсир мешавад: «Дар сухан
гамхори дойр ба забони модарй... эгоизми милли дида
мешавад»... Бале, май фикр мекунам, ки ҳар як қазоқи ин
сатрҳоро дар рӯзнома мутолиа карда, ба шӯр меояд. Ва май
ҳам ба ҷои у ба шур меомадам ва фикр мекардам: мана, ин
русификация (русигардонй). Хушбахтона, русҳои ҳақиқа-
тан рушанфикр (интеллигент)-интернационалист барои
чунин «русификация» ҳеҷ гуна масъулияте ба душ „адо-
ранд. Шояд барои ягой кас лозим бошад, ки нисбат ба рус-
хо дар Ҷумҳуриҳо ҳамин хел муносибат пайдо шавад? Ча-
ро ин гуна беэътиной нисбат ба забони модарй?»1

Ва, инак, ман ПЕШНИҲОД МЕКУНАМ, КИ:

-дар тамоми мактабҳои синфхонаҳои русӣ ва тоҷикй
дошта, ҷамъомади пагоҳӣ як рӯз ба забони точикй ва як
руз ба забони руси гузаронида шавад. Риоя нашудани ин
усулро бояд воқеаи фавқулодда донист. Ва бозсозиро дар
дузабони бояд аз омузгорони мактабҳо ва мураббияҳои
кудакистонҳо cap кард. Вагарна ҳамаи суханҳои оид ба
тарбияи интернационалистию атеистй гуфташуда, дар ҳаво
муаллақ мемонанд. Ҳамчунин маҷлисҳо, мулоқотҳо низ бо
ду забон сурат гирад;

-таълими забони тоҷики ва таърихи мардуми тоҷик
дар тамоми мактабҳои олӣ ҷорй карда шавад;

-омӯзгороне, ки дар мактабҳои олии Ҷумҳурй аз
фанни атеизми илми дарс мегӯянд, бояд мутахассиси
атеизми марксисти бошанд. Бидуни ду-се мактаби олии
пойтахт дар дигар ҷойҳо атеизми илмиро касе, ки хоҳад
дарс медиҳад. Муаллимони мактабҳои олй бояд аз

1 Литературная газета, 06.05.1987.

149
ихтисоси «атеизми илмй» ҳеҷ набошад, имтиҳони номзадй
супорида, дар ҳар панҷ сол бояд давраи коромӯзӣ
(стажировка) гузаранд;

-дар Ҷумҳурӣ Шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи атеизми илмии
Академияи илмҳои ҷамъиятии назди КМ ҲКИШ ташкил
карда шавад, то ки олимон назария ва амалияи тарбияи
атеистиро мувофиқи шароити минтақаи Осиёи Миёна ба
кормандони ҳизбию комсомолй биёмузанд. Бояд хотир-
расон шавад, ки тамоми баҳсҳои «тезутунд» то Пленуми
111 КМ ЛКСМ Тоҷикистон, марказҳои мубоҳисавӣ ва
худи Пленум низ дар атрофи «қалин» (ҳатто «дониш-
манде» ин калимаи туркиро тарҷума карда «қалин ба
забони арабӣ маҳр аст» гӯён фатво хам додааст), баъзе
номҳои тотемистй ва «худсӯзй» давр мезаду бас. Ва ҳол он
ки Идораи динии мусулмонони Осиёи Миёна ва Қазо-
қистон бо чанд фатвое ба ислом ягон рабита надоштани
«қалин» ва хилоф будани вайро таъкид карда буд (Новое
время, 1986, №21, с. 26).

Ногуфта намонад, решаҳои иҷтимоии боқияҳои
диндорй, сабабҳои асосии пайдошавии эътиқод ба худо,
омилҳои айнй ва зеҳнии диндорй, ки атеизми марксиста
баррасй менамояд, аз мадци назари аксарият берун монд.
Ҳатто ягон кас ҳам ба ин мавзӯъ рӯй наовард;

-ниҳоят, яке аз муҳимтарин масъала ин масъалаи
ҳуруфоти классикии тоҷикон аст. Бо чй сабаб бошад, ки
ҳуруфоти тоҷикон дар як даҳсола ду бор иваз шуд, яъне,
аввал ба лотинй, сонй ба русй (дар омади ran, бояд
хотирнишон шавад, ки ӯзбекҳо ҳам ду бор ва қазоқҳо
бошанд се бор ҳуруфоташонро иваз карданд, ки дар ин
бобат «Правда» низ навишта буд). Дар натиҷа ба таври
зеҳнй донандагони ҳуруфоти классикй (аз ҷумла муллоҳо)
ба зинаи баланд ва мавқеи хубтар бардошта шуданд.
Метавон аҳволи онҳоеро тасаввур кард, ки ҳуруфоти
лотиниро омӯхта буданд ва боз лозим омад, ки аз нав
босавод шаванд. Мақсад агар барҳам додани бесаводй
бошад, пас, лозим буд, ки яку якбора ба ҳуруфоти русй

150
гузарем. Ё худ беҳтар мебуд, ки қисми дарсҳои таълими бо
ҳуруфоти арабӣ ва дарси забони русй бо ҳуруфоти нав
сурат мегирифт ва шояд имрӯз ин қадар дарҳамбарҳамй
руй намедод. Охир барои дубора ва себора босавод
кардани одамон маблағ ва нерӯи нуҷумй сарф гардид!
Дигар он ки мардумони Қафқоз (гурҷӣ ва арманй), Лаби
Балтик (литвони, латиш ва эстон) ва як қатор халқҳои
дигар ҳуруфоти хешро иваз накарданд. Имрӯз бошад
пешравии онҳо аз мо баландтар аст. Ба иловаи ин
мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дараҷаи забондонии
халқҳои мазкур (забони русиро дар назар дорем) назар ба
тоҷикон (ба ҷуз арманиҳо) хеле сует аст, вале касе ба
лаҳҷа (акцент) ва шеваи баёни онҳо эрод намегирад.
Хулоса, шояд вақти он расида бошад, ки ба масъалаи
таълими ҳуруфоти арабй (ин танҳо ба ном «арабй» аст,
аммо кайҳо тоҷикӣ шудааст) дар мактабҳои миёнаю олй
баргардем. Барои ин кор ҳамаи шароиту имкониятҳо
мавҷуд аст, танҳо хоҳиш даркор. Аз манфиат холй нест,
агар дар Ҷумҳурй рӯзнома ва маҷаллае бо ҳуруфоти
ниёкон-классикиамон нашр мегардид. Шояд Кумитаи
Марказии комсомол ва Иттиҳодияи адибон бо машварат
дойр ба ин таклиф сари мақсад оянд.

Рӯшан тасаввур мекунам, ки пешниҳодҳои боло
муқобилони зиёде пай до мекунад. Метавон мисол овард,
ки давлати Юнон низ барои бозгашт ба забони Хрмер қа-
рор қабул кард. Исроил ба иврит гузашт, Чин (Хитой) ба
роёна-компьютерҳои ҳозиразамон иероглифҳоро ворид
намуд (Ҷопонро як сӯ мегузорем, зеро қиёс бо он беҷо
аст). Ва аз ин кор давлатҳо ва мардумонашон чизеро бой
надоданд, балки баръакс меросият ва пайванди гузаштаю
оянда барқарор шуд. Шахсе, ки гузаштаро намедонад,
барои оянда хидмате нахоҳад кард. У манкуртест, ки бо як
лаҳза зиндагй дорад ва он ҳам танҳо барои хеш, на барои
инсоният. Зеро:

Ки бе дирӯз ҳоло нест,

Ки бе имрӯз фардо нест.

151
Пеш омадани суоле табиист, ки таълими ҳуруфоти
арабй (чӣ хеле ки X. Давлятмендов ақида дорад) ба дин-
дорй роҳ намекушояд? Ба фикри мак, аз ин ҷиҳат
ҳаросидан беасос аст. Пеш аз ҳама мо имконият пайдо
мекунем, ки бо тамоми мероси ниёгонамон шинос ва аз
касалии «манкуртй» халос шавем. Сониян, ҳарифи
маънавиамон, яроқи «илмй»-и ӯро дониста, вайро мағлуб
кардан осонтар аст. Ба тавре ки маълум аст, сафи
диндорон аз ҳисоби ҷавонон меафзояд ва ин дараён
бештар як мусобиқаи зоҳирпарастиро мемонад, ки
баҳонаи ҳамаи он алифбост ва танҳо тавассути амали
мушаххас метавон онро пиёда кард. Аз тарафи дигар,
ҳуруфоти классикй дар инҳисори (монополия) ҳам зумрае
аз муллоҳо ва ҳам бархе аз забоншиносон қарор
гирифтааст, ки алҳол табақаи дуюмй (чй тавре ки
сифаташон дар боло рафт) ба тақсими мерос даст задаанд.
Агар якумй бо он такаббур созанд, ки «дин»-ро медонанд,
пас, дуюмй даъвои «забондонӣ» доранд. Ин ҷо танҳо бо
ибораи Умари Хайём сухан гуфтан метавон:

«К-эй бехабарон, роҳ на ин асту на он!»1

Ҳамин тавр мо ба ҳар ду ақидаи галат зарба зада,
ба камолоти маънавии инсон, маърифати илмй ва
бозсозии ҳақиқӣ роҳ мекушоем.

'Шакли пурраи ин рубой:

Қавме мутафаккиранд андар раҳи дин,

Қавме ба гумон фитода дар роҳи яқин.

Метарсам аз он, ки бонг ояд рӯзе:

-К-эй бехабарон! Роҳ на ин асту на он.

Мисраъи охир дар баъзе сарчашмаҳо ба ин шакл омадааст:
-К-эй бехабарон! Роҳ на он асту на ин.

152
ДОСТОНИ МУРДАШУЙ ВА ТУРКОВ

(Нақли қавл аз забони мурдашӯй)

Даҳ сол пеш аз рӯзгор бо кӯмаки муллой шаҳрак
(деҳшӯро) ва дастгирии марди шариф-гӯркови (гӯркан)
мардуми азизи ин сарзамин-амаки Насридцин вазифаи
мурдашӯйй дар Ҷамоати деҳоти Сарви Баландро бар
ӯхдаи ман вогузор намуданд. Мурдашӯйи пешин-Мулло
Ҳамза, ки устоди банда низ маҳсуб мешуд, дар ду-се соли
ахир бо ҳиллаву найранг ва гул задани мардум дили бисер
довталабҳои биҳиштро аз он дунё хунук кард ва ба
раванди маргу мири табиии аҳолӣ латмаи шадиде ворид
сохт. Дар натиҷа афзоиши аҳолӣ чанд дарсад зиёд шуд ва
масъалаи таъмини мардум ба маводи гизой низ ба
масъалаи дардисарофарини ҳамагонӣ табдил ёфт.

Мулло Ҳамза дар оғоз эълом кард, ки ба манзили
нав эҳтиёҷ дорад, зеро писаронаш бузург шудаанд ва ҳар
кадом барои зист хонаву ҳавлии ҷудогона мехоҳад ва агар
барояш манзили хуб ва муносиб (албатта, бепул) нади-
ҳанд, ҳеҷ мурдаеро нахоҳад шуст ва мурдаҳо рӯйи хонаҳо
ҳайрон хоҳанд монд. Дар ҷаласаи фаврй ва фавқулодцаи
шӯрои шаҳрак (деҳа) масъалаи эхдои манзили нав барои
мурдашӯй-Мулло Ҳамза баррасй ва ҳалли мусбати хешро
пайдо кард.

Аммо чанде пае, боз Мулло Ҳамза ҳангоми фавти
як мансабдори бисёр баобрӯ изҳор дошт, ки барояш бояд
як савории хориҷӣ тӯҳфа диҳанд. Мулло барои он ки ин
талаби худро ба иҷро гузорад, аз ташриф бурдая ба
манзили майит даст кашид. Ноилоҷ барои аз ин вазъияти
тамоман ноҷӯр ва шармандагй берун омадан ва нарехтани
обрӯйи мардуми шаҳрак ва шахси мурда соҳибмурда ва
хешовандонаш ба таврӣ дастаҷамъй ба Мулло Ҳамза як
савории «Тойота» (асли Жопон) гӯҳфа карданд. Пас аз ин
рухдоди бисёр шум, мардуми шаҳрак аз мурдан
мурданивор тарсиданд ва барои аз дасти Ҳазрати Азроил

153
раҳо шудан бо баҳонаи пайдо кардани кор (шуғли
мардикорй, вале ба ном «муҳоҷирати меҳнатӣ») ба шаҳр-
ҳои Русия ва даштҳои қазоқ паноҳ бурданд. Чанд нафар
барон осонтар кардани мушкили маргу мири хеш ба
ойини масеҳият гаравиданд ва раванди ин гаройиш густа-
риш пайдо кард. Аммо дар ойини масеҳият низ аз дасти
мурдашӯй ва хандақе дар гӯристон роҳи халосие вуҷуд
надоштааст. Ниҳоят Худованди бузургвор ба доди банда-
гони бешумораш расид ва Мулло Ҳамза бе эълони пешакй
яку якбора фавтид ва мардум дар интихоби мурдашӯйи
ҷавонтар афтоданд, то дигар ба хидмати пири фартут ва
пурнозе эҳтиёҷ надошта бошанд.

Дар оғоз кору касабаи мурдашӯйии ман хеле хуб
пеш мерафт. Намедонам бар асари бадбахтиҳои пешби-
нинашуда ё дигаргуниҳои ғайричамдошти ҷомеа дар
замони нави «пасазшӯравӣ» ва «қонунй» буд, ки ногаҳон
марту мири мардум ва худкушиҳои тамоман гӯношунид
зиёд шуд ва равнақи бозори шутли банда ба авҷи аълои
хеш расид. Ҳеҷ гоҳ дар таърих бозори мурдашӯйй ин
қадар фаъол набуд. Мурдаи одамҳо, ба вижа дар байни
мардуми таҳҷой, ҳам дар ҷомеа қадру манзалат пайдо
карданд. Худо падари мурдадорҳоро биёмурзад, ки ҳанго-
ми пардохти ҳаққи заҳмати хоксоронаи банда хасисиро
бар худ раво намедиданд: ҳам пули хуб медоданд ва ҳам
сару либоси нав. Соҳибони мурда бар иловаи ҳамагуна
хароҷот боз моро иззату икроми зиёде карда, то дами
дари ҳавлиам бо саворй меоранд (барои рафтан ба
манзили майит низ ҳатман бароям саворй мефиристанд).

Баъзе рӯзҳо дар шаҳраки худамон ва деҳоти гирду
атроф ду-се мурдаро ба хок супурдан рост меояд. Соҳиб-
даракҳо низ барои зудтар анҷом додани суннати аҷдодӣ-
бахоксупории майит аҷала доранд. Нахуст, ҳеҷ соҳиби
мурда дуст надорад, ки насади майит дар хона маътал
шавад ва ё онро ба сардхона (ба забони русй «морг»)
бибарад. Сониян, аз вуҷуди сардхона дар шаҳру ноҳияҳои

154
мо ва навоҳии наздик ҳеҷ хабару дараке нест (ва ҳатто
агар касе дар бемористон ҷон ба ҷаҳонофарин таслим
кунад, пизишкон зуд ҷасади мурдаро аз он ҷой берун
оварда, ба соҳибони мурда медиҳанд, то аз шарри нигаҳ-
дории мурда халос шаванд).

Аслан касби асосии ман омӯзгорист-муаллими
риёзй ҳастам. Донистани риёзиёт (математика) ҳангоми
чену ҳисоби (баровард кардан, андоза гирифтан) кафан
барои майит хеле хуб ба кор меояд. Ҳар ваҷаби ман
дақиқан ба бисту панҷ сантиметр баробар аст ва бо як бор
чен кардани порчаи суфи сафед кафанро ба тани майит
дуруст мекунам. Мурдашӯйҳои пешин танҳо барои дуруст
кардани кафан як-ду соат вақт сарф мекарданд, вале ҳоло
ман ин корро ба таври аҳсант дар тӯли панҷ дақиқа ба
поён мерасонам. Ниҳоят, мурдашӯйи дорой маълумоти
олй ва он ҳам тахассусаш риёзиёт, то ба имрӯз дар
тамомии ин минтақа ба чашм нахӯрдааст ва касе дар ин
маврид чизеро дар ёд надорад. Хулоса, ба назари мардум
шугли банда дар айни замон бидуни рақобат аст.

Пекин чандест, ки маро баъзе масъалаҳои ҳошиявй
ва гуфтугӯҳои ҷанбй дар мавриди вазифаи мурдашӯй ба
ташвиш овардааст. Ду сол мешавад, ки райиси шаҳрак
(деҳшӯро) ба корҳои ман таваҷҷӯҳи вижае (хос) зоҳир
карда, мехоҳад, ки яке аз дастнишондҳои хешро ба ҷойи
ман баргузинад. Райиси деҳшӯро одами бисёр мӯҳтарам,
тамомайёр, ҳунарпешаи тайёр ва қаттолу маккор аст.
Тамомии дору дастгоҳашро барои ҳокимият ба тури
демократа интихоб кардааст, яъне ҳамаи мансаб ва
вазифаҳоро бо аҳли хонавода ва хешу табори дуру наздик
бо ҳам дидаанд (қисмат карданд). Ҳатто дар вазифаҳои
оддитарин, аз чумла ҳайати раққосаҳо ва соҳибони
ҳоҷатхонаҳои дастаҷамъии пулакй cap карда, то ҷумлаи
рӯфтагарони кӯчаву хиёбонҳо ва аробакашҳои бозорро
танҳо аз қавми хеш бармегузинанд, мабодо рӯзе ба

155
зинаҳои ҳокимият ва шаъну шавкаташон латмае ворид
нашавад.

Пештар ҳоҷатхонаҳои умумӣ дар ҷой ҷойи шаҳрак
ба вижа бозор, истгоҳҳои автобус, фурудгоҳ ва қатор
(вокзали роҳи оҳан) фаъол буданд ва мардум аз онҳо ба
тури ройгон истифода мекарданд. Аммо имрӯз домоди
райиси деҳшӯро ҳамаи ҳоҷатхонаҳои (дастшӯйӣ) шахрак
ва гирду атрофро ба милки хусусй табдил карда, ҳадди
аксари истифода аз онҳоро марому мақсади хеш қарор
додааст. Азбаски дар ин сарзамин таваррум (инфляция) ва
фақру қашшоқӣ доду бедод мекунад, ҳар сол мутаносибан
нархи вурудии ҳоҷатхонаҳо мувофиқ бар болоравии
таваррум афзойиш меёбад. Мардуми мо бисёр ҳунарманд
ва боҳушанд ва дар муқобила бар ҳоҷатхонаҳои гарон-
қимати домоди райиси шаҳрак (деҳшӯро) ба кунҷи девори
сохтмон ва биноҳои иқоматй, ҷойҳои аз чашми одамон
иинҳон ва канори рӯдхона рӯй овардаанд. Шабҳо дар
кӯчаҳо пиёдаравй хатарнок ва ҳатто ваҳшатнок шуд.
Натиҷаи кор ба ин ҷо кашида шуд, ки ҳамаи ҷойҳои каме
аз назари халоиқ пинҳон ва канори роҳу роҳравҳо пур аз
наҷосат ва касофат шуд. Ҳол райиси шаҳрак (деҳшӯро)
барои боло бардоштани фарҳанги ҳоҷатхонаравии шаҳр-
вандон қонуне тасвиб намуда, ки бар мӯчиби он нигаҳ-
бонии кӯчаву паскӯчаҳоро бар ӯҳдаи полис вогузор карда-
аст, то мардум ба ҳоҷатхонаҳои пулакии домодаш муро-
ҷиат кунанд. Рӯзномаҳо ва садову симо низ барои амалй
гардидани ин қонун камари ҳиммат баста, ба таърифу
тавсифи хидматҳои бузурги райис ва домодаш дар зами-
най зарурати фарҳанги ҳоҷатхонаҳои пулакй пардох-
таанд.

Домоди дигари райиси шаҳрак (деҳшӯро) хадамоти
бастабандии чизу чораи (мол) мусофирон дар фурудгоҳи
маҳаллиро аз они худ кард. У барои дар сарватандӯзй аз
боҷааш (боҷаноқ) акиб намондан, ҳиллаҳои нав ба нави
гайришаръиро ба кор гирифт. Аз ҷумла, ҳаққи заҳмати

156
кормандон-бастабандҳоро ду баробар пойин овард, вале
нархномаи бастабандиро се баробар боло бурд. Бар зам-
ми ин, барнагардонидани пули бақияи мусофиронро ба
сунннати ачдодй табдил дода, посухашро ба рӯзи қиёмат
ҳавола кард.

Духтари райиси шаҳрак (деҳшӯро) хадамоти танзи-
ми расму ойинҳоро бар ӯхдаи хеш гирифтааст. Ана, ҳамин
духтари воломақоми райиси мӯҳтарами шаҳрак (деҳшӯро)
ба шуғли банда низ чашм ало карда, мехоҳад, ки зери
номи зебои «пардохти молиёт» аз ҳаққи заҳмати хоксо-
ронаи мо музди хубе ба даст оварад. Ба қавли ин духтари
айёши райиси шаҳрак (деҳшӯро) «кори мурда-шӯйҳо ва
гӯрковҳоро ба тури санъатй (яъне «промышлен-ный»)
метавон ба роҳ монд». Ин суханони духтари райиси
деҳшӯро дар воқеъ маро сахт ба ташвиш овардааст. Зеро
пагоҳ-фардо на танҳо аз мурдашӯйй ва гӯрковй молиёт
пардохтан лозим меояд, балки лозим аст, нақшаи марту
мир ва барномаи солона ва ҳатто панҷсолаи онро низ
тартиб дод.

Барой ба танзим даровардани кори мурдашӯйҳо ва
гӯрковҳо духтари райис дар cap андешаҳои шуме мепарва-
рад. У мехоҳад, ки ҳамаи мурдашӯй ва гӯрковҳо дар
минтақа низ аз наздикон ва хешу ақрабояш бошанд, то ба
тури комил сарриштаи ҳам зинда ва ҳам мурдаи мардум
дар дасти хонадони райиси шаҳрак (деҳшӯро) қарор
бигирад. Ба ҳамин ният чанде пеш як нафар аз наздико-
нашро ба унвони (сифат) шогирд ба назди ман ва гӯрков-
амаки Насриддин фиристод. Мо бо амаки Насридцин хеле
улфат ва қарин ҳастем, то ҳадде ки «қил аз байнамон
намегузарад». Амаки Насриддин марди бисёр шӯхтабъ ва
кордон аст. Наздик ба бист сол мешавад, ки гӯри ҳамаи
мурдаҳои ин диёрро мекобад. Ҳунари гӯркобии вай вирди
забонҳост. Ҳатто ба қавли маъруф «амаки Насриддин
рӯйхати махсуси ашхоси мурандаро дар даст дорад, то
гӯри онҳоро зуд ва сари вақт омода созад ва ҳеҷ кас барои
ба хок супурдани онҳо маътал нашавад».

157
Амаки Насридцин барои барҳам задани нақшаи
шуми духтари райиси шаҳрак (деҳшӯро) ба ман пешниҳод
карданд, ки шогирди фармоиширо каме адаб биёмӯзем.
Ман ба ин пешниҳод розй шудам. Дар омади сухан шо-
гирди нав бачаи бисёр шилқин (лаҷуҷ) рӯзи мурдаи ман-
сабдори нохдя-Шаҳобидцин-райиси Идораи савдо ва бо-
зор ва яке аз муқаррабони дӯстдоштаи райиси шаҳрак
(деҳшӯро), сари расми шустани мурда ҳозир шуд. Мо аз
анбори масҷид тахтаи мурдашӯйӣ ва таштҳоро ба манзи-
ли майит овардем. Шогирди шилқин қадам ба қадам бо
мо буд ва ҳар бор баҳудаву беҳуда аз мо суол мекард:

-Барои шустани як мурда чй қадар об сарф
мешавад?

-Шаст ман.

-Шаст манаш чанд литр мешавад?

-Дақиқ намедонам, вале шояд сй-чиҳил литр шавад.

-Ин шаст манаш чанд тагора об мешуда бошад?

-Бастагй дорад, ки тағораҳо чандлитрист?

-Тахминан?!

-Навад тагора!

-Тағораҳои чандлитрй?

-Боз мегӯям, ки ҳамаи ин андозагириҳо бастагй ба
ҳаҷм ва зарфияти тағораҳо дорад.

-Ҳангоми шустани мурда чй хел ва чанд бор ба он
об мегиранд?

-Аввал қисматҳои аз зону боло то ноф, яъне пушту
пешро бо об пок мекунанд ва пас аз он ба дигар ҷойҳои
бадани майит об мегиранд.

-Яъне аввал бояд мустаҳаб кард.

-Тақрибан.

-Агар ин корро накунем чй мешавад?

-Мурда ношуста ва ҳаром мемонад.

-Кй дар ин давру замона ҳалол ё ҳаром будани
мурдаро мепурсад?

158
-Албатта, райиси шаҳрак (деҳшӯро) ҳоло дар он
дунё ҷой ё мақоми муносибе надоранд, ки ҳамаи ин
корҳоро зери назорати хеш бигиранд, вале пурсандаҳои
ҳирфай аз бӯю тафи майити ҳаром ба дод омада, ҳатман
вайро рост ба Ҷаҳаннам мефиристанд ва мурдашӯй низ ба
дунболи ҷинояташ ба он ҷойи наҳс меравад.

-Ягон шахси восита ё хешу табор бо он пурсандаҳо
дар мавриди сарфи назар кардан аз шустушӯй ё худ
«исмоилдавон кардан»-и мурдаҳо гуфтугӯ кунад ё каме ба
гулӯяшон руган молад, ҳамаи корҳо дуруст мешавад?

-Ман шумораҳои телефоны сайёр (бесим) ва ё
собити онҳоро намедонам. Агар битавонам шумораи
телефони онҳоро ба даст биёварам, ҳатман дар ихтиёри
шумо ва ё райиси шаҳрак (деҳшӯро) қарор медодам, то
худи шумо ё ҷаноби олй мустақиман бо пурсандаҳо сӯҳбат
фармоянд.

-Наход ширкатҳои мухобиротии «Тоҷиктелеком»,
«Индиго», «Babilon» ва « MLT» ҳам шумораи телефони он
пурсандаҳоро надошта бошанд?!

-Шояд ин ширкатҳои мухобиротие, ки ҷаноби олй
ном бурданд, шумори телефони Азроилро дошта бошанд,
вале шумораи телефони пурсандаҳо, аз ҷумла Ҳазрати
Микоил, дар инҳисори ширкатҳои мухобиротии америкой
ва урупой қарор дорад.

-Бояд сим-карти ширкатҳои мухобиротии амери-
коиро харид, на «Тоҷиктелеком», «Индиго», «Babilon» ва
« MLT»-po.

-Комилан дуруст фармудед, ҷаноби олй. Барой
гуфтугӯ бо пурсандаҳо телефони моҳворай ва байниқорай
лозим аст. Сим-карти ширкатҳои мухобиротии «Тоҷик-
телеком», «Индиго», «Babilon» ва « MLT» дар ин маврид
ба дард намехӯрад, зеро ин сим-картҳо ҳатто дар ҳоҷат-
хонаҳои пулакй дуруст кор намекунад. Ин ширкатҳои
мухобиротии маҳаллй дар кишвари сарватманд ва
сарбаланди мо танҳо бо гарон кардани қимати хадамот

159
кор карда, аз мардум пул ҷамъоварй мекунанд (меғун-
доранд) ва ҳамаро бо нархномаҳои боло ва номаҳдуд, ба
вижа аз ду ҷониб-ҳам хурӯҷй ва вурудии занги телефон
бешармона горат мекунанду халос, вале ҳеҷ кореро ба
субут намерасонанд. Вақте шумо-ҷаноби олй соҳиби теле-
фони моҳворай шудед, гӯширо ба дасти райиси мӯҳтарами
шаҳрак (деҳшӯро) бидиҳед, то худи он кас ба шахси
пурсандаҳо рӯйрост сӯҳбат фармуда ва дар мавриди
«ношуста ба он дунё фиристодани майит» гуфгугӯ кунанд
ва он гоҳ масъала рӯшан ва, албатта, бе чуну чаро ҳаллу
фасл хоҳад шуд. Мо ҳам аз сарфи беҳудаи об, ки неъмати
парвардигор аст ва барои ҳамагон манбаи ҳаёт аст ва
эҳтиромаш дар Ҷумҳуриятамон воҷиб аст, халос мешавем.

Пас аз ин пурсиш ва посухҳои ширин шустани мур-
да cap шуд. Дар ин кори хайр амаки Насриддин ва
шогирди нав ба ман кӯмак мекарданд. Шустушӯйи майит-
ро бо дарназардошти дастурот ва талаботи бехдоштй,
исломй ва инсонй ба охир расонидем.

Мо мурдаро пас аз шустан ба тахтаи дастадор
(мисли кати якхоба) до ба дой карда, сарашро боло
бардоштем. Ҳол мурдаи тоза ва ҳалол дар хона мисли
одами зинда қомат рост кард. Шогирд бо тарсу ҳарос ба
шиками варамида ва монанди кадоваи бузург берундастаи
райиси Идораи савдо ва бозор менигарист ва ғарқи хаёл
шуд. Дар ҳамин лаҳза садои ширадори амаки Насриддин
ӯро ба замин фуруд овард.

-Мурда пас аз даҳ-бист дақиқа тамоман хушк
мешавад. Барои кафан овардани порча лозим аст. Тезтар
ба хонаи дарун рафта, кафанвориро биёваред. Шумо ба
хонаводаи мурда маҳрам ҳастед. Аз занҳо кафанвориро
пурсед, бароятон медиҳанд...

Шогирдпеша бо шунидани ин амр хост ҳар чй
зудтар аз пайи кор шавад ва ба ҳамин ҳадаф фаврй саду
ҳаштод дарада тоб хӯрда, ба тарафи дари хурӯдӣ роҳ пеш
гирифт. Ҳанӯз гоми дуввумро набардошта, ногаҳон нақ-

160
ши замин шуд ва мурдаи дар тахтаи мурдашуйи рост исто-
да дақиқ бар рӯйи вай уфтод. Садои ҷонхарош ва доду
фарёди осмонтароши шогирдпеша аз зери мурдаи райиси
Идораи савдо ва бозор ба фалак печид. Мардуми дар
берун-рӯйи ҳавлии майит ҷамъомада, аз ин садо ба
таҳлука афтоданд, ки чй хабар шуда бошад. Касе гӯё
гуфтааст, ки мурда зинда шуда, ба шогирди нави мурда -
шӯй ҳамлавар шудааст, ки ҳукуматдорон ӯро ноҳақ ба он
дунё мефиристанд.

Амаки Насриддин филфавр ба кӯмаки ин шогирди
бахтбаргашта расида, вайро аз чанголи мурда раҳонидан
мехостанд:

-Ё Ҳазароти Азроилу Микоил! Тӯба кардам!
Шумоҳо мурдаи ҳалолшусташударо монда, ба ин зиндаи
ношустаи ҳаром чй кор доред?! Ин бечора шогирди нави
мост. Киш-киш!

Ман андак дуртар аз онҳо пушти тахтаи мурда-
шӯйӣ истода будам ва зуд ба кӯмаки амаки Насриддин
расида, мурдаро аз болои зинда бардоштам. Бечора
шогирдпеша аз тарси ҳуҷуми ногаҳонии мурдаи бекафан
забонашро тамоман гум карда, танҳо бо ишорати
номафҳум аз мо мехост, то ҳар чй зудтар ӯро аз ин
мурдахонаи наҳс берун барем. Мо-ду нафар мурдаи
ҳақиқиро канор гузошта, ҳоло ин зиндаи мурдамонандро
рӯйи дастҳоямон баланд бардошта, ба берун интиқол
додем. Зарурат пеш омад, ки мурдаро аз нав бишӯйем ва
каме дертар аз вақти қаблӣ кафан кунем.

Он рӯз шогирдпешаи духтари райиси шаҳрак
(деҳшӯро) барои сабақ омӯхтан назди мо фиристода, аз
марги ҳақиқӣ наҷот ёфт, вале умр барояш вафо накард:
расо пас аз як ҳафта, ӯ дар сафи муштариёни азиз, аммо
бидуни сафи он дунё, қарор гирифт.

Дили духтари райиси шаҳрак (деҳшӯро) бо ин фо-
ҷиаи аз зери по хеста низ таскин наёфт ва аз сари мо даст-
бардор нашуд. Воқеаи бар сари шогирдпеша рухдодаро як
ҳодисаи тасодуфй ва бемаънӣ талаққӣ карда, боз як

161
нафари дигар-ин навбат писари амакашро ба шогирдии
мо фиристод. Мо ҳақ надоштем ин бор низ ба шогирди
нав ҳамонанди пеш вокуниш нишон диҳем. Бояд сабки
корамонро дигартар мекардем.

Шогирдпешаи нав, аз шогирди худораҳматӣ ҳам
шилқинтар будааст. Доиман суол мекард ва дарсҳои
андози давлатй ва аҳлоқ бароямон мехонд:

-Барой шустани як мурда чанд сомонй ҳақ мегиред?

-Ҳаққи заҳмати мо ба ғафсии ҳамён ва саховат-
мандии мурдадор бастагй дорад.

-Ба ҳар ҳол аз шустани як мурда тахминан чанд
бакс ба шумо оид мешавад?

-«Бакс»-аш чй ман намедонам, писарҷон, вале ба
сомонй баъзан бист ва гоҳе сито мешавад?

-Аз ин маблаг ба давлат чй қадар андоз ё худ
молиёт мепардозед?

-Нафахдоидам?! Дар сол ё аз ҳисоби ҳар мурда?

-Албатта, молиёти давлатй бояд аз даҳ то дувоздаҳ
дарсади музди корни шуморо ташкил диҳад!

-Росташро бигӯям, то имрӯз дар бораи андоз (моли-
ёт) аз мурдашӯйй ҳеҷ қонуне дар Маҷлиси намояндагон
тасвиб нашудааст, ки ман молиёт пардохт намоям.

-Одамон дар давлатй озод, соҳибистиқлол ва
ғайримазҳабии (лоик, дунявии) мо барои обу ҳаво, табиат,
нерӯи барқе, ки дар фасли сармо гум мешавад ва ҳатто
мурдан низ ба давлат андоз месупоранд. Чаро мурда-
шӯйҳо аз ин қавонин истисно бошанд?!

-Ман ба наздикӣ аз мурдашӯйй истеъфо медиҳам.
Худи шумо ба ҷойи ман кор карда, андози солонаи
мурдашӯйиро бипардозед беҳтар аст. Ин кори шумо
нуран ало нур мешавад: ҳам мурдаҳо розӣ ва ҳам зиндаҳо
ба ин андоз манфиатдор мебошанд.

-Райиси мӯҳтарами шаҳрак (деҳшӯро) доиман дар
мавриди сари вақт ситондани андоз аз шаҳрвандон таъкид
меварзанд ва ҳатто бештар вақт ба дастандаркорони ин

162
соҳа ҳушдор медиҳанд. Зеро пардохти бамавқеи андоз, ин
кӯмаки ҳақиқӣ ба пирон, мустмандон, бознишастагон,
ятимон, муаллимон, ҳуқуқбигирон, кормандони мӯҳтара-
ми давлат мебошад. Шуғли аслии шумо муаллимист, пае,
чаро дар ин бора фикр намекунед?!

-Фурсат нашуд, ки сари ин масъала дурусттар
андеша намоям.

-Минбаъд дар ин бора фикр намоед, агар ягон чиз
ба ақлатон нарасад, лутфан аз мо бипурсед.

-Чашм!

-Чашматон бебало!

Ман бо амаки Насриддин машварат оростам, ки чй
кор метавонем бикунем. Ду мурдаро бидуни ягон ҳодиса
шустем. Рӯзе, ки замони шустани мурдаи севвум фаро
расид, шогирдро пеш гузарондем, то ҳамаи корҳои
шустушӯйро худаш анҷом бидиҳад. Ба хотири тамоман
ором кардани шогирд барояш гуфтам:

-Аз ин ба баъд шустани мурдаҳо бар ӯҳдаи шумо
вогузор мешавад. Ман ба корҳои шумо танҳо назорат
мекунам. Ҳунари худро дар шустани мурда нишон диҳед.
Пас аз он ки се-чаҳор мурдаро ҳалол шустед, ман аз
вазифаи мурдашӯйӣ истеъфо медиҳам ва ба кори муалли-
мй бармегардам ва аз ҳамон андозе, ки шумо аз мурда-
шӯйй хоҳед пардохт, маош гирифта, зиндагиамро хоҳам
чархонид...

Шогирдпеша аз ин хабар бисёр хушҳол шуда,
дарҳол гӯшии телефони ҳамроҳро (бесим, яъне мобилй) аз
ҷайбаш берун овард ва ба шумораи телефони духтари
райиси шаҳрак (деҳшӯро) занг зад:

-Апаҷон! Дуо кунед, ман ба кори мурдашӯйй cap
кардам. Имрӯз бори нахуст мурдаро худам хоҳам шуст ва
пас аз се-чаҳор мурдаи дигар, ҳамаи корҳои мурдашӯйии
минтақа комилан дар дасти худамон қарор мегирад...

Шогирд ба шустани мурда оғоз кард. Ҳанӯз ба сари
мурда об гирифтан тамом нашуда, банохост дасти шогирд

163
дар ҳаво шах шуд (хушкид). Ман бо чашми ҳайрат ба
тарафи вай нигаристам. Шогирд гунг буд. Намедонам ин
ҳодиса чй тур иттифоқ афтодааст, ки ҳангоми об
гирифтан бар сари мурда, ҷасади беҷон шогирди азизи
моро дар оғӯши хеш гирифтааст. Ҳоло зинда тунгу лол
буд ва аз ҷояш ҳеҷ такой намехӯрд, гӯё вайро дар рӯйи
фарши хокии хона мехкӯб кардаанд. Ба гумонам, шогирд
аз ин ҷасорати гӯшношуниди мурда мурданивор тарсида,
дигар маҷоли ҷунбидан аз ҷойи хешро аз даст дода буд.
Ман бо мушоҳидаи дар куҷо қарор доштани дасти мурда
онро аз шонаи рости шогирд бардошта, фурсатро ғанимат
донистам ва сари дастро ба кисаи шалвори амаки
Насриддин андохтам. Амаки Насриддин аз ин шӯхии ман
бехабар монданд ва баногоҳ расидани чизи ношинос ба
баданашонро эҳсос карда, бо садо баланд фарёд заданд:

-Дастатро бардор, нокас! Як нафарро ба оғӯш
гирифтй, кифоят мекунад. Дастатро бигир, вагарна як
лагад ба шикамат мезанам...

Суханони амаки Насриддин шогирди лолшударо
каме ба худ овард ва ӯ ҷуссаашро аз ҷасади майит канор
кашид. Ман як каф оби хунукро ба рӯяш пошидам ва дуои
«Фотиҳа»-ро тиловат карда, ба сарӯ рӯяш «куфу суфи»
бепулро дарег надоштам...

Шогирди бахтбаргаштаи мо пас аз ин ҳодисаи шум
ба бемории дилзанак мубтало шуд ва ҳар аз годе васвосй
мешуд ва дар рӯйхати (феҳрист) муштариҳои зудҳангом ва
бидуни саф қарор гирифт. Пас аз ин рухдодҳои шум
духтари райиси шаҳрак (деҳшӯро) аз сари мо даст
бардошт, вале ба тури шадид дунболи мурдашӯйи
занҳост, то вайро маҷбур ба истеъфо созад ва хешашро ба
мақоми вай баргузинад.

Хушбахтона, пас аз ин ҳодисаҳои ногувор, бозори
кори банда, боз рӯ ба беҳбудй гузошт. Чун (азбаски)
мурдашӯйҳои дигар маҳаллаҳо ва деҳоти гирду атрофи
шаҳраки мо ба худ мақоми расмй-давлатӣ гирифтанд ва

164
танҳо аз тарафи райиси шаҳрак (деҳшӯро) таъйин мешу-
данд, дар мухолифат бо онҳо обрӯйи ман ва амаки
Насриддин хеле боло рафт ва мисли «каллаи хар бузург»
шуд. Ба фикрам, дар солҳои наздик ба ҷойи банда ва ама-
ки Насриддин пайдо кардани номзад ва ҷойгузини муно-
сиб барои аҳолии шаҳраки Сарви Баланд кори бисёр
мушкил аст. Ҳоло аз тамоми маҳаллаҳо ва деҳоти гирду
атроф, корафтодаҳо ба ҷустуҷӯйи мо меоянд.

Дирӯз фарзандони як мансабдоре ба дунболи мо
омаданд. Мо ба манзили майит рафтем. Вақте вориди
хона шудем, рӯйи чанд қабат (лоя) кӯрпаву кӯрпача
(тушаку тушакча) шахсеро дидем, ки қанӯз зинда буд.
Маълум шуд, ки фарзандони ин шахс пеш аз мурдани
падарашон моро барои шустушӯй ва гӯру чӯб даъват
кардаанд. Баробари дидани одами ниммурда, ман вайро
шинохтам. У замоне дар рӯзномаи маҳаллӣ мақолае
навишт бо номи «Ленин пайғамбар буд!» Он замон давраи
пурихтилофе дар таърихи халқи мо ба шумор мерафт ва
арзишҳои ҳақиқии инсонӣ дар ҷомиаи шикампарвар ва
шикастурехтаи бесару бар, чену баркаш (ҳисобу ҳисоб-
кашй) мешуд. Ана, қамин шахс, ки ҳоло дар ҳолати назъи
ҷонканӣ рӯйи кӯрпачаҳо хобида, бо Ленин ва Ҳизби
коммунист савганд мехӯрд, ки танҳо онҳоро мепарастад
ва меситад ва ҳеҷ гоҳ аз онҳо рӯй намегардонад. Ҳанӯз аз
нашри мақолааш панҷ сол сипарй нашуда, ҷомаашро
чаппа пӯшид ва пайрави кадом як ҳизби динӣ шуд ва чун
мӯди замон ҳатто ба ҳаҷ ҳам рафт ва аз он дунё «ҳоҷӣ»
шуда баргашт. Се сол пас он ҳизбро ҳам бева гузошта,
сарнавишташро ба ҳизби ба ном мардумии мансабдорон
пайваст ва сохдби мансабаке шуд...

Мо рӯ дар рӯйи ҳамин марди ниммурда, вале ҳанӯз
ҷонаш аз тан набаромада, қарор гирифтем. Амаки
Насриддин аз нигоҳҳои тамоман аҳмақонаи он шахс ба
ҷон омада, худ ба худ ба ғур-ғур cap карданд:

-Агар мурданӣ ҳастӣ тезтар бимир, беҳуда вақти
моро нагир! Гоҷигарй накун. Мо боз ду-се мурдаи дигар

165
дорем, ки бояд сари вақт ба он дунё фиристем. Туро
мурдӣ гуфта ба ин манзил омадем, бачаҳот ҳамин хел
(тур) ба мо гуфтанд, ки «падарамон мурд». Мо вақти
беҳуда надорем, ҳар лаҳза барои кори мо ганимат аст.

Ман барои ором кардани амаки Насриддин
барояшон гуфтам:

-Монед (гузоред), як-ду рӯзи дигар намурад, хоҳ
нохоҳ ҳаққи заҳмати омадани имрӯзаи моро хоҳанд
пардохт. Кори дигар мурдаҳоро то Офтобшинам (гуруб)
тамом мекунем. Ин хел ленинчиёни собиқ хеле ҷонсахт-
анд. Ба қавле «намурда, мурда мурда мегарданд» ва орзу
доранд, ки як бори дигар ҳокимияташон баргардад ва ба
аспи қудрат аз нав савор шаванд...

Ман дар болои сари он шахе нишастам ва ду соат
пас дарк кардам, ки нафаскашиаш қатъ шуд ва гӯё ҷонаш
баромад. Ҳанӯз манаҳ (чона) ва ангуштони пояшро бо
порчае набаста, ба амаки Насриддин гуфтам:

-Баланд шавед, зуд ба гӯристон рафта, даст ба кор
шавед. Меҳмон, ба фикрам, рафт, дигар барнамегардад.
Ман корҳои ин ҷойро худам саранҷом мекунам. Гӯрашро
тангтар канед ҳам мешавад, зеро кандани гӯр вақти
бисёрро нагирад. Боз дигар мурдаҳоро ба хок супурдан
лозим меояд.

-Паридам. Худоё! Ба даргоҳат шукр, ки ҷони ҳамин
думрави Ленинро ҳам гирифтй!

Амаки Насриддин даҳ нафар довталабро барои ёрй
бо худ гирифта, ба гӯристон рафтанд ва дар муддати ним
соат гӯр омодаи пазироии меҳмони навбатй дар дарвозаи
охират қарор гирифт. Амаки Насриддин дар чунин ҳолат-
ҳои истирорй танҳо тарҳи гӯрро мекашанд ва бахши ла-
ҳадро аз нигоҳи коршиносӣ ташхис медиҳанд. Кумакё-
варҳои гӯрков аз соҳибмурда маблағе дарёфт намекунанд.
Онҳо ё хешу табори мурда ҳастанд ва ё савобҷӯйҳое ҳас-
танд, ки ба нияти холис ба кори гӯрканй сафарбар шуда-
анд.

166
Вақте барои шустани мурда шуруъ кардем, ман
эҳсос кардам, ки бадани майит ҳанӯз гарм аст. Аз тарси он
ки боз ин мурда зинда нашавад, ба амаки Насридцин
гуфтам:

-Боз аз гӯр хеста аъзои ягон ҳизби дигар нашавад?

-Хотирҷамъ бошед. Гӯрашро бисёр жарф (амиқ,
чуқур) кардем ва андозаи лаҳадро он қадар танг шриф-
там, ки агар зиндаро даҳ дақиқа дар он ҷой барон истиро-
ҳат гузорӣ ҷо ба ҷой нафасгир шуда мемурад, чй монад ба
ин пири фартут, ки дасташро худаш ҷунбонида намета-
вонад. Даричаи лаҳадро ду қатор кулӯх мечинам ва хокро
то болои гур тамба мекунам. Аз чунин гӯре, ки ҳоло ман
барон ин махлуқ дуруст кардаам, ҳатто одами зинда берун
шуда наметавонад, чӣ монад ба ин бандаи осй.

Худо гуноҳҳои моро бубахшад, ки одами нимзин-
даро, албатта, бо исрори фарзандонаш, ки сари мерос
ҷамъ шуда буданд, ба гӯри сиёҳ андохтем.

Ғоҳе дар касабаи гӯркании амаки Насридцин рух-
додҳои ачибулғариб пеш меояд. Як рӯз амаки Насрид-
динро бисёр парешон ва асабонй дидам ва аз ҳолу аҳво-
лашон пурсон шудам. Бо дили нохоҳам гуфтанд:

-Э, монед, муаллим! Хдмин зиндагй ва ҳамин
гӯркании доимй ҳам ба дил зад.

-Боз чй шуд? Магар довталаби пулдоре пайдо
шудааст, ки касабаи шуморо харидорй мекунад ва ё...

-Довталабҳо зиёданд, вале то бар болои мурдаи
ман як мошин хок нарезанд, ҳеч кадоме аз онҳо ҷойи маро
гирифта наметавонанд. Дирӯз гӯши чапам суп-сурх шуда
хоридан шрифт ва аз хориш ба чон расидам. Назди
пизишк рафтам. Пизишк онро муоина намуду гӯё ба ҳоли
банда масхара карда бошад, чунин ташхис дод:

-Агар гӯши чапи одам хорад ҳатман зани ҳамсояаш
духтар мезояд...

Ин ташхиси пизишкии аз замони Дақёнус мерос
монда, маро ба ғазаб овард. Магар мешавад кампири
ҳаштодсола-очаи Бибимоҳ, ки ҳамсояи мост, дар чунин

167
синну сол фарзанд ба дунё оварад ва он ҳам аз динси
духтар бошад?! Ба ҳар ҳол аз пизишк ба куллй дилмонда
шуда, назди муллоимоми шаҳрак рафтам. Муллоимом
ҳам каромат фармуданд ва бо даму нафаси муборакашон
як тӯмори бисер гафси панҷоҳсомонӣ дуруст карданд ва
гуфтанд:

-Ба гӯши чапат ҳалқаовез кун: ҳамаи суханҳои нағз
дар ёдат ҳифз мешавад!

Рости ran, муллоимом аз пизишк ҳам сафеҳтар
будааст. Охир, мани дар ришам сафедй афтода дар ин
синну сол тӯморро чй гуна дар гӯши чапам овехта гардам
ва боз умедвор шавам, ки танҳо суханҳои нағзро мешу-
навам?! Коми одамҳои имрӯзаро ба ҷои «бисмиллоҳ» ва
«саломуалейкум» бо дашноми «очата фалон кунам»
ширин кардаанд ва ба гӯши мани бадбахт ба ҷои суханҳои
нағз доиман ҳамин хел ҳақоратҳои болохонадор меда-
рояд. Тӯморро ба худи муллоимом баргардонидам ва
панҷоҳ сомониро ҳам ба арвоҳи падарашон бахшидам.
Хулоса, хориши гӯши чап тамоми орому қарорро аз ман
гирифт ва ҷонам ба лаб расид. Бо машварати ҳоҷихонум
пеши фолбини маҳалла рафтам. Фолбинй дар ҷойҳои
худамон ҳирфаи хоси занон шудааст ва онҳо бо иттифоқи
оро ин касабаро комилан дар инҳисори хеш дароварда-
анд. Дар шаҳраки Сарви Баланд ва гирду атрофии он беш
аз бист нафар фолбини соҳибмаълумот фаъолият доранд,
ки аз гармухунуки зан аз мард ё мард аз зан cap карда, то
интихоботи парумонй ва ҳатто интихоботи президента
кишвари ҳамсояро пешгӯй мекунанд ва ҳама вақт назари
онҳо дар ин маврид дуруст аз об дармеояд. Ачоибии кор
дар он аст, ки ҳамин хонумҳои фолбин ҳар бор дар
хобашон президента кишвари ҳамсояро мебинанд, ки
савор бар аспи сафед болои еарашон омада, аз ҳолу
аҳволашон мепурсад ва ваъда медиҳад, ки дар интихоботи
ояндаи Раёсати Ҷумҳурии кишвараш барандаи барги
аввал хоҳад шуд. Чй мегӯед, ки дар ҳақиқат ҳамин даҳ-
бист соли ахир дар Ҷумҳурии ҳамсоя на Райис иваз меша-

168
вад ва на ба аҷали худ мемирад, ки як тамошо кунем.
Албатта, яке аз калладори ҳамсояи ҳамсоямон, ки Райиси
Ҷумҳури модомулумр «интихоб» шудааст ва лақабаш
«каллаи сафед» аст, ваъда до да, ки дар соли 2008 интихо-
боти озоди Раёсати Ҷумҳурӣ мегузаронад ва худо кунад,
ки он рӯзро бубинем.

-Билахира, мо нафаҳмидем, ки хориши гӯши шумо
ба чй анҷомид?-дигар тоқатам гоқ шуда сухани амаки
Насриддинро буридам.

-Бетоқат нашавед, бародар,-бо оромии ба худ хос
посух доданд амаки Насриддин, -Хориши гӯш моро назди
фолбин бурд. Хонуми фолбин бо дидани сурати банда
дарвозаи ҳавлияшро ба рӯям маҳкам бает ва фарёд зад:

-Худо афту башараатро бигирад. Қадами нопоки
туркан ба манзили ман нарасад...

Хдмсояҳо ин доду фарёди фолбинзанро шунида,
дар они воҳид гирду атрофи маро печонида гирифтанд.
Ман аз чунин ранг гирифтани воқеа худ дар ҳайрат ва ваҳ-
шат афтода, ба хонуми фолбин гуфтам:

-Хоҳарам! Ман бо кори муҳиме назди шумо
омадаам, на барои кандани гӯратон! Дарвозаро боз кунед
ва ба арзам гӯш фаро диҳед, ки як шабонарӯзи расо
мешавад хориши туши чапам ороми ва сабру қарори маро
аз байн бурдааст...

Аммо фолбинзани ҷанҷолй бо ҳамон минвол дод

мезад:

-Гум шав! Пою қадами ту номуборак аст. Маро ба
тур мебарй...

Мани аз хориши гӯши чаи ба ҷон расида, бо қаҳр
ба фолбинзан гуфтам:

-Агар худо хоҳад гӯри туро се метр амиқтар хоҳам
канд, то ба дӯзахи ҳақиқй шарафёб шавй...

Пасон аз роҳ баргаштам ва ба назди фолбини дигар
рафтам. Чй мегӯед, ки ба дуои мо фариштаҳо «Омин!»
гуфта будаанд ва мустаҷоб шудааст ва фолбинзани қаблй
тасодуфан пас аз ду соати ҷанҷолаш худ аз худ аз болои

169
бом афтода, ҷон ба ҷақонофарин таслим кардааст. Гӯши
чапи ман ҳам аз хорищ бозмонд. Маълум шуд, ки сабаби
хориши гӯши чапи ман маҳз хабари марги фолбинзан
будааст. Албатта, ҳамаи ин моҷаро танҳо ба худи
худованд рӯшан асту халос...

Ман як дафтарчаи ҷайбӣ дорам, ки рӯйхати эҳтимо-
лии ашхоси фавтшавандаро дар он сабт кардаам. Амаки
Насриддин ҳар гоҳ кампул ё бепул шаванд, ба ман
муроҷиат менамоянд:

-Домулло! Ба дафтарчаи дахлу харҷ нигоҳ кунед.
Чанд рӯз аст, ки тамоман бепул нишастаем. Бекорй ба дил
зад.

-Аз одамони одцй касеро дар сафи равандаҳо
намебинам, аммо Худованд агар мадад кунад, аз
мансабдорҳо чанд тан ваъдаи дидор бо ҳазрати Азроилро
додаанд ва он ҳам бо кӯмаки райиси шаҳрак (деҳшӯро).

-Чй тур?! Магар райис барои мансабдорҳояш марг
мехоҳад?

-Маро дуруст фаҳмед. Райис аз мақомоти болойй ва
созмонҳои байналмилалй барои ҳаромхории худаш ва
зердастонаш танқиди сахт шунид ва ҳоло ҳамаи заҳру
ҷахдашро ба сари тобеъонаш фурӯ хоҳад рехт. Он гоҳ
хоҳем дид, ки чанд мурда ба даст меояд ва чанд тани
дигар дар сафи оянда қарор мегиранд.

Дуои мо мустаҷоб шуд. Чаҳор рӯз пас мо се нафар-
ро пас аз Иҷлосияи гайринавбатии Шӯрои шаҳрак ба хок
супурдем. Нахуст райиси Идораи роҳсозй бо шунидани
хабари нохуш-бозрасии дафтари аъмолаш аз ҷониби боз-
пурсҳои додситонй, ки райиси деҳшӯро ваъда додааст, ҷо
бар ҷо дар ҷараёни Иҷлосия аз ҳуш рафт ва омодаи дори
фониро падруд гуфтан шуд. Роҳҳои шаҳраки мо ончунон
харобу валангор аст, ки гӯё аз замони Дақёнус рӯйи таъ-
мир ва нигахдориро надидааст ва табиист, ки мошини
ёрии тиббй (амбуланс) масофати чанд километр роҳ то
бемористонро дар як соат тай кардааст ва шахси ҷаноби

170
райиси Идораи роҳсози ба бемористон нарасида, дар роҳ
аз сактаи мағзи мурд. Мурдаи ин ҳароммурдаро зуд ба
хок супурдем, зеро дар тӯли даҳ соли ахир як метр роҳ дар
шаҳрак мумфарш (асфальтпӯш) нашуд ва маълум нест ин
кадар пули мардум, ки ҳамчун роҳпулй, мошинпулй ва боз
даҳҳо намуди дигари молиёт ба сандуқи Идораи роҳсозй
рехта мешуд, ба куҷоҳо сарф гардид.

Дар бозгашт аз гӯристон хабари марги боз ду
нафари дигар расид. Райиси бахши беҳхдошт ва дармони
шаҳрак барои тороҷи амволи бемористон ба чанги қонун
афтодааст ва маргро аз зиндагй авло дониста, бо
истеъмоли қурсҳои зиёди хобовар ба зиндагии хеш поён
бахшид. Тоҷири баобрӯйи шаҳрак низ бар асари ҳамлаи
қалби фавт кард. Шукри худо ҳамаи ин мурдаҳо одамони
баобруй ва пулдоранд ва ризқи мо аз даргоҳи парвар-
дигор ато мешавад.

Ҳангоми донишомӯзй дар мактаби миёна дар
китобе ин матлабро хонда будам, ки туфта мешуд:
мардуми авом аз мурдашӯй хушашон намеояд ва қадами
вайро ба манзилашон нишонаи наҳсият медонанд ва аз
мулло, ки бидуни заҳмате онҳоро ғорат мекунад, хуш
истиқбол ва пазирой мекунанд. Шукр, ки ҳоло бар асари
даргириҳои маълум дар кишвар ба обрӯйи муллоҳо
латмаи сахте ворид шуда ва мардум ба қадри заҳмати
хоксоронаи мо ҳам мерасанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама
хидмати хоксорона баъзан мулло ё сӯфии масҷид ба кори
мо халал ворид месозанд. Дирӯз як мурдаи оддиро ба хок
супурдем. Ҳангоми пардохти ҳаққи заҳмати мо соҳиби
мурда аз худаш валинеъмати нишон дода, ба ҳар нафар-
ман ва амаки Насридцин панҷоҳсомонй ва як бӯғчай
либос эҳдо кард. Аммо сӯфии хирриовоз (садогирифта) ба
соҳиби мурда чунин машварат дод:

-Бистсомонӣ ба ҳар якеаш диҳед, кифоят мекунад.

Ин «тавсияи» сӯфиро ба соҳиби мурда ман шуни-
дам ва хеле нороҳат шудам. Беинсоф! Ба ҳаққи ҳалоли

171
заҳмаги мо зомин шуд (гӯё аз ҷайби худаш ба мо пул
медода бошад, боз миннат ҳам кард). Мақоли маъруфи
«мулло муллоро чашми дидан надорад, соҳибхона ҳар
дуро» ба ҳамин дард мехӯрад. Зеро ба он чиз, ки мо ҳақ
доштем, ҳамин сӯфии хирриовоз мамониат кард. Худо
агар хоҳад, мурдаи ҳамин сӯфиро бо дастони худам хоҳам
шуст. Он вақт аламамро дурустакак аз вай мегирам.
Илоҳо! Ин сӯфии бадовозро ҳар чӣ зудтар ба он дунёи
дӯзах бифирист, ки ҳам мо аз шарраш халос шавем ва ҳам
мардум аз садои бадаш.

Аммо рухдоди тамоман гӯшношунид дар фаъоли-
яти мурдашӯйии банда ва гӯрковии амаки Насриддин
панҷ сол пеш аз ин рӯзгор иттифоқ афтод. Як бегоҳ
(ғуруб) моро ба тури таъҷилӣ ба манзили яке аз азизони
шаҳрак фаро хонданд. Савори худрави гаронқимати хори-
ҷӣ вориди ҳавлии бошӯкӯҳе шудем, ки аз кохи тобистонаи
Амири Бухоро-«Ситораи Маҳихосса» камй надошт ва
ҳатто метавон гуфт бартар ҳам буд. Моро бо иззату
эҳтиром ба хонаи бисёр зебо ва дару девор ва болорҳои
чӯбинаш кандакоришудаи муҷаллал роҳнамоӣ карданд.

Мобайни хона, рӯйи мизи на он қадар паст ва кӯ-
чак, тобути рӯҳандудӣ (аз рӯя, рӯҳин сохташуда, рӯҳан-
дуд, синк, цинковый гроб) дар маърази диди ҳамагон
қарор дошт ва чанд тан дар атрофи он, рӯйи кӯрпачаҳои
махмалин гирд менишастанд (маълум буд, ки ин ашхос аз
зумраи наздикони майит ҳастанд). Баробари дидани
тобути рӯҳандудӣ тааҷҷуби ман боло гирифт ва амаки
Насриддин аз авзои банда пай бурда, оҳиста ба гӯшам
гуфтанд:

-Ин тур ба назар мерасад (аз афташ) ин мурдаи
бисёр азиз ва серпул мебошад ва худо раҳми моро
хӯрдааст.

-Сабр кунед, ҳоло маълум нест, ки ин мурдаро
шустан мумкин аст ё на.

172
-Агар мурдаро шустан имкон надорад, ҳадци ақал
тобути рӯядорро бояд шуст, зеро мо тобутро даруни лаҳад
қарор медиҳем.

-Охир, мувофиқи дастуроти мақомоти расмӣ,
тобути рӯҳандудиро боз кардан мумкин нест. Ёд доред,
ҳангоми ҷанги Афғонистон ҷасади сарбозони шӯравиро аз
майдонҳои набард дар тобутҳои рӯҳандудӣ меоварданд ва
намояндаи Идораи низомвазифа (яъне военкомат) болои
сари мо рост меистод ва иҷозат намедод, ки тобутро боз
кунем ва ҷасади майитро берун оварда, онро бишӯйем. Ин
дастуротро касе то ба ҳол бекор накардааст.

-Солҳои пешин вазъ чунин буд, акнун масъала
тамоман тағйир кардааст ва ҳамаи мақомоти расмӣ
дастур доранд, то ҳар тобути рӯҳандудиро боз карда, ба
дуруни он нигаҳ ва бозҷӯӣ кунанд ва бубинанд, ки он ҷой
чист: ҷасади ҳақиқӣ ё «соқ-соқиҷон пиёла пурмай кун».

-Ин «соқ-соқиҷон»-аш боз чӣ балову нағма аст, ки
мо бехабар мондаем?!

-Ёд надоред?! Ҳа, шумо ҷавон ҳастед, шояд он
таърихро надонед. Солиёни зиёде пеш кормандони хуфия
дунболи домуллои шаҳраки Сарви Баланд мегаштанд, то
бо мадраке дастгираш кунанд ва ба ҷаҳаннамистони
Сибир бадарғааш (таъбид) намоянд. Домулло ҳам одами
андак набуд, аз сабку услуб ва найрангҳои ҷосусии
кормандони хуфия огаҳӣ дошт. Боре як корманди хуфия
барои дуову табобат ба манзили домулло фиристода
мешавад, то битавонад ба боварии домулло даромада, аз
дасти вай ягон ҳуҷҷат касб намояд. Корманди хуфия бо
ҳазор зориву илтиҷоъ баъди дуохонӣ ва дам андохтан
(пуф кардан) аз домулло як тӯмор мегирад. Домулло низ
чанд сатр бо хати форсй навишта, ба ӯ медиҳад ва мегӯяд,
ки ба рӯйи коғаз чарм дӯхта, зери бағали пираҳан ё
костюмаш (кӯт) бидӯзад, кораш омад мекунад.

Хулоса, кормандони хуфия бо ин мадраки дол, яъне
тӯмор, ки аслан ҳеҷ нисбате ба дини ислом надорад,

173
вориди манзили домулло мешаванд ва ӯро ба таблиги
ислом гунаҳкор карда, дар ҳузури додситон бастаи
тӯморро боз мекунанд ва мебинанд, дар як порча когази
чой чунин навишта шудааст: «соқ-соқиҷон пиёла пурмай
кун!» Ҳоло дар замони нав мӯҳтавои тобути рӯҳандудй
ҳамон қиссаи «соқ-соқиҷон пиёла пурмай кун»-ро
мемонад, албатта, кор тамоман баръакс шудааст: ҳоло на
домуллоҳо, балки мансабдорони низомй даруни онро бо
«хоки Ватан» пур мекунанд.

-Боз ин «хоки Ватан»-аш чй балост?

-Наход надонед?! «Хоки Ватан»-ҳамон хокаи
лаънатй-афюн, банг, ҳероин, нашъа, тарёк, чаре, яъне
анвои маводи мухаддирро мегӯянд. Чанд сол пеш, аз як
симои моҳвораии хориҷӣ тобути рӯҳандудиеро нишон
доданд, ки дарунаш пур аз маводи мухаддир буд. Маълум
шуд, ки марзбонони Русия аз марзи Тоҷикистон ва
Афғонистон ҷасади сарбозеро барои волидайнаш фирис-
тодаанд, ки гӯё писарашон дар мубориза бо қочоқчиёни
маводи мухаддир қаҳрамонона ба ҳалокат расид. Падари
сарбоз пас аз ба хок супурдани писараш дар дилаш алов
(оташ, шӯъла) меафтад ва шабона бо бел ва табар
мусаллаҳ шуда, ба қабристон меравад. Вақте ба гӯристон
меравад, мебинад, ки ду нафар аз кормандони Идораи
низомвазифа (яъне «военкомат») машғули аз гӯр берун
овардани тобути рӯҳандудй ҳастанд. Мунтазир мемонад.
Низомиён тобутро аз гӯр берун оварда, дарашро боз
мекунанд ва чанд халта (киса) маводи мухаддирро аз
даруни тобут гирифта, ба сандуқи ақиби саворй ҷой меку-
нанд ва мехоҳанд, ки тобутро боз аз нав ба гӯр андозанд.
Дар ҳамин лаҳза падари сарбоз ба онҳо пинҳонӣ наздик
шуда, ба фарқи сарашон бо навбат бо бел мезанад ва ҳар
ду дохили гӯр меафтанд ва беҳуш мешаванд. Пасон, ин
падари ҷигарреш аҳолии гирду атрофи гӯристонро ба ёрй
даъват мекунад. Дар натиҷа як шоҳроҳи бисёр густардаи
қочоқи маводи мухаддир, ки марзбонон дар он даст

174
доштаанд, кашф ва фош шуд. Ҷолиб он ки марзбонон пас
аз он ки тобути пур аз маводи мухаддир ба нишонии
даркорй (лозим) расид, сарбози бечораро бо баҳонае ба
қатл мерасонидаанд. Аз он таърих ба баъд боз кардани
тобути рӯҳандудӣ раем шудааст, на мамнӯъ.

-Ман аз ин рухдод тамоман бехабар мондаам.

Соҳибмурдаҳо тааҷҷуб ва пич-пичи моро дар
мавриди тобути рӯҳандудй дида, чунин узру маънй пеш
оварданд:

-Ин мурда аз роҳи дур-аз шаҳри С... Русия омад.
Мӯсо дар шаҳри С. корхонаи кафшҳои варзиширо дар
ихтиёр дошт ва дар оғоз бозори маҳсулоташ гарм буд.
Вале ба сараш якбора ин бало зад, ки чанд сол пеш кор-
хонаи кафшҳои варзиширо ба калӯши арзон ва баъд
корхонаи калӯшро ба тарабхона табдил дод ва садҳо тан
ҳамдиёронашро барои кор ба он ҷой бурд. Намедонем аз
дуст шуд ё душман ва ё бар асари нодида гирифтани
дастурҳои беҳдоштй дар пухту паз ва нимхом пешниҳод
кардани ғизо чанд муштарй ҷон ба ҷаҳонофарин таслим
карданд. Мӯсо тарабхонаро ба бозор иваз намуд. Он ҷой
воқеан ҳам ба бозори ҳақиқӣ мубадцал шуд. Ҳама чизро
хариду фурӯш мекарданд: ҳатто одам ва падару модарро.
Барои чархонидани кори бозор бо раҳбарон ва гурӯҳҳои
мафиой даст ба дасти хам дод ва пули зиёде аз бонкҳо ва
ниҳодҳои давлатй вом гирифт. Душманон дар паяш
афтоданд ва хостанд варшикастааш намоянд ва ҳоло
чунон ки мебинед, натиҷаи кор чунин аст. Чй мешавад
кард ба ин балоҳои худовандй?! Коре бояд мекард, ки аз
қарзхоҳон халос мешуд. Ба ҳамин хотир Мӯсо роҳи
душвор-мурданро баргузид. Хоҳишмандем дар шустани
майит эҳтиёт кунед.

Ман дигар сабрамро аз даст додам ва бо таваҷҷӯҳ ба
нақли амаки Насридцин дар мавриди «хоки Ватан» барои
худро аз бало эмин нигаҳ доштани хеш аз онҳо пурсидам:

-Мо бояд майитро бишӯйем ё тобутро?!

175
-Албатта, ҷасади майит-одамро. Шустани тобути
рӯҳандудй чй лозим?

-Охир, дари тобутро боз кардан мумкин нест!
-Худатонро ба даст бигиред, домулло-мурдашӯй-
амак! Мо ҳозир дари тобутро боз мекунем.

Ду нафар аз ҷамъи соҳибмурдаҳо бар сари тобути
рӯҳандудй бо анбӯр ва чаккуш гирд омада, даст ба кор
шуданд ва дар як они воҳид дари болойи онро боз кар-
данд. Дохили тобут ҷасади ҷавонмарди сӣ-сивупанҷсо-лае
мехобид. Намедонам, аз ҳаяҷон ё изтироб бошад ва ё зери
таъсири нақли амаки Насриддин ба чашми гунаҳко-ри
банда чунин намуд, ки ин ҷасад зинда аст ва зарабони
қалбаш аз вуҷуди ҳаёт дар рагҳои баданаш ово медиҳад.
Тааҷҷуби хешро пинҳон нигаҳ дошга натавонистам ва ба
тарафи амаки Насриддин нигаристам. Он кас маънидо-
рона ба тарафи ман чашмак заданд ва пасон сарашонро
пушти гӯшам оварда, оҳиста наҷво карданд:

-Корҳо вадаванг (хуб, олй) ва кордамон болои
рӯғани гӯсфанди дакаданг (фарбеҳ, бузург)! «Гӯсолаи
тиллой» дар садаи бистуякум ҳамин ҷост. Ин насади ода-
ми мурда нест, балки зиндаест, ки мехоҳанд бо дастони мо
ба идомаи ҳаёти тозааш расмият бибахшанд. Мо коре ба
мурдаҳо ва зиндаҳо надорем, вазифаи мо шустан ва ба гӯр
андохтани ҷасад аст. Суоли зиёде ҳам лозим нест, ҳалли
ин муамморо худи соҳибмурдаҳо нишон хоҳанд дод.

Дар воқеъ, соҳибмурдаҳо дар ин маврид тавзеҳоти
заруриро ба мо пешниҳод карданд:

-Вазифаи шумо танҳо шустани ин насад аст, ки аз
доруи формалин (модцае, ки барои аз фосидшавӣ нигаҳ
доштани насад ба он мемоланд) тамоман пок шавад.
Гӯрро васеътар ва ба вижа дари лаҳадро низ ба андозае
бояд калонтар канд, то ки ин тобути рӯҳандудро бемалол
дар он ворид ва агар лозим ояд хорин кард. Шумо пас аз
шустани ҷасад ба он кафан баста, боз дар тобути
рӯҳандудӣ мегузоред ва дарашро мепӯшеду халос. Дохили

176
тобути руҳандуди барон танзими ҳаво ва хушбӯй мондани
ҷасад чанд чиз гузоштан лозим меояд, ки ба мавҳеъ ба
онҳо расидаги хоҳад шуд...

Амаки Насриддин андозаи тобутро чен карда, зуд
ба тарафи гӯристон роҳ пеш гирифтанд, то ба одамон-
кумакёварҳо тарҳи кандани гӯри васеъ ва калонтарро
нишон диҳанд. Ман дунболи кати мурдшуйӣ ва таштҳои
обгирй ба анбории масҷид рафтам. Вақте амаки Насрид-
дин ба мурдахона баргаштанд, мо омодаи шустшӯйи
часад шудем. Ду тан аз наздикони мурда (часад) ба мо дар
ин кор кумак мекарданд. Ҷасадро аз тобути рӯҳандудй
берун оварда, рӯйи кати мурдашӯйй гузоштем. Ман то ба
имрӯз дар таҷрибаи мурдашӯйиам чунин мурдаеро надида
будам. Осоре аз фавт дар насади тамоман солими ин
мурда дида намешуд. Амаки Насриддин тани часадро
даст-даст карда, зери лаб гуфтанд:

-Парвардигоро! Ин чй хел мурда аст, ки осори фавт
ва ё ҳамлаи сактаи қалбӣ дар он тамоман дида намешавад!
Мо зиндаро бо номи «мурда» ба гӯр месупорем. Гуноҳи
моро бубахш!

Эҳсос мешуд, ки мурда гӯё ба маънии суханони мо
сарфаҳм меравад ва ин ҷасади одами мурда нест, балки ин
март як навъ иғмо аст ва ё шахе нохудогоҳ ба хоби сахт
рафтааст ё бо доруи бисёр қавй ба мудцати чанд соат ё
шабонаруз беҳуш кардаанд. Дар поёни ойини шустушӯйи
майит бадани гарми он аз осори зиндагй дар насади вай
гувоҳӣ медод. Яке аз кӯмакиҳо ин дарки маро пай бурд ва
бо оромй бароям гуфт:

-Аслан нигарон набошед. Агар ин мурда нохудогоҳ
зинда шавад ҳам, ба касе зарар нахоҳад расонд. Вале ба
зинда шуданаш ҳоло вақти зиёде ҳаст.

Бо шунидани ин ҳарфҳо тамомии баданамро арақи
сард пахш кард (пӯшонд). Ниҳоят, кори шустушӯйи
насади ниммурда ва нимзиндаро ба охир расонида, ба
қадаш кафанро бурида дуруст кардем ва андаруни тобути

177
рӯҳандудй гузоштем. Пеш аз пӯшидани дари тобут
кӯмакёвари дигар дарунсӯйи он ду балон (капсул)и кӯчаки
кислород ва як гӯшии наппа нави телефони қамроҳ (бе-
сим)ро дар канори ҷасад қарор дод. Ман тааҷҷуби худро
аз чунин кор ин тур баён доштам:

-Мабодо ин балонҳо таркида, гӯрро ба ҳаво набар-
доранд ё дар ҳангоми ба тури дастаҷамъй рӯйи китф бар-
доштани тобут иттифоқе наафтад?

-Ман онҳоро хеле дақиқ танзим кардаам. Ҳавои
дарунсӯйи тобутро мӯътадил нигаҳ медоранд.

-Гӯшии телефони ҳамроҳ барои чӣ? Агар ин кор
дар ҷомиаи ибтидой мебуд, мушкиле надошт, вале чаро
дар асри бистуякум дар тобути мурда бояд телефони
ҳамроҳ (бесим) гузошт?

-Шумо аз пешрафти ҷомиа тамоман ақиб мондаед,
домулло! Мабодо мурда зинда шавад, тавассути кй ё
беҳтараш бигӯем бо чӣ василае ба шумо хабар диҳад? Ин
ҷост, ки телефони ҳамроҳ (бесим) ба кӯмаки вай меояд ва
хабари зинда шудани мурда ба шумо мерасад.

-Шӯхиро канор гузоред, бародар! Агар ҳар мурда
бо телефони бесим аз он дунё занг зада, зинда шуданашро
эълом дорад, ман дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар
бало мемонам. Хуфия низ маро гумошта ва ё ҷосуси он
дунё хдсобида, ба дунболам меояд ва дигар аз дасти онҳо
то дами марг халосй нест.

-Ин мурда тамоман истисно аст. Хотирҷамъ бошед,
дигар мурдаҳо ҳаргиз зинда намешаванд, магар ин ки
рӯзи растохез ва «зинда гардонидани баъд аз миронидан
ҳақ асту рост»...

Соҳибони мурда ҳаққи захвати хоксоронаи моро
даҳ баробар бештар пардохтанд ва ҳангоми худоҳофизӣ
чунин тазаккур доданд:

-Мунтазир бошед! Телефони ҳароҳ-дастиатонро ба
ҳеҷ ваҷҳ хомӯш накунед. Агар мурда зинда шуда, ба шумо
телефон кунад, зуд ба мо хабар диҳед.

178
-Оё ин худобиёмурз шумораи телефони ҳамроҳи
маро медонад?

-Ман дар ҳофизаи гӯшии телефони ҳамроҳи
дарунсуйи тобут шумораҳои телефони манзил ва ҳамроҳи
шуморо сабт ва ворид кардаам.

-Агар ин мурда зинда шавад, сабаби зинда
шуданашро ба мақомоти расмӣ ва қудратии кишвар чй
хел шарҳ медиҳед?

-Худо агар хоҳад, онро мӯъҷиза ва каромоти
ҳунари волои мурдашӯйии шумо эълон мекунем.

-Худо нигаҳ дорад аз ин хел рӯзҳо!

-«Астағфируллоҳ» гӯед ва шукри ин неъмати
парвадигорро ба ҷой оваред. Охир, агар мурда зинда
шавад, обрӯйи шумо боло меравад ва суди ҷаноби олй
чанд баробар меафзояд. Одамон бештар ба шумо эътимод
мекунанд ва бозори шуғлатон равнақи бесобиқа пайдо
хоҳад кард ва ҳатто онҳое, ки мурдан намехоҳанд барои
таҷриба як бор роҳи аз ин дунё ба он дунё рафтан ва пасон
аз нав зинда шуданро пеш мегиранд. Медонед, намояндаи
миллати мо пас аз марг бисёр азиз мешавад?! Занҳо як
ҷӯйбор ашки чашм мерезанд ва мардҳо чӣ қадр бо нерӯи
зиёд «вой-вой» мегӯянд, ки ҳадцу ҳисоб надорад ва чанд
гову гусфанд кушта, маъракаҳои «се», «ҳафт», «чил»,
«сол» ва «хатм» баргузор мекунанд ва муллову мулло-
бачаҳо ба қудрати илоҳӣ аҳсант гуфта, чашми мардумро
аз мурдан сахттар хоҳанд тарсонд...

Он шаб дар манзил ҷойи хоби муносиб барои хеш
пайдо карда натавонистам (меҳмонони зиёде аз хешу
табори ҳамсарам барои дидорбинй ташриф овардаанд).
Ноилоҷ худро дар ҷома печонида, рӯйи кати назди ҷӯйбор
дароз кашидам.

Посе аз шаб нагузашта занги телефони ҳамроҳ
(бесим) ба садо даромад. Бо ҳазор андеша ва тарсу ларз
тугмаи посухи гӯшии телефони ҳамроҳро фишор додам.
Садои ношинос аз гӯшии телефони ҳамроҳ баланд шуд:

179
-Салом, акай мурдашӯй! Чанд соат мешавад, ки дар
ин тобути лаънатӣ мунтазири пурсандаҳо дароз кашида
хобидаам, аммо касе ба пурсиданам наёмад. Ин ҷо ҳам
ягон тартиб нест ва монанди кишвари худамон аст, ки
сару каллаи ҳеҷ чизро пайдо карда наметавонй. Ҳоло чй
рӯйи замин зиндагй кунй ва чй дар гӯр бошй бо ҳам
баробар аст, фарқе надорад. Ман ҳеч тафовуте байни
зиндагй ва марг надидам. Ба фикрам, гулӯи пурсандаҳоро
ҳам рӯған кардан лозим аст, то бар сари мурдаи нав
ташриф биёваранд. Ман ҳафт-ҳашт соат боз мунтазирам,
вале касе ба наздам наёмад. Дар ин тобути лаънатй ҳаво
намерасад. Зудтар як ҷо бо амаки Насриддин ба ин
гӯристон ташриф оварда, маро аз ин ҷаҳаннам берун
бибаред. Болойи дар-сарпӯши тобут чизе афтодааст.
Ҳарчанд онро мебардорам, аммо гушода наметавонам,
зӯрам намерасад. Ҳар чй зудтар ба аҳли хонаводаам ҳам
хабари зинда шудани маро бирасонед. Волидайн ва
хешутабор хабари зинда шуданамро шунаванд, бисёр
хурсанд мешаванд...

Дарҳол амаки Насриддинро, ки дар ҳамсоягиамон
зиндагй мекарданд, аз ин навигарй дар олами мурдашӯйй
огоҳ кардам. Ба соҳибони мурда низ занг задам. Онҳо
хабари зинда шудани мурдаро шунида, бисёр хушҳол
шуданд ва филфавр бароямон саворй ва чанд кӯмакёвар
фиристоданд...

Ҳамин тавр мурдаи зиндашударо бо ташрифоти
лозим ба манзилаш овардем. Имрӯзҳо он мурдаи
зиндашуда яке аз сарватмандони барҷастаи минтақа ба
шумор меравад ва солҳои наздик намояндаи мӯҳтарами
мар дум дар парлумон хоҳад шуд...

Солҳои 2001-20031

'Ниг.: Фараж. №№11(177)-14(181), 10 март-7 апрели соли 2010.

180
ВАЗИР! АЗ ЗЕРДАСТИ ШУМО БА ҶОН ОМАДАЕМ!

ё номаи саркушода ба вазири корҳои дохилии
Ҷумҳури Тоҷикистон А. А. Қаҳҳоров

Нусха ба ҳафтаномаҳои
«Фараж», «Азия-Плюс», «Нигоҳ»,
СММ ва Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар,
Раиси ҶТ Э. Раҳмон ва Раиси МО М. Убайдуллоев

Мӯҳтарам вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии
соҳибистиқлоли Тоҷикистон Абдураҳим Абдулаҳадович
Қаҳҳоров!

Сабаби навиштани ин номаи Саркушода ба Шумо
дар остонаи рӯзҳои пурсаъодати бистумин соли истиқлол
баёни аъмоли корманди бисёр мӯҳтарами Раёсати мубори-
за бар зидди ҷиноёти муташаккилаи (мухтасар РМЗҶМ ё
ба руси УБОП) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷи-
кистон дар вилояти Суғд ҷаноби Холиқов Абдумаҷид ме-
бошад. Май ин корманди Шуморо намешиносам, вале дар
чанд соли ахир суроби шахси ишон бар сари хонаводаи мо
сояи даҳшату ваҳшат афкандааст ва боиси тарсу нигаро-
ниҳои зиёд шудааст. Зеро Холиқов Абдумаҷид мусаллаҳ
аст ва ба таври муташаккил аз вазифа ва мансаб сӯъиисти-
фода карда, хоҳарзодааш-Зокирова Умеда Собирхоҷаев-
наро дар ҳавлии мо маскун сохта, ба террори маънавй,
иқтисодӣ ва сиёсии мо дасту остин барзадааст. Ним сол
мешавад, ки Холиқов А. озодӣ ва оромии хонаводагии
фарзандони маро ба куллй барҳам зада, таҳти фишор ва
тахдид аз ҷониби хоҳарзодааш зиндагиро ба ҷаҳаннам
табдил додааст ва кӯшиш мекунад, ки аз ин аъмоли ғайри-
қонунии у дар ҳеҷ ҷой лаб во накунем ва ба ҳар коре, ки
хоҳарзодааш дар ҳавлй ва хонаи мо анҷом медиҳад,
хомӯширо риоят намоем.

Асли қазия ин аст: Писари ман, Мирраҳимов Мир-
шакар (с. т. 15 июли соли 1978, зодаи деҳаи Қалъаи Ба-
ланд, ноҳияи Истаравшан, сокини деҳаи зикршуда) нӯҳу-

181
ми декабри соли 2007 бо зани бешавҳар Зокирова Умеда
Собирхоҷаевна бори дуюм издивоҷ кард. Онҳо никоҳи
мусулмонй кардаанд, вале аз Сабли Асноди Ҳолатҳои
Шаҳрвандӣ (САҲШ=ЗАГС) нагузаштаанд. Даҳ моҳ пас
(09.09.2008) аз онҳо духтарчае ба дунё омад. Мирраҳимов
Миршакар соли 2008 барои кор ба Русия рафт ва моҳи
сентябри соли 2009 ба Тоҷикистон баргашт ва онҳо боз як
ё якуним моҳ бо ҳам зиндагии муштарак доштанд. Севу-
ми ноябри соли 2009 Зокирова У. С. бо гирифтани талоқ
ба хонаи падараш бозгашт. Мирраҳимов Миршакар моҳи
майи соли 2010 барои кор ба Русия рафт. Дар ин мудцат
моҳҳои феврал ва марли соли 2010 ман ду бор ба деҳаи
Қалъаи Баланд омадам, вале на Зокирова У. С. ва на
падару модараш барои ҳеҷ даъвое (нафақа-алимент) ба
назди ман ё писарам наомаданд, то қазияи падарии Мир-
раҳимов Миршакар нисбат ба ҷанини дар шиками Зоки-
рова У. С. буда низ ҳал шавад. Зеро мувофиқи гуфтаи Зо-
кирова ҳангоми ба хонаи падараш рафтан ӯ ҳомила буда-
аст ва моҳи июни соли 2010 духтарчаи дигаре зоид. Дар
тӯли соли 2010 низ ҳеҷ даъвое нисбат ба падарии писари
ман нисбат ба духтарчаи Зокирова У. С. вуҷуд надошт.
Якуми марли соли 2011 Зокирова У. С. бе ҳеҷ эълон ба
ҳавлии мо омада, дар як хона ба зӯрӣ нишастааст ва бо
дастгирии Раиси Шӯрои деҳаи Қалъаи Баланд Ахмедов
X., ки бо хонаводаи Зокировҳо хешовандй до рад, модари
Миршакар Мирраҳимов, хонаводаҳои фарзандони дигари
ман-Мирраҳимов Мирҳабиб, Мирраҳимов Миралишоҳ ва
фарзандони онҳоро ҳар рӯз бо ҷанҷол, даъво ва ҳақорат
таҳқир карда, таҳти фишори сахти иқтисодй ва маънавӣ
қарор додаст. Дар ин ҳавлӣ дигар аз озодии инсон бе
ҳукми хоҳарзодаи Холиқов А. ҳарф задан мумкин нест.
Барои мисол: фарзандонам ҳатто агар барои ҳалли
масъалае ба ман бо телефони ҳамроҳ занг зананд ва Зоки-
рова У. С. аз он огоҳ шавад, ҳатман ҷанҷол бардошта, ба
онҳо ҳушдор медиқад, ки «ҳозир ба тағоям занг мезанам,
шумоҳоро боб карда мемонад» ва ғайра.

182
Шикоятҳои модари Миршакар Мирраҳимов ва
фарзандони ман нисбат ба таҳқир, даъво, ҷанҷол ва беа-
долатиҳои Зокирова У. С. ба мақомоти расмӣ-Шӯрои деҳа
ва милитсия бетаъсир аст. Зеро Зокирова У. С. аз пушти-
бонии қавии тағояш-Холиқов Абдумаҷид, ки номбурда
дар Раёсати мубориза бар зидди ҷиноёти муташаккилаи
(мухтасар РМЗҶМ) Вазорати корҳои дохилаи ҶТ дар ви-
лояти Суғд кор мекунад, бархурдор аст ва ин тагои азиз
ба корҳои хонаводагии мо бевосита ва бавосита дахолат
мекунад. Барой мисол: 24 августи соли 2011 милитсионери
минтақавӣ, лейтенанти калони милитсия Гафуров Бахто-
вар барои баррасии шикоят ба манзили мо омадааст.
Худи ҳамон рӯз Холиқов А. бо сӯъиистифода аз вазифа ба
милитсионери минтақавӣ занг зада, ба кори касбии ӯ да-
холат мекунад, ки хоҳарзодааш ҳақ аст. Дигар он ки Хо-
лиқов А. боз ба Раиси Шӯрои деҳа низ дар ҳамин маврид
занг зада, сӯҳбат кардааст. Барои дуруст будани ин
суханҳо мешавад зангҳои хурӯҷии шумораи телефони
ҳамроҳи Холиқов А. 92-7088776 ва дигар телефонҳои ӯ ба
шуморателефонҳои Ғафуров Б. ва Раиси Шурой деҳаи
Қалъаи Баланд Ахмедов X. ва дигар мақомот дар ин дав-
раи ним сол баррасй ва мурур шавад. Рӯзи 25 августи соли
2011 ман аз ин дахолатҳои Холиқов А. ба Сардори Раё-
сати РМЗҶМ-и ВКД ҶТ генерал-майори милитсия Зоиров
Ҷ. М. шикоят кардам, вале то имрӯз ҳеҷ хабаре аз
РМЗҶМ ба мо нарасидааст. Дар ин ҳаракатҳои бевосита
ва бавоситаи Холиқов А. баръало зоҳир мегардад, ки вай
аз мансаби хизматй сӯъиистифода дорад ва эҳтимолан ба
таври муташаккил дар мақомоти болои ин Раёсат низ
дастгирй меёбад (зеро мансабдорони РМЗҶМ низ то
имрӯз хомӯширо авло донистаанд).

Аз якуми моҳи марта соли 2011 хоҳарзодаи Хо-
ликов А.-Зокирова У. С. ҳар лаҳза бо ҷанҷол ва даъво ба
аҳли хонаводаи мо таъкид мекунад, «ҳозир ба тагоям ме-
гӯям ҳамаи шуморо аз ин хонаву ҳавлй берун карда ме-

183
партояд», «тағоям ин ҳавлиро ба ман гирифта медиҳад»,
«писарат (ба модари Миршакар) мард бошад омада, маро
талоқ диҳад» (дар ҳоле, ки ин занак даҳҳо бор худаш
талоқ гирифта, аз манзили мо рафта буд ва зиндагии
муштаракро намехост) ва ҳазорон суханҳои таҳқиромезу
нораво дар шаъни инсон аз карнаи даҳони Зокирова У. С.
берун меояд, ки бисер заҷровар ва беадолатй аст. Тахдид-
ҳои Зокирова У. С. бесабаб нест, зеро тағоҳои ӯ хеле зиё-
данд: Холиқовҳо як не, балки чандто ҳастанд, ки дар ма-
қомҳои бисёр калидии кишвар ҷой гирифтаанд (яке Раиси
Кумитаи дин, дигаре муовини вазири адлия ва ...) ва би-
дуни «агар» муташакилона амал кунанд, на танҳо хонаво-
даи моро аз хонаву кошона ва Ватан берун мекунанд,
балки эҳтимолан ҳокимиятро низ дар Тоҷикистон гасб
хоҳанд кард. Шукр, ки хонаводаи мо гайр аз Худо касеро
надо-рад, ки дифоъяшон кунад.

Ҷаноби вазир! Х,атто дар давраи истилои муғул ва
бедодии манғит ҳам аз тарафи мансабдоре (ба монанди
Холиқов А.) ва он ҳам тавассути хоҳарзодааш (ба монан-
ди Зокирова У. С), ки зан бошад, чунин зулм ва бераҳмй
нисбат ба дигар инсон дар таърих сабт нашудааст.
Маълум мешавад, ки дар зербинои созмояи РМЗҶМ-и
ВКД-и Шумо боз як созмони шахсии Раёсати Мубориза
Зидци Ҷамъияти Мардум бо сарварии Холиқов А. дар ви-
лояти Сугд, ки қасди гасби моликияти хонаводагии моро
ҳадафи асосии хеш қарор додааст ва муташаккилона бо
ҳамдастии дигар мақомоти расмй-Шӯрои деҳа ва суд дар
зинаи нахустини кор-маскун сохтани хоҳарзодааш-Зоки-
рова У. С. муваффақ ҳам шудааст, амал мекунад, ки
ҷаноби вазири корҳои дохилй аз он огоҳ нест ва аз дасташ
ҳам коре намеояд! Албатта, ҳалнома ва ҳукмномаи судй
(албатта, бе огоҳй ва даъвати мо ба мурофиаи судй) ба
нафъи хоҳарзодаи А. Холиқов низ шояд аз кайҳо омода ва
ҳаллу фасл шудааст ва дар фурсати муносиб эълон хоҳад

184
шуд (ин достон ба таври ҷудогона иншо мешавад, то
фишор ба кори судя наояд) ...

Ҷаноби вазир! Мирраҳимов Миршакар аз пардохти
нафака (яъне алимент) ба фарзандаш саркашй накардааст
(май ҳатто пешниҳод карда будам, ки ин кор ба хушӣ ҳал
шавад ва як духтарро ҷониби Мирраҳимов Миршакар ва
духтарчаи дигарро тарафи Зокирова У. С. тарбият кунанд
ва тифлакон заҳри дудой ва бепадариро начашанд), вале
дахолати ноҷои Холиқов А. ба ин қазия ва маскун карда-
ни хоҳарзодааш дар ҳавлии мо танҳо ба бадбахт кардани
ин тифлакон меандомад, ки аз дахолати нобардои кор-
манди Шумо шаҳодат медиҳад. Дигар он ки падарии пи-
сари ман-Мирраҳимов Миршакар нисбат ба духтарчаи
дуввум дуруст баррасй шавад. Афзун бар ин талаб
кардани хона ва ҳавлии алоҳида аз дониби хоҳарзодаи
Холиқов А. оё дар дастури корни РМЗҶМ ВКД ҶТ қарор
дорад? Агар қарор дорад, пас, лутфан дастур фармоед
Холиков А. ҳамчун ҳокими мутлақи зиндагии мардуми
вилояти Суғд бигузор хоҳарзодаашро аз нав ба ягон шоҳ-
зодаи мударрад ба занй дода, аз вай низ қасри мудаллал
ва нафақа талаб кунад?! Он гоҳ мушаххас хоҳад шуд, ки
РМЗҶМ-и шахсии Холиқов А. ва РМЗҶМ ВКД-и Шумо
дар вилояти Сугд ба чй кор машгуланд?! Оё вазифаи
корманди РМЗҶМ ВКД Холиқов А. маскун кардани
хоҳарзодааш дар ҳавлии мост ва пулу мол ситонидан аст?

Ман хоҳиш намекунам, ки Шумо ба мо кӯмак ку-
нед. Танҳо мехоҳам, ки дасти корманди мӯҳтарами
РМЗҶМ ВКД А. Холиқовро аз зиндагии хонаводагии мо
кӯтоҳ созед ва бифармоед, ки номбурда хоҳарзодааш-У.
С. Зокироваро бо камоли эҳтиром ва ташрифоти лозим аз
ҳавлии мо берун бибарад.

Ва агар ин кор аз дасти Шумо намеояд, яъне
зӯратон ба кормади РМЗҶМ намерасад, давонмардона
истеъфо бидиҳед, то мушаххас шавад ва пеш аз кушта

185
шудан аз дасти Холиқов А. дар роҳи дифоъ аз молу мулки
хеш мо низ гӯрамонро аз ин сарзамин ба ягон ҷойи дигари
дунё бикашем.

Ҷашни истиқлолатон муборак!

Мирбобо Мирраҳимов 3.09.2011.1

ИСТАРАВШАН: Қиссаи талоқе, ки панҷ сол тӯл кашид

Номаи саркушода ба Раиси вилояти Суғд Қоҳири
Расулзода!

Сабаби иншои ин нома қазияи барои Шумо тамо-
ман беарзиш (вале барои мо бандагони хокй бисёр ногу-
зир) бекор кардани никоҳи шаҳрвандии писарам мебошад.
Асли матлаб ин аст, ки фарзанди ман, Мирраҳимов Мир-
шакар Мирбобоевич, соли 2007 нахуст ба Ҷамоати деҳоти
Қалъаи Баланд ва пасон ба Идораи Сабти Асноди Ҳолат-
ҳои Шаҳрвандии (ба таври мухаффаф: САҲШ) шаҳри Ис-
таравшан барои бекор кардани никоҳи шаҳрвандӣ муро-
ҷиат кард. Аз ҳамон таърихи моҳи октябри соли 2007 ме-
лодй то ба имрӯз, ки ин нома ба номи мубораки Шумо
хатм мешавад, давутози мо барои бекор кардани никоҳи
шаҳрвандй номуваффақ ва беҳуда будааст. Писарам М.
М. Мирраҳимов ва ҳамсари собиқаш ... ҳеҷ даъвои молу
мулк, чизу чора ва ё фарзандро надоранд (аз зиндагонии
муштараки онҳо фарзанде ба дунё наомад ва маҳз ҳамин
масъала сабаб шуд, ки зиндагии оилавии онҳо пош хӯрад).

Барои ҳалли ин масъала Раиси Ҷамоати деҳоти
Қалъаи Баланд ба Мудири Бахши САҚШ-и Истаравшан
бо номаи расмй (зери шумораи 68) чунин муроҷиат карда-
аст:

«Ба мудири Шӯъбаи САҲШ-и н. Истаравшан
мӯҳтарама Содиқова С. Н.

Ниг.: Фараж. №36(246), 7.09.2011, с. 10. Дертар А. Холиқовро ба
«нафақа» фиристоданд ва 5.01.2012 А. А. Қаҳҳоров аз мансаби вазирп
корҳои дохилй сабукдӯш карда шуд.

186
Ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд ба Шумо маълум
менамояд, ки дар ҳақиқат мувофиқи аризаи Мирраҳимов
Миршакар, ки аз санаи 12.10.2007 ба ҷамоати деҳот дохил
шудааст, бо сабаби бефарзандиашон аз ҳамдигар ҷудо
шудан мехоҳанд.

Мо кӯшиш намудем, ки ин оила муросо кунад.
Фаҳмидем, ки илоҷи муросо кардан надорад. Бинобар ин
имконияти ба муросо овардан мавҷуд нест. Аз шумо
эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки масъалаи мазкурро аз рӯи
қонун дида баромада, ёрии амалии худро расонед. Раиси
Ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд».

Мудири Бахши САҲШ-и Истаравшан ҳалли ин
корро ба мутахассис Абдулхайрова Гулбаҳор Лутфулло-
евна вогузор менамояд. Аммо гӯё кор дуруст нашудааст ё
бало аз таги по хеста, ки Аризаи писари мо таҳти
шумораи 289 бо ёддошти зер аз САҲШ ба Суди шаҳри
Истаравшан содир мешавад:

«Ба суди шаҳрӣ фиристода шуд, зеро ки зан -... дар
рӯзи таъин шуда наомад, ба намояндаи ҷ/д Қалъаи Баланд
Юлдошева 3. оиди ба Шӯъбаи САҲШ барои дида
баромадани ариза ҳозир шудан раъд кардааст».

Аммо номаи Мудири Бахши САХД1 ба Идораи Су-
ди шаҳри Истаравшан намерасад ва муаллақ дар ҳамон
САҲШ ё ҷои дигар ба муддати беш аз чаҳору ним сол бо-
қй мемонад. Писарам аз рафтуомад ба Идораи САҲШ-и
Истаравшан хаста шуд ва идомаи корро ба ман вогузор
карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсиони Русия
рафт. Тӯли ин панҷ сол барои ҳалли ин қазия наздик ба
даҳ бор аз Душанбе ба Истаравшан сафар карда, ҳатман
ба Идораи САҲШ медаромадам ва бекор кардани никоҳи
писарамро пайгирй мекардам.

Аз рӯзе, ки бо салохдиди мубораки Шумо ва имзои
сеҳромези ҷаноби олй мӯҳтарама Р. А. Норова аз нав ба
маснади меросй ва курсии Мудирии Бахши САҲШ-и
Истаравшан такя заданд, раванди бекор кардани никоҳи
писари мо ба таври мӯъҷизаосо тағйири масир кард. Ма-

187
ни корафтода ба ин даргоҳи муқаддас муроҷиат мекардам
ва дастандаркорони пурталоши он бо ҳазору як баҳона ва
макру ҳиял моро овора карда, аз дар меронданд. Оҳиста-
оҳиста ин рафтуомадҳои мо ба Идораи САХД1-И Истарав-
шан на муроҷиати шаҳрванд ба идораи давлатй, балки
маънои тамоман нав: бозтоби ақидатӣ-сиёсии давраи
инквизатсияи қуруни вусторо ба худ касб кард. Он замон
ҳар кас ба дари идораи давлатй барои коре муроҷиат ме-
кардааст, ҳатман аз назари акидатй ва сиёсй фикру анде-
шаашро баррасй карда, ба душманй гунаҳкор мекардаанд
ва дар оташ месӯзонидаанд. Ҳол Р. А. Норова бо ангеза ва
ғалаёни эҳсосоти сиёсй гирифтор шуда, сари ҷахд ва ё ба-
рои «хидмати содиқона» ба ҳукумати феълй ба парвандаи
бекор кардани никоҳи писари мо мӯҳри номубораки хеш-
«оппозитсия»-ро заданд ва мо саргардон шудем.

Рӯзи якуми апрели соли 2009 барои дарёфти зодно-
ма ба ду набераам (яке аз онҳо духтарчаи Миршакар, ки
номашро «Шаҳнура» гузоштаанд) боз ба ҳамон САҲШ-и
Истаравшан муроҷиат кардам. Ҳангоми навиштани номи
хонаводагии набераи дигарам байни ман ва «мутахасси-
си» САХД1 баҳс ба миён омад. Мутахассиси мӯҳтарамаи
САҲШ-и Истаравшан ба ман тафҳим мекард, ки ба номи
падарии набераам ҳатман пасванди «ич»-и русиро
бичаспонам. Ман ба ин пешниҳоди он мутахассиси
САҲШ-и Истаравшан розй нашудам. Он гоҳ мутахассиси
САҲШ бо асабоният ва оянданигарии аҷибулғариб ба
ман чунин гуфт:

-Агар дар даҳ-бист соли оянда набераатон барои
кор ба Русия «гострабайтер» шавад, мушкил пеш меояд.
Он гоҳ пушаймон мешавед!!!

-Шумо дар идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
кор карда истодаед, вале дар гами омода кардани гостра-
байтер барои Русия фикр мекунед?! Магар кишвари Тоҷи-
кистон мустамликаи нави Русия шудааст ва мо аз он
бехабарем?! Дигар он ки Раиси Ҷумҳур Э. Раҳмон пасван-
ди «ов»-ро аз номи хонаводагии хеш дур андохт, Раиси ви-

188
лояти Сугд Қоҳири Расулзода низ чунин амал кард, ҳол
мо чаро «ич»-и бемаъниро барои набераамон қабул
кунем?!

Мутахассиси САХД1 лаб газид. Шояд дарк кард, ки
беҳуда пӯкидааст. Он рӯзи ханда ва аҳмақии ғарбиён
(якуми апрел) низ масъалаи бекор кардани никоҳи писа-
рамро ба миён гузоштам. Вале ба мо боз тафҳим шуд, ки
бояд ҳатман тарафайн-завҷи аз ҳам ҷудошуда дар ҷаласа
ҳозир шаванд. Гуфтам:

-Масъалаи ҳузур пайдо кар дани зану шавҳари со-
биқ дар ҷаласаи бекор кардани никоҳ бо чанд иллат им-
конпазир нест: писари ман дар муҳоҷирати меҳнатй дар
Русия мебошад, арӯси собиқаш шавҳари дигар кардааст.
Худи шумо медонед, ки дар фарҳанги мардуми мо ин
масъала бисёр нозук ва ҳассос аст ва кор шояд ба
хонавайроншавии он муштипар анҷом ёбад. Беҳтараш се
бор даъватнома фиристед, агар наомад никоҳро бекор
кунед. Ман ваколат дорам, ки аз номи писарам дар ҳамаи
санадҳо имзо гузорам...

-Ҳой амак! Ин ҷо деҳаи Қалъаи Баланд нест!

-Хуб мефаҳмам, ки ин ҷо деҳаи Қалъаи Баланд
нест, аммо Идораи САХД1-И Истаравшан моликияти
меросй ва хусусии шумо ҳам нест, ки барои бекор кардани
як никоҳ се-чаҳор сол бидавем...

Моҳи сентябри соли 2011 боз барои бекор кардани
никоҳи писарам ба САХДЬи Истаравшан муродиат
кардам. Ин бор аз келини собиқам бо ин мазмун ариза
доштам, ки онро котиби Ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд
Рахдмов X,. дар шоҳидии банда ва падари вай таъйид
карда буд:

«Ба Раиси Идораи Сабти аҳволи шаҳрвандии ЗАГС
ш. Истаравшан

Аз номи шаҳрванд ..., истиқоматкунандаи даҳаи
Қалъаи Баланд
Ариза

189
Ман, Фарида Почокалонова, соли таваллудам
28.10.1984. Истиқоматкунандаи деҳаи Қалъаи Баланд аз
Шумо хоҳиш мекунам никоҳи расмии мо-ЗАГС бо
шаҳрванд Мирраҳимов Миршакар Мирбобоевичро бе
иштироки ман бекор намоед. Ман нисбат ба шаҳрванд
Мирраҳимов ҳеҷ даъвои молӣ ва ҳуқуқй надорам...»

Мӯҳтарама Р. А. Норова ин аризаи келини собиқам
ва маро дида, хеле нороҳат шуданд. Шояд гумонашон ин
буд, ки «ин мард бисёр ҷонсахт будааст, аз азобҳои
чандинсолаи мо намурд!» Арзи матлаб кардам:

-Чаҳор сол мешавад, ки дунболи бекор кардани
никоҳи писарам овора. Аз номи писарам Ваколатнома
дорам, аз келини собиқам низ аризаи ризоият барои бекор
кардани никоҳ овардаам, ки дар Ҷамоати деҳот бо мӯҳр
ва ҳузури шоҳид тасдиқ шудааст. Лутфан ҳамин масъа-
ларо ҳаллу фасл намоед.

Р. А. Норова бо кароҳат ба сӯи банда нигоҳ кар-
данд ва бисёр омирона, ки танҳо зеби чунин мансаб-
дорони cap ба осмон кашида мебошад, фармуданд:

-Бачатон бояд худаш ба ин ҷо биёяд, келинчак ҳам
омаданаш даркор. Фаҳмидед?!

-Хохиш мекунам, келини собиқи маро ба ташвиш
наандозед, вазъи рӯҳияш хуб нест. Бечора даъвое надорад.
Бо як духтарча аз шавҳари дуввумаш ҷудо шудааст. Писа-
ри ман ҳам аз издивоҷи дуввум ду духтарча дорад. Охир,
то кай бекоршавии ин як никоҳ идома пайдо хоҳад кард?!

-Ман қонунро риоят мекунам. Қонун мегӯяд, ки ҳар
ду тараф ҳангоми бекор кардани никоҳ бояд ҳозир
шаванд.

-«Қонун хуб аст, аммо истисно аз он беҳтар», ин
шиори қонундонони маъруф аст. Ба фарз агар яке аз тара-
файни мурофиа фавтида бошад, ҷасадашро аз гӯр кашида
пеши шумо биёварем, то барои бекор кардани никоҳаш
гувоҳӣ диҳад?!

-Ман ҳеҷ чиз намедонам. Ҳар ҷо мехоҳед, равед
шикоят кунед.

190
-Ман ҷое намеравам ва мехоҳам, ки ба ин қазия
ҳамин ҷо файсал бибахшед.

-Боз гуфтам, ки равед, ҳар ҷо ки хоҳед, рафтан
гиред...

Тарсидам, ки мӯҳтарама Р. А. Норова сари ҷаҳл ба
мо туҳмат карда, бо телефони ҳамроҳ (яъне мобилй) ба
ягон ҷо занг зада, аз мо шикоят намоянд, дар бало мемо-
нам. Ин бор ҳам сафари мо аз Душанбе ба Истаравшан
барои бекор кардани никоҳи писарам муваффақияте дар
бар надошт.

Ниҳоят 26.02.2012 бо нияти бекор кардани никоҳи
писарам аз Душанбе ба мақсади Истаравшан озими сафар
шудам. Ҳафт шабонаруз дар роҳ будам ва барои нону об
ва зинда мондан чандсад сомонй сарф кардам. Вақте ба
шаҳри Истаравшан расидам, рӯзи сешанберо (дар САҲТТТ-
и Истаравшан ганҳо рӯзи сешанбе никоҳ бекор карда
мешавад) мунтазир шудам. Сешанбеи шашуми марта соли
-012 муваффақ нашудам, ки ба назди мӯҳтарама Р. А.
Норова дароям. Бинобар ин рӯзи сешанбеи сездаҳуми
март, соати ҳаштуним ба Идораи САҲШ-и Истаравшан
рафтам. Сафи тулонии корафтодагон-завҷҳои дирӯз ва
душманони ашаддии имрӯз, назди дари дафтари корни Р.
А. Норова маро боз ба даҳшат овард.

Ним соат бештар мӯҳтарама Р. А. Норова ба кадом
забони бетона, ки мафҳуми банда набуд, бар сари кадом
завҷи ҷавон ва хешовандони он дод заданд ва ҷанҷол ба
роҳ андохтанд. Ҳол бароям комилан рӯшан шуд, ки чаро
муҳтарама Р. А. Норова дар ҷаласаи бекор кардани никоҳ
ҲУ3УРИ тарафайнро ҳатмй медонистаанд. Ишон дуст дошта-
анд, ки алами чандин моҳу солҳо овора ва азият кардани
мардумро маҳз дар ҳамин рӯз аз димоги муборакашон берун
кунанд ва одамон низ бидонанд, ки дар САҲШ-и
Истаравшан мансабдори бекора пушта курсии идораи
давлати беҳуда нанишастааст ва забони дигарро ҳам
медонад. Муҳтарама Р. А. Норова пас аз шикамсерй дод
задан ва алами дилашонро холй кардан бар сари бечорагон

191
(бояд зикр шавад, ки корафтодагон ҳарфҳои пасту баланд ва
берабту низоми ин мансабдори воломақомро бо диққати
том гӯш мекарданд ва касе дам намезад) ба ҷустуҷӯ ва
таҳқиқи кадом як корманди САҲШ-и Истаравшан, ки
«Гулҷаҳон» ном доштааст, пардохтанд. Аз телефони собит
ба Гулҷаҳон занг заданд. Боз аз гӯшии телефони ҳамроҳ
истифода бурда ба вай ё дигар кас занг заданд. Хулоса,
духтархонуми нестандарҷаҳон Гулҷаҳон на дар ҷойи кор ва
на дар дигар ҷой пайдо нашуд, ки нашуд.

Билахира, дақиқан соати нӯҳу панҷоҳ дақиқа
«Абдулхайрова Гулбаҳор Лутфуллоевна-мутахассис оид
ба бекоршавии никоҳ» (истилоҳи бисер хуби онҳо) маро
ҳидоят кард, то вориди дафтари корни Р. А. Норова ша-
вам. Ин бор Р. А. Норова шиноснома, ваколатнома ва
асноди зарурӣ барои бекор кардани никоҳро дида, дуд аз
димоғаш баромад ва беибо гуфт:

-Шумо ба суд равед ва он ҷо коратонро ҳал кунед.

-Пас чаро панд сол моро овора кардед?! Магар мо
бекораем, ки барои бекор кардани як никоҳ наздик ба
панҷ сол ба ин Идора биёему биравем ва масъала ҳал
нашавад?!

-Гуфтам-ку, равед ба суд!

Р. А. Норова паси варақи Ариза барои бекор карда-
ни никоҳ як мӯҳр гузошт ва ба дастам дод. Ман дигар ҳар-
фе назада, аз дафтари корни Р. А. Норова берун шудам.

192
I ж

s

,''i >- ;v





: ■ * . Ш

•: . • •

,^v:^Sv уМ

Ж1: Ж

v > .:>l|C

■ -'

S:,r\ V : № . V'- -'

r,..’ - ‘ t' J- у ,

' У»Щ



lit

// ■ ,'*■ *‘*Vv*'•' - &> ' 3 - ’ ■'•

«ki ft -V "-f-

' Ш л •* I

x/"‘ 4Т

Рунамои навиштаҷоти муборак, ки яке соли 2007 мӯҳр надошт ва дар
дуввумй 13.03.2012 Р. А. Норова мӯҳри САҲШ-ро гузоштанд

Вақте аз сохтмони САҲШ-и Истаравшан хориҷ
мешудам, андешае ба сарам омад, ки барои хотира аз
навиштаҷоти болои дари вурудии он бо гӯшии телефонии
ҳамроҳ акс бигирам. Гушии телефонро омода карда, ду
акс бардоштам. Ногаҳон пушти сарам корманди САҲШ-и
Истаравшан пайдо шуд ва бо садои баланд пурсид:

-Амак! Шумо моҳона (яъне «моро»-М. М.) чй кор
мекунед?!

-Ҳеҷ кор намекунам, лекин...

Мӯҳтарам Қоҳири Расулзода! Шумо Р. А. Норова-
ро хуб мешиносед. Ишонро чанд сол пеш барои ноӯхда-
бароӣ ва корҳои тақаллуб дар ҳуҷҷатҳо аз вазифаи Муди-
рии Бахши САҲШ-и Истаравшан сабукдӯш карда буд.

193
Албатта, шумо бо намунаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва сохта,
ки бо имзои мубораки мӯҳтарама Р. А. Норова дар даври
нахустини фаъолияти мудириашон анҷом пазируфтааст,
ошно ҳастед

Ammo чй шуд, ки ин корманди белаёқат ва ноӯхда-
баро (шояд ба кори худ ҳушёр!) дар поёни салтанати
Мунъим Холиқов боз рӯи об баромад. Қиссаи ба ин
вазифа мансуб шудани Р. А. Норова бисёр ибратомӯз аст.
Сароғоз овоза шуд, ки ба Мудирии САҲШ-и Истаравшан
Бӯтақул Мӯсоев мансуб гардид. Вале ба таври аҷибул-
ғариб ва тамоман ногаҳонй пас аз як ҳафта Р. А. Норова
Мудири САХД1-И Истаравшан таъйин шуд (дақиқан ша-
беҳи гашти аспи Сезар дар Сенати Рум). Аз ин интихоби
шойистаи болнишинони қудрат дар чунин вазифаи масъул
на танҳо мардуми одцй ва бофаҳм, балки гунҷишкони
болои дарахтон ва сари Масҷиди кабуд ҳам «шох
бароварданд» (яъне «шокй шуданд»), Охир, магар
мешавад корманди як бор эътимодро аз даст дода ва аз
мансаб рондаро аз нав дар ҷойи пештараи кориаш ба
мудирй таъйин кард?! Магар дар шаҳру ноҳияи Иста-
равшан ба чарог дар рӯз пайдо кардани ягон мутахассиси
ҳуқукдон ва бофаҳм ё як инсони покният имкон надошт,
ки ҳокимони вақт боз ба Р. А. Норова эҳтиёҷ пайдо
карданд?! Агар имрӯзҳо назди дари дафтари корни Р. А.
Норова сафи зиёди корафтодагон қатор шуда-анд, ин маъ-
нои онро дорад, ки Мудири Бахши САҲШ-и Истаравшан
масъулиятношинос ва ноӯҳдабарост ва ё пойи ришва дар
миён аст. Дигар тавҷеҳе вуҷуд надорад. Аммо сабаби
асосии боз бар Мудирии САҲШ-и Истаравшан мансуб
шудани Р. А. Норова иртиботи хубу наздик, хешутаборй
ва «қудову анда» (истилоҳи иста-равшаниҳо) будани вай
бо муовини Раиси шаҳри Истаравшан Мӯсо Олимов
(раиси Ҳизби коммунисти Истравшан) будааст, на ягон
корномаи фаъоли он хонума. Дар навбати худ кадом яке
аз хешовандони наздики Раиси шаҳри Истаравшан
Иброҳимҷон Ғоибназарович Абдул-лоев низ дар САҲТТТ-

194
и Истаравшан ифои вазифа мекунад. Чунин ба назар
мерасад, ки дар мақомоти иҷроии шаҳру ноҳияи
Истаравшан барон ба таври фарогир дар инҳисор
даровардани ҷоҳу мансабҳои рӯғанин ба худтавлидкунӣ
ва худкифоии комил расидаанд, албатта, бо салоҳдиди
шумо. Дар ин минтақа хешутаборчигй ва ғайримутахассис
масъаларо ҳал мекунад, на инсони кордону бофаҳм,
соҳибмаълумот ва босаводу бофарҳанг.

Дар Истаравшан дойр ба фаъолияти САҲШ афсо-
наҳои зиёде боварнокарданй даҳон ба даҳон мегардад ва
мардуми корафтода ба ин даргоҳ бо он дили худро таскин
мебахшад. Яке аз онҳоро занҳои корафтода ба мо нақл
карданд:

Кадом як шахси пулдор аз САҲШ-и Истаравшан
санади талоқ дарёфт карда, бо хонуми дигаре ақди никоҳ
бастааст. Ҳамсари қаблии он марди пулдор бо ду фарзанд
мемонад. Боре дар масъалаи шиноснома ба Шӯъбаи кор-
Ҳои дохилии шаҳри Истравшан муроҷиат менамояд. Он
ҷо огоҳй меёбад, ки шавҳараш аз САҲШ-и Истаравшан
хатти талоқ гирифта, бо дигаре издивод кардааст. Ин зани
бечора ҳоло на хонае харида метавонад ва на хонае
фурӯхта, на ба ҷое рахти сафар баста метавонад ва на муо-
милаи бонкие андом дода. Байни замину осмон муаллақ
ва нотавону бепар. Шавҳари собиқаш ба ҳоли вай механ-
дад:

-Дидй?! Ман санади талоқ дорам, вале аз дасти ту
коре барнамеояд!

Албатта, мо он қадар содда нестем, ки ба ин хел
афсонаҳо бовар кунем. Вале пеш аз ба поён расонидани ин
нома се нуктаро барои шумо ёдовар мешавам:

Нуктаи нахуст. Солҳо пеш буд. Бо падарам барои
коре ба Идораи САҲШ-и (он замон «ЗАГС» мегуфтанд)
Уротеппа муродиат кардем. Падарам-собиқадори Ҷанги
даҳонии дуввум (1941-1945), дорандаи Ордени Шараф,
маслуқи дарадаи якум, ки сандуқи синаашон дар данги
Финландия (соли 1939) бо тири мусалсал сӯрох шудаст ва

195
як пояшонро соли 1943 дар ҷанги Сталинград аз даст до-
даанд. Пагоҳӣ соатҳои ҳаштуним ё нӯҳ вориди Идораи
ЗАГС шудем. Танҳо як тасдиқнома (справка) лозим буд.
То соати дувоздаҳуним мунтазир нишастем. Мансабдоре,
ки бояд тасдиқномаро имзо мекард, наздикиҳои пешин ба
падарам гуфт:

-Ман ҳозир вақт надорам. Пагоҳ справкаро имзо
мекунам. Фардо биёед.

Падарам чизе нагуфтанд. Фардо боз ба Идораи
ЗАГС муроҷиат кардем. Он мансабдор падарамро боз дар
роҳрави Идора дида гуфт:

-Оббо! Ба ҷонам расондед! Ҳамун як справкача ба
шумо чй лозим?

-Барой Идораи ҳифзи иҷтимой.

-Равед! Пагоҳ биёед!

Ба чеҳраи падарам нигаристам. Дидам, ки арақи
сард сару рӯяшонро пахш кард. Сари як по рост истода
натавонистанд ва ноилоҷ чанд дақиқа ба девори роҳрав
такя намуданд. Аз Идораи ЗАГС-и Уротеппа берун шу-
дем. Сари роҳ яке аз дӯстони падарамро вохӯрдем. Он кас
аҳводи бади падарамро дида, сабаб пурсид. Падарам
воқеаи иттифоқуфтодаро нақл карда, дар охир афзуданд:

-Ман аз соли 1937 то соли 1943 дар майдонҳои
набард будам ва ин мансабдор дар либосҳои занона дар
даштҳои қазоқ фирорӣ. Имрӯз мо одами нодаркору ин
ҳаромзода болонишин...

Он дӯст падарамро тасаллй доду гуфт, ки чанд
дақиқа мунтазираш бошем. Бист-бисту нанҷ дақиқа пас он
дӯсти падарам бо тасдиқнома баргашт ва гуфт:

-Ин ҷо Уротеппа аст. Бояд гулӯи мансабдоронро
рӯған кард. Бо панҷ сӯм кори тасдиқнома ҳал шуд. Хуб
кардед, ки ба ҷое шикоят набурдед...

Он дӯсти падарам пас аз он оҳе амиқе кашиду
чунин нақл кард:

-Яке аз хешовандони мо барои ҳаққу хуқуқи хеш ва
адолат бисёр талош мекард. Ҳукуматдорони шаҳру ноҳия

196
аз у қади аҷал метарсиданд. Боре барои анҷоми коре ба
Хуҷанд сафар кард. Он ҷо гӯиё худашро ба мошин задаст
ва филҳол чанд тамошобини ҳангоматалаб низ гирду
атрофаш пайдо шуда:

-Ин бахтбаргашта аз ақл бетона аст, вагарна одами
боакд ва солим худашро ҳеч гоҳ ба мошин намезанад,-
гуён мурданивор лату кӯб кардаанд. Бечора дигар ба худ
наомада, аз дунё гузашт. Муаллими маҳаллаамон низ дар
пайрави ба он хеши мо гоҳ-гоҳ ба рӯзномаҳо мақола
менавишт. Чанд рӯз пеш балони газ дар манзилаш таркид
ва у низ мурд. Беҳуда нагуфтаанд, ки ин ҷо Уротеппа аст-
сарзамини Хуршед ва талу теппаҳо, яъне пастиву
баландиҳо ва ҳар кас, ки мехоҳад Хуршеди оламороро
бубинад, бояд аз ҳокимони вақт иҷозат бигирад, вагарна
мемурад ва нишоне аз ӯ боқӣ намемонад...

Нуктаи дуввум. Чанд сол пеш барои саёҳат ба
кишваре рафта будам. Он ҷо ба ман сохтмони як Вазорат-
хонаи давлатро нишон доданд, ки дар кашолкорй ва
когазбозй маъруфи замон аст. Номаи додхости як кораф-
тода дар се сол аз ошёнаи якум ба ошёнаи севвуми Вазо-
ратхона расидааст, яъне ҳар сол як ошёнаро тай кардааст.
Х,ол бароям он чй ба мо дар он кишвар нишон доданд,
афсонае нест, зеро Ариза барои бекор кар дани никоҳи пи-
сарам ба САҲШ-и Истаравшан дар тӯли панҷ сол кашол-
корй ва бемасъулиятӣ ба мақсад нарасид. Ҳазор офарин
ба мардуми хунгарми Истаравшан ва кулли вилояти Сугд,
ки чунин ҳокимонро баргузидаанд ва аз забони Ҷорҷ
Бернард Шоу ба онҳо мегӯем:

«Демократия абзорест, ки итминон медиҳад, ҳуку-
мате бар шумо тахдоил шавад, ки сазовори беҳтар аз онро
нестед!»

Нуктаи севвум ин аст, ки Солон (байни солҳои 640-
635 ба дунё омада ва наздикиҳои соли 559 пеш аз мелоди
Исои Масеҳ фавтидааст)-раҳбари сиёсии Афини бостон ба
ҳокими вақт чунин насиҳат карда буд:

197
-Вақте туро бар сари қудрат гузоштанд, дар мақому
мансабҳои пойинтар одамони тамаллуқкорро ҷой мадеҳ.
Зеро ҳар кадом муртакибе гуноҳе шавад, туро ба унвони
сардор ба он сифатҳо муттаҳам мекунанд!

Албатта, зарари иқтисодӣ ва маънавие, ки дар тӯли
панҷ сол аз кашолкории САҲШ-и Истаравшан дар ҳалли
қазияи бекор кардани никоҳи писарам ба мо ворид шуд,
ба садҳо ҳазор сомонӣ баробар аст. Маълум нест, ки онро
САҲШ-и Истаравшан чӣ тавр бояд ҷуброн кунад. Ҳалли
ин масъаларо низ ба ӯхдаи Шумо, мӯҳтарам Қоҳири
Расулзода, вогузор менамоем.

Номаи саркушодаро бо орзӯҳои нек ба поён
мерасонам:

-Наврӯзатон пирӯз ва ҳар рӯзатон Наврӯз!

Р. S. Вақте ки иншои ин номаи саркушода дар таъ-
рихи 15.03.2012 зери рӯшноии чароғи қувва (фанарик) ба
поён расид, аз Идораи САҲШ-и Истаравшан пайкеро му-
ваззаф кардаанд, ки ба назди мо бо пайғоми хуш ташриф
овард. Ин пайк хабар дод, ки моро ба он Идораи САҲШ
даъват доранд ва ваъда ҳам медиҳанд, ки масъалаи бекор
кардани никоҳи писарамро ба охир хоҳанд расонд. Мо
пешниҳоди ба Идораи САҲШ-и Истаравшан рафтанро
қатъиян рад кардем ва гуфтем:

-Қазияи бекор кардани никоҳро мувофиқи
супориши мӯҳтарама Р. А. Норова дар додгоҳ, яъне Суд,
ҳаллу фасл хоҳем кард1. 15.03.2012.

Душанбе-Айнӣ-Истаравшан-Хуҷанд-Душанбе

26.02.2012-17.03.2012.

'Фараж, №16(281), 18.04.2012, с. 10-11.

198
ПОСУХ БА СЕ ДАЪВО ВА ЯК ИҚРОРИ
МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД
МУҲТАРАМ Д. Р. САНГИНОВ1

Нусха: ба Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

_ Мухтарам Ҷ. Р. Сангинов! «ВОКУНИИ1»-и хушку
холи («отписка») шуморо мутолаа кардам ва рӯшан шуд,
ки интихоби ҷаноби олй, яъне шахси шумо, дар симмати
муовини якум ва ҷаноби Қоҳири Расулзода дар садри
раёсати вилояти Суғд шойиста ва беназир аст ва ҳар даст-
гоҳе, ки шумоёнро ба ин мансабҳо пешбарй кардааст ва
ҳар касе, ки дар ин маврид тасмим гирифтааст, ки шумо,
данобон, бар сари мардуми сарбаланди ин сарзамин
муддате чанд ҳукм биронед, дакиқ дарёфтаанд, ки аз дасти
ҳар дуятон ба ҷуз дурӯғ навиштан ва пинҳон кардани
ҳақиқати ҳол дигар коре намеояд. Ҳадафи мақолаи банда
ба майдони баҳсу андеша кашидани Қоҳири Расулзода ва
шахси шумо набуд ва нест. Дар воқеъ, «Вокуниш»-е, ки
шумо зераш имзои мубораки хешро гузоштаед, бештар ба
худфошкунй мемонад, то посухномаи як мансабдори бо-
ҳуш ва фарҳехта (яъне «тарбиятшуда, адабомӯхта»), Замо-
не ки ман мақола навиштам, роста, аз дасти дасисаҳои Р.
А. Норова ба ҷон расида будам. Ҳол маълум шуд ки сояи
шумо ва шахси Қоҳири Расулзода пушти сари хонум Но-
рова Р. А. пинҳон будаасту мо бехабар ва шумоён будаед,
ки аз забони муҳтарама Норова Р. А. бо банда сӯҳбат ме-
кардаед. Ба ҳар ҳол барои пуштибонй аз Р. А. Норова ва
чунин бесалоҳиятӣ ва тамоман дарки сухан накарданатон
ҳазор ташаккур. Бейарда бароятон мегӯям, ки шумо бо
чунин «Вокуниш» ва ин посухи мухтасар ба таърих ворид
хоҳед шуд ва мо ин ифтихорро ба шумо бахшидем.

JV^23P88)^6 “В- ^амса^он якҷоя мУРоҷиат накардаанд.- Фараж,

199
Нахустин даъвои шумо, мӯҳтарам, ҷаноби Ҷ. Р.
Сангинов, ин аст, ки М. Мирраҳим «гӯё аз соли 2007 инҷо-
ниб1 чандин маротиба оид ба бекор кардани никоҳи фар-
зандаш ба ҷамоат ва бахши сабти асноди ҳолати шаҳрван-
дии Истаравшан муроҷиат кардааст. Ҳангоми таҳлил
муайян гардид, ки воқеъан 13 марта соли 2012 муаллиф бо
ҳамин масъала ба ваколатномаи келинаш Почокалонова
Ф. К. ба бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷи-
ати шифоҳӣ намудааст, ки он таҳти №563 ба қайд гирифта
шудааст». Агар ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов ва Қ. Расулзода
мақоларо дурусттар мутолаа мекардед, албатта, мефаҳ-
мидед, ки ман чандин бор солҳои пеш ва ба вижа моҳи
сентябри соли 2011 ду бор, аввал, 2.09.2011 ва бори дигар
16.09.2011 ба САХД1-И Истаравшан муроҷиат кардаам.
Бори дуввум, 16.09.2011 як вакили додгустарй (яъне ба
забони шумо «адвокат») дар ин муроҷиат хузур дошт ва
дар гуфтугӯ бо Р. А. Норова шоҳид буд. Он замон ман
ваколатномаи писарам, Миршакар ва Ариза-ризоиятно-
маи хонуми собиқаш Ф. К. Почокалоноваро ба Р. А. Но-
рова пешниҳод кардам. Вале Норова Р. А. ба он ҳуҷҷатҳо
ҳатто дуруст назар наандохт ва дархости моро гӯш накар-
да, бо такаббур суханҳое гуфт, ки ба тарозуи ақл намегун-
чид. Дигар он ки матни номаи Почокалонова Ф. К. ба
Бахши САҲШ-ро дар мақола чоп кардаем ва ҳоҷат ба
такрори он нест. 06.03.2012 низ ба Бахши САҲШ муро-
ҷиат кардам, вале чун Р. А. Норова дар ҷои корй ҳузур на-
доштанд (ёд доред, арафаи 8-уми Март буд), ба дидо-
рашон шарафёб нашудем. Ин до боз метавон дигар дало-
илро овард, ки дурӯғи шумо барҷастатар ба ҷилва дарояд,
вале ҳамин ишораҳо шояд кофй бошад.

Дуввумин иддаоъ ва дӯғу пӯписаи сиёсии ҷаноби Ҷ.
Р. Сангинов пас аз тафсири моддаҳои 40 ва 42 Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии
асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба ин шакл таъкид шудааст:

Инҷониб-дар он ҷумла ба маънои «ман, мо» аст.

200
«Писари муаллифи мақола никоҳи авваларо бекор
накарда, ғайриқонунӣ, дар муддати начандон кӯтоҳ, бо
дигар зан оила бунёд кардааст». Нахуст, мо бори дуввум
оила бунёд кардани писарамон ва келини собиқамонро
инкор накардаем, ки аз он парванда сохт. Дуввум, агар
Идораи ҷамоати деҳот ва САҲ1П никоҳро бекор накунад,
пас, ҷавонон бонд сад сол қонунбозии шуморо мунтазир
нишинанд ва ҳеч кас бе амри шахси шумо ва мӯҳри дар
дасти Р. А. Норова додаатон на зан гирад ва на шавҳар
кунад?! Писари ман бори дуввум зан гирифт ва хонумаш
ҳам бори дуввум шавҳар кард. Шояд шумо (ҳарчанд он
замон ҷаноби оли намояндаи мардум дар парлумон будед)
ба Р. А. Норова дастур дода будед, ки қазияи бекор кар-
дани никоҳи фарзандони мо то ба ин ҷо кашида шавад ва
замоне битавонед, ки моро ба қонуншиканӣ гунаҳкор
созед?! Солисан, ин ҷо боз як масъалаи бисёр зарифонае
пеш меояд, ки бармало кардани он барои шумо барин
мансабдори мӯҳтарам лозим аст. Пагоҳии рӯзи 01.05.2012
дар қабули Самиев Наврӯз Махсадҷонович-муфаттиши
калони Прократураи шаҳри Истаравшан будем. Он ҷо аз
натиҷаи шикояти шаҳрванд Юсупов М. дар мавриди
никоҳи расмиро бекор накарда, зани дуввум гирифтани
Ҷумъаев Хуршед (писари Ҷумъаев Ҳомид) пурсидем.
Ҷаноби Самиев Н. М. фармуданд, ки чун Ҷумъаев бо зани
дуввумаш бе никоҳи САҲШ зиндагй дорад ва зани аввал,
ки ҳануз никоҳаш аз тарафи САҲ1П бекор нашудааст, дар
хонаи волидайнаш зиндагй мекунад ва хоҷагии муштарак
нест, ҳеч қонун вайрон нашудааст. Мисоли дигар: Н. 3. аз
шавҳараш (у дар маҳбас буд) талоқ нагирифта, ба Ҳоҷй
Н.» ки ҳамсар дошт, ба шавҳар баромад. Мо дар масъалаи
динӣ-ҳалол ва ё ҳаром будани никоҳи мусулмонй дар
чунин вазъият дахолат намекунем (бигузор исломиҳо ин
мавзуъро шаръан шарҳ диҳанд). Вале он чй рӯшан аст,
мӯҳтарама Р. А. Норова ва М. Олимов1 аз қазияи мазкур * 201

Дар мавриди бо ришва дастгир шудани М. Олимов ба матбуоти соли

201
огохии комил доранд. Ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов! Ҳол
бифармоед, ки қонуни ҷиной ё қонуни маданӣ-шаҳрвандӣ
нисбат ба М. М. Мирраҳимов, ки дақиқан чунин вазъият
дошт (ва ҳатто беҳтар, зеро ҳамсари собиқаш ба шавҳари
дуввум мебаромад) аз дидгоҳи зеҳнй (яъне субъективй) ва
нисбат ба Ҷумъаев Хуршед ва Н. 3. ба таври айнй (яъне
объективй) татбиқ карда мешавад? Магар назди қонун
ҳама баробар нестанд?! Прокурори ш. Истаравшан
Зайниддинов А. К. дар асоси «санҷиши пурра ва ҳама-
тарафа» бо номаи хеш аз 24.04.2012 таҳти №144а-12 ба
шаҳрванд Юсупов М. дар мавриди ҳамзамон дар никоҳ
доштани ду зан аз тарафи шаҳрванд X. Ҷумъаев ин таф-
сири қонуниро содир кардааст, ки хонданаш аз зарофат
холй нест: «Прократураи шаҳри Истаравшан аризаи
Шуморо оиди аз хонааш рондани духтаратон Муҳайёи М.
ва бо зани дигар зиндагӣ кардани шавҳари духтаратон
Ҷумъаем X. мавриди санҷиш қарор дод. Бо гузаронидани
санҷиши пурра ва ҳаматарафа муайян карда шуд, ки
никоҳи духтаратон ба таври расмӣ ба қайд гирифта
шудааст. Вайрой кардани оилаи духтаратон ба муноси-
батҳои оилавй алоқаманд аст. Дар рафти санҷиш шавҳари
духтаратон Ҷумъаев X. изҳор намуд, ки хоҳиши дар оянда
ба охирон зиндагӣ карданро надорад ва Ҷумъаев X. барои
бекор кардани ақди никоҳашон ба суди шаҳри Иста-
равшан муроҷиат намудааст. Ҳамин тариқ дар рафти сан-
ҷиш ваҷҳҳои паст задании шаъну шарафи духтаратон аз
тарафи хушдоманаш Ҷумъаева Б. Р. ва хусураш Ҷумъаев
Ҳ. тасдиқи худро наёфт». Мӯҳтарам Ҷ. Р. Сангинов! Худи
шумо посухи Прокурор Зайниддинов А. К.-ро хонда, онро
бо таърихи издивоҷи дуввуми писари мо-Мирраҳимов М.
М. муқоиса кунед. Чаро «дар муддати начандон кӯтоҳ, бо
дигар зан оила бунёд» кардани писари мо «ғайриқонунй»
маҳсуб мешудааст ва дар мудцатзамони камтар аз Мир-
шакар Мирраҳимов дубора зан гирифтан ва ҳамзамон дар

2012 муроҷиат намоед.

202
никоҳ нигоҳ доштани ду зан барои X. Ҷумъаев қонуни
аст? Ба ҳар агар прокуроры мӯҳтарам ва ҷаноби Ҷ. Р.
Сангинов як бор ба модцаи 33 Сарқонуни (Конситутсияи)
ҶТ нигоҳ мекарданд, он ҷо ҳатман медиданд, ки дар ин
маврид чунин асл ҳак шудааст: «Бисёрникоҳӣ манъ аст».
Аммо ҳоло маълум шуд, ки назорат, истифода ва иҷрои
қонун дар вилояти Суғд дақиқан монанди мақоли «як
бому ду ҳаво» будаасту ҳамагон аз он ноогоҳ. Дар зимн ба
муфаттиши мӯҳтарам Самиев Н. М. гуфтем, ки мо барои
шикояти худ омадаем, ки шаҳрванд Ҷумъаев Ҳомид моро
бе ҳеч гуноҳ дашном дода, тӯҳмат бофтааст, ки гӯё
«Мирбобо Мирраҳимов ба писари ман-Ҷумъаев Хуршед
граната (норинҷак) ва бомба додааст, то милисахонаро
тарконад». Ҷаноби Самиев Н. М. фармуданд, ки шикоят
дар чунин маврид ба Прократураи Истаравшан иртибот
надорад ва бояд ба суд муроҷиат шавад. Мо низ машва-
рати ройгони муфаттиши калон ва мӯҳтарамро ба
раҳбарӣ гирифта, бо масъалаи зикршуда ба суд муроҷиат
кардем ва умед аст, ки бо дурӯғ, навиштаҳои хушку холй
ва тамоман сарболои («отписка») ояндаатон ин масъала
низ ба таври аҳсант ба дасти фаромӯшӣ супурда шавад.

Севвумин даъвои ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов ин аст:
«Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Истарав-
шан, вобаста ба муроҷиати Мирбобои Мирраҳим, санаи
13 марти соли 2012 ба воситаи мутахассиси пешбари ҷамо-
ати деҳоти Қалъаи Баланд Юлдошева 3. оиди ҳозир шу-
дан ба Бахш дойр ба масъалаи бекор кардани ақди никоҳи
писараш хабарнома (таҳти №443) мефиристад. Муаллиф
Дар ҷавоб ба Юлдошева 3. иброз доштааст, ки ҳуҷҷатҳоро
ба мақомоти судӣ пешниҳод менамояд». Мӯҳтарам
ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов! Пеш аз навиштани «Вокуниш»
онро аз нигоҳи мантиқй дуруст мутолиа мекардед, хуб
мебуд. Зеро шумо пас аз тафсири моддаҳои 40 ва 42
Қонуни Думҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии
давлатии асноди ҳолати шаҳрвандй» ба гуфтаҳои худатон
муқобил баромадед. Аз навиштаҳои «Вокуниш»-и шумо

203
чунин бармеояд, ки писари май ва келини собиқам
«аризаи муштарак барои бекор кардани ақди никоҳ» ба
САҲШ надодаанд. 02.09.2011 САҲШ-и Истаравшан
Ариза-ризоиятномаи келини собиқам дар мавриди бе
иштироки ӯ ба таври мусбат ҳал намудани масъалаи бекор
кардани никоҳ ва Ваколатномаи писари маро напазируфт,
пас, Норова Р. А. чй тавр метавонад бо хабарномаи дар
таърихи 15.03.2012 (таҳти №443) фиристодааш ба масъа-
лаи бекор кардани акди никоҳ даст бизанад?! Ҳақиқати
ҳол ин аст: Р. А. Норова пас аз он ки бо кароҳат моро ба
суд фиристоданд, зуд дарёфтанд, ки кор аз кор гузашт ва
мо бекор кардани никоҳро рӯзи 13.03.2012 ба Додгоҳи
(яъне суд) Истаравшан супурдаем, он гоҳ шаби 15.03.2012,
соати 1930 тавассути Юлдошева 3. хабарномаи №443-ро
фиристоданд. Он рӯз виройиши номаи саргушода ба Қ.
Расулзодаро тамом карда будам ва ба ҳамин сабаб ба
Юлдошева 3. гуфтам, ки аз дидори Норова Р. А. безорам
ва масъалаи бекор кардани никоҳро (чуноне ки худи
Норова Р. А. 13.03.2012 фармуданд ва дар мақола ин нук-
та таъкид шудааст) дар суд ҳаллу фас л хоҳем кард. Дар
мавриди ташрифи хонум Юлдошева 3. бо хабарномаи
№443 дар соатҳои 1930 таърихи 15.03.2012 беш аз ҳашт
нафар шохйди зинда ин суханҳои моро таъйид хоҳанд
кард (Барои рӯшан шудани ин тарафи масъала бояд зикр
шавад, ки баробари ташрифи Юлдошева 3. барқ рафт ва
гуфтугӯи мо зери чароғи кувва идома дошт). Хулоса, ин
дурӯги севвумро худи ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов шояд андак
дарк кардаанд ва барои каме рост кардани он кӯшиши
фаровон ба харҷ дода, ин ҷумларо дар банди охири
«Вокуниш» афзудаанд: «Аз сабаби якҷоя муроҷиат

накардани ҳамсарон ба бахши (ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов дар
тарзи навиштори забони давлатй мушкил доранд,
вагарна истилоҳи «бахш» дар ин ҷо бояд бо ҳарфи «Б»-и
бузург ва номи идора низ бо ҳарфи калон навишта мешуд-
М. М.) сабти асноди шаҳрвандй дар бораи бекор кардани
ақди никоҳ аризаи даъвогии муалифи (ҷаноби Ҷ. Р. Сан-

204
гинов ин ҷо низ камсаводии худро ба маърази намойиш
гузоштаанд, зеро «муаллиф» бо ташдиди «л» навиштан
лозим буд, на «муалиф»-М. М.) мақола тибқи тартиби
муқарраршудаи қонун дар мақомоти суда баррасӣ мегар-
дад». Офарин ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов! Ҳол дар ниҳоят
худатон ҳам дарк кардед, ки хабарномаи №443 танҳо як
бозии навбатии Р. А. Норова аст, ки маънои бо табассум
чашмак задан, яъне мо метавонем ва дигарон ҳеч чиз
намефаҳмандро ба худ касб мекунад. Машварат медаҳем
пас аз мутолааи ин сатрҳо як бори дигар ба Идораи Суда
шаҳри Истаравшан cap зада, худатон бубинед, ки Аризаи
даъвогии Мирбобои Мирраҳим дар маврида бекор
кардани никоҳи шаҳрвандии писараш кадом рӯз ба
дафтархонаи суд ворид шудааст ва хабарномаи №443
кадом рӯз ба мо фиристода шуд. Матлабро гирифтед?!
Аммо хабари хуш ин аст, ки 2.05.2012 дар мурофиаи суда
Истаравшан никоҳи писари мо бекор карда шуд ва шумо
дар таърихи 7.05.2012 аз он бехабар.

«Вокуниш»-и Ҷ. Р. Сангинов аз назари ҳуқуқӣ ба ду
пой мелангад ва cap то пой барои масрафи як танзи бона-
мак мехӯрад. Ба назар чунин мерасад, ки мавода аввалияи
ин «Вокуниш»-ро ё Мӯсо Олимов навиштааст ва ё Р. А.
Норова ва ё ҳар ду дар хилват ё бо машварат. Вагарна ҳу-
нари ҳар кас нест, ки ин қадар дараҳамбарҳамиро дар
дуюнимсафҳа гунҷонад. Ҳар як ҳуқуқшиноси босавод он-
ро дурусттар хонда, ба ғайримантиқй, пуч ва хушку холй
будани «Вокуниш» хоҳад хандид.

Дар қатори се дурӯғе, ки дар боло зикр шуд ва
посухҳои хеле мухтасар ба онҳо аз назари ҳамагон гузашт,
як иқрор ё дақиқан худфошкунии мутакаббиронаи ҷаноби
Сангинов Ҷ. Р. моро бисёр хурсанд кард. Албатта, бо
хондани сархати зер аз «Вокуниш» на танҳо дар андешаи
банда, балки дар зеҳни ҳар хонандаи хушзавқ даҳҳо суоли
кунҷковона пайдо мешавад: «Нисбати «мансабгирии»
Норова Р. А. ҳаминро гуфтанием, ки вай дар асоси озмун
(протоколи комиссия аз 9 марта соли 2011, №4), бо амри

205
раиси шаҳри Истаравшан аз 10 марти соли 2011, таҳти
№35 А-p ба вазифа таъин гардидааст. Дарҳақиқат вай бо
Олимов Мӯсо-муовини раиси шаҳри Истаравшан, муноси-
бати хишу (рафиқ Ҷ. Р. Сангинов ҳатто вожаи бисёр сод-
даи «хеш»-ро дуруст навишта натавонистаанд ва он «хиш»
сабт кардаанд-М.М.) таборй дорад: писари Олимов М.
домоди Норова Р. А. мебошад». Ҳоло чанд суоле, ки ба
хотири мо расид аз ин тартиб аст: Озмун «Барой ишгол
кардани мансаби Мудири Бахши САҲШ-и Истаравшан»
бо номзадии яккаву ягонаи шахси Р. А. Норова кай, ка-
дом сол, дар куҷо ва дар кадом рӯзнома эълон шуда буд?
Оё ин озмун озод буд ва ё танҳо ба ном озмун ва дар амал
барои хоссон, ба вижа хонум Р. А. Норова?! Чй мелоки
(меъёрҳои) қазоват барои довталабон вуҷуд дошт? Озмун
ба дониш ва салоҳият буд ё ғафсии ҳамёни пул бо
дипломати пури пулҳои сабзак (яъне «долларҳои ИМА»)?
Озмун танқо барои он мансабдоре, ки қаблан аз вазифа
барои тақаллуб рондашуда буд? Ниҳоят, дар озмун
меъёрҳои тағйир ва тақаллуб, яъне сохтакории санадҳои
давлатй ҷой дошт ё на?! Шумо метавонед ба ин суолҳо
аслан посух надиҳед, зеро бо он пуштибонҳое, ки аз Р. А.
Норова ба амал овардаед (ва дар оянда хоҳед овард), ба
онҳо пурра ҷавоб до дед ва ҳоҷат ба такрор нест. Танҳо ба-
роятон рӯнамои даҳҳо ҳуҷҷат-тақаллубкорй дар давраи
нахустини Мудирии Р. А. Норова дар САҲШ-и Истарав-
шан пешниҳод мешавад. Мутассифона, ҳангоми чопи ма-
қола барои онҳо дар ҳафтанома имкон набуд. Ҳоло
санадҳоро ба торномаи шумо ва Раёсати Ҷумҳурӣ Э.
Раҳмон ва М. Убайдуллоев (ва аз эҳтимол Facebook) низ
пешниҳод менамоем, то сабку шеваи хоси интихоби
ашхоси корношоям ва дасташон қалб аз ҷониби шумоён
дар вилояти Суғд фош шавад.

Афзун бар нукоти боло ба таваҷҷӯҳи шумо ва
ҷаноби Қ. Расулзода (албатта, мӯҳтарам Э. Раҳмон ва М.
Убайдуллоев низ) боз як далели дигарро пешниҳод
менамоем. Хоҳари Р. А. Норова хонум Фароғат Юсуфова

206
имруз Котиби масъули Комиссиям татбиқи қонуни забои
дар назди мақомоти иҷроии шаҳри Истаравшан мебошад.
Ҳамаги чанд сол пеш Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Э. Раҳ-
мон дар яке аз мулоқотҳои солонаи хеш бо мансабдорон
(ки бо номи «Маъракаи дилзанак» маъруф аст) дар маври-
ди ба мақсадҳои ғайрибуҷавӣ истифода шудани маблаги
чандсад ҳазор сомони аз ҷониби Мудири Шӯъбаи маори-
фи шаҳри Истаравшан Ф. Юсуфова сухан ронда буд...

Маълум нест, ки пас аз ин суханони таърихии Раиси
Ҷумҳур кормандони мӯҳтарами Прократура, Идораи
мубориза ба ришвахорй (яъне «корруптсия») ё Суд даф-
тари аъмоли Мудири Шӯъбаи маорифи шаҳри Истарав-
шан Ф. Юсуфовро варақ заданд ё на. Ин нукта барои мо
рушан нест, балки як муаммост. Вале он замон сармуҳоси-
би Шӯъбаи маорифи шаҳри Истаравшан муддате ба Русия
«муҳоҷирати меҳнатй» кард. Ба зудӣ ҳама чиз ба дасти
фаромуши супурда шуд. Ҳоло ҳам Ф. Юсуфова ва ҳам
сармуҳосиби собиқ сиҳҳату саломатанд ва боз дар сари
мансабҳои давлатй. Агар дар ягон кишвари ҷаҳони севвум
ва ё қабилаҳои одамхори қитъаи Африқо сардори давлат ё
қабила нисбат ба мансабдоре гумони бад барад ва ё бо
ишораи абрӯи гирифта (ба ибораи хуҷандиҳо: «қавоқи
гирифта»), уро ба дуздй муттаҳам созад, пою қадами он
мансабдор ва ақвомашро аз рӯи замин мерӯбанд. Вале дар
минтақаи Истаравшан, ки дар ҳафтодкилометрии ҷануби
шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, чунин амал қобили қабул нест,
балки баръакси қавонини роиҷи тамомии олами мутамад-
Дин ва ҳатто қабоили ваҳшии одамхор он шахси аз мансаб
маъзулшударо аз нав ба аспи мансаб савор мекунанд, то
он шахе дар даври нави ҳукмронии хеш мардумро бешгар
азият намояд ва одамон бидонанд, ки сазовори он
ҳокимоне ҳастанд, аз боло барояшон интихоб кардаанд.

Ф. Юсуфова Донишгоҳи аграрии (яъне кишоварзй,
ба ибораи қадимиҳо «хоҷагии қишлоқ») Тоҷикистонро
хатм кардааст ва гӯё шарикдарси Раиси собиқи вилояти
Суғд Қ. Р. Қосимов мебошад. Маҳз ба хотири шарикдарс

207
будан бо Қ. Р. Қосимов ва дуои неки вазири собиқи Мао-
рифи Тоҷикистон А. Раҳмонов, ки шояд мушти маҳками
Қ. Р. Қосимовро зери чонааш (манаҳ) хӯрда бошад, Ф.
Юсуфова ба Мудирии Шӯъбаи маорифи шаҳри Истарав-
шан мансуб шуд. Эй кош Худо, сояи Қ. Р. Қосимовро аз
сари мардум мебардошт, ки чаро Ф. Юсуфоваро ба муо-
винии хеш барнагузид ва дар сари маорифчиёну наели
ҷавони Истаравшан чаҳормағз кафонд...

Барой андеша. Дар санади коршиносии Мутахас-
сиси пешбари Идораи таҳсилоти умумӣ Б. Ашӯрова, ки ба
таваҷҷӯҳи вазири мӯҳтарами маорифи Ҷумҳурй А. А.
Раҳмонов пешниҳод шудааст, чунин омада:

«Санҷиш нишон дод, ки мудири шӯъбаи маориф
Юсуфова Ф. А. дар ҳақиқат соли 1988 факултаи агроно-
мии Донишгоҳи аграриро хатм намуда, то ба факултаи
фанҳои табии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуда-
наш (2002-2003) дар мактаби №14 ҳамчун муаллифаи
синфҳои ибтидой (1993-1999), дар шӯъбаи маориф ҳамчун
мушовири муассисаҳои томактабй (1999-2000) ва дар
Омӯзишгоҳи касбй-техникии ба номи Т. Ҷумъаев ҳамчун
директор фаъолият намудааст.

Юсуфова Ф. А. бо қарори раиси шаҳри Истарав-
шан аз 19.01.2004 таҳти №23 ва дар мувофиқа бо Вазорати
маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (20.06.2004) иҷрокунан-
даи вазифаи мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Истаравшан
таъин шудааст. Дар айни замон вай донишҷӯи курси чору-
ми шӯъбаи гоибонаи факултаи биологияи Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд мебошад».

Дар саҳифаи панҷуми ҳамин санади коршиноей ба
вазири мӯҳтарами маориф чунин пешниҳод шуда буд:
«Бинобар ин, пешниҳод карда мешавад, ки фаъолияти му-
дири шӯъбаи маорифи ноҳияи Истаравшан ва директори
мактаби таҳсилоти умумии №43 деҳаи Суркат то
01.10.2005 аз тарафи Идораи маорифи вилоят ба пуррагй
мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дода шуда, масъалаи
дар вазифа мондани мудири шӯъбаи маориф Юсуфова Ф.

208
А. ва директори мактаби №43 Олимов А. Н. баррасй
гардад».

Мук>хж»м:'С>«!И <iv<>1<>,ц41 £/

УМУМ» **' Л«мУ«М;4т

Агар тасодуфан гузори меҳмонони мӯҳтарам ба
шаҳри Истаравшан афтад ва аз карнаи баландгӯи дӯкон-
ҳои фурӯши лавозимоти савтӣ ва тасвирӣ (ба забони тоҷи-
кии имрӯз «аудио и видео» ё DVD, CD ва монанди онҳо),
радио ва дастгоҳи пахши навори тасвирй дар саворй, так-
сиҳо ва маршруткаҳои дохилишаҳрй ва ноҳиявй шабу рӯз
бо забони ӯзбакӣ аз овозхонҳои кӯчаву бозор cap карда,
то фаҳшиёти ғарбӣ ва наворҳои таблиғотии динй садо ди-
ҳанд ва ё дар намойиш бошанд, ҳеҷ гоҳ дар тааҷҷуб нааф-
танд ва аз худ бехуд нашаванд. Зеро Истаравшан ҷазираи
худмухтори забони ӯзбакй дар қаламрави Ҷумҳурии
Тоҷикистон аст ва агроном Ф. Юсуфова Қонуни забони
давлатиро дар ин хитта пиёда месозад, ки бешубҳа мақоли
деҳқони ҳавскор-«шавад обй, нашавад лалмй»-ро дар зеҳ-
ни инсон зинда месозад. Охир, ким (яъне кй) ба шумо иҷо-
зат додаст, ки тамомии навор ва кассетаҳои ӯзбакй, суру-
Ди таронаҳои ӯзбакй, наворҳои савтй ва тасвирии табли-
ғоти динй ба забони ӯзбакй дар дӯконҳо фурӯхта шавад?
Магар Истаравшан дар инҳисори Узбакистон аст? Ҳамаи
ин шабехуни фарҳангии кишвари бегона ва ҳатто имрӯз
душмани ашадции миллати тоҷик барои чӣ дар Иста-

209
равшан анҷом мешавад? Ё мардуми тоҷикро ба масхара
гирифтаед? Чаро радиоҳои «-плюс» ё дигар ҳақ дорад ҳар
суруди мусиқии ба забони бегона (форсиву тоҷикӣ ва дарй
дар назар нест), ба вижа ӯзбакй ва туркиро дар фазой мин-
тақа пахш кунад ва касе ба ин амали хилофи ақли солим
эрод нагирад? Ҳар садо ва симо, дӯкони фурӯши DVD, CD
ва монанди онҳо бояд барои пахши моли кишвари бегона,
ба вижа Узбакистон, ба хазинаи давлат андоз ва андози
афзуда бар молиёт пардохт намояд ва пеш аз ҳама бояд
дида шавад, ки мӯҳтавои он чист ва аз кадом ҷинс аст.

Дар олами мутамаддин, ба вижа Урупо, таблиги
забони гайр-бегона дар як кишвари соҳибистикдол муҷо-
зоти сангин дар пай дорад. Вале сарвари қонуни забои дар
Истаравшан (ки, мутаассифона, дар кишвари демократии
Тоҷикистон қарор дорад) хеле бармаҳал ба ҳамаи қонун-
ҳои олами мутамаддин туф кардааст ва онҳоро ба як пули
пуччак намегирад ва ё ба эҳтимол корҳои татбиқи қонуни
забои дар ин марзу бум бо таронаи машҳури гурӯхи муси-
қии ABBA «Money-money-money. О, money!» шабоҳат
пайдо кардааст. Барои мисол: дар яке аз иёлатҳои Канада
қавонини бисёр сахт дар мавриди истифодаи забои ба тас-
виб расидааст, ки ҳатто ба андозаи истифодаи ҳуруф дар
навиштаҷоти дару девор ва таблигот дар фазой боз ҳадду
ҳудуд гузоштааст. Дар Тоҷикистон забони ӯзбакй_мақоми
давлатй надорад ва эҳтиёҷ ба он нест, зеро дар Узбакис-
тон ҳатто ба забони тоҷикӣ ҳарф задан хатарнок аст ва
тоҷиконро ошкоро таҳқир мекунанд. Ин ҷо суоле қону-
нист, ки чаро ба забони тоҷикй таблиготи динй дар Тоҷи-
кистон мамнӯъ эълон шудааст, вале таблиготи динй ва он
ҳам ба таври густарда ва ба вижа ба шеваи туркй ва забо-
ни ӯзбакй дар Истаравшан пинаки касеро халадор намеку-
над, ҳатто Раиси Кумитаи дин мӯҳтарам Холиқов ва
мудири бахши татбиқ қонуни забои хонум Ф. Юсуфоваро?

Нуктаи дигаре, ки мавриди андеша ва таассуф аст,
ин навиштаҷоти таблиготй дар тоқи дару девор муассиса
ва дӯконҳои шаҳри Истаравшан аст. Дар чанд қадамии

210
дафтари корни Ф. Юсуфова дар таблиғи қаннодие вожаи
«турки»-ро махсус бо ҳарфи калон навиштаанд ва онро
барон таъкид бузургтар нишон додаанд. Дар ҳоле ки си-
фат ҳеҷ гоҳ бо ҳарфи бузург навишта намешавад ва ҳоҷат
нест, ки калимаи «туркӣ» бо ҳарфи калон оғоз ва таъкид
шавад...

Мӯҳтарам Ҷ. Р. Сангинов! Бо истинод ба далоили
боло ҳоло бифармоед, ки хонум Ф. Юсуфова дар асоси ка-
дом озмун оа мақоми Котиби масъули Комиссияи татбиқи
қонуни забои дар назди мақомоти иҷроии шаҳри Истарав-
шан баргузида шудааст? Агар дар «Вокуниш»-и дуюним-
саҳифаии шумо даҳҳо ғалат ва иштибоҳи фаҳши забонӣ,
маънои, ҳуқуқй ва мантиқй ҷой дорад, пас, Ф. Юсуфова
дар донистану навиштан бо забони давлатй чй қадр
босаводтар аз ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов бошад?! Ба фикрам,
шумо ва ҷаноби Қ. Расулзода давлатдориро дар вилояти
Суғд ба масхара гирифтаед ва агар мардум ҳеч садое аз
худ намебароранд, онро ба маънои хеш «сукут аломати
ризоият» тафсир кардаед!

Оё имрӯз ба мақоми Котиби масъули Комиссияи
татбиқи қонуни забои дар назди мақомоти иҷроии шаҳри
Истаравшан баргузида шудани хонум Ф. Юсуфова даҳон
каҷ кардан ва хок пошидан ба чашми Раиси Ҷумҳур Э.
Раҳмон ва ба як пули пуччак баробар кардани қадри
суханони у нест?!

Олиҷанобон Ҷ. Р. Сангинов ва Қ. Расулзода! Шумо
сазовори истеъфо ҳастед, вале лаёқати эълон кардани онро
надоред, зеро орӣ аз шуҷоат ва ҷасорат будаед, то
битавонед онро мардона ба ҳамагон эътироф намоед1.

Душанбе-Истаравшан-Душанбе 29 апрел-2 майи
соли 2012. 12.05.2012

Ин мақола ба идораи ҳафтаномаи «Фараж» пешниҳод шуд, вале ба
иллатҳои ба мо номаълум аз чопаш худдорй варзиданд.

211
Ба Идораи ҳафтаномаи «Asia-Plus»!

Мӯҳтарам Сардабири ҳафтаномаи «Asia-Plus»!

Нашри Номаи саркушодаи С. Мирзорахматов дар
шумораи рӯзи 09.07.2012 маро маҷбур сохт, ки ба
ҷиҳатҳои торики чанд масъала рӯшанй андозам.
Умедворам, ки ин посухи мухтасари мо мутобиқи
муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», ҳамчунин
тибқи эъломияи ҳафтаномаи «Asia-Plus» ба чоп мерасад.

Бо эҳтиром Мирбобои Мирраҳим.

ХУДИ ШУМО КИСТЕД, САЛОМИДДИН-АКА?!

Мақолаи навбатии С. Мирзорахматов дар шакли
Номаи саркушода ба Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар
«Asia-Plus» («Кто Вы? Открытое письмо Ходжи Акбару
Тураджонзода», 09.07.2012) ба нашр расид. Турфанди
ҷолиб он аст, ки ин қаламбадасти коммунистмаоб дар
мақолааш бо як тир ду нишонро ҳадаф қарор додааст:
нахуст, дар раванди сиёҳ кардан, тахриб ва тӯҳмат бофтан
дар ҳаққи X,. А. Тӯраҷонзода мавқеъияти худашро ба сабт
расонидааст ва дуввум, «пайташро ёфта» ҳам ба И.
Каримов, ҳам ба Н. Назарбоев ва ҳам ба ҳукуматдорони
феълй хушомади зебо задаст. Албатта, барои ороиши
мақола як гози амиқ аз И. Каримов низ гирифтааст, то
дар назари ҳамагон, ба вижа ҳукуматдорони имрӯзи
кишвар, манфур нашавад. Дар як номаи саркушода
гунҷонидани ин қадар хушоманду пешомад ҳунари ҳар
қаламкаши муғриз нест. Лозим аст ин ҷо як сухани бисёр
ибратомӯзи сад сол пеш гуфтаи Оятуллоҳ Мударрисро
мисол биёварем, то матлаб рӯшантар шавад. Оятуллоҳ
Мударрис фармудааст: «Забони форсй яке аз чоплустарин
забонҳои дунёст». Х,оло С. Мирзорахматов маълум кард,
ки на танҳо бо забони форсй, балки бо забони русй низ
чоплусй ва хушомадгӯ метавон кард.

212
Навиштаҳои имрӯзи С. Мирзорахматов такрори
мақолаҳои эшон аз маҷлисҳои ҳисоботй-интихоботии но-
ҳиявии Кумитаҳои ҳизби коммуниста Тоҷикистон дар ви-
лояти Қургонтеппа дар саҳифаҳои якум ва дуввуми «Ком-
мунист Таджикистана» аст. Танҳо тафовут дар он ки имрӯз
онҳо ба рузномаи дигар интиқол пайдо карда, вале, хуш-
бахтона, масири ояндаи зиндагии мардумро таъйн карда
наметавонанд, балки як пӯкидани холӣ асту бас. Зеро руз-
номаи «Коммунист Таджикистана» дигар органи роҳбари-
кунанда (ҳарчанд «Asia-Plus» рисолати онро мехоҳад анҷом
бидиҳад) ва Ҳизби коммунист «ақл, хирад ва вичдони
даврони мо» нест. Вагарна ҳам Ҳоҷй Акбари Тӯраҷонзода
ва ҳам онҳое, ки каму беш ба иродат доранд, дар доми
балое, ки С. Мирзорахматов афкандааст, меафтоданд.

Ба ин пукиши навбатии С. Мирзорахматов посух
навиштан кори осон нест, вале лозим аст ба таври хеле
мухтасар танҳо ба ду дурӯғ ва як таъкидаш бо ишораи
«P.S.» рушани андохт.

Нахуст, С Мирзорахматов чунин иддао кардааст:
«Таджикское телевидение под руководством Мирбобо в
период хаоса и безвластия 92 года стало, пожалуй, самым
чудовищным средством разжигания вражды между
регионами. Об этом я подробно написал в своей книге
«Герои-истинные и мнимые». Маҳз таъкид бар китобчае,
ки пур аз дуруғ ва таҳқиру тӯҳмат аст ва афзун бар ҳама
онро ҳақиқати кулл пиндоштани муаллифаш барои мо
ҷолиб буд. Маълум мешавад, ки «Аёз ҳадци худро» наши-
нохтааст ва по аз курпа фаротар гузоштааст. Яку ним сол
пеш С. Мирзорахматов туҳматнома ё дақиқтар бигӯем, ху-
фияномаи собиқашро бо унвони «Герои-истинные и мни-
мые» дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба нашр расонида, ба То-
ҷикистон овард ва дар байни арбоби қалам ва дӯстони
наздикаш гавзеҳ кард. Пасон барои боз ҳам густардатар
шудани дуруғномааш ҷашни 75-солагии устоди зиндаёд О.
Латифиро минбар қарор дода, дар он до низ ин китоб-
чаашро ба намойиш гузошт ва шастсолагиаш низ баҳонае

213
шуд, то дар мақола ва мусоҳибаҳо таблиғи тӯҳматномааш
бештар фарогир шавад. Соли 2011 рӯзномаҳои кишвар ба
таблиғи «шоҳасари» С. Мирзорахматов пардохтанд. Мо
ба он музахрафоти С. Мирзорахматов посухи мухтасаре
бо номи «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Хулькар Юсу-
пов ПӮКИД» навишта, тамомии дурӯғ ва тӯҳматҳояшро
бо далелҳои илмӣ ва таърихӣ ва шоҳидони зинда нишон
додем. Вале ба хотири он ки обрӯ ва ҳайсияти эшон тамо-
ман аз байн наравад, аз чопи васеи он худдорй варзидем
(танҳо бахше аз он ба таври ихтисор дар шумораи 17 /100/
«Пайкон» аз 11.05.2011 ба чоп расиду халос). Барой
ҷаноби С. Мирзорахматов туфта шуда буд, ки ба ҷойи ду-
рӯғпароканй, тахриб, тӯҳмат ва ҳақоратнависӣ дар мақо-
ла ва китобчааш бояд бо далелу бурҳон такя мекард ва но-
ми писари моро, ки ба духтари эшон ҳатто ҳарфе назада-
аст, дар баҳси мақолаҳо нисбат ба шахсияти мо ва инти-
код аз барномаҳои Ширкати садо ва симо (1988-1992) дар
миён нагузорад. Мутаассифона, суханҳои дурусти мо ба
як гӯши эшон даромаду аз дигараш берун шуд ва ҳоло боз
ба итво пардохтааст.

Устоди таҳрифоти таърих-С. Мирзорахматов фаро-
мӯш кардаанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва хо-
риҷ аз он бо имзои тавофуқи сулҳ дар Маскав 27 июни со-
ли 1997 ба поён расида ва бод до дани «кохд кӯҳна» дигар
ҳамонро мемонад, ки мувофиқ аст ба мақоли маъруфи:
«мушти пас аз ҷанг боло бардоштаатро ба сари худат би-
зан!» Имрӯз маҳз чунин дурӯғбофон мехоҳанд боз киш-
варро ноором созанд ва бо санг партофтан ба сӯи дигарон
заминаҳои назарӣ ва амалии дарҳамбарҳамӣ, ташаннуҷ ва
даргириҳоро ҳамвор созанд.

Дар мавриди намоишҳои симо ва гуфтори садо дар
тобистони соли 1992, ки ҷаноби С. Мирзорахматов ба
онҳо тӯҳмат бофтаанд, чанд нуктаи муҳимро ёдовар ме-
шавем, то ҳолашон ба худ ояд ва шояд дарк намоянд, ки
воқеъият ва ҳақиқати ҳол тамоман чизи дигар буда, на он
дурӯғест, ки эшон ба қалам додаанд.

214
Нахуст, дар бораи «қаҳрамон» шиносонидани
Сангак Сафаров аз симо. Замоне ки Сангак Сафаров ва
Рустами Абдураҳимро (5.05.1992) ба гаравгон афтоданд,
коргардони боистеъдоди синамо Д. Худоназаров ба кӯмак
расид ва тарҳи мусоҳиба ба онҳоро матраҳ кард, то «тӯба»
намоянд. Сӯҳбаторои ин намойиши фоҷиа устод Сафари
Абдулло буд, ки ҳоло дар Қазоқистон зиндагй ба cap
мебарад ва эшонро С. Мирзорахматов хуб мешиносанд.
Май дар бораи он мусоҳиба низе намегӯям, зеро дуруш-
тиву дағалии онро то ба ҳол ҳар фарди каме аз фарҳанг
бохабар дар ёд дорад. Наворбардори он мусоҳиба ва
саҳнаҳои он равоншод Коваи Баҳор буд, ки дертар ба
таври мармуз дори фониро падруд гуфт. Чизе, ки мехоҳам
ба таваҷҷуҳи шумо бирасонам ин аст: ба ҳеҷ ваҷҳ пахши
он навор аз симо ҷоиз набуд. Аммо Д. Худоназаров, С.
Абдулло ва боз як даста аз тарафдоронашон борҳо ва
оорҳо таъкид бар он доштанд, ки навори бозпурсии (ис-
тинтоқи) Сангак Сафаров ва Рустами Абдураҳим бояд ва
ҳатман аз симо пахш шавад. Бечора Коваи Баҳор се бор аз
студияи симо ронда шуд ва ба ӯ гуфтанд:

-Гӯру чӯби ин наворро нест намо, зеро бадбахтй
меоварад!

гӮё қисмат чунин будааст, ки маҳз Коваи Баҳор он
мусоҳибаро (албатта, маълум аст, ки бо супориши кй) ба
навор бигирад ва воситае байни коргардонон ва симо ша-
вад. Билахира, бо пофишориҳои зиёде, ки ҷанобон дош-
танд, навори бозпурсии С. Сафаров ва Р. Абдураҳим аз
симо пахш шуд1. Барой он ки умуман ба симо дахл надош-

Корманди Додситонии кулли кишвар Солеҳҷон Ҷӯраев аз он таърих
чунин ед меоварад: «Он рӯз (яъне 5.05.1992-М.М.), дертар Сангакро
мухолифин гаравгон гирифтанд. Аммо бо Сангак чй сӯҳбат шуд, ба
фикрам як умр ҷавоб намедиҳам. Онҷо гапҳо зиёд буд, намехоҳам
ифшо шаванд. Вале тамоми ҷараёни сӯҳбат, ки ба таври расмӣ ба
протоколи пурсиши Сангак Сафаров ва инчунин Рустам Абдураҳим
аз тарафи муфагтиш баргузор шуд дар навори магнитофон сабт
шудааст»,- Фараж, №39(240), 27.09.2011, с. 9.

215
тани он мусоҳиба ва истинтоқ рӯшан шавад ҳангоми пахш
дар гӯшае аз он чунин навиштаҳо ҳаккокӣ ва сабт шуд:
«Наворбардор Кован Баҳор», «Навори Кован Баҳор».

Ҷаноби С. Мирзорахматов! Агар шумо ҳирфаи рӯз-
номанигорӣ ва ба вижа рӯзноманигории садо ва симоро
дуруст омӯхта бошед, ҳатман медонед, ки ҳангоми пахши
навор ё санаде, ки симо ба моликияти он соҳибҳуқуқй на-
дорад ва ба садо ва симо дахил нест, бояд сарчашмаи он
нишон дода шавад. Инро дар истилоҳи рӯзноманигорй-
идорй «одоби ҳирфай-ҳунарӣ» (профессииональная этика)
ва ҳуқуқй-«ҳуқуқи молй ва маънавии асари муаллиф»
меноманд, ки шояд шумо фаромӯш карда бошед. Коваи
Баҳор ҳангоми пахши навори он бозпурсй аз симо ду бор
ба студияи телевизион ташриф овард ва хост, ки он на-
виштаҳои «Наворбардор Коваи Баҳор» ва «Навори Коваи
Баҳор» аз экран пок карда шавад. Аз «боло» ҳам занг
мезаданд, ки навиштаҳои фавқулзикр аз экран пок шавад,
зеро маълум буд, ки он ба наворбардорони симо дахл
надорад ва моли каси бегона ва ибтикори дигарон хает,
ки мехоҳанд, паси парда бимонанд.

Дар ин робита боз як мисоли дигарро, ки маҳз чу-
нин бозиҳо дар берун аз симо рух медод, ёдовар мешавем.
Райиси Ҷумҳур Р. Набиев дар сафарҳои расмиаш низ та-
нҳо аз ҳунари наворбардории Коваи Баҳор истифода ме-
кард (на наворбардорони телевизиони давлатй), ки як по-
раи онро дар маҷмӯаи «Даме бо Лоиқ» овардаам, ки онро
ду сол пеш ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба нашр расонида
буд.

Дуввум. Террор, нифоқ андохтан байни минтақаҳои
Тоҷикистон ва фаҳшиёт на аз Симои мардумии Тоҷикис-
тон, балки аз садо ва симои Ӯзбакистон (огоз: шоми 12 ва
14 июни соли 1992) ва Русия шурӯъ шуд, ки то ба ҳол идо-
ма дорад (зеро на мурда ва зиндаи мардуми тоҷик баро-
яшон аҳамияте надорад). Ёд доред, ҷаноби С._Мирзорах-
матов, чй наворҳое сохтаву бофта аз симои Узбакистон
пахш мекарданд ва чй қаҳрамононе аз он сухан мегу-

216
фтанд?! Ин кор хеле идома дошт ва танҳо ҳамон рӯзе ки
мо ба Раииси Кумитаи садо ва симои Узбакистон ҷаноби
оқои Ҳайитметов занг задем ва ба таври қатъй талаб
кардем, ки: «агар ин хел дахолатҳоро ба корҳои дохилии
кишвари мо бас накунед, мо навори қатли оми Ушро дар
даст дорем ва пахш мекунем» аз дасисаҳояшон ба таври
мустақим каме худцорй карданд. Албатта, онҳое, ки дар
мавриди дасисаҳои дигарон дар корҳои дохилии Тоҷикис-
тон аз қабл чашмашонро кур ва гушҳояшонро ба карй за-
даанд, он таърихро зуд ба дасти фаромӯшй супурданд (чй
расад ба ин рузҳо, ки ҳоло солиёни зиёде аз он таърих си-
пари шудааст) ва ҷомае пур аз дурӯғ ва ҳарзаву тӯҳмат ба-
рон мо дуруст карданд. Ба эҳтимоли зиёд барои Ҷумҳурии
Узбакистон ва Федератсиони Русия (ва ҳол Ҷумҳурии
Халқии Чин) сарзамин ва сарватҳои кишвари Тоҷикистон
бе вуҷуду ҳузури тоҷикон лозим буд ва ҳаст. Равоншод
Исмоил Давлатов (собиқ Райиси Донишгоҳи давлатии То-
ҷикистон, вазири иқтисод, вазири ҳифзи иҷтимой) дар як
мусоҳибаи телевизиониаш соли 1993 таъкид карда буд ки
соли 1992 як миллиону сесад ҳазор (1.300.000) cap ’гов
(«чорвои калони шохдор») аз вилояти Қӯрғонтеппаи
1 оҷикистон ба Ҷумҳурии Узбакистон бурда шудааст, то
он заҳамоти ройгони ҷаноби олй-Ислом Каримов ва ҷано-
би холи-Салим-бойбачча дар истиқрори сулҳу субот дар
Тоҷикистон ҷуброн шавад. Бунёдгузори Фронти халқии
Тоҷикистон Сафарали Кенҷаев барои чунин «корномаи
пурифтихори» солҳои 1993-1995 Ислом Каримовро ба
Ҷоизаи сулҳи Нобел номзад пешбарй карда буд (сад шуко
ки Ҷоизаи сулҳи Нобел насиби Ислом Каримов нашуд'
вагарна имрӯз монанди Бараки Ҳусейни ё Ҳусейнович
Обама, ки ба таври муфт Ҷоизаи сулҳи Нобелро ҳамчун
пешпардохт дар ҷайб зад ва ба Либӣ ҳуҷум овард, ҷанги
каверо дар 3 оҷикистон роҳандозй мекард). Ин нуктаи
ҷолибро ҳам едовар мешавем, ки чанд сол пеш дар шаҳри
Сочии Русия Раииси Ҷумҳури Узбакистон, мӯҳтарам Ис-
лом-ака Каримов, барои он ҳама иштибоҳоти содиркарда-

217
ашон дар истиқрори сулҳ ва осойиш дар Тоҷикистон аз
«халқи бузургвори тоҷик» узрхоҳӣ кардаанд...

Севвум, соли 1992 хати интиқоли сигналҳои садо ва
симои Тоҷикистон аз Душанбе ба вилояти Ленинобод аз
хоки Ӯзбакистон убур мекард ва дақиқан аз оғози моҳи
май дӯстони ӯзбакии мо онро масдуд карда буданд.
Албатта, бо ибтикори хеш ва дархости мансабдорони То-
дикистон. Бесабаб набуд, ки бархе аз мансабдорони
баландрутбаи Тоҷикистон моҳи майи соли 1992 чанд бор
ба таври пинҳонӣ ба он кишвар сафар карда ва бо мақо-
моти баландпояи Ӯзбакистон дидор ва гуфтугӯ ба амал
оварда, масъалаи бо роҳҳои қонунй ва ҳуқуқӣ аз Ҷум-
ҳурии Тоҷикистон ҷудо кардан ва ба Узбакистон пайвас-
тани вилояти Ленинободро матраҳ сохта буданд ва ҳатто
дар ҳамин замина Иҷлосияи намояндагони вилояти фав-
қулзикр низ баргузор шуд. Дертар мо навори суханронии
Додситони куллро дар он Идлосия аз симо намойиш
додем, вале аз он ки паси парда сарварони мӯҳтарам ба чй
кори шармовар ва хиёнат машгул шуда буданд, чизе
нагуфтем1 (масъалаи тарҳи таҷзияи Тоҷикистон аз ҷониби

'Тухми хиёнате, ки дар мавриди ҷудосозии вилояти Ленинобод (имрӯз
Суғд) аз кишвари Тоҷикистон дар моҳи майи соли 1992 кошта шуд,
дар як муддати кӯтоҳ панҷ бор ҳосили талх ба бор овард. Нахуст,
рӯзи қатли Н. Хувайдулоев, 24 моҳи августи соли 1992, раҳбарони
вилояти Ленинобод бо машварат ва дастгирии М. Осимӣ ва Ю.
Исҳоқй масъалаи ҷудошавии вилояти Ленинободро ба таври қатъй ба
миён гузоштанд (ҳатто С. Кенҷаев, рақиби ашаддии Н. Ҳувайдуллоев,
дар маросими ба хоксупории Додситони кулл ашки тимсоҳ рехта,
савганд ёд карда буд, ки «кори ӯро давом хоҳем дод...»). Дуввум,
фирори Раиси Ҷумҳур-Р. Набиев аз шаҳри Душанбе ба мақсади
Хуҷанд дар авоили моҳи сентябри соли 1992 низ яке аз марҳалаҳои
ҳассоси ин раванди ҷудоихоҳӣ буд, ки бо даст кашидани эшон аз
ҳокимият хотима ёфт. Севвум, дар маросими ифтитоҳияи Иҷлосияи
ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Кохи Арбоби Хуҷанд моҳи ноябри
соли 1992 Раиси Кумитаи иҷрояи вилояти Ленинобод А. Ҳомидов
суханронии хешро бо забони ӯзбакӣ шурӯъ кард ва ҳатто дар навори
симо суханони ӯ: «Хуш келибсиз, азиз меҳмонлар!» садо дод. Ин ба он

218
мухолифин бо сарварии А. Соҳибназаров, Ш. Ф. Юсупов
Т. Абдуҷаббор ва ... мавзӯъи дигар аст). Бояд ба Ислом-
ака Каримов ташаккур гӯем, ки ин пешниҳоди калладоро-
ни бузурги Хуҷанд1 дар мавриди ҷудосозии вилояти

маъни буд, ки А. Ҳомидов аллакай (ба лаҳҷаи хуҷандиҳо
«аллақачан») вилояти Ленинободро дар огӯши Ҷумҳурии Ӯзбакистон
медид. Чаҳорум, А. Ҳомидов соли 1993 ба нерӯҳои қудратии вилояти
Ленинобод дастур дод, ки ҳамаи фирориёни аз пойтахт ва навоҳии
ҷумҳурй ба вилоят омада, ба вижа мухолифинро, зери фишор ва
таъқиб қарор диқанд ва дастгир карда, ба Душанбе фиристанд.
Панҷум, ҳамин ҷаноби А. Ҳомидов буд, ки як бор ба Узбакистон
фирор кард ва пасон боз ба мансаби Раиси комиҷроияи вилояти
Ленинобод расид ва пули иртиботии рӯдхонаи Ягнобро, ки шимол ва
ҷануби Ҷумҳуриро бо ҳам мепайваст, тарконид ва дар ниҳоят бо
аъмоли зиёди хиёнатборе бар зидди тамомияти арзии кишвар
муттаҳам шуд ва соли 2010 дар зиндон ба сахтӣ мурд. «Валлоҳу ло
юҳиббу хоинина»-Аллоҳ хоинонро дӯст намедорад! Нихоят, фарҷоми
хиёнатҳо ҳуҷуми сарҳанг М. Худойбердиев дар соли 1997 аз хоки
кишвари Узбакистон ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Барои ҷаноби С. Мирзорахматов ва Н. Табаров ёдовар
мешавем, ки агар садо ва симо хиёнати додситонҳо, раҳбарони
вилояти Ленинобод ва мушовираи М. Осимй ва Ю. Исҳоқй ва фирори
Р. Набиевро сари вақт бозгӯй намекард, мо имрӯз ба монанди
нимҷазираи Корея ва мардуми он ду қисмат будем ва ё зери султаи
Узбакистон. Бо камоли масъулият арз менамоям, ки дар тафсири
сиёсии симо шаби 27-уми августа соли 1992 ин нуктаҳои боло ошкоро
ба тамошобинон туфта шуд. Пас аз он ҳам М. Осимй ва ҳам Ю.
Исҳоқи шахсан ба мо занг заданд ва изҳори норозигй карданд, ки «мо
ба тасмими раҳбарони вилоят ҳеҷ таъсире надорем». Дар ҳоле ки
далелҳо шаҳодат бар он медод, ки маҳз ин ду тан пас аз марги Н.
Ҳуваидуллоев ибтикори амалро дар ин замина ба даст гирифта
буданд. Аҷаб не марги нохостаи эшон самараи хиёнати худи онҳо
бошад... Нақл мешавад, ки пас аз ба қатл расонидани М. Осимй дар
даҳонаш ин хатчаро гузоштаанд: «Сазои сари хоин ин аст».

Пагоҳии 23 сентябри соли 1991 кафили қонун-Додситони кулли
кишвар-Н. Ҳувайдуллоев ҳангоми берун шудан аз дари хурӯҷии
бинои Шурои Олии Тоҷикистон ба дастгирии гирдиҳамоии
коммунистон дар суги фурӯ рехтани муҷассамаи В. И. Ленин чунин
гуфта буд: «Ман ҳамаи авбошону зиндониёнро озод карда, к...ни
исломиҳоро медаронам...» Ман шоҳиди зиндаи ин суханони таърихии
Додситони кулли Тоҷикистон Н. Ҳувайдуллоев будам. Додситони

219
Ленинобод аз кишвари Тоҷикистон ва мулҳақ кар дани он

кулл олами ҷиноятро бо баҳонаи гирдиҳамоии мардум дар Майдони
Озодй моҳи сентябри соли 1991 аз маҳбас берун овард. Чанде пеш дар
«Asia-Plus» (20.06.2012, №47/734/, с. А/6) ба ин амали Додситони кулли
кишвар талвеҳан ишорат шудааст. Додситони кулли кишвар натиҷаи
ваъдаашро надид, вале подоши кирдори хешро 24 августа соли 1992
дарёфт кард, албатта, ба эҳтимоли зиёд аз тири ҳамон сипоҳе, ки ба
сӯи мардуми Тоҷикистон равона карда буд... Истеҳзо ва фоҷиаи
таърихро бинед, ки пас аз даргузашти ҳаждаҳ сол шахсият ва
корномаи Н. Хувайдуллоев бо қалами номзади илмҳои филологи
Нурулло Азимов ба хонандагон ҳамчун «марди тарифу бузург ва
қаҳрамони беҳамтои роҳи истиқлолият» (ниг.: Фараж, 17.03.2010,
№11(178), с. 13) муаррифӣ шудааст. Воқеан ҳам ин қабил рӯзно-
манигорон, олимон ва таърихнигорон танҳо дар байни тоҷикон пайдо
мешаванд, ки дурӯғи бефурӯғашонро бо нархи гарон ба фурӯш
мебароранд ва харидор ҳам доранд ва чунин пиндоранд, ки мардум
аҳмақ аст ва чизе дарк намекунад ва ҳар он чӣ ки шон навиштанд
ҳақиқат аст ва танҳо сухани онҳо маҳаки таърих буда ва худи таърих
низ дар инҳисори онҳо қарор дорад. Барой мисол яке дигар бо унвони
доктори илми таърих миннатдории хешро аз табартақсими русй-
коммунистии Осиёи Миёна чунин изҳор доштааст: «Новобаста аз он
ки Тоҷикистои дар гӯшаи дурдасти тоҷикнишини кӯҳистон ташкил
гардид, на дар марказҳои аслии зисти тоҷикон ба мисли шаҳрҳои
Бухорою Самарканд, халқи тоҷик бояд як умр аз халқи бузурги рус ва
хусусан ҳизби коммунисты он миннатдор бошад...». Ғолиб Ғоибов.
Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз. Душанбе-2006, саҳ. 593. Ин нуктаро
аз китоби он таъриххарош сокини шаҳри Норак С. Алиев дарёфт
кардааст ва ҳафтаномаи «Нигоҳ» зери сарлавҳаи «Хари моро
нахандонед!» 25.01.2012, №45(268), с. 15 ба чоп расонидааст. Ин
«хулосаи илмии» таърихшиноси мӯҳтарам дақиқан ҳамон мусоҳиба-
латифаеро дар бораи қавми чукча пеши назар меоварад. Худ бихонед
ва ба нуктаи як умр «миннатдории» халқи тоҷик аз халқи бузурги рус
ва коммунистон муқоиса намоед:

«Журналист берет интервью у чукчи: -Как вы жили до
революции 1917 года?// -Голод и холод.// -А как вы живете теперь?// -
Голод, холод и чувство глубокой благодарности». Ниг.: Антология
мирового анекдота. Социльно-политический анекдот. Киев: Довира,
1994, с. 99. Боварии комил дорем, ки дар нашрхои ояндаи китоби
«Антология мирового анекдота» дурри маънии суфтаи Ғолиб Ғоибов
ҳамчун латифаи тоҷикӣ ворид хоҳад шуд, ки боиси ифтихор ва
рӯсурхии С. Мирзорахматов ва Н. Азимов мегардад.

220
ба Ҷумҳурии Узбакистонро «ба таври муфт напазируф-
танд», вагарна мо имруз на танҳо даҳ-бист ҳазор
километри мураббаъ, балки садҳо ҳазор километри
мураббаъ бештар аз хоки Тоҷикистонро тамоман аз даст
дода будем'. Бидуни шак И. Каримов на танҳо вилояти
енинобод (Суғд), балки тамомии Тоҷикистонро мехост
гасб ва тасарруф кунад2, вале дар кадом як марҳилае

Барой пушонидани кирдори пешин ва нави Н. Ҳувайдуллоев дар
ҳамон рузҳои сарнавиштсози моҳи майи соли 1992 дар саҳифахои
матбуот дурӯғпароканиҳои зиёде ба роҳ андохтанд (имрӯзҳо ин
раванд бо қотеъият идома дорад ва гузоштани тандису кӯчаҳо ба
номи ваи ба муд даромадааст), то ҳама чиз пинҳон бимонад. Ин
дуруғпароканиҳо маҷбур сохт, то дар раддия бо унвони «Изҳороти

жКзГ30ТоҷИКИСТ°н>>’ ки РӮзномаи «Садои мардум»
лид353), 30.05.1992 дар саҳифаи дуввум ба нашр расонид чунин

Т2?П??GOT™*' <<РӮЗНОма*ои <<Садои мардум» ва «Ҷумҳурият» аз

nUl 1АХ Т мШР Ка?даанд’ ки «РӮ3*°и наздик мири шаҳри
Душанбе Мақсуди Икром... ба озоди мебарояд. Ин щдоми ҳукуматри

гуе қувваҳои опозисион табрик намуда, аҳд кардаанд, ки кафили осоиши
Додситони кулли ҷумҳури Нурулло Ҳувайдуллоев мебошанд» Мо
албатта щдоми ҳукуматро дар бораи озод кардани Икромов табрик

ммЧ в<1Ле сало*ат (шояд шак-™ дурусташ «сароҳат» бошад-
М.М.) изҳор менамоем, ки мо ба ҳеҷ касе аҳд накардаем ва кафили
осоиши касе нашудаем. Дар бораи Додситони кулли ҷумҳурӣ
гуфтанием ки бар асоси протоколи созиш бати Раиси ҷумҳур
Раесати Девони Вазирон ва неруҳои опозисион истеьфои Нуруто
Ҳуваидуллоев пешбини туда ва минбаъд дар вазифаҳои масъули давлатй
кор накардат он зикр туда буд. Аз ин рӯ, мо аз Раиси цумҳур қатьиян

намояд^ТхниЩРШу6аНдҳ°и "Р°™к°™ созишро пурра таьмин
намояо. Раиси ҲНИ М. Ҳимматзода; Раиси ҲДТ Ш. Юсуф- Раиси

САмир6ею>аСП10Хе3 Т' А6дуҷа6б°Р- Раиси измени «Лаъли Бадахшон» А

Каримов моҳи марти соли 2012 даъвоҳои бисг соли пеши хешро
ба ед оварда, ба таври ошкоро ва бешармона тасарруфи бахше аз
қаламрави Тодикистон ва ба вижа сарбанди неругохи ФаГодро
хадаф қарор дод. Ҷолиб ин аст, ки ба ин госибй ва зиёдаравиҳои И
Каримов на мақомоти расмии кишвар, балки сафорати Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар Маскав, ки сарпарасгии онро мӯҳтарам А Достиев
бар уада дорад, вокуниш нишон дод. Муфассал ниг : Таджики^

221
байни манофеи Ӯзбакистон ва сиёсати геополитикии
Русия тазодц ба миён омад ва дуввумй бар якумй
амалиёти маъруфи иборат аз се ангуштро нишон дод.
Лозим аст барон дақиқ шудани ин нукот ба хотироти
афсари баландрутбаи Созмони иттилооти Артиши Русия-
ГРУ Александр Сергеевич Чубаров, ки дертар бо дастури
раҳбарияти Узбакистон муовини вазири дифои Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъйин шуд, муроҷиат намоем. А. С. Чубаров
аз тобистони соли 1992 ва дахолати бевоситаи Узбакистон
ва Русия дар даргириҳои Тоҷикистон чунин ёдовар
мешавад: «Хотелось бы пояснить, чем мы в республике
занимались и в чьих интересах действовали. Мы защищали
конституционный строй Таджикистана, одновременно
являясь офицерами узбекской армии, и думали в первую
очередь о том, что матушке-России не нужен был этот
бардак в регионе, где к власти рвались исламские
фундаменталисты. Все, кто там воевал из ГРУшников,
имели опыт Афганистана за плечами. Выдвигались мы из
Чирчика, с территории 15-й бригады спецназа ГРУ, на тот
момент «отошедший» к Узбекистану. Нужно признать,
что президент Ислам Каримов повел себя мудро. Он
прозливо предугадал возможное развитие ситуации и,
опасаясь ее развития по сценарию ваххабитов, решил
отдать приказ на формирование специального корпуса в
Узбекистане и оказать помощь Народному фронту
Таджикистану. Разумеется, он преследовал и свои цели:
отсечь северные провинции Таджикистна, где
располагались более ста развитых предприятий и мощный
военно-промышленный комплекс (ВПК). Забегая вперед,
скажу, что сделать это ему не удалось... Усилиями
спецназовцев, которым приходилось не только воевать, но
вести разведку в этом необыкновннно сложном регионе и
заниматься там политикой, был создан так называемый

обвиняет Узбеки стан-Asia-Plus, №25(712), 4.04.2012, с. А/3; Фараж,
№14(279, 4.04.2012, с. 2.

222
Народный фронт-по сути, местные отряды самообороны
которые мы обучали и направляли для борьбы с
исламистами. Нам был придан статус советников, но мы,
офицеры спецназа, вместе с «фронтовиками» принимали
участие в боевых действиях и подставлялись под
«ваховские» пули. Мы учили людей воевать, учили
командиров руководить боем»1. Бар замми ҳамаи ин
тақвиятдиҳандаҳои (ретранслятор) садо дар шаҳраки
1 улистони ноҳияи Вахш дар ихтиёри марказ набуд. Аз 24
августи соли 1992 сарварони вилояти Ленинобод пахши
садо ва симоро дар вилоят қатъ карда, телевизиони
Юшканд ва Русияро бозкушои намуданд ва бо дастури
онҳо кор мекарданд, ки якбора чй тавр аз даст рафтани
ҳокимияташонро нафаҳмида монданд (ва имрӯз дар
ҳасрати он дилтанги доранд).

«Изҳороти неруҳои демократии Тоҷикистон»
«Садои мардум» №103(353), 30.05.1992, с. 2

Чаҳорум, Карим Абдулов, мудири котиботи Раиси
Ҷумҳури вақт-Раҳмон Набиев дар солҳои 1991-1992 аз

’Александр Чубаров. Сто десять боевых выходов.-журнал
«Братишка», январь 2011. Сайт: bratishka.ru Нуралии Давлат матни ин
хогироти генерал А. С. Чубаровро аз забони русӣ ба тоҷикӣ

ВаГР Шум°раҳои 16(226)> 17(227) моҳи апрели соли 2011
ҳафтаномаи «Фараж» ба чоп расонидааст.

223
таърихи он хиёнатҳо чунин ёдовар шудааст: «Як чизро
мехоҳам хотиррасон кунам, ки он шабу рӯз Тоҷикистон дар
арафаи парокандашавӣ қарор дошт. То сессияи 16 Шурой
Олй як гурӯҳ намояндаҳои вилояти Ленинобод талош
доштанд, сессияи вилоят баргузор карда, ба ҳаӣати
Узбекистан дохил шаванд. Вақте ки ба Кӯлоб аз Душанбе
имкони парвози самолёт (ҳавопаӣмо-М. М.) набуд, депу-
татҳои водии Вахт, водии Ҳисор, Кӯлоб ва водии Қаро-
тегин барои иштирок дар иҷлосия аз тарщи Термез ба
Хуҷанд рафтанд. Дар Термез одамоне пай до шуданд, ки аз
депутатҳои узбеки вилояти Қӯргонтеппа даъват карданд,
ки ба ицлосия нараванд. Онҳоро ташвиқу талқин карданд,
ки баргарданду раванд ва дар Кӯргонтеппа сессия дойр
карда, дар бораи ба ҳайати Узбекистан шомил шудан,
қарор цабул намоянд. Пекин депутатҳои мо қатъиян
муқобил баромаданд. Он вақт бадахшониҳо ҳам фикру
андеша доштанд, ки худро мухтору мустақил эълон
кунанд. Хавфи дохилшавии Мургобу Ҷиргатол ба Қир-
гизистон вуцуд дошт. Як тасаввур кунед, ки агар кор чунин
ранг мегирифт, аз Тоцикистон чӣ боқӣ мемонд7»1

Панҷум, яке аз таъриххарошони садаи бист ва
огози садаи бисту як-Иброҳим Усмонов дар китоби хеш
«Соли Набиев» аз таърихи хиёнатҳои бузургони миллат
ба маънои мусбат чунин ёдовар мешавад (ҳамчун
пуштибонии маънавй), ки мутолааи онро ба худи шумо,
рафиқ С. Мирзорахматов, вогузор менамоем: «Бояд гуфт,
ки дар арафаи ҳабси (гарави умумии кормандони
дафтархонаи Раиси Ҷумҳур ва Девони вазирон) вазъияти
сиёсии Тоцикистон нщоят тезутунд туда буд: Дар водии
Вахш вазъияти нерӯҳои мардумй танг мешуд, телевизиони
Узбекистан намоише аз Тоцикистон нишон дод, ки дар он
фоциа ва куштори ваҳшиёнаи водии Вахш тарсим, ба ҳайси
созмондиҳанда Қозикалон Ҳоцӣ Акбар Тӯрацонзода ва
Шодмон Юсуф номбар мешуданд. Дар навор барои исботи

'Ниг.: Фараж, 5.10.2011, №40(450), с. 16.

224
даъво далел ком набуд. Ин албатта гашу газаби пирӯзонро
меовард. Чунин наворҳоро ором тамошо кардан имкон
надошт, зеро танаҳои бесар, сарони бегӯшу биннӣ, ҷасади
сухта, кудаки шикофташуда, инҳоро ҳатто шунидан
душвор аст.

Дар ин вақт воқеае шуд, ки онро ба ҳайси баҳона
истифода намуда, намоиши телевизиони Тошкандро барои
минтақаи мавҷи Душанбе қатъ карданд. ТМТ дар арафаи
гурези Набиев бо номи «Хиёнат» дар бораи роҳбарияти
вилояти Ленинобод, ки хоинони миллати тоцик
«мухолифони якпорчагии онанд» намоиш дод ва зикр кард,
ки онҳо намоиши телевизиони мардумиро барои вилоят
қатъ карданд. Чизи дигаре гуфта нашуд ва намоиши
телевизиони Тошканд барои водии Ҳисору Душанбе қатъ
гардид»'.

'Усмонов И. Соли Набиев. Душанбе: Матбааи байни донишкадаҳои
оли, 1995, с. 99. Дар ин солноманависии И. Усмонов дурӯғ ва
дарҳамбарҳамии зиёде ҷой дорад: Нахуст, намоиши саҳнасозишуда ва
игвобарангези Симои Узбакистон на дар «арафаи ҳабс» ё «гарави
кормандони дафтархонаи Раиси Ҷумҳур ва Девони Вазирон» ки
чақоруми сентябри соли 1992 иттифоқ афтод, балки хеле бармаҳал

Г* 14 06 1992 СОаТИ 2100 шаб пахш шУда бУД- Дуввум, барои ҷанобон
И. Усмонов ва С. Мирзорахматов гуфта шавад, ки Раиси Симои
Узбакистон Ҳайитметов аз авди карордоди тарафайн дар мавриди
пахши Симои Ҷумҳурии Узбакистон дар қаламрави Ҷумҳурии
Точикистон ва билъакс-Симои Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии
Узбакистон cap печид. Узбакистон мехост, ки барномаҳои ТВи ӯзбак
ба таври зури ва яктарафа дар Тоҷикистон аз буҷаи давлати
Тоҷикистон пахш шавад ва бар иваз Симои Тоҷикистон ба ҳеҷ-ваҷҳ
дар Узбакистон намоиш дода нашавад. Матни қарордод дар мавриди
пахши тарафайни намоишҳои симо моқи июни соли 1992 ба тарафи
Узбакистон ва Русия пешниҳод гардид ва пеш аз он таърихе, ки И.
Усмонов навиштааст, пахши ТВи ӯзбак мутаваққиф шуд. Севвум, он
чи, ки мо ба намоиши Симои Тоҷикистон дар 27.08.1992 «Хиёнат»
ном гузоштем, дақиқан дуруст буд ва ҳеч муболигае накардем.
досили он хиёнатҳо (ки бархе бори аввал ба таври мухтасар дар боло
бозгуи шуд) ва пас аз онро мардуми Тоҷикистон дар тӯли бисту як
соли ахир ҳамчун заҳр мечашанд, ки аз инҳо иборат аст: минкории

225
Шашум, пас аз юриш ва турктозии С. Кенҷаев1 ба
шаҳри Душанбе (дар таърихи 24 октябри соли 1992)
хабарнигори симои Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар бо
ҷаноби А. Достиев мусоҳиба дошт ва номбурда талаб
кард, ки суханрониаш бе виройиш пахш шавад. Мо ин
талаби эшонро ба ҷой овардем. Суханони ҷаноби А.
Достиев бе камукост аз симо пахш шуд. Ёд доред: дар он
суханронӣ ҷаноби А. Достиев ба нишонии ҳамсари
иҷрокунандаи вазифаи Райиси Ҷумҳурӣ А Искандаров
дақиқан чй фиристод?!

Дигар боз чй даъво доред, ҷаноби С.
Мирзорахматов?! Шояд ин далелҳо, ки дар боло овардем,

марзҳо (дар ин муддат беш аз сад нафар ҳаммеҳани мо кушта шуданд
ва боз садҳо нафар захмӣ); роҳбандон; боздошти масолеҳи сохтмонй,
нафтй, хӯрокӣ; вайрон кардани роҳи оҳани самти Қӯрғонтеппа; қатъи
газ; қатъи нерӯи барқ ва интиқоли он; ғасб ва талаби хоки кишвар;
боздошт ва куштори мардуми тамоман бегуноҳ; муҳосираи иқтисодй;
бастани марз ва эҷоди монеа дар убур ва мурури шаҳрвандон (аз 16
посгоҳи марзии ду кишвар ҳамагӣ ду ё се фаъол асту халос) ва боз
даҳҳо мавриди дигар, ки ба ҳамагон маълум аст. Чаҳорум, масъалаи
қарордоди пешниҳодгардида байни Ширкатҳои телевизионии
Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Русия ва Узбакистон ва рад шудани он аз
ҷониби бародарони бузург ва миёна борҳо дар барномаи «Ахбор»
матраҳ шуда буд ва дар намоиши «Хиёнат» ҳоҷат ба такрор надошт.
'С. Кенҷаев шаби 23 ба субҳи 24 октябри соли 1992 дақиқан бо
супориши И. Каримов ва дастгирии нерӯҳои он кишвар аз роҳи самти
ғарбии мамлакат-шаҳри Турсунзода вориди хоки поки Тоҷикистон
шуд. Ин бузургтарин хиёнат ба миллат ва якпорчагии кишвар буд.
Русия тавонист ин бозиро ба нафъи худ ҳал кунад: тири С. Кенҷаев ва
пуштибонаш хок хӯрд ва С. Сафаров (ки бо тарафдоронаш ба
Душанбе наёмад ва С. Кенҷаевро фиреб дод) ӯро бо ин шармандигии
абадй аз саҳнаи бозиҳои минбаъдаи сиёсӣ дур андохт. Русия дар ин
масир ва барои саркӯбии тоҷикон аз нерӯҳои тарафдори М.
Худойбердиев ҳам хуб истифода карда, дертар ӯро низ канор зад.
Бояд зикр шавад, ки бознависии таърих ва «қаҳрамони истиқлоли
кишвар» ҷилва додани С. Кенҷаев (ҳамчунин Н. Ҳувайдуллоев) дар
матбуоти кишвар аз устод Лоиқ cap карда, то нависандаву
рӯзноманигорон бисёр мӯд шудааст, ки баррасии ҳамаи онҳо аз
маҷоли ин посух берун аст.

226
дар раддия ба дуругномаи шумо кифоят кунад? Шумо
чунин пуррӯи ва дурӯғпароканй доред, ки ҳеҷ ба гӯшу
хаёли одамон намерасид: дар асри XXI таҳрифи таърихи
тоҷикон бозоргир хоҳад шуд.

Дурӯғи дуввуми С. Мирзорахматов ин аст: «Мир-
бобо Миррахимов, начиная с февраля 1990 года, был штат-
ным оратором на всех митингах, организованных ислам-
ской партией. Формально он не был членом исламской
партии, но стал вашим ближайшим соратником и лидеров
ПИВТ. Поэтому организаторы митинга оценили заслуги
Мирбобо и посадили его в кресло председателя телевидения
и радио». Дар гирдиҳамоиҳои соли 1990 ва соли 1992 май
ҳеҷ нақше надоштам ва ровй ҳам набудам, номӯҳтарам
Саломидцин-ака! Пеш аз чунин томот бофтан андак ба
худ заҳмат дода, ба гузоришҳои он солҳо навишатаатон ё
ба дафтари хотира як назар мекардед, ки оё чунин даъво
дуруст аст ё на. Дигар он ки ман ҳеҷ гоҳ аъзои ягон ҳизби
сиёсй набудам ва нестам1, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломй.
Ҳеҷ қаробате ё узвият ба ин ҳизб наҷустаам, надоштам ва
надорам. Чаро С. Мирзорахматов чунин дурӯғро
навиштааст, онро ба виҷдони худаш вомегузорем. Ман
барои тасадции мансаби Раёсати Ширкати давлатии садо
ва симо ҳеҷ гоҳ кӯшише ба харч надодаам ва лозим ҳам
набуд. Х,изби наҳзати исломи номи маро ба мансаби
Раисии Ширкати давлатии садо ва симо пешниҳод
кардааст ё на ҳатто хабар надорам. Бояд аз масъулини
ҲНИТ суол кард, ки оё ин даъвои С. Мирзорахматов
сиҳҳат дорад ё на?!2 Тобистони соли 1992 як бор аз

Дар зиндагиномаи М. Мирраҳимов, ки борҳо ба нашр расида,
навишта шудааст: «Ҳеҷ гоҳ аъзои ягон ҳизби сиёсй набуд ва нест».

Дуругпарокании С. Мирзорахматов дар нисбат ба мо, ки гӯё ба
дизби наҳзати исломи қаробат дорем, то бад-он дарада дар ҷомеаи
Тоҷикистон таъсир гузошт, ки дар мақолаи «Агар Кабирй равад...»
дар шумораи 38(248) ҳафтаномаи «Фараж» аз 21-уми сентябри соли
-011 чунин навиштанд: «Муҳаммадалии Ҳайит ҳамроҳи яке аз
нахустин пешвоёни озодихоҳй Мирбобо Мирраҳимов дар

227
равоншод Раҳмон Набиев-Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон
сабаби интихоб шуданам ба Раёсати Ширкати давлатии
садо ва симоро пурсон шудам. Он кас чунин гуфтанд:

-Дар рӯйхати довталабҳо фамилияи (номи хонаво-
дагии) шумо набуд. Мухолифон номҳои Абдунабӣ Сат-
торзода, Сафар Абдуллоев, Бозор Собиров, Бӯрӣ Каримов,
Давлат Усмонов, чанд нафари дигар ва ҳатто Отахон(Ла-
тифӣ)-ро ба Раисии Ширкати давлатии садо ва симо пеш-
ниҳод карданд. Ҳеҷ кадоме аз онҳоро ман қабул надоштам.
Он гоҳ номи хонаводагии шуморо пеш оварданд. Пурсидам:

-Чаро Мирраҳимовро ба ин вазифа пешниҳод
мекунед?

Яке гуфт:

-Вай агар кушта шавад ҳам ба мо ҳеч зарар
номерасад. Садқаисар...

Мутассифона, муаллифи ин суханҳо ва тарроҳи ба
Раёсати Ширкати давлатии садо ва симои Тоҷикистон
номзад пешниҳод кар дани М. Миррақимов дар қайди ҳаёт
нест, вагарна ба назди шумо, номӯҳтарам С. Мирзорахма-
тов, мебурдам, то худаш ба шумо бигӯяд, ки ҳадафи аслии
ин дасиса чӣ буд. Он чӣ метавонам дақиқ бигӯям ин аст,
ки 5 майи соли 1992 пас аз мурофиаи Додгоҳи Олй, ки
раддияи мо нисбат ба даъвои С. Кенҷаев баррасӣ шуд ва
мо бегуноҳ шинохта шудем, ба манзил баргашта, дигар аз
ҳама кор худро канор кашида будам. А. Худойдодов
(Мулло Абдуғаффор) бо супориши ҳамон шахс (ба қавли

Тоҷикистон моҳи апрели соли 1992 ба ҲНИТ пайваст» (с. 3). Як ҳафта
пас дар саҳ. 4 шумораи 39(249) «Фараж» аз 27-уми сентябри соли 2011
ин «Тасҳеҳ» чоп шуд: «Дар шумораи №38 дар мақолаи Нуралй
Давлат-«Агар Кабирӣ равад...» бо такя ба манбаъҳои носанҷидашуда
ба иштибоҳҳо роҳ дода шудааст. Баъди чопи мақола маълум гардид,
ки мӯҳтарам Мирбобо Мирраҳимов дар моҳи апрели соли 1992 ба
ҲНИТ шомил нашудааст. Бинобар ин муаллиф бо арзи пӯзиш аз
номбурда иброз медорад, ки Мирбобо Мирраҳимов аъзои ягон ҳизб
набудааст, аз ҷумла ҲНИТ низ».

228
худи шумо «Вы прекрасно знаете, кого я имею в виду») ба
ду ҷавони мусаллаҳ ба манзили мо омад ва рӯйирост гуфт:

-Р. Набиев ҳеҷ касро қабул надорад ва қарор шуд
туро ба Раисии Ширкати давлатии садо симо пешниҳод
кунанд. Агар ҳозир бо мо наой ва ба Идораи телевизион
нарави аҳли хонаводаат несту нобуд карда мешаванд ва
дар Майдони Шаҳидон худатро «хоин» эълон мекунем...

Ман Мулло Абдугаффорро хуб мешинохтам ва
ахлоқи тезу тундашро медонистам, ки барои иҷрои
супориши аз хоҷагон гирифтааш ҳар кореро, ки аз дасташ
меояд, анҷом медиҳад...

Моҳи марта соли 1995 дар Афгонистон аз Мулло
Абдугаффор (у дар он замон Қозии ҲНИТ буд) пурсидам:

■Ту дар ҳақиқат он замон маро мехостй тирборон
куни, агар аз супориши бузургонат итоат намекардам.

У бе ҳеҷ даранг гуфт:

-Ҳукми ту содир шуда буд ва агар онро иҷро
намекардам, худи маро мекуштанд!

Худо раҳмат кунад марди тез ва соддае буд ва бо
супориши устодонаш гирифтори бало шуд ва моро ҳам
дарди cap кард ва гирифтори ин тӯҳматҳои С. Мирзорах-
матов. Мулло Абдугаффор рӯзи 11 майи соли 1992 бо рӯй-
хати 12 нафар кормандони садо ва симо, ки дар садри он
номҳои Бобоҷон Икромов, Мансур Султанов, Гулом
Махмудов ва боз чанд нафари дигар қарор дошт, ба Сту-
дияи телевизион омад, то «ин ленинободиҳоро бурда тир-
борон» кунад. Ман рӯйхати дар дасташ бударо дида аз ӯ
пурсидам:

-Кй ин рӯйхатро тартиб дод?

Мулло Абдугаффор номи тартибдиҳандаи рӯйхат-
ро бароям гуфт. Он гоҳ ба нишониаш як дашноми мусул-
мони ва дастабиринҷӣ фиристодам ва гуфтам:

-Ҳоло метавонй маро ҳам дар ин қатор бурда,
тирборон куни ва худат ба ҷойи ман Раис шавй!

Ман уро аз Студияи телевизион рондам ва гуфтам,
ки дигар бо ин дасисаҳо қадам ба он ҷо нагузорад.

229
Он рӯзҳо камтарин мухолифат ба рафтори Мулло
Абдуғаффор бо қимати ҷон тамом мешуд ва ҳеҷ кас ҷуръ-
ат надошт, ки бо ӯ рӯ ба рӯ шавад. Шахсе, ки рӯйхати «ле-
нинобидиҳоро» дар Ширкали садо ва симо тартиб дода
буд, то ҳол зинда аст ва мавриди эҳтиром ҳамшаҳриҳои С.
Мирзорахматов қарор дорад. Барой дурустии ин ҳарфҳо
ба шоҳиди ин таърих-марди ростин, рӯзноманигор Хай-
риддини Қосим муроҷиат кунед. Ш Ҳайдаров-директори
Студияи телевизион низ аз ин рухдодҳо хабар дорад.

Агар С. Мирзорахматов дар ин маврид далели ди-
гаре дорад, бояд пешниҳод мекард, на ба шахсияти инсон
таҳқир ворид карда, дурӯғ мегуфт! Ман як «гуноҳи бу-
зург» дорам ва он ин аст, ки барои мардуми ҷануб ва Ғар-
му Бадахшон «шимолй», «ленинободй» ва барои шимо-
лиҳо бегона-«ҷанубӣ» (ё ба гуфтаи як сокини Хуҷанд, ки
дар моҳи августи соли 1992 рӯ дар рӯ ба шахси мо фармуд:
«мастчоҳӣ») ҳастам. Тарозуи ақлу хиради С. Мирзорах-
матов низ бо тамоюли ҳамин ақрабак (пандул, раққосак)
вуҷуди маро баркашида. Албатта, боз ҳам галат кардааст.

Азбаски забони дурӯғгӯй ва муттаҳам дароз аст ва
мо имкони ҳар бор ба он кас посух гуфтанро надорем ва
имкон нест, ки ҳар бор ба тӯҳмати нави эшон ҷавоб
нависем, ин ҷо лозим аст ба як нуктаи бисёр муҳим
рӯшанӣ андохт. Ман китоби устод Сайид Абдуллоҳи
Нурй «Он сӯи сиёсат»-ро ба нашр омода ва бо кӯшишҳои
зиёд онро чоп кардаам. Дар виройиш ва нашри Паёми
Устод Нурй низ хидмати хоксоронаи мо ҳаст. Барои ин
осор банда ҳеҷ маблаге дарёфт накардаам. Ин масъаларо
аз писари бузургвори эшон Муҳаммадҷони Нурй, Раиси
ХДИТ М. Кабирй ва Раиси Ҳизби номнависнашудаи
«Вахдат» Ҳ. Саидиён (Саидов) метавонед, суол фармоед.
Агар ин ашхос мавриди эътимоди шумо нестанд, пас, аз
бозраси Вазорати амният, мӯҳтарам М. Шафоатов, дар ин
маврид бипурсед. Он кас ҳатман ба гӯши шумо боз дигар
масъалаҳоро ба таври возеҳ хоҳанд расонд, ба вижа
масъалаи аз таълифи осор барои дигарон маблаге дарёфт

230
накардани маро. Ҳамчунин М. Шафоатов бо камоли
эҳтиром ба шумо ном ва номи хонаводагии садҳо нафар
«шоҳидони парвандаи асри ХХ»-ро, ки дар ҳаққи М.
Мирраҳимов баёнот ва тӯҳматнома навиштаанд, нақл
ҳоҳанд кард, ки бархе дар мақомҳои баланди давлатй,
ҳатто сарварии Вазорат ва идораҳои хабарнигории
муҳим, қарор доранд. Китоби дигаре, ки мо навиштаем,
ин «Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад. Ҳоҷй
Акбари Тураҷонзода дар оинаи дӯсту душман» аст, ки
соли 1998 нашр шуд. Он замон-яъне аз моҳи сентябри соли
1997 то нимаи дуввуми моҳи феврали соли 1998, ҳеҷ кас аз
Ҳ. А. Тураҷонзода ёд намеовард ва эшон симмате ҳам
надошт. Барой ин китоб ва китоби «Ҷаҳон ҷои гудози
дустон аст» низ ман аз касе маблағе дарёфт накардаам.
Баръакс дар нашр ва нигаҳдории онҳо аз ҷониби мо харҷи
зиёде шудааст. Ин нуктаро барои он дар ин ҷо ёдовар
шудам, ки С. Мирзорахматов дар нақде, ки ба китоби
Бури Каримов навиштааст, ба Муҳаммадраҳими Сайдар
(равонаш шод бод) чунин айб гирифтааст: «Словом
Большая книга напоминает огромную порцию очень
невкусного винегрета поданную на очень дорогом блюдце
(один переплет чего стоит, не говоря о дорогой бумаге). Тем
не менее, редактировавший книгу Мухаммадрахими
Сайдар настойчиво убеждает читателя: ешьте винегрет,
очень вкусный! Мне жаль известного таджикского
журналиста. Не потому, что он врет. А потому, что он
проделал адский труд, день за днем читая и перечитывая
книгу. Ч го поделаешь, жизнь заставляет»1.

‘Мирзорахматов С. Винегрет подали как черную икру. Заметки на
полях одиннадцатой книги Бури Каримова.-Чароги руз, 1999, №2(98)
стр. 10. С. Мирзорахматов ин сархатро (ки иқтибос овардем) дар
китобчааш «Герои-истинные и мнимые» (ниг. саҳ. 34 ва 46) ба куллй
тағиир додаст. Маълум мешавад, ки аз тӯҳмати бофтааш шарм дошта
нашри такрориро лозим надонистааст.

231
Наздик ба як со л мешавад, ки дар матбуоти Тоди-
кистон ва торномаҳои интернета симои Ҳ. А. Тӯраҷонзо-
да бо хата сиёҳ ва тӯҳмату бӯҳтони бепоён ҳаккокй ме-
шавад. Ҳар касе, ки дар ин ҳаллоҷикорӣ ширкат дорад,
ҳатман манфиатеро дунбол мекунад ва С. Мирзорахматов
низ аз ин дойра берун нест. У дурӯғ мегӯяд вақте чунин
таъкидро дар охири номааш овардааст: «P.S. Уважаемый
Ходжи Акбар Тураджонзода! Вы часто воспринимаете
критику в свой адрес, как заказ власть предержащих. На
этот раз я вас разочарую-мое письмо незаказное. Я поки-
нул Таджикистан в ноябре 1992 года до прихода нынеш-
них правителей к власти и уже 20 лет живу в Казахстане.
Поэтому с этой властью меня ничто не связывает. Уже
много лет я не хожу в таджикское посольство в Казах-
стане, даже не знаю, по какому адресу в Астане оно нахо-
дится, и кто его возглавляет. Так что, извините!»

Нахуст, ин ки агар ба фарз шумо, Саломиддин-ака,
бист сол пеш аз Тоҷикистон дингӯз зада бошед, пас, чаро
ҳоло ба Ҳ. А. Тӯраҷонзода номаи саркушода навишта, дар
авҷи раванди сиёҳсозии эшон худро нишон додаед? Ба
қавле «рафтй, ки рафтй» ва ин бозомаданҳо чй маънй
дорад?! Дуввум, он ки барои шумо ба Сафорати Ҷумҳурии
Тоҷикистон рафтан ҳоҷат нест, бигузор Сафорати
Тоҷикистон бо сафир ба пеши шумо оянд. Севвум, он ки
25.04.2012 дар «Asia-Plus» мақолаи шумо дар дастгирии
паёми солонаи Раиси Ҷумҳур бо номи хеле ҷолиб «Мы
тоже могли бы инвестировать в экономику Таджикис-
тана»1 ба чоп расид (зеро риштаҳои ноаён ва манофеи
иқтисодиатон дар Тоҷикистон тақозо мекунад, ки сари
ҳар гоҳе вокунише аз хеш нишон диҳед, то зинда будани
шумо фаромӯш нашавад):

Шояд паёми он нома-вокуниши С. Мирзорахматов
ба мамдӯҳ (адресат) нарасид ва ҳоло тавассути номаи

'Таҳлили мухтасари ҳамин мақола бо дарназардошти ғаразҳои
муаллиф мувофиқи мақсад аст.

232
саркушода ба Ҳ. А. Тураҷонзода ба фарёдрас гӯшзад
хоҳад шуд. Ба ҳар ҳол фурсат ғанимат аст ва интиқод аз
Тураҷонзода дар авҷ.

Замоне ки ҳамагон дар як кишвар ба ҷони як нафар
дармеафтанд ва ба тамомии бадбахтиҳои дирӯз ва имрӯза-
ашон уро гунаҳкор медонанд, маълум аст, ки ин до даси-
сае дар роҳ аст ва ҳар кас, ки дар ин моҷаро ширкат вар-
зида, ба тарафи он шахе санг мепартояд, камоли нодавон-
мардиро аз худ нишон медиҳад. Ман намегӯям, ки Ҳ. А.
Тураҷонзода тамоман беайб аст: айб дорад, вале фазила-
гаш сад бор болотар аз айбҳояш ва маҳз ҳамин илму
дониш ва бедориаш тамомии айбҳояшро мепӯшонад ва
ҳамаи нотавонҳо дар пайи интиқоди ӯ афтодаанд.

Ҳ. А. Тӯраҷонзода беадолатй ва ноҷавонмардиро
бад мебинад ва ҳарфашро ошкоро мегӯяд. Чанд сол пеш
дар яке аз нишастҳои байналмилалии кадом як созмони
исломӣ Ҳоҷй Акбари Тӯраҷонзодаро ба ҳайси намояндаи
мустақил узви Раёсати он интихоб мекунанд. Як нафар
муллонамои кишвар ба ин интихоб эътироз карда, ном-
задии муфтии Тодикистонро ба дои ӯ пешбарй менамояд.
Намояндаи созмони исломи ин эътирозро намепазирад ва
мегуяд:

-Мо шахсиятҳои исломиро барои дониш ва фази-
латашон ба Раёсат интихоб мекунем, на аз рӯи мансабе ки
доранд.

233
Ҷаласа ба охир мерасад ва ҳамагон аз толор берун
меоянд. Ҳ. А. Тӯраҷонзода дар роҳрав ба он мулло, ки
замоне ҳамаи шароитро барои таҳсилоташ муҳайё карда
буд, кушоду рӯшан чунин дашномро сазовор медонад:

-Ҳе, дар к...т к...рам!

Ҳол он мулло дар як вилоят барои мусулмонҳо ваъз
мегӯяд ва ҳатто унвони илмӣ ҳам дорад. Албатта, чунин
беҳурматй ба мақоми мулло бахшидашуданй нест!

Дар китоби «Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар ойинаи
дусту душман» (саҳ. 261-262) порае аз ҷавонмардии як
хонуми тоҷик оварда шудааст, ки дар замони хафаҳони
соли 1993 (замони зинда будани Сангак Сафаров) дар як
деҳи Тоҷикистон иттифоқ афтодааст. Ин ҷо онро аз нав
бо ҳам мехонем:

«Дар кадом як рустои Тоҷикистон пас аз ба сари
қудрат омадани саркардаҳои Фронти халқӣ дар роҳи даст-
гирй аз эшон сандуқи хайрия ташки л мекунанд. Ҳангоми
ҷамъоварии маблағ байни занҳои деҳа баҳс мехезад.

Як хонуми солхӯрда, ки орзӯяш Сангак Сафаровро
шавхар гирифтан будааст, мегӯяд:

-Агар Сангак ба ин ҷо биёяд, ман ба вай мерасам!

Он гоҳ кадом як хонуми ҷавон, ки муқобили куфру
илҳод будааст, дар ҷавоб мегӯяд:

-Агар Тӯраҷонзода биёянд, май зани он кас
мешавам!»1

Ба ҳамаи мардакҳо тавсия мешавад, ки мардй аз ин
хонум биёмӯзанд, ки дар давраи хафақони соли 1993
суханашро мардона гуфт!

Воқеан агар Ҳ. А. Тӯраҷонзода беайб мебуданд ин
хонуми ҷавонмарди тоҷикро пайдо ва ба хоҳархондй
қабул мекарданд ва аз сараш тилло мерехтанд, ки дар он

’Иттифоқан чанд рӯз пас Сангак кушта мешавад ва он хонуми
солхӯрда боз «бева» мемонад. Пас аз ин рухдод аҳолии русто ба он
зан «беваи Сангак» лақаб гузоштанд. Чанд сол пеш «беваи Сангак» ба
он дунё рахт бает.

234
замон дар Тоҷикистон ва он ҳам дар кадом як рустои
дурдаст дар байни номардҳо ва занҳо як шерзан пайдо
шудааст, ки ҳарфашро ошкоро ва нотарсона гуфтааст...

Ammo С. Мирзорахматов дар понздаҳ-бист соли
ғурбат аз Меҳан ба як бемории мармуз-тахриби шахсия-
тҳои илмй ва сиёсии (мо дар бораи уламо ва рӯҳоният чизе
намегӯям, зеро эшон боз маро ба исломгарой гунаҳкор хо-
ҳад кард) кишвар гирифтор шудааст ва ин раванд ба ҷара-
ёни номатлуби «мирзорахматовщина» мубадцал гардида,
ки рӯз то рӯз худи муаллифашро азият мекунад ва марду-
ми Тоҷикистонро дарди cap. С. Мирзорахматов тавассути
забони русй барои хоҷагонаш метавонад шахсияти ҳар
касеро, ки лозим аст ва дар дидгоҳи номуборакаш манфй,
хароб кунад ва аз «ҷонҳои мурда» қаҳрамон созад. «Мир-
зорахматовщина»-ин намунаи олии сабки тахриб, тӯҳмат-
нома ва дӯрӯғнависй дар рӯзноманигории навкоммунистй
аст, ки чунин нубут то ба ҳол ба ҳеҷ як аз аҳли қалам
муяссар нашуда буд ва агар ҳукуматдорони имрӯзи киш-
вар аз ин истеъдоди фавқуллодаи С. Мирзорахматов
истифода накунанд сад ҳайф.

«Мирзорахматовщина» зуҳуроти номатлуби рӯзно-
манигории навкоммунистй дар матбуоти бозаргонии им-
рӯзи русизабони Тоҷикистон, вижаи ҳафтаномаи «Asia-
Plus» аст, ки ҷанбаҳои таҳрикомез ва игвобарангезеро дар
пай дорад. Яке аз шохисҳои асосии он фурӯши дурӯғ дар
қабои сиёҳу сафед мебошад. Мисоли рӯшани ин нукта ду-
рӯги дигари С. Мирзорахматов бо номи «Нодир-не похо-
жий на других», мебошад, ки дақиқан бист рӯз пас аз ир-
соли ин навиштаҳо ба идораи ҳафтанома дар шумораи
63(750) 16 августа соли 2012 дар саҳифаи В/4 «Asia-Plus»
ба чоп расид. Дар мақола сабки рӯзноманигории комму-
ниста бо бандубасти (суҷаи) дақёнусй, яъне пирӯзии сиёҳ
бар сафед, он чунон ҷаззоб тавсиф шудааст, ки ашки
хонандаро дармеоварад. Мазмуни мақоларо аз назари
ҳақиқат бингарй ҳамон байти маъруфи садаи нуздаҳ дар
доираҳои адабии Бухоро ба ёди кас мерасад, ки фармуда:

235
Аз дусад сарқанд «махдум» сохтанд,
Нуктадонҳо хӯрда мегӯянд, ки: -Фач!

Ҷолиб он аст, ки дар равади «мирзорахматовщина»
ҳар ҷо Хулькар Юсупов дурӯғ ва тӯҳмат бофад, дер ё зуд
Саломиддин-ака ба кӯмак ва ҳимояти вай меояд ва нохуд-
огоҳ Саломиддин-ака пӯкида монанд, филфавр X. Юсупов
аз ӯ дифоъ ба амал меоварад. Бигузор худи хонандаи мӯҳ-
тарам қазоват намояд: С. Мирзорахматов 9 августа соли
2012 дар «Asia-Plus» номаи саркушодаи худ ба Ҳ. А. Тӯра-
ҷонзодаро чоп кард. Х,анӯз ранги мақолаи Саломиддин-
ака хушк нашуда, 10 август ҳафтаномаи «Asia-Plus» дифо-
ияти X. Юсупов аз С. Мирзорахматовро бо номи «Саиду
(в одном интервью Тураджонзода), Абдулло и другим ин-
когнито» дар сайти хеш ба дасти чоп супурд. Саломиддин-
ака пас аз бисту ду сол (агар соли 2002-ро дар назар биги-
рем пас аз 14 сол) аз фитнаи Хулькарҷон Юсупов дар рӯз-
номаи «Коммунист Таджикистана» пуштибонй карда
бошад, X. Юсупов пас аз 24 соат ӯро ба осмони ҳафтум
бароварда, ба хонандагони ҳафтаномаи «Asia-Plus» ва
тамомии рӯзноманигорон чунин таькид кардааст: «Что
касается самого Саломиддина Мирзорахматова-его работы
можно смело использовать на занятиях по написанию
анналитических статей, особенной по экономике страны, и
при подготовке политических публикаций». Ин таъриф ва
сабки «мирзорахматовщина» дақиқан бозгӯи тозаи маса-
ли бисер маъруфи И. А. Крылов мебошад, ки гуфта меша-
вад: «За что же не боясь греха// Кукушка хвалит петуха?//
За то, что хвалит он кукушку». Ба иборати дигар, хдр ҷо
агар Саломиддин-ака ташриф фармоянд, пас, ноаён
Хулькарҷон ҳам ҳузур дорад ва ё баръакс.

«Мирзорахматовщина» мероси наҳс ва аъчубаи (фе-
номен) нодири ҳамтабақон ва ҳамқадаҳони Шодмон Юсу-
пов мебошад. Шояд аксарият оқои Афзалиро фаромӯш
карда бошанд, вале мо хуб дар ёд дорем, ки эшон солҳои
1994-1996 шохаи Ҳизби демократро аз номи Ш. Юсупов

236
ва Р. Мусулмонқулов дар Душанбе сарварй мекард ва
ҳатто ҳукуматдорон ХДТ-ро ба таври расмй ба қайд
гирифта буданд ва дар гуфтушуниди мухолифин бо
ҳукумат ширкат ҳам варзид. Зуҳури Афзалй дар осмони
сиесати он солҳо бисер суолбарангез буд, лекин,
хушбахтона, ҳамон хеле ки пайдо шуд, ҳамон тавр якбора
таиб зад. Муаммои «мирзорахматовщина» идомаи ҳамон
ситораи дунболадори (комета) нав дар фазой сиёсиву
рузноманигории Тоҷикистон аст, ки сараш ба дарди
Садомиддин-ака мехурад ва думаш моли Хулькарҷон
Юсупов мебошад.

С. Мирзорахматов бисер фурсатталаб аст ва медо-
над, ки кай ва дар кадом мавқеъ ва дар кадом мавзӯъ сару
садо баланд кунад. Вагарна ба фикру хаёли ҳеҷ кас
намерасид, ки Паёми солонаи Раиси Ҷумҳурро баҳона
қарор дода, филфавр ва дар як они воҳид мақолае бо номи
«Мы тоже могли бы инвестировать в экономику
Таджикистана» нависад ва дар «Asia-Plus» ба нашр
расонад. Роста, ман понздаҳ-бист сол аст, ки милки худ
дар гузари ҳаштуми кучаи Чехов (имрӯз Н. Муҳаммад),
ҳавлии №1-ро бозпас гирифта наметавонам. Ҳар гоҳ бо
дархост ба Вазорати амният муроҷиат менамоям, онҳо
маро ба суд (яъне додгоҳ) ҳавола мекунанд, ба шаҳрдори
Душанбе муроҷиат шавад, касе нест, ки ҳарфи маро
шунавад, ба Раиси Ҷумҳур муроҷиат намоям, акси садое
намеояд. Борҳо ба Раиси КОМ Сайид Абдуллоҳи Нурй
(худо раҳмат кунад), муовини нахуствазир Ҳ. А
Тураҷонзода, сарпарасти Вазорати Амният С. Зуҳуров,
Додситони кулли кишвар Б. Бобохонов ва ҳатто Раиси
Ҷумҳур ва шаҳрдори мӯҳтарами Душанбе М. Убайдул-
лоев муроҷиат кардам, вале ҳеҷ кори савобе аз дасташон
наомад: яке фавт кард ва сеи дигар ба истеъфо рафтанд ва
ду нафар ҳоло ҳам дар садри коранд. Мо ҳатто
дастнавиштҳои хешро, ки ба солҳои пеш аз Иҷлосияи ХУ1
ШО дар Хуҷанд (ноябри соли 1992) мутааллиҳ аст, аз

237
Вазорати амният бозпас гирифта наметавонем, пас, чи
монад ба ҳавлӣ дар кӯчаи Чехов!1

' g * *

111

З 2 «

I б :<

Is!

til

\;

Р *

•»> ! 1 *к
% * *Г •; ;• * # - V: ч
$ i 2 4 ♦ ■ ■ ■
щ ;>■

•&SS :

Ш .

fill

»lil

Lass

Ш >
ft:
I

*i**i*t iilip irfiSflii
I*»--** i?H*s -;ҷ: i;

;rt If ti %

» Ш 3 г'ЩяЬ

ш]| Ши fl'Isilj

513:.Sfli:'« rf ft . s-l

ll’f Л|

{fjpit lllj:

pssl

r! IlflfelJ

lilgs

|***15* *fcgfu,i.

5Й}?|; *ЗШ|| Hfjijrf

f! ;*u П.чМз*

. : 1 L'i r ■ ;
*«*«

a <? «' :v 4> >i <( <* *

?S

5 о

/■> >->

\ j; А г ,ч r

^.:CUWfn9 Lj0 д й x* ^1.1
W ft 5 (&/*9jn>4 f A? 30<?O
t 9',59 ^ * ф
|p ^ v\

'Умед аст, ки Додситони кулли кишвар ин мадорикро, ки рӯнамои
онро дар зер овардем, мавриди таваҷҷӯҳи хоси хеш қарор хоҳанд дод
ва «ҳақ ба ҳакдор мерасад».

238
‘">м.\*'(«мм * •‘..'■.iti'i'i Г*><>
м *» v* *v у л | ул w

*” f *•' 5' #ч .•: м '%&£££&Jik

г *;хжшххгкгли

* Г *1 » *•» Л Ji S-, || д 5(
»1 Г" О к V ;• Ч ( J. j, х

Кх *»**,:»**».** Мирра**»*?* *Л

g?j»* й;> *•'’>-



Г*УГ ***•'«*■> ™«=" *>«*«««»*

, * 1 "1 1 ° . •* »•?> AVUMK»*»»? ЭМДО-.К*»'?» ЛДООД*■*/,.< Уй

Г ♦»/-.•»♦ . W !•(« да.» а;»....,

*■« . »Wrs

*» •* ;•• '•> **ч aw «v«. * *

t .• л” **• •*«»♦•<•

4v^'"“ г*..—.-v «, iB %, ;r,*

«*-~т> <»fvv

Л<.»«>»;:*(.>«: •:»**.>,.•..•::

' »« 4'Vt

<*.* (<<?*»»' .i

ПО-Ч.^Г. 4-y*rt<,

••Уу.х «*>а г



w .уц

':• vn ft-*: «« *ft* •*<.^> , • v

V' )f/A*>.»<-T .

** 0*»x <
«fV'!l J>,* !
ЛЛЛ.^л. «t? :

Д*



* 'Ч:' Ч Ч7-,/«.< <л,;

*0t3. Mt **■*£> •

**■***'■ iiJC.* ..

Шояд асосгузори «мирзорахматовщина» огоҳ нест,
ки аз кайҳост тасвири (образ) фарде чун хуфиянигор
мавриди таваҷҷуҳи аҳли қалам низ қарор гирифтааст.
Ҳамзамон бо нашри тӯҳматномаи С. Мирзорахматов
«Герои-истинные и мнимые» дар Душанбе романи нави-
сандаи боистеъдод Зарифи Гулом бо номи «Асри хиёнат»-
дар мавриди андешаҳои илмй ва сиёсии мо-рӯшанфикрон
ва хиёнати мухолифон ба чоп расид, ки, хушбахтона, аз
назари ҳамабини Саломиддин-ака дур мондааст. Дар як
порае аз романи «Асри хиёнат» сарнавишти тоҷики дур аз
Ватан, ки дар хиёноти аср саҳим аст, ин тавр тасвир
шудааст:

«Соли^ 2002. Остона. Сиҷоуддин барои гардиш
бегоҳи ба кучаву хиёбонҳи шаҳр баромад. Дар хиёбони
марказии шаҳр назди фаввора истода, ба бозии бачаҳо
таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Худаш бехабар монд, ки ду ходими
хуфия дар ду бари паҳлӯяш рост шуданд.

-Мӯҳтарам Мирзошоҳраҳматов! Аҳволатон чӣ тур?-
пурсид ходиме, ки аз тарафи дасти росташ меистод.

239
-Ғарибон як ҳол доранд,-Сиҷоуддин гумон кард, ки
кадоме аз ҳамшаҳриҳояш бо ӯ пайвастааст:-Дар дил танҳо
орзӯи баргаштан ба Ватанро мепарваранд.

-Мо омодаем барои амалӣ намудани орзӯҳоятон
дасти ёрй дароз намоем,-ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд ходими
дуюм:-Барои ин ба шумо супорише доштем.

-Супориш?!-Сиҷоуддин акнун ба чеҳраи ҳамсӯҳбат-
ҳояш нигарист ва зуд дарк кард, ки онҳо намояндагони
идораи ҷосусй мебошанд.

-Бале!-тасдиқ намуд ходими аввалӣ:-Супориш!

-Ман бояд амалеро ба иҷро расонам?-Мирзошоҳ-
раҳматов донист, ки аз онҳо бо осонй халос шудан амри
муҳол мебошад.

-Қурбони аҳли фаҳм шавам,-ходими дуюм зери лаб
табассум намуд:-Шумо бояд ба мақолаи Мирбобо
Мирраҳимов «То ба кай об аз таги ях меравад?» накди
фошофош ва тахрибкоронае тайёр кунед. Маблаггузорӣ ва
тамомии ташвиши чопи китоб бар зиммаи мост.

-Уҳ-ҳу!!!-китф дарҳам кашид ва тааҷҷуб кард Сиҷо-
уддин,-аз чопи он мақола ин қадар сол гузаштааст. Як аср!

-То он вақте ки муаллифаш зиндааст, хатари
таъсиргузортар шудани ин мақола аз байн намеравад,-гуфт
ходими дуюм ва аз зери багали Сиҷоуддин гирифт:-Ба
шумо як моҳ мӯҳлат дода мешавад. Мана ин бастаи
мақолаҳои А. Саъдуллоев, И. Усмонов, Р. Амонов, Р.
Ғаффоров, С. Табаров, М. Оеимӣ, X. Юсупов, А. Маниёзов
ва Қ. Маҳкамов, ки дар вақташ ба ин олими игвогар ҷавоб
навишта, чеҳраи ӯро дар байни хонандагон ва мардуми
Тоҷикистон ва ҳатто Иттиҳоди Шӯравӣ манфур ҷилва
дода буданд. Метавонед бе тарсу ҳарос аз мафод ва сабку
услуби тахрибкоронаи онҳо фаровон истифода баред.
Барои китоби шумо номи зебои «Қаҳрамонон аслй ва
дурӯгини миллат»-ро баргузидаем ва аз Рӯшани Табарзода
хостем, ки як пешгуфтори муфассале омода созад. Ин «аз
нӯги хамир фатир аст», яъне маблағи пешпардохти

240
хидмати хоксоронаи шумо,-ходими хуфия ба кисаи
пиҷҷаки Сиҷоуддин бастаи пули сабзранги хориҷиро ҷо
кард:-Ана химии тавр аз пагоҳ дер намонда, корро оғоз
намоед. Онҳое, ки дар вақташ ба ин макола тақризи
мугризона навишта буданд, дар мансабҳои баланди
давлатй хизмат карда истодаанд. Ҳамин қисмат шуморо
интизор аст. Хуб, боз як нуктаи дигар аз ёдатон наравад:
дар Алмаато як зоти шариф аз хамммилати шумо зиндагй
мекунад, ки хеле маьруф аст. Барой такмили дониши худ
дар боби Мирбобо Мирраҳимов ба ҳамон кас муроҷиат
кунед. Вай Мирбобо Мирраҳимовро чашми дидан надорад
ва саду панҷоҳ баробар нафрати худро бо дурӯғҳои бефурӯғ
бароятон ироа хоҳад дод. Агар як дар сади (фоизи) суханаш
дуруст бошад ҳам ҳангоми истифода аз он шубҳа кунед, ки
боз мо ва худатонро ба дарди сари нав гирифтор насозед.
Супориш, ки ба иҷро расид, ба ҳамин шумораи телефони
ҳамрох занг занед. Мо аз кори шумо сари вақт истифода ба
амал хоҳем овард ва дар замони зарурй чоп ва дар
Тоҷикистон тавзеҳ менамоем...

Ходимони хуфия чй тавре, ки пайдо шуда буданд,
ҳамон тавр гайб заданд.

Баъди як моҳ Сиҷоуддин Мирзошоҳраҳматов бо
дастони ларзон дастнависашро ба соҳибони супориш бо ду
дасти адаб тақдим кард».

Пеш аз ба поён расонидани матлаб зарур аст, ки
чанд нуктаи муҳим ёдовар шавад:

Нахуст, ман ба С. Мирзорахматов ҳамшаҳрй ва
ҳамқавм, Б. Каримов, Ш. Юсупов, «необразованный
Ахмадшохи Комил» (Герои-истинные и мнимые, с. 85),
«карикатурный вице-премьер», «нигде не учился» Д.
Усмон (ҳамон китобча, с. 85, 89), Муҳаммадюсуф ва
«имиджмейкер»-и «террорист»-ҳо Мулло Муҳаммадрасул
(китобчаи зикршуда, с. 92), Мулло Абдугаффор (худо
раҳмат кунад) нестам.

Дуввум, аз Додситони кулли кишвар, мӯҳтарам
Шерхони Салимзода, хоҳиш мешавад, ки китобчаи С.

241
Мирзорахматов «Герои-истинные и мнимые»-ро бо диқ-
қат баррасй карда, ба саҳифаи 80, 93 (сархати чаҳорум)
таваҷҷӯҳ фармоянд, ки ҷаноби С. Мирзорахматов бо чй
алфозе нисбат ба мо ҳақорат фиристодааст ва агар
навиштаҳои вай мушкили қонунӣ надорад, пас, ба мо низ
иҷозат дода шавад, то бо ҳамон калом дар бораи ин даноб
китоб бинависем.

Ниҳоят, ин суол матраҳ аст ва бояд пурсида шавад:

-Худи шумо кистед, Саломиддин-ака Мирзорах-
матов?!

P.S. Номӯҳтарам Саломиддин-ака! Ба иттилоъи
шумо барид мардакҳо расонида мешавад, ки аъзои ягон
хизби сиёсй, аз ҷумла Х,НИТ набудам ва нестам, аз ҳеҷ
шахсияти сиёсй ва ҳизби хосе тарафдорй накардаам ва
намекунам. Дар тамомии умрам дар интихоботи
умумихалқй ба ягон нафар номзад ба намояндагй овоз
надодаам (истисно: интихоботи Раёсати Ҷумҳурӣ дар соли
1991 ба Д. Худоназаров) ва ҳама вақт дар баргаи
раъйдихй номҳои Гугуш, Х,ойида (худо ҷояшро ҷаннат
кунад), Ҷӯрабеки Мурод ва равоншод Зафари Нозимро
навиштаам. Х,еҷ гоҳ аз ёдам намеравад, ки поёни соли
1994 ҳама аз Мирбобои Мирраҳим даст кашиданд ва
мехостанд, ки дар зиндон бимонаду эъдом шавад ва танҳо
Х.ОҶЙ Акбари Тӯраҷонзода (ин масъаларо ҳатман аз
Салими Аюбзод бипурсед) ҷони моро бо фазлу дониши
хеш аз душманон озод карданд. Иншоаллоҳ, ба наздикй
китоби «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Хулькар Юсупов
ПУКИД» чоп хоҳад шуд ва, албатта, бо соядаст бароятон
фиристода мешавад (дар ин маврид мутмаин бошед). Ва
агар боз дурӯғпароканй кунед, ҳатман посухи зебо ва
муносиб бароятон хоҳам навишт ва ин нуктаро ба хотир
биспоред, ки барои ҳусни хитоми ин чанд таъкиди
мухтасар дар ҳошияи «шоҳасарҳои» мунтақидони дирӯз,
имрӯз ва оянда, суханони устоди оташинсухани мутоибот
Убайди Зоконӣ интихоб шуд, ки чунин фармудааст:

242
Ҳар маърифате, ки марди банги гуяд,

Дар к.. .и харе навису дар к.. .наш кун!1

Мирбобои Мирраҳим
29.07.2012

ТАВЗЕҲОТ

*Замоне, ки С.Сафаров ва Р.Абдураҳимро. Саҳ.82.
05.05.1992 Сангак Сафаров пас аз он, ки Абдулло Назаров
парвандаи «Рихард»-ро фош кард, мехост Рустами
Абдураҳимро бо сачок, хафа карда бикушад.

*дар бало мондем. Саҳ. 110. Дақиқан як со л пас аз иншои
ин сатрҳо-охирҳои моҳи апрели соли 2012 барои озмоиш
китоби «Илми ахлоқ ва одоб»-ро тавассути яке аз ошноҳо
ба Раёсати Донишгоҳи исломии Тоҷикистон пешниҳод
кардем, ки чанд нусха аз онро барои донишҷӯён ва
исломпажӯҳон харидорӣ намоянд. «Асҳобано» (ба қавли
Убайди Зоконй) пас аз чанд рӯз бо ин мазмун ба мо посух
доданд, ки ба латифаи нав шабоҳат пайдо кард:

-Китоб ду камбудй дорад: Якум, дар китоби акси
яке аз муаллифони он-хонум Саъдинисо Ҳакимова бе
рӯсарӣ чоп шудааст; дуввум, дар матни китоб ҷойҳое ҳаст,
ки муаллифон се нуқта гузоштаанд Агар ин ду камбудй
намебуд, мо китоби «Илми ахлоқ ва одоб»-ро харидорй
мекардем ва мутолааашро барои донишҷӯёни исломй
тавсия мефармудем.

’Ин мақола бо истинод аз матлаби «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва
Хулькар Юсупов ПУКИД» иншо шудааст ва 03.08. 2012 ба идораи
ҳафтанома пешниҳод гардид. Аз ин рӯ дар он баъзе такрор вуҷуд
дорад. Сардабири «Asia-Plus» Марат Мамадшоев ва молики он Умед
Бобохонов (23.08.2012) аз нашри мақолаи мо cap печиданд. Маълум
шуд, ки онҳо аз мавқеияти С. Мирзорахматов пуштибонй мекунанд.
Шояд С. Мирзорахматов мушовири пасипардагии «Asia-Plus» бошад
ва X. Юсупов дурӯғросткуни вай.

243
Эроди бе рӯсарӣ чоп шудани акси Саъдинисо
Ҳакимова (ишон наздик ба навад сол доранд) шояд дуруст
бошад (масалан, ҳасидиёни Амрико аз чопи акси Котиби
давлатии ИМ А 3.05.2011 дар як рӯзномаи Лос-Анҷелос
пешгирй ба амал оварданд, зеро ба назари онҳо акси
Ҳиллари Клинтон шаҳватафзо будааст), аммо гуноҳи «се
нуқта», ки мо маҷбур будем барои кӯтоҳ кардани матлаб
ва ё барои нигаҳ доштани одоб ва иҷтиноб аз тафсирҳои
гуногун дар матн истифода намоем, дар чист?! Ин пурсиш
ба мавқеъ аст, ки агар ба ҷойи се нуқтаҳо асли вожа
навишта шавад, он гоҳ китоб сад дар сад исломй
мешавад?! Дар давраҳое, ки он сарчашмаҳо-дурдонаҳои
ахлоқй, халқ шудаанд, дар воқеъ муаллифонашон аз
аломати «се нуқта» истифода набурдаанд, балки аз нигоҳи
исломй ҳар чй мавриди назарашон буд, рӯйирост навиш-
таанд. Шояд манзури сарварони мӯҳтарами Донишгоҳи
исломй низ роҳ ба сӯи хайр будааст ва маҳз ба ҳамин
сабаб хостаанд, ки мутуни дар китоб ҷой гирифта, бояд ба
таври дақиқ пешкаши хонанда шавад. Масалан, андар
осори Убайди Зоконй дар ахди исломй байта мазкур (ки
дар боло бо истифода аз аломати се нуқта аз назари
ҳамагон гузашт) дар «Сад панд» бо ин шакл омадааст:

Ҳар «маърифате», ки марди бангй гӯяд
Бар кери харе навису дар кунаш кун!

Ё худ аз «Хубсиёт»-и «Девон»-и Саъдй, ки даҳҳо
саҳифаро ташкил медиҳад, овардани як дубайтй зарурат
дорад, ки имрӯз низ дақиқан чунин чоп шудааст:

Гуфтам, ки: -Биё, пеши ман, эй ҳурнажод,

Гуфто, ки: -Биёр, то чиам хоҳӣ дод?

Гуфтам, ки: -Дуо кунад ба ту модари ман!

Гуфто, ки: -Ба дуои модарам хоҳӣ год?1

1 Саъдй, Муслиҳидцин Абдуллоҳ. Куллиёт. Бо кушиши Муҳаммади
Садрй. Техрон: Номак, 1380, саҳ. 1045. Год-аз масдари «гоидан».

244
Аз он ки китоби «Илми ахлоқ ва одоб» барон
мутолаа дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мавриди
таваҷҷӯҳи муллоҳои оянда қарор нагирифт, низе аз
арзиши он кам намекунад. Вале овардани як рухдоди
ибратомӯз, ки воқеъияташ бар ин байти Ҳофизи
лисонулғайб-«Воъизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар
мекунад// Чун ба хилват мераванд, он кори дигар
мекунад», сидқ дорад, лозим аст.

Моҳи Рамазони соли 1432 ҳиҷрии қамарӣ, яъне
августи соли 2011 мелодй, як муллой бисёр мӯҳтарам аз
маркази кишвар меҳмони ҳамкасабаҳои хеш-муллоҳои
мансабдори (на оддй ва қаторӣ!) шаҳри Истаравшан
мешавад. Муллоҳои бузургвори Истаравшан низ ба поси
хидматҳои он абармард (супермен) дар роҳи рушди ислом
ба ифтихори ӯ ифтори пурдабдабае баргузор менамоянд.
Пас аз ифтори шикамсерй меҳмонмулло носкадуро аз
ҷайб бароварда, кафи дасташро аз нос пур карда, бо
эҳтиром ва васвоси хос онро ба зери забонаш ҳавола
мекунад. Соҳибхона ин вазъро дида, ба писараш
мефармояд:

-Зуд! Бидав ностуфкунакро биёвар, то меҳмон
носро дар он туф кунанд.

Яке аз зарифони истаравшанй, ки дар он ифтор
ҳузур пайдо карда ва пойгаҳи хона нишаста, ин ҳолро
зери назар доштааст, ба меҳмон-муллои мӯҳтарами
носкаш чунин машварат медиҳад:

-Домулло! Лаби гилемро бардошта, зераш туф
кардан гиред, ҳеч чиз намешавад.

Он муллой носкаш дар ҷавоб мегӯяд:

-О, айб аст. Гилему кӯрпача ҳаром мешавад.

Он шахси зариф филфавр чунин посух мегӯяд:

-Магар даҳони шумо аз носкашӣ ҳаром нашуд!?

Муфассал муроҷиат шавад ба «Хубсиёт» дар саҳифаҳои 1043-1067
ҳамин нашр.

245
Ин рухдоди аҷоиб-ахлоқи ҳамидаи муллоҳоро
метавон бо ин ҳикмати Саъдӣ ҷамъбандӣ кард:

Эй дарунат бараҳна аз тақво,

К-аз бурун ҷомаи риё дорӣ.

Пардаи ҳафтранг дар магзор,

Ту ки дар хона бӯрё дорй!1

Ин воқеъият, ки мулло, мансабдор, вазир, сафир,
муаллим, табиб, олим ва боз даҳҳо навъ мутахассиси
носкаш дар мамлакат кам нестанд ва имрӯз маҳз онҳо
фарҳанги тоҷиконро ба ҳамагон муаррифй мекунанд,
шояд касеро ба андеша водор насозад, зеро чӣ дар хона ва
чӣ дар кӯчаву бозор носкашй ва ба вижа писта(семеч-
ка)хӯрӣ чун одати умумихалқӣ байни зану мард маъмул
шудааст. Гарчанде дар Федератсиони Русия мартабаи
носро ба ҳадци маводи мухадцир баробар ва дар
Ҷумҳурии Қазоқистон барои писта(семечка)хӯри дар
ҷойҳои таҷаммӯи хосу ом ҷарима муқаррар карданд, вале
тоҷик бояд аз одагҳои «хуб»-аш даст накашад.

* дар мавриди истеъфои Раҳмон Набиев. с.118. Нуктаи
ҷолиб инҷост, ки Раҳмон Набиев 07.09.1992 ба истеъфо
рафт, вале рӯзномаҳои «Правда» ва «Известие» се руз пеш
аз он таърих, яъне 04.09.1992 истеъфои Раиси Ч,умҳурии
Точикистонро ба таври қатъӣ эълон намуданд. Маълум
мешавад, ки тарҳи фитна дар Тоҷикистон аз қабл
барномарезӣ шуда будааст. Вагарна дар кадом асос
ҳамзамон ду рӯзнома ба пахши чунин хабар икдом
намудаанд?!

'Саъдӣ. Муслиҳидцин Абдуллоҳ. Гулистон. Теҳрон: Қадённ, 1370, с.
142-143.

246
Мирбобои Миррахим (Мирраҳимов мутаваллиди
9.01.1954) пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри
Душанбе 5.06.1975 ба Кумитаи давлатии садо ва симои
Тоҷикистон ба кор омад. Ҳамзамон бо кор дар садо ва
симо барон таҳсил дар бахши донишпажӯҳии
(аспирантура) Фархангисгони илмҳои Тоҷикистон
имтихон супурд ва он чо пазируфта шуд. Дар поёни с.
1975 ба хидмати сарбозй рафт. Аз соли 1977 тахсилро дар
аспирантура идома дод ва солҳои 1980-1989 дар
Фарҳангистони илмҳои ҷумҳурӣ машгул ба кор шуд.
Муаллиф ва муассиси аввалин барномахои ҷашнгирии
Наврӯз дар сатҳи давлатй дар Точикистон (1980 Қӯрғонтеппа ва 1982 Душанбе).
Барой пажӯхиши илмӣ ва амалии ҷашни Наврӯз ва расму ойинҳо соли 1987
сазовори ҷойизаи Фарҳангистони илмхои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон
ҷавон шуд. Соли 1987 рисолаи номзадиашро дар Маскав дифоъ кард. Номзади
илми фалсафа. Яке аз бунёдгузорони Ҳаракати мардумии Растохез ва нашрияи
он. Дар Анчумани нахустини Бунёди забони точикй (форсй) 14.10.1989 чонишини
Райис интихоб шуд ва он до кор кард. Аз 11 май то 2 ноябри 1992 Райиси
Ширкати давлатии садо ва симои Точикистон. 19.01.1993 дар шаҳри Ишқободи
Туркманистон дасггир шуд ва то 5.11.1994 дар боздоштгохи Вазорати амният ба
ҷурми сиёсй ба cap бурд. 14.11.1994 дар Хоруғ бо асирони ҳарбӣ табодул шуд ва
ба Афганистан хичрат кард ва аз баҳори соли 1995 дар Техрон зиндагй ихтиёр
намуд. Соли 1997 аз фаъолияти сиёсй канор рафт. Ҳеч гох аъзои ягон хизби сиёсй
набуд ва несг.

Маколаи «То ба кай об аз таги ях меравад?»-ро («Комсомоли Точикистон»
6.01.1988) поёни султан идеологияи когмунисгй ва огози бозсозй дар матбуот ва
рухдоди бузург дар хаёти илмй, фархангй ва сиёсии точикони Вароруд
донистаанд, ки тавонист мардумро ба шохроҳи худшиносй даъват намояд.
Муаллифи беш аз дусад мақолаи илмй ва ин китобҳост: Праздник Навруз
(Ирфон 1985, 1999); Ҷашни Наврӯз ва ҷаҳоншиносӣ (Ирфон, 1992); Ҷаҳон ҷои
гудози дӯстон аст (1996); Рӯзномаи маҳбуси маҳкум ба қатл(1997); Падидаҳои
худшиносӣ(1999); Мерасад марде, ки занчири ғуломон бишканад (1998); То ба кай
об аз таги ях меравад? (1998); Саъдахтар (2001); Ватани ман дар кучосг? (2003);
Сар омад қиссаи дуздӣ ҳикоят хамчунон боқист (2003); Илми ахлок ва одоб (2010,
бо ҳаммуаллифии С. Ҳакимова). Муаллиф иншои китоби «Пешвоёни дурӯғини
Точикистон» (ҷ.1)-ро ба охир расонидааст. Тарчимахо: Б. Пастернак. Шопен; Р.
Шуман. Қавонини ҳаётй барои ахди мусикй; Ҳ- А. Юлдошев. Нақшу нигори
меъмории Точикистон; С. Ҳакимова. Танзими оила; Д. Ҳакимова. Матнхои
навори Чернӣ (оп. 599) ва «Китоби А. М. Бах»; А. Д. Артоболевская. Нахуст-
дидор бо мусикӣ.

Романи «Қиссаҳои ширини айёми баччагӣ» (Душанбе 2004), ривояти
нахустин аз силсилаи «Достонхои бузурги хотирот», овони кӯдакӣ ва чавонии
нависандаро ба ринггаи тасвир кашидааст. Ҷилди дуввуми роман-«Досгони
донишгоҳ» ба поён расидааст ва дафтари севвуми он-«Сарбозӣ» дар арафаи
анчомёбист ва китоби чаҳоруми он бо номи «Ашк ва ханда» (2009) ба чоп расида.

247
ФЕҲРИСТ

Чанд нукта ба ҷои пешгуфтор Ҳамтабақи Шодмон Юсуфов ва 3-4
Хулькар Юсупов ПУКИД 5-125
Ба ҷои охирсухан Замимаҳо 126-132
То ба кай об аз таги ях меравад? 133-152
Достони мурдашӯй ва гӯрков 153-181
Вазир! Аз зердасти шумо ба ҷон омадаем! Истаравшан: қиссаи талоқе, ки панҷ 181-186
сол тӯл кашид Посух ба се даъво ва як иқрори муовини якуми Раиси вилояти Суғд, 186-198
мӯҳтарам Ҷ. Р. Сангинов 199-211
Худи шумо кистед, Саломидцин-ака?! 212-243
Тавзеҳот 243-2246
Муаллифи китоб 247

248



Дар Узбекистон сиёсати зиддиточикй ва хамчунин
антисемитизм пеш бурда мешавад. Моҳияти шовинизми
бузурги узбеки дар чунин самтҳо зо\ир мегардад:

1. Нашри асархои ходимони \ изб то давлатии
гузашта, ки дар вақташ ба миллатчигй ва пантуркизм
гунахкор туда буданд.

2. Минбаъда манъ кардани доираи истифодаи забони
тоҷикй дар Узбекистон.

3. Яке аз чихатхои хоси сиёсати имрузаи ӯзбаксозии
точикон кушиши таърихи фарханги точиконро аз они худ
кардан мебошад. Ин амал навъе аз истеъмори фархангии
навбаромад ва бознависии таърих аст. То ба кай об аз таги
ях меравад? 06.01.1988.

Сарнавишт чунин ракам хурда, ки помп мо доиман зери
интиқод ва дурӯгн дигарон карор бигирад. Ба хамаи ин неъмат
шукргузорем.

Ҳар чизе ки метавонам бо истинод аз қонунхои давлати
демократии ҳуқуқбунёд ва ғайримазхабӣ (яъне «светский» ё ба
истилоҳ «дунявй» ва дар амал «лоик») дар Точикистон
менависам ва ба чоп мерасонам ва аз ҳеч кас ичозат намепурсам
ва ба шахсе ё идорае низ оид ба мӯхтавои осоре, ки халк
менамоям, ҳисобот намедихам. ки чй менависам ва чй
матлаберо чоп мекунам. Худованд ин хушбахтиро ба банда
арзонй доштааст. 07.04.2011.

Translation