Дурахши ситора (очерк ва мақолаҳо). Shining stars: sketches and articles

Transcription

Алӣ БОБОҶОН

ДУРАХШИ

СИТОРА

Китоби аввал

Душанбе

«Адиб»

2012
ББК 84 Тоҷик 7-4
Б-15

Муҳаррир М.Хоҷаев

Б-15 Алӣ Бобоҷон. Дурахши ситора (очерк ва мақолаҳо).
- Душанбе, «Адиб», 2012, 320 саҳ.

Маҷмӯаро мавзӯъҳое фаро мегирад, ки дар онҳо касбу
пешаҳои мухталиф дар мисоли рӯзгору фаъолияти соҳиб-
истеъдодҳо, номварону номбардорони сарзамини аҷдодӣ ба
қалам омада, аз як тараф, мутолеонро аз бисёр ҷиҳат ба
гузаштаҳои пурифтихорамон мешиносонанд ва аз ҷониби ди-
гар, дастури боэътимоде ҳастанд пайи ҳадафқои шойиста
хддоях кардани хонандаи имрӯз.

ISBN 978-99947-2-179-5

© Али Бобоҷон, 2012
ПЕШГУФТОР

Файласуфони қадимзамон замонро ба дарёе ташбеҳ додаанд, ки
мачрояш барнагаштанисту обаш орому ороста ва ё бо шасти тамом
хамеша ҷорист. Ҷумла одамизодагон ночор дар рӯйи об ба сони хас
мераванд ва фақат рӯзи маргашон аз ҷараён берун мешаванд - мисоли
моҳии мурдае, ки оби бахр ба сохрл бароварда мепартояд. Қарнҳойи
сонй аҳли дин дарёи барнагарДандаи замонро «такдир» ё «казову
қадар» хонда, инсонро ба лӯхтаки сарнавишт табдил доданд. Дар
воқеъ, рӯди паҳновари замон соҳил надорад, ки он ҷо даме нишаста,
ба садойи обаш гӯш диҳиву аз шавкату шукӯҳи ҷараёнаш ҳаловат барӣ
ва ҳамзамон аз гузаштаву ояндаат ба фурсат биандешй.

Вале истед, ки магар фарди одамй ба ҳадде оҷиз аст, ки файла-
суфони аҳди бостон ва худшиносони баъдина гумон мекарданд?

Умари Хайём нахустин файласуфе буд, ки ақидайи оҷизиву но-
тавонии одамизодаро ба забони шеър мавриди танзу таън карор до-
дааст:

Нақшест, ки бар вуҷуди мо рехтаӣ,

Сад булаъҷабӣ зи мо барангехтаӣ.

Ман з-он беҳ аз ин наметавонам будан,

К-аз бӯта маро чунин фурӯ рехтаӣ.

Хайём, ки худро дар фалсафа шогирди Шайхурраис Абӯалии
Сино мехонд, мисли устоди маънавиаш нағз медонист, ки Одам ҳеҷ
гоҳ дар дасти Наққоши Азал моддаи мумсирате набуду нест. Хосса
хасеро намемонад, ки ночор ба самти об меравад: басе омада, ки
бар муқобили ҷараёни замон шино кардааст ва ё, ҳеҷ набуд, онро
миёнбур карда, аз як соҳил ба соҳили дигар гузаштанӣ шудаст...

Ҷараёни мусаббати замонро таърих гӯянд. Пекин худи таърихро
чй гуна таъриф ва таъбир кунем? Иқболи Лоҳурй барҳақ пурсида:

Чист таърих, эй зи худ бегонае,

Достоне, циссае, афсонае? ‘ 7

t\J

Дар замони Шӯравй мо ҳамагон таърихшинос шудем. Дар мак-
таб моро омӯзонда буданд, ки ягона эҷодкори таърих халқ аст, халк
дар чаҳорчӯбаи сахти қонунҳои куллию объективй амал мекунад -
қоидаҳое, ки хохдшу иродаи шахсони чудогонаро ба назар намеги-
ранд. Бо ибораи дигар, назарияи марксистӣ нақши таърихии фардро
дар муқобили мақоми таърихии чомеа нодида мегирифт. Дар

3
натиҷа таърихнигорон бо тавсифи силсилаи рӯйдодҳои иқтисодию
сиёсй, ҷангҳо, инқилобу шӯришҳо иктифо варзида, аз пажуҳиши
андешаи ҷихати маънавии воқеаҳо ва дарёфти маъниву мазмуни
хоси худи таърих худдорй мекарданд.

Ҳамзамон дар хориҷи кишвар (хусусан Фаронса) назарияи нави
таърихшиносӣ шакл гирифт, ки иеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба
рӯзгори шахсиятҳойи ҷудогона ва ҷузвиёти кирдору пиндори онҳо
эътибор медихдц. Агар пеш мавзӯйи таърихнигорй «инсон дар
қаринаи Таърих» унвон шавад, акнун «таърих дар вуҷуди Инсон»
ном мегирад,

Лз ии ҷиҳат очеркҳоеро, ки дусти мушфиқи мо Алии Бобоҷон
дар бораи одамони наҷиби ҷумхуриамон навйштаанд, фақат аз на-
зари адабиёт баҳо додану кадр кардан кам аст, онХо аҳаммияти 'хо-
си иҷтимойй низ доранд.Яқин бувад, ки фидокориҳои
қаҳрамонҳойи очеркҳойи адиби шинохтайи мо барои муосирона-
мон (умедворам, аз ҷумла баройи наслҳои ҷавон) ойинайи ибрат
хоҳанд буд.

Фидокорй ду навъ мешавад: фидокории ҷисмонй (чунончй, дар
ҷанг) ва фидокории маънавӣ (масалан, дар соҳайи фаъолияти
ақлонй). Миёни фидокороне, ки Алии Бобоҷон дар очеркҳояшон
самимона васф кардаанд, мисли шодравон Муллоҷон Фозилов,
шахсоне ҳастанд, ки мардони ду майдон буданд: набардгоҳашон
аввал фронт будасту сонӣ ҷустуҷӯйи илмӣ. Пекин онҳое, ки дар
ҷодаи мунтахабашон бо истифода аз фурсату имкони фардию
иҷтимоияшон як умр ба таълиму тарбия (мисли Шарифҷон
Ҳусейнзода), табобатгарй (ҳамчун нобигаҳои тиб, академикҳо Ко-
мил Тоҷиев, Саъдинисо Ҳакимова), санъаткорй (монанди Тӯҳфа
Фозилова ё Комил Ёрматов) ва ё кори давлатӣ (амсоли Ҳамиддин
Эшонов, Саидаҳмад Анваров, Аъзам Надиров ва Абдулаҳад
Қаҳҳоров) шуғл варзидаанд, низ фидокор буданд. Рӯҳи ҳамайи
заҳматкашони асил, сарфи назар аз касбу кор ё набардгоҳашон,
ҷовидон шод бод!

Заҳмати худи муаллифи очеркҳо Алии Бобоҷон низ як навъ фи-
докорист. Чунин азму амали эҷодӣ бе ҳавсалайи тамом,
нуктасанҷию пуркорй ва хосса бе меҳру муҳаббати инсонй ба
қаҳрамониҳойи воқеӣ анҷом намепазирад. Пас, эшонро низ барои
мехнати ҳалолашон сипостан бояд.

Акбар и ТУРСОН

Майи соли 2011

4
БАЪДЕ КИ КИТОБҲОРО СӮЗОНДАНД...

Чоштгоҳи яке аз рӯзҳои зимистони соли 1931. Гурӯҳе аз
аъзои ҳайати «сегона» ба ҳавлии порсое бо тахдид дарома-
данд. Соҳибхона Пошохоҷа аз он ки меҳмонони нохонда бе
пушт-пушт омаданд, ба вазъияти ногувор афтода, саросема
худро ба зери сандали гирифт. Омадагон ба ҳамсараш дӯғ за-
данд:

- Шавҳарат куҷост?

- Сахари ба куҷое рафта буданд, - ҷавоб дод зан.

Аъзои ҳайат хостанд бадар раванд, вале чашми сардори
онҳо - марди ғӯладинг ногаҳон дар пойгаҳ ба кафши мардона
афтод ва пай бурд, ки Пошохоча ҳамин ҷост. Вай кунҷковона
ба ҳар сӯи хона нигарист ва якбора болоттӯши сандалиро бар-
дошт: шахсе рӯи гурбадавак печида мехобид. Уро як лагад
заду ҳақорат дод:

- Ҳа, лаънатй, ана ту дар куҷой! Мана барон моро фиреб
доданат! Баро аз гурбадавак!

- Назанед падарамонро, назанед! - гиристанд кӯдакон.

Зани Пошохоҷа барон рости гапро нагуфтанаш дашному

ҳақорат шунид. «Гуноҳ»-и мард ин буд, ки пас аз хатми Мад-
раса чун имоми масҷид дар пешҷои намозгоҳ меистод ва ди-
гарон ба вай иқтидо мекарданд. Ӯро бо як даста китобҳои
арабиҳуруфаш ба масҷид бурданд. Раҳораҳ ба сараш борони
дашном меборид. Мегуфтанд, ки дигар ин хел китобҳои за-
рарнокро мутолиа карда, намоз хонда, худо ҳаст гӯён зеҳни
наврасонро заҳролуд нагардонад. Мепурсиданд, ки оё ҳамаи
китобҳояш хамин аст, ё ки дигарҳояшро ба ҷое пинҳон кард?
«Ҳамааш ҳамин» мегуфт Пошохоҷа ва аз кори тобистон кар-
дааш қаноатмандй дошт. Дид, ки ҷоҳилон мардумро ба
китобсӯзонӣ маҷбур месозанд, барои маҳфуз доштани дорои-
яш чорае ҷуст: ба гӯркове дар баландии гӯристон қабре ко-
вонд. Бештарин китобҳояшро, ки байни онҳо «Чаҳор китоб»,
«Ҳафтяк», девонҳои Хоҷа Ҳофиз, Мирзо Беднл, «Абумуслим-
нома», «Ҷангнома», «Фолнома» ва «Қиссас-ул-анбиё»-и чопи
нодир буданд, бо латта печонда, чун мурдаи кафанпеч дар
сандуқ ба рӯи хиштҳои пухтаи лаҳад андохт ва гӯронд. Рӯи

5
гӯрро сахт андовид, ки китобҳо аз таъсири барфу борон нам
кашида напӯсанд. Пае ба рӯи «қабр» бомчае сохтанду онро
соруч андуданд. Аҷаб оқилона коре кардааст, вагарна ҳоло
месӯзонданд.

Мулло аслан марде буд бас шердилу бебок ва аз ҳайбату
сиёсати китоббезорон пинакаш вайрон намешуд ва хунсардо-
на хомӯшй гузида, дар пеши ин нокасу нобакорон сипохлро
аз даст надода, бо сари баланд қадам мезад.

Чун ба масҷид расиданд, аъзои «сегона» китобқои
муқаддасро рӯи хок ҳаво дода, ба Пошохоҷа фармуданд, ки
гӯгирд занаду онҳоро сӯзонад. Ин даҳшати гӯшношуниде буд
барои марди порсо.

- Не, не! Охир, ин гуноҳи азим мешавад, - сахт ларзид
мулло. - Наход дину диёнатро пешпо занед? Наход китобҳои
муқаддасро сӯзонед? Убол аст, убол! Ҳой, ба худ оед! Шумо
пештар ин хел набудед-ку. Шуморо кӣ аз роҳ зад? Истед,
илтиҷо дорам...

- Чӣ мехоҳед? - қаҳри ғӯладинг омад.

- Ҳар яки ин китоб олам-олам маънӣ дорад. Илтимос,
якашро каме хонам, гӯш кунед, агар як ҳарфи бемаънй, ягон
ҳиҷои ғайри ахлоқи инсонӣ дошта бошад, маро кушед хдм,
розиям.

- Хайр, бигир, бихон! - дили нохоҳам фармуд яке.

Пошохоҷа аз замин китоберо бардошта, ба чашмаш молиду

бӯсид ва саҳифаеро кушода, ба хондан оғозид:

Наишвад най ба ҷуз аз сабр шакар,

Нашавад санг ба ҷуз сабр гуҳар.

Сабр, ҳарчанд ки заҳрогин аст,

Оқибат ҳамчу шакар ширин аст.

Рост кун цоидаи нийяти хеш,

Боз ҷӯ мояи амнийяти хеш.

Пои ҳиммат бикаш аз доми гурур,

Маи гафлат махур аз ҷоми гурур!

- Ист! - амр дод марди ғӯладинг. - Байтҳои хуб барин-ку.
Ин чй китобест? Ба ман фахдюн...

- Ин китобест бебаҳо, - гуфт Пошохоҷа. - Номаш «Сӯҳбат-
ул-аброр», яъне ки сӯҳбати одамони накӯкор. Муаллифаш

6
Мавлоно Абдураҳмони Ҷоми. Достони панду ахлоқи.
Насиҳатномаи табаррук. Ин маснави ягон гапи беҷо надорад.
Боз каме хонам, гӯш дихед.

- Бихон, армонат намонад.

Пошохоҷа дид, ки навкарони «сегона» ба китоохониаш
диққат доданд, овозашро бурротар баровард.

Аӣббинӣ ҳунаре чандон нест,

Ҳадафу цасди ҳунармандон цеспг.

Чаит бар лагзиши ёрон мафикан,

Ба маломат дили ёрон машикан.

Шамъ шав, шамь, ки худро сӯзӣ,

То ба он базми касон афрӯзӣ.

Абр шав, то ки чу борон резӣ,

Ба гулу хас ҳама яксон резӣ.

Абр бояд, ки ба саҳро борад,

3-он чӣ ҳосил, ки ба дарё борад...

Дидед, чӣ суханҳои нағз, чӣ ҳикмату ҳадис! Ҳайронам,
куҷои ин китоб зарарнок бошад? Ин дастури амал аст,
раҳнамои зиндагӣ. Мана, ин байтҳояш...

- Бас, бас! Шунидем. Ҳаминаш кофист! - гуфт ғӯладинг. -

Суханони бад не, вале илоҷе надорем. Ба мо аз «Боло» фар-
му даанд, ки хар як китоби ҳуруфи араби оояд нобуд гардад,
вагарна худамонро нобуд месозанд. _

- Ин хуруфот барои мусулмонҳо муқаддас аст, — ба руи
ғӯладинг нигарист Пошохоҷа. — Ҳамаи китобхои гузаштагон
бо ҳамин хуруф ба нашр расидаанд. Наход аз «Боло» ҳамин
хел амри беҷо диҳанд? Наход об аз cap лой оошад?

- Фармон ҳамин. Шубҳа ҳоҷат надорад, сиёсат хамин хел.

- Сару сарвари ин ҳама «табаддулот» кист?

- Кй мешуд, пеш аз хама, ранен НКВД-и шаҳрамбн Шав-

лов. Агар аз амраш cap печем, ба пӯстамон коҳ ҷой мекунад.
ЭҲ, марди сода, ту ҷахди мураккаби вайро чй донӣ. Худой ту
дар дилат, аммо худой ин махал ана ҳамон I Павло в. Фаҳмиди.
Вай ҳам худой худашро дорад: Ежов номаш. . ■ / j

- Худоро масхара накунед, офаридгор яккаву ягопа аст.
Дин наҷоти дунёст, дин накӯкориву шафқат ва покизагиву
иффат аст. Инсонҳои беимон ҷаҳолатпарастанд.
- Барой ташвиқи динпарастй ҷазо мегирӣ.

- Бигзор, ҷазо гирам, вале боварам намеояд: наход ҳамон
Шавлову Ежов муллоҳоро сахт ранҷон, китобҳояшонро дар
пеши, чашмашон сӯзон гуфтаанд?! Ҳуруфи ачдодиамонро
нест карданашон бас набуд, ки китоби қадимаамонро нобуд
мекунанд. Қадрношиносии як халқи аз кадим саводнок магар
аз ин зиёд мешавад? Эй, лаънати олам ба сари ҳафт пушти
шумо! Ин хел ваҳшониятро таърихи башарият надидааст.
Шумо ин ҳуруфи моро дар Тоҷикистон нобуд месозед, аммо
дар Эрону Афғонистон ва дигар мамолики мусулмонӣ маҳв
карда наметавонед-ку!

- Э гапа кам кун! Ҳоло ин китоб ҳеҷ қисса не, вазъият
ҳамин хел идома ёбад, фардо хонаатро ҳам месӯзонанд.
Воқиан, барон чӣ мо ину он гуфта шиштем?

Масҷиди ҷомеъ китобхона дошт, ки одамон аз он баҳравар
мешуданд. Китобҳои онро низ оварда, ба болои китобҳои
Пошохоҷа гузоштанд. Дар байни девонҳои Саъдию Ҳофиз,
«Шоҳнома»-ю «Ахлоқи мӯҳсинй», инчунин «Қуръон»-у
«Маснавй», «Ҳафтяк» ва «Чаҳор китоб» пахну парешон мехо-
биданд.

- Канй, оташ занед! - амр дод ғӯладинг.

- Дод аз дасти китоббезорон! — фиғон кашид Пошохоҷа. -
Ин чй таххир, ки дар масҷид Қуръони шарифро месӯзонед!
Ҳой, истед, беинсофҳо! Оташ назанед! Илоҳо хонаатон
сӯзад!..

Ба сари Пошохоҷа кӯхн дарду андӯҳ фурӯ рехт. Ба ҳазор
зорию таваллояш эътибор надода, китобҳоро сӯзонданд. Аз
чашмони вай қатра-қатра ашк мерехту банд-банд»* вуҷудаш
гӯё ҳамроҳи китобҳои зарварақаш дуд мебаровард. Вой бар
ҳоли азизоне, ки китобҳои камёбро бо пули гарон харида, бо
фармони тӯдае нобихрадон дар коми оташ дарбохтанд!.

Чунин буд муносибат бо китобу китобдӯстон, ба ахди дину
тақво дар он замони оқилкушу ҷохилпарвар. Масҷиду мулло-
ро чашми дидан надоштанд, аз тиловати сураҳои Қуръон
меҳаросиданд. Ба ҳар касе, ки саллаву риш дошт, каҷ-каҷ ме-
нигаристанд. Ҳол он ки ҳатто аврупоиҳо салларо рамзи хирад
донистаанд, ҷомаро рамзи осоишу оромӣ. Бадбинии диндорон

8
солҳои СОЛ давом ёфт, озодии эътиқодро аз байн бурд. Ода-
мон аз бими ҳаёти худ маҷбур буданд, ки китобҳои ачдодиро
аз чашмй нохалафон пинҳон хонанду ниҳон доранд.Ҳазорон-
ҳазор китоби гаронбаҳои илмию таърихй, ҷуғрофию фалсафи,
мазҳабй, девонҳои ашъори суханварон ва фарзонагони бузур-
гвор вақти пинҳонкориҳо тӯъмаи боду борон шуданд, байни
девору бағали кӯҳҳо, дар ковокии дарахтону қабати сангҳо
мағор бастанд, дар коми дарё ва оташи ҷаҳолатпарастон талаф
ёфтанд. Номи бисёре аз суханофаринон аз сафҳаҳои таърих
ситурда гардид.

Баъде ки китобҳоро нобуд карданд, барои наслҳои нав
роҳро ба сӯи маърифати умумибашарй бастанд, зехру закон
одамӣ дучори карахтӣ гашт. Пошохоҷаи бебок сари ҳар чанд
вақт ба чорбоғи шаҳр рафта, сӯи муҷассамаи дохӣ РУ оварда,
ба хитоб мегуфт: «Эҳ, Ленин, Ленин! Ҳазору як васият карда
рафтй, Ленин! Одамон аз минбари мачдисҳо суханонатро
мегӯянду амалй намегардонанд. Дареғо, ки нохапафҳо барои
мансабу манфиати худ на фақат ҳизби туро бадном мекунанд,
балки оянда, агар кор бо хдмин минвол идома ёбад, бешак,
онро ба вартаи ҳалокат меандозанд... НКВД хонаи китобқоро
сӯзонд. На танҳо равшанфикрон, балки баъзе шахсони тамом
бесаводро қам (агар китоби арабихат дошта бошанд) ба ҳар
баҳонаву бӯҳтон чун душманони халқ ба зиндон мекашанд.
Магар ту ба ҳизбат фармудай, ки ба мероси ниёгон ҳамин хел
муносибатро раво бинад? Эҳ, Ленин, Ленин! Зинда шаву чо-
раи ин ҳама ҳамоқатро бубин, Ленин!»

Мар дум Пошохоҷаро рӯ ба рӯи ҳайкали Ленин дида, хито-
башро ба ӯ шунида, баъзан ба идораи ақлу ҳушаш шубҳа
доштанд. «Афсӯс, Пошои бечора аз ақлу хуш бегона шуда-
аст» мегуфтанд гоҳе сабукфикрон. Пас аз чанд рӯз ӯро дар
бари ҳайкали Сталин медиданд. Худро чун девонамизоҷе во-
намуда, ба нигоҳи рахтузарон эътибор надода, зери лаб пи-
чиррос мезад: «Падари мӯътабари халқҳо, давомдиҳандаи
содиқи кори Ленин, рафиқ Сталин! Наход ту бехабарй, ки
ҷаллодони НКВД, ин забардастони зердастозор аксари корҳои
ифлоси худро дар паноҳи номи ту ба ҷо меоранд. Агар дучори
нобарорй шаванд, ба хонаи бегуноҳон бо зӯрӣ медароянду

9
тӯҳмат мезананд: «Чаро дар шаъни Сталин носазо гуфтӣ? Бо
ҳамин ту дар ҳисоби душмани халқ ҳастӣ!» Эҳ, падари аз
ҳоли фарзандон бехабар! Ту фориғболй, ё туро мефиребанд?
Ку меҳру шафқат,ку инсофу адолат?»

Баъде ки китобҳоро сӯзонданд, Пошохоҷа дигар хомӯширо
авло надонист. Вай дар шумори рӯҳониёни мӯҳмалабоф на-
меомад. Барои ҳимояи озодии виҷдон ва ҳуқуқи инсонии худ
ба идораҳои адлия эътирознома менавишт. Борҳо масъалаи
беадолатиро ба миён мегузошт. Боре дар кабулгоҳи раиси
НКВД гуфт. «Тоату ибодат, расму оинҳои диниро кай бе
таҳлука оа ҷо меорем? Пеш дар мактабҳо омӯзиши диниёт
ҷори оуд, шумо нест кардед. Озодии виҷдон зери по монд. Аз
омузиши дин мафкураи ҷамъият намекоҳад. Дин ахлоқи
ҳамида, муттаҳиди, инсонпарварй, одаму одамгариро мепара-
стад. Гаърихи динро таьрихи башарият мегӯянд...»

Сари ҳар қадам ҳаёти Пошохоҷа зери хатар мемонд. Ода-
мон ҳайрон мешуданд, ки чй тавр ӯ дар он ҳама афтударафтҳо
cap ба саломат бурда, озодиро аз даст намедиҳад?! Ин марди
волохирад дид, ки аксари равшанфикрон, муаллимону
муллоҳоро ба ҳабс гирифтанд, рӯзе ба идораи НКВД дарома-
ду ошкоро розашро кушод: «Ба тухми диндорон қирон овар-
дед, ҳамаи дустонамро рабудед. Медонам, ки навбат ба ман
ҳам мерасад. Бо пои худ омадам, хоҳ бадарға кунед, хоҳ зин-
дон. Баред, маро ҳам дар ҷумлаи душмани халқ баред, армо-
натон намемонад. Кушед маро!..

Пошохоҷа панҷ сол рутубати зиндонҳои кишвари дурдасти
Сибирро хурда, боз ба шаҳраш баргашт. Андаке пеш аз вафо-
таш қабреро, ки дар он сандуқи китобҳояшро гӯронда буд,
кушод. Хушбахтона, китобҳоро осебнадида дарёфт. Азбаски
рӯи гӯр ва атрофи онро борҳо бо каҳгил ва гаҷ меандовид,
китобҳоро рутубат аз байн набурд...

Баҳори ёоли 1967 аз яке куҳансолони рӯзгордида Муртазо-
хон Махсум пурсидам, ки дар Конибодом киҳо китобҳои
аҷдодиро аз туфони фалокатбори он солҳо маҳфуз дошта та-
вонистанду киҳо не? Пири куҳансол андешамандона яке аз
йнсонҳои фозили зодгоҳаш Ғулом Нақшбанди Зоҳидро ном
10
бурд. Мувофиқи шаҳодати ӯ, мардум падару бобоёни Ғулом
Нақшбандро низ чун китобдӯсти донйшвар мешинохтаанд.
Онҳо бо қамаи китобшиносону китобхбнх,о ва китобфурушҳо
дӯстию рафоқат доштаанд, то сохти нав тавассути тоҷирон аз
Эрону Афғонистон, аз Ҳинду Чин то Арабистон китоб гириф-
та, китоб медодаанд. Ғулом Нақшбанд китобҳои меросиро дар
як хонаи алоҳида нигоҳ допгга, рӯзу шаб ба мутолиа машғул
будааст. Аз ин рӯ, ёру дӯстон ӯро «Ғуломи китоб» ҳам мено-
мидаанд. Ҳамин ки маъракаи ҷаҳолат - хуҷум ба мошоиху
муллою муфтӣ, қозию мударрис, хуҷум ба масҷиду Мадраса
оғоз ёфт, ҳамин ки маърифатпарваронро ба ҳабс гирифтанд,
Ғулом Нақшбанд китобҳоро ғундошта, дар куҷое пинҳон кар-
да, гурехтаву ҷон ба саломат бурдааст. Бо чи тарзу тариқ
пинҳонкорӣ карданашро касе намедонист.

- Биёед, як сари қадам ба хонаашон равем, ҳамсарашон дар
қайди ҳаётанд, - гуфт Муртазохон Махсум ва ҳар ду рохд
махдллаи Кӯиқозиёнро пеш гирифтем. Пири хушсуҳбат
раҳораҳ аз кору рӯзгори дӯсти наздики худ ҳикоят меовард: -
Ғулом Нақшбанд дар Бухоро таълими Мадраса гирифтаанд. Аз
соли 1916 қозии Йсфара буданд, хонаашон дар Навгилем. Тез-
тез ба дидори якдйгар мерасидем. Бо қиссахони шабҳоро ба
саҳар мебурдем. Аз аввали солҳои сиюм, гӯё пешомади кори
худро дарак ёфта мегуфтанд, ки сиёҳие дар дилашон пайдо
шуда, роқи нафаскаширо мегирад. Ин даврае буд, ки дар ак-
сар маҳалҳо тақдири одамони бомаърифатро инқилобиёни ча-
ласавод ҳал мекарданд, замоне буд, ки «атеистҳо» таҳти шио-
ри мубориза ба муқобили дину диёнат шахсони донишманд,
муаллимон, уламову удабо, муллоқо ва дигар фарзандони
асили миллатро ба душманӣ бароварда, ба решай суннатҳои
мардум теша мезаданд. Онҳо ба қеҷ касу ҳеҷ чиз ихлосу имон
намеоварданд. Аз таъқибашон Ғулом Нақшбанд ҳам амон на-
ёфтанд.

- Чанд сол азоби зиндон кашиданд?

- Панҷ сари сол.

- Баъзеҳо аз бист сол ҳам зиёдтар дар ҳабсхонаҳо ниша-
станд.

- Ғулом Нақшбанд гуноҳе надоштанд. Аз тамоми фаъолия-

11
ташон ҷурме наёфтанд, ба ҷуз ин, ки имоматии масҷидро ба
ҷо меоварданд. Аз соли 1940, баъди озодй аз ҳабс ҳафт сол
дар ноҳияи Бегободи Узбекистон ба боғбонӣ шуғл доштанд.
Сонй боз ба Конибодом бозгаштанд, то соли 1960 дар гузари
Ҳавзи Баланд дар масчиди Собир Понсад (ҳоло онро
«масҷиди Савр» меноманд) имоматй мекарданд. Пошохоҷа
вазифаи ҷонишинии он касро ба ҷо меоварданд. Бо сӯфй
Ҳасанхон ҳар се хизмати аҳли тақворо анҷом медоданд...

Дар замонҳои пеш аз инқилоби Октябр дар гузарҳои Кони-
бодом бештар аз сад масҷид ва чаҳор Мадраса хидмат мера-
сонд (Ҳар Мадраса замини вақф дошт, ҳосили онро барои за-
рурати Мадраса, масҷиду хонақоҳ ва ободии мазорҳо истифо-
да мебурданд, вақфҳо ягон навъи андоз намедоданд). Бо гу-
зашти айём борҳо масҷидҳоро мекушоданду боз аз нав меба-
станд. Чунончи, масҷиди Собир Понсадро соли 1943 дубора
кушода, соли 1960 боз ба дараш қуфл заданд. Аксари
масҷидҳоро ба анборхонаву партовгоҳ табдил дода, валангор
сохта, вассаю болор ва сутуну шоҳтирашонро ба яғмо мебур-
данд. Танҳо чанде аз онҳо аз дасти бедодиҳо эмин монд.

Муртазохон Махсум, ки яке аз аввалин муаллимони шаҳр
аст, баъди муддате таваққуф суханашро идома дод:

— Ёд дорам, ки рӯзи бастани масҷиди Собир Понсад домул-
ло Ғулом Нақшбанд дар ҳалқаи ҳаммаслакони худ Пошохоҷа.
Абдулфаттоҳ Махсум, Сӯфй Ҳасанхон ва дигарон ба ҳозирон
маъюсу малулона мегуфтанд: «Бародарони азиз, имрӯз ҳизбу
ҳукумат қарор бароварданд, ки масҷидро бандем. «Ҳукми
подшоҳ воҷиб» гуфтаанд. Хоҳишмандам минбаъд ҳар кас дар
хонаи худ намоз гузорад. Чизу чораи масҷидро ба хонаи яти-
мон месупорем».

Тақводорон норизоёна хОна ба хона рафтанд.

Он вақтҳо ба биноҳои масҷиду Мадраса ва мазорҳо пардаи
хурофот пӯшонда, онҳоро на ёдгории таърихи халқ, нишонаи
фарҳанги ниёгон, меъморон, намунаи хунарҳои наккошиву
рассомй, кандакорй ва қасрсозй, балки чун зухуроту
боқимондаи урфу одатҳои кӯҳнаи феодалй мепиндоштанд ва
бераҳмона ба хароба табдил медоданд. Вале аз бастани
масчиду Мадраса касе аз эътиқодаш наметают.

12
Ман боз суол додам:

- Ғулом Нақшбанд забони арабиро медонистанд?

- Бале, забони Қуръони маҷидро хеле хуб медонистанд, -
изҳор намуд мусоҳибам. - Ногуфта намонад, ки он кас бо
Садриддин Айнй шарикдарсанд. Устод Айнӣ ҳар гоҳ ба ви-
лояти мо оянд, ҳатман ба хонаи Ғулом Нақшбанд ташриф ме-
оварданд. Ғулом Нақшбанд на танҳо арбоби дин, балки шахсе
буданд ҷуғрофиядон, таърихшинос, фиросатфақм ва дониш-
манди расму оини мардумй. Хосса фиросатро атои нақшбанди
азал медонистанд. Дар китобмонакашон сари ҳар чанд вақт
ғайр аз Қуръону Инҷил боз «Қиссас-ул-анбиё» барин
китобҳоро медидем. Чунин як пандашонро ёд дорам, ки акса-
ран ба муаллимон мегуфтанд: «Бародарҳо, фаромӯш накунед,
ки дину дониш ҷудоинопазиранд, яке бе ҳастии дигаре вучуд
надорад.Ҳар ду ҳам дар тарбияи ахлоқй ва одоби низом
сахмгиранд». Хато намешавад, агар бигӯям, ки Конибодом
мисл Гулом Нақшбанд шахсияти наҷибу диншиноси фарзона-
ро надидааст ҳанӯз. Домулло ба силсилаи нақшбандия, ки дар
суфия маъруф аст, сахт эътиқод меварзиданд. Лақабашон
Нақшбанд аз ҳамин ҷо ибтидо мегирад. Ҳаштоду ҳафт сол
умр диданд.

Дари Гулом Нақшбандро ба рӯи мо писархондаш Низо-
миддин кушод. Рӯи кати ҳавлй бо ҳамсари марҳум сӯҳбат
оростем.

- Серкитобу пурмутолиа буданд, аз якчанд харсандуқи ки-
тоб истифода мебурданд, - ба пурсишам посух дод ниразани
нуронӣ. - Ҳамон солҳо китобҳояшонро дар мағзи девору паси
тахмонҳо мегузоштанд. Баъде ки замонаҳо каме осуд, боз
онҳоро як-як бароварда, аз чангу гард тоза карда, умри дубора
доданд. Чанд вақт пеш аз вафот он китобҳои табаррукро ба
ёру дӯстонашон доданд, боқиашро бо номнавишт васият кар-
данд, ки баъди сарашон ба фалониву беҳмадониҳо супорем.
Мо васиташонро ба ҷо овардем. Якчанд охирин китобашонро
ходимони кадом як муассисаи тадқиқотй бурданд.

Пиразан аз тақдири сармояи пири хонавода дигар ҳарфе
назад. Пас як сурати Гулом Нақшбандро ба ёдгор гирифта, бо
ахди хонадон хайрбод гуфтем. н„

13
- Боз кадом китобхонадоронро медонед? — пурсидам дар
бозгашт аз Муртазохон Махсум.

- Дар ҳар маҳалла чандин китобдӯсти таҳсилдидаи Мадраса
хизмати ташнагони маърифатро ба ҷо меовард, — қомуси
таърихро варақ мезад ӯ. — Масалан, Исматуллохони Махсум
дар ҳавлияш мактаб ва китобхрна дошт. Садҳо нафар рав-
шанфикрон аз он кас таълим гирифта, хату савод баровар-
данд. Аз китобхонадорони машҳури шаҳр Солеҳбои Сӯфӣ,
Қори Зоҳид, Ҷамолиддин.и Махсум, Тоҳири Ёрмуҳаммадзода
(бародари Крмил Ёрматов), Мирсиддиқ, Мулло Бароти Тур-
СУН5 Қорӣ [ {асиб, Абдухадилхони Эшон ва бисёр дигаронро
медонам. ки гирифтори таъқибот шуда, нисфи умрашон дар
бадарғаю гурезогурез гузашт. «Гуноҳ»-ашон ин буд, ки дар
Мадраса сабак гирифта, китоби куҳнахат мехонданд.

- Равони он покмардон шод бод! Агар мисли онҳо маъри-
фатпарварон намедонггем, билқул аз мероси бебаҳои аҷдоди
худ маҳрум мемондем. Ба шарофати онхо як қисм китобҳои
ачдодӣ то ба имрӯз расиданд. Дар Душанбе бародаре дорам, ки
ними умрашро бо китобхарӣ гузаронда, ба аксари шаҳрҳои
қадимаи Осиёи Миёна сафар кардааст. Ба ӯ куҳансолони Иста-
равшан бо дарду алам гуфтаанд, ки ҳамон солҳо ахди илму
фазли шахрро, ки қувваи пешбарандаи донишу маданият бу-
данд, бо айби он, ки диндор ҳастанду дар хонаашон китобҳои
арабиҳуруфро нигоҳ медонгганду мутолиа мекардақд, маҳкум
намӯда. ба ҷойхои дурдасти равунабиёи мамлакат фиристо-
данд. Гасаввур кунед, магар ҳамаи муллою эшон, қозию му-
даррисон ва ахди илму фазл дар ҷумлаи душманон ҳисоб ме-
ёфтанд? Аксари он ашхоси бомаърифат зухуроти фарорасии
инқилобро аз омади вазъияти замон медонистанд. Дар дил
орзуҳои зиёде доштанд, ба халқу ватан хизмати шоиста кардан
мехостанд. Магар хонаи аҳли савод бекитоб мешавад? Дар
дошҳои бузурги хиштпазии Тали Муғи Истаравшан шаш моҳи
тамом бо сӯхтани китоб хишт нухтаанд. Дар ҳар шабонарӯз аз
95 ҳазор то 350 ҳазор дона хишти хомро бо оташи китоб аз
кӯраҳо баровардаанд. Ба атрофи кӯх-кӯҳ китобҳои аз ҳар хона-
дон гирдоварда ва ба сари дошҳо одамони мусаллаҳро посбон
мегузоштаанд, ки китобҳоро то охир сӯзонанд...

14
- Эй, лаънати дунё бод ба он кӯрдилон!

- Воқиан, такдири китобҳои худатой ба чӣ анҷомид?

- Ҳамаашро аз балои тӯфонҳо нигоқ доштам. Онқо ёдгории
мананд ба писари ховаршиносам Саъдихон.

Он рӯз Муртазохон Махсум оҳ аз ҷигар кашида, қикоя
кард, ки чй сон зимоми мулкдорй дар дасти ҷоҳилон буд, чй
сон нокасони ҳаромкор барои мансабу мартаба узви ҳизб ту-
да, худро бехудо эълон карда, аз хама гуна маънавиёти мар-
дум рӯй метофтанд. Ба ҷои он ки зоҳидони риёкор, шахсони
гумроҳ ва хурофотпарастони ақидаашон иртиҷоиро ёфта, ба
муқобили гумроҳиҳои динӣ мубориза баранд, ба ҷои танқиди
илмии дин баръакс диндорони босаводу' фозилро тахдиду
таҳқир ва ҳатто нобуд месохтанд. Ин тазйиқу фишоровариҳо
ба ҷуз нақш бар об кашидан Самаре намебахшид, дили мар-
думро аз корҳои неку тариф сард нагардонд, балки нисбат ба
ҳизбу ҳукумат бадбиние ба вуҷуд овард. Маҳви китобҳои
кӯҳна як навъ у сули чохилонаи кор бо диндорон буд, ки ба
иззати нафси эшон сахт мерасид. Охир, дар китобҳои
муқаддаси Қуръон ва Таврот ҳар калимаву ибораи хирадман-
дона як хел маънй дорад: дуздӣ макун, ҳаром махӯр, мазхдб
мафурӯш, дасти дармонда бигир, ҳурмати волидайнро ба ҷо
биёр! Китобҳои муқаддас хамеша мардумро новобаста ба
ирқу нажодашон ба мухаббату садоқат, бародарию рафоқату
хамдигарфаҳмӣ мехонанд. Фарзанди фарзонаи хамин шахр
Ӯктами Холиқназар дар эссеи худ « Дар сӯгвории қалъаи
Махрам» он манзарахои набард бо дунёи куханро хеле муас-
сир тасвир карда, аз ҷумла нигоштааст: «Ва дар зимни хдмаи
ин набарде сахт алайҳи китоб сурат гирифта ва хар он чй, ки
бо ҳуруфи ниёгонамон ба чашмашон мехӯрд, сарфи назар аз
он ки он китоби динист ва ё девони Хоҷаи Шероз, тӯъмаи
оташ мегардонданд. Ва агар ин ҳатто динй буд, оё чунин му-
носибат ба китоб раво бошад?.. Қуръон, Ҳафтяк, «Чаҳор ки-
тоб»... Оё дар ягон сатри онҳо ҳарфе алайҳи мардумон мета-
воне д пай до кунед? Ва оё дар ягоне аз онҳо дуздй, одамкушй,
одамхӯрй, фиребгарй, қаллобй, мардумозорй ва дигар ба ин
монанд хислатҳои бади одамиён ситу да шудаанд? Гирем
«Чаҳор китоб»-ро, ки ба қалами мӯъҷизаосои Фаридаддини

15
Аттор ва дигарон мутааллиқ аст ва аз хонданаш баҳри дили
кас кушода мешавад, чаро ки ҳар сухани он хонандаро ба
роҳи рост ҳидоят мекунад».

Ҳеҷ қабоҳате бадтар аз нобудсозии китоб нест. Хонаи бе-
китоб мисли рӯзи беофтоб аст. Ҳар як соҳибдил ҳатман бо ки-
тоб сарукор дорад. Бе китобу омӯзгор ҳама гуна дороии
маънавй ва ахлоқу одоби ҷомиа футур меравад. Банй-одам
дар рӯи Замин ҳафт чизи муқаддасро чун манбаъ, моя ва
равнақи зиндагй шинохтаанд, ки қонуни байналмилалй маҳви
онҳоро қатъиян манъ мекунад: куштори модару кӯдак,
омӯзгору олим, адибу табиб ва нобуд сохтани китоб. Дарего,
ки ттастфитратони сипеҳри ғосиб таи беш аз ним аср ҳамин
қонуни мамнӯъро низ поймол карда, дар оинаи дили наслҳо,
чун нақш дар санг, доғҳои носитурданй гузоштанд.

Нобудсозии китоб аз ҷодаи фарҳанг боздоштани халк аст.
Онҳое, ки ба ин амали нораво роҳ дода, халкро ба гумрохй
бурданд, хиёнате карданд, ки аз хотирҳо абадуддахр намера-
вад.

Алғараз, мардуми тоҷик солҳои сол дар ғафлат монданд, аз
озодй ва файзи демократй бархурдор набуданд, дар ичрои
маросимҳои машрабию мазҳабй таҳти фишор қарор доштанд,
қариб буд, ки расмулхати ниёгонро аз ёд бубаранд. Чй хуш
аст, ки кунун мо боз ҳуруфи ниёгонро меомӯзем. Аз мӯъҷизаи
ақлу шуури адибону олимон -- аз китобхои пурбаҳои бостонй,
ки фикру аки да ва ҷаҳонбинии инсонро тағйир медиҳанд,
баҳра мебардорем.

Фанонопазир бод адолати замона!

ИЗДИЁД

- Ҳа, ҳамсоя, ба куҷо?

- Ба майдони Машхад. Молҳои мусодираи давлатмандонро
ба фурӯш мебаровардаанд. Ҳафтаи гузашта хам бароварда бу-
данд.

- Ягон чиз хариданиед?

- Як чиз, ним чиз лозим. Биёед, ҳамроҳ равем.

- Наметавонам.

16
— Не нагӯед. Чизе нахарем ҳам, тамошо карда меоем.

Ин дам аз кӯча чаҳор аробаи қӯқандӣ гузашта, Сӯи майдонй
Машҳад мерафг. Ин аробаҲо пур аз бизоати «унсурони бего-
на» буданд. Молу маноли бадарғашудагонро ба маҳалҳои се-
родам, ба майдону бозор бурда, ба тариқи музояда
мефурӯхтанд. Чӣ ғавғое дошт ин савдо. Харидори бисере гирд
меомад. Ҷорчӣ бо овози баланд мегуфт:

— Мана ин гилеми тозаи пашмин. Сеяки нархаш панҷоҳ
сӯм. Канй, кй зиёд? Ҳар кас баландтар нарх монад, гилем аз
вай.

Ин гапро се бор такрор мекарданд, касе нархро наафзояд,
зангӯла мезаданду бо ҳамон нарх мефурӯхтанд.

Баҳои ашёи пурарзиш ҳатман боло мебаромад. Фурӯщгор
ба ангуштарин ё халкаи заррин нарх монда, ба ҳозирин пеш-
каш мекард:

- Чанди ману чанди ту?

Яке мегуфт:

— Бисти ману бисти ту.

Дигаре илова мекард:

— Сии ману сии ту.

Ва ҳамин тарик яке аз дигаре нархро афзуда, ба ҳадд мера-
сонд.

Дар байни издиҳом касоне ҳам буданд, ки ба он хама колой
мухталиф назаре меандохтанд, аммо аз харидан худдорй ме-
карданд, зеро аз моли мусодира ҳазар доштанд.

- Э, мон, ин гилемро намехарем, - мегуфт шахсе, - моле,
ки ба соҳибаш насиб накард, ба мо чй вафо кунад!

- Ҳақ асту рост, - сухани ӯро қувват медод дигаре. - Ман
соҳиби ҳо ана он мошини чокдӯзиро медонам. Ҳалол кор кар-
да, андак бизоатдор шуд, ки ба сараш ин шӯру шар омад...

- Рафтем аз ин ҷо! Бечораи бечиз бошем ҳам, ин хел молҳо
барои мо ҳаром, чунки аз соҳибаш ҷабран гирифтаанд, -
таъкид мекарданд занҳо.

Ҳар як чойнику пиёла, косаю табақи чинй, ҳар як дегу са-
мовор, сандуқу лаганду офтоба ва дигар зарфиёти мисина, де-
ги манту, шолу гилем, кӯрпаю болин, рӯмолу сӯзанӣ ва дигар
асбобу анҷоми бадаргашудагонро бо усули «Кй зиёд?» пул

17
мекарданд. Пас, таҳти назорати ҳайати кумитаи фирқавии
шаҳр маблағи моли мусодираро ба ҳисоби давлат мегузаро-
ниданд. Гоҳе «абҷаддонҳои моҳир» ин қабил пулҳоро ноаён
байни худ обу лой ҳам мекарданд.

Киҳо буданд соҳибони он ҳама анвои колою ашё? Бо амри
кӣ чизҳои хонадони одамони миёнаҳолу нодор мусодира ва
бозори фурӯшашон гарм мешуд? Синаи киҳо ҳадафи тири
беадолатӣ мегашт?

Солҳои сиюми садаи бист бо мақсади мубоиза ба муқобили
ағниё - дороён, ба истилоҳ кулакҳо (муфтхӯрон) дар назди
Шӯрои қишлоқҳо бо номи «сегона» (манзур «тройка»)
ҳайатҳо таъсис карда буданд. Мувофиқи хуҷҷатҳои бойгонӣ
ва шаҳодати куҳансолон, дар Конибодом бо сарварии раиси
НКВД-и шаҳр Шавлов шахсони зерин узви ин ҳайатҳо бу-
данд: Аъзам Носир, Абувалӣ Юсуф, Салим Боту'р (Кали Са-
лим), Нормати Содиқ, Пӯлод Мадёр, Сайфиддини Шарофид-
дин, Ахмад Боймат, Мирзочервон, Юлдош Ҳасан, Ҳисом
Тоҳир, Дехдони Авазмат ва боз чанде дигарон. Ин афроди
«кафили давлат» ҳар рӯз дар қар гузару маҳал маҷлис гуза-
ронда, нодору дороро «муайян» мекарданд. Ба ҳар даре, ки
онхо cap халонанд, ба ҳар остоне, ки пою қадамашон расад, аз
он ҷо дуди оху фиғон ва гиряю нолаи модарону кӯдакони
маъсум ва пирони барҷомонда ба фалак мепечид. Бо амри
онҳо бегуноҳ гунаҳгор, дӯст душман, нодор доро ба рӯйхат
медаромад ва молу мулкаш мусодираю худаш бадарга мешуд.

Ба фармони чунин ашхос, бо игвою дасисаи чанд мансаб-
парасту ҷоҳталош дар Конибодом беш аз панҷ сол молу мано-
ли мусодираро савдои музояда мекарданд, бархе касон зери
ниқоби «намояндаи сегона» аз давлати дигарон сарват
мегундоштанд. Сарандом бунёди бисёр хонадон футур рафта,
қашщоқие пеш омад, ки раият ба рафъи он чандин даҳсола
заҳмати миёншикан кашид. Саркардагони ин диноят шояд
гофил аз чунин андеша буданд:

Шоҳе, ки бар раи(й)яти худ мекунад ситам.

Маете бувад, ки мехӯрад аз рони худ кабоб.

Сари соли 1930 дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ мубориза
оғоз ёфт ба муқобили бою кулакҳо. Ба мақомоти ҳокимияти

18
ҳамаи маҳалҳо ҳуқук доданд, ки дар муборизай зидДи давлат-
мандон то мусодираи молу мулкашон ва бадарга кардани
онҳо тамоми чораҳоро бинанд. Давлати ҷавонй шӯравй сиёса-
ти ҳамчун синф барҳам дод&нй кулакҳоро пеш гирифта,
соҳибони мулкро ба тавре маъмурӣ аз ҳудуди ноҳия бадарға
ва ҳайвоноти корию асбоби деҳқониашонро мусодира карда,
заминашонро дар навбати аввал ба чоряккорон, баъд ба мар-
дикорон, сипас ба деҳқонони камзамин медод. Як қисми за-
мни дар ихтиёри давлат мемонд.

Ин маърака дар Тоҷикистон низ бо каҷравию тазйику
тахдидҳои сахТ оғоз ёфт. Ҳангоми бадарға кардани одамони ба
истилоҳ <<бой» хатоҳои афвнопазир рох ёфтанд. Бавзе бадсй-
ршлтони тасодуфан ба мансаб расида такдири пйхсони
бегуноҳро ба осонй ҳагт мекарданД. Аз рӯи кииаву хусумати
шахсӣ барон кадом як гуноҳи гузашта қасос мегирифтанд. Агар
касе ҷувозхона дошта бошад, «зовуди равған дорад» ^етуфтанд.
Агар коснби миёнаҳол бошад, бо баҳонан «коргоҳи кирюя до-
рад» молу мулкашро мусодира мекарданд. Дар ҳаққи чйттарон ё
собунгарон мегуфтанд: «Корхонаи бофандагиаш ҳаст, дастгоҳи
собунгарӣ дорад, ҷазояшро додан даркор». Хуллас, бо ҳар
баҳона ба дафтари такдири ахди заҳмат мӯҳри сиёҳ мезаданд.

Дар Конибодом, ки сокинонаш аз қадим асосан ба
кишоварзӣ ва ҳунармандй шуғл доштанд, оа сари одамон
кулфати гарон омад. Дар яке аз рӯзҳои моҳи августа соли
1931 аъзоёни 174 оилаи кулакшударо зӯран ба истгохи роҳи
оҳан оварда, чанд х,афта зери офтоби сӯзон дар хаймаҳо нигоҳ
доштанд. Аҳли байти деҳқону ҳунармандон, пирсолон, занон,
наврасон, кӯдаконй навзод аз хонаву манзили бобоӣ маҳрум
туда, дар гармои майнагудоз азоби алим мекашиданд. Ҳеҷ
кас тарки зодгоҳи аҷдодй, тарки хонаву манзнл кардан наме-
хост, аз боғу роғи ниёӣ дил канда наметавонист. Аз чашми
пиру чавон ашки талхи мусибат мерехт. Пае онҳоро дар
вагонҳо ба шимоли Кафқоз фиристоданд.

Баъдан ин амали нораво боз давом кард. Соли 1932-юм 64
нафар, соли 1933-юм боз 135 деҳқони миёнхол ва камбағалро
ба рӯйхати сиёҳ дохил карданд.Барзгароне, ки дар бисоти худ
як ё ду таноб замин, ду-се гӯсфанд, аспу барзагов, ё хонаи на-

19
заррасе доштанд, кулак шуданд. Кишоварзеро, ки нони сери
нахӯрдаю либоси тоза напӯшида, бо каланду зогнул замини
санглохро хам вор ва кишт карда, бо кӯзаву чалак об до да,
навниҳолонро чун кӯдакони навзод ба воя мерасонд, якбора
муфтхӯр ва унсури бегона эълон карданд.

Ҷаҳолат ба дараҷае расид, ки одамони тамоман одию
заҳматкаш, чун деҳқони чоряккор Нуридцини Абдураҳмон (аз
ҷамоаи Фирӯзоба), муллоҳо Абдулҳамид Эшон, Саидаҳмади
Бузургхон (аз ҷамоаи Сарикуй), Ҷумъамуҳаммади Собир (аз
ҷамоаи Кӯиқозиён), Мӯъмин Нормат, Усмон Ахмад (аз
Маҳрам), Раҳим Азим, Ҳаким Мирзоахмад (аз Қарақчиқум) ва
садҳо каси дигарро, ки соҳиби як-ду таноб замин ё ҷуфти гов
буданд, ба муфтхурй муттаҳам карданд. Дар байни ин
«муфтхӯрон» одамоне ҳам роҳ ёфтанд, ки худ аслан хизмат-
гори бойҳо буда, чун гаравгон ба бадарға фиристода шуданд
ва дар гарибию бенавоӣ ҷон ба сахтй доданд. Дарду қасрати
онҳо ҳадду ҳисоб надошт. Яке ба дигаре мегуфт: «Хонааш
сӯзад касе, ки моро ба мулки бегона фиристода, ломакой ва
дарбадар кард. Ин ҷохдлон тухми тоҷиконро ба хдр сӯ пош
дода, моро аз решаҳои тамаддунамон, аз забони модарию
суннатҳои бостонй, аз решаҳои амиқи аҷдодиамон кандани-
янд. Дар байни қавму миллатҳои ҳамзабон тафриқа андохта,
девори чинй гузоштан чй маънӣ дорад?» Дилсӯхтаи дигаре
фикри ӯро қувват медод: «Моро аз хешу акрабо, аз
ҳаммилатҳоямон ҷудо карда, маҷбуран ба ҷойҳои дур овар-
данд. Як рӯз не, як рӯз мардуми ин маҳал ба танг омада, моро
пеш мекунанд. Ҳар миллат бояд муқими сарзамини ачдодии
худ бошад, на дар мулки гайр сарсону овора. Фиғон аз ҷавру
ҷафои фалаки каҷрафтор ва нокасони бадкирдор!»

Ибтидои соли 1990 аз мӯйсафеди 83-сола, собиқадори
фирқа ва меҳнат Нормати Содиқ, ки аз соли 1926 раиси соз-
мони «Камбағалон» ва баъдан аъзои ҳайати «сегона» буд,
пурсидем:

- Дар арафаи сохти нав дар Конибодом тахмин чанд нафар
сарватманд буданд?

- Агар бойро ба маънои имрӯзааш тасаввур кунем, пас он
вақт панҷ-шаш нафар доро буду бас, - гуфт ӯ. - Дар нимаи

20
дуюми асри XIX, ки Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳй
забт шуд, дар Конибодом давлатманди пахтадаллобе зовуди
пунба дошт. Дере нагузашта, боз як пунбазовуд сохтанд. Ин
ду корхона дар ҳозира дои фабрикаи калобаресй ва зовуди
пахтатозакунй бунёд ёфта буд. Насриддинбой ном давлатман-
де корхонаи калони пахта дошт. Ман ӯро мешинохтам, марде
буд босалобат, азимдуссаи шофбурут. Соли 1931 ба хорида
гурехт. Боқӣ ҳама заминдорони хурду миёнаҳол, боғбонон ва
чоряккорон мезистанд.

- Бо вудуди он ки корхонйдору заминдорони калон набу-
данд, аз ин маҳал бештар одамон бадарға шудаанд?

— Қарор дар марказ интишор меёфту татбиқи он дар
маҳалҳо аз рӯи як қолаб дорй мешуд, - посух дод Нормати
Содиқ. - Сониян, ҳар сол барои кулаккунй меъёр таъйин ме-
гардид. Ба болои ин, меъёри иловагй ҳам муқаррар мешуд.
Мисли нақшаи пахтасупорй, ки идрояш ҳатмист ва агар идро
шавад, боз супориши илова медоданд, агар онро ба до орем,
боз дархости нав меомад. Аъзои ҳайат ҳафтае се-чор мадлис
гузаронда, сари ҳалли муаммои навбатй дарди cap мешуданд.
Агар супориш идро нагардад, худи онҳоро дазо дода, ҳатто ба
диноят мекашиданд. Бино бар ин, баъзеҳо аз тарси дон
деҳқонони камбағалу миёнаҳолро низ ба тарафи кулакҳо тела
медоданд. Баъзе «хабаркашҳо» бечораеро шаб кулак карда,
рӯз ба ӯ мегуфтанд, ки зуд гурезад.

Дар роҳи идрои қарорҳо сари ҳар қадам ҳодисаи дардомезу
хандахез pyx мед од. Соли 1933 сокинони дамоати Пӯлодон
бародарон Юлдошбой ва Муллорозиқи Дадабойро барои он
кулак карданд, ки падарашон то инқилоб шолй кошта, биринд
мефурӯхт ва соли 1921 мурда буд. Адабо, шоликори бечора
чй гуноҳ дошт, ки ба дои ӯ фарзандаш дазо гирифт?

Вакилони «сегона» ва созмони «Камбагапон» дар дамоати
Фирӯзоба ба ҳавлии Собирабибии Ҳаким ном зане дарома-
данд, ки падар ва шавҳараш кайҳо мурда буданд. Дар кунди
ҳавлй ду санги осиёб болои ҳам мехобид.

— Ин сангҳо азони кй? - пурсиданд онҳо.

- Мероси падарам, - гуфт Собирабибй, - он кас то инқилоб
осиёбон буданд, аз меросашон ҳамин сангҳо боқй монд.

21
- Канӣ, ба рӯйхат нависед, - ба ҳамроҳонаш фармуд намо-
яндае, - осиёби падар ба духтараш мерос мондааст.
Сохибхона кулак!

Собирабибй аз ин бӯхтони маҳз фиғон бардошт:

... -Номардҳо! Аз кӯчаи инсоф гузаштаед,е. не? Ин чӣ тӯхмат,
ки сангро аз осиёб фарқ намекунед? Нодорро ба рӯихати доро
дароварда, хонаи чӣ қадр бегуцоҳонро. сӯзондед...

Чунин буд муносбат ба дехдону ҳунармандоне, ки аз паси
касби ачдодӣ нон мехӯрданд. Онҳо ба ҳама гуна ҷабру ситам
ва дарду алами фишору тазйиқ мардона тоб меоварданд.
Зарарҳои азоби руҳонӣ ва ҷисмонй аксарашонро пеш аз вақт
ба он дунё бурд.

Соли 1933, вақте ки боз 490 касро аз ҳуқуқи иштирок ба
интихобот маҳрум ва (35 касро ба кулакӣ маҳкум карданд,
косаи гобу токати мардум лабрез шуд. Одамон ба идораҳои
ҳизбу хукумат номаҳои шикояту эътироз навишта, талаб ме-
карданд, ки пеши роҳи беадолативу ҷинояткорй гирифта ша-
вад. Шикваю норизоӣ ва мусибаги тӯҳматзадаҳо интиҳо на-
дошт.

Баъзеҳо аз кор дур, бемору ранҷур, махдуми маҳбас, боз
озод ва ба кори худ барқарор.мешуданд, Ҳабдаҳуми саратони
(июли) соли 1934 кумичроияи Шӯрои шаҳри Конибодом аз рӯи
маърӯзаи раиси шӯрои қишлоқ Тоҳир Шокиров ва сардори
шӯъбаи сиёсии МТС Шмидт (аз ҷамоаи Қарақчиқум) масъалаи
беасос кулак кардани аъзоёни колхоз Бобо Мирзо, Карими
Отабой, Исматуллои Неъматулло, Худойдоди Эгамбердӣ,
Абдуҷаббори Маҷид, Турон Абдуназар ва Наврӯз Ҳасанро
мавриди муҳокима қарор дода, карори щӯрои кищлоқро дар
ҳаққи онҳо ботил ҳисобид. Додсиюни (прокурор)-и шаҳр Хи-
диралиевро водор сохтанд, ки ноҳақ маҳкумшудагонро аз ҳабс
озод ва ба вазифаи пештараашон барқарор намояд. Баъди ду
рӯз додситон ҷабрдидагонро ба озодӣ бароварда, узр пурсид.

Ҳақ камобеш ба ҳақдор расид. Кумиҷроияи шаҳр баъди
санҷиши дақиқи ҳуҷҷатҳо 89 касро бегуноҳ ҳисобида, хуқуки
121 нафарро аз нав барқарор кард.

Пленуми кумитаи ҳизбии шаҳр аз сеюми январи соли 1935
масъалаи беҳуқуқӣ ва бадарғаи одамони бегуноҳро васеъ

22
муҳокима карда, саҳлангорию шитобкорӣ, тӯҳматангезй в а
саҳву хатоҳои аъзои ҳайати «сегона»-ро ошкор сохт. «Афсӯс,
ки хоҷагии камбағалон ва деҳқонони миёнаҳолро ба сафи
кулакҳо ҳамроҳ карданд, аммо кулакҳои ҳақиқӣ дар паноҳи
роҳбарон эмин монданд» гуфта мешуд дар қарори кумита.

Ҷараёни кулаккунй бисёр одамонро ба гирдоби фалокат
кашид. Қитъа-қитъа заминҳои деҳконони кулакшуда ру ба
харобй овард, зардолузору бодомзор ва анҷирзору анорзорой
хушкиданд. Одамон аз истифодаи марзҳои «унсурони бегона»
рӯ метофтанд, зеро ақидае доштанд, ки чун соҳибонашон но-
ризоянд, ҳосили рӯёндаашон ҳалол намешавад. Басо бесомо-
нию нобарориҳо пеш омад. Дар баъзе музофот (аз соли 1918
то соли 1940) ашхоси нохалаф дарахтони бодому зардолу ва
санҷиду биҳиро бурида, ҳезум мекарданду ба ҷояшон ниҳол
намешинонданд. Боғҳои сабзу хуррамро қасдан хароб месох-
танд, то дар ҷояшон барои худу хешовандонашон манзил со-
занд. Дили раисоии бефарҳанги колхозҳо ба моликияти
ҷамъият намесӯхт. Агар гӯянд, ки мактаб ҳезум надорад, раис
амр медод, ки ба фалон майдон рафта, ду бех дарахти калони
туту зардолуро афтонанду барои эҳтиёҷашон кор фармоянд.
Барои тӯйи калоншавандае ҳезум лозим шавад, мефармуданд,
ки аз фалон боғ се дарахти зардолую чормағзи «пири
беҳосил»-ро бехбур кунанд. Нону оши раис, сардорони
бригадаҳо, муҳосиб ва котибони колхоз низ аз ҳисоби ҳезуми
боғҳои собиқ «сарватмандон» мепухт. ҲаЗорон таноб марзи
ҳосилхез бесоҳиб монда, боғу роғи шахдбор файзу сафои
худро дарбохт. Ин гуна харобкорӣ, ҷоҳилбна ва худсарона
дарахт буридан, ваҳшиёна маҳв кардани моликияти чамъият
то солҳои панҷоҳум идома ёфт. Роҳбарони кӯТбхандеш
деҳқононро водор месохтанд, ки дарахтони ачдодиро рёшакан
карда, ба эҳтиёҷи колхоз кор фармоянд. Асосан ба пахта
эътибор медоданд. Дигар ҳамаи соҳаҳои зироат курбони пахта
мегашт. Тирамоҳон садҳо бех туту зардолу тӯъмаи оташи
хушконидани пахта мегашт. Дар натича колхозҳо аз ҷиҳати
иқтисод торафт камқувват мешуданд.

Баъзе қарорҳои нодурустро аз номи ҳизб ба сари халқ бор
мекарданд, ки саранҷом мардумро аз ҳизб дилсард мегардонд.

23
Ҷамъият ба кӯчаи сарбаста ворид гашт. Таъқиботи оммавӣ,
алалхусус аз ҷойҳои анъанавии сукунат ба дигар ҷумхуриву
ноҳияҳо кӯчондани халқҳои том яке аз сабабҳои ҷидции тезу-
тундии миллй шуд. Алҳақ, дар заминаи худсариву боло ги-
рифтани девонсолорй ҳаққу хукуқи инсонии сокинони бисёр
шаҳру нохдяҳоро ошкоро поймол мекарданд.

Агар он солҳо деҳконони асилро бадарға ва молу мулка-
шонро мусодира накарда, фишор надода, дар макони худашон
нигоҳ дошта, дар колхозу совхозҳо кор мефармуданд, ба боғу
майдонҳо офат намерасид, сатҳи зиндагй бад-ин андоза паст
ва чандин бор қиматию қаҳтӣ намешуд.

Мо имрӯз дар ҳаққи кишоварзоне, ки бар ивази хизмати
худ дучори ҷабру ситам шуданд, суханони гарм гуфта, нома-
шонро ба некй ёд меоварем. Алғараз, он деҳқонони гулдаст
соҳибони аслии обу замини ниёгон буданд. Ҳай дареғ, ки би-
сёре аз эшон аз тири замонаи бедодгар маҷрӯху маъюб ва
шаҳид шуданд. Ёдашон бахайр, ки боғу майдонҳои серборе аз
худ ба имрӯзиён ёдгор мондаанд. Меваҳои шахдбори охирин
боғоти он азизон ҳоло ҳам коми мардумро ширин мекунанд.
Алъон аҳён-аҳён ин дарахтони мусмири куҳан чун ҳайкалҳои
бовиқори соҳибонашон дар марзу буми ин музофот боқӣ мон-
даанд. Боғдорону пахтакорон ҳоло ҳам қитъа-китъа замини
сабзу самарбахшро бо номи собиқ сох^бонашон ба забон ме-
гиранд. Аксар вақт саркорони куҳансол ба ҷавонон мегӯянд:
«ба замини Шербой об додед?», ё «замини Тоҷибойи вагончй
аз об кохидааст». «ба қитъаи Мулло Файзй мошин даромад»,
ё ки «имсол ҳосили замини Тоҷибойи мисгар фаровон» ва
ғайраву ғайруху...

Оқибат насими рӯҳбахше дар марзу буми кишоварзон ва-
зид. Он ҳама заминҳои харобшудаи ниёгон, он ҳама хоки ги-
рифтори «беморӣ» боз соҳибони ҳақиқии худро ёфта, рӯ ба
беҳбудй меоранд. Кишоварзони куҳансоли тоҷик ин
дигаргуниҳоро дидаву носозгории он солҳоро ёд оварда, бо
афсӯс мегӯянд: «Ҳайфи он деҳқонони асилу ҳайфи заминҳои
ҳосилхез! Ҳайфи боғу роғҳои ободон, ки аз дасти хатокориҳо
нобуд шуданд! Аз он ҳама ангуру анҷиру бихй шиннию
мураббоҳое мепухтанд, ки дар хушлаззатӣ хамто надошт».

24
Кош акнун он мазлумон зинда мещуданду медиданд, ки чй
сон набераву аберагонашон касбу кори ачдодиро идома до да,
аз эъҷози замин баҳра мебаранд...

Шомгоҳи баҳори соли 1990 дар меҳмонхонаи яке аз муал-
лимон ва равшанфикрони конибодомӣ Турсунбой Аҳмадови
ҳаштодсола ба сӯҳбати мӯйсафедони дилогоҳе афтодам, ки аз
рӯзгори ҷабрдидагони солҳои бистуму сиюм гуфтугӯ дош-
танд. Онҳо ҳикоят мекарданд, ки киҳо ноҳақ ҷабру ҷафо ди-
данду дар кишварҳои бетона фавтиданд, киҳо кайфу сафо
карданд. Сӯҳбати онҳоро шунида, бо мақсади аз воқиаҳои он
айем огоҳӣ ёфтан саволе додам:

- Киҳоро бештар «душман» ва кулак мекарданд?

Аз атрофам овози мӯйсафедон паи ҳам боло мещуд:

- Онҳоеро, ки соҳиби саводу ақлу фаҳм буданд, авзои оян-
даро пешгӯӣ карда метавонистанд, душмани халқ.мекарданд.

- Касоне, ки бизоати назаррас, чинивори пурқимат,
гилемҳои гаронбаҳо, хонаҳои вассачӯби пурнақшу нигор ва
чорвои бисёр доштанд, ҳатман душман мешуданд.

- Ҳар касе, ки боғу майдони аҷдодӣ ва мулки обод дошт,
номаш ба рӯйхати муфтхӯрон меафтод,

- Мардоне, ки зани хушрӯ доштанд, низ гирифтори тӯхмат
мешуданд...

Соҳибхона Ақмадов ҳам, ки он солҳо бо бӯҳтони нокасон
асоратро аз cap гузаронда буд, ба масъала рӯшанӣ андохт:

Дар давраи маъракаи сохтмони колхозӣ дар Конибодом
қариб 600 дехқони асилро ноҳақ кулак, молу матои онҳоро
талаву тороҷ, хонаву ҳавлӣ ва заминашонро мусодира ва ху-
дашонро ба кишварҳои дур бадарға карданд, ки аксарашон
миёнаҳол ҳам набуданд ва ҳатто нони серӣ надоштанд.

Ман аз ӯ пурсидам:

- Борҳо шунидаам, ки баъзе аъзои «сегона» молу матои
ҷабрдидагонро аз худ мекардаанд, оё ин рост аст?

- Сад дар сад рост, - посух дод пирамард. - Ҳатто, ёд до-
рам, баъзеҳоро ду бор кулак ва молу амволашро мусодира на-
муда, баъди чанд вақт боз сафед мекарданд. Ин қамоқат ва
дурӯягиро барои чизу чора ситондан ба кор мебурданд.
Ҷабрдидаҳо ҳар рӯз аз кумиҷроияи шӯрои шаҳр, НКВД ва ку-

25
митаи фирқа баргардондани низу чора ё товони бисоташонро
талаб мекарданд. «Моро ноҳақ кулак кардед, - мегуфтанд
онҳо, - дар ин миён андак бизоате, ки доштем, барбод рафт.
Ҳамаи дороиямонро ба тариқи издиёд ба савдо заданд. Чизҳои
моро ёфта диҳед. Охир, ин чй беинсофй? Модом ки моро са-
фед карданду гуноҳе надорем, бояд молу мулкамонро баргар-
донед!..» Аммо дар чунин вазъияти ногу вор ҳукумати
шӯравй, фирқаи болшевик ба доди туҳматзадаҳо нарасиданд.
Аъзои ҳайати «сегона» низ фикри ислоҳи ин беадолатиро на-
доштанд. Ва гоҳе ба ин масъала бо дили нохоҳам машғул ша-
ванд ҳам, маҳз ба хотири манфиати худ шуғл меварзиданд.
Ҳолдонҳо пас аз чанд муддат баьзе чизҳои камёб, аз қабили
қолинҳои бадошти қадимй ё чинивори хушсифату қиматбахои
аз хонадони «кулак» рабударо дар хонаи сарварони мулк ва
балегӯёни «сегона» дида, ангушти ҳайрат мегазиданд...

Яке аз аъзои «сегона» бо тахдиди «туро кулак мекунонам»
Мулло Собир ном шахсеро тарсонда, гилеми пурқиматашро
рабудааст. Аз миён солҳо мегузараду Мулло Собир дар киш-
вари дурдаст ҷон ба ҷаббор месупорад. Духтари ӯ хар гоҳ ба
хонаи ҳамсоя дарояд, гилеми хушранги падарашро дида, да-
рун-дарун месӯзад. Рӯзе байни ҳамсояҳо ҷанҷол мехезаду
ҷабрдида таъна мезанад:

- Он гилеми сурхи зебое, ки дар хона доред, моли падари
ман аст. Таърихашро медонед? Шавҳаратбн бо тахдиди «ку-
лак мекунонам» падарамро тарсонда, гилемашро гирифтагй.
Беинсофй накарда, моли падарамро баргардонед. Ин кадар
солҳо истифода бурдед, бас.

- Сй сол гузашту ҳоло ҳам мероси падар меҷӯй? - каҳри
соҳибхоназан мехезад. - Падари ҳар дуямон ҳам кайҳо мурда-
анд.

- Аммо шоҳидҳо зинда, - мегӯяд духтари Мулло Собир. -
Ҳалолу ҳаромро фарқ кунед, ҳамсоя.

- Хуб шилқин будай. Пастй накун.

- Ху датой пастй накунед! Хоҳед, ба ивазаш гилеми дигар
медиҳам. Онро на аз рӯи эҳтиёҷ талаб мекунам, вай ягона ни-
шонаи падарам. Нокасон ҳамаашро ба горат бурданд. Аз па-
дарам дигар нишонае нест. Шумо маро фаҳмед, хода...

26
- Рав, шохддҳоятро биёр!

Бо шаҳодати пиронсолони ҳолдон гилеми аҷдодӣ баъди ей
сол боз соҳиби аслии худро ёфтааст.

... Зани ҷафодидаи бекас Холбибӣ Ҷӯраева азизи сокинони
маҳаллаи Гумбазй буд. Дар ҳавлиаш тани танҳо мезист.
Ҳамсояҳо бачаҳояшонро мефиристоданд, ки ба корҳои ӯ ма-
дад расонанд. Амман Холбибӣ бо вуҷуди кулфатзада будан
дарду ғамҳояшро чандон зохир намекард. Табъи шӯху чеҳраи
кушода дошт. Ҳамсояҳо баробари бо ӯ дучор омадан
ҳолпурсй карда, иззаташро ба ҷо меоварданд. Холбибй беш-
тар дар бораи вохӯрӣ ва мулокоташ бо Калинин ифтихорман-
дона сухан меронд.

Ибтидои соли сиву дуюм ин зани ҳақталош аз ҷабру зулми
хукуматдорони маҳаллй ба дод омада, барои шикоят ба Мас-
кав меравад. Дар қабулгоҳи раиси КИМ-и ИҶШС, аъзои Бю-
рои Сиёсии КМ ВКП (б) Михаил Иванович Калинин чанд рӯз
ба навбат истода, охир ба мақсад мерасад. Калинин ӯро пази-
руфта, зимни сӯҳбат мефармояд, ки шикояташро беибою ош-
коро бигӯяд.

- Ман як зани сарсахту бадбахти мусулмонам, - сарнавищ-
ташро қисса мекунад Холбибй. - Маро беадолатиҳое, ки дар
Конибодоми мо ба авҷи аълояш расид, аз ин қадар рохи дур
ба ин ҷо овард.

- Танҳо омадед ё ҳамрохи касе? - мепурсад Михаил Ива-
нович.

- Ман бекасу танҳоям, - ҷавоб медиҳад зан.

- Шавҳар надоред магар?

- Доштам, бо тӯҳмат кулак карданд.

- Чй хел? Дурусттар шарҳ диҳед.

- Шавҳарам дехдони одни хокпош буд. Ба дашти хушку
холй хок кашонда, замин кушода, кишт карда, ниҳол шинон-
да, зиндагиамонро базӯр мегузаронд. Ҳатто пӯшоки казоӣ на-
дошт, дар ҳавои тафсон тани урён обу пору кашонда, боте
сабзонд. Дар бисотамон як гову як хар, ду гӯспанд ва хонае
доштем. Ҳамаашро кашида гирифтанду шавҳарамро
«муфтхӯр» гӯён бадарға карданд. Наход шумо, роҳбарҳо, чу-
нин фармон диҳед, ки ҳамаи миёнҳолу камбағалонро кулак

27
карда, чизу чораашонро ситонанд? То кай мазлумонро озор
медиҳанд? Шавҳарам ба ин беадолатй тоб наоварда, дар
бадарға, дар кишвари Ставропол ҷон дод. Ягона духтарамро
аз хонаи хеши дурам ба шавҳар баровардам.

- Ҳоло дар куҷо зиндагй доред? - мепурсад Калинин.

- Сарпаноҳе надорам, дар байни замину осмонам, - инони
гиряро cap медиҳад Холбибй. - Хайрият, баъзе ҳамсояҳо ба
ҳолам раҳм оварда, ба кулбаашон ҷо доданд. Талаб дорам, ки
хонаю боғамро баргардонда, барои ҷинояташон узр пурсанд.
Наход ба як зани муштипар ин қадр зулму ситамро раво до-
ранд?

- Г иря накун, хоҳар, коратро ба зудй тафтиш ва
гунаҳгоронро ошкор мекунем, — Михаил Иванович ӯро дар
меҳмонхона ҷой мекунонад ва дар ин миён ба Тоҷикистон
алоқа баста, мефаҳмад, ки ҳақ ба ҷониби ин зан аст.

Амр медиҳанд, ки ба Холбибй хонаю боғашро баргардо-
нанд. Зан бо як нусхаи фармоиши Калинин ба зодгоҳаш бар-
мегардад. Пас аз ҳазору як машаққат адолат ба пирӯзй мера-
сад. Аммо акнун шавҳари Холбибй набуд, ки ин ҳамаро буби-
над. Зани зулмдида ба назди раиси колхози «Коммунист»
Ғафур Ортиқов рафта, аламҳои дилашро холй мекунад:

- Ҳой Ғафур, ту маро хуб азоб додй, ҳавлиамро гирифта,
дар ба дар кардӣ. Ман ба рафиқ Калинин, чӣ балоҳое ба сарам
овардй, як ба як гуфтам. Аз ҳисоби замини кулакҳо ва ман ба-
рин бечораҳо хуб хонаю дар ёфтию давр рондй-а?! Ту
иморатҳои ҳавлии беруну дарунатро бо куввай кй сохтй? Бо
қувваи муфти колхозчиҳо! Тую хешу акрабоят дар ҳавлиҳои
васею бархаво зиндагй кунеду ман дар ба дар гардам?! Вой
ману беинсофии ту! Дидй, ҳақиқат будааст. Маҷбур шудй, ки
ҳавлиамро баргардонӣ. Ҳой, беинсофи худонотарс, хавлии
дигаронро ҳам ба соҳибонашон баргардон, ки мисли ман ба
Москва шикоят набаранд. Дониста бош: молу мулки дигарон
ба касе насиб намекунад. Мурданат беҳ, ки мардумозорй!

- Бехуда дуои бад мекунй. Бо дуои кӯрмуш борон намебо-
рад, - нимтабассум менамояд Ортиқов.

- Ҳоли андак ист, дуои ҷабрдидаҳо чунон мегирад, ки... -
аз аспи ҷаҳл намефуромад зани ситамкашида. - Наход, халқ

28
меҳнат кунаду ту қаҳрамон шавӣ? Халқ пиёдаю ту аспсаворӣ?
Мардуми камбағал аз дасти ту барин милисаю раисҳо хонаса-
лот шуд, ба рӯихати муфтхӯрҳо даромад. Оё худи ту муфтхӯр
нестй?! Аз ёд набарор, ки дирӯз чоряккори Махдамбойбача
будӣ!..

Раис чандин бор ба Холбибӣ фахдюнданӣ мешавад, ки об
аз cap лой асту ӯ фармонбардор. Аммо зан ба чунин тақдири
бадаш ҳар бор ӯро гунаххор медонисту мегуфт: «Агар ба боло
фикратро озодона гуфтаю гузаронда натавонӣ, чаро роҳбар
шудӣ?» Раис ҳар ҷо бо ӯ рӯ ба рӯ ояд, аз тарси дурупггӣ ва
итобаш маҷбур буд, ки рохд гурез пеш гирад. Оқибат сарна-
вишти раис чунин анҷомид, ки давлати пирй надид, ба синни
панҷоҳ расиду бори рехдат барбаст.

... Собиҳ хуфиякори давлатй Иброқимҷон Маҳкамов бо су-
пориши Ватан дар яке аз кишварҳои хориҷа корнамоиҳо кард.
Роҳбарони ҷумхурй аввали солҳои панҷохум ӯро пазируфта,
дархосташро пурсиданд.

- Бародарам Бобоҷон Маҳкамовро ибтидои солҳои сиюм
ноҳақ кулак ва молу мулкашро мусодира карданд, - гуфт
Иброқимҷон ба муншии аввали КМ ҲК(б) Тоҷикистон
Бобоҷон Ғафуров. - Агар ҳамон хонаи падариамро бармегар-
донданд, аз рӯи инсоф мебуд. Аз ҷанг баргашта, чандин бор
ба роҳбарони шаҳр муроҷиат кардам, ки хонаамонро диҳанд.
Аҳволамро дидаву дониста, гӯш ба карй заданд. Ҳоло ҳам ба
ман чун ба «авлоди кулак» менигаранд.

- Ҳоло хонаатон дар дасти кӣ? - пурсид Ғафуров.

- Мактабхона шудааст, мактаби ибтидоӣ.

Муншии аввал ба роҳбарияти Конибодом фармуд, ки хонаи
падарии Махдамовро холй карда, ба ахли аёлаш супоранд. Ба
Оминахон Умарова - ҳамсари Иброхдмҷон хуҷҷат расид, ки
ҳавлии падаршӯяшро сохдбй кунад. Роҳбарони хукумати
маҳаллй ба мудири мактаб Исмоил Бобоҷонов фармуданд, ки
аз ду як хдоссаи мактаб, яъне ду синфхона ва нисфи рӯи
ҳавлиро ба ҳамсари Маҳкамов супорад. Дар бораи ин
тақсимоти ҳавлӣ ба раёсати колхози «Коммунист», ки мактаб
дар арозии он воқест, низ ҳуҷҷатнома фиристоданд. Аммо та-
ассуф ва тааҷҷуб, ки касе амри болоро иҷро намекард. Муди-

29
ри мактаб гарчи бо Иброҳимҷон Маҳкамов дар як гузар ба
камол расида, робитаи ошноӣ ҳам дошт, намехост ними мак-
табхонаро ба «кулакзодаҳо» баргардонад. Ва корро таъхир
дода, рафики худро, ки дур аз ёру диёр амри Ватанро ба до
меовард, фирефта, баҳонаҳо меовард. Ҳамсари Махкамов
идора ба идора гапгга, дар лаҳзаҳои душвори зиндагй аз касе
мададе намедид. Ҳасудону нотавонбинҳои лайм пинҳонӣ
амал мекарданд. Оқибат дар яке аз рӯзҳои тобистони соли
1955 худи котиби аввДпи ҳизбии шаҳр Ортук Қурбонов ба са-
ри ҳалли тақсими мероси ин хонадон ҳозир шуда, масъаларо
ҳаллу фасл кард. Пас аз чаҳоряк аср аҳли байта Маҳкамов боз
соҳиби хонаи ачдодй шуданд.

Муқобилону ҳасудон аламашонро дар дил нухуфта намета-
вонистанд. Субҳе Оминахон Умарова бо кӯдаконаш ношто
мекард, ки аз дари кӯча ду кас - раиси колхоз Ғафур Ортиқов
ва мудири мактаб Исмоил Бобочонов ворид шуда, муддате
рӯи ҳавлӣ ва хонаро аз назар гузаронданду боз бесалому бе-
калом баромада рафтанд. Аз қиёфа ва ҷиддияташон ҳувайдо
буд, ки аз қарори ҳукумат норизоянд. Пас аз чанд вакт худи
Иброҳимҷон Маҳкамов баъди адои супориши Ватан ба
зодгоҳаш баргашт. Вай дар қатори дигарон рафикаш Исмоил
Бобоҷоновро низ меҳмон карда, зиёфат дод. Ҳамсараш Оми-
нахон баъди рафтани Исмоил гуфт:

- Ин чй коратон? Дар набудани шумо вай ба мо то таво-
нист муқобилат кард. Пеш ӯ аз полизи мактаб сабзавоту хо-
шок мерӯёнд, акнун, ки ҳавлиамонро баргардонданд, аз фонда
маҳрум шуд. Ҳеҷ намехост, ки ҳавлиро диҳад. Ammo шумо
ӯро ба кӯрпачаи боло мешинонед...

- Парво накун, занак, - таскин дод шавҳар. - Нашунидай,
ки «душманатро ба шакар куш» гуфтаанд. Агар номус дорад,
ба худ меандешад, ки чаро ба ивази бадиаш некй дид? Ба
қавлй Ҳофиз:

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,

Ки бо ман ҳар чй кард, он ошно кард.

- Агар чунин мунофиқиро ягон ҷоҳил кунад, дарди бахайр,
аммо вай муаллим аст, - қаҳри Оминахон боло мегирифт. -
Ман ҳам тарбиятгар, аммо ин хел нокасиро надидаам...

30
Бозгашти молу мероси падару модар на ба ҳар кас муяссар
мегардид. Аз миёни садҳо нафар зарардидагони конибодомй
Дадахон Олимов, духтари Мулло Собир, Акрам Хидиров,
Холбибӣ Ҷӯраева, Иброҳимҷон Махдамов, Абдусамад Ҷӯраев
ва боз якчанд марду зани матинирода тавонистанд, ки боз ба
хонаву манзили аҷдодӣ соҳиб шаванд. Дигар ҷафодидагон аз
молу мероси ҷигаргӯшаҳои худ маҳрум гашта, ҳамаи умр ази-
ят кашиданд. Баъзеи ба истилоҳ муфтхӯрон пас аз чандин сол
аз шимоли Қафқоз ба зодгоҳашон баргаштанд, вале хонаву
манзилашонро дар тасарруфи дигарон дида, дар талоши ҳақ
хеле машаққат кашида, маҷбур шуданд ба ҷойҳои омадаи худ,
ба «ватани дуюмашон» бозгарданд.

Ба моли ҳалоли мардум даст дароз кардан хиёнатест авф-
нопазир. Молу амволи қар кас, ночиз ҳам бошад, барои худаш
азиз аст. «Моли мӯъмин — хуни мӯъмин» гуфтаанд. Яъне, агар
фаразан садамае рух диҳаду аз ҷисми кас хун барояд, андак
ҳам бошад, алам мекунад. Дардо, ки он солҳо ҷӯй-ҷӯй хуну
оби дидаи ахди байти тоҷикон рехт ва ба селоби беадолатй
омехт.

- Ин ҷиноятро таърих нахоҳад бахшид! - чунин буд хуло-
саи мӯсафедоне, ки он рӯз мусохдбашон будам.

ЧОҲКАН - ЗЕРИ ЧОҲ

Солҳои сиюм Аъзам Носир ном шахсе дар Конибодом рай-
ей ҷамоаи Роди Нав буд. Азбаски берабтона сарулибос
мепӯшид, мардум ба исмаш лафзи «чиркин»-ро часпонда, ӯро
Аъзам-чиркин меномиданд. Вай узви «тройка» (ҳайати «сего-
на»)буд. Бо шақодати ӯ одамони миёнаҳол, дехдонони асил
ноҳак кулак, молу мулкашон мусодира ва ахди байташон бе-
хонумон мешуданд.

Бо саъю кӯшиши Аъзам-чиркин имоми масҷиди
Шахддқараянтоқ мулло Бароти Турсунро, ки сохдбсаводи
мадрасахонда буд, чун унсури бегона бадарга карданй шуда-
анд. Мулло Барот аз ин қасд огохй ёфта, чору ночор омодаи
фирор гашт. Ҷомадони сафариро тайёр карда, ба гӯшае гу-
зошт ва ба ҳамсараш гуфт:

31
- Мебинй, чӣ хел ҳар рӯз одамони бегуноҳро ба ҳабс меги-
ранд. Адлу инсоф намоқд. Аз ҳар сӯ бӯи бӯхтону хунрезй мео-
яд. Ту худатро мард гир! Акнун ту сарвари хонадон. Ҳар касе,
ки маро пурсад, гӯй, кй ба Исфара рафтагй. Ман муваққатан
мёраваму фурсати муносиб ёфта, туро хдм мебарам...

Мулло Барот авзои замон ва пешомади корашро медонист.
Шабе ҷаллодтинатбн дари ҳавлии ӯро сахт-сахт кӯфтанд.
«Маълум: ба бур данам омаданд» гуфт мулл о Барот ба
ХДмсараш. - Ба кушодани дар шитоб накун. Ман рафтам. Ху:
До дар паноҳаш лигах, дорад». Вай ҳадаҳа ҷомадонашро г'и-
рифт ва аз даричай ақиби ҳавлӣ Гуреҳт. Аз вокзали роҳи оҳан
қаторасавор ба Қӯқанд рафта, дар ҳонаи яке аз шиносҳояш
паноҳ бурд. Муддате аз чашми ҳама пинҳон зист. Вале боз ба
даст афтод. Соли 1929 ӯрб ба ҳабс гирифтанд. ПурсиД, ки чй
гуноҳ дорад? Гуфтанд, ки «бо тиловати сураҳои Қуръон май-
наи халқро заҳролуд мекунй». Бароти Турсунро, ки дар ара-
фаи инқилоби Октябр мадрасаи Бухороро хатм карда буд, бо
гуноҳи зиёнкор ба ҳабсхонаи Тошканд бурданд. Дафтари
аъмолашро санҷида, ба ҷуз диндориаш дигар «гуноҳ» наёф-
танд. Ӯро аз хуқуки дар зодгоҳаш зистан маҳрум карда, барои
хизмати маҷбурй ба Бегобод фиристоданд. Дар колхози на-
вташкил обронй мекард. Шукрона дошт, ки дар озодист. Вале
ҳар як қадамаш аз тарафи чокарони «сегона»-и ОГПУ (гурӯҳи
оперативии управленияи сиёсй) дар Осиёи Миёна таҳти назо-
рати сахт буд. Соли 1931 ба ӯ иҷоза доданд, ки оилаашро ба
Бегобод оварад. Дар ин се соли азобу машаққат занаш
Ҳоҷарбибй фавтид. Мулло Барот баъди ду соли адои бадарға
боз оилаашро ба Конибодом кӯчонд. Дар Зодгохаш вазъият
тағйир наёфта, балки боз ҳам тезу тунд шуда, кину хусумат
бештар авҷ мегирифт. Рӯзе дар бозор бо Аъзам-чиркин рӯ ба
рӯ омад, ки дар ҳалқаи фармонбардорони «сегона» ҳайбату
салобате дошт. Аъзам ба ӯ теғ кашида нигарист:

- Аҷабо, охирин унсури бетона тамом нашуда, аввалинаш-
ро боз дар озодӣ мебинам...

- Чоҳканро чоҳ дар пеш! - ғазаб фурӯ нишонд мулло Барот.

Аъзам-чиркин дандонашро ғачарроз занонда, чун гурги гу-

русна ба тӯъмаи худ менигарист.

32
Баъдан Бароти Турсун роҳи Душанберо пеш гирифт, то боз
муддате аз балою офати замона раҳоӣ ёбад. Вай дар
ҳамсоягии дӯсти айёми ҷавониаш Ҷӯра Маҳкам, ки низ аз
таъқибгарон гурехта буд, фақирона мезисту шукри тансиҳатӣ
дошт. Соли 1935 ба иосбонии идораи таъминоти кишоварзӣ
ба кор даромад. Ба як тоҷикдухтари намангонӣ хонадор шуд.
Хайрият, ду-се сол кораш омад кард. Ба худ мепиндошт, ки
дигар хорию зорӣ паси cap шуд ва оромию офият дар пеш аст.
Аммо дар пойтахти ҷумҳурй низ осоишу фароғат набуд. Мул-
ло Барот маҷбур шуд, ки ба Қӯрғонтеппа кӯч бандад. Дар пах-
тазори совхоз обронӣ мекард. Чанд сол гузашту гаамоли
таъқибот гӯё андаке суст шуд. Ахди байташро ба Қӯрғонтеппа
овард. Ҳама якҷоя дар совхоз кор мекарданд. Дар яке аз
шабҳои тобистони соли 1939 сиёҳпӯшони НКВД ӯро боз бур-
данд. Ба куҷо? Ин дафъа хаташ аз наздикиҳои шаҳри Самара
меомад. Сахтию машакқатҳоро мардона рафъ мекарду дарун-
дарун месӯхт:

Фарёд аз ин мусибати бисёри умри кам,

Ҳар як ачам нишонаи чандин ҳазор гам.

Баъд данг cap зад. Минҳоҷиддин - нахустписари мулло ба
ҳифзи Ватан рафт. Фарзанди «унсури бетона» Ватанро мудо-
фиа мекард. Падар аз маҳбасу писар аз размгоҳ ба якдигар
нома навишта, аз ҳоли ҳам воқиф мешуданд.

Мулло Барот панҷ фасли хазонрезро дар ҳабсхона гузарон-
да, соли 1943 ба озодй баромад. Ба хона расид ва дид, ки хама
паҳну парешон. Дар ин миён падараш фавтида, занаш аз хона
рафтааст. Марди ҷонсахти якумр чафокаш ва ранҷуру дилши-
каста боз аз паси кору бори нав, аз паи ташкили оила шуд.
Фарзандонашро ба хам оварда, ин дафъа ба Орҷоникидзеород
(ҳоло Вахдат) кӯчид. Дар зиндагй бисёр дарду алам ва зулму
ситам дида, синнаш ба чое расид.

Мулло Барот акнун баққолй мекард. Яке аз рӯзҳои баҳори
соли 1947 дар бозор паси дӯкончаи худ ҳамрохи дӯсти дери-
наш Ҳакими қассоб сӯҳбат дошт, ки гадое омад. Ранги рӯяш
зард, либосаш ӯбада, ришу фаш ногирифта. Мулло бо нигоҳе
тархи рӯи ӯро шинохт:

• Шумр Ат»зам Носир нестед?

33
- Бале. Ман ҳам щуморо шинохтам: мулло Бароти
шахддқараянтоқиед.

- Ёфтед... Шамоли такдир маро ба ин тарафҳо овард. Аммо
ба шумо чй шуд? О, аз ҳаври дӯғатон щавла медухт-ку...

- Дар гоибам Аъзам-чиркин мегуфтанд, акнун номам ба
комам мувофиқ афтод, - хориаш омада, и нон и гиряро cap дод
гадо.

- Ҳай,ҳай! Ҳеҷ гумон надоштам, ки ба ин ^рл мерасед.

- Дигар илоҷ намонд, акай Барот. Ҳабс карданй шуданд,
ҷонамро ғанимат гирифтаму гурехтам.

- Оббо, рӯзҳои сиёҳи ман ба сари шумо ҳам омадааст-дия.
Канй, ин ҷо гузашта, ба курсича шинед, сӯҳбат мекунем.

- Мабодо дар никоби гадой аз паямон наомада бошед? - ба
чашмони ӯ рамузгирона нигарист Ҳакими қассоб.

- Наход ба оби чашмам ҳам бовар накунед?

- Дар ин замонаи бӯқаламун ба ҳеҷ кас бовар намонд. Но-
бакорон ҳатто фарзандонро зидци падарон хезонданд. Баъзе
писарони нохалаф қотили падар шуданд.

Аъзам-чиркин хурҷини алояшро ба як қунҷи дӯконча гу-
зошта, рӯ ба рӯи мулло Бароту Ҳакими қассоб нишаст.

- Ҳоло ҳамин тавр ғайб задам гӯед, - ӯро ба ною нони гарм
муроот кард мулло. - Охир, шумо аъзои «сегона» будед-ку, чй
тавр зин ба пушт шудед? Хукматон равою амратон гузаро
буд.Аз дами тетатон хун мечакид. Агар хамон вақт намегу-
рехтам...

- Дуруст кардед. Сонй шуморо хуб кофтанду наёфтанд.

- Ман аввал ба нойтахт омадам, баъд ба Қӯрғонтеппа раф-
там. Боз панҷ сол ҳабс карданд. Гуфтанд, ки «динпарастй, ба
ҷамъият унсури бегонаи».Баъди чанд вақт диданд. ки
бегуноҳам, боз озод карданд.

- Эҳ, чй рӯзҳои наҳсе ба сари мардум омада буд! Хайр, дар
ин тарафҳо чй гапу кор?

- Ҳоло амонй, фардоямонро намедонам, - мулло Барот аз
багалкиса як даста пул бароварда, ба Аъзам-чиркин дароз
кард. - Ин пулро гиреду дигар аз касе садақа напурсед. Ҳозир
ба хонаи ман меравем. Хонаам дур не, дар назди истгоҳи роҳи
оҳан, дар ҳудуди колхоз. Барой шумо барин мусофирҳо

34
меҳмонхонае дорам. Рафтем. Сарупои нав медиҳам, ҳаммом
дар пахлуямон. Ин ба ивази ху, ҳамон «некиҳо»-ятон.

- Кадом некй?

- Худро ба нодонӣ назанеду гуфтаи домуллоро кунед, -
вақти дари дӯкончаро бастан маслиҳат дод Ҳакими қассоб. —
Мардуми мо мақоле дорад: «Ба падаркуш модаратро деҳ». Ин
мулл о Бароти мо аз ҳамин қабил машоих.

- Имрӯз ман меҳмондор, - гуфт мулло Барот. - Насиб
Ҷамол ном дӯсте дорам, вай ҳам аз дасти ҷоҳилон ба ҳамин
тарафҳо гурехта буд.

- Мешиносам, хизматчии роҳи оҳан буданд-а? - пурсид
Аъзам-чиркин.

- Бале, вақти гурезогурез дар Регар ҳам роҳиоҳанчй шуд.
Ҳамин ҳозир ба меҳмонӣ меояд. Рафтем, имшаб сӯҳбат меку-

' Ы> .г.; ■

нем.

,, _ '-ii.-.B/. : , ;!i Oi

Ҳар се ба ррх даромаданд.

- Акнун ба гузашта салавот! — гуфт мулло Барот. - Аслан
ман аз шумо домангир не, Аъзамҷон. Об аз cap лой буд. Фи-
шору зӯроварӣ, таҳқиру тазйиқу таъқиб корамонро кард. Шу-
мо ҳам, ки савод надоштед, гумроҳ шудед. Шумо баринҳо кам
набуданд... Хӯш, ки бошад, ман ягон кори ба худатон муносиб
меёбам, не нагуфта кунед, кам намешавед. Шукр, дасту поя-
тон бутун. Яъне ки дар ин иқлим колхозчй намерасад. Сидқан
ва поквиҷдонона меҳнат мекунед.

- Ҳ,ар коре, ки ба ман муносиб донед, мекунем, -
хиҷолатомез ҳарф мезад Аъзам-чиркин.

- Ана ин гапи дигар, нағз кор карда, соҳиби обрӯ мешавед.
Дар ин иқлим, худо хоҳад, дигар касе ба мо халал намерасо-
над. Боқии умрамон ба осоишу оромй мегузарад...

Шаб дар ҳавлии мулло Барот самовор ба ҷӯш омаду баъди
тановули палав сӯҳбати ҷабрдидаҳо тафсид. Дар гирди дас-
тархон миёни Насиб Ҷамол, Ҷӯра Маҳкам, Ҳакими қассоб,
Ҳамидхон Муҳаммадӣ, Исҳоқ Комил, Лутфуллохон Саломзо-
да, Усмон Муҳаммадҷон ва дигар конибодомиҳои фирорй аз
қисмати талхи қурбониёни солҳои сиюм ва аз тарафи Додгоҳи
Олии ҷумҳурӣ сафед карда шудани онҳо сухан мерафт. Ёд
меоварданд, ки чӣ тавр нӯкарони мошини суръатгирифтаи

35
ҷазою таъқибот табақаҳои гуногуни ҷамъиятро аз диққату
эътибор дур намекарданд. «Душманони халқ» чун замбӯруғи
баъди борони баҳор сари хдр қадам пайдо мешуданд... Он шаб
пирони кулфатзада саҳифаҳои китоби таърихи пурфоҷиаи
миллатро варақ мезаданд.

- Ба ҳар ҳол мо хушбахтем, ки аз гирдоби он ҳама
фалокатҳо зиндаю саломат берун омадем, - мегуфт мулло Ба-
рот, - чӣ қадар бегуноҳон курбон шуданд. Фарзандони онҳо
намедонанд, ки дар куҷо дафн шудаанд...

Аъзам-чиркин, ки ташкилотчии он воқиаҳои мудҳиш буду
ҳоло ҳикояги шохдцонро мешунид, гузаштаҳои нангинашро
ёд оварда, ашк мерехт. Замин намекафид, ки дарояд...

Бо гузашти вақт мулло Барот, ки динро аз хурофот ҷудо
карда, ба одамон аз покиву покизадилӣ дастур медод, мар-
думро ба роҳи росту ҳалолкорй ташвиқ ва ҳидоят мекард, бо
кори хубу номи нек маҳбуби халоиқ гашт.

Соли 1957 назорати динияи мусулмонони Осиёи Миёна ва
Қазоқистон ба дархости мулло Бароти Турсун барои сафари
Арабистони Суудӣ ризоят дод. Ба ин васила ӯ ба ҳаҷҷи акбар
муваффақ гардид. Мардум ӯро бо меҳру ихлос мулло Бароти
Ҳоҷӣ меномиданд ва ба файзи дуояш имон меоварданд. Вай
75 фасли ҷавдарави умрро дида, соли 1963 аз олам гузашт.
Фарзандон ва наберагонаш бо корҳои тарифу хайрхоҳонаи
худ хотири ӯро пос медоранд. Алалхусус нахустписари ӯ
Минҳоҷидцин, ки аз размгоҳ бо мукофотҳои хукуматй бар-
гашта, донишкадаи тибро хатм карда, то ба вазифаи сардух-
турии беморхонаҳои рақами 9 ва 3-и шаҳри Душанбе расид.

Мулло Барот ғайр аз сарнавишти Аъзам-чиркин анҷоми
кори дигар бадхоҳонро низ бо чашми худ дид. Бедодгариҳои
аъзои «сегона» аз касе пинҳон намонд. Баъзеи онҳо чеҳраи
инсония худро гум карда, ба паскӯчаҳои фисқу фуҷур раф-
танд, Бархе аз вазифаи худ сӯистеъмол карда, духтарони
соҳибҷамоли мардумро зӯран ба никоҳи худ медароварданд,
мардҳои зани зебо доштаро «душмани халқ» кунонда, худ аз
паи нафси аммора мерафтанд.

Салим Ботур ном узви ҳайати «сегона», ки бо карру фар ва
мусаллақ мегашт, ба духтарони ноболиғ чашм ало мекард. Ӯ

36
рӯзе падари духтари гуландомеро ба хилват кашид ва
тахдидомез гуфт:

- Ба нағзй духтаратро ба ман медиҳй, ё аҷдоду авлодатро
кулак кунонда, ба ҷойҳои раву набиё мефиристам!

- Зӯроварӣ накун, Салим, аз поймол кардани номуси
фуқаро битарс! - хашмгин гашт падари духтар.

- Ту бо собуни ман ҷомашӯӣ накардай, - аз аспи ғурур на-
мефуромад Салим. - Нашунидаӣ, ки «замона аз зӯру тамошо
аз кӯр» гуфтаанд. Даврам омад, давр меронам.

- Охир, ту зан дорӣ-ку!

- Вай безурриёт, дар як зум нест мекунам.

- Афсӯс, ки тақдири моро ба дасти ту баринҳо додаанд, -

оҳ кашид он мард. - Лекин дониста бош: бо ин кирдорат ба
ҷое намерасй. •

- Сафсата нахону розӣ шав! Кулак кунонам, ҳаётат
месӯзад, - гуфт Салим, ки бо ҳамин усул пеш ҳам ду бор хо-
надор шуда буд.

Охирҳои солҳои сиюм ба сари худи Салим Ботур ҳам оби
сард рехтанд. Чун айбу гуноҳаш дайн шуд, ӯро ба Сибйр
бадарға карданд. Пас аз он ки аз маҳбусй озод шуд, ба
шаҳраш баргашт, одамон дигар ба ӯ зан надоданд, хешован-
донаш низ аз ӯ рӯ тофтанд. Солиёни дароз азоби сагро каши-
да, деҳ ба деҳу шаҳр ба шаҳр савдогарӣ кард, гоҳ посбони
мағоза, гоҳ чойхоначй шуд, дар кулбае тани танҳо зист. Охи-
руламр ибтидои солҳои панҷохум шабе дар посбонгоҳи
иггифоки матлуботи ноҳия дами вопасин баровард. Касе на-
буд, ки ба ҳалқаш об чаконаду манаҳашро бандад. Мардум ба
гӯронданаш наомаданд.

Дилро ба dun раҳест дар ин гунбаби сипеҳр,

Аз рӯи кина кинаю аз рӯи меҳр меҳр.

Мулло Бароти Турсун тақдири боз як узви ҳайати «сего-
на» Деҳқони Авазматро, ки аз соли 1934 то соли 1936 раиси
шӯрои ҷамоаи Фирӯзоба буд, мисол овард. Азбаски Деҳқон
шахси қаддарозе буд, ӯро Деҳқон-лаклак меномиданд. Хуни
ноҳақ, ашки талхи ятимону бевазанҳо, дуои бади
мӯсафедон ӯро ба вартаи бадбахтй бурд. Аҳли байташ ҳама

37
дар пеши чашми у мурданд. Вай дар фарҷоми умр чун як-
камахав монд.

- Носипосй ба нону намаки халқ чунин анҷомид, ки бисере
аз аъзои «сегона» дар ҳодати ногувори хорию зорй мурданд, -
мегуфт Бароти Турсун. - Аксари онхо, азбаски чаласаводу
кундфаҳм буданд, заррае инсоф ва одамгарй надоштанд, ки-
тоби ростиро чаппа хонда, фалакро палак фаҳмида, чанде
давр ронданду ба сари Ьдамой ба ҷуз мусибату кулфат дигар
чизе наоварданд. И'н тӯдаи сангдйлу бефарҳанг, ин саррофони
гавҳарношинос ҳар мӯҳраро аз дурр фарқ карда Наметавони-
станд. Ҳарчи бештар одамонро ҳабсу бадарға кардан, ба бехи
дарахти умри бегуноҳон табар задан ва ба ин восита чархи
зиндагии худро гардондан муроду мақсади онҳо буд. Бечиз
нест, ки саранҷом онҳо аз таваҷҷӯҳи мардум бенасиб ва радди
маърака шуданд.

Халқ масали иухтае дорад: «Чоҳкан - зёри чоҳ».
Чоплӯсони «сегона», к'и барои бегуноҳон чоҳ меканданд, худ
ба чоҳи кандаи худ афтоданд. Касе ба қисмати бади онҳо
афсӯс нахӯрд. Яке дар гарибию бенавой гадой карда, кути
лоямуте меёфт, дигаре дар чанголи дардмандиву маризй азобу
азият кашида, бемаҳал аз дорулфано рафт, сеюмй умрашро
дар маҳбасхонаҳо хазон кард, чаҳорумию панҷумй, чун каж-
дыми зери бӯрё, аз чашми халқ пинҳон зиста, барои қасос ги-
рифтан фурсат поида, бо номуродй аз дунё рафтанд.

Хотимаи ҳар як зулму бедодй ва ҷабру ҷаллодй ҳамин
тарик хоҳад анҷомид.

ПАРАСТУХИСОЛОН

Парасту қосиди баҳор аст, аз расидани фасли гул мужда
мерасонад. Ҳамин ки ин мурғи тезпарвоз ояд, рӯҳи аз
ҳафтсола то ҳафтодсола меболад. Мардум парастуро парандаи
бахосият ва рамзи некй мехнсобанд. Бесабаб нест, ки касони
нексириштро ба парасту нисбат медиҳанд.

...Субхн соли бистуми асри гузашта. Миёни нерӯҳои неку
бад задухӯрди шадид мерафт. Рӯзе аз хонаи Улугбибй доду
фиғони ҷонкоҳе ба фалак печид. Маълум шуд, ки Тоши киса-

38
бур ном сардори даСтаи ғоратгар ҳамсари ӯ посбони бозори
шақр Фозили милисаро куштаву фирор кардааст аз ҷойи
воқеа. Чаҳор фарзанд ятим монданд.

Соли 1924. Улуғбибӣ яке аз аввалинҳо буд, ки фаранҷи пар-
тофт. Муддате дар интернат ба фаъолият пардохт. Сонй аз
нгӯъбаи милиса хоҳиш кард, ки ӯро ба кор гиранд. Сардори
милисахона ҳайрон шуд: охир, ҳанӯз касе аз занҳо дар байни
милисаҳо нест. Ба ин зан чй хел фаҳмонад, ки дар чунин ша-
роити вазнин милисагарӣ хатар дорад. Оё ба Улуғбибӣ, ки
чаҳор фарзанд дораду синнаш ба ҷое расида, ин вазифа муно-
сиб аст?! Зани якрав қагьиян изҳор кард, ки аспронию
тирандозй аз дасташ меояд ва аз мардҳо камй надорад. Сони ду
ангушт ба лаб бурду чунон сахт ҳуштак кашид, ки дар як лаҳза
аз ҳуҷраҳои дигар милисаҳо ба берун давиданд. Ин чй воқиа?

Баъдан, ки ӯро милисаи халқӣ ба кор гирифт, мардум ан-
гупгги таҳайюр газйданд, зеро то ҳол занро дар либоси низомй
надида буданД. Улуғбибии болобаланду шӯхтабиат дар
машқҳои аспсаворию тирандозй аз мардҳо акиб намемонд,
дере нагузашта, роҳи корро дарёфт. Кам-кам таҷриба
меандӯхт ва ҳаёти ҳамарӯза барояш мактаби воқеӣ ба ҳисоб
мерафт. Ӯ қотили шавҳараш Тоши кисабурро мешинохт, дар
бораи ӯ маълумот меғундошт. Вале он котили буздил аз чаш-
ми мардум пинҳон мегашт.

... Улуғбибй бевақтии шаб аз посбонӣ баргашт. Саҳари
бармахал хеста, ба оташдон алав гиронд, чой ҷӯшонд,
ҳамроҳи модари пири бемораш ва духтаронаш ба сари дас-
тархон нишаст. Баъд роҳи коргоҳашро пеш гирифт. Аз
тангкӯчае мегузашт, ки шахси ношиносе пасупеш нигариста,
дуздона қадам мезад. Улуғбибӣ шубҳаомез ба ӯ чашм дӯхт ва
ба тарзи қадаммониаш зеҳн монд. Магар ин ҳамон Тоши
ҷаллод нест? Бале, худашШаънатй чй хел ҷуръат карда, ба
шаҳр омадааст? Боз сари киро хӯрдан мехоҳад?

Зан номаълум худро ба паси танаи беди гафсе гирифт. Чу-
нон моҳирона паноҳ шуд, ки Тоши кисабур пай набурд.
Улуғбибӣ аввал андешид, ки ақиб рафта, ба милисаҳо хабар
диҳад, аммо дар ин сурат фурсат аз даст мерафт. Тош бозието-
ду телпакашро ба сари абрӯвон фуроварда, гӯё хавферо бӯй

39
бурда бошад, ба атроф чашм давонд, сонӣ боз рохдшро давом
дод. Улуғбибӣ бо камоли эҳтиёт худро аз паси дарахте ба паси
дарахти дигаре мезад. Ба ҳамин минвол онҳо дунболи ҳам ме-
рафтанд. Пас аз он ки Тош калон-калон қадам зад, Улуғбибӣ
таппонча аз ғилоф кагпиду суръати кадаммониро тезонд.

Дар пешорӯи ӯ қотили шавқараш қарор дошт. Шавҳараш
Фозили милиса марди зӯрманде буд, ки пас аз барқарор гар-
дидани ҳаёти нав дар шимоли Тоҷикистон посбонии бозори
Конибодомро ба ӯхдааш гузоштанд. Дуздону роҳзанҳо бо
роҳбарии Тош дар яке аз шомгоҳони камодам ба бозори шаҳр
даромада, ба қатли Фозил даст заданд. Табақи дарвозаи бо-
зорро канда, ба болои ҷисми вай гузоштанд ва панҷ-шаш на-
фар ба рӯи он баромада, марди маъсумро хостанд пачаҳу
маҷақ созанд. Фозил илоҷе ёфту даст аз зери табақи дарвоза
бароварда ва аз риши қотил чунон сахт дошт, ки пас аз ҷон
доданаш ҳам як чангол риш дар қабзаи ӯ боқӣ монд...

Улуғбибӣ аз дил гузаронид, ки чанд қадами дигар пеш рава-
ду мили таппончаро ба тахтапушти ӯ рост кунад. Вале аз фи-
краш гашт. Хост ба душмани ғофилмонда рӯ ба рӯ шавад. Би-
гузор, донад, ки... Улуғбибӣ боз чанд қадам пеш гузошт. Ҳамин
ки Тош шарфаи пойро шуниду ӯро дид, якбора пае гашту бо
корд ҳамла овард, аммо овози омиронаи зан ӯро боздонгг:

- Исто! Мепарронам! Хоҳӣ, ки зинда монӣ, кордро парто!

Зан аз ғазаб дандон соида, таппончаро ба сӯи ӯ рост ме-

дошт.

- Аз феълат гард! - гуфт Тош.

- Ту ба ману кӯдаконам раҳм накарда, шавхдрамро куштӣ.
Кисабурӣ кам набуд, ки ба одамкушӣ гузаштӣ? Кордро ба за-
мин парто!..

Тош ба фармон итоат накард ва якбора ба зан ҳамла овард.
Улуғбибӣ маҷбур шуд, ки тир андозад...

Аз ин шуҷоати вай даҳан ба даҳан овоза рафт. Яке мегуфт:
«Улугбибй ҷинояткори хавфнокеро дастгир кардааст, ки ми-
лиса дер боз ӯро меҷуст». Дигаре ба илова меовард: «Зан
қасоси шавҳари шахдцашро гирифт охир...»

Одамон ин зани ҷасурро дар либоси милиса дида, ба
ҷасораташ офарин мехонданд. Ӯ дар гармою сармо барои

40
осоищи мардум дон ба гарав мемонд. Душманон то лаҳзаи бо
ӯ рӯ ба рӯ омадан ба шуҷоаташ бовар надоштанд, танҳо вуқӯи
воқиае онҳоро водошт, ки ба ҷасораташ тан диҳанд. .

Як вақт Улугбибй посбонии анбори ҷамъияти матлуботро
ба ӯхда дошт. Дар анбор моли бисёр нигахдорӣ мегардид.
Модар духтари калониаш Фотимаро, ки дар далерӣ аз ӯ
монданй надошт, ҳамроҳ гирифт. Вай гуфт:

- Фотима, ту пулемёти дастиро тоза кун, ман таппончаро.
Ба хар ҳол бояд омодагй бигирем.

Шаб фаро расид. Моҳи мунир гоҳ дар паси абрҳо пинҳон
мешуд, гоҳ чеҳра меафрӯхт. Чаҳор тараф ором. Аз дур гоҳ-гоҳ
ак-аки сагҳо ба самъ мерасид. Модару духтар дарвозаи анбор-
ро баста, сӯхбат биоростанд.

Ба ғоратгарон хабар расид, ки анбори давлатро Улуғбибӣ
посбонй мекунад. Онҳо масхараомез мегуфтанд:

- Яъне имшаб моли анбор ба коми мост. Зан куҷою
посбонй куҷо! Зан аз сояи худ метарсад...

- Лекин, агар посбон Улуги шайтон бошад, кор душвор, -
гуфт яке аз горатгарон.

- Метарсй магар! - дӯғ зад сардори даста.

- Наметарсам, аммо медонам, ки вай аз занхои буздил не.
Охир Тоши кисабур аз дасти ҳамин шайтон кушта шуд-ку.

- Акнун мо ӯро мекушем, фаҳмидӣ?

- Илоҳӣ гуфтаи шумо шавад.

Саҳари солеҳон шеҳакашии аспон ва садои суми онҳо ба
гӯш расид. Улугбибй ба Фотима таъкид кард:

- Тайёр бош, духтарам, аз афташ, авбошон. Ба ту тирандо-
зиро бекора ёд надо да будам. Лекин бе иҷозати ман тир наан-
доз.

- Ху б, модарҷон!

Гумони модар рост баромад. Баъди фурсате гурӯҳе
савораҳо омада, дарвозаро сахт-сахт кӯфтанд.

- Кистед? Чй хизмат? - пурсид Улугбибй.

- Дарвозаро кушо! - амр карданд аз берун.

- Аз дарвоза дуртар равед, мекушоям.

Савораҳо дуртар рафтанд. Улугбибй ба Фотима ишора
кард, ки хушёр бошад. Оҳиста як табақаи дарвозаро кушод, ки

41
яғмогаре «ист, шайтон!» гӯён, наздаш омаданӣ шуд. Тири ту-
фанг ӯро аз асп афтонд.

- Акнун пулемётро ба кор меандозем! - тозон ба анбор да-
ромад модар.

Тороҷгарон дарвозаро кушода, ба саҳни анбор даромадан
замон Улуғбибй хуштак кашида, ба тирандозй cap кард. Фо-
тима пулемёти дастиро ба кор андохт. Ду ғоратгар ҳадафи ти-
ри онҳо гардид. Дере нагузапгга, як даста милисаҳо ба ёрй
омаданд. Назди дарвоза ду мурда мехобид. Як ягмогар асир
афтод, ду нафар гурехт.

Улуғбибй ва духтараш барои шуҷоаташон сазовори
тахсинномаи маъмурияти милиса шуданд. Модар аз комисса-
ри халқии милисаҳои ҷумхурй камони панҷтираи номнавишт
ҳадя гирифт.

Баҳори соли 1927 дар рӯзи ҷашни Ҳаштуми Март дар бозо-
ри шаҳр гулхани калоне афрӯхтанд, то ки фаранҷию
чашмбандҳоро ба оташ кашанд. Улуғбибӣ бонувонро ба ша-
рафи иди занҳо табрик карда, бо ҳаяҷон мегуфт:

- Модарону хоҳарони азиз, дугонаҳо! Мо, ду ҳамкасб, ману
Оишахон Ёрматова омадем, ки шуморо ба шарафи ҷашни занҳо
муборакбод бигӯем. Такдири талхи маро аксари шумо медонед.
Май дар хонаводаи деҳқони нодор ба дунё омадаам. Падарам
дар заминҳои Сулаймонбой ном дорое чоряккор буданд.
Ғоратгарон шавҳарамро куштанд, ман ба чунин қарор омадам,
ки кори ӯро давом диҳам. Аз шумо, занҳои азиз, хоҳишмандам,
ки фаранҷӣ партоед, ба кори артел дароед, дар ҳамаи ҷабхдхо
фаъолият намоед. Акнун шумо занҳои соҳибхуқуқед, озоду бах-
тиёред. То кай рӯй зери чодари сиёҳ пинҳон медоред? Аз мар-
думи худ рӯй пинҳон доштан чӣ маънй дорад? Аз хоби ғафлат
бедор шавед! Нест бод ҷаҳолат! Нест бод фаранҷй!

Дар задухӯрдҳои зидди душманон аввалин ҳамкасбони
Улуғбибй ҳалок мегаштанд. Аз хусуси милисаҳоро ваҳшиёна
куштани ҷоҳилон хабарҳои мудхдш мерасид. Чунин хабарҳо
ғазаби ҳамкасбони Улуғбибиро меовард. Ҷавонон ихтиёрй ба
хизмати милиса меомаданд.

Улуғбибӣ дар кори милиса тачриба андӯхт. Барои осоиши
мардум, беҳтар кардани зиндагй ва ёрию дастгирии

42
ҳамкасбонаш тайёр буд худро ба обу оташ занад. Вақте ки ӯ
хиёнати баъзе ҳамкасбонашро ошкор месохту дар тоза карда-
ни сафи милисаҳо аз шахсони тасодуфии манфиатҷӯ ба
хукумат мадад мерасонд, ин амали ӯ ба дасисабозон намефо-
рид ва ӯро чашми дидан надоштанд. Ҷаҳолатпарастон дар
ҳаққаш гапу гапчаҳои дурӯғин бофта, ӯро бадном карданӣ
мешуданд. Аммо тирашон хок мехӯрд.

Улуғбибӣ тарбияи безориёну беадабонро вазифаи асосии
милиса медонист ва барои ислохд онҳо камар мебаст. Агар дар
маҳаллае шӯрапуште пайдо шавад, ба танбеҳи ӯ Улуғбибиро
мутасаддӣ мекарданд. Агар шӯрапушт нарм шуда, барои
гуноҳаш узр пурсад, Улуғбибӣ ҳам ба мулоиматй мегуфт:

- Одам шав, лисарам! Медонй, қиматтарин фазилати инсон
чист? Адаб! Ана, ҳамин адаб ғайри манфиат зараре намеорад.
Хӯш, агар фаҳмида бошй, рав, ба ту ҷавоб! Ислоҳ шав!

Қисмати фарзандони худи Улуғбибй чӣ хел анҷомид? Ро\и
муроду мақсади чаҳор духтараш аз шӯълаҳои шафақи илму
хунар мунаввар гардид. Онҳо дар партави ин шафақ дар ин-
тернат хонданд ва ятимиро қариб ҳис накарданд. Модар фар-
зандони асилу соқибмаърифат ба камол расонд.

Духтари нахустини ӯ Хонбибӣ дар театри драмавию
мусиқии шаҳри Тошканд солҳои тӯлонӣ хунарнамоӣ карда, то
ба мартабаи Ҳунарпешаи мардумии Узбекистон мақоми шои-
ста ёфт. Тамошобинҳо мафтуни ҳунарнамоии ин зани мард-
хислат шуда, ба ӯ Ханҷархон лақаб дода буданд. Вай сипас ба
Душанбе кӯчида, фаъолияташро дар Тоҷикистон идома дод.

Духтари дуюми Улуғбибӣ, ки аз хурдсолӣ дар ҷабҳаи
. меқнат обутоб ёфта, бори зиндагиро мекашид ва Фотима ном
дошт, аз худ фарзандони солеҳ ва номи нек ба мерос гузошт.
Фотима пас аз хатми Донишкадаи ҳуқуқшиносии шаҳри Тош-
канд солҳои дароз дар идораҳои адлияи Душанбе хидмат ба
ҷо овард. Мардум ӯро чун фарде, ки аз коргарзани одни фаб-
рика то корманди хйзбию ҷамъиятй ва то ба муовинии додси-
тони ҷумҳурӣ расида, соқиби мукофотҳои хукуматӣ гардида
аст, иззату хурмат мекарданд. Духтари ӯ Муборак Шарифова
чун олими риёзӣ маъруфият ёфта, шогирдони сершумор ба
камол расондааст.

43
Духтари сеюми Улуғбибй дастпарвари Донишкадаи
қаннодии шаҳри Ленинград (ҳоло Санк-Питербург) Патинисо
низ дар идораҳои давлатӣ ва корхонаҳои қаннодии Душанбе
фаъолият намуда, бэ номи нек ба нафақа баромад.

Ҷитаргӯшаи хурдии Улуғбибй ситораи тобони ҳунар Тӯҳфа
Фозилова дар якчанд навъи санъат - мусиқй, сарояндагй, опе-
ра, драма ва кино шӯҳрат дошт ва ба гирифтани унвони олии
Ҳунарпешаи Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гарди-
даст.Доир ба камолоти волои ӯ киссаҳои ҷолиб ва рисолаҳои
илмй ба табъ расидаанд, шеъру манзумаҳо эҷод шудаанд. Ӯ
бо ҳунарнамоии олиҷанобаш дар дили ҳазорон нафар мухли-
сони санъат ошён гузошта буд. Писари ин нобиғаи санъат
Хунарпешаи Халқии Тоҷикистон Мурод Орифов соли 1935
дар пойтахти Тоҷикистон ба дунё омада, чун дастпарвари До-
нишкадаи театрию рассомии Тошканд ва хатмкардаи бахши
режиссёрии ВГИК-и шаҳри Москва дар 30 филми бадей нақш
офаридааст.У нӯҳ филми бадей ва ҳабдаҳ филми мӯстанадро
ба навор гирифта, саҳифаҳои дурахшоне дар китоби таърихи
синамои тоҷик офарид.

Хулоса, нахустин милисазани тоҷик, муҳофизи тартиботи
ҷамъиятй Улуғбибй Саидова (1868-1954) амсоли парастуе буд
дар баҳорони солҳои бистуму сиюми асри бист. Вай 82 сол
умри пурбаракат ва пурсамар дида, таърихи корномаи бону-
вони тоҷикро зеб бахшид.

Солҳои чилум ва панҷохуми асри гузашта суруди «Мода-
рам» (аз драмаи мусиқии «Нурхон»-и Комил Яшин) дар иҷрои
Тӯҳфа Фозилова вирди забонҳо қарор дошт. Сароянда ин су-
рудро ба барномаҳои консертиаш ҳамроҳ карда, дар саҳнаҳо
бо эҳсоси амиқ мехонд. Тобистони соли 1954 Улуғбибй Саи-
дова — модари Тӯҳфа пеш аз сафари охират аз духтараш
хохдш кард, ки ҳамон суруд «Модарам»-ро тавассути радио
сарояд. Модари бемори бистарй охирин бор суруди духта-
рашро шунида, дар иҳотаи фарзандону набераҳои сершумор
беармон аз олам даргузашт. Духтар ҳангоми дафни модар низ
ин сурудро ашкрезон суруда, ба торҳои ҳассосоти ҳозирин
нохун мезад.

Хотираи зани соҳибчасорат ва волохирад Улуғбибй СаиДо-

44
ва дар дилу дидаи бисер шахсиятҳои маъруфи замон ҷой
дошт. Падари маънавии синамогарони Осиёи Марказй Комил
Ёрматов боре дар маросими ёдбуди ӯ барҳақ гуфта буд: «Ман
апаи Улуғбибиро аз наздик мешинохтам ва замоне бо ӯ
ҳамкорӣ ҳам доштам. Вай аз миёни тоҷикзанҳо аввалин шахсе
буд, ки дар муборизаҳои зидди дастаҳои ғоратгар дибоси
низомй дар бар молу мулки халқу ҳукуматро муҳофизат ме-
кард. Дар он айёми нобасомон бо вуҷуди ташвикоту
тарғиботи ҷаҳолатпарастон чаҳор нафар духтарашро бо олами
санъат раҳнамун сохтани Улуғбибӣ як навь қаҳрамонй буд»

Бешак, аъзои хонаводаи Улуғбибй Саидова парастуҳоеро
мемонанд, ки аз баҳорони рӯзгори нав, шукуфоии диёр,
равнақи истеъдод мужда мерасонданд. Он парастухисолони
хуишафас кайҳост, ки дигар дар байни мо нестанд. Вале
хидматҳои содиқонаи эшон дар роҳи маърифатнокии мардум
аз саҳифаҳои таърих зуду да нахоҳад шуд.

Зи хайли ҷумла мургоне, ки мардум дуст медорад,
Парастуро парастам, к-аз баҳорон мужда меорад.

СИТОРАИ ГУМГАШТА

Ҳофизи халқии Тоҷикистон Мирзобобо Аҳмадов, ки
маҳорати баланди сарояндагй донггу дар рушду равнақи
ҳунар саҳми арзанда мегузошт, ибтидои соли 1967 ба КМ ҲК
Тодикистон чунин арза дод:

«Хоҳишмандам масъалаи Эшонов Ҳамиддинро, ки соли
1937 ҳабс шудааст, бори дигар дида бароед.

Рафик Эшонов фарзанди дуредгари конибодомй буд. Ода-
мон ӯро чун яке аз нахустин муборизони poxjn тахдими
Ҳукумати Шӯро ва татбиқгари фаъоли сиёсати ҳизб меши-
нохтанд. Вай аз котиби кумитаи ноҳиявии комсомол ва ҳизб
то котиби КМ ҲК Тоҷикистон ва мудири шӯъбаи кишоварзии
Бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲКИИ1 расида буд.

Бародари калонии Эшонов коргари истгоҳи роҳи оҳани
Қӯқанд буд, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанй фавтид. Бародари
дигари ӯ Бурҳониддин, ки дар кори хизбии ноҳияи Ғарм
фаъолият менамуд, аз дасти ғоратгарони Фузайл Махсум

45
кушта шуд. Эшонов дигар хешу ақрабо надошт. Шояд аз
ҳамин сабаб масъалаи мазкурро касе то кунун ба миён нагу-
зоштааст. Саранҷому сарнавишти ӯро донистан мехоҳам.

М. Аҳмадов, 2 феврали соли 1967».

Ҳофизи машҳури мардумй Ҳамиддин Эшоновро меши-
нохт. Ин писари дехдони камбағал, ки солҳои бистуму сиюм
дар театри Конибодом кор мекард, борҳо бо Ҳамиддини
ҷавон вохӯрда, ҳамсӯҳбату ҳамнгшин шуда. дар маҷлисҳо ка-
ломи оташинашро шунида, вале дар аъмолаш нишонаи хиёна-
теро надида буд. Соли 1957 Мирзобобо чун ба филармониям
давлатии Тоҷикистон ба кор гузашт, умед дошт, ки бо
Ҳамидцин тез-тез вомехӯраду сурудҳои навашро ба самъи ӯ
мерасонад. Дареғо, ки гирдоби ҳаводис ниҳоли умедашро
барканд. Чаро ногаҳон ӯро ба ҳабс гирифтанду ҳаёташро
сӯзонданд? Касе намедонад, ки гуноҳаш чист? Ин суолхои
беҷавоб солҳои сол фикру хаёлашро ором намегузоштанд.
Сипас ба идораҳои дахлдор арзи матлаб кард. Хушбахтона, ба
доди ӯ расиданд. Аризаашро 8 феврали соли 1967 мудири
шӯъбаи илм ва мактабхои КМ ҲК Тоҷикистон Рауф Додобоев
хонду ба Пажӯҳишгоҳи таърихи ҳизби ҷумхурият фиристода,
хоҳиш кард, ки аз натиҷаи тафтишот ба соҳибаш ҳарчи зудтар
ҷавобномаи мукаммал нависанд.

... Соли 1925 сокинони Конибодом ҳангоми мулодот бо
М.И.Калинин, ки қаторасавор ба вилояти Фарғона сафар ме-
кард, изҳор намуданд, ки вадти тақсимоти марзу буми миллии
Осиёи Миёна беадолатӣ роҳ_ ёфт: ноҳияи аз қадим

тоҷикнишини Конибодомро ба Ӯзбекистон ҳамроҳ карданд.
Хохдш ин аст, ки ноҳияашонро ба ҳайати Ҷумҳурии мухтори
Тоҷикистон дохил кунанд. Вале, азбаски он вақт илоҷи чунин
кор набуд, КИМ ҶШС Узбекистан бо карори худ аз 15 апрели
соли 1925 дар ҳайати 3 волости ҳамсоя — Исфара, Конибодом
ва Маҳрам ноҳияи алоҳидаи мухтори тоҷиконро таьсис кард.
Мутаассифона, дере нагузашта одамоне ёфт шуданд, кй ба; ин
тақсимоти нави маъмурию ҳудудӣ эътироз оварда, роҳи
чудоиандозиро пеш гирифтанд. Мувофиқи ақида онҳо, ба Ко-
нибодому Маҳрам ҳамроҳ кардани Исфара гӯё хилофи раъйи

46
мардум будааст. Низою моҷаро чунон тезу тунд шуд, ки дар
КМ ҲК (б) Ӯзбекистон ба ҷустуҷӯи роҳбари дурандеше афто-
данд, ки шароиту вазъи ин маҳалро ба хубӣ донад. Оқибат ба
сарварии ташкилоти ҳизбии ноқияи навташкил Хами длин
Эшоновро фиристоданд. Мебоист вай ҳамчун фарзанди ҳамин
маҳал вазъиятро ба эътидол меовард.

Мардум котиби навро хуш пазируфт. Ба дӯши Ҳамидцини
ҷавон боз чанд вазифаи дигар - раисии кумитаи инқилобӣ,
сардории комиссияи мубориза бар зидди душманони ҳаёти
нав, раиси иттифоқи ҷуфтгарон, мутасаддии ислоҳоти обу за-
минро низ вогузоштанд. Диқкати котибро бештар рафъи
гуруснагй ва маҳви бесаводй ба худ мекашид. Вай хуб медо-
нист, ки бе ҳалли фаврии ин ду масъалаи бағоят муҳим иҷрои
вазифаҳои дигар берун аз имкон аст. Моқҳои аввали кораш
якчанд мактаби нав кушода, як гурӯҳ ҷавонон барои таҳсил ба
шаҳрҳои марказии мамлакат фиристода шуданд. Хушбахтона,
ҳамон рӯзҳо рафиқи ҳаммаслакаш Неъмат Ашӯров низ пас аз
хатми курси муаллимии шаҳри Самарканд ба маҳви бесаводй
камар баст. Субҳе Ҳамиддин дар дафтари корй ба ду-се нафар
ҷавон супориши нав медод, ки Ашӯров ворид шуд. :

- Э, биё, биё, Неъматҷон! - хурсанд шуд котиб. - Худам ба
наздат рафтанй будам. Хӯш, аҳвол чӣ тавр?

- Шукр, бад не. Дар Махрам боз як курси маҳви бесаводй
кушодем. Пиру ҷавон ташнаи маърифат.

- Биноро аз кудо ёфтед?

- Масҷидро ба таълимгоҳ омода кардем. Аммо баъзеҳо
мегӯянд, ки масҷидро вайрон карда, ба ҷояш мактаби нав созем.

- Нодуруст мегӯянд. Бастани масҷидҳо ин худ зарбаи фа-
локатборест ба дину диёнат ва фарҳанги мо. Фикри мардумро
гирифтед?

- Аксари одамон муқобили вайрон кардани масҷид. Ба
фикри ман ҳам, дар шароите, ки ба иморатсозй имкон кам аст,
вайрон кардани биноҳои кӯҳна беандешагист.

- Бале, ба муқобили раъйи мардум баромадан хатой авф-
нопазир аст, - таъкид кард Эшонов. - Неъматҷон, вазифаи
ману ту ба ҳамин фикри ботил зарба задан аст. Ту
ҷавонмуаллими хубй, ба кори фирқа ҳам лаёқат дорӣ. Оянда

47
туро ба раисии иттифоқи касабаи коркунони маориф пешбарй
кунем, чй мегӯй?

- Ман розй, ба шарте ки ду-се сол кор карда, таҷриба
омӯзам.

- Кам нашав, Неъматҷон. Аз ояндаи ту умедам калон.

Котиб нақшаи дигаргунсозии симои шаҳру деҳотро мурат-

таб месохт. Бо ташаббуси ӯ ба нақшаи солҳои 1926-27-и шаҳр
ба тариқи ҳашар сохтани ҳашт мактаби нав, бинои маъмурй
барои'комичроия, беморхона, истгоҳи барқ, таъмири тими бо-
зор, Дз маркази шаҳр то истгоҳи роҳи оҳан сохтани роҳи нав,
Tfyitrraxona. бинои театр ва ғайраро дохил карданд. Дар ду со-
ли меҳнати зарбдорона ҳосили мева, ғалла ва сабзавот хеле
афзуд, одамон як андоза осуданд.

Котиб роҳҳои беҳбуди зист ва зиёд кардани хосили зироат-
ро меҷуст. Рӯзе баногох омадани комиссия хотири ӯро паре-
шон сохт: боз санҷиши аризаи шикоятй. Дерест, ки ДёҳқОнони
исфарагию конибодомй носозанд. Чаро мйёни онҳо кину ху-
сумат? Вазифаи асосӣ ба ифоқа овардани мардум, хомӯш гар-
дондани оташи низою моҷарост. Эшонов боиси cap задани
хархашаро беғаразона ва дурбинона омӯхт. Ба хам оштй до-
дани сокинони ду маҳал бо машақкати зиёд муяссараш гар-
дид. Вай ба хулосае омад, ки асли гаи дар тақсимоти об буда-
аст. Аз қадимулайём деҳқонони Конибодом бо кишти пахта,
зироаткорони Исфара бо кишти шолӣ машғуланд. Азбаски
обро аз як дарёча мегиранд, байнашон зуд-зуд низоъ мехест.
Дар Конибодом ҳафт чӯйбор буд, ки аз сароби Работ ба мар-
кази шахри Конибодом* Қарақчиқум, Махрам, Ниёзбек,
Кӯшкак, Хамирҷӯ ва Қараянтоқ об медод. Аз оби ин ҳафт ҷӯй
дар ҳар деҳа ду-се осиёб кор мекарД; Мобайни ҳар ҷӯй чака-
лак дошт, дарахтони бемева дар як ҷо бо анбӯҳй месабзиданд.
Лаб-лаби ҳар чӯйбор қатор-қатор беду сафедор кад кашида, ба
мардум масолеҳи бинокорй медоданд. Агар ба ин ҷӯйҳо об
наояд, доли хал к чй мешавад? Ба ҳар восита бояд бикӯшем, ки
воқиаи соли 1911 дигар такрор нашавад, - аз дил мегузаронд
котиб. - Он сол исфарагиҳо пеши роди оби Конибодомро бас-
танд. Дар натиҷа кишти пахта нобуд шуд, садҳо бех зардолую
бодом пажмурду хушкид. Обро танҳо бо дахолати маъмурия-

48
ти подшоҳӣ, таҳти назорати аскарон гузаронданд. Ин кор
солҳои минбаъд боз такрор ёфт. Эшонов донист, ки ин
номуросой аз ночорист, зеро кишти шолй назар ба кишха пах-
та се баробар зиёд обталаб аст ва исфарагихо маҷбур мешу-
данд, ки барои талаф наёфтани ҳосил обро банданд. Бо фаъо-
лияти котиб идораҳои нақшакаш ба тақсими одилонаи об

машғул шуданд.

Ҷавонмарди фозил Ҳамиддин Эшонов дере нагузашта ба
дили мардум роҳ ёфт. Шабу рӯз дар тамоми тадбиру тадоруки
дигаргунсозии солҳои аввали Хукумати Шуро фаъолона шир-
кат меварзид. Бо қатъият ва матиниродаги дар бунёди ҳаеги
нав саҳмгузорӣ мекард. Мехост, ки халқи мазлум соҳибуқуқ
ва саодатманд гардад, дар оилаи бузурги халқҳои шурави
мақому мартабаи хоса ёбад. Ҳамон вақт яке аз аввалин
колхозҳои деҳаи Ниёзбеки ноҳияи Конибодомро ба номи у
гузоштанд.

Вале соли 1937 бо амри намояндагони фавқулъодаи КМ
ВКП (б) гурӯҳи калони сарварони ҷумхурият ва гулҳои сари
сабади тоҷикони рӯшанфикрро ноҳақ маҳв карданд.
Ҳамиддин Эшонов дар синни сивучорсолагиаш курбони бе-
додгарии ин айём гардид. Дар кумитаи ҳизбии шаҳри Стали-
нобод ба гардани ӯ чунин «ту'ноххо» гузоштанд: «Эшонов уз-
ви ташкилоти зиддишӯравии ифротгар ва аз шахсони зарарра-
сони соҳаи савдо аст. Вай бо думравони тротскийчи алоқа до-
рад. Бесабаб мусаллаҳ намегардад. Эшонов зимни суханронй
ва ҳангоми овоздиҳӣ миллатгарои аксулинқилоб Қосим
Зулфиқоров, шарики миллатгароёни буржуази Абдулкрдир
Муҳиддинов ва дигар унсурони таҷассуси инглвдро фаьолона
ҳимоя кард. Бо мақсади дар сафи ҳизб монондани_Зулфиқоров
дар ҳаққи доҳии халқҳо В.И.Ленин бешармона буҳтон бофта,
чунин гуфт: «Зулфиқоров дар кораш сахв кардааст, боке нест,
хагояшро нишон додем, ислоҳ мешавад. Охир, ки хато наме-
кунад? Ҳатто Ленин ҳам хато мекард...»

Назаре ба ҳуҷчати дигари ҳизбӣ: «Эшонов барои вайрон
кардани кори комиссариата халқии савдои дохили, барои но-
пок кардани сафи коркунони ташкилотҳои савдо бр унсурони
зиддишӯравй ва ҷинояткор барои алоқа ва ҳимояи унсурони

49
буржуазию миллатгарой (ба мисли Қосим Зулфиқоров, Ша-
рофиддин Қиличзода' ва дигарон) ва ҳамчун миллатгарои
буржуазии мусаллаҳмонда аз вазифаи комиссари халқии сав-
дои дохилии Тоҷикистон озод карда шавад.

Қарори кумитаи фиркаи шаҳри Сталинобод дар бораи аз
сафи ҳизб хориҷ кардани Эшонов тасдиқ карда шавад. Ба
КИМ-и ҶШС Тоҷикистон супурда шавад, ки аз вазифаи ко-
миссари халқии ҷумхурӣ озод кардани Эшоновро бо тартиби
шӯравӣ расмй гардонад.

Котиби КМҲК (б) Тоҷикистон Ашуров,

цонишини мудири секторы махсуси КМ Рагозин».

(Нусха аз протоколи № 260 маҷлиси бюрои КМ ҲК (б)
Тоҷикистон аз 19 июли соли 1937 «Дар бораи Эшонов
Ҳамиддин»),

Он рӯз Эшонов охирин бор вориди дафтари кораш гардида,
гӯшаки телефонро бардошт ва ба котиби яку ми КМ Ӯрунбой
Ашӯров занг зад.

- Амали номуборак муборак! - гуфт ӯ. - То ин вакд шумою
Абдулло Раҳимбоев барин роҳбарон худро гоҳ «тоҷик»-у гоҳ
«ӯзбек» ном бурда, дар тақсимЬти ҳудуди миллӣ ҷумҳуриро
фурӯхтед, акнун ба фурӯхтанй фарзандонаш гузаштед? Оё
таърих гуноҳатонро мебахшида бошад?!

Ба ҳамин тариқ, дасисаю бӯҳтонҳои нохалафон ниҳоли
қомати ҷавони ӯро шикает. Дар бозпурсию истинтоқҳо хос-
танд чандин айб ба сараш гузоранд. Чун иқрор нашуд ва сахт
истодагарӣ намуд, ӯро «думрави Тротский» номиданд. «Душ-
мани халқ худи шумоед, на ман! - посух дод Эшонов ба
чоплӯсони хуношоми НКВД. - Амапи зидди ҷамъиятӣ ва
бӯҳтонқои шумо нобовариро ба сусиёлизм авҷ мегиронад.
Рӯзе мерасад, ки ниқоб аз рӯятон мебардоранд ва ба ҳама чун
рӯз равшан мешавад, ки кӣ думраву кӣ дунболарав аст. Ман
бо Тротский, Зиновев ва Бухарин муносибате надорам.
Ҳамеша ба кору мароми ҳизбу давлат содиқ будам ва содиқ
мемонам».

1 Қ. Зулфиқоров, Ш. Қиличзода - собик кормандони бахши тиҷораги
ҷумҳурият, ки соли 1937 ҳабс ва соли 1957 сафед шудаанд.

50
Танҳо пас аз ей соли ин фоҷиа — дувоздаҳуми май соли
1967 аз рӯи маълумоти додгоҳи низомии ҳавзаи ҳарбии Тур-
кистон ва Пажӯҳищгоҳи таърихи ҳизбии КМ ҲК Тодикистон
Ҳамиддин Эшонрвро б.егуноҳ ҳисобиданд. Собиқаи ҳизбии у
аз соли 1920 баркарор гардид...

Ҳофизи халқй Мирзобобо Аҳмадов аввали моҳи апрели со-
ли 1967 ба аризаи худ чунин ҷавоб гирифт: «Ба шумо маълум
мекунем, ки Эшонов Ҳамиддин соли 1903 дар шақри Конибо-
дом аз оилаи дуредгар ба дунё омада буд. Солҳои 1913-1917
дар мактаби нави тоторӣ синфи чаҳорумро хатм кард. Баъди
пирӯзии инқилоби Октябр то соли 1920 ҳамроҳи падараш дар
роҳи оҳан кор мекард. Се соли ҳамкорӣ бо рохиоҳанчиён ба-
рояш мактаби худшиносӣ ва саводомӯзй гардид, дарадаи ид-
року фаҳмиши ӯро аз авзои замой чанд зина боло бурд. Пас аз
дохил шудан ба сафи фирка муддате муаллими маҳви
бесаводй буд. Баъд котиби кумитаи комсомолии ноҳияи Ко-
нибодом интихоб шуд. Соли 1921 котиби кумитаи уездию
шаҳрии комсомолии Қӯқанд, соли 1922 дар ҳамин вазифа дар
Намангон, соли 1923 котиби кумитаи комсомолии вилояти
Фаргона буд. Охири соли 1923 Эшоновро ба кори фирқа гуза-
рониданд. Даставвал мудири шӯъбаи баҳисобгирию
тақсимоти кумитаи фирқаи вилояти Фаргона, сонй мудири
шӯъбаи ташкилй ва донишини котиби кумитаи уездию
шаҳрии фирқа дар Конибодом буд. Пас аз таъсиси Ҷумҳурии
мухтори Тодикистон ӯро ба вазифаи котиби масъули бюрои
ташкилии комсомоли Тодикистон ба Душанбе фиристоданд.
Соли 1925 баъди таъсиси ноҳияи мустакили тодикони Кони-
бодом Эшонов он до ба вазифаи котиби аввали кумитаи
фирқаи ноҳия ва раиси кумитаи инқилобй таъйин шуд. Он ай-
ёми пурошӯбу ноором буд. Ӯ чун раиси сегона ба мукобили
босмачигарӣ муборизаи қатъй мебурд ва дар баробари ин ло-
зим меомад, ки ба комиссияи шӯроикунонй ва ислоҳоти обу
замин ширкат варзад. Баъд вай дар кори бюрои ташкилии ок-
руги Худанд низ иштирок дошт.

Эшонов соли 1927 мудири сектори таргиботии КМ ҲК(б)
Ӯзбекистон, пас намояндаи комиссияи марказии назорати
ҲК(б) Узбекистан ва Комиссариати Халқии Бозрасии Корга-

51
рону Деҳқонон оид ба ҳавзаи Зарафшон буд. Соли 1928 ӯро
барои таҳсил ба Дорулфунуни коммунистии меҳнаткашони
Шарк ба Маскав фиристоданд. Вале хатми он ба ӯ муяссар
нашуд. Соли 1930 Эшонов ғоибона котиби кумитаи фирқаи
округи Ӯротеппа интихоб гардид. Соли 1931 ӯ комиссари
халқии зироати ҷумхурият таъйин шуд ва баъди ду моҳ коти-
би КМ ҲК(б) Тодикистон интихоб гардид. Соли 1932 ӯро ба
Бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП(б) даъват карданд ва дар он
ҷо мудири сектори шӯъбаи кишоварзиро ба ӯхда дошт. Соли
1934 ӯро боз барои таҳсил ба курси марксизм-ленинизм ба
Москав фиристоданд. Аммо соли 1935 ба Тодикистон бозхон-
да, комиссари халқии савдои дохилй таъйин карданд. Вай то

19 июли соли 1937 ин вазифаро ба до меовард. Сипае гириф-
тори тӯҳмаз ва ҳабс шуд. Бо қарори ҳайати ҳарбии Додгоҳи
Олии ИҶШС (Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусиёлистӣ) аз

20 октябри соли 1938 ӯро ба қатл ҳукм карданд.

Ҳамиддин Эшонов дар давоми фаъолияти худ дар

вазифаҳои гуногуни ҳизбию шӯравӣ борҳо узви бюро ва ку-
митаи вилоятии фирқа, узви бюро ва KM XJK(6) Тодикистон
ва Ӯзбекистон, узви ҳайати раисаи КИМ-и Шӯроҳои ҶШС
Тодикистон интихоб туда буд. Ҳоло номи неки ин фарзанди
халқи тодик барқарор ва сафед карда шудааст.

А.Баҳоваддинов,

сарвари пажӯҳишгоҳи таърихи ҳизби КМҲК Тодикистон»

Таърих ҳукми одилона баровард. Адолат, дер бошад ҳам,
тантана кард. Номи нек барқарор гардид. Вале онҳое, ки
солҳои сол бо тавқи нангини «душмани халқ» бадном шу-
данд, ҳаргиз нахоҳанд баргашт.

Некон зи гудози гусса дилчок шуданд,

Покон ҳадафи тӯдаи попок шуданд.

Аз лаззати дидори азизон маҳрум,

Дардо, ки гарибу бекафан хок шуданд.

Мирзобобо Ахмадов номаи профессор Аловуддин
Бадрваддиновро хонда, ғарқи андешаҳои дуру дароз шуд: на-
ход хдзби. мо узви худро солҳо парварида, вазифаҳои калон

52
дода, ҷавҳари ҷони ҷавониашро ҷабида, дар охир бо бӯҳтони
чанд нохалаф маҳкуми қатл кунад? Тавба! Куҷост адлу йн-
соф? Мирзобобо ба қабулгохд профессор рафт, ки маҳалли
дафни Эшоновро фаҳмад. Мехост дар куҷо будани мадфани
ҳамдиёрашро бидонаду фурсат ёфта, ба зиёраташ биравад.
Баҳоваддинов ӯро хуш пазируфт ва сӯҳбат кард.

- Хуш омадед, акаи ҳофиз! Якдигарро мешиносем-а?

- Бале, ман шуморо медонам, файласуфи дақиқназаред.
Бисёр фарзандони ҳамшаҳриёнам аз шумо сабақ гирифтаанд.

- Ман ҳам шуморо мешиносам. Аввалин Ҳофизи халқии
Конибодом, иштирокчии нахустин Даҳаи маданияти тоҷик
дар Маскав (1941) ҳастед. Дар бораи шумо бисёр навишта бу-
данд. Синни муборакатон чанд?

- Имсол ҳафтодсола мешавам.

- Шашмақомхониҳои шумо аз ёдам нарафтааст.

- Навори сабти овозам ҳаст. Писарам Эргашбою духтарам
Мукаррама овозамро навиштанд. Ҳамон наворро мешунавед.
Ҳозир ҳам камубеш қудрати хондан дорам.

- Офарин, акаи ҳофиз! Фарзандҳо чанд нафар?

- Як писару як духтар, ҳар ду ҳам табиб... - Мирзобобо аз
пиёла як қулт об нӯшиду ба сари мақсад омад: - Домуллои
мӯҳтарам, бубахшед, ки бо аризаи худ шуморо хеле ташвиш
додам, маъзарат.

- Ҳеҷ ran не, кори хайре кардед. Аз рӯи аризаи пгумо масъ-
алаи ҳизбии ӯро дар бюрои КМ дида баромаданд. Шумо дар
сафед кардани инсони бегуноҳ саҳме гузоштед!

- Акнун мехостам, ки ҷои дафнашро ҳам донам.

Баҳоваддинов оҳи бадарде кашид:

- Сад дареғ, ба мо дар хусуси маҳалҳои муайяне, ки
маҳкумон дафн шудаанд, маълумот намедиҳанд. Барой да-
рёфти дафнгоҳи онҳо минбаъд тадбирҳо меандешанд. Аммо
ҳоло замин сахту осмон баланд...

Алами ҳофиз тоза шуд. Боз пурсид, ки маҳбусони сиёсиро
чй тавр ба қатл мерасонданд? Олими файласуф бо таассуф
фарзияи худро гуфт. «Ин фоҷиаи мудҳиши гӯшношуниде буд,
- ба ежовчиёну бериячиён нафрат хонд Баҳоваддинов. - Боре
ман дар Ялта бо шахсе вохӯрдам, ки қатли маҳбусони он

53
солҳоро бо чашми худ дида будааст. Чунон ки ӯ гуфт,
маҳбусонро бо ҳамаи чизу чораашон (бӯхчаву анбонҳояшон),
ки инро «бисот» меномидаанд, аз ҳабсхона бурда, дар
хилватгоҳи дуре наздй чуқурй гузошта, аз пушти сарашон тир
холӣ мекардаанд ва бнҳб рост ба Даруни «ҳабр» меафтодаанд.
Бисоташонро низ ба ҳамон чуқурӣ мепартофтаанд. Баъдан ба
ҷисмҳои беҷон оҳак мепошйдаанд; ки аз аъмоли зишти золй-
мон нишону осбре нкмоййд. Ана, бо чй вахшбйиятё кушта
мешудаанД бнҳо..'л>

Он рӯз қофизи халқ аз назди Баҳоваддинов то хонааш ги-
рёну нолон, ба сарварони таъқибот нафринхонон омад.

Ҳофиз дар лаби ҷӯйбори назди ҳавлӣ рӯй шуст, ки ахди
хонавода аз авзояш пай набаранд.

... Соли 1974 яке аз аввалин фирқавиёни Конибодом Боҳир
Муҳаммадҷони халтақишлоқй, ки солҳои сиюм хднгоми дар ва-
зифаи раиси Комиҷроияи Янгибозор кор карданаш бегуноҳ ҳабс
шуда буд, аз сарнавишти Ҳамиддин Эшонов пурсон шудем.

- Ӯро ба ёдам оварда, хориамро наореД. - оҳ кашид ӯ, -
бӯҳрони солҳои даҳшатангези парастиши шахсият ба хотирам
расад, дилам шаби ялдо барйн сйёҳ мёшавад. Чӣ вахдюнияте
раҳ ёфт дар зиндагӣй мо он солҳо. Осмони дӯстиву бародариро
абрҳои сиёҳи тарсу ҳарос ва гумону шубҳа фаро гирифт. Анда-
ке шубхд сари сабзро барбод медод. Масҷиду мадрасаҳоро ха-
роб мекарданд. Ҳар касеро, ки китоби арабиҳуруф хонаду аз
адабиёти гузаштаи мо, ки ганҷинаи панду ҳикмат аст, баҳра
барад, ба сараш ранҷу балоҳо меоварданд. Муллоро, чунон ки
медонед, душ мани сусиёлизм медонистанд. Баъди ҷангҳои
дохилӣ замони бародар ба барбдару гшсар ба падар теғкашиҳо,
ҳазорон-ҳазор қурбонии ноҳақ, дахло қазор дехдони ботадбири
кулакшуда, қиматию қаҳтй, аз гуруснагй мурдани одамон,
таҳти шиори «душмани халқ» дар хдбсхонаҳо бегуноҳони бе-
кафанрафта... (Он рӯзҳои сиёҳро мо дидем, дигар касе наби-
над!) Акнун ба худ тасаввур кунед, ки дар чунин шароит дар
миёни омма кор бурдани Ҳамиддин Эшонов барин роҳбарони
хизбу хукумат чй басо душвориҳо дошт. Осон набуд мубори-
заи ӯ ба муқобиди ҷаҳолат!

- Шумо ӯро аз наздик мешинохтед?

54
- Бале. Аз бачагй дӯст будем. Падарашро Эшони дуредгар
меномиданд. Ба хаёлам, бо хонадони файласуфамон Акбари
Турсун қаробаг дошт. Хонаашон дар пахлуи бонки ҳозйраи
шаҳр. Эҳ, Ҳамиддин, Ҳамиддин! Тақдир моро борҳо ба ҳар
гӯшаву канори мамлакат андохт. Бо ҷидду ҷаҳди ҷавонӣ шабу
рӯз хизмати мардум мекардему подошаш чӣ шуд? Боди саму-
ми айёми парастиши шахсияти Сталин моро ба водии асорату
андӯҳ бурд. Заҳри ҳалоҳили «сегона» рӯзгорамонро тира ва
айшамонро талх гардонд.

- Мегӯянд, ки Ҳамиддин Эшон доир ба марзбандии арозии
ҷамоҳири Осиёи Миёна ба роҳбарони ҳизбу ҳукумати Марказ
мактубу тузоришномаҳо навишта, талошу муборизаҳо дошта-
аст.

- Хизмати вай алалхусус дар масъалаи ба ҳайати ҷумхурии
Тоҷикистон қамроҳ кардани шаҳри Конибодом, ки то соли
1929 ба вилояти Фарғонаи Узбекистан дохил буд ва фаъол
гардондани созмонҳои ҳизбию идораҳои шӯроии онҳо кам
нест.

- Ба фикри шумо, аз ӯ чй ёдгорӣ мондааст?

- Ҳоло ҳам дар баъзе маҳалҳои Конибодом биноҳои
кӯҳнасохти солҳои бистуму сиюм боқист, ки дар шароитй но-
мусоиду душвори он солҳо бо ташаббуси ӯ сохта шудаанд.
Ҳар гоҳ ба тарҳи ин биноҳо нигарам, симои Ҳамиддин пеши
назарам меояду ин байти Соибро такрор мекунам:

Вацти он кас хуш, ки чун барц аз гиребони вуҷуд
Сар бурун оварду бар вазьи ҷаҳон хандиду рафт.

- Бубахшед, шумо чанд сол маҳбус будед?

- Аз соли 1934 то соли 1946. Нав озод шуда, рӯи осоишро
медидам, ки боз чаҳор сол ба «биҳишти сталинӣ» фиристо-
данд. Дар маҳбас бо писари ягона ва фарзонаи Фозилҷон-
бойбача (муҳандиси электростансия Тоҳирҷон) ҳамҳуҷра бу-
дам. Азобу уқубатро бо ҳам медидем. Шукр, ки баъди
шонздаҳ соли заҳри ҳабсхонаҳоро чашидан зинда баргаштем.
Маро боз ба сафи фирқа барқарор карданд. Вале, дареғо, ки
умри дӯсти деринаам Хдмиддйн Эшон ноҳақ хазон шуд.
Лаънат ба ҷаҳолати «сегона»! Лаънат! Лаьнат!!!

■is
... Солҳои даҳшатбори шахсиятпарастӣ, солҳои авҷи
ҷаҳолату қабоҳат. У меду эътимоде набуд, ки касе аз ҷазою
таъқибот халосӣ меёбад. Ҳамаи одамони поквиҷдон, ходимо-
ни илму маданият, роҳбарон, мисли Ҳамиддин Эшон, гириф-
тори вабои таЪқиботу вартаи ҳалокат шуданд. Мо набояд он
ҷонфидоёнро фаромӯш кунем, балки ба хотири онҳо ёдгорихо
гузорем, номи некашонро барои наслҳо баргардонем. Ин кор
на танҳо ба хотири адлу инсоф, балки инчунин барои он зарур
ва судбахш аст, ки замонҳои мудхдшу худсарию зулму тааддй
дигар барнагарданд. Бале, бигузор он тӯфони маргбор, давро-
не, ки аз рӯи ахбори тӯҳматангезу айбмониқои дурӯғин
нарвандаҳои ҷиноятӣ мекушсданд, дигар ҳаргиз барнагар-
данд! Бигузор. дигар одамон дар ҳасрати дӯстон ашки ҳасрат
нарезанд!

! Бигузор, ситораҳои тамаддун абадӣ дурахшон бимонанд!

КИШТИИ ТӮФОНЗАДА

Хонаводаи миёнаҳол ва ахду тифоқи Надировҳо дар
пайвастагӣ гӯшту нохунро мемонд. Аз ҳашт фарзанд ду дух-
тарашон дар кӯдакӣ аз бемориҳои гуногун фавтидаанд. Воли-
дайни заҳмагкаш ва донишдӯст фарзандони аз офати дарду
балоҳо зиндамондаи худ Аъзаму Айюб, Исмоилу Исроил ва
Абдуғаффору Абдусатторро дар мадрасаву мактаб хононда,
дар рӯҳи ростиву растагорй ва ҳақбиниву ҳақгӯӣ ба камол ра-
сонданд.

Дар миёни фарзандон нахустписари хонадон Аъзам бо зи-
ракию фиросати азалӣ фарқ допгг. Ӯ дар ибтидои умр таъли-
ми мударрисро гирифт. Ба ғайр аз забони модариаш, ки аъло
медонист, забонҳои русӣ, ӯзбекй, тоторӣ ва инглисиро низ
омӯхта, бо ин лисонҳо озодона ҳарф мезад. Ин буд, ки ӯ дар
оғози солҳои бистум раиси «Қӯшчиён» (Иттифоқи ҷуфтгарон)
интихоб шуд. Баъдан ба мартабаи раисии Кумитаи инқилобии
Конибодом расид. Сардори «Қӯшчиён»-и вилояти Фарғона
(то соли 1929 Конибодом тобеи вилояти Фарғонаи ҷумхурии
Ӯзбекистон буд) интихоб гардид. Аз аввазин рӯзҳои таъсиси
Ҷумқурии Тоҷикистон ӯро чун ходим и с о хи б маър и ф ату

56
лаёқатманд барои кор ба Душанбе фиристоданд. Дастпарвари
Дорулфунӯнй кбммунйстии заҳматкашони Щарқ аввалан ба
мудирияти шуъбаи савдои КМ ҲК Тоҷиқистон пешбарӣ гар-
дид. Якчанд сол пешбурди бахши тиҷоратро ба ӯхда донгг.
Ҷавонию ҷасорат мушкилоти ӯро мекушод. Тоҷирон ба ин
ҷавони чашмикордон, ки боронии чармини сиёҳ ва кулоҳи
пешлапардори шабранг пӯшида мегашт, бо таваҷҷӯҳ менига-
ристанд. Аъзам бо вуҷуди камни нақлиёт дар ҳар шароити обу
ҳаво ба маҷлиси созмонҳо сари вақт ҳозир мешуду намунаи
интизомнокӣ нишон медод. Дар ҳаллу фасли масъалаҳои чи-
гили савдо ёварию доварӣ мекард. Пае боз таҳсил карданаш
лозим омад. Ин дафъа ӯ дар шаҳри Москва Академияи саноа-
ти умумииттифоқро хатм кард.

Аъзам Надиров истеъдоди асили ташкилотчигй дошт.
Вазифаҳои гуногунро софдилона ба ҷо оварда, амалан исбот
мекард, ки бо омма кор бурда метавонад. Аз ин рӯ, соли 1936
вазифаи котиби аввали кумитаи ҳизбии собиқ ноҳияи Воро-
шиловобод (баъдан Колхозобод) ба дӯшаш афтод. Шабу рӯз
бо қувваи дучанд аз паи хидмати хизбу хукумат талош мевар-
зид. Он вактҳо дар водии Вахш одамон дар чайлаю козаҳои
найин ва кулбаҳои гилин мезистанд. Тобистон гармии ҳаво то
ба панҷоҳ дараҷа мерасид. Баъзеҳо ба ҳамлаи хомӯшак тоқат
наёварда, ҳатто мегиристанд. Найистон замину замонро фаро
мегирифт. Найистонро решакан карда, замин кушода, пахта
киштан коре бӯд хеле миёншикан. Дар ноҳия колхози «Кони-
бодоми сурх» таъсис доданд, ки дар он бисёр конибодомиҳои
муҳоҷир шуғли кор доштанд. Дар заминҳои нав бо захвати
афзун нахустин бор пахтаи маҳиннахи мисрӣ мекоштанд. Аз
пурқувватии замини навкорам қади ниҳолони пахта аз қади
одами навча баландтар мерӯид. Аз ин нашъунамои пахтазору
ҳосили фаровон ва ғайрати дучандони деҳқонон табъи котиби
райком меболид. Ҳамон вақт бо сарварии Надиров ва хешо-
вандони муҳоҷир Сироҷиддин Исоев (ин шахс аз ҳисобдори
один колхоз то ба мартабаи котиби аввали ҳизбии ноҳия ра-
сид ва ба гирифтани унвони Қаҳрамони Мехдати Сотсиалистӣ
мушарраф гардид) ба тариқи ҳашар нахустин бинои кумитаи
ҳизбии нохдя қомат афрохт, ки аз най болопӯш дошт.

57
Котиби сертараддуд дар тӯли ду соли фаъолияташ бо ма-
даду дастгирии муҳоҷироне, ки аз ноҳияҳои шимоли ҷумхурй
ба водии Вахш кӯчида буданд, садҳо таноб дашти офтобсӯхта
ва шӯразору найистонро ба замини корам табдил дода,
хоҷагии ноҳияро аз чанголи харобй вораҳонд. Пешбурди кору
амалаш ба мардум писанд омад. Вале, мутаассифона, ба ӯ гӯё
чашми бад расид. Дар айни қамолот шохи чавониашро шика-
ста, ӯро ба гирдоби фалокат тела доданд.

Аъзам Надирови бебок бо бедодгариҳо рӯ ба рӯ омад. Бо
нокасону чоплӯсон муросо кардан наметавонист. Тирамоҳи
соли 1937 ӯ дар яке аз маҷлисҳои навбатии КМ ҲК
Тоҷикистон аьзои «сегона» ва НКВД-ро барои он сахт зери
тозиёнаи танқид гирифт, ки шахсони тамоман бегуноҳ ва
ҳатто фирқавиёни содиқи кору мароми халқу Ватанро ба ҳабс
гирифта, ҷазоҳои ноҳақ медиҳанд. «Охир, ин ҷиноят аст, ин аз
хиффати ақл аст, - гуфт ӯ. - То кай бе далели қотеъ
бегуноҳонро ба гирдоби таҳқир меафкананд? Дигар ба ин
ҳиёнаткорон муросо кардан мумкин нест!»

Котиб бо чунин ҳақталошиву фошгӯй, ки ба рӯҳи он айём
мувофиқ намеомад, бо дасти худ ба сари ҷавонаш об рехт.
Гумоштагони «сегона» ҳатто то ба охир расидани маҷлис саб-
ру таҳаммул нанамуда, ҳангоми танаффус ин ҷавони сиву
ҳафтсоларо бурданд.

Дар ҳучраи яккашини НКВД истинтоқ оғоз ёфт.Ба ӯ тӯҳмат
карданд, ки гӯё тасодуфан ба сафи фирқа pox ёфта, дар асл
душман асту бо неруҳои аксулинқилобй ва зиддишӯравӣ ро-
битадорад.

- Ман узви тасодуфии фирқа нестам, - гуфт Аъзам Нади-
ров. - Бо шарҳи ҳолам дурусттар шинос шавед. Маро ҳамин
фйрқа тарбият кард, ба воя расонд ва тавсия дод, ки дар мак-
таби олияш хонам. Мудири шӯъбаи КМ будам. Соли дуюм
аст, ки котиби якуми фйрқавии ноҳия х,астам. Аммо тайи чанд
соли охир бо чашми худ дидам, ки ин фирқаи «ақлу шараф ва
виҷдони даврони мо» бо сарбурию сархурй машгул аст. Бе
ягон далелу исбот ва ҳучҷату тувоҳ беҳтарин кадрҳоро аз ми-
ён мебаранд. Ман дигар ба ин саҳву хатоҳо тоб наоварда, фи-
крамро рӯирост гуфтам. Беҳуда ба ман ғараз нагиред.

58
— Агар душман набошӣ, чаро фирқаро «сархуру сарбур»
гуфтй? - дут зад яке аз аъзои сегона, марди мутакаббири
аврупои. - Ба гуноҳат иқрор биёр!

— Ба кадом гуноҳам?!

— Вақти ба сафи фирқа дохил шудан баромади
иҷтимоиятро пинҳон дошй? Мо падару модаратро медонем.

— Ман ҳеҷ чизро пинҳон накардаам, кихо будани волидай-
намро на як бору ду бор бо дасти худ навиштаам, - гапгузаро-
нӣ мекард Аъзам. — Падарам Аҳмадбой то инқилоб тоҷир бу-
данд, дар неттохи роҳи охдни Конибодом дӯкони карасин-
фурӯшӣ доштанд. Соли 1918 фавтиданд. Модарам Мукаррама-
бону - отунбибии маҳалла, ба духтарон сабақ медиҳанд.

— Бародарат Айюб-қорӣ чй? Чаро дар бораи вай чизе
намегӯӣ?

— Охир, сабр кунед, муфассал ҳамаашонро мегӯям.

— Ана, ҳамин Айюб-қорӣ ҳам душмани фирқаи мо! Диндор,
шариатпаноҳ, зидди сохти нав... Намозу ибодат ва қироату
тиловати сураҳои Қуръон гашвиқоти зиддишӯравист! Ё, ба
фикри ту, қоригии додарат гуноҳ нест?

— Буоахшед, аввалан, бародар ба аъмоли бародар ҷавобгар
нест, сониян, вай муқобили сохти нав нест. Касе аз ӯ зарар
надидааст. Диндориаш кори шахсии ӯ.

— Ҳамин бародари руҳониятро вақти ба сафи фирқа даро-
мадан пинҳон намедоштӣ, туро ба фирқа намепазируфтанд.

— Май диндории бародарамро низ дар шарҳи ҳолам навиш-
таам. Мо шаш нафар додарони ахлу тифоқем, ба ҳамдигар ки-
ну нифоқ надорем. Ҳамаамон хайрхоҳи ин халқу Ватан!

— Гапро ба дигар тараф набар. Ахди оилаат ба мо маълум.
Худат, ки дар Мадраса хондаӣ, ба ҳимояи дину диёнат
мебарой.

— Бале, ҳам таълими Мадраса гирифтаам, ҳам таълими мак-
таби шӯравй. Ҳам аз даргоҳи дорулфунуни фирқавй гузашта-
ам, ҳам аз даргоҳи Академияи улуми саноеи умумииттифоқ.

— Росташро гӯй, бо кадом хоинони Ватан робита дорӣ?

— Тӯхдоат назанед! То кай бӯҳтон бофта, сари одамонро
мехӯред? Умри дурӯғ кӯтоҳ аст.

— Ба нағзӣ росташро гӯй, вагарна...

59
- Чӣ гӯям, ки ба гапам боварат намеояд. Ин дили ман да-
рима надорад, ки кушода нишон диҳаму ба софиаш боварат
биёяд. Ман ба ягон аз гуноҳҳое, ки ба гарданам гузоштаниед,
иқрор намеорам. Чӣ қадар дӯстони поквиҷдонамро рабудед,
акнун навбати ман расид?

- Душман буданат маълум, - ғосибон ба ӯ теғ кашида ме-
нигаристанд. - Дар зиндон пӯсида меравӣ. Баред ин хоинро!

Ба ҳамин тариқ, Аъзам Надировро бо чандин тӯҳмат, аммо
дар амал барои хатоҳои Ҳизби Коммунист, «Тройка» ва
НКВД-ро фошофош танқид карданаш чун «унсури бегона» ба
ҳабс гирифтанд. Модари бечораи ӯ дар интизории писараш
шабҳоро ба рӯз мебурду намехобид. Аз саҳар ба пеши дарво-
заи ҳавлй палое андохта, чашм дар роҳи ҷигаргӯшааш мени-
шаст. Ба шарфаи пои ҳар раҳгузар гӯш меандохт. Умедвор
буд, ки рӯзе писарашро пешвоз мегирад.Баъзеҳо аз ӯ рӯ ме-
тофтанд, салом намекарданд, ҳоли ӯро дидаву дониста, худро
ба нодонй мезаданд. «Сегона»-и НКВД чашми мардумро тар-
сонда буд: касе, ки дудмони «унсури бегона»-ро дастгирй ку-
наду ёрӣ расонад, ҷазо хоҳад дид. Баъзе ҳамсояҳо пагоҳу
бегоҳ ба хабаргирии Мукаррама омада, аз фироқи писар ашк
рехтанашро дида, таскинаш медоданд:

- Ин қадар ғам нахӯред, хола. Дарду алами шумо дили мо-
ро об мекунад. Худо хоҳад, писаратон меояд.

- Албатта, меояд. Писарам гуноҳ надошт. Оҳ, писарам,
писарҷонам! Куҷо шуд нури чашмонам? Аъзамҷонам, шаҳ-
сутуни хонадонам. Пас аз сари падар саробони додаронаш буд.
Ба одаму олам назарбаландона менигарист. Баъди дафни пада-
раш касе ба мо хабар дод: «Ман аз амаки Аҳмадбой қарздор
будам. Мана дар ин рукъа чанд пул доданашонро бо дасти худ
навиштаанд. Овардам, ки қарз ба қиёмат намонад», Аъзамҷон
дар ҳузури Тӯрахон-қозй руқъаро дарронд ва таъкид кард:
«Амак, дигар шумо қарздор не, қарзхоҳ ҳам нест. Мушкиле
пеш ояд, мададгоратон мешавам». Ана, чӣ хел буд ҳиммати
писарам. Дар хизмати халқ ҳаёташро ба гарав монд. Наход ӯро
душман гӯянд? Не, не, худи ҳамон «душман» гуфтагиҳо душ-
мананд!!! Писарам имрӯз ё фардо меояд. Пекин аз маҳалҳои
дигар ҳам чандин касро чун душман бурдаанд. Ана, Тоҳирчони

60
писари Фозилҷонбойбачаи дӯкондор ҳаст-ку, дар барқхона кор
мекард? Мешиносед? Ҳа, ана ҳамонро ҳам бурдаанд. Ҳо,
Мирзохоҷаи писари Маҳмудро мешиносед? Аз поёни маҳаллаи
Чармгарӣ? Вайро ҳам бурдаанд. Боз фалонию бисмадониҳоро
ҳам гирифтаанд. Ҳатто касоне, ки содиктарин аъзои фирқа бу-
данд, акнун душман шудаанд. Падару модарон ҳайрону
ҳаросон, фарзандону хешовандон ошуфтаю парешон. Ҳамаи
онҳо ҳам мисли писари ман бегуноҳ. Худоё, ин чӣ рӯзҳои сахт
ба сарамон омад! Ин қадар «душман» бисёр будааст!

Ҳар рӯз чандин ҳамсоя холаи Мукаррамаро бо суханони
дилсӯзона тасалло медод. Модар аз зани писараш Оля мепур-
сид:

- Духтарам, Аъзамҷон чӣ гуноҳ дошт, ки хдбс карданд?

- Аъзам ҷурме надошт, - мегуфт Оля. - Медонед,
модарҷон, ҳоло сиёсат чунон аст, ки бо андаке шубҳаи бебу-
нёд, бо тӯқмату хусумат хурдтарин камбудиро кӯҳ барин ни-
шон дода, аз пашша фил месозанду аз дӯстони халқ душман.
На ба тифлон раҳм мекунанду на ба пиронсолон...

- Магар хукумати Шӯро пеши роҳи ин беадолатиро гириф-
тан наметавонад? Фирқа дӯсти наздики одамон мегуфтанду
чаро аъзоёнашро ба душманӣ мебарорад?

- Ин наели фирқавиён аз он наели асил не. Ба хатоҳои
ҷиддие роҳ дод, ки таърих намебахшад. Аз ин дастгоҳ пеш аз
ҳама худи фирқавиён ҷабру ҷафо диданд. Гирем оилаи худа-
монро. Мо чӣ гуноҳ дорем, ки ба ин бадбахтй расонданд?

- Духтарам, чун зани узви фирқа ба ман фаҳмон, ки ин
ҳама ҷиноятро бо дасти киҳо мекунанд?

- Бо дасти «тройка».

- Тройка? Ин чӣ гуфтанӣ ran?

- «Тройка» иборат аз се касе зоҳиран боэътимоди ҳизбу
хукумат, аммо аксаран унсурони ниқобдоре ҳастанд, ки ко-
рашон хурдагарию айбҷӯӣ, бӯҳтону ҷиноятгарӣ. Бо амри
ҳамин се нафар мамлакат ба харобй рӯ овард.

- Келинҷон, лештар дар ин ҷойҳои мо идораи маҳкамаю
қозихона буд, додгоху додрас буд, таноби золимонро мека-
шиданд. Наход акнун ҳамааш баръакс шудаю се кас ҳокими
мутлақ?

61
- Мутаассифона, ҳамин тавр. «Тройка» бе пурсишу дахо-
лат, бе ҳукми додситон тақдири одамони бегуноҳро ҳал меку-
над.

- Ху б ба вай ҳуқуқи калон додаанд. Аъмолашро ба рафиқ
Сталин хабар додан даркор. Ту, ки дар Москва зиндагй дорй,
ба қабулаш даромада, ин вазъиятро хабар деҳ...

Оля ғаму ғуссаро фурӯ нишонда, ночор табассум намуд:

- Эҳ, модарҷони содаи дунёбехабар! Ба гумонатон аз ин
воқиаҳо Сталин дарак надорад? Ба таъсиси «Тройка» худи вай
дастур медиҳад. Гунаҳгори аввал худи Сталин, сонй пайраво-
нй ӯ. Вале ин бедодиро ба кй мегӯед? Даҳан кушоед, ба
даҳанатон тир мезананд.

Модар аз дидагони ашколуди келинаш чашм наканда, боз
мепурсид:

~ Гапат ҳаққу боз фикр кун. Шояд Аъзам дар дои кораш
ягон саҳву хатой калон гузаронд?

- Не, писаратон тамоман бегуноҳ! - беқарор мешуд Оля. —
Борҳо шарҳи ҳолашро якҷоя навишта будем. Вай ҳатто
мукофотҳои ҳукуматӣ дорад.

Модару арӯс китоби рӯзгори Аъзамро варақ мегардонданд.
Вай чиҳил рӯз дар инқилоби Бухоро ширкат дошт. Соли 1922
босмачиёни Турди-қурбошй Конибодомро ғорат карда, ӯро
кофтанд, ки ба қатл расонанд, вале наёфтанд. Аъзам аз қасди
онҳо воқиф шуда, шаб дар маҳалҳои хавфнок пайдо мегашту
рӯз дар гӯри кӯҳнарехта мепаноҳид. Ӯ вакили анҷумани дуга-
ми умумитуркистонии Иттифоқи қӯшиён (1924), вакили
анҷумани якуми муассиси фирқаи болшевикони Ӯзбекистон
(1925) ва анҷумани якуми фирқаи болшевикони Тоҷикистон
(1930) буд, борҳо узви КМ интихоб гардид. Чун узви
ҷамъияти омӯзиши меросҳои аҷдодии Точикистону Эрон чанд
мақолаи илмӣ ба калами ӯ мутааллиқанд. Соли 1926 ӯро ба-
рон хидматҳои шоистааш дар татбиқи ислоҳоти замину об ва
кори пурсамараш дар Итгифоқи қӯшчиён бо тақдирномаи иф-
тихории кумитаи фирқавй ва комиҷроияи вилояти Фарғона
мукофотонидаанд. Ҳангоми кор дар Ворошиловобод низ ӯро
ба мукофот пешниҳод карданд, аммо...

62
Аъзам Надиров ҷавонмарди табиатан зиндадиле буд, ки
зиндагиро бе илму адаб, бе шеъру тарона ва мутояба дар ан-
дешааш намеғунҷонд. Аммо алъон дар ҳабсхона хуни дил
мехӯрду худро ба чунин абъёти пурсӯзу гудози Сайидо тас-
кину тасалло медод:

Сад биёбон тай шуду аз корвон дурам ҳанӯз,

Киштии тӯфонии дарёи пуршӯрам ҳанӯз.

Партави хуршедаму дорам ҳавои кӯи дӯст,

Олам аз ман равшан асту толиби нурам ҳанӯз.
Муддате шуд, согарамро карда даврон сарнагун,

Дар шикасти косой чинии Фагфурам ҳанӯз...

Воқиан, аз боздоштгоҳи маҳбусони сиёсй ҳамагй ду номаи
Аъзам Надиров ба хонаводааш расид: яке ба модараш Мукар-
рама,, дигаре ба ҳамсараш Оля. Аз хондани хати ӯ кас эҳсос
мекунад, ки соқиби он чӣ марди мудрику ҳассосест. Мана он
мактубе, ки модар то вопасин рӯзи ҳаёташ (Мукаррама соли
1973 дар синни 98-солагй даргузашт) чун як нишонаи табар-
рук аз нахустписар маҳфуз медошт:

«Модарҷони азиз! Аз ман парешон нашавед. Ба ҳар ҳол
зиндаам, дареғи ҳамсолону ҳаммаслаконам, ки ҳадафи тири
нохалафонанд, ё ба тӯқмату хиёнатҳо тоб наёварда, ҷон ба
ҷаббор супурданд. Зиндагй аҷаб сахдаҳои махуфу мудхдш
дорад. Зиндагӣ арсаи муборизаву муҷодала ва кӯшишу субот-
корист, моҳияти масъаларо нафаҳмида, хато равӣ, аз гуноҳат
мегузарад, агар дидаву дониста, ҷоҳилӣ намой, ҷурматро на-
мебахшад, агар аз тасодуф пешпо хӯрию афтй, аз дастат ме-
гирад, лекин қасдан касеро пешпо диҳӣ, назари сард меафка-
над. Дар водии бепоёни зиндагӣ танҳо касоне ба кӯи мурод
мерасанд, ки фарозу нишеби зиёдеро бо дили моломол аз
умеду орзу бипаймоянд, ба ранҷу шиканҷ мардона тобу
таҳаммул оваранд, ба нокомиву шикасти дил бисозанд, ба рӯи
оворагиву маъюсиҳо биханданд ва бар муқобили бемоягони
пастфитрат ливои мардиро баланд афрозанд.

Умедворам, ки рӯзе ба дидори ҳам мерасем. «Дунё боумед,
шайтон ноумед!» Агар ду-се чоплӯс адолатро поймол кард, ин
маънои онро надорад, ки адду инсоф аз диёри мо бебозгашт
рафт.

63
Модарҷон, шумо аз такдири ман рӯқафтода нашуда, худро
бардам нйгоҳ доред. Ба тарсу навмедӣ роҳ надиҳед! Ху датой
ба мо «Аз Алй омӯз ихлоси амал» гӯён, пандҳоро такрор ме-
кардед: «Бузургтарин гуноҳ таре аст, бузургтарин бало на-
вмедист, бузургтарин щучоат сабр аст, бузургтарин сармоя
эътимод бар нафс аст!» Ин пандхр бояд раҳнамои мароми мо
бошанд.

Хайр, орзуманди саломатии ҳамаи шумо Аъзам Надиров. 2
августа соли 1^38».

Номаи дуюмро ӯ ба завчааш навищт;

«Олгаи азиз, ту чӣ ҳол дорй? Аҳволи ман бояд ба худат
маълум бойад. Намедонам баъди чанд вақт ба озодй мебаро-
ям. Сад ҳайф, ки рӯзгори шйрини мо бо заҳри бӯҳтони ноҳа-
лафон омехт: Ту медонй, ки ман бегуноҳам. Асорат ҷои
бегуноҳон нест... Дилам бисер мехоҳад, ки духтарамон Нина
ва ҳар ду ттисарчаамонро ба воя расонда, дар донишкадаи
ҳуқуқшиносӣ хононй, то чун муҳофизони хуқуқи башар ба
камол расонӣ. Ин орзуи маро (афсӯс, ки имрӯз вазифаи худро
дар назди онҳо чун иадар имкони адо кардан надорам) ту бояд
амалй гардонй. ’А •‘/“

Бо салом дӯстдори ту Аъзам. 10 августа соли 1938».

Ба таърихи номаҳо зеҳн монед, ҳар ду дар нимаи як мох
иншо ёфта. Фосилаашон як ҳафта. Яъне Надиров бо амри та-
содуфе ба навйштайи мактуб фурсат ёфтааст. Вагарна ба аси-
рони сиёсй додугирифт ва Му коти ба мамнӯъ буд...

Аз байн рӯзҳб,'.моҳхо ва солҳо мегузашту дар дили аҳли
хонадон доги худро мёгузошт. Дарду ҳасрати модару арӯси
аламзада интихо надонгг. Онҳо борҳо бйстарӣ мешуданду
мекоҳидайД. Модари мубталои азобу алами руҳй ба келинаш
мегуфт: «Духтарам, Оля, ту ҳамроҳи писарам Исмоил барои
сафед кардани Аъзам чора бубин. Эътирознбма нависед! На-
ход дар ин олам дигар адлу инсоф намонд? Ту х,оло ҷаврнй,
саломатиатро нигох дор. Набсрахоям охирин нусхаю нишо-
наи Аъзам ҳастанд, тарбияташонро аз назарат дур намон».

Оля умед дошт, ки шавҳараш зинда асту ба сари хонадонаш
бозмегардад. Ҳайҳот, ормон дар дилаш монд. Хабари қатли
шавҳарашро расонданд. Дили ин духтари масковй аз зиндагй

64
сард гашт. Пас ӯ, ки ба даргоҳи падараш гганоҳида буд, ноилоҷ
бо фарзандонаш ба як гӯшаи дури шаҳри Маскав кӯч бает.
Вазъият басо мураккаб ба назар мерасид. «Кулоҳсурхон» ҳар
рӯз дар ҳар кӯчаву хиёбон ба кофтукоби хонаи одамон шуғл
доштанд. Дӯғи ин душманкобон баданд садо медод. Омирона
мепурсиданд: «Писаратон кудост? Мабодо ба думравода Трот-
ский ва Бухарин pox, надода бошед? Аз душманоуя уалқ, аз
аксулинқилобиён эҳтиёт кунед.Каси шубҳаноке пайдо шавад,
зуд ба мана ин рақами телефон занг занед!»

Мепурсед, ки додарони Аъзам Надиров дар кадом ҳолат ме-
зистанд? Ҳамаи онҳо бо аҳди байташон аз паси бародари
«душман» тазйиқ медиданд аз муҳити носолим. Айюби диндор
аз ҳама бисёр фишор медид. Бечора маҷбуран ба яке аз деҳоти
дурдасти ҳамсоя ғайб зад. Исмоил аз чашми балоҳои охирза-
мон дуртар рафт. Бо ахди оилааш ба Маскав кӯчида, аз назари
иохалафон пинҳон мезист. Зоҳиран аз бӯҳтону балоҳо як навъ
раҳоӣ ёфт. Аммо дар асл аз тахдиди таъқибгарон рӯзгори тира-
ву тор дошт. Дарёфт, ки боди шадиди таъқибот аз Марказ ме-
вазидааст ба атроф. У аз борон гурехта, ба барф вохӯрд. Танҳо
охири солҳои сиюм, ки ӯро дар сохтмони метро чун нақбкан ба
кор гирифтанд, ахди байташ андак осудаҳолона нафас каши-
данд.Минбаъд Исмоил Надиров дар Ласкав дар намояндагии
доимии Тоҷикистон дар назди Шӯрои Вазирони ИҶШС вази-
фаи муовинро оид ба таъминоти моддию техники ба до мео-
вард. Абдуғаффор дар киностудияи Душанбе тамоми умрашро
ба хидмати ахди ҳунар бахшид.Писари панду ми хонавода Аб-
дусаттор аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ мадрӯҳ баргашта, солҳои
тӯлонӣ дар таълиму тарбияи наели наврас саҳми босазо гу-
зошт. Амакбачаи онҳо, яке аз нахустин омӯзгорони тодик
Қурбонбибӣ Аҳмадова барои ҳифзи Аъзам ба идораҳои
ҳукуматию шӯравӣ даҳҳо шикрят навишт, вале домани ҳақикат
ба дасташ нарасид. Ахди ин хонаводаи равшандилон як умр
ғам мехӯрданд, ки даллодони «сегона» риштаи ҳаёти барода-
рашон Аъзамро ноҳақ гусастанд.

Нина Аъзамовна Сёмина - ягона духтари Аъзам Надиров
дар Маскав таҳти гамхории модаращ ба воя расида, бо номи
нек ба шавҳар баромад, соҳиби хонаю дар ва фарзандон rap-

65
дид. Вай васияти падарашро амалй гардонд: маълумоти одни
ҳуқуқшиносй ба даст овард. Солҳои сол дар паҳлуи амакаш
Исмоил барои сафед кардани номи падараш мубориза бурд.
Ба идораҳои дахлдори адлия, ба ҷанобони муҳофизи ҳуқуқ
пайваста эътирозу шикоятномаҳо навишта, талаб кард, ки ҳақ
ба ҳақдор расад. Аммо гӯши ҳақшунав намеёфт.

Билохира, баъди бист соли фоҷиа - шонздаҳуми июли соли
1957 ҳайати ҳарбии Додгоҳи Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукми
пешинаи худро аз бисту якуми октябри соли 1938 дар ҳаққи
Аъзам Надиров бекор ҳисобида, ӯро иас аз қатлаш бегуноҳ
дониет. Вақте ки ин хабарро ба холаи Мукаррама расонданд,
вай оҳи бадарде кашид ва зор-зор гирист: «Бечора писари сар-
сахту хунинҷигарам! Дар маҳбусӣ дақшатҳои чашмнодиду
гӯшношунидро аз cap гузаронда, ба шаҳодат расид. Медонед,
ба сари хонаводаҳои мо чй балоҳо оварданд? Ғами писарам
маро обу адо кард. Фарзандонам Айюбу Исмоил, Исроилу
Абдуғаффор ва Абдусаттор аз тазйиқу табъид нобаҳангом ба
пирию дардмандӣ расиданд. Ҷавонии зани Аъзам хазон гашт.
Лаънати дунё бод ба он кӯрдилони ҷаллод, ки аз оташи
таъқибашон хонаи халқ сӯхт!»

Барои инсони комил сарвате баландтар аз номус нест. Пае
аз сафед кардани Аъзам Надиров барои модараш сиву панҷ
сӯм нафақа медоданд. Вале модари волохирад_ ин пулро
хунбахои куштори писараш донист ва нагирифт. Ӯ аз ҳисоби
писарони аз тӯфонҳо амон ёфтааш серу пур мезист.

Соли 1947 рафиқи Аъзам Надиров, маҳбуси сиёсӣ
Мирзохоҷа Махмудов пас аз хдбси даҳсола ба зодгохаш бар-
гашт. Рӯзе ӯ бо ҳамсараш як либос куртаворӣ ҳадя гирифта, ба
дидани холаи Мукаррама омад. Онхо лаҳзае мутаҳаййирона ба
андоми ҳам нигариста, баъд якбора, чун модару писари пас аз
солҳои ҷудоӣ рӯ ба рӯ омада, якдигарро ба оғӯш гирифтанду
бӯсобӯсй карданду гиристанд. Модар бо суханони зерин ди-
лашро холй мекард: «Эҳ, Мирзо, Мирзоҷони азиз! Ин чй рӯзу
соати сайд! Боварам намеояд, ки ин шумоед. Худи
Аъзамҷонама дидагй барин ҳастам ҳоло. Рӯҳи писарамро зинда
кардед, ҷони модар. Хайрият, озод кардаанд. Охир, шумо чӣ
гуноҳ доштед?» Мирзохоҷа оби чашмашро пок карду гуфт:

66
«Дар ин даҳ сол донистам, ки бегуноҳии мо худ гуноҳе будааст
дар ин замона. Гунахророни асосй дар озодию мо дар асорат
дон меканем...»

Холаи Мукаррама меҳмонро ба хонае дароваронд, ки як
вақтҳо нишастгоҳи ахли илму ҳилм ҳисоб меёфт.Ҳдр шомгоҳи
рӯзҳои истироҳат дар ин хона рафиқони Аъзам Надиров:
Ҳамиддин Эшонов, Мирзохоҷа Маҳмудов, Мухтор Саидов ва
дигарон ҷамъ омада, сӯҳбати хосса меоростанд. Сухан аз
рафоқати ҳамдигар ва садоқати бародарӣ намаки оши маҳфили
эшон будЛас аз гуфтушунид аз мактабу маориф, каму кости
зисту зиндагӣ ва авзои замой Хдмиддин Эшонов, ки дутории
мохйр ҳам буд, бо навохтани чанд наво аз Шащмақом табъи
дӯстонро шод мегардонд... Ҳ,оло Мирзохоҷа ба ҷевон чашм да-
вонда, ҳамон китобҳои рафиқашро дид, ки қатор-қагор хобида-
анд. Дар пахдуи девонҳои Саъдиву Ҳофиз, 11изомиву Бедил
ҷилд-ҷилд асарҳои Пушкину Толстой, Ленину Сталин-... Аъзам
ҳамаи ин китобҳоро мутолиа мекард... Дили Мирзохода ба
тазйиқ омад...

Хушбахтона, талошу муборизаҳои Аъзам Надиров дар са-
ҳифаи таърих камобеш нақши худро ёфтааст. Ибтидои солҳои
бистум адиби рус Леонид Соловёв дар «Китоби ҷавонй» ном
маҷмӯаи ёддошт ва очеркхои хуҷҷатиаш хидматҳои раиси
ревком Аъзам Надировро низ ба қалам оварда, ӯро чун фидо-
ии рохд ҳақиқат, бунёдгари рӯзгори навин ва марди ростқавлу
иродаматин ном мебурд.

Драманависи шинохтаи тоҷик Ғанӣ Абдулло дар чанд на-
моиши асари саҳнавиаш «Сарбозони инқилоб» симои писари
вафодори халқ, ходими шӯълавари фирқавй ва давлатй Аъзам
Надировро бо хусни таваҷҷӯҳ ба калам додааст. Дар кошонаи
муншии аввали Кумитаи Марказии Фирқаи коммунистии Бу-
хоро Абдулло Раҳимбоев ва Файзулло Хоҷаев маслиҳат меку-
нанд:

«Хоҷаев: Вазифа маълум. Аммо афсӯс, ки коркунони ва
босавод ниҳоят каманд. Онҳоро бо ангупгг шумурдан мумкин.

Раҳимбоев: Мо дар Бюрои Осиёимиёнагй гапзанон кардем.
Онҳо ваъда карданд, ки ёрй медиҳанд. Ҳоло ба ёрии Шоте-

67
мур, Имомов ва Нусратулло Махсум ба монанди Надиров ва
Афзалй як қатор ходимони болаёқат ва соҳибсаводро мефи-
ристанд. Ту онҳоро мешиносй?

Хоҷаев: Мешиносам. Аммо Надировро чандон нағз наме-
донам. Агар хато накунам, боре дар Тошканд дида будам.

Раҳимбоев: Худи худаш. Аз Конибодом. Дар мактаби
фирқавии Тошканд хондааст. Марди ростгӯй, нотиқи хуб.
Ҷӯшу хурӯши инқилобй дорад».

Дар қисмати дигари драма, дар Шӯрои Ҳарбии Инқилобй
Хоҷаев ба Раҳимбоев мамнунияти худро доир ба кумак барои
Бухорои Шарқӣ изҳор карда, Аъзам Надировро пеш аз дига-
рон ном мебарад: «Раҳмат. Хурсанд ман, Абдулло! Барои
маълумот инро ҳам гӯям, ки иборат аз рафиқон Надиров,
Муҳаммадҷонов ва Қурбон Ортиқбоев Бюрои Ташкилии Бу-
хорои Шарқиро ташкил додем ва ҷои доимии онро шаҳри
Душанбе таъйин кардем».

Дар он солҳои пурошӯбу мудҳиш тартиботи худкомаги ва
диктат у рй ҳукмравоӣ дошт ва аз озодии демократа нишоне
намедидед, ширро сиёҳ мегуфтанду қирро сафед. Халқи
заҳматкаш аз сарварони худсару мутакаббир ноҳақ ранҷу озор
медид. Аз ҷумла Аъзам Надиров низ барои фошгӯиву ному-
росо будан ба сиёсати ҳокими диктатур Сталин қурбон гашт.
Ҳайфо, ки киштии умедаш ба соҳили мурод нарасид, тӯфони
тӯҳмат ва хусумату адоват онро ба хоросанги азими истибдод
бйзад ва ба гирдоби фалокату офат, ба қаъри вартаи адам ан-
дохт.

ФАРҶОМИ Я К ФОҶИА

Тирамоҳи соли 1988 аз маҳаллаи Кӯиғозиён мегузаштам.
Кӯиғозиён аз қадимтарин маҳалҳои Конибодом буда, авом
онро Кӯиқозиён ё Қазоқон номидаанд. Назар ба маълумоти
қиссаҳо аҳолии ин маҳал замоне аз зулму истибдоди амалдо-
рон ба дод омада, ғазавот карда, дар натиҷа мардум ба онҳо
ғозӣ ва ба маҳаллашон Кӯиғозиён ном додаанд. Вале бо муру-
ри айём Кӯиғозиён ба Кӯиқозиён бадал ёфтааст.

Чун ба сари Чашма расидам, дидам, ки ба ҳавлие гурӯҳ-

68
гуруҳ одам он рафтуомад доштанд. Аз шахсе пурсидам, ки ин
ҷо чй маърака хает? Гуфт:

— Маъракаи Насрулло Абдуллоев ном касе будааст, ки
чиҳил сол пеш дар Сибир шаҳид шудааст.

— Э ҳа, ин хдмон Абдуллоев, ки чанде пеш дар рӯзномаи
ҷавонони ҷумҳурӣ дар бораи ҳаёту мамоташ мақолае хондем-а?

— Бале, худи худаш, - гуфт он шахси ҳолдон. — Банди гу-
зашти ин қадр вақт расми азогиронро ба ҷо меоранд. Ғаму
ғуссаи ҳамсараш Роҳатхон ва духтараш Матлуба аз нав рӯ за-
данд.

Хабар доштам, ки чи хел рафиқи луғатшинос ва қомус-
нигорам Наримон Абдуллозода чандин сол роҳу пайроҳаҳои
рӯзгори амаки шаҳидашро ҷустуҷӯ мекарду меомӯхт. У бо ас-
нод ва хуччати бойгонӣ ошно шуда, бо меҳтарон ва шиносони
Насрулло Абдуллоев вохӯрда, барои мақолаи хондание мавод
ба даст меовард. Пае мақолаи ӯ дар рӯзномаи ҷавонони
чумхурй (16 сентябри соли 1988) ба табъ расид.

Таъқиботи солҳои сиюму чилум ва ибтиди солҳои
панҷохуми асри бистум дар китоби таърихи халқи мо яке аз
сахифаҳои сиёҳи фочиавӣ ҳисоб меёбад. Ҷазои оммавие, ки
бунёдашро фармонфармоӣ (диктатура) ташкил медод ва чун
муборизаи синфӣ тафсир меёфт, саросари мамлакатро фаро
мегирифт. Хдзорон қазор намояндаи илму фарҳанг, лашкар-
кашон ва рбҳбарони барчастаи халқро аз байн рабуд ва сарна-
вишташонро доғдор гардонд.

... Насруллоҳ соли 1906 дар Кӯиқозиён аз оилаи начҷор ба
дунё омад. Чун ӯ ба синни ҳафт расид, аз паи хату савод аф-
тод. Падари вай, ки аз мӯътақидони дини ислом буд, мехост
писараш Насруллоро бо роҳи дини мубини ислом барад. Ба-
родараш Умархоча, ки дар Бухоро мударриси Мадраса буд,
Насруллои хушзеҳну қобилро ба тарбияи худ гирифт. На-
срулло дар даҳсолагй озими Бухоро шуд ва ба зудӣ Қурнони
мачид ва улуми дунявиро азбар кард. Чун тундбоди тирамоҳи
соли 1917 ба Бухоро расид, ӯ ба зодгоҳаш баргашт ва
таҳсилро дар мактаби навтаъсиси шӯроҳо идома дод.Соли
1924 ба нахустин Дорулмуаллимини точикон дар шаҳри Тош-
канд дохил гардид. Баьди хатми таҳсил ӯро ба Душанбе фи-

69
ристоданд. Вай дар Комиссариата маорифи халқ вазифаи му-
дири шӯъба ва бозрас (инспектор)-ро ба ӯхда гирифт. Ба
мактабҳои шаҳру деҳот рафта, дар беҳбудии шароити таъли-
му тарбия ва такмили ихтисоси муаллимон маслиҳатҳои му-
фид медод ва ёрии амалй мерасонд.

Насрулло Абдуллоев оҳиста-оҳиста лаёқати ташкилотчигӣ
ва ташаббускорӣ зохир менамуд. Солҳои 1930-31 дар КМ
ҲКТ вазифаи мушовири аршади иттифоқи камбағалонро ба
ӯхдадошт.

Пас сохтмони азими обёрии водии Вахш оғоз ёфт, ки дар
Тоҷикистон рукни асосии нақшаи панҷсолаи якумро ташкил
медод. Ҳазорҳб нафар коргару мутахассиси ҷавонро ба ин со-
хтмон меоварданд. Кумитаи марказии комсомоли ҷумҳури 800
нафар аъзои худро ба ин сохтмон сафарбар кард, ки Насрулло
Абдуллоев низ дар миёни онҳо буд. Вай муҳаррири масъули
рӯзномай «Зарбдори сохтмони Вахт» таъйин гардид. Дар
ҳаёташ имтиҳону санҷиши қалам фаро расид. У дар гузориш-
ҳои фишурда ва мақолаву очеркҳояш набзи сохтмони азимро
бо ҳамаи вусъату иқтидораш инъикос мекард.Сонӣ корҳои та-
рифу пурсамарашро ба назар гирифта, ӯро ба идораи рӯзномаи
«Комсомоли Тоҷикистон» ба кори нав гузаронданд. Насрулло
Абдуллоев аз соли 1933 дар вазифаи муовини муҳаррир ва аз
соли 1934 ҳамчун муҳаррири хдмин рӯзнома масъулияташро ба
ҷо меовард. Сахифахои он солҳои ин ҷаридаро варақ занед,
дарк мекунед, ки дар сохтмони колхозй, еаводомӯзӣ,
мустахкам кардани мудофиаи Ватан, муоориза бар зидди душ-
манони синфй саҳми ҷавонон чй андоза бузург будааст.

Сипае Насрулло Абдуллоев ба Нашриёти давлатии
Тоҷикистон ба кор омад. Мудири шӯъбаи адабиёти ҷавонон
ва наврасон буд, гирди масоили марбуГ ба китоб, табъу нашр
дар шароити ногувори он солҳо мегангг. Чун ношир ва
қаламкаш дар миёни аҳолй китобдӯстй ва донишпарвариро
тарғиб мекард. «Одамиро баробари хонаву палосу либос боз
китобу мутолааву маърифат хам фарз асту ҳам суннат, -
таъкид мекард ӯ ба ҷавонон. — Бояд бикӯшем, ки анъанаи басо
волою писандидаи мардуми мо - эҳтирому бузургдошти ки-
тоб, ки аз зумраи муқаддасоти рӯзгор аст, аз байн наравад».

70
Насрулло ғусса мехӯрд, ки аз боиси кӯтоҳназарии иддае
курсинишинони вақт мероси ниёгони мо бо айби «ҷанбаи
динӣ доштан» рӯи чопро надида, дар гӯшае зери гарду ғубор
мехобад. Чун ӯ медид, ки ба нашри асарҳои камаҳамияту па-
стсифат ва холӣ аз фасоҳату назокати сухан, ки завқу зеҳни
хонандаро мекоҳонад, амр медиҳанд, чун медид бозори кито-
бу рисолаҳоро, ки ба дарди мардум намехӯранду ба дилу
мағзи хонанда роҳ намеёбанд, равнақ дода, ба сухани чоттӣ
эҳсосу эьтимодро мекушанд, ба кӣ гуфтани дарду аламашро
надониста, дарун-дарун месӯхт. Аз фишорҳои «боло» ба чу-
нин хулоса меомад: «Ин ҷохилони тирадил пайванди
тоҷиконро аз фарҳанги ғании қадимаашон ба таври сунъӣ гу-
састаниянд. Дардо, ки ин қабоҳатро бо дасти худи тоҷикон ба
амал бароварданиянд...»

Баҳори соли 1937 тӯфони сахти шубҳаю бадгумонӣ бар-
хост. Гулҳои рӯшанфикрони тоҷик, ки бунёди фарҳанги мил-
латро ташкил медоданд, низ ба таъқиб афтоданд. Ин гирдоби
фалокат ноширонро низ ба коми худ мекашид.Аввал раиси
идораи Нашриёти давлатии Тоҷикистон Айюбҷоновро «душ-
мани халқ» хонданд ва ба қатл расонданд. Пас, дахуми авгу-
ста соли 1937 Насрулло Абдуллоевро низ ба ҳабс гирифтанд.
Додгоҳи низомии Тоҷикистон дар асоси қарори махсуси
маҷлиси НКВД-и СССР аз ҳаштуми майи соли 1938 ӯро
ҳамчун «унсури аксулинқилобӣ» ба муддати ҳашт сол маҳкум
кард. Насрулло шукр мегуфт, ки ба ҳар ҳол зинда монд,
бисёриҳоро ҳукми куштан медоданд.

Маҳбусонро дар вагонҳои столипинии симтӯркашидаю
боркаш ба Сибир мебурданд. Ҳар қадами онҳо дар зери назо-
рат. Сармой шадиди Сибир барои ҷанубиҳои ба гармо
хӯгирифта басо тоқатфарсо буд.Дар зимистони қаҳратун дас-
ту по ва гӯшу биниро сармо мезад. Хӯрок калорияи казой на-
дошт. Маҳбусон аз норасоии витамин гирифтори касалии зан-
гила (цинга) туда, дандонҳояшон паси хам мерехт. Дар огози
Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳбусонро беш аз пеш таҳти назорати
катъй мегирифтанд, то фирор наоваранд. Посбонон чунин
қоидаи лагерй «як қадам ба рост, як қадам ба чаи - фирор
ҳисоб меёбад»-ро ба кор мебурданд. Дар ин вазьияти

71
тоқатшикан онҳо ба иқлими вазнини Сибир камобеш
мутобиқат пайдо карда, маҷбур буданд, ки корҳои сахту сан-
гинро бечуну чаро ба анҷом расонанд.

Ниҳоят, соли 1946 баъди адои мӯхдати ҷазо фарзандони
тоҷик, аз ҷумла Насрулло Абдуллоев ҳам ба зодгоҳи худ бар-
гаштанд. Собиқ маҳбусон акнун дар орзуи он буданд, ки ба
қадри умри боқй расида, осуда зиянд. Насрулло дар
чилуяксолагӣ ба Роҳатхон Ахмадова ном духтаре такдирашро
пайваст ва орзу дошт, ки оромона умр ба cap барад.Афсӯс, ки
ӯ ба мақсад нарасид. Ҳамагй як солу чаҳор моҳ оиладорӣ
кард. Баҳори соли 1949 боз ба доми таъқибот афтод. Дубора
ба маҳбас гирифтанд. Ин дафъа ба мӯхдати панҷ сол. Дар
вакти маҳбусиаш дар ҳабсхонаи Сталинобод ба ӯ хабар расид,
ки ҳамсараш Роҳатхон духтарчадор шудааст. Вақти
думоҳагии тифлак, ки ба ӯ Матлуба ном до да буданд, маълум
гардид, ки падарашро аз сари нав ба Сибири дурдаст бадарға
карданиянд. Ин шумхабар дарҳол ба Конибодом раеиду
Роҳатхон бо тифлак ва авсунаш Очахон роҳи Сталинободро
пеш гирифт.Дар он ҷо барои дидор ва видои падар ба фарзан-
ду ҳамсараш бо душвориҳо иҷозат доданд. Чун ба мулокоти
зану шавҳар навбат расид, посбони навбатдор ба ӯ иҷозат на-
дод, ки бе шиноснома (паспорт) ба ҳам вохӯранд. Ноомади
корро бинед, ки он рӯз шиносномаи Роҳатхон аз хотираш
фаромӯш шудааст. Авсунаш Очахон, ки ҳамроқи худ чунин
хуҷҷат дошт, Матлубаи ширхораро ба назди падараш даро-
вард. Насрулло ҷигарбандашро рӯи даст гирифта, бӯсиду дар
чашмонаш ашк ҳалқа зад...

Қатораи махсус. ки даҳҳо шабонарӯз ба Сибири Шарқй роҳ
мепаймуд, дар истгоҳи роҳи оҳани Красноярск қарор гирифт.
Посбонҳои маҳаллй зиндониёнро мувофиқи расмият қабул
карда, таҳти назорати қатъй ба маҳалли Туруханск бурданд.
Акнун Насрулло тавассути киштӣ дар сохдлҳои дарёи азими
Енисей, ки қад-қади он бандаргоҳҳои Сушинск, Норилск ва
Дудинка воқеанд, бо сад азобу машаққат бор мекашонд...

Тирамоҳи соли 1951 Роҳатхон Ахмадова аз шавҳараш охи-
рин бор мактубе гирифт, ки дар он бахшида ба духтаракаш
Матлуба се дубайтии падар сабт ёфта буд:

72
Аҷаб дилбар, гули бодом дорам,

На шаб хобу на рӯз ором дорам.

Надонам, кай рухиӯро бубинам,

У меди бӯса субҳу шом дорам.

* * *

Падар аз мунису дилбанд маҳрум,

Зи дидори падар фарзанд маҳрум.

Надонам аз чунин таъцибу табъид
Шавем аз ҳамдигар то чанд маҳрум?

* * *

Ту хуштар аз суман, Матлубаи ман,

Шукуфӣ дар чаман, Матлубаи ман.

Набинад рӯйи ту ранги хазонро,

Нишони умри ман, Матлубаи ман!

...Соли 1988 собиқ маҳбуси сиёсӣ Мустафбқул
Нурмуҳаммадов дар посухи пурсишҳои Наримон Абдуллозо-
да доир ба амакаш чунин маълумот дод: «Тақдир маро бо
амакатон чунон пайваста будааст, ки дар таъқиби аввала ҳашт
сол дар Магадани дурдаст ва дар бадарғаи баъдина се сол дар
соҳилҳои Енисей якҷоя адои ҷазо мекардем. Як рӯзи тирамоҳ
киштии боркашони мо, ки дар он ману Насрулло низ кор ме-
кардем, дар ноҳияи Тура ба чӯбу гили соҳил дармонд. Ин гуна
ҳолат даҳҳо ва садҳо бор pyx медод ва ҳар бор киштиро ба
осонй мекашиданд. Одатан киштиро ба ягон дарахти соҳил
симтаноб (трос) кашида, раҳо медоданд.Ин дафъа низ ҳамин
тавр карданд. Чӣ хатое содир шуду симпечи ғафси тобхӯрда
аз дасти Насрулло бадар рафт ва ба миёнаш чунон сахт зарба
расонд, ки аз хуш рафт ва аз по афтод. Фигонам баромад.
Ёриву мадад кор надод. Бечора дигар на ба хуш омаду на
чашм кушод ва дар сарзамини бекарони Сибир абадан ба хок
рафт. Ҷасадашро бо дасти худ гӯрондам...»

Дили ҳассоси Наримон Абдуллозода ба шунидани боқии
суханони ҳаммаҳбаси амакаш тоб наовард. Вай бо гиряи
ҷонгудоз бухси дилашро баровард. Нурмуҳаммадов таскину
тасаллояш дод.

73
Сад ҳайф, ки қаламкаши дилогоҳ дар чилупанҷсолагӣ
қурбони дасисаву беадолатй гардид. То ба зодгоҳаш баргаш-
тан, то баҳори соли 1953, ки мӯҳлати хукм ба охир мерасид,
ду сол камй мекард.

Матлуба бе падар, таҳти парастории модар ба воя расид.
Хешовандон ба ӯ шафқат намуданд. Аммааш Муаллимаи
хизматнишондодаи мактаби РСС Тоҷикистон Санавбар Аб-
дуллоева ҳомию ҳимоятгари ин оилаи мусибатзада буд.
Омӯзгори дилсӯз як умр аз паи тарбияву тахсили Матлуба
мекӯшид. Духтарак ба амакаш Ҳабибуллохон Абдуллоев «да-
до» гӯён, бо меҳру муҳаббат муроҷиат менамуд.

Матлуба кӣ ва чӣ касе будани падарашро аз рӯи номахои аз
Сибир фиристодаи ӯ ва тавассути мақолаҳои амакбачааш-
номзади илм ва узви Иттиҳодияи журнал истони СССР Нари-
мон Абдуллозода ба хубй шинохт ва дарёфт. Донист, ки пада-
ри бегуноҳашро бе ҳеҷ асосу исбот ду маротиба ба ҳабс ги-
рифта, ба Сибир фиристодаанд. Матлуба чун фарзанди лоиқи
падар ба камол расид, донишкадаи тиббиро хатм намуда,
соҳиби маълумоти олӣ гашт. Вай модари чаҳор фарзанд аст.
Шавҳараш Ҳайдарҷон Назаров дар техникуми технологии ба
номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Конибодом аз фанни ки-
миё даре медод. Матлуба ҳар гоҳ падарашро ба ҳар қиёфа пе-
ши назар меоварду оҳ мекашид...

Охируламр ҳақ ба ҳакдор расид. Бистуми апрели соли 1957
аз сабаби дар парвандаи ҷиноятии Абдуллоев Насрулло
мавҷуд набудани ҷузъи ҷиноят ӯро комилан сафед карданд.
Бо шунидани ин хабар аз чашмони модару духтар аппси талх
рехт. Ин ягона санаде буд, ки онҳоро таскину тасалло бахшид.

Инак, ахли хонавода ва хешовандон пас аз чиҳил соли мар-
та ҷигаргӯшаи худ бори дигар мувофиқи расму ойини
мардумй азои ӯро метарифтанд.Ҳама ба таъқиботи он замони
ҷаҳолату асорат лаънату нафрат мегуфтанд.

Ин азо давоми умри покмарде буд, ки дар ғарибӣ, дур аз
ёру диёр баҳори рӯзгорашро хазон рабуд.

74
АДИБИ НОКОМ

Тирамоҳи соли 1984 дар шумораи шашуми маҷаллаи «Са-
дои Шарқ» мақолаи адабиётшинос Валӣ Самад «Армуғони
Қазон»-ро хондам. Муаллиф марбут ба адабиёти тоҷик маво-
ди зиёде гирд овардааст, ки аз аксари онҳо хабар надоштем.
Мақола ба ахди илму адаб таъкид мекард, ки дар ганҷинаи
шаҳри Қазон асарҳои нодири адабиёту маърифати мардуми
тоҷик низ маҳфузанд.

«Солҳои 20-30 китобхонаи университета Қазон, - менави-
сад муҳаққиқ, - тамоми осори нашрияҳои тоҷикиро муттасиЛ
мегирифт. Дар ин ҷо китобҳои зиёди тоҷикӣ маҳфузанд, кй то
соли 1937 нашр шудаанд. Баъзеи ин китобқо имрӯз дар
Тоҷикистон қариб ки нестанд, дар китобхонаҳои шаҳрҳои
машхур ҳам ёфтанашон муҳол аст.Ба сабаби дастрас набудани
онҳо ном ва хизмати бисёр муаллифон аз ёди мардум рафта-
аст. Ҳол он ки эшон, бо вуҷуди баъзе саҳву хатоҳо, чун сарбо-
зони содиқи рохи маърифатомӯзии халқ хидмат кардаанд... Аз
китобҳои нодири тоҷикӣ маҷмӯаи ҳикояҳои Р. Тоҳирӣ «За-
фар» (1932) ҷолиби диққат аст. Ҳикояҳои маҷмӯа ба
мавзӯъҳои замонавӣ - озодии занҳо, коллективонии хоҷагии
қишлоқ, тавлиди синфи коргар, зиёнкории душманон дар ин
роҳ, ташкили мусобиқа ва амсоли инҳо бахшида туда, дар
ибтидои солҳои сиюм иншо гардидаанд. Маълум мешавад, ки
Тохирӣ ҷавони сермаҳсуле будааст».

Кист он ҷавони хушлаёқате, ки солҳои сиюм бо ҳикоёти
рангинаш саҳифаҳои матбуоти тоҷикро гул мекуноқд?
Такдири ӯ ба чӣ сурат анҷбмид? Пас аз пурсуҷӯи бисёре аз
олим Ҳилол Карим дарак ёфтам:То\ирй ҷавони конибодо-
мист, аз хешовандони нахустин журналистон ва муассисони
рӯзномаҳои ҷумхурй, бародарони ҷабрдида Тӯйчӣ ва Ғаффор
Самадиҳо мебошад, дар таъқиботи соли 1937 сахтгарин
рӯзҳоро аз cap гузаронидааст...

Некмарди фозил Тӯйчӣ Самадиро мешинохтам. Рӯзе аз ӯ
пурсидам:

- Муаллим, оё Р. Тоҳирӣ ном қаламкашеро медонед?

- Чаро нашиносам? Тағои ман буд Абдурауфи Тохдрӣ. Бе-

75
чора дар гирдоби тӯҳмат афтод. Мусибатҳои ӯ дидаро агар
нақл кунам, дилам реш-реш мегардад.

- Дар ин маҷалла адабиётшинос Валии Самад аз эҷодиёти
Тоҳирӣ маълумот дода, «шахсияти ин нависандаи номаълум-
ро аниқ бояд кард» гуфтааст.

- Кори неке кардааст пажӯҳанда. Китобҳояшро ёфта, но-
машро зинда бояд кард, - гуфт Самадӣ вақте ки «Садои
Шарк»-ро аз дасти ман мегирифт.

... Замони ҳокимияти диктатурй. Даврони болоравии фанду
фиреб, тавтия, побанди ишкелу завлона шудани рӯшан-
фикрон, бозпурсиву истинтоқ ва шаттаву шаллоқҳо. Зиндону
маҳбасҳои мамлакат пур буданд аз «ҷосусу вайронкор ва
душмани халқу унсури бегона». Дар он рӯзҳои тираву тор, ки
дар фазой диёри мо мурғи шумнафаси зулму истибдод, зоги
бадмури таъқибот болу пар мекушод, пеш аз ҳама, рӯзгори
аҳли калам зери хавфу хатар афтод. Надимони НКВД ба
бӯҳтони чоплӯсу дасисаи игвогаре бовар карда, баёноту
далелҳои дурӯғинро насанҷидаю наомӯхта, ҳаёти одамони
бегуноҳро бар боди фано медоданд.

Моҳи феврали соли 1938. Дар Сибири дурдаст зимистони
қаҳратун ҳукмфармо. Барф то зону мезад. Дар яке аз рӯзҳо ба
боздоштгоҳи ноҳияи Тураи соҳили Енисей аз Осиёи Вусто боз
якчанд вагон маҳбусони нав оварданд, ки дар байни онҳо аз
ҷумлаи чанд тан тоҷик нависанда Тохирй низ менамуд. Ин
ҷавон ҳине, ки дар байни маҳбусон гаштугузор мекард, бо
марди рӯгарме дучор омад. Пай бурд, ки ӯро дар куҷое дида-
аст, ситорааш гарм метофт. Онҳо беихтиёр ба чашмони якди-
гар нигаристанд.

- Ту аз куҷоӣ? - ну рейд он яке ба тоҷикӣ.

- Ман аз Тоҷикистон, - гуфт дигаре аз шунидани забони
модариаш болида. - Аз шаҳри Конибодом.

- Эҳ, чй рӯзи мубораке, ки бо ҳамдиёрам дар ин гарибй
вомёхӯрам.

Онҳо якдигарро ба оғӯш кашиданд, ашки ҳасрат рехтанд,
пас дар кунҷе сӯҳбати худро гарм гирифтанд.

- Мо, маҳбусони тоҷикистонӣ, гурӯҳи калоне будем, дар тӯли

76
роҳ моро ба кисмҳо тақсим карданд, - гуфт мақбуси кӯхда ба
маҳбуси тозаворид. - Он қадар ранчу зиллат дқцам, ки ҳеҷ на-
пурс. Дар як ҷо афтоданамон фоли нек аст. Номат чист?

- Рауф Тоҳирӣ, аз маҳаллаи Пӯштахона. Муовини
муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» будам.

- Ман қаламкаш гӯй. Ту қалам доштаӣ, ба мақомоти боло
навишта, арзу дод накардй магар?

- Борҳо эътироз навиштам, арзам ба додрасе нарасид. Аз
нависонавис хаста гаштам, аз ҳомиёни адлу инсоф дасту ди-
лам хунук шуд. Тӯҳматро насанҷида, ҷиноятро дайн накарда,
аз пашша фил сохтанд.

- Ба арзи ман ҳам эътибор надоданд. Бало ба пасашон!
Чандсолай?

- Соли таваллудам 1912.

- Аз ман се сол хурд будаӣ. Ба чй далел айбдор карданд?

- Далел аз куҷо? Ду нафар хдсадбари лаин аз болоям
хабаркашӣ карданд, ки гӯё ман бо душманони инқилоб робита
доштааму ба онҳо ёрй медодаам. Ҳарчанд исрор кардам, ки ин
ҳама тӯҳмати маҳз аст, бовар накарданд. Даҳ сол хукм баро-
варданд.

- Хафа нашав, Рауфҷон. Ҳоло замони бӯҳтону иғвогарӣ.
Ҳама маҳбусони ин лагер тӯхматзадаҳоянд. Маро ҳам
тӯхдоати нокасон ба ин варта тела дод.

- Шумо аз кадом маҳалла ва чӣ ном доред?

- Ман аз маҳаллаи Чармг'арй, номам Боқӣ Усмон. Дастпар-
вари омӯзишгоҳи нафткашии Боку. Соли 1933 баъд аз хатми
донишкадаи зироати ба номи Мичурини шаҳри Маскав дар ка-
федраи зироати донишкадаи кишоварзии Душанбе устоз бу-
дам. Бисту нуқуми марти соли 1936 маро ба қабс гирифтанд.

- Ба шумо чй бӯҳтон карданд?

- Саргузашти ҳар дуямон қариб як хел, додарам. Гӯё
рӯҳонй будани падарам ҷиноят будааст. Гӯё ман вақтҳои
таҳсил дар Маскав ғояҳои зиддихалқии Тротский, Бухарин ва
Риковро ташвик мекардаам. Гӯё «ватани дарахти ақоқиё
(акатсия) Осиёи Миёна нест» гуфта бошам. Сонй баъзе
ҳамкасбонамро ба кор андохтанд, ки айбҳои нав ба гарданам
дайн кунанд. Баъзе муртадқо маро ба ҳайси унсури бегона

77
қаламдод карда, ба НКВД маълумоти ноҳақ додаанд. Ба гар-
данам чунон гуноҳҳое монданд, ки дар гӯшаи хаёлам набуд.
Ва боз: гӯё ман душмани озодии занҳо бошам. «Шохддон»
Ҳамроев Болта, Тӯйчиев Юлчӣ ва Маҷлисов Одил шаҳодат
додаанд, ки ман соли 1934 дар донишкадаи омӯзгорӣ ҳангоми
дарси анатомияи одам иброз намудаам, ки «зан нисбат ба
мард камақл мебошад, аз ин рӯ, ин ду ҷинс бо ҳам баробар-
хуку қ шуда наметавонанд».

- Иблисҳои лаънатӣ! Ман фақат аз он афсӯс мехурам, ки
дар айни камолоти эҷодӣ миёнамро шикастанд.Ин чй хел
давлатдорй аст, ки ба тӯҳматчиён бовар мекунанду ба
инсонҳои воқей ва содиқ не? Ходимони илму фарҳанг, оли-
мону адибон, муҳандисону меъморон, роҳбарҳои хирадманд,
хуллас, гулҳои ҷомиаро дар асоси хабарҳои бофтаю бардурӯғ
ба ҷазо кашиданд...

Шикваи маҳбусон бедарак набуд. Онҳо аз зумраи ин қабил
равшанфикрони ҷабрдида буданд. Рауф Тоҳирй то 28 декабри
соли 1937 муовини муҳаррири рӯзномаи бачаҳо буд. Ӯро дар
асоси баённомаи бофтаи Ғаниев ва Нуров ном ду иғвогар аз
озодй маҳрум карданд. Ба тӯҳмати навкарони махфии НКВД,
гӯё Тоҳирӣ байни мардум ташфиқоти зиддишӯравӣ бурда, бо
«душманони инқилоб» Насрулло Абдуллоев (муҳаррири
рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон») ва Василий Николаевич
Герасимов (котиби КМ ҲК Тоҷикистон) ҳамкорй доштааст.
Тоҳирӣ дар рафти мурофиа ҳарчанд кӯшид, ки дурӯғ будани
баёноти Ғаниеву Нуровро собит карда, бегуноҳии худро исбот
намояд, суде набахшид. Зим ни қарори сегонаи махсуси НКВД
соли 1937 дар хукмномааш навиштаанд: «Тоҳирӣ Рауф бо мил-
латгароёни аксулинқилобӣ иртибот шрифта, бо душманони
халк Абдуллоев ва Герасимов якҷоя кор бурдааст. Мавсуф, ки
дар идораи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ифои вазифа
дошт, дар миёни ҳамкоронаш таблиғоти аксулинқилобӣ бурда,
онҳоро алайҳи давлати шӯравй ангехта буд. Суханони доҳиёни
хдзбу хукуматро таҳриф мекард, бо мақсадҳои ғаразноки зидд-
иинқилобӣ хабару мақолаҳои мухбирони коргару деҳконро, ки
фаъолияти кулакҳо ва ахли тақворо фош менамуданд, аз чоп
бозмедошт» (Аз ҳуҷҷати Бойгонии давлатии чумҳурӣ).

78
Инак, Рауф Тоҳирй дар Сибир машғули кори вазнини да-
рахтбурию чӯбборкунӣ. Вай дар сармой тоқатфарсо то зону ба
барф ғӯтида, чӯбҳои тари гаронро ба аробаю мошинқо бор
карда, то роҳи оҳан интиқол медод. Асирон аз меҳнати сангин
ва гуруснагию сармо беҳолу бемадор мешуданд.

- Ҳамшақр, хайрият, дар ин рӯзҳои сиёҳ якҷояем, - боре
дар хилват гуфт Рауф.

- Агар ҳамроҳ намебудем, аз рӯзам пештар мемурдам, -
посух дод Боқй- - Ту қуввати дилам ҳастӣ, Рауф. Эҳ, такдир!
Кй гумон мебурд, ки ба ин мусибат гирифтор мешавем?

- Худоё, мақсади НКВД ва Ревтребунал чй бошад-а? Кор
ба ин маром давом кунад, онҳо бо кй давлатдорй мекунанд? -
ба рӯи рафиқаш маънидорона нигариста, пурсид Рауф.

- Мақсад маълум, додарам: бо сиёсати зӯроварӣ гулҳои
ҷомиаро ҷисману руҳан нобуд карда, худ бо майли хотир
хукм ронданианд. Яъне мардумро метарсонанд, ки муқо-
билатро бар зидди ҳукумат фаромӯш кунанд, як умр мутею
итоаткор шаванд, амрашонро бе чуну чаро ба ҷо оварда,
ғуломи ҳалқабаргӯш бошанд. Аз ҳамин иборат аст мағз-мағзи
сиёсаташон. Хомигарии моро бин, ки сараввал ин сиёсати
бадфарҷомро дастгирӣ кардем, намедонистем, ки ин қама
мисли субхд козиб будааст.

- Гумони ман ҳам дигар буд. Тайёр будам, ки дар роҳи
ахдофи ҳизб аз сари худ гузарам. Бо даъвати болшевикон
ғояҳои доҳӣ ва Октябрро ташвиқ карда, сотсиализму лени-
низмро дар мақолаҳсям ситоиш менамудам. Ҳазор афсӯс,
ахди қаламро маҷбур карданд, ки якеро писари эшону мулло
нависанд, дигареро авлоди кулак, бадхоҳи сохти ҷадид гӯянд,
сеюмиро душмани синфӣ...Сонй сахду хатои худро сарфахд
рафта, пушаймон шудем. Қаламкашҳоро зидди ҳамдигар
шӯронданд. Иқрор мекунам, ки маро ба муқобили ҳамқаламо-
нам Ҳаким Карим ва Ҷалол Икромӣ барангехтанд, ҳамкорро
бадхоҳи ҳамкор, писарро душмани падар карданд.

- Шунидам, ки ҳатто ба устод Айнӣ ҳам тамғаи «душмани
халқ» часпонданй шудаанд, оё ин рост аст?

- Бале. Бо фармоишй бадхоҳони миллат - надимони НКВД
сафедро сиёху сиёҳро сафед гуфтанд.

79
- Аз нависандаҳо боз киҳоро сиёҳ карданд?

- Муинзода, Азизӣ, Алӣ Хуш, Ғанй Абдулло ва боз чандин
бегуноҳи дигар ҳадафи тири бӯҳтон шуданд. Агар аз ин
«ҷаҳаннам» халос шавем, он рӯйдодҳоро ба тарзи дигар мена-
висам, бо амри дил ва ҳукми виҷдон...

- Иншооллоҳ, ба мақсад мерасй, Рауфҷон. Дареғу дареғ, ки
об аз cap лой будааст.

Рауф қадре мулоҳиза кард ва ба рафиқаш бо қатъият гуфт:

- Роҳи наҷот фирор аст, бародарам. Мегурезем.

- Чй? Ба куҷо? Аз дасти ин сагони бӯгир магар илоҷи
халосй ҳаст? Ба куҷое гурезй, ба поят завлона зада меоранд.

- Не нагӯед, ман роҳи гурезро таги чашм кардам, он до по-
сбон нест. Шабона гурезем, субҳ ба роҳи оҳан мерасем.

- Бо ҳамин либоси маҳбусӣ? Ба даст меафтем, рӯзамон
сиёҳтар мешавад.

- Мегурезему халос. Ба Маскав, ба хонаи Исмоил Надируф

меравем. Вай ҳамшаҳрамон, инсони шариф аст. Ӯро мешино-
сед? -Л' п’; р '• -1?

-Мешиносам. ;■ «-• •

- Ба пеши вай меравем. Тайёрй бинед, вассалом.

Онҳо баъди андешаи ҷидцй ба хулосае омаданд, ки пайт
ёфта, ғайб зананд. Бо вуҷуди он ҳама хатару нобасомониҳо
навмед нашу да, бовар доштанд, кикори олам доимо яксон
намемонад.

Тобистони соли 1939, Шабе ин ду ҷавон дар тан шинели
кӯҳна, дар по мӯзаи нимдарида, дар cap кулохи фарсу да аз як
кунҷи боздоштгох берун омада, сӯи роҳи оҳан шитофтанд.Бо
сад биму ҳарос роҳ мепаймуданд. Субҳ надамида ба истгохи
роҳи оҳан расиданд. Паровозе сабук-сабук бут бароварда,
омодаи ҳаракат буд. Рауф ва Боқӣ таъҷилан худро ба
даромадгоҳи вагон заданд. Ходими вагон (проводник) онҳоро
нагузошт, ки дарунтар дароянд, амр дод, ки аз вагон берун
шаванд.Ҳар ду ба зорию тавалло фаҳмонданд, ки дар истгоҳи
навбатй мефуроянд, як микдор пул дароз карданд ва дар
кунҷаки тамбур ба ҳам ҷафс нишастанд. Аз чеҳраи онҳо осори
ҳарос падидор буд, аз таъқиботи эҳтимолӣ хавф мебурданд.
Ҳамин тавр, гоҳ пинҳону гоҳ ошкор аз як поезди боркашон ба

80
дигараш гузашта ва гоҳе дар боми вагон паноҳ бурда, бо сад
азобу машаққат ба Маскав расидаяд. Хостанд ба идораҳои
додгоҳу додситон даромада, арзу шикоят кунанд, вале қарор
доданд, ки аввал ба пеши акай Надируф рафта, маслиҳат ги-
ранд... Дарро ба рӯяшон худи ӯ кушода, ҳайрон монд.

- Ҳайрон нашавед, ако. Мо ҳамшаҳриёнатон Боқӣ Усмон
ва Рауф Тоҳирй, - худро муаррифӣ карданд гурезаҳо.

- Марҳамат, ба хона дароед! - илтифот намуд Исмоил На-
дируф ва ба қиёфаи Боқӣ зеҳн монд:

- Ба фикрам, бо шумо дар куҷое вохӯрдаам.

- Бале, ман дар донишкадаи кишоварзии Маскав мехондам.
Баъзан дар бинои намояндагии Тоҷикистон бо хам дучор ме-
омадем. Он вақт дар метрополитен кор мекардед.

- Ҳозир ҳам дар ҳамин соҳа кор мекунам. Ба шумо чй шуд?
Чаро бо ин ахвол?

Боқй ва Рауф дар сари миз саргузангги талхи худро хикоя
карданд ва пурсиданд, ки оё барои дар Маскав зистан ва коре
ёфтан кӯмаке расонда метавонед ё не?

- Маъзарат мехоҳам, ки ба шумо ёрй дода наметавонам, -
бо таассуф гуфт Нарируф ва аз муҳити дилфишору ҳассос, ки
дар марказ ҳукмфармо буд, шаммае накд кард. - Панҷ-шаш
соли охир вазъияти ин ҷо ниҳоят тезутунд шуд. «Кулоҳ-
сурхак»-ҳои ҳариси душманҷӯ ҳар каси машкуки шаҳрро
таъқиб мекунанд. Онҳо ба ҳама кас бо чашми шубҳа менига-
ранд. Касеро ба душманй икрор кунанд, саду панҷоҳ сӯм му-
кофот мегиранд. Ҳар ноҳияе, ки бештар «душман»-ро фош
созад, аз боло ҳамон андоза хавасманд мешавад. Ин ҷо ҳаёти
ҳамагон дар хатар аст. Хайрият, шумо ба чашмашон наафто-
даед. Худо накарда даст гиранд, дигар роҳи наҷот нест. Ба
шумо танҳо ҳамин шаб дар хонаам ҷо дода метавонам, вазъ-
ияти маро фаҳмед: агар най баранд...

- Боз як маслиҳат, ако: шикоятнома навишта ба Додгоҳи
Олӣ равем-чӣ? Наход касе арзу додамонро нашунавад?

- Содагй накунед. Касе шуморо ба қабули роҳбарҳо роҳ
намедиҳад.Агар бӯй баранд, ки гурезаед, кор тамом. Ба касе
шафқат надоранд онҳо. Беҳуда ҳакиқат ҷуста, худро ба доми
бало назанед.

81
Зудтар саратонро гирифта, ба тарафҳои худамон равед, дар
ягон деҳу ноҳияи дурдасте паноҳ бурда, аз паи коре шавед.
Давраи амонй ояд, сонй...

Исмоил Надируф саҳари солеҳон гурезаҳоро табдили либос
кунонду як микдор пул дод ва гуфт:

- Сафаратон бехатар! Ками ману карами шумо.

- Хайр, ако! Шукр, ки ба мо рӯи хуш до дед. Барой
маслихатқоятон ҳазор раҳмат! — сипосгузорӣ карданд
фирориҳо.

- Гар зиндаем, дида ба дидор мерасад.

Рауф ва Боқӣ дар кӯчаҳои хилват кебида-кебида ва чолоко-
на қадам мезаданд. Ба ҳар раҳгузар бо шубҳа менигаристанд:
мабоДо аз «Кулоҳсурхакҳо» набошанд? Рауф мувофиқи
ҳолашон рубой мехонд:

Ее куфлу калид ҳар забонро бастанд,

Бо мӯҳри сукут ҳар даҳонро бастапд.

Ку роҳи гурезу ку паногоҳи наҷот?

Гӯё ҳама дарҳои замопро бастанд.

Ҳар ду ғамгину музтариб аз марказ умед канда, ба вокзали
Қазон рафтанд. Он рӯз ба поезд чипта наёфтанд. Ба вагонҳои
пуродам илоҷи cap халондан набуд. Се рӯз дар вокзал шабро
рӯз карда, азоби сагро кашиданд. Шинелкӯҳнаашон ба ҷои
кӯрпа кор дод. Рӯзи чаҳорум ходими вагонеро бо зорию
илтиҷо ба ran дароварданд. Ходим ҳамагӣ як ҷои эҳтиётй
доштааст, ки онро ба ихтиёри Рауфу Боқӣ доду таъкид кард:
«Дар рохло аз чашми тафтишгарон пинҳон шавед, эҳтиёт ку-
нед, маро ба бало намононед. Агар фаҳманд, ки мусофири бе-
чипта гирифтам, кор расво мешавад...» Онҳо дар дахумин
рӯзи сафар бо сад азоб ба Тошканд расиданд. Дар чойхонае
Рауф чои талхе фармуда, ба рафиқаш гуфт:

- Гӯр чунин зиндагию саргардонӣ шавад, акнун сари сах-
тамонро ба куҷо мезанем?

- Додарам, ҷигар хун накун, акнун Конибодом дур не, - та-
саллоомез ҷавоб дод Боқӣ. - Бе ҳуҷҷату чипта то ин ҷо раси-
дан осон набуд. Акнун ба шаҳрамон равем?

- Не, акои Исмоил дуруст маслиҳат дод: ба зодгоҳамон ра-
вем, боз ба дом меафтем.

82
- Дар Тошканд монем-чй, дар ягон завод ё фабрика корга-
ри қаторӣ мешавем, - пешниҳод кард Боқй.

- Ин ҷо ҳам хатарнок, даракамонро меёбанд. Бояд ба гӯшае
равем, ки касе моро нашиносад. Беҳтараш, ба Бекобод ё
Оҳангарон меравем, дар он ҷойҳо шиносҳо дорам, ба коре ан-
дармой'Шуда, гоҳу ногох ба Конибодом ҳам рафтуо мекунем.

- Ман ба Боку меравам, - Боқӣ розй наШуД^ -
ҳамсабақҳоям вақти хатми омӯзишгоҳ мехостанд, ки дар
хдмон ҷо ба кор монам. Хоҳй, биё, ҳамроҳ меравем, он ҷо
камхатар. «Бщишт он ҷо, ки озораш набошад, касеро бо касе
кораш набошад».

- Не, ман ба Бекобод меравам...

Онҳо бо ҳам хайрбод гуфтанд. Рауф нишонии хонаашонро
дод.

- Замона осуда шавад, боз якдигарро меёбем.

- Хайр, додари қиёматиам, - Рауфро оғӯш гирифт Боқй. -
Азобу азиятҳои дӯзахро ба хам дидем, рафик будем, бародар
шудем. Ба модари ман хабар расой, ки фарзандат сиҳату са-
ломат аст ва як муддат ба хизматат расида наметавонад.

- Худо ҳофиз, дафъаи дигар ба некй бинем.

Яке роҳи Бокуро пеш гирифт, дигаре озими Бекобод шуд.

Рауф хуҷҷате надошт, ки ба кор дарояд. Вай хаёлан худро ба
саду як кӯча мезад, ки чй тавр шиносномае ёбад.Ночор азми са-
фари зодгоҳ кард. Вакти говгум ба хавлиашон даромад. Шаби
чумъа ахди оила гирди дастархон сарҷамъ буданд. Ногаҳон пай-
до шудану омадани Рауф аҳли хонаводаро ба ҳайрат овард. Кош
волидайнаш зинда мебуданду сару рӯи писарро бӯсида, аз сало-
мат баргаштани ӯ шодмонӣ мекарданд. Хоҳаронаш Санамби-
бию Шарофатбону ва Асалхону Иззатҷон ашки шодй мерех-
танд. Онҳо гирди ҷигаргӯшаи худ парвонавор давр зада, шукро-
на мегуфтанд. Баъди фаро расидани лаҳзаҳои оромй ҳама гирди
дастархон нишастанд. Сӯҳбаги пурармон огоз ёфт. Он шаб ах;ти
хонавода мижа таҳ накарданд. Бо маслиҳату ризояти хам яке аз
хешовандонаш, ки Абдуҳамид Русгамуф буд, шиносномаашро
ба Рауф дод. Расми онро канда, ба ҷояш расми Рауфро часпон-
данд. Чй илоҷ, то табар омадан кунда меосояд» худро тасаллй
дод Рауф. Ва ӯ баъди гузаштани як поси шаб гуфт:

83
- Ман пинҳонӣ омадам, чашми рӯз накафида, бояд равам,
аз омаданам набояд касе пай барад. Намехохдм, ки шумоёнро
ҳам ба бало мононам. Минбаъд моҳе як бор шуморо хабар ме-
гирам, Аз ман парешон нашавед...

Ин буд, ки Рауф бо мадади дӯстони ӯзбекистониаш дар яке
аз мактабҳои Бекобод ба таълиму тадрис пардохт. Соҳиби хо-
наву ной гардид. Зиндагиаш қадре осуд. Гоҳу ногоҳ фурсате
ёфта, ба дидори хоҳаронаш мерасид. Мисли ҳамешагӣ аз ома-
данаш касе хабар намеёфт. Соли 1941 довталабона ба хифзи
Ватан рафт. Гӯё гуноҳашро шустанӣ буд. Чаҳор сол зидди
фашистони манхус ҷангид, захмдор шуд, боз сиҳат ёфта,
силоҳ ба даст гирифт. Баъди зафари лашкари шӯравй бар
ӯрдуи ҳитлерй бо мукофотҳои ҷангӣ ба Конибодом баргашт.
Аввалҳо сиҳатиаш бад набуд. Хост дар чое кор кунад, вале
идораҳои аз шар\и ҳолаш воқиф ӯро ба кор намегирифтанд.

Рауф Тохирӣ маъюби дараҷаи аввали чанг буд, захмҳо сахт
азобаш медоданд, бе асобағал роҳ гашта наметавонист. Ба
замми ин ҳама, ҳангоми маҳбусиаш дар Сибир панҷаҳои дас-
ту пояшро capмо зада буд. Бо чунин аҳвол адиби шӯридасари
ватанпарвар пас аз бемории тӯлонй дар синни сивучорсолагй
(1912-1946) оламро падруд гуфт.

Камина ва раиси бойгонии шаҳри Конибодом Шамсиддини
Зоҳид бо хешу ақрабои Рауф Тоҳирӣ ҳамсӯҳбат шудем.
Ҳоҳараш Иззатҷон барои мо расми Тоҳириро дод. Собиқ кор-
манди кумиҷроия Фароғат Рустамова чунин шаҳодат овард:
«Рауф Тоҳирӣ аз акрабои мост. Ду китобашро ба мо такдим
карда буд. Ман маҷмӯаи ҳикояҳояш «Зафар»-ро хондаам. Ки-
тоби дигари ӯ «Трактор» аз шикасти мушкили деҳқон, хаёти
нахустин тракторчии тоҷик ва аз аҳамияти ҳунаромӯзӣ хдкоят
мекард. Афсӯс, ки он китобҳоро маҳфуз дошта натавонистем,
ҳамсояҳо барои мутолиа гирифтанду барнагардонданд».

Аз ёддошти собиқадори матбуот Ғаффор Самадӣ: «Солҳои
1929-30 хдмрохи тағоям Абдурауф дар дорулмуаллимини
Тошканд таҳсил мекардем. Ҳамон вақтҳо машқи хдкоянависй
дошт, нахустин китобашро пешкаши хонандагон гардонда
буд. Муаллимонамон Маннофзода ва Ҳусейнзода ба қаламаш
баҳои нағз медоданд. Баъди хатми дорулмуаллимин дар Ду-

84
шанбе аввал котиби масъули рӯзномаи «Барой коллективй»,
сонй муовини муҳаррири «Пионери Тоҷикистон» буд. Соли
1937 ӯ аз бӯҳтони нокасон ба маҳбас афтод. Аз ҷанг маҷрӯҳу
маъюб баргашт, захмҳояш аз табобат шифо наёфт ва дар айни
авди камолот ва фаъолияти эҷодӣ аз олам гузашт».

Аз хотираи Сотим Улуғзода: «Ӯро аз наздик мешинохтам.
Аз миёни ту мани тираи ҳаводиси ин қадар солҳо гарҳи чеҳраи
шиносаш хира-хира пеши назарам меояд. Ҷавони қобили
оромтабиат, андак обиларӯй ва нимчӯтур буд. Сад ҳайф, ки
тӯфони солҳои таъқибот бисёр соҳибистеъдодҳои нодири
миллати моро фурӯ бурд. Рауф Тоҳирй, агар тӯъмаи он
тӯфони фалокатнишон намешуд, ба дараҷаи соҳибистеъдодҳо
мерасид...»

Воқиан, сарнавишти Боқӣ Усмон - рафиқи ҳаммаҳбаси Ра-
уф Тоҳирй чӣ сон анҷомид? Ба ин суол баҳори соли 1992
собиқадори тиҷорат Зикирё Исои ҳафтодупанҷсола чунин по-
сух дод: «Боқӣ Усмон рафиқи ман буд, аз соли 1930, ки мо,
гурӯҳе донишҷӯёни тоҷик дар Маскав таҳсили илм доштем,
бо ҳам тез-тез вомехӯрдем. Ҷавони серғайрати кордон буд.
Дар донишкадаи зироати Душанбе даре медод. Дар ноҳияи
Шаҳринав ҷавонони ташаббускорро гирд оварда, дар шароити
вазнин найистонро ба замини корам табдил дод ва боғу рОғи
нав бунёд кард. Рӯзномае навишта буд, ки «меваи боғҳои да-
стпарвари донишкадаи ба номи Мичурини шаҳри Маскав,
профессори заминшинос Боқӣ Усмонов коми ҳамаро ширин
мекунад». Ману до дарам Сулаймон ҳар бор ба дидани боғҳои
ӯ рафта, як-ду рӯз меҳмонаш мешудем. Дареғо, ки солҳои си-
юм Боқӣ Усмон гирифтори террори сурх гардид. Огоҳ шудам,
ки вай бо нависанда Рауф Тоҳирй аз ҳабс гурехта, яке дар
Узбекистану дигаре дар Озарбойҷон паноҳ бурдаанд. Шамоли
таъқибот Боқиро аз Боку ба Гурҷистон паррондааст. Дар яке
аз ноҳияҳои он ҷо ба худ номи дигар гйрифта, забони гурҷиро
омӯхта, соҳиби зану фарзанд мешавад ва дар пирй ба Конибо-
дом бармегардад. Чун мебинад, ки касе аз хешовандонаш
зинда нест, боз ба Гурҷистон меравад».

Охируламр додгоҳи Олии РСС Тоҷикистон қарор баровард,
ки Рауф Тоҳирӣ ва Боқй Усмон дар аъмоли худ ҷиноят на-

*5
доштаанд. 24 декабри соли 1958 додгустарии ҷумҳурӣ чунин
ҳукм баровард: «Аз рӯи нишондоди шоҳидон Ғаниев ва Ну-
ров - Рауф Тоҳирй беасос гунаҳкор дониста шудааст. Ашхоси
номбурда дар шаҳодати худ нишон надодаанд, ки Тоҳирӣ кай,
дар куҷо ва дар кадом вазъу ҳол зидди хукумати шӯро
ташфиқот мебурд. Тоҳирӣ гуноҳро ба гардан нагирифт, вале
ахди додгоҳ ӯро бо шоҳидон рӯ ба рӯ накарданд. Мувофиқи
мадракоти додгустарии РСС Тоҷикистон аз ҳаштуми декабри
соли 1958, ки дар парванда илҳоқ асг, пайдост, ки дар дусияи
ҷиноии Абдуллоев Насрулло ва Герасимов Василий Николае-
вич ҷузъи ҷиноят нест, Тоҳирӣ низ чун пайрави онҳо
гунаҳкор дониста шудааст, аз ин муҷримӣ покиза шуд. Три-
бунал и ҳарбии ТУРКВО аз 18 ва 24 майи соли 1956 парвандаи
мавсуфро бинобар набудани ҷинояг қатъ кард. Аз ин рӯ, ба
гунаҳгории Тоҳирӣ ягон асос намондааст.Ӯро бидуни ҷурми
бебунёд ба ҷиноят кашидаанд. Қарори сегонаи НКВД-и РСС
Тоҷикистон аз 31 декабри соли 1937 оид ба Рауф Тохирй бе-
кор дониста, парвандаи ҷиноии ӯ аз сабаби исбот нашудани
гуноҳаш қатъ карда шавад».

Чунин аст фишурдаи такдири як адиби ҷавони тоҷик, ки
нав ба арсаи адабиёт қадам ниҳода, дар хизмати халқу диёр
садоқат ва имони росих доитг. Нав қобилияташ зухур меёфт,
ки қаламашро шикастанд.

Ба рӯҳи поки ин адиби ноком дуруд мефиристем!

АНДЕША ДАР ТАНҲОЙ
(Руҷӯи собиқадори матбуот Ғаффор СЛМАДЙ)

Солҳо... Солҳое, ки чун турнаҳои тезгузар сипарй меша-
ванд. Фараҳбахшу фаромӯшнопазиранд солҳое, ки касро ба
коми дил мерасонанд. Вале он солҳое, ки ман аз cap гузарон-
даам, солхои тазйиқу фишороварии бераҳмона, тавлиди дарди
асабҳо буданд.

Табибон ҷарроҳии дили дарднокро ҷарроҳии саҳту сангин
медонанд. Андешаи ҳақ асту рост. Вале диле, ки аз хусумату
бадбинй ва хиёнати нокадон озурду бишкаст, табобаташ боз
хам мушкил аст.Аз он айёми цурошӯб ним аср паси cap шуд,

86
вале то кунун дили бегуноҳи худро моломоли шиканҷаю
ранҷур мебинам. Чй дарду доғҳои ҷонгудозе дар замирам
нуҳуфта! Онҳо осоишу роҳатамро рабудаанд. Ҳамин ки ба
болини хоб cap мениҳам, мисли ҳаррӯза он дардҳои дерин ба
сарҳади хаёлам меоянд. Чун сарбозони чангҳои хунин, ки
шабҳо аз рахти хоб як қад парида мехезанд, ман ҳам дар тӯли
ин қадр вақт фароғату оромиши худро дарбохтаам. Чй беадо-
латие буд, ки дилҳоро хунфишон кард, насиби ману
ҳамсолонамро ҳабсу банду зиндон гардонд. Худое, ба решай
умри инсон, ки бе ин хам чандон бако надорад, ин кадр теша
задани сарони чоҳ ва ҳасуду нотавонбинҳо чй маънй дорад?
Касоне, ки бадро писандидаанд,

Надонам зи некй чй бад дидаанд?!

Чун ашки сари мижгон буд ҳаёти касоне, ки солҳои сиюм
дар матбуот кор мекарданд. Барой андаке хато, барои афтода-
ни як ҳарфу ҳиҷо сари кас барбод мерафт.

Ёд дорам, дар яке аз шумораҳои рӯзнома хатой имлоӣ роҳ
ёфт. Муҳаррир, ки одами сояаш тунук буд, навбатдорро
гунаҳгори асосй дон иста пурсид:

- Чаро «аз бало хазар» нею «аз боло хазар», шудааст ва ту
гӯё бехабарй?

- Бубахшед, рафик муҳаррир! Тасодуфан ба чои «а» ҳарфи
«о» рафтааст.

- Тасодуфан не, қасдан ин корро кардӣ! Бигӯ, чаро аз боло
ҳазар дорй? Медонй, дар боло кихо кор мекунанд?.. Дар боло
сарварони фиркаю ҳукумат шабу рӯз ғами моро хӯранду аммо
ту, носипос...

- Ба як харфи аз қазо беҷо афтода ранги сиёсй надиҳед! Ин
майда-чуйдаи кор аст.

- Ҳой, сахдангори нодон! Ин «майда-чуйда» не! Барои ин
хагои сиёсй ҷазои сиёсй мегирй! Фахмидй!

- «Гунахгор» як ман набошам даркор! СаҳифаХоро
мусаҳҳеҳ низ хонда буд, худатой ба чоп имзо кар дел...

- Э, бас кун, маҳмадоно! Гунаҳгори асосй ту, ту, ту...

Субҳи дигар ду вакили НКВД он ҳамқаламй моро бурданд.

Сониян ҳамин гуна рузи сахт ба сари ман ҳам омад. Охири

солҳои сиюм, ки дар рӯзнбмаи «Тоҷикистони сурх» (ҳозира

'87
«Ҷумхурият») ходими адабӣ будам, ду-се нокас маро ба чоқи
гунох тела дод. Ҳангоми навбатдорӣ, ки то бевақтии шаб давом
дошт, дар матни сармақолаи «Қалъае нест, ки болшевикон
фатҳ карда натавонанд» тасодуфан як ҳарф аз номи Сталин аф-
тода буд. Ин ҳарфи «а» буд, ки ба чанд тирадил барои исботи
фикри ботил сабаб шуд. Ҳамаи ноомади кор аз ҳамин «а» cap
зад. Муовини муҳаррир Набй Почоҷонов зуд фармон баровард:
«Барои роҳ додани хатоҳои дағали сиёсӣ дар сахлфаҳои
рӯзнома Ғаффор Самадӣ аз кор озод карда шавад». Ба мудири
шӯъбаи саноату нақлиёт Нуриддин Пиримқулов, ки дар сиёҳ
кардани одамони бегуноҳ устухон надошт, худо дод. Вай аз
фуреат истифода бурда, зуд остин барзаду дар бораи ман ба
НКВД хабар дод, ки гӯё хаторо қасдан карда бошам.

Рӯзи дигар ба назди мудири сектори матбуоти КМ ҲК (б)
Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров рафта, айни воқиаро арз кардам.
Вай дар хузури худам ба Почоҷонов занг зада, маслиҳат дод:

- Беадолатй шудааст, Набиҷон. Ҳаёти кадри ҷавонро
насӯзонед! Мо ӯро ба дигар ҷой ба кор мефиристем. Фармо-
натонро бекор кунед!

Аммосуханоки Ғафуровро ба инобат нагирифтанд. Ҳарчанд
айбдор дигарон буданд, гунохи афтодани як ҳарфро ба сари
мани ҷавон гузошта, ба рӯям рохд ҷақаннамро кушоданд.

Оғози баҳори соли 1940. Табиат аз нав эҳё мешуд. Он
субҳи сафо, он арафаи Наврӯзи дилафрӯз барвақт ба корхона
рафтам. Коргоҳи мо, идораи ҷаридаи «Тоҷикистони сурх» он
вақт дар рӯ ба рӯи Хонаи матбуот ҷойгир буд. Ман ҳанӯз ба
дари идора нарасида, аз мошини сабукрав ду тан сиёҳпӯш фу-
ромаданду аз дастам гирифтанд. Аз миёни хотираҳои айёми
ширини ҷавонӣ аз чӣ бошад, ки симои он ду сиёҳпӯш дар
ёдам сахт нақш баста, аёну ноаён пайдову пинҳон мешавад.
Хотиротам ба шакли як қитьа навор аст: мӯзаи латтагӣ, шими
галифе, нимтанаи хоси калонҳо ва қатман «сталинка» -
кулохи нимҳарбии мӯди он замон, ки аз зери лапараш ҷуфти
чашмони ҷиддӣ ба сӯятон менигарад.

Сияҳпӯшҳо - чокарони НКВД маро ба хонаам оварда,
маҷбуран кофту ков карданд. Титу ғози ҳамаи бисотамро ба-

88
роварданд. Қатьиян эътироз намудам, ки бе рухсатномаи дод-
ситон ҳақ надоранд кофтуков кунанд, аммо ба дархостам
эътиборе надоданд. Сипае чанд китоби арабихат ва луғати
русӣ-тоҷикиро гирифтанду маро бо худ бурданд. Ба куҷо? Ба
он ҷое, ки ҳазорон ҳазор ман барин бегуноҳон азоби рӯхй ме-
кашиданд. Дигар дари рӯшноӣ ба рӯям. баста шуд, ба доми
асорат афтодам.

Дареғо, ки дар бистучаҳорумин баҳори умрам хазони
орзуҳоямро дидам.

Рӯзҳои тираву тори зиндони Қарағанда. Ҳар як соаташ ба-
рои ман аз як сол ҳам дарозтар менамуд. Дар ин боздоштгохд
маҳбусони сиёсӣ ҳазорҳо «душмани халқ» ҷойгир буданд.
Домани он ҳадду канор надошт, аз шаҳри Қарағанда то кӯли
Балхашу майдони Байконур садҳо фарсах роҳ тӯл мекашид.

Ман, ки дар қисми санитарй кор мекардам, шоҳиди
мудҳиштарин фоҷиаҳо мешу дам. Бо чашмони худ медидам,
ки чй хел мурдаҳои маҳбусонро ба чукурй мепартофтанду ба
рӯяшон хок мекашиданд. Охири бақор атрофро бӯи ҷасадҳои
пӯсида фаро мегирифту дил бехузур мешуд. Ин манзараи
хузновар, то зиндаам, аз хотирам нахоқад рафт!

Оё шумо захмати сангшиканҳоро дидаед? Заҳмати зиндо-
ниёни сиёсй аз ин ҳам гаронтар буд. Аз маҳалли Ҷизқозғон то
Ҷиздӣ ном мавзеи Қазоқистон, ки масофаашон се фарсах ме-
омад, дар шароити вазнини икдим роқи оҳан месохтем.
Маълум аст, ки зимистон дар дашту саҳроҳои қазоқ беҳад
қаҳратун мешавад, сармо то сӣ дараҷа мерасад. Соли 1943 дар
минтақаи Ҷиздӣ хоку шағал рехтан ва гузоштани релсҳои
роҳи оҳан дар сохтмони рақами 110 ба самти кони маъдани
манган кор босуръат идома дошт. Посбонқо бо амри мансаб-
дорони зиндон маҳбусони нимурёну нимгуруснаро таҳти
зарбаҳои туфанг аз заминканҳои сернаму рутубатнок ба он
тарафи нохия мебурданд. Ёд дорам, рӯзе сардори яке аз
гурӯҳҳои маҳбусон, майори сангдили НКВД Свистунов ба
болои мошини боркаш баромада, бо такаббур гуфт:

- Мо аз устухонҳои шумо рохд оҳан месозем. Дар ҳар
ҳолат бояд ин роҳро сохт! Ҳоло мамлакат ба маъдани ранга
хеле эҳтиёҷ дорад.

89
Хӯрокворй намерасид. Гуруснаю нимгурусна кор мекар-
дем.

Маҳбусон гирифтори ранчу азоб, муштоқи дидори ёру
дӯст, маҳрум аз ҳама лаззати дунё, маҷрӯҳу дардманд,
бехуқуқу хору зор... Аз чунин зистан безор мешуданд, хаёли
худкушй мекарданд, мурданро бартар медонистанд.

Ба худ тасаввур кунед: касе аз наздикони хонавода намедо-
нист, ки мо дар куҷоему чй ҳол дорем, зиндаем ё мурда.
Ҷумла ҳуқуқи инсониамонро поймол мекарданд. На ба
хатнависй ҳақ дошлем, на ба хатгирй. На танҳо ба дӯстону
ҳамкорон, балки ба хешовандон, ҳатто ба падару модар муко-
тиба кардан мамнӯъ буд.

Танҳо пас аз чаҳор соли маҳбусй ба ман иҷоза доданд, ки
(ба тариқи мукофот барои хизмати софдилона) ба модарам на
зиёдтар аз чаҳор сатр хат нависам. Ман худ ба худ андеши-
дам, ки дар ин чаҳор сатр чй нависам, ба чӣ тариқ дардҳои
диламро гунчонам. Чаҳор рӯз фикр карда, барои модари
мушфиқам чаҳор мисраи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро на-
вшнтам:

Эй бурда гамат шодии садсола зи дил,

Ҳаргиз наравад доги ту чун лола зи дил.

Рӯзе, ки ба дил доги ту бо хок равам,

Лола зи гилам барояду нола зи дил.

Ба ҳамин миивол, аз даҳуми марти соли 1940 то даҳуми
марти соли 1944 ҳаққи мукотиба бо волидайн надоштам.
Сонй рухсатам доданд, ки нома нависам, вале ҳақ надоштам,
ки нишонйамро маълум кунам. Такдири ҳазор андар ҳазор
зиндонй ҳамин сон чазир буд. Падару модарон то охирин
лаҳзаҳои озодии фарзандон чои маҳбусиашонро намедони-
станд, то ба боздидашон бираванду алами фироқро фурӯ ни-
шонанд.

Маҳбусони сиёсй киҳоянд? Онҳое, ки гӯё хатой чиддии
сиёсӣ кардаанд, гӯё хиёнатгару ватанфурӯшанд, гӯё дар миё-
ни мардум озод гаштани онҳо хавфу хатар дорад. Дар солҳои
ҷазои оммавй беҳтарин фарзандони Ватани мо, олимони за-
бардаст, адибони номй, рӯзноманигорони бебок, сарлашкаро-
ни бошараф, роҳбарони часоратманди хизбу хукумат ва дигар

90
ходимони барҷастаи маданият маҳбусони сиёсӣ шуданд. Ҳол
он ки эшон ҳама гулҳои сари сабати илму фарҳанги мо бу-
данд, лозим ояд, барои халқу диёр ҷони худро дареғ наме-
доштанд.

Барои маҳбусони сиёсӣ як чиз беҳад аламовару дардомез
буд: аз онҳо ҳамаи рӯйдодҳои ҷаҳон, ҳамаи воқиаҳои ватани-
ро пинҳон медоштанд. Мо хеле вақт бехабар будем, ки Олмо-
ни қитлерӣ ба Ватани мо ҳамла оварда, шаҳру деқотро яксони
замин кардааст. Ба мо хабар намедоданд, ки ҷанг дар куҷоҳо
давом дораду вазъ ба кадом сурат аст. Чаро ба еари халқу
диёри мо ин қадр мусибат омадаасту ба мо ҳарфе намезананд?
Чаро ки ба мо бовар надоштанд, хавф мебурданд, ки хиёнат
мекунем, шӯриш мебардорем, дар сарамон фикри гурехтан
пайдо мешавад. Вале худи онҳо дар ғафлат буданд, ки мо аз
саршавии ҷанг огоҳем. Гап-гапи оғози ҷангро тобистони соли
1941 шунидем. Кадоме аз посбонҳо ба маҳбусе гуфтааст, ки
фашистони немис бо Ватани мо меҷанганд.

Мо баробари машаққати ҷисмонӣ азоби рӯҳонӣ мекаши-
дем, ки дар чунин рӯзҳои мудлиш аз вазъи мамлакат хабаре
намедоданд, баръакс пинҳон медоштанд. Ҳамаи ин ба торҳои
асаби маҳбусони сиёсӣ чун теғ мерасид, дилҳои озурдаро по-
ра-пора мекард.

Шаб гиря, саҳар гиря, аз мағзи ҷигар гиря, бо ашки равон
гиря, бо оху фиғон гиря... Ин қама гиряву нолаи ҷонгудоз
пайваста ба гӯш мерасиду ба захми дилам намак мепошид. Ин
гиряи баланди кӯдакон буд аз доғи ҷудоии падару модар, аз
фироқи хешу ақрабо ва фурқати бачаҳои ҳамсолу ҳаммаҳал.
Фарзандони маҳбусони сиёсиро низ дар зиндонҳои
қамшафати мо нигоҳ медоштанд. Зоҳиран ба сокинони
авулҳои қазоқнишин чунин менамуд, ки кӯдаконро ба интер-
нат мебаранд. Вале дар асл он ҷо интернат не, балки маҳбас,
лагери махсуси бачаҳо буд. Охир, чӣ қадар кӯдакони маъсум,
ҳамчун узви оилаи «душмани халқ» аз падару модар ҷудо шу-
да, ятим мемонданд. Ба дидани ранги заъфарону шунидани
гиряву фигони онон асаби инсон тоб оварда наметавонист.
Ҳаёти минбаъдаи онҳоро пеши назар оварам, аз гусса чаш-
мамро об мегирифт. Ин чӣ беадолатист? Чӣ гуноҳ доштанд

91
кудакони бечора? Ҳануз аз сад як гулашон нашукуфта ги риф-
тори мусибат мешуданд...

Чоплӯсони ҷаллодваш «писар барон падар чавобгар нест»
гӯён, ҷор мезаданду дар амал баракси лафзи худ амал мёкар-
данд.Лаънату нафрин ба бачакушҳо!

Даҳуми марти соли 1944. Чӣ рӯзи фирӯзе буд ин рӯзи
ҳаётам: аз ҳабс озод шудам. Бо шунидан муждаи озодй аз
шодй дасту по гум кардам. Наход аз ҷаҳаннам раҳой ёфтам?
Не, ҳамааш фиребу фитна будааст. Ин чй озодй, ки ба хона,
назди модару бародар ва хешу акрабо омадан натавонам? Ма-
ро гуфтанд, ки боз ду соли дигар бояд дар ҳамин ҷо бимонам
ва акнун дар бадарга кор кунам. Боз ду сол азобу кулфат...

Ва танҳо охири боли 1946 аз чанголи бадарға рақой ёфтам.
Вале намедонистам, ки оянда зиндагиам чй хел ҷараён меги-
рад. Чун ба Сталинобод омадам, маро дигар ба шаҳр роҳ на-
доданд, ки муқимй зиндагй кунам. Дар варақаи қайди махсуси
шиносномаи ман «Статья 39» навишта буданд. Яъне
мувофиқи йн ишораи махсус камина ҳақ надоштам, ки дар
шаҳрҳои азим зиндагй кунам. Рӯзи ба озодй баромаданам
рӯйхати беш аз 200 шаҳрро йишон доданд, ки бояд дар онҳо
зиндагй накунам, дар акси ҳбл, агар ин қоида риоя нашаваду
маро даст гиранд, боз бандй мекунанд.

Пас аз андешаҳои тӯлонй ба зодгоҳам Конибодом, назди
модарам рафтанро афзал донистам. Ҳамсояҳо моДарамро таб-
рик мекарданд: «Муборак шавад, Санамбйбй, писаратон ома-
даанд. Илоҳо, дигар рӯи дарду догро набйнед?»

Сиҳҳатиам хуб набуд, бемории хавлноки сиЛи шуш азиятам
медод. Бечора модарам ба рӯям менигаристу оби чашмаш шаш
қатор мерехт ва он чй, ки дар бисот дошт, барои саломатиам
сарф мекард. Он вақтҳо ман мачрӯҳи дараҷаи дуюм будам.

Хайрият, дар дунё одамони хайрхоҳу некбин ҳастанд. Дар
зодгоҳам аз Шарифчон Иброҳимзода ном марди фарзона ма-
даду дастгирии падарона дидам. Вай муҳаррири рӯзномаи
маҳаллй буд ва дили чавононро бо он гарм мекард, ки
қобилият доранд. У ба ман гуфт: «Писари ҷабрдидаам, гам
нахӯред, ҳамкорй мекунем. Ҳар моҳ то 1200-1300 сӯм ҳаққи
қаламатон тани ман. Лекин бояд маро- фаҳмед: агар шуморо

92
бо фармон ба кор қабул кунам, ба ман ran мерасад...» Котиби
масъули рӯзнома Мавлони Узок низ ёрию мадади худро аз
ман дареғ намедошт. Худо накарда, ӯ ба идораи дахлдоре ха-
бар мерасонд, ки ман бо матбуоти фирқа алоқа дорам, боз ба
сангҳои сари роҳ пешпо мехӯрдам. Мавлонҷон маро таскин
медод: «Хафа нашавед, ин хама муваққатист, чанд вақт мегу-
зараду боз об ба лаби ҷӯ баробар мешавад...» Он некиҳои
Иброҳимзодаю Мавлони Узок ҳаргиз аз дилам намеравад. Бо
мадади онҳо то соли 1953 пинҳонй дар ҷаридаи ноҳиявӣ
ҳамкорӣ мекардам.

Пас кам-кам офтоби адолат тулӯъ кард ва яхҳои тазйиқу
таъқибот ба об шудан даромад. Ман ба пойтахти ҷумҳурият
ихтиёр кардам. Вале шаҳри Сталинободро тумани таъқибот
ҳанӯз тарк накарда буд. Дар кулбаи дури гӯшаи шаҳр аз чаш-
ми нохалафҳо пинҳон мезистам. Мекӯшидам, ки касе аз
паноҳгоҳам хабар наёбад ва боз дучори таъкибу табъид наша-
вам. Муддатҳо идора ба идора мегаштам, ки коре пайдо ку-
нам. Шиносҳои собиқам ба ман рӯи хуш намедоданд. Мани
ҳабсшуда, мани «унсури бегона»-ро чй хел ба кор мегириф-
танд? Ба онҳо ҳам осон набуд, аз сари худ метарсиданд. Аз
барои ман намехостанд, ки ҷавобгар шаванд. Аз ин рӯ, бисё-
риашон бо ман дучор оянд, худро ба нодонй зада, ба дигар
тараф рӯ мегардонданд.

Вале, чунон ки мегӯянд, дунё аз тарсуҳо иборат нест, по-
кназару покдилон низ ҳастанд. Сарсону саргардон, дар
ҷустуҷӯи кор гузорам ба маркази вилояти Ленинобод афтод.
Illиносу дӯстони собиқамро ҷӯё шудам. Ба ман гуфтанд, ки
«ҳамшаҳриҳоят Абдулаҳад Қаҳҳоров котиби обкому Исҳоқ
Шукуров ҷонишини раиси комиҷроияи вилоят». Ба коргоҳи
акай Исҳоқ рафтам. Ӯ маро хуш пазируфг ва пешин ба хона-
аш бурд. Ҳамсаращ апаи Очабону аз дидани мани «гумгашта»
хеле хурсанд шуд ва дилбардорй кард. Акай Исҳоқ ба
Қаҳҳоров занг зада, аз омадани ман дарак дод. Фурсате нагу-
зашта ӯ ҳам омад. Ҳар се хеле сӯҳбат кардем. Онхо ба ман
маслиҳат доданд, ки пеш аз ҳама як-ду моҳ нағз дам гираму
худро табобат кунонам. Бароям ду роххат ба осоишгоҳи Қрим
дарёфтанд ва роҳкиро хам доданд...

93
Баъдан тақцир маро боз ба Сталинобод овард. Рӯзе тифоқо
бо ҳамқаламам Қодир Наимӣ дучор омадам. Салом додаму
худро ба кунҷй кӯча гирифта, ҳаросомезу парешонавзо исто-
дам. Вай маро шинохту ба наздам омад ва гарму ҷӯшон ҳол
пурсид. Бяъди вохӯрии бағалкаш ашкам рехт.

- Гиря накун, бародар, - ӯ маро таскин дод, - аз гиря чӣ
ҳосил? Худо хоҳад, дигар хор намешавй...

Ман ба ӯ дарди дил гуфтам:

- Медонй, Қодирҷон, барои чй гиряам омад? Ман бо чанд
шиноси собиқам вохӯрдам, ки ба саломам ҷавоб нагардон-
данд, худро нодида гирифтанд.Сахт аламам кард. Гумон бур-
дам, ки шояд ту ҳам мани ғарибро нашиносӣ.

Қодир Наимӣ ба таскини ман байте хонд:

Гумон мабар, ки ту чун бигзарӣ, ҷаҳон бигузашт,

Ҳазор шамъ бикуштанду анцуман боцист.

Сонй ӯ маро меҳмон кард. Завҷааш палав пухт. Дар сари
дастархон сӯҳбат оростем.

- Аз хамааш бохабарам, — афсӯс мехӯрд ҳамқаламам. - Ту
бегуноҳ будӣ, палидҳо туро олуданӣ шуданд. Ягон рӯз
ҷазояшонро мебинанд...

Чунин суханони самимии тасаллибахшро аз шоир Мирсаид
Миршакар, аз кормандони ҳизб Абдулаҳад Қаҳҳоров, Исҳоқ
Шукуров, аз рӯзноманигорон Шарифҷон Иброхимзода ва Мав-
лони Узок бисёр шунидаам, аз онҳо як умр миннатдорам. Онҳо
дар рӯзгоре ба ман рӯ карданд, ки ҳама аз ман чеҳра баргйриф-
та буданд. Бб мадади маслиҳату нишондоди эшон гирехи басе
аз мушкйло+ро кӯиюдаам.

Бисту ҳаштумй апрели соли 1958. Дер боз нигарони ин рӯз
будам ва дар ҳар ҳолат медонистам, ки чунин рӯзи нек бояд
фаро расаД; Маҳз дар ин рӯз бо қарори Додгоҳи Олии
Тоҷикистон бегуноҳии ман собит шуд. Баъди ҳаждаҳ соли
ҷабру ҷафо, чун мурғи гирифтори қафас, ки баногоҳ озод ша-
вад, дар фазой кушод баланд болу пар мезанад, бори нахуст
хушнуду осу да нафас кашидам.

Дар маҳбасҳо ҳамеша аз худ мепурсидам: «Чист гуноҳам?
Бо чй асос маро гунаҳгор карданд? Наход инсон душмани ин-
сон бошад? Оё мӯъмин бародари мӯъмин нест?» Ин суолҳо

94
солҳои сол маро азият медоданд. Шабу рӯз посухи ин
суолҳоро меҷустам. Ба ростй, ин қадар кулфат дида, хуни
ҷигар шуда, вале ҳеҷ гоқ худро гунаҳгор намедонйстам, бовар
доштам, ки рӯзе офтоби ҳақиҳат ба сари ман қам метобад.
Инак, ин офтоби баҳори соли 1958 буд, ки ба ҷисму ҷОнам
ҳарорат ва неруи тоза бахшид.

Қисса кӯтоҳ, адолат дер ё зуд тантана хоҳад кард. Гоҳе
солҳо мегузаранд, гоҳе асрҳо, то қақ ба қакдор расад.
Вокиаҳои мудхиши солҳои сиюму чилум ва ибтидои солҳои
панҷоҳуми асри бист гувох^ ин даъвоянд. Ва ин ҳукми таърих
аст. Ман дар он ҳама нобарорию нобасомониҳо бори дигар
дарёфтам, ки ба ростию росткорӣ ва адлу инсоф завол нест.

Ҳангоми таҳсил карданам дар дорулмуаллимини Тошканд
муаллими забон ва адабиёти тоҷик, устод Собит Манофзода
ҳар гоҳ дар хусуси ростӣ ran равад, чунин байти Сайидоро
мисол меоварданд:

Қади хамгаштаро ҷуз ростӣ набвад мададгоре,

Зи ҳамроҳон туро дар мавсгти пирӣ асо беҳтар.

Ҳамин панди судмандро солҳои 1929-1930 мо, ҳамсабақҳо:
Мирзо Турсунзода, Рауф Тоқирӣ, Набй Почоҷонов ва камина
бисёр вирди забон мекардем. Вале, мутаассифона, баъзеқо
минбаъд баръакси мазмуни он байт амал намуданд. Ман ин
байтро ҳамон рӯзе, ки муовини муҳаррирамон Почоҷонов
фармони аз кор холӣ шуданамро баровард, боз гӯшраси ӯ кар-
да будам.

Яке аз ғаммозони тирадил, ки ҳамқаламу хдмнишинони
худро ба доми аҷал тела медод, Нуридцин Пиримқулов буд.
Мардум аз дасти дасисаҳои ӯ ба дод омада, номашро бо нафра-
ту нафрин ба забон мегирифтанд. Ин гандумнамои ҷавфурӯш
на танҳо рӯзгори чун ман журналистонро талх гардонд, ҳагго
ба устод Айнӣ барин адибони забардаст низ тахдиду хуҷум
кард. Нависандаи халқии Точдкистон Ҷалол Икромй
бадкирдориҳои ин нӯкари девони одамхорро ёд оварда, аз таи
дил лаънат хондааст: «Ҳамон соли 1937 Пиримқулов ном бад-
зоте дар қцораи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» кор мекард. Вай
дасту остин барзада ба хабаркашй, ба иғвою бӯҳтону разолат
cap карда буд. Бо кирдори худ ҳамаро тарсонда, дар ҷои кораш

95
«обрӯю эътибор» пайдо кард. Ҳар рӯз мақолаҳо чоп карда,
одамони бисёреро, одамони бегуноҳ, одамони ҷонфидои
ҳукумат ва халқро тӯҳмат мезад, сиёҳ мекард...Ҳамин
Пиримқулов қариб ду саҳифаи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх»-
ро пур карда, бар зидди устод Айнӣ мақола навишт.Айниро
душмани халқ, ҷадид, аксулинқилобӣ, миллатчӣ ва боз наме-
донам чиҳо номид. Дар натиҷа асарҳои устод Айниро дар баъзе
ҷойҳо ба оташ партофтанд, аз фурӯш боздоштанд ва дар
китобхонаҳо чанд гоҳ аз хондан манъ карданд.Пиримкулов дар
мақолааш бисёр касони дигарро низ тӯхматбор кард. Ин нокас
ва беҳаё то дами мурданаш дар идораи рӯзнома кор кард. Хай-
рият, ки март ин хунхорро аз ҳаёт ва нобакорй маҳрум намуд»
(«Ҳақиқати Узбекистан» аз 13 апрели соли 1989).

Ope, Ҷалол Икромӣ ҳаққонӣ мегуфтанд, ки он солҳо пирим-
қуловҳо кам набуданд. Хайрият, бисёрии онҳо ҷазоҳояшонро
диданд, несту нобуд шуданд, номашон ҳам гум гашт.

Хомаи тӯҳматнависи Пиримқулов ҳаждаҳ соли ҳаёти маро
ҳам барбод дод. Ман ба гуфтори устод Икромй ҳаминро ҳам
афзуданиям, ки Пиримқулов ҳатто аз номи худ, ки падараш бо
умед Нуридцин ниҳода буд, ор менамуд. «Номи маро ғалат
гузоштаанд, - мегуфт ӯ, - ман нури дин не, нури ҳаёти навам.
Ман худоро намешиносам, динро чашми дидан надорам, пае
чӣ хел номам Нуриддин мешудааст?» Пиримқулов чанд рӯз
пеш аз фавти худ ба идораҳои дахлдор занг зада гуфтааст, ки
«аз умрам рӯзҳои башумор монд, аз ман бепарво нашавед.
Мурдаамро ба дасти хешовандонам нагузоред, ки ба масҷид
мебаранд. Ман чун коммунист тамоми умр бо масҷиду мулло
номуросо будам ва ҳамин заил ба он дунё хоҳам рафт».

Ана, чй зоте буд Пирймқулов. Саранҷоми кораш ба он ҷо
кашид, ки ҳатто хепювандонаш аз ӯ рӯ тофтанд.

Куҷоянд акнун он гтйримкуловҳои одамсурати девсират, ки
озодии афкори замони фошгӯиро дида, аз аъмоли зишти худ
заррае ҳаё кунанд? Аминам, ки агар чунин бадзотҳо зинда ҳам
мебуданд, ин ҳама кушодагӯиву ошкорбаёнӣ, ин озодиҳои
демократиро дида натавониста, аз буғзу ҳасад мемурданд.

Ман аз соли мавлуди Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комсомол
будам. Чун маҳкуми маҳбас шудам, аз комсомол хориҷ кар-

96
данд. Ман ҳаёти худро бе комсомол, бе чӯшу хурӯши корҳои
ҷавонони фаъол тасаввур карда намегавонистам. Солҳои си-
юм ҳангоми таҳсил дар мактаби олии назди Комиҷроияи
Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ дар корҳои комсомол фаъолона
ширкат меварзидам. Тирамоҳи соли 1934 дар Кремл
роҳбарони ҳизбу ҳукумат вакилони фаъол — ҷавонони ноҳияи
Ленини шаҳри Маскавро дар қайати 1500 нафар кабул кар-
данд, ки банда низ хузур доштам. Он рӯз нутқҳои оташинеро
роҷеъ ба нерумандии ҷавонон бо эҳсоси амиқ шунидаам...

Ҳангоме ки маҳбусию бадарға ва таъқибот хотима ёфт, дилам
мехост масъалаи барқарор кардани номи неки собик узви ком-
сомол ро дида, дафтарчаи комсомол иамро баргардонанд. Ин
матлабро ба комиссияи доир ба барқароркунии комсомолоне, ки
солҳои шахсиятпарастӣ ҷазо гирифтаанд, маълум кардам.

Январи соли 1990. Маро ба бюрои КМ комсомоли
Тоҷикистон даъват карданд. Лаҳзаи ҳаяҷоновар. Мани журна-
листа куҳансол, мани бобои набераҳои бисёр ва нафакахӯри
шахсиро боз дар сафҳои комсомол барқарор кардайД, барои
ёдгории якумра нишони комсомолӣ ва дафтарчаи узвият су-
пурданд.

Дар ҳафтодушашсолагӣ боз ҷавон шудам. Ман дигар пйр
наям, хуҷҷати ҷавонӣ дорам. Оташи ишқи ёру диёр гарде аз
хокистари худро ба мӯи сарам афканда. Шод бод рӯҳи поки
Эраҷ Мирзо, ки чунин байташ ифодагари ҳасби ҳоли ман аст:
Ишц боцӣ ба дилу мӯи cap аз гусса сапед,

Зери хокистари худ оташи пищон дорам.

ХОНАДОНИ «ДУШМАНИ ХАЛҚ»

Охири баҳори соли 1987 аҳли оилаи яке аз дӯстонамро
маъюсу музтариб дарёфтам. Гирди дастархон зану шавҳар
Шарофҷону Зебохон бо фарзандон ва модарашон маЛулу
озурда менишастанд. Чашмашон нам, дилашон пурғам.
Ошуфтаву беовоз рӯзҳои аламангези таъқиботро ёд меовар-
данд. Модари Зебохон мегуфт, ки чй тавр шаби тирам©ҳи со-
ли 1937 шавҳараш Абулхайр Муҳаммадҷоновро бурданду ба
сари хонавода кӯҳи дард фурӯ рехтанд. Зебохон, гарчи хур-

97
дсол буд. ҳамаашро ёд дорад: хиёнати ёрони нонй, хокистаре
аз хонаҳои сӯхта, таҷовузи шайтонӣ, аз беобӣ хушкидани боғу
роғи меросӣ, дар бадарға сарсонию саргардонй, китобсӯзонӣ,
эътирозҳои ошкору пинҳонй, фарзандони доғдил аз фироқи
волидайн, гиряи беовоз дар шоми зулмонй...

Оре, ситаму беадолатӣ бузургтарин андӯҳест, ки аз хотир
намеравад. Ҳамаи ин ғуссаву ашкрезй аз он cap зад, ки ахди
хонавода филми синамонигори гурҷӣ Тенгиз Абуладзе «По-
каяние» («Тавба»)-ро диданду ақлу дилашон ба таҳрик омад.
Аз ростй, ин филми ҷаззоб ва саропо рамзй дар замири би-
нанда як олам эҳсос барангехта, касро ба андешаҳои амик во-
медошт. «Тавба» нафратест ба кизбу бӯҳтон, мунофикию
риёкорй, эътирозест ба ҷабру зулм, таҷовузу таарруз ва
ҷоҳталабию мансабталошй.

Филм бинандаро ҳушдор медод, ки аз шарру шӯр дурй
биҷӯяд, хайру некӣ падид оварад, ба таъриху фарҳанг ва хо-
тираи ниёгон хунсардӣ накунад. Қаҳрамони асосии асар Вар-
лам Аравидзе ҳокими шаҳрест дорой касри шоёни таваҷҷӯҳ,
ки деворҳои он бо суратҳои аҷоиб зебу зинат ёфта. Варлам ба
хотири кадом як «дигаргуниҳои азим» қасрро тарконда, ба
хок яксон месозад. Қаср тимсоли ахлоқи ҳамида, рамзи
фарҳанг ва химмати волои мардум ба ҳисоб мерафт. Барой
ҳифзи қаср тамоми зиёиён ба по мехезанд. Варлам аз ҳар яки
онҳо қасос мегирад, тадриҷан ҳама рӯшанфикронро нобуд ме-
созад ва бо мурури замон худ низ аз дунё дармегузарад.
Дӯстону хешовандон мурдаи ӯро бо тантана ба хок месупо-
ранд. Вале субқи дигар писари Варлам бо ҳамсараш насади
ӯро дар рӯи ҳавлиашон овезон мебинанд. Таҳқиқ cap меша-
вад. Ин кори ҳайбатангези берун аз акд кори Кетеван ном за-
ни рассом буд. Ӯро чй вомедорад, ки чунин ҷиноят содир на-
муда, часадро аз хок берун кашад?! Ба ин савол Кетеван дар
мурофиаи додгоҳ ҷавоб мегӯяд:

- Намегузорам, ки насади чунин нопокон дар дили поки
замин бихобад.

Варлам тимсоли беадолатй ва зулму таадции зимомдорони
замон аст, ки барояшон мафхуми ахлоқ, зебой ва инсонй бе-
гонаанд. Бешак, ин филми саршори рамзу маҷоз рӯзгори

98
пурмашаққати ҷафокашидагони солҳои 30 ва ибтидои 50,
ҳамчунин фоҷиаи оилаи онҳоро пеши назар меорад. Ана, ба-
рон чӣ он рӯз Зебо Муҳаммадҷонова бо модараш Нарзихон
(хоҳари синамонигори номӣ Комил Ёрматов) аз дидани ин
филми муассир ашк мерехту падари бегуноҳ азияткашидааш-
ро ёд меовард. Падари ӯ Абулхайр ва амакаш Абулмакорим
Муҳаммадҷоновқо, ки аз муаллимони асили Конйбодом бу-
данд, ҳадафи тири таъқибгарон шуда, азоби алим кашидаанд.

...Солҳои мудҳйши қатли ом. Зимомдорони вақт назарияе
пеш оварданд, ки гӯё дар ҷараёни мубоизаи синфӣ неруҳои
зиддисусиёлистй зиёд гашта, ба «ояндаи хушбахтона» садди
роҳ мешуда бошанд. Онҳо ин неруҳоро, пеш аз ҳама, дар Си-
мою сиришти зиёиёни пешоҳанг медиданд. Ин буд, ки чун
унсурони хавфангез бартараф кардани табақоти афкори ҷомиа
пеш омад. Решакан сохтани нерӯҳои ақлӣ, таъкиби равшан-
фикрону соҳибдилон ба расмият даромад. Аз касофати ҳамйн
сиёсат ҳазорҳо нафар бегуноҳон ба тӯфони офат афтоданд,
маҷбуран аз зодгоҳи бобоии худ ба ҳар гӯшаву канори мамла-
кат титу парешон гаштанд. Ба сари умум сарсонию
саргардонй ва маҳҷурию хонавайроние омад, ки назирашро
таърих ёд надорад.

Дар айёми пуршӯри таъқибот хонаводаи маҳкумон бадбах-
ттарин хонадонҳо ҳисоб меёфтанд. Бисёре аз ин «унсурони
бегона»-ро бо ахди оилаашон ба ҳабс мегирйфтанд. Мардро
ба маҳбаси махсус, занашро ба ҳабсхонаи дигар ва фарзандо-
нашонро ба сағирахонаҳо фиристода, оилаҳои бӯтунро сйро-
сар аз байн мебурданд. Вой бар ҳоли модаре. ки ба писараш
тамғаи «душмани халқ»-ро мечаспонданд. Ӯ аз фироқи
ҷигаргӯшааш сӯхтаю пухта, обу адо ва ғуссамарг мегардид.
Занҳои шавҳарашон маҳкумшударо ба кор намегирифганд.
Фарзандонашонро аз кору вазифа дур карда, рӯҳан азоб медо-
данд. Кӯдаконашон чй гуноҳ доштанд, ки дар ҳасрати як бу-
рида нон ҷон медоданд. Дар чунин муҳити ситезу хунрез
занҳо кулфатзадаю гӯшанишин мёгаштанд.

Ба замми ин хама бесарусомонихо, Дар шароити муборизаи
тезутунди синфй, ки дӯсту душманро шинохтан осои набуд,
соли 1934 дар чумҳурй тоза кардани сафҳои ҳизб оғоз ёфт.

99
Дар ин маърака ба каҷфақмию хатоҳои бағояг ҷидцӣ роҳ до-
данд: бисёр ҳизбиёни покизаманишро ба бефаъолиятй, майл
ба тротскистию бухаринчигӣ, аксулинқилобй ва миллатгарой
айб мемонданд. Ҳизбиён забони шиква мекушуданд: «Охир,
одамони покиза ва содиқи халқу Ватанро интихобан ба сафи
ҳизб гирифтанду боз ин чи нобоварӣ? Мо ба даъвату
шиорҳояшон ихлос оварда, ба сафашон шомил шудем. Вале
умедамон барбод рафт. Аз зери нохун барқасд чирк меҷӯянд.
Дигар чӣ хел ба ин ҳизб боварамон биёяд?!»

Ҳамин гуна айбҷӯӣ бидуни бурҳон ба комиссари халқии
савдои ҷумхурият Ҳамиддин Эшонов (1903-1938) низ pyx
дод. Ин марди ростқавлу қавиазмро чун «душман» ба ҳабс
гирифта, аёлу ақрабояшро ба ҷазо кашиданд. Зани ӯро маҷбур
карданд хонаи давлатиро, ки дар хиёбони Ленин (рӯёруи боғи
фарҳангу фароғати шаҳри Душанбе) воқеъ буд, холӣ карда, аз
пойтахт берун равад. Бо маслиҳати гурӯҳе ҳамшаҳриён яке аз
нахустин ронандаҳои ҷумҳурй Абулҳай Самадов ҳамсари
Эшоновро ба Конибодом кӯчонд.

Рӯзе зани Эшонов ба назди мудири идораи акди никоқи
шаҳри Конибодом Пӯлод Мадёров рафта, ашк рехт:

- Хоҳишмандам қайди никоҳи ману шавҳарамро бекор ку-
нед, то пораи ноне ёбам. Ба ҳар идорае, ки cap халам, аз ман,
чун аз зани «душмани халқ» рӯй метобанд...

Мудир андешамандона маслиҳат дод:

- Хоҳар, ман ҳамсаратонро мешинохтам, ба душман буда-
наш боварам нест. Шояд саҳве рӯй дода бошад, боз каме сабр
қунед. Ба қайди никоҳ даромадан мушкилу баромадан осон...

Зани Эшонов азоби гӯр кашиду дигар ба назди Мадёров
нарафт. Одамони хайрхоҳу некандеш пинҳонӣ барои ӯ қути
лоямуте меоварданд. Ин амали хавфнок буд. Агар пайгирони
НКВД бӯй баранд, ки касе ба хонадони «душмани халқ» ёрй
мерасонад, ӯро низ ҷазо медоданд...

Ҳамсари раиси Кумитаи инқилобии ноҳияи Конибодом
Маҳмуд Ашӯрмуҳаммадзода, зани оқилаи порсо Назокатхон
баъди ҳабси шавҳараш дар кулбаи фақиронае (воқеъ дар рӯ ба
рӯи ҳозира чойхонаи «Роҳат», шаҳри Душанбе) бо писарони
ноболиғаш Музаффару Муқаддас мезисту чархи зиндагиро

100
базӯр мегардонд. Дар парешонҳолию дармондаги ҷиҳози хо-
наашро як-як мефурӯхту ҷигаргӯшаҳояшро аз чанголи
гуруснагй мераҳонид. Шавҳари ӯ бо нависанда Ҷалол Икроми
рафоқат дошт. Рафтуои оилавии онҳо то вақте давом кард, ки
аввал Ашӯрмуҳаммадзодаро ба маҳкама кашиданд, сонӣ Ик-
ромиро. Чӣ мусибате омад ба сари ин хонаводаҳо. Ҳамсари
адибро, ки вазифаи одни китобдориро ба ҷо меовард, аз кор
ронда гуфтанд: «Шавҳарат дупшани халқ будааст, рав чор та-
рафат қибла!» Сонӣ аҳли оиларо аз хонае, ки Иттифоқи
нависандаҳо ба Икромй дода буд, ронданд. «Дар айни сармои
зимистон, ки боди сард рӯи одамро лесида мерафт, апаи Сао-
дат ва модари ӯ кампири Саломат-бегим намедонистанд, ки
cap ба кадом дар зананд. Ҳазор фарёд кунанд, касе ду кӯдаки
ғелумағел Замира ва Ҷонони маъсумро ба оғӯши гарм наме-
гирифт. Боре зани Маҳмуд Ашӯрмуҳаммадзода дар кӯча ин
модару кӯдакони аз сардӣ дарақ-дарақ ларзандаро дида, ба
ҳолашон раҳм кард ва гуфт:

- Азоби мани сарсахт аз азоби шумо ҳам сахггар аст. Ман
ҳам зани «душмани халқ», аммо катаки мурғ барин сарпаноҳе
дораму бо ду писаракам рӯз мегузаронем. Агар'йе нагӯед,
биёед, дар кунҷи хамон хонача барои шумо ҳам ҷой меёбем.
Хонаам танг бошад хам, дилам васеъ. Охир, одам ба одам
зинда аст. Ин рӯзҳо ҳам мегузарад, дугона.

Хайрият, дар дунё одамони нек ҳастанд: кампири Саломат
— бегим, апаи Саодат ва Замираю Ҷонон дар кӯча намонданд,
сарпаноҳе ёфтанд» («Адабиёт ва санъат», № 8, 1989).

Барои аъзои «сегона» баҳонае кофй буд, ки бӯҳтон зананду
хонаи одамони сирф бегуноҳро сӯзонанд.

Қариб бист соли умри нахустин муҳандисони тоҷик Мух-
тор Саидов дар бадарға гузашт. Ин қадар солҳо аҳли байти ӯ
ранҷ кашиданду заҳри фироқ чашиданд. Дар ҷавонй ӯ аз паи
касби падар рафта, дар корхонаи нафткаши «Санто» (Ширка-
ти нафти Осиёи Миёна, ҳоло номаш «Ким») ба кор даромад.
Солҳои босмачигарй дар полки якуми мусулмонон хидмат
дошт. Пас дар Боку академияи саноати нафти Кафқозро хатм
карда, сардори идораи конҳои нафти Осиёи Миёна, муовини
раиси Шӯрои комиссарони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

101
таъйин шуд. Ба хидмати халқ содиқона камар баста, ҷавҳари
ҷони ҷавониро сарфи ,ин роҳ мекард, ки ба сараш теғи тӯҳмат
бардоштанд. Дар ҳаққи ӯ хукме бароварданд, ки ба хрбу хаё-
лаш қам намеомад: «Ту думрави душмани ашаддии халқ Бу-
харин! Фақмидй?»

Мухтор гиребони ҳайрат дошта, эътироз кард: «Беинсофи-
ро ба қадди охиринаш расондед. Охир, дар умрам Бухаринро
надидааму чй хел думрави ӯ мешудаам?!» Яке аз аъзои «сего-
на» тахдид кард: «Бухаринро диданат ва ҳамсӯҳбат шуданат
шарт не, ақидаи душманонаи ӯро дастгирй карданат кофист,
ки ҷазо гири».

- Наход думи Бухарин он қадар дароз бошад, ки то ба
Тоҷикистон расад?- заҳрханда кард «гунаҳкор».

- Ҳой, беакд, бо думи шер бозй накун. Ту думи Бухарин,
вассалом!

Мухтор Саидов аз дорулмашаққат борҳо ба сарварони
ҳизбу ҳукумаг ва созмонҳои салохиятдор аризаву шикоятно-
ма навишт, вале додрасе набуд, ки ба ҳимояи адолат бархезад.

Ӯ танҳо соли 1956 дар ҳабсхона хукмномаи бегуноҳии
худро гирифту дар чашмаш ашк ҳалқа зад. Баъди бист соли
ҷудоӣ боз ба дидори пайвандону хешовандон расид. Як-ду
моҳ дам гирифг. Пас дари якчанд идораро кӯфт, ки коре ёбаду
чархи зиндагиро гардонад. Садру сарварон ваъда медоданд,
ки ӯро ба кор мегиранд, вале ҳафтаҳо ва мохло мегузашту ка-
се ба суроғаш намерасид. Чаро муҳандисон ангуштшуморан-
ду ӯро ба кор намегиранд? Мухтор дарёфт, ки чигили муаммо
дар куҷост. Ба ӯ ҳанӯз чун «думи Бухарин» менигаристанд ва
аз додани одитарин кор меҳаросиданд. Сиёсат ҳамин тавр су-
рат дошт. Ба сардоре, ки собиқ «душмани халқ»-ро ба кор ти-
рад, фишор меоварданд.

Рӯзе Мухтор Саидов ба назди рафиқи давраи ҷавониаш
Исҳоки Шукур рафт, ки сардори автобазаи шаҳр буд.
Ҳамдигарро гарм дар бар кашиданду муддате ҷудо нашуданд.
Баъд ашк пок карда, чой нӯшида, ба\ори умрашонро ёд овар-
да, сӯҳбат оростанд. Исҳоқи Шукур рафикашро тасалло ме-
дод, ки аз чанголи беадолатиҳои мудхмш раҳо ёфтй, зиндаю
саломат баргаштанат як давлат аст.

102
— Бисёриҳо дар пеши назарам нобуд шуданд,— оҳе кашид
Мухтор. — Ба зинда монданам шукр. Бист сол боз якдигарро
надидем. Хайрият, ба ту ҳам тӯҳмат накардаанд, дӯсгам.

— Эҳ, Мухторҷон, бародарам, баьди ҳабси ту вазъият бадтар
шуд, тӯҳмату иғво ба авҷи атлояш расид. НКВД ҳамаи ахдй
саводро ба маҳбас кашид. Акнун навбати бӯҳтон ба ман мера-
сид, ки ҷанг cap шуд. Панҷ сол дар қисми разведка ҷангидам...
Халқ мушкилиҳои гӯшношунидро дид. Қахтию гуруснагӣ
омад... Танҳо ду-се соли охир рӯи нони сериро дидем. Беҳуда
аз шумоҳо душман сохтанд, ошно. Мо ду душмани ғаддорро
дидем: ҳам бо фашистон ҷангидем, ҳам бо гуруснагй.

— Душман набуданам исбот шуд-куя, аммо, ба болои сӯхта
намакоб, боз азобам медиҳандгуфт Мухтор. - Маро кор до-
дан намехоҳанд. Оё метавонӣ маро ба кор бигири? Ё ба ту хам
ran мерасад?

— Чаро рост ба пеши худам наомадй? - пурсид Исҳоқи Шу-
кур. - Модом ки бегуноҳиатро исбот карданд, бояд вазифай
аввалаатро медоданд. Вале барои маҳбуси сиёсиро ба кор на-
гирифтан дастури нонавиштаи боло будааст, ки... Гӯр ба сари
дастурашон! Туро ҳатман ба кор мегирам.

— Як маслиҳат, Исҳоқҷон: биё, як аз пеши котиби аввали
фирқа гузарем. вай маро мешинохт, маслиҳате медодагист.

— Намеравем! - розӣ нашуд Исҳоқи Шукур. - Ту кадри
собиқадори худамон ҳастӣ. Чӣ ҷои шубҳа! Наход
нахустмуҳандиси миллат бекор монад?!

— Ҳамтую мабодо аз барои ман ба ту ran расад. Баъзан
одам некй карда, пушаймон хам мешавад.

— Мухторҷон, дилпур бош. Ту ба касе хиёнат накардай,
душмани сохти нав нестй, ба ҳукумати шӯроҳо бо эҳтиром
муносибат доштӣ. Ба фирқа низ ҳамчунин. Ҳамту не?

— Бале, бале. Бо он ки дар ҳабсхона азият мекашидам, аз
дунё ноумеду дилмонда нашудам. Айб дар фирқа не, айб дар
бевиҷдонию ҷаҳолати якчанд роҳбари кӯрдил...

— Худи пагоҳ ба кор cap кун. Х,озир фармон медиҳам.

— Ба чй вазифа?

— Сармеханик. Ба кадри мутахассиси механика ман нара-
сам, кй мерасад?

103
- Ҷой холӣ буд магар?

- Бале, ҷои ту ҳама вақт холӣ меистод. Ҷои ту барин мута-
хассисро кӣ ҳам гирифта метавонад?

- Кам нашав, бародарам! Гуфтанд, ки ҳангоми маҳбусиам
якчанд бор хонадонамро хабар гирифтаӣ. Дар сурате ки
бисёриҳо аз хонаводаи ман рӯ гардонданд, ин ҳама
некиҳоятро.чӣ хел бармегардонам?!

- Вазифаи инсониро ба ҷо овардан ҳам фарз асту ҳам суннат.

Ба ин тариқ, Мухтор Саидов якчанд сол дар автобазаи

шаҳри Конибодом вазифаи сармеханикиро ба ҷо овард. Пас ба
нафақа баромад. Ғуруби офтоби умрашро ба cap мебурд.
Шукрона мегуфт, ки оқибат бегуноҳиаш собит гашт, дер бо-
шад ҳам, адду инсоф мансуру музаффар шуд.

Боз як мисол. Писари собиқ бақкол Абдулло Мирпочоевро,
ки дар мактаби кӯҳна савод омӯхта, пас аз хидмат дар сафи
милисаи халқӣ раиси кумитаи инқилобии Конибодом таъйин
гардид, мардум ба хубй мешинохтанд. У марди раъиятпарва-
ру маорифдӯст ва ҳақпараст буд, ноибии раиси ҳайати
ислохоти обу заминро ба ҷо меовард. Баъди нухуми январи
соли 1926 бо гузориши кумиҷроияи вилояти Фарғона дар Ко-
нибодом шӯъбаи савдои дохилй ва хориҷӣ ташкил ёфт, ки ба
он Абдулло Мирпочоев сарварй мекард. Сониян, ӯ ба ҳайси
раиси ширкати об, инчунин пиллакашӣ, мудири анбори ме-
ваю сабзавоти шаҳри Маскав дар ноҳияи Исфара фаъолият
дошт. Сипас, чӣ шуд, ки якбора ба дафтари аъмолаш тамғаи
<<душмани. хаақ» заданд. Шомгоҳи ҳаждахуми феврали соли
1938 ду марди сиёхпӯш манзилашро кофтуков карда, худашро
ҳамроқ бурданд. Завҷааш Латофат инони гиряро cap дод.

- Худатро ба даст гир, азизам! - таъкид кард Абдулло. -
Доду фиғон бардошта, бачаҳоро натарсон. Ман бегуноҳам,
саҳве шудагист...

Латофат кай медонист, ки падари чаҳор кӯдакаш дигар ба
хона барнамегардад. Се рӯз гузашту аз ӯ дараке набуд, як
ҳафта, як моқ гузашту хабаре не. Маълум шуд, ки Абдуллоро
ҳабс кардаанд. Бечора Латофат кӯдакони хурдсол дар оғӯш
ашк мерехту идора ба идора мегашт, ки дараки ҳамсарашро
ёбад. Ба хдр даре рӯи ниёз оварад, касе ба имдодаш намера-

104
сид. Баъзеҳо сабаби ҳабс шудан ва дар куҷо будани Абдулло-
ро намедонистанд, ё донанд ҳам, ёрои гуфтаи надоштанд. Ла-
тофат пас аз сарсрниву оворагардӣ дарёфт, ки шавҳараш дар
куҷост. Ба ҳоли ӯ як марди милиса, ки аз шавҳараш некй дида
буд, раҳм овард.

— Май ба шумо мадад мерасонам, ҳамшира! — гуфт ӯ,— ба
шарте ки дар ин бора ба касе лому мим нагӯед. Дар рафти
тафтишот ҳама гуна мулоқот бо маҳбус манъ аст. Тақцири
шавҳари шумо ҳоло маълум не. Ӯро ба ҳабсхонаи Исфара фи-
ристоданд. Пинҳонӣ имкон дорам, ки падари кӯдаконатонро
бо шумо рӯ ба рӯ оварам.

Субҳи дигар Латофат бо кӯдаки саридастиаш
Мирмуҳаммад роҳи Исфараро пеш гирифт. Чӣ лаҳзаи пуризм
тиробе! Баъди шабу рӯзҳои дарози ҷудоӣ, бедорхобй ва аса-
боният зану шавҳар бовар намекарданд, ки боз ба дидори
ҳамдигар расиданд. Ашки Латофат итоаташ намекард.
Мирмуҳаммад «дада, шуморо ёд кардам, дадаҷон!»- пӯён
худро ба оғӯнш падар андохт ва ба гиряву нола пардохт.

Понздахуми марти соли 1938 хдйати «сегона»-и НКВД бо
қарори ноҷавонмардона Абдулло Мирпочоевро ба ҳабсхонаи
шахри Перм фиристод. Тамоми бори вазнини зиндагй ба сари
Латофат афтод. Вай шом то саҳар зери чароғ нури чашмашро
равонда, чок медӯхт. Бо музди чоки бозорӣ чаҳор фарзандашро
мехӯронду мепӯшонд. Сари ҳар чанд вақт аз буду бозёфташ
камобеш захира карда, ба ҳамсараш низ хӯрокворию либос ме-
фиристод. Ба ин хама мушкилот тоб оварда, шаъну номуси ои-
ларо НИГОҲ медошт. Охир, ҳамсараш Абдулло аз зумраи онҳое
буд, ки ғояҳои озодию инсондӯстиро чун дастури мубориза
қабул доштанд. Зану шавҳар бар он андеша буданд, ки фардои
дурахшон мунтазири онҳост, вале хдйҳот!.. Бахташон баргашт.
Зан аз ин фоҷиа ақлгу ҳуш дарбохт. Боре Абдулло аз зиндон ба
занаш чунин нома навишт: «Азизам, медонам, ки ба сари ту
душвории сахт омад. Пеш аробаи зиндагиро якҷоя мекашидем,
акнун ту танҳоӣ. Хайр, ин қадар ғусса нахӯр, ин рӯзқо ҳам ме-
гузарад. Дар зиндагӣ барои ман ду чиз беҳад азиз аст: яке
эътиқод ба ҳақикат, дигаре тую фарзандонам. Гарчи аз азоби
алим мӯи сарам сафед ва чашмам хира шуд, имону иродаам он

105
тавре ки буд, тағйир нахоҳад ёфт. Бидон, ки ҳақикатро имрӯз
саркӯб кунанд, фардо боз cap мебардорад. Ҳақиқат чашмаест,
ки аз як ҷо пеши роҳашро банданд, аз дигар ҷой фаввора меза-
над. Ҳакикат офтоб аст, рӯяшро бо доман пӯшонда наметаво-
нанд. Латофат, аз ту танҳо як хоҳиш дорам: то тавонй, фарзан-
донро савод бидеҳ. Аз писарони калониамон Раҳматуллоҳ ва
Боҳир дилам пур, ту аз паи Мирмуҳаммад шав. Г арчи ин кори
саҳл нест, охирин умедам аз ту ҳамин аст. Хайр, паноҳат ба ху-
до! 21 декабри соли 1940».

Соли чаҳоруми маҳбусӣ ба Латофат хабари марги шавҳа-
рашро расонданд. Тети ин мусибат дилу ҷигари ӯро пора-пора
сохт. Вай тамбемор шуд, ба бистар афтод. Бисер мехост, ки
фарзандонашро саробон шуда, хононаду васияти шавҳарашро
ба ҷо орад, вале умри ҷавонаш вафо накард. Навмеду номурод,
бо ҳасрату армон аз дунё гузашт. Ба ҳоли зори ятимони ин хо-
надони «унсури бетона» худо ҳам раҳм наовард.

Латофат модаре дошт заҳматкашу мушфик ва ба ёру дӯст
содиқ. Уро ахли гузар «холаи Шарофат» меномиданд. Ана,
ҳамин модаркалони «душмани халк» пупгтбони наберагонаш
гардид. Дар он айёми бадфарҷом вай бо вуҷуди хастагию
пирй наберагонашро ба тарбияи худ шрифту чароти орзую
умеди духтару домоди нокомашро барафрӯхт. Бо музди ночи-
зи чокдузй онҳоро савод омӯхт. Нахустписари хонавода
Раҳматуллоҳ то ба муовини ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ ра-
сид, Бохирҷон корманди ҳизбй, Маҳбуба мураббияи кӯдакон
ва Мирмуҳаммад Абдуллоев сарвари техникум ва Омӯзгори
шоистаи ҷумхурият шуданд.

Солҳои панҷохум баъзеи он «душманон» сафед шуда, дар
пиронсолию дардмандӣ аз маҳбас баргаштанд. Яке аз онҳо
коргузори фаъоли фирқавию шӯравй. ташаббускори обёрии
заминҳои водии Вахш Қурбон Ортуқбоев баъди бозгашт аз
зиндон ба фарзандони Абдулло Мирпочоев хабар Дод: «Писа-
ронам, хабари нохуше расонам, ғусса нахӯреду ба такдир тан
диҳед. Падари шумо Абдуллоҷон соли . 1941 дар лагери Перм
фавтид. Ман бо дасти худ ҷасадашро ба хок супурдам. Шумо
сарбаланд гардед: падаратон гуноҳе надошт. Х,оло баъзеи он
золимон зиндаанд, маро бинанд, рангашон мепарад, сурху са-

106
фед мешаванду чашм ба зер меафкананд. Вале аз асп фуроянд
ҳам, аз рикоб намефуроянд. Хатоҳои азим содир карданду
гарданашон ёрӣ намедиҳад, ки узр пурсанд...»

Танҳо пас аз соли 1958, ки Додгоҳи Олии ҷумҳурй қарори
«сегона»-и Комиссариата халқии корҳои дохилии Тоҷикис-
тонро дар ҳаққи Абдулло Мирпочоев ботил ҳисобид,
ҷабрдидаҳо нафаси осуда кашиданд.

Дар он солҳои пурфоҷиа андак шубҳаи беасос, дурӯғу
бӯҳтон ва нобоварй ба одамони поквичдон боиси он гаыгг, ки
кормандони ҳизбию шӯравй, роҳбарони идораҳо ва ходимони
илму маърифат бе ҷурму гуноҳе «душмани халқ» ном гириф-
танд, дар ҳабсхонаҳо ва боздоштгохдои маҳбусони сиёсӣ азо-
бу азияти тоқатфарсо кашиданд, дур аз аёлу хешовандон ва
пайвандон ба сахтӣ ҷон доданд.

Хонадони ҷафодидагон ба азохонаҳо шабоҳат дошт. Дар
миёни он ҳама «душманони халқ», «думу думравони Бухари-
ну Тротский» ва «миллатгароёни маҳаллӣ» фарзандони асили
халқи тоҷик аз ҷумла равшанфикрони конибодомӣ Ҳамиддин
Эшонов, Маҳмуд Ашӯрмуҳаммадзода, Мирхоҷа Махмудов,
Аъзам Надиров, Абдулло Мирпочоев, Мараҷаб Сиддиқов,
Саидахмад Анваров, Худойдод Эгамбердиев, Рауф Тохирӣ,
Ғаффор Самадӣ, Насрулло Абдуллоев, Сироҷиддин Убайдул-
лоев, Боқӣ Усмон, Яхшибой Эсанбоев ва дигарон аз миёнаи
солхои панҷох сафед шуданд ва номи некашон барқарор гар-
дид. Ҳизби коммунист барои он ҳама каҷравӣ ва
беадолатихое, ки сари тақдири инсонҳои бегуноҳ содир гар-
дид, аз ҷабрдидахо ва пайвандони онхо маъзарат хост. Вале ба
ҳеҷ яки онҳо хунбахо надоданд, молу мулкашонро барнагар-
донданд, зиёни расидаро ҷуброн накарданд. Касе ғами осои-
ши онҳоро нахӯрд. Ҳизби ҳоким гарчи пулу сарват ва
истироҳатгоҳҳо дошт, ба барқарор кардани сиҳҳатии собиҳ
аъзои худ таваҷҷӯҳ намефармуд. Сано бод ба ҳизбиёни
тӯҳматзадае, ки бо вуҷуди хорию зорӣ ва ҷафокашй, аз созмо-
ни худ дилашон намонд!

Таърих варақи ҳақиқатро гардонд, замона ва ақидаҳо дигар
шуданд. Ҳақиқати бозсозй ошкор кард, ки аксар ин зиндониён
дар рохи ҷомиаи нави таърихй ақидаҳои солим ва инсонпар-

107
варона доштаанд. Асарҳои мунтахаби баъзеи онҳоро, ки
чопхонаҳо нашр карданд, мутолиа намуда, ба душман шуда-
нашон механдед.

Пас, қотилони солҳои 30-40 ва ибтидои 50-ро дар асри бист
метавон ҳақ баровард? Ҳаргиз! Бо авомфиребии якчанд
ҷоҳилу чаббор ва бо иғвои хиёнаткорон халқ дучори фоҷиаи
мудҳиш гардид. Мутаассифона, корҳои савобе, ки то кунун ба
хотири неки он шахддон ва тӯҳматзадагон карданд, назаррас
нест. Бояд «... ному насаби ҳамаи он ҷоҳилонро ёфта, чоп
карда, дар паҳлуяшон ricrim касонеро низ сабт кардан лозим
аст, ки ба ҳукмнома имзо гузонгга, онҳоро ба дасти шиканҷа
ва укубат супурда, ба катл расондаанд. Ба ин икдоми душвор
бояд ҳарчи зудтар, ҳарчи бедаранг пардохт, то ба
шахспарастй хати бутлон кашем. Ба ин гурӯҳи хузновар шах-
сонеро, ки дар солҳои 60-ум, 70-ум ва ибтидои 80-ум нооди-
лона гирифтори таъкибот гардидаанд, низ бояд шомил сохт.
Боз як гурӯҳи дигаре ҳастанд, ки аз хама бештар осеб дида-
анд. Инҳо маҳбусони беморхонаҳои рӯҳиянд. Худоро шукр,
ки аксарашон зиндаанд. Онҳо муфаттишон ва золимонро ном
хоҳанд бурд, ки одамони комилан солим, вале дигарандешро
зинда ба зинда дар бемористонҳои рӯҳӣ гӯрондаанд. Вазифаи
аввалиндараҷаи коммунистон аст, ки ҳамаи шахсони бо ода-
мони сиҳат ташхиси бардурӯг монда ва ҳамаи касонеро, ки ин
кирдори даҳшатангези онҳоро дастгирӣ мекарданд, ошкоро ба
додгоҳ кашанд» («Правда», аз 23 октябри соли 1990).

Алҳазар аз фочиахое, ки ба сари мардуми бегуноҳ омада
буд! Бояд ҳушёр бошем, ки дигар чунин фоҷиа рух надиҳад.
Дигар наояд Варламе - тимсоли зулми оламе!

ГУЛҲОИ ХУДРӮЙ

Таърих шоҳид аст, ки диёри мо аз қадимулайём бо
мӯъҷизаҳои тиббию табибони ҳозиқаш шӯхрат дошт. Мутаас-
сифона, дар асри бист аз боиси каҷфаҳмию тангназарии зи-
момдорони вақт бисёр шифокорони соҳиби дили поку
виҷдони бедоғ, чун хурофотпараст таҳти фишори таъқибот
афтода, гирифтори ҷазову тӯҳмат мегаштанд.

108
Шӯравиҳо таҳти роҳбарии болшевикон эдехостанд ҳамаи
ҷомиаро аз нав сохта, ба дигаргуниҳои бузурге ноил шаванд,
ки оламиён ба хайрат оянд. Онҳо чунин навгониро дар илми
табобат пеш аз ҳама аз баррасии забон ва тарзи баёни тиббия
оғоз баҳщиданд. Ҳатто номи бемориҳо, асбобу анҷоми
пизишкй ислоҳоти тиббиро низ дигар мекарданд. Калимаю
ибораҳои асрҳо боз маъруфи тибби Шарқро аз доираи исти-
фодаи мардум бароварда, ба ҷояш вожаҳои бегонаро ворид
месохтанд. Масалан, дар давоми ҳафтоду анд соли шӯравӣ ба
сари истилохд оммавии «табиб» хати бутлон кашида, онро ба
қатори ғалатҳои қабеҳ дароварданд ва ба сохибони забон
фармуданд, ки дигар ин калимаро кор нафармоянд ва ба ҷояш
аз истилоҳи «духтур» (доктор) кор гиранд. Дар натиҷаи чунин
кӯтоҳандешӣ ин истилоҳ чун олоти таърихи куҳан ба як
гӯшаи бойгонии забони тоҷикй афтод. «Табиб» дар луғатҳо
аслан ба маънии «табобатгар, мутахассиси илми тиб,
ҳаким...» аст, вале дар истеъмоли оммаи мардуми тоҷик
охиста-охйста ба маънои табиби хурофотии «одамкуш» кор-
баст мегашт. Ҳол он ки амсоли Рӯдакию Саноию Саъдӣ, Ру-
мию Низомию Ҷомӣ, Камолу Сайидою Бедил... ҳамаи шои-
рони классики мо ва чун Абӯалй ибни Сино ва Абӯрайҳони
Берунӣ нобиғаҳои илму фарҳанг «табиб»-ро ба маънии офи-
ятгар ва шифокунанда истифода бурдаанд.

Ба сарнавишти «табиб» монанд аст тақдири истилоҳи
тоҷикии «момодоя», ки онро ба калимаи «акушерка» иваз
карда буданд. Теъдоди чунин вожаҳо кам нест. Чй хуш аст, ки
имрӯз ин истилоҳоти куҳан умри дубора ёфтанд!

Дар Конибодом Тоҷибойи Муқаммад ном табиби мардумй
дар асри бист ба аҳолӣ хизмати беминнат мерасонд. Ҳасудони
кӯтоҳандеш ва сарварони бадкеш ӯро бо ҷурми он ки даҳ-
дувоздаҳ таноб замин дошту як навъ зиндагии осуда ба cap
мебурд, ба рӯйхати муфтхорон дароварда, дар банди шиканҷа
афканданд. Солҳои чилуму панҷохум сокинони маҳаллаи
Гумбазӣ, писари У сто Қавоқи шикастабанд Ҷӯра Исо ва шо-
гирдаш Олимхаробак, усто Каримҷон ва писараш Шарофҷони
Ӯсар ва бошандаи гузари Кордгарӣ, табиби ҳозики сӯхтанӣ
Бибии Соима ва чанде дигарон ба табобати ҳоҷатмандон шуғл

109
меварзиданд. Мардум ба онҳо ихлос доштанд ва бо умеди
офият ба даргоҳашон рӯ меоварданд.

Аз дасти Ҷӯра Исо (1899-1974) ҳар сол садҳо маҷрӯху
маслуқ шифо меёфт. Дар мавсимҳои токбурию кирмакдорй ва
мевағундорӣ вақту новақт ҳоҷатмандон ба умеди офият дари
ҳавлии ӯро мекӯфтанд. Аз саҳар ба дари кӯчааш улаву
аробаҳо қарор мегирифтанд аз ҳар маҳаллй Конибодом, Ис-
фара, Ашт... Якеро даст ё по лат хӯрда, рагу паяш бело шуда,
дигареро устухон шикаста, сеюми дарди миён ва гайра. Ба на-
зди ин шикастабанд аз шаҳру деҳоти берун аз ҷумхурй
Бешариқу Шӯрсу, Риштону Сӯх ва Бодканд низ дардмандон
омада, табобат меёфтанд. Ӯ усули хоси табобати худро дошт.
Ба як нигоҳ авзои беморро мефаҳмид. Ба устухони шикаста
навозишкорона даст бурда, оҳиста-оҳиста варамашро мемо-
лиду ба ранҷур суханони таскинбахш мегуфт. Дар як лаҳза
риштаи дардро меёфту ба муолиҷа cap мекард. Табиби ҳозиқ
дар кӯчаву гузаргоҳ, богу саҳро, растай бозору пахлуи
дӯконҳо, ҳар ҷо, ки гузораш афтад ва бемореро бинад, аз
муолиҷа рӯй наметофт. Агар маъюбро сари вақт ба табобаташ
оваранд, оҷилан муолиҷа карда, ба сиҳҳатмандиаш кафолат
медод, агар дер оваранд, табобат кашол меёфт. Агар шика-
стаустухон ба дард тоб наоварда, доду фигон бардорад, бо як
тарсакй таги гӯшашро метафсонду аз ҳуш меравойд ва зуд аз
паи табобаташ мешитофт. Вай ин воситаи беҳискуниро «нар-
козй халқӣ» меномид.

Боре ба ман собиқадори ҷанг ва меҳнат Маҳмудҷон Наза-
ров чунин ҳикоят кард: «Соли 1949 як поям аз бучулакаш
бечо шуду варамид. Чанд вақт мӯза пӯшйда натавонистам.
Азобам рӯзорӯз меафзуд. Ҳамроҳи падарам Ҷӯра Исоро чуста,
ба бошишгоҳи бригадаи колхози «Коммунист» (воқеъ дар на-
зди кӯли Мирҳошим) рафтем. Ӯ дар майдони назди шипанг
панҷшоха ба даст пахта мехушконд. Варами поямро диду аз
буни деворча хишти пухтаеро овард, ба наздам гузошт ва
фармуд, ки ба рӯяш пои варамидаамро гузорам. Вай поямро
бо панҷаҳои пои лучаш молида-молида, чои баромадаашро
ёфт ва як пахш карду гуфт: «бучулакатон ба чояш афтод,
мӯзаро пӯшед». Нобоварона по ба муза хастам, ки даромад.

110
Дигар дарду озор нест шуд. Аз ростӣ, табиби глӯъҷизакоре буд
он покмарди биҳиштй».

- Соли 1960 ба дарахти тут баромада, барои кирмак барт
мезадам,- мегуфт дехқони колхози «Ленинград»-и ноҳияи
Конибодом Маҳками Бобоҷон. - Нохост шохи зери поям ши-
касту ба замин афтодам. Устухони пои ростам шикает. Маро
дар ҳолати нимбеҳушӣ ба ҳавлии Ҷӯра Исо бурданд. Аз дарди
ҷонгудоз якзайл менолидам. Табиб аҳволамро диду гуфт:
«Дар ҷанг захмдор шуданат бас набуд, ки боз як поят ши-
кает?» ва таъҷилан муолиҷа кард. Нохост силии сахте ба таги
гӯшам фуроварду битамом аз ҳуш рафтам... Як махал ба худ
омада, поямро рӯи тахтача латтапеч дидам. Пас поямро
чӯббанд кард ва қариб ду моҳ рӯздармиён ба хонаам омада, бо
мумиё ҳам муолиҷаро давом дод. Ҳоло мисли пештара Давида
мегардам.Мисли ман шифодидаҳо лак андар лак. Худо-
раҳматӣ Ҷӯра Исо рафту номи некаш боқӣ монд. Ӯ чун одами
камгапи табиатан қавидаст маъруфият дошт. Дар колхоз
ҳамроҳ кор мекардем. Агар касе аз доираи адаб берун барояд,
шухиомез мегуфтем: «Ором шав, амаки Ҷӯра каме «наркоз»
диҳанд, аз ҳуш меравй...»

Ҷӯра Исо табиби аҷдодӣ буд. Падараш Исо Қавоқ (шояд аз
бадқаҳрию сипоҳигариаш ба исми ӯ лафзи туркии «қавоқ»-ро
часпондаанд) аз пешаи шикастабандй нон мехӯрд. Писарони
ин хонадон Аъзаму Уктам низ пешаи аҷдодиро камобеш аз
бар карданд, вале онҳо мисли гузаштагони худ чирадаст на-
буданд.

Мутаассифона, чунон ки гуфтем, дар он айём табибони
мардумӣ таҳти «роҳбарии хирадмандона»-и зимомдорон ва
соири идораҳои девонсолор зери фишору тазйиқ қарор дош-
танд. Ҳукуматдорон онҳоро намегузоштанд, ки ошкоро амал
намоянд. Дар яке аз рӯзҳои бахори соли баъдиҷангй Ҷӯра
Исоро ба кумитаи ҳизбии шаҳр бурданд.

- Шуморо чандин бор огоҳонидем, ки ба табибй машгул
нашавед, боз донистаи худро мекунед,- гуфт тадидомез му-
дири бахши ташвиқоту таргиботи кумитаи хизб. - Шумо, ки
аз даргоҳи ягон мактаби тиббй нагузаштаед, беморонро чй
хел табобат мекунед?

111
- Аввалан, ман табиби хасакй не, ки ба мӯҳтоҷон зарарам
расад,- сабаби тахдидро пай бурд Ҷӯра Исо,- сониян, ман
танҳо барон савоб хизмат мерасонам. Чй тавр мешавад, ки
дардманде гирёну нолон ба ҷустуҷӯятон ояду аз ёрй рӯй то-
бед? Инро вичдони кас намебардорад. Падари шикастабандам
васият кардаанд, ки касбашонро давом диҳам, аз дастам ояд,
ба мӯҳтоҷон ҳатман мадад расонам.

- Амаки Ҷӯрабой, ман медонам, ки шумо ҷоҳил нестед.
аммо ҳукумат ба амалиёти шумо муқобил аст.

- Худи шумо намояндаи ҳукумат-ку? Чаро қазияро ба
қукуматдорон намефаҳмонед? Мардум ба ҷону ҳолам намон-
да, муолиҷа кун, мегӯянд. Аз онҳо рӯй rap донам ? Ин чй
бейнсофй? Маро ба ҳолам мегузоред ё не?

- Қахратон наояд, амак. Духтурҳои беморхонаи шаҳр аз
шумо барин табибон шикоят доранд.

- Чй шикоят? Нонашонро нимта кардам магар? Охир, ман-
ку бепул хизмат мерасонам. Чй мехоҳанд онҳо?

- Тамоман музд намегиред?

- Ба Худо, ки аз касе чизе талаб накардаам.

- Дар ин до «Худо» нагӯед. Агар шунаванд, маро чазо
медиҳанд.

- Наход тамоман Худоро фаромӯш кардаед? Охир, шумо
фарзанди мусулмон менамоед-ку? Э, афсӯс!..

- Бас. бас! Мавзӯи сӯҳбати мо Дигар. Духтурҳо гумон до-
ранд, ки шумо аз корафтодаҳо пули калон мегиред. Шуморо
ба суд медиҳем !

-Магар маро тарсонданиед? Мардум ба мо йхлбс доранд,
ба ҷону ҳоламои 'намонда. «ҳаққи ҳалолатонро гиред!»
мегӯянд. Дар чунип ҳолат табибҳо барои ириму ҷирим, ба
нияте, ки ба бембр дигар фалокате рӯй надиҳад, баъзан ҳақки
ночизе мегирйнд. Агар нагиранд, бемор таскин намеёбаду
сиҳатёбиаш тӯл мекашад. ' ;/ f-

- Дуруст. Як умр заҳмат кашёду наход каме ҳақ нагиред?
Ман тозакориҳои шуморо шунйдаам. Коратон мушкилу нона-
тон ҳалол. Лекин духтурҳо.:.

Ҷӯра Исои оромтабиат малулона гуфт:

- Дар ҳамаи замонҳо «гадо душмани гадо» буд ва имрӯз

112
хам хаминту р. Баръакс олими тиб Комил Тоҷй усулй корамро
дида, изҳори каноатмандӣ карданд, ки «тибби халқии мо
таҷрибаи ғанӣ дорад, бояд ин таҷрибаро омӯзему дар амалия
истифода барем». Аммо даъвои ин духтурҳои хасакй дигар.
Аз номи мани бесавод ба духтурҳои «хондагй» расонед, ки то
кай устухонҳои шикастаро баста натавониста, ҷони маъюбон-
ро ба ҷаббор месупоранд? Онҳо чун дарахтони бебар ва зами-
ни бесамаранд. Астағфуруллоҳ! Хайр, дигар шикастабандй
намекунам.

- Эҳ, амак, амак! Шумо вазъияти маро фаҳмед, ин фармони
«боло», ху «болои боло».. Қонунгузорй ба шахсоне, ки
маълумоти тиббй надоранд, табобати беморонро манъ меку-
над...

Баъзе роҳбарон ба кадру қимати ахггй ҳунар намерасйданд.
Ҷӯра Исо ба онон танаффури бепоён дошт, зеро дили табибо-
ни халқйро боту фтору рафторй дурушту дағал меранҷонданд.

Аз байн муддате ғузашту мухбири кӯтохназаре дар
рӯзномаи ҷумҳурй шикастабанди корозмуда Ҷӯра Исоро
танҳид кард, ки гӯё дар пешай худ сахдангор асту маъюбони
вазнйнро муо^иҷа Кардан наметавонад. Дар асл боре ба табо-
баташ маҷрӯҳеро Ьварданд. ки пою сутунмӯҳрааш сахт шика-
ста, вақти муолиҷаро гузаронда буданд. Дар ин ҳолаг
ҷаррохони моҳир ҳам кодир нестанд, ки мӯъҷиза офаранд.

Сипас бо чунин дасисаҳо табиби халкиро ба суд доданд.
Дар мақомоти судй кори ӯро ба муҳокимаи умум гузоштанд.
Якчанд шахси бадғараз мақолаи дар рӯзномаи ҷумҳурй
танқид шудани ӯро далел оварда, мехостанд Ҷӯра Исоро ба
маҳкама кашанд. Вале тирашон ба нишон нарасид. Мардум ба
ҳимояи табиби худ бархоста, бадқасдонро маҳкум карданд:
«Ҳой. бандахои ношукр! Оё ягон бор дидаед, ки аз табобати
Ҷӯра Исо касе талаф ёфта бошад?! Ин хел шикастабанди да-
сткушодро аз куҷо меёбед? Беморонро бемузд табобат меку-
над. Ба ҷои он ки ӯро бо суханони ширин рӯҳбаланд гардонед,
бо тундию дуруштй дилашро аз кори савоб мемононед. Ку
инсофу адолат?..»

Раиси додгоҳи халқии Конибодом Очабону Раҳимҷонова
муҳокимаро чунин ҳусни хотима бахшид:

113
- Ман хонадони шикастабандҳои ачдодӣ Ҷӯрабой Исоев ва
падари рахд1атиашон амаки Исо Қавоқро аз наздик мешино-
сам, зеро ба ҳам ҳамсояем. Сокинони мақаллаи Гумбазӣ
щукргузоранд, ки чунин табибон ба хдфзи саломатиамон
омода ҳастанд. Мо дафтари аъмоли Йсоенро амиқан санҷидсм
ва ягон нишонаи ҷиноят надидем, Ҳар касе, ки ба иғвою
тӯҳмат ҳаёти бегуноҳеро сӯзонданист, ба чоҳи кандаи ҳуд ме-
афтад. Амаки Ҷӯрабой, ба шумо ҷавоб, равед, кори бригади-
риатонро давом диҳед, шикастабандй ҳам кардан гиред, касе
ҳад надонад, ки шуморо аз муолиҷа боздорад.

Баъди як моҳи он фишоровариҳо нимарӯзе Ҷӯра Исо пах-
тазорро об медод, ки ҳамон мудири шӯъбаи идораи ҳизби
ҳарсосзанон ба наздаш омаду гуфт:

- Амаки Ҷӯрабой, пои ҷиянам шикает. Илтимос, илоҷашро
ёбед.

- Ин чӣ ran? - ҳайрон шуд табиб. - Як моҳ пеш фармудед,
ки дигар табибӣ накунам, ҳоло баръакс...

- Амак, дар хилват касбатонро давом додан гиред, дигар
ман ба шумо кордор намешавам.

- Мебахшед, ман пинҳонкор нестам. Комил Тоҷи бо вазири
тандурустӣ ба мувофиқа расидааст, ки ба ман хуҷҷати расмй
диҳанд.

- Илоҳо ҳамту шавад! Ман ҳам тарафдор.

- Чаро ҷиянатонро ба духтур набурдед?

- Барам, Алтаев ҷаррохй мекунад, эҳтимол пояшро буранд.
Илтимос, ба мошин шинед. Рафтем.

Табиб боз аз кори хайр рӯ гардонда натавонист.

Окибат дар як сӯбҳи Наврӯз академик Комил Тоҷиев, ки ба
шахру навоҳии шимоли ҷумхурӣ сафари хизматй дошт, ба боз-
диди рафиқи бачагиаш Ҷӯра Исо ва амакаш Аъзамдони Мада-
лии боғбон ба Конибодом омад. Нимрӯзӣ колхозчиён дар
бошишгохд саҳроӣ ҷамъ омаданд. Тоҷиев хушнудона гуфт:

- Ҳамдиёрони азиз, ман ба шикастабанди маъруфамон
Ҷӯра Исо ваъда дода будам, ки барои фаъолияти табибиашон-
ро озодона давом додан худатномаи расмй дастрас гардонам.
Ба қарибӣ дар Вазорати тандурустй вазири нав ба сари вазифа
омад. Он кас бо эътимодоварии ман чунин хуҷҷат доданд:

114
«Дода шуд ин иҷозатномаи тиббй аз Возврати тандуру-
стии РСС Тоцикистон ба сардори бригадаи пахтакории кол-
хозы районы Коныбодом Ҷӯра Исоев дар ын хусус, ки у ҳамчун
шыкастабанд бо духтуроны беморхонаы шаҳр ҳамкорӣ дорад.

Вазыры тандурустыы РСС Тоцикистон
Аҳмадов Карим Юсуфович (Имзо ва мӯҳр).

20 марти соли 1953».

Марҳамат, Ҷӯрабои азиз, ин ҳуҷҷатро гиреду ошкору озо-
дона шикастабандиро давом диҳед. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки
садди роҳатон гардад.

Ҳамаи ҳозирон чапак заданд, табиби маҳбубро ба cap бар-
доштанд ва ба шарафи Комил Тоҷиев гӯсфанд куштанд. Чура
Исо дар умраш ҳеҷ гоҳ мисли он рӯзй фйрӯз Йоду сарбаланд
набуд.

...Дорусоз ва давогарони халқй у сто Каримҷон ва писараш
Шарофҷони Ӯсар низ аз табибони собиқадори Конибодом ба
шумор мерафтанд. Онҳо давои аксари дардҳоро медонистанду
месохтанд. Чунончй, барои муолиҷаи реши пашшахӯрда аз
омехтаи кӯҳнахоки қабристон, саргини гунҷишки даштӣ, гиёҳ
ва даҳанифарангу йод марҳаме месохтанд, ки аз таъсираш
чароҳат ба зудӣ сиҳҳат мешуд. Солҳои чиҳилу панҷохум,
вақте ки дар Конибодом бемории пашшахӯрда (конибодомиҳо
«решпашша» мегӯянд) паҳн шуда, дар андоми аксарият
нақши худро мегузошт, ин падару писари ҳунарманд бо до-
рую дармони худсохташон ҳазорҳо касро аз захми ин мараз
раҳой мебахшиданд.

Дар бачагиам панҷаи дасту по ва гӯшамро сардй зада бӯд.
Ҳар аввалу охири зимистон узвҳои сармозада аз нав варами-
да, мехориданду азобам медоданд. Бародарам Маҳкамбой ма-
ро ба назди Шарофчони дорусоз бурд. Вай марди меҳрубоне
будааст, бо рӯи хушу дасти навозиш гӯшу панҷаҳоямро аз на-
зар гузаронду фармуд: «Ин беморй бешгар дар зим истоки
қаҳратун ва дар касоне, ки ҳангоми сармой шадид дар сафар
мегарданд, ҳодис мешавад. Роҳи табобаташ: ба узви сармоза-
да магзи сари зоғи сиёҳро моледу як-ду рӯз дар сандалй ё на-
зди бухории гарм нигоҳ доред, сиҳат мешавад». Сонй мб аз

115
амаки камондори маҳалла Деққони Авазмат хоҳиш кардем, ки
зоғи сиёҳе занад. Вай хоҳишро ба ҷо овард. Модарам шаб
мағзи сари зоғро ба узвҳои сармозада молид ва дасту поям
андаруни сандалй хобидам.Фармудаи Шарофҷони дорусоз
маро комилан аз дарди сармозада раҳоиш дод.

Давосози дигар, холаи Сойма яке аз гулҳои сари сабади
тибби мардумӣ ҳисоб меёфт. Конибодомиҳо мисли ӯ табобат-
гари моҳири марази сӯхтаниро кам дидаанд. Сӯхтанӣ
(сиёхзахм, оташак, «сибирская язва») ҳамчун обила навъе аз
бемориҳои сироятист, ки онро ниёгони мо бо оҳани тафта
месӯзонданд. Холаи Сойма дар табобати ин беморӣ таҷрибаи
комил дошт. Ҳар каси гирифтори сӯхтанӣ ҳатман ӯро мекофт.
Вай дар як гӯшаи ҳавлияш хоначаи махсуси муолиҷавӣ дошт,
ки беморонро дар ҳамон ҷо пазируфта, ба муолида мепардохт.
Байни шарораҳои оташдони ӯ мехҳои дарози аробаи қӯқандӣ
сурху тасфон мехобиданд.

Боре байни панҷаҳои пои писарбачаи ҳамсояи мо, ки аз
май як сол хурд буд, сӯхтанӣ баромад. Уро бо ароба ба хонаи
холаи Сойма бурдем. Табиб пас аз муоина ба обила марҳам
молид ва фармуд, ки баъди як ҳафта биёяд. Дар ин мудцат
маркам обиларо пазонд, доғи сурх ва варами по хеле дамид.
Писарак аз азият роҳ гашта наметавонист, аз сӯзи дард мено-
лиду менолид. Ӯро ҳамрохи модару бародараш боз ба
муолиҷаи холаи Сойма бурдем. «Акнун ҷароҳат пухта, фурса-
ти табобаташ расидааст,- гуфт табиб. - Гиря накун, писара-
кам, охир ту мард ҳастӣ, ба мард гиря намезебад. Боз камта-
ракак тоқат намо. Ин сӯхтании лаънатиро аз решааш канда
партоям, ки дигар насабзад...» Писаракро ба рӯи шолча пару
хобонданд. Бечора гирёну нолон гуфти табибро ба ҷо мео-
вард. Хола моро фармуд, ки дасту пои ӯро сахт дорем. Худ
чобукона бо асбоби анбӯршакле мехи дар оташ сурхшударо
оварду ба реши дамида гузошт. Дилам ба ҳоли ҷӯраам месӯхт.
Аз ҳарос ба пояш наменигаристам. Як чашм давондам, ки аз
ҷои сӯхта дуд мебаромад. Ҷӯраам бетоқатона доду вой гуфта,
хонаро ба сараш бардошт. Хола гуфт, ки сахттар дод зан, то
дардро нафаҳмй (Табиб баъзан, агар бемор бетоқатӣ кунад,
усули «наркоздиҳии» Ҷӯра Исоро кор мефармуд). «Ана, азо-

116
бат тамом, ҷонат раҳо ёфтсипас бачаякро таскин дод холаи
Сойма. - Дигар сӯхтанӣ намебарояд, решаҳояшро
сӯзондам...» Табиб ба ҷароҳат марҳам молид. Фурсате гузаш-
ту бемор ба худ омад ва дар чанд рузи охир бори аввал ҳис
кард, ки дарди пояш нест. Чашмони ашкбори у аз ғояти
шодмонй медурахшиданд. Ин воқиа соли 1950 рӯй дода буд.
Ҳоло он ҳамсояписари мо зиндаю бардам. Ҳар гоҳ бо хам
вохӯрему ёди кӯдакй кунем, усули табобати холаи Сойма дар
рафьи сӯхтанй низ пеши назар меояд. Пас аз муолиҷа, хуш-
бахтона, ӯ дигарбора рӯи сӯхтаниро надид.

Он рӯз табиб баъди муолида ба модари писарак варақае
дод, ки навиштаҷоташро хонанду нуктаҳояшро ба ҷо оваранд.
Ман раҳораҳ варакаро баланд-баланд хондам. Дар он
сабабҳои пайдоиш ва пешгирии сӯхтанй сабт меёфт: «Бемо-
рии сӯхтанӣ аксар хангоми нигоҳубини ҳайвони хонаги, ис-
тифодаи пашму пӯсти чорво, истеъмоли ширу гӯшт, инчунин
аз хоку оби ифлос сироят меёбад. Сӯхтании пӯст дар натиҷаи
сирояти узвҳои зарардидаи пӯст ва газидани ҳашарот (бештар
хармагас) ба вуҷуд меояд. Ҳангоми ин беморӣ ҳарорати кас
баланд мебарояд, қувват меравад, cap ба дард медарояд. Дар
дои ҷароҳати пӯст доғи сурх (минбаъд ба гиреҳча, обилача,
рихинак, карахши сиёҳ табдил меёбад) ва варам пайдо меша-
вад. Пешгирй: риояи қатьӣ ба қоидаҳои бехдошт, муваққатан
аз сиҳатмандон чудо кардани чогаҳи бемор (карантин) ва та-
миз кардани манбаи беморй (дезинфексия, маҳви микробҳои
сироятй бо тадбирҳои махсус)».

Пайдост, ки холаи Сойма қонуну қоидаҳои илмии тиббу
табобатро хеле хуб медонистааст.

Ёди он табибони накӯкор бахайр, ки марДум эҳтирома-
шонро ба ҷо меоварданд. Афсӯс, ки бисёрии онҳо асрори
ҳунари худро ба гӯр бурданд. Замонаи носозгор имкон наме-
дод, ки шогирдҳо тайёр кунанд, аз худ нишоне боқӣ гузоранд.

Табиати офаридгор, гарчи модарвор ҳотаму саховатманд
аст, фаросату фитратро на ба ҳар кас медиҳад. Табибони са-
букдасти мардумй зодагони истеъдоди фитрй ва порае аз
ҷавҳари ақлу хиради халканд. Ин тоифа мисли гулҳои
худрӯянд, ки дар боғу майдонҳо cap мекашанд, амсоли нарги-

117
су лолаҳои рангинанд, ки дар дашту саҳро ва кӯхдоманҳо аз
файзи оби раҳмат месабзанду гулдонҳоро зинат медиҳанд.
Дарего ки аксари он ҳакимони камшумору нодиракори
мардумй, он ҳама гулҳои худрӯ то охир нашукуфтанд, дар
фишору таъқибот нобаҳангом пажмурданду ба чанголи хазон
афтоданд. л

Бо камоли мамнуният метавон тазаккур дод, ки кунун дар
айёми истикдолияти Тоҷикистон аз шаҷараи он ҳакимони но-
диракор боз пайвандҳои зиёде месабзанду аз самарашон ҳама
баҳра мебардоранд. ;ч.

ҶАРРОҲИ САБУКДАСТ

. *■ v ■» * *-т

Поёни мохд уктобири соли 1980 ба хонаи ҳакими ҳозиқ
Тоҷиев аз щогирдону ҳамкорон, мухлисону ихлосмандон,
дӯстони қамнабард анбӯҳи табрикот омад. Чеҳраҳои гарму
шинос, қиёфаҳои ба.дил наздик, мулоқот ва воқиаҳои дуру
наздик ба ёдаш мерасиданд.

«Шумо, дӯсти азизи ҳамнабардамро, ба муносибати 70-
солащи зодрӯз ва ҷашни фаъолияти пизишкию илмию
омӯзгорию ҷамъиятиатон табрику таҳният мегӯям...

Ҳамсилохи Шумо, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Алек-
сандр Журавлёв».

Бо номи Журавлёв хотироти айёми ҷангии ӯ равобити зич
дошт. Ҳарбу зарби Сталинград, камонаи Курск, муҳорибаҳои
шадид барои озодии Лаҳистону Чехословакия..., Баталёни
тиббие, ки ӯ хизмат мекард, то Берлин расид. Пизишки низо-
мии дараҷаи сеюм, баъдан майори гвардия Ко мил Тоҷиев аз
оғоз то анҷоми ҷанг ҳар шабонарӯз то дусад маҷрӯҳро дорую
даво дода, таҳти борони тиру гулӯлаҳо амалиёти ҷарроҳӣ мегу-
заронд. Журавлёв низ аз дасти ӯ офиятёфта ба ҳисоб мерафт.

...Ҷанги муқобили фашистон ба охир расид, аммо набарди
Тоҷиев алайҳи дардҳо идома меёфт. Собиқ дастпарвари
донинн’охд тиббии дуюми Маскав ба номи Н.И. Пирогов Ко-
мил Тоҷиев, ки то замони ҷанг дар пойтахти Узбекистон ме-
зист, баъди ҷанг низ ёварии кафедраи ҷаррохни умумии

118
Донишгоҳи тиббии Тошкандро ба ӯхда дошт. Аз соли 1951 у
бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъояияти доимӣ ба
Душанбе омад ва чун мудири кафедраи ҷарроҳии Донишгоҳи
давлатии тиббии ба номи Абӯали Сино ба кор пардохт. Барон
пешбурди корҳои илмиаш шароит ба вуҷуд оварданд. Имкон
ёфт, ки бо саъю кӯшиши бардавом ва рағбати тамом илм
омӯзад Шабу рӯз китоби тиббӣ мехонду асрори табобатро
кашф мекард. Соли 1952 ба ӯ муяссар шуд, ки дар мавзӯи
«Сафедаҳои карбогидрат ва зиддиуфунати ҷигар дар ҷараёни
амрози риму фасоддор» рисолаи номзади дифоъ кунад.

Шебу фарози дониш, кашфи амали ҷаррохия, ки ба ин
шуғли мураккаб дар Шарқ чун Абӯалй ибни Сино алломаҳои
тоҷик даст задаанд, пайваста қушу ёдашро мерабуд. Сипас
Тоҷиев соли 1969 дар Маскав таҳти роҳбарии табиби зако-
ватманд, академики Академики Илмҳои ИҶШС А.Н.Бакулев
рйсолаи доктории «Боди ҷарроҳӣ ва баъди ҷарроҳи дар
ҷараёни муолиҷаи фаврии суддабандӣ ва мубориза бо он»-ро
ҳимоя кард ва чун яке аз табибони нодиракор ном баровард.
Вай аз соли 1960 дар баробари мудири кафедраи ҷарроҳии
умумй ҳамзамон (то соли 1973) ба ҳайси ректор дар донишгох
ифои вазифа дошт.

Сарвари ҷарроҳон Комил Тоҷиев дар ҷумхури нахустин
мактаби мукаммали ҷаррохияи қафаси синаро бунёд гузошт.
Ба усули хоси ӯ дойр ба ҷарроҳии дил мутахассисон баҳои
баланд доданд. Барои ин комёбиаш ӯ соли 1967 ба чоизаи
давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалй Сино сазовор гардид.
Бештар аз даҳ рисола ва дусад мақолаи илмӣ маҳсули заҳмати
ӯ ҳастанд. Корҳои тадқиқоти илмии ӯ ба ҷарроҳии дилу рагҳо,
шуш, чоғари тиреотоксикӣ, татбиқи усулҳои муосири ташхи-
си нуқси ғайримодарзодии дил, бемориҳои ҷарроҳишавандаи
ҷигар ва ғайра оиданд. Китобҳояш «Мӯмиё ва нумӯи омилхои
таҷдидй» (1971), «Тағйири электрокардиограмма дар мавриди
гипертрофияи миокард» (1976), ки бо машварату хаммуал-
лифии ҳампешагонаш таълиф ёфтаанд, арзиши баланди ил-
мию табобатй доранд.

Аксар табибоне, ки нимаи дуюми асри XX дар
беморхонаҳои ҷумхурият ҷаррох буданд, аз устод Комил

119
Тоҷиев дарси малакаю махорат оиӯхга, (гахти ро\барии ӯ ри-
солаи номзадик>.докго.рй наэдштаанд,; ,.

Ба ман муяссар i ардид, ки бо.баьче цлимон ва шогирдону
пайравони ин Арбоби шоистаи цдащ Ҷумҳурии Гоҷикистон
(1963) ва академики АИ Ҷу мҳу.риц, Грчикие тсиi (1965) перо-
муни фаъолияти устодацюч (дарч,.арафаи. 80-солагиаш)
мулоқот ороям. Аз чумла бо дотсенти кафедраи ҷаррохии
умумй Мусаввир Карамоеич Тарифов, .адудир.ц шӯъбаи
умумиҷарроҳӣ, ҷарроҳи дараҷаи рлӣ Адексацдр Михайлович
Шагаров ва доктори илми тиб Мухтор Муродов сӯҳбат дрш-
там. МусаввирЖарамович устодашро бо мамнуният ёд овар-
да, чанд шумораи маҷаллаҳои тиббии «Хирургия», «Вестник
хирургии», «Грудная хирургия»-ро нишон доду гуфт:

- Мана ин ишораҳои Тоҷиевро бинед. Андешақои бағоят
мухим. Ӯ адабиёти тиббу табобатро дақиқназарона меомӯхт.

- Суханрониҳояш дар машғулиятҳо чй гуна сурат меги-
рифт? - пурейдам аз ӯ.

- Эҳ-ҳе, Шумо напурседу ман нагӯям. Воизии ӯ бо пур-
мазмунию навоварй шунавандаро мафтун месохт. Вай чун
шахеи табиатан нотиқ бо ҷӯшу хурӯш ҳарф мезад. Бештар аз
чоряк аср дар донишгоҳ даре гуфт. Маҳорати .касбияш ҳамаро
ба ҳайрат меоварад. Нозуксанҷу нозукрав, тезбину тезфахм,
фарохназар ва сахткӯшу сахтгир буд. Дар лаҳзаҳои мушкил
ҳам ба асабоният рох намедод.

Аз хислатҳои зубдаи профессор пурсидам.

- Кадом хислаташро меписандидед? - саволамро ба такрор
оварду посух дод. - Одаму одамгарй, адолатпарварй, масъу-
лиятшиносии баланд... Дар дармонгохй мо 180 бемор табобат
меёфт. Я гон амалиёти вазнину мушкили ҷарроҳия бе ширкати
Тоҷиев сурат намегирифт. Маркази ҷарроҳия хонаи дуюми ӯ
ҳисоб меёфт. Аксар рӯзҳо ба манзилаш, ки аз коргоҳамон дур
набуд, пиёда ба тановули ғизо мерафту дигар ҳамаи вақташро
дар шифогоҳ мегузаронд. Ба сари мизи ҷарроҳй, барои мададу
назорати шогирдон ҳатман ҳозирӣ медид. Ногахонй ба
табобатгоҳ меомаду аз ҳоли беморони вазнин хабар меги-
рифт. Ба пизишкёрон дастурҳо медоду мадад мерасонд. Ҳол
он ки серкор буд, фардо даре дошг.

120
- На танҳо мураббиёни кафедраи ҷарроҳй, балки ҳамаи та-
бибон ӯро устоди худ медонистанд,- сухани ҳамкорашро
кувват медод Александр Михайлович. - Комил Тоҷиев дар
умури фаъолияташ тариқи аҷоибе дошт: ба ҳар як «майда-
чӯйда», ки ҳангоми ҷарроҳӣ рӯй медод, амалиёти барқосо тез-
ро меписандид. Таълим медод, ки дар додугирифти асбобу
анҷоми ҷарроҳия сари мӯе таъхир набояд кард. Чунин як бай-
та Мирзо Бедилро ба такрор таъбир мекард, ки гӯё ба
ҷарроҳон бахшида бошад:

Як цадам роҳ аст, Бедш, аз ту то домони хок,

Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош!

- Дар бемористони мо соле беш аз ҳазор амалиёти ҷарроҳй
анҷом медоданд,- ба илова овард Мусаввир Карамович. -
Баъзан чарроҳии бағоят мураккаб пеш меомад, ки бе мадади
профессор анҷом дода наметавонистем. Ба ақидаи ман,
дастовардҳои ҷарроҳони тоҷик самараи сабақҳои мактаби
Тоҷиев аст. Ин самара на танхо ба ҷарроҳияи қафаси сина,
дилу рагҳои хунгузар ва шуш, балки ба таҷрибаи ғанию муно-
сибати поквиҷдонаи ӯ ба инсон ҳамоҳангй дошт.

- Ман устод Тоҷиевро аз давраҳои донйшҷӯй мёшинох-
там,- мегуфт профессор Мухтор Му родов. - Дар збдгЬҳам,
деҳаи Хамиҷӯй медидам, ки корафтодаҳо барои табобат ба
назди табибони маҳаллӣ мераванд. Инро ба Тоҷиев гӯшрас
мекардам:

- Муаллим, бисер беморон ба табибони нохонда
эътиқодманданд.

- Ман тиббу табобати халқиро эъзоз мекунам,- мегуфт
ҷарроҳ. - Хусусан дар шикастабандӣ, сӯхтанй, савдой,
дорусозй... дастовардҳои тибби халқӣ назаррасанд. Аз
духтурҳои давлатӣ костани эътиқоди маризон сабабҳои гуно-
гун дорад. Дар байни ҳампешагони мо баъзе касони кундфахм
ҳастанд. Сардназариву бепарвоии онҳо дардмандонро дилши-
каста ва харобу хаста мегардонад.

Дар чунин ҳолат бемори шифонаёфта мадбур аст, ки ба
даргоҳи фолбину тӯморнавис равад...

Ман боз меафзудам:

- Ба ҳар ҳол, бисёриҳо аз дасти табибони кӯчагӣ шифо
меёбанд.

121
- Ман ба ин шак надорам,- посух медод устод. - Вале ме-
донам, ки онҳо дар ҷарроҳӣ омил нестанд. Узви осебдидаи
инсой бо беморӣ ҳамеша дар муҳориба аст, бо гузашти айём
аз худ шйфо меёбад. Дар таркиби хун моддаҳое ҳастанд, ки
пайваста бо дард дар набарданд. Инсон дар ҳолати заифии
буня ба пеши пизишк ё табиби халқй меравад. Аксаран дард
баъди муддате худ аз худ бартараф мегардад. Ана, сонй
мегӯянд, ки маро табиби кӯчагй саломатй бахшид...

- Бештар аз ҳама кадом беморй хавфнок аст? - пурсидам
соли аввали донишҷӯй аз Тоҷиев,- дафтари хотираашро варақ
мегардонд Мухтор Муродов.

- Бемории ирей хавфангез, гузаранда аст ва дармон надо-
радафсӯс хӯрд устод. - Тасаввур кунед, ки шахсе кӯдакашро
назди пизишк меорад, вале муолиҷа натиҷа намебахшад. Кӯдак
то яксолагй сиҳат буду сонй бемор шуд. Пизишк донист, ки
иллаташ ирсист. Падари кӯдак, ки ба хешовандони худ хона-
дор шуда, доги фарзанди дардманди аввалро низ дида буд, арз
овард, ки духтурони ноҳия ҷигаргӯшаи ӯро муолиҷа карда на-
тавонистанд. Пас аз як моҳ он фарзандаш низ нобуд гашт. Ба
фиқрам ин мудхиштарин мусибат аст. Фиғон, ки нишонахои
арсии организмҳои зинда аз наел ба наел интиқол меёбанд. Ин-
ро илми генетика (соҳаи биология, ки ирсият ва тагйири
буняҳоро меомӯзад) кайҳо собит кардааст...

Мухтор Муродов устод Тоҷиевро падари ҷарроҳони
ҷумҳурият мехонд. Тоҷиев ӯро гавассути илмдӯстию зираки-
ятп шогирд шрифта, ба ҳимояи рисолаи докториаш дар
мавзӯи «Патогенез, бехдошт ва терапияи ихтилоли шуш ва
сил» роҳбарй кардааст. Азбаски Муродов солҳои сол бо
Тоҷиев ҳамкорй дошту хислатҳояшро хуб медонист, хостам
боз ба як масъала равшанй андозад:

- Тоҷиев дар лафзу ахду паймон дар кадом поя меистад?

- Покизалафзу кавиирода буд,- бедаранг гуфт Муродов-
дар дафтарчаи ҷайбй ҳар рӯз вазифаҳои навбатиашро мена-
вишт. Агар ба касе ваъдае медод, ҳатман вакту соати
иҷрояшро сабт мегардонд, ки мабодо аз ёд барорад.
Сустпаймонҳоро, ки одатан зуд аз қавлашон мегарданд,
«ваъдахилоф» меномид, ба лафзашон бовар надошт.

122
Аз шогирди дигари ҷарроҳ, номзади илм Аҳмадҷон Азимов
пурсидам, ки Тоҷиевро дар кадом ҳолат маъюс медидед?

- Аввалан, агар табибе дарди беморро нею ҷои кори ӯро
пурсадгуфт ӯ,— агар дардро аз рӯи маълумотномаи марта-
баю мансаби бемор ташхис кунад, агар аз рафъи дард ман-
фиати худро пеш гузорад, дили устод Тоҷиев озурда мегар-
дид. Агар пай барад, ки илтифоти табиб ба маризи пулу чиз-
дор бештар аст, бинад, ки табиб аз бемор не, бараке бемор ба
ӯ лутфу меҳрубонй дорад, сахт ғамгин мегашт ва гоҳе ба гуф-
тани лафзи дурушт дар ҳаққи ӯ рӯ намегардонд. Ӯ табиби фо-
риғболро «сояхобрав» меномид, ба танбали танпарваре мо-
нанд мекард, ки одатан дар айни долу зарби кори тобистон
дар сояҷое кайф карда мехобад. Сониян, Тоҷиев аз табибоне,
ки дар ҷараёни ҷаррохй ноком шуда, ягона имконияти
мавҷудаи бақои зиндагиро аз даст диҳанд, сахт меранҷид ва
гунаҳашонро асло намебахшид. Табиби бепарворо бадбахтии
ҷаҳони тиб медонист ва го аз кор ронданаш чдзо медод.

- Назари устод ба беадолатй?

- Медонед, боз кадом вақт қаҳру ғазабаш боло мегирифт?
Шунавад. ки табибе қасами Буқротро шикаста, аз бемор риш-
ва мегирад. Гоқе ба ӯ мерасонданд, ки дар фалон ҷо шахсе ас-
лан сихат аст, аммо пора дода, моҳхои дароз варақаи
корношоямй гирифта, аз паи корҳои шахсиаш мегардад, ҳатто
ба истироҳатгохло бо рохлати бепул меравад. Аз ин кирдори
нанговар фиғони ӯ мебаромад. Боре ӯ шунид, ки баъзе таби-
бон аз бемор барои амалиёти ҷаррохди мураккаб ҳазор сӯм
меситондаанд. 4унон дар ғазаб шуд: «Ин чй ҳамоқату чоплӯ-
сй? «Буз дар ғами ҷон, қассобро ғами чарбу». Наҳод номусу
виҷдонро ба бозор андозанд? Нону намаки халқро хӯрда, ба
носипосй роҳ медиҳанд?! Ба идораҳои танобкаш чй шуд, ки
ин хел ришваро ба исбот намерасонанд?» Устод Тоҷиев барои
он ки ин гуна ҳодиса рӯй надиҳад, кору рафтори ҳар як
ҳампешаашро таҳти назорат мегирифт. Ҷои ифтихор аст, ки
ба ин муолиҷагохи ҷарроҳон баъди сари профессор Тоҷиев
номи муборакашро доданд.

- Карру фар, кибру ғурур ва шӯҳратпарастиро хуш на-
дошт,- ба сухани ҳамкасбаш меафзуд ҷарроҳ Ғайрат Худой-

123
додов, ки бо Тоҷиев ҳамкорй дошт. - Дар мачлисҳо ба баьзе
шӯҳратталошон ишоратан мегуфт: «Хомтамаъҳо беҳуда аз
паи шӯҳрат метозанд, бояд худи шӯҳрат аз паи кас биёд. Поли
шӯҳрати қалбакӣ дар рӯи ях аст. Ягона қудрати бузурге, ки
инсонро сарбаланду обрӯманд мегардонад, истеъдоди ӯст...»
Худи устод аз чапшаи ҳамин гуна истеъдод об мехӯрд.

Аз хотираи ҷарроҳ Зоир Рабиев, аз хешовандони шодравон
ягона касе, ки касбашро давом дод: «Бисёрии мо, ҳампешагон,
дар назди азму иродаи ӯ чун шогирд дасту по мехӯрдем. Дар
cap на хаёли шӯҳрат дошт, на фикри ҷоҳу мансаб. Дар як
гӯшаи шаҳр хоксорона мезист. Андешаи беҳбуди қисмати ин-
сон, кушоиши мушкилоти одамон ӯро осуда намегузошт.
Ҳамеша хаёлманду ғарқи андеша мегашт. Касе саволи бечое
диҳаду фикрашро парешон созад, дар чеҳрааш табассум ме-
дамид: «Ман дар чй хаёламу фалак дар чй хаёл?» Боре бо шо-
гирдон аз интизоми қатъии табиб сӯҳбат мегузаронд, ки
ҳамкасби навкорамон пурсид: «Муаллим, ман ҳар рӯз соати
чанд ба кор ояму соати чанд равам?» Тоҷиев ба ин саволи
содалавҳона чунин посух дод: «Ҳар пагоҳ вакти муайян ба
коргоҳ ҳозир шудан ҳатмист, аммо кай аз кор рафтан ба вазъи
муҳит вобаста. Агар вазъият талаб кунад, чандин шабонарӯз
аз беморхона дур намеравем. Фаҳмидй? Танҳо дар ҳамин су-
рат нони табибиро ҳалол мехурем».

Алҳақ, Комил Тоҷиев ҳабиби аҳли дард буд. Усулҳои
муолиҷаи кадимаи Шарқро ба хубй медонист. Бадани бемор-
ро муоина карда, бо ангуштонаш соиш дода, оҳиста-оҳиста
решай дардро меёфту ба муолиҷа мепардохт. Маризро хам бо
дасти шафқат, ҳам бо сухани пурмеҳру муҳаббат шифо ме-
бахшид. ДонишмаНд Шарифчон Ҳусейнзода дар бораи
рафики арҷманди ҷавониаш чунин ҳикоят мекард:

- Боре дар бистари беморӣ мехуфтам. Комилҷон ба сари
болинам омад. Пас аз муоина дар канорам нишаст ва ҳар
даҳза сураташ кушодатар мешуд ва нигоҳаш меҳрубонтар.
Ногоҳ чашмаш ба китоби арабихате афтод, ки назди болинам
меистод.

- Чй мехонй, бародар? - пурсид ӯ.

- Панди ҳакимон,- посух додам.

124
- Ку, бихон, каме ман ҳам шунавам,- хохдш кард ӯ. - Лан-
ди асил - ғизои маънавии руху дил.

- Адабиёти классикиамон ганҷинаи ҳикмат аст. Чй
суханҳои пурмағз гуфтаанд азизони ҷаҳон. Бубин, Комилҷон,
маънии ҳар яки ана ин хикматхо як китоб аст:

Он чист, ки барои мард нанг аст? Гиря.

Он чист, ки камаш ҳам зиёд аст? Беморй.

Он чист, ки қар қадар дароз бошад, кӯтох аст? Умр.

Он чист, ки кӯҳнааш беҳтар аст? Дӯст.

Он чист, ки аз илм бартар аст? Таҷриба.

Он чист, ки инсон хамеша дар ҷустуҷӯяш бошаду вале
ҳаргиз дарнаёбад? Оқибати корҳо.

Бадӣ ба кй бояд кард? Ба нафси худ.

Далели марди ориф чист? Он, ки паи озори кас нагардад.

Кадом сухан аст, ки рост бошад ва дурӯғ намояд? Баёни
рӯзи ҷавонӣ дар пирй ва айшу тавонгарй дар фақирӣ.

Фарзанди нохалаф чй гуна бошад? Чунон ки ангушти ша-
шум. Агар бибуранд, дард кунад ва бигзоранд, айб бувад.

Доруи гунохон чист? Тавба кардан.

Он кист, ки агар сад айб дошта бошад, бар вай айб наги-
ранд? Марди сахй.

Чанд чиз аст, ки андӯхро бибарад? Ду чиз, яке рафиқи
мувофиқ, дувум дидани рӯи дӯстони содиқ...

- Ҳай-хай, қурбони панду хикмати Шарқ шавам. Ҳамааш
аз таҷрибаи зиндагии Ҳазрати Одам. Як ҳарфи беҷояш нест.

- Саломат бош, бародарам! Чунон ки «Таврот» мефармояд,
оғози оғозҳои олам сухан аст, сухан аз офаридгор... Тиб ба
сухан чӣ алоқамандй дорад?

- Ибни Сино ҷаррохиро тадбири охирин мешумурд: аввал
сухан, сонй дорую дармон, сипас ҷарроҳй--- Ё худ Закариёи
Розй мефармуд: «Табиб ба бемор бояд офиятро талқину умед-
вор кунад, гарчи ба он бовар надошта бошад. Мизоҷи бадан
ба ахлоқи руҳ вобаста аст».

- Яъне нахуст қудрати сухан ба кор ояд. Агар аз нигоҳи
гарму муомилаи нарм шифо нахезад, дорую дармон мебояд.
Агар даво хам натиҷаи дилхоҳ надиҳад, умеди охирин аз
ҷарроҳист.

125
Ҷарроҳ бо сарҷунбонй фикри рафиқашро тасдиқ мекард. Аз
наҷобати қиёфа ва ҳолати оромие, ки дошт, маълум мешуд, ки
дилаш аз исрору илтимоси рафиқаш нозук шуда, мисли ин ки
василаи ризояти ӯро ёфта бошад, ба рӯяш нигоҳи ҷаззобе ан-
дохта пурсид:

- Ту зистан мехоҳӣ?

Табассуми маҳзуне кард Ҳусейнзода:

- Агар зистан намехостам, ба шифохонаат намеомадам,
ман бо умеди офият омадам.

Ҷарроҳ якбора нарм-нармак гуфт:

- Бале, инсон бо умед зинда аст, мояи зиндагии мо умед аст,
андешаву орзу, гуфтору кирдори мо ҳамвора ба умед вобаста
аст. Агар инсон аз умед даст кашад, руҳи зиндагй аз тан парвоз
хоҳад кард. Умед иродаро устувор мегардонад, дилро неру ва
ҷонро оромй мебахшад, завқи далерӣ ва бебокӣ меоварад. Am-
mo дили ваҳшатзада ниммурдааст, ки аз кӯшишу набарди
зйндагй насиб надорад. Ман дар замони ҷанг шоҳиди якчанд
ҳодиса шудам. Аз ҷумла, баъзе ҷанговарон, ки захмдор мешу-
данд ва захмашон чандон хавф надошт, сахт тарсида, аз сиҳатй
умед меканданд. Аммо бисёр аскарон, гарчи захмашон сахт ва
хавфноктар буд, талаб мекарданд, ки ба онҳо бештар ёрӣ расо-
нем, то сиҳат шуда, боз бо фашистон ҷангида тавонанд.Ин
маҷрӯҳон, ки дар дил шарораи умед мепарварданд, ба осонй
низ сиҳат меёфтанд. Таре аз ҳама душмани маккор аст, таре
нишонаи ноумедист. Бечора касест, ки даричаи дилро ба
рӯшноии умед бибандад. Умед ва пирӯзй дар маънй яке ва бо
ҳаманд: он, ки таре ва сустии худро аён ва нола мекунад, март
гиребонгири ӯст.Аз таре ранчу бало мехезад. Таре ва ноумедй
заҳрест, ки ширинтарин зиндагиро талх мегардонад. Ба кавли
ҳазрати Алй «бузургтарин гуноҳ таре аст».

Ҳамин сон сӯҳбат доштанд ду алломаи ду соҳаи илм. Ко-
мил Точнее дар миёни сӯҳбат таъкид кард:

- Ба ман дардат маълум. Ризоят деҳ, ҷарроҳӣ кунам,
i Талхадонамро буриданий?

• ' ~ Бале. Бисёр касон бе талхадон зиндагй доранд, баъди
ҷарроҳӣ таҳти Назоратанд. Ту ба таре роҳ надеҳ. Ошноҷон, то
ҷарроҳӣ накунем, дардат басанда намешавад.

126
- Хуллас, ту маро аз заҳра маҳрум карданий. Комилҷон,
бародарам, ту дар давоми фаъолияти худ чанд касро ҷарроҳй
кардан? - пурсид Хусейнзода.

- Нашумурдаамҷавоб дод ҷарроҳ. - Нахустин ҷарроҳии
озмуниро соли 1932 анҷом додам. Аз он вақт то кунун ин бо-
ри вазнинро бар дӯш мебарам. Танҳо дар панҷ соли ҷанг чан-
дин ҳазор маҷрӯҳ аз зери дастам гузашт, рӯзе набуд, ки чан-
дин захмиро ҷарроҳӣ накунам.

- Умрат дароз бод, Комилҷон! Хуб дуои одамонро
гирифтай. Ним аср боз бо нештари ҷарроҳй риштаи дарду
иллатҳоро мебурй. Ту ҷарроҳи сабукдастӣ, дӯстам. Умедво-
рам, ки аз сеҳри панҷаҳоят ман ҳам офият ёбам.

- Иншоолоҳ, ҳамин тур мешавад. «Ихлосу халос».

Сипае Тоҷиев Ҳусейнзодаро ҷаррохй кард, иллати сафро-
яшро рафъ сохту кафили бақои умри ӯ гардид,.

... Сиюми марти соли 1981- рӯзи ҷанозаи Комил Тоҷиев
кӯчаву ҳавлияш дар Душанбе лаболаб буд аз мардум. Чеҳраи
қама андӯқгин. Садҳо нафар конибодомиёни сокини Душанбе,
муаллимони донишкадаҳои олй, хешону пайвандон ва касоне,
ки аз нештари ӯ шифо дидаанд, тобуташро сари даст бардошта,
ба водии хомӯшон бурданд. Вақте ки мархумро ба хок супурда,
аз гӯристон бармегаштем, собик боғбони колхози «Ленин-
град»-и нохияи Конибодом Аъзамҷони Мадалии ҳаштодсола,
ки ба Комил Точнее тағо мешуд, ба яке аз хамсолонащ Ҷӯра
Махкам мегуфт: «Афсӯс, ки Комилҷон барвақт рафт... Вай на-
хустписари Тоҷибой буд. Неъмат ва Исмат ном додарон дошт,
ки хеле бармаҳал аз дунё гузаштанд. Ҳоло ягона хохараш боқӣ
монд. Ёд доред, падари муллобачаи дӯкондораш солҳои бис-
тум дар дасти Мирзо Бердй ном давлатманде хизмат мекард.
Ӯро «Тоҷибои вагончй» меномиданд, зеро дар истгоҳи роҳи
оҳан чои кор дошт. Тоҷибой дар тарбияи писараш хеле заҳмат
кашиду дарего, ки роҳаташро надида рафт. Комилҷон баъд аз
сари Тоҷибой маро падар мехонд. Ҳар сол чанд бор ба дидори
яқдигар мерасидем. Худорахматй ба хабаргириям ояд, хдвлиам
ба тӯйхона табдил меёфт. Аксари табибони шаҳр (хусуеан Тур-
сун Шамсию Валламии Шариф) ба дидорбиниаш омада,
сӯхбатҳои ширин меоростанд...»

127
Ҷӯра Маҳкам сухани рафиқашро қувват дод:

- Афсӯси умри кӯтохи одамӣ! Он ҳама рӯзҳои неку
инсонҳои ба дил наздик хобу хаёл барин гузаштанд!
Комилҷон ману писарамро низ ҷарроҳй карда буд...

Аъзамҷони Мадалӣ оҳе кашиду оби чашмашро пок кард.

- Оҳ, Комил, Комил! Инсони комил будй, беғаразу покдил
будй, табиби фозил будӣ. Ним аср ҷарроҳӣ кардию маризонро
аз чанголи марг вораҳонидй. Ҷоят ҷаннат бод!

Шогирди донишкадаи тиббии шаҳри Маскав Комил
Тоҷиев фаъолияти меҳнатиашро аз мудйрии пойгоҳи тиббии
коргоҳи пахтаи Конибодом оғоз намуда, панҷ сол дар кӯраи
Ҷанги Бузурги Ватанӣ обу тоб ёфт. Ба мушкилиҳои давраи
донишомӯзй, ба ҳама гармию сардии айёме, ки «падараш
марди давлатманд буд» гӯён муддате ба ӯ кори дуруст наме-
доданд, мардона тоб овард.

Ба ин минвол, тоҷикписари лаёқатманд Комил Тоҷиев дар
маҳаллаи Гумбазии шаҳри Конибодом ба дунё омада, аввал
дар Мадраса, сонӣ дар мактабҳои шӯравй сабақ гирифта, бо
гузашти вақт тавассути ақлу хиради фитрӣ ва заҳматҳои
тӯлонй то ба мартабаи ректори донишгоҳи тиббӣ расид ва ун-
вони академикй гирифт. Вай аз зумраи кашшофони ҳифзус-
сиҳҳати мо буд. Басе бузургони замон ба заковаташ cap фуруд
меоварданд, аз қобилияти баланди идоравӣ ва шуҷоати фит-
риаш сабақ мегирифтанд. Онҳо медонистанд, ки дар меҳвари
тадқиқоти илмии ӯ масъалаҳои чарроҳии дилу рагҳо, шуш,
ҷоғари тиреоктоксикй, татбиқи усулҳои муосири ташхиси
нуқси ғайримодарзодии дил ва ғайра қарор доштанд.
Хизматҳои арзандааш дар рушди илми тибби тоҷик ва тарби-
яи мутахассисон бо орденҳои Ленин, «Дӯстии халқҳо», «Си-
тораи Сурх», «Ҷанги Ватанӣ» (дараҷаи 1 ва 2), ду ордени
«Нишони Фахрӣ» ва нишонҳои бисёре такдир гардидаанд.
Вай борҳо вакили халқии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
интихоб шуда буд.

.J. Баҳори соли 1989 ба бахши ҷарроҳии дил ва нгуши
Донишгоҳи тиббии Душанбе номи Т оҷиевро до да, дар девори
бинояш ёдгории мармарин гузоштанд бо чунин навиштаҷот:
«Комил Тоҷиев (25.10.1910, Конибодом - 30.03.1981, Душан-

128
бе), доктори ил ми тиб, профессор, узви пайвастаи АИ
Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм, дорандаи Ҷоизаи давлатии
ҷумҳурӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Бунёдгузори мактаби
ҷарроҳии дил ва шуш дар Трдикистон»

... Соли 1990 ҳамшаҳриёни ҷарроҳ низ ҳиммат варзида, хо-
тираи ин фидоии тиббу табобатро абадй гардонданд. Бар
пештоқи даромадгоҳи щифохонаи марказии шаҳрашон чунин
овеза насб гардид: «Маркази тиббии шаҳри Конибодом ба
номи академик Комил Тоҷиев». ,

Ope, ӯ шоистаи ҳама гуна эъзозу эҳтиром буд. Ҳамдиёрон
ба ифтихори 100-солагии Комил Тоҷйев барои гузоштани
нимпайкараи ӯ икдом варзиданд. Ин нобиғаи тибб ҳамаи умр
дар шоҳроҳи фаъолияташ аз маънии байти зерини
Абулқосими Фирдавсй тӯшаи маънавй мепардохт:

Набошад ҳама пеку бад пойдор,

Ҳамон беҳ, ки некй бувад ёдгор!

ДУХТАРИ ИБНИ СИНО

ТТТяхр ба хоб рафтааст. Чароғи аксар хонаҳо хомӯш.
Саъдинисо дар сари мизи кор охирин саҳифаҳои асари нави
илмиашрр менависад. Тадқиқоти тозаи ӯ дойр ба таркиби ху-
ни зани ҳомила ас г. Мусаввадаро бори дигар таҳрир ва покна-
вис мекунад... Баъд рисолаи яке аз шогирдонашро хонда, дар
ҳошияи варақҳо андешаҳояшро менависад. Ҳангоми мутолиа
гоҳ қаноатмандона табассум менамояд, гоҳ ба каъри баҳри
хаёлот фурӯ меравад. Дойр ба рисола маслиҳат ва фикрашро
сабт мекунад. Чашмаш ба мактуби яке аз ҳампешагони
хориҷиаш - олими чех меафтад. км ба он ҳам бойд ҷавоб би-
нависад. Аз дур чеғи хурӯсе ба гӯш мерасад. Сипае ӯ аз ҷой
бархоставу муддате гардиш карда, каме дам мегирад... Ба
дарсҳои навбатй, ба вохӯриҳои нав бо шогирдонаш тайёрй
мебинад. Китоб, рӯзнома ва маҷаллахоро: варак мегардонад.
Ба гайр аз ин, мебоист оид ба вазъияти номатлуби баъзе
таваллудхонаҳо ба идораҳои болой дархост бинависад...

Охир, Саъдинисо Ҳакимова бақои авлоди одамиро пайва-
ста дар мадди назар дошт. Барои имрӯзу фардои миллаташ,

129
барои солимии ҷомиа, барои такдири модарон ва кудакон чун
шамъ месӯхт.

...Замоне модари у Оишахон ба оламу одам аз зери чаш-
мбанди фаранҷӣ менигарист. Дар ҳамсоягии онҳо зане мезист,
ки каму беш хату савод дошт. Шабҳои дарози зимистон ба
манзили он зан духтарон ва бонувони ҳамсоя чамъ омада,
байту ғазал ва хдкояту масал мешуниданд. Дар миёни онҳо
Оишахон низ буд, ки ғайр аз забони модарй, инчунин
ӯзбекию тоториро низ медонист. Ана, хамин Оишахони
китобдӯст бисер мехост, ки фарзандонаш мактаб хонанду ха-
ту савод бароранд. Гавассути саъю талошҳои зиёд ин орзуи у
ҷомаи амал пӯшид.

Ибтидои солҳои сиюм оилаашон аз деҳаи Пулодони Кони-
бодом ба пойтахти ҷумхурй кӯчид. Соли 1935, вакде ки
Саъдинисои дувоздаҳсола ба курси тайёрии мактаби тиб до-
хил шуд, ба забони русй фикрашро бо душворй баён мекард.
Дар муддати кӯтоҳ забони русиро хуб омӯхт ва ҳуҷҷатҳояшро
ба Донишкадаи навбунёди тиббии ҷумҳурӣ супурд. Басе
асарҳои алломапизишкони оламро мутолиа ва муҳокима кард
ва дарёфт, ки илми тиб, азбаски ҳаёти инсонро муҳофизат ме-
кунад, муҳимтарини илмҳост.

Саъдинисо Ҳакимова соли 1943 донишгохи тиббиро хатм
карда, дар шароити вазнин се сол чун сардори шуъбаи
нигахдории тандурустии вилояти Қӯрғонтеппа фаъолият на-
муд. Вақте ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ анҷом ёфт, ӯ боз аз паи
донишандӯзӣ афтод. Аз соли 1946 то соли 1950 дар аспиран-
тураи Пажуҳишгоҳи акушерй ва гинекологии Академияи
илмҳои тибби шаҳри Маскав таълим гирифт. Захматҳояш са-
мараи хуб овард. Баҳори соли 1950 рисолаи номзади хдмоя
кард. Кори илмии ӯ дойр ба масъалаи дар ҳолатҳои мухталиф
ба дунё омадани тифлон таваҷҷӯқи олимон ва мутахассисонро
ба худ каш ид.

Олима бо мурури вақт дойр ба ин мавзӯъ тадқиқоти илми-
ашро идома медод ва назарияро бо амалия мепайваст. Зарура-
ти ҳалли минбаъдаи масъала ӯро ором намегузошт. Ин буд, ки
аз соли 1951 то соли 1957 таҳсилро дар докторантура идома
дод ва перомуни ҳомила ва таваллуди тифл тадқиқоти тозае

130
ба анҷом расонд.Тадқиқоти ӯ дар таҳлили иллати ғадуди бат-
ни зан хеле муҳим буд. Ҳакимова соли 1958 рисолаашро дар
мавзӯи «Фаъолияти асаб ва ғадудҳо ҳангоми валодат» дифоъ
кард ва сазовори унвони доктори илми тиб гардид. Вай дар ин
тадқиқоташ нуктаҳои ба илми тиб номаълумро кашф кард.
Баъзан тифлон ба ҷои он ки дар ҳафтаи чилум ба дунё оянд,
дар ҳафтаи чилудуюм ё чилусеюм ё баръакс ду-се ҳафта пеш
аз мӯхдат таваллуд меёбанд. Гоҳе вазни тифл аз меъёри
муқаррарӣ хеле зиёд, ё баръакс кам мешавад. Сабаб чист, ки
чунин тазод ба амал меояд? Саъдинисо Ҳакимова дар рисолаи
докториаш перомуни ҳамин масъалаи мушкил андешаи амик
баён карда, роҳҳои табобати бемории ғадуди батни занро хеле
дақиқ нишон дод. Ба ин тадқиқоти ӯ мутахассисони маъруф,
аз ҷумла академики Академияи илмҳои тибби Иттиқоди
Шӯравй Петр Кузмич Анохин, ки аз охирин шогирдони
ҳакими ҳозиқ Иван Петрович Павловский буд, баҳои баланд
доданд.

Басе асарҳои илмии профессор Ҳакимова раҳнамои мута-
хассисони тиб гардидаанд. Махсусан, асари ӯ «Асосҳои амро-
зи занон», ки дар он роҷеъ ба қазияҳои муҳимми илМй тибби
муосир ва бештар дар масъалаҳои мбмодоягӣ фикрҳбй йав ва
хулосаҳои бикрй муаллиф ҷамъбаст гардидаанд, ҷолиби
диққат аст. Ин китоб до ниши муаллифро оид ба ҳамаи
воситаҳои муолиҷаи бемории занхо. акидахо ва тафаккуроти
ӯро дойр ба назария ва амклйяи тиб дарбар гирифта, ба дасту-
ри амалии момодояҳо табдил ёфтааст.

Олима тавассути дастуру йаслйхатхои илмиаш нақши му-
раббии волидайни ҷавонро бозйд. Беш аз 65 сол аст, ки занҳо
барой дарёфтй маслиҳат ба назди ӯ меоянд. Ҷавонзане
фаҳмиданист, ки оё тйфл дар батни модар овози берунаро
дарк мекунад ё на? ' ! : :

— Албатта, мефахмад, — посух медиҳад Хдкимова. — (Сай-
мон дойр ба ташаккули буняи инсон бисёр тадкикот бурда, ба
хулосае омадаанд, ки тифл баъди шаш мохи дар батни модар
инкишоф ёфтан садои берунаро мешунавад, овози падару мо-
дари худро аз дигар овозҳо фарқ мекунад.1' Инчунин овози
мусиқиро фаҳмида, ба он таваҷчӯҳ зоҳир менамояд. Масалан,

131
агар мусиқии ороми классикиро шунавонед, кӯдак ором ме-
шавад ва агар эстрадии ҷазро шунавад, пойҳояшро
меҷунбонад. Дирижёри оркестри симфонии филармонияи Он-
тарио, профессор Брис Бротт рӯзе мусиқии наверо дар ор-
кестр дирижёрӣ мекард, нохост қисми виолончелии асар ба у
шинос намуд. Вай адворро варақ назада, давоми мусиқи ба
хотираш меомад. Ба хона омад, ба модараш, ки виолончелна-
воз буд, ин ҳодисаро гуфт. Вақте ки хамон кисми асарро ба
модараш навохт, ҳамааш аён шуд. Модар гуфт, ки ин асарро
ҳангоми дар батн будани ӯ менавохт ва он дар хотираш
махфуз мондааст...

Нахустхомилае мепурсад:

- Саъдинисо Ҳафизовна, мегӯянд, ки хулқу хӯи одам аввал
дар батни модар инкишоф меёбад, оё ин дуруст аст?

- Ҳақ асту рост,- ҷавоб медиҳад олима. - Чунон ки тадқиқот
нишон додааст, хиссиёти тарсу харос, дуст доштан, ё бад дидан
- ҳамаи он чӣ, ки ба шахсияти инсон хос аст, кулли эҳсоси
олами беруна дар вуҷуди модар тавлид меёбад. Доктор Гер-
хард Ротман (аз дорулфунуни Залсбург) чандин карат тадқиқот
гузаронда, ба хулоса омадааст, ки рафтору кирдори зани
хомила ба тифлаки батнаш таъсири калон мерасонад. Доктор
барои исботи ин ақида мизоҷонашро ба чаҳор гурӯҳ тақсим
кард. Якум: заноне, ки кӯдакдор шудан мехоҳанд ва тавлиди
онро бесаброна интизоранд. Давраи хомилаи чунин занҳо без-
арару бехатар гузашта, тифл низ бардаму солим ба дунё меояд.
Дуюм: заноне, ки фарзанд намехоҳанд, давраи дуҷониашон
вазнин гузашта, аксаран наели чала ё ношуд ба дунё меоранд.
Сеюм: занҳои «дурӯя», онҳое ки аз таваллуди кӯдак зоҳиран
шоданду ботинан ғамгин. Гифли батни онҳо ҳамин ҳиссиёти
дуруягиро эҳсос мекунад. Вақте ки ба дунё омада, ба камол
мерасад, дуруягӣ хоси табиати ӯ мешавад. Чорум: занҳое, ки бо
сабаби (аз боиси таҳсил, кор, шароити моддй) пайдоиши
кӯдакро намехоҳанд, вале ба таваллуд шуданаш муқобил ҳам
нестанд. Кӯдакони чунин занхо хотирпарешон ва суету бегам
мешаванд. Пизишки швед Петер Федор Фрейберг воқиаи
аҷоиберо тадқиқ кардааст. Навзоде синаи модарро намегирад.
Табибон аз ин хол дар хдйрат монда, аз модар сабаб мепурсанд.

132
Маълум мешавад, ки ӯ кӯдакро нахоста, исқоти ҳамл карданӣ
будааст. Тифл ин нияти номатлуби занро пай бурда, нисбат ба
худ нафрат карда, баьди таваллуд аз синаи модар рӯй тофтааст.

—Муносибати хуби зану шавҳар,- таъкид мекунад табиби
ҳозиқ,— барои сиххату солим ба дунё омадани тифл аҳамияти
бағоят бузург дорад. Чунончй, вақти бад будани муносибати
зану шавҳар тифл аз ҷиҳати физиологӣ сусту заиф ва иллат-
дор ба ҷаҳон меояд. Падар бояд дар давраи дуҷоний зан ин
ҷиҳати масъаларо махсусан ба ҳисоб бигирад...

Профессор ба саволҳои модарони камхун ҷавоб дода, ба
онҳо масъаларо пуртоқатона ва бурдборона мефаҳмонад:

— Аз хотир набароред: танҳо аз модари солим кӯдаки солим
мерӯяд. Илми тиб дурустии ин ақидаро кайҳо исбот кардааст.
Дар ҷумҳурии мо қариб нисфи занони ҳомила гирифтори илла-
ти камхунианд. Боиси ин иллат дар чист? Бештар аз ҳаштод
дар сади занҳо шир ба шир таваллуд мекунанд. Бешубҳа, зано-
не, ки соҳиби 10-12 фарзанд ҳастанд, бармаҳал пир мешаванд.
Ҳамли паёпай ҳусну тароват ва саломатии модарро рабуда, бе-
мадору бемор мегардонад ӯро. Дар таркиби ҷисми инсон 4-4,5
грамм оҳан ҳаст, ки манбаи асосии пайдоиши хун мебошад.Аз
ин лиҳоз, дар таркиби ҳуҷайраҳои сурхи хун (эритросит) 2-2,5
грамм оҳан мавҷуд аст, ки барои ҳосили гемоглобин ёрй мера-
сонад. Дар давоми нӯҳ моҳи дуҷонй зан аз манбаи захираи
ҷисмаш то 1,5 грамм оҳанро ба ҳамлаш медиҳад. Аз ин ним
граммаш барои афзоиши гемоглобини хуни ҷанин меравад. За-
ни ҳомила аз чисми худ намаки оҳакро, ки микдораш чандон
зиёд нест, ҳамвора барои устухонбандии ҷанин сарф мекунад.
Зойиши шир ба шир устухони ӯро дардманд ва аксаран аз дан-
дони солим низ маҳрум месозад.

Барои андӯхтани оҳану намаки оҳак ва дигар гизоҳои
зарурӣ (сафеда, витаминҳо) моҳҳои дароз лозим мешавад. Ин
ҳам ба шарте, ки зан мунтазам таоми серғизову витаминдор
истеъмол кунад. Яъне волидайн бояд хуб дар хотир доранд, ки
баъди таваллуд барои пурра карданы ҷои моддаҳои сарфшуда
аз дуним то се сол мӯҳлат зарур аст. Мутаассифона, аксари
ҷавонзанҳо ҳангоми ҳомила ва баъди зоиш ба мизону меъёри
хӯрокхӯрй риоя намекунанд ва гирифтори камхунй мешаванд.

133
Барой занлои ҳомила рӯзадорӣ хилофи шариат аст. Модари
рӯзадор ҳамли худро бо ғизоҳои зарурй таъмин карда намета-
вонад. Ҷисм аз костагй заиф ва боиси камхунию вайронии
мубодилаи моддақо шуда, ба пайдоиши дигар касалиҳо низ
роҳ мекушояд. Баъзе занҳои камхун моҳҳои охирини
ҳомилагй ба касалии заҳролудӣ (токсикоз) гирифтор меша-
ванд. Баъди моҳи ҳафтум пой, дасту рӯй ва баданашон вара-
мида, фишори хун баланду кори гурдақо сует мегардад. Гоқе
занқо бар асари хунравй оқибат мефавтанд.

Модари солим қабл аз таваллуд дар ҷисмаш ғизо ва
моддаҳои зарурй меандӯзад, вале занони камхун аз ин имкон
махру манд. Чоряки занҳои камхун пеш аз мухдат - ҳафтаҳои
29-30-юм таваллуд мекунанд. Гурӯхе аз занон дар рузҳои ав-
вали таваллуд ба камширй гирифтор мешаванд. Аз ин ру, ак-
сар кӯдакони норасидаи лоғару заиф ғӯрамарг мегарданд. Дар
шахру дехоти Тоҷикистон бештар занхоеро мебинам, ки дар
дасташон кӯдаки нӯҳмохаву дар батнашон хамли ҳафтмоҳа
доранд, - мегӯяд Ҳакимова. - Ба ҳолашон дилам месузад.
Аммо онҳоро сад дар сад гунахкор намеҳисобам, зеро маъри-
фати иҷтимоӣ ханӯз паст аст. Ҷавонон фаромуш накунанд, ки
сабаби солимии тифлакашон дар дасти худи онхост...

Саъдинисо Ҳакимова аз бурду бохти илми момодояги,
масъалаҳои ҳаёту мамоти кӯдак, муаммоҳои муҳофизати мо-
дар ва ҳалли онхо бо камоли дилсӯзи харф мезанад.

- Қазияҳои иҷтимоию иқтисодӣ бисёранд, вале дар миёни
ОНХ9 қазияҳое хастанд, ки дидани чорахои таъҷилиро такозо
мекунанд,- мегӯяд ӯ. — Ман аз рӯи ихтисос зиёдтар аз шаст
соли >мрамро ба ҳифзи сиҳҳатии модару кӯдак бахщидаам.
Бино бар ин, то чӣ андоза ҳақ будани ин суханонро ман надо-
нам, кй медонад? Ба тақдири модару кудаки тоҷик дили ман
насӯзад, дили кӣ месӯзад?!

Дар тамоми ҷахон фавти кӯдакон чун мизоне дониста ме-
шавад, ки савияи тараққиёти иҷтимоию иқгисодиро нишон
медиҳад.Дар айни замон вай хомили хатмии дараҷаи баланди
тавлид низ мебошад. Дар ҳамаи замонхо кӯдакон таваллуд
меёфтанду вафот мекарданд. «Худо худаш доду худаш ги-
рифт»- худро тасалло медоданд модарони гирифтори ғаму

134
гусса. Аз бист кӯдаки навзод чор ё ттанҷ нафарашон зинда ме-
монданду бас. Серфарзандй дар навоҳию деҳоти Тоҷикистон
баъди солҳои 1950-1955 арзи вуҷуд кард. Сиёсати
барқарорсозии шумораи аҳолӣ боиси вусъати раванди
демографӣ (соҳаи омор, ки таркибу миқдор ва афзоиши
аҳолиро меомӯзад) гардид. Вай моро дар ғафлат ёфт. Он
солҳо хатой дағалтарине cap зад: тавлиди фарзандро тарафдо-
рию дастгирй намуда, мебоист дар хусуси заминай моддй низ
меандешидем. Албатта, баъдан ба хуш омадем, вале корҳое,
ки дар ин бобат ба ҷо овардем, тамоман ғайрикифоя буданд...

Саъдинисо Ҳакимова шири модарони навзоидаи ноҳияҳои
пахтакори ҷумҳуриро мавриди тахдил қарор дода, дар тарки-
баш моддаи заҳрогини ДДТ-ро, ки барои баргрезонии пахта-
зор истифода мегардид, ошкор сохт. Ин дар таҷрибаи ҷаҳонй
ҳодисаи фавқулоддае буд. Созмони бонуфузи байналмилалии
ҳифзи сиҳҳати омма мавриди истифода қарор додани ин мод-
даи заҳрогинро қатъиян манъ мекард. Профессор ба назди ко-
тиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов рафта, дар
ин хусус далелҳо ва санадҳои раднопазирро манзур гардонд.

- Мӯҳтарам Ҷаббор Расулович,- гуфт профессор,- ман
чанд вақт дар пахтазори водии Вахш будам. Аз болои сари
модарону кӯдакон доруи заҳрогин мепошанд. Дар паҳлуи
ниҳолони пахта тифлони побараҳна мегарданд. Дар ноҳияҳо
вазъи бехдошту экологй ва тиббй ба дараҷаи ниҳоят паст аст.
Маҳсусан обҳои ифлос ва заҳролуд душмани қаттоли мардум
мебошанд. То кай Тоҷикистон аз ҷиҳати фавти тифлон дар
Иттифоқ яке аз ҷойҳои аввалро мегирад? То кай пахта барои
бачаҳои деҳот ва модарони онҳо боиси бадбахтй мегардад? То
кай бисёр роҳбарон товони ноӯхдабароии худро аз ҳисоби
меҳнати бачаҳо меситонанд? То ба кай дар ноҳия тифи ши-
кампеч ва дигар бемориҳои гузаранда авҷ мегиранд? То кай
духтарону писарон мубталои бемории сил мешаванд?
Баҳисобгирии (таҳқиқи) пинҳонӣ шаҳодат медиҳад, ки дар
ноҳияҳои Вахшу Ҷиликӯл ва Восею Қумсангир дар як гектар
кишт ба ҳисоби миёна 35 кило пестисид (меъёри миёнаи мам-
лакат 3 кило) истифода мебаранд. Охир, дар ҳамаи
мамлакатҳо истифодаи пестисидро қонунгузорй ба тартиб ан-

135
дохтааст.Чаро дар Тоҷикистон ба ин ҷиноят pox, мсдиҳанд?
Давом дод суханашро Ҳакимова. — Ё чунин касони «дастку-
шод» меваю сабзавотро аз қитъаи замини бедору мехӯранд?
Барой чй ин ҳама бадбахтии мудҳиш - фавти тифлону мода-
ронро дидаву дониста тағофул мекунем? Ҷаббор Расулович,
тадқиқот нишон дод, ки моддаҳои заҳрогини ба шири мода-
рон дохилшуда ба сиҳҳатии тифлони ширхора таъсири
мӯхдик дорад, ба чашму пӯст, узвҳои нафас ва ҳозима зарар
мерасонад. Ҷисми заифу пурдард ба кй лозим? Дар чунин
вазъият такдири миллати тоҷик ба чй меанҷомад?..

— Мефаҳмам, хонум, аммо ман мадад расонда наметаво-
нам,— посух медиҳад Расулов. - Иҷрои план муҳимтар аз ҳама
чиз аст. Шумо сиёсати ҳизбро намефаҳмед магар? Оё намедо-
нед, ки пахта маводи стратегист?

Саъдинисо дид, ки об аз cap лой аст, маъюсу маҳзун аз на-
здй Расулов бадар рафт ва дигар ба КМ наомад.

Аз ин ҳодиса чанде пештар бо котиби КМ Гулҷаҳон
Бобосодиқова низ перомуни ин масъала гапи Ҳакимова гу-
рехта буд. Аҷабо, барон роҳбарон ояндаи миллат мухимтар ё
ҳосили пахта? — мегуфт ӯ бо алам. — Кӯдакон аз ҷӯе об
мехӯранд, ки микроб мавҷ мезанад. Лӯлаи об нест. Мардум аз
чашу гарди заҳромез нафастанг шудаанд. Аммо роҳбарон гуё
инро намебинанд ва эҳсос намекунанд. Додамро ба кй гӯям?!

Сипае сарвари Пажӯҳишгоҳи хифзи модару кудак Саъди-
нисо Ҳакимова ба Маскав рафта, аз роҳбарони Марказ мадад
хост. Ба маҷаплаи умумииттифоқии «Акушерство и гинеколо-
гия» мақола навишта, рӯзгори талхи модарону кудакони
ноҳияҳои пахтакори Точ;икистонро нишон дод ва аз фардои
тираву торашон бонги хатар зад...

— Аз рӯи маълумоти мо,— меафзуд профессор,- фавти на-
взодон дар мавриди таваллуди фарзанди якум ба ҳар ҳазор зан
80 ва дар мавриди таваллуди фарзанди ҳаштуму нуҳум то 73
кӯдакро ташкил медиҳад. Теъдоди тавлиди кӯдаки фавтида
низ зиёд буда, оқибати заифу беҳол шудани бунияи модар аст.

— Оё аз ин кӯчаи сарбаста илоҷи баромадан ҳаст?

— Ope, штоҷи ягона тарҳрезии барномаи саҳеҳи тараққиёти
иҷтимоию иқтисодӣ, умури банақшагирии оила аст. Бидуни

136
он пеш намеравем ва фавти кӯдакон меафзояд. Бояд бигӯям,
ки аз мафхуми «танзими оила» мардуми мо эҳсоси нохушй
мекунанд. Сабаб чӣ бошад, ки онро чун маҷбуран кам карда-
ни тавлиди фарзанд мефаҳманд? Ҳол он ки дар ҷаҳон
мафҳуми «танзими оила» як маъно дорад: бехдошти сихдатии
модар ва тавлиди фарзанди солим бо роқи фосилаи муайяне
байни таваллуд. Дар амал чй хел аст? Дар баъзе нохдяҳои
дурдаст 15 дар сади занон дар ҳар 11-12 моҳ таваллуд меку-
нанд. Фақат дар баъзе мавридҳо ин фосила то якуним сол зиёд
мешавад. Бо ҳамин минвол модари бечора муддати бист сол
ва аз ин бештар ба як фарзандаш пистон медиҳаду дигарашро
дар батнаш мепарварад, на аз хоб сер мешаваду на аз ғизо, на
истироҳат дораду на оромӣ. Ҳатто оҳану пӯлод ба ин бори
сангин тоб намеоварад.

- Аз касалиҳое, ки аз наел ба наел мегузаранд, сахт дар из-
тиробамгуфт боре Ҳакимова. - Илми ҳозираи тиб бештар аз
2500 навъи бемории ирей (генетикй)-ро медонад. Илм барои
табобати аксари кулли ин бемориҳо қодир нест ва усулҳои
самарабахши ин корро ҳанӯз кашф накардааст. Мо наслҳои
ояндаро аз беморщои ирсӣ танҳо бо роҳи барҳам доданы
никоҳи хешони наздик эмин дошта метавонем. Ин никоҳро
қонун низ манъ менамояд. Гӯё ҳама чиз маълум аст. Вале дар
ҳаёт аксаран акси ин рӯй медиҳад. Идораҳои марбута пеши
роҳи никохи хешовандонро намегиранд. Бино бар ин, дар
деҳот ин навъи никоҳ ривоҷ ёфта, боиси бадбахтиҳо мегардад.
Волидайн дуруст фикр накарда, амакбачаҳо ва ё холабачаҳоро
ба ҳамдигар хонадор мекунанд. Кормандони Пажӯқишгоҳи
тадқиқоти илмии модар ва кӯдаки Тоҷикистон солҳои 1983-
1985 аҳолии ноҳияи Ҳисорро, ки аз гурӯққои гуногуни этники
иборатанд, аз назар гузаронида, бемориҳои ирсиро муоина
карданд. 275 оила ба қайди махсус гирифта шуд, ки дар онҳо
2-3 нафарй ба бемориқои ирей гирифторанд ва дар айни замон
дар ин оилаҳо ду ва бештар аз он навъҳои ин бемори ошкор
гардиданд. Дар се оила ду-се нафарӣ кӯдак аз бемории табо-
батнопазири ирсй кӯр мешаванд. Дар 11 оилаи барлосу лақай
25 кӯдаки ноқисулақл ба қайд гирифта шуд. Падару модари
ҳамаи ин кӯдакон амакбачаю тағобача мебошанд... Дар

137
ноҳияи Файзобод низ кӯдакони ноқисулақлро ба қайд гириф-
тем, ки аз оқибати издивоҷи хешовандист... Дар Шаҳритус
зану шавҳар - амакбачаҳо шаш кӯдаки худро аз даст доданд,
ки ин натиҷаи касалии ирсй буда, табобаташ ғайриимкон
аст... Дар Конибодом низ чунин оилаҳои хешовандон
ҳастанд... Ин беморӣ дар рӯзи нахустини таваллуди кӯдак дар
шакли зардпарвин зоҳир мегардад.

- Маълум, ки кӯдакони носолим ҳам барои оила, ҳам барои
давлат бори гаронанд. Бояд мардум садди роҳи ин бадбахтӣ
гарданд.

- Бале. Аҳолиро аз оқибатҳои никоҳи хешовандӣ
огоҳонида ва ё нуктаҳои қонунгузории мавҷударо пурра риоя
намуда, ба дунё омадани чунин тифлонро пешгирӣ кардан
мумкин. Мутаассифона, имрӯз ҳам ину ҳам он ба ҷо оварда
намешавад. Кй ҳисоб карда метавонад, ки барои нигохубини
чунин тифлони маслуқ, ки шумораи онҳо торафт меафзояд ва
ҳам боиси бадбахтии худи кӯдаку ҳам хешонаш аст, чй қадар
пул харч мешавад? Ин масъалаи тезутунд ба манфиати ҳамаи
аъзои ҷамъият дахл менамояд. Вале чаро аҳли ҷамъият
хомӯшанд?

- Оё гоҳе аз коратон эҳсоси хурсандӣ кардаед? - пурсидам
аз профессор Ҳакимова.

- Як мисол меорам, - посух дод ӯ. - Ҷавонзане чандин сол
безурриёт буд. Лозим омад, ки чанд вақт ӯро табобат ва сипас
ҷарроҳӣ кунам. Дар натиҷа ӯ фарзанд ёфт. Акнун ҳар гоҳ, ки
дар кӯчаву хиёбонҳо ӯро бо ду кӯдакаш бинам, беҳад хурсанд
мешавам, ки ба эҳёи чунин мӯъҷиза қодир будаам. Бо ин мо-
дари хушбахт сӯҳбат карда, як ҷаҳон миннатдорӣ мешунавам.
Хонаводаи бисёр ашхосе, ки умре дар ғами фарзандёбй бу-
данд, аз хандаи тифлон пур аст. Ман худро шарики хурсандии
ин хонаводаҳо медонам.

Профессор Ҳакимова борҳо ба хориҷа сафар карда, бо до-
нишмандони номӣ ва тарзи муолиҷаи беморон ошно шуда, аз
минбари анҷуману маҷлисхои бонуфузи байналхалқӣ дар
мавзӯъҳои амрози мухталифи занҳо маърӯза мекард. Доир ба
табобати маризии мураккаби батни модар бурхону далели зи-
ёд оварда, аҳди тибро аз бозёфтҳояш воқиф месохт. Ба каш-

138
фиёти ин олимаи тоҷик раиси Анҷумани байналхалқии
гинекологқо, профессори Университета шаҳри Женева Де
Вотевил бақои баланд дода, онро «эъҷози ақлу заковати зани
Шарқ» номида буд.

Дар тӯли даҳсолаҳои асри бист дар Тоҷикистон чандин
ҷамъомади илмй баргузор гардид, ки яке аз онҳо конфронси
соли 1964 бахшида ба масъалаи физиология ва патологияи
низоми эндокрини зан мебошад. Саъдинисо Ҳакимова —
созмондеҳи конфронси мазкур дар ҳамин мавзӯъ ҷавҳари
мақсадашро ба диққати ахди илм пешкаш кард... Сонй соли
1970 таҳти роҳбарии ӯ нахустин анҷумани момодояҳову та-
бибони амрози занҳо - акушеру гинекологҳои ҷумхурӣ баргу-
зор шуд, ки ба ҳалли бисёр масъалаҳо асос гузошт... Охири
бақори соли 1986 Ҳакимова дар анҷумани дуюми акушеру
гинекологҳо изҳор кард, ки баъди анҷумани якум нигахдории
тандурустӣ хеле инкишоф ёфта, ба пайдоиши муассисаҳои
муҳофизати сиҳҳатмандии модару кӯдак замина ба вучуд
омад.

Баргу зории анҷуманҳои якуму дуюми акушеру

гинекологҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, гузаронидани
як қатор ҷамъомаду ҷаласаҳои бошукӯҳи ҷумҳурию иттифоқи
ва байналмилалӣ, ки онҳо доимо ҷолиби диққати ахди
ҷамъияти илмӣ мегардиданд, ҳама аз саъю талоши ин ҳакими
дақиқназар шаҳодат медиҳанд.Он тадбирҳои нодир дар
натиҷаи ҷидду ҷахд ва амалияи ташкилотчигии олимаи мум-
тоз Саъдинисо Ҳакимова ба вуқӯъ омадаанд. Тоҷикон хидма-
ти бузурги ин вориси Ибни Синоро, ки таълимоти тиббии
ҳифзи модару кӯдакро ба роҳ монд, фаромӯш нахоҳанд кард.

Саъдинисо Ҳакимова муаллифи бештар аз сад асари илмй,
узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи русии «Акушерство и гине-
кология», муаллифи мақолаҳои соҳавии нашрияҳои мӯътамад,
ба монанди: Қомуси Калони Шӯравй, Қомуси Шӯравии Тоҷик
ва муҳаррири даҳхо осори тиббӣ мебошад.

Охир, ӯ боз модаркалон ҳам ҳаст. Дар ҳалқаи фарзандон
нишаста, аз кайфияти наберадорй бархурдор аст. Писараш
Ҳакимҷон Икромов доктори илмҳои физика ва математика,
профессори факултаи математикаи ҳисоббарорӣ ва киберне-

139
тикаи Донишгоҳи давлатии Москва аст. Духтараш Дилбар
таълими консерваторияи Москваро гирифта, чун пионинона-
вози моҳир шӯҳрати ҷаҳонй дорад. Худи Ҳакимова низ дил-
бохтаи санъат, ошиқи мусиқии классикист.Шашмақомро
вахдати навоҳои Шарқ медонад ва бо эҳсоси амиқ мешунавад.
«Барно Исҳоқова ва Шашмақом ҳар ду ба як маъност»-
мегӯяд ӯ. Бегумон, мусиқидӯстии Ҳакимова ирсӣ аст, зеро
бобои ӯ Муллоҳакими Ҳофиз мутриби машхуре буд дар заме-
ни худ.

Номбурда, ки аз соли 1958 то соли 1980 сарварии кафедраи
амрози занонаи Донишкадаи давлатии тиббии Душанбе ба
номи Абӯалй Синоро ба ӯхда дошт, шогирдони бисёре ба ка-
мол расонд. Аз зумраи шогирдонаш 31 нафар номзад ва
дувоздаҳ нафар доктори илм дар баробари Тоҷикистон, инчу-
нин дар кишварҳои Амрико, Олмон, Исроил, Русия,Украина,
Ӯзбекистон ва ғайра бақои умри инсонро ҳифз мекунанд. Аз
онҳо профессори донишкадаи тиббии шаҳри Симферопол Ев-
гения Илинична Петранюк, профессори Донишкадаи давла-
тии тиббии шаҳри Санкт-Петербург Алевтина Евгеневна По-
пова, мудири кафедраи Донишкадаи тиббии Селиноград Л.Л.
Смолная, доктори илм София Кобулова, олимон Қумрӣ
Ҳакимова, Муаззама Ниёзмуҳаммадова, Хуршед Каримов ва
дигаронро метавон ном бурд, ки дарси хизмат ба халқро аз
устоди худ - нобиғаи тиббу табобатгари Саъдинисо Ҳакимова
омӯхтаанд.

Ҳар як соҳибдилро баробари хирси илмдустй, акди расо ва
саъйи комил, таълими устоди сахтгиру равшанзамир низ за-
рур аст.

Илмро ҳаргиз наёбй, то набошад шаш хисол:

Ҳирси вофир, фаҳми комил, цамьи хотир, купли ҳол,

Хам дигар устоди мушфиц. саъй ҳам бояд мудом,

Лафз ҳам таҳқиқ кардан, то расад ҳадди камол.

Агар аз хусуси устод ҳарф занем, Саъдинисо Ҳакимова ду
олими забардасти рус, академики Академияи улуми тибби Ру-
сия Михаил Сергеевич Малиновский, Арбоби шойистаи илми
тибби РСФСР, профессор Константин Николаевич Жмакинро

140
бо камоли эҳтиром ном мебарад. Ин алломаҳо уро ба фатҳи
қуллаҳои дониш хдцоят кардаанд. Онҳоянд, ки ҳамроҳи ноиби
раиси Анҷумани байналхалқии гемотологҳо Сусанна Ҳоллан
бо муолиҷагоҳ ва кору бори олимони тоҷик шинос шуда,
хизматҳои Саъдинисо Ҳакимоваро дар равнақи тибб махсусан
қайд карда, гуфта буданд: «Мо Шуморо аз ҳакимони бузурги
тибби муосир ва олимаи номй дар миқёси байналхалқй эъти-
роф мекунем. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Шумо дар
Тодикистон ба маънои клиникаи муосир аз ҳед ҳар чиз сохгаед
ва дар соҳаи акушериву гинекология, гематологияю эндокри-
нология пайравони арзанда тарбия намудаед. Эҳтироми
содиқонаатон ба одамон ва ба илм, ки шахсият ва тамоми
фаъолияти Шуморо муайян мекунад, намунаи ибрат аст...»

Доктор Саъдинисо Ҳакимова дар натиҷаи захматҳои
тӯлонии пурсамар аз табиби одй то Арбоби шоистаи илми
Тодикистон, узви вобастаи Академияи улуми тибби СССР ра-
сидааст. Вай муассиси Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии
ҳифзи модару кӯдак ва асосгузори мактаби акушерию гинеко-
логии Тодикистон мебошад.

Саъдинисо Ҳакимова аз қуллаи умри беш аз 80-солааш ба
роху пайраҳаҳои рӯзгори пурхаводиси хеш менигарад. Ба ан-
деша меравад. Роҳи паймудааш дар шебу фарози асри гузаш-
таи пур аз модароҳо, пешрафтҳо ва нокомиҳои шӯрави чун
дар оина дар лавҳи хаёлаш ба дилва меояд. Ӯ худро бо он та-
салло медиҳад, ки умраш барҳадар нарафт. Ҳаёташро, дилаш-
ро, донишашро ба хидмати халқаш бахшида, аз тахдиқот, аз
таълифот, аз талошу дустудӯҳои эдодӣ имрӯз ҳам даст барна-
медорад. Нашри китоби ӯ охири асри бист дар Маскав бо но-
ми «Г аравгонҳои императорй» (1977), инчунин нащри
китобҳои дигараш бо номи «Танзими оила» (Душанбе, 2004)
ва «Илми ахлоқ ва одоб» (Душанбе, 2010) ба мисли
шоҳасараш «Асосҳои амрози занҳо» садои дили фарзанди
фарзонаест, ки дарди миллатро дарди худ медонад ва дар ин
роҳ ҳастиашро ба гарав мондааст, Саъдинисо аз Тодикистон
ва Тодикистон аз ин духтари ардманди худ ифтихор доранд.

Воқиан, профессор Саъдинисо Ҳафизовна Ҳакимоваро, ин
нахустпизишки дарроҳ, аввалин тодикзани номзади илми тиб,

141
нахустин доктори фанни тиб аз гтизишкони милли, аввалин ва
яг она узви вобастаи Академияи тибби СССР (ҳоло Академияи
Русия) аз ҷумлаи олимони минтақаи Осиёи Марказиро агар
бигӯем, ки духтари Шайхурраиси Машриқзамин Абӯалй ибни
Сино аст, галат намеравад.

ШАФҚАТИ ШАҲРИЯ

Вай шинелашро, ба хотири рӯзҳои талхи ҷанг, нигоҳ ме-
дршт. Ранги бо мурури солҳо паридаи шинел гувоҳи ин буд,
қи соҳибаш, лейтенанта хурди хизмати тиббй Шахрия
Ҳайдарова дар ҷанг роҳи дуру дарозро паймудааст. Шахрия
бо ҳамин шинел ба майдони ҷанг рафт, бо ҳамин шинел рӯзи
мубораки Ғалабаро пешвоз гирифт. Ҳамроҳи ҳамин шинел
шикасти Японияи милитаристаро дид. Баъди хизмати ҳарбӣ
онро дар хонааш овехта монд.

Аз он рӯзҳо солиёни зиёде гузашт. Бо мурури айём умри
Шахрия ҳам ба ҷое расид. Сарзаминҳое, ки аз оташи ҷанг
сӯхтаю валангор шуда буданд, ҳоло ободу гулпӯшанд. Аммо
ҳар гох Шахрия шинелро бубинад, боз авроқи китоби хотирот
ва ёддоштҳои ҷангй пешорӯяш як-як кушода мешуданд.

Соли 1941, вақте ки ҷанг cap шуд, ӯ дар шифохонаи шаҳри
Конибодом кор карда, мардумро ба додани хун (донорй)
ташвиқ менамуд. Он солҳо сарбозони маҷрӯҳи ҷабҳаҳои дог ба
хун чун ба оби ҳаёт ниёз доштанд. Худи Шахрия аз аввалинҳо
шуда хун супурд. Хуни ӯро ба кй мегузаронида бошанд? Ба
ҳамдиёраш, падару бародараш, ба ронандаи зиреҳпӯш,
баҳрнавард ё ба аскари савора, ё худ пилота маҷрӯҳ? Духтарак
инро намедонист, аммо дилпур буд, ки хуни ӯ ба ҷисми сарбо-
зи шӯравй, ки дар ҳифзи Ватан ҷон дарег намедорад, нируи то-
за мебахшад. Ин буд, ки вай зарурати ин масъаларо ба дигарон
таблиг мекард. Баъди он ки чавони дӯстдоштааш Қурбон ба
аскарӣ рафт, ӯ ҳам қарор дод, ки ба дифон Ватан биравад. У
огоҳ буд, ки духтарони дигар миллатҳо дар набардгоҳҳо ме-
разманд, тоҷикдухтар аз онҳо чй фарқе дорад?

Шахрия тирамоҳи соли 1941 аз миёни тоҷикдухтарон авва-
лин шуда ба ҷанг рафт. Аввалҳо ба шӯъбаи дегазасия (без-

142
арарсозии либос ва асбобу анҷом) сарварй менамуд. Чй буда-
ни ҷангро. аз дур бошад хам, дарк мекард. Тобистони соли
1943 дар наздикии Воронеж чун фаҳмид, ки ӯро қамроқи ас-
карон ба талоя (хати пеши ҷабҳа) намефиристанд, ду бор дар-
хост навишт, ки рӯ ба рӯ бо душман биҷангад.

- Дар катораи санитарй хизмат мекунй,- гуфт сардори
маркази тахлия,- ин ҷо ҳам размгоҳ аст...

Дар қаторае, ки аз Воронеж сӯи Ғарб мерафт, вуҷуди
Шаҳрияро ҳаяҷон фаро гирифт. Аз пеш иншооти муҳофизатӣ,
вагонҳои захмдорон, корхонаҳои кӯчбаста, аҳолии кӯчии
хастаҳол мебаромаданд.

Тақрибан даҳ километр дуртар аз Воронеж Шаҳрия
ҷароҳати аскареро мебаст, ки бонги ҳуҷуми ҳавой баланд
шуд. Ғурриши ҳавопаймоҳои душман ба гӯш расид, ки торафт
наздик меомаданд. Баъд садои раъдосои таркишҳо бархост.
Аз радио садои фармондеҳ баланд шуд:

- Истгоҳи роҳи оҳанро бомбаборон мекунанд! Истед!

Қатора гашташро сует карда, дар истгохд фаръй бозистод.

Касе дар даст дурбин ба боми вагон баромад.

- Бояд вазъиятро муайян кунем,- гуфт мошинист ва ба ва-
гонча савор шуда, он сӯ шитофт.

Дар истгоҳи роҳи оҳан манзараи мудҳишеро дид: вагонҳои
шикаста месӯхтанд, аз перрон фарёду нафири захмдорон ба
гӯш мерасид, кӯдакон мегиристанд...

Шаҳрия боз ба захмбандии маҷрӯҳон шурӯъ кард. Шабу
рӯз дами ором надошт.

Ҳафтаҳо ва моқхо ба ин минвол сипарй мешуданд. Қатора
маҷрӯҳонро ба бёмористонҳои шаҳру навоҳии ақибгоҳ месу-
пурду боз аз пайи супориш бармегашт. Банохост боз
ҳавопаймои душман пайдо шуда, эшелонро бомбаборон ме-
кард. Таркиш аз паи таркиш. Боз садои бо ҳам бархӯрдани
вагонҳо, фиғони маҷрӯҳон ва шиҳаю сумзании аспон нафрати
касро ба фашистон меафзуданд.

Шаҳрия он вақт биступанҷумин баҳори умрашро аз cap ме-
гузаронд. Чашмони сиёҳи меҳрубон, нигоҳи гарму суханҳои
нармаш дар дили маҷрӯҳон оташи умед меафрӯхт. Ба вагон
медаромаду бӯи ҳаёт меовард. Вақти докапеч кардани захм бо

143
ҳазлу шӯхӣ дили маҷрӯҳонро гарм месохт. Биступанҷсолагӣ
айёми пурҷӯшу хурӯши ҷавонӣ, фасли ишқварзию муҳаббат
аст. Кас дар ин фасли нотакрори умр аз хушиҳои зиндагӣ на-
шъа бардошта, шукуфтани нахустин гулҳои умедашро меби-
над. Вале Шаҳрия аз ин айёми хуш чӣ баҳрае ёфт? Арӯсиаш
наздикмерасид, ки ҷанг cap шуд, номзадаш Қурбон ба ҷабҳа
рафт. Ӯ бо орзую ҳавасҳои ҷавонй аз паси Қурбони азизаш
шитофт, ба умеде, ки бо ӯ рӯ ба рӯ меояду якҷоя Ватанро
ҳимоя мекунанд.

Қатора осебе надида, боз дар наздикии размгоҳ қарор ги-
рифт. Вале дар яке аз рӯзҳои охири сол андӯҳи гароне ба сараш
омад. Фал окат ногаҳон рӯй дод. Таркиши бомбаҳо ҳамаро ба
тахдука андохт. Вагон гӯё ба харсанги азиме бархӯрда, садои
гӯшхароше бароварду бозистод. Шаҳрия ҳаросон ба берун ни-
гарист. Вагонҳои пеш месӯхтанд. Як аскари малламӯй лангон-
лангон қад-қади қатора Давида, фарёд мезад:

- Берун бароед! Бомбаборон мекунанд!

Захмдорон худро аз вагон берун мепартофтанд. Шаҳрия ба
онҳо ёрй медод, ки зудтар фуроянд. Баъд сӯи маҷрӯҳони дас-
ту пошикаста шитофт. Якеро пуштора карда, дигареро аз дас-
таш донгга, ба бешазор мебурд.Ҳамин ки охирин маҷрӯҳро
бурда ҷой кард ва қоматашро рост гирифт, боз садои
ҳавонавардҳои душман баланд шуд, таркиш паи таркиш за-
мину замонро ба ларза овард. Ҳама ба замин хобиданд. Вақте
ки Шахрия cap бардошт, Дид, ки панҷ кас: ду русу як қазоқ,
Нозиров ва Орифов ном ҳамдиёронаш ҳалок шуда-
анд.Қатораро сӯхтор ба комаш мекашид. Бисёриҳо наҷот ёф-
танд, вале аз «беморхонаи сайёр» танҳо қафасҳои оҳанин
бокй монд.

Ба ий тарйқ, аввалин вохӯрии Шаҳрия бо днаи ваҳшатбори
ҷанг дар эшелон рӯй дод, барои ӯ нахустин «майдони
муҳорйба» аз вагонҳои қатор огоз гирифт. Духтари чусту чо-
лок ва нозукандом худро гум накард, баъди бомбаборон зуд
ба маҷрӯҳон ерий таъҷилй мерасонду дар дил ба фашистон, ба
ҷаллоДойи инсон нафрин мехонд.

Баъд Шаҳриярб лозйм омад, ки дар роҳҳои набарди Ҷабҳаи
дуюми Наздибалтика дар ҳайати қисми санитарй амал кунад.

144
«Ана пешгоҳи ҷанги ҳақиқӣаз дил мегузаронд у. - Дар ин
ҷоҳо аҷал чун соя ба дунболи кас мегардад». Сарбозон ба
Шаҳрия ҳикматеро мегуфтанд: «Ба нотарс як тир расад, ба
тарсу ду тир мерасад». Ин гапи ҳақ аст. Кас агар тарсончак
шавад, аз ӯхдаи ягон корнамоӣ намебарояд. Нотарс будан
даркор! Шаҳрия дорухалта ба китф зери борони тир ба за-
хмдорон ёрӣ мерасонд, онҳоро аз размгоҳ мебароварду ба
шифохонаҳо мефиристод.

Дастони шифобахши ӯ дар ҷангҳои соҳили Балтик низ ба
саф-саф сарбозон умри дубора бахшид. Вай акнун садои тир
ва таркиши гулӯлаҳоро гӯё намешунид. Хушу хаёлаш ба
маҷрӯҳони оғуштаи хоку хун банд. Аз хандаке ба хандақе ме-
давиду дармони захмдорон меҷуст. У дар чунин ҳолат Гурдо-
фариди Фирдавсиро мемонд, ки дар размгоҳ либоси мардона
ба бар ва силоҳи ҷангӣ ба каф сипоҳиёнро дар ҳайрат мегу-
зопгг.

Тобистони соли 1944. Баъди пешин. ки тирандозии тара-
файн поён ёфт, ташвиши Шақрия афзуд. Захмдореро бо
кӯшиши зиёде ба по хезонд. Вай ҷавони латиш буд. Дар та
моми роҳ, ки Шаҳрия хаставу шалпар шуда, ӯро кашолакунон
аз байни беша мебурд, ҳарфе нагуфт. Ин хомушии у
ҳамшираро дилтанг месохт.

- Гап зан, охир, ақаллан нолиш кун! - мегуфт Шаҳрия ва
маҷрӯҳро ба ҷои ҳамворе хобонид. — Чаро хомӯшй?

Маҷрӯх канда-канда гуфт:

- Хоҳар, росташро гӯй: зинда мемонам ё не?

- Албатта, зинда мемонй! Табобат мекунем, сиҳҳаг
мешавй.

- Нафасат нек, хоҳарҷон. Барака ёб!

Шаҳрия захми ӯро бает ва аз паи овардани маҷрӯҳи дигар
сӯи хандақи домани беша шитофт. Ба хандақ даромадан
ҳамон насади беҷони душманро дид. Фашист гиребони сарбо-
зи шӯравиро чанг зада мехобид ва аз гардани сарбоз хун ме-
таровид. Шаҳрия гӯшашро рӯи сина, болои дилйсарбоз гу-
зошт. Набзи ӯ оҳиста мезад. Ҳамшира қафаси синаи уро мо-
лит дод. Ин нафасгирии ӯро тезонд. Баъд захми гарданашро
докапеч кард. Аммо бардоштану аз хандақ баройардани аскар

145
осон наафтод.Пас аз кушиши бисере уро бо охирин қувват
берун баровард. Аз хандақ автомата аскарро ёфт, ки тирдо-
наш пури тар буд. Пай бурд, ки фашист ба у тир андохта, ав-
томатро аз дасташ афтондааст. Аскар бо шаст худро болои
фашист афканда, дар ҷанги тан ба тан дар ҳолати маҷруҳй
ғолиб омадаст. «Ана, ин талоши зиндагй. Ана, ин мардонагй!
Бо қувваи бозувон сарбози с плохую кро маглуб сохтан осон
не», аз дил гузаронд Шаҳрия.

-Об! Об! - хастаҳолона гуфт маҷруҳ.

Шаҳрия обдонро ба дақони аскар бурд. Маҷруҳ об нушида,
каме ба хуш омад ва канда-канда овоз баровард:

- Та-шак-кур, ҳам-шира!

Сонӣ Шаҳрия «ман ҳозир меоям» туфту назди латишписа-
ре, ки ба ҷои бехатар гузошта буд, давид. Аскар дар пастхами
мехобид, ӯро дидан ҳамон cap бардоштанй шуд, аммо натаво-
нист. Шаҳрия сари ӯро ба рӯи каф бардошта гуфт:

- Мана, ман омадам. Акнун туро ба шифохона мефири-
станд, сихҳат мешавӣ. Ҳой, худро даст тир!

Аскарбача дигар наҷунбид. У аз захми мӯхдиқ ҷон дода
буд. Дахднат! Шаҳрия сахт ба изтироб омад, гирист. Сонй, са-
ри ӯро аз кафаш оҳиста ба замин гузошт. Даст ба кисаи мак-
тул бурд ва хуҷҷатҳояшро гирифт. Дар миёни ҳуҷҷатҳо сура-
теро дид: чавон бо духтаре хандону хушҳол акс ёфта буд.
Шахрия як ба насади ҷавону як ба сураташ нигариста, оҳи ба-
дард аз дил баровард. Эҳ, ҷанги малъун, чӣ қадар дилҳои
саршори умеду орзуро ба хоку хун афкандй!

Ҳамон рӯз Шаҳрия чандин маҷрӯҳро аз дами март наҷот
дод. Қарибиҳои шом ба ситоди баталён омад. Уро қумандон,
подполковники мӯсафед дар назди хандақ пешвоз гирифт.

- Духтарам, Шура, имрӯз хуб шалпар шудй?

- Ҳеҷ ran не.

^ Исто, ки баъди пешин чизе хӯрдӣ? Не? Барой ин туро
сарзаниш мекунам. Борҳо гуфтам, ки гизоятро дар вакташ
хӯр. Аз по афтӣ, ҳоли маҷрӯҳон чӣ мешавад?

Шахрия ба ғӯлачӯбе нишаст. Қумондон ба чашмони аз
бехобӣ суп-сурхи ӯ нигаристу пурсид:

- Чаро гиристй?

146
- Латишписаре дар руи дастам ҷон дод, мана ҳуҷҷатҳояш.

Қумондон ҳуҷҷатҳои шаҳидро шрифту бо таассуф гуфт:

- Чй чора? Ҷанг бе қурбонй намешавад, духтарам.
Ҳуҷҷатҳоро ба хонааш мефиристем. Бигузор, аз тақдири фар-
зандашон огоҳ гарданд.

Шаҳрия Ҳайдарова, ки дар Воронеж ба размгоҳ даромада
буд, бо қисми бехдощт то соҳилҳои Бантик рафта, дар он ҷо
муждаи Рӯзи Зафарро шунид. Сонй, дар ҷанги зидди милйта-
ристони Япония то Манҷурия брз роҳи тӯлониро паймуд. Дар
майдони муҳориба зери борони тир ҷбн ба каф шрифта, басе
сарбозонро аз чанголи март раҳо дод ва ба сипосномаи
Сарфармондеҳи Олй И.В. Ста)тин мушарраф гардид. Дар
қатори духтурон, ҳамшираҳои шафқат ва санитарҳое, ки ба-
рон ҳаёти сарбозон мардонавор мубориза мебурданд, шуҷоати
ӯ низ тақдир шуд. Медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар
Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ва «Барои
ғолибият бар Япония» аз корнамоиҳои диловарона ва
пуршафқати ӯ шаходат медиҳанд.

Соли 1946 Шақрия Ҳайдарова аз Манҷурия ба зодгоҳаш
Конибодом баргашт. Баъди як ҳафта ба ҷои кори пештарааш -
бемористони шах,р рафта, ба хуҷраи сардухтур даромад.

- Салом, Сергей Андреевич!

- Шаҳрия? Духтарам, наход ин туй? - Сергей Андреевич аз
ҷой бархост ва ҳар ду, чун падару фарзанд, якдигарро
бӯсиданд. -чСиҳату салом at баргаштӣ? Офарин, чанговар!

Шаҳрия ба Дергачёв нигариста, лаҳзае хомӯш монд: дар ин
чанд сол симои ӯ хеле тағъйир ёфта, ,Дар,,рӯю пешониаш
хатҳои ожанг пайдо туда, дар мӯи сараш сафедй дамида...

Шаҳрия солҳои қабл аз ҷангро пеши наз^р овард.

«Ба Маҳрам меравй, бояд да.р он до шӯъбаи тиббй ташкил
кунем. Одамон дар интизори туанд», Йн суханонро Щаҳрия
Ҳайдарова - дастпарвари омӯзишгоҳи тиббии Конибодом аз
соли 1935, вақти таъиноти кор аз мудири шӯъбаи нигахдории
тандурустии Конибодом Сергей Андреевич Дергачёв шунида
буд.

147
Маҳрдм. Ба Шаҳрия номи ин деҳа аҷиб менамуд. Маънояш
хешу ақрабо, ёру дӯст ва ҳамдаму мӯнис аст. Роқаш ҳам ба-
рон ӯ аҷиб буд: аз миёни чанд деҳа мегузашт. Охири тирамоҳ.
Дарахтон, ки чанде пеш қабои заррин доштанд, акнун урён
менамуданд. Қӯлмакҳои яхбаста дар зери чархи ароба мисли
шишапораҳо қисир-қисир садо мебароварданд. Шаҳрия аз ин
роҳ мегузашту аёс сару рӯяшро мелесид. Маҳз ҳамин рох, дар
лавхд хотири ӯ як умр нақш баст. Охир, ҳамин роҳ уро
маҳрами рози дили ахди Маҳрам гардонд. Ҳамин роҳ ба ҳаёти
пурҷӯшу мустақилонаи ӯ ибтидо гузошт.

Барон таъсиси шӯъбаи тиббӣ як хонаи нимванронро тахсис
доданд. Дуредгарон хонаро таъмир карда, намудашро дигар-
гун сохтанд. Барон беморон даҳ кат гузоштанд. Асбобу
анҷоми тадовӣ ҳам омода гашт. Як навъ табобатгоҳе таъсис
ёфт. Ба варақе вақту соати қабулро навишта, ба болои дар
часпонданд.

Ду рӯз гузашт, вале касе барон табобат намеомад. Чаро!
Наход дар ин дехд, ки аҳолияш хеле зиёд аст, дардманде на-
бошад? Ё шояд ба табиб ихлос надоранд?

Вай ба оина нигаристу ғарқи андеша шуд: «Акнун ба
ҳаждаҳ даромадаӣ. Кӣ ба табиб будани ту бовар мекунад?»

Рӯзе аз шаҳр Дергачёв ба хабаргирӣ омад.

- Корҳо хӯб нест, Сергей Андреевич - дар ҷавоби пурсинш
сарпизишк забон ба шиква кушод Шаҳрия. - То ҳол ягон бе-
мор наомадаасг.

- Парво накун, меоянд. Ба аҳолӣ фахмондан даркор...

Шаҳрия кӯча ба кӯча, гузар ба гузар гашта, моқияти

шӯъбаи тиббй ва мақсади пизишконро мефахдонд. Мегуфт,
ки бемор хдтман бояд ба духтур муроҷиат кунад. Вай бо ёрии
муаллимон фаҳмид, ки дар байни аҳоли азоимхону фолбинҳо
бисёр будаанд. Онло дардро фармудаи тақдир дониста, бемо-
ронро бо дуою тумор «табобат» мекардаанд.

Рӯзи шашум зане омад, чашмонаш ашколуд, доду вой ва

зориву тавалло мекард: ,,

- Духтарчаам касал, як хдфта боз табаш баланд, ёри

диҳед...

148
Шаҳрия ба аёдати аввалин бемор рафт. Кӯдаки дусолаи
рангпарида ва чашмонаш фурӯрафта дар бистар мехобид. Пае
аз муоина маълум гардид, ки вай гирифтори исҳоли хун буда,
ба замми ин, шамол хӯрда, гулӯдард ҳам шудааст. Шаҳрия ба
муолича пардохт. Он солҳо ба бисёр бемориҳо, аз ҷумла ба-
рон исҳоли хун ҳам доруҳои шифобахш намерасид. Аз ин рӯ,
табобати кӯдак андак кашол ёфт. Шаҳрия ҳамаи чораҳоро ан-
депшд. Охири ҳафтаи дуюм кӯдак шифо ёфта, ба no xeci.

- Вақти табобатро хеле гузарондед, вагарна зудтар шифо
меёфт. Хайрият, бахайр анҷомид. Исҳоли хун бемории сироя-
тии вазнин аст, агар ба духтур муроҷиат намекардед, оқибати
нохуш меовард. Ин беморй бештар аз истеъмоли харбузаву
бодиринги палакмурда, ангуру зардолуи гармселзада ба вуҷуд
меояд,- Шаҳрия сабабҳои пайдоиши бемориро ба модар ба-
тафсил фахмонда, ба таъкид овард:

- Ҳамеша аз паи тозагӣ шавед, тозаги гарави саломатист. . .

Дере на1узашта, кори маркази бехдошт ба маҳрамиҳо

маълум гардид. Мепурсанд, ки «духтур духтари кист,
куҷоист?» Ҳолдонҳо ҷавоб медоданд, ки «вай шаҳрист,
қобилу доност, бисёр дардмандон аз дасташ шифо ёфтанд.
Мардум ба ӯ ихлосу эътиқод бастанд.Ба шифохонааш рафтан
замон дард аз байн меравад, дасташ сабук...»

Субҳе аз деҳаи Ниёзбек марде аспсавор омада, бо йзтироб

гуфт:

- Аҳволи ҳамсарам бад, илтимос, чорае андешед. Агар ба-
чаякон бемодар монанд, ба ҳоли зор меафтам.

Шаҳрия дар ду шабонарӯз зани ҷавону тифлаки навзодро
аз беморӣ наҷот дод. Чашмонаш аз бехобӣ ба дард омад.
Вакде ки ба ароба нишаста, роҳи Маҳрамро пеш гирифтанд,
пинак рафт. Акнун ароба гӯё гахзора буду садои чархҳояш
ӯро алла мегуфт. Ҳангоми аз қарибии дашти Ҳодарвеш гу-
заштан дар торикӣ зарби чизе ба китфаш расид ва аз фарёди
аробакаш бедор шуд:

-Бедаю коғаз деҳ! Гургҳо ҳучум оварданд...

Шаҳрия чашмашро молиду ба атроф нигарист. Оташакҳои
сабзу сурхчаранге аз байни дарахтон дили ӯро ба ваҳм овар-
данд. Вай ҳушёр шуд ва зуд ба ёрӣ шитофт. Аробакаш як дас-

,149
та бедаи хушкро оташ заду ба роҳ, ба сӯи галаи гургон қаво
дод. Баъд қабзаи дуюм, панҷум.

Як лоси шаб ҳар ду ба Маҳрам расиданд...

Аз байн солҳо гузаштанд. Ҷанг ҳам анҷом ёфт. Сергей Ан-
дреевич ва Шаҳрия Ҳайдарова он солхоро ёд оварда, сӯҳбати
хоса оростанд. «Акнун боз ба кори пештараат биё, ҷоят холи»
гуфт Дергачёв. Шаҳрия, вақте ки бо ӯ хайрухуш карда, ба хо-
наашон мерафт, дар роҳ бо Қурбон вохӯрд, ки дар анчоми
ҷанг мукотибаашон канда шуда буд. Қурбон Мавлонов дар
муҳорибаҳо барои озодии шаҳрҳои Бериговка ва Орёл Ду бор
захмдор шуда, баъди табобат бо мукофотҳои ҷангӣ ба
зодгоҳаш баргашт. Ҳар ду бо ҳам вохӯрданду дигар як умр
ҳамроҳ монданд...

Шаҳрия шинелро боз ба хилъати сафед иваз кард. Дар за-
мони осоиигга, мислй пештара хизмати мардумро аз тахд дил
ба ҷо овард. Чиҳил сол дар ин роҳ такопӯ намуда, ба нафақа
баромад.

Бо холаи Шаҳрия, бо ин ягона сарбоздухтари
конибодомиҳо дар арафаи 25-солагии Ғалаоа бар фашистони
Германия вохӯрдану мулоқот оростанамон дар ёдам нақш
бастааст. Ман, қомуснигор Наримон Абдуллозода ва муарри-
хи бойгоншинос Шамсиддин Зоҳидов бо ӯ рӯзи истироҳат дар
хонааш вохӯрдем. Барфи пирй бар сараш биншаста буд.
Вақти сӯҳбат чашмонаш меҳрубонона медурахшиданд. Аммо
ҳангоми изҳори қиссаҳои ҷанг хаёлаш парешон шуда,
воқиаҳоро пароканда мегуфт. Суханони имдодталабона ва
дардноки маҷрӯқони ҷанг то кунун дар гӯшаш садо медоданд.
Симои қумондонҳо ва ҳамшираҳои ҳамкорашро пеши назар
меоварду ашк мерехт.

Ҷавонзане бо кӯдакаш вориди ҳавлӣ гардид. Холаи Шаҳрия
оғӯш кушода, ӯро пешвоз гирифт ва кӯдакашро бӯсид.
Ҷавонзан духтари нахустини ӯ будааст. Холаи Шаҳрия панҷ
фарзанд ба дунё овард. Ба духтараш - дояи таваллудхонаи
Нафтобод Раъно Қурбонова менигаристу дар симои ӯ
ҷавониашро медид ва мурғи хаёлаш дар фазой сарнавишташ
мепарид. Модар дар ин синну сол дар размгоҳ маъюбу
маҷрӯҳонро табобат мекард, духтараш дар ин синну сол ҳар

150
руз шоҳиди ба дунё омадани тифлакони фархундару меша-
вад...

Пас аз вохӯриамон бо ин собиқадори кору корзор оанда оа
Қомуси миллат - Энсиклопедияи Советии Тоҷик маълумот-
номаеро дар бораи рӯзгори ӯ супурда будам, ки дар ҷилди
ҳаштум он ба табъ расидааст.

МУКОФОТИ олй

Шаб пурхавотир ва навбатдорй серташвиш гузашт. Қумрӣ
танҳо баъди тифли навзодро барон хунгузаронй гуселонидан
хастагиашро паи бурд. Ӯ чашмонашро нимпуш карда, оо
қаноатмандӣ аз дил мегузаронд, ки бо саъю кӯшиши табибон
тифл аз чанголи марг наҷот ёфт. Пас, бо оби сард дасту ру
шусту хилъаташро кашида, роҳи хонаро пеш гирифт.

Шаҳр кайҳо бедор. Дар кӯчаю хиёбонҳои обпошида
ҳаракати одамон намудор. Насими фораме аз гулгаштҳо
накҳати абиромез меовард. Рахгузарҳо, шиносу ношинос ба ӯ
салом дода, баъзеҳо аҳвол мепурсиданд. Гурӯҳ-гуруҳ
донишҷӯёни омӯзишгоҳи тиббӣ ба ӯ салом дода мегузаштанд.
Қумрӣ ба саломи онҳо алейк гуфта, аввалин рӯзҳои ба осто-
наи ин донишгоҳ қадам гузоштанашро ёд меоварду дар лабо-
наш табассум мешукуфт. Эҳ-ҳе, аз он рӯзҳо аллакай хеле вақт
гузашт. Даставвал, ҳангоме ки ӯро ба таваллудхона ординатор
таъйин карданд,ба худ меандешид, ки оё аз ӯхдаи ин кор ме-
баромада бошад? Охир, ҳаёти ду кас, такдири модар ва тифл
дар дасти ӯ хоҳад буд.

- Субҳ бахайр, духтур!

Қумрй соҳиби ин овози шиносро зуд шинохт.

- Субҳ бахайр, падар. Наберачаҳо чй тавр? 1

- Шукр, нағз. Аммо бисёр гирёнчак, ҳай дод мёзананд,
маълум, ки солиманд. Биёед, бинед!

- Ягон рӯз рафта мебинам. Ба модарашон салом расонед.

Қумрӣ бо мард хушбошй карду аз дил гузаронд: «Ин хӯ,

ҳамон Нусратов, шавҳари коргарзани комбинат. Собикадори
ҷанг ва меҳнат. Келинаш Ҳасану Ҳусейн ба дунё овард...
Риштаи андешаҳои ӯро аз пешаш баромадани зани

151
хилъатпӯше, ки барояш модархонд ҳисоб меёфт, ҳамзамон
бурид.

- Салом, Мария Андреевна!

- Салом, духтарам!

Қумрй ба ин зани хайрхоҳи серғайрат, ки солҳо боз ба у
таҷрибаю донишашро ёд медод, воқеаи ҳамоншабаро мухта-
сар гуфт. Аз ростӣ, воқеаи ғайричашмдоште рӯй дод. Як зан
тифле зод, ки резуси хунаш баъди муоина манфй баромад. Ин
воқиаи ногаҳонии нохуш хисоб меёфт. Тамоми коркунони
шӯъба ба по хестанд. Ба таъҷил сарвари момодояҳои
ҷумхурият. профессор СаъдинисЬХдкимова 'ба ҷои воқиа
ҳозирӣ дид. Тадкикоти дубора ҳам дурустии тахмини аввала-
ро ба тасвиб расой д.' Тифлакро фаврй аз чанголй март
рақонидан лозим омад. Ҳама барои қаёти ӯ мубориза бурданд.
Қумрӣ чун мутасаддии асосй ба вай хун гузаронд, тамоми

шаб аз назДаш дур нарафт. Тифл зинда монд.

Кумрй, дар охир бо андак шармгини ба устодаш гуфт:
«Профессор аз корамон қаноатманд шуд».

- Офарин! - хурсанд гардид Мария Андреевна. - Ту кайҳо
ҳамчун духтур ба камол расидай, духтарам.

Рухсораи Кумрй долагун гашт. Вай Мария Андреевна Ка-
пелгородскаяро ба хонааш хонд:

- Бегоҳ ба хонаи мо марҳамат, кайҳо боз наомадаед. Як
дам сӯхбат карда, губрри дил мебарорем.

- Ба чашм, боз як палави равгани загирдор мепази,-
шӯхиомез гуфт Мария Андреевна.

- Барои шумо як не, сад палав мепазам.

Ҳар ду ба ду тараф рафтанд.

Ҳамин вақт субҳи собиқе ба хотири Мария Андреевна ра-
сид. Зимистон буд. Ӯ ба cap рӯмол печонда, гугмаҳои
болопӯши кӯхнаашро гузаронда, ба сӯи таваллудхонаи якуми
шаҳр мешитофт. Тез-тез қадам мениҳоду шамоли сард барфро
ба сару рӯящ мезад. Дар сари роҳ аз карнаи радао хабарҳои
охирини Бюрои марказии иттилоотро мешу.нид. Мария он
вакт аз Қумрӣ ҳам хурдтар буд ба синну сол, барои истироҳат
вақт намеёфт. Як худаш дӯшбори чандин каеи ба ҷабҳа раф-
таро мекашид. Ангишт ва ҳезум намерасид: хдм дар хона, хам

152
дар ҷои кор аз дасти сардй азоб. Ба назараш чунин мерасид,
ки зимистони қаҳратун поён надорад.

Мария Андреевна аз хаёл мегузаронд, ки кори Қумрӣ ҳам
сабук нест, аммо азбаски касбашро дӯст медорад, хастагиро
намедонад. Табиб ғайр аз илму дониш, қуввати ҷисмонӣ ва
маҳорати касбӣ бояд дили бузург ҳам дошта бошад. Тифли
навзод гуфта наметавонад, ки аз куҷояш азоби дард мебинад.
Аз ин ҷост душвории кори доя ва модар. Қумрӣ дар тӯли ду-
се даҳсола ба чандин ҳазор тифл вазифаи доягиро ба ҷо овард.
В ай бо шунидани мароми гиря ва дидани қиёфаи навзодон зуд
вазъи ҳоли онҳоро мефаҳмид.Бо сухани пурҳарорат модарон-
ро дилгарму рӯқбаланд мегардонд. Ба шогирдон, ба табибони
оянда таъкид мекард, ки чунин панди Ибни Синоро дар хотир
доранд: «Аз як сухан дили беморро метавон захмдор ва аз су-
хани дигар метавон муолиҷа кард». t

Мария Андреевна аз рӯи ваъда ба хонаи ҳамкасбаш омад.
Ӯро Қумрию хоҳараш Саъдинисо ва фарзандонаш пешвоз ги-
рифтанд. Рӯи дастархонро анвои нозу неъмат зинат медод.
Бӯи нони гарми танӯрӣ ва санбӯсаи алафй ба машом мерасид.
Мария Андреевна ба анвои меваҷот, сумалаку зардолуоб ва
кабудии тару тоза нигарист.

- Эҳ-ҳе, хуб ташвиш кашидай-дия...

- Имшаб соли нави шарқиён медароядгуфт Қумрӣ. -
Фардо иди Наврӯз. Дастархони наврӯзиро бояд хафт навъи
ғизо оро диҳад.

- Ин анъанаи қадимист?

- Бале. Ачдоди моро одате буд: ба дастархони наврӯзӣ
ҳафт навь ғизо мегузоштанд. Ин рамзи он аст, ки нозу неъмат
дар соли нав боз ҳам фаровон гардад.

- Чй одати хубе! Наели одамй нафъи витаминро аз
қадимулайём медонист...

- Дар ин бора аз ҳаёти Ибни Сино ҳикоятест, ки аз фазила-
ти тиб дарак медиҳад,- луқма партофт Саъдинисо.

- Хӯш, шунавем?

- Дар айёми гуруснагй ба хонаи Ибни Сино меҳмон меояд.
Иттифоқан ҳамон рӯз дар хона нон набуд барои дастархон
оростан. Ҳаким ба писараш мефармояд, ки зуд ба осиёб ган-

153
думро бурда, орд карда биёрад. Агар одам бисер бошад, ба
осиёбон писари кӣ буданашро фаҳмонад, ба ивази гандум орд
медиҳад. Писар мераваду баъди мудатте дасти холй барме-
гардад.

- Ордат ку? - мепурсад падар.

- Ба навбат монда, омадам,- мегӯяд писар.

- Магар ба осиёбон нагуфтй, ки писари кистй?

- Гуфтам. Ӯ маро ба хонааш дароварда, зиёфат доду вақти
бозгаштам гуфт, ки «гандумро мону рав, осиё ба навбаташ».

- Писарам, эҳтимол кӣ буданатро дуруст нафаҳмондаӣ.

- Фаҳмондам. Ammo вай боз ҳамон гапро батакрор овард.

- Исто, ки дар рӯи дастархонаш аз гизовор чй зиёдтар ба
назар мерасид?

- Дар рӯи дастархонаш тамоми навъи маваҷотро дидам.

- Ана, барон чй осиёбон нагирифтааст гапатро. Аз ҳамаи
меваҳо, ки дошта бошад, кораш ба табиб намеафтад. Шахсе,
ки аз ҳамаи анвои меваҷот истеъмол кунад, беморй намеби-
над...

Саъдинисо ба гуфтани ҳикояти дигар гузашт.

Баъди фурсате Қумрӣ дар табақи лангарии сафолин палави
сурх оварду рӯи миз гузошт, ки ҳавраш мебаромад. Бӯйи оши
равғани зағир ва кабоби токй хонаро фаро гирифт.

Дӯстони ҳамкасб баъди сарфи хӯрок аз ҷаҳоннамо
сурудҳои наврӯзй шуниданд. Пас худашон ба замзамаи суруд
пардохтанд. Мавлуда - духтари апаи Қумрӣ, ки ӯ хам табиб
аст, саровози онҳоро гирифт. Сонй Қумрй аз Саъдинисо пур-
сид, ки вақтҳои дар Кӯлоб буданашонро ҳикоя кунад. Ед
оварданд, ки чй хел соли 1944, вақте ки Саъдинисо баъди
хатми донишгоҳ дар Кӯлоб кор мекард, дар таваллудхона
катҳо холй меистоданд. Модарон ба дояҳои аз кӯчаи тиб нагу-
зашта рӯ меоварданд. Қумрии донишҷӯ дар назди хоҳараш
таҷриба меомӯхт. «Бо ҳар роҳе, ки бошад, занҳоро ба духтур
одат кунондан лозим» мегуфт Саъдинисо. Боре ҳангоми
ҳамин гуна ташвиқот бо пиразани кӯҳнапарасте гапи хоҳарон
гурехт. Саъдинисо гуфт, ки духтари ҳомилаи пиразанро
ҳатман ба таваллудхона баранд, зеро вазъаш мӯътадил нест...

- Духтарам бе ёрии духтур ҳам мезояд,- якравй мекард йи-

154
разан. - Ху дам ҳам дар ҷавонӣ бо мадади момодояи маҳалла
сабукй меёфтам...

- Очаҷон, он вақтҳо шароит дигар буд. Ҳукумат
таваллудхонақо сохт, кори духтурҳо бепул...

- Хайр, худи туя модарат дар куҷо зоидагй?

- Оча, гӯш кунед! Хоҳед, ки ҷони духтаратон ба хушӣ раҳо
ёбад, ба таваллудхона мебаред, вассалом.

Баъди як ҳафта кампир харсосзанон ба назди Саъдинисо
омад.

- Ҳа, чй ran?

- Ёрӣ деҳ! Зудтар! Духтарам зонда натавониста...

Ҷои таъхир кардан набуд. Шитобон духтари кампирро ба
таваллудхона оварданд. Хатари ҷиддие ба сари зани ҷавон
тахдид дошт. Хунаш якзайл мерафт. Қумрӣ ҳамон вақт нахус-
тин бор дид, ки чй хел хбҳараш зани дуҷонро ҷарроҳй карда,
тифлро аз батнаш берун овард.

Кампир ашкрезон барои баҳси дирӯзааш маъзарат хост.

- Аз шумо як хоҳиш,- гуфт Саъдинисо,- минбаъд ташвиқ
кунед, ки занҳои ҳомила ба таваллудхона биёянд. Пеш одамон
пули бисёр сарф карда, табиби «балогардон» кофта, ба
мазорҳо назру ниёз мебурданд, аммо аз дӯою тӯмор сиххат
намеёфтанд. Шукр, акнун табиб ҳам ҳасту шароит ҳам...

Модарон оҳиста-оҳиста ба таваллудхона меомаданд. Ин ба
дили хоқарон қувват мебахшид. Солҳо мегузашту инсон ва
сарнавишти ӯ дигаргун мегашт. Акнун мардум ҳаёташонро бе
хизмати муассисаҳои тиббй тасаввур карда наметавонистанд.

...Қумрӣ дар понздаҳсолагй аз остони мактаби тайёрии
тиббй ва омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Конибодом гузашта
буд. Фаъолияти меҳнатиащ соли 1941 аз омӯзгории синфҳои
ибтидоии мактаби деҳа ’оғоз ёфт. Сониян боз аз паи
донишандӯзӣ рафт. Солҳои 1953-59 дар Донишгоқи давлатии
тиббии Тоҷикистон таҳсил кард ӯ. Баъди ду соли
таҷрибаомӯзӣ дар ординатураи клиникии бахши акушерию
гинекологй соли 1961 ба аспирантураи Донишгоҳи тиббии ба
номи Абӯалй ибни Сино дохил rap дид. Ҷаҳор соли умрашро
аз паи тадқиқу таҳқиқ гузаронд. Рисолаи номзадии ӯ «Баъзе
хусусиятҳои мубодилаи сафеда дар батни. модар ва наел

155
ҳангоми ба камхунӣ гирифтор шудани зани ҳомила» қимати
баланди назариявию амалӣ дошта, барои муҳофизони салома-
тии модару кӯдак ҳамчун дастурамал қарор гирифт. Муаллиф
исбот кард, ки бемории камхунӣ аз камии оҳан дар таркиби
ғизо, аз тез-тез зоидан ва ирсият ба амал меояд. Агар модар
камхун бошад, тифл заифу наҳиф ба дунё меояд ва ба қадри
зарурй инкишоф намеёбад.Камхунӣ аксаран боиси исқоти
ҳамл мегардад, ҳатто баъзан безурриётиро ба вуҷуд меоварад.
Қумрй Ҳакимова бисёр занҳоро аз чанголи ин беморӣ
вораҳонд. Ба ақидаи ӯ: беҳтарин чораи табобати камхунии
занҳо баъди ҳар се сол як бор таваллуд кардан аст...

Таваллудхонаи якуми шаҳри Душанбе, ки дар он дотсент
Қумрӣ Ҳакимова кор мекард, аз аввалин ва калонтарин муас-
сисаи тиббии Тоҷикистон ҳисоб меёбад. Бисёр занҳо худ дар
ҳамин ҷо таваллуд шудаанду набераҳояшон ҳам дар ҳамин ҷо
ба дунё омадаанд. Дар шӯъбаҳои гуногуни зоишгоҳ ғайр аз
амрози занона, инчунин табобати бемориҳои баландшавии
фишори хун, камхунӣ, иллати дилу гурда дар вақти ҳамл ва
ғайра сурат мегирад.

Қумрй Ҳакимова дар ин ҷо беҳтарин лаҳзаҳои умрашро гу-
заронда, илмро ба амал мепайваст. Ба назди ӯ занҳои чӯёи ҳар
давое меомаданду маслиҳат мегирифтанд. Охир, гинекологҳо
рӯҳи занҳоро беҳтар аз худи онҳо медонанд. Онҳоянд, ки
ташхиси дарди занҳоро аниқ карда, банд аз банди
вуҷудашонро омӯхта, ба дилашон куввату умед мебах-
шанд.Қумрй Ҳакимова дар чустучӯи сабабҳои безуррйётй, ки
мураккабтарин бемории занона аст, басе шабҳоро ба рӯз ме-
бурд. Як вақтҳо аксар одамон безурриётиро фармудаи такдир
дониста, ба табобаташ намекӯшиданд. Аммо акнун ин муам-
мои сарбаста нест, илми тиб роҳхои гуногуни табобати онро
медонад.

Дар рӯи мизи кории ӯ номаҳоеро медидем, ки аз занҳои гу-
ногӯнкасб омадаанд. «Дар хонадони мо тамоми шароит
муҳайёст,- менавишт зане. - Ману шавҳарам зиндагии хуб ба
cap мебарем, якдигарро ҳурмат мекунем, аммо фарзанд надо-
рем. Агар бефарзанд монем, намедонам оқибати зйндагиамон
чӣ мешавад?»3ани дигаре менавишт, ки «аз бефарзандй хуни

156
дил мехӯрам, солҳо боз дар интизори фарзандам, аммо бахт
ба рӯям намехандад. Чӣ илоҷу чӣ чора? Ба ёрии шумо
мӯҳтоҷам»...

Ҳакимова вақти ба макдубҳо ҷавоб навиштан ташвишу из-
тироби занҳои безурриётро ба хубй эҳсос мекард. Бо мақсади
ба онҳо мадад расондан кори нави илмии худ - масъалаҳои
камхунии ирсиро давом медод.

... Дар Тоҷикистони имрӯзаи мо, дар диёре, ки решаҳои
илми тиб ба қаъри асрҳо расида ва дар ин соҳа олимону до-
нишмандони зиёде ба майдон омадаанд, солҳои тӯлонй модар
бо ёрии тасодуфдояе зоида. ба маризе гирифтор мешуд. Тифл
аксар вақт заифу нотавон ба дунё омада, умри дароз намедид.
Зоишот гӯё аз рӯзи аввал ба қазову қадар вобаста буд. Танҳо
саводнокии мардум ва талошқои ахди тиб барои офияти мо-
дару кӯдак роҳ кушод.

Кунун ба даргоҳи таваллудхонаҳои ҷумхури занҳо бо умед
қадам ниҳода, тахти назорати дояҳои соҳибтаҷриба қарор ме-
гиранд. Фарзанди яке аз ҳамин гуна занҳо ба Қумрй Ҳакимова
навиштааст: «... Шуморо аз рӯи гуфтаҳои модарам ғоибона
мешиносам. Шумо дояи ман ҳастед. Соли 1959, вақте ки ман
ба дунё омадаам, таркиби хунам аломати хавфнок доштааст.
Шумо шаби дароз ба ман хун гузаронда, барои ҳаётам мубо-
риза мебурдед. Ҳоло ман соҳиби маълумоти олй ҳастам. Мо-
дарам аз шумо ва хоҳаратон, ки он вақт боиси зинда мондани
ман шудаед, ҳамеша миннатдоранд. Шуморо ба муносибати
Рӯзи касбии кормандони тибби Тоҷикистон табрику таҳният
мегӯям. Наҷиба Наимова».

Саҳифаҳои дафтари умри Қумрй Ҳакимова-собиқ дотсенти
кафедраи акушерию гинекологии Донишгохи тиббии
Тоҷикистон ба номи Абӯалй ибни Сино пур аз ҳамин гуна
сатрҳои самимист. Ин табиби ҳозиқ аз пизишки одй то ба
корманди аршади илмии шӯъбаи патологияи донишгоҳ ва му-
дирии шӯъбаи клиникй-гинекологии Пажӯҳишгоҳи илмй-
тадқиқотии муқофизати зан ва кӯдак рохд ибратомӯзеро пай-
муда, ба мартабаи воло расид. Аз пуигги мехдати босамараш
соҳиби нишони «Аълочии тандурустии СССР» (1976), унвони
Духтури хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1986) гардид

157
ва аз авохири асри бист нафақахӯри шахсӣ барои хизматҳои
махсус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ope, аз пайи пешаи хеш нони ҳалол хӯрдану бо номи нек
зистан мукофоти одни тақдир аст ба инсон.

ДАРДРО ҲАМДАРД ДОН АД

Боре шоир Муҳиддин Фарҳат ба табиби қозик Наримон
Қобилй ривояте овард: ,

- Дар яке аз ноҳияҳои Тоҷикистон пирамарде гирифтори
бемории абрас мезист. Вай се писару як духтар дошт.
Харчанд абрас сйроятй нест, аксар афроди одамиён аз ӯ худро
дур мегирифтанд: ба маъракаҳо намехонданд, дар вохӯриҳо
даст намедоданд, дар ҳамнишинй аз дасти ӯ пиёлаи чой наме-
гирифтанд. Ҳатто ба хостгории духтари ягонааш касе намео-
мад. Азияти рӯҳии пирамард боло гирифт ва ба дараҷае расид,
ки рӯзе писаронашро ба наздаш шинонда, маъюсона гуфт:
«Фарзандонам, шумо медонед, ки ба дарди май на табибони
халқӣ даво ёфтанд, на пизищкони давлатй. Замни сахту осмон
баланд. Акнун бояд боқии умрамро дар ягон мавзеи дур гуза-
ронам, ки он ҷо касе маро нашиносад. Аз шумо хоҳиш: ҳар
сеятон барои ман ҳазор сӯмй пул диҳед. Ин маблағро барои
роҳпулӣ ва дарёфти кути лоямут сарф мекунам...»

Писарон чун диданд, ки азми падар қатъист, хоҳишашро ба
ҷб оварданд ва ӯ ба сафар баромад. Аммо боз ноомади кораш-
ро дид. Дар роҳ ба дасти дуздон афтод. Пулу либосашро ка-
шида гирифтанду дасташро бастанд, ба даҳонаш латтапорае
андохта, лагадкӯбон ба найзоре бурда партофтанд. Пирамард-
ро найдаравҳо тасодуфан ёфтанду ба деҳа оварданд. Бадани ӯ
аз зарби неши пашшаву хомӯшакҳо сахт варамида буд.
Ранҷурро ба табобатхона хобонданд. Баъди як моҳи муолиҷа
на фақат варами бадан, балки доғҳои сафеди пӯсташ ҳам
барҳам хӯрд. Ин чӣ асрорест, ки ҳатто табибонро ҳам ба
ҳайрат овард?

Фарҳат ба мусохибаш саволомез нигарист:

- Сабаби шифо ёфтани пирамардро равшан кардан муҳол
ает,- посух дод Наримон Қобилй. - Шояд ба ин давоёбй за-

158
хми неши ҳашароти найистон ва ё он авзои сакта, ки пир чанд
муддат гирифтораш буд, сабабе бошад. Аммо он қисмати ри-
воят, ки сухан аз боби ҳазар меравад, аз ҳақиқат дур нест.
Маълум, ки аксари аҳолии Осиёи Миёна аз гирифторони аб-
рас ҳазар доранд. Аслан эҳтироз (парҳез, канорагирӣ) аз диди
илми тиб асосе надорад, зеро абрас аз касе ба касе намегуза-
рад. Дар Урупо ба ин зуқурот назари дигар доранд, онро
хам чу н нуқси пӯст медонанд. Аз ин беморӣ ҳазар кардан но-
равост.

- Мардум ҳамин нуктаро медонанд, вале, таассуф, ки баръ-
акс амал мекунанд,- гуфт Фарҳат.

Табиб ривоятро мухтасар дар дафтарчааш навишт. Фарҳат,
ки аз сарнавишти калимаҳо бисёр баҳс мекард, дар хусуси
номҳои гуногуни ин бемории пӯст мулоҳизаи ӯро донистан
хост.

- Дар тибби ҷаҳонӣ песро «витилиго» меноманд,- посух
дод Қобилӣ.

- Дар чанд рисолаи қадимаи шарқй «абрас» навиштаанд,-
китоби хотироташро варақ зад Фархат. - Медонед, шакли ди-
гари ин истилоҳ «барас» аст. «Абрас» ва «барас»-ро маъмул
кардан лозим. Бояд ин нуқси пӯст фанопазир бошад. Ибни
Сино ҳамаи дардҳоро муолиҷа карда, танҳо илоҷи аҷалро на-
ёфт: «Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал?» Шумо,
Наримонҷон, хамчун мутахассис, доир ба рохҳои муолиҷаи
ин дард мақолае навишта, дар матбуот мунташир гардонед,
эҳтиёҷмандон дар хаққатон дуои хайр мегӯянд. Ҳамон ни-
шондодатонро мукаммалтар ба рӯи коғаз биёред...

Яке аз шиносҳои Фархат аз бемории абрас азият кашида,
худро аз мардум канор мегирифт. Табибон чандон ки муолиҷа
карданд, муфид наафтод. Фарҳат чанд бор гуфт, ки ӯро барои
маслиҳат назди Қобилй барад, вале бемор намехост. Мешар-
мид. Пае Фарҳат ҳар боре, ки бо ӯ рӯ ба рӯ ояд, байти Ҳакими
Тӯсиро мехонд:

Ҳар он кас, ки пӯшид дард аз пизишк,

Зи мижгон фурӯ рехт хунин сиришк.

Сипас шоир ин воқиаро ба Қобилӣ фаҳмонд. Олим дарҳол
қаламу коғаз шрифту барои бемор чанд ҷумла навишт: «Пес,

159
абрас, барас, витилиго. Бемории рӯи пӯст. Шукуфа. Вайрон-
шавии пигментатсияи пӯст, ки дар он моддаи рангдихандаи
қисмҳои алоҳидаи пӯст барҳам мехӯрад. Аввал дар рӯи пӯст
догҳои сафеди гуногуншакл пайдо шуда, минбаъд ҳаҷман ме-
афзояд ва бо ҳам даромехта, қисми зиёди баданро фаро меги-
рад. Сипас мӯи ҷои осебдидаи пӯст сафед мешавад. Гирифто-
ри ин беморӣ дардро ҳис намекунад.

Муолиҷа: истифодан нурҳои ултрабунафш ва доруҳое, ки
хассосияти пӯстро нисбат ба нурҳои ултрабунафш меафзо-
янд».

Фарҳат ба ҳамин мактубчаи Қобилӣ ишоратан ҳарф мезаду
ӯро ба навиштани мақола ташвиқ мекард.

- Ман фикрамро нависам, шумо таҳрирашро ба зимма ме-
гиред?

- Забои ва тарзи баёни худатон бад не, шояд дар
истилоҳсозӣ ҳамкорй намоем.

- Аслан, акаи Муҳиддин, щоирон ҳам табибмизоҷанд, бо

таъсири сухан ба дарди кас даво мебахшанд. Ибни Сино ме-
фармуд, ки агар табиб нармгуфгору гармрафтор набошад, дар
муолиҷа дармемонад. Яъне ҳар ду ҳамдардем. Дардро
ҳамдарддонад... , : v

Фарҳат аз мусоҳибаш пурсид, ки чанд навъи бемори ҳаст?

- Дар маҷаллае хонда будам, ки тақрибан 1500 навъи
беморй ҳаст,- посух дод олим.

- Агар аз ин қадар мараз илоҷи як-дутояшро ёбеду аз каш-
фиёти шумо баҳра баранд, ҳакими хушбахт хоҳед буд. Илоҷи
абрасро бояд ёфт...

Вале Фарҳат каме бемор шуду банохост аз длам даргузашт.
Наримон Қобилӣ дертар маколаи зеринро ба табъ расониду
рӯҳи ӯро шод гардонд (Азбаски ба эхтиёҷмандон муфид аст,
мукаммал оварданашро савоб донистам): «Дар натичаи
барҳам хӯрдани пигмент (донаҳои гандумранге, ки меланин
ном доранд) дар пӯсти одам доғхои сафеди хурду калон ва
гуногуншакл пайдо мешаванд. Сабаби пайдоиши ин бемориро
алҳол пурра наомӯхтаанд. Олимон чунин мепиндоранд, ки
дар инкишофи пес ихтилоли кори низоми асаб ва ғадудҳо
нақши асосӣ мебозанд. Мувофиқи ақидаи олими мисрЙ Ал-

160
Муфтӣ абрас нуқси танҳо хоси пӯст набуда, аломати
бемориҳои дарунӣ (масалан, амрози қанд) ва ғайра мебошад.
Тадқиқоту муоинаи ҷарроҳон аз сирф иллати пӯст набудани
абрас шаҳодат медиҳанд. Онҳо як пора пӯсти пигментнадош-
та. яъне сафедро ба ҷои солим ва як порай пӯсти солимро ба
ҷои иллатноки бадан гузошта дӯхтанД.Баъди чанде пӯсти са-
фед ранги солимро гирифт (гандумранг шуд), пораи пусти со-
лим сафед гашт.

Имконияти ирсӣ ва ғайриирсӣ (ҳангоми истеҳсоли зифтҳои
синтезӣ) будани бемории абрас дар рисолахои тиббия ва
маъхазҳои илмӣ баён гардидаанд. Доғҳои абрас махдуд, мун-
ташир (паҳнгардида) ва дутарафа (дар пахдухои росту чап,
дар як ҷои ҳар ду по ё даст) пайдо мешаванд. Абрас фақат як
навъи лойкодерма (лойко-сафед, дерма-пӯст) буда, онро аз
ҳафт навъи дигари лойкодерма бояд фарқ кард. Донистани ин
фарқ, пеш аз ҳама, вазифаи мутахассисони бемориҳои пуст
аст. Ҳангоми гирифтории ин бемори микдору масоҳати доғи
сафеди пӯст батадриҷ меафзояд. Агар дар ҳудуди доғи сафед
мӯй ҷойгир бошад, он ҳам ранги муқаррариашро гум мекунад.
Одатан, абрас ба вазъи умумии буня (организм) таъсири
ҷиддӣ намерасонад. Аммо доғҳои сафед дар ҳар но и аъзои
пайкар, хусусан агар дар сару рӯю гардан ва дасту по воқеъ
бошанд, боиси азоби руҳӣ мешаванд.

Тибби муосир барои табобати абрас бисёр воситаи давои
(масалан, фотосенсибилизаторҳо - моддаҳое, ки ҳассосияти
пӯстро ба таъсири нури ултрабунафш афзун мегардонанд),
физиотерапевта (шуои лазер ва ғайра)-ро пешниХод' кардааст.
Мутаассифона, алҳол илм ба муолиҷаи абрас ба таври кулли
муваффақ нашудааст. Бо вучуди он, муроҷиати бархе аз муб-
талоёни абрас ба табибтарошон норавост, зеро онҳо оа ғайр аз
ӯхдаи табобат набаромадан боз зарар ҳам мерасонанд (бемори
кӯҳна мешавад). Ба ақидаи муаллифи ин сатрҳо, табобати ба-
рас ниҳоят мушкил, аммо имконпазир аст. Тибби қадимаи
шарқй ба ташхисот ва муолиҷоти барас саҳми арзанда дошт.
Барои тасдиқи ин ақида ду иқтибос меорам. Яке: «Давое, ки
барасро дар ду рӯз дур намойд: бигиранд море ва бишико-
фанд. Шоҳтараи (гиёҳи худрӯи таЯХмазае, ки хосияти давои

161
дорад) тар ё хушк дар шикамаш пур карда бидӯзанд ва ба рӯи
оташ кабоб кунанд, то пазад. Пас шоҳтараро бароварда, бар
мавзеи барас зимод (марҳам) намоянд». (Аз «Ал-Қонун»-и
Абӯалии Сино, ҷилди 4 ва «Иҷолаи нофеъ»-и Ҳаким
Муҳаммадшарифхони Деҳлавй). Дигаре: «Агар сӯзан дар дог
фурӯ баранд ва ба ҷои хун рутубати сафед барояд ва он
мавқеъ аз молидан сурх нашавад ва мӯйи он ҷо сафед гардад,
барас илоҷпазир набувад» (Аз «Қарободини аъзам ва акмал»-и
Муҳаммад Акмалхон).

Инчунин тибби қадим мефармояд: «Тухми морро бо сирко
ва танакор соида, ба доги пес бимоланд, онро рафъ меку-
над.Пӯсти морро сӯхта, бо навшодир омехта банданд, доғҳои
сафеди пӯстро рафъ мекунад, ҳамчунин дигар догҳоро аз пӯсг
мебарад».

Дз чунин андешаи пешиниён бармеояд, ки ин бемори даво
ҳам доштаасту мӯхдати илоҷ ҳам. Ташхиси саҳеҳ ва
саривақтӣ шарти тадовии бомуваффақият аст. Гузаштагон ба-
рон фаҳмидани пес ё махав будани доғ сӯзанзаниро ҳам исти-
фода мебурданд.

Аз дастнавису рисолаҳои тибби форсу тоҷик қариб сад
номгӯй дорувореро, ки аз рустанӣ, ҳайвоноту моддаҳои
минералӣ тайёр кардаанд ва барон табобати барас тавсия шу-
даанд, метавон дарёфт. Баъзеи онҳоро ном мебарем: пӯсти
мор, хуни муш. мағзи сари зоғи сиёҳ, афшурдаи мӯрчаҳои ка-
лон, зардчӯба, пӯсти дарахти ҳалила ва балила, гули савсан,
гули шақоиқи Нӯъмон, сезоб, қанди сиёх ва ғайра.

Ҳазор афсӯс, ки алқол ягон муассисаи тадқиқоти илмӣ
тавсияҳои илми қадимаро оид ба муолиҷаи барас амиқ
наомӯхта ва аз сарвати беқамтои илму фарҳанги ниёгон
баҳраманд нашудааст. Дар ин боб кӯшишҳои шахсони
алоҳида маълуманд, аммо ин кам аст. Агар аз тибби қадима
якчанд доруи муфидро интихоб карда, бо тавсияҳои тибби
замонавй муштарак истифода барем, шояд мушкилоти
муолиҷаи абрас осон гардад.

Ба шахсоне, ки дар ҷойҳои ба чашм намоёни ҷисми худ
доғҳои сафед доранду роҳи табобату рафъи онхоро намедо-
нанд, тавсияи зерин муфид аст: 1. Муваққат доғҳоро бо упои

162
махсуси гандумранг рӯпӯш кардан. 2. Агар гулу барг ва
шохаҳои хиноро реза карда, ба доғх,ои сафеди пӯст 8-12 соат
бандед, ранги пӯст дар давоми якчанд рӯз дигартун мешавад.
3. Аз маводи кимиёвие, ки дигиДрооксиасетон ном дорад,
махдули 50,60,70 фоиза тайёр карда, ба доғҳо бимолед, пуст
якчанд рӯз гандумранг мемонад (Маҷаллаи «Занони
Тоҷикистон», № 9, 1988).

Ногуфта намонад, ки муаллифи ин маслиҳатҳои муфид
доктори илми тиб Наримон Қобилӣ тавассути матбуоти
ҷумхурӣ таваҷҷӯҳи олимону табибонро борҳо ба йн мас'ъала
ҷалб сохта, ҳамзамон даъват дошт, ки қодйрон дар ин ҷода
камари ҳимматро сахттар бубанданд ва бозёфтҳои илми гу-
заштаро амиқтар омӯхта, роҳи илоҷи бемории мазкурро дарё-
банд. Умед аст, ки муҳаққиқони тозакор ба ин мақсад ноил
мегарданд.

Ҳамсоли Ҷумхурии Тоҷикистон, мутахассиси тавонои
фармокология ва физиология Наримон Қобилӣ дар маҳаллаи
Тангаки шаҳри Конибодом ба дунё омада, ба олами дониш
роҳ ёфт. Соли 1952 баъди хатми факултаи муолиҷавии
Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон муддате чанд дар худи ҳамин
муассиса озмоишкор ва ёвар буд. Пас аз хатми аспирантура ва
ҳимояи рисолаи номзадӣ соли 1972 дар мавзӯи «Бедардгардо-
нии муқаввӣ дар дандонпизишкӣ» рисолаи докторӣ дйфоъ
кард (ин асар ба тадқиқгарони дардҳои даҳан раҳнамои ху-
бест). Аз он айём ӯ гоҳ дар Душанбе, гоҳ дар Москва
вазифаҳои гуногунро ба ҷо меовард. Беш аз даҳ сол мудири
шӯъбаи фармаакологияи донишгоҳи марказии тадкиқоти ил-
мии стоматологияи шаҳри Москва буд. Аз соли 1982 мудири
шӯъбаи химия, биология ва тиббияи Энсиклопедияи Советии
Тоҷикро ба ӯхда дошт. Дар саҳифаҳои ин қомуси миллат
ҳосили дастранҷи ӯ бисёранд.

Наримон Қобилй оид ба фармакологияи моддаҳои
химиотерапевта, моддаҳои фаъоли физиологие, ки аз
рустаниҳо гирифта шудаанд, доруҳои таскинбахш, физиоло-
гияи ҳисси дард ва ғайра бисёр тадқиқота илмй мебурд. Вай
муаллифи бештар аз 75 асари илмй буд, ки дар бораи яке аз
онҳо - табобати бемории абрас муфассал сухан рондем.

163
Асарҳои илмии ӯ «Гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон» (1961),
«Муолиҷаи амрози дандон» (1966), «Тавсифи физиологии
баъзе навъҳои варзиш» (1980) ва ғайра дорои аҳамияти бузур-
ги тиббию табобатӣ мебошанд.

Ахди тибби тоҷик дар симои Қобилӣ ҳомию муттакои
муқтадири худро медиданд, чаро ки дили ӯ ба дардмандон
месӯхт ва ҳакимони асили мардумиро ҳимоят мекард. Аз до-
нишмандони тиб нахуст касе, ки мураттиби луғати тафсирии
«Хазинаи тибби қадим» Ҳомид Зоҳидро дастгириву
раҳбаладй карда, фарҳангномаи ӯро чун муҳаррири масъул
таҳрир намудааст, хамин Қобилии хушқобилият буд.

Дар қаламрави Тоҷикистон чаид тан табибони халкӣ нияти
муолиҷаи дардмандон доштанд. Дар давраи рукуд ва
барҷомондагй фаъолияти онҳо таҳти таъқибот буд. Бозсози
шароите ба вуҷуд овард, ки мардум табибони худро бишно-
санд. Номи муолиҷагарони мардумй Насриддиншоҳи Ҷалоли,
Ҳомид Зохдд, Анвар Исомаддин, Абулқосим Қахдоров ва ди-
гарон вирди забонҳо гашт. Бо вуҷуди ин, иддае аз афроди ил-
ми тиб ба муқобили табибони халқӣ муборизаи беамон ме-
бурданд. Масалаи будан ё набудани муолиҷагарони халқӣ ба
миён меомад. Наримон Қобилӣ ба х,имояи онҳо ва дар зимни
ин {5а эҳёи тибби мардумй сахт камар бает. Дар саҳифаҳои
матбуоти давр, дар радио ва телевизиони тоҷик ба таъсиси
«мизҳои мудаввар» машғул гардид... Ба ҳамфикрони Қобили
муяссар шуд, ки ба мақомоти олии вазорати тандурустии
ҷумхурият моҳияти ин масъалаи ҳаётан муҳимро фахмонанд.
Натиҷаи ҳамин талошҳо буд, ки фаъолияти табибони мардумй
қукми расмият гирифт ва онҳо дар табобати эҳтиёҷмандон бо
дасту дили гарм ҷахду ҷадал намуданд.

Афсӯс, ки дили ин олими боистеъдод, фармаколог ва фи-
зиолог дар 65-солагиаш аз тапиш монд. Дар расми видои у
докторони илми тиб, дӯстон ва ҳампешагонаш Ёқуб Тоҷиев,
Фозил Абдураҳмонов, Мухтор Муродов, Турсун Тухтаев,
Тоҷӣ Холиқов гуфтанд, ки марги чунин донишманд барои
илми тиб талафоти гарон аст.

164
ТАБИБИ ИСАВИҲУШ

Дар деҳаи Хамичӯи ноҳияи Конибодом касе наоуд, ки ама-
ки Муроди деҳконзодаро нашиносад. Ин марди нексиришт
панҷ писару як духтар дошт. Писарҳо Аскару Махмуд, Мух-
тору Усмон ва Мирзо ҳунарҳои гуногунро омухта, аз паи пе-
ша нони ҳалол мехӯрданд.

Мухтор ҳар рӯз аз деҳа ба шаҳр омада, дар мактаб-
интернати ба номи Наримонов сабак меомухт. Роҳаш хатман
аз махаллаи мо — Гумбазӣ мегузашт. Аз ҳамон айём бо хам
шиносоӣ доштем. Нимаи солҳои панҷоҳум шавқи омузиши
илму адаб моро ба Душанбе ов'ард. У ба донишкадаи тиббй
дохил шуд, ман ба донишкадаи омузгори. Ҳар ду бо ниятҳои
нек талошу такопӯ доштем. Ҳар сол дар таътил ҳамрох азми
дидани зодгох мекардем. Рӯзе дар истгоҳи роҳи охан хангоми
чипта харидан шиносномаи ӯ ба дастам афтод. Маълум шуд,
ки Мухтор бистуми феврали соли I9j6 ба дунё омадааст.

- Ҳар ду ҳамсол будаем-ку, ҷӯра,- гуфтам ба ӯ.

- Дар як мох пасу пеш таваллуд шудаем-посух дод у низ
ба шиносномаи ман чашм давонда. — Шумо аз ман дах руз ка-
лон будаед.

- Бале, минбаъд маро ако гуед,- шухиомез афзудам.

Ҳар ду хандидему аз зодрӯзи якдигар вокиф шудем. Айёми
пурташвиши илмомӯзй чун нафаси гарми баҳор тез гузашт.

Мухтор Донишкадаи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синоро
хатм карда, дар оғӯши он ба фаъолият пардохт. V шабу руз бо
маризон сару кор дошт. Бисёр китоб хонда, дониши худро аз
лиҳози илмй ва амалӣ тақвият медод. Дере нагузашта якчанд
соҳаи илми тибро фаро гирифт. Аз чумла, у ба танвим
(ҳушбарй, наркоз) чиддан машғул шуд. Қарио ягон ҷарроҳи
бе ширкати ӯ намегузашт. Пеш аз амалиёти чаррохй беморро
наркоз дода, беҳис мегардонд, пас аз амалиёт чун мариз ба
ҳуш ояду дардаш боло тирад, боз давои таскинбахш медод.
Тақцири хар дардманде, ки бояд ҷарроҳӣ шавад, гӯё^дар дасти
Мухтор буд. Ҷарроҳи ҳозиқ Комил Тоҷиев ба у хар бор
таъкид мекард:

- Ҳушёр бош, писар. Меъёри асосиро1 нигоҳ дор. Агар зиёд

165
наркоз диҳи, бар зарари бемор аст, кам наркоз диҳи, бемор
азоб мекашад...

Мухтор бо сарпарастии устодаш табиати табобатии нар-
козро амиқан омӯхт. Он вақтҳо нафъи наркозро на ҳар кас
сарфаҳм мерафт.

Як рӯз Комил Тоҷиев ду байти Низомии Ганҷавиро, ки дар
коғазпорае бо хати хоно навишта шуда буд, ба Мухтори Му-
род доду гуфт:

- Ин шеърро ба ман Шарифҷон Ҳусейнзода дод. Ман аз ёд
кардам. Ту ҳам дар хотират нигаҳ дор. Инро дар лавҳе бо хати
ҷалӣ (хоно) сабт гардон ва дар дарсхона зада мон.

Мухтор коғазро аз дасти устодаш гирифту шеърро хонд:

Ташреҳи нщоди худ даромӯз,

К-ин маърифатест хотирафрӯз...

Мебош табиби исавихуш,

Аммо на табиби одамикуги!

- Медонӣ, Мухторҷон, дар ин шеър ду чизи бисер муҳим
ҳаст - таъкид кард Тоҷиев. - Якум, шоир истилоҳи «ташреҳ»-
ро ба маънои анатомия кор бурдааст, ки инро на ҳар тоҷики
босавод медонад. Дувум, шоир орзу кардааст, ки ҳар як табиб
бояд исавихуш бошад. Дар адабиёти гузаштаи мо ибораи
«мӯъҷизаи исавӣ» бисёр вомехӯрад. Исо, чунон ки медонем,
асосгузори дини насронист. Мӯъҷизаи Исо гӯё аз эҳё кардан,
зинда гардондани мурдагон иборат будааст.

- Устод, пири маънавии мо Ибни Сино асрори басе муш-
килотро кушуда, танҳо дар кушу дани банди аҷал оҷиз монда-
аст.

- Бале, зинда гардондани мурда дар хобу хаёл ва афсонаҳо
дида мешавад,- гуфт Тоҷиев. — Вале ҳаким Низомй орзу дошт
пизишкон ҳамеща дақиқкор бошанд, сари вақт ба табобати бе-
мор расида, дар ташхису муолиҷа хато накунанд. Оё медонй,
ки ин шеър ба кори ту чӣ алоқаи мустақим дорад? Ту пеш аз
ҷарроҳӣ беморро бо наркоз карахту бехуш мегардонй, бемор
гӯё як мемираду боз зинда мешавад. Ана, ҳамин хел табибро
«исавихуш» меноманд. Илохо, ту ҳам Исонафас шавй!

166
- Ё пирам, мададе! Дуоят мустаҷоб бод, устод!

Баъдан Мухтори Мурод тамоми ҳастиашро ба рушду
равнақи илми тахдиршиносй (анестезиология) бахшид.
Маълум аст, ки ин илм дар тибби тоҷик падидаи навеет. Дар
тибби мардумй дар тӯли асрҳо усулҳои одни карахткуни (бо
роҳи нашъамандӣ, шаробнӯшй, истеъмоли дармона) истифода
бурда мешуд. Тахдиршиносй ҳамчун илм ба васеъ ҷори кар-
дани воситаю усулҳо ва адвиёти муассири мадхушкунии
умумй - наркоз, пеш аз ҳама, ба истифодаи эфир дар амалияи
ҷарроҳӣ роҳи васеъ кушод. Ин илм ба табибон имконият дод,
ки мураккабтарин амалиёти ҷарроҳиро бомуваффақият гуза-
ронда, барои тезтар аз байн рафтани осори амали ҷарроҳи ва
шифо ёфтани аъзову аҷзои тан шароити мусоид муҳайё ку-
нанд...

Табиби нозуксанҷ Мухтори Мурод соли 1965 дар мавзуи
«Карахт ва безарар гардонидани ҷарроҳии шаклҳои пушидаи
сили шуш» рисолаи номзадй дифоъ кард. Вай панҷ сол дар
кафедраи амрози сил омӯзгорӣ карда, ҳамроҳи шогирдонаш
барои рафъи ин касалии бисёр хавфнок, ки бештар дар шуш
пайдо мешавад, мубориза мебурд. Сонӣ ӯ ба ҳайси дотсенти
ҷарроҳии умумй ифои вазифа мекард.

Мухтори Муродро асрори тахдиршиноси, муаммоҳои ка-
рахту беҳис кардани бадани бемор ором намегузошт. Ниҳоят,
ӯ соле 1970 пас аз заҳматҳои зиёд ба мурод расид: таҳти
рохбарии академик Комил Тоҷиев ва доктори илми тиб, про-
фессор А.И.Прешинский (аз Киев) рисолаи докторй дифоъ
кард. Ба кори пурарзиши доктории ӯ «Пайдоиш, пешгирй ва
муолиҷаи найчаҳои варамидаи шуш ва табобати беморони
сил, ки шушашон ҷарроҳӣ шудааст» мутахассисони муқтадир
баҳои баланд доданд.

Соли 1974 унвони профессорй насиби Мухтори^ Мурод
гардид. Аз хамон вахт ӯ дар кафедраи тахдиршиносй ва ин-
шори Донишкадаи тибби и ба номи Абӯалӣ ибни Сино мудир
ва ҳамзамон (аз соли 1977 то соли 1985) дар шӯъбаи такмили
ихтисос декан буд. Сабақҳои нотакрори ӯ табибони
таҷрибаомӯзро ба фатҳи қуллаҳои дониш ҳидбят мекард.

Иншоршиноси мумтоз Мухтори Мурод инчунин пайваста

167
китобу рисолаҳои илмӣ иншо мекард. Вай беш аз 175 кори
илмӣ нашр кунонд, ки дар байни онҳо ҳафт рисола ва се дас-
тури таълимй мавқеи махсус доранд. Шоҳасари ӯ «Реанимат-
сия» («Иншоршиносӣ»), ки соли 1987 таълиф ёфтааст, барои
донищҷӯёну устодон ва шавқмакдони тиббия дастури нодири
таълимӣ буда, ду маротиба бо теъдоди зиёд нашр шуд. Ин
асар имрӯз ҳам барои толибилмон ва табибони навкор дар
шумори китоби камёби дарсист.

Рисолаҳои дигари Мухтори Мурод «Асрори кушу дани бан-
ди аҷал» (1975), «Муолиҷаи босуръати бемори зиққуннафас»
(1979), «Ҳелиокс дар муолиҷаи босуръати варами гулӯ»
(1983), «Аломатҳои варами гулӯ ва ҳолати гирифтории
тангнафасӣ» (1986) ва «Иштибоҳ ва хатар дар бобати
зиққуннафас» (1990) ҳар яке ҷанбаи муҳимми илмй дошта, ба
манфиати сиҳхатмандии авлоди инсон хидмат мекунад. Сил-
силаи андешаҳо ва санҷишу таҷрибаҳои олим хосса дар
тадқиқоти ӯ дар масъалаҳои патогенез (амроз ё пайдоиши
беморӣ) ва табобати ноқисии нафасгирй баъди ҷарроҳй,
тағйири эътилолии вазоифи бадан (дигаргуниҳои
патофизиолога ва биокимиёвй) дар ҳолатҳои вазнини беморй
ва ғайра хеле нодир ва пурарзишанд. Номбурда шаш нишон-
доди метода ва сӣ тавсияи навоварӣ таҳия ва нашр гардовда,
маводи шаш конфронси илмии тахдиршиносону ифшорщино-
сони Донишгохи тиббии Тоҷикистоуро бо тахрири худ ба
табърасондааст. ,

Хидмати Мухтори Мурод дар , таъсиси шӯъбаҳои
тахдиршиносӣ ва иншоршиносӣ низ бузург аст. Табиби ҳозиқ
як сил сил а усулҳои нави табобати бемории дамкӯтоҳиро бори
аввал ба кор бурда, дар амалия истифода мебурд. Бо тащаббу-
си вай дар ҷумҳурӣ маркази иншорӣ ва озмоишгоҳи «Гурдаи
сунъй» таъсис ёфт, ки ҳоло чун маркази эҳёгарӣ ва безаҳрсозй
машхур аст. : к

Дили ин табиби исавиҳуш ба .дарду аламҳои замонаи но-
созгор - беқадрии илму маориф, костани маърифату маънави-
ёт, рӯзафзун боло рафтани нарху навои дорую дармон, марги
бемаҳали фарзандони маҳбуби миллат, махсусан куштори
вахгниёнаи Юсуф Исҳоқӣ, Минхоҷ Ғуломӣ ва Мухаммад

168
Осимй барин уламои зуфунун, ки бо онҳо ҳамфикру ҳамақида
буд, таҳаммул карда натавонист. Билохира. дарди бедавои
сактаи дилаш хурӯҷ кард ва дар як рӯзи тирамоҳ, ки барои обу
ғизо додани гулҳо ва дарахтон ба бӯстонсарояш рафта буд,
ӯро аз пой афтонд.

Дар рӯзи азои Мухтори Мурод - бистуми октябри соли
1996 яке аз шогирдони рашиди ӯ, доктори илми тиб
Абдулмаҷид Вохддов дар сари тобуташ чунин гуфт: «Устод
Мухтор Қодирович Муродов дар шастсолагӣ ҷаҳонро падруд
гуфтанд. Вале умри пизишке, ки сарфи poxjr хизмати халқ
шудааст, фанонопазир аст. Ин фарзанди арҷманди халқи мо
дар рушду равнақи тиббу табобат сахми арзандае доштанд.
Эшон чун мураббии сахтгиру мушфиқ ба тарбияи муҳассилин
диққати махсус медоданд. Дар тӯли фаъолияти наздик
чиҳилсолаашон шашсад нафар мутахассиси варзидаро тарбия
карда, ба камол расонданд. Таҳти раҳбарии ин донишманди
гаронмоя шогирдон ҳабдаҳ рисолаи номзадй ва се рисолаи
докторй дифоъ кардаанд».

Шогирди дигари олим, номзадй илми тиб Ҷамол
Аҳмадзода марҳумро чунин ёд овард: «Устоди мо Мухтор
Қодирович дар оиладорй ҳам намунаи ибрат буданд. Шодра-
вон на танҳо ҳамсарашон Қумрибибй, балки се фарзандашон
Зулфия, Алишер ва Дилороро низ аз паи пешаи худ бурда, хо-
надони ахду тифоқи табибонро ба вуҷуд овардаанд. Дар сари
дастархони хонаводаашон ҳамеша аз гиромидошти пешаи
табибӣ ва покизагии ахлоқи инсонӣ сухан мерафт. Афсӯс, ки
ин хел соқибистеъдодҳои фитрй дер ба дунё меоянду зуд ме-
раванд».

Оре, Арбоби шоистаи илми Ҷумхурии Тоҷикистон Мухто-
ри Мурод аз зумраи он олимонест, ки барои ворисонашон но-
му номус ва осори безавол боқӣ гузоштаанд. •

Сиюми декабри соли 1996 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон
ба Мухтори Мурод баъд аз фавт барои асари «Ҳосил кардани
полимерҳои тиббй дар асоси ҳосилаи энтинилпиперидол ва
моддаҳои пектинй, таҳия ва истеҳсоли онқо» (солҳои 1975-
1994) Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи
Абӯалӣ ибни Сино дода шуд. Шодравон медонист, ки

169
маҳсули дастранҷашро ба озмуни дарёфти мукофоти давлатӣ
пешниҳод карда буданд. Вале, дарего, ки ин навидро бо гӯши
худ нашунид.

Маълум аст, ки ҳар як олим барои ворисонаш дархосту ва-
сияте дорад. Профессор Мухтори Мурод низ дар хулосаи
кулли асарҳои илмиаш ба мо мефармояд, ки ҳамаи сарвати
умри худро бояд сарфи тансиҳҳатӣ кунем. Ӯ дар рисолаи
«Асрори кушудани банди аҷал» чун муҳаққиқи борикбин,
пахдуХои нави ин масъаларо ба риштаи таҳқиқ гирифтааст.
Вай перомуни қазияҳои душвори ҳаёту мамоти инсон пайва-
ста андеша рбнда, он ақидаи Абӯалӣ ибни Синоро тақвият
медод, ки ҳарчанд кушодани банди аҷал муаммои
муаммоҳост, вале давою дармони мухталифи дарозумрӣ
ҳастанд ва калиди ин дорухонаи табий дар дасти фаҳму фаро-
сати худи инсон аст. Одами соҳибхирад дар натиҷаи аз
неъматҳои моддй оқилона баҳра бардоштан метавонад кафи-
ли бақои умри худ шавад. Матлаб он аст, ки ба чй минвол аз
дорухонаи табиат табибона истифода барему ҳакимона умр
гузаронем.

Ин аст васияти иншоршиноси ҳозиқ ба ҳар яке аз мо.

НОБИҒАИ ҲУНАР

Вақте ки оташи ҷангҳои дохйлй хомӯш мегашт,
фармондеҳи дастаи фидоиён - Комил Ёрматро аввал ба
омӯзишгоҳи ҳарбии Боку, сонй барои таҳсил ба Донишкадаи
нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Маскав фиристоданд. Дар ҳаёти ӯ
гардиши куллие рух дод, ки ҳатто ба гӯшаи хотираш ҳам на-
мерасид. Дар яке аз хиёбонҳои аз борони баҳор тару муаттари
Маскав қадам мезад, ки садое ӯро аз роҳ боздошт:

- Ҳой, ҷавон, як дам истед!

Комил истод. Ду тан ба наздаш омаданд, яке ҷавону дигаре
миёнсол.

- Тасодуфи аҷиб! Касеро, ки кайҳо боз мечустем, ёфтем, -
гуфт ҷавон ба ҳамроҳаш.

Маълум гардид, ки он ҷавон ҳамроҳи устодаш таҳиягари
синамо бо ӯ рӯ ба рӯ омадаанд. Онҳо барои филми нав

170
симоҳои мувофиқ меҷустанд ва қиёфаи Комилро писанди-
данд.

Яке аз он мар дон, ки диққати Комилро ба худ кашид,
қунарпеша ва таҳиягари номдори он вақт Владимир Гардин
буд. Вай Комилро ба иҷрои роле дар филми нави худ даъват
кард. Комил роли сардори разведкаи сипоҳи Дутовро бозид.
Ин нахустин симои ӯ дар экран буд. Пае ӯ бо тавсияи Гардин
ба Донишкадаи ҳунарпешагони синамо ба номи Чайковский
дохил шуд. Ин воқиа соли 1925 pyx дод.

Комил Ёрмат аз хусуси ин давраи ҳаёташ дар ёддоштҳои
худ навиштааст: «Синамо ғайричашмдошт тамоми акду
ҳушамро рабуда буд. Ман дар Маскав, дар Донишкадаи
муҳандисони накдиёт мехондам. Мисли ҳамаи донишҷӯён ҳар
гоҳ ба кино мерафтам. Он айём дар Маскав филми ҳоло
фаромӯшшудаи «Гриффит»-ро намоиш медоданд, филмҳои
«Киштии зиреҳпӯши «Потёмкин» ва «Модар» овоза пайдо
карда буданд. Ман ин филмҳоро гаштаю баргашта медидам.
Ҳамроҳи тамошобинҳо аз толор мебаромадам ва гоҳе дубора
ба тамошо медаромадам».

Солҳо мегузаштанд. Диду завқи зебоишиносии Комил
тағйир меёфт. Вай дар Маскав аз имтиҳони Сергей Михайло-
вич Эйзенштейн, аз санҷиши мактаби эҷодии Всеволод Пу-
довкин ва Лев Кулешов барин саромадони синамои шӯравӣ
гузашта, таҷрибаю малака меандӯхт. Тобистони соли 1932, ки
Донишкадаи кинематографияро хатм кард, ӯро барои кор ба
Тоҷикистон фиристоданд. Дар ҷумхурӣ студияи синамо нав
бунёд меёфт ва танҳо киножурнал мебаровард. На қиноателйе
вуҷуд дошту на павилён. Мутахассисони миллӣ қариб набу-
данд. Коргардонҳо бо дастгоххои кӯҳнаи синамо филм мебар-
доштанду аз рафти воқиаҳо барои офаридани филмҳои пур-
раметражи бадей мавод меандӯхтанд.

Комил Ёрмат нахустин касе аз ҳамдиёрони мо буд, ки ба
таҳкурсии бинои киностудияи тоҷик хишт гузоштаанд. Вай бо
офаридани «Даъват» ном филми хурди ҳуҷҷатӣ чун тахиягар
ба олами синамо қадам ниҳод. Ин филме буд дар мавзӯи
ҳарбию меҳанпарварй, ки ҷавононро ба хймояи Ватан даъват
мекард.

171
Таҳиягари ҷавон ба мавзӯъҳои муҳими замон даст мезад.
Дар наворҳо воқиаҳои умдаи ҷумҳуриро мунъакис месохт.
Вай аз рӯи матни Н.Искриский «Муҳоҷир» (мавзӯи Эл-
Регистон) ба офаридани нахустин филми бадеии беовоз пар-
дохт. Даставвал ба Тошканд рафт, то бо муаллифи мавзӯъ,
адиби боистеъдод Габриэл Аркадевич Эл-Регистон, ки чун
мухбири рӯзномаи «Узбекистанская правда» фаъолият мена-
муд, вохӯрда, мащварат орояд.

- Салом, Комил! - хурсанд шуд Габриэл Аркадевич, ки
ғайр аз забонҳои русию арманӣ тоҷикиро ҳам медонист.

- Аз Самарканд ба Тошканд кӯчиданатро шунида,
хабаргирӣ омадам,- гуфт Комил.

- Ташаккур! Воқиан кайҳо боз якдигарро надидаем.

- Охир, туро ёфтан душвор аст, Г абриэл Аркадевич. Дирӯз
дар Бокую Тифлис будӣ, имрӯз дар Тошканд, фардо дар
Самарканд, ё пасфардо дар Бадахшон ё Хуҷанд. Садқаи кору
бори шӯмо, журналистҳо, шавам! Нонатон ҳалол!

- Қисман рост мегӯӣ, лекин муболиға накун, дӯстам, хаба-
ри нав ҳамин ки маро ба кори дигар гузаронданд.

- Ба чй кор?

- Мухбйри «Известия» дар Осиёи Миёна.

- Хайр, агар чунин аст, вазифаи нав муборак!

- Ташаккур. Саломат бош! Корҳои худат чӣ хел?

- Бад не. «Тоҷиккино» қарор дод, ки аз рӯи мавзӯи асарат
«Муҳоҷир» филм бардорем. Таҳиягараш худам. Омадам, ки
маслиҳат кунем. Филмро дар зодгоҳат Самарканд ба навор
гирифтанием.

- Ҷои хуб, сарзамини суғдиён, гаҳвораи илму адаб ва
фарҳанги тоҷикон... Филми «Вақте ки амирон мемиранд...»
муваффақият пайдо накард, умедворам, ки окибати
«Муҳоҷир» нек шавад...

Онҳо дойр ба банду бает ва оғозу анҷоми филм мубодилаи
афкор карданд. Филм аз воқиаҳои аввали солҳои сиюм - дар
колхозҳо муттаҳид шуда, ҳаёти нав сохтани деҳқонон, аз
тағйир ёфтани фикру ақида, муносибатҳои шахсй ва
иҷтимоии одамон, аз амалиёти бадхоҳони сохти нав, мутаас-
сибон ва галабаи хайр бар шарр ҳикоят мекард. Он филмро

172
дар Самарканд ва Панҷакент муддати як сол ба навор гириф-
танд. Таҳиягар заҳмати бисер кашид, аммо чй хел будани
наворҳои гирифтаашро дида наметавонист, зеро дар киносту-
дияи тоҷик шароити мусоид набуд.

...Ҷавони хушандоми азимҷусса кӯлбор бар сари дӯш дар
кӯчаҳои Маскав кадам мезад. Дар борхалтаи ӯ филми
«Муҳоҷир» буд. Дар кумитаи кино аз як кӯлбор навор танҳо
ҳафт қисмашро интихоб карданд. Ҷавон ба толори намоиш
даромад. «Субхдам» ном филмеро тамошо кард. Ба ӯ маъқул
шуд, аммо муҳаррирон онро написандиданд. Оё «Муҳоҷир»-и
ӯро меписандида бошанд?

Нахустнамоиши филм cap шуд. Дар экран деҳқони
миёнаҳол, сардори бригадаи колхоз Комил амал мекард, ки
побанди тасаввуроти кӯҳна буд. Душманони синфй аз сустии
табиати пуртазоди ӯ истифода бурда, зимоми ихтиёрашро ба
даст меоранд. Комилро аз колхоз ҷудо карда, ба «кишвари
исломй» мегурезонанд, Ҷоху ҷалоли сармоядорон, муҳити
рангини олами сарват ва ваъдаҳои «соҳибони» нав дар аввал
ӯро мафтун месозанд, ҳатто соҳиби як порча замин ҳам меша-
вад. Аммо ҳамин ки ҳосили ғалларо меғундошт, паси ҳам
амалдорон омада, ҳиссаи худро талаб мекунанд. Титрҳои
филм хабар медиҳанд: «Барой имом, барои эшон, барои ми-
роб... >> Комил мебинад, ки қосили хирмани ӯро рӯирост ба
яғмо мебаранд. Сипае ӯро барои шикоят карданаш мезананд,
тахқир мекунанд...

Роли қаҳрамони асосии филм Комилро худи тахиягар
табиӣ ва муассир бозида, руҳияи ӯро амиқу боэътимод
таҷассум месохт. Қисмати қаҳрамони асосй, ки таҳаввули
тадриҷии хислати ӯ ғояи филмро ташкил медод, дер гох дар
хотир боқй мемонд.

Баъди тамошои имтиҳонй сармуҳаррир гуфт:

- Филми бад не. Таҳиягараш куҷост?

Ҳама ба чавонмарди гандумгуне нигаристанд, ки филмаш-
ро дар кӯлбор ба киностудия овардааст.

- Роли асосиро худатон бозидед? - пурсид яке.

- Бале, таҳиягараш ҳам худам,- ҷавоб дод Комил.

- Дар мавзӯи ҳозиразамон чунин филм офаридан кори сахд

173
не, - гуфт сармуҳаррир. - Хеле заҳмат кашидаед. Муборак
шавад!..

Солҳо гузаштанд, таҳиягар боз филмҳои нав офарид, вале
дар байни онҳо «Муҳоҷир», чун нахустфилми тоҷик, ки соли
1934 ба экранҳои мамлакат баромада, воқиаи барҷастае дар
ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон гардид, дар саҳифаи таърих сабт
ёфт. Пеш студияи Тоҷикистон филми ташвиқотии «Вақте ки
амирон мемиранд...»-ро истеҳсол карда буд, аммо мақому
мавқеъ наёфт. Аз ин рӯ, филми «Муҳоҷир», ки аввалин
таҳиягари миллии тоҷик ба навор гирифтааст, оғози синамои
бадеии тоҷик буда, ба рушди минбаъдаи он роҳ кушод.

Дар «Муҳоҷир» қиёфаофарии аввалин киноактрисаи тоҷик
София Тӯйбоева дар симои Марям сурат гирифта буд ва худи
Комил низ бори нахуст роли асосиро мебозид. Онҳо аз
аввалинҳо буданд, нахустин бор дар ин роҳи ноозмуд ва душ-
вор қадам гузопгтанд.

Бо ташаббуси Комил Ёрмат комёбиҳо ба даст бмада,
таърихи синамои тоҷик оғоз меёфт. Ӯ мехост ҳар чизи наверо,
ки дар фаъолияташон ба даст меоранд, ҳама бо ҳам бинанд.
Аз ин рӯ, ӯ дар назди хампешагони худ - кормандони студия
чунин вазифа гузошта буд: бояд, ки доим пуртараддуд ва дар
ҷустуҷӯ бошанд, саҳлангориву сохтакорӣ дар табиаташон роҳ
наёбад. Ва худ ба онҳо намунаи ибрат нишон медод. Аз сода
ба мураккаб, аз чузв ба кулл рӯ меовард. Мехост симои
қаҳрамонеро офарад, ки бинанда ӯро чун бародар, чун дӯсти
беғараз эҳтиром кунад, бо ӯ дар ҳалли кулли масъалаҳои му-
раккаб маслиҳат карда тавонад. Бесабаб нест, ки дар аксари
филмҳои аввалинаш роли яке аз қаҳрамонони асосиро худаш
мебозид. Мухаккиқе, ки ба эҷодиёти ӯ амиқ фурӯ меравад,
хоҳад дид, ки филмҳои ӯ ҳаргиз орому сокит не, балки
пурхурӯш, тезу тунд ва дорои руҳияи мубоҳисавианд. Дар
онҳо симои касоне таҷассум ёфта, ки барои чӣ мубориза бур-
дан ва чиро ҳимоя карданашонро хуб медонанд. Услуби авва-
лин офаридаҳои Комил Ёрмат бепггар оҳанги публисистй
дошт ва ба сабки асарҳои ҳуҷҷатии синамо, ки ба масъалаҳои
муҳимми рӯз бахшида шудаанд, наздик аст. Таҳиягар мохияти
некй ва зиштиро то ҳадди охир мекушод ва чун инсони

174
пешоҳанг ақидаҳои сиёсй ва мавқеи ҳаётии худро таъкид ме-
кард.

Комил Ёрмат аз айёме, ки ба сифати кинорежиссёр ба фаъо-
лият пардохт, дар дил орзу дошт мисли шоҳасарҳои таърихии
устодаш Сергей Михайлович Эйзенштейн «Киштии зиреҳпӯши
«Потёмкин», «Иван Грозный» ва «Александр Невский»
филмҳое офарад, ки санҷишҳои мураккабу бераҳмонаи таърих
хусни онҳоро хира карда натавонад. Эйзенштейн ба кинои
инқилобии шӯравӣ на танҳо асос гузошт, балки бо зехру закон
хунарварй ва мероси назариявиаш яке аз поягузорони кинои
ҷаҳонӣ низ гардид ва чун таҳиягар, сенариянавис, рассом ва
омӯзгор шӯҳрат ёфт. Бовари кас намеояд, ки ӯ шоҳкори без-
аволаш «Киштии зиреқпӯши «Потёмкин»-ро дар бисту-
ҳафтсолагй таҳия карда бошад. Дар ин синну сол офаридани
шохасар на ба ҳар хунарвар, балки танҳо ба нобиғаҳо муяссар
мешавад. Ҳадафи Комили ҷавон низ аён буд. Вай ҷахду ҷадал
менамуд. ки ба нобиғаи ҳунар пайравй карда, роху равиши хо-
си худро дарёбад ва «Потёмкин»-и худро офарад.

...Махалли Сарибозори шахри Конибодом. Вақте ки Комил
дар ин ҷо дар оилаи амалдор ба дунё омад (дуюми майи соли
1903), сари девору бомгӯшаҳои зодгохашро лолахасакҳо зи-
нат медоданд. Падараш Ермуҳаммад марди илмдӯсте буд, ба-
рон савод баровардани ҷигаргӯшаҳояш аз таҳти дил мекӯшид.

Дар ибтидои асри бистум бо мақсади шинос кар дани
аҳолии таҳҷой бо маданияти халқи рус дар Конибодом макта-
би махаллии русй таъсис ёфта, дар яке аз беҳтарин биноҳо
ҷой гирифта буд. Мактаби мазкур ҳамаи таҷхизоти хонишро
дошт. Рӯзе Комилро падараш ба хамин мактаб бурд. Мудири
мактаб полковник Татибаев ва бозпурси маориф Попов пада-
ру писарро хуш пазируфтанд.

Комил аз соли 1911 дар ин мактаб хонд, баъд дар
омӯзишгоҳи касбомӯзии Қӯқанд таҳсилро давом дод. Соли
1918 ба ӯхдаи ин навҷавон вазифаи пурмасъулияти раҳбарии
шӯъбаи маорифи нохияро вогузоштанд. ,

Баъдан ӯ дар Конибодом дастаи ихтиёрии милисаҳоро
ташкил дода, ба охирин душманони сохти нав зарба мера-
сонд. Дар он рӯзгор ӯро «Комил-командир» меномиданд. Ам-

175
мо дар куҷо будани қароргоҳи ҳамкоронашро касе намедо-
нист. Худи ин ҷавони тануманди босалобат ба шаҳр гоҳ-гоҳ
мебаромад, бо дастаи милисаҳо алайҳи боқимондаҳои босма-
чиён меразмид. Дар тан либоси низомй, аз болои гимнастёрка
тасмаи чилликшакли чармин, дар паҳлуҳои чапу росташ
шамшеру таппонча дошт. Одамон ба қаторвазнаю чеҳраи ку-
шодаи ӯ бо ҳавас нигариста, тааҷҷуб менамуданд, ки дар
муборизаҳои шадид чй хел cap аз тан надода, ҳамеша сиҳҳату
саломат бармегардад.

Дар чунин давраи пур аз воқиаҳои таърихи фронти Турки-
Стон дастаи ҳунарие ташкил дод, ки бо роҳбарии шоири
йнқилобй Ҳамза Ҳакимзода Ниёзй' дар воДЙи Фарғона сафар
мекард. Боре ин дзета дар Конибодом намоишномаи кутохи
ташвиқотиеро манзури тамошобйнҳо гардбнд, ки аз муборизаи
халқ бар зидди ғоратгарон ҳикоят мёкард. Ҳамза Ҳакимзода
ӯро даъват кард, ки роли сардори босмачиҳорб бозад.

- Ман аз кӯчаи ин кор нагузаштаам,- гуфт Комил.

_ Ҳеҷ ran не. Барои иҷрои симои босмачй қиёфаи шумо
мувофиқ. - Ӯро шердил кард Ҳамза. - Ғайр аз ин, бо
босмачиҳо ҷангида, хислаташонро омӯхтаед. Дилам пур аст,
ки...

Комил лаҳзае мутараддид истоду гуфт:

- Хоҳиши шуморо чӣ хел рад кунам, домулло?! Хайр, як ба
саҳна ҳам бароем... Метарсам, ки артист шуда равам.

- Натарсед, артистӣ хунари ҳар кас не...

Вақте ки ӯ дар либоси қӯрбошй ба саҳна баромад, ҳама дар
симояш гӯё як босмачии ҳақиқиро диданд. Вай гоҳ бо оромии
мутаккабирона, гоҳ бо ҷахлу ситеза, чун қӯрбошии ашадди,
бо зердастон ва душманони худ гапгузаронӣ карда, тамошо-
бинонро дар ҳайрат мононд, аммо дар охир аз чапакзаниҳои
пурмавҷи мардум шарм дошт магар, ки сурх нгуда, худро ба
канори саҳна гирифт.

Ҳар касе аз Комил Ёрмат пурсад, ки фаъолияти санъатко-
риаш кай cap шуд, ин воқиаро ёд оварда, шӯхиомез мегуфт,
ки ҳамон роли босмачй қадами нахустйни ӯстб>а олами хунар.

Дар бахши конибодомии Бойгонии давлатии Тоҷикистон
хуччате ҳаст: «Комил Ёрматов солҳои босмачигарӣ ба отряди

176
худмудофиаи Конибодом роҳбарӣ карда, ҳуҷуми дастаи
Турдӣ-қӯрбоширо, ки нуздаҳуми май соли 1922 сурат гирифта
буд, зада баргардонд ва бо ҳамин мардумро аз талаву тороҷи
босмачиён наҷот дод».

Комил Ёрмат бо қаҳрамонони аксар филмҳояш ҳамон
вақтҳо рӯ ба рӯ омада буд. Вай бо ҳамкоронаш барои ободо-
нии шаҳр шанбегиҳо гузаронда, дар сохтмони мактабу
коргоҳҳо ширкат меварзид, таҷрибаи созандагй меандӯхт. Ба-
со шахсоне, ки он замон машъали корҳои нек меафрӯхтанд,
баъдан ба сифати ходимони хуби маданият ва ташкилотчиёни
мубориза барои рӯзгори нав хидмат кардаанд, ки худи Комил
Ёрмат аз зумраи онҳост. Ӯ дар бунёди синамои Тоҷикистон
дасти тамом дошта, дар Узбекистон ҳам чун роҳбари бадеии
киностудия фаьолияташро идома медод. Дар «Ӯзбекфилм»
бори аввал ба сифати хунарпеша симои афсари сафедгвардия-
чиёнро (аз филми «Шағолони Работ») офарид. Азбаски гвар-
диячиёни сафедро хуб мешинохт, борҳо онҳоро асир гирифта
ва қарори таслимашонро имзо карда буд, ролашонро хеле
табий ва барҷаста бозид.

Дертар Комил Ёрмат дар филмҳои «Меҳмон аз Макка»,
«Замини ташна», «Дар зери гунбазҳои масҷид», «Беки охи-
рин», «Дӯстон дар майдони ҷанг» бисёр қиёфаи гуногунро бо
камоли маҳорат офарид. Вай хурӯҷу туғёни ботинии
кахрамонро бо тағйири ранги рӯй ва дурахши оташвори чаш-
монаш ифода мекард. Аммо ӯ, бо вуҷуди заҳматҳои зиёд, аз
фаъолияташ қаноатманд намешуд, зеро нисбат ба худ ҳамеша
серталаб буд.

Дар киностудияи тоҷик барои пешрафти ҳунарварони
болаёқат чун Комил Ёрмат чандон шароити мусоид муҳайё
набуд. Ба замми ин, роҳбаре аз мансаби худ суистеъмол кар-
да, ба беҳтарин филмҳои ӯ баҳои паст дода, ба ҳар восита ба
кораш халал мерасонд. Замоне, ки филми нави худ « Боздиди
дӯстон»-ро барои намоиш ба шаҳри Маскав бурд, дар он ҷо
маҷлиси иҷлосияи Шӯрои Олии ИҶШС идома дошт. Раиси
Кумитаи кинои ИҶШС Иван Григоревич Бодшаков
роҳбарияти Тоҷикистон ва дигар вакилОнро ба тамошой «БЬз-
диди дӯстон» даъват кард. Баъди намоиши филм баъзёхо

177
андешаҳои худро гуфта, ба кори таҳиягар баҳои хуб доданд.
Вале раиси шӯрои Комиссарони Халқи Тоҷикистон
Маҳмадалӣ Қурбонов аз тахдягар пурсид:

- Республикам моро, ки регзор надорад, чаро регзордор
нишон додед?

- Рафик Қурбонов, то ин вақт гумон мебурдам, ки шумо
ҷумҳуриамонро аз ман беҳтар медонед... Ин регҳои равони
мавзеи Андархами Конибодом аст...

Ин суханон ба Қурбонов нафорид.

Дертар дар ҷумхурӣ тайёрӣ ба Даҳаи маданияти халқи
тоҷик дар Маскав cap шуд. Комил Ёрмат роҳбари бадеии ин
маъракаи мухдм таъйин гардид. Вай бо тамоми масъулият аз
паи супориш шуда, ахди фарҳангро ба даҳа омода сохт.
Ҳамаи лавозимоти намоишро бо қатора ба Маскав фиристо-
данд ва акнун вакилон низ бояд ба роҳ мебаромаданд. Вале як
рӯз пеш аз сафар маълум шуд, ки бо амри Қурбонов номи Ко-
мил Ёрматро аз рӯйхати иштирокдорони даҳа хат задаанд.
«Аз ин ҳамоқат чун шахси таҳқиршуда азияти рӯҳй кашида,
ҳамроқи ҳамсарам ба Маскав рафтам,- навиштааст Комил
Ёрмат дар китоби ёддопггҳояш. - Ба назди И.Г. Болшаков да-
ромадам, ки ӯ ба ман нусхаи фармонеро доду шӯхиомез гуфт:

- Дӯсти теззабону тундкирдорам, ана таркиши он бомбае,
ки ду сол пеш аз ин Қурбонов ба бунёди аъмолат ниҳода
буд...

Фармонро хондаму вуҷудамро эҳсоси ногуворе фаро ги-
рифт. Он аз чаҳор фасл иборат буд. «Якум: категориям
таҳиягари класси якум К. Ёрматов ба дараҷаи олӣ бардошта
шавад. Дуюм: таҳиягари дараҷаи олӣ Ёрматов ба киностудиям
Тошканд ба кор гузаронда шавад. Сеюм: тахдягар Ёрматов
роҳбари бадеии киностудиям Топпсанд таъйин карда шавад.
Чорум: аз сабаби нарасидани тахдягари милли киностудиям
Сталинобод муваккатан баста шавад» (Нигаред ба китоби
К.Ёрматов «Возвращение», Москва, 1980).

Ба ин минвол Комил Ёрмат ба киностудиям Тошканд рафт.
Он вақт устод Садриддин Айнй дар номае ба Муҳаммадҷон
Раҳимӣ навишта буд: «Ҳамаи ҳимматро ба он сарф кардан
даркор аст, ки киностудиям Тоҷикистон аз як ташкилоти

178
истехлокй ба як ташкилоти истеҳсолӣ бадал ёбад. Чандин сол
аст, ки киностудия дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Аммо вай
дар муддати ҳаёти худ гайр аз як чизи хроникавӣ ва асарҳое,
ки умри дароз надоранд, чизи ба назар намоёне ба вучуд
оварда натавонист (Тарҷумаҳо мустасно аст). Охир ба дараҷае
расид, ки дар арафаи данг ин студия мурд ё дар холати назъ
расид ва Ёрматов барин коркун аз даст рафт» («Садои Шарқ»,
№ 1, 1978, саҳ. 118).

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанй эҷодиёти Комил Ёрмат
саршори ғояҳои ватанпарварию озодихоҳӣ буд. Вай наворҳои
худро ба силоҳи боэътимод табдил дода, алайҳи лашкари
фашиста меҷангид. Ӯ мисли дигар синамогарони шӯравй аз
корнамоии сарбозоне, ки бо амри дилу виҷдон ба ҳифзи Ватан
бархоста буданд, аз такдири ҳазорон ҳазор ҷавононе, ки барои
ҳимояи бахту саодати худ ба размгоҳ рафта, дар ин роҳ ҷон
диҳанд ҳам, тан ба душман намедоданд, бо забони навор рози
дил мегуфт. Аввал ду филмконсерт («Тӯҳфаи Ватай» ва
«Дӯстон дар майдони ҷанг») офарид, ки дар дуюмй худаш низ
чун ҳунарпеша ширкат варзид. Филмҳои мазкур чи дар
ақибгоҳ, чи дар майдони ҷанг аз бинандаҳо баҳои баланд ги-
рифтанд. Дар ҳар ду киноконсерт устодони санъати миллй
ҷанговаронро барои то фатҳи комил мубориза бурдан даъват
менамуданд. Филми дигари Комил Ёрмат «Роҳҳои бехобй»,
ки дар андоми ҷаш' манзури тамошобинҳо гардида буд, аз
дӯстии халқҳо ҳикоят мекард. Қаҳрамони асосии он табиби
навовар Соҳиб Ниёзй дар хандақу заминканҳои майдони данг
мадрӯҳонро бо усули нав табобат карда, ҳарчи зудтар аз чан-
голи март мераҳонд...

Филмҳо лавҳаҳои зиндаи рӯзгоранд, масофаҳои дурӯ на-
здикро намедонанд, чун уқобони озод сайри баҳру бар меку-
нанд. Одамони бисёр кунду канори олам симои дамоҳири
Осиёи Миёна ва фарзандони ғаюри онро аз рӯи филмҳои Ко-
мил Ёрмат мешинохтанд. Ҳазорон ҳазор мардум офарлдаҳои
ӯро бо завқ медиданду ба истеъдодаш таҳсин мехонданд.
Агар дар филми «Боздиди дӯстон» (1937) услуби ба худ хоси
таҳиягар, кӯшиш барои драматизми латифу зариф, аз ороишу
намой мураккаб фонда бурданаш ба чашм расад, пас дар

179
филми «Алишери Навой» ( 1947) вусъати маҳорати уро меби-
нем.

Ёд дорам, дар маҳаллаи Ҳавзибаланди Конибодом ҳафтае
як бор садои карнаю сурнай баланд мешуд. Баъди таоми шом
мардум ба рӯи ҳавлии идораи колхоз ҷамъ меомаданд. Кино-
механик дар ҷои кушод дастгоҳро ба кор медароварду ҳама
сӯи девори сафеде менигаристанд, ки вазифаи экранро ба до
меовард. Дар он солҳои сахти баъдиҷангӣ, азбаски ҷараёни
барқ намерасид, барон намоиши синамо аз дизел истифода
мебурданд. Аз нарасидани клубу кинотеатр дар саҳни идораи
колхоз ва рӯи ҳавлии мактабу чойхонаҳо консерту кино на-
моиш медоданд.

Рӯзе филми наве намоиш доданд. Мо, бачаҳо, аз вакди
муқаррарй пештар ба Ҳавзибаланд ҳозир шудем. Дар рӯи де-
вори сари кӯча эълонномаеро хондем: «Филми нави « Алише-
ри Навой». Истеқсоли киностудияи Тошкент». Баъзе калонсо-
лон мегуфтанд, ки «Тахиягари ин филм Комил Ёрматро ме-
шиносем, ҳавлиашон дар Сарибозор буд. Филмашро барои
тамошои бепул ба ҳамшаҳриён фиристодааст».

Чароғҳо хомӯш шуду дастгоҳ ба кор даромад. Филм cap
шуд. Вақте ки дар титр номи режиссёр Комил Ёрматов пайдо
гардид, аксарият нидои шодй бароварданд. Сонй аз навор
лавҳаҳои гуногуки рӯзгори шоири мутафаккир Навой паи ҳам
ҷилвагар мешуданд. Дар баъзе лаҳзаҳо ҳозирон каф
мекӯфтанд.

Тах,иягар дар филми таърихии « Алишери Навой» инсони-
ятпарварии шоир ва мутафаккири классикро устодона кушо-
да, пиромуни қаҳрамони асосй - Навой силсилаи чеҳраҳоеро
офаридааст, ки муддатҳои мадид дар хотир мемонанд. Ин
асар ба муносибати 500-солагии милоди Навой офарида шуда,
чун беҳтарин кори «Ӯзбекфилм» сазовори мукофоти давлатй
гард иди буд. Он ба хазинаи кинофилмҳои дарозумр дохил
шудааст.

Мо дар «Ӯзбекистон» ном филми ҳуҷҷатии Комил Ёрмат
комёбиҳои дар чаҳоряк аср ба даст овардаи ҷумҳурии ҷавонро
медидем. Таҳиягар муваффақ шудааст дигаргуниҳоеро, ки дар
ҳаёти халқ ба вуҷуд омадаанд, дар асоси санаду ҳуҷҷатҳои

180
раднопазир нишон диҳад. Дар рӯзҳои фирӯзи тирамоҳи соли
1949, ки 25-солагии таъсиси Ҷумҳурии Узбекистонро ҷашн
мегирифтанд, Комил Ёрматро шарафи бузурге насиб гардид.
Ба ӯ унвони Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Ӯзбекистон доданд.

Синамогар Комил Ёрмат дар офаридани асарҳои таърихй
устоди мумтоз буд. Соли 1956 ӯ дар филми «Абӯалӣ ибни
Сино» симои донишманди бузурги тоҷик ва мутафаккири
ҷаҳоншумулро офарид, ки матни он ба қалами адиби
мӯътабари тоҷик Сотим Улуғзода тааллуқ дорад. Дар ин филм
қиёфаи нобиғаи бузурги Шарқро мебинем, ки чун мунодии
ҳақиқату адолат ва баҳодури майдони илм асрҳои аср
шӯҳрати оламгир дошт. Шарафи офаридани қиефаи Ситора-
бону - модари Ибни Сино ба устоди санъат Тӯҳфа Фозилова
муяссар гардид. Қиёфаи Шайхурраисро писари ӯ —
ҳунарпешаи ҷавон Мурод Орифов офарид. Барои таҷассуми
симои ҳақиқии Ситорабону хунарпешаи тоҷик заҳмати бисёре
кашида, сазовори табрику таҳсини тамошогарон гашт. Дар
филм истеъдоди Мурод — офарандаи роли асосӣ ба хубй зоҳир
гардид.

— Нахустин симои дар кино офаридаам,- ба хотир меорад
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мурод Орифов, - симои
ҳакими забардасти тоҷик Ҳуҷҷатулҳақ Абӯалӣ Сино буд. Со-
ли 1956 донишҷӯи соли дуюми факултаи актёрии Донишка-
даи театрӣ ва рассомии Тошканд будам. Рӯзе Комил Ёрмат, ки
дар киностудияи «Ӯзбекфилм» кор мекард, ба ман фармуд, ки
дар филми нави ӯ «Абӯалӣ ибни Сино» нақши алломаи бузур-
гро биофарам. Шабҳои бехобӣ, омӯзиши адабиёти гуногун,
маслиҳату машварати муаллифи киноповест Сотим Улуғзода,
сабақҳои модарам, ҳамкорй бо таҳиягари кордида Комил Ёр-
мат ва Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ
Муҳаммадҷон Қосимов, ки ӯ низ дар таҳияи филм ширкат
дошт, барои ман, ки нав ба остонаи санъат қадам мениҳодам,
дарси ибрат ва дорулфунуни омӯзгорӣ буданд. Ману модарам
хушбахтем, ки қиёфар! Ибни Сино ва модарашро дар
саҳифаҳои таърихи ҳунари тоҷик сабт гардондем.

Дар охири солҳои панҷохум, ки «Ӯзбекфилм» дар асоси
достони «Комде ва Мадан»-и Абдулқодири Бедил «Достони

181
ду дил»-ро ба навор мегирифт, таҳиягари филм Комил Ермат
барои эҳёи симои модари Комде низ Тӯҳфа Фозиловаро инти-
хоб кард.

Дар ҳамосаи сегонаи Комил Ёрмат «Тӯфон дар Осиё»
(1965), «Сарбозони савораи инқилоб» (1968) ва «Ҳалокати
консули сиёҳ» (1970) мавзӯи мураккаб ва муҳими таърихию
инқилобй басе табий акс ёфтааст. Дар сегона қиёфаҳои Ялан-
туш ва Азнавур-полвон, ки кахрамонони беназири халқ буда,
дар охир сарбозони инқилоб мешаванд, дер гоҳ дар хотири
кас боқӣ мемонанд. Худи Комил Ёрмат яке аз муаллифони
ҳамосаи сегона буд. Қисми яку ми филми мазкур соли 1965
Ҷоизаи давлатии Ӯзбекистон ба номи Ҳамзаро гирифт. Ре-
жиссёр ҳангоми таҳйяи он аз паи ҳақиқати таърих рафта,
гиреҳи масъаларо ҷасурона кушодааст. Қаҳрамони асосии
филм, тӯдакаши халқи бенаво - Юсуф Ялантуш яке аз
симоҳои нотакрори синамои муосир гардид. Тимсоли прото-
типи Ялантуш собиқ ҳамсилоҳи синамогар, нахусткомандири
трҷик Ҳамдамҳоҷй Қаландаров аз байни қавмҳои Осиёи Миё-
на ягона шахсе буд, ки барои шуҷоату мардонагии беназираш
дар ҷангҳои шаҳрвандй ба ӯ се карат ордени Байрақи Сурх ва
чандин с.илрҳи ифтихории зарандудро мукофот додаанд.

/(или Комил Ёрмат ба мавҷи дарёи зиндагй ҳамрангу
ҳамоҳанг буД. Миёни Тоҷикистон ва Узбекистон чун пуле
хидмат ба ҷо меовард. Соли 1931, вақте ки барои ба заминҳои
корам табдил до дани найистонҳои водии Вахш дар қатори
тоҷикон 1300 нафар баҳодурони ӯзбёк низ остин барзаданд,
Комили ҷавои корномаи онҳоро аксбардорй мекард. Соли
1939, ки бо дӯстию ҳамкории тоҷикону ӯзбекон Канали кало-
ни Фарғона бунёд меёфт, мардум ӯро бо дастгоҳи синамо дар
байни бинокорон медиданд. Соли 1966, чун дар Узбекистан
зилзила ба амал омаду точикон ҳам фавран ба ёрии ҳамсоягон
шитофтанд, ӯ боз якдилии ин ду халқро ба навор мебардошт.

Режиссёр дар ҳамаи давраҳои эҷодиёташ ба мавзӯи замон
ва озодии, одамон бештар таваҷҷӯҳ мефармуд. Вай солҳои
ҳафтодуми . асри гузашта ҳамрохй кинодраматург Михаил
Мелкумов филми «Солҳои дур ва наздик»-ро ба навор ги-
рифт. Дар филм воқиаҳои солҳои бистум дар Хоразм акс ёф-

182 -
таанд. Баьзе лаҳзаҳои сегонаи «Тӯфон дар Осиё», «Сарбозони
савораи инқилоб» ва «Ҳалокати консули сиёҳ» дар ин филм
низ идома ёфта, мукаммал гардидаанд. Ба қаҳрамони марка-
зии киноповест ходими ЧК Ҷумъа Мадниёзов супориш дода
буданд, ки дар ҷустуҷӯи захираи тиллои Ҷумҳурии Халқии
Хоразм, ки душманон бо роҳбарии Ҷунайдхон пинҳон карда-
анд, ширкат варзад. Ӯ дар ёфтани ганҷинаи Хоразм
қаҳрамонй нишон медиҳад. Санадҳои муҳимме, ки ба рӯзгору
пайкори мардуми Хоразм алоқаи зич доштанд, асоси филмро
ташкил медоданд. Дар ин мубориза ба Хоразм Чумҳурии Тур-
кистон ёрй мерасонд. «Мубориза барои озодӣ аз мавзӯъҳои
писандидаи ман аст,— мегуфт Комил Ёрмат. - Вай солҳои
пурошӯби ҷавонӣ ва сарбозии маро ба хотир меорад. Дар роҳи
озодӣ ҳамаи одамони поквичдон мубориза мебурданд. Дар
филм бисёр симоҳои бадей, мушаххас ва шахсони таърихй
ҳастанд. Масалан, қумондони сурхи диловар Миркомил
Миршарафов аз ҳамин қабил ашхоси таърихй ба ҳисоб мера-
вад».

Аз рӯи офаридаҳои ин устоди синамо таърихи Тоҷикистон
ва Ӯзбекистонро аз аввалин панҷсолаҳо то воқиаҳои бузурги
солҳои ҳафтодум метавон омӯхт. Аз ин рӯ, Комил Ёрматро аз
рукнҳои устувори маърифати ин ду халқ меҳисобем. Режис-
сёрон ва муҳаққиқон чун ба таърихи синамои Тоҷикистону
Ӯзбекистон ва ба омӯзищши аввалин падидаҳои ин санъат дар
Осиёи Марказй мурочиат кунанд, албатта, барои маслиҳату
машварат ба ҳузури Комил Ёрмат мерафтанд, зеро ӯ шоҳид ва
офарандаи ҳамин таърих ҳисоб меёбад.

Ба таҳкурсии бинои ҳамкории ходимони синамои
Тоҷикистон ва Узбекистан аввалин хиштро Комил Ёрмат гу-
зошт. Ӯ бо ҳунарпешаҳои тоҷику ӯзбек дӯстиву ҳамдастии
доимй ва ба бисёриашон ҳаққи устодй дошт. Бечиз нест, ки
ӯро падари синамогарони ин ду ҷумҳурӣ номидаанд.

Дар арафаи ҷашни нимасраи синамои тоҷик ҳунарпешаи
мумтоз Борис Кимёгарон дар сӯҳбате Комил Ёрматро чунин
ба ёд меовард:

«Мо аз ибтидои ташкили кинематография и миллӣ ҳамдаму
ҳамқадами ҳаёт будем, ба нафъи халқ якҷоя кор мекардем,

183
фикру зикри мо, комёбию бозёфтҳо ва лағзишу
пешпохӯриҳои мо дар ин кори нав умумият доштанд...
Чеҳраи офтобхӯрда, дасту бозуи қавӣ, нигоҳи тезу табассуми
диловез, дар тан либоси сафеди чесуча - ба чунин киёфа акай
Комилро аввалин бор дидаам. Ман он вақт дар Донишкадаи
умумииттифокии давлатии кинематография мехондам, ӯро
кайҳо боз чун тахияг'арй' '«Тоҷйкфилм» ва аз корҳои
ҳунарпешагиайгдар филмҳои беово^ мешинохтам. Воқиае та-
содуф афтоду м'о бо-ҳам вохӯрдсм: маро барои дар филми ӯ ба
навор гирифтан даъват карданд. Дар деканат ёвари таҳиягар
як ҷилди калони киноповести «Дулз ари'Помир»-ро доду гуфт,
ки онро мутолиа кунам ва ба мехмонсарои «Метропол». ки он
ҷо акаи Комил йқомат дошт, биравам. РафтаМ: Вай маро са-
волборон кард. Дар худи ҳамон ҷо барои ёанҷиш акси маро
бардоштанд. Вакти рафтанам ӯ «донишчӯрб хамзу ҷавоб до-
дан хуб не, гурусна будагиез1» гӯён, маро ба тарабхона бурд.
Вале филмро ба навор гйрифТай; МӯЯсеар нагардид: ҷанг cap
шуд... Баъдан, ки ман дар «Тоҷикфилм» ба кор cap кардам, ӯ
дар Ӯзбекистон мезист. Мо соли 1948 дубора ба ҳам
вохӯрдем. Ман филми ӯ «Алишери Навой»-ро дубляж кардам.
Қиёфаи Навоиро Р. Ҳамроев, Ҳусайн Бойқароро А. Исматов
офаридаанд. Дар дубляж Ҳоҷйқул Рахматуллоев ва
Муҳаммадҷон Қосимов интихоб шуданд. Онҳо на танҳо ба
кйёфаҳо мувофиқат мекарданд, балки дар ҳақиқати ҳол шои-
стаи он буданд... Рӯзе яке аз лавхдҳои мушкилро машқ ме-
кардем. Ногаҳон касе таблои «Диққат! Наворгирӣ меравад!»-
ро риоя накарда, ба толор даромад. Ин мард Комил Ёрмат
буд, машқи моро дида, бо ишораи даст фаҳмонд, ки бемалол
корамонро давом диҳем. Худ ба кори Муҳаммадҷон Қосимов
зеҳн монду рӯ ба рӯямон нишаст. Баъди сабти овоз гуфт: «То
ҳол мӯътақид будам, ки ғайр аз Исматов касе ба ин хубӣ аз
ӯхдаи ин накш намебарояд. Вале ин хунарнамоие, ки Қосимов
кард, ба дараҷаи аълост. Ҳусайн Бойқарои ӯ ҳосили истеъдоди
ҳақиқист. Қосимов дар ролаш мӯъҷиза офарид». Аз ҳамон
вақт дӯстиву хамкории ҳақиқии мо - ду тан ҳунарпешаи си-
намо, оғоз ёфт. Мо ба ҳар восита ба дидори ҳамдигар роҳ
меҷустем. Ӯ устоди сахтгир ва равшанзамири мо буд...»

184
Дар филмҳои Комил Ёрмат дойр ба нобиғаҳои илму адаби
Шарқ - Абӯалӣ Сино ва Алишер Навой решаҳои амиқи
дӯстиву бародарии халқҳои Машриқ нишон дода шудаанд.
Баҳори соли 1968 ҳангомй дар УзбекистОн баргӯзорий Даҳаи
маданияти тоҷик Комил Ёрмат гуфт: «Мислй он кй суруду
таронаҳои халқҳой тоҷику узбек ба ҳам ҷӯру ҳамнавоянд.
мавзӯъҳои аввалий'филмҳои мо «Дар зери тунбазҳой масҷид»,
«Беки охирин»-и «Ӯзбекфилм» ва «Боздиди' дӯстон», «Вақте
ки амирон мемиранд>У-и «Точикфилм» нйд ба дкдигар наздику
қаринаид. Маҳорати аслй ба ман маҳз йз шарофатй «Боздиди
дӯстон» даст дод. Ин аввалин филми овоздору бадеии ман
буд».

Тамошобинони тоҷик дар айёми Шурави ҳунарварони си-
намои ӯзбекро нағз медонистанд, чунон ки санъаткорони
тоҷикро дар Узбекистан низ мешинохтанд. Ҳунарпешаҳои
ӯзбек Набӣ Рахимов, Светлана Норбоева, Олим Хоҷаев ва
Дилбар Қамбарова дар филмҳои тоҷикй ролҳои асосиро бози-
даанд. Маҳз ба ташаббус ва тавассути Комил Ёрмат дар сту-
дили якдигар офаридани симоҳои гуногун барои
ҳунарпешагони тоҷику ӯзбек ба ҳукми анъана даромад. Ин
пайванди дӯстии наслҳост, ки имрӯз ҳам идома дорад.

Соли 1974 дар экранҳои СССР филми нави Комил Ёрмат
«Нодирабегим»-ро намоиш медоданд. Ин филм ҳаёт ва
эҷодиёти шоираи озодфикри асри 18 Нодираро пеши назар
меовард. Нодира ба тоҷикию ӯзбекй шеър мегуфт, ашъори
тоҷикиашро бо тахаллусхои Макнуна ва ё Комила менавишт.
Шавҳари ӯ Умархони Амирй низ шоир буд. Ҳар ду бо ҳам дар
бисёр маврид муомилаи шеърй доштанд ва аз абёти бадоҳатан
гуфтаи худ завқ мебурданд. Чун У мар хон даргузашт, писари
чордаҳсолаи ӯ Мадалихонро ба тахт шинонданд. Аммо дав-
латро асосан Нодира идора мекард. Ӯ дар роҳи баландбардо-
рии маърифату фарҳанг кӯшиши беандоза дошт. Ба дарбор
ахди илму адаб ва ҳунарро гирд оварда, бо машварати онҳо
бозорхо, масҷиду Мадраса, корвонсаройҳо, пулхои азим ва
иморатҳои зебо сохта, зисту зиндагии мардумро рӯ ба
беҳбудй меовард. Мутаассифона, соли 1842 амири Бухоро
Насрулло, ки ҷаллодсиришти хунхору хунрезе буд, банохост

185
ба Хӯқанд қуҷум оварда, Нодира ва писарони ӯро дар як
ҳолати ваҳшиёна ба қатл расонд... Комил Ёрмат хуб медо-
дает, ки Нодираи соҳибистеъдод дар баробари тасвири ишқу
муҳаббати поки инсонӣ, тараннуми зебоиҳои зиндагӣ, инчу-
нин нобаробарй ва ҷабру ситами замонашро фош месохт. Аз
ин рӯ, дар офариниши симои ӯ дар саҳна заҳмати фаровон
кашад. Қиёфаи ин шоираи зуллисонайнро санъаткори тоҷик
Сайрам Исоева хеле табий ва ҷаззоб офарид. Устодони сина-
мо Сайрамро ба сифати хунарпешаи асил кашф карда, нахус-
тин бор ба истеъдодаш баҳои сазовор медоданд.

Комил Ёрмат дар филмҳои мустанадаш симои фарзандони
наҷибу бузурги халқҳои тоҷику ӯзбекро эҳё карда, ба саҳна
мебаровард. Дар офаридаҳои ӯ ҷанбаҳои миллию халқй
барҷаста ифода ёфтаанд, мавзӯъҳои умдаи зиндагӣ, фалсафаи
рӯзгор ба тарзи мӯъҷиз ва возеҳ тасвир ва тафсир шудаанд.
Вай санъаткорест, ки таърих чун яке аз асосгузорони синамои
миллии Тоҷикистон ва Узбекистан эътирофаш кардааст. Аз
ходимони дилогоҳи фарҳанги тоҷик, собиқ раиси Шӯрои Ва-
зирони Тоҷикистон Абдулақад Қаҳҳоров дар ёддошти худ на-
виштааст: «Вақти фикр кардан дар бораи Комил Ёрмат ба хо-
тири кас нохост Садриддин Айнй меояд, зеро, чй тавре ки
Айнй ба кори пайдоиш ва инкишофи насри шӯравии ӯзбек
саҳми босазо гузоштааст, ҳамон тавр Ёрматов низ ба кори
пайдоищ ва инкишофи кинои тоҷик ҳиссаи пурқимат гузош-
тааст. У дар ҷумлаи пешоҳангони синамои мо дар сари
гахдораи он будааст».

Комил Ёрмат аввалин такдирномаи давлатиро аз чумхурии
ҷавони Тоҷикистон гирифт. Вақте ки ӯ дар мавзӯи иттиҳоди
халқҳо яке аз нахустин филми овоздори тоҷик «Боздиди
дӯстон» - ро офарйду сазовори эътирофи умум гардид, хид-
маташро бо унвони фахрии Арбоби шоистаи санъати
Тоҷикис гон такдир карданд.

Ба ҳамин тариқ, Комил Ёрмат аз хунарпешаи одй то ба
таҳиягари номй расид. Халқҳои тоҷику узбек ӯро ҳаққонй са-
ромади синамои худ медонанд. Пешаварони ҷавоне, ки ҳоло
дар саҳна моро мафтуни хунари худ месозанд, тахиягарони
бомаҳорате, ки филмҳои баландғоя меофаранд, ҳама аз авло-

186
ди чун Комил Ёрмат бузургмардони тоҷиктаборанд, ки номи
онҳоро аз сари ихлосу хурмат ба забои меоранд.

У дар давоми фаъолияти ҳунарии беш аз нимасрааш 21
филм офарида, ният дошг. ки акнун аз рӯзгору пайкори на-
хустин раиси Шӯрои Олии Узбекистан Юлдош Охунбобоев
филм бардорад. Ҳамрохи драматург Михаил Мелкумов
филмномаеро бо номи «Умри дарозу кӯтоҳ» навишта, ба
истеҳсоли он камар мебаст, ки умр вафо накард.

Ҳаждаҳуми ноябри соли 1978 дили пурҳарорати ин устоди
забардасти синамо дар ҳафтодупанҷсолагӣ аз тапиш
монд.Филмҳо ва талъату тимсолҳои офаридаи ӯ, ки на танҳо
дар таърихи санъати тоҷик ва ӯзбек, балки дар олами синамои
Осиёи Марказй воқиаҳои марҳилавие ҳисоб меёфтанд, як-як
аз хаёлам гузаштанд. Чун ӯро ба роҳи абадият мефиристо-
данд, шоҳасарҳои ӯ «Алишери Навой»;' «Абӯалӣ ибни Сино»,
«Достони ду дил», «Нодира» ва сегонаи «Тӯфон дар Осиё»,
«Сарбозони са?ораи инқилоб», «Ҳалокати крнрули сиёҳ», ки
ба хазйнаи санъати синамои Шӯравй дохил шуда, мукофотҳои
У му мии'п ифокй ва байналхадқӣ гирмфтаанд, а3 пав ба хоти-
рам расиданд. Марҳум шояд умри дарозтар хам медид. Аммо
ҳангоми дар найистонҳои мавзеи Ёзёвон (ноҳияи Марғелон)
алайҳи дастаҳои Кӯри Шермат ҷангиданаш маҷрӯҳ гардида
буд. Захми тир то охири умр пояшро азоб медод.

Ҷисмаш дар қабристони Тошканд мадфун гашт.

Ба ёди Комил Ёрмат абёти зерин чун чакраҳои ашки ху-
нафшон аз чашми қаламам чакид:

Во дарего, к-аз цаҳон инсони соҳибдш гузашт,

Бает рахти вопасин, чун нур аз ин манзил гузашт.
Гурги марг андар нщоди худ надорад шафқате,
Захмҳои корие бар дип аз он цотил гузашт.

Сакта кард охир диле, к-ӯ шомнли фарҳанг буд,
Бемурувват тири гам аз синаи окил гузашт.

Шӯълае буд, барц шуд, чун раъд хандиду бирафт,

Бо рухи умре ба рӯӣи дӯстон мойил гузашт.

Рӯдакиву Бӯачиро зинда гардонд аз ҳунар,

Бо ҳама он аҳли дил аз даҳр ин қобил гузашт.

187
Ӯ, ки чун ҷӯши талотум арзи ҳастӣ менамуд,

Нохудои киштии санъат аз ин соҳил гузашт
Нест тӯфон дар вуҷуди Осиё аз ҳикматаш,.

Нақши вақт аз синааш ҳаргиз нашуд зоил, гузашт.

Буд ӯ яктои «Сарбозони роҳи инқилоб»,

Нури чаиши аҳли маҳфил, пири барнодш гузашт.

Монд ӯ дар ёдҳо чун ахтари дунёнавард,

Ахтаре, к-ӯ дар ҷалолат аз маҳи комил гузашт!

Комил Ёрмат — писари маҳбуби мардумони Иттиҳоди
Шӯравӣ, ягона Қаҳрамони Меҳнати Сусиолистӣ аз синамога-
рони Осиёи Марказӣ ҷисман аз байн рафта бошад ҳам, рӯҳан
ҳамеша бо мост.

ДУРАХШИ СИТОРА

Улуғбибии милиса соли 1924 духтараки хурдсолаш
Тӯҳфаро ба тарбияти интерната навтаъсиси Конибодом су-
пурд. Ин даргоҳи таълим ба шогирдон хӯроку пӯшоки ройгон
медод. Фазой ин маскани илму хунар барои парвози мурғи
орзуи Тӯҳфа болу пар бахшид. Бори аввал ӯ хондану навиш-
танро дар ҳамин таълимгоҳ омӯхт. Он ҷо маҳфили
санъатдӯстон ташкил ёфт. «Ҳамин маҳфил маро ҳам қабул
мекарда бошад?» - аз дил гузаронд ӯ. Хоҳишашро ба касе на-
гуфт. Гӯё аз раъяш пай бурда, ба маҳфил омаданашро хос-
танд. Тӯҳфа дар андеша монд. Хоҳаркалони ӯ яке аз аввалин
духтарони пешавари тоҷик Хонбибй аз санъаткори номӣ
Муҳиддин Корй Ёқубов сабақ гирифта, дар театри мусиқии
шаҳри Тошканд вазифаи хунарпешагиро ба ӯхда дошт. Ҳамон
ҳамшираи меҳрубонаш, ки мардум ӯро Ханҷархон меноми-
данд, овози дилнавоз дошту чандин асбоби мусиқӣ менавохт,
ҳар бор рақсу сурудашро дидаву шунида мегуфт: «Баракалло,
нағз суруд хондй, ҳаракатҳоят баҷо, машқат хеле расо...» Ху-
ди модари Тӯҳфа ҳам сурудҳои халқиро медонист, бо таронаи
форами «Ёр-ёр» базмҳоро метафсонд. Тӯҳфа ҳамаи инро ба
хотир оварду ба маҳфили ҳаваскорон пайваст.

Ба ин тариқ, ҷигаргӯшаи Улуғбибӣ дар интернат алифбои
мусиқй омӯхт. Дастаи ҳаваскорон панҷ нафар аъзо дошт,
чаҳор писарбача ва Тӯҳфа. Ба онҳо Қосим Сотиволдй ном ду-

188
тории моҳир сабақ медод. Даста баъди кор дар гузару маҳалҳо
фаъолият дошт. Дар чойхонаҳо кори оммавию маърифатӣ ме-
бурданд, маҷлис мегузаронданд, лексия мехонданд, пае кон-
серт медоданд.

Тӯҳфаи наврас дутор менавохт, месуруд ва мерақсид. Мар-
дум мафтуни ҳунараш мешуданд. Кӣ медонист, ки ин духта-
раки ситорагарм фардо ситораи сахда мешавад.

Корманди милиса Улуғбибӣ Саидова рағбати духтаронаш-
ро ба санъат бедор мекард. Дар он айём ин раьйи ӯро на ҳама
дуруст мефаҳмиданд. Баъзе урфу одатҳои зараровар ба сахда
омадани занҳоро душвор мегардонд. Гули умеди басе мутри-
баву раққосаҳои халқӣ дар паси пардаи таассуб ношукуфта
хазон мегашт. Баъзе мутаассибон дар назди номаҳрамон
рақсидану суруд хондани духтари мусулмонро қатъиян наме-
хостанд. Аз ин рӯ, Хонбибй ва Тӯҳфаро ба дастаи ҳаваскорон
додани Улуғбибӣ икдоми ҷасурона хисоб меёфт.

Соли 1930 дар Конибодом театри халқӣ ташкил доданд, ки
бисёр ҷавонони хушзавқро фаро мегирифт.

Дар яке аз рӯзҳо Улуғбибӣ аз кор омада, хӯрок мепухт, ки
шахсе дари ҳавлиро кӯфт. Модар дарро кушода, рӯ ба рӯяш се
мардро дид. Онҳо вакилони театри халқй, режиссёри
ҳаваскор, яке Ҳоҷиумари Қосим, дигаре Донӣ Ҳусейн ва
севумӣ муаллим Бобоҷон Ҳусейнзода буданд.

- Хотири кушодани мушкиле ба наздатон омадем, - гуфт
Хдҷиумар баъди салому алейк. - Театрамон ба занҳо мӯҳтоҷ.

- Баъзеҳо духтарашонро намегузоранд, ки дар театр кор
кунанд,- гапи Ҳоҷиумарро қувват дод Хусейнзода,- аз
ноилоҷй мардҳо либоси занона пӯшида, кокул зада, нақши
занҳоро мебозанд.

- Ман ба шумо чй ёрӣ расонам? - пурсид Улуғбибӣ.

- Агар Тӯҳфахон ба театр мегузашт, нуран алонур мешуд.

Модар ризоят дод. Он се тан вакил барои Тӯҳфа нахусту-

стодоне буданд, ки ба ӯ қоидаю қонунҳои сахдаро ёд доданд.

Шомгоҳон садои карнаю сурнай ва нақора мардумро ба
тамошогоҳ мехонд. Одамон барои шунидани созу овози дух-
тари Улуғбибӣ аз дуру наздик ба театр меомаданд, зеро дар
симои ӯ сарояндаи саодати худро медиданд. Аммо нокасону

189
нобихрадон Тӯҳфа ва дугонаҳои ӯро дашном медоданд, ба
рӯяшон бо тамасхур механдиданд, аз пасашон санги таҳқир
меандохтанд. Улуғбибй баъди ҳар консерт духтарашро
ҳамроҳ ба хона меовард. Шабе ҳампешаи духтараш Латофати
Орифро аз театр ба хонаашон мебурд, ки аз кӯчаи хилват ово-
зе баромад:

-Истед! Начунбед!..

Ду кас дар торикӣ пеши роҳашонро гирифта, талаб кар-
данд, ки пулу ангуштарин ва дастпонаашонро диҳанд. Аз са-
дои тири тапончаи Улуғбибӣ яке таслим шуд ва дигаре гу-
рехт...

Баъдан Тӯҳфаро барои кор ба театри драмавии шахри
Тошканд даъват карданд. Вай дар намоишномаҳои «Фарҳод
ва Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Ҳалима» ва «Андарун»
нақшҳои асосиро бозида, истеъдодашро сайқал медод. Сонй
як муддати кӯтоҳ дар театри драмаи мусиқии Хуҷанд низ
саҳнаороӣ карда, дар мазраи дили завқмандон тухми меҳру
ихлос корид.

"■'J Ниҳоят, фасли гулшукуфти соли 1934 Тӯҳфаро чун гули
тозае ба боғи санъати тоҷик тӯҳфа овард. Модар ва
хоҳаронаш низ аз Конибодом ба Душанбе кӯчиданд. Тӯҳфа
дар як вақт ҳам мактаб мехонд, ҳам дар театр кор мекард.

Нахустопераи миллии тоҷик «Шӯриши Восеъ». Либреттои
онро Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ ва оҳангашро
Сергей Баласанян навиштанд. Бозй дар ин опера барои Тӯҳфа
Фозилова вохӯрии дуюм буд бо Гулъузор. Агар дар драмаи
мусиқии Ғанй Абдулло «Восеъ» асосан ҷиҳати лирикии об-
разро кушода бошад, пас аз ду сол дар операи «Шӯриши Во-
сеъ» тимсоли бузургеро ба вуҷуд овард: Гулъузори ӯ духтара-
ки одии хоксор ва қаҳрамони муқтадире ба назар мерасид, ки
барои аз золимон қасос гирифтан, барои ашкҳои талху ноко-
мии падар тайёр буд сарбаландона ба пешвози марг биравад.
Сурудхонии Тӯхфа, аз як тараф, бо таассуроти лирйкиаш, аз
тарафи дигар, бо ҷасорату каҳрамоние, ки дар симои офари-
дааш таҷассум ёфта буд, касро ба вачд мёовард. '

Операи «Шӯриши Восеъ» аввалин бор шонздаҳуми октяб-
ри соли 1939 пешкаши бинандаҳо гардид. Тавлиди ин нахус-

190
топераи миллӣ аз аввалин комёбиҳои мусиқии тоҷик дарак
медод. Ба Тӯҳфа Фозилова унвони Ҳунарпешаи шоистаи
Чумҳурии Тоҷикистонро доданд.

Домани хунарнамоии ӯ сол то сол густариш меёфт. Баҳори
соли 1941 ҳангоми нахустин Даҳаи адаб ва ҳунари тоҷик дар
Маскав ба тамошогарони пойтахт операҳои тоҷикии
«Шӯриши Восеъ», «Коваи оҳангар» ва намоииш халқию
мусиқии «Лола» манзур гардиданд, ки дар онҳо Тӯҳфа
чеҳраҳои асосиро меофарид. Гулъузори ӯ (аз операи
«Шӯриши Восеъ») маскавиҳоро мафтун сохт. Рӯзномаи «Из-
вестия» (сездаҳуми апрели соли 1941) ба истеъдодаш чунин
баҳо дод: «Ба мусиқивияти ӯ, ба оҳанги бе каму косту равша-
ну сареҳи ӯ ҳаваси бисёр ҳофизони соқибтаҷриба меравад».
Гӯҳфа Фозилова дар операи «Коваи оҳангар» тамоюли
қаҳрамониву ватанпарвариро идома медод. Нӯшофарини ӯ
некӯтарин хислатҳои инсониро дар худ таҷассум мекард.
Мунаққидони рус дар ҳаққаш чунин гуфтанд: «Шумо басо
дилрабоед! На фақат овозатонро шунидан, балки дидани
чеҳраатон ҳам ба кас ҳаловат мебахшад! Ин саодати бузургест
барой- ҳунарпеша. Дар санъат хдма чиз бояд зебо бошад. Шу-
моро танҳо барои санъат, танҳо барои сахдаороӣ офариданд».

Ҳамон рӯзҳо дар байни иштирокгарони даҳа чаҳор нафар
пешавари конибодомӣ хунарнамоӣ доштанд. Ба ҷуз Тӯҳфа
Фозилова дафнавози мохдр Кимсани Махдам бо хоҳари
руққосааш Латофати Ориф ва рақсанда Энахон Маҳмудова
низ ба тамошобинҳои пойтахт писанд омаданд.

Хидматҳои Тӯҳфа Фозилова соли 1941 бо унвони
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон такдир гардид.

Дар солҳое, ки фашистони гитлерй ба сари халқҳо кӯҳ-кӯҳ
андӯҳ меоварданд, Тӯҳфа дар размгоҳҳо барои сарбозони
шӯравӣ хунарнамой карда, дар дилҳои ташнаи осоиш оташи
умед ба пирӯзӣ меафрӯхт. Офаридаҳои ӯ дар замони ҷанг си-
мои Нурхон (аз драмаи мусиқии Комил Яшин «Нурхон»),
ҳайати Зӯҳро (аз операи А.Ленский «Тоҳир ва Зӯқро») ва
чеҳраи Татяна (аз операи П.И.Чайковский «Евгений Онегин»)
писанди тамошобинон мегардиданд.

Беҳтарин сафҳаҳои таърихи ташаккули операи тоҷикӣ низ

191
бо номи Туҳфа Фозилова марбут аст. Аввалин хунарпешае, ки
ба тани нахустин асарҳои операи миллӣ чон дамонда, як сил-
сила хислатҳои қаҳрамононаи занро меофарид, ҳамин фидоии
санъат буд.

Ҳусну ҷамоли баркамоли Тӯҳфаи ҷавон ба истеъдод ва си-
фату хислати хуҷастаи ӯ созгор афтода, таровати хунарашро
меафзуд. Солиёни дароз бе ороиши сунъй ба саҳна баромада,
бо сухану ҳаракати мувофиқ ҳуши тамошобинро мерабуд. Ба
маҳорати актёрӣ ва сарояндагии ӯ, пеш аз ҳама ва беш аз ди-
гарон ҳампешагонаш баҳои сазовор додаанд. Ҳунарпешаи
мардумии Иттиҳоди Шӯравй Аслӣ Бурҳонов нахустин
ҳамкории худро бо Тӯҳфа Фозилова чунин ёдоварй кардааст:
«Соли 1949 мо хостем драмаи «Алишери Навоӣ» (асари
Уйғун ва Иззат ;йултон)-ро ба саҳна гузорем. Аввалин фикре,
ки ба сари тахиягар расид, чунин буд: «Ь}акши Гулӣ-
маҳбубаи Алишери Навоиро кӣ мебозад?» Пас аз андешаву
ҷустуҷӯҳо ӯстоди мо Ефим Исаевич Митслмаи фармуд, ки
барои иҷрои ин накш Тӯҳфаро. бояд ба саҳна барорем.
Ҳангоме ки Драмаро ба саҳна гузоштем, хдкконияти Ефим
Исаевич собит ( ардид. К4ан роли Павоирр бозқдам, Т ӯхфа ро-
ли Гулйро. Бозии мо хеле содаю самимона баромад.
Хислатҳои олии Тӯҳфаро дар пеши чашмам медидам. Назари
саршор аз шавқу рағбатро аз ин зани мавзунқомати беандоза
зебо ва бовиқору гармсимо, ки аз дилу чрн д,ӯста^ы медоштам.
бардоштан мухбл меомад. Чӣ қадар латофату малоҳат ва
наҷобате дошт ин зани соҳибҷамрл, Чашмрни фаттонаш дил-
каш, пурифода. дурахшон. саршор аз баҳту саодаг ва ишку
муҳаббат будаид. Айии ҳақиқату воқеият, ба назар мерасйд
бозии ӯ. Барои бо чунин хунарпешаи оличаноб \зл1Корй. кар-
дан хушам меомад. Пас аз он, ки дар дигар намоищх<р нрз би-
сёр нақшҳоро якҷоя офаридем, бо хислагҳои начиб ва
маҳорати аҷиби ӯ аз наздик ошно шудам. Барҳак. Чӯхфа дар
саҳнаи тоҷик муддатҳо чун ситораи тобоне дурахшид..

Худи Фозилова аз ҳамкорй бо чунин ҳампешаҳо
қаноатмандона мегуфт: «Хар бори бо МуҳамМадЧон Қосимов
ва Аслй Бурҳонов барин ҳунарварони баркамРл! 'мулокот ва
ҳамкорй кардан барои ман хусандие буд беандоза. Ман

192
беҳтарин нақшҳоямро бо ин устодон бозидаам. Бо ҳар дуи
онҳо ва инчунин бо Гурминч Завқибеков маро риштаҳои
дӯстии эҷодии ҳақиқй мепайваидад. Аз ёриву дастгириашон
хеле сипосгузорам. Қаҳрамонони бароям хеле азиз - Гулй,
Гулнор ва Маликаро бе Аслй Бурҳонов, Манзураю Маликаи
дигареро бе Муҳаммадҷон Қосимов ва Раъноро бе Завқибеков
тасаввур кардан наметавонам. Инҳа роқиан ҳам одамони до-
рои тафаккури эҷодй ва хаёлан баландпарвозанд...»

Ба ҳунармандии Тӯҳфа ақли адаб низ баҳо додаанд. Аввали
соли 1972 ҳунарпешаҳои тоҷик дар Маскав дар Театри Хурд
пйесаи «Шаби гирифтани Моҳ»-ро намоиш медоданд. Тӯҳфа
Фозилова нақши зани қавиазму муқтадир ва ба нуқсонҳо ош-
тинопазир Танҳобегимро чунон бо ҳаяҷони қалбй ичро кард,
ки тамошобинҳо ба ваҷд омаданд. Худи муаллифи асар,
дромнависи бошқирд Мустай Карим ба ӯ гулдаста тӯҳфа кар-
да, қаноатмандона гуфт:

- Ташаккур ба Шумо, хоҳар! Ин фоҷиаро бисёр театрҳо ба
саҳна гузоштаанд ва аксарашонро ман дидаам. Вале то ҳол
нақши Танҳобегимро ҳеҷ кас мисли Шумо муассиру табиӣ
наофарид. Гӯё асарро маҳз барои Шумо навиштаам... > '

Тӯҳфа Фозилова баъди сипосгузорӣ ба ёд овард, ки ҳамин
гуна муколама дар яке аз рӯзҳои замони Ҷанги Бузурги
Ватанӣ миёни ӯ ва устод Мирзо Турсунзода низ pyx дода буд.
Пас аз нахустнамоиши «Тоҳир ва Зӯҳро» муаллифи он Тур-
сунзода бо мамнуният гуфт: «Тӯҳфахон, дар қиёфаи шумо
Зӯҳрои ҳақиқй, Зӯҳрои соҳибҷамоли зиндадил, Зӯҳрои дар
муҳаббату садоқат ягонаи замонаро дидам. Салламно ба
ҳунари волои шумо!»

Дуюмин даҳаи адаб ва ҳунари тоҷик дар Маскав (1957) низ :
барои Тӯҳфа Фозилова ҳамчун рӯзҳои таърихӣ сурат ёфт. Ӯ
барои хидматҳои бузургаш дар рушду равнаки санъати
шӯравӣ ба унвони Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравй
мушарраф гардид.

Симоҳои дурахшоне, ки ҳунарпеша солҳои панҷоҳуму
шастум офарид, ба хазинаи заррини санъати тоҷик дохил шу-
даанд. Номбурда дар драмаи Сотим Улуғзода «Рӯдакй» (1958)
нақши қаҳрамони асосй - Маликаро бозид. Ӯ шоҳзодахонуми

193
гуногунхислатеро офарид, ки табъи латиф дораду бо зарофат
ҳарф мезанад, қам сохдбҷамоли бофаросат асту хам заршино-
си маккора. Дар ваҷоҳати ӯ як ҷаҳон хубиву зиштй бо хам да-
ромехта. Хукми ӯ ҳатго ба амир ҳам мегузарад. Маликаи сан-
гдил Рӯдакии ошиқро дар фироқи Нигина ба гирдоби ваҳшат
андохта, худ аз сӯзу гудози гарон ва дарду алами беаоёни ин
ду дилдода завқ мебарад. Ин аз беҳтарин офаридаҳои
хунарпеша буд дар драматургиям классикии муосири тоҷик.

Ибтидои солҳои 1977 санъатшинос Низом Нурҷонов дар
яке аз сӯҳбатҳои хусусӣ чун аз Тӯҳфа Фозилова пурсид, ки
вакдҳои охир кадоме аз нақшхои бозидааш ба худи ӯ бештар
писанд аст, ду қиёфаро аз «Шаби гирифтани Моҳ» ва
«Гунаҳгорони бегуноҳ» ба забои овард. Дар намоиши «Шаби
гирифтани Моҳ», ки мавзӯяш муборизаи маърифат бар
ҷаҳолат аст, Танҳобегими Тӯҳфа қурбони таомули кади май
аҷдодие мешавад, ки як вактхо худаш хомию ҷонибдори он
буд. Вай бо мурури замон аз одамият дур будани таомули гу-
заштаро дармеёбад. Сипае ба андеша фурӯ меравад, бо дарду
алам мушт ба сараш мезанаду фиғон мебардорад...
Ҳунарпеша дар қиёфаи Кручинина (аз «Гунаҳгорони
бегунох») азоби рухни зани русро, ки дар оташи фироқи пи-
сари гумкардааш месӯзад, басо муассир ва табии нишон дода,
қуллаи нави маҳоратро намоиш дод...

Барномаи ролҳои Тӯхфа Фозилова басо бузургу доманадор
буд. Ӯ ҷуз қиёфаҳои номбурда, инчунин ролҳои Маҳтоб, Гул-
нор, Ойша (аз «Духтари ноком», «Дохунда» ва «Дилҳои
сӯзон»-и Ҷалол Икромӣ), 1 улъузор, Пошохон, Бону (аз «Во-
сеъ», «Сарбозони инқилоб» ва «Ҳуррият»-и Ғанӣ Абдулло),
Генериля (аз «Шоҳ Лир»-и Шекспир), Манзура (аз «Адои
қарзи»-и Аъзам Сидқӣ), Малика (аз «Ҳаёт ва ишқ»-и Файзул-
ло Ансорӣ), Гертруда (аз «Модарандар»-и Балзак), Хонум
Милфорд (аз «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер) алғараз, бештар
аз чиҳил симои зани гуногунхислатро манзури тамошобинхо

гардонд. _

Ҳунарпеша яккаписари худ Муродро низ ба олами зебои
раҳнамун сохт. Режиссёри синамо Мурод Ориф мукофоти ба-
ланди хампешагони худро гирифт. Филмхои у «Сирри

194
аҷдодӣ» ба дипломи дараҷаи аввали озмуни байналмилалии
синамои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ (1978) ва «Маро
ЛЭП ба пеш мебарад» ба ҷоизаи озмуни даҳуми байналмила-
лии кино дар Маскав (1974) сазовор шудаанд. Дар филми
«Қисмати шоир» қунари ӯ ба мукофоти якуми озмуни дуюми
байналмилалии синамои кишварҳои Осиё ва Африқо «Уқоби
заррин» (Қоҳира, I960)) тақдир гардид, ки дар М.Ориф
қиёфаи Рӯдакии ҷавонро офарид. Дар филми Комил Ермат
«Абӯалй ибни Сино» Гӯҳфа Фозилова накши модари Шай-
хурраисро офариду писараш симои Синоро.

Воқиан, фаъолияти Тӯҳфа Фозилова ба кино низ иртиботе
дорад ногусастанӣ. Чеҳраи гарми ӯро кинонигорони тоҷику
ӯзбек борҳо аксбардорӣ кардаанд.

— Мавзӯи асосии эҷодиёти Тӯҳфа Фозилова — бедории шах-
сият, ташаккули хислатҳои инсонӣ дар лаҳзаҳои гардишноки
тақдири ӯ дар кино ҳам идома ёфтааст,— мегуфт санъатшинос
Лола Ҳасанова. - Қаҳрамонҳои ӯ аз филмҳои «Абӯалӣ ибни
Сино», «Дохунда», «Тӯфон дар фазой Осиё» ва «Зумрад»
роҳи мураккабу пурпечутоби зиндйгиро паймудаанд.
Беҳтарин офаридаи вай дар кино чеҳраи модар буд аз филми
«Зумрад». Ҳунарпеша дар ин бахши эҷодиёташ кореро, ки дар
намоишҳои театри академии драма cap карда буд, давом дод.
Филм манзарае дорад гайриоддй: Зумрад ба деҳа бо тифли
беникоҳ зоидааш бармегардад. Дарду гами ӯро ҳамагон медо-
нанд. Касе дам намезанад. Чашмҳои баду нек ба сӯяш нига-
рон. Яке бо нафрат, яъне ки ӯ ба номи зани тоҷик нанг овард,
дигаре бо ришханд, сеюмй бефарку бепарво, вале бархе бо
раҳму шафқат ва мурувват менигаранд ба вай. Ҳамин вақт
модари Зумрад (Фозилова) пайдо мешавад. Тифлаки нарпечро
аз дасти духтараш гирифта, бо меҳр ба сйнааиг пахш мекунад
ва аз кӯчаҳои деҳа боифтихор қадам зада, сӯи хона мебарад...

Ба хислатҳои якранг тобу тоқат надоштани Фозилова ӯро
водошт, ки дар х;ар нақш ҷиҳатҳои мураккаби руҳия ва табиа-
ти инсонро чуста, шахсиятро ҳамчун ягонагии бахамзидҳо
фаҳмад. Қаҳрамонони вай ҳаргиз аз рӯи нақшаи тайёр ймали-
ёт намегузаронанд, балки 66 рафтори ғайриоддй ва бидуни
чашмдошташон баъзан боиси меҳр мегардиданду гоҳе

195
мӯъҷиби нафрат, вале ҳамеша диққати касро мерабуданд.
Рафтори бадқасдона, намоиши бартарӣ ба онҳо бегона буд.
Ҳама дар изҳори ҳиссиёту андешақои худ ботамкинона дар
саҳна ҳаракат ва амал доштанд. Дар ҳамин замина буд асрори
истеъдоди ин нобиғаи санъат.

Ҳунари сарояндагии Тӯҳфа Фозилова ба ӯ имкон медод, ки
симоҳои офаридааш табиию дилпазир бароянд. Мо ҳангоми
иҷрои нақшҳои бешумор дар театру кино чунин ҷиҳати
эҷодиёташро бештар дарк кардаем. Таронаи шӯрангези «Би-
хандад лола дар саҳро» (аз драмаи «Рӯдакӣ») аз забони ӯ чу-
нон дилрабо садо медод, ки шунаванда ба изтироб меафтод.
Мо ҳар вақт «Шиканҷи зулф» ном суруди оҳангсоз
Абдулмаҷид Ҳомидовро (шеъри Муҳаммадҷон Раҳимӣ) дар
иҷрои Тӯҳфа Фозилова шунида завқ мебурдем. Ин таронаи
ширину шӯрангез гувоҳи он аст, ки агар оҳанги хуб бо шеъри
марғуб даромезад, мебинем, ки чӣ сон таъсири созу овоз ме-
афзояд:

Зулфро чун ҷони ҳар ошиц ба бар дорад шиканц,

Чунки аз ҷонбозии ошщ хабар дорад шиканҷ.

Эй тасаддуц, бар цонаме!

Таронаҳо тавассути сарояндаи соҳибхунар аз дил ба дил
раҳ ёфта. умри дароз мебинанд. «Мепарварам» ном суруди
оҳангсоз Фозил Солиев (шеъри Аминҷон Шукӯҳӣ) дар шумо-
ри ҳамин қабил таронаҳо ҳисоб меёфт. Ин сурудро ҳаққонӣ
«валси тоҷикӣ» меномиданд, зеро солиёни дароз аз саҳнаи
театр, карнаи радиё, телевизион ва базмхонаҳо садо медод.
Онро бисёр ҳофизон мехонданд, вале Тӯҳфа Фозилова аз
мумтозтарин сарояндагонаш ба шумор мерафт.

ӯ ба ганҷинаи бебаҳои мусиқии «Шашмақом» эътиқоди
қавй дошт ва ин шоҳкории гаронбақои мардумиро тамоми
умр меомӯхт. Хосса сурудҳои «Соқиномаи наво», «Савти
ушшоқ», «Талқини савти ушшок» дар иҷрои ӯ обу ранги
пурҷилое доштанд.

Маҳорати фавқулодаи ӯ дар сароидани таронаҳои ха,тқӣ
низ эҳсос мегардид. Хонишҳояш ба дили мардум суруру
хушнудӣ мебах1нид. Аз забони ӯ шунидани таронаҳои халқии
«Модарам», «Болой», «Чашмони сиёҳ», «Каҷмакаҷак», «Дил

196
хуш аст», «Ҷӯраҷонам», «Ёри масчой», «Сарм кӯҳи баланд»,
«Алла», «Гулпарӣ» ва амсоли инхо ба шунаванда ҳаловату
кайфияти махсус меовард. Ин сурудҳои мардумй, чунон ки
мутахассисон эътироф кардаанд, бештар ба шарофати Тухфа
Фозилова маҳбубият ёфтанд.

Алҳақ, ӯ мутрибае буд булбулнаво, ки кас аз шунидани
лаҳнаш кайфияти хосса мебардошт. Тавассути табъи нозуку
ҳунари воло вай метавонист, ки асрори зебоии сурудҳои мар-
думию классики ва маънии бикри онҳоро возеҳу фаҳмо ба
сомеъ расонад.

Солҳои чилуму панҷоҳум «Модарам» ном суруди гамзидои
Нурхон (аз драмам мусиқии «Нурхон»-и Комил Яшин) дар
иҷрои Тӯҳфа Фозилова даҳан ба даҳан гузашта, хеле машҳур
шуда буд. Ӯ ин сурудро ба барномаҳои консертиаш ҳамроҳ
карда, дар саҳнаҳо мехонд. Ин суруди дӯстдоштаи бонувонро
радиои тоҷик низ тез-тез мешунавонд. Соли 1954 модари
Тӯҳфа пеш аз бори рехлат барбастан аз духтараш мепурсад,
ки ҳамон суруди «Модарам»-ро аз радиё сарояд. Тухфа фил-
фавр ба радиёстудия рафта, чанд тан муғанниро меёбаду дар-
хости модарашро ба ҷо меорад. Модари бемор дар рӯи бистар
охирин бор суруди духтарашро шунида, беармон аз олам ме-
гузарад. Духтар ин сурудро дар рӯзи дафни ӯ бо чеҳраи мо-
тамгирифта сароид.

Оҳангсозон ва мусиқишиносон ба маҳорати сарояндагии
Тӯҳфа Фозилова бахои баланд дода, эъҷозофарини ҳунар бу-
дани ӯро эътироф кардаанд. Аз чумла, яке аз муҳаққиқони
адофаҳму навосанҷ профессор Низом Нурҷонов гуфтааст:
«Тӯҳфа Фозилова дар якчанд навъи хунар - мусиқи, хофизи,
опера, драма ва кино дасти боло дошт. Роҳи ин зани багоят
ҳассос ба олами зебоӣ бидуни мактаби махсусе оғоз ёфт. Сир-
ри хунари ӯ пинҳон набуд. Табиат барои ҳунарварии ӯ
бартариҳои зиёде ато кард. Ба ҷуз истеъдоди фитрй у каду
қомати мавзун, чеҳраи гулгун ва чашми пурафсун дошт. Уро
дар саҳнаи тоҷик чун рамзи назокат мешинохтанд.^ Як
дилрабой ва ҷозибаи басо нафиси ба худ хос аз талъати ӯ па-
дид меомад. Симои нотакрор ва ҳаракати хоссаву овбзи фо-
рамаш ҳамаро мафтун месохт. Мусиқавияти фавқулъодааш

197
низ касро ба ҳайрат мегузошт. Хотираи аълои мусиқӣ дошт.
Овозаш чандон бақувват набошад ҳам, беҳад нарму нафис,
ширадор ва муассир буд. Лаҳну навояш дар нидоди худ
тобишҳои гуногуни ғиноӣ ва драматикӣ дошт. Сурудҳои
халқӣ ва асарҳои оҳангсозонро устодона мехонд ва шунаван-
даро на танҳо бо овози нафису сертобишаш, ё худ бо эҳсос
карда тавонистани хусусиятҳои миллим мусиқй ва нозукиҳои
он ба ҳайрат меовард, балки бо самимияти баландаш низ маф-
тун месохт. Суруд гӯё аз қаъри дилу чашмаи зеҳну закояш
фаввора зада мебаромад. Вай зоҳиран гӯё намесароид, балки
худи суруд ӯро аз паи худ мебурд...»

Мардум аз овози ӯ илҳом ва рӯҳи тоза мегирифт. Гоҳе чу-
нин ҳам мещуд, ки бо вуҷуди бориши барфу борон дар сари
киштзору суфаҳои саҳро барои дехдонон консерт меоростанд.
Тӯхфаи ҷавони шӯхтабъ дар ҳамаи ҳолатҳо месуруду
мерақсиду менавохт.

Ӯро чун хунарвари табиатан ҳозирҷавоб ва зарофатгӯй низ
мешинохтанд. Табассуми ширину латифаҳои намакин дошт.

Тӯҳфа Фозилова дар мамолики хориҷа низ ахди завқро
шефтаи созу овози худ мёгардонд.

Кобул. Охири тобистони соли 1958. Бо даъвати хукумати
Афғонистон як дасга созандагону навозандагони тоҷик дар
чихдлсолагии Ҷашни истиқлоли мамлакат ширкат доштанд.
Онҳо дар тӯли се ҳафта дар боғу майдонҳо, саҳна ва
корхонахо беш аз бист консерт доданд, ки дар ҳар кадоме аз
ду то се ҳазор мардуми сохибзавқ ширкат варзид. Хосса кон-
серте, ки шомгоҳи рӯзи якуми Ҷашни истиклол дар тамошо-
хонаи тобистонии Чамани Хузурӣ баргузор гашт, хеле хотир-
нишин сурат гирифт. Аз садри аъзами Афғонистон то
соҳибмансабони хурду бузурги давлатию низомӣ, мехдюнони
ифтихорӣ, ходимони сафоратхонаҳои хориҷии Кобул, ахди
адабу фарҳанг, гулҳои сари сабади зиёиёни афғон гирд мео-
маданд.Суруду рақсу бадеҳа ҳозиронро ба ваҷд меовард.
Мардум аз сурудҳои фораму дилнавоз ва латифу афсунсози
Тӯҳфа Фозилова завқ бурда, бо кафкӯбиҳои паёпай мехо-
станд, ки боз ба сахда барояд. Хрсса таронаҳои «Савти
ушшоқ», «Чашмони сиёҳ» ва «Субҳи Кобул» дар иҷрои ӯ ди-

198
ли ҳозиринро мерабуд. Дар яке аз рӯзномаҳои марказии
Афғонистон «Анис» бахшида ба ҳунармандони тоҷик шеъри
шоир Содими Султонй интишор ёфт, ки як байташ чунин аст:
Суруди ҷопфазои Тӯҳфа Фозил
Ғубори гам зи дилҳо кард зоил.

Дар як сафари Тӯҳфа Фозилова ба Эрон баъди
ҳунарнамоии навбатӣ рӯзноманигорон пурсиданд, ки у аз
даргоҳи кадом консерватория гузашт ва дипломи кадом мак-
таби олиро дорад? Чун аз забони ӯ шуниданд, ки аз ягон кон-
серватория сабақ нагирифта, маълумоти олӣ ҳам надорад, та-
вассути истеъдоди фитрӣ ва худомӯзй комгор шудааст, ҳама
ангушти таҳайюр ба лаб мебурданд: «Зиҳӣ истеъдоде, ки
ҳунарро тоҷи cap дорад!»

Басе ҳунарварони соҳибдил ин шахсияти эҷодкори саҳнаро
ихлосмандона устоди маънавии худ донистаанд, аз мактаби
маҳораташ сабақ гирифта, маҳбуби халоиқ гаштаанд. Ӯ дар
олами санъат ихлосмандон ва пайравони хоси худро дошт.

Пешавари нодиракор, дорандаи Ҷоизаи давлатии
Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Тӯҳфа Фозилова беш аз ним аср
ҳунар намуда, аз санҷишу озмоишҳои бузурги маҳорат гузашт
ва то ба дараҷаи Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ
расид. Мероси гаронбақои ӯро барои ворисони оянда мебоист
бештар ва мукаммалтар маҳфуз медоштанд. Овози нотакрори
ӯ шоистаи захираи тилоии маданияти точ;иков ба ҳисоб ме-
рафт. Вале ҳайҳот! Охири соли 1983 телевизиони тодик аз
силсилаи «Устодони санъат» дойр ба фаъолияти хунарии у
намоиши ҷозибе пешкаш кард ба мардум. Дар танзиму такви-
ни намоиш вақти гароне ва заҳмати фаровоне ба харч доданд.
Умри Фозилова ба ҷое расидаву шояд ин охирин намоише буд
бо иштироки худи ӯ. Муаллиф ва барандаи намоиш. ровии
дақиқназар Наима Қаҳҳорӣ ва худи Тӯҳфа Фозилова аз
роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои точик пурсиданд,
ки аз фурсат истифода бурда, ин намоишро барои хазинаашон
сабт кунанд. Вале, мутаассифона, роҳбарони онвақтаи ин
дастгоҳи бонуфузи ҷумҳурй гӯш ба карй заданд ва ба сабти
намоиш иҷозат надоданд. Пас аз се моҳ, сеюми феврали соли
1984 ин нобигаи санъат дунёро падруд гуфт.

199
Дарёи пурталотуми вақт беист ҷорист. Маҷрои зиндагӣ
бархе аз сабукборонро ба канор мепартояд ва зумраеро
шӯҳраи офоқ мегардонад. Мисли Тӯҳфа Фозилова
сохибҳунарони асил аз саҳифаи ёдҳо зуду да нахоҳанд шуд.

Конибодомиҳо ба театри драмаи мусиқии шаҳрашон, ба
даргоҳе, ки фаъолияти Тӯҳфа Фозилова аз оғӯшаш ибтидо ги-
рифт, номи ӯро дода, хотираашро абадӣ гардондаанд. Дар
Душанбе низ кӯчае номи ӯро дорад.

Одамиро ба ҷаҳон номи накӯ мемонад,

Фасли гул мегузарад, лаззати бӯ мемонад.

АВВАЛИН СИТОРАИ БАЛЕТ

Тақдир ба ӯ дасти ёрй дод, ки аз миёни духтарони тоҷик
нахустин раққосаи балет шавад. Падари барзгараш Зоҳиди
Сангин ҳаргиз гумон надошт, ки дуҳтари ягонааш ба камол
расида, бо хунари худ сахдаҳоро ороста, яке аз асосгузорони
хореографиям тоҷик мешавад. Воқиан ҳамин тавр шуд. Номи
балеринам шӯҳратманд, устоди забардасги рақс Лутфӣ
Зоҳидова тавассути истеъдоду санъати волояш дар еақифаҳои
таърихи балети Тоҷикистон сабт ёфт. Назокати рақс, эҷодиёти
бою рангин ва дилангези ӯро ҳунарварони асили замон эъти-
роф кардаанд.

Лутфӣ аз овони туфулият дилбохтаи ҳунар буд. Соли 1932,
ҳангоме ки волидайнаш аз шаҳри Конибодом ба пойтахти
ҷумхурӣ омада, муқимй шуданд, аввалин орзуи ин духтари
яккаву ягонаашон рӯи об баромад. Модараш Назокат Саида-
лиева, ки яке аз аввалин фаъолаҳои роҳи озодии занҳо буд,
рағбату ормони Лутфиро дарёфта гуфт: «Духтарам, агар санъ-
аткор шуданиӣ, ончунон ба дилҳо роҳ ёб, ки ҳама орзуи туро
кунақд. Ману падарат хайрхоҳи туем...»

Лутфӣ аввал дар дастаи ҳаваскорон, пас дар омӯзишгохд
омӯзгории занонаи пойтахт таҳсил кард. Рақсҳои мавзуни ӯ
дар маҳфили ҳаваскорони саньат таваҷҷӯҳи ҳамаро ба худ
ҷалб намуд. Вай бештар раксхои халкиро бо зарофат иҷро
карда, суруд ҳам мехонд. Баъди он ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ
пирӯз гардид, ӯро дар ҳайати ҳаводорони хунар ба олимпиа-

200
даи умумииттифоқии эчодиёти халқ фиристоданд. Он ҷо вай
рақсҳои дилчаспу зарифи худро намоиш дод. Дар Москва
хунарашро писандиданд. Баъдан ӯро барон кор ба ансабли
раксу суруд даъват карданд. Солҳои 1939-1941 ба ҳайси
раққосаи ансамбли иттифоқҳои касабаи Итгиҳоди Шӯравӣ
ҳунарнамоӣ мекард, дарси нафосат меомӯхт ва малака
меандӯхт. Ҳамзамон дар донишкадаи санъат таҳсилро идома
медод ва рақсҳои ҷозибро меомӯхт. Чун оташи ҷанг дарги-
рифт, Лутфй ночор ба ақибгоҳ баргашт. Дар Театри опера ва
балети Тоҷикистон ба ҳунарнамоӣ оғозид. Таҷрибаҳои дар
Маскав андӯхтааш ёрӣ медод, ки низоми кори худро
мувофиқи завқу маромаш ба роҳ бимонад.

Балет санъати нозукест, ки на ҳар кас асрори онро ба зудӣ
кашф карда, мӯъҷизаашро сарфахм меравад. Лутфй дар Мас-
кав ин санъати нафисро дар имтиҳонҳои мушкил меомӯхт

... Як шоми аввали баҳори соли 1943. Фашистон басе
шаҳру деҳоти шӯравиро ишғол мекарданд, вале дур аз
размгоҳ чароғи маданият хомӯш намегашт. Он шомгоҳ дар
Тоҷикистон нахустин бор балети классикии «Эҳтиёткории
беҳуда»-и П.Л. Гертел (балетмейстер А.Прошенко, режиссёр
И. Ханзел) рӯи сахда омад. Лутфии ҳаждаҳсола нақши
қаҳрамони марказии асар Лизаро офарид. Бори нахуст буд, ки
тоҷикдухтар санъати хореографии классикии ҷаҳонро манзу-
ри тамошобинон мегардонд. Лизаи ӯ аз беҳтарин симоҳои ин
балет маҳсуб мешуд. Асар мақбули тамошобинҳо гардид.
Лаёқати балеринаро ба эътибор гирифта, ӯро бо унвони
Ҳунарпешаи шоистаи ҷумхурӣ тақдир карданд. Истеъдоди ин
ҷавондухтарро театршиноси шӯравӣ Георг Гоян дар гузори-
шоти худ дар Ҷамъияти театрии умумииттифоқӣ, ки 23 сен-
тябри соли 1943 баргузор гардид, чунин арзёбй кард: «Бале-
ринаи ҷавон Лутфӣ Зохдцова, бешубхд, нақши Лизаро дар
силсилаи симоҳои бадеии умумиҷаҳонӣ намоиш дод. Дар си-
мои ӯ хусусиятҳои миллии раққосаҳои тоҷик - зебоии андом,
ҳаракати мавзуни дасту пойро боварибахш ва дар шакли яго-
наи рақси баландғояи классикй офарид».

Лутфии шефтаи рақс, Лутфии навҷӯю навпардоз дар тӯли
солҳои чилуму панҷоҳум аз роҳу пайраҳаҳои пурпечутоби

201
санъат гузашта, ба қуллаи камолот расид. Маҳораташ бештар
сайқал меёфт ва дилҳоро мерабуд. Вай ба ин комёбихо бо
дасти мадади мураббиёни худ - ҳунармандони шинохта
Александр Просенко ва Ғаффор Валаматзода ноил мегашт. У
дар мактаби Просенко аз асосҳои санъати нозуки балет сабақ
меомӯхт. Нозукиҳои рақси миллиро аз устоди рақс Валамат-
зода меомӯхт ва рафта-рафта инкишофи балети тоҷик бо номи
худи ӯ иртиботи зич гирифт.

Бо мурури солҳо мушкилиҳо паси cap мешуданд,
санчишҳои нав ба нав пеш меомаданд. Соли 1947, чун ба та-
мошогарони тоҷик тоҷи хореографияи классикии рус «Кӯли
қувон»-и Чайковскийро намоиш медоданд, офаридани нақши
Одетта ба зиммаи Лутфй Зоҳидова афтод. Вай барои офари-
ниши ин нақш басо заҳмат кашид. Пас аз тамринҳои ниҳоӣ
қиёфаи Одеттаро устодона офарида, мухлисони худро ба вачд
овард.

Соли 1949 аввалин балети миллии тоҷик «Лайлй ва
Маҷнун», ки мусиқиашро Сергей Артёмович Баласанян эчод
карда буд, бо саъю кӯшиши балетмейстер Ғаффор Валаматзо-
да ба саҳна гузошта шуд. Дар офаридани ин спектакл бори
дигар собит гашт, ки Валаматзода дар санъати рақс истеъдоди
фавқулъода дорад. Вай дар намоиш ба чои пантомимаҳои
расмӣ ҷорй кардани санъати асли рақсро афзал медонист, аз
хореографияи миллӣ маҳз ҳамон раққосҳоеро интихоб кард,
ки андешаи оҳангсоз ва гояи амики балетро мукаммал ифода
карда тавонанд. Дар «Лайлй ва Маҷнун» бори аввал дар
саҳнаи тоҷик рақси классикй бо рақси миллй омезиш ёфт.
Лутфӣ қиёфаи маъшуқи номурод - Лайлиро офарид, ки вай аз
аввал шӯху қайсар буд, сипас ҷаҳонбиниаш ташаккул ёфта, ба
муқобили ҷоҳхоҳон, ҷоҳилон ва мутаассибон бархост. Арбо-
бони ҳунар эътироф карданд, ки Лайлии Лутфй дар ҳақикат
олияи ҳусн, ошиқи содиқ ва нокому номурод аст ва такдири
фоҷиавӣ дорад. Дар хати ҳаракати балерина тамоми вокиаю
ҳодисоти асар бо ифодаҳои драматикй сурат шрифта буд.

Ин ҳунари шевои балеринаро такдир карданд. Соли 1949
барои комёбиҳояш дар ичрои нақши Лайлй (аз балети «Лайлй
ва Маҷнун») Лутфй Зоҳидова ба Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди

202
Шӯравӣ ва унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мушар-
раф шуд.

Раққосаи балет мехост дар офариниши симои ҳамзамонони
худ низ қувва биозмояд. Ибтидои солҳои панҷоҳум Ғаффор
Валаматзода бо ҳамкорик либреттонависон Муҳаммад Раби-
ев, Азиза Азимова ва оҳангсоз Александр Ленский рақси
классикиро бо унсурҳои рақси миллию фолклорй даромехта,
балета «Дилбар»-ро ба саҳна овард, ки рӯзгори муосиронро
инъикос мекард. Қаҳрамони марказии асар раққосаи моҳир
Дилбар орзу дошт сахдаҳоро зеб диҳад. Ин чеҳра ба дили ба-
лерина беҳад наздйк буд. У дар симои Дилбар ҳаёти шахсии
худро медйд, мисли ӯ раққосаи моҳир шудан мехост. Ин орзу
ба шарофати заҳматҳояш ба амал омад. Балерина роли Дил-
барро басо табий ва муассир мебозид.

Аз репертуари классикии балерина роли Эсмералда ( аз
«Эсмералда»-и С. Пуни) низ дар хотирҳо нақш бастааст. Дар
сахда падид омадани духтараки хушқомати шӯхтабиат ва
сиёҳчашмаки хандонрӯ ба ҳозирон нишот мебахшид ва
ҳаракатҳои мавзуну дилчаспаш ахди толорро ба ҳаяҷон мео-
вард. Тамошобинон ӯро гаштаву баргашта ба сахда хоста,
таҳсину' тақният мегуфтанд ва кафзанй мекарданд.

Дурахши истеъдоди Лутфй Зохддова дар офариниши
симоҳои Мария (аз «Фаввораи Боғчасарой»-и Б. Асафев), Зо-
лушка (аз «Золушка»-и С. Прокофев), Шаҳрзод (аз балета
«Шаҳрзод») ва як қатор дигар қиёфаю симоҳо бештар ба
зуҳур омад. Ҳар яки ин қиёфа, чунон ки ноқидони санъат
эътироф кардаанд, дар рақси мавзуни ӯ бо тобу ҷилои тоза ва
рангину ҷаззоб ифода меёфт. Офаридани силсилаи қиёфаҳои
романтикию ҳаётӣ хоси эҷоди ин раққосаи волоху нар буд.
Кас ҳангоми таҳқиқи эҷодиёташ дармеёбад, ки чй сон
қаҳрамонони ӯ, сарфи назар аз беҳуқуқию заифии хеш, рӯҳан
қавию неруманданд, ба ҳар мушкилй тоб оварда, ба баланду
пасти рӯзгор бо чашми умед менигаранд.

Ҳунари волои Лутфй Зохдцоваро қунаршиносони басо
ирқу нажодҳо писандидаанд. Вай дар ҳайати ахди ҳунар ба
Муғулистону Булғористон, Руминияву Албаниё, Ҳиндустону

203
Индонезиё сафар карда, санъати нафиси мардуми тоҷикро на-
моиш медод.

Соли 1951 дар шаҳри Берлин ҳазорон нафар писарону дух-
тарони сайёра ба фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва
донишҷӯён ҷамъ омаданд ва якдилона изҳор карданд, ки ба-
рон сулҳи пойдори рӯи Замин, дӯстию вахдати халқҳо, маҳви
гуруснагӣ ва бекорӣ ҷасурона мубориза мебаранд. Дар байни
ин ҷавонони озода духтари тоҷик Лутфй Зоҳидова низ буд, ки
дар он ҷо барои ҳунарнамоии хубаш соҳиби ҷоизаи махсус
гардид. Инак, як лаҳзаи он намоиш: ҷавондухтари тоҷик дар
бар либоси миллй сари панҷаи по гӯё сӯи саҳна ба парвоз
меояд. Толор орому сокит. Ҳамаи чашмҳо нигарони ӯ. Духта-
рак бо ҳаракати латиф ва ҷаззобу дилфиреб ба рақс медарояд.
Толорро аз ҳунарнамоии ӯ шӯру шавқи шодиёна фаро меги-
рад. На танҳо тамошогарони таҳҷоӣ, балки намояндагони
Ҳиндустону Испониё, Бритону Итолиё ва Фаронса аз ин рақси
мавзун ба ваҷд омада, ба ҳунари ӯ кафкӯбиҳо мекунанд...

Моҳи апрели соли 1957. Дақаи адабиёт ва санъати тоҷик
дар Маскав бартузор мегардад. Ба ин муносибат балетҳои
миллии «Лайлй ва Маҷнун»-и С.А.Баласанян (бо баъзе
бозёфтҳои эҷодй) ва «Дилбар»-и А.С. Ленскийро намоиш до-
данд, ки дар онҳо низ нақшҳои аосиро Лутфй Зоҳидова бозид.
Балерина тавонист, ки дар симои Дилбар хусусиятҳои хоси
хореографияи балети миллиро барҷастаю дилфиреб нишон
диҳад. Бесабаб нест, ки санъатшиносони вақт ӯро тимсоли
(прототипи) Дилбар (аз балети «Дилбар», оҳангсоз А.С. Лен-
ский) мехонданд, ин баҳои ҳаққонй ба истеъдоди ӯст.

Ҳамон рӯзҳо истеъдоди балеринаро дар роҳи равнақи санъ-
ати тоҷик бори дигар қадршиносй карда, ӯро бо унвони
Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардони-
данд. Ӯ дар Осиёи Марказӣ аввалин балеринае буд, ки ба да-
рёфти ин унвони олӣ мушарраф гардид.

Заҳмати фаровон ва ҷустуҷӯҳои эҷодй шӯҳрати балеринаро
оламгир кард. Ӯ ба намояндагии Шӯрои Олии Тоҷикистон
(даъватҳои 3-5) интихоб шуд. Акнун вай дар аксари
намоишҳои нави саҳнавӣ роли асосиро мебозид, ҳамзамон
корҳои ҷамъиятиро бо фаъолияти эҷодии театр пайваста пеш

204
мебурд. Эътибору манзалати ин ситораи тобони саҳнаи тодик
муттасил меафзуд. Хизматҳояшро бо орденҳои Байрақи Сур-
хи Мехдат, Нишони фахрӣ, Дӯстии халқҳо ва дахдо нишон ва
ифтихорномаи сершумор қадр кардаанд.

Рақҳосаи авди хунари балет Малика Собирова, ки бисер
нақшҳои репертуари балети ҷаҳониро бо исмаш якҷоя ном
мебаранд, барҳақ гуфта буд: «Апаи Лутфй дар додай санъат
барои мо чароги рахнамо буданд. Ба истеъдодашон ахди олам
борҳо кафкӯбӣ кардаанд. Аз маҳораташон сахда тароват ва
обу ранги тоза меёфт...»

Нахустбалеринаи тодик Лутфй Зохддова беш аз чоряк аср
дар сахдаи театрҳо, дар олами бехудуди нафосат ва назокат бо
пандаи по рост истода, хунарварй кард ва дар рушду камоли
балети миллй саҳми сазовор гузошт. Вай аз оғози соли 1961,
аз ибтидои таъсиси мактаби бачагонаи хореографии Душанбе
вазифаи мудирии онро ба ӯхда дошт ва дар мазраи дили наели
наврас тухми нафосат мекошт. Шогирдони ин дабистон дар
шаҳру дехоти диёрамон сафи ҳайати балети театрҳою
ансамблҳои гуногунро пур карда, кайҳо сазовори унвонҳои
давлатӣ гардидаанд. Онҳо тирамоҳи соли 1985 ба муносибати
санаи шастсолагии устоди худ Лутфй Зохддова
табрикномаҳои бисёре фиристоданд, ки аксаран чунин маз-
мун доштанд: «Устоди азиз, халқи мо шуморо чун асосгузори
санъати касбии балети тодик эътироф кардаанд. Шумо бисту
панд соли ҳаёти бобаракат ва пур аз навою суруди худро сар-
фи сахнаи маърифат намуда, санъати балетро ба зинаи олй
бардоштаед. Шумо силсилаи образҳои довидонаро офаридаед,
ки ба хазинаи тилоии санъат ворид шудаанд. Зиҳӣ санъаткоре,
ки номи некаш дар сахдфаи таърих абадй сабт ёфтааст!..»

«ТАНАВОР»-ҲОИ АДОЛАТ

Огози асри бист дар шафати майдони Машҳади шаҳри Ко-
нибодом Адолат ном мутрибаи сохдбистеъдоде мезист, ки дар
байни мардум бо лахду навои дилнишинаш овоза дошт. Азба-
ски нозукандоми резапайкар буд, ӯро Адолатча низ меноми-
данд. Табиат ба ӯ овози гирою хусни расо бахшида буд. Дар

205
маҳфилу базмҳои хосу ом суруду таронаҳои ин хунёгари асил
дилҳои хомӯшро ба ҷӯш меовард. Чунон ки шоҳидони вақт ба
мушоҳида гирифтаанд, ӯ бонуи сӯҳбаторою базлагӯе ҳам бу-
дааст.

Соли 1965 ҳангоми ифои вазифа дар маҷаллаи «Занони
Тоҷикистон» (ҳоло «Фирӯза») аз донишманди илму адаб
Шарифҷон Ҳусейнзода хоҳиш кардам, ки дар бораи ин
хунарпешаи хушадо иттилое диҳанд. Гурӯҳе хонумҳо ба
маҷалла нома навишта, тақозо доштанд, ки аз рӯзгори Адолат
ва сабки эҷодии ӯ мақолае интишор намоем.

- Ман Адолатро дидаам, сурудҳояшро шунидаам, - гуфтанд
устод. - Овози ширадори синагудоз дошт. Чун дармеёфтам, ки
ба базмгоҳе ӯ меояд, ҳатман барои шунидани овозаш меши-
тофтам. Ман мӯътақид ҳастам, ки оҳанги «Танавор» маҳсули
эҷоди худи ӯст. Адолат табъи шоирӣ ҳам дошт. Ба тоҷикиву
ӯзбакӣ ғазал навишта, ба оҳанг медаровард ва месуруд.

Камина ба устод гуфтам:

- Хуб мешуд, ки аз рӯзгори ӯ қиссае ё мақолае нависед, ва-
гарна як гӯшаи таз рихи саньати тоҷик торик мемонад.

- Кӯшиш мекунам, - ваъда дод пири хирад. - Пекин дар
хусуси ин гуна шахсиятҳои таърихй ва чеҳраҳои дурахшони
ҳунар бофтану тахмин кардан ҷоиз нест. Шумо ба Конибодом
равед, як сари қадам ба хонаи Ҷумъа Ҳаким дароед. Он касро
мешиносед-а? Ҳа, бале. Бо модарарӯсаш сӯҳбат кунед.Ана,
хдмрн пиразан Адолатро аз наздик мешинохт. Ҳар он чиеро,
ки аз ҳаёти Адолат медонад навишта, биёред ва мавод, ки
таҳия шуд, чизе менависам.

Дере нагузашта фармоиши устодро ба ҷо овардам.
Ҳангоми сафар ба шимоли чумҳурй ба хузури Ҷумъа Ҳаким
рафтам, ки ӯ ба ҳайси котиби дувуми кумитаи ҳизбии Кони-
бодом фаъолият дошт. Қаблан ӯро мешинохтам, аз
корнамоиҳои ҷангиаш мақолае навишта будам. Ин марди
иешкору пешгард то соли 1940 мудири шӯъбаи тандурустии
шаҳр буд. Дар айёми ҶБВ ба ҳайси табиби ҳарбй садҳо нафар
маҷрӯҳи вазнинро аз майдонҳои муҳориба берун бароварда,
умри дубора бахшидааст. Ва йнак Дар замони осойшта низ
паи ободии Ватан заҳмат мекашид. Ман ба ӯ салому паёми

206
устод Ҳусейнзодаро расондам ва мақсадро фаҳмондам. Биду-
ни даранге корам пеш рафт. Бо мусоидати Ҷумъа Ҳаким бо
модарарӯсаш Зебуннисо, ки ҳамнишину ҳамдами Адолат бу-
да, беш аз ҳаштод сол доштааст, вохӯрда, хотираҳояшро рӯи
коғаз овардам. Пиразан аз он ки Адолат мутрибаи моҳиру са-
рояндаи сохир будааст, далелҳо овард ва афсӯс хӯрд, ки зи-
момдорони замон ба қадри хунари ӯ нарасидаанд. Устод
Ҳусейнзода ёддошти пиразанро аз забони ман шунида, шод
шуданд, тасмим гирифтанд, ки акнун мақолае хоҳанд навишт.
Сипас афзуданд, ки матни баъзе сурудҳои Адолат ӯзбакист,
айнан меорам, шумо шеърҳоро ба тоҷикӣ баргардонед, ба ду
забон чоп мекунем.

Аз байн хеле вақт гузашт. Рӯзе устодро дар сари роҳе дида,
мақолаи ваъдагиро гӯшрас кардам. Он кас аз заъфи чашм, ки
азобашон медод, шиква карданд, «ҳоло ба пазироии табиби
чашм меравам» гуфтанд ва итминон доданд, ки ин мақоларо
анқариб ба итмом мерасонанд. Вале, ҳазор дареғ, ки ормонҳо
дар дил монд. Устоди арҷманд бо зиндагӣ падруд гуфтанд.
Пае охирин шогирдашон Бадриддини Мақсуд, ки дастнависҳо
ва ҳуҷҷату китобҳояшонро танзим мекард, миёни авроқи даф-
тарчаи ҷайбии олим чунин ишораҳо ва фишурдаи нигоштаа-
шонро дарёфт: «Аз он сӯ оҳанги «Танавор» шунида мешуд.
Аз торҳои нозуки дутори ӯ парда-парда малоҳат ба дилҳо ме-
рехт. Он вақт тақрибан биступанҷсола буд Адолат. Ангушто-
наш дар болои пардаҳо бозӣ мекарданд. Аз хона оҳанги гоҳ
хузну гоҳ шӯх мерасид. Дар охир боз «Танавор» навохт. Ӯ
овозе дошт, ки дар дилҳо чароғи меҳр меафрӯхт.

Дар он рӯзгорон мактаби мусиқӣ ба маънои имрӯзааш
вуҷуд надошт. Дар сари Адолат набудани волидайн ба пеш-
бурди корҳояш душворй меовард. Лекин ин мушкилиҳо
меҳру муҳаббатеро, ки ба ҳунари нафиса дошт, ҳеҷ гоҳ
барҳам дода наметавонист. Аз сӯҳбати ӯ наҷобату нафосат
мерехт. Ишқаш - хайрхохй, муродаш - муҳаббат, саҷдагоҳаш
- Ватан, дӯсташ - хунари воло ва меҳробаш эъҷози санъат
буд. Дар рагхояш сели ғайрат ҷараён дошт. Нигоҳи гармро
мепарастид, сардхунҳоро намеписандид.

Синааш хазинаи шеър буд. Ӯ ба ғазалхонҳо ғазал ёд медод,

207
ба ҳаззолон ҳазлу мутояба. Рафтораш саршори'хунар, гуфто-
ращ парвардаи шеър буд. Дар авҷи орзуҳои баланду бузург
парвоз дошт...»

Аз ин пораҳои парокандаи афкор маълум мешавад, ки ус-
тод Ҳусейнзода ба навиштани мақолае аз фаъолияти Адолат
cap карда, аммо бо сабаби ғуруби офтоби умр ба кори зарур-
таре андармон туда, онро ба сомон расонда натавонистаанд.
Хушбахтона, кори устодро шогирдонашон давом доданд.

Охири моҳи фарвардини соли 1990 дар Душанбе (дар Хо-
наи адибон) симпозиуми байналмилалии ҳазору чаҳор-
садумин солгарди Борбади Марвазй дойр гардид. Дар баҳсу
таҳқиқи осори гаронмояи ин нобиғаи мусиқии Машриқ до-
нишмандони бисту ҳафт мамолики ҷаҳон ширкат доштанд.
Дар симпозиум олими тоҷик Саидумари Султон дар мавзӯи
«Мақомоти Борбад ва мусиқии тоҷик» маьрӯза карда, бештар
перомуни масъалае сухан ронд, ки чй тавр хунармандони
миллатҳои мухталиф «Шашмақом»-и тоҷикро омӯхта, ба он
матни забони худро гундонда, хондаанд. Аз чумла, муҳаққик
изҳор кард: «Шашмақом» имкониятҳои фаровони вусьату ин-
кишоф ва тагйирот дорад. Масалан, дар анҷоми асри XIX ва
оғози асри XX Адол ё худ Адолатча ном мақомхони мумтози
конибодомӣ шӯхрати бузург пайдо кард, У чавонзани багоят
хушдилу хушсалиқа буд. Ҳар фард дар дил орзуи дидани ӯ ва
шунидани овозашро мепарвард. ■ *., л

Вақте ки овозаи ҳусну ҳунари Адолатча ба авҷи аъло ра-
сид, ӯро аз Конибодом рабуданд. Баъдан вай дар Хӯқанд ба
кори эҷодию сарояндагй пардохт. Ӯ аз имкониятҳои дохилии
«Шашмаком» истифода бурда, ба равняй «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва
«Чоргбҳ» бо номҳои «Танавори як», «Танавори ду», «Танаво-
ри се» ва «Танавори чор» ҳашт оҳанги хоси ,худро офарид.(Ба
қавле 15 «Танавор» доштааст). Ин навоҳои ихтирои худро бо
матну созу овози хуш менавохту месуруд. Ин оҳангҳо бо гу-
зашти солҳо шаҳрошӯб шуданд. Шумораи мухлисони ӯ ТР-
рафт меафзуд.

Ҳар гоҳ «Танавор»-ҳои ӯро телевизион ва радиои
Ӯзбекистон ва Точикистон мешунавонданд. «Танавор»-хои
Адрлатро сарояндагони номии ӯзбеку тоҷик Ҳалима.Носиро-

208


ва, Меҳрй Абдуллоева, Саодат Қобилова. Ориф Алимахсумов,
Берта Довудова, Барно Исҳоқова, Ҳанифа Мавлонова, Фариза
СаъйдуллДева, Мастоиа Эргашева ва дигарон бо камоли майл
суруда, чаҳбубияташонро афзудаанд.

Адолат на танҳо мутрибу оҳангсози мумтоз, балки шоираи
хушсалиқа ҳам буд. Мақтаи баъзе сурудҳои ӯ дорои номи
Адолат аст, зеро ба номи худ тахаллус мекард. Фитаи як су-
руди худи ӯро дар даст дорем ва дар фуроварди он низ «Адо-
латат мане» гӯён, тахаллус мекунад.Яке аз беҳтарин оҳангҳои
ӯ ба шеъри Навоӣ «Ул сарви гулрӯ келмади» мебошад, ки дар
картаи патефон сабт ёфта буд.

Арзиши «Танавор»-ҳои Адолат аз оҳанги мақомҳо кам не-
станд ва онҳо «Шашмақом»-ро ғанӣ гардондаанд. Ба фикри
ман, ин силсилаи оҳангхои «Танавор»-и Адолатро чун иловаи
ҷадиди «Шашмаком», яъне мақоми ҳафтум қабул кардан ко-
милан равост. Ва ин хизмати бузурги ӯро қадршиносӣ бояд
кард...»

Санъати волои Адолатро, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама,
ҳунарпешаҳои мумтоз Тӯҳфа Фозилова ва Лутфӣ Зоҳидова,
ҳофизони халқӣ ва шоистаи ҷумҳурй аз конибодомиён
Иброҳими Ҳофиз, Мирзобобои Аҳмад, Кимсан Маҳкам, Ла-
тофати Ориф, Ҷӯрахони Искандарӣ, Ҷӯра Бобо, Турдибои
Турсун, Дадохони Шермат, Дадохони Болта, Раъно Умарй,
Қумрии Дӯстмат, Обидҷони Ғойиб, Алимати Бегмат ва дига-
рон дӯст медоштанду сабку сулуки шевояшро меомӯхтанд ва
дар барномаҳои ҳунариашон фаровон истифода мебурданд.

Дар айёме, ки барои устод Шарифчон Ҳусейнзода аз
рӯзгори Адолат мавод меандӯхтам, боре аз нобиғаи хунар
Тӯҳфа Фозилова пурсидам, ки оё шумо Адолати ҳампеша-
атонро мешинохтед? •.

- Албатта, мешинохтам, - бо қатьият iiocyx доданд он кас.
Аз миёни занҳои тоҷик мисли ӯ еитораҳои санъат кам чеҳра
намудаанд. Мудате мурғи бахт бар китфаш нишаст ва
шӯҳраташ оламро шрифт. Ҳама шефтаи созу овозаш буданд.
Сипае, мутаассифона, бахташ баргащт., Аввал ин ки ба сари
апаи Адолат барфи пирӣ менишаст. срниян, дар солҳои
пурошӯби баъди инқилоби Бухоро аз санъати сеҳрангези ӯ на

209
танҳо касе аз арбобони хукумат пурсон нашуд, балки
рӯэгораш зери тахдиду хатар афтод. Ҳасудонаш фитна меан-
гехтанд. Ба назари Адолат марзи хунархези диёраш ба марзи
хунаркуш бадал меёфт. Оқибат ӯро «дар дарбори амир хизмат
мерасонд» гӯён, таъқиб кардаанд. Пас, Адолат бо маслиҳати
Комил Ёрмат ва мадади модари милисаам Улуғбибӣ маҷбур
шудааст, ки дар маҳалли дӯстони фаргонагиаш муҳоҷир ту-
да, ба ноҳияи Кӯктош панох, оварад...

Сипас, Тӯҳфа Фозилова хдкоя карданд, ки аввали солҳои
сиюм бо қамкасбон борҳо ба дидорбинии Адолат мерафтанд.
Мутрибаи аламкашида вакти боздиду видои ёрон ашк рехта,
дилашро аз алам тоза мегардонд. Вай \ини сӯҳбатҳои хосааш
ба санъаткорон таъкид мекардааст, ки ҳамеша ахду тифоқ,
қадрдону қадршинос ва мададгори ҳам бошанд ва дар хидма-
ти мардум чизеро дареғ надоранд. Дар фароварди сӯҳбат, ал-
батга, аз «Танавор»-ҳои худ намунае мехонд ва дӯстонашро
бо рақсу бозй мегуселонд.

Баҳори соли 2007 нависанда Равшани Ёрмуҳаммад дар
ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ифтихори ЮО-солагии
Шарифҷон Ҳусейнзода «Танавор» ном ёддошташро ба табъ
расонд. Ӯ дар ин навиштаҷот дар ҳаққи устод басо суханони
ҷаззобу самимй гуфтааст. Як рафиқамон адибро барои чунин
мақолаи пурмӯҳтавояш зиёфатчае ҳам дод... Дар ин ёддошт
воқиан ошиқи созу овози Адолат будани устоди фақид
Ҳусейнзода хеле хуб таҷассум ёфтааст.

«...Соли 1971 дар назди кафедраи адабиёти клаесикии
тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба аспирантураи
ғоибона дохил шудам, - менависад Равшани Ёрмухаммад. -
Наврӯз омад. Мо ба хонаи устод Шарифҷон Ҳусейнзода раф-
тем. Саидумари Султон фитаи сабти сурудҳоро бароварда, ба
устод дод ва гуфт:

- Сурудҳои гуфтаи шуморо сабт кардам.

Дидам, ки устод хурсанд шуданд.

- «Танавори як» ҳаст? - пурсиданд.

- Ҳаст.

Магнитофон оварда, фита мондем. Оҳанги «Шашмақом»
баланд шуд. Устод ба хонаи дигар гузашта, дар хумчае му-

210
саллас оварданд. Ба рости, ки то он дам мусаллас нанӯшида
будам.

- Худам омода кардам., - гуфтанду ба қадаҳҳо рехтанд.
Хайрият, ки ба коса не. - Нӯшед!

Аз тарси он ки сарзаниш нашунавам, қадаҳро бардоштам.
Таъму бӯи хуш дошт. Саидумар ба таърифи мусаллас пар-
дохт. Баъд шеърхонй дар васфи мусаллас cap шуд.

Наврӯз шуд, навои масаррат бароваред,

Хӯшбӯю хушгувор мусаллас биёваред.

Ҳаццо, ки шираи гулу сунбул мусаллас аст,

Оромиши асаб, тараби кул мусаллас аст.

Мо чанд суруд гӯш карда, як хумча мусалласро нӯшидем.
Ба хона писарашон Матин даромад. Ба мо салом кард. Сари
дастархон нишаст. Дар як табақи калон оши палав оварданд.
Ману Саидумар барои эҳтиёт як шиша коняки арманй гириф-
та будем, ки андаруни қифи ӯ меистод. Саидумар оҳиста ба
поям зад, ба ишораи он ки барорад ё не. «Барор», гуфтам бо
ишора ба ӯ. Бароварда, узрхоҳона рӯи миз гузошт.

- Ин боз чй? - пурсиданд устод.

- Пеш аз ош зарар надорад, домулло. - гуфт Саидумар.

Устод дигар ҳарфе назаДанд. Саидумар ба чор қадаҳ коняк

рехт. Якеро назди устод гузошту дигареро ба Матин дароз
кард.

- Матин наменӯшад, ба у надиҳед! - гуфтанд устод.

Ҳамин тавр, мусалласхӯрӣ ба конякнӯшӣ табдйл ёфт.

Матин зуд бархост. Баҳси мо дар хусуси Наврӯз рафт. Ус-
тод Ҳусейнзода гуфтанд, ки мо навиштем, ки ин ҷашн таъри-
хи қадима дорад, ҷашни халқӣ, ҷашни баҳор, ҷашни пирӯзии
равшанй бар торикй, гармй бар сардӣ аст. Арабҳо омаданд.
Наврӯзро ҷашни маҷусон гуфта, манъ карданд.Имрӯз онро
ҷашни динй маънидод мекунанд. Ин кори одамонест, ки
таърихи халқашонро намедонанд, миллаташонро дӯст наме-
доранд.

Саидумари Султон гуфт:

- Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, ҳатто
озарбойҷониҳо Наврӯзро ҷашн мегиранд...

- Ин гапҳо нав баромаданд, - ба шарҳи масъала гузапгганд

211
устод Ҳусейнзода, - солҳои бистуму сиюм Наврӯзро халқ
ҷашн мегирифт. Ин кори роҳбарони навбаромад аст.

Ман нақл кардам, ки дар телевизиони тоҷик намоишномаи
Наврӯзии моро иҷозат надоданд. Гуфтанд, ки ҳамаи
калимаҳои «наврӯз»-ро ба «баҳор» иваз кун. Аммо калимаи
«наврӯз»-ро аз шеърҳои классикой чӣ тавр ба баҳор иваз ме-
кунам? Аз намоишнома даст кашидам.

- Ҷоҳилон! - бо қаҳр гуфтанд устод ва хандиданд.

Боз мусиқиро баланд карда, Шашмақом шунидем.

- «Танавор»-ро ёб, - гуфтанд устод ба Саидумар.

Сақдумар «Танавор»-ро монд. Оҳанг форам, ба Шашмақом

монанд буд. Зане бо лахни маҳин ба забони ӯзбекй суруд ме-
хонд. Мо то охир онро хомӯшона гӯш кардем.Дидам, ки
қатраҳои ашк аз чашмони устод ҷорӣ шуданд. Ашкашонро
пок карда, ба мо гӯфтанд:

- Ду «Танавор» ҳаст. Ин « Танавори як» аст. Бисёр камёб.
Муаллифаш Адолатча ном дорад. Муаллифи суруд ҳам Адо-
латча аст. Шунидед, ба ӯзбекӣ мегӯяд, ки ба сарам чӣ балоҳое
омаданд. Қиссаи ин Адолатча дароз аст. Вақт ёбам, менави-
сам. Орзу дорам, ки дар бораи бародарам Каримҷон хдм
қиссае нависам.

Мо «Танавор»-ро аз нав мондем. Гӯш кардем. Рости ran, ки
аз кӯдакиям мусиқиро намефаҳмидам. Он лаззате, ки аз «Та-
навор» устод ва Саидумар мебурданд, ман ҳайрон мешу дам.

Устод хикоят карданд:

- Ин Адолатча аз Конибодом аст. Бисёр зани зебо буд.
Овози хуш дошт. Хуб менавохт. Замоне ӯро аз Конибодом
дуздида, ба Кисловодск мебаранд. Дар тарабхонаҳои ҳамон ҷо
ҳофизӣ мекунад. Як сарватманди конибодомӣ ба ӯ ошиқ бу-
дааст. Ҳамаи дороиашро партофта, ба Кисловодск мера-
вад.Онҳо то инқилоб дар он ҷо мемонанд. Баъди ғалабаи
инқилоб зану шавҳар шуда, ба Тоҷикистон меоянд. Охири
умрашон дар водии Вахш мегузарад...

Китоби устод «Сухансарои Панҷруд»-ро дар бораи Рӯдакй
хонда будам. Бо услуби хос ва бисёр қам дилчасп навингга-
анд. Агар вақт ёфта, ин ду асарро менавиштанд, хеле кори
хайре мешуд».

212
Хулоса, хунёгари варзидаи водии Фарғона, оҳангсоз ва су-
руднавис Адолат беш аз навад сол умр дида, охири солҳои
сиюм олами равшанро падруд гуфт. Вале, мутаассифона,
имрӯз ба мо маълум нест, ки мадфани ӯ дар куҷост.

Ӯро аҳли созу овоз бо камоли ифтихор устоди маънавии
худ мехонданд ва ба хунари волояш cap ба суҷуд меоварданд.
Вай рамзи хунёгари, падидаи ҳунарварӣ ва ҳунарпарварӣ буд.
Аз навои хуш дили саршор дошт,

Шираи овози нотакрор дошт.

БУЛБУЛНАВО

Охири солҳои стом буд. Обёрии даштҳои ташналаб рӯи
кор гирифта мешуд. Ҳукумати вақт соли 1939 қарор баровард,
ки қад-қади водии Фаргона аз дарёи Норин дар масофаи 270
километр канал кашида шавад. Ҳаштод километри ин канал аз
масири Конибодом то Хуҷанд тӯл мекашид. Мардум ба ҳашар
сафарбар шуданд.

Моҳи феврали соли 1940 корҳои сохтмон интиҳо меёфт. Як
гурӯҳ адибони тоҷик, ки дойр ба кору рӯзгори бинокорони ин
иншооти бузург китоби дастҷамъии «Хатги заррин»-ро ба
нашр омода карда буданд, ба мулоқоти бунёдгарони канали
Фаргона омаданд.

Шомгоҳ дар деҳаи Маҳрам мулоқоти аҳли адабу ҳунар бо
бинокорон баргузор шуд. Сардори сохтмон, муҳандиси
олмонӣ Шмид маҷлисро ба забони тоҷикӣ ифтитоҳ карда,
меҳмононро хайра мақдам гуфт. Ӯ аз мушкилоти кори со-
хтмон ва ҳимматбаландии мардум сӯҳбат карда, сипас ҷилави
суханро ба устод Садриддин Айнй дод.

- Дӯстони гиромӣ, ҳашарчиён, бинокорон, бародарону
хоҳарони конибодомии ман! - ба ҳозирин рӯ оварда гуфт устод
Айнӣ. - Мо, ахди қалам, аз корнамоии шумо ба ваҷд омаДем.
Дидем, ки ин сохмон ба ҳашари умумихалқӣ табдил ёфтааст.
Одати аҷибест ҳашар: касе ба коре cap кунад, ё ба чизе эҳтиёҷ
пайдо намояд, фавран атрофиён дасти мадад дароз мекунанд.
Асрҳо боз шарқиён хонаашонро ба тариқи ҳашар сохта, ҳосили
кипггзорашонро бо ҳамин усул меғундоранд. Дар замони мо ин

213
анъанаи кухдн маънии нав ёфт. Акнун ҷамъоварии пахта, ме-
ваю сабзавот, галла, кандани ҷӯю заҳбурҳо, сохтани
варзишгохло ба тарики хашар ба сомон мерасанд. Дар кандани
канали Фарғона низ хашар,ба кор омад. Ба ин ташаббуси шумо
одамони тамоми мамлакат пайравй карда, дар бисер кишвару
музофот канал мекобанд. Канали калони Фарғона ин як дарах-
ти зудраси ташаббуси халқ буда, ба саросари хоки Шӯро реша
давонид ва аз хама ҷо ниҳолхои бехҷасти худро рӯёнид.
Ишиооллох, ин наҳри бузург мисли дарёе хизмат расонда,
киштзорхои тоҷикону ӯзбеконро шодоб мегардонад, ҳайкали
ёдгории ягонагӣ ва ҳамдилии ин ду халқи бародар меша-
вад.Чунон ки ба мо гуфтанд, дар ин сохтмон беш аз биступанҷ
ҳазор фарзандони халқи тоҷик ширкат доранд. Ин хдма
қаҳрамониҳои шумо шоистаи шеъру достон ва қиссаҳои рос-
тон аст. Шахсан ман аз хусуси ин дигаргунихои азим асари
калонҳаҷме навиштанӣ. Дирӯз ба рӯзномаи шумо «Сохтмони
Сталин» (нашрияи Канали калони Фарғона) очерки ҳуҷҷатии
нави худ «Ду ҳашар»-ро супурдам, ки аз таърихи гузапггаҳои
пурфоҷиаи Махрам ва кору бори имрӯзаи шумо ҳикоя мекунад.
ҲолО;Порае аз ҳамин очеркро ба шумо қироат мекунам, нусхаи
мукаммалашро дар рӯзнома мехонед...

Устод Айнй порчае аз очеркашро ба сомеъон хонд. Пас
Мирзо Турсунзода «Омад канал» ном ғазали ба бинокорони
ин сохтмон бахшидаашро қироат кард. Рахим Ҷалилу Ҷалол
Икромй, Ҳаким Кариму Мирсаид Миршакар ва каламкашони
махаллй Рахим Қобилӣ (Шавқӣ) ва Набй Фахрй низ дар на-
вбати худ сухан ронда, шеър хонданд.

Навбат ба ҳунарнамоии ҳофизону машшоқони таҳҷой ра-
сид.Аввал ҳофизон ва навозандагони мардумй Мирзобобои
Ахмад, Ҷӯра Машшоқ, Обидчони Ғоиб, Ҷӯрахони Искандар,
Турдибойи ғиҷҷакӣ ва Ҳасанбои нақорачӣ ҳунарнамой карда,
хотири ҳозиринро шод гардонданд. Сониян, марди сиёҳабрӯи
миёнсоле ба табрику таҳнияти бинокорон баромад, ки дар
даст лаъличаи чинй дошт. Вай ба хозирин назари мехрангезе
андохту бо тавозӯъ гуфт:

- Дӯстони азиз, ман мисли адибонамон соҳиби хирмани
сухан нестам, ки дилатонро бо каломи оташин гарм кунам.

214
Ман як нафар дилбастаи «Шашмақом» кастам. Якчанд суруд
мехонам, агар ба шумо маъқул шавад, худамро бахтиёр ме-
шуморам.

Пас Қорӣ Зоҳид Набизода лаъличаи чиниро пеши даҳанаш
бурда, гӯё он дафчае бошад, ба пасаш нохун зада, ба замзама
пардохт. Лаҳзае гузашту овози фораму дилкаши ӯ сомеъонро
масрур гардонд ва гӯё бори хастагиро аз шонашон дур андохт.
Ҳофиз аввал мақомеро бар ғазали Мавлоно Абдураҳмони
Ҷомӣ хонд, ки басе шӯрангезу дардомез садо дод:

Ҳама як сӯ бувад, нодидани он гулбадан як сӯ,

Фироци бекасй як сӯ бувад, доги ватан як сӯ.

Саҳар бар ҷониби гулзор рафтам баҳри гул чидан,
Фигони булбулон як сӯ бувад, саири чаман як сӯ...

Зи қӯҳи Бесутун ногаҳ нидо омад ба гӯши ман,

Ки зарби теша як сӯ, зарби дасти Кӯҳкан як сӯ.

Тамоми шоиронро цамъ агар оранд дар маҳшар,

Хама як сӯ бувад, ин Ҷомии ширинсухан як сӯ.

Ҳофиз сурудро интиҳо бахшида, ба ҳозирин таъзим кард.
Устод Айнй овози ӯро писандида, аз тараннуми нишотафзояш
пай бурд, ки дар мақомхонӣ маҳорат ва салиқаи хубе дорад.
Аз ин лиҳоз каноатмандона гуфт:

- Салламно, нагз хондед! Ҷуфт шавад, ҷуфт!

Чун мутриб таронаи шӯхеро ба хондан огоз кард, раққосаи
товусхироми театри Конибодом Энахон Маҳмудй ба
хунарнамой пардохт. Бозии ӯ ба мазмуни таронаи мутриб чу-
нон мувофиқ афтод, ки ҳама беихтиёр кафкӯбй карданд.
Мутобиқати шеъру оҳанг ва овози дилнавоз аз ҳар байти тазал
падид меомад.

Ораз аст ин, ё цамар, ё лолаи ҳумрост ин,

Ё шуои шамс, ё оиинаи дилҳост ин?

Қомат аст ин, ё олиф, ё сарв, ё пахли мурод,

Ё магар гулдастаи боги ҷаҳонорост ин?

Чашми ту ҷодуст, ё оҳуст, ё сайёди халц,

Ё ду бодоми сияҳ, ё наргиси шаҳлост ин?

Зулфи ту занцир, ё қуллоб, ё мушки Хутан,

Сунбули тар, ё суман, ё анбари сорост ин? .,.

Ё раб, ин ток, аст, ё меҳроб, ё цавси ҳузаҳ,

215
Ёҳилоли ид, ё абрӯи моҳорост ин?

Ё раб, ии хуршеди тобон аст, ё моҳи томом,

Ё фаришта, ё парӣ, ё шӯхи бепарвост ин ?

Ҳуцқаи лаъл аст, ё сарчаишаи оби ҳаёт,

Ё даҳан, ё мим, ё тӯтии шаккархост ин?

Кӯйи ту Каъбаст, ё фирдавс, ё хулди барин,

Ёгулистони Ирам, ё ҷаннатулмаъвост ин?

Қумрии боги ҷинон, ё булбули бехонумон,

Тӯтии ишккарзабон, ё Ҷомии шаӣдот ин?

Устод Айнӣ лаҳни ҳофиз ва ҳунари раққосаро пазируфта,
баъд аз анҷоми вохурӣ ва консерт ба онҳо сӯҳбат орост ва бо
фаъолияташон аз наздик ошно шуд. Даставвал бо Энахон
Маҳмудӣ суолҳо дода, шарҳи ҳолашро мухтасаран навишта
гирифт. Ӯ огох шуд, ки раққосаи хушлаёқат Энахон Махмудӣ
духтари роҳиоҳанчии машхури конибодомист.Падараш
Баҳроми Ориф соли 1927 барои хизматҳои аълояш дар роҳи
оҳан нахустин аз тоҷиконе буд, ки ба гирифтани унвони
Қаҳрамони Мехмат мушарраф шудаанд. Энахон соли 1928 ба
дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд дохил гардид.
Фаъолияти хунариаш дар дастаи ҳаваскорони ҳамин дорулму-
аллимин оғоз ёфт. Дар тиётурҳои Конибодому Хуҷанд ва пой-
тахти ҷумхурият ҳунарнамой мекард. Дар байни бинокорони
канали Фарғона мунтазам фаъолият намуда, ба гирифтани
Ифтихорномаи Шӯрои Олии Тоҷикистон мушарраф мегардад.
Акнун барои иштирок ба Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар
шаҳри Маскав омодагй медид.

Пас устод Айнӣ бб' фаъолияти ҳофизи халқӣ Қори Зохид
Набизода шиносо шуд.

- Сурудҳоятон ба мардум маъқул шуд, бисёр кафкӯбӣ кар-
дандгуфт устод. - Шеърҳои Мавлоно Ҷомиро шево ва дил-
нишин хондед. Таронаҳои «Гулъузорам» ва «Ёр-ёр» хам хуш
садо дод. Дер боз суруд мехонед?

- Бист сол мешавад,- ҷавоб дод ҳофиз. Он вақт ӯ ба назар
чихдлсола менамуд.

- Устод доред?

- Аз шашмақомхони маҳаллӣ Иброқимҷони Ҳофиз сабақ
гирифтаам.

216
- Бисёр хуб. Баъзеҳо аз касе таълим нагирифта, ба майдон
мебароянд. Азбаски фаҳмо ва задаҳои мантиқиро баҷо хон-
дед, донистам, ки устоддидаед. Ба ҳофизӣ ҷиддӣ машғулед?

- Аз паси хунари наққошӣ нон мехӯрам. Гоҳо хонандагӣ
ҳам мекунам, то маъракаи мардум обод шавад.

- Офарин, шаҳбоз! Ҳам хонаи мардумро зеб медиҳед, ҳам
маъракаҳояшро. Нағз. Аслан маънии шеърро фаҳмида хондан
хунари ҳар кас не. Ошиқони шеъру суруд бисёранд, вале
хонандаҳои даррок кам. «Гандум ҳама ҷо, пазанда ҷо-ҷо». Аз
саводатон пурсем?

-Дар мадрасаҳои Марғилону Бухоро тадрис кардаам.

- Аз кадом шоирон бештар шеър мехонед?

- Аз Камолу Ҳофиз, Ҷомию Ҳилолӣ, Навоию Фузулӣ...

- Чй қадар шеър азбар кардаед?

- Дар худуди ҳазор мисраъ.

- Ғайр аз касбҳои асосиатон боз кадом машғулиятҳоро
дӯст медоред?

- Бо ҳаззалон ҳазлу шӯхӣ, дар базмхона аския, латифагӯӣ,
байтбарак ва дар ҳалқаи фозилон муаммокушой шуғли писан-
дидаи ман аст.

-Шумо бо табақча ғазали Ҳилолиро бо матлаи «Биё, биё,
ки дилу ҷони ман фидои ту бод» бисёр нағз хондед. Маълум,
ки дар гузашта ҳам баъзе мақомҳоро бо табақча мехонданд.

- «Чаҳормақом»-и Фарғона имрӯз ҳам бо табақча суруда
мешавад, домулло,- гуфт Қорй Зохид ва афзуд. - Ҳофизе, ки
мақомҳоро бо чунин тарз мехонад, чун сарояндаи касбй эъти-
роф мешавад. Содирхони Ҳофиз дар хондани ҳамин лахд
машҳур буд.

- Шумо ҳам аз табақча даст накашед,- маслиҳад дод устод
Айнй,- ин тарзи сурудхонй аз суннатҳои қадимаи мардуми
мост. Воқиан, ҳамин табақча чӣ сеҳре дорад, ки ба ҷои асбоби
мусиқӣ кор мебаранд?

Қорӣ Зоҳид ба ин суоли санҷишомез хаёлмандона посух
дод:

- Табақча бояд ҳатман чини ва тунуку нафис бошад,
сафолӣ садои ҷарангосӣ намедихдд, зарб ба он ҷӯр намеояд.
Ин ҷо сеҳри ҳунари ниёгон ниқон аст. Дар замонҳои қадим

217
зарфи чиниро ба сифати олати мусиқӣ ҳам истифода мебурда-
анд.

- Бале... Аз ин минбаъд пайванди дӯстӣ мебандем,- сипас
таъкид кард Айнй. - Ман ҳам ошиқи ҳунар. Марҳамат, ба
меҳмонии ман ба Самарканд ё Душанбе биёед, он ҷо базмро
ид ома медиҳем.

- Ташаккур, устод! - сипосгузорй кард ҳофиз ва ин
пешниҳоди Айниро аз дилу ҷон пазируфт.

Ҳамин тавр, миёни онро рафоқат пайдо шуд. Қорӣ Зоҳид
ҳар гоҳ ба Душанбе, ба хонаи духтараш Очабону ояд, ба ди-
дорбинии устод Айнй низ мерафт. Ҳар ду муддате сӯҳбат
ороста, вохӯрии аввалинашонро ёд меоварданд. Айнй бештар
нахустсафари худро ба Конибодом ёд меовард, ки охири то-
бистони соли 1936 ба хотири андӯхти мавод барои очеркаш
«Ду ҳашар» pyx дода буд. Он вақт ӯ баъди сафари Хучанд ба
Конибодом омада, қальаи Маҳрам ва дигар ёдгориҳои шаҳрро
дид. Бо аҳолии шаҳр вохӯрд. Конибодомиҳо ӯро самимона
пешвоз гирифтанд. Роҳбарони шаҳр Сангин Хидиров ва
Қурбон Раҳимов ӯро пазирой карданд. Айнӣ пешқадамони
хоҷагӣ, кишоварзони асил Хосият Исроилова ва Деҳқонбой
Иеоевро ба ифтихори мукофоти олии ҳукуматӣ гирифтана-
шон табрик гуфт. Пас, дар театри шаҳр намоишномаи «До-
хунда»-ро, ки ҳунарпешаҳо аз рӯи романи ӯ ба саҳна гузошта
буданд, тамошо кард.

Дар он рӯзҳои диду боздид, чун пайташ мерасид, устод
Айнй ҳини сӯҳбат гоҳе ба Қорй Зоҳид табақчаро дароз ме-
кард. Мизбон, ки рамуздон буд, ба замзама мепардохт.

Боре чун аз ватану меҳанпарварӣ сухан мерафт, Айнй аз
рӯзгору пайкори Муқаннаъу Шерак ва Темурмалик чанд
ҳикоят гуфта, сипас ёдовар шуд:

- Ҳеҷ чиз ширинтар аз зиндагӣ нест. Инсон аз зиндагӣ сер
нашуда, ҳамеша бо эҳсоси дилкашолй ба фардо умр ба cap
мебарад. Меҳри ватан ҳам мисли зиндагӣ ширин аст.

- Ҷони гапро гуфтед, устод,- андешаи Айниро тақвият дод
Қорй Зоҳид. - Як хешовандам, ки бо амри такдир дар Араби-
стони Саудй мондааст, дар ҳар номааш бо сӯзу гудоз ёди ва-
тан мекунад. Мисли булбули ба қафас афтода чаманро ба ёд

218
меорад. Аз он ки дар замини дигар ва зери осмони дигар
зиндагӣ дорад, дилгир аст,- ва мувофиқи ин ҳол ҳофиз як
ғазали ватанхоҳонаи Камоли Хучандиро сароид, ки матлаъаш
ин буд:

Хоки поят дуст дорад чашми май,

Нест аӣб, эй дӯстон, ҳуббулватам...

Чун замзамаи ғазал ба поён расид, Айнй нидо баровард:

- Боракалло, хеле хуб хондед, зинда бошед!

Тобистони соли 1965 дар Душанбе домоди Қорй Зохдд
Абдуқодир Сангинов - яке аз аввалин ҷавонони ҷасури тоҷик,
ки солҳои сиюм дар киштии зериобии уқёнуси Ором маллоҳ
буд, ногаҳон чашм аз олам пӯшид. Шомгоҳи рӯзи дафн раиси
Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров ҳамроҳи
яке аз дӯстонаш барои фотеҳа ба ҳавлии мархум омад. Дар он
айём ба ҷо овардани суннати бобоӣ барои коммунистон
мамнӯъ буд. Вале Қаҳҳоров ба Қорӣ Зохдц фармуд, ки ояте
хонад. Муқрй як ояти Қуръонро мутобиқи оҳанги мотамӣ ба-
со муассир тиловат кард. Қаҳҳоров дар қатори дигарон даст
ба рӯ кашид, ба Қорӣ Зоҳид изҳори ҳамдардӣ намуд. Дар
пахдуяш нишаста, пиёлае чой нӯшид. Ҳар ду баъзе сахифаҳои
китоби умри мархумро варақ гардонданд. Худораҳматй
Абдуқодир Сангинов соли 1931 баъди хатми мактаби
коргарчавонон дар ҳабдаҳсолагӣ кори маорифро пеш мебурд.
Сонй аз Конибодом ба Сталинобод кӯчида, дар комиссариата
савдо хизмат менамуд.Тирамоҳи соли 1939 бо даъвати КМ
комсомоли ҷумхурй ӯро дар сафи даҳ нафар тоҷикписарон ба
мактаби ронандаҳои киштии зериобй ба Ленинград фиристо-
данд. Абдуқодир баъди хатми мактаб ба шаҳри Владивосток
рохҳат гирифт, се сол дар киштии зериобӣ ба ҳайси
фармондеҳ ифои вазифа кард. Аз анҷоми соли 1942 то миёнаи
соли 1949 котиби консулгарии СССР дар Эрон буд. Дар поёни
ҳаёташ мудири шӯъбаи савдои шаҳри Душанберо ба ӯхда
дошт... Ҳайфо, ки дар панҷоҳсолагиаш чашм аз олам пӯшид.
Инсони поксиришт буд рақматй! Ҳамин тавр ёд карданд
дӯсти қарини худро он ду тан марди наҷиб. Баъде ки
Қаҳҳоров рафт, Қорй Зохдд ба атрофиёнаш, ки «дидед, чй хел

219
беҳарос омин карданд» мегуфтанд, посух дод: «Чӣ ҷои
ҳайрат? Домулло ҳам бандаи худоянд, аз имон овардан чӣ
тарсанд? Он кас ба ҳофизии камина шавқ доранд. Ногуфта
намонад, ки солҳои пеш ҳар дуямон сари қироати Қурьон
борҳо шабҳоро рӯз мекардем ...»

Дорандаи нишони «Иштирокчии фаъоли сохтмони Канали
калони Фарғона», пардозгари иморат, ҳофизи мардумй Қорӣ
Зоҳид солҳои_ 1915-1930 ба корҳои саҳрой ва кишти пахта
машғул буд. У каме замини меросии худро (иборат аз 50 со-
тих) дар сафи аввалинҳо ба ихтиёри давлат супурд ва худ узви
колхоз гардид. Солҳои сиюм дар идораҳои гуногун вазифаи
таъмиргариро ба ҷо меовард. Сонй дар шӯъбаи радиошунаво-
нии маҳаллй ба ҳофизӣ шуғл меварзид. Сипас солҳои тӯлонӣ
дар идораи сохтмон ва заводи пахта чун устои таъмиргар
фаъолият менамуд. Баъзан бо хоҳиши қозӣ ё муддаррис дар
мадрасаву масҷидҳо ба қироати сураҳои Қуръони маҷид низ
машғул мешуд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанй ӯ дар баталёни
коргарй дар шаҳру ноҳияҳои Русия хидмат мерасонд.

Қори Зоҳид дар зери чархи гардун ҳамагӣ ҳафтоду нӯҳ сол
умр дида, баҳори соли 1974 ҷаҳонро падруд гуфт. Як силсила
сурудҳои ӯро писараш Шамсиддин ва наберааш Низомиддин
Зоҳидов дар навор сабт кардаанд, ки аҳли хонавода ва хешу
ақрабо ҳар гоҳ онро шунида, ғизои маънавй мегиранд.
«Худораҳматии бобоям ғайр аз он ки бо табақча суруд мехон-
данд, дуторию танбӯрй ҳам буданд. Овози ширадори ба худ
хоссе доштанд, ки шунавандаро мафтун месохт,— мегӯяд
шарқшинос, доктори илми филология, профессор Низомид-
дин Зоҳидов. — Ман ин хел овози диловезро аз дигар сокини
шаҳрамон нашунидаам. Хайрият, баъзе сурудҳояшонро сабт
карда будаам, ҳар гоҳ овозашонро мешунавему симои гарма-
шон пеши назар меояд. Ёдашон гиромӣ бод!»

Оре, Қорӣ Зоҳид мурғи хушилҳоне буд, ки баъди сари
эшон чаманистони Конибодом назирашро надид.Ба ҳар
маҳфиле, ки вай мерафт, базми ҷамшедй метафсид. Ӯ аз худ
номи нек, панҷ тан фарзанди солеҳ ва пайравону шогирдон ба
ёдгор гузошта, беармон аз дунё рафт ва ба абадият пайваст.

220
САРДИРИЖЕР

Ёд дорам, нухуми декабри соли 1988 бахшида ба
ҳафтодсолагии Ҳунарпешаи халқии РСС Тоҷикистон, дири-
жёри номдор Ибодулло Эрмуродович Абдуллоев дар бинои
Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнй
маҳфиле баргузор шуд. Дар консерти махсус, ки таҳти
роҳбарии сохибҷашн гузашт, асарҳои композиторон Дамир
Дӯстмуқаммадов, Сергей Баласанян, Зиёдулло Шаҳидӣ, Ша-
рофиддин Сайфиддинов, Н. Римский-Корсаков, А. Адан,
Ҷузепле Верди, Д. Пуччини, П. Чайковский, Яъқуб Сабзанов,
Толиб Шадидй, Ш. Гуно, Л. Минкус бо иштироки солистони
театр садо доданд. Сипае ман ва мухбири ҳафтаномаи «Ада-
биёт ва санъат» М. Бобоев бо соҳибҷашн ҳамсӯҳбат шудем.
Миёни мо чунин пурсишу посухҳо радду бадал гапгг:

- Ибодулло Эрмуродович, тамоми фаъолияти 111умо дар
Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнй ба
сифати дирижёр гузаштааст. Бигӯед, ки хотирнишинтарин
лахдзоти фаъолияти эҷодии шумо тӯли ин солҳо кадом аст?

- Чунин лаҳзаҳо дар рӯзгорам хеле зиёданд. Соли 1939
баъди хатми Омӯзишгоди мусиқии шаҳри Маскав маро ба
хизмати ҳарбӣ гирифтанд. Хизматро дар Шарқи Дур то соли
1946 аз cap гузарондам. Дар ин муддат омӯзишгоҳи олии ави-
атсиониро хатм намудам. Вале дар ҳамин ҳолатҳо қам ғиҷҷак
(скрипка) ҳамроҳам буд. Бояд гуфт, ки дар омӯзишгохи
мусиқӣ дар курси ғиҷҷакнавозй мехондам. Баъди Ҷанги Бу-
зурги Ватанӣ ба консерваторияи шаҳри Маскав дохил шудам.
Дар курси мо аз ҳар ҷумҳурияти бародарӣ ва мамлакатҳои
сотсиалистӣ ҷавонон таҳсил доштанд. Ва фараҳбахштарин
лаҳзаҳои умри ман ҳам маҳз аз ҳамин айём оғоз ёфт. Аз
ҳабдаҳ нафар ҳамсабақҳоям танҳо ба ман рухсат доданд, ки бо
оркестри симфонии Филармонияи давлатии Маскав дар толо-
ри калони Консерватория консерт нишон диҳам. Нахустин
бор роҳбарӣ кардан ба оркестр, монанди аввалин бор бо само-
лёта УТ-2, Н-16 парвоз карданам, фаромӯшнопазир аст. Бо
ҳазорон изтироб дар фазой мусиқии олӣ мепаридам.

Албатта, нахустин консерти мустақилонаи ман ҳамчун ди-

221
рижёри оркестри симфонй барои такомули фаъолияти мин-
баъдаам нақши амиқ гузошт. Мепиндоштам, ки аз бузургта-
рин имтиҳойи санъат гузаШтам, ба рӯям уфукҳои нави
хунарнамоӣ падидор шудйнд. Вақте ки ба театр ҳамчун дири-
жёр ба кор омадам, дар аввал йнДёшаи ба ҳам ҷӯр гардондани
оркестр, хор, балет ва онера маро ба ҳаяҷон овард, зеро дар йн
ҷода ҳануз таҷрибай кофӣ надоштам. Охир, ҳунари дирижёрӣ
хеле масъулиятнок аст, муваффақияти ҳар уна оркестри
симфонй, театри мусиқй ба маҳорати дирижёр вобаста аст. Аз
ин рӯ, аз нахустин рӯзи кор дар паи ҷустуҷӯи образ, сабку
усулҳои овозй, дар ҳар образ ёфтани нуқтаи интиҳой афтодам.
Ҳар як оҳангсоз дорои сабку услуб ва махсусияти симоофа-
риниши худ аст. Дирижёр бояд барои кушодани куфли
эҷодиёти ҳар кадоме калиди махсус ёбад. Ҳунари дирижёрй аз
кас машғулияти доимй, ҷустуҷӯи усулҳои мухталиф ва баланд
бардоштани маҳорату дониши амиқро тақозо мекунад. Аз ин
лиҳоз кор кардан бо оркестр хеле мушкил ва пурмасъулият
аст. Ман ин нуктаро чунин мефаҳмам, ки дирижёр бояд аз ҳар
вазъият бо камоли хунармандй баромада тавонад.

- Ибодулло Эрмуродович, ба мусиқии ҳамаи оҳангсозон бо

як хел масъулият муносибат мекунед ё миёни онҳо касё ҳаст,
ки бароятон азизтар аст? : ^:

- Барои банда спектакли «Травиата»-и охангсози итолявй
Ҷузеппе Вердй, ки шӯҳрати ҷаҳонй Дорад, ахамияти махсус
дорад. Ман онро айёми донишҷӯиям дар шӯъбаи Театри Ка-
лони СССР дида будам ва аз оН рӯз тамоми умр ҳамроҳи ман
монд. Яъне лаҳзае набудааст, ки аз тасарруфи ҷозибаи он озод
бошам. Ҳамон вақт орзу кардам, ки ин шоҳасарро манзури
тамошобини тоҷик гардонам. Хушнудам, ки ба ниятам раси-
дам. Аз соли 1957 то кунун ин мусиқйи брмонии ман дар ре-
пертуари театр ҷои мустақиму асосйро йшғол мекунад.
Баъдан аён шуд, ки маҳз таҳти таъсири мусикии олии он ду-
нёи ботинам тамоман дигар шудааст: Ман бо талқини ббтинӣ
ҳар нафас болои ин асар кор мекардам. Аз ин рӯ, тамоми аса-
ри Вердй бароям азизу гиромист. Вердӣ мураккабтарин
муносибатҳои инсониро бо шевотарин, содатарин ва ширин
арин забон ифода менамояд.

222
Дигар аз асарҳое, ки дар фаъолиятам нақши амиқ дорад,
операи «Оилаи Тарас»-и Д. Кабалевский мебошад. Ин асар
ҳам хеле табиӣ ва эҳсосангез тасниф шудааст, аз қабили
асарҳои мураккаби мусиқӣ ба шумор меравад дар мавзӯи
Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Вақте ки онро иҷро мекардам, беихти-
ёр ашкам мерехт, аз гиряи ошкоро худдорй карда наметаво-
нистам. Шояд ин ҳолат аз он ҷиҳат воқеъ мешуд, ки зиндагии
айёми ҷангиямро дар хотирам дубора зинда мегардонд.

Аз ин ҷо ман ба хулосае омадам, ки асарҳои мусикиро но-
вобаста ба жанрашон тарзе бояд таҳия ва пешкаши шунаван-
даю бинанда гардонид, ки садоҳо бо эқтироси ҷӯшони дилу
андеша берун оянд, то ки таъсирбахш шаванд. Ин ҳолатро дар
худам эҳсос кардаам, ки вақте асари мусиқӣ бо чунин
азхудгузаштагӣ иҷро мешавад, кас аз олами вокей, аз
ташвишҳои зиндагияш чудо гардида, саропо дар олами
сеҳрангези мусиқӣ меафтад. Барой чунин кас дар олам ғайр аз
офаридақои мусиқӣ чизи дигаре боқй намемонад.

Вазифаи диржёр маҳз адои ҳамин амал аст. Ӯ бояд миёни
оркестр, хор, партияҳо ончунон мувозинати табииеро ба
вуҷуд оварад, ки зиндагй бо тамоми тобишҳои рангииаш
эътимодбахшу таъсирнок пеши назар ҷилва намоян. Яъне та-
мошобин ба воқеӣ будани зиндагии сахдавй бовар кунад, их-
лос оварад.

-Таи солҳои зиёд Шумо шоҳиди бурду бохти кори эҷодии
ҳайати театр будаед. Бигӯед, ки барои ахди санъат кадом
омилқо дар ташаккулу инкирози фаъолияти эҷодиашон асосй
буданду ҳастанд?

- Аз он чое, ки ман шоҳид будам, солҳои 50-ум то миёнаи
солҳои 70-ум дар ҳаёти мусиқии ҷумхурӣ, аз он ҷумла Театри
давлатии опера ва балети мо як ҷунбиш ва болоравй ба назар
мерасид. Ҳар асареро, ки барои таҳия мегирифтем, ба ҳодисаи
мухдми ҳаёти маданй табдил меёфт. Ҳеҷ кас бепарво ва
хотирҷамъ набуд. Мо ҳеҷ гоҳ дар бораи аз тамошобин пур
кардани театр фикр намекардем. Ман яке аз омилҳои асосии
чунин пешратфтро дар таъмин будани мутахассисони
соҳибистеъдоди ин соҳаи ҳаёти маданй медонам. Театри мо
дар ҳама қисматҳои кори худаш - чи дар труппаи хор, чи дар

223
трупгтаи балет, опера ва оркестр аз мутахассисони асил
таъмин буд. Чунин мутахассисон тамоми фаъолияти
эҷодиашонро аз рӯи виҷдон барон пешбурди театр равона ме-
карданд. Пастрафтаи кори эҷодӣ дар театр ба замони карахтй
иртибот дорад. Яъне ин замоне буд, ки ба хама як хел баҳо
медоданд ва хизмати «оббиёру кӯзашикан» як хел қадр ме-
шу д. Ин чиз боне гардид, ки фардияти эҷодкор рӯ ба сӯи
пастй ниҳод, яъне масъулият аз байн рафт. То ин замон дар
театр, дар ҳар труппаи эҷодӣ пешвоҳо буданд, ки дигарон аз
онҳо ибрат мегирифтанд ва онхоро маҳаки фаъолияти худ
қарор медоданд. Ман бо ин гуфтанй нестам, ки гӯё имрӯз му-
тахассисони боистеъдод набошанд. Не, онҳо ҳастанд, вале
пешво нестанд. Агар моҳҳо номҳояшонро бо ҳарфҳои калон-
калон дар эълонҳо нависем ҳам, касе барои дидани
хунарашон намеояд. Вале ин ҳолат пештар ба соҳибистеъ-
додҳо pyx намедод. Ҳамин кофй буд, ки номашон дар эълон
пайдо шавад, театр пур аз тамошобин мегашт. Малика Соби-
рова аз ҳамин қабил ангунггнамоҳо буд. Худи ҳамин чиз ни-
шон медиҳад, ки пешворо (лидери воқеиро) сохтан имконно-
пазир дет, вай худаш бояд ба камол расад, пайдо шавад. Ди-
плом l q маълумоти кофии касбй доштан ҳанӯз маънои
ҳунарманди асилро надорад. Ин вазъиятро мебинаму беихти-
ёр мақоли мардумй ба ёдам мезанад: «Сӯз агар дар дил
надорй, синаҷунбонй чй суд?»

Дигар аз омилҳои ба назари ман хеле мухиме, ки тамошо-
бинро аз мусиқии одй ва касбй дур гардонидааст, ривоҷи ҳар
гуна «попу рок» мебошад, ки аз радиову телевизион, кӯчаву
майдон.шабу рӯз садо медиҳад. Ин гуна мусиқии сабук ба чуз
куштдни завқи табиии инсон дигар таъсире надорад. Имрӯз
оддмон бештар пойбанди лаззату кайфиятҳои лаҳзавӣ гарди-
даанд. Ин чиз дар ташаккули инсони солиму комили чомиа
хеле бад ва хатарнок хам мебошад.

Дигар ин ки он солҳо, яъне даврони болоравии маърифати
мусиқиро дар назар дорам, роҳбарияти Тоҷикистон ба илму
фарҳанг ва санъату адабиёт диққати махсус медод. Масалан,
худи ман соли 1947 бо роҳнамоии ҳукумати чумҳурй барои аз
байни мактабиён ёфтани соҳибистеъдодҳо ба вилояти Кӯлоб

224
сафаре доштам. Гоҳ пиёдаву гоҳ харсавор деҳ ба деҳ гашта, аз
тарбияггоҳҳо (мактабу кӯдакистону интернатҳо) 120 нафар
навраси болаёқатро пайдо кардам ва онҳо акнун дар аксар
муассисаҳои маданият фишанги асоиро ташкил медиҳанд. Он
солҳо дар хусуси ин ташаббуси ҷумҳурии мо дар рӯзномаҳои
овозадори «Пионерская правда» ва «Советская культура»
мақолаи тарғиботие низ интишор ёфта буданд. , , ,-л

Соли 1950 хукумат боз бо ҳамин мақсад маро ба вилояти
Ленинобод фиристод. Аз он ҷо боз сад нафар навраси
болаёқатро ба мактабҳои миёнаву махсуси мусиқӣ фиристо-
данд. Кунун ҳар чй, ки аз мутахассисони ин соҳа дорем, аз
байни онҳост. Баъд аз ин хотирҷамъй ба миён омад, гӯё ин
кадрҳо дигар тамоми умр моро басанда бошанд. Касе ғами
онро надорад, ки кадрҳои миллй тарбият ёбанд. Агар хоҳем,
ки санъату маданият пеш равад, бояд мунтазам тачрибаи
солҳои панҷоҳумро дар интихобу тарбияи соҳибистеъдодҳо
ба роҳ монем. Ин вазъиятро ба ҳоли худ гузоштан як навъ
ҷиноятест дар олами маърифат.

Алҳол роҳбарон парво надоргшд, ки намояндаҳои
соҳибҳунари соҳаи санъат торафт кам мещаванд. Ҷои онҳоро
бо кадрҳои нав ба нав пур кардан аз щартҳои асосии равнақи
фарҳанг аст.

Худ мулох,иза кунед: аз кадрҳои миллй дар балет ба чуз
Эшонходаеву Давлатов, Холов ва. Алибоевҳо каси дигаре
нест. Дар труппаи опера ба ҷуз Бурҳон Мамадқулов, Оят Саб-
залиева, Р. Муллоҷонова ва Н. Ҳамробоев ку рвозхоне. ки та-
вонад ба забони модариаш дуруст хонад? Ин ҳанӯз кам аст.
Дар театр овози баси марказй намерасад. Овози Рафоэл Тол-
масову Ф.Зайдуллоев баритон аст.

- Ибодулло Эрмуродович, ба назари Шумо чй тавр метавон
гамошобини миллиро дубора ба театр ҷалб кард?

- Бояд иқрор шуд, ки кадрҳои соҳаи мо аксар дар шаҳрҳои
Москваю Ленинград тарбия мегиранд. Оҳангсозонамон низ
ҳамчунин. Онҳо дар ин марказҳо асосан донишу малакаи худ-
ро дар руҳи мусиқии аврупой мегиранд. Бебаҳс аст. ки дар ин
муддати таҳсил он суннатҳои овозии миллиро билкул
фаромӯш мекунанд. Баъди бозгашт агар хоҳанд, ки онро дар

225
фаъолияти худ ба кор баранд, наметавонанд аз тарзи эстети-
каи аврупоӣ раҳо шаванд. Ин мусиқи бо вуҷуди касбиву олй
буданаш барои туши мардуми мо бетона аст. Агар хоқем, ки
мардумамонро барои омӯзиши мусиқии касбии аврупой низ
тайёр намоем, бояд дар ҷумхурй маркази омодасозии мута-
хассисон, оҳангофаринӣ ва овозхонии операвӣ ташкил дихем.
Охир, мусиқии мо хоҳ анъанавй бошаду хоҳ халқӣ, табиаги
нарм дорад ва бештар ангезандаи эҳтиросот мебошад. Вақте
ки онро ба забони гармонияи мураккаби аврупой тафсир ме-
кунанд, ин ҷиҳати эҳтиросотии худро гум менамояд, аз фаҳму
идрок дур меравад.

Театр дар аввалҳои фаъолияташ чунин кушишро дар
тахияи операҳои мазҳакавӣ ва мазҳакаҳои мусиқи аз қабили
«Оршин мол олон»-и У. Ҳоҷибеков, «Запорожи дар паси Ду-
най»-и Гулак-Артемовский, «Кэто ва Котэ»-и Долидзе,
«Найрангҳои Майсара» ба роҳ монда буд, вале натиҷа надод.
Дигар аз кӯшишамон тахияи сужетҳои миллй, аз кдбили
«Тоҳир ва Зӯҳро», «Арӯс», «Дилбар»-и Александр Ленский,
«Шӯриши Восеъ», «Коваи оҳангар», «Нисо»-и С.А. Баласанян
буд, ки шояд тамошобинро ба худ ҷалб намояд, вале боз
бенатиҷа, зеро барои операҳои мазқакавӣ тобишҳои
пурқув^ати овозй лозим аст.

Барои тарбияи завқи мусиқифаҳмии тамошобини милли
фақат як роҳ мемонад: бояд ба тарзи ҳатми дар мактабҳои
миёнаи умумӣ дарсҳои мусиқй, мусиқии касбӣ гузаронида
шаванд. Ақаллан мактаббачаҳо ҳафт овози мусиқиро аз худ
намоянд. Афсӯс, ки ба ин масъала касе эътибор намедиҳад.

- Оё дар асоси мусиқии «Шашмақом» ва тарзи овозхонии
анъанавй офаридани операхо, ораторияҳо дар роҳи ҷалби та-
мошобин ва тарбияи завқи ӯ ба мусиқии мураккаби операви ё
симфонй ба мақсад мувофиқ нест?

- Дар асоси мусиқии «Шашмақом» ва тарзи овозхонии
анъанавии классикӣ операҳо ба вуҷуд овардан мумкин аст,
вале барои ин корро амалӣ гардондан алхол мо замина надо-
рем. Пеш аз хама бояд кадрҳои худиро ба воя расонем. Дар
театр труп паи махсуси миллй ташкил диҳем. Дар ин маврид
хам бо қатъият туфта наметавонем, ки ба мақсадамон ноил

226
мешавем ё не. Солистони мо ба забони модарии худ дуруст
хонда наметавонанд. Масалан, агар партия тодикй бошад, он-
ро тарзе мехонанд, ки ба гӯш ё итолиёвй мерасад ё русй. Хан-
даовар ин аст, ки онҳо ҳатто ба лаҳни тозаи русй ҳам дақиқан
хонда наметавонанд. То замоне, ки дар Донишкадаи санъат ва
омӯзишгоҳқои мусиқӣ таълими забони модарӣ ба тарзи ҳатмй
ҷорй нашавад, аз ин нуқсони ҷиддӣ раҳой амри муҳол аст.
Ҳатто дар театре, ки номи устод Садридцин Айниро дорад ва
театри миллии Тоҷикистон ба шумор меравад, забони тоҷикй
ҷорй нест.1 Касе дар ин театр ба ин забои на ran мезанаду на
кор мегузорад. Чунин менамояд, ки ба дигар тарз сурат ги-
рифтани аҳвол хам иҷозат намедиханд. Имрӯз. яъне замони
ошкоргуй ва демократонй имконият медихад. ки аз ин
камбудиҳои чиддй халосй ёбем. 1

— Ибодулло ЭрМуродович, оркестри симфонии театр оё ме-
тавонад Шуморо ҳамчун Дирижёр қонеь гарДбнад?

- Мутлақо не! Оркестр аз чйҳати шумораи созҳо комил

нест. Дар ҳайати он бояд 75 нафар навозанда бошад, валё мо
бо 41 нафар кор мебарем. Пас бигӯед, ки оё сифкти садодиҳии
мусиқй дар ин маврйд комил аст? Дар оркёстрҲои мӯьтадил
120 нафар кор мёкӯйанд. Масалан, ба ҷои 16 нафар скрипка-
навоз мо'хашт кас Дорем, агар труба як овозро гирад, бояд дар
муқобӣлй он Гб скрипка садо диҳад, то ки мувозинати
гармонй ба вучу'д ояд. Барби ҳамин ҳам вақте созХбй нафасӣ
садо медиҳанД, овози созхой торй шунида намешавад.1 Х,Ьлати
хамаи созҳои оркестр ба ин минвол аст. •' ■ •!

Дигар ин ки ДониШкаДаи саньати мо барои ҳамаи анвои
созҳои мусиқӣ кадр омода намекунад. Аз чойхои дигар
кадрҳои заруриро даъват карда наметавонем, зеро онХоро бо
хона таъмин кардан зарур аст, илоҷи ин кор дар дасти мо
нест. Барои ҳамин ҳам ба ҳар роҳе бояд кадрҳои худиро тар-
бия кунем. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Вазорати фарҳанги
чумхурӣ боист ҳарчи барвақттар ба мактабҳои олии маМолики
мухталиф писарону духтарони маҳаллиро фиристад (ба таври
мунтазам), танҳо дар ҳамин сурат ин масъала дар 10-15 соли

1 Манзур ба охирин солхои совета. ;>'

227
оянда пурра ҳал мешавад. Боз мегӯям: ҳанӯз дер нашудааст!

- Оё асарҳое ҳастанд, ки мехоҳед онҳоро таҳия намоед?

- Шоҳасарҳои Фирдавсию Низомӣ, Ҷалолиддини Балхию
Ҷомӣ, Камолу Бедилро рӯи саҳнаи опера дидан орзуи кадом
оҳангсозу артист ва дирижёр нест? Кас мехохдд ба қахрамо-
нони ҷавонмарду далер ва хирадманду солори онҳо монанд
бошад, ҷаҳони рангину пурвусъати онҳоро дар рӯзгори худ
эҳсос бинмояд. Он вақт худро аз зиндагӣ қонеъ меҳисобад.

- Ба нақши мусиқӣ дар зиндагӣ чй баҳо медиҳед?

- Чунон ки борҳо гуфтам ва боз мегӯям, инсон бидуни
мусиқӣ зистан наметавонад. Х,ар қадар иқтисод пеш равад,
ҳар қадар эътибори байналмилалии давлат баланд гардад,
барои равнақи қавии кишвар заминаи мусоид фароҳам ояд,
мақоми мусиқӣ низ меафзояд. Бояд навоҳои миллии абад-
зинда тавлид ёбанд, мисли оҳанги нахустгимни давлатии
Тоҷикистон, ки Сулаймон Юдаков бар матни устод
Абулқосим Лохутӣ офарид. Банда сарфарозам, ки ин
мусиқиро дар Масква ба навор сабт карда овардаам таҳти
дирижёрии худам дар иҷрои оркестри симфонии радиои
СССР. Баъди ҶБВ боз барои маҷлисҳои тантанавии
ҳукуматӣ сабт карда овардаам ин оқанги олиро.

- Аз оҳангсозони закитабъ бо киҳо ҳамкорй доштед?

! - Солҳои тӯлонй бо яке аз асосгузорони мусиқии касбй,

муаллифи аввалин операи тоҷикии «Шӯриши Восеъ» ва бале-
ти машҳури «Лайлӣ ва Маҷнун», Ҳунарпешаи халқии
Тоҷикистон ва Федератсияи Русия Сергей Баласанян робитаи
қавии эҷодӣ доштам. Хизматҳои басо бузурги ин оҳангсози
нодиракор дар рушди устувори санъати мусиқии тоҷик бояд
дар саҳифаҳои таърих бо хатги заррин сабт ёбад... Ҳамчунин
ҳамкориҳоям бо навосозони асил Зиёдулло Шаҳидй, Шаро-
фиддин Сайфиддинов, Дамир Дӯстмуҳаммад, Яъқуб Сабза-
нов, Ҷӯрабой Охунов... фаромӯшнопазиранд. Асарҳои даро-
зумри эшон мисли дастархони идона оростаи мардум ба обу
ранги зиндагй ҷилои тоза мебахшанд.

- Дар пешаи асосй устодатон кист?

- Дирижёри тавоно, профессор Виктор Сергеевич Смир-
нов.

228
- Шогирдпешаҳоятон?

- Муртазо Шарифов ва Саидқул Билолов.

- Волидайнатон чикора буданд?

- Падарам Абдуллоҳи Эрмурод аз деҳқонӣ ва модарам
Нисобибй аз дӯзандагӣ ризқу рӯзӣ меёфтанд.

- Маълумоти ибтидоиро дар куҷо гирифтаед?

- Дар деҳаамон Қарақчиқум масҷиде воқеъ буд, бобоям
маро аввал ба тарбияи мулло доданд. Баъдан дар назди
истгохи роҳи оҳан мактаби нави шӯравӣ кушоданд, ки ман ба
он гузаштам. Соли 1929 дар як масҷиди кӯхнаи Хуҷанд таҳти
роҳбарии Абулқосим Лохутӣ техникуми мусиқй таъсис ёфт,
ки банда нахустин дастпарвараш ҳастам. Таърихи пайдоиши
оркестри симфонии тоҷик аз соли 1929 оғоз меёбад.

- Муалдлим, воқиан донишгоҳе, ки профессораш ҳастед,
кай ташкил ёфтааст?

- Охири солҳои шастум дар пойгоҳи (базаи) факултаи
санъати Институти давлатии омӯзгории Душанбе Донишгоҳи
давлатии санъати Тоҷикистон таъсис ёфт.

- Ин хонаи чаҳорҳуҷрагии хиштиро кай гирифтаед?

- Ин хонаро соли 1952 бо амри Бобоҷон Ғафуров дар
зодрӯзам доданд.

- Дар ин маъво аз дӯстони ҳамақидаю хаммароматон
киҳоро пешвоз гирифтаед?

- Ба остони хонаам шахсони зерин қадам ниҳодаанд: ТСо-
мил Ёрматов, Тӯҳфа Фозилова, Лутфӣ Зоҳидова, Малика Со-
бирова, Сергей Баласанян, Сулаймон Юдаков, Аҳмад
Бобоқулов, Муҳаммаҷон Қосимов, Тӯйчй Самадӣ...

- Қаҳхоров Абдулахад чй?

- Не, бо он кас дӯстй доштам, аммо ба хонаам наомадаанд.
Қаҳҳоров дар консертҳо ба наздам омада, аҳвол мепурсиданд.
Ба дидани аксари намоишномаҳо меомаданд, ки чунин
санъатдӯстиашон ба дигарон сабақ мешуд.

- Фарзандонатон?

- Як писар бо номи Алишер ва се духтар дорам. Ҳамаашон
дар хориҷа кор мекунанд.

- Аз номи мухлисони сершуморатон Шумо - фарзанди
арҷманди конибодомиҳоро, ки умри бобаракати худро сарфи

229
санъати нафиса кардаед, ба шарафи ҳафтодсолагиатон аз са-
мими дил табрик мегӯем.

- Ташаккур! Шумоҳо ҳам ба чунин камолот бирасед!

Сониян, ин матни мусоҳиба дар ҳафганомаҳо ба забонҳои
тоҷикй, руей да у збеки ба табъ расид, бисер мухлисони дири-
жёр онро хонда, ба табрикаш бо гулу гулдаста шитофтанд.

Зихй сохибистеъдо^о! , ,;Д‘

НАБЕРАҲОИ МАРЯМУ НОРИНИСО

Исмоили Муллобой хангоми аз Конибодом ба Душанбе, ба
хонаи духтараш омадан набераашро. ба сирк бурд. Сирки
тоҷик баъди чандин вақти сафарҳр.и ҳунарй, боз ба хизмати
ҳамдиёронаш баргашта буд. 1

I амошои ҷасорату махорат cap шуд. ..

Намой ши «Корвони Помир». Ҳунарпещаи мардумии
ҷумҳурй Пирназар Юеуфй бо ушгурҳои ромкардааш басо
шавқрвар бозцд. Корвон дар даҳзаи ба саҳна баромадан аввал
таҳти оханги форам оромона ба ҷунбиш меомад, баъд шӯхона,
чун оби дарёчахри кӯҳӣ тучен зада, ман^араи ачиберо пеши
назар меовард.Г 'апдароию, шоаткории шутурхо, рақсу бозии
ин ҷонварони қобил ба ҳозирон завқ мебахшид. Вакте ки шу-
тур гардани дарозашрр ёзонда, аз кафи соҳибаш ширинй ме-
гирифт, Пирназар Юсуфӣ масалеро гӯшрас .мекард: «Уштурро
пурсиданд: «Думат чаро қач?» Гуфт: « Куч,ои ман рост, ки
думам рост бошад?» -чп/ Л

Ханда, ханда, ханда... : / г, 3,,.

Сонй човандозони сирк оила-оила ба хунарнамой барома-
данд. Вақте ки оилахои Тӯраевхо, Ёқубовҳо ва Валиевҳо длр
ҳар намоиш унсурҳои тоза ба тоза нишон медоданд, Исмоили
Муллобой оҳиста ба ваҷоҳати наберааш нигарист. Нигоҳи на-
бора низ ба ӯ бархӯрд. Аз шавқу ҳаяҷон чашмашон медурах-
шид.

Бозии дилписанди Расина ва Равно Қосимовахо, ки борхо
соҳиби мукофоти озмунҳо шудаанд, дар намоиши «Сайри
хаёлоти (фантазияи) Шарқ» диққати ҳамаро рабуд. Равно дар
сари дастону китфони пурзӯраш Расинаро чунон моҳирона

230
бозӣ медошт, ки тамошобинҳо аз ҳунари ин ду варзишгар
ангушти ҳайрат мегазиданд. Исмоили Муллобой дар симои
Раъно Қосимова зани ҷисман неруманд ва солореро медиду
аз хаёл мегузаронд: « Оре, ҳунарманд агар аз се чизи модар-
зод - зӯрӣ, ҳусн ва овоз якеашро надошта бошад, шуғли ӯ
ҳеҷ аст».

Пае, ба дорбозон, ки рӯи симтаноб ҳунар менамоянд, навбат
расид. Исмоили Муллобой мафтуни ҳунари онҳо шуда, ҳар
дам «Офарин, набераҳои Маряму Норинисо!» мегуфт. Набера
аз бобояш пурсид, ки Маряму Норинисо кистанд? Бобояш
ҷавоб дод, ки баъди намоиш қиссаи онҳоро мегӯяд.

Сонй ҳамааш аён шуд. Исмоили дорбоз ба набераи
кунҷкобаш гуфт,ки чй хел аз соли 1920 дорбозиро омӯхта, аз
ҳисоби навҷавонони бебок шогирд тайёр мекард. Набера
фақмид. ки устоди бобояш тоҷики қӯқандӣ Муҳаммадҷони
дорбоз будааст. Бобояш аввал дар сирки Қӯқайд кор мекард.
Ҳафт сол шогирд шуда, шаҳр ба шаҳр гашт. Вай тойчае дошт
гапдаро, қанд диҳад, ба нишони миннатдорй пои пешашро
мебардошт.

Бо фаъолияти Исмоили дорбоз моҳе як-ду бор дар Конибо-
дом садои карнаю сурнай ва нағора мардумро ба тамошогоҳ
даъват мекард. Дастаи дорбозҳо дар пахдуи манори чаҳорбоғи
шаҳр ба ҳунарнамой мебаромаданд. Чун ҷанг cap шуд, Ис-
моили дорбоз ба ҳифзи Ватан рафт. Сивуяксола буд. Мардона
меҷангид. Дар муҳорибаҳо барои озодии Воронеж ва Харков
аз сари китфу дасту пою миён чаҳор бор захм бардопгг. Барои
корномаҳои ҷангиаш мукофотқо гирифт. Азбаски аз муҳориба
маҷрӯҳ баргашт, дигар пешаи дӯстдоштаашро давом дода на-
тавонист.

Ҳамон рӯзи тамошо ба хаёли бобои Исмоил гузаштаҳои
дури сиркбозони тоҷик мерасид.

... Соли 1903 ба Хуҷанд сирки рус омадааст. Занҳои тоҷик
бозии русдухтаронро аз зери чодар тамошо мекарданд. Дар
охири намоиш Марям ном духтари хуҷандй рӯкушод ба бози-
гарони сирк гуфт, ки касби онҳоро омӯхтанист. Ба ӯ
ҳайратомез нигаристанд, зеро ин рафтораш дар он замон
ҷуръати андаку мундак набуд.

231
- Шубҳа накунед,- гуфт Марям ба русдухтарон. - Азми
ман қатъӣ. Ба дарахтони боғамон арғамчин каши да машқ кар-
дам. Чашмамро баста, дар рӯи арғамчин роҳ мегардам...

Сарвари сиркбозон розӣ шуд:

- Ба мо ту баринҳо лозим.

Шодии Марямро интиҳо набуд. Русҳо ӯро бурда, сеҳри
ҳунарашонро омӯхТанд. Аз байн се сол гузашту ҳамон сирк
боз ба Хуҷанд омад. Марям бо хунарнамой тамошобинқоро
мафтун кард. Аммо мутаассибони ҷоҳил, ки чунин пешаро
дар шаъни мусулмойдухтар нангу ор мешумурданд, ӯро дуз-
дида, ваҳшиёна куштанд.

Сийас бобо ба наберааш сарнавишти Норинисои Шарифро
қисса кард: « Вақте ки дар Конибодом ба шогирдонам дорбо-
зиро машқ медодам, рӯзе духтараки резапайкаре наздам ома-
да, хоҳиш кард, ки ӯро ҳам ба шогирдй гирам. Ман розй,-
гуфтам,- аммо шарт ин аст, ки нақора навозанд, як рақс
мекунй. Ин ба тариқи санҷиш. Дорбоз бояд ҳам дар замин,
ҳам дар рӯи расан рақсида тавонад. Духтарак шартро қабул
кард ва таҳти навои нақора чунон зебою фаттон рақсид, ки як
байти Фирдавсӣ ба хотирам расид:

Шунидам, ки дар лаҳни хунёгаре
Ба рацс андар омад парипайкаре.

Норинисо бо вуҷуди монеаҳои ҷоҳилон асрори дарбозиро
меомӯхт. Вай аз духтарони маҳаплй нахустин дорбозе буд, ки
дар рӯи расан чусту чобук пасу пеш Давида, аз хунар машъа-
лаи меҳр меафрӯхт. Чашмашро баста, ба баландии дор барояд,
тамошобинҳо аз ҷасораташ ба ҳайрат меомаданд. Афсӯс, ки
баъд аз сари ӯ дар шаҳрамон дигар дорбоздухтар ба майдон
наомад. Роҳбархо ба равнақи хунарҳои халқӣ эътибор
намедиҳанд...»

Он рӯз дар сирк Исмоили дорбоз ҳамон духтарони
шуҷоатмандро ёд оварда, « офарин, набераҳои Маряму Нори-
нисо!» мегуфтааст.

Кунун дар сирки миллии тоҷик да\ҳо Духтари волоҳунар
бо намоишҳои мураккабу ҳайратангез бинандаро мафтун ва,
албатта, рӯҳи Маряму Норинисоро шод мегардонанд.

232
ДОНИШВАРИ ШАРИФ

Солҳои аввали баъди ҷанг. Дар пойтахти ҷумхурии
Тоҷикистон - шаҳраки хурду назарногири Душанбе
дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд меомад. Дар қатори биноҳои
пастаки хаспӯш ва кулбаҳои похсагӣ ҷо-ҷо иморатҳои нисба-
тан бошукӯху назаррабо қомат афрохта, диққати касро мера-
буданд. Ин биноҳои тозабунёд корхонаҳои истеқсолй,
муассисаҳои ҷамъиятӣ ва ё мактабу китобхонаҳо буданд, ки
хусни пойтахтро мефузуданд.

Соли 1948 дар яке аз ҳамин гуна биноҳое, ки ба тозагӣ қад
кашида, чашмрабой дошт, Донишгоҳи давлатии Тодикистон
ҷой гирифт. Таъсиси ин донишгоҳ дар ҳаёти тоҷикон воқиаи
фараҳбахше гардид. Омӯзгорон ва донишмандони варзидаро
барои кор ба ин боргоқи илм ҷалб мекарданд. Вале мутахас-
сисону сохибихтисосҳо намерасиданд.

Рӯзе нахустректори ин донишгоҳ Зариф Раҷабов пас аз
машварат бо вазири маориф ба назди Садридцин Айнй рафт.

- Ба кафедраи адабиёти тоҷик мудир мекобем,- ба сари
мақсад омад ректор пас аз одоби муоширатро ба ҷо овардан. -
Довталабон қастанд, вале мутахассиси шинохтаи санҷидакор
лозим. Охир, адабиёти классикии гузаштаи мо дарёи бузур-
гест, ки на ҳар кас ёрои кашфи дурру гавҳари онро дорад.

- Дуруст мегӯед, Зарифҷон! - аз эҳтиёткории роҳбари
донишгоҳ шод шуд устод Айнй. - Дар ҳақиқат, ба сарварии
ин соҳа ягон адабиётшиноси дақиқназару ғамхор ва мисли
худатон борикбину зарифгуфтор лозим, ки ин дастгоҳи шу-
моро саришта карда тавонад.

-Нисбат ба худам муболиға кардед, устод.

- Бидуни муболиға мегӯям. Шумо ба баҳои баланд арзан-
даед, Зарифҷон.

- Кӯшиш мекунам, ки сазовори бовариатон шавам.

- Ана ин гапи дигар. Хӯш, довталабҳо киҳо будаанд?

Ректор якчанд касро ном бурд.

- Агар ман ба ҷои шумо мебудам, ба ин вазифа адабиётши-
нос Шарифҷон Ҳусейнзодаро даъват мекардам,- пас аз муд-
дате андеша фикрашро гуфт устод. - Медонед, вай як фидоии

233
роҳи ияму адаб, исмаш ҳам ба худаш мувофиқ, ҷавонмарди
шариф. Пеш аз ҷанг аз Тошканд ба Сталинобод кӯчиду ба
чанд дарди чумхурй даво шуд. Мо ӯро, чун мунаққиди адабй
шинохта, ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтем. Ба
фикрам, вай ба ин вазифа хеле мувофиқ аст. Шумо ӯро меши-
носед?

- Бале, аз фаъолияташ огоҳам. Ҳангоми ба Душанбе
кӯчондани шӯъбаи тоҷикии китобхонаи Тошканд яке аз мута-
саддиёни ин иқдоми нек буд. Дар «академиям педагогӣ»
муаллимӣ кард. Чандин сол мудирии шӯъба, баъд вазифаи
раисии Института забон ва адабиётро ба ӯхда гирифт...

- О, нағз мешинохтаед-ку.

- Мешиносам, аммо ба кор даъват кардам, наомад.

- Ин тавр бошад, розй кунонданаш ба зиммаи ман, - ваъда
дод устод Айнӣ. - Фардо ҷавобашро мегиред.

- Устод, агар ҳамин қавлатон ба иҷро расад, ман аз шумо
як зиёфат қарздор,- ба шӯхй гузашт ректор.

- Рафта тараддуди зиёфатро бинед.

Рӯзи дигар рӯ ба рӯи устод Айнй як ҷавонмарди гармрӯи
камонабрӯ, ки назар ба синну солаш хеле пуртамкину
таҳаммулпеша менамуд, андешамандона нишаста, ба
саволҳои мусоҳибаш ҷавобҳои тгухта медод. Устод зимни
сӯҳбат ба ӯ мегуфт:

- Шукр, ҷумхурии ҷавони мо ҳам соҳиби дорулфунун шуд.
Вазифаҳои навбатй муайян. Акнун ҳар як фарди тоҷик бояд
камари ҳимматро сахтакак баста, барои миллат хидмати бе-
миннат кунад. Ман шуморо ба вазифаи мудирии кафедраи
адабиёти дорулфунун пешниҳод кардам. Шумо мақсади маро
бояд фаҳмед: донишгоҳи нав ба кадрҳои ботаҷриба ва короз-
муда эҳтиёҷ дорад, агар ҳоло ба сари вазифа шумо барин му-
тахассиси пурвуқуф ва қадршиноси адабиёти қадим ва навини
мо наояд, аз эҳтимол дур нест, ки риштаи ин кори шариф ба
дасти баъзе кӯтоҳназарон биафтад.

- Ба шарте ба он ҷо мегузарам, ки ба кори мо мадад расо-
нед,- таъкид кард Ҳусейнзода.

- Аз ин ваҷҳ дилатон пур бошад...

'234
* * *

Дар яке аз рӯзҳои охири Наврӯзи соли 1907 дар маҳаллаи
Читгарии Конибодом, дар оилаи косиби рангрез Хусейн тиф-
лаке ба дунё омада, шодии ахли хонаводаро дуболо гардонд.
Ба навзод, азбаски дар рӯзи неку муборак, дар анҷоми
Наврӯзи дилафрӯз чашм ба дунё кушод, Шарифҷон ном до-
данд. Бигзор инсони тариф шавад. Вай дар оғӯши меҳру на-
возиши падару модар ба воя мерасиду гаму ташвиши оламро
намедонист. Вале падар аз дунё даргузашт ва ӯ ҳамдами
ғуссаву гам шуд. Вахте ки ба синни ҳафт расид, ӯро ба мактаб
доданд.

Пас аз барқарор гардидани сохти Шурави дар чаҳор
маҳалли Конибодом мактабҳои усули нав таъсис ёфтанд.
Шарифҷон аз мактаби кӯхда ба мактаби нав гузашт. Ба ӯ на-
сиб шуд, ки дар мактаби нав аз нахустин муаллимони бофази-
лати зодгоҳаш Соҳибҷони Шермуҳамадзода, Ҳорис
Фатҳуллин, Ҳоҷиолим Қобилӣ ва Мелӣ Домулло дарси илму
адаб андӯзад. Сипас бо сарпарастии бародари муаллимаш -
раиси Кумитаи инқилобии Конибодом Каримҷон Ҳусейнзода
чанд вахт дар сағирхона тарбия ёфта, дар Қӯқанд хонд. Ҳамон
вақтҳо ӯ ба илму дониш шавку рагбати беандоза пайдо кард.
Рӯзе ба бародараш Каримҷон, ки сабақомӯзии ӯро таҳти назо-
рат гирифта буд, гуфт:

- Дар Боку дорулмуаллимини нав кушодаанд, мӯхдати
таҳсилаш се сол. Агар таҳсилро он ҷо давом диҳам, Шумо чӣ
маслиҳат медиҳед?

Каримҷон синчакорона ба Шарифҷон нигаристу гуфт:

- Додаракам, Боку як шаҳри азими инқилобӣ, серғавғо,
роҳаш дур, он ҷо тани танҳо рафтану нон ёфта хурдан осон
не...

- Ман танҳо не, акоҷон, ошноҳоям Ойтӯрахон, Комилҷон,
Абдураҳмон ҳам мераванд, маслиҳат кардем, ки...

- Хайр, ман ҳам розӣ,- хурсандона гуфт Каримҷон, -
Фақат чанд шарти ҷиддй дорам, ки ҳамеша дар гӯшу ҳушат
бигирй. Аввалан, тамоку намекашӣ. Сониян, дар кӯчаҳо танҳо
намегардӣ. Сеюм, моҳе як бор ҳатман ба театр меравй. Ва

235
муҳимтаринаш: аз таҳти дил мехонӣ. «Қуфлкушои ҳама
дарҳост илм». Ба қавли Баҳоуддини Омулӣ:

Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст,

Чизе, ки туро ба ҳақ расонад, илм аст.

Ҷуз илм талаб макун ту андар олам,

Чизе, ки туро зи гам раҳонад, илм аст.

Дере нагузашта, Шарифчон ба Боку рахти сафар баст. Ай-
ёми пуртакопӯи донишомӯзию маърифатандӯзй оғоз ёфт.
Зимни солҳои таҳсил, ҷустуҷӯ ва таҳқиқи илмҳои гуногун са-
баб шуд, ки ӯ бо донишмандону фозилони гуногунмиллат ро-
битаи дӯстй пайдо карда, аз сӯҳбату баҳсу мунозираи эшон
баҳра барад. Яке аз чунин равшанфикрон мудири китобхонаи
дорулмуаллимини мазкур Панков ном шахсе буд, ки дар пеш-
рафту такомули ҷаҳонбинии толибилмон саҳме мегузошт.

Донише, ки Шарифҷон дар Боку дарёфт, барои пешбурди
минбаъдаи кори омӯзгорй, таълифи рисолаҳоли илмию
таълимй ва камолоти маънавии ӯ заминаи мустаҳкаме гардид.
Тобистони соли 1926 дорулмуаллиминро хатм карда, ба
зодгоҳаш баргашт ва ба ҳайси муаллими мактаби миёна ба
тарбияти наели наврас пардохт. Ба бачаҳо аз адабиёт ва забо-
ни модарй даре медоду пайваста ба афзудани дониши худ
мекӯшид. Сарвати умраш фарҳанг буду силоҳаш нутқи
фасеҳу бурро. Адабиёт ба шумо дарси адаб меомӯзад,- ме-
гуфт ӯ ба шогирдон. - Ҳамаи муаллимони шумо адабсанҷу
адабомӯзанд. Адаб танҳо хулқи неку писандида, мулоиматӣ
ва шарму ҳаё набуда, маънои он бо илму ҳунар ва фазилати
инсонй тавъам аст. Дабистон, яъне мактаб ба маънои адаби-
стон ва ё дабиристон аст. Адабистон ҷоест, ки баробари дигар
фанҳо аз фанни адабиёт низ таълим медиҳанд. Адабиёт
маҷмӯи илму адаб мебошад. Зарур аст, ки ҳар яки шумо боа-
даб бошед. Зебоии одам аз адаб асту дониш.

Бачаҳо дарсҳои хотирнйшини ӯро ба камоли диққат мешу-
ниданду ба фазлу ҳунараш эҳтиром меоварданд.

Пае аз чанд вақт Шарйфҷон роҳи Тоткандро пеш гирифт,
зеро дар он айём ягона мактаби олии тоҷикй - ДоруЛмуалли-
мин дар он ҷо воқеъ буд. Як зумра ҷавононн беДору ҳушёри
тоҷик дар мактабҳои олии ин шаҳри илму адабпарвар. аз

236
ҷумла дар шӯъбаи шарқшиносии Университета давлатии
Осиёи Миёна таҳсил доштанд. Яке аз донишҷӯёне, ки илми
ховаршиносӣ хушу ёдашро мерабуд ва рӯзу шаб саргарми
омӯзиши асарҳои гуногун мешуд, Шарифҷон буд. Боре дар
китобхона ҳангоми ҷустуҷӯи адабиёт асари ховаршинос
А.Е.Кримский «Таърихи Форс, адабиёт ва теософияи дарвешии
он» ба дасташ афтод. Аҷаб бозёфте буд ин китоб барои ӯ. Му-
толиаи ин асари бузургу яклухт ишқашро нисбат ба омӯхтани
адабиёти форсу тоҷик боз ҳам афзуда, ӯро ба ҷодаи фароху бе-
поёни илму фарҳанг хдцоят менамуд. Таърихи адабиёти
дунимҳазорсолаи тоҷикро бояд амиқу дақиқ омӯхт. Баъзе
нохалафҳо ба таърихи адабиёт, забон ва тамаддуни тоҷикон
иқрор намешуданд. Хусусан пантуркистон чӣ бӯҳтоҳое, ки
бофтанд. Дар равшанӣ андохтан ба масъалаҳои баҳсталаби
адабиёт ва даврақои вазнину фоҷиавй, вале шарафноки
халқамон корҳои зиёду пурмасъулият дар пеш аст. Охир, ин
таърихи тамадцуни мост, бо ҳамаи бурду бохт ва дороияш.
'Гаҳриф кар дани таърих норавост. Вазифа аз ин иборат аст, ки
онро аз рӯи адолату инсоф ҳаққонӣ нишон диҳем. Ҳамаи ran ба
сари поквичдонӣ, масъулиятшиносӣ ва муносибати ил-
мист...Дар чунин ҷаҳони андешаҳо сайр мекард Шарифҷон
Ҳусейнзода. Шабҳои бедорхобӣ. Мутолаа, баҳсу андеша, боз
ҳам мутолаа. Он ҳама ранчу мушкилоте, ки дар рохд омӯхтани
илм ба ӯ пеш омад, барабас нарафт. Сохибистеъдоди хушзавқ
боиси таваҷчӯҳи устодон гардид. Пас аз хатми донишгоҳ ӯро
дар кафедраи филологияи Эрон нигоҳ доштанд.

Дар Тошканд муаллими мӯътабар Қорӣ Ниёзии Хуҷандй
мутгакои мӯътамади Шарифҷон Ҳусейнзода гардид. Ӯ ба на-
хустин корҳои илмии ин ҷавон зехд монда, дар бедор кардани
эқсоси идроку хушёриаш сарварӣ менамуд. Хусейнзода ин
мутахассиси улуми табииётро, ки табъи шеъргӯй ҳам дошт,
чун яке аз устодони аввалини худ шинохт ва ба ӯ ихлосу
эътиқод баст. Чунин муҳит ба камолоти ӯ таъсири файзбахше
мерасонд. Дар андак вақт ӯро ахди илм шинохтанд.
Қобилияту лаёқати ӯро, чун донишманде, ки на танҳо забон
ва адабиёти форсу тоҷик, балки забон ва адабиёти озару ӯзбек
ва тоторро низ ба хубй медонист, эътироф карданд.Баъди

237
хатми аспирантура соли 1935 ӯ дар Дорулмуаллимини
тоҷикии шаҳри Тошканд ба кор cap кард. Аввал ходими хурди
илмй, сонй мудири кафедра шуд. Дар ташкили корҳои наҷиб
ташаббус нишон медод. У устодаш Қорй Ниёзиро розй ку-
нонд, ки ба донишҷӯёни тоҷик аз фанҳои табиатшиносӣ ба
забони модариашон даре диҳад.

Қорӣ Ниёзй аз зумраи аввалин омӯзгороне буд, ки тамоми
мушкилоти таълимро бидуни ҳарос бар дӯши худ мегириф-
танд. У аз нахустин дарсҳо ба ҳамкасбони ҳамзабонаш таъкид
мекард:

- Ҳамдиёрони ташнаи маърифат! Бидонед, ки як мушкило-
ти кори мо бекитобист. Мактабҳои нав китоби дарей надо-
ранд. Ман барои фанҳое, ки сабақ медиҳам, худам китоби
таълим навиштаам. Шумо хам пас аз хатми донишкада дучо-
ри чунин душворӣ мешавед. Аз сахтӣ наҳаросед. Мабодо, ки
аз мушкилиҳо дилсард шуда, тарки пеша кунед. Беҳ ки аз
ҳоло ба таълифи дастурҳои таълим тайёрй бинед. Дар ин амри
хайр ману Хусейнзода дастгири шумоем. Бояд худамон китоб
нависему аз рӯи он даре диҳем. Дигар илоҷе хам надорем...

Бесабаб нест, ки дастпарварони донишкадаи мазкур наху-
стнамояйдагони зиёиёни нави тоҷик гардида, дар ҳар маҳал
машъали маърифат афрӯхтаанд.

Дар Ӯзбекистон садҳо нафар ҷавонон аз санҷишҳои макта-
би Хусейнзода гузашта, дар роҳи маърифатомӯзии мар дум
икдоми нек меварзиданд. Малакаву маҳрорати у д&р кори ба
нашр омодасозии асарҳои классикони адабиёт меафзуд. Соли
1938 бо қарори кумитаи созмондеҳи ҷашни бузургдошти
Алишер Навой дар назди Комиссариата халқии ҶШС
Узбекистан ба қатори понздаҳ нафар ҳайати муассисони
матншиноей Шарифҷон Хусейнзода низ дохил шуд, ки ин худ
аз камолота олими ҷавон дарак медод. Ҳамон вақт дар мат-
буоти Узбекистан як силсила мақолаю асарҳои илмии ӯ дойр
ба шарҳи ҳол ва андешаҳои башардӯстии Навой чоп шуданд.

>'■ Хусейнзода дар Узбекистан устоду шогирд, рафиқу мухлис
ва биоёр дӯстони ҷонӣ дарёфт, ки тамоми умр бо онҳо
ҳамкориву ҳамнищинӣ дошт. Меболид, ки дӯстонаш бисёран-
ду ба ӯ ихлос доранд. Ҳамаи ёру дӯст ва шогирдонро мефар-

238
муд, ки то тавонанд бештар ошно пайдо кунанд. «Касе, ки
дӯст надорад,- мегуфт ӯ,- аз зиндагӣ лаззат намебарад. Ҳасад
қотили дӯстӣ аст. Ҳасадро барҳам диҳед, то аз дӯстӣ лаззат
баред. Аз зухури дӯсти ҷонӣ чашму дили кас равшантар ме-
шавад. Агар ин ҳақиқатро ҳама кас мепазируфт, дунё чй гули-
стоне мешуд. Бе дӯст будан,танҳо мондан заифу нотавонй бор
меорад. Инсон бо дигарон робита дошта бошад, дӯстӣ намояд,
устуворӣ меёбад. Бикӯшед, ҳар куҷо риштаҳои дӯстй гусаста
бошад, пайванд намоед, агар суст аст, мақкам кунед».

Сипас ӯ ба Тоҷикистон омад. Аввал дар донишкадаи
омӯзгорӣ ки он вақт «Академияи педагога» меномидандаш,
ба таълими навҷавонон пардохт ва таълифи асарҳои илмиро
идома дод, сонй дар як муассиса ходими илмй, дар муассисаи
дигар мудири шӯъба, баъд директори шӯъбаи тоҷикистонии
Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ, мудири шӯъбаи адабиё-
ти шӯравии ҳамин пажухишгоҳ ва дар охир мудири кафедраи
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд.

Танзиму таҳияи нахӯстин курси таърихи адабиёт,
даврабандӣ ва равияҳои асосии инкишофи он, тахқиқу тахдили
эҷодиёти зумрае аз адибони гузангга ва муосир бо номи. ӯ
алоқаманд аст. Нахустмақолаи Ҳусейнзода «Мубориза дар
ҷабҳаи адабиёти тоҷик» соли 1930 дар маҷаллаи «Роҳбари до-
ниш» интишор ёфт. Фаъолияти илмию эҷодии минбаъдаи оли-
ми ҷавон ба маҷаллаи «Барой адабиёти сотсиалистй» иртибот
допгг. Мақолаҳои адабию танқидии ӯ аз қабили «Лохутӣ ва ус-
луби эҷодии ӯ», «Санъаткори сазовори аср», «Яксолагии
хуҷҷати таърихӣ» ва ғайра паи ҳам дар ҳамин маҷалла дастраси
хонандақо шудаанд. Пас фаъолияти ӯ дар ду самт ҷараён меги-
рифт: яке кори таълиму тарбия дар мактабҳои олй, дигаре
омӯзиш ва тахддқи таърихи адабиёти тоҷик. Ҳар ду рохд фаъо-
лияти ӯ натиҷаҳои басо судманд додаанд.

Асарҳои Ҳусейнзода услуби эҷодии адибони тоҷик, афкори
адабию нафосатпарастии эшон, мақоми шахси эҷодкор дар
ҷамъият, навъҳои адабӣ, робитаҳо ва эҷодиёти адибони
алоҳидаи тоҷику форс, ӯзбеку озар ва рус, хусусиятҳои шеъри
дирӯзу имрӯз ва ғайраро дарбар мегиранд. Чунин
масъалагузориҳо барои омӯхтани адабиёт аҳамияти бағоят

239
бузурги илмӣ доранд. Муҳимтарин маҳсули афкори ӯ дар
маҷмӯаи «Баҳс ва андеша» (1964) гирд омадаанд. Дар ин ки-
тоб, чунон ки адабиётшиносон Муҳаммадҷон Шакурй,
Абдуқодир Маниёзов, Хуршеда Отахонова ва дигарон баҳо
додаанд, фикру андешаҳои муаллиф дар бораи асарҳои ади-
бон, мунаққидону адабиётшиносон, оид ба вазъият ва
вазифаҳои танқиди адабӣ ва ғайра возеҳу равшан баён ёфта-
анд. Маколаҳои ин маҷмӯа пужӯҳишгарони ҷавонро дар роҳи
омӯхтани масъалаҳои муҳими адабиётшиносй ҳидоят меку-
нанд. Дар мақолаи «Дар ҷустуҷӯи маҳорат...» ба ақидаи му-
аллиф «санъат ҳаяҷону ишқ, фараҳу изтироб, нафрату
муҳаббат мебошад... Вазифаи асосии санъат ҳамеша нишон
додани ҳақиқат ва ба халқ хизмат кардан аст». Вай дар айни
замон алоқаи мустаҳками ахли қаламро бо рӯзгори халқ
таъкид намуда, ба адибони ҷавон маслихдт медод, ки «яави-
санда бояд бисӯзаду бисозад, зеро каси сӯзи дил надошта ди-
гаронро мутаассир карда наметавонад. Барои пайдоиши оташ
дар дил бояд бо ҳаёт ва замона робитае дошт».

Дар мақолаҳои пурарзиши ӯ «Айнй ва баъзе масъалаҳои
адабиёти советии тоҷик», «Дар бораи як пйесаи ҳаҷвии устод
Айнй», «Анъанаи ғазалсарой дар ащъори Айнй», «Шоир-
шаҳрванд» омӯзиши анъанаю навоварй, маҳорати бадей ва
дигар ҷиҳатҳои эҷодиёти адибони тоҷик равшан гардидаанд.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки маҷмӯаи «Баҳс ва андеша» дар ил-
ми адабиётшиносиитоҷик мақоми хос дорад ва барои рушди
минбаъдаи ин илм, бешубҳа, мадад расондааст.

Рисола ва китобҳои усдрд Шарифҷон Хусейнзода
«Шеърҳои ватандӯстонаи Саъдй» (1942), «Сухансарои
Панҷрӯд» '(1958), «Ҷалол Икромӣ» (1959), «Гуфтор аз ганҷи
сухан» (1985) саҳмест дар ривоҷи афкори адабиётшиносии
мо. Қисми аввали «Очерки адабиёти советии тоҷик», ки соли
1956 дастраси хонандагон гардид ва ба омӯзиши адабиёти
муосири мо пояи илмй гузошт, дар зери роҳбарии ин
заҳматкаши калам ба арсаи вуҷуд омад. Ба қавли Рахим
Ҳошим «Хусейнзода бо мушоҳида, таҳқиқот ва мақолахои аз
соли 1931 то он рӯз навиштаи худ Дар ин кор роҳбари
мӯътамад ва салоҳиятдоре буд. Ӯ дар ин муддат шохиди зин-

240
дай ин таҷаддуди адабй, шиноси наздик бо намояндагони он,
огох ва хабардор аз печутоб ва фарозу нишебҳои роҳи бист-
солаи то он рӯз тайкардаи адабиёти тоник буд».

- Хизмати Муаллими муаллимон Шарифҷон Ҳусейнзода
дар равнақи маориф беназир аст,- навиштааст яке аз шогир-
дон ва шарикмуаллифи китобҳояш Худой Шарифов. - Таъли-
фи китобҳои дарсӣ аз корҳои судманди ӯ буд дар соҳаи мак-
табу маориф. Фаъолияти меҳнагии устод аз ибтидо то ингиҳо
ба таълиму тарбия алоқамандй дошт. Агар ба эътибор гирем,
ки китоби дарсии адабиёти тоҷик барои мактабҳои олй вуҷуд
надошт (ва ҳоло ҳам қариб ки нест) ва таҷрибаи таълими ин
фан ҳам набуд, пас онҳое, ки аввалин шуда таълими адабиёти
тоҷикро ба ӯхда доштанд, пайдост, ки чй кори душвореро ба
зимма гирифтаанд. Устод Хусейнзода ҳамроҳи аввалин муал-
лимони донишгоҳ ба ин кори душвор шурӯъ кард ва то охир
онро давом дод. Шугли ӯ бо мақсади асосии ҳаёташ - маъри-
фатнок кардани халқ, афзудани сарвати маънавйи он вобаста
буд. Ҳаргиз аз мондашавй шиква надошт, бо ҳавсалаи тамом
даре мегуфту ба дастаи омӯзгорон роҳбарй мекард.

Нависандаи нозукхаёл Равшани Ёрмуҳаммад дар як
маҳфили ёдбуди профессор Шарифҷон Хусейнзода
мушоҳидаи ҷолиберо гуфт аз рӯзгори омӯзгории олим:

«Боре дар кафедраи адабиёти классики трҷик менишастам,
ки муаллим Ҳилол Карим ба он но даромаданд бо авзои но-
хуш.

- Чй ran? - пурсиданд устод Хусейнзода.

- Табаров ва Тоҷиев ҷанг карданд,- гуфтанд Ҳилол Карим.

Хусейнзода хандиданд:

- Ду одами баобрӯ наход ҷанг кунанд, айб аст...

Ҳилол Карим каме нишастанду баъд рафтанд. Ба кафедра
Сохнб Табаров ворид шуданд, табъи он кас низ хира буд.

- Соҳибҷон,- гуфтанд муаллим Хусейнзода,- ором шавед,
асабҳоро нигоҳ доред. Асабият хасми офият аст.

- Асабҳоро нигоҳ дошга намешавад. Охир, маҷбур меку-
нанд, ки ба як бачаи бесавод кори дипломй диҳам. Падараш
гӯштфурӯш будааст. Боз мегӯянд, ки на аз Кӯлоб асту на аз
Конибодом. Маҳалла дар ин до чй аҳамият дорад? Барои ман

241
саводнок бошад, кофист. Муаллимонаш мегӯянд, ки кори
дипломй навишта наметавонад...

Соҳиб Табаров аз хучра берун шуданду Додоҷон Тоҷиев

даромаданд. -'л :«•:

- Соҳиб одами сабук-дия,- гуфтанд Додоҷон Тоҷиев. - Як
бачаро гаранг карда гащтааст. Бача босавод. Муаллима Ами-
нова мегӯянд, .Ки аз ман кори курсӣ дошт, нағз на-
вишт.Табаров Аминоваро хуш намебинад. Барой ҳамин аз ба-
ча қасд гирифтанй. Алами Исоро аз Мӯсо ситондани. Агар
бача кори дипломй навишта натавонад, ба ӯ исбот карда
диҳанд. Ин корашон хуб не...

Дар назди мо чойнак меистод. Як пиёла чой кашида, ба
пеши устод ва Тоҷиев гузоштам. Ҳусейнзода Тоҷиевро ором
карданй шуда, суханони тасаллобахш гуфтанд.

Ман дар он лақза ҳис кардам, ки устод Шарифҷон
Ҳусейнзода на танҳо ба донишҷӯёну ҷавонмуаллимону
унвонҷӯйҳо, балки ба устодон ҳам устод будаанд. Меҳрам ба
эшон афзуд».

Шарифҷон Ҳусейнзода барои пешрафти кори омӯзгорон,
такомули андешаи онҳо, камолоти адибони оянда бедареғ
заҳмат кан1ида, бо ин мақсад кигобҳои зеринро навишта буд:
«Адабиёт» (1934), «Назарияи адабиёт» (1936), «Адабиёти
тоҷик» (1962), «Таърихи адабиёти тоҷик» (1963)... Китоби
дарсии «Адабиёт» дар он солҳо пас аз-«Намунаи адабиёти
тоҷик»-и Садриддин Айнй яке аз манбаъҳои таълимии
мактабҳои миёнаю олии ҷумҳуриятҳои Осиёи Миёна ба шу-
мор мерафт, аз ҷумлаи асарҳое буд, ки хонандаи тоҷикро бори
нахуст бо осори бузургони адабиёти классикии Шарк хеле
мукаммал мешиносонд.

Дар асари илмй ва таълимии «Адабиёти тоҷик дар асрҳои
Х-ХУ» заҳматҳои тӯлонию фаровони ӯ ҷамъбаст гардидаанд.
Наслҳои наврас дар мактабҳои миёна наздик ей сол аз рӯи ин
китоби ӯ сабақ гирифтаанд. Бесабаб нест, ки соли 1953 барои
таълифи ин асари пурарзиш ба ӯ унвони номзади илми фило-
логия додаанд.

Устод дар баробари тайёр карданй мутахассисони болаёкат
мунтазам ба эҷоди асарқои тадкиқотӣ шуғл дошт. У бештар аз

242
300 асари илмй, рисолаю китобҳои дарсӣ барои мактабҳои
Тоҷикисгону Ӯзбекистон, мақолаҳои танқидӣ, очеркҳои
ҳуҷҷатй таълиф кард. Соли 1966 ҳайати мумайизаи Олй
хидматҳои бузурги Шарифҷон Ҳусейнзодаро бо унвони
профессорй шарафманд гардонд.

Устод Ҳусейнзода охири соли 1988, вақте ки аз олам гу-
зашт, дар нашриёти «Адиб» китоби нави ёддоштҳо ва
мақолаҳояш «Ангезаи меҳр» дар арафаи нашр буд. Дареғо, ки
умр вафо накард ва маҷмӯа пас аз сари ӯ ба табъ расид. «Ан-
гезаи меҳр» ҳадяи муаллиф ба дӯстони ҷавонаш буда, аз ду
қисм иборат аст. Дар кисми якум («Ёднома») симои эҷодй,
мақоми адабй ва илмии баъзе адибон ва ходимони фарҳангу
тамаддуни тоҷик ва хотироту ёддошти муаллиф, дар қисми
дуюм («Ба истиқболи Наврӯз») дар бораи суннатҳои Наврӯзи
бостонӣ, моҳияти таърихию тарбиявии он, андешаву
мулоҳизаҳои мусанниф оид ба анъанаҳои човидонаи халқ ба-
ён шудзднд. Устод дар ин силсилаи мақолаҳояш ба
кӯтоҳназарии баъзе сарварон, ба ақидаи ғалати роҳбарони
давраҳои шахиягпарастӣ ва карахтӣ, ки Наврӯзро иди динии
гузаштагон пиндошта, таҷлили онро манъ менамуданд, бо да-
лелу бурҳони қотеъ зарба мезад.

Паҳлуи дигари фаьолияти маърифатпарварии ӯ ба нашр
омода кардани осори классикони адабиёти гузаштаи тоҷик
аст. Ин кори багоят пурмашаққат ва пурмасъулиятест, ки аз
муҳаққиқ дониши фаровон ва адофаҳмию нуктасанҷӣ тақозо
дорад. Агар аз рӯи адлу инсоф бигӯем, касе, ки аз эъчози ил-
ми арӯз вуқуфи комил надорад, омилу қобил нест, ки ба ин
кори душвор даст бизанад. Азбаски устод Хусейнзода дар
назмшиносй мумтоз буд, аз ӯхдаи ин вазифа ба хубӣ мебаро-
мад. Баъзан ба мутолиаву муҳокима ва нусхабардории ашъо-
ри классикой саргарм туда, бехабар мемонд, ки чй сон шаби
дарози зимистон саҳар мешуд. Дар кошонаи сокиту хомӯш, ки
касе халалаш намерасонд, гоҳ бо руҳи Рӯдакиву Ибни Сино,
Фирдавсию Низомй, гоҳ бо Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолиддини
Балхию Фаридаддуни Аттор ва гоҳ бо Камоли Хуҷандию
Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамсӯҳбату ҳамнишин буд.

Шугли ба нашр муҳайё сохтани осори бузургон ба ҷуз

243
душвории худ дар ахди Иттиҳоди Шурави хавфу хатаре ҳам
дошт. Дар шароити ногувори он солҳо, ки тӯдаи бефарҳангон
анъанаҳои неку тамадцуни қадимии тоҷиконро инкор карда,
ба муқобилашон муборизаи шадид мебурданд, дар вазъияте,
ки то нимаи солҳои панҷохум китоби хуруфи арабиасосро
ошкоро хондан маънои ҷиноятро дошт ва эътиқоди мардумро
ба китоби ниёгон шикастанӣ мешуданд, ба муҳайёсозии мат-
ни осори илмию фарҳангии гузаиггагон даст задани устод
Ҳусейнзода ҷуръату ҷасорати андак набуд. Боре ӯ дар хона бо
дӯстони китобдӯсташ Тохир Ёрмат ва Қорӣ Зохдд, ки аз
шаҳру деҳоти водии Фарғона гулчини китобҳои қадимаро ха-
рида меоварданд, сӯҳбат дошт, ки бародараш Бобоҷон омад.
Вай малулу мушаввашхотир менамуд.

- Чаро парешонавзоед? - пурсид Шарифҷон.

Бобоҷон аз дастаи китобҳои бо мурури вакт зардшудаи
арабихуруф, ки рӯи миз меистод, чашм наканда, матлаб баён

кард: -

, - Додарам, баъзехо ба корат бо чашми шубҳа менигариста-

анд. Дирӯз рафике хабар овард, ки гӯё ту ба зинда кардани
маданияти феодалй машғулӣ. Нигилистҳо аз он ки асарҳои
классиконро ба нашр тайёр мекунӣ, ҳамин тариқ хулоса баро-
вардаанд. Ҳушёр бош, Шарифҷон! «Замона бо ту насозад, ту
бо замона бисоз!» Мабодо, ки такдири бародари шахидамон
Каримҷон ба сари мо ҳам ояд...

- Фиғон аз дасти ҷохдгсон! - дуд аз димоғи Шарифҷон ба-
ромад. - Наход качфаҳмӣ то ба ҳамин дараҷа расида бошад?
Охир, мо маърифати қадима дорем, мероеи гузаштагонро бо-
нд амйҚ омӯзем. Наход таҳги шиори «Мо маданияти
пролётарй барпо мекунем!» аз илму фарҳанги гузашта даст
кашанд? Не, ин афкори ботил аст! Ба муқобили ҷоҳилоне, ки
мероеи мадании гузаштаро «иртиҷоӣ», «динӣ», «сӯфиёна» ва
«феодалй» гӯён китобҳои азизонро дар оташи ҷаҳолат
сӯзонданианд, бояд сахт мубориза бурд.

- Ин кӯтоҳназарон ин қадр аз ҳуруфи арабй метарсанд-а? -
Қорй Зоҳид оҳи бадард кашид.

- МехоҳанД ба решаҳои фарҳангамон теша зада, аз он дур

244
ва канда шавем,— гуфт Ҳусейнзода. — Дар ҳамаи манбаю
маъхазҳои ҳуруфи арабӣ афкори динии зиддихалқӣ ва зидди-
коммунистиро мебинанд ин бебасарон. Намефаҳманд, ки ин
хат аз ҷониби арабҳо хати «илоҳӣ» ва «Куръон» эълон туда
бошад ҳам, дар айни ҳол ҳамчун силоҳи мукгадири зидди ху-
ди таассуб (тарафдории кӯркӯрона, хурофотпарастй) ба кор
рафтааст.

Сӯҳбати онҳо тӯл кашид. Аз бадфарҷомии баъзе абнои
рӯзгор сӯзу дарди дили ҳамдигарро мешуниданд.

Шарифҷон Ҳусейнзода, ки солҳои сол дар дорулфунун му-
дири кафедраи таърихи адабиёти классикии тоҷик буд, дар
омӯзишу интишори мероси ғании бузургони илму адаб баср
риёзат кашид. Ӯ як силсила осори гаронбаҳои адибону олимо-
ни бузурги ҷаҳонй Арасту, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ Сино,
Ибни Рушд, Низомии Ганҷавй, Насридцини Тӯсй, Абду-
раҳмони Ҷомй, Алишери Навой ва дигаронро дастраси хонан-
дагон гардонд... Вай ба шоири шӯридаҳол ва дилсӯхтаву сар-
баланд Камоли Хуҷандӣ муҳаббату садоқат ва иродати қавӣ
дошт ва солҳои панҷоҳум ду бор девони ашъори ӯро бо сарсу-
хани кӯтоҳи самимй ба табъ расонд. Баъд бо ҳамкории шогир-
донаш ба нашри интиқодии ашъори Камол камар бает. Сипае
асарҳои манзуму мансур ва илмии Абӯалӣ ибни Синоро
(«Авҷи Зуҳал» - 1980, «Пирӯзнома» - 1980 ва «Фанни шеър» -
1985) ҳамроҳи Худой Шарифов ба чоп муҳайё сохт.

Вале, афсӯс, ки дар ҷумҳурй солҳои сол заҳмати зҳёгарони
мероси илмию адабии олимону адибони ютссикй ба дараҷаи
кофӣ қадршиносй намедид. На танҳо ба қадри хидмати
надиби эшон намерасиданд, балки ба пешбурди кори онхо ба
ҳар роҳ халал мерасонданд. Соли 1961 яке аз шогирдрни ус-
тод Хусейнзода, муҳаққиқи ҷавон Саиду мари Судтон
маҷмӯаи шеърҳои Ҳ,оҷй Мухаммад Ҳусайни Кангуртӣ (1868-
1917)- шоир, мутафаккир ва хаттоти маъруфи тоҷикро бо
муқаддимаи муфассали таҳқиқӣ ба табъ расонд. Ин иқдоми
нек шоистаи табрик буд. Дареғо, бархе аз кӯтоҳназарону
ҳасудон аз паи наҳзанию сиёҳкунии маҳсули ранҷи ӯ афто-
данд. Кор то чое расид, ки котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон
Ҷаббор Расулов дар як маҷлиси бонуфуз девони Ҳоҷй

245
Ҳусайнро «пур аз сӯзу гудоз аст» гӯён наҳ зад ва дар ҳаққи
нашриёт низ ҳарфи носазоро раво донист.

Рӯзи дигари ин ҳодиса устод Ҳусёйнзода ба Саидумари
Султон бо дилсӯзии падарона гуфт:

- Шумо аз мусоҳилакорон наранҷед, писар! Нашри мероси
класс и кони адабиёт, дастгирий мОДдию маънавии ҷавонони
соҳибистеъдод бояд мавриди таваҷҷӯҳ бошад, на коҳишу сар-
заниш. Вале, ҳайҳот, аксар роҳбарони ҷумҳурии мо ба ин
масъалаи муҳим натанҳо эътибор намедиҳанд, балки як тун-
диву хунукназарии ҷоҳилона доранд. Шеърҳои Ҳоҷӣ
Ҳусайнро «пур аз сӯзу гудоз» гуфта, чиро дар назар доранд?
Магар шоири бесӯзу гудоз шоир аст? Сад дареғ! Шумо хафа
нашавед, Саидумар. Ба ӯ кадом як ноасле, ки ошкоро ба май-
дон баромада наметавонад, фикри беҷо додааст, в-агарна ӯ
куҷову мероси бузургон куҷо! Нохалафон вориси аҷдоди худ
нестанд. Ҳоҷӣ Ҳусайн шахсияти бузурги таърихист, ӯро гу-
заштагони илму адаби мо бо номи Муҳаммад Ҳусайни
Хатлонй низ ёдоварӣ кардаанд. Шеърҳои равони дилчасп до-
рад усурудбоб. Аз ғазалиёташ як-ду байт хонем:

Чӣ сабаб, ки шӯхи мостам зи барам рамида бигзашт,
Нанишасту нолаи ман даме нашунида бигзашт.

Саидумари Султон байти мактаъро замзама кард:

Зи гами фироқ, Ҳоҷӣ, ба фигон чаро нанолам,

Ки чу най зи найситонам ҳама кас бурида бигзашт.

- Ҳо, бале! - Ҳусейнзода суханашро давод дод. - Ҳоҷй
Ҳусайн барои маърифатнокии мардум, пешбурди маънавиёт,
сохдби илму дониш гардондани омма хеле талош варзида,
ҳатто дар ҳавлии худ мактаб кушода, худ аз сарфу наҳви фор-
сию арабй сабақ медодааст. Хушбахтона, мақбарааш ҳам то
рӯзҳои мо боқист, бояд онро обод ва зиёратгоҳ кард. Вуҷуди
шоирон ва осори ҷонпарвари онон мояи ҳаёт ва эҳёгари хуш-
бахтист. Андешаҳои тобнок ва суханони нағзу ашъори
пурмағз бо тору пуди башарият пайванданд. Рӯдакӣ -
соҳибқцрони шоирон, Фирдавсӣ - зиндадори забони форсии
тоҷикй, Умари Хайём - пайғамбари доноён ва Ҷалолидцини
Балхӣ ҳумои авҷи парвози руҳи башар ҳастанд. Шукр, ки
соҳиби ганҷинаи гаронбаҳои адабиёт ҳастем. Шукр, ки мо,

246
тоҷикон, мероси ғании классики дорему онро меомузем, баъзе
халқу миллатҳо, ки ин гуна мерос надоранд, чиро омӯзанд?!
Бино бар ин, шумо дилгир нашаведу боз коратонро давом
диҳед, Саидумар! Таърих як рӯз ҳукмашро мебарорад.

Ин панди пири хирад, ин дилбардории саривақтй дар
корҳои тадқиқотии минбаъдаи олими ҷавон бесамар намонд.

Устод дар мақолаю рисолахояш ба масъалаҳои торики
эҷодиёти адибони пешин равшанӣ андохта, хонандаро аз
кӯтоҳназарию каҷфаҳмиҳо мераҳонд. Масалан, ӯ кӯри модар-
зод будани Рӯдакиро сахт инкор мекард. Ба онҳое, ки ба тоҷик
будани Абӯалй ибни Сино ва тоҷикй будани забони модарии
ӯ шак меоварданд, чунин посух медод: «Забони Ибни Сино,
ки аз падари балхию модари бухориаш омӯхгааст, тоҷикй-
дарй буд... Дар ҳолате, ки Ибни Сино ба забони модарии худ
низ асарҳои илмию адабй таълиф кардааст, дар масъалаи бо
ин забои шеър гуфтани ӯ ҷои шубҳа нест».

Як вақтҳо бисере аз хуҷандиён кӯҳи зодгоҳи худро Муғул
меномиданд. Ҳусейнзода бо онҳо баҳс кард ва аз абёти шоири
ҳамдиёрашон Камоли Хуҷандй бурҳон овард, ки номи
кӯҳашон Муғул не, балки аслан Мевағул аст:

Ин дур на дар он ҳақир дарёст
В-ин лаъл ба кӯҳн Мевагул нест.

Ҳусейнзода хидматҳои аллома Беруниро дар равнаки бисер
соҳаҳои илму дониш қадршиносӣ карда, аз ҷумла менигорад:
«Дигар аз муҳимтарин хидматҳои Абурайҳони Берунӣ ривоҷ
ва эҳёи забони тоҷикӣ-дарӣ мебошад. У ҳам монанди Абӯалӣ
ибни Сино ба ғайр аз асарҳои адабй ба забони дарй китобе ба
унвони «Ат-Тафҳим...» (китоби мадхали фанни нуҷум) на-
вишт. Ин асар ҳамчун китобҳои ба забони тоҷикии дарӣ ин-
шошудаи «Муқаддимаи «Шоҳнома», «Таърихи Балъамй»
(тарҷумаи «Таърихи Табарй»), «Тарҷумаи тафсири Табарй»,
«Ҳудуд-ул-олам», «Таърихи Систон», «Донишномаи улой» ва
ғайра аз намунаи барҷастаи насри илмии забон ва адабиёти
тоҷик дар асри X аст, ки аз ҷиҳати лафзу маънй ва ҳусни
таъбироту тарзи иншо ба мисли дигар асарҳои насрии он дав-
рон навишта шудааст. Асарҳои насрии забони тоҷикии дарии

247
он замон бештар аз риояти эъҷоз, кутоҳию фишурдагии ибора
ва маъниҳо, содагию равонии калом иборат будааст. Ҳамин
зайл хусусиятро дар «Ат-Тафҳим...» низ мебинем.
Абурайҳони Берунй забони дарии тоҷикиро ба дараҷаи забони
илмй расондан мехост».

Дар асарҳои Шарифҷон Ҳусейнзода аз ганҷинаи адабиёти
классикии тоҷик ва усулҳои равобити маънавй, бадей, шаклй
ва тафовути онҳо бештар сухан меравад. Дар навиштаҷоти ӯ
тахайюлоти бадей, образофарй, сайри тафаккури воқеӣ, наза-
ри адибон, омӯзиш ва таҳқиқи онҳо, тақаввул ва такомули
шеъру шоирӣ аз нуқтаи назари тақозои айём хеле амиқ ва ба-
тафсил таҳлил шудаанд.Бесабаб нест, ки ӯ барои асарҳои
тадкиқотӣ оид ба таърихи адабиёти классикии тоҷик (Рӯдакй,
Ибда Ощо, Ҳофиз, Камо. I и Хуҷандй), инчунин барои
мақолаҳои адабию танқидий дар хусуси инкишофи адабиёт
навиштааш ба Ҷоизаи давлатии соли 1982-юми Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакй мушарраф гашт.

Аз гуфтори узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон
Муллоҷон Фозилов: «Устод Ҳусейнзода дар дарсҳои

ҳикматомезашон ба души шогирдон вазифаи гарону бошара-
феро вомегузоштанд, ки дар роху пайраҳаҳои кору рӯзгори
оянда пешпо нахӯранд. Бо ин ният ба шогирдон таъкид ме-
карданд: «Фарзандони азиз, ба шумо, ки акнун донишгохро
хатм карда, ба кори мустақилона меравед, чанд панди суд-
мандро гӯшрас мекунам. Кор арӯси зиндагист, агар шумо чун
домоди вафодор аз домани ин арӯс доред, фарзандатон саодат
ном хоҳад гирифт. Ҳар яки шумо дар маҳалҳо бо касони гуно-
гунхислат вомехӯред. Дар ҳар ҳолату вазъият эҳтиёткор ва
нармгуфтор бошед. Ҳар чй бигӯед, қаблан фикр кунед, вале
ҳар чиро, ки фикр мекунед, нагӯед. Умедворам, ки аз фазлу
ҳунар қадру қимат ёбед. Ба мартабаҳои баланд бирасед, вале
ҳаргиз ба кибру ғурури беҷо дода нашавед. Хоксорона умр ба
cap баред. Аз паи мансабу шӯҳрат натозед, бояд худи шӯҳрат
шуморо дарёбад:

Агар шӯҳрат тамаъ дорй, рафици беди маҷнун бош,

Ки ӯ ҳарчанд боло меравад, cap бар замин дорад.

248
Дар ин боб афкори Мирзо Бедилро низ аз хотир набароред:

Ба рафъи захми чаиши хащ гумномй фусун дорад,

Бурун тоз аз дари шӯҳрат, ки шӯҳрат бӯи хун дорад.

Боз як таманноям ин аст, ки аз танқиди ҳаққонӣ ва эроди
рафиқона ҳаргиз нақаросед. Ҷурми ҳудро дида тавонистан ва
аз паи ислоҳи он кӯшидан низ хунар аст. Мабод, ки дар
ғайбатон бигӯянд: «Кӯри аӣби худу бинои аӣби дигарон».

Дигар ин, ки аз паи ҳирсу нафс нагар дед. Ниёгони мо ҳатго
дар еолҳои қаҳтӣ қам, ки қути лоямуте надоштанд, нафсро
мутей худ мегардонданд. Орзумандам волопанди одамуш-
шуаро Рӯдакӣ «Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардй»-ро, ки
мардию мардонагиро ба маънои одаму одамгарй ситудааст,
ҳамеша рахдамои умри худ кунед».

Суханшиноси нотиқ ва ровии мумтоз Абдуқодир Маниёзов
фазилатҳои устод Ҳусейнзодаро чунин ба ёд меовард: «Устод
дар сухандонй ва суханороӣ ҳамто надоштанд. Сухан аз ди-
лашон чун донақои гуҳар мерехт ва ба гуфторашон чун
шукӯхи хосе меомехт. Оҳиста ва бо тааннй ҳарф мезаданд,
гӯё суханро аз лағжидан, афтодан ва зарб хӯрдан эҳтиёт ме-
карданд. Гумон мерафт, ки риштаи андеша ва хаёлоти
ҳакимонаашон донаҳои пурҷилои суханро силсила мебаст ва
ҳар як шунавандаи гуфтори устод бори дигар эътимод пайдо
менамуд, ки чй сон забони модарии мо ғанӣ ва зебост!»

Мунаққиди адабиётшинос Шарифҷон Ҳусейнзода ба ҳар як
равшанфикри тоҷик мустақим ва ғайримустақим ҳаққи устодй
дошт. Бисёрии мо дар мактаби миёна ва олй ба шарофати ки-
тобу рисолаҳои ӯ дарси адаб омӯхтаем. Вай дар кори таълиму
тарбия, равнақи адабиётшиносии тоҷик, пешрафту камолоти
адибону олимон, муаллимон, ходимони давлатӣ, кормандони
матбуот, телевизион ва радио сахми арзанда дошт. Натиҷаи
хизматҳои ӯст, ки шогирдони боистеъдодаш дар омӯзондани
фанни адабиёт анъанаи устодашонро давом медиҳанд ва ба
нафъи халқ ҳалол кор карда, дар равнақу рушди маърифат
пайваста саҳми босазо мегузоранд. Бештар аз бист нафар ада-
биётшинос бо роҳбарии ӯ рисолаҳои илмӣ навишта, таълифо-
ти худро таҳти таҳрираш ба табъ расонда, соҳиби унвонҳои

249
номзадию докторй гардидаанд. Аз ахди ияму ирфон Худой
Шаркфов, Саъдоншо Имронов, Субҳон Амирқулов, Саидума-
ри Султон, Назира Қаҳҳорова, Қурбон Восеъ, Назира Карома-
туллоева ва боз якчанд соҳибистеъдоди дигар аз маҳалхои гу-
ногун мустақиман аз мактаби ӯ гузаштаанд. Донишмандон
Вохдд Асрорӣ ва Соҳиб Табаров низ ба Ҳусейнзода нисбати
шогирдй доранд.

- Аз соли 1954 сабак ва тарбияи ин муаллими бузург наси-
бам гардид, - мегуфт дотсенти ДДТ Махмуд Давлатов. - Ус-
тод роҳбари корҳои курсй, дипломй ва рисолаи номзадиам
буд. Май ҳеҷ надидаам ва мушоҳида накардаам, ки муаллим
Ҳусейнзода веруй аз доираи одобу ахлоқи маърифатпарварй
ҳаракате карда бошад. Вуҷудаш, дарсаш, қавлаш, суханаш то-
заву пухтаву покиза буд. У шогирдро, одами хубро, аз кадом
маҳалле, ки бошад, дӯст медошту эхтиром ва дастгирй ме-
кард. Дар рафтораш, дар хунаш заррае ғубори маҳалгарой на-
донгт. Ба интихобу тарбияи муаллимон ва асгтирантҳои ка-
федра диққати махсус медод. Ҳайаги омӯзгорон аз намоянда-
гони вилоятҳои ту ногу н сурат дошт. Устод Хусейнзода аз
онҳое набуд, ки дар интихоби кадрҳо шиорашон «аввал хешу
баъд дарвеш» аст. Х,оло бисер шахсон, ҳамин ки соҳиби ман-
сабе гардиданд, ошкору пинҳонй ба ҷониби худ бел мезананд
ва гирду атрофашонро аз ҷигаргӯшаҳою хешу табор пур ме-
кунанд...

Боз як хизмати Шарифҷон Хусейнзода ин буд, ки баробари
ба кафедра мудир таъйин гардидан ба ташкили китобхонае
пардохт, ки он ҳоло як осорхонаи бисер бошукӯҳи адабиёт
мебошад. Мо шохдди он будем, ки чй тавр устод солҳои сол
хуни ҷигар хӯрда, чон коҳонда, ташаббус нишон дода, бо
ёрию мадади роҳбарияти донишгоҳ онро ба дараҷаи ҳозирааш
расондааст. Ин китобхона - осорхонаи адабй шояд дар
ҷумҳуриятхои Осиёи Миёна ҳамто надошта бошад. Устод
солҳои охир ба харидани дастхатхои нодир машгул гардид ва
гандинаро бой гардонд. Ӯ ҳамчунин тавонист, ки барои ки-
тобхона аз мамолики хориҷй - Эрону Афғонистон, Ҳинду
Покистон ва дохили мамлакат китобҳо гирад».

Устод Хусейнзода навниҳолони боги адабиётро бо меҳр

250
мепарвард. Баҳою пешгӯӣ ва назари ӯ ба асари бадей ва эҷоди
адибон боэътимод ва дурандешона буд. Нахустмаҷмӯаи
асарҳои Мирзо Турсунзода «Байрақи зафар» (соли 1932) бо
муқадцимаи ӯ ба табъ расид. Муҳаққиқ дар он пешгуфтор
ояндаи дурахшони ҷавоншоирро пешгӯӣ ва муайян карда буд:
«Мирзо Турсунзода дар ин маҷмӯаи шеър ва ҳикояҳояш мис-
ли гули навшукуфта ба дилҳо умед ва ба чеҳраҳо масаррат
мебахшад... Ин мачмӯаи хикоя ва шеърҳои аввалин аз ис-
теъдоди Мирзо шоҳид аст, ки барои адабиёт хидматҳои шои-
ста карданист».

Шоири шаҳир, академики АУ Тоҷикистон Мирзо Турсун-
зода хдр гоҳ бо Ҳусейнзода вохӯрад, дар мавриди сухан аз
таълифу таълйми адабиёт мегуфт: «Устод, аслан академики
арзандаву зебанда худи шумоед, зеро олиме ҳастед, ки ҳам
асар таълиф кардаеду қам таълим додаед...»

Дар воқеъ, боре Хусейнзода бо ташвиқу тарғиби яке аз
аъзои Академиям улуми ҷумхурй барои гирифтани узви во-
бастаи ин боргоҳи илм дар интихобот ширкат варзид. Раъйҳо
то оғози интихобот тақсим мегардиданд. Натиҷа ин шуд, ки ӯ
ба истилоҳ ғолиб наомад. Аммо ӯ аз ин натиҷа ҳеҷ шикаста-
хотир ва озурда нашуд, зеро дар роҳи паймудаи худ, дар
таълиму эҷодиёташ, пиндору кирдораш, тақдиру рӯзгору
фаъолйяташ виҷдони пок, сафову самимият ва шарофатмандӣ
раҳбалади ӯ буд. Ҳар комёбие, ки дар таълиму тарбия наси-
баш мешуд, асосан ба он иртибот дошт, ки вай шефтаи касби
худ буд ва гоҳе ба мусох^бон изҳор мекард, ки маҳз бо ҳамин
кор зинда аст.

Мақсаду мароми якумраи Арбоби шоистаи илми
Тоҷикистон Шарифҷон Хусейнзода дар вопасин мусохдбае,
ки дар шифохона бо шогирди охиринаш Бадридцини Мақсуд
сурат гирифтаву рӯзи фавташ - 20 декабри соли 1988 дар на-
шрияи омӯзгорони ҷумхурй ба табъ расид, сареху возеҳ
таҷассум ёфта буд:

- Устоди мӯқтарам, аз навиштаҳоятон хувайдост, ки ба
адабиёти классикии гузаштаамон таваҷҷӯхд шумо бештар аст.

- Бале, бузургони илму адаби мо бо асарҳои гаронбаҳои
худ, ҳарчанд бештари онҳо дар масири таърих нобуд шуда-

251
анд, бақои миллати тоҷиконро таъмин намудаанд. Дигар ин,
ки классикони адабиёти тоҷик афкори оливу башардӯстона ва
некбинонаи худро бр забони зебову шево ва тавъам бо хаёло-
ти рангин, ки фаромӯшношуданист, баён намудаанд. Аз ин
рӯ, ин адабиётро бояд дӯст дошт, мутолиа кард, дар нашри
осор ва таҳқиқу омӯхтани он камари ҳиммат барбаст.

- Кадом навъи шеъри классикиро бештар меписандед?

- Ғазалро. Ғазал сароғози шеър, дурри лафзи дарй-тоҷикй
аст. Ғазали хуб аз чон мехезаду ба дил менишинад. Магар чу-
нин навъи шеърро метавон дӯст надошт? Девони ғазалиёти
ҷовидонаи Ҳофизи нуктадону базлагӯ ҳамеша ҳамроҳи ман
аст. Сурудаҳои ӯ муттакои қалби мананд. Иддае ғазалро
кӯҳнашуда меҳисобанд, аз он рӯгардон мешаванд. Не. Агар
ҳамаи ҷинсҳои шеърия, аз ҷумла ғазал хуш гуфта шавад, на-
кидан ақлу хирад ва зодаи туғёни эҳсос бошад, ба дилҳо роҳ
меёбад, кӯҳна намешавад, дар ҳама давру замон чун зари хо-
лис баарзиш боқй мемонад.

- Ба муаллимон ва ҷавонони донишҷӯ чй орзу доред?

- Ба муаллимон хоҳони ҳалолкориам. Орзумандам, ки нис-
бат ба ин ҳунар на ҳавас, балки муҳаббати самимй дошта бо-
шанд. Ҳавас як падидаест гузарон. Муҳаббати самимӣ поядор
ва доимй мебошад, ки ғояти камоли он ишқ аст. Ба чавонон
боз орзу дорам, ки бо сабру тоқати тамом қуллаи донишро
фатҳ намоянд, ахлоқи нек, кирдору рафтори хуб дошта бо-
щанд. Ба духтарон шарму ҳаё, ки нишонаи иффат аст, таман-
но дорам.

Ин охирин мусоҳибаи Шарифҷон Ҳусейнзода як навъ ва-
сияте ва фотиҳаи падаронае буд барои ҳамаи онҳое, ки
дарсҳои маърифатро муқаддас медонанд, ба қадри сухану су-
ханвар мерасанд ва номи омӯзгору даргоҳи илму ирфонро
азиз медоранд.

Ин.донишвари шариф дар шебу фарози роҳи илму маъри-
фат умре талошу тараддуд намуда, аз ҳосили ранҷу
заҳматҳояш қаноатманд даргузашт. Устоди сахтгиру дуран-
деш, аллбма Садриддин Айнй дар пешгӯии ояндаи ӯ хато на-
кардабуд.

252
ОРИФИ ИЛМУ МАОРИФ

Ибтидои асри XX. Дар деҳаи қадимаи Фирӯзоба, маҳаллаи
Санглохӣ боло (ҳоло Тошлохиболо) шаҳри Конибодом Ниёз-
муҳаммад ном кафшдӯзе мезист, ки тавассути ҳалолкориаш
дар миёни мардум маъруфият дошт. Ин мард кафшдӯзиро аз
падару бобояш мерос гирифта, аз наел ба насл мебурд.

Дар яке аз рӯзҳои тобистони соли 1924 ин пешавари гул-
даст ҳамаи панд писар ва набераи калониашро ба сари дастар-
хон ба ҳам овард, ки охирин васияташро бигӯяд ва беармон аз
дунёи фонӣ биравад. Дар якандозҳои рӯи гилеми суфа панҷ
тан писар - Шукур, Абдулло, Ғафур, Бобоҷон ва набераи на-
хустинаш Ориф ба суханони ӯ гӯшу хуш дода, муаддабона
менишастанд. Падар ҳар яки онҳоро ном бурда, дар асоси
мақоли «ба дар мегӯям, эй девор, бишнав» панд медод;

- Фарзандони азиз, борҳо гуфтаму боз мегӯям: бояд ҳар як
шахс касби падарашро омӯзаду давом диҳад. Шумо дӯхтани
кафшро, ки аз қадимулайём дар байни мардуми мо пойафзоли
асосӣ ба шумор меравад, шукр, камобеш ёд гирифтед. Дилам
пур, ки дар мавридҳои зарурӣ аз ӯхдаи кафшдӯзӣ мебароед.
Инсон бояд чандин хунарро омӯзад. «Ба як ҷавон чил хунар
кам аст». Акои калонии шумо Шукурҷон имрӯз соҳиби ду
маълумот аст: ҳам мадрасаро хатм кард, ҳам мактаби русиро.
Ҳам муаллимӣ мекунад, ҳам тарҷумонӣ. Аз касбу кораш
қаноатманд аст. Шумо бояд аз вай ибрат гиред... Сину соли
ман ба ҷое расид, ғуруби офтоби умрам наздик аст. Рӯзе ногоқ
бандагиро ба ҷо оварам, ҳидоятгари шумо Шукурҷон меша-
вад. Шумо ба вай итоат кунеду аз хати кашидааш берун наба-
роед. Нағз хонеду аз паси илму дониш нони ҳалол хӯред. Оё
ҳамин васиятамро ба ҷо меоред?

- Агтбатта, ба ҷо меорем! - ваъда дод кенҷаписар Бобоҷони
гармсимои резапайкар бо табассуми малеҳ.

- Офарин, шербача! - хурсанд шуд Ниёзмуҳаммад.

- Дадо, ман ҳам ба инҳо борҳо маслиҳат додаам, ки домани
донишомӯзиро махдам доранд, - дилпурӣ дод Шукурҷон. -
Дирӯз Бобоҷон бо набераатон Орифҷон машварат оростанд,
ки ҳамроҳи ҷӯраҳояшон ба мактаби олӣ мераванд.

253
- Ба куҷо?

- Ба дорулмуаллимини шаҳри Тошканд.

- Бисер хуб, нураналонур мешавад, ба фарзандони халқ са-
вод омӯхтан беҳтарин мояи ифтихор аст. Аз шарикдарсонатон
боз киҳо ба хондан рафтанй?

- Хдлолиддин, писари ошноятон Карими кӯпас, Тӯйчии
Самадй, Алии писари амаки Шодй, - боз ду-се нафарро ном
бурд Орифҷон.

- Ҳӯ вай ошнои ҳамсолат чй ном дощт?

- Ҳамаи йомбурдаҳоям бо ман ҳамсоланд.

- Не, ана вай чӯраи дина ба хонаамон омадагиат кй буд,
сафедпӯсти шармини камгап?

- Ҳа, Ойтӯрахони Маннонро мегӯед. Вай бо як гурӯҳ
бачаҳо таҳсилро дар шаҳри Боку давом доданй.

- Салламно, дар зиндагӣ роҳи дурустро ёфтаниед. Саломат
бошеду комёб шавед!

Вале, бобои Ниёзмуҳаммад, гӯё пешомади такдирашро ме-
дониста бошад, пас аз чанд вақт аз олам гузашт. Саробонии
оила бар дӯши Шукурҷон афтод.

Ба ин тариқ, соли 1924 Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов ҳамрохи
бародарзодааш Ориф Шукуров ва чанде дигар рафиконаш ба
остони Дорулмуаллимини тоҷикии шақри Тошканд қадам
ниҳод. Дар санҷишҳо устодони дорулмуаллимин дарёфтанд,
ки Бобоҷон ва Ориф дӯстдорони ҳакиқии дониш будаанд, дар
оилаи омӯзгори ҳақиқӣ, донишпарасти зиёитабор ва дар
муҳити баҳсу мунозираҳои фарҳангй тарбият дидаанд.

Падари Ориф Шукуров, дастпарвари Мадраса ва мактаби
руеии маҳаллй мулаққаб ба Шукуручтил дар миёни конибо-
домиён маҳбубияти махсус дошт. ¥ забонҳои тоҷикию русй
ва арабию туркиро нағз медонист ва дар мактаби русии
маҳаллӣ, ки соли 1906 дар Конибодом таъсис ёфта буд,
муаллимӣ ва тарҷумонй мекард. Барои толибилмон дарсҳои
омӯзгорони русро ба тоҷикӣ бармегардонд. Вай ба таълиму
тарбияти ҳар чаҳор ҷигаргӯшааш - Орифу Мақсуд, Ҳумайрою
Зебӣ диққати махсус медод ва гоҳе ба гӯши Ориф чунин бай-
та Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро мехонд ба тариқи рамзӣ:

254
Паи он рае, ки орифи маънист,

Марди ориф ба дӯстӣ авпист.

... Ориф Шукуров хеле барвакт ба ҳаёти мустақилдона
қадам ниҳод. Аз соли 1920 ӯ дар аввалин интерната навташ-
кили аз заминҳои вақфии масоҷид таъминшаванда мезисту
таҳсил мекард. Он замонест, ки кадрҳои босаводи тоҷик ан-
гуштшумор буданд.

Ориф баъди хатми дорулмуаллимини Тошканд муддате
сардори лагери кашшофони . (пионерии) шақри Панҷакент,
мудири мактаби коргарон таъйин гардид. Сониян ӯ мудири
маорифи шаҳри Конибодом буд. Бо ташкилёбии Ҷумҳурии
Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Ориф Шукуров директо-
ри техникуми омӯзгорӣ дар пойтахт таъйин шуд.

Соли 1935 директори навтаҷриба ба факултаи биологии
Донишгохд давлатии Осиёи Миёна дохил шуда, баъди панд
сол соқиби дипломи олими табиатшинос гардид ва ба
Донишгоҳи олии агропедагогии Сталинобод роҳхат гирифт
(Ҳамон вақт ин мактабро, ки соли 1931 ташкил ёфта буд,
ҳамин тавр меномиданд). Аввали солҳои сиюм ин мактаби
олй айёми басо пурошӯбро аз cap гузаронида, такмил меёфт,
обрӯ мегирифт ва сипас ба Институти педагога табдил ёфт.

Соли 1943 Ориф Шукуровро директори ин нахустин До-
нишкадаи олии думхурй таъйин карданд. Беш аз сад тан
донишҷӯ ва чил кас аз устодон ва аспирантони донишгоҳ их-
тиёран ба қифзи Ватан рафтанд. Ба пойтахт аз маҳалҳои зери
дасти .фашистон мондаи шӯравй аҳолии зиёдеро кӯчонданд,
ки дар байнашон донишҷӯён ва муаллимони донишгоҳҳои
олй низ буданд. Пойгаҳи таълимии донишгоҳ, синфхонаҳо,
васоити таълим намерасид, норасоии маводи хӯрокворй сари
ҳар қадам эҳсос мешуд. Сарвари нави донишгоҳ, ки дар ша-
роити вазнини солҳои бисту сиюм азобу машаққати зиёдеро
аз cap гузаронида буду талаботи ҳаёти донишҷӯёнро медо-
нист, рӯҳафтода нашу да, некбинона заҳмат мекашид.'У, пеш
аз ҳама, хоҷагии ёрирасони донишгоҳро ташкил кард,
донишҷӯёну муаллимон, одамони зиёди аз ҷойҳои дур кӯч
баста ба қадри ҳол бо маҳсулота хоҷагии ёрирасон таъмин
мегардиданд. ,<:

255
Роҳбари дурандеш Ориф Шукуров донишгоҳро беш аз 10
сол сарварӣ карда, ба калонтарин мактаби олӣ табдил дод.
Шӯъбаҳои рӯзона, шабона, ғоибона ва кафедраю факултаҳои
сершумори ин манбаи кадрҳо, ҳамчунин института дусолаи
муаллимии он ба хоҷагии халқи мамлакат мутахассисони
маълумбтй Ьлидор тайёр мекард.

Ориф Шукуров фаъолияти маъмурӣ, ташкилотчигй ва мето-
диро бо фаъолияти илмй бо ҳам мепайваст. Ӯ соли 1951 дар
мавзӯи «Рустаниҳои нимсаваннии ҷануби Тоҷикистон» рисолаи
номзадй дифоъ карда, дойр ба кашфиёти илми биология асарҳои
пурарзиш менавишт. Олим дар асарҳояш ҳодисаҳои нодири ил-
ми бйологй ва ботаникй, табиати мӯъҷизаосои Тоҷикистонро
маънидод карда, дар равнақи ин соҳа саҳме мегузошт. Табиат-
шиноси варзида дар асарҳои штмии методию педагогиаш ба
масъалаи таълиму тарбия, маорифи халқ диққати ҷиддӣ дода,
китоби арзишманди «Услуби тайёр кардани муаллимон барои
мактабҳои Тоҷикистон»-ро иншо кардааст.

Ӯ ниёбат ба ҳамаи дигар ректорҳои Донишгоҳи давлатии
омӯзгории Душанбе, ки тӯли солҳои гуногун сари қудрат бу-
данд, дар ин вазифа бештар ва пурмаҳсултар кор кард, зеро
маърифатписандию ташкилотчигии фавқулъодае дошт. Дар
ҳар ҷое, ки кори маориф сует шавад, барои ислоҳи камбудиҳо
ӯро мефиристоданд. Пае зимоми сарварии Донишкадаи ки-
шоварзии ҷумхуриро ба дасти ӯ доданд. Беҳбуди раванди
таълими агрономҳо, муҳандисон ва дигар мутахассисон
ғайрату кӯшиш ва талошҳои ҷасурона тақозо мекард. Бо та-
шаббуси Ориф Шукуров сохтмони биноҳои нави таълимӣ
оғоз ёфт, пойгаҳи тарбия «асеъ гардид, факултаҳои нав ва
шӯъбаи ғоибона таъсис гашт, шумораи дониигҷӯён аз 400 ба
2000 нафар раслтд. Вай дар ин донишкада барои омодаеозии
мутахассисони' сершумори кишоварзӣ панҷ сол ранҷ бурд.
Дарсҳои пурмазмуну диққатангезаш дар ривоҷу равнақи
корҳои оянда мадад мерасонданд.

Узви вобастаи АИ Тоҷикистон Ориф Шукуров таи солҳои
1957-1961 саркотиби илмии Президиуми АИТ интихоб гар-
дид. Ходимони намоёни илм фаъолияти ӯро дар қасри дониш
то ҳол ба некй ёд меоранд.

256
Соли 1961 Ориф Шукуров дубора сарвари Донишгоҳи
омӯзгорӣ таъйин мегардад. Дар тӯли 7 соли роҳбариаш дар ин
махзани дониш ҷараёни таълиму тарбия, сифати
донишандӯзӣ, кори илмй такмил меёфт, малакаи амалии
кадрҳои омӯзгор боло мерафт, биноҳои нави таълимӣ қомат
меафрохтанд...

Ориф Шукуров ба маънавият ва маърифатомӯзии
донишҷӯён таваҷҷӯҳи махсус мефармуд ва ин самти фаъолия-
таш аз вохӯрӣ ва мулоқоти олимону адибон маншаъ меги-
рифт. Дар ахди роҳбарии ӯ дар арафаи ҳар ҷашну маросим
вохӯрии донишҷӯёну омӯзгорон бо шоиру нависандагон, до-
нишмандони соҳай гуногуни илм, собиқадорони маъруфу
маҳбуби замон ба ҳукми анъана даромада буд. Дар чунин
мулоқотҳои муфид суханварони номвар Мирзо Турсунзода,
Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Муҳаммадҷон Рахимӣ,
Боқй Раҳимзода ва дигарон гули сари сабади ахди маҳфил
мешуданд. Ғайр аз ин, дар худи донишкада низ мисли Холиқ
Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, Воҳид Асрорй, Тилло
Пӯлодй ва боз зумрае адибону олимони соҳибистеъдод фаъо-
лият намуда, донишҷӯёнро аз файзи фазлу фарҳанг баҳраманд
мегардонанд.

Маорифпарвар Ориф Шукуров барой рушду равнақи хамаи
фанҳое, ки дар донишгоҳ таълим медоданд, мувофиқи тақозои
замон пайваста шароит меофарид ва аз ҳайати омӯзгорону
профессорон қатъиян талаб мекард, ки барои мутахассисони
баландмаърифат ба камол расонидан ҳамаи чораву
тадбирҳоро андешанд. Вай ба масъалаи мутамарказ кардани
олимон ва омӯзгорони баландистеъдод таваҷҷӯҳ менамуд. Ба-
рои пешрафти кори илмии омӯзгорон, ба аспирантураю док-
торантура фиристодани муаллимони болаёқат ғамхории пада-
рона зоҳир мекард. -J

Ориф Шукуров дар парвардани кадрҳои баландихтисоси
миллӣ барои мактабу маориф, фарҳангу илм, кишоварзӣ, са-
ноату тиҷорат саҳми арзанда гузопгга, бо ибораи шогирдону
ҳамкоронаш ба мақоми устоди омӯзгорон расида буД:Бесабаб
нест, ки надари адабйётЙ шӯравйй‘тоҷик, аввалин нрёзиденти
Академияи илмҳои Тоҷикистон Садриддин Айнй дар яке аз

257
сӯҳбатҳояш бо равшанфикрон гуфта буд: «Ориф Шукуров дар
ҳақиқат ҷонфидои маориф аст. Донишгоҳи омӯзгории Ду-
шанбе бо сарварии ӯ чандин наели донишу маърифати моро
тарбият карда, ба камол расонд ва дар ташкили аввалин Уни-
верситети давлатии миллӣ ва Академиям илмҳои Республикам
Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ташаббуси ватандӯстона
нишон дод. Ин хидмати ӯ шоистаи таҳсину такдир аст».

Таърих гувоҳ аст, ки дар рушду равнақи маорифу маъри-
фат ва маҳви бесаводй, дар тарбият ва густариши зиёиёни
миллим тоҷик аҳли хонадон ва хешовандони Ориф Шукуров.
ки дар сари гаҳвораи таълими онҳо Шукур Ыиёзмуҳаммад
заҳмат мекашид, ранҷи фаровон бурда, намунаи ватандӯстӣ
ва инсонпарварӣ нишон додаанд. Ҳамсари Ориф Шукуров,
муаллима Муқаббат, ки солҳои сол сарвари курсҳои омода-
созии мураббияҳои кӯдакистонҳо буду дар шӯъбаи занҳои
кумитаи ҳизбии шаҳр низ фаъолият дошт, ҳамроҳи
шавхараш чаҳор фарзанди соҳиби маълумоти олӣ тарбият
кард Аз онҳо ду кас табиб шуданд, дуй дигар филолог. Аз
духтарони ин хонавода Нодира Шукурова пайрави пешаи
пурифтихори падар гардида, дар Донишгоҳи давлатии
омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айни мудири
кафедраи забонҳои хориҷй аст.

Аз хешовандони ин дудмон хоҳари Ориф Шукуров Зебй
беш аз ей сол мактабиёни пойтахтро тарбият карда, соҳиби
мартабаи воло гардид. Додари Ориф Шукуров иштирокдори
Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мақсуд Шукуров солҳои зиёд масъу-
лияти сарварии техникуми бинокории шаҳри Душанбе ва ва-
зифаи директории нашриёти таълимӣ-педагогии Тоҷикистон
(алъон нашриёти «Маориф»)-ро ба зимма дошт. Амаки Ориф
Шукуров (додари падараш) Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов дар
ҷумҳурй чун нахустин доктори илми филология аз тоҷикон
(1948), профессор, академики АИ Тоҷикистон (1951) ва Арбо-
би шоистаи илми РСС Тоҷикистон (1964), дорандаи Ҷоизаи
давлатии ба номи Ибни Сино маъруфия г ва мақбубият дошт.

Падари Ориф Шукуров, устоди зӯфунун Шукур
Ниёзмуҳаммадро агар бобокалони маорифпарварони Конибо-
дом бигӯем, хато нест. Ахди маориф ӯро «Шукуручтил» ме-

258
номиданд, зеро дар мактаби русин маҳалли, ки соли 1906 дар
Конибодом таъсис ёф'га буд, омӯзгорӣ ва тарчумонй мекард,
дар саводомӯзий ахолй саҳми бузурге дошт. Дар он айём як
кис ми аҳолии ӯзбакй Конибодом калймаи «учтил»-ро ба
маънои муаллими се забон - русӣ, тоҷикӣ ва гуркй кор ме-
фармуданд.

Алқисса, профессор Ориф Шукуров барои халқу Ватан
ҳамчун табиатшиноси номвар, арбоби ҷамъиятию давлати,
омӯзгори варзида, яке аз поягузорон ва ташкилотчиёни илму
маорифи миллати тоҷик, депутата Шӯрои Олии РСС
Тоҷикистон хидматҳои басо бузург кардааст. Ин марди фидо-
ии маорифу илми Тоҷикистонро ҳар гоҳ ёд оварем, як мақоли
халқй ба хотир мерасад:

Ҷоҳил як умр дораду оқил ҳазор умр!

МАРДИ ДУ НАБАРД

Ба анҷоми ҷанги Олмон ё ба истилоди ҳамонваҳтаи
мардумй Гирмон расо 55 рӯз боқй монда буд. Сарбозони
шӯравй бо сад бурду бохт монеаҳоро паси cap карда, ба Прага
наздик мешуданд. Вақте ки ба остони Моравия расиданд, пай
бурданд, ки роҳу пайраҳа, майдону хиёбонҳо, богу гулгаштҳо
ва вурудгоҳи хонаву маҳалхо, хуллас,ба ҳама ҷо мина гузош-
таанд. Аз ин рӯ, ба танкронҳои кисми ҳарбие, ки Муллоҷон
хизмат мекард, лозим омаД, ки ба разведка раванд. Онҳо аз
шоҳроҳе мегузаштанд, ки Ҳамвору асфалтпӯш буд. Дар пеши
рохашон пуле намоён шуд. ИстеД, ки ин пули вайрона аст-ку.
Гурӯҳи разведкаи танкӣ аз роҳ бозистод. Полковник ба
минаҷӯён амр дод:

— Зуд гирду атрофро дида бароеД. Акнун Берлин ятбна
ҳадафи моёт! ,r i v

Минаҷӯён хабар доданд, ки бо роди эдтиётй гузаштан мум-
кин аст. Боз аввалин шуда танки «Т-34>> ба род даромад, ки онро
Муллоҷон Фозилов меронд. Ӯ пеш аз ин дар бисёр набардгоҳҳо
бо душман фидокорона ҷангиДа, аз онҳо нишоне дар сари сина
дошт. Ҳамнабардон номи ин рафиқи мушфиқи худро кӯтоҳ кар-
да, навозишкорона «Ҷон» мегуфтанд. Боре ҳаиӯз ба шаҳр нара-

'259
сида танки Муллоҷон ба мина бархӯрд. Таркиши мудхише тас-
мачархи онро пора кард. Баки сӯзишворй оташ гирифт. Забонаи
оташ ба хучраи экипаж мегузашт. Оҳ, чӣ рӯзи сахте: хдёту ма-
мот рӯ ба рӯ омад. Ба танки хамшафаташ, ки онро Ашот Акопян
меронд, андак осеб расид. Вале мошини Ҷон даргирифт. Хатари
марг пеш-пеш омад. Ҷасади беҷони радист Ваня Жигулинро аз
танк бароварданд. Ҷонро низ аз коми сӯхтор кашида, зуд ба
куҷое бурданд. -Саропояш оғуштаи хун ва дар табу тоб буд, вате
ӯ нафас мекашид...'

Маҷрӯҳро ба бемористони низомии шақри Ижевск бурда
хобонданд. Ҷаррохон сахт кӯшиданд, ки ӯро аз март наҷот
диҳанд. Вале, ҳайҳот!.. Ноилоҷ пои росташро аз сари соқаш
буриданд, пои чап ҳам аз буҷулак захмин буд. Ташхис нишон
дод, ки як қисми устухон пӯсида истодааст. Ҷарроҳон мачбур
шуданд, ки онро чаҳор ангушт кӯтоҳ карда, ба устухони аслй
пайванданд. Муллоҷони ҷонсахт ба ҳамаи ин азобҳои ҷонкоҳ
мардона тоқат овард. Гӯё дубора зинда шуд: дар миёни оташу
таркишҳо ҷон ба саломат бурд.

Ниҳоят, рӯзи Ғалаба фаро расид, ки рӯзи эҳёи умеду
ормонҳо низ буд.Муллоҷон аз тирезаи шифохонаи Ижевск
мушакҳои рангорангро дар осмон дида, аз анҷоми ҷанги дуга-
ми ҷаҳонӣ хабар ёфт. Аҷаб лаҳзаи гуворое! Аскарони зафар-
манд аз Аврупои Ғарбй ба ватан бармегаштанд. Вале табобати
Муллоҷон як сол тӯл кашид. Ӯ оҳиста-оқиста сиҳат меёфт.
Дар палата мехуфту қисмати талхи худ, айёми кӯдакию на-
врасии пурмашаққаташро ёд меовард. Чеҳрақои таскинбахши
падару модар ва хоҳару бародарон пеши назараш ба ҷилва
меомаданд. Хонаашон дар маҳаллаи Чармгарӣ ва ҳамсояҳо ба
хотираш мерасиданд. Волидайнаш дастгоҳи хурди
карбосбофӣ доштанд. Се бародар Абдуллоҷон, Муллоҷон ва
Неъматҷон ба онҳо дастёрй менамудандАМодар дар корхонаи
бофандагӣ қаламкаш буду бори сахти зиндагй бар дӯш дбшт.
Бечора рӯи писарҳои сарбозашро надида, соли 1943 бо ҳасрат
аз олам гузашт.

Мактабашон дар бинои собиқ масҷиди Майдони Машҳад
воқеъ буд. Муллоҷон бб ҳамсинфонаш ба болои манораи
нимвайронаи шаҳр баромфца, аз баландй муаллақзанон пари-

260
дани кабӯтарони нуқраболро тамошо мекард. Аз сари манора
ба роҳҳои қадима чашм медӯхт: яке ба сӯи Исфара, дигаре ба
Хуҷанд, сеюмй ба Хӯқанд ва чаҳорумӣ ба Тошканд доман ме-
кашиданд. Барои наврасону ҷавонони онвақта,и конибодомй
Тошканд як навъ оҳанрабо буд, чунки фақат дар он ҷо
мактабҳои махсуе ва олӣ фаъолият доштанд.

Қиссаҳои донишҷӯии ӯ аз рӯзе оғоз ёфг, ки модаращ Ои-
шабодом як кӯрпачаи бахмалин дӯхта, онро барои саводнок
кардани Муллоҷон ба бозор бароварда фурӯхта ва барои пи-
сараш чипта харид. Ӯро мебоист бо ароба ба истгоҳи роҳи
оҳан бурда, аз он ҷо поездсавор то Тошканд расонд. Модар ба
писараш гуфт: «Ба Тошканд рафта, нағзакак мактаб хон,
Муллоҷон. Одами бесавод мисли кӯр аст...»

Муллоҷон дар Тошканд ба дорулмуаллимини тоҷикон до-
хил шуд. Вай аз хусуси хӯрду хӯрок хотирҷамъ буд. Шиками
сер, бо либосу пойафзол таъмин. Ҳуҷраи равшан дар ихтиё-
раш. Ҳамроҳи яке аз хдмсабақҳояш то як поси шаб китоб ме-
хонду даре такрор мекард... Бо дастгирии ӯ сонитар додараш
Неъматҷон низ ба қамин дорулмуаллимин дохил гашт—

Баъди хатми таҳсил Муллоҷон боз ба Конибодом баргашт.
Акнун вай дар курси такмили ихтисоси омӯзгорони забони
тоҷикй дарс медод. Ҳавои маънавӣ сиёсатолуд буд. Рӯзе
ҳангоми даре Муллоев ном узви комсомол аз ӯ пурсид:

— Муаллим, калимаи «бачагй»-ро гоҳ ба як «ч» менависанд,
гоҳ бо ду «ч». Кадомаш дуруст?

Фозилов посух дод:

— Ин калима аслан бо як «ч» навишта мешавад, аммо

баъзан бо ду «ч>> нависед ҳам шлат неет, зеро забони оммаи
тоҷик дуруст тафтиш нашуда, чандон ба қолаби худ надаро-
мадааст... '

Сонй он ҷавон дар маҷлиси комсомрлон гуфт: «Фозилов чӣ
хел муаллим аст, ки забони модарии моро беқолаб мегӯяд?
Вай дӯст аст ё душман?» Дигаре фикри ӯро қувват дод: «О
забонамон қолаб дорад-ку, чаро ӯ таҳқир мекунад?» Сипас
боз якчанд кас овоз баланд кард: «Ин муаллими нав чаро мак-
таби шӯравиро наҳ мезанад? Аъмолашро санҷидан лозим, вай
бадхоҳи сохти нав аст...» , . :

,261
Тӯдае ҷавонони тӯҳматгар хостанд гуноҳи нобударо ба са-
ри Муллоҷон бор карда, аз ӯ душмани сохти нав созанд. Му-
аллими навкор аз тундии авзои замоы ҳаросида, аз чунин
муҳити мудҳиш худро дур гирифт. Аз бало ҳазар гуфту барои
таҳсил ба шаҳри Ленинград рафт ва ба ин тариқ ҳаёташро аз
фоҷиа эмин дошт. Аз соли 1935 дар Донишгоху1 Ленинград бо
таиаффусе (бинобар бемориаш) то оғози ҷанг таҳсил кард.
Ҳамон вакт ӯ Зелда ном духтараки хдмсабақашро писандид ва
рвдптаи умрашро ба ӯ пайваст. Ҳар ду соҳиби фарзандҳо ту-
да, то охири умр вафодор монданд. Муллоҷон рӯзи 23 июни
соли 1941 донишгоҳро ба итмом расонд. Хдмагӣ бистуҳафт
сол дошт...

Инак, ӯ баъди як соли табобат дар бемористон ба зодгоҳаш
баргашт. Ӯро аз вокзали рохд оҳан дар ароба ба хонаашон
бурданд, Ахди хонавода Муллоҷонро бе як по ва ду асобағал
диданду фиғону щревашон ба фалак дакка зад. Додараш
Неъматҷон, ки дар муҳорибаи Сталинград Қӯрғони Мамайро
мудофиа карда, бо пои маҷрӯҳ баргашта буд, ӯро оғӯш шриф-
та, ашк мерехт:

- Оҳ, акоҷон, ин чӣ мусибат аст, ки ҷанги хонумонсуз қар
дуямонро ҳам аз пой маҳрум кард?

- Бе як по бошем ҳам, шукр, зинда мондем, додарам. Чи
қадар ҷавонон, аз сад як гулашон нашукуфта, хазон шуданд.

Бо мурури замон захмҳои Муллоҷон шифо ёфт. Сони вай
боз дар шаҳри Ленинград таҳсилро давом дод. Ин дафъа дар
аспирантураи Институти забон ва тафаккур дониш меандухт.
Ӯ ҳар рӯз бо ду асобағал аз хобгоҳ ба дарсхона ва аз ошхона
ба китобхона мерафту саргарми омӯзиш ва мутолиаю
муҳокима мешуд. Дар ҳамон айём ӯ ба навиштани рисолаи
«Калимақои тасвирӣ - такдиди овозӣ дар забони тоҷикӣ»
икдом намуд. Ин рисола нахустин асари илмии Муллоҷон
Фозилов буд, ки соли 1950 барои дифои унвони илмӣ
пешниҳод шуд ва муаллифашро ба ахди дониш шиносонд.

Ибтидои солҳои панҷоҳум Муллоҷон Фозилов дар
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мудири кафедраи забон ва
адабиёти тоҷик буд. Акнун диққати ӯро бенггар тадқиқи
масъалаҳои умдаи грамматика, фразеология ва зарбул-

262
масалшиноси ба худ мекашид. Баъдан у тайи ҳашт сол
роҳбарии Института тадқиқоти илмии забои ва адабиёти Ака-
демияи илмҳои ҷумҳуриро ба ӯхда дошт. Аз саҳар серташвиш
мешуд. Ба кори шӯъбаҳо бо тамоми хушҳавсалаги назорат
мебурд, ба инстатутҳои тадқиқота илмии мамлакат мукотиба
карда, равобити илмии муассисаи худро бо онхо мепайваст,
бо фурӯтании хоссае дасту дили кормандонро ба пешбурди
кор гарм месохт.Институт дар симои ӯ роҳбари чун падар
ғамхору ғамгусореро ёфта буд. Муллоҷон Фозилов соли 1952
бо пешниҳоди устод Садриддин Айнй узви вобастаи Акаде-
мияи илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид.

Ҳамон вақт вазорати маорифи ҷумҳури ӯро чун мутахасси-
си тавоно барои навиштани китобҳои дарсй даъват кард. Вай
дар ин кор чун як муаллифи муқаррарй не, балки чун сарвари
институти илмй роли роҳбар ва ташкилотчигиро мебозид. Бо
камоли масъулият кор мебурд. Нахуст ӯ барои мактабхои
миёна китобҳои дарсии забони тоҷикӣ навишт, кй ҳар сол бо
такмили наву теъдоди зиёд нашр мешуданд. У яке аз нахустин
муаллифони «Грамматикаи забони точикй» (барои мактабхои
олй) низ буд. Китобҳои дарсии Муллоҷон Фозилов имрӯз хам

кимати худро гум накардаанд.

Олими ттуркор дар ҷодаи илм талош меварзиду ҷавонони
хушҳавсаларо аз пайи маърифат мебурд, ба хар восита олами
маънавиёти ҷомиаро ғанй мегардонд. Корҳои илмиаш пешрав,
фаъолияташ назаррас ва табъаш хуш буданд. Аммо роҳи ҳеҷ
як роҳбар ҳамеша хамвору бемонеа набудааст. Ба қавли шоир
«ҳар ҷо, ки парирухест, он ҷо девест».

Олими забоншинос, мудири шӯъбаи Института заоон ва
адабиёти ба номи Рӯдакӣ Шавкат Норович Ниёзй ҳар гоҳ, ки
бо Муллоҷон Фозилов вомехӯрд, музтарибона мегуфт.

- Муллоҷон, дар пеши шумо хиҷолатмандам, чунки барои
ман шуда ноҳақ ҷабр дидед. Хок бар сари одати ман!..

- Парво накунед, домулло, - таскиномез посух медод Фо-
зилов. - Одамро шинохтан дупгвор. Ҷабрҳои дар данг дидаам
кам будааст, ки боз дар замони осоишта хам ором намегузо-
ранд. Инсоф надоранд ин қабил одамон. Хайр, ҳеҷ қисса не,
як бурида нонамонро ёфта мехӯрем. Пекин, ҷон бародарам,

263
дигар «ман дар назди шумо хиҷолатманд» нагӯед, зеро гуноҳе
надоред.

- Офарин, Муллоҷон! Мёдонам, ки аз шумо касе озор на-
ёфтааст. Шумо мудом некй карда, ба даре меандозед.

- Ман баъди аз танки оташгирифта ҷон ба саломат бурда-
нам, баъди аз ҷарроҳиҳои ҷоншикор намурданам қасам хӯрда
будам, ки то зиндаам, ба ҳама некй кунам, ба ҳеҷ кас бадиро
раво набинам.

Миёни эшон воқиа ин тавр сурат гирифта буд: Шавкат Но-
ровил боре ҳамчун роҳбар аз кори илмии яке аз аспирантҳои
худ хулоса бароварда, дар омади ran мегӯяд:

- Корро кашол надиҳед. Оҳанро дар гармиаш мекӯбанд.
Зудтар бо навиштани рисолаатон маро хурсанд кунед.

Аспирант аз ин ran хулосаи дигар кашида, ба шавҳараш, ки
корку ни ҳизбй буд, шиква меорад.

- Вай чӣ хел роҳбари беҳаё, ки ба ту «маро хурсанд кунед»
гуфтааст? Ту чӣ ҷавоб додй?

- Чизе нагуфтам...

- Эҳ, нодон! Яъне сукут аломати ризост?

- Не,не! Андеша кардам...

- 4ӣ ҷои андеша? Дашноми сахте дода, шарманда накардӣ?
Ҳолй сабр кун, вайро чунон боб кунем, ки...

Баъди чанд рӯз ба котиби якуми КМ Ҳизби коммуниста
Тоҷикистон номаи беимзо мерасад: «Фалон олим ахлоқан
вайрон аст, ба шогирдаш, зани ҷавони соҳибҷамол «маро хур-
санд кунед» гуфтааст...» Пас ба баррасии ин нома аз КМ ба
роҳбари институт Муллоҷон Фозилов занг зада, мегӯчнд:

- Ба тарбияи ахлоқии ҳамкоронатон беэътиной накунед.
Зудтар масъалаи ахлоқии Ниёзиро дида бароед. Вай як оилаи
ахду тифоқро вайрон карданй. Танобашро кашед!..

Фозилов аз ин гуфтугӯ мутахдйир мешавад, зеро медонист,
ки Ниёзй шахси озмудаи билкул покдилу поктинат аст.
Ҳампешагон дар симои ӯ яг он зуҳуроти номақбули ҳавою
ҳавас ва фисқу фиҷурро надидаанд, баръакс ӯро чун дониш-
манде, ки дар тарбияи сохдбихтисосҳо хизматҳои шоиста
карда, дар оиладорӣ ҳам намунаи ибрат буд, иззату икром ме-
намуданд.

264
Роҳбари институт ва котиби ташкилоти ҳизбӣ бо Ниёзй
махсуС сӯҳбат доир мекунанд.

- Он мактуби беимзо дар ҳақи ман тӯҳмати маҳз аст,-
ғазабашро фурӯ мебарад Ниёзӣ. - Ман ба шогирдам ба маънои
«бо кори илмиатон маро хурсанд кунед» маслиҳат дода будам.
Аммо бӯҳтоннавис хулосаи зишт ва номатлуб баровардааст.

Пас аз ин сӯҳбат Фозилов ба мудири шӯъбаи ташвиқоту
тарғиботи КМ занг зада, ҳақиҳати воқиаро мефаҳмонад:

- Ба бӯҳтонномаи беимзо бовар накунед! Иғвогаре олими

мӯътабарро бадном карданист. Рафнқ Ниёзй донишмандест,
ки институт ба ӯ уиёз дорад. Мо ба покии ахлокаш кафолат
медиҳем... л.):. дадав» и

Аммо аз гӯщаки телефон садри омцрона щунида мешавад: ,

- Бехуда пофишорӣ накунед. Аз ин қазия ,котиби аввал

ОГОҲаНД... .•W • ТГ- ЮУ H‘J (у.:-} .

- Ба мӯҳтарам котиб расонед, ки ба такдири одамон бега-
фовут набошанд. Шахсеро ба дараҷаи олимӣ раёонидан кори
сахде нест.’

Бо вуҷудй ин, дар яке аз рӯзҳои соли 1958 Муллоҷон Фо-
зиловро ба бюрои КМ даъват мекунанд. Муншии аввали ҲК
Тоҷикистон Турсунбой Ӯлҷабоев дар ҳаққи олими забонши-
нос Ниёзй суханони талху тунд гуфта, сипас таъкид мекунад:
«Что, этот хулиган до сих пор работает в институте?»

Чун ба Фозилов сухан медиҳанд, бо тамоми қатьият
дурӯғин будани он мактуби беимзоро исбот ва ахлоқи ҳамидаи
ҳампешаи худро хифз карда, ба ҳозирон муроҷиат менамояд:

- Ба диқкати шумо, мӯҳтарам аъзои бюрои КМ мерасонам,
ки ҳайати ходимони институти мо ба олими ҳалолкору покти-
нат Шавкат Норович Ниёзй эҳтироми комил доранд. Дар си-
ришти ин марди шариф аз бадахлоқй нишоне нест. Ҳатто бо
занҳо рӯ ба дигар сӯ гардонда, сӯҳбат мекунанд. Устод ба шо-
гирдашон гуфтаанд, ки «бо зудгар навиштани кори илмиатон
маро хурсанд кунед». Маълум аст, ки агар аспирант кори ил-
миашро сари вақт нависад, роҳбараш хурсанд мешавад. Аммо
бадхоҳон ин гапро чаппа маънидод карда, шӯру игво андох-
танианд...

265
Муллоҷон Фозилов барои бегуноҳии ҳамкораш далелҳои
мӯътамад оварда, собит мекунад, ки ин олим марди покест.
Вале, мутаассифона, аъзои бюро ба як пора коғази беимзо бо-
вар мекунанду ба роҳбари мӯътабари муассиса не. Чун хуло-
саи бюро ба имзо мерасад, Фозилов бо дарду алам мегӯяд:

- Рафиқони мӯҳтарам, мани маҷрӯҳи дараҷаи аввали ҷанг,
ки барои ҳимояи Ватан аз як поям маҳрум шудаам, ба назди
шумо бо умед лангон-лангон омадам, ки ҳақиқати ҳолро
гӯяму дастгирӣ бинам. Агар ба лафзи ман, ба сухани беғарази
коммунист бовар накунед, дар ин маврид маҷбурам, ки аз
шумо ихлосамро канам. Бузургтарин гуноҳ шарафу эътибори
касеро доғдор кардан аст. Охир, инсоф кунед! Чӣ хел ба ин-
сони поквиҷдон ҷазои ноҳақ медиҳед? Домулло Ниёзиро ҳеҷ
кас аз кор холӣ карда наметавонад!..

Дар он замон иҷро накардани қарори хизбй ё ба супориши
бюрои КМ муқобил баромадан як навъ «бозии» хавфнок бо
тақдир буд. Касе агар чунин саркашй кунад, бо дасти худ ба
сараш об мерехт. Олими шуҷоатманд Муллоҷон Фозилов ин
нуктаро медонист, вале натавонист, ки баръакси амри дилу
виҷдони худ амал кунад. Он рӯз ӯ маъюсона аз КМ сӯи
коргоҳаш мерафт ва раҳораҳ ин абёти Рӯдакиро мехонду ди-
лашро таскин медод:

Замена дод басо панди судманд маро,

Зам она, чун нигарӣ, cap ба cap ҳама панд аст.

Замена гуфт маро: хагими хеш дор нигоҳ,

Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст.

Пас ӯ ба ҳузури устодаш Шарифҷон Ҳусейнзода рафт ва
оҳи сарде кашиду гуфт: ,

- Афсӯс, афсӯс, об аз cap лой аст. Даргоҳи КМ муттакои
бӯҳтоннависон шудааст. Дар ҷанг аз дами сад тиру туфанг гу-
зашта, азоби нештари ҷарроҳонро дида, ин кадар азийят на-
кашида будам. Рост мегӯянд, ки ҷазои рӯхонӣ аз чазои
ҷисмонй сахттар аст...

Устод шикваи шогирдро шунида, таскинаш медиҳад:

- Аз дасисаҳои аҳриманй дилгир нашавед, Муллочон. Ё ба
докторантура рафта, боз ба таҳсили илм пардозед, ё беҳтараш
чун ходими илмй аз паи таҳқнқу тадқиқ шавед. Аслан ба йлим

266
кори рохбарӣ чӣ лозим?! Ҳамон дафтар-дафтар пандномаҳои
бузургонро, ки гирд овардаед, ба нашр омода созед. Китобҳои
дарсӣ, рисолаю дастуруламалҳо нависед... Бале, мисли неш-
тара дилгармона кор кардан гиред. Шукр, истеъдод доред, ис-
теъдод куфлкушои дари мушкилот аст.

Албатта, Фозиловро ошкоро аз вазифааш гирифта натавони-
станд. Тамасхури тақдирро бинед: бо чунин дасисабозй ба он
ноил шуданд, ки олими адолатгустар ариза дода, аз роҳбарии
институт даст кашид. Аммо сарвароне, ки баъди Фозилов ба
сари кор омаданд, низ Ниёзиро аз кор сабукдӯш карда натаво-
нистанд. Ба ин тариқ, ӯ то охири умр дар ин даргоҳи илм кор
карда, соли 1962 дар панҷохухафтсолагӣ фавтид. Рӯзи дафни ӯ
Фозилов бо дареғу дард гуфт: «Сад афсӯс, устод Шавкат Норо-
вич бармахдл даргузаштанд. Эҳтимол, ҳамон тӯҳмати ноҳақ
яке аз сабабҳои ..ӯтоҳумрии устод шуд...»

Аз ин миён солиёни зиёде гузангг. Самари талхи он
бӯхтонномаи беимзо чун панд дар зиндагии минбаъдаи Фози-
лов дастури амал гардид ва сахифае ба қомуси рӯзгори ӯ афзуд.

Вай акнун ғаввосе буд, ки шабу рӯз аз қаъри дарёи илму
адаб гавҳари мурод меҷуст. Солҳои 1961-1963 ду бор китоби
таҳиякардаи ӯ «Панду хикмат» ба табъ расид. Яке хурду ди-
гаре бузург, яке номукаммал буду дигаре комил. Дар ин
китобҳо маҷмӯаи андарзу ҳикмат доир ба ростиву каҷй, неки-
ву бадӣ ва саодату шақовати фитрй, ки дар тӯлй беш аз ҳазор
сол аз ҷониби халқ ва бузургони адабиёти тоҷику форс гуфта
шудаанд, зикр ёфтаанд. Ин шоҳбайтхо, китъаот, рубоиёт ва
дубайтиҳо дар бобхои алохида ва мавзӯъхои гуногун ба муто-
лиаи хонандагон пешкаш гардидаанд. Муллоҷон Фозилов дар
гирдоварии ин андарзи ниёгон ранҷи фаровон бурд. Талқини
хайр бар шарр, орзую ормони олии инсонӣ, ки ғояи асосии ин
китоб аст, аз хислатҳои маънавӣ ва ҳакимонаи мураттиби он
сарчашма гирифта. Хоса китоби дуюм (муҳаррираш
Муҳиддин Фарҳат) аз понздаҳ ҷузъи чопӣ иборат буда, як
навъ донишномаи рӯимизии ахди илму адаб аст. Дар абёти
баргузидаи ин маҷмӯа аз ҷумла ҷоҳилони авомфиреб ба
тариқи зайл маҳкум гардидаанд:

267
Гуле, ки бӯй надорад, ба вай чаман ҳаӣф аст,

Касе, ки фаҳм надорад, ба вай сухан ҳайф аст.

Дигар аз асарҳои барҷастаи Муллоҷон Фозилов дуҷилдаи
«Фарханги ибораҳои рехта» солҳои 1963-1964 нашр шуд, ки
зиёдтар аз ду ҳазор саҳифа ва беш аз ҳашт ҳазор ибораву
ифодаҳои рехтаи забони ҳозираи тодикро фаро гирифта, дар
силки китобҳои мӯътамад ва зарурист. Фарханги мазкур дар
замони пгӯравӣ дар ин соҳа нахустин асар буд. Дар он овон
дигар ҷумҳуриятҳо ханӯз таҷрибаи таълифи чунин асарро на-
доштанд. Баъдан ҳамин гуна асарро дар Федератсияи Русия
офариданд. Ин фарҳангро ҳар як тоҷики фаросатманд варак
зада, аз ганҷинаи бузурги лафзи модарии худ баҳравар меша-
вад. Тавассути ин фарҳанг фазлу салиқаи устод Фозилов бори
дигар зоҳир гардид. Олимон хидмати ин як тан фидоии илмро
бо меҳнати муҳаққиқони як пажӯҳишгоҳ баробар донистаанд.
Воқиан, ин шоҳкорй қадами қатъии муаллифи он дар соҳаи
фарҳангшиносӣ гардид ва ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонй овард.
«Фарханги ибораҳои рехта»-ро донишмандон Гӯрақул Зеҳнй,
Носирҷон Маъсумӣ, Шарифҷон Ҳусейнзода, Раҳим Ҳошим,
Додоҷон Тоҷиев ва дигарон «Қомуси бузурги забони ҳозираи
тоҷик» номидаанд. Ховаршиноси маъруфи Чехословакия,
профессор Иржи Бечка дар тақризаш ба ин тадқиқот чунин
баҳо додааст: «Муллоҷон фозилов дар илм кори бузургеро
анҷом дод, аз ин ҷиҳат, бешубҳа, мо метавонем ӯро асосгузо-
ри фразеологияи тоҷик биномем».

Ногуфта намонад, ки аҳли илму адаби чумҳурӣ ин асари
воқиан безаволро дар вақташ барои мукофоти давлатии ба
номи Абӯалӣ ибни Сино пешниҳод карда будаид. Афсӯс, ки
афроди кӯтоҳандеш ба қадри ин гавҳари донйш нарасиданд.

Соли 1976 боз як маҷмӯаи гаронбаҳои Муллоҷон Фозилов
«Гулчипи зарбулмасал ва мақолҳо» дастраси хонандагон гар-
дид. Ин фарҳангномаи ниёгон китоби рӯимизии зиёиёни
тоҷик гардида, ҳамаи дах ҳазор нусхаи он дар муддати кӯтоҳе
ба фурӯш рафт. Ин «Гучин...», чунон ки мураттиби бн ме-
фармояд, аз 22 маҷмӯа, фарҳанг ва феҳристи гуногуни зар-
булмасал ва мақол, ки дар тӯли беш аз 300 сол дар
Ҳиндустон, Мовароуннаҳр, Эрон, Афғонистон ва Аврупои

268
Шарқй тартиб ёфтаанд, хушачинӣ карда шудааст, Мураттиб
бештар аз чаҳор ҳазор зарбулмасал ва мақолро, ки бидуни
шубҳа хусни сухани волоянд, гирд оварда, пешкаши хонанда-
гон кард. Мақсади ӯ ин буд, ки зарбулмасал ва мақолҳо беш-
тар вирди забои шаванд, дар матнҳо роҳ ёбанд, воситаҳои
тасвири забони мо боз ҳам рангину ғанӣ гарданд. Мусанниф
дар охири ин «Гулчин...» тавассути мақолае бо унвони
«Шарҳ ва баёни маъхазҳо» 22 маҷмӯаи гуногуни панду
ҳикматро мавзӯи баҳс ва тахдил қарор дода, хусну қубхд
онҳоро бо бурқони қотеъ нишон медиҳад, таърихи чандинас-
раи ҷамъоварӣ ва интишори зарбулмасалу мақолҳоро мухта-
саран тасниф мекунад, мақому манзалати ватандӯстонаи ҳар
яке аз мусаннифонро эҳтиромона такдир менамояд.

Оре, зарбулмасал ва мақолҳо васоити муассири ифодаи
фикр ва ҳусну таровати забон мебошанд, ки инро Муллоҷон
Фозилов хеле барвақт дарёфта буд. Ҳамчунин ӯ кӯшиш дошт,
ки эҷодиёти халқи моро ба дигар миллатҳо низ бирасонад.
Соли 1968 нашриёти « Наука»-и Академияи илмҳои Иттиҳоди
Шӯравӣ гулчини пандномаҳои аз эҷодиёти шуарои Шарқ гир-
довардаи Фозиловро таҳти унвони « Истини» (Ҳикматҳо) бо
теъдоди сад ҳазор нусха ба табъ расонд. Ин асар китоби
китобқо буда, аз осори шоирон ва мутафаккирони форсу
тоҷик баргузида шудааст, ки сурудаҳояшон дар тӯли асрҳо ба
зарбулмасалу мақол ва тамсилу ибораҳои рехта табдил ёфта-
анд. Куҳансолтарини онҳо устод Абуабдуллохд Рӯдакӣ ва
ҷавонтаринашон Маликушшуаро Баҳор мебошанд. Таълифу
тартиби ин асар доираи хонандагони осори Муллоҷон Фози-
ловро дар Аврупои Шарқӣ ва бад-ин васила дар саросари
ҷаҳон вусъат бахшид. Танқиди илмӣ ва адабии рус ба нашри
ин асар баҳои баланд дода буд.

Мухдққиқ ибтидои солҳои ҳафтодуми асри гузашта
сеҷилдаи «Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои
тоҷикию форсӣ»-ро ба нашр омода сохт. Ин асар низ ҳамчун
китоби китобқо ва як навъ суруди сурудҳо маъруфият ёфт.
Офаридани онро фарзона Фозилов дер боз орзу дошт ва дар
ин роҳ пайваста заҳмати сангин мекашид. Ба ин кори душво-
ри пурифтихор ӯ дар замоне даст зад, ки таҷрибаи ғанӣ ва аф-

269
кору андешаи амики зиндагй дошт. Он вақт ба ӯ унвони Ар-
боби шоистаи илми Тоҷикистон (соли 1974) дода буданд. Ду
ҷилди ин сегонаи ӯ солҳои 1975 ва 1977 бо теъдоди зиёд нашр
шуда, аз аҳли илму фарҳанг баҳои арзанда гирифт.

Боре Муллоҷон Фозилов дар Маскав баъди анҷоми кор бо
роҳбарияти нашриёти «Наука» ба дидорбинии сарвари Ин-
ститута ховаршиносии Академияи илмҳои СССР, академик
Бобоҷон Гафуров рафт. Академик аз ҷой бархоста, ба пешво-
заш шитофт:

' — Хайра мақцам, Муллоҷон! Ин чй хуш рӯзе, ки қаҳрамони
ҷанги Ватаниро рӯ ба рӯям мебинам!

Фозилов дар ҳолати изтироб асобағалашро ба девор такя
дода, ба Ғафуров вохӯрии бағалкаш кард:

- Ху датой хам қаҳрамонед, Бобоҷон Ғафурович. Маҳз
Шумо барин роҳбарон аз ақибгоҳ ғалабаи халқҳоро бар фа-
шизм таъмин карданд.

- Вақти ёдоварии он ғалабаи оламшумул, пеш аз ҳама, ду
бузургвори нотакрор — Сталину Жуков пеши назар меоянд.
Шумо, иштирокдори ҷанг, инро аз ман беҳтар медонед.
Воқиан, кадом сол аз поятон маҳрум шудед?

- Моҳи марта соли 1945, вақте ки барои озодии Моравия
меҷангидем, танки ман «Т-34» ба мина бархӯрду даргирифт.
Қариб сӯхта нобуд мешудам. Намедонам чӣ хел маро аз коми
оташ кашида, ба беморхона бурдаанд. Ҷарроҳон фармуданд,
ки ҳатман як поямро буридан лозим аст.

- Эҳ, бечора! Дарвоқеъ боре ба ман гуфта будед, ки
ҳангоми разведкаҳои танкӣ чй азобу машаққат дидаед...

Пас аз ҳолпурсиҳои гарму ҷӯшон сӯҳбати ин ду тан фидо-
ии Ватан ва кашшофи илму фан авҷ гирифт. Онҳо мушкилоти
замони ҷанг, фидокориҳои сарбозон, мадади ақибгоҳ,
ҳиммати оилаҳои алоҳида ва саранҷом зафари халқҳои
шӯравиро ба хотйр оварда, ифтихор доштанд, ки дар он ҳама
маъракаҳои ватандӯстона саҳми хоссае доранд.

- Дӯсти азиз, Муллоҷон, корҳои илмие, ки шумо анҷом до-
даед, арзандаи чандин унвони докторист,- гуфт сипас
Гафуров. - Зимнан, агар бигӯем, ки шумо кайҳо докторй илм
ҳастед, ҷои муболиға нест. Ҳамон «Фарҳанги ибораҳои рёХ-

270
та»-ро барои дифои кори докторӣ пешниҳод кунед. Май
ҷонибдору хайрхоқи Шумо.

- Ба бовариатон ташаккур, Бобоҷон Ғафурович! Пекин май
ҳоло ба таълифи фарҳанги сеҷилдаи зарбулмасал ва
мақолаҳои тоҷикӣ банд ҳастам. Насиб бошад, ин корро анҷом
диҳам, баъд ба сари ин андеша меоям.

Сипае Муллоҷон Фозилов соли 1976 дар мавзӯи « Зарбул-
масал ва макдҳои китобии тоҷикии форей» рисолаи докторй
навишт. Вале бемории ногаҳонии илтиҳбби шуш олимро аз по
афтонд. Якуми июли соли 1978 ӯ дар шастучорсолагй аз дунё
гузашт. Миқрози аҷал дар айёме риштаи умрашро бурид, ки
ҷилди сеюми шоқасари «Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва
афоризмҳои тоҷикию форсй»-ро низ омодаи нашр карда, дар
хузури шогирди луғатшиносаш Аҳмадҷон Сангинов ба муди-
ри шӯъбаи нашриёти «Ирфон» Шараф Шариф супурда буд.
Баъди вафоти муаллиф шогирдони мустақими ӯ Худойдод
Ҳусейнов, Бегмурод Сиёев, Ахмадҷон Сангинов, Наримон
Абдуллоев ва дигарон борҳо ба роҳбарони нашриёт, ба раиси
Кумитаи табъу нашр ва матбуоти ҷумҳурӣ гӯшрас мекарданд,
ки барои гиромидошти рӯҳи пбки муаллиф ҳамон
фарҳангномаашро интишор намоянд. Модом ки ду ҷилди ин
сегона ба табъ расид, хонанда мунтазири ҷилди охирин аст,
исрор мекарданд онҳо. Вале ин шггимосу дархостҳо аз як
гӯши сарварон медаромаду аз дигараш мебаромад. Сари соли
1995 шогирдони Муллоҷон Фозилов пас аз ҷустуҷӯи бисёре
дастхати ин фарҳангро аз бойгонии нашриёти «Адиб» ёфтанд.
Сад афсӯс, ки баъд аз сари муаллиф асари ӯ ба гӯшаи
фаромӯшӣ афтод, солҳо аз даст ба дасти мудирону раисони
нашриётҳо гузашт, борҳо ба нақшақои чоп даромаду баромад,
вале аз кӯтохдазарии баъзеҳо рӯи чопро надид ва чангу гарди
замонаҳоро хӯрду хобид. Воқиан, боре онро ба дасти
ҳуруфчинҳои матбаа супурданд, вале пас аз як рӯз боз пас ги-
рифта, ба ҷояш китоби яке аз роҳбарони идораи табъу нашри
ҷумхуриро пешкаш карданд.

Муллоҷон Фозилов гарчи бармаҳал даргузапгт, аммо номи
некаш дар ёдҳо боқист. Шогирдони сершумор ва мухлисони
осораш ӯро чун роҳбари дурандеш ва гамхори ахди донишу

■271
фарҳанг дар хотиро доранд. Бисёр олимон солҳои панҷохуму
шастум ва ҳафтодуми асри гузашта некии падаронаи ӯро ди-
даанд. Аз муҳаққиқони илми риёзй. алҳол дотсенти Донишка-
даи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе Мирзо Ахмадов
хайрхоҳии он хирадпешаро чунин ёд меоварад: «Тирамохи
соли 1960 ман аз паи коре ба Университета Давлатии
Тоҷикисгон (ҳозира Донишгоҳи миллй) мерафтам, дар роҳ бо
устод Муллоҷон Фозилов дучор омадам, ки бо як ҳамкорашон
саргарми сӯҳбат буданд. Ман хостам салом диҳаму
бетаваққуф гузашта равам, ба сӯҳбаташон халал нарасонам.
Вале он кас маро боздоштанду мусоҳибашонро ҷавоб доданд
ва гуфтанд: «Мирзоҷон, ҳозир дар фикри он будам, ки шумо-
ро аз куҷо ёбам? Бегоҳ ба хонаам биёед. Фурсат расид, дар
бораи аспирантура ва кори илмии ояндаатон маслиҳат кунем.
Ман ба устод изҳори миннатдорй кардам. Дар соати таъйин-
шуда ба хонаашон рафтам. Фозилов он вақт сарвари Институ-
та забой ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон буданд.
Дар он сӯҳбати хусусӣ устод маслиҳат доданд, ки агар дар
соҳаи таърихи риёзиёти Шарқ қор карданӣ бошам, бояд
ҳуруфотй арабй ва бо ин забой хондану навипданро ҳатман
омӯзам. Ман’ аз рӯи фармоишй эшбн амал кардам. Ин
хоҳишамро ба рафиқ ва дӯстам Ҳасан-ал-Наққош, ки он солхо
дар ду мактаби олй аз забони арабӣ дарс медод, изҳор дош-
там. Вай ба ман иҷозат дод ба дарсҳои забони арабй, ки ба
донишҷӯён Мегуэаронд. иштирок намоям.

Ёрию дастгйрий Муллоҷон Фозилов буд, ки мисли ман би-
сёр ҷавонони он айём ба ҷодаи илму фарҳанг қадам ниҳода.
сохиби макому мартаба шаванд...»

Дар мулокоте дбнишмайди дигар Ҳамроқул Шодиқулов, ки
бо Фозилов сойҳои тулонй ҳамкорию рафоқат дошт, аз шика-
станафсию йакӯкориҳояш далёлҳои ҷолиб овард, ӯро чун па-
дархондй ҷавонони соҳибистеъдод сифат кард ва аз ҷумла
фармуд:

- Устоди зиндаёд Муллоҷон Фозилов ба истаснои он ҳама
вазифаҳой чамъиятие, ки ҳамчун олим, ходими калони илмй ба
сифата узви Шӯрои олимони Института забон ва адабиёта ба
номи Рӯдакп, узви Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию

272
тадқиқотй дар соҳаи забоншиносӣ дар ҳузури Академияи
илмҳои ҷумҳурӣ доштанд, чандин вазифаи дигари ҷамъиятиро
ҳам ба ҷо меоварданд. Яке аз он вазифаҳо роҳбарии Шӯрои
олимони ҷавони Института забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ
буд. Ин фаъолияташон дар марҳилаи ба илми филология ома-
дани наели нави ҷавонон бо фикру ақидаҳои тоза,
натиҷабардориҳои нахустин дар равияҳои нави
адабиётшиноей, забоншиноей, шевашиносӣ, омӯзиши синхро-
нии забонҳои помирӣ, шурӯь ба тадқики фолклори тоҷик бо
усули тахдили миқдорӣ ва ҳисобу китоби математикй рост
омад. Ва муаллим ҳамеша мекӯншданд мутахассисон ва
соҳибистеъдодҳои ҷавоне, ки аз Москваю Ленинград бо назари
нав меомаданд, ҷои худро дар илм ёбанду мавқеъ пайдо ку-
нанд. Барой ба ҷои кор таъмин гардондани онқо чон
мекохонанд, барои хобгохашон ва беҳбуди шароити манзила-
шон медавиданд ва аз «гиребони боло» мегирифтанд. Ёрй ба
соҳибони рисолаҳои дифоъшавандаро яке аз «вазифахои худ»
меҳисобиданд. Ба ин феҳрист ғамхорй дар ҳаққи саломатии
кормандон низ дохил мешуд. Аз дасти дардманд гирифта пеши
табибони ҳозиқ мебурданд ва то шунидани ҷавоби амиқи онҳо
аз кабулгоҳашон намерафтанд. Ҳатто, лозим ояд, ба ниёзман-
дон барои нашри рисолаашон когаз пайдо мекарданд ва аз мо-
шинканависон Дораву Зояву Исроиловаю Хрчаева хоҳиш ме-
намуданд, ки агар кори савоб карданй бошанд, бепул чоп ку-
нанд ё лоақал камтар пул гиранд. Борхо чунин воқеъ мешуд, ки
муаллим «бачаҳояшонро» аз даҳони вартаҳои балои ногаҳонӣ
кашида мегирифтанд. Ин хама кам буд магар, ки муаллим, ло-
зим шавад, пул қарз медоданд ва то худи қарздор пулро барна-
гардонад, дар ин бора ran намекушоданд. Муҳиммаш хурсанд
аз он буданд, ки ба мӯҳточе ёриашон расид.

Дар бораи парастории ҷавонон ва ғамхорй ба онҳо агар
Муллоҷон Фозиловро Боқӣ Раҳимзодаи сонй буд дар Инсти-
тути забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ бигӯем, шояд ин баҳо
кам бошад. ' 7.,Ё

Як пахдуи дигари фаъолияти чамъиятии МуллоҶон Фози-
ловро варзиш ва хосатан бозии футбол ташкил медод. Муал-
лим раиси федератсияи футболи Академияи илмҳо буданд.

273
Ҷозибаи сухани таблиғотиашон чунон зӯр буд, ки касони ба
ин бозй беҳавас ҳам ба тамошои он мерафтанд ва баъзан аз ин
тадбирҳо димоғи мухлис нағзакак месӯхт. Қиссаи ба тамошои
футбол «бурдани» академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, узви
вобастаи академия Носирҷон Маъсумӣ ва завҷаашонро як
вақти дигар накд хоҳем кард. Аммо «ташрифи» Раҳим Ҳошим
ба майдони футбол чй натиҷа дод, аҷибтар аст. Ин ҳодиса со-
ли 1964 дар бозии дастақои «Помир» (он вақт «Энергетик»
ном дошт) ва «Терек» Грозний рух дод. Дар ин бозӣ «Энерге-
тик» бо ҳисоби 4 бар 0 дастболо шуд. Хурсандии мухлисон
ҳадду канор надошт. Мухлисон инро аз пои қадами Раҳим
Ҳошим дониста, баъди анҷоми бозй эшонро ба кафи даст бар-
доштанд ва 10-12 қадам бурда, ба замин гузоштанд. Дар ин
вақт Раҳим Ҳошим суоле аз мухлисон карданд, ки кайфи
эшон парид. Чун дар замин ба пои худ карор гирифтанд, ус-
тод пурсиданд:

- Кадоми ин дастаҳо аз мо буд?

Барой мухлис аз ин зиёдтар ҳақорат шунидан мумкин нест.
Баъзеҳо тайёр буданд, ки устодро барои ин «гуноҳашон»
лагадкӯб кунанд, аммо хурмату эътибори баландашон ба ин
имкон надод...

Хулласи калом, маъюби набарди алайҳи фашистон, ноқиди
ҳикмату фарҳанг, узви вобастаи Академияи илмҳои
Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми ҷумхурӣ Муллоҷон Фози-
лов (1914-1978) гарчи умри дароз надид, вале дар ақсои до-
ниш талошҳо варзид, асарҳои гаронбахр офарид ва барои во-
рисон мероси арзишманди илмӣ гузошт. Як бозёфти эҷодии ӯ
ин буд, ки ба соҳаи камтадқиқи филологияи тоҷик даст зада,
аз ибораҳои рехта ва панду ҳикмат то фарҳанги мукам мал и
зарбулмасалу мақол силсилаи маҷмӯаҳои илмиро ба арсаи
вуҷуд овард ва дари ганҷинаи ҳикмати ниёгонро ба рӯи
имрӯзиёну фардоиён боз кард. Агар шоҳбайти зерини Шамси
Табрезиро катибаи санги мазори Фозилов қарор диҳем, бисёр
ба мақсад мувофиқ мебуд, зеро шоир гӯё аз забони ин марди
ду набард шарҳи ҳолашро гуфта, дурри маънӣ суфтааст:
Ҳосилиумрам се сухан беш нест:

Хом будам, пухта шудам, сӯхтам.

274
НАХУСТҚАҲРАМОН

Оташи ҷанги дуюми ҷаҳон забона зада, дуду ғубори он фа-
зой басо мамолики Ғарбро тира мегардонд. Германия и
фашиста баъди забти чандин мамлакат ба сӯи Шарқ роҳи
таҷовуз кушода, озодии халқҳоро поймол мекард. Охири соли
1939, вақте ки дасисабофон дар шимоли ғарбии мамлакати
Шӯроҳо финҳои сафедро ба иғво андохтанд, Иттиҳоди
Шӯравй барои таъмини бехатарии сарҳадҳои худ маҷбур шуд
ба ҷанг дарояд.

Аскарони сурх дар сармои шадид бо финҳои сафед
меҷангиданд. Соҳили Балтика бистари барфӣ ба cap кашида
буд. Дар гарданаи Карелия қисмҳои зарбазани ноҳияи низо-
мии Ленинград муқобилати сахти финҳоро шикаста, қадам ба
кадам пеш мерафтанд. Дар ин ҷо, дар гурӯҳи яке аз
баталионҳои пешгарди полки 300-уми дивизияи ҳафтуми ти-
рандоз аьлочии тайёрии ҳарбй Неъмат Қаробоев низ хизмат
мекард. Вай фармоишу супоришоти фармондеҳонро бо камо-
ли масъулият ва кордонй ба ҷо оварда, сазовори эҳтиром гар-
дида буд. Бехато тирандозии ин мергани уқобчашм
рафиқонашро қоил мекард. Ҳама ҳайрон мешуданд, ки ан-
гушти ишоратиаш каҷ асту чӣ хел ӯ ба ангушти миёна бехато
тир меандозад.

Боре вақти машқ ҳар аскар бистборй ба ҳадаф тир андохт.
Тири бисёриҳо хато рафт, аммо ягон тири Неъмат хок нахӯрд.
Фармоқцеҳ ӯро таҳсин гуфту пурсид:

- Аслан ту куҷой ҳастй?

- Тоҷикистонӣ.

- То хизмати ҳарбӣ чикора будй?

- Муҳосиби колхоз.

- Падарат чӣ?

- Деҳқони оддй, колхозчӣ.

- Тирандозиро аз кӣ омӯхтӣ?

- Машк карда, ёд шрифтам.

Фармондеҳ ба чашмони кабудранги гирою лабони ба та-
бассум моил ва симои гарми ҷавон лаҳзае нигаристу амр дод:

- Боз панҷ тири дигар андоз!

275
- Итоат!

Ҳамаи аскарони машқгоқ шоҳиди ин воқиа буданд. Неъмат
боз панҷ тир холӣ кард. Нишонро оварданд. Фармондеҳ
ҷойҳои тиррасидаро диду гуфт:

-Қодирандози ҳақиқӣ, офарин! Таҷриба модари маҳорат
аст.

Хуфиякор ва алоқачӣ таъин гардидани Неъмат бесабаб на-
буд. Вай бозувони қавӣ, шонаи паҳн ва дили бақувват дошт,
тарсу ҳаросро намедонист. Уро аввалҳо баъзе рафиқони рус
байни худ «Николай» мегуфтанд. Рӯзе ӯ аз онҳо пурсид;

- Чӣ, магар Неъмат гуфтан душвор аст?

- Душвор не. Мо аз дӯстдорй туро Николай мегӯем,- ҷавоб
дод яке ҳамсилоҳаш.

- Падару модарам номамро ба умед мондагӣ, маънояш
фаровонӣ, серию пурӣ...

Баъд аз ин ҳама боз номи аслиашро мегирифтанд...

Неъмат фармон гирифт, ки минбаъд дар сафи талоя - лаш-
кари пешгарди ҷанг амал кунад. Рӯзе пеш аз муҳориба назди
котиби бюрои комсомолй омада, аризаашро пеш гузошт. Ко-
тиб аризаро хонд: «Ман ҳоло ҷавонам, ҳаётро дӯст медорам,
бисёр мехоҳам ба ҷанг равам, қувваи худро биозмоям. Вале,
агар дар муҳорибаи барои Ватан ҳалок гардам, боке нест, зеро
барои бахту саодати халқам, барои шарафу озодй ҷон
медиҳам. Бо ҳамин мақсад мехоҳам ба сафи комсомол қабул
шавам. Мехоҳам ба ҷанг ҳамчун узви комсомол равам».

Котиби бюрои комсомолии шӯъбаи сиёсии дивизияи
ҳафтуми тирандоз дасти ӯро фушурда, билети комсомолиро
супурд ва табрик гуфт.

- Сазовори номи комсомол мечангам! - Неъмат билети
комсомолиро гирифту чашмаш ба рақами он афтод: 032342.

Вай рӯзи дигар аз аввалин имтиҳони набардгоҳ гузашт.
Тақрибан соатҳои дуй рӯз ӯро ба назди фармондеҳи баталион
даъват карданд.

- Салом, рафик командир! Ба хизмат тайёрам!

- Ба шумо супориш: зуд бо баталиони якум артибот гиред
ва фармони ситоди дивизияро расонед: барои маҳви нуқтаҳои
оташфишони душман панҷ танк ва як взводро тайёр кунанд.

276
Неъмат фармонро такрор кард.

— Зуд бошед! Дар ихтиёратон ним соат вақт.

- Итоат.

Неъмат аз заминкан берун баромаду боди сардро ҳис кард.
Дар ҳавои сард аз дуродур садоҳои тири пулемёту автоматҳо
бо гумбурроси тӯпҳо омехта, ба гӯш мерасиданд.

Масофаи байни баталионҳо аз як километр кам намеомад.
Неъмат хилъати махсус пӯшида, аз домани беша, аз байни ча-
калакзору буттазор гаваккашон роҳ пеш гирифт. Нисфи тани ӯ
дар барфи ғафс гӯтида мерафт. Медонист, ки ҳавои сард ба
одами тандуруст фонда дорад, нафаскаширо осон мекунад. Дар
китобе хонда буд, ки ҳавои сард нофеи ҳазми таом аст ва ранги
рӯро некӯӣ бахшад. Ҳоло бо чашми худ медид, ки дар сармой
шадид, дар вазъи пурхатар рӯ-рӯи барф хазидан чй душвор аст.
Охир, Неъмат дар води и гарми офтобй, ки тамоми тобистон
гармо аз чиҳил дараҷа ҳам мегузарад, ба камол расидааст. Чил-
чилупанд дараҷа сардин сахт ва барфи беканорро хондаву шу-
нида бошад ҳам, то кунун надида буд онро. Ҳоло хатарро ҳам
фаромӯш карда, ба самти батапиони якум мехазид. Дар мобайн
финҳои сафед дой гирифтаанд. Неъмат хднӯз ними роҳро на-
паймуда, аз бешаи наздик паи ҳам оташ кушоданд. Алоқачй
пеш рафту рӯ ба замин хобид. Бо дастонаш барфро ба ду тараф
тела дода, чуқуртар дой гирифт. Боз як навбат тир ба танаи
тӯсҳо расид. Чй бояд кард? Неъмат илод медуст. Ниҳоят, дас-
ташро ба қабати барф халонда, cap набардошта, ба худ роҳ ку-
шоду пеш хазид. Гоҳе сараш ба буттае бармехӯрд. Дар масо-
фаи ҳар понздаҳ-бист қадам, дар паси дарахте ё дӯнгие лаҳзае
таваққуф карда, чашмони уқобонаи тезашро ба ҳар сӯ медӯхту
боз пеш мерафт. Сардӣ ба мағз андар магзи устухонаш мера-
сид. Дасту рӯяш аз ғояти сардй карахт шуда, чизеро ҳис наме-
кард. Дар оғӯши барф чй қадар гавак кашиданашро намедо-
нист. Агар аз ҳамин имтихони сахт гузарад, пас ба донсахтиаш
шак намемонад. Баъди тамоман хаставу монда шудан cap бар-
дошту худро дар назди заминкани шинос дид. Ин баталиони
якум ба ҳисоб мерафт. Неъмат сабук нафас кашид, барфи рӯи
хилъаташро афшонд. Пандаҳои дасташро тез-тез ба хам соид,
ки хунук назанад. Сонӣ сӯи заминкан тохт. Не, дигар қувваташ

277
намонд, як километр роҳро аз қабатй барфи батанд паймуд ба
мушкилӣ. Чанд қадам дуртар аз заминкан аз по афтод.
Рафиқонаш ба ёрӣ расиданд. Онҳо ба дасту рӯи ӯ аввал барф,
сонй спирт молида, соиш доданд. Оби ширгарм нӯшониданд.
Неъмат ба худ омад.

Фармони таъҷилӣ сари вақт расид.

Роҳи бозгашт боз аз ҳамон ҷое мегузашт, ки финҳои сафед
ба сӯяш тир андохта буданд. Ин дафъа ҳам аз ҳамон ҷо садои
тир омад. Акнун аз боло тир меандохтанд. Неъмат муддате ба
атроф зеҳн монд: касе аз болои дарахт тир мекушод. Неъмат
аз паси як дарахт ба паси дарахти дигар гузашт ва ба танаи
булути ғафсе такя карда, аз ҳавои сард дароз-дароз нафас ка-
шид. Нохост аз наздикй шараққоси куланги силоҳро шунид.
Дар болои коҷ шахсеро дид, ки автоматро бо диққат ба
тирандозй омода карда, нишони гумкардаашро мечуст.
Неъмат қарор дод, ки ӯро зинда даст тирад. Дастпушакро ка-
шида, сари зону истоду душманро ба нишон гирифт. Садои
тир боло шуду фин нолаи ҷонкоҳе баровард. Неъмат уро аз
дасташ зада буд. Х,амон дам автомат афтод.

- Канй, фуро, малъун! - хитоб кард ӯ.

Фини сафед аз кисаи нимпӯстинаш граната баровард ва ба
сӯи Неъмат ҳаво дод. Граната ба барфтӯда пахдуи Неъмат аф-
тод, аммо, хушбахтона, накафид. Дигар вақти интизор шудан
набуд. Душман боз даст ба киса бурда, хост гранатаи дигарро
тираду ҳаво диҳад. Неъмат дид, ки ӯро зинда гирифтан мум-
кин нест, куланги силоҳро фишурд. Фин чун қанори пурбор аз
дарахт афтод.

Дар тамоми роҳ Неъмат нӯҳ бор ба муқобилияти
мерганхои душман дучор омад. Нӯх бор тир холй карда, уро
асир гирифтанй шуданд, аммо натавонистанд. Неъмат ҳафт
нафари онҳоро ҳадафи тир гардонда, ду нафарашонро зинда
ба баталион овард. Ба сарлашкарон ин «забонҳо» ниҳоят за-
рур буданд.

Худи хдмон рӯз взводи аскарони пиёда бо сардории
Неъмат Қаробоев ба хуҷум гузашт. Аз баталиони якум панд
танк ва як взвод сари вақг ба ёрии онҳо расид. Дар натиҷа ас-
карони сурх як ДОТ - истеҳкоми дарозмуддати оташфишонии

278
финҳои сафедро ишғол карданд. Роҳ барои ҳаракати ситтоҳ
кушода шуд.

Овозаи корнамоии Неъмат дар полк паҳн гардид.
Ҷанговарон аз ҷасорату шуҷоати ӯ ҳарф мезаданд.
Фармондеҳи полк ӯро пеши саф бароварда, таҳсиннома дод.

Боре дар як минтақаи ҷанг кори душман барор шрифт.
Лижатозони финҳои сафед ба ҳуҷуми ногаҳонӣ гузашта,
мавқеи мувофик ишғол карданд. Барои амалиёти якҷояи полк
бо қисмҳои ҳамшафат, ки душман пеши роҳи онҳоро шрифта
буд, ҳатман робита барқарор кардан лозим меомад. Вале кӣ
бояд роҳи алоқаро кушояд? Боз Неъмат Қаробоевро назди
фармондеқи баталион хонданд. Вай ҷавони табиатан шердилу
бебок ва чусту чолок буд. Ба ин хислатҳои ӯ такя карда, гуф-
танд, ки пешравии дивизия ба ӯ вобаста аст.

Барои Ыеъмат боз як роҳи пурхатар дар пеш буд. Аз қариби
мавқеи душман зери борони тиру гулӯла хазида гузаштан ло-
зим меомад. Неъмат аз байни танку тӯпҳои сӯхта рӯ-рӯи барф
гаваккашон мерафт. Нимпӯ стану телпаки сафед ва
намадмӯзааш аз ранги барф фарқ надоштанд.Вай нисфи роҳро
паймуда, ба ҷои ниҳоят пурхатар наздик шуд. Боз тақрибан
сй-чил қадам рафта, дар пеш панд тан финро дид, ки мавқеъро
дидбонй мекарданд. Аскар ба саросемагй роҳ над ода, боз
камтар пеш рафту якбора нимхез шуда, паи қам ду граната
партофт ва худ ба замин парӯ хобид.Таркйш. Аз дидбонҳо ка-
се зинда намонд.

Неъмат ба қисми ҳамшафат расида, ин дафъа ҳам супо-
ришро ба до овард. Боз чанд бор ба хуфиякорй рафта, «забои»
овард. Лашкариён ӯро баъзан ҳангоми кашонидани моддаҳои
тарканда, баъзан вақти ба захмдорон ёрии таъҷилӣ расондан
ва иваз кардани до пеш-пеши саф медиданд. Вайро «қосиди
ҳарбӣ» меномиданд, зеро ба сифати алоқачй ба кисмҳо хабар
бурда, хабар меовард. Супоришҳои фармондеҳро ба пешданг
мерасонд. Ин корро ҳамеша дар зери борони тар адо мекард.
Неъмат калтакалосҳои чобук ва ҳилагареро, ки одатан оҳиста
ва беовоз рӯ-рӯи девори ҳавлиашон хазида, магасу парвона ба
дом меафтонданд, ба хотир меовард ва аз байни саҳрову чака-
лакзори барфпӯш эҳтаёткорона гузашта, дар ҳақиқат худро

279
чун ҳамон калтакалос мепиндошт. У аз тир «руст» туда, аз
ҷое ба ҷое хазида мерафт, аз байни гулӯлаҳои тарканда ҳам
дар рӯзхои пурабру тумани ғафс, хам дар шабҳои торик роҳи
наздику дурустро ёфта метавонист. Вақте ки рӯ-рӯи барф ме-
хазид, бештар фикр мекард, ки сарбоз бояд чй хел зираку
хушёр ва чолок бошад.

Боре Неъмат Қарббоев ба постгохи бехдошт омада, хохдш
кард, ки ба ӯ захмбандиро ёд диҳанд.

- Ин ба ту чй даркор? - пурсид табиб.

- Вақтҳои аз пешгоҳи ҷанг пасгаштан маҷрӯҳонро меби-
нам, ки мӯҳтоҷи ёрианд. Мехохам захмашонро баста, дарда-
шонро сабук гардонам.

- Хуб мекунй,- гуфт табиб. - Бояд хар як ҷанговар ёрии
тиббй расовда тавонад, ҷароҳатбандиро донад...

Ҳангоми ҳуҷумҳои қатъй ба Виборг низ Неъмат аз ҷумлаи
аввалинхо ба шахр даромад ва то аз душман озод кардани он
ҷангид.

... Оғози мохи марти соли 1940. Барфу ях андак тунук ту-
да бошад ҳам, ҳанӯз дами сармо нагашта буд. Акнун на танҳо
танкҳо, балки минаковхо низ пеш гузашта, ДОТ ва ДЗОТ-хои
финҳои сафедро метарконданд ва рох мекушоданд. Вахте ки
чанд истеҳкоми душманро тарконда, хатти якумро ба ақиб
гузоштанд, аз хатхои минбаъда гузаштан душвор гардид. Ас-
карони сурх бо хучуми паёпай садди асосии финҳо - хатти
Маннергеймро хам ба даст дароварданд. Дар болотари хатги
Маннергейм обанбори азиме воқеъ буд. Хуфия хабар овард,
ки финҳо ин обанборро тарконда, ҳамаро зери об монондани-
анд. Амр доданд, ки обанборро ишғол кунанд. Танкчиён ба
хучум гузаштанд. Душман дасту по хӯрда, фурсати тарконда-
ни минаҳояшро наёфт. Оқибат лашкари финҳои сафед, ки им-
периалистони ҷаҳон мададгораш буданд, маҷбур шуд ба гуф-
тушуниди оташбас гардан фарорад...

Дувоздахуми марти соли 1940 дар Москва шартномаи сулх
ба имзо расида, задухӯрди мусаллаҳона хотима ёфт ва сулху
оштй ба вуқӯъ пайваст. Бо ҳамин бадқасдихо барбод рафта,
оташи мухорибаҳо дар тар данаи Карелия хомӯш гар-

280
дид.Неъмат аз шоди ин байта Саъдии Шерозиро замзама ме-
кард:

На дониш бошад он касро, на фарҳанг, -?; т

Ки вацти оштй пеги оварад цанг.

Бисту якуми марта соли 1940 гурӯҳи аскарони сурх ва
фармондеҳон барои мардонагие, ки дар ҷанги алайҳи финҳои
сафед нишон додаанд, ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди
Шӯравӣ сарфароз гардиданд, ки Неъмат Қаробоев ҳам дар
байни онҳо буд.

* * *

Соли 1942 Мамлакати Шӯро душвортарин рӯзҳоро аз cap
мегузаронд. Лашкари фашиста дар масофаи сад-дусад кило-
метры Москва дар камин меистод. Ленинград дар муҳосира.
Дар доманаҳои кӯхдстони Қафкози Шимолй душман барои
забти нафти Боку мешитофт. Ахди олам бузурггарин
муҳорибаи назди Сталинградро мушоҳида мекарданд. Лашка-
ри сершумори фашистон барои муҳофизони ин шаҳрро дар
даре ғарқ кунондан сӯи Волга метохт.

Рафти воқиаҳои майдони муҳориба Лашкари Сурхро барои
минбаъд ҳам пеш гирифтани рохи муҳофизати стратеги
маҷбур месохт. Дар ситоди Фармондеқии Олй дар Москва
тартиб додани нақшаи хуҷуми ҷавобиро меандешиданд. Дар
ҷангҳо барои Сталинград урдуи 330 ҳазорнафараи фашистиро
муҳосира ва маҳв гардондан лозим меомад. Нақшаи ҳуҷуми
ҷавобӣ дар назди Сталинград ба таҳлили амиқу равшан,
баҳодиқӣ ба вазъият, бехато муайян кар дани фурсати боздош-
ти хучуми фашистон ва пухта расидани қувваҳо барои зарбаи
зарурии ҳалокатовар задан ба душман асос меёфт. Дар
муҳорибаи шадиди Волгаю Дон лашкари шӯравй дар техни-
каю аслиҳа аз душман бартарй надошт...

Мавқеи душманро рахна кардан лозим меомад. Дар як рӯзи
моҳи тамуз (июл) Неъматро ба назди фармондеҳи нав хон-
данд. Ба қабули фармондеҳ ҷавонмарде ҳозир шуд, ки дар са-
ри синааш Ситораи Тилло медурахшид. Сару тан бо кулоху
либоси аскарй муҷаҳҳаз дошт, ки ба қомати расой ӯ мезебид.
Дар бари рӯи чапаш хол дошт. Фармондеҳ бо ӯ шинос шуд ва

281
пеш аз он ки аз рафти тайёрй ба ҳуҷуми навбатй ran занад, ба
рӯяш зеҳн монду пурсид:

- Дар хурдсолй ҷанғара будед?

- Не. Чй буд? - Неъмат ҳайрон шуд.

- Дар рӯятон рахи ҷароҳат боқй мондааст.

- Ҳа, ин як қисса дорад.

-Шунавем?

- Бачагию беақлй-дия,- нимтабассум намуд Неъмат. - Боре
гурбаеро, ки хурмаи ширро олонда буд, дошла аз бом
партофтанй шудам. Аз дастам раҳоӣ меёбам гуфта, ногоҳ но-
хунаш ба рӯям расид. Ҳамин тавр, ин аз ҳамон гурба «ёдгорй»
монд.

Ҳар ду хандиданд.

- Хайр, рафиқ Қаробоев, ин гапҳо бо роҳи худашу максади
шуморо даъват карданам дигар,- гуфт фармондеҳ. - Медонед,
ки ман дар полки шумо одами нав ҳастам. Ҷанговаронро аз
наздик намешиносам. Маро бо супориши махсус ин до фири-
стоданд. Имрӯз ё фардо барои аз Дон гузашта, рахна кардани
хатти ҷабҳаи душман фармон мешавад.Барои аз дарё гузаш-
тан вазифаи мухимеро ба до овардан даркор...

Фармондеҳ вазифаро фаҳмонда, ба таъкид овард:

- Коратон мушкил ва нозук аст, ҳушёрона амал кунед. Ба
иҷрояш бовар доред?

- Дорам.

- Бале, боварй дар ҷанг ними зафар аст. Равед. Барори кор
мехохам.

Неъмат аз паи иҷрои фармон шуд.

Рӯзона оташкушоӣ ҳеҷ хомӯш намегашт. Тир чун борони
сел меборид. Оташи автомату пулемётҳо ва тӯпҳо cap бар-
доштан намемонд. Дар хандақ дуқад шуда, pox гаштан лозим
меомад. Аз ҳамаи нуқтаҳои оташфишон баробар тир меандох-
танд. Аз шинелу тоскулоҳ хӯса сохла, онро боло бардошта,
ду-се қадам роҳ гардед, дар як он тоскулоҳ чаппа шуда меаф-
тид. Чанд бор Неъмат обдонашро ба найзаи туфанг овехта, аз
хандақ боло бардошт, ки он шакли ғалберро гирифт. Аз чунин
минтақаи пуроташ роҳ кушода, ба мавкеи гйтлерчиён рох ёф-
тан зарурат дошл.

282
Қариби бегоҳ дами оташфишонӣ гашт. Ҳамин ки пардаи
сиёқии шаб ҳама ҷоро фаро гирифт, чаҳор тан ҷанговар аз
хандак ба хандақ хазида, рӯ ба сӯи минтақае рафтанд, ки аз он
ҷо ба мавқеи душман ҳамла кардан мувофик меомад. Онҳо
наздики саҳар баргаштанд.Шаби дигар боз ҳамин хел «ғайб»
заданд. Танҳо баъзеҳо медонистанд, ки дар ин шабҳои торик
Неъмат ва рафиқонаш капсули минаҳои душманро чида, ба-
рон убур аз Дон гузаргоҳ тайёр мекунанд. Иҷрои ин кор басе
хатар дошт ва дар сурати андак ноэҳтиётӣ метавонист боиси
талафоти гароне гардад.

Фашистон низ дар соҳили Дон бо танку тӯпқои беадад ба
хуҷуми навбатӣ тайёрӣ медиданд. Онҳо бо зарбаҳои ногаҳонй
соҳили ростро ба даст дароварда, ин дафъа ба сӯи Сталинград
лашкар кашиданй буданд. Дар чунин вазъият ба сарбозони мо
зарур буд, ки на танҳо мавқеи худро нигоҳ доранд, балки ба
хуҷуми ҷавобӣ гузашта, дар ҳар вазъу ҳоли ногувор садди
роқи душман шаванд.

Саҳари рӯзи дигар фармон шуд, ки қувваҳои дар соҳили
рости Дон ҷамъшудаи шӯравӣ пеш аз қамлаи гитлерчиён ба
хуҷум гузаранд. Тамоми захираҳоро ба кор андохтанд.

- Бародарон, қамватанон, барои Ватан ба пеш!

Аввал ҳавопаймоқо паст-паст парида, мавқеи душманро
беист бомбаборон карданд ва пае навбати тӯпҳо расид.
Танкҳои азамат ба оташкушоӣ cap қарданд. Бо мадади
ҳавопаймоҳо ва тӯпчиён аскарони пиёда ба хучум бархостанд.
Саф-саф заврақҳо ба рӯи дарё фуромада, ба соҳили муқобил
ҳаракат карданд. Заврақи Неъмат ҳам дар сафи пеш мерафт.
Душман дар чавоби тӯфони оташи сипоҳони мо саф-саф тайё-
ра ва танку тӯпҳояшро ба кор андохт. Замину замон ба ларза
даромад. Боз танаи коҷу санавбарҳо захмин шуд, лонаи
мурғони беша сӯхт. Заврақҳо зери дуду оташ монданд. Рӯи об
лолагун. Таркиш аз паи таркиш. Пораҳои оҳан мепариданд.
Дар замин танкҳо, дар осмон тайёраҳо аз зарбаи тири
силоххои гуногун оташ мегирифтанд. Дуди тези борут чаш-
мро ба сӯзиш медаровард. Наҳанги ҷанг саф-саф сарбозонро
ба коми худ мекашид.

Дони ором он рӯз меҷӯшид. Банохост фавворақои сутун-

283
монанди об заврақи Неъматро чаппагардон карда, як сӯ ҳаво
доду худи ӯро сӯи дигар. Неъмат туфангро боло бардошта,
якдаста шино мекард. Як манзараи филми «Чапаев» чун барк
тез аз фазой хотираш гузашт (Чапаев вақти аз рӯди Урал гу-
заштан ғарқ гардид), дар сатҳи даре доираҳои обй ва хубобҳо
пайдо шуданд... Мана, ҳоло Неъмат ҳам аз даре мегузашт, ки
ҷароҳат бардошт. Тири душман ба сари синаи ӯ расид. Вай
печутобе хӯрда, даст ба сари сина бурд. Як ба об ғӯтиду ту-
фангаш ба қаъри дарё рафт. Эҳ, тири ҷоншикоф! Ин чй
даҳшате! Дар як лаҳза хун ба рӯи даре давид...

Дар ҳамин набарди шадид, моҳи тамузи соли 1942 ҳангоми
убур аз дарёи Дон диле, ки моломол аз эҳсосоти наҷиб, моло-
мол аз муҳаббати зиндагй буд, ки акнун бистуҳафтумин
баҳори умрашро медид, ба қаъри даре рафт. Вай имони комил
дошт, ки ҳамсилоҳонаш душманро на танҳо аз хоки ин сарза-
мин меронанд, балки то лонааш таъқиб ва саркӯб хоҳанд кард.

...Ихлосу эътиқоди мардум ба шермардон интиҳо надорад.
Ба бисер ҷодаву хиёбон, мактаб, колхозу совхоз номи
нйхустқаҳрамони Осиёи Марказй Неъмат Қаробоевро дода-
анд.

ВАҚТЕ КИ «ШОҲПАЛАНГ» МЕСӮХТ

Эргаш баракси одати ҳаррӯза аз кор барвақт ба хона бар-
гашт. Дар чашмаш осори гиря дида мешуд.

- Чй ran? Чй шуд? - хавотиромез пурсид модараш
Иқлимбибй.

Эргаш cap ба китфи модар монда, вокиаро гуфт.
Иқлимбибй аз Ғанибой хати сиёҳ гирифтани писарашро дони-
ста, овоз андохту гирист. Навҳаю нолаи ӯро шунида,
ҳамсояҳо чамъ омаданд. Дар як дам ҳавлӣ азодор шуд.

Бегоҳи рӯзи се Эргаш ба падару модар гуфт:

- Худро даст гиред, ин ҷанги лаънатӣ фақат ба сари мо
бадбахтй наовардааст... Ман имрӯз дар комиссариата ҳарбӣ
будам, ҷавонҳо, ҳатто духтарон ҳам ариза дода, ихтиёрй ба
ҷанг мераванд. Дигар дар деҳа мондани ман айб.

- Чй? Яъне ту ҳам...

284
- Бас аст! Дигар тоқат надорам, фотиҳа диҳед, меравам,
барои додарам Ғанибой қасос мегирам.

Эргаш, ки ҷавони навраси ҳассосе буд, ваҳшигариҳои фа-
шистонро шунида, хунаш ба ҷӯш меомад. Ӯ нақшаи ба ҷанг
рафтанро андешида, сари ҳар ran «Ватан дар хатар аст...» ме-
гуфт. Хоқиши ӯ падару модарро дар фикру андеша андохт.
Оқибат онҳо диданд, ки писарашон аз раъяш намегардад,
розигй доданд.

- Хайр, рав, писарам,- гуфт падараш,- модом ки хама раф-
танд, ту ҳам дар қаторашон бош.

Эргаш пештар ҳам ду бор ариза дода буд, ки ӯро ба ҷабҳа
фиристанд. Вале бенатиҷа. Куҳансолии падару модарашро ба
назар гирифта, ӯро даъват намекарданд. Вай дафъаи сеюм
ариза навишта, ба комиссариати ҳарбӣ омад ва бо қатъият та-
лаб кард:

- Хохлшмандам маро ба ҷанг фиристед.

- Ақибгоҳ ҳам ҷабҳа аст,- гуфт комиссари ҳарбӣ,- ҳоло
кор карда гард, вақгаш расад, туро ҳам мефиристем.

- Ҳар дафъа ran ҳамин!..

- Бале, ran хамин, писар,- бо мулоҳиза гуфт комиссар ва
афзуд. - Дирӯзакак додарат ба ҷанг рафта буд, ту ҳам равй,
падару модари пиронсолат дасттанҳо мемонанд...

- Дасттанҳоӣ намекашанд, ҳар ду додаракам ба қад расида-
анд, дастёрӣ мекунанд. Илтимос, хохишамро ба ҷо оваред.

Комиссари ҳарбй бо Эргаш хеле ҷиддӣ гуфтугӯ кард, вале
натиҷае набахшид. Маҷбур шуд, ки ин дафъа талаби ӯро
қонеъ гардонад.

Баъди чанд рӯз ӯро падару модар, хешу ақрабо ва ёру
ҷӯрахояш ба ҷабҳа гуселонданд.

- Писарам, эҳтиёт шав,- гуфт модар ҳангоми ӯро гуселон-
дан ва сару рӯяшро бӯсиду дуо кард,- сиҳат раву саломат биё!
Сарат аз санг шавад! Илоҳо хонаи душман сӯзад!

Эргаш ба ҳифзи Ватан рафт.

* * *

Охири декабри соли 1943. Дар Минусинск, дар дуродури
Сибир зимистони қаҳратун ҳукм меронд. Шамоли сахти

285
тоқатшикан чун сӯзан ба дасту рӯй мехалид. Сардй аз чил
дараҷа ҳам зиёд буд. Нурҳои офтоби зимистон дар рӯи барфи
нукравор дурахшида, чашмро мебурд.

Дар яке аз ҳамин гуна рӯзҳои сармо, ки атрофро чодари
сафеди барф пӯшида буд, дар машқгоҳ кори ҷанговарон
мечӯшид. Диққати командирро дар байни аскарон бештар
ҷавонмарди гандумгуни чашму абрӯсиёҳ, ки машкро
моҳирона ба иҷро расонда, аз рафиқонаш фарқ мекард, ба худ
мекашид. Ин ҷавонмард Эргаш Шарифов буд, ки баъди хатми
курси таълимии полки 26-уми шаҳри Минусинск бо рутбаи
лейтенанта хурд дар полки тӯпандози 387 вазифаи ҳарбиро ба
ҷо меовард. Вай машқҳоро нағз иҷро карда, командирро шод
мегардонд. Аз тӯпи панҷохуҳафтмиллиметраи зиддитанкй хе-
ле хуб тир паронда, ҳамеша ҷои аввалро мегирифт.

Дар масофаи сад-дусад метр дуртар аз тӯп мехсутунҳое
меистоданд, ки нуқтаҳои нишонгирӣ ҳисоб меёфтанд. Аска-
рон дар таҳти назорати фармондеҳ асбоби. зовиясанҷи
тӯпҳоро ба кор андохта, сутунмехҳоро ба нишон гирифта, та-
моми рӯз машқ мегузаронданд.

- Мана бинед,- мегуфт фармондеҳ ба тӯпчиён,- ҳозир Эр-
гаш ба ҳӯ ҳамон «танки» дар мобайн истодаи душман оташ
мекушояд. Отащ!

Ин дафъа ҳам тири Эргаш ба ҳадаф расид. Монанди
ҳаррӯза сутунмехи ғафсро зада афтонд ва боз тахсин шунид.
Шавқаш дуболо шуд, чунон ки шавқи сайёд баъди шикори
бобарор. . £ ; , .

Эргаш дар машқҳо пухта шуд, обутоб ёфт ва ба зимистони
қаҳратуни Сибир одат кард. Вай, ки дилдодаи манзараҳои зе-
бои табиат буд, ба ҳусни бешазорони пурбарфи рус мафтун
мешуд. TSK

Ба Эргаш ва рафиқи ӯ лейтенанти хурд Вячеслав Михайло-
вич Палюдов барои макшқҳоро аъло иҷро карданашон як рӯз
истироҳат доданд.

- Эргаш, зуд лижаро гир, рафтем,- гуфт Вячеслав.

- Куҷо меравем?

- Ба тамошои тӯсзор. Зуд бош!

- Оқибат ба ваъда вафо мекардй-дия.

286
- Бале.

Эргаш мӯзаи намадинро пӯшиду лижаро гирифта,
хушхдлона гуфт:

- Ман тайёр!

Ҳар ду ба беша рафтанд. Барф ба зону мерасид. Эргаш дар
роҳ вақти аз дарёчаи яхбаста гузаштан лаҳзае нишаста, ба ни-
зе гӯш андохт. Вячеслав пурсид:

- Чиро гӯш мекунй?

- Мешунавй,- гуфт Эргаш,- шилдирроси оби зери ях чй
хел форам?

Вячеслав низ хам шуду ба ҷараёни об гӯш дод.

- Оҳангҳои шӯрангези кӯхдстони моро ба ёдам овард,-
гуфт Эргаш ва як оҳ кашид.

Онҳо боз рохашонро давом доданд. Дар рӯи барфи тоза изи
пои харгӯшро диданд. Вақте ки боз андак пеш рафтанд, аз сари
рорҳашон ногаҳ харгӯше баромада, ба сӯи беша гурехт. Вяче-
слав фарёде зад. Харгӯш бо ниҳояти суръат Давида, дар як на-
фас аз чашм пинҳон шуд. Дар чеҳраи аз таъсири сармо сурх-
шудаи Эргаш ва Вячеслав осори хушнудй хувайдо гардид.

Беша. Чй манзараи мафтунгаре дорад тӯсзори либоси барфй
дар бар! Садҳо дарахти сафедтанаи зебо мавзун қад кашидаанд,
осмон гӯё аз сари онҳо бо ғалбер барф бехта буд. Шохаҳои
тӯсҳои пир аз вазни барф хамида буданд. Дар беша чу нон
хомӯшие хукмфармо буд, ки садои пасти аз шохаҳо рехтани
барф ҳам баланд менамуд. Эргаш ин хел бешаи фарохдоманро
бори аввал медид. Чашму дилаш аз тамошои он сер намешуд.
«Ала бешаю мана беша,- мегуфт ӯ,- чй ҳавои. тозае!»

- Дар Тоҷикистон ҳам беша ҳаст? - пурсид Вячеслав.

- Албатта, ҳаст,- гуфт Эргаш,- аммо ин хел не. Дар дома-
наи кӯҳҳои осмонбӯси мо бешаҳои хурди коду санавбар ва
арчаю чанор ҳаст. Эҳ дӯстам, Вячеслав, наваду се фоизи диё-
ри ман кӯхистон аст. Тоҷикистон бо богу майдонҳои пурбору
чашмаю рӯдҳои кӯхй шӯҳрат дорад. Ангуру анорҳои щахдбор
дар диёри ман аст, себу нокҳои ҳамранги рухсораи духтарон
дар диёри ман мерӯянд. Ин ҳама аз фаровонии нури офтоб
аст. Бесабаб диёри маро Тоҷикисгони офтобӣ намегӯянд. Дар
заминҳои домани кӯҳҳои мо пахтай аълосифат мерӯяд, ки

287
мардум онро «тиллои сафед» меноманд. Ин ҳам аз шарофати
иқлими гарми мост. Аммо зодгоҳи ман Конибодом бо
навъҳои зардолуи худ машҳур аст. Чунон зардолуҳое ҳастанд.
ки аз асал ҳам ширинтар.

- Ман зардолу ва шарбати онро хӯрдаам, аммо намедонам,
ки дарахташ чй хел бошад?

- Тасаввур кун, ки садҳо бех дарахти хурду калон ба чор
тараф шоха рондаанд. Шохаҳо аз серборй ба замин хамида-
анд. Онҳо чунон мӯл ҳосил мебанданд, ки деҳқонҳо пеш аз
пухтани зардолу зери шохаҳо поя мегузоранд, то нашикананд.
Кас аз тамошои зардолуҳои тилоранг, ки дар зери баргҳои
сабз назаррабоӣ мекунанд, завқ мебарад. Ҷанг, ки тамом шуд,
ба шаҳри ман биё, ҳамаашро нишон медиҳам, бо чашми худ
мебинй. Оҳ, агар ту як бор Тоҷикистонро медидй, мефаҳмидй,
ки ман барои чй ин қадар фашистҳои малъунро бад мебинам.

- Мефаҳмам, бародар, мефаҳмам, - гуфт Вячеслав. - Хон-
даам ва шунидаам, ки кишвари ту чй гуна зебост. Аслан кй
зодгоҳашро дӯст намедорад?! Ба ман ҳам ин бешаҳо, ин
тӯсҳои зёбо, ин дарёчаҳои оромтабиат мисли он ки ту богу
майдонҳои диёратро дӯет медорй, азизанд. Фашистҳо чй
кадар бешаҳои моро сӯзонда, хароб карданд. Онҳо аз бешаҳои
мо меҳаросанд, бешаро бинанд, бим аз ҳуҷуми партизанҳо
мекунанд. Фардо дар роҳҳои ҷанг тӯсҳои маҷрӯҳро мебинем,
ки танаю шохаҳояшон сӯхта сиёҳ шудаанд. Мо барои он
тӯсҳои захмдор ҳам интиқом мегирем.

Эргаш ва Вячеслав дар беша хуб саёҳат карданд. Ин охи-
рин истироҳати онҳо буд пеш аз ҳарбу зарб. Вакти аз беша
баргаштан ҳар ду қам лаҳзае ба фазо нигариста монданд: аз
болои cap селаи зоғони ало мегузашт.

Субҳи дигар фармондеҳи полк, подполковники гвардия
Муравёв.амр дод, ки тӯпчиён саф кашанд.

-Рафиқон, тайёрии мо ба охир расид, шумо аз машқҳо нагз
гузаштед,- гуфт ӯ. - Акнун вақти ба ҷанг даромадани мо ра-
сид. Имрӯз тиру тӯп, мошинҳои тӯпкаш ва дигар лавозимоти
ҳарбиро ба ихтиёри шумо месупорам ва бовар мекунам, ки
бар зидди душман диловарона меҷангед. Душманро як бар
даҳ мекӯбем!

288
Аз қиёфаи тӯпчиён зоҳир буд, ки ҳар яке фардо то метаво-
над дущманро бештар мекӯбанд ва пешрафти ҷабҳаро таъмин
мекунанд.

Эргаш ба остонаи ҳаёти ҷангӣ қадам ниҳод.

* * *

Саҳарӣ ҳайати Эргаш Шарифов аз беша баромада, дуртар
аз роҳе дар буттазори сари теппа барои оташфишонй мавқеи
мувофиқе ишғол кард. Аз куҷое садои тир ба гӯш мерасид.
Эргаш бо дурбин атрофро аз назар гузаронд. Дид, ки аз дур як
танк ва аз пасаш се мошини пурбор меояд. Аз афташ,
фашистҳо ба хатти пеши ҷанг лавозимоти ҳарбӣ фиристоданӣ
шуда, роҳгум задаанд. Эргаш тӯпро дар буттазор хеле устоко-
рона аз чашми душман пинҳон карду дар даст граната омодаи
ҳуҷум истод. Танк ба мошинҳои пурбор роҳбаладӣ карда ме-
омад. Онҳо хеле наздик омаданд. Баногоҳ тӯпи Эргаш оташ
кушод. Ду граната ба зери тасмачархи танк афтода таркид ва
танк истод. Ронандаҳои мошинҳо худро аз кабина берун зада,
автоматҳоро кор фармуданй буданд, ки ҳадафи тирҳои аска-
рони сурх шуданд. Танкчии фашист сарпӯши танкро кушод.

- Напаронед! - фармон дод Эргаш.

Фашист аз танк берун омад, аз паи ӯ боз ду тани дигар дас-
ти таслим бардошта баромаданд. Эргаш дар даст граната на-
зди онҳо рафт. Чашми фашистҳо аз косахонааш баромад.

- Ҳа, фритсҳо, роҳатонро гум кардед?! - гуфт Эргаш.

- Гитлер капут! - мегуфтанд онҳо ҳаросон.

Эргаш бо ишораи даст ҳамсилоҳонашро ҷеғ зад. Се-чор кас
аз сари теппа фуромада, чодари болои мошинҳоро бардошта
диданд. Ҳар сеи мошин аз озуқаю хӯрокворӣ пур буд.

Танкчиёни фашистро ба ситоди полк оварданд.
Фармондеҳи полк Муравёв ба афту андоми онҳо хеле чашм
давонд ва аз аскаре гтурсид:

- Инҳоро кй дошт?

- Ҳайати Эргаш Шарифов. пь т

- Канй, худи Эргаш? м /С(мп

- Он до, дар назди мошинҳо... jrj.*

2S9
Баъди он ки аскар воқеаро батафсил нақл кард, фармондеҳ
ба мошин нишаст. Мошин аз якчанд пастхамию ҳамворӣ гу-
зашта, ба роҳи сангфарше расид ва баъди ним соат ба ҷои
воқеа омад.

Эргаш даст ба чакка бурда, ба фармондеҳ муроҷиат кард:

- Се мошин озука ғанимат гирифтем, чордаҳ фашистро но-
буд кардем, се нафар асир афтод. Талафе надодем!

Командир дасти Эргашро фишурда гуфт:

- Офарин! Ту имрӯз ба полк хизмати бузурге кардй.
«Забонҳо» бояд бисер сирҳоро донанд.

Баъди ин воқиа овозаи ҳайати Эргаш Шарифов дар полк
паҳн шуд.

* * *

Пас аз ҷангҳои шадид дамгирии кӯтоҳмуддат доданд. Ҳар
кас ба коре машгул буд: яке риш мегирифт, дигаре сӯзану
ришта дар даст тугма мешинонд, сеюмй болои шинел якпахлу
зада, мактуб менавишт. Эргаш рӯи кундае нишаста, мактуби
аз хонаашон омадаро мехонд. Додараш Деҳқонбой пас аз ха-
бари саломатии ахди оила навишта буд: «Ҳозир дар ҷойҳои
мо баҳор. Зардолу гул кард. Богу майдонҳо пур аз бӯи пуди-
наю шукуфа. Модарам ҳар гоҳ ки санбӯса ё тушбераи алафин
пазанд, шуморо ёд мекунанд. Ако, аз падару модар хавотир
нашавед, дуои ҷонатонро карда гашгаанд. Ҳа, дар воқеъ ба
қарибй хешу таборҳо сари маслиҳат омаданд, ки ҳамин баҳор
ба акоям Ғанибой сафедпӯшон кунем. Дигар навигарие нест.
Хоҳони саломатии шумо додаратон Деҳқонбой».

Эргаш мактубро чорқат карда, ба кисса андохт. Дар пахдуи
ӯ ду-се нафар ҷангозар ба когаз тамоку печонда, дуд меку-
нонданду бо ҷӯшу хурӯш аз хусуси далерию шудоат мунозира
доштанд. Яке мегуфт:

- Қаҳрамонӣ на он аст, ки манманй карда, биҷаҳию ба пеш
бароию ҳадаф гардй ба тири душман. Ба фикрам, қаҳрамонй
он аст, ки дар вазъияти душвору мураккаб истодагй ва мато-
нат нишон дода, роқи ба мақсад мувофиқи ҷангиданро ёбию
пирӯзӣ ба даст оварй бар душман.

Эргаш ба баҳси рафиқонаш ҳамроҳ шуда, байте хонд:

290
Агар тарой аз хатар,

Макун орзуи зафар!

Баъд онро ба русй маънидод карду гуфт:

- Ҳолӣ ин фритсҳои лаънатиро чунон занему хоку туроб
кунем, ки...

Ҳама ба ӯ бо ишораи тасдиқ нигариста, гуё мегуфтанд:
«Оре, душманро мекӯбем!»

В акте ки Эргаш ба паси тӯп гузашт, ҷанговар Митрофанов
назди ӯ омада, арзи муддао кард:

- Бародар, аз ту як илтимос.

-Хӯш?

- Ба наздикй байни ману роҳбари сиёсй гуфтугуи ҷиддие

сурат шрифт. Вақти ба сафи ҳизб дохил шудани ман расида-
ает. Як тавсияномаро худи ӯ медиҳад. Чй мешуд, ки ту ҳам
тавсия медодй? ': ; ! ‘ Г

- Бо ҷону дил,— гуфт Эргаш. — Кайҳо бояд ин корро
мекардй. Пасфардо маҷлиси ҳизбии полк дойр мегардад. Ман,
чун узви садорат ба номзадии ту тарафдорам.

Дар ин вақт қисмҳои Артиши Сурх Руминия ва Венгрияро
аз фашистон озод мекарданд. Ҷанговарони полке, ки дар он
Эргаш Шарифов хизмат донгг, ба хоки Чехословакия дохил
мешуданд. Мардуми ин диёр аскарони шӯравиро, чун дӯстони
начотбахши худ пешвоз мегирифтанд ва ҳамроҳи онҳо
меҷангиданд. Муҳориба торафт шиддат меёфт. Ҳар ваҷаб за-
минро бо ҷангҳои хунин озод мекарданд. Гитлерчиён шаҳру
деҳоти ин сарзаминро берақмона хароб карда, мардумро азоб
медоданд. Гитлер чехҳоро «хукҳои славянӣ» меномид ва дар
ҳаққи онҳо ҳар ҷабру ҷафоро раво медид. Вай ба лашкари
ғоратгараш фармон дода буд, ки бо зӯри тегу оташ чехҳоро
кор фармуда, боигарии ватани онҳоро ба худ баранд.

Инак, муҳорибаи шадид дар Банска-Бистритса. Ҳайати Эр-
гаш Шарифов чун аз аввалинҳо ба шаҳр даромад ва ба
пиёдагардҳо роҳ кушод. Аммо дар шаҳр, дар ин маркази ви-
лояти Словакияи Миёна задухӯрди беамоне ба вуқӯъ пайваст.
Аз мили автомату пулемёт ва тӯпу катющаҳо пайваста оташ
меборид. Аскарони шӯравӣ гитлерчиёни рӯ ба фирор овардаро
таъқиб карда, фурсати нафасросткунӣ намедоданд. Фашиетҳо,

г,391
гарчи ақибнишинӣ мекарданд, вале баъзан ба ҳуҷуми ҷавобӣ
мегузаштанд. Онҳо хусусан бисту якум ва бисту дуюми асрели
соли 1945 дар самти шимолу ғарби деҳаи Страни то охирин
қувваи худ ба аскарони шӯравй мукобилат нишон доданд.
Тайёраҳои бомбаандози онҳо ба сари мардум борҳои марговар
партофта, дар дили аҳолӣ вақму ҳарос меандохтанд.

Осмон пур аз дуду ғубор ва ҳаво тираву тор буд. Дар сари
ҳар қадам осори бомбаборони вақшиёна дида мешуд. Дару
тирезаи хонаҳо месӯхт. Бӯи ғализи борут нафасро мегирифт.
Сабзаву гиёҳҳо саросар сӯхта, гулзорқо хароб гардида, замин
ранги хокистарро мемонд. гулдуроси пайдарпаи гӯшхарош,
наъраи даҳшатангези тӯпҳо, ғурриши муҳаррики
ҳавопаймоҳои бомбаандоз, ғуввоси тирҳои миномёт, садои
таркиши гулӯлаю минаҳо замину замонро ба ларза меовард.
Ҳар ҷо - ҳар ҷо ҷасади бесару бедаст ва бепои фашистон ме-
хобид. Шаҳр дар муҳорибаи чандинрӯза харобу валангор
гашта буд: девори биноҳо шикоф-шикоф, дару тирезаҳо пора-
пора, кӯчаҳо вайрон, ҳайкалҳо ба замин яксон... Душман чун
дарандаи захмдор, ҳар қадар ба дами март наздик мешуд,
бештар харобкорӣ мекард.

Дар ҳамин мухориба ба ҷуз Эргаш Шарифов ва Вячеслав
Полюдов дигар ҳама аз қатор баромаданд. Ин ҳайати дунафа-
ра то расидани қувваи нав ҳамлаи паёпаи душманро зада бар-
гардонда, истодагарӣ мекард. Эргаш рӯ ба рӯи душман оташ
мекушод, Полюдов ба тӯп тир ҷо мекард. Маҳорати мергании
Эргаш буд, ки тир бехато ба нишон мерасид. Ногоҳ Полюдов
аз китфаш тир хӯрд. Эргаш саросема куртаи ypq даронду кит-
фашро бает ва зуд боз ба паси тӯп гузашт. Дид, ки аз муқобил
ду тӯпи худгард ва аскарони пиёдаи душман меоянд. Вай ми-
ли тӯпро ба он сӯ гардонду оташ кушод. Тӯпе, ки дар сафи
пеш меомад, даргирифт. Сарбозони гитлерӣ ҷо-ҷо шинак ги-
рифта, беист ба тирандозй даромаданд. Ба гирду атрофи Эр-
гаш гулӯлаҳо метаркиданд, аз болои сараш тирҳо вижжосза-
нон мегузаштанд, аммо ба ӯ намерасиданд. «Ба нотарс тир
намерасад» гуфтани ҷанговарон рост будааст.

Тӯпи Эргаш хомӯш монд. Душман гумон бурд, ки кори
ҳарифаш тамом шуд, аммо ҷанговари зирак аз гитлерчиён

292
чашм наканда, онҳоро ба худ наздиктар меовард. Аз дур
махлуққои одамсурат тез-тез қадам зада, аз туфангҳояшон тир
холй карда, пеш меомаданд. Додзаниҳои ба аккоси саг монан-
ди онҳо ба гӯш мерасид. Эргаш аз ғазаб дандонҳояшро соида,
дашноми болохонадори тоҷикӣ доду зери лаб гуфт:

- Биё, лаънатй, наздиктар биё! Ин ҷо марг туро интизор
аст! - ва тӯпро ба кор андохт. Се-чор норинҷак ҳам ҳаво дод.

Дар ин асно садои «Ура!»-и Аскарони Сурх баланд шуд, ки
душман дигар муқобилат накарда, битамом ақиб нишаст. Дар
ин ҷанг танҳо худи Эргаш решай умри ей фашистро канд ва
якчанд тӯпи худгардро аз катор баровард. Баъде ки дар Бан-
ска-Бистритса душман пурра торумор шуд, ӯ аз вазъияти
пешхатти фронт ба ақибгоҳ, ба ҳайати фармондеҳ хабар ра-
сонд.

Дар майдони харбу зарб одам ташнаю гушна монданашро
ҳам фаромӯш мекунад. Эргаш, гӯё чизеро гум карда бошад,
худро гаранг мепиндошт. Ҳа, якбора ба ёдаш расид, ки ташна
мондааст. Вай обдонро ба сараш бардошт. Ба назараш ҳамин
хел менамуд, ки ҳозир як дарёи оби кӯҳистонаш бошаду ӯ cap
набардошта нӯшад.

Он рӯзҳо падару модари Эргаш мактуби сегӯшаи аскарй
гирифтанд. Ин охирин мактубе буд аз фарзандашон. Эргаш
навишта буд: «Азизонам, аз ман парешон нашавед. Дидор на-
здик. Ба ғалаба рӯзҳои башумур монд. Сипоҳони мо фақат
пеш Мераванд. Мадори душман хушк шуда монд. Ғалабаи мо
ҳатмист. Танҳо як ҳайати мо барои озод кар дани Банска-
Бистритсаи Чехословакия даҳ тӯпи худгарди душманро аз кор
бароварда, як олам гилерчиро торумор кард ва асир гирифт.
Акнун роҳи мо ба сӯи Берлин. Ин қадар роҳҳои дуру дарози
ҷангиро, ки тай карда, душманро то Чехословакия кӯфта ома-
дем, бояд дар рӯзҳои наздик ба Берлин ҳам дароем. Шояд
дафъаи дигар, аз худи Берлин хат нависам... Хайр, то боздид!
Писари шумо Эргаш».

* * *

Боз бисёр ҷонбозӣ кардан лозим меомад, то душман ба зо-
ну шинонда шавад. Ҷанговарон роҳи дуру дарозеро паймуда,

l293
ба сӯи ғарб мерафтанд. Онҳо аз чандин кӯҳу кӯтал, аақру дарё
ва водию дараҳо гузашта, вақти говгум назди Угерск-Брод
ном шаҳри Чехословакия расиданд. Дар ин ҷо муддате
таваққуф карда, шабро гузарондан лозим омад. Ин як навъ
дамгирӣ барои ҳама айни муддао афтод.

- Хайрият, дам мегирем,- гуфт Иолюдов риши расқдаашро
кафмол карда. - Чандин рӯз боз ба сархори ҳам вақт намера-

сид... Дар воқеъ, имрӯз чандум?

- Имрӯз бисту ҳаштуми апрели соли 1945,- дуди тамокуро
пуф карда, чавоб дод Золотов. - Ин Гитлери падарсаг ҳамаро
ба танг овард, ҳатто фурсати радио гуш кардан ҳам нест...

- Ҳеҷ ran не, бародарҳо, зиёдаш рафту камаш монд,- ба ran
ҳамроҳ шуд Эргаш. - Биёед, беҳтараш каме ганаб равем.

Ҳама лаб фурӯ бастанд. Посе аз шаб мегузашт. Атроф со-
кит. Фақат аз як гӯшаи хеле дур гоқ-гоҳе мушаки рангин па-
рида, хотири касро парешон месохт. Эргаш дастонашро зери
cap болин карда мехобид. Вай ҳамин хел хобида, тамошо кар-
дани осмонро дӯст медошт. Осмон дар назараш чун уқёнуси
беканор ва абрпораҳои сафед чун моҳиён менамуданд.
Ситораҳо пурнуртар тофта, чашмак мезаданду ӯро ба олами
беохири хаёлот мебурданд. Эргаш беихтиёр ба хотир овард,
ки боре як рафики русаш гуфта буд: «Ғайр аз сайёраи мо боз
дигар сайёрае ҳаст, ки дар он низ одамон зиндаги доранд. Дар
байни сайёраҳо Замини мо беҳтарин, зеботарин ва пурнеъмат-
тарин сайёра будааст». Ба назари Эргаш ҳамин хел намуд, ки
одамони он сайёраи номаълум ба ношукурию ноитгифоқии
заминиён механданд ва мегӯянд: «Ба шумо чй намерасад, ки
бо ҳамдигар меҷангед? Ба ҷои он ки биёбонҳои бепоёнро обод
кунед, шаҳрхои шукуфонро хароб мегардонед». Дар хаки кат,
Эргаш аз хаёл мегузаронд, ки чаро аз Ватан дур, аз падару
модар ва ёру дӯст ҷудо дар як қитъаи дигар меҷанганд? Эҳ,
Гитлери лаънатй, ту ҷангро cap кардй, мо онро анҷом
медиҳем... Эргаш чашмашро пушида, хост ганаб кунад^ммо
хобаш набурд. Чандин вақт боз нахуфта, ба бедорхоби одат
кардааст.Вай манзарахои табиати диёри офтобиаш, заминҳои
пахтай паси деворҳои қалъаи Маҳрам, боғҳои анҷиру анор.
симои падару модар ва дӯстонашро пеши назар меоваард.

294
Сонӣ чанд лаҳзаи ҷангҳои сахтро ёд овард. Вай барои иҷрои
супоришҳои ҳайати фармондеҳ борҳо ба гирифтани орденӯ
медалҳо муяссар гардид. Чанд бор сазовори таҳсинномаи
Сарфармондеҳи Олӣ ҳам шуд. Ба хотираш расид, ки чӣ хел
чор сол пеш иди Наврӯзро ҳамроҳи аэуш оила пешвоз гирифта
буд, чӣ хел аз маркази деҳа овози карнаю сурнай баланд ту-
да, дастаи духтарону писарон рақсу бозӣ карда, таронаҳои
наврӯзӣ мехонданд. Ана, баъди ду рӯз боз ид аст, иди Якуми
Май, аммо ҳоло идро дар майдони ҷанг, дар хандақу
заминканҳо пешвоз мегирад, дар лаби касе осори табассум
нест.

Чашми рӯз кушода нашу да, Эргаш дасту рӯ шуст. Ғайр аз
Полюдов дигар ҳама хоб буданд. Эргаш дар сари ҷанговарон
лаҳзае рост истода, онҳоро аз назар гузаронд. Ҳама масти хоб.
Дили кас намешавад, ки онҳоро бедор кунад. Вале чӣ илоҷ?

- Рафиқон, бархезед! - садо баровард Эргаш.

Ҳама саросема бедор туда, ба атроф нигаристанд.
Хомӯшӣ. Акнун саледа медамид. Аз ваҷоҳати ҷанговарон
пайдо буд, ки кӯфтагии роҳ ва бедорхобии чандинрӯза андаке
рафъ шудааст.

Ҷанг, ҷанги шадид! Шояд ин набарди охирин бошад. На-
барди охирин аз ҳама вазнин мешавад. Угерск-Брод ва
деҳаҳои атрофи онро аз дасти душман мераҳонданд.

Гитлерчиён хостанд, ки алоқаи аскарони аҳибгаштаи худро
дар назди Угерск-Брод нигоҳ доранд.Бо ин мақсад қисмҳои
махсуси танкиро мустаҳкам ҷойгир карданд. Полки 387-уми
шӯравй дар ҳамин ҷо ба ҷабҳаи сеюми танкии душман
вохӯрд,

Ба ҳайати Эргаш Шарифов минтақаи хавфноктарин - рох,и
калони мошингардеро, ки шаҳрчаро миёнбур карда мегузашт,
супурданд. Ин ягона роҳи тахту ҳамвори ба боркашонй
мувофиқе буд. Гитлерчиён аз ин роҳ урдуҳои ҳарбӣ, қисмҳои
худгардашонро ба хатти пешҷанг мефиристоданд. Қарибии
чоштгоҳ ғурриши муҳаррикҳо ба гӯш расид. Танкҳои дӯшман
ба ҳуҷум гузаштанд. Эргаш бо дурбин дид, ки аз самти ғарб
гурӯҳи танкҳои зиреҳпӯшу тӯпҳои худгард меояд. Онҳо дам
ба дам оташ кушода, сӯи мавқеи тӯпчиёни шӯравй ҳаракат

295
карда, аз паси худ пиёдагардҳоро меоварданд. Шумораи
танкҳо хеле зиёд: як, ду, се, панҷ, даҳ ва боз чанд тӯпи худ-
гард.

Эргаш фармон дод, ки зуд мавқеи оташфишониро иваз ку-
нанд. Тӯпро аз ҳамворӣ ба танӯраи паси теппача бароварданд,
то душманро аз дои мувофиқтар «пешвоз» гиранд.

- Мурем ҳам ақиб намегардем! - гуфт Эргаш.

Танкқо ва тӯпҳои худгард бо ғурриши даҳшатангезе торафт
наздик меомаданд. Пеш-пеши онҳо ду танки азимҷуссаи
«Шохдаланг», ки дар пахдӯяш тамғаи фашистон нақш ёфта
буд, чун роҳбалад меомад. Ҷанговаронро ҳаяҷон фаро гирифт.
Онҳо ба Эргаш гуфтанд:

- Рухсат диҳед, оташ кушоем.

- Сабр кунед, боз каме наздиктар оянд.

Тӯпчиён дандон ба дандон монда, мунтазири фармон меи-
стоданд.

- Оташ! - фармон дод Эргаш.

Се гулӯлаи аввалин паси ҳам ба нишон расид, баки бензи-
ни як «Шоҳпаланг», ки дар сафи пеш меомад, таркиду дарги-
рифт. Аланга ва дуди тализ фаввора зад. Боз ду гулӯла андох-
танд, ки тасмачархи «Шохдаланг»-и дуюмро канд. Танки ди-
гарро аз сарпӯшаш зада вайрон карданд. Душман беист ба
тирандозӣ даромад. Аскарони шӯравӣ ҳам аз ҳамаи намуди
силохло оташ кушоданд. Тир чун жола меборид. Ҳар ҷо - ҳар
ҷо танкҳо месӯхтанд. Атрофро пардаи ғафси дуду ғубор фаро
мегирифт. Бӯи ғализ дилро беҷо мекард. Ногоқ дуртар аз тӯпи
Эргаш гулӯла афтод. Полюдов боз захмдор шуд. Эргаш захми
ӯро басту ишора кард, ки ба ҷои бехатар - ба паси теппача ра-
вад ва худ ба ҷои ӯ гузашт. Баъди фурсате тиркашон ҳам аз по
афтод ва дигар барнахост. Дар паси тӯп худи Эргаш монд. Ӯ
ҳам тир ҷой мекард, ҳам нишон мегирифт, ҳам мепаронд. Ин
вақт тире пешонаашро лесида гузашт. Хати лолагуне аз
ҷабини ӯ ба бари рухсорааш таровид. Эргаш чун шери захмй
ба хашм омада мегурид.

Боз як танк сӯхт. Сарпӯши болодари он кушода шуду ро-
нандааш саросема cap баровард. Ҳамин ки вай то миёнаш бе-
рун омад, хадафи тир гардида, печутобхӯрон якпахду афтод.

296
Ҷасади ӯ дар рӯи сарпӯши дарича овезон монд. Лаҳзае
хомӯшӣ ба миён омад. Чунин менамуд, ки душман
ақибнишинӣ кардааст. Эргаш дурбинро ба пеши ҷащм бурду
poxy биноҳои шаҳрчаро аз назар гузаронда, дар рахнаи девори
хонае мили тӯпро дид. Зуд он ҷоро нишон гирифта, паси ҳам
оташ кушод. «Пантера» ба сӯхтан даромад. Ду-се танки
боқимонда ақиб гашт. Эргаш онҳоро дунбрлагирй карданй
буд, ки ба дасти чапаш тир расида, чор ангушташро бурида
партофт. Аз зӯрии дард сараш чарх зад, дилаш беҳол шуду
ҳамзамон ба ҷояш нишаст. Як лаҳза чашмашро пӯшида, дар
хаёлаш модарашро дид. «Бархез, писарам! - хитоб мекард
модар. - Душманро бизан! Барои бародаронат қасос гир!»
Баъд ба назари ӯ падараш намуд. «Мард бош, писарамаз
дасти Эргаш дошта мегуфт ӯ. - Далер шав! Хуни хунхӯронро
резон! Чашми мо дар рохд туст!»

Дар қарибии Эргаш гулӯ лае таркида, садои

гӯшкаркунандае баровард. Эргаш ба худ омад. Дид, ки аз за-
хмаш бисёр хун рафтааст. Кафи дасташ гӯё дар оташ месӯхт.
Захмашро бастан хост. Ва фақат ҳамин ҳоло пай бурд, ки чор
ангушташ нест.

Боз ғурриши танк! Эргаш дардро қам фаромӯш карда, зуд
бархосту якдаста ба тӯп тир ҷой кард. Аз рӯ ба рӯ танки фа-
шист рост ба сӯи ӯ меомад, тӯпчиро пахш кардан мехост ма-
гар, ки оташ намекушод. Эргаш мақсади фашистро пай бурд.
«Ту лаънатӣ, тушбераро хом шумурдй» гуфт ва хост мили
тӯпро сӯи танки душман гардонад. Аммо тӯпро якдаста идора
карда натавонист. Танк хеле наздик омад. Чӣ бояд кард? Эр-
гаш хунсардона охирин норинҷаки зидцитанкиро бо тамоми
қувва зери тасмачархи он ҳаво доду ба замин хобид. Баъди
таркиш cap бардошту дид, ки танк аз ҳаракат монда, аз байни
чархҳояш дуд печутоб зада мебарояд. Нохост ба ӯ боз тир ра-
сид. Ин дафъа сахт захм бардошт. Аз захмҳояш якзайл хун
мерафт. Ҳамин вақт танкчиёни шӯравй ҳамроҳи партизанҳои
Чехословакия расиданд сари размгоҳ.

Эргаш фармондеҳи полк Муравёвро дида, хост табассуме
намояд, вале натавонист.

- Фашистҳо ақиб гаштанд? - базӯр пурсид ӯ.

297
- Ором бош, онҳо тамоман ақиб гаштанд, дигар муқобилат
карда наметавонанд,— ҷавоб дод Муравёв. — Офарин, Эргаш!
Ту дами роҳи душманро гирифтӣ. Сиҳат шавӣ, боз ҳамроҳ
меҷангем, то худи Берлин рафта, Рӯзи Ғалабаро бо ҳам меби-
нем.

Ҳамшираи шафқат бо ёрии ҷанговарон захмҳои Эргашро
бает. Дард аз нав боло рафт. Докаи сафед дар як лаҳза лола-
ранг гашт. Уро ҷанговарон аз зери бағалаш гирифта, хостанд
ба ҷои бехавф баранд. Вай дар ҳолате, ки аьзои баданаш
маҷрӯҳ буду аз шиддати захмҳои мухдик маҷоли чунбидан
надошт, сарашро андаке боло гирифту ба сӯи танкҳои ҳанӯз
сухтаистодаи фашистй нигарист ва канда-канда нафас кашида
гуфт:

_ ~ бародарҳо, маро набаред! Ман то охир бо шумо! Боз
сухтани «Шоҳпаланг»-у «Пантера»-ҳоро дидан мехоҳам...

Ин буд охирин су хани Эргаш, ки на танҳо барои додараш
Ғанибой аз душман интиқом гирифт, балки барои ҳазорон на-
фар бародарони худ низ ниқор ҷуста, то дами вопасин ҷангид
ва як ҳафта пеш аз Рӯзи Ғалаба дар Чехословакия ба шаҳодат
расид. Вай дигар ҳарфе гуфта натавонист. Ба самти офтобба-
ро, ба нуқтаи дуродури номаълуме чашм дӯхта, хомӯш монд.
Ки медонад, у дар ин дақиқаҳо зодгоҳаш Маҳрамро ба ёд ме-
овард, ё падару модари кӯҳансоли дар роҳаш интизорро? Кй
медонад? Шояд симои рафиқони ба дил наздики худро пеши
назар меовард, ё духтари шӯхчашми дилдодаашро, ки ҳар
субҳро бо умеди висол пешвоз мегирифт...

Тӯпчиён часади сарварашон, коммуниста чонфидо Эргаш
Шарифовро дар он чое, ки ӯ бар зидди қисмҳои танкии душ-
ман қаҳрамонона чангида, бо оташи интиқомаш хоки ҳастии
бисёр фашистҳоро бо гирболи фано бехта буд, ба хок cyrrvp-
данд. Сонй дар сари қабр лаҳзае сархам истода, аз силоҳҳо
чанд карат тир андохта, бо рафики ҷангиашон видоъ гуфтанд.

Фармондехд полки сесаду ҳаштоду ҳафтуми тӯпандоз Л.Н.
Муравёв лейтенанта хурд Эргаш Шарифовро ба мукофоти
ОДӢ пе ш н и ход карда, дар тавсифнома навишт, ки ӯ дар ҷангҳо
барои сарзамини Чехословакия шуҷоат ва ҷасорати беҳамто
нишон дод. Ҳайати ӯ аз аввалинҳо ба шаҳрҳои Банска-
298
Бистритса ва Угерск-Брод даромада, ба сипоҳони пиёдагард
роҳ кушод. Як худи Эргаш Шарифов даҳҳо душманро қир
кард, чор «Шоқпаланг», ду «Пантера» ва бисер тӯпҳои худ-
гарди фашистиро аз қатор баровард. Вай дар лаҳзаи ниҳоят
душвор ҳамлаи душманро гардонда, то омадани қувваи нав
мавқеъро аз даст надод. Корнамоиҳои қаҳрамононаи ӯ сазо-
вори мукофоти олист.

Баъди ҷанг, соли 1946 ба номи падару модари қаҳрамон аз
Москва мактуби махсусе омад. Дар варақаи нафисе бо хати
зарҳалӣ навишта шуда буд: «Бо фармони Раёсати Шӯрои
Олии СССР аз понздахуми май соли 1946 ба фарзанди Шумо
- лейтенанта хурд Шарифов Эргаш барои дар ҷангқо мардо-
нагии бемислу монанд нишон доданаш баъди вафот номи
олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравй дода шуд. Ба Шумо, ба
ахди оилаи шумо, ки чунин фарзанди диловару ватандӯстро
тарбия карда, ба камол расондаед, таҳсину та\ният мегӯем.
Ватан чунин писарони содиқи худро ҳамеша поси хотир ме-
дорад!»

* * * . , ■.

Дар маркази деҳаи Маҳрам бинои назаррабое қомат мека-
шид. Ин бинои аввалин мактаби деха аст, ки Эргаш Шарифов
(1913-1945) аз нахустин дастпарварони он ҳисоб меёбад.
Конибодомиҳо барои абадй гардонидани хотираи фарзанди
худ ба мактаб номи Эргаш Шарифовро додаанд. Дар
даромадгоҳи мактаб, дар иҳотаи гулҳои рангоранг ҳайкали
қахрамонро гузоштаанд. Ҳам писару духтароне, ки як вақтҳо
аз Эргаш Шарифов дарси адаб гирифтаанд, хдм онҳое, ки ша-
рикдарси ӯ буданду баъдан ҳамроҳаш кор мекарданд, ҳам пи-
ронсолоне, ки даврахои кӯдакй ва наврасии ӯро медонанд, на-
зди ин ҳайкал меоянд. Аксар вақт куҳансолон - ҳамнишину
хамрози Эргаш ба ин ҳайкал чашм дӯхта, гарқи хаёл меша-
ванд, ҳаёт ва корномаҳои қаҳрамонро ба ёд меоранд. Ҳар рӯз
гирди ҳайкал пур аз мактабиён мешавад. Гӯё Эргаш дар
иҳотаи фарзандони дехаи Маҳрам қадам мезанаду ба шодию
ғами онҳо шарик аст.

Шаҳри Угерск-Брод. Захмҳои ҷанг кайҳо шифо ёфтаанд, аз
шинакҳо ва хандақҳои зиддитанкй, аз боқимондаҳои тӯпу

299
танкҳои пора-пора, мошинҳои сӯхта ва биноҳои харобгашта
осоре ба назар намеояд. Дар ин шаҳр қабристони бародарӣ
воқеъ аст. Дар миёнҷои ин оромгоҳи шаҳидон санги
боҳашамати мармар гузоштаанд, ки дар он номи Эргаш тари-
фов ҳам сабт ёфтааст. Мардум аз рӯи анъана аввалин гулҳои
баҳориро ба сӯи ин дахма меоранд. Ҳар сол бисту шашуми ап-
рел - Рӯзи озодии Угерск-Брод тамоми аҳолӣ ба ин ҷо омада,
маросими ёдбуди шаҳидонро ба ҷой меоваранд. Онҳо атрофи
дахмаро ба гулзор табдил додаанд. Дар байни анвои гулҳо мах-
сусан оташгулҳо бештар диққати касро ба худ мекашанд. Гӯё аз
хуни муқадцаси шахдцон дамидаанд ин гулҳои сурх.

Мардуми ин диёр ба хотири ҳимоятгари сарзаминашон,
қаҳрамонписари тоҷик сари таъзим фуруд меоваранд.

ШИОРИ ЗИНДА

Ҳар гоҳ бо ин марди тануманди нуронии асобадаст рӯ ба рӯ
оям, даҳшату мусибатҳои айёми ҷанг ба ёдам мерасанд. Вай
тирамоҳи соли 1942 бо дасту пои бутун ба ҷанг рафта,
баҳманмоҳи соли 1944 бо ду пои бекафу панҷа ва бо як дасти
захмию ду асобағал баргашт. Дар истгоҳи роҳи оҳани Кони-
бодом ӯро се мусофир аз вагон фуроварда, ба аробае савор
карданд. Аробаи шалақи пурбор аз роҳи оҳан то назди почта-
хонаи шаҳр омада, роҳашро дигар кард. Акнун Фозилҷонро
лозим меомад, ки то хона пиёда равад. Аз ароба фуромада, бо
асобағал андак роҳ рафт, ки захмҳои пояш боз ба дард омад,
ҷароҳати дасташ, ки ҳанӯз пурра шифо наёфта буд, азобаш
дод. Вай дар ҳамин ҳолати ноҳинҷор боз чанд қадам пеш раф-
ту дар сари роҳ ноилоҷ бозистод ва дар дилаш гуфт: «Лаънат
ба ҷанги хонумонсӯз! Лаънат ба фашистони ваҳшй. ки ба сари
мо ин мусибатҳоро оварданд!»

Ин дам Додохон Ғиёсов ном роҳгузар тасодуфан аз пеш
омад ва овоз баровард:

- Фозилҷон?

- Ҳа ҷон, Додоҷон,- ӯро шинохт Фозилҷон.

Ҳар ду якдигарро бағал гирифта, даруннокӣ гиристанд.

- Ба дасту поятон чй шуд? - пурсид Додохон.

300
- Аз касофати ҷанг ба ҳамин ҳол рас идам. Ними кафи ҳар
ду поям нест, дасти ростам маҷрӯҳ. Аз истгоҳи роҳи оҳан бо
ароба омадам. Ба хона рафтанй, аммо...

- Ҳозир ман ёрӣ медиҳамДодохон пуигг гардонда, хам
шуд. - Аз гарданам гиред, пуштора мебарам.

- Не. Наход бардошта баред?!

-Зарур бошад, равост.

Фозилҷонро шиноси деринаш озод бардошта, ҳар ҷо-ҳар ҷо
дам гирифта, хушгӯиҳо карда, оқибат чун як пуштора кундаи
вазнин то дари ҳавлиашон, ки дар маҳаллаи Усмонбек воқест,
расонд.

- Акнун истед, ба хона худам дароям,- гуфт Фозилҷон,-
падару модарам аҳволамро дида, мабодо...

Фозилҷонро модараш Тӯхтабону ва падараш усто Акрам бо
ду асобағал дида, фигон бардоштанд. Дуд аз димоғашон ба-
ромад. Ҳар се овоз андохта гиристанд. Бӯсобӯсию оғӯшкашӣ,
нолаю афғонашон интиҳо надошт. Сипае усто Акрам
завҷаашро тасалло дода, бо сабру тааннй гуфт:

- Акнун ором шав, занак. Писарамон маъюб бошад ҳам,
шукр, зинда баргашт. Бахташ баландй карда, зинда монда-
аст...

Рӯзгори ҷангии Фозилҷон Акрамов аз ноҳияи Шёлковскии
вилояти Москва дар баталёни 20, дивизияи шашуми десанти
хавоии гвардия оғоз ёфт. Ба аскарбачақо гоҳ машғулияти
ҳарбй мегузаронд, гоҳ ба вагонҳо лавозимоти ҷангй мека-
шонд. Аввали ноябри соли 1942 ӯро ба омӯзишгохд ҳарбии
шаҳри Ногинск фиристоданд. Баъди таҳсили семоҳа фармон
гирифг, ки боз ба қисми ҳарбии худ баргардад. Вай аз ин ҷо
чун пулемётчии пиёдалашкар ба майдони ҳарб рафт.

Наздикиҳои Великие Луки. Саҳари якуми марта соли 1943
бо қисмҳои душман, ки маҷбуран ақиб мегурехтанд, ҷанги
шадиде ба вукӯъ пайваст. Фозилҷон аз пулемёти дастӣ оташ
мекушод. Аз ҳар ду тараф ҳам талафот калон буд. Қарибиҳои
пешин дар рамзгоқ якбора шаш танки фашистон пайдо шуд.

- Дар паси мо ба ту ҷой нест,- гуфт фармондеҳи даста Ро-
дионов. — Агар мо зинда бошем, гузаштан натавонй!

Воқиан ҳам танкҳои филҷуссаи фашистон аз сангари рота

301
гузаштан натавонистанд. Чаҳор танк дар коми оташ сӯхта, ду-
тояш ақиб нишаст.

Субҳи дигар муҳориба боз ҳам сахт шуд. Бисер аскарон, то
даме ки дилашон метапиду дасташон силоҳ дошта метаво-
нист, доди мар диву мардонагиро доданд. Оташи паёпаи пу-
лемёта Фозилҷон бисту ду нафар фашистро маҷбур кард, ки
дасти таслим бардоранд. Дар ин набарди нобаробари серуза
бисёр ҳамсилоҳбни Фозилҷон, аз ҷумла дӯсти наздикаш,
фармондёҳи взвод Скирда ҳам курбон шуданд.Танҳо шомгоҳи
рӯзи сеюм оташкушоӣ хомӯш гардид. Фритсҳо хеле ақиб ни-
шаста, гоҳ-гоҳ мушак cap медоданд.

Фармондеҳи даста Родионов дар хузури муовинаш доир ба
корҳои сиёсӣ дасти Фозилҷонро фишурду гуфт:

- Офарин! Ба тахлука наафтодӣ. Шервор размидй. Як танк
ва қисми миномётчиёнро маҳв кардӣ. Барои корнамоият ба
мукофот пешниҳод шудй.

Баъди се соати ин муколама дар набарди навбатӣ Родионов
низ ҳалок шуд. Фозилҷон чаҳоруми марта соли 1943 аввалин
мукофоти ҷангй - медали «Барои шуҷоат» гирифт.

Сонй охирҳои сол чунон ҷангҳои шадиде рух доданд, ки
тир жола барин мерехт. Сарбозони шӯравӣ фашистонро, ки
чун мори саркӯфта девонавор муқобилат менамуданд, қир ме-
карданду як қисми қувваи худро талаф до да, қадам ба қадам,
маҳал ба маҳалу дех ба деҳ пеш мерафтанд. Нуҳуми март
Фозилҷон сахттарин рӯзи умрашро аз cap гузаронд, баъди
чаҳор соати задухӯрдҳои хунин якбора аз ду ҷои дасташ за-
хмдор шуд. Худро ба пастхамие гирифту аз Ваҳҳоб Маҳкамов
ном ҳамсилоҳаш хохиш кард, ки захмашро бандад. Тақрибан
сад қадам дуртар аз размгоҳ захмбандй мекарданд, ки дар на-
здашон мина таркид. Ваххоб ҳалок шуд, Фозилҷон аз пои ча-
паш маҷрӯҳ гардид. Дар ҳамин ҷо ӯ як шабонарӯз аз
ҳамсилоҳонаш ҷудо ва тани танҳо монд. Ҳавои зимистон
беҳад сард буд. Нисфи шаб сармо он кадр сахт шуд, ки ба
мағз-мағзи устухонаш асар кард* «Наход такдир ҳамин бо-
шад? - аз хаёл мегузаронд ӯ. - Ҷацг аз рӯи танам гузашт, гар-
чи вуҷудамро пора-пора ва зери. хок накард, вале бори гаро-
нащро дигар аз дӯшам партофта метавониста бошам?!» Ба вай

302
чунин менамуд, ки дигар ёрои худро саришта кардан надорад.
Вале аз куҷое, гуё аз кадомин як қувваи ғайбӣ ба ҷисми ӯ ма-
дор омад. Бо охирин кувват захмашро басту бо умеде, ки па-
расторе ба мададаш мерасад, фурсате оромид. Атроф торик
буд. Забони сарди сармо сару рӯяшро мелесид. Ҷанговарон
чандин фарсах пеш рафта буданд. Оё додрасе пайдо мешуда
бошад? Кош, имдодгаре мерасиду аз ин варта наҷоташ медод.
Дар атрофаш ба ҷуз ҷасади мақтулон ва аслиҳаи онҳо чизеро
намедид. Ниҳоят, рӯзи дуюм ҳамшираи шафқате пайдо шуд.
Дар чашми Фозилҷон нури умед дамид.

— Хайрият, омадй, хоки поят шавам, хоҳарам! — гуфт ӯ. —
Мани захмдор ду рӯз боз туро интизор. Ҳамсилоҳонам душ-
манро гаъқибкунон рафтанд, мани маҷрӯҳ танҳо мондам.

Ҳамишра ба ӯ ёрии таъҷилӣ расонду аз бағалаш дошта,
хазиданӣ шуд, вале натавонист.

Зӯри беҳуда назан,— маслиҳат дод маҷрӯх,. — Ба по хеста
наметавонам. Ду рӯз боз хунравй, бемадорй, хунукӣ, гушнагӣ
ва таъсири захмҳо корашонро карданд.

Натарс, илоҷе карда, туро мебарам,- таскин медод
ҳамшира. - Боз каме бардошт кун. То ҷанг чӣ кор мекардй?

— Муҳосиби колхоз будам.

— Маълумотат?

— Миёнаи нопурра.

— Ҷанг тамом шавад, боз мехонӣ...

Фозилчон аз шиддати дард гӯё андаруни оташ месӯхт.
Ҳамшира уро пуштораю кашола карда мебурду меҳрубонона
ба ran меандохт:

— Расо азоб кашидй, дигар дардро намебинӣ. Метавон гуфт,
ки акнун барои ту ҷанг тамом шуд.

— Мебахшй, хоҳар! Барои рафъи ин ҷароҳатҳо тамоми умр
ҷангидан лозим меояд.

— Рост мегӯӣ. Хеле пухта менамоӣ. Туро ба ran гирифтам,
ки даме дардро фаромӯш кунй. Агар беҷо гуфтам, маъзур.

Чун оа маркази бехдошт (санбат) расиданд, Фозилҷон
гуфт:

— Садсола шавй, хоҳар! Маро аз чанголи март вораҳондӣ.
Исто, номат чи?..

303
Фозилҷонро барои табобат аввал ба шифохонаи ҳарбии
шаҳри Ярославл, сонӣ ба бемористони Новосибирск фири-
стоданд. Захми дасташ даво ёфт, аммо ҳар ду кафи сармоза-
даи пояшро буридан лозим омад. Вай соли 1944 баъди андак
сиҳҳат шудани захмҳо ба зодгоҳаш баргашт. Таҳти назорати
табибон ҷароҳатҳояш оҳиста-оҳиста дармон меёфт. Аз миён
соле гузашту Рӯзи пирӯзӣ, рӯзи умеду орзуи банӣ-башар фаро
расид. Фозилҷон асобағалро партофта, ба пойҳои маъюбаш
мӯзаи махсус дӯзонда пӯшид. Ба қавли худаш боз одами
зоҳиран бутун шуд. Дар бозори колхозӣ ба кор cap кард. Ша-
бона мактаб хонда, маълумоти миёна гирифт. Сонй
ҳунаристони кооперативии вилоятро низ хатм карда, маълу-
моти махсуси муҳосибй ба даст овард.

Баъд аз чоряк асри ҷанг дар яке аз рӯзҳои баҳори соли 1970
Фозилҷон Акрамовро ба Комиссариата ҳарбӣ хостанд. Ко-
миссар аз ӯ самимона ҳол пурсид:

- Пулемётчии собиқ, аҳвол чӣ тавр?

- Бад не, шукри тандурустй, рафик комиссар.

- Шумо маъюби ҷангед, кор вазнинй намекунад?

- Не, рафик комиссар. Захмҳои дасту пойҳоям сиххат шу-
данд. Устухони дастам шикаста буд, муолиҷа кардам. Шукр,
қаламро дошта, хат навишта метавонам, барои ҳисобдорӣ
ҳамин кифоя. Гоҳ-гох захмҳои кӯҳна ба хурӯҷ меоянд, бо асо
мегардаму табобатро давом медиҳам. Аҳволи ҳамаи маъюбо-
ни ҷанг ҳамйн хел.

- Кам нашавед, Акрамов. Медонам, ки шикоятро бад ме-
бинед. Руҳи мардони ҷанг, табъи сарбозон хамин зайл аст.
Дар арафаи ҷашни Ғалаба шуморо даъват кардем, ки мукофо-
та нав су порем.

-Чй хел мукофот? - ҳайрон монд Фозилҷон.

- Мана, ин «Варакаи мукофот», аз Москва фиристодаанд.
Дар хамон ҷангҳои хунин корнамоии шуморо бо ордени «Си-
тораи Сурх» низ қадр карда будаанд. Мукофоте, ки ин кадар
солҳо соҳибашро мекофт, акнун шуморо ёфт.

Фозилҷон Акрамов варақаи мукофотро хонду дар пеши
чашмаш манзараҳои мудҳиши ҷанг, баҳори соли 1943 ба
ҷилва омаданд. Ёд овард, ки фармондеҳи взводашон Скирда

304
ва фармондеқи ҳайат Родионов ӯро барои қорнамоии ҷангиаш
ба ин мукофот пешниҳод карда буданд. Аммо ӯ мачрӯҳи ваз-
нин шуда, ба бемористонҳои низомй афтод ва мукофот
соҳибашро намеёфт. Инак, баъди бисту панҷ сол.,.

Комиссар орденро супурда, самимона дасти сарбози
собиқро фишурд ва гуфт:

- Шиори «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад» моро аз
мудҳиштарин ҷанги асри XX пайваста ёдрас мекунад. Он
1418 рӯзи даҳшатбори солҳои 1941-1945 аҳли оламро ҳушдор
медиҳад, ки ба ҳифзи сулҳу вахдат омода бошанд.

- Ҳазор раҳмат ба онҳое, ки хйзмати моро фаромӯш накар-
даанд! - изҳори мамнуният намуд Акрамов. - Рафик комис-
сар, шумораи умумии қурбониёнр ҷанг ба чанд миллион на-
фар расид?

- Чунин рақам мушаххасан нест, вале мегӯянд, ки дар он

муҳорибаҳо беш аз бист миллион одам талаф ёфт... Танҳо аз
як худи Конибодом зиёдтар аз шаш ҳазор ҷавонон ба ҳифзи
Ватан рафта, нисфашон қахрамонона ҳалок шуданд. Баъзе во-
лидайни мо аз ду-се то чор-панҷнафарӣ фарзандашонро ба
чангдоданд. :

- Масалан, аз оилаи мо се писар паи ҳам ба хизмати ҳарбД
рафтем,- гуфт Фозилҷон. - Бародари калониам Домуллоҷон аз
чумлаи сарбозоне буд, ки 25 марта соли 1945 чилу чаҳор рӯз
пеш аз анҷоми чанг дар шимолу шарқии Пруссия ба шаҳодат
расид. Бародари дигарам Комилҷон парчами ғалабаро то ба
Рейхстаг бурда, барои часорату мардонагиаш аз дасти лашкар-
каши номӣ Георгий Жуков мукофот гирифтааст. Худи ман, чу-
нон ки огоҳед, дар мудофиаи Москваю Калинин ва Новгороду
Ленинград размида, борҳо мачрӯҳ 1нудаам...

- Фозилҷони азиз, ба руҳи бешикасти шумо офарин! - сӯҳ-
батро хулоса кард комиссари ҳарбй. - Ҳазорон ҳамду сано ба
хонадонҳое, ки мисли хонаводаи шумо писарони шердилу ватан-
парасттарбия кардаанд!.. Ватан корнамоиятонро пос медорад.

Он рӯз Фозилчон дар сарр сина ордени нави «Ситораи
Сурх» аз бинои Комиссариати ҳарбии шаҳр баромада, роҳи
коргоҳашро пеш гирифт. Сарбаданду хуррам ва бардам қадам
мениҳод, қариб ки налангида асо мезад. Не, дарди дерини по

305
ӯро ором намегузошт, ҳар сод чандин бор боло мегирифту гӯё
боз асабашро озмуданй мешуд. Баъзан дорую дармон ҳам на-
фъе намебахшид. Вале ин марди собир бо вуҷуди озори пой,
ҳазорон фарсах роҳро паймуд. Мекӯшид, ки бештар пиёда
гардад. «Пой танҳо барои пеш рафтан вуҷуд дорад,- мегуфт ӯ.
Дили беқарор ва вазифаи пурмасъулият намегузорад, ки оро-
му хотирҷамъ шинам. Ҷоям ҳамеша дар байни мардум, дар
бозори пурмағал. Кору бори бисёреро ҳисобу китоб мекунам.
Гарчи серкорам, аз касби худ шиквае надорам. Касе, ки аз
мардум канора ҷусту дар гӯшаи танҳоӣ нишаст, донед, ки ба
дарахти умраш завол омад».

Ӯро дар ҷанг ҳамсилоҳонаш «мерган» мегуфтанд, зеро
тирҳои пулемёташ ҳадафрас буданд. Уро фашистони мардуд
дар байни оташу дуд нобуд карда натавонистанд. Дар дафтар-
чаи ҳарбиаш чилуяк фашистро маҳв кардани ӯ сабт ёфтааст.
Ротае, ки ӯ меҷангид, дар лаҳзаҳои душвор хуҷуми паёпаи
душманро боздошта, дар мавҷудияти қувваҳои нобаробар, то
расидани ёрй мавқеъҳои худро аз даст намедод. Фозилҷон дар
муҳорибаҳо барои озодии шаҳрҳои Калинин, Новгород, Ле-
нинград низ мардона ҷангид. Хок борҳо аз хуни ӯ ранг ги-
рифт.

Басе ҳамсилоҳони ҳамсоли Акрамов баъди ҷанг аз дарду
азоби захмҳо ғӯрамарг шуданд. Вале дар замири ин шермард
матонати бузурге ниҳон будааст, ки аз офати замонхо
нигоҳаш дошт. Ӯ аз соли 1944 то соли 1991 дар идораи бозори
шаҳри худ вазифаи муҳосибро ба ҷо овард. Дар ободонии бо-
зори колхозй саҳми хоса гузошт.

Охири солҳои шастум фурӯшгарони бозори Конибодом се
растай нави меваҷот, сабзавот ва аллофй (галла ва орд) ги-
рифтанд. Ба истифода додани ин растаҳо хусни бозорро аф-
зуд. Дар миёнҷои ин бозори қадима тими болопӯш низ вуҷуд
дорад, ки аз маҳорати устоҳои халқӣ дарак медиҳад. Санъати
наккошӣ ва кандакорӣ торафт кӯҳна шуда, аз эътибори
баъзеҳо соқит мемонд. Зумрае маслиҳат медоданд, ки тими
кӯхдаро аз байн бардоранду ба ҷояш бинои нав созанд. Аммо
Фозилҷон Акрамов ба ин пешниҳод қатьиян зид баромад.
«Монед, бошад,- гуфт ӯ,- ин тим аз санъати меъмории гузаш-

306
тагон меросест барои мо. Дурусттар таъмир мекунем, чун
ёдгорй аз наел ба наел боқӣ мемонад». Ҳамин тавр хам шуд.
Шакл ва нақшу нигори асосии тимро нигоҳ дошта, бо эҳтиёт
рангу бор дода, таъмиру тармимаш карданд. Дар атрофаш
биноҳои нави савдо - фурӯшгоҳи матоъ, сӯзишворӣ, молу ам-
воли рӯзгор, пойафзол ва гайра сохтанд. Бад-ин минвол бо
маслиҳати ҷангдида ва собиқадори меҳнат тими куҳан умри
дубора ёфта, чун санъати меъмории устоҳои соҳибҳунари
тоҷик намоишгоҳи бозор гардид.

Одамон ба чеҳраи нуронии Акрамов, ки дар сари сина
нишонҳои ҷангии «Барои шуҷоат», «Ситораи Сурх», «Ҷанги
Бузурги Ватанӣ» (дараҷаи якум) ва дигар мукофотҳо доипубо
эҳтироми махсуе менигаристанд. Воқиан, ҷангдидагони
шӯҳратманди моро дар байни дигар одамон бе ин нишонҳо
ҳам ба тезӣ фарқ кардан мумкин аст. Фозилҷон Акрамов номи
ҳамсилоҳони худ Юсуфҷон Воҳидов, Валамат Шарифов, Аб-
дусаттор Холматов ва Аҳмадҷон Узоқовро бо меҳр ба забон
мегирифт. Онҳо низ мисли ӯ воқиаҳои мудҳишро аз cap гуза-
ронидаанд. Ҳар вақт ба хонд и ҳамдигар ҷамъ оянд, баъзе
лаҳзаҳои ҳаёти сарбозиашонро ба ёд оварда, ба зинда монда-
нашон шукр мегузоштанд. Шукр, ки беҳуда назиетаанд,
соҳиби касбу кор шуда, дар ҷамъият мавқеи худро ёфтаанд,

Ин марди тариф ва зиндадилу оиладӯст зиндагиашро чу-
нин ба танзим андохт, ки ҳар сол рухсатии меҳнатиашро бо
ахди байташ дар истироҳатгоху осоишгоҳҳо гузаронда, бо
руҳи болидаву тани бардам ба хонааш бармегашт. Дар Осиёи
Марказӣ ягон шаҳри бостонй, мавзеи таърихй нест, ки ӯ на-
дида бошад. Ҳар тобистон фарзандону наберагонашро ба
ҷойҳои таърихй бурда, дониш ва маърифати онҳоро ғанй ме-
гардонд.

Ҳамаи ҳашт фарзанди Фозилҷон Акрамов дар
донишкадаҳои олй маълумот гирифта. соҳиби ихтисосҳои гу-
ногун шудаанд. Падари дурандеш завқу эҳсоси
ҷигаргӯшаҳояшро бо омӯзищи касбу ҳунар сари вақт бедор
карда, онҳоро ба роҳи росги рӯзгор бурдааст.

Боре дар байни фарзандонаш, ки рӯзи мавлуди модарашон
Маҳбубахонро мегузарониданд, баҳсе афтод. Ҳар кас пиро-

307
муни покии лафз ва эътимоди комил ақидаи худро мегуфт.
Фозилҷон мулоҳизаи онҳоро шунида, пандомез таъкид кард:
«Фарзандонам! Ба шумо як насиҳат: агар дӯст ва рафиқ ба
шумо бовар карда, сирри махфиеро гӯяду таъкид намояд, ки
ба касе нафаҳмонед, зинҳор ба эътиқоди ӯ сазовор бошед. Ба
ҳамдигар ихлос доштан, ба лафзи якдигар бовар кардан авва-
лин шарти дӯстист. Баъзе суханчинҳои ҳангоматалаб гаперо
шунаванд, дар атрофаш гапчаҳои нав бофта, овозаю дарвоза
мекунанд. Аз яке ran гирифта, ба дигаре расондан, касеро ба
шӯр андохтану хиҷил гардонидан бадтарин хислат аст. Су-
ханчину хабаркаш дер ё зуд фош шуда, аз боварй мебарояду
дӯстонро гум мекунад. Ҳол он ки ҳар як одам бояд дӯстони
бисере дошта бошад. Инсони бе дӯст мисли мурғи беболу пар
аст. Ҳоҳед, ки аз шумо ҳама ризо бошанд, аз доираи ихлоси
мар дум берун набароед!»

Маъюби ҶБВ, дастпарвари омӯзишгохи омӯзгории Кони-
бодом ва омӯзишгохд ҳарбии шаҳри Нагинск, вилояти Моск-
ва, шогирди мактаби муҳосибии Хӯҷанд, Аълочии савдои
СССР, дорандаи ордену медалҳои сершумор Фозилҷон Акра-
мов 15 марти соли 1923 ба дунё омада, 20 ноябри соли 2011
зиндагиро падруд гуфт. Ин ватанпарвари номвар муҳофизи
диловари Москва, падари фарзандони олигуҳар, бобокалони
мӯътабар бо корҳои неку наҷибаш дар Дили мардум маъво
дошт.

ҲАМНАБАРДИҲАМДИЁРОН

Мардум Маҳками Бобоҷонро чун инсони соҳибтаҷриба,
зиндадил ва саёҳатдӯст мешинохтанд. Ба ӯ муяссар гардид, ки
баъди даҳҳо соли Ҷанги Бузурги Ватанй ба баъзе ҷойҳои раз-
мидааш сафар карда, дидори ҳамсилоҳонашро бубинад. У со-
ли 1985 аз сафари навбатиаш ба вилояти Курск ба
ҳамдиёронаш чунин ҳикоят овард:

- Дӯстони азиз, ман аз сафари ҷойҳои ҷангидаам бо таассу-
роти амиқ баргаштам. Мардуми вилояти Курск се соли аввали
ҷанг таҳти истилои фашистон азоби алим медиданд. Дар ин
вилоят деҳаи маъруфе ҳаст, ки «Горелий Дуб», яъне Булути

308
Сӯхта меноманд. Ин мавзеъ чун деҳаи Хатини Белоруссия
машҳурият дорад. Саргузашташ фоҷиавист. Ман чанд рӯз пеш
аз он ҷо омадам. Бишнавед қиссаашро.

... Он субҳ одамони бисёре бо роҳи асфалтпӯш ба сӯи
деҳаи Булути Сӯхта мерафтанд ва ҳар кас дар даст гӯлдастае
дошт. Мардум мегуфтанд, ки ҳатто дар гармоҳои тоқатфарсо
ва сармоҳои тоқатшикан ҳам қадами зиёратгарон аз ин деҳа
канда намешавад.

Шамоли сардаке вазида, баргҳои дарахтонро ба ҳаво мепа-
ронду ба замин мерезонд. Гоҳе қатраҳои борон мерехт. Туман
ба атроф доман мекушод. Баргҳо аз вазиши боди тирамоқ ба
ҳамдигар бархӯрда, садои пасте мебароварданд. Замоне дар
атрофи деҳаи Булути Сӯхта бешаи анбӯҳе мавҷуд буд, вале
баъди фоҷиаи мудҳиш танҳо чаҳор дарахт бокӣ монд. Онҳо
шоҳиди безабони фоҷиа ҳастанд.

Чилу се сол муқаддам ин деҳаро Булут ном мебурданд, зе-
ро он дарахти булути азамати беназире дошт, ки боиси чунин
ном гирифтанаш гардид. Касе ба хаёл ҳам намеовард, ки
фоҷиае рӯй медиҳаду номи деҳа тағйир меёбад. Дар атрофи
Будут боз се деҳаи хурд ҳам буд ва роҳ ба сӯи ҳар сеяшон аз
ҳамин ҷо мегузашт.

Тирамоҳи соли чилу дуюм фашистон хабар ёфтанд, ки со-
кинони ин деҳаҳо партизанҳоро бо хӯрокворӣ ва дигар чизҳои
зарурӣ таъмин менамоянд. Субҳи яке аз рӯзҳои тирамоҳ фа-
шистон Булут ва деҳаҳои атрофи онро чун девор ба муҳосира
гирифтанд. Роҳи наҷот набуд. Ҷангал дар лаҳзаҳои душворта-
рин одамонро ба оғӯш гирифта, аз март наҷот медод ва соки-
нони деҳаҳои Будут ин дафъа ҳам бо умеди наҷот ба тарафи
дарахтзорон мегурехтанд, бехабар аз он ки дар муҳосира мон-
даанд. Аз ҷангал садои тир мебаромад.

Фашистон тамоми сокинони зиндамондаро ба назди дарах-
ти булут оварданд. Ҳеҷ кас пинҳон шуда ё гурехта натаво-
нист. Душманон барои истинтоқ фурсат надоштанд ва пиру
барно, кӯдакону ҷавонон ва ҳатто тифлаконро низ парронданд
ва ҷисмашонро тарам карда сӯзонданд. Аз тирҳои душман та-
наи дарахти азим захми зиёде бардошт. Оташи газаби фаши-
стон паст намегашт: онҳо тамоми деҳаро сӯзонданд. Сӯхтори

309
азим чун деви ҳафтсар ҳама чизро ба комаш фурӯ мебурд. За-
бонаи он ба дарахти будут ҳам расид.Шохаҳои сарсабзи будут
сӯхта хокистар шуданд, нисфи танаи дарахти пир низ оташ
гирифт.

...Борон меборид, табиат гӯё ба марги ноҳақи фарзандони
азизаш ашк мерехт, ашки ғаму қасрат, фироқ.

Деҳаҳо сӯхтанду ба хокистар табдил ёфтанд. Аз дарахтони
азим танҳо булути нимсӯхта боқӣ монд, аз ҳамон рӯзи фоҷиа
деҳа Булути Сӯхта ном гирифт. Аз ҳамон рӯз дигар дар он ҷо
касе зиндагй намекунад, вале деҳа дар харитаи вилоят ҳамчун
маҳалли аҳолинишин арзи вуҷуд дорад. Баъди ҷанг ба хотири
ҳар як сокини деҳа дарахте шинонданд. Он ниҳолҳо ба дарах-
тони азим табдил ёфтаанд. Вале ҳатто ҷангалзорони нав номи
деҳаро тағъйир дода натавонистанд. Захмҳои дарахти булути
сӯхта ҳанӯз «шифо» наёфтаанд. Булути сӯхта баъди он фоҷиа
ҳатто барге набаровард, танаи дарахт то имрӯз сиёҳ аст, ба
монанди модаре, ки дар гами фарзанди шаҳидаш тамоми умр
либоси мотам мепӯшад.

Ватан фарзандонашро фаромӯш намекунад. Дар он ҷо ба
хотираи шаҳидони ҷанг маҷмааи ёдгорй сохтаанд, ки он «Бу-
лути Сӯхта» ном дорад. Дар гӯшаҳои ин маҷмаа мо ҳатто
боқимондаҳои чӯбҳои сӯхтаи иморатҳои деҳа, печҳои русии
«зиндамонда»-ро дидем. Дарахти булути сӯхга дили маҷмааи
ёдгорӣ аст. Атрофашро бетонпӯш кардаанд. Рамзан барги саб-
зе сохтаанд. Ҷанги ҷаҳонсӯз ба сари мардум фоҷиаҳои бисёре
овард, вале рӯхд халқро шикаста натавонист ва мо бар Герма-
нияи фашистй зафар кардем. Барги сабз рамзи давоми
зиндагй, нашъунамо, сарсабзию хуррамии Ватан аст. Зиндагӣ,
адолат, ҳақиқат ғолиб омад ва ғолиб хоҳад монд.

Дар таги дарахти сӯхта ба шарафи қурбониён ҳайкалқо гу-
зоштаанд,- ҳикояташро давом дод Маҳками Бобоҷон. -
Муҷассамаи Модар. Вай бо чашмони пӯшида духтарчаашро
сахт ба оғӯш гирифта, аз марги нобаҳангом наҷот додан
мехоҳад. Модар аз марги хеш ҳаргиз наметарсад, дар
лаҳзақои сахту мушкил гами фарзандро мехӯрад, зеро фар-
занд давоми умр аст. Дар пахдуи Модар ҳайкали пирамард
воқест. Ӯ дар тан либоси таг дорад. Дар лаҳзаҳое, ки фаши-

310
стон ба Булут ҳуҷум оварданд, сокинони деҳа дар хоби ширин
буданд ва аз тангии фурсат ҳатто барон пӯшидани курта им-
кон надоштанд. Пирамард бо сари баланд ба тарафи
динояткорон менигарад. Аз он ифтихор дорад, ки баҳри хоки
муқаддаси Ватан сарбаландона ҷон медиҳад, вале ба душма-
нон сари таъзим фуруд намеорад. Дар байни ҳайкалҳои Мо-
дар ва Пирамард муҷассамаи Писарак низ ласт. Вай ҳам аз
мурдан намеҳаросад, аммо аз он алам мекашад, ки барои зид-
ди душман мубориза бурдан кудрат надорад...

Ҳамаи сокинони деҳаҳои Булути Сӯхта қурбони ҷанг шу-
данд, лекин на дар майдони ҷанг. Барои он мурданд, ки силох
надоштанд, барои он қурбон шуданд, ки Ватанро дуст медош-
танд, ба партизанҳо ёрӣ медоданд, ҳифзи Ватанро аз ҳифзи
ҷон воҷибтар медонистанд.

Мо онҳоеро, ки баҳри ҳифзи Ватан ҷон нисор карданд, ба
ёд овардем, ба пояи муҷассамаҳои шаҳидони роҳи озодӣ ва
пирӯзии мардуми олам гулдастаҳо гузоштем. Онҳо дар дилу
хотираи мо зиндаанд. Бигзор осмон соф, сулҳ ҳукмфармо бо-
шад ва фоҷиаҳои даҳшатангези деҳаҳои Хатин, Булути Сӯхта
дигар ҳаргиз такрор наёбанд. Мурод аз таваллуд шудан зистан
аст, на бехуда аз дунё даргузаштан!

Ноқили ин ҳикояти муассир яке аз иштирокдорони ҷанг
Маҳкамбой Бобоҷонов (21.03.1919, маҳаллаи Гумбазӣ, шаҳри
Конибодом - 02.02.1998, ҳамон ҷо) умри бобаракаташро ба
кори деҳқонӣ бахшид. Дар ибтидои солҳои сиюми асри бист
бо хукми сегона ахди оилаашонро, ки деҳқонони миёнаҳол
буданд, ба рӯйхати давлатмандон дароварда, иҷборан ба
деҳаи Новоалександровск, ноҳияи Левакум (кишвари Ставро-
пол) бадарға карданд. Ба ин сабаб ӯ мактаби миёнаро дар он
ҷо хатм кард. Сари тобистони соли 1941 ба зодгоҳаш Конибо-
дом баргашт. Муддате дар мактаби деҳаи Чироқчӣ, ноҳияи
Ёвон ба тарбияи наслҳои наврас шуғл варзид.

Маҳками Бобоҷон соли 1942 ба ҳифзи Ватан рафт, шаш сол
хидмати ҳарбиро ба ҷо овард. Ӯ дар полки тирандози 556-и
Артиши Сурх вазифаи фармондеҳи дастаи тиркашонҳоро ба
ҷо меовард. Дар муҳорибаҳои шадид ду бор захмдор шуда,
дар бемористони ҳарбӣ табобат ёфт, боз ба майдони набард

311
рафт ва Рӯзи Зафарро дар Берлин пешвоз гирифт. Хидматҳои
ҷангӣ, диловарию корнамоиҳои ӯ бо ордену медалҳои зерин
қадрдонӣ ёфтаанд: «Ситораи Сурх», «Барой корнамоии
дангй», «Барой фатҳи Кёнигсберг», «Барой галаба бар Герма-
ния дар ҶБВ солҳои 1941-1945», «20-солагии зафар...», «25-
солагии зафар...», «30-солагии зафар...», «40-солагии за-
фар...» ва «50-солагии зафар дар ҶБВ».

Ин дилбанди асили кишоварзӣ баъд аз анҷоми ҷанг тамоми
умр дар колхозы «Ленинград» (заминҳои ин хоҷагй собиқан
мулки падару бобояш буд), ноҳияи Конибодом ҳалол кор кар-
ду соҳиби хонаву ҷой ва оилаю фарзандон гардид.

Мардум ӯро дӯст медоштанд, қиссаю ҳикоятҳои дангй ва
таассуроДи сафарҳояшро бо шавқ мешуниданд. Дар мактабҳо
вохурй ва мулоқоташро бо наврасон ва муаллимон доир ме-
гардонанд.

Руҳп поки хоксорон ёд бод,

Ҳамнабарди ҳимднёрон ёд бод!

РОҲИ ҶАНГОВАР

Мудири мактаб бо муаллим Пӯлод Собиров вохӯрду баъди
ҳолпурсӣ ба сари мақсад омад:

- Мехостем вохӯрии шуморо бо мактаббачаҳо гузаронем.
Дар байни муаллимони мо шумо ягона собиқадори ҷанг
ҳастед.

Рӯзи дигар дар пеши назари бачаҳо марди логарандоми
сиёҳҷурда, собиқ хуфиякори Артиши Шӯравй менишаст, ки
сари синаашро ордену медалҳо зинат медбданд. Баь1е бачаҳо
аз иштирокдори ҷанг будани муаллимашон бори аввал вокиф
шуда, ба ӯ бо ҳайрат менигаристанд ва дар дил мегуфтанд:
ҳар рӯз бо ин кас вомехӯрем, сӯҳбат мекунем, дарсашонро
мешунавем, ҳамсоя ҳастем, аммо аз саргузашти ҷангиашон
бехабарем...

Мудири мактаб баъди сухани муқадцимавӣ гуфт:

- Муаллими мо Пӯлод Собиров солҳои ҷанг борҳо ба гир-
доби обу оташ афтода, ғолиб баромадаанд. Пайраҳаҳои на-

312
бард ин касро аз соқилҳои Волга то ба Порт-Артур бурдааст.
Ҳоло ин муаллими размдида аз саргузаштҳояшон ба мо
ҳикоят меоваранд.

Вақте ки Собиров аз ҷой бархост, садои чапакзанй ба толор
печид. Марди набард ба ҳозирин нигаристу аз чй бошад, ки
лаҳзае хомӯш монд. Кӣ медонад, ӯ дар паси пардаи ин
хомӯшй кадом воқеаи солҳои ҷангро пеши назар меовард. Ё
шояд, ба мактабиён нигариста, айёми бачагиро пеши рӯ мео-
вард. Охир, ӯ ҳам замоне кӯдак буд ва ҳоло мӯи сараш барфо-
со метобад...

Ҳаёти ҷангии Пӯлод Собиров дар полки 113-уми тирандо-
зони Фронти сеюми Белоруссия оғоз ёфт. Ӯро хуфиякорон
(разведкачиён) ба сафи худ гирифта, асрори муҳорибаи тан ба
танро омӯзонданд. Пӯлод баъди машқҳои паёпай дар остонаи
Смоленск аз аввалин имтиҳони муҳориба гузашт.

...Соли 1942. Зимистони қаҳратун. Аёси изғиринг ба тани
харсангу шохи дарахтон бархӯрда, аз қаҳр ҳуиггак кашида, ба
сару рӯ гуё сузан мезад. Душман бо қувваи нав ҳамла мео-
вард. Аскарони сурх барои рахна кардани хатти ҷабҳаи гит-
лерчиён тайёрӣ медиданд. Пеш аз ҳуҷум Пӯлод ва чор нафар
рафиқи ҳамсилоҳаш Иванов, Павличенко, Олҷасов ва Калон-
дадзеро ба қароргоҳи ситод хонданд. 1

- Бародарон,- гуфт сардори ситод,- фар до қисми мо ба
Ҳуҷум мегузарад. Имшаб ба хуфиякорй рафта, албатта, ягон
«забои» овардан зарур. Фармон аст, ки фаврӣ миқдори қувваи
душман ва самти хуҷумашро муайян кунем. Мақсад фахдюст?

- Фахдю!

Сардори ситод ба ҳайати хуфиякорон Пӯлодро роҳбалад
таъйин карда, дасти ҳар якеро фишурд ва барори кор хост.

Шаби сарди бешаи анбӯқ. Зарра-зарра барф меборид. Да-
рахтони барфпӯш асрорангез менамуданд. Аз канори дури
беша ҳар дам садои тир баромада, ба оромй халал мерасонд.
Гоҳе мушакҳо дар гумбази осмон дурахшида, ба атроф партав
меафканданд.

Хуфиякорони мусаллаҳ хилъати сафед дар тан ба роҳ да-
ромаданд. Пӯлод бо Иванов ва Калондадзе аз тарафи рост,
Павличенко ва Олҷасов аз чап мерафтанд. Онҳо аз паси да-

313
рахте ба паси дарахте гузашта, гоҳе хазида ва гоҳе Давида,
ҳарфе назада, роҳ мепаймуданд. Дар чунин лаҳзаҳои хомӯшӣ
онҳо бепггар аз масъулияти корашон фикр мекарданд, зеро аз
иҷрои супориш рафти муҳориба тағйир меёфт... Қариб ду со-
ат роҳ паймуда, оқибат ба чои даркорй наздик омаданд. Муд-
дате хомӯш истода, ба атроф гӯши хуш доданд. Овози
фритсҳо баръало шунида мешуд. Ду тан фашист сӣ-чил қадам
дуртар равуо доштанд. Ҳар гоҳ аз силоҳ паи ҳам ва тахминй
оташ мекушоданду бо ҳам сӯҳбаткунон пасу пеш қадам меза-
данд, ки хунук нахӯранд.Зоҳиран, дар дарунтари беша сито-
дашон воқеъ буд, ки онро посбонй мекарданд. Аскарони
шӯравй барои шабохун задан хеле фурсат поида, баъд якбора
аз ду тараф ҳамла оварданд. Ҳар ду фашист аз зарби қундоқи
автомат пуштнокй афтод.

- Ҳалт! Ҳалт!- мили автоматро сӯи онҳо нигаронд Пӯлод,
ки каму беш забони олмониро медонист.

Хуфиякорон зуд ба даҳони онҳо латта хастанду дасташон-
ро бастанд ва ба ақиб бурданд. Пӯлод баъди чил-панчоҳ
қадам роҳ рафтан мили автоматро ба посбонони фашист рост
карду пурсид, ки ситодашон дар куҷост? Фашистҳо сир до-
данд. Маълум шуд, ки ситодашон наздик будааст.

Ду кас ҳамроҳи асирон монданду сеяшон ба беша дарома-
данд. Ситоди душман дар заминкан воқеъ буд. Се тан ба за-
минкан наздик шуда, фурсате гӯш ба қимор истоданд. Пас,
боз наздиктар рафта, аз тарқиши пахдӯи дар диданд, ки панҷ-
шаш тан фашиста баландрутба дар равшании чароғ харитаеро
густурда, нуқтаеро ба якдигар нишон дода, реҷа мекашанд.
Хуфиякорон якбора ба заминкан даромаданй буданд, ки фа-
шисте ба бухорй ҳезум андохта, сӯи дар омад. Пӯлод ва
рафиқаш худро ба ду тараф гирифтанд. Фашист аз дар баро-
мада, сӯи пулемёта посбонҳояшон мешитофт. Пӯлод ба
рафиқонаш ишорае намуда, панҷ-шаш қадам ҷасту даҳони
фашистро аз паси сараш кафпӯш кард, ки овоз набарорад.
Душман зӯр зада муқобилат кард, аммо бефоида. Хуфиякорон
дасту даҳонашро бастанд ва ба тарафи омадаи худ бурданд.
В акте ки соатҳои чори шаб ба ситоди худ баргаштанд, аз ду-
родур садои тирандозӣ ба гӯш расид. Фашистон аз ногаҳон

314
«ғайб» задани одамонашон ба изтироб афтода, девонавор
оташ мекушоданд.

Пӯлод аз барори «шикорашон» хурсандона ба фармондеҳи
ситод гузорищ дод:

- Рафиқ майор, супоришро ба иҷро расондем.

- «Забон» озардед?

- Бале, се нафар. Як офитсер, ду аскари қаторӣ.

- Офарин! — гуфт майор. — Талафот надодед?

- Не. Душманро дар ғафлат монондем.

- Доди мардонагиро додед, шербачаҳо!

Рӯзи дигар дивизия ба ҳуҷум гузаигт. Фашистҳо ақиб гаш-
танд. Ин натиҷаи «шикор»-и Пӯлод ва чор нафар ҳамсилоҳи ӯ
буд. Баъдан .ҳуфиякоронро барои чунин ҷасорат бо ордени
«Ситораи Сурх» сарфароз гардонданд. Ин воқеа январи соли
1943 ба вуқӯъ пайваст.

Субҳи дигар Пӯлодро рафиқонаш ошуфтаву маъюс диданд.

- Чаро ғамгинй? Шаб шикорат барор нагирифт магар?! -
пурсид як рафиқаш, ки бо ҳазлу шӯхй ran мезад.

Пӯлод якбора хунг-қунг гирист. Дар як дам ба гирдаш ас-
карон ҷамъ омаданд. Ҳама «чӣ шуд, чӣ шуд?» гӯён боиси
ғуссаи ӯро мепурсиданд. Ба ӯ хоҳаркалонаш Ойхон Собирова
нома навиштааст, ки бародараш Темурҷон аз ҷанг бо захми
мӯхдик баргашта, чашм аз олам пӯшид.

- Дилшикаста нашав,- ӯро таскин медоданд рафиқонаш. -
Ин ҷанг ҳазорҳо мисли ману ту касонро аз бародарон ҷудо
кард. Мо барои ҳамаи онҳо ва барои бародари ту ҳам интиқом
мегирем.

Мохи майи соли 1943 дар назди ноҳияи Дахобинои вилоя-
ти Смоленск дастаи хуфиякорони мо дар муҳосираи душман
афтод. Қувва нобаробар меомад. Ба даста баталёни дусадна-
фараи душман қуҷум овард. Фашистон аскарони моро ба тас-
лим шудан мехонданд. Пӯлод фаҳмид, ки ҷанги сахти ҳаёту
мамот дар пеш аст ва ғалаба танҳо ба диловарии ҳар як аскар
вобастагӣ дорад.

- Маҳорати тирандозии мо ҳамин рӯз маълум мешавад,—
гуфт ӯ. - Тиру норинҷакро сарфа кунед, беҳуда оташ накушо-

315
ед. Ба ҳалокат расем ҳам, ба пешрафти душман роҳ
намедиҳем.

Фашистон аз ҳамаи навьи силоҳҳо якбора оташ кушоданд.
Ҷанговарони мо ҳам яроқҳоро ба кор бурданд. Душман тала-
фот дода, каме ақиб нишаста, қувва ҷамъ оварда, боз пеш
омад. Дар ин чанг Пӯлод муддате қувваи шунавоияшро гум
кард, аммо аз майдон берун набаромад. Чашмони ӯ душманро
медиданд, ангуштонаш дастаи пулемётро пахш карда, гитлер-
чиёнро аз пой меафтонданд. Вақте ки фашистон ба хандақи ӯ
тамоман наздик омаданд, норинҷакпартоӣ оғоз ёфт. Даста на
фақат ҳуҷуми баталёни фашистонро зада баргардонд, балки
ба онҳо зарбаи ҳалокатовар ҳам расонд. Худи Пӯлод бисту
нӯҳ фашистро аз байн бурд, аммо хеле рафиқонашро низ та-
лаф дод. Дасташ лат хӯрда, пои чапашро лахтаи тир лесида
гузашт.

Фармондеҳи дивизия ба хуфиякорони даста барои аз
муҳосира сиҳҳат баромаданашон таҳсиннома ба эълон дод.
Ин дафъа дар сари синаи Пӯлод медали «Барои шуҷоат» чой
гирифт.

Тирамоҳи соли 1944 қисмҳои Артиши шӯравӣ ба Пруссияи
Щарқй, ба қароргоҳи Гитлер бо номи «Лонаи гургон» даро-
маданд. Фурсати дарандаро дар лонаи худаш кӯфтан расид.
Фашистон ҳар як ҳавлию хонаи Кёнигсбергро ба қалъачае
табдил дода, ба шикастнопазирии ӯрдугоҳи худ эътимоди ко-
мил доштанд. Пулод фа\мид, ки чаро Гитлер ин шаҳрро
«қалъаи шикастнопазири Пруссияи Шарқӣ» меномид ва му-
дофиаи онро махсус ба зимаи лашкари яккачини худ вогу-
зошта буд. Аммо ин қалъа ба сели оташи «Катюшаҳо» дошт
надод. Пӯлод дар чангҳо барои деҳаи Жебсово бо понздах
сарбоз аз хатти чабҳа гузашта, ба постгоҳи фашистон зада да-
ромад, дар ҷанги тан ба тан ғолиб омад ва нақшаи муҳорибаи
навбатии онҳоро ба даст овард. Ҷасораташро ин дафъа бо ме-
дали «Барои Гирифтани Кёнигсберг» такдир карданд.

Ба ин тариқ Пӯлод Собиров даҳҳо бор ба пинҳонкорй раф-
та, дар оташи муҳорибаҳо обутоб ёфт ва аз соҳилҳои Волга, аз
вилоёти Калинин, Смоленск то шаҳру деҳоти Литва расид ва
Рӯзи Галабаро дар Пруссияи Шарқӣ пешвоз гирифт. Шомгоҳ,

316
вақте ки садои тӯпқо замину замонро ларзонда, ба домани
осомон мушакҳои рангам фараҳбахш мепошид, Пӯлод
ҳамроҳи ҳамсилоҳонаш аз автомат чанд карат тир холӣ карда,
зафари хосаи худро ҷашн гирифт. Хурсанду ифтихорманд
буд, ки хуни бародаронаш беҳуда нарехт, мубориза ва азобу
машаққаташон зоеъ нарафт. Ин пирӯзии ҳам мурдаҳо, ҳам
зиндаҳост.

Пӯлод оқи сабук кашид, ба машомаш бӯи баҳори озодӣ ме-
расид. Ҳоло осмони беғубори зодгоҳаш, 6ofу роғи шукуфабор
ва домани пурлолаи кӯҳистонашро ба ёд меовард. То ҷанг мо-
дараш дар тараддуди хонадор кардани ӯ буд. Он рӯзро хуб ёд
дорад: саҳарӣ модараш фатиру кулча пухта, мехост ба хостго-
рии духтари ҳамсоя равад. Аммо хабари нисфирӯз ба хизмати
ҳарбй рафтани писараш ӯро як қад паронд. Модар як дастар-
хон кулчаю фатири пухтаашро ба фарзандаш тӯша доду ба
хидмати ҳарбӣ гуселонд. Ҳ,оло модари ӯ Тӯхтабону хабари
анҷоми ҷангро шунида, чӣ қадар хурсанд шуда бошад! Шод
бош, модар, ки фарзандат дар чунин ҷанги хунин зинда монд!

Аммо Олмони фашистӣ торумор ва таслим шуда бошад
ҳам, дар Шарқи Дур иттифоқчии вай Япония ҳанӯз ҷангро да-
вом медод. Истилогарони япон даъвати бечунучаро таслим
шуданро напазиру фтанд. Он гоҳ Артиши Шӯравй ба
муқобили лашкари квантунии Япония хуҷум овард.

Роҳҳои ҷанг Пӯлодро аз Ғарб, аз сохилдҳои Одеру Нейс ба
Шарқ, ба даштҳои Манҷурия бурд. Вай дар ин ҷанг вазифаи
робитачиро ба ҷо меовард. Ин кор барои ӯ душворӣ надошт,
ҳангоми хуфиякорӣ бо ратсия ба қисмҳо робита баста,
сирҳояшро омӯхта буд. Вай аз қисм ба қисм иртибот гирифта,
то ба Чанчун ва Порт-Артур расид ва сохдби медали «Барои
ғалаба бар Япония» гардид.

Баъди бо зафари Артиши Шӯравӣ анҷомидани Ҷанги Бу-
зурги Ватанӣ Пӯлод Собиров сари синааш бо ордену медалҳо
музайян ба зодгоҳаш - маҳаллаи Ҳавзибаланди шаҳри Кони-
бодом оаргашт. Ахди оилаашон ба ноҳияи Орҷоникидзеобод
(ҳозира Вахдат) кӯчида буданд. Вай низ ба он ҷо ихтиёр кард.
Пас аз ду-се сол хонаводаашон ба ноҳияи Регар кӯч баст.
Пӯлод омӯзишгохро хатм карда, ба Донишгохи давлатии

317
омӯзгории пойтахт дохил шуд. Бо гузашти айём соҳиби хона-
ву ҷой ва зану фарзандон гардид. Аз соли 1947 то соли 1998
дар мактаби ба номи Максим Горкий, ноҳияй Регар ба наели
наврас таьлим медод. г

МуаллиМй размафкан, маҳбубй каЛоиқ Пӯлод Собиров
(1922, Конибодом - 1998, Регар) дар оилаи деҳкони миёнахол
ба дунё омадааст. Соли 1931 ахди хонаводаашонро ноҳак ба
Кафкоз бадарға карданд. Аз ин сабаб ӯ макЧаби миёнаи руси-
ро дар деҳаи Николо-АлёкЬандровск, нохияи Азгирск, кишва-
ри Ставропол хатм кард. бинои дуҳаба^аи хонаашон дар
Ҳавзибаланд аз соли 193 Р'мактаби ибтидоиии раками 4
(«Коммунист») ҷой гирифта буд.

Пӯлод Собиров солҳои ҶБВ чун хуфиякори полки 113_-уми
тирандози Фронти сеюми Белоруссия хидмат менамуд. У ба-
рон корнамоиҳои ҷангиаш бо ордену нишонҳои «Ситораи
Сурх», «Барой шучоат», «Барой галаба бар Германия дар
Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-45», «Барой зафар бар
Япония», «Барой фатхи Кёнигсберг», таҳсинномаи чандинка-
ратаи Сарфармондеҳи Олй И.В.Сталин ва ифтихорномахои
гуногун мушарраф шудааст. Ин маҷрӯҳи ҷанг дар шебу фаро-
зй зиндагй ростию ҳақпарастиро тӯша гирифта. дар замири
шогирдон тухми меҳру меҳанпарастй кшнт ва чу мин самар
бардошт, ки кунун мардум ӯро чун сохибдйли йачибу нисбат
ба душман пӯлодвор сахту устувор ва барои дӯст мумсифат
нарм ёд меоранд.

318
МУНДАРИҶА

Пешгуфтор.................................3

Баъде ки китобҳоро сӯзонданд..............5

Издиёд...................................16

Чоҳкан-зери чоҳ..........................31

Парастухисолон......................... 38

Ситораи гумшуда..........................45

Киштии тӯфонзада.........................56

Фарҷоми як фоҷиа.........................68

Адиби ноком..............................75

Андеша дар танҳоӣ........................86

Хонадони «душмани халқ»..................97

Гулҳои худрӯй.............:.............108

Ҷарроҳи сабукдаст.......................118

Духтари Ибни Сино.......................129

Шафқати Шаҳрия..........................142

Мукофоти олӣ............................] 51

Дардро ҳамдард донад....................158

Табиби исавихуш.........................165

Нобиғаи хунар...........................170

Дурахши ситора..........................188

Аввалин ситораи балет...................200

«Танавор»-ҳои Адолат.................. 205

Булбулнаво..............................213

Сардирижёр..............................221

Набераҳои Маряму Норинисо...............230

Донишвари шариф.........................233

Орифи илму маориф.......................253

Марди ду набард.........................259

Нахустқаҳрамон..........................275

Вақте ки «Шохдаланг» месӯхт.............284

Шиори зинда.............................300

Ҳамнабарди ҳамдиёрон....................308

Рохл ҷанговар...........................312

319
АлйБОБОҶОН

ДУРАХШИ СИТОРА

(Маҷмӯаи очерк ва мацолаҳо)

Муҳаррири ороиш Р.Шералй
Муҳаррири саҳифабандӣ М. Саидова
Чопи компутерииЛ^ Ҷӯраева

Ба матбаа 23.07.2012 таҳвил гардид.

Чопаш 25.08.2012 ба имзо расид. Андозаи 60x84 1/16.
Ҷузъи чопй 20.0. Адади нашр 1000 нусха.

Муассисаи нашриявии «Адиб»-и
Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон.
734018, ш. Душанбе, кӯчаи Неъмат Қаробоев, 17а.

Дар матбааи КММИИ «Аршан» ба чоп расидааст.
ш. Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов, 73/1
E-mail: varz.tm@mail.ru



Шоири соҳибтаҷриба Алй Бобоҷон аз солҳои
SO-уми асри XX ба кори эҷодй машғул аст. Вай аз
зумраи адибонест, ки ба хонандаҳои ҳамаи синну
сол, вале бештар барои бачаҳо ва наврасону
ҷавонон асар менависанд. Осори манзумаш дар
даҳх.0 маҷмӯаи ашъори ӯ фароҳам омада,
намунаҳояшон дар тазкираҳо ва адабиёти таъли-
мию омӯзгорй ба табъ расида, дар тарбияи наели
наврас саҳме мегузоранд.

Аз дигар ҷониб, ӯ аз аввалқадамҳои эҷодй дар
навиштани ҳикоёти воқей, эссе, репортаж,
очеркҳои ҳуҷҷатй ва мақолаҳои публисистй низ
пайваста машқ ва қувваозмой дошт ва х,оло хам
дар ин пешаи писандидааш шуғл меварзад. Ном-
бурда пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгорй дар
рӯзномаи «Тоҷикистони советй» (ҳозира
«Ҷумҳурият») ба фаъолият пардохта, бо тақозои
айём очерку мақоланависиро бо қатъият идома медод. Қисме аз асарҳои мансу-
ри адиб доир ба рӯзгору пайкори одамони наҷиб дар китобу рисолаҳояш «До-
мулло Азизов» (1970), «Дар оташ» (1975), «Нахустқаҳрамони тоҷик» (1979),
«Тоҷикистони ман» (1983), «Чароғҳои Уялй» (1996, шарикмуаллиф Собири
Шоҳонй), «Чилчароғи маърифат» (1998), «Сохибҳунар» (1999), «Ситораи ихлос»
(2000), «Дунёи мехр» (2000), «Неъмати нодир» (2001), «Имтиҳони зиндагй»
(2004), «Конибодом» (2006), «Исмоилхон Халилов» (2008) ва ғайраҳо гирд омада,
мақбули хосу ом гардидаанд.

Як силсила мақолахои пурмояи муаллиф дар ҷилдҳои Қомуси Миллат ва
маҷмӯахои дастҷамъона низ интишор ёфтаанд.

Шоир ва публисист дар китоби нави очерку мақолаҳояш «Дурахши ситора» ба
рӯи наели наврас саҳифаҳои тозаи қомуси рӯзгори абармардони миллатро боз
месозад, ки ҷанбаҳои ибратомӯзи ватанпарварӣ ва умумибашарй доранд. Ӯ дар
ин боб қарор додааст, ки ҷавҳари андешаҳояшро асосан дар мисоли корнамоии
фарзандони як мавзеи Тоҷикистон нишон диҳад. Дар аксари ин навиштор
тақдири инсонхои хирадпарвару сохибхунар бо ҳамаи бурду бохташ хеле муас-
сир ба риштаи тасвир омадаанд.

Translation