Турсунзода дар ёдҳо Recollections about Tursunzoda

Transcription

ТУРСУНЗОДА
ДАР ЁДҲО

Душанбе
«Адиб»
2011
ББК 84 Тоҷик 7-5-4
Т-76

Мура гтибон Гулназар ва /урез Сафар
Муҳаррир Сафар Амирхон

Т-76 Коллектив. Турсунзода дар ёдхо (ёдбуд, хотира ва
шеьрҳо). - Душанбе, «Адиб», 2011, 480 саҳифа.

Мунодии -сулҳу вассофи Ватан, шоири тавонову мураббии аҳли
сухан ва яке аз муборизони фаьоли дӯстии халқхои олам Мирзо
Турсунзода бо хислатхои наҷибонаю ашъори рангини хеш дар дили
хамватанону хамкаламон абадан маскан гирифтааст.

«Турсунзода дар ёдхо» дастагулест аз хотироти адибони бузурги
олам ва дӯсзону аҳли қа.чам, ки ба муносибати 100-солагии ин су-
хансолори бузург пешкашатон мегардад.

ISBN 978-99947-2-081-1

© Нашриёти «Адиб», 2011
СИТОИШИ БУЗУРГОН

Кош дар хусуси кишвари Шӯравӣ асаре нависам мисли ДОС-'
тони шоири тоник Мирзо Турсунзода дар бораи Ҳиндус гон.

Мулк Роц Опапд, нависандаи бузурги ҳинд

...ашъори Мирзо Турсунзода ба сони мурғи афсонавй аз рӯи
қуллаҳои баланду дарёҳои паҳповар гузашта, бо ҳакқоният, Са-
мим ият ва пардози зебои шоиронаи худ ақлу дили
ҳамзамононро тасхир кардааст.

Николай Тихонов, шоири бузурги рус

Бигзор, килки ту бо ранги нилуфар ҷовидонӣ нақшу нигор
бандад.

Михаил Шолохов, нависандаи бузурги рус,
дораидаи ҷоизаи Но бел

Мирзо Турсунзода дар наздикшавии кишварҳои Осиё ва
Африко, муборизаи мардуми ин қитъаҳо алайҳи
мустамликадорй, расиданашон ба истиқлолу озодй саҳми бу-
зурге гузоштааст.

Сергей Михалков, шоири бузурги рус

Оқои Мирзо Турсунзода, суханвари арчмандест дар кишва-
ри худ азизу мӯҳтарам ва назди мо низ чунин аст.

Парвиз Нотили Хонларй, донишманди бузурги Эрон

Мирзо Турсунзода на факат шоири бузурги Тоҷик, балки
мӯътабартарин ва азизтарин намояндаи халки тоник буд.

Фаӣз Аҳмади Фа из, шоири бузурги Покистон

Мирзо Турсунзода бузургтарии шоир ва машҳуртарин тоҷик
буд.

Қайсин Кулиев, шоири бузурги бол кар

Мо бахтиёр ҳасгем, ки Мирзооқо дар байнамон умр ба cap
мебарад, ӯ ҳамзамони мост ва мам метавонам ӯро мураббй, му-
аллим ва қадрдонтарин дӯсти худ бихонам.

Анвар Олимҷонов, адиби бузурги қазоқ

3
Шумо (М. Турсупзода) дар ҳақиқат Хам вориси арзанда ва
қонунии ганҷинаи бузурги назми ҳазорсолаи халқамон, шараф
ва ифтихори адабиёти тоҷик мебошед...

Бобоҷон Гафуров, академик

Маи дар тамоми умри худ мисли ӯ (М. Турсупзода) донанда
ва эҳтиромкунандаи шеъри классики Шарқ ва албагга форсии
тоҷикиро басо кам дидаам... Вай аз зебоии зиндагй моҳирона
баҳра мебардошт, чй будани гаму андӯҳро мефаҳмид ва ба бад-
бахгии дигарои шарик туда метавонист.

Мирзо Иброҳимов, адиби бузурги Озарбощон

Ии шахе (М. Турсупзода) инсони асилу бузург буд ва ис-
геъдоди модарзодии шоириаш касро ба ҳайрат мсовард, ватами
худро беандоза дӯст медошт, қимату моҳияти ҳақиқии дӯстии
халқҳоро амиқ мефаҳмид.

Анатолий Сафронов, адиби бузурги рус

Абадият ҳамбастагии муҳаббат ва ақл, накӯкорй ва вафодо-
рист... Абадият дар хама замонҳо дар пеши иазари оламу олами-
ён ҳайкали боҳашаматест. Мирзо Турсупзода дар таъриху
тақдири халки худ амсоли ҳамин гумна ҳайкал қомат афрохтааст.

Набй Хазрй, шоири бузурги Озарбойҷон

Ба мазарам Мирзо Турсупзода сарнавишти хушбахтонае до-
рад, ки мухаббати хамдиёромаш мисбат ба шахеи ӯ аз тарафи
халкхои дигар низ писанд афтодааст...

Мустай Карим, нависандаи бузурги Чувашистон

Мирзо муқаллид не, балки давомдихандаи мазми хазорсолаи
халқи худ мебошад. Ӯ им кори душворро бо сарафрозй...адо
мекумад.

Расул Гамзатов, шоири бузурги Догистон

Мирзо Турсупзода барои мам ҳамеша як намояндаи
барҷастаи маданият ва адабиёти қадими тоҷик будааст ва
ҳаст... Мирзо Турсупзода як шахсияти бемислу назирест.

Чингиз А Сенатов, нависандаи бузурги циргиз

4
Эмомалӣ РАҲМОЛ
Президенты Ҷумхурии Тоҷикистоп

МИР Ю ТУРСУШОДА - ШОИРИ БУЗУРГ
ВА ЛРБОБИ БАРҶАСТАИ ҶАМЪИЯТӢ

(Матни суханронии Президент Эмомалӣ Раҳмоиов дар
маҷлиси тамтанавӣ бахшида ба 90-солагии устод Мирзо
Турсунзода. Душанбе, 27 октябри соли 2001)

Ҳамватанони азиз!

Меҳмонони мӯҳтарам!

Таърих ҳеҷ гох, дар фазой холй ба вуҷуд намеояд. Ҳар як
саҳифаи он бо номи абармардоне вобаста аст, ки оо гузашти
вақт нақши онҳо дар қаёти ҷомеаи хеш ва асрҳои минбаъда
бсш аз пеш равшан мегардад.

Дар асри XX устод Садриддин Айнй, Бобоҷон Гафуров ва
Мирзо Турсунзода барои миллати тоҷик аз ҷумлаи чунип ар-
бобони бузурге буданд, ки афкори халқи хешро дар
мархилаҳои ҳассоси таърихӣ ба маҷрои худшиносии миллй ва
таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон равона сохтанд.

Дар марзи ду ҳазорсола, вакте ки халқи гочик ба мархилаи
нави тараққиёти худ ворид гардид ва мо роҳи дар асри XX
тайкардаи худро ҷамъбаст намудем, бо назардошти хизматқои
бузург ва фидокории онҳо дар поягузории истиқлолияти
Точикистон, инкишофи тамаддуи ва худшиносии милли бо
унвони олии мамлакат — Қаҳрамони Гоҷикистон сазовор до-
чиста шудани ин фарзандони бошарафи миллат комилан
қонунист. Зеро ҳар яке аз онҳо дар ҳаёти сиёсию чамъиятй ва
илмию фархангии Тоҷикистон мақоми шоиста доранд ва чои
устод Мирзо Турсунзода, ки мо имрӯз барои тачлили 90-
солагии зодрӯзи ӯ чамъ омадаем, мавриди зикри хоса мебо-
шад.

Аз ин лиҳоз, мехоҳам аҳли адаб ва фарҳанги мамлакат, та-
моми миллати точикро, ки ба гуфти устод Мирзо Турсунзода
«табиатан шоир аст», бо ҷашни сипаҳсолори назми муосири
мо табрику гаҳният гӯям.

Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоири шаҳир, балки ба
сифати арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ба ҳайси

5
Раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар та-
моми олами мутамаддин шӯҳратдошт.

Ӯ ба ин ташкилоти ҷамъиятии байналмилалй бист сол
оқилона сарварй карда, дар таҳкими пайванди дӯстй ва
робитаҳои адабии мардумони ду қитъаи муборизи сайёра—
Осиё ва Африко хизматҳои шоиста ба ҷо овард.

Аз ин ҷост, ки тибқи қарорхри .Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-
кистон ва ташкилоти ЮНЕСКО 90-солагии зодрӯзи
Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, академи-
ки Академики илмҳои Тоҷикистон ва дорандаи ҷоизаҳои бо-
нуфузтарини замони худ - Мирзо Турсунзода васеъ ҷаши ги-
рифта мешавад.

Мо ин ҷапшро ҳамчун рӯйдоди хсле муҳими фарҳангй, дар
ҳаёти мамлакат арзёбӣ менамоем ва итминон дорем, ки
чорабинихои вобаста ба ҷашни ин симои дурахшони адабу
фарҳанг боиси боз ҳам мустаҳкам шудани вахдат ва худшино-
сии миллй мегарданд.

Мирзо Турсунзода бо меҳнати фидокоронаи худ дар рохи
тараққиёти адабиёти бадей, мустаҳкам намудани сулҳи байни
мамлакатҳо ва қитъаҳои олам обрӯю-эътибори бузург дошт. Ӯ
дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони
худ, аз рӯи талошҳои сулҳхох,онааш сазовори унвони олии
Қаҳрамони Меҳнат гардида буд. Дар ҷодаи шеъру шоирӣ ва
санъати суханварӣ шоири номдори тоҷик бо ситораҳои тобно-
ки адабиёти муосири ҷаҳои ҳампоя ва ҳамрадиф буд.

Мирзо Турсунзода ҳамчун як фарди фарҳангии ниҳоят
фаъол ва мубориз аз ибтидои солхои сиюми асри бист то
анҷоми умри пурбаракати худ дар навсозии Тоҷикистон,
тараққиёти адабиёт, илм ва хунари он саҳми арзанда гузошт.

Ӯ чун шогирди содиқу вафодор дар пахдӯи устод Садрид-
дин Айнӣ ва Абулқосим Лоқутй ба хогири поягузории ада-
биёту санъати нави тоҷик хизматҳои шоиста кардааст.

Дар давраи ҳозира, ки мо Шохроҳи вахдат барпо менамоем
ва ин роҳи азим сарзамини сабзу хуррами моро бо кишварҳои
бузурги олам хоҳад пайваст, бояд аз он ёдовар шуд, ки Мирзо
Турсунзода ва ҳамсафони ӯ дар солҳои сиюмн асри гузашта
дар сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ ва Душанбе-
Хуҷанд фаъолона ширкат варзидаанд ва дар бораи меҳнати
созандаи халк асарҳои пурарзиш офаридаанд. Ҳамчунин во-

6
баста ба ин, ки Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди
Тоҷикистон соли 2003-ро Соли оби тоза эълон кардааст, як
сахифаи дигари фаъолияти устод Турсунзода ба хотир мсояд.

Мирзо Турсунзода ва дигар нависандагону хуиарварони
точи к дар сохтмони каиалхои калоии Фаргона ва Ҳисор
ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Сохтмонхои азим, ки тамоми
Тоҷикистоиро фаро гирифта буданд, на факат зухуроти
худогохии милли ва ватанхоҳии халқи точик буданд, балки
ҳамчун сарчашмаи илҳом ва инкишофи а дао нету хунар, аз
чумла эчодиёти Мирзо Турсунзода ба шумор мерафтанд.

Шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода, ки пешрафти
Точикистон ва рушду камоли маънавии мардуми кишвари моро
бо санъати олии сухан ва махорати баланд тасвир менамоянд,
далели равшапи ягонагии шоир ва халқу Ватан мебошанд.

ӯ ба сифати муборизи ростини рохи сулҳ ва дӯстии халкхо
ба бисер мамлакатҳои ҷахон сафар карда, аз миибархои ба-
ланди байналмилалй сухан мегуфт. 1очикистон ва халқи
тоҷикро чун миллати сулхпарвар, башардуст ва фархаш иго
хирадманд ба тамоми дунё машҳур месохт.

Точикистонро на танхо шахсияти нотакрор ва ибратбахши
Мирзо Турсунзода чун инсони фурӯтан, донишманд,
дӯстпарвар ва арбоби барчастаи давлатию ҷамъиятй, балки
ҳамчунин асархои пурмазмуни ӯ машхури ҷаҳон гардониданд.
Шоир ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба миллату Ватани худ хиз-
мати шоиста намояд, бо халқ ҳамнафасу қамқадам бошад, су-
ханро ба манфиати давлат ва чамъият истифода созад.

Лшъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалахои хаёти
мамлакат, дарди миллат ва орзуву ормонхои ӯро дар бар ме-
гирад.

Дар айни замой онхо на танхо арзишхои олии иҷтимоии
халқи точик, балки идеалҳои инсонпарваронаи дигар
миллатхоро низ ифода менамоянд, ба манфиати пешрафти
иҷтимой, сулҳ ва хамкории халқҳои чаҳон хизмат мекунанд.

Бесабаб пест, ки асархои шоири шӯхратёри точик ба зиёда
аз панҷоҳ забони халкхои чахон тарчума шудаанд. Ин далели
обрӯю нуфузи адабиёту фарханги точик ва ифтихори миллати

тоҷик аст.

Мирзо Турсунзода фарзанди содиқи халқ ва ба қавли худаш
«ба мисли гӯшгу нохун хамеша бо Ватан буд».

7
Воқеан, Ватан азизтарин муқаддасог барои фарзандоми
огоҳи миллат аст. Онро касе аз таҳти дил ва магз андар мағзи
ҷон дӯст дошта метавонад, ки ифтихори баланди миллӣ дошта
бошад. Ифтихор аз озодӣ, ифтихор аз зебоӣ, ифтихор аз Ватан
чун модари мушфиқу гамхор!

Мирзо Турсунзода аз нахустин китоби шеъру ҳикоя ва
очеркқои худ «Байраки зафар», ки соли 1932 интишор ёфта
буд, то охирин маҷмӯаи ашъораш -»Посбони оташ» дар та-
моми шеъру достонҳо, асарҳои драмавӣ, филмиомаҳо ва
мақолаҳояш худро ҳамчун ошиқ ва ситоишгари мумтози Ва-
тами азизи хеш нишом дод.

Эҳсоси ватандӯстии шоири шаҳир чунон самимӣ ва завки
зебоипарастиаш чунон равшан будамд, ки Тоҷикистон дар на-
зари ӯ мамлакати тиллоӣ менамуд. Шоир Ватанро такягохи
муқтадире медонист, ки ба гуфти худаш «халк аз вай
сарбаландиҳо ба даврон мекунад».

Шоири бузург халкро дар ҷонсахтию матонаг ҳамчун о\ан,
Ватанро дар меҳрубонӣ, зебоӣ ва кудрат ба мисли оҳанрабо
тасвир мекард. Рангу бӯи дилкаши Тоҷикистон, ки шоири
ҷаҳонгашта онро биҳишти бемисол меномид, боиси ифтихору
сарфарозии ӯ буд.

1Му\аббати поки устод Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ,
обу хоки Ватан, бешубхд, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун
намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард,

Устод Мирзо Турсунзода ба таърихи адабиёти муосири
гоҷик ҳамчун шоири навпардозе, ки вахдати халқу Ватанро бо
суханони ҷаззобу таъсирбахш васф кардааст, ворид шудааст.
Ғояҳои олии ягонагии ёру диёр, муҳаббати гарми ватандорӣ,
садоқат ба сарзамини ҳамешабаҳори тоҷикон дар эҷодиёти
Мирзо Турсунзода махсусан дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон
пурраю мукаммал ба зуҳур омадаид.

Шоир дар ин давра образҳои фарзандони бошараф, ҷасур ва
далерро офарида, робитаи майдони ҷанг ва ақибгоҳ, қаҳрамо-
ниҳои ҷамговарон ва диловарих,ои мардуми меҳнаткаш,
вахдату ягонагии халқҳоро ҳамчун омили муҳими галаба бар
фашизм нишон дод.

Эҷодиёти устод Турсунзода дар он давра таҷассуми олии
ҳам меҳнати диловаронаи халқи тоҷик дар ақибгоҳ ва хам му-

8
боризаи қаҳрамононаи фарзандони он бар зидди фашистони

истилогар буд. ,

Муқаддас донистани Ватам ва ватандори, шаъну шарафи

иисонй ва ваҳдати халқҳо, сарфи назар аз нажоду милтшу
мазхаби онҳо дар фаъол'ияти Мирзо Турсунзода чун арооои
бузурги давлатию чамъиятй ва кори пурмаҳсули эчодии у дар
давраҳои минбаъда хам ба сйфати мухимтарин арзишхои фал-

сафию ахлоқӣ идома ва ривоҷ ёфтанд.

Вахте ки силсилаи асархои Мирзо Турсунзода «Қиссаи
Ҳиндустон» ва «Ман аз Шарқи озод» паси хамдигар интишор
ёфтанд, онхо дар адабиёти асри ХХ-и ҷаҳон як руйдоди нави
адабй пазируфта шуданд. Зеро то ин дам ягон шоир с нави-
санда Шарки хориҷӣ, аз ҷумла муборизаи озодихоҳонаи халки
Ҳиндустоиро аз лиҳози бадей чунин хақиқатнигорона кашф
накарда буд.

Гузашта аз ин, осори дойр ба хаёти халкхои кишвархои
хориҷӣ офаридаи устод Турсунзода дар назми тоҷик давраи
наверо огоз карданд. Аз ин рӯ, онҳо зуд ба забони руси ва ди-
гар забонхои ҷаҳон тарчума ва нашр шуда, дар олами мута-
маддин машхур гардиданд. Зеро дар ин асархо Мирзо Iypcyn-
зода бо хамдардй ва хиссиёти бузурги башардӯстй тарзи зин-
дагонии халкхои Шарк, кабл аз хама Ҳиндустонро бо
тасвирхои пурзӯри романтикй баён карда, барои хушбахтию
саодати одамони оддй мубориза мебарад ва сиссати мустам-
ликадоронро сахт махкум менамояд.

Ғояҳои олии умумиинсонй—хифзи сулх, химояи

манфиагхои ахли захмат, хисси масъулият нисбат ба гаадири
инсоният, рафокат ва дӯсгии халкхо дар лирикам сиёси ва ди-
гар ашъори ичтимоии Мирзо Турсунзода оо камоли исгсъдод
ва махорати баланд, бо хиссу хаячони беинтихои инсондӯстӣ
ифода ёфтаанд.

Хизмати бебахои як нафар фарзанди миллаги соҳио-
фарҳанги тоҷик Мирзо Гурсунзодаи шоир дар гапи 1ардони-
дани тамаддуни башар низ дар хамим аст.

Дӯстони мӯхтарам!

Мирзо Турсунзода хар Кадар, ки шоири милли бошад, ба
хамон андоза таргибгари дӯстии халкхои дунё аст. Ин фазилат
на танхо дар фаровонии мавзӯъхои байналмилали дар

9
эҷодйёти ӯ, балки дар фикру андсшаҳои умумиинсоий ва
гояҳои олии умумибашарии шоир зухур мекунад.

Мавзӯи озодии инсон дар маркази тамоми эҷодиёти пурба-
ракат ва арзишноки Мирзо Турсунзода карор гирифтааст. Та-
раннуми озодии шахсият ва ҷомеа, истиқлолияти комили дав-
латии ҳамаи кишварҳо рисолати олии ҷамъиятии шоир буд.

Шоир орзу мекард, ки инсоии заҳматкаш ба озодии комил
муваффақ гардад, чунон ки мо ба шарофати истиқлолияти
давлатии Тоҷикистон ба чунин озодй поил шудем ва дар хари-
таи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани номи Тоҷикистони мустақил
им армони деринаи халқи тоҷик буд.

Мирзо Турсунзода дар шароити нави таърихй озодии
I оҷикистон ва халқҳои гуногунмиллати онро васф намудааст.

Қаҳрамони достоин «Ҳасами аробакаш» чавонмардест, ки
озодии ҳақикиро дар хизмат ба халқ ва ободонии мамлакат
мебинад. Им аст, ки ӯ мувофиқи тақозои замони нав ҳунари
ронандагӣ меомӯзад ва баробари Тоҷикистон худаш \ам руш-
ду камол меёбад.

Дар достони «Чароги абадӣ» шоири қадршинос симои ну-
ронии мураббии забардасти худ устод Садриддин Айниро ба
тасвир кашида, мақоми нависанда ва донишманди маъруф,
поягузори адабиёги муосири тоҷик, нахустин Президенти
Академияи илмҳои Тоҷикистонро дар ҳаёти маънавии ҷомеаи
мо нишон медиҳад.

Инсони озоде, ки тамоми фаъолияти бошууронаи худро чун
шоир ва арбоби ҷамъиятй дар роҳи саодати халқҳои
заҳматкаш, дӯстию бародарӣ, вахдат ва ягонагии мардум бах-
шидааст, худи устод Мирзо Турсунзода мебошад, ки мо
чеҳраи пурҷозибаи ӯро дар достони «Ҷони ширин» мебинем.

Қаҳрамонони устод Турсунзода одамони озоде қастанд, ки
ҳастии худро ба хизмати халқу Ватан бахшидаанд. Онҳо хар
қадар, ки ба Тоҷикистон ва и!гсонияти мутамаддин хизмати
шоиста анҷом диҳанд, ба ҳамон андоза худро озод ва хушбахт
эҳсос менамоянд.

Моҳияти ғоявии эҷодиёти шоири забардасти тоҷикро
вахдати халқҳои олам ва фаъол сохтани нерӯҳои азими мод-
дию маънавии онҳо дар роҳи сулҳ, тарақкиёти иқгисодӣ, пеш-
рафти иҷгимоии инсоният ташкил медиҳад. Мирзо Турсунзо-
да нақш ва аҳамияти адабиётро пеш аз ҳама дар хамин медид.

10
Шоир дар асархои худ нишон медихад, ки муносиоатҳои
дӯстона ва эхсоси баланди инсоипарварии тоников хамеша
хусни таваҷҷӯҳи ҷахоииёиро бедор мекард, мардумони
гуногунмазхабу гуногунзабони олам нисбат ба халқи тоҷик
дар дили худ хисси эхтиром ва дӯсти мепарвариданд. ^

Аз шеъри Мирзо Турсунзода бармсояд, ки мухаббат ва
эътиқоди инсонияти пешқадам ба халқу давлати мо. а
анъаиахои миллии мардуми мо, ба ибораи шоир «расми хуЬи
тоником», яъме дӯстии бегаразома, фарханги гани. вок ва
ахлоки Хамида алокаманд аст. Шоир дӯстии халкхоро аз
нумлаи арзишхои бузурги маънавй мешуморад ва мукаддас
медонад. Барой Мирзо Турсунзода вахдати халки нахов
мафхуми умумй ё шиор вест, балки наҳонбинии равшанест,
ки бо гузашти рӯзгор ва тарбияи пайваста дар мактаои xaei
хосил шудааст. Ба акидаи ӯ гулхани дӯстию рафоқат ва
хамдастию хамдилиро, ки андоди бузурги мо дар рохи хае г
афрӯхтаамд, то абад чароғи гобандаи зиндаги ва саодати ив-

сом мешавад.

Шоир ба хамватанони худ муроҷиат менамояд, ки дилро
киваю адоват, шубхаю вобоварй покиза нигох доштав лозим
аст Дилро пур аз мехру вафо сохтав ва ошёни зивдагиро виз
дар дили ивсон гузоштан даркор аст, зеро дар нахов мақоми

балавдтаре аз дили ивсон вунуд надорад.

Инсов бузургтарив ва нодиртарив муънизаи таоиат аст.
Бивобар ив, Мирзо Турсунзода ба ивсон ва мохияти хастии у
ахамияти хоса медихад. Дар шеъру достой ва асархои драма-
вию филмномахои ӯ ивсон бо тамоми пахлухои фаъолияташ,
дунёи ботивй ва зохирй, рисолати интимой. олами равгини
рӯҳию ахлокй, мехмат ва мухаббаташ ба тасвир омадаас i.

Завон, модарон, духтарови покгухари тоник, ки шоир хуву
хислати хамидаи овҳоро бо камоли мухаббат ва эхтироми хо-
са каламдод вамудааст, дар матонат ва зебои камвазиранд.

Модарномахои Мирзо Турсунзода, ки дар тамоми
марҳилахои фаъолияти эҷодиаш идома ёфтаанд, аз лихози
интимой ва ахлоқӣ дар назми муосири тоник як равняй юза
мебошанд.

Модарон ва завове, ки Мирзо Турсунзода тасвир мекувад,
дорой эхсоси баланд ва маънавиёти ганӣ ҳастанд. Онхо чу в
завови ватавхоҳ, захматкаш, эҷодкор, тарбиятгари авлоди
иаҷиб, ҷопибдорони сулҳ, ёрони бовафо ва зебою бошараф
дар дили хонанда маскан мегираид.

Мирзо Гурсунзода на танҳо пайваста эҷод мекард, балки
расо сиву як сол раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
низ буд. Вай кори эҷодию илмиро якҷоя бо фаъолияти
ҷамъиятй пеш мебурд. У чи дар роҳбарй ба ташкилоти эҷодии
нависаидагон ва чи дар тарбияи адибони ҷавон таҷрибаи фа-
ровон андӯхт ва мактаби худро ба вуҷуд овард.

Мактаби адабии Мирзо Турсунзода мисли мактаби устод
Айнӣ дар адабиёти муосири тоҷик роҳу равиши тозаи эҷодй
ва навҷӯиро бунёд гузошт. Бо камоли эътимод гуфтан мумкин
аст, ки нури назми Мирзо Турсунзода дар давроии мо низ
олами адабиёти тоҷикро мунаввар мекунад.

Гаҷлили ҷашни 90-солагии Мирзо Турсунзода падидаи ду-
рахшони инкишофи шуури таърихӣ ва худшиносии миллий
халқи тоҷик аст. Тамоми мардуми Тоҷикистон, бахусус
наслҳои ҷавону наврас бояд донанд, ки хдёти пурбаракат,
фаъолияти доманадори адабию ҷамъиятии Мирзо Турсунзода
ҳамчун фарзанди асили халқ бо равандҳои навсозии мамлакат,
озодию истиқлолият ва рушду камоли миллати сарбаланди мо
алоқаманд буд.

Эҷодиёти серпаҳлӯи Мирзо Турсунзода дар таърихи ада-
биёту ҳунар ва ҳаёти маънавии мо як давраи томро ташкил
кард. Шеъри тоҷик махсусан аз нимаи дуюми солҳои чилуми
асри гузашта ба шарофати эҷодиёти Мирзо Турсунзода ба
маҷрои тоза ворид шуд ва ба сатҳи баланди гоявию эстетики
расид.

Имрӯз баъзе мунаққидон Мирзо Турсунзода ва як зумра
шоирони даврони ӯро ба он айбдор карданй мешаванд, ки
онҳо адабиёт ва ҳунарро ба сиёсат пайваст карда буданд. Вале
агар мо замом ва эҷодиёти шоирро дар ҳамбастагй амиқ
таҳлил намоем, пас маълум мегардад, ки ин даъво комилан
хатост.

Воқеан, Мирзо Турсунзода аз ҷумлаи суханваронест, ки ба-
рояшон хунар ва сиёсат муродифи якдигаранд. Мирзо Турсун-
зода бо як маҳорати баланд лирикаро бо сиёсати давлат ва
ниёзмандиҳои он ҳамоҳанг сохта буд. Арзиши «Қиссаи
Ҳиндустон»-и ӯ, ки беш аз ним аср пеш иншо шудааст, мақз
дар хамим мебошад. Дар манзумаи мазкур назокати шоирона
12
ва диловарии гражданй, дарди инсон ва орзуҳои пек,
шукргузорӣ ва танаффур, муҳаббат ва талоши озодй, гармии
дасти дӯст ва гиреҳ шудани мушт ба ҳам омехтаанд; бе им ду
боли муҳаббат газаб ва шодиву андӯҳ «Қиссаи Ҳиндустон»
наметавоиист дар фазой сайёра ин гуна баланд парвоз кунад.

Вобаста ба эҷодиёти Мирзо Турсунзода мехоҳам боз як
масъаларо манзури ҳозирин гардонам. Ақидае вуҷуд Дорад,
ки ашъори сиёсй кори косибон буда, чунин ашъор тезгузар
асту аз ёди мардум базудй фаромӯш мешавад. Шояд дар би-
сёр мавридҳо чунин ҳам бошад. Вале, вақте ки ашъори сиёсй
ҳаяҷони амиқ, хусусиятҳои назми милли ва ҳунару тафакку-
ри фалсафии муаллифро дарбар мегирад, чунин асар
ҷовидона аст.

Бисёр шеъру маизума ва достонҳои Мирзо Турсунзода маҳз
аз чунин фазилатҳо саршоранд. Чуноне ки бобоён ва падарони
мо ин асарҳоро бо ифтихор ва шодмонй пазируфга буданд,
шеъри Мирзо Турсунзода имрӯз низ вирди забони мардум аст.

Бо мукофотҳои бонуфузтарини байналмилалй қадр шудани
шоири тоҷик далели эътирофи умум ва шӯҳрати каломи муас-
сири ӯ дар байни оламиён мебошад.

Мо, ҳамзамонон ва ворисони устод Мирзо Турсунзода иф-
тихор мекунем, ки ин шоири гавоно дар радифи бузургтарин
нависандагони асри XX дар роҳи бедорй, инкишофи тафакку-
ри таърихй, худшиносии миллй, озодй ва истиқлолияти
халкҳои ҷаҳон фаъолона ширкат варзидааст.

Мирзо Турсунзода, ки тафаккури фарогири кураи замин ва
дили дардошно дошт, зиндагии мардуми тоҷик ва бартарии
ҷомеаи моро бо кишварҳои ҳамсоя моҳирона қиёс мекард.
Зимни ин ҳамватанони худро даъват менамуд, ки ба қадри
дастовардҳои ҳаёги нав бирасанд, онқоро ҳифз намуда, афзун-
тар созанд.

Имрӯз, ки халқи мо ро\и пешрафти минбаъдаи худро муай-
ян намудааст ва бо ин роҳ устуворона пеш меравад, ин нуқтаи
назар барои наели кунунии миллати куҳанбунёди тоҷик
моҳияти ҳаётан муҳим пайдо мекунад.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки гояи
ҷомеаи демократию дунявӣ чароги роҳнамои мост ва бар хи-
лофи монеаҳое, ки душманом дар ро\и миллати тоҷик эҷод
мекунанд, мо дар заминай худшиносии миллӣ ва арзишҳои

13
умумибашари чунин ҷомеаро барпо хоқем кард ва оа он
муваффақ хоҳем шуд, то Тоҷикистони сохибисзиқлол дар ра-
дифи кишварҳои пешрафтаю мутамаддини ҷаҳон ҷой тирад.

Аслан, орзуи фарзандони бузурги миллат чу и Мирзо Тур-
сунзода низ ободй ва шукуфоии Ваган, побарчо будани сулху
амният дар саросари дунё буд.

Мутаассифона, сулху амнияти ҷақон, ки Мирзо Турсунзода
барон он талошҳои зиёд карда буд, холо боз дар зери хатар
аст.

Қазияи Афгонистон, ки зиёда аз бист сол идома дорад, ам-
нияти на фақат кишвархои минтақа, балки чахонро халалдор
мекунад. Баъди фочиаи 11-и сентябр, вақте ки дар натиҷаи
зарбаи терроризми байналхалқӣ -дар Штатҳои Муттахидаи
А.мрико ҳазорон нафар одамон қурбон шуданд, ҷомеаи ҷахони
равшану возех дарк кард, ки бӯхрони Афгонистон на танҳо ба
амнияти Тоҷикистон ва минтақа, балки ба тамоми ҷахон
тахдид мекунад.

Дар ин бора мо мавқеи Тоҷикистонро чандин маротиба аз
минбари созмоиҳои бонуфузи байналмилалй, аз ҷумла аз
минбари Созмони Милали Муттаҳид, Конгресси Созмони
Милали Муттахид оид ба пешгирии ҷинояткорй ва
хамкории байналхалқй дар мубориза алайхи ҷинояткории
трансмиллй дар шахри Вена, дар маросими имзои Конвен-
сияи Созмони Милали Муттахид оид ба мубориза бар зидди
ҷинояткории муташаккили трансмиллй дар шахри Палермо
ва дигар вохӯриву чорабиниҳои байналхалқӣ изхор дошта
будем. Гузашта аз ин, мо ханӯз се сол пеш дойр ба ташкили
«минтақаи амният» дар атрофи Афғонистон пешниҳоди
мушаххас доштем.

Мақсади ягонаи мо аз ин хама пешниходот ин буд, ки
таваҷҷӯхи ҷомеаи ҷаҳонй ба масъалаи зарурати муттахид на-
мудани имкониятҳо дар бобати ҳалли осоиштаи қазияи
Афгонистон, пешгирии кочоки маводи мухаддар ва андеши-
дани тадбирҳо бар зидди фаъолияти террориста дар минтака
ва ҷахон ҷалб карда шавад. Вале бисёриҳо миқёси хатар ва
имконияти вокеии терроризмро нодида тирифтанд. Акнун, ки
ҷомеаи чахон дахшати амали зишти террористонро дар
вучуди худ эҳсос кард, бояд тадбирхое андешида шаванд, ки
минбаъд ба таъмини амнияти ҷахониён мусоидат намоянд.

14
Вокеан, рафти зиндагй ва домам паҳн намудани терроризми
байналхалқӣ имрӯз аксари кулли кишвархои ҷаҳонро водор
намуд, ки маҳз хамим роҳу равишро пеш гиранд.

Бояд гуфт, ки дар чунин шароит шеъри сулхпарвари Мирзо
7'урсунзода ҳамоҳамги маҷрои ҳаёт аст ва имрӯз ҳам хеле
замонавй садо медиҳад.

Вобаста ба им мехоҳам бигӯям, ки адибон ва тамоми зиёиён
бояд аз зипдагиномаи ус год Мирзо Турсунзода сабақ гиранд,
дар ҳаёт мавқеи фаъоли гражданиро ишгол намоянд, бо сухан
ва хунари муассир гояхои олй ва ҷовидона - сулҳ, вахдат, худ-
шипосии миллию ваганпарастиро дар дилу шуури наслҳои нав
ҷой намоянд ва арзишҳои пешқадами умумибашариро дар
ҷомеа таргиб созанд. Вазифаи мукаддаси зиёиён, қарзи граж-
данин онҳоро мо пеш аз хама дар хамим мебинем.

Дар давраи хозира, ки дар байни халқҳои ҷаҳон ба вуҷуд
овардани якдигарфахмй, каробати маънавй, таҳкими
робитахои дӯстй ва густариши хамкорй хамчун омили асосии
сулҳу еаодати башарият тақозои ҳаёт ва зарурати зиндагй ба
шумор меравад, мақоми Мирзо Турсунзода хамчун сарояндаи
сулху вахдати инсоният боз хам баландтар мегардад.

Шеъри Мирзо Дурсунзода шеъри миллат ва шеър барои ин-
соният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли хизмати содиқонаи як
фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватами хеш мебошад.

Устод Мирзо Турсунзода воқеан Қаҳрамони Тоҷикистон
аст. Мехри ӯ дар ошёни баландтари})-дили ха.зк маъво гириф-
тааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро го абад
хифз хохад кард.

Ташаккур!

15
Шароф РАШИДОВ

ДУСТИ МО, БАРОДАРИ МО

Решахои дӯстии халкҳои узбеку тоҷик ба қаъри асрхо раф-
та мерасад. Ҳангоме ки кас дар ин хусус ба андеша меравад,
дархол номи ду шах с и бузург-Алишер Навой ва Абдураҳмони
Ҷомй ба хотираш меояд. Агар образнок карда гӯем, ин ду ин-
сони мӯътабар ду каноти тавоноеанд, ки мурги муқаддаси
дӯстӣ ва маданияти халқҳоямон парвози баланди худро бо
ерии онхо дар тӯли карнхои зиёд идома дода меояд. Ин
азаматҳои рӯҳу афкори инсонӣ ба^ чашу ҷидолҳои
байниҳамдигарӣ қудрату тавоноии бародари, сулҳҷуй,
ҳамкорй ва муборизаи якҷояро барои ояндаи саодатмандоиа
мукобил гузошгаанд.

Ҳар як давру замон ташбехи шоиронаи худро тақозо ме-
кунад. Вале мурги муқаддаси дӯстии байии тоҷикону
ӯзбекон парвози баланди худро давом дода, Ҳокимияти
Советй, халқхои ба якдигар қадрдонамон ва маданияти нави
онҳоро' ки беҳтарин падидахои эҷоди халқро аз замонҳои
қадимтарин гирду гун карда омадааст, тараннум менамоянд.
Худро пари ин мурги бахт ҳис кардан барои хар як шоир
саодати бузургест^ Ва бо камоли дилпурй метавон гуфт, ки
оне, ки ман имрӯз дар васфаш суханронй мекуиам, яке аз зе-
ботарин шохпархо хисоб меёфт. Калимаи «пар» ду маыш до-
рад, ки як маънояш қалам аст. Вақте ки сухан дар бораи
қалами иависанда меравад, ман боварии комил дорам, ки та-
моми чакидахои килки гухарбори Мирзо Турсунзода ба ха-
зинаи маданияти тамоми халкхои мамлакатамоп абади дохил
мегардад.

Ашъори муассир ва хушобуранги шоири заковатманд ва
сохибдил, ки он ба тамоми одамони мамалакати мо ншароида
ва бахшида шудааст аз доираи республика ва Давлати Сове-
тии мо баромада, ба ҷойхои дур парвоз карда рафтааст. Ин
ашьор, ки рӯхи онро фикру андешахои химояи сулху амният,
бародарии халкхои сайёраамон фаро гирифтаанд, оламиёнро
ба иттиҳоду яадилй дар мубориза ба муқобили империализм
ва нажодпарастй даъват мекунад. Мирзо Гурсунзода муддати
кариб ним аср дар чодаи адабиёти советй ҳамчун шоир, дра-

16
матург публисист хизмат ва меҳнат кард ва истеъдоди бена-
зир ва пурҷилои хешро ба халқу Ватан, ба кори бузуР™ со-
хтмони коммуниста сарф намуд. Шиносоии мо соли 1949 оғоз
ё(Ьт ки мо харду он вақт раиси правленияи Иттифоқи нави-
сандагони республикахои худ будем. Мирзо Турсунзода аз
худи ибтидо ба ман таассуроти хубу амиқ гузошт. У марди
сергайрат ва фаъол буд, назари фароху ақли гиро дошт ва
санъаткори ҳақиқӣ буданаш хис карда мешуд.

Ман аз ин пеш ҳам дар хусуси Мирзо Турсунзода бисер су-
ханони нек шунида, асарҳояшро хонда будам. Каломи оташин
ва пурэҳтироси ба ҷанговарони тоҷик нигаронидаи шоир. ки
онхо бар зидди немисхои фашист дар солҳои Ҷанги Бузурги
Ватанй меҷангиданд, шеърҳои баландмазмун ва баландсанъа-
ти ба ҷашни 30-солагии Октябри Кабир бахшидаи ӯро дар хо-
тир доштам. Шеърхои дар ниҳоди худ ҳарорати баланди
гражданй доштаи ӯ дар дил хиссиёти комили ватанпарвари
бедор мекарданд ва бо амиқии фикр касро хайрон менаму-
танд. Акнун, баъди бо ӯ шахсан шинос шуданам, ман тамоми
чизх,ои то он вақт навиштаи шоирро хонда баромадам. Баъзе
шеърҳояшро гаштаю баргашта мехондам, ки он.\о ниҳоят

моҳирона навишта шуда буданд.

Соли 1957 комитета ташкилии оид ба даъваги Конферен-
сияи якуми нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африка дар
Тошкент таъсис гардида буд. Маро шарафе муяссар гардид, ки
раиси ин комитет бошам. Мирзо Турсунзода яке аз фаъолта-
рин аъзои ин комитет буд. Равобити эҷодй ва алоқаи шахсии у
бо аҳли адаби тарақкипарвари мамлакатҳои Африкаю Осиё аз
бисер чихат кори моро сабу к кард. Он вакг Мирзо Турсунзода
апакай хамчун муаллифи достонҳою манзумаҳои «Ман аз
Шарки озод», «Садои Осиё» ва «Ҳасани аробакаш» хеле
машхлф гашта буд. Ин асарҳояш, мисли достонҳои баъдтар
офаридаи ӯ - «Ҷони ширин», «Аз Ганг то Кремль» ва гайра
дар мамлакатҳои Шарки хориҷӣ сазовори диккату таваҷҷӯҳи
доираи васеи хонандагон гардида буданд.

Масалан, силсилаи шеърҳои ӯ «Ман аз Шарки озод», ки аз
рӯи принсипи қиёси наву кӯҳна офарида шудааст, дар бораи
роҳи реалии дигаргунсозиҳои кишвару ҷамъият, роҳҳои мубо-
риза баҳри бахту саодати халқ хеле равшану фаҳмо нақл ме-
кунанд Мирзо Турсунзода бо ин асари худ дар пеши назари

17
хонандагон на фақат ҳамчун лирики хунарманд, балки ҳамчун
публисисти оташинсухан ва шоири муборизи роҳи адолат па-
дид меояд.

Ҳангоми сафарҳои якҷояамон дар мамлакатҳои Осиё ва
Шарки Араб борҳо медидам, ки чй гуна анбӯҳи мардум-
ошикони шеър ин намояндаи барҷастаи адабиёти сермиллати
советиро бо меҳру муҳаббат ва мамнуният истиқбол менаму-
данд. Ба ӯ гулу табассум ҳадья карда, аҳлона ва хушҳолона каф
мекӯфганд. Вақте ки шоир шеърҳои худро мехонд, ҳозирон гӯё
саропо гӯшу хуш мешуданд. Образи офаридаи ӯ- Ҳасани аро-
бакан! барои хазорон-ҳазор одамон як амри воқеии
бахсноталаб гардид. Дар симои ин ҷавони тоҷик гӯё азобу
машаққати дар давоми асрҳои зиёд кашидаи халқ, ҷустуҷӯ ва
ҷахду ҷадали ӯ дар роҳи ҳакиқату адолат ва саодат, таҷассум
ёфтааст. Охир, Мирзо Турсунзода худ дар солҳои кӯдакй чй
будани меҳнати вазнини ҷисмонй ва эҳтиёҷу ниёзмандиро аз
cap гузарондааст. Танҳо Октябри Кабир ба рӯи ӯ- писари ду-
редгари деҳотй роҳи осудаҳолй, маърифат ва маданияти балан-
дро бикшод.

Мирзо Турсунзода ватандӯсги ҳакиқии мамлакати
советҳост. Вай ояндаи дурахшони халқи тоҷикро дар оилаи
ягонаи халқҳои бародари совета, ки коммунизм сохтанро
максаду мароми худ карор додаанд, медид. Ӯ дар шеърҳояш
дар ин хусус бо ифтихор ва сарбаландй ҳарф мезад, ҳакиқати
зиндагӣ, афзалияти сохти давлатй ва ҷамъиятии моро дар
лавҳаҳои воқей тасвир ва тавсиф карда, дигар халқҳои барода-
ри Шарқро низ даъват менамуд, ки аз вахдати халқҳои совета
ибрат гиранд. Дар шеърҳои ба Москва, халқи бузурги рус, роли
барҷастаи он дар мубориза ба муқобили гуломиву кашшоқй,
бар зидди имперализм ва яроқнокшавии бошитоб бахшидааш
меҳру муҳаббати беҳамто ва беинтиҳои ӯ ифода ёфтаанд. Шоир
дар бораи роли прогрессивии забони русй, адабиёти бузурги
классикию советии рус дар такдири маданияти ҳамаи миллату
халқиятҳои Иттифоқи Совета бо камоли миннатдорй ва сипос-
гузории хос сухан меронад.

Дар он забои, ки дилошӯб назми Пушкин аст,

Суруди форами Татьяною Онегин аст,

18
Дар он забои, ки баромад садои «Аврора».

Бигуфтамат, ки:

Ҷаҳони азими май ин аст.

Ҷаҳон шинохт агар номи Тоҷикистонро,

Садои оқини мо -

Ҷамбули қазоқонро,

Замини сабзу самарбахши

Ӯзбекистонро
Забони рус интшиор

кардааст онро.

Садои муассири даъваткунандаи Мирзо Турсунзода дар та-
моми гӯшаю канорҳои одам шунида мешуд, зеро дили шоир
пур аз меҳру муҳаббати одамони оддй буд. Фикру андеша,
ташвишу тараддуд ва азобу машаққате, ки мехнаткашони
Ҳиндустон ва Покистон, Эрон ва Миср, Ветнам ва Корея аз cap
мег7заронданд, ӯро ором намегузоштанд ва дар ин хусус вай
пайваста фикр мекард. Силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»
дар ин хусус мисоли барҷастаест. Фикру андешаи шоир дар бо-
раи кисмати одамони оддй — ҳиндуҳо, афғонҳо, арабҳо,
эрониҳо ҳеҷ касро ором ва бепарво гузошта наметавонист. Би-
нобар ҳамин иштироки Мирзо Турсунзода дар кори комитета
ташкилӣ боиси муваффақияти кори форуми таърихии нависан-
дагон гардид, ки моҳи октябри соли 1958 дар Тошкент баргузор
шуд. Ба ин конференсия бисер адибони Шарқи хориҷӣ ҳозир
шуданд. Фаъолияти пурҷӯшу хурӯши Мирзо Турсунзода ва
обрӯю эътибори калони ӯ боиси муҳайё шудани муҳити
якдигарфаҳмӣ ва дӯстии иштирокчиёни он гардид. Чунон ки
маълум аст, конференсияи мазкур ба консолидатсияи ташкилй
ва эҷодии нависандагони таракқипарвари ду китъаи олам асос
гузошт.

Ҳаракати халқҳои мамлакатҳои Африка ва Осиё дар зери
шиори мубориза барои сулҳи пойдору устувор, барои бехатарй
ва ҳамкории халқҳо ва прогресси сотсиалй сол аз сол
мусгах,кам мешуд, инкишоф меёфт ва пурқувват мегашт. Дар
ин бобат ҳам иштироки шахсии Мирзо Турсунзода, ки дар да-
воми 20 сол раиси Комитета советии якдилии мамлакатҳои
Осиё ва Африка ҳисоб меёфт, роли калон бозид. Суханони
ҳаяҷоновар ва илҳомбахши ӯ дар куҷоҳое шунида намешуданд!

19
Деҳли, Қоҳира, Алҷазоир, Стогольм, Конакри, Гавана, Бей-
рут...

Ба Куба ҳамроҳи Мирзо Турсунзода сафар карданамон дар
ёдам нақш бастааст. Ба он ҷо мо дар ҳайати вакилони совета
барон иштирок кардан дар Конференсияи якуми якдилии
халқҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинй рафтем. Ба Гавана
дар арафаи соли нави 1966 ворид гаштем. Дар меҳмонхона ҷой
гирифтан замон ба тамошои пойтахта Куба баромадем. Тамоми
хиёбону кӯчаҳо бо шиору плакатҳо, байрақу байракчаҳои сурх
ороста гардида, пур аз одамоне буданд, ки ҳама дар бар
либосҳои идона доштанд. Дар ҳама ҷо садои мусиқӣ ва суруд
танинандоз буд. Дӯсти тоҷики ман ба гаштугузори халқи
меҳнатдӯсту гаюре, ки ҳафтодсолагии револютсияи музаффари
худро ҷашн мегирифт, нигариста, қалбаш аз суруру шодӣ лаб-
рез мегашт ва чашмонаш барк мезаданд. Мирзо Турсунзода дар
бораи ҳар як чизи дида ва шунидааш бо рӯҳбаландии калон су-
хан ронда, ҳар замом қалам ба даст мегирифт ва дар дафтарча-
аш шитобкорона чанд сатре менавишт. Қалби ҳассоси шоир
шеър тавлид мекард...

3 январь конференсия кушода шуд, ки барои дар он иштирок
намудан аз 82 мамлакати қитьаҳои Африкаю Осиё ва Америкаи
Лотинй 512 нафар вакилон омада буданд. Кори он дар вазъияти
хеле мураккабе ҷараён дошт. Душманони сулҳ ва прогресс би-
сёр кӯшишҳои барабас ба кор бурданд, ки дар байни ҳайатҳои
вакилон ҷудоӣ андозанд, дар қалъаи иттиҳоду ягонагии онҳо
рахнае кушоянд. Аз минбари конференсия ва дар долону
роҳравҳо дар хусуси бефоида будани ин кор, лузумат надошта-
ни иттиҳоду ягонагии кувваҳои халқҳои се китъа баъзан
овозҳои игвогарона ба гӯш мерасид. Ба ин муносибат маро ба
хотир меояд, ки Мирзо Турусунзода ҳамчун муборизи оташин-
сухан ва оташинқалб чӣ гуна ба онҳое, ки мехостанд ба кори
конференсия халал расонанд ва дар байни вакилон чудой андо-
занд, зарба мезад.

Вақти ки конференсияи Гавана ба охир расид, барои мо -
фиристодагони мамлакати совета эҳсоси он чиз гуворо буд, ки
кори пуршиддати бетанаффус, шабу рӯз бурдаамон самара дод.
Бори аввал дар рӯи замин иттиҳоди мустаҳками халқҳои Осиё,
Африка ва Америкаи Лотинй пайдо шуд ва арзи вуҷуд намуд.
Ин форум дар хдракати якдилй мархилаи сифатан нав ва ба-

20
ланде гардида, ба хамкорни халқхои се қитьа дар муборизаи

зиддиимпериалистй асос гузошт.

Оре, Мирзо Турусунзода дар ҷаҳон дустони бисере дошг,
вале ӯро душманом, мухолифони идеяви низ кам набуданд.
Вақту мавридаш ояд ӯ бо онҳо рӯирост, сахт мубоҳиса ва та-
лош мекард. Ва Дар ин сурат муросо гуфтани чизро намедо-
нист. Дар айни замон ин корро у на фақат аз минбари конфе-
ренсияю форумҳои байналхалқӣ, балки дар шеърҳояш хам да-
вом медод. Бо ҷӯшу хурӯш баҳсу мунозира бурдан, бо мухоли-
фони идеявй мутлақо созиш накардан, саъю кӯшиши ба одамо-
ни оддй кушода додани хаки кат ба тамоми эҷодиёти ӯ хос аст.
Дар асархои вай байни офаридахои лирикй ва публицистй хад
ва тафриқае наметавон ёфт. Вай овози худ- овози шоири нотиқ,
шоири мунодиро, ки ба халқҳои Шарк нигаронида шуда буд,
хам дар вақти ба муқобили Миср таҷовуз cap кардани истило-
гарони Исроил, хам дар вақти байни Ҳиндустону Покистон cap
задани ҷанҷоли ҳарбӣ баланд намуд. Вай халқҳои қаҳрамони
Вьетнам ва Куба, Алҷазоир ва Конгоро бародарвор дастгирй ва
тарафдорй мекард, аз корнамоиҳои Фидель Кастро ва Патрис
Лумумба ба ваҷд меомад, бо бисёр ходимони тараққипарвари
олам муносибати дӯстона баркарор менамуд ва риштаҳои онро

беш аз пеш мустаҳкам мекард.

Дар хусуси он, ки чй воқеахои байналхалқй руй доданду
онхо дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода чи тавр инъкос ёфтанд,
боз бисёр сухан рондан мумкин аст. Вале бехтар аст, ки ба худи
асархои ӯ муроҷиат намоем. Тахминан ҳар сатреро кас хоҳад,
гирифта, аз он метавонад бе душворй пай барад, ки шоир ба
тапиши дили инсонй чй гуна зиракона ва хушьёрона гуш ме-
дод, чи тавр аз ғаму ташвишхои одамони оддии сайёраамон зуд
огоҳ мегашт ва гами онҳоро мехӯрад, нроблемаҳои актуалии
замон барои ӯ то чй дараҷа наздику қарин буданд.

Мирзо Турсунзода Лауреата мукофотҳои Ленини ва
Давлатй, инчунии сазовори ҷоизаи ба номи Ҷавохирлол Нехру
гардида ’буд. Вай Қаҳрамони Меҳнати Социалиста, аъзои
хакиқии Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон буд ва халк ӯро
борҳо депутати Совети Олии СССР интихоб кард. Сахми Мир-
зо Турсунзода дар тараққиёти адабиёти советии тоҷик, тамоми
адабиёти сермиллати мамалакати мо, дар муборизаи халқхои
сайёра барои сулҳ ва прогресси социалӣ бузург ва бебаҳост.

21
Аз нахустин рӯзҳои шиносоиамон то рӯзҳои вопасини хдёти
шоир ману Мирзо Турсунзодаро риштаҳои каиданашавандаи
ҳамкории эҷодӣ ва дӯстии инсонй мепайваст ба бунёди ин
эҳсоси гарму самимии мо аз шираю шарбати кишвари азизамон
баҳра бурда, ба шарофати дӯстии бофайзу баракати
халқҳоямон рӯз аз рӯз мустаҳкам мегашт. Дар мамалакати мо
гузаронидани қафтаю даҳаҳои адабиёту санъат, мубодилаи
доимии маданӣ ва аз неъматҳои маънавии якдигар баҳраманд
шудани халқҳоямон кайҳост, ки анъана шудааст. Чунин даҳаю
ҳафтаҳо дар республикаҳои мо низ гузаронида мешуданд.

Даҳаи адабиёту санъати тоҷик, ки соли 1968 дар Узбекистан
баргузор гардид, маро ба хотир меояд, Он вақт бисёр вохуриҳо,
муҳокимаҳои эҷодй ва сӯқбатҳо на фақат дар вазъияти расмй,
балки дар паси дастурхон, дар ҳавлии ӯ дар Душанбе ва дар хо-
наи мам дар Тошкент ҷой доштанд. Ин вохӯриҳо бо Мирзо
Гурсунзода дар дилу хотири ман осори амиқ гузоштааст. Ӯ до-
ниши фаровон дошг ва мусоҳиби бисёр оқилу доно буд, як
дақиқа ҳам вазифаи баланду масълиятноки шоирро фаромӯш
намекард. Ҳар вақт ва \ар як калому сатрро вай бо ҳаёти ода-
мони оддй, 6ot нафъу фоидаи онҳо, бо муборизаи онҳо барои
ояндаи дурахшон андоза ва қиёс мекард. Вай дар ин хусус су-
хан ронда, бо қаноатмандии бузург дар бораи комьёбиҳои
барҷастаи дар солҳои Ҳокимияти Советй на фақат дар соҳаи
маданият, санъат ва адабиёт, балки пеш аз ҳама дар саноат,
хоҷагии қишлоқ ва иқгисодиёт ба дастовардаи халқҳои ӯзбек ва
тоҷик ran мезад.

У барои халқи худ, ҳамчунин барои ҳамаи дигар халқҳо ба
ҷуз сохтани ҷамъияти социалиста ва коммуниста дар таҳти
роҳбарии партияи бузурги Ленин роҳи дигареро намедид ва
намедонист. У, ки борҳо Депутата Советй Олии СССР, вакили
съездҳои партия интихоб шуда буд, дар хусуси табаддулоти
азим, планҳои панҷсола, дар хусуси роле, ки мамлакати мо дар
мубориза барои сулҳ мебозад ва таягоҳи прогресси социалй ва
амнияти халқҳо мебошад, ба ҳарорат ва рӯҳбаландии калон су-
хан меронд. Мирзо Турсунзода бо халқи азизаш ҳамеша
ҳамнафас буд, барои такдиру қисмати он, барои ҳозира ва оян-
даи вай масъулият ҳис менамуд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад,
ки аз муваффакияти дар мубориза ба мукобили асорати
мустамаликдорй ба дастовардаи давлатҳои навбуньёди Африка,
22
ба назарам ҳамчун муваффақияти халқи худ изҳори хушнудй ва
қаноатмандӣ мекард.

Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири мумтози тоҷик, ки
беҳтарин анъанаҳои адабиёти бузурги классикии Шарқро ме-
рос гирифта, давом ва инкишоф додааст, чун шогирди Сад-
риддин Айнй назари худ - назари мутафакир ва каломи шои-
ронаи худро на фақат ба тоҷйкон - гражданинҳои 'I очикисзо-
ни совета, балки ба халқи меҳнаткаши Афгонистон ва Покис-
тои низ менигаронид. Вай он замонеро орзу мекард, ки
меҳнаткашони ин мамалакатҳо ба муборизаи револютсиони оа
по мехезанд ва ба роҳи сохтмони ҳаёти нав дохил шуда, пеш
мераванд. Вай дар ин хусус дар шеърҳои худ менавишт ва су-
ханони даъватбахши вай на танҳо дар ҳудудхои берун аз Ва-
танамон ба гӯш мерасид, балки ба дилу шуури одамоии одди
роқ ёфта, дар замири онҳо боварӣ ва умедро барои зудтар аз

юги асорат халос шудан тақвият медод.

Мирзо Турсунзода андаке пеш аз Инқилоби саври
Афгонистон оламро падруд гуфт. Вале ӯ ин инқилобро
пешгӯӣ карда буд, онро интизори мекашид ва ташнаи он буд,
барои вай кор мекард ва бо худи ҳамин ба ин кори мӯыабару
наҷиб, ки онро худи гаърих як амри ногузире гардонда оуд,
алоқадри ҳол, ҳиссаи хеш - ҳиссаи суханварро гузошт.

Акнун ба эҷодиёти Турсунзода бахо дода ва роҳи дар \аёт
тайнамудаи ӯро фикран пеши назар оварда, мо аз он мефах-
рем, ки сохти сотсиалистии мо, адабиёти сермиллати советии
мо чунин адиби забардастро тарбия намуда, ба камол расонд
ва ӯ ба оламу оламиён ин қадар асарҳои олиҷапоб хдця намуд.
Тамоми ҳаёти Мирзо Турсунзода дар пеши назарамон ҳамчун
мисоли дурахшони тантанаи идеяҳои Ленини Кабир - идеяҳои
дӯстии бародаронаи халқҳо, бунёдкории коммуниста, мубори-
за барои сулху осоиши гамоми ҷаҳон ҳувайдо мегардад.

23
Чингиз ЛИТМА ТОВ

ШЛХСИЯТИ БЕНАЗИР

Ман дар бораи Мирзо Турсунзода бо мамнунияти тамом ва
дар айни замом бо дарегу афсӯси зиёд хотира мегӯям. Бо мам-
нуният мегӯям, чаро ки ба ёд овардани шахсе, ки барон кас
хеле мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамият будааст, ёдоварадааро
завку хурсандии калом мебахшад. Бо дарегу афсӯс - барон им
ки ман дар им маврид ҳаргиз хоҳиши хотирагӯй шуданро ма-
дорам. У дар сниму соле ба им ҷаҳон видоъ гуфт, ки ҳанӯз
вақти дар бораи марг фикр кардам мабуд. Ӯ боз даҳ-понздах,
соли дигар, балки бештар аз им умр дида, кор карда, дар байни
мо буда мставонист. Вале чй бояд кард, ки зиндагй чунин со-
хта шудааст. Яке дер ва дигаре зудтар бо ом видоъ мегӯяд ва
фақат баъд аз рафтанаш мо ӯро аз даст додан ва аз ӯ ҷудо шу-
дами худро ҳис мекунем. Ин то андозае як кӯшиши имсон аст
дар мубориза кардан бо март ва бар хилофи тақдир барои аз
фаромӯшӣ боз доштан ва ба наслҳои оянда расонидани симо,
афкор, афъоли касе, ки аз байн рафтааст ва им ҳодисаи
зиндагй ба силсилаи беинтиқои ояндаву равандагон асос ёф-
тааст.

Аввалан бояд бигӯям, ки мам дар бораи Мирзо Турсунзода
як ришта тасаввурот ва таассуроти умумй ва шахсй дорам.
Вай барои ман ҳамеша як намояндаи барҷастаи маданият ва
адабиёти кадими тоҷик будааст ва ҳаст. Дар айни замон вай як
симо ва шахсияти ба тамоми маъно муосир мебошад. Ӯ ин
сифатҳоро дар шахсияти худ ба таври хеле мутаносибе тавъам
муҷассам мекард. Ӯ намояндаи маданияти асли шарқй буд, ки
ин дар эҷодиёташ, дар тарзи тафаккур ва тамоми тарзи зинда-
гиаш зоҳир мегащт.

Ҷиҳати дигари хотироти ман ба муносибати шахсиам бо
Мирзо Турсунзода дахл дорад, азбаски ба ман хушбахтии
солҳои зиёд бо вай паҳлӯ ба пахлӯ истода кор кардан насиб
шудааст. Чунон ки ба шумо маълум аст, ӯ аввалин раиси Ко-
митета якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо буд, ки ин ко-
митет то \ол вуҷуд дорад ва ман дар ин комитет ба сифати
муовини вай кор кардаам. Ин ба ман барои ran задан дар бо-
раи муносибатҳои шахсиам бо вай имкон медиҳад.

24
Мирзо Турсунзода як шахсияти бе мислу назирест.
Мушоҳида мешавад, ки ҳар як наели нав бо худ чизҳои ба ху-
даш хос, хосиятҳои тозае меовард ва дар айни замон хислат ва
хосиятҳои пештараро аз даст медиҳад. Чумой касеро ёфган
душвор аст, ки дар симо ва шахсияти худ анъанаҳои пештара
ва проблемахри хоси имрӯзаро тавъам фаро гирифта бошад.

Мирзо Турсунзода марди аз ҷиҳати сиёсй варзидаву пухта,
коммунист, арбоби барҷастаи ҷамъият ва дар айни замон
рӯҳан ва фикран бо тамоми халқи худ вобаста ва алокаманд
буд.

Дар ин ҷо сухани худро аз хотирахри шахсиям cap кардан
мехоқам. Man ҳанӯз ҷавони наврас ва нависандаи навкорс бу-
дам. Аммо Мирзо шоири шӯҳратманд ва мавриди қабули
умум буд. Ман қабл аз шахсан шинос шуданам дар борааш
бисёр суханҳо шунида будам. Таърихи аввалин мулоқотам бо
вай дар Тошкент, дар кадом як ҷамъомад, аник гуфта намета-
вонам, гӯё дар аввали солҳои шаст, вақти бархаётии I афур
Гулом буд. Ман он вақтҳо ҳанӯз ин қадар гезгузар будани
зиндагиро ва зарурати ба хотир супоридан ва дар ёд нигох.
доштани ҳар як воқеаро дуруст дарк накарда будам. Боварӣ
доштам, ки зиндагӣ бепоён аст ва мо ҳамеша бо ҳам ва дар як
ҷо хоҳем буд. Дар наздикии Тошкент дар дарчаи Дурмен дар
меҳмонхонае ба як ҷо афтода мондсм, ба ғайри ин мо дар Ки-
ровобод ва ҷойхри дигар низ хдмсафар будем.

Боре, бегоҳй дар хонаи Гафур Ғулом ҷамъ омадем. Ман на-
висандагони номдори замони худро бори аввал буд, ки дар
шароити муқаррарй, дар маҳфили дӯстона медидам. Аввал ин
ки хонаводаи Ғафур Ғулом калон ва серфарзанд буд. Аз ин
хонаи калон аз меҳмоннавозӣ ва меҳрубонии соҳибонаш ҳама
хурсанд буданд. Дастархони пурнозу неъмат ороста буд. Дар
нишасти дӯстон, ҳамкор ва ҳамфикронаш худро хеле хуб ҳис
кардани Мирзо Турсунзодаро медидам ва дар айни замон ба
вай чй навъ эҳтироми калон доштани ҳозиронро \ис мекар-
дам. Ҳар нутқкунанда кӯшиш мекард, ки ба Мирзо муроҷиат
намояд ва Мирзо низ аз ҳар як нутқ, аз ҳар як фикру сухан му-
таассир гардида, ҷавоби бамавқеъ мегуфт. Хурсандӣ,
ҳозирҷавобӣ ва хушсӯх.батии Мирзо ба дигар ҳамнишинонаш
низ таъсир мекард.

Афсӯс, ки ҳофизаи май хуб мест ва шеърро дар ёд нигоҳ

25
дошта наметавонам. Шеърро бисер мехонам, аз шеър дониш
фаро мегирам ва завқ мебарам, ба қадру арзиши шеър мерасам
ва ба сухани шоирона баҳо дода метавонам, лекин шеърро дар
хотир нигох дошта наметавонам. Бинобар ин ба ман сӯҳбати
оншаба хеле мароқовар буд. Мирзо Турсунзода ва Гафур
Гулом дар донистани назми қадими форсй гӯё бо ҳамдигар
мусобиқа доштанд. Онҳо мувофиқи ҳар маврид, дар сари ҳар
як ran аз адабиёт мисол меёфтанд, ривояте, ҳикояте ё аз маса-
ле нақл мекарданд. Барой ман шабнишинии хеле аҷоибе буд,
чунки дар ин нишаст ман бо ду нафар - бо Мирзо Турсунзода
ва Гафур Гулом шинос шудам, кибо дониш, бо истеъдоди худ
шарорапошй мекарданд. Нақли хотироти худро аз хамин
шабнишинй cap кардан мехоҳам, ки он баъд аз гузашти солҳо
бо сӯҳбат дар хонаи ман хотима ёфтааст.

Боз ба шабнишинии аввал бармегардам, ки то дер вақт да-
вом кард, вале ман чӣ хел гузаштани вақтро нафаҳмида мон-
дам. Соати се ё чори шаб, вале боз хам эҳтироси мусоҳибон
дар атрофи назм ва илҳом ҷушу хурӯш дошт. Чй пинҳон ку-
нам, ки машрубот низ ба тасфидани сӯҳбат ёрй медод. Бе ин
намешавад. Мо медонем, ки шароб баъзан дар расидан ба
моҳияти масъалаҳо ёрй медиҳад, аммо ба кас зарар ҳам оварда
метавонад. Ин сӯҳбати хеле олй ва дилкаш метавон гуфт, ки
маҳфили ҳамбастагй ва мусобиқаи хирадмандон буд.

Ба хотир дорам, ки Мирзо Турсунзода он шаб чандин бор
ба ман таваҷҷӯҳ ва илтифот карда, гуфт, ки дар байни мо на-
висандаи ҷавоне ҳузур дорад, ки аз он умедҳои калон чашм
дошта метавонем. Ман бо Гафур Гулом низ аввалин бор дар
ин шаб шинос шудам.

Ҳоло ба ёд надорам, он шаб дар сари кадом масъалаҳо
гуфтугӯ мсрафт, лекин ҳамин қадарашро нагз ба хотир дорам,
ки сӯҳбати хеле хуш ва гарму ҷӯшоне буд. Онҳо аз сӯфӣ ва
дарвешоне сухан ба миён оварданд, сӯҳбат ба назми сӯфиёна
ва ба фалсафа анҷомид. Онҳо бо ҳам шӯхиҳо мекарданд.
Ҳофиз ва Хайёмро ба ёд меоварданд.

Ман ва Мирзо Турсунзода бо ҳамдигар бо ду роҳ
алоқаманд будем: кор дар Комитети якдилии халқҳои Осиё ва
Африқо ва дар Комитети мукофотҳои Ленинй ва давлатй дар
соҳаи адабиёт. Соле камша се-чор бор бо хам вомехӯрдем.
Мирзо Турсунзода дар Комитети мукофотҳои Ленинй ва

26
давлатӣ эхтироми басо зиёде дошт, вале вай аз ин мавқеъи худ
ҳаргиз сӯиистифода намекард, фикри худашро ба дшарон
хатман қабул кунонданй намешуд. Аммо вақте ки баромада
фикр баён кардан, ақидаи худро ба миён ниҳодан, ба таклифе
ислох дароварданро лозим медонист ва бахо додан ба он с ин
асар, хусусан асархои манзум ва драмутургия лозим меомад,
сухани вай вазни махсусе дошт. Ба ин муносибат ман
мавқеъшиносӣ ва дар айни замон виқор ва матонати вайро
махсусан қайд кардан мехохам. Ӯ ҳаргиз худашро аз он чӣ ки
хаст ва шоистаи мавқеи ӯст, боло бардоштаиӣ намешуд. Ин
гуна худнамоӣ надошт.

Дар айни замон табиати мулоим, лабхандаҳои ӯ оа хама
маъдумает. Симон вай дар хотирам ҳамин хел нақш бастааст.
Вай дар ҳар як мулоқот касро бо рӯи кушода ва табассум пеш-
воз мегирифт. Кае дар кадом ҷое, ки бо вай вохӯрад, чй дар
кӯча, чй дар меҳмонхона ва чй дар ресторан, ӯ ба дили кас И1-
минон ва оромии хотир илқо мекард. Шояд ман хато мекарда
бошам, вале ба назарам чунон менамуд, ӯ марди хамеша ором,
вазнин ва ботамкине буд, чунон ки баъзан ба мо рӯй медихад,
дар сари масъалахои ҷузъӣ ва ночиз асабонй намешуд.

Ба хотир дорам, боре дар бозгашт аз Африка, ки конфрен-
ция барпо шуда буд, бо ҳавопаймо рохи дарозеро паймудан
лозим омад. Дар нимаи роҳ хавоиаймо хеле сахт ба таконхӯри
cap кард. Ман умуман дар сафарҳои ҳавой худро бад хис ме-
кунам, холо ҳам вақти такой ва талотуми хаво асабонй шудан
гирифтам. Дар ин ҷо Мирзо гаклиф кард, ки шоҳмотбозӣ ку-
цем. Ман ҳайрон мондам, шояд вай шӯхй мекунад, чй навъ
дар чунин вазъият шоҳмотбозӣ кардан мумкин аст? Бо вуҷуди
хеле пуризтироб будани вазъият Мирзо бо яке аз рафиком ба
шоҳмотбозй cap кард. Ин ҳолат дар хотири ман хамешагй
нақш бает ва фаҳмидам, ки вай ба замми тамоми хислатхои
дигаран1 аз мардонагй низ баҳраманд мебошад.

Ҳоло дар бораи вай ҳамчун шоир чанд сухам гуфтан
мехоҳам. Албатга вай агар шоири бузурге намебуд, холо шояд
аз воқеаҳои мухим ва дараҷаи дуюмини зиндагониаш ба чу-
нин тафеилот гуфтугӯ ба миён намеомад. Барой қадрасӣ ба
назми вай, барои баёни сифатхои инсонии вай, барои
мӯҷассам гардонидани симои вай ин хама корҳо карда наме-
шуд. Албатта ман бо ашъори вай асосан ба воситаи

27
тарҷумаҳои русии онҳо шинос шудаам. Ӯ дар мавридҳои шеър
хондан аввал дар забоин модарӣ хонда, баъд ба русӣ тарҷума
карда додани шеърхои худро дӯст медошт. Ман калимаҳои
алоҳида, термин ва баъзе суханҳои дар забонҳоямон умумиро
мефаҳмидам ва шеър хондами вай ба ман завқи махсусе ме-
бахшид ва дар бисёр мавридҳо ба ин фикр меомадам, ки
шеърҳои вай на фақат ҳиссиётпарвар, балки ба ҳамон андоза
хирадомӯз низ мебошанд. Як қисми эҷодиёти вай ҷанбаи
публисистӣ дошт ва равняй гражданй ва сиёсй пайдо мекард,
лекин шеърҳои соф лирикии инсониаш ҳам зиёд буданд, ки ба
мавзӯъҳои ҳамеша ҷовиди зиндагй - ба ишқ, ба некию бадй,
ба масъалақои ҳаёту марг дахл мекарданд.

Дар бисёр мавридҳо дар аснои сӯҳбат Расул Ғазматов низ
ба мо ҳамрох мешуд. Расул аз ҷиҳати хислати одами тамоми
дигар - марди пурҷӯшу хурӯш, серҳаракат ва пурҳаёқуест.
Аммо бо вуҷуди ин Расул ва Мирзо бо ҳам дӯсти наздик бу-
данд ва якдигарро дӯст медоштанд. Ман мавридеро ба хотир
дорам, ки Расул воқеаро нақл мекард ва Мирзо механдид.

Боре онҳо, равонаи Теҳрон будаанд ва Расул тарҷумон на-
доштааст, дар сафоратхона низ барои тарҷумонй каси муно-
сибе набудааст. Дар ин ҷо роли тарҷумонии Расулро хоҳ
нохоҳ Мирзо ба зимма гирифтааст. Мирзо, албатта, дар
сӯҳбатҳои хусусӣ, дар мавридҳои маъмул суханони Расулро
тарҷума карда метавонист, аммо ба онҳо дар маҷлисҳои калон
бо зиёиён ва китобхонаи Теҳрон мулоқот ва сӯҳбатҳо кардан
лозим будааст. Дар маҷлисҳо Расул аввал, албатта, ба забони
русй баромад мекардааст. Ӯ дар бораи худаш, ватанаш Кавказ
ва Дотистон, дар бораи Иттифоки Советй, дар бораи назм ran
мезадааст ва Мирзо гуфтаҳои вайро тарчума мекардааст. Боре
Расул хушҳолона ва ба оҳанги ифтихор гуфтааст: «Тарҷумони
ман, ки дорандаи мукофоти Ленинй, академик, бузургтарин
шоири тоҷик ва Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистй Мирзо Тур-
сунзода бошад, аз ин кй будани маро ба хубй пай бурда мета-
вонед. Агар тарҷумони ман ин хел одами номдор бошад, пас
худй ман кй ҳастам?»

Расул ин воқеаро дар назди Мирзо нақл мекард ва Мирзо
албатта бо мамнуният ханда карда гуфт:

«Дар он ҷо чй хел шарм накарда ин гапро гуфтй?» Ин
ҳодиса боз боре такрор шуда ва шиносонаш аз Мирзо пурси-

28
даанд, ки ба ростӣ хам вай ба Расул тарҷумон шуда омадааст?
Баъд аз ин дар сафоратхона ба Расул тарҷумон ёфта дода
Мирзо аз ин вазифа халос кардаанд. Мирзо Турсунзода ҳатто
ҳамин хел воқеаҳоро ҳам бо мамнунияги тамом нақл мекард.
Ӯ дӯстона, беозор шӯхй карданро, хусусан бо Расул Гамзатов
метавонист ва дар бораи вай бисер воқеаҳои ғалатӣ нақл ме-
кард.

Боре дар аснои сафари Эрон онҳо дар шаҳри Нишонпур, ба
сари мазори Хайём рафтаанд. Дар мошин Мирзо бо оринҷаш
дар кисаи Расул будани чизи сахтеро хис кардааст. Бо диққат
нигоҳ карда як шиша коньяк будани онро пай бурда: «Гӯш
кун, айб аст, барои чй коняькро бо худ гирифтй? - гуфта пур-
сидааст. Расул дар чавоб: Man ба зиёрати ҳамгшёлаи бузур-
гвори худ чй навъ бе дастовез рафта метавонам? - гуфта ҷавоб
додаст.»

Расул ва Мирзо дар бораи якдигар ин қабил ҳикояҳои
галатиро бисёр ва бо шавқи тамом нақл мекарданд. Он\о ба
қадри ҳамдигар мерасиданд.

Ман боз як сӯҳбати начандон шодмандонаи худро бо Мир-
зо Турсунзода дар арафаи шастсолагиаш ба хотир меоварам.
Мо дар меҳмонхонаи «Москва» истиқомат доштем. Пагоҳон
одатан дар як чо ноништа мекардем. Мо боре мунтазири овар-
дани хӯрок менишастем. Ӯ ба гумонам сахт бемор будан ва
нагз набудани вазъияти саломатиашро ҳис мекард, лекин инро
зоҳир наменамуд. Ман пай бурдам, ки кайфияташ мисли пеш-
тара нест. Ба ӯ гуфтам: «Мирзо Турсунович, чаро шумо имрӯз
ин хел ғамгин менамоед? Ҷашни 60-солагиатон дар пеш исто-
дааст. Ҳамаи асбоби зиндагиятон муҳайё, қувваи ҷамъиятиии
намоён мебошед, хурсанд буданатон даркор. Мо ба зудй ба-
рои гузаронидани ҷашни зодрӯзи шумо чамъ мешавем», ӯ дар
чавоб гуфт: «Акнун ҳар як рӯзи зиндагиам барои ман
чашнест».

Ман он вақт ба чй маъно доштапи ин чумла дурурст пай
набурда будам. Ҳоло мефахмам, ки вай наздик расидани он
чиро, ки вуқӯъаш ҳатмй ва ногузир мебошад, ҳис мекардааст.

Мо борҳо дар хонаи дӯстони москвагиамон меҳмон будаем.
Ман дар ин нишаст чй қадар мавриди хурмат ва мухаббат бу-
дани Мирзоро дидаам. Ӯ ба хама чо табассуми меҳрангез ва
шӯхиҳои диловезашро ҳамроҳ меовард.

29
Ба фикрам рафиқони дигар хам ҳаминро ҳамеша ба ёд
хоҳад овард. Дар рафтор ва кирдор чӣ қадар содда, бетакал-
луф будани ӯро ҳама медонанд. Дар ин хел мавридҳо Мирзо
барой дӯстони москвагиаш оши тоҷикӣ пухтанро дӯст ме-
дошт.

Ман боз ду мавриди мулоқоти худро бо Мирзо ба ёд мео-
рам. Яке дар рӯзҳои Деҳаи адабиёти киргиз дар Тоҷикистон ва
дигаре дар Деҳаи адабиёти тоҷик дар Қиргизистон. Мирзо дар
фурудгоҳи Душанбе ҳайати вакилони моро пешвоз гирифт ва
баъд аз дар меқмонхона ҷо ба ҷо шуданамон ба аҳволпурсии
мо омад. Баъд мо ба наҳорӣ хӯрдан ҷамъ шудем. У хеле
хушсӯҳбат ва улфатпазир буд. Ин бори аввал ба Душанбе
омадани ман буд. У хеле мехост, ки мо чй хел кишвари зебо
будани ин сарзамин ва чӣ хел одамони дилкушод ва хуб буда-
ни хамдиёронашро хис карда бошем. Мо ҳар се - Мӯъмин
Қаиоат низ бо мо ҳамроҳ буд, - хеле вақт бо \ам нишастем.
Афсӯс, холо, пас аз гузашти замон, ин мулоқотхо ва ин
сӯхбатҳои ширини дуру дарозро ба тафсил ба хотир овардан
ва нақл кардан имкон надорад. Ин рӯзхо ба шарофати кушиш
ва гамхории Мирзо хеле пурмазмун гузаштанд. У хеле мехост,
ки ман меҳру қаробати ӯро нисбат ба худам ҳис карда бошам.
у дар симои худ тамомй ҳамдиёронашро манзури назари мо
кардапй мешуд. Моро бо муҳаббати зиёд, бо гамхорй ва иф-
тихор бо ҳамдиёронаш шинос мекард, дар бораи намояндаго-
ни сохаҳои гуногун ҳаёти халки тоҷик ran мсзад. Ба ҳамин во-
баста ман бо Муҳаммад Осимӣ ва бо Мӯъмин ошной пайдо
кардам.

Ӯ Мӯъминро хеле дӯст медошт ва ба истеъдоди вай баҳои
баланд медод. Ӯ чй дар ҳузури касон ва чӣ дар танҳоӣ инро
мегуфт. Боре ӯ дар Москва ба ман гуфт: «Агар ту ба гапи ман
бовар дошта бошӣ, сухани маро ба инобат гирифтанат даркор.
Май беҳуда ran намезанам. Ин шоир ба гирифтани мукофоти
давлатӣ сазовор аст».

Мирзо Турсунзода марди доираи фаъолияташ васеъ ва
ҳамаҷонибае буд. У ба шоира Гулрухсор Сафиева низ баҳои
баланд медод. Ӯ боре Гулрухсорро бо ман шиносонд. Чунон ки
ҳоло мебинам вай дар шахси шоирҳою олимони Тоҷикистон
маро бо ҳамдиёрони сазовори худ шинос карда будааст. Ман бо
Миршакар ҳам ба воситаи Мирзо шинос шудаам.

30
Дар Душанбе маро ба аҳли маҷлис чй навъ шинос кардани
вайро бояд ҳама ба хотир дошта бошанд. Ӯ дар бораи ду Чин-
гиз ran зад: яке тахсиркунандаи олам бо шамшер ва дигаре бо
калам. Баъдтар, дар Қиригизистон, дар шаҳри Фурунзе вай
фикре баён кард, ки он дар қакиқат дар эпоси Қиргиз «Манас»
вуҷуд дорад. Коныке зани маҳбуба ва дӯстдоштаи Манас дух-
тари хони Бухоро Қарахон будааст ва дар ҷое тоҷикдухтар бу-
дани вай низ зикр ёфтааст. У ин суханонро бо шеърияти ба
худаш хосе, бо рӯҳи шоирона гуфт ва гуфтори худро бо обу
ранги махсусе оро дод. Шунавандагон суханони ӯро бо
садоҳои баланду пуршӯри таҳсин пешвоз гирифтанд ва ин
мулоқотро то имрӯз ҳама ба хотир доранд.

Ин рӯзҳо чй дар Душанбе ва чй дар Фурунзе барои ман
ҷашни бузурге буданд. Ҳама дар ҳаяҷон будем, ки Мирзо Тур-
сунзода, ки марди серкорест, ба Фурунзе меомада бошад ё не?
Омадани коллективное, ки ин мулоқотҳоро бо рақсу сурудҳои
худ оро медиҳанд, хеле хуш аст, лекин будани як лидер — пеш-
вои маънавй низ албатта лозим аст. Дар он рӯзҳо Мирзо Тур-
сунзода барои мо намин хел як пешвои маънавй буд.

Ин рӯзҳои хуше буданд. Мо кариб ду соат фурсат пайдо
карда ба дачаи ман рафтем. Мо дар богча чой нӯшида сӯҳбат
кардем. Ман кинооператорро даъват кардам, ки сӯҳбати маро
ба сурат гирад ва дар филми оид ба Даҳаи адабиёти тоҷик ис-
тифода намояд. Мирзо дасти хоҳарзодаи сесолаи маро гириф-
та, дар бог сайр мекард, ки ин манзара ба сурат гирифта шуда-
аст. Ин сурат - кадрҳо барои ман хеле ёдгории гаронбаҳое ме-
бошанд.

- Мирзо Турсунзода дар меҳмонии ман, дар доираи хона-
водаи ман.

Мирзо касе буд, ки шеърият, зебоии каломро хеле нозукона
х.ис мекард ва ҳамеша ба ин нукта ҷалби диккат мекард, ки
назм - поэзияи Шарқ фазилат ва шоистагиҳои хосе дорад. Ин-
ро ҳам бигӯям, ки ӯ бо адабиёти нинд низ нағз шиносой дошт,
ин хусусан дар аснои як сафари якҷояи мо ба Дехдй ва дигар
шанрнои Ҳиндустон, ки ноло номи онноро ба хозир оварда
наметавонам, ба хубй маълум шуд.

Мирзо Турсунзода марди ба худ мутмаине, вале дар айни
замон аз худнамой ва худпарастй дуре буд. Агар барои худаш
мароқовар набудани гуфтори сӯнбаткунандаро нис кунад,

31
кӯшиш мекард, ки номаълумона баромада равад. Раъй ва фик-
ри худро ҳаргиз ба дигарон бор намекард.

Гап задан дар бораи мавқеъ ва аҳамияти вай дар адабиет ва
иазми точик кори ман мест. Инро хонандагон хуб медонанд.
Ман дар ин ҷо ҷихатҳои соф инсонии вай, муносибатҳоямонро
гуфтан мехостам. Ӯ касонеро хеле дӯст медошт, ки онҳоро но-
зук ва олитабиат номидан мумкин аст. Вакти гап задан дар
бораи яке аз мавзӯъқои дӯстоштааш - дар бораи заной хеле бо
назокат буд. Дар ин мавзӯъ бо назокати тамом ва бо фасоҳати
шоирона гап мезад ва ба тарзи мароқангез фикр мероид. Ба
назарам, ин ҷиҳати сазовори такдире мебошад. Бисер заной
вайро барои ҳамин парастишкорона ҳурмат мекарданд, ки ӯ
бо суханон, бо муомилаву рафтор ва бо маданияти ботинии
худ дар дили онхо рох меёфт ва шур меангехт.

Ман баъзан ҷасорат карда, бо Мирзо оид ба воқеае шӯхиҳое
мекардам. Инҳо шӯхиҳои дӯстона буданд, ӯ харгиз аз ин
шӯхиҳо озурда намешуд, балки бо як шӯхии хеле нозукона,
хеле олӣ ва оқилонае ҷавоб мегардонд. Чунон ки ман медонам
ин\о ҳама ҷиҳатҳои хеле олии табиати вай мебошад.

Инсон мавҷуди хеле мураккабест. Шояд Мирзо хам ягон
хислати манфие дошта бошад, ки дар зиндагии ҳарруза, дар
оила зохир мешуда бошад. Инро май намедонам, аммо дар ин
ки ӯ таргибкунандаи назми қадими тоҷику форс буд, ҳеҷ ҷои
тарзид нест. Ӯ намунаҳои зиёдеро аз назми зебои классики аз
ёд медонист, мехонд, нақл мекард ва хар бор маро бо ин до-
ниши худ мутаҳайир ва мафтун менамуд, ба завқу ҳаяҷон ме-
овард Ӯ борхо дар баромадҳояш, дар сӯхбатҳояш бо ман гуф-
та буд, ки баъзе шоирони ҷавон дар бораи назми гузаштагон е
тасаввури мубхам доранд, ё ин ки шаъшааи азамати онх.о пе-
ши чашмонашонро гирифтааст ва бинобар ин ба классиком
соф шогирдона тақлид мекунанд, Мирзо Турсунзода устоди
бузург ва моҳире буд ва чӣ будани тақлиди кӯр-кӯронаро, ба
тарз в а ба услуби гузаштагон мутобик кунонидани назми
хозираро нагз медонист. Ин кор - ҳодисаи бесамар ва
беоқибатест. Аз хама муҳиммаш ин ки ин тарзи шеър моҳияти
ходисахои замони моро акс кунонда наметавонад. Ҳар як давр
ва замон образҳои худро ва шаклу мазмуни ба худ хосе дорад.
Ин табиист. Аз қарори маълум ҳакиқат дар ёфтани роҳи миё-
наест: анаъна, яъне маҳорати анъанавии гузаштагонро аз пеши

32
назар дур накарда, ба онхо такья намуда, ба андухтаҳои онхо
ҳиссаи наве зам карда, ба гуфтаи худ садо ва танини нав дода
тавонистак лозим аст. Турсунзода инро хеле хуб мефаҳмид ва
медонис+.'Вай тарафдорй хамим хел фаъолона ва эҷодӣ наздик
шудан ба анъаиа, тарафдорй барон образхо ва ҳодисаҳои
замонй ёфтани чунон шаклҳои мувофиқе буд, ки аз ҷиҳати
фаёоҳат ва зебоӣ аз онҳо кам набошанд, ақаллан ба онҳо на-
здик истода тавонанд. Фақат им гуна назм замонй моро, одами
даврони моро муҷассам карда метавонад.

Маълум аст, ки тарҷума кардани шеър кори хеле душво-
рест. Ин хеле хуб аст, ки дар мамалакати сермиллати мо бисёр
асархо аз забонхои гуногун тарҷума карда мешаванд. Ин дар
шароити мо як кори муқаррарӣ ва ҳамарӯза шудааст, лекий'
дар мамалакатхои дигар тарҷума кори тасодуфй мебошад. Дар
бораи назми Мирзо Турсунзода гуфтаи мехоҳам, ки на хамаи
гуфтахои вай чунон, ки бояду шояд тарҷума карда шудаанд.
Баъзан дар тарҷумонхо воситаи ифода камй мекунад, онхо
маҳорати кофӣ ва қобилтияти даркориро надоранд. Баъзан
мотивхои хеле публицистй, соф гражданӣ диққати
тарҷумонҳоро ҷалб мекунад. Ammo дар айни замой,
тарҷумаҳои дар хақиқат хеле муваффақиятнок ҳам ҳастанд, ки
шеърияти Мирзоро ба хонандагони сохиби забонҳои дигар
дастрас мегардонанд.

Шеъри Мирзо Турсунзода ба лирикам совета саҳми маълу-
ме мегузорад. Дар ҳаёти эҷодии мо ба таври доимй як амалиё-
ти мубодилаи шаклхои поэтикй, мубодилаи тафаккури
поэтикй давом дорад. Назми Мирзо Турсунзода ба воситаи
забони русй бо тамоми забонхои дигар алоқаманд шудааст ва
ба воситаи забони русй амалиёти дигаре низ рӯй медиҳад, ки
ин ганитар шудани шеъри миллй мебошад. Он шаклҳое, ки
Мирзо Турсунзода дар эҷодиёти худ ба кор бурдааст - рубой
ва дубайтй - ба шоирони дигар, аз ҷумла ба назми рус таъсири
калоне расонидаанд. Он шакли шеърхои вай, ки дар чанд мис-
раъ манзараи бузурге тасвир меёбад, мӯъҷазй ва дар айни за-
мой фасоҳат ва зебоии бехтарин намунахои назми шарқ,
бешубха, назми моро ганй мегардонад ва ба воситаи амалиёти
мутакобил ба вазъи умумии адабиётҳо таъсир мерасонанд.

Амалиёти ганй гардидани адабиёт боиси ба майдон баро-
мадани нависанда ва шоирони дузабона мегардад. Мирзо хам

33
ин ҳодиса ва ин амалиётро инкор намекард. Барой ин ки назм
аз чорчӯбаи миллӣ ба хориҷ қадам гузорад, пул — гузаргоххо
ва устодони махсусе бояд вуҷуд дошта бошанд, ки онхо ин
пулҳоро месозанд ва сохилхои муқобилро ба хам пайванд
медиҳанд. Шояд ин идеяҳо ҳоло хам зид ва мукобилҳо дошта
бошанд, вале Мирзо аз ин равиш хеле розй буд ва ба ин
ҳодиса бо назари хеле мусбате менигарист. У доираи биниши
васее дошт ва масъалаҳоро хамаҷониба иҳота карда, ба онхо
наздик мешуд.

Ман ба нависандагон, зиёиёни тоҷик, ворисон ва
давомдихандагони кори Мирзо Турсунзода некй ва
муваффакият орзу мекунам. Ба ҷашни 70-солагии зодрузи
Мирзо Турсунзода бо дикқат ва куватти тамом тайёрй дидан,
хамаи имкониятҳоро ба назар гирифта, ба таври шоистае гуа-
ронидани оиро орзумандам. Коре кардан даркор, ки юбилей
шакли мачлиси суханорой ва мадху ситоиш, ё шакли ёдоварии
гамангезеро ба худ нагирад, ин хар дуро чунон бо хам тавофук
додан лозим аст, ки Мирзо Турсунзода дар байни мо набошад
хам, дар хар маврид хузураш хис карда шавад.

34
Расул ГАМЗАТОВ

ГУЛБОГИ ШОИР1

Many ӯ ҳамроҳ ба водии Ҳисор, ба деҳае рафтем, ки аз он
ҷо вай барин фарзанди як нафар тоҷикй дуредгар ба олами бу1
зургу мураккаб ва бисер аҷиби меҳнату мубориза ва шеър
қадам ниҳодааст ва дар васфи он ҳанӯз дар ҷавониаш достоне
гуфтааст.

Вай дар миёни пирони солхӯрдаи деҳ нишаста буду аз дару
тирезаҳо занони кӯдакдор ба сӯяш менигаристанд. Бачагони
сарупобарахна аз лаби бому шохи дарахтон «Мирзо», «Мир-
зо» гӯён фарёд мсзаданд. Муйсафедон ҷониби онхо бо асоҳои
худ тахдид мекарданд ва бо хамин гуфтанй мешуданд, ки ба
сӯхбати мо халал нарасонед. Онхо байни худ аз кору бори
аҳли дехаву мамалакатҳои гуногун, ояндаи диёри худу
кишвархои бегона, вазъияти колхоз ва тамоми дунёи сухан
мекарданд ва дар сӯҳбаташон қатраи ҷӯйбору мавҷи уқёнус,
суруди саҳариву афсонаи шабҳои пурасрор пайванд меёфт.

Мӯсафедон умри зиёд дидаанду шоир олами бисёр,
Сӯҳбати онҳо торафт метасфид. Замоне буд ӯ дар ҳамин ҷо
дар назди муллой деҳа дарс мехонд. «Адабчӯби мулло хеле
дароз буд, ҳар ҷо, ки нанишинам, ба сарам мерасид», - нақл
кард Мирзо.

Дар мактаби деҳа диккати маро харитаи бисёр аҷиби рӯи
олам, ки худи мактаббачагон кашидаанд, ба худ ҷалб кард.
Дар харита шаҳрхои тамоми мамлакатхои ҷаҳон, ки ҳамдиёри
машҳурашон Мирзо Турсунзода сафар кардааст, бо доирачахо
ишора шудаанд. Дар он миён номи шахрҳои Осиёву Африқо,
Америкову Аврупо ва пойтахти давлагҳои мухталиф зикр ёф-
танд. Вай танҳо харитаи сафарҳои шоир набуда, балки хари-
таи шеъри ӯ- андешаву ҳиссиёт ва рангу мусиқии ӯст.

Маълум аст, ки дар шохрохи сафар баъзехо ҳар он чи ки
доштанд, аз даст медиханд, дигарон ба ивази он сармояи тозае
меёбанд, касони сеюмй бошанд ҳар он чи доштанд, афзун ме-
кунанд. Дар шоҳроҳи асри хеш Мирзо на танхо тоқии тоҷикй

1 Ин хотира сарсуханест, ки Расул Гамзатов ҳануз дар вақти ҳаёт будани
Мирзо Турсунзода ба маҷмӯаи дуҷилдаи шеърҳои ӯ навишта буд.

35
ба cap дорад, балки аз он дар хама ҷо ифтихор мекунад. Барой
хамин хам ҳатто мардумоне, ки дур аз диёри шоир умр ба cap
мебаранд, ба ӯ бо мухаббат менигаранд.

Ман шахри Душанбе — пойтахти Т оҷикистон хавлиеро, ки
Мирзо Турсунзода зиндагй дорад, дидаам. Ҳоло вай панҷоху
хафтсола буда, дар авҷи камолот мебошад. Одатан дар
зиндагй чунин мешавад, ки одам бо касе вомехӯраду бо вай
каробат ва дӯстӣ пайдо мекунад ва мехоҳад, ки ба ватани ӯ, ба
хонаи ӯ раваду аз кору бораш хабар гирад. Ҳамин тавр одамон
ба хонаи Турсунзода хам аз деҳоти дурдаст меоянду хам аз
кишварҳои бетона. Рузе, ки ман дар ҳавлии ӯ будам, дар се
хонааш зиёда аз панҷоҳ нафар мехмонон аз мамалакатҳои гу-
ногун хузур доштанд. Дар ҳамин хона Нозим Ҳикмату Нико-
лай Тихонов, Файз Ахмади Файз ва бисёр касони дигар шеър
хондаанд. Афсӯс, ки дар хонаи Мирзо барои ояндагон дафта-
ри қайд мест. Вагарна китоби бузурге мебуд, ки аз дустиву
мухаббат ва бародарй ҳикоят мекард. Вале Мирзо дафтари ди-
гаре дорад, ки боги ӯст.

Дар ин бог дарахтони зиёде ҳастанд, ки меҳмонони гуногун
шинондаанд. Навдахои гулнӯш ва гохо хушкидаи онҳо аз сар-
навишти мухталифи одамон гувохӣ медиҳад. Ба қавли худи
Мирзо, дарахт шинондану бахрв бурдан аз он хушбахтии бу-
зургест ва одам бояд хамаи инро худаш кунад, дар акси хол
нашъае намебинад.

Аммо богбон ҳам дар хонаи худ чун меҳмон аст. У ба ёди
аёлу фарзандонаш аз канори дури олам достони «Ҷони ши-
рин»-ро офарид. Дар он чун шамшеру гилоф ду хиссиёт ба
хам омезиш ёфтааст: гами оилаи хешу мардуми дунёи бека-
ром, мухаббат ба ёр ва муборизае, ки солҳои зиёди умри худро
ба он сарф кардааст. Боги Мирзо нисбат ба оне ки ба назар
мерасад, бузургтар аст. Ӯ дар рӯзҳои ҷамъомади намояндаго-
ни мамлакатхои Осиё, Африко ва Америкой Лотинй дар Куба
ниҳоли дӯстӣ шинонд ва мо дар он ҷо аз боғи дар Душанбе
будаи Садриддин Айнй — устод ва пири Мирзо — ёд овардем,
ки дар он хамрохи Мирзо одамони мамлакатхои гуногун
ниҳол шинондаанд Ӯ дар қитъахои мухталифи дунё, ки аз он
ҷо гузар дошт, нихоли дӯстӣ шинондааст ва ба назари ман,
миёни ин кор ва назми ӯ қаробате ҳаст.

36
Бисёр касоне ҳастанд, ки номашон дар акнофу атроф
маълум ва машҳур мебошад, вале аксар чун мепурсанд, ки
онҳо чй навиштанд, номи асарҳояшон ба хотиратон намеояд,
мисли он ки онх,о безурётанд ва китобе надоранд. Вақте ки аз
онх,о мепурсанд, ки шумо чй навиштед, яке мегуяд, ки
«ғазал», дигаре «ҳаҷвия», сеюмӣ - «хитоба», чаҳорумӣ бошад
ҳам ину хам ону ҳам вай! Ин куҳҳову рӯдхонаҳо барои он
гумноманд, ки аз худ дар зиндагиву хотири мардум осоре
боқӣ намондаанд. Инҳо пулҳое мебошанд, ки ба рӯи дарёхои
набуда ва ё хушкида бино шудаанд. Лекин ин тавр хам меша-
вад, ки кӯҳҳову дарёқои хурду бузурге низ ҳастанд, ки онҳоро
ҳама медонанд ва метавонанд дар бораашон нақлҳои аҷибу
гарибе гӯянд, зеро бо номи онхо воқеахои Kaj ю ну
фаромӯшношудание марбуганд.

Агар аз ин нуқтаи назар ба эҷодиёти Мирзо Турсунзода ни-
гарем, мебинем, ки хонанда ба осонй аз асарҳои ӯ ном меба-
рад, харчанд, ки онхо аз қабили романҳои гафсу повестхои
маълум ва ё пьесахое нестанд, ки дар сахнаи даххо ва садхо
театр намоиш дода шудаанд. У шоир аст ва ба мавзӯи худ, чу-
нон ки ба сарзамини xeuj садокат дорад, содиқ мебошад. Вай
дар ҳамагуна шароиту вазъият ҳаргиз аз роху мароме, ки оа-
рои худ интихоб кардааст, кадаме пас намеравад. Рост аст, ки
ӯ хам мисли бисёр касони дигар ба ин ягона1ии хислагу га-
факкур ва эхсосоти иок якбора мушарраф нагардидааст.

Аз шархи холи Мирзо маълум аст, ки вай ҳануз дар хурди-
аш аз деҳаашон гурехта буд ва ӯро одамони нек дар хонаи ба-
чагон ҷойгир кардаанд. Ӯ ба олами назм хам ҳамин тавр омад,
яъне аввал ба хонаи бачагон афтода буд ва дар он дар катори
дигарон иштирок дошт. Вай ба таъҷил очерку повес 1Ь, досю-
ну либертто менавишт ва бо дигарон ҳамкорӣ мекард. Вай
биёбон то биёбон бисёр гашт, то ин ки сарчашмаи худро дар-
наёфт ва хештанро нашинохт. Вай ба писарбачае монанд буд,
ки ришу мӯйлабаш набаромада бошад ҳам, рӯй метарошид, то
нишон дихад, КИ ба балогат расидааст. Вай ба мохие монанд
буд, ки даруни хавз шино мекард — (бисёр шоирони мо аз
хамин гуна ҳавзхо об хӯрдаанд), вале дертар ба баҳри
пурмавҷу хурушон ва беканору рангини назми мо баромад.
Оре, Мирзо пеш аз он, ки «дидам ҷамоле» гӯяд, ҷамоли касо-
ни зиёдеро дидааст. Ӯ барои он ки ба хама «ман аз Шарки

37
озодам» гӯяд, тамоми оламро давр зад. Бале, вай аз Шарқ,
Шарқи совета аст, фарзанди Тоҷикистои.

Шоироии зиёде 5а хориҷа мусофират кардаанд ва аз он ҷо
бо худ суруди халкҳои дигарро овардаанд. Аммо «Қиссаи
Ҳиндустон»-и Мирзо Турсунзода бо шеърияти баланди худ ва
эҳсосоти самимие, ки аз гами мардуми ҷабрдидаи ҳинд ва
фахри кишвари хеш cap задааст, хусни таваҷҷӯҳи умумиро ба
худ кашид.

Боре вақте ки Мирзо Турсунзода дар шаҳри Бейрут дар
ҷамъомади нависандагони Осиё ва Африқо аз муборизаи
қаҳрамононаи халқи Вьетнам бар муқобили горатгарони
америкоӣ ва зиндагии машаққатангези миллионҳо мардумони
Осиё ва Африко сухан кард, намояндагони баъзе мамалакатҳо
моро бо он айбдор намуданд, ки гӯё мо, нависандагони
советй, мехоҳем баҳси адабиёт ва маданиятро ба баҳси сиёсат
табдил диҳем. Он вакт Мирзо - раиси Комитета советии
якдилй бо халқҳои Осиё ва Африқо ва шоири маъруф - аз ҷой
бархост ва гуфт: «Барой ман санъат ва сиёсат бародарони
тавъамонанд».

Оре, Мирзо қувваи назмро ба нафъи давлат равона кард.
Қимати «Қиссаи Ҳиндустон»-и ӯ ҳам, ки бист сол қабл аз ин
таълиф гардидааст, дар ҳамин мебошад. Дар он нафосати
шоирона бо мардию далерӣ, гаму ташвиши одамӣ бо родмар-
дияш, хоҳишу савганд, раҳмату лаънат, дасти кушоду мушти
гиреҳхӯрда омезиш ёфтаанд. Бе ҳамин ду ҷиҳати муҳаббату
нафрат ва шодиву гам «Қиссаи Ҳиндустон» наметавонист ба
рӯи олам роҳ ёбад.

Баъзеҳо мегӯянд, ки дар мавзӯи сиёсат шеър гуфтан кори
сиёсатмадорон аст ва ин кабил шеърҳо тез фаромӯш мегар-
данд, умри онҳо мисли либосҳое, ки ба зудй кӯҳна ва партоф-
та мешаванд, кӯтоҳ мебошанд. Бале, ҳаяҷони таъҷилие аз ин
ва ё он чизе бақо надорад. Лекин, вақте ки шеърҳои сиёсй дар
қаъри худ изтироби амиқи муаллиф ва хосияти миллии ашъо-
ри ӯро доранду фалсафаи ҳаётро ифода мекунанд, умри абад
меёбанд. Ду силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» маҷмӯаи шеърҳои
«Садои Осиё», достонҳои «Ҳасани аробакаш» ва «Ҷони ши-
рин» ва гайраҳо аз ҳамин навъи шеъранд Агар насле аз хонан-
дагон дар вақташ онҳоро бо хушнудй қабул карда бошад, на-
ели дигараш имрӯз камтар аз пешиниён намедонад. Он
38
шеърхо дар муборизаву кор ҳамдаму ҳамнафаси муосири мо
мебошанд.

Ёд дорам, Мирзо дар Женева ба ман «Бегараф» ном шеъри
худро хонда буд. Ӯ тарафдори он аст, ки Швейтсария мамала-
кати бетараф бошад, вале дар шеър ва дар муҳаббат, бино ба
гуфтаи вай, бетараф будан баробар бо марг аст. Вакте ки шоир
дар шеъри худ нисбат ба ҳодисае ё сарнавишти касе бетараф
аст, хонанда низ ба асарҳояш ҳамчунин муносибат хоҳад кард.
Инро наметавон дар ҳаққи назми Мирзо гуфт. Ман дидам, ки
чи тавр Мирзо дар Деҳливу Бомбай ва Панҷоб рӯи қолин ни-
шаста дар мушоира шеър мехонд ва сомеон « баҳ—баҳ»,
«мошооллоҳ» гӯён ба шоир таҳсину офарин мехонданд ва ис-
рор мекарданд, ки ин ва ё он байту бандро, ки писандашон
омада буд, такрор намояд.

Дар Сурия мо дар ресторане ҳамроҳ хурок мехудем. Чун
мизбонон донистанд, ки мо шоир ҳастем, хоҳиш карданд, ки
барояшон шеър хонем. Вақте ки мо аз ресторан берун шудем,
яке аз шунавандагон ба Мирзо рӯй оварда «ташаккур»гуфт ва
қуръони худро, ки барояш чизи багоят муқаддасу азиз буд, ба
ӯ бахшид.

Фурсате чанд пеш аз ин, ҳангоми иди Павруз ману Мирзо
Турсунзода ба Эрон рафта будем. Номи шоир дар он сарзамин
хеле маъруф аст. Рӯзе мо бояд аз Щероз ба воситаи ҳавопаймо
қатман ба Теҳрон мерафтем. Ногах,он обу хаво тагир ёфту
ҳавопаймо парвоз накард. Мо қарор додем, ки такси киро ку-
цем. Ammo марди нозир гуфт, ки ё ронанда нест ва ё мошина.
Ману Мирзо бисёр асабонӣ шудем. Он вақг нозир байтеро аз
Саъдӣ шафеъ овард, ки намешояд асабӣ шуд (ҳоло ман он
шеърро дар хотир надорам). Мирзо аввал хеле хандиду сони
худ дар ин мавзӯъ аз осори Саъдӣ ва дигар саромадагони бу-
зурги тоҷик мисол овард. Диспетчер мехост бидонад, ки ин
мусофир кист ва вақте ки фах,мид ӯ шоир Мирзо 1урсунзода
аст, дарҳол мошина ва ду ронандае пайдо кард, ки моро аз
Шероз ба Теҳрон оварданд.

Дар Эрон Мирзоро бисёр мешуд, ки сухан гуяд ва забондо-
нон ба ӯ гуфтанд, ки лаҳҷааш ба лаҳҷаи мардуми Шероз
қаробат дорад. Шероз бошад ватани шоирони бузург Саъди ва
Ҳофиз аст. Мо мазори онҳо, қабри Умари Хайём, Фирдавси,
Соиб ва бисёр дигар шоирони форсу тоҷикро зиёрат кардем.

39
Дар кутубхонаҳои Эрон дастхати осори гузаштагони бузурги
худро бо эҳтиёт ва эҳтироми беандоза хеле варақ зад.

Ӯ аз «Шох,нома»-и безаволи Фирдавсӣ, ки Султон Маҳмуди
Ғазнавӣ ба ивази ҳар байта он як тангаи тиллой ваъда карда
буду шоир дар фақирй аз олам гузашт, газалҳои ошиқонаи
Ҳофиз, ки тамоми умр боре ҳам аз ватани маҳбубаш Щероз
берун нарафтааст, ашъори пандомези Саъдй, ки ей сол дар
ақсои олам мусофират кардаасту ей соли дигар ба таҳриру
таълиф машғул шудаасг ва, албатта, рубоиёти Умари Хайёму
қасидаҳои одамушшуаро Рӯдакй, шеърҳои РумиюҶомӣ ва ди-
гар шоироне, ки Гёте онҳоро муаллими хеш шуморидааст,
ҳазорон-ҳазор байтро аз ёд медонад. Ӯ аз он мефахрид, ки гу-
заштагонаш ба як холи ҳинду Самарканду Бухороро бахшида-
анд. Шоирони валинеъмат будаанд...

Ман бисёр афсӯс мехӯрам, ки дар мактабу иниститугҳои мо
маданияти бузурги Шарқ ё омӯхта намешавад ва ё омӯхтд ша-
вад хам. чандон қаноатбахш пест, то ҳол китобе вуҷуд. надо-
рад, ки намунаи шеъри мардуми Осиё ва Африқоро дар бар
гирифта бошад, чунон ки оид ба адабиёти Гарб аст. Аммо ин
мавзӯи баҳси ҷудогонаест. Ҳоло сухан дар хусуси шоирони
бузурги Шарқ меравад.

«Баъд аз сари онҳо шоири форсу тоҷик шудан душвор аст»,
- гуфта буд боре Мирзо ба ман. Лекин олами шеър ва
мухаббат беинтиҳост. Мирзо муқаллид не, балки
давомдиҳандаи назми ҳазорсолаи халқи худ мебошад. У ин
вазифаи душворро бо сарфарозие, ки хоси шоир ва граждани-
ни советист, адо мекунад. Дар шеър на муқаллид, балки
давомдиҳанда будан, ба ҳа.м омехта тавонистани анъанаву
навоварй ва эҳсосоти шахсию миллӣ бо умумиинсонӣ ба Мир-
зо Турсунзода имконият додаанд, ки дар хусуси он ҳодисаҳои
давр, ки худ шоҳид буд ва ё иштирок дошт, нақл намояд.

Ман забони тоҷикиро намедонам ва шеърҳои Турсунзодаро
ба русй хондам. Вале мутарҷимони русе, ки махсус забони
тоҷикиро омӯхтаанд ва осори шоирони онро аз рӯи тарҷумаи
ҳарфоҳарф не, балки аз асл ба русй гардонидаанд, шаҳодат
медиҳад, ки тарҷимаи ашъори Турсунзода нисбат ба шоирони
дигар душвор аст. Зеро дар он нуктаву мӯшикофиҳои шоиро-
на зиёд буда, бе ёрии худи Мирзо тарҷума кардан амри мах,ол
мебошад.

40
Мегӯянд, ки вақте «Қиссаи Ҳиндустон» бори нахуст дар
саҳифаҳои маҷаллаи «Новый мир» чоп шуду дар байни хо-
нандагон шӯҳрат ёфт ва муаллиф ба гирифтани Мукофоги
Давлатй мушарраф гардид, яке аз мутарҷимони шоир гуфта-
аст, ки : «Дар ои меҳнати ман ҳам хаст, аз ин рӯ, он шеъри мам
ҳам мебошад».

Албатта, ба фарзандони Мирзо даъвои падари кардани ди-
гарон сари вақт маҳкум шуд, бо вуҷуди он вақге ки тарҷумони
шоир ва баъд хонандагони осораш андешаву эҳсосоти ӯро аз
они худ медонад, вақге ки миллионҳо одамон дар бораи ашъ-
ори вай «ин ашъори мо» гуфта, муаллифро «Мирзои мо, Мир-
зои ҳалиму саховатманд ва дилрабои мо» меноманд, барои
эҷодкор хушбахтии бузургест.

Мирзо Турсунзода фақат як бор ба Догистон, ба авули мо
Цада омадааст. Аз он миён чанд сол гузашт, аммо хар дафъае,
ки ман ба он ҷо меравам, сокинонаш аз ман ӯро ҳамчун як
ҳамдиёри худ мепурсанд: «Магар бо Мирзо вонахурдӣ, магар
ӯро надидӣ? Аҳволаш чӣ тавр? Чӣ менависад? Ман мехоҳам
дар ҷавоб ба ҳамдеҳотиёнам ва ба ҳама бигӯям, ки: «Ман
Мирзо Турсунзодаро тез-тез мебинам. У саломат буда,
шеърҳои тоза менависад. Кораи бисёр аст, вале дасти вай ба
ҳамааш мерасад».

Одатан Мирзо сухани худро бо «ассалому алейкум» cap
мекунад, ки «ба ту хушбахтй мехоҳам» гуфтан аст. Мо ба ӯ
«валлайкум ассалом» мегӯем. Мо «хушбахтӣ ва саодати туро
мехоҳем, Мирзо».

41
Мустай КАРИМ

ВАСЛГАРИ ДИЛҲО

Пеш рае, дар кӯҳ гардиш кун, рафик,,
Мысли рӯди шӯх варзиш кун, рафщ.
Пеш рафтй - кор осон мешавад,
Куллаи пае ҳам намоён мешавад.

Ин мисраъҳоро Мирзо Турсунзода хигобан ба зодагони
кӯҳсори тоҷикон гуфтааст. Ва ман ҳамоно огози сухан аз он
мегирам, ки зотан мебоист гуфтори худро бо он ба поён расо-
нам. Ман сухани худро аз тасвири симои шоире cap мекунам,
ки ӯ дар да,стони боло ва тавонои худ ситораи тобони назми
навини зодгоҳаш 'Гоҷикистонро баланд бардошта буд. Дар
назари май Турсунзода, шоире, ки шеъру номи вай дар тайи
даҳ солу бист сол қисмате аз перӯ ва комёбиҳои маънавии мо
гаштааст, ба ҳамин симову сурат нақш бастааст. Оре, ин сар-
навишти бузургу баландпоя маҳз насиби шоире шудааст, ки ӯ
вассофи баҳору сулҳи ҷаҳон буд.

Шоирон ба қалби хонандагон ба роху василақои гуногун
роҳ меёбанд: якеҳо монанди боде, ки дару равзанаҳоро ба
тундиву шиддат боз карда, ба хонаи мо дохил мешаванд, ба як
тарзи ногаҳонӣ ва тезпарвозона ба дили мо зуд ҷой мегиранд;
дигарон мисли борони орому хомӯшонаи тобистон аз омадани
худ ба монанди шуои барқу соиқа муждаву навид дода, ба
таъанниву оҳистагӣ ба дили мо роҳ мегиранд.

Ба ман дар нахуст овозаи шӯҳрати Турсунзода мисли то-
биши барқи канораҳои дуродури осмон омада расид, сипас
ба назми ӯ даст ёфтам. Гӯё ба ман чунин менамуд, ки шоир
на аз водии Ҳисор, ки зодгоҳи ӯст, биловосита омадааст,
балки дар амал ба гузаштаи дуру кадими чандинҳазорсолаи
Шарқи куҳансол роҳ паймуда, сипас, баъд аз тайи қуллаҳои
баланди Ҳимолой ба Ғарб рӯ овардааст. Ин шоире, ки дар
дили худ ҳам шодиву хурсандии тоҷикон ва ҳам андӯҳу гами
ҳиндувонро ҷой дода тавонист, ба сарҳадду ҳудуди афкору
ақидаҳои миллатҳои бегоназабон роху манзилҳоро сипарй
намуд.

Шоир мегӯяд, ки :

42
Шодам, аыио мехӯрсш гамҳои халқи дигаре...

Ва ӯ чунон ки худ мефармояд, медоиад, ки:

Гиря дорад, дӯстам. аз гиря фарқ
Талх боилад гиряи фарзанди Шарқ
Асрҳо бигирист ишрқӣ зор-зор,

Шарқ шуд аз гиряи он шӯрзор.

Бахту саодати тозарустаи пурнури Шарқи нав аз ашку
сиришкҳои дар дидаву дилҳо хушкмондаи Шарқи куҳан маз-
мун ва магзу моҳияти эҷодиёти шоири барҷаста гардид.

Ҳатто мургҳои баландпарвозтарину тавонотарине, ки дар
авҷи фалак ҳукумфармой мекунад, чӯҷаҳои худро дар осмони
холиву соф аз тухм намебароранд. Назми олитарине, ки ба
мурури замон манзилу масофахои дуродурро симарӣ мекунад,
танҳо аз мазраъу киштзори миллату халки худ об мехӯрад ва
нумӯ мекунад. Ҳангоме ки ман ба як мафтунй ва дилбохтагӣ
садои хуши баргони дарахти шсъри Мирзо Турсуизодаро ме-
шунавам, равшану баралоина эҳсос мекунам, ки решай ин да-
рахт аз Қаратог, аз Помир, аз замини падарону бобоёни ӯ об
мехӯрад. Танҳо ва танҳо ба ҳамин сабаб аст, ки ному назми
шоир дар диёри ӯ дар байни мардум шӯҳрату маъруфияти том
дорад ва мардум нисбат ба шахси ӯ муҳаббати беамдоза ва си-
поси беканор намоиш медиҳад. Ба худ тасаввур кардан муҳол
аст, ки санъаткору суханваре, бе он ки дар диёри худ бошад,
мавриди эътирофу эҳтиром қарор гирад. Бар хилофи ақида ва
афкори забонзадаи умум ман ҷуръати бовар дорам, ки паям-
барон бешак нахусг дар вагани худ пайдо мешаванд ва дар
ватами худ мавриди эътироф мегарданд.

Ба назарам, Мирзо Турсунзода сарнавишти хушбахтонае
дорад, ки муҳаббати ҳамдиёронаш нисбат ба шахси ӯ аз тара-
фи халқҳои дигар низ писандида ва мақбул гаштааст. Инак,
фарзанде, ки ақлу хирад, истеъдоду хидматҳои ӯро дигарон
низ писандидаву азиз медонанд, барои падар боз хам
арҷмандтару дилбандтар аст. Маълум аст, ки давоми пойдо-
рии зиндагй дар рӯи замин ба он вобаста аст, ки ин зиндагиро
офтоб гармӣ медиҳанд ва худи зиндагй хам аз андаруни худ
гармй дорад. Назму шеъри ин шоири баргузида мисли зинда-
гии замин ба ҳамин қиёс аз ду сарчашма гармй мегирад.

43
Ба забоне, ки ба эҷозу сеҳри қалами суханварони бузурги
худ ба дарачаи шеър расидааст, назм суфтан шояд чандон
душвор набошад. Аммо, аз тарафи дигар, дар назму адабе, ки
он ҷо сухани бузургворонаи Рӯдакиву Саъдӣ, Хайёму Ҳофиз -
ин баргузидагоне, ки ба розҳои дили одамӣ рох ёфта, эҳсоси
инсониро пай бурда, дар ақлу хирад мушкофихо кардаанд, дар
назму адабе, ки садои тоза ва бегубори назми ин шоирон дар
гузашти чандин асрҳо шунида мешаванд, шеър гуфтан ҳамоно
кори осон нест. Дар сурате, ки шоир ба забони форсиву
точикй шеър мегӯяд, хоҳ-нохоҳ ба ин шоирон ҳам монанд
мешавад ва баробари ин, бе он ки сухану сабки хосаи худро
дошта бошад, шоир шудан ҳам натавонад.

Ин муаммои сарбастаро Мирзо Турсунзода ба назму шеъри
худ хеле устодона кушоиш дод. Ӯ муқаллиди бебуди шоирони
гузашта нашуд ва бо онҳо зӯрозмоиҳои бехуда накард, балки ӯ
дар байни ду давраву замони шеъру шоирй ба як гарзи
ҳайратовар, ба як часорати шоиста робигаву пайванде бинҳод.
Ӯ аз соҳили укьёнуси гузашта ба сӯи соҳили нав ба шиноварй
надаромад, ҳатто дар заврақе низ шино накард, балки аз рӯи
пули росту' мустақим, ки дар пешопеши худи ӯ онро бунёд гу-
зошт, ба оҳистагӣ ва чураъту бовар роҳ пеш гирифт. Шоир
масъалахои мухимтарини асру замонро ба хубй дарк карда
тавонист, ба идеалҳои олии ахлоқӣ ва эстетикй, ба нуктаву
пояҳои афкору тафаккури даврони имрӯза боварии сахту сан-
гин дошт. Ва натича ин буд, ки Мирзо Турсунзода мероси
манзуми нобигаҳои гузаштаашро аз худ карда ва аз ин мерос
ба эҳтиёти тому гамхориву даеттавонои истифода намуд. Ин
робигаву алоқамандӣ аз мазмуну мундаричот ва шаклу услуби
ҳар байгу мисраи шеъри ӯ намудор аст. Бинобар ин чои ши-
гифту таачҷуб нест, ки шоир дар чакидаҳои табъи баландаш аз
мисрау байт, хикмату андарзхои устодони худ татаббӯъ меку-
над. Ин татаббуот на аз он ҷиҳат аст, ки ӯ худ калимоту
санъатхои кофии шеърро надошта бошад. Не, дар назму
шеъри Шарк ба ин тарзи шоистаи татаббуот фақат шоирони
баландтабъ ва баландпарвоз ручӯъ мекунад, то ки ба нисбати
онҳое, ки барои ин шоирон осори худро ба мерос гузоштаанд,
арзи эҳтирому миннатпазирии худро таъкиду таъйид созанд.

Лирикаи Мирзо Турсунзода ба дили хонанда бо як ростиву
ҳақиқати бузург таассурот мебахшад. Дар ашъори ӯ эҳтисоси

44
ошуфтагиву парешонии афкорро намебинем. Дар шеъри ӯ
оромиву тамкини ҷиддиву пурмазмун дида мешавад. Аммо
дар паси ин тамкину оромии зоҳирӣ ҳушмандиву заковати ди-
даи дохилии шоир, самимияту кушодагии дили қассоси ӯ
ниҳон аст. Вагарна оё шоир метавонист чунин мисраъҳои об-
дор гӯяд:

Агар бо рақс бархезӣ, ҳавои форам ангезй,

Зи боги санъати халқат ба гирди хеш гул рези.

Ба ҷунбиш мавҷи дарёӣ, ба лагзиш рег саҳроӣ,
Ҳунарманду ҳунарпеша зи cap то нохуни ной!

Сабук чун парниёни ту, беҳ аз оби равони ту,

Ба каф дурри гарони ту, ба тан ҷонӣ ту, ҷонӣ ту!

Дар асарх,ои манзуми эпикии шоир, яъне достонҳои ӯ, мо
ҳамеша шахсу симои худи муаллифро мебинем, ки ӯ дар тас-
вири воқеаҳо бевосита ширкат дорад. Ин тарзи иншо
достонҳои ӯро боз ҳам ҳассостар ва дилангезтар ва ба ақлу
хирад наздиктар сохтааст. Шоир дар «киштизори» шеъри худ
озоду бетакаллуфона амал мекунад. Агар хоҳад, ба аробаи
қахрамони худ Ҳасани аробакаш нишаста аз Душанбе то Тер-
миз меравад; ё агар қасд кунад, ба симои бачаи ҳафтсолаи
тоқипӯши побарақна ба роҳе мебарояд, ки вақгҳо Пратап дар
ҷустуҷӯи ҳақиқат аз 1 анг то Кремль манзил ба манзил рафта
буд:'ва агар зарурате афтод, ӯ духтари ҳиндро аз дасташ ги-
рифта ба пойтахти сулху саодат қидоят мекунад ва агар дар
сина сухане гуфтанӣ ва суруданӣ пайдо шавад, ӯ бо садои
Осиё бухан мегӯяд. Ва ҳамаи ин\о ростиву ҳақиқат аст. Мирзо
Турсунзода, ки худ сарбаланду хуштамкин буд, ба нисбати он
воқеаву ҳодисаҳое, ки аз он ҳикоят мекунад, ҳеҷ гох бе эҳсосу
хунсард набудааст.

Ҳамаи шоирони бузурги Шарқ дар ситоиши зан шеър гуф-
таанд, бе симову ситоиши зан назму шеър мисли ангуштаре бе
нигин мебуд. Шоирон дар роқи зан баргҳои гул рехтаанд, бо-
лои сари ӯ ситорақои тобони ишқро афрӯхтаанд, аммо камтар
кас андешаи он мекард, ки оё ин роҳи «пур аз гули лола»-и
зан ба куҷо мерасида бошад. Ба куҷо? Шоирон на ҳамешу пай
мебурданд, ки оё ситораҳои афрӯхтаашон ба зан гармй медода
бошад. Гӯё ҳамин басанда буд, ки кас занро дуст медораду

45
афсуни ӯ гаштааст. Аммо зан? Оё дар дили ӯ чй эҳсосу ҳаяҷон
бошад!

Ба ии саволҳо шоирони даврони нав ҷавоб доданй шуданд.
Бинобар ин дар эҷодиёти Турсунзода сарнавишти тақдири за-
ии Шарқ дар бобати зиндагии иҷтимоӣ, ахлоқй ва зиндагии
ҳаррӯза мавқеи калоне дорад.Зане, ки ӯ дар шеъри худ суруда-
аст, занест, ки аз бандагиву асорати гузашта раҳоӣ ёфта, бедор
шудааст ва бо ақлу дастранҷи худ барои худ роҳ кушодааст.
Дар ин роҳ на ҳамеша барги гулу лолаҳо пошидааст, вале ӯ
дар ин роҳ, маънии зиндагиву бахту саодати худро мебинад.
Шоир зери пои зан, ки ба зебоиву гурур ва озодонаву шодона
қадам мемонад, гулафшониҳо мекунад. Зеро зани чун офгоб
ба атрофиён нурпошй карда ва худ низ бо нурҳо равшану му-
наввар гашта қадам мегузорад. Ин хамон зани Шарк - хамон
машъалест, ки аз асорати торикистон раҳоӣ ёфта, ба озодй ба-
ромадааст. Ин зан дар шеъри Турсунзода пеши назари ман ба
ҳамин симо ҷилвагар мешавад.

Ии андешаву фикрҳои на чандон мавзуну мураттаб баъди
мутолиаи тарҷумаи русии мунтахбботи дучилдаи Мирзо Тур-
сунзода аз нав ба сари ман омаданд. Бо ин хама гуфтори худро
мехохам аз он ки cap гирифта будам, ба охир расонам, бигузор
ақлу хирад ва достоин шоире, ки ситораи тобони назми нави
Точикистонро баланд бардоштааст, ҳамеша гирову тавоно
бод.

1973

P.S. Ин ёддоштҳоро чанд солҳо пеш дар вақти зиндагии Мир-
зо Турсунзода навишта будам. Ва ҳоло аз ин навиштаҳо
чизеро ихтисор накардаам, зеро ҳам хиради шоиру ҳам
дастони ӯ имрӯз ҳам гирову тавоноанд ва мисли пештара
ҳамон ситораи назмро баланд медоранд.

46
Мирзо ИБРОҲИМОВ

ХИРАД ВА ИСТЕЪДОД

Дар эҷодиёти даҳанакии халқи озар чунин нақле \аст. Аз
касе пурсидаанд: «Бародарат чӣ гуиа одам аст?» «Намедонам,
- ҷавоб додааст он шахе, - боре ҳам бо ӯ дар роҳ пабудам ва
хамсафар нашудаам».

Дар муддати дӯстии бештар аз сисолаи худ бо Мирзо Тур-
су нзода ман борхо хамроҳи ӯ сафар доштам. Роҳҳои сафар
моро ба Ҳиндустон Шветсия, Лаҳистону Финляндия бурда-
анд. Мо на як бору ду бор шаҳру қишлоқ, кӯҳу водиҳои
Тоҷикистон ва Озарбойҷонро ҳамроҳ қадам задаем. Садҳо ма-
ротиба дар гирди як дастархон нишаста, нону намак ба ҳам
дидем. Вай дар хонаи ман меҳмон шуда буд, ман дар
меҳмонии ӯ будам. Мо шоҳиду узви рӯзҳои пур аз шодмонию
сурур гардидаем ва соатҳои ноорому аламнок, серташвишу
пуршиддатеро ҳам аз cap гузаронидем.

Нахустин сафарамон бо Мирзо Турсунзода ба ёдам меояд,
ки моҳи марта соли 1948 воқеъ шуда буд. Халқҳои олам
ҷарохатҳои ҷанги дуюми ҷаҳонро табобат мекарданд,
хоҷагиҳои абгору харобшударо ба по мемонданд. Роҳбарони
давлатҳо дар бораи сулҳи пойдор ва мустаҳкам кардани муно-
сибати дӯстонаи байни халқҳо гуфтугузор доштанд. Кӯшиши
онҳо бар он буд, ки наели нав ваҳшоният ва фоҷиаи паси cap
кардан моро набинад. Рӯзномаҳо ва радио низ дар ҳамин ху-
сус, инчунин дар бораи фаровонии гӯшношунида ва касноди-
дае хабар медоданд. ки бояд прогресси илмию техникй ба ин-
соният эхдо намояд. Дар доираҳои давлатй ва байни халқ дар
бораи маҳви бесаводй ва ҷаҳолат, аз байн бардоштани
гурснагй ва қашшоқӣ сухан мерафт. Хуллас, ҳамаи халқҳо ва
мардуми покдил ба оянда бо умеди нек менигаристанд, хуш-
нудона ва ҷонфидоёна меҳнат мекарданд, бо корнома ва
каҳрамонии худ ба пояи бинои мӯҳташами муносибатҳои нави
инсонӣ хиштҳои аввалинро мегузоштанд.

Яке аз ҳамин гуна симоқои барҷаста фарзанди бузурги
Ҳиндустон Ҷавоҳирлол Неҳру буд. Ватани ӯ ханӯз дар зери
юғи мустамликадорони англис меистод, аммо пас аз галабаи
мамлакат ва халқи совета бар фашистони Гитлер мардуми

47
олам аз вабои ҷанг фориг шуда, муборизаи оздихоҳи дар
малакатҳои мустамлика авҷ гирифт. Давлатҳои мустамлика-
дори империалиста низ нагз ҳис мекарданд, ки хукмрони ва
тартибхои кӯхнаро нигоҳ доштан имконнопазир аст. Онҳо ба
рохи макру фиреб даромада, мехостанд ба туфайли ваъдаҳои
«озодй» мавқеъҳои худро дар мамлакатҳои истиқлолият-
парасти Осиё ва Африка мустаҳкам намоянд, истисмори чан-

динасраи худро нигох доранд.

Ҳиндустои аз ҷумлаи мамлакатҳое буд, ки ба муборизаи
озодихоҳӣ бархостааст. Халқи мамлакат барои абадан баркан-
дани занҷири истисмор муборизаи оштинопазире мебурд ва
ру ба зиндагии мустақилона нигаронида буд. Ҳама эхсос ме-
карданд, ки лахзаи озодии халки Ҳинд наздик расидааст.

Бо максади минбаъд ҳам аниқтар шудани алоқа бо
қувваҳои пешкадами олам, ҳамоно бештар ҷалб намудани
диққати ахли ҷамъияти тараққипарвар ба муборизаи зидди-
империалистӣ, қувват додани ҳаракати озодихоҳй чи дар
Ҳиндустон ва чй дар мамлакатҳои Осиё, таҳкими якдилии
байни халқҳо бо ташабусси Ҷавоҳирлол Неҳру дар Деҳли кон-
гресси байналхалқии халқҳои Осиё даъват карда шуд. Барои
иштирок ба конгресс делегатсияи Иттифоқи Совета низ так-
лиф И1уда буд. Дар ҳайати он собиқ мудири шӯъбаи газетаи
«Правда» ва сонитар аъзои ҳақиқии Академияи фанҳои СССР,
директори Иниститути таърихи дунё, мархум Евгений Михай-
лович Жуков, олимони узбек Тошмуҳаммад Саримсоқов ва
Воҳид Зоҳидов, олимони Гурчистон Ахвледиани ва Купрадзе,
Мирзо Турсунзода аз Тоҷикистон ва дигарон дохил буданд.
Аз Озорбойҷон дар хайати вакилон маро дохил карданд. Ман
ба самалёти ИЛ-16, ки махсус барои хайати вакилони совета
пешбинй шуда буд ва аз Москва ба Боку омад, дар пойтахти
Республикаам савор шудам ва он рохи сӯи Деҳлиро гирифт
Азбаски ману Мирзо Турсунзода пеш аз ин хам шинос бу-
дем дар давоми хамаи рӯзҳои дар Ҳиндустон буданамон
хамрох мегаштем. Дар самалёт пахлӯи ҳамдигар ҷой мегириф-
тем, дар мехмонхонаи якқабатаи «Хонаи Конститутция» дар
як хона зиндагй мекардем, дар сексияе, ки масъалахои мада-
ниятро мухокима мекард, якчоя иштирок менамудем. Дар са-
фар ба шахрхои Оллоҳобод, Калькатта, Бомбай ва Агра, ки
Тоҷмахали машхур дар он чост, дар мулоқот бо журналистон

48
ва намояндагони ташкилотҳои гуногуни маҳаллй (ин гуна
вохӯриҳо бо ташаббуси соҳибони хона бисер воқеъ мешуданд)
роҳбари делегатсия Евгений Михайлович Жуков ҳамеша
Мирзо Турсунзода ва маро ба як гурӯх дохил мекард. Ин кори
вай бесабаб набуд, зеро Е. М. Жуков аз дӯстии бисёрсола ва
умумияти маънавии мо нагз огох буд.

Дар рӯзҳои сафари Ҳиндустон ман беҳтарин сифатхои та-
биати Мирзо Турсунзодаро аз нав ва амиқтар шинохтам, ис-
теъдоди бузург ва рӯҳи тавонои ӯро ба тозагй дида тавони-
стам. Вай шахси гапи бисёреро намеписандидагй, ба қадри
сухан мерасидагӣ буд. Ва вақте ки ба ran медаромад, сухани
бамаънй мегуфт, фикри мантиқан анҷомёфтаеро баён мекард.
Дар ин хусус ки сухан наравад, дафъаган нуктаи назари худро
изхор намекард, ба хамсӯҳбаташ бо дидаи равшан менигарист.
Ҳар як масъаларо вай аввалан амиқ муоина мекард ва
дидаҳояшро оромона ва ботамкин ҳифз менамуд ва ниҳояти
кор, хулоса ва андешаи худро баён мекард. Ин гуна
хусусиятҳо нисбат ба ӯ эҳтироми ҳар аъзои ҳайати вакилонро
дуболо менамуданд.

Боре ҳайати вакилони Иттифоқи совета ба мулоқот бо як
ташкилоти мусулмонй даьват туда буд. Ин гуна таклифҳо ба
адреси мо дар он рӯзҳо бисёр меомаданд ва аз ин рӯ ба ҳар
мулоқот аз мо ду-се нафар фиристода мешуд. Вохӯрии мазкур
бо фаъолони ташкилоти мусулмонй ба Мирзо Турсунзода ва
ман супорида шуд. Моро ба ноҳияи Мусулмонии Калькатта,
ба масҷиде оварданд. ки дар гузари нисбатан ороме, дуртар аз
кӯчаҳои серодаму сергавгои мошингарду аробарав ҷой гириф-
тааст.

Шаб фаро мерасид. Масҷиде, ки метавонист 400-500 касро
ғунҷоиш диҳад, пур аз одам буд, Ҷамъомадагон дар замин рӯи
бурё ва палое менишастанд. Моро ба саҳна, аниқтараш, ба
минбар бароварданд. Минбар аз нишастагон баландтар ва би-
нобарин ба саҳна монанд буд. Пас аз шиносии расмй ва пази-
роию табрикҳо моро саволборон карданд. Дар он солҳо му-
сулмонони Ҳиндустонро асосан ду масъала ба ташвиш мео-
вард: муносибати Иттифоқи Совета ба таъсиси мамлакати
мустакили Покистон чй тур аст ва мусулмонон дар мамлакати
мо чй хел зиндагӣ мекунанд. Оё онҳо таъкиб карда мешаванд
ё не?

49
Дидаи ҳозирони масҷид комилан ба сӯи мо дӯхта шуда буд.
Касе садое намебаровард. Ба назарам, алокаро бо чунин дои-
раи сомеон - тамҳо ба тавассути сӯҳбат ва гуфтугузори
самимӣ ва ҳақиқй пайдо кардан мумкин аст. Ва дар шароите
ҳам, ки мустамаликдорони англис ба хар ро\у восита байни
мусулмонону ҳиндуён низоъ меандохтанд, ба саволи аввал
якмаром ҷавоб додан душворӣ ва нозукиҳо дошт. Ҳар рӯз дар
кӯчаву бозорҳои Ҳиндустон задухӯрдҳое ба амал меомаданд,
ки дар асосҳои динӣ cap задаанд.

Ҳамон баромади Мирзо Турсунзодаро дар назди мусулмо-
нони Калькатта ҳеҷ фаромӯш намекунам. Вай қадаме ба пеш
гузошт ва чунон ки ба табиати ӯ хос буд, ҷиддан ва оромона
гуфт:

- Ин масъаларо ҳиндуён ва мусулмонон бояд байни худ қал
кунанд. Ба назари мо, ҳатто дуруст ҳам намешавад, агар каси
сеюм роли маслиҳатгарро ба ӯхдаи худ бигирад.

Дар байни сомеоп, ки бештари онҳо гуфтугӯи тоҷикиро
мефаҳмиданд, оқанги ризоият танинандоз шуд. Аз хомӯшии
лаҳзагӣ истифода карда, Мирзо ба ҷавоби саволи дуюм шурӯъ
кард.

- Чунон ки ба шумо маълум аст, Иттифоқи Советй ба
мукобили ҷудоиандозии байни халкҳо мубориза мебарад ва
онҳоеро, ки байни мардум тухми душманй мекоранд, маҳкум
мекунанд. Ватани мо сермиллат аст, ба ҳайати вай халқҳо ва
миллатҳои гуногун дохил мешаванд. Мо дар байни одамон аз
рӯи дин ва миллат фарқ намегузорем. Ҳар кас ба анъанаҳо ва
махсусиятҳои миллии худ такья мекунад, аммо дар атрофи як
мақсад мутамарказ гардидааст. Дар асоси баробарй ва
истиклолияти миллии ҳар кадоми мо оилаи ягонаи бародаро-
наи халқҳоро барпо намудем. Орзуву омоли мо дар ин аст, ки
дар замини Ҳиндустон ҳам сулҳу амнияти нойдор ва дӯстии
байни халқҳо хукумрон бошанд!

Дар ҷараёни маънидоди суханони худ Мирзо аз панду
андарзҳои Саъдй, Ҳофиз ва Хайём иқтибос мекард. Аз фурсат
истифода карда гуфтан мсхоҳам, ки май дар тамоми умри худ
мисли ӯ донанда ва эҳтиромкунандаи шеъри классикии Шарқ
ва албатта, форсию тоҷикиро басо кам дидаам. Мирзо басо
равон ва зебо шеър мехонад! Қироати шеъри машқури Саъдй
«Бани одам аъзои якдигаранд» ва маънидоди моҳияти умуми-

50
инсонии байти мақтаи ин асари барҷаста, ки тамоми нишаста-
гонро мутаасир карда буд, ҳеҷ аз хотирам намеравад:

Ту к-аз меҳнати дигарон бегами,

Нашояд, ки номат нщанд одами!

Дар синаи дӯсти азизу фаромӯшношудании ман дили сар-
шори муҳаббат ба зиндагй ва одамон, ба назм ва санъат тапи-
дан дошт. Зимни муоина ва мушоҳида дар конфренцияҳои
адабй ва форумҳои эҷодӣ, он ҷо ки мубоҳисаҳои сиёсй авҷ ме-
гирифтанд, ҳангоми сайругашт ва истироҳате, қи асосан
бегоҳон ва шабонгах арзи андом менамуданд, дар гирди дас-
тархони дӯстй маро рӯх,и пок ва завки баланди бадей, хисси
инсонии ӯ ба ваҷд меоварданд. Тавассути андеша\ои амиқи
худ дар бораи эҷодиёти бадей ва муносибати фаъоли мубори-
заангез ба воқиаҳои байналхалқй вай маро мафтур карда буд.
Мирзо бо истеъдоди фавқулодае сифатҳои лирикиву драмавй,
аломатҳои фавқулода ва хандаовари одамонро кашф мекард.
Вай аз зебоии зиндагй моҳирона баҳра мебардошт, чй будани
гаму андӯхро мефаҳмид ва ба бадбахтии дигарон шарик шуда,
метавонист. Вай дар айни замой беолоиш хандида метавонист.
Ҳамаи инро дар ӯ медидам ва ба хотирам сухани рехтаи нави-
садаи Рими кадим Теренций мерасид, ки гуфта буд: «Ман ин-
сонам ва ҳар чизи барои одамизод қобили қабул бароям бето-
на нест!»

Юмори нозуке, ки ӯ дошт, дар вазъияту лақзаҳои пуршид-
дат ба ёрии вай ва ҳамсӯҳбатонаш омада, намегузощтанд, ки
кас барабас асабонй шавад.

Мирзо Турсунзода халқи тоҷикро бо муқаббати махсусе
дӯст медошт, ба адабиёти тоҷик ва замини Тоҷикистон дил-
бохтагии гайриоддие дошт. Муҳаббаги мазкури ӯ ба Ватан
лирикй ва риққатовар, ба мисли муҳаббати писари вафодор ва
олихиммат ба модар буд. Дар айни замон Мирзо Турсунзода
шоири интернатсионалист ва арбоби ҷамъиятй буд. Дар кадом
мамлакате, набошем, вай чизи хубро пайдо карда метавонист,
як гапи наверо дар бораи ин кишвар фахмида мегирифг.

Дар охири август ва ибтидои сентябри соли 1955 дар пой-
тахти Финлядия Хельсинки сессияи Иттифоқи байни
парламентхо шуда гузашт. Мирзо Турсунзода ва ман дар
ҳайати вакилони совета дохил будем. Баъди шом, пас аз
маҷлисҳо мо ба сайри шаҳр мебаромадем ва дар кӯчаҳо гаш-
тугузор мекардем. Дар ин лаҳзаҳо Мирзо ба таври нотакрор
ҳалиму меҳрубон, навозишкору одамдӯст мешуд! Мирзо дар
бораи халқи фин ва Финляндия бо муҳаббат сухан меронад, аз
тозагии кӯчаҳои Хельсинкӣ, аз зебоии ёдгориҳои шоёни
тахсини саньати меъморӣ ва завқи олиҷаноби финҳо, аз
кӯшиши табии зебоипарастии онҳо сухан карда, руҳ мегирифт
ва меболид.

Се сол пас аз ин сафар - тобистони соли 1958 дар рӯзҳои
конгресси умумиҷаҳонии тарафдорони сулҳ дар Швеция, со-
нитар гирамоҳи соли 1963 дар сессияи Совета умумиҷаҳонии
Сулҳ, ки дар Варшава воқеъ шуда буд, дар рӯзҳои конфренци-
яи сеюми нависандагони Осиё ва Африка, ки соли 1967 дар
Лубнон ва Сурия шуда |узашт, мо мувофиқи анъана ҳар бегоҳ
якҷоя ба сайру гашти шаҳр мебаромадем. Чун одат шудааст,
дар соатҳои истироҳат низ на танҳо аз адабиёт, инчунин дар
бораи мустаҳкам кардани сулҳи рӯи ҷаҳон, вусъати муборизаи
озодихоҳонаи халқҳои Осиё ва Африка ran мезадем. Ман
ҳамеша дар ин мавридҳо тапиданҳои ноором ва рӯзафзуни ди-
ли ӯро мешунидам. Набзи дили шоир аз ояндаи инсоният ва
тамоми тамаддуни мо мужда медод. Сонитар, достони вай
«Ҷони ширин»-ро мутолиа карда, инъикоси бадеии ин ҳама
эҳсосот ва андешаҳоро дидам (достони мазкур ба забони
озарӣ бо номи «Мактуб ба ҳамсарам») тарҷума шудааст.)

Ба хотирам сӯҳбате меояд, ки ҳангоми сайру гашти Варша-
ва воқеъ шуда буд. йақте ки мо ба даромадгоҳи калисои
ҷомеи Святой крест (Салиби муқаддас), ки аз рӯи васият дили
Шопен он ҷо мадфун аст, расидем. Мирзо лаҳзае бозистода ва
гуфт:

- Ту чй мегӯӣ, агар ман достоне бо номи «Дили Шопен»
иншо кунам?

- Олиҷаноб! - гуфтам ман. - Ин як достоне дар бораи
ваганхоҳӣ, озодӣ ва одамдӯстй хоҳад шуд...

- Мутаассифона, ин хама эҳсосоти муқаддас дар замони мо
душманони зиёде дорад. Онҳое, ки сабабгори фоҷиаи Хиро-
сима ва Нагасаки буданд, нияте доранд, ки ба сари инсон бом-
баи атомй ва балои аз он хам бадтареро оранд!

Бори аввал дар оҳанги гуфтори Мирзо на танҳо дарду алам,

52
балки қаҳру газаб садо доданд. Ва ҳамон вақт фаҳмидам, ки
барои чи Мирзо Турсунзода дар Комитети якдилии
мамлакатҳои Осиё ва Африка монда нашуда кор мекунад ва
дар ин рох, ҳеҷ чизро дарег намедорад.

Боре мо дар бораи мизоҷи одамӣ сӯхбат кардем. Маълум
аст, ки ҳар одам табиат ва мизоҷи хоси худро дорад. Ва
ҳакиқате ҳам, ки табиату мизоҷ вобаста ба замом тагьир меё-
банд, аз касе пинҳон нест. Аммо им дафъа моро характери
одамоне ба худ ҷалб мамудамд, ки гӯё берум аз замоми худ,
фориг аз қама оламу одам зиндагй мекунанд.

- Дар замоме, ки им кадар гаму тахлука ба сари башар аф-
тодааст, чй хел ин тоифа одамон умр ба cap бурда метаво-
нанд? - хитоб кард Мирзо.

Мам нафаҳмидам, ки Мирзо ба худ ran мезад ё суолаш ба
ман дахл дошт. Дар ин лаҳза байта талху истеҳзоомези кадом
як шоири форсу тоҷик ба хотирам омаду аз роҳ бозистода он-
ро барои Мирзо хондам:

«Оқил мабош, то то гами дигарон хурй,

Девона бош, то гами ту дигарон хӯранд».

Мирзо дуру дароз хамдид ва них,оят қиёфаи ҷиддӣ гирифту
бодиққат гуфт:

- Ман як рӯзи зиндагии бошууронаи худро, ки таҷассуми
гаму андӯҳ ва ифодаи дарди заминиён аст, ба сад соли умри
беандеша, ки ба дигарон гаму алам меоварад, иваз намеку-
нам...

Ба назарам, Мирзо бо ин суханон дар чашмони мам ба
ҳайкали мармарие табдил ёфт.

... Мегӯянд, ки дар Душанбе ҳайкали олиҷаноби Мирзо
Турсунзода қад афрохтааст ва ҳар рӯз мактабиён дар пояи он
гулҳои тару тозае мегузоранд...

53
Фат Аҳмади ФАЙЗ

Ӯ ДАР ДИЛИ МОСТ!

Дӯстии ман аз 1мардуми Итгифоқи Советй дерина аст ва та-
ассуроти ман аз ин сарзамин чунон зиёд, ки ба як китоб мера-
сад. Шояд дар оянда дар ин мавзӯъ китобе иншо намоям.
Иттифоқи Советй бо сиёсати сулҳҷӯёнаи худ дар тамоми дунё
машҳур аст ва аз ин ҷост, ки дар хама соҳахои қаёт
пешравиҳои азиме дида мешавад. Ҳар як фард соҳиби маълу-
мот аст ва шахси бесавод дида намешавад.

Вохӯрии аввалини ман бо Мирзо Турсунзода дар соли 1949
сурат гирифта буд, он кас дар қайати вакилони адибони
советй ба Ҳиндустон омада буд. Баъд аз ин ман борҳо бо ӯ дар
Москва, Тошкент вохӯрдам. Мирзо Турсунзода шахсияте буд,
ки бо хама - хоҳ вай коргар бошад, хоҳ адиб дӯстона муноси-
бат мекард.

Ёд дорам, боре ӯ дар яке аз шаҳрҳои Покистон бо коргаро-
ну дӯкондорон ба забони форсӣ сӯҳбат менамуд ва онҳо ӯро
мефаҳмиданд, чунки ӯ метавонист, бо одамон бо чашму дил
сӯҳбаг кунад. М. Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик,
балки мӯътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик
буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро, халқи
худро дӯст медошт. Ӯ бо забони классикии форси, яъне
тоҷикӣ сухан мегуфт ва менавишт, ки вай лахчаи газал буд.
Гарчанде Мирзо Турсунзода ба забони классикй газалҳои
ютассикй мегуфт, лекин мавзӯъоти онҳо рӯзмарра ва муосир
ва бо сиёсат марбут аст, ки ин корро Лохутӣ шурӯ карда буд.

Гарчанде устод Турсунзода ҳамроҳи мо пест, лекин ӯ дар
дили мост. Ман ба хотири Турсунзода ба забони точикй як
газал навишта будам, лекин вай пурра дар ёдам нест ва кӯшиш
мекунам, ки чанд байтеро хонам. Ин газал дар мақтаи газали
Бедил аст:
Биё ерам, ки чашмам музтариб баҳри тамошоят,

Куҷо рафтй, ки ёрон дар талоши омадапҳоят.

Зи мо рафтй, валекин пеши олам дар миёп ҳастӣ,

Ва бо мардум, ки мерақсанд дар пшрзи суханҳоят

Дар бораи устод Мирзо Турсунзода ҳамчун шоир, иксом,
суханҳои зиёд гуфтан мумкин аст, лекин интиқоли бемақали
вай боиси маъюсии ҳама дӯстонаш аст. Бинобар ин мо бояд
васиятҳои устодро оид ба дӯстии халқҳо ҳамеша азиз дорем.

55
Набӣ ХЛЗРИ

САҲИФАҲОИ САФЕД

Агар дар ситоиши Мирзо Турсунзода ҳарф занем, ин чунин
маънӣ дорад, ки мо дар хусуси як давраи томи адабиёти
совета сухан меронем, ки ӯ симои бузурги он буд. Вай бо
шеъри худ дили оламу оламиёнро тасхир кард. Дар як мақолаи
хурд аз ин хусус батафсил сухан рондан чӣ душвор аст!

Агар дар ситоиши Мирзо Турсунзода ҳарф занем, ин чунин
маънӣ дорад, ки мо дар хусуси арбоби барҷастаи давлатӣ ва
ҷамъиятии мамалакатамон сухан меронем, ки дар адбиёт
байрақи партиявият ва халқиятро баланд ва боифтихор бараф-
роштааст.

Агар дар ситоиши Мирзо Турсунзода ҳарф занем, ин чунин
маънй дорад, ки мо дар хусуси устоди меҳрубон ва сахтгири
як наели томи нависандагон сухан мероием. Ман хушбахтам,
ки дасти меҳрубонии ӯ маро навозит кардааст.

Мехостам чанд саҳифа хотиротамро варак гардонам...
Вохӯрии нахустин...

Бист сол қабл... Он вақт ӯ ҳамагй панҷоҳсола буд. Ба чаш-
мам бовар намекардам! Ба ӯ чун ба худованде дида медӯхтем.
Мо замоне ба Самад Вурғун ҳамин тарз менигаристем, ки
Мирзо Турсунзода ӯро «бародарам» мегуфг.

Меҳрубонӣ офтобро монад. Оё касе аз офтоб мепурсад, ки
синну солаш ба чанд расидааст. Вай саховатмандона нурпошй
мекунад, месӯзад ва ба олам рашанӣ мебахшад. Ва саховати
офтоб бетамаъ ҷовидонисг!

Ҳамагй панҷоҳ сол ҳадде, ки мо аллакай аз он гузаштаем,
вале ба мисли ӯ хирад ва камол наёфтаем.

... Ин вохӯрй дар Карлови Варии Чехословакия ба вуқӯъ
пайваст. Боре, як пагоҳии моҳи сентябр ман ӯро дар ошёнаи
якуми шифохонаи «Империал» вохӯрдам. Ӯ бо ҳамон табассу-
ми меҳрубонона ва тоза ба худаш хос ба истиқболи ман омад.
Субҳи моҳи сентябрь аз табассуми ӯ гӯё равшантар шуд. Ва
ман дар ин лаҳза мусофир буданамро батамом фаромӯш кар-
дам. Дар пахдӯям оқсақол, устод ва донишманд истода буд.

Мо ба сари чашма хдмроҳ, аксар вакт аз пайроҳа мефуро-

56
мадем. Вай оҳиста роҳ мерафт. Кам ran мезад, аммо аз сидки
дил, бо завқ, кӯдаквор механдид.

Ман ,аз дил гузаронидам: агар кас кушодадилии бачаги,
ҳатто соддадилиашро гум накунад, пас вай ҳамсифати тозаю
рӯҳбахши аввалаашро аз даст нахоҳад дод.

Боре мам ба ӯ гуфтам:

- Устод, ман ба шумо бисер хасад мебарам.

- Аз кадом ҷиҳат? Аз он, ки ман аллакай Мирзо—Оксақол
шудаам?

- Не, Мирзо - муаллим... ман аз он ҳасад мебарам, ки Шумо
Низомиро ба забони худаш мехонед.

- \а, Набӣ, аз ин ҷиҳат ҳасад бурдан мумкин. Низоми на
фақат фарзанди бузурги Озарбойҷон, балки фарзанди башарият
аст. Умуман, назми Шарк ибтидои равнақи маънавиёти тамоми
башар аст. Вақте ки Фирдавсию Низомии бузург шеър мена-
виштанд, Аврупо дар роҳи маънавиёти худ парвози таърихиеро
интизор буд. Охир, ин парвоз ба вуқӯъ пайвастааст? Ва ин пар-
вози зебои хирад ва хиссиётро давраи ренессанс номиданд, ки
мо бояд Шаркро падари маънавии он ҳисобем

Чашмони оташбори вай саршори илҳом буданд ваӯ гуфт:

- Ман на факат Низомиро бо забони худаш мутолиа меку-
нам, балки бо қамон забои шеър мегӯям.

- Албатта, Мирзо-муаллим. Шумо хушбахттарини
хушбахтҳо. Аз ин фахр бояд кард!

Сари чашма ҳамеша серодам аст.

Одамон оҳиста гашту гузор карда, оби шӯру шифобахши
чашмаи Карлови Вариро аз дӯлчаҳои гарданкаҷи рангин ба-
таамул менӯшанд. Мегӯянд, ки ин чашмахои гарм ва дӯлчаҳои
дасти одамон дар зимистон аз худ ҳавр мебароранд. Одамон
гӯё дар огӯши тумани бухоршудаи афсонавй шино мекунанд.
Мо ҳам ба ҳамин маром кадамзанон оби дӯлчаҳоямонро холй
карде м.

Ва Мирзо-муаллим оҳиста ва бо мулоимат гуфт:

- Баъзан ман бисёр ғамгин мешавам, Набй. Мо, дӯстон, чор
тан будем: Самад Вургун, Александр Фадеев, Николай Тихонов
ва ман. Чандин бор ҳамроҳ ба Озарбойҷон рафтаем. Аллакай
Саша нест, Самад ҳам моро барвакт падрӯд гуфт. Хайрият, Ко-
ля Тихонов ҳаст! Бе дӯст зиндагй душвор. Вақте ки одамони
бузург аз қайди хаёт мегузаранд, замин биёбонро мемонад.

57
Чашмоии вай боз меҳрубоноиа дурахшиданд.

- Бо Самад ҳамеша воқиаҳои галатӣ рӯй медод.

Вай марди зарофатгӯй, ҳозирҷавоб ва донишманд буд. Боре
мо ба конфренцкяи Вроцлав мерафтем. Ба мо хабар доданд, ки
пагоҳй моро дар Минск ботантана истикбол мегиранд. Ҳамин
тавр ҳам шуд. Ба истгоҳ наздик шуда будем, ки садои мусиқӣ
баланд шуд. Ман саросема Самадро бедор кардам:

- Самад, бедор шав! Ба Минск расидем!

- Бародар, мон каме хоб кунаму кувват тирам.

- Чй? Кувват гирй?

- Бале. Медонй, Шарқ асрҳо дар хоб буд. Аз ҷумла додою
бобоқои мо низ. Ва баногох бедор шуда, чй инқилобе кард!..

Ҳар ду хандидем. Лаҳзае пас моро дӯстони белорусиамон
самимона ба оғӯш мекашиданд. Самад пешопеш роҳ мерафт,
хурсанду меҳрубон буд. Чаро ман ин хотиротро ёдовар шудам?
Давоми ин воқеа галатй аст. Гузашта аз ин, воқиаи хурсандио-
варест. Дар Конферснсияи Вроцлав вакили халқи зангй баро-
мад кард. Ҷавон ва ҷасур буд. Аз магзи ҷон ran зада, бо дасто-
наш ҳаракагҳои зебо мекард. Ман ба Самад нигаристам. Вай
бисер бодиққат гӯш мекард! Тамом ба ваҷд омада буд.

Вакте ки мо ба меҳмонхона меомадем, Самад пурсйд:

-Дидй,бародар?

-Чиро?

- Зангиро мегӯям.

- Ҳа, дидам.

- Вай ҳам қарнҳо дар хоб буд. Дидй, чй хел бедор шудааст?
Дар дили ӯ кину адовати халқ ба киём омадааст.

Дар чеҳраи Самад як хисси ба ташвиши илҳом монанд
ҳувайдо буд. Вай гох мӯйлабхои сафедашро ҳамвор мекард, гох
ба дастони зангимонандаш мӯи сафеди мавҷнокашро мемолид.
Баъд ӯ як мисраи ба тозагй эҷод кардаашро хонд.

Ин байт огози бисёр хуби достони ӯ - «Овози зангй» буд.
Достон, ки комьёбии тамоми адабиёти совета гардид, дар пеши
назари ман таваллуд шуд.

Сонй Мирзо-муалдими илова намуд:

- Ҳа, дар сахифахои сафед мисраъҳои нахустин иншо мешу-
данд. Дар ин лаҳзаҳо қалб ба парвоз меояд. Ин лаҳзахо
фаромӯшношуданианд! Охир, гапи одамон комилан дуруст аст:
яке аз масъалаҳои мухим барои нависанда эҷодкорона сиёҳ

58
кардани саҳифахои сафед аст. Чй хел нависад? Нависанда як
умр барои дарёфтани сухани самимӣ ҷахд мекунад. Баъзан
хагго мстарсад, ки калам ба даст тирад. Охир, саҳифахои сафед
хам мисли дашгест, ки онро саросар барф пӯшидаасг... ба им
дашт бо чй бояд харорату равшанй бахшад? Вақте ки мурод
хосил мешавад, ту хушбахттарин инсони рӯи оламй.

Саргарми сӯҳбат мо худро дар боги шаҳр дидем, ки ҳама ҷо
сабзу хуррам буд, оби кӯлмакчахо пурдурахш буданд.

Май дар лаби ҷӯйборе менишастем. Маҷнунбедхо кокулони
дарозу нозуки худро бар об ҳамоил карда, рӯи оинагуни онро
бӯса мезаданд. Дар об паррандахои зебои ба ман шиносу ши-
новар буданд.

Баногох Мирзо-муаллим хурсандона нидо кард:

-Нигоҳ кун! Қувони сиёх!

Ман бо тахайюр дидам, ки дар миёнчои об ду ку шинокунон
ҷониби мо меоянд. Ду қӯи сиёҳ! Ман онхоро бори нахуст ме-
дидам. Қу будани онхоро танҳо аз рӯи минкори қаҳраборанг ва
андому рафтори табии бисёр зебояшон шинохтан мумкин буд.
Онхо охиста, хушхиром ва бовикор шино мекарданд. I уё
шаъну эътибори онҳо маҳз аз андому рафтори бисёр хубашон
пайдо буд.

Қувони сафед бовиқор шино мекарданд.

Овози зангй бовикор садо медод.

Ҳамаи ин дили маро ба шӯр оварданд.

Қувон - Суруди Вопасин!

Шино кун, қуи сиёҳ!

1 ап зан зангии сиёх!

Суруди Вопасин ту гул-гул андоз!

Баногох ман овози меҳрубон ва пурнавозиши Мирзо-
муаллимро шунидам. Гӯё ӯ сахл ох кашид:

— Ин пагохй дар рӯи мизи ман як сахифаи холи монд.
Ҳарчанд зӯр задам, муроде ҳосил нашуд, навишта натавони-
стам. Сахифаи сафед рӯзи барҳадар рафтаро мемонад.

Ман пурсидам, ки ӯ дар сари чй кор аст.

Ҷавоб дод, ки газал менависад.

Бале, ин хамок айём буд, ки ӯ бо чӯшу хурунш қалби чавон,
бо мехру муҳаббат ҳаёти навро дар ин жанри классики iapan-
нум мекард. Газалхои ин устоди шеър тамоман ба оханги нав
замзама мешуданд.

59
Баъди андак сукут ӯ илова кард:

- Намуди зоҳирй чизи дигар ! Муҳимтар он чиз, ки кас на-
висад! Ҳарчанд ки сару либос ҳам аҳамият дорад. Аммо аз ҳама
муҳимаш дил, дили инсон! Бигзор дилҳо ҳар чи бештар ба
хурӯш оянд, бигзор дар дунё шумораҳои саҳифаҳои сафед ҳар
чӣ камтар шаванд.

Қувони сафед шинокунон ба мо хеле наздик шуданд.

Чашмони сиёҳи Мирзо-муаллим барқ мезаданд!

Саҳифаҳои сафед аз ӯ фикрҳои баланпарвозро интизор бу-
данд

* * *

Ҳа, як саҳифаи хотирот варақ гашт. Аммо хисоби ин
хотираҳо чй қадар бошад?!

Мирзо-муаллим дар минбари съезд. Ин марди начандон бо-
лобаланди минбарнишини укоби тегаи кӯҳро мемонад.

Сайру саёҳатҳо дар зодгоҳи устод - республикаи бародарии
Тоҷикистон. Барой хуб донистани шоир ӯро дар зодгохаш ди-
дан лозим аст. Ман ӯро дар Ҳисори азизаш дидам, ки
мӯйсафедону кӯдакон бо ифтихор ба ӯ менигаристанд. Ӯро ба
оғӯш кашида, мебӯсиданд. Кӯдакон ӯро миёнагир мекарданд.
Вай сари онҳоро сила мекард, хар хел суханони азизу
меҳрубон мегуфт.

Вай дар издиҳоми одамон омехт ва кариб номаълум шуда
рафт.

Охир бузургии инсон дар хоксории ӯст.

Man шеърхонии ӯро дар институти педагогии Душанбе дар
байни нозанинҳои ҳайратфизои Тоҷикистон шунидаам. Вай
зоҳиран ким чй хел ором, вале ботинан бо овози дил шеър ме-

хонд.

Ман ӯро борқо дар Озарбойҷони азизам дидаам. Соли 1965
дар республикаи мо Рӯзҳои адабиёти тоҷик мегузаштанд. Му-
таассифона ман дар ин маърака имкопи ширкат варзидан на-
доштам.

Рӯзе ба хонаи ман дӯстам Мӯъмин Қаноат - қоло котиби
якуми правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шо-
гирди арзандаи Мирзо—муаллим занг зад.

- Устод туро дидан мехоҳанд.

Мо вохӯрдем. Ҳамдигарро оғӯш кашидем.

60
Қувони сиёҳ ёдовар шуданд. Саҳифаҳои сафед ёдовар шу-
данд. Охир, ҳақ бар ҷониби Пушкини бузург, ки гуфтааст:
«Ёддоштҳо -бузурггарин истеъдоди дили моянд».

Вақте ки аз хдмдигар ҷудо мешудем, Мӯъмин Қаноат
роҳравон ба ман гуфт:

- Мо бо маслиҳати устод барои ту тӯҳфаи хоксоронае пеш-
каш карданием.

Ин тӯҳфа барои ман воқеаи тамом фаромӯшношуданӣ буд.

Дар шаби хотимавии рӯзҳо, хунарпешаи машхури тоҷик
(ёдаш ба хайр) марҳум Маҳмуд Воҳидов, ки ҳамон вақт дар
ҷодаи санъат акнун қадам мезад, вале қадамҳояш бисёр устувор
буданд, бо овози нарму ширадори ҳайратангезаш шеъри ман -
«Дақиқаи хомӯшӣ дар Пер-Лашез»-ро хонд.

Шеърро гӯшкунон намедонистам ба дӯстонам ва қабл аз
х,ама ба Мирзо-муаллим чӣ зайл изҳори минатдорй намоям.

Магар ҳамин гуна гамхорӣ дар қаққи ца танхо адибони
ҷавони республикам худ, балки республикаҳои дигар мисоли
ибратомӯз нест.

Вай имрӯзҳо ба ҳафтод медаромад!

Чаро вай шитоб кард, ки моро бепадар монад!

Вақте ки март фаро мерасад, одамони бузург ҳақ доранд
абадй бимонад.

Абадият тӯҳфа нест. Вай барои хизматҳо дода намешавад.
Абадият ҳамбастагии мухдббат ва ақл, накӯкорй ва вафодорист,
ки онро бо сухан тасвир кардан номумкин аст. Абадият ба ива-
зи ҳаёт, ба ивази шабҳои бехобӣ, ба ивази бохирадона пур кар-
дани саҳифаҳои сафед ба даст меояд.

Абадият дар ҳама замонх,о дар пеши назари оламу оламиён
ҳайкали боҳашаматесг. Мирзо Турсунзода дар таъриху тақдири
халқи худ амсоли ҳамин гуна ҳайкал қомат афрохтааст.

Самад Вургун низ дар ин ҳисоб аст.

Александр Фадеев низ дар ин ҳисоб аст.

Николай Тихонов низ дар ин ҳисоб аст.

Онҳо дӯстони ҷонӣ, дӯстони ҷовидонианд!

61
Николай ТИХОНОВ

МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Имрӯз Тоҷикистони сотсиалистӣ рӯҳбаландона зиндагӣ до-
рад ва ҷустуҷӯҳои онро эҷодкориҳои гуногунранг хос аст. Рес-
публика сохиби устодони пурҳунарест, ки дар таҳру саҳрову
кӯххо корнамоиҳо нишон медиханд. Дар унверистети Душан-
бе бештар аз 30 ҳазор иафар студент таҳсил мекунад. Олимон
дар ҳамаи сохахои илм кори тадқиқоти мебаранд ва ба амали
гардидани револютсияи илмию техникй дар республика му-
соидат карда меоянд.

Дар дараи Пулисангин, ки аз Душанбе чандон дур пест, дар
дарьёи Вахш бузурггарин иншооти Осиёи Миёиа I ЭС-и Но-
рак сохта мешавад. Ҳамрохи ин мӯъҷиза шаҳри нави Норак,
шахри ҷавонӣ тавлид ёфтааст, зеро худи сохтмон зарбдор, со-

хтмони комсомолию ҷавонист.

Водиҳои аз заминҳои Мирзочӯли собиқ азхуд карда меша-
ванд. Обанбори Қайроққум, ки бо номи «Дӯстии халқҳо»
маъруф аст ва аз Сирдарё пур мешавад, дар Шимоли
Тоҷикистон васеъ доман паҳн кардааст.

Ва мисли он ки Қайроқкум шаҳри ҷавонист, обапбори маз-
кур низ иншооти ҷавон аст. Шаҳрхои наве бунёд карда меша-
на,щ, рохи оҳани бештар аз 300-километра Евон ва
Қӯргонтеппаро бо Тирмиз мепайвандад. Помири баландкуҳ аз
қувваи электрикӣ мунаввар аст, вай бо тамоми республика ба
воситаи радио ва телефон робита дорад. Ба ҳазор нафар аҳоли
525 нафар касони маълумоти олидор, миёна ва миёнаи нопур-
ра рост меояд.

Тоҷикистони имрӯза иштирокчии нақшаҳои азимест, ки дар
карорхои съезди XXV КПСС зеби рақам шудаанд.

Ҷӯстуҷӯҳои ҷасурона ва нав, корхои бузурги навсози дар
пешанд. Зиндагӣ дар Тоҷикисгон ба зинаҳои нави камолот
рафта истодааст.

Халки тоҷик сохиби истеъдодҳои мусиқи ва санъати теат-
рие мебошад, ки берун аз Иттифоқи Советӣ ҳам маълуму
машхуранд. Ҳайкалтарошон ва рассомон бо илхоми тоза
асархои нав эҷод мекунанд, аммо дар ин ҷо бештар санъати
баланди шеър ва сухани бадеиро меписанданд. Аз ин рӯ

62
сатрҳои пурҳарорати Абдулқосим Лоҳутӣ, Мирсаид Мирша-
кар, Боқӣ Раҳимзода, Мӯъмин Қаноат дар ин диёр басо
машҳуранд ва ба дили мардум роқ ёфтаанд. Як нафари ба
доираҳои гуногуни мардум писанди ин тоифаи санъаткорони
сухан Мирзо Турсунзода мебошад...

Роҳи қаетии Мирзо Турсунзода мураккаб ва душвор буд,
аммо ӯ вайро шарафмандона тай кард. Шеърҳои офаридаи вай
мисли дарёчаҳои кӯҳй шӯху барқосо ба ҳам омада, ба дарёи
пуриқтидоре табдил ёфтанд ва ба водиҳои пурдомана расида,
ҳамаи онҳоеро, ки ошиқи фасоҳат ва назокати шеъри ҳақикй
мебошанд, шодмонӣ бахшиданд.

Ман борҳо шоҳиди он будам, ки чи хел мардуми Шарки
хориҷа шеърҳои ӯро ба ҳаяҷон ва аз самими дил мешуниданд
ва офарандаашро барои хушнудии чунин мулоқот бо мамла-
кати дур ва дар айни замон наздики Советҳо ташаккур мегуф-
танд.

Чун давомдиҳандаи анъанаҳои назми шӯҳратманди шоиро-
ни пешина Рӯдакй ва Ҷомй, ки вуҷуди эҷодх,ояшонро мубори-
за барои инсон ташкил додааст, Турсунзода доираи
мавзӯъҳоро васеътар карда, ҷустуҷӯқои худро бо ғояҳои замон
ғанй сохт, ба шеър образнокии баланде даровард. Шоири ли-
рик назмро ба минбари публициста бароварда, ба сифати ади-
би интернациолизм и пролетарй, ҳимоягари матини сулҳ
маъруф шуд. Вай бо шеъри баланғояи худ пеши роҳи ҷангҳои
нави хонумонсӯзро гирифта омад.

Аз овони бачагӣ Мирзо Турсунзода назми классикии
тоҷикро меомӯхт. Боигарии шеърии сарояндагони асрҳои гу-
зашта ӯро ба ваҷд меоварданд.

Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябрь то Ватани ӯ- во-
дии дурдасти Ҳисор омада расид. Ва аз ҳамон давра шоир
роҳи шеърро интихобид. Ин роҳ аввал ӯро ба Душанбе, сони-
тар ба Института тоҷикии маориф, ки дар Тошкент кор ме-
кард, бурда расонд.

Бо ин роҳ Мирзо ба дунёи паву омӯхташудае, ки дилу рӯҳи
ӯро мепарварид, касро ба ҳайрат ва тааҷҷуб меандохт. сафар
кард. Вай бо ин роҳ ҳамеша ба кӯҳи баландтаре мебаромад ва
пас аз ҳар қадами нав дар пеш қуллаи наверо дида, ба фатҳи
он мешитофт. Солҳои бисер ғузаштанд ва мо акнум Мирзо
Турсунзодаи узви комсомолро чун корманди рӯзномаи

63
ҷавоиои мед идем. Дар ин чо аввалин маҷмӯаи шеърхои ваи бо
„оми «Байраки зафар» чоп туда баромад. Дар маҷмуа шеърҳо
дар васфи ҳаёти халқ ва тақдири таърихии он ҷой гирифтаанд.

Истеъдоди шоири ҷавон такомул меёфт ва ӯ ҳамоно пеш
мерафт. Чум натиҷа вай ҳамроҳи Л. Дехоти драмаи манзуми
«Хисрав ва Ширин»-ро офарид, аз рӯи либреттои ин ду адиби
бо хам дӯст охангсоз А. Баласанян аввалин операи тоҷикии
«Шӯриши Восеъ»-ро ба вуҷуд овард, ки дар Москва рӯзхои

Дахаи санъати тоҷик намоиш дода шуд.

Ба руи Мирзо дари олами эҷодиёт васеъ кушода мешавад.
Вай шеърхои замонй менависад ва дар мавзуъхои таърихиву
замойй достонхо ба вуҷуд меоварад, ба вусъату еайқали ис-
теъдоди вай мулоқот ва дӯстй бо нависандагони номи,
сафархои ӯ дар мамалакат ва берун аз он мусоидат мекунанд.

Соли 1947 Мирзо Турсунзода бори нахуст ба Ҳиндустон
сафар кард. Мамлакате, ки бо Тоҷикистон ҳамсоя аст, ба шоир
то андозае маълуму шинос буд. Вай дойр ба ин мамлакат би-
сер асар хонда, сурудҳои халқии хиндуро, ки хиндуени аз
доманахои Ҳимолой омада месуруданд, шунида буд. Шоир
силсилаи шеърхои «Қиссаи Ҳиндустон»-ро навишт, ки соли
1948 бо мукофоти Давлатии СССР сарфароз карда шуд.

Баъдтар ки гоби шеърхо ва достонхои ӯ дар бораи Осие ба
вучуд омад. Дар он шоири Шарки Совета ба муқобили
мустамликадорй ва истисмори халкхо аз чониби имперали-
стон баромад кард.

Мирзо Турсунзода дар тарчумаи холи худ навишта буд.
«Ман дар мавзӯи Шарк бисёр кор мекунам ва менависам.
Махсусаи холи хозир, ки халқхои Осиё ва Африка бо боварии
катъй ба рохи озодихохй ва рафъи мустамаликдорй рафта, яке
аз паси дигар истиқлолияти худро нигох медоранд, ин мавзуъ
бештар диққати маро ба худ мекашад».

Дар шеърхои бахшида ба Осиё офаридаи шоир ҳақиқати
талхи дар давоми асрхо истисмору шиканҷа кашидани ин
халкко инъикос шудаст; шоир аз орзуву омоли онҳо хикоят
мекуиад, дар бораи ҳуқуқи халқхои қитъа ба озоди ва пеш-
рафти истеъдодхо, кадр кардани обидаҳои санъате, ки дар да-
воми асрхо бунёд кардаанд, кашфиётхои бузурги илми, ки ба
бехбудии тамоми инсоният нигаронида шудаанд, сухан меро-

над.

64
Дар замини Осиёи куҳан шоир ба сифати сайёҳи туфайлие
қадам назадааст, балки вай ба ии ҷо чун фарзанди мамлакати
озоде омада буд, ки дасти ёрй ба халкхои хамсоя дароз меку-
над, тақдири драмавии онхоро бо тамоми амиқиаш мефаҳмад.

Дар шеъри барҷаста ва дилчаспи лирикии худ,ки ба
раккосаи ба таври афсонавй зебову беҳамтои ҳинду Тара-
Чандри бахшидааст, шоири мафтун ба санъати ин нобиғаи
ҳунар чунин хитоб мекунад:

Маи аз рацеи ту мафтунам,

Зи ҳолат лек маҳзунам.

Тара-Чандри, Тара-Чандри
Макун ин цадр афсунам!

Аммо дар айни замой шоир ба ӯ мегӯяд:

Mamapc аз шӯьлаҳои аввалиии субҳи озодӣ,

Маларз аз боди даҳшатноки тӯфоп мисли шамшоде
У меду орзуи халци худро дар дилат ҷо кун,

Дили пурҳасрати онро ба мисли гунчае во кун.

Ту, эй фарзанди маҳбуби диёру кишвари бебахт,
Сияҳчашму сияҳабрӯ, сияҳмӯ, духтари сарсахт!

Дар Ҳиндустон низ субҳи озодй дамида, мамлакати куҳан
аз нав ҷои гирифт. Ва дар шеърҳои Мирзо Турсунзода образи
зани озоди Осиё пайдб шуд, ки он ҳам зани хушбахту
комилҳуқуқи Шарқи Совётй буда, дар маишат ва зиндаги, дар
мехнат ва санъати Тоҷикистони азиз ҷои муносиби худро
ишгол кардаасг.

Мубориза барои озодии закон аз бузургтарин мавзуъҳои
эҷодиёти Турсунзода мебошад. Ин аст, ки мо ба хамаи
суханҳои Мирзо Турсунзода, ки дар сари қабри модари оддию
деҳқонаш гуфтааст, сидқан бовар мекунем, амиқи ва самимия-
ти онхоро равшан идрок мснамоем:

Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,

Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам.

Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба май,

Гӯямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам!

65
Ҷун идомаи вассофиҳои шоирони асрҳои гузашта, ки зебо-
ии хамсарони худро сурудаанд, Мирзо Турсунзода бисёр
шеърхои худро ба занони даврони мо бахшид, ақлу хирад ва
назокату истеъдоди онҳоро васф кард:

Зан ба ман маълум шуд, ки офтобӣ будааст,
Кориӯҳам дилбарӣ, ҳам дшхаробӣ будааст.

Пае ҳама гӯянд, ки: «бигзор, зан бошад мудом,

Зиндагӣ бо зан хуш астуумр бо заи бардавом».

Ииқилоб ба рӯи занон роҳи сӯи алами равшани меқнат ва
бахтро кушуд, роҳеро мунаввар сохт, ки бо он ҳамаи мардуми
оддӣ, мардуми дар ҷаҳолат ва беҳуқуқй зиндагй карда
раҳсипор шуд.

Ҳасани аробакашро аз достони ҳамноми Мирзо Турсунзода
Инкилоби Октябр ба қатори инсон овард, тақдири ӯро муайян
намуд ва роҳи ояндаашро нишон дод. Орзуи ҳамтақдиронаи
вай, нияти шахсии ӯ ҷомаи амал пӯшиданд:

Чӯбу семент мекашопид on,

Ба бпнокори сохтмони Вахш.

То канал сохта paeon созапд
Обро сӯи ташпагони Вахш

Дар достонҳои Мирзо Турсунзода мисли «Духтари
муқаддас», «Садои Осиё», «Чароги абадй», «Ҷони ширин» ис-
теъдоди шоир пурра тазоҳур кард. Вай образнокии зинда ба-
рин боигарии назми классикиро нигоҳ дошта, дар айни замон
шеърро бо тасвирҳои реалй бой кард. Ташбеҳу истиораҳои нав
ёфт, киноя ва юморро моҳирона истифода бурда, онро ба мин-
бар баровард. Вай аз воситаҳои патетикӣ ва қувваи нишонраси
памфлет истифода намуд.

Ба достони ӯ «Аз Ганг то Кремль» таваҷҷӯқи махсусе ме-
бояд.

Man ҳасад мебарам ба марди Ҳиид,

Ки ба Ленин бигуфт дарди Ҳинд.

Роҳе, ки қаҳрамони достон - фарзанди Ҳиндустон Пратап
тай кардааст, роҳи онҳоест, ки ба муқобили истисмор ва

66
ҷаҳолаг, каҷравиҳо ва нодонӣ бархостаанд, роҳест, ки охири
охирон ҷӯяндаи ҳақиқатро ба Кремль, ба мулоқоти Ленин
овардааст. Шоир ба ваъдаи худ вафо кардааст.

Ваъда кардам, ки достон нависам,

Васфи Ленины меҳрубон нависам.

Ман ба он ваъдаам вафо кардам,

Хуб ё бад, вале адо кардам.

Достоин мазкур гӯё ба бисёр мавзӯъҳои шоир ҷамъбаст ме-
офарад, ӯро дар либоси нави ҳимоятгари монданашавандаи
сулҳ пеш меоварад. Мавзӯи сулҳ моҳияти асли назми ӯро таш-
кил медиҳад. Вай дар тасвири меҳнати осоиштаи бинокорони
коммунизм, васфи рӯзгори тоҷикон дар замони мо, дар ашъо-
ри ишқӣ ва таҳқиқи муносибати нав ба маъшуқа, дар сатрқои
оиди замини модарй, ки аз нав тавлид шудаасту тухми ояндаи
орому осоиштаро ба ҷаҳон мепошад, арзи андом кардааст:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беорому рӯзафзуни дш,

То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,

Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.

Ин мавзӯъ ва мавзӯи дӯстии халқҳо магзи ратсионалии
эҷодиёти Турсунзодаро ташкил медиҳанд. Беҳуда нест, ки дар
сарҳади Покистон делегатсияи нависандагони советиро, ки ба
Лоҳур барои иштирок ба конфренсияи нависандагони
тараққихох,, раҳсипор буд, аввалин сарҳадбон бо шеърҳои
шоири барҷастаи Осиё Иқбол пешвоз гирифт ва Мирзо Тур-
сунзодаро чун шоири бузурги Шарқ, чун дӯсти кайҳо шинос
ва ба дили халқҳо азиз хайра мақдам гуфт.

Мирзо Турсунзода нотики шӯълаваре буд. Овози ӯ дар би-
сёр шаҳрҳои Осиё, Европа ва Африка танинандоз гардидааст.
Ӯро дар минбари конгрессу конференмияқои байналхалқӣ,
дар хаймаи бодиянишинон ва қасри роҷаҳо, дар кулбаи
бамбукӣ ва хонаи гилин, дар сӯҳбати деҳқонони хориҷа ва дар
саҳроҳои колхозии мамалакат дидаанд. Шоири академик
Мирзо Турсунзода Раиси Комитети Советии якдилии

67
мамлакатҳои Осиё ва Африка буд. Вай яке аз аввалинҳо шуда
сазовори мукофоти ба иоми Ҷавоҳирлол Неҳру гардид.

Роҳбари ташкилоти нависандагони Тоҷикистон Мирзо Тур-
сунзода хитоб карда буд: « Мо, коммунистом, маданияти худ-
ро маданияти аз ҳама интернатсионалӣ мешуморем, ки аз рӯи
васиятҳои Ленин ба омӯхтан ва таҳлил намудани он чи ки ада-
биёти ҷаҳон андӯхтааст, кӯшиш мекунем. Ҳар як нависанда
бояд нагз фаҳмад, ки танҳо барои худ, барои қишлоқ ё шаҳри
худ не, балки барои ҳамаи мамлакат, барои ҳамаи инсоният
эҷод мекунад ва тақдири мамлакату инсоният бо худи санъат-
кор, бо қишлоку шаҳри ӯ алоқаи диалетикӣ дорад. Мо набояд
дар бораи ҳар гуна мулоҳизарониҳо доир ба мумтозй сарфи
назар кунем. Мо шоҳиди онем, ки ҳар гуна «фавқулинсон» ва
«фавқулхалқҳо» ба сари оламиён чй офатҳо оварда буданд ва
меоваранд».

Мирзо Турсунзода устоди барӯманд ва серталаби
қобилиятҳои наве буд. Халқи совета дар шахси ӯ намунат
олии хизмат кардан ба назм, садоқат ба партия ва обарази
коммуниста матиниродаро дидааст.

Мо, шоирони совета, Мирзо Турсунзодаро нагз мешинох-
тем ва самимона дӯст медоштем. Шоирони мутарҷим хеле
меҳнат ба сарф оварданд, то ки ба хонандаи рус асарҳои ӯро
пурра ва ҳақконӣ дастрас намоянд.

68
Анатолий САФРОНОВ

РОҲИ ҲИИДУКУШ

Номи Мирзо Турсунзода аз аввалин сагрҳои шеъраш, ки ба
воситаи нашрияҳои адабй шинос шудаам, ба дили мам ҷой ги-
рифт. Ҳанӯз дар ҳамон солҳо шоири ҷавони тоҷик ба тарзу
сабки хос дар бораи сарзамини азизаш, дар бораи мухиту мар-
дум, ки худ дар он ба воя расидааст, образу суханҳои тозаю
самими пайдо мскард. Ман неш аз шиносой бо 1очикистон
дар бораи ин диёр, кӯху рӯдҳои он, Боми Ҷаҳон ва хар он ни-
зе, ки бо ин республикаи начандон калон, вале иомдор
алоқаманд аст, маҳз ба шарофати ашъори Гурсунзода тасав-
вур ҳосил карда будам.

Ҳамин симои хоси республика, мардуми меҳнаткарину та-
биати зебои он дар тамоми назми Мирзо 1урсунзода тасвир
ёфтааст. Қисмати мо будааст, ки на танхо дар кори эҷодӣ,
балки дар фаъолияти ҷамъиятй ба ҳам вобаста ва дӯст бошем.
Соли 1955 ба ман низ муяссар гашта буд, ки ҳамчун намоян-
даи советй дар кори Комитета тайёрй ба конфренсия дар
Дехдй иштирок намуда, аввалин Конфренсияи якдйлии
халқҳои Осиёро омода созем. Раиси Комитети советии якдилй
бо халкхои Осиё Мирзо Турсунзода интихоб туда ва дар Кон-
френсияи якум дар Деҳлй ҳайати вакилони советй бо сарварии
Николай Семёнович Тихонов иштирок намуд.

Вале шиносии ман бо Турсунзода қабл аз ин дар мулоқоти
кӯтоҳмуддате, дар Тошкент, яъне пеш аз сафар ба Лахор, ки
яке аз калонтарин шаҳрҳои Покистон ба шумор меравад, ба
вуқӯъ омада буд. Дар ин шаҳр бояд Конгресси якум и нависан-
дагони пешқадаму озодфикри ин мамлакат баргузор мегардид.
Ҳайати вакилони мо аз Николай Тихонов, Ойбек, Мирзо Гур-
сунзода ва ман иборат буд.

Барой ман ин аввалин шиносой на танҳо бо Покистон, бал-
ки умуман бо Осиё буд. Ҳамин тарик, Афғонистон, ки роҳи мо
ба воситаи он буд, бароям на танҳо аввалин мамлакати Осиё,
балки аввалин мамлакати хориҷие ба ҳисоб меёфт, ки ман са-
фар мекардам. Мо бо самолёт ба Кобул омадем, ки он вакт
танҳо якчанд биноҳои аврупоисохт дошт. Чизе ки пеш аз ҳама
мушоҳида шуддашшоқию бенавоии мардуми ин диёр буд. Мо

69
дар кӯчаҳо мардуми лоғару беҳол, чиркину ҷулҳундипӯшро
дидем.

Баъди он ки мо мошинсавор аз Кобул баромада ба Лоҳур
раҳсипор шудем, дар назди пункти бензингирй аввалин
сӯхбати Мирзо Турсунзода бо пирамарде, ки дар cap дастори
чиркини хокистарранг дошт, ба хотирам омад. Дар паҳлуи пи-
рамард ҷавони зебое истода буд. Мирзо Турсунзода аз ҷавон
пурсид, ки вай ба чанд даромадааст. Ҷавон ҷавобе дода ната-
зонист. Баъд Мирзо аз пирамард пурсон шуд:

- Куҷо меравед?

- Ба Ҷалолобод.

- Пиёда меравед?

- Пиёда.

Аз Кобул то Ҷалолобод яксаду хаштод километр роҳ аст.

Пирамард барои ба аввтобус рафтан пул надшит. Нохост ӯ
ба Турсунзода савол дод:

- Шумо то баҳор галла доред?

- Албатта, дорем, - ҷавоб дод Турсунзода.

Пирамард оҳи бадарде кашид. Вай хатто барои зимистон
галла надошт.

Соли 1919 дар сархади Покистон, дар наздикихои
гузаргохи Хайбар афгонҳои ниммусалаҳ кӯшишу ҳуҷумҳои ба
Афганистан зада даромадани англисҳо ва забт кардани онро
қаҳрамонона баргардонида буданд. Он вақт ба англисҳо муяс-
сар нашуд, ки ин мамалакатро забт кунанд. Ба Афганистан
америкоиҳо омаданд. Онҳо иқтисодиёти мамлакатро ба дасти
худ гирифта, ба ивази мошинхои моторҳояш сусту беэътимо-
ди «Шевроле», сигарету ҷуробҳои фарсуда қароқулҳои беан-
доза зиёдро харида ба Америка мефиристоданд.

Мо аз сарҳади Афганистану Покистон зуд нагузаштем.
Мирзо хеле хуб ҳарф мезад ва бо мардуми таҳҷой тез забон
меёфт. Сарҳадбон, хизматчии боҷхона фахмид, ки Турсунзода
ба форсӣ сухан мегӯяд пурсид, ки вай ин забонро аз куҷо ме-
донад.

- Ман на танҳо забон, балки назми онро медонам, шоири
номвари Покистон Иқболро медонам, — гуфт Мирзо ва аз ёд
чанд шеъри дар ҳақиқат олиҷаноби ин классики адабиёти По-
кистонро хонда дод.

Ин саёҳати кӯтоҳмуддат ба Афганистан буд, ки бароямон

70
характери дарккунй, шиносшавй дошт. Мо дар ҳақиқат ҳаёти
багоят душвору тоқатфарсои мардумро мушоҳида кардем,
чӯлу биёбонҳои тафсонеро дидем, ки заной дар cap бори ваз-
нин, пойлуч кадам мезаданд. Ҳамаи ин як умр дар хотираҳои
мо монд, дар дилу дидаҳоямон нақш бает.

Мо се ҳафта дар Покистон шудем. Ҳар рӯзи мо дар ин се
ҳафта дар он замони душвору мураккаб, ки байии Иттифоқи
Советй ва Покистон ҳагго муносибати дипломатй баркарор
нагардида буд, пур аз сӯхбату мулоқотҳои расмй буд. Дар ҳар
қадам ҳанӯз осори ҷангу сӯхтору хунрезиҳо мушоҳида мешуд.
Зеро аз ҳайати Ҳиндустон ҷудо шудани Покистон ба осони ба
амал наомадааст. Бар ин роқ одамони бисёре қурбон шудаанд.
Фаъолияти Партияи Коммуниста манъ карда шуда буд ва
пинҳонкорӣ мекард. Ахли ҷамъият ва ходимони равшанфикру
пешқадам шинохтани фаъолияти Котиби генералии партияи
коммуниста, нависанда Зоҳирро талаб менамуданд. Маҳз дар
Покистон мо бо Файз Аҳмади Файз шинос шудем ва ба
меҳмоннавозии ин адиби боистеъдодтарини замон мушарраф
гардидем. Файз Аҳмади Файз роҳи душвору пурташвишеро
тай намудааст, чандин бор қабс шудааст, имрӯзқо дар Бейрут
зиндагй мекунад ва сармуҳаррири маҷаллаи «Лотос», нашри-
яи Ассо гсиатсияи нависандагони Осиёву Африко мебошад.

Ҳангоми бозгашт фаро расид ва ба мо лозим омад, ки боз
ба воситаи Афғонистон ба Ватани маҳбубамон Иттифоқи
Совета баргардем. Дар сархад, дар гузаргоҳи Хайбар мо даҳҳо
лавҳаи ёдгориро дидем, ки дар сангҳои сари роҳ канда шуда-
анд. Мо дар ин лавҳаҳо номи қисмҳои ҳарбӣ ва аскарҳои анг-
лисро хондем, ки дар муқориба бо афғонҳо ҳалок шудаанд.
Лавҳаҳо хеле бисёр буданд.

Дар тӯли сафар хис мекардем, ки дар ягон ҷо моро андаке
бештар таваққуф кардан намемонданд, намегузоштанд, ки на-
висандагони иешкадами Покистон бо мо вохӯранд, чунин му-
носибатро мо ҳатто дар Пешовар низ ҳис кардем, ки шаби
охирринро дар он ҷо гузаронида будем. Ҳамин тарз мо аз Пе-
шовар, аз шаҳри таърихие рафтем, ки дар он чанд муддат Ки-
плинг зиндагй карда, асари машҳури худ «Маугли»-ро эҷод
кардааст.

Дар тӯли се ҳафта мо бо Мирзо Турсунзода багоят дусгони
наздик шудем. Дар меҳмонхонаҳо ҳар ду дар як ҳуҷра зиндагй

71
мекардем. Many Мирзоро Азиз ном як афгони тундмиҷоз бо
мошин мекашонд. Мирзо дар паҳлуи ронанда нишаста бо ӯ ба
забони форсӣ ҳарф мезад ва ин ронандаро хуш меомад. Роҳ
нишеби пур печутобу хафнок буд. Пинҳон намедорам, баъзан
мо бо тарсу ҳарос гоҳ ба синдометр, гоҳ ба нишебиҳои маху-
фи бетаг менигаристем. Ва боре май ба Мирзо Турсунзода
гуфтам:

- Мирзо ба ронанда гӯй, ки мошинро оҳистатар ронад,
охир, мо ба хона рафта истодаем ва бояд сиҳагу саломат ра-
сем.

Мирзо ин мақсадро ба ронанда гуфт ва мошин акнун бо
суръати даҳ километр дар як соат хдракат мекард. Азиз
маслиҳат доданро намеписандид.

Ман бо ин ёддоштҳои солҳои пешин, ки имрӯз қариб ба ка-
се маълум нест, таъкид кардан мехоҳам, ки на танҳо назми ин
шоири номвари даврон оламгир буд, ки онро мо дар сохилҳои
укёнусҳои Ором, Атлантик ва Ҳинд хондаем, балки барои мо
ва барои наслҳои минбаъда вай классики адабиёти тоҷик буд,
ҳаст ва хдмин тавр хоҳад монд. Вай баробари баландию
нозукҳои назм хаёти халқи оддиро низ хеле хуб медонист.

Дар ҳамон сафар боре Мирзо аз Азиз хо\иш кард, ки мо-
шинро дар наздикии пахтазормки ниҳолҳояш чандон баланд
набуд, нигоҳ дорад. Мо аз мошин баромадем. Ба наздамон Ти-
хонову Ойбек низ омаданд. Ойбек аз деҳқонон пурсид, ки оё
онҳо Навоиро медонанд. Онҳо Навоиро медонистанд. Онҳо
ӯзбекони Афғонистон буданд. М. Турсунзода ба ҳосилнокии
пахта мароқ зохир кард. Маълум шуд, ки ҳосили пахта дар он
ҷо нисбат ба Узбекистану Тоҷикистон чор панҷ маротиба кам-
гар будааст. Инро ба чашми оддӣ ҳам дидан мумкин буд. Зеро
аз гузаҳои қаҳварангу сурхранг пагахои бебору сабук ба назар
мерасид.

Вақте ки ба роҳ даромадем. Азиз гуфт:

- Ман мамалакати шуморо медонам ин мамлакати
моторхост - дар хама ҷо ҳам дар сахроҳо ва ҳам дар фабрику
заводҳо мошинхо кор мекунанд. Дар кӯчаҳо мошинҳои
азимҷусса равонанд

-Ту инро аз куҷо медонй? - пурсид Турсунзода.

Азиз ҷавоб дод.

- Амаки ман китоби таърих дорад, дар он аз ин хусус на-

72
виштаанд. Баъди чанде мо ба соҳили дарёи Ому расидем, ки
дар соҳили дигар чароғҳои баркӣ фурӯзон буд. Ии шаҳри со-
ветии мо Термез буд.

Рӯзи дигар мо аз дарёи Ому гузаштем ва ба замини худ
қадам гузоштем.

Вақте ки имрӯз кас сӯҳбату мулоқотҳои худро бо Мирзо
Турсунзода, шабҳои тӯлонии ба ҳам гузаронидаро ва М) юли-
аи шеърҳои нави ӯро, ки мақкам дар дил ной гирифтаанд, ёдо-
вар мешавад, беихтиёр фикр мекуиад, ки ин шахе инсони аси-
лу бузург буд ва исгеъдоди модарзодии шоирй дошт, вагами
худро беандоза дӯст медошт, кимазу моҳияти ҳақикии дӯстии
халқҳоро амиқ медонист.

Тасодуф нест, ки ма\з ба қалами ӯ эҷоди достонҳои
олиҷанобе мансубанд, ки ҳам ба халки совегии мо ва кам оа
халқҳои дигар кишварҳо, ки нисбат ба мамлакати советӣ му-
носибати дӯстона доранд, азиз аст. Зиёда аз он онҳо амик дарк
карданд, ки ин қама ба одами совстӣ чӣ кисмате, чи аҳамияте
доранд, баҳои сазовор медиҳад.

Рӯди хурди деҳаи ман рӯди пуршӯр аст, шӯр,

Бо садои рӯдҳои Осиё ҷӯр аст, ҷӯр,

Ман ба ин рӯди азизам меҳрп дилро додаам,

Ҳамраҳаш дар кӯҳсорон роҳи пае бикшодаам.

Аз лаби ип рӯд, аз қишлоқи ҷопоҷопи мап
Cap шуд овози дили мап, - мурги хушилҳопи мап
Бо садои Осиё ҳамроҳ шуд, ҳампой шуд,

Дар сафи эҷодкоропи саодат ҷоӣ шуд.

Мепшвопад ҳар касе, ки зӯр шуд, голиб шавад,

Молу мулки дигаронро ояду соҳпб шавад.

Моҳиёпро метавопад, ки наҳапг орад ба ком,

Баҳри бетак рӯдҳоро дам кашад чуп май зи ҷом.

Нест аммо қуввае, ки азмро орад завол,

Рӯҳи озодӣ парастопро памояд поӣмол.

Баҳри озодӣ садои Осиё омад ба гӯш,

Хупи халқи Осиё омад ба ҷӯш, Омад ба ҷӯш!

73
Александр ДЗА СОХОВ

РАИСИ НАХУСТИН

Ғалабаи таърихй дар Ҷанги Бузурги Ватанй, торумор кар-
дани яке аз отрядҳои зарбазани империализми ҷақонӣ - фа-
шизми гитлерй халқи советиро рӯҳбаланд кард ва ба ӯ дар му-
боризааш барон сулҳи пойдори рӯи Замин кувваи нав бахшид.

Халки советй, ки дар роҳи озодй ва истиқлолияти худ ва
халқҳои Европа бештар аз 20 миллион нафар писару духтаро-
нашро қурбон кардааст, чӣ будаии дунёи беҷанг, сулху амни-
ятро нагз мефаҳмид ва дар баробари ин нияти истилогарона ва
ҷангҷӯёнаи душманони сотсиализм ва тараккиётро, ки ба ота-
ши «ҷанги сард» доман мезаданд, хеле хуб тасаввур мекард.
Вай пеши роҳи доираҳои империалиста ва хамаи онҳоеро, ки
даъвои ииқорталабӣ доштанд, бо садду сангархри пуриқтидор
мегирифт. Дар ин давра аз одамони советй як қатор мубори-
зони роҳи сулху амният баромаданд, ки номи онхо ҳамчун
муродифи мубориза ва сулҳ шӯҳрат пайдо кард. А. Фадеев, Н.
Тихонов, М. Шолохов, И. Эренбург аз ҷумлаи ҳамин гуна на-
мояндагони халқи советй мебошанд. Шоири бузурги советй,
ходими намоёни ҷамъиятӣ Мирзо Турсунзода низ дар ҳамин
саф буд.

Мирзо Турсунзода иштирокчии конгрессҳои сулҳпарварон
дар Париж ва дар Варшава буд, ки ин конгрессқо ба ҳаракати
ҳозиразамони тарафдорони сулҳ ибтидо гузоштааст. Вай яке
аз ташкилотчиёни маъракаи ҷамъ намудани имзо ба тарафо-
рии даъвати яроқпартой дар Стокголм буд.

Бо галабаи Мамлакати Советй анҷом ёфтани Ҷанги дуюми
ҷахон ба тақдири халқҳои Шарқ ва тамоми аҳолии
мамлакатҳои мустамлика таъсири бевосита гузошт.

Халқҳои Осиё, мамлакатҳи араб ва кишварҳои Африқо яке
аз паи дигаре ба роҳи муборизаи миллй - озодихоҳй дарома-
данд.

Мирзо Турсунзода аз сафараш ба Ҳиндустон, ки соли 1949,
дар ибтидои истиқлоли ин давлат сурат гирифта буд ва дар он
сафар Н. С. Тихонов, М. А. Иброҳимов, акдемикҳо Е. М. Жу-
ков, Т. А. Саримсоқов ва дигароп ҳамроҳаш буданд, бисер
ёдовар мешуд. Шароити онвақта, набудани авиатсияи

74
реактивй сабаб шуд, ки вакилони Мамлакати Совета дар роҳи
сафар ба Эром, Бирма, Покистон хам фуруд оянд, шоҳиди аз-
му ирода ва дилгармии халки ин мамлакатҳо нисбат ба
истиқлолияти миллй ва хамкории бародароиа шаванд.

Нахустин ҳайати намояндагони Мамлакати Совета дар
Ҳиндустон бо фарзанди баруманди Ҳинд, пешсафи муборизаи
озодихоҳӣ Мҳатма Гандӣ, бо сарвари давлат Ҷавоҳирлол
Неҳру мулоқот ва сӯҳбатҳо карданд.

Ҳангоми ин сафар кишвари бостонй, вале озоду
ҷавонгаштаи Ҳиндустон чашмаи илҳоми шоир Мирзо Турсун-
зодаро ба ҷӯш овард ва ӯ достони «Қиссаи Ҳиндустон»—ро
эҷод кард, ки ҳоло дар cap то сари ҷаҳон маълуму машҳур аст.
Дар ин давраи тайёрй ба 100-солагии рӯзи таваллуди Влади-
мир Ильич Ленин шоир Мирзо Турсунзода достони дигари
худ «Аз Ганг го Кремель»-ро офарид, ки шояд фикри павиш-
тани чунин достон ҳам ба сари шоир дар ҳамон солҳо пайдо
шуда бошад.

Лаҳзаҳои ҳаёти рангорангу ибратбахши Мирзо Турсунзо-
даро пеши назар меоварам ва гоҳо як ақидаи нависандаи анг-
лис Киплинг ба хотир мерасад. «Гарб - Гарб асту Шарк -
Шарқ. Онҳо хеҷ гоқ наздик намешаванд», - гуфтааст ӯ.

Шахсиятқои барҷастае монанди Мирзо Турсунзода ба ту-
файли сеҳри истеъдод ва кору амали худ Гарбу Шарк ва
Шарку Гарбро бо торҳои басо муктадири умумиинсонй пай-
вастанд, ки ҳеҷ гусастан надорад.

Баъди даҳ соли хомӯш шудани садои тӯпҳои ҷаиги дуюми
ҷаҳон даҳҳо мамлакатҳои мустмалика истиқлолияти сиёсӣ ба
даст оварданд. Мубориза бар зиддӣ мутамликадорӣ пурзӯртар
ва мақсадҳои он беш аз пеш аёнтар гардид. Шӯру қиём ва
мавҷи ин мубориза ба ҷӯшу хурӯши рӯдҳои пуршӯри
кӯҳистон, ба рӯдҳои диёри Мирзо Турсунзода монанд аст.
Кундаю завлонаи системаи мустамаликавӣ дар назди оташи
ин мубориза, шӯру қиёми он тоб намеоварад, обу адо, хоку
туроб мешавад. Чунин саҳифаҳои дурахшони таърихи навта-
рини халқҳои Осиё ва Африқо бо ёрӣ ва дастгирии фаъолонаи
Давлати Совета ва Партияи Коммунистии мамалакати мо на-
вишта шудаанд.

Боло шудани шуури сиёсӣ, саъю кӯшиш дар роҳи мубориза
ба муқобили мустамаликдорӣ ва мустамаликахоҳии навбаро-

75
мад, бар зидди сиёсати империалистии ҷанг ва таҷовузкорӣ
торафт оммавй гашта, характери муташаккилона мегирад.

Моҳи июни соли 1954 дар Стокгольм, дар рӯзҳои конфрен-
тсия, ки ба паст кардани шйддати вазъияти байналхалкй бах-
шида шуда буд, бо таклифи ходими намоёни ҷамъияти
Ҳиндустон, лауреата Мукофоти байалхақии ленинй «Барой
мустаҳкам кардани сулҳи байни халқҳо» Ромешвари Неру
мулоқоти намояндагони чанд кишвари Осиё - Иттифоқи
Совета, Ҳиндустон, Хитой, републикаи Халқии Демократии
Корея, Республикаи Демократии Вьетнам, Япония, Сурия ва
Лубнон барпо гашт.

Дар ин мулоқот ҳайати вакилони Ҳиндустон таклиф кард,
ки моҳи апрели соли 1955 дар Деҳлӣ Конференсияи аҳли
ҷамъияти мамлакат\ои Осиё даъват карда шавад. Ин таклиф
аз тарафи ҳайати вакилони Иттифоқи Совета фаьолона
дастгирй ва аз тарафи иштироккунандагони мулоқот қабул
карда шуд.

Конфренҷияи мамлакатҳои Осиё дар Деҳлӣ 6-10 апрели
соли 1955 чанде пештар аз конфрентсияи Бандунг барпо гар-
дид. Ин конференсия дар роҳи муттаҳид кардани қувваҳои
зиддиимпериалистии минтақа роли муҳим бозид. Конферен-
сия қарори қатъӣ қабул кард, ки вахдат ва ҳамраъйи халқҳои
Осиё дар мубориза ба муқобили сиёсати империалстии
тавоҷузкорӣ ва дасисақои ҳарбй, бар зидди тартиботи гуломии
мустамаликадорӣ мустаҳкам карда шавад.

Конфренсияи Деҳлй нахустин конференсияи якдилии
халқҳои Осиё буда, дар он Комитета байналхалқии якдилии
халқҳои Осиё ташкил карда шуд. Конфересия ба ақли
ҷамъияти мамалакатҳои Осиё муроҷиат кард, ки дар
кишварҳои худ комитетҳои якдилии миллй ташкил намоянд.
Ташкили ҳаракати ҳамдилй дар мамалакати мо низ ба ҳамин
давра рост меояд.

Мирзо Турсунзода. ки дар ин давра ҳамчун муборизи
шӯълавари сулҳ шӯҳрат ёфта буд, сазовори боварии олии ахли
ҷамъияти совета гардид ва дар нахустин Комитети советии
яқцилй бо халқхои Осиё ва Африко нахустин раиси он инти-
хоб карда шуд. Вай ҳамчун роҳбари комитет ин кори пурша-
рафро бештар аз 20 сол, то рӯзҳои охирини ҳаёташ иҷро кард.

76
Дар ҳаракати якдилии халқҳо ягой коре нест, ки Мирзо
Турсунзода фаъолона иштирок накарда бошад.

Муборизаи миллй-озодихоҳии мамлакатҳои Осиё, Шарқи
Наздик ва кишварҳои Африқо дар солҳои панҷоҳум хеле авҷ
гирифт. Халқҳои ин ду қитъаи олам барои истиқлол гирифтан
зарурати ҳамкорӣ ва дастгирии якдигарро эҳсос намуданд.
Дар охири соли 1956 дар Дехдй вохӯрии намояндагони
комитетҳои миллим якдилии СССР, Ҳиндустон, Бирма, По-
кистон, Япония ва давлатҳои дигар барпо гашт. Дар ин вохӯрӣ
қарор шуд, ки ба Миср ҳайати вакилони якдилй фиристода
шавад, чунки он вақтҳо халқи Миср бар зидди таҷовузи Анг-
лия, Франция ва Исроил мубориза мебурд.

Ба хайати вакилон намояндагони Ҳиндустон, Иттифоқи
Совета ва Япония дохил шуда буданд. Ба ин ҳайат супурда
шуд, ки бо намояндагони ахди ҷамъияти Миср дар хусуси гу-
заронидани Конференсияи якуми якдилии халқҳои Осиё ва
Африқо дар Қоҳира гуфтушунид кунанд.

Комитета советии якдилй якҷоя бо дигар комитетҳои мил-
лим яклилй ва ташкилотҳои Осиё ва Африқо барои тайёр кар-
дан ва гузаронидани конференсияи якдилии халқҳои Осиёву
Африқо дар Қоҳира иштироки фаъолона дошт. Дар кори он
хайати вакилони совета бо сардории ходими маъруфи давлатй
ва сиёсӣ Ш. Р. Рашидов ширкат варзид.

Конференсияи барои мустахкам кардани якдилии халқхои
ду қитъаи олам марҳилаи мустаҳкам гардид. Дар ин давра
Ҷавоҳирлол Нехру, Ҷамол Абдулносир барин як қатор ходи-
мони барҷастаи халқҳои Осиё ва Африқо тарафдори муттаҳид
кардани қувваҳои демократа ва зиддиимпериалистии ду қитъа
буданд.

Солҳое, ки Мирзо Турсунзода ба Комитета Советии якдилй
роҳбарй мекард, дар минтақаҳои муборризаи озодихоҳӣ
воқеаҳои муҳими таърихӣ ба амал омаданд. Робитаи аҳли
ҷамъияти Совета бо кишварҳои хориҷй вусъат гирифт.
Корхои Комитети Советии якдилй гуногуншакл ва
мароқангезтар шуд, ки дар ин бобат раиси он Мирзо Турсун-
зода роли асосй мебозид. Ба унвони ӯ ба адреси шахри Москва
кӯчаи ба номи Кропоткинская 10, аз мубризони озодй мактубу
телеграммаи бисёр меомад. Турсунзода дар дахҳо форуми бу-
зурги байналхалқӣ иштирок карда буд. Конференсияи V

77
ҳаракати якдилии Осиё ва Африқо соли 1972 дар Қоҳира бар-
по гашт ва вакилон дар вазъияти басо душвори байналхалқӣ
ҷамъ омада буданд. Муборизаи мусаллаҳонаи мустамликаҳои
собиқи Португалия ба авҷи инкишофи худ расид, халқи Банг-
ладеш барои истиқлолият суботкорона мубориза бурд, халқи
қаҳрамоии Вьетнами ҷанубӣ режими пӯсидаи Сайгонро сар-
нагун кард.

Дар Конференсияи Қоҳира вакили бештар аз ҳаштод мам-
лакат хозир буд ва дар ҳузури онҳо ба яке аз асосгузорони
ҳаракати якдилии Осиё ва Африқо Мирзо Турсунзода медали
тиллоӣ ба номи Ҷамол Абдулносир супурда шуд. Медалҳои
тилло инчунин ба ходимони барҷастаи ҳаракати милли-
озодихоқии Осиё, Африқо ва ҷаҳон Амилькар Кабрал ва Aio-
стинно Него дода шуданд.

Дар бисёр мавридҳои шавқу ҳаваси а\ли ҷамъияти Ватани
сермиллати моро ба фаъолияти Комитета Советии якдилӣ ба
намоёнтарин гурӯҳи зиёиёни совета мансуб будани Мирзо
Турсунзода, мавқеи барҷастаи ӯ дар доираҳои адабии мамла-
кат муайян мекарданд.

Ҳоло дар кори Комитет Расул Ғамзатов, Чингиз Айтматов,
Клим Кешоков, Сарвар Азимов, Комил Яшин барин дӯстони
наздики Турсунзода иштироки фаъолона доранд. Кордории
Раиси Комитета Советии якдилй Мирзо Аждарович
Иброҳимов бошад, бисёр сифатҳои Мирзо Турсунзодаро пеши
назар меоварад.

Номи марде, ки соли ҷорӣ мо солгарди ӯро ҷашн мегирем,
виҷдони ҳаракати советии якдилй бо халқҳои Осиё ва Африқо
мебошад.

Муаллифи ин сатрҳо бештар аз 10 сол бо Мирзо Турсунзо-
да дар як идора кор карда, аз ин инсони бузург бисёр чизҳоро
омӯҳтааст. Ӯро тамоми ходимони Комитет самимона дӯст ме-
доштанд. Раиси мо бисёр ran намезад, вале ҳар як сухани
кӯтоҳи ӯ маыюи амиқ дошт, вай ҳамеша ҳақиқатгӯй буд, би-
дуни риёкорй сухан мекард, сухани духӯра намегуфт.

Табиат ба Мирзо Турсунзода табассуми хирадмандонае ато
карда буд, ки он ба дили ҳар як ҳамсӯҳбат, хоҳ ӯ худй бошаду
хох бегона, хох аз кишвари дур бошаду хох наздик, хох
ҳамраъй бошаду хоҳ зидақида, роҳ меёфт.

Хотираи бисёр сафарҳоям, ки ҳамрохи Мирзо 1урсунзода

78
ба мамлакатҳои Осиё ва Африко сурат гирифта буданд,
вохӯриҳо бо ходимони давлатӣ, ходимони барҷастаи сиёсй,
деҳқонон ва коргарон, ҳарбиён ва партизанҳо бисёр зинда пе-
ши назар меояд. Вай дар ҳама ҷо ҳамчун гражданини
Иттифоқи Республикахои Советии Социалиста, фарзанди
содики Партияи Коммуниста, интернотсионалисти шӯълавар,
нақши хос ва хайрхоҳонаи худро мегузошт. Баромадҳои ӯро
дар соҳилҳои халиҷи Форс, баҳри Миёназамин, уқёнуси Ҳинд
ва баҳри Қариб ҳама шунидаанд ва пазируфтаанд.

Имрӯз садҳо суратро, ки Мирзо Турсунзода мунъакис аст,
аз назар гузаронида, мо ӯро ҳангоми сӯҳбатҳои самимона бо
Ҷамол Абдулносир, Хуари Бумидьен, Секу Туре, Сукарно,
Ҷавоҳирлол Неҳру, Фидель Кастро ва дигарон дида метаво-
нем. Мардони бузурге чун Мирзо Турсунзода марг надоранд,
онҳо аз ҳаёт ҷисман гузаранд ҳам, вале бо рӯҳи бузургашон,
бо корномаи шарифашон ҳамеша бо мо мемонанд.

Дар рӯзҳои моҳи май соли ҷорӣ дар Москва, Душанбе ва
дигар шаҳру республикахои мамлакатамон ба муносибати 25-
солагии гаъсиси Комитета Советии якдилй бо халқҳои Осиё
ва Африқо маҷлисҳои ботантана шуда гузаштанд. Ҳамаи
тадбирхои ҷашнй бо торҳои басо аёни хотираи инсоне бо но-
ми Мирзо Турсунзода алоқаманд шуданд. Дар рӯзҳои ҷашни
фархундаи 70-солагии рӯзи таваллуди ходими барҷастаи
харакати зиддиимпериалистии халқҳои Осиё ва Африқо бова-
ри мо ба он бештар гардид, ки коре, ки ӯ cap карда, тамоми
истеъдод ва эҳсоси қалби худро сарфи он намудааст, минбаъд
ҳам давом хоҳад кард ва ёди некӯи Мирзо Турсунзода ҳамчун
сарчашмаи кудрати маънавии иштирокчиёни харакати якдилй
бокй хохад монд.

79
Тошлӣ ҚУРБОНОВ

ВАССОФИ ПОМИР

Вакте ки вориди бинои Иттифоқи нависандагони Туркма-
нистои мешавед, шабеҳаҳои хеле калони шоирони номвари
совета Николай Тихонов, Бердӣ Карбобоев ва Мирзо Турсун-
30да ба сӯи кас бо назари равшан менигаранд. Дз назди ин се
марди санъатгари шаҳиру тавонои адабиёти советӣ гузаштан
осон нест. Онҳо ҳамчун паямбар гӯё бо назари борикбини худ
покии ахлоқ ва садокати ба ҳаёт доштаи ҳар шахси ба остонаи
Хонаи адибон воридшударо муқоиса мекунанд.

Оре, ҳамин тавр аст. Дар асл, инсофи нависаидагй ва граж-
данин мо ба нопокиҳо гӯтавар мешуд, агар мо номи ононе, ки
адабиёти совета аз бузургиву поктинатиашон ифтихорманд
аст, ба фаромӯш гузорем. Охир, маҳз онҳо нахусгин огарди
майдони нави адабиётамонро кашидаанд. Фақат онҳо дар
муборизаҳои барда во м тариқи инсонпарваронаи адабиётамон-
ро устувор ва дифо карданд. Ва дар бораи рӯзгори ҳар якеи
онҳо китоби бузург иншо кардан ҷоиз аст. Аммо ҳоло хоқони
онам. ки дар хусуси фарзанди шарафманди халқи бародари
тоҷик Мирзо Турсунзода сухан бигӯям.

Боги бе булбул бог нест, халқи бе шоири бузург халқи
камбағал аст. Барои хушбахтии ҳамагон, халқи тоҷик метаво-
над ифтихор кунад, ки вай дар симои Мирзо Гурсунзода чу-

нин шоири бузург дошт. .. ^

Мирзо Турсунзода дар зери ситораи бахт ба дуне омад. У
шоири сираташ зебо буд ва сураташ инчунин. Ман аз хурдсо-
лиам ӯро дӯст медоштам. У фариштаи ҷони ман буд.

Барои Мирзо назм нерӯи афсонавиро мемонд, ки \аёти мар-
дум ро боз ҳам зеботару боназокаттар мекард. Вай дар тӯли
ҳаёти пурҷӯшу хурӯшаш шодию алами халқи худро ҳамвора
дар дил дошт. Мирзо Турсунзода дили халқи худ буд. Ба халк
мехри ҷунунадое дошт. Ин мисоли иодирест вақте, ки фироқу
у меди халқ дар дили фард ғунҷоиш меёбад. Мирзо 'Гурсунзода
барин шоирон ҳамвора ва ҳама умр аз дарду аламҳо ба хаста
арзи вуҷуд мекунанд. Бипобар ин, дар кафаси синаи худ чунин

80
дили бузург доштан ва неруи тавонои онро ҳар соату ҳар
дақиқа сарфи мақсади арзандаву иаҷиб сохтан чандон осон

набуд.

Ман Турсунзодаро кай барои хештан кашф кардам? Шино-
соиям ба эҷоди им марди бузург кайҳо сурат гирифта буд,
Ҳиндустон, мамлакати пурасрору афсонавй пардадар шуд, ки
ин бозсозии асрор тавассути шеърҳои ҳассоси Мирзо дар боби
Ҳиндустон ва мардуми ин мамолик ба вуқӯъ пайваст.

Мо он вақт ҷавонони навқалами рӯҳи романтики дошта
шеърҳои ӯро бо иштиёқ ҳифз карда, азёд мехондем. Дар пеши
назари мо бӯстони асосии назм ҷилвагар мешуд, ки дар он
мамлакати бузург бо ҳама гуна рангҳои нотакрор ва тазоди
иҷтимоияш падидор буд.

Мирзо Турсунзода бо тамоми рӯҳи граждапияш, боз
ҳамчун шоири лирики нозукбаён монд. У ба онҳое, ки бесуд
дар ҷустани шаклҳои нави шеър омода мегарданд, равшан со-
бит намуд, ки чй тавр шаклҳои адабии адабиёти классикиа-
монро бо забони шоирона ба риштаи тасвир мебояд кашид. Ва
инчунин ӯ комилан исбот кард, ки рӯ гардонидан аз шаклҳои
шеъри адабиёти Шарк кори нангин ва беэътиборест.

Эҷодиёти Мирзо Турсунзода давоми анъанаи қонунии
забарқудратони назм — Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём аст. Дар
айни замон Мирзо навовар ва ислоҳотгари бузург мебошад.
Зеро ӯ беҳтар аз дигарон анъанаҳои қадимаю хубтарини назми
Шаркро идома дод, дар ҳамон шаклҳои атиқаи адабй
мазмунҳои бикру обуранги бадеии тоза, оҳанги хоссаи
ҳақиқати қаёти сотсиалистиро гунҷоиш дод.

Мирзо Турсунзода ҳамчун интернатсионалисти бузург дар
Комитета якдилии нависандагони Осиё ва Африқо нақши бе-
газанде боқӣ гузошт. Овози шунавои ӯ ҳамчун мунодии
хакиқат ва гуманизм дар бисёр маҷлисгоҳҳо ва толорҳои ка-
лони мамлакагҳои ҷаҳон баланд садо дод, ин овозро
фаллоҳони Миср, барзгарони Ҳиндустон, киштисозони Мар-
сел ва моҳидорони Аден шунидаанд. Онҳо ӯро медонистанд,
асарҳояшро мехонданду дӯсташ медоштанд.

Хушбахтона, ба ман муяссар гардид, ки борҳо дар пленуми
правлениям Иттифоқи нависандагони СССР, дар маҷлисҳо ва

8,1
умуман дар сари як пиёла чой бо вай нишаста сӯҳбаташро
шунавам. Вай бо соддагй, фарохии назар бисер масъалаҳои
ҷиддиро, ки ба назари май хеле мураккаб метофтанд, ба осонй
ҳал мекард ва ин хислати ӯ маро ба хайрат меовард. Май ҳеҷ
гох падидаам, ки Мирзо ба ҳамсӯҳбаташ сухани баланд гуфта,
одоби муоширатро бурида бошад. Мо медонистем, ки Мирзо
Турсунзода солҳои охир бемори вазнин буд, вале ӯ дар ҳама
гуна холатҳо ба касе аз дарди худ лаб накушодааст. Баръакс, ӯ
моро батафсил аз бардамиамон ва кору эҷодамон мепурсид.
Мирзо борҳо ба ман гуфта буд, ки мероси «бародарам»-ро
омӯзед, ӯ Бердй Карбобоевро хамин тавр меномид, таҷрибаи
бузург ва гании оқсақоли адабиётамонро қадршиносӣ кунед.
Ҳамин гуна одамон, монанди устод Мирзо Турсунзода хеҷ гах
намемиранд. Онҳо монанди абадият хамеша ҳамрохи моанд.

82
Серо ХОНЗОДЯИ

ВОХӮРЙ БО МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Дӯсти азиз, Мӯъмин Қаноат! Чунин воқеъ шуд, ки тамоми ин
мох фикру ёди ман ба дӯстони тоҷикам банд буд. Ва ман аз ин
хеле ифтихор дорам. Қабл аз ин дӯсти меҳрубонам Сергей Ба-
руздин ба ман номае фиристода хохиш мекард: «Чун анъана
нусхаи романи «Мхитар Спарапет»-ро бо хоҳишу дархостҳои
нек барои Норак, ки мо хам вобастагй дорем, фиристонед». Ман
хамоно китобро бо соядасти зер равон кардам: «Ба китобхонаи
интернатсионалии Баруздин «Дружба народов» дар Нораки
шӯхратёр, аз ҳамкори деринаи...». Ба фикрам китоб аллакай ба
Норак расидааст. Пекин ману Норак шиносони деринаем.

Бинобар ин, дӯсти азиз, ман хотирахоямро дар бораи Мирзо
Турсунзодаи мехрубон бо камоли мамнуният мефиристам.

Эхтимол ин хотирахо чандон анъанавй набошанд, аммо чй
илоҷ, баъзан аз анъанахо хам гузашт кардан лозим меояд. Зеро
хотираҳои ғайриоддӣ хам хотираанд.

Ман даф гари хотиротамро варақ гардондам ва маълум шуд,
ки як қисмати он ба Гоҷикйстон бахшида шудааст.

Ман ба диёри нозанини шумо бори нахуст соли 1954
меҳмон туда будам ва ифтихор доштам, ки аз минбари
анҷуман нависандагони тоҷикро аз номи адибони Арманистон
табрик гӯям.

Аз ин рӯ тамоми ин мох фикру ёдам ҳамрохи Тоҷикистон
буд ва гуё худам низ тоҷик шудам (чй ҷои тааҷҷуб, охир авло-
дони қадимии мо хешу таборанд). Ва инак, ман аз сеюми моҳи
июл аз номи шумо мактуб гирифтам: «Мо огах хастем, ки
шумо бо Мирзо Турсунзода хам дар ҷабхаи эҷодӣ ва ҳам дар
зиндагӣ дӯстони ҷониед». Барои ин суханон ҳазорон ташак-
кур, дӯстони азиз. Оре, мо бо Мирзо Турсунзода дӯстони ҷонӣ
будем. Ва бисёр афсӯс мехӯрам, ки ҳоло ӯ хамрохи мо нест.
Март боз як марди фозилро аз сафхои мо даррабуд. Ва холо
ман дар бораи ӯ хотирахоямро менависам, харчанд ки аз ӯ
ҳамагӣ чор сол хурдтар ҳастам (соли таваллуди ман 1915).
Ғамангез аст. Аммо гаму андӯх хам ифтихор дорад. Ман аз он
ифтихор дорам, ки хозир хам Мирзо Турсуновичро дар
пахлӯям мебинам.

83
Мӯъминҷон! Вақте ки ман соли 1954 меҳмони Гоҷикисгон
будам, ба фикрам, шумо донишҷӯ будед. Мирзо Турсунович
ба ман гуфт:

- Ба ин ҷавон зеҳн мон, ояндаи дурахшон дорад.

- Вай куҷоист! - пурсидам ман. - Аз кӯҳистони Бадахшон.

Дар ин вакт ман суханони Сайёди Наворо ёдовар шудам, ки

вай маҳбубаашро «Ту лаъли Бадахшони ман» гуфтааст. Мирзо
аз ман шарҳи маънй пурсид. Ман ҷавоб додам, ки Сайёди На-
во, донишмаиди ҳусну зебоӣ маҳбубаашро ба лаъли Бадахшон
мушобеҳ кардааст.

Бори дуюм ба Душанбе соли 1974 омадам. Албатта ман
ҳамоно ба назди дӯсти меҳрубонам Мирзо Турсунович равон
шудам. Маълум шуд, ки вай саҳл нотоб будааст. Ҳа, нотоб,
хаёлам, ки дар шахси ӯ назми Шарқ бемор буд. Чӣ хел
гамангез... Ман ба Мирзо Турсунович гуфтам, ки биеёр
шеърҳояш ба забони арманй тарчума шудаанд.

- Кй тарҷума кард?

-Силва Капутикян. Вааган Карени, Сергей Умарян.

- Тарҷума чй хел?

- Ба фикрам бад не, - ҷавоб додам ман. Албатта агар шои-
рони мо забони форсиро медонистанд, тарчума боз ҳам хубтар
мебаромад. Ман дубайтиеро ёдовар шудам, ки Мирзо Турсу-
нович онро дар яке аз шеърҳояш ҳамчун эпиграф овардааст ва
Умарян ба забони арманй гардонидааст. Дубайтй чунон саҳеҳ
тарчума туда буд, ки ман онро бо забони буррои худам хон-
дам. Ана он дубайтй:

Сари сарчаиша рафтам ман ба вақте
Ба оби дида бипшопдам дарахте.

Шамол омад дарахтам решакан шуд,

Мани мискин наборам ҳеҷ бахте.

Мирзо Турсунзода ба ин дубайтй ва давоми шеърхонии ман

гӯш до да, баъд гуфт:

- Ҳа, ин овози ман, аз оҳангаш эҳсос мекунам. Охир, забо-
ни шумо ,\ам ба дили ман наздик аст.

Назм ва гражданият - дӯстоии деринаанд ва яке бе дигаре
мисли гул бе гулбарг зиста наметавонад. Дар назми Турсунзо-
да ман ин ҳамбастагии сурурбахшро кайхо дарк карда будам.

84
Дар назари аввал гӯё онҳо бо ҳамдигар ҳеҷ ҳамбастагӣ надо-
ранд. Аммо ин нодуруст аст. Ҳаёту мамоги ин ду мафхум ба
ҳамдигар сахт марбутанд.

Ман дили Мирзо Турсунзодаро ба тапишҳои беқарори дили
Шарқ нисбат медиҳам. Бале, маҳз ба Шарқи бузурги риёзат-
каш ва офаридгори назми бузург. Дар ҳастии Мирзо тапиши
дили вақтро мебинам.

Ӯ тамоми дунёро на фақат ҳамчун сайёҳ, балки ҳамчун шо-
ир давр зада баромад. Овози ӯро дар хама ҷо, хам дар кулбаи
ҳиндй ва ҳам дар завраки моҳигири испонй мешунаванд.,

Ҳар бори ба Тоҷикистон омаданам маро назм истиқбол ме-
гирад. Ва дар ин лаҳзаҳо гумон мебарам, ки бо ман аҷаб
ҳолате рӯй медиҳад. Сабаби ба ин ҳол гирифтор шуданам
эҳтимол ё аз гармои гоқатшикан ё худ аз тобишҳои қадимии
ин сарзамин бошад.

Мо бо Мирзо Турсунзода дар Москва, Ленинград, Ереван
ва дар Тошкент бисёрҳо вохӯрдаем. Боре Мирзо ба ман гуфта
буд, ки замоне забони ӯ дарй ё худ форсй будааст. Ҳамон вақт
ман ба ӯ нақл кардам, ки ашугҳои кӯҳистони мо забони фор-
сиро бисёр дӯст медоштанд ва соҳибистеъдод будани онон аз
забони форсиро хуб донистанашон маълум карда мешуд.

Мирзо Турсунович ба ман гуфт, ки дар байпи фолклори за-
бони тоҷикӣ ва арманй қаробати маънавй ҳаст. Ман ҷавоб до-
дам, ки назарияи шеъргӯии шумо шарқӣ эронист, аз они мо
бошад соф ба забони арманй, харчанд, ки он ба забони гарбии
эронй ҳамбасгагӣ дорад ва сарчашмаи ин хамбастагии тара-
файнро аз асрҳои миёна не, балки аз умқи асрҳо, яъне ҳазор
сол қабл аз ахди нав ҷустан лозим аст.

Мо дар бораи он харобиҳое, ки Чингизхон ва Темури Ланг
ба сари халқҳои мо оварданд ва дар хусуси муборизаи якҷояи
халқҳоямон зидди арабҳои истилогар сӯхбат мекардем. Мах-
сусан тохту тороҷи туркҳо ба Тоҷикистон, Эрон ва
Озарбойҷон, ки ҳанӯз ҳам мо «шарбати» онро мечашем,
даҳшатовар буд.

Вақте ки ҳар дуй мо дар байни қаҳрамони афсонавии тоҷик
Каюмарс ва қаҳрамони арманй Мгер, ки орзуяшон ба инсон
озодй ва равшанй бахшидан буд, алоқамандии маънавй меёф-
тем, ниҳоят хурсанд мешудем. Дар Авесто гуфта мешавад, ки
замин — модар, осмон — падар аст. Сайёди Наво хам дар

85
шеърҳояш хамим тавр гуфтааст. Ахмади Девбанди шумо ва
Вишапакан Вааги мо ба ҳам бародаранд. Олиҷаноб!

Мо ҳамроҳи Мирзо Турсунзода ҷаҳд мекардем, ки дар за-
бои низ калимахои ба хам монанд ёбем. Масалан: намак-намэ,
матин-матян, ҳикоят-хекят... Вақте мо чунин калимаҳои мо-
нандро пайдо мекардем, ниҳоят хурсанд мешудем. Бисер хур-
санд мешудем. Боре Мирзо ба май гуфт:

-Фамилияи ту ҳам қарибтоҷикист.

- Албатта, охир мо бо хам бародарем.

Май боз аз он хушнуд будам, ки Мирзо-ака бо шоири ди-
гари тоҷик Мирсаид Миршакар дӯстони бисер хуб буданд.

Соли 1954 ман хамрохи Мирзо Турсунзода ва дигар
дӯстони тоҷик мақбараи Садриддин Айниро, ки чанд моҳ қабл
аз олам чашм пӯшида буд, зиёрат кардем. Мирзо гуфт:

- Мо бе падар мондем.

Ман хушбахтам, ки дар гарҷумаи китоби-бисёр аҷиби Айнй
«Бухоро» ба хамдиёронам кӯмак кардаам.

Мирзо ба ман гуфт, ки худаш ҳам шеърҳои чандин шоиро-
ни моро тарҷума кардааст.

Мирзо-ака дар бораи ячейкахои комсомолӣ, ки онҳоро на-
висандагони советии тоҷик Деҳотӣ, Улугзода ва Миршакар
ташкил кардаанд, ҳикоят мекард...

- Он вақт ман ҳамаги нуздаҳ-бистсола будам ва мо барои
ҳаёти нав па танҳо бо шеър мубориза мебурдем...

На танхо бо шеър...

Боре Фотеҳ Ниёзй ба ман гуфт:

- Ман медонам, ки шумо дар ҷанг будед. Ман ҳам

будам. ЁДдоред, он вақт шеърҳои Мирзои мо чи сон баланд
садо медоданд?

Ман достони Турсунзода «Писари Ватан»-ро ёдовар шуда-
ам, ки порчахои алоҳидаи онро бори нахуст дар хандақҳо
хонда будам. Хаёлам, ки ба сафҳои мо қуввахои нав фиристо-
да бошанд.

Турсунзода мӯи гулии мавҷнок дошт, ки ба ӯ на танҳо ме-
зебид, балки ба чехраи нуронии вай тобиши махсус мебахшид.
Вай муҷассамаи афкор ва шеър буд... Ҳамеша ман ӯро барои
ба депутати Совети Олии СССР интихоб шуданаш, сазовори
Мукофоти Ленинй ва Мукофоти ба номи Неҳру гаштанаш ва

86
барои Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистй шуданаш бо
шодмонй табрик мегуфтам.

Боре ӯ аз ман пурсид:

- Падари ту кӣ буд?

- Хаткашони деҳа.

- Бисёр нагз. Падари ман дуредгар буд. Ҳар ду ҳам ҳунари
хубанд.

Назми Мирзо Турсунзода ҳам назми классикии Шарқ ва
ҳам эҷодиёти халқро таҷассум кардааст. Барои ҳамин хам ваи
бисёр баланд ва инсондӯстона садо медиҳад.

- «Хусрав ва Ширин»-ро ёд дорӣ? - пурсид ӯ аз ман.

- Албатта. Ҳоли Хусрав бе ин арманидухтари соҳибҷамол
табоҳ мебуд.

- Бе зебоӣ ҳаёт чӣ маънй дорад?

Вай донишманди бузурги Шарқ буд. Ӯ як по дар Шарқ, пои
дигар дар замини Аврупо меистод. Ин бисёр олиҷаноб аст.

Бори нахуст ба Тоҷикистон парвоз мекардам. Моҳи август,
ҳавои Ереван ниҳоят гарм буд. Хдмроҳи ман дӯстам Абиг
Авакян парвоз мекард ва мо ба худ мегуфтем:

«Дар Душанбе ҳаво чй хел гарм бошад!» Ҳангоме ки мо
дар фазой биёбонҳои назди баҳри Каспий парвоз мекардем, ба
даҳшат афтодем. Дар Душанбе гармои тоқатшикан оуд. Мир-
зо-ака гуфт:

- Бештар чои кабуд нӯшед, бе қанд, оби ин ҷо оби Ереван
барин не.

- Ман чойро дӯст намедорам, - гуфтам ман, - шояд барои
шикастани ташнагӣ тарбуз хӯрем?

- Тарбуз ҳам бад не.

Ман пурейдам.

- Помирро тамошо кардан имкон дорад?

- Ҳозир не. Ҳаво бисёр губоролуд аст, ягон самолёт ба он
ҷо парвоз намекунад.

Ҳамин тавр ман Боми Ҷаҳон — Помирро надидам. Мирзо-
ака маро бо як арманй шинос кард.

- Ин кас худой сохтмони моянд.

Дар назди ман марди қадпасги деҳқоннамо Вагаршак
Ҷаводович Карамяни арманй, вазири сохтмон меистод. У ав-
валин роҳи оҳани Тошкент - Ленинобод ва то Боми ҷаҳон
роҳи мошингард сохтааст.

87
- Мо ҳамайшро аз нав cap кардем, - гуфт Турсунзода, - Ва-
гаршак Ҷаводович ба мо бисер ёрй дод.

Вакте ман фаҳмидам, ки Карамяи ҳамдиёри ман, аз деҳаи
Ходзор аст, дар Тоҷикистон камол ёфта бошад ҳам, бисёр иф-
тихор доштам. Чанд сол баъд Турсунзода бо андӯҳ ба ман ха-
бар дод, ки он одами хуб аз олам даргузаштааст.

Дар Тоҷикистон Мирзо ҳар гоҳ мепурсид:

- Хайр/тйшнагй азоб намедиҳад?

' - Эҳ напурсед.

- Имрӯз ман бароятон тарбузқои махсус мефиристам.

- Фақат хурд бошанд, илтимос ака, хурди хурд бошанд.

- Барой чй хурд? - хандид Турсунзода.

Ман чй гуфтанамро надониста, фақат якравй карда мегуф-
там, ки «аз ҳама хурдаш» бошад.

Бегоҳӣ Турсунзода тарбузҳои ваъдагиашро фиристод, онҳо
чунон хурд буданд, ки ман яктоашро ҳам бардошта натавони-
стам. Дар тарозу кашидам, ки ҳар кадоме 18 килограмМй вазн
дошт. ; '

Як бегоҳй Мирзо маро даъват кард, ки чойро дар «кӯча»
менӯшем. Ҳамон вақт Душанбе, агар хато накунам, як кӯчаи
дарозе дошт, ки аз ду канораш дарахтони сарбафалак қад ка-
шида буданд, (ба ҳар ҳол дар хотири ман ҳамин хел мондааст).
Мо дар чойхонае болои қолинҳо менишастем ва чй аҷаб, ки
ман ва Абиг ба одамони таҳҷой монанд будан мехостем. Дар
болои кати дигаре даҳ-понздаҳ тоҷик нишаста, ба майли хотир
сӯҳбат мекарданд. Чи одамони наҷибе буданд онҳо!
Чеҳраҳояшон тозаю меҳрубон ва нигоҳашон тамом осуда буд.
Онҳо ба дунё хушнудона ва бе қеҷ гуна кину адоват, ки замо-
не хонзодаҳо доштанд, дида медӯхтанд.

Рафтору кирдори онҳо бисёр самимй, меҳрубонона ва ба
дилу дида наздик аст, дар ниҳодашон заррае гаразу такаббур
нест. Ҳамроҳи онҳо бачаи ёздаҳ-дувоздаҳсолае низ нишаста
буд. Вай ҳам мисли калонсолон дар тан ҷомаимиллй дошт. Ин
маро бисёр мутаассир кард. Яке аз калонсолон ҳарф мезад.
Дигарон бо диққат ва эҳтироми зиёд гӯш мекарданд. Баъд ба-
ча хам ба суҳбат ҳамроҳ шуд. Ва ман аз дил гузарондам, ки ба
сӯҳбати калонсолон ҳамроҳ шудани ӯ аз рӯи одоб набуд.Не,
не! Вакте дидам, ки калонсолон чи гуна бо диққат ӯро гӯш
мекунанд, ба тамом ҳайрон шудам. Олиҷаноб!

88
Абиг Авакян як шеъри Ҳофизро ба забоин форси хонд.
Ҳама бо хушнудй cap меҷунбонданд ва ҳайрон мешуданд, ки

ин арманй забони моро медонад.

Ҳамон вақтҳо Иттифоқи нависандагони 1оҷикистон сию як
нафар аъзо ва дах нафар номзад ба аъзогй дошт. Раиси он ал-
багга Мирзо-ака буд. Платон Воронкой украин худро ба
о ту ши Карамян партофта гуфт:

- Устоди ман!

Мирзо-ака ба ман фаҳмонд, ки Воронко дар сохгмони рохи
Помир дар таҳи дасти Карамян кор мскардааст. Сони илова
кард.

- Воронко ҳаёти моро хуб медонад...

Рӯзе як марди тоҷик назди мо омада, боодоб таъзим кард ва
ману Абигро ба меҳмонй хонд:

- Ман Ғаффорӣ, устои заргарам, ҳамсарам, ҳамдиёри шу-
мост, илтимос, рад накунед....

Мо розй шудем ва аз Мирзо-ака хоҳиш кардем, ки хамрохи
мо бошед.

- Ман Ғаффориро мешиносам, вай ҷони одам аст. Аммо
рафта наметавонам. Имрӯз кори мухим дорам, — гуфт Мирзо.

Ҳавлии Ғаффорӣ серуну барҳаво буд ва хавзи хурдакаке
дошт. Моро ҳамсари ӯ пешвоз мегирад ва бо забони... арманй:

- Марҳамат, дароед, - мегӯяд.

- Шумо аз куҷо мешавед? - мепурсам ман.

- Аз Зангезур.

- Наход? Аз кадом деха?

- Аз Хидзор.

- Бовар намеку нам! Аз кадом авлод?

Инро бинед, ки ман боз дар миёни хамдиёрони худ аф го-
дам. Моро бисёр хуб меҳмондорй карданд. нисарони 1 аффори
ва хамсараш Ануш ба мо шеърхои Мирзо-акаро хонданд.

* * *

Болотар қайд кардам, ки баъди бист сол ман боз ба Душан-
бе омадам. Ҳа, хамон вақт ба Мирзо Турсунзода душвор буд,
вай беморй мекашид. Устод ба мо шаҳрро тамошо дод, ки га-
мом шукӯҳу равнақи шинохтанашаванда ёфтааст. Вай Душан-
беро ба ҷон баробар дӯст медошт. Дехаи замоне нообод акиун

89
ба як шаҳри калони ҳозиразамон табдил ёфта буд. Борҳо дар
чашмоии Мирзо ашк халка задааст.

- Мо ҳамаашро аз дигар сохтем.

Ва ман шеъри ӯро дар васфи Тоҷикистон ба ёд овардам.

Аз оби ту ҳар касе ки пӯшид,

Дар роҳи ту содщопа кӯшид...

Оҳ, чй қадар ҳақиқат аст дар ин суханон! Замини
Тоҷикистон бисёр зебост, вале назм онро зиёда зебою азизтар
медорад!

Мирзо-ака борҳо номи ҳамдиёроии маро, ки дар мубориза
барои барқарор намудани Ҳокимияти Советй дар Тоҷикистон
иштирок кардаанд, ёдовар шудааст. Инҳо лашкаркашони
машҳури Армиям Сурх Мелкумян, Саакян, Абрамян, Саруха-
нян, Тониян, Қаҳрамони Иттифоқи Советй Персегян (Парсе-
гов) ва дигарон мебошанд.

Инак, вақте ман ба Норак омадам, ба ин сохтмони азамати
мамлакат, ки бо хуну арақи ҷабини авлодонамон ва дӯстони
имрӯзаамон бунёд шудааст, бо ифтихор менигарам. Ва ба ман
чунин менамояд, ки садои рӯҳпарвари Норак садои назм, са-
дом абадзиндаи дӯсти ҷонию ҷовидонии ман Мирзо Турсун-
зода аст.

Зеро ба хдма маълум аст, ки садом назм ва дарёҳо асрҳои
аср қатъ нахоҳанд гашт.

90
Иосиф БРАГИНСКИМ

ДАР БОРАИ ЯК МАКТУБ

Дар поён мактубе дарч мешавад, ки ман аз дӯсти
фаромӯшинопазири худ Мирзо Турсунзода гирифтаам. Ба на-
зар як мактуби оддй, вале чӣ қадар маънодор ва дар бораи чи
қадар масъалаҳо ran мезанад ва хондами он чи гуна чушу
ғалаёни хотираҳоро ба амал меоварад.

Ин макгуб ба калами Мирзо Турсунзода хеле характернок
мебошад ва ман як ибораи машҳури Максим I оркийро (дар
мақолаҳои вай оид ба Ленин) бо андак тагир дар ин чо зикр
кардан мехоҳам: «Вуҷуди нависанда чун моҳй дар пулакчаҳо
саропо дар каломи худи ӯст».

Дар ин мактуб ҳар як калима вазндор буда, олами маънавии
нависандаи хеле олитабиат ва гӯё зиндаи онро баён менамояд.
Бо вуҷуди гузашти солҳо дар ин мактуб хар як калима барои
ман пурбаҳост. Аз калимаҳои аввалини хитобй бар ман, аз \ар
як сатри ин мактуб чашмони тобон, андешанок, хаёломез ва
меҳрубони дӯстам ба ман менигаранд.ы

Дар бораи баъзе хотироте, ки бо ин мактуб алоқаманд ме-
бошанд, дар ин ҷо ran задан мехоҳам.

* * *

Шиносоии бевосита ва шахсии мо аз соли 1936, аз соли ав-
вали панч соли ояндае, ки ман дар Комитета Марказии КП(б)
Точикистон кор мекардам, cap мешавад. (Дар он чо ман аз соли
1938 дар вазифаи мудирии шӯъбаи пропаганда ва агитация ва
дар айни замон муҳаррири масъули аввалин нашрияи партиявй
дар забони тоҷикй «Ба ёрии коркуни партиявй» ҳоло «Комму-
нисти Точикистон» кор кардаам). Мирзо Турсунзода он вақтҳо
хеле чавон, нависандаи навкор ва яке аз истеъдодноктарин на-
мояндагони наели комсомолии адабиёти точик буд, ки баъдҳо
«Гвардияи чавон»-и адабиёти советии точик номида мешу-
данд. Ӯ аз аввалин кадамҳои эчодиаш бо қобилияти шеърии
худ аз дигарон фарк карда меистод ва ҳангоми мулоқота авва-
линамон роҳбари кружоки нависандагони чавон дар назди газе-
там «Точикистони Сурх» буд ва маҳз бо масъалаҳои оид ба ин
кружок ба КМ омада буд.

Дар ман чй таассуроти дилрабо ва чаззоб боқи гузоштани ин

91
ҷавони марғуламӯй, зиндадил, пуртавозӯъ ва хушгуфтор, ки
назар ба синну соли худ ҷавоитар менамуд, то ба қол дар хоти-
рам боқист.

Ба назарам чунон мерасид, ки вай дар ҳамин қарибиҳо
пойбараҳна дар қишлоқ медавида, лекин қоло чй қадар пухта-
гии муҳокимаҳо, чй қадар мадаиияти ботинӣ, чӣ қадар вусъати
назар, чӣ қадар ҳисси нозукӣ ва то чӣ андоза дарки анъанаҳои
назми классикии тоҷик дар вай зоҳир мегардад.

Дар воқеъ ҳам ӯ давраи бачагӣ ва аввали овони ҷавонии
худро дар қишлоқ гузароиида буд. Вале гуфтан лозим аст, ки
на дар як қишлоқи оддии онвақта. Зодгоҳи шоир - мулки
Ҳисор, ки то инқилоб «Ҳисори шодмон» ҳам номида мешуд,
хусусан деҳаи таваллудёфтааш Қаротог аз айёми қадим
нигаҳдорандаи анъанаҳои некӯи шоирона будааст. Дар
Қаротоғ мадрасае низ вуҷуд доштааст, ки инҳо, албатта, ба
муҳити мадание, ки шоири ҷавон дар он ба воя мерасид, бе-
таъсир набудаанд. Истеъдоди баланди вай бо хамирмояи анъ-
анаи шарафноки шеърият парвариш ёфтааст, ки истеъдоди бу-
зурги навиофарини вайро дарбанд накарда, балки ба он парво-
зу илҳом бахшидааст. Ин дар аввалин шиносоиам бо эҷодиёти
Мирзо Турсунзода ҳис карда мешуд ва дар тамоми
офаридаҳои баъдинаи вай зоҳир мегашт.

...Баргардем, бар сари матлаб. Дар он рӯзҳо вай ҷавонии
ҷозибанокс дошт, ман аз вай шаш сол калонтар будам ва дар он
солҳо чунин фарқ дар синну сол хеле калон ба назар мерасид.
Ман нисбат ба вай корманди солдида ва пуртаҷрибае будам, ки
ба зиммаам ҷавобгарии адабиёти ҷавон, тарбияи наели ҷавони
нависандагон ниҳода шуда буд. Ташкилоти партиявии
Тоҷикистон дар ин рох кори бузурге мебурд, ки мубориза (бо
таъбири онрӯза) барои «ҳаққи халқи тоҷик ба мероси классики»
ва инчунин як ришта чорабиниҳо бароӣ ба ҳам наздик кардани
забони адабй ва забони умумии гуфтугӯӣ, пеш бурдани
танкиди адабй ва ба миён гузоштани масъалаҳои реализми
сотсиалистӣ, омӯхтани фолклор ва ҳоказо аз он ҷумла буданд.

Бо роҳбарии устод Айнй коллективи калони нависандагони
тоҷик ба муносибати ҷашни даҳсоагии республика ба тайёр
кардани тазкирае машгул буд, ки он ба номи «Намунақои ада-
биёти тоҷик» нашр гардидааст ва аз тарафи Иттифоқи нависан-
дагони Тоҷикистон навиштани муқаддимаи он ба ман супурда
шуда буд. Дар он рӯзҳо ба гузаронидани даҳаи аввали адабиёти

92
тоҷик дар Москва, апрели соли 1941, тайёрй мерафт, ки дар он
аввалин операи тоҷик «Шӯриши Восеъ» ба намоиш гузошта
шуд, ки либреттои онро Мирзо Турсунзода бо дӯсти наздики
худ Абдусалом Деҳотӣ навишта буданд.

Дар тамоми ин кори коллективй Мирзо Турсунзода фаъоло-
на иштирок дошт. Ӯ бисер, аз сидқи дил, эҷодкорона, кувваи
худро дареғ надошта, бе худнамоӣ ва изҳори бартарй бар
рафиқон кор мекард, дар сурате, ки қанӯз дар ҳамон рӯзҳо ис-
теъдоди баланди вай ҳис карда мешуд ва ин диққати устодони
адабиёт- Айнй ва Лохутиро ба худ ҷалб карда буд.

Дар он рӯзхо ба ман борҳо бо Мирзо Турсунзода вохӯрдан,
дар бораи баъзе масъалаҳо, гоҳо масъалаҳои хеле мураккаб оид
ба адабиётшиносй ва таърих гуфтугӯ кардан лозим меомад. Ин
корҳо моро хеле ба ҳамдигар наздик мекарданд. Мо бо ҳам
дӯст шудем, дар байни мо ҳамфикрӣ ва дӯстии ҳакиқии баро-
дарона, махсусан бародаронае ба вуҷуд омад, зеро хис мекар-
дам, ки Мирзоро хамчун бародари хурдй, на аз ҷиҳати дониш,
балки чунон ки дар хонавода «укахо»ро дӯст медоранд, дуст
доштаам.

Аз ҷиҳати савияи илмӣ-адабӣ бошад, хамчун яке аз
эҷодкорони адабиёти бадей мушкил ва печ дар печтарин
масъалаҳои адабиёти тоҷикро чӣ қадар дуруст фаҳмидани ӯро
ва ба мисдоқи масали тоҷикй «заргари заршиноси ҳақиқӣ» бу-
дани вайро ҳис мекардам. Вале Мирзо бе ҳеҷ худнамой, хеле бо
тавозӯъ ва фурӯтанӣ ба ман хамчун бузургтар, чӣ аз ҷихати сол
ва чй аз ҷихати мавқеи корй менигарист ва хатто хамчун ба
«муаллим» рафтор мекард.

Вале ба ман дар он рӯзҳо ҳам аён буд, ки дар сояи қобилияти
ба воя расидаи худ ӯ асрори назми классикиро нисбат ба ман
хеле нозуконатар пай мебарад ва аз вай бисёр чизхоро омӯхтан
ба ман завқи зиёде мебахшид. Боре ман чй шуд, ки ин муноси-
бати худро рӯирост ба вай изхор кардам, дар чеҳрааш табассу-
ми дилкаши хиҷолагмандонае пайдо гашт ва гуфт: «Не, не, му-
аллими ҳамаи мо устод Айнист, ман куҷову муаллимӣ куҷо?
Шогирди хуб шудан хам ба ман кофист».

Муносибат ва дӯстии мо торафт самимй ва пурэхсос мегар-
дид. Ман шӯхиёна як байта суруди халқиро: «Биё бирем ба
гулчаман, Мирзои ман, Мирзои ман»-ро мехондам ва ӯ маро
Юсуф номида, мисраи машхури Ҳофиз «Юсуфи гумгашта боз
ояд ба Кантон, гам махӯр»-ро мехонд.

93
Солхо баъд, дар солҳои 60-ум Мирзо як маҷмуаи ашъори
худро ба мая ба ёдгорй тақдим кард, ки дар он навишта буд:
«Поэзия моро ба ҳамдигар мепайвандад». У дар ин маврид
мувофиқи эзохи худаш кори якҷояи моро дар адабиётшиносй,
аз ҷумла адабиёти тоҷик ва хусусан назми классик ва зимнан
шӯхихои мо дар бораи «Мирзо» ва «Юсуф»—ро дар назар дош-
та буд.

Дар бораи Мирзо Турсунзода бисёр чизҳо гуфтан ва на-
виштаи мумкин аст. Ӯ чунон як шахсияти барҷасза, мураккаб,
иҳогаи назараш васее буд, ки дар бораи як ҷиҳати хоси табиа-
таш, дар бораи рӯҳи интернатсионалии вай, принсипнокии
вай, дар бораи садоқаташ дар дӯстй, дар бораи дар шахсйвай
ба ҳам пайвастани эҷодкории поэтики ва фаъолияги сиёсй ва
боз ҷиҳатҳои зиёди дигар мақолаҳои чудогона навиштан мум-
кин аст.

Май дар бораи интернатсионализм дар эҷодиёти ваи
мақолаи ҷудогонае дорам, ки дар маҷмӯаи мақолаҳоям «Иссле-
дования по таджикской културе» нашр шудааст.

Ҳоло бо макзубе, ки дар поён дарҷ шудааст, баргашта, ба ин
муносибат ба масьалаи принципнокии вай истодан мехохам.^

Пеш аз он, ки ба нақли фикрҳои хеле ҷолиби таваҷҷӯхи
Мирзо Турсунзода дар ин мактӯб гузарам, дар бораи ду хисла-
ти хеле мухимми характери вай чанд сухан гуфтан мехоҳам.

Якум. Соли 1972 буд. Мирзо Турсунзода дар Москва ҳамчун
рохбари ташкилоти нависандагони Тоҷикистон ба май
муроҷиат карда гуфт: «Ба шумо хамчун узви ташкилоти нави-
сандагон қарори котиботи моро хабар медихам. Солгарди
зодрӯзи С. Айнй наздик мешавад. Хеле хуб мешуд, агар шумо
барои нашр дар республика китоби наве дар бораи Садриддин
Айнй менавиштед.» Ман розй шуда, ба кор cap кардам ва дар
мӯхдати муайяншуда дастнависро ба Душанбе фирисгодам ва
хоҳиш кардам, ки мухарририи онро Мирзо Турсунзода ба зим-
ма гирад. Ӯ ин хоҳиши маро қатьан рад кард ва сабаби инро
вақти мулоқот ба ман фаҳмонд: «Ман шоирам ва шумо
мунаққиди адабй ва адабиётшиносе, ки солхои зиёд бо
омӯхтани эҷодиёти устод машгул мебошед. Муҳаррир шудан
ба китоби шумо ба ман шоиста нест ва ман инро ба ухда наме-
гирам, вале китобро бо майли тамом хонда, мулохиза ва
маслихатҳои худамро бо шумо ба миён гузошта метавонам.

Тамоми кӯшишхои ман дар қабулонидани ин хохиши худ

94
самаре набахшиданд. Ин «маслиҳатҳои хонанда», ки маро аз
нав ба кор карда баромадани матни аввалини дастнависам во-
доштанд, (китоб дар таҳти унвони «Проблемаҳои асосии
эҷодиёти С. Айнй» нашр шуд) дар воқеъ қайд, эрод ва
тавсияҳои ҷиддии муҳарриронае буданд. Дар ин маврид беҳтар
аз хонандае ҳамчун Мирзо Турсунзода ба ман муҳаррир даркор
набуд ва буда наметавонист.

Дуюм. Мирзо Турсунзода эродҳои худро, ки онҳо ҳам харак-
тери принсипиалӣ доштанд, ба мисдоқи масали қадимӣ: «Афло-
тун дӯсти ман, Арасту дӯсти ман, лекин ҳақиқат дӯсттарин дӯсти
ман мебошад», рӯирост ва сидқан баён карда буд.

Ӯ дар дӯстй сод и к, устувор ва принсипиал буда, ҳаргиз аз
қақиқат чашм намепӯшид ва ҳамеша ин ҷиҳатро дар назар
дошт, ки танқидшавандаро наранҷондан, ба иззати нафси
инсонй ва муаллифии вай нарасидан лозим буд.

Вақти хондани ин мактуб ин ақидаи кас боз ҳам қувват ме-
гирад, ки дар шахсияти Мирзо Турсунзода росткории
принципиалй бо назокат ва одоб то чй андоза бо хам
мувофиқат доштааст.

Аз эродҳои Мирзо Турсунзода фақат ба се лаҳза истода ме-
ту зарам. (Дар ин ҷо мулоҳизаҳои вайро дар аснои сӯҳбати мо
дар ин бора низ ба эътибор мегирам).

1. Ҳаёт ва эҷодиётинависандаро ба таври алохдда, берун аз
муҳити иҷтнмоии вай омӯхтан мумкин пест. Нависанда фарзанд
ва садои халқ аст. Нависанда ҳар қадар истеъдодноктар бошад,
ҳамбастагии вай бо оммаи мардум хамом қадар мустаҳкамтар ва
алоқааш бо муҳит ба ҳамон андоза наздиктар мебошад.

2. Фаъолияти эҷодии нависандаро аз фаъолияти ҷамъияташ
ҷудо кардан мумкин нест. Махз дар тавофуқи ин ду маврид на-
висанда ҳамчун инсон манзури назар мегардад ва мохияти
шахсияти вай аён намоён мешавад.

3. Дар бораи чунин як таланта ҳамаҷониба, ҳамҷун Айнй, ки
дар фаъолияташ ду сохаи муҳимми маърифат - бадей ва илмй
ба таври аҷибе тавофуқ ёфта буд, ӯ ҳам нависандаи барҷаста ва
ҷаҳоншумул ва ҳам олими машҳур, аввалин Президента АФ
Тоҷикистон буд, якҷониба, фақат бо таҳлили эҷодиёти бадеии
вай махдуд шудан мумкин нест.

Ҳамаи ин қайдҳо бевосита ба асари ман дахл доштанд ва дар
айнй замом онҳо, бешубҳа, характери умуМИИ методологй ва
адабиётшиносй низ доранд.

95
Дар макзуб хеле бо назокат ва зарофат ин ҳам қайд шуда
буд, ки саргарм шудан бо «мулокот»-ҳои худ бо Айнй то ан-
дозае ба таҳлили эҷодиёти нависанда мавриди назар соя ме-
афканад.

Мирзо Турсунзода тавсия мекард, ки оиҳо ихтисор карда
туда, асар бо як «аккорди мусикавй» ба итмом расонда шавад.

Беҳтар аст, ки суханро ба худи Мирзо Турсунзода диҳем. Ин
ҳам як тасодуфи хушояндест, ки мактуби мазкур ва ин мақола
ҳар ду дар 16 феврал навишта шудаанд.

Дӯсти азиз Иосиф Самуилович!

Қабл аз хама узри маро бипазиред, ки хеле дер ба шумо
чавоб менависам. Дастнависи Шуморо (намедонам, Шумо онро
чигуна хохед номид - монография ё ба номи дигар) ман шитоб
накарда, бо диққати тамом хонда баромадам. Пеш аз он ки ба
хондам cap карда бошам, ба таври возех ба худ тасаввур мекар-
дам, ки ин асари Шумо натиҷа ва махсули кори ҷиддй ва
пурдиққати чандинсолаи саросар чустучӯ ва мушохидот ва
чамъбасти омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти устоди мӯхтарами мо
Садриддин Айнй хоҳад буд.

Саҳифаи охири монографияро хонда ба охир расонида, мам-
нуният ва завқи бузурге хис кардам ва рӯзи дигар рафиқон М.
Шукуров, Расул Ҳодизода ва А. Сайфуллоевро чег задам, ки
онхо хам ин асари Шуморо хонда буданд. Баъд аз мубодилаи
афкор ман бо ичозати Шумо баъзе хоҳиш ва таклифхои моро
маълум кардан мехоҳам. Ба назари ман бад намешуд, агар Шу-
мо мухитеро, ки С. Айнй дар он ба воя расидааст, сарчашмахои
нахустини эчодйёти вайро, ҳаёт ва шароити деҳаеро, ки як
кисми умри вай дар он чо гузан]тааст, тасвир мекардед. Инаш
хеле муҳим аст, ки дар ин бора «Ёддоштхо»-и худи Айниро
истифода кардан мумкин аст.

Охири асар хеле кашол ёфтааст. Ин гуфторро ихтисор кар-
дан, мазмуни «мулоқот»ро ба таври мухтасар додан лозим буд
(ба чо овардани ин ихтисор ҳоло ҳам дер нашудааст). Шумо ин
кабил 25 мулоқотро нақл кардаед, ки дарк ва фаҳмидани онҳо
барои хонанда душвор ва малоловар хоҳад шуд . Ба гайр аз ин
на ҳамаи онхо ба кадри кофй пурмазмун мебошанд.

Дар асар «Мулоқот»~ҳо хеле батафсил баён ёфта, лекин
фаъолияти Чамъиятий Айнй нишон дода нашудааст. Охир вай
депутат буд, бисёр вакгҳо ба районҳои республика сафар ме-
кард. Ман медонам ва бисёр касони дигар хам медонанд, ки

96
Айнӣ дар вақти ин сафарҳои худ бо меҳнаткашони дехот
вомехӯрд ва ҳамчун деҳқон ба онҳо ёрӣ ва маслиҳатҳои
пурбаҳо медод.

' Айнӣ олим ва президент буд. Дар асари Шумо ин фақат
ҳамчун факте қайд ёфтааст ва ҳол он ки фаъолияти ҷамъиятии
Айнӣ хеле васеъ буда, соқаҳои гуногунро фаро мегирифт.
Баъзеқо дар бораи олимоп фалонӣ олим буда фалоп ва фалон
корхоро кардааст, мегӯямду бас. Лекин Айнй марди бузурге
буд. Анъанаҳои Горкий на фақат дар эҷодиё.т,.балки дар фаъо-
лияти ҷамъиятии вай низ зоҳир мегардид. Айнй сар ло мо худро
ба хизмати Октябр вақф карда ва шогирди содиқи он буд.

Азизам Иосиф Самуилович! Шумо, ба назарам, дар факта
нависандаи дузабона будани Айнй муболиға мекунед. Шумо
менависед, ки Айнй тамоми асархои худро дар ду забои, худаш
ба ӯзбекй ва тоҷикй навиштааст. Вале чунон ки ба май маълум
аст, Айнй факат «Ҷаллодони Бухоро»-ро, «Таърихи амирони
Бухоро» ва варианти «Ғуломон»-ро ба ӯзбекӣ навишта, тамоми
асархои дигарашро ба тоҷикй навишта. баъд ба ӯзбекй гардо-
нидааст.

Ин асар қисми хотимавй надорад. Чунон ки дар боло қайд
кардам, охири монография хеле кашол ёфтааст. Хотимаи муно-
сибтар, умумиятдодашуда ва устуворе ёфта, асарро бо он, чу-
нон ки дар асархои симфоникй мешавад, ба аккорди матине ба
анҷом расонидан лозим аст. (Дар мактуб баъд аз ин ба таври
мухтасар мулохизахои М. Шукуров, Р. ҲодизоДа ва А. Сайфул-
лоев оварда шудаанд, ки дар ин ҷо аз нақли онхо сарфи назар
шуд. И. Б.)

Иосиф Самуиловичи азиз, мо бо Комитета давлатии матбуот
ва бо нашриёти «Ирфон» гуфтугӯ кардаем, ки асари Шумо
хамин сол ба чоп расонида шавад. Бинобар ин ба матни
ислоҳшудаи Шумо мунтазир нашуда, як нусхаи дастнависро ба
онхо супурдем.

Умедворем, ки Шумо мулохизаҳои моро ба назар гирифта,
ба карибй варианти ислох кардашудаи монографияро мефири-
стед.

Ба Шумо саломатй ва дар' корхоятон муваффақиятхо орзу-
мандам. Дасти Шуморо мефишорам.

97
Антонина КОПТЯЕВА

БА ТАН ҶОНЙ ТУ

Ин суханомро Мирзо Турсунзодаи шодравон, шоири шаҳири
тоҷик дар тавсифи раққосаи ҲИНДУ Тара—Чандри гуфтааст. Ҳар
гоҳе ки аз ашъори ҳаҷман на чандон бузург, аммо пуриқтидори
Мирзо Турсунзода ёдовар мешавам, мебинам, ки чи сон ашъо-
ри ӯ чун рӯҳи бузургвораш дар каломи бадеъ ҷон ёфтааст,
эҳсоси шоири коммунист бо эҳтироси баланд ва самимияти
кашанда дар сатрҳои шеъри олиҷаноби ҷовидонааш нақш бас-
тааст.

Силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон»-и ӯро дар тарҷумаи
оличаноби шоир Владимир Державин ман ба зудй ва гармй
қабул доштам. Ҳиндустони пурасрору пурмӯъҷизаро, ки аз
овони ҷавонӣ тавассути афсонаҳо, шеърҳо ва филмқои солҳои
пешин чун сарзамини ганҷҳо ва аҷоибот, наботот ва ҳайвоноти
ҳайратангез, русуми аҷоибу гароиб, рақсҳои рӯҳафзо, касру
макбараҳои бошукӯхи афсонавй мешинохтам, банохост дар на-
зарам бо тасвири ҳаёти реалй, мардуми заҳматкаши ранчдида,
ки дар кишвари худ барои англисҳои истилогар ва роҷаҳои ба
онҳо фурӯхташудаи Ҳиндустон боигариҳо офарида худ
бепаноҳу гушна дасти ҷуръате надоштанд, ки як пора нони
ҳалоли музди кори худро талаб кунанд, рӯ намуд.

Чй истеъдодӣ пурқудрате дошт ин шоир, ки ҳамаи
тасаввуротҳои пешинаи моро чун кӯхнаколаҳои нолозим ба
якборагй аз байп бардошт. Ин ҳодиса чанде нагузашта, пас аз
анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанй ба вуқӯъ пайваст.

Он «таркише», ки тасаввуроти пас аз тамошои филми «Ово-
рагард» бо қунарнамоии Радж Капур ба амал омад, то чи андоза
якранг ва нодуруст будани тасаввуроти моро оид ба Ҳиндустон
маълум кард. Псш аз ҳама он чиз маро ба ҳайрат овард, ки
ҳиндуҳои қафомонда бо вуҷуди чунин нависандагон мисли Ро-
биндронат Такур доштан ва бунёдгузори мсъмории бемисли
қадима буданашон тавонистанд чунин филми реалистй ва шои-
ронаеро офаранд, ки характери қаҳрамонон дар ҳолатҳои рӯҳии
драматикй бо дарки нозуки психологӣ кушода мешавад.

Мо қаҳрамони ин филмро дӯст доштем ва на танҳо аз
такдири онҳо, балки ҳамчунин аз бунёди чунин филм дар киш-

98
варе, ки дар зери бори экзогикаи худ ва гуломии дуеадсола зе-
ри чанголи Британияи Кабир буд, ба хаядон омадем.

Тақрибан дар ҳамон солҳо шоири тоҷик Мирзо Турсунзода
барои силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» сазовори ҷоизаи
Давлатӣ гардид (1948).

Мо Мирзоро тавассути музокираҳои ӯ дар пленуму съездҳои
нависандагон (Ӯ райей Правлениям Иттифоқи нависандагони
Тоҷикистон буд) мешинохтем. Бо ӯ дар роҳравҳои ин
ҷамъомадгоҳҳо низ рӯ ба рӯ шудан иттифок афтодааст. Овози
форами лаҳни тоҷикӣ доштаи ӯ ва нигоҳи кушоду пурнавозиши
чашмони калону мешиаш, ки хусусан дар хузури Николай Се-
мёнович Тихонов ба худ гармии бештаре мегирифтанд. дар ёд
мондааст. Дар ҳол ба чашм мерасид, ки онҳо бо хам дӯстанд.
Мо инро хдмчунин аз рӯи ба конгрессҳои муҳо физони сулх
қамроҳ рафтани онҳо низ медонистем. Аммо бидуни ин ҳама
Мирзо ба назари ман шахси нармдил ва мехрубон менамуд ва
аз ҷиҳати зоҳир қомати на чандон баланд, ҳаракатҳои ором ва
бамаънӣ, тарҳи рӯи мудаввари хоси ҷавонй шахси аз ҷиҳати
ҷисмонй бақувват ва марди пуриродаро вонамуд намекард. Дар
ҳаракатҳои ӯ ҳеҷ як ҷӯшу хурӯш, ҳаяҷонҳои равшани зоҳирӣ,
ки хоси бисёре аз шоирону нависандагон аст ва рационалисто-
ни бюрократмонанд шаъни додани ин сифатҳоро дар мо дӯст
медоранд, ба назар намерасид. Аз афташ шеърҳои лирикию
ишқй менависад, карор додам май худ ба худ ба ин марди хуш-
намуди шарқй нигариста. Ӯ як одами бовичдон, росткор ва
бомулоҳиза, аммо шармгин, ба шоири минбарй монанд набуд.

Аммо ба нохост чунин шеърҳо...

Маҷмӯаи шеърҳои ба Ҳиндустон бахшидаи ӯро нашриёти
ГИХЛ-и Москва соли 1949 аз чоп баровард. Дар омади сухан
худи ҳамон сол барои достонҳои «Қишлоқи тиллой» дар
тарҷумаи А. Адалис ва «Панҷи ноором» дар тарҷумаи Держа-
вин дӯсти наздики Мирзо, низ шоири тоҷик ва одами зебо
Мирсаид Миршакари помирй сазовори ҷоизаи Давлатй гардид.
Бо хамдигар дӯстони наздик будани онҳоро мо баъдтар
фаҳмидем, аммо наздикии рӯҳии онҳо ҳамон замон дар бароба-
ри шиносой бо эҷодиёташон маълумамон шуд.

Онхо хар ду бо истеъдоди хосаи худ, шоирони амиқ миллй
бо ҷуръат ва ҷасорат дар хидмати халқи худ буданд, табиати
кишвари ҷонии худро ҳунармандона ба рӯи олам мекушоданд,

99
бо ҳар сатрашон аз худ чун аз фидоии хдқиқии кишвари совета,
чун аз шоироне, ки гами гаадири халқҳои на тан\о Осиё, балки
ҳамаи ҷаҳонро мехӯранд, дарак доданд. Ва ин оҳанг дар назми
онхо хеле хуш садо медиҳад, зеро бо суханбозии таргиботй ҳеҷ
муносибате надорад.

Шеърҳои ҳиндустонии Мирзо Турсунзода таассуроти
ҳайратангезе дар ман ангехтанд. Ман онҳоро бо эҳсоси
таҳайюр, ҳаяҷон, мафтунӣ аз образҳои шоирона, миннатдорй ва
эҳтироми бузург ба муаллифи онҳо, ки дар назари ман аз одами
хоксору меҳрубон якбора ба нотиқи оташинсухан, муборизи
тавонои роҳи сулҳу адолат табдил ёфта буд, мехондам.
Муҳаббати Николай Тихонов ба ӯ бе асос набуд.

Инак он «Қиссаи Ҳиндустон», ки ба шаст миллион ҳиндуҳои
кастаи «нафратзадагон» бахшида шудааст. Шоир ҳикояти бо-
бои худро ба ёд меорад:

«Замоне буд берун аз Самарканд,

Ба чашми кас намоён кулбае чанд
Дар он манзил, ки дур аз дигарон буд,

Махавҳоро ҷудой як макоп буд.

Намеафтод онҳоро гузоре,

На аз ёре на аз хешу таборе.

Ва агар касе аз ин табака ба дарвозаи шаҳр ворид шавад,
одамонро ба даҳшат меовард:

...Ки, эй ҷӯра!

Ба атрофат назар кун,

Махав омад, махав омад, ҳазар кун.

Купун дар Самарканд аз ин деҳа нишоне намондааст, аммо
чун шойр сафари Ҳиндустон кард, дар он ҷо аз қисмати кастаи
«нафратзадагон» дар изтироб ва таҳайюр монд.

...Агарчи ганҷҳояш пурбаҳоянд,

Валекин мардумони он гадоянд.

Ва аз байни ин гадоён миллионҳо ҳанӯз нозода аз модар ба
чунин такдири пасту ҷовидона пурнафрат гирифторанд:

100
Магар ип каста авлоди башар цвет,

Ки аз ӯ дидагопро ҷуз ҳазар пест.

Магар ип раем як расми қадим аст,

Магар чуҳра гупаҳкори азим аст?!

... Ҳазорон сол боз ип турфамардум,

Зи ҳаққи зипдагонй гашта маҳрум,

Ба ип оину ип расми ҳабисӣ,

Чаро розист лорди англией
...Барояд бо табассум гар зихиргоҳ,

Хиёпаткори ҷамъият чу рӯбоҳ.

Бирав халқи ситамкашро хабар куче.

«Махав омад, махав омад, ҳазар кун!»

Шеъри «Меқмони магрибӣ» аз оташи нафрат алайҳи исти-
логарон ва муҳаббат ба халқи Ҳиндустон саршор аст. Боигарии
ҷангалзори Бангола, шӯкӯҳи богҳои домани Ганг, ҳашамати
қасру мадрасаву обидаҳои Дехлй чи санъаткорона ва ранг и ба
ранг тасвир шудаанд. Ва дар баробари ин:

Кучаю бозор пур аз морбоз,

Фолбипу мардуми маймуннавоз.

Дар талаби нон шуба ҷамъе ҳалок.

Хастаю афтода гурӯҳе ба хок.

Дида ман, инро ҷигарам пора шуб.

Ашк равон аз бари рухсора шуб.

Ҳамин махсусияти хосаи Мирзои азиз, эҳсоси нозуки дили
меҳрубони худро ба алангаи қаҳру ғазаб бадал карда тавони-
стани ӯ сатрқои пурэҳтироси олиҷаноб, пур аз қаҳру адоватеро
ба вуҷуд меовард, ки хонандаро низ ба зуди фаро мегиранд. Зе-
ро хамдардии самимонаи шоир, олиҳимматию ҷавонмардии
ахлоқии ӯ, садои даъватии ӯ чун зангӯлаи тӯфонӣ, чун даъват
ба муборизаи зидди беадолатии диданашуда баланд мешавад.

...Мегузарад дуртар аз издиҳом.

Бе назари диққату бе эҳтиром.

...Ҳарчи кимехост дар ип сарзамип
Пурра даровард ба зери нигин.

101
Пӯсти рӯбоҳу палангоп гирифт,

Ҳосили сарпанҷаи деҳқон гирифт.

Нуцраву тилло зи дили кои гирифт,

Тоқату ороми фақирон гирифт.

...Фурсати ои аст, ки ин «меҳмон»,

Тарк кунад кишвари Ҳиндустоп.

Шеъри олиҷаноби «Рӯди Ганг» фаромӯшношуданист.
Муроҷиат ба дарёе, ки табиат онро бо муҳаббат иҳота карда-
аст ва ӯ шоҳиди безабони дуздии аҷнабиёнест, ки бо корвони
қатораҳо аз пули оқанин ҳосили зархези соҳилҳои ӯро мека-
шонанд - қобилияти бузурги эҷодии истеъдоди нависандаро
мекушояд ва пеш аз ҳама бо образнокии бадеият, хақиқати
амиқи худ, ҳамдардии самимонаи шоире, ки на ганҳо аз бад-
бахтии халқи заҳматкаши Ҳиндустон гам мехӯрад, балки
ҳамчунин ӯро ба озодии худ даъват менамояд, мутаассир ме-
кунад. Агар ин шеърҳо ба хонандагони мо ин қадар ғизои
эмоционалӣ бахшида бошанд, пас ба худи ҳиндуҳо даҳчанд
таъсир расонидаанд.

Ин аст он аслиқаи идеологиям сулҳҷӯёна барои ояндаи ин-
соният, ки рафиқ Леонид Илич Брежнев аз минбари съезди
XXVI КПСС гуфта буд. Ва дӯсти некхоҳи мо Мирзо Турсунзо-
да шахсе, ки устокорона ин аслиҳаро ба кор бурда метавонист,
барои мо қимати бебаҳо дошт. Вақте ки сатрҳои зеринро кас
мехонад, вуҷуди ӯро ҳиссиёту ҳаяҷон ба ларза меорад:

Дар шаби тор оби руби Ганг
Буд бо акси Каҳкашоп ҳамраиг.

Ё ба чашми ту ҷилвагар мешуд
Мисли шамшерҳои занголуд.

...Меравад сӯи баҳр бо сари хеш,

Гӯӣ дорад ба душ куҳи алсш.

Гуфтам, эй Ганг, аз чӣхомушӣ,

Аз чӣ дарёсифат намеҷӯшӣ?

...Дар гумонам. ки гаштаӣ ҷорӣ,

Ту на аз чагимаҳои кӯҳсорӣ,

Балки аз оби чаиши гирёий,

Арацу ашкҳои деҳқонӣ.

102
...Ҳар чӣ бошад бузургрӯдастӣ,

Ҳиссаи баҳри беҳудуд астӣ,

Рӯдворона зиндагонӣ куп,

Ҷӯш зап,

Ҷӯш зан,

ҷавонй кун.

Ҳамчунон вақте ки Мирзо Гурсунзода аз рақси мафтунку-
нандаи Тара Чандри сухан карда ӯро бо Комде, ки Ьедил ишки
поки ӯро ба Мадан «ба обу ранги нав» сурудааст, шабоҳат
медиҳад, дар ин ҷо низ суханони сехрноке меёбад, ки чашмхои
касро ба тақдири каҳрамон ва оянда мекушоянд.

Ман аз рақси ту мафтунам,

зи ҳолат лек маҳзуиам,

ТараЧандри... Тара Чандри...

макун ин қадр афсунам!

...Ба ҷунбиш мавҷи дарёӣ,

ба лагзиш реги саҳроӣ,

Ҳунарманду ҳунарпеша

зи cap mo нохуни поӣ!

Сабук чун парниёнӣ my,

беҳ аз оби равопӣ my
Ба каф дурри гароыӣ my,

ба man ҷонӣ my, ҷонӣ my!

Мапшрс аз шӯълаҳои

аввалини субҳи озодӣ,

Маларз аз боди даҳшатноки тӯфоп
мисли шамшоде.

У меду орзуи халқи худро

дар дилат ҷо куи,

Дили пурҳасрати опро

ба мисли ғунчае во кун

Аз хондани ин шеърҳо эҳсоси шодиомез ва сарбаландие кас-
ро фаро мегирад. Мо медонем, ки дар замонҳои кадимтарин
Тоҷикистони имрӯза аз шуои ҷовидонаи шеър ва илм равшан
гашта буд, аммо минбаъда дар тӯли садсолаҳо сарвати маъна-
вии халки тоҷик ва маданияти ӯ гирифтори талаву тороҷи

103
қабилаҳои истилогар гардида буд. Шеъри дигари ӯро аз силси-
лаи «Киссаи Ҳиндустон» бо уивони «Дар ёди кас» мисол овар-
дан мехоҳам:

...3-ин сабаб ҷо кардаам дар ёдихуд
Манзари имҳрею дарёи кабуд.

Ҳалқаи майдони он аэродром.

Дидаҳои пурумеди юдщом.

, 1г.ц ■■ > Қарнҳо гар зинда монам дар ҷаҳои.

Man ба ёди худ нигаҳ дорам аён;

.. Дастафшопу ҳаросон дӯстро,

Ҳаӣкали аз устухону пӯстро.

Дар хазони тира овози ҷавон.

Рафт пт авҷи сураӣё барқсон:

Мо ба монанди шумо хоҳем шуд,

Дур аз ҷавру ҷафо хоҳем шуд!..

Чӣ манзараи ҳаяҷонангез ва аламнок. Пас аз «Қиссаи
Ҳиндустон» Мирзо Турсунзода мисли Мустай Карим дар
Бошқирдистон, мисли фотеҳи фикр шоираи ӯзбек Зулфия, ки
дар шеърҳои пурэҳгироси лирикии худ мардонагии гражданин
одами советиро суруда тавонист, чун шоири шӯҳратманди
догистонии мо Расул Гамзатов одами самимй ва сиёсатмадори
амиқ, чун шоири файласуф Довид Кугулдинов, чунфарзанди
меҳрубон, поквиҷдон ва ҷасури кӯҳҳои Қабардину Болқар
Қайсын Қулиев, мисли сарояндаи боистеъдоди якут Семён
Данилов ситораи роҳнамое дар осмони назми сермиллати мо
гардид.

Оё ин аз комёбиҳои барҷаставу равшани сиёсати миллии ле-
нинии мо нест?

Охир дар паси ҳар яки ин ситораҳои дурахшони назм дар
адабиёти миллатҳои мо дастаҳои бутуни шоирону нависанда-
гони боистеъдод меистанд. Кадом кишвари дигар чун кишвари
мо бо чунин эҳёи афсонавии миллатҳои худ метавонад фахр
кунад?!

Акнун ин миллатҳо халқиятҳои хурд не, балки халқҳое ме-
бошанд, ;ки миллатҳои аз ҳама «покнажод» ҳам аз онҳо омӯхта
метавонанд.

Ин аст, ки соли 1960 барои достонҳои «Ҳасани аробакаш»,
104
«Садои Осиё» ва «Чароги абади» сазовори ҷоизаи ленинй гар-
дидани Мирзо Турсунзодаро мо чун комёбии худ истикбол ма-
му дем ва аз шодй болидем.

" Боз чунин рӯй дод, ки аввал мо аз ҷоизаи баланд гирифтани
шоир хабар ёфтем, пас достонҳои ба мукофоти аз хама баламд-
тарин ноил шударо хонда дучанд сарфарозй мекардсм:

Шоири махбуб баҳои ба худ сазовор гирифт. Он вақтхо ман
ҳанӯз Державини тарҷумонро намешинохтам, аммо «Ҳасани
аробакаш»-и Мирзо ба шарҳе эхтиёч иадошт.

Қаҳрамони асосии асар, қаҳрамони хақиқии руз Ҳасан
ҷавони чобуку зебо, ошиқи касби дар замони худ боэътибору
лозим буд. Ҳанӯз худ аз эҳсоси ошиқй бехабар ва ба хушбахтии
одамони зандор нобовар, чун насими доманахои Помир озоду
пок ӯ дар аробаи дучархаи баланди худ арӯсонро ба хонаи
нисбатҳояшон мебурд, дар тӯйхо аргушт мерафг, барои
сохтмонҳо санг мекашонд ва бештар аз хама дар дунё дилба-
стаи аспи вафодори худ, аспи парвардаи худ буд, ки аз чанголи
бои мумсик ва гурӯҳи босмачихо ӯро рахонида буд (асп худ
Ҳасанро сурог карда омад). Аммо маҳбубаи Ҳасан Садаф аз
баҳри таълим дар Душанбе гузашта, аробаро хонаи худ кардан
нахост, гарчанде ки ӯро дӯст медошт ва ба кинояхои
дугонахояш ҷавобҳои ту ид мегардонд:

Саввумй гуфт, ки

— дар ин бора

Садафи мо намекунад иарво,

Чунки иищи аробакаш кардаст
Дили онро асири худ кащо.

Ин кас акнун ба пеиш ӯ рафта
Бар ароба савор мегардад,

Аз паси дӯстдори хопабадӯш
Ҳамадам соявор мегардад.

Садаф андак ба к,аҳр омаду гуфт:

Ҷон дугона, кинояро бас кун,

Бадзабонй туро намезебад,

Ҳурмати нафсу иззати кас кун.

Дар характсри Ҳасани аробакаш махсусиятҳои хоси инсоне
ниҳон аст, ки такдири мураккаб дорад ва ин хусусиятхоро ба як

105
рӯ ба рӯ омадан дарк кардам маҳол аст. Ӯро дӯст надоштан
мумкин мест. Ӯ аз охирин яккадастонест, ки ҳангоми аз
душвориҳо нолиданаш (баъд аз пайдо шудани машинаҳо)
рақибаш ба ӯ мегӯяд:

Ба азобат худат гунаҳкорӣ!

Гар нагардинд ҷӯйҳо дарё,

Дар dwiu datum мешаванд адо,

Мисли ҷӯй аст одами танҳо!

Ҳама ran ҳам дар сари он аст, ки Ҳасани аробакаш дар байни
табиати зебои кишвари қӯҳистонаш худро танх,о ҳис накард. То
даме ки мошин аспро танг карда набаровард, ӯ чун усто ва шо-
гирди кори худ ба пешаи дар гузашта маъруфаш ошиқ буд.

Аробакаши ҷавони тавоно дар сари аспи хузарбаш худро
фотеҳи рохлои ҳавфнок, фарзанди сарбаланд меҳисобид.

Достоим мазкурро гаштаю баргашта хондаи кас меояд. Дар
ин достон ҳама чиз аълосифат аст: ҳам оҳамг, ҳам ҳаҷм, ҳам
образҳои бадей ва аз ҳама муҳимаш одами зинда ҳақиқат-
нигорона ва равшан, бо ҳама эҳсос, афкор ва зиддиятҳои худ
мишон дода щудааст.

Ҳам обу ранги миллим достон, ҳам такомули характери
қаҳрамон, ҳам гулгулшукуфии кишвари азизи ӯ хеле барҷаста
ба қалам омадааст. Боз як шохобаи дигаре ба маҷрои умумии
достон хеле хуб ворид мсшавад, ки тақдири худи муаллиф аст.
Табиб Иван Кузмич низ на аз шахсиятҳои тасодуфист. Ӯ симои
комилан ҳатмист барои кушодани рӯҳи романтики ва
пуртуғёни Ҳасан дар гузаргоҳи тақцири ӯ.

Ман имкон надорам аз либреттои хеле хуби драматикии
Мирзо Турсунзода «Тоҳир ва Зӯҳро», ки Яков Козловский ус-
токорона тарҷума кардааст, аз достонҳои олиҷаноби «Писари
Ватан», «Садои Осиё», «Чароғи абадӣ» ва «Ҷони ширин»-и пур
аз самимияти кашанда ва эҳсосоти лирикй, андешаҳои амиқ ва
рӯҳияи баланди гражданӣ сухан кунам. Ин худи ҳаёт аст, ки ба
лирикаю эпика ҷудо намешавад, балки бо ҳама рангҳои зинда-
гиву эҳсосот ҷилва мекунад.

Ҳамин тариқ, ба доираи ихлосмандӣ ва дилбас±агии мани
хонанда ва гражданин, ба олами рӯҳонии мани нависанда шои-
ре аз водии Ҳисор, вориси Рӯдакиву Сино, устоди адабиёги

106
тоҷик Мирзо Турсунзода ворид шуд. Ман аз такдир миннатдо-
рам, ки дар водии Ҳисор будам ва Точикистони барои зиндагии
нав эқёгардида, табиати беиазири он, тоҷикони меҳнатдуст ва
худи Мирзоро дар сарзамини шукуфонаш дидам.

Соли 1966 ман барои ширкат дар анҷумани иависандагони
тоҷик ба Душанбе омадам. Дар шеърӣ «Водии Ҳисор» Мирзо
Турсунзода навишта буд:

Хонамон буд дар Ҳисори қадгш,

Дар Ҳисори харобаи пурбим.

Қалъае байни деҳа меистод
Даҳшатовар чу ҳайкали ҷаллод.

Ҷоииби кулбаҳои ваӣроиа
Чаш.м медӯхт худписапдона...

Дашту саҳро агарчи зебо буд,

Лек берӯҳ мурдаосо буд.

Аммо акнун ба ҷои он деҳаи хароби Душанбе шахри пур аз
мӯъҷизаи Душанбе пойтахти Тоҷикистон қомат афрохт. Пас аз
гузаронидани капали Ҳисор ин водӣ биҳишти шукуфон гар-
дид. Ман бесаброна интизори лаҳзаи рӯ ба рӯ омадан бо ин
замине будам, ки Мирзо Турсунзода оид ба гузаштаи он чи
қадар сатрхои мақзуне навишта, баъзе шоирони пешинаро ба-
рои он м азам мат карда буд, ки аз паи манфиати худ туда, дар
назми дурӯғинашон онро ба гулзори ирам бадал карда буданд,
ҳол он ки замин аз гуломй ва нодории чандинасра ба халокаг
расида буд.

Вакте ки аз тохтутозҳои тороҷгаронаи душманом ва
низоъҳои феодалони маҳаллй шахр\ои нирӯманду қадима хама
рӯ ба таназзул ниҳоданд, дар Осиёи Миёна замони пурдаҳшати
касодй ва сукут расид. Низоми кадимаи обёри Мургобу Хоразм
вайрон гардид, қалъаи Қарокол дар Хева, богҳои Ур1анҷ, ки
Темур ба тороҷ расонида буд, шаҳри афсонавии Марв зери per и
равон монданд, Мароқанди Сугдиён, ки аз боғҳои шукуфонаш,
Искандари Македонй ба ҳайрат омада буд, хароб гардиданд.

Дар натичаи ҷангҳои доимӣ, бехуқуқию ғуломӣ, бесаводии
умумӣ ва зулми бойҳову амирону шайхҳо ин сарзамин аерхо
бенумӯву қашшоқ буд.

Нависандаи хеле хуб Садриддин Айни на барои он асошузо-
ри адабиёти советии тоҷику узбек гардид, ки ба ин ду забои

107
менавишт, балки барои рн ки ӯ роҳи вазнини муборизаро барои
бахту саодати халқҳо паси cap кард ва эҳёи пас аз инқилобии
ин сарзаминро дарк ва эҳсос кард. Мирзо низ шоҳиди ин
воқеаҳо буд. Таваҷҷӯҳ кунед ба сатрхои шеъри «Савганд»-и ӯ:

Кистй шоир?

Агар пурсанд гӯям: коммунист
Ҳар нафас,

Ҳар қатра хун,

Ҳар тори мӯям коммунист.

Ин эътироф, ки аз замири поки шоир рӯ задааст бо самимия-
ти пурэҳтироси худ касро мафтун мекунад. Вақтс ки Мирзо дар
достони «Чароғи абадӣ» хурсандии худро аз ду вохӯрӣ, вохӯрӣ
бо фарзанди навзод ва «адиби пир» устоди шоирони тоҷик
Айнй баён мекунад, ин ҷо низ сатрхои ӯ бо тозагии эҳсос ва
нерӯи амиқи патриотизми лирикй касро ба ҳаяҷон меоранд.

Мирзо дар дили худ дарди ранҷҳои тамомй Осиси бузург ва
«хоқари сиёҳ»и худ Африқоро ҷо дода буд. Аз ин рӯ ӯ чун
шоири мо Николай Тихонов, ки дар достони «Ҷони ширин»чун
ба васфи устоди худ Айнй ба васфи ӯ низ сатрҳои самимона
бахшидааст, мубсризи ҳақиқии роҳи сулҳ гардид. Ӯ ба ҳамсари
худ мегӯяд.

Он ки бо ёрони худ масрур буд,

Дӯсти ман, шоири магиҳур буд.

Тихонов бо мӯйҳои сап-сафед,

Кард табдил сӯҳбати моро ба ид.

Дӯстиро ман аз у омӯхтам,

Кишвари дилро аз у афрӯхтам.

Ҳамин тавр барои Мирзо замони сафарҳои хориҷа фаро ра-
сид: конгрессҳои байналхалқӣ, вохӯриҳо, баромадҳо,

маърӯзаҳо, мақолаҳо, шеърҳо - аслихаи хақикии ӯ дар мубори-
за барои сулҳ, дӯстй ва озодии башарият гардиданд.

* * *

Анҷумани нависандагони тоҷик дар толори барҳавою рав-
шаие мегузашт. Рафиқон дар баромадхои худ ба забонҳои гу-

108
ногун сухан мекарданд. Намояндагони дигар иттифоқҳои нави-
сандагии мамлакат, мехдюнон аз роҳҳои дур хузур доштанд,
аммо ҳамаи баромадҳо ба русӣ тарҷума мешуданд. Масъалаҳои
муҳимтарини адабиёти ҳозираи тоҷйк мавриди муҳокима бу-
данд. Дар танаффусҳо вохӯриҳои фаромӯшнашуданӣ ва
лаҳзаҳои шиносшавӣ фаро мерасид.

Мирсаид Миршакар солҳои охир шеъру достонҳои хубе на-
вишта буд ва анҷуманро дар айни камолоти эҷодй пешвоз ги-
рифт.

Ба адабиёт шоирон ва нависандагони ҷавон ворид шуданд.
Танқид қувват гирифт. Мирзо Турсунзода низ соли 1966 ҳанӯз
ҷавон буд. Бо зиндадилӣ, тавоиой, сабзинаву дидавар - ӯ фав-
ран ба кас бо эҳсоси гарми хайрхоҳона ва рағбати калон ба
қама корҳо ҷавоб медод. Эътирофи ҷамъиятй ва шӯҳрат хоксо-
рии ӯро нашикастанд: ӯ чуноне ки дар ҷавонй буд, ҳамон хел
хоксор, кушодарӯ, бе кибру ҳавобаландӣ монда буд. Ҳам даст-
фишории гарми ӯ, ҳам тарзи шеърхонӣ, ҳам хандаҳояш дер боз
дар ёд мемонд.

Ин ҳам рамзист, ки бо шоир ва тарҷумон Владимир Василе-
вич Державин дар анҷумани нависандагони тоҷик шинос шу-
дам. Номбурда тамоми истеъдоди фавқулоддаи шоиронаашро
ба тарҷумаи русии асарҳои шоирони гуногунзабони Иттифоқи
Советй бахшидаасг. Хусусан хизмати ӯ барои шиносонидани
хонандаи рус бо ситораҳои назми шарқ «Шоҳнома»и
Абулқосим Фирдавсй, рубоиётӣ машҳури шоири файласуф ва
олим Умари Хайём, ашъори Абӯабдуллои Рӯдакй, лирики
мӯъҷизакор Ҷалолиддини Румй (аз «Маснавӣ» ва «Девони ка-
бир») ашъори Саъдии Шерозй «Бӯстон», қасидаҳо, газал ва
қигьаҳо), Ҳофизи Шерозй, Абдураҳмони Ҷоми, Низомии
Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ бузург аст.

Бо шоирони номдори имрӯзаи тоҷик бошад, Державин
ҳамкории бевосита дорад. Тарҷумаи достонҳои олиҷаноби Тур-
сунзода ва силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»-и ӯ,
хамчунон тарҷумаи достони Мирсоид Миршакар «Панҷи но-
ором» ба қалами ӯ мансуб аст. Шубҳае нест, ки Державин дар
анҷуман меҳмони ба ҳама маълум ва маъруф буд'. Ба замми ин
ӯ порчае аз кӯдакии худро дар Туркистон гузаронидаасг ва дар
Тоҷикистон худро чун дар хонаи худ ҳис мекард.

109
Анҷуман кори худро идома медод: соҳибхона ва мехмонон
ба музокира мебаромаданд. Комёбиҳои адабиёти имрӯзаи
тоҷик моро шод мекард. Баромадҳо хайрхоҳона ва ба нафъи

кор буданд.

Барои шинос кардан бо ҳаёти халқи худ нависандагони
тоҷик чун соҳибхонаҳои меҳмоннавоз моро ба сайру тамошои
шаҳру районҳои республика таклиф карданд. Баҳори дар зери
шуои офтоби меҳрбор нуронии шарқ моро бо домани сарсабзу
лолапӯши кӯхло мафтун намуд. Дар деҳот дар х,ама ҷо серию
пурии колхозчиён хис карда мешуд. Мо бисёр ҷавонон ва
кӯдакони ботамкину ба ҳам дӯстро дидем.

Духтарон дар либосҳои ранги» монанди гулҳо, наврасони
офтобии сабзинарӯ ва ҳагтб занҳо дар саҳроҳои колхозӣ, ки низ
либосҳои равшани идона ва рӯймолҳои зебо ба cap доштанд,
дар ҳангоми меҳнати вазнини худ хеле зебо менамуданд.

Дар бари хавз, дар сояи дарахтони бузург оқсақолон -
мӯйсафедони ришсафед шишта буданд, байни онҳо суҳбати
гарме мерафт.

- Мардуми мо ба мӯйсафедон эхдироми зиёде доранд, - гуфт
Мирзо ва дар чашмони дурахшони ӯ барқи шодй дурахшид.
Дар байни онҳо бисёр фаъолонн хоҷагидорӣ ҳастанд, ки ба
богдорӣ, кабудизоркунонии деҳаҳо машгул мешаванд ва ҳама
ғами хосил ва гунучини пахтаро мехӯранд. Халқ не тилло, онҳо
аз зиндагии осоиштаи баъди ҷанг, аз сериву пурии мардум шб-
данд. Албатта, захмҳои гузоштаи ҷанг дармоннопазиранд.
Охир бисёриҳо аз ҷанг барнагаштанд. Аммо онҳо дарди худро
сарбаландона аз cap мегузаронанд: - аз хдма муҳиммаш ғолйб
омадем. Дастовардҳои беназири инқилобро ҳифз кардем, -
мегӯянд. - Сағираҳо ҳам дар кӯча намонданд, ташвишҳои па-
дарони дар ҷанг ҳалокгардидаро бародарону дӯстонашон ба
дӯши худ гирифтанд. Кӯдакон дарди бепарасториро нафаҳмида
калон шуданд, ҳарчанд, ки ҳар хонае худ на камтар аз шаш
фарзанд дошт. Серфарзандй дар деҳоти мо ҳодисаи
муқаррарист. Одамон то хашт-нӯҳ-дувоздаҳ фарзанд доранд ва
ҳама аз ин қаноатманду розиянд. Республика рӯзмарра доротар
мегардад. Ҳоло соқиби саноати пуриқгидор аст, ки пеш набуд.
Хоҷагии қишлоқ аз ҳисоби заминҳои навкорам тараққй меку-
над. Қувваи корӣ бошад, дар деҳот меафзояд. Фарзандон

110
оилаҳои қавӣ месозанд ва онҳо боигарии ҷамъиятиаад. Мардо-
ни мо ба тарбияи онҳо чун ба кори давлатй менигаранд. Аз ин
рӯ барои падарон ҳам ҷоизаҳое чун барои қаҳрамонмодарон
таъсис бояд кард. Чӣ гуфтед?

- Мирзо хандид ва фавран ҷиддй илова кард:

- Мардон на танҳо муттакои моДдии оилаанд, балки инчу-
нин ба заной дар тарбияи кӯдакон ёрй мерасонанд, зеро муно-
сибати хуби шавхар ба оила, шарти аввалини серфарзандию
хушбахтист.

Зане, ки мухдббати кӯдакону ғамхории доимии шавҳарашро
нисбат ба худ ва онҳо қис мекунад, барои иҷрои корҳои
ҷамъиягй ва кор дар истеҳсолот низ вақт меёбад. Вақте ки
кӯдакон калон мешаванд, корҳо хеле беҳтар мешаванд. Ана аз
чй сабаб мо ба кӯдакон чунин муносибати гарм дорем. Ва на
танҳо ба кӯдакони худ.

Мирзо ҳақ аст: Чй қадар хурдсолони гурезаро Осиёи Миёнаи
мо аз оташи ҷанг раҳонид, ба огӯши гарми худ гирифт, фарзанд
хонд. Ба чандин сағираҳо ӯ модари ҳаққонӣ шуд.

Заминҳо ҳунармандона шудгор шудаанд: Дар баландкӯхло
ҷое, ки обёрй мушкилтар аст, галладона кишт шудааст, дар
водиҳо ниҳолони навсабзи пахта кабудй мекунанд. Ва албатта
хизмати дарготҳо бузург аст, бе онҳо офтоби пурсаховати
Шарқ наметавонад ба он замине, ки рӯзҳои тафсони тобистон
ҳатго алафҳо аз беобӣ месӯхтанд, ҳаёт бахшад. Он гоҳ водиҳои
шукуфон ба биёбон табдил хоҳанд ёфт. Ҳоло бошад, ин ҷо
богҳо, токзорҳо, рамаи гӯсфандон, полезу кишгукор...

Дар ҳама ҷо дастони саховатманди одамон ва мошинаҳое, ки
омадаанд ин замини пирро ҷавон кунанд, кор мекунанд. Ба ин
манзарақо нигариста, ман гӯё достонхои Мирзо Турсунзода ва
Мирсаид Миршакарро гаштаю баргашта мехонам.

Ин аст адабиёте, ки зодаи ҳаёти мардуми меҳнатист. Ягона-
гии олиҷаноб ва ҷудонашаванда! Чй гувороянд он деҳаҳои аз
нав ҷавонгардида, ки дар онҳо ҳама чиз: қасрҳои маданият,
мактабҳо, шифохонаҳо, кӯдакистону ширхоргоҳҳо ҳама барои
мардуми меҳнаткаш аст. Мо ба ҳама ҷо менигаристем ва ба би-
сер чизҳо ба хубй ҳасад мебурдем. Аммо бояд чунин бошад,
чун ин одамони заҳматкаш боигарии бадастовардаи худро ба
беҳудагӣ масраф намекунанд ва ҳаёти худро аз ҳисоби он
ғанитар ва зеботар мегардонанд.

111
Ammo ҳанӯз мавзеъҳое ҳастанд, ки мутей инсон нестанд.
Оиҳо ҳаёт мебахшанд, аммо март низ меоранд ва дар он ҷо
мардонагии махсус ва чашмони тезбину зираке лозиманд, ки
қадри хол хатарро пешбинӣ кунанд ва нигоҳ доранд - инҳо
дарахои кӯҳианд, ки аз куллахои осмонбӯс тавассути онҳо
обхои сард - асоси ҳосили заминҳои ин кишвар ҷорӣ меша-
ванд.

Чунин аст дараи рӯди Варзоб, ки рост ба сӯи Душанбе пар-
воз мекунад, аниқтараш \оло тавассути дарготи зидди селҳо
сохта шуда ҷорист.

Ин аст он рӯди ҷонбахшу пуртахдид, ки девонавор аз байни
харсангҳо мешитобад. Акнун бо хоҳиши мо Мирзо ба ин ҷо
саёҳати моро ташкил кард. Хостем ба он роҳҳое нигарем, ки як
замоне Ҳасани аробакаш аробаи худро дар онҳо меронд. Ҳар
қадар ро\ болотар рафтан тирад, он қадар Варзоб тезутундтар
мсгардад. Ҷо-ҷо дара васеътар мегардад ва филҳол сабзазорон
дар доманаҳои кӯҳҳо ба назар мерасанд. Ба нотах дар болои
маҷрои дарё чун мӯъҷиза пулҳои сафеду кабудранг - яхҳо на-
мудор мешаванд, ки аз оббурдаҳои онҳо мавчи ҷараёнҳои аз
кафк чун риши сафед фаввора зада мебароянд. Чй мӯъҷиза?
Аммо чун чашм ба боло бардоред, назари кас ба кулоҳҳои бар-
фине мерасид, ки куллаҳо ба cap кардаанд - дар баландиҳо на
танҳо бахорон, балки дар гармои тобистон низ сардӣ
ҳукмфармост. Ва аз ҳамин баландиҳо селхову тармаҳои барфин
ва обхезиҳо ҳангоми заминҷунбиҳо ба мардум тахдид меку-
нанд. Заминҷунбй бошад, дар ин ҷо шуда меистад. Хушбахто-
на, аксари онҳо сабук мегузаранд

Пас аз сафари кишвари қуллаҳои сангину пургурур Душанбе
ба назари мо боз хам зеботар намуд. Заминҳои аз ҳосили навхез
сабзпӯш ва богҳои шукуфони беохири водии Ҳисор моро бо
сабзии афсонавии худ ҷодуконон ба сӯи худ мекашиданд.

* * *

Саҳар вақте ки ба ҳамаи меҳмонон билетҳои бозгаштро
оварданд, ман фаҳмидам, ки аз Тошкент ба Оренбург рейси са-
молёт вуҷуд надорад ва нияти ман, ки ҳамроҳи Державин ба
Тошкент рафта, дар он ҷо як—ду рӯз монда, баъд ба Оренбург
барои ҷамъ кардани материали тоза барои романи нав рафтанӣ
будам, дигар шуд. Дар Москва моро корҳо интизор буданд ва

112
ман қарор додам, ки аввал ба хона, ба Москва равам ва баъд аз
он ҷо ба Оренбург. Ба худ билет таъин кардаму ба саёҳати
шаҳр баромадам. Барой ман ин сайру гашт хеле аҷоиб буд!

Пас аз таассуроти аҷиб аз тамошои музей ва китобхона дар
кӯчаҳо кадам зада, роҳгузарон, кӯчаҳо ва мағозаҳоро тамошо
кардам. Ташна мондам ва дилам нӯшокӣ хост. Албагга, чои ка-
буд. Пиёла, чойникҳо, қолинҳои овезон... Ин ҳама дар бозор.
Тамошогоҳи аҷиб аст бозори шарқӣ, хатго баҳорон. Инак, дар
рӯ ба рӯи ман: кӯҳи мавизу, қоқи зардолу, биринҷи сап-сафеди
«хонй», нонҳои гарми нав аз танӯр канда, қатори чиниворй,
намупаҳои олиҷаноби кулолиҳои хунармандони махаллй, рас-
тай гулҳои рангоранг. Ҳадяи баҳор.

Оқибат дар гӯшаи кати чойхона, ҳампахлуи оилаи калони
тоҷикй нишастам. Онҳо аз рӯи анъана чор зону карда ниша-
станд. Ҷавони мавзун, чаққон ва зебое аз самовори ҷӯшон ба-
рон мо чои кабуд дам карда меорад, менӯшем. Ҳатто бе қанд.
Чои кабуд барои ҳалқи хушк тароватбахшу гуворост. Дар пиёла
чой зуд сард мешавад, вале ҳама ran хам дар сари ҳамон аст, ки
нӯшидани он дар гармогармиаш хуб аст

Ба фурӯшандаҳо ва харидороне, ки либосҳои равшану ранги
ба ранг ба тан доранд, менигарам. Бисёр занон, кӯдакон
либосҳои мувофиқи мӯд ва аврупоӣ ба бар доранд. Офтоби
пурҳарорат ва осмони кабуд. Аз дуриҳо, аз паси боғҳо ва
адирҳои сарсабз қуллахои сафеди куххо ба назар менамоянд.
Эҳсоси тинҷӣ, хушбахтй ва миннатдорй ба зебоиҳои fa6Haf
касро фаро мегирад

Чй афсӯс, ки ман шоири ба субут нарасидаам, ҳарчанд, ки аз
синни хаштсолагй шеър навиштаам ва то хол муҳаббати гарми
худро нисбат ба шеър нигоҳ медорам.

Дар ин замин чй шоирони бузурге арзи хол кардаанд. Боз ба
ёдам «Савганд»-и пурэҳтироси Мирзо Турсунзода мсояд:

Партия,

Ҳаргиз пагардад ин дали ман,

аз ту дур,

Пеши чаимонат

дурахшон аст монанди булӯр.

Хурраму сарсабз

мысли Тоҷикистон аст он

113
Дар фазо

паҳлӯ ба паҳлӯи уқобоп acrn он,

Ҳастии мо, Партия, бо ҳастиат пайванд шуд,

Зери байроқи ту рафтан,

зистан,

савганд шуд!

Бегоҳ Державину ҳамсарашро ба Тошкент гулсел кар^дем.
Албатта аз нарафтани худ бо онҳо каме зиқ будам. Боз кай на-
сиб мешавад, ки водии Фарғонаву Шоҳимардонро бинам.

Саҳар бошад, хабари нохуш хамаи моро мутаассир кард:
шаб дар Тошкент заминҷунбии харобиоваре шудааст,
Заминҷунбӣ идома дорад. Ин воқеа 26-уми апрел рӯй дода буд,

Мам аз барканор мондани тасодуфии худ аз ин хатар сабукие
ҳис намекардам. Ҳама фикр бо ин фалокати ногаҳонй рӯйдода
банд буд:

Чӣ қадар андӯҳ якбора омад! Дӯстони нави ман Владимир
Василевич ва Тамара дар чй ҳол бощанд?. Одамони бехонаву
дармондаро дар куҷо ҷой мекунанд? Чанд кас нобуд шуда бо-
шад?

Душанберо сояи сиёҳи ин бадбахти фаро гирифт. Ҳатто
кӯдакон сукут карданд. Дар ҳама ҷо гуфтугузорҳои пуризтиро-
бу пурҳаяҷон. Анбӯхи одамон дар назди репродукторҳои ра-
дио. Дар Иттифоқи нависандагон ҳама ғамгин. Бори аввал ман
Мирзоро чунин ҷиддӣ, сарду ҷамъ ва хатто ифодаи сахтгиро-
наеро дар рӯи раигпаридааш дидам.

— Ана вай, — табиати маҳбуби мо! — бо қа\р дасти худро аф-

шондагуфтӯ.

- Бо билетхои Москва ба аэропорт мерафтем, аммо дар дили
ҳама Тошкент.

114
Евгений ЧЕЛЫШЕВ

Ӯ БАРОИ МАИ ҶОВИДОН ЗИНДА ACT

Ҳар гоҳ ки Мирзо Турсунзодаро ба ёд меовардам, дар лавҳи
хогирам қабл аз хама кӯчахои гарқи офтобу сердавуғеҷ,
пурмагалу бетартиби Дехдӣ пайдо мешаванд. Мо ҳар ду савори
тонг - фойчуни дучархаи бо гулҳову гас махом рангини матоъ
зинатёфтаи якаспа равон будем. Фойтунчӣ - ҷавони наврасе
буд, ки навоеро замзамакунон қамчини тасмачархи дарозашро
карсас занонда, ба сари роҳгузарони гарангу даханяла дод ме-
гуфт. Димоги Турсунзода чоқ буд: ӯ худро дар ин ҷб чун мохй
дар об хис мекард, дар пёчу тоби кучаву паскӯчахои шахри
кухансол, ки соки? нонаш асосан мусулмонанд, рахгум наме-
заД. «Ина бинеде, чунон ба Тоҷикистони мо монанд, ки фой-
тунчии мо гӯё, ки Ҳасани аробакаш бошад!» Мирзо ба
фойтунчй ба тоҷикй чизе мегӯяд, вақте ки ӯ маънои саволи ӯро
фаҳмида, ба забони урду ҷавоб мегардонад, бехад хурсанд ме-
шавад. «Тарҷума накун! Кӯшиш мекунам, ки худам фахмам», -
мегуяд у. Фойчун дар назди Масҷиди ҷомеъ қарор мегирад. Мо
иойафзоламонро кашида, ба масҷиди мӯхташам медароем.
«Нигоҳ кун! Ҳамаи ин ҷо то чй дараҷа ба Самарканду Бухоро
монанд аст», - мегӯяд Мирзо. Баъд мо рохи Чанди Чоук - рас-
тай асосии Дехлиро пеш мегйрём. Давугеҷ ва ҳаёхуи мардум
дар ин ҷо гӯё ба авҷи аъло мерасад. «Биё пиёда равем», - так-
лиф кард Турсунзода. Мо баробари аз фойчун фуромадан худро
дар миёни издихом дидем, ки моро ба тарафи маъбади Заррин
мебурданд. Боз пойафзоламонро кашидему ба маъвои
муқаддаси ҷамоаи сикҳҳо даромадем. Дар паҳлуи маъбад дар
худи рӯи роҳ резафурӯшон таблахои ҳар гуна меваи хӯрданиро
гузошта, савдо мекарданд, дар рӯи тобаҳои калон-калон ким-
кадом таоме ҷӯшидаву бирён туда, иштиҳои касро бедор ме-
кард. «Биё, хамин ҷо наҳор хӯрем. Кирои ба хотел баргаштан
надорад», - мегӯяд ӯ. Ва таъкидҳои духтуронро, ки дар кучаҳо
на чизе хӯретон, на ггӯшетон гуфта буданд, ба гӯшаи фаромуши
андохта, хар чи пазандагони кӯчагӣ пеш меоварданд, бо
рагбати тамом мехӯрдем.

Ин воқеаи моҳи марти соли 1955 буд. Рӯзҳои фаромуш-
ношудании кори Конференсияи мамлакатхои Осиё оид ба паст

115
кардаии шиддати муносибатҳои бйналхалқй, ки дар шақри
Деҳлӣ мегузашт. Якумин сафари ман ба Ҳиндустон дар ҳайати
иамояндагони Комитета Советам Муҳофизати Сулҳ, бо
рохбарии Н. С. Тихонов ва нахустин мулокоти ман бо Мирзо
Турсунзода.

Нахустин сафари Ҳиндустон ба дӯстии самимии ману Мир-
зо Турсунзода ибтидо гузошт. Ман дар Москва, Душанбе ва
сафарҳои хориҷй борҳо бо ӯ мулоқот кардаам. Тобистони соли
1955 ба ёдам меояд, ки мо хар ду ҳамроҳи як хайати вакилони
сершумори муборизони роҳи сулҳи Ҳиндустон ба Душанбе
парвоз кардем; ин сафари нахустини ман буд ба Тоҷикистон.
Баъди сафари якҷояи мо ба Ҳиндустон ин дуюмин мулоқоти
ману Мирзо Турсунзода буд. Ӯ маро ба айлоқи (дачаи) миёни
кӯҳсораш даъват карда гулҳои олиҷаноберо тамошо дод, ки ху-
даш парвардаву расонда будааст. Бо хоҳиши ӯ ман хамон сафар
дар як маҷлиси бонуфузи фаъолони шаҳр баромад карда, дар
бораи Ҳиндустон суханронй карда будам. «Бештар дар бораи
мадам и яти Ҳиндустон хикоят кун, - гуфт ӯ ба ман. - Барой
тоҷикон дар бораи бародарони ҳиндиашон ҳар чи бештар дони-
стан хеле муҳим аст, охир давраи дӯстии мардуми Советию
Ҳиндустон акнун cap шуда истодааст Дар хотирам хает ки
ҳамон вақт дар Душанбе бо хоҳиши Мирзо I урсунзода дар бо-
раи адабиёти муосири Ҳиндустон дар як шаб мақола навишта
будам, ки ба муносибати ба Тоҷикистон ташриф овардани на-
хустин вакилони тарафдорони сулҳи Ҳиндустон дар газетам
«Коммунист Таджикистана» чоп шуда буд. Ҳеҷ аз ёдам наме-
равад, ки Мирзо Турсунзода дар дачаи хукуматй, он ҷое ки мо
истикомат доштём, хонаеро ба ман нишон дода гуфта буд: «дар
ин ҷо устоди ман Садриддин Айнй охирин рӯзхои умрашро ба
cap бурд. Ӯ расо як сол пеш дар пеши назари ман ҷон дод, аммо
то ба хол ба ин бовариам намеояд. У барои ман ҷовидон зинда
аст. Олами зебоеро ӯ ба чашмам кушод, ба ман бовар кард, во-
дор кард, ки ман хам ба ӯ бовар кунам, маро адиб кард»

Баъди ин рӯзҳои фаромӯшношуданй Якумин Конференсияи
нависандагони Осиёю Африқо дар 1 ошкент (тирамохи соли
1958) пеш омад, ки Турсунзода дар кори он иштироки фаъол
дошт. Мехохам танҳо як воқеаро, ки вобаста ба ҳамон рӯзҳост,
ҳикоят кунам. Рӯзи дуюми кори Конференсия буд. Дар толори
театри ба номи Навой маҷлис давом дошт. Ман дар қариби

116
баромадгоҳ менишастам. Дидам, ки дар кушода шуду ба толор
Файз Аҳмади Файз даромад. Ман пеш аз ин ҳаргиз ӯро надида
будам ва аз рӯи сураташ шинохтам. Ин шоири покистонй барои
иштирок кардан дар кори Конференсияи нависандагони
мамлакатҳои Осиёю Африқо дар Тошканд ба Иттифоқи Совета
бори аввал омада буд. Ман аз ҷоям бархоста, назди Файз раф-
таму худро муаррифй намуда, ҳамроҳащ саломалек кардам.
«Ман сари вакт омада натавонистам,- гуфт ӯ барои дер монда-
наш узрхоҳӣ мекардагӣ барин, - дар мамлакати мо вазъият му-
раккаб». Пешакӣ бояд бигӯям, ки Фаиз Аҳмади Файз баробари
аз Конференсия баргашта, ба Покистон рафтанаш ба ҳабс ги-
рифта шуда ба қайди маҳбас афтод. Файз дар бораи иштирок-
кунандагони Конференсия аз ман пурсуҷӯ кардан гирифт.
«Турсунзода дар қамин ҷо бошад? — савол кард ӯ. — Бисёр
мехоҳам бо ӯ мулоқот бикунам». Ба мисли ду шиноси дерин,
дӯстона мулоқот кардани ду шоир ҳаргиз аз лавхи хотирам дур
намеравад. Ба онҳо тарҷумон даркор набуд. Онҳо бефосила
сӯҳбат мекарданд, гӯё сӯҳбаташон поён надошт. «Биё ҳамроҳ
Тошкентро ба Файз тамошо медиҳем», — таклиф кард ба ман
Мирзо Турсунзода. Мо ба мошин савор шудему ба сайри шаҳр
баромадем. Тошкент он дам акнун симояшро дигар карда исто-
да буд. Дар интиҳои проспекта Навой баъди бинои факултети
шарқшиносии Университети Тошкент якбора ҳавлиҳои дево-
рашон гилин cap мешуданд. «Биёетон ҳамин ҷо таваққуф карда
бинем, ки ӯзбекҳо ба чй тарз зиндагй мекунанд», — хоҳиш кард
Файз. Мо дари яке аз хонаҳои гилинро кӯфта ба саҳни ҳавлиаш
даромадем. Дар сари остона моро марди солдидае пешвоз ги-
рифт, ки сэру либоси анъанавиӣ ӯзбекӣ дар бар дошт. Файз,
Турсунзода ва ман ба ӯ салом додем. Ӯ моро даъват кард, ки ба
хона дароем. Покизаву озодагӣ, қолинҳои батартиб густурда,
бисоти анъанавии ӯзбекон — ин ҳама ба Файз Аҳмад таассуроти
зиёде бахшиданд. Ӯ ба мизе наздик шуд, ки дар болояш Куръон
истода буд Файз китобро бардоипу ба хондан даромад, баъд
Куръон ба дасти Турсунзода гузашт, сипас ба дасти соҳиби хо-
на. Чой, ангур ва ҳар туна меваҷот оварданд. Чанд нафар
ҳамсоягон даромаданд. Сӯҳбати гарму чӯшон хеле давом кард.
Солҳо аз байн гузашт ва дар як мулокот, Файз Ахмад Турсун-
зодаро ёдоварй карда (ин дам ӯ аз хаёт гузашта буд) қамон
вохӯриро ба хотир оварду андешамандона гуфт: «Мирзо ба ман

117
ёрй кард, ки аз замири одами Шарқи Советӣ огоҳ шавам». Ба
гумонам, дар хислат, дар тарзи рафтор, дар муносибат ба атро-
фией байни,Турсунзодаю Файз Ахмад ким-чй умумияге каст.

Соли 1967 бори аввал дар мамлакати мо ба як гурӯҳ ходи-
мони маданияти совета «барои сахми барҷастае гузоштан дар
кори мустаҳкам намудани дӯстии байни Давлати Советию
Ҳиндустои» мукофоти Ҷавоҳирлол Неҳру дода шуд. Дар байни
ба ин мукофот ноилшудагон Мирзо Турсунзодаю ман хам бу-
дем. Тирамохи соли 1968 мукофотонидашудагон ба Ҳиндустон

даъват шуданд. _ л ■

Сарвазири Ҳиндустон хонум Индира Ганди мукофоти олиро
ба мо супурд, баъд дастаи мо ба саёҳати дуҳафтаинаи мамлакат
баромада ба шаҳрҳои Дехлй, Агра, Мадрас, 1 ривендрум, Бом-
бай, Кочин раҳсипор шуд. Мирзо Турсунзода дар ин сафари
Ҳиндустон духтараш Фирӯзаро ҳамроҳ гирифта буду ман бо
завҷаам рафта будам- Зани ман Елена Владимировна бо
Фирӯзаи нозанину дустрӯ дугона шуд. Ман ин сафарро хамчун
хобу хаёл ба ёд меоварам. Мирзо Турсунзодаи оқилу хушмуо-
мила, мавридшиносу мутоибагӯ дилу ҷони тамоми шарикон
буд. Хусусан шабнишиние дар Бомбай, ки дар арафаи ба ватан
баргаштани мо барпо шуда буд, нагз дар хотирам хает. Моро
нависандаи урдузабон Кришан Чандар ба муносибати рӯзи та-
валлудаш ба мехмонй даъват кард. Бисёр адибони маъруф дар
хонаи ӯ ҷамъ омада буданд, ки асосан ба урду асар менавиш-
танд: Алӣ Сардори Ҷаъфарӣ, Роҷендра Сингҳ Беди, Маҷруҳи
Султонпурӣ. Мушоира барин мусобиқаи шоирие ташкил кар-
данд, Мирзо Турсунзода дар маркази диққати аҳли маҷлис
қарор гирифт. Ӯ ашъори худро ба тоҷикӣ мехонд ва бе ёрии
тарҷумон шеърашро мефахмиданд, хар боре, ки хондани
шеърро ба поён мерасонд, бо сурур «Вах! Ваҳ! Вах!» мегуф-
танд, ки ин ниҳояти тахсину офарин буд. Ба исрори ҳозирон
ҳар шеърро батакрор чандборй мехонд.

Баъди ду соли ин сафар ману Мирзо Турсунзода боз дар
Ҳиндустон, дар Конференсияи IV нависандагони мамлакатҳои
Осиёю Африқо дар Деҳлӣ вохӯрдем. Тамоми тафсилрти ин
мулоқоти пурсамари нависандагонро, ки чун харвақта Мирзо
Турсунзода дар маркази диққат буд, ин ҷо ҳикоят карда на-
мешинам. Балки фақат як воқеаро, ки ба фикрам, на фақат ба-
рои эҷодиёти худи Турсунзода, балки барои кулли адабиёти

118
советӣ хеле муҳим буд, хотиррасон мекупам. Боре, баъди
анҷом ёфтани маҷлиси бегоқрӯзй ӯ ба маи гуфт, ки дар ким-
кадом мулоқоти шабонаи пешакй муқаррар шуда иштирок
карда наметавонад, зеро бо як кори зарур сафаре дар пеш до-
рад ва маро даъват кард, ки ҳамроҳаш равам. Бо таассуфи
билониҳоя ман маҷбур шудам рад кунам, зеро ба ман супориш
шуда буд, ки фардои ин рӯз мулоқоти адибони советию аъзоё-
ни Академиям адабиёти Ҳиндустонро ташкил кунам. Турсун-
зода барои вохӯрдан ба намояндагони ба назди В. И. Ленин
омадаи Ҳиндустон сафари чандсадкилометраро псш гирифт.
Дар ин сафар журналист АПН А. В. Митрохин ҳамроҳи ӯ
буд. Баъди ду рӯз шоир ба Деҳлй баргашта омад. Табиист, ки
ман бесаброна натиҷаи сафари ӯро донистан мехостам. «Са-
фар бисёр душвору хастакунанда буд», - гуфт ӯ. - Лекин хеле
бомуваффақият баромад. Кори ман омад кард. Ман бо Пратап
ном шахси кӯҳансол ҳамсӯҳбат шудам. Ӯ ҳикоят кард, ки чан-
дин сол пеш аз ин дар ҷустуҷӯи ҳақиқат рохи Россиян Сове-
тиро пеш гирифта, бо В. И. Ленин мулокот карда будааст.
Ман аз дӯстам ҷӯё шудам, ки шаклу шамоили он шахе чй руна
аст, баъди он зиндагиаш чй хел ҷараён гирифтааст, ҳоло чй
қол дорад. Мирзо Турсунзода ба суоли ман ҷавоб дода, баъди
ин ба андеша рафта гуфт: «Медонй чй, ман дар бораи ӯ чизе
менависам. Ман ҳак надорам, ки аз тафсилоти ин воқеа ягон
чиз. нанависам. Ин вазифаи ман аст». Ман саодатмандам, ки
шоҳиди тавлид гардидани асари нави ӯ будам Ҳангоми озими
Москва гардидан дар самолёт ҳар гоҳ Турсунзода дафтарчаи
бағалиашро бароварда дар он чизе менавишт Баъди ду моҳи
он дар саҳифаҳои газетам «Правда» достони ӯ «Аз Ганг то
Кремл» пайдо шуд.

Ман Турсунзодаро на фақат ҳангоми бо дӯстон мусоҳиб шу-
дан дидаам, балки дами собит кардани ғояҳои мо, мубориза
бурдан бо онҳое, ки идеалҳои социалистии моро бадном
карданй мешуданд, низ дидаам. Дар ин лаҳзаҳо ӯ аз шахси на-
рмсухани беозор, аз лирики нозукбаён, сарояндаи зебоиҳои та-
биат ва рӯҳи инсон ба муборизи оштинопазиру ҷасур табдил
меёфт. Конференсияи Умумиҷаҳонии муҳофизати сулҳ, ки то-
бистони соли 1965 дар Хелсинки барпо шуда буд, ба ёдам мео-
яд. Он вақт ҳамроҳи шоир дар як секция кор кардан ба ман рост
омада буд ва бо эҳтиросу ббварибахш суханронй кардани ӯро

119
ба муқобили вайрон таъбиркунандагони мақсади Иттифоқи
Советй дар рохи сулҳу яроқнартой дида будам.

Соли 1971-ум дар Толори серпосутуни Хонаи Иггифоқҳо,
дар маҷлиси бахшида ба ҷашни 60-солагии рӯзи таваллуди
Мирзо Турсунзода мам аз номи олимони шарқшинос ба табри-
ки шоир баромада, маҳз аз ҳамин ҷиҳати хислату шахсияти ӯ,
ки ҳам зебоии ҳақиқиро тараннум карда метавонисту хам бо
бадй, дар ҳар шакле, ки зохир шавад, мубориза бурда метаво-
нист, сухан ронДа будам, ки ин хислатро шоири гуманист, ба
фикрам, аз анъанаҳои хоси Горкий мерос гирифта буд. Ин
маҷлис ду раиси фахрй дошт: К. Федин ва Н. Тихонов. Ҳамаи
онхое, ки ба табрики ин марди наҷиб гирд омада буданд, дар
толор нағунчиданд. Чй қадар дӯстону хавохоҳону мухлисон
дошт ин шоири махбуби хама! Г’умон мекунам, ки ин махсу-
сияти шахсияту гуманизми Турсунзода дар осори манзумаш
аксе гузоштааст. Хусусан ашъори дар мавзӯи ҳиндустон суру-
даи ӯ ба дили ман наздиктар аст. Турсунзода ба мавзӯи
Ҳиндустон ҳанӯз хангоми сафари якумаш ба ин мамлакат соли
1947 таваҷҷӯх зоҳир карда буд, ки шоир дар хайати вакилони
советй буд. Ба хайати вакилон Н. С. Тихонов - аз шоирони
советй аввалин каси ба мавзӯи Ҳиндустои рӯ оварда - сардорй
мекард. Дар байни ин ду мард, ду шоири советй чи риштахои
дӯстие устувор буд, ман нағз медонам, медонам, ки дар дили
Мирзо Турсунзода нисбат ба Николай Семёнович чй меҳру
эхтироме ҷо дошт. Гумон мекунам, ки эҷодиёти IT Тихонов ба
Турсунзода таъсири муайяне расондагист. Шоири тоҷик
хамчун Н. Тихонов дар ашъори оид ба Ҳиндустон бахшидааш
ба ин сарзамин ба чаш ми дӯст менигарад, ба он чй дар мамла-
кат мебинад, хайрхоҳона баҳо медиҳад, кӯшиш мекунад, ки
калбан ба ӯ наздик бошад, дар ашъораш орзую омоли халқи
хиндро ифода кунад. Шоир ба Ҳиндустон на бо чашми тамо-
шобини бепарво ё ки ба нияти ошкор кардани ҷихатҳои
булаҷаби воқеияти он кишвар менигарад, балки ҳамчун дӯст
самимона чашм андохта, аз муваффақиятҳои халқи он хурсанд
ва аз нобаробариашон дилтанг мешавад.

Хусусан, вақте ки Турсунзода ба образхои анъанавии назми
ҳиндй рӯ меоварад, ба таври хос воқеияти Ҳиндустонро дарк
кардани шоир баръало намудор мегардад. Дар ин образхо як-
бора баъзе пахлуҳое ошкор шудаанд, ки собиқан маълум на-

120
буданд. Масалан, ба мо маълум аст, ки Ганг - дарён муқаддас

- образи шеърии анъанавиест, тамоми адабиёти Ҳиндустонро
фаро гирифтааст. Аз қадимгарин замонҳо то оа рузюри мо ин
образ бисёр шоирони ҳиндиро ба илҳом меовард ва ба илҳом
хоҳад овард. Образи дарён муқаддас, ки мувофики асогири
ҳиндиён, гӯё аз осмонҳо ҷорй шуда меомадаасту ҳар ки дар он
гусл кунад, аз гуноҳ пок мешудааст, дар сурудахои шуарои
равняй романтики дошта таҷассуми ҳусни тамом, харакати
мудом ва аз нав ҷон гирифтани олам мебошад. Дар солхои 30

— дар замони пайдо шудану инкишоф ёфтани нахзати нави-
сандагони прогрессивии Ҳиндустон, дар ашъори як силсила
шоирони хиндй образи Ганг беш аз пеш мазмуни иҷтимоӣ ме-
гирад. Чунончи дар ашъори Сумитранандан Паш образи да-
рён муаззами ҳиндихо, ки ба сӯи уқёнус ҷорис1, рамзи
издиҳоми дар рохи мубориза бедор шуда, ба ҳаракат омадаест,
ки ба сӯи мақсади олй ба пеш метозад Соли 1937 Пант навиш-
та буд:

Хурӯшон аз ниҳоди халқ ҷорӣ Гонги мо имрӯз,

Бувад ҷӯшандагнар рӯди азими бефано имруз,

Тамоми реги беҷонро зи кайҳон, боз гундорад,

Барад бо худ хаё.пу орзуи халқро имрӯз.

Мирзо Турсунзода, ки баъди даҳ соли ин, дар арафаи
истиқлол ёфтани Ҳиндустон ба он кишвар сафар карда буд, низ
ба образи ин дарёи муаззам рӯ овардааст. Дар байни образе, ки
шоири совета офаридааст ва образи Ганги шеъри Пант як навь
монандие ба мушохида мерасад:

...Меравад сӯи баҳр бо сари хам,

Гӯӣ дорад ба дӯш кӯҳи алом.

...Ба гумонам, ки гаштаӣ ҷорӣ
Ту на аз чашмаҳои кӯҳсорӣ.

Балки аз оби чаиши гирёнй,

Араку ашкҳои деҳқонӣ.

Илова бар ин образи офаридаи шоири совета инкишофи
бештаре ёфта, чун дар ашъори шоирони инқилобчии романти-
ки хиндй, чунончи, ашъори Назрулислом, мазмуни инқилобие

121
касб кардааст. Шоири совета ба^ дарёи Ганг бо даъвате
муроҷиат мекунад, ки исён кунад, ба шӯр ояд ва тамоми дарду
алами инсон ва беадолатиро дар ҳамвоҷи худ ғарқ кунад.

Гуфтам: эй Ганг, аз чӣ хомӯшӣ?

Аз чӣ дарёсифат намеҷӯилй?

Шоир образи Ганги пуртугёнро бо Ҳиндустони бедоршуда
ва ба муқобили бандагию беҳуқуқии давраи мустамликадори
исёнбардошта алокамапд кардааст:

Ҳар чи бошад, бузург рӯдастӣ,

Ҳиссаи баҳр и •беҳудудастӣ,

Рӯдворопа зындагонӣ кун!

Ҷӯшзан,

ҷӯш зан,

ҷавонӣ кун!

Турсунзода1 ба чаҳони эҳсосоту андешаҳои мардуми ҳиндй
амиқ cap фурӯ мебарад. Дар гарзи зиндагонии қонунии онҳо
баъзан нишонаҳои ҳаёги мозии халқи худро, ҳаёти падарону
бобоёни худро пайваст мекунад. Ӯ ба муқобили вомондаҳои
асримиёнагӣ, таасуботи динй, ки дар натиҷаи он дахдо милли-
он мардуми Ҳиндустон «нафратзадагон» ном бардошта, аз кам-
тарин ҳукуқи инсонӣ маҳрум мондаанд, cap мебардорад:

Ҳамеша аз халощ дур мегашт,

Бамисли зиндаи дар гӯр мвгашт...

Ҳазорон сол боз ин турфа мардум
Зи ҳаққи зиндагонӣ гашта маҳрум,

Ба ин оину ин расми хабисӣ
Чаро розист лорди англисӣ?

Дар мамлакати мо ҳеҷ кас ба мисли шоирони республикаҳои
Шарқи Совета зебоии санъати мардуми ҳиндро дарк кардаву ба
қадраш расида наметавонад. Турсунзода ба рақси ҳинду-
духтари иозанини ромишгар мафтун шуда ба образҳои
ҷавидонии Бедил рӯ меоварад. Ҳамчуноне ки як замон Мадани
Ҳофиз мафтуни хусни ҳиндудухгар Комде туда буд, шоири
122
тоҷик дар банди ҳусну санъати раккоса I ара Чоудрй (Чандри)
афтодааст.

Мавзӯи ҳаракати озодихоҳии миллӣ ва муборизаи халқи
\инд дар роҳи ҳаёти нав саросари ашъори ба Ҳиндустон бах-
шидаи Турсунзодаро фаро гирифтааст.

Шоир дар достони «Аз I анг то Кремл>> аз хусуси [аъсири
ғояҳои инқилобасари Ленин ба Ҳиндустон, аз хусуси ба назди
Ленин рафтани марди ҳиндӣ Пратап ҳикоят кардааст.

Ленин аз таҳти дил сухан мекард,

Ҳиндуён маҳви хештан мекард:

«Ранҷбарзодагони Русия, -
Ҳама пиру ҷавони Русия
Чашмдорони Ҳинди бедоранд,

Ба ситамдида ҳиндуён ёранд...

Ман надднам, ки баъди ин суханон
Дар чӣ ҳолат буданд ҳиндуён,

Лек донам, ки ҳар яке масъуд,

Буд дар он дам аз ҳаёти худ.

Наравад ҳеҷ Ленин аз ёдаш,»

Ёди Ленин кунад, кунад шодаш...

Ёд орад ҳақиқапш Ленин,

Суханони ба дил ҳамеша царин.

Мавзӯи якдилии меҳнаткашони Шарқ, ки дар ин байтҳо
равшан зоҳир шудааст, ба тамоми эҷодиёти I урсунзода, ба та-
моми фаъолия ги ӯ хос аст.

Ман дар Ҳиндустон борқо шоҳиди суханрониҳои [урсунзо-
да шудаам. Мардум суханони ӯро бо мароқи том гӯш мекар-
данд. Ҳиндуҳо ба ашъори доир ба Ҳиндустон сурудаи шоирони
совета ҳаваси зиёде доранд.

Ашъори ба Ҳиндустон бахшидаи Турсунзода дар ин сарза-
мин шӯҳрате дорад, мардум номи шоир ва эҷодиёти ӯро хуб
медонанд. Моҳи апрели соли 1981 гузорам ба Ҳиндустон аф-
тод. Дар хотели Ҷан-патҳ ҳамон хотели маркази шахр, ки ману
Турсунзода чанд бор фуруд омада будем, рӯзе чанд ба cap бур-
дам. Ҳар гӯшаи он дӯсти деринаамро ба ёди ман меовард. Дар
яке аз ҷамъомадҳо, ки адибони хиндӣ маро даъват карда бу-
данд, аз робитаҳои адабии хинду советй, аз он нависандагони

123
совета, ки поягузори ин робитаҳо буданд, сухан ба миён омад;
дар ин миён, пеш аз ҳама, табиист, ки номи Турсунзодаро ба
забон гирифтанд. Дӯстони ҳиндӣ мулоқотҳои бо Турсунзодаро
ёдовар шуданд, аз шеърхонии ӯ дар мушоираҳо ёд карданд, аз
ман хоҳиш намуданд, ки ашъори ба Ҳиндустон бахшидаи ӯро
хонам Ман китоби ӯ «Андешаҳо дар бораи Ҳиндустон»ро, кй
дар силсилаи китобхонаи «Огонёк» ба тозагй нашр шуда буд,
ҳамроҳи худам бурда будам ва аз ҳамон китоб шеъри «Руди
Гаш »-ро хондам. Ин шеър, ки бештар аз 30 сол қабл аз ин эчод
шуда буд, ҳамчунин бамаврид садо дода, ба шунавандагон
таъсири амиқе бахшид.

Дар ин маҷлис ман суханронй карда ба дӯстони ҳиндиям
гуфтам, ки Турсунзода дар мамлакати мо эътибори зиёде дорад,
мардуми совета ӯро дӯст медоштанд ва хотирашро пос медо-
ранд, хусусан ҳамдиёронаш - тоҷикон ӯро қадршиносанд. Ин-
чунин ба онҳо хикоят кардам, ки моҳи декабри соли 1979
ҳангоми Душанбе рафтанам оромгоҳи дӯсти ҷониамро зиёрат
кардам, низ гуфтам, ки Турсунзодаи бемор васият кардааст, ӯро
дар як теппаи баланди канори шаҳр ба хок супоранд, ки аз он
ҷо дараҳову кӯҳсори Точикистон, ҳамон кӯҳсоре, ки шоир ин
қадар дӯсташ медошт, намуда истад.

Мирзо Турсунзода барои ман зиндаи ҷовид аст. Ман ами-
нам, ки ёди ӯ, ашъори безаволи ӯ аз дили мухлисони
беҳисобаш ҳаргиз берун нахохдд рафт.

124
Иёгапдра КУМАР

сафири давпати Ҳиндустон
дар Ҷумҳурии Тоцикистон

ПАЙВАНДИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА
БО ҲИНДУСТОН

Мирзо Турсунзода солҳои зиёд бо Ҳиндустон ва мардуми
он алоқаи мустаҳкам дошт. Ин марди боистеъдоду мӯътабар
ошиқи фарҳангу халқи азияткашидаи ҳинд шуд. Вай аз та-
лошу муборизаҳои шахсиягҳои барӯманди ҳинд алайҳи мус-
тамликадорони англис рӯҳу илҳом гирифт. Ҳамчунин
ҳаракатҳои озодихоҳонаи халқ дар роҳи бунёдн давлати
соҳибистиқлбл ва раҳидан аз қафомонии иҷтимоӣ ба ӯ таас-
суроти бузург бахшид.

Мирзо Турсунзода дар конфронси «Халқҳои Осиё», ки со-
ли 1947 пеш аз инқилоби Истиқлоли Ҳиндустон дар Ню-
Деҳлй баргузор шуд, ширкат варзид. Ин конфронс, ки рамзи
бедории халқҳои Осиё шуд, пас аз шикасти қувваҳои
иртиҷой ва ғосибони Аврупо, ба қомат афрохтани
қаҳрамонҳои миллӣ Маҳатма Гандӣ ва Ҷавоҳирлал Неҳру
муосоидат кард. Ширкати шахсиятҳои бузургу озодипарасти
Осиёи Марказй, аз ҷумла Мирзо Турсунзода дар Конфронс
боиси барқарор ва ҷоннок гардидани алоқаҳои рӯзафзуни
Ҳиндустону Осиёи Марказй, ки ҳангоми дар асорати истило-
гарон будани мамлакати мо гусаста буданд, аз нав эҳё шу-
данд. Алҳол барои бештар мустаҳкам шудани риштаҳои
дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон гояҳои Мирзо Турсунзода
хидмати хоса мекунанд.

Ин шоири абадзинда борҳо ба Ҳиндустон сафар карда,
дарду армони мардумро эҳсос намуда, бо зиёиёни мо ошноии
хуб дошт. Омӯзишу тахдили воқеъбинонаи осори бузурги
қадимаву кунунии халқи тоҷик, назари хушбинонаи он ба
оянда ва башарият, рӯзгор ва муносибаташ ба арзишҳои
маънавй дар айни ҳол, баъди зуҳури сиёҳкоронаи толибон ва
инсонҳои бадкирдоре мисли онҳо дар ватани мо хеле муфид

125
мебошад. Шоири тоҷик ҷараёни муборизаҳои додхоҳонаи
халки ҳиндуро бо диққат мушоҳида кардаву омухта, онҳоро
басо зебову муфассал ба риштаи тасвир кашид. Асархои
Мирзо Турсунзода байни хонандагони тоҷику форсизабон
маҳбубияти зиёд доранд. Ҳамзамон хонаида ва халқи хинд
низ ба воситаи осори ӯ аз ҳусну шукуфоии Тоҷикистон огох
гардиданд. Асархои пурмазмуну инсонпарваропаи вай ба би-
сёр ҷоизаҳои мӯътабари давлатӣ ва гайридавлати сазовор
гардиданд, аз ҷумла бо ҷоизаи олии Ҷавохирлал Нехрӯ. Вай
таргибгари бузурги адабиёти тоҷику хинд буд ва арзишхои
гаронбаҳои тамаддуни халқҳои Ҳиндустону Тоҷикистонро
хеле хуб ва нозук дарк намуда, ба пойдории истиқлоли
Ҳиндустон хисса гузошт. Шахсаи ба ман ин байти Мирзо
Турсунзода аз асари ӯ «Қиссаи Ҳиндустон» хеле писанд аст,

Дили тоҷику ҳинду чун ду шамъе анҷуман афрӯхт,

Ба боги ии ду шамъи анҷуманафрӯз Бедил сухт.

126
Pennant МУҲЛММЛДИЕВ

муовитграиси созмони баӣналмшалии
нависандагои (Москва)

ШОИРИ БУЗУРГ

Халқе, ки ба ояндаи дурахшони худ уммед дорад, ба
фарҳангу фарҳангиёнаш бепарво буда наметавонад. Аз рӯи
мушоҳида миллати тоҷик аз ҳамин қабил аст. Ман
мутаваҷҷеҳи пас аз марг ба Мирзо Турсунзода сазовор дони-
стани унвони олии мамлакат - Қаҳрамони Тоҷикистон шу-
дам ва пурсидам: боз ба киҳо ин унвонро додаанд. «Ба Сад-
риддин Айнӣ ва Бобоҷои Ғафуров» гуфтанд. Воқеан часпу
талошҳои ин мардони шариф барои шукуфоии илму фарҳанг
ва хидмати софдилона ба халки худ, муборизаи эшон дар
роҳи барқарор намудани ҳақиқати таърихй қаҳрамонист. Та-
шаккур ба оқиливу хирадмандии Президента Тоҷикистон
мӯҳтарам Эмомалй Раҳмон, ки заҳматҳои ин шахсиятҳои бу-
зурги фарҳангиро бо унвони олӣ қадр кардааст.

Ман бо шоири бузург Мирзо Турсунзода дӯст набудам ва,
мутаассифона, сӯҳбаташ низ насибам нашуда буд. Вале ду-се
бор ӯро дар минбарҳо ё байни дӯстонаш - шахсиятҳои бузур-
ги илму адабиёт дида, шеъру достонҳои аз гояи дӯстиву
бародарй саршори ӯро мутолиа карда, дар дилам нисбат ба ӯ
ва Тоҷикистон мех,р найдо шуд. Аз ин рӯ ман ба ҷашни
пуршукӯҳи устод бо камоли майл омадам. Ва зебоиву оро-
миро дар шаҳри Душанбе, ҳайкалҳои нав қомат афрохтаи
Мирзо Турсунзодаро дар шаҳраки Регар ва ноҳияи Шаҳринав
дида дар ҳайрат афтодам. Ба гумонам пас аз пош хӯрдани
мамлакати Шӯравӣ дар ягон ҷумҳурӣ ин хел ва ин қадар пай-
караи шоирону олимонро нагузоштаанд.

Мирзо Турсунзода бо халқу адабиёти бузурги тоҷик ме-
фахрид. Ӯ аз дилу ҷон дӯст меҷуст ва дӯстй, сулҳу
истиқлолро тараннум мекард. Ӯ хайрхоҳи халқҳои олам буд
ва аз рӯи ин хислати наҷиб бо шахсиятҳои барҷастатарини
фарҳангу адабиёти саросари олам дӯстиву бародарӣ дошт.

127
Бинобар ии дар ин рӯзи ҷашни шоир, ки бешубҳа иди ада-
биёти тоҷик мебошад, мехоҳам салому орзуи неки дӯстони
бузурги Мирзо Турсунзода - шоиру нависандагони маьруф
С. Михалков, Р. Гамзатов, Д. Кугултинов, В. Распутин, С.
Липким ва бисёриҳоро ба шумо расонам. Ғояҳои
башардӯстонаи Мирзо Турсунзода имрӯз ва оянда низ барои
вахдат ва сулҳу осоиши дунё хидмат мекунанд.

128
Уттегеп КУМИСБОЕВ

Шоир ва донишманди қазоқ

САРОЯНДЛИ БУЗУРГИ ДӮСТЙ

Маи бо гумманисти бузург Мирзо Гурсунзода ва аллома
Бобоҷон Гафуров ихлоси хоса дорам ва назди руҳи поки
онхо хамеша сари таъзим фуруд меорам. Боре дар даҳлези
Институти шарқшиносии Маскав ба Бобоҷон I афуров ру ба
рӯ омадам. Вай ман - казоқбачаи хурдакакро боздошт ва даст
ба кифтам ниҳода, падарвор аҳвол иурсид. Ба рости, аз
ҳаяҷон нафасам ба дарун зад ва қариб буд, ки беқуш шуда
меафтидам; Охир аз ҳайбати Бобоҷон Гафуров ҳамаи кор-
мандони институт меларзиданд. Вале ин марди бузург маро
навозишкунон аз рафти корхои илмиам пурсиду ба оянда
дилпурам сохт. Дах сол зери сарварии академик Бобоҷон
Гафуров кор кардаам ва аз ин ифтихор дорам.

Мирзо Турсунзода он замонхо на танҳо дар Иттиходи
Шӯравӣ, балки берун аз он ҳам бо ақлу заковаташ гули сари
сабад буд. Ҳангоме ман ӯро дар минбарҳо бо нависаидаи бу-
зург ва ифтихори миллати қазок Мухтор Авезов паҳлӯ оа
пахлӯ ё сари сӯхбат медидам, ифтихор мекардам. Ин абар-
мандони адабиёт дӯстони ҷонй буданд ва манфиатхои ада-
биёту фарҳанги халкхои минтақаро якҷоя химояву таргиб
мекарданд.

Ниҳоят боре дар музеи Ҷамбул Ҷабаев бо устод Мирзо
Турсунзода хамсӯҳбат шудам. Чехраи нуронӣ, ҷозибаи су-
хан, хоксориву самимияташ маро мафтун кард. Ба устод гуф-
там, ки мавзӯи тадқиқотам «Шохнома»-и Фирдавсй аст. У бо
табассум пурсид, ки «Шохнома»-ро хондай ва аз он чизе аз
ёд медонй? Ман бо лахни шикаста ин пораро хондам:

Биноҳои обод гардад хароб
Зи борону аз тобиши офтоб,

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд...

129
Устод хеле хушҳол гашт ва барои равнаки корам
маслиҳатҳои муфид дод. Ва минбаъд дар ҳар куҷое маро ме-
дид, аз кору ахволам мепурсид. Ин, албатта, барои мани
саҳроӣ шарафи бузург буд.

Мирзо Турсунзода дар саросари дунё таргибгари тавонои
фарханги машриқзамип ба шумор мерафт. Мардуми қазоқ,
хусусан ахли илму адабаш ба шахсият ва эҷодиёти Мирзо
Турсунзода мухаббати хоса доранд. Вай ҷавонони эҷодкори
қазоқро дар доирахои адабии Маскав ҳамсша дарстг ирй ме-
кард. Ҷавонмардихои устодро имрӯз хам адибони қазоқ ба
некй ёд меоранд... Шеърхои ӯ ҳамеша дар ҷашну маҳфилхои
ахли илму адаб садо медиҳанд. Ва ин гуна мисраъхои пурмаз-
муну самимияш аз забои ба забои мегузарад ва ба дарди мар-
дум, ки акнун ташнаи сулху дӯстианд, хеле барҷо мехурад.

То тавонӣ дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун...

Халқи опам дуст бо мо гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум маку}!.

130
Тухтубой МУЛКУБА ТОВ

Президенты Академияи адабии
Ҷумҳурии Осиёи Марказӣ, Қиргизистон

ИФТИХОРИ ҲАМАИ МО

Мо, вақте ки дар хусуси мероси фархднгии як халқ меан-
дешем, шахсиятҳои бузурги илму адаби он миллатро пеши
назар меорем. Халқи тоҷик хушбахт аст, ки ба он олам
шахсиятҳои бешумори маъруфро бахшидааст. Мирзо Тур-
сунзода - ин сарояндаи беназири дӯстиву бародарии халқҳо
яке аз фарзандони некноми тоҷик аст. Вай солиёни зиёд бо
адибони маъруфи қирғиз Алй Туқумбоев, Чингиз Айтматову
дигарон муносибати дӯстиву бародарӣ дошт. Мо ифтихор
мекардем, ки минтақаи Осиёи Марказӣ чун ӯ адиби бузургу
хайрхоҳе дорад ва эшон аз минбарҳои ҷаҳонй манфиатҳои
миллиро ҳимоя мекунад, аз хиради қадимаи мардуми мо, аз
ҷумла ғояҳои башардӯстонаи «Манас» низ хдрф мезанад.

Дар рӯзҳои адабиёту санъати Тоҷикистон дар Қирғизистон
Мирзо Турсунзода азизтарин меҳмони мо буд. Ҷавонон
китобҳо дар даст дар гирдаш парвона шуда, аз ӯ соядаст ме-
гирифтанд, аз сӯҳбатх,ояш таассуроти бузур!' мебардош-
танд... Имрӯз қам мардуми қирғиз дар баробари асарҳои
адибони худ шеъру достонҳои Мирзо Турсунзодаро бо камо-
ли майл мутолиа мекунанд. Мирзо Турсунзода шоир, фар-
занди тоҷику Тоҷикистон аст, лек осораш.дар ин айём ва
оянда ҳам ба тамоми инсонҳо завқи бадей ва илҳому
муҳаббати гарм мебахшад.

,1.



131
Ҳмаяк СИ РАС

СОЛҲО ВА ХОТИРАҲО

Ҳмаяк Сирас (1902 - 1982) аз кӯҳансолтарин нависандаго-
ни арман буд, ки дар дами пирӣ аз халки тоҷику дӯстони
ҳамқалами тоҷикаш бисёр ёд мекард ва чун даҳҳо адибони ди-
гари арманӣ ба халқ ва адабиёти тоҷик мехри махсус дошт.

Банда тайи солҳои 1981-1984 дар Ереван тақсилу таҳқиқ
доштам ва ба туфайли Сергей Аракеляи - ин дӯсти наздикам -
бо Ҳмаяк Сирас шиносой пайдо кардам. Нависандаи
мӯйсафед аз чунин шиносой хеле хурсанд шуд ва дар худи на-
хустин вохӯрӣ изҳор дошт, ки ӯ ошиқи адабиёти тоҷик ва ху-
сусан дилдодаи рубоиёти Хайёму шеъри Мирзо Турсунзода
аст. «Мирсаид Миршакар аз дӯстони наздикам буд», - мегуфт
ӯ ва ифтихори ҳамяроқиро бо Сотим Улугзода \еҷ пинҳон
дош га наметавонист.

Аз матни хотираҳои нависанда бармеояд, ки ӯ хусусан бо
Мирзо Турсунзода шиносоии хуб доштаву лаҳзаҳои ҳар
вохӯрӣ - чй дар Арманистон ва чй дар Тоҷикистон - онҳоро
мехри беандоза ба адабиёту фарханг ва иштиёқи хавасангез аз
донистани таърихи халқҳои тоҷику арман наздик мекарданд.
Ҳамчунин Ҳмаяк Сирас аз шаби адабие ёд оварда буд, ки
бегоҳи 8 январи соли 1952 ба шарафи ҳузури шоири тоҷик
Мирзо Турсунзода дар Иттифоқи нависандагони Арманистон
баргузор гардидаву барҳақ ба шаби назми адабиёти тоҷик таб-
дил ёфтааст.

Аксарияти шоиру нависандагони арманй бо шоири тоҷик
ҳусни дӯстй ва қисме ифтихори ҳамкорй ҳам доштанд. Агар
Серо Хонзодяну Геворк Эмин бо Мирзо Турсунзода дӯстони
наздик бошанд, нависандаи дигар Степан Алаҷаҷян бо ин
шоири тоҷик дар бахшхои Кӯмитаи Шӯравии якдилии
халкхои мамолики Осиё ва Африқо ҳамкорӣ доштааст. Ва агар
Сергей Умаряну Силва Капуткян шеърҳои Мирзо Турсунзо-
даро ба забони арманй тарҷума карда бошанд, пас Вардгес
Ернчакяну Левон Мкртчян дар ро\и тадқиқу таҳқиқи осори
Мирзо Турсунзода дар Арманистон саҳм гирифтаанд.

132
Поси эҳтироми дӯстӣ бо Мирзо Турсунзода ва эқсоси гарму
гуворои муҳаббат ба халқу адабиёти тоҷик имрӯз ҳам хусусан
дар ҳаёти адабии Арманистон боқист, ки ин дар як силсила
тадқиқот аз боби ҳаёт ва эҷодиёти Мирзо Турсунзода ба зуҳур
меояд.

Ҳмаяк Сирас сабоҳи 8 июни соли 1982 телефон кард, ки
хонааш — воқеъ дар касабаи Комитас, кӯчаи Комитас-1, хонаи
125 биёям. Овозаш андаке меларзид.

Дарро ба рӯям духтараш, ки ба аёдати падар омада будааст,
кушод. Нависандаро дар бистари беморй дидам. Баъди
ҳолпурсӣ ман ва Сергей аз паҳлӯяш ҷой гирифтем. «Забони
арманиро медонй?» пурсид ӯ ва баъди гирифтани ҷавоби
тасдиқ ба хондани ҳамон чанд саҳифа матни хотира, ки на-
вишта будааст, пардохт. Дар ҷараёни хониши ӯ чанд калимаи
бароям ношиносро пурсида гирифтам... Ҳамин тавр, ӯ дар на-
вбати худ аз ман хоҳиш кард, ки он хотираро ба забони
тоҷикй тарҷума ва чоп намоям.

Баъдтар идрок намудам, ки ин суханҳо як навъ васияти на-
висанда ҳам будааст. Тобистони ҳамон сол ӯ аз дунё гузашт ва
имрӯз лозим донистам, ки матни хотираҳои ба забони тоҷикӣ
баргардонидашудаи ин нависандаи зиндаёдро бо андаке
таҳрир, тавзех ва сарсухан маҳз ба хотири бузургдошти шоири
тоҷик Мирзо Турсунзода чоп намоям.

А вдували Давронов,
8 июни соли 1982, шаҳри Ереван

* * *

Номи шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзодаро ман пеш
аз нахустин вохӯриям бо ӯ шунида, тарҷумаи шеърҳояшро дар
саҳифаҳои «Литературная газета» хонда будам. Ба ман, хусу-
сан, достонҳои «Садои Осиё» ва «Ман аз Шарқи озод» писанд
афтода буданд, ки муаллиф бо ин асарҳояш, ҳаёти нави мар-
думи Шарк, завқи халқи озодидӯсти онро бо махорати балан-
ди шоирона ба тасвир кашидааст. Мутолиаи достоиҳои мазкур
моро бо шоир ва олами зебои ӯ шинос намуда, ҳамдаму
ҳамфикри халқи Шарқи соҳибистиқлол месохт.

133
8 январи соли 1952 Мирзо Турсунзода ба Ереван омад, вале
қабл аз ип ман бо шоир моҳи декабри соли 1949 дар худи
Тоҷикистон шахсан шинос шуда будам. Он вақт ман дар
ҳайати вакилони Арманистон дар тантанаи 20-солагии рес-
публикам ҷавони Тоҷикистон ширкат варзидам. Табиист, ки
дар рафти шиносой бо хоҷагии халқ, санъат, маданият, тарзи
зиндагии тоҷикон диқкати маро сарчашмаи адабиёти ин халк
бештар ҷалб намуд. Хостам донам, ки назми доҷик аз куҷо ва
кай ибтидо гирифтааст. Охир, тоҷикон ҳам мисли мардуми
Арманистон таърих ва адабиёти кадима доранд! Дар рафти
вохӯрӣ ва шиносоихо, аввалин шуда дӯсти ҳамяроқам, нави-
сандаи боистеъдоди тоҷик Сотим Улугзодаро широхтам.

Он рӯзҳо ба муносибати ин санаи муборак нашриёти давла-
тии Тоҷикистон силсилаи китобҳоеро дар осори классикони
адабиёти тоҷику форс Рӯдакй, Фирдавсй, Умари Хайём,
Саъдй, Ҳофиз нашр намуд. Чопи ип гуна асархо ва дастраси
омма гардонидани онҳо дар ҳақиқат нишони эҳтиром ва
гамхорй ба мероси бои гузаштагонамон ҳисоб меёфт. Мирзо
Турсунзода бо як қисси қаноатмандӣ ва ифтихор асарҳои
классиконро ба мо нишон дода мегуфт: «Наели имрӯза бояд
бо ин асарҳо шинос шавад ва хуб фах>1ад, ки муборизаи мо
дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри чй буд. Дар
рӯзҳои сахти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи он китобҳои дар-
сие, ки ба хонандаи тоҷик зарур буд, дар Ленинград, дар
вагонҳо хобида буданд, вале он вагонҳоро лозим буд, ки ба
фронт хизмат кунанд: бо хӯрокворӣ ва лавозимоти ҷангй
таъмин намудани ҷанговарон муҳим буд.

Бисёриҳо мехостанд вагонҳоро холй кунанд, вале чун ин
суханҳоро А. А. Жданов шунид, бо қатъият гуфт:

- Ленинград барои мо фронта му\им аст, вале маърифат-
нокии халқи тоҷик низ камтар аз фронт нест.

Дар таҳти чунин фоҷиаи мудҳиш, дар зери борони тиру ту-
фанг ин китобҳо то Душанбе омада расиданд ва ба мактабба-
чагон дастрас шуданд».

Ҳамаи инро Турсунзода хуб медонист ва дар яке аз
ҷамъомадҳои адабй суханони Соро Юсуфоваро ба ёд оварда
чунин гуфт:

134
— Ғамхории бародарона ба якдигар махсусан дар рӯзхои
душвори ҳаёт зоҳир мегардад. Ана ин рӯзҳо халки бузурги рус
барои мо муттако гардид ва ин китобҳо рамзи нурҳои
ҷонбахши офтоб аз самти шимоланд.

Ин хотираҳои Тоҷикистонии ман аз нав. аниқтараш, бегохи
8 январи соли 1952 зинда гардиданд. Он рӯз шоир дар хонаи
адибони Арманистон бо шоиру нависандагон вохурии аҷибе
дошт. Толори Хонаи адибон пур буд. Ба ин ҷо онҳое омада
буданд, ки шоирро дӯсг медоштанду ҳурматаш мекарданд. Бо
хоҳиши барандаи вохӯрй ман бо дилу ҷон дар бораи М. Гур-
сунзода, таърихи тиносоиамон ва, муҳимтар аз ҳама, дар бо-
раи эҷодиёташ, ки бевосита ба мавзӯъҳои сулҳ ва дӯсзии
халқҳо бахшида шудаанд, чанд сухан гуфтам. Қайд кардам, ки
адабиёти муосири тоҷик, назми он дар симои шоир М. Тур-
сунзода ва асарҳои ӯ беҳтарин анъанаҳои адабиёти классикии
тоҷику форсро мепарварад ва дар шакли боз ҳам зебову рехта-
аш дастраси хонандагон мегардад.

Дар хотимаи суханам як рубоии Хайёмро, ки тарҷумаи ар-
маниаш ба қалами Арам Чарг мапсуб аст, ба забони арманӣ
хондам. Аз зал овоз баромад: «Бо забони русӣ хон, то Iypcyn-
зода низ фаҳмад, ки чӣ мехонӣ?».

Барои ман он вақт ба забони русй хондани ин рубоӣ душ-
вор буд ва ман чун ба забони тоҷикӣ канда — канда «Асрори
азалро на ту дониву па ман» — гӯён ба хондан шурӯъ кардам,
Турсунзода аз шодй ҷаҳида хест ва матни пурраи рубоиро ба
забони шевои тоҷикй ба хондан cap кард:

Асрори азалро на ту доииву на ман,

В-ин ҳарфи муаммо на ту доииву на ман.

Ҳаст аз паси парда гуфтугӯи ману ту,

Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.

Ҳамин тавр, ба туфайли хондани як рубоии Хайём
гуфтугӯи аҷибе дар бораи адабиёти тоҷик cap шуд.

Баъд шоирон Силва Капутикян, Ашот Граши, Согомон Га-
ронцин, Наири Зарян, Гегам Сарян, Рачия Ованесян ва дига-
рон сухан карда, тарҷумаҳои нави худро ба забони арманй ба
шоир хонданд.

135
Инчунин, ҳамон шаб дар бораи драмам шоир «Хусрав ва
Ширин» суханҳои хуб гуфта шуд, ки мо дар симои - арман-
духтар Анушро тасаввур кардем.

Моҳи декабри соли 1954 дар Москва съезди II нависанда-
гони СССР барпо гардид. Ин ҷо, пеш аз хама дӯсти худ, ши-
носи дерин Мирзо Турсунзодаро дидам. Маърӯзаи ӯро дар
съезд гарм истиқбол намуданд.

Вай аз минбари съезд чунин гуфта буд:

Коргоҳи Иттифоқи нависандагон ин на фақат маркази
эҷодӣ, балки маркази мубориза барои сулҳ, ва дӯстии халқҳо
дар рӯи замин аст.

Ин суханон ҳоло ҳам чун ибораи навчӯёна дар гӯшам садо
медиҳанд. Дар аснои танаффус М. Турсунзода, М. Миршакар,
Сергей Чилая, ман ва боз якчанд нафари дигар - як гурӯҳ, на-
висандагон дар назди газетам деворӣ, ки рӯзҳои съезд нав ба
нав мебаромад, истода ҳазлҳои рафиқонаро мехондем. Ва он
ҷо ҳазли рафиқона дар бораи М. Турсунзода низ буд. Ӯ дергох,
ба газетам деворй нигох кард ва сони, табассумкунон гуфт:
«Ҳамчунин ки бе намак таом мазза надорад, ба мо хам юмор
хеле зарур аст».

Каме дертар ба наздамон Самад Вургун омад ва баъди са-
лому алейки расмй аз зери дасти Турсунзода дошту «ман бо ту
кор дорам» - гӯён ӯро ба дигар тараф бурд. Гуфтугуи доимии
онҳо дар бораи драмам «Хусрав ва Ширин» хеле тӯл кашид...

Ин вақт аз куҷое мухбири суратгир пайдо шуд. «Афсӯс,
гуфт Мирсаид Миршакар, - Мирзо рафт, вагарна якҷоя раем
мегирифтем».

Дар танаффуси дигар махсус Турсунзодаро ҷуста ба наздаш
рафтам. Гуфтугӯи ҷиддиамон, ки кайҳо боз орзӯяш мекардам,
cap шуд. Ба аввалин саволам, ки «Хоҳиши ягон бори дигар ба
Арманистон рафтан дорад ё не?» ӯ табассум кард ва чунин
ҷавоб дод:

- Арманистонро хеле дуст доштам. Шумоён ба адабиёти
классикии мо хуб баҳо дода метавонед. Ман бовар дорам, ки
Шумо акнун Хаёмро ба забони арманй мутолиа мекунед.
Тарҷумаҳои нав ҳастанд. Ҳамту не?

- Бале, - тасдиқ кардам ман, - тарҷумаҳои наву хуб

136
хастанд, вале ман мехохам, ки Хаёмро ба забони модариаш
забони тоҷикӣ хонам.

- Вале ман мехостам Асаакяну Чаренцро дар оригинал хо-
нам, - ҳамчунин бо табассуми фақат ба худаш хое ҷавоб дод
Турсунзода. Агар имконият даст диҳад, мо орзуҳои худро
амалй мегардонем.

Баъди се сол - 27 сентябри соли 1957 60-солагии ҷашни
шоир Егише Чаренц барпо гардид, ки дӯсти адабиёт ва халқи
арман Мирзо Турсунзода бо иштирок ва суханони самимии
худ дар ин тантана хотири ворисони адабиёти кадимаи арман-
ро шод гардонд. Ӯ бо як ҳисси дилсӯзй ва эҳсоси бародарй дар
ҳаққи адабиёти арман ва намояндаи он - Егише Чаренц
суханҳои нек гуфт.

Ин охирин вохӯрии ман бо шоир ва инсони комил Мирзо
Турсунзода буд. Ва як умр суханҳои ҳангоми хайр гуфтаашро
фаромӯш намекунам:

- Халки арман адабиёти худро дӯст медорад. Шумо мероси
гаронбаҳои адабиёти классикии худро хуб медонед ва асархое
офаред, ки ба дилу рӯҳи хонанда наздик бошанд.
Таҷассумкунандаи рӯҳи замон бояд бошед, ҳамчунон ки ииро
Егише Чаренц мехост!..»

Ин суханҳо ба маънои томаш ба худи М. Турсунзода хам
дахл доштанд, ки ӯ воқеан барои халқи тоник хам шоир ва хам
фарзанди ифодагари рӯҳи замон буд...

Аз забони арманӣ тарҷумаи
А. Давронов

137
Ҷалол ИКРОМИ

ТАФСИЛИ ЯК САФАРИ АҶОИБ

Ман бо Мирзо Турсунзода аз соли 1931 инҷониб шиноси на-
здик, ҳамдам ва ҳамкор ҳастам. Бо қам рӯзҳои хеле аҷоиб,
хурсандиҳои бисёре, инчунин ташвиш ва андӯххои бешуморе-
ро аз cap гузаронидаем. Агар ҳамаи ин хотиротро навиштан ти-
рам китоб туда меравад. Пекин дар ин ҷо ман мухтасар баъзе
ёддоштҳои худро, ки дигарон шояд нагӯянд, баён кардан
мехоҳам.

Мушкил ва хеле сахт аст дар бораи Мирзо Турсунзода хоти-
ра навиштан, барои он ки акл бовар кунад ҳам, ҳанӯз дил ва
эҳсосоти дохилии ман бовар намекунад, ки Мирзо Турсунзода
вафот карда ва ӯ ҷисман аз байни мо рафтааст!

Рӯзҳои вафот кардани вай ман дар Дубултй - хонаи эҷодӣ
дар Рига будам. Хабари вафоти ӯро шунида, cap аз по гум кар-
дам, қариб бехуш шуда афтода мондам. Рафиқони онҷой кӯмак
расониданд, ба ҳуҷраам бурданд ва ба назарам он бегоҳ тамоми
хонаи эҷодӣ ба гаму андӯҳ фурӯ рафт...

Рӯзи дигар ба самолёт билет гирифта, субҳи он рӯзе, ки бояд
ҷасади ӯро ба хок супоранд, - яъне рӯзи 27 сентябри соли 1977
ба Душанбе расида омадам. Шаб хоб накардагй, монда шудагй,
бо дили маҷрӯҳ рост ба ҳавлии дӯстам рафтам, бо вай дар хона-
аш видов намудам. Видов намудаму дар берун ба худ бовар
намекардам, ки Мирзо Турсунзода мурдааст... Бале, он эҳсосот
ҳанӯз кунд нашудааст, ҳанӯз дар таҳти дилам бовар карда на-
метавонам, ки мо аз вай абадӣ ҷудо гаштаем!

Инак, барои ҳамин, хотира Навиштани ман хеле мушкил аст.
Дар ин ҷо фақат як чиз, як эҳсосот ба ман мадад расонида мета-
вонад: Мирзо Турсунзодаро чун одами аз миёнрафта нею, чун
одами зинда, чун рафиқи ҳамдам ва ҳозир тасаввур карда на-
виштан. Бале, ҳамин тавр мекунам. Дар бораи дӯсти
меҳрубонам чун зиндаҳо сухан меронам, бо худаш ran мезанам,
аз худаш ran мешунавам...

Соли 1930, тирамоҳ, пас аз анҷумани таврихии лингвиста,
вақте ки мо як идда коркунони соҳаи адабиёт ва матбуот ба
Душанбе ба кор омадем (Пайрав Сулаймонй, Азизй, Сирус,
Улугзода, Обид Исмдатӣ, Ҳилол Карим, Муродзода, Зеҳнй,
Баҳоуддин, Икромй, ман ва дигарон - ҷамв 17 нафар), Мирзо

138
Турсунзода дар Тошкент мехонд. Ба гумонам вай дар аввалҳои
соли 1931 ба Душанбе омад ва дар идораи газетам «Комсомоли
Тоҷикистон» ба кор даромад. Он вақтҳо Мирзо Турсунзода хе-
ле ҷавон, хеле пурҷӯшу хурӯш ва оташ буд. Дар андак муддат
ҷамоати мадании Душанбе — аҳли илму адабиёту санъат ӯро
шинохтанд ва дар байн машхур гашт.

Барой мо - омадагон Комиссариата маориф дар ша\рчаи
«Стандарта» (дар паси иморати ҳозираи Опера ва балет) имо-
рати тахтагини дуқабатаеро дод, ки дар он Зеҳнй, Улутзода,
Бектош, Азизй, Бухоризода, Б. Икромй, ман ва дигарон
истиқомат мекарданд. Турсунзода бо Алихуш хонаи алоҳида
доштанд. Онҳо, ҳам журналист ва хдм нависандагони ҷавони
нисбат ба мо серкортар ва боҷӯшухурӯштар буданд, вале муно-
сибати мо хеле мустаҳкам буд. Дар ҳар маҷлис ва дар ҳар
ҷамъомад якҷо будем, бори маданият ва матбуотро бо ҳам ме-
бардоштем. Дӯстӣ ва ҳамдамии моро ҳамин қам исбог мекунад,
ки мо дар он солҳо як чанд нафар дӯстон ва ҷӯраҳо гаштак таш-
кил карда будем. Дар гаштаки мо Азизй, Абдулганй Мирзоев,
Турсунзода, Алихуш, ман ва боз намедонам кй буд. Ҳафтае як
бор дар хонаи ягонтаи аз мо ҷамъ мешудем, оши палов мепух-
тем, камтар май менӯшидем (росташро мегӯям, ки мисли
ҷавонони имрӯза аз ҳад намегузарондем) ба доираи одоб ва
дӯстона сӯҳбат, баҳсу мунозираҳо мекардем. Шубҳа нест, ки
баҳсу мунозираро пеш аз ҳама Турсунзода ва Алихуш барин
ҷавонҳо cap мекарданд, баъд ман, Абдулганй Мирзоев ва
ниҳоят Азизй ҳамроҳ мешудем. I оҳо баҳси мо нотамом ме-
монд. Ҳар чанд ки Азизй аз ҳамаи мо калонсолтар буд, вале дар
баҳси мо қакам шуда наметавонист, ҷавонҳо зӯрӣ мекарданд.
Ба мо он вақт Айнй, Лохутй барин бузургон ҳакам шуда мета-
во-нистанду бас!

Турсунзода чун комсомоли ҳақиқӣ ва ленинчй, чун мубори-
зи роҳи партия, чун журналист ва нависандаи оташинбаён
ҳамеша фикри худро пеш мебурд ва аксар вақт голиб мебаро-
мад. Он вақтхо зиддиятҳо, муборизаҳои синфй хеле бошиддат
давом мекард. Хусусан дар соҳаи идеология чанги сахт мерафт.
Бедарак нест, ки баъзе шахсони бугзу адоватпараст худро сурх
нишон дода, ба Пайрав ва ҳатто ба устод Айнй часпиданд.
Ҳамон вақтҳо буд, ки устод Айнй ба мақолаи игвогаронаи Бек-
тош бо сарлавхди «Ҷавоби ман» як мақолаи гунду тез навиш-
танд ва чун эпиграфи он ин як бай гро хеле ба ҷо оварда буданд.

139
Эй, мункири кайфияти парвози магас,

Бе зина ту ҳам бар лаби ин бом баро!

Е ки Пайрав Сулаймонӣ аз ҳуҷумҳои бисёри чаправон ва
дилсиеҲон ба ҷон расида, як шеъри машҳури худро навишта
буд, ки ин аст:

Эй, шоири отаищалами бо қадами пав,

савдогари Маскав,

Дар дашнаи ишканҷаи танқид забаррав,

афтода ба тергов

Аз зарбаи таиқид дамодам туда бвҳол,

афсурдаю помол...

3-он аст, ки худро шумурӣ «кӯру кару лол»,

тарсида зи ҷапҷдл,

Хон, эй асари «Курсии хунин>>- и ту хун-Хун,

эй шоири маҷнун

Ҷон хуиу ҷаҳон хуиу замин хуну замой хун,

олам шуда гулгуи,

Ҳарчанд пибимист шуморанд азизон,

тапқидиависон,

Пекин ту далеронаю мардона цадам мои,

дар соҳаю майдон!

Мирзо Турсунзода ҳам ба ин баҳсу ҷидолҳо фаъолона ишти-
рок мёкард, вале тезии калами ӯ ба сӯи дӯстон набуда, ба сӯи
бадхоҳони адабиёти советии тоҷиК равона карда туда буд.
Ҳамин тавр буд, ҳаёти иҷтимоии мо...

Вале гаштаки мО давом мекард, шӯхӣ ва хурсандиҳоямон би-
сёр буд. Боре навбати гаттак ба раҳматӣ Лбдулғанй Мирзоев
расид, ки он вақтҳо дар идораи газетаи «Тоҷикистони Сурх» кор
мекард ва дар ҷои ҳозираи иморати Иттифоки нависандагон, ки
кӯчаю паскӯчаҳби тангу тор ва ҳавлиқои сердарахту кулбаҳои
ҳақирона буд, истиқо.матҷое дошт. Хонааш иборат аз кулбае буд,
ки рӯшной ва хаво аз ягона дараш медаромад, тиреза надошт.
Пекин рӯи хавлӣ, гулзор ва ҳавои кушодаш хуб буд...

Вакто ки аҳбоб ҷамъ шуданд, дар сари гулзор, ба гирди дас-
турхони мураттаб ва пур аз нозу неъмат нишастанд, мо ҳама аз
ҳйммат ва мехмоннавозии сохиби хона хурсанд шуда, ба
таъриф cap кардем.

140
Пекин Абдулганӣ аз ин таърифҳо «об туда нарафта» гуфт:

- Хуш омадед. Имрӯз ҳамаи шумо меҳмон! Илтимос ҳамин,
ки ба тайёр кардани ош тащвиш накашед, ҳамаи корро худам
ба ҷо меорам.

- Хайр, сабзию пиёзро биёр, ки реза кунем! - гуфт Азизй.

- Сабзию пиёз реза карда шудагй! - гуфт Абдулганй.

- Хайр, биринчро биёр, ки сангашро минем! - гуфт Мирзо.

- Биринҷ чида шудагй! - ҷавоб дод Абдулганй.

- Модоме, ки - гуфт Азизй, - ҳамаи корро худат мекардй ва
оши палави нагз пухга метавонистй, нас чаро дар навбатҳои мо
ба ҳеҷ кор ҳамроҳ нашуда, намедонам гуфта мешиштй?!

- Зог-дия,-гуфта хандид раҳматй Абдулганй, - зог!

- Ҳа, - гуфт сухани ӯро шарҳ дода Мирзо. - Ин кас зог! Аз
бехунарй фарогатс дорад зог, гуфта хунари худро дар ҳама ҷо
пинҳон нигоҳ медоштанд ва ҳол он ки аз ҳама беҳтар ва хубтар
ош пухта, меҳмондорй карда метавонанд.

- Чй кор кунам, - гуфт Мирзоев, - хурмати меҳмон аз ҳар чи
азиз аст. Ҳар чй ки аз дастам меояд бароятон дареғ намедорам.

- Хуб, набошад шоҳмотро биёр! - гуфт Алихуш ва бо Мирзо
Турсунзода ба бозии шоҳмот cap карданд.

Мирзо ҳамон вақтҳо низ шоҳмотбозӣ мекард ва чи тавре ки
баъдтар ин ба одати ӯ даромада рафт, агар бой диҳад оташин
мешуд, боз ва боз гаштаю баргашта бозӣ мекард ва то
ҳарифашро набарад, дилаш осуда намегашт. Ҳоло-ҳоло раиси
қаҳрамоц - Миралй Муҳаммадалиев ёдоварӣ мекунад, ки боре
дар Москва, дар вақти сессияи совета олӣ, бегоҳирӯзй аз
маҷлис баргашта дар хуҷраи раис хӯрок хӯрдаанд ва камтар ко-
няк нӯшидаанд. Баъд ба ҳуҷраи Мирзо Турсунзода рафта ба
шохдютбозй cap кардаанд. Раис - Миралй боло-болои ҳам
Мирзоро бурдааст. Дар натиҷа Мирзо қаҳр карда гуфтааст:

- Маро коняк зиёфат карда, сарамро гарант карда дар
шоҳмот бурдй, набошад ман аз шахсони бой медодагй нестам.

Вай дар шоҳмот гоҳо бозад ҳам, бой диҳад ҳам, дар зиндагй,
дар кор, дар сиёсат ҳеҷ гоҳ бой надодааст ва ба гуфгаи худаш:
аз шахсони бой медодагй набуд.

* * *

Соли 1932, мо як гурӯҳ нависандагоне, ки аъзои комитета
ташкилотаи иттифоқи нависандагон будем (ин комитета
ташкилотй пас аз карори маълуми апрелии (1932) Комитета

141
Марказии ВКП (б) тартиб дода шуда буд), якҷоя ба саёҳати ав-
валим - ба сӯи Москва баромадаии шудем.

Ба ин гурӯх Мирзо Турсунзода, Абдулғанй Мирзоев,
Бахриддин Азизй, Алихуш ва ман дохил будем. 1аргиби сафа-
рамон ҳамин тавр муайян карда шуд: Мо хама дар Уротеппа,
дар боги Бахриддин Азизй ҷамъ мешавем. Баъд, аз он ҷо ба
Тошкент, аз Тошкент ба Самара (Куйбышеви ҳозира), аз Сама-
ра ба воситаи дарёи Волга ба шаҳри Қазон. аз он ҷо ба пойтах-
ти мамлакат - ба шахри Москва меравем. Хароҷотамонро ба
қадри хол Комиссариата маориф додани шуд, (ба ҳар кас дуса-
ду панҷоҳ сӯмӣ, ки нисбатан ба хисоби хамонвақта хеле сахиё-
на шуморида мешуд).

Оилаи ман ба Бухоро кӯчида рафта буданд. Ман танҳо дар
хонаи стандартии тахтагини гарм ва пур.аз тахтакана бемалол,
хушу хурсақдона зиндагӣ мекардам. Дӯстрнам, рафиқонам дар
гирду атрофам буданд. Корам хеле мувофиқи табъ ва шавқовар
буд. Рӯзона дар идора, дар кор, бегоҳӣ хар шаб ё театр, ё кино
ва ё маҷлис, монда шуда омада мехобидам, ки на гармиро ҳис
мекардам, на газидани тахтаканаро. Аммо зани дуҷонам ва
модарарӯси пирамро маҷбур будам, ки ханӯз дар баҳорон ба
хавлии дар Бухоро будаи худ - ба назди бародарарӯсам ва

хохарам бурда монам. i

Он дам ман котиби масъули журнали «Рахбари Дониш» оу-
дам. ки баъдтар пас аз ташкил шудан ва ба кор cap кардани ко-
митета ташкилии иттифоқи нависандагон, ин журнал ба ихтиё-
ри комитет дода шуд ва номашро хам «Барой адабиёти
сотсиалистй» гузоштанд ва ман боз котиби масъул шуда мон-
дан гирифтам. Лекин дар вақти ба сафар баромаданамон жур-
нал ҳанӯз «Рахбари Дониш» ва мухаррири масъули он
Мухаммадҷон Ҳасанй (ки ҳоло нафақахӯри шахсй дар Ленино-
бод аст) буд. Журналро факат ману Саъдӣ Мақсудй ном рафике
мебаровардем. Шаб намегуфтем, рӯз намегуфтем, кӯшиш ме-
кардем, ки журнал хубтар ва тезтар барояд. Гоҳо тамоми шаб
дар матбааи хурдакак, ки дар яқчанд кулба, дар паси бинои ин-
ститута педагогии навташкилшуда (дар қарибии кинотеатри
Ҷомии хозира) ҷо гирифта буд, мегузаронидем ва то ҳамаи ти-
ражро чоп карда нашаванд, осуда намегаштем...

Боиси асосии ин қадар шавқу завқи ман ба кори журнал аз 1

1 Боби журнали хозираи «Садои Шарк».

142
як тараф қувваи ҷавоий, ғайрат ва ҳамият бошад, аз тарафи ди-
гар ба ман бовар карда супорида шудани журнали маҳбуби ман
буд. Зеро ки ба журнали «Раҳбари Дониш» ман аз шумораҳои
аввалинаш иштирок доштам ва якумин ҳикояти ман («Шабе
дар регистони Бухоро») дар шумораи аввалини ҳамин журнал
ҳанӯз дар соли 1927 чоп шуда буд ва ман дар Бухоро нишаста,
аз шумора то шумора бетоқаТона бо чорчашм мунтазири омада
расидани журнал мешудам. Шумораҳои аввали журнал то ду-се
сол дар Тошкент чоп мешуд. Баъд чанд гоҳ набаромада монд.
Нихоят ҳукумат ва партия қарор доданд, ки журналро дар худи
Душанбе бароранд ва ба он муҳарриру котиб таъин карда, им-
конияти чопашро фароҳам оварданд.

Инак, ман дар охирҳои моҳи август отпуск гирифта ба Бу-
хоро рафтам. Чанд рӯз дар Бухоро истиқомат карда, бачаҳоро
дида, ба Самарканд сафар кардам. Дар Самарканд ба ман
Абдулганй Мирзоев ҳамрох шуд. Баъд дукаса бо поезд то ба
Урсатевский рафта, аз он ҷо дар фойтуни дуаспа ба шаҳри
Уротеппа фуромадем. Роҳ пурчанг, гарм ва дашт буд. Фақат
дар қарибиҳои Уротеппа дарахтзор ва оби равон пайдо шуд.
Пекин даруни Уротеппа салқин буд. Дар канори сой ба як
чойхонаи олиҷаноб фуромада, дам гирифтем, хӯроке хӯрдем.
Баъд аз одамҳо Азизиро суроғ кардем. Ҳеҷ кас намедонист.
Мо хайрон шудем. Охир, худи Азизй ба мо гуфта буд, ки дар
ҳар кадом чойхонаи Уротеппа фуромада маро сурог кунед,
хар кас дарак дода метавонад. Азизй... Азизй... мегуфтанд
мардум ва китф ҷунбонда, ҳайрон мешуданд. Мо мегуфтем,
ки нависанда аз Уротеппа, ҳозир дар Душанбе кор мекунад,
дар ин чо ҳавлию бог дорад... Не, намедонистанд. Ниҳоят як
мӯйсафеди бафаҳм аз мо иурсид, ки Азизй - ин номаш ё
лақабаш? Мо гуфтем, ки ин фамилия ва лакабаш аст. Пас но-
маш чй, гуфта пурсид. Мо гуфтем, ки Баҳриддин. Дар он хол
хама донистанд ва гуфтанд, ки:

- Мулло Бахриддин гӯед-дия! Он касро хама медонанд.

Пас ҷавоне рафта фойтун овард ва мӯйсафед ба фойтунчй
дараки боги мулло Баҳриддинро дод ва мо ташаккур карда чизу
чораҳорро ба фойтун гузоштем...

Боги Азизй дар тарафи роҳи Урсатевский, дар баландй буда-
аст. Бог, кӯрғон, сари хавз, дарахтҳои серсоя хама тартибу кори
классикии Уротеппа ҷо ба ҷо буд. Азизй дар тан куртаи сафед,
дар cap токии чустй, дар сари ҳавз кати симин монда ба роҳат

143
хоб мекард. Омада мондани моро шунида, ҳадаҳа аз ҷо бархост
ва моро хуш кабул кард. Додаронаш ва наздиконаш омаданд,
дар сари хавз колинҳо ва гилемҳо густурданд, курпаю
кӯрпачаҳо партофтанд, ба гирду атроф об зада саякин карданд
ва баъд дастурхон кашиданд.

Азизй марди сию панҷ-сию шаш сола, қадбаланд,
логарҷусса, бо чашмони бодомии нигоҳаш тез ва гузаранда, ба
рӯи андак дароз, ба шукӯҳ ва муллобачахои кӯҳнагиро партоф-
та шабкаю кӯлӯча - шалвор пӯшидаги барин буд. Ҷурабоз да-
сткушод, рӯздида ва одамшинос буд. Охир, ваи дар соли 19_1
ба съезди мусулмонони Россия, ба Боку ҳамрохи раҳмати
Неъматуллоев вакил шуда рафтагӣ ва аз бисер чизҳо, вокеаҳои
хамон солхо бохабар буд.

Рӯзи дигар Алихуш ва Мирзо Тӯрсунзода расида омаданд.
Сӯҳбати мо хуррамтар ва базми мо гармтар шуд. Ҳавои кушод,
мевахои болаззат, хӯрокҳои сергӯшту равган моро дар ду-се
рӯз хеле тагир дода, димоғамонро чоқ ва худамонро мамнун

' аРЯк'детали ачоиб барои ман: Мо ки дар кисми беруни бог ме-
нишастем ва хоб мекардем, аз дарун, аз худи боги ангур беха-
бар будем. Хар пагох ва бегох лаълй-лаъли ангури чиллаги ва
гоҳо хусайнй мебароварданд ва уротеппагихо ангури чиллаГии
худро хуб таъриф мекарданд. Мегуфтанд, ки агар як сари кало-
нашро хуред. аз биниатон фаввора зада хун меравад - химии
кадар сершира ва сершахд аст! Лекин ҳар пагох, хар бегох аз он
ангур хӯрем хам аз бинии хеч кадоми мо хун нарафт. Рузи ду-
юм ва сейм Азизй моро ба сайри дару ни богистоНаш даровард.
Ман диккат карда дидам, ки ду-се, балки зиёдтар пуштаҳои ан-
гури шибиргонй лабзада хобидааст. Ба чашмонам бовар накар-
да як cap канда хӯрдам, шахдаш «улӯямро гирифт.

- Ана. с-гуфтам, - ангури шибиргони хасту чаро моро зие-

(Ьат намекунй!

- Лап чои мо, — гуфт Азизй, - ангури чиллагиро аз хама ав-
лотар мешуморанд, бинобар он ба мехмон факат ангури
чиллагй мебароранд. МаЙЛаш, мефармоям, барои ту ан!у'Ри
шибиргонй хам бароранд.

Рузи дигар лаълии ангури шибиргонй хам наидо шуд.
Азизй вакто ки мефармояд, ангури шибиргони оароранд,
хавлибудагихо хайрон мешаванд, чи тавр мешавад, ки ба
мехмон ангури Шибиргони‘бароранд?

144
- Як нафар бухорй хает, - мегӯяд Азизй, - ангури

шибиргониро дуст медорад. _ , '

Хамин тавр, пас аз чор-панҷ рӯзи мсҳмони Азизи будан, боз
ба роҳ баромадем ва ба поезд бо машаккатибисёр билет гириф-
та, ба Тошкент рафтем. Дар Тошкент манзиди мо техникуми
педагогии тоҷикй буд.

Цӯстон ва рафиқони тошкептқ - муаллимон ва шогирдони
техникуми педагогй моро хуш қабул карданд. Дар ин ҷо ба мо
файзуллои панҷакентй, к. дӯсти „аздшш Мирзо Турсунзвд?
буд, хамрох шуд. Чанд рӯз дар Тошкент хуб сайру тамошо кар-
дем сӯхбатхои ширини аҷоиб гузаронидем^Ьаъд боз .бору
бунаҳро баста, ба поезд су вор шудему ба сӯи .Самара - ҚУйбы-
шеви ҳозира равон шудем. Дар поезд моро як ноомад шу;^
Рафики мо Алихуш ба бемории сипурч гирифтор туда монд,
ки агар аз худаш пуреем. •

- Сич! - мегуфт. п-

Сич яъне сипурч сахт дард, карда, дили каерр хар замон
бехузур мекунад ва одам қай карда меистад. Рузи дуюми сафа-
рамон дарди Алихуш шиддат кард. Ваи дар қабати дуюми ва-
гон хоб мекард, ки хеле норохат буд ва мо чи кор карданамонро

надониста, хайрон будем, , , ..■■■

Ҳар замон праводник омада, моро ҷанг мекард, ки оемора-
мон аз тирезаи вагон ахлоташро партофтааст, дсвори вагон иф-
лос шудааст. Муҳаммаддоноҳои мо - Турсунзода ва Фаизулло
бо праводник гуфтушунид мекарданд ва ҳар замон каифияти
моро бардошта меистоданд. Алихуш, ки чавони хеле шух ва
хамрохи Мирзо хамеша хандаю шӯхӣ карда, мегашт, холо

хомӮш буд ва «сич!» мегуфту бас!

Ман холо ба он кувваю оташу серкории Турсунзода хайрон
мешавам. Хафа шудан, маъюсй ва ноумедиро "^юдш^ист. Ул-
фат чӯра, шух ва хушвақт буд. Охир, мо аввалин бор ба ни
сафари дуру дароз ва шахрхои надидагиамон мерафтем, Тур-
сунзода бошад аз чизе парво пакарда, дар вагон ашулакунон,
хандону шукуфон мерафт. Агар ман дилтанги кунам, ки дар
Самара^ба кучо меравем, дар куҷо истиқомат мекунем, Алихуш
чй мешавад ва гайра... Мирзо бегамона мегуфт:

— Асло корат набошад! Масъала худаш хал мешавад.

Дар вокзали Самара фуромадему чунин маслиҳат шуд, ки
беморро ташвиш дода, ҷоковй карда нагардем, бехтар аввал
чанд кас рафта чо ёбанд ва чанд кас бо чизу чорахо дар вокзал

145
мунтазир шаванд. Ба ҷоковй Мирзо, Файзулло ва Азизй раф-
танд. Many Абдулғанй Мирзоеви беғам бонии низу чораҳо ва
нигаҳбони Алихуши бемор туда мондем. Ман дилтанг будам,
аз назди бемор дур намешудам, ба вай об ва баъзе доруҳои
ссуда мекардагй дода меистодам. Аммо Абдулганй Мирзоев
ҳар замом бо баҳонае рафта, аз пивом машҳури Самара саршор
туда меомаду ба дилтангиҳои ман механдид. Ниҳоят, пас аз
ду-се соат рафиком омадамд. Чизҳо ва беморро ба фоитуне
бор карда, худ низ ба фойтуни дигар сувор туда ба як
мехмонхонае бурданд, ки ба воситаи кадом як идораи шаҳри
иҷозат гирифтаанд, ки ба мо ҷо диҳанд.

Моро ба хонаҳои алохида нею ба як хонаи калони умуми
ҷойгир карданд. Ба ҳамин ҳам шод шудему беморро ба ҷогаҳ
хобонида, ба вай таоме ёфта хӯронда, каме осуда гаштем.
Бегоҳӣ маслихат кардем ва худи Алихуш хам илтимос кард, ки
уро ба ягон бемористон ҷойгир кунем, ахволаш бад аст.

Самара дар солҳои бистум овозаи хеле бад паҳн карда буд.
Дар он ҷо гушнагй шуда, мардум худро ба хар сӯ мезананд,
хатто то ба Осиёи Миёна рафта мерасанд. Баъзе аз онхо, шояд
маҷбуран, аз гушнагй бошад, ки дуздй хам карданд ва бииоба-
рон одамони бадро «самарский» мегуфтанд. Лекин дар вақти
оафтани мо Самара яке аз шахрхои обод, мадани ва зебои
мамлакат буд. Ҳама ҷо сайргоҳ, богу бӯстон, гулу i-улзор ва
ошхонаю ресторанхо буд. Ҳама ҷо мардум моро бо навозит
ва рӯи хуш кабул мекарданд. Бегохихо дар вақти сайру i ашт
Азизй гоҳо чомаи алочаи абраастари зебои худро дар бар кар-
да ба cap тоқии гулдӯзй гузошта мебаромад, ки чашми акса-
рияти мардум ба сӯи мо буд. Зеро ки он вақт аз Осиеи Миена
кам одамон ба Самара мерафтанд ва якт-дуто омадагон (хусу-
сан, ки бо дома бошанд) дархол ба назар менамуданд.
Идорахо ва ташкилотҳои ҷамъиятии Самара низ моро хеле
хуб ва мехмоннавозона пешвоз гирифтанд.

Рӯзи дигар Алихушро бо мошини тиббии махсус омада ги-
рифта ба бемористон бурданд ва дархол ба габобат cap кар-
данд. Пас аз чанд рӯз, вақто ки мо сафарамонро давом додани
шудем худи Алихуш баромада гуфт, ки мо бемалол рафтан
гирем, вай дар бемористон худро хеле хуб хис мекунад насиб
бошад, пас аз як хафта ӯро ҷавоб медиҳанд ва ӯ рост ба Моск-
ва меравад. Бо ин қарор мо ба бандаргохи дареи Самара раф-
та, то ба Қазон ба параход билет гирифтем. «Параход шабона,

146
пас аз соати дувоздахи шаб омад ва мо зуд ба он сувор шуда,
ба ҳеҷ чиз аҳамият надода хобидем. Маълум шуд, ки дарен
Самара ба дарён азими Волга меомехтааст. Рӯзона, вақто ки
мо бедор шудем, параходамон дар дарён Волга равон буд. Он
манзара ва он зебоии атрофро дида мо маҳву мот шудем. Ба
гумонам Мирзо шеър навишт. Дар ҳақиқат он азамат ва
шукӯҳи дарён Волга, зебоии манзараҳои соҳили ду тарафи он,
тантанаи баромад-баромади офтобро дар об дида истода, шеър
нанавиштан мумкин набуд. Мирзо шеър нанавишта бошад
х,ам, дунё-дунё илҳом гирифэуки ба шеърҳои ояндаи вай, рӯҳ
ва тароват, болу пар доданд...

Дар Қазон нависандагони Тотористон моро ботантаиа пеш-
воз гирифта, ба беҳтарин меҳмонхонаи пойтахти худ ҷойгир
карданд. Мо як қафта зиёдатар дар Қазон будем. Дар ин до
Мирзо Турсунзода бо шоирон ва нависандагони тотор дӯст ва
улфат шуд. Дар чандин ҷамъомадқо, дар назди коргарони за-
води пашминабарорй, дар университети машҳури Қазон, дар
назди студентон баромадхо кард. Рӯзҳои хурсандибахш ва
аҷоибе, ки мо дар шаҳри Қазон гузаронидем, ҳеҷ фаромуш
намешаванд. Дар ин шаҳр ману Мирзо бештар фаъолият ни-
шон додем ва аксаран ҳамроҳ будем. Нависандагони тотор
моро бо ҳамаи аҷоибот ва тамошогоххои Қазон ошно карданд,
хуб зиёфат карда, китобҳояшонро тақдим намуданд. Ин, авва-
лин муносибати нависандагони тоҷик бо нависандагони I ото-
ристон буд.

Охирин нуқтаи сафари мо пойтахти мамлакат, шаҳри бузур-
ги Москва буд. Мо ба ин ҷо бо поезд омадем ва рост ба
Иттифоқи нависандагон рафтем, ки он вақт Ставский ва
Лохутй дар котибот кор мекарданд. Моро дар бииои «Хонаи
Советҳо» дар як зали калоне ки қариб бист нафарро гунҷоиш
медод, ҷойгир карданд ва ҳар рӯз ба як муассиса, ба як музей,
ба як ҷои таърихй гирифта мебурданд. Аввалин бор мо қабри
Ленинро зиёрат кардем, ба заводи автомобилсозии Москва, ки
ҳоло ба номи Лихачев аст, экскурсия кардем, фабрикаи «Четы-
рехгорная ману факту ра»-ро дидем, дар музейҳои «Революция»
ва «Политехники» будем ва хар бегоҳ ба театр мерафтем.

Дар Москва пули мо тамом шуд. Мирзоро пеш андохта ба
намояндагии Тоҷикистон рафтем, ки ба бахти мо раиси Совета
Вазирони ҳамонвақгаи Тоҷикистон - Ҳоҷибоев дар ҳамон ҷо
будааст. Мо арз кардем, ки пуламон тамом шуд. Ҳоҷибоев пае

147
аз нею-нестоии бисере ба хар кадоми мо боз шаст-хафтод суми

Ниҳоят, ману Мирзо Турсунзода ба Душанбе баргаштани
шудем. Рафиқони дигар (ки маълум шуд пул доштаанд) ба Ле-
нинград рафтанй шуданд. Воқеан дар Москва мо Алихушро
ёфтем. Сахат ва саломат, хандону газалхон буд. Вай хам сафари
Ленинградро ихтиёр кард.

Many Мирзо Турсунзода ба охирин пули худ билет, ду
бӯхонка нон, камтар қанд ва қамтар колбаса харида ба поезд
сувор шудем. Рост мегӯям, ки на май ва на Мирзо дар умри худ
ин тавр бепул нашуда будем. Ҳамин озукаи бардоштаи худро
мехӯрдему ҳасад мебурдем, ки мардум дар станцияхои калон
фуромада мургбирён, моҳибирён, мева ва бодирингу
помидорхои нагз харида мебароварданд ва дар пеши назари мо
кайф карда мехӯрданд. Хӯрок хӯрдани дигаронро дида ба мо
ҳам иштиҳо пайдо мешуд ва мо хам нону колбасаи худро
лунҷак мезадем. Бино бар он захираи мо базӯр ба ду руз расид.
Рӯзи охиринро мо гурусна гузаронида ба 1ошкент расидем. Бо
маслихат бору бунаҳро баста аз вагон фуромадему билетҳоро
фурӯхта рост ба техникуми педагогии тоҷик рафтем. Рафиқони
он ҷой моро дастгирй намуданд. Баъд, аз намояндагии
Тоҷикистон, ки дар Тошкент буд, рафта камтар пул гирифтему
белат харида ба Душанбе баргаштем...

Ин саёҳати аҷиби мо, ки пур аз хотираҳои фаромуш
нашуданй аст, абадӣ ба хофизаи ман нақш баста аст. Дар ҳамин
сафар ману Мирзо хеле ба хам паздик шудем. Бо хислат ва
ақидаҳои ҳамдигар ошно гаштем, ки дар оянда он боз вусъат
ёфта, асоси дӯстии самимии моро фароҳам овард.

Г’умоп мекунам, ки ин хотираҳои аввалин боз давом меёбанд
ва дар он бобҳои оянда хислат ва бузургии Мирзоро бо
фактхои хаётй дурусттар исбот хохам кард.

148
Мирсаид МИРШАКЛР

ГО ҲАСТ ЗИ ҶОНАМ РАМАҚЕ1

Дар давоми бист шабонарӯз ману Мирзо Гурсунзода дар як
касалхона бистарй будем. Се шабона рӯзе, ки аз до хестани
май мумкин набуд, ҳар субхдам садом пурташвиши Мирзоро
мешунидам, ки аз навбатдор ахволи саломатии маро мепур-
сид, вақт ба вақг назди ман омада, ҳолпурси мекард ва
соатҳои холй наздам менишаст, аз хар хусус суханрони мс-
кардем. Дере нагузашта буд, ки ба ман ҳам аз ҷо хестану сайр
кардан дар боги касалхона иҷозат шуд. Дар соатҳои аз табобат
холй дар боги касалхона мегаштем, хаста, ки шудем мениша-
стем ва сӯхбат мекардем. Шояд аз таъсири беморй бошад, ки
сӯҳбати мо хеле парешон ва гуногунмавзӯъ буд. Баъзан чунон
мешуд, як мавзӯъро ба охир нарасоида аз домани дигаре ме-
гирифтем, ки ба аввал хеҷ муносибате надошт.

Чунин масъалаҳо, чун гузаронидани садсолагии рузи та-
валлуди устод Айнй. навадсолагии зодрӯзи устод Лохутй.
Рӯзҳои адабиёти Советй дар Тоҷикистонро Мирзо қариб хар
рӯз ду-се бор ба хотир меовард ва бо хасрат мегуфт, ки аз аф-
таш дар Рӯзҳои адабиёти Советй бевосита иштирок карда на-
метавонад, лекин дар чорабинихои дигар, ки дертар гузаронда
мешаванд, фаъолона иштирок хоҳад кард.

— Партияву хукумат, — мегуфт бо мамнуният Мирзо, — ба
пешвози садсолагии Айнй чорабинихои калоне гузаронда ис-
тодаанд. Лекин хадяи бехтарини мо ба падари адабиётамон
ҷавонони сохибистеъдод мебошанд, ки солхои охир дар май-
дони адабиётдохил шудаанд.

Дар адабиёти мо сохибистеъдодоне дохил шудаанд, ки ба-
рон устоди мо танҳо орзу буданд.

Ҳар боре, ки рӯзҳои ҷавониро ба ёд меовардем, Мирзо «чи
рӯзҳои наҷибе дар кӯчаи Орҷоникидзе, хонаи рақами 49 дош-
тем», мегуфт. Баъд шарх медод, ки дар як хонаи чубини
муқаррарии дуошёна чун фарзандони як падару модар
зиндагй мекардем. Ҳар оила дегу табақи худро дошт, лекин
аксар вақтҳо наҳорро якҷоя мехӯрдем. Беҳтарин асархои худ-

1 Порчахо аз хотираҳо

149
ро хам дар ҳамон ҷо ва дар ҳамон шароит эҷод кардаем. 1 оҳо
шабҳо нахуфта, машгули эҷод будем ва ҳамин, ки номаълум
субҳ дамид, наҳорӣ карда, тозон, бо чашмони хоболуд, ба
идора мерафтем. Дар чунин вазъият достони аввалинам
«Баҳор ва хазон»-ро навишта будам. Мондашавиро қис наме-
кардем.

Чунки ҷавону саломат будем.

- Ту он рӯзҳородар ҳотир дорӣ?

- Магар он рӯзҳову солҳои пурҷӯшу хурӯшро фаромӯш
кардан мумкин аст?. — бо савол посух додам ман, — ҳагто он
шабҳое, ки дар рӯзҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ то соатҳои чору
панҷ нишаста, достони «Писари Ватан»-ро менавиштӣ, дар
ёдам ҳастанд. Он дақчқае, ки баъди шунидани ахбори Ин-
формбюро, назди тирезаам истода, шеъри нави худ «Гастел-
ло»-ро ба ман мехондӣ ва ба ногах гиря дар гулӯят гиреҳ баст
ва ашк дар чашмонат чарх зад, фаромӯш нахоҳад шуд...

- Рӯзу шабҳои афсонавии Кондара чӣ?

- Оре, дар қақиқат ҳам рӯзу шабҳои афсонавӣ буданд.

Он рӯзҳову шабҳои ба қавли Мирзо афсонавй аз пеши на-
зари мо чун тасмаи кино гузаштан гирифтанд:

...Сафари Кондара барои ман тасодуфӣ буд. Дуюми май дар
яке аз мактабҳои райони Сталинобод баромад карда, аз он ҷо
бо хоҳиши худи Мирзо рост ба ҳавлии ӯ рафтем.

- Чаро худатон танҳо? - пурсид бо хайрат модари фарзан-
дони наҷиби Мирзо Сабоҳатхон.

- Имрӯз рӯзи ид аст, ихтиёри ҳар кас ба худаш,. бачагони
Миршакар бошанд, имрӯз ба мехмонй рафтаанд. Ман ӯро бо
худ ба ин ҷо овардам. Маслиҳат дорам.

- Ба хона дароед.

- Не, имрӯз ҳаво хеле ҳам форам аст, дар берун мешинем.

Дар хавои софу офгобии моҳи май нишаста, зодрӯзи Мир-

зоро қайд кардем. Мирзо хандида, гуфт:

- Дар як сол ду рӯзи таваллуд дорам ва ҳар дуяш хам
тахминй! Лекии соли таваллудам хақиқист!

Воқиаи рӯзи таваллуди дуюми Мирзо чунин аст. Боре аз
нашриёт барои тақвимномаи Тоҷикистон соли таваллуди на-
висандагонро пурсиданд. Мирзо рӯзи таваллуди маро пурсид.
Ман 5 май гуфтам. «Набошад, — гуфт, — аз они ман 2 май на-
висед!» ва хандида илова кард, «Ман аз Миршакар ду рӯз

150
пештар зоида шудаам». Аз ҳамон руз Мирзо, агар имкопият
медошту дар сафар намебуд, зодрӯзашро соле ду бор (2 маю
26 ноябр) қайд мекард.

Ба саломатии Мирзову а.\ли оилааш қадаҳ оардошш,
ҳамаашонро ба хона даъват кардам. Мирзо даъватамро кабул
кард:

- Пекин, - гуфт ӯ, - рӯзи таваллудатро дар Кондара каид
мекунем. Ҳайрон нашав, ба Вера Ивановна Запрягаева, - ди-
ректори боғи ботаникии АФ Тоҷикистон дар Кондара, - i апро
пазондаам. Аллакай як ҳуҷраи олиҷанобе ҳам барои мо чудо
кардаанд.

- Гапи нав-ку? — пурсид Сабоҳатхон.

- Мо бояд достонҳои худро ба охир расонем, дар шаҳр ба-
рои ин имконият надорем. Якчанд руз аз маҷлисҳову
телефонҳо дуртар истодан лозим аст.

- Мо бо Гулчеҳрахон халал намерасонем? - пурсид бо
шӯхӣ Сабоҳатхон.

- Рӯзҳои истироҳат дар ихтиёри шумоем...

Рӯзи дигар кӯрпаву дегу табақро бар мошин бор карда,
лаб-лаби дарёи шӯхи Варзоб ба Кондара раҳсупор шудем. Дар
Кондара касе моро пешвоз нагирифт. Дурусттараш касе набуд.
Дарҳоқулф.

Баъд аз чанде аз боло ду нафар—мӯйсафеду кампире, — на-
моён шуданд. Моро дида, бо қайрат истоданд, чизе ба якдигар
гуфта, ба сӯи мо равон шуданд.

Баъд аз салому алейк Мирзо нурсид:

- Калонҳоятон дар куҷост?

- Имрӯз рӯзи неки эҳёст. Дар ин рӯз кор кардан гуноҳ аст —
ҷавоб дод, меҳрубонона, камгшр.

Ба ронандаи мо дядя Миша нафорид:

- Аз афташ унсури бегонай, момо?

- Худоё, агар инҳо ранҷанд, айбе нест, аммо ту одами рус,
исавимазҳаб ҳастй, хуб медонӣ, ки имрӯз рӯзи эҳёст ва дар ин
рӯз кор карданро худо манъ кардааст...

-Аммо хӯҷаинҳо, буржуҳо падарони моро рузу шаб кор
мефармуданд, на рӯзи эҳёро риоя мекарданду на дигарашро.
Революцияи Октябр ин рӯзро барои ҳамаи мо рӯзи истироҳат
эълон кард!...

Дядя Миша боз чизе гуфтанӣ буд, аммо Мирзо хоҳиш кард,

151
ки мунозираро бас кунад... Баъд ба соҳибони бог муроҷиат
кард, ки калиди ҳуҷраро диҳанд. Мӯйсафед хандиду гуфт:

- Вай ҳуҷраи нодаркор аст, на дар дораду на калид!

Ба кампир нафорид:

- Фармонбек, ту чиҳо гуфта истодай!

- Тётя Паша, бигузор пешакй фаҳманд, ки...

- Шуд, шуд! - тётя Паша гапи ӯро бурида, ба мо муроҷиат
кард... - Биёед, ҳучраатонро ба шумо нишон диҳам.

Мирзо аҳволи хуҷраро дида:

- Бому девору тиреза дорад, барои мо ҳаминаш бас !

- Тётя Паша ва амаки Фармонбек, шумо шанбегй барин
гапҳоро медонед? - пурсидам ман.

- На ин ки медонем, балки дар шанбегиҳои бисёре иштирок
кардаем!

- Набошад, ҷорӯбу меху болғаро оварда, дару ну беруни
ҳуҷрарОрӯбем, катхои чӯбинашу дарашро таъмир кунем!

Мирзову Фармонбеку тётя Паша рӯфтани хонаву атрофро
ба гардан гирифтанд. Таъмири кату дарро ба ману дядя Миша
супурданд. Вақте ки ҳама ҷоро ба тартиб даровардем, тётя
Паша фотеҳона ба Фармонбек рӯ оварда гуфт:

- Ана, дидй! Он чиро, ки ту нодаркор гуфтй, даркор шуд.
Қадами одам муборак аст агар ба чӯли харобазор расад, гули-
стон мешавад!

- Ой кампире, корат фақат насиҳат кардан асту халос...

Баъд аз наҳори шом, ки бо ёрии якдигар тайёр карда будем,

дядя Миша баргашта ба шах,р рафт, тёт Пашаву Фармонбек ба
ҳуҷраҳои худ. Мирзо фахмиданй шуд, ки фикри ман дар бораи
ҳучра чист. Ман «ба ҳамин хдм шукр гӯй!» - гуфтам. Мирзо
хандид.

...Дар ибтидои солҳои ҷиҳилум шоири халқии Тоҷикистон
Боқӣ Раҳимзода, ки он вақг шоири ҷавон буд, баъд аз хатми
Института педагогии шаҳри Душанбе ба Президиуми
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ариза дод, ки ӯро бо ҷои
хоб таъмин кунем. Ман, ки дар он солҳо котиби Правлениям
Иттифоқи нависандагон будам, илоҷи дикаре наёфта, дар
правления таклиф кардам, ки диване; ки дар клуби Литфонд
бекор истодааст, ба ихтиёри Боқӣ дода шавад, бигузор онро
гирифта, дар ҳавлии хобгоҳи мо, зери кадом дарахте, ки
хоҳад, ба худ ҷои хоб интихоб кунад ва то зимистон дар ҳамон

152
ҷо хобад. Вақте ки Мирзо аз сафар баргашт ва Бокиро дар
ҳамон ҷо дид, маро ҷеғ зада «Ту, чй кор кардӣ?» — гуфга пур-
сид. Мам оромома ҷавоб додам, ки вай ҷои хоб пурсида буд,
ман ҷои хоб ба ӯ додам ва илова бар ои дивани Литфондро
хам ба ихтиёри ӯ додам. «Ин хуб мест, — гуфт Мирзо, — ман,
беҳтараш пагоҳ ҳамроҳ ба идораҳои даркорӣ рафта хоҳиш ку-
нем, ки ягон чорае бинанд». Боқӣ, ки дар сӯҳбат иштирок
дошт: - «Мирзоҷон, - гуфт, - гам нахӯред, барон ман дар
ҳамин ҷо хеле ҳам хуб аст. Дар ин вазъият май меҳмони ҳамаи
бошандагони ин хобгоҳ ҳастам. Ҳамеша дасги ман дар
равган!...

Мо озуқавории якҳафтаина оварда будем. Дар ии ҷо яхдон
набуд. Бинобар он гӯштро дар як кӯза андохта, равганро дар
дигаре, даҳанҳояшонро маҳкам баста, ба даре гузонпем, ки
вайрон нашавад.

Мирзо хеле барвақт бедор шуд ва маро ҳам бедор кард.

- Дар Ҳиндустон, — гуфт, — мегӯянд, ки баъд аз соаги 7
танҳо сагҳо ва хориҷиҳо аз хоб мехезанд!

- Дар яке аз маҷлисҳои интихоботии колхози яке аз музо-
кирачиён гуфтааст, ки «раиси мо худи намояндагони район
барин то соагҳои 12 мехобад», — гуфта, сабукак аз ҷои хоб
ҷаҳидам.

Мирзо когази ба девор овехташударо нишон дода:

- Мана, - гуфт, - тартиботи рӯзгузарониро тахт карда овех-
там, минбаъд аз рӯи он рафтор мекунем.

Маьлум мешавад, ки Мирзо кайҳо бедор шудааст Дар зери
сигории вай чор дона сигорета хобида буд ва сигори панҷум
дар даҳон дошт. Ман қатъиян таклиф кардам:

- Дар рсжими рӯз илова карда шавад, ки дар ҳеҷ мавриде
пеш аз наҳори саҳарй папирос кашидан мумкин нест!

Мирзо розӣ шуд. Вале, афсӯс, ки ин коидаро риоя кардан
душвор буд. Гоҳо дар соатх,ои панҷ бедор шуда ба навиштан
cap мекард ва сигоретааш чун трубаи заводҳои кӯҳна му па-
сил дуд мекард.

Боре ба Мирзо гуфтам:

- Мирзо, шумо тартиботи муайянкардаи худатонро риоя
накарда истодаед, ба ҷои соати ҳафт соати панҷ мехезед, пеш
аз нахории саҳарӣ сигорета мекашед... Ин коратон ба ман
маъқул не!

153
- Нависанда бояд мушоҳидакор бошад, - гуфт Мирзо. -
Магар дирӯз надида буди, ки ии дарёчаи хурд баъди борон чй
қадар сангҳои калонро чаппагардон кард, ҳосилро хароб ва
дар баъзе ҷоҳо ҷараёнашро тапьир дод.

- Гуноҳи руд чист? Гунаҳкор борон аст!

- Гуноҳи ман чист? Гунаҳкор илҳом аст!

Панҷуми май Мирзоро аз хоб ман бедор кардам. Даст ба
тарафи қуттии папирос дароз кард. Намондам. Мирзо хандиду
ин сатри шеъри Носир Ҳусравро замзама кард: «Гуфто зи кй
нолем, ки аз мост, ки бар мост!»

Дар соҳили даре либосҳоро кашида, ҳар кас аз рӯи
фаҳмидагии худ «тарбияи ҷисмонӣ» туфта, дасту пову сарро
ҷунбондан гирифт, хайрият, ки бегонае дар он ҷо набуд, ки ба
ҳоли мо хандад. Об беандоза хунук буд. Лекин номус карда,
оббозй хам кардем, хунук хӯрдем. Зуд либосро пӯшида, тозон
рафтем.

Баъд аз наҳори саҳарӣ Мирзо таклиф кард, ки соатҳои
эҷодиро имрӯз дарлаби даре гузаронем.

Соябони мо дарахти бед ва намади мо реги мулоими сохил
буд. Мирзо ба сухан даромад:

- Пеш аз оне, ки мавзӯи достонамро хикоя кунам,
хоҳишмандам ба суоли ман ҷавоб деҳ...

- Марҳамат.

- Дар солҳои охир дар бораи қаҳрамони мусбату манфй
қариб ҳар рӯз мақола мебарояд. Ин хуб аст, лекин фикрҳо гу-
ногун ва мухталифанд. Баъзех.0 ҳатго таклиф мекунанд, ки
қаҳрамонхоро пешакӣ тарошидан лозим аст ва баъд аз рӯи аф-
ту башараи онҳо асар нависем... Фикри ту чист?

- Ба ман аз газетаҳои марказӣ борҳо таклиф карда буданд,
ки дойр ба ин масъала фикрамро нависам, лекин ман нана-
виштам. Росташро гӯям чи навиштанамро намедонам. Гап дар
он аст, ки ман ягон боре қаҳрамонҳои худро, ки мусбатанд ё
манфй бар тарозуи танқидӣ натузоштаам, ҳатто бе ягон илова
ва ҳамон тавре ки дар равиши кори эҷодӣ онҳоро тасаввур ме-
кардам, ба онҳо дар асарҳои худ ҷо медодам. Ба фикрам
қаҳрамонон на бо хоҳиши асарнавис ба вуҷуд меоянд, балки
ҳаёт онҳоро меофарад ва онҳо бо кору рафторҳои ба худ хос

154
дар дили атрофиён, аз ҷумла дар дили нависанда, ба худ
муҳаббат зоҳир мекунанд. Ин муҳаббат гоҳо чуион 1арму
ҷӯшон, ки нуқсонҳои соҳибашро рупӯш мекунад. Бо ибораи
дигаре гӯям, қаҳрамони мусбате, ки маро барои навиипани
асари нав рӯҳбаланд карда илҳом мебахшад, ба май чун пада-
ру модари мал азиз асг ва май дар назди он чун кудаки маъсу-
ме, ки гайр аз накӯиашон чизе намебинам.

Ҳасани аробакаш ҳам барои май шахси тасодуфи пест, ман
ӯро аз хурдй мешиносам ва барои ман як шахси муқаддас ме-
намояд. Ман ҳеҷ чиз ба он илова кардан намехоқам, мсхоҳам
ӯро қамон тавре ки ҳаст, шоирона тасвир кунам.

— Сабаби ин аён аст. Нависандаи бузурги рус Достоевский
дар яке аз мактубҳои худ ба Майков икрор мешавад, ки^ гас-
вири одами мусбату зебо хеле ҳам дущвор аст. Чунки зебой -
идеал аст, аммо идеал на дар мо «ба таври бояду шояд кор
карда шудаасту на дар Европаи мутамаддин». Пекин дар ола-
ми социалистии мо зебоиву идеалро худи одамони советй
дар протсесси меҳнати диловаронаи худ ба таври бояду шояд
кор карда баромадаанд. Қаҳрамонҳои асарҳои мо хаёли не-
станд, одамони воқеианд, соҳиби зебой ва идеали бузурганд
ва мо агар онх,оро тавре, ки ҳастанд тасвир намоем, ба
мақсад мерасем!

— Ба ту маълум аст, ки достоне, ки ба навиштанаш cap кар-
даам, дурусттараш cap карданиям, «Хасаии аробакаш» ном
дорад. Қаҳрамонаш одами воқеӣ. Ин ҳамон шахсест, ки соли
1927 моро, ки барои таҳсил ба Тошкент мерафтем, бо аробааш
аз Душанбе то Термез бурда буд. Чӣ қодисаҳое бо аробакаш
дар пеши пазари мо рӯй дода буданд ва чӣ ҳикояҳои аҷибе дар
бораи худаш аз забони ӯ шунидем. Ҳоло х,ам дар \аёт аст. Ман
ба наздикӣ ӯро дида будам. Якдигарро шинохтем. Дар чойхо-
наи боги шаҳрӣ чой нӯшида, рӯзҳои гузаштаро ба хотир овар-
дем. Вақте ки ба хона баргашта омадам ба худам суол додам,
ки чаро Ҳасани аробакашро тимсол карда, достон нанависам?

— Мехоҳед чй тавр бо ароба аз Душанбе то Гермез рафтана-
тонро тасвир намоед?

« - Не, ман намехоҳам, ки достони ман ба «Мо аз Помир
омадем» монанд шавад. Аз Душанбе то 1ермез рафтан баҳона.
Мақсади асосй дигар аст. Тасаввур кутт, ки Ҳасан то револю-
ция батрак буд. Дар революция фаъолона иштирок дошт. Ко-

155
мандир аспи хуҷаини собиқи Ҳасанро ба у ҳадя мекунад.
Ҳасан аввал соҳиби асп ва баъд соҳиби ароба мешавад.

- Ин дар хамом рӯзҳое, ки дар республикам ҷавон нақлиёти
асосй аспу хару ароба буд?

-Дар ҳамон рӯзҳо!

- Пекин бо мурури замон мошинҳои сабукраву боркашонй
«майдони васеи» ӯро танг мекунанд ва ӯ аробаро партофта
шофер мешавад?

- Не! Ҳама ran дар он аст, ки вай то охир аробаашро напар-
тофта, барои пешқадамӣ мубориза мебарад... Вакте ки
кӯчаҳои Душанберо мошинҳо зер мекунанд, вай ба маркази
вилояТ меравад, аз он ҷо ба маркази район, аз маркази район
ба колхоз ва аз колхоз ба бригадам колхозй...

- Ва ба ҳар чое, ки меравад, аз қафояш мошинҳо меоянд ва
майдони амалиёташро махдуд мекунанд?

- Ҳамин тавр.

- Пас, дар охири кор ба ӯ порукашйро таклиф мекунанд?..

- Дар ин бора ба ягон фикри муайяне наомадаам ва барои
ҳамин ҳам фикри туро гирифтанй будам.

- Фикри ман ҳамин аст ва мантиқан дуруст аст.

- Дар ин бора фикр кардан лозим аст, - гуфт Мирзо ва аз ҷо
хеста таклиф кард: - Беҳтараш биё оббозй кунем.

Баъд аз нахори нимарӯзй мебоист каме дам мегирифтем,
лекин Мирзо таклиф кард, ки ба маркази район равем, барои
мохигирй шасту асбобхои дигаре харидан лозим буд. Маркази
район ягон панҷ километр дуртар ва пиёда рафтан ба он ҷо он
қадар мушкил набуд. Лекин вахте ки ба маркази район раси-
дем, мардум гирду атрофи моро печонда гирифт.

...Мирзо Турсунзода фарзанди косиби ҳамин водист.
Тарҷумаи холи вай шарҳи ҳоли халқи вай аст. Дар он солҳое,
ки ханӯз садои тири зархаридони империалиста дар гӯшаҳои
дури республика шунида мешуд, халк бо рохбарии партия ба
кори азнавсозии ҳаёти нав дар шаҳру кишлоқҳо cap карда
буд. Одами босавод кам буд ва лозим меомад, ки ҳар шахси
босавод «хазорхунар» бошад, ҳар чи аз дасташ ояд, барои
Ватан дарег надорад. Шоирон ва нависандагони ҷавон дар
вазъияти шиддатноки муборизаи синфй ба дехот рафта муо-
вини раиси колхозҳои навташкилшуда, муаллими мактабҳои
махви бесаводй, агитатор, котиби шӯрои ҷамоат, кор мекар-

156
данд. Ба сифати ходимопи газета, коркунони ташкилотҳои
пионериву комсомолй, ба районҳову сохтмонҳо рафта хизмат
мекарданд ва ҳамаи ин барои онҳо мактаби ҳаёт буд, Яке аз
шогирдони фаъоли ин мактаби бузурги ҳаёт Мирзо Турсун-
зода буд. Мактаби ҳаёт ба Мирзо 7'урсунзода қудрату
тавоноӣ, маҳорату ҷасорат бахшид. Ӯ акнун ходими фаъоли
давлатӣ ва шоирест, ки синааш аз шавқи ,илҳом тангй меку-
над, кодир аст, ки зуҳуроти ҳаётро ба чащми хирад бинад,
омӯзад, ҳарҷониба тахдил намояд, навро аз кӯҳна ҷудо наму-
да, ба галабаи он ёрй расонад, аз ҳаёт назм ва аз назм ҳаёт
созад.

Ин аст, вақте ки ба маркази район дохил шудем, пиру ҷавон
«Турсунзода!...» гӯён гирду атрофи моро гирифтанд, ба
меҳмонӣ даъват мекарданд. Хайрият, ки муаллими мактаб
омада, хоҳиш кард, ки бо бачагон вохӯрем. Илоҷи дигаре на-
буд, розй шудем.

...Бачаи бисёре ҷамъ омада, бодиққат гӯш мекарданд. Мир-
зо саргузашти бачагиву навҷавонии худро ҳикоя кард, ки маз-
муни он чунин буд: Дар қишлоқ мактаби кӯҳнае буд, ки дар
он бачагони қишлоқ мехонданд. Падари Мирзо, устои дуред-
гар «ман ба писарам беҳуда Мирзо ном надодаам, Ман, ният
карда будам, ки вай одами босавод ва бообрӯи кишлоқ ша-
вад!» туфта, писарашро ба мактаби кӯҳна медиҳад. Дере на-
гузашта дар қишлоқи онҳо мактаби нави совета ташкил ме-
шавад. Мирзо бо ҷӯраҳояш ба мактаби нави совета дохил ме-
шавад. Дар соли 1925 аз қишлоқаш гурехта ба Душанбе меояд
ва дар ин до ӯро ба хонаи бачагон қабул мекунанд. Дар соли
1927 як гурӯҳ 6a4arotipo ба аробаи Ҳасани аробакаш савор
карда, барои таҳсил ба Тошкент мефиристонанд... Дар охир
Мирзо гуфт, ки «баъд аз хатми дорулмуаллимини тоҷикон ба
Душанбе омадем. Ҳамроҳони ман яке мудир, дигаре райе,
сеюмӣ муовини райе ё котиб ва ҳатто то ба мартабаи олитаре
расид. Пекин ман бо майли худ кори газетаро интихоб кардам
ва касби шоириро баргузидам. ,

Ҳар касе бояд аз рӯи тамоилаш кор кунад. Тамоили ман
шоирй буд ва ман аз ин хунари худ розиям!».

Баъд аз шеърхонй моро ба «як пиёла чой» даъват карданд.
Бо ҳамин рӯз ба охир расид. Хайрият, ки ба магазин даромада
шастро харида будем. Вақте ки ба қуҷраи худ дохил шудем,

157
кавл додем, ки дигар на танҳо ба маркази район намеравем,
ҳатто ба касе худро нишон намедиҳем.

Тётя Паша хабар дод, ки «хама тайёр аст!»

- Офарин, тётя Паша, - гуфт Мирзо ва узрхохй намуд. -
Мебахшед, ки бо гуноҳи дигарон каме дер кардем.

Дар ошхонаи тобистонии богдорон столи зиёфат оро дода
шуда буд. Байни стол гулдастаи аз гулҳои гуногуни богиву
рогй басташуда меистод. Фармонбек чой нӯшида столро бонй
мекард. Бо ҳайрат аз тётя Паша пурсидам:

- Ба кадом муносибат?

- Муносибаташро ҳозир мефаҳмӣ, азизам! — ба ҷои тётя
Паша ҷавоб дод Мирзо ва ҳамаро ба нишастан таклиф кард.
Маро назди гулдаста шинонданд. Мирзо қадаҳ бардошта гуфт.

- Мо дар ин ҷо чор нафар! ҳастем, лекин худро танҳо наме-
шуморем. Бо мо ин булбулони хушхон, ки гулҳои рангораш и
богиву рогй, гулҳои бостоние, ки аз будани онҳо то динаякак
касе хабар надошт ва раҳмат ба олими машхур ва дӯстдоштаи
мо Вера Ивановна, кИ ин гул'хой хелё зеборо кашф карда, аз
чанголи март халос намуда, ба онҳо хуқуки зинда1 й додааст,
ин осмони пурситора, ин кӯххои ноором ва муҳаббати ҷӯшони
мо ба якдигар, - бо мо ҳастанд! Дӯстон, имрӯз рӯзи таваллуди
дӯсти навҷавонии ман Мирсаид Миршакар аст... Ман ин
қадақро барои он мебардорам, ки дӯсти мо бо фарзандони
наҷиби худ саломат бошад ва бо эҷодиёташ на танҳо қуллаҳои
кӯҳҳои Помир, на танхо қуллаҳои кӯҳҳои Тоҷикистон, балки
инчунин қуллаҳои адабиёти сермиллати советии моро сарфа-
роз намояд...

...Маро хоб намебурд. Ин меҳрубонии Мирзо хеле таъсир
карда буд. Даврони ҷавонй аз пеши назарам мегузашт ва ҳар
бор мегуфт: «Роҳҳои каҷукилебе тай кардаед, лекии фаромӯш
накунед, ки дар пеш роҳҳои аз ин ҳам мураккабтару
ноҳамвортаре интизори шумоянд». Дар байни ҳаммаҳфилони
мо Мирзо серталаб, бераҳм, вале меҳрубон буд. Пеш аЗ ба
район рафтанам барои ночизе шуда сахт ҷанг карда будем ва
ман гумон кардам, ки агар баъд аз ин дучор шавем, аз якдигар
рӯ мегардонем. Баъд аз як сол аз район баргашта омадам. Дар
идораи нашриёт касе дӯстона дастамро гирифту фушурд.
Нигох кунам наздам Мирзо Турсунзода бо чеҳраи хандони ба
худ хос истодааст. Пеш аз хама хабар дод, ки китобчае баро-

158
мадааст, ки дар он шеърҳои ман дохил шудаанд... Хоҳиш кар-
дам, ки он китобро ба ман нишон диҳад. «Ман барон ту, -
гуфт Мирзо, - дар хонаам нигоҳ доштаам. Рафтем». Хонаи
Мирзо аз нашриёт хеле дур буд ва илова бар он пиёда рафтан
лозим меомад. Рафтем. Хона қулф буд. Калид дар ҷояш набуд.
Мирзо богазаб: - «Ин Алй Хуш бачаи беақл будааст!» - гуфту
бо зарби мушт тирезаро шикаста ба хона даромад ва аз он ҷо
ду то китобча бароварда ба ман дод...

Дар маҳфили адабии назди рӯзномаи «Комсомоли
Точикистон» дер наистодам. Маро ба районҳо ва дергар ба
сохтмони Вахт фиристоданд. Аз дӯстонам ва маслиҳати оиҳо
маҳрум шудам ва вақте ки дар соли 1937 аз нав ба Душанбе
баргашта омадам, таъсири инро ба хубй ҳис кардам. Соли
1938 дар маҷлиси комсомолии назди Нашриёти давлатии
Тоҷикистон ҳисоботи эҷодии маро шуниданд. Маҷлис дуру
дароз давом кард. Қариб ҳамаи иштироккунандагон ба музо-
кира баромаданд. Ҳар чи дар дил доштанд гуфтанд. Бештар ва
талхтар аз ҳама суханони Мирзо буданд. Маҷлис қарор кард,
ки мачмӯаи аввалини шеърҳоям ба чоп тайёр карда шаванд.
Ва барои ману дигарон гайричашмдошт таҳрири мачмӯаро
Мирзо ба гардан гирифт... Худи ҳамин зиёфату қайдкунии
зодрӯзам ҳам ташаббуси Мирзо буд...

Пагоҳӣ, дар соатҳои шаш-шашуним Мирзо маро бедор
кард. Вакте ки ба соҳили дарё рафтем, Мирзо бар санге ниша-
сту «бишин, - гуфт, - ran дорам!»

- Пеш аз тарбияи чисмонй? - пурсидам ман.

- Мо ба ин чо барои кори эчодй омадаем, на барои тарбияи
бадан! Гӯш кун, дар бораи қисмати Ҳасан ман ба фикри ту
розй пестам. Намехоҳам, ки қаҳрамони дӯстдоштаи ман пору-
каш шавад. Ман мехоҳам, ки вай дар Охир шофер шавад, ам-
мо чй тавр? Дар равиши кор маълум мешавад! Умуман ман
мехоҳам, ки дар шахси қаҳрамони худ роҳи тайкардаи рес-
публикаамро нишон диҳам.

- Ин тавр бошад ихтиёр ба дасти бахтиёр! - гуфтам нобо-
варона. Росташ, ман ҳатто тасаввур карда наметавонистам, ки
дар шахси як аробакаш, ки ба артел даромадан намехоҳад,
пайдо шудани мошинҳоро бадбахтй медонад, чй тавр Мирзо
роҳй тайкардаи республикаро нишон медиҳад. Лекин дар чу-
нин мавридҳо, ки илҳоми шоир ба чӯш меояд, агар кас таво-

159
над ба ӯ ёрӣ диҳад, вале халал марасонад, дар сари роҳи ӯ ма-
мониа нашавад. Дар охир аз Мирзо пурсидам, - Мирзо,
қахрамони шумо махбубае, маъшуқае, завҷае дорад? ч,

-Дар ин бора фикр хам иакардаам! - ҷавоб дод Мирзо.

- Бешубҳа, шумо каҳрамонатонро чун лёнч ангушт меши-

носед, метавонед рафтор, кирдор, ахлоқи онро таъриф кунед,
ӯро ҳарҷониба ба хонанда шиносонед. Ленин боз як чизи сазо-
вори диққате хам хает, ки асари бадей бе он хирааст. Ман за-
нро дар назар дорам. Зан, ки иҷрокунандаи нақши маҳбуба аст
ё маъшуқа, зан ё хохар ё модар, мусбат аст ё манфй, лекин ба-
рон достон зарур аст, достонро рӯҳ мебахшад, дилнишин ме-
кунад. чз .

- Инро ман дар назар дошта будам... Лекин ба фикрам
вокеаҳои достону қахрамони хеле наҷиби он достонро оро
медиҳанд, дилписанду завқовар менамоянд.

- Боварй доред? * !

Баъд аз наҳори нимрӯзӣ дам нагирифта, ба дарё, барои
моҳигирй рафтем. Шастҳоро ҷо ба ҷо карда,, ба сӯҳбати эҷодй
cap кардем.

- Гапи ту ҳақ! Ҳасан бояд номзад дошта бошад. Ишқи дух-
тари сохибҷамол ба Ҳасан кувваи тоза мебахшад.

- Тимсоли он соҳибҷамоли «нест андар ҷа\он»-ро ёфтед?

- Ёфтам, холо хам дар пеши назарам бо позу нузи
камбагалонааш намоён аст. Лекин навиштани бобҳои ишқй
душвортар аст.

- Барои шумо бояд осонтар бошад. Шумо чун муаллифи
либреттои «Тоҳиру Зӯҳро» хар чи бошад таҷриба доред!

- Замони вайҳо дигар буд...

- Яъне дар замони мо ишқ «бесӯзугудоз», «кампирҳо
беоҷинг»?

Мирзо хуб хандиду гуфт:

- Ман он мақолае, ки мунакқид «Ёри шуғнонй»ро танқид
мекунад, хонда будам.

- Вай маро айбдор мекуна^, ки ман дар ҳаҷри ёр «шабҳо
бехоб ва бо чашми пуроб» будам.

- Агар мунаққид ту барин дар ин ҷову номзадаш дар Помир
мебуд ва аз он на хате мегирифту на хабаре... ин гуна даъво
намекард. Лекин дар баробари ин мо набояд фаромӯш кунем,
ки лирикаи сотсиалй, ё чи тавре ки мегӯянд, гражданй хама

160
вақт ва махсусан ҳозир, ки халқҳои мустамлика ба муқобили
мустамликадорон cap бардоштаанд, хеле ҳам зарур аст.

...Ба муборизони зиддимустамликадорӣ бо асарҳои худ
ҳамкорӣ намудан раъй ва мароми Мирзо Турсупзода буд.
Баъзеҳо гуфтанӣ мешаванд, ки гӯё сабабгори ҷаҳиши эҷодии
Мирзо сафари ӯ ба Ҳиндӯстон бошад. Ин фикри хатост. Дар
кори эҷодй «ғалабаҳои» тасодуфи чун гули бемавридшукуфта
бебаҳо ва зуд пажмурдашавандаанд. Мирзо чун шоири интер-
натсионалист ба ин сафар пешакй тайёр буд.

Ҳиндустони афсонавй. Ҳангоме ки шоир ба он ҷо қадам
мегӯзорад, бештар аз он чизе, ки дар Ватанаш аз мӯйсафедон
ва ҳиндуҳб дар бораи ин мамлакат шунида буд, бо чашми худ
мебинад. Мафтуни дастони қодири табиат мегардад. Дар пеши
назараш осмони нилуфар лаълсифат ҷилва мекунад, об дар
шуои офтоб чун симоб печутоб мехӯрад, рӯди Ганг дар
шабҳои тор ҳамранги Коҳкашон мешавад ва дар шабҳои
маҳтобй шамшери фотеҳонро ба хотир меорад, лолавусебарга
ба вақти саҳар аз лӯълӯи тар ҳалқабагӯшанд, дарахтон ба
қавои чаман аз бадан бол мебароранд, дар як сӯ навои булбу-
лон, дар сӯи дйгаре фарёди филон, боги муаллақи моҳу солҳо
пур аз сайёҳҳони аҷнабӣ ки онро бихишти рӯи замин мено-
манд, ҳамеша сабзу хуррам аст ва ранги он дар об чун шӯълаи
маҳтоби сабзест, ранги гулҳои зебояш ба рӯи ёри соҳибҷамол
мемонад, дар соҳили рӯди Ҷамна қасре истодааст, ки машъа-
лосо нурафшон мебошад ва номи он Тоҷмаҳал аст...

Ҳамаи ин зебоиҳо шойрро ба ваҷд меоранд, лекин онҳо ба-
рон ӯ нав нестанд. Дар васфи онҳо асрҳо соҳибқаламон
қаламронй карданд. Шоири дунёи нав мехоҳад ба гулхан то
даме нигарад ва он чиро кобаду ёбад, ки диданаш кайҳо зарур
буд, вале ҳанӯз касе надидаасту наёфтааст! Бо ин мақсад шоир
пардаро аз рухи ҳақиқат мебардорад. Дар пеши назари
ҷаҳониён ба ҷои Ҳиндустони афсонавӣ Ҳиндустони
горатшуда намоён мешавад, ки пур аз бечорагону бенавоён
аст, халқи мазлумаш барои луқмаи нон на рӯз роҳат дораду на
шаб... Дар баробари ин шахсони сангдиле намудор мешаванд,
ки аз мағрибзамин ба Ҳиндустони дур омадаанд, худро
ҳомиёни ин халқи ба ҳалокат дучоршуда меноманд, вале дар
амал на парвои оҳу нолаи кӯдакони гурусна доранду на пар-
вои ашки хунолуди падарону модарони онҳо, дар кӯчаҳо гоҳ

161
чун сипоҳ иамоён мешаванду гоҳ чун гадо, гоҳ чун гурбаи по-
яндаи муше ва гох чун аз гурба гурезанда муше...

Шоир бо калами худ аз рӯи онҳо ниқоб мебардорад ва онхо
дар пеши назари умум чун горатгарони молу ҷони Ҳиндустон
ва сабабгори ҳамаи бадбахтихо, бародаркушиҳо, низоъҳои
қабилавӣ, мазҳабӣ ва гуруснагиву гадоӣ фош мешаванд.

Аз дидани ин манзара шоир маъюс намешавад ва як бори
дигар ба чехраи халқи ҷафодидаи Ҳиндустон мснигарад ва
шод мегардад, ки «меҳмони» магрибӣ, «гарчи дусад сол дар
ин хона монд, лек бар ин оила бегона монд» ва ҳукми ӯ
бебакост ва гарчи сари халқ аз гам сафед шуда бошад ҳам, ва-
ле дили ӯ ҷавон ва пур аз умед аст ва бозувони он барои му-
бориза қавиапд!

Овози шоир дар фазой васеи Ҳиндустон паҳн мешаванд,
вай дар шахси Ганги муқаддас ба халқи озодихохи
Ҳиндустони кабир муроҷиат мекунад, ки эй рӯди бузурги I анг
- модари Ҳиндустон, чун рӯдхои кӯҳӣ зиндагй кун, ҷӯн! зан,
ҷавонӣ кун, хамаи мамониатҳоро бераҳмона аз роҳи худ дур
андоз ва несту нобуд кун!

Ин овози шоири советии тоҷик, ба қавли шоири маъруфи
Ҳиндустон Гулом Тобони Рабонӣ, ба як чашм задан дар фазой
кабири Ҳиндустон пахн 'шуда, дар дили миллионҳо муборизо-
ни зиддимустамликадорй ба худ ҷо ёфт ва тавоноии овози у
шояд аз он бошад, кй овози шоирони советй бо овози «Авро-
ра» омехтааст.

Силсилаи шеърхои «Қиссаи Ҳиндустон» тез паҳн шуда, пи-
санди халқи озодихохи Ҳиндустон гардид. Мардуми
Ҳиндустон дар шахси Мирзо Турсунзода^ фарзанди азиз ва
ахди дарди худро дид. Бесабаб набуд, ки рӯзномахои прогрес-
сивии ин мамлакат он рӯзхо ӯро шоири миллии Ҳинд эълон
карданд.

Дӯсти мардуми Шарк, нависандаи бузурги рус Николаи
Тихонов хикоя мекунад, ки боре бо сардории ӯ чанд нафар
нависандагони советй, ки Мирзо Гурсунзода хам дар байни
онхо будааст, ба Қарочӣ сафар мекунанд. Вахте ки ба сарҳад
наздик меоянд, сардори посбонон марди тануманд ва ҷасуру
диловаре, ки барои озодии ватанаш на яку на ду бор бо мус-
тамликачиён дастбагиребон шуда хун рехтааст, ба назди
онхо меояд ва бо тамоми дастуру коидахои сарҳаддӣ

162
ҳуҷҷатҳои онҳоро талаб мекунад. Онҳо ҳуҷҷатҳоро ба дасти
ӯ медиҳанд. Сардор тасодуфан аввал ҳуҷҷати Мирзо Турсун-
зодаро мекушояд, якбора бар рухи ҷиддии ӯ табассум гул
мекунанд, ҳуҷҷатҳои дигаронро ҳатто накушода, гардонда
медиҳад ва меҳрубонона «Марҳамаг як пиёла чой» гуфта, ба
хонаи хурде, ки эҳтимол қаровулхона буд, онҳоро даъват ме-
кунад. Ҳангоми сӯҳбати хеле самимона сардор гуфтааст, ки
дндани дидори шоире, ки аз шеърҳои ӯ садои задани дили
муборизони нимҷазираи Ҳиндустон шунида мешавад, барои
ӯ шарафи бузургест...

Мавзӯи байналхалқӣ аз ибтидо қисми ҷудонашавандаи ада-
биёти советии тоҷик буд. Осори дар ин мавзӯъ навиштаи Мир-
зо Турсунзода ггурҷозиба ва пурҳароратанд. Онҳо дар ибтидо
ҳамсадои муборизони Ҳиндустон, баъд бо равиши инкишофи
ҳаракати зиддимустамликадорӣ садои муборизони озодихохй
Осиёву Африқо ҳам гардиданд...

Моҳиҳоро ба Фармонбек додем, ки доғ кунад. Тётя Паша
онҳоро аз дасташ гирифта:

- Вай аз ӯҳдаи чунин корҳо намебарояд, - гуфт-.

Мирзо дар ҳайрат афтод.

- Вай чӣ гуна мард будаст, ки моҳиро дог карда наметаво-
над? - пурсид Мирзо.

- Ман зиндаро беҷон кардан наметавонам. гуфт узрхоҳона
Фармонбек.

- Лекшггӯшту шӯрбояшро то охир мехӯрад! - таъна зад тё-
тя Паша.

- Ту аз куҷой? - пурсид Мирзо

-Аз Вахонзамин....

- Ҳамсояи ҳиндуқо гӯй! - хандид Мирзо. - Ҳунари ҳофизй
надорӣ?

- Ду ее сол пеш камкам машқ карда будам, бо ҳаваскорон
дар клуби районӣ баромад ҳам карда будам... Ammo як бор як
мардак аз роҳбарони район маро барои як ғазали Туғрал сар-
заниш кард, аз ҳамон вақт суруд хонданро партофтам.

- Ту худат Тугралро мешиносй?

- Пе, намешиносам.

- Аз қуҷо буданашро хам намедонй?

- Аз афташ аз Вахонзамин бошад, шеърҳояшро дар ҳамон
ҷо бисёр мехонанд ва ҳеҷ кас ҳам онҳоро манъ намекунад...

163
Мирзо аз шунидани суханони Фармонбек бо завқ хандид ва
ба тётя Паша:

- Моҳиро дог кунед, - гуфт, - ҳар қадар хоҳед хӯ ред,
боқимондаашро ба мо мсорсд.

Тётя Пашаву Фармонбек рафтанд. Мирзо ба кат дароз ка-
шида:

- Бечора Туграл, - гуфт. - Халқ ӯро дӯст медорад шоири
худ мехонад, шеърҳояшро дар тӯйҳо месарояд... Лекин мо?
Кайҳо лозим буд, ки масъалаи ба чоп тайёр кардани куллиёти
ӯро ҳал намоем.

- Барой куллиёт асар лозим аст.

- Ҳамшахриҳояш мегӯянд, ки дар дасти хешонаш
шеърхояш бисёр аст, барои панҷ ҷилд китоб мерасанд! Чй
қадар шеърҳои баъди революционии ӯ дар дасти Пӯлодов ном
шахсе, ки як вақтҳо дар он район ӯ котиби крмитети партияви
будаст, мебошад!

- Метарсам, ки хамаи ин гапҳо ҳавой набошанд.

- Як вақтҳо ба наздам Шанбезода омада, хоҳиш кард, ки
барои ба чоп расондани эҷодиёти шоири халқии Помир
Қудрат ба вай ёрй расонам. Баъд аз чанд руз бо ҳамин масъала
Тилло Пӯлодӣ омад. Дар охир маълум шуд, ки на дар дасти ин
чизе ҳасту на дар дасти он.

- Ҳамин тавр хам бо Муллоёри Дарвозй шуда буд.

- Бо вуҷуди он масъалаи Тугралро ҳал кардан лозим аст.
Агар лозим шавад барои ҷамъ кардани асарҳои парешонаш ба
районҳои водии Зарафшон бригадаи нависандагонро мефири-
стонем.

...Аз рӯи маслиҳат субхи барвақт тӯшаи pox гирифта, барои
ревоҷи тагисангй ба сӯи кӯх раҳсупор шудем.

Мирзо дар рох аз нав масъалаи адабиётро бардошт.

- Мирзо, — гуфтам, май, — дар дунё ба гайр аз адабиёт гапи
дигаре нест?

- Бародар, дар пеш анҷумани Иттифоқи нависандагони
Тоҷикистон истодааст. То он вақт бисёр масъалЗХои
мухимми адабиётро хал кардан лозим аст. Мана, дирӯз дар
бораи лирика сухан кушодему онро ба охир нарасондем. Ба
фикри ман яке аз нуқсонхои мо дар ин соҳа он аст, ки ба
проблемаҳои муҳимми адабиёт яктарафа нигох мекунем.
Шоир, мунақкид, иависанда... бояд тақозои замони худро ба

164
назар гирифта, асар нависад. Дар солҳои ҷанг асарҳое на-
виштем, ки барои муҳофизати Ватан аз фашизм даъват ме-
карданд, дар рӯзҳои аввали баъдидангй вазифа иборат аз он
буд, ки асарҳои мо барои барҳам додани окибатҳои ҷанг
халқро сафарбар намоянд. Man бояд гӯям, ки дар ин давра
муваффақ гардидем, ки на танхо аз доираҳои танги мавзӯи
«дохилй» бароем, балки инчунин мавзӯъҳои умумииттифоқӣ,
байналхалкй ва интернационалистиро дар назми тоҷик акс
намоем, ба ин восита назми советии тоҷикро дар қатори наз-
ми халқҳои бародарй ба арсаи ҷаҳонӣ барорем. Лекин бо ин
қонеъ шудан ҷиноят аст. Бисер рафиқони мо дар солхои охир
ба «истироҳати эҷодй» баромадаанд.

Мирзо дар қатори дигарон ману Боқӣ Раҳимзодаро барои
он танқид кард, ки дар давоми соли 1952 дар саҳифаҳои
«Шарқи Сурх» ҳагто номи моро надидааст...

Роҳхои каҷу килеб, пайраҳаҳои борику беохирро баҳскунон
тай намудем. Ба доманаи кӯҳ хам расидем. Лекин ба ҷои
ревоҷи такисангй танхо сангҳои паҳлу гардондашуда ва
ҷуқуриҳое дидем, ки аз он ҷо ревоҷхоро канда гирифтаанд.
Маълум мешавад, ки пештар аз мо омада «шикор» кардаанд.

- Насибашон будаст, - гуфт Мирзо.

- Баргашта равем?

- Агар монда нашуда бошй, - гуфт Мирзо, - боз каме боло-
тар бароем.

.. Хайр, болотар бошад, болотар!

Акнун аз роҳу пайрахаҳо осоре набуд. Ба пеш ни гоҳкунон
боло баромадан гирифтем. Торафт ба кӯхи сиёхдил наздик
мешудем, Барф ҳам намоён шуд. Лекин аз ревоҷ осоре набуд.
Дар тарафи дасти рост харсанги калоне намоён шуд. Мирзо.
«ҳозир меоям», гуфту ба тарафи он равон шуд. Дар ин асно
уқобе чунон тезу номаълум ба ӯ ҳамла овард, ки май танхо
садои даҳшатноки париданашро, ки садои снарядро монанд
буд, шунидам. Мирзо фарёд зад: «Ҳушёр бош, аз афташ дар
ин ҷо лонаи уқоб аст!» ва таги буттаи калоне пинҳон шуд.

- Мирзо, - гуфтам, - аз афташ лонаи уқоб дар наздикихои
ҳамин харсанг аст. Ҳарчи зудтар аз ин ҷо гурехтан лозим аст.

Вақте ки ду-се километр поёнтар фаромадем ва бехатариро
хис намудем, Мирзо «вақти наҳори нимирӯзӣ шуд!» гуфта,
бар рӯи сабзахои кӯҳӣ нишаст ва фармон дод:

165
- Тӯшаро барор, ки ба умеди ревоҷ шуда аз гушнагй ҳалок
нашавем!

- Ба умеди ревоҷ шуда, қариб буД, ки сайди уқобони кӯҳӣ

шавем! Монда нашудаед? i

- He! Ман фарзанди кӯҳам, ҳар қадар болотар бароям
ҳамон каДар худро беҳтар ҳис мекунам!

Дар хақиқат Мирзо кӯҳбароиро дӯст медбшт. Ҳатто дар
соЛҳой шастум, ки синну соли ӯ аз панҷоҳ гузашта буд, боре
баману. Боқй Раҳимзода изхор кард, ки мехоҳад он ҷоҳоеро,
ки як вақтхо дар он ҷо чӯпонй мекард, як бори дигар бинад ва
илтимос кард, ки мо хамрохи ӯ бошем. Розӣ шудем. Рӯзи ди-
гар то деҳаи Қаратоғ бо мошин1 ва аз- он ҷо аспакиву харакӣ ба
чарогохи мазкур раҳсӯпор шудем. Зйёда аз ей километр рохро
тай карда, дар нимаи нШб ба он ҷ'о расидем ва чунон монда
шуда будем, ки чизе'нахӯрда хоб кардём. Вақте ки пагоҳй бе-
дор шудем, Мирзоро бар сари баландие дидем. Ба сӯи мо бо
даст и шора карда:

- Биёед, - гуфт, - бо чашмони ман манзараҳои зебои
кӯҳистонро тамошо кунёд!

Вақте ки ба Кондара нкздик омадсм, як гурӯҳ духтарон дар
либосҳои рангоранг салоМ Дода аз паҳлӯи мо гузаштанд. Аз
дур овозашонро мещунидем, ки МЕГУФГАНД: « - Инҳо
ботаникқо бошанд ё кӯҳканҳо?», «Худо ҷонта бигирад, наҳод
ки нафаҳмй, инҳо шоирҳои номдори моанд, чанд вақт боз дар
ҳамин ҷоянд!», «Шоирҳо дар ин дараи беодам чй кор до-
ранд?», «Рӯз мегарданд, хар касе, ки дучорашон шавад,
кунҷковона суол медиҳанд, шаб ки шуд, нишаста, шунида-
гиашонро рӯи когаз навишта, ба шаҳр мебаранд ва ҷувол-
ҷувол пул мегиранд...».

Хостем духтараконро ҷег зада хакиқатро ба онон гӯем, ле-
кин дар ин асно тётя Пашаву Фармонбек бо дастурхони
баста!й аз пеши мо баромаданд. Хуб гилагузорй карданд, ки
чаро чизе нагуфта ба кӯҳ баромадем, агар ба хирсе ё паланге
дучор мешудем, чй кор мекардем? Дастуфхонро нишон дода:

- Камтар таом овардем, - гуфтанд.

Мирзо барои ин гамхорй ва мехрубонии самимонаашон
онхоро бӯсид ва изхори ташаккур намуд.

Вақте ки ба ҳуҷра дохил шудем, рӯи стол когазе дидем, ки
ба он навишта шудааст: «Мирзоҷон! Мувофиқи ваъдаам ома-

166
да судам, дуру дароз ингизор шудам, наомадед. Ноумед шуда
рафтам. Пагоҳ ба ҳеҷ куҷо наравед, Бобоҷон Гафуров шуморо
диданй. Бо саломи коммуниста Тоҳир Пӯлодов.»

Дар он вақт Пӯлодов котиб ва Бобоҷон Гафуров котиби
якуми Комитета Марказии Партиям Коммунистиа 1оҷикистон
буданд. Пӯлодов дар ин муддати кӯтоҳ ду-се бор ба назди мо
омада буд. Хабархои рӯз меовард, сурати моро мегирифту
тайёр карда, тақдим мекард, порчаҳоро аз достон барояш ме-
хондем, шунида мулохизаҳояшро мегуфт. Аз афта кор ба он
ҷо омадани Гафуров \ам бо ташаббуси ҳамон кас бошад, чун-
ки ӯ аз омадани мо ба Кондара хабар надошт.

Бобоҷон Гафуровро нависандагон дӯсти адабиёти тоҷик
меноманд ва ин барои ҳурмат не, балки хдқиқат аст. Х,атто дар
он солҳое ҳам, ки тапҳо мудири шӯъбаи пропагандам Комите-
та Марказӣ буд, роҳбарӣ ва гамхорй ба адабиётро вазифаи на-
вбати аввали худ медонист. Бо ташаббуси шахсии вай аз Мо-
сква ба Тоҷикистон беҳтарин тарҷумонҳо даъаат шуда буданд,
ки осори классикҳо ва шоирони муосири тоҷикро ба русй
тарҷума кунанд. Ба ин восита дар Москва тазкираи комили
назми классикиву муосири тоҷик ба чоп расид. Вакте ки дар
соли 1946 котиби якуми Комитети Марказии ПК 1оҷикистон
интихоб шуда буд, ёрй ва ғамхории ӯ дучанд афзуд. Ин аст, ки
омадани ӯ ба назди мо шодиву хурсандии калоне буд...

Бобоҷон Гафуров бо мо ҷанг кард, ки чаро ба ин ҷо ома-
дем? Чаро ба ӯ чизе дар ин бора нагуфтем? Вай метавонист
моро дар Харангон, ки истироҳатгоҳи коркунопи масъул аст,
ҷой диҳад, барои кори эҷодӣ шароит пайдо кунад... Мо
узрхоҳй намуда, фаҳмондем, ки дар ин но ҳам гул асту ҳам
булбул ва аз ҳама муҳиммаш ин ҷо ҳам аз сари poxy хам аз
шаҳр дур аст ва телефон надорад...

Баъд Гафуров ҳикоя кард, ки партия хозир барои бардош-
тани иқтисодиёти мамлакат ва махсусан барои бардоштани
иқтидори хоҷагии деҳот чораҳои амалй дида истодааст. Пар-
тия кӯшиш карда истодааст, ки дӯстону душманом набудани
Сталинро хис накунанд, боварӣ хосил кунанд, ки пешбаран-
даи халқ шахсони алоҳрда не, балки Партиям Коммунистист.
«Умуман, - гуфт, - шумо бояд аз материалхои дар сахифахои
газетахои марказӣ чопшуда хулоса бароварда бошед, ки пар-
тия ба муқобили шахспарастӣ ҷанг эълон кардааст!

167
Мувофиқи хоҳишаш мазмуни достонҳои худро ба вай
ҳикоя кардем. Вай хандида гуфт:,

- Аз рӯи мавзӯъҳои интихобкардаи шумо хулоса баровар-
дан мумкин аст, ки қариб бист сол аз ҳаёт кафо мондаед! Рес-
публика бо суръати самолёт пеш меравад, шумо бошед ҳоло
ҳам аробасавор!

Аз хапдаҳои завқовари ӯ хулоса баровардем, ки вай шӯхӣ
мекунад. Лекин мо хато кардем. Дар съезди пависандагони
Тоҷикистон ҳам баромад карда ҳамин фикрашро такрор кард.
Пас аз чанд сол ин достон бо достони «Садои Осиё» сазовори
Мукофоти Ленинӣ гардид. Ғафуров Мирзоро ба ин муносибат
оғӯш карда бӯсид ва муборакбод намуд...

Баъд аз рафтани Бобоҷон Ғафуров Мирзо фикркунон гуфт:

- Даъвои Бобоҷон Ғафуров ҷон дорад. Мо худро нависан-
дагони муосир меномем, лекин мавзӯъҳои мо таърихй... Дар
яке аз маҷлисҳои Иттифоқи нависандагон доир ба ин
масъалахо баромад кардан лозим аст.

Субҳи охирини мо дар Кондара. Машгули тарбияи ҷисмонӣ
будем, ки аз поён чангу губор бархост.. Се мошин ба сӯи мо
метохтанд. Яке аз онҳо мошини худамон буд. Дар он вақтҳо
идораи мо як мошин дошт ва хизмати ҳамаро ба ҷо меовард.

Дар мошинҳо модарони бачаҳои мо бо бачаҳо ва дугонаҳои
худ буданд. Тозон ба пешвози онҳо рафтем...

...Бачагон бозӣ мекарданд, метохтанд, ба сӯи якдигар об
мепошиданд, бо завқ механдиданд.

- Агар инҳо калон шаванд, моро бо бозиҳои бачагонаи худ
кй хурсанд мекунад? - нохост пурсад Мирзо,

- Набераҳо!

- Наход ки иабера ҳам то ба ин дараҷа ширин мешавад?

* * *

Чарогҳои палатаҳои беморхона як-як хомӯш шудан гириф-
танд. Аз дур духтури мо Саидқул Абдураҳмонович намоён
шуд. Мирзо «рафтем!» гуфту бар кифтҳбям такя карда, аз ҷо

хест.

Ба беморхонаи мо аз Ленинобод барои муолиҷа Раҳим
Ҷалйл омад. Бо хапдаҳои ба худаш хос, моро огӯш карда,
бӯсид ва гуфт: «Зиқ нашавед!» - гуфта, ман ҳам омадам!..

Як саҳар Мирзо бо изтироб гуфт, ки Абдураҳими бечора

168
тамоми шаб сулфид, азоб кашид, рафта аз холи вай хабар ги-
рифтан лозим аст. Дар ин асно худи Раҳим аз дур салом дода,
бо чеҳраи хандон ба назди мо омада, аҳволпурсӣ кард. Ҳар се
нишастем. Ҳангоми сӯҳбат, латифаҳои навбофтаву навёфтаи
Раҳимро шунида, хуб хандидем.

Боре, ба иалатаи Мирзо даромадам, бинам хобидааст, на-
хостам, ки бедор шавад. Ҳангоми касалӣ хоб бехтарим доруст.
Оҳистакак баромада, дар зери сояи маҷиунбед нишаста,
машғули журналхонй шудам. Ба ногах, овози Раҳим Ҷалил ба
гӯшам расид:

- Мири шакархо, чй хонда истодай?

Аз но хеста, ӯро ба нишастан таклиф кардам. Ыишаст, ин-
тизори ҷавоб нашуда, журналро аз дастам гирифта, нигарист
ва замзама намуд: «Об-рӯшной» баъд пурсид:

- Чй тавр, бӯи умед ҳаст?

- Аз он бӯи Норак меояд? - гуфтам бо ифтихор ва илова
кардам, - ман аз муаллифи повеет розиям.

Вай бо таклифу маслиҳати дӯстонаш як сол дар сохтмон
коргари оддй шуда кор кард, зақмату лаззати меҳнатро
санҷиду чашид...

* * *

Дуру дароз бо Рахим дар берун гаштем. Байни сӯҳбат
Раҳим бо ташвиш ба ман рӯ гардонда, гуфт:

- Ба Мирзо чи шуд, ки на ҳалол таом мехӯрад, на берун ба
ҳавои гоза мебарояд? Гард, як ба наздаш дароем!

Мирзо бар оринҷҳояш такя карда, фикркунон назди стол
нишаста буд. Моро дида аз ҷо хест ва оромона «марҳамат, да-
роед» гуфт ва ба нишастан таклйф кард. Нишастем. Раҳим
пурсид:

- Мирзоҷон ба ту чй шуд? На таомро ҳалол хӯрдиву на ба
кӯча баромадй? Охир дирӯз ин тавр набудй-ку?

- Айнй, - гуфт хаёломез Мирзо, - дар рӯзҳои охири умраш
дар боги хукуматй зиндагӣ мекард. Касал буд. Ҳаррӯз ба ди-
данаш мерафтам, дуру дароз нншаста сӯҳбат мекардем.
Сӯҳбати мо аксар вақтҳо дар бораи адабиёт, нависандагон,
махсусан дар бораи тарбияи эҷодии нависандагони ҷавон буд.
Лекин рӯзе ӯро рангканда дидам ва ҳамин суоли туро ба вай
додам. Устод бар асо такя карда, бо ҳасрат гуфт: «Он рӯзҳое,

169
ки сангро ҳазм карда метавонистам, чизи барои хӯрдан на-
доштам, вале имрӯз, ки ҳама чиз дррам, ҳӯрдан наметавонам,
қатто шӯрбо аз гулӯям намегузарад!

Мо ки аз ҳоли Мирзо бохабар будам, хомӯш будам, вале
Раҳим пурсид: ,

- Аз он кас ку сурхрӯдааш касал буд, аммо ба ту чи шуд?

- Пекин аз ман тамоми узвам касал аст, гуфт маъюсона
Мирзо, - хатто чашмонам аз кор баромадаистодаанд.

- Мон, Мирзо, ин гапҳои намешудагиро. «Ранга бину ҳола
пурс» мегӯянд. Рангу рӯи ту лаъл барин. Беқуда худатро
накоҳон, - гуфт насиҳатомез Раҳим ва илова кард, - ту
беҳтараш як ду се рӯз дам гир, ин китобқову қогазҳову
қаламҳоятро даруни шикоф маҳкам карда мои! Бигзор онҳо
ҳам дам гиранд!

Мирзо бо ришханд гуфт:

- Устод Айнй хар бор ин суханони Камолӣ Хуҷандиро так-
рор мекард: «То хает зи ҷонам рамақе кори ман ин аст!» Ман
ҳам шогирди Айниям.

* * *

Даводавии духтурҳо зиёд шудан гирифт. Рӯзи дигар
гурдахои Мирзо аз кор монданд. Барои ёрй ба Москва
муроҷиат карданд. Дӯхтур Саидқул ба ману Раҳим гуфт, ки
ҳамин бегоҳ бо самолёт аз Москва духтури гурда меояд. Аз
нигоҳҳои маъюсонаи Саидқул фаҳмйдем, ки касалии Мирзо
хеле ҳам вазнин аст ва умеди ягона ва охирин аз табобати дух-
тури сертаҷрибае, ки аз Москва меояд.

Фотеҳ Ниёзӣ омад. Ҳамрох ба назди Мирзо даромадем.
Баъд аз ҳолпурси Фотеҳ гуфт, ки «масъалаи сохтани хонаи
тобистона барои шумо ҳал шуд. Қалонҳо фахмидан мехоҳанд,
ки дар куҷо онро созем? Дар Варзоб ё Қаратог?» Мирзо даст
афшонда «хонаи ман акнун, - гуфт, - мана ҳамин палата, аз
ҳамин ҷо маро ба адам мебаранд».

Он субхе, ки ман интизор будам, дамид. Хабар и хуше
овард, аз шодӣ хоҳари шафқатеро, ки ин муждаи хуш оварда
буд, беихтиёр бӯсидам ва гиря cap додам. Ҳамаи воқеаи шабро
ба Рахим хикоя кардам. Вай гила кард, ки чаро ӯро бедор на-
кардам. Шодй дароз накашид. Дар охири он рӯз, баъди мудо-

170
хилаи дуюми ҷарроҳӣ дили бекарори шоири бузург аз тапидан
монд ва чашмони ӯ абадӣ аз дунё пӯшида шуданд.

Ҳамсафон ва шогидони Мирзо дар атрофи тобути ӯ ҷамъ
омаданд ва дар нигоҳи гамолуди ҳар яке хондан мумкин буд;

- Дӯсти мо, бародари мо, устоди мо, Мирзои азиз! Мо су-
ханони пандомези падаронаву бародаронаи туро ҳеҷ гоҳе
фаромӯш намекунем, аз рӯи онҳо амал мекунем, кору
анъанаҳои туро давом медиҳем ва барои он мекӯшем, ки ҳеҷ
вақт ба фикри касе наояд, ки ту дар сафи мо ва бар сари мо
нестӣ. Бигзор ҳама ва ҳамецда бо боварии комил гӯянд, ки шо-
ир Мирзо Турсунзода зиндааст, ба адабиёти точи к роҳбарӣ
мекунад, гулгулшукуфии ин адабиёт самараи меҳнат ва
гамхории ӯст!

Хабар и мудҳигие, ки дар назарам
Гӯиё кӯҳу даштро парзоид,

Паҳн шуд дар фазо чу абри сиёҳ,

Ки дили шиир аз тапидан монд.

Он диле, ки дили ҷаҳоне буд.

Шоири коммунисти мо Мирзо
Гул парастиду чашмасоронаш,

Сер асло нашуд тамоми умр
Аз тамошои лолазоронаш,

Дилхуш аз кишвари ҷавонӣ буд.

Гоҳ аз зиндагонй назми баланд,

Гоҳ аз назм зиндагонй сохт.

Рӯдакивор дар диёри Шарқ,

Алами назми тозае афрохт,

Сулҳро ёру пуштбоне буд.

Ҷойгир аст дар дили халқаш
Меҳри пурҷӯшиӯ, каломиӯ.

Мешавад сабщ бар ҷаридаи даҳр
Бо хати зар давоми иомиӯ
Зинда бо иищи ҷовидонӣ буд.

171
Раҳим ҶАЛИЛ

БАХТИ БАЛАНДИ ШОИР

Соли шонздаҳум дар шӯриши хуҷандиён, ки зидди
мутлақияти подшоҳй бардошта шуд, як нафар зан иштирок кар-
да, афсонаи мардум гардид. Лақаби ӯ Ходими ҷамолак буда, но-
маш Бибисолиҳа Қобилова мебошад. Дар китоби «Инқилоб дар
Туркистон», ки соли сиюм нашр ёфтааст, дар қатори расмҳои
камёби гаърихӣ расми толори калони он вақт ягонаи Душанбе
«Хонаи Аскарони Сурх» низ ҳаст, ки пури вакилони аксаран
ҷомапӯшу салладори анҷумани нахустини шӯроҳои Тоҷикистон
аст. Дар он ҳам як нафар зани маҳаллй иштирок кардааст, ки
фаранҷӣ ва чашмбанд дорад, вале ному насаби ӯ то ҳоло маълум
нест. Аз байн андак вақт гузашту бо вуҷуди муқобилияти сахти
девонавор, маньии шариату тариқат, ки ҳанӯз хукмрони зинда-
гии одамон буд, занони аз чордеворҳо берун омада на фақат чо-
дари нангро ба оташ меандохтанд, балки дар корхонаҳои
ҷамъиятиву давлатӣ ба кор медаромаданд. Мактабрав, хатхону
хатнавис мешуданд ва аз ҳама аҷоибтараш, ба театрҳои халқй
омада, ҳофизиву раққосӣ мекарданд. Мақши занону духтаронро
акнун ҷавонписарон не, худи духтарон меофариданд. Ба чунин
мӯъҷиза фақат Револютсияи Октябр қодир буд.

Аз байни ҳаваскорони санъати дар шахру дехдги Хуҷанд
овоза шудаи комбината абрешим як гурӯҳи духтарони ба
маънои томи он сухан диловару бебок ба театри шаҳрӣ омад.
Театри аз муаллимону хизматчиёни идораҳо ташкилёфта то он
вақт духтарон надошт. Дар ин гурӯҳ пиллакашдухтарони ком-
бинат Тоҷинисо Султонова, Магфират Аҳмедова, Сабоҳатхон
Низомиддинова ва Розия Арслонова буданд.

Сабоҳати миёнақад, сафедпӯст ва чашму абрувонаш сиёҳи
соҳибҷамол кокулони дарози бешумор дошт. Ба
фаранҷипартоӣ, мактабравй, пиллакаш шудани ӯ на фақат ба-
родарони ноҳамтани ӯ, балки хешовандонаш ҳам розӣ набу-
данд. Дар кӯчаҳои хилваг сари роҳашро мепоиданд, ки дастгир
кунанду аз нав ба сараш фаранҷй партоянд. Хонанишин ку-
нанд. Аммо ҳамаи ин макру ҳиял ва пӯписахо Сабоҳатро наме-
тарсониданд. Духтаре, ки шарбати озодиро чашидааст, таъми
онро магар якумр фаромӯш мекард?

172
Сабоҳат бебокона ба театр омад. Коллективи ҷавон «Маликаи
Турандот»-ро ба саҳна мегузошт. Таҳиягари худрӯй бе фикру
хаёли дуру дароз ба Сабоҳат фармуд, ки песаро хонда барояд ва
аз он суханони Маликаро ёд кунад. Пиллакашдухтари аз мурак-
каббию душвории офариниши нақши Малика бехабар таклифро
кабул кард. Ҳарчанд матни суханони ӯ дар намоишнома калон
набуд, Сабоҳат ба маънии ҳарфҳои он намерафт. Дар он
калимаҳое буданд, ки забони ӯ ба галаффузашон намегашт. Ӯ ба
ваҳм афтод. Пушаймон мешуд. Ба таҳиягар рафта, аз ӯхдаи чу-
нин кор намебароям гуфтанй ҳам шуд. Вале зуд аз раъяш гашт.
«Агар ман аз ӯхдаи ин кор намебаромадам, ӯ ба ман намесупурд,
- аз дил мегузаронд ӯ. - Модом ки ба ман супурд, пае метаво-
нам. Аммо чӣ тавр? Оё шарманда намешавам?» Ӯ ҳамаи
калимаҳои барояш номафҳумро қатор карда навишт ва назди
таҳиягар бурд, ки бифаҳмонад. Лекин вай хандид.

- Рости гапро гӯям, духтар? Баъзе ин калимаҳоро худи ман
ҳам намефаҳмам. Пагоҳ як каси мутасаддии забону каломи те-
атр ин ҷо меояд. Ана вай маънии ҳамаи ин ҳарфҳои каллакафо-
ну дандоншиканро, албатта, хуб медонад. Аз вай илтимос ме-
кунем, ки намедонистагиамонро маънидод ва суханони
душворфаҳмро дигар кунад. Мегӯянд, ки ҷавон бошад ҳам, на-
висандаи зираку пурдон. Пас аз хатми дорулмуаллимини Тош-
кент дар газета кор кардааст.

Таҳиягар саволномаҳои Сабоҳатро баргашта, ба дасташ дод.
Пагоҳии он рӯз, вақте ки аз рӯи намоишномаи «Маликаи Ту-
рандот» машқи ҳунарпешагон давом дошт, директори театр
муаллим Ҳоҷихон Умаров ҷавонеро ҳамроҳ гирифта омаду ба
ҳама рӯй оварда, гуфт:

- Дуоямон иҷобат шуда, охир раҳбари адабидор шудем.
Шинос шавед: шоир ва нависандаи ҷавон Мирзо Турсунзода. -
Умаров гӯё аз саҳнаи театр барои тамошобинони бисёре сухан
мегуфта бошад, овозашро баланд карда, дар ҷои истодааш чарх
зада, ҷавонро нишОн дод.

Вале ин ҷавони бист-бистудусолаи миёнақад, газгӯшт, сур-
хина ва кулчарӯй, сияҳчашм ва гуллимӯйро, ки болои абрӯи
рост холи сиёҳи майдаи гӯштй дошт ва аз муаррифии ботанта-
наи директор хиҷил ва сурх шуда буд, аз ҳозиром касе намеши-
нохт. Мирзо аз костюми васеъ ва нимдошт [иарм медошт магар,
ки арақи рӯяшро пок карда, ҷузъгири коғазиро ба остонаи тире-

173
за ниҳоду бо ҳа май ҳозирон вохӯрдй кард. Ба ҷои нишондодаи
таҳиягар нишаст. Директор вазифаашро ба ҷо оварда, рафт.

- Хуш омадед, шаҳрамон пешкаш, - таҳиягар даст ба китфи
Мирзо гузошга, ӯро андак ба тарафи худ кашид. - I айр аз се на-
фар муаллим, ки баъди даре ба кори мо меоянд, дигар ҳама чӣ
тавре ки мебинед, ҷавоиҳо. Талабаю толибаи мактабу ФЗУ-и
комбинати абрешим. Дар бобати забони адабӣ ҳамаамои пиёда.
Ба театр омада истодани шуморо шуНида, дина боз ман ба кур-
таам намегунҷам. Рӯзи гузашта ана ин духтарамон - ба Сабоҳат
ишора кард таҳиягар, — як саволномйй калон бардошта омад:
рӯихати калимаҳое, ки аз песаи «Маликаи Турандот» ёфтаасту
маъниашро нагз намефахмад. Ман муллоҳои пештара барин дар
хона моидани айнакамро баҳона кардам. Аммо хушхабар додам,
ки нагоҳ мушкилкушои мо - роҳбари қисми адабй меоянд. Ана
ҳамин тавр. Мирзочон, иқрор мекунам, ки на фақат Сабохат,
балки хамаамон ба тарбияву таълим мӯҳтоҷе.М. Канй, аз нӯги
хамир фатир кунем. Саволномаатонро ин тараф Дйҳед.

Тахиягари хуштакаллум Мирзоро, ки аз муҳити нав, аз тан-
танаи шиноскунй ҳанӯз ба худ наомада буд, ба ran гирифт, ки у
зуд дар байни одамон худро каси худӣ дарёфт ва рӯихатро ги-
рифта, ба маъниДоди калимаҳо шурӯъ кард.

Вай гӯё чӯшу хурӯши ҷавониро надошт. Калонсолона ва ба-
тамкин сухан мегуфт. Ниҳоят ба даст қалам гирифту ба ҷои
калимаҳои «дандоншикан» фахмояшонро ёфта гузошт. Як со-
ати машгулияти хунарпешагони театр бо ҳамин анҷом ёфт. Чун
таҳиягар ӯро барои таоми пешин ба хонааш даъват кард, Мирзо
гуфт:

- Маъзур, ман ба идораи газета бояд равам.

Мирзо ба назди ман мебоист ояд. Дар хона барои ҳардуи мо
таом тайёр мекарданд.

Се рӯз аз ин пеш, бегоҳирӯзй, дари кӯчаи мо кӯфта шуду ба-
ромада як ҷавони сарлучи нимпӯстинпӯшро дидам, ки
ҷомадони фанерии лӯлаболиштшакли кӯҳнае дар даст дошт. Ӯ
ба иазарам гарм намуд. Вале ба ёдам намерасид, ки дар куҷо
дидабудам.

- Шумо, аз афти кор, маро нашинохтед. Ман Мирзо Турсун-
зода, гӯён даст дароз кард ӯ.

- Маро мебахшед, Мирзо, -узр хостам. - Ман сурати шумо-
ро дидаам. Медонед дар куҷо? Дар алманах. Маҷмӯаи

174
ҳикояҳоятон «Байрақи Зафар»-ро қам хонда баромадам. Гапҳои
мондагиро сонй мегӯем. Марҳамат, - аз дасти Мирзо
ҷомадонашро гирифтаму пеш даромадам ва ба ҳавлӣ даровар-
дам. Модарам, ки дар рӯи ҳавлй буд, бо лаби сарбанд рӯяшро
пинҳон кардан хост, нагузоштам. - Ошнон сталинободии ман,
шоир Мирзо Турсунзода, меҳмон шуда омадаанд.

Модарам ҳар касро ки шоиру нависанда номам, чй ғоиб ва
чй ҳозир, иззату хурмат мекард. «Шоиронро пештар валиюлло
мегуфтанд. Агар одам назаркарда набошад, шоир намешавад»,
- мегуфт ӯ. Аз ҳамон вақте ки шеърҳои навмашқонаамро баро-
яш хондам, маро шумо-шумо мегуфту ба «номам калимаи Аб-
дуро йлова намуд. Аз ҳамин ҷо буд, ки Мирзо Турсунзода то
охири умр маро Абдураҳим меномид.

Модар номи шоирро шунидан замон омада, ҳоло аҳволи
Мирзо ва таваккалан саломатии падару модар ва хешу
ақрабоёни ӯро пурсид. Хушомадй карда, ба меҳмонхоначаи рӯи
ҳавлй даромада, зуд яккаандозҳо кушод, болиштҳоро ба девор
такя кунонда монд ва баромада моро ба он ҷо даъват кард.
Фурсате нагузашта, ҳамсарам чойники чой, пиёлаҳо ва модар
дастархону лаълй бардошта даромаданд ва боз «хуш омадед!»
гуфта рафтанд.

- Ман аввал ба меҳмонхонаи шаҳрӣ рафтам, - гуфт Мирзо, -
медонистам, ки бе паспорту сафарнома ҷой намедиҳанд, аммо
умед карда рафта будам. Ҷой надоданд. Дар Хуҷанд гайр аз
шумо шиноси наздики ман Ҳаким Карим аст. Сурог карда, ба
ҳавлиашон рафтам.. Падарашон гуфтанд, ки ба хона дароед,
раво надидам. Ночор шуморо безобита кардам, ки узр мехоҳам.
Шумо медонед ман дар идораи «Комсомоли Гоҷикистон» кор
мекардам. Бо фалонй ошам напухта монд. Бинам, ҳар чизу ҳар
гапро баҳона карда, айбу эродгирй мекунад, ариза дода, аз кор
холӣ шудам. Гумонам ин буд, ки аз ягон газетаи дигар кор меё-
бам. Аммо вай дили газетаҳои дигарро аз ман беҳузур карда
будааст. Ноилоҷ билет харидаму рост роҳи Хуҷандро гириф-
там. Аммо набудани Ҳаким Карим маро гамгин кард.

- Ҳаргиз гам нахӯред. Барои шумо кор ёфтанро ман ба зим-
маи худ мегирам, - кавл додам. Ба ёдам мерасид, ки мудири
маорифи шаҳр ва директори театр аз ман илтимос карда бу-
данд, ки раҳбарии қисми адабии театрро ба ӯхда гирам. Аммо
ман қабул намекардам, ки ба кори газета халал мерасонад. -

175
Истед, ки Мирзо, то аз газета ҷой ёфтан раҳбари кисми адабии
театр шудан намехоҳед? Лгар шумо розй бошед, худи пагоҳ
гапзанон мекунам. Ин ҷой холист ва каси муносиб пайдо карда
наметавонистанд.

- Меравам, - дарҳол розй шуд Мирзо. - Махмудов ном як
ошнои бухороии май, ки дар театри Сталинобод режиссёр шуда
кор мекард, ҳамин рӯзҳо директор ва режиссёри шумо шуда
меояд. Одами хуб. Ба драматургҳои ҷавон то аз дасташ омадан
ери мерасонад. Маи оо ёрии ӯ «Ҳукм» пом неса навишта исто-
даам. Мавишта гамом мекунаму қабул шавад, Маҳмудов ба
саҳнаи ин ҷо гузоштанй.

- Ин боз хубтар аст, - дили ӯро бардоштам ва пурсидам: -
Бо Ҳаким Карим чи гуна ва кай боз ошной доред?

- Соли бисту ҳаштум дар вақти таътили тобистонй ман кор
кофта ба Шаҳринав омадаму ба комиҷроияи район рафтам.
Ҳаким Карим дар он ҷо муовини раис буд. Ӯ куҷой ва дар куҷо
хонда истоданамро пурсида ариза нависонд. Навишта ба дас-
таш додаму муносибаташ якбора гарм шуд.

- Монанди Хоҷаи Хизр пайдо шудй, Мирзо, - завқ мекард ӯ.

- Котиби масъуламон нозу нузҳои нав бароварда, як рӯз ба кор
ояд, ду руз наомада, аз ҷонамон сер мекард. Ту ба пои худат
даромада омадй. Дар куҷо истиқомат мекунӣ? Ҳамин рӯз
омади? Навишта мемонам, ки имрӯз рӯзи пурхосият аст. Ана
ин когазро мегирй. Ба меҳмонхонаи мо меравӣ. Одам ҳамроҳ
мекунам. Туро мебарад. Аз он ҷо ҷой мегирӣ. Шусзушӯ карда,
худатро ба ифоқа мебиёрй. Пагоҳ, бозоргир шуда меой...
Кистӣ? Котиби масъул! Магар ин шӯхист? - Ҳаким қоҳ-коҳ
механдид. - Ҳусни хати аҷоиб доштай, Мирзо! - Аризаро боз
ба даст гирифта хушҳолона аз назар мегузаронд ӯ. Ба ҳамин
тариқ ман ду моҳ вазифаи котиби масъулро иҷро карда, бо
Ҳаким Карим кор кардам. Вай ҳамон вақтҳо ҳам нависнавис
мекард, ки қитирқитир меномид. Вай аз нақли одамони ба арзу
дод омада ҳикоя менавишт. Қӯтоҳ-кӯтох.

— Дар кӯтоҳнависй ӯ муаллими ҳамаи мост. Ҷумҳадои ӯ
мӯъҷазанд, - ба ҳарфи Мирзо ҳамроҳ шудам. - Лекин ӯ дар
Шаҳринав кор карданашро нагуфта буд.

- Намедонам, дар он ҷо аз кай то кай кор кард. Ҳамаи фаъо-
лони райопро нагз медонист. Бо аксар шиносой ва рафту омад
дошт. Аз Гарму Кӯлоб шиносонаш меомаданд. Ӯ дар
176
меҳмонхона онҳоро бо палави дастии худ зиёфат мекарду то
саҳариҳо ба гапҳояшон гӯш медод. Баъди рафтани онҳо ба даф-
тари калони хотирааш, ки ба дафтари нақду насияи дӯкондорон
монанд буд, - Мирзо базеб хандид - бо хати хушрӯй ва хонои
«настаълиқ сабту қайдҳо мекард. Ҳаким Карим дар газетам
шумо чӣ кор мекарданд?

- Ҷонишини муҳаррир. Лекин тамоми масъулияти
газетабарорй дар зиммаи он кас буд, - ҷавоб додам ман. Дасти
хамаи моро ба кори газета Ҳаким рост кард. Ӯ кори газетаро
багоят дӯст медошг. Ҳоло чанд вақт боз тарҷумони бюллетени
Совети Комиссарони Халқӣ шуда кор мекунаду ба тоҷикони
дар Москва мехондагию кор мекардагй мақолаҳо нависонда,
таҳриру тайёр карда мефиристад. Ҳаким хушбахт аст. Ӯ
ҳамроҳи Лоҳутӣ кор мекунад, ки мухаррири тоҷикии хамон
бюллетен аст.

- Ҳаким Карим Лоҳутиро кӯҳна медонисг, - гуфт Мирзо. -
Эҳтимол ӯро ҳамон кас даъват карда, Маскав бурда бошанд.
Лохутй боре дар Шахринав меҳмони Ҳаким Карим шуданд.
Одамон ба як хуҷра нагунҷиданд. Ҳаво хеле салқин бошад ҳам,
дар берун нишаста, Лоҳутй шеърхонй карданд. Мардум
бевақтии шаб рафтанд. Баъди рафтани онҳо хам ин ду нахоби-
данд. Дар ёдам нест, аз кӣ буд, Ҳаким тарҷума кардааст.
Тарҷумаашро ба Лохутй мехонд. Он кас пеш-пеш ислоҳ ме-
кард. - Мирзо баъди таваққуфе боз ба мавзӯи аввала баргашт. -
Гирем, ки кор ёфт шуд. Ҷои истиқомат чй мешавад? Барой ман
як кулбаи фақирона бас аст, ки як катчаю столу ду стул гунҷад.

- Ҳазрати хоҷаи Ҳофиз дар аввали газале як байт дорад:

Равоци манзари чаиши май ошёнаи туст,

Сатри дуюмро Мирзо хонд:

Карам памову фу руд о, ки хона хонаи туст!

- Гашаккур. Намедонам миннатдории худро ба шумо чй
тавр изҳор кунам. Аммо меҳмон дуру дароз наравад, ба дили
соҳиби хона мезанад. Дар ин боб байти аҷоибе хонда будам:

Меҳмон гарчи азиз аст да монанди нафас,

Танг месозад агар ояду берун наравад...

177
- Шумо аз он мехмонхое нестед, ки танг созед. Саросема
намешавед. Сонитар ҷой хам меёбем. То он дам ин хона дар
ихтиёри шумо. Хамеша дараш ба рӯи шумо кушода.

Ҳамон шаб ӯ аз саргузашти худ шаммае нақл кард. Модараш
соли шонздахум вафот кардаасту симои вайро дар ёд надорад.
ӯ то СОЛИ бисту панҷум дар тарбияи надари дуредгараш меша-
вад. Мохи декабри хамом сол ба Душанбе омада, ба хонаи
сагирон даромада, дар техникуми педагоги таҳсил мекунад.
Соли бисту хафтум, баъди як соли вафоти падараш, у хушбах-
тона дучори як одами маърифату маданиятдӯсте мешавад. L о-
яд у аз қобилияти Мирзо огоҳ шуда бошад, ки ҳамрохи ҷамоае
аз бачагони толибилм ба ароба савор карда, то Термез мебарад.
Баъд ба поезд шинонида, ба Тошкент мефиристад. Мирзо дар
дорулмуаллимиии тоҷикон аъло хонда, соли стом онро хатм
намуда, ба Сталинобод омада, ба кори газета медарояд. Ҳамаи

касбу холи шоири ҷавон хамин буд.

Пагоҳи ҳамон рӯз ману Мирзо ба шуъбаи маорифи халк
рафтем, чун ман номи ӯро гирифта. ба мудири маориф шинос

кардам, ӯ дасти Мирзоро аз нав фишурд. _ ..

- Муаллими шумо Маннофзода, ки мо хама уро хамчун зие-
ии ҳакиқии шӯроӣ, тарбиятгари пурдон ва гамхор хурмат ме-
кунем, номи шуморо дар катори шогирдони нагзаш ба забои
мегирифт. Шумо аз Қаратоғи Ҳисор не, охир? - пурсид у.
Дидед. Ҳам ному хам насабатон дар хотирам мондааст. Назари
рафик Маннофзода хар касро хам намегирад. Ягон одами
мувофики табъи ба ин кор муносибро намеёфтем. Ин кас бо-
шанд, серкориро бахона мекарданд, - ба ман ишора намуд му-
дир. У зуд ба номи директори театр хат навишта дод, ки ба кор

қабул кунад.

— Харакат мекунем бароятон

истиқоматҷо ёбем, — кавл дод

Many Мирзо бо сафои хотир аз назди у берун омадем.

- Ман хеҷ гумон намекардам, ки мушкилоти ман ин швр
осон мешавад, - ох кашид Мирзо. - Хуҷанд чи қадар хушрӯи.
Кӯхи баланд, дарёи калон, богу роги пури меваю шарбат.

- Магар шумо дар Хуҷанд аз ин пеш хам будед? - пурсидам.

- Ба алавгирй омада рафта будам. Дар гуфтугӯи мардуми ин

ҷо низ оё чунин ибора хает?

- Хаст- Агар мехмон омадан замон монанди шумо ҳаракати

178
рафтанро кунад, «магар ба алавгири омадай» мегӯянд. Кай
омада, оташ гириф га рафта будед?

- Рӯзи ҳаипуми марти соли гузашта. Ба митинги ба кор да-
ромадани комбинати абрешими шумо ба сифаги мухбири мах-
суси газета омада будам. Худи ҳамон рӯз ба поезд савор шуда,
ба Ховосу аз он ҷо ба Душанбе рафтам. Хабари дар вагон на-
вишта тайёр кардаамро ба газета дода, таҳсину офарин шуни-
дам. Файзулло Абдуллозода, ки аз ман як сол пеш дорулмуал-
лимини Тошкентро тамом карда буд, маро дар митинг дида, ба
хонааш кашид. Узр хостам, ки фурсат надорам. Он гоҳ ӯ маро
ба боги шаҳрй бурда зиёфат кард ва нақлиёт ёфта, то вокзал
гуселонд. Он кас пештар шеър мегуфтанд. Ҳоло ҳам менави-
санд?

— Солею моҳе. Лекин ба маҳфили адабии мо, ки Хд ким таш-
кил карда буд, бетарк иштирок мекунанд. Ба мо маслйҳатҳои
хуб медиҳанд. Одами нукгасанҷ. Барой аз русӣ ба тоҷикӣ
тарҷума кардани материалҳои муҳим ҳам он касро ба идора
даъват мекунем. Хуб, акнун шуморо ба театр барам?

- Ба театр имрӯз намеравам. Ҳаммом Даромада, ба қавли
Ҳаким Карим, худро ба ифоқа оварда, бозоргир мешавам. - Ӯ
хандакунон ангушт ба лаб бурд. Соида-соида пӯстеро аз он
барканд. Боз ангушт ба лаб бурдаоварда дид, ки оё хун набаро-
мадааст. Дарвоқеъ ин одатро Мирзо то охири умраш тарк карда
натавонист. Гоҳо лаби ӯ аз зарби пӯстканй хуншор мешуд.

— Ҳар ҷо ки равед, аз соати як дер намонда, дар хона шавед,
огоҳ кардам ӯро. - Чоштро дар хона мехӯрем.

Ҳамин тавр, ману ӯ улфат шудему ба хам унс гирифтем.
Мирзои улфатпазир ба ошноён ва.дӯстони ман Зариф Раҷабов,
ки дар Москва мехонду тобистонро дар Ленинобод гузарони-
да, ба хонаи ман рафтуомади бисёр дошт ва бо дӯсти қарину
деринам Мирзоҷон Аюбҷонов, аъзоёни маҳфили адабиамон
Ашӯрмат Назарови новй, Тоҷй Усмони унҷигй ва дигарон
ошной пайдо кард. Мо гаштак доштем. Ба навбат ҳафтае як
бор ҷӯраҳо дар хонаҳояшон зиёфат меоростанд. Навбати
зиёфатдиҳӣ ба Мирзо расад, ӯ ҳамаро ба хонаи ман хабар ме-
кард.

...Ҳомид Махмудов директор ва режиссёри театр шуда омад.
Ӯ бо Мирзо дар хақиқат дӯсти қадрдон буда, дар симои ин
ҷавони ботамкину хушодоб ва мехнатдӯст истеъдодашро ба

179
хубӣ медидааст. Рӯзе вай ҳамроҳи Мирзо ба идораи газетам мо
«Пролетари Хуҷанд» омад. Вақти ҷамъшавии маҳфили адабии
моро пурсида, илтимос кард, ки «Ҳукм»-и Турсунзодаро ба
муҳокима гузорем. Толеи Турсунзода буд, ки қамон рӯзҳо За-
риф Раҷабов ва Ҳаким Карим дар Хуҷанд буданд. Муҳокимаи
песа баъди кор ду рӯз давом кард. Ддибон, саиъаткорон ва му-
аллимои ба муаллиф маслиҳатҳои хуб медоданд.

- На дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, на
махфилҳои адабии назди газета ва донишкадаҳо ягон асарро
ба ин дараҷа ҳарҷониба, дилсӯзона, ба назарам, муҳокима на-
карданд, - арзи миннатдори мекард Мирзо. - Ман ҳамаи
маслихатҳои хуби шумоёнро ба ҳисоб гирифта, асарро як бори
дигар тахрир мекунам ва барои ин боз ба шумо ташаккур

мегӯям.

Баъди ду мох ду муждаи Мирзо дӯстонашро шод гардонд.
Махмудов «Хукм»-ро баъди таҳрири охирин ба Сталинобод
бурда тасдик кунонида, ба плани репертуари театр дохил на-
муд Инчунин Мирзои мо ҷуфти худро ҳам ефт. Киро? Сабоҳат
Низомаддиноваро, ки ҳамон рӯзҳо дар песаи «Маликаи
Турандот» роли маликаро басе хуб иҷро кард ва тамошобинон-

ро ба худ мафтун гардонд. . _

- Вақти ба алавгирй омаданат дар комбинат ое Сабоҳатро

таги чашм иакарда будй? - пурсйдам аз Мирзо.

- Одам гуфтагӣ ин қадар кунҷков намешавад... - хандид у, аз

ҷавоб cap кашида.

Хоиандаи китоби аввали «Маъвои дил» Юсуф Рахмаподаро
дар хотир дорад, ки маъмури театр бошад хам, чун ҳунарпешаи
хунарманде дар чунин песа, аз чумла «Ҳалима»-и Гулом
Зафарӣ нақши бойро инро намуда, ба дасти саркардаи
каландарон - Зоҳир Дӯстмухаммадови рахматй афтода буду у
дар пеши назари тамошобин гӯшхояшро тоб дода, гум-гум ба
тахтапушташ зада, охиста талаб мекард, ки қасам хӯраду ба

пушти сахна, ки гузашт, бунак диҳад.

...Юсуф Рахматзода дар хамгашти кучаи Чорбог ходо кучаи
ба номи Горкий як дар хавлй ва дар беруни он дӯконхоначаи
торике дошт, ки равшаниаш аз равзана буд. Юсуф хамин хона-
ро ба Мирзо дод, ки занашро оварад. Тӯйро низ дар хавлии у
гузаронад. Тамоми театр, хамаи коркунони матбуот дар таш-
вишу такопуи ин тӯи хонадоршави буданд. I ирамохи соли сию

180
чорум тӯи нави дар ҳақиқаг комсомолиро дар ҳавлии Юсуф
оростем. То посе аз шаб гузаштан дар ин ҳавлӣ шеърхонй,
таронагӯӣ, рақсҳои дилпазир шудаид. Касе намехост чунин
хушҳолиро монда равад. Чор рӯз пеш аз тӯй «Хукм»и Мирзо ба
саҳна гузошта шуда буд, ки се шаб паиҳам онро намоиш до-
данд. Тамошогох хдр шаб аз одамон пур буд. 11ақши духтареро,
ки Зевар ном дошт, Сабоҳат Низомаддинова офарида буд.

Аз ёдам набарояд. Дар Хуҷанд соли сию чорум MIC,
шӯъбаи сиёсии он ва дар назди вай газета ташкил шуд. Ин газе-
таи «Бо роҳи ленинй» ном дошт, ки баъди барҳам ёфтани
шӯъбаи сиёсй газетаи райони Хуҷанд шуд ва баъди хеле та-
наффус ҳоло боз дар ҳамон ҷо нашр мешуд. Нависанда I оҷй
Усмон муҳаррири ин газета шуду май ба ӯ ҷонишин будам.
Матбуотчии фаъол Мирмуҳаммад Нурматов, ки дар охири ум-
раш директори нашриёти Тоҷикистоп буд, котиби масъули ин
газета, Маъруф Шариф, ки баъд коргари совети шаҳрӣ, комис-
сариата ҳарбӣ, милитсия ва сардори парки мошинҳо буд, инст-
руктори ин газета шуда кор мекарданд. Ба ҳамин тариқ, ҷои
ман дар газетаи «Продетари Хуҷанд», ки котиби масъулаш бу-
дам, холй 1пуда, онро Мирзо Турсунзода ишгол кард. Ва дар
айни замон рохбари кисми адабии театр ҳам шуда кор мекард.

Дар ин ҷо ҷоиз мешуморам, ки аз газетаи «Бо ро.\и ленинй»
чанд сухан гӯям. Ба идораи ин газета тобистону вақтит аътил,
ки шуд, чанд нафар хонандагони мактабҳои олй - аз ҷумла
Бобоҷон Ғафуров ва Зариф Раҷабов аз Москва, рафиқони дигар
аз Душанбею Тошкент ба таҷрибаомӯзӣ меомаданд. Дар ин га-
зета асархои адибони на танҳо Хуҷанд, бисёр соҳибқаламони
Сталинобод низ чоп мешуданд. Мӯътақидони ин газета дар
шаҳрҳои Осиёи Миёна бисёр буданд. Чанд шеъри устод
Лоҳутй, аз ҷумла «Эй Хучанд, эй болшевики паҳлавон»-и ӯ дар
ҳамин газета чоп шудаанд.

Боре Бобоҷон Гафуров дар вақти котиби якуми Комитета
Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон буданаш дар
хузури Мирзо ва Миршакар ба ман рӯй оварда гуфт:

— Оё дар ёдат ҳаст, ки маро чй қадар азоб медодй?

— Кай, чй азоб? - ҳайрон шуда пурейдам.

— Аз ёди ту шояд рафта бошад, - хандид Бобоҷон I афуров
хам шуда, ба девор нигаҳкунон. - Аммо аз хотири ман харгиз
намеравад, ки ту дар газетаи «Бо рохи ленинй» хабархои маро

181
чй қадар берахдюна кӯтоҳ мекарди. Мефармуди, ки аз нав на-
висам.

- Фонда бурдед, ё зарар кашидед аз он? - ҷуръат карда пур-
сидам.

- Роста гапро гӯям фонда бурдам, — эътироф намуд ӯ. Го
ҳамон вақт ман мақолаҳоро калон—калон менавиштам. «Бо
роҳи ленинӣ» мӯъҷазнависиро таълим дод. Ин хунари ҳар кас
нест.

«Бо роҳи ленинӣ» ба донишҷӯёни дар Москва ва шаҳрҳои
дигар буда имконият медод, ба зиндагияшон дарбеҳ кунанд.

Боз ба сари Мирзо Турсунзода бармегардем.

- Рӯзе дар идораи «Бо роҳи ленинй» менишастем, ки Мирзо
даромада омад. Даме нишасту ба ту шахсан як гапам буд гӯён
аввал ба роҳрав, баъд ба кӯча баромад.

- Стали нобод рафта истодаам, - хабар дод ӯ.

- Ягон маҷлис ё...

- Бо корҳои шахсии худам. Гашта омада, сонӣ ҳикоя меку-
нам. Пеши модар рафта, фотеҳаи сафарро шрифтам.

- Ана инаш боз аҷибтар! Худат меравй, ё Сабоҳагрс ҳамрох,
мебарй?

- Ӯро ҳам мебарам. Ҳамааш шуда як бор ба слёти
пешқадамони саноат вакил шуда рафтааст. Пекин мегуяд, ки
байни меҳмонхонаю маҷлисгоҳро дидаасту халос. Биё, ки вай
хдм як чарх зада биёяд.

- Ба гусел бароям?

- Ташаккур Абдураҳим, барои ҳамаи некиҳоят, барои
дастгирй ва одамгариҳоят...

- Баногоҳ тамоман намеравӣ?

- Не. Чаро тааҷҷуб мекунй? Барои некӣ магар миннатдорӣ

намекунанд?

Мирзо дасти маро ба кафи майдаи нарму сергӯшт шрифта
фишурду дасти дигарро ба гарданам андохта бӯсида, хотири
маро парешонтар кард. Лекин ба саволқои дигарам ҷавоби
равшан надода рафт.

Дар хона модарам аз ман пурсид:

- Мирзоро дидй? Ғамгин менамуд. Хайру хуш мекарду аз
чашмаш ашк мерехт. Ҳарчанд пурсидам. ки писарҷонаки ази-
зам, оё аз ягон кас хафа шудед. Баногох газета хатоку набаро-
мадааст, нс гуфт. Ҳама тинчй. Аз шумо як фотеҳа гирам гуфта,

182
омадам... Тез баромада рафт. Сабоҳатхоиашро хам мебурдааст.
Нафаҳмидӣ, ки чаро вай гамгин?

Сабаби гамгинй ва сафари ногаҳонии ӯро фардои рафтаиаш
ва тафсили онро баъди як хафта шунидам. Шабе аз шабҳое на-
вбатдорони газета Мирзо ва Махмуд Исмоилов будаанд. Ис-
моилов ба мактаби адлия аз кори ҳамин газета рафт ва дигар ба
матбуот барнагашт. Теппаи саҳифаи аввали газета дар тарафи
рости ном, бо ибораи матбуотчиён, «тиреза» ном дорад ва дар
он одатан бо сарлавхаи «Дар шумораи имрӯза» мундариҷаи
мухтасари газета навишта мешуд. Мирзо чор саҳифаро хонда,
ба Исмоилов месупорад, ки мундариҷа нависад ва худ меравад.
Исмоилов онро навишта медихаду хонданашро ба мусаххех
месупорад. Мусахдехро хоб мебарад ва чопгар газетаи «тиреза-
anj» холиро ба машин гирифта, пурра чоп мекунад.

Хари фу ҳангоматалабон барои бадномкунии навбатдорон
фурсат пайдо мекунанд ва ин хабарро ба котиби комитети
шахрии партия мерасонанд. Котиб Додхудоев ном каси «аз по-
ён болошудаи» камсаводе буд. Ӯ барои исботи «сурхии» худ
номи падарашро тагир дода фамилияи Бедодихудоевро меги-
рад. Мирзо пагохй омада ханӯз ба паси мизи кориаш нагузаш-
та, аз кабинети котиб ӯро ба назди вай мехонанд. Мирзо ба
рафтан мераваду сад иушаймон мешавад. Марди камсавод
суханҳои носазо мегӯяд. Дареро накӯб, ки даратро накӯбанд.
Мирзо хам паст иамеояд. Суханҳои дастабиринҷӣ ёфта мегӯяд
ва худи ҳамон рӯз меравад.

Баъди як ҳафта аз ӯ мактуб гирифтам. Ӯ воқиаро батафсил
навишта, хабар медод, ки аз газетаи «Тоҷикистони Сурх» коре
барои худ пайдо кард. Ҳамин ки хона ёфт, барои гирифта бур-
дани кӯчаш меояд. Айнан дар ҳамин вақт дар Душанбе бо та-
шаббуси фонди адабй, ки сардораш шоир Муҳаммадҷон
Раҳимӣ буд, дар кӯчаи ба номи Орҷоникидзе барои нависанда-
гон иморати дуошёнаи тахзагин месохтанд. Аз ошёнаи якуми
он ба Мирзо хона доданд. Ӯ кӯчида омад. Ин хона аз се хучра
иборат буд ва дар яктои он шоир Ҳамдӣ ва ду хучраи дигар ои-
лаи Мирзо зиндагй мекард. Дар хонаи Ҳамдй аз соли сиюхашт
то чил, вақте ки дар газетаи «Тоҷикистони Сурх» ва журнали
«Шарқи Сурх» кор мекардам ва ба Дахрӯзаи санъати тоҷик дар
Москва тайёрӣ медидем; ҳамсояи Мирзо шуда, ман хам
зиндагонй мекардам.

183
Мирзо ба кадом кор равад, ба роҳбарии вилоятии ҳамон соҳа
маро тавсия менамуд. Чун солҳои аввали ҷанг ӯро сардори
управлениям республикавии санъат таъин карданд, мактуби ӯро
гирифтам, - Ман сардори санъаткорони республика шудам.
Партия супурд, кабул кардам. Тавсия кардам, ки ту сардори
шӯъбаи вилоятии санъат шавй. Илтимос, таклифи маро ба за-
мин нагузор.

Аз миён як ҳафта нагузашта, маро ба комитети вилоятии
партия даъват карданд. Ин корро бар иловаи кори газета ба ман
супурданд.

Мирзо аз бозе, ки котиби Иттифоки нависандагони
Тоҷикистон интихоб шуд, ба ташвиши дар Ленинобод ташкил
намудани шӯъбаи вилоятии ин ташкилот афтод ва ниҳоят
муваффак шуд.

- Медонам, ки бе ҳамин ҳам соҳибқаламони вилоят гирди ту
ҷамъ омаданд ва солҳои сол боз мутасаддии тарбияи онҳо
ҳастӣ. Лекин ташкилот бояд расмй карда шавад, - мегуфт ӯ,
маро ба котибии шӯъбаи вилоятй пешбарй намуда. - Агарчй
коми туро момо бо газета бардоштаасту мӯятро ба газета сойда,
сафед карай, ба ҳар ҳол, вай вақти зиёди туро мегирад. Хох-
нохоҳ ба кори эҷодиат халал мерасонад. Аммо шӯъба имконият
медиҳад, ки бо тарбияи адибони ҷавон зиёдтар машгул шавй ва
дар айни замон, бародарам, худаг ба кори эҷодӣ фурсат дошта
бошй. Чй қадар вақти мо ба корҳои дигар сарф мешаванд.

Оре, вақти бисёри худи Мирзо ҳам ба корҳои ҷамъиятиву
давлатӣ сарф мешуданд. Ӯ гоҳе чун аз сафар, мулокотҳо, нутқу
баҳс ва мунозираҳо монда мешуд, ёди шаҳри Ленинободро ме-
кард, ки барояш азиз буд. Ӯ мехост дар лаби Сири соҳилоро
дам гирад, бо дӯстони инҷоияш, ки дӯстони ҷавонианд, сӯҳбаг
орояд ва агар фурсат ёбад, яъне сафари ногаҳонӣ ба ягон
қитъаи олам зарур шуда намонад, асари саркардаашро дар ин
ҷо нишаста, тамом кунад. Ё асареро cap кунад, ки дер боз дар
хаёлу орзӯи навишгани он асту вақт пайдо карда наметавонад.

- Аммо омада аз хонаи дӯстон манзил мегираму онх,о на ба
ин мемонанд, на ба он, - рози дил мегуфт Мирзо. - Ҳавлӣ
зиёратгоҳ мешавад. Омадан мегиранд. На мех,монй мебаранд.
Маҷбур мешавам, ки гурехта халос шавам.

- Чӣ мешуд, ки ба дачаамон равию дам гирӣ ва эҷод кунӣ? -
машварат додам ба ӯ.

184
Ин ба ӯ писанд афтод. Ба назди котиби якуми оивактаи ко-
митета партиявии шаҳр, доло котиби якуми партиявии вилоята
Ленинобод Рифъат Хоҷиев рафтем. Вай чунон хурсанд шуд, ки
дар тааҷҷуб мондем.

- Ҷон мегӯям, биёед, дар дача ҳамеша ҷой хает. Хоҳед, хона
ёфта медиҳам. Инҷой ҳам бошед, мувофиқи табъ баҳраманд
мешавем, охир, - гуфт ӯ.

Маънии «баҳраманд»-и котибро фаҳмида, дар дил хандидам.
Мирзо барои он ки аз кору бор ва ташвиши бисёри пойтахти
республика фориг бошад, худро чанде ба канор гирифтанию
лекин гиребонаш ба дасти дигарй мефарояд.

Рифъат Х,оҷиевич, даме ки барои гуселонидани мо то дами
дари кабинета худ меомад, гӯё чизе ба хотираш расидагй барин
бозистода гуфг:

- Дар воқеъ, Мирзои азиз, \оло шумо дар ҳамин ҷо-а'.) Агар
фурсаг ёбед, аз сафарҳои охирини хориҷа ба фаъолони партия-
вии Ленинобод ним соатакак хикоя карда медодед, нагз мешуд.

- Ба ҷонам, - даст ба рӯи дил нидод Турсунзода. - Рузу со-
аташро бо телефон хабар дидед.

Ҳамин тариқ, баъди ду рӯз фаъолони шахр дар маҷлисгохи
комитета партиявии шахр ҷамъ омаданд ва шоирро бо
мухаббат пешвоз гирифта, аз аввал то охири сӯҳбат, ки сахл
кам ду соат давом кард, сокит нишаста, ҳуш дода нақли дилпа-
зири ӯро шуииданд. Дар охир аз шоир ходит карданд, ки
шеъре хонад. Ӯ «Ҳамин кофист»~ро чун давоми «Ҷони ширин»
аз ёд хонд. Аҷаб ки Мирзо, ба хаёлам, фақат ҳамин газали худ-
ро аз ёд медонист, ки бисёртар онро мехонд.

Туро сад бор гуфтам, ки гуломат май, ҳамин кофист,

Фидоияк каломат, як саломат Matt, ҳамип кофист.

Навиштам, пахш кардам мӯҳр мондам даст бегуфтор.

Ҳаётамро, мамотамро ба номат май, ҳамин кофист?

Аз чарангоси овози ин мубориз, расули бархаққи адабиёти
оламгири совета бонии гайратманди амонй медидам, ки дар
маҷлис одамон чй гуна даловат мебурданд. Фахр мекарданд, ки
шоир фарзанди дилбанди онхост.

Чунон ки дар гузашта Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерози ва
Носири Хисрави Қубодиёнӣ тавассути асардояшои халк ва

185
диёри худро машҳури замон ба оламиён карда буданд, Мирзо
шӯқрати халқи ба шарафи Октябр аз нав зинда гардидаи годик
ва диёри шукуфони худро бо ашъори батаъсир, нутқҳои оташ-
бор, бо мубориза баҳри сулху амонй зиёдтар гардонд.

Мирзо тарбияи зумрахои нав ба нави адибони ҷавонро на-
хустин вазифаи на фақаг ташкилоти нависандагон, балки ҳар як
нависандаи сох,ибтаҷриба меҳисобид. Ҳар шеър ва ҳикояи хуб
навишташудаи ҷавонон ӯро шод ва ҳар асари сусти онҳо ӯро
гамгин мекард.

- Ин ҷавонҳо ин кадар ба кӯҳ часпида гирифтаанд? - гуфт ӯ
бо оҳанги шиква рӯзе.

- Боло баромадан мехоҳанд, - 1'уфтам дар ҷавоб.

- Ин тавр бошад, хуб. Аммо аз таърифи ҳашамаги кӯҳу та-
роваги чашмасор дур нараванд-чй? Дунё, охир, ғайр аз кӯҳеору
обшор зебой ва латофати бисёр дорад. Зебоӣ ҳамон вақт дилпа-
зиртар аст, ки ба офарида шудану муҳофизати он саҳми ҳар яки
мо бошад. - Ин вақт ӯ газетаи котиб ҳозир оварда рӯи мизи ко-
риаш гузоштаро гирифта, зуд-зуд аз саҳифа ба саҳифа гузашту
шеъреро ёфта айнак ба чашм гузошта хонд. Ман дар рӯи сурх
ва зебои ӯ табассуми ба худи Мирзо хосро дидам. - Ба адабиёт,
назму наср пай дар пай ҷавонҳое омада истодаанд, ки мехонию
ҷонат ҳузур мекунад. Як зеҳн монда хон. Магар ҳамин шеър
қобили таваҷҷӯҳ пест? Бачаҳо навҷӯю навгӯянд. Ҳамин гуна
чанд нафар ҷавонони боистеъдод ҳастанд, ки мунтазири нашри
маҷмӯаашон нашуда, ба аъзои Иттифоқ қабул кунем, ҳеҷ хато
намешавад.

Рӯзе ману Мирзо аз шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависанда-
гон баромада, пиёда сӯи бозори машҳури шаҳрамон мерафтем.
Дар роҳ салому алек ва багапгириҳо чандон бисёр шуд, ки ин
роҳи кӯтоҳро дар тӯли қариб як соат паймудем.

- Бо мошин меомадем, беҳгар мешудааст, - гуфтам ман.

- Шукр кун, дӯсгам, ки одамон ману туро ба ин дарача дӯст
медоранд. Ба кадри ин расидан зарур, - таъкид кард Мирзо.

Ope, Мирзоро хонандагон дӯст медоштанд, медоранд ва то
даме ки одамӣ ҳасту ыазм дӯст хоҳанд дошт. Ин бахти баланди
шоир аст.

Ӯ барои ҳисоботи депутат дар назди интихобкунандагон ба
Ленинобод омаду хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш ба сафар равам.
Мо ҳар ду ба райони Ашт рафтем, ки пешакй на ба комитета

186
районии партия ва на комиҷроияи районй хабар надода будем.
Мисфирӯзй дар қабули котиби комитета районии партия шу-
дем.

— Ман мехостам, ки ба интихобкунандагонам ҳисобот диҳам,

- гуфт Мирзо.

- Бисер хуб. Худи қамин рӯз маҷлис гузаронем мешавад?
Соатҳои ҳафти бегоҳ? - пурсид котиб.

— Хабар додану ҷамъ кардани одамон дар ин фурсати кам оё
мушкил намешавад?

- Мирзоҷон номатонро шунаванд, шуд. Ҳамаи район беха-
бар ҷамъ мешавад, - мегуфт котиб бе ҳеҷ муболига.

Бегоҳон маҷлисгоҳ аз одам пур Н1уд. Дар паҳлӯи девори ҳар
ду тараф ва қафо одамони бисере рост меистоданд. Маҷлис аз
мулоқоги депутат дида ба шаби — адабй зиёдтар шабоҳат дошт.
Мирзо чанд шеър хонд ва ба ман ҳам фармуд, ки сухан гӯяму
шеър хонам. Ҷамъомад бевақгии шаб тамом шуд, вале на танхо
мардон, балки духтарони биеёре низ рафтан намехостаид.
Даҳхо китоб сӯи Мирзо дароз мешуд, ки даст монда диханд,
«Ин қадар китоби Мирзоро аз куҷо ёфта бошанд? Иаход
онхоро аз магазин ёфтан осон бошад?» - аз дил мегузарондам
ва ногох чашмам ба китобе афтод, ки ба кавле, туппа барин
пухта буд. Маълум, ки бисёр даст ба даст гаштааст!

Дар Ашт мо ду рӯз будем. Аз маҷлисе ба маҳфиле,. аз
сӯҳбате ба зиёфате мебурданд, ки бегоҳони рӯзи дуюм аз
хастагй таби Мирзо баланд шуд. Дар шипанги колхозе мени-
шастем. Шоири бетобро миёнагир карда будем. У хам
беҳолиро написандида, дурр месуфту латифахо мегуфт. Лекин
медидам, ки дар сафедии чашмони шарорапоши ӯ сурхй пайдо
шуда, рӯяш аз таб дар мегирифт. Духтур даъват кардем. Омаду
хохиш кард, ки ӯро ором гузоранд. Шоирро хобонд. Доруҳо
хӯронд. Ammo таб паст намешуд. Дар ин хангом аз дари бог як
зани пиронсоле дар тан куртаи васеи дароз, дар cap уребча ва
дар пой кафши сарипой даромада, ба ҳамаамон салом дод.

Дар ин бевақтй барои чй омадй гуфта хайрон нашавед, —
узрхоҳона ва бо изтироб аз як cap ба хамаамон нигох кард зан.

- Аз табъи баландатон гардам, Мирзоҷон. Дина гаихои шуморо
ҳузур карда шунидам. Дар хақкагон дуо мекардам. Ҳозир фар-
занди хурдиам омада Турсунзода касал шудаанд, духтур омад,
гуфт. Дилам тугён кард. Х,аво гарм, баногоҳ аз обҳои хунуки мо

187
бисёр хӯрда бошед, зарар накарда бошад, гуфта хамим чанд
анорро гирифта омадам. Лнор, гардам, доруи мучарраб. Табро
даррав паст мекунад. Дона кардаю фишурда диханд, нӯшед,
муллоҷон. Ба нияти шифо, гуфта хӯред. Байтҳои шуморо хам
фарзандонам хонда медиханду айнак гирифта худам хам мехо-
нам. Аз забони гӯёву калами бурроятон гардам. Як ҳамсояамон
кампири ду кам навадсола, — зан ба мудири шӯъбаи пропаган-
даи комитета районии партия Нуруллоева маъзарагхохона ни-
гарист, - шумо Санавбарҷон, он касро медонед. Модаркалони
директори мактабамон-чӣ? Ҳамон кас дар хона буданду инро
шунида гуфтанд, ки «охир, хама муштоқи дидану шунидани
байтҳои он кас бошанд, чашм расидагист. Одамони инзамона
киначиро намехоханд. Ҳеч набошад, испанд дуд кунанд, ки
дафъи бало шавад...»

Чашмони хамеша дурахшон ва тобони Мирзо тобонтар шу-
данд. Мухаббати як нафар аз хонандагони оддй ӯро шод мена-
муд.

Мирзо ва май аз ҷумлаи он адибонем, ки ба арсаи адабиёт
солхои ей қадам гузоштаанд. Ин зумраро наели комсомол ме-
номанд. Павиштаҷоти аввалини ин зумра шогирдона ва
навмашқона буду лекин васфи Ленин, партаяи коммунистон,
Октябр, дӯстиву бародарии халқҳо, ситоиши зарбдорону та-
раннуми онхо буд. Он вақтҳо дар аксари деҳу деҳкада дар рав-
шании чароги сиёх ва карасинй ба калонсолон алифбо таълим
медоданд, бо каланду белу миерон, занбару занбаргалтак анҳор
мекофтанд, ба даштхои ташналаб об баровардан мехостаанд.
Аз дараю доманаи кӯххои осмонхарош роххои мошингард ме-
кушоданд. Пулҳои сой ва дарёҳоро месохтанд, ки мардуми
асрҳои аср инҷониб аз ҳам ҷудою хатто шеваашон дигарро
пайваст намоянд. Мавзӯи асосии навиштаҷоти адибони комсо-
мол ҳамин буд. Чанд нафар шоирони ба ном ба платформаи
совета гузашта ҳам буданд, ки шеърхои моро бо тамасхур ме-
шуниданд, лаб бурма мекарданд. Дар ёд дорам. Many Мирзо
рӯзе ба назди муҳаррири газетаи «Тоҷикистони сурх» шеърҳои
худро бурдем. Ӯ на лаб бурма кард ва на тамасхур. Хононд,
шунид. Ҳагто таҳсин гуфт. Ваъда кард, ки дар газета чоп меку-
над. Мо бошем, ҳар рӯз газетаҳоро кушода, аз онхо шеъри худ-
ро меҷустему дараке намеёфтем. Газета он шеърхоро чоп на-
кард. Мо бо маслихат онро ба журнали «Садои Шарқ» фири-

188
стодем, ки дар як шумора ҳар дуяш чоп туда буд. Маълум ме-
шу д, ки мухаррири газета корчаллонтар аз ҳамфикрони худ бу-
дааст, ки бо як ваъда ҷонашро халос карда буд.

Мирзо аз ҳикоя, шеър ва песаи нахустинаш cap карда, аз
ҳамкасбони комсомолони худ фарқ дошт. Боли ӯ бақувват ва
парвозаш аз хама баланд буд.

Дар сохтмони капали калони Фаргона аз аввал то ба охир ӯ
дар гурӯхи нависандагон буд. Штаби мо дар Қистакӯз ном
деҳаи райони Хуҷанд, дар чойхонаи назди заводи
консервабарорй воқеъ буд. Мо ҳар рӯз одатан ба сари кори
каналковон мерафтем, ки барои газетай сохт - мон хабару
макола ва очеркхо нависем. Боре Ҳаким Карим, Ҷалол
Икромй, Фотеҳ Ниёзй, мухбири газетай республикавӣ Мӯсоев
ва Мирзою ман пиёда аз Қистакӯз баромада дар ҳангоми га-
наффус ва бегоҳихо ба каналковон асарҳои нави худро хонда,
сар-сари канал пиёда рӯзи дуюм ба Конибодом рафтем. Дар
роҳ ба ҳар ҷое ки мерафтем гоҳо аз забони хофизони театру
махфилҳо, гоҳо аз забони каналсозон «Омад канал» ном суру-
деро мешунидем, ки ягой ҳафта пеш матни он бо имзои М.
Турсунзода дар газетай сохтмон чон шуда буд. Шоирон ахд
бастему мусобиқа кардем, ки ҳар кас монанди хамин суруд як
шеъри таронабоб гӯяд ва ба санъаткорон диҳад. Ин силсилаи
таронашудаи шеърхо дар китобчаи «Хатти заррин», ки ба ка-
пали калони Фаргона бахшида шуда буд, гирд омадаанд.

Мирзо Турсунзода аз аввал то интихои рохи Душанбеву По-
мир хамрохи рохкушоён буд, ки аз қуллаҳои осмонхарошу аб-
ррас роҳи Бадахшони советиро мекушоданд. Мирзо ба
рохкушоён достони дилпазире бахшида буд. Ашъори ин шоир
аз гули гуфтор, аз шираю шарбати эҷодиёги халқ ибгидои худ-
ро мегирад. Ашъори ӯ зинапояхо, маъниҳои муғлак, ибораву
истиораҳои гирехдор ва калимахои тумтароқ надоранд. Чун
оби кӯхсорон софу равон, дар айни замон гулгулаандоз ва
фарахбахшанд. Ӯ гояҳои наҷиби сулхдӯстй, бародарию бароба-
рии халқҳои советиро шахсан ба бисту шаш мамлакати ҷахон
бурдааст. Аз минбари конгрессхо онхоеро, ки ба мо гӯхмат ме-
заданд, расво ва шармсор мекард. Самимият ва ҳақиқати нутқи
ӯ эътимодро ба гуфтаҳояш зиёд мекарданд.

Аввали моҳи сентябри соли ҳафтоду ҳафтум бетоб шуда, ба
беморхонаи Душанбе рафтам. Гуфганд, ки Мирзо дар он ҷост.

189
ӯ касалокасал аввал барои тайёрии садсолагии Айнӣ ба Моск-
ва, баъд ба Боку, сонӣ ба Булғория рафта, вазнинтар ба бемори-
стон омадааст. Зоду роҳилаамро дар роҳрав мондаму ба пала-
там ӯ даромадам. Дар лаби кат пойҳояшро овезон карда, тани
курта менишаст. Бо вуҷуди чандон гарм набудани хаво ӯро
арак зер карда буд.

- Хайрият омадӣ, - гуфт ӯ. - Баъди чанд рӯз иштироккунан-
дагоми рӯзҳои умумииттифоқии назм ин ҷо меоянду ману
Миршакар бетоб хобидаем. Боқӣ Рахимзода ҳам он қадар сало-
мат не. Намедонам чӣ мекунем. Ту чандрӯза омадӣ?

- Ман хам бетоб, баром муолиҷа омадам, - гуфтам дар
ҷавоб.

Мирзо ба ташвиш афтод ва чашмони аз зурии таб сурхшуда-
ашро ба мам дӯхг.

- Ба ман нигар, порина-ку зақрадони туро бурида партоф-
танду хотири мо як навъ осуда шуда буд, боз чи дарди наве ги-
ребони туро гирифтааст?

- Боре доктор Муҳаммадхоҷа Бобохоҷаев ба ман гуфта буд,
ки дард зӯрй кунад, дарди дигар худро ба қафо мекашад. Акнун
дарди кӯҳнаам, дарди дил маро ором намегузорад.

- Э вой! Наход хамам мо, Абдураҳим, азизам, чурук шуда
истода бошем? - пурсид ӯ. - Хайр, даркор бошад, муолиҷа кар-
дан лозим. - Сухани навакак гуфтааш ба ёди ӯ расид магар, ки
чун узр дилбардорӣ кард. - Баром пешвозгирии меҳмонон одам
ёфт мешавад. Фотеҳ Ниёзй хунарманди мулоқоту гусел.
Меҳмонмавозиро нағз медонад. Мӯъмин ҳаст, — ӯ каме ба ан-
деша рафта, бо табассум ба ман нигарист. - Ба сарашон фарояд,
аз маму ту хубтар ҳамаашро ҷобачо мекунанд. Фазлиддин
Муҳаммадйев, Лоиқамон ва дигарон х.астанд, Хайр, наранҷ, як
ran мешавад.

Мирзо дар ҷавонӣ чй қадар зебо бошад, пирӣ ҳам ба ӯ зебида
буд Ранги рӯи к>шчааш ҳамеша сурх, холи сиёҳи болои
абрӯяш, ки бо мурури замон калоУ1тар шуда буд, мӯи қариб та-
моман сафедшудаву лекин ҳанӯз ҳам анбӯхаш хама як шуда,
ӯро ба назари мо наздиктару базебтар нишон медоданд. Вале
азоби дарди сахт ӯро хеле нозук, пӯсти гулӯ ва ду бурҷи ла-
башро андак овезон карда буд.

Мирзо ба ошхонаи бемористон набаромада монд. Акнун
духтурон ба рахравию хеста нишастан ӯро нймёгузоштанд. Ба

190
аёдат омадагонро бармегардониданд. Аз мо, хамсояпалагаҳо,
ХОХ.ИШ мекарданд, ки даромада ӯро ба ran нагирем. Вале Мирзо
шарфаи шиппаки маро домин ки шунид, ё худаш ҷег мезад, ё
Сабоҳатро мефармуд, ки маро даъват куиад. Дар воқеъ
Сабоҳат, ки дар давоми чанд соли охир Мирзоро парасторй ме-
.намуд* аз саҳар то шом дар пала гаи Мирзо буд ва шабҳои би-
сёрро дар кресло нишаста, рӯз мекард.

> Терапевти аз Москва омадагй таклиф мекунад, ки маро ба
он ҷобаранд, - гуфт ӯ рӯзе. - Ammo пои ман намекашад. Дар
тирамох намии хавои Москва зиёд мешавад. Андак сарамро
бардорам, ба Ленинобод меравем, Абдурахим. Абдуллоҷон чй
тавр? Май чойхонаи ӯро бо шаҳрҳои курортй ҳам иваз наме-
кардам. Кӯҳи баланд, дарёи пуроб, богу i-улзор. Назди
Абдуллоҷон меривем. Шӯрбочаи талху тунд мефармоему дар,
ошёнаи дуюм истироҳат мекунем. Агар дар ҳамон ҷо хобем, чй !
мешавад? Кӯрпаю болишт ёфт мешавад? Ҳа, Абдуллоҷон аз
ҷои набудагиаш ҳам ёфта мебиёрад. Ҳавои Ленинобод, ҳавои
богу чойхонаи Абдуллоҷон бемонанд. Мазза аз кайлаамон ме-
равад, - хандид ӯ. - Ту хуб кардй, ки ба навиштани ёддоштҳоят
cap кардй. Маи ҳам саргузашти худро навиштанӣ. Аз деҳкадаи
Қаратогу хонаи сагирон то имрӯз роҳи калонро тай кардам. Ин
ба қавли устод Айнй, ба чорчӯбаи назм намегунҷад. Публитси-
стика ба кор меояд. Фаразан, дар Ленинобод худро сиҳат ёбам,
корҳои дигарамро мемонаму қайду сабгҳоямро як-як аз назар
мегузаронам:

Вале дарего! Ин орзӯи ӯ чун омолҳои дигарат ҷомаи амал
напӯшид. Ба гуфтан забон намегардад. Баъди як ҳафга чашм аз
ҷаҳон пӯшид.

Чакра-чакра хуни дил аз дидагопаи мечакапд,

Нолаю фарёдҳо аз сына берун ме ҷаҳанд.

Ҳеҷ андӯҳи гарон аз мотами модар иабуд,

Мотами Мирзо барон Matt гаронтар шуд дучанд!

Абдуллоҷон Ҳайдаров, самоваричйи чойхонаи богй шахри Лкеинобод,
мӯътакиди Мирзо буд, ки пас аз вафоти Мирзо, дар синни панҷовупанҷ
фавтид.

191
Боқӣ РЛҲИМЗОДА

ДӮСТИ БА ҶОН БАРОБАРАМ

Ҳар гоҳ ки аз хоиа баромада, ба ҷои кор, яънс ба Иттифоқи
Нависандагон раҳсипор мегардам, иеши назарам симои шахси
бароям азизу мӯътабар - Мирзо Турсунзода падидор мешавад.
Дар хаёлам ин марди шариф ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар нафас, бо
ман аст. Ман бо ёди ӯ аз хиёбонҳои гулпӯш ва сердолударахти
ша\р гузаштта, ба бинои нави адибон мерасам ва чашмам боз
ба пештоқи ин қасри зебо ва мӯҳташам меафтад. «Хонаи ади-
бони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»-инро мехонаму
лаҳзае бозмеистам, баъд вориди бино мешавам. Дар рӯ ба
рӯям боз Мирзои азизро мебинам. Чехраи латифи шоир
ҳамеша гарқи фикру хаёлот асту лабаш моили табассум. Ман
ба иимҳайкали устод, ки аз санги хоро тарошида шудаасгу
ҳоло дар долони Иггифоқи нависандагон истодааст, бо ҳасрат
менигараму ба ошьёнаи дуюм мебароям.

Нигоҳам беихтиёр ба хонаи тарафи дасти чан меафтад. Ин
кабинети устод Мирзо Турсунзода аст, ки бо ҷевон, мизу
курсиҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии ёру дӯстонаш ҷиҳозонида
шудааст. Ман ҳамаи инро хар рӯз мебинам ва дар дил ин
китьаро мехонам.

Эй нури ду дидаи ҷаҳонафрӯзаи,

Рафтиву зи фурқати ту шаб шуд рӯзам.

Мову ту ду шамъи пок будем ба ҳам,

Тацдир туро бикушту ман месӯзам.

Хайрият инсон дар муқобили ҳар як гаму гуссаи зиндагй
нойдор аст ва ба талхию нокомиҳо тоб оварда, умр ба cap ме-
барад.

Ман асло бовар намекунам, ки бе Мирзои азиз, ҳатто як руз
хам зиндагй карда метавониста бошам. Алхол хам ҳеҷ бова-
рам намеояд, ки кайхо боз Мирзо Турсунзода дар байни мо
мест... Мо чандест хикояву суханҳои ширини ӯро нашунида-
ем ва табассумҳои намакинашро надидаем... Пекин дар хама
сӯҳбату шабнишинй ва мушоирахо ному каломи ӯ маҳфили
моро оро медиҳад, шукӯх мебахшад. Ман аминам, ки дар ҳар

192
як хонадони тоҷик, бемуболига, номи ин адиби безавол вирди
забонҳост. Ва ин эҳтиром, ин посдории адиби мумтоз дили мо
дӯстон, ҳамсафон, шогирдони ӯро каме таскин медиҳад.

Man дар умри худ ба бисер суханварони маъруф шинос,
ёру дӯст шудаам. Вале он лаҳзае, ки бо Мирзо Турсунзода
шинос шуда будам, ҳеҷ аз ёдам намеравад. Ин соли 1932 буд.
Маро аз кӯҳистони Қаротегин, чун директори мактаб, барои
асбобу анҷом ба Комиссариата маорифи Тоҷикистон фири-
стоданд. Пас аз анҷоми корҳо ба хонаи Алй Хуш рафтам. Ман
бо ӯ аз хурдй шинос будам, равуо доштам. Хонаи Алй Хуш
дар кӯчаи Комсомол, дар паси театри ҳозираи ба номи Мая-
ковский воқеъ буд. Дар хона гайр аз Алй Хуш як ҷавони
миёнақад, логарандому зебо хам буд.

- Мирзо Турсунзода, шинос шавед, - гуфт Алй Хуш. Мо
ходу аҳволи якдигарро пурсидем. Дар хонаи на он кадар калон
онҳо муҷаррадона истиқомат доштанд. Алй Хуш ва Мирзо он
солхо дар газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекарданд.

Мо дар атрофи мизи хурдакаки мудаввар нишаста, то
субхидам сӯҳбат кардем. Мирзою Алй Хуш аз нахустин
вохӯрияшон бо устод Айниву Лоҳутй, аз таҳсил дар мактаб,
корҳои газетаю эҷодӣ ҳикояҳои аҷоибу гароибе мекарданд.
Ман, ки он вақтхо дар cap хавои шеърнависй доштам,
суханхои онҳоро гӯш карда, мехостам бештар аз адабиёту
аҳволи адибони тоҷик воқиф шавам.

Рафик Турсунзода гуфтанд, ки ман Тошкент (Тоҷикпрос) ба
Шахринав, ба Қаратог ба таътил омадам ва мехостам, то оғози
таҳсил дар ягон ҷо кор кунаму каме пул захира намоям. Аз
деҳа ба комитета иҷроияи Шахринав омадам. Ба ман гуфтанд,
ки раиси комиҷроия Ҳаким Карим ном шахсе аст. Ин ном ба
назарам шинос намуд. Эҳтимол ягон асари ӯро аз газетаҳо
хонда будам. Ӯ маро ба наздаш даъват кард, ҳолу аҳволамро
пурсид. Мақсадамро гуфтам. Ҳаким Карим ба ман як варақ
дод, ки чизе нависаму ҳусни хатамро бубинад. Ман бо хуруфи
арабй ариза навиштам, хатам ба ӯ маъқул шуд.

- Бача, бисер хушхат будай, - гуфт ӯ ва ба ки гфам зада,
ҳамон лаҳза фармон дод, ки муваққатан котибй кунам. Чанд
муддат кор кардам.

Ҳаким Карим марди миёнақади чорпаҳлӯ буд, забони руси-
ро нагз медонист ва хама вақт чорафзол мегашт. Зеро замона

193
нотинҷ буд, босмачиҳо ҳанӯз бедодгарй мекарданд. Худам
ҳам ҳангоми ба. рӯйхатгирии аҳолй борҳо дар иқотаи
босмачиҳо мондам, лекин отрядхои ихтиёрй ҷонамро халос

Пас аз им мақл мо сӯҳбату шеърхониро давом додем. Сахар
ман ба онҳо хайрухуш карда, ба ҷои корам рафтам. Баъд ман
дар кӯҳистон шеърҳои Турсунзодаро, ҳамчун шахси шиносаш,

мутолиа мекардам. ,

Тахминан соли 1933 вақте ки бори дигар ба Душанбе ома-
дам Мирзо дар хонаи Алӣ Хуш набуд. Вай ба шаҳри Ленина-
бад' рафта, дар театр кор мекард. Акнун дар хонам Алй Хуш
ду ҷавоии дигар истиқомат дошт. Ба онҳо ҳам шиносои паидо
кардам: яке Фотеҳ Ниёзӣ, дигаре Самад Ғанй. Онҳо аз шахри
Самарканд баром кор ба редакция омада буданд.

Соли 1938 боз ба Душанбе омадам ва хамроҳи муаллим
Шарифҷон Хусейнзода ба хонаи Мирзо рафтем. Шарифҷон
мехост моро шинос кунад. Аммо Мирзо гуфт:- Шарифҷон, ин
шоирро мешиносам ва ахди бародарӣ ҳам бастаем, мукотиба

дии VIVI ...

Мирзо зимни сӯҳбат ба Шарифҷон аз рафти кораш, ки
мувофиқи супориши Комиссарияти халкии маориф барои тар-
тиб додан и намунаи адабиёти тоҷик дар бораи Ҳилоли бояд
мақола менавиштааст, нақл кард. Вай дар хусуси қусни калом,
таносуби сухан, равонию салисии шеъри Ҳилоли бо як завқи
баланди мухлисона харф мезад. У ҳар замон ба Шарифҷон
таъкид мекард, ки мо бояд аз Ҳилолӣ назокату латофати су-

ханро омузем.

- Ман мухлиси Низомиям, - гуфт Турсунзода. - Лекин

Хилолй маро билкул мафтун кард...

Ман ҳамон сол (1938) дар курси чоруми института
педагогй мехондам ва ҳам муаллимй мекардам. Шиносои ва
дӯстии мо бо Мирзо Турсунзода рӯз аз рӯз мустаҳкам мешуд.
Ман ба воситаи ӯ бо адибони забардасти тоҷик: устод Айни ва
Лохутй аз иаздик шинос шудаам, аниқтараш ба мухити адаби
қадамҳои нахустини худро гузоштаам. Ҳамин тавр мо бо
Мирзо дӯсту бародар шудем.

Соли 1939 буд. Рӯзе Мирзо маро ба наздаш даъват карда
гуфт, ки дар масъалаи омӯзиши таърихи партия, махсусан бо-
б*и чоруми он, ки хеле душворфаҳм аст, 66 домулло Суҳайлй

194
каме машгулият гузаронед. Man бо Суҳайлӣ шинос шудам ва
маслиҳат кардем, ки дар як ҳафта се рӯз дар хоиаи вай
машгулият гузаронем. Дар омади ran бояд бигӯям, ки домулло
Суҳайлӣ нихоят меҳмондӯст буданд ва доимо пас аз анҷоми
машгулият зиёфат медоданд.

Рӯзе ran сари феодализму капитализм рафт. Ман гуфтам, ки
капитализм дар дохили феодализм пайдо шуда, нисбат ба со-
хти феодализм пешкадамтар аст. Домулло Суҳайлӣ якбора дар
ҳайрат афтоданд.

- Чй, чй? Чй гуфтед? Капитализм нисбат ба феодализм
пешқадам аст? - паи хам савол доданд ба ман.

Ман бо аломати тасдиқ cap ҷунбондам ва дидам, ки чехраи
домулло хело ҷиддй шудаасту бо шубҳа ба ман менигарад.
Яқин донистам, ки вай ба дурустии ҷавоби ман шубха дорад.
Ӯ дигар харфе назад, табъаш хира шуд ва бо ҳамин
машгулияти онрӯзаи мо ба охир расид.

Рӯзи дигар дар вақти таъиншуда боз ба хонаи Сухайлй раф-
там, лекин он кас набудапд. Гашта ба Иттифоқи нависандагон
омадам. Аз дур чашмам ба Мирзо афтод. Вай дар дами дар ис-
тода, ба ман менигарист ва зақкунон механдид. Хушхолона
вохӯрдй кардем. Ӯ аз дастам гирифта, ба кабинеташ даровард
ва пурсид, ки машгулиятхо бо домулло Сухайлй чй хел рафта
истодааст.

- Нагз. Бад не-ку, - ҷавоб додам ман. Мирзо баландтар хан-
дида кунҷковона ба ман нигарист.

- Ба домулло чй гуфтед? - пурсид вай.

Ман китф дарҳам кашидам. Аз рӯи нақли Мирзо маълум
шуд, ки пас аз сӯхбати дирӯза домулло Суҳайлӣ ба назди вай
омадаасту бо изтироб пурсидааст.

- О шумо ҳамин шоирро дурустар тафтиш кардед? Аз афти
кор, ӯ маро ба дигар тараф кашола карда истодааст... Мегӯяд,
ки капитализм аз феодализм пешқадам аст...

Пас аз ин чанд муддат, то вақте ки Мирзо ҳақи гапро ба
домулло Сухайлй фаҳмонданд, машгулият нагузаронидем...

Ҳеҷ аз ёдам намеравад. Ҷанг cap шуд. Ва ман аз хонаи Мир-
зо ба фронт рафтам. Ӯ ва Носирҷон Маъсумй маро гусел кар-
данд.

Аз соли 1946 cap карда, бидуни муболига, қариб хар рӯз ба
дидани дидори Мирзо мушарраф мешудам. Он вақт ӯ раиси

195
Ипифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуда буд. Ва
банда хам то соли 1948 яке аз котибони Иттифоки Нависанда-

гон будам.

Дар ин муддат агар Мирзо ягон шеъру достоне эҷод мекард,
онро албатта аз назари май мегузаронд. Ин як хислати хоксораи
у дар кори эҷодияш буд. Вай мехост фикри хонандаро дар бо-
раи шеъраш фахмад, онро пухтатар кунад. Агар соати чори шаб
хам бошад, маро аз хоб бедор карда, шеъри навашро мехонд..
Ва умуман байни эҷодкорони ҷавони хамовақта ҳамин хел як
ҷӯшу хурӯш ва робитаи самимие вуҷуд дошт.

Аҷоиб хислате дошт Мирю. Ӯ агар бо ангушт лабашро ме-
молид, нишонаи он буд, ки вай мавзӯи шеър ёфтаасту онро
Дар кӯраи хаёлу тафаккураш обутоб медиҳад, мепазонад. Ҳар
касе ин хислати Турсунзодаро медонист, дар ин лахзахо ба у
хал ал намерасонд, хатто шӯхӣ ҳам намекард...

Мирзо хар як шеърро ҳафт-ҳашт маротиба руибардор ме-
кард. Аввал шсъри навэҷодкарда, баъд рӯйбардори сеюм,
ниҳоят охиронро ба ҳамқаламон мехонд. Хусусан баъзе
бобхои достони «Қиссаи Ҳиндустон»-ро то даҳ бор
рӯйбардор карда буд. Гуфтан мумкин аст, ки он солҳо солҳои
камолотёбии Турсунзода буданд: Вай сахар маро аз хоб бедор
карда, шеърро мехонд ва мегуфт, ки Мулло Боқи хез, рафта
офтобро дар агбаи Боботог пешвоз мегирем... Ман хсҷ гоҳ аз
ин таклифи ӯ cap намепечидам. Охир ӯ тамошои,’ Душанбе,
аммо ман водии Ҳисорро аз ҳамон ҷо дӯст медоштам. Аз
ҳамон ҷо ба ин.гӯшаи сабзу хуррам ва ободу зебои диераш ни-
гариста, халоват мебурду илхомаш ҷӯш мезад...

Як вакт Мирзо ба Ҳиндустон сафар кард. Моҳи сснтябр.
огози таҳсил буд. Масъуд - писари Турсунзода бояд ба мактаб
мерафт. Аз рӯи таомули шаҳриён касе бояд кӯдакро ба мактаб
мебурд. Ин «вазифа» ба зиммаи банда афтод. Ман Масъудро
ба мактаб расонидам. Ва чашмам ба сурати калони Мирзо, ки
дар девор овезон буд, афтод. Директори мактаб хам
ҳамрохамон буд. Вай аз Масъуд пурсид, ки ин сурати кист.
Писарбача бо остииаш дахонашро пушонида, шарм1инона

«сурати падарам» ҷавоб дод...

Воқиан, мо бр Мирзо чунон унс гирифта будем, ки ваи агар
аз шахрхои дуру наздик меомаду дар байни пешвозгирандагон
маро намедид, албагга суроғ мекард, меҷуст, меёфт.

196
Мирзо дар дӯсти вафодор ва устувор буд. Ва шеъру
достонҳои ӯро ҳам ҳамин фалсафа фаро гирифтаасз, зеб дода-
аст, шӯҳратманд гардондааст.

Як вақт ба Иттифоқи нависандагон ариза навиштам, ки ма-
ро ба хона таъмин кунанд. Пас аз чанде бо имзои Миршакар
чунин ҷавоб гирифтам: «Барой шоири боистеъдод буданаш ба
Боқӣ Раҳимзода аз фонди адабй як диван дода шавад ва ба Ни-
зомиддинов супурда шавад, ки онро дар чои барҳаво гузо-
рад».Диванро дар саҳни хобгоҳи нависандагон гузоштанд ва
ман то тангии тирамоҳ дар он чо зиндагй мекардам...

Зиндагии аҷибе доштанд истиқоматкунандаюни он
хобгоҳи нависандагон. Кас гумон мекард, ки онҳо фарзанди як
оилаанд. Рафоқату самимияте, ки ба якдигар дошганд,
беинтиҳо буд. Сари як касро дард мегирифт, ҳамааш ба по ме-
хест... Оре, онҳо аз тамоми гӯшаю канорҳо ҷамъ омада, як
оилаи бузурги адабиро ташкил карда буданд ва банда гӯё ҳар
рӯз меҳмони ҳар як хонадони ин хобгоҳ будам.

Баъзан дар лаҳзаҳои истироҳат дар саҳии хобгох базмҳои
аҷибе барпо мешуданд. Муҳиддин Аминзода танбӯр ва Х,абиб
Юсуфй дутор менавохтанд. Зимнан бояд бигӯям, ки Ҳабиб
овози хуше дошт ва сурудҳои классикиро басо ҳам бомаҳорат
месуруд.

Боре Мирзо Турсунзода 66 шавқ дар бораи Муҳаммадҷон
Раҳимӣ чунин нақл кард. Рах,имиро директори фонди бадей
таъин мекунанд. Ва ҳамон солҳо (пеш аз ҷанг) ба адибон бе-
пул хӯрок медодаанд. Шояд барои ҳамин \ам шумораи нави-
сандагон ба чорсад нафар мерасад... Баъдтар Раҳимӣ дар боги
шаҳр чойхонае сохт ва ба он Анри Барбюс ном ниҳод. Дар ин
чойхона сари чанд вақт аҳли адаб ҷамъ омада, сӯҳбатҳои хос-
са меоростанд, барои пешрафти адабиёти советии тоҷик му-
бодилаи афкор мекарданд.

Дар омади гап дар хусуси Раҳимӣ чанд сухане гуфтаниям.
Вай марди хоксору фозиле буд. Дар ёдам ҳаст, ки он солҳо дар
хонаи вай Шамсиддин ном шахе зиндагй мекард, ки коргари
оддӣ буд. Шамсиддин бо мадади Раҳимӣ саводнок шуд ва ба
дараҷаи вазирӣ сабзид.

Он солҳо Душанбе ин қадар ободу зебо набуд. Кӯчаҳои
тангу биноҳои пасти похсагй бешумор буданд. Ва Раҳимй хам
дар кӯчаи 11утовский кулбае сохт.

197
Зимистон буд. Боре вай ба хоиа омада мебинад, ки кулбааш
бом надорад. Раҳимӣ дар ҳайрат афтода, аз ҳамсояҳо боми хо-
наро мегтурсад. Маълум мешавад, ки тундбод боми хонаро
бардошта, ба ҳавлии ҳамсоя партофтааст. Албатта аз ин табъи
Раҳимӣ хира мешавад. Ӯ дарро кушода, ба хона медарояд ва
мебинад, ки рӯи каташ пури барф аст. Вай примусро дарги-
ронда барфҳоро об кардан мегирад. Одамон ин рафтори ӯро
дида, дар ҳайрат меафтанд ва мегӯянд:

- О бародар, чаро ин қадар заҳмат мекашед? Якбора
барфҳоро рӯбеду ҷон халос.

Рахимй табассумкунон ҷавоб медиҳад:

- Инро лирика мегӯянд...

Май тирамоҳ хоиаи Аминзода рафтам. Ва аз хобгоҳ ба
Раҳимй ҳам як хона доданд. Ӯ китобу либосҳояшро бардошта
меораду ба мобайни хона мегузорад ва осудаҳолона нафас ме-
каи1ад, ки аз ташьиш акнун халос шудааст. Ҳамин лаҳза касе
дарашро мекӯбад. Ӯ дарро мекушояд. Ба хона Рена Голибова
медарояд.

- Муаллим, - шунидем хона гирифтед, муборак бошад, -
пас аз саломуалек мегӯяд Ренахон.

- Ҳа, ташаккур, ҳамин кулба ба мо расид, - ҷавоб медиҳад
Раҳимй ва илова мекунад. - Акнун мо ҳам мисли дигарҳо зин-
дагиро ташкил мекунем...

- Ҳа, бисер хуб, насиб кунад. .Пекин, муаллим, мо хона ме-
ковему намеёбем. Бачаҳо хурданд... Чй мешавад, ки то баҳор
дар гӯшаи хоначаи шумо мо ҳам истиқомат кунем.

Раҳимӣ, ки дар рӯи кати сафарияш нишаста будааст, бо ди-
ли кушод «Ҳамин хона садқаи як чашми сиёҳи шумо.
Марҳамат зиндагй кардан гиред» мегӯяду аз ҷой бармехезад
ва китобҳояшро бардошта, боз сӯи кулбаи деринаш рох, пеш
мегирад.

Раҳимӣ ана ҳамин хел марди хайрандеш ва фарохҳиммат
буд...

Man дар бораи хобгох,и Иттифоқи нависандагон барои он
бисёр ran задам, ки он бешубхд макони дӯстию рафоқат, кор-
хонаи эҷодии ҳар як адиб буд.

Дар қабати дуюми даромадгоҳи якум ба ном клуби адибон
хонае ҷудо карда шуда буд. Дар ин хонача махфилқои адабй,
мушоира, сӯҳбатҳои эҷодй барпо мешуданд, ки дар онҳо ади-

198
бони номии Москва, устод Айнию Лоҳутӣ ширкат меварзи-
данд. Ба ҳамаи ин гашкилиҳо шахсан Мирзо Турсунзода
сарварй мекард ва масъалахои муҳимми адабй дар ин ҷо ҳал
карда мешуданд. Қабули пависандагони ҷавону калонсолон,
муҳокимаи асарҳояшон дар ҳамин ҷо мегузашт.

Ёд дорам, ки ҳатто як маҷмӯаи бедилшиноси машхур Зу-
фархон Ҷавҳариро хам дар ҳа\1ои ҷо муҳокима карда будем.

Баъдан соли 1946 машварати адибони ҷавон баргузор шуд.
Дар ин чамъомад аз Ленинобод Шукӯҳӣ, Фархат, Баҳорӣ ва
Пӯлод 'Гол и су дигарон иштирок доштанд. Ҳангоми
мухокимаи асарҳои онҳо шоДмонии Мирзо интиҳо надошт.
Шеърҳои Шукӯҳӣ ва ҳикояҳои Толис ба ӯ ниҳоят писанд аф-
тодаанд. Рафик Турсунзода ба худ болида мегуфт:

- Акун сафи пависандагони тоҷик аз ҳисоби ҳамин ҷавонҳо
меафзояд...

Ин машварат қариб бист рӯз давом кард. Ва дар ин муддат
адибони ҷавон дойр ба адабиёт, фалсафа, эстетика, шеър-
шиносй, танқиди адабй лекциЯҳо шуниданд.Маҳз бо ташабус-
си Мирзо Турсунзода КМ ПК Тоҷикистон адибони ҷавонро
Кабул кард, фикру мулоҳизаҳои онҳоро дар хусуси кору
зиндагй шунид.

Ба саҳнаи адабиёт қадам гузоштани ҳар як ҷавони болаёқат
ба Мирзо хушнудй мебахшид. Дар хотир дорам: вақте ки дос-
тоин «Асрор»-и Гаффор Мирзоро муҳокима кардем, ӯ хур-
сандияшро ПИНҲОН карда натавонист. Боре як шеъри Гулрух-
сорро ҳамроҳ мутолиа кардем. Мирзо аз хурсандй гул-гул
шукуфт ва бо самимият гуфт:

- Боқиҷон, мана дар адабиёт на як Гулчеҳра, балки
Гулрухсорхо пайдо шуданд. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки дои-
мо аз ҳолу аҳвол, хонишу эҷодиёти ин духтар бохабар шавед,
маро огоҳ кунед.

Вай ҳар як асари хурду бузурги адабиётро дақиқназарона
мутолиа мекард. Ва агар шеъри хоми ҷавонон дар газета ё
журнале рӯи чопро медид; Мирзо бисер хафа мешуд.

- Мана, Мулло Боқй, аз шогирдонатоп ин хел шеъри сует
ҳам мебарояд,- мегуфт бо хотири озурда.

Лк рӯз пеш мо дар хусуси шеъри як чавон баҳси зиёде кар-
дем, сурху сафед ҳам шудем. Росташ ду-се рӯз ба якдигар са-
ломуалеки дуруст ҳам намекардем. Устод басо сахт меранчид,

199
дили нозук дошт... Хушбахтоиа, дар ҳамон рӯзҳо
Мӯъминшоҳ, ки дар Унверистет мехонд, як шеърашро назди
ман овард. Шеър равон, самимӣ, пухта буд. Чунон ки мегӯянд
мазмуни конкретй дошт. Маи Мӯъминшоҳро гирифта, ба на-
зди Мирзо даровардам. Ӯ ҳанӯз ҳам хафа буд.

- Чй хизмат? - пурсид аз май.

- Ин кас шоири ҷавон Мӯъмйншоҳ, - ҷавоб додам ман.

- Донишҷӯи Унверситети давлатии Тоҷикистон,. Шеъре
овардааст.

Мирзо шеърро гирифта, ду-се бор мутолиа кард. Дар
чеҳраи ӯ торафт осори хурсандй аёнтар мегашт. Вай ниҳоят
табассумкунон ба ман нигариста гуфт:

- Боқиҷон, мана ин гапи дигар...

Ман гуфтам, ки ҳамин тавр бошад, маҷмӯаи шеърҳои
Мӯъминшоҳро ба нашриёт тасвия кардан даркор.

Мӯъминшоҳ ниҳоят ҷавони шармгин буд. Вай базӯр ду-се
калима ran гуфт ва аз дар берун шуд. Мирзоҷон гуфт, ки аз
паи тартиб додани маҷмӯа шавед, ки ин ҷавон бисёр шармгин
аст. Эҳтимол барои пешниҳод кардани маҷмӯааш ҷуръат на-
кунад. Уро аз мадди назар дур накунед.

Бори дигар як ҷавони хароби миёнақад, ки зоҳиран хомӯшу
ботинан меҷӯшид, ба назди ман шеъре овард. Ман ба
сарлавҳаи шеъри ӯ нигаристам: «Ном дар санг». Ин шеърро
ҳамроҳи Мирзо хондем.. Шеър баъзе нуқсонҳо дошт, вале
Мирзо аз он хурсанд гашт, ки дар сухан ва тарзи баёни шоири
ҷавон ҳарорату шарораи умедбахше ниҳон буд.

- Агарчанде хом аст, ин шеър магз дорад, - гуфт Мирзо. -
Аз ин бача оянда шоири хуб мебарояд.

Ин шеъри нахустини Лоиқ буд, ки дар журнали «Садои
Шарқ» чоп шуд.

Аввали солҳои шастум як гурӯҳ ҷавонони навпардоз ба ар-
саи адабиёт қадам ниҳоданд.Болу парвоз, таровати шеъри
онҳо дигар буд. Ин равия, эҳтимол, аз тарафи шоирони ҷавони
Шарқ, аз ҷумла Эрон, cap зада буд. Вай дар байни мунаққидон
ҳам дойр ба ин равия мунозираҳои тезу тунд давом мекард..
Ҳатто як мунаққиди эронй навишта буд, ки навпардозй дар мо
се ҷиҳат дорад: якумаш ёвагӯӣ (сафсатта), дуюмаш чй гуфта-
нашро худи шоир намефаҳмад, сеюмаш навпардозии ҳақиқӣ.

Мирзо Турсунзода ҳамон солҳо бисёр дар гашвиш афтод,

200
зеро баъзе ҷавонони навпардоз руйрост дар шеъру
ҳикояҳояшон мёнавиштанд, ки шоирому нависандагони
кӯҳансол дар пашрафти эҷодиёти онҳо садди pox, мешаванд.
Хушбахтона, ин каҷравиҳо дер давом накардаид. Ҷавонон аз
методи реализм социалиста дур нарафта, пайроҳаи эҷоди ва
сухани хоси худро ёфтанд. Ва ҳар кадом оо услуби худ ба
шоҳроҳи адабиёти советии тоҷик баромада, онро ганию ран-
гинтар гардониданд.

Баъдтар ии ҳаракати навпардози ва такомули эҷодиёти
ҷавонони боистеъдод басо мапфиат хам бахшид. Гурсунзода
борҳо ба ман мегуфт, ки Боқиҷон, хайрият ин кӯшишҳо дар
роҳи эҷодии ҷавонон самараи хубе бахшиданд. Акнун адабиё-
ти тоҷик бо ҷавонони эҷодкораш дар доираи умумииттифоқ
решай мустаҳкам давондааст. Бовар дорам, ки онҳо оори ада-
биётро бар души худ бардошта метавонанд.

Мирзо Турсунзодаи азиз ҳамчун устод ва ходими намоёни
партиявию давлатй шахсияти бузург буд. Вай тамоми Хастии
худ, марому мақсади худро барои ҳарчониба инкишоф ёфтаии
адабиёти совета, равнақу ривоҷи кори эҷодии ҷавонон ме-
бахшид.

* * *

Айёми баҳор буд. Мирзо Турсунзода соати ҳафти пагохй
хонаи мо омад. Табъаш хуш буд. Гуфт, ки ба Қаратог меравем,
шибити кӯхӣ мечинему ҳаво мехӯрем.

Ба роҳ баромадему сабаби хурсандии Мирзоҷонро
фахмидам. Вай повести Фазлиддин Муҳаммадиев «Дар он ду-
нё»-ро мутолиа карда будааст. Бисёр таърифу тавсиф кард ва
гуфт, ки дар адабиётамон ин гӯҳфаи арзанда аст.

- Агар дар наср монанди Фазлиддин боз панҷ-шаш нафари
дигар пайдо шавад, — гуфт Мирзо, — адабиётамон монанди
қуллахои Тоҷикистон баланд мешавад. Бояд донем, ки дар ай-
ни замон бори вазнини адабиётро наср мебардорад. Зеро наз-
ми мо анъанаҳои хазорсола дорад ва наср ба маънои ҳақиқияш
то инқилоб набуд. Барои хамин устод Айниро асосгузори ада-
биёти советии тоҷик меномем. Ман пеш аз хама, бидуни
шубха, повесту романҳои устодро дар назар дорам.

Бо дили пур аз шодиву фарах ба Қаратоғ расидем. Мирзо ба
ман «ана ин гузари кулолй, ана ин гузари чармгарон, ана дар

201
ин ҷо гузари абрбоф»-гӯёи тамоми маҳалҳои пештараи
Қаратоғро нишон медод... Ба пушти Қаратоғ баромада, сайру
гашг кардем, шибити бисере чидем.

- Акнун, Мулло Боқй, ҳоло хонаи Абдур тчм меравем, -
гуфт Мирзо. - Як мулоимак (шавла) мефармоему бо ин баҳона
дари тарошидаи падарамро мебинем...

Дари басо зебои кандакорй яке аз хонаҳои Абдураҳимро
зинат медод. Дар он нақши дастони усто Турсун бо санъати
хело мӯъҷиз ба дашм мерасид.

Мирзоҷон бо дӯстони кӯдакияш, ки касбу корашон гуногун
буд, бо як шавқу мухаббат дурудароз сӯҳбат кард, мазмуни
асарр нави Муҳаммадиевро ҳикоят намуд. Вай аз
муваффақияти \ар як адиби тоҷик сарбаланд мегашт, ифтихор
мекард...

Як рӯз Мирзо маро ба наздаш ҷег зада гуфт:

, - Мулло Боки, тайёр шав, гтгоҳ ба водии Вахт ҳаётомӯзӣ
меравем. Шоиру нависанда бояд ҳаётро пайваста омӯзад, до-
над.

Мохи июль, вақти гармй буд. Ман он вақтҳо ҷавонмарди
чорпаҳлуи батанутӯш будам. Ба гумонам Мирзоҷон барои
азоб додани банда пешакӣ тадбир андешида буд. Вақте ки ба
шахри Қӯргонтеппа наздик шудем, котиби комитета партия-
вии шаҳр ба пешвози мо баромад. Мирзою котиб аз мо дуртар
истода, ба якдигар чизе гуфтанд ва ба гармии ҳаво нигох на-
карда, ба пахтазор даромадем. Аз ин қитъа ба он қитъа, аз он
қигъа ба ин қитъа давр мегаштем. Обу арақ аз сару рӯямон
мешорид... Аз пеш гоҳ-гоҳ сарҳавз мебаромад, дар сояи да-
рахтон гилему якандозхо густурда шуда буданд,
дастархонҳоро нозу неъмати фаровон оро медод. Вале Мирзо
ҳамроҳи котиб аз назди сарҳавз бепарво мегузашт. Ман бо-
там, фарёд мезадам:

- Мирзочон, ҳаёт ин ҷо аст, байни пахтаро чӣ мековй? Ӯ
қоҳ-қоҳ механдид, вале «саёҳат»-ро идома медод. Бо хамим
минвол як рӯзи дароз дар пахтазор қадам задем. Охири охирон
дар лаби сархавзи пахта нишаста, дар хусуси кору бори
деҳконон бо котиб сӯхбати гарме кардем. Шаб дар меҳмон-
хонаи Қӯргонтеппа мондем. Мирзо сахар чанд мисраъ аз
шеъре, ки ба котиби райком бахшида буд, хонд. Дар он шеър,
заҳмат, ҷонфидоии котиби райком бахшида буд, хонд. Дар он

202
шеър, заҳмат, ҷонфидоии котиби райком хело ҳам табии тас-
вир шуда буд.

Мирзо Турсунзода марди сайёх буд. Вай саёҳатро дуст ме-
дошт. Дили шоир аз дидани ҳар як гӯшаи Ватан, мардуми
буньёдкори он шод мегашт, илҳомаш ҷӯш мезад, шеър иншо
мекард.

Вай борҳо ба ман арзи дил мекард, ки Қаротегинро дида-
нист. Ниҳоят рӯзи сафар фаро расид. Он вақт Иттифоки нави-
сандагон мошин ҳам надошт. Комитета Марказӣ як мошини
газик дод. Мирзо раҳораҳ аз ман дар куҷо будани ағбаи Каф-
таргузарро мепурсид. Дар Комсомолобод моро ботантана
пешвоз гирифтанд. Ва хоҳиш карданд, ки шаби адабӣ гузаро-
нем. Дар ин шабнишинй Турсунзода бештар дар бораи
муваффақиятҳои адабиёти совета ҳарф зад. Муаллиме дар бо-
раи эҷодиёти Мирзо сухан карда, гуфт, ки қудрати назми шо-
ир ба андозае расидааст, ки дар деҳаи онқо як маҷмуаи ӯро,
яъне Турсунзодаро ба як гӯсфанд иваз кардаанд.

Раиси комиҷроияи Комсомолобод ба Мирзо acne тӯхфа
кард ва гуфт, ки аспи човандозй аст. Турсунзода хам бузкаши
хуб аст, метавонад бо ин асп бузро аз тӯдаҳои калон барорад.

Мирзо ташаккури зиёде гуфт, ба асп савор шуда, каме то-
зонд,. баъд онро ба соҳибаш сунурд.

Рӯзи дигар, в акте ки аз Комсомолобод мегузаштем, офтоб
дар ағбаи Кафтаргузар нурпошй мекард. Мирзо агбаи Кафтар-
гузарро бо шавқ тамошо кард. Вай ба ҳар як қулла, шоху долу
дарахт ва гиёҳу рӯдҳои хурӯшони кӯҳсор бо муқаббат мени-
гарист.

Дар Ғарм Мирзоро ботантана пешвоз гирифтанд.Чеҳраи у
як ҷозибаи аҷибе дошт, ки ҳамаро ба худ мекашид, моил ме-
кард. Ҳатто одамоне, ки борҳо Мирзоро дидааид, омаданашро
мешуниданд, дар такопӯ меафтоданд. Мирзо бо забони ҳама
ran зада метавонист: бо мӯйсафеду кампир, ҷавону хурдсол...

Дар Ғарм Мулло Ҳофиз ном шоире гузашта аст. Бо хохиши
Мирзо ба деҳаи Навобод, ки шоир он ҷо гӯронида шудааст,
рафтем. Оромгоҳи муаллимонеро, ки Фузайл—махсум
ваҳшиёна куштааст, зиёрат кардем. Мирзо аз ман хохиш кард,
ки дар бораи ин шаҳидони роҳи озодӣ хотираҳо гирд оварам.
Баъдтар он хотираҳо дар достони «Роҳи нури офтоб» истифо-
да бурда шуданд.

203
Пас аз сафари Ғарм Турсунзода чанд шеър иншо кард, ки
«Агбаи Кафтаргузар» яке аз онҳост. Ин шеър шаҳомати
кӯҳсорро васф мекунад. * s Ч‘!'

Гарчи номиданд як кӯҳи туро Кафтаргузар,

Кӯҳи саркаш кафтаронро ҳам гузаргоҳе надод.

Устод Турсунзода ба хдр ҷое сафар мекард, нияту максади
муайян дошт ва албатта аз сафари худ асари тозае рӯи коғаз
меовард.

Вай гоҳо мегуфт, ки дах-понздах шеъри тайёр дорам, лекин
вақт намеёбам, ки шинаму онҳоро нависам.

Мирзо пас аз сафари Ҳиндустон қиссаи машҳури худро на-
вишт ва ин асар ба ӯ шӯҳрати баланд бахшид. Мунаққидон
дар газетаҳои марказй навиштанд, ки Турсунзода бо ин
киссааш Ҳиндусгони навро кашф кард.

Шеъру достонҳои аз таассуроти ин сафар эҷод кардан шоир
зуд дар байни халк паҳн щуданд, вирди забонҳо гаштанд.

Пас аз чопи ин қисса мо чанд нафар бо роҳбарии Мирзо ба
Қаратог рафтем. Моҳи ноябрь буд, ҳаво меборид. Соати се бо
роҳбарони район мулоқоти хоссае баргузор шуд. Сӯқбат таф-
сид. Ҳозирон бештар дар бораи Ҳиндустон ба Мирзо саволҳо
медоданд. Котиби райкоми собиқ райони Шаҳринав
Раҳматулло Ахмадов, ки ҳоло дар Совети Вазирони Респуб-
лика кор мекунад, шахси адабиётдӯст аст. Вай сабаби пай-
доиши ҳар як шеъри Мирзо Турсунзодаро донистан мехост.
Як рафиқи дигар, ки номашро зикр намекунам, ба Ахмадов
пайравй карда, аз Мирзо пурсид:

- Рафиқ Турсунзода, шумо «Тара-Чандрй» ном шеъре на-
виштаед. Ҳамин Тара-Чандрй чй маъно дорад? Об аст, хок
аст, ҳаво аст, ягон балои дигар?

Ин ба Мирзо хело сахт расид, вале боз худро ором вонамуд
карда, хикоятеро овард, ки дар мулке подшоҳе будааст аблаҳ,
лекин вазири бофаросатс доштааст. Рӯзе хабар мерасад, ки аз
Ҳиндустон ба мулки онҳо вакилҳо меоянд. Вазир инро шуни-
да, ба шох мегӯяд:

- Шоҳо, аз рӯи русуми мулкдорй ту бо вакилони мӯътабар,
албатта, сӯҳбат мекунй. Лекин дар назди меҳмонҳо ҳар гапи
носазоро гуфтан ба шоҳ сазовор пест. Барой ҳамин як илтимос

204
дорам: ман дар пои Шумо ришта мебандам. Ва ҳамин ки гапа-
тон беҷо рафт, риштаро мекашаму шумо гапзаниро бас кунед.
Шоҳ розй шуд. Вакилхо омаданд. Сӯҳбат огоз ёфт.

- Истед, ки шумо аз куҷо омадед? - пурсид шоҳ.

- Аз Ҳиндустон.

- Ҳа, Ҳиндустон чӣ хел аст?

- Нагз.

- Мегӯянд, ки дар ватани шумо пиразанҳои фартут бисё-
ранд, ҳамтур?

- Ҳа, хамин хел...

Вазир бетоқатона риштаро мекашад ва мегӯяд, ки шохам,
ба ин суханашон гуфтаниапд, ки файзу баракати мулки шумо
беинтихост, мардумони шумо умрдарозанд...

- Падарлаънаг, гапам дурурст бошад, чаро риштаро
кашидй? - бо газаб мегӯяд шоҳ.

Мирзо бо нақли ин ҳикоят ба саволи беҷои он пурсанда
ҷавоб дод.

Баъд мо бархеста ба Қаратог, зодгоҳи шоир рахсипор. шу-
дем. Ҳанӯз хам борон меборид. Ҳаво сард буд... Дар рох мо-
шинамон дар даруни дарё монд. Шофир як марди хурдҷуссаи
логар буд. У меди мошинро аз об баровардан набуд, лекин ху-
дамон бояд мебаромадем, вале об сард буд. Бо донахои гӯгирд
қуръапартоӣ кардем. Ҳама яктой гирифтанд ва ман бохтам.
Онҳоро ба сохил баровардан насиби банда гашт. Тани бараҳна
ба оби ях барин хунук, ки аз миён боло мебаромад, даромада,
онхоро пуштора карда ба сохил гузаронидам... Дар шаби то-
рики боронй рох рафтан басо душвор буд. Ман «ба умеди Та-
ра-чандрй зиёфагу хонаи гармро монда, омада ба ин азоб ги-
рифтор шудем», - гӯён алами Мирзоро тоза мекардам. Ниҳоят
ба сарбанди об расидем. Дар баландй нури хираи чароге ба
чашм мерасид. Аз пастй фарёд задем. Марди хамроҳи духтар-
чае омада, кй будани моро пурсид. Шинос шудем. Абдуҷамил
ном доштааст. Май аз ӯ нурсидам, ки Мирзо Турсунзодаро
мешиносад.

- Албатта, - ҷавоб дод ӯ, - мо бо ҳам гаштаем, ҳам-
щахрем...

Аз духтарча ҳам, ки Ҷамила ном доштааст ва макгабхон
будааст, пурсидам, ки оё ягон бор Турсунзодаро дидааст, ме-
шиносад?

205
- Ҳа, дидаам, сураташон дар китоби хониш ҳаст, ҷавоб

доддухтарча. ' „ ,

- Акнун, Ҷамилаҷон, биёву худашонро дар даруни Лои оин,

-гуфтамбаӯ. __

Абдуҷамил марди хубе будааст. Вай дар сари чубе машъал

афрӯхта, то Қаратог роҳбалади мо шуд.

Пар Қаратог тамоми ёру дӯстони Турсунзода дарҳол ҷамъ
омаданд, моро ба чойхона бурданд. Чй шабнишинии
олиҷанобе баргузор шуд. То соати панҷ шеър хондем, ҳазлу
шӯхӣ кардему хандидем. Дар охир ҳамсинфи Мирзо усто
Саиди кулолгар ба мо табак тӯхфа кард. Вай дар табақи хоссае
аз шеъри «Тара-Чандрӣ» ду мисраъро басо зебо кандакори
карда, баланд-баланд хонду онро ба Мирзо бахшид.

Ба ман бисёрхо насиб шудааст, ки хамроҳи Мирзо берун аз
республика хам сафар кунам. Боре, хушбахтона, бандаро хам
вакили анҷумани дуюми нависандагони СССР интихоб кар-
данд Иштирок дар чунин ҷамъомади бузург, ки мактаби олии
кӯтохмуддати адабиёт аст, бешубха ҷаҳонбинии маро ва-

сеътар кард, д

Мирзо Турсунзода дар ин анҷуман баромад карда, дар оо-

раи масъалаҳои тараққиёти минбаъдаи адабиёти республика-
ми совета сухан ронд. Ва Михаил Шолоховро каме танқид
кард. Гуфтанд, ки устод Шолохов барои сабзиши кадрхои
соҳаи насри адабиётҳои милли кам машгул мешавад.

Маҳз ба воситаи ӯ мо ба адибони номи Фадеев, Твардов-
ский, Тихонов, Симонов, Собольев, Сурков ва дигарон аз на-
здик шинос шудем. Ҳамин ки ба адибони номдор вомехӯрдем,
Мирзо бо хазлу мутоиба маро шинос мекард. Онхо аз лахни
хуш, нақлҳои намакини Турсунзода халоват мебурданд,
мезавкиданд.

Пас аз съезд Мирзо моро ба нашриёти «Художественная
литература» бурд ва китоби маро ба чоп тавсия кард.

Як бегох Мирзо маро ба наздаш (мо мехмонхонаи «Моск-
ва» зиндагй мекардем) даъват кард ва гуфт.

- Мулло Боки, съездро бомуваффақият гузаронидем, бисер
асархои шоирони классик ва муосирро барои чоп тавсия кар-
данд. Акнун туро ба курорт мебарам. Ҳа, дар ин ҷо олами
маънавият бой шуд, акнун туро бурда ҷисман парвариш меку-
нам.

206
Ман то он вақт ягон бор курорт нарафта будам. Аз ин ҷиҳат
дудила шудам в|а ба Мирзо гуфтам:

- Дар хона бачаҳо танҳоанд...

- Парво накун, - гуфг Мирзо, - Ман ба Сабоҳатхон теле-
фон карда мегӯям, ки ба курорт рафгани шуморо ба оилаатон
хабар диҳанд.

Ман боз набудани путёвкаро баҳона кардам, аммо вай даст
афшонду «ин тарафаш ба зиммаи худам» гуфг. Чй чора? Розй
шудам.

Рӯзи дигар путёвка ёфт шуд. Вале аз назари духтурон гу-
заштан лозим омад. Ба ҳар даре, ки мерафтем, аввал Мирзо
медаромаду баъд ман. Духтури якум аз ман пурсид, ки аз са-
ломатият шикояте дорй? Ман чй ҷавоб доданамро надони-
стам. Охир, он вақт ягон касал надоштам.

- Рафиқам, ки ҳоло аз назди Шумо баромад, - гуфтам ба ӯ,
- чй дард дошза бошад, ман ҳам..

Ҳамин тариқ ҳамаи духтурҳо дарди моро як хел навиштанд.
Вале духзури охирин бағоят ба ҳайра г афтод ва гуфт:

- О бародарҳо, солҳо боз духтурам, лекин ду шахси каса-
лашон якхеларо бори аввал мебинам, - ӯ хандон-хандон ило-
ва кард: - Эҳтймол, якҷоя курорт рафтанӣ ҳастед...

Мо ба курорта Пятигорск рафтем.

Истироҳати мо бад набуд. Ҷойҳои таърихй, музеи Лермон-
тов, Кӯҳи маъшуқро зиёрат кардем.

Як бегоҳ ҳангоми саёҳат зане Мирзоро дошт. Вай муаллима
будааст, гамом и шеърҳои «Қиссаи Ҳйндустон»-ро медони-
стаасту Мирзоро аз чеҳрааш шинохтааст. Ҳамин тавр тамоми
истироҳаткунандагон ба дидани Мирзо ҳусни таваҷҷӯҳ пайдо
карданд, ва бо исрори онҳо дар музей-хонаи Лермонтов шаби
эҷодии Турсунзода барпо гардид.

Моҳтобшаб буд. Базм торафт пуршукӯҳ мегашт. Худаш
шеър мехонду дигарон. Дар охир вай чанд нусха китоб ва су-
раташро дар музей Лермонтов ёдгор гузошт ва ваъда дод, ки
баъди бозгашт шеърҳои Лермонтовро тарҷума ва чоп хоҳем
кард.

Лекин истироҳаг нисф нашуда, боре мошини махсусе ома-
ду Мирзоро бурд. Вай ҳангоми чизҳояшро ба ҷомадон ҷо ба
ҷо кардан худашро ҷиддӣ гирифта гуфт:

- Хайр, Боқиҷон, то боздид...

207
Ман музтарибҳолона болои сари у рост истода, пайваста
мепурейдам:

- Худаш чй ran, Мирзоҷон? Куҷо меравӣ?

- Худам ҳам намедонам... Тинҷ истироҳат карданй будем,
нашуд.

Мирзо рафт, вале ҳоли май хароб гашт. Диламро гургон та-
ла мекарданд, чй апдешаҳое, аз сарам намегузашт. Хушбахто-
на, як бегоҳ боз ҳамон мошини сабукрав дар истироҳатгоҳи
мо пайдо гашт ва ҷомадон дар даст, чеҳрааш хандону шуку-
фои дарро кушода, Мирзои азиз баромад. Мо гӯё солҳо боз
интизори ҳамин лаҳза будем, якдигарро ба огӯш кашидем.
Май аз ӯ пурейдам:

- О тинҷ ҳастй? Куҷо бурданат? Дилам қариб торс мека-
фид...

Ӯ завқкунон ба тарзи хоси худ хандид ва гуфт, ки ба як
маҷлиси фавқулодда бурданд. Ҳамааш ба некӣ анҷом ёфт. Со-
нитар қамаашро худат муфассал мефаҳмй...

* * *

Як бегоҳ Турсунзода маро ба хонааш даъват кард. Рафтам.
Гуфт, ки ҳозир аз Комитета Марказӣ омадам. Супориш ҳамин:
бояд ба водии Вахш равем. Колхозҳои нав, заминҳои нав, ода-
мопи меҳнатқарини ин водии зарнисорро бояд ба чашми
эҷодӣ бинем. Ҳамчунин дар бораи анъана ва урфу одатҳои за-
раргори замони кӯҳна, ки ҳоло ҳам дар байни мардум вуҷуд
дорамд, муборизаро аввал мо, навйсандагои cap кунем.

Ҷалол Икромй ҳам бо мо шарик буд. Дар Қӯрғонтеппа
бегоҳӣ бо коргарону хизматчиёни район як вохӯрии нагзи
адабӣ гузашт. Мирзо дар хусуси сафарҳояш дар хориҷа
нақлҳои аҷоибу гароибе кард, Ӯ х,икоят кард, ки дар сарҳади
Покистон онқоро боз медоранд. Вале вақте ки як сарҳадбон
ӯро мешиносад, аз хурсандӣ дар куртааш намегунҷад. Ва ба
хотири Мирзо рухсат медиҳад, ки дар кулбаи сарҳадбонҳо
онҳо панҷох,солагии шоири маъруфи рус Николай 1 ихоновро
қайд кунанд. Ҳамчунин ӯ дар бораи бенавоӣ ва бачагони гу-
руснаи Покистон бо дард сухан ронд.

Рӯзи дигар мо ба сӯи Колхозобод роҳй шудем. Дар роҳ як
коргари оддии ГАИ мошинамонро боздошт. Мирзо ҳар хел
хуҷҷат нишон дод, вале ӯ қабул накард.

208
- Ба ман барои гузаштан «рухсатнома» даркор, медони, -
бо исрор мегуфт ӯ.

Маи дидам, ки авзои Мирзо беҷо шуд, дар ҷабинаш чйнҳо
пайдо гашт. Гуфтам, ки Мирзо, иҷозат деҳ, бо ин кас ман гап-
заион кунам. Розй шуд.

- Эй ҷӯраи ГАИ, - гуфтам ба ӯ, - барои ту гузарнома лозим
аст? Мархамат! - Аз кисаам рухсатномаи ошхонаи
ҳукуматиро баровардам, ки дар муқовааш «Пропуск» навишта
шуда буд. Вай дархол қоматашро рост гирифт ва даст бар чак-
ка бурда «Ана, ин гапи дигар, мархамат, гузаред» гуфт. Аз
дарвоза гузаштан баробар ба Мирзо гуфтам:

- Ҷӯра, ту шӯхрати байналхалқӣ дорӣ, мо щӯҳрати
мақаллӣ. Корманди ГАИ, ки махаллй аст, гапи моро ба замин
намонд...

Турсунзода ҳамчун муборизи оташиисухан дар тамоми
олам машҳур аст ва дар дилҳо ҷой дорад. Вай дар анҷуманҳои
бузурги дунё ҳамчун ҳомии матиниродаи сулх баромад ме-
кард, ба даҳони душманони сохти мо санг мезад.

Ба хаёлам боре дар Кипр маҷлиси байналхалқӣ мегузашта-
аст, ки дар он намояндагони Хитой низ ширкат доштаанд.
Онҳо дар бораи тарзи зиндагии халқ ва Ватани мо бо газаб
сӯханхои тахкиромез гуфтаанд. Рӯзи дигар Мирзо чунон ба-
ромади бомаънӣ мекунад, ки онҳо аз шарм маҷлисгохро тарк
мекунанд.

Нависандаи машҳури Озарбойҷон Мирзо Иброхим ба ман
чунин накл кард: ба анҷумане, ки дар Лондон мегузашт, раф-
танамон лозим шуд. Хуку мат и Англия ба хама иҷозатнома
дод, вале ба Мирзо не. Саркардагони англис на танҳо аз
асархои шоир, балки аз номи ӯ ибо карданд.

Ман ин суханҳоро шунида, бо ифтихор як сухани шоири
машҳури советй Эдуардас Межелайтисро дар ҳаққи дӯстам ба
ёд овадам. «Дар партави шеъри Мирзо Турсунзода мо Шарки
советиро мешиносем. Ин одам як ҷозибаи шахсӣ ҳам дорад».

Нависандаи машҳури араб Юсуф - ас- сиббой боре ба Ду-
шанбе омад. Мирзо ӯро меҳмондорй кард. Вай дар бораи Мир-
зо бо хазл гапи аҷибе гуфта буд.

- Пеш барои осон шудани мушкил одамон ба Каъбаи 111а-
риф сафар мекарданд. Ҳоло мо, арабхо, ба Москва, ба тарафи
Мирзо муроҷиат карда, кушоиши кор мехоҳем. Номи Мирзои
шумо дар байни мардуми мо як рамзи галаба аст.

209
Дар хонадони им марди тариф бисер одамони бомаърифат
ва бузург меҳмон шудаанд.

Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмади Файз, ки дар дос-
тоин «Ҷони ширин»-и Мирзо Турсунзода зикр шудааст, ба
ҷашни хдзораи устод Рӯдакӣ омад буд. Уро Мирзо ба меҳмони
Кабул кард. Файз дар гирди дастархон чанд шеъреро аз «Қиссаи
Ҳиндустон» хонд. Ва гуфт, ки \ар кадоми ин шеърҳо оарои
одами Шарк эъҷоз аст. Агар сулхро дар шакли ягон чиз тасав-
вур кунем, бевосита дар осмони беканори он Мирзоро мебииед,
ки монади кабӯтар болупар мезанад...

Дар охири сӯҳбат Мирзо ба Файз Аҳмади Файз ҷомаву тоқи
пӯшонд ва якчанд китоби худро зӯҳфа кард.

* * *

Фасли тирамох буд. Дар хама ҷо овозаи сохгмони 1 ЭС—и
Норак мерафт. Мирзо Турсунзода ману Миршакар ва Фотех
Ниёзиро гирифта, ба сафари Норак баромад. Норак хамон Но-
раки кадима буд. Рох танг, хонаҳои пасти гилй. Мо аз тангнои
Пули Сангин гузашта, ба 'Гутқавул рафтем, ба деҳқонхо дар бо-
раи ин макон, ояндаи дурахшони он сӯҳбат оростем. Одамони
оддй дар бораи Пули Сангин қиссаю ривоятҳо мегуфтанд.

- Мулло Боки, ryui кун, - мегуфт Мирзо, - ГЭС-и Норак
бунёд шавад, симои Точикистонро дигар мекунад. Агар ин ҷо
баҳр шавад, дар соҳилаш дар сари як баланди барои
нависандаҳо истирохатгох месозем.

Он чизеро, ки дар ин сафар дидему шунидем, дар достони
«Роҳи Нури Офтоб», ки якҷоя навиштем, истифода бурдаем.

Пеш дар бораи ҷашни республика шоиру нависандагон ба
мехнатакашон мактуби кушод менавиштвнд. Рузе Мирзо гуфт,
ки ҳамин анъанаро мешиканем. Миёнро маҳкам бандед, ҳамрох
як достоп менависем.

Барои эҷоди ин достой ба бисёр гушаю канорхои республика
сафар кардем. Дар ин достон бобест, ки «Коммунист» ном до-
рад. Барои офаридани ана хамин боб лаҳзаҳое лозим шуд, ки
коммунист бо тамоми ҳастияш барҷаста тасвир ёбад. Чанд
муддат дар ин бора хамрох фикр кардем, лекин чандон муроде
хосил нашуд. Ниҳоят боре хамрохи рафик Ҷаббор Расулов ба
«Бешаи палангон» рафтем. Ин ҷо бисёр зебо ва аҷоиб аст. Мо
хостем, ки бо чашми худ рафтору кирдори роҳбаронро дар

210
ҷӯшу хурӯши ҳаёт бубинем. Воқеан, бисёр вақт мо, адибон, ба
ҳаёт аз нуқтаи назари бадеияг назар меафканем. Роҳбарони
асил бошанд, ба зиндагй аз нуқтаи назари моддию маънавӣ,
аниқтараш, иқтисодӣ нигоҳ мекунанд.

Дар роҳ рафик Расулов ҳикояти аҷибе кард. Вай, ҳамчун аг-
роном, солҳо боз барои кушодани заминҳои водии Вахш ишти-
рок карда, барои инкишофи нахтакорй сақми босазое гузошта-
аст.

- Падарам косиб буд, - гуфт Ҷаббор Расулов, - Як мӯзаи
нимдошт ва як ҷуфт гов дошт. Солҳо гузаштанд. Хондам,
соҳиби кору вазифа шудам. Як бор ба хона раф гам ва дидам, ки
ҳамон мӯзаҳои кӯҳнаи лахт-лахт ҳанӯз хам дар шифти хонаи
хобаш овезонанд. «Дадо, ин мӯзаҳои дарида дигар чй дарко-
ранд?» - пурсидам аз падарам. Он кас хаёломез ҷавоб доданд:

- Ёде аз ҳамон солҳо ва аз гузаштаи мо...

Мирзо пас аз шунидани ин ҳикоя ба вачд омад ва гуфт, ки
мулло Бокй, ана гирехи ин муаммо кушода шуд. Ана образ !

Ҳамои боби «Коммунист» дар газетаи «Известия» чоп туда
буд.

* * *

Тобистоне устод Мирзо Турсунзода моро, яъне ман, Ғаффор
Мирзо, Пӯлод Толисро ба саёҳати водии Зарафшон бурданд.
Он вақт мақбараи устод Рӯдакӣ ҳанӯз нообод буд. Ба хаёлам,
баъди ин сафар Мирзо масъалаи ободонии мақбараи устоди бу-
зурги назм Рӯдакиро назди ташкилотҳои болоӣ гузошт.

Обу ҳавои Панҷрӯд бо зебоияш моро мафтун кард. Дараи
Булбулон дар дидаи мо як умр нақш бает. Мо дар қадамгоҳи
устод сайр карда, бо пирони барнодил ва закитабъи он маком
сӯҳбат оростем. Дар Панҷрӯд суфасанги калоне хает. Пирамар-
дон ривоят карданд, ки ҳангоми чанг навохтани Рӯдакиии бу-
зургвор чил духтар рӯи ҳамин санг ба рақс мебаромадаанд.

Он вақт пои Мирзо дард мекард. Мо, тансихдтҳо, нисфирӯзӣ
дар оби зулоли Панҷрӯд оббозй кардем. Мирзо ҳам «дар ин рӯд
хдзрати Р^дакй оббозй кардааст»- гуфта ба об даромад.

Баъди ин сафар лаҳзаи гамангезе фаро расид. Дарди пои
Мирзо хурӯҷ кард, ӯ касали сахте шуд.Ҳеҷ аз ёдам намеравад,
вақте ки ӯро рӯи замбар бардошта, ба қавопаймо мебаровар-
данд, дар чашмаш ашк ҳалқа заду гуфт:

211
- Мулло Боқӣ, аз холи бачаҳо бохабар шавед. Ӯ пас аз чанде
сиҳат шуда, ба хона баргаштан замон маро ҷеғ зад ва табассум-

кунон гуфт: „

- Мулло Боқй, бо як тир ду нишон задем. - Ваи як даста

шеърҳои павашро ба май нишон доду илова кард: — Шеърҳои
тоза ! Ҳангоми табобати поям фариштаи илҳом мадад расонду
инҳо ва саломатиямро барои шумо савго овардам...

Шеьрҳои хеле самимй, пуробутоб буданд. Ва пас аз чоп зеби
бармомаи ҳофизону саҳна шуданд.

* * *

Ҳар рӯзи зиндагии ин марди наҷиб аҷиб ва гариб буд. Боре ӯ
даст ба лаб ииҳода ба андеша фурӯ рафта буд. Ман гумон кар-
дам, ки саргарми хаёли шеъри нав аст. 111ояд хамим тавр ҳам
буд.’ Вале ӯ дархол cap бардошта, гуфт:

- Мулло Бокӣ, бисёриҳо Тоҷикистонро бо номи Помир ме-
шиносанд. Дар ҳақиқат Помирро надидам барои мову шумо айб

clCT

Се тан: Мирзо, Миршакар ва мам ба сафари Бадахшон баро-
мадем. Ро\и мо тӯлонӣ буд. Як шаб дар Ош хоб кардем. Баъд
дашти Олой, Булумкӯл, ағбаи Оқбайталро, ки аз сатҳи бахр панҷ
хазор метр баланд аст, пушти cap карда, ба Мургоб расидем. Дар
он ҷо бо мехнаткашон вохӯрӣ гузаронида, говмешхоро тамошо
кардем... Ба Хоруг рафтем.

Ин сафар бисёр хам фаромӯшнашудани буд. Зеро хама чиз
ба чашм мерасид. Шукӯҳу шахомати кӯхсор дар дида абадан
нақш мебаст. Ҳамон вақтҳо ман бо номи «Қиссаи кӯҳсор» дос-
тоне менавиштам. Мирзо хам дар васфи Бадахшон шеърхои
зиёд навишт.

Дар Бадахшон шабонгаҳ осмон хело хам наздик, софу пур-
ситора ба чашм мерасид. Мирзо ҳангоми сайри шабонгаҳ ба
шавқ омада ин миераъро гуфт:

Бо мах шудам ҳамогӯш, бо осмон гулугир...

- Мулло Боқй, ин сафарамон нагз шуду, лекин якмоха мео-
ем, тамоми гушаю канорхои Помирро тамошо мекунем, - гуфт

Мирзо. „ „ _

Вай аз Помир ба воситаи хавонаймо ба Душанбе омад. Ману
Миршакар бо мошин гӯё гирди оламро давр гашта, ба Душанбе
расидем. Мирзо дар бораи Бадахшон достоне навиштанй буд.
Ҳапо пешакӣ номашро «Боми ҷахон» номида буд.

212
Солҳои 1947-1948 бо сардории Мирзо як гурӯҳ нависандаҳо
бо роҳи Термезу Самарканд ба вилояти Ленинобод сафар кар-
дем. Дар чойхонаи Шаҳрисабз хостем каме дам гирем, як
пиёлагӣ чой нӯшем. Ба чойхона даромадан замон яке аз одамо-
ни таҳҷоӣ ба ман муроҷиат карда гуфт, ки ба гумонам яке аз
шумо Турсунзода ҳастед. Мо ҳанӯз ба ӯ ҷавоб надода, ӯ аз ман,
ки аз ҳама бузургҷусса будам, пурсид.

- Домулло, магар шумо Турсунзода нестед?

Аввало иият кардам, ки «хд, манам» гӯям. Лекин барон он ки
шарм надорад, дар китфи устод зада, «ана ин шахс 1урсунзода»
гуфтам. Он шахс бо ду дасти адаб дар пойгохи чойхона истода
гуфт:

- Шоири мӯҳтарам, агар як сари қадам ба ҳавлии мо рафта,
як пиёла чоямонро менӯшидед, сарамон ба осмон мерасид.
Ахди оилаи мо шуморо ба воситаи асарҳоятон кайҳо боз ме-
шиносанд, орзӯи диданатонро доранд. Ҳатто як писарамонро
бо мурод Мирзо ном мондаем.

Ин таклиф ба ҳамаамон хуш омад. Мо дар хонаи марди
шаҳрисабзй меҳмон шудем. Ӯ дастархони зиёфат кушод ва мо
то дергоҳ сӯҳбат кардем.

Дар тӯлу арзи ин роҳ дар бисёр ҷойҳо бо одамон вохурда, аз
инкишофи адабиёти советии тоҷик, бузургии устод Айни
хамчун поягузори илму адаб ҳарф задем.

Дар Ленинобод одамон бо хушнудии беинтиҳо Мирзоро
пешвоз гирифтанд. Ҳоло ҳамон манзара аз пеши назарам дур
намешавад. Дар Мастчоҳи нав шаби адабӣ баргузор шуд. Ода-
мони ин ҷо акнун аз кӯҳсор хамида, даштҳои ташналаби Дил-
варзинро обод мекарданд ва аз рӯи таомули қадима ҳанӯз ҳам
одамони як деҳа ба деҳаи дигар духтар намедодаанд.

Мирзо инро шуниду ба ман гуфт:

- Мулло Боқӣ, ҷояш омад, дар бораи расму оинҳои нав як
баромад мекунед.

Аввал Раҳим Ҷалил дар бораи меҳмондӯсги, садоқату вафо-
дории мастчоҳиён сухан ронд. «Ин одамон шоистаи роману
достонҳоянд»— гуфт Раҳим Ҷалил.

Навбати баромад ба ман расид. Бо ҳазл гуфтам, ки
Қаротегину Мастчоҳро ағбаи Оббурдан аз ҳамдигар ҷудо ме-
кунад. Борҳо кӯшидам, ки аз ағба гузашта, аз духтарҳои зебои

213
Мастчох оиладор шавам. Вале «ба қаротегинй духтар
намедиҳем» гуфтанд. Ман акнун худам се духтари нозанин до-
рам. Агар ҷавонҳои шумо аз конкурс гузаранд, духтарҳоямро
бе қалин медиҳам.

Мирзо ниҳоят шод гашт.

- Мулло Боқӣ рост мегӯянд. Лекин шартҳои конкурсро ху-
дам муайян мекунам, - гуфт вай.

Баъд моро ба Конибодом даъват карданд. Шабнишинй дар
боги маданият баргузор шуд. Лекин аз чй бошад, чароги электр
набуд ва бог ҳам ифлос. Димоги Мирзо бисер сӯхт. Вай ба
роҳбарони район гилагузорй ҳам кард. Аммо шабнишиниро бо
суханони гарм, дилнишин, бо шеърхонй ба поён расонд, ода-
монро мафтун кард.

Шабнишинии дар Исфара баргузор шуда хело ҳам аҷиб буд.
Устод Турсунзода он ҷо дар борай шоир Сайфи Исфарангй
суханҳои хубе гуфт ва таклиф ҳам кард, ки кӯчаеро ба номи ӯ
гузорад. Агар табъи устод хуш мебуд, \азлу шӯхии зиёд ме-
кард. Он шаб хам, ки бисёр шод буд, бо ҳазл гуфт:

- Исфара - истгоҳи париҳо. Лекин Мулло Боқӣ дев барин...
Ҳамроҳи мо дар байни париҳо чй кор мекарда бошанд?

Ман бадеҳатан ҷавоб додам, ки афташ Мирзоҷон мақоли
машҳури «Ҳар ҷо ки паривашест, деве бо ӯст»-ро фаромӯш
кардаед.

Хуб хандид.

Дар Шӯроб баъди вохӯрй ба ману Мирзо номи шахтиёри
фахрӣ доданд. Мо бо сару либоси шахтиёрӣ сурат ҳам гириф-
таем, ки хотираи некест.

Пас аз сайру саёҳатҳо ба Ленинобод омадем.

Дар Ленинобод базми боҳашамати назм барпо шуд.Мирзо
шеърхои зиёде хонд ва дар бораи [узоштани хайкали шоири
ширинкалом Камол Хуҷандӣ ва фарзанди вафодори халқи
тоҷик Темурмалик таклифхо ба миён гузошт.

Ленинободиҳо ба Мирзо ҳамчун домоди арзанда ва хизмат-
нипюндода, сарупо пӯшониданд. Раиси комиҷроияи шахр ба
вай калиди як хонаи истиқоматиро супурд ва гуфт, ки ин
тӯҳфаест аз тарафи сокинони шахр ба шумо.

Ҳоло бо ташаббуси комиҷроияи шахр хамон хона ба музеи
Турсунзода табдил дода шудааст...

Мирзо акнун нияти навиштани достони «Ҳасани ароба-

214
каш»-ро дошт. Вай рӯзе маро дар мошинаш савор карда, са-
ройи аробаҳо, роҳҳои бо аробаи Ҳасан тайкардаашро нишон
дод. Мо қариби Термез рафтем. Вай дар бораи қиёфаи Ҳасани
аробакаш хело муфассал накл кард. Мирзо дар куҷо истодан, оо
Иван Кузьмич шиносу ҳамсӯҳбат шудан, дар Қаратог бо
ҳамдиёрон хайрухуш карданашро бо як мухаббати бепоёне

нақл намуд.

Man аз Мирзо пурсидам, ки баъд ягон бор Ҳасанро диди е
не?

Мирзо гуфт:

- Як сахар аз хонаам, ки дар кӯчаи Орҷоникидзе буд, оаро-
мадам. Чашмам ба марде афтод. Вай дар он тарафи рох, меи-
стод. Чсҳрааш шинос... Ҳасан буд, дар тан ҷомаи урганчй дош-
ту дар даст қамчин. Ҳасан магар нигоҳи маро пай бурд, ки садо
дод.

- Чаро ин қадар нигох мекунй? Магар нашинохти? Маи
Ҳасани аробакашам. - Ӯ хосса табассуме карду гапашро давом
дод. - Раҳмат. Ҳикоятона хондам. Хеле шод гаштам. Лекин, аз
афти кор, баъзе ҷойхояшро аз худатон бофтаед.

- Маъкул шуда бошад, нагз. Агар мехнати ҳамонвақтаи аспу
аробаи шуморо тасвир карда тавониста бошам. хело хуб шуда-
аст.

- Садаф хам ба ту рахмат гуфт. Сохиби се-чор бача шудааст,
— гуфт Х,асан ва илова кард:- Замони аспу ароба гузашт. Хон-
дам, ронанда шудам... Ҳозир ба куҷое хохй, бо ароба не, бо
мошин мебарам.

- О дар даст камчин дорй-ку.

- Ҳа, ин аз рӯи одат, - ҳиҷолатомез гуфт Ҳасан.

Ман аз ин боздид хеле шод гаштам. Хдсанро ба меҳмони
таклиф кардам. Ӯ ба хона надаромад. Ваъда дод, ки бо ахли ои-
лааш ба мехмонй меояд, лекин дигар ӯро надидам.

Мирзо каме хомӯш монд. Вай бо ангушташ лабашро молида,
ба андеша фурӯ рафт, баъд табассумкуион ба гаи даромад.

- Баъзан, Мулло Боқй, ин чапанҳо одамони содиқу нагз ме-
бароянд, хеҷ гох дар садокат хиёнат намекунанд. Як саргузаш-
тамро ман ба шумо мегӯям. Солҳо хеле пурошуб буданд. Му-
боризаи синфй давом дошт. Ана ҳамон вақт, ман аз дасти
рафиқони қалбакӣ, ба ном аъзои комсомол, гозиёнахои пуроо
хурдам, дар вазъия ги нобоб афтодам. Аз хама аламовар ин буд,

215
ки ман яккаю танҳо будам. Ҳа, то аз имтиҳони ҷиддӣ гузаштан
хело азоб кашидам. Бар замми ин ба касалии тиф гирифтор шу-
дам. Касе набуд, ки ба май як ииёла об диҳад, бисер рафиқон аз
ман рӯ гардониданд...

Як вақтҳо бо Каримҷон ном ҷавоне дар чойхонаи Сариосиё
шинос туда будам. Ана ҳамон рӯз\ои мушкил Каримҷон аз
касе бемории маро шунида, ба хона омад. Ба хаёлам, ҳолати
ман бисёр вазнин буд, ки ӯ фойтун ҷег зада, маро ба хонааш
бурд, қариб се моҳ нигохубин кард. Хулоса, аз меҳру шафқаги
ин одами наҷиб сиҳат шудам.

Солҳо гузаштанд, ба ин рӯзҳо расидем. Орзу мекардам, ки
боре Каримҷонро ёбаму ба некияш ҷавоби сазоворе бигӯям. Як
бор ба ӯ рӯбарӯ шудам. Вале асӯс, ки ба ман муяссар нагашт,
меҳмонаш кунам. Ман доимо ӯро ҷустуҷӯ мекунам, вале на-
меёбам... Мулло Боқӣ, инсон бисёр як махлуқи мураккаб аст.
Барой хамин хам Саъдии бузург гуфтааст:

Тавои tuuuoxm ба як рӯз дар шамоили мард,

Ки то куҷош расидаст пойгоҳи улум.

Bane зи ботипаш эмин мабошу гарра машав,

Ки хубси нафс нагардад ба солҳо маълум.

Дар ҳақиқат одам тухми мурғ нест, ки дар шӯълаи офтоб до-
реду покии ботинашро бинед... Росташ рафиқони ҷонй ниҳоят
кам мешаванд.

* * *

Боре бегоҳй Мирзо маро ба хона даъват кард. Омадам, ӯ бо
хотири парешон гуфт, ки ҳамсарашро ба таваллудхона фири-
стодааст. Аввали баҳор буд. Бо ҳам таоми шом хӯрдем. Вай
таклиф кард, ки ба сайри талу теппаҳои Душабе бароем. Шаби
зебое буд. Осмон софу пурситора. Моҳи шаби чаҳордаҳ аз паси
қуллаҳо баромада, шаъшаапошй мекард. Бӯи замин, гулу гиёҳ
ба машом мерасид. Дер гоҳ рӯрӯи талу теппаҳо сайр кардем, аз
ҳар хусус ҳарф задем. Ва ҳангоми саёҳат аз рӯи таҷриба ба
ҳолати Мирзо пай бурдам, ки дар cap андешае мепарварад. Аз
афташ, ӯ бо ман ran мезаду дар бораи мавзуе фикр мекард. Бо-
лои баландие, ки аз он тамоми Душанбе менамуд. Мирзо рост
истода гуфт:

216
- Мулло Боқӣ, бубин чй тавр як деҳаи хурдакаки Душанбе
ба як шаҳри нозанину чароғон бадал шудааст... Дарак дорй?
Пагоҳ ё пасфардо устод Лйнй аз Самарканд ба ин ҷо меоянд.
Шояз аз қудуми ин шахси хирадманддар хонаи мо меҳмони
нав ба дунё ояд.

Мирзо ҳамчунон хаёломез хомӯш монд.

Он вақтдар байни нависандагон як чиз раем шуда буд: агар
устод Айнй ё Лоҳутй аз ягон ҷо ба Душанбе меомаданд, ал-
батта, ҳамаи адибон ба пешвози онҳо мебаромаданд. Руз бо-
шад, то шаб, шаб бошад, то рӯз, то омадани қатора мушоира,
байтбарак, ҳикояхонй карда менишастанд. Ман дар бораи
пешвозгирии устод Айнй фикр мекардам, ки боз овози латифи
Мирзо ба гӯшам расид.

- Бисёр хуб шуд. ки устод меоянд. Номи фарзанди навро бо
он кас маслиҳат мекунем... Мулло Боқӣ, ман кайҳо боз як
чизро фикр мекунам. Ба хаёлам, ин мавзӯъ, ки ҳол пазонда ис-
тодаам, бозъёфти хубест...

Яъне ба Душанбе омадани гшри хираманд устод Айнй ва
тавлиди тифл дар фасли баҳор.

Шабе ки то саҳар бедор будам,

Муишвваш, тангдил почор будам.

Чаро ки доштам уммедворй
Ба сӯи роҳ чашми интизорй...

Ин огози достони машҳури Мирзо Турсунзода «Чароги
абадй» буд. Ин шаб, вақте ки субҳ дамид ва нонвойхонахои
шаҳр ба кор даромаданд, мо аз болои тейпа хамида, якчанд
нони гарм гирифтему ба хонаи домулло Деқотӣ рафтем.
Деҳотй, ки шахси сӯҳбаторо ва даегкушод буд, моро шодона
дар рӯи ҳавлияш пешвоз гирифт. Сӯҳбати хоссае барпо шуд.
Дар охир нақшаи чи гуна пешвоз гирифтани устод Айниро бо
Деҳотӣ маслиҳат кардем.

Устод Айниро ботантана пешвоз гирифтем. Вай аз хушха-
бари соҳиби писар шудани Мирзо хело шод гашт ва номи ба-
рои тифл ёфтаи ӯро писандид.

- Парвиз номи хуб аст, - гуфг устод Айнй.

217
* * *

Ҳафтаи адабиёти халки тоҷик дар РСФСР дар пойтахти
Догистон Махачқалъа кушода шуд. Дар ин сафар Мӯъмин
Қаноат, Фазлиддин Муҳаммадиев, Доиқ ва дигарон иштирок
доштанд. Базм хело ҳам пуртантана гузашт. Рӯзи дигар ба ду
гурӯх ҷудо шудем. Як гурӯҳ ба Дарбанд ва гурӯҳи дигар ба
зодгоҳи Расул Гамзатов Хунзах сафар кардем.

Дар Хуизах моро бо як анъанаи хоси халқӣ истиқбол гириф-
танд. Зану мард гирд истода, даф мезаданд. Раққосон дар даст
асо доштаид. Ва касеро ба рақс таклиф карданӣ шаванд, бо асо
ба китфи росташ оҳиста мезадаид.

Расул, ба хаёлам, духтароми зебои раққосро фармуда буд,
ки бештар ба китфи Мирзо асо зананд. Ва раққосақои шӯх паи
ҳам Мирзоро ба рақс таклиф мекарданд. Ӯ ҳарчанд монда ту-
да буд, мерақсиду мерақсид. Дар шабнишиниҳои адабие, ки
дар шаҳру деҳоти Догистон баргузор шуданд, бештар
шеърҳои Мирзо садо доданд. Худи Расул чанд шеъри ӯро бо
забони аварй хонд. Умуман Мирзову Расул дӯстони ҷонӣ бу-
данд. Расул моро дар хонаи падарияш меҳмондорӣ кард.
Хонақои онҳо ба кулбахои тоҷикон бисёр хамранганд... Мо ба
ёдгориҳои Гамзат Цадаса шинос шудем. Ва дар пояи ҳайкали
Сулаймон Стальский ва Ғамзат Цадаса гулдаста гузоштему
вақти хайрухуш аз деҳаи Расул барои ёдгорй як мушт хок ги-
рифтем:

Расул дар сари қабри Сулаймон Стальский нақли аҷибе
кард. Вай гуфт, ки боре ба наздаш шоири ҷавоне омадааст.
Р1огоҳ ӯ сурати Сулаймонро дида ҳайрагзада шудааст. Баъд бо
ангушташ ба сурат ишора карда гуфтааст.

- Ин чӯпон кист?

Ман чавоб додам:

- Ин ҳамон чӯпонест, ки мисли ту садҳо гӯсфандро тарбия
кардааст...

Дар ҳамин сафар ҳангоми дар Аштархон (Астрахань) буда-
намон воқиаи аҷибе рӯй дод. Мо бо моҳидорон вохӯрдем. Мав-
сими тухмгузории моҳиён шикор мамнӯъ буд. Аммо рох,барони
вилояти Аштархон ба хотири Мирзо иҷозат доданд, ки моҳй
шикор кунем. Духтари зебое як гулмоҳии калонро рӯи даст
бардошта, назди Мирзо овард ва гуфт:

- Мирзо Турсуничи азиз! Ба пешвози шумо ҳатто моҳй ҳам

218
аз дарьёи Волга берун баромадааст. Бинед на танҳо мо, духта-
рон, балки мохиёни зери об ҳам шуморо мешиносанд...

Дар ин сафар Мирзо ҳам шеърхои худаш ва ҳам шеърҳои
шоирони тоҷикро мехонд. Шеъри Лоиқ «Ба модарам»—ро, ки
Маҳмудҷон Воҳидов хонд, хамаро мафтун кард. Ва аз ин Мир-
зо монанди кӯдак хурсанд шуд.

Сафархоямон ба Ленинграду Волгаград ва районҳои атрофи
Москва нишон доданд, ки назми Мирзо то чй андоза дар байни
халқ шӯҳрат дорад ва ба воситаи ӯ адабиёти гоҷик ба чй обруе
сохиб шудааст! Моро дар хама ҷо бо иззату икроми махсус
пешвоз мегирифтанд.

Ҳеҷ аз ёдам намеравад. Рӯзи охирини Дахаи адабиёт Мирзо
ба ман гуфт:

— Мулло Боқй, шеъри «Илтимос»—ро бихон.

Пас аз хондани шеър нависанда Леонид Собольев ба ман як
лӯхтаки калониайнаки сабздор тӯҳфа кард.

Шаби охири ҳафгаи адабиёти тоҷик дар «Колонный зал» хе-
ло баҳашамат гузашт. Ва қайд карда шуд, ки аз аксарияти
хафтаҳои адабиёт, ки то имрӯз гузаронида шудаанд, хафтаи
адабиёти тоҷик бартарй дорад. Ва ин ин муваффақияти бенази-
ри адабиёти тоҷик буд. Ҳамон сол чанд китоби шоиру нависан-
дагон, аз ҷумла «\афт ситораи назм» ба плани нашриётҳои
марказй дохил карда шуданд.

Дар яке аз сӯхбатҳо Константин Федин гуфта буд, ки саро-
мади рӯзгори адабиёти советии шумо устод Айнй решаву танаи
чанор бошад, мо, дигар адибон, шохахои чанор ҳастем. Ва дар
хамон сӯхбат, ки Алексей Сурков иштирок дошт, илова кард:

- Бемухобот, дар назми советии тоҷик Мирзо I урсунзода
ситораи ку гб аст:

* * *

Боре дар хона нишаста будам, ки телефон занг зад. I ӯшакро
бардоштам, овози маҳини Мирзо ба гӯшам расид. У маро оа
Иттифоқи нависандагон даъват кард. Рафтам.

- Мулло Боқй, - гуфт Мирзо, - мана ман мактуб гирифтам.
Ҳисси ватандӯстиашон боло гирифта, аз районхои водии
Қаротегин мактуб навишта, хохиш кардаанд, ки шастсолаши
туро ҷашн мегиранд. Ба сафар тайёр шав.

Бо сардории Мирзо Мӯъминшох, Лоик, Меҳмон, Рахим

219
Ҳошим ба Қаротегин равон шудем. Вохӯрии нахустин дар мар-
кази райони Комсомолобод ба вуқӯъ пайваст. Шабнишинии
пурфайзе буд. Мирзои азиз ба нотобияш нигоҳ накарда, баро-
мада дар бораи эҷодиёти ман суханҳои нек гуфт. Рафиқони ди-
гар шеърхонй карданд.

Дар райони Ғарм, дар зодгоҳи банда ҳам шабнишинию
вохӯриҳои аҷибе гузаштанд.

Он вақт Мирзоро дарди пойҳояш азоб медод. Як пои банда
ҳам чунон варам карда буд, ки дар туфлй памегунҷид. Барои
ҳамин калӯш пӯшида будам. Мирзо бо вуҷуди дарди ҷонкоҳ
ҳамин ки ба минбар мебаромад, чеҳрааш кушода мешуд. У басо
ботамкин, зиндадилона ҳарф мезаду сомеонро дар хайрат мегу-
зошт.

- Мирзоҷон, як бор лаби дарьё рафта гулмоҳи шикор кунем-
чӣ? - пурсидам ман.

Ӯ розӣ шуд. Дар соҳили дарьёи Сорбоғ, дар дараи Камаров
бачаҳо ҷоеро интихоб карданд, нишастем. Меҳмону Лоиқ ва
дигарон, к и ҳамрох.и мо буданд, бо тӯр моҳӣ медоштанд. Вақти
моҳигирӣ 1ПОЯД аз гояти ҳаяҷон буд, ки Меҳмон гуфт:

- Ин хел гулмоҳй танҳо дар дарьёх,ои Қаротегин мешавад.

- Чй гуфтй? - пурсид Мирзо ранҷишомез ва илова кард. -
Магар дарьёи Қаратог гулмоҳй надорад?

Ана аз Боқй пурс.

- Мешаваду, лекин мох,иҳои онҷоро бисёр шикор кардаанд,
- худро ислох карданй туда гуфт Меҳмон.

Он рӯз баъди сайди моҳй Бини Сафиён ном ҷоеро тамошо
кардем. Дар ин ҷо аввлин маротиба Аскарони Сурх бо роҳи
Мастчоҳ гузашта, бо дастаи Фузайл-махсум ҷанги шадиде кар-
даанд. Ва он муҳориба дар романи устод. Айнӣ «Дохунда» басо
барҷаста акс ёфтааст

Сайг аз паси санг омад,

Дохуида ба ҷанг омад,

Аз дастаки фидоӣ,

Босмачӣ ба тапг омад.

- Бемуболига устод Айнӣ ҳақиқатнигор, муаллими зиндагӣ
буданд. Дар роман ин макон чунон зинда тасвир шудааст, ки гӯё
домулло се-чор бор ба ин макон омада бошад, - i-уфт Мирзо.

220
Бегоҳи ҳамон рӯз дар деҳаи Навдонак сӯҳбаги хосае барпо
гашт. Дар он сӯҳбат бастакор Фагтоҳ Одина, актиёр Ҳабибулло
Абдураззоқов, муҳаррири газетам «Маориф ва маданият» Бу-
ринисо Бердиева иштирок доштанд. То саҳар шеърхонию рақсу
суруд идома дошт. Чеҳраи шукуфони Мирзо ҳанӯз аз пеши на-
зарам дур намеравад.

- Барой ин мардум, ки табиатан шоиранд, агар зиндагй даст
диҳад, як достон менависам, - гуфт ӯ.

Саёҳати мо дар водии Қаротегин як ҳафта давом кард...

* * *

Як рӯз ба Итгифоки нависандаҳо даромадам ва аз рӯи одат
хостам бо Мирзо саломуалек кунам. Ба кабинеташ даромадам.
Ӯ суруди «Ёри мастоҳӣ»—ро замзама дошт.

- Биёед, Боқиҷон, биёед! - ба псшвозам хест, маро огӯш
кард. Сабаби хурсандияшро пурсидам.

- Э, Боқиҷон, мо хурсанд нашавем, кй шавад? Достоин «Су-
ру ши Сталинградом Мӯъминшоҳро хондам. Ин достон,
бешубҳа на ганҳо аз тарафи хонандаи тоҷик, балки аз тарафи
хонандаи умумииттифоқ ҳам баҳои сазовор мегирад. Бо ин
достон назми мо боз ҳам баландтар парвоз мекунад. Бачаҳоро
хабар кунед. Мӯъминшоҳро ҳам, ба истироҳатгоҳи
нависандаҳо рафта, каме хурсандй кунем...

Ҳар як чизи лангардоре, ки дар насру назми мо бо рангу бӯи
тоза пайдо мешуд, устод Мирзо Турсунзодаро бениҳоят шод
мегардонд. Ва асархои cyciy тасодуфие, ки рӯи чопро меди-
данд, ӯро асабй мекарданд.

Ба хотирам ҳаст, устод касали вазнин буд. Ва ҳамон рӯзҳо
асари сегонаи Ҷалол Икромй ба муҳокимаи котиботи Иттифоқи
нависандагони СССР гузошта шуд. Ба дарди вазнин нигоҳ на-
карда, Мирзо хам ба Москва сафар кард. Баъди бозгашт ба та-
бобатхона рафта дуру дароз хобид.

Росташ мо, ки кӯшиши ба Москва нарафтанашро карда бу-
дем, гуфтем.

- Рафтан лозим набуд.

Ӯ бо хотири озурда гуфт:

- Дуруст, бародар, май ҳам инро медонистам. Лекин асари
Икромй барои адабиётамон лозим буд. Агар май ба муҳокима
намерафтам, як умр ормонй мемондам.

221
Ana ҳамин хел Мирзо сарлашкари фидокори адабиёти сове-
тии тоҷик буд ва то дами вопасин гами онро мехӯрд.

Man ҳар рӮз дар бораи дӯст ва ҳамқалами ҷониям фикр ме-
кунам бо ӯ хамгап мешавам: сухаиҳои ӯ, кору рафтори ӯ ҳанӯз
\ам ба мо рӯҳи тоза мебахшанд, барои инкишофи адабиетамон
мадад мерасонанд.

Боре бо як гурӯҳи адибони машхури мамлакат ба зодгоҳи
Мирзои азиз рафтем ва хонаи онҳоро зиёрат кардем. Ва
ҳангоми д и дани кулбаи падари Мирзо адиби забардаст Михаил
Луконин сухани аҷибе гуфт, ки доимо дар гӯшам садо медиҳад.

- Ҳар кас аз ин дар ба ин хона медарояд, вале аз ин хона
шахсе мисли Мирзо баромаданаш мушкил.

* * *

Дар курорта Оби Гарм истироҳат мекардем. Шунидам, ки
дарди Мирзо авҷ гирифтааст Ба аёдаташ омадам.Мирзои азиз,
аз рӯи одат, маро бо хазлу шӯхӣ нешвоз гирифт. Ҳамон рӯзҳо
Мирсаид Миршакар ва Раҳим Ҷалил хдм дар табобагхона бу-
данд ва пайваста аз ҳоли якдигар бохабар мешуданд, сӯҳбатҳо
мекарданд. Мирзо бо ташвиш гуфт, ки дар 1оҷикистон як
маъракаи мӯҳим - Ҳафтаи адабиёти совета баргузор мешавад
ва ӯ баромад мекунад. Баъд аз рафти тайёри, ҳунару маҳораги
адибони ҷавон, ки оянда бояд бори адабиётро бикашанд, хело
ran зад. Вақти хайрухуш андешамандона ба рӯям нигарист ва

гуфт: _ лг

_ БоқиЧон, агар тавонӣ рузи исгироҳат бие, Қаратоғ мера-

вем. Рофиев (собик котиби райкоми Ҳисор) ҳоло мудири
истироҳатгоҳи Қаратоғ аст. Барои май дар Балхак як хона ҷудо
кардааст... Man минбаъд дар ҳамон ҷо зиндагӣ мскунам.

Ман аз ваъда як рӯз пеш, яъне рӯзи шанбе омадам. Ва соати
дах ё ёздаҳ хабари нохуши марги дӯсти азизтаринамро шуни-
дам...

Мегӯянд, ки ҳар шахе дар кору зиндаги мисли ситораҳои
осмон ҷои худро дорад. Ва боз ақидае ҳаст, ки мартаба ва бу-
зургии адиб баъд аз сари ӯ дар адабиёт муаиян мешавад. Ьа
акидаи ман устод Мирзо Турсунзода бо эҷодиёти пурбаракату
дилошӯб ва хизматҳои шоистааш ба адабиёти халқи тоҷик дар
зиндагияш ба хамаи мартабаҳо хақконй ноил гашт. У ҳамчун
фарзанди вафодор ба ҳар як хонадони тоҷик карин буд.

222
Ман ҳоло рӯзи видом одамонро бо Мирзо Турсунзода пеши
назар меоварам. Чӣ ҷанозаи пуршукӯҳе буд. Гуё тамоми соки-
иони Тоҷикистон барои вопасин дидори шоири маҳбуби худ
либоси мотам дар бар карда, дар назди театри опера ва балети
ба номи Айнӣ ҷамъ омада буданду хурду калом ашк мерех-
танд. Марги Мирзои азиз талафоти калоии адабиёт ва халқи
тоҷик буд. Аз им рӯ намояндагони тамоми республикаҳо ва
ташкилотҳои бомартабаи мамалакат барои ҳамдардй омада
буданд. Ин эҳтироми бепоёни халк буд, ки насиби қар
каламкаш намешавад.

Одамон бо сари хамида, чех,раи гамолуд ва чашмони аш-
кбор аз назди насади шоир оҳиста-оҳиста қадам ниҳода,
гулчанбарҳо мегузоштанд, сари таъзим фуруд меоваранд. Ман
ҳамаи инро дида , аз як тараф дилам моломоли анДӯҳ буд, аз
тарафи дигар ифтихор мекардам, ки дӯсти ҳамқаламам ба чу-
нин иззату икроми бузурги халқ ноил шудааст. Ман он лаҳза
ин қитъаи Саъдии бузургро такрор мекардам:

Ҳеҷ донӣ ки вақти зодаии ту, -

Ҳама хандоп буданду ту гирьён.

Ончунои зӣ, ки баъди мурдани ту,

Ҳама гирьён шаванду ту хаидон.

Оре, Мирзо Турсунзода чун инсони комил, адиби забар-
даст, фарзанди нангбардор, сарпарасти миллату адабиёти
тоҷик, ҳомии сулҳ, сарояндаи дӯстии халқҳо, мураббии
гамхори адибони ҷавон ангуштиамо буд, ангуштнамо мемо-
над. Мирзо имрӯз ва то абад дар дили мову наслҳои оянда
маскан дорад, зиндаву ҷовид мемонад.

223
Абдулҳамид САМ АД

ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Айёми донишҷӯӣ, тақрибан соле як-ду маротиба, авҷи
баҳор ё огози соли нави таҳсил дар маҳфилу базмҳои шеър, ки
таҳти сарварии устод Мирзо Турсунзода дар толорхои дониш-
кадаи омӯзгорӣ ё донишгоҳи давлатии ҷумҳурй мегузаштанд,
ширкат варзида, аз тарзи шеърхонӣ, сӯҳбати ширин ва
ҳазлҳои намакини эшон бо муаллим Бокӣ Раҳимзода завк ме-
бурдем. Он лаҳзаҳои барои мо, ҷавонон, ки бо акси устод,
зиндагинома ва эҷодиёташ танҳо аз китобҳо ошно будем, аф-
сона менамуданд. Баъдан даврони рӯзноманигорӣ ҳам, ки
идораи «Тоҷикистони Совета» (ҳоло «Ҷумҳурият») дар шафа-
ти Итгафоқи нависандагон ҷой дошт, аз сӯҳбатҳои хосаи-ус-
тод гоҳ-гоҳ баҳра бардоштаам, бо вуҷуд дар бораи он марди
мӯътабар ҳаргиз нияти хотира навиштан гирди сарам наме-
гашт. Ба роста, ҳанӯз хам бузургии шахсияти устод мисли
қуллаҳои осмонбӯс дастнорас метобад, аз ҷониби дигар ин
амал васияти ҳазрати Ҳофизро ёдам меорад: «Бо бузургони
ҷаҳон густох будан хуб нест». Вақеан, устод аз бузургони
миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон буд ва ҷозибаи шахсияташ дар
қалби ҷавонони солҳои шастуму ҳафтодум, алалхусус онҳое,
ки каму беш ба ҳарфу хиҷо ва килку қогаз сари кор доштанд,
он чу нон буд, ки ҳангоми пеши рӯ овардани^ вуҷуди
пурҷозибаи эшон ва дар хусуси шахсияту мартабаи у андеша
рондан ё сатре навиштан кас худро нохинҷору мулзам меёфт.
Вале ҳақиқат он аст, ки шукӯху шаҳомат ва маъниву манфиа-
ти ҷаласаҳо аз хузури устод Мирзо Турсунзода даҳчанд меаф-
зуд. Ҳатго дидани чеҳраи гарму нуронй, табассуми нарму
хандаи бегаш, андешаманду пурсалобат, дар халқаи дӯстону
шогирдон қадам ниҳоданаш шабехи муъҷизае ба мо як ҷаҳон
гаассурот, шодиву халоват мебахшид. Бе муҳобот устод
хамрадифи бузур|’тарин шоирону фозилони замон буд, балки
аз рӯи вазифаву масъулият корвонкашу машъалбардори
ҳаракати сулху истиклолхоҳӣ дар саросари Осиёву Африқо ба
шумор мерафт: хар ҷое хозир мешуд, рӯи даст мегардонда-
наш. Ва хангоме аз минбари бузургтарин кунгураҳои дунё аз
ҷониби як мамлакати бузург овози марғуладори ӯ аз хусуси

224
озодӣ, инсоф, меҳру шафқат, зарурати истиқлоли халқҳои
олам баланд мешуд ва дар байни ин суханрониҳои пурҳарорат
ӯ капимаи тоҷик ё панду андарзеро аз классикони адабиёта-
мон ба забон оварда, аз фазилату хирад ё фалсафаи инсонпар-
варонаи онҳо ёд меовард, сари мо аз ифтихор ба осмон мера-
сид. Охир, ҳар тоҷики худогоҳ \ақ дошт ифтихбру шукр би-
кунад, ки миллаташ чунин фарзанди бохирад, гарданфароз,
шердилу тавоно дорад ва ӯ байни намояндагони давлатҳои
абарқудрати дунё бо ҷилои истеъдоду заковат, бо ҷасорату
нангу ори баланд гули сари сабад аст, анъана ва маслаки
башардӯстонаи нобигах,ои илму адаби тоҷикро идома дода,
барои аз асорату разолат раҳидани мазлумин талош меварзад.
Воқеан он замон на хар каси соҳибмансаб ҷуръати аз
минбарҳои баланд бо ифтихор аз бартарии хираду фарқанги
зотии хеш ҳарф заданро дошт. Панҷаи пурнаштари сиёсат ин
падидаро бо фишори бераҳмона бӯгӣ мекард ва тамгаҳои
сӯзоне аз қабили миллатгароиву кӯҳанпарастӣ гӯяндаро
тахдид менамуд. Ин хел фазой сиёсӣ барои мардони эҷодкори
он айём даҳшат буд, зеро худо накарда агар пояш мелагжид, ё
бахташ наметофт, нотавонбинон мисли мӯру малах ба ӯ ҳамла
карда, бо ин «ҷурм» муттаҳам, бадному сиёҳаш мёнамуданд,
сипас ба ҳазор дарди таъқибу сарзаниш гирифтор мешуд. Вале
фаросату заковати олии худододи Мирзо Турсунзода ба ӯ даст
медод, ки ҳамеша ном, шахсияти фарзона ва панду ҳикмати
волои бузургони миллатро ончунон бамаврид, зебову устоко-
рона ситояд, аҳамияти афкори ин ё он шоири шаҳирро ончу-
нон нозук хотирнишон кунад, ки ҳам лаъл ба каф ояду ҳам ёр
наранҷад, балки сазовори таҳсину офарин шавад. Магар чунин
пуштибону номбардори миллат барои мардуми тоҷик, ки умре
дар коми аждаҳо, зери фишору таҳқири аҷнабиён зиста,
заминҳои пахновар, шаҳрҳои ободу азимашро низ дар
табартақсими баъди инкилоби Октябр бохта, акнун дар як
гӯшаи ноободи хоки бобой чун ҷумҳурй арзи ҳастӣ мекард,
шоистаи ифтихор набуд? Оре, бунёди ҳар як иншооту корхо-
на, ободии шаҳрҳо, ривоҷу равнақи илму маориф, сарсабзиву
х,осилхезии киштзорон, қомат афрохтану эътироф пайдо кар-
дани ҳар шахсияти сиёсӣ, илмиву фарҳангй барои миллати
тоҷик комёбй, ҳатто галабаи бузург ба шумор рафта, мушти
обдоре низ ба даҳани бадхоҳони миллат буд. Ва дар он

225
марҳила, ки муборизаҳои ниҳонии бераҳмона ҳаиӯз \ам
алайҳи фарҳанги қадимаи мо номардона идома меёфт, баъди
сари устодони зиндаёду таҳамтан С. Айнӣ ва А. Лоҳутй мил-
лати тоҷик натанҳо ятим намонд, балки дар шахсияти ду
ҷигарбаиди вафодору ҷоннисор - Мирзо Турсунзода ва
Бобоҷон Ғафуров муҳофизи кавии манфиатҳои мардуми
Шарқро пайдо кард.

Устод Мирзо Турсунзода низҳати сулҳу адолатхоҳиро бар-
номаи якумрии хеш донист ва ба ҳамагон эълом дошт: «Дил
мехоҳад бар зидди беадолагӣ ва ноинсофиҳое, ки ҳанӯз дар
рӯи замин вуҷуд дорад, бар зидди мустамликадороне, ки
миллионх,о одамонро гирифтори занҷиру завлонаҳои гуломи
кардаанд, овози худро баланд намояд». «Академик Б. Ғафуров
ба ковиш, пажӯҳиш ва исботи дақиқи ҳақиқати таърихи мил-
лази гоҷик ва миллатҳои ҳамсоя камар баста ба ибораи хоҷаи
Шероз дар айёме, ки «... хамчун чашми суроҳӣ замона хун-
рез» буд, бо нашри китоби «Тоҷикон» донишмандони оламро
хушдор дод: аз рӯи таърихи фоҷеаашез, лек пурифтихори
миллати тоҷик бетафовут ва сарсарй нагузаранд, зеро дар ҳар
сақифаи зарду фарсуда, дар дил ҳар сатри аранге хонои
таърих сарнавиш, фалсафаи муборизаи ин миллат, дарду ар-
мон, фарёдҳои додхоҳона, даврони шукуфой ё шикает, ҷабру
зулми берахмонаи ғосибон, авҷи фарҳанг ё фуруравии он
ниҳон аст. Аз ҷониби дигар, Б. Гафуров бо ин иқдоми
боҷуръагона дар қалби хаставу синаи хомӯши хаммиллатон
ҳисси рӯ овардан ба таърихи бостонй, худшиносй ва ифтихори
миллиро ангезиш дод.

Устод Мирзо Турсунзода ин шери ватан, ки х,анӯз соли
1974 ба оламиён ҷавонмардона иброз дошт:

Шодам, аммо мехӯрам гамҳои халқи дигаре,

Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.

то нафаси охирин, ба рагми ҷабру ситам, тороҷгарону
ғосибон, мустамликадорону «дуздони бахти инсон» дар саро-
сари ҷаҳон Муборизаи беамон бурда чун таргибгари тавонои
«ваҳдати хадқи ҷаҳон» соҳиби шӯхрату номи нек гардид. Наф-
рати беинтиҳои устод ба истилогарон, таҳқиру фишори
муштзӯрон ба мазлумон шояд аз он буд, ки заҳри ҳалоилро

226
дар тӯли таърих миллати тоҷик дар ҳар шакл: гоҳе мудҳишу
афзун, баъзан андак-андак чашида фарҷоми талхи онро медо-
нист, балки сӯзиши захмҳои иосури фоҷиаҳои миллатро дар
магз-магзи устухои эхсос мекард. Устод ҳанӯз соли 1941 дар
манзумаи «Барой ватам» бо дарду алами беинтиҳо менолад:

Тахт араб мысли вабо сӯи мо,

Сохт зи хуни были мо ҷӯи мо...

Урдуи Чингизы ҷаҳонсӯз низ,

Тохгп ба ии мулки чу модар аз из,

Купит басе хурду колон бегуноҳ,

Кард зи дуди алам олам сиёҳ...

Бале, устод Мирзо Турсунзода чум як фарзанди ботурури
сохибкаломи миллат аз рӯи дили марму фаросати зотй дар-
дошнову гамшарики мазлумоми олам буд ва дифои шараф,
манфиатҳои ватанро ҳамеша аз ҳама чиз муқаддам мешумурд.
Меҳан мисли модар, падар, шабеҳи шараф ва номусу манг ба-
ром шоир муқаддас аст. Ӯ чум ҷигарбанди шарафманд хеле
бармаҳал (1942) аз дили мок эълом дошт:

Ту зинда бош эй Батан - хонаи умеди халқ,

Ки бе ту пест дилу ҷони шодмон ҳаргиз.

Даме ки мешумурам пурбаҳо сухащоро,

Баландтар зи Батан пест дар забои ҳаргиз.

Сипае им ҳиссиёти наҷиб ва бузургу муқаддаси шоир, яъне
садоқати меҳанпарастӣ савгаиди фарзандони баору манги
миллат шуд.

Мо, ки писарҳои туем, эй Батан,

Ҳозири ҳар рои туем, эй Батан.

Ҳифзи ту мардона ба охир барем,

Тар талабӣ ҷон ту, зи ҷон бигзарем.

Бо ҳамин андешаҳои волои меҳанпарастона устод Мирзо
Турсунзода чум шахсияти адабй ибтидо дар Тоҷикистони азиз,
сипас ба ҳайси муборизи тавонои роҳи сулҳ дар мамлакати
паҳновари шӯроӣ, пасом дар аксои олам пазирой ёфт, эътироф

227
гардид. Албатта шипохти шахсияти устод аз ҷониби бузургта-
рин шоирону нависандагон, фозилону сиёсатмадорони замон
комёбӣ ва шарафи миллати тоҷик ба ҳисоб мерафт, зеро
дӯстони ҷонии Мирзо Турсунзода хайрхоҳони миллати
қадимаи мо ва Ҷумҳурии Тоҷикистои буданд. Онҳо бо ҳидоят
ва хотири устод ба ин ё он муносибат ба диёри хушманзари
мо омада дар гаму шодии мардум шарик шуда, аз расму оин,
мехмоннавозиву хислатҳои наҷиб, истеъдоду созандагии
халқи тоҷик, шукӯху зебоии Тоҷикистон бо мехру самимият
асархо навиштаанд. Ва ин ҳам пӯшида нест, ки устод Мирзо
Турсунзода дар амалй шудани корҳои хайр ба манфиати халқу
давлатҳои тараққихоҳ дурахши ақлу фазилати тоҷикро дар
дипломатиям шӯравй ва ҷаҳонӣ ифода мекард. Яъне дар шах-
си донишмандони оламшумуле чун устодон Айнй, А. Лохутй,
М. Турсунзода ва Б. Ғафуров тухмаи поки ниёкони нексириш-
ту хирадманди тоник аз устод Рӯдакӣ cap карда то аллома
Ахмади Дониш сабзу поянда буд. Магар бахти як миллати
зохиран кӯчак набуд, ки агар дар ҳар мамолике перомуни
масъалахои шарқ оташи низо аланга мезад ё ихтилофи назар
тезу тунд мегардид, аз ҷониби давлати абарқудрати шӯравӣ
махз фарзанди миллати тоҷик Мирзо Турсунзода чун сарвари
ҳайат ба он ҷо фиристода мешуд ва баъди баҳсу талошхо
ҳусни тафохум ва тинҷиву оромй ба миён меомад. Дар ин
маврид хақ ба нониби устоди равоншод, нависандаи забарда-
сти тоник Сотим Улугзода аст, ки Мирзо Турсунзодаро як бо-
лу пари халқи тоник ва Б. Ғафуровро болу пари дигари он ме-
шуморид: «Ӯ буд, ки (Мирзо Турсунзода - А. С.) тониконро
бо ном ва корхои худаш, - гуфтааст, С. Улугзода, - ба ҷахон
машхур мекард, ба туфайли ӯ тоҷиконро нахон мешинохт ва
эътироф мекард. Миллат бе фарзанди бузургаш бе болу пар
аст» (ниг: М. Наҷмиддинов. «Сурати башаршо сирати малакй»
Садои Шарқ. 2000, ш. 7 - 12,).

Албатта, шарофат, хусни шахсият ва рангини иаҳлуву
сифатхои энодиёти устод Мирзо 1урсунзода бешуморанд: то
имрӯз ёрони хамқалам, ҳамсафони донишманд ва муҳаққиқони
нуктасанҷ бахшида ба шахсияту эҷодиёташ китобу мақолаҳои
бешумор чои кардаанд, оянда низ пажӯхишҳое ба назари тоза
иншо хоханд шуд. Бо вуҷуд банда хотирот навиштанро аз
гӯшаи хаёл намегузарондам, ба шарге, ки...

228
Чанде пеш, дурустараш даҳаи аввали мохи марти соли 2001
дар соҳили Исиқкӯли афсонавию овозадор намояндагони ил-
му адаби Қазоқистон, Тоҷикистон, Қиргизистон ва
Ӯзбекистон гирд омада, перомуни баркарор кардани
робитахои неки адабй дар остонаи қарн ва ҳазораи пав маҷлис
оростанд. Ҳама ташнаи дидор буданд ва аз аиъанахои иски
дӯстй, дастгирии маънавӣ, тарҷумаи асархо ҳарф зада, аз
ҷудоии азиятовари беш аз даҳсола, бехабарӣ аз раванди эҷоди
ва офаридаҳои солҳои охири ҳамдигар изхори ташвиш наму-
даанд. Нависандаи забардаст, классики зиндаи адабиёти қазоқ
Абдумаҷид Нурпеисови мӯйсафед зимни сӯхбатхо паиваста
номи устод Мирзо Турсунзодаро бо ихлосу эхтироми буз^рг
ба забои меовард. Мегуфт, ки имрӯз ба мо мисли шоири ши-
ринкаломи тоҷик Мирзо Турсунзода шахсияти некдилу
хайрхох лозим аст, ки истеъдодхоро муггаҳид созад, парой
дар замони истиқлол боло бардоштани адабиёти минтақа саъю
талош варзад, ҷавонони болаёқатро кашф намояд, дастгири
бикунад. Имрӯз, ки мо сохиби истиқлол шудем, бо сари худ
танхо зистан, аз асарҳои пав офаридаи хамдигар гизои
маънавй нагирифтан аламовар аст. Ин аҳвол то ба кай идома
меёбад?

Дар ин лаҳза диламро ифтихори фараҳмандӣ лаорез кард ва
боз пеши назарам чсхраи гарм, нигоҳи хирадмандонаи устод
Мирзо Турсунзода падидор шуд, ки тамоми умр барои танта-
наи хақиқат, саодату оромии дигарон зисту часпу шлош вар-
зид. Ва маҳз дардошноию самимияти бузург, чавонмардиву
идеалҳои инсониарварияш ӯро дар тамоми олам азизу
мӯътабар гардонд.

Пӯшида пест, ки ҳаёту фаъолияти хешро ба манфиати
инсонҳо бахшидан ё дар ин чабха пайваста мубориза бурдан
шахсияти эчодкорро аз касби асосияш ва ҳатто зиндагии ои-
лавияш, навозишу машгулият бо фарзандон каму беш дур ме-
созад. Ба ин ҳолат инсонҳои фидоӣ, ки нафсу манфиатҳои
шахсиро талоқ медиханд, cap мефуроранд. Вале устод то на-
фаси охирин аз килку шеър чудой надошт ва чунин саҳифахои
рангини умрашро дар достони «Ҷони ширин» басо нозуку
пурзарофаг ба риштаи назм кашидааст.

Баъди бозгашт аз Қирғизистон авсофу суханҳои неки
хамсафону ихлосмандони Мирзо Турсунзода дар гуш, банда

229
хотираҳои адибони маъруфи дунёро, ки ба муносибати
ҷашнҳои 70-80 солагии устод дар маҷаллаи «Садои Шарқ» дар
бораи эшон чоп шудаанд, аз нав мутолиа кардам. Николай
Тихонов, Файз Аҳмади Файз, Ярослав Смеляков, Чингиз Айт-
матов, Давид Кугултинов, Расул Гамзатов, Нодири Нодир-
пур... пайваста таъкид кардаанд: «Мирзо Турсунзода шахсия-
ти нотакрор буд». Ин ситоиш ва эътирофи абармардони ада-
биёт боиси хушй ва ифтихори ҳар як тоҷик бояд бошад.

Мирзо Турсунзода дар солқои мушкили баъди Ҷанги дую-
ми ҷаҳон, ки беҳтарин шоирону нависандагон дар майдони
набард ҷони худро нисор карда буданд ва майдони адабиёт
холй буд, бо фотиҳаи устод Айнӣ сарварии Иттифоқи нави-
сандагони Тоҷикистонро ба ӯхда гирифта, зиёда аз ей сол ба-
рон пурқувват шудани муҳити адабй, шоистаи маком ва пояи
баланди каломи ҳазорсолаи тоҷик, баланд гардондани марта-
баи Иттифоқи нависандагон, кафшу гирд овардани
исгеъдодҳои ҷавон, пайдо шудани асарҳои шоиставу арзиш-
манд талош варзид. Вай дар кору фаъолият шогирду пайрави
устод Айнй буд. Воқеан, дар солҳои пурошӯби бистуму сиюм,
ки пиру барно ба бунёди Ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон
камар баста буданд, устод Айнй аз шаҳрҳои бостонии Бухоро-
ву Самарканд, Хуҷанду саросари Тоҷикистон навқаламони
умедбахш: М. Турсунзода, М. Миршакар, Ҳ. Юсуфӣ, Ҷ.
Икромӣ, С. Улугзода, Р. Ҷалил, Ф. Ниёзй, А. Деҳотй ва П. То-
лис чанде дигаронро дар атрофи худ гирд оварда, роҳи онҳоро
дар адабиёт кушода, ба таърифи асарҳои баландгоя
ҳидояташон намуд. Бале, Айнй на танҳо нависанда ва дониш-
манди забардаст, балки беҳтарин омӯзгори гамхору сахтгири
адибон буд. Пӯшида нест, ки фазилат ё хунари омӯзгорӣ, яъне
тарбияи ҳамқаламони ҷавон ба ҳар шоир ё нависандаи тавоно
низ муяссар намегардад, барои дар ин ҷода комёб шудан дили
васеъ, иродаву саховати хоса, ҳунару қобилияти махсуси
омӯзгорй лозим аст.

Тамоми хислатҳои наҷиб, санъату фазилатх,ои беҳамтои
муаллимии устод Айниро дар бахши тарбияи адибони ҷавон
Мирзо Турсунзода омӯхта, дар худ ҳифз карда, билохира
муҳити адабии зебое сохт ва адабиётро зина ба зина равнақ
дод, шӯх,раг ва обрӯи Иттифоқи нависапдагонро баланд бар-
дошт. Ва боз тавонист, ки барои адибони ояндаи тоҷик дар

230
маркази пойтахЗ як бинои мӯҳташаму зебо, бо толору утоқҳои
зиёд ба ёдгор гузорад. Устоди зиндаёд Боқй Раҳимзода зимни
сӯҳ^атхо ҳамеша ба мо гӯшрас мекард: «Мирзоҷои як гул бу-
ду сад харидор Дошт, хамеша пурташвиш, мудом дар сафар
ваде дар ҳама ҳолат фикру зикраш мобанди боло бардоштани
адабиёт, тарҷумаи асарҳо, тарғиби осори адибони
соҳибистеъдод буд. Вай аз ду чиз болу пар мебаровард. аз
пайдо шудани ягон истеъдоди нагз ё асари хонданибоб. Эха,
дар ин маврид дар шаҳр намеғунҷид Мирзоҷон. У моро, ал-
батта дараи Варзоб ё Қаратогу Алмосй бурда, ба муносибата
кашфиёту дасговардҳои нав хони зиёфат кушода, махфил ме-
орост».

- Ба роста муаллим Мирзо Турсунзода моро аз кӯчаҳо ҷамъ
карда, ба Иттифоқи нависандагон овард, пуипу панох шуд, ба
шеърнависиву хидмати адабиёт дилпур кард, — дар ҷаласае
гуфт шоир Гаффор Мирзо.

Ҳамин хушбинии устодро адабиётшинос Шавкат Ниёзи, ки
солиёни зиёд бо эшон ҳусни хамкорй дошт, дар сӯҳбате
(рӯзномаи «Наём», № 5-1 2000с) хеле дақик баён мекунад: «-
Ин маротиба ба табъи ниҳоят хуш ба Маскав омадам, гуфт
Мирзо Турсунзода. - Ман пеш аз сафар ҳамаи шоирон, нави-
сандагон ва мунаққидони ҷавонро дар, бӯстонсарои дараи Вар-
зоб гирд овардам. Медонед, баъди сӯхбат бо он\о дилам ба
ояндаи хуби адабиётамон нур шуд. Хайрият мо ҷавонони
умедбахши зиёд доштаем. Хо, ДУ навқалами бисер хуши-
стеъдод, яке Лоиқ Шералй, дигаре Шохмузаффар Ёдгорй ба
ман нихоят писанд афтодаанд. Аҷиб, тарзи навишт, андеша,
интихоби мавзӯъ, хадафи шеъри онҳо билкул тоза, дигар хел
аст. Ишорахои аҷибу серпаҳлӯ, руҷӯъ ба таърих, гуруру ифти-
хор, ҷуръатмандӣ дар шеъри онхо маро дар хайрат гузошт.
Чашм нарасад, ин бачаҳо дар оянда шоирони тавонои мо
хоханд шуд...»

Оре, устод Мирзо Турсунзода бештар аз ей сол богбони бо-
тадбири адабиёти тоҷик буд. Ӯ навниҳолонро босаорона мис-
ли фарзанд меиарварид, аз нумӯъ ва сабзиши мӯътадили хар
нахл ҳаловат мебурд, аз мевахои навгонии боги адабиёт,
ашъори навҷӯёна, достонхои пуробу ранг, роман, қисса ва
хикояхое дар сабку тахкиқи бадеии тоза, таҳлилу чашмандози
боҷуръатона дар очерку публисистика лаззат бурда мефахрид.

231
Лек аз ноомади кори эҷодй, каҷ қадам ниҳодан, ҳодисаҳои но-
хуш ё тасодуфе агар хатар ба ҳастиву ояндаи ҷавонадиб
тахдид намояд, устод ба ташвиш меафтод ва хуни дил низ
мехӯрд ва бо чӣ заҳмат, даводаву часпу талошҳо ӯро аз гирдо-
би моҷаро, аз вартаи бадномй мераҳонид. Бешубҳа ин сифати
мардони дарёдил, покниҳод ва матиниродаву дилсӯзи миллат
аст. Устод ҳамеша дар маҳфилҳо аз одобу фарҳанги бузурги
қадима, ҳикмату ҷавонмардии ҳотамонаи мардумашон ҳарф
заданро дӯст медошт ва пайваста ин шоҳбайтро такрор ме-
кард:

Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,

Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.

Дар ҳақиқат муносибати Мирзо Турсунзода ба муҳиги
адабӣ ва фардҳои эҷодкор ҷавонмардона, падарона буд. Вай
ба ҳар як суханвар бо чашми умед менигарист, чун устоди
хушбин аз шоирону нависандагон эҷоди шоҳкор ё асари хуби
замонавиро интизор буд ва аз дилу ҷон мехост, ки сатҳи
офаридаҳои адибони тоҷик аз офаридаи суханварони
ҷумҳурии дигар бо бадеият, гояву мазмун бартарӣ дошта бо-
шад. Ба ин хотир ҳар як шоир, нависанда ё публисистро бо
гаълифи асархои ҳунармандона ҳидоят карда ҳатто мавзӯъ
медод ё ба сафари эҷодй мефиристод. Маҳз чунин муносибати
хайрхоҳонаи устод будааст, ки анқариб тамоми шоирону на-
висандагопи маъруф чун арзи сипос ҷихати меҳру шафқати
падарона эшонро бо меҳру ихлоси бепоён ёд карда гуфтаанд,
ки беҳтарин асарашонро бо хоҳишу даъвати Мирзо Турсунзо-
да навиштаанд. Ин бахт низ насиби на ҳар шахсияти тавонои
адабӣ мсгардад.

Инсон тӯли асрхо баъди мушоҳида ва санҷидани рафтору
кирдор ва хилқати аҷдоду авлодҳои хеш ба чунин хулосаи
ҳакимона омада: «Танҳо худи парвардигор бегуноҳ аст». Бо
вуҷуд, ба назарам, шахсиятҳое чун устодон М. Турсунзода, Н.
Маъсумӣ, Б. Раҳимзода, М. Миршакар ва Ф. Муҳаммадиев
дили чун булӯр пок, иродаи устувор ва ҳиммати мисли кӯҳ
баланд доштанд. Баъди аз сари мо гузаштани он мардони ху-
до, ки аз чашмаи мехру шафқаташон шодоб мешудем ва дида-
ну санҷидани ҳамқаламони зиёд дар пасту баландиҳои ҳаёт,

232
чашидани талху шӯрии воқеаҳои номатлуб ба чунин хулоса
омадам: Он марду мардони фариш гахӯ мудом аз андеша, кир-
дор ва амалу хукми губоролуд, хавобалаидй, кибру гурур,
баднафсӣ, тангназарй, маҳалгарой, фишору қассосгири,
палидй ва ё бетафовутй ба сарнавишти кас мепархезиданд.
Бешубҳа, як сабаби маҳбубияти он фардҳои шарафманди мил-
лат ва амсоли онҳо дар байни халқ аз покиву некназарии эшон
ва хидматҳои беминнаташон ба нафъи ҷомеа аст.

Сари иншои ин сатрҳо сӯҳбаги як дӯсти ҳунарманд ба ёд
омад. Устод Мирзо Турсунзода, ки беш гари умраш дар сафар,
ҷаласахои шаҳри Маскав мегузашт, аз аҳвол ва таҳсили
донишҷӯёни тоҷик гоҳ-гоҳ воқиф мешуд. Солй 1970 ҳамин
зайл меҳмониву сӯхбат бо донишҷӯёни донишгоҳи театрии
шаҳри Маскав сурат мегирад. Албатта, барои донишҷӯёни
тоҷик шарафи бузург ва саодату лаҳзаи фаромӯшмашудани
буд, ки шоири шаҳиру ифтихори миллати худ Мирзо lypcyii-
зодаро чун мизбон пазируфтаанд. Ӯ дар минбар не, дар хдлқаи
онҳо сари дастархони хоксорона нишаста, нигоҳи гарму
меҳрбори надаронааш ҳар якеро менавозад, аз нону чой, зиё-
фати «шоҳона»-и фарзандони рахдури диёр мисли худи онҳо
гоҳ-гоҳ чошнӣ мегирад, ҷавонҳоро ба ҳазлу шӯхи мекашад, ки
худро озод ҳис бикунанд, пандашон медиҳад, ки сазовори но-
му фарҳанги волои тоҷик дар шаҳри Маскав сарбаландона би-
зиянду бештар аз иайи таҳсилу ҳунарандӯзй оишаванд. Усюд
аз спектаклҳои барои ҳимояи диплом таҳия намудаи
донишҷӯён бо адибон Камол Айнӣ ва Шавкат Ниёзӣ пораҳо
тамошо карда, касби пешгирифтаашонро меситояд, ки рӯху
неру бигиранд ва ба ояндаи неки хеш бовар дошта бошанд.
«Фарзандонам, - мегуфт устод, - аз донишманду
соҳибҳунарон бештар биомӯзед. Касби пешгирифтаи шумо
заҳмату ҷустуҷӯи пайвастаро тақозо мекунад. Ҳо, шумо худро
дар баҳри беканори ҳунар афкандаед, дигар роҳи бозгашт
нест, фақат шиновари тавоно шудан шуморо ба соҳили мурод
мерасонад. Вақтро беқуда сарф накунед, ки ноаён, вале тез
мегузарад. Ба қавле, «чун киштие дар об истода намояду чун
тир бигзарад...» Дӯстёбй низ ҳунар аст. Бо инсонҳои наҷибу
боистеъдод дӯсту бародар шавед. Дӯстони ҷонй, бохираду
ҳунарманд қуввати дил мешаванд. Ба воситаи шумо онҳо
тоҷику Тоҷикистони азизро дӯст медоранд, эхтиром меку-

233
нанд... Як чизро ҳаргиз фаромӯш накунед, халқу ватам бо
умеди зиёд шуморо ба таҳсил фиристодааст. Оянда шумо аз
саҳна ба воситаи ҳунаратон ба мардум маърифату завқ ме-
бахшед. Им масъулият ва бахти бузург аст».

Донишҷӯён хунармандони оянда, фарзандони саросари
Тоҷикистон аз им лаҳзаи мӯъҷизанамо, яъне сӯҳбати рӯ ба рӯ
бо устод дар банди ҳаяҷони беинтиҳо, вале чашмаконашон
рахшом, моту мабхут, ба ӯ меиигаристамд. Лаҳзаяке хомӯши
ба миён меояд. Аслан хар яке мехоҳад харфе бигӯяд, аз устод
чизеро бипурсад ё бо изҳори ихлосу эхтиром бо шеърхони,
иҷрои боҳунаронаи нақш ӯро шод, ҳатто мафтуну қоил созад.
Аммо ку ҷуръат? Тугёни ҳаяҷон найкарашонро мефишораду
бозӣ ва тап-тапи дилашонро дучанд мекунад. He, кахрамони
нахустин — духтараки ситорагарм аз ангезаи изтироб бо овози
ларзон лаб ба гуфтор мекушояд. .

- Муаллим, ман хамшахрии шумо... аз Қаратог...

Ваҷохати устод хамоно дигар мешавад, cap ба сукут ба пе-
шонияш мавҷи чинҳо нақш мегузоранд ва ба лабонаш табас-
суми нарму роздор медавад. Ҷавонҳо ба хамкурси хушбахти
худ бо хасад чашм медавонанду ба устод кунҷковона. Ҳазл не,
хамшаҳри Мирзо Турсунзода аст. Устод, аз эҳсоси нохуш чун
одат бо нӯги ангуштон холи лабашро пӯчидаву палмосида аз
андеша якбора cap бардошта, бо овози нарму ҷиддй мегӯяд:

- Фарзандонам, тамоми тоҷикистониҳо ҳамшаҳри ман
ҳастанд...

Ҷавонҳо нафаси осуда мекашанд. Ҳо, Мирзо Турсунзода
шоири миллат, азизи хонадони ҳар як тоҷик аст. Аз у бояд
ҳамин посухро мешуниданд ва хушбахтона шуниданд.

- Азизон, - овози марғуладори устод онҳоро ба худ меорад,
- ҳамеша бикӯшед, ки дилатон аз ифтихори тоҷику
тоҷикистонӣ будан саршор бошад. Ин беҳтар, балки саодати
мову шумост...

Табиист, ки андешаву мафкураи шахсияте чун устод Мирзо
Турсунзода шабеҳи уқобони кӯхсброн дар фазой баланд маъво
дошт. Вай харгиз худро ба доираи танги назар ва ё хиссиёти
чиркину бадбӯйи махалгарой намеафканд, зеро ҳадафу маф-
кураи ӯ ва ҳаммаслаконаш эҳёгарй, хамбастагӣ, миллатсози,
пайвандгарӣ ва тахкими сулҳу вахдат, баланд бардоштани
маърифати халқ буд, на ҷудоиандозй, низоъангезй.

234
Солҳои охир аз ҷониби ҳар касу нокас ба осор ва шахсияти
устод Мирзо Турсунзода қукму баҳоҳои дурушт ва ғаразноке
дар матбуот нашр шуданд. Ин носипосй низ як ҷинбоди дав-
рони гузариш буд, ки ба ришханду нафрат дучор гардид. Ва ба
таъбири халқ ин амал ба ҷуз ҳуҷуми пашша ба... фил чизе на-
буд. Агар аз сари ҳақ нагузарему ба ёд биорем, ки маҳз
ҷуръату талошҳои устод Турсунзода ва ёронаш боне шуданд,
ки ҷашнҳои бузургтарин шоиронамон дар миқёси мамлакати
шӯравӣ таҷлил ёбад ва пайкараҳои мӯҳташами чанде аз эшон
дар Душанбе қомат афрозанд ва боз иқрор бикунем, ки маҳз ӯ
тавонист симпозиума шеъри форсиро дар пойтахт гузаронад
ва беҳтарин истеъдодҳои олами форсро ба ин кунгура ба
шаҳри Душанбе биорад, қимат ва шаҳомати шахсияти устод
даҳчанд меафзояд.

Сари иншои ин мақола бо амри тақдир ба Ҳиндустони
афсонавй сафари кӯтоҳе сурат гирифт ва тӯли ду - се рӯз дар
шаҳри Деҳлӣ пеши назарам симои мардуми Ҳинд ва устод
Мирзо Турсунзода буд. Ва гумонам, дарду алам, нигоҳи
маҳзун, талошу муборизаи мардуми Ҳиндустонро барои раси-
дан ба истиқлол ҳеҷ як шоире мисли устоди мо Мирзо Гур-
сунзода домападор, аҷибу ҳадафрас ва зебою дилнишин та-
раннум накардааст. Силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» бешубҳа
аз шоҳкорҳои устод ба шумор меравад ва халққои мазлуму
азияткашидаро то абад ба худогоқӣ, мубориза, аз рӯйи замин
руфтани тухми ғосибон даъват намуда, аз галабаи бузурги
мардуми ҳинд ботантана башорат медиҳад:

Гарчи дусад сол дар ин хона монд,

Боз ба ин оила бегона монд!

Ва хатто ин мисраи устод: «Ҳар нафас, \ар қатра хун, ҳар
тори мӯям коммунист» алҳақ аз дили поки шоир баромада.
Албатга, каҳрамони устод тимсоли худаш ас г ва аз он афроде,
ки барои манфиату мақсадҳои ифлоси худ имонро чун ниқоб
истифода бурда, ба хиёнати ватан ва ғорати халқ даст задаанд,
аз замин то осмон тавофут дорад. Армони шоир озодии
меҳану халқ, шукуфоии ватану беҳбудии рӯзгори мардум,
рушди илму фарҳанг, эҳёи суннатҳои волои қадима,
соҳибмаърифат шудани фарзандони миллат, мустаҳкам ва ба-

235
ланд гардидани мавқеъ ва обрӯи Тоҷикистони азиз буд. Ва
ҷонкоҳониву муборизаи якумраи устод ҳамин ҷабқаро сабзу
обод ниғоҳ медошт. Ӯ зебоии Тоҷикистон, хулқу атвори мар-
думро бо тамоми ҷузъиёташ тараннум мекард ва дар дифои
манфиатҳои фарҳанги милли мисли устод Айнӣ алайҳи
бадхоҳон оштинопазир буд. Ва шоистаи гақсин аст, ки I [рези-
дента мамлакат Ҷаноби Олй Э. Ш. Раҳмонов бо ташаббуси
хирадмандонаи худ фарзанди барӯманди миллат устод Мирзо
Турсунзодаро «Барой хидматҳои бузург ва матонат дар бунё-
ди пояҳои адабиёт ва тарғиби 'Гоҷикистон, инкишофи адабиёт
ва таргиби ғояҳои сулҳ, дӯстии халқҳо ва густариши нуфузи
байналхалқии Тоҷикистон» бо унвони олй - «Қаҳрамони
Тоҷикистон» сарфароз гардонд. Ин тантанаи адолат, баҳои
одилона ва қадршиносии сарвари давлат ба заҳмаги шоиру
фарзанди шарафманди миллат аст, ки «ба мисли гӯшгу но-
хун... ҳамеша бо ватан» буд.

Душанбе - Бишкек - Деҳлӣ

236
Кароматуллоҳи МИРЗО

ҲЛЙФИ РӮЗҲОИ РАФТА

23-йӯми апрели соли 1981. Беш аз даҳ сол пае ба хотир ме-
орам он рӯзҳоро, рӯз\ое,ки идораи «Тоҷикистони совета»
ҳоло «Ҷумхурият ҷои корам буд, Рӯзҳои адабиёт ва санъати
Ӯзбекистон дар ҷумҳурии мо наздик меомад. Серкор, серта-
раддуд будем. Ба пешвози ин маърака дар рӯзнома навиштаҳо
чоп мешуданд. Барои иньикоси равшани ин чораҷӯӣ ман ва
рӯзноманигор Мақсуд Ҳусейн ба шаҳри Тошканд фиристода
шудем. Аз ҳаёти маданию адабии Узбекистан ва тайёрии аҳли
адабу ҳунар ба сафари Тоҷикистон силсилаи мақолаҳо бояд ба
чоп ҳозир меовардем. Аз ҷумла ман ният доштам, kvi бо шои-
раи ӯзбек, яке аз дӯстони наздики мардуми мо ва аҳли адабу
адабиётамон Зулфия Исроилова вохӯрам. Аз ин хусус ба шод-
равон Ҷонибек, ки моро дар он чанд рӯзи дар Тошканд буда-
намон ҳамроҳ буд, гуфтугӯ намудам. Аз чӣ буд, ки аз
мақсадам огоҳ шуда лаҳзае хомӯш монд ва баъд дар чеҳрааш
ҳамон табассуми ширин, ки хоси ӯ буд, падид омад, бо ханда
гуфт:

- Чӣ гӯям? Муаллима намехоҳанд, - баъд ӯ ба мо фаҳмонд,
ки вақтҳои охир Зулфия ҳаваси сӯҳбат, вохӯриҳо надоштаанд,
ба ақидаи марҳум Ҷонибек, ки ба мисле гӯшанишинй ихтиёр
намуда. Ҳамааш аз гам, аз аламе, ки пас аз фавти кадом як
хешованди наздик ба дили шоира омада. Ман, ки солҳо боз
номи Зулфияро мешунидам, шеърҳояшро мехондам, аз ҷумла
маълумам буд, ки «Ба духтари ӯзбек» ном шеъри машҳури ус-
тод Мирзо Турсунзода ба ӯ бахшида шуда, бинобар ин ба
Тошканд омада бо вай албатта вохӯрдан мехостам. Бо Зулфия
сӯҳбат карданӣ будам. Ноумед набудам. Ҳис менамудам, ки
шоира ба тоҷикон, ҷумҳурии мо меҳри беандоза дорад. Бино-
бар ин аз Ҷонибек хоҳиш кардам, ки ба ҳар ҳол ба Зулфия сим
бизанад, бигӯяд, ки мо аз Тоҷикистон омадаем.

Ноилоҷ монд Ҷонибек ва гӯшаки телефонро бардошт. Зул-
фияро пайдо намуд ва бо вай хело ran зада чеҳрааш шукуфон
гашт ва ҳар лаҳза «ташаккур, муаллима, ташаккур!» мегуфт,
сипосгузорй мекард.

237
- Муаллима интизор, - гуфт шодона Ҷонибек ва гӯшакро
гузошт.

Он вақт Зулфия мухдррири маҷаллаи «Саодат» буд ва шояд
\оло \ам дар ҳамин вазифа бошад. Ба х,ар хол аз ин бобах огах
паям. Аз ташрифи мо рӯзноманигорони гоҷик аллакай дар
қабулгоҳаш огоҳ буданд. Дари ҳуҷраи мухаррир кушода буд.
Бори аввал вохӯрда ва бо ӯ бо шоира Зулфия мусоҳиб гаштан
ба мо муяссар гашта. Муаллима либосхои ба синну солаш
мувофиқ - калонсолона ва хоксорона дар бар дошт. Куртааш
сабзранги кушоду васеъ. Либосхояш шинам, ба Зулфия мезе-
биданд.

Ҳамон рӯзҳо анҷумани ҳаштуми нависандагони
Тоҷикистон туда гузашта буд. Зулфия аз ҳама аввал аз ин ху-
сус ёдовар шуд. Бо хасрат ва дилсӯзӣ ҳарф мезад, ки гӯё чанд
хиште аз бинои адабиёт ва санъати тоҷик афтода, шохсутун-
ҳои намоёни он аз байн рафта. Зулфия марги иобаҳангоми ус-
год Мирзо Турсунзода, олими намоён Бобоҷон Ғафуров ва
канда гаштани ришгаи ҳаёти дӯстонаш, - нависанда
Ҳабибулло Назаров ва ҳунарпешаи барои мо тоҷикон азиз
Маҳмудҷон Воҳидовро дар назар дошт.

Дар бораи Мирзо Турсунзода гашта баргашта сухан ба ми-
ён меовард Зулфия. Номи ӯро зикр намуда, қатраҳои оби дида
дар чашмонаш чарх мехӯрд. Аз марги Мирзо 1урсунзода
қариб чор сол сипарӣ шудаю шоираи ӯзбек ҳанӯз барои ӯ ашк
мерехт, месӯхт, андӯҳгин буд. Шеъри ба ӯ бахшидаи Мирзо
Турсунзодаро ба хотири Зулфия овардем, шеъри «Ба духтари
ӯзбек». Духтари ӯзбек ба марги ӯ гирён.

- Оре, - гуфт ӯ, - мо бо Турсунзода дар сафархо ҳамроҳ
будем.

Ҳарду ҳам ба мукофоти байналмилалии ба номи
Ҷавоҳирлаъл Неҳру шарафманд гашта. Ҳарду ҳам ба кишвари
афсонавии Ҳиндустон бо ҳам сафар карда.

- Ба ҷанозаи Мирзо Турсунзода хабар шуда будам, - гуфт ӯ
бо андӯҳи зиёд ва сабаби дар он рӯзи мотам ба Тоҷикистон
наомаданашро баён намуд: — ман ин рӯзи шумро дида намета-
вонистам.

Зулфия ҳеч гоҳ тасаввур надоштааст, ки аз паси тобути

238
Мирзо Турсунзода қадам монад, рӯ ба ҷониби хокдони у ра-
вад.

Пас аз гузаштани ҳафтаю моҳҳо Зулфия ҷуръат пайдо карда
ба Тодикистон барон фотиҳа ба хонаи Мирзо Турсунзода ома-
дааст. Ҳамроҳи ҳамсари шоир, фарзандонаш ба зиёрати мазо-
ри Турсунзода ба Лучоб рафтааст. Сар ба санги сарди сари
гӯри шоири ба ҷону дил пайвандаш ниҳодааст ва галх гири-
стааст.

Гаштаю баргашта изхор мекард, ки писари калони шоир
Масъуд ба падараш монанд. Гӯё Зулфия он рӯз ҷавонии Тур-
сунзодаро дар симои Масъуд дида.

- Айнан монанди падараш, каллаи кандаи Мирзо, - ва ило-
ва намуд Зулфия... - Баъди марги Мирзо Турсунзода аввалин
сафарам ба Тодикистон буд, аввалин боре буд, ки меҳмони
Тодикистон будаму ӯ маро пешвоз намегирифт. Шоира баъд
аз ин дигар ба думҳурии мо наомада...

Як ёафарашро ба хотир овард Зулфия. Ба андумани дуюми
Нависандагони Тодикистон ӯ ҳам даъват шуда. Ва ҳамон рӯзҳо
- рӯЗНои гамдории шоираи ширинадои ӯзбек буд. Аз марги
ҳамсараш Ҳамид Олимдон мавриди зиёде нагузашта. Бо
вудуди ин Зулфия таклифи Турсунзода - даъвати адибони
тодикро рад нанамуд.

Ба хотир меовард, ки он рӯзҳо сард буданд. Дар бадали
чанд рӯз бо мошину поезд роҳ паймуда, хунук хӯрда ҳастаю
монда шуда ба Душанбе расида. Толоре, ки дар он адибони
тодик гун омада буданд, низ сард. Зулфия дар ин толор беш-
тар хунукӣ ҳис карда. Месулфидааст. Дар минбар С. Айнӣ, М.
Турсунзода, Лоҳутӣ, Миршакар, Икромй, Улугзода, Боки Ра-
имзода, Деҳотӣ...

- Назари Турсунзода ба ман буд, нороҳат буданамро ҳис
мекард. Клавдия Улугзодаро наздам фиристод. - Ёдовар ме-
шавад он лаҳзаҳоро Зулфия. - Турсунзода ба ӯ доруи сулфа
фиристода ва аз Клавдия хоҳиш карда, ки Зулфияро ба ягон
дои гарм бибарад.

Баъди андуман ҳамроҳи як гурӯҳ адибон Зулфия низ хдваси
сафари Боми Ҷаҳон доштааст. Вале Турсунзода ӯро нагузош-
та. Ба ақидаи шоира, ки ӯ гами Зулфияро хӯрда.

Боз х,икояте.

239
Соли 1949. Ба маҷлисс аҳли қалами мамлакат дар шаҳри
Москва гуи ом ада буданд. Аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳам.
Дар он маҷлис Зулфия ва Турсуизода боз бо ҳам вохурдаанд.
Рӯзе расида, ки як гурӯҳ хамқаламон - дӯстони руси Мирзо
Турсунзода ӯро ба сайри бешазорон хонда. Дар он рӯзи
охирҳои тобистон бешазорони рус баҳори хуррами кишвари
тоҷикону ӯзбеконро ба хотир меовард. Мирзо Турсунзода Зул-
фияро ҳам ба он саёҳат даъват карда буд. Онҳо мафтуни та-
мошои гулу гиёҳҳо ва садои хониши паррандагон гашта. Дас-
та - даста гул мечиданд. Рӯзи хуш, рӯзи офтобии ба назари
Зулфия сеҳрангезе. Ӯ васфи он зебоиҳои дида ва ҳикояю
ривоятҳои аз забони шоирони рус шунидааш, ки алоқаманди
бешазорон буданд, мавзӯъқои нав-нави шеър меандешид.
Шеър мехонд, шеър мегуфт бадеҳатан. Байни шоира ва шоири
точи к васфи табиату зебоии баҳорон байтбарак cap зада. Онҳо
бо забонхои тоҷикӣ ва ӯзбекй шеър мегуфтанд. «Хуш рӯзе
буд», ба хотир меорад Зулфия он лаҳзаҳои бо Мирзо Турсун-
зода хамсӯхбат будап ва бешазорони рус ҳамроҳ сайру гашт
карда н ҳояшонро...

Лаҳзаҳои дигаре боз аз он сайру гашт дар хотири Зулфия
монда.

Аз саҳро аз назди гурӯҳи занону духтарон мегузаштанд. Аз
палак тарбуз меканданд онҳо ва ба мошин бор мекарданд.
Зулфия аз рохаш биистод. Тарбузҳои калону хурд рӯи хам
рехта шуда. Хара-хара тарбуз. Ало, рахш-рахш, сиёху сафед
онҳо. Ҳаваси духтари ӯзбек ба тарбуз рафта, ба мисле, ки у
миёни палакҳои тарбузу харбузаи сарзамини ӯзбекҳо афтоДа.

- Хоманд ё пухтагй?

- Тарбуз пурсам?

- Медиханд?

- Барой Зулфия гӯем, медиҳанд. Бовар намекунед? Биёед
ҳамроҳ пешашон меравем. Ана ҳамин кас Зулфияи мо мегуем.
- чехраи устод аз табассум гулгун гашта такроран номи уро ба
забои мегирифтанд.

Рафиқони руси Турсунзода раъи Зулфияю Мирзоро ҳис на-
муданд. Аз сӯхбаташон рамуз гирифтанд. Наздики занҳо раф-
та якбора суханро аз шӯхӣ cap карданду хандиданд... Аз аф-
таш, шӯхияшон беҷо намуд, ба духтарони рус нафорид, табъ-

240
ашон якбора хира гашт. Аз ин рӯ вақте ба сари матлаб ома-
данд, талабашои рад шуд. Ҳатто бо пул хам тарбуз додан на-
хостанд.

Ноумед баргаштаий шуданд. Вале 1 урсунзода ба хар навъе,
ки бошад хоҳиши Зулфияро ба ҷо оварданй буд.

- Гуфта будам. Зулфия, бе худи шумо кор буд намешавад,
биёед худамон меравем, медиҳанд, гапи худам мешавад, -
гуфт Турсунзода, ки андаке дуртар аз ҳамроҳонаш паҳлуи
шоира меистод ва ба ҷониби онҳо қадам монданд.

Медонед, ин рафики мо кй, - ҳамроҳони Турсунзода ханӯз
шӯхӣ доштанд. - Аз Осиёи Миёна. Шоираи ӯзбек, шоири
тоҷик. - Баъд сухан аз Турсунзода cap шуд, яке аз дӯстони ӯ
дасташро болои китфаш монда вайро васф мекард. Аз авлоди
Хайёму Сино, Саъдӣ, Ҳофизи бузург гуфт ӯро. Шеърхои ба
руей тарҷума шудаашро хонд. Занону духтарони рус гуё анда-
ке ба сулх, моил шуда. Он рафики Турсунзода инчунин гуфт,
ки вай бештар ба Ҳиндустон сафар карда. Силсилаи шеърхои
«Қиссаи Ҳиндустон»-и Турсунзодаро ном бурд. Ана ҳамин
шеърҳо калиди кушоиши матлабҳо гашт. Ҳама ба сӯҳбати
шоири тоҷик ҳавас пайдо карданд. Ва ҳатто яке аз духтарон
силсилаи шеърхои ҳиндустонии Мирзо Турсунзодаро, ки
ҳамон рӯзқо дар рӯзномаи «Правда» чоп карда буданд, хонда
сураташро дида будааст. Шоири тоҷик бо забони руей шеър
мехонд. Дар сари полез базми шеъру су руд огоз шуд, сӯҳбати
ширине ба вуҷуд омада, Зулфия хам шеър хонду шоирони ди-
гар ҳам.

Зонону духтарони рус шоиронро акнун ба ихтиёрашон на-
мегузоштанд. Ҳама аз саҳро баромада гирди онҳо ҷамъ омада.
Рӯи сабзазорони лаби ҷӯй ҷой густурданд, меҳмондорӣ ва
сӯҳбати ширини тарафайн гармтар гашта.

- Хеле ширин, бомазза буданд тарбузҳо, сӯҳбатамон ҳам
ширин, гуворо буд. Аз хотирам намераванд, хуш буданд он
лаҳзаҳо, ҳайфи рӯзгори рафта, - мегуфт мусоҳиби мо Зулфия.

Сӯҳбати мо бо Зулфия шира гирифта буд. Мақсудҷон ме-
хост, ҳар лаҳзаи ба ваҷд омадан, мутаассирӣ, тағйири ҳоли ӯро
сурат бигирад, беқарорӣ дошт, вале Зулфия қатъиян рад ме-
намуд, аз чй буд, нагузошт сураташ акс ёбад. Бо дарду ҳасрат
сухан мегуфт, хасрат ва дардаш аз Мирзо Турсунзода буд. Дар

241
охир чанд шеъри ӯро гирифтем. Ҳамон рӯзҳо шеърҳои шои-
раи ширинкаломи ӯзбек, Қахрамони Меҳиаги Сотсиалистӣ,
чуц Мирзо Турсунзода дорандаи ҷоизаи байналхалқии ба но-
ми Ҷавоҳирлаъл Неҳру Зулфия Исроилова дар рӯзномаи
«Тоҷикистони Советӣ» чоп шуданд. Сураташро ҳам иайдо
намудем. Вале хотираҳои ӯ дар бораи дӯсташ Мирзо Турсун-
зода рӯи дафтари хотираам монда буд. Имруз он дафтарчаи
рӯзноманигориамро варақ мегардонам. Он навиштаҳо, қайдҳо
ба назарам кимати баланде ёфтаанд. Он рӯзҳо дӯсж наздик ва
меҳрубони мо адибони тоҷик Ҷонибеки Қувноқ дар ҳаёт буд.
Ҳамдам, мададгор, ҳамроҳи мо. Вале ҳаёт, зиндагии ӯ низ ба
хотира бадал ёфта. Ин чанд сатри рӯи когаз овардаам ҳам хо-
тираи Зулфия аз зиндагии Мирзо Турсунзода ва хотираи дига-
ре аз лаҳзахои хамроҳ буданҳои мо бо Ҷонибеки Қувноқ.

Аз рӯзгору зиндагии Мирзо Турсунзода шахсан худи ман
ёде надорам. Мусоҳибашон хам нашудаам. I оҳе аз дур дар
минбари маҷлису маъракаҳо дидаам, сухаиҳояшонро шунида-
ам, сари рох дучорашон омадаам. Баъдтар рохам ба олами ада-
биёт огоз ёфта. Повести аввалам пас аз сари Мирзо Турсунзо-
да ба чоп расида. Дидорбинихояшон аз дур ба вуқӯъ омада.

Боре бо як гурӯҳ адибон назди бинои рӯзномаи
«Тоҷикистони советӣ» будам. Аз ҷониби Иттифоқи нависан-
дагон, ки дар кӯчаи Орҷоникидзе воқеъ буд, меомаданд устод.
Ман хам дар катори бисёрӣ ҷонибашон рафтам. Дасташонро
фишурдан хамим ҷо насибам гашта.

Лахзаи динаре. Шахси ба дилу дидаам наздик, нависанда
Ҳабибулло Назаров дар беморхонаи рақами чор ва ҳоло Хам
ҳукуматиаш гӯянд, мехобиданд. Ба хабаргириашон рафтам.
Ҳангоми баргашт Ҳабибулло Назаров занеро, ки аз ҳуҷрае бе-
рун меомад, нишон дода гуфтанд, ки ҳамсари Мирзо Турсун-
зода аст ва ба аёдати шавҳараш омада. Турсунзода хам бемор
буданд, ҳолашон сабук не, Ҳабибулло Назаров гуфтанд, ки
Саодатхонро ба мошинам савор карда, то хонаашон бубарам.
Хамсари шоир то аз мошин фуромадан хар лаҳза оҳи ба дард
мекашид, мегуфт, ки аҳволи Мирзо 1урсунзода вазнин.

Рӯзхои охири тирамоҳи соли 1978 буд. Ҳабибулло Наза-
ровро аз хонаашон ба беморхонаи Қарияи Боло мебурданд.
Муаллим гӯё васият мекарданд, ки дар он лаҳзаҳо Мӯъмин

242
Қаноат ва Гулрухсорро хам наздашон хонда буданд, ман ҳам
хабар шуда... Дарди бедаво ҷисму ҷон, пайкари муаллимро
мегудохт, месӯхтанд. Ҳолашонро худ медонистанду худо. Ха-
роб ва хело афтода менамуданд.

Гулрухсор ба муаллим гуфт, ки аҷаб не фавти Мирзо Тур-
сунзода ба он кас таъсир расонда ва барои ҳамин ҳам якбора
бистарй шудаанд. Гулрухсор боз илова намуд:

- Турсунзода дӯстатон буданд, ҳамдиёратон...

Ҳабибулло Назаров норизой карданд, ки барои маҳз
ҳамдиёрӣ будани ӯ насӯхтаанд, аз он гам мехӯрдаанд, ки ово-
зи як нафар тоҷик - тоҷики бообрӯю шӯҳратманд чун Мирзо
Турсунзода аз минбари маҷлису ҷалассаҳои мамлакатҳои олам
минбаъд садо намедиҳад, тоҷикон аз фарзанде ба мисли Тур-
сунзода маҳрум монда. Фарзанде, ки солҳо дар ҷумхурии лк>
ҷои ӯ холӣ. Ва Ҳабибулло Назаров дар ҳақиқат барои Турсун-
зода беҳуда насӯхта, ғам хӯрда обу адо нашуда...

243
Абдуҷаббор ҚАҲҲОРИ

ДАР ҲАЛҚАИ ДӮСТОН

Мирзо Турсунзода муддати дароз мариз шуда, дар беморхо-
наи Кунсевои назди Маскав хобкданд. Ахли хонавода ва
дӯстонаш аз аҳволи саломатии он кас хавотир буданд. Ҳар ади-
бе, ки ба Маскав мерафт, Мирзо Турсунзодаро хабар мегирифт.
Боре ман ҳам, ки бо кори нашриёт ба Маскав рафта будам, дар
Кунсево устодро хабар гирифтам. Мирзо Турсунзодаро дар па-
латаашон танҳо дарёфтам. Устод ғарки хаёле назди тиреза рост
истода, ба саҳни хавлии беморхона менигарисганд. Дар тан
хилъати беморӣ доштанд. Дар рӯи миз дафтар ва қалам мехо-
бид. Аз афташ, дар ҳамин ҷо ҳам бекор нанишаста, шеър мена-
виштаид. Дар назди тирсза истоданашон ҳам беҳуда набуд.
Шояд дар ҷустуҷӯи мисраи наве буданд.

Маро дида бехад шод шуданд. Ба ранги руяшон назар ан-
дохта пай бурдам, ки устод сахт мариз шудаанд. Вале он кас ба
беморй тан намедоданд. Боз ҳамон табассуми ха; [ и му суханҳои
нарм. Аз ман ахволи дӯстони душанбегй ва кору барои нашри-
ётро пурсон шуданд.

- Одам ин ҷо дилгир мешавад, - арз карданд устод. -
Ҳарчанд дӯстон хабаргирй меоянд, боз ҳам Душанбе, оби дарёи
Варзобро пазмон мешавам.

- Оби дарёи Варзоб, - гуфтам дар омади ran, - дар хакиқат
ширин аст.

- Ширин аст, Мулло Абдуҷаббор, - лекин оби Қаротоғ аз он
ҳам ширинтар. Вай монанди абрешим маҳин аст.

Ман \азл кардам:

- Шумо, ки аслан каратоги ҳастед, обашро ҳам таъриф ме-

кунед.

- Тути балхии Қаротогро хӯрдаед? - пурсиданд устод аз

ман.

-Не.

- Ин гуна тути бомаза дигар дар хеҷ куҷо нсст. Фақат дар
Қаротог мерӯяд. Худо хохад, баъди сиҳат шуда аз ин ҷо ба Ду-
шанбе рафтанам, харду ба Қаратог меравем. Ана он вақт ба ту-
ту обаш худатон қоил мешавед.

244
- Худо хоҳад, меравем, - гуфтам ман хам.

Мирзо Гурсунзода дафтари рӯи миз хобидаро гирифта,
варақ заданду гуфтанд:

- Ман ин ҷо чанд шеъри нав навиштам, ягонтаашро хонам?

- Хонед, - гуфтам хурсанд туда.

Устод чун қамешагй бо овози на он кадар баланд, ором ва
равон ба шеърхонй пардохтанд. Ман ҳамон рӯз яке аз шеърҳои
машхурашро, ки баъдҳо ба он оқангсозон оханг офариданду
ҳофизон то имрӯз онро мехонанд, аз забони худи муаллиф шу-
нидам. Шояд ман аввалин шунавандаи ҳамин шеър будам:

То тавонӣ, дӯстопро гум маку»,

Дӯстони меҳрубонро гум макуп.

Баъди чанд вақт Мирзо Гурсунзода шифо ёфга, ба Душанбе
баргаштанд. Чун маро диданд, ваъдаи худро ба ёд оварданд:

- Ба Қаратог меравем?

- Албатта, меравем, — ҷавоб додам ман. — Кай меравем ?

- Худи пагоҳ.

Рӯзи дигар роҳи Қаротогро пеш гирифтсм. Моро Обидном
Қаҳҳоров, ки раиси садорати истироҳатгоҳҳои Иттифоқн каса-
ба буд, дар сафар ҳамроҳй кард. Дар истироҳатгоҳи Қаратог
бинои нави дуқабата сохта буданд. Дар атрофи кул одамон сай-
ругашт доштанд, баъзеҳо дар завракхо шино мекарданд. Аввал
мо бог ва гирду атрофи кӯлро тамошо кардем, бинои нави
дуқабатаро дидем, пас ба соҳили дарёчаи Қаротог рафта, об
нӯшидем. Дар ҳақиқат, оби дарёи Қаротоғ хуштамъ ва маҳин
будааст. Аз оби дарёи Варзоб фарке дошт.

- Ман туфта будам-ку, оби Қарогог аз оби дарёи Варзоб ши-
ринтар аст, - таъкид карданд устод ба ман рӯ оварда ва суха-
нашонро давом доданд: - Ана акнун худатон нӯшида, бовар
кардед?

- Бале, оби хушгуворе будааст, кас бо нушидан сер намеша-
вад.

- Дар водии Ҳисор дигар ин хел об несг.

Мирзо Турсунзода афсӯс мехӯрданд, ки дар гирду атроф аз
он тутҳои балхй нишоне намондааст.

Пас аз як ҳафтаи аз Қаратог баргаштан Турсунзода дар
бӯстонсарои Иттифоқи нависандагон, ки дар дараи Варзоб

245
воқеъ аст, дӯстони иаздики худро гирд оварда зиёфате оро-
станд. Дар ин дидорбинӣ Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода,
Фотеқ Ыиёзй ҳузур доштанд. Дар қатори онҳо Мӯъмин Қаноат,
Фазлиддин Муҳаммадиев. Юсуфҷон Акобиров, Убайд Раҷаб ва
камина низ даъват шуда будем. Ҳамон вақтҳо Мӯъмин Қаноат
силсилаи шеърҳои «Мавҷҳои Днепр», Фазлиддин Муҳам-
мадиев повести ҳаҷвии «Дар он дунё», Юсуфҷон Акобиров
қиссаи «Баъде ки осиё бозмонд» ва Убайд Раҷаб барои кӯдакон
шеърҳои нав иншо карда буданд. Одатан устод Турсунзода
қариб ҳамаи асархои адибонро бодиққаг мехонданд, фикру
мулоҳизаҳояшонро бевосита ба худи муаллиф ва дар матбуот
баён мекарданд. Дар ёд дорам, ки боре дар рӯзномаи «Литера-
турная газета» устод ба силсилаи шеърҳои Мӯъмин Қаноат, по-
вести Фазлиддин Муҳаммадиев ва достоин камина «Шаби пеш
аз марг» баҳои баланд дода буданд.

Дама зери шипанги соҳили дарё ҷамъ омадем. Фақат Убайд
Раҷаб ба қассобӣ ва пухтупаз банд буд. Сӯх,батамон аз адабиёт,
асарҳои наву тозаи адибон авҷ гирифт. Бокӣ Раҳимзода баъзан
мЬрб бо нақлу киссаҳои аҷоиб механдонданд ва бо Мирзо Тур-
сунзода ҳазлу шӯхй мекарданд. Ҷӯрабек Муродов, ки низ ба
сӯҳбати онрӯза даъват шуда буд, ҳамроҳи раққосае ба
бӯстонсаро омад. Шумораи дӯстони Мирзо Турсунзода гирди
миз торафт меафзуд. Вақт аз ҳазлу шӯхй, сӯҳбати хуш, суруду
рақсҳои ҷолиб тез ва ноаён мсгузашт. Магар ҳавои софи берун
аз шаҳр ва оби зулолу ширини дарё буд, ки кабоби аз гӯшти
гӯсфанд пухтаи Убайд Раҷаб дар андак вақт тамом шуд.

Фазлиддини шӯхтабиат ба Убайд Раҷаб бо нимтабассум
гуфт:

- Убайдулло, Шумо дар сари дег нисфи гӯсфандро хӯрдед-
мӣ?

- Не, - ҷавоб дод Убайдулло, - ҳамааш ҳамин буд.

Дар соҳили чапи дарё, дар доманаи кӯҳ чӯпоне рамаи
гӯсфандонро мечаронд.

- Ҳеҷ ran нашудааст, - гуфтанд Турсунзода. - Мо ин ҷо ба-
рои. сӯҳбату зиёфат ҷамъ омадем. Боз як гӯсфанди дигар меха-
рем.

Баъд ба яке аз рафиқони наздикашон Мӯҳсин Ҳасанов, ки
корхои хоҷагию ташкилиро хуб медонистанду дар сӯҳбат иш-
тирок дошт, фармуданд то ба пуштакӯҳ назди чӯпон рафта, як

246
гӯсфанди дигар харида орад. Ҳасанов назди чӯпон рафт ва
бегӯсфанд баргашт.

- Намефурӯшад, - гуфт ӯ.

- Савдо кардед? - пурсиданд Мирзо Турсунзода.

- Ҳа, зорй кардам хам, нафурӯхт.

- Шояд Шумо ба иархи пурсидааш розй нашудед?

- Чӯпон умумаи савдо кардан нахост. Х,ар қадар, ки нархаш-
ро пурсидам, нагуфт.

Ҷӯрабек Му родов аз ҷо бархост.

- Man наздаш меравам, - гуфт ӯ.

Ҷӯрабек назди чӯпон рафт. Аз дур ҳама ба он суй нигох, ме-
карданд, ки Дӯрабек ба чӯпон ким-чӣ мегӯяид. Дидем, ки чупон
аз байни рама як гӯсфандро ҷудо карда болои китфонаш бар-
дошта, ҳамроҳи Ҷӯрабек аз доманкӯҳ поён фаромад.

Мо саргарми тамошои пуштакӯху чаридани рама ва
гуфтугӯи Ҷӯрабеку чӯпон шуда, аз омадани як нафар меҳмони
дигар бехабар мондем. Ин меҳмон раиси Шӯрои Вазирони
ҷумхурӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров буданд. Ногоҳ дидем, ки раис
ҳам қатори мо он манзараро тамошо доранд.

Абдулаҳад Қаҳҳоров яке аз дӯстони наздики Мирзо lypcyn-
зода ва ҳамаи мо, марди хоксору фурӯтан буданд, худ кам-кам
шеър ҳам менавиштанд, вале ин сирри худро ошкор намекар-
данд. Ҳоло он кас хам ба дидорбинии Турсунзода омада бу-

данд. _

Ҷӯрабек Муродов пеш-пеш ва аз кафояш чупон гусфанд дар
китф омаданд. Мирзо Турсунзода аз ҷой бархоста, сӯи чупон
рафтанд. Чӯпон гӯсфандро оҳиста ба замин гузошту суи Мирзо
Турсунзода омад ва дуқат шуда салом дод.

- Ман орзуи Шуморо дидан доштам, - гуфт ӯ. - Акнун ба
орзӯям расидам. Барои сиҳат баргашта омаданатон сад ҷон
қурбони Шумо.

Ҳамон бегоҳ то як поси шаб дар меҳмонии устод Мирзо
Турсунзода сӯҳбати гуворое доштем.

247
Худой ШАРИФОВ

профессор

БУНЁДИ ГУМАНИСТИИ
ШЕЪРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Мирзо Турсунзода шоири давраи нави адабиёти тоҷик аст.
Мо марҳилаи баъдиасримиёнагии ҳаёги сиёсй, иҷтимоӣ, шуури
ҷамъиягй ва фарҳангии тоҷиконро дар худуди Осиёи Миёна
«Давраи пав» медонем. Падидаҳои аввалини ин мархила дар
охири асри XX ва аввали асри XX, пас аз вуруди хокимияти
подшохии Русия ба ин сарзамин ва пайвастани он ба ҷараёни
инкишофи умумибашарй, намудор шудаанд. Дар қадами авва-
ли пой ниҳодан ба ин мархила равшанфикрон ва адибони тоҷик
бозмондагии ҷомиаро аз авзои ҷахон дида дар таълифоти адаби
бар интиқоди низоми сиёсй, иҷтимой ва вазъи илмию
фархангии кишвари худ пардохтанд. Ахмад Махмуди Дониш
ба тачдиди назари ҷомиаи онвақтаи Бухоро дар таълифоташ
икдом ниҳод ва адибони дигар, ба монанди Абдурауфи Фитрат,
Аҷзӣ, Садриддин Айнй ва дигарон онро давом доданд. Т анқиди
низоми ҷомиа ба хотири такомули сохтори сиёсй ва иҷтимоии
он буд. Омилҳои дохилй ва хориҷй бояд ба инкишофи
тадриҷии муносибатҳои нави иқтисодй ва дар заминай онҳо
муомилоти сиёсй ва иҷтимоӣ оварда мерасонданд ва
реформаҳои ногузири лозима, сатхи умумии инкишофи
ҷомиаро ба мақоми сифатан нави болотаре мебардошт.

Адабиёти бадей ҳам дар ин мархила дар зинаи ҷустуҷӯ ва
нигарони аз як дигаргунӣ ва тагйире қарор дошт, ки онро
марҳилаи тоинқилобии давраи нави рушди адабй хондан мум-
кин аст. Афсӯс ки умри ин давра хеле кӯтох ва мустаъҷил
омад. Пояҳои тамаддунии ҷомиа бо вуруди унсурхои нави
пешрафта омезиш наёфтанду таракқӣ накарданд, консервати-
визм ва кӯхнапарастии шадид бар назари таҷаддуд ва навсози
бартарии ҷиддӣ дошт. Х,амагй 30-40 сол ин раванди тафқиқи
наву кӯхна ва тафаннуну тақоруби равияҳо тӯл кашида адаби-
ёт такомули табий ва тагйири мундариҷа ва шаклро аз cap гу-
заронида натавонист. Ҳам дар назм ва хам дар наср дарку
фахми суннатӣ устувор монда навию тозагиҳо аз лиҳози наза-
ри эстетикй ва бадей дар ҳолати ҷустуҷӯ ва ковиши хунари

248
побарҷо шуда буданд. Дар даҳсолаи аввали ахди шурави сам-
ти ҷустуҷӯи навиҳо афзуд ва асароти ин ҷустуҷуи мазмуну
шакли нав ҳам дар шеъри Садриддин Айнй ва ҳам қиссаву
романи ӯ пайдост. Пайр&в Сулаймонй, ба сабаби ошнои бо
адабиёти русй, ба тарзҳои тозаи баёни маъно, даст ёфт.
Абдулқосим Лоҳутй, ки аз таҷрибаи назми ахди машрутияи
Эрон баҳра ёфта буд, дар шеър ва даъватҳои иҷтимои ба ра-
ванди хаводиси замон муофиқати бештаре дошт. 1 узаш га аз
навҷӯиҳои мазмун ва дилтангиҳо аз вазъи замена адибони дар
мактаби классикии маърифагӣ ва ҳунари адабй тарбият ёф1а
аз иҳотаи қонунҳои фарҳаНгии он сахт берун марафта дар
мавқеи танқид ва фошгӯии беамони гузашта ва ситоиши
бомуҳобати пешомадҳои тоза қарор доштанд.

Дар охири солҳои бистум ва огози солҳои сиюми садаи
бистуми мелодй адибони наели нав, парваридаҳои мактаб ва
ҷомиаи шӯравй ба фаъолият шурӯъ карданд, ки онҳоро дар он
замон адибони наели комсомол мегуфтанд. Ҳамин гурӯхро
намояндагони воқеии давраи нави инкишофи адаоӣ аз ҷиҳати
принсипҳои нави маърифат ва ҳунари адабй, назари эҷодӣ ва
мафкураи сиёсию иҷтимой донистан лозим аст. Ба ин гурух
шоирон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, носирон
Ҷалол Икромй, Сотим Улуғзода, Рахим Ҷалил ва ақрони онҳо
шомил шудаанд. Ҳамаи ин адибон таҳсилоти зудгузари
таъҷилиро аз cap гузаронида мероси гузаштаро оа монанди
наели мутақаддим аз ҷиҳати бунёдҳои таълимии мазхаби,
таърихй, фалсафй, адабй ва лисонй фаро нагирифтанд. Чун аз
бори гарони тамаддуни гузашта, мавқеъхои фикрӣ, рӯхони,
мазҳабӣ, маънавии он то андозае бебаҳра монданд, назари на-
ви мафкуравӣ ва мавқеьҳои тозаи адабй хунариро ҳам ба
осонй қабул карданд. Ин адибон аз истифодаи суннатҳо дар
масъалаҳои мазхабй, фалсафй, ирфонй худдорй карданд ва дар
натиҷа бунёди гуманистии адабиётҳам равиши дигар гирифт.

Дар мархилаи нав адабиёт, маҷмӯан, назму наср ва драма,
хамчун навъи махсуси хунарии ба театр, суратгари,
муҷассамасозӣ ва анвои дигар қаробати зотй дошта шинохта
шуд. Ин ҷараён аз огози садаи бистуми мелодй шурӯъ шуд,
дар асарҳои аввалини Айнй идома ёфт. Наели нави адибон
фаъолияти адабиро махз хамчун касби махсуси ҳунарй ши-
нохтанд. Ин хам як омили раҳоӣ аз мавкеи синкретии адабиё-

249
ти суннатй буда поэтикам мураккаб, забони рамзию
романтики ва системам бо ирфону тасаввуф ва ҷаҳонфаҳмии
асри миёна алоқаманди он ба таври табиӣ, бидуни эҳсоси
нороҳатй аз гум кардани пироҳани одатй, вогузор шуданд.
Акнун шоир дар чаҳорчӯбаи махдуди хунарй, бо ёрии
тасвирҳои айнӣ ва аслии нақшҳои адабй, дар ҳудуди забону
сухани урфии худ асар офаридан метавонист. Ин роҳи раҳоӣ
аз консервативизми суннатй ба бачаи аз ҳудуди танги хона
дар баҳорон озодиро дар берун, дар богу рог ба даст оварда,
ки ҳар чи мехоҳад бикунад, дар ихтиёр дорад, монанд буд, бо
ҳама каммаънигии ин бозиҳои шавқангез ва хоҳишхез.

Дар ҳамин марҳилаи радду бадали суннатҳо ва навҷӯиҳо
назари нави гуманиста дар адабиёт низ ташаккул меёфт ва
эҷодиёти Мирзо Турсунзода яке аз майдонҳои пурвусъати оз-
моиши ин назари нав буд. Бо ин сабаб, каму беши кайфияти
адабиёти давраи навро бар дӯши қонунмандии наве, ки ногу-
зир бо каҷравию норасоиҳо ҳамроҳӣ дорад, низ гузошта бори
хурдагирии камбудии адиби ҷудогона, аз ҷумла Мирзо Тур-
сунзодаро кам кардан лозим аст. Ин марқилаи нави адабиёт
буд ва монанди ҳар роҳи нав равандагонро мушкилию
каҷравиҳое дар рӯ ба рӯ дошт, бахусус аз он ҷихат, ки дар ка-
вонини ҷахонфаҳмию маърифатии муайяншуда тай мегардид.
Ёдоварй аз хамаи он қонунҳои зарурии рохи нав дар ин ҷо им-
кон надорад ва хонанда бидуни талозуму такрор қисми зиёди
онхоро мсдонад ва вазифаи махдудтаре, вобаста ба бахси
пояҳои гуманистам адабиёт, моро дар пеш аст.

Адабиёти қабл аз давраи нави мо фақат ба забони форсии
дарй умри зиёдтар аз хазору дусадсола дорад. Дар ин умри
дароз андешаи гузаштагони мо роху равишхои зиёдеро
ҷусгуҷӯ карда ва барои бехбудии инсон мувофик ё мухолиф
дидааст. Онхо аз муҳокима ва ковишҳои илмию хикматй,
мазҳабй, мушоҳидахои инсонй ва озмоишҳои таҷрибӣ ибора-
танд. Мо, бар хасби тақозои ин маврид, ба баъзс аз онҳо ишо-
ра мекунем. Яке аз ин равияҳо, ки дар адабиёти бадей мавқеи
намоёне дорад, рахму шафқат ва мехрубонй ба инсон аст. Со-
хти табақавии ҷамъият ногузир нобаробарии инсонҳо ва ҷабру
ситам ба тобеонро аз ҷониби сарварон меоварад. Бинобар ин
озор надодан ба бечорагон мотиви асосии асарҳои зиёди адабй
шудааст. «Забардасти зердастозор» хама вақт маломат карда

250
мешавад. Аз ҳамин ҷост тасвири подшоҳи одили ормонй, ки
дар достонҳои хамосаи миллӣ, достонҳои романтикии навъи
Искандарнома, румонҳои халқии Доробнома, Самаки айёр,
қиссаҳои тамсилии навъи Калила ва Димна ва монанди оиҳо
ба назар мерасад. Роҳи дигар бо таълимоти мазҳабй ва
қонунҳои шаръй ҳимоят кардани инсон аст, ки мукофоти амал
ҷанбаи маънавии он мебошад. Инсони ҷафокору зулмпеша
ҳатман ҷазои худро дар ин ҷаҳону охират хо\ад гирифт. Дар
таълимоти ҷавонмардӣ некию хайри бебозхосту тамаъ гаргиб
карда мешавад. Дар ирфону тасаввуф даст кашидан аз ман-
фиати худ ба хотири дигар инсонҳо принсипи асосии
мардумпарастй мебошад. Ҳакимон ва файласуфон, муаллифо-
ни китобҳои ахлоқ низ барои некй кардан ва раво надидани
ҷабру ситам таълимоти системадоре пешниҳод кардаанд.
Ҳамаи ин дар гузашта буд. Замони нав, махсусап ҷаҳонбинии
коммуниста, ки худро марҳилаи нав ба минбаъдаи абадии
қонуни дурусти зиндагии башарӣ медид, албатта принсипҳои
тозаи гуманистии худро пешниҳод кард. Ҷомиаи нав тазоди
доимй ва ақидаи тозаи гуманистиро ба миён овард Ҷомиа дар
марҳилаи муайян ба мақоми ҷамъияти синфй мерасад.
Синфх,о натиҷаи тақсимоти нодурусти сармояи ҷамъият аст,
ки ба синфи сармоядор ва қоким ва ба синфи за\маткаши бе-
сармояи муздур тақсим шуд. Муносибати ин ду гурӯҳ тазоди
оштинопазири синфист ва роҳи ҳалли он ба вуҷуд овардани
моликияти умумӣ ва сохтани ҷомиаи баробарҳуқуқи афроди
башар аст, ки мақсади ниҳонии он таъмини баробарй ва сао-
дати куллй дар замоне, яъне коммунизм мебошад. Х,ақку бо-
тил ва казовати дурустии он вазифаи мо нест. Барои мо муҳим
ин аст, ки пояи гуманистии ин таълимот баробарии иҷтимоӣ
мебошад. Мавзӯи бахс ва гуфтугузори адабй дар адабиёти
шӯравии тоҷик аслан ҳамин масъалаи баробарии иҷтимоӣ
карор ёфт. Агар мавзӯъ ва мазмуни қиссаи «Одина» ва
румонҳои «Дохунда» ва «Ғуломон»и С. Айниро ба хотир биё-
рем, мебинем, ки бадбахтиҳоро ба сари мардум ин
нобаробариҳо овардаанд. Ғуломй, азобу шиканча, макру фи-
реб, ноҳақию золимй аз ҳамин нобаробариҳост. Мубориза ва
ҷадал ба ин нобаробарӣ, ҳатто дар ҳадди куштору инқилобот,
асли амали гуманистй мебошад. Амали гуманиста будани му-
боризаи зидди зулм дар адабиёти гузашта ҳам иқдоми

251
гуманистй дониста мешуд. Раҳоии мазлум будани марги зо-
лим дар ин ҳикояти кӯтоҳ аз китоби Гулистони Шайх Саъдй
бозтоб шудааст:

«Дарвеше мустаҷобуддаъват дар Бағдод падид омад.
Хаҷҷоҷи Юсуфро хабар карданд, бихондаш ва гуфт: «Дуои
хайр бар ман бикун!» «Гуфт: «Худое, ҷонаш биситон!» I уфт:
«Аз баҳри худой ин чй дуост?» Гуфт: «Ин дуои хайр аст туро
ва ҷумлаи мусулмононро».

Эй забардасти зеридастозор,

Гарм то кай бимонад ин бозор.

Ба чй кор оядат ҷаҳондорӣ,

Мурданат беҳ ки мардумозорй.

Ҳамин нобаробарии иҷтимоӣ, дар таълимот ва амалияи
болшевизми коммуниста, ба мақоми ҳатмат нест кардани син-
фи ҳокиму сармоядор расид. Гояи муборизаи беамон бурдан
ба муқобили ин синфи гӯё табиатан золим ба хадди мутлақ
расида куштору таъқиботи беамони заминдору хокиму сар-
моядор ва муллою акрони онҳоро ба хукми мардумпарастй
расонд. Адибони ахди шӯравй, аз ҷумла Мирзо Гурсунзода,
албатта, асосан дар гуфтору эътиқод ва камтар дар амал ин
кинатӯзии беохирро дастгирй мекарданд. Ин гуманизми суст-
бунёд таъқиботи доимию мусалсалро на танҳо нигах надошт,
балки маншаъ ва сабаби асосй буд. Дар ҷомиаи гузашта
саросарй будани зулму ситам дар ин мисраъҳои достони «Ха-
зой ва Баҳор»-и Мирзо Турсунзода чунин тасвир шудааст:

Зи дасти навкарони мири гаддор
Ҳамегаштанд муздурон лагадхор.

Яке дар хоку хун афтода дар роҳ,

Дигар истода сархам бар дари шоу.

Яке урён, яке гардида полон,

Дигар дар кӯча бо ҳоли нарешон.

Яке гашта ҷудо аз молу амвол,

Дигар монанди мурги бепару бол. 1

1 Куллиёти Саъдй, Мутобиқ ба нусхаи тасҳехшудаи Мухаммад Алии
Фурӯгй. - Техрон: Муассисаи интишороти «Нигох»- 1378, сах46.

252
Запои аз зиндагонӣ гашта маҳрум
Ба қонуни худову давраи шум.

Хулоса. мардумони ҷаврдида,

Паёпай заҳри нодоий чаишда,

Ҳама аз айшу роҳат дур буданд,

Гулому бандаву муздур буданд.

Дар тавСифҳои ҳоли мардум мақсад намоиш ё маърифати
як ҳақикате нест. Дар ҳакиқат ҷомиаи қаламрави давлатии Бу-
хоро низоми устувори конуние, ба ҷуз қонуни шариат, ки дар
мавриди лозима ба зери фатвои носолим оварда мешуд, на-
дошт. Бо вуҷуди ин мақсади шоир аз ин хитобҳои манзум
ифодаи меҳру шафқат ба мардум аст, ки ба эътимоди пурраи ӯ
чунин вазъи ногуворе дошт. Чунин тарзи андеша дар партави
мафкураи ҳоким ба ҳадди охирини муболига ва муҳаббат ра-
сида то андозае раҳму шафқати мукаррарии мардумро
пӯшонида ба мафкураи иҷтимоӣ табдил меёбад. Тасвири азо-
би Саттор-қаҳрамони марказии достой низ хеле бо муболига
ва аз воқеият дур аст. Ӯро, ба монанди Одина дар асари Айнй,
бой барои ба чанголи гургон афтидани як гӯсфанд, ба зери
пой андохта бо мушту асояш мезанад ва шабу рӯз дар ин ҳоли
номуродй мегардад:

Гиребон нора карда то ба домон,

Зи ҷаври бой дар кӯҳу биёбон.

Зи субҳи номуродй то шаби тор
Хамегардам ба кӯҳу дашт ночор.

Ба худ полам ҳамеиш мысли занбӯр,

Дил аз гам нора-нора ҳамчу сантӯр.

Ба хӯрдан луқмаи ноне наборам,

Дар ин олам нигаҳбоне наборам...

Ҳамаи ин нидоҳои маломатомез аз вазъи зиндагонй ба хо-
тири вусъат додани арзиши замони нав ва озодии
таргибшаванда мебошад: 1

1 Мирзо Турсунзода. Осори мунтахаб. Ҷилди 2.—Душанбе: Ирфон, 1981.
сах. 71-72.

2 Мирзо Турсунзода. Осори мунтахаб. Ҷилди 2.—с. 73.

253
Ба бунёди ситам оташ фитодаст,

Ба рӯи мо дари шодй кушодаст
Хазой омад ба боги аҳли сарват,

Ҳаме ояд баҳори аҳли меҳнат.

Замони пур сохтани соғар аз «хуни миру қозию тавонгар»
расидааст. Баъди ин «ба боги зиндагонй» «гулҳо мекушоянд»
ва аз шодй булбулон нагма месарояид ва ҷавонон саодатманд
мегарданд. Ин тазоди паву кӯҳнаро қурбон шудани Раънои
дилдодаи Саттор ба дасти амир ва ҷанги Саггор бо амирону
золимон қувваг медиқад. 1 ояи неку бад, зулму истибдод ва
мубориза бар алайхи он мотиви асосии афсонақо ва ривоятҳои
халқист. Аз ин рӯ маншаи асосии гояи гуманистии достой
ҳамин рӯҳия ва андешаи мардум дар бораи неку бад аса.

Гуманизми суннатй ва мардумй некй кардан ба наздикон,
гамхорй ва дастгирй, бадбинии зулму золимй ва мутлақияти
хокимият мебошад. Гуманизми нав баробарии инсонро дар
ҷомиа, ҷузъи он донистани хар як фард аст. Ин маънй хам
рафта ’ - рафта ба ифрот расида ва шахсият вуҷуди феълии
худро дар ҷамъият ғарқ меёбад ва ин гӯё як навъ саодати ин-
сонист. Ин маънй дар достони Ҳасани аробакаш акси худро
ёфтааст. Ҳасан соҳиби аспу ароба шуда нисбат ба хидматго-
рии собиқ худро сарбаланду саодатманд меёбад. Озодй аз
зердастӣ ва истиқлол дар рафтору амал барои Ҳасан мояи
шодй ва хушнудӣ буд. Аммо ин яккагардй, ба акидаи шоир,
озодии хакикй мест:

Ӯ гумон мекунад. ки якка худаш
Борбардори мамлакат бошад.

Не ши чашми ҳама калону хурд
Гули сурхи сари сабад бошад...

Меиамуд ӯ гумон , ки танҳоӣ
Ба кас аз ҳар ҳаёт афзалтар.

Сари танҳо ҳамеша озод аст
Аз гами рӯзгору хонаву дар. 1

1 Ҳамон ҷо, сах. 74
254
Ба куҷое, ки ихтиёр кунад,

Меравад бемачол, бепурсиш,

Дар куҷое, ки афтаду хезад,

Касе оиро намедщад ташвиш.1

Дар ин ҷо тасаввури халқии озодии шахси муҷаррад бо
озодй ба маънои худпамой ва худбимй омезиш ёфтааст. Шоир
ба чунин озодй хушбин нест, зеро вай зидди ормони иҷтимоии
ягонагии ҷамъият мебошад. Ин худписандй ва худхохии
Ҳасанро меҳри дар дили ӯ нисбат ба Садаф пайдо карда паст
карда буд, вале па то охир. Бо мошин рӯ ба рӯ шудан ба Ҳасан
бори дигар нав шудани ҷаҳонро нишон дод. Баъди ин гӯё ба-
рон Ҳасан ҳама чиз кофист, то ба ёри худ бирасад ва саодат-
манд бошад. Аммо Садаф марди дарбадари дайдуро қабул на-
дорад, аробакашй аз расмият баромад. Шоир аз забони раиси
колхоз-дӯсти Ҳасан танҳоиро беоқубат ва чун ҷӯй дар дашт
хушкшаванда медонад. Бахт ва давлат аз дастҷамъӣ ҳосил
мешавад:

- Ба азобат худат гунаҳкорӣ!

Гар нагарданд ҷӯӣҳо дарё,

Дар дали дашт мешаваид адо,

Мисли ҷӯй аст одами танҳо.

Бахту давлат ба дастҷамъии мост,

Ту нафаҳмидаӣ ҳанӯз инро,

Аз қафои ароба мегардӣ
Чустуҷӯ карда каӣфи деринро.1 2

Анҷоми достон як навъ ҷамъбасти умумии акидаи шоир аст.
Ҳасан ронандаи мошини колхоз мешавад. Садаф ба хамсарии ӯ
ризоият медихад. Натиҷа ин аст, ки Садаф муаллимаи мактаб
ва Ҳасан ронандаи колхоз шуда ба бахту саодат мерасанд. Ин-
сон то шахсияти ҷамъиятй, аъзои гурӯҳи иҷтимоӣ набошад,
хушбахтиро наметавонад дарёбад. Ин ақида пояи асосии гума-
низми сотсиалистӣ мебошад. Имрӯз мо метавонем, бипурсем,

1 Мирзо Турсунзода. Осори мунтахаб, Ҷилди 2.-Душанбе: Ирфон, 1981

2 Мирзо Турсунзода. Осори мунтахаб. Осори мунтахаб. Ҷилди 2.-С. 216.

255
ки вақте кас аз истиқлоли фардй ва мухторй халос мешавад ва
ба ихтиёри гурӯҳи дорой низоми қатьии ҷомиа мефарояд, ма-
гар дар навбати дигар ба дом намеафтад? Магар ӯ шахсияти
худро гум намекунад? Дар ҳақиқатдар чунин вазъият имсон, ба
таъбири маълуми И. Сталин, ба чархча ва винтчаи мошинаи
иҷтимоии ҷамъият табдил меёбад. Имрӯз маълум шуд, ки чу-
нин ҷомиа пойдории устуворс надошта, зеро инсонҳо ба рамаи
тобеи шубони қавидасте табдил ёфта шахсиятҳо ба ҷуз мақоми
сиёсию маъмурй вазъи дигари ташаккулу падид омадан надо-
ранд. Дар ин холат, албатта, амнияти шахе, фишору ситами бе-
восита ва ноҳақии ошкоро нест, вале озодии шахсият хам ги-
рифтори маҳрумиятҳои зиёде мебошад.

Мирзо Турсунзода дар хонадони деҳқони деҳотй таваллуд
ёфта ва тарбия гирифтааст. Аз \амин ноет, ки аз кӯдакй ихти-
лоф ва рақобаги шадиди шахрнишинонро надида ба шахеи
инсон дар ҳамаи асарҳояш бо камоли лутфу меҳрубонй сухан
мегӯяд. Шеьри машҳури шоиро сӯзи дили инсони шоир ва
ифодаи сирати одамии Мирзо Турсунзода мебошад:

Шеър ҳсш бояд запад фавворае
Аз танӯри dwi чу оташпорае,

Сар запад аз дил, ба дил коре купад,

Нармтар сангин дили ёре кунад.1

Ҳамин садоқат ва мех,рубонии самимӣ, ки зодаи қалби ода-
мист, дар шеъри «Офарин, дил!» низ изҳор шуда ва далели
дигарест аз тинати поки мардумии Мирзо Турсунзода:

Офарин, дил, занги аввалро надодастӣ ҳанӯз,

Дар мақомат бетанаффус истодастӣ ҳанӯз,

Мехӯрӣ гамҳои олсшрову шод астӣ ҳапӯз,

Андаруни оташӣ, оҳанниҳодастӣ ҳанӯз...

Сабр кун, гирам лаҷоми вақтро бори дигар,

То гузорад бар замин пои май осори дигар.

Сабр кун, то дар ҳузури дӯст шабҳои дароз
Ҳарчи мехоҳӣ, кунам аз номат изҳори дигар.

' Мирзо Турсунзода. Асархои мунтахаб. ҷ. 1 сах- 171-172
256
Сабр кун,

Вақти танаффус пест,

Дил, занге мазан,

Шишаро чун баччаҳои шӯх бар санге мазан.

Сабр кун, нохун ба тори нозуки чанге мазан,

Сар ба девори қафас дар синаи танге мазан.1

Дарку эҳсоси багоят нозуки набзи зиндагй, хусни габиат ва
рози одами асоси иисонии шеъри Мирзо Турсунзода мебошад.
Ин сифати инсонӣ ва шоирии ӯ махсусан дар силсилаи
шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» аз паҳлӯҳои гуногуни ҳиссу
дарки олами зебой ва розу ниёзи одамй акс ёфтааст. Чи тасви-
ри зебое доранд Рӯди Ганг ва Боги муаллақ, Тоҷмахдл дар ди-
даи инсонии шоир. Дар сухани шоир Рӯди Ганг, муҷассамаи
зиндаи гамолуд, бемори соҳиби нафаси гарми регсӯз, каси дур
аз зинати богу лола, савти мургони пурхурӯш, дар сина орзую
нухуфта мебошад. Вай шарики гами инсонии кишвари худ
аст:

Дар шаби тор оби рӯди Ганг
Буд бо акси Каҳкашон ҳамранг.
Ё ба чашми ту ҷилвагар мешуд
Мисли игамшерҳои заигопуд.

На ба рӯи касе нигаҳ созад,

На зи кас рӯйро панаҳ созад.
Асрҳо дар замини Ҳиндустон
Гашта ҷорӣ хамӯшу гӯшгарон.
Меравад сӯи баҳр бо сари хам,
Гӯӣ д орад ба дӯш кӯҳи алам.
Гуфтам: эй Ганг, аз чй хомушй.
Аз чӣ дарёсифат намеҷӯиш?
Сар ба саҳро ниҳодаӣ, чунӣ,

Ё ки дар гам шарики Маҷиунӣ?~ 1 2

1 Мирзо Турсунзода. Асарҳои мунтахаб. Ҷ. 1, саҳ. 174-175

2 Мирзо Турсунзода. Асарҳои мунтахаб. Ҷ. 2. сах 18.

257
Шоире бо ин хассосият ва дарёфти хусни имсонии табиат
мардумпарвари покниход аст. Чи тасвири зебое ба вуҷуд ома-
дааст дар шеъри «Боги муаллақ», ки нақши бог воқеияти су-
хании қалби гӯянда мебошад:

Дидаам дар Бомбай боги муаллак, чуй бщишт,

Бо қалам тавсифи онро кай тавопад кас навишт.

Бог сабзу акси он рӯзу шабон дар об сабз,

Дар даруии об гӯё шӯълаи маҳтоб сабз.

Дар лабони хубрӯён ханда ҳусни дигар аст,

Ҷилваи ин бог ҳам дар нозукй нозуктар аст.

Рӯбаҳу оҳуву фил аз навдаҳо сабзидаанд,

Ҷонварон дар баргҳо тасвири худро дидаанд.

Бар рухи ҳар барг шабнам медурахшад чун гуҳар,
Дидаам ду дог ман, ду гунбази сабзу кабуд,

Дар баландй он якею в-он дигар дар об буд.1

Ҳамаи ин хусну зебой, сарвазу дорой душмани бадкирдор
дорад, ки аз гарб омада ва онро поймолу горат мекунад. Ин
душмани бадкирдор, ки дар истилоҳи сиёсй ва номиашиносии
шӯравӣ исми империолизмро дошт, дар диди шоиронаи Мир-
зо Турсунзода як нақши абстрактии бадист. Вай тазоди
ҳақиқии хусну зебой ва қабоҳату бадбахтиро ба вучуд меорад.
Ин накши меъёрии абстракта дар асарҳои дигари шоир, ба
монанди достони Садои Осиё, вусъат ёфта тасаввури марду-
мии некию бадиро бо мавқеи сиёсй ва идеологии ду ҷахони
мутазоди сиёсй омезиш медиҳад. Дар ин маънй Турсунзода
хамчун шахси сиёсатшинос ва сохиби мафкураи замони худ
намудор мегардад. Аммо маншаи инсонии ин назари шоир
ҳамоно тасаввури мардумй ва суннатии некию бадист.

Ҳусни ҳақиқии назари гуманистии Мирзо Турсунзода дар
силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» дар тасвири чехраи инсонҳо,
зебой, хунар ва фоҷиаи зиндагии онҳо намудори воқеӣ гириф-
тааст. Чи омезишу завопи хусну назокати фоҷиабори қалбии
инсоние дорад тасвири Тара-Чандри дар шеъри Мирзо Тур-
сунзода, ки бар дидаи камбинони шеъри ӯ хати бутлон мека-
шад:

1 Ҳамон китоб, саҳ. 21.

258
Ба вақти рацеи мавзунат, ба чашмони пурафсунат,
Кабӯтар дар ҳаво, оҳу ба саҳро гашта маҷнунат.
Бавацти чархгардонат, ба гирди пои печонат,

Намояд цилва дар чаишам пари товус ба домонат.

Ба зери анбарин зулфи сиёҳат чун цамар дидам,

Дар он аз офтоби Комде гӯё асар дидам...

Ман аз рацеи ту мафтунам, зи ҳолат лек маҳзунам,
Тара-Чандрй... Тара-Чаидрй...Макун ин цадар афсунам.

Шоир ин хусну зебой, ин ҳунари беҳамторо пойдорй ва
усутуворӣ таманно дорад. Вай бояд умеду орзуи халқро барҷо
нигоҳ дорад ва ҳамчунон зебо бимонад:

Тара-Чандрй, Тара-Чандрй! Ту, эй бозингари ҳинду!

Агар бо раце бархезӣ, ҳавои форам ангезй,

Зи боги санъати халцат ба гирди хеш гул резП.

Ба чунбиш мавҷи дарёӣ, ба ларзиши реги саҳроӣ,
Ҳунарманду ҳунарпеша зи cap то нохуни пой!

Сабук чун парниёнй ту, беҳ аз оби равони ту,

Ба каф дурри гаронй ту, ба тан ҷонӣ ту, ҷонӣ ту!

Ту, эй фарзанди маҳбуби диёру кишвари бебахт,
Сияҳчашму сияҳабру, сияҳмӯ, духтари сарсахт.'

Дар шеъри «Сайёхи Ҳинд» рӯҳияи мардумдӯстии Мирзо
Турсунзода дар шакли раҳмоварӣ ба кӯдаки бенаво тасвире
наздик ба ҳолати романтики дорад. Тасаввури шоир кӯдакеро
нақш кардааст, ки бо кутии худ дар хиёбони лаби баҳри кабуд,
ба нияти ёфтани музди ночизе барои пок кардани пойафзоли
роҳгузарон ба ҳар сӯ медавад. Маълум мешавад, ки ӯ
афғонбачаи сода ва гумроҳест. Ин ҳол шоирро ба риққат мео-
рад ва хитоб менамояд:

Гуфтам: «Эй сайёҳи ҳинди кобулӣ,

Кӯдаки хурдию дар ҳукми гулӣ.

Ҷисми хурдатро ба пушти Ҳиндукуш
Кӣ ҳаво дод, аз чӣ мегардӣ хамӯш ? 1

1 Мирзо Турсунзода. Асархои мунтахаб Ҷ.2, сах. 23-24.

259
Ё туро бахти сиёҳат рондааст?

Боди афгонй магар парропдааст?

Баҳри чй кардй, ту, эй наврасписар,

Аз сари кӯҳи Сулаймонй гузар?

Тасвири Ҳиндустони афсонавй дар ин шеър тасаввури
тоҷикони Осиёи Миёна дар бораи кишвар аст. Афсонаи фаро-
вонии ризқи инсон, нозу неъматҳо, дар ҷӯйҳо равен будани
ширу шароб, хулоса, ҷаннати қақиқии замини пиндоштани
Ҳиндустон дар наклу ривоятҳои тоҷикй фаровон ҷои дорад ва
шоир хамим хаёлоти мардумиро бо накши афгонбача сурати
воқей медиҳад. Аз ин андешаи мардумиасос шоир ба таърихи
кухаи ва пав, ба ҷаҳонгирону моҷароҷӯёни рӯй ба Ҳиндустон,
ба умеди суду манфиат карда меоварад, ки хама бедодй ме-
карданду бадбахтиро меафзуданд. Ин ҷаҳонгарди нав танҳо ба
умеди ёфтани нони худ ва зинда нигах доштани ҷони худ ома-
дааст. Пас шоир байти «Эй ҷаҳонгарди ҷавони кобули, Кудаки
хурдию дар хукми гулй»-ро чун рефрен ва байти баргардиш
истифода карда ба тасвири мушкилоти зиндагии кӯдак аз нав
муроҷиат мекунад:

Дар хиёбон улфати гам мешавй,

Пеши пои нокасон хам мешавй.

Мекупй бо рангу бори хеш пок
Мӯзаҳои бахтдуздонро зи хок.

Аннаеро1 2 3 чун худой медщанд,

Назр гӯё бар гадое медщанд...

Медавй, бо чашми пурнам медавй,

Пеши пои нокасон хам мешавй.

Шоири инсондӯст мехоҳад, ки ин холати гадоии кӯдакон аз
миён бардошта шавад. Барой намунаи саодатмандии кудак ба
вазъи кишвари худаш муроҷиат мекунад. Дар охир шоир, ба
нияти хукми катъии маҳкум сохтани душмани доимии

1 Мирзо Турсуизода. Асархои муитахаб. Ҷ.2 сах- 29-30

2 Анна-пули майдаи Ҳиндустои (эзохи шоир).

3 Мирзо Турсунзода. Асархои муитахаб. Ҷ. 2, сах. 32

260
башарӣ, ки ин ҷо «дузди бахти халқҳо» хонда мешавад,
ҷавонро ба пок кардани хок аз пои ин дуздон даъват мекунад:

Эй ҷаҳонгарди ҷавони кобулӣ,

Кӯдаки хурдию дар ҳукми гулй.

Ҳаифам ояд, ки ту дар ин синну сол
Мондаӣ бебаҳра аз фазлу камол.

Дузди бахти халқҳо минбаъд боз
Пои худро сӯи ту созад дароз.

Хоки поягиро набояд пок кард,

Пок аз он бояд ки акнун хок кард!

Хулоса, Мирзо Турсунзода, дар саросари эҷодиёташ, вақте
ки ба тасвири зиндагй муроҷиат мекунад, пой дар заминаи
инсондӯстии урфии тоҷикӣ устувор нигаҳ медорад. Назари
сиёсӣ ва мафкураи расмии замон ҳамчун идомаи қамин гума-
низми мардумй мавқеи ӯро устувор мегардонад. Шоир, аз як
тараф, пойбанди таълимоти мазҳабӣ ва фикрии гуногуни гу-
загшта набуда, асосан рӯҳияи мардумии инсонпарварӣ дорад
ва аз ин рӯ сухани ӯ, гузашга аз мавзӯъ ва мавқеъ, бисёр
самимӣ, қалбӣ ва дилпазир аст. Аз ҷомиби дигар, дар
марҳилаи аввали ҷомиаи шӯравӣ мавзӯъҳои озодӣ (озодии
синфӣ), пешрафти иҷтимоӣ, баробарии афроди башар ва
халқҳо, озодии занон ва ривоҷи мактабу маориф ба хоҳиш ва
ормонҳои мардумй мувофиқат доштанд. Бо ин сабаб Мирзо
Турсунзода ба ормонҳои мардумй даъват ва амалияи зинда-
гию назари замони шӯравиро афзуда асар эҷод кардааст. Ин
афзудаҳои расмии замонй ба гуманизми мардумии шоир гоқ-
гоҳе имрӯз ба гӯшу хуши мо тарой меоянд, вале набояд
фаромӯш кард, ки Мирзо Турсунзода фарзанди замони худ ва
дар айни замон фарзанди арҷманди халқи худ буд.

Мирзо Турсунзода. Асархои мунтахаб. Ҷ.2, сах, 32

261
Хуршеда ОТАХОНОВЛ

академики Академияи илмҳои Тоцикистон

СИМОИ АЙНЙ ДАР ОСОРИ
МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Дар бораи М. Турсунзода ва фаъолияти эҷодии ӯ китобу
мақолаҳои зиёде навишта шудаанд, вале мутолиаи им асарҳо
нишон медиҳанд, ки муаллифони онҳо ба як ҷиқати бисер
муҳимми эҷодиёги ӯ эътибор надодаанд. Ин масъала тасвири
симои устод Айнй дар асарқои М. Турсунзода ва ба тавассути
он нишон додани мақоми ӯ дар таърихи халқи гоҷик аст. Бар-
расии ин мавзӯъ ба пахдӯи дигари шахсияти М. Турсунзода ва
эҷодиёти ӯ равшанй меандозад.

Бузургонро бузургон зиида медоранд,

Бузургопро бузургони диигар пояида медоранд.

Ин байта хикмагноки шодравон Лоиқ, ба вежа солҳои охир
дар бисёр мақолаҳою суханрониҳои ахди фарханг мавриди ис-
тифода карор гирифтааст ва го андозае вирди забои хам шуда-
аст. Бо вуҷуд, вақте ки сухан роҷеъ ба абармардони илму адаби
тоҷик, муносибати онхо ба хамдигар меравад, хоҳу нохох хам
ин байт ба забон меояд, зеро он матлаби аслии моро хеле
возеху равшан ифода мекунад.

Дар ҳамаи давру замонҳо фарзандони бузурги миллат пушту
панохи хамдигар, ҳомӣ ва такягохи хамдигар, нигахбони меро-
си гаронбахои ниёгони худ буданд. Аз таърихи адабиёт ва
фарҳанги гоҷик дойр ба ин масъала метавон мисолҳои зиёд
овард.

«Пешгузаштагони бошарафи Айнй дар давоми дах аср, ба
қавли М. Турсунзода, машъали озодидӯстӣ ва инсоният-
парварй»,1 машъали ватанпарастй ва маърифагхохиро даст ба
даст мебурданд. Дар ибтидои қарни XX ин машъалро устод
Айнй ба дасти худ гирифт. Айнй барои худшиносии мардуми
тоҷик, барои ба маърифат расидани вай, баланд бардоштани
маънавият ва хуввияти миллии вай, таъмини адолати иҷтимоӣ

‘ М, Турсунзода. Садриддин Айнй, Шарки Сурх, 1953, № 4, саҳ. 9.
262
чӣ қадар ҷахду ҷадал намуд. Вале агар Абулқосим Лоҳутӣ на-
мебуд, он хидмати беназире, ки устод Айнй ба халқи худ кард,
нимкола мемонд. Абулқосим Лоҳутӣ буд, ки Айниро аз тӯфоии
балоомези солҳои шахспарастӣ наҷот дод ва бо ҳамин ба ада-
биёт ва фарҳанги тоҷик боз як хидмати шоиста кард. Китоби
«Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутй», ки нус-
хаи комили он бо гавзеҳоти муфассал омодаи чоп асту камина
имкони нашри онро ҳанӯз пайдо накардааст, аз ин шаҳодат
медиҳад.

Дар айни замон фарзандони бузурги миллат Ыобоҷон
Ғафуров ва Мирзо Турсунзода эҳтиёт намудани устод Айий, ба
ӯ гамхорй намуданро ба зиммаи худ гирифтанд.

М.Турсунзода солҳои тӯлонй чун сарвари Иттифоқи нави-
сандагони Тоҷикистон пуле буд миёни хукумат ва шахсиягҳои
фарҳангӣ. Чй аз тарафи ҳукумат ва чи аз тарафи нависандагон
ҳар муште баланд шавад, аввал ба сари ӯ мезад, ҳар амали но-
раво содир гардад, ҳар сухани ноҷо ва носазо ба миён ояд, дар
дили ӯ асаре мегузошт. Номаҳои устод Айнӣ ба М. Турсунзода,
ки бо сарсухани муфассали донишманди мӯҳтарам Камол Айнӣ
дар ду шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» (12, 14 апрели соли
2001) ба табъ расиданд, ин гуфгаҳои моро тасдиқ мекунанд.

М. Турсунзода аз як тараф чун шахси расмй, яъне намояндаи
ҳукумат ба устод Айий гамхорӣ зоҳир намояд, аз тарафи дигар
чун саррофи гавҳаршинос ҳанӯз дар ҷавонй бузургии Айниро
ба таври амиқ дарк намуд, хидматҳои ӯро дар назди халқи
тоҷик дида тавонист ва ба ӯ чун ба падари адабиёти муосири
тоҷик бо меҳру муҳаббати махсус муносибат кард.

Устод Айнӣ бо асарҳои худ халқи тоҷикро ба оламиён
муаррифӣ кард. М. Турсунзода бошад дар шинохти устод Айнӣ
аз тарафи ҷомеаи башарӣ нақши равшан гузошт. Кӯшишҳои ӯ
дар роҳи ба забонҳои халқҳои дунё тарҷума шудани асарҳои
устод Айнӣ, мақолаҳои ӯ дар рӯзномаю маҷаллаҳои марказӣ ва
ҷумхурӣ доир ба эҷодиёти Айнӣ, суханрониҳои ӯ аз минбарҳои
баланди Маскав ва дигар мамолики дуру наздик, таҷлили бо-
тантана ва пуршукӯҳи ҷашнҳои мавлуди (75,80 ва 90-солагии ӯ)
шохдди ин суханонанд.

М. Турсунзода ҳатто дар бистари беморӣ дар фикри чӣ тавр
гузаронидани ҷашни 100-солагии устод Айнй буд. Устод
Муҳаммад Осимӣ дар хотираҳои худ дар ин бора навиштаанд:

263
«Солҳои охир тамоми фикру зикри^устод Мирзо Турсунзода
ба истиқболи ҷашни 100-солагии зодрӯзи устод Айри банд буд.

Воқеан ҳам он кас нисбат ба устод Айни эҳтироми бепоён
доштанд. «Устод ифтихори миллии мо, виҷдони миллати мо»
мегуфтанд. Вақте ки дар бораи ҷашни Садриддин Айни қарори
ЮНЕСКО қабул шуд ва таҳти раёсати Г.М.Марков комиссиям
умумииттифоқии ҷашн ташкил ёфт, хурсандии Мирзо Турсун-
зода ҳадцу канор надошт. _

Умуман тамоми тадбирҳои тайёрии ҷашни устод Аини аз
майдатарин кор то масъалаҳои принсипиалй бо маслиҳат ва
ҷидду ҷахди Мирзо Турсунзода ба амал меомад. Афсус, ки тан-
танаи умумиҷаҳонии ҷашни устод Айнӣ бе иштироки бевоси-
таи Мирзо Турсунзода мегузарад».

Нахустин шеъри М. Турсунзода дар васфи устод Айни соли
1935 навишта шудааст. Ҳамои сол, яъне соли 1935 30-сола1ии
фаъолияти и чтим ой ва адабии С. Айнй дар тамоми ҷумҳури
васеъ ҷашн гирифта шуд. Рӯзнома ва маҷаллаҳои мар казн бах-
шида ба им ҷашн шумораҳои махсус бароварданд ва дар онх,о
мақолаю шеърҳои зиёде интишор ёфтанд. Шеъри М. тУРсУн;ю'
да тақти унвони «Ба устод Айнй» 26 ноябри соли 1935 дар
рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» ба табъ расид. Ҳарчанд дар ин
шеър қалами шоири ҷавони солҳои сиюм эҳсос мешавад, вале
бо тарзи ифода, самимият ва равопии худ аз шеърҳои дигар
ҳамсафони ӯ фарк мекунад. Чанд байт аз ин шеър:

Хома то фармонбарат, эй табъи оташбор, шуд,

Рӯ ба зидди боргоҳу даҳшату дарбор шуд...

Зидди дунёи куҳап шероиаӯ исён намуд,

Дасти мазлуми ситамкашро гирифту ёр шуд.

Духтари тоҷик то бишпид арзи хомааш,

Чеҳрааш рахшону зебо чуп рухи Гулпор шуд.

Гашт дармону давои дарди ҳар бечорае,

Лек теге бар гулӯи дугимани маккор шуд.

Баъд аз ин мақолаҳои ӯ дар бораи Айнй дар рӯзномах,о,
маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои дастачамъию алоҳида ба табъ раси-
данд ва дастраси хонандагон гардиданд. 1

1 Садои Шарк, 1977, № 12, сах. 122
264
Бунёди мақолаҳои М. Турсунзодаро суханрониҳои ӯ дар
маҷлисҳои ёдбуд, ҷашнҳои мавлуди устод Аини ва а»нумаку
маҷлисҳои Иттифоқи нависандагон ташкил мекунаид. Ҳадафи
асосии ӯ дар ин мақолахо ба хонандагон шиносонидани шах-
сияти устод Айнӣ, баррасии муҳимтарин асарҳои ӯ, ошкор на-
мудани мохияти фаъолияти илмию адабй ва иҷтимоии адиб ва
ба тавассути офаридаии симои ӯ тарбияи ҷавонон мебошад.

М Турсунзода дар маколахояш фаъолияти ҷамъияти ва ада-
бии устод Айниро ба боги беинтиҳое ташбеҳ додааст, ки «хам
мевақои гуногун, ҳам гулҳои рангораиг ва хам осори бешумори
ҳунармандй ва захмати богбонро хартарафа муҷассам гардони-

ӯ таъкид памудааст, ки «агар махсули адабй ва хидмати
ҷамъиятии Айниро бо махсули адабй ва хидмати коллективу
калони адибон андоза кунем, вазни хидматхои Лини

бемуболига афзалтар хоҳад шуд»'

М. Турсунзода дар бораи устод Айнӣ бо муҳаббат ва сами-

мият сухан меронад, суханаш шоирона ва образнок аст. Мана

ба ин порча таваҷҷӯх фармоед:

«Чуноне ки ору аз гулҳои бешумору гуногун ба лонаи худ
заррахои қиматбаҳои асалро бо ҷидду ҷахд чамъ мекунад, Аини
хам инчунин аз саҳро ва киштзорхои таърихи бои тоҷикон
воқеахо ва фактхоро интихоб карда ба ганҷинаи солномаи
халки мо чун шоҳиди ҷидду^ ҷахд ва аиъанаҳои озодихохонаи
доимии худ дохил мекунад».

Эҷодиёти устод Айнй аз як мақола то мақолаи дигари М.
Турсунзода амиқтар таҳлил шуда, сухани муаллиф муассиртар
ва самимитар, эътиқодаш қавитар ва эътимодаш ба бузурги ва
нотакрории ӯ мустахкамтар мегардад. Дар натиҷа симои устод
Айнй ҷилои тоза дар бар намуда, ба таври дигар медурахшад,
хар дафъа пақлӯҳои дигари фаъолияти эҷоди ва ҷамъиятии у
равшантар намоён мешавад.

Як чизи мухиме, ки М. Турсунзода дар маколахояш гаштаву
баргашта таъкид намуда, диққати хонавдагонро ба он ҷалб ме-

М. Турсунзода. Сардафтари адабиёти советии тоник,—Шарки Сурх 1958,

саҳ. 88

Ҳамон мақола, са\. 88. \г« л pqy in

3 М. Турсунзода. Садриддин Айнй. Шарки Сурх, 1953, №4, сах 10.

265
кунад, ин заҳматдӯстӣ ва пуртоқатии устод Айнй аст. «Ин
меҳнатдӯстӣ, - навиштааст ӯ, - Айниро маҷбур мекунад, ки бо
мурури замом ба асарҳои эҷодкардааш боз аз нав баргашта, ба
онҳо як чизи нав дохил кунад, онҳоро васеътар намояд ва гоҳо
онҳоро аз нав кор кунад»1

М. Турсунзода дар бораи таҳрири охирини повести «Марти
судхӯр» сухан ронда, бо овардани баъзе лаҳзаҳо аз хотироти
худ андешаашро пурқувват менамояд.

«Мо боре аз Айнй пурсидем, ки чй лозим буд васеъ кардани
ин асар, ки пурра буда, ба таври олй навишта шудааст. Айнй аз
бобҳои нав навиштаи худ, чунон ки аз галаба шод мешаванд,
хурсанд шуда ба мо ин хел ҷавоб дод: «Дар давоми хамим
қадар сол мунаккидон дар повести ман камбудии калон ва
муҳимро ошкор карда натавонистанд. Дар он халқ нест. Ман
нишон додаам, ки Қорй Ишкамбаи судхӯр дар тани савдогаро-
ни шаҳр ва косибони хурд паразитона зиндагӣ мекард, ҳол он
ки дар ҳақиқат чанголй судхӯрон чуқуртар фурӯ рафта буд.
Онҳо бо вскселҳои бонки худ деҳқононро хонахароб карда бо
ин асоси чамъияти Осиёи Миёнаро вайрон мекарданд. Ин бад-
кирдории бештар мудҳиш буд. Ман камбудиамро худам ёфтам
ва ислоҳи он хаторо вазифаи муқаддаси худ мешуморам».

Ин сифати бебахо-сифати меҳнатдӯсгӣ ва принсипиалии на-
висандагии ба мехнат содиқона рафтор кардан мебошад. Ва мо
шоги^дони ӯ, ин сифати ӯро бояд ба миннатдорй кабул ку-
нем».

Аз мақолаҳои М. Турсунзода симои устод Айнй чун нави-
сандаи бузург ва заҳматкаш, инсони башардӯст ва ватанпараст,
инсони маърифатхоҳ ва халқпарвар пеши назар меояд. Ҳамин
хислатҳои адиб дар достони «Чароги абадӣ» ҷамъбасти шоиро-
на ёфтаанд. Мақолаҳои М. Турсунзода зинаҳое буданд, ки шо-
ир ба воситаи онҳо ба қуллаи мақсад роҳ паймуд. «Чароғи
абадӣ» натиҷаи ҳамин роҳпаймоӣ ва ҷустуҷӯҳои тӯлонии шоир
аст.

Дар достони «Чароги абадӣ» симои устод Айнй таваесути
андешахои қахрамони лирикӣ, яъне «ман»-и шоир офарида
шудааст. 1 2

1 Ҳамои мақола, саҳ. 20.

2 Шарқи Сурх, 1953, № 4, саҳ. 21-22.

266
Аз солҳои 50-ум cap карда дар адабиёти собик И™°ди
Шӯравӣ, аз ҷумла халқи тоҷик анъанаи тахдили пуркувва . /. ■
Назари адибон ба ҷаҳони ботинии инсон, баҳолати рухии °
афзуд. Шоирон ба тадкиқи нозуктарин тобишҳои эҳсосоти
одам машгул шуданд. Дар айни замон вусъати тафаккури шо -
рон, таърихият ва ҷиҳати фалсафии он афзуд.

Р Мутафаккири буаурги рус И. Добролюбов ™»ишта буя-
«Ҳакикатеро, ки файласуфло факат дар назария паи мсбаращд
нависандагони бузург аз хает ба даст меоранд ва ба риштам
тасвир мекашанд. Онҳо аз вазифае, ки ҳангоми гаълифи асари
бадей дар дӯш доранд ва иҷрои онро қарзи нависанда. ии худ
медонанд, болотар рафта, дар катори арбобони ™рихие чои
мегиранд, ки ба инсоният барон Дарки куввауои зинда ва

майлҳои табиии ӯ ёрй мерасонанд».

Дар хамаи давраҳои таърихи адабиети тоҷик, аз зам
Рудакй то Ахмади Дониш бисёр шоирони бузург дар борам
масъалахои мхраккаб ва доимии хастй бо эхтироси гамом ан-
деша рондаанд. Вале замени нав ба шеър мазмуни нави

Ф3Он тагйи^те,' ки дар ибтидои қарни XX дар Осиёи Миёна,
аз ҷумла дар ҳаёти сиёсии халқи тоҷнк ба вуқӯъ паиваст,
риштаҳои пайвандии фархангу адабиёти моро ба гузашта муд-
дате гусаст. Робитахои байни адибони калонсол ва ҷавон низ го
андозае сует гадиданд. Ба майдони адабиёт ҷавононе ворид
шуданд, ки ханӯз саводи казой надоштанд, аз шеъру шоири
огах набуданд, вале бо иштиёқи тамом шеър мёнавиштанд.
Шеърхои содалавҳона саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллахоро иур
карданд. Ин ҳолат асолати сухани шоиронаро аз оаин бурд.
Адабиёт бо тақозои замон хусусияти тарғибию ташвиқи дар
бар кард. Ин хол то солхои 40-ум давом намуд. Ьаъд аз солхои
40-ум харчанд дар адабиёт сиёсатгарой дар ҷои аввал қарор
дошта бошад ҳам, шоироне ба воя расиданд, ки оа мазмуну
анъаноти баланд то андозае эътибор медодаги шуданд Аз
солҳои 50-ум cap карда дар шеъри тоҷик тафаккури фалсаф
вусъат пайдо кард. Инро мо, пеш аз ҳама, дар шеъру достонҳои
М. Турсунзода мушохида мекунем.

Добролюбов I I.А. Луч света в темном царстве. Сбор. Со (.,
Госполитиздат, 1952, т.З, с. 171

267
М. Турсунзода аз ибтидои эҷодиёти худ шоири лирик буд.
Дар эҷодиёти ӯ ҳиссу ҳаяҷони инсонӣ амиқ ифода меёбад.
Ҳатто дар достонҳои ҳамосии солҳои аввали эҷодиёти ӯ лирика
мавқеи калон дорад.

Устод М. Шакурӣ дар китоби худ «Анъана, халқият ва
маҳорат» дар бораи эҷодиёти М. Турсунзода сухан ронда чунин
навиштаанд:

«Он мазмуни амиқи фалсафй, ки дар давраи пас аз Ҷанги
Ватанӣ, масалан, дар «Қиссаи Ҳиндустон» дида мешавад,
маҳсули инкишофи минбаъдаи эҷодии шоир, натиҷаи таҷрибаи
калони ҳаётй ва нависандагӣ ҷамъ кардани ӯ буд».

Оре, аз «ҚисСаи Ҳиндустон» cap карда, дар эҷодиёти М.
Турсунзода мазмуни фалсафа торафт амиқтар шуда, хусусан
дар достонҳои ӯ инкишоф ёфт. Достонҳои ӯ «Садои Осиё»,
«Ҷони ширин» мазмуни фалсафй дар бар кардаанд, вале
«Чароги абадй» cap то по достони фалсафй буда, намунаи
балогати эҷодии М. Турсунзода маҳсуб мешавад.

Дар асари фалсафй мазмун бо воситаҳои махсус ва пеш аз
хама бо таҳрикаҳои эҳсосот зуҳур карда ба фикри умумй мео-
рад. Дар достони «Чароги абадй» хусусиятҳои ҳам шеъри
ҳиссӣ ва хам фалсафй мушохида мешавад. Ин достон бо
эҳсосоти пуршиддат навишта шудааст, хар як ҷузъи он, хар як
унсури тасвир эҳсосоти амиқи инсониро дар бар мегирад.
Шаб. Шоир дар изтироб аст, дили ӯро ҳаяҷони қавӣ фаро ги-
рифтааст ва ин имконият намедиҳад, ки ӯ ором бошад ва хоб
кунад, ӯ бо таъсири эхеосот аз хона берун меравад. Ба садои
шаб гӯш медиҳад, нафаси бахор ба рӯяш мезанад ва аз ин дар
дили ӯ туғёни тозаи ҳаяҷон ба вуқӯъ мепайвандад. Субҳ, огози
рӯзи нав. Ҳаяҷони шоир найваста инкишоф меёбад. Ӯ дар та-
валлудхона нахустин бор рухи тифли навзоди худро мебинад,
садояшро мешунавад. Дар таваллудхона ҳама чиз: кӯдакони
навзод, кори хамшираҳои шафқат, падарони мунтазир нозук-
тарин торҳои дили шоирро ба ҷунбиш меоранд. Вохӯрй бо ус-
тод Айнй ҷараёни нави эхеосоти шоирро ба амал меоварад,
яъне дар достон хар сатр барои ифодаи хаяҷони инсонй нақши
муҳим бозидааст. Аммо хар бор шоир дар асоси эҳсосот фик-
ре, андешае зохир мекунад. Эхеосот барои ӯ ҳамчун воситае 1

1 М. Шукуров. Анъана, халқият ва маҳорат, Душанбе, 1964, саҳ. 97.
268
барои ҳаракат додани фикр хидмат мекунад ва пурқувватии он
\ар дафъа боиси пурқувват шудани фикру андешаҳои шоир
мегардад. Эҳсосот барои хиштҳоест, ки аз он шоир пояи
фикрҳои дурпарвози худро месозад. Қаҳрамони лирикй бо як
хиссиёти саршор аз мехр ба пешвози устод Айнй равон меша-
вад, ба пешвози марде равон мешавад, ки «ду замонро дида-
аст, гаму андӯҳу шодии ҷаҳонро чашидааст. Вокзал ӯро аз нав
ба фикру андеша водор месозад. Инак, катора меояд ва аз он
устод Айнй намоён мегардад:

Қатор омад вагон, поезд омад,

Ба ҷони инптзорон ҷо>1 фаромад.

Ду чаш ми май ба дарҳои вагон шуд,

Мала, аз дар адиби мо аён шуд.

Намоён гашт фарзанди Бухоро,

Ҳамон тавре ки дидй дар «Алифбо».

Сафедй ришро ишгол карда,

Танашро хастагӣ беҳол карда,

Валекин дил ҷавон, пурҷӯш сына,

Асо дар даст по монад ба зина.

Қариб аз нур монда чашмҳояш,

Шуда ларзон садояш, дасту пояш.

Адиби хешро огуги кардем,

Заданҳои дилашро гӯш кардем.

Ба устоди қачамкаш дод пайгом
Тамоми шаҳр аз ҳар як дару бом.

Салом омад, дуруд омад ба Айнй,

Саломи чун суруд омад ба Айнй.

Муяссар шуд маро дар як саҳаргоҳ,

Ки бином рӯи ду инсони дичхоҳ.

Яке фарзанди ман, навзоди ман буд,

Дигар панди ману устоди ман буд.1

«Дар зиндагй ва хама вақт воқеъ мегардад, ки тарҷумаи
ҳоли як одам бо тарҷумаи х,оли халқи ӯ мувофиқ ояд, - на-
виштааст М. Турсунзода дар як мақолааш. - Саргузашти Сад-
риддин Айнй, хушбахтона, айнан ҳамин тавр аст» ва давом 1

1 М. Турсунзода. Куллиёт. Дар 6 ҷ. Душанбе, Ирфон, 1971, ҷ. 2, саҳ. 255.

269
додааст «Ҳамаи он чиро ки халқи ситамдидаи гоҷик диду аз
cap гузаронид, Айнй хам аввал дар айёми кӯдакй, баъд дар
ҷавоиӣ ва охир дар айёми баркамол шуданаш дид ва аз cap гу-
заронид».

Дар достони «Чарогй абади» низ М. 1урсунзода тақдири ус-
тод Айниро вобаста ба тақдири халқи тоҷик баррасй намудааст.
ӯ тарҷумаи ҳоли устод Айниро ба хотир оварда, дар симои
Айнй Шарқи озод, адолатхох ва маорифпарварро офаридааст.
Вақте ки шоир дар бораи Шарки хориҷа сухан меронад, изҳори
таассуф мекунад, ки ҳанӯз аз I арб ба Шарқ танкхо меоянд,
ҳанӯз бӯи дуди чанг ба.мащом мерасад. Вале шоир аз он хур-
санд аст, ки Шарки куҳан муборизу сулхҷӯ гаштааст, дигар аз
тахдиди агёр наметарсад. «Чарогй абадй» нет аз ҳама маҳсули
шиддати фикр ва назари доманадори мутафаккир аст:

Ҳанӯз аз Гарб гдрчц танк ояд.

Ба суй Осиё бо цанг ояд.

Ҳанӯз аз шарқ бӯи дуд хезад.

Сутуни дуди нафтолуд хезад.

Ҳапӯз озурдагй цони арабро,

Ба ягмо бурданй хоии арабро.

Вазе Матриц аз таҳдиди агёр
Наметарсад, иамеларзад дигар бор.

Баҳори зиндагиро дуст дорад, ^

Ба зидди цанги пав ӯ цанг орадг

Достони «Чарогй абадй» дар асоси тазоду мукобила сохта
шудааст. Дар ин достон образҳои тифли навзод ва устод Айнй
хусусияти рамзй дошта, чун тазод омадаанд, вале шоир «маз-
муни реалиро дар рамз не, балки баръакс рамзро дар шахси
одами зинда ва дар фактҳои мушаххас дидааст». 1 ифли навзод
рамзи ояндаи Шарк аст. Шоир беҳтарин хислатхои наели худ
ва замони худро ба ӯ, ба паслхои оянда васият кардааст. Устод
Айнй бошад чун пайвандгари гузашта бо имрӯзу фардои мил-
лати мо ба тасвир омадааст. 1 2 3

1 Садриддин Айнй Шарки Сурх», 1953, № 4, са\. 53.

2 М. Турсунзода. Куллиёт, ҷ. 2, сах. 258.

3 Ю. Бобоев. Мирзо Турсунзода, Сталинобод, 1961, сах. 205.

270
М. Турсунзода дар мақолаҳои худ аз шарҳи ҳоли устод Айнй
ба ҳамон нуктаҳое бештар диққат медихад, ки дар ташаккули
шахсияти ӯ ҳамчун шоир ва нависандаи бузург, олими адаби-
ётшинос, таърихнавис ва забоншинос, ҳамчун ходими давлатй
ва ҷамъиятӣ накши равшан гузоштаанд, ҳамон ҳодисаҳоеро
накл мекунад, ки ӯро чун фидоии адабиёт муаррифй менамо-
янд. М. Турсунзода дар ин бора навиштааст:

«Махсусан мушоираҳо, байтбаракҳо, дар бораи илму фан
суханрониҳо, овози хуши мутрибон ва ҳофизони ширинкалом
монанди Ҳоҷй Абдулазиз ва дигарон дар меҳмонхонаи
Шарифҷон Махдум, ки ӯ дар он даргоҳ хидмат мекард, ба
Айнй таъсири хеле чуқур мебахшанд ва ӯро ҳамчун аҳли адаб
ба камол расондан мегиранд. Зехди ҷавони зиракро бо сӯҳони
назм суфта мегардонанд... ӯ дар тарҷумаи ҳоли худ нақл ме-
кунад, ки девони шоир Соибро ба ивази хидматаш аз Зуҳур
Махдум ҳадя гирифтааст, девони Ҳофизро дар ивази хидмати
дусолаи бемузд аз Муллорӯзӣ гирифтааст. Ду сол меҳнат кар-
да танҳо ба як девони Ҳофиз соҳиб шудан ин кори одамест, ки
ба назм, ба адабиёт худро фидой эълон карда бошад. Ба хамин
тариқ, оҳангҳои дилфиреби мусиқаи клаосикии тбҷик
«Шашмақом», сурудҳои дилхароши халқӣ ба монанди «Мав-
рича» рӯҳи Айниро ба парвоз меоваранд, шоҳбайтхои мардо-
ни бузурги назм ба ӯ болу пар мебахшанд. Ҳайҳот! Дар ша-
роити Бухорои амирй парвоз кардан мумкин набуд, дару
деворхои гафси ин шахри феодалй пеши насими форамро ме-
гирифтанд, одамро дар зери бомгӯшаҳои хузнангези ҳарамхо
чун мурги паруболрехга нигох медоштанд».1

Дар ҷои дигар ин фикрхои худро гӯё ҷамъбаст намуда М.
Турсунзода навиштааст:

«Айнй аз хамаи он боигарии маданияти хазорсолаи тоҷик,
ки онро ганҷинахои беохири рӯхи озодихоҳонаи халк асрхои
зиёде боэхгиёт нигох дошта омадаанд,. гизо гирифтааст».1 2

Ҳамин андешахоро М.Турсунзода дар достони «Чароги
абадӣ» ба ҷомаи ҳарири шеър печонидааст:

1 Шарки Сурх, 1958, № 5, сах. 90-91

2 Коммуниста Тоҷикистон, 1953, № 4, саҳ. 53

271
Чароги Мадраса дар купцы тира,

Ба мысли кирми шаб месухт хира.

Ба чашми нурцӯ, марди адабгоҳ,

Гаҳе Хайём мешуд шӯълаи моҳ.

Зи Саъдӣ гоҳ оташпора мешуд,

Ба гирди Рӯдакӣ саиёра мешуд.

Чарог аз иазм, нур аз назм мецуст,

Ба ишқи иазм мысли сабза меруст.

Сухаи аз иазми сеҳраигез мегуфт,

Ба ёди иазм ӯ мехост, мехуфт.

Ягогга дафъы савдояги ҳамии буд,

Ҳаёти иурцӯянда чуиип буд.7

Устод Айнй дар достони М. Турсунзода чун нурафкане тас-
вир ёфтааст, ки роҳи мардумро ба сӯи маърифату' фарҳанг рав-
шан мекунад. Аз cap то пои ӯ нур меборад, нури умед, нури
муҳаббат нисбат ба зиндагй, нури меҳру садоқат ба диёри худ
ва мардуми он:

Ба иаздам пирамарди Шарқ дидам,

Ба иур оиро саропо гарц дидам.

Адиб аз иур давлатмаид гашпга,

Ба иур аз цоиу дил пайваид гашта.

Ҳамеша равшаииро орзу дошт,

Умед аз вахту аз рӯзи паку дошт.1 2

М. Турсунзода устод Айниро дар асари худ чун хиради халк
гаҷассум намудааст. Унсурмаолии Кайковус гуфтааст: «Ғизои
хирад ҳикмат аст». М.Турсунзода дар бораи Айнй сухан ронда
хеле бамавқеъ ба нанду хикмат мегузарад. Вале ин панду
ҳикмати холй набуда, ҷамъбасти фалсафии тамоми андешаҳои
дар достой баён кардаи ӯст. Шоиронро ба таври оддй бевоси га
аз забони худ намеорад, балки онро дар чашмҳои Айнй, хатҳои
ҷабин ва хамҳои чашми ӯ мебинад:

1 М. Турсунзода, Куллиёт , ҷ. 2, сах, 257.

2 Ҳамон ҷо, сах. 259

272
Назар кардам 6а пири ранҷдида,

Ба ду чаишон, 6а абрӯи хаыида.

Назар кардам ба хатҳои ҷабииаш,

Ба мӯҳои сараш, хащои чинаш.

Надар гӯё маро табрик мегуфт,

Суханҳои ба дил наздик мегуфт.

Надар мегуфт: «Одам чун дарахт аст,

Дарахти решаномаҳкам карахт аст.

ё ин ки:

Ба фарзандат сабақ омӯз зищор,

Ки аз макри адӯ бошад хабардор.

Ба ҳар ҷо илм бурда ҷаҳл ронад,

Қасос аз ҷаҳлу иодоий ситонад.

Фишорад гарм дасти дӯстонро,

МададгорП кунад афтодагоиро.

Бамисли заррае тобапда бошад,

Ба ҳар маҳфил чароги зинда бошад.

Ба олам наел аз мо ёдгор аст,

Баӯ фардои инсоп чашмдор аст.'

Ҳар як сатри ба тасвири Айнӣ бахшидаи М. Турсунзода
саршори эҳсосот ва ҳаяҷони амиқи дил аст. Устод чи дар
мақолахояш ва чи дар достони «Чароғи абадӣ» гардишҳои
ҳалкунандаро дар шарқи ҳоли Айнй, хидмати беназири ин пири
хирадро дар ҳаёти халқ, дар инкишофи босуръати адабиёти
муосири тоҷик, афкори иҷтимоиву маънавии мардум баён на-
муда, бузургии мақоми ӯро дар таърихи халқи тоҷик нишон
додааст.

Устод Турсунзода низ бо осори рангину намакин, фаъолияти
сиёсиву иҷтимоии хирадмандона ва башардӯстонаи худ дар ди-
ли мардуми мо ошён гузоштаанд ва дар таърихи он мақоми
шоистаеро соҳиб гардидаанд. Мишон додани бузургии ин
мақом вазифаи бузургони имрӯзу фардои илму адаби тоҷик ме-
бошад. 1

1 Ҳамон асар, сах. 259-261

273
Зиёдуляо ШАҲИДИ

ЁДИ ДӮСТ

Бо Мирзо Турсунзода ҳамсӯҳбат шудан шарафи бузург буд.
Хушбахтона, ман бо им шахси фозилу ҳимматбаланд на фақат
ҳамсӯҳбат, инчунин ҳамсоя будам. Ашъори диловези он кас
дар фаъолияти бастакории ман мавкси сазоворе дорад.
Эҷодиёти шоири маҳбуб маро водор намуд, ки ихтисоси бас-
такориро бештар дуст дораму ба ин кор камари тайразро
мустаҳкамтар бандам. Зеро дар ҳар мисраи шеъри устод
эҳсоси баланди инсонпарварй, ишқи пок нисбат ба Ватан, ба
Партиям Коммуниста, муҳаббати гарму ҷӯшон ба халқи хуш-

бахти совета бурро садо медихад.

Аз вохӯриҳои ман бо устод бисер лақзаҳои ҳаяҷонбахш дар
лавхи хотирам нақш бастаанд. Ин ҷо мехоҳам чанд лахзаро
нақл намоям.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанй Мирзо Гурсунзода сардори
управлениям корҳои санъат дар назди Совети Вазирон буданд.
Рӯзе маро ба кабинеташон даъват карда гуфтанд, ки баъди 3
4 мох театри вилоятии Кӯлоб бо якчанд спектаклу прш раммаи
калони концерта ба Душанбе меояд. Дар ин ҷо, дар маркази
республика Дахаи адабиёту санъати Кӯлоб баргузор мегардад.

Маъмурияти театр ва управленияи санъати шаҳри Кӯлоб оа
ман мактуб навишта, илтимое кардаанд, ки шуморо барои
ёрии эҷодй расондан ба он ҷо фиристем. Дар воқеъ режиссёри
театр хам худи ҳозир дар ин хусус телефон карда буд. Шумо
ба ин чй мегӯед?

Ман пас аз ду рӯз вориди Кӯлоб гардидам. Коллективи те-
атр маро бо хурсандй пешвоз гирифт. Ва мо ба кор cap кар-
дем. Аз байн чанд рӯз гузашт, дар театр ба спектакли «Шаби
28» тайёрӣ мерафт, Бачаҳо бо шавқ сурудхои онро мехонданд.

Ин вақт беихтиёр назарам ба қатори дигар афтоду устодро
дидам. ки репетитсияро тамошо мекарданд. Ҳамдигарро ба
огӯш гирифтем. Баъди репетитсия артистони ҷавони театр ба
атрофи шоир гирд омаданд. Турсунзода бо ҷавонон сӯҳбат
оростанд. Устод репетитсияҳои спектаклҳои дигар, номераҳои
концерти хотимавиро хам аз назар гузаронида, баъд ба Ду-

274
шанбе баргаштанд. Ҳамии тариқ, Даҳаи адабиёту санъати
Қӯлоб дар Душанбе, бомуваффақият барпо гардид.

Тобистони соли 1945 ҳамроҳи як.гурӯҳ санъаткорон ба яке
аз колхозҳои райони Орҷоникидзеоб.од мерафтем. Он ҷо ба
шарафи иҷрои плани панҷсолаи колхоз тантанае барно шуда
буд. Мошини мо бо рохи асфалт фосуръат мерафт. Шамоли
форами кӯҳсорон ниҳолҳои пахтаро б,а ҷилва меовард. Бӯи
хуши гулу себарга ба димог мерасид.

Мирзо Турсунзода таклиф карданд, ки мошинро каме боз-
дорем. Ҳама аз мошин берун омадем. Аз ободии саҳро, ҳосиди
ниҳолҳои пахта, богу токзор дили шоир ба ҷӯш омада буд. Ва
нахустин мисраъҳои шеъре. ки имрӯз ба хама ҳамчун суруд
маълум аст, ба забон омаданд.

Офарин бодо шуморо, паҳлавонон, офарин,

Марду заиҳои далери Тоҷикистон офарин.

Шоир раҳораҳ ҳамин мисраъҳоро такрор намуда, ба ман
рӯй овард. г, . у

- Шахидӣ, то ба колхоз расидан ин шеърро Дз охир мера-
сонам, хуб мешуд, агар оханге фикр мекардед.

- Хуб шудааст, Мирзо-ако, гуфтам. - На фақат оҳангашро
тайёр карда, балки инчунин бо хофизон машқ қзрда, дар бар-
номаи консертии имшаба дохил кардан хам мумкин дст.

Хулоса, то ба колхоз расидан шеъру оҳанг тайёр шуд. Ба
идораи колхоз даромада, оҳангро бо танбӯр навохта, дар
когази нота навиштам. Баъд бо хофизон ба сурудан шурӯъ на-
мудем ва хамон шаб дар консерт ин суруд садо дод.

Шеърхои равону дилчасп бастакорро ба илҳом меоранд.
Суруди дигаре, ки Мирзо Турсунзода хангоми сайри атрофи
шаҳр навишта буданду ман ба он оханг бастаам, чунин байта
машхуре дорад. - , о.

Хонаи мо он қадар ҳам дур не cm,

Гарчи дар чашмн шумо мапзур пест.

' V- •' •• \\Vv Д’ j \ \\V,

Сурудхо ва мусиқии классикии гоҷикро Мирзо Турсунзода
дар иҷрои ака-Шариф Ҷӯраев, Шоҳназар Сохибов, Фазлиддин
Ша^обов, Бобокул Файзуллоев, Барно Исҳоқова, Шоиста

275
Муллоҷонова, Ҳанифа Мавлонова ва дигарон дӯст медош-
ганд. Худашон ҳам ҳамрох мехонданд, гохо бо завқ аҳли
маҳфилро ба рақс даъват мекарданд. Дар ҷамъомадҳо
сурудҳои халкии «Хуш он замон», «Гулпари», «Чор зарб»,
«Кабки хушрафтор» ва гайраро мо, аҳли суҳбат, бо як овоз
месароидем. Дар ин мавридҳо суруди «Хуш он замон» мавқеи
хосе дошт, к и ҳоло ҳам садо медиҳад.

Дигар суруди умумй «Пиёлаи мо» ном дорад, ки он ҳам дар
шеъри устод офарида шудааст. Соли 1949, дар консертҳои
Дахаи адабиёти тоҷик дар Москва ин суруд мувофиқи талаби
тамошобинон борхо такрор мешуд. Ба забони русй онро шои-
ри рус Семён Гудзенко тарҷума кард. Сурудро ҳамаи ишти-
роккунандагони консертҳои даҳа мехонданду яккахон артист-
кам халкии республика Раъно Ғолибова буд. Вақте ки поезд аз
Сталинобод ба Москва равон гардид, Раъио Ғолибова ба хон-
дани суруд cap кард ва аҳли вагон хама иштироккунандагони
даҳа ба ӯ ҳамовоз шуданд. Аҷоибаш ин, ки дигар пассажирони
поезд хам ин сурудро ҳамрохи мо мехонданд.

Рӯзе дар як сӯҳбат сухан аз хислатхои хуби инсонй мерафт.
Дар зиндагй баъзехо аз омади кори худ болида, ҳавобаландию
манманй мекунанд, бо дигарон беэътиноёна ва назарногирона
рафтор мекунанд, вале дар охир шатта мехӯранд. Хушбахтона,
ин хел одамон дар байни мо хеле каманд. Дар омади ran, бай-
те ба ёдам омаду хондам:

Баланду пасти ҷаҳоп қафои якдигаранд,

Агар ба моҳ бароӣ, назар оа чоҳ андоз.

— Шеъри бисёр баланд, бомаврид хондед, — гуф1анд устод,
- вале байта аввалаш максадро равшантар мекунад ва худа-
шон онро пурра хонданд.

Чу офтоб ба ҳар заррае нигоҳ андоз,

Чу абр соя и раҳмат баҳар гиёҳ андоз.

Баланду пасти ҷаҳон қафои якдигаранд,

Агар ба моҳ барой, назар ба чоҳ андоз.

Баъди галабаи Ҷанги Бузурги Ватанй май майли дар Моск-
ва хондам намудам. Мирзо-ако маро дастгирй карданд. Ме-

276
гуфтанд, ки шумо аз бачаҳоятон хотирҷамъ бошед. Ҳар чӣ аз
дастам ояд, ёрй мерасонам. 5-6 сол як чашм пӯшидан қати гу-
зашта меравад, аммо хондани шумо зарур.

Дар хотир дорам, ки баъд аз ин бевақтиҳои шаб аз Москва
ба хонаи Мирзо-ако телефон карда, аз саломатии бачаҳо огоҳ
мешудам. Ҳамон вақтҳо хам мо хамсоя будем Зелефонро ё
худи Мирзоако ё янга гирифта, баъд ба хонаи мо, ба қабати
дуюми иморат баромада, хабар медоданд. Х,ар боре Турсунзо-
да ба Москва мерафтанд, маро ёфта, таклиф мекарданд, ки ба
ягон спектакл ё ба концерт хамроҳ тамошо равем.

Рӯзе бегоҳй дар хобгоҳ будам. Мирзо—ако ҳамроҳи
Баховаддинов Аловуддин Махмудович даромада омаданд.
Хеле хурсанд шудам. «Омадем, ки студента ҷавонро як си-
нем» - бо оҳанги шӯхй гуфтанд Мирзо-ако.

— Инашро хам гӯям, ки романеи — «Зи сӯзи сипа»—ро нашу-
нида намеравем, - гуфт Аловуддин Махмудович. Баъдтар
Шавкат Ниёзй хам бо як шоири ҷавон омаданд. Сурудхои
Лохутй ва худи Турсунзодаро паси ҳам мехондем.

Тахминан 25 сол қабл аз ин сахт бемор шудам, нисфи шаб
буд, ҳарорати бадан ба 40 дараҷа баромадааст. Ахли оила ба
харос афтода, зуд ба хонаи Турсунзода хабар медиханд.

Баъди чанде Турсунзода, профессор Лихтцер Израил Бори-
сович, шогирдаш ва боз як хохари шафқат ба хона даромада
омаданд.

Ман ба завҷаам мегуфтам, ки соати чори шаб одамонро
ташвиш додан шарт иабуд. Вале Турсунзода мегуфтанд, ки
эҳтиёткорй ҳамеша [штиҷаи хуб мебахшад. Шумо ин тавр
нагӯед, бачаҳо нағз карданд, ки хабар доданд. Хулоса,
духтурҳо маро дорую дармон карда рафтанд. Мирзо-ако
онхоро бо изҳори миннатдорй гуселониданду боз назди ман
омада нишастанад, дилдорй доданд ва шеър хонданд...

Мирзо бо иштироки худ, ба рафтору суханҳои пурхарорат
хар як маъракаро ба тӯй мубаддал мекарданд. Ба хотир дорам,
ки барои, 45солагии Деҳотиро қайд намудан ба хонаи он кас
ҷамъ омадем. Соли 1956 буд. Ба болои миз хамаи нозу неъмат
мухайё. Сӯҳбати шоирону нависаидагон ба маърака ҳаловату
таровати аҷоибе мебахшид. Ба ногоҳ Турсунзода бо ҳаяҷон аз
ҷо хеста гуфтанд:

277
- Шеърхонӣ, орзуҳои нек ба шоир ва санъаткор рӯҳи тоза,
илҳоми нав мебахшад. Вале агар шсър бо мусиқй, бо оханги
хоси худаш садо диҳад, хубтар мешавад. Биёед ҳамаамон су-
руди «Хуш он замон»-ро сароем. Ва ба ман ишора карданд, ки
cap кунам. Ман cap кардам ва ҳама баробар сароидем:

Хуш он замен, ки ба саҳни чаман ту бошию ман,■

Мигни гунна ба як пираҳан ту бошию ман...

Ба шарти он ки набошад миёни мо агёр,

Пиёла боишду май бошаду ту бошию ман —

: 1Л : ’ ■. и .1 , в ; ■ .(

Вақте ки суруд ба охир расид, - хостам, боишораи дастам
иштирокчиёни ин хониши умумии «хор»ро аз тамом шудани
суруд огоҳ намоям. Вале Деқотӣ, ки якҷоя бо мо суруд ме-
хонд, оҳиста ба гӯшам гуфтанд, ки пушташро хунук накарда,
«Гулпарӣ»ро ҷуфт кунем. Мирзо ба рақс медарояду мехонад —
бо хурсандӣ ва ҳаяҷон, гуфтанд Деҳотй. Ман табақчаро ба си-
фати дойра истифода бурда, суруди «Гулпарй»-ро cap кардам

Гулпарӣ, ращонпарй, имшаб лаби бомат кй буд?

Дар ҳамии вақт якбора Мирзо бо шаст аз ҷо хеста:

- Деҳотӣ! Ба ман як рӯймолча диҳсд, ман ҷавоби духтарро
мехонам. - гуфта ба мобайн омада рост истоданд.

- Акнун аз сараш cap кунетон, — гуфт ӯ ба мо хонандагон
ишора карда, мо мисраъҳои аввалро такрор кардем.

Гулпарӣ, райҳонпарӣ, имшаб лаби бомат кй буд?

Мирзо бо шавқи том ду нӯги рӯймолчаро аз дасти Деҳотӣ
гирифта, болои cap нартофт. Як нӯги рӯймолча дар дасти рост,
поёнтари сари сина, нӯги дигараш аз тарафи дил болой cap
баландтар менамуд. Мирзо бо шарму табассуми хоси духта-
рона чашмҳоро хумор карда, мувофиқи оханги зарби мусиқӣ
давоми бадехаро, яъне ҷавоби маъшуқаро бо ошиқ бо
маҳорати баланди артистй иҷро мекард:

Ҷон акаҷон касе набуд, аттор банек омада буд (2 бор)

Гушвори зар оварда буд, ҷигӣ-ҷигӣ цангам макун,

Зулфакома қаӣнӣ макун, гӯшворама қайчӣ макун.

278
Аҳли сӯҳбат ҳама ба бадеҳа ҳамроҳ шуда, газаби «Ошиқ»-
ро нисбат ба «Маъшука» паст карданй мешуданд.

Ҷигӣ -ҷигӣ ҷапгаш макун,

Зулфакоша қаӣчӣ макун.

Ҷигӣ-ҷигӣ ҷапгаш макун,

Гӯшвораша пора макун.

Ҳамин тавр як дафъа: - «Богбонбача омада буд».

Дафъаи дигар: — «Қассоббача омада буд»

Боз: - «Корвонбача омада буд», - гуфта бадеҳаро ба охир

расонидем.

Man ҳамеша мехостам, ки бо ин марди фозил, шахси
мӯътабару олиҳиммат ва имсондӯст боз ва боз ҳамсуҳбаг шу-
да, ба шеъру достонҳои ӯ оҳангҳо эҷод иамоям.

Он кас мегуфтанд, ки дар асоси достони «Ҳасани ароба-
қаш» либреттои опера тартиб доданӣ ҳастем, ки мусиқии онро
бояд шум о нависед. Бояд ба мусиқии опера оҳангҳои ба халк
ошно, садои шаршарахои кӯҳсорон, суруди паррандаҳои
хушилҳон, шукӯҳи сахроҳои пур аз «тиллои сафед»и гоҷикро
омезиш диҳед.

Ин хоҳишро, ки ба ман дар беморхона карданд, бо ҷону дил
пазируфтам. Умед доштам, ки Мирзоро сиҳату саломат меби-
нам ва аз он кас мазмуни мухтасари либретторо мш ирам.

Ammo ин орзуи ман ба навмедии ногаҳонй бадал ёфт.

Бегоқии 24 сентябри соли 1977 дар хона машгули кори
эҷодӣ будам, ки хабари мудҳише ба тушам расид. Ба тарафи
табобатхонаи шахрчаи тиббй пои пиёда медавидам, бовариам
намеомад...

Ҳамаи он мулоқотҳо, сӯҳбатҳои самими, хислатҳои
инсонпарварй, маҷлисороии ин марди бузург, ниҳоят сухбати
чанд рӯз қабл дар табобатхона баргузорташтаи мо пеши наза-
рам меомад...

— «Март нест, умед ҳасту зиндагони ҳаст дар дунё», — ме-
гуфтанд Мирзо-ако ҳар замон дар омади ran.

Мехостам ягон мусиқии гамангез эҷод намоям. Вале сӯзи
дилу ҳаяҷони тамангези ҳамон соатаи худро танҳо дар сатрҳои
саҳифаҳои когази партитура ба воситаи оҳангҳои милли дар
иҷрои оркестри симфонй метавонистам ифода намоям. Бимо-

279
бар он, қарор додам, ки фикри худро аввал ба шакли шеър на-
вишта монам ва оқиста-оҳиста ором шуда, мувофиқи он дос-
тоин симфоние эҷод намоям.

Баъдтар, вақти кор дар болом асар, шеъри шоираи украин
М. Ивенко ба дастам афтод, ки муаллифи он барон иштирок
дар рӯзҳои адабиёти рус дар Тоҷикистон омада буду хабари
ногаҳонии вафоти шоирро шунида, дарду аламашро ба либоси
назм даровардааст. Ин шеър тапиши дили маро афзун намуд.

Ҳамин тавр, достони мусиқие офарида шуд, ки дар он
шеъри худи шоир ба шакли суруд дохил гардидааст:

Гуфта буди, ки ту меҳмон мешавӣ,

Дар тони ҷонпарваррп ҷон мешавӣ..

Ман фақат якчанд лаҳзаи муЛокоти Худро бо ин шахси
мӯътабар ба тариқи ёддошт навиштам.

Ифтихормандам, ки бо чунин шоири бузург ҳамсух,бат бу-
дам аа дар эҷоди суруду таропаҳо бо ӯ ҳамкорй намудам.

Г

280
Абдулмаҷид ДОСТИЕВ

Муовиии Раиси Маҷлиси памояндагбни
Маҷлиси Одни Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАССОФИ ВАҲДАТИ ХАЛҚИ ҶАҲОН

Ваҳдати халқи ҷаҳопро гум макуи...

Соле қабл иттилоъ шрифтам, ки дар қароргоҳи ЮНЕСКО,
дар Париж, кунгураи боҳашамате дойр гардидааст ва дар ин
кунгура чанд тан аз шахсони барӯманди кишвари мо, олимон
ва фарҳангиёни шинохта низ ба ҳайси намоянда ширкат варзи-
даанд ва мебоист эшон аз дастовардҳои тамаддуни миллати мо,
бавижа ва китоби муқаддаси аҷдодиямон «Авасто» ва гузаро-
нидани ҷашни ин нахусткитоби муқаддаси оиндории гоҷикон
ҳимоят мекарданд. Аммо ҷои гаассуф аст, ки ё аз рӯи ноогоҳй
буд ва ё форигболӣ ё надонистани падидаҳои гаърихи миллат!
ҳар чӣ буд, эшон аз ин пешомади фарҳангй ва ифтихороти та-
маддуни миллиямон ҳифз карда натавонистаанд ва ЮНЕСКО
ноогоҳтар аз ин намояндагони мо, гузаронидани ҷашни ин мо-
яи тамаддуни моро ба онҳое ҳавола кард7 ки ба «Авасто», дар
қатори тамоми мардуми дунё чун ^аст'ова^ди тамаддуни
башарӣ мансубият доранд? вале на ҳамчун ворис. ба маыюи

ТОМаШ- .. ..

Худ ба худ андешидам. ки чаро таърих беадолатйҳоеро бар
сари ин миллати ҷафодидаву ранҷкашида раво мебинад? Бо
дасти бегонагони хонабарандоз хону хонаашро қисмат мекунад
ва ҳам, бо^нд^шаву ^қидаҳон таҳмилӣ таьрихи ҳасзу будашро
ба ин бегоиагон ҳавода медиҳад,

Ман аз ин иоомади кори «ҳомиёни» тамаддуни миллати ази-
зам хеле таассуф хӯрдам ва гуфтам, ки агар дар ин кунгура ус-
тодони соҳибхирад ва маърифатнарвари миллати мо Садрид-
дин Айнй, Бобоҷон Ғафуров ё, Мирзо Гурсунзода ширкат ме-
варзиданд, гузаронидани ҷашни ин китоби мукаддаси оиндори
ва сирф миллии тоҷиқон,, ,дар вокеъ насиби мардуми
Тоҷикистон мешуд ва хам таърих таҳриф намегардид. Ва боз
гуфтаниям, ки ин ҷо таассуфи ман як озурдагии холӣ мест, зеро
дар хеш номус, диёнат ва гавҳари ҳасту буди миллати азиятди-
даву таҳқиршудаи моро аз аҷнабиён ва бодиянишинони бодо-

281
вар ниҳон дорад, зеро дар ин лаҳзаҳои ҳассос нарасидани ҳақ
ба ҳакдор боз таҳқири дигаре ба номи ин миллат буд.

Чунон, ки мегӯянд, Офтобро бо доман намепӯшанд. Охир
таърих гувоҳ аст ва тамоми олами тамаддун огох аст, ки
таърихнигорон ва авастошиносони маъруфи олам аз қабили
Нйоли Г., Бойс М., Бенвенист Э., Душен - Гийемен.,
Майерхофер М., Шмидт Р., Моле М., Нюберг Ҳ., Абаев В. И.,
Соколов С. Н., М. Стеблин - Каменский ва чанде дигарон (ягон
нафари онҳо аз миллати тоник нестанд) бо таҳқиқот ва таъли-
фоти равшанбинона ва мухаққиқонаи хеш моли ориёй ва кито-
би муқаддаси мардуми ориёнажод будани «Авасто»-ро исбот
намудаанд ва месазад, ки имрӯз олимони авастошинос ва Ака-
демияи Илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Иттифоки
рӯзноманигорон, Вазорати фарханг ва дигар ташкилотхои мар-
бута барои муаррифй намудани ин асари нодири таъриху та-
маддуни тоҷикон семинару конфронсхои илмй ороянд ва таво-
нанд, ки авастошиносони муосири машҳури оламро ба
Тоҷикистон даъват намоянд ва осору таълифоти эшонро ман-
зури хонандагон гардонида, ҳақро ба хақдор расонанд.

Хушбахтона, мо огоҳем, ки донишманди авастошиноси
тоник Бобоназари Бобохон «Авасто»-ро аз асл тарчума карда,
дар ин ришта корҳои некеро ба анҷом расонидааст, вале афсӯс,
ки харчанд тарчумаи ин китоб захмати ҷонкоҳро тақозо меку-
над, бо сабаби нарасидани маблаг дигар чоп нашудааст. Афсӯс
хӯрдам, ки чаро баъзан ҳар гуна навиштахои нодаркор чоп ме-
шаванду чунин асархо не?

Аммо хушбахтии дигар ин аст ва чунон, ки огаҳӣ дорем, бо
ибтикори Президента мамлакат Э. Ш. Раҳмонов, ба рагми ин
ҳама беадолатаҳои сиёсиву ичтимой, ҷашни ин шоҳкори ба-
ландмояи таъриху тамаддуни миллат соли 2003 дар
Тоҷикистони азизамон бо шаҳомати махсусе тачлил мегардад,
ки дар он бовар дорам, олимону намояндагони табақаҳои гуно-
гуни сохаи ховаршинос аз саросари чаҳон, сараввал авастоши-
носон, даъват хоҳанд шуд.

Ин ҷо, дар боло бо овардани номи чанд тан аз бузург мардо-
ни миллат ифтихори онро дошгам, ки хамзамон дар ин рӯзҳо
бузургдошти яке аз саромадони ифтихороти миллатамон, 90-
солагии зодрӯзи усз'од Мирзо Турсунзодаро бо ҳам хоҳем дид
ва месазад хидматхои ӯро дар тарозуи андешаву номуси хеш

282
санҷида, баҳои ҳақиқатнигориву ҷоннисориҳояшро барои ши-
носонидани симои миллатамон дар саҳнаҳои баланди олам, дар
арсаҳои байналмилалй шинохта бошем.

Баъзе ашхосеро, ки дар дирӯз як мавқеъ доштанду имруз ди-
гар чиз Mei-ӯянд, вобаста ба шароит ҳар сари вақг
«Балъамиҳояшонро» дигар мекунанд, худо медонад, ки фардо
чӣ рӯ пайдо мекарда бошанд, ҳоло мебинаму боз ҳамон симои
нуронии устод пеши назарам меояд. Дар замоие, ки ду маро^и-
ба паиҳам дар бораи миллатат ran мезадй, ба миллатчиги айб-
дорат мекарданд, устод ва чанде аз абармардоии миллаг
мавқеъи хешро дигар накарданд ва ҳамеша дар ҳимояи
манфиатҳои миллат истодагарӣ мекарданд. Ҳамин якруягию
истодагарӣ ва талошхои бузургмардоне чун С. Айни, Б.
Ғафуров, Мирзо 'Гурсуизода ва чандин тани дигар буд, ки соли
1924 Ҷумхурии худмухтор, соли 1929 Ҷумхурии Шӯравии Сот-
сиалистии Тоҷикистон гаъсис ёфт ва дар ин замина асоси
таърихй буд, ки бар истиқлолияти комил расидем.

Ҳар гоҳе номи устод Мирзо '1урсунзодаро мешунавем с ба
забои меорем, пеш аз \ама симои мурониву абадзиндаи як на-
фар аз тоҷикони асилзодаву худшипосе пеши назарамон мсояд,
ки садояшро аз ҳама гӯшаҳои Аврупову Осиё, Африқову Ам-
рико... мешунавем ва дар тасаввури хеш ҳамқадами ин абар-
марди шаҳир дар хиёбонҳои ободу вайрони Ҳиндустон бо мар-
думи сарватманду гадоёни хонабардӯш рӯбару меоем ва ҳам бо
ашъори дилпазираш тасаллои ҷони хешро меҷӯем ва бар осои-
ши ҷонамон анфоси некӯяшро аз боду борони Гоҷикистон
мебӯем.

Ин ҷо аз як сухани устод, шоири оламшумул Расул 1 амзатов
кӯтоҳакак иқгибос карданиям, ки аз обрӯву эътибори шоири
шаҳири миллат Мирзо Турсунзода ҳарф мезанад ва ин баҳоест,
ки волотар аз ҳама тавсифҳои бараҳнаву бағояи ноошноён ва
ноогоҳон аз шеъраш мебошад «... Вақте, ки миллионҳо одамон
дар бораи ашъори вай «ин ашъори мо» гуфта муаллифро «Мир-
зои мо, Мирзои ҳалиму саховатманд ва дилрабои мо» меноми-
данд, барои эҷодкор хушбахтии бузургест».

Бо чунин баҳои баланду садоқатбор мебояд, ки хар як
тоҷики асил аз «Мирзо»-дории мо тавонист дар радифи номи
хеш ҷумхурии азизамонро. яъне номи ҳар яке аз мо, гоҷиконро
дар дили мардуми ҷақон ҷой диҳад.

283
Ҳангоми хидмати аскарй, берун аз хоки Тоҷикистон, аммо
дар дохили ватани абарқуДратамон - Иггиҳоди Шӯравй - ба
ёди диёри Тоҷикистонам шаб мехуфтаму саҳар мехестам ва дар
ин муддат қариб, ки ба ҳамаи рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикие,
ки дар Ватан чоп мешуд (Тоҷикистон дар назар аст. - А. Д.)
обуна будам ва дер ҳам бошад, вале на дертар аз он, ки ҳоло
онҳоро дар ноҳияҳоямон дастрас мекунанд, мегирифтам. Аз
ҷумла маҷаллаи «Хорпуштак»-ро низ мегирифтам, ки хеле
дӯсташ медоштам. Дар яке аз шумораҳои «Хорпуштак» бахши-
да ба кадом ҷашне (афсӯс дар ёдам намондааст - А. Д.) ба хаё-
лам ба тарзи ҳазли рафиқона буд, ки акси устод Мирзо Турсун-
зода оро ёфта ва зери ин акс то поёни саҳифа рӯйхати
вазифаҳои устод сабт гардида буданд. Дар анҷоми рӯйхат, ки
сақифа бо он поён меёфт, чунин сатре буд: «рӯйхат давом до-
рад». Мо аскарбачаҳо, хдр кадоме гаърифи ҷумҳурии хешро ба
арши аъло мебардоштем ва ман ин саҳифаро ба дӯсти
ҳамхидматам аз ш. Загорски вилояти Москва, Костя (Артамо-
нов Константин ҳоло доктори илм, яке аз шахсиятҳо ва олимо-
ни маъруфи Россия мебошад) нитон дода гуфтам, ки: - бин,
ана ҳамин як шоири мо чӣ қадар вазифаро иҷро мекунад, ту
бошй...

Ӯ ҳазломез посух дод: - Албатта, дар саросари Тоҷикистон
ҳамин як одами боақлу босавод ёфтед ва ҳамаи вазифаҳоро ба
зиммаи ӯ бор кардед. Ва аз ин ҳозирҷавобияш худро голиб
ҳисобида хандид.

Дар ҷавоб гуфтам: - Не, хамагй як вазифаашон - Раиси
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз мост, боқимонда
ҳамаи вазифаҳояш умумииттифоқиву байналхалқиянд. Пас
бармеояд, ки дар саросари ИҶШС ва дунё ҳам як боақл будааст
ва ин хам бошад шоири мост. Ҳама хандидем.

Дар омади ran, соли 1990 Шӯрои Олии Тоҷикистон зери
фишор ба Конститутсия тагйироте ворид намуд, ки мувофиқи
он шахрванди ҶШС Тоҷикистоп танҳо дар як Шӯро вакил буда
метавонист, вале шаҳрвандони ҷумхуриҳои дигари ИҶШС