Миёни обу оташ Between Water and Fire

Transcription

Мушаххасоти китоб:

Номи китоб: Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам, аммо
116саҳифа

Муаллиф: Ҳоҷй Акбари Тӯраҷонзода.

Вироиш, чоп ва саҳҳофии Мирбобои Мирраҳим.

Соли нашр: 1998 мелодй, 1376ҳ.х., 1418 ҳ.қ.

Нашри аввал.

Адади нашр: Панҷ ҳазор нусха.

Ин китоб хотироти муҷаз ва мухтасари Қозидомулло-Ҳоҷй
Акбари Тураҷонзода фақат аз боби воқеаҳои асосии пойиз
(тирамоҳ)-и соли 1991 ва баҳори соли 1992 то таъсиси Ҳукумати Му-
росои Миллй дар Тоҷикистон мебошад. Муаллиф бо самимият ва
ошкоро аз ҳаводиси шуми он солҳо ва чеҳраҳои ҳақиқии
коргардонҳои аслии гирдиҳамоиҳои Майдонҳои Шаҳидон ва Озодй
парда бармедорад.

Барои олимон, муҳаққиқон, адибон, таърихнависон ва оммаи
васеи хонандагон.

1
Автор книги: Ходжи Акбар Тураджонзода.

Название: Между водой и огнём...,

(на фарси-таджикском языке, алфавит кирил-
лица).116сгр.,с илл.

Литературное оформление и компьютерная вёрстка: Мирбобо
Миррахимов.

Год издания: 1998,1376 х. с, 1418 л. х.

Тираж: 5000.

В краткой и содержательной форме бывший Кази мусульман
Таджикистана Ходжи Акбар Тураджонзода рассказывает только об
основных событиях, происшедших осенью 1991 г. и весной 1992 г. до
формирования Правительства Национального Примирения в Тад-
жикистане. Автор объективно раскрывает политическую подоплеку
трагедии, неожиданно выпавшей на долю народа, и называет истин-
ных организаторов продолжительных митингов на площадях Шахи-
дон и Озоди в г .Душанбе.

Для ученых, политологов, историков, писателей и широкого
круга читателей.

2
БА НОМИ ХУДОВАНДИ БАХШАНДАЮ МЕҲРУБОН

ПЕШГУФТОР

ё чанд сухан роҷеъ ба ин хотирот

Алҳамду лиллохи раббил оламин, валоқибату лил муттақин, васса-
лоту вассалому ало Расулиҳи Муҳаммадин хотамил анбиёи вал мурса-
лин ва олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин. Ассалому алейкум, хонандаи гиромй!

Ин сатрҳоро рӯи коғаз меораму дар рӯ ба рӯям чехраҳои нуронии
Шуморо тасаввур мекунам. Оре, расо тттаттт сол мешавад, ки мо ҳамдигаро на-
дидем. Дар ин муддат рӯзҳои зиёде сипарй шуданд, тифлҳои нав дар хо-
надони Шумоён, ҳамватанони азиз, ба дунё омаданд ва аз эхдимол дур нест,
ки дар сӯхбатҳои хосу ом номи инҷонибро низ бархе ба некй ё бо ҳасрат ва
шояд бархе надониста ба бадй зикр карда бошанд.

Солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он ҳазорон мақола ва
дахҳо китоб роҷеъ ба воқеаҳои Ватани мо ва нақши банда дар он ҳаводис иншо
ва нашр шуд. Бисёр китобнависон ва мақоланависҳо бо дастур ё таҳрики
марказҳои зиддиисломии хориҷию дохилй дидаю дониста ва қасдан
хақиқати таърихи ин воқеъахоро, ки, алхамдулиллох шохидони бешумо-
раш дар қайди ҳаёт ҳастанд, таҳриф намуда ва хостаанд "обро лой намуда
моҳй бигиранд". Ба вижа иддае аз афроди дасисаҷӯ ва ба ном сиёсатпеша
дар ин кори номатлуб, ба хусус дар тӯҳмату буҳтон бофтан дар ҳакқи
шахси банда, "ҳиссаи арзандае" гузоштаанд, ки ман аз тахдили
навиштаҳояшон худдорй карда онҳоро ба Худои Бузург месупорам.

Албатта, хонандаи азиз, интизор дошт, ки дар ин маъракаи
китобнависй, банда низ ба унвони яке аз шахсиятҳое, ки дар маркази
ҳодисаҳои он солҳо қарор дошт, китобе навишта воқеъаҳоро аз дидгоҳи худ
инъикос ва таҳлил намоям. Гарчи имрӯз низ бозори ин гуна китобҳои акса-
ран шитобзада дар равнақ аст, аммо ҳаргиз дар назар надоштам ва надо-
рам, ки дар солҳои наздик чизе нашр намоям ва ниятам ин буд, ки агар Худо-

3
ванд насиб гардонад, фақат пас аз гузашти муддати муносиб хотироти
ҷомеъи худро дар мавриди ҳодисаҳои Тоҷикистон якҷо бо таҳлилу барра-
сии онҳо пешкаши хонандагони гиромй бикунам.

Ҳарчанд ки пас аз интизориҳои зиёд сулҳ ба кишвари ҷангзадаи мо
кадам ранҷа фармудааст ва умед мерафт, ки ҳамагон аз фоҷеъаҳои дард-
ноки ин солҳо ибрат гирифта, тамоми талоши худро баҳри наҷот ва ҳифзи
кишвар ва ҷуброни иштибоҳҳои гузаштаамон равона созем, вале боз ҳамон
касалии кӯҳнаи душманчӯй, маҳалгарой ва ташкили бозиҳои сиёсй дар ат-
рофи номи банда ба монанди соли 1992 аз нав ба шиддат буруз кард

Сӯиистифода ва ифтироомезй (спекуляция ва инсинуция) дар ат-
рофи номи банда ва маъракаҳои зиёди сиёсие, ки дар бобати шахсияти
инҷониб пас аз оғози фаъолияти Комисиюни Оштии Миллй (сентябри соли
1997) дар Тоҷикистон ба роҳ андохтанд, маро ба ёди гузаштаи талх бурд ва
гирдиҳамоиҳою шиорҳои солҳои 1991-1992-ро дар зеҳнам зинда гардонид.
Он солҳо низ сиёсатбозони айёр бо дастури хоҷагони хориҷии худ бо номи
банда мардуми дилсофу аз дасисабозиҳо дури моро фиреб дода, манофеи
шахсй, гурӯҳй ва минтақаваии худро ҳифз намуданд ва бадномии ҳамаи
ҷинояту бадкориеро, ки худ содир намуданд, ба дӯши мо бор карданд. Наход
он таърихи даҳшатнок аз нав бар сари мардуми мо такрор шавад ?!

Раванди воқеаҳои сиёсии Тоҷикистон дар тӯли шаш соли гузашта
бамаврид будани усулҳои асосии дидгоҳи сиёсии бандаро, ки дар сиёса-
ти дохилй ба принципҳое, чун ҳифзи тавозуни кувваҳои сиёси ва
минтақавй ва намояндагии мутаносиби онҳо дар идораи кишвар, озодии су-
хан, чандандешй, таҳаммули низоми бисёрҳизбй, аз ҷумла дар нисбати
созмонҳои сиёсии исломй мисли Наҳзати Исломй ва пешгирифтани сиё-
сати муносиб бо фарҳанг ва воқеъиятҳои ҷомеъаи Тоҷикистон ва дар сиё-
сати хориҷй ба зарурати ҳифзи ифтихори миллй ва исгикдолияти Киш-
вар, доштани равобити дӯстона бо тамоми давлатҳои ҷаҳон, хусусан бо
ҳамсоягон ва растагорй аз доираи нуфузи як кишвари алоҳида таъкид
мекард, ба рушанй собит намуд.

Банда ҳамеша мӯътақид будаам, ки ҳифзи усулҳои зикршуда ва рио-
яти якояки онҳо, ягона роҳи таъмини истиклолияти кишвар, вахдату як-
порчагии ҷомеъа ва осоиштагии мардум аст ва акнун ба хубй рӯшан гардид,
ки нодида гирифтани ин усулҳо ба ваҳдату оромии ҷомеъа ва ба якпорча-
гию истиклолияти Тоҷикистони азизамон зарбаи бузурге задааст.

4
Ҳамонанди солҳои пеш аз оғози фоҷеъаҳои Тоҷикистон, дар даврони
шаш соли мубориза дар хиҷрат низ ҳамеша тарафдори сулҳ ва
ҳамдигарбахшй будам ва ҳастам. Ҳамаи талошҳои банда дар тӯли ин
солҳо барои расидан ба як сулҳи одилона ва бозгашти сарбаландонаю ша-
рофатмандонаи ҳар як муҷоҳиди ҷон бар каф, муҳоҷир, фирории иҷборй ва
муборизи сиёсй буд. Дар баробари нуқтаҳои зикршуда ҳуқуқу озодиҳои
ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, новобаста аз миллият ва қавму мазҳаб, баро-
ям ҳамеша азизу мӯътабар аст ва мехоҳам онҳо ҳифз шаванд. Ман ин
дидгоҳҳои худро чй дар дохилй кишвар ва чй дар хориҷ борҳо эълон карда-
ам ва ин ҷо бори дигар рӯи онҳо таъкид меварзам.

Баъд аз нашри туҳматномаҳои гушношунид дар ҳаққи банда акса-
рияти дӯстон, мухлисон ва сиёсатмадорон ва бисёр исрор меварзиданд,
ки бояд ҳакиқати ҳолро ба хонандагони бешумор ва аҳли илму сиёсат
иброз намоям ва ҳамчунин масъулияти банда ба ҳайси як бародари
исломй, собиқ Раиси Идораи Қозиёт ва имрӯз ба сифати ноиби аввали раиси
Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи неруҳои опози-
сиюни тоҷик, ки шоҳиди бевоситаи аксари ин воқеаҳо будам, тақозо мена-
мояд, то ҳақиқатеро, ки ба инҷониб маълум аст, рӯшан намоям.

Гарчи хонандаи азиз дар бисёр маврид хоҳад дид, ки воқеъияти
ҳаводис ва ё нақши банда дар ин ё он ҳодиса тамоман дигар ва баъзан
ҳатто баръакси овозаҳои машҳур будааст, вале бо иншои ин сатрҳо
мақсади худсафедкунй ва аз дӯши худ дур намудани масъулиятро надорам.
Фақат исрори зиёди дӯстону бародарон, зарурати аз байн бурдани
тасаввурҳои нодурусте, ки дар мавриди нақши банда дар ҳаводиси
Тоҷикистон дар натиҷаи нашри китобу мақолаҳои ғаразнок ва
таҳрифшуда ба миён омадааст ва ба хусус эҳсоси ин, ки душманони Мил-
лат бори дигар бо истифода аз номи банда дар арафаи иҷрои барномаҳои
шум ва ба бор овардани фоҷеъаҳои нав ҳастанд, маро маҷбур сохт, ки ба
хотири рух надодани иштибоҳотй навбати ба баъзе масъалаҳои муҳими
ҳамонрӯза рӯшанй андозам.

Таърихи муборизаҳои миллию озодихоҳй, ақидатй ва сиёсй, махсу-
сан дар сарзаминҳои исломй, аз фарозу нишебҳои зиёде иборат аст ва
ҷунбишҳои бедории миллию исломй дар кишвари мо низ аз онҳо истисно
нест. Ман бародаронеро, ки бо баъзе рафторҳои ноҷо ва иштибоҳоти худ
ба раванди озодихоҳй ва истиқлолталабии миллат дар марҳалаи шакл-

5
гирии он латма ворид карданд, маҳкум карданй нестам. Инсон бе камбу-
дию хато намешавад. Умедворам ҳамаи иштибоҳ ва хатоҳое, ки аз сари мо ва
бародарони миллию исломиамон сипарй шуд, мактаби хубе барои оянда-
гон гардида бошад. Зеро дар ин Роҳ даҳҳо ҳазор волидайн ҷигаргушаҳои
азизи худро аз даст доданд, ҳазорон-ҳазор тифли маъсум ятиму бепара-
стор ва хоҳарони зиёди мо бешавҳар монданду ҷавонони бешуморе ба
шаҳодат расиданд,ки бо ашку хуни поки худ бори дигар вафодории ин
миллатро ба Исломй азиз исбот намуда, дарахти истиқлолият ва озодии
кишварро оби ҳаёт бахшиданд, то мо, зиндаҳо ва наслҳои ояндаи миллат
ин арзишҳои волоро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, дигар ба
иштибоҳот роҳ надихем.

Нашри хотироти банда бо мақсади сиёҳ карданй шахсиятҳо ва ба
маънои чудой аз бародарони азизи исломии ҳамсангар ва даст каши-
дан аз муборизаҳои сиёсии оянда нест, балки барои он аст, ки дар оянда
ба иштибоҳҳо роҳ дода нашавад ва чеҳраи Исломи азиз ва миллатро
доғдор насозем. Камбудиҳои хеш ва дӯстони худро дида тавонистан,
онҳоро ошкоро гуфтан, шунидан ва аз онҳо сабақ гирифтан, нишонаи
фурӯтанй ва ҷавонмардист. Ва хостам, ки дар ин саҳифаҳо баъзе аз хоти-
рот ва андешаҳоямро дар ин хусус муҷаз ва самимона, бо ҳифзи амонат
ва бо забони бисёр содда ба қазовати дӯстон ва хонандагони азиз
пешниҳод намоям.

Пас, он чй ки дар ин хотирот омадааст, фақат нақли лаҳзаҳои
кӯтоҳе аз воқеъаҳои солҳои 1991-1992, ба хусус замони гирдиҳамоиҳо, ме-
бошад ва даъвои баррасию таҳлили ҳамаҷонибаро надорад. Мо сари
ваъдаи худ устуворем ва, Иншоааллоҳ , ки дар оянда китоберо дар барра-
сию таҳлили воқеаҳои Тоҷикистон, ба ҳукми хонандагони гиромй пешкаш
хоҳем кард.

Ва охиру даъвоно анил ҳамду лиллоҳи раббил оламин.

Вассалому алейкум ва раҳматуллоҳ.

Теҳрон 23.01.1998.

6
БИСМИЛЛОҲИР РАҲМОНИР РАҲИМ

Тобистони соли 1991 пас аз саркубии кудатои нофарҷоми коммунист
(ГКЧП 19-21 август) фазои сиёсию иҷтимоии Иттиҳоди Шуравй ба кулли
тағйир ёфт. Агарчанде ки то ин таърих сиёсати бозсозии М. С. Горбачёв
дар роҳи озодиҳои сиёсй, динй, фарҳангй ва иҷтимой ҷомеаи шӯравиро
тағйир дода буд, вале баъд аз шикасти ин кудато ба раҳбарии дастгоҳҳои
муҳими давлатй, ба вижа КГБ ва ВУД, омадани шахсиятҳои озодихоҳу де-
мократ, раванди истиқлолталабй ва озодихоҳиро дар чумҳуриҳои
шӯравии собиқ тезонд.

Пуштибонии раҳбари Ҳизби Коммунист ва давлати Тоҷикистон аз
ГКЧП ва сарони он нерӯҳои озодихоҳи мардумиро дар Ҷумҳурй ба
таҳрик оварда, боиси баргузор шудани гирдиҳамоии 29-30 август 1991
гардид. Сарони Ҳизби Коммунист талаби гирдиҳамомадагонро баҳона
карда аз тариқи Шӯрои Олй, ки дар он аксарияти мутлақро доштанд,
Қаҳҳор Маҳкамовро аз мақоми Раиси Ҷумҳур барканор карданд. Онҳо
истеъфои чанд рӯз пеши Қ.Махкамовро аз вазифаи Муншии аввали Ҳизби
Коммунистй «дар ин рӯзҳои сахт хиёнат ба ҳизб» дониста, бо барканорй аз
мансаби Президент, вайро сахт ҷазо доданд

Бо эъломи истиқлоли кишвар дар таърихи 9-сентябри соли 1991 ва
барканории ҚМахкамов масъалаи интихоботи Раиси Ҷумҳур мавзӯи
муҳими сиёсии рӯз гардид.

Гурӯҳи зиёде аз дӯстон, мухлисон ва тарафдорон, аз чумла
Раҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломй ва ҷамъи бузурге аз шахсиятҳои бо-
нуфузи аҳли тасаввуф, эшонҳо, машоиху уламои ислом дар минтақаҳои
гуногуни Чумҳурй номзадии бандаро ба мақоми Раиси Ҷумҳурй
(Президентй) пешниҳод карда буданд. Рӯйхат бо имзои

пешниҳодкунандагон аз манотиқи гуногуни чумхурй ба Комисиюни Мар-
казии Интихобот ироа шуда буд.

Як рӯз пеш аз интиҳои муҳлати номнависии номзадхо ба Раёсати

7
Ҷумҳурй ва Муовини Раиси Ҷумҳур, ки мусодиф ба яке аз ҷаласаҳои на-
вбатии Шурой Олй буд, Холмурод Шарипов, раиси Комисиюни Марка-
зии Интихобот, аз ман пурсиданд:

- Пешниҳодҳо, рӯйхати имзокунандаҳо, барои номнавис шудани
Шумо ба мо расидааст. Агар номзадии худро ба Раёсати Ҷумҳур тасдиқ
карданй бошед, бояд ба Комиссияи Марказии Интихобот дар ин бора
ариза нависед.

Бо ташаккур аз пешниҳоди дӯстон ба Холмурод Шарипов бо
ҳазл гуфтам, ки "ҳоло вакти Раиси Ҷумҳур шудани ман нарасидааст".

Чуноне ки дар боло зикр шуд, он рӯз, рӯзи аввали яке аз Иҷлосияҳои
навбатии Шурой Олй буд (шояд моҳи октябри соли 1991 бошад). Дар та-
наффуси байни ҷаласаҳо Раҳмон Набиев, ки рӯзи 23 сентябри соли 1991
Раиси Шӯрои Олй интихоб шуда буданд, маро ба яке аз утоқҳои назди
толори Маҷлисгоҳи Шӯрои Олй даъват намуда гуфтанд:

- Шумо қати як маслиҳат (машварат) дорам.

Мо паҳлӯ ба паҳлӯ дар дохили утоқ айнан дар ёдам ҳаст, ки он кас
бо дасти рости худ аз зери дасти чапи ман гирифта, дасти дигарашонро аз
зери домани костюмашон гузаронида ба пушти худ гузошта буданд, пешу
ақиб кадам мезадем.

Раҳмон Набиев ба сӯи ман нигоҳ карда гуфтанд:

- Имрӯз рӯзи охири номнавис шудани кандидатҳо ба Президента ва
Вице-Президентй ҳаст. Чй кор кунем?! Киро ба Вице-Президентй пеш-
ниҳод кунем?

Дар ҷавоб ба ишон гуфтам:

- Раҳмон Набиевич, мебахшед, мутаассифона, баъди воқеаи
муҷассамаи Ленин ва барканор шудани Қадриддин Аслонов аз вазифаи Раиси
Шӯрои Олй мо дигар дар ситоди интихоботии Шумо нестем. Бинобар ин
дар ин масъала ҳаққи машварат додану пешниҳод намуданро надорем.
Раҳмон Набиев хандида гуфтанд: -Не, Қозидомулло! Мо Шумоя ҳамеша
дар ҳама ҳолат дӯсти худ медонем, ба дуъои Шумо эхтиёҷ дорем, илтимос
фикратона гӯед.

- Худатон киро дар назардоред, - пурсидам. - Ин ҷо (шояд манзу-
рашон ситоди интихоботияшон буд) рафиқон пешниҳод карданд: ё
Сафаралй (Кенҷаев) ё Нарзуллоро (Дӯстов). Боз ба тариқи суол пурси-
дам: - Худатон кадом яке аз инҳоро муносибтар медонад? Ба кадомаш

8
майлатон зиёдтар аст?

Мисли одати ҳамешагиашон аз додани ҷавоби возеҳ худдорй
карда гуфтанд:

-Май уй (фикр) мекунам, ки Сафаралӣ оянда Раиси Шӯрои Олӣ ша-

вад.

Дар ҷавоб кӯшиш кардам, ки иштибоҳ будани ин тасмимашонро
ёдоварй намоям:

-Раҳмон Набиевич! Одатан, дар сй - чиҳил соли ахир Раисони
Шӯрои Олй аз намояндагони Бадахшон ё Қаротегин будаанд. Ин баланс
(мувозинат) имсол бо барканор намудани Қадриддин Аслонов аз ин ман-
саб халадор гардид, ки боиси чудоии байни маҳалҳо ва сар задани
ихтилофҳо шуд. Дар оянда баъди Раиси Ҷумҳур интихоб шудани Шу-
мо, агар Раиси Шӯрои Олй аз намояндагони Бадахшон ё Қаротегин инти-
хоб нашавад, мувозинати сиёсй ҳамчунон халадор боқи мемонад ва
эҳтимол боиси ҷанчолҳо шавад. Хоҳиш мекунам Шумо дар ин масъала
дурусттар ва ҳаматарафа андеша кунед...

Манзури ман аз ин суханҳо чунин буд: Дар сурате, ки Раиси Ҷумҳур аз
намояндагони қисмати шимолии Тоҷикистон интихоб шавад, вазифаи
Раисии Шӯрои Олй бояд ба намояндаи Бадахшон ё Қаротегин мутаалиқ
гардад. Аз ин рӯ мехостам ишора намоям, ки Сафаралй Кенҷаевро ба
ноибии худашон интихоб кунанд, на Нарзулло Дустовро. Ва мақоми Раи-
сии Шӯрои Олй чун анъана ба намояндаи Қаротегин ё Бадахшон вогу-
зор шавад.

Дар ҷавоб ба ман гуфтанд: - Сафаралй (Кенҷаев) камакак тез. Аз
пеши худаш ҳар корро бемаслиҳат кардан мегирад. Камакак сабукй до-
рад, баъзан ӯй (фикр) накарда баччагй мекунад...

Ишон ин суханонашонро ба охир нарасонда буданд, ки ба интиҳои
утоқ расидем ва маротибаи чандуме буд, ки ба қафо бармегаштем. Мо бе-
хабар, дар ин лаҳзаҳо С.Кенҷаев вориди утоқ шуда ҳамин қисмати охири
сӯҳбати Раҳмон Набиевро шунида будааст.

Вақте ки Раҳмон Набиев Сафаралиро диданд, андаке дасту по
хурда хиҷолат шуданд. Филфавр ба С.Кенҷаев нигоҳ карда гуфтанд:

- Мо бо Ҳоҷй Акбар дар бораи кандидатураи Вице-Президент сӯҳбат
доштем. Хуб мешуд, ки Шумо имрӯз дар вақти обед (наҳор) якҷоя бо Нарзул-
ло, равед бо Ҳоҷй Акбар машварат кунед. Ба ҳар қароре биёед, ман розй.

9
С. Кенҷаев дарҳол "Хуб, майлаш" гуфту мо ҳар се аз утоқ баромада ба
сӯи толори Маҷлисгоҳ равон шудем.

Пеш аз шурӯъи ҷаласа ман мазмуни сӯҳбатам бо Р.Набиевро мух-
тасаран ба С.Кенҷаев баён кардам ва дар охир гуфтам:

-Ба назарам, Набиев Дӯстовро ба Вице - Президента гирифтанй
аст, на Шуморо.

-Худам шунидам баъзе гапоша. Ин номарда мо дубора одамаш
кардему. Хай...

Вақти пешин ҳамроҳи С.Кенҷаев ва НДӯстов аз Шӯрои Олӣ ба
Идораи Қозиёт омадем ва наҳори нисфирӯзиро якҷоя сарф кардем.
Ҳангоми баррасии масъалаи пешниҳоди номзад ба мақоми Ноиби Раи-
си Чумҳурй НДӯстов пешдастӣ намуда тамаллуккорона изҳор кард:

- Барои ман аз ҳама вазифаҳо дӯстию бародарӣ бо Сафаралӣ
муҳим аст. Бо Сафаралӣ чандин сол боз дӯст, нонхӯру намакхӯр
ҳастем. Ба Набиев ҳам ба туфайли Сафаралӣ шинос шудам. Ҷое, ки
Сафаралӣ ҳаст, Набиев нест. Дӯстию бародарӣ бо Кенҷаев барои ман
абадӣ аст.

Дар идомаи суханҳои болояш Дӯстов таъкид кард:

- Ман гумон мекунам, ки Сафаралӣ ҳатман имкони Раиси Шӯрои
Олӣ шуданро дорад, чунки юрист аст. Ин мансабе ҳаст, ки бояд ҳатман
юрист дар он ҷо кор кунад. Бинобар ин хуб мешуд, ки Сафаралӣ ба
Раисии Шӯрои Олӣ пешбарӣ карда шавад.

Дӯстов бо ин сафсаттаҳояш мехост, ки мо худи ӯро ба номзадии
Ноиби Раиси Ҷумҳур пешбарӣ намоем.

Аммо С.Кенҷаев ҳам паст намеомад. Ӯ дар ҷавоб чунин гуфт:

- "Шуши нақд аз дунбаи насия беҳтар", - мегӯянд. Вице -
Президента нақд аст, ин шуданист, аммо ваяш меша намеша кори Ху-
до.

Банда низ дар таъйиди суханонаш гуфтам:

- Фаромӯш накунед, ки вазифаи Раисии Шӯрои Олӣ таърихан
дар ҳолате ки агар нафари аввал дар раҳбарии Ҷумҳурй аз минтақаи
шимол бошад, ба намояндаи Бадахшон ё Қаротегин тааллуқ дошта бо-
шад. Ва дар оянда низ нн мувозинати сиёсй бояд риоя шавад ва илло
тавозун (баланс)-и намояндагии минтақаҳо дар идораи Кишвар вай-
рон мешавад

10
Манзур аз сӯҳбатҳоям ин буд, ки билохира хардуяшон розй ша-
ванд, ки С.Кенҷаев ба вазифаи Ноиби Раиси Чумҳур пешбарй гардад.

Аслан, қабл аз воқеъаҳои канда шудани муҷассамаи Ленину
барканории Қ.Аслонов аз раёсати Шӯрои Олӣ, банда аз хайрхоҳон ва
ҷонибдорони Раҳмон Набиев будам. Мо якҷоя бо С.Кенҷаев, Аслиддин
Соҳибназаров, Чурабек Муродов ва чанде дигар аз намояндагони
мардумӣ дар Шӯрои Олӣ ва шахсиятҳои бонуфуз номзадии
Р.Набиевро ба мақоми Раиси Чумҳур пешбарӣ карда будем.

Ошкоро бояд гуфт, ки шахсан ман дар ҳамон вақт кӯшиши зиёд дош-
там, ки Р.Набиев ба мақоми Президентй ва Давлат Худоназаров ба ман-
саби Ноиби Президент пешбарй шаванд. Агарчанде ки шахсан бо
Д.Худоназаров шинос набудам, вале аз сабаби он, ки ӯ дар он замон ба
ҳайси депутати Шӯрои Олии СССР аъзои Гурӯҳи байниминтақавии
депутатҳо (Межрегиональная депутатская группа) буд ва дар ин гурӯҳ
шахсиятҳои маъруфу машҳур бо андешаҳои демократй ва озодихоҳ,
аз қабили шодравон Андрей Сахаров, Б.Н.Ельцин, Г.Попов, А.Собчак
ва дигарон шомил буданд, он касро ҳамчун фарди озодихоҳ ва демо-
крат тасаввур мекардам.

Лозим аст, ки дар ин ҷо ба масъалаи сарнагун намудани
муҷассамаи Ленин, ки субҳи 22 сентябри соли 1991 иттифоқ афтод
баргашта, ба он андаке рӯшанй андозем. Дар хотирам ҳаст, ки рӯзи 21
сентябр дар Хонаи маорифи сиёсй Анҷумани навбатии Ҳизби Комму-
нисти Тоҷикистон баргузор шуд. Баъд аз воқеъаҳои ГКЧП дар Маскав
Борис Ельцин - Раиси Ҷумҳури Федерация и Русия бо фармони худ
фаъолияти Ҳизби Коммунист Иттиҳоди Шӯравиро мамнӯъ эълон на-
муда моликияти онро миллй гардонд. Аз ин иқдоми Ельцин нерӯҳои
мухолифи Ҳизби Коммунист дар Тоҷикистон низ илҳом гирифта он
рӯз дар Майдони Шаҳидон ба нишони эътироз ба баргузор шудани
Анҷумани Ҳизби Коммунист гирдиҳамой ташкил намуданд. Тибқи
маъмул, ман дар рӯзҳои истирохатиниз ба Идораи Козиёт меомадам.
Зеро корҳои сохтмони бннои Идораи Қозиёт, Донишгоҳи Исломй ва
Масҷиди марказй идома дошт ва ҳузури ҳаррӯзаи бандаро талаб мекард.
Соатҳои ёздаҳи рӯз ба Идора расидам. Тахминан пас аз ним соат
Қ.Аслонов (Худо раҳматашон кунад) - Раиси Шӯрой Олй занг зада
хоҳиш намуданд, ки ба наздашон биравам.

11
Дар утоқи кории Раиси Шӯрои Олй раҳбарони аҳзобу созмонҳои
сиёсй - Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, Шодмони Юсуф, Тоҳири
Абдуҷаббор, Шодй Шабдолов, Шарофат Усмонова ва дигарон ҳузур
доштанд. Баъд аз саломуалейк Қ.Аслонов бо табассуми зебо ва маъму-
лии худ ба ман рӯй оварда гуфтанд:

- Қозидомулло! Ин ҷо рафиқони нишастагй, дар бораи манъи
фаъолияти Ҳизби Коммунисти ва амволу моликияти он ҷанҷол доранд.
Ба фикри Шумо чӣ кор кунем?

- Раис! Ба фикри ман, ба хотири оштй ва наздик шудан ба якди-
гар идораи ҳамаи ин ҳизбу созмонҳоро дар як бино, илоҷаш бошад
дар як подъезд (дари вурудй, роҳрави бино) ҷой диҳед, то
раҳбаронашон ҳар рӯз ҳамдигарро якчанд бор дида ба ҳам унсу ошной
пайдо кунанд, ки ин ба манфиати халқу мамлакатамон мешавад -
нимшӯхй ва нимҷиддй ҷавоб додам.

Баҳсу мунозира ҳудуди якчанд соат тӯл кашид. Дуруст дар хотир
дорам, ки хонум Шарофат Усмонова, муншии Ҳизби Коммунист ба кадом
коре аз утоқ берун рафтанд. Баъд аз як муддати кӯтоҳ бо чашми гирён
вориди утоқ шуда ба Ш.Шабдолов хитоб намуда гиряолуд гуфтанд:

-Ҳайкали Владимир Ильичро канда истодаанд, хезед, ягон кор ку-

нед...

Ҳамагон аз ҷой баланд шуда ба тарафи тирезае, ки аз он
муҷассамаи Ленин намудор буд, шитофтанд Майдон серодам буд.
Хақиқатан дар гардани Ленин арғамчин ё симе баста мехостанд, онро
бо мошин кашида сарнаіун кунанд.

Ростй, гиряи Шарофат Усмонова ба ҳама асар гузошт. Ҳама -
Қ.Аслонов, И.Хаёев, А.Соҳибназаров, Т.Абдуҷабборов, Ш.Юсуф,
О.Латифй, Ш.Шабдолов, Д.Усмон, банда ва чанд нафари дигар ба сӯи
Майдон роҳ пеш гирифтем. Пешопеши ҳама муовини раиси Ҳизби Де-
мократ Мирзо Самиев анбуҳи гирдиҳамомадагонро бурида барои ба
минбар расидани ҳайати Қ.Аслонов роҳ мекушод. Онҳое, ки исмашон
зикр шуд, ба пояи муҷассамаи Ленин, ки солҳои сол дар ҷашну
маросимҳои давлатй минбари асосй буд, баромаданд.

Талаби асосии гирдиҳамомадагони Майдони Озодй, ки бо даъва-
ти ҳизбу созмонҳои сиёсй ҷамъ омада буданд, манъи фаъолияти
Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва миллй гардонидани амволи он буд -

12
чуноне ки дар Русия ин кор анҷом ёфт.

Мавқеи банда дар ин масъала чунин буд ва ҳаст: Ман мухолифи
ошкори идеологияи коммунистй мебошам, вале ҷонибдори бо роҳи
иҷборй, зӯрӣ ва ҳатто ба воситаи қонун манъ намудани фаъолияти он
дар Ҷумҳурй набудам ва нестам. Зеро муътақидам, ки ҳамагуна
зӯроварӣ ва маҳдудиятҳо нисбат ба ҳизбу созмонҳо ва пайравони онҳо
ба манфиати ҷомеа набуда, муғойири усул ва озодиҳои демократа
мебошад.

Дар мавриди ҲК Тоҷикистон чунин пешниҳод доштам, ки ин
Ҳизб аз нав номнавис шавад, зеро то ин вақт як шӯъбаи маҳаллии
Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ (КПСС) буд ва моликиятеро, ки
аз они худ меҳисобид, дар асл моликияти давлат ва моликияти марду-
ми заҳматкаш мебошад. Аз ин рӯ мантиқй мебуд, ки моликияти Ҳизби
Коммунистй миллй гардонида шавад ва фаъолияти он бо имкониятҳои
баробар бо тамоми аҳзоби навтаъсисёфта, дар асоси қонун шурӯъ
гардад.

Ба хотири ором намудани вазъият ва пешгирй аз ҳар гуна
ташаннуҷ Раиси Шӯрои Олй ва Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Ҷумҳур
Қ.Аслонов дар асоси талабу дархостҳои аҳзоби сиёсй ва
гирдиҳамомадагон Фармони муваққатан манъ шудани фаъолияти
Ҳизби Коммунисти Тоҷикистонро то маълум шудани қарори
Маҳкамаи Олии Иттиҳоди Шӯравй роҷеъ ба КПСС эълон намуд. Дар
он айём Иттиҳоди Шӯравй ҳанӯз барқкарор буд.

Қобили зикр аст, ки на дар матни Фармони Қ.Аслонов ва на дар
сӯҳбатҳое, ки қабл аз омадан ба Майдони Озодй дар дафтари Раиси
Шӯрои Олй анҷом ёфт, роҷеъ ба баркандани муҷассамаи Ленин ҳарфе на-
буд, то имрӯз ба ман ба таври яқин маълум нест, ки масъалаи гириф-
тани муҷассамаи Ленин дар он рӯз ибтикори чи касон ва дасисаи кадом
гурӯҳҳо буд.

Бо қотеъият дар маҳзари Худои Бузург ва дар пешгоҳи таърих ва
мардуми Тоҷикистон эълом мекунам, ки ман аз ин кор хабар надоштам,
агарчи аз канда шудани муҷассамаи Ленин афсӯс нахӯрдам ва
намехӯрам. Зеро ин раванд дар бисёр манотиқи Шӯравии собиқ идома
дошт ва ин мероси бутпарастию коммунистй ба таври хеле қабеҳтар аз
он чй, ки дар Душанбе иттифоқ афтод, несту нобуд карда мешуд...

13
Вақти ғуруби Офтоб, минбар пур аз одам буд. Ногоҳ Сарвазир
Иззатулло Ҳаёев бо садои баланд ба мири шаҳри Душанбе Мақсуд
Иромов /Худо раҳматашон кунад, 23 декабри соли 1997 шаҳид шу-
данд/ омирона гуфтанд:

- Рав, ҳамон Қарора дар бораи кандани ҳайкали Ленин гириф-
та биё...

Ба ҳар ҳол ин дасиса ва иғво аз ҷониби кадом гурӯҳ созмон,
ҳизб, ниҳоди давлатй ё шахсияте содир шуда бошад, ман ба он
алоқае надоштам. Ҳатто Шодмон Юсуф, ки муносибати манфиаш
нисбат ба банда барои аксарияти мардум рӯшан аст, дар китобаш
"Тоҷикистон: Баҳои озодй" дар ин мавзӯъ чунин таъкид кардааст:

"Дар ин рӯз коммунистҳо барандохтани муҷассамаи Ленинро
баҳона карда нерӯҳои демократ ва миллии Тоҷикистонро муттаҳам
мекарданд. Қозии Тоҷикистон Ҳоҷй Акбари Тӯраҷонзодаро
муттаҳам мекарданд. Ҳол он ки вай абадан нақше дар баркандани
муҷассамаи Ленин надошт ва ҳатто дар он рӯзҳо мухолифи ин кор
буд" Ш. Юсуф. Тоҷикистон: Баҳои озодй. Теҳрон: Дафтари нашри фарҳанги
исломӣ. 1373 ҳ.ш.саҳ. 1U-U2).

Вале ҳар чй бошад ин кор боиси фитнаҳои зиёд гардид: мардум
ба қутбҳо тақсим шуданд, дӯстҳо душман шуданд ва душманон бо ҳам
дӯст. Ва ин баҳона шуд то кудатои коммунистии 23 сентябри соли 1991
дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвандад...

Нуктаи "дӯстҳо душман шуданд ва душманон бо ҳам дӯст"-ро
бесабаб зикр накардам. Ҷои он дорад, ки ин мавзӯъро каме шарҳ
диҳам.

Яке аз дӯстону мухлисони хонадони мо бо номи Абдуназар, соки-
ни ноҳияи Куйбышев, бо Раҳмон Набиев рафтуои дӯстона дошт.
Раҳмон Набиев аз ин бародар хоҳиш кардааст, ки ишонро бо банда
шинос намояд.

Дар рӯзи таърихии 7 ноябри соли 1989 бо даъвати шодравон
Раҳмон Набиев дар манзилашон меҳмон шудем. Аз ҳамон таърих дӯстии
мо бо Раҳмон Набиев шурӯъ шуд. Худораҳматй, одатан дар бораи
некиҳое, ки дар замони раҳбари Ҷумҳурй буданашон дар ҳаққи
ҳукуматдорони имрӯза карда буданд, сухан меронданд ва оҳи сард
кашида ба хотираҳо фурӯ мерафтанд, Бештар аз "кӯрнамакиҳои" Ваҳҳоб

14
Воҳидов вазири кишоварзӣ ва Қаҳҳор Махкамов шикоят мекарданд.

- Ин намакзадаҳо дар кучаю маъракаҳо бо ман саломуалейк на-
мекунанд, ҳатто бародарам аз дунё гузаштанд, ҳамин Ваҳҳоб Воҳидов
як даҳан таъзия нагуфт, дар маърака иштирок накард ва бо телефон
ҳам дилбардорӣ нанамуд...

Аммо рӯзи кудатои коммунистии 23 сентябри соли 1991 дар
Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ, ки бо фишори гирдиҳамоии ком-
мунистон дар Майдони Озодӣ сурат гирифта буд, ҳамон Ваҳҳоб
Воҳидов, ки Раҳмон Набиев «сифатҳои некашро» доимо ёд мекарданд, бо
беҳтарин таърифу тавсиф яке аз аввалинҳо шуда номзадии Раҳмон
Набиевро ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ пешбарӣ намуд. Воқеан кас
аз ин гардиши фалак тааҷчуб мекунад, ки дар як они воҳид душманон бо
ҳам "дӯсг" шуданд.

Вале аз сӯи дигар аз ҳамон лаҳза сар карда Раҳмон Набиев бо
дӯстоне, ки дар ҳолатҳои душвортарини ҳаёти сиёсиашон бо ишон ҳамроҳ
буданд ва он касро дубора ба арсаи сиёсӣ бароварданд ва ҳамчун номзади
худ дар интихоботи Раиси Ҷумҳур пешниҳод карданд, душман гардид.
Воаҷабо!

Шаби 22-юми сентябри соли 1991 чеҳраи дасисагар ва фитнаандози
машҳур, ба истилоҳи Иброҳим Усмонов "гӯлаҳи"-и ҳақиқӣ - Атахон Сай-
фуллоев, раиси Кумитаи радио ва телевизион, баъд аз барномаи "Ахбор"
дар телевизион мисли чуғзе, ки ҳамеша хабари бадбахтию хонавайрониро
меорад, пайдо гардид.

Хонандаи гироми шояд аз овардани пн сифатҳои паст нисбат ба
ин фард дар тааҷчуб афтад, вале банда бо тамоми масъулият ба зоти
ақдаси Илоҳӣ ва дар пешгоҳи меҳроби муқаддаси таъриху миллат ва хуни
поки ҳазорон шаҳиди гулгункафан шаҳодат медихҳам, ки маҳз ҳамин Ата-
хон Сайфуллоев яке аз сабабгорони асосии тамоми фоҷиаҳои минбаъдаи
кишвари азизамон мебошад.

Садои гиряолуди мунофиқона, тафсири таҳрикомези ҳодисаи ги-
рифтани муҷассамаи Ленин як қисми зиёди мардумро ба ҳаяҷон ва гиря
овард, Точикистонро ба дӯстон ва душманони Ленин тақсим кард. Чанде
нагузашт, ки ин амали иғвогаронаи ӯ боиси барпо шудани фитнаҳои бу-
зург ва ҳатто ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

15
Ёд дорам, ки субҳи 23-юми сентябри соли 1991, дӯсти наздикам, намо-
яндаи мардумй аз ноҳияи Кофарниҳон Курбоналй Азимов, ки ҳатто як шахси
Худотарсу рӯзадор буд, пас аз салому - алейк дар даромадгоҳи бинои
Шӯрои Олй бо чеҳраи мотамзада ва чашмони аз гиря сурхшуда бо овози
ҳазин ба ман чунин гуфт:

- Қозибово! Ҳамин ҳайкали Ленин кида халал мерасонд, нони кира
нимта карда буд. Бовар кнен, духтарчаи ҳафтсолаам ҳамин шаб ай телевизи-
он дида талх гирён шуд...

Ҳамон рӯз, пагоҳии 23.09.1991, ман барои кор ба Идора раҳсипор будам.
Ҳангоме, ки аз назди бинои Шӯрои Олй мегузаштем таҷаммӯи одамони
шинос, аз чумла депутатҳоро дар он ҷо дидам. Аз рафтан ба Қозиёт мунса-
риф шуда ба Шӯрои Олй баргаштам Дар даромадгоҳи бинои Шӯрои Олй
якчанд нафар намояндагони мардумй аз ноҳияи Кофарниҳон - Маҳмурод
Каримов, Курбоналй Азимов ва Маҳмадй Муродалиевро дидам.

Маҳмурод Каримов гуфтанд: - Ҳозир ҷаласаи Президиуми Шӯрои
Олй бо ташаббус ва сардории Кенҷаев, Воҳидов, Шабдолов давом до-
рад Тамоми шаб коммунистҳо кор карданд бо вертолётҳо /чархболҳо/
депутатҳои роҳи дурро ҷамъ оварданд, мехоҳанд Қадриддин Аслоновро
аз кор бигиранд. Ба ҷояш Раҳмон Набиевро интихоб кунанд. Шумо як кор
кунед, ки Раҳмон Набиев розй нашаванд. Ба қарибй интихоботи президенти
бе ин ҳам мегузаранд. Агар ба ҷои Қадриддин Аслонов Раиси Шӯрои Олй
шаванд, фитнаи калон мехезад, мардуми кӯҳистон сахт меранҷанд...

Дар ҳақиқат гуфтаҳои бародар Маҳмурод Каримов дуруст баромад. Аз
ин иштибоҳ як фитна не, балки сад фитна хест.

Дар толори Шӯрои Олй Раҳмон Набиев дар ҷои худ, дар сафи аввал
нишаста буданд. Наздашон рафтам, баъд аз салому пурсупос, норозигии ху-
дашонро аз кандани муҷассамаи Ленин баён карданд.

- Раҳмон Набиевич! Ман ҳам ба гирифтани муҷассама розй набудам.
Аммо кори шудагй шуд. Ҳоло гӯед, ки ин ҷо чй мегузарад? Шунидам, ки
коммунистҳо Шуморо ба ҷои Аслонов Раиси Шӯрои Олй интихоб карданианд.
Илтимос ба ин фитна розй нашавед. Бе ин ҳам Шумо баъд аз як моҳ бо
ҳафтод фоизи овозҳо Раиси "Чумҳур интихоб хоҳед шуд. Илтиҷо мекунам, ин
мансабро ҳамчун трамплин (зинапоя) истифода накунед. Коммунистҳо чо-
раи дигар надоранд, зеро имрӯз лидери ягона ҳам надоранд ва дар ин як
моҳи то интихобот лидер тайёр карда наметавонанд, хоҳ - нохоҳ
маҷбуранд ба Шумо овоз диҳанд, - гуфтам ман.

Раҳмон Набиев бо чуссаи бузургашон ба ҷониби ман баргаштанд,
вале ба замин нигоҳ карда мисли хиҷолаткашидае изҳор намуданд:

16
-Ҳоҷй Акбар! Ман розй натттудам. Шаб Ваҳҳоб Воҳидов, Шарофат Усмо-
нова ба хона омада буданд. Ҳамин пешниҳода карданд, лекин ман розй на-
шудам. Мумкин Сафаралиро (Кенҷаев) пешниҳод кунанд.

- Аз Шумо бисёр илтимос хоҳиш дорам, як кори хайр кунед, кӯшиш ку-
нед, ки Аслоновро аз назифааш нагиранд. Фитна зиёд мешавад. Ду рӯз
пеш мардуми бисёре дар Майдон қасам хурданд, ки "иҷозат намедиҳанд
ба пои Аслонов хоре халад".

- Наметавонам, коммунистҳо сахт хафа шудагй, Партияро манъ кар-
дааст, идораҳояшонро бастааст, моликияташонро давлатй кардааст, ҳеҷ
мумкин нест, наметавонам.

- Хуб, агар имкони нигоҳ доштани Аслонов набошад ва коммунистҳо
бихоҳанд, ки ҳатман ягон нафари худашон Раиси Шӯрои Олй шавад, пас,
бигузор аз ҳамон Қаротегин ягон касро пешбарй кунанд. Масалан, Одил
Бердиевро.

- Як бо Сафаралй ва дигар рафиқон маслиҳат кунед.

Бо С.Кенҷаев дар роҳрави бинои Шӯрои Олй танҳо саломуалейк кар-
дему халос. Аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки ҳатто бештар аз вафоти падараш
барои сарнагун шудани муҷассамаи Ленин мотам гирифтааст. Бо ман
ҳатто рағбати сӯҳбат карданро надошт. Бо шитоб, ба сӯи Майдон, ба назди
гирдиҳамомадагон рафт. Хулоса, натавонистам бо ӯ сӯҳбат кунам.

Ҷӯрабек Муродовро пайдо кардам ва аз ӯ хоҳиш намудам, ки масъ-
аларо ба зуди ба С.Кенҷаев бифаҳмонад, ки ҳаргиз ба ҷои Қ.Аслонов Раиси
Шӯрои Олй нашавад...

Билохира бо фишору таҳдидҳои зиёд номенклатураи коммунистй
Қ.Аслоновро маҷбур карданд то худаш истеъфо диҳад.

Ҳангоми пешбарии номзадҳо ба вазифаи Раиси Шӯрои Олй, аввалин
шуда Додситони Кулли кишвар Нурулло Ҳувайдуллоев Раҳмон Набиевро ба
он мақом пешниҳод кард. Фавран баьд аз он кас, ба іумонам, тибқи маслиҳати
қаблй, ки мабодо депутатҳо ягон шахси дигарро низ пешниҳод кунанд,
В.Воҳидов намояндагони митинги коммунистиро, ки ғайриқонунй ба
ҷаласаи Шӯрои Олй даромада дар роҳравҳои толор рост истода буданд,
тела дода худро бо суръат ба минбар расонд. Ӯ бо таърифу тавсифҳои
зиёд РНабиевро ба осмони ҳафтум бароварда аз депутатҳо хоҳиш на-
муд, ки ба Р.Набиев овоз диҳанд.

Субҳоналлоҳ! Дирӯз сояи РНабиевро аз девор метарошид, аз салом
кардан бо ӯ ҳазар дошт, аммо имрӯз дар васфи ӯ ҳамду сано мехонд ва ба
олитарин мансаби мамлакат пешбарй мекард.

17
Баъди ин ҳодисаҳои нангин ва фитнаангез банда ошкоро аз гурӯҳи
тарафдорони РНабиев хориҷ шудам. Гарчанде, ки баъд аз он ҳам Р.Набиев
ва тарафдоронаш ҳамаҷониба мекӯшиданд, ки бо ман наздик шаванд ва дар
корҳояшон машварат пурсанд, аммо ман дар воқеъ дигар аз Набиев на ош-
коро ва на пинҳонӣ пуштибонӣ намекардам.

Бармегардем ба сӯҳбати се нафари мо дар Идораи Қозиёт. Ин сӯҳбат
натиҷаи мушаххасе надод. Зеро ҳар ду - ҳам Кенҷаев ва ҳам Дӯстов мехо-
станд, ки Ноиби Раиси Ҷумҳур шаванд. Аммо мансаби "Ноиби Раиси
Чумҳур" якто буд. Баъд аз сарфи наҳор ҳар сеямон ба Мачдисгоҳи Шӯрои
Олӣ баргаштем.

Бояд зикр шавад, ки бахшҳое аз ин сӯҳбатро Нарзулл о Дӯстов ҳамроҳ
бо обуранг ва дуруғу бӯҳтонҳои ба худаш хос дар "китоби"-и машҳураш, яъне
дар ҳамон "Захм бар ҷисми Ватан", дар саҳифаҳои 129-130 ёдоварӣ намудааст.

Дар охирн рӯз бо РНабиев мулоқот намуда гуфтам:

- Мо сӯҳбат кардем, ин ду нафар ҳардуяшон мехоҳанд "Ноиби Раиси
Ҷумҳур" бошанд. Дигар худатон медонед. Ба фикри ман Кенҷаев муно-
сибтар аст.

- Хайр майлаш, ташаккур. Ягон қарорба меоем - ҷавоб доданд,
Р.Набиев.

Рӯзи дигар эълон гардид, ки НДӯстов ба ҳайси Ноиби Раиси Ҷумҳур
дар интихобот аз ҷониби Р.Набиев пешниҳод шудааст.

Аз он ки натавонистам пеши роҳи иштибоҳи навбатии.Р.Набиевро
бигирам,то имрӯз афсӯс мехӯрам. Росташ, коре дар он лаҳзаҳо аз дасти
мо намеомад. Аммо ба ҳар ҳол худро сарзаниш карда пушаймонӣ мехӯрам.
Ин тасмими ғалати Р.Набиев чӣ натиҷаҳое ба бор овард, имрӯз ба акса-
рият маълум шуд.

Аз он таърих ба баъд рахна дар ҷомиаи Тоҷикистон рӯз ба рӯз бузург
шуд ва вусъат пайдо кард. Маъракаи интихоботи Раиси Ҷумҳур ин раван-
ди нобасомонро тезонд.

Баъд аз пирӯзии Р.Набиев дар интихобот ва "ба гузашта салавот"
эълон намудани ишон ташкили ҳукумати оянда шурӯъ шуд.

Бо вучуди ҳушдорҳои бешумор дар хусуси он, ки мувозинати намо-
яндагии манотиқ дар идораи кишвар бояд ҳифз шавад, ситоди интихо-
ботии Р.Набиев таҷрибаи таърихӣ ва машваратҳои холисонаро ба инобат
нагирифта, бидуни андеша СКенҷаевро ба мақоми Раиси Шӯроӣ Олӣ
пешбарӣ намуд.

Сиёсати нодуруст ва худхоҳонаи Р.Набиев ва С.Кенҷаев дар интихоб
ва ҷобаҷогузории кадрҳо ва ҳисси интиқомчӯӣ бар алайҳи мухолифини

18
интихоботии худ, номенклатурам ҳизбию давлатии манотиқи Қаротегину
Бадахшонро ба таҳлука андохт. Ҳамчунин зиндонй намудани шаҳрдори
Душанбе Мақсуд Икромов, ба маҳкама кашидани аъзоёни раёсати
Ҳизби Наҳзати Исломй - Қорй Муҳаммадҷон, Эшони Қиёмиддини Ғозӣ ва
дигарон фаъолони ҳизбу созмонҳои мардумиро низ ба ташвиш овард.

Дар ин ҷо лозим медонам ба таърихи пурпечухами на чандон дур,
вале дар сарнавишти миллату кишвар муҳим, ручӯъ намуда, ҳақоиқеро дар
мавриди гирдиҳамоиҳои Майдонҳои Шаҳидон ва Озодӣ, ба вижа:

- коргардонҳои ҳақиқии онҳо;

- сабаби ташкили ин гирдиҳамоиҳо;

-ҳадафҳои шуми коргардонҳо аз ин гирдиҳамоиҳо, ки ба инчониб
маълум аст ва ё шоҳидаш будам, бигӯям.

Охирҳои моҳи марти соли 1992 буд. Шабе, ки муҳокимаи вазири
корҳои дохилии Чумҳурй МНавчувонов дар чаласаи Раёсати Шӯрои Олиро
ба воситаи телевизион намоиш доданд, ман бо як ҳайати баландмақоме аз
Арабистони Саудй, ки меҳмони Идораи Қозиёт буданд, дар ифтори расмй
ҳузур доштам ва аз ин рӯ қисмати аввали ин намоиши телевизиониро на-
дидам. Аммо тафсилоти онро ба ман расонданд.

Тибқи барнома, фардои он рӯз, тахминан соатҳои ёздаҳ бо меҳмонҳо
ба Фурудгоҳ рафтем. Мебоист ҳамагй ба шаҳри Тошканд парвоз мекардем.

Пеш аз парвоз, ба воситаи телефони ҳукумати аз толори депутатии
фурудгоҳ ба СКенҷаев занг зада гуфтам

-Ин чй кори кардагиатон? Чаро барои худ дарди сар эҷод кардед? Ин
масъаларо бояд Сарвазир муҳокима мекард, на Шумо.

Вай дар ҷавоб ин мисраъро бароям хонд:

-"Эй хок дар он сар, ки дар он, дарди саре нест"..

Аз ҷавобаш чунин эҳсос намудам, ки аз кори кардааш пушай-
мон аст.

Мо дар ҳавопаймои ЯК-40 парвоз кардем. Ин сафари мо худ як
қиссаи ҷолибе ҳаст, ки мехоҳам як лаҳзаи онро хидмати хонандагони
азиз таъриф намоям.

Дар ҷумлаи мусофироне, ки дар ин парвоз ҳамроҳи мо буданд,
Раиси Ҷамъияти дӯстй бо кишварҳои хориҷй хонум Майсара Калонова
ҳам ҳузур доштанд. Ҳангоми фуруд омадани ҳавопаймо дар Фурудгоҳи
Тошканд чархи зери қаноти рости ҳавопаймо шикаст. Ҳанопаймо бо су-
рати баланд аз хати парвоз берун шуда бо қаноти рости худ ба замин
расида муддате ҳаракат намуд ва дар ҳолати нимчаппа бо қаноти ши-
каста, ки аз он сӯзишворй мерехт, билохира таваққуф кард. Мусофирон

19
ҳама дар ҳолати тарсу изтироб Худоро ба ёд оварда ба илтиҷою зори
даромаданд. Хушбахтона, он рӯз рӯзи борони буд ва борони майда ме-
борид. Агар борон набудӣ на замин тар нашудӣ, оташгирӣ ва
инфиҷори ҳанопаймо аниқ будӣ.

Халабонҳо (лётчикҳо) дари эҳтиёти ва ақиби ҳавопайморо ку-
шода дастур доданд, ки ҳарчи сареътар мусофирон аз ҳавопаймо
хориҷ шаванд. Дари ақиб дуруст боз нашуд ва аксарияти мусофирҳо
аз дари эҳтиётӣ худашонро ба замин ҳаво доданд. Аз ҷумла банда,
меҳмонони хориҷӣ, хонум Майсара Калонова низ аз ҳамин дар, ки
баландиаш тақрибан дуним метр буд, худро ба замин партофтем.

Мо муддати се рӯз дар Тошканд якҷо бо меҳмонон будем ва
баъд аз гусели онҳо ба Душанбе бозгаштем. Дар Фурудгоҳи Душанбе
пешвозгирандагони мо гуфтанд, ки дар назди Қасри РаисиҶумҳур
гирдиҳамоӣ сар шудааст.

Рӯзи дигар, ба сари кор, ба Идораи Қозиёт омадам. Аз ҳамон рӯз
сар карда мардуми зиёде ҳам аз ҷониби С.Кенҷаев ва ҳам аз ҷониби
Майдони Шаҳидон наздам меомаданд. Ҷонибдорони С.Кенҷаев ва

ҳамчунин худаш хоҳиш мекарданд, ки аз мардуми Майдони Шаҳидон
даъват кунам, то ки Майдонро тарк кунанд.

Баръакси инҳо намояндагони оппозисия, аз ҷумла Шодмони
Юсуф, Давлати Усмон ва дигарон хоҳиш мекарданд, ки ба онҳо
ҳамроҳ шавам ва аз онҳо пуштибонӣ намоям. Аммо барои ман ҳарду
тараф ҳам дӯст буданд, аз ин рӯ наметавонистам яке аз онҳоро
ҷонибдорӣ намоям.

Дар авоили моҳи апрел, баъди чанд рӯзи гирдиҳамоӣ, рӯзе як
нафар марди миёнсоли сиёҳчатоб, чакмани сиёҳпӯш, ки дар сар тел-
паки кӯҳнаи дар зери борон таршуда дошт, ба ҳайси намояндаи
Майдони Шаҳидон вориди утоқи кориам шуд. Ин шахсро бори аввал
медидам. Ӯ бидуни саломуалейк аз ҳамон дами дар афзуд:

- Гуфтанд, ки палаткаҳоро ай Идораи Қозиёт биёр /манзураш
хаймаҳоро/.

- Кӣ гуфт?

- Калонҳо.

- Кистанд калонҳоят, номашон чист?

- Лозим боша мефаҳмӣ, - дағалона гуфт он шахс.

Аз ин суолу ҷавоб ва муомилаи дурушт димоғам сӯхт ва хеле
нороҳат шуда гуфтам;

20
- Худат ҳам аблаҳ будию калонҳоят ҳам... Ман аз ҳеҷ кас қарздор не-
стам. Ҳеҷ хел хайма ба касе намедиҳам. Рав аз ин ҷо...

Дертар бо гузашти вокеаҳо, вақте ки ин шахс бо ман аз наздик ши-
нос шуд, аз чумлаи мухлисони ҳақиқии банда гардид. Ва ҳангоми юриши
С.Кенҷаев ва Рустами Абдураҳим ба Душанбе дар рӯзи 24-уми октябри со-
ли 1992 ҷоми шаҳодатро нӯшид исмаш Саидмурод буд.

Лозим ба ёдоварист, ки рӯзҳои авали гирдиҳамой дар Майдони
Шаҳидон ҷавонони бадахшй шабҳо майдондорй мекарданд. Азбаски
шабҳо ҳаво хуук буд ва он рӯзҳо қариб ҳамеша борон меборид, онҳо
чархҳои кӯҳнаи мошину автобусҳоро оташ зада гулхан меафрӯхтанд ва
худро дар атрофаш гарм мекарданд. Ин чархҳо ҳангоми сӯхтан аз худ
бӯи ғализ ва гази заҳролуд хориҷ менамуданд. Дар натиҷа чанд нафар
заҳролуд шуда ба бемористон бистарй шуданд ва ҳатто яке аз онҳо
шаҳид шуд. Баъд аз ин фоҷиа ҷавонони бадахшй аз раҳбарони Майдон
қотеъона талаб карданд, ки барои шабҳо дар Майдон мондани онҳо
шароитро муҳайё созанд ва хусусан хайма биёваранд, вагарна онҳо дигар
шабҳо намеистанд.

Ин талаби қотеъона ё ультиматуми ҷавонон раҳбарони Майдонро
ба ташвиш овард ва онҳо дар ҷаласаи худ қарор карданд, ки ба ҳар роҳе
ки набошад ҳатто ба зӯр бошад ҳам, хаймаҳоро аз Қозиёт биёваранд.

Ҷузъиёти ин мавзӯъро бародари мӯҳтара.м Худойбердй

Холиқназаров, ки дар он замон ба унвони раҳбари Ҷамъияти Носири Хус-
рав узви раёсати гирдиҳамоии Майдони Шаҳидон буданд, дар яке аз
шабнишиниҳо дар Теҳрон, ки дар он ҳар кас хотиротеро доир ба он рӯзҳои
гирдиҳамоиҳо, иллатҳои баргузории онҳо ва ғайра ба ёд меовард, ҳикоя
карданд.

Дар ин миён боз чанд ҳайати дигар ба Идораи Қозиёт омаданд ва
кӯшиш карданд, ки моро мӯътақид созанд, то ба Майдони Шаҳидон би-
пайвандем. Ҳамаи ин даъватҳоро рад намудам. Тахминан баъд аз даҳ рӯзи
шурӯъи гирдиҳамой Домулло Сайд Абдуллоҳи Нурй бо чанд нафар раҳбарони
Майдони Шаҳидон ба Идораи Қозиёт омаданд.

Домулло бо лаҳни ниҳоят мулоим ҳамчун хоҳиши бародарона гуф-

танд:

- Қозидомулло! Биёед бо мардум якҷоя бошед. Ин ҳукумат вафо на-
дорад. Агар имрӯз ин парлумон пароканда нашавад, фардо ба сари
ҳамаамон бало меорад. Алайҳи Эшони Қиёмиддин, Қори Муҳаммадҷон
парвандаи ҷиной кушоданд. Фардо навбати мову Шумо ҳам мерасад. Ман
боз даъват мекунам, ки бо мардум бошед... Агар худатон намехоҳед дар

21
гирдиҳамоӣ иштирок кунед, лоақал ба мардуми зери боронмонда,
мӯйсафедон раҳм карда хаймаҳоро ба мо диҳед.

Ман дар ҷавоб ба Домулло гуфтам:

- Домулло ! Худи Шумо нагз медонед, ки Идораи Қозиёт муас-

сисаи сиёсӣ нест. Аз ин рӯ ман наметавонам дар гирдиҳамоии сиёсӣ
ширкат намоям ва ё онро ошкоро пуштибонӣ кунам. Зеро Идораи мо
дар бисёр масъалаҳо ва хусусан дар кори фиристодани ҳоҷиҳо ба ҳаҷ,
даъвати меҳмонҳои хориҷӣ, фиристодани толибилмон ба

Донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар, ба қайдгирии масҷиду мадрасаҳо ва
ғайра ба ҳамкории ҳукумат эҳтиёҷ дорад. Илова бар ин Сафаралӣ
Кенҷаев бо мо нонхӯру намакхӯр аст. Хоҳиш мекунам Шумо маро ду-
руст фаҳмед. Аз ин рӯ хаймаҳоро дода наметавонем.

Домулло Сайд Абдуллои Нурӣ бо тариқи ҳазломез гуфтанд:

- Агар бо ихтиёри худ надиҳед, ба зӯрӣ мегирем.

Ин ҳазле буд, ки ҳама аз он хандидем.

Бародари бузурги банда - Домулло Нуриддин низ ба тариқи
ҳазл ҷавоб доданд, ки агар шабона омада хаймаҳоро хилват биба-
ранд, хуб мешуд. Бо ҳамин Қозидомулло аз масъулият халос мешу-
данд. Билохира ман ҳам ба эҳтироме, ки нисбат ба Домулло Нурӣ
доштам, ба ин пешниҳодҳо розӣ шудам. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Худи
ҳамон шаб як гурӯҳ аз ҷавонони Майдони Шаҳидон омада
хаймаҳоро бурданд.

Иттифоқан ҳамон шаб С.Кенҷаев моро ба манзилаш ба

меҳмонӣ даъват карда буд. Ман бо бародари бузургам, ки зикрашон
гузашт,ба манзилаш рафтем. Вақте ки мо аз дар ворид шудем, дар
хонаи С.Кенҷаев якчанд меҳмон нишаста буданд Депутати Шӯрои
Олӣ, сардори Управленияи ГАИ Ҷумҳурӣ Ҳабиб Сангинов низ дар байни
онҳо буд. Баъди саломуалейк меҳмонҳо Худоҳофизӣ карда рафтанд.

Ҳангоми сӯҳбат С.Кенҷаев гила намуда гуфт:

- Як бор ҳам ба хотири дӯстӣ шуда ошкоро аз мо ҷонибдорӣ на-
кардед. Бисёре аз аҳли Майдон сокинони атрофи Душанбе ва ноҳияи
Кофарниҳон мебошанд. Агар Шумо ба воситаи радиою телевизион
аз онҳо даъват кунед, гапи Шуморо мегиранд ва Майдонро тарк ме-
кунанд. Медонам ҳарчанд худатон иштирок намекунед, локин
муқобил ҳам нестед. Ҳамаи бародаротон, хешу таборатон дар
гирдиҳамоӣ иштирок доранд. Ман ҳамаша медонам, дар Майдон
одамо дорам.

22
Дар ҳамин мавзӯъ сӯҳбат доштем, ки занги телефони шаҳрӣ ба-
ланд шуд. С.Кенҷаев гӯшаки телефонро бардошта муддате гуш кард
ва баъд ба шахси телефонкунанда муроҷиат намуд:

- Аз сар бигӯ, дуруст шунида нашуд.

Ва ҳамон лаҳза тугмаи баландгуяки телефонро пахш кард, то
ки мо ҳам аз хабар огоҳ шавем. Садои шинос ба гуш расид. Овози
Мулломушовир - Эшони Садриддин буд, ки мегуфт:

- Ҳозиракак палаткаҳо /хаймаҳо/-ро бо фармони Қозӣ аз
Қозиёт ба Майдон оварда истодаанд.

С.Кенҷаев: - Не - е ! Шояд Қозӣ хабар надорад? Мумкин напурсида
дуздида бурданд?!

Садриддин: - Не, бе фармони Қозӣ ҳеҷ кор намекунанд. Ба вай бовар
накунед.

С.Кенҷаев ташаккур баён карда иртиботро қатъ намуд ва ба мо рӯй
оварда гуфт:

- Ба ин чӣ мегӯед?

- Хабаркаши зур доштед, саги буйгир барин дар соати ёздаҳи шаб
атрофи Қозиётро посбонӣ карда истодааст. Акнун маълум шуд барои чӣ
ба вай мансаби мушовири динии Раиси Ҷумҳурро додаед - гуфтам
ман.

- Шумо гумон накунед, ки ҳамаи муллоҳо одамҳои Шумо ҳастанд. Дар
байни муллоҳо агентҳои мо ҳам зиёд аст. Ҳар коре, ки кунед, мефаҳмем.

Дар идомаи сӯҳбат СКенҷаев бисёр исрор варзид, ки тавассути теле-
визион мардумро даъват намоям, ки Майдонро тарк кунанд. Табиист, ки
ман ин хоҳиши ӯро наметавонистам иҷро кунам. Ба ӯ ошкоро гуфтам:

- Дар Майдон гапи маро намегиранд. Ташкилдихандагони ин Май-
дон барои барканории Аслонов ва таҳқири Навҷувонов, ки бо дасти Шумо
суратгирифтааст, бисёр хашмгин шуда ба номус омадаанд. Ман ҳам
муътақидам, ки Аслоновро ноҳақ аз вазифа барканор карданд. Шумо ва
Раҳмон Набиев аз дӯстони мо будед, ҳамфикри мо будед, аммо ҳам он рӯз
бо коммунистҳо забон як карда ба ин хатои бузург ва ғалати маҳз роҳ додед
ва бо ин амалатон дӯстонро аз худ дур кардед. Дигар ман ошкор аз Шумо
ҷонибдорӣ карда пеши роҳи мардуми Майдонро гирифта наметаво-
нам. Агар як калима ба тарафдории Шумо бигӯям, онҳо муқобили ху-
дам мешаванд. Ман наметавонам мардумро муқобили худам кунам. Ва
илло дигар кор карданам душвор мешавад. Бовар кунед, ки баъди аз
кор рафтани ман аз мансаб гирифтани Шумо ҳеҷ мушкиле надорад.
Пушти ин гирдиҳамоӣ номенклатураи коммунистии минтақаҳои Ба-

23
дахшону Қаротегин истодаанд. Онҳо ҳастанд, ки ба раисони колхозу ди-
ректорони совхозҳо дастур доданд, то мардумро бо мошину хӯрока
таъмин кунанд. Наход Шумо гумон доштабошед, ки ташкили ин маъракаи
бузурги сиёсй ва фароҳам овардани ин ҳама имконот барои таъмини
шабонарӯзии даҳҳо ҳазор одам, кори дасти Наҳзати Исломй ва дигар
аҳзоби навтаъсис бошад?! Худ нағз медонед, ки онҳо ҳанӯз имконоти зиёди
моддӣ надоранд ва аз ӯҳдаи ташкили ин чунин кор намебароянд. Масъа-
ларо содда напиндоред ва корро саҳл нагиред.

- Натарсед. Мо медонем, ки аксари Майдон тарафдорони Шумо
ҳастанд, аз шаҳр ва атрофи Душанбе, Кофарниҳону ноҳияи Ленин омада-
анд. Шумо одамони худатонро аз Майдон бароред, боқимонда -
помириҳову қаротегиниҳоро мо дар як шаб бо қувва ва истифодаи водомёт
зада пеш мекунем, нобуд мекунем - посух дод С. Кенҷаев.

- Дар ҳаққи мардум ин гуна нақшаҳои бад накашеду биёед беҳтараш
ман мулоқотатонро бо Домулло Абдуллоҳи Нурй ташкил диҳам. Шояд бо
ишон ба ягон хулоса ё қароре бирасед.

- Хоп, майлаш, - гуфт.

Мо на мисли ҳамеша, балки бо сардӣ хайрухуш кардем.

Ду рӯз пас аз ин меҳмонӣ мулоқоти пинҳонии Домулло Абдуллои
Нурӣ бо С. Кенҷаев дар утоқи кории Раиси Кумитаи дин дар назди Девони
Вазирони Чумҳурй Рабиев Ҳабиб Рабиевич баргузор шуд, ки банда низ дар
он ҳузур доштам.

Дар ин мулоқоти маҳрамона сӯҳбат байни ду нафар буд. С. Кенҷаев аз
таърихи муборизаҳояш барои адолат, фошсозии ҷиноятҳои номенклатураи
Ҳизби Коммунист, бедории миллат, кӯмак ба муллоҳою эшонҳо ҳикояҳо карда,
таъкид намуд, ки дар ҳоли ҳозир ҳам санадҳои зиёде ба муқобили Директори
Заводи нуриҳои азотии Вахш, гурӯҳи Маҳкамов ва дигар мафияҳо дар
даст дорад ва ин санадҳо нишон медиҳанд, ки онҳо миллионҳо суми сар-
вати халқро ба яғмо бурдаанд. Дар мавзӯи муҳокимаи Навчувонов гуфт, ки
ин кор бо супориши Раҳмон Набиев сурат гирифт. Аммо дар бораи бар-
канории Қадриддин Аслонов изҳор дошт, ки ӯро на ман, балки котибҳои
райком ва коммунистҳои ашшадй аз кор гирифтанд.

- Ҳоло хоҳиш мекунам, имкон диҳед, ҳамин корҳои хайрро, ки дар
нақша дорам, ба охир расонам. Хоҳиш мекунам, митингро қатъ кунед. Мо-
нед, оромона кор кунем. Мана боз интихобот мешавад. Худо хоҳад халқ ин-
тихоб кунад боз навбати Шумо, - идома дод суханашро С. Кенҷаев.

Домулло Нурй аввал дар ҳаққи Кенҷаев суханҳои хуб гуфта ӯро
таъриф намуда, фармуданд:

24
- Мо Шуморо ғоибона бисёр хуб мешиносем. Ҳамчун як шахсияти
адолатхоху ватанпарвар ва муқобили мафияу бедодй машхур хдстед. Мо аз
Шумо умедҳои кал он доштаем ва дорем. Бовар кунед, чй хеле ки Раҳмон
Набиев Шуморо дар масъалаи Навчувонов фурухт, боз дар оянда низ Шу-
моро фурӯхта курбон мекунад. Ҳоло ҳам дер нашудааст, ба тарафи мо гуза-
ред, дар интихоботи оянда ҳамчун лидер /пешво/ пешниҳодатон мекунем.
Мана Қозидомулло шоҳид. Ин мардум чанд рӯз дар Майдон зери барфу бо-
рон истодаанд, дасти холй баргашта наметавонанд. Зеро Шуморо
гунаҳкори асосии аз кор гирифтани Аслонов медонанд. Бо ин амалатон
Шумо мардуми Қаротегинро таҳқир кардед. Бо муҳокима кардани
Навчувонов мардуми Бадахшонро ҳам таҳқир намудед. Роҳи ягона ин аст,
ки ба назди мардуми Майдон биёед, ба мо бипайвандед, ҳатман Шуморо
қабул мекунанд. Хубаш фикри бо мо якҷоя шуданро кунед...

Кенҷаев дар ҷавоб гуфт:

- Медонам, ки ҳамаи ин раҳбарҳо номарданд, ба ахдашон намеи-
станд, чояш ояд мефурушанд, вале ман номардй намекунам.

Як рӯз пеш аз оғози Иҷлосняи Шӯрои Олй Раҳмон Набиев маро ба
хузури хеш даъват карданд. Дар рӯи ҳавлии Қасри Раёсати Ҷумҳурй бан-
даро Ҳабибулло Саидмуродов - муовини Нахуствазир пешвоз гирифтанд.
Вақте ки мехостем, аз пиллаҳо ба табақаи дуввум боло шавем, дар роҳрав
СКенҷаевро вохӯрдем. Баъди аҳволпурсй Кенҷаев ба назари суол ба сӯям
нигарист. Гуфтам, ки Р. Набиев даъват кардаанд. Мо ҳар се ба сӯи утоқи ко-
рии Раиси Ҷумҳур равон шудем.

Ҳангоме ки ба қабулгоҳ ворид шудем Ҳ.Саидмуродов ба С.Кенҷаев
рӯй оварда гуфтанд:

- Шояд Раис бихоҳанд, ки бо Қозидомулло танҳо ба танҳо сӯҳбат
кунанд.

С. Кенҷаев бо як нороҳатй ба сӯи мо нигоҳ карда китф дарҳам ка-

шид.

Ман танҳо ба утоқи кории Раҳмон Набиев ворид шудам. Раиси
Чумҳур ҳолати ночуре дошт, дар утоқаш бо либоси гарм - плащ - пальто ва
шарф худро печонида нишаста буд. Хеле гарму чӯшон пурсупос карда
дарҳол аз бемори шикоят намуданд. Аммо ин ҳама як мукаддима буд.
Ниҳоят ба ман рӯй оварда гуфтанд:

- Чй кор кунем? Вазъият вайрон, Фардо Сессия мешавад. Ин
Сафаралй корҳоя хароб кард. Маслиҳат накарда аз пеши худаш ҳамин фит-
наро хезонд. Дигар ин мардум то аз кор нагирандаш аз Майдон намераванд.

25
Шумо як бор қатиш сӯҳбат мекардед! Гапи Шуморо мегирад. Агар розй ша-
вад, ҳар куҷо, ки хоҳад, сафир карда фиристонем. Дигар роҳаш нест.

- Аввалаш ин ки гапи маро намегирад. Сониян, чаро сафир?! Наме-
шавад, ки ягон кори муносибтар, масалан, раиси КГБ таъинаш кунед, шо-
яд розй шавад. Охир то кай ин Идораи муҳими давлатй дар дасти намо-
яндаи Русия мемонад. Мо дигар давлати мустақил ҳастем. Гами амния-
тамонро бояд худамон хӯрем.

Ин пешниҳоди ман тасодуфй набуд. Бо вуҷуди эълони
истиқлолияти Ҷумҳурй КГБ-и Тоҷикистон, ин аркони муҳими давлатй,
ҳанӯз аз сӯи намояндагони Русия Идора мешуд. Аз дидгоҳи банда барои
як кишвари мустақил ин чиз қобили таҳаммул набуд. Ман масъалаи маз-
курро аз аввалин рӯзҳои истиқлолият дар сӯҳбатҳо ва навиштаҳои худ
борҳо матраҳ карда будам, ки мусоҳибаи банда дар рӯзномаи
"Чумҳурият" дар таърихи 11 феврали соли 1992 намунаи он аст.

- Не, намешавад. Гуфта будам - ку. Ин одам тез, бисёр сабук, ин корба
намешавад. Ман медонам, гапи Шуморо мегирад, хешатон-ку? Як кор ку-
нед.

Бо ҳамин суханҳо Набиев аз ҷо баланд шуда бо инҷониб хайрухуш
карданд.

Дар Қабулгоҳ С.Кенҷаев мунтазир нишаста буд. Якҷоя берун шудем.
Дар роҳрав ба ӯ гуфтам, ки сӯҳбат дар бораи Шумо буд ва агар хоҳед дар
дафтари кориатон гуфтугӯ мекунем.

- Кабинети маро гӯш мекунанд. Ягон ҷои дигар равем,- посух дод
С.Кенҷаев.

- Биёед ба кабинети Ҳабиб Рабиев равем - гуфтам.

Ман пеш аз С.Кенҷаев ба утоқи кории Ҳ.Рабиев омадам. Зеро банда
ин шахси наҷибро бисёр эҳтиром менамудам ва бо ишон робитаҳои
дӯстона доштам ва дорам.

Ба Ҳабиб Рабиев гуфтам, ки ҳозир Кенҷаев бояд биёяд, Шумо аз
роҳрав он касро гирифта биёред.

Дар утоқи кории ҲРабиев ҳамон ҷое, ки бо Домулло Нурй мулоқот су-
рат гирифта буд, тафсилоти сӯҳбат бо Набиевро барои С.Кенҷаев гуфтам:

- Шуморо аз вазифаатон гирифтанианд. Аз ман хоҳиш намуданд, ки
бо Шумо сӯҳбат кунам ва Шуморо розй созам, ки ба ҳайси сафир ба ягон
кишвари хориҷй равед. Хулоса, мехоҳанд, ки аз Тоҷикистон хориҷ шавед.
Нагуфта будам, ки инҳо ба Шумо вафо намекунанд? Ба фикрам, дар таш-
кили Майдони Шаҳидон худи Набиев даст дорад. Бубинед, ягон шиор,
ягон талаб зидди ӯ нест. Илова бар ин баъзе дӯстони наздик ва нонхӯру

26
намакхӯрҳои Р.Набиев мисли Усмон Ҳасанов собиқ котиби якуми горкоми
Кофарниҳон доимо дар Майдони Шаҳидон буда бо раҳбарони гирдиҳамоӣ
ҳамсӯҳбату ҳамтабақ мебошанд.

Бо шунидани ин ҳақиқати талх С. Кенҷаев аз дарду алам печутоб
хурда, як бора аз ҷояш хест ва Р. Набиевро бо қабеҳтарин алфоз, ки дар ин
ҷо овардани онҳо аз рӯи одоб нест, дашном дода, дар ниҳояти асабоният
аз як гӯша ба гӯшаи дигари утоқ қадам мезад.

- Хайр, мебинем кӣ ғолиб мешавад. Худо ҳаст-ку!

- Ин ҳақорату таҳдидҳо фоида надорад. Ҳоло ҳам дер нашудааст.
Биёед ба Майдон равед ва ҳақиқатро ба мардум гӯед, аз Набиев даст ка-
шед, бовар дорам, мардум Шуморо қабул мекунад. Домулло Нурӣ ҳам ба
худатон ваъда дода буданд.

- Не, ман ин корро карда наметавонам. Бовар кунед, мекушанд маро.

Ин суханон охирин ҷавоби С.Кенҷаев ба ман буд.

Рӯзи дигар бояд Иҷлосияи Шӯрои Олӣ шурӯъ ба кор мекард. Ҳамон
рӯз соатҳои нӯҳ ба толори Шӯрои Олӣ омадам. Намояндагони мардум
ҳама ҳузур доштанд. То саршавии Иҷлосия камтар аз як соат монда буд.
Ҳамин вақт намояндаи мардумӣ Саидшариф Шарифов - раиси
Комиҷроияи ноҳияи Мастчоҳ ба наздам омада маро ба сӯҳбати хосса даъват
намуданд.

Якҷоя дари яке аз утоқҳои роҳраверо, ки ба сӯи толори Маҷлисгоҳ
мебурд, боз кард ем. Дар утоқи кӯчак се адад монитор насб шуда буд, ки дар
экрани онҳо, тамомии толор ва атрофи он чун кафи даст менамуд.
С.Шарифов изҳор доштанд: -Ба фикрам, сағераро аз кор мегиранд.
Дишаб ҳамаи депутатҳои вилояти Ленинободро ҷамъ карданд. Гуфтанд,
ки агар Кенҷаевро нагирем, вазъият ором намешавад. Шояд худи Набиев
ҳаминро мехоҳад. Сағера ҳайф шуд. Як кор карда ёрдам кардан дар-
кор.

-Агар ба депутатҳои вилояти Ленинобод ҳам ин фармонро дода
бошанд, дигар ҳеҷ кор карда наметавонем. Депутатҳои вилояти Бадахшон,
водии Қаротегину Курғонтеппа, албатта, муқобилаш ҳастанд. Эҳтимол
Набиев ҳамин хел супоришро ба депутатҳои вилояти Кӯлоб ҳам дода бо-
шад. Онҳо ҳатман гапи Набиевро мегиранд. Ба фикрам, ҳеҷ кор аз дасти
ману Шумо намеояд бефоида аст.

Ва мазмуни сӯҳбати дирӯзаи худро бо Р.Набиев ба он кас нақл
кардам.

С.Шарифов оҳи сарде кашида гуфтанд:

- Баччагӣ кард, фиребаш доданд, ҳайф шуд.

27
Расо соати даҳ Иҷлосияи Шӯрои Олй ба кори худ оғоз кард. Дар
ҷойгоҳи Раёсат Р. Набиев наменамуданд. Баробари саршавии ҷаласа де-
путат Эмомалй Раҳмонов аз ҷояш хеста чунин гуфт:

- Ман пешниҳод мекунам, ки то митингчиҳо аз майдони назди
Шӯрои Олй нараванд, ба кори Сессия шурӯъ кардан лозим нест. Бас аст, зе-
ри фишор кор кардан. Хоҳиш мекунам, ин пешниҳодро ба овоз монед.

С.Кенҷаев низ филфавр ин пешниҳодро ба овоз гузошт ва он қабул

шуд.

Як гурӯҳ депутатҳоро барои пароканда намудани гирдиҳамоии на-
зди Шӯрои Олй вазифадор намуданд. Дар ин гурӯҳ бародар Аслиддини
Соҳибназар, Тоҳири Абдуҷаббор, камина ва боз чанд нафари дигар шомил
будем.

Вақте ки аз дари бинои Шӯрои Олй берун омадем дар воқеъ дар Май-
дон як гурӯҳ одамон, ки аксарияташонро ҷавонон ташкил медоданд,
ҳалқавор дар як сафи борик давр мезаданд, ки ин худ як саҳнаи аҷиб ва ба-
рои мо номафҳум буд. Мо ба онҳо муроҷиат кардем:

- Нн чй кори кардагиатон?! Чаро фитнаангезй мекунед? Кй Шуморо
фиристод? Равед аз ин ҷо. Монед Парлумон корашро давом диҳад. Аз саба-
би ба ин Майдон омадани Шумо Сессия корашро қатъ кард, Чй фоида кардед?
Агар намеомадед кор шояд ба манфиати шумоён ҳал мешуд, равед ба
Майдони Шаҳидон...

Чанд муддат бархе нахостанд Майдонро тарк кунанд, вале оқибат ғур
- ғуркунон бо дили нохоҳам он ҷоро холй карданд. Тафсилоти ин воқеаро
бародар Аслиддин Соҳибназаров дар китобаш "Субҳи ситоракуш" сафҳаи
277-279 овардааст.

Вақте ки ба толори Шӯрои Олй баргаштем, аксарияти депутатҳо па-
роканда шуда буданд ва ба мо гуфтанд, ки дигар Иҷлосия баргузор
намешавад. Ин хабар барои мо ногаҳонй ва хеле тааҷҷубовар буд. Чаро
Иҷлосияро қатъ карданд, Майдон, ки холй шуда буд? Ба фикри ман ин худ
як муаммо ва фитнаи пурпечу хами дигар аст. Шояд коргардонҳои
ҳақиқии ин муаммо рӯзе аз асрори он парда бардоранд. Тааҷҷубовар аст,
ки китобнависони солҳои охир С.Кенчаев, НДӯстов, Х.Насриддинов,
Иброҳим Усмонов ва ғайра, ки даъвои ҳақиқатнигорй кардаанд, аз
шарҳи ин мавзӯъ худдорй намудаанд.

Хабари қатъ шудани кори Иҷлосияи Шӯрои Олй аҳли Майдони
Шаҳидонро ба шӯр овард.

Эҳтимоли ба хушунат ва корҳои ғайриқонунй даст задани мардуми
таҳрикшуда ба миён омад. Ин ҳолро дида худи Раҳмон Набиев ба ман занг

28
заданд ва бисёр хоҳиш карданд, ки гирдиҳам омадагони Майдонро
ором намоям.

Ҳамин тариқ, дар ҳамон рӯз барои аввалин бор ба Майдони Шаҳидон
рафта бо мардум сӯҳбат кардам. Аксарияти мардум хушҳолй мекарданд,
ки "Қозидомулло ҳам ба Майдон пайваст". Фардои он рӯз рӯзномаҳои озод
низ бо унвонҳои барҷаста /титрҳои бузург/ ва бо чунин мазмун хабарҳо
чоп карданд.

Аммо ҳақиқат ғайри ин буд. Ман ба Майдони Шаҳидон на барои
пайваст шудан ба гирдиҳамой, балки фақат ба хотири ором намудани
мардум ва пешгирй намудан аз ҳар гуна хушунат ва қонуншиканӣ рафта бу-
дам. Мазмуни суханрониям аз даъват ба хештандорй, сабру таҳаммул, ха-
лалдор накардани амният, риояи оромй ва тартибу интизом иборат

буд.

Тахминан ҳудуди ним соат суханронй кардам. Баъд аз даҳ - понздаҳ
дақиқа фаъолони Майдон аз суханронии банда чунин бардошт карданд,
ки инҷониб он чиро, ки онҳо таваққӯъ доштанд ва мехостанд аз забони
ман бишнаванд, дар суханҳоям намегӯям, яъне шиору даъватҳои
мунҳалсозии Парлумон ва истеъфои Кенҷаевро, ки талабҳои асосии аҳли
Майдон буд, ба забон намеовардам.

Як моҳ пеш аз ин воқеаҳо ман дар як му-соҳибаи худ назари мухо-
лифи худро роҷеъ ба мунҳалсозии парлумон изҳор намуда будам
/Ниг.Чумхурият 11.02.1992/.

Фаъолони Майдон аз чунин мавзеъгирии банда нороҳат шуда дарҳол
ба хатчанависй шурӯъ карданд. Паси ҳам даҳҳо хатча ба дастам расид, ки
мазмуни ҳамаашон қариб як буд, фақат агар як хатча каме муаддабона
бошад, даҳтои дигараш ҳатман таҳқиромез ва беодобона иншо шуда буд, ки
ба ахлоқи исломй ва инсонй рост намеомад.

Аксарияти хатчаҳо бо ибораҳои "Қозй чаро мунофиқй мекунй", "Рос-
ташро намегӯй", "Тарафи хешатро мегирй", "Аз КГБ натарс, аз Худо тарс",
"Агар мусулмон бошй, ошкоро тарафи мардум шав" ва ғайра шурӯъ мешуд,
ки дар поёни бархе аз онҳо алфози носазо ва дашномҳои қабеҳро ба хати ду-
рушттар навишта буданд...

Гирдиҳамой дар Майдон Шаҳидон идома кард. Ҳукуматдорон
маҷбур шуданд, ки дубора 16-уми апрели соли 1992 Иҷлосияи Шӯрои Олиро
даъват намоянд. Боз баррасии вазъи сиёсй ягона рӯзномаи Иҷлосия буд.

Мардуми Майдон ҳамоно истеъфои Кенҷаев, Ҳувайдулоев, Сайфулоев
ва озодии Мақсуд Икромовро талаб мекарданд.

29
Депутатҳои Шӯрои Олй ба як қарори қатъй дар мавриди қонеъ наму-
дани талаби гирдиҳамомандагон намеомаданд. Ҳар рӯз дар табақаи сеюми
Шӯрои Олй ҷаласаи аъзои Раёсат бо ширкати баъзе аз аъзои Ҳукумат ва
депутатҳои а лоҳида, шахсиятҳои бонуфуз ва аҳёнан бо иштироки намоян-
дагони Майдон барпо мегардид.

Маҷлису мулоқотҳо дар ин бобат қариб панҷ рӯз кашол ёфт. Бархе
аз намояндагони мардум ба хотири оромй ва қатъ шудани гирдиҳамой аз
С.Кенҷаев тақозо доштанд, ки масъалаи истеъфояшро ба овоз монад. Аммо
Кенҷаев то рӯзи 21.04.1992 розй намешуд. Субҳи ҳамон рӯз ҷаласаи васеъи
Раёсат бо ширкати теъдоди зиёди депутатҳо ва аъзоёни Ҳукумат барпо гар-
дид. Намояндагони мардумй аз Қаротегину Бадахшон ва Қурғонтеппа аз
банда хоҳиш мекарданд, то ба Кенҷаев бифаҳмонам ва аз ӯ бихоҳам, ки
мардум дигар таҳаммули дар вазифаи Раиси Шӯрои Олй боқй мондани
ӯро надоранд. Ҳатто Даврон Ашӯров низ ин масъаларо матраҳ мекард, ал-
батта, на аз рӯи ҳасудй ё бадбинй, балки аз рӯи дилсӯзй ва бародарй.
Д.Ашӯров чунин меҳисобид, ки Кенҷаевро фиреб доданд, акнун мехоҳанд
ӯро имрӯз сабабгори ҷангу ҷанҷол ҳисоб карда, аз маърака берун намуда
шармандааш кунанд,

- Волло, Қозидомулло, дилам барояш месӯзад, - меіуфг Д Ашуров.

- Худаш имкон дод бо дасти худаш беобрӯяш кунанд.

Ҳамон рӯз, яъне 21-уми апрел, ман низ ба Кенҷаев гуфтам:

- Панҷ рӯз гузашт, вазъият аз рӯз ба рӯз печидатар мешавад, ба наза-
рам, дигар чорае нест. Биёед истеъфоятонро ба овоз монед. Бубинем
депутатҳо чй мегӯянд.

-Майлаш, ман истеъфоямро ба овоз мемонам, вале бовар дорам, ки
агар депутатҳо истеъфоямро қабул накунанд, саркардаҳои Майдон ором
намешаванд, - гуфт дар посух С.Кенҷаев.

Ниҳоят дар рӯзномаи Иҷлосия масъалаи истеъфои С.Кенҷаев до-
хил гардид ва ба овоздиҳии пӯшида гузошта шуд.

Депутатҳо истеъфои С.Кенҷаевро аз мақоми Раиси Шӯрои Олй
қабул накарданд. Банда ҳангоми эълони натиҷаи раъйдиҳй дар толор
ҳузур надоштам, вале чуноне ки ба ман гуфтанд баробари эълони он Давлат
Усмон, ки дар қатори дигар намояндагони Майдон дар ҷаласаи Шӯрои
Олй ширкат дошт, филфавр Маҷлисгоҳро тарк намудааст.

Баъдтар, соли 1994 яке аз иштроккунандагони гаравгонгирй
ҷузъиёти онро ба ман ин тавр ҳикоят кард:

- Раҳбарони Майдон эҳтимоли қабул нашудани истеъфои
Кенҷаевро медонистанд. Аз ин рӯ як гурӯҳ ҷавононро барои гаравгонгирии

30
депутатҳо омода карданд. Ба мо, яъне масъулини иҷрои ин амр, дастур
дода шуд, ки танҳо депутатҳои вилояти Ленинободро ба гаравгон бигирем,
ба депутатҳои Бадахшону Қаротегин ва Кӯлобу Қурғонтеппа кордор на-
шавем. Ҳамчунин Қори Муҳаммадҷон ва Шодмони Юсуф масъулини иҷрои
гаравгонгирӣ буданд...

Аммо бармегардем ба он шоми шуми гаравгонгирии 21-уми соли 1992.
Пас аз раъйдиҳии катбӣ аз тариқи бюллетень ва пеш аз эълони натиҷаи
он мо чанд нафар депутатҳо, аз ҷумла хонум Азиза Анварова, барои
таҳияи лоиҳаи кадом як қарор ба утоқи кории раиси Кумитаи
қонугузори Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Раҷабов /Раиси Маҷлиси Олӣ аз
соли 1994/ ба табақаи сеюм рафта будем. Муддате нагузашт, ки са-
дои ҳаёҳуйи одамон аз берун баланд шуд. Як нафар аз дафтари
Кенҷаев ба мо хабар дод, ки ба Шӯрои Олӣ ҳуҷум карданд ва Раис
Шуморо даъват доранд. Ҳама бо суръат бархостаба сӯи кабинети
Раиси Шӯрои Олӣ рафтем. Барқи Қабулгоҳ ва утоқи кори хомӯш
буд ва Кенҷаев, Ҳувайдуллоев, Дӯстов, Ашӯров ва дигар аъзои
Шӯрои Олӣ аз тирезаҳои кабинету Қабулгоҳ Майдон ва одамони
гирдиҳамомадаро тамошо мекарданд. Баробари ба Қабулгоҳ ворид
шудани мо касе чароғро рӯшан кард, ки ҳамон лаҳза аз берун
гирдҳамомадагон бо ҳақорату дашном: "ана, дар ҳамон ҷо ҳастанд..."
гуён садо баланд карданд. Касе саросемавор фарёд зад:

-Кушед, кушед светро.

Барқро хомӯш карданд. Кенҷаев ба ман рӯй овард:

-Гуфта будам - ку инҳо бару бир ором намегиранд. Равед ором
кунед, набошад оқибаташ бад мешавад.

Дар роҳравҳои бинои Шӯрои Олӣ адади зиёде аз сарбозони
ОМОН /Нерӯи таъиноти махсуси Вазорати дохила/ бо силоҳу
ҷавшан бронжилет/ ва сипар сангар гирифта буданд. Воқеан,
эҳтимоли даргарӣ ва хунрезӣ вуҷуд дошт. Мо аз дари марказии би-
нои Шӯрои Олӣ баромада натавониста маҷбур шудем, ки аз дари
Вазорати умури хориҷа, воқеъ дар қаноти рости бино, берун шавем.
Чанд нафари дигар, аз ҷумла Аслиддин Соҳибназаров, Мавлон
Олимов /Худо раҳматаш кунад, ӯ тирамоҳи соли 1992
ноҷавонмардона аз ҷониби афроди ҷинояткор ваҳшиёна кушта шуд/

31
ва хабарнигори Московские новости" Санавбар Шерматова, бо ман аз
ҳамон дар хориҷ шуданд.

Саҳни Майдони назди Шӯрои Олй пур аз одам буд. Аксариятро
ҷавонон ташкил медоданд. Аз рӯҳияи издиҳом бӯи ташаннуҷ ва хушунат
меомад. Чеҳраҳо пур аз ғазаб ва нафрат буд.

Ман аз дар берун омада рӯи суффаи канори пиллаҳои пеши дари
Вазорати умури хориҷа рост истодам ва ба гурӯҳи ҷамъомадагон рӯй
оварда муроҷиат намудам:

Шумо маро мешиносед?

-О ре!

-Эхтиром мекунед?!

- Бале, - бо як овоз ҷавоб доданд гирдиҳамомадагон.

- Агар маро шиносед ва эҳтиром намоед, илтимос мекунам, Май-
донро холй кунед. Касе, ки шуморо ба ин ҷо фиристодааст, иштибоҳ кар-
дааст. Ин ҷо дар роҳрав пушти дару тирезаҳо ОМОН-и мусаллаҳ истода-
аст. Эҳтимол хунрезй шавад. Худо нишон надиҳад, шояд чанд кас кушта ша-
вад. Равед аз ин ҷо. Илтимос, бозичаи дасти фитнагарҳо нашавед...

Ман суханонамро ҳанӯз тамом накарда будам, ки нохост Қори
Муҳаммадҷон /Худо раҳматашон кунад, дар Афғонистон дар ҳиҷрат вафот
карда шаҳид шуданд/ зинапояҳоро сарфи назар карда, худро бо як ҷаҳиш
ба болои суффае, ки ман рӯи он меистодам гирифт. Аз паси ӯ Эшони
Қиёмиддин, ки либосҳои "генералй" дар бар доштанд, хостанд, мисли
Қори аз гӯшаи суффа ба боло биҷаҳанд. Вале аз сабаби он ки баландии ай-
вон як ё якуним метр буд, натавонистанд бо як ҷаҳиш худро ба боло гиранд.
Қори Муҳаммадҷон маҷбур шуданд дастшонро дароз карда Эшонро ба
боло бикашанд.

Ман бехабар аз асли воқеа ба онҳо салом додам. Вале ҳеҷ кадоме
аз онҳо саломи маро алейк нагирифтанд. Баръакс Қори Муҳаммадҷон
бо як ситеза ва нафрату ғазаб ба сӯям нигоҳ карданд, шояд мехостанд чи-
зе бигӯянд, вале ба Эшони Қиёмиддин рӯй оварданд:

- Сар кун, Эшон!

Ва Эшон сар карданд:

....- Кист раҳбари Шумо?! Кист женероли шумо?! Ай ҷавонони
ғаюр ва мусалмон! Шумо аз кй итоат мекунед?! Агар аз ман итоат мекунед,
пас, ба амри каси дигар гӯш надиҳед. Кй ҳақ дорад ба шумо амр ку-
над, ки Майдонро холй кунед?!

Ман аз чунин муомила ва ҳарфҳои таҳқиромез дар ғазаб шуда бо
суръат аз ҳамон баландие, ки Қори Муҳаммадҷон ва Эшони Қиёмиддин боло

32
шуда буданд, ба поён ҷаҳидам. Анбӯҳи одамонро убур карда хостам аз
Майдон берун шавам. Бародар Аслиддини Соҳибназар, ки шоҳиди ин
бархурди густохона буданд, худро ба ман расонда аз дастам доштанд:

- Илтимос, наравед. Ин мардумро бесоҳиб намонед. Ҳаёти ин
ҷавононро ба ихтиёри экстремистҳо надиҳед, хоҳиш мекунам.

- Не, ман меравам. Дидед-ку? Фоида надорад. Нияти бад доранд.
Гапамро намегиранд, инҳо медонанду ҳукумат...

Суханони акаи Аслиддин мисли ҳамеша дуруст ва воқеъбинона
буданд. Ва яке аз сабабҳои эҳтироми банда ба он кас ин аст, ки ишон
дар ҳама ҳолатҳо хунсардишонро ҳифз мекарданд ва каломи ҳақ ва
бамавридро мегуфтанд ва мегӯянд...

Дар дилам дуруст будани ҳарфхояшонро қабул доштам, вале
дар он лаҳзаҳо наметавонистам дар Майдони Озодй бимонам. Савори
мошин шуда ба сӯи манзилам ба Кофарниҳон ҳаракат кардам. Он
лаҳзаҳо ман аз воқеаи гаравгонгирии намояндагони мардумй тамо-
ман хабар надоштам. Ва дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки мардум ба
чунин воқеаи нангину нафратовар даст мезананд. Дар роҳи Душан-
бе - Кофарниҳон ба маҳаллаи Моинкач нарасида будам, ки телефони
дохили мошин занг зад.

- Қозидомулло ! Куҷо ҳастед?! Ман, Навҷувонов ! Депутатҳоро за-
ложник гирифтанд. Тураевҳоро, Хайруллоевро, Саидмуродовро, Азиз-
бекро ва чанд депутати дигарро заложник /гаравгон/ гирифтанд. Тез
биёед.

Ваъда додам, ки меоям. Аз нисфи роҳ ба Душанбе баргаштем.
Ҳангоми убур аз хиёбони Рӯдакй дар назди Майдони Шаҳидон каме
таваққуф кардем. Дар минбари Майдон депутатҳои гаравгонгириф-
ташударо қатор карда шоир Бозор Собир дар даст микрафон
/баландгӯяк/ онҳоро бо харфҳои таҳқиромез муҳокима ва истинтоқ
мекард.

Хостам аз мошин фуруд омада ба минбар равам, вале ронанда-
ам, ки дар айни замон амакам низ ҳастанд, хоҳиш карданд, ки ба .он
ҷо наравам, мабодо беҳурматй кунанд, боз нороҳаттар мешавед.

Дар ҳамон рӯзҳо шоири мардумй Бозор Собир, ки бисёр мав-
риди эҳтироми инҷониб буданд, бо сабаби дар гирдиҳамой ширкат
накарданам, дар ғазаб шуда дар ҳаққи банда назми таҳқиромезе бо
унвони "Поп Гапон" иншо карда барои чоп ба рӯзномаи "Адолат"
фиристода буданд. Дар лаҳзаҳои пеш аз чоп бо кушишҳои бародари
гиромй Додоҷони Атовулло ва дигар дӯстон ин "шоҳасар" аз шумо-

33
ра гирифта шуд. Ҳамон шаб ба хотири фош намудани ин хабар
Додоҷонро дар наздикии Майдони Шаҳидон лату кӯб карданд ва чанд
дандонашонро зада шикастанд.

Дар ҳамин ҷо амакам ба ман гуфтанд:

- Ба чашмам дидам, ки бечора Азизбек /Азизбек Шарипов - раи-
си Комиҷроияи ноҳияи Ленин/-ро зада - зада мисли гӯсфанд куллук
карда, дар багажники /сандуқи ақиб/ ГАЗ-24 андохтанд, баъд дари
багажникро пӯшида бурданд.

- Чаро ҳамон вақт ин воқеаро ба ман нагуфтед, - гӯён аз ишон
изҳори нороҳатӣ кардам.

- Шумо бисёр дар ҳолати ғазаб будед, нахостам, ки дилатонро
боз нороҳаттар кунам, - ҷавоб гуфтанд амакам.

Ин хабар ба ман бисёр таъсир кард. Ман медонистам, ки маҳз Азиз-
бек, ин марди дилогоҳ аз фишорҳои ЦК ва шахсан Қ.Махкамов натарсида
дар солҳои 1990-1991 танҳо дар ноҳияи Ленин сӣ масҷидро ба қайд гирифта
фаъолияти онҳоро расмӣ карданд ва ҳатто аз ҳисоби заминҳои обӣ барои
сохтмони онҳо ҷой доданд. Барои ин корашон ишонро ду маротиба дар КМ
ҲКТ ва Пленуми он муҳокима намуда мехостанд аз вазифаашон сабукдӯш
кунанд. Банда бо он кас робитаи дӯстию бародарӣ доштам ва ишон низ мо-
ро эҳтиром мекарданд.

Бо як ҳолати ҳаяҷонзада, пур аз нафрату ғазаб нисбат ба ин воқеаҳо
ва афроде, ки ин ҷиноятро содир кардаанд, ба Идора омадам. Аллакай
нисфи шаб буд. Ду нафарро барои даъвати Домулло Нурӣ ба ситоди
гирдиҳамоӣ фиристодам. Ситоди асосии гирдиҳамоӣ дар табақаи севуми
бинои маскунии рӯ ба рӯи Чойхонаи "Роҳат", дар як манзили сехонаӣ, ҷой
дошт. Ман бовар доштам, ки Домулло Нурӣ даъвати маро иҷобат намуда
ба Идораи Қозиёт меоянд, зеро ишон корманди мо - Сардабири нашрияи
Идораи Қозиёт - "Минбари ислом" буданд. Ба ҷои Домулло Нурӣ Шодмони
Юсуф бо Давлати Усмон ба Идораи Қозиёт омаданд.

Ба назарам, онҳо аз асли воқеаи гаравгонгирӣ, хусусан аз
беэҳтиромии Қори Муҳаммадҷон ва Эшони Қиёмиддин нисбат ба банда,
бохабар буданд. Аз ин рӯ баробари ворид шудан ба утоқи корӣ ба узру
маъзаратхоҳӣ пардохтанд:

- Бовар кунед, Қозидомулло, мо хабар надоштем. Бачаҳои бадахшонӣ
аз пеши худ ин корро кардаанд. Кори шудагӣ шуд. Сайфиддин Тураев, Хай-
руллоев ва Саидмуродовро аллакай озод кардем. Дигарон ҳамчун меҳмон
дар назди бародарони худ гирдиҳамомадагон ҳастанд, зиёфат хурда исто-
даанд. Хоҳиш мекунем наранҷед, ҳама корҳо хуб мешавад...

34
Ман ба онҳо ҳеҷ чиз ҷавоб надодам ва танҳо чунин гуфтам:

- Ман ба шумо гапи мегуфтагй надорам. Равед калонатонро Домул-
лоро /яъне Сайд Абдуллои Нуриро/ іуед, биёянд. Ман бо ҳамон кас гуфту-
гу мекунам.

Онҳо рафтанду пас аз фурсате боз ду каси дигар паёми Устод Нуриро
оварданд:

- Тибқи маълумот Ҳукумат ҳам мехоҳад, ки роҳбарҳои Майдонро ба
гаравгон бигирад, то бо депутатҳо табодул кунад. Ба ҳамин сабаб назди
Шумо омада наметавонам, хоҳиш мекунам Шумо ба назди мо биёед.

Аз чунин муомила, ки "болои сӯхта намакоб" буд, зиёдтар худро
таҳқиршуда ҳисобида, тасмим гирифтам, ки фардо тавассути телевизион
ин аъмоли сарони гирдиҳамоиро маҳкум намуда, аз мардум хоҳиш намо-
ям, ки Майдонро тарк бинмоянд. Бародари бузургам Домулло Нуриддин
хоҳиш карданд, ки шитобкорй накунам, пеш аз тасмимгирй як бор аз на-
здашон гузарам.

Ин навбат мо ба Домулло Нурй одам фиристодем, ки мо ҳам ба
штаби /ситоди/ онҳо рафта наметавонем. Бигузор дар ягон ҷои дигар
на ситоди шумо ва на Идораи мо мулоқот кунем. Хулоса, тасмим ги-
рифтем, ки дар рӯи ҳавлии як боғчаи баччаҳо, ки байни Идораи мо ва
бинои Ситоди онҳо вокеъ буд, мулоқот намоем.

Дар мулоқот бародарам Домулло Нуриддин, амакам Абдусса-
меъ ва ду муҳофизи бесилоҳ ҳамроҳи ман буданд. Аз ситоди митинги
Майдони Шаҳидон якҷо бо Домулло Нурй, бародар Ҳимматзода,
Давлати Усмон, Шодмони Юсуф, Қори Муҳаммадҷон, Эшони
Қиёмиддин, Муҳаммадрасул ва чанд нафар муҳофизи бесилоҳ омада
буданд. Аммо аз Раёсати расмии Майдон на Тоҳири Абдуҷаббор -
раиси Созмони Растохез, на Худойбердй Холиқназаров - раиси
Ҷамъияти Носири Хисрав ва на Атобеки Амирбек - раиси Созмони
"Лаъли Бадахшон" дар ин ҳайат ҳузур надоштанд.

Баъд аз саломуалейк сӯҳбатро ман оғоз намудам. Бояд иқрор
кард, ки оҳанги суханронии банда бисёр тунду тез буд:

-Домулло! Ин чи кори кардагнатон? Магар ҳамин мусулмонй
шуд? Волло, ки ин амал на мусулмонй асту на демокрасй, ҳам номи ис-
лом ва ҳам номи демократияро доғдор кардед. Зуд депутатҳоро озод
кунед. Вагарна ман фардо ба воситаи радиою телевизион ин корро
маҳкум карда аз мардум даъват менамоям, ки Майдонро тарк кунанд»
Яке аз сабабҳои лаҳни тезутунди сӯҳбатам хабари такондиҳандае буд,
ки дар лаҳзаҳои охир ба ман расид. Гуфтағвд, ки ба номуси яке аз

35
депутатҳои гаравгонгирифта таҷовуз кардаанд. Ин марди баобру ва
шастсоларо, ки аз овардани номашон хиҷолат мекашам, бо ин
таҷовуз маҷбур намудаанд, ки аз мандати депутатиашон даст ка-
шанд.

Домулло Нурй бо лаҳни нарму хиҷолатзада изҳор доштанд:

- Бовар кунед, Қозидомулло! Ин кор бе машварати мо шудааст.
Ҳеҷ кас аз роҳбарҳо чунин фармон надодаанд. Худи бачаҳои Майдон
ин коро кардаанд. Бовар кунед...

Дар ҷавоб ман муомилаи беэҳтиромонаи Қорӣ Муҳаммадҷону
Эшони Қиёмиддинро, ки дар назди бинои Шурои Олй иттифоқ аф-
тод, мисол овардам, ки магар ин кор ҳам бе фармон шудааст?! Ин ду
нафар ҳатто саломи маро алейк нагирифтанд. Инро чй хел фахмидан
мумкин аст?!

Қори Муҳаммадҷон ба узру маъзаратхоҳй шуруъ карданд:

- Не-е?! Наход Худо моро ин қадар задааст, ки саломи Шуморо
алейк нагирем? Ба шумо беэҳтиромй кунем? Ба Худо қасам, ки Шумо-
ро надидем.„

Ин дуруғи маҳз алами маро даҳчанд кард. Ман ба Домулло
Нурй хитоб кардам:

- Домулло, агар ин кори Шумо набошад, пас, ҳатман ба таври
расмй, ошкоро ин ҷиноятро маҳкум кунед, худи ҳозир депутатҳоро озод
кунед ва илло доғи бузурге ба Ислом мечаспад. Домулло боз бо ҳамон
оханги нарму илтиҷоомез ба сӯҳбаташон идома доданд:

- Кори шудагй шуд. Аллакай чанд нафарашонро озод карданд
Дигарҳояшонро фардо саҳар бачаҳо ба Шӯрои Олй бурда мерасонанд.
Ҳозир агар озодашон кунанд, шояд ягон нафарашонро худи КГБ мекушаду
бори мо мекунанд. Бовар кунед, мо хабар надоштем, лекин наметавонем
маҳкум кунем. Агар онҳоро маҳкум кунем, ихтилоф пайдо мешавад, чудой
мешавад. Аз Шумо ҳам хоҳиш мекунам ба хотири ваҳдат вазнин шавед,
сабр кунед. Ин корро накунед, хоҳиш мекунем...

Бо ҳамин мазмуни боло ба хотири ваҳдат бародар Ҳимматзода ҳам
сӯҳбат карданд ва хоҳиш намуданд, ки ба ҳар иқдоме, ки боиси чудой ва их-
тилоф мешавад, даст назанем. Ва таъкид карданд, ки воқеан ишон аз
тасмимгирй дар мавриди гаравгонгирй иттилоъе надоранд.

Баъдтар дар солҳои ҳиҷрат худи шоҳидони ҳамин тасмимгирй
эътироф карданд, ки дар ҳақиқат бародар Ҳимматзода дар ҳамон
ҷаласае, ки қарори гаравгонгирй қабул шуд, ширкат надоштанд.

36
Дар охири мулоқоти ғайриоддӣ дар боғчаи бачагон ман исрор кар-
дам, ки агар ин амал кори шумо набошад ҳам, аз тарафи намояндагони
Майдон сурат гирифтааст, биноан бояд шумо расман узр пурсед.

Дар ниҳоят ба чунин қарор омадем, ки фардо дар Ичлосияи Шӯрои
Олӣ бародар Ҳимматзода аз номи раҳбарияти Майдон аз депутатҳо рас-
ман узр мепурсанд.

Ҳамон вақт ба хотири ҳифзи ваҳдат байни Идораи Қозиёт ва Ҳизби
Наҳзат тасмими худро иваз намуда аз расман эълон кардани мухолифа-
там ба гирдиҳамоӣ ва маҳкум намудани ин ҷиноят худдорӣ варзидам.

Баъдан даҳҳо маротиба худро сарзаниш кардам ва пушаймон будам,
ки чаро ҳамон шаби наҳс тасмими худро иваз намудам? Ба мардуми Май-
дони Шаҳидон муроҷиат накардам? Чаро ҳақиқати ҳолро ба мардуми
Ҷумҳурӣ ба воситаи радио ва телевизион нагуфтам? Ва чаро аз мардуми аз
дасисаҳо ноогоҳ даъват нанамудам, ки Майдонро тарк намоянд? Ва боз
садҳо "чаро?"-ҳои дигар. Шояд бо ин иқдом фоҷиаҳои минбаъда, ки ба сари
миллат ва болои кишвар омад, пешгирӣ мешуд?! Афсӯс мехӯрам. Сад аф-
сус.

Ҳамеша аз Худои Бузург талаби омурзиш мекунам. Илоҳо! Худован-
до! Маро бубахш! Дар оянда маро аз хатову иштибоҳот маҳфуз дор ва
ҳамеша дар роҳи Сиротулмустақим - Роҳи рост ҳидоятам бинмо. Дар
роҳи хидмат ба Исломи азиз ва миллати мусулмону шарифам ва кишвари
азияткашидаам тавфиқ бифармо. Худоё! Илтиҷоҳои бандаи гунаҳкору
осиятро қабул бифармо! Омин! Ё Раббал оламин! Ё муҷибассоилин!...

Баъдтар ба ман маълум шуд, ки як гурӯҳ аз раҳбарони Майдон, ҳамон
шаб бо иштироки Саидмуродов, Хайруллоев ва Тӯраевҳо бо Набиеву Кенҷаев
музокира карда, билохира С.Кенҷаевро қонеъ кардаанд, ки истеъфои худ-
ро эълон намоянд.

Мо он шабро бедор дар Идора гузарондем. Шаби дароз дар дафтари
кории Раиси Ҷумҳур дар ғиёби /ғоиб/ худи ӯ гуфтушуниди намояндаго-
ни Майдони Шаҳидон ва ҳукумат идома меёфт. Мо дар он нишаст ширкат
надоштем ва аз ҷараёни он бехабар будем.

Фардои он рӯз, яъне 22 апрели соли 1992, мо депутатҳои Шӯрои Олӣ
дар Маҷлисгоҳ ҷамъ омадем ва мунтазири ифтитоҳи ҷаласа будем. Дар
толор Азизбек Шариповро дидам, ки аз зарбу лати гаравгонгирҳо як тара-
фи рӯяшон варам карда, зери чашми росташон сиёҳ шуда буд. Пас аз
аҳволпурсӣ дилбардорияшон намуда пурсидам:

- Росташро гӯед, Шуморо кӣ зад?

- Монед, напурсед, Қозидомулло, чӣ фарқ дорад,ҷавоб дод ӯ.

37
Аз нигоҳи пурмаънои чатттмонатттон мехондам, ки мегуфт:

- Барои заминҳои додагиам, барои масҷидҳои кушодагиам...

Аз хиҷолат замин накафид, ки дароям. Ба фикрам, ӯ ҳам мисли
бисёриҳо іумон мекард, ки ман дар ин ҷиноят даст дорам.

- Бовар кунед, Азизбек, ман на танҳо хабар надоштам, балки ба касо-
не, ки ин корро карданд, лаънат мефиристам,-гуфтам ман.

Дар ҳамин гуфтугӯ будем, ки касе аз кормандони Шӯрои Олй хабар
дод, ки Шумо ва дигар аъзоёни Раёсати Шӯрои Олиро ба дафтари Раиси
Ҷумҳур даъват карданд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамагй як рӯз пеш дар ҳамон ҷаласае, ки ис-
теъфои Кенҷаев қабул нашуд,Соҳибназаров, Тӯраев ва бандаро ба аъзо-
гии Раёсати Шӯрои Оли интихоб карда буданд. Ман он лаҳзаҳо дар
Маҷлисгоҳи Шӯрои Олй ҳузур надоштам ва намедонам, ки ин пешниҳод
аз ҷониби кй ва ба кадом сабаб матраҳ шуд. Ҳамин қадар медонам, ки аз
ҷониби Майдони Шаҳидон чунин дархосту талабе ҷой надошт. Вақте ки мо
ба дафтари Раиси Ҷумҳур расидем, дар он ҷо сари бандҳои
тавофуқнома баҳс мерафт. Бандҳои муҳими ин Созишнома:

- истеъфои С.Кенҷаев - Раиси Шӯрои Олй;

- истеъфои НҲувайдуллоев - Додситони Кул;

- истеъфои А.Сайфуллоев - раиси Кумитаи давлатй оид ба
радиошунавонй ва телевизион;

- таъйини таърихи интихоботи ҷадиди Шӯрои Олй дар
тирамоҳи ҳамин сол;

- ворид намудани намояндагони опозисиюн дар Комиссияи Марка-
зии интихобот;

- омода намудани лоиҳаи Қарори Шӯрои Олй дар мавриди ба
ҷавобгарии ҷиной накашидани иштироккунандагони митинг ва
раҳбарони онҳо ва ғайра.

Дар ин ҷо аз ҷониби ҳайати аҳзоби мухолиф ва Майдони Шаҳидон
асосан Давлати Усмон ва Шодмони Юсуф музокира мебурданд.

Дӯстов аз номи Раҳмон Набиев бисёр таъкид дошт, ки ба ҷуз истеъфои
Додситони Кулл НҲувайдуллоев дигар ҳама талабҳои гирдиҳам омадагон-
ро қабул мекунем. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Баъд аз ба тавофуқ расидани тарафҳо, банда бо ҳамроҳии На-
сриддинов ва Соҳибназаров аз кӯчаи Орҷоникидзеи собиқ пиёда,
қадамзанон ба Шӯрои Олй омадем.

Иҷлосия ба кори худ шурӯъ намуд. Аз ҳама тааҷубовар ва дар айни
замон нафратовараш ин буд, ки НДӯстов ба ҳайси Ноиби Раиси Ҷумҳур ба

38
минбар баромада, ҳодисаи гаравгонгирии депутатҳоро на танҳо мақкум на-
кард, балки онро ҳамчун "меҳмонии депутатҳо дар назди бародарони худ"
шарҳ дод. Котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунист шаҳри Хуҷанд
/исмашон алҳол дар хотирам нест/, ки дар сафи баъди мо менишастанд, ба
ин дурӯягии Дӯстов тоб наёварда бо нафрати бепоён ба унвони Ноиби
Раиси Ҷумҳур як ҳақорати обдору ғализ фиристоданд.

Муовини Нахуствазир Саидмуродов ва раиси яке аз колхозҳои
ноҳияи Ашт Каҳрамони Меҳнати Сотсиалистй Холиқназаров низ ба ҳайси
намояндаи гаравгон гирифташудагон ба Шӯрои Олӣ итминон доданд, ки
ишон "гаравгон" набуданд, балки дар назди халқи худ, дӯстони худ
"меҳмон" буданд ва касе онҳоро таҳқиру озор надодааст, баръакс ба ин ва-
сила онҳо аз дарди дили мардум хабардор шуданд ва ғайра.

Сипас як нафар намояндаи мардумй аз ҷояш бархоста мандати депу-
татии худро ба Раёсат таслим намуда изҳор дошт:

- Ман дигар депутат буда наметавонам...

Кенҷаев баъд аз онҳо ба минбар баромада пас аз сӯҳбати мухтасаре
истеъфояшро эълон намуд Вай аз намояндагон дархост намуд, ки
ҳатман истеъфояшро қабул кунанд ва аз муовини Раиси Шӯрои Олй
В.И.Приписнов, ки раёсати ҷаласаро бар дӯш дошт, хоҳиш кард, ки ин
пешниҳодро ҳамин лаҳза ба овоз монад. Худаш дар минбар истода аз
ҳамон ҷо овоз дод. Истеъфо қабул шуд. Кенҷаев ба толор ба ҷои пешина-
аш, ки як саф пештар аз мо буд, баргашт. Ҳамин ҷо ба хотири он ки
Кенҷаев комилан дилшикаста нашавад аз у пурсидам, ки "оё розй
ҳастед, ки дар ҳайати Раёсати Шӯрои Олй боқй бимонед?" -Майлаш,
пешниҳод кунед, - гуфт ӯ. Ман аз депутат Маҳмурод Каримов, ки
ҳамеша дар паҳлӯи чапам менишастанд, хоҳиш кардам, ки ин
пешниҳодро ба Шӯрои Олй ироа намоянд. Ба хотири он ки шояд
депутатҳои Бадахшон ва Қаротегину Қурғонтеппа пешниҳоди маро
ҳамчун "хешутаборчигй" маънидод кунанд, худам аз ироаи ин
пешниҳод худдорй кардам ва он кас ин пешниҳодро матраҳ карданд.
Қадриддин Аслонов ва боз чанд депутати дигар ба ин пешниҳод мухоли-
фати шадид нишон доданд Худи Кенҷаев аз ин муомила ранҷид:

- Лозим нест, ба овоз намонед, - гуфту Маҷлисгоҳро баъд аз лаҳзае
тарк кард.

Тибқи созиши байни намояндагони Майдон ва Ҳукумат масоили
тавофуқшуда бояд дар Иҷлосияи Шӯрои Олй мавриди баррасй қарор
.гирифта тасвиб мешуданд. Депутатҳо дар як муддати кӯтоҳ пас аз ис-
теъфои С.Кенҷаев, таърихи интихоботи ояндаи Парлумонро дар моҳи де-

39
кабри соли 1992 таъйин карданд. Дар масъалаи ворид мамудани намоян-
дагони аҳзобу созмонҳои сиёсй ба миқдори 50% дар Комиссияи Марказии
интихобот ҳам ба зуди тавофуқ ҳосил шуд. Аммо дар масъалае, ки зоҳиран
қабули он аз ҳама осонтар ба назар менамуд, яъне тасдиқи лоиҳаи Қарори
Шӯрои Олй дар бораи ба ҷавобгарии ҷиной ва маъмурй накашидани
ширкаткунандагони гирдиҳамой ва сарони онҳо, баҳсу мунозираи тӯлонй
ба роҳ андохта шуд.

Раҳматй Нурулло Ҳувайдуллоев ҳамеша қасдан пешниҳодҳоеро
ироа мекарданд, ки бештар тафсирҳои мухталифро дар мӯҳтавои худ
дошт, яъне духӯра буд. Масалан, агар ширкаткунандагони гирдиҳамой аз
ҷавобгарии ҷиной озод мешуданд аз ҷавобгарии маъмурй наметавонистанд
озод шаванд ё агар мардуми оддй аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мешуд, дар бо-
раи ташкилдиҳандагони гирдиҳамоӣ ибороти Қарор равшану возеҳ на-
буд. Ҳамчунин дар бораи ашхосе, ки гирдиҳамомадагонро аз ҷиҳати
моддӣ пуштибонӣ мекарданд, мисли раисони колхоз ва директорони
совхозҳо дар лоиҳаи Қарор печидагиҳо бештар мешуд.

Бархе аз намяндагони мардумӣ ё қудрати дар ин мавзӯъ баҳсу ан-
деша карданро надоштанд ё умуман намехостанд ба ин баҳс ҳамроҳ ша-
ванд. Банда тибқи одати ҳамешагӣ мехостам, ки ҳар банди Қарор ҳар нук-
таи он рӯшану возеҳ бошад ва ду хел тафсир нашавад. Аз ҳамин сабаб барои
возеҳ ва дақиқ шудани масъала роҷеъ ба ҳар банди он ҳар лаҳза ҷадал кардан
лозим меомад Бинобар ин маҷбур шудам чандин маротиба назди микрафон
биравам.

Аҳволи бандаро дар он лаҳзаҳо тасаввур кунед! Чанд шабонрӯзи
бехобӣ, ҷаласаву мулоқотҳои бешумор, вазъияти муташанниҷи ҳамон
рӯзҳо, ба вижа баъд аз гаравгонгарии депутатҳо, рафтору бархӯрди беа-
дабонаи дӯстон, ҳамаи ин дар якҷоягӣ, албатта, бе таъсир набуда чӣ аз
лиҳози ҷисмӣ ва чӣ аз лиҳози рӯҳи маро сахт хаста намуда буд. Бо
вуҷуди ин ҳама хастагӣ ва шаббедори банда чанд бор паси ҳам
пешниҳодҳои мушаххасро дар ин масъала ироа намудам. Лекин
иҷрокунандаи вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаров дар ак-
сар ҳолатҳо ё худро ба нодонӣ мезаданд ё пешниҳодҳоро дарк намекар-
данд ва ё қасдан аз баррасии пешниҳодҳои ман мегурехтанд, хулоса,
пешниҳодҳои маро ба лоиҳаи Қарор дохил кардан намехостанд ва ба
овоз намегузоштанд. Аз чунин муносибати он кас сахт нороҳат ва асабонй
шудам, зеро аз як сӯ тибқи регламент /дастури кор/ Шӯрои Олй аъзои Раё-
сати Шӯрои Олй ҳақ доштанд, бидуни навбат суханронй кунанд ва
пешниҳодҳояшон ҳатман дар мадди аввал баррасй ва ба овоз гузошта

40
шавад ва аз сӯи дигар ба ҳайси Қозии мусулмонон ва ҳамчун шахсияти
шинохтаи сиёсию иҷтимоии кишвар таваққӯъ доштам, ки
пешниҳодҳоямро ба эътибор мегиранд. Дертар дарк кардам, ки ин
тавақуотам дар он замон ва дар он муҳити Шӯрои Олй, ки 95 дарсади
он аъзои Ҳизби Коммунист буданд ва аслан аз ҳузури ман дар Пар-
лумон нороҳат буданд, ноҷо будааст.

Ана, дар чунин як муҳити муташанниҷ ва ноороми сиёсй дар
Шӯрои Олй ва ҳолати хастагии руҳию ҷисмонй, вақте ки
А.Искандаров пешниҳоди навбатиамро ба эътибор нагирифтанд бо
асабоният ба ишон хитоб карда чунин гуфтам:

- Акбаршо Искандарович! Айб дар одамон набудааст. Маълум
мешавад, ки аз Шумо пешгузаштагонатон низ айбе надоштаанд.
Ҳама гап дар ҳамин курсй будааст, курсии лаънатй. Ҳар кй болояш
менишинад дар як лаҳза тағйир меёбад. Курсиро иваз кардан лозим
будааст, на одамонро...

Дар ҳамин ҳолат шояд аз хастагию ҳаяҷон бидуни ихтиёр як
чашмам нимпӯш шудааст. Дурбинҳои /камера/ "телевизиони
сайфуллоевй" гуё ки маҳз дунболи ҳамин лаҳзаҳо буданд, дарҳол он-
ро ба навор гирифта ба зуди "устодона" ва иғвогарона монтаж карда
ҳамон шаб ба мардум ҳамин саҳнаро давомдору муфассал намоиш
доданд. Баъдан душманони инҷониб бо вуҷуди ин ки дар ҳамон дав-
ра бо Искандаров ҳеҷ гуна робитаи шахсй ва рафтуомад надоштани
маро хуб медонистанд аз намоиши ҳамин саҳна тӯҳмату бӯҳтонҳои
зиёде бофтанд, сару садоҳо карданд. Банда бо Искандаров танҳо дар
моҳи майи соли 1992 дар нишастҳои Раёсати Шӯрои Олй аз наздик
шинос шудам. Дертар дар мавриди ҳамин намоиши сохтаву сунъии
"телевизиони сайфуллоевй" бадхоҳони инҷониб мақолаву китобҳои
бисёрҷилда "таълиф" карданд...

Ин нависандагон як бор ҳам барои донистани ҳақиқат ба бой-
гонии /архив/ телевизион муроҷиат накарданд, зеро барояшон до-
нистани ҳақиқат зарурат надошт. Тибқи дастури хоҷагони
хориҷиашон ва адовати куркуронае, ки нисбат ба Исломи азиз ва
пайравони ҳақиқии он доранд, ҳадаф ва вазифаи онҳо фақат бо ин
тӯҳмату бӯҳтонҳо беобрӯ ва дар назари мардум шум сохтани чеҳраи
банда ва аз ин тариқ зарба задан ба дини мубини Ислом, ба бедорй,
озодй ва озодихоҳии мардуми тоҷик буд. Бехабар аз он ки дили банда-
гони Худо дар дасти қудрати Ӯст ва фақат ҳамон Зоти Пок метаво-
над муҳаббат ва ё нафратро дар дили мардум ҷой диҳад. Фақат Ху-

41
дост, ки иззату манзалат ва обрӯ медиҳад. Фақат Ӯст, ки хору залил
мегардонад. Шайтонҳои инс мисли шайтонҳои ҷинн фақат як муд-
дати кӯтоҳ метавонанд дар дили мардум васваса кунанду халос. Ами-
нам, ки ҳамватанони ман ин ҳама тӯҳматҳоро дар ҳаққи инҷониб
ҳамон вақт ҳам қабул накарда буданд, чӣ ҷои имрӯз.

Иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар поёни кори хеш ба раҳбарони Майдо-
ни Шаҳидон муроҷиат кард, ки худи ҳамин рӯз 22-юми апрел ё ҳадди
ақал 23-юми апрел Майдонро холӣ карда мардумро ба маҳалҳои зис-
ташон бозгардонанд.

Банда тибқи ин муроҷиати Шӯрои Олӣ аз Домулло Нурӣ ва дигар
масъулони Майдон хоҳиш кардам, ки 23-юми апрел мардумро ҷавоб
диҳанд. Масъулин ба ман чунин посух гуфтанд:

-Ҳамин қадар истоданд, боз як рӯзи дигар ҳеҷ гап нест. Рӯзи 24-уми
апрел маъракаи Оши Худоӣ дорем, мехуранд, баъд мераванд.

Субҳи 24-уми апрел мо дар Раёсати Шӯрои Олӣ ҷаласа доштем. Дар он
мачлис ба иттилои мо расонданд, ки субҳи рӯзи 23-юми апрел дар эътироз
ба қарорҳои ахири Шӯрои Олӣ, хусусан истеъфои Кенҷаев, дар Панчакент,
Айнӣ ва шаҳри Кӯлоб гирдиҳамои шурӯъ шудааст. Дӯстов дар ҳоле ки
хушҳолии худро пинҳон карда наметавонист бо писханд аз боби
гирдиҳамоиҳои зикршуда ба ҳозирин ахбор дод. Баъзе аз аъзоёни Прези-
диум аз ҳамон ҷо ба ноҳияҳо занг заданд ва ин хабар таъйид шуд.

Ростӣ, аз шунидани ин хабари шум бисёр нороҳат ва хотирпарешон
гардидам ва дар ин андеша будам, ки оқибати кор бо чӣ меанҷомида бо-
шад. Дар зеҳнам омад, ки ин кор ҳатман аз сӯи худи Набиев, Дӯстов, Кенҷаев,
Хувайдуллоев ва дигарон ташкил шудааст. Аз он ҷаласа рост ба Майдони
Шаҳидон омадам. Зиёфатхурӣ дар авҷ буд ва ҳама аз "пирӯзиҳо" хушҳол
буданд. Аз муҳофизони Майдон хаймаеро, ки дар он Домулло Нурӣ ва ди-
гар масъулин ҷой доштанд, пурсучӯ кардам, вале аксар бо ҳар баҳона аз
нишон додани он ба ман худдорӣ мекарданд. Худам ба чустуӯӯи хаймаи
ишон сар кардам. Пардаи дари чандин хаймаро бардошта ба дохилаш нигоҳ
карда хаймаи Домулло Нуриро мепурсидам. Ҷавоб медоданд, ки "наме-
донем".

Оқибат хаймаи ишонро, ки дар васати хаймаҳои дигар буд, пайдо
кардам. Вориди хайма шудам ва саломуалейк карда нишастам. Дар хайма
ба чуз Домулло Нурӣ бародар Химматзода, Давлати Усмон, Қори
Муҳаммадҷон, Эшони Қиёмиддин, Мулло Амриддин, Ҷумъабек, Саиду-
мар ва боз чанди дигар машғули палавхӯрӣ буданд. Баробари нишаста-
ни банда Саидумар бо садои баланд ва истеҳзоомез гуфт:

42
-Ош ки тайёр шуд хӯрандаҳо пайдо мешаванд.

Манзури ишон аз ин ҳарфҳо, албатта, на Оши Худой, балки
"дастовардҳои" сиёсии ду руз пеши Майдони Шаҳидон буд. Касе аз ҳозирин
ба хотири ин беадабияш ба Саидумар чизе нагуфт. Маҷбур шудам худам
ҷавобаш диҳам:

-Саросема нашав. Ба гумонам, ин ош на нуши ҷон, балки заҳри бадан
мегардад. То дар ин ҷо зиёфатхӯрй кардана ба Кӯлоб, ба ватанатон раведу
пеши роҳи гирдиҳамоиро, ки аз дирӯз бо сардории Ҳайдару Сангак ва Рус-
тами Абдураҳим шурӯъ шудааст, бигиред.

Дар идомаи ин посух аз он чи ки дар ноҳияҳои Панҷакенту Айнй
мегузарад низ иттилоашон додам.

-Мо як моҳ митинг кардем, боз навбати онҳо, бинем чи кор аз дас-
ташон меояд, чанд рӯз митинг карда метавонанд. - фориғболона ҷавоб дод
яке аз нишастагон.

Дидам, ки сӯҳбат намечаспад. Зоҳиран бародарон хаёл мекарданд,
ки аспашон аз об гузаштаасту дигар эҳтиёҷе ба мо надоранд. Чун дидам,
ки рағбати сӯҳбат кардан надоранд, аз ҷоям баланд шудам ва Худоҳофизй
карда ба Идора баргаштам.

Нисфишабии 24 ба 25 апрели соли 1992 хабар доданд, ки корвони
автобусҳою мошинҳо аз Кӯлоб тавассути Кофарниҳон бо шиорҳои зидди Ис-
ломи азиз, зидди шахси банда ва пуштибонй аз С .Кенҷаев ба Душанбе
расид.

Ронанда ва ду нафар аз хешовандонамро ба идораи Қозиёт фири-
стодам, то дар он ҷо бимонанд ва ба посбонони он ҷо хабар диҳанд, ки бе-
дору ҳушёр бошанд, зеро имкони пеш омадани ҳамагуна иғвою дасиса аз
эҳтимол дур нест.

Субҳи рузи 25 апрел бародар Ҳимматзода аз ин воқеаҳо огоҳ шуда ба
манзили мо ташриф оварданд. Сари ин мавзӯъ, яъне аз Кӯлоб ба Майдо-
ни Озодй омадани гурӯҳи митингчиён гуфтугӯ намудем ва ба хулоса омадем,
ки аз ҷониби Идораи Қозиёт ва Ҳизби Наҳзати Исломй ҳеҷ гуна аксулама-
ле сурат нагирад. Умедвор будем, ки онҳо баъди ду-се рӯзи гирдиҳамой ба
манзилҳояшон бармегарданд. Бехабар аз он ки ин гирдиҳамой бисёр
моҳирона дар хориҷ аз Тоҷикистон тарҳрезй шуда бо дастури Набиев, Ке-
нҷаев, Дӯстов ва дигар коммунистҳои мутаассиб ташкил ёфтааст ва
натиҷаҳои фоҷиаборе ба дунбол дорад. То соатҳои даҳи рӯз дар манзил
будем, пас аз он, ки бародар Ҳимматзода хайрухуш карда ташриф бур-
данд, ман ба сӯи Идора роҳ пеш гирифтам.

43
Аввал аз назди Майдони Озодй гузаштем, ки одамони зиёде ҷамъ
омада буданд. Барои мо тамоман ногаҳонӣ буд, ки Майдони Шаҳидон
ҳам пур аз одам буд. .

Баробари ба Идора ворид шудан хабар доданд, ки чанд бор аз
Дафтари Раиси Ҷумҳур занг зада хоҳиш кардаанд, ки ҳатман ба онҳо
тамос бигирам.

Ба Раҳмон Набиев занг задам. Гушии телефонро Дӯстов бардошт ва
гуфт, ки "Раҳмон Набиевич хоҳиш доранд ки Шумо ба наздашон биёед". Ба
Қасри Раёсати Ҷумҳурй омадам. Дар назди даромадгоҳи марказии Қаср,
ки пур аз мардуми гирдиҳамомада буд, оқоён Аслиддини Соҳибназар ва
Тоҳири Абдуҷбборро дидам. Якҷоя бо онҳо ба табақаи дуввуми Қаср ба-
ромадем.

Дар Қабулгоҳ муовинони Нахуствазир Ҳабибулло Саидмуродов ва
Хайруллоев бо мо пурсупос карданд. Дар як гӯшаи Қабулгоҳ аксари
депутатҳои вилояти Кӯлоб меистоданд, ки дар байнашон Сангак, Руста-
ми Абдураҳим ва Ҳайдари Шарифзода ҳам буд. Вақте ки мо бо садои ба-
ланд ба онҳо салом додем ба ҷуз Қ.Мирзоалиев ва Шифоев, ки бо ишораи
сар саломи моро алейк гирифтанд, дигарон бо чеҳраҳои ғазаболуд ба сӯи
мо нигоҳ мекарданд ва ҳаракате аз худ нишон надоданд. Ҳамагй якҷоя
ба утоқи кории Раҳмон Набев даромадем. /Дар он ҷо Дустов, Ҳувайдуллоев,
Раиси Кумитаи садо ва симо Атахон Сайфуллоев ва ҳамчунин
Кенҷаев, ки дирӯз /24.04.1992./ Раиси КГБ таъйин шуда буд, ҳозир бу-
данд. Вақте ки ҳама нишастанд Раҳмон Набиев ба сухан оғоз кар-
данд:

-Ҳоҷй Акбар! Дирузакак аз ҳамин Майдон халос шудем, боз
инаш чй?!

Ман ба сӯи Ҳайдари Шарифзода ва Рустами Абдураҳим ишора
карда гуфтам:

-Аз онҳо пурсед, ки чаро мардумро овора карда ба Душанбе
оварданд.

Кенҷаев бо шаст ва ҳавобаландона зуд худашро ба миёни
ҳарфҳои мо зад:

-Одамҳои Шумо як моҳ дар Майдон истоданд, ҳар
номаъқулиеро, ки хостанд, карданд. Ин мардум ҳам қонуншиканиҳои
шумоёнро дида тоқат накарда омаданд. О, монед инҳо ҳам як-ду рӯз га-
пошона гӯянд? Ғубори дилашон бурод! Вақте ки шумоён дар Майдони
Шаҳидон як моҳ будед инҳо наомаданд, ба шумоён халал нарасонданд?
Чаро Шумо халал мерасонед? Монед инҳо ҳам гапошона зананд!

44
Тоҳири Абдуҷаббор чанд калима сухан гуфта буд, ки Ҳайдари
Шарифзода бо ғазаб гапи ӯро бурид.

-Ата, -хитоб карду ба Раҳмон Набиев, - Ата, о, ҳаминҳо /ба сӯи
Т.Абдуҷаббор ва мову Аслиддин ишора кард/ республикара хароб
карданд, СССР-а ай байн бурданд, ҳукумата гирифта истодаанд ҳечӣ
мефаҳмӣ!? Ҳатто забони модариамона ай байн бурданд! Ҳамин Тоҳир
гап мезана ҳечиша намефаҳмӣ. Ата, ита намеша, як кор кнен, мардум
ба шур омадай...

Аз ин ҳарфҳои Ҳайдар баъзеҳо, аз ҷумла бандаро ханда фаро
гирифт. Базӯр худро нигоҳ дошта ба сӯи муовинони Нахуствазир Са-
идмуродов ва Хайруллоев нигоҳ кардам. Чашмони мо бо ҳам бархур-
данд ва табассуми кӯтоҳе дар чеҳраҳо пайдо шуд. Ҳамин лаҳза
Ҳайдар аз ин табассумҳои мо худро таҳқиршуда ҳисобида боз ба
Р.Набиев кӯдаквор нигоҳ карда илтиҷоомезона гуфт.

-Ата, о, ата, ира бин, дар пеши худут боз ба ҳам чашмак зада мас-
хара мекнан. Мана, Хайруллоев ба Қозӣ чашмак зада истодай.
С.Хайруллоев аз ин тӯҳмати ногаҳонӣ шояд сахт тарсид, ки зуд
китфҳояшро дарҳам кашида: -Охир, ҳеч хел чашмак назадам! Раҳмон
Набиевич! Бовар кунед, чашмак назадаам.

Дар натиҷаи баҳс ва раду бадали харфҳои пасту баланд ба қароре
омадем, ки ҳамин ҷо ду Комиссия ташкил медиҳем ва худи ҳамин
лаҳза харду ба Майдонҳо рафта яке мардуми Майдони Озодӣ ва дигаре
мардуми Майдони Шаҳидонро ҷавоб медиҳад. Ҳамчунин Атахон Сай-
фуллоев аз тарафи Президент Набиев вазифадор карда шуд, ки имшаб
аз гирдиҳамомадагон холӣ шудани Майдонҳоро тавассути талевизион
намоиш дода, эълон кунад, ки митингҳо тамом шуд ва дигар ҳеҷ гуна
гирдиҳамоӣ нест ва аз мардум даъват намоянд, то ба Душанбе ташриф
наоранд.

Кенҷаев, Ҳувайдуллоев, Дӯстов, Ҳайдар Шарифзода, Мирзоалиев ва
Сангаку Рустам бояд митингчиёни Майдони Озодиро ҷавоб медоданд. Ко-
миссияи дигаре, ки аз муовинони Нахуствазир Саидмуродов, Хайруллоев
ва инчунин Аслиддини Соҳибназар, Тоҳири Абдуҷаббор ва банда иборат буд,
бояд мардуми Майдони Шаҳидонро ҷавоб медод. Кенҷаев ғур-ғуркунон бо
дили нохоҳам ба ин қарор розӣ шуд.

Гурӯҳи мо ба назди гирдиҳамомадагони Майдони Шаҳидон омад. Ба
намояндаги аз ин гурӯҳ банда тавассути баландгуяк натоиҷи музокиротро,
ки дар назди Раиси Ҷумҳур барпо шуд, эълон намуда, аз ҳамагон хоҳиш кар-
дем, ки Майдонро тарк кунанд.

45
Баъзе аз фаъолони Майдон аз тасмими мо изҳори норозигй мекар-
данд ва мегуфтанд, ки Шуморо фиреб медиҳанд ва ё исрор меварзиданд,
ки бояд аввал онҳо, яъне аҳли Майдони Озодӣ ба гирдиҳамоии худ хотима
бахшида ба манзилҳояшон баргарданд, баъд мо меравем.

Хушбахтона, аксарият ба ҳарфхои мо гӯш фаро дода дар муддати як-
якуним соат Майдони Шаҳидонро тахлия карданд. Баъди адои намози
пешин, соатҳои сеи рӯз шахсан аз Майдон дидан кардам, ки дар он ҷо касе
набуд.

Ба Қозиёт баргашта тавассути телефони ҳукуматй ба Атахон Сай-
фуллоев - Раиси Кумитаи садо ва симо занг задам. Дар ҷои кориаш набуд
Котибааш хабар дод, ки дар Студияи №3 аст ва шумораи телефони он
ҷоро дод. Ба Студияи №3 занг зада ӯро пайдо кардам. Гуфтам, ки мувофиқи
қароре, ки имрӯз дар назди Раиси Ҷумҳур доштем, мо Майдони
Шаҳидонро холй кардем, хоҳиш мекунам, наворбардорони телевизионро
бифиристед, то аз Майдони холй наворгирй кунанд ва онро имшаб ба мар-
дум намоиш диҳед. Ҳамчунин аз Майдони Озодй низ...

Вале дар ҳамон лаҳзаҳо мо иттилои комил доштем, ки аъзоёни ҳайати
ба Майдони Озодй рафта - Кенҷаев, Дӯстов, Ҳувайдуллоев, Ҳайдар Ша-
рифзода ва дигарон баръакси ваъдаи худ ва қарори қабулшуда на танҳо
мардумро ба бозгашт ба манзилҳояшон даъват накардаанд ва Майдонро
холй нанамуданд, балки ахди Майдони Озодиро "хайра макдам" гуфта ин
амали онҳоро "пуштибонй аз ҳукумати қонунй" шарҳ дода ба хотири ба
Душанбе "ташриф оварданашон" изҳори сипосгузорй кардаанд...

Маҷбур шудам ба Набиев занг занам. Гуфтам, ки "мо Майдонро холй
кардем, аммо мувофиқи ваъда ва қарор гурӯҳи ба Майдони Озодй рафта
хеҷ корро анҷом надоданд". Ишон дар ҷавоб изҳор карданд: - Кенҷаев ва
Дӯстов хабар доданд, ки имрӯз дер шуд, фардо пагоҳии барвақт автобусу
мошинҳо бензин заправка карда одамоя ба Кӯлоб мебаранд...

Ман асли воқеаро ба он кас баён кардам, ки дар бораи холй кардани
Майдон ҳеҷ кадоме аз онҳо ҳатто ҳарфе нагуфтааст ,баръакс ҳамаашон
мардумро, аввал, барои ба Душанбе омаданашон "Хуш омадед" гуфта, баъд
онҳоро ба идомаи гирдиҳамой даъват карда, омодагии худашонро барои
бо хурокворй таъмин намудани гирдиҳамомадагон эълон намудаанд...

Ба фикрам, Набиев аз ин хабар нороҳат шуданд:

-Надонам. Ба ман ҳамин хел гуфтанд. Боз худатон телефон карда
пурсед.

Ба Кенҷаев занг задам ва пурсидам, ки ваъда чй шуд, чаро Майдон-
ро ҷавоб надодед, мо мардумро ҷавоб додем...

46
Кенҷаев бо асабоният дар ҷавоб гуфт:

-Ҷонибдорони Шумо расо як моҳ дар Майдон митинг карданд, ҳар
касро хостанд, ҳақорат карданд, монед, ҷонибдорони мо низ митинг ку-
нанд, дарди дилашонро гӯянд. Мана, аз Айнй аз Панҷакент одамон ба роҳ
баромадагй, биёянд, расанд, гапошона зананд, ана, баъди ягон ҳафта мера-
ванд...

Хулласи калом, Комиссияе, ки масъули холй намудани Майдони
Озодй буд, худ вазифаи пуштибонӣ ва бо хайма ва хӯроки гарм таъмин
кардани митингчиёни Майдонро бар ӯҳда гирифт ва илова бар ин
шаҳрдори Душанбе - Мирзотемур Мирзоевро ҳам ба ин кор муваззаф
кард. Ҳамон шаб Атахон Сайфуллоев Қарори дар музокироти назди Раиси
Ҷумҳур қабулшударо иҷро накард, яъне ҳеҷ іуна наворро дар мавриди
холӣ шудани Майдони Шаҳидон намоиш надод ва мазмуни Қарорро ҳам
ба самъи мардум нарасонд. Ҳол он ки дар Қарор таъкид шуда буд, ки
митингҳо барҳам хурданд ва ҳеҷ кас барои митинг ба шаҳри Душанбе
наёяд.

Шояд хонандаи гиромй дар асоси муқоисаву муқобилаи далелҳои
боло ба хулосае омада бошад, ки митинги Майдони Озодй, ки боиси
фоҷиаҳои даҳшатноки Тоҷикистон гардид аз ҷониби ҳамин афроде, ки
исмашон дар боло зикр шуд ва боз худ узви Комиссияе гардиданд, ки бо-
яд Майдонро тахлия мекард, ташкил шуда буд.

Рузи дигар митинги Майдони Озодй бо ҳамон шуру ғавғое, ки
шурӯъ шуда буд, идома дошт. Хаймаҳо пайдо шуданд, дегҳои калон-
калони хӯрок барои мардум омода буд, дар дохили бинои Шӯрои Олй ба-
рои Штаби митингчиҳо утоқҳои корй доданд.

Аз ҳамин бинои Шӯрои Олй ба ҳамаи раисони вилоятҳо ва шаҳру
ноҳияҳои Ҷумҳурй, раисони колхозу директорони совхозҳо, ки зодагони
Бадахшону Каротегин набуданд, дастур доданд, ки барои ташкил ва са-
фарбар намудани мардум ба митинг нақлиёт ҷудо кунанд, барои пушти-
бонию таъмини хӯроки гарми митингчиҳо маблағҳои зарурй ҷамъоварй
намуда ба Штаби Майдони Озодй бифиристанд.

Дар маҷлисгоҳи шаҳрдории Душанбе раҳбарони тамоми ташкило-
ту корхонаҳо, заводу фабрикаҳо, донишгоҳу институтҳо, сардорони
маҳаллаҳоро ҷамъ намуда супориш доданд, ки ҳар ташкилот барои иш-
тирок дар митинги Майдони Озодй ҳар рӯз бо роҳхати расмй адади му-
айяни одамонро ба командировка /маъмурият/ фиристад.

Ба таври, мисол мехоҳам ҳодисаеро ёдоварй кунам, ки шояд акса-
рияти хонандагон онро худ дар хотир дошта бошанд: Як гурӯҳ аз сокинони

47
шаҳри Конибодом бо раҳбарии Котиби горком ва Имоми масҷид бо
хуҷҷатҳои расмии маъмурият ва маблағи зиёди пули нақд тавассути
ҳавопаймо ба пойтахт омада буданд. Дар санади маъмурияти онҳо мақсади
командировка ин тавр навишта шуда буд: "Шаҳри Душанбе, Майдони
Озодй".

Дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе касе ба намояндагй аз Штаби
гирдиҳамоии Майдони Озодй ин меҳмонони мӯҳтарамро пешвоз наги-
рифт. Тасодуфан онҳо автобусеро кироя кардаанд, ки ронандааш аз
ҷонибдорони Майдони Шаҳидон будааст ва дастури онҳо "Ба митинг ба
Майдон ҳай кунед"-ро ба таври худ фаҳмида онҳоро рост ба назди Чой-
хонаи "Роҳат" оварда дар миёни гирдиҳамомадагони Майдони Шаҳидон
пиёда намудааст.

Рӯзи баъд аз тахлия Майдони Шаҳидон дар муҳосираи садҳо нафар
низомиёни сипардор қарор дошт ва ҳаводорони он дар ҳавлй ва атрофи
идораи Қозиёт ҷамъ омада буданд. Қариб ҳамаи фаъолони собиқи
гирдиҳамоии Майдони Шаҳидон дар утоқи кории мо ҳузур доштанд.
Бархе моро сарзаниш мекарданд, ки "дидед, мо іуфга будем, ки фиреб
медиҳанд! Майдонро тарккардан лозим набуд. Онҳо ба ваъдаашон вафо
намекунанд. Бояд ҳозир рафта Майдонро бигирем".

Ман аз Қароре ки дирӯз дар ҳузури Раиси Ҷумҳур дар робита ба
масъалаи тахлияи Майдонҳо қабул шуда буд ба қадри ҳол дифоъ мекар-
дам ва кӯшиш доштам, ки кор ба гирдиҳамоии дубора дар Майдони
Шаҳидон кашида нашавад, зеро аз оқибати ин кор дилам дар хавотир буд.
Аммо новобаста аз мухолифати банда аксарияти ҳозирон ба хулосае ома-
данд, ки гирдиҳамоиро дар Майдони Шахддон аз сар гиранд ва билохира
ман ҳам ба ин розй шудам.

Вақте ки рӯёруии Майдонҳо шиддат гирифт ва адовати ошкоро
байни онҳо пайдо шуд ба хулосае расидам, ки иштибоҳи бузурге содир шу-
дааст. Бояд ҳамаи имкониятҳои худро истифода мебурдам, ки
гирдиҳамоиҳо ташкил нашаванд. Аз он ки пеши ин корро гирифта натаво-
нистам баъди ду-се рӯзи гирдиҳамой пушаймон шудам. Аз ҳамин сабаб аз
раҳбарони Майдони Шаҳидон тақозо кардам, ки идораи Қозиётро
ҳамчун ситоди гирдиҳамой истифода набаранд. Онҳо ин пешниҳоди маро
норозиёна қабул карда ситоди гирдиҳамоиро ба худи Майдон ё ба гумонам,
ба Театри ба номи Лоҳутй кӯчониданд.

Вақте ки анбӯҳи одамон ба сафи низомиёне, ки Майдони Шаҳидонро
муҳосира карда буданд, наздик шуданд, сипардорони мусаллаҳ аз фишо-

48
ру ҳайбати онҳо ҳаросида дар як они воҳид Майдонро тарк карданд.
Ҳамин тавр гирдиҳамой дар Майдони Шаҳидон аз нав шурӯъ шуд.

Раҳбарони гирдиҳамоии Майдони Озодй Садо ва Симои давлатиро
ба манфиати худ ба таври васеъ истифода бурда барои ташвиқ ва
таблиғот имконоти зиёде доштанд. Ба миён омадани чунин як вазъи ноба-
робар мардуми Майдони Шаҳидонро бештар ба шӯр меовард.

Яке аз шиорҳои асосии гирдиҳамомадагони Майдони Озодй ис-
теъфои банда аз вазифаи Раисии Идораи Қозиёти Тоҷикистон буд. Баръак-
си онҳо аҳли Майдони Шаҳидон аз мо дифоъ мекарданд. Аммо хулосаи
шахсии ман ҳанӯз дар ҳамон замон ин буд, ки ҳадафи асосии тарроҳони
ҳақиқии гирдиҳамоии ҳар ду Майдон бадном намудани шахсияти банда ва
бо ин роҳ аз Риёсати Идораи Қозиёт ва дар кул аз саҳнаи сиёсй дур сохтани
инҷониб буд. Гарчи яке ошкор ба муқобили мо шиор дода тӯҳмату бӯҳтон
мебаст ва дигаре гӯё зоҳиран аз мо пуштибонй мекард, вале мақсади асосии
тарроҳони ҳар ду гирдиҳамой дифоъ аз манофеи худ буд.

Шояд хонандаи гиромй аз чунин қазовати банда дар ҳайрат монда бо-
шад, вале дар ин ҷо бо овардани чанд нуқтаи муҳим аз шумо хоҳиш мена-
моям, ки худ ин масъаларо баррасй намуда инсофан таъйин бинмоед, ки
ҳадафи аслии тарроҳони ин гирдиҳамоиҳо ва нақши воқеии банда дар онҳо
чй будааст. Ҳатто бо мулоҳизаи андак ҳам метавон дид, ки миёни нақши
хақиқии банда дар ин ҳаводис ва навиштаҳо ва овозаю гумонҳои машҳур чй
фосилаи бузурге вуҷуд дорад!

1. Коргардонҳои асосии Майдони Озодй номенклатураи ҳизбию давлатии
минтақаҳои Ленинобод ва Кӯлобу Ҳисор буданд, ки баъди интихоботи
Раиси Ҷумҳур мехостанд, мавқеи худро дар тамоми доираҳои қудрати
давлатй аз ҳисоби саҳмияи номенклатураи Қаротегину Бадахшон, ки дар
ин интихобот шикаст хурданд, таҳким бахшанд;

2. Номенклатураи коммунистии Қаротегину Бадахшон, хусусан пас аз
барканории Аслонов ва муҳокимаи ошкорои Навҷувонов ва паҳн шудани
овозаҳое, ки гӯё "ҳама ҷо ва хусусан соҳаи савдо ва умури дохиларо
помирию қаротегинй зер кардааст", манофеи худро дар хатар дида ба-
рои дифоъ аз худ аз ҳама гуна имконот истифода бурд ва тавонист, ки
эҳсосоти маҳалчигиро тахрик дода, мардумро ба Майдон биёварад. Но-
менклатураи коммунистаии ин минтақаҳо ҳатто муваффақ шуд, ки
гурӯҳҳри бо ҳам мухолиф, мисли Эшонҳо, аҳли тасаввуф ва Ҳизби Наҳзатро
дар як Майдон гирд оварда, ба манфиати худ истифода намояд;

3. Коргардонҳои аслии ҳар ду Майдон ва хоҷагони хориҷии онҳо іустариш ва
бедории ислом дар Тоҷикистон, кушоиш ва сохтмони садҳо масҷид, ташки-

49
ли Донитттгоху мадрасаҳои Исломй, тақвияти нақш ва ҷойгоҳи Идораи
Қозиёт, густариши нуфузи табақаи руҳоният, болоравии обрую эътибо-
ри шахсияти банда, дилгармию ихлоси мардумони бешумор, хусусан
табақаи зиёиён ба инҷонибро, ки ин ҳама дар воқеъ оғози як таҳаввулоти бу-
зург ва эҳёгаронаи сиёсй, иҷтимой ва фарҳангй дар минтақа буд, хатари
ҷиддие нисбат ба манофеи истеъморгаронаи худ медонистанд. Магар
онҳо метавонистанд ин омилҳоро нодида бигиранд ?!

4. Гурӯҳе аз коргардонҳои ҳизбй ва номенклатураи Майдони Шаҳидон мехо-
станд, тавассути ин гардиҳамой Набиевро аз таъсир ва "шарри" Кенҷаеву
Ҳувайдуллоевҳо дур сохта, риштаҳои муносибати худашонро бо Раиси
Ҷумҳур бештар устувор намоянд;

5. Дар баробари торафт фалаҷ шудани сохтори давлатдории Тоҷикистон
бародарони маскавиашон дар зеҳни коргардонҳои ҳар ду Майдон чунин
шоиъаеро қавй гардонида буданд, ки "то хабардор мешавед, Қозй
ҳокимиятро ба даст мегирад". Айни ин иборотро муздурони Маскав - Ҳайдар
Шарифзода ва Рустами Абдураҳим дар оғози гирдиҳамоиҳо дар шаҳри
Кӯлоб ба хотири тарсонидани мардум аз низоми исломй такрор мекар-
данд. Аз ин рӯ коргардонҳои ҳар ду Майдон номи моро байрақи "мубори-
за"-и худ қарор дода мехостанд нишон бидиҳанд, ки тамоми ин катттмакаттт
ва ҷанҷолу нооромиҳо бо номи ҳамин шахс вобаста аст ва ӯ сабабгори ҳамаи
ин воқеаҳост. Ба ин васила онҳо барои бадном ва беобру кардани шахси
банда ва саркӯб намудани бедории воқеии исломй талош мекарданд. Бояд
иқрор шуд, ки онҳо дар амалй намудани ин нақшаҳои шуми худ то андозае
муваффақ шуданд, ки баъзе аз онҳо чунин аст:

а) бо ташкили саҳнаҳои театрй, намоишҳои телевизионй ва
барномаҳои радиой тӯҳматҳои гушоношунид ва зиёдеро дар ҳаққи банда
бофтанд ки ҳатто як қисми мардум дар доираи таблиғоти дурӯғин қарор
гирифта ба ин "эҷодиёти" онҳо бовар карданд;

б) мо ва бисёр шахсиятҳои бузурги исломию миллй маҷбур шудем аз
Тоҷикистон ҳиҷрат кунем ва он бахш аз уламои ислом, ки дар дохили кишвар
боқй монда буданд, ба истиснои як зумра муллоҳои чаласавод ва
маддоҳони "фронти халқй", маҷбур шуданд, ки дар натиҷаи даҳшат ва
террорҳои бешумори солҳои 1993 - 1994 - 1995 ва азобу шиканҷаҳои
ваҳшиёна сукут ё гушанишинй ихтиёр кунанд. Дар натиҷа то як муддати
муайян "майдон" барои онҳо холй монд;

в) Идораи Қозиётро пароканда намуда бо таъйини афроди
бесалоҳият ва ноустувор дар раъси "муфтиёт" оқибат онро дастнигари
дастгоҳҳои ҳукуматй карданд. Ҳамонанди замони шӯравй таъйини

50
имомхатибҳоро боз дубора ба ихтиёри КГБ ва ҳокимони маҳаллй гузош-
танд ва ба ҳамин тариқ исгикдолияти тасмимгирй ва озодии фаъолияти
Идораи Динй ва масоҷидро, ки аз бузуртарин дастовардҳои мо буд,
барҳам заданд;

6. Мустақилияти Идораи Қозиёт дар тасмимгириҳо, беэътиноии он ба дасту-
роти ҳизбию давлатй, ба вижа органҳои маъмурй ва пойбанд набудани мо
ба ҳокимон ва давлатдорон, номенклатураи ҳизбию давлатиро дар
ҳақиқат ба хулосае овард, ки акнун ба як нерӯи "фармоннобардори
исломй" рӯ ба рӯ шудааст ва бояд онро аз сари роҳи худ дур кунад, то ху-
даш ба танҳой болои мардум таъсиргузор ва бар онҳо ҳукмрону
ҳукмфармо бошад;

7. Доираҳои ҷосусии хориҷй дар коргардонии Майдонҳо нақши аслй дош-
танд ва бо ҳар роҳу василаи мумкин ба раванди ҳодисаҳо таъсир расонда
дар роҳи сиёҳ кардани фаъолияти Идораи Қозиёт ва шахси инҷониб
корҳои зиёдеро анҷом доданд ва бо ин роҳ кӯшиданд, то аз пешравии ис-
лом ва нуфузи афзояндаи Қозй ҷилавгирй бинамоянд, зеро оғоз ва идо-
маи як чунин ҷараён ояндаи сиёсати мустамликадории онҳоро дар
Тоҷикистон ба хатар андохта буд.

Мутаассифона, ҳамин іуна дасисаҳои сиёсй, ки дар соли 1992 дар атрофи
номи банда ташкил шуда буд, дар солҳои 1996-1997 ва ибтидои соли 1998
боз такрор шуд.

Чуноне ки зикр шуд, бо овардани ин далоил мехоҳам, хонандаи
гиромй бо чеҳраҳои аслй ва ҳадафҳои шуми коргардонҳои ҳақиқии
Майдонҳо ошной пайдо кунад. Бо мурури замон яқин шуд, ки ҳадафҳои
коргардонҳои аслии Майдонҳо аз нуқтаҳои зикргардида ҳам фарохтар
будааст.

Аммо бо вуҷуди ин дасисаҳо мардум аз сари ишқу имон ба саҳна
омада буданд ва дар Майдони Шаҳидон ҳазорон - ҳазор мухлисону
ҳаводорони ҳақиқии банда аз сидқи дил ба хотири пуштибонй ва ҳимоят
аз мо дар гирдиҳамой ширкат доштанд, ки барои изҳори чунин ихлосу
муҳаббат як умр аз онҳо миннатдорам. Ёд дорам, ки борҳо Кенчаев ва дигар
мансабдорон таъкид карда буданд, ки "Шумо тарафдоронатонро аз Май-
дон бароред, мо бо Қаротегиниҳою помириҳо чй кор карданамонро худа-
мон нағз медонем!" Ман ҳеҷ вақт ин пешниҳоди онҳоро қабул надоштам.
Зеро медонистам ки бародарони бадахшию қаротегинй низ мухлисони
ҳақиқй ва ҳаводорони инҷониб буданд. Ман низ ҳамаи онҳоро бародарони
исломии худ дониста ҳеҷ гуна тафовутеро байни маҳалҳо қоил набудам.

51
Ҳамчуноне ки дар боло зикр шуд, яке аз шиорҳо ва талабҳои асосии
гирдиҳамомадагони Майдони Озодӣ истеъфои банда буд. Дар робита ба ин
масъала ду бор дар Бӯстонсарои ҳукуматӣй музокираю мулоқот баргу-
зор шуд.

Дар музокираи аввал бародар Муҳаммадшарифи Ҳимматзода
ҳайати намояндагони Майдони Шаҳидонро сарварӣ мекард. Аз ҷониби
Майдони Озодӣ дар ин мулоқот Сангак Сафаров, Дӯстов, Ҳувайдуллоев ва
Ҳайдар Шарифзода ширкат варзиданд. Бародар Ҳимматзода пас аз ин
мулоқот як нуктаи "муҳиму аҷибе"-ро роҷеъ ба Майдони Озодӣ ва
раҳбарияти он кашф карданд, ки барои ҳамаи мо низ бис ёр тааҷчубовар

буд:

-Бародарҳо! Ман чунин хулоса баровардам, ки хӯҷаини ҳақиқии
Майдони Озодӣ "Сангак Сафаров" будааст. Ноиби Раиси Ҷумҳур
Дӯстов, Прокурори Генералӣ Ҳувайдуллоев ва ҳатто Мулло Ҳайдар ҳам ба
даҳани ҳамон нигаҳ карда гап мезаданд, асосан гапро ҳавай мезад, дига-
рон бо иҷозати вай гап мезаданд. Во аҷабо! Як одами бисту се сол дар
маҳбасҳо шиштагӣ имрӯз хӯҷаин.

Воқеан, то он вақт кӣ ва чӣ кора будани Сангак ба инҷониб ва акса-
рият маълум набуд. Ва ҳамаи мо дар он лаҳза ба тааҷчуб афтодем. Талаби
қатъии намояндагони Майдони Озодӣ чунин буд: истеъфои бечуну чарои
Тӯраҷонзода аз мансабаш ва эълони ин истеъфо аз ҷониби худи ӯ дар
ҳузури иштирокчиёни Майдони Озодӣ. Илова бар ин Қозӣ бояд аз гирдиҳам
омадагони Майдони Озодӣ узр пурсад.

Дар музокироти дуюм бо тақозои РНабиев худи банда ҳамроҳ бо
бародар Ҳимматзода, Ҳазрати Қиблагоҳӣ, Эшони Саидашраф /Худо
раҳматашон кунад/ ва ададе аз имомҳои шаҳри Душанбеву вилояти
Қурғонтеппа ширкат доштем. Аз тарафи Майдони Озодӣ бо раҳбарии Набиев
тамоми шахсиятҳои "маъруф", ки зикри баъзеяшон дар боло гузашт, ба ис-
тиснои Сангак Сафаров ширкат доштанд. Шояд дар ҳолати набудани На-
биев дар бинои Шӯрои Олӣ, Сангак Сафаров идораи Майдон ва умури
кулли кишварро дар даст дошт.

Боз ҳамон ҳарфҳои кӯҳна: -истеъфои банда;

- бозгардонидани Кенҷаев ба мансаби Раиси Шӯрои Олӣ;

- бекор намудани Қарорҳои Иҷлосияи ХШ Шӯрои Олӣ /16-22 апрели
соли 1992/.

Баҳс дар атрофи ин масъалаҳои хеле тезу тунд ва тӯлонӣ буд.

Агарчи ду моҳ пеш аз ин, яъне дар аввали моҳи феврали соли 1992 ба
муносибати даъвати Анчумани Идораи Мусулмонони Осиёи Миёна инти-

52
хоботи Раиси Идораи Қозиёт доир шуда буд ва банда барои панҷ соли оян-
да муҷаддадан ба ин мақом интихоб шуда будам, вале ба хотири оромона
пароканда шудани Майдони Озодй мо ризоият додем, ки ҷаласаи интихоби
Раиси Идораи Қозиёт аз нав дар таърихи 11 май бо иштироки тамоми
имому хатибҳои Чумҳурй баргузор шавад. Тибқи ҳамин Қарор намоянда-
гони Қозиёти Кӯлоб, ки Ҳайдар ташкил карда буд, бо вуҷуди тобеъи Идо-
раи Қозиёти Ҷумҳурй набуданашон, метавонистанд дар интихобот ширкат
кунанд,

Дар ҳамин мулоқот шартҳои мо чунин буд:

- то якуми моҳи май митингҳо қатъ шуда Майдонҳо тахлия ша-
вад;

- Қарорҳои Иҷлосияи ХШ Шӯрои Олй, ба вижа Қарори баргузории
интихоботи парлумон дар моҳи декабри соли 1992, бидуни тағйир боқи
монад.

Аммо Ҳайдар дар ҷавоб чунин гуфт:

-Шумо худи ҳамин рӯз дар назди мардуми Майдони Озодй ба ис-
теъфо меравед, аз мардум узр мепурсед ва расман эълон мекунед, ки дигар
номзадии худро дар интихоботи Козиёт намегузоред. Ин як. Дуюм,
Кенҷаев бояд ба вазифаи Раиси Шӯрои Олй барқарор шавад. Сеюм,
қарорҳои Сессия дар бораи таъйини интихобот ва ташкили Комиссиони
Марказии интихобот бекор карда шавад. Фақат баъди ин мо Майдонро
тарк мекунем.

Ҳамин тариқ мулоқоти дуввум низ бидуни ҳеҷ натиҷа анҷом ёфт, зе-
ро шартҳои гузоштаи Ҳайдару Набиев барои ҷониби мо қобили қабул
набуд.

Бо вуҷуди бенатиҷа мондани музокирот мо ба таври якҷониба тасмим
гирифтем, ки дар рузи 11 май соли 1992 ҷаласаи интихоби Раиси Идораи
Қозиётро баргузор намоем. Рузномаҳои озод аз ин мавзӯъ хабар доданд,
аммо бо вуҷуди муроҷиатҳои мо "радио ва телевизиони сайфуллоевй"
қасдан ҳеҷ хабареро дар ин бора интишор надод.

Бояд зикр шавад, ки ҳамаи ин музокирот қабл аз ташкили Горди
махсуси Раёсати Ҷумҳур аз ҳисоби гирдиҳамомадагони Майдони Озодй
ва мусаллаҳсозии онҳо буд.

Пас аз он ки дар рӯзи 30 апрели 1992 Қарори таъсиси баталиони махсу-
си Раёсати Ҷумҳурй тасвиб гардид ва омодагй ба мусаллаҳсозии он оғоз
шуд, мо бо хоҳиши худи СКенҷаев, ки дар он рӯзхо Раиси КГБ буд, дар
маҳаллаи Зайнаббибии шаҳри Душанбе, дар манзили Худораҳматии
Ҳоҷй Бобокалон бо ҳузури Қиблагоҳй бо ӯ мулоқот намудем. Бардошти

53
ман аз ин мулоқот ин буд, ки С.Кенҷаев мехост, бо таъсиси ин горд моро би-
тарсонад ва аз ин рӯ эълон намуд, ки илова бар 1800 нафари аҳли Майдони
Озодӣ боз ҳазор нафари дигарро низ аз вилояти Ленинобод мусаллаҳ ме-
кунанд ва қотеъона талаб кард, ки ҳарчи зудтар ҷонибдоронатонро аз Май-
дони Шаҳидон берун кунед ва илло ҳамаашонро нобуд мекунем.

Ман кӯшиш кардам, ки иштибоҳ будани ин тасмимгириҳояшонро
барояшон бифаҳмонам:

- Ин роҳ роҳи хатост, ба зӯрй, бо истифодаи силоҳ мушкилии ба вуҷуд
омадаро ҳал карда наметавонед, билъакс хуни зиёд мерезад ва дар оянда
ҳамаи гуноҳро ба сари худатон мезананд. Дар назди Худо ҳам масъул ме-
шавед. Аз он ки Шуморо "Комиссар Катанй" мегӯянду бо шиорҳо
ҷонибдорӣ мекунанд, фирефта нашавед, рӯзи даркорй, ҳар вақт лозим
ояд аз маърака зада берунатон мекунанд.

Субҳоналлоҳ! Ҳамин пешбиниҳоям дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олй
дар Хуҷанд сад дар сад собит шуд. На танҳо ба ӯ мансаби Раиси Шӯрои
Олиро надоданд, балки аз мансаби Раиси КГБ ҳам маҳрумаш карданд. Бар
замми ин "болои сӯхта намакоб" дар рӯзҳои омад - омади Сангак ба Хуҷанд
Кенҷаевро дар куҷое чанд рӯз дар ҳабс нигоҳаш доштанд.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз касе аз асли воқеаи ҳабсшавияш чизе
нанавишт ва худаттт низ аз баёни ҳақиқати ҳол дар китоби "Табадду-
лот..."-аш "сукут" ихтиёр кардааст.

Аз аввалин фаъолиятҳои горди муса ллаҳи Майдони Озодй ин буд, ки
одамони бегуноҳро чй аз ҷавонон ва чй аз бузургсолон аз хиёбонҳои ат-
рофи Майдони Озодй боздошт карда ба таҳхонаҳои биноҳои Шӯрои Олй
ва Госплан /Кумитаи давлатии барномарезии "ҶТ/ мебурданд ва дар он ҷо
онҳоро азобу истинтоқ мекарданд. Кор ба дараҷае расид, ки ҳатто
меҳмонони пойтахтро, ки аз дигар ҷумҳуриҳо барои анҷоми ягон кори
худ ба Душанбе омада буданд, дастгир карда ҷайбҳояшонро холй
карда азобу шиканҷа мекарданд. Аз "асирон" танҳо як талаб доштанд:
Қозиро ҳақорату дашноми қабеҳ деҳ ва аз минбари Майдони Озодй ис-
теъфои ӯро талаб кун... Агар касе ба ин талабҳояшон розй намешуд, ӯро
бисёр лату кӯб карда шабу рӯз ба нишастан рухсат намедоданд ва бидуни обу
хӯрок доимо рост нигоҳ медоштанд.

Бисёриҳо ҳамаи ин азобу шиканҷа ва таҳқирхои бешумори онҳоро
таҳаммул карда аз носазо гуфтан дар ҳаққи банда худдорй карданд. Ал-
батта, шиканҷаҳои бемислн онон боис шуда буд, ки баъзе аз асирон
таҳаммулашонро аз даст дода дархости ин ҷаллодонро ба ҷо оварданд.

54
Шахсеро ду рӯз азоб додаанд ва дар рӯзи сеюм ӯ маҷбур шудааст, та-
лаби онҳоро ба ҷо оварад. Ҳамон бандаи Худо пас аз озод шудан ба наздам
омада гиря карда гуфтанд:

- Қозидомулло! Ман маҷбур шудам, Шуморо ҳақорат бидиҳам. Маро
бубахшед...

Ман он касро ба оғуш гирифтам ва ашкҳоям бехтиёр равон шуданд:

-Зарар надорад, бародари азиз! Дар чунин ҳолатҳо, ки ҷон дар хатар
аст, ҳатто гуфтани калимаи куфр гуноҳ надорад. Пеш аз ин Абуҷаҳлҳо дар
Макка саҳобаҳои Расулуллоҳро ваҳшиёна азоб медоданд, дар зери Офто-
би сузони биёбони Маккаи мукаррама чормех карда се-чаҳор рӯз об на-
дода лату куб мекарданд, ки Ҳазрати Расулуллоҳро дашном диҳанд, паям-
баришро инкор кунанд. Саҳобаҳое буданд, сабр карда тавонистанд, мисли
Ҳазрати Билол разиаллоҳу анҳу ва саҳобаҳое буданд, ки натавонистанд он
ҳама азобу таҳқирҳоро таҳаммул кунанд, мисли Оли Ёсир ва калимаи
куфрро ба даҳон оварданд. Баъд аз озод шудан аз гуфтаашон дар назди
Расулуллоҳ мисли Шумо хиҷолат кашиданд. Дар ин хусус Ҳақ субҳонаҳу
таъоло ба пайғамбараш оятеро дар сураи "Наҳл" /Сураи 16 ояти 106/ нозил
кард, ки мазмуни мухтасараш чунин аст: Касе, ки қалбаш аз имони худ
мутмаин аст ва маҷбур водор ба гуфтани калимаи куфр намудандаш,
гунаҳкор намешавад.

Шабе чанд нафари дигарро, ки "аз дӯзахи таҳхонаҳои Шӯрои Олй"
раҳо ёфта буданд ва тамоми аъзои баданашон аз таъзиби ваҳшиёна хун-
шор ё каб-кабуд шуда буд, ба наздам оварданд. Ҳамон вақт ҳеҷ ақли солим
чунин ваҳшониятро аз ҷониби як тоҷик ба муқобили тоҷики дигар тасаввур
намекард.Фавран муовини аввали Сардори Умури Дохилаи шаҳри Ду-
шанбе сарҳанг /полковник/ Шоматовро ба Идора даъват намуда ҷавонони
ҷабрдидаро ба ӯ нишон додам. Афсӯс хурду дашном дод, вале гуфт:

- Коре аз дасти мо намеояд. Ҳамаашон мусаллаҳ ва масту аласт
ҳастанд. Ҳеҷ кас чурат намекунад пеши роҳашонро гирад...

Мушкилтарин лаҳзаҳои зиндагиям ҳамон рӯзҳо буданд. Одамони
бегуноҳро танҳо ба хотири он, ки ин ҷонибро дашном бидиҳанд, дар
хиёбонҳо боздошт намуда ба таҳхонаҳо бурда истинтоқ мекарданду ман
барои наҷоташон коре карда наметавонистам.

Аз даргоҳи Худованди мутаъол барои ранҷҳои кашидаашон аҷри
бузург ва ҷанноти наъим умедворам. Зеро онҳо натанҳо шахси банда ва ша-
рафу номуси як бародари динии худро, балки обрую эътибори Исломро
дар шахси ман ҳимоят карданд. Худо худаш аҷрашонро диҳад. Чуноне ки
дар боло қайд шуд, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали гирдиҳамой ситоди Майдони

55
Шаҳидон бо хоҳиши банда аз Идораи Қозиёт ба худи Майдон интиқол
ёфт. Аз ҳамин сабаб дар ҷаласоти раҳбарони ситоди гирдиҳамой ширкат
намекардам ва аз тасмимгириҳояшон дар мавриди бисёре аз масоил ит-
тилоъе надоштам.

Масалан:

- аз тасмими дар рӯзҳои аввали моҳи май ба даромадгоҳи қишлоқи
Олй Совети ноҳияи Ленин фиристодани як гурӯҳ ҷавонони бесилоҳ, ки дар
натиҷаи он чандин нафар ба шаҳодат расиданд. Ин аввалин хуни ноҳақ
буд, ки дар хоки Тоҷикистон рехт;

- қарори роҳпаймой ба сӯи бинои КГБ, ки дар натиҷааш даҳҳо на-
фари дигар шаҳид шуданд;

- масъалаи бозгардонидани митингчиёни Майдони Озодй ба
манотиқашон ва таъйини масири бозгашти онҳо, халъи силоҳ шудан ё
босилоҳ баргаштанашон;

- пешниҳоди номзадҳо ва ташкили Ҳукумати Муросои Миллй.

Дар масъалаи ташкили Ҳукумати Муросои Миллй бояд рушанй

андозам, ки банда дар ҷаласае, ки бо ибтикор ва талаби фармондеҳи
ҳанги 201 Артиши Русия сарҳанг Заболотный, дар қароргоҳи он баргузор
шуд ва дар он раҳбабарони Майдони Шаҳидон: Бародар Муҳаммадшарифи
Ҳимматзода, Давлати Худоназар, Шодмонн Юсуф, Тоҳири Абдуҷаббор ва
ғайра бо миёнҷигарии миёнаравҳои дохилию хориҷй дар натиҷаи музокира
бо Набиев ҳайати Ҳукумати Муросои Миллиро таъйин намуданд, ширкат
надоштам. Росташ, даъват ҳам нашуда будам.

Китобнависони мӯҳтарам! Эй касоне, ки иддаъо доред, ки
"Тӯраҷонзода коргардони аслй ва роҳбари митингҳои Майдони Шаҳидон
буд ва касе бидуни иҷозаи ӯ дар Майдони Шаҳидон ҳарфе намезад..." ва
ғайраву ҳоказо! Як бор сари ин хотироти мо андеша кунед! Агар шубҳае до-
ред аз шоҳидон ва иштирокчиёни ин ҳаводис бипурсед, алҳамдулиллоҳ ак-
сарашон бо вуҷуди террору кушторҳо дар қайди ҳаёт ҳастанд.
Насанҷидаву наомӯхта, бе далелу бурҳон моро он қадар тӯҳмат задед,
бӯҳтон кардед, ки ба тарозуи ақл намегунҷад. Шарм доред! Инсоф намоед!

Бисёр вақт навиштаҳои шумоёнро мутолиа карда дар тааҷҷуб меаф-
там, наход ҳамаи ин корҳо аз дасти ман меомада бошад, наход ки ман соҳиби
як чунин қудрати бузургу имконоти номаҳдуд бошаму худам аз он бехабар!?
Ё Аллоҳ!

Вақте ки Шайтони Раҷим бо васвасаи худ дар дили инсоне нисбат ба
инсони дигар тухми кинаву адоват мекоштааст, инсони бадбахт аз фитра-
ти инсонияш дур мешудааст. Ба назари ман, фақат бо кӯмаку васвоси

56
Шайтони Раҷим як фард метавонад дар дили худ нисбат ба Исломи азиз ва
шахсиятҳои исломхоҳ ин ҳама нафрат парварида, дар мавриди онҳо ин
ҳама дурӯғу тӯҳмат бибофад ва аз ҳама аҷибаш ин, ки худаш ҳам баъдан ба
ин бофтаҳояш бовар кунад. Худои Бузург барҳақ бандагони худро дар охи-
рин сураи Каломи Шариф аз васвасаи шайтонҳои инс ва ҷинн барҳазар
доштааст.

Ҳамчунон ки дар боло зикр намудам, ман дар ҳеҷ гуна машварату
тасмимгирҳои асосии раҳбарони Майдони Шаҳидон ширкат надоштам.
Танҳо масъалае, ки банда аз чузъиёти он огаҳй ва дар ҳалли он нақттт
доштам, муовини Нахуствазир таъйин шудани Давлати Усмон буд. Вақте ки
талаби раҳбарони Майдони Шаҳидон ва хусусан исрори худи ҷаноби Дав-
лати Усмон дар бораи ба мансаби Ноиби Раиси Ҷумҳур таъйин намудани
ишон дар тӯли се рӯз ҳалли худро наёфт, Устод Нурй ба Идораи Қозиёт ома-
да баён карданд, ки то ин мушкила ҳалли худро наёбад, мардум Майдон-
ро тарк намекунанд ва дар ин робита хоҳиш намуданд, ки бо бародар
Ҳимматзода ва назди Раиси Ҷумҳур рафта ҳамин корро ҳал кунем. Ба хо-
тири ҳар чи зудтар тамом шудани митинги Майдони Шахддон рози шу-
дам, ки якҷоя бо Устод Ҳимматзода дар Бӯстонсарои ҳукуматй бо Набиев
мулоқот карда ин талаби Майдонро ба ишон расонем.

Раиси Чумҳур ҷавоби мантиқй дода изҳор дошт, ки тибқи қонун
мансаби "Ноиби Раиси Чумҳур" интихобй аст ва аз ин рӯ наметавонад, ка-
серо дар ин мансаб таъйин бинамояд. Пешниҳод намуданд, ки "агар розй
бошед Давлат Усмон-ро муовини Нахуствазир таъйин кунам"

Ба ман ин пешниҳод маъқул шуд ва аз ҳамон ҷо бо телефон бо Устод
Нурй сӯҳбат кардам. Домулло гуфтанд:

- Давлати Усмон рози нашуда истодааст, Шумо кӯшиш кунед, шояд
Раҳмон Набиев розй шаванд.

Ман дар ҷавоб іуфтам, ки ба чуз қабулн ин пешниҳод, роҳи дигаре
вучуд надорад...

Дар ҳамон ҷаласа Фармони Раиси Чумхур дар бораи таъйини
Д.Усмон ба сифати муовини Нахуствазир имзо шуд ва мо як нусхаи онро бо
худ барон Д.Усмон ва Устод Нурй овардем...

57
Ба ҷои хотима

Хонандаи гиромӣ! Таърихи дардмандиҳои солҳои охири Тоҷикистон
бисёр печида ва захмҳои пайкари ин миллат бисёр амиқ аст ва метавон
саҳифаҳои зиёди дигареро бо шарҳу баёни дардномаи Ватани азиз пур
кард. Вале нақли муфассали воқеаҳо ва кашфи бисёре аз асрори то
имрӯз пушидаи ин ҳаводисро ба вақти муносибтаре гузошта, дар ҳамин
ҷо ин навиштаи кӯчакро ба поён мебарам. Тавре ки дар бахши
муқаддима низ зикр гашт, ин рисола фақат нақли лаҳзаҳои кӯтоҳе аз як
давраи муайяни воқеаҳои Тоҷикистон, яъне давраи гирдиҳамоиҳои солҳои
1991-1992 аст ва ҳадафи аслии ин хотирот ва баррасии онҳо огоҳ намуда-
ни мардуми Тоҷикистон аз ҷараёни ҳақиқии баъзе ҳаводис ва рӯшан
намудани нақши воқеии банда дар онҳо буд.

58
Оре, ман ба хубй эҳсос менамоям, ки далелҳои дар ин китоб овар-
дашуда барои бисёре аз хонандагони гиромй, ки шояд дар натиҷаи
таблиготи васеи якҷониба ва дасисаҳои бешумори душманон
Тураҷонзодаро "коргардони тамоми ҳодисаҳои солҳои охир ва сабабгори
тамоми бадбахтиҳои мардуми Тоҷикистон" медонистанд, хале ногаҳони ва
боварнокарданӣ мебошад. Рӯшан шудани далоили маҳкам ва ҳақиқатҳое,
ки аксаран бардуруғ будани таблиғоти душманон ва тамоман дигар буда-
ни нақши бандаро дар ҳаводиси мазкур исбот мекунад, шояд касеро ба ин
гумон биёварад, ки нависанда дар ин китоб кӯшиши худсафедкунй ба
харҷ дода, масъулияти бисёр корҳоро аз дӯши худ дур кардааст.

Вале ҳаргиз чунин нест. Гузашти солҳои охир рӯшан намудааст, ки
дар ба миён омадани ин фоҷиаи азим бар сари миллат ҳамаи дастандар-
корони ҳамонрӯза ва; аз чумла банда, гунаҳкор ҳастем. Банда ин мавзӯъро
ба хуби дарк намуда гоҳе аз эҳсоси гуноҳу пушаймони ва гоҳе аз эҳсоси аҷзу
нотавонӣ ба худ мепечидам, ки чаро пеши роҳи чунин шакл гарифтани
ҳодисаҳо ва рехта шудани хуни поки фарзандони ин сарзамини муқаддас,
ятиму бепарастор мондани даҳҳо ҳазор тифли маъсум ва таҳқир шудани
ҳазорҳо хоҳару модари тоҷикро гирифта натавонистам.

Гарчи банда доираҳои ҷосусии хориҷиро тарроҳон ва
супоришдиҳандагони /заказчик/ ҳақиқии ин фоҷиаҳо меҳисобам, вале
тамоми шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ ва ба хусус саронн нерӯҳои сиёсии
Тоҷикистон - аз коммунист то демократу либерал ва аз исломй то миллига-
рову "бетарафҳо"-ро ки дар ҳаводиси солҳои охир каму беш даст дош-
таанд, низ барои аз даст рафтани озодию истиқлоли кишвари азиз ва барои
поймол шудани иззат ва ифтихори мардуми шарифи Тоҷикистон дар
даргоҳи Худованд ва дар пешгоҳи миллат гунаҳкор меҳисобам ва ба ҳеҷ
вачҳ худро аз ин ҷамъ истисно намедонам ва ин масъулияти сангинро аз
души худ дур кардани нестам ва ҳеҷ кас ҳам ҳаққи ин корро надорад.

Вале бидуни шак ҳамватани гиромй низ ба ин фикр рози хоҳад шуд,
ки ҳар кас бояд ба андозаи нақш ва кирдори худ гунаҳкор дониста шавад.
Аммо тавре ки мебинем тарроҳон ва коргардонони аслии ҳаводиси
фоҷиабори Тоҷикистон барои аз назарҳо пинҳон нигоҳ доштани
нақшаҳо ва ҳадафҳои душманонаи худ дар атрофи номи банда ҳамеша
маъракаҳо ва дасисаҳои нав ба нави сиёсй ороста мехоҳанд, инҷонибро ба
унвони сабабгори аслии тамоми ҳаводиси Тоҷикистон муаррифй бинамо-
янд ва зеҳни мардумро бо ин фитнаҳо машғул доранд. Мутаассифона, ин
гуна дасисабозиҳо мисли солҳои 1991-1992 дар солҳои баъдй ва ҳатто пас аз

59
имзои Созншномаиумумии сулҳ ва оғози кори Комисиюни Мусолиҳаи
Миллй низ идома дорад.

Ҳадафу нақшаҳои аслии ин доираҳо дар рафтору гуфтори
имрӯзаашон низ ба хубй рӯшан аст ва метавон ба баъзе аз онҳо ишора
кард. Масалан, ба ҳамагон маълум аст, ки ба даст овардани ҳуқуқҳои
поймолшуда ва таъйини ҷойгоҳи волои сиёсӣ ва иҷтимоии Ислом дар
Тоҷикистон муҳимтарин ҳадафи муборизаи панҷсолаи нерӯҳои Наҳзати
Исломӣ буда ва дар тӯли ин муддат ҷомиаи ҷаҳони низ ин ҳаққи табиии
мусулмонони тоҷикро эътироф кардааст. Вале бо вуҷуди ин тарроҳони
ҳақиқии фоҷиаҳои хунини Тоҷикистон ҳанӯз ҳам рӯи ҳадафи аслии худ,
яъне роҳ надодан ба бозгашти Ислом ба саҳнаи сиёсии кишвар, таъкид ме-
варзанд.

Гӯё, ки дар ин кишвар ба хотири ба даст овардани ҷойгоҳи сиёсии
Ислом ҳазорон нафар қурбонй нашуда бошанд ва садҳо ҳазори дигар ба
хотири расидан ба ин ҳадафи муқаддас солҳои тӯлониро дар ҳиҷрат ва
хорй ба сар набурда бошанд, яъне гӯё аслан ҳеҷ фоҷиае рух надода бошад, ки
яке мисли Раиси Думаи давлатии Русия дар як сафари кӯтоҳи худ ба
Тоҷикистон /моҳи январи соли 1998/ се бор бар зарурати ғайримазҳабй, ба
ибораи фиребандаи онҳо "дунявй", боқй мондани низоми давлатдории
Тоҷикистон исрор меварзад ва дигаре эълом медорад, ки тоқати дидани
исломй шудани кишвари ҳамсояашро надорад. Ҳамфикрони онҳо дар
ҳукумати Тоҷикистон низ воқеъияти Ватани худро нодида гирифта таъкид
менамоянд, ки Тоҷикистон ҳамеша лоиқи ғайримазҳабй, яъне ба қавли
худашон "дунявй", боқй мемонад ва ба ҳеҷ кас иҷоза намедиҳанд, ки Ислом-
ро барои ҳадафҳои сиёсиаш истифода барад.

Агар дар ин гуфтаҳо ишораи ҳукуматдорони имрӯза ба раҳбарони
ҳаракати исломй бошад; мо эълом медорем, ки ҳеҷ вақт исломро барои ра-
сидан ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода накардем ва намекунем. Ба
ҳамагон рӯшан аст, ки дар ҷаҳони имрӯза нерӯҳои исломихоҳ бо чй душ-
вориву мушкилоте рӯ ба рӯ ҳастанд ва агар ҳадафи мо фақат расидан ба
қудрати сиёсй ва ҷоҳу мансаб мебуд, аз роҳҳои дигар ба даст овардани онҳо
хеле осонтар буд ва мо ҳам мисли ҳар як фарди манфиатҷӯ аз роҳи беха-
тару осонтар мерафтем. Аммо ин Ислом аст, ки ба пайравони худ амр
кардааст, то тибқи аҳкоми илоҳй зиндагй намуда барои барпоии ҷомиаи
исломй талош кунанд. Аз ин рӯ дӯстони Худо ин ҳама азобу машаққат ва
шаҳодату ҳиҷратро ба ҷон пазируфта барои ризои Худо мубориза меба-
ранд.

60
Дар мавриди таъкидҳои муқаррари доираҳои мазкури хориҷй ва
ҳукуматдорони Тоҷикистон бар лоиқ /дунявй/ боқи мондани низоми ин
кишвар низ бояд гуфт, ки ин асл ба ҳеҷ вачҳ ба воқеияти ҷомиаи мусулмони
Тоҷикистон мувофиқ нест. Дунявӣ ё лоиқ будани низом ба он маъност, ки
ҳеҷ гуна шахсият ва гурӯҳҳои сиёсии дорои ақидаи исломӣ ҳаққи фаъо-
лият ва ширкат дар ҳаёти сиёсии кишварро надоранд. Дар кишваре чун
Тоҷикистон, ки 97% мардуми он мусулмон аст, ин амр ба маънои аз ҳаёти
сиёсӣ дур нигоҳ доштани тамоми мардуми мусулмон мебошад ва саҳнаи
сиёсиро хоси онҳое мекунад, ки аз муҳимтарин аркони эътиқодоти исло-
мии худ даст кашида бошанд. Оё мардуми мусулмони Тоҷикистон баъд аз
фаҳмидани маънои "дунявй" будани ҷомеа, ба ин вазъ розӣ мешаванд?! Ка-
лимаи «дунявй», ки дар Қонуни Асосии Чумҳурии Тоҷикистон дарч шуда-
аст, тарчумаи истилоҳи русии «светский» буда, маънои ҳақиқии он «бедин,
ғайримазҳабй, зиддидинй, лоиқ» ва дар кишвари мо ба мафҳуми
«зиддиисломй» аст.

Аз сӯи дигар, акнун Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба унвони як
нерӯи сиёсии исломй ҷойгоҳи воқеии худро дар ҷомиа ба даст овардааст ва
ба як воқеияти инкорнопазир табдил гаштааст. Дар назар нагирифтани
ин воқеият як бор Тоҷикистонро ба оташи ҷангу хунрсзиҳои тӯлонй ка-
шонд. Оё онҳое, ки имрӯз ҳам аз роҳ надодани Ислом ба саҳнаи сиёсй сухан
мегӯянд, ин ҳамаро фаромӯш кардаанд? Оё шарти аввали сулҳи Точикистон
эътирофи мавчудият ва эҳтироми ҳуқуқи сиёсии ҳамдигар набуд?

Ҳамдиёри азиз! Чуноне ки борҳо гуфтаем, ҳаракати исломии мо
ҳаргиз дар назар надорад, ки барномаҳои худро аз роҳи фишор ва зурй дар
ҷомиа таҳмил бикунад. Мо хоҳони он ҳастем, ки мисли тамоми ҳизбу
созмонҳои дигар дар чаҳорчӯбаи қонун дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона
ширкат намуда, аз роҳи осоишта ва демократа барномаҳои худро ба
қазовати мардуми азизамон пешкаш намоем. Ин шумо ҳастед, ки дар оян-
да бо овоз додан ва ё надодани худ саҳми моро дар идораи кишвар муайян
мекунед...

Бо мушоҳидаи вазъи ба миён омада ва бо эҳсоси масъулият дар ба-
робари сарнавишти ҳамватанон, бо нигориши ин хотироти мухтасар
мехоҳам, аз як сӯ мардуми азизро аз эҳтимоли вуқӯъи дасисаҳои нав
огоҳ созам ва аз сӯи дигар рӯи ин мавзӯъ таъкид бинамоям, ки бо фа-
ро расидани даврони оштию мусолиҳа, бо дарки зарурати расидан ба
ваҳдати миллй ва якпорчагии кишвар ман тарафдори онам, ки бояд
ҳамагуна айбҷӯию душманкобй канор гузошта шавад ва тамоми нерӯи

61
моддию маънавй барои ҷуброни иштибоҳоти гузашта ва ободонии
кишвар сафарбаргардад.

Вале чун то имрӯз китобу мақолоти зиёде пур аз тӯҳмату буҳтон
нисбат ба шахси инҷониб навишта шудааст ва ин навиштаҳо чӣ имрӯз
ва чӣ фардо рӯи шаклгирии зеҳнияти мардум ва тасаввури онҳо дар
мавриди ҳодисаву шахсиятҳо бетаъсир нахоҳад буд ва ҳамчунин дар
оянда ин ҳама "адабиёт" ҳамчун манбаи таҳқиқотй барои
пажуҳишгарон ва таърихнависон боқй мемонад, пас, бояд ҳангоми
арзёбй ва таҳлили воқеаҳо ҳар кас ба андозаи саҳм ва гуноҳи худ мав-
риди сарзаниш қарор гирад, на ин ки аз сари кина ва кӯрдилй ва ё ба
иллати нодонй ва соддаандешй гунаҳкорони ҳақиқй бегуноҳ ва ё
бегуноҳон гунаҳкор дониста шуда ҳатто мӯҳтоҷи "афв" гарданд. На-
бояд иҷоза бидиҳем, ки ба сабаби навишта шудани тӯҳматномаҳо
мардуми Тоҷикистон як умр дар доми таблиғоти дуруғини душманони
худ боқй бимонад.

Оре, душманон ба хотири сиёҳ ва бадном намудани Исломи азиз
ва дур намудани он аз саҳнаи сиёсии кишвар ва барои аз миён бурда-
ни ҷараёни бедорй ва худшиносии тоҷикон аз ҳеҷ иқдоме шум
худдорй накардаанд ва намекунанд. Дар ин росто онҳо фарзандони огоҳ
ва баору номуси тоҷикро, ки зери юғи ғуломии онҳо намераванд,
ҳадаф қарор дода аз ҷумла дар ҳаққи банда, ки яке аз орзумандони
воқеии истиқлолият ва сарбаландиву саодати ин миллат будам,
ҳазорон афсонаву тӯҳмати бардуруғ бофтанд.

Гоҳ-гоҳе гуфтаву навиштаҳои онҳоро мутолиа ва мулоҳиза наму-
да ба худ мегӯям, ки эй кош банда дар ҳақиқат ин қудрат ва тавон ва
имконотеро, ки душманон дар бораи он мегӯянду менависанд, доро
мебудам ва ин қудрату имконотро барои густариши Исломи азиз ва
саодати мардуми шарифам сарф карда, дасти душманони
истиқлолилияту озодди Тоҷикистонро, ки ҳамеша барои он бегона бу-
данд ва бегона мемонанд, аз ин сарзамин кӯтоҳ мекардам.

Чуноне ки Устод Турсунзода зоҳиран дар бораи сиёсати мустамли-
кадории Инглис дар Ҳиндустон фармуда буданд:

Гарчи дусад сол дар ин хона монд,

Боз дар ин оила бегона монд.

Шояд ин байти Устод дар асл баёнгари «робитаҳои» дирузу
имрӯзи Русияву Тоҷикнстон бошад?...

Вассалому ало маниттабаъал ҳудо.

62

Translation