Афғонистони инқилобӣ Revolutionary Afghanistan

Transcription

Шарқшинос X. Асозода дар баробари таҳқиқи
адабиёти ҳавзаҳои форсии тоҷикии Ирон, Афғонистон
ва Тоҷикистон солҳои охир дар заминаи дафтарҳои
хотирот ба эҷоди асарҳои мустанад пардохтааст, ки
китобҳои «Зиёрати Каъбатуллоҳ» (1998), «Ёде аз дӯсти
ҷавонмардам» (2002), «Афғонистони шоҳӣ» (2002)
намунаҳое аз он мебошанд. Китобе, ки ҳоло дар даст
дореду «Афғонистони инқилобӣ» унвон гирифтааст,
намунаи дигаре аз аз насри мустанади эшон хоҳад буд.
Худойназар АСОЗОДА
(профессор)

АФҒОНИСТОНИ

ИНҚИЛОБЙ

(аз дафтари хотираҳо)

Китоби II

Душанбе - 2003
ББК 63.3 (2 тоҷик)+ 63.5
А-83

Худойназар АСОЗОДА

АФҒОНИСТОНИ ИНҚИЛОБИ (аз дафтари хотираҳо).
Китоби II. Душанбе, Деваштич - 2003. 400 сах.

Муҳаррир Муаззами Диловар

Китоби «Афгонистони инқилобӣ», ки дар даст doped, идомаи
навиштаи пешинаи муаллиф бо номи «Афгонистони шоҳӣ» (Д.:
Деваштич, 2002) мебошад. Дар ин ҷо сухан аз ҳаводису воқеоте
меравад, ки нигоранда дар тӯли солҳои 1978-1981шоҳиди онҳо будааст.
Ҳамаи он чизҳое, ки нависандаи китоб рӯи когаз овардааст на аз рӯи
шунидаву овозаҳо ва ё аз нигоштаҳои матбуотанд, балки рӯйдодҳои
ҳаёти воқеиянд, ки муаллиф ба чашми худ дидааст ва аз cap
гузаронидааст. Хонандаи китоб аз вазъи иҷтимоиву сиёсии
Афгонистон дар рӯзҳои Инқилоб ва баъд аз он, фаъолияти баъзе
давлатмандони кишвар, мушовирони шӯравӣ, кору бори тарҷумонҳо
ва гайра тасаввуроте пайдо мекунад.

Китоби «Афгонистони ищилобӣ» барои устодону донишҷӯёни
таърихшинос, барои ҳамаи ононе, кимехоҳандазтақдириАфгонистону
мардуми афгон дар солҳои 1978-81 иттилое дошта бошанд, мароқовару
ҷолиб мебошад. Ин китобест, ки бо усули қисса андар қисса нигошта
шудааст. Аз ин рӯ онрд бояд аз ибтидо то интиҳо хонд.

© Асозода X. 20С.
САРСУХАНИ НИГОРАНДА

Огози моҳи ноябри соли 1978 буд. Аз Кумитаи маркази
бандаро суроғ карданд. ГУё аз дафтари котиби идеологи - Ибодат
Рахимова ба дастгоҳи ректори Донишгоҳи давлатй академик
Пӯлод Бобоҷонов занг задаанд, то ки каминаро 6а он дарюхи
хизбй бифристанд. Ба кабули ректор рафтам. Пӯлод Бобочонов
хоҳиш намуд, ки ба назди Ибодат Рахимова равам. Аз эшон
илтичо намудам, ки маро тавсия накунанд, акнун рисолаи номзади
дифоъ намудам, гуфтам ба вай. Дар Афғонистон инкилоб аст,
ман ба наздикй аз он кишвар омадам, дубора зарурати рафтанам
ба он но нест, кори тарчумониро бошад, як донишчӯи оддй хам
метавонад анчом диҳад ва ба ҳамон монанд далоилро барои
ПУлод Бобочонов иброз доштам. Мавсуф хеле гӯш андохт ва
баъд гуфт: «Ман чй кор карда метавонам?! Ба ман амр шудааст,
ки шуморо ба Кумитаи марказй равон кунам. Равед, ин
гапҳотонро ба Ибодат Рахимова гУед». Албатта, дар кадом
вазъият қарор доштани ректорро мефаҳмидам, вале агар У
тавсифномаи мусбат намедод, шояд намефиристонданд. Гапамро
ба ректор гузаронда натавонистам. Ба дафтари хизб хам
нарафтам. Ба ҳар ҳол, аз чониби хеш кӯшиш мекардам, ки
сафар ба Афғонистони инқилобй амалй нашавад. Мутаассифона,
ё хушбахтона, ба дафтари ректори Донишгох даъват намуда,
чиддиёна амр доданд, ки фардо соати шаши бегоҳй бо билети
ҳизбй ба кабули котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби
комунисти Точикистон Расулов Ҷ.Р. ҳозир шавам. Фаҳмидам,
ки мавзУъ ранги чиддй ба худ гирифтааст ва агар пофишорй
намоям, маънии ба амри Батан итоат накарданро дошта, имкони
аз сафи Ҳизби коммунист хорич кардан хам буд. Ноилоч рУзи
10-уми ноябри 1978 дар аз вакти таъиншуда ба кабули Ҷаббор
Расулов рафтам. Панч нафари дигар Абдулмачид Холов,
Олимчон ҲУчаму родов, Анвар Су лаймонов, Исматуллох
Ҳидоятов, Умрнкул Ҳақбердиев, ки тачрибаи чандсолаи хизмат
дар хорнча доштанд низ ба ин мулоқот даъват шуда буданд.

Ч. Расу лов моро ба сари мизи дарозе шинонда бист дақиқа
оид ба мавзУи вазъияти сиёсии Афгонистон сУхбат намуд. Эшон
бо лафзи эебоя точикй сухан мекард. Мавсуф таъкид дошт. км
Афгонисто^ро эхтиёт кардан лозим асг, Ҷ.-Расулов дар поёни
сУҳбаташ гуфт: «Ман намедонам шумо ом чо кадом корхоро

3
анчом медиҳед. Мефаҳмам, ки баъзе аз шумоён хоҳиши рафтан
надоред, аммо дониста бошед, ки рӯйхати шумо аз Кремл
омадааст. Аз ин рӯ, бо амри боло Кумитаи марказй дар мавриди
ба Афғонистон сафарбар шудани шумоён қарори махсус қабул
кардааст». Сипае нусхае аз он қарорро сӯи мо дароз намуд, то
ки боварй ҳосил кунем. Ҳеч кадоме аз мо ҳарфе изҳор накардем.
Ҳама хомӯш мондем, зеро шояд бори аввал бошад, ки шахси
аввали ҳизб бо мо баринҳо сӯҳбати расмӣ анчом медод. Ҳамзамон,
хоҳиш карданд, ки обурӯи Точикистонро нарезонем ва эҳтироми
қарори Кумитаи ҳизбро ба чо оварем. Ин лаҳза шӯхиомез
гуфтанд: «Нағз хизматро адо намуда баргардед, он вақт ҳар
хоҳише, ки дошта бошед, иҷро хоҳем кард. Фаромӯш накунед,
ки он чо беҳтарин кадрҳои точик, монанди Султон Рачабов,
Сайфуллоҳ Саидов ифои вазифа доранд. Хизмати содиқонаи
шумоён, - гуфт дар интиҳо Ҷ.Расулов - боиси ифтихори
Точикистон хоҳад гардид. Хайр, ба шумоён роҳи сафед орзу
мекунам» гуфта, дасти ҳар кадоми моро сахтакак фишурд.
«Кӯшиш мекунем, Чаббор Расулович», гуфтему пушти ҳам аз
дафтари кории вай берун шудем.

Ба ҳамин тариқ мавзӯи ба Афғонистони инқилобй сафар
кардани банда дар сатҳи боло ҳал шуд. 12-уми ноябр бояд дар
Маскав мешудам. Фақат рӯзи ёздаҳум монда буд, ки бояд
анчомҳоямро омода месохтам ва бо хешу акрабоям хайру хуш
менамудам. Ба сабаби ин ки хоҳиши рафтан надоштам, ҳуччатҳои
завчаамро барои 6о худ бурдан, ба тартиб надаровардам.
Намедонам, чаро, аммо он панч ҳамсафари банда низ худашон
танҳо омодаи парвози Маскав шуда буданд. Ман факат
хонумамро наметавонистам бубарам, зеро ду фарзандам -
Фотимаю Парвиз дар мактаби точикй мехонданд ва фарзанди
сеюмам - Таҳмина, акнун семоҳагиро пурра мекард. Шояд
дигарон ҳам дар ҳамин вазъият карор доштанд.

12-уми ноябри соли 1978, соати ҳафти бегоҳй, дар майдони
ҳавоии Душанбе шаш нафар собиқадорони Афғонистони шоҳӣ
чамъ омадем. Хешу ақрабо, фарзандон, шогирдон ва дӯстони
зиёде барои гусел баромада буданд. Фотимаву Парвиз гиря
мекарданд. Таҳмина ҳоло чизеро намефаҳмид. Завчаам ҳам
чандон хурсанд наменамуд. Ҳавои Душанбе боронй буд. Дар
гӯшае аз толори майдон назарам ба шогирдам афтод, ки пинҳонй
гиря дошт, зеро аз дарсҳои чо-чо руҷӯъҳои лирикидошта бебаҳра
мемонд. Оре, чунин шогирдоне ҳам мехонданд, ки набудан”
устодашонро эҳсос менамуданд. Чунин ба мушоҳида расид, кн

4
шаш гурӯҳи гуселкунандагон чамъ омада буданд.

Ҳавопаймои ТУ-154 омодаи парвоз буд. Саворшавиро эълон
карданд. Садов гиряҳои маҳин ба гӯш мерасид. Аввалан
фарзандхову бародаронамро бӯсидаму оғӯш кушодам. Дар
ботин орзуи онро доштам, ки зинда баргардаму бо онон дидор
тоза кунам. Он панч нафар ҳам шояд бо ҳамин навъ андешаҳо
6а зинаҳои ҳавопаймо боло мешуданд. Ин лаҳза ба чашмам
расид, ки Абдулмачид оби дидаашро нигоҳ дошта натавонист.
Чойҳоямонро гирифтем. То дер хомӯш мондем. Гуё забои гум
карда будем. Оре, чанги Афғонистон дар пеш буд. Ин дафъа
кам ашхосе ёфт мешуд, ки фикри мошинхарй мекард, балки
дар андешаи зинда баргаштан буду бас. Боз ҳам карзи Ватан,
масъулиятмандй ва ба чо оварданй хидмати интернатсионалисти
хушёрамон месохт. ГУё охирин бор аз болои ҳавопаймо ба
воситаи мӯҳричаҳои хурдакаки он Душанбеи азизро тамошо
мекардем. Шаҳр чароғистон буд. Ҳавопаймо қоматашро рост
карду суръаташ хам баланд шуд. Торафт аз Ватани «хурдамон»
дур мегардидему чониби пойтахти «ватани бузургамон»- Маскав
мешитофтем. Нахустин соатҳои рӯзи 13-ум Маскав бо барфи
лак-лакиаш пешвозамон гирифт. Аз ҳавопаймо то толори майдон
эҳтиёткорона рафтем. Чомадонҳоро оварданд. Рӯйи ҳавлии
«Домодедово» баромадему таксй киро намудем. Қароргоҳамон
меҳмонхонаи «Точикистон» таъин шуда буд...

Рӯзи 14-ум ба идораи Гекеес (ГЭКЭС) - Кумитаи
иқтисодиёти давлатй рафтем. Моро ба хушй пазируфтанд.
Маълумамон гардид, ки мо тарчумонҳои гурӯҳи мушовирони
ШУравй дар назди вазоратхонаҳои давлатй Афғонистон будаем.
Гаи дар ин аст, ки пирУзии Инкилоби Савр, ки бо кУшиш ва
ибтикори ҳизбҳои «Халк» ва «Парчам» сурат гирифта буд,
Давлатй ШУравй барои онҳо таъчилан гурӯҳи махсуси
мушовиронро ташкил дод. Аз хама кумитаҳову вазоратхонахо
беҳтарин мутахассисонро чамъ оварда, барои ҳар вазорати
Афғонистон панч-шаш нафарй омода сохтанд. Чунин шуд, ки
дар ҳар вазорат гурӯҳи мушовирини ШУравй ба фаъолият
пардохт. Онхо бояд сохтори давлатй Афғонистонро ба таври
сотсиалистй тартиб медоданд. Табиист, ки ин навъ шахсиятҳои
тахассусманд ба тарчумонҳои соҳибтачриба ниёз доштанд. Гурӯҳи
шашнафараи мо аз ҳамин чумла буд.

15-ум дар Кумитаи марказии Ҳизби коммунист будем.
Мансабдори ҳизбие, ки бахши Афғонистонро ба ихтиёр дошт,
моёнро кабул намуд. Насиҳатҳо кард. У дар шахси мо аз

5
Точикистон хушй кард. Давроне дар шимоли чумҳурй ифои
вазифа доштааст. Аз ин идораи бошукӯҳ берун шудему дар
Майдони Сурхи Маскав акси хотиравй бардоштем. Намедонам
ба чй сабаб, Олимчон бо мо набуд. Дар миёни мо Анвар
Сулаймонов хеле хушгӯй мекард. Охирин рублҳоямонро дар
ресторанҳои Маскав сарф намудем. Соати 10-и шаб сӯи майдони
ҳавоии байналмиллалии Шереметево роҳ пеш гирифтем. Соат
яку чилу панчи шаб буд, ки ба ҳавопаймо нишастем. Субҳи
Тошканд пешвозамон гирифт ва баъд болои шаҳри Кобу ли ошно
чарх задему нишастем. Ҳавои фораме пазироиямон кард...
Шахсони муттасаддие аз гурӯҳи мушовирин моро хуш омадед
гуфт. Яке аз онҳо Муҳаммадчон Гулчонов буд, ки бо чехраи
шодон кабуламон кард. Акнун бори дигар дар Кобул худро
медидам. Чеҳраҳои ошнову ноошное аз пеши назарам
мегузаштанд. Оре, чеҳраҳои ноошно бештар буданд...

XXX

Дар пасгуфтори «Афғонистони шоҳй» ваъда дода будам,
ки китоби дувумро таҳти унвони «Афгонистони инқилобй» ба
алоқамандонам такдим медорам. То ки дар назди Холику
бандагонаш ваъдахилоф нашавам, баъди ба чопи компютерй
супоридани китоби аввал, ба навиштани дафтархои баъдй, ки
солҳои 1978-1981 ба вучуд омадаанд, оғоз намудам. Ин дафтархо
чортоанд. Огози дафтари аввал ба 16-уми ноябри соли 1978 рост
омада сабти охири дафтари чахорум 28-уми июни соли 1981
мебошад. Дар ин дафтархо, хотираҳои нигоранда бо рӯзҳову
моҳҳои солҳои мавриди назар дарч гардидаанд.

Одатан, банда ҳар шаб пеш аз хоб таассуроти хешро аз рУзи
сипаришуда рӯи когаз меовардам. РУзҳое ҳам ҳастанд, ки дар
онҳо ягон воқеаву ҳодисаҳои хотирмон ва фавқулъодда pyx
надодааст, балки ба кор рафтану аз кор баргаштан, хУрок
хУрдану шом ба тамошои филмҳо дода шудани муаллиф сабт
ёфтаанду бас. Аз ин рУ, муаллиф бештар ба хотироти рУзхое
хонандаро мутаваччеҳ месозад, ки аҳамияти донишдиҳй ва
таърихиву фархангй доранд. Иншои хама дафтархо дар заминай
мушоҳидаҳои бевоситаи нигоранда ва шунидахояш сурат
гирифтаанд. Ипггирокчиёни ҳикоятҳои дафтархо шахсони воқей
буда, бо ному насаби аслиашон оварда шудаанд. Нақл аз чониби
нигоранда сурат мегирад. Таҳлилҳову пешгӯиҳо низ ба донишу
афкори худи муаллиф тааллуқ доранд. Бинобар ин, ҳар шоҳид
воқеоти марбута метавонад ба мушоҳидаву шунидаҳои муаллиф

6
ба таври худ назар андозад ва дар ин маврид мулоҳизаҳои
хешро муҳимтар бишморад.

Дар ин солҳо беҳтарин донишмандони тоник, ни ба сифати
мутахассис ва ни тарчумон бо муаллиф ҳамтақдир буданд, ки
ҳар кадомашон бо истифода аз қудрати илмиву фарҳангии хеш
метавонанд чунин китоберо рӯйи чоп оваранд. Дар ин чумла
номҳои Сайфуллоҳ Саидов, Азимчон Юсуфов, Олимчон
Хӯҷамуродов, Абдулмачид Холов, Раҳматшоҳ Маҳмадшоев,
Аҳмадчон Сияров, Ҳабиб Пулодов, Аъзамчон Азизов,
Муҳаммадчон Гулчонов, Муродуллоҳ Шералиев, Маҳмадуллоҳ
Лутфуллоев, Умриқул Ҳақбердиев, Анвар Сулаймонов, Курбон
Бобоев, Шаҳбоз Кабиров, И.Усмонов, Зухуриддин Юсуфов ва
даҳҳо дигаронро ёдовар шудан мумкин аст, ки эшон аз калами
эчодкориву донишдиҳй бархурдор буданд ва ҳастанд. Шояд
ҳар кадоми онон чунин дафтарҳои хотиротро бо худ доранд ва
фурсате мерасад, ки мазмуни онҳоро ба ихтиёри хонандагон
мегузоранд. Бидуни шубҳа хотираву мушоҳидаҳои эшон дар
пурра сохтани саҳифаҳои таърихи нави Афғонистон донишҳои
тозаеро зам карда метавонанд. Банда аз исми касоне ёдовар
шудам, ки дар солҳои маврид и назар дар Кобу л ифои вазифа
доштанд.

Ҳоло ки нахустин сатрҳои китоби дувумро рӯйи коғаз
меоварам, худро дар назди бародарони ҳамтақдирам ҳеч
медонам ва ба ичозаи эшон хотираҳои хешро оид ба Инкилоби
Саври Афғонистон ва окибатҳои баъдии он мавриди мутолиаи
донишандӯзони воқеӣ қарор медиҳам. Ниҳоят, китоби мазкур
гумон мекунам, ки барои донишчУёни бахши таърих ва ашхоси
алокаманди Афғонистони навин аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
Албатта, бо ин таъкид банда худро афғоншинос намеҳисобам ва
ҳеч гоҳ чунин даъво ҳам намекунам, балки китобро барои
фарзандону бародарон ва хешу ақрабои худ навиштам, то ки
вактҳои лозимй ба шинохтани падару бародару як тан аз авлоди
хеш ба мушкилие дучор нагарданд. Гузашта аз ин, ҳар кадом
аз дӯстону ҳамкорони камина, ки номҳошон дар саҳифаҳои
китоби номбурда зикр ёфтаанд, метавонанд даъво намоянд, ки
воқеаҳои «Афғонистони инкилобй» ба хидмати башардӯстонаи
онон низ тааллук мегирад. Аслан, муаллиф кӯшиш намудааст,
ки ба воситаи шинохти хеш дӯстонеро монанди Олимчон,
Абдулмачид, Муҳаммадчон, Раҳматшоҳ, Маҳмадуллоҳи Лутф,
Азимчон, Восифй Бохтарй, Асадуллоҳи Ҳабиб, Абдукарими
Мисок ва даҳҳо дигарон бишиносонад. Умед аст, ки ҳар кадом

7
аз эшон дар байни сатрҳои банда ҳарфҳои худро илова хоҳанд
кард, ки дар натича китоби бузурге навишта хоҳад шуд.
Тасаввур кардан мумкин аст, ки он воқеаву ҳодисаҳое, ки наели
банда дар Афғонистони инқилобй ба мушоҳида гирифтанду худ
шоҳиди бисере аз онҳо буданд, дар сарнавишти таърихии
Афғонистони асри XXI такрор намеёбанд. Пас он воқеаҳо
аҳамияти таърихиву фарҳангӣ ва ичтимой касб менамоянд. Ба
хусус ҳоло ки сарнавишти Афғонистон ба чараёни дигархелтаре
рӯ ба рӯ омадааст, рӯзгори Афғонистони инқилобй омӯзанда ба
назар мехӯрад. Баъд аз хондани сатрҳои боло хонандаи гиромй
метавонад, «Афғонистони инқилобй»-ро на ба тарзи варақзании
сарсарӣ, балки аз як ҳикоят то ҳикояти дуюму сеюм ва киссаҳои
дигар мавриди мутолиа қарор бидиҳад. Яъне китобро аз як
cap хондан лозим аст, зеро на дар ҳамаи унвони бобҳои асар
маънои пурраи он дода шудааст. Унвони ҳикоятҳо факат ба
асоси як вокеа, ё лаҳзаи хотирмон гузошта шудааст, ҳол он ки
дар он ҳикоят лаҳзаҳои хотирмони дигаре ҳам инъикос ёфтаанд.

8
ДАФТАРИ АВВАЛ

(16.12.1978 - 16.04.1979)

9
КОБУЛИ ИНҚИЛОБӢ

Панҷ сол ҳам нагузашт, ки Кобули чумҳуриятхоҳон ба
Кобули инқилобхоҳон табдил ёфт. Табиист, ки дар ҳама ин
задухӯрду табаддулотҳои сиёсй бештар пойтахти кишвар зарар
мебинад. Ҳукумати Довудхон ба чанголи ҳизбҳои сиёсии «Халқ»
ва «Парчам» гирифтор шуду суқут кард. Довуд хост, ки аз
тарзи салтанати диктатурй кор бигирад ва бо куштану зиндонй
сохтани баъзе аз намояндагони ҳизбҳои марбута умри
ҳокимияташро дарозтар намояд. Бо ҳамин ният ӯ дар нимаи
дуюми моҳи апрели соли 1978 яке аз чеҳраҳои намоёни ҳизби
«Халк» - Миракбари Хайбарро дар назди матбааи давлатй ба
қатл расонд. Барой ҳизбиён баҳона пайдо шуд. Онҳо, ки солҳо
ба инки лоб омодагй мегирифтанд, маъракаи дафни Хайбарро
ба митинги сиёсй табдил доданд ва зидди Довуду ҳукуматаш
шиорҳо доданд ва мардумро барои аз байн бурдани истибдоди
Довудй даъват намуданд.

Довудхон ба зуди чораҳо дид, то ки пеши роҳи
инкилобхоҳонро бигирад. Ба ин хотир шаби 25-уми апрел чанд
тан аз роҳбарони ҳизби «Халк» Нурмуҳаммад Таракӣ, Бабрак
Кормал, доктор Солеҳ Муҳаммад Зерай, Султоналй Киштманд,
доктор Шоҳвалиро дастгир намуда, ба зиндон андохт. Довуд
аз чунин ибтикораш мардумро огаҳ сохт. Ҳамзамон, вазири
дифоъи кишвар ченерол Ғулом Ҳайдари Расулй, субҳи 27-уми
апрел (7 Савр)-ро барои ҳама дастаҳои низомй «омодабош» эълон
кард. Дар ин субҳ бояд митингҳо бо раксҳои атани афгонй
кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Кобулро фаро мегирифт. Маъракаи
«омодабош» сурат гирифт, аммо на ба манфиати Довудхон,
балки ба фоидаи ҳизбиён ҳал гард ид. Соати ёдаҳуними рӯзи
27-уми апрел аввалин танки чангй таҳти роҳбарии Аслам
Ватанчор ба майдони «Паштунистон» оварда шуд. Аз паси ин
танк панчоҳ адад танки дигар хиёбони марказии Кобулро пахш
кард. Инкилобиён то чое тачрибаи табаддулоти Довудхонро
омӯхта буданд.

Дар ҳама кисмҳои ҳарбй одамони худро доштанд ва хине
ки аввалин тири танки Ватанчор як гӯшаи бинои вазорати
дифоъро рУи замин андохт, дигар дастаҳои низомй ба фаъолият

10
пардохтанд. Нерӯҳои ҳавой низ таҳти роҳбарии Абдулкодири
пилот шаҳри Кобулро ишғол намуда, чанд бомба ба арки шоҳй
партофтанд. Инкилоби Савр, асосан, ду каҳрамон дошт: яке
Ватанчори танкист, дигаре Абдулкодири пилот. Аз ин чост, ки
шоми ҳамин рӯз аз «Маркази инқилоб», * бинои радиои
Афғонистон эъломияи инқилобро ба забонҳои паштуву дарй
ҳамин Ватанчор ва Абдулқодир қироат карданд. Як чумлаи
ин эъломия «Кохи кудрати охирин чаллоди дудмони Нодиршоҳ
барои ҳамеша фурӯ рехт»- буд. Оре, мантиқан Довудхон, 6о
эълон доштани Чумҳурй сохтори шоҳиро идома дод. Фақат
Афғонистони шоҳиро ба Афғонистони чумҳурй иваз карду бас.
Акнун инкилобиюн ба номи сохтаи Довудхон калимаи
демократиро илова намуданд: Чумҳурии демократии
Афғонистон.

Ба ҳамин тариқ, Инқилоби Савр, хеле ба осонй ба пирӯзӣ
расид. Нурмуҳаммад Таракй раиси Шӯрои инкилобй шуд.
Фармонҳои яку дуву се... ва ғайра паси ҳам ба воситаи ахбори
умум пахш мегардид. Ҳодисаи Инқилоби Савр гӯё ҳизби
«Халк» ва «Парчам»-ро, ки замоне аз ҳам чудо амал мекарданд,
муттаҳид сохт. Агар фармони нахусти ШУрои инқилобй ба
раисиву садриаъзамии Н.Таракй тааллук гирифта бошад,
фармони дуюми он Бабрак Кормалро ҳамчун муовини Таракӣ
муаррифй намуд. Яъне вазифаҳои аввалдарачаро раисони ҳизбҳо
байни худ тақсим карданд. Ҳукумати нави Афгонистон ҳам аз
чумлаи шахсиятҳои шинохтаи ҳамин ду ҳизб ташкил гардид.

Бояд гуфт, ки баъд аз як рУзи ба пирӯзй расидани Инкилоби
Савр, вазири дифои Довудхон - Ҳайдар Расулй 6о кадом роҳе
худро ба дастаи низомии мавзеи Алоуддини Хиёбони Доруламон
расонда, аскаронро 6а дифои сохти чумҳурй бармехезонад. Вале
кӯпшпш ӯ натича набахшид. Ҳайдарй бо дастааш ба инкилобиюн
асир афтода, ба катл расонда шуд. Дар ҳамин замина, бояд
гуфт, ки рӯзи ҳафтуми Савр, вақте ки танкҳои Ватанчор ва
ҳавопаймоҳои низомии Абдулкодир касри шоҳиро бомбаборон
мекунанд, Довуд 6о аҳли хонаводаву вузарояш дохили арк қарор
доштаанд. Довудхон 6о ҳукуматаш роҳҳои ҳалли мавзУи
пешомадаро ҳал карданй будааст, ки инқилобиюн 6о низомиён
аз дарвозаи марказии қаср дохил мегарданд. Инқилобиюн ба
хотири бинои қасрро хароб накардан ва хуни зиёд нарезондан
бо Довудхон ба музокира пардохтанй мешаванд. Ҳарду тараф
бо байракҳои сафед, ки рамзи сулҳро доштанд, сӯи ҳамдигар
наздик мешаванд. Дастаи Довуд, ки дар даҳлези бинои асосй

11
меистоданд, дар байнашон силоҳдоре ҳам барои аз байн бурдани
фиристодагони инқилобгарон ба мушоҳида мерасад. Азбаски аз
пушти сари намояндагони инқилобиён низомиҳо қарор гирифта
буданд, якбора ба чониби Довуд ва дастаи ӯ ҳучум карда,
ҳамаашонро ба хунашон оғушта месозанд. Гӯё фақат як фарзанди
Довуд зинда мемонад. У барои писарчаашро аз кУдакистон
овардан рафта будааст.

Дигар аз аҳли хонаводаи Довуд ҳамагй ба катл мерасанд.
Довуд мисли ҳамон чоҳкане шуд, ки худ зери чоҳ монд. Гумон
мекунам, ки тақдири ҳама «чоҳканҳо» чунин хоҳад шуд.

Шаҳри Кобул, воқеан, дар иҳотаи инқилобиюн қарор дошт.
Чанд моҳи аввали ҳаводиси Савр, мардуми Кобул дар вазъияти
хеле даҳшатбор қарор доштанд. Чеҳраҳову шаҳрвандоне, ки
сохти инкилобиву демократиро намехостанд, пойтахтро тарк
мекарданд. Бисёр кам ба мушоҳида мерасид, ки тарафдорони
Довудхон ба кадом ибтикори сиёсие даст дароз карда бошанд.
Аз ҳама ҳодисаи даҳшатбор он буд, ки аз ҳафтаҳои нахустини
Инқилоб миёни аъзои ҳизби «Халқ» ва «Парчам» муборизаи
пинҳонй оғоз гирифт. Дар ҳайати ҳукумат ҳам ҳарду ҷониб
«гургошно» буданд. Таракӣ Кормалро чашми дидан надошт ва
Кормали ашрофзода Таракии кУчиро дидан намехост. Дар ин
чумла Ҳафизуллоҳи Амини халқй аз ҳама дида бештар фаъолият
мекард ва торафт худро дохили ҷомаи Таракй мегардоқд. Ҳ.Амин
аз нахустин рӯзҳои ба ҳизб омаданаш орзӯи ба шахсияти аввал
расиданро дар дил мепарварид. Ҳарчанд ки дар ду моҳи
аввали ҳокимияти инқилобхоҳон чандон мавқеъ надошт, аммо У
бо рафтори зерибурёиаш тавонист, ки моҳи июни 1978 як даста
аз шахсиятҳои шинохтаи чиноҳи «Парчам»-ро аз ҳукумати Кобул
берун кашад. Натичаи ҳамин фаъолияти Ҳ.Амин буд, ки
Б.Кормал, Нурмуҳаммад Нур, Анаҳито Ротибзод, Махмуд
Бариёлай, доктор Начибуллоҳ ва Вакилро дар марҳалаи аввал
ба кишварҳои Чехословакия, Амрико, Югославия, Покистон,
Инглистон, Ирон сафир таъин намуданду андактар эшонро
душманони халқи Афғонистон эълон доштанд. Моҳи август
бошад, дар Кобул Султоналии Киштманд, Абдулқодири
қаҳрамон ва ченерол Муҳаммад Рофеъро аз пайравони Бабраку
дигар «парчамиҳо» дониста, ба зиндонҳо кашиданд. Чунин
амалро дар мавриди сарварони ҳизбҳои дигар низ раво диданд.
Ҳамин рӯзҳо буд, ки Тоҳири Бадахширо ба зиндони Пули Чархй
андохтанд. Таъкиби сиёсӣ ба пуррагй тамоми кишварро фаро
гирифт. Ҳар коре, ки карда мешуд бо номи Инкилоб пайваст

12
мегардид. Ҳ.Амин беҳтарин симоҳои сиёсиву фарҳангиро чо-чо
ба чанголи хеш меандохт. Дар Кобул, ки қуюди шабгардӣ амал
менамуд, барои амалӣ сохтани ниятҳои нопоку хуношоми Амин
мусоидат мекард. Ба ибораи дигар коммунистони Афғонистон
аз тачрибаи кори Шӯравӣ дар солҳои сиюм босамар истифода
мебурданд. Ачибии кор дар он буд, ки ҳама ин даҳшатҳо дар
шоҳидии мушовирини ҳизбии Давлати Шӯравӣ cap мезаданд.
Мегуфтанд, ки дар ин чода мушовирони ҳизбии Шӯравй низ
даст доштаанд. Ин ақида то чое воқеият дошт, зеро Амин
тавониста буд, ки баъзе аз маслиҳатгарони шӯравиашро ба доми
хеш андозад. Таърихи башарй исбот кардааст, ки дар ҳукумати
навташкил аминҳо мисли каждум ба зери бурё даромада, ҳар
лаҳза неши худро ба чони инсонҳо мехаланд.Ғулом Дастагири
Панчшерии шоир нисбат ба ҳаммаслакони парчамиаш дар
ҳукумати Таракӣ умри бештар дида бошад хам, дар яке аз
рӯзҳои тобистони соли 1978 ба ҳабс гирифта шуд. Сулаймон
Лоиқи шоир низ бо Панчшерй ҳамтақдир гардид.

Вакте ки банда вориди Кобул шудаму ба фаъолият
пардохтам, умри Чумҳурии демократии Афғонистон шашмоҳа
шуда буд. Ин айёме буд, ки Таракиву Амин тамоми роҳбарияти
давлатдориро бо аъзоёни ҳизби хеш таъмин карда буданд. Пурра
«Халқй»-ҳо салтанат мекарданд. Бесабаб набуд, ки дар сӯҳбате
моро ҳушёр доданд, ки ҳаргиз дар мавриди «парчамй»-ҳо
изҳори ақида накунем ва аз шахсиятҳои ин ҳизб ном набарем.
Ҳол он ки солҳои 70-ум ба мо баръакс гирифтани номи «халқй»-
ҳоро манъ карда буданд. Акнун Ҳамза Пӯлодови корманди
бехатарии Шӯравй дар Афғонистон аз ватандорҳояш такозо дошт,
ки дар ин маврид эҳтиёт кунем, фақат бо «халқй»-ҳо сару
кор дошта бошем. Сиёсати Шӯравй ҳам он айём ҳаминро талаб
менамуд. Аз ин чост, ки мо ҳам «халқй» шуда будем, ҳарчанд
ки чиноҳи «Парчам» ба Ҳизби коммунист наздиктар менамуд.
Бале, Кобу ли инкилобӣ гурӯҳи шашнафараи моро ба хушй
пазируфт. Дар муддати панч соле, ки банда аз Кобули
чумҳурихоҳон бадар шуда будам, такрибан тағйироти сифатие
рух надодааст. Шаҳрвандонаш ҳамонҳое буданд, ки буданд. Фақат
шаҳрчаи «Нодиршоҳӣ» васеъ шуда буд. Биноҳои чорқабатаву
панчкабатаи он ба соҳили чапи дарёи беоби Кобул кӯчида, ҳамчун
манзилгоҳҳои вузарову мансабпешаҳо ва мушовирини Шӯравй
хизмат мекарданд. Бандаро аввал дар бинои 103 ва баъд дар 46-
ум чой доданд. Як панчҳучрагй дар ихтиёрам буд. Чанд рӯзи
аввал Олимчон низ бо ман якчо икомат мекард.

13
ГУРӮҲИ МУШОВИРОН

Тавре ки гуфта шуд, сарварони Инқилоби Савр, асосан
коммунистони Афғонистон буданд. Соли 1965 аввалин анҷумани
ҳизби «Халк» баргузор шуд. Барномаву оинномаи ин ҳизб дар
Маскав тарҳрезй шуда будавд. Таърихчаи ҳизб гувоҳй медиҳад,
ки дар оғози фаъолияташ раисаш Нурмуҳаммад Таракй интихоб
шудааст. Бабрак Кормал муовинии раиси ҳизбро ба ӯҳда допгг.
Вале дере нагзашт, ки Б.Кормал ҳизби худро бо номи «Парчам»
таъсис дод. Тоҳири Бадахшй низ чиноҳи дигареро ихтиёр намуд.
Аъзои ҳизби «Халқ»-ро бештар паштузабонҳо ташкил медоданд.
Дар ҳизби «Парчам» ашрофзодаҳо чамъ омаданд. Тоҳири
Бадахшй ба точикҳо ва ӯзбекҳои самти шимоли кишвар - ононе,
ки аз чониби давлат ситам мекашиданд, такя менамуд. Дар
мачмӯъ ҳамаи ин ҳизбҳо дар заминаи маҳаллу кавм ва хешу
ақрабо ташкил ёфта буданд. Сарфи назар аз ин, ду ҳизби аввал
майл ба коммунистони Шӯравй доштанд.

Махсусан, Нурмуҳаммад Таракӣ бисёр мехост, ки фаъолияти
сарвариашро дар пайравй ба сохтори сотсиалистй оғоз бахшад.
Гузангга аз ин, аз нахустин ҳафтаву моҳҳои пирУзии Инкилоби
Савр, ҳукумати ӯ ба мушкилиҳо рӯ 6а рӯ омад. Дар пойтахт ва
вилоятҳо коршиканиҳо ба муқобили инқилобгарон сурат
мегирифт. Аз тарафи дигар, 6о барҳам задани сохти шоҳиву
довудй Афғонистонро сохтори наве зарур буд, то ки чомеаро ба
ҷараёни тозаи давлатдорй равона сохта бошад. Н.Таракй ба
тачрибаи чомеаи сотсиалистй ошной донгг ва мехост, ки дар ин
чода аз Давлати ШУравй имдод талаб намояд. Дар ҳамин замина,
раёсати Кремл қарори махсусеро дар мавриди дастгирй аз
Инқилоби Саври Афғонистон ба тасвиб расонд. Гурӯҳи
мушовирин низ аз ҳамон карори ҳукумати Шӯравй манша
бардошта буд. Чунин ибтикорот аз тарафи Шӯравй то чое
саросемакорона амалй шуд. Мушовиронро аз ҳар кучо, ки
хостанд, интихоб намуданд. Таври мисол, интихоби шахси
мушовир чунин сурат мегирифт: ба вазоратхонае ё ба чумҳурие
амр содир меиуд, ки як-ду мутахассиси соҳаи иктисод, маориф,
фарҳанг, сиёсат, зироат, ҳукук, маишй ва ғайраро барои
фаъолият дар Афғонистон пешниҳод намоянд. Албатта, дар
интихоби чуяшғ мутахассисон на ҳамаи ваэоратхонаҳо шитобкорӣ
зоҳир мекарданд. Вале, баъзе вазоратхонаҳо, ашхосеро, ки бояд
ба нафака ^ароянд ё ба дастгоҳи ваэорвти марбута маъқул нест

14
ва ё ба талаботи роҳбарият чавобгӯ набуданд, пешниҳод
мекарданд. Бо чунин амал вазорати марбута аз як шахси
бемасъулияти худ халос мехӯрд. Ҳол он ки дар карори давлатй
беҳтарин мутахассисон такозо мешуд. Ба ибораи дигар ҳар
мутахассиси дар Шӯравй нолозиму номувофиқро ба гурӯҳи
мушовирин шомил сохтанд. Хущбахтона, чунин интихоб дар
мавриди тарчумонҳо pyx над ода буд. Ҳамчунин Точикистон чанд
мушовире, ки ба марказ пешниҳод намуда буд, аз беҳтаринҳо
шинохта мешуданд. Масалан, чанд тан аз ононро номбар
мекунам: Абдулаҳад Қаҳҳоров, Мирзо Бобоев, Маҳмадуллоҳи
Лутф, Султон Рачабов. Ҳар кадоми инҳо мутахассиси соҳаи
худ буданд. А.Қаҳҳоров ва М.Бобоев ба масъалаи таксими замин
вобаста буданд. М.Лутф - мушовири бахши маориф буд.
С.Рачабов - сарварии гурӯҳи мушовирони ҳуқуқро ба ӯҳда
дошт. Дар чумлаи тарчумонҳо низ касоне.шомил шуданд, ки
тачрибаи кории чандсола дар Афғонистону Ирон ва кишварҳои
арабй доштанд.

Дар гурӯҳи мушовирин, ки беш аз 150 касро ташкил медод,
аз ҳама чумҳуриҳои Шӯравй намояндагон фаъолият мекарданд.
Ҳар мушовир вобаста ба соҳаи хеш даҳҳо дастуруламалу
карорҳо ва китобҳои илмро бо худ ба Кобул оварда буданд.
Максади гурӯҳ он буд, ки сохтори вазоратхонаҳову кумитаҳои
давлатиро ба тарзи сотсиалистй тартиб диҳанд. Қонуни таксими
заминро ба ӯҳдаи АЛ^аҳҳорову М.Бобоев ва яке аз муовинони
вазири кишоварзии Узбекистон гузонгга буданд. Эшон декретҳои
замини солҳои бисту сии Осиёи Миёнаро дар Афғонистон амалй
менамуданд. Ин чунин маънй дошт, ки Инқилоби Саврро ба
Инқилоби Октябр шабеҳ медонистанд.

Боре Нурмуҳаммад Таракй Инқилоби Саврро аз Инқилоби
Октябр боло гузошт. «Инқилобе, ки мо кардем, -мегӯяд Таракй,
-каси дигаре анчом надодааст». Тамаллуккоронаш Таракиро бо
Ленин баробар мекарданд. Доҳияш эълон менамуданд.

Мушовирони соҳаҳои иқтисод низ бештар ба ҳуччату
дастурҳои солҳои сии Осиёи Миёна такя менамуданд. Онҳо
муҳит, психология ва чуғрофиёи Афғонистонро ба назар
намегирифтанд. Ҳама коре, ки дар ин чода амалй месохтанд,
кур-кӯрона ва аз таҳлили илмй дур буданд. Дар Афғонистон
ягон идорае набуд, ки он чо мушовири Шуравӣ қарор надошта
бошад. Хатто барои ахлотчойҳоро тоза кардан аз Гурчистон
мушовиреро фиристонда буданд.

15
Ошпазҳои Таракиро ҳам аз Шӯравй оварда буданд.
Муҳаммадчони мо, масалан, баъзан ин ошпазҳоро тарчумони
мекард. Ҳол он ки дар омода сохтани ғизо афғонҳо даҳҳо
маротиба аз ошпазҳои Шӯравй маҳоратноктар буданд. Албатта,
ҳузури намояндаи Шӯравӣ дар ҳама соҳоти Афғонистон маънии
дигаре дошт. Бо вучуди ин, маили шӯравигароии Ҳукумати
нави Афғонистон аз ҳадду ҳудуди худ баромада буд. Чунин
шуд, ки мутахассиси худиро нодида гирифтанд. Вазир ягон
амалро бидуни мувофиқаи мушовири шӯравиаш анчом дода
наметавонист. Кор то чое расид, ки кабул кардану сабукдӯш
сохтани корманде ҳам ба салоҳияти мушовир вобаста буд.

Гурӯҳи мушовирине, ки банда иртибот доштам, дар назди
Вазорати молияи Афғонистон фаъолият менамуд. Ин чо вазир
Абдулкарими Мисок буд, ки дар китоби аввал аз ӯ ёд кардаам.
Мисок аз қавми ҳазора буд; аз нахустин рӯзҳои фаъолияти ҳизби
«Халк» бо он содик монд ва назди Н.Тараки эътибори зиёде
дошт. Азбаски вай ҳамеша вазифаи хазинадори ҳизбро адо
менамуд, макоми вазири молияро бар ӯҳдааш гузоштанд. Дар
Кумитаи марказй баъд аз Таракиву Амин чойи сеюмро ишғол
менамуд. Бартарии Мисок он буд, ки забони русиро медонист
ва дар бисёр маврид бо мушовирини русй бе тарчумон сӯҳбат
мекард. Шӯравигаро буд, вале ҳамеша таҳти назорати одамони
Амин карор дошт. Ҳ.Амин низ ба Мисок маъкул набуд ва
мақсади ниҳоии ӯро вазири молия хуб медонист, аммо иброз
дошта наметавонист.

Мушовирини Вазорати молия дар се бахш ифои вазифа
менамуданд: як бахши он дар Де Афгонистон Бонк - Бонки
миллй фаъолият менамуд. Гурӯҳи дигар дар марказй вазорат
ва дастаи сеюм ба матбааи сукук ё ҳуччатҳои қиматбаҳо ва
сиррй иртибот мегирифт. Сардории гурӯҳи мушовирини вазорати
молияро Зотов ӯҳда мекард ва дафтараш дар назди дастгоҳи
вазир карор дошт. Мушовири вазир ҳамин кас буд. Яъне
Вазорати молия як вазири дохилй дошт ва як вазири Шӯрави.
Дар тамоми вазоратхонаҳо ин тарз чорй шуда буд. Бандаро
дар аввал ба гурӯҳи мутахасисини бонкй пайвастанд.

Дар бахши Бонки миллй Войлуков, ки аз шахсиятҳои Бонки
марказии Шӯравӣ буд, ҳамчун сарвар дониста мешуд. Дар
бахши матбаа Шпагин ном маскавй, ки дар корҳои амаливу
техникии матабааи сиррии Шӯравӣ кор мекард, роҳбари
менамуд.

Гурӯҳи мо аз Точикистон чор тарчумон дошт: Хабиб Пулодов,

16
Олимчон Хӯҷамуродов, Муҳаммадҷон Гулчонов ва камина.
Чунин шуд, ки моҳи аввал дар Бонки миллй ҳамроҳи Ҳабиб
тарчумонй кардам. Моҳи дуюм бандаро гӯё ду тақсим карданд.
Дар ҳафта се рӯз бо мушовири бонк - окон Герасимов ва се
рӯзи дигар дар матбааи суку к бо Шпагин тарчумонй мекардам.
Дере нагузашта бо мушовири андозу андозбандй Блудов ҳамкорй
намудам. Дар натича дар се чой- бинои марказии вазорат, матбаа
ва Бонки миллй фаъолият доштам. Боре ба окон Зотов
шикоятнамо гуфтам, барои чй маро ба ину он месупоред,
кӯтоҳакак чавоб дод: «Так надо». Бо шунидани ин чавоб
таъиноти пешакии идораи чосусии Шӯравй аз пеши назарам
гузашт. Чунки дар ин вазорат бонкнут, ҳуччатҳои сиррй,
шиносномаҳо, ҳуччатҳои дигари давлатй рУи чоп меомаданд.

Сартарчумоне, ки дар назди Зотов менишаст, чавони армание
бо номи Саркис Бадалян буд. Дар соҳаи худ соҳибкасб маҳсуб
мешуд. Солҳо дар Афғонистон кор карда буд. Русиаш шикаста
бошад ҳам, форсиаш кавй менамуд. Аз тарчумонҳои точик мо се
кас - Ҳабибу Олимчон ва камина якдигарро мефаҳмидем ва
бештари вақтҳо чи дар чойи кор ва чи дар манзилҳомон якчоя
будем. Ҳабиб аз ману Олимчон аз баъзе чиҳатҳо афзалият дошт.
Масалан, забони русиро аъло медонист, ашрофзодаву шахрй
буд ва тарбияи хонаводагиаш бештар аврупоиро мемонд. Ҳабибу
Олимчон ҳамдарсони донишгоҳй буданд. Камина аз он ду андаке
тачрубаи зиндагии бештар ва хам дар Афғонистон собиқаи
тарчумонии зиёдтаре доштам. Ҳабибу Олимчон то ин айём дар
Ирон тарчумонй карда буданд. Ба ҳар ҳол ҳардуи онон эҳтироми
бандаро ба чо меоварданд, зеро дар шинохти онҳо ман устоди
Донишгоҳи давлатй будам, он чо ки эшон панч сол дар шУъбаи
форсӣ таҳсил кардаанд. М.Гулчонов аз хамаи мо худро
ботачрибатару донишмандтар медонист. Ҳамин тавр хам буд,
чунки У солҳо дар Вазорати плон кор карда, соҳаи иктисодиётро
хуб медонист. Банда бахусус дар ин бахш навтаҳсил ҳисоб
мешу дам...

Гурӯҳи мушовирин бевосита ба Маскав итоат мекард.
Намояндааш яке аз чеҳраҳои шинохтаи идораи ГЭКЭС-и ШУравй
- Гречин дар сафоратхона менишаст. Моҳе як бор дар толори
мармарии сафоратхона чамъ меомадем. Баъзе гурӯҳҳо ҳисобот
медоданд. Маоши гурӯҳ низ нисбат ба дигар мутахассисоне,
ки то Инқилоби Савр ифои вазифа доштанд, бештар буд.
Масъулияти гурӯҳ низ дар назди идорахои марбутаи Давлатй
ШУравй болотар маълум мешуд. Мо касоне будем, ки бо

17
вазоратхонаҳо сару кор дошта, сохтори Афғонистони навинро
ба расмият медаровардем. Ҳар мушовир мошини алоҳида дошт.
Мушовирони гурӯҳ шабу рӯз иншо мекарданд, ҳуччату дастурҳо
месохтанд, онҳоро муҳокима намуда, баъд барои тарчумаи форсй
ба тарчумонҳо медоданд. Гурӯҳи мушовирин вазифадор буданд,
ки то чое Афғонистонро ба сифати Чумҳурии навъи сотсиалистӣ
омода кунанд. Ҳамзамон барои Афғонистони нав кадрҳои
соҳибихтисос тарбия менамуданд. Дар тӯли чанд сол ба чойи
худ бояд мутахассисҳои дохилиро тайёр мекарданд.

Дар чараёни корҳои ҳаррӯза чунин ба мушоҳида мерасид,
ки дар Вазорати молия ва сохторҳои он шахсони варзидаву
соҳибкасб хеле зиёд кор мекарданд. Дар баъзе мавридҳо онҳо
бо гуфтаҳои мушовирин гӯш намедоданд. Гап дар ин аст, ки
кормандони афғонй муҳитро хубтар медонистанд. Дуруст аст,
ки дониши назариашон заъифтар буд, аммо амалияро ба дарачаи
олӣ медонистанд. Мутахассисини дохилй на ҳамеша ба назарияи
иқтисоддонҳои шӯравй мувофикат зоҳир менамуданд. Амалиёти
молиявии Афғонистон ба тарзи олмониву амрикоӣ сурат
мегирифт. Онҳо такозо мекарданд, ки амалияи афғониро ба
назарияи шӯравй омезиш додан ҳеч фоидае намеорад. Тасаввур
кунед, ки соатҳо миёни ду ақида баҳс сурат мегирифт ва ҳарду
тараф худро ғолиб мешуморид. Ин лаҳзаҳо банда худро бетараф
гирифта, ҳарчи ки ду чониб иброз медошт, тарчума мекардам.

Дар ин миён мушовири бахши гумрук Горин Фёдор
Николаевич, ки яке аз муовинони идораи гумруки Шӯравй
маҳсуб мешуд, ба воситаи роҳбарон бандаро тарчумони худ сохт.
Акнун камина чахор чаноб доштам. Горин мехост, ки тамоми
системаи гумрукии Афғонистонро аз нав созад. Се мушовири
дигарам чанчол бардоштанд. Ба ин хулоса омаданд, ки бо се
мушовир якрӯзӣ бошаму дигар рӯзҳо бо Горин фаъолият намоям.
Бароям хуччати расмии вазирро доданд, ки ба гумруки майдони
ҳавой бидуни баҳсе ворид шуда, чараёни тафтишхои гумрукиро
бо Горин назора намоям. РУзҳое, ки ҳавопаймоҳо меомаданд,
озодона бо гумрукчиҳо фаъолият мекардам. Ҳамаи кормандони
гумрук бандаро ҳамчун тарчумони бахши худ эҳтиром
медоштанд. Ин бахш ба худам ҳам маъқул буд. Ҳамчунин ба
матбааи сукук хам дилгармй доштам. Тамоми ҳуччатҳои давлатй
аз дасти мо мегузашт. Ичрокунандаи вазифаи раиси матбаа низ
инсони начибе буд. Шпагин саводи баланде надошт. Ҳини сӯҳбат
миёни У ва раис кУшиш менамудам, ки гапҳои худамро ба pai ’
гӯям. Суханҳои Шпагин на мантик доштанду на маънй. Аммо

18
корҳои техникиро аъло ичро мекард. Бисёр каси мумсик буд.
Бо афғонҳо якчо нони чошт мехӯрд. Дар корхонаҳои
Афғонистон, одатан, ба кормандон нони чоштро дар шакли палов
маччонӣ медоданд. Ман ҳар чошт хона мерафтам аз ҳисоби
афғонҳо нони чошт хӯрданро айб медонистам. Умуман, аз
фаъолияти тарчумониам розй будам, зеро ҳар чор бахше, ки
тарчумонй менамудам, бароям дунёи навро мемонданд. Дар ин
муддат нозукиҳои баъзе илмҳои бонкиву иктисоди ва гумрукиву
чопгариро азбар кардам. Махсусан, амалиёти 1умрукӣ чолибияти
бештар дошт. Роҳҳои кашф намудани кочок (контрабанда)
шавковар ба назар мерасид. Дигар ин, ки 6а бисере аз
шаҳрвандони шӯравй вақти рафтану омадан ёрй мерасондам.
Ду-се кило борҳои зиёдиашонро бидуни пардохти гумруки аз
тафтиш мегузарондам. Вале ҳеч гоҳ аз салоҳияти хеш барои
худ суистифода намекардам. Ҳол он ки метавонистам бист кило

не, балки сй-чиҳил кило бор гузаронам.

Ба ҳамин тариқ, гурӯҳи мушовирин ба сифати чашму гӯши
Давлати Шӯравӣ тамоми соҳоти Афғонистонро ба ихтиёри худ
гирифта буданд. Даҳҳо дастуруламалҳо ва чилд-чилд китобҳои
соҳавӣ навиштанд, то ки Афтонистонро ба яке аз чумҳуриҳои
сотсиалистӣ табдил диҳанд. Дар мачмӯъ мушовирон хеч кори
хотирмонеро ба анчом расонда натавонистанд, балки 6о чунин
дахолаташон мутахассисини соҳавии кишварро аз худ дур
андохта, рӯҳияи шУравибадбиниро афзуданд. Дар ин чода
ҳ Амин ба воситаи одамони содикаш кУшиш менамуд, ки
ШУравй дар ҳеч кадом соҳоти Афғонистон муваффакият ба
даст наорад. Ҳамагӣ дар забои бале мегуфтанду дар амал
коршиканй намуда, наметузоштанд, ки дастурхои мушовирини
ШУравй чомаи амал пУшанд. Чанд соле, ки ин гурУх фаъолият
намуд, пирУзй ба даст оварда натавонист. Миллионҳо рубли
ШУравй барбод рафт. Албатта, ин гуноҳи марказнишинони
Маскав хам буд, ки мавзУи Инкилоби Саврро тахлили дурусте
накарда, ба чунин ибтикорот даст заданд...

РӮЗГОРИ МУҶАРРАДӢ

Бисёре аз мушовирин моҳҳои аввали фаъолияташон рУзгори
мучаррадӣ доштанд. Ҳамкасбони банда хам, ки аз Душанбе
фиристода шуда буданд, дар ҳамин холат карор доштанд.

19
Нисбат ба давраи шоҳӣ шароити зиндагиамон хубтар буд. Агар
он вакт дар як хонаи се-чор ҳучрагӣ ду оиларо чо ба чо
мекарданд, акнун барон ҳар оила хонаи алоҳида дода буданд.
Чунин шароитро фақат гурӯҳи мушовирин дар ихтиёр дошт.

Тартиби ба кор рафтан муқаррарй буд. Ҳар пагоҳй дар
мошини ГАЗ-24 сари вазифа ҳозир шуда, соати 12 барои нони
чошт ба хонаҳоямон меомадем. Соати чор кори расмиамон ба
поён мерасдд. То соати 11-и шаб гашту гузор мекардем ва баъд
хона ба хона мешудем. Яъне бо оғози куюдӣ шабгардй аз хонахо
берун баромадан мумкин набуд. Дар атрофи бино ва назди
манзилҳоямон аскарони туфангдор то субҳ чарх мезаданд. Баъд
аз соати ёздаҳ агар мошине ё касе ба чашми аскари посдор
мехӯрд, бо «дреш» гуфтани ӯ бояд шахе аз чояш намечунбид ва
агар мошин мебуд, манъ мекард. Дар ғайри ин пас аз се бор
«дреш» гуфтан посдор ҳукук дошт, ки тир холй кунад. «Дреш»
калимаест, ки маънии «ист»-ро дошт. Шакли русиаш «стой, кто
идёт?» мебошад. Дар соатҳои куюди шабгардй хатто ба балкон
баромадану тамошо кардан ё сигор дуд додан ичозат набуд.
Аммо на хама ба ин талаббт итоат мекарданд. Дар натича
пайраҳадор «голмогол» (чанчол) менамуд. Банда ин ҳолро
медидаму орзуи давраи шоҳӣ менамудам, ки ба ким-кучохои
шаҳри Кобул ба меҳмонй мерафтем. Дойр ба зарурати куюди
шабгардй мухбире ба вазири корҳои хоричии кишвар Ҳ.Амин
савол дод ва чунин чавоб гирифт: «То ки кори Инкилоби Савр
муҳофизат карда шавад».

Инкилоби Савр конунҳои худро дошт. Акнун мушовирин
факат як чойи рафтан доштанд, ки он клуби микрорайон буд.
Он чо чанд мизи сакқабозӣ гузошта шуда буду чанд тахтаи
шоҳмот, ки моён вактҳои холиамонро мегузарондем. Дар ҳамин
клуб ҳамарӯза филмҳои шУравй намоиш дода мешуд.

Дар Кобул ба ғайр аз гуруҳи шашнафарии мо тарчумонҳои
дигар низ фаъолият мекарданд, ки моҳҳои июн - июл дар
чумлаи нахустин мушовирхо омада буданд. Чунон ки гуфтам,
Муҳаммадчон Гулчонов, Муродуллоҳ Шералиев, Аҳмадчон
Сияров, Аминчон Мӯъминчонов, Абдулҳаким Шукуров, Азимчон
Юсуфов, Садриддин Насриддиншоев, Соҳибназарови бадахшй,
Фахриддини кубодиёнй ва дигарон дар гурӯҳи мушовирин кор
мекарданд. Баъзе аз инҳо бо оилахояшон буданд. Мо -
мучаррадхо бо хам дУстона рУзгор медидем. Ба чумлаи
тарчумонҳои мучаррад аз мушовирон - Султон Рачабот'
Маҳмадуллоҳ Лутфуллоев дохил буданд. Банда бештар со

20
Абдулмачид Холов ва Олимчон Хӯҷамуродов унс мегирифтам.
Дар мачмӯъ тарҷумонҳо ва мушовирони точик эҳтироми
якдигарро ба чо меовардем. Баъзан дар бозорчаи микрорайон ё
назди клуб чамъ меомадем ва соатҳо сари мавзӯъҳои гуногун
сӯҳбат менамудем. Табиист, ки бештар дар бораи кай омадани
хонумҳоямон ran мезадем. Парвози ҳавопаймоҳоро бо рӯзу соаташ
азёд медонистем. Якчоя ба майдони ҳавой мерафтем, ба балкони
он боло мешудем ва аз зинаҳо поён шудани мусофиринро тамошо
мекардем. Агар хонуми касе аз солун cap берун менамуд, ин
лаҳза қарсаку бУсобУсиҳо ҳамагонро фаро мегирифт. Дар гайри
ин бо сарҳои хаму табъи хира, боз аз зинаҳо поён мешудему сӯи
манзилҳомон роҳ пеш мегирифтем. Ҳар ҳафта ҳоли табақаи
мучаррадон ҳамин буд.

Рӯзгори хориҷӣ чиҳатҳои ба худ хос дорад. Он чо ҳама чиз
ба ҳисоб гирифта мешавад. Меҳмон даъват кардан, ба меҳмонй
рафтан масъулият дорад. Дар сурати ба чое даъват намудан,
кас чуръат намекард, ки дарвозаи ватандорашро КУбад. Моҳҳои
аввал аз миёни тоҷикон чанд тан буданд, ки бо оилаҳошон рӯзгор
доштанд. Масалан, ҷарроҳи шинохта Аъзамчон Азизов,
Раҳматшоҳ Маҳмадшоев, Фахриддин ва Муродуллоҳ
Шералиев аз точиконе буданд, ки ба истилоҳе рӯзгори хубу
ором доштанд. Агар мо мучаррадон ба андешаи он ки деги
шахси оиладор мечУшад, ҳар вакт ба хонаи ин се точик cap
мехалондем, боиси нороҳатии хонаводаи онон гардиданамон
мумкин буд. Ба ин хотир, банда майли ба манзили оиладорҳо
рафтан намекардам. Ҳол он ки бо Аъзамчон Азизов аз солҳои
шаст ошной доштам. Он солҳо дар шаҳрчаи Ҷилликул як ҷо
фаъолият мекардем. Навчавониҳомон ҳамон чо гузашта буд.
Агар то худи Аъзамчон ба манзилаш даъват намекард, ман
занги дарвозаи ӯро намезадам. Албатта, на ҳама кас чунин
мулоҳизаро бо худ дошт. Масалан, Султон Рачабов бештар хонаи
оиладорҳо мерафт ва ҳатто хӯроки дӯстдоштаашро фармоиш
ҳам мед од. Эшон, ки ба сифати вазири адлияи Точикистон
шинохта мешуд, табиист, ки ба ҳар хонае меҳмон мешуд,
эҳтиромашро ба чо меоварданд. Вале агар чунин меҳмонравй
ҳафтае як бор ё ду бор такрор меёфт, гумон намеку нам, ки
эҳтироми даркорй нисбати ӯ ба чо оварда мешуд, баръакс агар
аз панчара медиданд, ки меҳмони нохондае омада истодааст, ба
зангзаниаш эътибор намедоданду халос. Яъне, баъзе одатҳои
точикиву шарқй ба рӯзгори хоричии инсонҳо мувофиқ намеоянд.
Умуман, бе даъват ба чое рафтан одати хуб нест. Ману Олимчон

21
се сол дар ҳамсоягй карор доштем, вале ҳеч гоҳ бе даъвати
якдигар меҳмон намешудем. Дар ин чода, Олимчон тарбияи
шаҳрй дида буд ва чузъитарин меъёрхои муоширатро риоя
мекард. Завчааш Салимабону низ дар ҳамин навъ мактаб тарбия
гирифта буд. Ин меъёрҳо бештар дар мавриди пуррагии
хонавода риоя шуданашон ҳатмй мебошад. Хеле одати бад аст,
агар ба хонае cap мезанед, ки мардаш дар манзил нест ё холо
аз вазифааш барнагаштааст. Мутаассифона, дар миёни мо
буданд, ашхосе, ки ин меъёрро нодида мегирифтанд. Албатта,
ман мефаҳмидам, ки кас зиқ мешавад ва мехоҳад чанд лахза
дар хонаи ҳамшаҳриаш ё дӯсташ бинишинад. Сарфи назар аз
ин, беҳтар мешуд, агар чунин гамдуркунй ба асоси даъвати
тарафайн сурат мегирифт. Дар чунин ҳолатҳо ба мучаррадон
дар хона нишастан авлотар буд .

Дар клуб мучаррадҳои точик дар қатори охири толор
менишастанд. Баъзе шабхо сафи мо бо сардории Султон Рачабов
ба 10-12 кас мерасид. Точике, ки оилааш бо худаш буд, хеч гох
дар он катор наменишаст. Чунин нишаст ба хукми анъана
даромада буд. Агар аз миёни мо касе завчаашро пешвоз
мегирифт, ӯ аз сафи мучаррадхо хат зада мешуд. Боре як
мушовири рус омаду дар паҳлуи ман нишаст. Султон Рачабов
аз мавсуф савол кард, ки магар ӯ ҳам мучаррад аст? Он мушовир
ҳайрон шуду аз ман пурсид, ки чй вазири шумо ин чо хам
магар хукми вазириашро ба чо оварданй аст, ки аз ман чунин
савол мекунад? Ба ӯ фаҳмондам, ки шумо беасос меранчед, ин
вазир медонад, ки шумо бо оилаатон инчоед. Ба хотири ин ки
дар катори мучаррадхо нишастед, вазир шӯхиомез аз шумо
чунин савол кард. Дархол, узр хосту ба катори пештар рафта
нишаст. МавзУи аз мучаррадхо будани катори охир миёни
бошандагони шаҳрчаамон паҳн шуд. Ҳатто афғонҳо медонистанд,
ки хама касони дар катори охир нишаста мучаррадони
шУравианд. Чолиб буд, ки ҳафта то хафта шумораи мучаррадон
кам шудан мегирифт. Мучарради доимии ин катор Султон
Рачабов буд, ки ба муддати тУлонй рӯзгори танҳой дошт.

Дар айни замон мучаррадхо ба гурӯҳчаҳо таксим мешуданд.
Дар гурӯҳе Муҳаммадчону Садриддин ва Азимчон карор
мегирифтанд. Ба гурӯҳи банда, Олимчон, Абдулмачид ва баъзан
Хабиб дохил мешуданд. Махсусан, гурӯҳи мо мустаҳкамияти
бештар дошт. Мо ҳар рӯзи чумъа ба сайру тамошои шахри
Кобул мебаромадем. Ҳабиб, ки хеле шахрй буд, дар ин саёҳатҳс •
мо ҳамроҳ намешуд. Ӯ бештар ба хонахои мушовирони бонкиаш

22
мерафт ва бо онон баҳс карданро дӯст медошт. Аммо
Абдулмачиду Олимчон ва ман то он вакте ки рӯзгори мучаррадй
доштем, якчо мегаштем. Одатан, мо саёҳатро аз майдони Чаман
оғоз карда, сари роҳ Театри Кобул Нандориро тамошо намуда,
худро ба чодаи Майванд мезадем ва аз миёни издиҳом гузашта
ба кассобиҳои пули Маҳмудхон ё лаби дарё ҳам мегуфтанд,
меомадем ва нони чошт мехУрдем. ХУроки чоштамон кабоби
калпура (мояи гУсфанд) ва қабурғаи барраҳои сафеди балхй
буд. Қассоб худ аз Мазори Шариф буда, беҳтарин барраҳои
хасхУрро ба Кобул меовард ва ғизои болаззате ҳам омода месохт.
Ии шахе кассоби оддй набуд, балки дар касбаш хеле моҳиру
мумтоз буд. Вай, такрибан 120 кило вазн дошт. Ҳини анчоми
қассобӣ аз чояш баланд намешуд. У болои кУрпачае нишаста ва
дар байни панчаҳои пойи росташ корди қассобии калоне гузошта,
амали хешро анчом мед од. Вакте ки мо ба наздаш меомадем,
вай ба зуди мефаҳмид, ки ғизои аввали мо кабоби калпура аст
ва дуюмаш қабурғабирён. Бояд гуфт, ки гУшти калпура камёфт
буд. Онро кормандони сафоратхонаҳо мехариданд ва ҳатто
фармоиш медоданд. Вале кассоби мо ҳар рУзи чумъа ду-се кило
калпураро нигоҳ медошт. Гӯшти кабурғаро худамон интихоб
намуда, нишон медодем, У бо дасташ кисме аз гӯшти қабурғаро
дошта, бо пойи корддораш онро кисм-кисм бурида ба косае
меандохт. Маҳораташ дар он буд, ки ҳеч гоҳ панчаҳои
корддораш ба гУшт намерасид. Хеле марди озода буд. Шаробро
бисёр хуш дошт. Дар дохили дУкон хучраи махсусе дошт, ки
онро ба ихтиёри мо мегузошт, зеро медонист, ки биста-биста аз
оби гандум истифода менамудем. Як хизматгорашро таги
дарвозаи мо мемонд, то ки кадоме аз дохилиҳо ба он чо cap
нахалонанд. Лаҳзае, ки кассоб ғизои калпураро меовард, Уро
ду-се дакика бо худ нигоҳ дошта, кадаҳе ба дасташ медодем,
ки бо оби кокакола омехта буду маълум намешуд, ки «водка»
аст. Димоғаш чоқ мешуд, чеҳрааш боз хам сурхтар мегардид ва
баъд пушти кораш мерафт.

Дар яке аз чунин рӯзҳои чумъа хостем, ки калпурахУрй
равем. Бо ин ният назди бозорча чамъ шудем, ки Султон Рачабов,
ки он чоҳо сайру гашт дошт, моро диду «ҳа, сағераҳо кучое
рафтаниед?»,- гуфта пурсид. Абдулмачид, ки Уро хубтар
мешинохту харду ҳисорй буданд, эҳтиромона Султон Рачабович
гУён фаҳмонд, ки не, ба кучое намеравем, ҳамин чоҳо каме
ҳаво мехӯрем. «Майлаш,- гуфт С.Рачабов, -ман хам бо шумоён
ҳавохӯри мекунам». Дигар надонистем, ки ба вай чй гУем. Ҳаво

23
хӯрда аз шаҳрчаи «Нодиршоҳй» берун шуда, назди Кобул
Нандорӣ расидем. Ман, ки фотоаппарат доштам, чанд китъа
акс бардоштам. Гумон кардем, ки аз ин чо С.Рачабов пае
мегардад. Ин тарафу он тараф баҳонаҷӯй кардем, то ки эшонро
аз худ дур созем, вале нашуд. Ӯ аз нияти мо пай бурда буд ва
ҳатто гуфт: «Медонам, шумо ҳар чумъа ба кучое меравед,
сағераҳо чй сирре дореду аз ман пинҳон медоред.». Мо гуфтем,
ки на Султон Рачабович, ҳеч сирре надорем, балки бозорҳоро
тамошокунон «рУз кӯр» мекунем. «Имрӯз ман ҳам бо шумо рӯз
кӯр мекунам»,-гуфт ӯ. Хоҳу нохоҳ мавсуф худро бо мо
ҳамсафар сохт. Баъди тамошои дУкону тикафурӯшии ҳиндувон
ба «ресторан»-и ҳамешагиамон расидем. Ба кассоб С.Рачабовро
ошно намудем. Фармоиш ҳамон буд: се кило гӯшти калпура ва
сеи дигар гӯпгги қабурға. Албатта, «меҳмон» аз чунин фармоиш
чизе нафаҳмид, зеро ҳеч форсии кобулиро ёд гирифтан намехост.
Эшон ҳоло ҳам 6а ҳамон лаҳчаи дағали носолими точикй, ки
пур аз пасванду ҳиссачаҳои туркй буд, сӯҳбат менамуд:
«Омадед-мй? Рафтед-чй? Сонишба кай меоед?» ва ба ҳамин
монанд таъбирҳо. Масалан, аз кассоб пурсид: «Ту нағз-мӣ?»
Қассоб «шукри худо» гуфту моро ба ҳучрачаи махсус роҳнамои
кард. Вазирро ба боло гузарондем. Шишаи «Водка»-ро бо оби
«кокакола» омехта намудем. Даҳ дақиқа ҳам нагузашт, ки дар
як табаки калоне кабоби калпураро назди мо оварданд. Ранги
кабоб сап-сафед буд. Зоҳиран чағорабирёнро мемонд. Қадаҳҳоро
Абдулмачид пур кард. Ачаб кабобе гӯён ба хӯрдан cap кардем.
Вазир бо майл аз кабоб мехӯрд ва ҳар лаҳза ошпазро таъриф
менамуд, ки гӯштро хеле нарм пухта тавонистааст. Дар ин
маҳфил як дӯсти тошкандиамон бо номи Ниёзхочаев Фарҳод
иштирок дошт. Ӯ Ӯзбеки «курук» буд. Ягон калимаи форсиро
намедонист. Ӯзбекиҳояш ҳам сирф лаҳчаи тошкандй буд. Ба
хотири Фарҳод, ки то чое «шеф»-и Абдулмачид буд, руси сӯҳбат
менамудем. Бо ду-се кадаҳ боло кардан чуръат намуда, аз вазир
ба точикй савол кардам: «Султон Рачабович ин кабоб ба назари
шумо аз гӯшти чй пухта шудааст»? Эшон чавоб дод, ки гӯшти
барра аст. Мо хар се хандидем. Хандаи мо ба вазир хуш
наомад, зеро ӯ одат дошт, ки ҳар гапаш бо тасдиқ пазируфта
шавад. Аз ин рӯ, каме бо асабоният гуфт: «Чй механдед? Ман
аз хурдй қассоб ҳастам. Ҳар бурида гУштро медонам, ки аз
кадом ҳиссаи бадани мол гирифта шудааст. Ман бачаи кассоб
кастам», -гуфта хулоса баровард. Банда гуфтам: «Домуллочо-
шумо бачаи кассоб бошед хам, ин гУштро нашинохтед. Ин кабоо.

24
ки ин кадар болаззат аст, аз гӯшти мояҳои чандин баррачаҳо
пухта шудааст, ки дар форсии кобулй онро 6о номи калпура
мешиносанд». Мисле ки калимаи мояро нафаҳмид ва аз мо савол
кард, ки «боз мояаш чй аст? Моя поя нест, ин гӯшти ронҳои
барра мебошад». Мачбур шудем, ки истилоҳи «моя»-ро бо номи
бозориаш ба вазир фаҳмонем. Вахте ки чй будани «моя»-ро
фаҳмид, гӯё дар ғазаб шуду «сағираҳои бемаънй! Чй хӯрондед
ба ман? Ҳайрон шудам, ки ин кас чй хел вазир бурдааст, ки то
ҳол гӯшти «моя»-и молро намешиносад. Ҳол он ки дар комбината
гӯшти шахри Душанбе ҳама «моя»-ҳо бо суроғаи болоншшшон
фиристонда мешавад. Яъне чунин ғизоро «деликатес» меноманд.
Баъд аз ин «мехмонй» вазир моро таҳти назорат карор дод ва
ҳатто «калпура» гуфтанро ёд гирифт. Ҳар дафъа Абдулмачид
аз дафтари "кориаш телефон мекард, то ки ман вахта аз кор
баргаштан калпура харидорй намуда ба хонааш биоям. Оҳиста-
оҳиста худамон тарзи пухтани ин ғизоро ёд гирифтем. Боре бо
Олимчон аз ин гӯшт харида хона бурдем. Мо, ки дар ҳамсояги
зиндагй мекардем, рУзе тобаи (тухмпазй хам мегУянд), хонаи
Олимчонро истифода бурдем. Вахте ки хонумаш аз Точикистон
меояд, Олимчон андеша накарда, назди завчааш таъриф мекунад,
ки мо дар ин тоба гӯшти калпура пухтем. Салимабону асабй
шуда, он тобаи навро аз болои бухории бархй гирифта, аз балкон
пушти бино мепартояд. ГУё мо тобаро макрух карда бошем.
Олимчон аз таърифи ночояш пушаймон мешавад ва рУзи дигараш
ба дӯкони асбобҳои рӯзгор рафта як тобаи дигар мехарад. Чунин
амали мо ба гӯши тарчумонҳои гурӯҳ расид. Ҳарчо ки
вомехУрдем, киссаи тобаи Олимчонро ба хотир меовардем.
Хайрият, ки Абдулмачид аз ҳодисаи тобаи Олимчон ва тобаи
хонаи худаш ба завчааш накл накардааст, вагарна тобаи У низ
ба кУча андохта мешуд. Тахрибан, хама касоне, ки дар
Афғонистон ифои вазифа доштанд, ба ин «беморй» гирифтор
шуда буданд. Ин беморй барои моён хеле ҳаловатбахш анчом
меёфт. Баъзан меҳмонҳои олихадрамонро ба «ресторан»-и лаби
дарёи Кобул мебурдем ва бо кабоби калпура зиёфатшон
менамудем. Бахори соли 1979 як гурӯҳи чанднафарии хизбиёни
шУравй ба Кобул ташриф оварданд, ки ба он зумра Саид Салимов
(аз КУлоб), Ҳикматуллоҳ Насриддинов (аз Кумитаи марказии
Ҳизби коммуниста Точикистон), Хочиев(аз Қурғонтеппа),
ТУраев Курбон(котиби аввали ноҳияи Айнй), Бекназаров
Соҳибназар (аз вилояти Бадахшон) шомил буданд. Вахте ки
харордоди онҳо ба поён расид, ману Абдулмачид хостем, ки

25
эшонро зиёфат кунем. Азбаски мо рӯзгори муҷаррадӣ доштем,
меҳмонони ҳизбиро ба он «ресторан» бурданй шудем. Як рУз
қабл ман ба он но рафта, бо қассоб мавзУъро фаҳмондам. Гап
дар ин буд, ки вазъи сиёсй дар Кобул чандон хуб набуд ва
амнияти меҳмононро таъмин кардан лозим мешуд. Он шабу
рӯзҳо одамони ҳархела ба чунин ресторанҳои ғайрирасмӣ зиёд
чамъ меомаданд, ки бештар аз паштунҳои минтакаи Чалолобод
ва Нуристон буданд. Онҳо худро ҳамчун ронандаҳои мошинҳои
боркаш муаррифй менамуданд, вале аз кавораҳошон маълум
буд, ки онҳо на он шахсонанд, ки худро муаррифй мекарданд.
Аз рӯи маълумоте, ки доштам баъд аз ҳодисаи бо сафири Амрико
- Дабз рӯйдода, шикори шУравиҳо бояд оғоз меёфт. Гузашта аз
ин мушовирини ҳизбй дар шахси кормандони Ҳизби коммуниста
Точикистон, то чое тарафдорони Аминро нороҳат сохта буд ва
имкон дошт, ки аз нияти мо огох шуда дар ин гУшаи харобазори
Кобул кадом ҳодисаеро ба сари меҳмонҳо меоварданд. Кассоб
моро дидан замон «бифармоед, бифармоед, ватандорони азиз»,
гУён пазироимон кард. Борони шохнам ҳанУз меборид. Ба ҳучра
ворид шудем. Ин хучра - ресторан шифташ бо бурё пУшонда
шуда буд. Ҷо-чо мушҳо рафтуомад мекарданд. Азбаски
меҳмонҳои мо хама аз курсинишинони ҳизбй буданду аз беҳтарин
ресторанҳо истифода кардаанд, бо дидани ресторани мо дар
тааччуб монданд ва ба якдигар бо аломати савол менигаристанд.
Мо шубҳаи меҳмонҳоро пай бурда, фахондем, ки чунин чойҳои
Кобулро диданашон аз манфиат холӣ нахохад буд. Ин хучра
барои онон хотирмон мешавад. Хидматгарон аллакай омодагй
гирифта буданд, ба «Водка» ранги кокакола дода, чанд шишаро
болои миз гузоштанд. Меҳмонҳо гумон доштанд, ки дар чунин
чой шароб нУшидан манъ будагист, ба ин хотир кокакола
овардаем. Ҳоло аз дохили шишаҳо бехабар буданд. Ғизои аввал
чун анъана кабоби калпура буд, ки дар ду табак болои дастархон
гузошта шуд. Ман хамеша чашмам ба дарвоза буд. Меҳмонҳоро
ба ғизо ҳидоят намудем. Ба гелосиҳо (стаканҳо) «оби кокакола»-
ро рехтем. Ин вазифаи ҳамещагии Абдулмаҷид буд. Вахте ки
меҳмонҳо маънии кокаколаро фаҳмиданд, хушҳолтар шуданд.
Ғизои калпура, ки меҳмонҳо аз он пай намебурданд, маззаи хос
дошт ва ин ҷиҳат лаҳзаҳои аввал онҳоро ба гуфтани сухане
имкон намедод. Ҳамин ҳолат буд, ки аз мушхонахои шифти
хучра оби борон хост меҳмонони моро бесаранчом созад, вале
натавонист. Меҳмонон чунон ба накш даромада буданд, ки
парвои ташвише надоштанд. Ҳатто хурсанд буданд. Аз хама

26
беш намояндаи Бадахшон - Бекназаров Соҳибназар хутхолй
менамуд, харчанд ки оби шифт болои мизи нон таъсирашро
мегузошт. Ҳ.Насриддинов, ки хеле чиддй менамуд, ин лаҳзах°Р°
ба хушй пазируфт. Ғизои дуюмамон гӯшти кабурға буд. 1Уштро
таозе пухта буданд, ки аз устухон чудо мешуд. Воқеан, хар
навъ ғизоро ба дарачаи аъло мепухтанд. СУҳбати гарме оғоз
ёфт. Аз сирри калпура бохабар шуданд. Ин навъи хУрок
барояшон маъкул шуд. Саид Салим хам шахси хУ^хбате
Онҳо аз он боз хушй мекарданд, ки пагоҳаш чониби Ватан

Ха ! ҲК\аҷраГмо панчара надошт. Фақат чароги баркй равшанаш
месохт. Меҳмонҳо андак сархуш шуданд аммо масъулиятихизби
имконияташон намедод, ки кадом харфи ночое гУянДвасару
садо бароранд. Меҳмондорй бояд поен меефт. Дар хучра сУХбат
хело дилкаш ба назарам хӯрд. Меҳмонҳо ҳамаги ба мо сарбаландй
хоста, аз чоҳошон баланд шуданд. Ҳакки заҳмати кассобро ҳисобӣ
карда, ба мошинҳо нишастем. Назди меҳмонхонаи «к°бул>
қарор додем. Меҳмонҳоро ба ҳучраҳошон расондем_. Рузи
дигараш дар майдони ҳавоии Кобул боз дидор дидему хаирухУш
намудем. Ҳизбиён ҳамоно киссаи ресторани моро мекарданд.

Дар ҳамин чо ҳикояти рӯзгори мучаррадии хешро ба поен
расонда, ба қиссаҳои дигаре рУ меорам, ки хотирмонтар хоханд

буд.

ШИНОХТЕ АЗ ТАРАКИ ВА АМИН

Нурмухаммад Таракй ба яке аз кавмҳои пашту тааллук доигг.
Зодгохаш минтакаи Мукур буд. Аз тарики худомУзй дониш
андУхта будааст. Аз забонхои хоричй инглисиро хуб медонист.
Дар овони чавонй мукими Кобул гардида, дарбаъзе маҳфилҳои
фарҳангиву сиёсй ширкат менамуд. Соли 1965 ҳизби «Халк»-р
таъсис дод. Таракй аз нахустин рӯзҳои ба пирУзй расидани
Инкилоби Савр рУ ба ШУравй овард. Ӯ мехост ки Афғонистон
дар оянда ба тарзи сотсиалистй рУзгор бинад. Давлати ШУравй
низ аз нигоҳи сиёсй намегузошт, ки ин кишвар ба ягон давлати
абаркудрате монанди Амрико мутеъ гардад. Он вахт имкон донгг,
ки сархадхои чанубии ШУравй ба нороҳатиҳо рУ ба рУ оянд.
Бесабаб набуд, ки ШУравй ба зудй мутахассисони худро ба тамоми
сохоти Афғонистон дар иртибот карор дод, то ки онҳо
Афғонистонро ба poxy равиши сотсиалистй равона созанд. Ьа

27
ин хотир, назариётчиёни Шӯравиро лозим буд, ки аз Таракй
шахсияти сиёсй тарбия намоянд. Барой ин чанд меъёр буд, ки
метавонистанд бо мурури замон Таракиро шӯҳратёр созанд.
Табиист, ки дар ин чода, мушовирин тачрибаи илмиву амалии
кофиро дар ихтиёр доштанд. Аввалин меъёр он буд, ки дар
бораи шахсияти Таракй афкори умумро бояд равона сохт. Ин
ибтикор чи дар дохили кишвар ва чи берун аз марзи он бояд
амалй мегардид. Дар дохили Афғонистон аксҳои бузургу
иқтибосҳо аз гузоришҳои сиёсии Таракй пахш мешуд. Радио ва
телевизиони Кобул барномаҳояшонро вобаста ба рӯзгор ва
фаъолияти сиёсиву инкилобии Таракй тартиб дода, соатҳо ӯро
ташвиқу тарғиб менамуданд. Дар кУчаву хиёбон ва майдонҳои
серодами Кобул аксҳои калонҳачми Таракй дар рӯ ба рУи
мардум карор дода мешуд. Гузашта аз ин, рУзномаву
мачаллаҳо дар саҳифаҳои худ суратҳои Таракиро чой медоданд.
Мушовирини шУравие, ки бахши сиёсиро ба Ухда доштанд,
вохуриҳои Таракиро ба тамоми табақаҳои чомеа ташкил
мекарданд. Ӯ соатҳо шиору ваъдаҳо медод ва Афғонистонро ба
кишваре ташбеҳ менамуд, ки ҳеч қудрате роҳи пешгирифтаи
онро барбод дода наметавонад. Н.Таракй саводи кофй надошта
бошад ҳам, аз ҳунари нотиқй бархурдор буд. Мавсуф дар хама
гузоришу вохӯриҳояш ба забони пашту сухан мекард. Ӯ барои
вохӯриҳояш маърӯза намехонд, балки аз сӯҳбати рӯ ба рУи
озод кор мегирифт. Шиорҳояш шиорҳои лениниро ба хотир
меоварданд.

Ба ҳамин тарик, мушовирин ташвиқу тарғиби Таракиро аз
ҳудуди чуғрофиёии Афғонистон ба хорич интиқол доданй
шуданд. Сафари расмии Уро бо дастааш ба Маскав ташкил
карданд. Пагоҳии 4-уми декабр хиёбони марказии Кобулро ба
шарофати сафари Таракй ба Маскав бастанд. Дар хабархои
шабона гуфтанд, ки такрибан хама аъзоёни хукумат бо Таракй
ҳамроҳй карданд. Дар «Хонаи халк», собиқ қасри шоҳиро ҳамин
тавр номгузорй карданд, аз шахсиятҳои аввал Мисок ва
Панҷшерй монда буданд. Афғонҳо ба таври шӯхй мегуфтанд,
ки шӯравиҳо ҳастанд-ку! Дар майдони ҳавоии «Внуково» хайати
афғониро Л.И.Брежнев, А.Косыгин, А.Громико ва дигар аъзои
Бюрои сиёсй пешвоз гирифтанд. Скачков бо Шоҳвалӣ чанд
хуччати расмиро ба имзо расонданд. «Правда»-и шУравй низ
сафари Таракиро то чое дар саҳифаҳои худ инъикос намуд.
Дастгоҳи тарғиботии шУравй сафари Таракиро ҳамчун падидаи
тозае дар сиёсати худ ва Афғонистон эътироф кард.

28
Чунон ки гуфтам, баъд аз ду-се моҳи пирӯзии Инкилоби
Савр, Ҳафизуллоҳ Амин дар ҳукумати Таракй ба сафи дуюм
баромад. Он чо, ки Таракй буд, ҳатман Амин хам карор дошт.
Таракй ягон сӯҳбаташро бе Амин намегузаронд. Амин дар асл
муаллим ва баъд мудири омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кобул
буда, ба воситаи ҳизби «Халк» бо Таракй ҳамкорй мекард. Ӯ
хеле барвақт худро ба зери каноти Таракй чой кунонда буд. Гӯё
хама фаъолияташро бо маслиҳати Таракй анчом медод. Ҳодисаи
Инкилоби Савр ин дуро ҳамтақдйр сохт. Амин хеле ба осонй
ба боварии Таракй даромад. Чунин ба назар мерасид, ки хардуи
онҳо Ленину Сталин бошанд. Амин тарбиятдидаи Амрико буд.
Вай худро шУравипараст медонист аммо ин парастиш шакли
зоҳирй дошт. У дар ботин Амрикоро мепарастид ва ба идорахои
чосусии он робита дошт. Амин аз содалавҳй ва зудбоварии Таракй
истифода намуда, дар сӯҳбатҳояш чи бо мардуми авом ва чи
табақаи фарҳангӣ Таракиро ба сифати «доҳӣ» муаррифй мекард.
Ҳар сухани сиёсии Амин бо калимоти эҳтиромии «Чаноб»,
«Дохй» огоз меёфт. Амин дар яке аз гузоришҳояш дар мавриди
Таракй чунин шиорҳоро раво дид: «Агар аз ҳизб сухан
мезанем, сухан аз Таракй аст, Агар аз Таракй сухан
мезанем, сухан аз ҳизб аст». Мисле ки Амин шоири рус -
В.Маяковскийро хонда буд, ба чойи исми Ленину Ҳизби
коммунист, Таракиву ҳизби ӯро истифода мекард. Дар
гузоришҳояш аз Таракй сифат менамуд ва Уро барои худ ва
миллат ҳамчун падар мешинохт. Ниҳоят, дУстии ин ду ба он
сатҳ расид, ки онҳо «гУшту нохун» шуданд. Ба ибораи дигар,
аз миёни онҳо «мӯй хам намегузашт». Акнун дар хукумати
Афғонистони инкилобй ду чеҳраи сиёсй ба фаъолият пардохтанд.
Дастовардҳои инкилобиро Таракй ба пашту арз медошту Амин
ба форсй. Мегуфтанд, ки Амин гУё ба Таракй ба форсй сУхбат
карданро ичозат намедодааст ва он «падар» ба гапи писари
«бовафояш» гУш медодааст. Аммо худи Амин хам ба форсй ва
хам ба пашту мулокот менамуд. Бо ин рох Амин дар калби
форсизабонон ва ҳам кавмҳои пашту чой мегирифт. Бозиҳои
сиёсии Амин рУз то рУз инкишоф меёфтанд. Таракй дигар ягон
меҳмони оликадри хоричиро бе Амин кабул намекард.
Фаъолияти бозидиҳии Амин то он чо расид, ки мардум ва табақаи
фарҳангй беиггар Аминро мепарстидагй шуданд. Одатан, таърихи
бисёр давлатдориҳо шаҳодат медиҳанд, ки ҳукуматҳошон
бозичаи дасти ду шахсият мегардад. Дар ин ҳолат гУё ду Раиси
чумҳур амал менамоянд. Шахси дуюм шахси аввалро бо шиорҳои

29
сохтааш бозӣ дода, оҳиста-оҳиста худро ба чомаи ӯ чойгир
намуда, баъд аз пушти пояш як шата мезанаду 6а макоми аввал
мебарояд. Муносибати падаронаву писаронаи Гаракиву Амин
бандаро ба шубха оварда буд, ки дар ҳар саҳифаи ёддоштҳоям
менавиштам: «Окибаташ ба хайр бошад». Амин торафт нуфузи
Таракиро танг менамуд. У, одатан, намояндагони вилояте е
махаллеро, ки Таракй кабул менамуду ба онҳо аз сиесати давлат
сӯҳбат мекард, рУзи дигараш Амин ба хузур мепазируфт ва
хама дастовардхои Инкилобро ба фаъолияти чоннисоронаи
Таракй нисбат медод. Ҳарду шахсияти аввали Афғонистон аз
Шӯравӣ таърифҳо ба чо меоварданд. Бойҳову сармоядоронро
зери тозиёнаи танкид мегирифтанд. Махсусан, сари мавзӯи
кончи дар бораи замин чиддиёна гаи мезаданд. Қонун дар бораи
заминро мехостанд, ки харчи зудтар пиёда созанд. Масалан,
дар яке аз саҳифаҳои рӯзномаи «Инкилоби Савр» расми калони
Н.Таракй чой дода шуда, дар сахифаи дигар «Декрет дар
бораи замин»-ро чоп карда ва як акси иловагиеро оварда буданд,
ки оид ба чамъиятҳои ибтидой, ғуломдорӣ, феодалй сармоядорй
ва сотсиалистй маълумот медод. Азбаски чомеаи Афғонистон ба
феодалй иртибот дошт, дар хулосаи шорех омада буд, ки
феодален аз байн бурда шаванд. Албатта табакаи поенй аз ин
декрет хушхол буданд. Аммо, магар заминдор, заминашро ба
хушй ба дасти деҳконҳояш медод? Ҳаргиз! Аз ин чост, ки декрети
номбурда боиси муборизаҳои шадид миёни давлат ва заминдорони
калон гардид. ГУё давлати нави Афғонистон давлати дехкону
коргар буд. Ин ду дар гузоришҳояшон аз табакаи камбизоати
кишвар дифоъ мекарданд. Дар вилоятхо таксими замин ва ба
дехконон додани он оғоз ёфт. Айнан, хама фаъолиятҳои
инқилобие, ки солҳои 20 -30 дар Осиеи Миена анчом
мегирифтанд, гУё дар Афғонистони инкилобӣ онхо такрор
мешуданд. Чунин шуд, ки хам Таракй ва хам Амин ба мукобили
феодалҳо - заминдорон чанг эълон карданд. Ҳатто ин ду дар
миёни чавонон шиори инкилобй доданд, ки хама феодалҳоро
чисман нобуд сохтан лозим аст. Яъне, сиёсати пешгирифтаи
ҳукумати Таракй тавре амалӣ мешуд, ки мардуми Афғонистон
норозигй баён менамуданд. Дар айни замон, Амин бар зидди
табакаи фарҳангӣ чанги пинҳонй эълон кард. У, ки вазоратхои
кудратиро дар даст дошт, шабона ба «шикор» баромада,
беҳтарин чеҳраҳои фарҳангиву сиёсиро ба зиндонхо мекашид.
Дар вазоратхонахо сухане буд, ки онро бисёр эҳтиеткорона арз
медоштанд: «Фалонй мариз шуда». Ин чунин маънй дошт, ки

30
фалониро ба маҳбас андохтаанд. Ҳар рӯз, ки сари вазифа ҳозир
мешудем, аз шУъботе корманде, ё маъмури варзидае дар чояш
набуд: «Мариз шуда». «Маризҳо» торафт зиёд туда, зиндонҳои
кишварро пур карданд. Ҳар кореро, ки Амин анчом медод,
гӯё Таракӣ мепазируфт. Ҳол он ки чунин ибтикороти давлат
торафт боварии мардумро нисбаг ба ҳукумати инқилобй поён
мебурд. Тасаввур кунед, ки дар ҳамаи ин ибтикорот
мушовирини шӯравй даст доштанд. Тарчумонҳо маърӯзаҳои
Таракиву Аминро ба русй баргардон намуда, ба барномаҳои
русии радиои кишвар шомил месохтанд. РаДиову телевизиони
Афғонистон ба забонҳои форси, пашту, узбеки ва русй гузоришҳо
медоданд. Он чо низ мушовирини шӯравй фаъолият менамуданд.
Рӯз то рӯз дар атрофи номи Таракиву Амин шубҳаҳо зиёд
мешуданд. Мушовирин хам Таракипарасту Аминпарвар
мегардиданд. Мушовирин мавзУи тачлили чашни яксолагии
Инкилоби Саврро кашф намуданд. Дар тамоми кишвар
дастгоҳҳои ҳукуматӣ ба асоси машварати мушовирони хеш ба
чашн омодагӣ мегирифтанд. Афғонистон дар рӯҳияи чашнгириву
мачлисбозиҳо рӯзгор дошт. Дар ҳамин замина, бо чунин шиорҳо
митингу намоишҳо ба муқобили Амрико, Покистон ва Ирон
ташкил мегардид. «Зиндаву поянда бод, Инқилоби Савр»,
«Зинда бод Таракй», «Поянда бод дӯстии Афғонистону Шӯравй»,
«Март ба Амрико» ва ғайра: Ин шиорҳои анъанавие буданд,
ки мушовирини сиёсй омода месохтанд.

Ба ҳамин тарик, то баҳори соли 1979 дар Афғонистон ду
чеҳраи сиёсй - Таракй ва Амин бо як забону бо як амал фаъолият
мекарданд. Афғонистон ду ҳоким дошт... Сӯҳбати банда дойр
ба ин ду ҳоло ба поён нарасидааст, балки дар ҳикоятҳои баъдй
онҳоро боз хоҳед дид, ки Афғонистони инқилобиро ба кучоҳо
бурданд. Махсусан, симои Амин дар ҳаводиси баъдй бештар
боиси таваччУҳ хоҳад гардид.

ОХИРИН ДАСТАҲОИ САЙЁҲОНИ ШУРАВИ

Нӯҳуми декабри соли 1978 дар матбааи сукук будам. Чанд
сӯҳбате бо раиси он доштем. Бегоҳии ҳамон рӯз буд, ки
Сангмуҳаммади Зуҳур назди клуб бандаро диду баъд аз
аҳволпурсй иттилоъ дод, ки аз ШУравй як даста сайёхон
омадаанд, ки дар байнашон чанд тан точик ҳам ҳаст. Инҳо
собик шогирдони факултети филология - Қурбон Ҷабборов,

31
Чумъахон Икромов ва Ичобат ^ду^е^шогирдони банда

Jaa факуДз^ро мусоибародарам^номао^рдабудааст. Маха
маҳсуб мешуд, аз Мус Р „ т0 ки каминаро огоҳ

у аз Сангмухаммад^хохш^он™наи Юмо\о«гир

ГдГ-д”х— дар маркази Кобул назди «акбараи

^еМру^да^^авд вакти^смй^ мехм№^онаи^номбурда

рафтам, вале меҳиотощю паид^^^^_ ^бурданд ва шабона дер
6а тамошои шаҳру мавзеъҳ Р и дигар барвакт роҳи
бармегаштанд. Аз ин pV, п Р омодагй 6а сафари Ғазнй

меҳмонхонаро пеш гирифтам. Са х Мусоро бароям дод.

доштанд. и^6а™ ^биХ^итаи Мирзо Бобоев фиристодаам
Инномачавоббамакргбибаюс уҳамМадчон хостем, ки

буд. Субхи

ҳамватанонро бубинем. Бале онх 6а рУИ м0 марди

лахза дар толори пазирой ™ TV сигарет ДУД медод. Ману
аврупоинамое танхо ' сУхбат мекардем. Ба

Мухаммадчон 6а лахчаи форс Уттасаддиёни мехмонхона

хусус Мухаммадчон хар лахза У ӯ н сУҳбати дарй

кай баргаштани санеХонро мепур Д^У ^ надошт. Qh

мекард, кихеч касгумони ^шУравй^удан ^ дуи ^

марди дар рУ 6а рУи мо кар рД медод. Бетокат шудему ба
гУш медоду боз сигоркаш р и мехмонхо интизорй

табакаи дувум баромадем. Д Р У 6 поён фаромадем,

кашидем. Аз ҳамватанон ^ JJrak, дар Як

Мухаммадчон ин сУву он сУ кад ки у бо як даст

чой зиёд нипюста едиҳеаТДВЙн нишонаи асабй шуданаш буд.
бурутхояшро тоб медих Д^ „ , оҳ Саидов вохУрдем. Ӯ бо
Дар толори пазирой баСа фу ^ й дошт Сайфуллох,
ҳамон марди аврупоинамо сУХб фархангии

ки аз Д^^они мо буд вазифаи м „ 6а „о

ШУравиро бо Афғонистон к л нпв будааст. Он кас бо

муаррифй намуд. Исмаш Мирз ^ бародар кайхо боз
мо салому алеик карда ' доштам, ки афгонанд».

инчо менишастанд, аммо май У доштааст. Мавсуф

Эшои рохбарии гурУХи саиехон^. to Дикан11аш ба чанд

ГкГо^ГкГд»„лКГйа

Г:;=-^ГдидГГ Д=ииШахобудам. ки

32
ватандорони Тоҷикистониамон бо дастҳои пур аз тӯҳфа дар
даромадгоҳи меҳмонхона намоён шуданд, ки Қурбони Ҷаббор
латифагӯен пеш-пеши онҳо карор дошт. Ба бозори Кобул барон
харидории савғо рафта будаанд. Иҷобати шогирд меҳрубонӣ
карда, ба қабати дувум даъватамон намуд. То хеле сӯҳбат
намудем. Рақсу бозии тарафайн ҳам шуд. Дар поёни сӯҳбат
чанде аз саиеҳонро барон бегоҳи дигар ба меҳмонй даъват
намудам. Сипае бо мошини хидматии Сайфуллоҳ то манзилҳои
хеш расидем. ■

Ёздаҳуми декабр чашни шиамазҳабҳо буд. Яъне дар ин рӯз
Хасану Хусейн - писарони Алӣ ба қатл расида буданд Ба ин
муносибат, рухсатй доштем. Бозорй кардам. Бо Муҳаммадчон
зирбаки паловро омода сохтем. Баъдан у ба майдон барон
пешвозгирии ҳавопаимо рафт. Омадани завчаашро интизорй

rtv^IfflVrBerOXH-6a меҳ*онхонаи Юмо рафтам. Меҳмонҳо омада
буданд^ Дар миени саиеҳон ду духтар - Ичобату Каромати
хучанди низ буданд, ки маҳз онҳо оши палави точикиро пухтанд.
арчумонҳои точики зиёде чамъ шуданд. Аз хама шахги

ВалиТп°яРя°) лУРбмИ Чаббор (писаРи акои шоири халкй - Сайдалй
лизода) буд. Муҳаммадчону Абдулмачид, Олимчон, Азимчон
Садриддин, Сангмуҳаммад, Ҳабиб ва боз чанд тани дигар дар

^аз" Вя?яУ;ГИИ бЭНДа Г" °МаДаНД- *apl™ ки « S

кабл аз Ватан берун туда будем, сӯҳбати ҳамшаҳриҳо моро
Р"а меба-ид. То соатхои дахи шаб нишастему боз
меҳмонҳоро то Юмо гусел кардем. Даҳ дақиқа то куюд монда
буд, ки ба хона расидем. J д

Пагоҳии 13-ум боз ба меҳмонхона рафтам. Икромов

Ичп?ГтХОаУ Чабборов Қурбон ва Каромат нияти бозор карданд.

ням^гям УиР0 3 касали зада нарафт. Ман онҳоро ҳамроҳй
намудам. Вақте ки ба тангкУчаҳои бозор расидем, Қурбон ба

он чавонони бараҳнае, ки дар тори сари худ сабадҳо гузошта
буданду бо овози баланд муштариёнро барон хариди чизе даъват

ИчоГт1ГомГ-Т НаМУДа’ ЧУНШ/аД0 СДР Д0Д; <<Ичобат наомад
б1л?нл Z ,°30раКИҲ0’ КИ ба ин навъи даъват одат накарда
КУД ' Д’ СӮИ Қурбон менигаристанду механдиданд. Ҳамоно
Курбон роҳравон даъваташро такрор менамуд. Мачбур шудам
ки Уро аз ин амалаш боз дорам. Ба ҳар ҳол тавшиТ ки
тавачҷӯҳи мардумро сУи худ ҷалб намояд. Ду соат меҳмонҳоро

БетхайяДЛКаРДаМ- Ск°аТҲОИ ДОҲ Сари вазиФа ^зир №

Бегоҳй аз Халилчони Бонки милли як косети сабти ҳиндй барон
има гирифтам. Сари роҳ бо Сангмуҳаммаду Абдулмачид

33
ба бозор даромада, сақичу баъзе савғоҳо харидем, то ки ба
воситаи сайёҳон ба хонаҳои душанбегиамон равон кунем. Шаби
охирини сайёҳон буд. Пагоҳаш сӯи Маскав парвоз доштанд.
Барой Мӯсо мактубе хам навишта ба дасти Ичобати шогирд
додам. Ин бегоҳ то соати нӯҳ рақсу сурудхонии афғонҳову
меҳмононро тамошо кардем. Курбон бароям як чойнику ду
пиёлаи ватаниро ҳамчун рамзи хотира хадя намуд.

Чаҳордаҳуми декабр тақрибан ҳама точикистониҳои муқими
Кобул барон гусели сайёҳони точик ба майдони ҳавоӣ баромаданд.
Ба онҳо хасад мебурдам, ки ба Батан мераванд. Бо ёди
Точикистони азиз ҳамшаҳриёнамонро гусел намудем. То хеле аз
балкони майдон чониби сайёҳон даст чунбондем. Ҳавопаймо ба
ҳаракат даромаду худро болои Кобул гирифт ва мо низ ҳар
кадом бо мошинҳои хидматии хеш нишаста ба вазоратхонаҳо
тақсим шудем.

Дастаи дигари сайёҳони шӯравй сеюми январи соли 1979
вориди Кобул шуданд. Ман ки пештар иттилоъ доштам, пагоҳӣ
ба матбаа рафта, чанд коғазро барои Шпагин тарчума намудаму
сипас мошини хидматии раиси матбааро гирифта, чониби майдон
ҳаракат намудам.

Дар ресторани майдони ҳавоӣ Султон Рачабову Анвар
Су лаймонов ва Умриқул Ҳақбердиевро дидам, ки байни худ
сӯҳбат мекарданд. Ҳамагй ба балкон баромадем. Дарвозаи
ҳавопаймо кушода шуду мусофирин яко як cap берун карданд.
Ба назарам Гулрухсори шоира, Лоик Шералй, Файзалй
Начмонов, Ҳабиб Сафаров ва Худойдод Хусейнов расиданд.
Бо ин даста хеле аз наздик ошно будам. Гулрухсор ҳамдарси
донишгоҳиям, Лоик шоири шинохта, бо сеи дигар дар
Донишгох ифои вазифа доштам. Дар ин даста чанд тан
русзабонҳо низ буданд. Меҳмонҳоро дар назди баромадгохи
толори гумрукй пешвоз гирифтем. Аввалан бо ҳамдарсам вохӯрй
намуда, бо мехрубонии аврупой якдигарро пазируфтем.
Файзалй, ки бо банда ошноии дерин дошт, «ту кучо мегардй?»,
- гуфт. Бо Ҳабиб Сафарову Худойдод Хусейнов оғӯш кушодам.
Азбаски меҳмонҳо дар чумлаи сайёхон буданду аз Маскав
рохбару тарчумон доштанд, бо мо муваккатан хайру хуш
карданду ба автобуси сайёҳони кобулӣ нишастанд. Фаҳмидем,
ки қароргоҳи онҳо меҳмонхонаи байналмилалии
«Интерконтинентал» таъин шудааст. Аз сӯҳбати чандлаҳзаина
бо Гулрухсор маълум шуд, ки ӯ омадани бандаро аз ҳамдарс
дигарамон Қурбоной фаҳмидааст. Аз ин рӯ, ба хонаи мо

34
надаромадааст, ба ин маънй, ки гУё ман бо оила омадаам. Дар
миёни сайёҳон духтари калонии шоир Боқй Раҳимзода -
Дилафрӯз, ки касби духтурй доштааст, низ буд. Ҳамчунин аз
Академики илмҳо Зоҳир Аҳрорй ба сифати меҳмони Академияи
илмҳои Афғонистон ташриф оварда буд.

Мутаассифона, на аз хона ва на аз ёру дӯстон, ба истиснои
як корти табрики солинавии Ичобат дигар номае бароям нарасид.
Ҳол он ки у меди аз хона мактуб гирифтан доштам. Ҳарчанд ки
даҳ-понздаҳ касро ба соли нави 1979 табрик намуда будам,
вале мисли ин ки дар хаёли касе набудаам, чавобе ба банда
нарасид. Зик шудам. Дар ёди ватан ба андеша рафтам. Соат
сӯи дувоздаҳи шаб ҳаракат дошту банда ҳанУз ҳам дафтари
хотира сиёҳ мекунам.

Рӯзи чаҳоруми январ ба «Интерконтинентал» рафтам.
Султон Рачабов, Савлатшох Мерганов он чо буданд. Ман
мехостам, ки ду шоиру се устоди Донишгоҳро ба манзилам даъват
намоям. Вале Султон Рачабов пешдастй карда, меҳмойонро барои
соати яки рУз даъват кард. Дар толори интизории меҳмонхона
бо Гулрухсору Лоиқ сӯҳбат намуда, сипас ба ҳучраи
Ф.Начмонову Ҳ.Сафаров рафтам. Онҳо тӯҳфаҳое барои банда
доданд. X.Хусейнов бо Лоик дар ҳучраи дигар икомат дошт.
Сайёҳонро муттасадиёни афғонӣ барои тамошои чойҳои таърихии
Кобул бурданд. Ҳамроҳи банда Олимчону Садриддин буданд.
Ваъда додем, ки соати як боз ба дидорашон мерасем. Ҳамин
тавр ҳам шуд. Меҳмонон дертар омаданд. Султон Рачабов дар
паҳлуи шаш тоники сайёх бандаро низ ба хонааш даъват кард.
Албатта, аввал намехост, аммо Гулрухсор гуфт, ки агар
Худойназар наравад, ман ҳам ба меҳмонй намеравам. С.Рачабов
ноилоч монд. Ин лаҳза худамро нороҳат эҳсос кардам, зеро
ҳамроҳони ман бе даъват монданд. Вокеан, чойи ранчидан набуд,
зеро мо дар муҳити хорича карор доштем. Даҳ-понздаҳ касро
меҳмон кардан масрафи зиёдеро талаб менамуд. Аз ин рӯ,
Олимчону Садриддин ва дигар тарчумонҳо бидуни кадом
ранчише роҳи хонаҳои худро пеш гирифтанд. С.Рачабов дамлама
пухт. Сари дастархон Лоику Гулрухсор чанд пора аз
шеърҳояшонро хонданд. Файзалй низ хушсӯҳбатӣ мекард.
Ҳ.Сафарову X.Хусейнов камгаптар буданд. Банда низ ором
менишастам. СУҳбати соҳибхона бештар дар рӯҳияи вазирй сурат
мегирифт. То чое худтаърифкуниҳо хам дошт.

Мизбон сӯҳбати шоиронро бо шеърхониашон дар косета сабт
намуд. Ҳар қадаҳро ба хотири Ватану Миллат мебардоштанд.

35
Дар ин бобат Лоиқу Гулрухсор фаъолтар буданд. Ҳини сӯҳбат
Файзалй оҳистакак ба гӯшам расонд, ки ҳамдарсат мехоҳад
пӯстин дошта бошад. Ман гуфтам: «Ҳеҷ ran не, тУҳфа мекунам».
Дар ҳамин замина фаҳмидам, ки Лоиқ барои мошинаш
магнитофон мехостааст. Ҳамин хоҳиш буд, ки Лоик чанд дафъа
маро огаҳ сохт, то ки Муродуллоҳ Шералиро пайдо кунам.

С.Рачабов мошин ташкил карда, меҳмонҳоро ба
кароргоҳашон гусел намуд. Ман ба хотири ичрои хоҳиши Лоик
хонаи Муродуллоҳ рафтам. Эшонро пайдо накардам. Ба
манзилам омадам, ки ӯ дар ҳучраи Олимчон бандаро интизорй
дошт. Муродуллоҳ аз тарчумонҳои зодгоҳаш миқдоре «афғонӣ»
чамъ намуда буд, то ки барои Лоиқ ҳадяе омода карда бошад.
Онҳо аввалан мехостанд, ки магнитафони маро, ки пештар
харидорй карда будам, гиранду банда баъдтар боз аз пайи ба
даст овардани магнитофони мошин шавам. Аммо розӣ нашудам,
зеро бозоргардиро чандон хуш надоштам. Ба ҳар навъе ки буд,
Муродуллоҳ ва тарҷумонҳои зарафшонй чавонмардй карда,
барои шоири маъруф, чизи хостаашро ҳадя намуданд. Ҳол он
ки баъзе бачаҳои точикистонй аз ватандорони меҳмонашон дурй
мечустанд, то ки масрафе надошта бошанд. Ҳеч ҷойи айб нест,
агар гӯям, ки духтари Боқӣ Раҳимзода бисёр мехост чарроҳи
ҳамшаҳрии киблагоҳаш Аъзамчон Азизовро бубинад. Ё ин ки
Гулрухсор он чо аз банда дида шахси наздик надошт. Табиист,
ки аввалан маро суроғ кард. Ба ин маънй Лоиқи овозадор ҳам
дар ин маврид ҳамшаҳриҳояшро пурсон мешуд. Дар ин дастаи
сайёхон аз ҳама беш дӯстону ҳамкорони камина буданд. Албатта,
банда кудрати онро надоштам, ки ба ҳар кадоми онон ҳадяи
муносибе таҳия намоям. Аз ин рӯ, ба ғайр аз Гулрухсор ба
чаҳори дигар, сад-дусад афғонигй ба чайбхошон андохтам, то
ки ягон тУҳфачае барои худ харидорй кунанд. Аслан хорича
чойи одамшиносй аст. Маҳз он чо инсонҳоро хубтар шинохтан
мумкин мешавад. Кй кй аст, дар кишвари дигаре дар ғарибй
маълум мегардад. Дар ботин андеша мекардам, шахсоне, ки аз
хамватанони хеш барои сад-дусад афғонӣ шуда канорачУйй
мекунанд, чй навъ дар Ватан ба рУи якдугар менигариста
бошанд?

Панчуми январ сайёҳон сӯи шаҳри Чалолобод сафар карданй
буданд. Банда бо Муродуллоҳу Абдулҳаким пагоҳии барвақт
ба «Интерконтинентал» рафтам. Ҳоло соат ҳашт нашуда буд.
Дар толори пазирой, аллакай Лоиқу Хусейнов сигор ду’
медоданд. Лоик хушгапй карда, «ҳа, кобулиҳо омадед?», - гуфта,

36
оғӯш кушод. Ӯ хеле хушҳол менамуд. Муаллими донишгоҳиям
Худойдод Хусейнов сахтакак дастамро фишурд. Муродуллоҳ
бо Лоик монду ману Абдулҳаким ба кабати дувум баромадем,
он чо ки Ҳабиб Сафарову Файзалӣ Начмонов ҳуҷра доштанд.
Абдулҳаким ҳамдарси донишгоҳии Файзалй буд. Ман ба ҳучраи
Гулрухсору Дилафрӯз даромадам. Пеш аз сафар ба Ҳардуяшон
роҳпулй додам. Ҳарчанд ки онҳо неву нестон карданд, ба
чайбҳошон зӯран пули ночизе гузоштам. Меҳмонҳо ҳамагй пойин
фаромаданд. Автобуси «Интурист» омода буд. Сайёҳонро ба
сафари якрӯзаи Ҷалолобод гусел намуда, ба микрорайон омадем.
Рӯзи чумъа буд. Абдулҳаким ману Муродуллоҳро огаҳ сохт,
ки нони чоштро дар манзили эшон якчо мебинем. Азбаски то
чошт вакт доштам, ба Института политехники рафтам. Он чо
мусобиқаи волейбол сурат мегирифт. Дастаи «Мушовирин» бо
дастаи «Торгпред» бозй кард. Панч сол боз ба ин бозй машғул
нашуда будам. Бозиам ба худам маъқул нашуд. Чанд рӯз машқ
бояд кард, то ки дарди бадан гум шавад. Тибқи ваъда чошт ба
хонаи Абдулҳаким даромадам. Муродуллоҳ ва чанд тани дигар
аз тарчумонҳои точик сари дастархон чамъ омада буданд.
Соҳибхона палави точикӣ пухта буд. Тӯҳфаи Файзалиро, ки як
шиша «Водка» буд, майда карданд. Ҳамагй ширакайф шудем
ва шукри сайёҳон кардем.

Бегоҳии ин рӯз ба мақсади амалӣ сохтани хоҳиши Дилафруз
дарвозаи манзили Аъзамчонро кӯфтам. Чамшеди писараш
дарвозаро ба рӯям кушод. Соат ҳашту ними шаб буд. Маълум
шуд, ки Аъзамчон ва завчааш ба хоб рафта будаанд. Ҷамшед
падару модарашро бедор кард. Онҳо аз чойҳошон баланд шуда,
ба ҳучраи пазироишон омаданд. Ман аз ҳарду узр хостам, ки
нороҳаташон кардам. «Ҳеч ran не, ҳеч ran не», - гуфт Софа.
Хоҳиши духтари Бокиро арз намудам. Онҳо ба андеша рафтанд
ва ба назарам, дар фикри он буданд, ки чй ҳадяе метавонанд
барои духтари Боқй омода созанд? Ҳамзамон ваъда додам, ки
онҳоро пагоҳ барои дидорбинӣ ба меҳмонхона раҳнамой хоҳам
кард. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Шашуми январ онҳоро ба меҳмонхона бурдам. Дилафрӯзро
диданд. Меҳмонон навакак аз тамошои шаҳри таърихии Ғазнй
баргашта буданд. Баъзеҳо аллакай истироҳат доштанд. Файзалӣ
Начмонов рӯ ба боло шикам мемолиду Ҳабиб Сафаров дар
тарад дуди хобравй буд. Бо онҳо то хеле сӯҳбат намудем. Соатҳои
нӯҳи шаб буд, ки бо Аъзамчону хонумаш ба микрорайон
расидем. Аъзамчон нагузошт, ки ба хона равам. Нони шомро

37
дар манзили эшрн хУрдем. Сипае хона омада, бо Олимчон як
пиёлай чойи наваду панч нӯши чон кардем. Баъдтар ба ёдам
омад, ки меҳмонҳо хоҳиш карда буданд, ки онҳоро ба тамошои
бозорхои Кобул барам. «Волга»-и мудири наклиёти Вазоратро
гирифта, пагоҳии ҳафтуми январ ба меҳмонхона ҳозир шудам.
Гулрухсор, ЛоиК ва Ҳусейновро ба мошинам шинонда, ба растай
пӯстинфурӯшӣ рафтем. Пӯстин хеле зиёд буд, вале андозаашон
ба Гулрухсор мувофик намеомад. Ду соат вактамон дар интихоби
пӯстин гузашт. Ниҳоят, Гулрухсор якеро интихоб намуд, ки
қиматаш як хазору сад афғонй буд. Шоира барои ягона
фарзандаш - Азиз хам бо нархи 350 афгонй пУстинчае харидорй
кард. Ин микдор афғониро ба ҳамдарсам ҳамчун тӯҳфа
бахшидам. Баъдан ба растай дигаре даромадем, ки онро русхо
«грязный ряд» ном ниҳода буданд. Он чо хама чизро пайдо
кардан мумкин буд. Барои устод Хусейнов панч адад худкор
(ручка) ба нархи чиҳилафғонигй ва се овезаи калид (брелок)
ва барои Фотимаи духтараму Парвизи писарам - чатру чароғи
дастй харидорй намудам. Лоиқ брюкҳои чинсиро хеле тагу рУ
карда, якеашро дар дохили дУкон санчид ва сипас барои он
ҳазор афғонй дод. Вай аз чинсдор шуданаш мисли бачаи наврас
шодй мекард. Баъдан меҳмонҳоро то иқоматгоҳашон гусел
намудам. Вақти нони чошт хам шуда буд. Олимчон пешакй
туфта буд, ки чоштро якчоя мебинем.

Рӯзи ҳаштуми январ сайёҳони шУравй бояд чониби Деҳли
роҳ пеш мегирифтанд. Аз ин рӯ, пагоҳй, соати ҳашт, худро ба
майдони ҳавоӣ расонда, мошини хидматиро рухсат намудам.
Меҳмонҳоро дар майдон надидам. Он чо Султон Рачабову Анвар
Су лаймонов ин тарафу он тараф роҳ рафта, сУҳбати гарме
доштанд.

Аз маъмурини майдон фаҳмидам, ки ҳавопаймои «Бойинг»
дар Истанбул маътал мондааст. Дигар дар майдон барои
интизорй кашидан зарурат намонд. Бо мошини хидматии
С.Рачабов то Бонки миллй омадам. Аз дафтари кориам ба
меҳмонхона телефон кардам, то ки аз вақти парвозашон огаҳ
шавам. Роҳбари гурӯҳи сайёҳон Данилови маскавй буд. Боре
ҳам мавсуфро ташвиш додам. Дафъаи дигар бо Гулрухсор
сУхбат намудам. Аз майдон ба онҳо хабари омадани ҳавопайморо
аз Истанбул мерасондаанд. Соати дуву ей ба майдон занг задам.
Гуфтанд, ки соати севу чилупанҷ ҳавопаймои «Бойинг» сУи
Деҳли парвоз хоҳад кард. Ба зудй мошинро савор шуда, рох -
майдонро пеш гирифтам. Сайёҳон ҳам расиданд. Ҳучҷутҳояшонро

38
ба форсӣ хонапурй кардам. Чанд дақиқа то парвоз сайёҳони
тоҷик, ки аз шаш кас иборат буданд, доира гирифта сӯҳбат
намудем. Сипае баробари омодагй ба парвоз ба якдигар оғӯш
кушодем. Соати чаҳори он рӯз ҳавопаймои «Бойинг» бо сайёҳони
Шӯравй ҷониби Деҳли парвоз намуд. Ин дастаи охирини
сайёҳони Шӯравй буд, ки ҳаштуми январи соли 1979 сарзамини
Афғонистонро тарк гуфт. Баъд аз ин чунин дастаҳо ба сифати
сайёҳ ба кишвари Афғонистон ташриф наоварданд. Зеро торафт
вазъияти сиёсии он рӯ ба харобӣ меовард. Идораҳои сайёҳони
Афғонистон низ солҳо аз фаъолият бозмонд. Пае, метавон саёҳати
дуюм-ҳаштуми январи соли 1979-ро падидаи таърихй номид.

ЗОДРӮЗ ДАР ТАНҲОИ
ВА ТАҶЛИЛИ СОЛИ НАВИ 1979

Охирин рӯзҳои соли 1978-ро ба cap мебурдам. 25-уми декабр
зодрӯз доштам, аммо ба касе дар ин маврид чизе нагуфтам.
Дӯстону ҳамкорони кобулиам ҳам зодрӯзи бандаро
намедонистанд. Дар як хонаи панчҳучрагй танҳо бо андешаҳоям
қарор доштам. Одатан, дар Ватан ҳамасола зодрӯзамро дар
иҳотаи фарзандону бародарон ва дӯстонам медидам. Ин рӯз,
тақрибан ба ҳукми анъана даромада буд. Аммо зодрӯзи имсолаам
дар кишвари дигаре ва дар ҳолати мучаррадй мегузашт.
Абдулмачиду Олимчон, ки бештар бо банда унс гирифта буданд,
шаби ин рӯз дар хонаҳои хеш менишастанд. Шояд ин шаб яке
аз мушкилтарин шаб дар рӯзгори сию ҳафтсолаи камина буд.
Дар рӯзи таваллуд 6о андешаҳои худ мондан даҳшатбор
будааст. Фикру андешаҳои ҳархела шахсро фаро мегирад. Вазъи
ноҳинчори сиёсии Афғонистон боз ҳам касро ба чодаи дунёбезорй
мекашад. РУз то рӯз нерӯҳои зиддиинкилобй чи дар дохили
кишвар ва чи берун аз он афзоиш меёфт. Террор авч мегирифт.
Дар вилояту атрофи Афғонистон шахсони содиқ ба Инқилоб ба
қатл расонда мешуданд. Аз ҳама бадаш он буд, ки рӯҳияи
шӯравибадбинй дар аксари ахбори радиоҳои хоричй меафзуд.
Шаби 25-ум бо чунин андешаҳои парешону печ дар печ ба хоб
рафтам. АфсУс, ки дар истироҳати шабона ҳам, ки кас ба ҳукми
дунёи дигаре худро мезанад, нороҳатй фишораш меоварад. Дар
хоб бо падари шодравонам вохӯрдам. Дидам, ки киблагоҳам
бемори сахт аст. Лоғару беҳол шудааст. У худро ба дохили
кампале гирифтаасту аз одамон рӯй пинҳон мекунад. Гӯё аз

39
сафар баргаштааму мехоҳам падарро аҳволпурсй намоям.
Кампалро аз рӯяш ба як тараф гирифта, саломатиашро пурейдам.
Дар чавоб гуфт: «Писарам, хуб кардй, ки омадй. Аҳволам бад
ает, маззаам гурехтааст». Ба хабаргириаш расидани бандаро
заруриву саривақтй ҳисобида, андаке хушҳолӣ намуд. Ман аз
падар узр хоста гуфтам: «Падарчон, маро бубахш, ки серкор
ҳастам ва ба дидорат расида наметавонам». Баъдан ба муҳити
ҳавлй ва хонаводаи ладарӣ назар андӯхта дидам, ки борон рӯйи
ҳавлиро гилин кардааст. Ҳарчо-ҳарчо дилаҳои сурхи тарбуз
парешон ба назар мерасид. Хучрае, ки падар он чо беморй
мекашид, аз чаҳор девор як девораш вучуд надошт. На дарвоза
дошту на панчара. Ман аз атрофиёнам мепурсам, ки охир, ин
хона дару дарвоза дошт-ку! Чй шуд, ки акнун хона бо девори
чаппашуда карор дорад? Дар гӯшам гӯё садои модарам мерасид,
ки мегуфт: «Ин хона ким-кай вайрон шуд». Садои модарро
шинохтан замон дар чустуҷӯяш шудам, вале чехраашро дида
натавонистам. Чанд лаҳза ба андеша рафтам ва худ ба худ савол
додам, ки модарам ҳашт сол кабл аз падар фавтида буд, чй
навъ ӯ боз ба ин хона омадааст? Вақте ки чавобдиҳандаро пайдо
накардам, ба хешу акрабо гуфтам: «Ин хонаро таъмир кардан
лозим меояд, вагарна падар хунук мехУрад». Ҳамин лаҳза аз
хоб бедор шуда, болои чойгах нишастам. Арак зерам карда
буд. Дари балконро кушода, атрофи биноро санчидам. Оромй
буд. Аскари пайраха туфанге дар сари китф сурудеро зам-
замакунон болову поён мерафт. У бандаро над ид. Агар медид,
ки аз балкон вайро тамошо дорам, ҳатман «дреш» ва ё «инженер
соҳиб, хоҳиш мекунам, дар балкон истод нашей» мегуфт.
Азбаски хонаам дар кабати аввал буд, ин ҳолат, албатта нооромам
мекард.

Боз рУйи чойгах дароз кашидам ва кУшидам, ки хобам
набарад. Вале андешаҳо голиб омаданду, хоби ширине фароям
гирифт. Акнун дар Кобул не, балки худро дар Ватан медидам.
Намедонам кадом гУшаи шаҳр аст, ки туй сурат мегирад. Занони
ҳамсоя чамъ омадаанд. Раксу бозй идома дорад. Ҳамзамон дар
ин тУй сирк омадааст. Бозингаронаш ҳунарнамоӣ доранд.
Махсусан, дорбозонаш хеле моҳирона ҳунарнамой мекарданд,
ки боиси таваччУҳй мардум мегардид. Банда низ дар гУшае аз
тамошои санъати сиркчиён ҳаловат мебарам. Якбора дидам, ки
дорбозе аз болои ресмони ба ду тараф кашидашуда чаппа шуда,
ба замин фурУ рафт. Чанд лахза дар дару ни лой монда боша
хам, боз cap берун карда, луп-лучаки модарзод аз чой баланс,

40
шуд. Занону духтарон рӯй пӯшида ба ҳар сӯ парешон гардиданд.
Тӯй хароб шуду ман хам аз хоб бедор шудам, аммо падар ва
ҳолати бемориаш ҳеҷ аз пеши чашмонам дур намерафт. Ин хоб
чанд рӯз парешон нигоҳам дошт. Меандешидам, ки дар хонавода
ягон ҳодисаи нохуше рух додааст. Дар ҳамин рӯҳия ба хона
нома навиштам ва хоҳиш намудам, ки тез-тез аз вазъи хонавода
бандаро воқиф созанд.

Пагоҳии 26-ум сари вазифа ҳозир шудам, аммо худро бад
эҳсос менамудам. Шпатин, ки каси рӯзгордидае буд, аз нохубии
табъам пурсон шуд. У чангам кард, ки чаро огоҳаш накардам.
Метавонист ба хонааш даъват намояд. Дар ин чанд рУзи
охири сол тарчумонҳои точик хонумҳошонро интизорй
мекашиданд. Гумон доштанд, ки роҳбарони маскавиашон ба
муносибати соли нави 1979 завчаҳояшонро ба Кобул равон
мекунанд. Аз ин чост, ки рУзи 26-ум як даста точикистониҳо -
Умрикул, Анвар, Олимчон, Абдулмачид, Маҳмадуллоҳи Лутф
ба майдони ҳавой рафтанд, то ки ҳавопаймои «Бойинг»-ро пешвоз
гиранд. Ман нарафтам, зеро медонистам, ки ба ин наздикиҳо
ҳамсарам омада наметавонад. Бегоҳии ин рУз, шахсони
пешвозгиранда бо табъи хира аз майдон баргаштанд.

28-уми декабр дар сафорат мачлиси ҳизбии гурӯҳи
мушовирин барпо гардид. Бинобар бад шудани вазъи сиёсй -
Гречин моро огоҳ сохт, ки соли навро дар хонаҳои худ пешвоз
гирем. Ба ҳеч кучо меҳмонӣ наравем ва аз дохилихо касеро
даъват накунем. Бо вазъи сиёсй нигоҳ накарда, 29-ум бо Анвару
Абдулмачид ба ресторани «Пули Маҳмудхон» рафтем, то ки аз
кабоби гУшти калпура ҳаловат бубарем.

Сиюми декабр чанд тан аз мучаррадҳо дар хонаи Анвар
чамъ омадем. МавзУи тачлили соли навро хал кардан лозим
буд. Як хайати ташкилй тартиб додем. Асосан, Анвару Исмоил
ба ин кор муваззаф гардиданд. Микдоре пул чамъ кардем.
Навъи ғизоро муайян намудем. Макони нишаст бинои 14,
манзили Исмоилро карор додем. Ба ин восита нахостем, ки
ватандорҳои оиладорро ташвиш диҳем, ҳол он ки чандтои онҳо
мо - мучаррадҳоро мехостанд ба хонаҳошон даъват намоянд.
Шаби сиюм, панҷ нафар аз мучаррадҳои точик дар хонаи
Исмоил чамъ омадем. Инҳо Анвар, Умрикул, Абдулмачид,
Исмоил, Фарход ва банда будем. Фарҳод аз чумлаи мушовирони
соҳаи обрасонй буда, аз Узбекистан омада буд. У аслан аз
хочазодаҳои Тошканд буда, хеле инсони оддй ва фурӯтан
менамуд. Камбудии мавсуф назди мо - точикон забони форсиро

41
надонистанаш буд. Фарҳод бо Абдулмачид дар як вазорат кор
мекард. Азбаски ӯ танҳо буд, бо хоҳиши Абдулмачид ба
маъракаи хеш даъваташ намудем.

Дарстархони мучаррадонаро пурнозу неъмат оростем. Болои
он аз нУшоба то шаробу шириниву мевачот омода буд. Ба дастаи
мо меҳмони нохондае аз дохилиҳо илова гардид. Вай аз гурӯҳи
парчамиҳо буда, дар марҳалаи аввали Инқилоб вазифаи раисии
яке аз идораҳои давлатиро ба ӯҳда доштааст. Аммо дар асари
падид омадани низоъҳои сиёсй миёни халкиҳову парчамиҳо ӯ
низ сабукдӯш гардида буд. Собиқ раис аз тарафи бегоҳ ба
табрики мо омада, дигар фикри рафтанро накард. Вай дар
ҳамсоягй бо Исмоил зиндагӣ менамуд. Ӯ зиёд сӯҳбат мекард ва
ҳар лаҳза Таракиву Амин ва умуман халқиҳоро ҳақорат медод.
Исмоил чанд дафъа ишорат кард, то ки баромада равад, вале
гӯё намефаҳмид ва ҳамоно чоғ мезад. Гузашта аз ин, моро огох
намуда буданд, ки аз дохилиҳо меҳмон даъват нанамоем ва ба
муносибати байни мансабпешаҳои афғонй дахолат накунем.
Ҳузури ин шахе нороҳатам месохт. Аз сУи дигар, мо аз сӯҳбати
озод маҳрум мешудем. Ба ошпазхона даромада, аз Исмоилу
Анвар хоҳиш намудам, ки меҳмони туфайлиро коре карда ба
манзилаш гуселонанд. Соат хам ба дахуними шаб наздик мешуд.
Дар Душанбе соли нав оғоз мешуд. Хулоса, дигар илоче
надоштем. Сари миз ҳамагй қарор гирифтем. Бандаро садри
мачлис интихоб карданд. Ба иллати ин ки Фарҳод форси
намедонист, сУҳбатро ба русӣ оғоз кардем. Ҳозиринро аз самими
қалб табрик намудам. Қадаҳи аввалро ба хотири якдигар
бардоштем. Сӯҳбат торафт гарм мешуд. Анвар су хан гирифт.
Суханҳои хуб гуфт. Ҳамчунин Умрикулу Абдулмачид ва Исмоил
низ кадаҳеро бо ҳарфҳои ширини хеш зиннат бахшиданд. Фақат
он дохилй, ки баъд аз кадаҳи дувум мает шуда буд, ба сӯҳбати
моён гУё лагад мезад ва чараёни истирохати солинавиамонро ба
дигар сӯ мекашид. Хайрият, соатҳои ёздаҳ, ки қуюд оғоз мешуд,
роҳи манзилашро пеш гирифт.

Чанд навъ гизо омода сохтем. Ошпазамон Анвар-ако буд.
Хӯроки аввал чигарбирён, дувумаш мургбирён ва сеюмаш гунгги
бугй. Дар маъракаи солинавии мо ягонто аз чинси латиф хузур
надошт. Бо рафтани меҳмони нохонда мо ба пуррагй худро
озод эҳсос намудем. Ақрабаки соат рУйи 12-и шаб карор гирифт.
Радиои Маскав табрикномаи ҳукуматиро дар кироати Левинтан
шунавонд. Чолиб он буд, ки дар табрикнома аз шУравиҳои
хориҷибуда низ ёдоварй шуд. Мо ба якдигар ишоракунон

42
гуфтанй будем, дидед, садрнишинони Кремл моро фаромӯш
накардаанд. Ин лаҳза маро як рӯҳияи ифтихормандй фаро
гирифт.

Ширингуфторй cap шуд. Азбаски суханҳои табрикй тамом
шуданд, банда ҳамчун раис ба хозирин супориш додам, то ки
ҳар кадом ду-се факой-латифа гӯяд. Аввалан худам cap кардам.
Латифаи бофтаи ман ба яке аз садриаъзамҳои даврони шоҳй -
Мӯсо Шафик иртибот дошт. Мавсуф ба ивази падари Ахмад
Зоҳир садриаъзам эълон шуду ба зудӣ ба кишварҳои хорич аз
пайи имзои қарордодҳои нав гардид. Яке аз хуччати ба
имзорасондааш дар мавриди истифодаи рӯди Ҳилманд буд.
Мӯсо Шафик бо садриаъзами Ирон карордодеро имзо кард, ки
маъниаш оби ин дарёро ба Ирон фурӯхтанро дошт. Аз имзои
қарордод чанд моҳе мегузараду табаддулоти Довуд сурат мегирад.
Мӯсо Шафикро ба зиндон меандозанд. Мӯйи сару ришаш баланд
мешаваду мехоҳад, ки салмонй (сартарош)-и маҳбас ислоҳаш
созад. Ӯ ба сандалии салмонй менишинад. Салмонй бидуни бо
обу собун нарм сохтани мӯю риши расидаи Мӯсо Шафик, теғро
ба сари ӯ медавонад. Садриаъзами собик фаромӯш мекунад, ки
дар зиндон карор дорад, ба сари салмонй дод мезанад: «Ой
падарсаг! Ту чй ракам ришу мӯйи манро ислох мекунй? Охир,
аввал онро бо об нарм соз баъд теғ андоз». Салмонй ба завк
омада мегӯяд: «Ҳа, мурдагав! Оби Ҳилмандро ба Ирон
фурӯхтиву боз об талаб мекунй». Сароғоз худам баланд ханда
cap додам ва баъд дигарон хандаи бандаро ид ома доданд. Ба
ҳамин монанд, ҳар кадом як латифай гуфтанд, аксари онҳо
ишқӣ буданд. Табиист, ки рУзгори мучаррадӣ ба ҳамин навъ
латифаҳо эҳтиёч дорад. Аз ин рӯ, лозим надонистам, ки аз онҳо
ин чо ёдовар шавам. Вале, бояд икрор шавам, ки аз хама беш
Абдулмачид латифахои урён кисса намуд. Анвар хам фаъол
буд... Масалан, Абдулмачид дар бораи Нурмаҳмади Таракй
латифае гуфт, ки албатта, мазмуни онро «парчамй»-ҳо бофта
буданд: Таракй, ки кУчизода буду як умр дар камбизоатй
рУзгор дошт, якбора Котиби ченеролй мешавад. Дастгох амр
мегирад, ки сару либоси Таракиро ба зудй ба тарзи аврупоиву
ғарбй чур кунанд. Ҳамин тавр хам мешавад. Аз сару либосе,
ки барои У таҳия доштаанд, аз хама беш бут-кафшхои сохти
Италия хушаш меояд. Ҳини роҳгардй ҳар лаҳза ба бутҳояш
назар меандУхтааст. Шаби аввали сарварй ба манзилаш омада,
кафшҳоро боэҳтиёт аз пой мекашаду бо ду дасти адаб ба завчааш
медиҳад ва хоҳиш мекунад, ки то субҳ онҳоро дар яхчол

43
гузорад. Хонумаш ҳам, ки деҳзодае беш набуд ва бори аввал
чунин бутҳои зеборо медид, аввал ойҳоро бо латтае пок намуда,
сипас дарвозаи яхчолро кушода ба хоначаи аз ҳама болояш -
сардхона мегузорад. Пагоҳй Таракӣ еару либосашро пУшида, аз
ҳамсараш овардани бутҳоро тақозо мекунад. Зани бечора ба
хушҳолӣ дарвозаи яхчолро кушода, баъд хоначаи болоиро боз
мекунад, ки бутҳо ях бастаанд. Ба душворй онҳоро аз яхчол
берун кашида, назди пойи шавҳар мегузарад. Ҳамин буд, ки
Таракй рӯзи дувуми райей сари вазифа ним соат дер ҳозир
шуд. Бо поён ёфтани қиссаи бутҳои Таракй ҳамагй хандидем.
Баъдан хоҳиш намудам, ки аз накли латифаҳои сиёсй канораҷӯӣ
кунем. Агар он меҳмони нохонда мебуд, хуб ҳаловат мебурд ва
албатта, мегуфт: «Офарин, офарин, хеле хубуш, валлоҳ
Таракии кУчӣ аз ин беш ақл нахоҳад дошт».

Дар ҳамин рӯҳия то соати шаши субҳ хушгуфторй намудем.
Баъдан ҳар кадом сӯи манзилҳои хеш рафтем, то ки каме
истироҳат намоем. То соати 11-и рӯз ба хоб дода шудам. Сипас
боз дар манзили Исмоил чамъ омадем. Ба сифати ғизо палови
точикиро интихоб кардем. Анвар-ако дар палавпазй маҳорат
нишон дод. Дастархонро аз нав ба тартиб даровардем. Такрибан
шароб нанӯшидам, вале сарам ба дард даромад. Аз чойи наваду
панч истифода намудам. Соати дуй рӯз дувумбора мачлиси
солинавиамонро оғоз бахшидем. Ба ғайр аз банда дигарон ба
шароб дода шуданд. Ин нишаст то соати панч идома ёфт.
Мучаррадҳо роҳи майдони ҳавоиро пеш гирифтанд. Бечораҳо
барои хонумҳошон зик шуда буданд. Абдулмачид, мисле ки
завчаашро хеле дуст медошт, ки дар забонаш факат номи Соня
буд. У чу нон аз Сонябону ёдоварй мекард, ки гУё завчааш не,
балки аз он болотар бонуе ба назар мерасид. Умрикулу Исмоил
намедонистанд, ки Соняаш кист ва аз ман оҳистакак пурсиданд,
ки Абдулмачид-ако дар бораи чи Соняе сӯҳбат дорад? Банда
фаҳмондам, ки Абдулмачид-акотон Соня гуфта, ҳамсараш
Санавбархонро дар назар дорад. Воқеан, Абдулмачид аз
завчааш зиёд ёдоварй менамуд. Эҳсос мекардам, ки У азоби
рӯҳй медид ва шояд лаҳзаҳои танҳой дар манзили сехучрагии
кабати чорум, оби дида хам мекард. Аз ин чост, ки ҳафтае ду
маротиба ба майдони ҳавой мерафт ва бо таъби хира бармегашт.
Чолиб он аст, ки дар бинои Абдулмачид чанд тан аз бону вон аз
Полша иқомат мекарданд ва онҳо низ ҳамеша бо Абдулмачид
ба майдон мерафтанд. Онҳо ба балкони бинои майдон
мебаромаданд ва чашмонашонро бо чашмони маҳзуни

44
Абдулмачид якчо карда, мусофиронро ба мушоҳйда мегирифтанд.
Вақте медиданд, ки аз Сонябону дарак нест, гУё хушҳол
мешуданду аз тасалло додани Абдулмачид фаромУш менамуданд.
Ин ҳолатҳо мо Абдулмачидро азият медбдем, ки чаро ин
пуландиҳо аз наомадани завчааш хурсандӣ изхор мекунанд?
Абдулмачиди бечора чй ҳам мегуфт? Медонист, ки шУхиаш
мекунем ва ҳоли мо низ аз У беҳтар набуд. Он занони пуландй,
воқеан, хеле инсонҳои дидадаро буданд. Андак русиро
медонистанд ва то дер баъзан ба қартабозй машғул мешуданд.
Рафтору муносибати Абдулмачид, ба онон маъқул буд, зеро У
нишасту хези хубе, маданияти баланд дошт. Бо бонувон ба лафзи
ширину ҳаловатбахш сӯҳбат мекард. Махсусан, вақти танҳой
ва мучаррадй мардон чунин ҳарфҳоро хуб мегУянд. Ман ба
майдони ҳавой нарафтам. Хостам, ки Аъзамчонро ба соли нав
табрик намоям. У бо завчааш Софиябону ва писари ширинрУяшон
Ҷамшед, бандаро бо хушнудй кабул карданд ва ҳамзамон соли
нави 1979-ро табрикам гуфтанд.

Бегоҳй ба клуби микрорайон рафтам, то ки сакқабозй кунам.
Он чо рақсу бозй ид ома дошт. Аксари шӯравиён сархуш буданд
ва ҳатто баъзеашон дар пой рост истода наметавонистанд. Ин
тоифа ҳеч андеша намекард, ки дар кучоянд? Дар Батан
ҳастанд, ё дар кишвари дигаре. Мо — шӯравиҳо бояд намунаи
ибрат нишон медодем, аммо афсУс, ки ба ҳар кучо ки пой
ниҳодем, хешро соҳибхона пиндоштем.

Рӯзи дуюми январ, нахустин рУзи кори буд. Аз тарафи
пагоҳй ба сафорат ҳозир шудам. Чанд дона нома доштам, ки
онҳоро ба кутии номаҳо андохтам. Сари роҳ ба «Хонаи дӯстй»
даромадам. Сайфуллох Саидро ба соли наваш табрик гуфтам.
Ҳамзамон ду рисолаи Раҳимчон Мусулмонқуловро, ки дар
заминай осори Кошифй - «Бадоеъ-ул-саноеъ» арзи вучуд карда
буданд, ба Сайфуллох додам, то ки ба китобхонаи миллии
Кобул бахшад. Эшон «ба чашм гӯён» китобҳоро болои мизашон
гузоштанд. Ҳамин тарик, соли нави 1979-ро дар Кобул пешвоз
гирифтем ва ин соле хоҳад шуд, ки чанбаи донишандУзй хохад
дошт.

Моҳи январ фаъолиятам ранги чиддй гирифт. Бонки миллй,
матбааи сукук масруфам месохтанд. Махсусан, матбаа чолиб
менамуд. Назар ба нақли баъзе афғонҳо моҳи январ сафорати
Амрико сертараддуд ба назар метофт. Сафир то дер дар
дафтари кориаш қарор мегирифт. Ҷаласаҳояшро на дар утоки
кориаш, балки дар толори хурдакаке, ки панҷараҳои рӯ ба

45
чониби Хайрхона доштанд, мегузаронд. Чосусонаш бештар дар
мошинҳои резапайкари шведӣ ҳар сари вақт майдони ҳавоиро
«тамошо» мекарданд ва гӯё мусофиронй шӯравиро ба ҳисоб
мегирифтанд. Ҳатто назар ба маълумоти низомие баъзе
кормандони идораи чосусии Амрико дар либоси афғонй борҳо
ба клуби микрорайон дохил шуда, мушовирони навомадаро
меомӯхтанд ва чанде аз онҳоро то ндзди бинохошон гусел
мекарданд. Боз мегуфтанд, ки идораи зиддичосусии Амрико
мехостааст, ки дар ҳар гурӯҳи мушовирин «хизматгарон»-и
худро донгга бошад. Дар ин чода, ба онон мушовирони соҳаи
бонкй, молил ва тарчумонҳои баромади кавкозидошта лозим
будааст. Дар ин чумла, Султон Рачабовро ҳам ҳамроҳ карданй
буданд, зеро ӯ нахустин сармушовире шинохта мешуд, ки бо
Амин наздикй дошт. Дар заминай овозаҳои шунидаам боре бо
оҳанги шӯхӣ аз эшон савол кардам: «Султон Рачабович! Шумо
нони чопггро бо Амин хӯрда, чаро акс гирондед?» У андак
парешон шуду изҳор дошт: «Ту сағера аз кучо медонй, ки ман
бо Амин нони чошт хӯрдаму сурат гирондам?» Аз ин беш бо
эшон сӯҳбат намуданам хавф дошт, зеро вай метавонист саволи
бандаро чойи дигаре бигӯяд. Аз ин ба баъд, гурӯҳи Бахтулин
дар шахси ронандаи мошини хизматиаш назоратро аз болои
С.Рачабов ба роҳ монданд. Ҳол он ки С.Рачабов бо полковники
бехатарии Шӯравй - Ҳамза Пӯлодов «дӯстон»-и наздике буданд
ва борҳо С.Рачабов назди вай аз соддалавҳй кор гирифта, гӯё
содиқона сӯҳбат менамуданд. Воқеан, идораи чосусии Амрико
ба фаъолият пардохта буд, то ки муносибати Афғонистонро бо
Шӯравӣ хароб созад. Дар миёни кормандони техникии матбааи
таълим ва тарбия касони амрикопарасту шӯравибадбин бисёр
буданд. Шпагин мехост, ки даъвати раисро кабул кунаду он чо
нони чошт хӯрад, вале ман розй нашуда, баҳона ёфтам, ки раиси
матбааи сукук соати 12 моро интизор мешавад. Агар хамин
чошт мо бо раису коргарони матбааи маориф ҳамтабак мешудем,
имкон дошт, ки ба дарди заҳролудӣ гирифтор мегардидем. Рӯзи
дигараш Шпагин аз банда савол кард, ки оё медонистам, ки
чунин ҳодиса рух медихад? Албатта, не гуфтам. Аммо эхсос
мекардам, ки рӯзе моро бояд захролуд созанд. Ин хам як навъ
зарба задан ба фаъолияти мушовирини шӯравй буд. Бесабаб
нест, ки мухолифони шӯравй ҳодисаи мазкурро ба ташрифи
онрӯзаи Шпагин иртибот доданд. Факир Ахмад, ки авлодонаш
аз Самарканди бостон ба Кобул сафар карда будаанд овозаи
фавкро таъйид кард. Мавсуф саринженери матбааи номбурда

46
буд, ки дар он нони чошт иштирок надошт. Чунин амалҳо ҳеч
гоҳ боиси обурӯй гирифтани раиси русидону мушовирин туда
наметавонист. Поёни моҳи январи 1979-ро метавон оғози
коршиканиҳои инқилобӣ номид, ки ба мукобили шӯравиҳо равона
гардида буданд. Аз киссаҳои баъдӣ хоҳед дид, ки Инкилоби
Савр бо саркардаҳои «халқиаш» ба кадом еӯ майл пайдо
менамояд. Дар чунин вазъият ҳам мардуми фарҳангии Кобул
аз пайи таҳқиқу пазируфтани фарҳангиёни ҳамхуни хеш буданд.
Накҳати Саъид аз ин кабил буд, ки меҳмондории донишманди
точик - Зоҳир Аҳрориро ба ӯҳда дошт. Ман ҳам ба дидорбинии
Зоҳир Аҳрорй ба меҳмонхонаи «Кобул» рафтам.

Моҳи январ дастгоҳи «Халк» Таракиро аз Ленин болотар
шинонд. Уро падари маънавии миллати афгон меномиданд.
Зоҳиршоҳ дар ей соли салтанаташ чунин таърифҳоро нашунида
буд. Ба ақидаи «ҳалкй»-ҳо ягон ҳизб дар мудди 14 сол чунин
инкилоби «бехун»-ро надидааст. Падари маънавй кай парво
дошт, ки дар Қандаҳор миёни даҳокину заминдорон задухУрд
ба вуқӯъ пайвастааст... Поёни январ буд, ки Зоҳир Аҳрорй
Кобулро тарк гуфт. Чанд тан аз ҳаводоронаш дар майдони
ҳавой гуселаш кардем. Дилҳои мо хун мегиристу Зоҳир Аҳрорй
ширингуфториашро идома мед од. Метавон як ходиса_и хуши
моҳи январ ба Батан баргаштани З.Аҳрориро ҳисобид. Ӯ, вақте
ки ба толори гумрукй ворид шуд, ҳамоно бо нигоҳашу хандаҳояш
гУё ба ҳоли «чекист»-ҳои точик механдид. Ин истилоҳи Азимчон
Юсуфов буд, ки ҳама шӯравиҳоро «чекист» меномид. Яъне дар
бадали пули зиёдатии афғонӣ мо пули шӯравиро дар шакли
«чек» мегирифтем. Дар Шӯравй факат бо ин навъи пул мошин
ва дигар ашёро харидорй кардан мумкин буд. Ба ибораи дигар,
чеки шӯравй макоми доллари америкоиро дар дохили кишвар
дошт. Аз ин чост, ки дар ҳама шаҳрҳои шӯравй мағозаҳои
махсусе барои аз хоричаомадагон фаъолият менамуданд. Вокеан,
ҳамин «чек»-ҳо буд, ки кас худро сӯи орзуву умедҳо равона
месохт ва хизмати башардУстонаашро идома мед од. АфсУс, ки
ба хотири ин «чекҳо» чандин касон чон ба гарав монда буданд.

Ҳодисаи дигари чолиб дар ин моҳ ташвику тарғиби шеъри
точикй буд. Дар рУзномаву мачаллоти кишвар аксхои Лоику
Гулрухсор ва мусоҳибаҳои онон чоп мешуданд. Ҳамчунин
намунаҳое аз ашъори ин ду шоири дУстдоштаи точик ба табъ
мерасиданд. Ин чо бо моҳи январи 1979 хайрухуш хоҳем кард,
зеро моҳи феврал қиссаҳои хоси худро дорад.

47
ФЕВРАЛИ 1979
ТЕРРОРИ САФИРИ АМРИКО

Моҳи феврали соли 1979 хеле сервокеа шуд. Дар нахустин
рӯзи он Оятуллоҳ Хумайнӣ ба Теҳрон ворид гардид. Расонаҳои
хоричй дар мавриди ҳодисаҳои Ирон таҳлилҳои ҳархела
доштанд. Шашуми феврал буд, ки дар Ирон дуҳокимиятй рӯйи
кор омад. Яке ҳукумати Бахтиёр буду дигаре мухолифин, ки
бо сарварии Оятуллоҳ Хумайнй, ҳукумати Бахтиёрро эътироф
намекард. Эшон ҳафтоду ҳашт сол умр дошт. Чаҳордаҳ сол
боз дар Фаронса ба сифати гурезаи сиёсй зиндагй мекард. Ҳамин
рӯзҳо тавассути садои «Би-би-си» ва дигар мавчхо садриаъзами
Ирон таъин шудани Маҳдй Бозоргониро шунавонданд. Маскав
низ ин хабарро таъйид кард. Теҳрон ба шаҳри инкилобй табдил
меёфт. Банда дар ғами мутахассисини шӯравии мукими Техрон
будам. Шӯравӣ очилан чанд адад ҳавопайморо ба Техрон
мефиристад, то ки занону кУдакон аз чунин минтақаи доғ
бароварда шаванд.

Дар Афғонистон тақсими замин торафт вазъияти сиёсиро рУ
ба харобй меовард. Вобаста ба ин масъала чаласаи мушовирин
дар сафорат таҳти роҳбарии Гречин сурат гирифт. Шовинизми
русиро эҳсос мекардем. Одатан, ҳар мушовири навомадаро
Гречин ба ҳозирин муаррифй менамуд. Аммо, боре хам тарчумони
тозаомадаро ба гурӯҳ ошно намесохт. Ин чихат ба нафси мо -
тарчумонхо, ки мушовирин бидуни фаъолияти мо бедасту по
буданд, мерасид. Аз ин чост, ки Мухаммадчон Гулчонов, ки
одати инкилобгарой дошт, дойр ба ин камбудии роҳбарони гурӯҳ
сухан карда, ҳамзамон масъалаи баланд бардоштани маоши
тарчумонхоро ба миён гузошт. Албатта, чунин амали тарчумоне
барои Гречину сармушовирини гурӯҳҳои тахасеусй маъкул
набуд. Вале илоч надоштанд, зеро аксари тарчумонҳои гурӯҳ
унвонҳои илмй доштанд ва саводи дунёфаҳмиашон хам аз бисёри
мушовирон болотар менамуд.

Дахуми феврал ба зодрузи пайғамбари Ислом -
Мухаммад(с) рост омад. Ба ин муносибат раиси давлат - Таракй
теъдоде аз маҳбусинро аз зиндонҳо озод кард. Раиси факултети
динии Донишгохи Кобул ба воситаи телевизион дар мавриди
шахсияти таърихиву башарй будани Пайгамбар гузориш дод.
Ин рУз мусулмонони чахон чашн доштанд. Мо-шӯравиҳо низ

48
дар якчоягй бо мардуми Афғонистон истироҳат кардем. Ташвиши
нони чошт надоштам, зеро Раҳматшоҳ қаблан бандаро барон
мантухУрй даъват намуда буд. Вай нисбат ба ман бештар
тачрибаи рУзгори хоричй дошт. Хушбахтиаш он буд, ки завчааш
дар хизматаш қарор дошт ва аз ҳар ҷиҳат роҳат медид. Албатта,
одати ба манзили тарчумонҳои бо оилаҳошонбуда рафтан
надоштам, аммо Раҳматшоҳ ва хонумаш дигархелтар маълумам
мешуданд. Инҳо ҳеч гоҳ аз душвориҳои рӯзгор ва нарху навои
бозор сУҳбат намекарданд. Муҳимаш он буд, ки зану шавҳар
меҳмонро хуш доштанд. Махсусан Саодатбону зани хеле
дидадарову хандонрӯ буд. Ҳеч гоҳ омадани меҳмонро бо
қавоқҳои овезон пешвоз намегирифт, балки бо чеҳраи кушод
касро пазирой менамуд. Як хел соҳибхонаҳои дигар бо меҳмон
чунин сӯҳбат меоростанд, ки меҳмон роҳи гурез мечуст. Ин
тоифа, одатан, аз нарасидани маош, сермеҳмон буданашон шикоят
менамуданд. Ё ин ки бо меҳмон сари миз қарор мегирифтанду
худ чизе намехӯрданд. Дар назари онҳо меҳмон касест, ки барои
ғизо хӯрдан меояд. Ба йн хотир, банда на ҳар даъватро
мепазируфтам. Чунон ки гуфтам, даъвати Раҳматшоҳ самими
буд, ки рафтам ва аз мантуи бо панчаҳои нозуки янгаи мӯҳтарам
печондашуда ҳаловат бурдам. Ҳамин мантуи лаззатбахш мавлуди
имсолаи Муҳаммад(с)-ро хотирмонтар сохт.

Ҳамин рӯз буд, ки Оятуллоҳ Хумайнй истеъфои Бахтиёрро
ба миён гузошт. Агар чунин нашавад Хумайнй ғазовот эълон
менамояд. Аллакай зиёда аз сад кас кушта ва беш аз 1300 нафар
чароҳат бардоштанд. Баъд аз чанд рУз Бахтиёр, ки шахси
бовафои Ризошоҳ Паҳлавй буд, нопадид гардид. Расонахо
мегуфтанд, ки У гУё ба катл расидааст ва ё аз кишвар фирор
намудааст. Хулоса, Оятуллоҳ Хумайнй пирӯз шуду ҳукуматаш
ва сохтори давлати Иронро ба расмият даровард. Яке аз
аввалинҳо шуда, Покистон Ирони исломиро эътироф кард. Сипае
Афғонистони инқилобй низ аз Ҷумҳурии Исломии Ирон дастгирй
намуд. Дар ин маврид Давлати ШУравй хомУш намонд, балки
дар миёни кишварҳои абаркудрат яке аз аввалинҳо шуда, сохти
Чумҳурии Исломии Иронро пазируфт. Ҳол он ки дар паҳлуи
шиори «Март ба Амрико», шиори дигаре хам ба хамин мазмун
бар зидди ШУравй садо медод.

Моҳи феврали ҳафтоду нӯҳ як воқеаи таърихии хотирмони
дигареро ба рӯзҳои сертаҳлукааш илова намуд, ки террори
сафири Амрико - Адолф Дабз буд. Ин ҳодиса соати дувоздаҳу
сии рУзи 14-уми феврал рух дод. Одатан, дар кушта шудани

49
ҳар шахсияти сиёсӣ ду-се тахмин дар назар дошта мешавад.
Тахмини аввалро ҳукумати давр таъйид мекард. Тахмини
дуюмро мардум мебофт ва тахмини сеюм он аст, ки ба воқеият
наздикӣ дораду аммо кашфи қонуниаш душвор аст. Куштори
Адолф Дабз низ дар заминаи чунин тахминҳо сэру садо мед од.
Банда ҳар се тахминро кабул дорам ва кӯшиш мекунам, ки
шарҳи ҳодисаи мазкурро назди алокамандони таърихи нави
Афғонистон ошкор созам.

Тахмини аввал. Адолф Дабз, рӯзи чаҳордаҳум, соатҳои
наздики нӯҳ аз манзили истикоматиаш берун шуда, роҳи
сафоратро пеш мегирад. Дар ҳиссаи роҳе, ки ба роҳи марказй
пайваст мешавад, мошини хидматии ӯро чаҳор нафари либоси
пулисдошта нигоҳ дошта, се кас худро ба паҳлуи сафир чойгир
намуда, якеаш дар пешорӯ назди ронанда қарор мегирад. Ба
ронанда бо туфангча тахдид намуда, мачбур мекунанд, ки
мошинро чониби меҳмонхонаи «Кобул» ҳаракат диҳад. Ронанда
амри онҳоро ичро мекунад. Он чор террорист Дабзро муаддабона
аз мошин берун кашида, дар шоҳидии садҳо роҳгузарон ба
қабати боло мебаранд ва дар хучраи раками 117 ҳабс мекунанд.
Сафир ва чор «пулис» дохили хучра мемонанд. Сардори
террористҳо талаб мекунад, ки робитаи телефонй баркарор
намоянд. Террористҳо аз дохили хучра ба беру ни он бо намояндаи
давлати Таракй ҳарф мезаданд. Онон фақат як талаб пешниҳод
мекунанд: аз зиндони Пулии Чархй озод намудани Баҳриддини
Боиз. Назар ба маълумоти намояндаи хукумат чунин шахси
сиёсй дар маҳбаси Кобул вучуд надонгга, балки кайҳо фирор
кардааст. Сафир аз намояндаи Амрико, ки дар даҳлез бо
намояндагони хукумат якчо амал менамуд, талаб мекард, ки бо
ҳар роҳе, ки ҳаст, ӯро аз марг начот диҳад. Мушовирони низомии
Шӯравй низ дар катори дигар начотдиҳандагон кӯшишҳо ба
харч медоданд, то ки Адолф Дабз зинда монад. Мӯҳлати як
соату ду соати муайянкардаи террористҳо ба поён мерасиду
чавоби аники тарафи давлат номаълум мемонад. Ниҳоят,
террористҳоро фиреб доданй шуда, ваъда доданд, ки баъд аз
15-20 дақиқа Баҳриддини Боизро ба ихтиёри онон мегузоранд.
Вале ин мӯҳлат хам бенатича мемонад. Тарафи хукумат ва
маслиҳатгаронаш ба чунин хулоса меоянд, ки бо як хучум
дарвозаро шикаста, сафирро халос намоянд. Аммо то ин хулоса
террористҳо як раги бари абрӯи сафирро бо корд бурида буданд,
ки боиси хунравии зиёде шуда буд. Ин ҳолатро ба беруни ҳучр0
аз забони Дабз расонданд. Баъд аз ин тарафи давлат ба ху”ум

50
мегузараду дар дохили ҳучра чанд таркиш рух медиҳад. Ope,
дарвозаро шикаста даромаданд, вале гранатаҳо таркида буданд
ва сафиру он чор «пулис» дар ҳолати беҳушӣ карор доштанд.
Сафирро ба мошини ёрии таъчилй бор карда, бо суръати баланде
то шифохонаи Амрико мерасонанд. Аммо дер туда буд. Дабз
дар рох чон медиҳад. Чор «пулиси» ба хуни худ оғуштаро низ
ба бемористони Чаҳорсадбистара интиқол медиҳанд, то ки агар
зинда бимонанд, қазияро барои ҳукумати Таракй кушоянд.
Ҳамйн рӯз, соати 12-30 байраки Амрико аз болои бинои сафорат
поён фароварда шуд.

Тахмини дувум 15-уми феврал, ба воситаи расонаҳои
хабарии Ғарб муайян гардид. Мавчхои «Исроил», «Би-би-си»,
«Садои Олмон» ва ғайра дар катли сафири Амрико - Иттиҳоди
Чамоҳири Шӯравиро айбдор мекарданд. Онҳо даъво доштанд,
ки мушовирини низомии русй ба тарафи Таракй маслиҳат
додаанд, ки дигар интизор шудан лозим нест, балки ба ҳучуми
таъчилй гузаранд. Ин ҳучум боне шуд, ки Дабз бо террористон
ба катл расиданд. Яъне, тирпарроние, ки он рӯз сурат гирифта
буд, бо амру ҳидояти мушовирини шӯравй амалй шудааст. Дар
Вашингтон сафири Шӯравй - Добрининро ба Вазорати корҳои
хоричй даъват намуда, на дар шакли хаттй, балки забонй огоҳ
кардаанд. Ҳамчунин, расонаҳо таъкид месохтанд, ки агар
тирпарронй сурат намегирифт, имкон донгг, ки бо пули зиёде
террористҳоро қаноат кунонда, чони сафирро бихаранд. Расонаҳо
чунин ҳарфҳоро аз забонй намояндаи Амрико дар дохили
меҳмонхонаи «Кобул» меоварданд. Гӯё намояндаи Дабз хеле
кӯшиш намудааст, ки ба хучум (штурм) нагузаранд, вале тарафи
Таракй факат ба маслиҳати мушовирини шӯравӣ гӯш мед оду
бас. Ба гуфти он расона, дар натича сафир аз қалб ва ҳам аз
пешонй тир мехӯрад.

Он шабу рӯзҳо, ки ба шахри Кобул мухбирони зиёде омада
буданд, баъзеашон дар миёни мардум гашту гузор карда,
тахмини дигареро вобаста ба террори Дабз кашф менамоянд.
Сӯҳбати мухбире бо як шаҳрванди Кобул, чунин садо дод, ки
гӯё америкоиҳо худ сафирашонро ба катл расондаанд, зеро ӯ
дар мавриди Афғонистонро аз таъсири Шӯравй баровардан ҳеч
кореро ба анчом расонда натавонист. Он шаҳрванд савол
мегузошт, ки агар чунин намебуд, чаро сафир мошинашро манъ
кард ва дарвозахояшро барои террористҳо кушод? Ниҳоят,
ҳамагон медонанд, ки дарвозаи мошини сафирро фақат аз
дохили он кушодан мумкин буд. Пас, сафир бо террористҳо

51
пеш аз пеш мувофиқа доштаанд ва он талаби террористҳо низ
дойр ба озод кардани Бахриддини Боиз сохтакорие беш набуд.
Дигар ин ки ронанда чаро мукобилият нишон над од, чаро
мошинро ба дарахте назад, то ки мардум чамъ шаваду сафирро
ба меҳмонхона набаранд. Барой шаҳрвандон маълум набуд', ки
чй навъ сафир ба осонй худро ба террористҳо таслим сохтааст.
Ин муаммое буд сарбаста. Дар ҳамин замина, тахминҳои дигаре
илова мешуданд, ки ба мавзӯи аъзоёни ҳизби «Ситами миллй»
будани котилон иртибот дошт. Боз мегуфтанд, ки чунин одам
бо номи Боиз дар Афғонистон вучуд надоштааст.

Ҳабдаҳуми феврал дар рУзномаи «Анис» акси котилонро
чоп карданд. Ҳар чори онон нимбараҳна ва бадану сару рӯяшон
тирхӯрда маълум мешуданд. Ҳамагон қавораи ҳазорай доштанд.
Дар ҳамин шумора сурати Адолф Дабзро бо мухтасари шарҳи
ҳолаш рӯйи чоп оварда буданд. У соли 1920 таваллуд ёфта, 58
сол дошт.Рӯзҳои понздаҳуму шонздаҳум байрақҳои ҳамаи
сафоратхонаҳо поён шуданд. Ҳукумати Таракӣ ин амалро тақозо
карда буд. Ҳамин рӯз насади Адолф Дабз ба Вашингтон интиқол
дода шуд.

Тахмини сеюмро ҳукумати Таракй эчод намуда буд. Се-
чор рӯз аз ҳодисаи катли Дабз гузашту гузоришҳои расмй
рӯйи чоп омаданд. Тавре ки гуфта шуд, ба Кобул аз аксари
кишварҳо мухбирон омада буданд, то ки сабабҳои кушта шудани
сафири Амрикоро барои шунавандагонашон аз дохили
Афғонистон бирасонанд. Азбаски то ин вақт Ҳафизуллоҳ Амин
шахси дуюм дар ҳукумати инқилобии Афғонистон ҳисоб меёфт
ва аз чумла садорати вазорати корҳои хоричиро ба ӯҳда дошт,
барои мухбирон нишасти матбуотй ташкил дода, баъзе тахминҳоро
ифшо сохт, ки онҳоро метавон ҳамчун хулосаи воқеии ҳукумати
Таракй кабул кард. Мусоҳиба ба забонҳои форсиву пашту ва
инглисиву русй сурат гирифт. Ин рӯз 19-уми феврал буд.
Табиист, ки ҳама мухбирони хоричй ду савол доштанд: «Чй
шуД, ки Адолф Дабз ба қатл расид»? «Дар ин ҳодиса
мушовирини низомии Шӯравй даст доштанд ё не»?

Ҳафизуллоҳ Амин ба ин саволҳо таври зайл чавоб дод:
«Тарафи ҳукумат хеле кӯшиш намуд, ки талаботи террористҳоро,
ки Баҳридини Боизро озод кардан буд, иҷро намояд. Ҳатто ба
террористҳо гуфтаанд, ки Бахриддини Боиз аз зиндон озод шуда
ва ҳоло дар роҳ аст, ҳамин ҳоло мерасад. Аммо котилон бовар
накардаанду сафирро куштанд.»

Оид ба иштироки мушовирини шУравй Ҳ.Амин котеъона

52
ҷавоб дод, ки онҳо барон ҳимояти мутахассисони худ, ки дар
меҳмонхона иқомат менамуданд, омада буданд. Ҳамчунин таъкид
шуд, ки сафир хеле вакт зери таъкиби баъзе гурӯҳҳои иртичой
қарор доштааст. Ҳукумат борҳо ба сафир пешниҳод кардааст,
ки ичозат диҳад, то ки амнияти ӯ таъмин гардад. Аммо Дабз ба
чунин тахминҳои тарафи Таракй бовар намекардааст. Хулосаи
ҳукуматй он шуд, ки сафир дар натичаи бемасъулиятии худ ва
ба назар нагирифтани вазъи сиёсии кишвар ба қатл расид.

Тавре ки мебинем, такрибан ҳама тахминҳо то чое ба вокеият
наздикй доштанд ва расонаҳои хабарй низ аз ин беш маълумот
дар даст дошта наметавонистанд. Вале дар дунёи чосусй, ки
ба давлатҳои абаркудрат бештар иртибот мегирад, боз воқеиятҳое
мавчуданд, ки онҳоро на ҳама метавонанд дониста бошанд. Аз
ин ки дар ин ҳодиса идораҳои чосусии ШУравиро айбдор
карданд, бесабаб набуд. Мубориза сари минтака чараён
мегирифт: Ирон, Афганистан, Хитой, Покистон. Тасаввур кунед,
ки ҳамин моҳи феврал буд, ки миёни Ветнаму Хитой чанг cap
зад. Табиист, ки дар чунин ҷангҳо давлатҳои нерУманде карор
мегиранд. Ҳар кадом мехоҳад, ки кишвари дигареро таҳти
тасарруфи худ карор бидиҳад. Ҳамин рУзҳо буд, ки Хитой бо
талаф додани 48 танк сархади Ветнамро шикаста ба масофаи
даҳ километр хоки ин чумҳуриро таҳти назорати хеш гирифт.

Таваччӯҳ ба он кунед, ки Ирон аз дасти Амрико рафт.
ШУравй низ ба ниятҳои дар мавриди Ирон доштааш чомаи амал
пУшонда натавонист. Ирон ин ду давлатро чашми дидан надонгт.
Афганистан ҳам бо Инқилоби Савраш маълум набуд, ки ба
кучо майл мекунад ва такдири байналмилалиаш чй мешавад.
Ба ҳамин сабабҳо идораҳои чосусии Амрикову ШУравй ба
фаъолияти чиддй пардохтанд, то ки ин кишвари ҳоло
саргардонро таҳти тасарруфи хеш карор диҳанд.

Расонаҳои Ғарб боз ҳам мегуфтанд, ки барои идораи чосусии
ШУравй шахсияти Адолф Дабз маълум буд. Ӯ ба сифати яке аз
чосусони дарачаи аввали Амрико ҳисоб ёфта, дар бахши ШУравй
тахассуси чосусй донгг. Муддате дар Маскав ифои вазифа карда
бо пирУзии Инкилоби Савр ва cap даровардани мушовирини
шУравй ба вазоратхонахои Афганистан, Адолф Дабз ҳамчун
сафир вориди Кобул гардид. Мавсуф вазифадор буд, ки таъсири
шУравиро дар ин кишвар поён бурда, рафта-рафта онро
шарманда созад. Аз ин рӯ, Дабз аз нахустин рӯзҳои фаъолияташ
мавриди таваччУхи идораи кашшофии ШУравй карор гирифт.

Акнун бармегардем ба як сУҳбати мухбири хоричй бо

53
шаҳрванде, ки қатли сафири Амрикоро дар нобарории
фаъолияти дипломатии ӯ ба мушоҳида мегирад. Воқеан, Дабз
ба воситаи дастгоҳи чосусиаш шахсонеро пайдо карда, нақшаи
гаравгон гардиданашро кашида буд, Бо ин роҳ мехост Шӯравиро
айбдор созад. Максад он буд, ки котилинро фиристодаи
дастгоҳҳои чосусии Шӯравй эълон намоянд. Дар ин ҳодиса
Ҳафизуллоҳ Амин даст дошт, аммо оқибати онро чандон илмй
таҳлил накарда буд. Амин гумон набурд, ки сафир якчоя бо
ашхоси зархаридаш нобуд мешавад. Тасодуфан ҳамон пагоҳй
ман бояд ба сафорат мерафтам. Дар ҳиссаи майдони
«Паштунистон» пеш-пеши мо мошини сафири Амрико ҳаракат
дошт. Мошини ӯ назди меҳмонхонаи «Кобул» қарор кард.
Сафир бо ду-се кас ба дарвозаи меҳмонхона даромаданд. Ман
гумон кардам, ки он-чо ягон мулоқоти давлатй шояд сурат
бигирад. Вақте ки аз сафорат баргашта, сари вазифаам ҳозир
шудам, афғонҳо гуфтанд, ки сафири Амрикоро дуздида дар
меҳмонхонаи «Кобул» маҳкам кардаанд. Ин хабар сабаб шуду
Шпагин чавобам дод, то ки аз ҳодиса воқиф шуда, баъд ба ӯ
қисса намоям. Мошини раисро гирифтаму назди дарвозаи қафои
меҳмонхона расидам. Аллакай атрофи меҳмонхонаро пулис
печонда буд ва болои боми биноҳои Бонки миллй ва боми
меҳмонхона снайперҳо камин гирифта буданд.Банда, ки
шаҳодатномаи мушовири гумрукӣ доштам, бемамониат ба ҳавлии
меҳмонхона ворид шудам. Баъд аз чанд дақиқаи гӯшкарданҳо
дохили бино гардидам. Он шабу рӯзҳо дар меҳмонхона чи
нозимиён ва чи мутахассисони мулкии шӯравӣ зиёд иқомат
мекарданд. Маълумам шуд, ки Дабз ва он се таррорист дар
ҳучраи 117, ки панчараҳояш ба тарафи Бонки миллй кушода
мешуданд, қарор доранд. Даҳлези дароз пур аз низомиёну
мушовирони шӯравӣ буд. Чанд тан аз дипломатҳои америкой
низ дар тохту тоз буданд. Аз дастгоҳи Амин ҳам кормандон
ҳузур доштанд. Дар гУшае Қурбон Хочамов, ки он чо истиқомат
мекард, ба назарам расид. Ӯ парешон менамуд, зеро ҳучраи
гаравгарон аз ҳучраи вай чандон дурй надошт. Вазъиятро чанд
дақиқа омӯхта ба гурӯҳе, ки назди дарвозаи ҳучраи 117 карор
дошта, мехостанд, ки чорае андешанд, рафтам. Аз дохили ҳучра
сими телефон ба даҳлез бароварда шуда буд. Ҳар лаҳза
намояндаи Амрико бо террористҳо ва Дабз ба забони олмонй,
на инглисӣ, гуфтугӯ мекард. Одамони ҳукумат низ гӯё дар
пайи начот додани сафир буданд. Мушовирони низомии ШӯраЕ'
гӯё кӯшиши озод кардани сафирро мекарданд. Рӯйи ҳаглй

54
баромада будам, ки таркиш ба амал омад. Аз роҳам пас гашта
чойи ҳодисаро диданй шудам. Одамон рӯйи замин хоб буданд.
Дуду чанг даҳлезро пахш намуда буд. Дигар истоданам маънй
надошт. Саросемавор ба сари роҳ баромадам, ки ронандаи раиси
матбаа ба ташвиш афтода, маро чу стучУ дошт. Дастаҳои пулис
аз болои бомҳо поён мешуданд. Ногуфта намонад, ки то таркиш
ба амал омадан, снайпере аз бинои Бонки миллй яке аз
террористонро мачрӯҳ сохта буд. Баъдан фаҳмидам, ки Дабзро
дар мошине ба шифохонаи Амрико интикол доданд.
Террористҳоро ба Чаҳорсадбистара бурданд. Он чо докторҳои
шӯравй хизмати тиббӣ мерасонданд. Ҳама ran маълум буд.
Гуфтанд, ки хамон шаб дастаи Амин онҳоро аз байн бурдааст.
Он рУз Амин ба дифои шӯравиҳо баромада, даст надоштани
онро дар ин куштор тайид кард. ГУё дастаи чосусии Амрико ва
Олмон аз казия ба хубй бохабар буданд, вале ба сабаби ин ки
қазияи сохтаашон бар зарари худашон анчом ёфт, онхо низ
хомӯш монданд. Ин хомУшй зоҳирӣ буд. Дастаи чосусии Амрико
баъди интиколи Дабз ва аз Пентагон супориши махсус гирифтан
ба фаъолияти чиддй пардохтанд. Назар ба маълумоти расонаҳо,
онҳо рУзи сахти Дабзро ба сари сафири ШУравй - Пузанов
В.М. оварданй будаанд.

Бояд гуфт, ки дар Кобул бепгтар идораҳои чосусии ШУравй,
Амрико, Олмон, Ҳинд ва Хитой фаъолият менамуданд. Ҳар
кадом аз инҳо такягоҳҳои хоси худро доро буданд. Масалан,
чосусони хитой ба ҳизби маочиён такя доштанд. Ин ҳизб 17-уми
феврал дар Ҳирот анчуман созмон дода, ба суикасд гузаштанд.
Онон роҳи куштори шахсиятҳоро пеш гирифтанд. Аз ҳама беш
аъзоёни ин ҳизб барои мо хатарнок менамуданд. Шӯравиҳо дар
ин чода аз ситамиҳо ва точиконе, ки солҳои пеш аз минтакаи
КУлоб ба Афғонистон фирор карда буданд, такя менамуданд.
Маҳз ҳаминҳо кормандони шӯравиро аз ҳар навъ чорабиниҳои
зидди онон кароргирифта бохабар месохтанд. Назар ба гуфтаи
Ҷамила Бадахшӣ, даҳ нафар ситамй бо шУравй дар робита
буданд.

Моҳи феврал торафт муташаннич мегардид. Ҳ.Амин дар
мукобили Шӯравӣ коршиканиҳои навро чустучУ менамуд. Дар
забои бо ШУравй буд, аммо дар амал кУшиш мекард, ки
мушовирин ҳеч гоҳ муваффак нагарданд. 19-уми феврал
Бахтулин бо банда сУҳбат кард. Гурӯҳаш маълумот дошт, ки
дар тачлили рУзи Артиши Сурх, дастаи Амин бо ҳамдастии
чосусони Америкой амали нохуберо дар мавриди сафорати

55
шӯравй энном доданианд. Баъд аз як рӯз, 20-уми феврал ҳашт
нафар аз тарҷумонҳои коммунистро ба дастгоҳи сафири Шӯравй
даъват намуданд, ки аксаран точикон буданд: Абдулмачид
Холов, Муҳаммадчон Гулчонов, Умрикул Ҳакбердиев ва дигарон.
Сӯҳбатро Бахтулин гузаронд. Он чо беихтиёр маро сардори
гурӯҳ таъин кард. Медидам, ки баъзе тарчумонҳо бо шубҳа
сӯи ман менигаристанд ва албатта дар ботин мегуфтанд, чаро
маҳз Худойназар сардор муаррифй мешавад.

Таъкид гардид, ки пагоҳ, 21-уми феврал соати 5 ба сафорат
ҳозир шавем. Гап дар ин буд, ки сафорати шӯравй ба муносибати
Рӯзи артиш ба корпусҳои дипломатии мукими Кобул зиёфат
меорост. Такрибан ҳама сафирҳо ва дастгоҳҳояшон ташриф
меоварданд. Вазифаи гурӯҳ таъмини амнияти меҳмонон буд.
Дар атрофи бинои сафорат дастаи Бахтулин, ки мо онро «Черная
пантера» ном мебурдем, карор гирифтанд. Гурӯҳи ҳаштнафарии
мо дар дохили сафорат, назди дарвозаи марказй чойгир шудем.
Ҳар мошине, ки ба ҳавлӣ ворид мегардид, бидуни дахолати
касе аз берун бояд дарвозаҳояш боз мешуд. Соати шаш омадани
меҳмонон оғоз гардид. Дар рӯйи ҳавлй такрибан 300 адад мошин
қарор гирифт. Факат аз сафорати Амрико ва Хитой касе наомад.
Ба ғайр аз ҳашт нафари мо дигар ҳеч кас ҳаки рӯйи ҳавлй
истоданро надошт. Зиёфат соати ҳафт шурӯъ шуд. Мо
намедонистем, ки дар дохили толори пазирой чи гап буд. Факат
гоҳе Бахтулин назди банда ҳозир шуда, вазъиятро фаҳмида,
боз ба назди меҳмонҳо мерафт. Мошинҳои сафирон чиддан таҳти
назорати моён карор доштанд. Соат ҳафт ки шуд, аз дарвозаи
марказй касеро барои ворид шудан ичозат надодам. Яке аз
кормандони сафорат, ки акнун аз кучое омада буд, бисёр кӯшиш
намуд, ки дарояд, вале он бонуе, ки тугмаро дар ихтиёр дошт
сУи банда ишоракунон ӯро фаҳмонд, ки ичозат нест. Сипае вай
сУи дарвозаи боло ҳаракат намуд. Ҳодисаи Дабз ҳамаро ҳушёр
сохта буд. Зиёфат ду соат идома ёфт. Меҳмононро якояк Пузанов
ва дастгоҳаш гусел мекарданд. Дар масофаи даҳ метр то
мошинҳо меҳмон ба тобеияти гурӯҳ карор мегирифт. Банда
ҳар кадомро то назди мошинаш бурда, дарвозаро аз берун
мекушодаму мешинондам. Вакте ки чо ба чо шуд, тугмаҳоро аз
хар чор тараф зер мекардаму ичозати кушодани дарвозаи
баромадро ба он бону ишора менамудам. Ҳамин тавр ҳар
меҳмонро дар алоҳидагй ба мошинаш савор мекардам. Гурӯҳ
бошад, ҳар ҳаракатро таҳти назорат карор мед од. Аз боло”
бомҳо хам назорат ба мушоҳида мерасид. Ҳама меҳмонхои

56
сархушшуда аз водкаи русй бо лафзи шикаста «ба амони худо»
мегуфтанду саҳни сафорати Шӯравиро тарк мекарданд. Рӯйи
ҳавлй мо ҳашт нафар мондем. Дуртар аз мо Бахтулин бо сафир
рост истода, фаъолияти моро тамошо мекарданд. Ҳаво сард хам
буд. Баъзеҳо аз сардй меларзиданд. Бахтулину Пузанов чанд
қадам ба пеш сӯи мо гузошта, ташаккур, ташаккур гӯён гурӯҳро
ба толори пазирой даъват намуданд. Сафир ба ҳамаи мо
сипосгузорй карда, ғизову шароб таҳия намуданд. Гӯё бахши
дуюми зиёфат оғоз ёфт. Сафир хеле хушҳол буд, ки зиёфат
олй гузашт. Дастгохи сафир ва «бачаҳо»-и Бахтулин низ бо мо
худро пайвастанд. Худиҳо будем. Сафир ба саломатии моён
кадаҳ бардошт.

Рӯзи 23-юм барои шӯравиҳо истироҳат эълон шуд. Бо
Абдулмачиду Фарҳоди тошкандй ба «ресторан»-и лаби дарё
рафтем. Ҷашнро он чо бо тамоми коидаҳояш гузаронидем. Ин
мох хам аз омадани завчаам хабари хуше нарасид. 27-ум муовини
раиси Совети вазирони Шӯравй - Архипов ба Кобул ташриф
овард. Ба ҳамин тариқ, моҳи феврали соли 1979 ба поён расид.
Моҳи март ҳам сермочаро шуд. Махсусан, шаҳри Ҳирот вобаста
ба хулосаҳои анчумани маочиён, ки суиқасдро пеша карданй
шудаанд, ба ҳодисаҳои ғайричашмдошт рӯ ба рӯ омаданаш аз
имкон дур набуд.

ЛАҲЗАҲОИ ХОТИРМОНИ МОҲИ МАРТ

Якуми март боду ҳавои Кобул чандон дилкаш набуд. Борон
ба барф табдил ёфт. Гурӯҳҳои мушовирин аз пайи омодаи
мувофиқаномаҳое буданд, ки Архипов бояд ба имзо мерасонд.
Чанд хуччати байнидавлатй ба тасвиб расид. Шаби 28-уми феврал
шартномаҳо имзо шуданд. Ба маблағи 320 миллион рубл карордод
миёни Афғонистону Шӯравй ба тасвиб расид. Илова ба ин 50
миллион рубл тарафи Шӯравӣ ба ҷумҳурии Афғонистон ҳадя
кард. Ин маблағ ҳамчун ёрдами билоиваз дониста шуд. Нимай
аввали рӯзи якуми март Архипов роҳи Маскавро пеш гирифт.
Сафири Шӯравй - Пузанов низ бо Архипов ҳамсафар гардид.
Бо вучуди ин хама ёрдамҳо муносибати мардуми Афтонистон
бо Шӯравй торафт бад мешуд. Дар хиёбону бозор ва ҳатто
микрорайон дохилиҳо сУи мо бо назари манфй менигаристанд.
Чунин муносибат аз дафтару дастгоҳҳои хадамотии марбут ба
Ҳ.Амин оғоз мегирифт. Нархи бозор ҳам рӯ ба киматй овард.

57
Ҳамоно баъзе мучаррадҳои тоҷик барои пешвозгирии хонумҳошон
роҳи майдони ҳавоиро фаромӯш намекарданд. Дар ин чумла
банда ҳам будам. Рости ran, ман чандон омадани завчаамро
хуш надоштам, зеро оила ба он фаъолиятҳои ғайрирасмиам халал
расонданаш мумкин буд.

Рӯзи дуюми март барфи баланд омад. Чумъа буд. Ҳамин
рӯз буд, ки бо Абдулмачид аз пайи ичрои барномаи
анъанавиамон шудем. Лаби дарё, як кило гӯшти барра ва як
кило гӯшти калпура бо ним шиша водкаи бо кокакола
маҳлулгашта зиёфати имрӯзаи моро ташкил дод. Вақтҳои холӣ
чун ҳарвақта ба саккобозй машғул мешудам. Бегоҳй тамошои
ягон филми дилчасп ва дар қатори мучаррадҳо чой ишғол кардан
касбамон гардида буд. Шоми сиюми март боди даҳшатноке
шаҳри Кобулро ба ларза даровард. Шиддати бод ба уллоскашии
гургони саҳрой шабоҳат дошт. Табиист, ки сардард шудам. Чанд
тан аз шӯравиҳои маскавй, ки бо банда ҳамкор буданд, ба
фишорсанчиву таблетка фурӯ бурдан дода шудаанд. Махсусан,
бонувони аз 50 боло ба дарди фишор дучор омаданд. Онҳо
хеле нозук буданд. Завчаи Герасимов ҳамеша аз фишори баланд
доштанаш шикоят мекард. Ман гоҳе ба ӯ шӯхикунон мегуфтам:
«Ба хотири «чекист» шудан фишорро паст фаровардан лозим
меояд». Вай зани малламӯйи дилкашебуд. Ҳарчанд ки синнаш
аз 50 баланд буд, духтари 20-30 солаеро мемонд. Вокеан,
бонувони малламӯй нозҳои хоси занона доштаанд. Бесабаб нест,
ки дар чаҳони мардҳо ин навъ бонувон бозори гармеро дар
ихтиёр доранд. Панчуми март хостам, ки Аъзамчонро бубинам.
Завҷааш хабар дод, ки У бо Султан Рачабов ба сайру гашти
микрорайон рафтаанд. Нақшаам вайрон шуд. Хона омада ба
чанде аз дӯстон номаҳо навиштам. У стадам С.Табаровро 6а баъзе
аз корҳои илмиам огаҳ намудам. Мунтазам ба таҳкики адабиёти
муосири Афғонистон машғул будам. Намунаҳое чанд аз достонҳои
дариро чамъоварӣ кардам. Ният доштам, ки дар оянда ба
таҳлили филологии насри муосири дарй машғул шавам. Ҳар
ҳафта аз сари девори Спинзар мачмӯаҳои достонҳоеро харидорй
мекардам...

Шашуми март корам бо мушовирони Бонки миллӣ буд. Дар
утоки корй менишастам, ки раиси бонк телефон зад. Ӯ фармуд,
ки ба дафтари Вазири молия - Абдулкарими Мисок равам.
Ёрдамчиаш Фаридхон бандаро интизорӣ доштааст. Ҳайрон
шудам, ки Мисок чй навъ фаҳмидааст, ки ман дубора дар Кобул
пайдо шудаам.

58
Хонандаи гиромй агар китоби аввали бандаро мутолиа карда
бошад, ба ин каҳрамон ошно ҳаст. Ин ҳамон «халкие» буд, ки
хазинадори ҳизбро ба ӯҳда дошт. Ӯ ҳамеша маро барон рӯйи
даст овардани «инкилобе» ташвик мекард. Он даврон мавкеи
вай аз як муздур беш набуд. Акнун Инқилоби Савр ӯро ба
сифати вазири молия ва аъзои Кумитаи марказй пазируфта,
дар ҳукумати Таракй ҳамчун шахеи сеюм шинохта мешуд. Эшон
ба Таракй ва Иттиҳоди Шӯравй хеле содик буд.

Бинои Вазорати молия, ки дар рӯ ба рӯи Бонки миллӣ карор
дошт, барои рафтан чандон заҳматеро пеш намеовард. Вақти
нони чошт хам расида буд. Ба бинои марказй ворид шудан
замон, чавони хушкаду комате салом арз дошта, худро Фаридхон
муаррифй кард. Мо якчоя ба кабати дуюм боло шудем.
Чондорони вазир роҳро чониби дафтари Мисок омода сохтанд.
Фаридхон дарвозаи утоки вазирро кушод. Хонаи калоне буд,
ки дар гӯшае аз он вазир менишаст. Ӯ ба зудй аз чой баланд
шуда ба пешвозам шитофт. Такрибан панч сол якдигарро надида
будем. Мисок оғӯш кушод. Саломи точикй кардем. Маро наздаш
шинонду худаш ба чойи расмиаш гузашта нишаст. Ба чехраи
Мисок менигаристаму ҳеч бовар намекардам, ки як муздури
замони шоҳй холо дар курсии вазирй нишастааст. Вазифа ба
эшон салобате ато карда буд. Этикету ритуалҳои вазириро хеле
хуб риоя менамуд.

Мисок болои телефонҳои мизи кориашро бо сарчоке пУшонда,
ба сӯҳбат идома дод. Аввалан узр хост, ки дар мавриди бандаро
ба ҳузураш пазируфтану меҳмондорӣ намудан фурсати муносиб
пайдо накардааст. Рӯзгори инкилобй сертараддуд мешудааст.
Акнун ки орзуи инқилобиаш чомаи амал пӯшидааст, вақти
сархорй надорад. Ҳамчун эчодкор достоне дар бораи
дастовардҳои инкилоб навишта наметавонад. Мардумро аз зери
чабру ситами шохй начот дод ему худ мисле ки зиндонй шудем, -
гуфт вазир дар чараёни сӯҳбати бистдақикай. Мисок орзу дошт,
ки миёни дехконон бошад ва ба замин соҳиб гардидани онҳоро
аз наздик бубинад. Мутаассифона, масъулияти инкилобй ва
хостаҳои ҳизбро пиёда сохтан намегузоранд, ки вай ба кори
эчодй бипардозад.

Нияти эчодиаш он буд, ки фурсат ба даст ораду дар бораи
таърихи Инкилоби Савр асаре бинависад. Мисок мегуфт, ки
таърихи Инкилобро бо шахсияту чеҳраҳояш, ба воситаи образҳои
бадей офарида навиштанй аст. Дар интиҳои сӯҳбат ваъда дод,
ки рӯзе вақт чудо мекунаду бандаро меҳмондорй менамояд. Ӯ

59
бо оҳанги ханда иброз дошт, ки ҳоло вазир аст ва метавонад,
ки як шахси хориҷиро меҳмондорӣ намояд. Сипае барои нони
чоштро якчо дидан ба ҳучраи пазирой гузаштем, ки аз утоки
корй бо парда чудо мешуд. Болои миз ҳама нӯшу неъмат мавчуд
буд. Як шиша коняки арманӣ ҳам ба назар хӯрд, ки Мисок
онро дӯст медошт. Сари миз ҳам сӯҳбат аз корхои инкилобй ва
ояндаи дурахшони он идома ёфт. Мисок бисер хушҳол маълум
мешуд, ки бандаро аз нав мебинад ва хам дар ботин шояд
гуфтанй буд, ки дидй Худойназархон, он муздуре, ки дар гурӯҳи
геологии Шӯравй заминро канда дар халтачаҳо намуна
мебардошт, бо шарофати Инкилоб вазири давлат шудааст.
Мисок, ки инсони фурӯтане буд, албатта андешаҳояшро дар он
шакле, ки ман дарк менамудам, изхор доштан намехост. Банда
низ чизи хостаамро ба ӯ гуфта наметавонистам. Факат дар
андешаи он будам, ки он бечора аз он озодии замони шоҳй ҳам
бебаҳра хоҳад монд. Ягон инқилоб чеҳраҳояшро дифоъ карда
натавонистааст. Душманони инкилоб дар тамоми кишвар cap
боло карда буданд. Заминдорон ба воситаи пулу моли гарон
нерУи наверо ба муқобили Инқилоби Савр омода месохтанд.
Дар ботин дилам ба Мисок месӯхт, зеро окибати ҳар инкилоб
саркардаҳояшро бехонаву дар ва беватан сохтан хоҳад буд.
Шояд он рӯз Мисок аз оқибати инкилоб ба таври илмй сарфаҳм
намерафт. Бо чунин андешаву парешонхотирй дафтари вазири
молияро пушти cap гузашта, ба утоқи кориам дар Бонки миллй
баргаштам. Ин рУз ба ҳар ҳол хотирмон буд. Ҳини сӯҳбат
маълум шуд, ки пагоҳие вакти ба кор рафтанаш дар гузаргоҳи
майдони Паштунистон Мисоқ аз дохили мошини шишасиёҳаш
дидааст, ки ман тарафи Бонки миллй меравам. Вақте ки ба
дафтари кориаш меравад, ба раиси Бонки миллй занг зада
мепурсад, ки дар гурӯҳи мушовирини бонкӣ шахсе бо исми
Худойназархон кор мекунад ё не. Раиси бонк ин саволро аз
сармушовири бонкӣ, ки окон Войлуков буд, мепурсад. Эшон
чавоб медиҳад, ки оре, Худойназархон ҳафтае ду рӯз бо
мушовирини бонкй ҳамкорй менамояд. Аз пн баъд исми банда
«доктар Худойназархон» муаррифй шуд. Ба ҳар навъ ки буд,
лутфи вазири молия ҳамчун кадршиносие бароям кабул гардид.
Худамро хушҳолтар дидам. Ҳабиб Пӯлодов, Олимчон
ХУчамуродов, ки якчо будем, қабули вазирро хеле чиддй
медиданд. Воқеан, он айём манзалати инкилобии Мисок дар
чомеа баланд садо медод. Тасаввур мешуд, ки аз табақаи
ҳазораҳо ягона вазир ва узви Кумитаи марказӣ ҳамин кас

60
шинохта мешуд. Мушовирони бонкй низ акнун бандаро
дигархелтар мешинохтанд. Ин лутф боне гардид, ки ба
ҳамкоронам аз таърихчаи мавзӯъ кисса намоям ва бигӯям, ки
ин вазир замоне барои мо - шӯравиҳо, чой мечУшонд ва У бо
моён якчо нишастанро раво намедид. Инқилоби Октябр ҳам
пойлучонро сари курсиҳои давлатй карор дода буд. АфсУс ки
аксари инкилобҳои пойлучгаро дар.сиёсату корҳои давлатдорй
муваффак нашуданд, балки анъанаи давлатдорй надоштанашон
чомеаро ба даҳшатҳои ғайри чашмдошт дучор овардааст. Ленин
хеле олимона арз дошта буд: давлатро гирифтан як тарафи кор
аст, аммо онро нигоҳ доштан масъулияти душворест. Таҳлилҳо
нишон медоданд, ки Инқилоби Саври Афғонистонро ҳам
даҳшатҳое дар пеш интизор аст.

Бегоҳии ин руз ба техникуми Ҷангалак, ки дар гУшаи дигаре
аз шаҳри Кобул буд, рафтам. Он чо мусобиқаи саккабозй миёни
кормандони сафорат ва гуруҳи мушовирин сурат мегирифт. Вале
чунин шуд, ки онҳо наомаданд, зеро минтақаи Чангалак чандон
ороми надошт. Мо мачбур шудем худ бо худ чандкаратй бозй
карда, сипас ба микрорайон баргардем.

Ҳафтуми март ба майдони ҳавой рафтам. Ноумед баргаштам.
Аз Мусо ва Парвиз хат гирифтам. Дохили покате, ки аз Мусо
буд на хат, балки чанд қитъа аксҳое, ки дар майдони Кремл
бардошта будем, мавчуд буд. Парвиз бошад падарашро бо рӯзи
Артиши Сурх табрик карда буд, ки таърихи 23-юмро дошт.
Яъне рузи чашн навиштаасту ҳамон рӯз ба почта андохтааст.
КУдак, ки буд аз ҳолу аҳволи хонавода чизе наменавишт. Ман
мехостам аз ҳоли Таҳмина хабардор бошам, ки акнун ҳафтмоҳа
мешуд. Шоми ҳафтум дар клуби микрорайон мачлис сурат
гирифт. Дар катори мучаррадон барои Аъзамчон чой гирифтам.
Софа хам омад. Русакова ном зани расмй маърУза карда,
бонувонро аз чониби сафорат табрик гуфт. Сипас консерти калоне
огоз шуд, вале хушам наомад. Ҳаштуми март рӯзи истироҳат
эълон шуд. Касеро хам табрик нагуфтам. Табъам хира буд.
Баъд аз рУбучини манзил ба клуб рафта, чанд соате саккабозй
кардам. Соати 12 танҳо барои адои нони чошт роҳи бозорро пеш
гирифтам. Кабоби болаззате насибам гардид. Чанд руз боз
достонҳои кӯтоҳи Мисокро, ки дар мачмУаи «Роҳи сабз» дарч
гардидаанд, мутолиа дорам. Монда шуда, ба балкон баромадам
МуҳаммадЧон, ки хонааш дар ру ба рУи манзили банда буд, ба
меҳмони даъват намуд. Каллапочаро болои миз гузошт. Ҳарду
ки «аламзада» будем, як шиша «водка»-ро саришта кардем.

61
Баҳс сари адабиёти бадей шурӯъ шуд. У аслан баҳсро дӯст
медошт. Дар бораи маънии «Қарияи боло» ва «Қараболо»
ҳарфҳо гуфтем. Ҳеч гуна далел Муҳаммадчонро қонеъ кунонда
наметавонист. Ба ҳар ҳол мавсуф рочеъ ба назарияи адабиёт
маълумот дошт. Банда, ки бегоҳӣ навбатдор будам, кӯшиш
менамудам, ки аз чанголи ин «мунакқид» халос шавам. Вай
ҳамоно бурутҳояшро тоб дода, маро ноҳақ мебаровард. Дар ин
баҳси гӯлонӣ эшонро таъсири шароби гандумй мусоидат менамуд.
Як навъ карда аз меҳмонии Муҳаммадчон начот ёфта, барои
калиди толори фарҳангиро гирифтан, хонаи Николай
Николаевич даромадам, ки дар дасти як дастаи бону вони
маскавй афтодам. Онҳо кашолаам карданд, то ки чанд лаҳза
рӯзи чашнашонро гарм карда бошам. Навбатдорй дар соати
муайян ичро нашуда бошад ҳам, ба клуб ҳозир гардидам.
Хушбахтона, касе он чо набуд. Ҳама дар хонаҳошон рӯзи
занонро бо мусикиву суруд тачлил менамуданд. Сархуш будам.
Хона омадаму ба истироҳат пардохтам. Нуҳуми март низ
истироҳат кардам. Соати 11 дар клуби микрорайон мусобикаи
саккабозй бо намояндаи тичоратй сурат нагирифт. Ҳарифон 6а
иллати нохуб будани вазъи сиёсй аз сафорат берун баромада
натавонистанд. Абдулмачид ба хонааш даъват намуд. Нони
чоштро якчо дидем. Сари рох хостам Аъзамчонро бубинам. Баъди
сайру гашти шабона, ба манзил омада, радиои Душанберо гӯш
додам. Чумъа Исоев ҳофизй мекард. Сурудеро бо Нукра
Раҳматова зам-зама менамуд. Ҳамон рӯзҳо овозаи бемории Нукра
ва ба Хоруғ бурданаш садо медод. Нӯҳум рУзе буд, ки аз пурра
гардидани ҳафтмоҳагии Таҳмина дарак медод. Ин лаҳза хешро
ноорому ғамангез медидам. Даҳуми март Абдулхаким Шукуров
қиссаи аз Асадуллоҳ Саъдуллоев нома гирифтанашро изҳор
кард,' ки эшон аз банда ёдоварй карда будааст. Сипае хати
Асадуллохро хондам. ГУё ба Афғонистон сафарбар шудани ман
барои У дарди cap овардааст. Дарсхои каминаро ба ихтиёри
вай гузоштаанд. Кораш лексиянависй будааст. Вакташ барои
корхои рУзноманигорй камй мекардааст. Ба хотири номаи дусте
Абдулхаким нагузошт, ки равам, балки дастархон оросту чанд
лаҳза ёди ватану диёр намудем.

ИмрУз хидматгори мушовири матбааи сукук будам. Сардори
ГАИ-и шаҳри Кобул омад. Онҳо мехостанд шаҳодатномаҳои
ронандагиро «инкилобй» кунанд. Тақрибан, ду соат бо Шпагин
мулоқот оростанд. Тарҳи шаҳодатномаи ронандагиро наздаш
гузоштем. Раиси матбаа супориш гирифт, ки ба зудй

62
шаҳодатномаҳои навро чоп намояд.

Ин рӯз раиси давлат - Таракй дар Хонаи халк инженерони
Хайрхонаро чамъ оварда, сӯҳбати инқилобй мекард. Телевизиони
Кобул чараёни мулоқотро мустакиман нишон медод. Суханронии
Таракй шакли тезисӣ дошт. Дар поёни ҳар тезисаш аз зери
мӯйлабҳо сӯи ҳозирин нигариста, хандаи нозуке cap медод. Ин
ханда қарсаки чанддақиқаиро тақозо менамуд. Дар консерт аз
дастаи ҳунармандони Бадахшон як номера ичро шуд. Сари синаи
яке аз овозхонаҳое нишонии «Халқ»-ро мефаҳмонд. Ездаҳуми
март фаъолияти тарчумонйам дар Бонки миллй идома ёфт. Имрӯз
ҳаво баҳорй буд. Бегоҳӣ Усмончон Обидов, ки дар Қандаҳор
ифои вазифа менамуд, меҳмонам шуд. Сипас хонаи
Муҳаммадчон рафтем. Азимчон Юсуфов ҳам омад. Се кас то
дер сари мавзӯъҳои гуногуни рӯзгори афғонистониамон сӯҳбат
намудем. Дар чунин нишастҳо Муҳаммадчон пешдастиҳо нишон
медод. Ба назарам ӯ гоҳе ба эҳсосот омада, аз чанд тори
бурутҳояш ноайён халос мешуд. Ману Усмончон бештар гӯш
медодем. Аммо Азимчон бо шӯхиву ширинзабониҳои дарвозигиаш
Муҳамммадчонро азият медод. Куюди шабгардй нарасида, ҳар
кадом ба манзилҳомон рафтем. Радиои Кобул суханронии
Таракиро мешунавонд. Садри давлат хеле коммунистона ҳарф
мезад. Гӯё ҳама тӯҳматгарону хиёнаткорони давлатиро маҳкум
сохт. Ҳатто дар ин суханрониаш аз миқдори мутахассисини
шӯравй дар Афғонистон ёдовар туда, теъдоди онҳоро дар бахши
низомӣ 301 нафар ва дар соҳаҳои мухталиф 799 кас гуфт.
Ҳамзамон, Таракӣ як сабаби зиёд будани табааи шӯравиро дар
он медид, ки инҳо дар бадали 500 доллари Амрико кор
мекунанд, ҳол он ки мутахассисҳои кишварҳои дигар моҳе ду-
се ҳазор долларӣ маош доранд. Ҳамчунин дар кишвар зиёда
аз як ҳазор зиндонй доштанро таъкид намуд. Таракй ҳозиринро
бовар кунонд, ки аз ин ҷумла қисми зиёдаш рӮзҳои наздик
озод хоҳанд шуд. Дар ин маърӯза сабабҳои ба қатл расидани
сафири Амрико - Дабзро ёдовар шуда, он чиро ки Амин изҳор
дошта буд, такрор намуд. Воқеан, суханрониаш аз ҳар чиҳат
чолиби диққат ба назар расид, ки албатта натичаи заҳмати
мушовирини ҳизбии шӯравй буд. Дувоздаҳуми март аз Тошканд
ҳавопаймои «Бойинг» фуруд омад. Мучаррадҳои точик ин рӯз
ҳам бо сари хам майдонро пунгги cap гузоштанд. Аз Ҳирот
Начмиддин Хидиралиев омад. Дар сӯҳбати чандсоата васфи
Ҳиротро ҳамчун яке аз шаҳрҳои ороми Афғонистон шунидам.
Ба саволи банда, ки сари анчумани маочиён буд, ӯ бо оромй

63
гуфт, ки он чи шунидаам овозаи бардурӯғи душманони
Афғонистон асту бас. Албатта, барон Хидиралиев ҳоло чизе
маълум набуд. Ман дигар мавзӯи Ҳиротро инкишоф доданй
нашуда, дар ботин ҳодисаҳои аз пеш меомадаро таҳлил намудам.
Ба Асадуллох нома навишта, чанд китобу шумораҳои «Садои
Шарк»-ро дархост кардам. Сездаҳуми март сӯи маркади амир
Абдураҳмонхон «салом арз дошта» аз сари девори Спинзар
мачмӯаеро аз намунаҳои щоирони даризабони афғонй харидорй
кардам, ки бо кӯшиши Носири Амирй таҳия шуда буд. Китоб
«Намунаҳои шеъри дарии Афғонистон» унвон дошта, муковааш
сиёҳ менамуд. Мураттиб акси шоиреро оварда ва намунае аз
шеъри эшонро ба хонанда пешкаш мекард. Маълум буд, ки
шеър нисбат ба наср пешдастиҳо дорад. Мазмуни ин ашъорро
ишк, яъсу ноумедӣ ва дарду ғами инсонҳо фаро гирифта буд.

Бегоҳй аз рӯзномаи «Анис» бо маърУзаи Таракй ошно шудам.
Ин чо теъдоди дар маҳбасбудатой 1356 нафар нишон дода шуда
буд. Аммо расонаҳои хоричй миқдори зиндониёнро 15-16 ҳазор
мегуфтанд. ДурУг аст, -мегӯяд Таракй. Ба қавли У дар
Афғонистон ҳамагй 1941 нафар мутахассис кор мекунад, ки ба
кишварҳои Амрико, Канада, Инглистон, Фаронса ва ШУравй
тааллук доранд. Аз ин микдор 1100 нафараш ба ШУравй иртибот
мегирад. Теъдоди низомиҳои ШУравиро боз хам 301 кас нишон
медод. Чордахуми март рУзи майдонравии мучаррадхо буд. Ҳатто
номае ҳам аз хонавода нарасид. Хушбахтона, аз тағоям ЧУрахон
ва дУсти чилликУлиам Девлох Бердиев хат гирифтам. Тағоям
аз дер номанависиам шикоят намудааст, дУстам Девлох узр аз
он хостааст, ки то ҳол аз аҳволи хонавода хабар нагирифтааст.

Дар матбаа байни Шпагин ва раиси он Фидомуҳаммад ду
соат мулокот сурат гирифт. Мушовир сатҳи пасте дошт. Мачбур
будам, ки ҳарфи эшонро илмитару бомантиқтар шарҳ диҳам.
Сухани Шпагинро айнан тарчума кардан боиси ханда шуданаш
мумкин буд. Раис ин чиҳатро ба хубй мушоҳида менамуд.
Намедонам аз чи буд, ки Фидомуҳаммад бандаро мепазируфт
ва бештари мавридҳо ба мушовир мурочиат накарда, балки аз
банда ба саволхояш чавоб гирифта, каноат ҳосил менамуд. Баъд
аз мулоқоти дилбазан раис шумораи ҳафти мачаллаи «Балх»-
ро ба камина ахдо кард. Он чо як достони кӯтоҳи Аъзам
Раҳнаварди Зарёб чоп шуда буд. Одатан ҳар намунаеро, ки аз
мачаллаҳову ҳафтаномаҳо мутолиа менамудам, ба дафтари
садваракае мазмуни онро ёддошт мекардам.

Бегоҳии ин рӯз ба клуб хозир шудам. Мусобикаи саккабозон

64
ид ома дошт. Аз гурӯҳи мо Охотин бозиро бохт. Май Волковро
ба ҳисоби 2 бар 1 мағлуб кардам. Абдулмачид, ки ҳамеша
мухлиси камина буд, баъд аз бозй ба хонааш даъват кард. Мо
ҳамеша аз сӯҳбатҳои якдигар халоват мебурдем. Ин чунин маъно
дошт, ки мо ҳамдигарро гӯш карда метавонистем. Ҳол он ки аз
сӯҳбатҳои Муҳаммадчон хаста мешудам. Ӯ даъвои ҳамадонй
мекард. Воқеан, ҳамадон хам буд. Мутолиаи зиёд дошт. Бештари
вақтҳо дониши китобӣ эшонро сӯи баҳсорой даъват менамуд.
Азбаски соҳиби китоб ҳузур надошт, Мухаммадчон касди
муаллифро аз мусоҳибаш гирифтанй мешуд. Понздахуми март
баъд аз вақти расмӣ меҳмони Раҳматшоҳ будам. Абдурашид
Чалолови Хучандй ва Қаландарбеков низ он чо буданд. Сари
дастархони пурнозу неъмати Саодатбону суханхо бештар аз
нооромиҳо дар Афғонистон чараён гирифт. Бонувон аз хабарҳои
тоза зудтар иттилоъ пайдо мекарданд, зеро онон дар бозору
дӯконгардиҳо ҳар навъ воқеаҳоро аз якдигар мешуниданд. Дар
ҳамин замина Саодатбону мо меҳмононро огоҳ сохт, ки аз ҳамин
шаб cap карда қуюди шабгардй аз соати нӯҳ огоз меёбад.
Ҳарчанд ки мо аз ин хабари тоза огоҳй доштем, банда шӯхиомез
гуфтам: «Оре, таъкиди бонуи мизбон он аст, ки мо дуру дароз
онҳоро заҳмат надиҳем». Саодатбону шӯхиро чиддй кабул карда,
не, не, ҳоло боз ду соат дар ихтиёр доред,- гуфт. Таъкиди
Саодатбону воқеият дошт. Дар мавриди ба катл расидани
мутахассисе овозаҳо паҳн шуда буд. Мавзӯъро ба дигар сӯ
равона сохтем. Тарзи либоспӯшии занони точик мавриди
муҳокимаи меҳмонон карор гирифт. Яке бар ин акида буд, ки
бону вони точик сару либоси аврупой пӯшанд, дигаре тарафдори
либоси миллй буд. Қарибиҳои соати ҳашт ба мизбонон ташаккур
гуфта, роҳи хонаро пеш гирифтам. Раҳматшоҳ бо дуди сигораш
то хеле роҳ бандаро гусел намуд. Ҳавои шабонаи Кобул
ситоразор менамуд. Андак аз шароб нӯши чон карда будам.
Агар куюди шабгардй намешуд, шояд соатҳо дар кӯчаҳои
микрорайон сайру гашт менамудам, зеро дар манзил касе
интизорй надошт. Танҳой дар шаб ба кас даҳшат меорад ва
боиси нороҳатӣ мегардад. Андешаҳои ботинй азиятам медоданд.
Бехобй фишорам меовард.

Шонздаҳуми март мавзӯи торафт бад шудани вазъияти
сиёсй равшантар шуд. Мучоҳиддин ба истилоҳи дигар
мухолифини давлати расмии Афгонистон дар cap то сари
кишвар ба фаъолият пардохтанд. Чунин фаъолият ба мукобили
мутахассисини шӯравй хам нигаронда шуда буд. Расонаҳои

65
хориҷй иттилоъ медоданд, ки ба хотири муташаннич сохтани
вазъи сиёсй чанд тан аз табааи шӯравиро куштанианд. Дар ин
чода аз ҳама беш дастгоҳҳои чосусии Амрико ҳисса гузоштанӣ
буданд. Пӯшида набуд, ки дар сарҳади Покистону Афғонистон
ва шаҳрҳои Ҳироту Қандаҳор, Ҷалолобод, Мазори Шариф ва
минтақаи Нуристон задухӯрдҳои шадиде миёни мухолифину
давлат ба вуқӯъ мепайваст. Аъзамчони чарроҳ қисса мекард,
ки ҳамарӯза даҳо афсарони мачрӯҳгаштаи ҳукуматро ба
Чаҳорсадбистара меоранд. Ҳазорҳо гурезагони афғонй, ки дар
кишвари Покистон паноҳ бурда буданд, дар пайи ташкил
додани нерӯҳои низомй мебошанд. Гоҳе исми профессор Раббонй,
Ҳикматёр ва Аҳмадшоҳ ёдовар мегардид. Аз ҳамин рӯз cap
карда низомиёни шӯравй дар ҳолати омодабош қарор гирифтанд.
Дарвозаҳои клубу толорҳои фарҳангӣ дар микрорайон баста
шуданд. Аз ин ки гоҳ-гоҳе филмномаҳо тамошо мекардему дар
клуб саккабозй менамудем, бароямон манъ гардид. Дастгоҳи
Бахтулин ҳамагонро огоҳ сохт, то ки ба ғайр аз вақти расмй
бозорравиву кӯчагардиро бас кунанд. Ҳатто амр шуд, ки баъд
аз кор кӯшиши аз манзил берун баромадан накунем. Чунин
шуд, ки шӯравиҳо «қафасй» шуданд. Дар натичаи задухӯрдҳои
тарафайн чандин қарияҳо хароб гардиданд. Ҳамоно дар
бадбахтиҳои Афғонистон Шӯравиро гунаҳгор месохтанд.
«Афғонистон кофаристон шуд», -мегуфтанд мухолифини давлат.
Дар дохили Ҳукумати Таракй низ нофаҳмиҳо афзоиш меёфт.
Вазири радио ва телевизион Сулаймон Лоик, ки чанде қабл аз
вазифа сабукдӯш шуда буд, зиндонӣ гардид. Гӯё аз манзилаш
аслиҳаи зиёде пайдо кардаанд. Мавзӯъ маълум буд. Амин ба
воситаи доҳии кишвар - Таракй парчамиҳоро аз доираи ҳукумат
дур карданй мешуд. Дар ботин меандешидам, ки тақдири Бориқ
Шафей ва дигар парчамиҳо, ки ҳанӯз дар дастгоҳи давлати
инкилобӣ ифои вазифа доранд, чй мешуда бошад?

Таракй бошад аз чуръатманДй кор гирифта, дар вохӯрй бо
чавонони (комсомолон) кишвар зидди заминдорон чанг эълон
кард. Таҳдид намуд, ки ҳар касе, ки ба муқобили давлат cap
мебардорад, нобуд хоҳад шуд. Бегоҳии ҳамин рӯз аз радиои
Кобул хабар доданд, ки дар Ирон се ҳазор афғонҳои муқимй
ба қатл расидаанд. Покистон бошад аз гурезаҳои афғонӣ ва
фаъолияти мучоҳиддин дастгирӣ мекард. Амрико, ки дар
дохили Афғонистон бозиро бо Шӯравй бохта буд, мехост нерӯеро
ба мукобили давлати расмй ташкил диҳад, то ки сохти ба истило'
«шӯравй»-ро барҳам занад.

66
Шаби ҳабдаҳуми март боронӣ шуд. Акнун атрофи биноҳои
истикоматии шӯравй таҳти назорати аскарони афғонй карор
гирифт. Бадшавии вазъияти сиёсй шакли вокей пайдо мекард.
ПешгУиҳои мо дар мавриди Ҳирот тасдик мешуданд. Аз ин
шаҳр хабар омад, ки як мутахассиси шӯравиро бо завчааш
азият додаанд. Навакак Сангмуҳаммади Зуҳурй бо Абдулмачид
омада, нақл карданд, ки дар Ҳирот вазъият нохуб аст ва ҳагго
ба ин шаҳр робитаи телефонй катъ гардидааст. Бесабаб набуд,
ки соати сеи рӯз таври таъчилӣ моро сардори- гурӯҳ - Зотов
даъват'намуда, амри сафоратро дар мавриди амнияти
мушовирин кироат кард-. Ба асоси ин ҳуччат аз манзилҳо
набароем, бачаҳоро ба кУча нагузорем, дар микрорайон сайру
гашт нанамоем, бозору дӯконгардиро катъ кунем ва ғайра. Чунон
ки мебинем, мо инсонҳои «зинда дар гӯр»-ро мемондем. Дар
ҳамин замина, мактабҳои бачаҳои шӯравиҳо баста шуд, барои
мактабиён рухсатй эълон гардид, теъдоде аз мактабиёнро бо
модарҳошон ба ШУравй гусел намуданд. Бонувонро бидуни бо
худ доштани тарчумон ба дӯконҳои микрорайон ичозат
намедоданд. Барои мо точикон хеле даҳшатбор буд, ки бо номи
«ШУравй» ҳақорат мешунидем. Ногуфта намонад, ки назди
табакаи поёнй щӯравиҳо эҳтиром мешуданд.Ammo заминдорону
соҳибони фабрику заводҳо ба воситаи пул муҳити шаҳру деҳро
нороҳат месохтанд. Маҳз онҳо беҳурматиро дар баробари
шУравиҳо ба вучуд меоварданд. Ин муҳитро медидаму муҳити
солҳои бисту сии Шӯравиро аз рӯи китобҳои дарсй пеши назар
меовардам. ГУё ҳама низоъҳои дохилии давраи гузариши
чумҳуриҳои ШУравй дар Афғонистони инқилобй такрор
меёфтанд.

Соатҳои корӣ ҳамкорони шУравиамро ба мушоҳида
мегирифтам ва медидам, ки онҳоро тарсу ҳарос фишор меовард.
Баъзеаш розӣ буд, ки ба Ватан пае гардад. Аз ин чост, ки онон
бо дилсардй фаъолият мекарданд. Боре бо мушовирини бонкй
дар дафтари корӣ карор доштаму Олимчон ва Ҳабиб низ он чо
буданд, сӯҳбат сари одамкушиҳои мучоҳиддин сурат гирифт.
Ман аз тарзи муборизаи босмачиён ба мукобили русҳо кисса
намудам. Масалан, тарзи cap задани инсон аз чониби онҳо, чй
навъ ҳарифро аз болои аспи тозй зери пой гирифта, рӯи замин
кашидан ва ғайра. Қисса дар шакли ҳазлу шӯхӣ гуфта мешуд,
аммо кавораи мушовирҳо тағйир меёфт ва даҳшат фарояшон
мегирифт. Дар ҳамин замина, бо либоси тагпУш машқи бадан
анчом додан ва дар балконҳо бадан сУзондани мардону бонувони

67
русиро нохуб дониста, онҳоро огоҳ месохтам, ки ба расму
русуми шаркй - исломй иснод наоранд, зеро барои шахси
ғайриисломӣ хатари чисмонй оварданаш аз имкон дур нест.
Войлуков, ки шахси бафарҳангу фурӯтане буд, суханҳои
бандаро дуруст кабул мекард ва дигаронро низ огох месохт, ки
худро ба муҳити Кобул мувофик намоянд. Ин шабу рӯзҳо
оромии шӯравиҳоро хароб сохта буд. Тамоми шаб аз забони
пайраҳадорон калимаи «дреш»-ро шунидан мумкин буд
Ҳамзамон садои тири Калашников то субҳи содиқ ба гӯш мерасид.
Ҳатто хавф то он чо фаро гирифта буд, ки бо либос хоб
мерафтем. Шахсан май шабҳое буд, ки кафшҳоямро аз пой
намекашидам, балки дарвозаи балконро аз тарафи кӯча кушода
мемондам, то ки ҳини таҳдиди чонй худро начот дода тавонам.
Ҳатто дар шоҳидии Олимчон изхор доштам, ки агар
мучоҳиддин сари мо ҳучум кунад, пагоҳияш маро аз зери пуле,
ки пушти бино карор дорад, пайдо хоҳед кард. Русҳо ба мо
ҳасад мебурданд, ки мусулмон ҳастему мучоҳиддин ба чони
моён хатар намеоранд, вале русҳоро бо номи кофар ба қатл
мерасонанд. Боз мо назди русҳо шӯхиомез мегуфтем: «Вакте ки
мучоҳиддин сари мо ҳучум оварданй шавад, дарҳол болои
чойнамоз карор мегирем, ки ин ҳолат аз рӯи фармудаи Куръон
шахсро дастнорас мегардонад». Ҳарчанд ки чунин сӯҳбатҳо
оҳанги ҳазлу шӯхй доштанд, вале русҳо бовар мекарданд ва
худро то чое бепаноҳгоҳ медиданд. Ба ин хотир, онҳоро тасалло
медодам, ки мо - мусулмонони шӯравй ҳастем ва хешро шӯравӣ
медонем ва ҳеч гоҳ намегузорем, ки ба чони эшон таҳдиде рух
диҳад. Чунин суханон онҳоро рӯҳбаланд месохт ва дар симои
мо гУё начотдиҳандагони хешро медиданд. Албатта, он чи назди
шӯравиҳо мегуфтам, ба хотири суханбозӣ буд, аммо онҳо
ҳарфҳои бандаро чиддй кабул мекарданд. Дар ин рӯз Шӯрои
инкилобии Афғонистон дастуруламали хешро ба тасвиб расонд.
Ҳафизуллоҳ Амин ҳар моддаву фасли онро дар алоҳидагӣ
мехонд. Дигар аъзоёни Шӯро дар мавриди дуруст будани он
фикри хешро иброз медбштанд ё иловаҳо ворид месохтанд.
Дастагири Панчшерй ба ин ҳуччат хеле чиддӣ муносибат мекард.
Ҳар дафъа аз чой баланд шуда, мазмуни онро мукаммал
менамуд. Мисоку Борик Шафеъӣ низ тоҳ-гоҳе дар муҳокима
иштирок мекарданд. Ҳуччати мазкур мақоми тарзуламали
қонунгузориро дошт.

Аз кироати он Амин хаста шуд, ки узви дигари Шӯр
Шоҳвалй хондани фаслу бобҳои дигари дастурро идома дод

68
Бояд гуфт, ки Амину Шоҳвали аз котибони Кумитаи марказИ
ҳисоб меёфтанд. Аз ин чост, ки қироати ҳуччат маҳз ба ӯҳдаи
ин ду гузошта шуда буд.

Аз оғози моҳи март дар саросари кишвар мавзӯи чашнгирии
яксолагии Инкилоби Савр мавриди баҳси дастгоҳи давлату
вазорату муассисаҳо карор гирифт. Ба ин муносибат
мухолифини давлат чи дар дохилу чи берун аз марзи кишвар
ба фаъолият пардохта, таҳдид мекарданд, ки чашни дар
пешистодаи «Халқиҳо»-ро номумкин мегардонанд. Чунин
таҳдидҳорй ба номи «Парчамй»-ҳо ҳам нисбат медоданд. Зоҳиран
давлати Таракӣ нерӯи тоза мегирифт. Чунин ба назар мерасид,
ки ҳизби «Халқ», ки дар садри давлат карор дошт, содикона
ба мардуми Афғонистон хизмат менамуд. Афғонҳо мегуфтанд,
ки гУё ду тан аз кормандони сафорати Амрико бо маочиёни
Ҳирот табаддулоти сиёсиеро он чо амалй карданианд. Гап дар
ин буд, ки Амрико баъди аз Ирон дасткӯтоҳӣ дидан, нерӯҳои
зиддидавлатиро дар чомаи ирониҳо ташкил дода, ба ин роҳ
мехост, ки муносибати Щӯравиро ба чумҳурии тозабунёди Ирон
бад созад. Дар ин амал Амрико аз «худиҳои иронй»-аш истифода
менамуд. Ононе, ки дар хидмати дастаҳои чосусии Амрико солиён
хидмат мекарданду акнун ба хотири зинда мондан
фаъолияташонро дар минтакаи Ҳирот, ки аз нигоҳи урфу одат
ва шеваи гуфтор ба ҳиротиҳо хеле шабоҳат доштанд, ба шакли
дигар идома доданй шуданд.

Шаби ҳаждаҳум радиои Ирон иттилоъ дод, ки як гурӯҳ
«инқилобчиён» гарнизони низомии Ҳиротро мағлуб гардонда,
шаҳрро забт намудаанд. Пагоҳи дигар расонаҳо низ хабари
радиои Иронро такрор карданд. Дар кУчаву бозорҳои Кобул
ҳама сари ҳодисаҳои нохуши Ҳирот ҳарф мезаданд. Соати чори
ҳамин рӯз радиои Кобул «Баённомаи ҳукуматй»-ро ба забони
пашту пахш намуд. Аз ин ҳуччат тақрибан чунин мазмунро
бардоштан мумкин буд: як гурӯҳи мазҳабии иронй вориди шаҳри
Ҳирот гардида, онро таҳти тасарруф карор додаанд.
Мутахассисини шУравй ба ҳар чониб cap зада, то чое худро
начот додаанд. Аз ин чумла ҳашт нафар беному нишон
гардиданд. Ду нафар аз идораи тичоратй ба катл расидааст.
Харду дастони намояндаи тичоратиро бо табар бурида, сипас
шикамашро чок кардаанд. Завчаашро ваҳшиёна ба катл
расондаанд... Бегоҳии ҳаждаҳум дар ду автобус шӯравиҳои
Ҳиротро ба Кобул оварданд. Гап-гап аст, ки рУзи дигар онҳоро
сУи Маскав мегуселонанд.

69
Соатҳои птяттти бегоҳии ҳаждаҳум ба забони дари эъломияи
ҳукумати Афғонисторо тавассути радиои Кобул шунавонданд.
Дар эъломия гуфта мешуд: «Яку ним моҳ қабл кишвари Ирон
изҳор дошт, ки ҳафт ҳазор афғонҳое, ки дар шаҳрҳои он муқимй
шудаанд, бояд хоки Иронро тарк кунанд. Аз ин чумла чор
ҳазораш дар симои асокири иронӣ 6а воситаи сарҳади Машҳад
минтақаи Ҳиротро забт намуданд. Дар эъломия аз мардуми
Афғонистон такозо мешуд, ки душманонро ба дасти ҳукумати
расмй таслим созанд». Бо пахши эъломияи мазкур дар шаҳри
Кобул митингу маршҳои дастачамъй ташкил дода шуд. Дар
шиорҳо мазаммати кишвари Иронро ба мушоҳида гирифтан
мумкин буд. Чунин митинг дар порки Зарнигори Кобул чанд
соате идома ёфт. Ҳамагон ба давлати Ирон лаънатҳо
мефиристонданд.

Радиои «Би-би-си» низ мазмуни эъломияи давлати
Афғонистонро таъйид намуда, изҳор дошт, ки аз гурӯҳи
чандсаднафарии иронй бо номи афғонҳо хоки Ҳиротро таҳти
тасарруфи хеш карор додаанд. Сарфи назар аз ин, рӯзи
ҳаждаҳум ҳоло маълумоти тозае дар мавриди ҳаводиси Ҳирот
ба даст овардан мушкил буд. Банда вокеоти мазкурро таҳлил
намуда, дар андешаи он будам, ки ҳоли Начмиддин
Хидиралиев, ки чанд рӯз дар Кобул буду вазъи сиёсии Ҳиротро
мусбат мешинохт, чӣ шуда бошад. Аз он метарсидам, ки ӯ дар
чумлаи он ҳаштнафара набошад. Шоҳидон накл мекарданд, ки
шаҳрвандони шУравй пойлучу нимбараҳна манзилҳошонро ба
хотири зинда мондан тарк гуфтаанд. Хеле ба душворй занону
кӯдаконро чамъ намуда, ба автобусҳо савор кардаанд, то ки ба
Кобул интикол диҳанд. Мутахассисони шӯравӣ аз тамоми дороӣ
маҳрум ва манзилҳои онҳо тороч гардидаанд. Ҳодисаи Ҳирот
ҳамагонро ба даҳшат оварда буд. Шдҳрвандони шӯравии муқими
Кобул низ ба тарсу ҳарос гирифтор шуданд. Баъзе аз
мутахассисон анчомҳошонро ҷамъ мекарданд. Бисёриҳо омодаи
тарк кар дани Кобул буданд. Ҳеч кас намехост, ки дар ғарибй
чон диҳад. Расонаҳои хоричй ҳам шабонарӯзй авч гирифтани
фаъолиятҳои мучоҳиддинро таъкид месохтанд. МавзУъро чунин
арзёбӣ менамуданд, ки ҳама гуна касосу кушторҳо ба чони
шӯравиҳо равона хоҳад гардид. Воқеан, дар чанд моҳи охир
шаҳри Кобулро шӯравиҳо пахш карда буданд.

Шояд яке аз рӯзҳои даҳшатбори шӯравиҳо дар Афғонистон
ҳаждаҳуми марти 1979 шинохта шавад. Ин рӯзе буд, ки f
пагоҳй то шом шӯравиҳоро бесаранчом сохт, онҳо чанднафарй

70
ҷамъ шуда, фикри онро доштанд, ки занону кӯдаконро ба
Шӯравӣ бифиристанд. Шӯравиҳо ба хубй эҳсос мекарданд, ки
ба чашми афғонҳо камтар намоён шуданашон беҳтар аст. Дар
микрорайон дохилиҳо кам ба назар мерасиданд. Майдону
кӯчаҳои шаҳрча боғҳои истироҳатии шаҳрҳои шӯравиро мемонд.
Дида мещуд, ки чй навъ афғонҳо сӯи шӯравиҳо бо нафрат нигоҳ
менамуданд. Ҳатто бачачаҳояшон роҳравон болои шӯравиҳо туф
меандохтанд. Афғонҳо кӯдакҳояшонро дар рӯҳияи
шӯравибадбинй тарбия мекарданд. Борҳо дашноми онҳоро ба
суроғаи хеш мешунидаму гӯш ба карй мезадам. Мо - точиконро
хоин ва мусулмонкуш эълон медоштанд. Якеаш сӯи мо чанд
точики шӯравй нигаристу гуфт: «Хо, Точикистонро ба русҳо
фурӯхтеду акнун Афғонистонро мехоҳед бифрӯшед»? Мо ҳарфе
нагуфта, зудтар аз назари онон худро дур мегирифтем. Оре,
моро ба сифати аҷнабиву тачовузгар мешинохтанд.

Дар заминаи воқеаҳои Ҳирот, нуздаҳуми март 130 нафар
аз хонаводаҳои шӯравии мукими Ҳиротро ба Кобул интиқол
доданд. Як рӯз кабл аз сафорат амр шуд, ки барои онон сару
либос ва пойпӯшй чамъ намоянд. Савлатшоҳ Мерганов ва
Сайфуллоҳ Саидов дар ин масъала мусоидат мекарданд. Дар
чумлаи аз Ҳирот овардагон се нафар тарчумонҳои точик:
Хидиралиев Начмиддини уялигй, Абдураҳмон Ҳакимови
хучандӣ ва Алишер Илёсови тошкандй карор доштанд.
Абдураҳмону Алишер бо завчаҳояшон буданд. Ҳолати
номбурдагон хеле риққатбор ба назар мерасид. Бегоҳии
ҳаждаҳум ба дидорбинии онон, ки дар бинои мактаби сафорат
чойгир буданд, рафтам. Ман ҳақиқати ҳолро аз Начмиддин
пурейдам.

Чунон ки қабл арз доштам, Начмиддин бо ду-се ҳамкораш
рӯзи нуҳум дар Кобул буданд. Дар бинои даҳум, ки
меҳмонхонаи Вазорати зироат он чо қарор дошт, иқомат
мекарданд. Баъди чанд рӯз 6о роҳи заминӣ сӯи Ҳирот ҳаракат
мекунанд. Вақте ки 16-уми март ба сарҳади Ҳирот мерасанд,
онҳоро барои ворид шудан ба қароргоҳашон намегузоранд. Он
чо аскарони бегона пайраҳа доштаанд. Начмиддин ҳарчанд ба
пайраҳа мефаҳмонад, ки шӯравианд ва чойи истиқоматашон
ҳамин ҷост, пайраҳа пофишорй мекунад. Ин ҳолат хонумҳои
рус бо бачаҳошон пайдо шуда, аз чумлаи мутахассисини шӯравй
будани онҳоро кафолат медиҳанд. Дар шаҳр бенизомй дар авч
буда, аз ҳар гӯшаи он садои тиру тӯфанг ба гӯш мерасидааст.
Ҳамин ҳолат бетеерҳои давлатӣ пайдо шуда, хонаводаҳои

71
шӯравиро саросемавор ба иҳота мегиранд. Маълум мешавад,
ки ба хотири таъмини амният онҳоро ба қароргоҳи ғунди Ҳирот
(гарнизони низомй) мебаранд. Он ҷо чор нафар аз афсарони
шӯравӣ, ки ҳамчун мушовири низомй маҳсуб мешуданд, ифои
вазифа доштаанд. Назар ба мушоҳидаи Начмиддин гарнизони
низомии Ҳирот ба ду даста таксим шудаанд. Яке ба давлати
Таракй содиқ ва дигаре зидди он. Ба иллати ин ки Начмиддин
дар ин чанд рӯзи сафар аз Кобул ба Ҳирот бо риши расидаву
сару либоси чиркин маълум мешуд, ӯро низомиёни афғонй худй
пиндошта, дуртар аз вай ба машварат пардохтаанд. Начмиддин
ҳам ба сӯҳбати онҳо мутаваччеҳ мегардад ва мешунавад, ки
онҳо мавзӯи ба қатл расондани низомиёни шӯравиро матраҳ
месозанд. У мазмуни машварати афғонҳоро ба русҳо мегӯяд,
вале онҳо бовар намекунанд. Хушбахтона, Бисмиллоҳ ном
зобити афғонй мавзӯи мазкурро ба воситаи Начмиддин дуюмбора
ба шӯравиҳо мерасонад. Воқеан, агар таъкиди Бисмиллоҳ
намешуд, имкон дошт, ки ҳамаи шӯравиҳоро ба қатл
мерасонданд. Ҳол он ки аллакай як мутахассиси русро, ки тоза
омада буд, каме дуртар аз гарнизон парронданд. Ин ҳодиса
бори дигар хабари овардаи Бисмиллоҳро таъйид кард. Аз ин
лиҳоз, шӯравиҳоро таъчилан ба Шинданд интиқол медиҳанд ва
аз он чо ба воситаи ҳавопаймои ЯК-40 то Кобул мерасонанд.
Дар ин маврид дигар сухани тозаеро аз Начмиддин ба даст
оварда натавонистам. Медидам, ки дар ин чанд рӯзи
гурезогурезу начотёбй онҳо лоғару барчомонда шуда буданд.
Мардҳо бо ришҳои расида, бонувон бо мӯйҳои парешон сӯи
моён менигаристанд. Ҳарчанд ки начот ёфта буданду дар ҳалқаи
шӯравиёни кобулй қарор доштанд, ҳанӯз тарсу ҳаросро дар
чеҳраҳояшон ба мушоҳида гирифтан мумкин буд. Барои интиқол
додани онҳо аз Маскав ҳавопаймои махсус омад. Сафир низ бо
ҳамон вориди Кобул гардид.

Дар майдони ҳавой ҳини гусели чабрдидагони ҳиротй
шӯравиҳои зиёде чамъ омаданд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ сӯҳбат
мекарданд. Ҳама даҳшатзада маълум мешуданд. Байни ҳам
қисса мекарданд, ки хонаводаҳои шӯравй аз шаҳрҳои
Ҷалолободу Мазори Шариф низ ба Ватан фиристода мешаванд.
Дар ботин меандешидам, ки шояд кобулиҳоро ҳам пае
мегардонанд. Хеле хуб мешуд, агар сафи мушовиринро кам
кунанд. Зеро ин моҳ, такрибан кам мушовире буд, ки босамар
вазифаашро анчом дода бошад. Расонаҳои хориҷй ҳамоғ
омодагии гурезаҳои афғониро дар шаҳрҳои Ирону Покистоа

72
барои зарба задан ба шӯравиҳои муқими Афғонистон, пахш
мекарданд. Амрико бошад, ошкоро онҳоро бо пулу аслиҳа таъмин
менамуд, то ки ба муқобили шУравиҳо бичанганд ва
кишварашонро аз чанголи коммунистон начот бидиҳанд.

Бистуми март дар сафорат мачлиси таъчилй баргузор гардид.
Сафир, ки рухсатиашро катъ намуда, сари вазифаи дипломатиаш
ҳозир шуда буд, бо амри тозаи Кремл омада буд ва имкон
дорад, ки мавзӯи берун кардани занону бачагонро матраҳ месохт.
Худамро ба он тасалло мед одам, ки завчаам бо Таҳмина
наомаданд. Ташвишам аз ин чиҳат камтар буд. Вокеият он буд,
ки соат ба соат вазъияти сиёсии Афғонистон рӯ ба харобй меовард.
Ҳеч кас гуфта наметавонист, ки Амрико ҳодисаи Ҳиротро дар
Кобул ташкил намекунад. Баъд аз як рӯз соли нав - Наврӯз,
медаромад. Табъам, ки хира буд, фақат Абдулкарими Мисокро
табрик кардаму бас. Илҳоми ба коре даст задан надоштам.
Шӯравиҳои дигар низ дар ҳамин рӯҳия қарор доштанд.
Бадбахтй дар он буд, ки урдуи Афғонистон дар хама чо ба
хиёнат'даст мезад. Урдуе, ки ба нюху Довуд хиёнат кард, ба
Инқилоби Савр хам хиёнат намуданаш мумкин буд. Масалан,
дар ҳодисаҳои Ҳирот мутахассисони шӯравй ба мушоҳида
гирифтанд, ки чй навъ аскарони ҳукуматй лавозимоти ҳарбй ва
туфангҳояшонро дар бадали 10-15 афғонӣ ба «инқилобгарон»
фурӯхтанд. Ба ин хотир Шӯравй нерУе надошт, ки амнияти
шаҳрвандонашро таъмин карда тавонад. Дуруст аст, ки гурӯҳи
мушовирини низомй фаъолият дошт, вале онҳо ба максади
афғонҳоро даре додан истифода мешуданд. Эшон бо неруҳои
низомии Афғонистон омезиш ёфта буданд ва ҳеч кореро дар
мавриди амнияти мутахассисин ва хонаводаҳои онҳо анчом дода
наметавонистанд. Бо ҳамин парешонҳолй нони чоштро хУрда
боз сари вазифаам хозир шудам.

Бисту якуми март оғози соли нав аст. Се рУз истироҳат эълон
гардид. Рӯзи омадани хавопаймо хам буд. Мучаррадҳои точик
майдонравиро бас карданд. Ҳодисаи Ҳирот ва рУз то рУз бад
шудани вазъият боне мегардид, ки муваққатан ба Афгонистон
омадани мутахассисони навро маътал созанд. Баъд аз чошт чанд
дона нома аз дӯстон расид, ки якеаш аз ҳамдарсам Шаҳбози
Кабир буд. Ин хат боиси дилсардиам аз зиндагӣ шуд. Ӯ
менавишт, ки Алиакбар МУъминов, ки дар як факултет солиён
даре мегуфтему ҳамсолу ҳамақида худро медидем, дар асари
саратони чигар вафот кардааст. Хондани номаро ба поён
расондаму ба андешаву хаёлҳоям танҳо қарор гирифтам.

73
Тобистони соли 1978 бо шодравон дар имтиҳонҳои кабул иштирок
доштам. Мо дар як миз нишаста аз довталабон имтиҳон кабул
мекардем. Дар чараёни имтиҳони даҳонй медидам, ки Алиакбар
зуд-зуд берун мебаромаду маро танҳо мегузашт. Паси ҳам нӯги
сигаретро сурх мекард. Борҳо ба мушоҳида гирифтам, ки ӯ аз
хастагй шикоят менамуд, Ҳар сари вакт дастрУймолашро
бароварда араки сару рУяшро пок мекард. Яке аз рӯзҳо дар
чойхонаи рӯ ба рӯи бинои таълимии раками 6 нишастему чой
нӯшидем. Ҳамон рӯз ба назарам хӯрд, ки дар чашмонаш зардй
пайдо шудааст. Бо эҳтиёт барояш гуфтам: «Алиакбар, ту бояд
ба духтур мурочиат намой, зеро чашмонат зардй до ранд».
«Медонам, гуфт вай. Бисёр мондаву беҳол худро эҳсос
менамоям. Ҳатман ба духтур меравам». Ин охирин сӯҳбати мо
буд. Баъд аз чанд рУз банда сӯи Афғонистон сафарбар
гардидам...

Шахбоз бо дарду алам менавишт, ки Алиакбар шаби чоруми
март ногаҳон фавтидааст. Ҳафтуми март часади мархумро ба
карияи Порвони Панчакенти бостонй интикол додаанд. Дар
чанозаи шодравон аз чумлаи дӯстону хамкорон Собирчон,
Аҳмадчон ва Шахбоз иштирок доштаанд. Он рУзи даҳшат Қурбон
Бобоеви муаррих низ ҳозир будааст. Ҳайфи чони инсонй, -
гуфтаму ба мутолиаи номае, ки аз оила расида буд, машгул
шудам. Маълум шуд, ки дар ин муддат маоши шастфоизаи
банда ба хонавода интикол наёфтааст. Ҳайрон будам, ки кУдакхо
аз кадом ҳисоб метавонанд рУзгорашонро таъмин намоянд. Хеле
асабй шудам ва агар дасти тавоно медоштам, як рУз хам дар
Афгонистон намемондам. Барой баъзе дастгоҳу муассисахои
давлатй мутахассис мухим аст, на зану фарзандони У.
Муносибати бюрократона таъсирашро мерасонд. Назар ба
маълумоти банда даҳ моҳи наздик аз ШУравй ба Афгонистон
мутахассис фиристонда нахоҳад шуд. Дар он мачлис Пузанов
В.М. омодагии дарачаи аввал эълон карда буд. Ӯ изҳор дошт,
ки барои безарар ва сари вакт аз хоки Афгонистон баровардани
хонаводаҳои шУравй хама чорахои зарурй андешида шудааст.
Чанд адад ҳавопаймо ва киштиҳо дар ҳолати омодагй карор
доранд. Ҳоло амр шудааст, ки бачаҳову занонеро, ки хоҳиши
аз кишвар баромадан доранд, метавонанд гусел кунанд. Ман
мефаҳмидам, ки аз Кобул баромаданам гайри имкон аст. Бо
вучуди ин бо сармутахассисам машварат намудам, то ки барои
қатъ кардани шартнома розигиашро диҳад. Рӯзи бисту чорум
роҳбарам бояд мавзУъро ба калонҳои сафорат арз менамуд.

74
Сарфи назар аз ин ваъда пагоҳии бисту сеюм бо ҳамроҳии
Ҳабиб Пӯлодов назди Азаров, ки ба масъалаи кадр машғул
буд, рафтем. Факат ваъда дод, қи омадани завчаамро ба Кобул
метезонад. Рости ran, баъди ин сӯҳбат худро нороҳат ҳис
намудам. Дар ботин худ ба худ гуфтам: Наход такдири
интиҳоиям ба хоки Кобул тааллук бигирад. Ноилоч ба
микрорайон расидам. Бегох шуда буд. Табъам ба он дарача
хира шуд, ки танхо хоб рафтанро раво надида, Азимчонро дар
манзилам «меҳмон» намудам. У низ танҳой мекашид ва
даъватамро ба хушй пазируфт. То дер чак-чак кардем.
Муҳаммадчон ҳам чанд соате сӯҳбатамонро гармтар сохт. Толори
пазироии панчхучраиро ба ихтиёри Азимчон гузоштам. Ба ӯ
истироҳати хуш хоста, худам хам дар хучраи хурдтаре ба хоб
дода шудам. Пагоҳии барвакт аз чойи хоб баланд шуда хостам,
ки аз ҳоли «меҳмон» хабар тирам. Вакте ки дарвозаи толорро
кушодам, назарам ба зери рахти хоби Азимчон бархӯрд, ки
харду чоғи ӯ сурхй мекарданд. Ҳуш аз сарам парид. Дар
гумонам «меҳмон»-ро cap зада, чоғҳояшро зери кат гузошта
буданд. Бадбахтона, Азимчон cap зери кУрпа гирифта буд, ки
шубҳаи бандаро ба вокеият табдил мед од. Чуръат карда болои
сараш рафтам. Оҳиста кУрпаро бардоштам, ки калааш дар чояш
буд. Азимчон бедор шуду «оромист?», гуфт. Бале, оромист,
оромист, аммо ин чӣ чоғҳоест, ки зери кат нигоҳ медорй. У ба
завқ ханда cap дод. -Эй гарант, -гуфт. Ту намедонистй, ки ман
дандону чогҳои сунъй дорам? Он чогҳои сунъй чунон дар назарам
бад намуданд, ки зуд худро ба ташноб задам, то аз истифрок
худдорй карда бошам... Азимчон ҳамоно механдиду аз зери
кат чогҳояшро соп-соп менамуд. Чанд рӯз чогҳои сунъии Азимчон
боиси мухокимаи мучаррадхои точик гардид. Махсусан, ин
мавзУъро Муҳаммадчон бештар шарҳу эзоҳ медод. Ин ҳодиса
ҳарчанд чандон чиддй набуд, аммо каме боиси дилхушии
мучаррадхо шуд.

Ин рУзҳои моҳи март ҳодисаи Ҳирот ва ба катл расидани
шӯравиҳо дар маркази диқкати хамагон буд. Торафт вокеаи
марбута ҳикояту қиссаҳоро тавлид менамуд. ГУё ҳангоми ҳучуми
«ирониён» низомиёни давлатй ва ҳатто шӯравй рӯ ба фирор
овардаанд. Яке аз онҳоро дар майдони марказии Ҳирот ба даст
гирифта, рӯдаҳояшро берун кашидаанд. Ҳоло Ҳиротро аз дасти
«шУришгарони иронӣ» озод карданд. НерУхои давлатй ба
таъқиби онон афтода, хонакобакро cap намуданд. Н.Таракй ба
тамоми мардуми Ҳирот мурочиатнома пахш карда, хоҳиш ба чо

75
овард, ки чаллодонро ба дасти конун супоранд. Мегуфтанд, ки
як гурУҳи калони «инқилобгарон» ба хотири зинда мондан, ба
«Хоча Ансорӣ» паноҳ бурдаанд Ҳукумати Таракй барон хароб
нашудани ёдгории таърихй намехост, ки ба он хучум кунад ё
болояш бомба партояд. Аз ин рӯ, низомиён «Хоча Ансорй»-ро
ба мухосира гирифтанд, то ки баъди чанд рӯз паноҳбурдагони
хоин худ таслим шаванд. Дар ин «шӯриш» одамони бегуноҳ
хеле зиёд курбон шуданд. Ногуфта намонад, ки мардуми Ҳирот,
онҳое, ки сохти навро намепазируфтанд, ба шУришгарон
пайвастанд. Онҳо зери ливоҳои зард ва кабуд дар хиёбонҳои
Ҳирот кадам мезаданд. Дар натичаи задухУрд дишаб боз 28
нафар аскарони мачрӯҳшударо ба Чорсадбистара оварданд.
Аксари онҳое, ки аз шикам тир хУрда буданд, ба зудй чон ба
ҳак таслим намуданд. Тирхо захролуд буда, одатан дар дохи ли
шикам метаркидаанд. Шоҳидон ИроНро айбдор донистани
ҳукумати Афғонистонро дуруст мешумориданд. Як чавони точик
бо номи Исо Раҳматуллоев, ки тарчумони низомиён буд, қисса
кард, ки «шУришгарон» хеле моҳирона мечангиданд. Яъне онҳо
аскарони оддиву нохонда не, балки касоне буданд, ки маълумоти
хуби чангй доштанд. Исо ба ин акида буд, ки чанги Ҳирот ба
наздикиҳо поён наёфта, балки моҳҳо ид ома хоҳад ёфт. Ҳамин
навъ задухУрдҳо ба истиснои пойтахти кишвар дар дигар
минтақаҳо низ ба мушоҳида мерасиданд. Як сарчашмаи чунин
нооромиҳо чорабинии таксими замин шинохта мешуд. Аз Мазори
Шариф, Балх, Қундуз, Чалолобод, Пактиё, Хуст, Қандаҳор
ва дигар навоҳй ҳамарӯза хабарҳои тоза, аммо даҳшатовар
мерасиданд.

Мутахассисони шУравй огоҳй доштанд, ки дар шаҳрҳои
Тошканду Душанбе ҳавопаймоҳо дар ҳолати омодабош карор
доранд. Сарварони Давлати ШУравй вобаста ба масъалаи очилан
аз Афғонистон баровардани шаҳрвандонаш чорахои заруриро
андешида буданд. Илова бар ин дар майдони ҳавоии Багром
чанд адад аз ҳавопаймоҳои низомии навъи МИГ-21 бо аслиҳаи
чангии мавриди зарурат нигоҳ донгга мешуданд.

Дар мачмУъ тарсу харос хама шаҳрвандони шУравиро фаро
гирифта буд. Баъзеҳо ариза навишта, хоҳиши ба Ватан баргангган
доранд. Теъдоде аз зану бачахоро сУи Маскав гуселонданд.
Торафт алайҳи ҳукумати Таракй муқовимат чи дар дохил ва чи
дар хорич авч мегирифт. Дар ин чода ШУравиро бо он айбдор
мекарданд, ки дар Афгонистон сохтори сотсиалистиро рУйи кор
оварданй аст. Чунин садохо бештар аз радиои Ирон ба гУш

76
мерасиданд, ҳол он ки дар Ирон курдҳо cap бардоштаанд.
Магар, чаҳор миллион курдро ба воситаи катл нобуд сохтан
мумкин аст?! Кишваре, ки худ аз нооромиҳо холй нест, мехоҳад,
ки вазъияти бе ин ҳам ноҳинчори Афғонистонро муташаннич
созад. Ҳарчанд ки Ирон бо Амрико дар мубориза қарор дошт,
вале иқдоми бадхоҳонаи онро нисбати Афғонистон дастгирй
менамуд.

Бисту сеюми март, баъди ношто, хонаи Абдулмачид рафтам.
Маслиҳат кардем, ки аз ҳолу аҳволи Муродуллоҳ хабар гирем.
Аскарҳои пайраҳа моро дохилй гумон дошта, ичозати гузаштан
надоданд. Баъди фаҳмондан тавонистем, ки дарвозаи
Муродуллоҳро кӯбем. Эшон танҳо набуд, балки Қаландаров
меҳмонаш буд. Муродуллоҳ инсони тарифе буд. Омадани мо
хушҳолаш сохт. Завчааш низ бонуе бофарҳанг ва меҳмоннавоз
буд. Сари чою ширинӣ қарор гирифтем. Табиист, ки сӯҳбат аз
вазъи сиёсии Афғонистон мерафт. Ҳамоно воқеаҳои хуношоми
Ҳирот нороҳатамон месохт. Гап-гап буд, ки хоҳишмандонро ба
шаҳрҳошон мефиристанд. Ҳамин рӯз як ҳавопаймои ТУ-154 дар
майдони ҳавоии Кобул интизори интиколи занону мактабиён
буд. Барой бонувон махсус мачлисе оростанд ва вазъиятро
барояшон фаҳмондаанд. Ҳамсари Муродуллоҳ пинҳонй оби
дида кард. Мо бештар ба таҳлили расонаҳои хабарй мутаваччеҳ
будем. Ин шабу рӯз чаҳони Ғарбу Шарқ сӯи Афғонистон
менигарист. Дар ҳодисаҳои ғайричашмдошти Афғонистон аз ҳама
беш Шӯравиро айбдор месохтанд. Хабарҳо пахш менамуданд,
ки дар Ҷалолобод ва кисматҳои чанубу шарқи Афғонистон
вазъият рӯз то рӯз бад мешавад. Як теъдод мардуми Ҷалолобод
ба кӯҳҳо панаҳ бурда, сӯи танкҳои ҳукуматй тир холй
мекарданд.

Баъд аз як ҳафтаи мукобилият шӯришчиёни Ҳирот пароканда
гардиданд. Ба сабаби ин ки урдуи 17-уми Афғонистон дар Ҳирот
ба хиёнат даст зад, он аз байн бурда шуд. Воқеан, аз оғози
шӯриш афсарону аскарони ин даста ба тарафи шӯришгарон
гузаштанд. Онҳо изҳор доштанд, ки «мо чониби мусулмонон
тир холй намекунем». Тавре гуфтам, ҳукумати Кобул мачбур
шуд, ки аз нерӯҳои ҳавой кор бигирад. Дар натича қисме рӯ ба
фирор овард, теъдоде дар «Хоча Ансорй» панах бурд ва кисми
дигар ба кӯҳҳо боло шудаанд.

Ба ин муносибат дар аксари шаҳрҳои Афтонистон, ба хусус
дар Кобул, моршу митингҳо сурат мегиранд. Дар чунин
намоишҳои эътирозй шиорҳо ба муқобили Чумҳурии Исломии

77
Ирон равона мешуданд. Дишаб радиои Ирон эълон дошт: ба
сабаби ин ки як рӯз кабл консулгарии Иронро дар Ҳирот
маҳкам карданд, Ирон чавоб ба чунин икдоми давлати Тараки,
консули Афғонистонро аз Теҳрон бадар сохт. Ҳарду тараф дар
48 соат аз консулгариҳои хеш халос шуданд.

Вобаста ба воқеаҳои Ҳирот гуфта мешуд, ки ҳукумати ТаракИ
ба хотири ҳунрезӣ нашудан, рӯзҳои аввал дар мукобили
«инкилобчиён» қарор нагирифтааст. Назар ба маълумоти
ҳукумати Кобул, гӯё Ҳиротро худи ҳиротиён, муллоёни худй
муҳосира кардаанд. Аммо, баъдтар, вақте мефаҳманд, ки хама
шӯришгарон аз аскарони иронй ташкил гардидаанд, ба икдом
пардохтанд. Албатта, икдоми хукумати Таракй дар ихтиёри
шӯравиҳо буд. Ченероли шӯравй - Горелов ба ҳамин хотир ба
Кобул омада буд. У бо ҳамроҳии сафир назди телефон карор
гирифта, дар мавриди ҳаллу фасли воксаҳои Ҳирот амри
Маскавро интизорй мекашиданд. Бо расидани амри Маскав
нерӯҳои низомии Қандаҳор ба Ҳирот фиристонда шуданд.
Гузашта аз ин, чунон ки чое арз доштам, дастаи низомие аз
Кушка барои пахши шӯриши Ҳирот сафарбар гардида буд. Ин
даста бо анчоми вазифа ба зудӣ шаҳри Ҳирогро ба чониби Кушка
тарк гуфтанд.

Хиёнати ғунд (горнизон)-и Ҳирот ва дигар дастаҳои низомии
Афганистан Таракиро ба чунин хулоса овард, ки барои шикает
додани шӯришу саркашиҳое мисли Ҳирот аз низомиёни шӯравй
ёрй талабад. Албатта, он айём Шӯравй дар Афганистан ба гайр
аз гурӯҳҳои мушовирини низомй, дигар навъ дастаҳои мусаллаҳ
надошт. Факат мушовирини харбй ба низомиёни афгани машварат
медоданду бас. Ҳатто онҳо мусаллаҳ набуданд. Тавре ки
Начмиддин кисса кард, баъди ба шаҳри Ҳирот ворид шудани
«шӯришгарон» ғунди Ҳирот мусаллаҳ гардонда мешавад.
Бадбахтй он буд, ки ғунди мусаллаҳшуда силоҳро ба манфиати
давлати Таракй истифода набурд, балки бисёре аз он
силоҳбадастон дар мукобили хукумати Кобул карор гирифтанд.

Дар асари чунин дархости Тараки, мушовирини низомии
шӯравй ба силох таъмин гардиданд. Ҳатто барои завчаҳои онон
тӯфангчаи навъи «Макаров» доданд, то ки дар ҳолати набудани
шавҳарҳошон аз худ дифоъ карда тавонанд. Дигар харбиёни
шӯравиро дар манзилу роҳравҳои микрорайон кам медидем.
Онҳо шабу рӯз дар гундхои афгани карор доштанд. ГУё
афғонҳоро дарсҳои чангй ёд медоданд.Дар ҳамин замина завчаи
Умрикул рУзи 29-уми март сафари Душанбе дошт. Номае ба

78
хонавода навишта, вазъиятро фаҳмондам, то ки аз хавотирй
бароянд.

Бегоҳии 23-юм назди радио чой гирифтам. Мавчҳои «Би-би-
си», «Садои Олмон», «Садои Ирон» ва «Садои Амрико» ҳама
навигариҳои Афгонистонро мегуфтанд. «Би-би-си» рочеъ ба
муносибати Афғонистон ва Ирон хеле ҳарф зад. Боз ҳам
бадбахтиҳои Афғонистонро ба Шӯравй нисбат дод. Максад аст,
ки ҳукумат сарнагун шавад, аммо Шӯравй намехоҳад. Гӯё
ҳаводиси Афғонистон ба рӯзгори сотсиалистии чумҳуриҳои
мусулмони шӯравӣ таъсири манфй ворид месозад. Ҳамзамон
Афгонистонро ба он мутаҳам сохт, ки дар Ҳирот ҳазорон
исломиҳоро ба қатл расонд. Шахсиятҳои сиёсии Балучистон ба
дастгирӣ аз ҳукумати Таракй аз давлати Покистон хоҳиш
намуданд, ки «ба оташ бозй накарда», балки ҳама афғонҳои
гурезаро аз марзҳояш берун созад.

Бисту чорум, баъд аз истироҳати серӯза, сари вазифа ҳозир
шудам. Баъд аз кор сӯи парки Зарнигор роҳ пеш гирифтам.
Митинг дар авч буд. Ҳамарӯза соати чор шиордиҳиҳо идома
меёфтанд. Ба Ирон лаънат мехонданд. Ба мағоза даромада барои
Таҳмина чанд дона пистонакҳо(соска)-и чиной харидам, то ки
ба дасти хонуми Умриқул бифиристам. Соати панч мачлис.
доштем. Ду соат давом кард. Сари мавзӯи амнияти шаҳрвандони
шӯравй сӯҳбат идома ёфт. Сардорамон суханҳои сафирро ба мо
расонд. Ба чунин хулоса омадаанд, ки ҳамаро мусаллаҳ
гардонанд. Оид ба амнияти микрорайон чораҳо андешидаанд.
Хабари тозае, ки сурат гирифт, катли духтури ҳайвонот дар
Ҳирот буд. Гӯё ӯро аскари пайраҳааш, ки ба хотири 'амниятй
духтур хидмат менамуд, ҳангоми ба балкон баромаданаш
паррондааст. Ин ҳамон духтуре буд, ки бо Начмиддин якчоя
кор мекарданд. Аз рӯи нақли Начмиддин мавсуфро на дар
балкони манзилаш, балки рӯзҳои дар ғунди Ҳирот панаҳ
бурданаш ба катл расондаанд. Бубинед, чӣ тафовутҳо дар'як
куштор ба назар мерасад. Духтури мазкур аз шаҳри Маскав
будааст. Ҷасадашро ба воситаи Кушка интиқол додаанд. Баъдҳо
Начмиддин дар хонаи он духтур будааст. Дар ин мачлис бори
дигар аз хиёнати ғунди 17-уми Ҳирот сухан рафт. Сафир
иттилоъ додааст, ки дар ҳоли ҳозир фақат ба се гунде, ки дар
шаҳри Кобул қароргоҳ доранд, бовар кардан мумйин будааст.
Ғундҳои дигар дар ҳолати дудилагй карор дошта, ба хукумати
Таракй чанд он эътибор зоҳир намекардаанд.

Дастгоҳи амниятии сафорат аз мушовирин такозо намудааст,

79
то ки ҷараёни ҳаракатҳошонро ҳини сари вазифа ҳозир шудан
тағйир бидиҳанд. Бонд мухолифини мо аз кадом роҳҳо истифода
кардани шӯравиҳоро надонанд. Ҳамчунин дар вазоратхонаҳо,
ки мо дафтари корй доштем, назорат чиддй шавад. Ҳар шахе
ҳушёриро бо худ дошта бошад. Албатта, чунин чорабиниҳои
амниятй натичаи дилхоҳ дода наметавонист. Мо факат аз ду
самту ду кӯча ҳаракат доштем. Яке ин, ки майдони Чаманро
гузашта аз Пули Маҳмудхон ба вазррат ҳозир шавем ва дуюм
ин, ки аз нязди матбааи давлатй гузашта сипас 6а хиёбони марказй
дохил гардида,. мустакил то майдони Паштунистон бирасем, он
чо ки аз дасти чап Вазорати молил қарор дошту аз дасти рост
Бонки миллй. Ҳол он ки агар банда ба матбааи сукук мерафтам,
танҳо аз хиёбоне, ки сӯи Деҳмазангу сафорат чараён мегирад,
гузаштанам мумкин буд. Бояд гуфт, ки чунин икдомоти амнияти
расмй барои банда чандон аҳамият надошт. Аз барномаҳои
шабонаи радиои Точикистон маълумам шуд, ки мавзУи
Афгонистон дар матбуоти даврй хеле мукаммал дарч
мегардидааст. Масалан, рУзномаи «Точикистони совети»
гузориши Нурмуҳаммад Таракиро ба муносибати соли нави
1358(1979) дар саҳифаи хеш чой додааст. Дар мавриди воқеаҳои
Ҳирот низ маколаеро ба нашр расондааст. Яъне хешу акрабо ба
ин восита аз ҳолу аҳволи моён бохабаранд, хол он ки дар номаҳо
навиштани баъзе ҳодисотро нолозим медонистам. Ҳамин шаб
буд, ки садои шоири овозадори точик Мӯъмин Қаноат ба гУшам
расид. Шоир дар бораи Иди меҳнат ва соли нави дунёи
форсизабону исломй харф мезад. Зимнан мардуми Афгонистону
Иронро ба шарафи Соли нав табрик гуфт. Орзуҳои некро хоҳон
гардид. Шеъри машҳури халқй: «НаврУз шуду лолаи хушранг
баромад, Булбул ба тамошои дафу чанг баромад»-ро шоирона
қироат намуд. Орзу кард, ки мардумони ин се кишвари
форсигУву ҳамхуну дин дУстона рУзгор бинанд ва инкишоф
ёбанд. Дар интиҳо чанд миераъ шеъре аз эчодиёти хеш қироат
намуд. Бо шунидани суханронии М.Қаноат чанд лахза бо
андешахоям суй Ватан раҳсипар шуда, худро дар мухити озоду
фарҳангй карор додам.

Баъдан мавчи «Би-би-си»-ро пайдо кардам: Консулгарии
Афғонистон дар Машҳад оташ гирифт. Дойр ба давлатй
марксистии Таракй аз рӯзномаҳои чаҳон иктибосҳо оварда шуд.
Покистон хам робитаашро бо Афгонистон бад кард. Ҳиндустон
аз кишвархои Ирону Покистон ва Хитой даъват ба чо овард, ки
ба корхои дохилии Афгонистон дахолат накунанд. Аъзоёни

80
парламони Ҳиндустон аз ҳукумати Таракӣ дастгирй намуданд.

Бисту чоруми март Бюрои сиёсии Ҳизби демократии
Афғонистон мавзӯи ба ҳизбиён супоридани кортҳои ҳизбиро
матраҳ сохт. Кортҳои ҳизбӣ дар яке аз матбааҳои шӯравӣ рӯйи
чоп омада буданд. Сифати чопаш ҳам чолиб ба назар мерасид.
Тарҳи онро мушовири матбааҳо - Шпагин дар якчоягй бо банда
тартиб дода будем. Азбаски Таракй чопи баланди кортҳои ҳизбиро
тақозо менамуд, Шӯравӣ таҳияи онро ба ӯҳда гирифт. Соати
ёздаҳи ҳамин рӯз вобаста ба сУзондани консулгарии дар
Машҳадбудаи Афғонистон Вазорати корҳои хоричй ба сафорати
Ирон дар Кобул эътирознома фиристод. Дарсҳо дар мактабҳои
олӣ ва миёна оғоз ёфтанд. Ба ин муносибат Вазири маорифи
кишвар доктор Ҷалилй кормандони соҳаи маорифро самимона
табрик намуд.

Бисту панчуми март ҳавои Кобул абрноку боронй шуд. Аз
ин чост, ки дарди cap нороҳатам сохт. Баъд аз вақти расмй ба
манзили Умриқул cap задам. Як баста ҳадя барои Таҳминаву
Парвиз ва Фотима омода сохта будам. Аз хонуми Умрикул
хоҳиш намудам, ки онро бо худ тирад. Баъд аз пухту пази
бегоҳӣ ба сурогаи бочаам Мирмуҳаммад ва дӯстам Девлох
Бердиев нома нависондам. Аз бочаам хоҳиш намудам, ки духтари
қадрасаш - Гулчеҳраро ба бародари хурдиам - Мӯсо бахшад.
Барои фарзандони Бердиев як дона аксамро фиристондам.

Назар ба гузоришҳои радиой имрӯз ҳам дар саросари
кишвар митингу моршҳои дастачамъй сурат гирифт. Аммо дар
Кобул оромй буд. Ҳеч гуна шиорандозиҳои сиёсӣ ба мушоҳида
нарасид. Мавчи имшабаи «Би-би-си» дар мавриди чанде аз
дастаҳои гурезагони афғонии мукими Покистонро бомбаборон
кардани Афғонистон иттилоъ дод. Назар ба маълумоти расонаи
хабарии номбурда, Таракй аз дастгоҳи Кремл тақозо намудааст,
то ки дар ҳама корҳои Афғонистон дахолат намояд. Ин дархости
Таракй ба он хотир буд, ки урдуи Афғонистон ба хиёнаткориҳо
даст мезад ва дар бисёри мавридҳо ба фармудаи ченёролхои
хеш итоат намекард. Покистон даъвои сиёсй бардошта
Афғонистонро ба он муттаҳам месохт, ки ба хоки Покистон
даромадааст. Чунин даъвои Покистон вокеият дошт. Бо машвараи
мушовирони низомии Шӯравй қувваҳои ҳавоии Афгонистон барои
нобуд сохтани гурезаҳои афғонй, ки нерӯи мухолифинро ташкил
доданӣ буданд, болои онон бомбаҳо партофтанд. Муносибати
Ирон ҳам бо Афгонистон чандон хуб набуд. Яъне Афгонистон
аз ду тараф дар иҳотаи давлатҳои исломие, ки роҳи пешгирифтаи

81
Таракиро намепазируфтанд - Ирону Покистон, қарор дошт.
Ба ҳукумати ТаракИ чи аз дохил ва чи аз берун хавфи нобудшавй
таҳдид менамуд. Вале Таракй намехост, ки ба ин зуди аз
давлатдорй даст кашад. Бинобар ин ҳама салоҳиятҳои
давлатдориашро ба ихтиёри ШУравй гузоштанй мешуд. Баъзе
расонаҳои хоричй мавзӯи бо Афғонистон чанг кардани Иронро
ба миён мегузоштанд. Ирон бошад бо чор миллион курдҳояш
чанг эълон карда буд. Ирон, ки тоза ба сохтори чумҳурии исломй
оғоз карда буд, аз таҳдиди мухолифони дохилиаш раҳой намеёфт.
Яке аз шахсиятҳои шинохтаи Ирон сарвари нави Иронро огоҳ
сохт, ки агар у аз сиёсати пешгирифтааш даст накашад, дар
кишвар чанги шаҳрвандй cap хоҳад зад. Дар ҳақиқат, он чи
ки аз телевизион медидем, касро ба даҳшат меовард. Аз сУи
дигар, мо дар мавриди воқеоти Ирон ба расонаҳои хабарии
хоричй бовар мекардем. Шояд баъзе аз онҳо дурӯғи маҳз
мегуфтанд, вале дар мисоли Афгонистон, ки худ шоҳид будем,
ҳарчи ки мавчҳо иттилоъ медоданд, воқеият доштанд. Табиист,
ки тарафдорони Ризошоҳ сохти эъломдоштаи Хумайниро
намехостанд, аммо дар мукобили он аз чахолат кор гирифтани
ҳукумати нави Ирон хуб набуд. Ирон бо ШУравй низ
муносибатҳои дипломатиашро катъ намуд. Озарбойчони шУравй,
ки бо Озарбойчони Ирон робитаҳои иқтисодиву фарҳангии хубе
дошт, акнун зарар мед ид.

Бисту шашуми март чанд тан аз бонувони рус хоҳиши
бозорравй карданд. Онҳо метарсиданд, ки таъчилан Кобулро
тарк гуфтан лозим меояд. Ҳол он ки умуман ба бозор баромадани
шаҳрвандони шУравй манъ буд. Амри хаттии сафир содир шуда
бошад ҳам, хонумҳо мехоҳанд, ки чанд адад аз пӯстинҳои
гулдори кобулиро харидорӣ намоянд. Бо дили нохоҳам онҳоро
раҳнамой кардам. Илочи дигар надоштам. Онҳоро фаҳмидан
мумкин буд. Бозориашон барор гирифт, ки бандаро дар
хонахошон зиёфат доданд. Герасимову Шпагин ва Горин, ки
аз сардорони камина ҳисоб меёфтанд, аз чеҳраҳои хонумҳошон
маънй бардошта, хушҳолй карда, ба ман ташаккур гуфтанд.
Онҳо ба ин акида буданд, ки бозорравии хонумҳошон агар бо
Худойназархон сурат бигирад, эшон аз ташвиш халос мешаванд.
Гӯё амнияти завчаҳошон пурра таъмин мегардид. Имрӯз Амин
рӯзноманигорони шӯравиро қабул карда, дар бораи вазъияти
сиёсии Афгонистон сӯҳбат орост. Албатта, хулосаҳои Амин аз
зиндабоди Шӯравӣ ва барпо сохтани чомеаи сотсиалистй да^
Афғонистон буд. Ҳарчи ки мегуфт, маънии зохирй ба худ кгсо

82
менамуд. Бо чашмонаш механдиду бо калбаш ҳақорат медод.
Найрангбози моҳире буд.

Бисту ҳаштуми март завчаҳои мутахассисони техникуми
Ҷангалакро сӯи Батан фиристонданд. Амин вазири аввал интихоб
гардид. Ба ин маънй, ӯ вазифаи садриаъзамиро адо менамуд.
Дар ботин меандишидам, ки андак вакт мондааст, ки чойи
Таракиро ишғол кунад. Ба ҳамин муносибат, Амин хабарнигори
шӯравй Ф. Сайфулмулуковро ба ҳузур пазируфт ва аз вазифаи
наваш расонаҳои шӯравиро огоҳ сохтанй шуд. ИмрУз ба
муносибатҳои дипломатии Афғонистону ШУравй шаст сол пурра
мешуд. Зиёфате ҳам дар Хонаи Халк сурат гирифт. Сару садоҳои
демагоги бароям гУшхарош маълум мешуданд. Ким-чй хел
нороҳатӣ фишорам оварду хонаи Абдулмаҷид рафтам. Ҳамсояҳои
пуландиаш меҳмон щуданд. Робияи шогирд, ки дар бинои рУ
ба рУ икомат мекард, моро бо мантуи болаззаташ пазируфт.
Ёдам ҳаст, ки дар мактаби раками понздаҳи Душанбе дарси
адабиёташ дода будам. Духтари ачибе буд. Харчо ки медид,
«устод» гУён бо чехраи гармаш пешвозам мегирифт. Акнун У
касби тарчумонй дошт. Эҳтиромаш миёни афғонҳо баланд буд.
Дар сУҳбати чунин бону нишастан ба кас факат ҳаловат меорад.
Робия духтаре буд аз хонаводаи бофарҳанг. Хонаводае, ки дорой
анъанаи фарҳангй буд. Хушбахтона, он шаб дар танҳоӣ набудам.
Дар ҳалкаи бонувони пуландиву точикй карор доштам.
Абдулмачид мачлиси занонаро хеле хуш медид. Харчи ки аз
хУрданиву нУшиданй медопгг, болои дастархон мегузошт. Бештар
сУҳбатро У гарм месохт. Ачаб одате дорам, дар маъракаи бону вон
хомУширо бештар мепазирам. Мехоҳам, ки бонувон сӯҳбат
кунанду ман гӯш диҳам. Ба сабаби ин ки сӯҳбатамон хеле
самимиву хотирмон буд, расидани соати куюди шабгардиро
нафаҳмида мондам. Бинобар ин, илоче наёфта, ин шабро дар
манзили Абдулмачид гузарондам. Ҳамсояҳо ки дар ҳамин бино
иқомат доштанд, ба хонаҳои худ рафтанд.

Ҳамин рУз борони Кобу л шадид шуд. Мачбур будам, ки ба
кимати 220 афгонй чатр бихарам. ИмрУз хам митинги зидди
Ирону Покистон порки Зарнигорро фаро гирифт. Хеле ачиб
буд, ки се давлати исломй якдигарро мазаммат менамуданд.
Офарин ба дастаҳои кашшофии Амрико, ки дар ин чода даст
мегузоштанд. ШУравй низ ба хотири дифоъ аз манфиатҳои хеш
аз чунин чараён гирифтани воқеаҳо дар дунёи исломи
каноатманд буд. Аз ин чост, ки ШУравй Афғонистони инкилобиро
зери каноти худ гирифта, кУшиш менамуд, ки сохтори баъдии

83
онро аз рӯи накшаи ҷумҳуриҳои мусулмонии Осиёи Миёна ва
Кафкоз таъин намояд. Амрико низ аз накшаи ШУравй бохабар
буд ва ҳеч гох намегузошт, ки ШУравй дар Афғонистон мавкеи
бештар пайдо кунад. Мушовирини шУравй ҳамарУза ба Кремл
ҳисобот медоданд ва дар Афғонистон пиёда сохтани сохтори
сотсиалистиро тезонданй мешуданд. Дар хамин замина,
Таракиро ба вазифахои доштаи сарвари Давлати ШУравй -
Л.И.Брежнев шабеҳ месохтанд. Ба ин асос, Н.Таракй рУзи 28-
уми март Муншии умумии Ҳизби демокротики Афғонистон,
раиси Шӯрои Инқилобй ва Сарқумондони нерӯҳои мусаллаҳи
кишвар интихоб гардид. Чунон ки гуфта шуд, вазифаи
садриаъзамиро ба Ҳафизуллоҳ Амин вогузоштанд. Амин рӯзҳои
наздик ҳайъати кабинеташро ташкил мед од. Радиои Кобул
мусоҳибаи Ф. Сайфулмулуковро бо Амин пахш намуд. Ин рУзи
омадани ҳавОпаймо ҳам буд. Аз як дУсти хучандиам, бо номи
Каромат, мактуб гирифтам. Нома хеле самими ва хотирмон иншо
шуда буд! Ин ҳамон бону ест, ки моҳи декабри 1978 бо Ичобати
шогирдам соате меҳмонам гардида буд. Ҳамон шаб палави
хучандй омода сохт. Муҷаррадҳои точик дигар нороҳатй эҳсос
намекарданд, зеро ҳафтае ду-се бор бону вони шӯравиро сӯи
Тошканду Маскав гусел мекарданд. Охири мох буд. Аъзоҳаккии
ҳизбиро ба Саркиси арманй супоридам. Бегоҳй бо Олимчон чанд
соате нишастему ҳаводиси рӯзро тахлил намуд ем.

Бисту нухуми март хам боронй шуд. Олимчон
магнитафонашро ба хона оварда аз магнитофони ман як касетаи
Ахмад Зохирро сабт намуд. Бегоҳй ба хонааш даъват кард.
Ҳабиб бо завчаву писараш омад. Палави кобулй омода шуд.
СУҳбат дар мавзУи солҳои донишчУй сурат гирифт. Тарзи
дарсгУй ва рафтори баъзе усгодонро ба хотир овардем. Аз дарсҳои
Файзалй Начмонов, Махмуд Давлатов, Ҳилол Каримов ва
дигарон ёдовар шудем. Бештар фаъолияти Рачабалй Ғафуровро
пеши назар овардем. Рачабалй муаллими навъи дигаре буд. Мо
ҳамдарс будем. Ӯ дар бахши арабй мехонду банда дар шУъбаи
филологияиточик. Вокеан, Рачабалй тохту тоз карда,

факултети шаркшиносиро таъсис доду аммо вазифаи деканиро
Ҳилол Карим сазовор шуд. У шахси хеле ташаббускор буд.
Худро му дом намоиш мед од. Ҳама корро дар факултет ичро
мекунам,-мегуфт. Шояд ҳамин навъ хислатҳояш буд, ки нағзаш
намедиданд. Махсусан, аз ин ки калонҳои Университетро ба
доми худ медаровард, рохбарони факултетро хуш намеомад.

Ду рӯз шуд, ки аз консулгарй ичозати бозорравй расид

84
Герасимов аз банда хоҳиш кард, то ки дар бозоргардй вайро
раҳнамоӣ кунам. Хонумаш ҳам бо мо рафт. Онҳо дар гӯшаи
дуре аз Кобул пӯстин фармоиш дода будаанд. Аз нигоҳи амният
он чо хавф пеш меовард. Албатта, банда русҳоро паст заданй
нестам. Вале баъзе рафторҳои онҳо касро заҳмат медиҳад.
Масалан, ин кадар тамаллук кардан назди як пӯстиндӯзи афғонй
ҳеч зарурат надорад. Сару рӯву бадани чиркини онҳоро дастмол
намудан, бандаро асабонй месохт. И лова ба ин, русҳо барои
дӯкондорону пӯстиндӯзон водка, одекалон, шири хушк, маска
ва дигар намунаҳои ғизои сохти шӯравӣ ҳадя менамуданд. Чунин
инъоми муфтро афғонҳо «бахшиш» мегуфтанд. Баъзан ба худ
меандешидам, ки бо ин бахшишҳо афғонҳоро порахӯру ҳаромхӯр
ҳам кардем. Ба асари ичозати сафорат дӯконҳои Кобулро боз
щаҳрвандони шӯравй пахш карданд. Агар боз ягон ҳодисаи
куштор рух бидиҳад, консулгарӣ бозоргардиро манъ менамояд.
Гузашта аз ин, барои таъмини амнияти шӯравиҳо 200 нафар аз
ҷавонони батану тӯши низомиро ба Кобул ворид сохта буданд.
Шаҳрвандони щӯравӣ омадани ин гурӯҳро падидаи мусбат
дониста ва ҳам то чое бепарво шуданд. Гап дар ин аст, ки ин
чавонҳои тануманд шабу рӯз дар дӯконҳо мегаштанд ва корашон
харидории чинсҳои мавриди зарурат буд. Ҳар шӯравие, ки ба
Кобул меомад, баъд аз як рӯз ба бозоргардй дода мешуд. Онҳо
як шиор доштанд: пулро бояд сарф кард.

Сиюми март раиси Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравй
А.Косигин Ҳ.Аминро ба муносибати садриаъзам таъин шуданаш,
табрик намуд. Табрикномаи садриаъзами Шӯравиро радиову
телевизиони Кобул ба зудй пахш карданд. Кишварҳои дигар
низ, монанди Ҳиндустон, Покистон ва Чин Ҳ.Аминро самимона
табрик гуфтанд. Имрӯз як ҳавопаймои боркаши Шӯравй ба
Кобул «бозича» ворид сохт.

Сию якуми март Ҳ.Амин дар ҳайати вузаро тағйирот ворид
намуд. Аъзам Сиддиқй -вазири плонгузорй, Катавозй - вазири
култур (ба ивази Бориқ Шафей), Бориқ Шафей - вазири
тронспурт ва Шоҳвалй - муовини нахуствазир таъин гардиданд.
Вазорате, ки ба ӯҳдаи шоир - Бориқ Шафей гузошта шуд, нав
таъсис ёфт. Тасаввур кунед, ки шоирро вазири тронспурт таъин
намуданд. Борик Шафей аз «парчамиҳо» мебошад. Гумон аст,
ки вазириаш тӯлонй шавад, балки аз саҳнаи таърих дур партофта
хоҳад шуд. Мачлиси имрӯза таҳти раёсати Н.Таракй сурат
мегирад. Дар ҳамин мачлис Ҳ.Амин назди «устоду муаллимаш»
касам ёд кард. Садри давлат гузорише хам дар мавриди вазъи

85
сиёсии кишвар баён намуд. ТардкИ хеле бачуръат сӯҳбат мекард.
У таҳдидомез сӯи Покистону Ирон нигариста, иброз дошт, ки
дар шаш моҳи охир давлати Покистон 61 маротиба сарҳадоти
Афғонистонро вайрон кардааст. Ирон дигар набояд «икдоми
инкилобие»-ро, ки дар Ҳирот рУйи кор оварду шармандавор
шикает хУрд, такрор намояд. Маълум, ки ин сарвар дар боду
ҳавои сиёсати шӯравй сайру гашт дошта, аз мактаби диплумосие
6ӯй набурдааст. Ватанчори сисола хам ба сифати вазири дифоъ
пазируфта шуд. У аз ягой мактаби низомй даре нагирифтааст,
балки як аскари танкчй буду бас. Албатта, хизмати эшонро дар
пирУзии Инкилоби Савр ба назар гирифтан лозим меояд. Ба
ҳамин тарик, моҳи марти соли 1979-ро пушти cap гузошта, ба
моҳи дуюми баҳори ин сол худро мутобик мегардонем ва аз чи
мохе будани он ибрози назар хоҳем кард.

РУХДОДҲОИ ЧАНД РУЗИ АПРЕЛ

Боронгариҳои моҳи март дар оғози апрел хам идома ёфтанд.
Якуми апрел раиси ШУрои дифоъ ~ Нурмуҳаммад Тараки
аввалин чаласаро ташкил дода, Ҳ.Аминро ба сифати муовини
нахуст муаррифй кард. Ҳамзамон Ватанчор ва Шерзодро бо
чанд тани дигар ҳамчун аъзоёни ШУро ошно сохт.

Пузанов - сафири ШУравй дар мавзУй баланд бурдани нархи
газ қарордоди навро бо вазири саноеъ ва маъдани Афғонистон
чаноби Исмоил Дониш ба имзо расонд. Акнун кимати як куб
газ ба 37,5 доллари Амрико баробар шуд. ИмрУз ҳам митингхо
идома ёфтанд. Намефаҳмидам, ки аз ин намоишҳову
кУчагардиҳои мардуми Кобул чй фонда ба даст меояд. Гап дар
ин аст, ки ҳамарӯза дар вазоратхонаҳо, кариб ки кор сурат
намегирифт. То соати чор дар утокхои корй омодагй шурУъ
мешуд ва баъд маъмурин бо шиорҳо ба хиёбонҳо мебаромаданд.
Албатта, ин ҳамон услуби анъанавии солҳои бисту сии
инкилобхоҳони шУравй буд, ки мушовирин ин чо амали
месохтанд. Дар майдонҳо факат шиорхои «мурда боду зинда
бод»-ро шунидан' мумкин буд. Аз ин маъракаҳо шӯравиҳо
ҳаловат мебурданд. Онҳо гУё фаъолияти хешро дар ташкили
ҳамин навъ митингхо медиданд. ШУравй торафт сафи
ҳарбиёнашро зиёд мекунад. ДирУз ба хотири амнияти бинои
сафорат 80 нафар афсарон ба Кобул омаданд. Инҳо афсарог ’
оддй не, балки касоне буданд, ки омодагии махсуси чачгг

86
доштанд. Дар сурати рух додани ягон ҳодисаи нохуши ба Ҳирот
монанд, ин даста бояд мутахассисини шӯравиро дифоъ менамуд.
Аз ин рӯз иборатан дар болои бомҳои бинои сафорат пулемиётҳо
гузошта шуданд. Атрофи биноро аз дохил бо халтаҳои пур аз
per гӯё девор карданд. Дохили бинои сафорат ба гарнизони
ҳарбй табдил ёфта буд. Ин корҳо хама аз рУйи нақшаи дастгоҳи
низомии шӯравй амалй мешуд. Минтақа бояд дар тасарруфи мо
карор мегирифт. Дуруст аст, ки чанд рӯзи охири март ва огози
апрел дар Кобу л оромие ҳукумфармо гард ид. Чашни яксолагии
Инқилоби Савр наздик меомад. Ба ин хотир, акаллан пойтахти
кишварро ором нигоҳ доштан лозим буд. Радиои Кобул такрибан
аз нохушиҳо сӯҳбат намекард.

Дуюми апрел бо Абдулмачид нияти бозор доштем, ки
Аъзамчонро дидем. Ҳини сУҳбат майли якчо нишастэиу «чррта
чақ-чак кардан» пайдо шуд.Абдулмачид, ки худ шахси
маишатпараст буд, гуфт: «Агар шумо шаробашро ёбед, гУштбирён
аз ман». Мо розй шудем. Дар хона як бутал «Водка»-и бачой
доштам. Аъзамчон ба Ҷамшеди писараш фаҳмонд, ки дар бинои
33, манзили 16 мешавад. Агар аз Чорсадбистара барои чустучУяш
биоянд, суроғаро гУяд. Аъзамчон қисса кард, ки торафт сафи
мачрУҳон меафзояд. Дишаб аз минтакаи Чалолобод 17 нафарро
овардаанд. Маълум буд, ки дар сарҳади Афганистану Покистон
чангҳо огоз шудааст. Тарафи давлат шаҳрвандони худро дар
он сУи марз нобуд карданй мешуд. Табиист, ки гурезагони
афгани, ки мусаллаҳ буданд, мукобилият нишон медоданд. Як
навъ чанги тан ба тан миёни афғонҳо сурат мегирифт. Ин бегоҳ
Абдулмачид гизои гУштини болаззате омода сохт. Як шишаро се
кас нӯши чон кардем. Дар тасаввур чунин буд, гӯё ҳар се дар
Чорбеди Варзоб кабоб хУрда истодаем. Сархуш ки будем, ба
ёди Ватан рафтему ваъдаҳо додем, ки баъди аз ин чо зинда
баргаштан рУзе ба Чорбед меравему ин нишастро ба хотир
меорем.

Дар матбаа будам. Аз муассисаҳои варзишй дархости омода
сохтани чиптаҳои футболу гУштингириро оварданд. Рӯзҳои
чашни Инқилоби Савр бозиҳои варзишй сурат мегирифтааст.
Шпагин ба зудӣ тарҳи чиптаҳоро тартиб дода ба ихтиёри раиси
матбаа супурд. Ҳайрон аз он будам, ки наход худи афғонҳо
чиптаҳои варзиширо таҳия карда наметавонистаанд. Максад ин
буд, ки хурдтарин икдом бояд бо дасти шУравиҳо сурат бигирад.
Шӯравикунонии фаъолиятҳо дар авч буд. ИмрУз саҳифаҳои
рУзномаҳои «Анис» ва «Инқилоби Савр»-ро аксҳои аъзоёни

87
ҳукумати Ҳафизуллоҳ Амин зебу зинат мед од. Ҳама мехост ин
шумораро бо худ дошта бошанд. Банда низ аз ин нусхаҳо ба
даст овардам. То чошт дар дӯконҳову сари деворҳои Кобул,
шумораҳои мазкурро пайдо кардан номумкин шуд.

Сеюму чоруми апрел расонаҳои хабарй бештар сари мавзӯи
муташаннич гардидани вазъият дар сарҳадоти Покистону
Афғонистон сӯҳбат карданд. Ахбори русй ба ин муносибат
маводеро пахш карда, домоди Зоҳиршоҳ - Сардор Валиро
гунахгор медонист. Сардор Валй, ки дар асари табаддулоти
низомии амакаш Довудхон, июли соли 1973 Афғонистонро тарк
гуфта буд, акнун дар Италия бо падарарӯсашу хонавода рӯзгори
ғарибй мекашид. Баъд аз футур рафтани ҳукумати Довудхон
ва ба дасти коммунистон гузаштани ҳокимият хонаводаи шоҳй
ба воситаи дастгоҳҳои кашшофии Амрико барои бархамзании
ҳукумати Таракй иқдомҳо карданй мешавад. Ба ин максад
Сардор Валиро ба Покистон ворид сохта, роҳбарии гурезахои
афғониро, ки мусаллаҳонида шуда буданд, ба ихтиёри ин шахси
низомии дар Фаронса тахсилдида мегузоранд. ГУё Сардор Валй
чанде аз дастаҳои афғониро ба минтақаи Кунар интикол додааст.
Ногуфта намонад, ки Сардор Валй дар замони шоҳй вазифаи
сарқумондонии нерӯҳои низомии марказро ба ӯҳда дошт. Вакте
ки Довуд ҳукумати шоҳиро барҳам зад, Сардор Валиро зиндонй
карда буд. Аммо андактар Уро бо аҳли хонаводаи шоҳй сӯи
Италия гуселонданд. Норозигии умумие, ки дар натичаи таксими
замин Афғонистонро фаро гирифта буд, барои хонаводаи шоҳй
орзуи ба давлатдории тоза расиданро афзоиш медод.Дар ин
мавзУъ аз радиои Кобул дида, матбуоти русй бештар харф мезад.
Ҳатто радиову телевизиони Кобул дар заминай ахбори шУравй
маводи иттилоотии хешро омода менамуд. Ин чо хам мушовирини
марбута «заҳмат» мекашиданд. ГУё расонаҳои хабарии русй дар
бораи ҳаводиси сарҳадии Афғонистон вокеъбинтар буданд.

Ҳ.Амин хеле фаъол буд. Тамоми ташаббуси давлатдориро
дар дасти худ нигох медошт. Мухбири хоричие боз мавзУи
инкилоби Ҳиротро ба тариқи савол матраҳ сохт. Амин ба ин
савол чавоб дода, таъкид намуд, ки: «Дар Ҳирот як нафар
шУравй, ки дар фабрикаи нассочй фаъолият мекард, ба кат л
расид». Албатта, Амин дурӯғ мегуфт. Барои мо маълум буд, ки
чор нафар кушта гардид.

Чанд муддат шуд, ки аз гУшти калпура бенасиб будем. Бо
Абдулмачид дар бадали 100 афғонй калпура харида, макс; ,
гузоштем, ки дар манзили У пухта мекунем. Дар ин кор з?ч

88
хеле моҳир туда буд. Шароби пуландй ҳам пайдо шуд. Сӯҳбати
гарме аз ёру диёр сурат гирифт. Абдулмачид бисёр зик шуда
буд. Ҳар лаҳза янгаро ба хотир меоварду чашмонаш ҳалқаи об
мегирифт. Банда дилбардориаш мекардам. ШУхиомез мегуфтам:
«Абдулмачид фаромУш накун, ки мо «чекистон» хастем. «Чек»
коғазест, ки ба кас ҳаловати маънавй мебахшад. Офарин ба
«чек», ки аз домани моён медорад ва ба чизе умедамонро таъмин
медорад». Абдулмачид гӯш медоду ҳис мекард, ки ман
масхарааш мекунам. Баъд ширин механдид ва ҳарфҳои маро
тасдиқ менамуд. Дар чараёни чунин сӯҳбатҳо ҳардуямон ба
истироҳат дода шуд ем. Хоби ширине фароямон гирифту боз як
рӯзи даҳшатбореро аз рУзгори мучаррадиамон дур андохт.

Панчуми апрел дар дафтари корй андак фориғ шуда ба
сурогаи профессор Воҳид Асрорй, садри факултет Маҳмуд
Давлатов ва бародарам МУсо нома иншо кардам. Ба ин ду устод
мактуб навиштанам маънии онро дошт, ки ба онон фаҳмонам,
ки дар ёдашон кастам. ИмрУз хам бо хоҳиши Горину Герасимов
ва хонумҳошон барои гирифтани пӯстинҳои фармоишшуда,
тангкУчаҳоеро пушти cap намудем. Дар бозгашт Хабибу
Олимчонро вохӯрдам. Онҳо хостанд, ки чанд касетаи Ахмад
Зоҳирро дар магнитофони ман сабт кунанд. Сари чой нишастему
ба сабт шурУъ намудем. Як-ду соат сабт ид ома ёфт. Баъдан
Ҳабиб сифати сабтро фаҳмиданӣ шуда, касетаи навиштаашро ба
магнитофонаш гузошту тугмаи «плей»-ро пахш кард. Якбора
садои сӯҳбатамонро шунидем. Ҳама факоиҳои хандаовару
шармовари моро сабт кардааст. Маълум шуд, ки сими сабтро
нодуруст насб намудаем. Ба холи худ хеле хандидему боз ду
соати дигар хатоҳомонро ислоҳ кард ем. Ҳамин лаҳза буд, ки
Маҳмадуллоҳ Лутф дарвозаро кУфт. Эшон низ аз чумлаи
мучаррадҳо маҳсуб мешуд. Қисса аз омадан ва ё наомадани
завчааш кард. Ба сабаби ин ки ман мучаррадй мекашидам,
Олимчон меҳмонҳоро ба манзилаш даъват намуд. Албатта, банда
харчи тавонистам ононро хандондам, зеро дар хама нишасту
маъракаҳо маро раис интихоб мекарданд. Хабиб, ки то чое
тарбияи руей дошт, ба қиссаҳои ман механдид. Баъзан суханамро
нафаҳмида, дуюмбора шарҳу эзоҳ мехост ва баъд худаш ба
худаш хуб механдид. Олимчон ҳам хандаҳои ҳамдарсашро
тақвият дода, об аз дидаҳо мебароварду дастмолро аз чайб берун
оварда «чашмҳои шишагй»-ашро пок мекард. Ононро бештар
ба рУзгори даврони шохиам ошно месохтам ва баъзе рафторхои
хандаовари афғонҳоро барояшон нақл менамудам. Масалан, чй

89
навъ як лугарй маркаби гурезаашро дубора ба даст меорад ва
барон кассос гирифтан чи муносибатеро ба маркаб раво мебинад.
Аз чунин факоиҳои афғонй Ҳабибро хуш меомад ва аз шунидани
онҳо мисле ки истироҳат мекард. Хандаи Ҳабиб чу нон идомадор
сурат мегирифт, ки дигар худро дошта натавониста ба ягон
чониб меафтид. Бо андак ором шудан хоҳиш мекард, ки
факоигӯиро қатъ намоям. Аммо банда факоии тозатареро кисса
менамудам. Ин дафъа медидам, ки Ҳабиб болои фарш дасту
почак мезаду Олимчон, ки беайнак наздикро дида наметавонист,
ба ин сӯву он сӯ назар дӯхта, намедонист, ки аввал айнакҳояшро
тоза кунад ё оби чашмонашро. Маҳмадуллоҳ Лутф ҳам
механдид, вале хандаи ӯ ноаён мемонд. Эшон, ки педагоги вокеие
буданд, факоиҳои бандаро аз доираи одоб берун меҳисобиданд.
Дуруст мекард, аммо он вақт кай парвои одоби шарқй доштем,
вахте ки аз пагоҳй то бегоҳӣ дар фикри он будем, ки зинда
мемонем, ё ба хотири вазифаи интернатсионалй дар Кобул кушта
мешавем. Ё агар лутф кунанд, дохили сандуке меандохтанду
сӯи Ватан мегуселонданд. Он рУзҳо ҳеҷ кас намедонист, ки
пагох чй даҳшате ба сараш меояд. Аз ин рӯ, чунин нишастҳои
мо боиси нерУи тоза мешуд, то ки субҳи дигар сӯи дафтарҳои
кориамон роҳ пеш бигирем. Ин ҳолатҳо ханда ба инсон умед ба
ояндаро таъмин мекард.

Шашуми апрел Ҳ.Амин муовини аввали вазири дифои
ШУравй - Эпишевро ба хузур пазируфт. Дар ин сӯҳбат вазири
Харбин Афгонистон - ченерол Ватанчор иштирок донгг. Сафари
Эпишев ба Афғонистон ҳузури афсарони шУравиро дар ин
кишвар афзоиш хоҳад дод. Гузашта аз ин, Н.Таракй борхо ба
дастгоҳи Кремл мурочиат намуда, хоҳиш карда буд, ки
сарҳадоти Афгонистону Покистон ва Иронро афсарони русй ба
ихтиёри худ бигиранд, зеро У дигар ба артиши хеш боварй
надорад.

Ҳафтуми апрел вазири сохтмон Гулом Дастагири Панчшерй
бо як даста маъмурини расмиву давлатй ба Ҳирот рафт. Максади
вазир он буд, ки миёни мардуми Ҳирот мавзУи дастгирй аз
давлатй вактро матраҳ созад. Панчшерй, ки худ шоир буд,
метавонист, ки аз санъати нотиқиву ашъори инқилобии хеш кор
гирифта ҳиротиёнро сУи оромиву чомеасозй даъват намояд. Аз
ин чост, ки дар Ҳирот ба зудй митингҳо зидди Ирон сурат
гирифт. Ҳамин рУз буд, ки расонахои хабарй ба катл расондани
раиси чумхури собики Покистон - Алй Бухуторо пахш карданд.
Дар шаҳрҳои Покистон намоишҳои эътирозй сурат мегирифтанд.

90
Дар Кобул омодагй ба чашни яксолагии Инкилоби Савр
дар авч мебошад. Кӯчаву хиёбонҳоро тонкҳо пахш кардаанд.
Болои шаҳр ҳавопаймоҳои низомии МИГ-21 дар парвозанд.
Чунин саҳнаро махсус ташкил дода буданд, то кй филми
ҳуччатие аз нахустрӯзҳои Инқилоб бардошта бошанд. Баъд аз
чанд рӯз бори аввал ахбори давлати Афғонистон сангпартоиро
чониби Покистон дубора оғоз намуд. Гурезагони афғонии мукими
Покистон сарҳади кишварро вайрон карда, ба чанде аз қарияҳои
наздисарҳадй ҳучум оварда, хонаҳои афғонҳоро тороч намудаанд.
Дар натича задухӯрде миёни сарҳадбонон ва гурезаҳои афғони
cap мезанад, ки боиси ба катл расидани даҳҳо одамон аз ҳарду
чониб мегардад. Радиои Кобул ҳама гурезаҳои худиро бо номи
террористҳо ном мегирифт. Ҳоло истилоҳи мухолифини давлат
6а расмият надаромада буд, ки ин истилоҳ пайдо шуд.
Террористҳо бояд чашни яксолагии Инқилобро вайрон
мекардаанд. Чунин хабар боиси он шуд, ки ҳавопаймоҳои чангй
дар наздики кӯҳҳои самти Покистон дар парвоз буданд.
Садоҳои даҳшатбори тайёраҳои МИГ-21 мачбурам сохтанд, то
ки аз балкони хона чанд лаҳза чараёни парвози онҳоро ба
мушоҳида бигирам.

Ин бегоҳ барои дӯстону устодон ва хешу ақрабо мактубу
кортҳои табрикй навиштам. Дар ин миён метавон суроғаҳои
Мирзо Бобоев, Султон Наврӯзов, Темур Муҳиддинов, Қурбон
Бобоев ва бародарам Соҳибназарро ёдовар шуд. Мувофиқи
рӯйхати сохтаам боз ҳашт адад корти табрикй бояд нависам.
Чанд рӯз кабл даҳ-понздаҳ адад табрикномаҳоро сӯи Ватан
фиристодам.

Нӯҳуми апрел Таҳмина ҳаштмоҳа шуд. Аз пагоҳй ба андеша
дода шудам. Дар ботин мегуфтам, ки ин бегоҳ аҳли хонавода
чамъ меояд, болои миз торти дӯстдоштаи Парвизро мегузоранд
ва шояд аз банда ёдовар мешаванд. Андаке камдастй дар оила
нороҳатам месохт.

Дишаб Покистон сарҳадро вайрон кард. Дар минтақаи
Пактиё миёни сарҳадбонону мухолифин чанги чандсоата чараён
гирифт. Ҳафт нафар сарҳадбонони 'Афғонистон кушта шуд.
Радиои Кобул эълон кард, ки ҳама террористҳои сӯи Пактиё
ҳучумоварда несту нобуд гардиданд. Аз ин лиҳоз, эъломияи
ҳукумати Афғонистон дар мукобили Покистон сурат гирифт.
Хиёбону майдонҳои Кобулро боз митингҳо пахш карданд. Акнун
ба Покистон лаънат мехонданд. Ҳамин хабарро радиои Маскав
равшантар шунавонд. Аз ин хабар чунин маънй бардоштан

91


I мумкин буд, ки агар ин навъ вайронкуниҳои сарҳади
Афғонистон аз тарафи Покистон идома ёбад, имкон дорад, ки
В** миёни ин ду давлати ҳамсоя чанг эълон шавад. Шахсони масъули
■ Афғонистон низ вобаста ба мавзӯи мазкур хеле бочуръат мусоҳиба
щ мекарданд, зеро онҳо дар симои ШУравӣ такягоҳи хешро
*. медиданд.

' Садриаъзами собиқи Ирон Ҳувайдоро ба катл расонданд.
Дар қатори ӯ чанд тан аз собиқ вузаро низ чисман нобуд
гардиданд. Ин ҳодисаи конунӣ буд. Ҳар қудрати нав сафҳои
худро аз намояндагони қудрати пешина бояд тоза кунад. Чунин
амал факат ба Ирони исломй тааллук намегирад. Чй чойи савол
аст, ки ҳар шаб даҳҳо равшанфикронро Ҳ.Амин ба зиндонҳо
меандохт. Бисёре аз амалҳои Амин дар шоҳидии мушовирини
рус сурат гиранд ҳам, пеши рохи онро намегирифтанд, балки
худро ба кӯриву карй мезаданд.

Дахуми апрел аз панчараи дафтари кориам дар Вазорати
молия ба мушоҳида гирифтам, ки хиёбони марказй ва Майдони
Паштунистонро аз мошину аробахои боркаш холй мекарданд.
Якбора аз чониби Хонаи Халқ чанд адад тонкҳо пайдо шуданд.
Яке дар рӯ ба рӯи Бонки миллй карор гирифт. Маълум шуд,
ки вокеаи рӯзи ҳафти Савр сарзадаро бори дигар ба хотири
филмбардорй такрор мекарданд. Тонки голибро, ки ба Ватанчор
тааллук дошт, мардум иҳота намуда, хурсандии хешро намоиш
медоданд. Баъд аз ин якбора сару садо ва шиордиҳиҳо баланд
гардид. Дар нақши Ватанчор тонкчие аз тонк сари худро берун
кард. Иҳотагарон карсак заданд. Пагоҳии ин рУз рӯйи хавлй
баромада мошини хидматиро интизорй мекашидам, ки Султон
Рачабов оҳиста-оҳиста аз хонааш чониби банда ҳаракат намуд.
Ба эҳтиромаш чанд кадам пеш гузошта, салому алейк кардем.
Ӯ бо чиддият гуфт: «Ҳамшаҳрҳоят омаданд, рафта хабар
намегирй?». Киҳо будааст, онон - пурсидам. Саид Салимов,
Ҳикматуллоҳ Насриддинов ва дигарон, - гуфт Султон Рачабов.
Маҳз номи ин дуро ёдовар шуданаш ба он сабаб буд, ки онхо
зодагони вилояти КУлоб буданд. Оре, гуфтам, аз радио дар
мавриди омадани гурУХи ҳизбии шУравй хабаре пахш шуд. Аз
ин ду ном, Саид Салимов бароям ошно буд. Соҳибназари
бародарам, ки дар идораи сохтмони раками 15-и КУлоб кор
мекард, боре аз эшон ёдовар шуда буд. Аммо шахсан мавсуфро
намешинохтам. Ҳикматуллоҳ Насриддиновро низ гоибона
мешинохтам. Ба хотири ин ки баъзеҳо аз ватандорҳошон
мегурехтанд, баъд аз вакти расмй ба меҳмонхонаи «Кобул»

92
рафтам. Султон Рачабов раками ҳучраи Саид Салимовро бароям
гуфта буд. Аз ин рӯ, ҳучраи 213-умро пайдо карда, тугмаи
зангашро зер намудам. Марди баландкомати сабзинае, ки
мӯйҳои пеши сараш рӯ ба рехтан доштанд, дар либоси варзишй
дарро ба рӯям боз кард. Салом дода худро муаррифи намудам.

Ҳа, ҳа Соҳибназар гуфта буд, ки бародараш ин чост, хуш ^ ?
омадед, хуш омадед,-гӯён бандаро барои нишастан даъват намуд. ,
Сипае қисса кард, ки ӯро таври таъчилй ба Кумитаи марказй
хостанду чунин амри ҳизбиро ба ӯҳдааш гузоштаанд. Ин гурӯҳи
чанднафарй корҳои ташвиқиву таргибй мебурдааст. Саид
Салимов номҳои аъзоёни гурӯҳро аз як cap гуфт. Маълумам
шуд, ки Қурбон Тӯраевро, ки котиби аввали ҳизбии ноҳияи
Айнй будааст, дар ҳучраи 117, ки сафири Амрикоро он чо ба
қатл расонда буданд, чой додаанд. Муҳаммадчон ҳам, ки бо
банда ҳамроҳй дошт, бо назари шубҳаомез чониби ман нигаристу
хайрият нагуфт, ки он ҳучра ҳоло ҳам 6ӯйи хун мекунад. Банда
ҳам чунин вонамуд сохтам, ки гӯё ҳодисае рух надодааст. Баъд
аз ошной бо ҳайати гурӯҳ, ки дар он як ҳамшаҳрии Муҳаммадчон
бо номи Бекназаров Соҳибназар шомил буд, ба Қ.Тӯраев чизе
нагуфта аз маъмури меҳмонхона хоҳиш намудем, ки ба ӯ ҳучраи
дигареро диҳанд. Дар аввал К-Тӯраев ҳайрон шуд, ки чаро ба ■
вай ҳучраи дигар медиҳанд. Вақте ки ба ҳучраи нав кӯчид, ба'
эшон ҳодисаро нақл намудем. Бо шунидани қисса ӯ андаке
нороҳатй эҳсос карду сипас гуфт: «Ҳамин хел будааст, ки шабҳо
хобҳои даҳшатнок мебинам». Албатта, Қ.Тӯраев мутаваччеҳ
нашудааст, вагарна дар деворҳои дохили ташноб нақши хунҳои
парешхӯрдаро ба мушоҳида мегирифт. Баъдан ки мо ба он ҳучра .
ворид шудем, вокеан 6ӯйи хун эҳсос мегардид.

Ёздаҳуми апрел, ки ба бисту дуюми Ҳамал баробар буд, аз
рӯзи матбуоти Афғонистон дарак медод.Яъне 13 сол муқаддам
дар ҳамин рӯз рӯзномаи «Халк» рӯйи чоп омадааст. Барои
ҳукумати Таракй ин рӯзи муборак буд. Аз ин чост, ки дар
порки Зарнигор чамъомади чандҳазора сурат гирифт. Аъзоёни
ҳизби «Халқ» шиорҳо медоданд. Азбаски имрӯз дар матбаа
будам, сари роҳ чанд лаҳза чараёни ин митингро тамошо кардам.
Сипас ба Салимови ватандор занг задам ва ваъда додам, ки
бегоҳӣ ҳатман аз ҳолаш хабар мегирам. Ӯ бо шунидани садои
банда мисле ки Кӯлобро мешунид, хеле хушҳол гардид. Соати
чори ваъдагй ба меҳмонхона ҳозир гардидам. Як радиоча
доштам, ки барояш бо як чойнаки чойнӯшӣ тақдим намудам.

Дар чеҳрааш осори нороҳатй дида мешуд. Ғамгин буд. Сабабашро

93
фаҳмидам. Баъд аз фавти завчааш фарзандони ноболиғ дар
тарбияи вай мондаанд. Чанд моҳ қабл бо чавонбонуе, ки касби
духтурй доштааст, издивоч кардааст. Нороҳатиаш аз фарзандон
буд, ки дар ихтиёри модарандар карор мегирифтанд. Дар
мавриди хонуми наваш боэҳтиром сӯҳбат менамуд. Худро ба он
тасалло медод, ки барон фарзандони аз модар маҳруммондааш
модари хуберо пайдо кардааст. Ҳарчанд ки модарандар буд,
вале Саидчон боварй дошт, ки вай бачаҳояшро хуб парвариш
мекунад. Қиссаи сарнавишти Саид Салимов то чое хотирмон ба
назар хӯрд. Андак дилбардориаш намудам ва бовараш
кунондам, ки хидмати муваққатиаш ба хубй меанчомад ва боз
бо фарзандону хонаводааш дидор тоза хоҳад кард.
Сӯҳбатамонро ду нафар аз ҳамкорони руси ҳизбиаш халалдор
сохт. Соат ҳам сӯи ҳафт ҳаракат дошт. Бо Саидчон хайрухуш
намуда, ба Бонки миллй омада, аз ронандаи мошинаи хидматй
хоҳиш кардам, то ки бандаро ба микрорайон бирасонад.

Дувоздаҳуми апрел Рузи кайҳоннавардон буд. Имрӯз хам
ба меҳмонхонаи « Кобул» рафтам. Ман мехостам, ки Саид
Салимовро зик шудан намонам. Барой У муҳити Кобул ва
паррон-парронҳои шабонарӯзй нороҳатй меовард. Ҳол он ки
барои банда чунин нооромиҳо ба хукми анъана даромада буд.
Тибқи ваъда соати ду ба меҳмонхона ҳозир гард идам. Аммо
ватандорамро дар хучрааш пайдо накардам. Ҳамкоронаш
гуфтанд, ки баъд аз ним соат меояд. Рӯйи ҳавлй баромадам, ки
тарчумонҳои точик — Камол Атоев ва Аҳмадчон Муҳаммадхочаев
меҳмонҳоро интизорй мекашиданд. Ҳамин лаҳза буд, ки
Ҳикматуллоҳ Насриддинов, Ҳочиев ва Бекназаров паидо
шуданд. Бо эшон ошно шудам. Ҳ.Насриддинов ба назарам
зоҳиран андаке ҳавобаланд намуд. Фикр мекардам, ки гУё У
аз ночорй бо мо сухан мегуфт. Ман мавсуфро бори аввал
медидам. Гуфтанд, ки мудири яке аз шӯъбаҳои Ҳизби
коммунисти Точикистон аст. Албатта, дар ботин эшонро сарзаниш
накардам, зеро бо як дидан касро шинохтан мумкин нест.
Баръакс Ҳочиев марди хушгуфтор менамуд. Аз дидори
ватандорхояш хушаш омад. Дар хамин асно боди сахте вазиду
моёнро саросемавор сӯйи ҳучраи Хочаев гуселонд. Дақикаҳое
чанд домино бозй кардем. Азбаски аз меҳмони банда дарак
нашуд, бо Абдулмачид берун баромадем, ки Саидчон Салимов
хам бо чехраи кушоду хандаи нозуке аз пешорУямон омад. Банда
дуюмбора ба меҳмонхона баргаштам. Сипае бо Саид Салимову
Ҳочиев ба тамошои Шаҳри Нав рафтем. Онҳоро ба дӯконҳову

94
нарху наво ошно сохтам. Баъдан бо таксӣ роҳи манзилро пеш
гирифтам. Ба ҳар ҳол панч-шаш рӯз аст, ки дар Кобул оромй
ҳукумфармо мебошад. Бо вучуди ин, намоишҳои зидди Покистон
идома меёфт. Аз дастгоҳи Амин амр расида буд, ки дар
митингҳо дигар аз калимаи «ура» истифода накунанд. Зеро
душманони давлати Таракй — ин таъбирро ба маънии «ба он
роҳ, ба ҳамон роҳ» шарҳу эзоҳ медоданд. Аз ин ру, дар
майдонҳо ба ивази «ура» калимаи «ҳа» ба гӯш мерасид. Ҳар
шиори садомедодаро намоишчиён бо калимаи «ҳа» тасдик
мекарданд.

Сездаҳуми апрел, ки рУзи чумъа буд, ҳини саккабозй Филатов
ном мушовир хабар дод, ки чанд тан аз кормандони Вазорати
дохилии Точикистон омадаанд ва гУё аз банда пурсиданд.
Фаҳмидам, ки ин даста дар бинои раками 42 карор гирифтааст.
Бозиро дигар идома надода, сУйи онҳо роҳ пеш гирифтам.
Дар ҳақиқат, он чо ҳамдарси университетиям Додарчон Садиров,
ки баъдҳр Рофиев шуд ва Саидов Шералиро дидам. Дар ин
даста чанд тан аз маъмурини рутбадори точикро низ ба мушоҳида
гирифтам. Эшон ба сифати тарчумон омада буданд. Онҳо, ки
тоза ба шаҳри Кобул ташриф доштанд, хеле хурсанд маълум
мешуданд. Аз сУҳбаташон пай бурдан мумкин буд, ки барои
саёҳати чандсола вориди Афғонистон гардидаанд. Ду-се рУз баъд
ин дастаро ба вилоятҳо мефиристанд. Ҳарфҳошон оптимистона
буда, ҳеч Гуна даҳшатеро дар ичрои вазифаашон интизорй
намекашиданд. Яке аз ин маъмурон, ки аз Қазокистон буд,
чунон сухан мекард, ки гУё дар ду-се моҳ Афғонистонро ба
тартиб медарорад. Банда ба сӯҳбати онон гУш медодаму дар
ботин мегуфтам: «Хато мекунед, бародарони азиз. Шумо ҳоло
аз вазъияти атроф бохабар нестед. Худо кунад, ки солим на зли
авлодҳотон баргардед». Маълумам шуд, ки бисёре аз эшон
умуман дар бораи Афгонистон тасаввурот надоранд. Дар
алоҳидагй бо Додарчон сӯҳбат ороста, огоҳаш сохтам, ки ҳушёр
бошад, ки ин чо чанги тан ба тан дар пеш аст. МавзУи
Афғонистонро сода фаҳмидан галат мебошад. Ба хар вилояте,
ки меравад, бояд аз эҳтиёт кор бигирад, вагарна номаълум
кушта мешавад. Додарчон, ки чавони андак бепарвофалак буд,
бо шунидани суханҳои банда, мисле ки аз болои зини аспи тозй
рУйи замин поён фарояд, гуфт: «Худойназар, ҳарфҳои ту
чиддианд ё бо ман шУхй мекунй, то ки битарсониам». Банда
бори дигар таъкид сохтам, ки: «он чи бо ту гуфтам, ба дигарон
намегУям. Ту ки ҳамдарсам ҳастй, намехоҳам, ки дар ин синну

95
СОЛ курбон шавӣ» Чеҳраи Додарчон ранги чиддй гирифт.
Медидам, ки Саидов Шералй низ «баланд» ran мезад. Ба дигарон
Афғонистони инкилобиро ошно месохт. Азбаски У аз мо пештар
(соли 1962) факултети филологияи Университета давлатиро хатм
карда буд, нахостам, пеши даҳонашро бигирам. Факат гуфтам:
«Ҳоло ба фаъолият оғоз кунед, баъд чй гаи буданро мефаҳмед».
Вале У гУё сухани бандаро шунидан нахост, ки боз «ҳарфҳои
қаҳрамониаш»-ро ба ҳамкасбони шӯравиаш бор кардани шуд.

Чордаҳуми апрел мачмУаи достонҳои кӯтоҳи Мисоқро ба
поён расондам. Дар бораи ин китоб маколае омода карданам
лозим меомад. Достонҳо аз нигоҳи мавзУву вокеа чолиби
диккатанд, аммо дар онҳо ҳунари эчодй камтар ба мушоҳида
мерасад. Кодир ном тарчумони гурӯҳи низомиён, ки ба афгони
зарурат дошт, мурочиат намуд, додам. Завчаашро сУи Ватан
мегуселонд. Банда эшонро чандон намешинохтам, вале бо У
Исмоилу Аҳмадчон омаданд. То маоши дигар барои худ хазор
афғонй нигоҳ доштаму 2500 афғониро ба ихтиёри Қодир
гузоштам. Исмоил, ки дар Вазорати алока ифои вазифа мекард,
аз навигариҳо бештар огох буд. У нақл кард, ки имрУз сафир
ҳама роҳбаронро чамъ намуда, мавзУи ба Кобул ворид шудани
бонувонро матраҳ месохтааст. Аҳмадчон Сияров гУё дарди худро
мегуфт. Назар ба шуниди У занҳое, ки кУдаки ширмак доранд,
омада наметавонистаанд. Ин гапро вай барои он таъкид медошт,
ки завчааш ба ин гурӯҳи занон шомил мешуд. Ҳарчанд хонуми
банда низ аз хамин чумла буд, чизе ошкор насохтам. ХомУш
мондам, балки дар ботин андешидам, ки наоянд беҳтар хоҳад
буд. Дар хамин таърих Н.Таракй ҳизбиёни шаҳри Кобулро
ба хузур пазируфт. Аз пагоҳй назди касри шохи, ки акнун
«Хонаи Халк» унвон дорад, пур аз хизбиён буд. Маълум, ки
боз соатҳо сари мардумро бо суханҳои пучу дабдабанок гарант
мекунад. Такрибан вай коре надошт. Фақат мачлис меорост.

Понздахуми апрел аз нигоҳи тарчумонй сертараддуд будам.
Навиштаҳои фачи Блудовро тарчума кардам. Ин мушовир
пешниходе омода сохта, аз фурУши носвору маркаб ва уштуру
аробахои бозорхои кишвар пардохти андозро ба расмият
дароварданй мешуд. Вахте ки ин пешниҳодро бо муовини вазири
молия - чаноби Холикёр баррасй кардем, вай хеле хандид ва
гуфт: «Доктар соҳиб, окон Блудов магар дар чанги Олмон
ширкат дошт, ки чунин хуччати хандаоварро барои хукумат
пешкаш карданист. Ин чо Афгонистон аст, на Русия. Ба носвору
маркабу ароба Уро чй корест»? Муовин дигар сӯҳбатро бо Блудов

96
идома додан нахосту аз ной баланд шуда, бо банда худоҳофизӣ
намуда 6а хучраи. намозгузориаш даромад. Бо ин рафтораш
Холиқёр моро «метавонед равед», мегуфт.. МавзУъро ба Зотов
арз кардам, то ки бо Блудов сӯҳбат намояд. Ҳамин лаҳза Зотов
гӯё аз банда ҳадя гирифтанй шуда, гуфт: «Худойназар, табрик,
завчаат ба наздикй меояд». Ташаккур туфта, ба дафтари корам
даромадам, ки Блудов бо дастпаррониҳо ҳамкоронашро бо
дуруст будани пешниҳодаш конеъ гардонданй буд. Онҳо, ки
сатҳи Блудовро хуб медонистанд, сигор дуд медоданду аммо
бо вай ба мубоҳиса дода намешу данд. Ман ҳам бо андак хандаи
мазоҳмонанд сари мизам карор гирифтам. Яке аз мушовирон
хост, ки чараёни сУҳбати Холиқёрро бо Блудов аз банда фаҳмад,
вале гапро ба дигар сӯ тоб дода, кӯтоҳакак гуфтам: «Потом
расскажу». Онҳо вазъияти маро фаҳмиданд ва дигар саволе ба
миён нагузоштанд. Ин ҳолат Олимчон механдиду айнакҳояшро
бо суфи сафед пок мекард. Зеро У медонист, ки чараёни сУҳбат
дар тасвири банда ба киссаи ҷолибе табдил ёфта, дақикаҳо
боиси ханда мегардад. Чунин хам шуд. Баъд аз вакти расмй бо
Олимчон бозор рафтем. Қисса оғоз шуд. Олимчон механдиду
механдид. Роҳгузарон ба ҳоли мо ҳайрон мешуданд, ки: «ба ин
ду оқо чй шудааст, ки бозори Кобулро пур аз ханда кардаанд».
Ин ҳолат Саидов Сайфуллоҳро дидем, ки У низ баъд аз
шунидани вокеа хуб хандид. «Бале, -гуфт У, -«инҳо ҳамин
тӯранд, дига». Якчоя ба намояндагии фарҳангии ШУравй
рафтем. Банда чанд чилд китобҳои гирифтаамро пас гардондам.
Ҳамон чо Анвар Сулаймоновро дидам. Ӯ низ хеле хандид. Сипае
хона омада бо Ҳабибу Умриқул, Муродуллоҳ ва Олимчон
хандаро идома додем. Ҳоло ҳам, ки ин сатрҳоро менависам, он
рУзро пеши назар меораму механдам. Оре, ман ба холи худ
механдидам, ба холи ШУравй механдидам, ки чунин касони
пастфитрату бефархангро ба сифати мушовир мефиристаду
худро боиси сарпастй мегардонад. Дар асл ин навъ пешниҳодҳои
аблаҳона аз бекорй cap мезаданд. Мушовир намедонист чй кор
кунад. Агар чизе нанависад, мавзУи маошаш чй мешуд? Охир,
У барои он омадааст, ки дастуреро пиёда созад, то ки Афгонистон
зудтар ба хати ҳаракати чумҳурии сотсиалистй ворид шавад.
Ҳайфи садҳо тонн коғаз, ки ба хотири пешниҳодҳои нолозим
сарф мегардид.

Шонздаҳуми апрел назди клуби микрорайон на камтар аз
400 нафар низомиёни шУравй чамъ омада буданд. Онҳо гурӯҳ-
гурӯҳ чамъ омада сари мавзУъҳои ба худашон маълум сӯҳбат

97
мекарданд. Шаҳрвандони микрорайон, ки дар гашту гузор
буданд, сӯйи онон бо назари манфй менигаристанду ба замин
туф меандохтанд. Чунин манзараро кормандони сафоратҳонаҳои
хоричй ва мухбирони онҳо низ ба мушоҳида мегирифтанд. Аз
ин пост, ки мавчи «Би-би-си» дар барномаи бегоҳии хеш
микдори низомиёни дар Афғонистон будаи ШУравиро ҳашт
ҳазор тахмин кард. Ҳоло ки андак вазъият дар Кобул ру ба
беҳбуди овардааст, шӯравиҳо даста-даста дар бозору майдонҳои
•шаҳр пайдо мешаванд. Вақте ки кас аз бозорҳо дидан мекунад,
мебинад, ки фақат шаҳрвандони шУравй бозорй мекунанд. Чунин
ба назар мерасид, ки онҳо кори расмй надоштанд.

Хуб шуд, ки баъд аз танаффуси тулонй клуби микрорайон
ба фаъолият оғоз намуд. Акнун филмҳо на соати ҳафти бегоҳй,
балки соати панч шурУъ мешуданд. Амри консулгарй буд, ки то
соати ҳафт хама дар хонаҳои худ чо ба чо гарданд. Барой
мактаббачаҳо гузоштани филмҳо манъ шуда буд. Сабаби як
мох аз фаъолият мондани клубро баъзеҳо ба омодагирии чашни
яксолагии Инқилоби Савр нисбат медоданд. Чанд тан аз
рассомони шӯравй акси калонҳачми Н.Таракиро дар толори
клуб месохтаанд. Вокеан, омодагй ба ин чашн хеле чиддй сурат
мгуирифт. Дар ин рУз бояд исбот мекарданд, ки хукумати
Таракй кудратманд аст ва ягон нерУе онро аз байн бурда
наметавонад. Яъне дар сатҳи баланд гузаштани чашни мазкур,
пеш аз ҳама, аҳамияти сиёсй дошт. Ҳама чорабиниҳои он таҳти
назорати шӯравиҳо буд. Табиист, ки Шуравй дар тачлили ин
навъ чашнҳои таърихй аз тачрибаи кофй бархурдор буд. Бесабаб
нест, ки аз шаҳрҳои Маскаву Ленинград ва Тошканд дастаҳои
махсусе вобаста ба такмили чорабиниҳои чашнй чанд мох дар
Кобул захмат мекашиданд.

То чашн даҳ рУзи дигар монда буд. ИмрУз дар майдони
«Чаман» машқи ниҳоии чашн сурат гирифт. Ба ибораи дигар,
«Расмй гузашт» бояд аз назари комиссияи тадорукоти чашнй
гузаронда мешуд. Дар ҳамин замина артиши афғонӣ бо хама
навъҳояш аз майдон гузаштанд. Аз болои майдон ҳавопаймоҳои
чанги бо суръати баланде дар парвоз буданд. Дуди гализи
тонкҳои Ватанчор ҳавои Кобулро торик сохт. Баъдан
шаҳрвандон, донишчУён, коргарон ва маъмурини вазоратхонаҳо
аз майдон бо шукӯҳу шаҳомат мегузаштанд. То ин рУз тамоми
шаҳр дар боду ҳавои омодагй ба чашн рУзгор дошт. Дар ҳеч
гУшаи дунё ин кадар ранги сурхро сарф накарда буданд, ба с
миқдоре, ки дар Афғонистони инқилобй сарф намуданд. Ҳато

98
балконҳои биноҳои микрорайонро бо ранги сурх зебу зиннат
доданд. Аз фобрикаҳои нассоҷии Шӯравй дар чанд ҳавопаймои
боркаш, тӯп-тӯп авлони сурх ворид сохтанд. Ранги сурх - рамзи
Инқилоб буд. Инкилобе, ки хуни инсонҳоро мерезонад дар
Афғонистони инқилобӣ бори дигар мавқеъ пайдо мекард. Ҳама
чоро сурхй пахш намуд. Саҳифаҳои рУзномаву мачаллаҳо ва
муковаи китобҳои дарсиву таълимиро ранги сурх оро медод.
Халқиҳо дар чустучУи пироҳани сурх шуданд. Галстукҳои сурх
гарданҳоро буғӣ менамуд. Шиносномаҳо низ ба-ранги сурх чоп
мешуданд. Худкорҳои сурхнависро дар дӯконҳои қартосия
(канселярӣ) ба даст даровардай душвор гардид. Хулоса, ҳама
пушти чинси ранги сурхдор мегаштанд. Раису вазирҳоро хуш
меомад, агар бо худкори ранги сухрдор амрҳошонро 6а расмият
медароварданд. Бонувону духтарони сурхинапӯш кӯчаҳои
Кобулро сифати дигар медоданд. Наврасону чавонони
Афғонистон ба пионерону комсомолони шӯравй табдил ёфтанд.
Инҳо низ сурху сафед мепӯшиданд ва мисли моён салом
медоданд. Корҳои сотсиалистисозии Афғонистон идома дошт,
ки саҳифаҳои сафеди дафтари аввали хотироти банда сиёҳ
шуданд. Ҳоло бубинем, ки дафтари дувуми ин китоб чй вокеотеро
аз рӯзгори инқилобии Афғонистон ба Шумо - ихлосмандони
камина, пешкаш менамояд.

99
ДАФТАРИ ДУЮМ

(17 апрел - 30 сентябри 1979)
ИДОМАИ РУЙДОДҲОИ АПРЕЛИ 1979

Ҳабдахуми апрел филмеро дойр ба фаъолияти чекистҳо
тамошо кардам. Аъзамчон ҳам буд. Нони шомро дар манзили
эшон якҷо дидем. Қарордади ӯ ба поён мерасид. Ҷарроҳи хубе
бошад ҳам, карордодашро тамдид накарданд. Маскав барон
соли чорум розй нашудааст. Гузашта аз ин имсол фарзандонашон
бонд донишчӯ мешуданд. Ҳамин мӯшкилот буд, ки завчаи
Аъзамчон - Софабону, андаке ташвиш донгг. Ба назарам чунин
расид, ки Аъзамчон мехост, ки як соли дигар фаъолияти
чарроҳиашро идома диҳад. Воқеан, чараёни воқеоти Афғонистон
такозо мекард, ки ин навъ мутахассисонро нигоҳ доранд. Аммо
мавзУи тамдид кардан роххои ба худ хос дошт. Дили баъзе
садрнишинони идораҳои марбутаи Маскавро нарм кардан лозим
мешуд. Вале аз Кобул то Маскав дили касони даркориро нарм
намудан заҳмат металабид. Баъзан зарурати гардан шикастан
пеш меомад. Дар ҳар рухсатй аз роҳи Маскав пиёда шуда,
одамони лозимиро дида, гулУҳояшонро равған молида, барои
соли дигар замина тайёр кардан лозим мешуд. Чунин амалро
на ҳар мутахассис анҷом дода метавонист. Ҳамоно омодагй ба
чашни яксолагй идома мегирифт. Хиёбону кӯчаҳо ва деворҳову
болои бомҳои биноҳоро бо байрақҳои сурх оро медоданд. Шаҳр
торафт намуди идона мегирифт.

Ҳаждаҳуми апрел, баъд аз зӯҳр, боди сахте бархеста чандин
дарахтҳои бузургро дар хиёбони марказй чаппа кард. Симҳои
барк низ дар баъзе мавзеъҳо рӯйи замин хоб рафтанд. Соати 16
дар толори мармарии сафорат маҷлиси ҳизбй сурат гирифт.
Мактуби Кумитаи марказиро дар мавриди Хитой қироат
карданд. Ҷаласа таҳти раёсати сафир гузашт. Таъкид шуд, ки
аз мазмуни мактуб чое харф накушоем. Баъд аз кат ли Дабз
дастаҳои кашшофии Амрико накшаи гаравгон гирифтани сафири
Шӯравиро тартиб дода буданд. Бархе аз хамкорони точики банда
шояд ба хотир доранд', ки чаро дар чараёни яке аз мачлисҳои
расмй, ки дар толори мармарй мегузашт, аз яке савол намудам,
ки чаро чеҳраи Пузанов аз кошҳояш боло сафед асту аз он
поёнаш офтобзада? Он вахт ба саволам худам чавоб дода гуфта
будам: Сафир ҳар ҳафта ба самти Чалолобод барои моҳигирй
меравад. У, ки бо шаст моҳй доштанро хуш дораду соатҳо барои
доштани моҳие рӯй ба офтоббаро менишинад ва ба cap кулоҳи

101
долондор (кепка) мепӯшад, қисми болоии рӯй сафеду қисми
поёнаш офтобсУхта ба назар мерасад...». Вобаста ба мавзӯи
моҳигирии сафир миёни шӯравиҳо латифае паҳн гардида буд,
ки чунин накл мешуд. Яке аз рӯзҳои чумъа Пузанов В.М. ба
моҳигирй мераваду поёнтар аз истгоҳи барки Наглу, ки чӯйи
серобу ороме буд, чоеро интихоб карда, болои сангҳо менишинаду
шасташро ба чӯй мепартояд. Ба хотири ин ки шуоъҳои офтоби
пагоҳй рӯяшро насӯзонад, кулоҳ- кепкаро пеш мекашад. Замоне
як руси моҳигири дигар дар рӯ ба рУи сафир карор гирифта,
чангакашро болои чУй меандозад ва мебинад, ки дар он тарафи
соҳил мужике кепка дар cap бо таваччУҳи хоса сУи шасташ
назора дорад. Руси моҳигир чун анъана аз шарикаш мепурсад:
«Чй хел? Нул мезанад ё не?» Ин савол Пузановро асабй мекунаду
ба моҳигири дар рУ ба рӯяш қарордошта назар андУхта, мегУяд:
«Дафъ шав, аҳмақ (пошел вон, дурак)». Он марди моҳигир
акнун мехостааст, ба ракибаш чавоби обдоре фиристад, вале
сафирро мешиносаду худро аз даст надода, «бубахшед, бубахшед
рафик Пузанов. Нашинохтам»,-мегУяд. Дакиқае намегузораду
он бечора анчомҳои моҳигириашро чамъ карда, харчи зудтар
чониби мошинаш мешитобад. Пузанов ҳамоно моҳигириашро
идома медиҳад. Яъне лаҳзаҳои моҳигирй барои эшон истироҳати
ҳаловатбахшеро таъмин менамуд...

Нуздаҳуми апрел бо Саид Салимов соате нишаста, ёде аз
КУлоби солҳои навчавонй кардам. Шояд яке аз шаҳрҳое, ки
дӯсташ медорам, КУлоб бошад. Солҳои таҳсилро дар омӯзишгоҳи
педагоги ба хотир овардам. Бо шунидани чунин ёдовариҳои
банда, якбора Саид Салимов гуфт, ки магар хабар надорй, ки
директоратон Нусратуллоҳ Неъматов даргузашт? Оре, ин хабар
то чое андешаҳоямро сӯи дарсҳои шодравон равона сохт. Мархум
аз «Таърихи СССР» даре мегуфт. Сари мазмуни дарсҳои эшон
чизе гуфтанӣ нестам, аммо вай хамчун инсони заминй дорой
хислатҳои хосе буд. Чояш чаннат бошад.

Бо хатми кори расмй ба манзили Сангмуҳаммади Зухурй
cap задам. 26-уми апрел карордодаш ба поён мерасид. Шахсоне,
ки ба таври тамом рахти сафар сУи Ватан мебастанд, одатан
анчомҳои зиёдатиашон «талла» мешуданд. Ман хам пешдастй
карда, деги палавпазиашро банд кардам. Ҳамин чо Рустами
Абдулкаюмро дидам, ки ба Мазори Шариф мефиристондандаш.
Падари ин чавон маорифчии ачибе аст. Инсонест, дорой
маърифату фарҳанги баланд. Кас мехоҳад соатҳо дар сӯҳбат"
эшон бошад.

102
Бистуми апрел мо - шӯравиҳо, якшанбегии ленинй доштем.
Ҳар кас назди биноҳои истикоматии хешро чорУб мезад.
Микрорайонро ҷорӯбзанҳои шӯравй якбора пахш намуданд. Ин
маърака баъдан сари мизи нон идома мегирифт. Барой шУравиҳо
ин рӯз чашне буд. Онҳо худро хушҳол медиданд.

Абдулҳаким Шукуров хоҳиш намуд, то ки аз холи як даста
точиконе, ки бо намоишгоҳи Шуравй ба Кобул омада буданд,
хабар бигирем. Ба ин хотир роҳи клуби радиою телевизионро
пеш гирифтем. Ҳама тарчумонҳо хатмкардагони факултети
филологияи Университет буданд: Назира Қаҳҳорова, Одина
Мирак, Гулназар Келдй, Ҷӯрабой Раҳматуллоев, Азимқул
Насимов, Собир Мирзоев... Сӯҳбати банда бештар бо Назира
Қаҳҳорова, ки дар як факултет кор мекардем, сурат гирифт.
Назирахон аз кафедраи мо, ки сарвараш Сохиб Табаров буд,
каме шикоят намуд. Азимкул Насимов, ки хамчун корманди
Вазорати хоричаи Точикистон маҳсуб мешуд, тасдиқ намуд, ки
аз моҳи май cap карда омадани бонувони шуравй ба Кобул оғоз
меёбад.

Бисту якуми апрел, ки рУзи таваллуди Ленин буд, истироҳат
доштем. Аз фурсат истифода бурда, бо Олимчон ба меҳмонхонаи
«Спинзар» рафтем, то ки ватандорхои точикамонро бори дигар
бубинем. То соати хашту ними шаб меҳмонҳоро аз вазъияти
феълии кишвар ошно сохтем. Шабона, ки аз хиёбони марказии
Кобул чониби микрорайон меомадем, шаҳрро чароғон дидем.
Лампочкаҳои ранги сурхдор дару девори шахрро оро медоданд.
Ҳатто дар мили тонкҳову пушкаҳо лампочкаҳои сурх овехта
буданд.

Ба сабаби ин ки ҳукумати Таракӣ ба ғояҳои ленинй эътикоди
ногусастанй дОшт, имрӯз Ҳ.Амин нахустин кортҳои ҳизбиро,
байни аъзоёни Бюрои сиёсй таксим намуд. Корти раками аввалро
ба Н.Таракй бахшид. Корти раками дуро Таракй ба Ҳ.Амин
такдим намуд; Ҳамчунин кортҳои ҳизбй ба даҳ-бист нафар
ҳизбиёни вокей таксим шуд. Корти раками се ба назарам насиби
Абдулкарим Мисок гардид.

Дар рУзи ленинй ҳам аз сарҳади Покистон хабарҳои нохуше
ба гУш мерасид. ГУё кумондони гунд (полк)-и Пактиё аз дасти
мухолифин ба қатл расидааст. Аз чумлаи низомиёни шуравй
низ чанд нафар чароҳат гирифтаанд. Ҳамчунин ғунде аз тарафи
афғонй ба мухосира афтодааст. РУзи 22-юм ҳам чангҳо дар
Пактиё идома ёфтанд. Дар ин задухӯрдҳо чониби Шуравй
бевосита иштирок дошт.

103
Дар заминай омодагй 6а чашни Инкилоби Савр, 23-юми апрел
дарвозаву деворҳои васеъбари матбааи сукукро ранги сурх
карданд. Ҷангҳои Пақтиё ба минтакаи Чалолобод интикол ёфт.
Як ғунди дигари афгонй дар Чалолобод даст ба хиёнат зад.
Торафт нобоварй ба урдуи Афгонистон андешаҳоро банд месохт.
Бисту чоруми апрел киссаи «Модархонд»-и Абдулмалик
Баҳориро, ки дар шумораи ёздаҳуми «Садои Шарк» чоп шуда
буд, ба поён расондам. МавзУи хубе дошт: инсонгарой, ахлоки
ҳамида, дӯстй миёни одамони гуногунмазҳаб. Симоҳои Тӯҳфаву
Маъруф, Наташахолаву ШУра-Шаркия хотирмон ба назар
хУрданд.

Сангмуҳаммад пагоҳ сафари Ватан мекард. Бо эшон хаиру
хуш намуда, дегашро моли хеш гардондам. Ду-се дона мактуб
ва суроғаи хонаро барояш додам. Ин соат табъамро хокбоди
афгонй хира сохт. Сару либоси сиёҳи зебоям, ранги дигар
гирифт. Боз хушкашУй лозим мешавад, ки арзон хам нест. Бисту
панчуми апрел, соати 15 намоишгоҳи Иттиҳоди ШУравй дар
назди Кобул Нандорй, ки дар гУшае аз Майдони Чаман вокеъ
гардидааст, ифтитоҳ шуд. Онро вазири тичорати Афгонистон -
чаноби Ғурбандй ва сафири шУравй - Пузанов В.М. кушоданд.
Ин намоишгоҳ ҳам ба 60-солагии дӯстии миёни ШУравиву
Афгонистон ва хам ба чашни яксолагии Инкилоби Савр бахшида
шуда буд. То чашн ду рУзи дигар дар ихтиёр доштем. Аз
шаҳрвандони шУравй такозо шуд, ки ба шаҳр набароянд ва хам
таъкид гардид, ки мо ба тамошои расми гузашт наравем. Амр
расид, ки навбатдориро дар клубҳои фарҳангии гурӯҳҳо ва
биноҳои истикоматй пуркувват намоем.

Дишаб «Садои Амрико» хабар дод, ки чанд тан аз
мушовирони низомии шУравй дар Чалолобод ба гаравгон гирифта
шудаанд. Вале ҳеч кадом аз ин хабарҳо пеши роҳи чашнгириро
гирифта наметавонист. Гумон меравад, ки посбонии сарҳадоти
Афғонистон ба ӯҳдаи низомиёни шУравй вогузор мешавад.

Дар ин рӯзҳо расонаҳои хабарӣ аз тарзҳои нави чаштароии
мухолифин сӯҳбат меоростанд. Онхо мавзУъро ба солҳои бисту
сии чумҳуриҳои Осиёи Миёна иртибот дода, чангҳои
босмачигариро ёдовар мешуданд. Ба акидаи онон дар саросари
Афгонистон чунин чанг огоз ёфтааст. Шахрвандони русзабони
шУравй, ки дойр ба ин чангҳо маълумоти кофй дар ихтиёр
доштанд, ба даҳшат афтода буданд. Мушовире доштем аз кавми
арманй бо номи Папян Сергей Акопович, ки чангҳои босмачигар'
дар Ӯзбакистону Точикистонро пеши назар оварда, дао

104
Афғонистон буданро дигар намехост. Баъзан банда ба «оташ
равған рехта» усулҳои катлрасонии босмачиҳоро барояшон қисса
мекардам. И лова 6а ин миёнй мушовирин мавзӯи амалҳои
террористй мавқеъ мегирифт. Папян ҳар пагоҳй пеш аз ин ки ба
мизаш наздик шавад, ҳама чоҳои дафтари кориро тафтиш
менамуд, баъд ба сандалиаш менишаст.

Чун чашни яксолагй наздик меомад, хостам, ки фақат
А.Мисоқро табрик гӯям, зеро ӯ аз касоне буд, ки чунин
инқилобро солҳо орзу менамуд. Мазмуни корти табрикотии
банда чунин буд: «Самимитарин табрикоти худро ба муносибати
нахустин солрӯзи чашни Инкилоби зафарофарини Савр ва
ҳамчунон ба нисбати рӯзи байналмилалии кор ва коргар ҳузури
дӯсти мӯҳтарам ва балндпояам Абдукарим Мисоқ тақдим
медорам. Умедворам дар умури маҳвала пайваста муваффаку
пирӯз бошед. Бо эҳтиром доктар Худойназар, Кобул, 6.2.1358
(26.04.1979)».

Бисту шашуми апрел кори расмиро ба поён расонда, ба
тамошои дӯконҳои китобфурӯшй дода шудам. Сари девори
Спинзарро ҳам дидам. Кигоби мавриди зарурате ба даст наовардам.
Ба порки Зарнигор cap задам. Он чо аз тамоми гӯшаву канори
кишвар одамон чамъ омада буданд. Миёни онон соате сайру гашт
намуда, ихтиёрро ба гӯшҳои хеш додам, то ки хабари хубеву ё
шумеро гирифта тавонам. Ҳарчи шунидан мумкин буд. Медидам,
ки тамошогарон чор-чору панч-панч чамъ омада, доирачаҳои хурд
- хурдро ташкил дода, аз мавзУи чашни яксолагй сӯҳбат мекарданд.
Ба ҳар ҳол мардум, ки аксар табақаи камбизоати кишварро ташкил
медод, аз чараёни Инқилоб хушй менамуд. Онҳое, ки соҳиби як
чирибу ду чириб замин шудаанд, сӯи ҳукумати Таракй дуо
мефиристонданд. Максади банда тамошои шаҳри идона буд. Шоху
сару бадани чинорҳои хиёбони марказй лампочказор буд. Барки
ранга ҳама чо валт-валт мезад.

ИмрУз аз дастгоҳи вазири молия барои шУравиҳо
даъватномаҳои чашнй такдим карданд. Дар даъватномаҳо имзои
раиси дастгоҳи «Хонаи Халк» - Факир Мухаммад накш баста
буд. Акси тиллоии Н.Таракй болои он чило медод. Барои мо аз
минтакаи «В» чой дода буданд. Ҳама маслиҳат кардем, ки
пагоҳии 27-ум соатҳои шаш бояд ба майдони Чаман хозир
шавем, назорат аз нигоҳи амнияти хоричихо хеле чиддй ба рох
монда шуда буд. Шабона дар атрофи бинои истикоматй ва
даромадгоҳҳои мо ду-се нафарй аз аскарони мусаллах посбонй
мекарданд.

105
Чошти имрӯз дар рӯ ба рӯи «Хонаи Халқ» «Тонки
қаҳрамон»-ро дар шоҳидии ҳазорҳо иштирокчиён ба поя
гузоштанд. Дар кушодашавии ин ёдгории таърихй Ҳ.Амин
гузориш дода, чунин изҳор донгг: «Тонке, ки имрӯз дар маърази
Шумо карор дорад, аз чумлаи тонкҳое мебошад, ки дар
Инқилоби Савр саҳм гирифтааст. Ин тонкро «Тонки қаҳрамон»
номидаем, зеро он аввалин тонкест, ки бар коҳи Довуд бо
қумондаи яке аз қаҳрамонҳо - Ватанчор файр кардааст. Аз ин
рӯ, ин тонк (815) дар рӯ ба рӯи он бино карор дорад». Баъд
аз он ки Ҳ.Амин издиҳомро тарк гуфту мардум ҳам парешон
шуданд, болои «Тонки каҳрамон»-ро гулпӯш дидам.

Бисту ҳафтуми апрел чанд тан аз мушовирон торик-торики
рӯз сӯйи Чаман роҳ пеш гирифтем, то ба майдон расидан, чандин
маротиба даъватномаҳоямонро тафтиш карданд. Мо дар паҳлуи
дипломатҳо, он чо ки сафирҳо ва аташеҳо менишастанд, чойгир
шудем. Ҷойҳои нишасти сементиро бо гилемҳо пӯшонда буданд.
Бо Олимчон паҳлуи ҳам карор гирифтем. Онсӯтар аз мо
кормандони сафоратҳои Шӯравй, Ҳиндустон ва Покистон
менишастанд.

Бояд гуфт, ки чанд рӯз қабл расонаҳои хабарии «Би-би-
си», «Садои Амрико» ва мавҷи «Олмон» овозае пахш карданд,
ки бар асоси он гӯё рӯзҳои 26-27-уми апрел Ҳукумати Таракиро
сарнагун месозанд. Афғоне, ки аз Амрико ба Покистон омадааст,
бо сарпарастии Амрикову Хитой ва Покистон 50 ҳазор гурезаи
афғониро омода сохтааст, то ки табаддулотеро рӯйи кор оварда,
халкиҳоро аз сари кудрат биронанд. Ин овоза бисёре аз
шаҳрвандони шӯравиро сахт тарсонда буд. Ҳатто ватандорони
точики мо - Муҳаммадчон, Ҳабиб ва Шоҳини озарӣ чуръати ба
расми гузашт рафтанро накарданд.

Мо, ки соати шашу ей, аллакай дар чойҳоямон қарор
доштем, омадани корпусҳои дипломатиро бо завқ тамошо
мекардем. Мошинҳои онон то назди зинаҳо омада, сипас карор
мегирифтанд. Сафирҳову аташеҳо бо карру фари хосае, бо
либосҳои махсусе ба зинаҳо боло мешуданд. Баъзе аз онон бо
завчаҳошон меомаданд. Аммо сафири Шӯравй - Пузанов, бо
дастааш аз мо пештар чо ба чо шуда буданд. Сафири Хитой бо
мошини «Мерседес» вориди майдон гардид. Аксари сафирҳо
мошинҳои хориҷй доштанд. Пузанов хам чанд моҳи охир соҳиби
«Мерседес» гардида буд. Чунин мошин аз нигоҳи амнияти
суфаро мувофиқ ба назар менамуд.

Ҳукумат бо сардории Н.Таракй бояд соати 8.00. ҳозир

106
мегардид. Акрабаки соат ба ҳашт наздик мешуд. Ҳама чашмҳо
чониби пули Маҳмудхон нигарон буданд. Дақиқаҳои охир
монда буд, ки нотиқони майдон бо забонҳои пашту ва форсй
мардуми Афгонистонро ба ин наши табрик гуфтанд. Ба идомаи
ин, эълон шуд, ки баъд аз ду-cfe дакика роҳбари Ҳизби
демократии Афгонистон Н.Таракй ташриф меорад. Ҳамагон аз
ҷойҳо баланд шуданд. Расо соати хашт Таракй ва дигар аъзоёни
Бюрои сиёсй ва вузаро ба майдони Чаман даромаданд. Хориҷиҳо
саросемавор ба аккосй пардохтанд. Н.Таракй аз мошин пиёда
шуда, харду дастро ҳалка намуда, ба ҳозирин'салом арз дошта,
хандакунон ба зинаҳо боло шуд. Пушти сари Таракй Ҳ.Амин ва
дигар аъзоёни Ҳукумат боэҳтиёт зинаҳои роҳравро паси cap
мекарданд. H.Таракй пушти микрофон карор гирифта, аз
чайбаш матни табрикиро бароварда, ба қироати он пардохт.
Матни табрикй мавзӯи вазъияти сиёсии Афгонистонро низ дар
бар гирифта буд. Аввалан, аз давлати Шӯравӣ миннатДории
хешро изҳор дошт. Сониян фаъолиятҳои хиёнаткоронаи Ирону
Покистон ва Хитойро чиддан махкум сохт. Баъд аз хонда шудани
матни табрикй, вазири дифоъ - Ватанчор дар назди хама
кисмҳои низомии кишвар қарор гирифта, ононро ба ин чашн
табрик гуфта, баъдан аз мошин пиёда шуда, ба зинахо боло
омода, пахлуи Таракй чой гирифт. Расми гузашт огоз ёфт. Тарзи
расми гузашти низомӣ аз даврони шоҳу Довуд ҳеч бартарй
надошт. Вале намоиши заҳматкашон ва муассисаву донишкадаҳои
олй чолиби диққат буд. Таракй хамеша даст мечунбонд ва
механдид. Ҳеч гоҳ даҳони ӯро пӯшида ба мушоҳида
нагирифтам. Мудом механдид. Гоҳ-гоҳе аз вертолётҳо болои
шаҳр ва майдон кортҳои табрикй пош медоданд. Вертолёте хеле
пойин фаромада, аз дохилаш аксбардорй мекарданд. Ба майдон
табакаи деҳқон ворид мешавад. Дар дастҳошон белу каланд ва
досҳо доштанд, ки рамзи фармони шумораи ҳаштуми давлат
оид ба тақсими замин буд. Саҳнаҳои корикотурй ҳам ба
мушоҳида мерасид. Одамеро ба шакли гов табдил дода буданд.
Гов шохҳои калону гӯшҳои дароз дошта, дандонҳояш чанд сонти
аз даҳон берун карор доштанд. Гӯё ин гов рамзи империализм
буд. Ба гардани он банд андохта, кашола мекарданд ва ба сараш
бо болга-чакуш мезаданд. Чакуш рамзи пирӯзии табакаи коргар
буд.

Сахначаи дигар чунин буд: дехконе бо ароба дастбагиребон
аст. Аробаро бо чӯбе зада мағлуб мегардонад. Духтаракони
мактабй аз назди минбар бо ҷӯшу хурӯш гузашта, як даста

107
кабУтаронро cap медиҳанд, ки якеаш болои дастони Таракӣ
нишаст. Таракӣ сари кабӯтарро хеле сила карду баъд 6а ҳаво
cap дод. Кабӯтарҳо рамзи сулҳу салоҳ дар кишвар буданд.

Соати 12-и рӯз расми гузаште, ки як сол барои он омодагй
гирифтанд, ба охир расид. То поён шудану рафтани Таракй ва
намояндагони Ҳукумат ба мошинҳои сафоратхонаҳо иҷозати
ҳаракат дода нашуд. Таракй бо оромй аз зинаҳо поён фаромада,
рӯй ба чониби ҳозирин гардонда, дастҳоро боло бардонгга, сипас
ба мошинаш савор шуд. Аз ҳама сафири бообрӯй Пузанови мо
буд, ки даҳ дақиқа интизорӣ кашид. Пушти сари Н.Таракй
сафири Шӯравй ва баъд суфарои кишварҳои дигар сӯи пули
Маҳмудхон роҳ пеш гирифтанд. Ману Олимчон ҳам
майдонро тарк гуфтем. Мардум хеле хушҳол буд. То
микрорайон, ки ду-се истгоҳ роҳ мебаромад, пиёда рафтем.
Сари роҳ дар бозорчаи микрорайон кабоб хӯрдем.

Ба асоси барномаи чашнй мо аз тарафи бегоҳ ба тамошои
«Камп»-и Вазорати молия мерафтем. Маслиҳати пешакй шуда
буд. Ману Олимчон як даста мушовиронамонро 6о хонумҳошон
бояд ҳамроҳй мекардем. Олимчон бо хонумашу духтарчааш, Рюмин
Сергей Михайлович, Блудов, Н.Н.Агафонов, зани Байдуков,
Папян бо завчааш рӯйи ҳавлй баромадем. Мошинҳомон наомаданд.
Маълум, ки ронандаҳо низ мехостанд аз яксолагии чапш баҳравар
бошанд. Мақсад гузоштем, ки то Чаман, он чо ки «Камп»-и
вазоратамон карор дошт, пиёда меравем. Вале Папяну занаш розй
нашуданд. Албатта, барои хонуми Папян, ки хеле сергУпгг буд,
пиёдаравй заҳмати гарон дошт. Аз сӯи дигар, ба гумонам Папян
чонашро эҳтиёт менамуд. Армании тарсончаке буд. Ба овозаҳои
бардурӯғ бовар мекард. Вайлукови маскавӣ хам тарсу маълум
мешуд, ки тақдири завчаашро ба ман супориду худ аз балкон ба
мо роҳи сафед хост.

Дар Афғонистон чашнҳо дорой анъанаҳои ба худ хос буданд.
Ҳар вазорату муассисаи давлатй дар минтакаи Чаман барои
кормандонаш чоеро ишгол намуда, онро оро торо мед од, ки бо
номи камп маъруф буд. Дар замони шох низ чунин кампҳо
рӯзҳои чашни истиқлол фаъолият мекарданд. Вокеан, кампхоро
хеле зебо ороиш медоданд. Ҳар вазоратхона дастаи хунариеро
барои намоиш додани консерт даъват менамуд. Масалан,
вазорати мо, ки серпул маҳсуб мешуд, дастаи Ахмад Зохирро
дар бадали 70 ҳазор афғонй даъват карда буд. Манзараи
кампҳои Чаман шаҳри афсонавиеро мемонд, ки аз тамошояш
кас сер намешуд. Баъд аз кофтукоби нимсоата кароргоҳи чашнии

108
вазоратамонро пайдо намудем. Чанде аз раисони шӯъбаҳо
интизорй доштанд. Барой вазиру дастгоҳаш чойи махсусе омода
сохта буданд, ки моро ба ончо даъват карданд. Муовинҳои
вазир бо раисони дигар аллакай чо ба чо шуда буданд. Табиист,
ки вазирамон - Мисок дар зиёфати ҳукуматй карор дошт!
Бандаро паҳлуи Холиқёр шинонданд. Соати расо шаш консерти
дастаи ҳунарии вазорат оғоз шуд. Аҳмад Зоҳир бояд соати ҳангг
ба хидмати вазорат мерасид. Ҳаво каме сершамол ва боронй
шуд. Эҳсоси сардй фароямон гирифт. Ҳама омадани Ахмад
Зоҳирро интизорй мекашид. Холикёр хам чанд дафъа савол
кард, ки чаро У мардумро маътал месозад? Кучост? Намояндаи
Ахмад Зоҳир, ки он чо буд, ҳар дафъа аз муовин узр мехост
ва мегуфт, ки «алъон мерасад». Ману Олимчон ва Салимабонуву
духтарчааш Мунира низ ба хотири Ахмад Зоҳир омада будем.
Барой мушовирони мо муҳим набуд, ки кй овозхонй мекунад.
Аз ин чост, ки онҳо то соати ҳашту ним нишастанду майли ба
хонаҳошон баргаштан намуданд. Холикёр супориш дод, ки
барои мушовирини русй мошинеро омода созанд. Онҳоро
гуселондем. Мо.се точик ҳамоно ташрифи хофизи шинохтаро
интизорй мекашид ем.

Дар паҳлуи ман секретари вазири молия - Фарид бо ҳамсараш
менишаст. Хӯроки шомро таҳия сохтанд. Чою ширинй болои
мизчаҳо гузошта шуд. Ногуфта намонад, ки барои тамошои
консерти Ахмад Зоҳир хоҳишмандон ба кимати 100 афғонӣ тикет-
чипта харидорй карда буданд. Дар кампи мо на кам аз ҳазор
мухлиси Ахмад Зоҳир чамъ омаданд. Онҳо нороҳатӣ эҳсос
мекарданд. Ҳушгак мекашиданд. Изҳори норозигй баён месохтанд.
Ташкилдиҳандагони кампро маломат менамуданд, ки дурӯғакй
аз номи Ахмад Зоҳир истифода бурданй шудаанд, то ки кампашон
серодам гардад. Соат ҳам нуҳи шаб шуд. Якбора сару садо ва
карсакзаниҳои давомдор таваччУҳи моёнро сӯйи даромадгоҳи камп
равона сохт. Ахмад Зоҳирро мухлисонаш болои даст бардошта
меоварданд. Ҳамагон ба эҳтироми эшон аз чойҳо баланд шуда, бо
карсаку суханҳо «офарин, зинда бошӣ Зоҳир» уро пазирой
карданд. Ахмад Зоҳир чониби муовини вазир ва моён, ки дар
сатҳи баландтаре карор донггем, салом дода, сари таъзим фуруд
оварда, сипас ба консерт^эғоз бахшид. Сабаби дер омаданашро ба
Холикёр арз карданд. У дар ҳузури аъзои Ҳукумат овозхонй
кардааст. Аммо, ба ман маълум буд, ки Ахмад Зоҳир дар
хонадони Ҳ.Амин буд, зеро духтаре аз У ба овозхон таваччУҳи хос
дошт, ки дар мавриди дигар киссаи онро хоҳед хонд.

109
Ахмад Зоҳир, тақрибан, се соат сурудхонй кард. У ба як
хондан даҳ-бист сурудро пайиҳам зам-зама менамуд. Дар ӯ эҳсоси
мондашавӣ ба мушоҳида намерасид. Шеъри «Зиндагй»-и
Лоҳутиро низ ичро кард, ки барои мо ҳаловатбахш буд. Дар
тамоми чараёни консерт чавонон мераксиданд. Бахши дуюми
консерти Ахмад Зоҳир шурӯъ шуд. Мо майли ба хонаҳомон
рафтан кардем. Ба зудй мошинеро барои мо омода сохтанд. Ду-
се раиси афғонй ҳам бо мо ҳамроҳ шуданд. Дар як ҳиссаи роҳ
аскарони пайраҳа хостанд мошини моро манъ кунанд, чун
шУравй буданамонро шйнохтанд, ичозати ҳаракат доданд.
Албатта, имшаб куюди шабгардӣ набуд, аммо лозим донистем,
ки ҳамин кадар тамошои намоиши чашнй кифоя аст. Чашн пагоҳ
ҳам идома ёфт.

Бисту ҳаштуми апрел бо аҳли хонаводаи Олимчон маили
тамошои Чаман намудем. Мутаассифона, серодамиву беназмй
дар майдон моро водор сохт, ки сӯи намоишгоҳи шУравӣ роҳ
пеш бигирем. Даромадан ба толорҳои намоишгоҳ озод буд.
Тамошогарон аз чумлаи шаҳрвандони Кобул зиёд 6а чашм
мерасид. Мо 6а намоишгоҳи Точикистон даромадем. Назира
Қаҳҳорова дар шӯъбаи нассочй — бофандагй шореҳй менамуд.
Шӯъбаи техникаву мошинҳо дар ихтиёри Одина Мирак карор
дошт Гулназари шоир бошад, аз боби кайҳон тамошочиенро
ошно месохт. Табиист, ки афғонҳо бештар майли тамошои
намоишгоҳи Точикистонро доштанд. Банда бо Назира сӯҳбати
тӯлонй доштам. Ӯ аз навиҳои Университету факултет огоҳам
сохт. Аз накли эшон фаҳмидам, ки Михаличенко вафот кардааст.
Мавсуф забонҳои точикиву ӯзбекиро хуб медонист. Дар
гурӯҳҳои точикй дарси забони русй медод... Орифов низ
фавтидааст. Вай доктори илмҳои педагоги буд. Солиен дар
Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба таълиму тарбия шуғл
дошт. Писарашро ба хабе гирифтаанд. Яъне профессор 6о дарди
худ не, балки аз дарду алам фавтидааст.

Баъд аз тамошои намоишгоҳ пиёда сӯи микрорайон мерафтем,
ки аз пешорӯямон Муҳаммадчону Азимчон баромаданд. Онҳо
акнун мехостанд, ки аз Чаман ва намоишгоҳ дидан кунанд.
Дар даромадгоҳи микрорайон ба Раҳматшоҳу Пӯлодбек
Қаландарбеков вохӯрдем. Раҳматшоҳ 6а манздлаш даъват
намуд. Ҳамакаса меҳмоннавозиашро кабул кардем. Мо, ки кабоО
хурда будем, факат 6а нӯшидани чой майл доштему бас. Ду
афғони ҳизбй сафи меҳмонони Раҳматшоҳро афзоенданд.
Афгонҳои ҳизбй, одатан, сергап мешаванд. Ҳамаашон аз санъати

110
нотикн бархурдор буданд. Онҳо хостанд моро ба баҳси сиёсй
чалб намоянд. Ин ҳолатҳо Олимҷон баҳсро доманадор месохт
Он ҳиабпен, ки худ аз гуруҳи Бадахшй буданд ҳарчиқадар ки

мрбн Г°Н ҳаРФҳошонР° Кабул мекард, парчамиҳоро сиёҳ
менамуданду халқиҳоро таъриф. Маълум гардид, ки онҳо акнун

BTmoxBnvnf каРДИДааВД- ХаТГ° даР КаТОрИ КоРмалУ Киштмавд
а Шоҳпуру Қодири ченерол устоди маънавишон - Тохиои

Ьадахширо низ мазаммат мекарданд. Шарм намедоштанд ки

1аГРЗИНДОНЙ 6УД' БпНДа’ КИ умуман инс°нҳои пургӯро хуш
хГ™ауДа-ЪВа™ Ра™°*Р° «абул карданам пушаймон
ҳам шудам. Хаирият, ки он ду ҳизбии тангназар аз вазъи моён
огаҳй паидо намуданду худоҳофизй карданд.

Хӯроки шомро дар манзили Олимчон якчо дидем. Бегоҳй
бар-Г f™30paM0H буд- Соа™ шаш мошинамон омад

бинпл ’ КИ Кобули идонаР° аз тарафи шаб тамошо намоем
бинобар ин аз микрорайон то касри Доруламон равона гардидем

5fP 6 аШТ ба <<Бо/.и боло» баромадем, то ки аз баландии он

МинтаРааИи Ели УЛР° ХубТар ба мушоҳида бигирем.
интақаи Шаҳри нав хам серодам ба назар расид. Мардум

истироҳат мекарданд. Вақте ки ба манзилҳомон расидем аз

болои теппаи Нодиршоҳ, он чо ки марқади ӯ чой дорад

^ ушакпарронй оғоз гардид. Мушакҳо дар ҳаво метаркиданд ва

истикоматипп бЭ СИТ°Ра30р!Табдил медоданд. Тамоми биноҳои

шахованяиРт^п?аг?°НИ паираҳа печонда буданд. Ба гайр аз
шаҳрванди шуравй дигар касеро намегузоштанд, ки дао он

гирду атроф сайру гашт намояд. Ба ин маънй рУзи дуюми

~м амнияти мо таъмин буд. Аз балконҳо дида мешуд ки

Болои шях ШЗҲРИ К0буЛр° пРожект°РХо равшанй медоданд.
Болои шаҳр вертолетҳои навбатдор чашмакзанон мегаштанд

Бисту нӯҳуми апрел рУзи кори буд. Баъд аз соати hod
дохилихо сайру гашти чашниашонро идома медоданд Онҳо бо

консео?уХГм°оНиба ЧаМЭН М6рафТаНД Ва ™ якхДиссаи шаб аз
консерту намоишҳои алоҳида. ҳаловат мебурданд Тамоми

«шимолй>ДтпДИ Каб0биҲ0 пахш мекаРд- Раксҳои «атан» ва
«шимолй» то дер идома меефт. Маймуну хирсҳои ромшуда бо

бозихои худ барон соҳибонашон нули накд меоварданГ Ин

бегох мо мачлиси тантанавии майй доштем. МаърУза шунидем

Синае дастаҳои хунарии техникуми Чангалак консерти чолибе

са“мДе°овааНрДд.БОД Х“ӮЗ ҲаМ Ва борони наР-Р°

Сиюми апрел барои Афғонистони инқилобӣ рузи таърихй

Ш
ҳисоб меёфт. Як сол кабл даҳуми Савр Н.Таракӣ раиси Шурои
инкилобй интихоб гардид. Ба ин муносибат даРш«РиК^
митинги бошукӯҳе аз чониби халқиҳо баргузор шуд. Сарфи
назар аз чунин санаҳои таърихй дар микрорайон варакаҳои
зиддишӯравй пахш гардид. Дар варака шӯравиҳоро таҳд д
карда, талаб менамуданд, ки микрораионро тарк намоем.^Ин
варака ба муносибати рӯзи байналмилалии Якуми Май паидо
шуда буд. Пеш аз чашн тарсонданд, акнун мехостанд.чси дар
ин рӯз ҳам хешро нороҳат эҳсос намоем. Дар ҳамин рӯз пули
Масчиди хиштиро тарконданӣ буданд. Гӯе чанд тан аз xo«HOH
Инқилобро аз назди масчиди номбурда дастгир кардаанд. Чуни
таҳдиду коршиканиҳо иродаи шаҳрвандони шӯравиро шикаста
наметавонистанд. Гузашта аз ин халкиҳо низ дар наира
хомиёнашон - Шӯравй, аз чуръатнокй кор гирифта, рУзи Якуми
Майро нахустин маротиба дар Афғонистон, ҳамчун РУзи

байналмилалии коргарон расмй кунонда, р

Дастгоҳи чосусии Амрико ба воситаи расонаҳои хабариаш
мудом дурӯғгӯиро идома медод. Ҳатто овозаеро нахн сохтанд,
ки гӯё Намоишгоҳи шӯравиро дар Кобул тарконданд^ Вокеа ,
чунин амалро анчом додан ҳеч мушкилие надошт, зеро ба он чо
хамарӯза садхо одамон 6а тамошо меомаданд. Агар мехостанд,
метаркондшщ. Маълум буд, ки душманони мо ба мукобиламон

ЧаХр ^мГа„КТ-"ахо хостем, ки «,стони
точикистониамонробубинем Ман,

онҳоро ба манзилаш даъват кардани буд. То назди Кооу
Нандорй расидем, ки борони шадиде шурӯъ ШУД- У

Насимов дар шӯъбаи чиниворй тарчумонй мекард. Ӯ 6аР°
як косай такдим намуд. Чанд тан аз ватандорҳомонро барои
Пӯзи дуюми май чавоб гирифтем. Ин бегоҳ ба клуби вазор
даъват шуда будем. Ману Олимчон нарафтем. Мушовирон бо
Муҳаммадчон тасмим гирифтанд, ки меҳмони вазорат шава Д-
АзУкучое фаҳмида буданд, ки бароящон шароб ҳам медодаанд.

Ҳарчи кадар ки аз Инкилоби Савр рӯзу моҳҳо мегузангг,
ҳамон андоза дар бораи парчамиҳо тУҳмату^ешгар
сурат мегирифт. Халкиҳо чанд рӯз боз Борик Щафеиро хакорат
мелоланд Гӯё ӯ духтари 1б-солаашро ба Нурмуҳаммади Нур
SCct Хол оЕ ка мавсуф каблан ду накох доштаасс
Духтари Борик зани сеюми Нур гардидааст. Намедонам,
овоза то чи андоза ростй дошт, аммо мақсади илкихс• ма. лу
буд. Онҳо бояд парчамиҳоро назди мардум сиеҳ мекарда д.

112
Чунин амал ҳам як навъ сиёсат маҳсуб мешуд. Худи халқиҳо
ҳам аз парчамиҳо монданй надоштанд. Дар микрорайон медидем,
ки вазирони алоҳида ба чй корҳое машғуланд. Таги дарвозаҳои
онон чанд адад мошин хидмат менамуд. Боду ҳавои Кобул ҳеч
рӯ ба беҳбудй намеовард. Боронгариҳо ҳанӯз ҳам идома дошт.
Ҷашни яксолагй низ ба поён расид. Соли дуюми Инқилоби Савр
оғоз гардид. . .

МОҲИ ОХИРИ БАҲОР

Якуми Май истироҳат буд. Бо Абдулмачид ба табрики
Султон Рачабов рафтем. Муҳаммадчону Истад Қосимов ҳам ба
ҳамин ният дарвозаи собиқ вазири адлияро кӯфтанд. Акнун
сари чой қарор гирифтем, ки Абдулҳаким Шукуров пайдо шуд.
Чунон ки мебинед, мо хурдҳо калонҳомонро дар хоричи кишвар
ҳам эҳтиром мекардем. Одати хуби точиконро ба таъбири Мирзо
Турсунзода гум карданй набудем. Вале чунин рафтори моро
вазир чандон напазируфт. Ӯ гумон дошт, ки мо ҳамон
корафтодагонем, ки аз рӯи зарурат бо баҳонаи табрик ба манзили
эшон cap задаем. Аз ин чост, ки мавсуф лутф нишон намедод,
балки бовиқор сӯҳбат менамуд. Чунин муносибат аввалан ба
Абдулҳаким хуш наомад, ки баҳонае пеш оварду манзили
вазирро тарк гуфт. Аслан мо ният донггем, ки бо Султон Рачабов
чашни майро пешвоз бигирем. Мо медонистем, ки ӯ ба ҳама чиз
таъмин буд. Масалан, барои вай болои миз шароб гузоштан ҳеч
душвориеро пеш намеовард. Эшон тақрибан аз чумлаи моён
меҳмон кабул намекард, балки меҳмон мешуд. Дар ин ҳолатҳо
банда ба сӯҳбат шарик намешудам. Мушоҳида менамудам, ки
соҳиби хона чй рафторе дар мукобили меҳмонҳои нохондааш
анчом медиҳад. Абдулмачид, ки бо вазир ҳамдеҳа буд, бо
аскиягӯиву суханбозй мехост, ки ӯро ба чодаи меҳмоннавозӣ
чазб намояд. Вазир, ки каси пухтае буд, боз ҳам сӯҳбаташро
дар шакли расмӣ идома медод. Як соат нишастему бо соҳибхона
«баамони худо»,- гуфтему рафтем. Вакте ки рӯйи ҳавлй
баромадем, ба Абдулмачид шӯхикунон гуфтам: «Ако, аз ҳамон
палови шабмондаи ту намонем». Ҳамин тавр хам шуд. Дар
манзили ӯ як шишаро бо палови шабмонда бо ҳам дидем. Сӯҳбат
гарм шуд. Абдулмачид намехост, ки ман хона равам. Якбора ба
сарам андеша пайдо шуд, ки охир имрӯз Якуми Май зодрӯзи

113
вай аст-ку! Худамро хиҷолат дидам. Узри бисере хостам ва худро
аз бетаваҷҷӯҳиям сарзаниш намудам. Дигар чорае надоштам.
Кор аз кор гузашта буд. Аз чоям баланд шуда Абдулмачидро
самимона табрик гуфтам. Дастонашро фишурдаму ба оғӯш
кашидамаш. Вай лутфи бандаро лазируфту чониби ошпазхона
рафт. Дарвозаи яхчолро кушоДа як кило гӯшти говро берун
кашида ба пухту паз машғул шуд. Ман ҳам ба ӯ ёрй мерасондам.
Гуштбирёни болаззате пухтем. Дувумбора дастархон оростему
сари мизи чашнй нишастем. Ҳар кадаҳеро, ки боло мекардам,
соҳибчашнро таъриф мезадам. Медидам, ки аз таъриф хушаш
меояд. Соат сеи рӯз шуд. Ҳардуямон эҳсоси хушҳолй кардему
сӯи Чаман роҳ пеш гирифтем. Чанши Якуми Май бошукӯҳ
мегузашт. Ба чашнҳои суннатии мардуми Афғонистон чатни
нав - чашни Рӯзи коргар илова туда буд. Ба ин хотир, дар
стадиони марказии Кобул аз тамоми гӯшаву канори шаҳр
ихлосмандон чамъ омаданд. Ҳ.Амин табрикномаи сарвари давлат
- Н.Таракиро ба забони пашту хонд. Сипае худаш як соат
насиҳатгӯӣ кард. Нахустин мачлисе буд, ки Таракй иштирок
надонгг. Аз ин рӯ, Ҳ.Амин ҳамчун шахеи аввали давлат чилавро
ба даст дошт. Зоҳиран суханрониаш сари ободиву фарҳангпазирй
буд. Тахдидҳое ҳам чониби Ирону Хитой ва Покистон равона
месохт. Чун ҳамеша аз Шӯравй таърифҳо мекард. Табиист, ки
чунин издиҳомро У барои ба даст овардани мақсадҳои ниҳоии
хеш истифода бурданй мешуд. Илова ба ин, Ҳ.Амин «падари
маънавиаш»-ро дастнорас эълон дошта, ба ҳар мачлису
маъракаҳо рафтани вайро нолозим медонист. Таракй, ки
фарҳанги баланде надошту каси содалавҳе буд, чунин лутфи
«шогирдаш»-ро аз меҳрубонй дониста, торафт аз чамъомадҳо
худро ба дурй мезад. Бесабаб нест, ки миёни мардум номи
Ҳ.Амин бештар ба гӯш мерасид. Мегуфтанд: «валлоҳ, Амин
хеле такра (пухта, расида) аст». Амин аз суханронии форей
бештар истифода мекард ва шаҳри Кобул, ки асосан
форсизабонҳоро дар худ гунчонида буд, ба Амин мақоми
давлатдориро бештар нисбат медоданд. Бо ин рафтор, Амин
«устодаш»-ро эҳтиёт карданй мешуд. Таракй бошад, дар «Хонаи
Халқ>> аз боду ҳавои Инқилоби Савр нафас мегирифту, кай
андеша мекард, ки Амин бо ин фаъолиятмандиаш чй мехоҳад.
Баръакс, офаринаш мехонд. Банда сари ҳамин навъ андешахо
карор доштам, ки Абдулмачид чунин пешниҳод кард: дар Кобул
Нандорӣ асари тозаеро бо номи «Расвой» рӯйи саҳна мемондаан.
ки онро бояд тамошо кард. Пешниҳоди хубе буд, вале то шурУч

114
он се соат вакт дар пеш доштем. Аз ин рӯ, ба диДори тарчумонҳои
намоишгоҳи Точикистон рафтем. Аввалан ба шУъбаи «Кайҳон»
даромадем. Он чо 6о Гулназар бонуи чавоне бо исми Зулфия
ифои вазифа дошт, ки каминаро мешинохтааст. Мазорй Маҳадов
ва Азимкул ҳам омаданд. Ҳамакаса акси хотиравй гирифтем.
Фоттоаппарат аз банда буд. Офтоби Кобул рӯ ба ғуруб дошту
мардум рӯ ба Чаман. Ҷойи сӯзан задан набуд. Майдони Чаман
дар торикии шаб ба шахри афсонавй табдил меёфт. Чолиб он
буд, ки дар масофаи ҳар сад метр телевизорҳо барномахои
чашниро намоиш медоданд.

Мо низ чанд лаҳза аз барномаҳои телевизион ҳаловати маънавй
бардошта, сипас барои анчоми тамошои драмаи «Расвой» омодагй
гирифтем. Дар катори якум чойҳои 22, 23 аз мо буданд.
Нишастем. Толор нимхолй ба назар расид. Бонувон бо
фаранчиҳо карор доштанд. Саҳна кушода шуд. Асар дар бораи
муллой мутаассибе баҳс менамуд. Як даста муллоёни афгонй
дар Лондон таълими чосусй бардошта, сипас барои хиёнаткорй
алайҳи ватани хеш ба Афғонистон меоянд. Дар драма сарвари
парчамиҳо — Бабрак Кормал, миллатфурӯшон, ихвониён сахт
тахкир мешуданд. Драма ба он интиҳо меёбад, ки душманони
хал к бо сардории Сарвар ном коргар ифшо мегарданд. Баъдан
аскарони «Халк» болои саҳна пайдо шуда, муллоёнро, ки ришу
дасторхои сохта доштанд, ошкор месозанд. Муллоён пеш - пеши
аскарон карор мегиранд, ки онҳоро бо пошнаи тӯфанг зада-
зада мебаранд. Ин саҳнаҳоро медидаму ба худ меандешидам,
ки акнун як сол аз пирӯзии Инқилоби Савр мегузараду дар
кишвар ба мукобили муллоён чунин фаъолиятҳо амалй мешавад.
Точикистон, ки ҳафтод сол дар сохтори сотсиалистй рУзгор
дорад, мисли «Расвой» чунин асари саҳнавиеро ёд надорад, ки
муллову динро ба ин дарача мазаммат карда бошад. Охир,
пУшида нест, ки пояи давлати Афгонистон - дини Ислом аст.
Кадом сохте, ки хукумрон гардад, макоми Исломро дар чомеа
нодида гирифта наметавонад. Баъзе эчодкорон саросема шуда
мехоҳанд, ки ба воситаи чунин асарҳо ба Инкилоби Савр ёрй
расонанд. Ҳол он ки ин навъ эчодкориҳо пояи Инқилобро заиф
сохта, боиси нафрат пайдо кардани кишрҳое аз чомеа мешуданд.
Дар ботин ба хулосае омадам, ки холо барои эчодкорони
Афгонистон ба ин навъ мавзУъҳо мурочиат намудан, барвақт
хоҳад буд. Бо тамошои ин саҳна Абдулмачид ҳам эҳсоси
нороҳатй мекард. Махсусан, ин шабу рУзхо, ки мухолифин аз
чор тараф бо ёрии Амрико зидди ҳукумати Таракй карор

115
гирифтааст, намоиши «Расвой» барин саҳнаҳо ба манфиати
Афғонистони инқилобй нахоҳад буд. Мутаассифона, бархе аз
мушовирони шӯравӣ ба оташи душманони Афғонистон равған
пош медоданд, то ки равшаниаш «фурӯзонтар» гардад. Аз ин
чост, ки тамошои «Расвой» бандаро ҳаловати маънавй набахшид,
балки нафратамро нисбати офарандааш, ки бо номи Аъзам ёд
мешуд, афзоёнд. То микрорайон бо Абдулмачид зери таассуроти
аз «Расвой» бардошта қадам задем. Болои сарамон мушакҳои
аз теппаи Нодирй сард ода чашмак мезаданд. Шодиву сурури
тамошогарони Чаман хам пунгги cap қарор гирифт. Соате баъд
ба кулбаи мучаррадй расидам. Дуюми май хам рухсатй дошлем.
Ба чое нарафтам, ҳатто ҳавопайморо пешвоз нагирифтам.
Абдулмачид, ки бетокатй мекашид, рафт ва боз бо сари пасту
дили хафа пас омад. Бароям ду дона нома овард, ки якеаш аз
хонавода буду дигараш аз хамдарси Университетиям —
Шоҳҳайдар Ёдгорӣ. Аксҳои Таҳминаву Парвиз ва Мусоро
фиристода буданд. Таҳминаи даҳмоҳаро дар се шакл акс
бардоштаанд. Мӯсо зик маълум мешуд. Дар ким-чи хел андешаи
ботинй қарор донгг. Андеша падидаи хуб аст. Касро инкишоф
медиҳад, нақшаҳои рӯзгорашро ҳал мекунад. Таҳмина аз мили
фотоаппарат чашм намеканд. Парвизи хушҳол дар назарам
фарбеҳ намуд. Албатта, ҳеч гуна масъулиятро эҳсос
намекардагист. Тибқи накшаи пешакй бо Олимчон барои
овардани мехмонони точикистонй ба қароргоҳи «Намоишгоҳ»
рафтем. Онҳо омода буданд. Мувофиқи тавоной факат таит
нафари ватандоронамонро ба микрорайон овардем, ки дар он
чумла Назира Қаҳҳорова, Одина Мирак, Гулназар Келдй,
Ҷӯрабой Раҳматуллоев, Азимқул Насимов ва Собир Мирзоев
шомил буданд. То соати ҳашти шаб меҳмон шуданду сипас ба
воситаи таксиҳо ба қароргоҳашон - меҳмонхонаи «Спинзар»
гуселашон намудем. Баъди бозгашт саволу чавоби Н.Таракиро
бо рӯзноманигорони ватаниву хоричй тамошо кардам. Такрибан,
аксари хабарнигорон саволхои ғараздор арз медоштанд. Онҳо
Афғонистонро яке аз чумҳуриҳои Шӯравӣ медонистанд. Фақат
рӯзноманигорони Олмон ва Шӯравй саволҳои беғаразона
медоданд. Н.Таракй ба ҳама саволҳои чи ғараздору чи беғараз
ба оромй ва таҳаммул чавоб мегардонд Сеюми май рӯзи аввали
кориам буд. Пагоҳ боз истироҳат дорем, зеро чумъа мебошад.
Охири апрелу оғози май ба рУзҳои рухсатй рост омад. Соати 12
аз вакти нони чошт истифода бурда, ба сафорат рафтам. Чорум’
май дар хузури сафир мачлис сурат гирифт. Як мавзӯъ мавриди

116
баҳс қарор дода шуд. Ҳушёрй ва боз ҳам ҳушёрй. Ҳар шаҳрванд
ба хотири таъмини амнияти хеш ҳушёриро аз даст надиҳад.
Дойр ба ин масъала худи сафир сӯҳбат орост. Пузанов бори
дигар таъкид сохт, ки Давлати Шӯравӣ дар оянда ба тамоми
сохторҳои Афғонистони инқилобӣ дахолат хоҳад кард. Дар ин
мачлис сармушовири иқтисодии шӯравй - Гречин, раҳбари
гурӯҳи мушовирони адлия ~ С.Рачабов ва котиби ташкилоти
ҳизбии сафорат — Баҳодур Абдураззоқов фикру мулоҳизаҳои
хешро иброз доштанд. Сарфи назар аз ин ки вазъият дар
Афғонистон рӯ ба беҳбудй намеовард, ҳамоно омадани
мушовирону тарчумонҳо ва кормандони техники аз Шӯравй ба
кишвар и дома меёфт. Дар ин омаданҳо идораҳои марбутаи
Маскав гунаҳгор буданд. Аз хешутаборчигй кор гирифта,
мутахассисонро на аз рӯйи донишу корфаҳмй, балки аз рӯйи
меъёрҳои дӯстиву хешутаборй интихоб менамуданд. Панчоҳ
фоизи шаҳрвандони тахассусманди шӯравй ба дарди Афғонистон
намехӯранд. Масалан, дар гурӯҳи мушовирин 13 нафар
тарчумони забони инглисӣ ифои вазифа мекарданд. Онҳо ба
сабаби ин ки дар ин забон ҳеч ҳуччате ё дастуре сурат
намегирифт, тамоми соатҳои корй пойҳоро болои ҳам гузошта
сигор дуд медоданд. Онҳоро, ки барои як сол мефиристонданд,
шарм надошта, барои соли дуюм қарордодашонро тамдид
мекарданд. Маоши ин тоифа аз ҳисоби бучаи Шӯравй таъмин
мегардид. Илова бар ин Шӯравй аз тухми мурғ cap карда то
техникаву спутникро ба Афғонистон бидуни пардохт мебахшид.
Садрнишинони Маскав ҳеч андеша намекарданд, ки ин кадар
масраф баҳри чист? Хитойро хӯрондему пУшондем, акнун
чосусонаш дар Афғонистон зидди Шӯравй фаъолият доранд.
Кй медонад, баъд аз бист-сӣ сол Афғонистон дар мукобили мо
чӣ корҳоеро пиёда намесозад? Панчуми май дар гурӯҳ чаласаи
профсоюзӣ баргузор гардид. В.В. Герасимов ҳамчун раис ва
Муҳаммадчон Гулчонов ба сифати муовин пазируфта шуданд.
Аз ин ки ватандорам ба мансаб расид, хушҳол шудам ва ӯро
самимона табрик гуфтам. Шубҳае набуд, ки Гулчонов ба ин
мансаб меарзид, зеро дар Ватан ҳам ин вазифаро ичро менамуд.
Ташкилотчии хубе буд. Хизмат ба мардумро хуш дошт.
Ҳамкоронаш дар Института шарқшиносӣ нақл карданд, ки боре
кадом маҷлисе будаасту Гулчонов дер мондааст. Даромадан
замон аз касе пурсидааст, ки масъала чист? Ҷавоб гирифтааст,
ки мавзӯи фаъолияти профсоюз дар Институт. Муҳаммадчон
тоқат накарда, ба музокира мебарояд ва чанд дақиқа сари

117
масъалаи профсоюз сӯҳбат мекунад. Раисйкунанда луқма
партофта мегӯяд: Рафик Гулчонов мавзУи профсоюз ба мачлиси
имрУза: чй муносибат дорад ? Толор механдад. Муҳаммадчон бо
асабоният як гУшаи буруташро тоб дода-тоб дода ба чояш
менишинад. Ҳатман дар ботин ҳамкори шӯхашро ҳақорат
додагист.

Мушовири матбаа - Шпагин хоҳиш кард, ки ба дӯконҳои
радиофурӯшии Шаҳри нав равем. Кадом рӯзе як поя радио-
магнитофон харидааст, ки баъд аз ду-се рУз як динамикащ аз
кор мондааст. Максади рафтан онро иваз намудан ё пулашро
баргардондан буд. Он дуконро пайдо карда, мавзУъро барои
соҳибаш фаҳмондам. Дӯкондор изҳори норозигй карда гуфт:
«на иваз мекунам ва на пулашро пас медиҳам, зеро ин чаноб
аввал санчид ва баъд харидорй намуд. Дар ин ду-се рУз онро
вайрон карда бошад, ман аз кучо медонам», хулоса баровард, -
фурУшанда. Шпагин бошад, ду пойро дар як мУза андохта,
пайсаамро пас деҳ,-мегуфт. Дар бало ман мондам. Баъд аз
баҳси нимсоата, дӯкондор вазъияти бандаро ба назар гирифта,
пайсаашро ба сари Шпагин зада гуфт: «падарсаг, агар тарчумон
бо ту намебуд, ҳеч гоҳ пайсаатро намедодам. Гиру дафъ шав,
мурдагави шУравй». Чеҳраи Шпагин суп-сурх шуд. Боз мехост,
ки ҳақоратҳои дӯкондорро барояш тарчума кунам. ФурУшгох
«Ситора» ном дошт. Исми фурУшанда Муҳаммад Акбар буд.
Ӯ аз ман узр хост, ки нисбати Шпагин дагалй намуд. Ҳамон
ҳолат бо банда унс гирифт. Ба ин хотир, як касетаи сабти овози
Ахмад Валиро аз дУконаш харидорй кардам. Бо дасти холй аз
мағозааш баромаданро раво надидам. Бори дигар, У таъкид
дошт: «Тарчумон соҳиб, агар шумо намебудед, то субх, ки ин
шУравй дар пой истод мешуд, пайсаашро пас намедодам. Танҳо
эҳтироми шумо буд, ки ин лаънатй пайсаша пас гирифт».
Ташаккур, - гуфтам ба Акбар ва и лова намудам, - «хайр аст,
инҳо меҳмони шумоянд». «Оре, оре тарчумон соҳиб»,- гуфт У.
Аз Шпагин хоҳиш намудам, ки минбаъд ба хотири ичрои чунин
амалхои нохуш бандаро истифода набарад. Ӯ гуноҳашро
фаҳмид, ки боз сурхтар шуд.

Бегоҳй филми «Баландин чахорум»-ро тамошо намудам. Он
чо Аъзамчони чаррох низ буд. Сӯҳбаткунон то назди бинои
истиқоматиаш омадем. Дишаб боз аз самти Чалолободу Мазори
Шариф ва Пактиёю Хуст мачрӯҳонро овардаанд. Террористҳо
шабона ба кариячой cap халонда, деҳқононеро, ки соҳиби замг
шудаанд ба катл мерасонанд. Дар ин мукобилиятҳо аскаронч

118
ҳукуматй чабри бештар мекашиданд. Ш.ашуми май ҳукумати
Таракй ба мазмуни зайл эъломияи хешро пахш намуд: «Тамоми
афғонҳое, ки сохти навро нафаҳмида, чониби Покистон ва дигар
кишварҳо роҳи гурез пеш гирифтаанд, метавонанд ба
манзилҳошон пае гарданд. Гуноҳашон бахшида мешавад».
Ҳафтуми май ҳавопаймои «Бойинг» омад. Дар толори гумрукй
чанде аз дӯстонро пешвоз шрифтам. Ашрафов Темури тошканди
бо ман буд. Бахтиёр аз рухсатӣ баргашт. Темуру бандаро ба
хонааш даъват кард. Бо савғоҳои Ватан • зиёфатамон намуд.
Табиист, ки бо ҳасибу панир «водка»-ро низ болои миз гузошт.
Ҳаштуми май дар арафаи ғалаба бар фашизм боз овозаҳо
хонаводаҳои шаҳрвандони шӯравиро фаро шрифт. Папяни
ҳамкорам изтироб аз он дошт, ки рӯзи дуюми май даромадгоҳи
манзили моро тарконданй шудаанд. Аз чор ғунди бовариноки
Кобул яктоаш даст ба хиёнат задааст. Сарварони ҳарбие, ки
Инкилоби Саврро пиёда сохтаанд, на ҳамаашон ба мансаб таъмин
гардиданд. Онҳое, ки соҳиби вазифа шуданд, худро ба ҳукумат
пайвастанд, аммо ононе, ки аз мансаб бенасиб монданд, чо-ҷо ба
му побили давлат зиддият нишон медоданд. Нуҳуми май вазири
молия ҳамагонро ба ин рӯз табрик гуфт. Дар матни табрикӣ
чунин омада: «Солгарди пирӯЗии бузурги 9-уми майро ба Шумо
самимона табрик ва шодбош мегӯем. Пирӯз бошед. Аз тарафи
дафтари қалам махсуси Вазорати молия. Мӯҳр...» Ин пагоҳй
аз ноилочй ҳавопаймои Маскавро пешвоз гирифтан лозим омад.
Мушовири гумрук - Горин Ф.Н. хоҳиш кард, зеро як даста
овозхонҳо ва шахсиятҳои масъул ба Кобул меомадаанд. Соати
нӯҳ ба толори гумрукй ворид шудам. Бо раиси гумруки майдон
сӯҳбат намудам ва доир ба тарзи тафтиши анчомҳои шӯравиҳо
чанд саволе барояш матраҳ сохтам. Андак шикоят пеш овард,
ки «аз нурм бештар молу амвол содир мекунанд». Баъзе
хонумҳои рус дар камарашон тикаҳои чопониро мепечонанд.
Кортҳои суратдор бо худ мегиранд ва ғайра». Ваъда додам, ки
аз ин баъд ҳангоми гусели шаҳрвандони шӯравй 6о мушовир
ҳамкорй хоҳем кард. Ҳавопаймои ТУ-154 фуруд омад. Аз зинаҳо
ҳунармандони точик - Ҷӯрабек Муродов, Нигина Рауфова,
Бурҳон Раҳмонов ва боз чанд тани дигар ҳамагӣ даҳ нафар
пойин меомаданд. Дар ин ҳайат аз сарварони Точикистон -
раиси Госплан Қаҳҳор Маҳкамов, вазири маишй - Адолат
Қосимова, як коргари кранчй аз истгоҳи барки Норак ва раиси
Института забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои
Точикистон - Абдукодир Маниёзов ба назар расид. Ҳайати

119
мазкур бояд дар маъракаи рӯзҳои Точикистон дар Кобул ширкат
мекарданд. Ҳамин бегоҳй ба муносибати чашни Ғалаба намоишгоҳ
ифтитоҳ мегардид. Меҳмононро хуш омадед, -гуфта, аз чанд
корманди гумрук хоҳиш намудам, то ки варакаҳои гумрукии
онҳоро зудтар хонапурй кунанд. Намояндагони ҳукумат ва
Вазорати иттилоот ва култур беруни толор точикистониҳоро
интизорй мекашиданд. С.Рачабов хам бо чанд точики дигар
дар толори пазирой қарор доштанд. Бегоҳии ин рӯз ба минтакаи
намоишғоҳ рафтем. Қаҳҳор Маҳкамову Адолат Косимова
намоишгоҳи Точикистонро бо иштироки вазири фарҳанги
Афғонистон ифтитоҳ бахшиданд. Дар ин маърака такрибан
100 нафар аз чониби афғонй иштирок дошт. Қ.Маҳкамов русй
сӯҳбат намуд. Тарчумон суханашро ба дохилиҳо фаҳмонд. Сиёсат
ҳамин буд. Шахси расмии шӯравй, сарфи назар аз кадом миллат
буданаш, забони расмии давлатиро истифода менамуд. Ба
гумонам А.Маниёзцв ӯро тарчумонй мекард. Вазири маишии
Точикистон бонуи зебое буд, ки бо афғонҳои расмӣ точикӣ сӯҳбат
менамуд. Маҳкамов қавораи чиддй дошт. Аммо чеҳрааш точикй
набуд. Мушоҳида менамудам, ки Назирабону ба холи намояндаи
Точикистон, ки русй харф мезад, механдид. Аз сафорату
консулгарии шӯравӣ низ чанд тан ҳозир буданд. Пузанов дар
гӯшае бо Маҳкамов ба сӯҳбати гарме овора буданд. Ин лаҳзаҳо
ҳеч хушбиние нисбати мо ба мушоҳида нарасид. Аз ин чост, ки
бо Олимчону бачаҳош дар Кобул Нандорй филми ҳиндие тамошо
намуд ем, ки дуюним соат ид ома ёфт. Азбаски то қуюд ним соат
вахт монда буд, аз таксй истифода кардем, ки хидматаш ба
ӯҳдаи Олимчон буд. Нухуми май ҳукумати Афғонистон охирин
эъломияро алайҳи Покистон пиёда сохт. Зеро шаби нӯҳум як
даста низомиёни покистонй сархадшиканй карда, ба дехаи
Туроваи вилояти Пактиё даромада, бошандагонашро азият дода,
чандин манзилҳоро хароб сохта, боз ба хоки Покистон пас
мегарданд. Дар хуччат таъкид шуда буд, ки Афғонистон дигар
бо Покистон ба воситаи эъломияҳо сӯҳбат нахоҳад кард. Чунин
таҳдидҳои Афғонистонро Покистон як бору ду бор не, балки
даҳҳо маротиба шунида буд. Даҳуми май бо баҳонаи супоридани
мачаллаҳои гирифтаам сафорат рафтам. Аз дастаи мо ду нафар
ба сархади Покистон омадааст. Мақсад ба миёни гурезахо cap
даровардан буд. Дар кӯчаву майдонҳои Кобул моршу митингҳо
зидди Покистон ид ома дошт. Садоҳои таҳдидомез баланд мешуд.
Чаро Покистон кариячоти Афғонистонро хароб месозад
Афғонистон бо супоридани эъломияҳо иктифо мекунад? Вакти

120
он расидааст, ки ба Покистон ҳучум биоварем, одобашонро
бидиҳем. Покистон ту ломи Амрико аст ва ба ҳамин монанд
шиорҳо. Воқеан, дар сикилометрии шаҳри Кобул, ки минтақаи
Л у rap карор дорад, дастае аз покистониҳоро тору мор карданд.

Ҳавои Кобул ҳанӯз ҳам сербориш аст. Олимчон ба хонааш
даъват намуд. Аз Панчакент меҳмон доштааст. Ёздаҳуми май аз
ҳолу аҳволи ҳайати ҳизбй хабар гирифтем. Онҳоро дар лаби
дарё як пиёла чой додем. Жола борид. Ҳатто дар дарёи беоби
Кобул об пайдо шуд. Софаро дидам. Одатан, занҳо ҳама
навиҳоро медонанд. Назар ба гуфтаи ӯ автобуси хидматии
Чорсадбистараро тарконданӣ шудаанд. Ин автобус ҳар пагоҳй
мутахассисини шӯравиро ба кор мебурду боз бегоҳӣ пае меовард.
Софахон хурсанд буд, ки рӯзҳои наздик ба Ватан бармегангганду
аз даҳшатҳои ҳамарӯзаи Кобул халос мешаванд. Софа дуруст
мегуфт. Рӯз то рӯз вазъият бад шуда истодааст. Рӯзи нӯҳум, ки
банда ҳавопайморо пешвоз мегирифтам, як даста афсарони
афғонй аз самти поёни майдон ба ҳучум гузашта, мехостанд, ки
майдони ҳавоиро таҳти назорати хеш қарор бидиҳанд. Вале ин
ҳодисаро тез пахш карданд. Он дастае, ки иборат аз 12 афсари
афғонй аз чумлаи пилотҳои дар шӯравӣ таҳсилдида буданд,
хеле ба оромй ва бидуни тирхоликунй безарар гардонда шуд.
Онҳо гӯшае аз зиндони Пули чархиро ишғол карданд. Дар ин
замина бояд кӯшиш мешуд, то ки Амин онҳоро аз байн набарад.
Бахтулинро дидан лозим меомад. Афсарони мазкур рӯзе ба
дарди Шӯравй хоҳанд хӯрд. Ба ҳамин монанд, дар минтакаҳое
аз Кобул низомиён даст ба хиёнат мезаданд. Ҳукумати Таракӣ
се ғунд(полк) дошт, ки вафодор маълум мешуданд. Амри тозаи
сафирро барои шӯравиҳо расонданд. Сардорони ҳар гурӯҳ
ҳамарӯза то соати 9-и пагоҳй ба дастгоҳи сафир оид ба аъзоёни
гурӯҳаш маълумот медод. Шахсе, ки ба чое рафтан мехост,
пештар сардори гурӯҳро бояд огоҳ созад. Мухолифини давлати
Таракй то ин дам интизорй мекашиданд, ки ӯ акидаашро дар
мавриди сохтори давлатй тағйир медиҳад. Довуд баъд аз шаш
моҳи фаъолияташ аз ваъдаҳои додааш пушаймон шуда буд.
Аммо ҳукумати халкиҳо бо сипарии як сол ҳам дар гуфтаву
накшаҳояшон мемонданд. Мақсад ин буд, ки Таракй аз Шӯравй
рӯй гардонаду ба Амрико такя намояд. Ба ин хотир, оҳиста-
оҳиста пойтахти давлатро нотинч карданӣ мешуданд. Рафтори
коммунистонаи Таракй ба мухолифинаш маъкул набуд. Амрико
ҳарчи метавонист эмиссарҳояшро ба хоки Покистон ворид месохт
ва дар мадрасаҳои он афсарони амрикотабъро тарбия менамуд.

121
Домоди шоҳи собиқ - Сардор Валӣ низ миёни гурезаҳои афғонй,
ки ба садҳо ҳазор мерасиданд, корҳои ташвиқотии зидди
Шӯравй мебурд. Сездаҳуми май овозаҳо паҳн шуд, ки ихвониҳо
дар роҳи Кобул - Мазори Шариф чанде аз пулҳоро таркондаанд.
Як сабаби дар Кобул камбуд вдудани оби гарм он буд, ки аз
шимол сӯзишворй намерасид. Дар доираи шӯравиҳо ran пайдо
шуд, ки занҳову мактабхонҳо ва кӯдаконро аз Кобул мебароранд.
Чо-чо минтақаҳой Кобул нотинч мегардйд. Ҳатто мегуфтанд,
ки Пули Хумрй ду рӯз дар ихтиёри ихвониҳо будааст. Ихвониҳо
ба Гулбиддин Ҳикматёр иртибот доштанд, Худи Гулбиддин,
ки зодаи Имом Соҳиб буд, мехост минтақаи хешро аз тасарруфи
«шӯравимазҳабҳо» начот диҳад. Маъдани «Айнак»-ро ҳам
ихвониҳо ба зери назорати хеш дароварданд. Дар ин маъдан
солҳо шӯравиҳо кор карда буданд. Ҳоло ҳам истихрочи он ба
ӯҳдаи геологҳои шӯравй буд. Истгоҳи барки Пули Хумрй низ
аз чониби шӯравиҳо сохта шуда буд. Дар Ғазнй бошад, чанд
тан аз муаллимону шогирдонро 6а қатл расонданд. Дастгоҳи
Таракӣ хамарУза зидди Покистону Ирон ва Хитой эъломияхо
ирсол менамуд ва митингҳо ташкил медод. Ба мактабҳову
муассисаҳои давлатй варакаи сотсиологй таксим карданд, ки дар
он ба як савол чавоб додан лозим буд. Савол: «Оё шумо мехоҳед,
ки ватани хешро ҳифозат намоед?» Варакаи мазкур чунин маънй
дошт, ки Афғонистон аз ҳисоби чавонони фаъол дастаҳои низомй
ташкил доданй аст. Яъне урдуи Афғонистони инкилобиро аз
ҳисоби чавонони ватанхоҳу содик аз нав ташкил карданй буданд.

Шаби сездаҳум Абдулмачид тарчумонҳои намоишгоҳро ба
меҳмонӣ хонд. Мазорй, Азимқул, Ҷӯрабой, ду бонуи дигар ва
Муродуллоҳу Робиябону мизи Абдулмачидро боҳашамат нишон
медоданд. Сӯҳбати хубе шуд. Ба дӯстам офарин гуфтам. Шахси
мучаррад ҳам метавонистааст меҳмон кабул кунад. Бо ин рох
Абдулмачид мехост, ки соате худро дар Ватан бубинад. Вай
ҳамеша ёди хонавода мекард. Бенггар Сонябонуро пеши назар
меовард ва гоҳе чашмонашро обдор медидам. Дилам месУхт,
аммо илоче надоштам. Кӯшиш мекардам, ки бештар хандонамаш.
Вокеан, сарсупурдаи хонавода буд. Банда чунон ки ӯ буд,
набудам. Маро сангдил меномид.

Рӯзҳое, ки бо Блудов кор мекардам, дарди сарам меафзуд.
Ба фабрикаи нассочй рафтем. Азими русидон хам бо мо буд. Аз
вай хоҳиш намудам, ки Блудовро бо раиси фабрика худаш
тарчумонй кунад. Блудов мӯйсафеди сергапе буд. Як суханро
ду-се маротиба такрор менамуд. Пир шуда буд. Дониши

122.
тахассусиаш хеле заиф ба назар мерасид. Тасаввур кунед, ки
аз соати 9 то 12 сари раисро бо ҳарфҳои пучаш гич кард. То 12
тӯл кашидани дарсомУзии Блудов ба он хотир буд, ки ин соат
вақти нони чошт мерасиду ӯ он чо аз палави афгонй ва чою
шириниҳошон ҳаловат мебурд. Вай, ки пирмучаррад буд, дар
хона хӯрок намепухт. Нони чоштро ба серй мехӯрду хӯроки
шому саҳараш як пиёла қандчою як бурда бутерброд буд. АфсУс
ки касби тарчумонй пуртоқатиро тақозо менамуд, вагарна бо
чунин ашхоси пастфарҳанг соатеро ҳам сарф намекардам. Аз
чор мушовире, ки банда онҳоро тарчумонй мекардам, дутоаш -
мушовири гумрук Горин Ф.Н. ва мушовири бонк Герасимов
инсонҳои хуб буданд. Фаҳмиши назариву амалиашон баланд
ба назар мерасид. Гуфтору рафторашон ҳам оқилона сурат
мегирифт. Аммо Шпагину Блудов бароям таблеткаи «аналгин»
буданду бас.

Расонаҳо мегуфтанд, ки рӯзи нуҳуми май дар тамоми
шаҳрҳои Афғонистон бояд табаддулоти давлатй сурат тирад.
Нишонии табаддулот ба воситаи барномаи субҳи радио пахш
мешуд. Дар он чо чунин бояд эълон садо мед од: «Фалон бача,
ба фалон либос гум шудааст ва ба фалон чо хабар диҳед»
Ҳарчанд ки ин овоза чандон воқеият надошт, вале торафт нотинч
шудани манотиқи кишвар аз хеч кас пӯшида намемонд. Бегоҳии
чордаҳуми май Додарчон Садиров ва Анвари кУлобй меҳмонам
шуданд, ки яке дар Қандаҳор ва дигаре дар Қундуз фаъолият
менамуданд. Онҳо ки дар шУъбаҳои Вазорати корҳои дохилии
Афғонистон бо мушовиронашон милисаи нав тайёр менамуданд,
тасдиқ карданд, ки аҳволашон хеле табоҳ мебошад. Туфангча
дар бағалу Калашников сари китф мегаштанд. Шабона ҳам ин
дуро аз худ дур гузошта наметавонистанд. Додарчон гуфтахои
каминаро, ки як мох кабл барояш арз доштам, таъйид намуд.
Рузи понздахум хам дар боду ҳавои овозаҳои даҳшатбор сипарӣ
гард ид. Шонздаҳум ба майдон рафтам. Мутахассисони нав ва
як гурӯҳ занону бачаҳо аз ҳавопаймо фаромаданд. Дар ин
почта 16 адад хат гирифтам. Хабари бад он буд, ки тағоям
Файзуллоҳ вафот кардааст. Такрибан аз авлоди модарй шахси
наздик бокй намонд. Як сол кабл ба аёдаташ дар карияи
Файзободи Восеъ рафта будам. Беморгуна намуд. Инсони
фурУтани хубе буд. Ҳамон вақт шикоят пеш овард, ки кам
хабараш мегирам. Дуруст мегуфт. Рӯҳаш шод бошад. МУсо
дар номааш мавзУи хонадоршавиашро матраҳ сохта, «гап хамон
ran аст»,- гуфтааст. Гап дар ин буд, ки на ҳамаи хешу акрабо

123
бо издивочи ӯ бо духтари бочаи банда мувофика доштанд. Хоса,
Соҳибназару Аноргул гУё изҳори норозигӣ кардаанд. Намедонам
чаро, аммо духтар ба ман маъкул буд. Завчаам хам бисёр мехост,
ки Мӯсо духтари апаашро ба занй тирад. Баъзан ба гӯшам
мерасид, ки гӯё Мӯсо ба хотири ман розй будааст, вагарна
намехостааст. Шояд аз эҳтироми зиёде, ки нисбат ба банда дошт,
пешниҳоди маро рад карда натавонист? Дар ин масъала
Мирмуҳаммад хам розй будааст. Чумъахон дигар хел муносибат
дошт. У аслан баъд аз су хани банда «ҳаву не» гуфтанро
намепазируфт. Хох дуруст буд ва хох бад, кабул менамуд. Аз
ин ки ман ба ӯ супориш додам, ки розигии бочаамро бигирад,
ичро кард. Яъне дар байни бародарону хешу акрабо ду акида
ба миён омада буд. Ин чиҳат ҳамсарамро бетоқат месохт, аммо
дар номаҳояш изҳор намедошт. Барой ман духтар хамчун
духтари хонанишин, боодоб ва хам то чое зебо муҳим буд. Гох-
гоҳе ки ман Мӯсоро бо худ ба хонаи бочаам мебурдам, эхсос
мешуд, ки ба ӯ низ духтар маъкул аст. Медидам, ки онхо ба
якдигар дуздона нигоҳҳои маънидор мекарданд.

Ҳабдаҳуми май дар бинои Вазорати молия ба мудири калам
махсус (канселярия) бону Марям Маҳбуб сӯҳбат доштам. Банда
як сол боз аз насри муосири дари намунаҳоро чамъ меовардам.
Марям Махбуб яке аз онҳое буд, ки чанд достони кӯтоҳашро
аз мачаллаҳо мутолиа намудам. Вакте ки дар ин вазорат кор
карданашро аз Фаридхони ёвари Мисок фаҳмидам, аз эшон
хоҳиш намудам, то ки бандаро ба он бонуи достоннавис муаррифй
созад. Ӯ зане буд, такрибан сисола, хушандом ва хандонрУ.
Марям аз ман пазироии хуше ба чо овард. Эшон дар рУ ба
рУям қарор гирифта, аввалан сигор сурх кард ва баъд гуфт:
«Доктар соҳиб, акнун омода кастам, ки ба саволҳотон посух
бидйНам. Бифармоед». Соате сари чою ширинӣ сӯҳбати адибонаву
адабшиносона кардем. Достонаш дар «Анис» ба шакли
думболадор чоп мешуд, ки номаш «Бел» буд. Ваъда дод, ки ин
достонро пурра ба ихтиёрам мегузорад ва хам сарнавишташро
кУтоҳакак руйи тахрир оварда, барои банда такдим медорад.
Вокеад, ба ваъдааш вафр кард. Он чи зарурат доштам, ба
ихтиёрам гузошт. Дар китоби «Чеҳраҳо» (1996) аз ин бонуи
достоннависи Афтонистон ёдоварй намудаам. Алокамандон
метавонанд ба китоби фавқ мурочиат намоянд. Бо Марям
худохофизй карда ба дафтари кориам ҳозир шудам, ки чаҳор
номаи дигарро болои мизам дидам Якеаш аз устодам С.Табаров
буд. Мактубҳои дигар аз Асадуллоҳ, Шаҳбоз ва хоҳарам

124
Аноргул буданд. Устод дар номааш чун ҳарвақта гилагузориҳо
мекард, шогирдонашро мазаммат менамуд, ки аз ҳолаш хабар
намегиранд. Зимнан менавишт, ки рисолаи Аламхон Кӯчаровро
ВАК гардондааст. Ин ҳодиса боиси нороҳатиям гардид. Ачаб
тасодуфе. Охир, Аламхон донишманди хубест, аз ӯ дар оянда
адабиётшиноси воқеие мебарояд. Чй шудааст, ки тангназарй дар
мавриди рисолааш сурат гирифтааст? Он лаҳза ин саволҳо
бароям бечавоб монданд. -Устод бандаро сӯи илми адабиёт
ташвиқу тарғиб мекарданд. Мавсуф хоҳиш доштанд, ки ҳарчи
ки оид ба адабиёт, таърих, забои ва фарҳанги точикй ба даст
меояд, чамъ намоям. Дар хотима ду орзу кардааст: Дар Душанбе
будани Рахиму банда ва баъд дуруст шудани рисолаи Кӯчаров.
Устоди сахтгиру аммо бомеҳру шафқате пеши назарам давр
мезад. Соати чор вакти расмиам ба поён расид. Майли кабоби
кобулӣ пайдо шуд. Ин пешниҳод Олимчонро хам хуш омад.
Сари роҳ китобфурӯшиҳои «Спинзар»-ро тамошо кардем.
Китоби даркорие ба назар нахУрд. Ба кабобие даромадем.
Афғокҳо кабобро хуб мепухтанд. Мазза дод. Бо автобуси шаҳрӣ
то микрорайон омадем. Ин чо низ ба дӯконҳои китобу мачалла
мутаваччеҳ шудем.Шумораи тозаи «Жвандун» ва «Анис»-ро аз
худ кардам. Ҳине ки ин шумораҳоро варақ мезадам, мавчи
Душанбе хабари марги шоири лирик Аминчон Шӯкуҳиро эълон
намуд. Панчоҳу шаш сол барои як шахси эчодкор чй умрест?
Оре, бемориаш тУлонй будааст. Боз як фарҳангй аз миллати
точик кам шуд, -гуфтаму ба истироҳат пардохтам. Ҳаждаҳуми
май ба тамом мутолиа намудам. Достонҳое аз адибони муосир,
ки хеле чамъ шуда буданд, масруфам сохт. Майнаро ғизо
хӯрондам. Кас агар як асари наву дилчаспро бихонад, ҳатман
ҳаловати маънавӣ мебардорад. Бештари вақтҳо мутолиаву
навиштан боиси дарозумрй мешавад. Даҳшатҳои Афғонистонро
ҳамин навъ машғулиятҳо хубтар даво хоҳад шуд. Бегоҳй филми
«Хайру хуш бо Петербург»-ро тамошо кардам. Нуздаҳуми май
ба асоси эъломияи давлат як идда гурезаҳои ичбории афғонӣ ба
мавзеъҳои истикоматии хеш пас гаштанд. Чунин лутфи ҳукумати
Таракй натичаи дилхоҳ медод. Ба ҳар ҳол ин баргаштанҳо
сафи мухолифинро камтар мегардонд. Бистуми май аз
суханронии Ҳ.Амин маълум шуд, ки гурӯҳи номаълуме бо номи
«мусулмонони воқей» ба куштори муаллимону толибилмон даст
задааст. Сари муаллимеро аз тан чудо сохта бо худ бурданд.
Галабае, ки либоси сурх дар бадан доштааст, аз чониби ин
ноодамиҳо ба қисмҳо чудо карда шудааст. Ваҳшониятро бинед,

125
мегуфт садриаъзам. Инженере, ки тоза аз Лугар омада буд,
накл кард, ки ин котилон аз Покистон будаанд. Падари халкиеро
коммунист гӯён ба оташ сӯзондаанд. Гурӯҳи котилон аз 100-200
нафар иборт будааст. Чанде аз ононро асир гирифтаанд. Онҳо
бо тУфангҳои сохти Покистону Хитой мусаллаҳ будаанд. Бо
худ пулҳои покистонй доштаанд. Рӯзи дигар фарзанди он марди
сУзондашуда пайдо гардида, дар сари кахр хама асиронро бо
Калашников аз байн мебарад.

Ба қироат машғул будам, ки занги дарвоза садо дод.
Кушодам. Шаповалов ном мушовире хоҳиши чанд лаҳза бо банда
буданро кард. У парешонҳол менамуд. Тинчй аст, -гуфтам ба У?
Аз кучо тинчй, ки душманони шУравй хама чо cap бардоштаанд.
Хостам оромаш намоям. Пурсон шуд, ки такдираш чй мешавад?
Бай боз аз он ҷиҳат нороҳат буд, ки шабона парчамихоро аз
манзилҳошон дошта ба зиндонхо меандохтанд. Дар назари
шУравиҳо парчамиҳо коммунисттар маълум мешуданд. Яъне
парчамиро нобуд сохтан, маънии шУравиро аз байн бурдан хам
мегирифт. Таърих чунин вокеаҳоро бисёр медонад, -гуфтам ба
инженери тарсу. Вакте ки рафтанй шуд, парво накунед, ман
ҳамин чо-ку, гУён гуселаш намудам. Шаповалов дуруст ба
мушоҳида гирифта буд. Банда низ даҳо парчамихоро
медонистам, ки дар чанд рУзи охир нопадид гардидаанд.
Бадбахтй он буд, ки бисёре аз раҳбарони парчамиҳои
зиндонишуда, монанди ченерол Қодир, Шоҳпур, Султонали
Киштманд, ченерол Рафеъ ва амсоли онон дар баёнияҳоянтон
тасдик менамуданд, ки тобистони 1978 табаддулоти ҳарбй карданй
будаанд. Дар матбуот менавиштанд, ки ин гурӯҳ аз тарафи
Бабрак Кормалу Анаҳито Ротибзод раҳбарй мешудааст. Назар
ба икрори яке аз табаддулотчиён рУзи аввали иди Курбон бояд
тағйироти сиёсй рУйи кор меомад. Накшаи ин табаддулотро
Бабрак кашида будааст. ГУё хама вазифаҳо пеш аз пеш ба
хешонашон таксим гардидааст. Боз мегуфтанд, ки дар иди
Курбон Бабраку Анаҳито ба Кобул ворид ки шуданд, амалиёти
низомй бояд сурат бигирад. Махсусан, ченерол Қодир дар
баёнияаш тахминҳои болоро таъйид мекард ва гунаҳгор будани
хешро дар назди Афғонистони инкилобй пинҳон намедошт.
Дастаи Кормал бар ин ақида буданд, ки ҳукумати Таракй торафт
аз рохи сотсиализм дур шуда истодааст. Аз jra рУ, холо дер
нашудааст, хукумати Таракиро аз байн бояд бурд.
Мутаассифона, дар байни парчамиҳои табаддулотгар одамони
Амин низ будаанд ва онҳо ҳар сари вакт мазмуни чаласаҳои

126
пинҳонии парчамиҳоро ба ӯ мерасонданд. Ҳамин буд, ки онҳоро
фош карданду ба ғайр аз Бабраку Анаҳито ва боз чанде аз
наздикони онҳо дигаронро ба зиндони сиёсй андохтанд. Дар
оғози муноқишаи моҳи июнй бо маслиҳати Шӯравй-Кормал,
Анаҳито ва ду-се парчамии дигар ба сифати суфарои Афғонистон
Дар кишварҳои хорич аз Афғонистон бароварда шуданд. Бабрак
Дар Чехославакия сафир таъин шуд. Дигар пайравонаш
ҳамчунин. Ҳоло дар ҳукумати Таракй фақат Бориқ Шафей монда
буд. Чунон ки гуфтем, дар оғози инқилоб парчамиҳо бештар
ба мансабҳои давлатӣ расида буданд. Аммо номувофиқатӣ миёни
худи парчамиҳо боис шуд, ки «меншевикҳо» бар «болшевикҳо»
фишори сиёсй оварда, онҳоро аз аввалвазифаҳо дур сохта,
бехтарин шахсиятҳои онҳоро, ки дар дохили кишвар қарор
доштанд, ба маҳбас кашиданд ва ё чисман нобуд сохтанд. Хоса,
вақте ки Амин ба зинаи дуюми давлатдорй баромад, маҳвсозии
парчамиҳо ривоч гирифт, ки киссаҳои онон баъдтар нақл хоҳад
шуд.

Имрӯз хам дар чанголи Блудов будам. Ӯ ба фабрикаҳо
сайру гашт карданро дӯст медошт. Дигар коре анчом дода
наметавонист. Ба осиёб ва заводи нон рафтем. Ду соати тамом
осиёбро тамошо намудем. Бароям хеле чолиб буд. Ин осиёбро
ҳанӯз соли 1955 Шӯравй сохта буд. Ҳама корҳояш ба воситаи
техника сурат мегирифт. Бо вучуди ин дар осиёб кувваи дастй
бештар ба мушоҳида мерасид. Табиист, ки як роҳи бекориро
дар кишвар кам сохтан аз техника даст кашидан буд. Паҳлуи
осиёб фабрикаи нонпазй қарор дошт. Он чо моро бо кулчаҳои
ширини сохти афғонӣ зиёфат карданд. Рӯзи бистумро бо тамошои
осиёбу фабрикаи нон ба поён расондем. Блудов маслиҳатҳои ба
худ хос дод. Маъмурини осиёб хама гуфтаҳои мушовирро дуруст
аст, дуруст аст, мушовир соҳиб, гӯён мепазируфтанд. Аммо
кори хостаи худро анчом медоданд, зеро Блудов муҳитро ба
назар намегирифт, гумон мекард, ки ин чо Маскав ё Ленинград
аст. Боди сахте вазиду абрҳоро аз болои микрорайон чониби
сарҳади Покистон «гусел намуд», вагарна ин бегоҳ низ борон
тарамон месохт.

Моҳи шашум аст, ки рӯзгори мучаррадй дорам. МавзУи
омадани завчаам ҳоло ҳам ҳал нашудааст. Азаров ваъда дод,
ки ҳатман аз Маскав мепурсад ва сабабашро бароям мегӯяд.
Бисёре аз хонумҳои мушовирон омаданд. Фақат точикистониҳоро
нодида мегиранд. Ба Маскав ба Волков телефон кардан лозим
меомад. Дар номаам ин масъаларо навиштам. Ҳарчанд ки

127
““-■==йвз=5

зери парда нигоҳ дошта мешуданд. . У У и Тдпакй

р нм бисту якуми май cap карда, н. 1 араки

^Х^Амин ба кабули муллоҳо оғоз бахшиданд. Максад ин буд,
ки лао кариячот нуфузи калон доштанд, мардумро

мучоҳид меномиданд. У русҳо хуб мефаҳмиданд

ғайриисломиҳо мечангад. Ин ма^иР°п^С^нгУи зи£ци ҳузури
ва ҳам дарк менамуданд, ки дар Р Мягалан агар

дорад. Бесабаб набуд, ки KpTTTLn ойжтсерону ҳарбиҳои

болои Кобул парвоз карданд. р сеюми май бо Горин

олирутба ба хиёнат даст мезада ^ У в маорифи

хавопаймои Маскавро пешвоз гирифтем• “a3“piY^vmrn

штрмтш

^уС м«ГмуГЯр»Траси»о,ро сУи Маскав гусел

128
намудам. Чанде аз бонувони русӣ ҳам ба рухсатй мерафтанд.
Ин бону ба чойи 20кг 47 кило бор бо худ гирифта буд. Яъне 27
кило зиёд. Бинобар ин пул супориданаш лозим меомад. Онҳо
қаблан ба ман аз мавзӯъ чизе нагуфтанд. Ҳабиб Пӯлодов, ки
тарчумони бонк буд,_ба намояндаи бонк дар майдон пешакй
маслиҳат доштааст. У ваъда додааст, ки чанд килое, ки тирад
мегузаронад. Барой ин хидматаш ду шиша «водка» ҳам гирифта
будааст. Ҳарчанд ки гумруки майдон дар итоати мушовири
ман буд, аз дур мушоҳида намуда, ба чанчоли онон дахолат
накардам. Корманди гумрукй дар чиптаи Герасимова Валентина
20кг бори зиёдатй навиштааст, ки 7460 афғонй бояд ба касса
месупорид. Медидам, ки намояндаи бонки майдон ба ин суву
он сӯ медавид, вале касе гапашро кабул надошт. Ба ин хулоса
омаданд, ки як куттй аз анчоми бону пас гирифта шавад. Ҳабиб
он лаҳза хеле сертараддуд менамуд. Чор тараф медавид. Ӯ, ки
вокеан корчалони гузарое буд, коре карда он куттиро дубора ба
соҳибаш баргардонд. То ҳалли масъала хонуми Герасимов гиря
мекард. Ҳол он ки дар як сол ду маротиба бо баҳонае рафту
омад мекард. Дар дасташ чор баста дошт. Ҳар кадом аз ин
бастаҳо панч килограмй буданд. Ба ин маънй, боз 20кг бор
мебурд. Чамъан 67 кг бор дошт. Раиси гумруки майдон назди
банда омада, гуфт: «Доктар соҳиб, худтон мушоҳида каден-не.
ҲамарУза ана ҳамин ҳолат. Ин шӯравиҳо магар барои дӯконҳои
Кобулро холй кардан омадаанд, ё барои хидмат ба Афғонистон»?
Чӣ чавоб доданамро надонистам. Ҳамин кадар гуфтам, ки хайр
аст, раис соҳиб. Минбаъд чунин нахоҳад шуд. Аз ин ҳодиса
худи мушовир ҳам нороҳат шуд. Чеҳрааш тагйир кард. Сӯи
ман менигаристу завчаашро мазаммат менамуд. Аз як пӯстин
чор ададй бо худ мегирифтанд. Ҳар пӯстинро ба кимати 600-
700 рубл ба фурУщ мерасонданд. Албатга, на ҳамаи шаҳрвандони
шӯравй мумсиктабиат буданд. Масалан, дар ҳамин рУз Войлуков
хам парвоз дошт. У метавонист 120кг бор бо худ гирад. Аммо
дах кило кам гирифта буд. Аҳсант гуфтам ба Войкулов, ки
гурӯҳи мушовирони бонкиро роҳбарӣ мекард.

ИмрУз кормандони майдони хавоии Кобул серташвиш
буданд. Бо ин ҳавопаймо завчаи Н.Таракй хам парвоз мекард.
Атрофи бинои майдонро аскарони «Хонаи Халқ» печонда буданд
Ба толори пазирой низ на ҳамаро ичозати ворид шудан медоданд.
Барои сахнаи гусели хонуми Таракиро ба мушоҳида гирифтан
ба балкон баромадам. Лахзаи гусели ин бону чолиби диққат
буд. Аввалан хама аъзоёни Кумитаи марказии ҳизб ба майдон

129
ворид гардиданд. Онҳо мисли низомиён катор шуданд. Баъдан
Ҳафизуллоҳ Амин пайдо шуд. Уро бо карсак пешвоз гирифтанд.
Дар гӯшае сафири Шӯравй бо хонумаш меистод. Ҳ.Амин назди
сафири мо рафта саломуалейкро ба чо оварда, сипас ба вузаро
сӯҳбат оғоз кард. Ӯ чизе мегуфт, ки Мисоку Зореъ ва Дастагири
Панҷшерй механдиданд. Ҳамин вақт, завчаи Таракй бо бародари
Таракй, ки ба ӯ хеле шабеҳ буд, аз бинои майдон берун шуданд.
Мошини хидматй назди бону қарор кард. Ӯ бо бародари Таракй
ба мошин нишаста, чониби ҳавопаймо ҳаракат карданд. Тақрибан
панчоҳ метр масофа буд. Амин бо аъзоёни ҳукумат ва сафири
Шӯравй оҳиста-оҳиста тарафи хавопаймо рафтанд. Аз ин чумла
Амин ва Пузанов чанд кадам пеш гузошта, бо завчаи Таракй
роҳи сафед талабиданд. Хонум бовиқорона зинаҳоро боло шуда,
як дафъа рУяшро чониби хукуматиён гардонда, даст боло карду
ба солуни хавопаймо дохил шуд. То ин лахза хама мусофирон
дар дохили хавопаймо интизорй мекашиданд. Ҳавопаймои ТУ-
154 ба харакат даромада, дар хати асосй худро омодаи парвоз
сохт. Хавопаймо боло шуда буд, ки Амин ва хукуматиён хар
кадом ба мошинҳошон савор шуда, аз майдон баромаданд. Баъд
аз ин ичозат доданд, то ки моён ҳам ба мошинҳомон биншинему
сУи шахр харакат намоем. Назорат чи дар атрофи майдон ва
чи дар дохили он чиддӣ сурат мегирифт. ҲамарУза чоеро
метарконданд, ғизои коргаронро заҳролуд месохтанд ва шахсони
алоҳидаро ба катл мерасонданд. ДирУз дар ғизои умумии
Вазорати маъдан заҳр пайдо шудааст. Ин ҳодисаро ба сарошпаз
вобаст дониста, сарашро аз тан чудо кардаанд. Дар ҳамин замина
Аъзамчон ёдовар шуд, ки мардеро ба мизи чарроҳй гузоштаанд,
ки гулУяшро бурида буданд. Аммо ба хотири ин ки корд рагҳои
хунгузари асосиро халалдор насохтааст, баъд аз гулУро дУхтан,
он чабрдида зинда мондааст.

Бисту панчуми май рУзи чумъа буд. Бо Абдулмачид сУйи
кабобий ПаХлавони дӯстамон роҳ пеш гирифтем. Боди
номунтазаме шурУъ шуд. Абрҳои сиёҳ болои Кобулро пахш
карданд. Ҳаво мегуфт, ки тезтар харакат кунед, ки меборам ва
тар мешавед. Мо дар рӯ ба рУи Паҳлавон қарор гирифта будем,
ки шохнам cap шуд. Мо худро ба ҳучрачаамон, ки ҳамеша
барои мо омада буд, задем. Мисли пештара мушҳо болои шифти
он рафтуо доштанд. Ҳаракати номуназами каламушҳо гоҳе хокро
болои сари мо мерезонд ва боиси табъро хира сохтан мешуд.
Якуним кило гУшти калпураву бараи хасхУрро кабоб фармои
додем. Ҳоло ба хУрдани кабоб оғоз накарда будем, ки як даста

130
русҳо ба ҳуҷраи мо даромаданд. Барояшон дар гӯшае миз
гузоштанд. Албатта, русҳо моро афғон гумон карданд. Онҳо
танҳо набуданд, балки як раиси афғонй ҳамроҳащон менамуд,
вагарна ба чунин ҷойҳо омадани шӯравиҳо ҳеч имкон надошт.
Лаҳзае нагузашт, ки чанд тан аз бонувони русй ин сафи дастаро
афзоёнданд. Онҳо аз бағалҳошон шишаҳои «водка»-ро берун
кашида, болои миз гузоштанд. Абдулмачид асабй шуд. Банда
тоқат накардаг ба нафари афғонй фаҳмондам, то ки шишаҳоро
зери миз бигзоранд ва ё бо шишаҳои кокакола омехта кунанд.
Раис дар симои май кадом шахси расмии давлатиро дидагӣ
барин, дуруст аст, дуруст аст. Маъзарат. Ташаккур,-гӯён
шишаҳоро зери пойи худ гирифт. Он чо будани мо дигар зарурат
надошт. Берун баромадем. Ман ба Паҳлавон эрод гирифтам,
ки чаро русҳоро ба он чое, ки мо ҳастем, равон мекунад. Паҳлавон
узр хост ва илоч наёфтанашро пеш овард. Дигар такрор
намешавад,-гуфт Паҳлавони қассоби шимолӣ. Борон ҳам қарор
гирифт. То театри Кобул Нандорй ҳавохӯрда омадем. Дар роҳ
рафтору беэҳтиётии шаҳрвандони русиро муҳокима намудем.
Наход намефаҳманд, ки онҳоро чашми дидан надоранд. Дар
кӯчаву бозор ҳақоратшон медиҳанд, суханҳои носазоро барояшон
раво мебинанд, ҳатто ба сару рУяшон туф мекунанд. Бо вучуди
ин боз дар чойҳои чамъиятй пайдо мешаванд ва худро чунон
озодона намоиш медиҳанд, ки гӯё дар мулки хешанд ва ё ин
мулк ба онҳо тааллук дорад.

Дар Кобул Нандорй филми ҳиндие намоиш дода мешуд. Ба
сабаби ин ки филм cap то по аз тарзҳои каратей иборат буд,
чавонон хеле зиёд ба назар хУрд. Назди кассаҳои чиптафурУшй
пур аз чавонон буд. Занозанӣ, сару садо гӯшҳоро мехарошид.
Мо чуръат накардем ва аз рУи од об надонистем, ки худро ба он
издиҳом бипайвандем. Илочашро ёфтем. Аз як маъмури афгонй
хоҳиш намудем, то ки барои мо чиптаҳои 15-афғонӣ ба даст
орад. Ӯ «ба чашм»,- гУён ду чиптаро ба ихтиёри мо гузошт. То
чое аз дарси каратэ баҳравар шудем. Соат ба ҳашт наздикй
дошт, ки худро ба микрорайон расондем. Чанд тан аз
тарчумонҳои точикро вохУрдем. Миёни онҳо Аҳмадчон
Муҳаммадхочаев низ буд, ки моро зУран ба манзилаш кашола
кард. Маълум, ки ҳар кадоми мо ташнаи сУҳбати ватандорҳомон
будем. Моро бештар синфхонаҳои донишгоҳй наздик месохт.
Он солҳоро ёдоварй менамудем, аз устодони хубу вокеимон сифат
мекардем. Соат ҳам ба даҳ наздик меомад. Худоҳофизй карда,
сУйи манзилҳои мучаррадй равон шудем...

131
Бисту шашуми май дар матбаа бо мушовири муроқибати
роҳҳо мулокот дошлем. Тарчумонаш Сайфуллоев Искандари
душанбегӣ буд, ҳамоне ки боре дар майдони ҳавоии Душанбе
рақамҳои мошини бандаро канданй шуд. Гузашта аз ин, бо
бародарам якчо кор мекард ва маро хеле хуб мешинохт. Сарфи
назар аз ин, ҳар гоҳ ки ӯ маро медид аз он рафтори нохубаш
хиҷолат мекашид, ҳол он ки ӯ ҳак буд, зеро камина мошинамро
дар чойи мамнӯъ карор дода будам. Такдирро бубинед, ки
инсонҳоро то кучоҳо мебараду ҳамтакдир месозад.

Кортҳои ронандагй 500 афғонй кимат дошт. Вобаста ба ин
мавзӯъ бо муовини раиси матбаа оқои Амирмуҳаммад машварат
намудем. Мехостем, ки қимати тамомшуди кортҳоро поёнтар
фароранд. Мутаассифона, Амирмуҳаммад дар ҳалли ин масъала
салоҳияте дар ихтиёр надошт. То алҳол дар матбаа раиси расмй
таъин нашуда буд. Муовин дар вазъияти дудилагй карор дошт.
У ба ин ақида буд, ки вазифаи райей аз ягон халқй хоҳад буд.
Дар ҳақиқат, ба мансаби раией факат аъзоёни ҳизби «Халк»
таъин мешуданд. Тавре ки мегӯянд: мулк дар дасти «Халқй»-
ҳо карор дошт. Танҳо онҳо метавонистанд, ки максаду мароми
Таракиву Аминро амалй созанд.

Дар толори микрорайон филмеро бо Аъзамчон тамошо
мекардем, ки чунин садо баромад: «Аъзам Азизович на выход».
Аъзамчон ба зудй аз чой баланд шуду гуфт: «Боз кадом мачрӯҳеро
овардаанд». Оре, чарроҳон ин шабу рӯзҳо хеле серкор буданд.
Аъзамчон, ки чарроҳи азалй буду афғонҳо эҳтиромашро пос
медоштанд, ҳар лаҳза ба ёрии эшон мӯҳточй мекашиданд. Ҳайф
шуд, ки Аъзамчон аз тамошои филми чолибе маҳрум гардид.

Бисту ҳафтуми май чаноби Блудов аз Вазорати обу барк
дидан кард. Нақшаи диданҳояш тамоми корхонаву муассисоти
шаҳри Кобулро дарбар мегирифт. АфсУс аз он мехӯрд, ки аз
Кобул ягон метр берун рафтанаш намемонданд, вагарна
вилоятҳоро ҳам мегашт. Азимчони афғон ӯро тарчумонй мекард.
Ман одатан бо дохилиҳо дар гӯшае карор гирифта, сари мавзӯи
вазъияти сиёсии кишвар суханчинй менамудам.

Имщаб филми ҳуччатиеро, ки дар мавриди чашни яксолагии
Инқилоби Савр таҳия карда буданд, ба шӯравиҳо намоиш
доданд. Ин филмро медидаму филмҳои ҳуччатии шӯравиро,
ки қабл аз оғози филмҳои ҳунарӣ дар театрҳо нишон медоданд,
ба хотир меовардам. Бисту ҳаштуми май омаду ҳавои Кобул
майл ба гармй надорад. Ҳоло ҳам бо костюм мегардем. Шабон
сардӣ эҳсос мешавад. Бошандагони Кобул мегӯянд, ки чунш-г

132
баҳорро 45 сол қабл ба мушоҳида гирифтаанд. Ҳафтуми Ҷавзо
(28.05) таърихест, ки мӯҳлати эъломияи давлат дар бораи пае
баргаштани фирориён ба поён мерасад. Назар ба маълумоти
расонаҳои хабарӣ имрӯз ҳам дар вилоятҳои Фароҳ, Нангарҳор
баъзе фирориён номнавис шудаанд. Иқдоми хубе буд. Хеле
фирориён пушаймонй кашиданду ба эъломияи давлат ҳамовозй
зоҳир намуда, дуюмбора ватанашонро шинохтанд. Таърих аз
ин навъ фирориҳо саҳифаҳои зиёде дорад. Давроне точикону
ӯзбекон ва дигар қавму миллиятҳои Осиёи Миёна мулки хешро
тарк гуфтанд, то ки аз чанголи русҳои инқилобпеша начот ёбанд.
Онон, ки ҳазорҳоро ташкил медоданд, дар сарзамини
Афғонистон муқимӣ гаштанд. Ҳатман пушаймонй мекашиданд
ва мехостанд, ки ба деҳу ватани азалии хеш баргарданд, аммо
чунин ҳуччате, ки амнияти онҳоро таъмин мекарда бошад,
расмият надошт. Аз ин чост, ки точикони фирорй ҳоло ҳам дар
самти шимоли Афғонистон ба даҳҳо ҳазор мерасанд. Лашкаргоҳи
минтакаи Қандаҳор ҳамагӣ аз мардумони Мӯъминободи Кӯлоб
мебошанд. Шаҳрҳои Бағлон, Пули Хумрй, Фархор, Имом
Соҳиб, Мазори Шариф ва даҳҳо қариячоти Тахори Афғонистон
аз фирориёни минтақаи Кӯлоб ташкил ёфтаанд. Гумон меравад,
ки агар поёни солҳои сй ва баъди хатми чанги чаҳонии дуюм
эъломияе шабеҳ ба эъломияи имрӯзии Афғонистон дар мавриди
бозгашти фирориёни точик пахш мегардид, садҳо
пушаймонгаштагон ба Точикистон пае меомаданд. Бисту нуҳуми
май аз ҳолу аҳволи ватандорам Саид Салимов, ки ду моҳ боз
фаъолияти ҳизбй дорад, огаҳй пайдо кардам. Бо ин дидор
мехостам, ба хизматаш бирасам ва фаҳмам, ки ба кадом ёрие аз
чониби банда зарурат дорад ё не. Мавсуф рӯзи 31-уми май роҳи
Ватанро пеш мегирад. Ӯ хеле хурсанд маълум мешуд. Ба хотири
дурй аз хонавода, ба хусус фарзандони бемодармондааш нороҳатӣ
мекашид. Имрӯз ҳам суханрониҳои Ҳ.Амин рӯйи нашр
мебошанд. Тамоми барномаҳои радиою телевизион бо чеҳраи
сиёсии Ҳ.Амин масруф мебошанд. Ope, вай мехоҳад, ки ба зудй
дар паҳлуи шахсиятҳои таърихй қарор бигирад. Моҳи май низ
Ҳ.Амин серташвишу сертараддуд буд.

Сиюми май хонуми Шпагинро пешвоз гирифтам. Ба ин
хотир, баъд аз чошт сари вазифа ҳозир нашудам, зеро меҳмони
маскавй хост, ки аз савғоҳои овардаи ӯ нӯши ҷон кунам. Олимчон
се дона мактуб овард, ки якеаш аз Мӯсо буд. Вай боз ҳам сари
мавзУи зангириаш изҳори акида намудааст: «Гап ҳамон ran аст».
Ҳарчанд ки бародаронаш то чое ин хоҳишро надоранд. Табиист,

133
ки чунин муносибат табъамро хира сохт. Завчаи Герасимов дар
номааш оид ба омадани оилаи банда изҳори акида намуда,
зимнан навиштааст, ки агар барои шашуми июн чиптаи Маскав
- Кобул ба даст наорад, пас ба воситаи Вазорати корҳои хоричии
Точикистон, метавонад, ки барои таърихи 20-уми июн чиптаи
Тошканд - Кобулро ба даст орад. Пайваста ба ин мавзӯъ барои
завчаам номае иншо доштам, ки онро ба дасти Саид Салимов
хохам фиристонд.

Ҳанӯз ҳам вазъияти дохилии Афгонистон бад аст.
Мучоҳиддин даста-даста ба мавзеъҳои гуногуни кишвар cap
мезананд ва ба нерӯҳои давлатй даст ба гиребон мешаванд.
Ҳукумати Таракй бошад, ба воситаи низомиёни худиву шӯравй
деҳаҳои алоҳидаро бомбаборон мекунад. Агар чанд мучоҳиде
ба карияе ворид мегардид, натичааш он мешуд, ки он қарияро
болои замин ҳамвор месохтанд. «Акси калла ба шӯрбо мезанад».
Дар чунин набардҳо бештар одамони бегуноҳ талаф меёфтанд.
Ниҳоят, аз дӯсти ҳукуқшиносам Шарифчон Тагайназаров нома
гирифтам, ки пур аз гилагузориҳо буд. Сию якуми май барои
гусели Саид Салимов ва умуман гурӯҳи ҳизбии Шӯравй вориди
майдони ҳавой шудам. Номаамро ба Саидчон такдим доштам.
Бо Ҳикматуллоҳ Насриддинову Хочаев ва Курбон Тӯраев низ
оғӯш кушодам ва роҳи сафедашон хостам. Худо кунад, ки ба
некй ёд кунанд. Чои хушнудист, ки рафтанд. Аз майдон сӯйи
сафорат ҳаракат намудам. Аз китобхона баъзе китобҳои
даркориро гирифтам. Хостам, ки аз он бону, ки алокачии банда
буд, хабари тозае шунавам. Маълум шуд, ки ҳамкорони мо ба
миёни мучохиддин cap даровардаанд. Онҳо бояд дар бораи
Гулбиддини Ҳикматёр маълумоти кашшофй ба даст меоварданд.
Баъди дарёфти чунин маълумот вазифаи камина муайян
мегардид. Дар назар буд, ки моҳи июн кори дастаҳои кашшофй
хеле гарм мешуд. Мушоҳидаҳои моҳи май нишон дод, ки
дарвозаи сафорати Амрико, ба рӯйи «муштариён» камтар боз
гардид. Ҳол он ки сафорати Шӯравй дар хама чойи Афгонистон
нуфузи хешро меафзоёнд. То ин дам рӯзгори бисёре аз дӯстони
банда мучаррадона аст. Майдонравиҳо дар моҳи май зиёд
буданд. Абдулмачид дар андешаи он аст, ки моҳи июн хам
майдонравиаш идома меёфта бошад...

134
ТОБИСТОНИ КОБУЛ

Рӯзи аввали тобистони 1979 низ бо гузориши сиёсии
садриаъзами Афғонистони инқилобӣ Ҳафизуллоҳ Амин оғоз
гардид. Вай нотики хубе дар забонҳои паштуву дарй мебошад.
Чеҳраи зебое хам насибаш гардидааст. Гуфтору рафтораш ба
шахсияти таърихии асри бист Адолф Гитлер шабеҳаш сохтааст.
Чашмони зйрак дорад. Дорой ду чеҳра аст: зоҳирй ва ботинй.
Ин ду бо ҳам мувофиқат намекунанд. Зоҳир механдиду ботин
зиндонй месохт. То ин рӯз сафҳои ҳизбро хеле «тоза» кард. Ба
истиснои «халқиҳо» ҳизбҳои дигар гӯшае аз зиндонҳои кишварро
«обод» медоранд. Дуюми июн дар сафорат машварати
тарчумонҳо сурат гирифт. Раиси тарчумонхо Карпенко Павел
Фёдорович буд, ки чаласаро ифтитоҳ бахшид. Тарчумонҳои
точик Карпенкоро мазок карда, исмашро Юрий Гарангович ва
ё Павел Кирпичович монда буданд. Дар минбар намояндаи
ҳизб ва профсоюз ҳузур дошт. Онҳо дар бораи тарзи тарчума
ҳарф заданд. Маслйҳатҳои онон барои мо аз сафсата беш
набуданд. Муҳаммадҷони профсоюз ҳамарӯза барои манзилҳои
мо таҷҳизот меовард. Ин гурӯҳ, ки бо хоҳинш Афғонистон ташкил
ёфта буд, бояд ба навтарин асбоби хонавода таъмин мешуд.
Ҳучраҳомонро қолинпеч карданд. Бо телевизорҳо таъмин
намуданд. Дар карордоди имзошуда масъалаи лаишии
мушовирон таъкид ёфта буд. Ба хонаҳои мо вазирону дигар
шахсиятҳои ҳизбй метавонистанд ташриф биёранд. Ҳама тачҳизот
аз Шӯравй интиқол меёфт. Максад ин буд, ки мушовирони мо
якумр он чо фаъолият кунанд. Баъзеи моён дар Ватан чунин
тачҳизотро надоштем. Чанд рӯз аст, ки барои чо ба чо кардани
он масруф ҳастем. Олимчону ман ба якдигар ёрй мерасондем.
Чоруми июн назди бинои 53, ки бештар низомиҳо иқомат
доштанд, танкеро ҳамчун пайраҳа гузоштанд. Гӯё дишаб касеро
он чо паррондаанд. Шахсияти чабрдида маълум нест. Дирӯз аз
ҳамон бино насади ду афсари афғонро, ки дар Пактиё кушта
шудаанд, ба хок супориданд. Таракӣ бошад маликҳои кисмати
шимоли кишварро кабул дорад. Соатҳо бо онон сӯҳбат анчом
медиҳад. Панчуми июн ба ҳучраи банда колини калонеро
оварданд, ки ин хуб шуд. Агар Таҳмина биояд, болои он бозй
хоҳад кард. Имрӯз Амин миёни маликҳои шимол даҳон даронда,
лоф зад, ки ба Афғонистон хеч нерУе аз берун рох нишон дода
наметавонад. Афғонистон давлати мустақил аст. Ҳама корҳои
дохиливу хоричиро мо афғонҳо, худамон ҳал хоҳем кард. Банда

135
гӯш медодаму худ ба худ мегуфтам: «Ба ҳалво гуфтан даҳон
ширин намешавад». Шашуми июн вазъияти дохилии Афғонистон
боз бад шуд. Афғонистон бори дигар Покистонро тарсонданӣ
шуд. Ҳафтуми июн дар сарҳади Афғонистон чангҳои нав шурӯъ
шуданд. Дар ин чода Хитой бо Покистон ҳамдастӣ нишон
медиҳад. Таре аз он доштам, ки бо маслиҳати Шӯравӣ
Афғонистон бо Покистон чанг эълон мекунад. Низомиҳои
машваратгари мо чунин ҳолатро чашмдошт буданд. Бо ин андеша
баъд аз чошт роҳ сӯи сафорат пеш гирифтам. Китобҳоро пае
супоридам. Ҳоло ҳам аз одамони дар миёни гурезаҳои афғонй
чой гирифтаи мо хабаре набуд. Банда супориши «шеф»-ро
интизорй доштам. Назар ба фаъолияти хабарчинҳои кобулии
мо рӯзҳои наздик террор алайҳи шӯравиҳо оғоз мегирад.
Махсусан, низомиҳои шӯравй ба накшаҳои террористҳо дохил
гардида буданд. Хавф аз он буд, кй дар ғундҳои афғонй
мушовирони низомии моро куштанашон аз имкон берун набуд.
Бахтулин низ ин маълумотро дар ихтиёр дошт...

Ҳаштуми июн баъди вақти расмй, хонаи Аъзамчон
даромадам. Дар назар буд, ки 14-уми июн ба сабаби хатми
қарордод, сӯи Ватан ҳаракат мекунанд. Софа дарвозаро кушоду
гуфт: «Фишори хуни Аъзамчон баланд шудааст». Дирӯз афғонҳо
ба муносибати рафтани эшон зиёфате оростаанд, ки боиси ба ин
дард гирифтор шуданаш шудааст. Софа, ки гуфтани хабарҳои
тозаро хуш дошт, ба банда иттилоъ дод, ки аз Маскав телеграмма
омадааст, ки хонумҳоро барои ба Кобул омадан ичозат
намедодаанд. Шояд, -гуфтам, дар чунин вазъият дуруст
мекунанд, ки бачаҳову занонро омадан намемонанд, зеро онҳоро
дубора аз Кобул баровардан мушкилиҳоро пеш меорад. Аъзамчон
ба эҳтироми камина аз хонаи хобаш ба толори пазирой омад.
Андак чеҳрааш сурх буд. Нағзакак бо бародарони афғониаш
шароб нӯшида будааст. Ӯ кисса кард, ки ду-се рӯз пеш се
полковники шӯравиро дар Пактиё ба катл расондаанд Ҷасадҳои
ононро аз Пактиё мустақим ба Маскав интиқол додаанд.
Хабарчинҳои банда таъйид мекарданд, ки барои сари як шахси
рус маблағи зиёде медодаанд. Торафт хиёнати неруҳои низомии
Афғонистон зиёд мешавад. Тахмин меравад, ки он се полковникро
на дар набард бо покистониҳо, балки худи афсарони афғонӣ аз
пушти сарҳошон паррондаанд. Накл мекарданд, ки чанд рӯз
қабл дар ғунди Пактиё яке аз раҳбарони он тамоми афсаронро
чамъ намуда, зиёфат доданй шудааст. Максад доштааст, ки ддр
чараёни зиёфат ба воситаи 14 аскари каторй хама ҳозиринро ба

136
қатл расонад. Мегӯянд, ки ӯ ба максадаш ноил гардидааст.
Дар натиҷа аслиҳаи навтаринро соҳиб шуда, худ бо дастааш
чониби Покистон фирор кардааст. Гӯё ғундҳои дигар бохабар
шуда, ба таъкиби онон мепардозанд. Фақат ду нафари
хиёнаткоронро ба даст меафтонанду халос. Ба гумонам, Шӯравй
тарзи пинҳонй дастаҳои десантии зудамали худро дар қисматҳое
аз манотиқи шаҳри Кобул пиёда сохтааст, то ки шаҳрвандони
шӯравиро аз ҳар навъи даҳшатҳо дифоъ намоянд. Ба урдуи
хасакии Афғонистон боварй кардан нашояд. Гузашта аз ин,
мегУянд, ҳама бадбахтиҳоро ба Афғонистон русҳо ворид
месозанд. Гоҳе мешунидем, ки дар Афғонистон «вазъияти ҳарбӣ»
эълон мегардад. Дар чунин ҳолат маоши мутахассисони шӯрави
аз 21 то 50 фоиз зиёд мешавад. Яъне дар маоши низомиён 50
фоиз ва мулкиҳо(ғайринизомиён) 21 фоиз тағйирот ба вучуд
меояд.

Баъд аз як соли фаъолияти ҳукумати инкилобй метавон гуфт,
ки инқилоб акнун оғоз мешавад. Як маънии инкилоб хун
резондан аст. Хунрезиҳо, ки оғоз шудааст, боз солҳо идома
хоҳад ёфт, ҳар инкилоб урдуи навро такозо мекунад. Ҳодисаҳои
чанд рӯзи охир ва хиёнати низомиёни афғонй худ шоҳиди онанд,
ки Афғонистонро артиши инкилобй мебояд. Нооромӣ ба он сатҳ
боло меравад, ки баъзе мутахассисон, аз қабили табибон ба
Афғонистон омаданро рад кардаанд. Мачбур шудаанд, ки
табибони соҳаи ҳарбиро фиристанд, зеро онҳо аз қасами
низомиашон пас гашта наметавонанд. Дар «Хонаи Халк» Ҳ.Амин
намояндагони шаҳри Ҳиротро кабул кард. Гузориши ӯро радиои
Кобул ба ду забон шунавонд.

Нӯҳуми июн Таҳмина даҳмоҳагиро пур кард. Имрӯз боз як
ғунди дигари давлатй чониби Покистон гузашт. Даҳуми июн
серкор шудам. Чор соат бо раиси гумрук мулокот доштам.
Ҳар сУҳбат бо иштироки мушовирон бандаро бетокат месохт.
Баъзе аз онон оддитарин одоби инсониро дар назди афғонҳо
риоя намекарданд. Масалан, яке аз онҳо сардори гурӯҳи
мушовирони Вазорати молия Зотов буд. У худро чунон намоиш
медод, ки гӯё вазири молияи кишвар вай аст на Мисок. Бо
ҳамкорону тарчумонҳо низ муносибати нохуб зоҳир менамуд.
Банда эшонро Безотов мегуфтам, зеро мавсуф, вокеан, безот
буд, авлоде надошт. Ёздаҳуми июн Муҳаммадчон хабар овард,
ки Азимчон Юсуфов, ки таъчилй ба Душанбе сафар карда буд,
баргаштааст. Ба дидораш расидем. Хайрият, одамгарй нишон
дода, хонаи мо телефон задааст. Ҳатто бародарам - Ҷумъаву

137
Мӯсо ва духтарам Фотимаро аз наздик дидааст. Хабари хуш он
буд, ки завҷаам барои 28-уми июн чипта фармоиш додааст.
Дувоздаҳуми июн тамоми аскарони «Қувваҳои кор»-ро ба Соланг
интиқол доданд. Гумон меравад, ки туннели Солангро
таркондаанд. Ба он чо сафарбар сохтани аскарони сохтмончӣ
ҳам ба ин хотир хоҳад буд. Дар ҳабдаҳкилометрии Кобул як
мактабро аз байн бурдаанд. Ҳамин рӯз хондани румони
«Печутоби роҳҳо»-и Ҳилолиён Аскар ва Аминҷон Шукӯҳиро
аз «Садои Шарқ» ба поён расондам. Доир ба кисми аввали ин
асар мақолае ба чоп расонда будам. Сездаҳуми июн ҳавопаймо
аз Маскав омад. Се дона хат барои банда ҳам буд. Устод
С.Табаров ба воситаи ҳар номааш мағзамро такой медиҳад. Ӯ
супориш медод, ки дар бораи насри муосири дарй мавод чамъ
намоям. Амри дигараш ба рӯзноманависии камина иртибот дошт,
оне ки аз устод омӯхтаам. Номаи дигар аз як шогирдам буд. Ӯ
менавишт, ки монографияи «Симои коргар» дар арафаи чоп
аст. Ҳамзамон иттилоъ медод, ки Ҷумъа Одина, ки шӯъбаи
адабиёти илмиро дар «Ирфон» ба ӯҳда дошт, каҳр карда,
вазифаро тарк гуфтааст. Сабабаш он будааст, ки чопи румонаш
«Гузаигги айём»-ро манъ кардаанд. Гӯё онро асари зиддишӯравй
эълон доштаанд. Ҳол он ки чопи мачаллавии «Гузашти айём»
дар танкиди адабии точик ба баҳои мусбат сазовор гардида
буд. Ба ин маънӣ, тақризи С.Табаров ва банда ҳам доир ба ин
асар вучуд дошт.

Бегоҳй хостам, ки бо Аъзамҷон хайру хуш намоям. Аммо ӯ
на 14-ум, ки каблан таъин шуда буд, балки 17-ум ба воситаи
«Бойинг» парвоз мекардааст. Сездаҳуми июн барои ҳунари
мусиқиву овозхонии кишвари Афғонистон яке аз рӯзҳои
даҳшатнок маҳсуб гардид. Аҳмад Зоҳир бо мухлисонаш падруд
гуфта, гӯё пешгӯияш исбот шуд:

Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид...

Дар баҳоре равшан аз амвоҷи нур.

Сездаҳуми июни соли 1979 (мутобиқ ба 23-юми Ҷавзои соли
1358-и ҳичрии хуршедӣ) садои кишвар кӯтоҳакак итилоъ дод:
«...Аҳмад Зоҳир - хонандаи маҳбуб ва машҳур дар як ҳодисаи
тарофикй чон супурд». Дар чомеаи Афғонистон ин ҳодисаи
фоҷеангезро ҳар хел шарҳу эзоҳ медоданд. Яке аз маълумотҳо
чунин буд, ки гУё Аҳмад Зоҳир дар минтакаи шимоли
Афғонистон (тахминан, Бағлон) ба тӯи арӯсие иштирок донггааст.

138
Дар авҷи маърака 6а ӯ хатча мерасад, ки дар оилааш фарзанд
ба дунё омадааст ва зуд озими Кобул шава'д. Ин хабар боиси
хурсандии Аҳмад Зоҳир мегардад ва ӯ шабона баъд аз хатми
консерташ саросемавор ба сӯи Кобул ҳаракат мекунад. Сари
чилави мошин худи Ахмад Зоҳиру дар пахлуяш яке аз дӯстонаш
менишастааст ва ду духтари раккосд пушти cap карор доштаанд.
Азбаски хеле бо шитоб ҳаракат мекардаанд, дар як ҳиссаи роҳи
Соланг, ки каторкӯҳҳои Ҳиндукушро бурида мегузарад, чилави
мошин аз ихтиёр баромада, ба харсанге бархурда чапа мешаванд.
Дар натича сими офтобгири пешорӯи мошин ба як чакаи сари
Ахмад Зоҳир мехалад ва боиси фавти ӯ мегардад.

Ин рӯзи наҳс 13-уми июни соли 1979 буд, ҳамон рУзе, ки ба
асоси навиштаи рӯзномае фардояш барге аз китоби умраш варак
мехУрад ва чй дарднок аст, ки пеш аз он ки ин барг варак
бихӯрад, дафтари зиндагияш барои ҳамеша баста мешавад ва
дардноктар аз ин чй метавонад бошад, ки шаби пеш аз маргаш,
ки интизори навзодеро мекашид, мехост ин навзод писар бошад
ва гуфт агар духтар бошад, номашро Шабнам мегузорам. Ва
фардояш духтар буду номашро Шабнам гузоштанд ва дареғо,
ки ин шабнам бар гулбарги чехраи Ахмад Зоҳир начакид, чаро
ки худаш ба сони донаи шабнаме шуда буд ва дар даҳони
ташнаи замин фурУ рафта буд, чаро ки У дигар дар гУри сарде
хуфта буд... Сеи дигар мачрӯҳ мешаванд ва онҳоро ба
шифохонаи Чоряккор интиқол медиҳанд. Баъд аз паҳн шудани
чунин овоза чавонон, махсусан духтарон савори чанд автобус
роҳи Чоряккорро пеш мегиранд, то ки фаҳманд, «читур Ахмад
Зоҳир мемураду он се тан зинда мемонанд». Мутаассифона,
мухлисони овозхони шахид шарикони Уро дар шифохона пайдо
намекунанд. Ҳатто ҳамон рУзҳо мегуфтанд, ки он се каси бо
Ахмад Зоҳир бударо гурезонданд, шояд ба кишвари дигаре
интиқол додаанд. Мардум хуб мефаҳмид, ки ran дар чисту
сабаби марги фочиавии овозхони дӯстдоштаашон киҳо ҳастанд.
Вале садо баланд кардану чое ба шикоят пардохтан, марги тозаро
бунёд менамуд. Боз хам дар бозору кУча гоҳ-гоҳе мегуфтанд,
ки киблагоҳи Ахмад Зоҳир, ки дар замони шоҳй ҳашт моҳ
садри аъзами Афгонистон буд ва он шабу рУз чашмонаш
намедиданд, асозанон ба назди Амин рафта, рУйирост кушандаи
фарзандаш будани Уро эълон доштааст. Дарбонони Амин
мУйсафеди нобиноро лагадкУб карда аз дарвоза берун рондаанд.
Марги Ахмад Зоҳир умри падарро кӯтоҳ сохт ва У низ чанд
рУзе баъд аз дафни чигаргУшааш фавтид. РУзи 14-уми июни

139
соли 1979 (мутобиқ ба 24-уми Ҷавзои 1358) дафни шодравон
Аҳмад Зоҳир сурат гирифт. Насади марҳум дохили мошини
зебои хориҷӣ қарор гирифт, ки он ба тикаҳои ранга оро ёфта
буд. Мошин аз қасри шоҳӣ гузашта, ба чониби майдони
Паштунистон ва он тарафтар сУи масчиди зеботарину
калонтарини шаҳри Кобул -Пули Хиштй, равона буд. Дар тӯли
ду-се километр ду тарафи роҳрр чавонон ба дастҳои занчиршакл,
ч^сади Аҳмади Зоҳирро раҳнамой мекарданд. Банда низ дар
ин маърака иштирок доштам ва мушоҳида мекардам, ки чавонон
ба эҳсосот омада буданд ва ҳеч туна суханро кабул надоштанд.
Дар ин маърака, органҳои ҳифзи конун ширкат надоштанд.
Шояд ҳукумати Амин хуб дарк карда буд, ки ин фочиаи миллат
аст ва ба эҳсоси мухлисони чандмиллионии Аҳмади Зоҳир бозй
кардан лозим нест. Ба ҳамин тартиб, дарёи одамон овозхони
маҳбубашонро то қабристони «Шуҳадои солехин», ки наздики
Боло Ҳисор карор дорад, гуселониданд.

Чанд тан аз дӯстони афғонистонии Ахмад Зоҳир ва ҳам
мураттибони китобчаи «Боз омадам» ва ҳам чанд рӯзноманигори
точикистонй, ки дар сӯгвории У мазмунҳо бахшидаанд, сари
мавзУи муайян сохтани котилони Ахмад Зоҳир баҳс карданӣ
нестанд ва факат гуфтаанд, ки «дастаҳои хуношоми Амини
чаллод дар ин кори разил «ҳисса гузоштаанд». Аз мусоҳибаи
ҳамсари марҳум низ мехонем, ки аз забони Ахмад Зоҳир
овардааст: «Ин мард маро мегУяд, ки яке аз дӯстони ман бо ду
нафари дигар вазифа доранд, то маро ба дом биандозанд, вале
ман ин гапҳоро намефаҳмам, яъне чй... яъне чй?» Яъне он ки
д У стони чонии Ахмад Зоҳир Уро огоҳ карда будаанд, ки чони
хешро аз чанголи чаллодони ҳукумати давр раҳонад. Ҳайҳот,
ки такдир овозхони моро он СУ бурд, ки хати роҳи зиндагиаш
ба хамон самт кашида шуда буд... Дигар ба эҳтиёт зарурат
пайдо нашуд, баръакс накшаи кашидаи котилон ба зудй амалй
шуд. Ногуфта намонад, ки марги фочиавии Ахмад Зохир он
замон дар доираҳои болой чандон сару садо боло накард.
Таъзияҳои чиддй низ пайдо нашуданд. Факат чо-чо мухлисонаш
оҳу нола мекарданд ва ҳамкорони бехасадаш Уро ёд менамуданду
дар саҳнаҳо чояшро холй нигоҳ медоштанд... Мегуфтанд, ки
духтари Амин то дарачае девонаи хунару шахсияти Ахмад Зохир
шуда, ки хУроки шомро факат бо вай медидааст. Табиист, ки
чунин рафтор ба шавҳараш - Асадуллои Амин, ки он замон
раиси кумитаи ба истилоҳ амнияти миллиро ба ӯҳда донгг, хуш
намеояд ва бешубха аз паи қасосгирй мешавад. Каси дигаре, ки

140
ташнаи хуни Ахмад Зоҳир буд, ин муҳофизи Таракй - Туран
буд, ки дар задухӯрди дохили касри шоҳй (вақти аз чониби
Амин аз байн бурдани Таракй) ба катл расид ва Чалолободи
таърихй номи Тураншаҳрро гирифт. Мухлисони Ахмад Зоҳир
агар дар хотир дошта бошанд, соли 1974 барномаи «Овози
дӯст»-и Покистон бо номи «Кокочон» сӯҳбате ороста буд ва он
чо бахс сари зиндонй будани Ахмад Зоҳир аз чониби хукумати
Довуд ва ба ин муносибат cap задани намоишҳову нооромиҳо
дар байни чавонони шахри Кобул сурат мегирифт. Ин зиндонй
ҳеч гоҳ ба хотири он набуда, ки ба таъбири мураттибони «Боз
омадам» «барои сурудхояш, ки мудавои даври мардум буд ва
рӯҳи ошӯбгароиву озодй дошт, зиндонй карданд», балки ба он
сабаб буд, ки катли духтари ченеролеро ба Ахмад Зоҳир нисбат
доданд ва ӯро чанд муддат хабе карданд. Мо болотар аз Туран
ном гирифтем, ба ин маънй ки Туран ошиқи хоҳари ҳамон
духтари қурбоншудаи ченерол шуда буд ва он духтар дар назди
Туран шарт гузошт, ки аз Ахмад Зоҳир қасос бигирад ва пас У
метавонад дархости Туранро қабул намояд. Окибат, Туран бо
Асадуллои Амин якзабон мешаванду накшаи нобуд кардани
Ахмад Зохирро мекашанд. Он овозаи расмие, ки болотар зикр
карда будем, ба мувофикаи Турану Асадуллои Амин пайвастагй
дорад. Фарк он аст, ки Ахмад Зоҳирро аз чакаи сараш парронда
ва баъд сари чилави мошинаш мегузоранду ба шахи кӯҳи роҳи
Соланг бармехӯронанд. Акси мошини майдашудаи Ахмад
ЗоҳиррО дар мачаллаи «Овоз» чоп хам карда буданд. Яъне
саҳнаи катли Ахмад Зоҳирро чунин сохтанд, то ки мардум марги
Уро ба дастаи хуношоми Амин нисбат надиҳанд. Он чи нисбати
марги фочиавии Ахмад Зоҳир оварда шуд, шояд чое ба чоп
расида бошад. Аммо банда, ки ҳамон шабу рӯзҳо дар дохили
вокеоти Афгонистон будам, медидаму мешунидам, хостам
шунидахои хешро дар мавриди овозхони дУстдопггаам Ахмад
Зоҳир рӯи когаз биёрам.

Соати даҳи рУз дар дафтари кориам карор доштам. Якбора
ба мушоҳида расид, ки аз самти «Хонаи Халк» чавонони зиёде
мошини сиёҳеро иҳота карда чониби масчиди Пули Хиштӣ роҳ
мепаймуданд. Мошин гулпУш буд. Маълумам шуд, ки дохили
он часади Ахмад Зоҳир қарор дошт. Духтарону писарон ҳар
хел садоҳо ва шиорҳо медоданд. Пулис ба зудӣ чорраҳаро маҳкам
кард. Тамоми дӯконҳо баста шуданд. Ҳукуматиён ба таҳлука
даромада буданд. Таре аз он доштанд, ки издиҳоми чандҳазорй
балоеро ба сари шаҳрдории Кобул ворид месозад.

141
Аз тарафи бегоҳ хонаи Абдулмачид рафтам. Ӯ меҳмони
дохилй дошт. Худаш бошад, асбоби хонаро чо ба чо мекард. Як
ҳамкораш ба У ёрӣ мерасонд. Тақрибан ҳама мушовирин ин
шабу рУзҳо овораи ҳамин кор буданд. Ману меҳмон гӯшае
нишаста ҳам чой нУшидему ва ҳам сари вазъияти ноҳинчори
Афғонистон сУҳбат доштем. Носир таҳсилкардаи яке аз
мактабҳои олии Ленинград буда, хону ми русй дошт. Ӯ ба тамом
аз сохти навини кишвараш розй набуд. Ҳама гуфтаҳои расонаҳои
хабарии чи дохилу чи хоричро дурУғи маҳз мебаровард. Носир
ба ин ақида буд, ки чангҳое, ки моҳҳои наздик дар сарҳадоти
Афғонистону Покистон сурат мегирад, миёни худи афғонҳост.
Яъне ҳарду чониб афғонҳоянд, ки ба якдигар мечанганд.
Эъломияи ҳукумати Таракиро дар мавриди баргардонидани
фирориёни ичборй сафсата хонд. Вай изҳор дошт, ки касе ба
Афғонистон пас наомадааст. Он чй ки мегУянд, ҳар рУз садҳо
фирориён номнавис мешаванд, дурУғ аст. Хулоса, -гуфт У,-
афғон афғонро нобуд месозад. Миллати афғон худаш худашро
кушта истодааст. Дар поёни сӯҳбат фаҳмидам, ки Носир аз
«парчамй»-ҳо будааст. Ӯ дуруст мегуфт, ки дар чунин ҳолатҳо
миллат беҳтарин чеҳраҳояшро аз даст медиҳад. Асосан, хулосаҳои
Носир аз воқеияти Афғонистон сарчашма бардошта буданд.
Понздаҳуми июн худамро бад ҳис мекардам. ГулУдард шуда
будам. Бо ин дард солҳо «дУстй» дорам. Олимчон шир овард,
то ки бандаро муолича кунад. Маколаи Асадуллоҳ Ҳабибро
дар боби «Адаб ва Инқилоб» хондам. Сухани бисёре гуфта
шуда бошад ҳам, сари адабиёти инқилобй чизе ба мушоҳида
нарасид. Мавсуф, ки таҳсилкардаи курси аспирантураи Маскав
буд, оид ба чараёнҳои адабии Ғарб бештар изҳори акида
менамояд. Шонздаҳуми июн низ беморранг будам. Сари вазифа
ҳозир нашуда, балки ба табобату мутолиа худро масруф сохтам.
Ман, ки ба хонданҳои радиои Кобул алоқаи зиёд нишон
медодам, хостам, ки радиоро ба ҳучраи хобам гузаронам. Вакте
ки душохаро ба барк пайвастанй шудам, якбора оташ парида
ҳарду дастамро сУзонд. Болои як дард дард и нав пайдо шуд.
Хайрият, ки хонумҳои рус хабар ёфтанду бароям даво оварданд.
Боз бадии кор дар он буд, ки дар панчхонагй барк гум шуд.
Дигар на радио кор мекарду на яхчол. То чошт маътал мондам.
Мушовирон барои нонхУрй омаданду ба зуди баркро дуруст
карданд. Бегоҳӣ бо дастҳои докапеч ба манзили Аъзамчон
рафтам. Онҳо пагоҳ сафари Тошканд доштанд. Ҳарчанд ки
Аъзамчон мехост ҳамроҳаш нишинам, аммо майл надоштам. Ҳис

142
мекардам ки ҳароратам баланд шудааст. Ангуштонам ба сӯзиш
даромаданд. Бо сӯзишҳои беру ниву дардҳои дарунй Аъзамчонро
ба оғӯш кашидаму сафари бехатар орзуяш намудам. Ба
Софахону Чамшед низ роҳи сафед хостам. Хеле ба якдигар унс
гирифта будем. Чанд рӯзи дигар нороҳатй фароям хоҳад гирифт.
Танҳой дар хонаи панчҳучрагӣ мачбурам сохт, ки ҳабдаҳум
сари вазифа ҳозир шавам. То соати 12 худро чанд он бад эҳсос
накардам. Вале якуякбора сардарди сахте' пайдо шуд. Хона
омада як кулча «аналгин»-ро фурУ бурдам, аммо дард шиддат
мегирифт. Илова ба ин ангунггҳои сӯхта ба худ ранги сиёҳ
гирифтанд. Ҳарду дастро латапеч кардаму ба истироҳат
пардохтам. Хобам парешон буд. Фақат соатҳои чори шаб сарам
аз дард монд. Ҳаждаҳуми йюн дар хона будам, ки Абдулмачид
хабаргирй омад. Хоҳиш кардам, то ки палав пазад. Маҳсулоташ
тайёр буд. Ин пешниҳод ба Абдулмачид маъкул афтод. Палав
ҳам омодаи хУрдан шуд. Садтогй бардоштем. Сипае У хонаи
Султон Рачабов рафт. Вазири собиқ, ки намояндаи халк дар
парламони Точикистон буд, пагоҳ барои иштирок ба сессия
чониби Душанбе парвоз доштааст. Шумораи даҳуми рУзномаи
«Халқ»-ро варак задам, ки назарам ба акси як даста фирориёни
ичборй бархӯрд. Инҳо ҳамон афғонҳое буданд, ки ба покистонихо
роҳбаладӣ намудаанд. Ҳамчунин акси гранатаҳо, тӯфангҳои
сохти хитой, тӯфангчаҳо ва дигар навъи силоҳе, ки аз
покистонихо мусодира гардидаанд, чоп шуда буд. Нуздаҳуми
июн дар хизмати Блудов карор гирифтам. Бо раиси муаесисаҳои
давлатй ду соат мулокот кард. Муовини раиси муассисаҳо хоҳиш
дошт, ки чиҳати сармоягузорй маблағи муайянеро барояшон чудо
намоянд. Блудов бошад, аввал карзҳоятонро пардозед,- мегуфт.
Бе ин хам табъи Блудов хира маълум мешуд. Мушовири гумрук
Горин бо У чанчол карда буд. ГУё дар набудани Горин вай
Муҳаммадчонро, ки тарчумони Горин буд, истифода бурдааст.
Ҳамин хел хам мешуд, ки мушовирон барои тарчумонҳо шуда
ба якдигар мунокиша мекарданд. Ин шабу рӯзҳо ташвику
таргиби масъалаи «Шумури нуфус» cap то сари кишварро
мутаваччеҳ сохтааст. Икдоми мазкур барои Афганистан ҳодисаи
навеет. Ҳеч кадом аз сохторхо то ин дам мавзУи ба шумор
гирифтани ахолии Афгонистонро амалй накарда буд. То ҳол
теъдоди ну фу си Афгонистон таври тахминй арз мешавад.
Мегуфтанд, ки ахолии кишвар аз 14 то 18 миллион аст.
Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида низ ба ин кор икдоме пеш
нагирифтааст. Баъзан савол мекардем, ки чаро шумури нуфус

143
амалй намешавад? Чавоб медоданд, ки дар Афғонистон ҳалли
мавзӯи мазкур номумкин аст.зеро хонаводаҳои мардуми
Афғонистон тартибу низом надорад. Фарз кард ем, маъмури
шумури нуфус, вакте ки ба манзили марде cap зада, аҳли оилаи
ӯро ба рӯйхат гирифтанй мешавад, он мард факат як занашро
бо авлодонащ номбар карда, ду-се зани дигарашро бо кӯдакҳояш
пинҳон нигоҳ медорад. Гӯё чанд маротиба кӯшиши шумури
нуфус оғоз гирифтаасту аммо анчомаш номаълум мондааст. Яъне
натичагирй аз шумури нуфус ғайри имкон мебошад. Акнун
ҳукумати инқилобй мехоҳад, ки бо пиёда сохтани шумури нуфус
ба чаҳониён бигӯяд, ки ну фу си ахолии Афгонистон ба ин теъдод
аст. Ин хам яке аз чорабиниҳои ҳукумати Таракӣ маҳсуб мешуд.
Маъракаи шумури нуфус 25-уми Ҷавзои 1358 баробар ба 15-
уми июни соли 1979 дар тамоми ноҳияву вилоёти кишвар оғоз
ёфт. Албатта, пиёда сохтани он ба далели гуфтаҳои боло хеле
душвор хоҳад шуд. Чорабинии дигари ҳукумати инқилобӣ он
буд, ки ҳамарӯза намояндагони муллоҳову маликҳои вилоятҳоро
ба «Хонаи Халқ» чамъ меоварданд, то ки раиси давлат Н.Таракй
ва садриаъзами кишвар Ҳ.Амин бо онҳо сӯҳбат биороянд. Дар
оғоз ин чорабинӣ шакли дигаре дошт. Н.Таракй сӯҳбати ду-се
соата мекарду онҳо рӯзи дигар аз пайи ичрои фармудаҳои
сардори давлат мешуданд. Чанд рӯз шуд, ки намояндагони
номбурда ду рӯз дар Кобул маътал мещаванд. Як рӯз Н.Таракй
онҳоро масруф месозад, рӯзи дуюм Ҳ.Амин шиорандозй мекунад.
Чунон ки гуфтам, Н.Таракй ҳама вохӯриву сУҳбатҳояшро бо
забони пашту анчом медод. Ҳ.Амин баръакс ба забони форсй
гузориш доданро маъкул медонист. Вале аз рӯзи 15-ум cap
карда, Ҳ.Амин низ гузоришҳояшро бо намояндагони маҳалот
ба пашту амалй месозад. Бале, паштугарой дар ҳукумат ва
сохтори кадрии Афғонистони инқилобӣ ба хубӣ мушоҳида мешуд.
Форсизабонон пайваста ба ин чиҳати фаъолияти ҳукумати Таракй
чунин факоиро эчод карда буданд: «Хар бошу пашту бош,
туро албатта ё раис, ё муин ва ё мудир муқаррар мекунанд».

Дар маҷаллаи «Жвандун» («Зиндагӣ») силсилаи мақолаҳои
оид ба мавзӯи адабиёт ва халқ чоп мешуд. Сӯҳбат сари адабиёти
халқй, адабиёте, ки ба мардум хизмат карда метавонад, чараён
мегирифт. Ҳамин ҳоло достони кӯтоҳи Марям Маҳбуб
«Моҳгул»-ро мутолиа дорам. То ин рӯз рӯйхати достоннависон
ба 17 нафар расид. Аз эшон намунаҳоро чамъ овардам ва доир
ба ҳар кадоме ёддоштҳо анчом додам.

Бистуми июн ҳавопаймои Маскав омад, вале почтаро наовард.

144
Бемасъулиятиро бинед. Охир, шаҳрвандони шӯрави рӯзҳои
ҳафтаро ба хотири омадани ҳавопаймо ба умеди он мешуморад,
ки номае аз хонаводаву хешу акрабо барояш мерасад. Мушовири
матбаа - Шпагин ба пешвози ҳавопаймо рафтанаш ҳатмй буд,
зеро аз «Госзнак»-и Шӯравӣ мутахассисони соҳаи нашри пул
меомаданд. Ҳарчанд ки кишвар нооромиҳо дорад, имшаб дар
назди бинои мо аскарони кувваҳои кор консерт намоиш доданд.
Аскарони бечора сару либосй Д&рида дар тан доштанд. Бо ҳамин
ҳол худро хушбахт медиданд. Рақсҳошон чолиби диққат буд.
Махсусан. рақси «Атан» хеле дилнишин ба назар расид. Бйсту
якуми июн бори сеюм бо раиси тасадиҳо - оқои Назиҳй
(фарзанди Карими Назиҳӣ, ки дар китоби аввал исмаш
омадааст) машварат сурат гирифт. Назиҳӣ бо Блудов русӣ сӯҳбат
мекард. Кори ман осон шуд. Аз чараёни чаласа маълум

шуд, ки фобрикаи нассочии Багромй моли истеҳсолкардаашро
ба фурӯш расонда наметавонад. Ба сабаби ин ки дар ҳама
вилоятҳо нооромиҳо идома дорад, аз Кобул молашонро бароварда
наметавонанд. Гузашта аз ин, табақаи деҳқон таҳти фишори
маликҳову муллоён карор гирифта, дар замин кор карданро
раво намедид. Яъне замине, ки ба деҳқон давлат додааст, барои
онҳо ҳаром буд, зеро замин дар асл ба арбобу эаминдорони
калон тааллук мегирифт. Дигар ин ки деҳқон заминро ба кор
андохта наметавонист, зеро коркарди он масрафи гаронро тақозо
дошт. Илова ба ин, гурӯҳҳои зиддиҳукуматй баъзе аз деҳқонони
соҳиби заминшударо бераҳмона ба катл мерасонданд.

Бисту дуюми июн Муҳаммадчон ба хонааш даъват кард. Ду
рӯз баъд завчаашро ба Душанбе гусел менамояд. Омадани
хонуми Муҳаммадчон таърихи дуру дароз дошт. У ҳам чандин
моҳ рӯзгори мучаррадй кашид. Чанд моҳ кабл бо ду тифли
хурдсолаш вориди Кобул гардида буд. Рӯзе, ки хонуми
Муҳаммадчон омад, бегоҳияш бандаву Абдулмачид ва Азимчону
Садриддиншоҳ ба табрики ӯ рафтем. Дастархон бо мағзу чағз
ва кулчаву щиринй ороста шуда буд. Бачаҳои Муҳаммадчон,
ки ҳоло хурд буданд, ба ин сУву он еӯ медавиданд. Завҷааш 6о
Муҳаммадчон дар ошпазхона дар тараддуди ғизо карор
доштанд. Хомшӯрбо омода гардид. Ҳар лаҳза рӯзҳои
мучаррадии ӯро ба хотираш меовардем. Муҳаммадчон хурсанд
буд, ки бачаҳояш дар наздаш буданд. Хӯрокро бо шаробаш
нӯши чбн намудем, чою ширинй ҳам тамом шуд, вале мо ҳамоно
ширингуфторй мекардем. Муҳаммадчон дар диван менишасту
ду писаракаш болои китфонаш савор шуда, сакичи дар даҳон

145
доштаашонро ба сари падарашон мечаспонданд. Сақич ба мӯйҳо
дармемонд. Муҳаммадчон ба душворие онҳоро канда мегирифт.
Ҳар дафъае, ки сақичро аз байни мӯйҳояш озод менамуд, чанд
тори мӯйи сараш низ бечо мегардид. Маи, ки доимо ӯро «лысий
кучерявий» ном мебурдам, ба вай мурочиат карда гуфтам: «Акнун
фаҳмидам, ки чаро торҳои мӯйи Муҳаммадчон торафт кам шуда
истодаанд». Ӯ низ тасдиқ кард ва гуфт: «Дидӣ, ки чаро мӯйҳои
ман кам мешаванд»? «Оре», - гуфтам. Азимчону Садриддиншоҳ
бо завқ механдиданд. Акрабаки соат ҳам сӯи дах наздик
мегардид, вале мо сУхбатро идома медодем. Писаронаш хам
фикри хоб кардан надоштанд. Банда хостам, ки шУхие кунам,
гуфтам: «Мухаммадчон? Намешавад, ки бачахоятро бихобонй,
охир соат дах шуда истодааст, ту хам хеле янгаро пазмон
шудай»? Ҳамзамон илова намудам: «Барой бачаҳоро хобондан
як роҳ вучуд дорад. Ин ҳам ба онҳо таблеткаи хоб додан».
Муҳаммадчон якбора бурутҳояшро тоб дода гуфт: «Корат чй ба
бачаҳои ман? Шумо равед, давои хоби бачаҳома меёбам». Бо
шунидани чунин чавоби соҳибхона, мо ҳамагй хандаи баланде
cap додему аз чохомон баланд шудем. Албатта, мо метавонистем,
ки барвақттар худохофизй кунем, зеро мефаҳмидем, ки бечора
чанд мох боз завчаашро надида буд. Аммо, мо пеш аз пеш
маслиҳат карда будем, ки агар завчаи Муҳаммадҷон биояд,
чунин хоҳем кард. Дар ин нақшасозиҳо Азимчон бештар
фаъолият нишон медод. Инҳо дуяшон дУстони хубе буданд ва
шӯхии якдигарро мебардоштанд. Ба ҳамин тариқ, имшаб, ки
дар гусели завчаи Муҳаммадчон иштирок дорем, он лаҳзаҳоро
бори дигар пеши хотир овардем ва Уро огаҳ сохтем, ки шитоб
накунад, мо се-чор соат хоҳем нишаст. Мухаммадчон як хандиду
«парво нест»,-гуфт. Шабҳои Кобул дарозанд. Қуюд, ки хает,
хоҳед нахоҳед манзили бандаро тарк мегУед,- гуфт дар интиҳо
Мухаммадчон. Хонумаш бонуи ачибе буд. Суханҳои дУстони
шавҳарашро гӯш медоду нозукона механдид. Баъд аз зиёфати
Мухаммадчон чанд саҳифа сари насри муосири Афгонистон сиёх
кардам. Чанд лаҳза пештар ваэири дифои Ҳиндустон ба давлати
Покистон таҳдид намуда изҳор дошт, ки Покистон ба зудй аз
хоки Афгонистон даст бикашад. Бисту сеюми июн дар дафтари
корни матбаа нишаста будам. Телефон занг зад. Бардоштам.
Мудири умумии сукук - Афзал ran заданй буд. У фармуд, ки
назар ба амри вазир банда бо мушовири руей ва раиси хазоин
бояд ба «Хонаи Халқ» равем. Маълум шуд, ки хайат
босалоҳияте аз Маскав чиҳати баррасии мавзУи ордену медалхо'\

146
афғонӣ омада буд. Сари мавзӯи фавқ аввал машварат сурат
мегирифт ва баъдан протоколе миёни Афғонистону Шӯравй ба
имзо мерасид. Аслан максад он будааст, ки барон қадршиносй
аз ҳарбиён ордену медалҳои худи Афғонистон бо ёрии Шӯравй
таҳия шавад.

Ба ин хотир, ману Шпагин аввалан ба дафтари вазири молия
ҳозир шуда, аз он чо бо ҳамроҳии ранен хазрин - Муҳаммад
Наим ва мудири умумии сукук - Афзал ба мошини «Волга»
нишаста, ҷониби «Хонаи Халқ» ҳаракат намудем. Дар назди
дарвозаи марказӣ аскарону афсарони зиёде меистоданд. Ду
нафари онҳо ба назди мошини мо омада саволе пеш оварданд.
Раиси хазоин мавзӯъро ба онон фаҳмонд. Яке аз онҳо ба дохили
«Хонаи Халқ» телефон карда, мақсади моро фаҳмонда, сипас
ичозати вуруд дод. Ба ҳавлии «Хонаи Халк» даромада, назди
дарвозаи дигаре карор гирифтем. Он чо дафтари муовини сиёсй
доир ба корҳои қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон будааст.
Маъмуре номҳои моро ба китобе сабт намуд. Баъдан аскареро
бо мо роҳбалад сохт, ки ӯ то қабати сеи бино роҳнамоимон
кард. Дафъатан дарвозаи дутабақаи баланде ба рӯямон боз
гардид. Вақте ки дохили он хона шудем, як ҳайати даҳ-
понздаҳнафарй аз чумлаи дохилиҳову шӯравиҳо сари мизи
дарозе менишаст. Дар садри мачлис раиси «Госзнак»-и Шӯравӣ
Хрушков карор дошгг. Мо низ бо ҳайат худро пайвастем. Сӯҳбат
байни Хрушков, ченерол Храпченко, намояндагии тичоратии
Шӯравй - Румянсев В.В. ва майор (туран)-и афғонй, ки
исмашро нафаҳмидам, чараён гирифт. Хрушков ҳайатро ба
масъала ошно сохта, аз чумла арз дошт: «Дӯстони афгонии мо
мехоҳанд, ки барои кадршиносӣ кардан аз аскарону афсарони
қаҳрамони хеш ордену медалҳо созонанд. Дар ин кор онҳо аз
мо хоҳиш доранд, ки такмил ва таҳияи он аз чониби Шӯравӣ
сурат бигирад». Ҳамзамон Хрушков тарафи афғониро огох сохт,
ки як адад ордени «Инкилоби Савр» дар бадали 28 доллари
амрико омода мешавад. Яъне дар мавриди кимати тамомшуди
фармоиши ордену медалҳо ҳам тарафҳо ба мувофиқа расиданд.
Мачлис ба чунин хулоса омад, ки шахсони масъули чонибҳо
дар муддати ду-се рӯз протоколи фармоишро барои имзо омода
созанд. Ҳайати расмии маскавй бо худ тарчумон донгганд. Банда
чараёни мачлисро ба намояндаҳои Вазорати молия тарчумонй
мекардам. Ба он чо даъват шудани мо ба он хотир буд, ки
пулро Вазорати молия таъмин мекард. Баъд аз ин мачлис ҳайати
марбута бояд ба Бонки миллй мерафтанд, чунки барои баъзе аз

147
ин ордену медалҳо чандсад кило тиллои холис масраф мешуд.
Тилло марбути Бонки миллӣ буд, ҳарчанд ки он дар итоати
Вазорати молия қарор дошт. Шпагин бо ҳайат монд.
Хушбахтона, ҳайат то ки ба Бонки миллй раванд, майли тамошои
«Хонаи Халқ» намуданд. Аз ин рӯ, фурсати хубе пеш омада
буд, то ки қасри шоҳи собикро андаке тамошо кунем. Ҳамин
тавр ҳам шуд. Маъмури «Хонаи Халқ» барои меҳмонон
роҳбаладеро муаррифй сохт. Баъд аз тамошои чанд толору хучра,
ки ба мо нишон доданд, ба мушоҳида расид, ки соҳибони қасри
шоҳй барои ободиву зебу зиннат додани дохили ин бино хеле
заҳмат ба харч додаанд. Он ҷо тиллову нукраи зиёде ба масраф
расидааст. Мизҳои бузургҳачми бо оби тилло молишёфта,
сандалиҳои зарҳалпУш, қандилҳои лочвардиву тиллодор
ҳучраҳои ин биноро бохашамат нишон медод. Деворҳояш нақшу
нигори қадимӣ ва кандакориҳои дилнишине доштанд. Хрушков
хеле бозавк болову поёни ҳучраҳоро тамошо мекард. Рохбалад
чо-чо шарҳу эзоҳ медод, ки онро гохе банда ва гоҳе Саша тарчума
мекардем. Ҳамин вақт буд, ки телефоне занг заду ченерол
Храпченкоро пурсиданд. Ченерол аз Хрушков узр хосту изҳор
дошт, ки таъчилан ба Вазорати дифоъ бояд биравад. Мо боз
ним соати дигар аз тамошои ин бинои таърихй лаззат бурдем.
Фақат як кисмати «Хонаи Халк»-ро натавонистанд нишон
бидиҳанд. Он ҳуҷраҳое, ки як вақтҳо Зоҳиршоҳу Довудхон
менишастанду акнун он чо Н.Таракй карор дорад, нодида монд.
Ба ҳамин тарик, тамошои «Хонаи Халк>> поён ёфт. Мо аз кабати
се ба поён фаромадем. Боз ҳамон аскарону афсарон то назди
мошинҳо гуселамон карданд. Аммо дар чеҳраи афсарони пайраҳа
ким-чй хел нооромй ба мушоҳида мерасид. Онҳо байни худ чизе
мегуфтанду тарафи кУчаи марказй ишора менамуданд. Раиси
хазоин сУи банда назар дӯхта гуфт: «Доктар соҳиб, мисле ки
боз кудато шуда» (яъне табаддулоти ҳарбӣ). Хун аз чеҳраи
Афзалй парида буд. Хайрият, ягон шУравй бо мо наменишаст.
Шпагин мебуд, садҳо савол пеш меовард ва мехост, ки чй
шуданашро фаҳмад. Вақте ки ба дарвоза наздик. шудем, аз
афсари пайраҳа- савол кардам: «Зобит соҳиб, хайру хайрият
аст?» Бале, бале, туфту ба аскар ишора намуд, то ки дарвозаро
зудтар кушояд. Мошини мо дарвозаи дуюмро хам убур кард.
Вахте ки беруни ҳавлии касри «Хонаи Халк» гардидем, вазъияти
дигареро ба мушоҳида гирифтаМ. Сари хиёбони марказй як поя
тУп гузошта буданд, ки пушти он ду-се аскар омодат.,
мегирифтанд. Дуртар аз тУп дар ҳар 50-100 метр тачҳизотп

148
дигари чангй 6а назар расид. Бехи ҳар чинор аскари мусаллаҳе
истода, ҳаросон ин сӯву он сӯро назора менамуд. Ронандаи мо
кисса кард, ки чанд лаҳза пештар наздикиҳои «Хонаи Халк»
тирпарронӣ шунида шуд. Мо хостем ба воситаи кӯчаи марказй
чониби Вазорати молил, ки на дуртар аз дусад метр буд, харакат
кунем, вале афсарону пулисҳои силоҳдор ба он сӯ ичозат
надоданд. Мо мачбур шудем, ки чилави мошинро ба дасти чап
гардонда, рост ба ҳавлии вазорат дароем. Ин ҳолат тирпарронй
аз самти чодаи Майванд шунида мешуд. Лаҳзае чанд нагузашт,
ки вертолётҳои чангй болои Кобулро ба итоати хеш дароварданд.
Банда ба қабати дуюми бинои вазорат баромада аз он чо манзараи
парвози пайи хами вертолётҳоро хуб тамошо намудам. Аз боло
сӯи майдони Паштунистон менигаристам ва медидам, ки
бошандагони Кобул аз автобусҳои мусофиркаши шахрй пиёда
шуда, ба ҳар сӯ метохтанд ва худро паси дарахтони чинору
биноҳо пинҳон карданй мешуданд. Дар байни даҳ-понздаҳ
дақика кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз одаму мошин холй шуд.
Мехостам фаҳмам, ки чй ҳодисае pyx додааст, вале аз бино
баромадан манъ буд. Пушти дарвозаи дафтари корни мо, як
аскари пайраха монданд. Акнун тирпарронй аз наздикиҳои
масчиди Пули Хиштй шунида мешуд. Чорраҳагии майдони
Панпунистонро бастанд. На ичозати рафту омади мошинҳо буду
на сайру гашти одамон. Аз сафорат занг заданд, ки ҳар чи
зудтар бинои вазоратро тарк гуфта, ба ягон роҳе худро то
микрорайон бирасонем. Раиси дастгоҳи вазорат - Фаридхон
таъчилан чанд мошини « Волга»-ро ба ихтиёри мо гузонгг. Мо аз
роҳи марказй гузошта наметавонистем. Бинобар ин аз пушти
бинои вазорат ба воситаи сараки хомаи соҳили дарёи Кобул то
Пули Маҳмудхон расида, сипас аз майдони Чаман гузашта ба
микрорайон омадем. Ин ҳодиса то чошт рух дода буд. Баъд аз
нони чошт дар манзилҳои хеш мондем. Садои тирпарронй торафт
дар минтакаи чодаи Майванд ва кисматҳои Спинзару порки
Зарнигор афзоиш меёфт. Баъд аз зӯҳр вертолётҳои мулкй болои
шаҳри Кобул давр зада, варақаи хукуматиро пош медоданд.
Назди биноҳои истиқоматии мо низ чанде аз варақаҳо алвонч
хӯрда афтид. Касе аз шӯравиҳо варақаҳоро чамъ кард, аммо
хонда натавонист. Ману Олимчон ва Муҳаммадчон берун
баромада, варакаҳоро барои русҳо тарчума намудем. Дар варака
бошандагони Кобул ба оромй даъват карда мешуданд. Ҳамчунин
сабабгори ҳодисаи имрӯзиро ба таври мухтасар оварда буданд.
Назар ба маълумоти варақаи ташвиқй, дастае аз душманони

149
ҳукумати инқилобй бо шиору байракҳои'исломй дар чодаи
Майванд пайдо шуда, ба бетартибиҳо ва задану шикастан оғоз
намудаанд. Варақа меафзуд, ки мукобилати душманон дуру
дароз давом накарда, балки фавран нерӯҳои давлатй онҳоро
шикает медиҳад. Он чо таъкид мешуд, ки ин дастаи душманон,
асосан, ба қавми ҳазора иртибот дошта, ба дифои Ирони исломй
ва раҳбари Инқилоби Ирон Хумайнӣ баромадаанд. Баъд аз чопгг,
50 метр дуртар аз бинои мо тонки раками 538-умро ҳамчун
пайраҳа карор доданд. Аз маълумоти варака, ҳодисаи имрӯза
барои банда равшан набуд.

Бегоҳӣ як сари қадам ба манзили Муҳаммадчон cap задам.
Азимчон, Садриддин (бештар бо номи Саша маъруф буд) ва
Соҳибназаров ҳам омаданд. Пагоҳ завчаи Муҳаммадчон сафари
Ватан дошт. Ҳама сӯҳбат сари ҳодисаи имрӯза буд. Ҳар кадом
чизе мегуфтем. Шом Азимчон, ки дар гӯшаи дигари микрорайон
танҳой мекашид, ба манзили банда «меҳмон» шуд. Чунин амалаш
ба он хотир буд, ки «бандаро ҳифз намояд». Ҳол он ки ӯ дар
канори банда худро ҳифз карданӣ буд. Муҳаммадчон механдид
ва мегуфт: «Ҳо, бирав, бирав, Худойназар боз натарсад, дар
лабонаш табхол набарояд...» Соати нӯҳи шаб якбора садои
воҳиманоки тонкҳо ба гӯшҳо расид. Чароғҳоро хомӯш намуда,
аз балкон ҳаракати тонкҳоро тамошо намудем. Лаҳзае нагузашт,
ки чанд адад мошинҳои ҳарбй назди биноҳои моён аскарони
силоҳдорро пиёда сохтанд. Аскарон саросемавор гирду атрофи
биноҳои истикоматии шӯравиҳоро печонданд. Дар торикии шаб
ба мушоҳида расид, ки аскарон дар либоси мулкй буданд. Гумон
меравад, ки ин дастаҳо аз ҳисоби «халқй»-ҳо ташкил ёфта буд,
онҳое, ки ба Таракй ва Амин содик буданд. Соат даҳи шаб шуд.
Ҳеч садое ба гӯш намерасид. Посбонҳои мо оромона атрофи
биноҳо давр мезаданд. Замоне хӯроккашии Азимчон ба гӯшам
расид. Банда ба ҳучраи корй гузаштаму дафтари рӯзномаро ба
саҳифаҳое аз ҳодисаи имрӯза сиёҳ намудам. Сипас 6а хотири
шунидани идомаи рӯхдоди бисту сеюм дар рӯзи бисту чорум ба
истироҳат пардохтам. Хоб гурехта буд. То як поси шаб ба
андешаҳоям танҳо мондам... Таҳлилҳо кардам, то ки дар маънии
кӯтоҳе барои «шеф» маводи кашшофй омода созам...

Шаби бистучорум «дрешгӯй»-и пайраҳадорон то субҳ шунида
мешуд. Пагоҳй, вақте ки ба балкон баромадам, чор тонки дигар
карор доштанд. Тартиби кори посдор хеле ачиб буд. Онҳо
якдигарро бо нишонии шаб (парол) месанчиданд. Яъне аг'а.
кадоме аз пайраҳадор номи нишонии шабро гуфта натавонад,

150
ӯро дарҳол ба ҳабс мегирифтанд. Аз тарафи бегоҳ тонкҳоро аз
постҳо гирифтанд. Назди биноҳо фақат аскарони пайраҳа
монданду бас. Ин чунин маънй дошт, ки боз оромй ҳукумфармо
гардид. Ҳоло мехоҳам, ки ҳодисаи дирӯзаро воқеияттар мавриди
баҳс қарор бидиҳам. 23-юми июн соати 10-и рУз як гурӯҳ
ҳазораҳо(шиаҳо) байракхо дар даст таксисавор дар чодаи
Майванд пайдо мешаванд. Онҳо аввалан худро боиси таваччӯҳи
роҳгузарону дӯкондорон мегардонанад. Мардуми зиёде чамъ
меояд. Ин ҳолат кормандони сорандӯй (милиса) мехоҳанд, ки
издиҳомро парешон кунанд. Вале онҳо ба лату кУб ва
мукобилияти дастаи ошӯбгар дучор мегарданд. ОшУбгарон
аслиҳаи кормандони сорандУйро зӯран кашида гирифта, ба
шУъбаи милисаи чодаи Майванд ҳучум меоранд. Бо ин амал
мехостанд, ки аз шУъба аслиҳа ба даст оранд. Табиист, ки
кормандони шУъба мукобилият нишон медиҳанд. Чанд тан аз
ҳарду чониб кушта мешавад. Кувваҳои давлатй ба ёрии шУъба
мерасанд, вале ба мукобилияти сахти ошУбгарон тоб наоварда,
аз масофаи 40-50 метр бинои шУъбаи сорандУйро бо тӯп мезананд.
Дар натича бисёре аз ошУбгарон ба ҳалокат расида, бино ба
тамом оташ мегирад. Дуди сиёҳи он болои шаҳр пахш гардид.
ОшУбгарон ба ҳар чониб худро зада, қисме ба хонаҳои
истикоматй панаҳ мебаранд

Мавчи «Би-би-си» ҳодисаи 23-юмро шарҳу эзоҳ дода, кушта
шудани 50 касро хабар дод. Ин расона шояд дуруст мегуфт,
чунки тирпаррониҳо то бегоҳӣ идома ёфта буд. Дар ин задухӯрд
низомиёни шУравй низ иштирок доштаанд. Маҳз ҳаминҳо буданд,
ки ба зудй ошУбгарон мағлуб гардиданд. Торафт боварй ба урдуи
Афғонистон ва сорандӯйи он кам мешуд. Бисёрҳо шудааст, ки
ҳини задухӯрд, онҳо ба муқобили ҳукуматиён тир холй кардаанд
ва ё баъзе афсарони содик ба давлатро аз пушти cap паррондаанд.
Радиои Кобул дар ин ҳодиса давлати Иронро айбдор мекард.
Расонаҳои хабарии Ирон низ эълон доштанд, ки Ирон фаъолияти
неруҳои низомиашро дар сарҳадоти Афғонистон мустаҳкам
менамояд. ДирУз 10-12 адад ҳавопаймоҳои шӯравй тоза ба
майдони ҳавоии Багромй поён шуданд. Дар сарҳади Панчи Поён
ва Кушка чандин ҳазор аскарони шУравй дар ҳолати омодабоши
дарачаи аввал карор доштанд.

Бисту чорум аз дафтари корам ба Марям Маҳбуб занг задам.
Он кас хадя гирифт, ки достони «Бел»-аш чоп шудааст,
метавонам, ки омада гирам. Дафтари корни эшон як кабат аз
мо боло буд. Ним соат сари адабиёти бадей сУҳбат намудем.

151
Андак оид ба достони «Моҳгул»-аш эрод гирифтам. Гуфтам,
хонандаи феълии Афғонистон сатҳи баланди фарҳангй надорад,
фаҳмидани достони номбурда душворашон хоҳад гардид. Марям
эроди бандаро ба хушӣ пазируфт. Ҳамзамон маслиҳаташ додам,
ки дар оянда достони мазкурро такмил бояд дод. Махсусан,
бахши охири достон такмил мехост. Мешавад, ки онро бо
фармони Раками ҳафти давлат оид ба занон мутобик сохт. Чанд
рӯз қабл барои Мисок номае ирсол намудам. Якбора Марям аз
он мактуб ёдовар шуд. Нафаҳмидам, ки ба кадом мақсад Мйсок
номаи шахсии бандаро ба У додааст. Дар ботин меандешидам,
ки шояд ба саволҳои камина Марям чавоб менависад, чун вазир
масруфияти зиёде дорад. Нахостам, ки мавзУи номаамро аз
Марям савол кунам. У низ дигар дар ин маврид чизе иброз
надошт. Медонистам, ки Мисок Марямро зиёд эҳтиром мекунад
ва дар назди худ ба кор гирифтанаш ҳам он буд, ки онҳо
дӯстони деринанд. Ба ҳар навъе ки буд, достони «Бел»-ро бароям
тақдим дошт ва хоҳиш намуд, ки баъдан мулоҳизаҳоямро дар
бораи он баён бидорам. Ба дафтари кориам омадаму дарҳол ба
хондани «Бел» шурУъ кардам. Саҳифаҳои аввал шаҳодат мед од,
ки бад нест. Вале баёни ин достон ҳам мушкилфаҳм мебошад.
Бисту панчум кореро баҳона карда, худро дар чодаи Майванд
гирифтам. Хостам чойи ҳодисаи 23-юмро аз наздик бубинам.
Одами зиёде назди он бино чамъ омада буд. Банда низ аз чумлаи
тамошогарон будам. Вокеан, бино харобу валангор менамуд.
Чанд тан аз ошУбгаронро, ки ба ҳабс гирифта буданд, ҳини
тафтиш гуфгаанд, ки онҳо пунгги суханони имоми 13 - Хумайнй
шудаанд. Дар ҳакикат, аксари ошубгарон ба қавми ҳазора
тааллуқ доштаанд. Бисту шашум дар ҳузури вазири молия бо
раиси нави матбааи сукук, муовинаш ва мушовири шУравй будам.
Вақте ки ба дафтари кории Мисок даромадем, У аз чояш баланд
шуда ба пешвози моён чанд кадам ба пеш гузошта, расми
пазироиро ба чо оварда, сипас сУи банда назар андУхта гуфт:
«Доктар соҳиб, узр мехоҳам, ки ба номаатон то ҳол чавоб
нагуфтам чаро ки хеле масруф кастам». «Хайр аст, вазир соҳиб.
Кадом вакте ки фурсат пайдо кардед, посух мегуед». Баъдан
аҳли мачлисро аз назар гузаронду аз раиси нав чанд савол пеш
овард. Шпагин, ки бори нахуст вазири молияро медид, бодиккат
аз таги чашмҳои шишагиаш ба У менигарист. Мисок ба саволҳои
додааш аз раиси матбаа чавобхо гирифт ва сипас ба забони русй
ба мушовир мурочиат карда, аз ҳолу аҳволаш пурсон шуд. F
Шпагин дар мавриди фаъолияти матбаа саволҳои бисёре дод.

152
Ман чой менӯшидаму ба сӯҳбати вазиру мушовир диққат
медодам. Мисоқ хеле бозавқ сӯҳбати русӣ мекард. Вақти поён
ёфтани мачлис 6а Мисоқ шӯхиомез гуфтам: «Вазир соҳиб, бо
омадани шӯравиҳо, русиатон хеле қавӣ шудааст». «Оре, -гуфт.
Ҳоло хам кам фурсат меёбам, ки тамрини русй кунам». Аз
дафтари вазир баромаДам. Шпагин ҳушҳол аз он буд, ки ба
саволҳои вазир чавобҳои қаноатбахш дода тавонистааст. Ӯ ба
ман гуфт: «Вазир ба русй хуб сУҳбат мекунад». «Бале, -гуфтам,
-вай дар шӯравй тахси’л накардааст, балки 15-20 сол аст, ки
худомУзй дорад». Боз ба матбаа баргаштем. Ба Марям телефон
кардам ва хостам, ки сари достони «Бел» сӯҳбат намоем.
Ҳамчунин аз эшон рақами телефони Асадуллоҳ Ҳабиб ва
Ҳумоюни Каримпурро пурсидам. Марям ба ин ду телефонй
бандаро ошно сохта будааст. Аммо ба сабаби масруфият
доштанаш, баррасии «Бел»-ро ба фурсати дигар гузошт. Хона
омадам, ки Абдулмачид интизорй дошт. Якчоя чой нУшидем.
Худоҳофизй карду хоҳиш намуд, ки ба манзилаш равам, то ки
якчоя палав пазем. Олимчонро хам бо худ гирифтам. Палав ва
зиёфат хуб шуд. Пагоҳ хавопаймои «Бойинг» ба Кобул бояд
меомад. Аз рУи хабари овардаи Азимчон завчаам бояд меомад.
Азаров низ аз сафорат телефон кард, ки ба майдон бароям.
Телеграмма набуд. Аз ин рӯ, чандон боварй надоштам. Ба ҳар
хол хонаро каме ба тартиб даровардам. Бозорй хам кардам.
Хулоса, омодагй гирифтам. Бисту хафтум дар матбааи сукук
будам. Ба майдон занг зада, фуруд омадани хавопайморо
пурсидам. Ҳоло маълум нест, гуфт навбатдори майдон. Чанд
дақиқа дар сУхбати раиси матбаа ва мушовир қарор шрифта,
соати нуху ей телефон карда будам, ки бонуи ширинсухан чавоб
дод: «Хавопаймо чанд дақиқа қабл фуруд омад». Мошин, ки
рӯи ҳавлӣ омода буд, баъди 10-15 дакика бандаро ба майдон
расонд. Бо шитоб дохили толори гумрукй шудам, ки акнун
автобуси аввали мусофирин таги дарвоза қарор гирифт. Ҳоло
хам намедонистам, ки завчаам бо духтарчаам дар ин хавопаймо
буд ё не. Зеро дер мондам. Одатан, пешвозгирон як соат кабл
аз поён шудани хавопаймо ба балкон боло шуда, ҳар мусофири
омадаро вақти бо зинаҳо фаромадан мушоҳида менамоянд.
Баъдан ё ноумед шуда берун мебарояд ё ба толори пазирой
медарояд, то ки наздиконашро бо тамом шудани назорати
гумрукй пешвоз бигирад. Якбора дидам, ки шахеи дуюме, ки аз
автобус поён фаромад, хонумам бо Тахмина буд. Маъмурини
гумрук, ки бештаршон бонувон буданд, вахте фаҳмиданд, ки

153
хонумам омадааст, ҳамагй: «Доктар соҳиб, чашмтон равшан,
чашмтон равшан, муборак, муборак» ,-гУён каминаро табрик
мегуфтанд. Ман саросемавор ба пешвози хонумам рафта,
Таҳминаро болои даст гирифтам. Ӯ парешон шуда, зуд-зуд гоҳе
ба модараш менигаристу гоҳе ба ман, мисле ки аз модараш
мепурсид, ки ин мардак кист, ки маро ба даст гирифтааст!
Гумон доштам, ки ҳоло доду фиғон мебардорад, вале чунин
накард, балки як хандиду сарашро сари китфам партофт. Гӯё
боварӣ ҳосил намуд, ки ин марди бурутй барояш азиз аст. Чанд
тан аз бонувони гумрукй наздики мо омада, хонумамро хайра
макдам гуфта, сари Таҳминаро бо як меҳрубонии хоса дастмол
мекарданд. Раиси гумрук ҳам ҳозир шуда, амр дод, ки анчомҳои
хонуми доктарро бидуни назорати гумрукй то мошин баранд.
Ин лаҳза дидам, ки дар рӯ ба рӯям Шаҳбоз бо хону машу
бачаҳош карор гирифта, нарм-нарм механдид. Ҳайрон мондам.
Ӯро ба оғӯш кашидам. Аз раис хоҳиш намудам, ки анчомҳои
ин бародарро хам мавриди тафтиши гумрукй карор надиханд.
Ҳамакаса аз толори гумрукй баромадем. Дар толори пазирой
шӯравиҳои зиёде маътали пайвандони хеш буданд.

Боз панч-шаш дақикаи дигар беруни бинои майдон бо
Шаҳбоз сӯҳбат намудам. Ӯро ба заводи Чангалак фиристонда
будаанд. Шаҳбоз норозигй кард, ки чойи кораш дар Университет
нигоҳ дошта намешавад ва хам корхона аз шахр берун вокеъ
мебошад. Дилбардориаш намуда гуфтам: «Ба ватан, ки баргаштй
бекор нахоҳй монд». Ба У ваъда додам, ки рӯзҳои наздик ба
зиёраташ ҳозир хоҳам шуд. Муваккатан худоҳофизй намудем.
Шаҳбозро ҳам «соҳибонаш» пешвоз гирифта буданд. Нихоят,
баъд аз ҳашт моҳи танҳоӣ манзили кобулиам ба худ ранги дигар
гирифт. Акнун хонаам садо медод, ки он садои Таҳмина буд.
Ин кӯдак хандахои ачибе дошт. Зардакаку малламУй, аммо
хеле зираку чолок менамуд. Ҳоло роҳ намегашт. Акнун
деворҳоро қапида-қапида чанд кадам ба пеш монда метавонисту
бас. Ҳамаи ҳучраҳоро давр зад. Ҳоло ҳам сӯи падараш ба шубҳа
менигарист. Бегоҳй Абдулмачид, Азимчон, Мухаммадчон барои
табрик омаданд. Абдулмачид ошпазй кард. Сӯҳбати гарме сурат
гирифт. Аз хама беш Мухаммадчон бандаро мавриди мазок
карор доданй мешуд. Азимчон ҳам шӯхиҳои ширине мекард.
Паниру колбасаву «Водка»-и Душанбе дастархони кобулиро
пурнеъматтар мегардонд. Палав омодаи хӯрдан шуд. Лаҳзаҳои
палавпазй Абдулмачид истироҳат мекард. Мухаммадчон хар
сари вахт ба сари дег ҳозир мешуд, то ки чизе аз ош талаф

154
наёбад. Таҳмина чаҳорпоя ба ин сӯву он сӯ медавид. Худро
хеле хурсанд медид. Муҳити нав барояш маъкул буд. Сари
табақҳои палав қарор гирифтем. Ханда тамоми биноро пахш
мекард. Рӯзҳои мучаррадй, ба майдонравиҳо ва ноумед
баргаштанҳоро пеши назар оварда, ханда cap медодем.
Муҳаммадчон бо Азимчон шӯхиомез мегуфтанд, ки то соатҳои
даҳ хоҳанд нишаст. Муҳаммадчон, ки сархуш шуда буд, мегуфт:
«Худоназар, ин Таҳминаро читур Мехобонй, таблеткаи хоб дорй
ё не?» Абдулмачид кайф карда механдид. Азимчон гуфт:
«Абдулмачид бисёр наханд. Ин ҳол ба сари ту ҳам меояд.
Санавбар, ки омад, мо ҳамин хел рафта, то соати даҳи шаб ба
хонаҳомон намеравем». Боз ханда хонаро пахш кард. Ҳамин
тавр, меҳмонпазирии банда барои имшаб ба прён расид.
Ҳамкорон хона ба хона шуданд. Таҳмина ҳанӯз ҳам хонахоро
«тамошо» менамуд. Занак қиссаҳои ачибе аз рӯзгори хонаводаву
Душанбе кард. Дар бораи мактабхонии Фотимаву Парвиз нақл
намуд. Аз бародаронам ёдовар шуд ва дигар гапҳои занакӣ...

Бисту ҳаштум ба номи муовини гурӯҳи мушовирин оид ба
корҳои иқтисодӣ ариза навиштам, то ки дигар бист фоиз аз
маошамро надоранд. Тартиб чунин буд, ки агар мутахассис
бидуни оила бошад, бист фоизи маошаш донгта мешуд. Ҳамчунин
шиносномаи оилаамро барои ба кайд гирифтан супоридам. Ин
бегоҳӣ Олимчону Герасимовро бо хонумҳошон ба меҳмонй даъват
кардам. Албатта, ин нишаст аз нишасти мучаррадҳо фарк
мекард. Герасимов хушй менамуд, ки ниҳоят завчаам омад.
Хонуми ӯ вактҳои дар рухсатй буданаш ба чанд идора cap зада
буд, то ки мавзӯи фиристондани завчаамро тезонанд. Мо, ки
хама дар як бино будем, то дер сӯҳбат кардем. Аз дирӯз боз
вазъияти дохилии кишвар бад шуд. Дар минтақаи Института
политехники тирпаррониҳо сурат гирифт. Шахрбароии
шаҳрвандони шУравиро манъ карданд. Дигар вакти зик шудан
надоштам. Таҳмина бисёр бекарор аст. КамгУштиаш хам шояд
аз серхаракатй бошад. Ҳоло наздам нишаста, ким-чихо гуфтанй
мешавад. Ошпазхона, ки боиси сардардиҳои ҳаштмоҳаам мешуд,
акнун соҳиби аслиашро пайдо кард. Вазифаи хар зан ин чо
пеш аз хама хУроки мутахассисро сари вакт омода сохтан аст.
ШустушУву ба назм даровардани хона хам яке аз вазифаҳои
Уст. Акнун метавонам, ки ба корҳои илмиам машгул шавам.

Хабари нохуш имрУз он буд, ки тарчумоне бо номи Эркин
мушовирашро паррондааст. Ин чавон аз кавми Узбек буда, дар
ҳарбиҳо тарчумонй мекард. Насади мушовирро дируз ба воситаи

155
ҳавопаймо ба Маскав фиристонданд. Мегӯянд, ки мушовири
ҳарбй ба нафси тарчумонаш мерасидааст, ӯро ба ҳар роҳ
муттаҳам месохтааст. Фишор то ба дарачае расидааст, ки
тарчумон ба куштор даст задааст. Эркинро бурданд. Тақдираш
чӣ мешу да бошад, намедонам. Ҷавон аз беақлй умрашро ҳайф
сохт. Бидуни шубҳа Эркинро сахт таҳқир кардааст, вагарна ба
чунин амал даст намезад. Ба ҳар ҳол чавони хубе буд. Бисту
нӯҳум рухсатй будем. Олимчон ману Абдулмачидро ба хонааш
даъват намуд. Баҳона он буд, ки асбобҳои хонаашро чо ба чо
кардан лозим буд. Салимабону палави сергӯште омода сохт.
Ваъдадодем, ки рӯзи дигар ҳам барои ёрӣ хоҳем омад. Олимчон
механдиду «не, не, халос шуд, дигар асбобе намонд, ки онро
чо ба чо намоед». Баръакс хонумаш меҳрубонӣ нишон дода,
«марҳамат, марҳамат, ҳар вақт хоста бошен, 6иоед»,-мегуфт,
ҳине ки мо манзили Олимчонро пушти cap мегузоштем. Албатта,
Таҳмина ин соат хонаи Олимчонро хеле омӯхт. Муҳимаш он
буд, ки духтари Олимчон - Мунира бо Таҳмина унс гирифт ва
метавон гуфт, ки «дугона» шуданд. Баъдан яке аз шумораҳои
«Садои Шарк»-ро варак задам. Он чо ду маколаи чолиби
С.Табаровро мутолиа намудам, ки якеаш дар бораи устод
С.Айнй буда, дуюмаш сари фаъолияти Рахим Чалил баҳс
менамуд. Сиюми июн рузи аввали ҳафтаи кориам буд. Имрӯз
мухолифин пули назди «Боғи умумй»-ро тарконданд, ки дар
натича се роҳгузари бегуноҳ қурбон гардид. Навакак дар кӯча
тирпарронй 6а мушоҳида расид. Ба ин хотир, мачлиси Б юрой
сиёсй дойр гардид, ки дар он масъалаи вазъияти дохилии
кишвар мавриди баҳс қарор дода шуд. Ҳарчанд ки бозорравиро
манъ карданд, бонувони шӯравй даста-даста дар хиёбону
майдонҳои Кобул бепарво мегаштанд. Тавре ки ба мушохида
расид, моҳи аввали тобистони соли 1979 ба Афғонистон оромии
кулро оварда натавонист. Боду ҳавои Кобул мисли вазъияти
дохилии кишвар гох гарм буду гохе сард. Дар ин мох чанд
тан аз табааи шӯравй ба халокат расиданд, ки бештарашон аз
чумлаи низомиён буданд. Ҳоло хам мучаррадони точик дар
интизории оилаҳояшон қарор доранд. Яке аз онҳо дӯсти банда
Абдулмачид мебошад. Шояд моҳи дувуми тобистон, ки дар
пеш аст, интизории эшонро ба поён расонад. Факат мехостем,
ки бо омадани Санавбарбону ба холи Абдулмачид андаке
бихандем.

156
РАИС «МАРИЗ» ШУДА...

Моҳи июли 1979 сафи «раисони мариз» рӯ ба афзоиш овард.
Бо омадани Ҳ. Амин ба мансаби садриаъзамй таъбири «раис соҳиб
мариз шуда, мудир соҳиб мариз аст» маънии зиндонй шуданро
пайдо кард. Ҳамашаба дастаҳои махсуси Амин ба шикор
баромада, ҳучраҳои зиндонҳои Пули Чархиву Деҳмазанги шаҳри
Кобулро бо «меҳмонон»-и нав таъмин мекарданд. Хурдтарин
инқилоб баъд аз пирУзй чорабинии софкориро дар чомеа пиёда
месозад. Инқилобҳои Ингилистон, Фаронса, Ирон, Руссия
пештар аз Инқилоби Саври Афғонистон ба чунин тозакориҳо
даст зада буданд. Масалан, солҳои ей дар Шӯравй бо хамин
чиҳаташ сафҳаи таърихи нави Руссияро «пурмаънй» гардондааст.
Ин навъ иқдомоти инқилобй, такрибан ба ҳукми анъана
даромадааст. Пас, софкориҳои Амин низ ходисаи тоза нест, балки
ба У имкон медиҳанд, ки дар чодаи сиёсат озодонатар кадам
гузорад. Дар кӯчаву бозорҳои Кобул бисёриҳо мешунидам, ки
одамон эҳтиёткорона мегуфтанд: «Шунидй, ки фалонй мариз
шуда. Валлоҳ Амин дуруст када, У инсони хубе набуд, хиёнат
када, ки зиндониш сохтанд». РУзи аввали июл дар дафтари
кориам будам, ки муовини раиси матбаа наздам омаду гуфт:
«Доктар соҳиб, шунидй, ки раиси хазоин мариз шуда?» На
хайр, гуфтаму бо баҳонаи мактуберо ба Вазорати молия таслим
додан, роҳ сУи бинои марказй пеш гирифтам. Хостам фаҳмам,
ки хабари мариз шудани раиси хазоин рост аст ё дурУт. Нафари
хидматгораш ба пешвозам баромаду аз се рУз сари вазифа ҳозир
нашудани раис огохам сохт. Сипае, назди окон Афзалй
даромадам. «Хайрияту хайрият, фақат раис чанд рУз боз мариз
шуда. Хо,- гуфтам, яъне ки раиеро зиндонй кадан». «Оре»,-
гуфт оқои Афзалй. Раис парчамй буд. Худро аз форсигӯҳои
Кобул мегуфт. Марди фархангие менамуд.

Бояд гуфт, ки Ҳ.Амин дар тамоми вазоратхонаҳо,
муассисаҳои давлатй, мактабҳои олй ва умуман дар хама чойи
кишвар одамони хабарбару хабаркаши худро дошт. Дастгоҳи
Амин дар миёни шУравиҳо низ амал мекард. Ҳодисаҳое хам
шуда, ки баъзе тарчумонҳо ба доми Амин гирифтор шуда-
буданд. Вазирону раисон ва мансабдорони давлатй аз доираи
суханҳои расмй берун намебаромаданд. Ҳама ҳарфҳо шакли
анъанавй пайдо карда буданд. Тарсу харос тамоми кишварро
фаро гирифт. Акнун фахмидам, ки чаро Мисок, то ки бо банда
сӯҳбат орояд, болои телефонҳояшро бо сарчоки калоне мепУшонд

157
ва баъд мегуфт: «Мардума озод кардему худа зиндонй». Яъне
Мисок ҳам метарсид. Ҳол он ки дар ҳукумати Тараки шахси
сеюм маҳсуб мешуд.

Бояд гуфт, ки дар Вазорати молия ҳодисаи «маризшави»
кам ба мушоҳида мерасид. Мисок таври махфӣ ба дастгоҳаш
фармуда буд, ки вакти маъмуреро аз вазорат «мариз» эълон
кардан, ба зудй Уро вокйф созанд, вагарна шаб, ки шуд начот
додани «мариз» номумкин мешавад. Ба таъбири дигар, «мариз»
бояд «шабмонда» нашавад. Чун амалиёти «маризсозиҳо»-и Амин
соатҳой се-чори шаб амалй мешуданд, соҳиби маризро зарур
буд, ки соатҳои ҳашти пагоҳй ба Мисок хабар расонанд. Агар
чунин мекарданд, Мисок то чошт «мариз »-ро аз «шифохона»
бадар месохт. Ҳодисаи маризшавии раиси хазоин ба рӯзҳое рост
омад, ки Мисок дар сафари хорича буд. Вакте ки аз ҳавопаймо
поён шуд, 6о ришҳои расида ба дафтари кораш омад ин хабари
шумро барояш арз доштанд, аммо дер шуда буд. Он рӯз Мисок
як соат касеро кабул накард, балки ба воситаи «одамони худ»
кӯшиш намуд, ки раиси хазоинро халос кунад. Ҳайҳот, ки дигар
зӯраш ба дастгоҳи Амин намерасид. Бадбахтй дар он буд, ки ба
хотири халос кардани маризе бевосита ба Амин касе чуръати
мурочиат кардан надошт. Мисок метавонист, ки дар мавриди
раиси хазоинаш ба Амин мурочиат кунад, вале ин мурочиат ба
зарари Мисок тамом мешуд. Шояд Амин раисро озод мекард,
аммо баъд аз чанд рУз худи Мисокро ба ҳабс мегирифт. Ҳ.Амин
дар моҳи июл акнун Амини моҳҳои аввал набуд, балки такдири
кишварро ҳал менамуд.

Огози июлро дар ҳамин рӯҳия пешвоз гирифтем. Июл Оарои
шаҳрвандони шӯравии мукими Кобул ҳамчун моҳи рухсатиҳо
мебошад. Ҳамин буд, ки рУзи аввали июл Агафоновро ба Маскав
гусел намуд ем. Ниҳоят, дар матбааи сукук раиси нав таъин
шуд. Вай аъзои ҳизби «Халк» ва паштузабон буд. ШУравиро
мусбат мепазируфт. Афғонистонро бе ШУравй тасаввур
намекард. Аз матбаа ба Шахбоз занг задам. Ваъда кардам, ки
бегоҳй ба наздаш меравам. Аз ин масъала Абдулмачидро низ
огоҳ сохтам. Вакти расмиро ба поён расонда, сӯи Чангалак роҳ
пеш гирифтем. Шаҳбоз шароити хубе дошт. Факат маҳали
истикоматиаш маъкулаш набуд, зеро аз Кобул берун карор дошт.

Соати чори рУзи сеюм дар толори мармарии сафорат чаласаи
ҳизбй сурат гирифт. Чор соат давом кард. Сафир — Пузанов
А.М. сари мавзУи муносибати ШУравиву Афғонистон маърУза
кард. Сафир аз хукумати Таракй розй буд. Ӯ изҳор дошт, ки

158
сарварони давлат ягон иқдомро бе маслиҳати мушовирҳои
шӯравй пиёда намесозанд. Ҳар фармудае, ки Шӯравӣ пешниҳод
намояд, тарафи афғонй ба зудй аз пайи амалй сохтани он
мешавад. Назар ба маълумоти Пузанов акнун 60 фоизи буча ба
масрафи ҳарбй вогузор мегардад. Дар мачлиси «Хонаи Халк»
Ҳ.Амин аз Пузанов савол кардааст, ки чаро байни мушовирини
баъзе вазоратхонаҳо якмаромй ба мушоҳида намерасад. Масалан,
мушовирини Вазорати плон дар муноқишаанд. Яъне гапҳошон
ба хам рост намеояд. Сафир соате дар бораи бад будани вазъияти
дохилии Афғонистон ҳарф зад. Мухолифини давлат ба куллй
cap бардоштаанд.

Рӯзи чоруми июл хавопаймои Маскав фуруд омад, аммо
дар миёни мусофирон завчаи Абдулмачид набуд. Дар назар
буд, ки бегоҳ аз Тошканд «Бойинг» меояд ва шояд он чо бошад.
Бо ин ҳавопаймо Султон Рачабов ва мушовири вазорати молия
Рюмин С.М. омаданд. Парвози имрУзй то чое хотирмон буд,
зеро хонумҳои Таракиву Амин, ки мохе дар Маскав истироҳату
табобат доштанд баргаштанд. Ба ин муносибат хиёбони марказй
бо чорраҳаҳояш баста шуданд. Доктар Шоҳвалй - муовини
аввали садриаъзам, ки дар мачлиси СЭВ иштирок дошт, дар
ин чумла шомил буд.

Ҳафтаи аввали июл ба муносибати амалй шудани Фармони
шаши Ҳукумати инқилобй ки ба тақсими замин ба деҳқонон
иртибот дошт, дар шаҳрҳои Афғонистон, ба хусус Кобул
митингҳо сурат гирифт. Чунин митингу чаласаҳои ташвиқй дар
дохили вазоратхонаҳову муассисаҳои давлатй низ дойр мегардид.
Дар ҳамин замина, раёсати матбааи сукук низ чунин мачлисро
бо иштироки коргарону шӯъбаҳои дигар амалй сохт. Рӯзи чорум
боз амри сафорат расид, то ки ба сабаби бад шудани вазъияти
дохилй аз хонаҳомон берун набароем. Аслан максад он буд, ки
шаҳргардиву бозорравй накунем. Гузашта аз ин, чунин амрхо
барои мо -точйкон, чандон ахамият надоштанд. Мо ба хар кучо
ки мерафтем, ба сифати шаҳрванди дохилй шинохта мешудём.

Бо Таҳмина масруф будам, ки Муҳаммадчон омада, ба хонаи
Абдулмачид меравем, - гуфт. Ба иллати ин ки боди сахте мевазид,
1 ахминаву модараш дар манзил монданд. Маълум шуд, ки
хону ми Абдулмачид бо духтарчааш соати шаш ба воситаи
Тошканд омадаанд. Муҳаммадчон, ки занашро гусел карда буд
ва дигар ташвише надошт, аз омадани хонуми Абулмачид пештар
аз дигарон иттилоъ пайдо кардааст. Баъд аз ман акнун
Абдулмачидро мавриди ханда карор доданй буд. Метарсам, ки

159
ҳамаи бачаҳои точикро хабар накарда бошад. Вакте ки мо
дарвозаро задем, аллакай Абдулҳакиму Азимчон, Фахриддин,
Фарҳоди тошкандй менишастанд. Абдулмачид моро низ 6о
чеҳраи кушода пешвоз гирифт ва албатта омодаи шунидани
ҳарфҳои хандаовари мо шуд. Палов ҳам омад, зеро Абдулмачид
зирбакашро дишаб тайёр карда буд. Щербачаҳо ду шиша
«водка»-и овардаи Санавбарбонуро фавран холй карданд.
Мавзӯи сУҳбат ҳамон буд, ки дар хонаи Муҳаммадчону банда
сурат гирифта буд. Мо Абдулмачидро ба он боиси ханда карор
медодем, ки то омадани занаш ду-се шалварро кӯҳна кард. Илова
ба ин, аз омадани хонумаш ҳамсояҳои пуландиаш чандон
хушҳолй ҳис намекарданд. Азимчон бошад, такрор ба такрор
Абдулмачидро огоҳ' месохт, ки бисёр шитоб накунад, имшао
куюд нест ва мо то субх хоҳем нишаст. Абдулмачид чй
гуфтанашро намедонист. Завчааш, ки бонуи бофарҳангу
ҳуқуқдоне буд, шӯхиҳои моро чиддй кабул намекард, балки
мегуфт: «Ҳеч ran не, майлаш шиштан гиред. Воқеан,
Абдулмачид, ки хеле пазмон шуда буд, Соня, Соня гӯён гирду
атрофи занаш давр мехӯрд ва ҳар чизро баҳона карда оа
ошпазхона медаромаду мебаромад. Ба ҳолаш раҳмамон омаду
6о пешниҳоди ман ҳамагй худоҳофизӣ намуда, ба Абдулмачиду
Сонябону хоби хуш орзу кардем. Хона омадам, ки Олимчони
ҳамсояамро серташвиш дидам. Сармушовири бонк - Воилуков,
ки пагоҳ қарордодаш тамом мешуду сӯйи ватан парвоз мекард,
бемор шудааст. Хонуми Олимчон 6о Горунов духтуреро аз
гурУҲИ ҳарбиҳо оварданд. Вазъи саломатиаш чандон хуб набуд.
Бо вучуди ин, пагоҳаш 6о анчомҳояш ба майдон ҳозир шуд. Ду
духтур низ бо ӯ парвоз карданд. Ин парвоз рӯзи панчум сурат
гирифт. Рафтани Войкулов дар рӯзгори кобулии банда тағиирот
ба вучуд овард. Мушовири гумрук, ки дар чаҳорхонагии кабати
дуюм истиқомат дошт, хонаи Войкуловро дар ошёнаи панчум
ишғол кард. Ба назари ӯ ин ошёнаи панчум бехатар буд. Ман,
ки дар панчхонагии табакаи аввал рӯзгор доштам, хонаи Горинро
ишғол намудам. Банда кайҳо мехостам, ки як-ду ошёна болотар
бароям. Қабати аввал чандон мувофик набуд, махсусан ҳоло ки
ҳамсарам 6о духтарчаам ҳамрохам буданд. Аз балкони он 6е
душворй даромадан мумкин мешуд. Хулоса, рӯзи панчум
кӯчокӯчй дар бинои 46 дар авч буд. Акнун бо Олимчон дар
майдончаи ошёнаи дуюм ҳамсоя шудем. Дигар зарурат 6а
фаромадани Мунираву баромадани Таҳмина набуд. Онҳо
бемалол метавонистанд ба хонаи якдигар «меҳмон» шаванд.

160
Таҳмина ба Мунира ин кадар одат карда буд, ки ҳар сари
вақт дар таги дарвоза қарор мегирифт, то ки назди Мунира
баремаш. Ба ин муносибат палавчае омода кардем ва бо
Муҳаммадчону Азимчон ва Олимчону Горин онро бо оби шишае
омезиш додем. Ин чунин маънй дошт, ки банда бурёкубонамро
гузаронидам, вагарна аз Муҳаммадчон халос шудан кори
душворе буд. Горин низ ӯҳдадор шуд, ки бурёкӯбон кунад.
Анчомҳояшро аз қабати дуюм ба панҷум кашондем. Ба Горин,
ки тарсу ҳам буд, шӯхиомез гуфтам: «Акнун ягон душман ба
қабати панч баромада наметавонад. Горин минбаъд осуда
мехобад».

Имрӯз Абдулмачид бандаро бо аҳли байт ба меҳмонӣ даъват
намуд. Баъд аз ҳашт моҳи мучаррадй насибамон гардид, ки ду
оила сари як миз нишинему сӯҳбати хоса анчом бидиҳем. Шералй
Саид ва Додарчон хабаргирй омаданд. Андак нишастанд. Ба
иллати ин ки анчомҳои хона парешон буд, натавонистам
дурусттар пешвозашон бигирам. Онҳо, ки дар милиса кор
мекарданд, вазъияти дохилии кишварро ноҳинчор мешинохтанд.

Ду-се дафъа ба суроғаи Асадуллоҳ Ҳабиб занг задам, вале
дар дафтари кориаш пайдояш накардам. Тибқи ваъдаи пешакй
7-уми июл занг задам, аммо боз ҳам садояшро нашунидам.
Ҳамарӯза дар гӯшаҳое аз шаҳри Кобул консертҳои овозхонҳои
шинохтаи кишвар ба муносибати анчоми тақсими замин сурат
мегирифт. Чунин консерт рӯзи 7-ум дар микрорайон низ садо
дод, ки овозхони беҳтаринаш Маҳваш буд. Ба занак фармудам,
ки дар чошт манту пазад. Олимчон бо завчааш омаданд. Сӯҳбати
оилавй оромтар буд аз сӯҳбатҳое, ки рӯзҳои мучаррадӣ барпо
мегардиданд. Табиист, ки бонувон сӯҳбатҳои худро доштанду
ману Олимчон сӯҳбати худро. Мо бештар рафтори ношоистаи
баъзе мушовиронро мавриди сарзаниш карор медодем. Ҳанггуми
июл дар Кобул Нандорй драмаи «Хашми халқ»-и Асадуллоҳ
Ҳабибро тамошо кардам. Дар толор 30-40 тамошобин буду бас.
Драма бо баромади ду ҳунарманди масхарабоз оғоз гардид.
Вокеан, асар заминай таърихй ва муосир дошт. Бахши таърихии
онро даврони салтанати Аловиддин дар Гурот (асри XII) ташкил
медод. Симои оҳангарону коргарон хеле равшан ба назар
мерасид. Бо мурури замон табакаи коргар дар Афгонистон
Инқилобро пиёда месозад. Нақшҳои амир, каниз ва ҳаким хуб
ичро шуданд. Сужа дорой тазоду низоъҳои ичтимой буд. Чоҳилии
амирон драмаро хотирмон месохт. Ниҳоят, Инқилоб pyx дод.
Байрақи сурх рӯйи саҳна пайдо мегардад, ки рамзи ҳизби

161
ҳокимро нишон медод. Дар пардаҳо бонувон ҳам нақш
мебозиданд. Аммо фаъолияти онҳо чандон ба воқеият мувофиқат
намекард. Рақоссаҳо ба дарачаи лозимй накшашонро ичро
накарданд. Метавон гуфт, ки муваффакияти чашмраси муаллиф
дар «Хашми халк» эчоди Аловиддин буд. Марям Маҳбуб низ
дар сӯҳбатащ бо камина накши Аловиддинро ба чойи аввал
гузошт.' Бегоҳии нӯҳум Шералӣ Саид меҳмонам шуд. То дер
сари вазъияти дохилии кишвар сӯҳбат намудем. У монанди
баъзе мучаррадҳои точик хонумашро интизорй мекашид. Назар
ба нақли Шералй рӯзе нест, ки ҳодисаи нохуше cap назанад.
Ҳукумати Таракй кӯшиш дорад, ки мардумро аз ҳолати
рӯҳафтодагӣ берун кашад. Як сабаби баргузориҳои консертҳо
ҳам мавзУи мазкур мебошад. Илова бар ин, дар чойҳое аз
микрорайон телевизорҳо гузошта буданд, то ки бошандагонро
бо барномаҳои ҳукуматй масруф созанд. Сарфи назар аз
нооромиҳо баъд аз вақти расмй хонаи Шаҳбоз рафтам. Дар
ҳавлиашон тут пухта буд. Ҳам тут хӯрдему ҳам палави кобулӣ.
Шаҳбозшон ичозати берун баромадан надоштанд. Бо ин
рафтанҳо мехостам, ки ӯро андаке аз муҳити нотинчиҳо халос
созам. Ёздаҳуми июл аз сӯҳбати телефонй бо Асадуллоҳ огоҳй
ёфтам, ки ӯ рӯзи дигар назди банда меояд; омад. Ду-се соат
сари адабиёти муосири Афғонистон баҳс кардем. Асадуллоҳ
яке аз достоннависони даризабон маҳсуб мешуд. У таҳсилкардаи
аспирантураи Университета Ломоносови Маскав буда, сари
эчодиёти Мирзо Бедил рисолаи номзадй дифоъ намудааст. Эшон
аз дӯстони душанбегии банда Муҳиддин Темур ва Қурбон Бобоев
ёдоварй кард. Ба хусус, дар бораи Қурбон суханҳои чолибе
иброз дошт. Чордаҳуми июл (23 Саратон) зодрӯзи Н.Тараки
буд. Шасту сесола шуд. Дар саросари Афғонистон ин рӯзро бо
шукӯҳу шаҳомат чашн гирифтанд. Митингҳо баргузор мешуд.
Ин рӯз барномаҳои радио ва телевизион ба рӯзгору фаъолияти
инкилобии Таракй бахшида шуданд. Суфаро пайи ҳам дар
дафтари табрикия имзо мегузоранд. Пузанови шӯравй яке аз
аввалинҳо шуда, Таракиро аз чониби Л.И.Брежнев табрик гуфт.
Таракй даст ба пешонӣ долон мекарду табассум менамуд.

Понздаҳуми июл вазири молия мушовири муассисаҳои
давлатиро ба ҳузураш пазируфт. Мисок нав аз шифохона берун
шуда буд. Маълум гардид, ки саломатиаш чандон хуб нест.
Табъаш хира менамуд. Баъдан аз ҳолу аҳволи камина пурсон
туда, шикоятомез гуфт, ки чаро боре ба манзилаш мехмг
намешавам. Мисок мушовирро гусел карду 10-15 дақиқаи дигао

162
маъталам сохт. Вақте ки ҳардуямон танҳо мондем, чеҳрааш
кушода шуд. Аз Шӯравӣ розй буданашро таъкид сохт. Дар
чараёни сӯҳбат муносибаташро бо Ҳ.Амин фаҳмидан хостам. Ӯ
бо назари шубҳаангез сӯи ман нигарист ва гуфт: «Хо, илоче
надорем, Шӯравй вайро дастгирй мекунад. Худо кунад, ки Амин
ба чашми Шӯравй хок напОшад. АфсУс, ки - идома дод,-
Мисок, — мо назаромонро чое гуфта наметавонем». Ман гуфтам:
«Вазир соҳиб, агар шумо хоста бошен, ин мавзӯъро ба чойи
дахлдор расонам». Мисок розй шуд, аммо хоҳиш намуд, ки
номи Уро нагУям. Дуруст аст, -гуфтам ва худоҳофизӣ кардем.
Оре, Амин торафт Шӯравиро бозй мед од. Сафири ШУравй ба
ҳузури Таракй камтар мерафтагй шуд, балки сари мавзУъҳои
тарафайни давлатй бо Амин сУҳбат карданро мепазируфт.
Мушовирони шӯравй ҳам факат аз Амин иқтибосҳо меоварданд.
Боре Султон Рачабов бо ифтихор гуфт, ки нони чоштро бо
Амин дидааст ва ҳатто акси хотиравй хам гирифтаанд. Азбаски
шоҳидон буданд, банда шУхиомез аз эшон савол кардам: «Султон
Рачабович! Вахте ки якчоя акс бардоштед, кадоматон ба гардани
якдигар даст гузоштед»? Ӯ бо шунидани ин савол каме дар
ҳолати парешонй карор гирифту «ба ёдам нест»,- гуфт. Сипае
аз ман пурсид: «Сагера бо ин саволат чӣ мехоҳй бигӯй?» «Ҳеч.
Одати сағераҳо ҳамин аст»,- гуфтаму мавзУи сУҳбатро дигар
намудам. Чанд рУз гузашту хонаи Султон Рачабов даромадам
ва он акси таърихй ба назарам хУрд. Амин бо чеҳраи хандон
дасти чапашро ба гардани Султон Рачабов гузошта буд, «Хеле
акси зебо,- ишора намудам сӯи С.Рачабов. Хайрият, ки Амин
ба шумо эҳтиёч доштааст, на шумо ба У». Султон Рачабов ин
дафъа низ максади бандаро дарк накард. Фақат барояш гуфтам:
«Рузе мерасад, ки шарҳи ин акеро аз банда хоҳед шунид».
Султон Рачабов дигар чизе илова накард.

То ин рУз 10-15 саҳифа дар бораи насри дарй сиёҳ намудам.
Онро мехоҳам, ки ба Асадуллоҳ Ҳабиб диҳам, то ки таҳрир
шавад. Нуздахуми июл мушовиронамон - Герасимов В.В ва
Горин Ф.Н ба рухсатй рафтанд. Анчомҳошонро аз тафтиши
гумрукй гузарондам. Вақтҳои охир ба ивази Мухаммадчон
тарчумонии Горинро Хочамов Курбон анҷом медод. Бегоҳии ин
рӯз Асадуллоҳ омад. Як пиёла чой нУшидем, маколаро барояш
хондам. Маъқулаш шуд. Баҳси зиёде оид ба эчодиёти худи
Асадуллоҳ сурат гирифт. Аз киссаи «Сапедандом» ёдовар
шудам, ки тарчумаи русиашро хонум Кисилёва Л.Н. анчом дода
буд. Асадуллоҳ баъди сархуш шуданаш маколаи бандаро ба

163
чайбаш гузошту .хайрухуш намуд. Дар чараёни сӯҳбати
адабиётшиносии имрӯза Асадуллоҳ аз банда хоҳиш намуд, ки
дар бораи асарҳои драмавй низ чизе нависам. Албатта, ин хоҳиш,
пеш аз Хама, ба хотири драмаи «Хашми халк» буд, ки ба калами
эшон тааллук мегирифт. Ҳамоно вазъияти сиёсй рӯ ба бадй
меовард. Дар ин чода, Шералй Саид бандаро аз бисёр ходисаҳо
огоҳ месохт. Мо, ки аз як шаҳр будем, зуд-зуд вомехӯрдем ва
ӯ баъзе сирри милисаро бароиман мегуфт. Бистуми июл Шералй
қисса кард, ки дар Гардез як майори шӯравиро бо тарчумонаш
мачрӯҳ сохтаанд. Ҳамчунин дар роҳи Мазори Шариф низ яке
аз низомиёни рус чароҳат бардоштааст. Аз ин чост, ки аз дирӯз
боз шаҳрравиро манъ сохтанд. Ҳатто овозае паҳн шуд, ки рӯзи
19-ум ҳазораҳо дар шаҳри Кобул даст ба ошӯби сиёсй мезадаанд.

Бисту якум аз дафтари матбаа ба Марям Маҳбуб занг зада
хоҳиш намудам, ки чанд намунае аз осори драмавии муосирро,
ки дар Кобул Нандорй ба саҳна гузошта шудаанд, ба ихтиёрам
гузорад. Марям «ба чашм, доктар соҳиб», - гуфту ба амони
худо кард. Баъд аз чонгги имрӯз бо хоҳиши Шпагин ва хонумаш
дӯконгардӣ кардем. Ҳарчанд мефаҳмондам, ки хатар дорад,
аммо онҳо парвое надоштанд. Бозоргардй хастаам сохта буд,
аммо бо Таҳмина сайру гангг карданро ба дигар вакт нагузонггам.
Ӯ акнун батарс-батарс қадам мепартофт. Бонувони афгонй ин
духтарчаи «тиллой»-ро медиданду таваккуф намуда, мӯйҳояшро
сила дода, суханҳои навозишкоронае барояш арз медоштанд.

Бисту дуюм Марям ваъда дод, ки тарчумаи ҳолашро барои
банда омада месозад. Рӯзи дигараш Мисок ба дафтараш хост.
Ба саволхои камина чавоб навишта будааст. Аз саломатиаш
шикоят кард. Меъдадард шудааст. Вазир дойр ба вазъияти
дохилй чанд ҳарфе иброз дошт. Дар вилояти Бадахшон
нооромиҳо ба мушоҳида мерасид. Бисту чорум хонуми Шпагинро
ба Маскав гусел намудам. Асадуллоҳ маколаи бандаро пас овард.
Хонда таҳрир кардааст. Ба хам маслихат намудем, ки сари
адабиёти муосири дарй рисолае менависем. Бобу фаслҳоро байни
худ тақсим карданӣ шудем. Ҳаёт ва фаъолияти Мисокро У бояд
менавишт. Эчодиёти Асадуллоҳро дар якчоягй бо ду-се адиби
дигар банда ба ӯҳда гирифтам. Биступанчуми июл мутобиқ ба
сеи Асад Рамазони соли 1979 оғоз гардид. Се рӯз истироҳат
эълон шуд.

Ҳавопаймое, ки дирӯз дар Кобул фаромад, хароб шудааст.
Аз ин рӯ, мусофиронро рӯзи 26-ум ба Маскав бурда натавонист.
Аз Фотима, Мусулмонкулов ва Бердиев хат гирифтам. Фотима

164
дар мактубаш аз зиқ шуданаш навиштааст. Ҳамчунин хабар
додааст, ки ҳуччатҳояшро ба Институти тиббй супоридааст.
Орзуи деринааш буд. Синфи даҳро бо бахои аъло хатм кардааст.
Хешу ақрабо кам ба дидораш мерасидаанд. Имрӯз бозорй кардам.
Баъзе савғоҳо барон Фотимаву Парвиз харидам, то ки ба воситаи
Олимчон, ки дуюми август ба рухсатй меравад, фиристонам.
Бисту ҳафтум бори аввал Таҳминаро аккосй намудам. Бо
фармони Шӯрои Инқилобӣ масъалаи дифои кишвар ба ӯҳдаи
Ҳ.Амин вогузор шуд. Ҳоло Рамазон бошад ҳам, чангҳой дохилй
ид ома доранд. Таракй изҳор дошт, ки ин вазифаро Амин беҳтар
ӯҳда мекунад. Н.Таракй дар таробеҳи шаби сеюми рӯза, ки
дар масчиди чомеи «Хонаи Халк» баргузор шуд, иштирок
намуд. Аз радиои Кобул иттилоъ доданд, ки дар Афғонистон
Иттиҳодияи нависандагон ташкил гардид.Чанд мох боз
мушовирон сари ин мавзӯъ кор карданд. Сохтори шӯравиро бо
мурури замон дар Афғонистон ташкил доданианд. Ҳол он ки
барои Афғонистон Иттиҳодияи нависандагон ҳеч зарурате
надошт. Бисти Асад нахустин чаласаи Иттиҳодия баргузор хоҳад
шуд. Бисту хаштум дар Вазорати плон мачлис сурат гирифт.
Ҷаласа таҳти роҳбарии муовинҳои вазоратҳои плон ва молия
Солтанй ва Тарконй ифтитоҳ гардид. Плони панчсолаи
Афғонистон мавриди баҳс қарор гирифт. Аз мушовирони
Вазорати молия - Блудов ва Шпагин иштирок карданд. Мачлис
тӯлонй шуд. Чор соат баҳс оростанд. Аммо ба мушовирон касе
савол пеш наовард. Блудови мо бетоқат шуда, чанд назари
«тозааш»-ро иброз дошт. Маъмурини афғонй гӯш медоданду
писханд мезаданд. Ҳама пешниҳодҳои Блудовро гӯё нашунида
бошанд, ки мачлисро пӯшида эълон карданд. Мӯйсафед бисёр
кӯшиш намуд, ки ҳозиринро ба чояшон шинонад, аммо худро
танҳо диду чанд лаҳза аз чояш баланд шуда натавонист. Ба
иллати ин ки Рамазон буд, дар чойи кор чойнӯшй манъ шуд.
Мегуфтанд, ки хама аъзоёни ҳукумат рӯзадор будаанд. Мо
низ худро рӯзадор вонамуд мекардем. Сигоркашӣ пинҳонй сурат
мегирифт. Рӯза доштан барои мо - мусулмонони шӯравй ҳатмй
набуд, ҳарчанд ки ба қонунҳои давлати Афғонистон бояд итоат
мекардем. Асадуллоҳ соатҳои чор хона омад. Ӯ рӯзаро мехӯрд,
аммо худро рӯзадор мешуморид. Миёни худиҳо рӯзадор буду
хонаи ман, ки меомад, рӯзаашро мехӯрд. Мақолаи бандаро
«Нигоҳе ба насри дарй пас аз Инқилоби занчиршикани Савр»
унвон гузоштем. Ҳаждаҳ саҳифа Шуд. Ба Асадуллоҳ хуш омада
буд. Баъд аз чопи мошинка ба ягон мачалла барои чоп

165
месупорам. Дар «Хонаи Халк» мачлиси сиёсй чараён гирифт.
Бо пешниҳоди садриаъзам Ҳ.Амин дар сохтори вазоратхонаҳо
тағйирот чорй гардид. Профессор Чалилй, ки то дирӯз вазири
таълим ва тарбия буд, Вазорати зироатро ба ӯҳдааш гузоштанд.
Вазири дифоъ - Ватанчорро дуюмбора вазири умури дохила
таъин карданд. Чунин тагйирот ба он хотир буд, ки баъзе вазирҳо
аз ӯҳдаи ичрои вазифаҳои хеш набаромаданд.

Асадуллоҳ Ҳабиб ба куллй зидди ташкилшавии Иттиҳодияи
нависандагон буд. У мегуфт, ки чаласаи он бо иштироки адибони
кишвар нагузаштааст. Такдири Иттиҳодияро чанд тан аз ҳизбиён
ва намояндаи Маскав ҳал кардааст. Гузашта аз ин, хайати
садорати Иттиҳодия хама паштунҳо мебошанд. Асадуллох
Ҳ.Аминро айбдор мекард. «Дасти Амин аст», - мегуфт у. Бисту
нУхум дастнависи макола чопи мошинка шуд. Онро ба Мисок
медиҳам, то ки андешаҳояшро иброз намояд. ИмрУз зодрУзи
Олимчонро қайд кардем. Зиёфат орост. Папян, Хабиб бо
завчааш, Мухаммадчон, Холик ва банда бо хону мам сари
даСтархон карор гирифтем. Райей ба Ухдаи банда гузошта шуд.
Ширингапй карда, бо як шиша коняк хама сархушу хушхол
шуданд. Чанд грамм коняк боз боқӣ монд.

Мисок маколаи бандаро хонда, дар ду-се саҳифа фикрашро
иброз доштааст. Марям ба чанд эроди камина розй нашуд. Хайр
аст, онҳоро хат мезанам. Акнун мешавад, ки онро ба чоп супурд.

Ду рУзи охири июл саломатиам бад шуд. Худамро бехолу
камкувват ҳис менамудам. Ду-се кило вазнамро партофтам.
Вақтҳои холигй ба мутолиаи осори насрӣ ва навиштан машғул
мешудам. Чунон ки гуфтам, дар ту ли як моҳи июли 1979 сафи
«маризон» ба ҳазорҳо расиданд. Бисёре аз ононро ба воситаи
катл «табобат» мекарданд. Мансабдорон ҳар пагоҳй ба хонавода
хайру хуш карда, сипас сари вазифаҳошон ҳозир мешуданд.
Обу рУйи Амин рУз то рУз боло мерафт. Исми Амин рамзи
даҳшатро пайдо мекард.

НООРОМИҲОИ МОҲИ АВГУСТ

Оғози мох и август сербориш омад. ҲамарУза ду-се дафъа
ҳавои Кобул тагйир меёфт. Садои раъду барк касро берохат
месохт. Ҳатто бориши чанддакикагии жола хам ба амал омад.
Якуми август барои банда ва хонумам рУзи санчишҳо буд. Да"1
ин рУз Фотима яке аз имтиҳонҳои дохилшавиашро бояд супорад.

166
Мо ҳеҷ иттилое дар ин маврид надоштем. Ба дасти Олимчон
номае фиристодам, то ки Фотима ё бародаронам хабари тозаеро
ба мо расонанд.

Дар тамоми гӯшаву канори Афғонистон мухолифини давлат
фаъолтар мешуданд. Расонаҳои хабарӣ бошанд, ҳукумати
инқилобии Афғонистонро ба шӯравигарой муттаҳам сохта, таъкид
мекарданд, ки кишвар торафт аз меъёрҳои исломӣ дур туда
истодааст. Аз ин чост, ки ҳукумати Таракй назоратро аз болои
рӯза чиддӣ кардааст. Дастгоҳи ҳукумат ба таври пинҳонй миёни
мардум мегашт, то ки ягон афғони рӯзахӯрро ба даст афтонад.
Дар вазоратхонаҳо ҳам чунин назорат ба мушоҳида мерасид.
Ҳамоно аз манотиқ хабарҳои наву тоза дар бораи тахрибкориҳои
мучоҳиддини афғон ба Кобул мерасиданд: Кӯпруки Солангро
тарконданд, роҳи Кобул — Соланг баста шудааст, меваи тар ба
марказ намерасад, бозорҳо холй мондаанд ва ғайра. Панчуми
август дар вазорат будам. Соатҳои дувоздаҳуним якбора садои
тирпаррониро шунидам, ки аз самти қалъаи Боло Ҳисор меомад.
Он чо яке аз гарнизонҳои низомй қарор донгг. Гумон кардам,
ки ин гарнизон ҳам ба давлат хиёнат намуд. Дар чунин ҳолатҳо
мо роҳи манзилҳоямонро пеш мегирифтем. Соати як дар хона
шудам. Вертолётҳои низомй болои қалъаи Боло Ҳисор пайдо
шуданду лаҳзае баъд таркиши сахте шунида шуд. Сипае дуди
ғафси сиёҳе боло баромада, минтакаро пахш кард. Баъдан
пайиҳам бомбаандозиҳо такрор ёфтанд. Акнун ҳаракати тонкҳо
шунида шуд. Тамоми хиёбону гузаргоҳҳои шаҳрро бо тонку
аскар иҳота намуданд. Ҳавопаймоҳои низомии МИГ-23 болои
Кобул пайдо шуданд, аммо бомбае напартофтанд. Фақат бо
суръати баланд аз болои қалъа парвоз карданро идома доданд.
Чунин ба назар мерасид, ки дар дохили қалъаи Боло Ҳисор
задухӯрди сахте чараён мегирифт. Торафт садои тирпаррониву
таркишҳои бомбаву гранатаҳо ва тӯпҳо муҳити Кобулро
даҳшатнок менамуд. Бошандагони шаҳр ба мошинҳои шахсӣ ва
мусофирбар савор шуда, аз Кобул мегурехтанд. Баъзеи дигарон
ба минтақаҳои ороми шаҳр панаҳ бурданй мешуданд. Дар ин
муддат бошандагони Кобул хеле тарсу ба мушоҳида мерасиданд.
Воқеан, чанг буд. Бомбаҳо чунон таркиш доштанд, ки ба
даҳкилометрйҳо ларзиш ворид месохтанд. Маълум буд, ки қисми
зиёде аз ҳавливу манзилҳои бошандагони гирду атрофи калъаи
Боло Ҳисор, ки бештар мардуми ҳазора буданд, ба хок яксон
шуда, садҳо занону мардон ва тифлони бегуноҳ курбон
гардиданд. Раҳматшоҳ, ки бинои истиқоматиаш дар баромадгоҳи

167
микрорайон ба самти Чаман карор дошт, ба мушоҳида
гирифтааст, ки аз наздикиҳои онҳо сӯйи қалъаи Боло Ҳисор
тири тӯп cap додаанд, ки он на ба қалъа, балки болотар аз он
афтода даҳҳо хонаҳои ҳазораҳоро хароб сохтааст. Паррон-
парронҳо то соати панчи бегоҳ идома ёфтанд. Вале ҳанӯз ҳам
парвози вертолётҳо идома дошт. Мо то дер аз балкони хонаҳомон
вазъиятро пайваста ба ҳаракати тонку парвози вертолётҳо тамошо
кардем. Ниҳоят тирпаррониҳо хомӯш шуда, танҳо дуди сиёҳи
ғализро дидан мумкин буд, ки чо-чо ба ҳаво ҳалказанон боло
мешуд. Дар ахбори соати шашй телевизиони Кобул эъломияи
Ҳукумати инкилобиро пахш кард. Дар он омада буд, ки дастаҳое
аз ирониёну покистониён каблан дар Кобул маскан гирифта,
имрӯз ба гарнизони ҳарбии қалъаи Боло Ҳисор ҳучум
овардаанд, то ки силоҳи чангй ба даст оранд. Аммо нерӯҳои
содиқи ватан онҳоро шикает дода, чандеро ба асирй гирифтаанд.
Ҳамчунин ба бошандагони Кобул, ки дар ин ходиса давлатро
ёрй додаанд, ташаккур туфта мешуд. Дар поёни изҳорот эълони
тозаеро дар мавриди чараёни куюди шабгардй шунавонданд.
Аз ин шаб cap карда, куюди шабгардй соати ҳашти шаб оғоз
ёфта, то соати чори субх идома меёбад. Ҳол он ки чанд вақт боз
куюд аз соати 12-и шаб шурӯъ мегардид. Чун анъана боз
гирдуатрофи бинохои моро тонку аскарони мусаллаҳ иҳота
карданд, то ки амнияти шӯравиҳоро таъмин намоянд. Чангҳо
аз атроф ба пойтахт интикол меёбанд. Дар сикилометрии Кобул
ҳамарӯза задухӯрдҳо чараён доранд.

Ҳодисаи Боло Ҳисор чандин рӯз мавриди баҳси бошандагони
Кобул карор гирифт. Онро ҳар хел шарҳу эзох медоданд.
Мегуфтанд, ки дар ин набард, такрибан якуним хазор кас
кушта шудааст. Дар дохили гарнизон хам низомиёни зиёде ба
катл расидаанд. Дар оғоз хеле кӯшиш шуда, ки мардумро аз
гирду атрофи калъа берун бароранд, вале чунин икдомро пиёда
сохтан кори душворе буд. Ба ин илат, даҳҳо кас беному нишон
шудаанд. Ҳатто як мушовири низомии шӯравй бо тарчумонаш
нопадид шудааст. Нақл мекарданд, ки ҳамон рӯз вакти чошт,
часадеро ба мазори «Шухадо» интикол медодаанд, ки вокеаи
калъа cap мезанад. Одамон илоче наёфта, мурдаро дар васати
роҳи мошингард партофта ба ҳар сӯ мегурезанд. Чунин ба назар
мерасид, ки нерухои давлатй, ки барои пахш кардани
ошУбгарони калъа рафта буданд, намедонистанд, ки ба кадом
самт тир холй кунанд. Тӯпҳое, ки аз мили тонкҳо бадс у
мешуданд, назму низом надоштанд. Бесабаб нест, ки чанд тире

168
6а бинои 15-и микрорайон бархӯрдааст. Хушбахтона, ба касе
зарари чонй нарасид. Овозае ҳам паҳн шуд, ки ин дафъа низ
армияи давлатй даст ба хиёнат задааст. Дар ин хиёнатҳо паштунҳо
даст доштанд. Ин дастаро бо номи паштунҳо не, балки бо номи
пахтунҳо ёдовар мешуданд. Дар гӯшаву канори кишвар
гурӯҳҳои даҳ-бист нафарй, аз ҳисоби пахтунҳо даст ба торати
моли мардум мезаданд. Онҳо ҳатто шаҳрвандони хоричиро азият
медоданд. Масалан, дар роҳи Қандаҳор ~ Ҳирот ронандаҳои
булғориро, ки ба Афғонистон маводи хӯрока меоварданд, луч
кардаанд. Онҳоро таги як тагпӯш гузоштаанд. Дирӯз Таракй
чабрдидагонро ба ҳузур пазируфт. Маблағеро барои пӯшондани
зарари овардаи рохзанони пахту чудо карданд. Ин ҳодисаи
нангбор вакте еурат гирифт, ки муовини аввали садриаъзам

доктор Шоҳвалӣ сафари София дошт.

Рӯзи ҳаштум ба хонаи Абдулмачид рафтам. Завчаам бо
Таҳмина низ ҳамроҳӣ карданд. Нӯҳум, ки Таҳмина яксолагиро
пур мекард, мУйи сарашро гирифтан лозим меомад. Бо
маслиҳати Султон Рачабов ин маъракаро ба рузи дахум
гузоштсм. Максад ин буд, ки чанд касро аз ватандорон ба
меҳмонй даъват намоем ва баъд мУйи сарашро бигирем. Ба ин
хотир ду рУз омодагй гирифтем. Тасодуфан, рУзи мукарраршуда
дар сафорат мачлис эълон карданд. Хайрият, ки вакти он аз
тарафи пагохй буд. Ҳамсарам бо занҳои ҳамсоя ба пухту паз
машғул шуданду мо мардон чониби сафорат шитофтем. Ду соат
суханрониҳоро гУш додем. Соатҳои даҳ ба хона расидем. Ҳамаги
омодаи зиёфат будем, ки Асадуллоҳ Ҳабиб бо завчааш
Сурайёбону омаданд. Онхо узр хостанд, ки аз ин маърака
бехабар мондаанд, вагарна хадяе барои Таҳмина омода
месохтанд. Меҳмонҳо чамъ омаданд. Дар шоҳидии онон банда
бо Абдулмачид ба мУйсаргирии Таҳмина оғоз кардем. Аввалан
мУйи сарашро тар намудем. Сипае бо қайчӣ мУяшро кӯтоҳ сохтем
ва баъд бо ришгирак Абдулмачид ба кор шурУъ кард.. Таҳмина
ором буд. Мехост садое барорад, аммо ҳузури меҳмонон Уро аз
ин амал нигох медошт. Медидам, ки гох чинч менамуд,
лабонашро мегазид. Хулоса/Таҳмина кал шуда, ба писарбача
монанд шуд. Палав хам тайёр шуд. Ним шиша коняк доштам
ва онро назди меҳмонон гузоштам. Меҳмонон ба саломатии сари
Тахмина як қадаҳӣ нӯши чон карданд. Таҳмина гУё мефаҳмид,
ки ин мардум ба хотири У чамъ омадаанд, бовикорона ба ин
сУву он сУ медавид ва хандаҳои нозуки кУдакона cap медод ва
гоҳе бо бозичаҳояш, ки барояш оварда буданд, дар гУшае аз

169
толори пазирой бозй мекард.

Акнун бармегардам ба мазмуни мачлисе, ки дар сафорат бо
ииггироки чонишини Скачков—Кулов, сурат гирифт. Кулов
мушовиронро ба мӯҳтавои чаласаи Кумитаи марказии ҳизби
коммунист, ки дар Маскав таҳти роҳбарии Л.И.Брежнев дойр
шуда буд, ошно сохт. Дар заминай шикоятҳои зиёде, ки аз
Кобул ба Маскав расида буданд, Кумитаи марказй фаъолияти
гурӯҳи мушовиринро дар назди вазоратхонаҳои Афғонистон
мавриди муҳокима карор дода, ба хулосае омадаанд, ки ба
фаъолияти гурӯҳ аз наздик ошно гарданд. Бинобар ин, ҳайати
босалоҳияте бо сарварии Кулов омада буд ва мехостанд, ки
ҳама гурӯҳҳои мушовиронро омӯзанд. Бадбахтй он буд, ки
аксари мушовирон шароити дохилии Афғонистонро ба назар
нагирифта, дастуруламалҳо тартиб медоданд. Одатан, ҳарчи
ки дар «Маълумотнома»-ҳо ба мушоҳида мегирифтанд, онро
ба шакли дастуруламал месохтанд. Ҳама рақамро аз тачрибаи
Шӯравй бардошта, онро амалй мекарданд. Гузашта аз ин,
мушовирин дар масъалаи бучаи давлатӣ якгапа набуданд. Борҳо
ба мушоҳида расид, ки дойр ба бучаи мушовири Вазорати плон
як ran мегуфт, мушовири Вазорати молия пешниҳоди дигар
иброз медошт. Натича он мешуд, ки дар ҳузури вазирҳои афғонӣ
дастбагиребон мешуданд. Табиист, ки чунин номувофиқиҳо
миёни мушовирон ба гӯши Таракиву Амин мерасиданд. Баъдан
Л.И.Брежневу А.Косыгин низ огоҳй пайдо карданд. Вокеан,
дар интихоб ва фиристондани шахсоне ба сифати мушовир
хатоҳо pyx дода буданд. Гумон меравад, ки ҳафтод фисади
мушовироне, ки ба Афгонистон фиристода мешуданд, дар
ШУравй мақоме надоштанд. Масалан, Султон Рачабов хам аз
чумлаи ҳамон нолозимҳо буд, вале ӯ дар кори наваш пирУзй
ёфт. Фаъолияти гурӯҳи ҳуқуқдонҳои шУравй дар Кобул хеле
пеш рафта буд. Аз ин чост, ки баъд аз ахбороти Кулов сафири
шУравй - Пузанов чанд дафъа аз фаъолияти гурӯҳи С.Рачабов
хушӣ изҳор дошт. Ҳатто Кулов дар сухани интиҳоии хеш
фаъолияти гурӯҳи С.Рачабовро ҳамчун намуна барои гурӯҳҳои
дигар тайид намуд. Ҳама таъкидҳои Кулов дар заминай
фармудахои котиби Кумитаи марказии ҳизби коммунист -
Б.Н.Понамарев сурат мегирифт. Мутаассифона, Кулов хам
чандон чеҳраи бафарҳанг наменамуд. Суханҳои пуч бисёр
мегуфт. Вазъиятро таҳлил карда наметавонист. Бо супориш омада
бошад хам, дили мушовиринро гарм накард. Чилави суханро
Пузанов гирифт. Ӯ дар бораи вазъияти дохилии Афғонистон

170
хеле ran зад. Вазъият бад аст,-гуфт. Мисолҳои зиёде аз навоҳии
кишвар меовард. Сафир дар мавриди тахрибкории Гулак, ки
чанд мох боз дар Ҳирот фаъолият менамуд, ҳарф зада таъкид
кард, ки аз тарафи нерӯҳои давлатй пароканда шуд. Худи Гулак
чароҳат бардошта, ба хоки Ирон панаҳ бурдааст. Баъдтар
радиои Машҳад иттилоъ дод, ки Гулак дар задухӯрде ба
ҳалокат расид. Албатта, ин хабар дурӯғ буд. Бо ин роҳ
мехостанд, ки тарафи ҳукумати Таракй дигар аз пайи чустучУи
вай нашавад. Сафир рочеъ ба рухдоди панчуми август чанд
далелҳои тозаро иброз дошт. Ин ҳодиса хеле чиддй тайёр туда
будааст. Он гуруҳ бо ба даст овардани аслиҳаи чангии ғунди
калъаи Боло Ҳисор мехостааст, ки ҳукумати Таракиро сукут
диҳад. Чунин омодагй фақат ба гарнизони қалъаи Боло Ҳисор
тааллук надощта, балки боз дар шонздаҳ нуқтаи дигаре аз
шаҳри Кобул дастаҳои махсус омодагй мегирифтанд. Назар ба
фаъолияти кашшофии сарсупурдагони Инқилоби Савр онҳоро
сари вахт ба зиндон кашидаанд, вале аз калъаи Боло Ҳисор
ҳеч гуна маълумоти кашшофй дар даст надоштаанд. Дастаҳои
мазкур бо хам дар иртибот буда, рУзи панчумро ба рУзи таърихй
табдил доданй будаанд. Вале, чунон ки ишора шуд, ин рУз
гарнизони калъаи Боло Ҳисор робитаро бо дастаҳои дигар гум
мекунад ва дар натича ба танхой кореро анчом дода наметавонаду
шикает мехУрад. Назар ба маълумоти сафир дар ин задухУрд,
500 нафар талаф ёфтааст. Пузанов оид ба тағйироте, ки дар
сохтори хукумати Амин сурат гирифт, изҳори акида намуда,
чунин дигаргуниро фармудаи Маскав эълон кард. Яъне аз
дастгоҳи Л.И.Брежнев амр шуда, то ки баъзе вазиронро иваз
кунанд. Масалан, вазири дифоъ, ки Ватанчори сиюсесола буд,
ба иллати камтачрибагй аз ин вазифа озод гардида, худи Ҳ.Амин
вазифаи вазири дифоъро ба ихтиёр гирифт. Сафир дар ин
маврид бо ифтихор сӯҳбат мекард. Ба акидаи эшон Таракй ва
Амин бе ичозати Шӯравй ҳеч кореро пиёда намесозанд. СУҳбати
тУлон и и сафирро гУш мекардаму ба андеша дода мешудам.
Андешаҳоям мегуфтанд: «Ҳама тағйироте, ки дар сохтор ба
вучуд омад, ба асоси пешниҳоди Ҳ.Амин сурат гирифт. Вазорати
дифоъ, ҳамчун дастгоҳи қудратй барои Ҳ.Амин чун обу хаво
лозим буд. Зиракии Амин дар он буд, ки У чунин корхоро
дасти Маскав эълон мекард, то ки касе мухолифат нишон
надиҳад. Аз рУи маълумоте, ки банда дар даст доштам, Амин
баъзан дар хузури чанд вазир дакиқаҳо бо Маскав сӯҳбати
телефонй анчом медод. Ҳатто дар охири сӯҳбаташ ба тарчумони

171
Л.И.Брежнев ташаккур изҳор мекард. Ҳол он ки ҳеч гуна
сӯҳбати телефонй вучуд надошт. Аз ин рӯ, вазирон хам ба Амин
бовар мекарданд ва ӯро ҳамчун дастнишондаи Маскав эътироф
менамуданд. Ҳатто баъзан Таракиро ҳам бо номи Брежнев
метарсонд. Таракй, ки хеле шахси сода ва зудбовар буд,
гуфтаҳои Аминро тасдиқ мекард. Тамоми рафтору гуфтор ва
ҳатто рӯзгори хонаводагии Таракй барои Амин равшан буд. Ӯ
чиҳо мегуфт, бо киҳо сӯҳбатҳои шахсй анчом мед од, киҳо ба
ҳузури Таракй барои ичрой коре ташриф меоварданд, ҳамон
лаҳза Амин огоҳй пайдо мекард. Хонуми Таракй, ягона
бародараш дар сари дастархон чиҳо мегӯянд, барои Амин соати
даҳи шаб айён мегардид. Ҳамашаба дастаи кашшофии Амин ба
ӯ хабарҳои тозаро меоварданд. Хулоса, Амин ҳамаро бозй медод.
Банда бар ин ақида ҳастам, ки ошУбгариҳое, ки дар
гарнизонҳои Кобул ва вилоятҳо сурат мегиранд, бо амри Амин
амалй мешуданд. Нооромиҳоро худаш чунон устокорона месохт,
ки касе аз У гумонбар шуда наметавонист. Аз ин тарик,
ҳарифонашро ба ҳабс мегирифт ва чисман нобуд месохт. Амин
дар чодаи тағйиротҳои сиёсии нав худро ворид сохтанй буд.
Факат фурсат мечуст. Чанд тани дигар дар сади рохаш карор
дошт, ки онҳоро низ рУзу моҳҳои наздик яктарафа хохад кард.
Амин акнун касри Доруламонро ки моҳияти стратеги дошт, хам
иқоматгоҳ ва ҳам кароргоҳи хеш интихоб карда буд.

Чунин шуд, ки халқиҳо ду касри шоҳиро миёни худ таксим
карданд. Қасри Амонуллоҳ марбути Амин гардид ва касри
Муҳаммадзайиҳо ба ихтиёри Таракй карор дода шуд. «Падару
писар» чй кор мекарданд, худашон медонистанду халос.

Сафир дар суханрониаш хавфи коммунисткуширо пешгУй
карданй мешуд. Албатта, дар фаҳмиши Пузанов шахси
коммунист халкй буд. Дар роҳи Кобул -Соланг боз ду пули
дигар тарконда шуд. Нооромиҳо ба Панчшер кӯчид. Дастаҳои
ошУбгари Бадахшон худро бо панчшериҳо пайвастанд. ДирУз
минтакаи Пактиё бомбаборон гардид. Ҳама ин ҳаводис ба зарари
мардуми бегунох поён меёфтанд. Пузанов худро ба он тасалло
медод, ки зимистон, ки омад кушторхо хам кам мешаванд, зеро
мухолифине, ки дар қабатҳои кӯҳ панаҳ мебаранд, мачбур
мешаванд, ки «лонаҳои укобй»-и хешро тарк гУянд. Поён, ки
фаромаданд, ба дасти хукумат гирифтор мешаванд ё худ
ихтиёран таслим мегарданд. Ногуфта намонад, ки чи дар атроф
ва чи дар дохили шаҳри Кобул хукуматиён аз тарафи мардуми
авом дастгирӣ намедиданд. Мардум ба хубӣ мефахмид, ки агар

172
6о одамони давлатй ҳамкорй нишон диҳанд, ба иллате ки амнияти
ононро таъмин карда наметавонад, мучохидин чунин касонро
аз байн мебурданд. Ба ҳама дастаҳои мухолифин Амрико,
Покистон ва Хитой ёрии молй мерасонданд. Дирӯз як дипломати
покистонй чониби Афғонистон гузашт. Вале ҳоло душвор буд
гуфтан, ки ӯ вазифаи чосусй дорад ё воқеан худро ба хукумати
Таракй таслим кардааст. Муаммоест сарбаста. Ин бегоҳй ҳавои
Кобул боронй шуд. Ачаб тобистонеро мебинем.

Сездахуми август рӯзи фавти модарам аст. Аз пагоҳй худро
бад ҳис намудам. Бо вучуди ин хонаи Азимчон рафтам, зеро
хонумаш - Сайёрахон бо бачаҳояш омада буданд. То дер
нишастем. Муҳаммадчон ҳам омад. Бурутҳоро тоб дода дар
гУшае аз миз нишаст. Навбати мазоҳу хандасор шудан ба сари
Азимчон низ омад. Азимчон парвое надошт. Сайёрахон механдид
ва мефаҳмид, ки мо шӯхй мекунем ва ба ин восита даҳшатҳои
Кобулро аз қалбҳо берун мекашем. Барномахои телевизиони
Кобулро тамошо намудем. Муллой дурӯяе аз вилояти Ғур ба
тарафдории хуку мат сӯҳбат мекард. Семинари Иттиҳодияи
нависандагон баргузор шуда буд, ки дар он аз мансабдорон
шоир Панчшерй, Мисок, Чузчонй ва дигарон иштирок доштанд.
Чордахуми август дар бозорчаи микрорайон Истад Қосимовро
вохӯрдам, ки ба наздикй аз Душанбе омада буд. У ба хонаи
душанбегии банда рафта, карточкаи тиббии Таҳминаро овардааст.
Ташаккур гуфтамаш ва зимнан аз ҳолу аҳвол ва имтиҳонҳои
қабулшавии Фотима саволаш додам. Истад бо андаке норохатй
хабар дод, ки Фотима аз имтиҳони нахуст «ноком» мондааст.
Аз кадом фан буданашро гуфта натавонист. Истад Қосим илова
намуд, ки рУзе Чумъахон ба хонаи Саидакбар омада, баробари
карточкаи Таҳминаро додан, дар бораи натичаи имтиҳони
Фотима низ иттилоъ додааст. Ман зид будам, ки Фотима ба
Института таббй хуччат супорад. Мехостам, ки ба ягон факултета
Университети давлатй дохил шавад. Аммо якравй карда,
маслиҳати падарро рад намуд, ки натичааш хузнангез шуд. Бо
шунидани ин хабари нохуш бо табъи хира хона омадам. Занак
ҳис кард, ки ягон ҳодисае pyx додааст, аввал чуръати пурсидан
накард, аммо баъдтар чй ran шудааст? - гУён савол дод. У низ
зиқ шуда, ба гУшае рафту ашк рехт. Ашки модарй буд. Ман ин
лаҳза бо Таҳмина машгул шудам ва нороҳатиамро бо сУхбати
кУдаконаи У бадар сохтам.

Нуздаҳуми август Рӯзи истиклоли Афғонистон буд.Чунон
ки маълум аст, замони Зоҳиршоҳ, ҳамасола дар ин рУз расми

173
гузашти низомй сурат мегирифт. Бо табаддулоти Довудхон чунин
чорабинй ба 17-уми июл (26 Саратон) интикол ёфт. Акнун
Афғонистони инқилобӣ рӯзи таърихии хешро кашф намуд, ки
27-уми апрел (ҳафти Савр) аст. Ҳарчанд ки расми гузаштй
даврони шоҳй такрор наёфт, раиси шӯрои инқилобӣ - Н.Таракй
бегоҳии ин рӯз мардуми Афғонистонро ба чашни истиқлоли вокей
самимона табрик гуфт. Дар табрикнома гуфта мешуд, ки 19-
уми августа соли 1919 Афғонистон аз чанголи Ингилистон худро
начот дод. Аммо Нодиршоҳ ин рӯзи таърихиро ба қафо бурда,
ҳафти Ҷавзоро Рӯзи истиқлол эълон кард, ки нодуруст буд.
Ҳамчунин Н.Таракй аз вокеияти таърихй дур нарафта, таъкид
сохт, ки аз ҳамон даврон cap карда Давлати ШУравй бо
Афғонистон дасти дӯстиву ҳамкорӣ дароз мекунад. Зимнан
Покистону Иронро мавриди танқид карор дод, ки ба душманони
давлати феълии Афғонистон ёрй мерасонанд. Ба ҳар ҳол ин
рӯзро истироҳати ҳамагонй эълон доштанд.

Чанд шаб аст, ки ба навиштани рисолае дар бораи насри
муосири дарй машғул ҳастам. Таҳмина каме вақти навис-нависи
бандаро тағйир дод. Ӯ то дер бозй мекунад. Боз одати бадеро
пеш гирифта буд, ки сари зону и ман менишаст ва намегузошт,
ки калам ба даст гирам. Мачбур будам, ки то соатҳои ёздаҳи
шаб бо У бошам, то ки хобаш барад. Баъд ба дафтари кориам
даромада то соатҳои дуй шаб менавиштам. Имшаб хам чунин
шуд. Дирӯз Таҳмина худро бад ҳис кард. Ҳарораташ ба 38
баромад. Модараш мегуфт, ки Уро чашм расидааст. ШУх, ки
ҳаст, баъзан ба чашми одамон бармехУрад. Ҳарчанд ки тобаш
набуд, вале хоб карданро ба гардан намегирифт. Аз хама беш
ба телевизор даст мезад. Тугмаи онро зер мекард, шишаашро
бо мушт мезад, одамоне, ки маъкулаш намешуданд,
чашмонашонро мекофт. Ба танбеҳ доданаш чуръат намекардам,
зеро нозукак буд.

Вобаста ба бад шудани вазъияти дохилй гурӯҳҳоеро бо номи
«ихвон-уш-шаётин» гунаҳкор медонистанд. Дар аксари вилоятҳо
дастаи номбурда ҳукуматҳои маҳаллиро зери фишору итоати
хеш карор додаанд. Ҳоло метавон гуфт, ки Ҳизби Хал к аз
чониби низомиёни шУравй дифоъ мешавад. Илова ба ин, урдуи
Афғонистон навтарин техникаи ҳарбиро аз ШУравй ба даст овард.
Дар саросари кишвар сорандУй бо нерӯҳои низомй муттаҳид
шуда, бо ёриву маслиҳати мушовирони ҳарбии шУравй ба
мукобили мухолифин мубориза мебарад. Ба сабаби ин ки
гурӯҳҳои мухолифин даҳ-понздаҳ нафарй шуда, алайҳи давлат

174
мечанганд, онҳоро аз байн бурдан кори душворе хоҳад буд.
Гузашта аз ин, барои даҳ-понздаҳ ихвон-уш-шаётин шаҳреву
деҳеро хароб сохтан хам аз рӯйи адолат набуд. Мутаассифона,
гоҳе чунин хам шудааст, ки ба хотири як гурӯҳи чанднафариро
маҳв сохтан, карияи бузургеро тирборон мекарданд. Чониби
давлатй ба он у мед мебастанд, ки бо омадани зимистон вазъияти
дохилй рӯ ба беҳбудй меорад.

Дар Ирон низ вазъият хуб нест. Тарафдорони Ризошох чо-
чо мардумро ба мукобили Хумайнй бармехезонданд. Махсусан,
курдҳо мукобилияти сахте нишон медоданд. Бахтиёр, ки замоне
садри аъзами Ирон буду ҳоло фирорй аст, аз муллоёни кишвар
даъват дорад, то ки ба масчидҳошон пас гарданд ва худро ба
нерӯҳои демокросй бипайванданд. Расонаҳо мегуфтанд, ки дар
Ирон мусулмонони суннимазҳаб зери фишор карор гирифтаанд
ва қисме аз ононро чисман нобуд кардаанд. Дирӯз ба дафтари
корам Шаҳбоз занг зад ва ҳадя гирифт, ки рисолаи номзадиаш
тасдик шудааст. Аз ин хабар хеле шод гардидам, самимона
табрикаш намудам ва зиёфаташро ба зиммааш гузоштам. Шаҳбоз
дар бораи Мӯсо ва мавзӯи зангириаш баъзе гапҳои тозаро
телефонй иброз дошт. Гӯё Мӯсо ба хотири ман ба ин издивоч
розй будааст. Ӯ наметавонистааст су хани маро рад кунад.
Бародарҳои дигараш зид будаанд. Ачаб гапе. Охир, розй будану
норозй будани бародарон чй аҳамият дорад? Кас зиндагиашро
худаш бояд ба роҳ монад. Розй, ки набошад, ҳоло ҳеч иқдомеву
масрафе сурат нагирифтааст, метавонад рад кунад. Бо чунин
андешаҳо бо Шаҳбоз худоҳофизӣ намудаму чанд лаҳза дар
фикр задам. Ин тавр нашавад, ки хоҳиши банда бар зарари
МУсо тамом шавад. Ният кардам, ки номае менависаму Уро
озод мегузорам, то худаш интихоб кунад, на бародаронаш.

Бистуми август Иванов аз сафорат ба дафтари сармушовир
занг зада, таъкид кард, ки ба зудй роҳи микрорайонро пеш
бигирем, зеро вазъият дар Кобул бад шудааст. Мухолифин
намегузорад, ки давлатй инқилобй икдомеро ба манфиати мардум
пиёда созад. Коршиканй ва куштори мардум торафт меафзояд.
Папян хурсанд буд, ки ба Батан пас мегашт. Дар маҷлиси гурӯҳ
ҳисоботашро шуниданд ва сахтакак афшондандаш, зеро дар
тУли ду соли фаъолият, такрибан кореро анчом надодааст. Ягон
дастуруламалаш дар муассисаҳо амалй нашудааст. Мачлис ба
чунин хулоса омад, ки фаъолияти Папян ба сифати мушовир
гайриканоатбахш дониста шавад. Бештар 'армании бечораро
Рюмину Блудов ва Зотов мавриди танқид карор доданд. Ҳол

175
он ки ин се худашон аз Папян беҳтар набуданд. Маошашон
бошад бисту дувуним ҳазор афғониро ташкил медод. Папян
ҳеч парво надошт, зеро баъди ду-се рӯз тамоман ба Ереванаш
бармегашт.

Бисту сеюми август рӯзи аввали Иди Рамазон огоз шуд.
Дар намози Ид Н.Таракй бо аҳли вузарояш иштирок намуд.
Қабл аз намоз ӯ баёния дод. Вазъияти дохилии кишварро
муташаннич арзёбй кард. Воқеан, дар саросари Афғонистон
чангҳои дохилй идома доштанд. Халқиҳо ва шахсони содик ба
давлатро ба катл мерасонданд. ДирУз дар шаҳри Кобул се
нафар аз халқиҳои фаъолро куштанд. Дар минтакаи Парвон
низ нооромиҳо cap заданд. Роҳи Соланг дар тасарруфи ихвон-
уш-шаётин карор дорад. Бесабаб нест, ки кормандони Вазорати
дохилии Шӯравӣ рУзи бистум аст, ки дар Парвон бо мухолифин
дар набард карор доранд. Майдони ҳавоии Багромй пурра
дар ихтиёри пилотҳои шӯравй мебошад. Бисёре аз пилотҳо аз
чум лай мусулмонони О.сиёи Миёна интихоб шудаанд, то ки дар
чангҳо шинохта нашаванд.

Ду рӯз кабл дар Кобул конфаронси байналмилалии сулҳи
чаҳонй ифтитоҳ гардид. Аз Шӯравй раиси итгиҳодияҳои коргарии
чаҳон - Сидоров, раиси сулҳи чаҳонй - Ромеш Чандра ва
сархатиби масчиди Бухоро иштирок карданд. Имрӯз
иштирокчиёни конфаронс ба чанд гурӯҳ тақсим шуда ба вилоятҳо
сафар намуданд. Сарфи назар аз ин ки Афгонистон ором нест,
ҳукумат амнияти ононро таъмин дошт, то ки аз шаҳрҳои
Қандаҳор, Ҳирот, Парвон ва ғайра дидан кунанд. Ҳукумати
Таракй мехост, ки ба воситаи иштирокчиён хабарҳои дурӯғини
расонаҳои хоричиро ошкор созад. Яъне ҳар кадом аз аъзои
гурӯҳ дар бозгашт оид ба Афгонистон чизе менавишт ва аз ин
тарик бебаргангг будани Инкилоби Саврро таъкид менамуд.

Бисту ҳафтум баъд аз вақти расмй ба чодаи Майванд рафтам.
Самти Чамани он дар натичаи ҳаводиси қалъаи Боло Ҳисор
чо-чо хароб шуда буд. ДУкондореро диданам лозим буд. Дар
қабати дуюми дУкони У чанд тан аз ватандорҳои банда, ки аз
чумлаи фирориёни Балчувон буданд, ичора менишастанд.
Маълумоти даркориро дар бораи духтури Гулбиддин ба даст
овардам. Ин минтакаи Майванд хатарнок хам буд. Он чо аз
дастаҳои мухолифини панчшерй ва ихвон-уш-шаётини Имом
Соҳиб рУзгор медиданд. Бисёре аз онҳо ба дастаҳои чосусии
Амрико ва Покистону Хитой хамкорй мекарданд. Соат шаши
бегоҳ шуд. Пиёда то вазорат омада, мошинеро гирифта то

176
микрорайон расидам. Вақте ки вориди манзил шудам,
Раҳматшоҳу Саодатбону ва Шералй Саид менишастанд.
Асадуллоҳ Ҳабиб ҳам ҳузур дошт. Асадуллоҳ дар бораи
семинори нависандагон кисса кард. Маърӯзаи ӯро пазируфтаанд.
Дар ин семинор марбута бародарзодаи Ҳ.Амин _ Асадуллоҳи
Амин низ иштирок доштааст, ки вазифаи раисии «Ход»-ро
(Кумитаи бехатарй) дар ҳукумати Таракй иҷро менамуд.
Асадуллоҳи Ҳабиб гузоришҳои дигаронро аз шиор беш
намедонист, чунки дар семинор сари мавзУи адиб ва ҷомеа
маърӯзае сурат нагирифгааст, балки шиорандозиҳо бенггар садо
додаанд.

Бисту нӯҳум ҳам Асадуллоҳ бо хонумаш меҳмон шуд. Мо
бенггар сари адабиёти бадей сӯҳбат мекардем. Сурайё бо хонуми
банда дар ошхона манту омода карданд. Ман аз Асадуллоҳ
хоҳиш намуда будам, то ки тарчумаи ҳолашро барои ман таҳия
бикунад. Маълум шуд, ки хоҳиши банда ичро нагардидааст,
зеро вай масруфиятҳо донггааст. Ҳамин шаб боби сеюми рисоларо
ба поён расондам. Яксаду панчоҳ саҳифаи дастнавис шуд. Бегоҳ
бо Таҳмина ба сайри микрорайон рафтам. Дар майдонҳо
телевизор гузошта буданд. Одамон дар атрофи телевизорҳо
қарор доштанд. Ману Таҳмина ҳам чанд лаҳза ба тамошои
барномаҳои телевизион дода шудем. Аммо Таҳмина ба чунин
тамошо чандон шавқ надошт, балки бо кӯдакҳои афғонй ба бозй
даромада, бозичаҳои онҳоро зӯран аз дастҳошон кашида
мегирифт. Он кӯдакҳо бошанд ба модарҳошон шикоят
мекарданд. Бо душворй бозичаҳоро ба соҳибонаш баргардондам.
Таҳмина норозй буд, вале чорае надошт, зеро мефаҳмид, ки
соҳиби бозичаҳо У нест. Соате, ки мо ба тамошо баромадем,
модари Таҳмина хонаи Олимчонро рӯбу чин мекард. Онҳо сеюми
сентябр аз рухсатй бармегаштанд. Рӯзи сиюм Горин бо хонумаш
аз Маскав омад, ки пешвозшон гирифтам. Бегоҳӣ меҳмонаш
шудем. Шпагин, Борисов ва Ҳабиб Пӯлодов дар сари дастархони
Горин қарор гирифганд. Сию якум Горинро бо завчааш меҳмонӣ
даъват намудам. Ин бегоҳ Ҳабиб чанд тан аз ҳамкоронашро ба
хонааш даъват кард, ки дар ин чумла Султон Рачабов бо
хонумаш, ману завчаам ва Робияхон будем. СУҳбат тӯлонй шуд.
Садри мачлис Султон Рачабов буд. Бонувон дар ошпазхона
сӯҳбати занона анчом медоданд. Ман барои ким-чй ба ошхона
даромадам, ки завчаи Султон Рачабов гиря мекард. Зани
бафарҳанги хубе буд. Чунин ба назар расид, ки ҳини сари
мизи меҳмонӣ қарор доштанамон, С. Рачабов нисбати хонумаш

177
бетавачҷӯҳй зоҳир менамуд. Занҳои дигар сӯйи якдигар
менигаристанду чизе намегуфганд. Ҳамоно Султон Рачабов
ҳамагонро бо сӯҳбаташ мутаваччеҳ месохт. Албатта, ман
медонистам, ки ашки завчаи вазир чй маънй дорад. Ҳамин гиряи
бону Солибоева табъамонро хира сохт ва боиси худоҳофизй
гардид. Зиёфати оростаи Ҳабиб ба хотири рухсатравиаш буд.
Абдулмачид Холов низ рӯзи дуюми сентябр ба истироҳати
якмоҳа мерафт. Дар манзили У низ як зумра точикон чамъ
омаданд. Яке мактуб меоварду дигаре тӯҳфае фиристонданй
мешуд. Мо, ки дӯстони дерин будем, чуръат накардам ба вай
ҳадяе барои Фотимаву Парвиз бидиҳам, зеро худаш дар ин
мавзУъ сухане накушод. Ҳамин рУз буд, ки хабари нохуше аз
шаҳри Гардез расид. Юсуфов ном чавони точик, ки хатмкардаи
факултети шарқшиносии Университет буду вазифаи тарҷумониро
дар қарордоди ҳарбиҳо анчом медод, дар яке аз набардҳои
тарафайн кунгга мегардад. Ҷасадашро тавассути ҳавопаймои ЯК-
40 ба Душанбе инти кол додаанд. Начмиддинов ном ҳамкурсаш
тобути шаҳидро ҳамроҳй кардааст. Шодравон акнун моҳи дуюм
буд, ки вазифаи тарчумониро ичро мекард. Юсуфов нахустин
точике буд, ки ба рамзи «Груз-200» ба Ватан бармегашт. Худо
кунад, ки эшон ҳам аввалин бошаду ҳам охирин... Даҳшатбор
аст, ки кумондони Юсуфов, ки чароҳат бардошта буд, дирУз
дар Чорсадбистараи Кобул ҳалок гардид. Вокеаро чунин шарҳ
медоданд: ҳангоми машки низомй дар яке аз даштҳои Гардез,
Юсуфов бо кумондонаш дар дохили танг қарор доштааст.
Аскари афғоние сӯйи тонки онҳо омада, хабар медиҳад, ки
дуртар аз онҳо ихвониҳо камин гирифтаанд. Қумондон ба
тарчумонаш амр мекунад, ки аз тонк берун шуда, дурусттар
вазъиятро фаҳмад. Юсуфов аз тонк поён шуда, даҳ-понздаҳ
қадам ба пеш мегузорад, ки тири минамёт Уро аз пой меафтонад.
Ҳамчунин кумондон, ки дар дохили тонк буд зарари чисмонӣ
мебардорад. Ҷасади кумондонро ҳам ба рамзи «Груз - 200»
интикол доданд.

Ба ҳамин тарик, моҳи август ҳам поён ёфгу вазъияти дохилии
Афғонистон беҳ нашуд. Махсусан, дар Гардез, Пактиё, Хуст,
Чалолобод, яъне манотиқи панггунишин вазъият хеле муташаннич
аст. Ҳар рУз ду-се часади шаҳрванди шУравиро, ки дар бахши
низомй бо урдуи Афғонистон ҳамкорй мекунанд, ба Ватан
мегуселониданд. Албатта, дар чунин кунггорҳо худи мушовирон
ва афсарони рус айбдор мебошанд. Онҳо муҳити чуғрофиёит*
кишварро хуб намедонанд. Ба психологияи афғонҳо низ ошко

178
намебошанд, аз таърихи кишвар огоҳй надоранд ва ба тарзҳои
чанг дар кӯҳсор балад нестанд. Бидуни шубҳа, ҳамон аскаре,
ки хабари камин гирифтани ихвониҳоро овард, худ фиристодаи
ихвониҳо буд. Бесабаб нест, ки он аскар ба зудй худро ба чонибе
андохта аз марг начот меёбад. Бо шунидани ин хабар табъам
хира нгуд ва шабона ба ягон кор дастам пеш нарафт.

Садриаъзами Ирон - Бозоргон истеъфо дод. Н.Таракй барои
иштирок дар конфаронси шашуми кишварҳое, ки баягон блоки
ҳарбй шомил нестанд, роҳи Гаванаро пеш гирифт. Сари роҳ ба
Маскав фуруд омад. Аз он чо ба Куба парвоз хоҳад кард.
Конфаронс рӯзи дигараш огоз мегирад.

Тобистони соли 1979-ро ҳам паси cap кардам. Ин тобистон
гоҳ гармй мед оду гоҳе боду боронро ба сари инсонҳо меовард.
Тобистоне буд, ки ба вазъияти дохилии Афғонистон ҳамгун
маълум мешуд. Пагоҳ тирамоҳи зарнисор огоз мешавад,
бубинем, ки моҳи аввали он чй моҳе хоҳад буд ва воқеаҳои
таърихи нави Афгонистон дар ин моҳ чй навъ чараён мегиранд.

НАЗАРЕ БА СЕНТЯБРИ КОБУЛ

Сентябри соли 1979-и Афғонистон таҳлили воқей мехоҳад.
Дар оғози он воқеоти нангбори сарҳадот идома ёфтанд. РУзгори
банда низ чун садҳо шаҳрвандони шУравй зери таҳлукаҳо қарор
дошт. Ба тақдир тан медодаму аз пайи вазифаи
интернатсионалии хеш мешудам. Сеюми сентябр буд. Олимчон
ҳам тавассути «Бойинг» баргашт. Банда аз Олимчон хабари
тозаеро аз хонавода интизорй допггам. Маълум гардид, ки Фотима
аз фанни «физика» баҳои бад гирифтааст. Чанд рУз ба гиря
дода шудааст. Ҳоло нияти ба ягон чо кор карданро доштааст.
Хабари дигар ҳамоно мавзУи зангирии Мӯсо буд, ки аз Истад
Қосим шунидам. Модари Таҳмина ду-се рӯз оби дида рехт, ки
духтараш дар дохилшавй ноком мондааст. Дар фикри он буд,
ки бачаҳояш чи ҳол дошта бошанд.

Чунон ки арз кардам, Панчшер чанд моҳ дар ихтиёри
ихвониҳо қарор дошт. Акнун онро озод карданд. Нооромиҳо
боиси кор накардани маъмурини идораҳои давлатӣ мегардид.
Ҳама дар ҳолати дилсардй буданд. Се рУз аст, ки Таҳмина_боз
бетоб аст. Ҳарорат дорад, лекин аз даву ғеч намемонад. У 6о
Салимабону унс гирифгааст. Ҳарчанд ки вазъи дохилӣ хуб нест,
радиои Кобул чизе намегУяд. Амин чиддиёна ба фаъолият

179
пардохтааст. Тақрибан ҳама хешу ақрабояшро ба мансабҳои
«равғандор» ҷо ба чо кардааст. Паштугарой ва афғонигардонй
рӯ ба инкишоф овардааст.

Вазифаҳои асосй насиби қавми пашту мегардад. Тамоми
волиҳо, улусволҳои кисмати шимоли кишварро аз қавми пашту
таъин намудааст. Баъзе аз ин мансабпешаҳо забони форсиро
намедонистанд. Ситами миллй бо кӯшиши Ҳ.Амин ривоч меёфт.
Як сабаби cap бардоштани мардуми Бадахшон, Тахор, Имом
Соҳиб, Қундуз ва дигар навоҳии шимол аз паштунгароии
Ҳукумати Таракй мебошад. Банда ба чунин ақидаам, ки баъд
аз 10 — 20 сол, вақте ки Афғонистон бо ёрии Шӯравӣ худро аз
нав месозаду дар ин муддат Ҳ.Амин ба сари қудрат мерасад,
сарварони навъи Амин ба моён «ташаккур» мегУянду рӯй
мегардонанд. Дар он сурат Шӯравй хатой худро дар сиёсати
хоричиаш шояд эҳсос кунад. Дар шинохти камина Амин шахсест,
ки Шӯравиро барои амалй сохтани мақсадҳои хеш истифода
менамояд. Сиёсати миллии Ҳ.Амин рУзе Афғонистонро аз дохил
ба таркиш водор мекунад. Таракй дар ҳоли ҳозир кундаи
дарахти сӯхтаеро мемонад. Вай ба пешниҳодҳои «шогирдаш»
«бале» ва «саҳеҳ» мегӯяду бас.

Чунин ба назар мерасад, ки ҳама хунрезиҳои кишварро худи
Ҳ.Амиы ташкил мекунад. Дар ин чода хеле устокорона
машварати Шӯравй ва аслиҳаи онро истифода менамояд. Агар
Л.И.Брежневу А.Косыгин ба масъалаи миллй дахолат кунанд,
гумон мекунам, ки дар сохторҳои давлатй тагйироти чиддие
рӯй хоҳад дод. Мутаассифона, сафири Шӯравӣ, ки худ на
дипломата қавй асту на сиёсатмадори чиддй даҳ сол боз
Афғонистонро «хонаи дуюми хеш» қарор дода, тахминан, кореро
ба манфиати ШУравй ҳал наменамояд. Мавсуф агар сиёсатмадори
воқей мебуд, Аминро писархонд мегирифт? Ҳаргиз. Амин
рӯбоҳеро мемонд, ки паррандагонро бо фиребу найранг ба домаш
меандозад. Аз рУйи нақли баъзе афсарони низомй Пузанов ба
шубҳаву тахминҳои дастаҳои кашшофии хеш қаноат ҳосил
намекардааст. Дар интиҳои сӯҳбат чунин хулосабаровардааст:
«Амин наш человек». Ёздаҳуми сентябр Н.Таракй аз Гавана ба
Кобул баргангг. Тамоми муассисаву вазоратхонаҳо ба истақболи
У баромаданд. Шаҳри Кобул аз майдони Паштунистон то
майдони ҳавой намуди идонаро ба худ гирифта буд. Кас гумон
мекард, ки чашне дар пеш аст. Гурӯҳи мушовирони Вазорати
молия дар рУ ба рУи қасри «Хонаи Халқ» қарор гирифтанд
Банда назди «Тонки каҳрамон» меистодаму дар дил мегуфтгм.

180
ин охирин сафари хориҷии Таракй ва охирин пазироиҳост, ки ӯ
бо чашмони хеш медиду завқ мебурд. Дарвозаи марказии қаср
ҳам бори охир ба рУйи вай боз хоҳад шуд. Соатҳои сеи рУз
ҳавопаймои ТУ-154 болои Кобул пайдо гардида ду маротиба
хеле паст дар атрофи шаҳр давр хУрда, сипас фуруд омад.
Таракй магар хоби баде дида буд, ки аз оиначаҳои ҳавопаймо
мардумашро тамошо мекард ва медид, ки ҳазорҳо одамон бо
байрақчаҳо сУяш салом мефиристанд. Ҳ.Амин бо дастааш ва
аъзоёни ҳукумат як соат қабл ба майдон ҳозир шуда буданд.
Шахспарастии Н.Таракй ба он дарача боло рафта буд, ки
И.В.Сталин ба ин сатҳ набуд. Падидаи шахспарастиро барои
Таракй «шогирди бовафояш» таъмин мекард. Таракй, албатта,
«лутфи» шогирдашро самими медонист ва оқибати чунин бардор-
бардорҳоро эҳсос наменамуд. Тамаллуқкоронаш Уро тасалло
медоданд, ки «Худой мутаол кулоҳи сарвариро, ки яктост ба
сари У шинондааст ва боз кадом вақт ки хост мегирадаш».
Н.Таракй аз худову халқаш ва «шогирдаш» хеле розй буд.
Баъзан, ки ба андеша мерафту сарнавишташро аз зери хаймаи
кУчиёни Мукур то муншии аввалу раиси Шӯрои инқилобиву
дифоъ пеши назар меовард, ашки шодй мерехт. Ин лаҳза
завчаашу ягона бародараш оромаш месохтанд ва мегуфганд:
«Таракй ту худодод ҳастй, чурте назан, дигар неруе нест, ки ба
амри худо муқобилат нишон диҳад». Дар зиндагй шахси содда,
ки буд, бовар мекарду рУзи дигар дар рӯ ба рӯи садҳо муллову
малик ва намояндагони вилоятҳо қарор мегирифгу аз ободонии
Афғонистони инқилобй сУҳбат меорост. Қарсакаш мезаданд, ба
эҳтиромаш аз чойҳо баланд мешуданд ва ҳама ишораҳои Аминро
ба хотири «доҳй»-и охирзамони кишварашон анчом медоданд.
Таракй бо завк механдид, ду даст боло мекарду худоҳофизӣ
намуда, пушти пардаи толор нопадид мешуд. Амин боз дар
паҳлУяш қарор мегирифгу ҳарчи сухани паштуии ширину
тамаллукомезе, ки медонист ба муаллимаш нисбат медод.
«Валлоҳ, Таракй соҳиб, хеле олй сӯҳбат карден, халки
Афғонистон шумора воқеан дУст доран, шумо дига доҳй ҳастен,
Ленин ҳастен...»- мегуфт Амин ва устодашро дар «Хонаи Хал к»
мегузошту худ сӯйи қасри «Доруламон» роҳ пеш мегирифг, то
ки нақшаҳои наверо алайҳи «доҳй» эчод намояд. Таҳлилҳоям
то ин чо расида буд, ки картежи сардори давлат аз самти майдони
ҳавой намудор гардид. Мо ҳам дастҳоро боло гирифта, қарсак
мезадем. Мактабиён ва шахсони алоҳида шиорҳои «Зинда бод,
Таракй», «Зинда бод, шогирДи бовафои Таракй - Ҳафизуллоҳ

181
Амин», «Дӯстии Афғонистону Кубо поянда бод», «Дӯстии
Афғонистон бо ШУравй халанопазир аст» ва ғайра суханҳои
қолабии дигарро чониби Н.Таракиву Амин равона месохтанд.
Н.Таракӣ дар мошини алоҳидае вориди «Хонаи Халқ» гардид.
Пушти сари У мошини Амин ҳаракат дошт. Суфарову вузаро
ҳамагй картежи давлатиро думбола гирифтанд. Дарвозаи
дутабақаи қаср баста шуд. Истиқболгирандагон бо хушҳолии
хоса ба ҳар сӯ пареш хӯрданд. Банда низ бо издиҳом то майдони
Паштунистон омадаму ба бинои вазорат ворид шудам. Чанд
лаҳза дар дафгари корам нишастаму сипас бо мушовирон чониби
микрорайон ҳаракат намудем.

ДирУз дар роҳи Кобул - Ҷалолобод шаш нафар табааи
олмониро бо номи русҳо ба қатл расонданд. Дар ин мавзУъ ба
Амин саволҳо доданд. Ҳар тахрибкорие, ки пиёда мешавад, ба
хотири паст задани обрӯйи халқи шУравӣ сурат мегирифт. Чунин
саволҳо ҳам медоданд, ки дастаҳои низомии шУравӣ аз ҳиеоби
точикҳо ташкил ёфтааст ва онҳо ба афғонҳо якчо шуда, ба
муқобили мучоҳиддин мечанганд. Мухбирони хоричй шабу рУз
дар хиёбону бозорҳои Кобул бо мардум сӯҳбат карда, ҳамин
навъ маълумотҳоро барои шунавандагони хеш пахш мекарданд.

Рӯҳияи шУравибадбинй торафт меафзуд. Хеле даҳшатбор
аст, вақте ки дар мулки дигар қарор дориву туро дӯст
намедоранд ва бо нигоҳҳои лаънатомез гуселат мекунанд. Бисёрҳо
шуда буд, ки рӯи дохилиҳоро дидан намехостам. Лаҳзаҳое ҳам
насибам гардидааст, ки афғонҳо бо чашмонашон русҳоро ҳакорат
медоданд ва бандаро ватанфурУш эълон медонгганд. Гоқат, тоқат
ва боз ҳам тоқат кардан лозим меомад. Бинобар ин, орзу доштам,
ки танҳои танҳо дар Кобул сайру гашт кунам. Он ҳолат касе
сӯям бо таҳқир назар наменамуд ва ҳатто пай намебурд, ки
камина ҳам табааи шУравиам. Ин лаҳзаҳо Кобулро хеле дӯст
медоштам. Соатҳо дар порки Зарнигор сайру гангг менамудам.
Маълумоте расида буд, ки дар «Хонаи Халқ» мачлиси чиддие
чараён мегирад, ки дар он Амин иштирок нахоҳад кард. Мисли
он ки дуҳокимиятй оғоз меёфт. Одамон чо-чо чамъ омада, сабаби
чараён гирифтани чунин чаласаро таҳлил менамуданд. Мо -
шУравиҳо ҳам, таҳлилҳои худро мекардем, вале банда ҳеч гоҳ
ба таҳлилҳои онҳо худро намепайвастам, балки меомУхтам ва
мушоҳида менамудам. Медидам, ки таҳлилҳошон ба воқеият
мувофиқат намекунанд. Назар ба гуфтаи Медведев, бозгашти
Таракй аз Гавана ба воситаи Маскав сурат мегирад ва У б
нақшаи хоси Кремл ба Афғонистон бармегардад, ки натичааш

182
ХОХад буД' Аз Р™ "акшахои пешакй
6 д Д Р ИН ҲОЛат ба Гавана сафар мекарду дао

SrZrS^HT Дар МаСКаВ "е Аммо АмГшощ

паи Оурд, ки бо устодаш ҳамсафар нашуд, вале одамони

^ дикаифо вазифадор намуд, ки ҳар калами Таракиро ба ҳисоб

Р 0Киф созанд. Ҳолдонҳо мегуфтанд, ки рӯзи

«ХотаГх^кГуТ КарТСЖИ ТаРакй аз майдони ҳавой сӯи касри
бя ™ Х қ Ҳаракат мекард, дар минтақаи Бибимоҳрӯ Таракй

саои баГ„ГаИПеР ^ баЙН буРДа М6ШУД- °н ва*т X Амин^о
Р п --Д мУаллимашро бо ичрои ҳама эҳтиромот ба хок

супорида, садҳо касро душмани Таракй эълон намуда зиндонй

даГм;™^6'"^” Т ВДратР° дзр Аф“„ ба
аз у брутя ^ ^игаР *еч кас Аминро маломат намекард, зеро
аз У беҳтараш дар ҳайати ҳукумати Таракй мавчуд набуд
Накшаи Амин гУё ба ин хотир сурат гирифтанй будаасГ ки

сУхбат л°3гашт 33 Гавана б° Л.И.Брежнев вомехУрад. Ин
xyf на?ли RnSf СУРЭТ мвбандад- Ка^ро аз ҳайат Таракй бо
ТП^пя^п дБР намебарад. Дастгоҳи раиси бехатарии

ШУравй Андропов дар бораи фаъолиятҳои пинҳониву

Г„гТуГтТп"МйИН к аЪЛуМ0™ вофиро дар даст доштааст. Дар
™,™ Р Таракй, Брежнев, Андропов ва тарчумон ширкат

якс1ғ?п1Д' АММтДар саҳиФаи аввали рУзномаи «Правда» ф^кат
акси Брежневу Таракиро чоп карданд. Максад аз ин воху^ он

уд, ки Таракй таъчилан мухолифини дохили ҳукуматанто бо

касонеро, ки ба фармудаҳои Маскав итоат доранд мегузооал
Амин ки аз и„ вохйря „тгилоъ доил-, тахми^

хоРад гамил ДВа Й*МЛ ВаК,1шш 33 “"барии У хатман „атрах
хоҳад гардид. Ба ин хотир, Амин хеле чиддй тайёрй дида 6ул
то ки Таракиро бо дасти ^шманонаш» чисмаГшбуд созад’
Шояд дастаҳое пеши ниятҳои ношуди Аминро гиЗганлХ
накша чомаи амал нанУшид.

шуда, ба самти номаълуме бурда мешавад. Ин маълумотоо
Дар vS МераС0Нанд- Аз ин ноет, ки Ҳ. Амин соате xL

ропеХмешр^" НаШУДа’ Р°ҲИ Қасри «Д°РУламон»-

ЛНг2? рӮЗ банда ба Дафтари кориам даромадам, ки Олимчону

макарда!^1^,,^^^^^^^ буданд^^си М^скав бо

183
рӯз мачлиси ҳукуматро ташкил кард, аммо Амин иштирок
накард. Ду рӯз дар «Хонаи Халқ» чаласаи Кумитаи Марказии
ҳизб идома ёфг. Таракй бояд нақшаи Маскавро амалй месохт.
Табиист, ки дар ин маврид баҳсҳо сурат мегирад. Бо вучуди
ин, ба чунин хулоса меоянд, ки ба мачлис Аминро даъват карда,
аз ҳама вазифаҳояш сабукдӯшаш созанд ва баъд ба ҳабсаш
гиранд. Дар ин мачлис вазирону шахсони содиқи Амин ҳам
иштирок доштанд. Аз чунин шахсон чондори Таракй - Саид
Довуд ва раиси дастгоҳи Таракӣ буданд. Рӯзи чордаҳум баъд
аз чошт ӯ супориш гирифт, ки ҳатман иштироки Аминро дар
чаласаи Кумитаи Маркази таъмин намояд. Раиси дастгоҳ ин
амрро телефонй ичро намуда, ҳамзамон ӯро огоҳ сохт, ки ran
чиддй аст ва бо тайёрии махсус ҳозир шавад. Он рӯз сафири
шӯравй — Пузанов ва ду ченероли салоҳиятдори шӯравй низ
ншркат карданд. Муҳити толори мачлис шакли «пе»-ро шрифта
буд. Таракй ҳамчун Муншии умумии ҳизб ва раиси Шӯрои
инқилобй бояд чаласаро оғоз бахшида, қарори онро дар бораи
барканор сохтани Амин баррасй мекард. Нақшаи пинҳоние ҳам
бояд амалй мешуд. Вақте ки Амин дохили толор шуда, чанд
қадам ба тарафи мизи мачлис мегузошт, бо тири тӯфангча кунгга
мегардид. Ин нақнха ҳатто ба Таракй маълум набуд. Дастгоҳи
дигаре чунин ҳолатҳоро месохт... Дар толор дуртар аз аҳли
мачлис чондорҳои Таракй ва дигар аъзоёни Бюрои сиёсй росг
истода, амниятро таъмин карданй мешуданд.

Ҳ.Амин, ки аз чараёни чангу чанчоли дурӯза огоҳй дошт,
омодагй шрифта буд. Ҳ.Амин дар аввал даъвати раиси дастгоҳро
рад карда мегӯяд, ки ӯ худро бад ҳис мекунад, ба садри мачлис
расонед, ки ҳар масъалае, ки ҳаст худашон ҳал намоянд. Вале
раиси дастгоҳ таъкидан мегӯяд: «Масъалаи мазкур бидуни
иштироки Амин ҳал намешавад, зеро шахсан ба > гаалл^к
дорад». Амини зирак дарҳол мефаҳмад, ки ran сари чист. У
қаблан ба одамонаш дар вазоратҳои қудратй супоришҳо медиҳад,
то ки омодаи табаддулоти навбатй дар ҳукумат бошанд. Амин
бо дастааш чониби <?Хонаи Халқ^ ҳаракат мекунад. Омадани
ӯро аз роҳи марказй интизор буданд. Вале вай роҳи дигари
даромадро ба қасри собиқ шоҳӣ интихоб менамояд, ки аз тарафи
офтобшин дарвозаи дигаре дошт. Аз ин роҳ тақрибан дастгоҳи
ҳукуматй истифода намекарданд. Амин чанд тан аз
наздиконашро, ки хидмати амниятии Уро таъмин медоштанд,
назди даромадгоҳ гузошта худаш бо ду чондораш аз рох"
зеризаминй дохили каср мегардад. Ин роҳе буд, ки гоҳ-гоҳе

184
Зоҳиршоҳ аз он истифода менамуд. Роҳи зеризаминие, ки касро
ба қаср мебурд барон Довудхон ҳам маълум буд. Амин ба қабати
дуюм боло мешавад, ки назди дарвозаи дутабақаи толори мачлис
чондори Таракй -Саид Довуд, ки суханчини асосии Амин дар
дастгоҳи Таракй ба шумор мерафт, пешвозаш мегирад. Ҳине,
ки Саид Довуд дарвозаи калонҳачми чУбиро барои даромадани
Амин боз менамояд, базабони пахшу мегУяд: «Амин соҳиб, эҳтиёт
бошед, ки аҳли толор ба мукобили шумо нигаронда шудаанд».
Ин ҳолат Амин чондорашро пеш андохта, худаш пушти сари У
ба толор ворид мешавад. Такрибан се-чор дадам гузоштан замон,
аз пушти пардаи панчарае аз тУфангча сУйи Амин тир холй
мекунанд. Довуд, ки аз нигоҳи психологй ба чунин ҳолат омода
буд, якбора бо баданаш Аминро дифоъ мекунад. Тири аввал ба
чондори Амин мерасад ва се тири дигар ба чони Саид Довуд
мехУрад. Холй шудани тирҳо боиси он мегардад, ки чондорҳои
дигар сУи якдигар тир меандозанд, ки дар натича
бесару сомон иву парешонй толорро фаро мегирад. Амин дарҳол
насади Саид Довудро ҳамчун сипар истифода намуда, худро
зери бадани хуншори чондори Таракй пинҳон мекунад. Таракй,
ки дар рУ ба рУи дарвозаи даромад менишаст, ба хубй мушоҳида
менамояд, ки Амин болои фарши колинпУш меафгад. Дар толор
дигар касе касеро дида наметавонист, балки ҳама аъзоёни мачлис
худро ба таги мизҳо пинҳон медоранд, то он вақт ки садои
тирҳои тУфангчаҳо ба поён мерасанд. Баъдҳо шоҳидон нақл
карданд, ки сафири шУравй ваон ду ченероли маслиҳатчй низ
зери мизе мехобидаанд. Таракй ва дигар аъзоёни Бюрои сиёсй
дар ҳолати ногуворе саросемавор аз болои «насади Амин»
гузашта, ҳар кадом рУи ҳавлй баромада ба мошинҳошон нишаста,
роҳи манзилу дафтарҳои хешро пеш мегиранд. Дар толор тани
бечони чанд тан аз чондорон мемонаду бас. Амин, такрибан ним
соат зери насади Саид Довуд худро пинҳон сохта, бо эҳсос
шудани оромй часадро аз болояш дур сохта, бо либосҳои пур
аз хун бо ҳамон роҳи зеризаминй худро ба мошинаш расонда,
бо суръати баланд сУйи қасри «Доруламон» мешитобад. Гаракй
бошад, бо гумони он ки Амин кушта шуд, ба манзили
истикоматиаш, ки дар гУшае аз бинои қаср қарор дошт рафта
ба «истироҳат» мепардозад. «Хонаи Халқ»-ро беҳокимиятй фаро
мегирад. Шояд яке аз рӯзҳои серташвиши Кобул чордаҳуми
сентябр бошад. Ҳарчанд ки ду рУз пеш атрофи қасри ҳукуматро
низомиён назорат менамуданд, имрУз баъд аз соатҳои се якбора
ҳаракати тонкҳо ва парвози вертолётҳои низомй боиси таваччУҲИ

185
бошандагони шаҳр гардид. Роҳи марказиро аз майдони
Паштунистон то ҳиссаи сафорати Амрико маҳкам карданд.
Биноҳои вазоратҳои кудратиро таҳти назорати низомиён карор
доданд. Мо чун ҳарвақта аз роҳи хомаи лаби даре ва пули
Маҳмудхон худро ба манзилҳомон расондем. Дар кУчаву
хиёбонҳо мошинҳои шишасиёҳ бо суръати тез ба ин сУву он су
метохтанд. Шаҳрро беназмй фаро гирифг.

Ҳоло бубинем, ки Амин дар касри «Доруламон» ч.й
иқдомотеро анҷом медиҳад. У баъд аз шустушУву сару либосро
иваз намудан дастаҳояшро ба фаъолият меандозяд. Таъчилан
фармони чанд тан аз вузароро, ки бо Таракй ҳамфикрй зоҳир
карда буданд, аз вазифа сабукдӯуц намуд. Инҳо вазири
мухобирот - ГулобзУй, вазири Д£Хила - Ватанчор, раиси аксо
(бехатарй) Асадуллоҳи Сарва^рд ва вазири сарҳэдот — Муздурёр
буданд. Соати шанш бегоҳ^ й чордаҳум дар ахбори телевизионии
Кобул фармони мазкур бр имзои Таракй эълон гардид. Ногуфта
намонад, ки соатҳои г^анчи рузи чордаҳум бо супориши Амин
«Хонаи Хал к» таҳтих тасарруфи аминиҳо қарор гирифт. Таракй
ғайрирасмй ҳабси хонагй шуд. Аммо Амин нахустфармонҳояшро
бо имзои Тарак'й пиёда месохт. Ин ҳолат боиси ташвиши Кремл
шуд, ки соз"ш 11_и рузи понздаҳум, сафири шУравиро Амин
дар касри 4Доруламон» ба ҳузур пазируфгг. Пузанов, ки ҳамчун
диплом ат бозиро бар Амин бохта буд, мехост, ки фармудаи
Мас^Дввро ба У фаҳмонад. Аз дигар сУ, Амин бо пазируфтани
сафири ШУравй гуфганй буд, ки У дУсти Шӯравй мебошад. Ҳол
он ки Маскав бегоҳии чордаҳум маълумот дошт, ки Ҳукумат
ғайрирасмй бошад ҳам, комилан ба ихтиёри Амин гузоштааст.
Дипломата шУравй, ки нақшаашро ба воситаи Таракй амалй
карда натавониста буд, роҳи навро чустучУ мекард, то ки
Афғонистон тасодуфан таҳти тасарруфи дипломатияи Амрико
қарор нагирад. Нақшаи Маскав дойр ба безарар гардондани
Амин дар ғайри муҳити Кобул тартиб гардида буд. Таракй он
нақшаро хеле саросемавор амалй сохтанй шуд. Гузашта аз ин,
сафир ва ченеролҳои шУравй низ бемасъулиятй зоҳир карданд.
Камаш як моҳ зарур буд, то ки нақшаи кашидаи дастгоҳи
Андропов натачай мусбат медод. АфсУс ки чунин нашуд. Акнун
бо Амин забои ёфтан кори душворе хоҳад шуд... Бегоҳии
понздаҳум фармони тозаи «Таракй» дар мавриди вазирони нав:
Фақирмуҳаммад - дохила, Зариф - мухобирот, Саҳрой -
сарҳадот ва Азиз - аксо пахш гардид. Албатта, ин таъинот чунин
маънй надонгг, ки Амин бо пешниҳоди Пузанов номзадҳои навро

186
ба расмият даровардааст. Ҳаргизне. Пузанов супориши Маскавро
ичро карданй туда, аз Амин хоҳиш ба чо оварад, то ки Таракиро
чисман нобуд насозад. Ҳарчанд ки Амин ШУравиро чашми дидан
надошт, ҳоло аз шитобзадагй кор намегирифг, балки дастурҳои
хешро бо имзои Таракии маҳбус анчом медод. Бо ин роҳ Маскав
фурсати муносиберо чустучУ карданй мешуд. Бесабаб набуд, ки
бегоҳии 15-ум Амин ичозат дод, ки касетаи саволу чавоби
Таракиро бо мухбирон дар Гавана ба воситаи телевизион дар
ду забои пахш намоянд. Таракй ба саволи мухбире оид ба
ҳодисоти Ҳирот чавоб дод, ки дар фабрикаи нассочй ду
шаҳрванди шУравй, ки якеаш тарчумон буд, ба ҳалокат
расиданд. Дар мавриди теъдоди мутахассисини шУравй дар
Афгонистон Таракй раками 1431-ро овард. Ҳамзамон гуфт:
«ДУстии Афгонистону ШУравй дӯстии ҳамсоягӣ асту бас».

ДирУз дар хонаи Олимчон чамъ омадем. Муҳаммадчон ва
Ҳабиб ҳам буданд. Сӯҳбат сари тағйирот дар ҳайати ҳукумат
ва фаъолияти Таракиву Амин қарор гирифт. Банда аз нахустин
рӯзҳои фаъолиятам ба ин ақида будам, ки рУзе мерасаду Амин
муаллимашро маҳв сохта, чояшро ночавонмардона иштол
менамояд. РУзи 16-ум ҳам, ки мавзУи сӯҳбатамон ҳамин буд,
бори дигар ақидаамро такрор намудам. Олимчон мегуфт, ки
ҳеч имкон надорад, ки таъсисдиҳандаи ҳизби «Халқ»-ро аз байн
бубаранд. Аммо Муҳаммадчон, ки таърихнигор буд, ақидаи
каминаро тайид месохт. Баҳси мо идома дошт, ки дар ахбори
аввал қарори пленуми Кумитаи Марказиро эълон карданд.
Таракй ба сабаби беморй бо хоҳииш худ аз вазифаи Муншии
умумии Ҳизби демократии Афгонистон, Раиси ШУрои инқилобй
даст кашид. Хоҳинш эшонро пленум ва мачлиси ШУрои шщилобй
ба расмият даровард. Бо ҳамин қарор Ҳафизуллоҳ Амин ҳамчун
муншии умумй, раиси ШУрои инқилобй васадриаъзам пазируфга
шуд. Қироати қарор ба поён расиду Муҳаммадчон Олимчонро
табрик гуфта, карсак зад. Олимчон, ки чеҳрааш ранги дигар
шрифта буд, «валлоҳ Худойназархон ким-кай чунин нақшаро
тайид мекард, аммо ман номумкин аст, -мегуфтам», изҳор дошт
Олимчон.

Ба ҳамин тарик, дар Афгонистони инқилобӣ марҳалаи нави
таърихй огоз ёфт. Албатта, аксари шУравиён тагйироти мазкурро
дасти Маскав медонистанд, ки галат буд. Ман ҳам чо-чо онҳоро
дастгирй менамудам. Дар акси ҳол зери шубҳа карор
мегирифтам. Пайваста ба мавзУи дасти Маскав Аминро
писархонди Пузанов мешумориданд. Ба хусус дирУз, ки сафир

187
дар ҳузури Амин буд, қарори пленуми дирӯзаро ба пешниҳоди
Пузанов иртибот медоданд. Овозаҳо паҳн гардид, ки вазирҳои
сабукдӯшшуда, аз Кобул фирор кардаанд. Ҳатто Таракиро
мазаммат менамуданд, ки аз ӯҳдаи вазифа набаромад, кишварро
тинч накард ва ба ҳамин монанд тахминҳо бозору кУчаҳоро
фаро гирифт. Рӯзи чордаҳум дар «Хонаи Хал к» тирпарронй
шудааст, мегуфтанд. ГУё Ватанчору Муздурёр ва Асадуллову
ГулобзУй бо Таракй забон як карда, Аминро аз байн бурданй
будаанд. Ҳамчунин дуруст тахмин мекарданд, ки чондорҳои
Амину Таракй бо номҳои Саид Довуду Туран ба қатл расидаанд.
Боз менигоштанд, ки директори Института тиббии Кобулро дар
хонааш ба қатл расондаанд. Ватанчор ҳам гУё кушта шудааст.
Дар заминай рухдоди рУзи чордаҳум, имрУз се тобутро хеле
ботантана ба хок супурданд. Дар бораи Саид Довуд таъзияи
Амин ва аъзоёни Бюрои сиёсй чоп гардид. Мотами умумихалқй
эълон шуд. Ҳабдаҳум дар кишвар байрақҳо фароварда
мешаванд. Ба ин муносибат суфарову вузаро ва муассисаҳои
давлатй дар китоби «Хонаи Хал к»- таъзияҳои хешро сабт хоҳанд
кард. Ҳамчунин ҳарфҳоеро ҳам шунидан мумкин буд, ки он
чор вазир зидди Шӯравй будаанд ва намехостаанд нуфузи
ШУравй дар Афғонистон афзоиш ёбад. Бештари овозаҳоро,
албатта, дастгоҳи Амин пахш менамуд, то ки ба шахсияти Амин
таъсири манфй ворид нагардад.

Атрофи «Хонаи Халқ»-ро ҳоло ҳам танкҳо иҳота кардаанд.
Даромадгоҳҳои шаҳри Кобулро ба воситаи танкҳо ҳимоят
менамуданд. Чунин ба назар мехУрд, ки шаҳри Кобул мотам
дошт. Банда сари он чурт мезадам, ки тақдири Мисоқ чй мешуда
бошад? Панчшерӣ ҳам дар рӯ ба рУяш аломати савол дошт.
Мисоқро бояд дифоъ кард. Ба воситаи кӣ? Пузанов, аллакай
зери шубҳаи дастгоҳи кашшофии Шӯравй қарор гирифта буд.
Шояд ба Маскав даъваташ мекунанду дигар барнамегардад.
Мисоқ як бартарӣ дошт. Ҳазора буд. Дар Ҳукумат аз ин қавм
дигар чеҳрае ба назар намерасид. МавзУи миллиро бояд ба
миён гузонгг. Бо ҳамин андешот Бахтулинро дидан лозим шуд.
У ваъда дод, ки ҳатман ба воситаи одамонаш дар идораи
бехатарӣ Мисоқро дар ҳукумати Амин нигоҳ медорад. Лаҳзае
бо Мисоқ сӯҳбат намудам. Вай дар вазъияти баде қарор дошт,
зеро яке аз наздикони Таракй маҳсуб мегардид. Вай аз он хавф
мебурд, ки ҳамин шаб ё шаби дигар зиндониаш мекунанд.
Ҳарчанд ки У шахси хеле фурӯтан буд, дар чараёни сӯҳбат
чунин ҳарфҳоро лозим донист: «Банда ба дифоъи Шӯравй

188
зарурат дорам». Ҳини худоҳофизй «дифоъ мешавед», гуфга
утоқашро тарк гуфтам. Таги дарвозааш ду-се тан аз одамони
Амин ба мушоҳида расид. Онҳо ба идораи бехатарии нав тааллуқ
доштанд. Якеаш таҳсилдидаи мактабҳои Шӯравй буда, худро
ватандори Амин муаррифй менамуд. У аз банда ҳолу аҳвол
пурсон шуд. Дар чавоб хайру хайрият гуфта, огоҳаш сохтам,
ки «Мисок соҳиб дӯсти Шӯравй аст». «Бале, бале, - гуфт
маъмури бехатарй. Русиш ҳам қавист, не», таъкид кард вай.
«Хо, гуфтам, русидониаш кифоят мекуна, ки Уро дУсти ШУравй
донист». Сипае, узр хостаму ба амони худо гуфтам. Онҳо ба
дафгари Мисоқ ворид шуданд. Чиҳо мегУянд, номаълум. Ба
назарам гуфтугУи банда бо онҳо зараре ба Мисоқ намеовард.
Оре, Мисок дар ҳайати нави Ҳукумат нигоҳ дошта шуд...

Ҳабдаҳуми сентябри соли 1979, соати ҳаиггу сии шаб ба вақти
Кобул, Ҳ.Амин ба воситаи радио ва телевизиони кишвар
эъломияи сиёсии хешро барои халқҳои Афгонистон пахш намуд.
У бо ҳамроҳии Катавозй - вазири иттилоот ва култур ва ду
шахеи низомй дар оинаи нилгун пайдо шуд. Чеҳрааш хандаи
маънидор дошт. Матни гузоришашро ба забони дари огоз кард.
Бист дакика вактро гирифт. Баёния чиддй_ ва олимона буд.
Таҳлилҳояш гУё дуруст ба назар мерасид. У таъкид сохт, ки
ҳама бадбахтиҳо дар натиҷаи ббмасъулиятии Таракй ва
ҳамроҳонаш - Ватанҷору ГулобзУй ва Муздурёру Асадуллоҳ
cap задааст. Онҳо одамони бегуноҳро ба воситаи идораи бехатарй
зиндонй месохтанд. Ҳ.Амин бо катъият шунавандагонашро огоҳ
сохт, ки акнун комиссиюни босалоҳияте тартиб гардида, тамоми
маҳбусини бегуноҳро аз зиндонҳо берун меоранд. Ишораҳое
ҳам дар бораи дУстии ҳамешагии Афғонистону Шӯравй иброз

Д01НТ...

Бояд гуфт, ки соати 11-и ҳамин рУз Амин бори дигар сафири
шУравй - Пузановро дар қасраш кабул кард. Агар андак ба
қафо баргардему сафари таърихии Таракиро ба Гавана пеши
назар биорем, хоҳем дид, ки Катавозй барои Амин хизмати
арзандаеро анчом дода буд. Маҳз У ва доктор Шоҳвалй қадамҳои
Таракиро мешумориданд ва вақте ки Таракй дар Маскав пинҳонӣ
сӯи Кремл роҳ пеш гирифт, ҳамин ду кас буданд, ки дарҳол
Аминро огоҳ сохтанд.

Ногуфта намонад, ки ташрифи Пузанов ба ҳузури Амин ба
матни эъломияи сиёсии У ҳеч иртиботе надошт. Пузанов бори
дигар хоҳиши Л.И.Брежневро дар мавриди чисман нобуд
насохтани I аракй ва гусел кардани У ба Маскав расонид. Назар

189
ба маълумоте ин дафъа ҳам Амин ба хоҳиши Л.И.Брежнев
таваччУҲи чиддй зоҳир накард, балки гуфт: «Тақдири Таракиро
ШУрои Инкилобй ҳал хоҳад кард». Пузанов агар ҳамчун
дипломат мавзУи Таракиро мусбат ҳал накунад, шояд ба худкушй
даст занад, зеро У ҳамчун шахсият дигар барои дастгоҳҳои
махсуси шУравй нодаркор шинохта мешуд. КУшиши Пузанов
аввалан он буд, ки Аминро бо муаллимаш оштй бидиҳад ва
агар Амин ба ин акида розй нашавад, пас ичозат диҳад, ки
Таракй аз кишвар ба чониби ШУравй бароварда шавад. Дар
ҳеч сурат Амин баъд аз ҳодисаи чордаҳум бо устодаш оштй
намекард ва ҳам Уро зинда намегузошт. Амин аз сиёсатмадорони
навъи Гитлер буд. Яъне роҳи халосй аз душманро дар чисман
нобуд сохтан медиду бас. Амин шахсияти сода набуд. Диктатура
аз меъёри асосии раҳбарии вай хоҳад буд. Дастгоҳи тарғиботии
Амин, аллакай ба фаъолият шурУъ намуд. Дар байни мардуми
авом ҳарфҳои зидди ШУравй авч гирифта истодааст. Хама
тағйиротҳои сиёсии Аминро гУё мушовирини шУравй пиёда
месохтааст. ГУё он чаҳор вазири пинҳоншударо шӯравиҳо допгга,
ба Амин таслим кардаанд. Сардори гурӯҳи мушовирини Вазорати
молия - Зотов чанд сухани пойдарҳавое вобаста ба воқеаҳои
рУзҳои охири Кобул арз намуд, ки ба куллй нодуруст буданд.
ӯ чунон бочуръатона ҳарф мезад, ки акнун бо омадани Амин
Афгонистон орому обод мешав ад. Зотов хандаҳои Аминро самими
кабул карда буд. Ҳол он ки аксари зиёиён ва ҳизбиёни Кобул
ба шахсияти Амин назари манфй доштанд. Асадуллоҳи Ҳабиб
Аминро фашист меномид. У таъкид кард, ки фиристодагони
Амин дар Донишгоҳи Кобул фаъолияти шУравибадбинй
мебаранд. Бо ҳизбие ҳам сУҳбат допггам, ки гуфт: «Ба Амин
бовар кардан кори хато хоҳад буд».

Ҳаждаҳуми сентябр Л.И.Брежнев ва А.Косигин сарвари нави
Афғонистони инкилобиро самимона табрик гуфганд. Ба сабаби
ин ки аз Таракй хабаре набуд, тахминҳо ба миён омаданд, ки
гУё рУзи чордаҳум бо Ватанчору ГулобзУӣ ҳалок гардидааст. Бо
фармони Амин ба шаҳри Чалолобод номи Саид Довуд туран,
ки бо бадан и хеш Аминро аз тири тУфангча дифоъ намуд, гузопгга
шуд. Боз се муассисаи дигари давлатиро бо номҳои
Хайрмуҳаммад, Начиб ва дигарон тагйир доданд, ки дар
задухУрди «Хонаи Халк» ба катл расида буданд. Масалан,
муассисаи «Сохтмони афгон» номи Хайрмуҳаммадро гирифг.

Зоҳиран, шаҳри Кобул ором ба назар мерасид. Ҳоло ҳам
ҳодисаи дар «Хонаи Халк» бавукУъомада ва сарнавишти Таракй

190
номаълум аст. Расонаҳои хоричй ба асоси гуфтаҳои бозору
хиёбонҳои Кобул ҳаводиси чордаҳумро шарҳу эзоҳ медоданд.
Оид ба кушта шудан ва зинда мондани Таракй ҳарфи тоза
намегуфганд. Аммо менигоштанд, ки дар дохили «Хонаи Халк»,
тақрибан 50-60 кас кушта шудааст. Дар кучо панаҳ бурдани
вазирони барканоршударо ҳам намедонистанд. Дар ин чанд
рӯз, ки сафорати Амрико ба муҳосира гирифга шуда буд, тахмин
мерафт, ки вазирҳо дар он чо панаҳ бурдаанд. Мушовирон ба
рӯзи 22-юми сентябр умед мебастанд. Ин рУз дар сафорат мачлис
сурат мегирифт. Шояд сафир чизе оид ба «Хонаи Халқ» ва
фаъолияти Амин дар марҳалаи нави давлатдории Афғонистон
иброз медошт. Вале ба ин мачлис Пузанов наомад. У гУё чизе
намедонистааст. Дар ин тағйироти сиёсӣ Хитой, Покистон ва
Ирон Шӯравиро мутаҳам месохтанд. Дар вазоратхонаҳо
такрибан кор нест. Ҳама интизори чизе ҳастанд. Қувваҳои низомӣ
дар муҳосира қарор доранд. Вертолётҳо дигар болои Кобул
парвоз намекарданд. Нерӯҳои Афғонистон бетарафй эълон
намудааст. Вазирони қудратии маъзулшуда имкон дошт, ки
вазъро ноором бисозанд. Тахмин мерафт, ки онҳо аз ягон сӯ ба
Амин ҳучум меоранд. Аз ин чост, ки роҳҳои марказӣ ҳоло ҳам
дар назорати нерӯҳои аминй мебошанд. Амин оромона сарварони
низомиро иваз карда, ҳарбиёни ба худ содиқро ба мансабҳои
вазоратҳои кудратй мегузошт. ДонишчУёну устодони Донинггоҳи
Кобул аз ҳукумати Амин тақозо карданд, ки Таракй ба воситаи
телевизион баромад намуда, дар ҳақиқат кор карда
натавонистанашро ба мардум фаҳмонад. Бадбинй нисбати
шУравиҳо торафт зиёд мешавад. Бисту чоруми сентябр Ҳ. Амин
як даста мухбирону рУзноманигорони ватаниву хоричиро ба
ҳузур пазируфт. Ин нахустин мусоҳибаи У дар мансаби аввал
буд. Асосан ба саволҳо чавобҳои муғлақ ва сарбаста дод. ГУё
Таракй бемори сахт аст. Аз ин рӯ, У корҳои давлатй-ҳизбиро
анчом дода наметавонад. Таракй таҳти назорати табибҳо қарор
дорад. Дар мавриди Ватанчор, ГулобзУй ва Муздурёру
Асадуллоҳ чизе нагуфт. Ба ҳама саволҳо чавоби «не» медод.
Вобаста ба он чор вазир, ки гУё душманони Инқилоб эълон
шудаанд, Амин чунин посух дод: «Бубинем, ки чй амале хоҳанд
кард». Оид ба зиндониён комиссия таъсис ёфтааст. Ба У савол
доданд, ки аз кучо медонад, ки шахсони бегуноҳ зиндонй
шудаанд, вай гуфт: «Ба дастгоҳи банда шикоятҳо хеле зиёд
чамъ омадаанд, ки аз бегуноҳ будани бисёриҳо шаҳодат
медиҳанд». Мухбире пурсидан хост, ки чаро дар Бюрои сиёсй

191
дигаргунй сурат гирифт? Амин бо хандаи махсусе посух дод:
«Ин масъаларо фурсати дигар ба мардуми Афгонистон
мефаҳмонам». Ҳамчунин муносибати Афғонистонро бо Шӯравй
фаҳмиданй шуданд. Амин бо ду калима: «аъло» ва
«фавкулъодда» иктифо кард.

Дар рӮзномаҳои кишвар дигар аксҳои Амин ба назар
намехӯрданд. Худаш супориш додааст, ки чоп накунанд. Ҳар
сухане, ки Амин баён медорад, он ҳарфи халқ хоҳад буд. Бо
редаандае сӯҳбат донггам, ки аз чумлаи ҳизбиён буд. У Таракиро
муртачеъ номид. Вайро бояд муҳокима кунанд, ба чазо кашанд,
мегуфг он ронандаи содда. Таракиро дирӯз «доҳй» меномиданд,
имрӯз муртачеъаш мехонанд. Шахсе, ки ҳизби «Халқ»-ро поя
гузоштааст, акнун ба дасти шогирдаш душмани халқ эълон
гардидааст. Банда ба ин ақидаам, ки «чоҳкан зери чоҳ хоҳад
шуд». РУзе мешавад, ки сарнавипгга талхи Таракй ба сари Амин
ҳам меояд.

Ниҳоят, роҳи марказй кушода шуд. Бисёре аз тонкҳоро ба
маконҳошон интиқол доданд. МегУянд, ки дар баъзе шаҳрҳои
Афгонистон музоҳираҳо ба тарафдории Таракй шурУъ
гардидааст. Мардум аз фаъолияти Амин норозианд. Табиист,
ки мардум гуфтан мегираду Амин мақсадҳои хостаашро пиёда
месозад. Одатан, халқ рамаи гУсфандонро мемонад, ки чУпон
ба ҳар чониб ронад, рафтан мегирад. Тақдири халқ ба дасти
чанд тан мансабдор мебошад. ДирУз 60 нафар ва имрУз 70
нафар зиндонй озод шуд. Ҳамаашон аз чумлаи ихвониҳо буданд.
Онҳое, ки дар шимол ба муқобили давлат набард карданд.
Ихвониҳо ба дастаҳои Гулбиддини Ҳикматёр тааллук доштанд.
Дар мукобили ихвониҳо теъдоди зиёде аз низомиёни давлатй
кушта шуданд. Бо ин роҳ Амин обрУй гирифтанй буд.

Бисту шашуми сентябр радиои «Би-би-си» хабар дод, ки
Таракй вафот кардааст. Воқеан, аз рУзи чордаҳум ба ин тараф
Таракиро касе аз мансабдорон надидаанд. Чунон ки гуфтам, У
ҳабси хонагй буд. Аз рУи маълумоти баъзе касоне, ки ба «Хонаи
Хал к» даробаро доранд, Таракй рУи ҳавлй баромада ба сандалие
нишаста, бо андешаҳояш қарор мегирифгааст. Ба вай ичозати
хондани рУзномаву шунидани радио манъ буд. У таҳти назорати
аскарони Амин қарор дошт. Шояд дархостҳои пайи ҳами Маскав
дар мавриди дифоъ аз Таракй марги вайро тезонд. Дар ин
бора баъдтар сӯҳбат хоҳем кард. Ҳоло падидаи мусбат он буд,
ки рУз то рУз Кобул рУ ба оромй меорад. Дар саросари кишвар
чунин оромиро ба мушоҳида гирифтан мумкин буд. Расонаҳои

192
хабарй низ маълумоти тозаеро дар ихтиёри шунавандагонаш
намегузоранд. Маскав ҳам хомӯш мондааст. Интизорй ва боз
ҳам интизорй ҳамагонро фаро гирифгааст. Фармони сеюми Амин
саҳифаҳои рӯзномаҳоро банд кардааст. Душманони дохилии
Афғонистон ба «истироҳат» дода нгудаанд. Маълум мешавад,
ки ҳама нооромиҳоро дар кишвар дастаҳои хадамотии Амин
таври сунъй ба вучуд меоварданд. Албатта, ин оромй ба хотири
он аст, ки дар хоричи кишвар ва дар сарҳадот маътали
фаъолияти сиёсии Амин мебошанд. Агар У аз шУравигарой да Т
кашад, ба нуфузи ШУравй дар Афғонистон фишор биёрад,
шояд мухолифин дигар даст ба тахрибкорй назананд. Аммо
агар сиёсати баъдии Амин раванди ҳукумати Таракиро думбола
бигирад, боз муқобилият алайҳи Афгонистони инкилобй огоз
хоҳад гирифт.

Бисту ҳафтуми сентябр мушовири матбаа ба ҳамкорони
афгониаш хайрухуш кард. Банда бо У ҳама шУъбаҳоро давр
задам. Шпагин дар муддати ду сол бо маъмурину кормандони
матбааи сукук одат карда буд. Дохилиҳо низ бо шунидани хабарй
рафгани мушовир зиқ шуданд, афсУсҳо хУрданд. Вале чй илоч,
ки Маскав барои соли сеюм мондани Шпагин розигиашро надод.
Яъне матбаа дигар ба мушовир зарурат надошт. Ин ҳақиқат
донгг. Чоруми октябр Шпагину Блудов Кобулро тарк хоҳанд
кард. Аз рафгани ин ду Афғонистон зарар намебинад. Бегоҳй
бо Горину Сербин, Шпагин ва Ҳабиб дар манзили Герасимов
чамъ омадем. Чун ҳамеша банда раиси маърака будам. Сӯҳбат
бенггар ранги сиёсй дошт. Ҳар кадом воқеаҳои рӯзҳои охири
Кобулро ба таври худ шарҳу эзоҳ мед од. Ҳабиб бо каме шароб
истифода кардан, сархуш шуду ба сергапй дода шуд. У худро
донгга натавонист ва боиси хира шудани табъи ҳозирин гардид.
Банда бо баҳонае манзили Герасимовро тарк гуфгам.

Ду рУз қабл сафир ҳама сардорони гурӯҳҳоро дар толори
мармарй чамъ намуд. Аз гурӯҳи мо Зотов В.В. иштирок дошт.
Рӯзи бисту нуҳум сардорамон хулосаи мачлисро барои
мушовирони гурӯҳ арз намуд. Зотов нақл кард, ки пеш аз он
ки ба толор дароянд, сумкаҳошоноро холй кардаанд, то ки
ягон сухани сафирро навишта нагиранд. Пузанов дар бораи
воқеаҳои сиёсии рУзҳои охири Афғонистон ҳарфи тозае гуфта
натавонистааст. Ҳатто рочеъ ба Амин ва фаъолияти баъдии У
маълумоти кофй дар даст надоштааст. Вакте ки пленум ва ШУрои
инқилобй Аминро пазируфгаасту Маскав ҳам ба сифати сарвари
нави Афгонистон Уро шинохтааст, мо низ бояд ба ҳукумати

193
Амин ҳамкориро идома диҳем. Зимнан сафир дар мавриди
вазирону раисони кумитаҳо изҳори ақида намуда, мисол
овардааст, ки Амин бародарЗодааш - Асадуллоҳи Аминро ба
вазифаи раиси КОМ (бехатарй) таъин намудааст. Вазири
даврони ШОҲӢ - Саробиро мушовири бахши тартиб додани
қонунҳои давлатй дар дастгоҳаш муқаррар сохтааст. Сафир
бачунин хулоса омадааст, ки вазъияти сиёсй дар кишвар хеле
бад аст. Ба муқобили шӯравиҳо иғвоҳо cap задааст. Масалан,
афгоне телефонй ба Бояркин ном мушовир гуфгааст: «Убирайтесь
домой». Ё ин ки дар кУча Колотин бо хонумаш сайру гашт
мекардааст. Се афғон ба У наздик шуда, «Вот кому продали
Афганистан», гуфтаанд. Сафир эҳтиёт кардани шаҳрвандони
шУравиро тақозо намудааст. Хеле ачиб аст, ки Пузанов, ки
Аминро писархонд гирифта буд, намедонад, ки У дар оянда бо
мост ё сУйи Амрико роҳ пеш мегирад.

Ҳоло ҳама фармону амрҳои давлатй бо номи Амин ба расмият
медароянд: «Фармони сеи Амин», «Фармони Амин дар бораи
таъсиси ҷиргаи дифоъ аз Инқилоб» ва ғайра. Баъд номҳои ҳайати
чирга оварда мешавад: Раиси чирга - Абдулҳаким Ҷузчонй,
Катавозй (вазири култур), Асадуллоҳ (раиси КОМ). Баибораи
дигар, дар фармонҳо ибораҳои расмии ШУрои вазирон ва ШУрои
инқилобй зикр намегарданд. Таракй андак инсоф доштааст. Боз
шахспарасташ мегуфтем. Амин бошад, сиёсати яккатозиро пеш
гирифтааст. Имкон дорад, ки У майли Амрико мекунад.
Муносибаташ ба ШУравй чандон равшан нест.

Аз фаъолияти сарварии Амин шонздаҳ рУз сипарй шуд. ИмрУз
сиюми сентябр аст. Мухолифат на аз дохил ва на аэ хорич ба
мукобили давлатй Амин ба мушоҳида намерасад. Аммо ташвику
таргиби Амин ҳамчун симои барчастаи давлатй дар байни мардум
ва ҳизбиён оғоз мегирад. Дар вазоратхонаҳову муассисаҳои
давлатй карори Бюрои сиёсии Ҳизби халқии демократии
Афғонистонро, ки Аминро ба ҳокимият муаррифй кардааст,
табрик мегУянд. Дастгоҳи Амин ба ҳама вазоратхонаҳо чунин
дастурро додааст ва ичрои онро ҳатмй донистааст. Радиои Кобул
бисту чор соат машгули васфи Амин аст. Акнун истилоҳи «Амин
соҳиб» ривоч мегирифг. Амин дар гузоришҳои сиёсиаш мардумро
бо сухан сер карданй мешавад. Назар ба маълумоти
мансабдорони афгонй муносибати Амин бо ШУравй хуб нест.
Шояд дар оянда роҳи Довудро пеш гирад... Фармони нави
Амин дар бораи таъмири масочиди кишвар ба имзо расид. л'
бояд муллоҳоро нодида нагирад. Баъд аз ним моҳи фаъолиятн

194
Амин Муҳаммадчони афғоншинос ба ин ақида омад, ки «Амин
корро хубтар ба роҳ мемонад». Албатта, камина назари худро
дорам. Амин бо номи ҳизб бачашми заҳматкашони Афғонистон
хок мепошад. Дар айни замон фаъолияти Амин аз шоҳ беҳ
нест. Шоҳро «сояи Худо» дар замин мегуфтанд, вале ташвиқу
тарғиби шахсияташ ба сатҳе, ки Амин қарор дорад, набуд.
Суханбозй бисёр аст, дигар корй чашмрасе ба манфиати
табақаҳои чомеаи афғонй ба назар намерасад. Дафгари рақами
дуро ба поён расонда, хонандагони гиромиро барои мутолиаи
дафгари се даъват менамоям...

195
ДАФТАРИ СЕЮМ

(1.10.1979 - 4.06.1980)

196
ҚАТЛИ ТАРАКИ БА ОКТЯБР РОСТ ОМАД

Хафизуллоҳ Амин бо ҷиддияти ба худ хос фаъолияти
инқилобиашро идома медод. Дар ҳар ду-се рӯз як фармони
«таърихӣ» пиёда месохт. Бо фармони раками ҳашташ ҳайати
комиссияи Қонуни асосии Чумҳурии Демократии Афғонистонро
муаррифй кард. Ба комиссияи мазкур, тахминан, ҳама аъзоёни
Бюрои сиёсй дохил мешуданд: Ҳ.Амин, Мисоқ, Панҷшерй, Сумо,
Зерай, Шоҳвалй. Боз бист маъмури дигар ба ин ҳайат илова
гардиданд. Мақсад Қонуни асосй — Конститутсияи нави
Афғонистонро навиштан буд.

Дишаб «Садои Амрико» эълон кард, ки дастае аз ихвониҳо
ба бинои сафорати Шӯравй дар Кобул ҳучум оварда, шаш нафар
аз кормандони онро ба катл расондаанд. Ин хабар дурӯғи маҳз
буд. Бинои сафорат чиддан дифоъ мегардид. Дар болои боми
бино аз чор тараф пулемётҳо гузошта буданд. Атрофи бино
бошад ба баландии ду-се метр бо халтаҳои per мустаҳкам шуда
буд. Имкон дорад, ки аз самти Чиҳилсутун ҳучуме сурат гирад,
вале инро касе намедонист.

Амин тамоми мушовирони Вазорати дохиларо, ки дар атрофи
кишвар бо сорандӯй ҳамкорй мекарданд, ба шаҳри Кобул даъват
намуд. Додарчони ҳамдарсам, ки дар Қандаҳор кор мекард,
омад ва мавзӯъро чунин арз дошт, ки гУё Амин дар ин бахш
будани мушовирини шӯравиро намехостааст. Албатта, тахмини
Додарчон нодуруст буд, зеро Амин барои пиёда сохтани иқдомҳои
зиддишӯравиаш ҳоло чуръат намекард, балки ба онҳо дастурҳои
хУДрб медод ва самтҳои фаъолиятиашонро таъин мекард ва ҳам
худро бо онон ошно сохтанй мешуд.

Якуми октябр Амин Института ҳизбиро дар шаҳри Кобул
ифтитоҳ бахшид. Вазифаи Институт тарбия намудани
кормандони ҳизбии навъи щӯравй буд. Бо амри Амин дар
телевизион барои ним соат барномаи инглисй чорй гардид.

МавзУъ чиддй буд. Шунидам, ки Л.И.Брежнев амр додааст,
ки бо кадом роҳе, ки имкон дорад, Таракиро аз Кобул
баровардан лозим аст. Таракй дар ҳучраи махсусе дохили
«Хонаи Халк» ҳабс аст. Назораташро шабонарӯзй одамони
содиқи Амин ба ӯҳда доранд. Махсусан, раиси КОМ -
Асадуллоҳи Амин рӯзе чанд маротиба фаъолияти нозиронро
месанҷид. Амин аз нияти Маскав огоҳӣ ёфта Таракиро ногаҳон
ба катл расонд. Вале аз чй буд, ки фавти Таракиро эълон

197
намекарданд. Амин ба мардум эълон дошта буд, ки Таракй
таҳти назорати духтурҳо қарор дорад. Чунин хабар ҳам доштем,
ки хонуми Таракиро ба зиндон андохтаанд. Дигар У касе надошт.
Ягона бародараш чанде пещ фавтида буд. Банда ҳар шаб аз
ахбор щунидани марги Таракиро интизорй мекашидам. АфсУс
ки ман маълумоти худро то расмият пайдо намекард, ифшо
сохта наметавонистам. Таҳлилҳои ҳамкоронро шунида, cap
мечунбондаму бас,. Назар ба дониши банда, чунин амали Амин
Маскавро ба даҳшат андохта, нақшаи аз байн бурда шуданаш
бояд сурат мёгирифт. Аз ипхораи намояндае пай бурдам, ки
Аминро ба Маскав даъват карданианд. Амин хеле зираку пухта
аст, гумон намекунам, ки худро ба дасти ачал супорад.

Чоруми октябр мушовирон Блудов ва Шпагинро ба Ватан
гусел кардам. Аз Блудов 15 кило бор изофа буд, ки ҳал шуд.
Ин рУз хонуми Олимчон — Салимабону зодрУз дошт. Ба ин
муносибат дастархон оростанд. Ҳабиб бо завчааш ва тарчумони
ҳарбиҳо Рафик бо хонумаш ва банда иштирок намудем.
Олимчону Ҳабиб ва Рафик якчоя дар Ирон кор карда будаанд,
ки сУҳбаташон бештар сари ин кишвар сурат шрифт. Банда
худро туфайлӣ эҳсос намуда, ба манзили хеш рафгам.

Фармони раками шашуми Амин дар бораи зиндониҳо ва ба
ҳабс додали ченеролҳо - Абдулқодир, Рафеъ ва Султоналй
Киштманд кироат шуд. Абдулқодиру Рафеъ аз чумлаи шахсиятҳое
буданд, ки Инкилоби Савр ба ташаббуси онон сурат шрифт.
Киштманд дар огоз вазири плон буда як сол боз дар маҳбас
қарор дошт, чашмонаш ҳам хуб намедиданд. Дар фармон ҳукми
додрасиро оварда буданд. Ба Абдулқодиру Киштманд 15 солй ва
ба Рафеъ 12 сол доданд. «Офарин» гуфгам дар ботин ба Ҳ.Амин.
Такрибан ҳама поягузорони Инкилоби Савр - Таракй, Ватанчор,
Абдулкодир, Рафеъ, ГулобзУй ва амсоли онон хоину чосус эълон
гардиданд. Дигаронаш дар кишварҳои хоричй рУзгори гарибй
медиданд. Дар ватан онҳоро низ маҳкум карданд. Мегуянд, ки
мардуми Ғазна талаб донггаанд, то ки Таракиро ба онҳо супоранд.
Ба ҳар ҳол аксари бошандагони кишвар Таракиро дУсг медоигганд.
Вай, аслан, шахси безараре буд. АфсУс ки, ҳамчун аввалшахси
давлат бечуръатй кард. Ҳаркӣ ҳарчй мегуфг, боварй дошт. Ниҳоят,
нУҳуми октябр дар хабарҳои охирини радиои Кобул вобаста ба
фавти Н.Таракй матни зайл пахш шуд: «Нурмуҳаммад Таракй
раиси собики ШУрои инкилобй дар асари маризй вафот кард. I
анозаи марҳум дар фомилшон ба адо расид». Киссаи март
Таракиро баъдтар хоҳед хонд.

198
Амин дар сӯҳбати охиринаш ба Пузанов гуфта буд: «Таракй
хеле зиёд ба шахспарастй дода шуда...» Ҳоло ки мебинем, худи
Амин дар чодаи шахспарастй ^адам мениҳад. Амин шахсиятест
мураккаб, худхоҳ, макору фиребгар, зираку ҳушёр ва
маҳалпарасту кавмпараст. Шоҳидон ба мушоҳида гирифгаанд,
ки дар бист рУзи ба салтанат расиданаш ба 48 нафар.хешу
ақрабояш вазифаҳои баландро тақдим намудааст. Маоши ҳар
кадоми инҳо аз 15 ҳазор афғонй болост. Пагоҳ Қонуни асосии
кишварро бо баёнияи Амин ба мардум эълон мекунанд. Бегоҳии
нӯҳум аз зинаҳои вазорат поён мешудам, ки Мисок бо риши
расида боло мешуд. Салому алейк кардем. Вазъаш хароб ба
назар хӯрд. Мисле ки аз фавти устодаш бохабар буд. Фақат
пурсид, ки мақолаам чоп шуд ё не. Ҳоло не, - гуфтам. Ӯ
маколаеро дар назар дошт, ки бояд дар мачаллаи «Ирфон»
нашр мешуд. Ҳамин моҳ ваъда карданд. Мисок навакак аз
сафари Белград баргашта буд. Аз майдон рост ба дафгари кораш
меомад.

Даҳуми октябр, чунон ки гуфтам, Амин соати даҳи пагоҳӣ
ба воситаи радио ва телевизион баёнияашро дар мавриди
«Қонуни асосӣ» кироат намуд. Даҳ-дувоздаҳ нафар аз аъзоёни
комиссиюн, ки раисаш Чузчонй, вазири адлия, буд, |узориш
доданд. Баёнияи Амин олимона сурат гирифг. Аъзоён ба забонҳои
дарй ва пашту сӯҳбат мекарданд. ИмрУз барои банда ва чанд
точики дигар хотирмон буд, зеро Абдулмачид аз рухсатй баргашт.
Хонумашро наовардааст. Вазифа гирифгааст. Яъне аъзои суди
шаҳрй интихоб шудааст. Мо ҳам ба манзили Абдулмачид - ако
«ҳучум» овардем. Вале аз мо пепггар шербачаҳо менишастанд,
ки дар он миён Курбон Искандаров, Орифи озари ва Олимчон
буданд. Ману Муҳаммадчон ва Азимчон ҳам бо онҳо худро
пайвастем ва аз мағзу шириниҳои Точикистон баҳра бурдем.
Абдулмачид бародарону фарзандони бандаро дида будааст.
Баъзе навигариҳоро гуфт. Як навигарии овардааш он буд, ки
мошини камина, ки СББ буд, акнун СБХ шудааст.

Фармонҳои пайи ҳами Амин мардумро ба кУчаву хиёбонҳо
мекашид. Маъмурини вазоратхонаҳоро «худо дода буд». Дар
утоқҳои кориашон наменишастанд, балки байрақҳои сурху сабз
дар даст ба зиндабоди Амин ва иқдомҳояш машғул буданд.
Фақат мушовирони шӯравй дар чойҳошон карор доштанду
хал ос.

Ёздаҳуми октябр ҳавопаймои Маскав омад. Аз шоира
Гулрухсори ҳамсабақам нома шрифтам. Ӯ менавишт, ки дар

199
«Точикистони советй» мақолаи адабиётшинос Атахон Сайфуллоев
нашр шудааст, ки он чо банда ва С.Табаровро танқид
кардааст.Эрод сари он мақолае, ки мо ба румони «Гузашти
айём»-и Чумъа Одина навишта будем, сурат гирифтааст. Дар
дил гуфгам: «Бигузор гуфтан гирад.Таърих нишон хоҳад дод,
ки мо ҳақ ҳастем,ё А.Сайфуллоев». У феълан фармудаи болоро
ичро менамуд.

Банда рУзи 18-ум ба рухсатй хоҳам рафг. Омодагй мегирам.
ДирУз ба сафорат рафта, ба миқдори 9436 афғонй гирифтам.
Бозориро ба занак вогузоштам. Рахти сафар бастанро бад
мебинам. Боз савғогирй дарди cap мешавад. Вазорати корҳои
хоричй рафта, шиносномаҳоро гирифтам. Дувоздаҳум
Асадуллоҳи Ҳабиб бо писарчааш Баҳром ва хонумаш меҳмон
шуданд. Олимчон палави кобулй пухт. Бонувон бо роҳбаладии
Сурайёхон роҳи бозорро пеш гирифтанд. Муҳаммадчон, мисле
ки аз балкони хонааш омодагии моро дида бошад, ассалом гУён
омад. Хуб шуд, зеро У бо Асадуллоҳ баҳсро оғоз кард ва ману
Олимчон дам гирифтем. Гоҳе мухолифини Амин cap
мебардоранд. Ба гумонам давраи интизории баъзе дастаҳо ба
охир расид. Диданд, ки Амин ҳам ба хотири мансаб фаъолият
менамояд. Дишаб гурӯҳе ба «Хонаи Халқ» ҳучум оварданд ва
гУё онҳоро дшптаанд. Шабона тонки зиёде ба самти Доруламон
ҳаракат карданд. Понздаҳум боз роҳи марказй баста шуд.
Хиёбону чорраҳҳоро тонкҳо ишғол намуданд. Ин дафъа низ
роҳи лаби дарё моро пешвоз гирифт. Ҳамоно митингҳо ба
дастгирии фармонҳои Амин сурат мегиранд. Шонздаҳум ба
муносибати рухсатй чанде аз дУстону ҳамкоронро меҳмондорй
кардам. Ҳабдаҳум ҳам ҳамшаҳриён чиҳати хайру хуш хона
омаданд. ИмрУз бо Мисоқ вохУрдам. Барои Самадй ном
рӯзноманигор мактуб дод. Мисоқ вазъиятро дар кишвар ноором
арзёбй намуд. Ду шаб аст, ки аз гирду атрофи Кобул садоҳои
тир ба гӯш мерасанд. Ҳамчунин дар бисёре аз қисматҳои шаҳр
барқ нест.Шабона симчУбҳои барқравро метарконанд.
Тахрибкориҳои нав ба мушоҳида мерасанд. Ҳабдаҳум вақти
нони чонгт ба сафорат рафгам. Бо баъзеҳо хайру хуш карданам
лозимбуд. Бахтулинро дидам. БаУгуфтам: ҳолоҳам «шефат»
нарафтааст? Ман Пузановро дарназар доштам. Хандиду «Вам
виднее», - гуфг. Ope, Уро рӯзҳои наздик ба Маскав даъват
мекунанду бо ҳамин хидмати дипломатиаш ба поён мерасад. Ба
вай ҳатман дар дасттоҳи Андропов мегУянд: «Сам решай». Агг^
Пузанов аз оғоз ба маълумоти дастгоҳҳои кашшофии шУргвй

200
гӯш медод, дипломатияи шӯравй ба ин дараҷа бой намедод.
Оре, Шӯравй як моҳи наздик бой дод. Амин дастнишондаи
Амрико буд. Нишонае аз он барн'омаи инглисиро дар родиёву
телевизион бояд шинохт.

Ин иқдом оғози кор хоҳад буд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки
намояндаи хоси Амин дар ҳузури Гулбиддини Ҳикматёр
будааст... Ҳаждаҳуми октябр баъд аз як соли фаъолияти
интернатсионалй чониби Ватан роҳ пеш мегирам. Чанде аз
ҳамкорон то майдон гуселам карданд. Маъмурини гумрук ба
зудй анчомҳои бандаро чо ба чо намуданд. Ман то даъватй
шудани мусофирон барои саворшавй ба ҳавопаймо дар ҳалқаи
дӯстон қарор доштам. Тошканд пешвозамон гирифт. Рӯзи хубе
буд. Вақте ки аз зинаҳо бо Таҳмина поён мешудам, байни
пешвозгирон «дӯстонам» ба назар хӯрданд. Онҳоро дидан
бароям кифоя буд. Ман дар шоҳидйи ойла йЯйетавонистам ба
онҳо оғӯш кушоям. Дохили толори гумрукӣ шудем. Кормандони
гумрук бандаро хуб мешинохтанд. Медонистанд, ки ман
тарчумони Горин ҳастам. Касе, ки вазифаи муовини аввали раиси
гумруки шӯравиро ба ӯҳда дошт. Ҷомадонҳоямро худашон ба
толори пазироӣ бароварданд. Раиси гумруки Тонпсанд ба наздам
омада, аз ҳолу аҳволи Фёдор Николаевич пурсон шуд.
Тӯҳфачаеро, ки Горин барои ӯ дода буд, тақдимаш намудам.
Вай хабар дод, ки мавзӯи чиптаи мо аз Тошканд то Душанбе
ҳал шудааст. Парвоз соатҳои даҳи шаб сурат мегирифт. Барои
Таҳминаву модараш чою ширинй таҳия намуда, ҳозир меоям,-
гуфга, ба қабати дуюми бинои майдони ҳавой баромадам. Он
чо қаҳвахона дар хидмати мусофирон қарор дошт. «Дӯстон»
кофе менӯшиданд. Ба наздашон рафтам. Аз парвоз пурсон
шуданд. Хеле хуб, гуфтам. Корҳои расмиатон ором аст? Касеро
ба шубҳа нагузоштед? Корҳои мо азиятатон намедиҳад? ва боз
чанд саволҳои вобаста ба фаъолияти доимиам доданд. Ҷавобҳо
қаноатмандашон сохтанд. Яке аз онон назари Маскавро дар
мавриди Амин ва фаъолияти ӯ манфй гуфт. Ба хусус, вақте ки
Амин хоҳиши Л.И.Брежневро ичро накарду Таракиро кушт,
мавзӯи Афғонистон дар пояҳои дигархелтар ҳалу фасл хоҳад
шуд. Яъне чанг?, - гуфтам. Оре, гуфт ӯ. Мо як моҳи дигар
вақт дорем, агар натичаи мусбат нагирем, урду ба хоки
Афғонистон ворид мегардад. Илова намуд, ки рӯзҳои наздик
Аминро ба Маскав овардем, ваъда дод, ки аз фармудаҳои
Маскав берун намебарояд. Ҳоло бубинем, ки Амин чй роҳеро
пеш мегирад. Такдири сафир чй хоҳад шуд? - савол кардам аз

201
эшон. Пузанов ду рУз баъд ба Маскав меояд. Такдирашро
идораҳои марбута ҳал хоҳанд кард.

Баъдан У ба мақсад наздик шуд. Рухсатии бандаро як ҳафга
кӯтоҳ кард. Баъд аз бистумҳои ноябр будани ман дар Кобул
шарт будааст. Бай илова намуд, ки як нақша ҳоло омода туда
истодааст, ки амалӣ гардиданаш фурсат мехоҳад. Дар бозгашт
чй кор шуданашро хоҳед фаҳмид, - гуфт вай. Ин чо сӯҳбатро
ба поён расонида, худоҳофизй намуд. Ачаб. Накшаро накушод.
Аз ман чй мехоста бошад? Ба будани банда дар Кобул чаро
зарурат мешудааст? Бо чунин саволгузориҳо батолори пазирой
омадам. Занак савол кард, ки тинчй буд? . Тинчй, тинчй, -
гуфтам. Як рафики тошкандиамро вохУрдам. У андак сергапй
кард. Чиптаҳоро аз касса харидорй намудам. То парвоз вакт
буд, аммо чойи рафтан надоштем.Бо Таҳминаи шУху сергап
тамоми бинои майдонро тамошо кардем. Гоҳ яхмос мехосту гоҳе
ширинй. Хеле хастаам кард. Соатҳои нУҳу сии шаб парвоз дар
хати Тошканд-Душанбе эълон шуд. Нимашаб ба манзил расидем.

Табиист, ки рухсатй меҳмонравиҳо дорад. Аммо банда дар
ин муддат ду кори хайрро анчом додам. Яке он буд, ки
бародарам МУсоро бо Гулчеҳраи духтари апаи завчаам фотеҳа
кардем ва дигар он буд, ки оромгоҳи падарро дар карияи
Арчаи ноҳияи Фархор обод намудам. Санги мармарии
якунимметраро гузоштам. Шеъреро аз Чомй сари санг ҳакокй
намудам ва атрофи гУрро панчара гирифтам. Дар ин кор
бародарам Чумъахон ҳамкорй намуд. Болои гУрро хишти пухта
чиндем. Зарҳали навиштачотро тағоям Ҷӯрахон анчом дод. Аз
бародари калонам Холназар ва фарзандонаш хоҳиш кардам,
ки гУри падарро муроқибат кунанд.

То хатми рухсатй як ҳафтаи дигар монда буд, ки аз
«Интуристами Душанбе телефон шуд. Ман бояд ба Кобул
баргардам. Чиптаҳо барои худаму оилаам тайёр будааст. Бисту
шапгуми ноябр сУи Тошканд ва рУзи дигараш чониби Кобул
парвоз сурат хоҳад гирифт. Фаҳмидам, ки ran дар чист. Занак
норозигй кард, ки ҳоло даҳ рУз вақтамон истифода нашудааст.
Ман гуфтам, агар ту мондан хоҳй, нарав. Аммо банда бояд
амри «Интурист»-ро ба чо орам. Не, не, гуфт, занак. Мо ҳам
бо.шумо меравем. Фотимаву Парвиз ҳеч намехостанд, ки мо боз
онҳоро танҳо гузорем. Акнун дар тарбияи МУсо мемонданд.
Мӯсо ҳоло соҳиби хонаи алоҳида нашуда буд. Дар ин сафар
оромиам он буд, ки фарзандон таҳти назорати амакашон карор
мегаранд.

202
ДАР СУҲБАТИ «ДУСТЕ»

Ҳавопаймои ЯК-40 ба майдони Тошканд фуруд омад. Боз
ҳамон чеҳраҳои шинос пешвозам гирифганд. Ин дафъа онҳо ба
чонибам ҳаракат карданд. Ин чунин маънй дошт, ки бояд
«легенда» сохт.то ки занак чизеро пай набарад. То онҳо наздик
шудан, ба завчаам гуфтам: «Инҳо дӯстОни бандаанд, ки дар
Маскав ошно шудаем». «ДУст» ба ронандааш амр кард, ки
чомадонҳоро гирад. Ьнҳо дар меҳмонхонаи майдон ҳучраеро
барои мо омода карда буданд. Якчоя ба қабати сеи меҳмонхона
баромадем. Ӯ гуфт, ки барои завчаату духтарчаат гизо меоранд.
Мо бошем дар ресторан хоҳем нишаст. Баъди чанд лаҳза
хизматгори ресторан дар лаълй гизо овард. «Дуст» бандаро аз
хонумам гУё ичозат гирифт. Ӯ гуфт: «Мо Худойназарро дер
боз надидаем, агар шумо зид набошед, соате СУҳбати мардона
кунем». Марҳамат, марҳамат,- гуфт завчаам. Таҳмина хост аз
пушти ман давад, ки модараш нигоҳаш дошт.

Дар ресторан мизе бо ҳама нУшу неъматаш мо - чор касро
интизор буд. Нишастем. Як қадаҳй бардоштем. «Дуст» накшаро
кушод. Дар набудани банда ду маротиба Аминро ба Маскав
даъват кардаанд. Брежневу Андропов ва Косыгин бо У соатҳо
сӯҳбат анчом додаанд. Амин онҳоро бодиққат гӯш кардааст ва
ваъда додааст, ки ҳарчи Шӯравй гӯяд, ҳамон мешавад. Вале,
вахте ки ба Кобул меравад, машваратҳои моро боз нодида
мегирад, хулоса намуд вай. ГУё ҳама маълумотҳои фиристодаи
бандаро, таҳлил кардаанд ва ба идораҳои марбута ирсол
доштаанд. «Дуст» дар бораи вохУрдани намояндаи Амин бо
Гулбиддин сухан ронд. Одами мо, - гуфт У,- ду маротиба ин
ҳолатро ба мушоҳида гирифтааст. Сипае вай хост назари
каминаро дар бораи Амин бифаҳмад. Ҳарчанд ки фикри маро
идораи мазкур медонист, вале У мехост, ки аз наздик нгунавад.
Ман арз доштам, ки Амин чеҳраи сиёсии мураккабест ва гуфтан
ҳам душвор аст, ки У дастнишондаи Амрико аст. Баръакс
Аминро ба ҳама мансабҳо мо баровардем ва дар ин кор дасти
сафири шУравй эҳсос мешуд. Баъд аз ҳодисаи 14-уми сентябр
Амин дигар бо мо дУст буда наметавонад, зеро вай аз нақшаи
барканориаш аз чониби Маскав огоҳ буд. Вай назари Маскавро
нисбат ба худаш хуб медонад. Гузашта аз ин, Амин морбозеро
мемонад. Зоҳираш ба ботинаш cap намехУрад. Дар тУли як

203
соле, ки гурӯҳи мушовирин фаъолият менамояд, ягон ҳуччату
дастурҳои пешниҳодкардаи онҳоро барои амалӣ шуданашон
имконият намедйҳад. Амин дар забон шӯравиро мепазирад, аммо
дар ботин нақшаҳои дигарро мекашад ва гумон мекунам, ки бо
неруҳои Гулбиддин худро мепайвандад, оне, ки аз Амрикову
Хитой ва Покистон пулу силоҳ мегирад. Хулоса, ҳеч гоҳ шахси
мо намешавад. Бинобар ин, ӯро чисман аз миён бояд бардошт.
Вале таъкид кардам, агар бо анчоми ин иқдом Маскав ба ивази
Амин Бабрак Кормалро оварданй бошад, боз хато хоҳад кард,
чунки Кормалро дар Афғонистон бештар ҳамчун фарзанди
ченероли шоҳй мешиносанду бас. Сӯҳбати банда то ин чо сурат
гирифта буд, ки «дӯст» сӯйи ҳамроҳонаш нигоҳи шубҳаноке
кард. Ин нигоҳ чунин маънй донгг, ки ба сифати роҳбари ояндаи
Афғонистон Бабрак Кормалро оварданианд.

Маълумам гардид, ки Кормал баъди аз сафорати
Чехословакия барканор шуданаш, зери қаноти Кремл панаҳ
мебарад. Чанд тан аз парчамиҳои дигар ҳам, ки дар хоричи
кишвар сафорату намояндагиҳои Афғонистонро ба ӯҳда
доштанду онҳоро Амин хоин эълон карда буд, дар Маскав
чамъ омадаанд. Умеданюн Маскаву Кормал будааст. Байни
Кормалу дастгоҳҳои марбутаи шӯравй музокираҳои пинҳонй сурат
гирифгааст. Бабрак бо итминони комил тарафи шӯравиро бовар
кунондааст, ки фақат ӯ метавонад Афғонистонро аз чанголи
ачнабиёни манфиатчУ начот диҳад. Вай гУё чонибдорони зиёде
чи дар дохили кишвар ва чи берун аз марзи он донггааст. Эшонро
гӯш мекардаму эҳсос менамудам, ки дар айни ҳол аз Кормал
беҳтараш нест. Аммо бо овардани Бабрак мавзУъ дар Афғонистон
ҳал намешавад. Дар кишвар акнун аз шоҳ начот ёфта буданд.
Афғонистон дорои қавму миллатҳои гуногун аст. Дар Покистон
дастаҳое аз чумлаи форсизабонон ё точикони Афгонистон бо
сардории профессор Раббонй мусаллаҳ гардидаанд. Ҳамчунин
Гулбиддини Ҳикматёр бо ихвониҳои худу паштунҳо нерӯи
муташаккилеро дар Пешовар омадаи чанги зидди Афғонистони
инқилобӣ намудааст. Ҳарду даста бо ёрии Амрикову Инглистон
ва Хитою Покистон нияти ҳукумати Таракиро маҳв сохтан
доштанд. Назар ба маълумоте ин ду даста рУзҳои наздик
муттаҳид мешаванд. Агар дастаи Раббонй дар минтақаи
фюрсизабонон, ба хусус шимоли кишвар нуфуз дошта бошад,
Гулбиддин Чалолободу Хуст, Гардез, Пактиё, Қандаҳорро таҳти
таъсири худ даровардааст. Ҳарду неру ҳам рӯҳияи
шУравибадбинй доранд.

204
Профессор Раббонй ба сифати кумондони чангиаш
Аҳмадшоҳи панчшериро, ки дар Фаластин баҳри дифои Ислом
аз яҳудиён мечангид, ба Покистон даъват намудааст, то ки
дастаҳои парокандаро ба як чо чамъ оварда, як урдуи
озмудашударо ташкил бидиҳад. Ҳарчанд ки Гулбидцину Раббонй
ҳамчун чеҳраҳои сиёсй ба якдигар мувофиқати чиддй надоранд,
вале манфиати соҳибдавлатӣ онҳоро метавонад дар муқобили
ҳукумати Кормал, ки дастнишондаи Шӯравй маҳсуб хоҳад П1уд,
муттаҳид созад. «Дуст» то чое ҳарфҳои бандаро дуруст
шуморида бошад ҳам, ҳали мавзУи сиёсии Афгонистонро аз
салоҳияти идораи хеш берун дониста, диққати бандаро барои
шунидани супоришҳои навбатй равона карданй шуд. Ҳар чорамон
сархуш будем. Дуст нақшаи ояндаи ҳаводиси Афгонистонро тарзи
зайл кисса намуд: аввалҳои декабр як дафъаи дигар Аминро ё
ба Маскав, ё ба Тошканд меорем ва мақсади ШУравиро дар
мавриди ин ки дар ҳеч сурат Афгонистонро ба ихтиёри давлати
дигаре нагузорад, ба У мефаҳмонем. Агар Амин дар даҳ рУзи
баъди мулоқот худро ислоҳ насозад, чордаҳуми декабр дастаи
махсуси низомии шУравӣ Уро бо ҳукуматаш аз байн бурда ба
чояш одами худро мегузорад. «Дуст», ки каме дар таъсири
«Водка» монда буд, бо таҳдид ақидаашро иброз медошт. Хеле
ачиб буд, ки он ду ҳамкорашон, ки якеашро бори аввал медидам,
факат гУш медоданду ба сӯҳбати дуй мо ҳеч шарик намешуданд,
балки бенггар чеҳраи зоҳирии маро меомУхтанд, ки то чй дарача
лаҳза ба лаҳза ранг мебараду ранг меорад. Оре, даҳшат фароям
гирифт. Ин ҳолат бо андешаҳоям танҳо монданй шуда, фикри
онро кардам, ки дар ичрои чунин накша вазифаи камина чй
хоҳад буд? Тагйири кавораамро «дУст» пай бурд, ки изҳор
дошт: «Магар шумо зид ҳастед?» Якбора ҳушёр шудам: «На
хайр, ман шуморо гУш карда истодаам».

Сипае суханашро идома дода, сабаби як ҳафга пеш ба Кобул
баргаштанамро ба хотири баъзе корҳои заруриро анчом доданам
донист. Яъне чй? То даҳуми декабр 20 адад шиносномаи афгонй
ва ба ҳамин адад пагонҳои рутбаи капитан, майор ва полковник
фиристоданам лозим аст. Албатта, ичрои ин супориш бароям
душворие надошт. Шиносномаҳоро дар матбааи сукук омода
мекарданд ва гирифтани пагонҳо ҳам чандон мураккаб набуд.
Пеш аз пеш бояд иттилоъ медодам, то ки аз гумрук маводи
марбутаро мегирифтанд. Чуръат карда пурсидам, ки 14-ум
ҳатман медароед? «Дуст», оре, гуфт. Дастаи осиёии тезамал
аллакай дар Кобул чо ба чо гардидааст. Ин дастаи зудамал аз

205
мусулмонони Осиёи Миёна ташкил ёфта буд. Чунин дастаҳо
барои бе хунрезй анчом додани табаддулоти низомй тайёр
мегардиданд. Онҳо аз нигоҳи кавора ба боШандагони кишвари
марбута шабеҳ мешуданд. Забонро донистанашон шарт набуд.
Ҳарфи онҳо ба воситаи имову ишораҳо ба ангушт, чашмон,
лабон ва китфон фаҳмида мешуд. Дар сурате, ки нақшаи 14-
ум амалй нашаваД, нақшаи Дуюм ба асоси даровардани неруҳои
низомй ба саросари Афғонистон иртибот пайдо мекард. «Дӯст»
ваъда дод, ки вақти амалиёти низомиро пайваста ба нақшаи
дуюм мерасонад. Дар поёни сӯҳбат фаҳмидам, ки сафири
шУравй - Пузанов табдил шудааст. Пагоҳ мо бо - сафири нав
якчо парвоз мекардем. Исмаш Табеев Фикрат Ахмеджанович
будааст. Бори аввал шахси мусулмон сафири ШУравй дар
Афгонистон таъин мешуд. Иқдоми хубе буд... Бо ҳамин сӯҳбати
«дУст» поён ёфт. Бандаро то меҳмонхона гусел карданд.
ХайрухУш намуданду пагоҳ барои гусел меоем,- гуфта рафганд.
Он шаб хобам парешон буд. Ду-се соат рУйи рахти хоб бо
андешаҳоям қарор шрифтам. Фикрҳои ҳархела ба сэрам меомад.
Парешониамро завчаам фаҳмид, аммо саволе пеш наовард.

Бисту ҳаштум ҳучраи меҳмонхонаро супорида, ба толори
пазироии майдон рафтем. «Дӯстон» ҳозир шуданд. Ба раиси
гумрук чизе гуфтанд. Раис сУйи банда нигаристу нимхандае
кард. Ду тан аз чавонҳои гумрук чомадонҳоро бардошта
бурданд. Шиносномаҳоро мӯҳр зада оварданд. Ҳавопаймои
Маскав ба майдони Тошканд фуруд омад. Мусофиронашро поён
карданд. Байни мусофирон марди зардинаи баландқомате бо
бонуи сиёҳмУю зебопайкаре буданд, ки онҳоро чудо карда ба
толори депутатҳо бурданд. Он мард дар даст аз банди саги
навъи инглисй медонгг. «Дуст», ки паҳлуи камина рост меистоду
ин лаҳзаро тамошо мекард, ба гУшам гуфт: «Ана ҳамон марди
сагдор сафири нави ШУравй дар Кобул мебошад». Шӯхй карда
гуфгам: «Дар Кобул сагҳои зебо хеле зиёданд. Чй зарурат дорад,
ки раҳбари дипломатии ШУравй бо саг ба кишвари исломие, ки
бошандагонаш сагро фақат дар таги дарвозаҳошон нигоҳ
медоранд, вориди Кобул мешавад?» «Бале, бале, чунин рафтор
хуб нест»,- хулоса кард У. Сафири навро аз дастгоҳи Шароф
Рашидов пазирой карда буданд.

Мусофирон ба чойҳои нишасташон карор гирифтанд. Вале
ҳавопаймо парвоз намекард. Даҳ-понздаҳ дакиқа маътал мондем.
Аз панчара дидам, ки ҳамон марди сагдор аз бинои депутатй
берун омад. Уро чанд тан аз аъзоёни ҳукумати Узбекистон то

206
зинаҳо гусел намуданд. Ба ҳамин тариқ, 28-уми ноябр, соатҳои
ёздаҳи рӯз ба майдони ҳавоии Кобул расидем. Дӯстону ҳамкорон
дар балкон бандаро интизорй мекашиданд. Вақте ки батолори
пазирой даромадам, Бахтулинро дидам. Ҳолу аҳвол пурсид ва
хоҳиш намуд, то ки пагоҳ ҳини ба сафорат рафтанам, Уро
бубинам. ГапдопггаасТ. Майлаш гуфтаму ба мошини «Волга»-и
Дилмуҳаммад нишастам. Аз пагоҳ боз фаъолияти
интернатсйоналиам оғоз мегирад. Ду-се рУз пае декабр пешвозам
мегираду воқеаҳои ачибу ғариберо бароям пеш меорад.

АМАЛИЁТИ «СОКОЛ»

Бисту нуҳуми ноябр ба сабаби дар Карбало кушта шудани
Ҳасану Ҳусейн рухсатй буд. Аз тарафи пагоҳй бозорй кардам.
Хоҳу нохоҳ ватандорону ҳамкорон ба зиёратам меомаданд. Бегоҳй
як пиёла чой бо шириниҳои Душанбе омода намудем. Таҳмина
аз ҳама беш хушнуд менамуд. Озодии мутлақро У донгг. Мунираи
Олимчон ва Салимабону вайро хеле эрка ва нозук карда буданд.
Ба ҳама меҳмонон дастакй салом менамуд. Ду-се соат сӯҳбат
идома ёфт. Дар як моҳи набудани банда гапи наве нашудааст.
Бароям ҳарфи тоза он буд, ки давоми мақолаам дар «Ирфон»
нашр шудааст.

Бегоҳии сиюм Олимчон моро меҳмон гирифт. Анъанаи хубе
буд. Касе, ки аз рухсатй бармегашт, ҳамон рУз, зиёфат меорост.
Рӯзҳои дигараш қадрдонҳо Уро ба хонаҳошон даъват мекарданд.

Огози декабр дар паҳлуи корҳои тарчумониам ба ичрои
супориши «дӯст» шурУъ кардам. Аввалан ба матбааи сукук
омада, аз таҳвилдор хоҳиш кардам, ки анбори маводи тайёрро
нишонам диҳад. Он чо ҳама дастуру ҳуччате, ки матбаа ба
асоси фармоишоти муассисаҳову вазоратхонаҳо омода месохт,
нигоҳ дошта мешуд. Азбаски таҳвилдор бандаро хуб меншнохт,
дарвозаро кушоду худаш аз пайи корҳои дигараш шуд.
Тақрибан, ним соат ҳама бахшҳои анбори маводи тайёрро тамошо
намуда, бист адад шиносномаи афғониро аз рафе шрифтам.
Ман, ки дар дастам кейс доштам, мудири анбор пай набурд,
ки аз он чизеро кам карда бошам. Супориши дигар дарёфти
пагонҳо буд. Дар ин маврид аз Марям Маҳбуби қалам махсус
(канселярия)-и вазорат пурсон шудам ва хостам фаҳмам, ки
пагонҳо дар кучо буда метавонанд. У дарҳол ба Вазорати дифоъ
телефон зад ва аз он чо маълумот гирифт. Баъдан аз У хоҳиш

207
намудам, ки ба воситаи калами махсуси Вазорати дифоъ 20
адад аз пагонҳои рутбаи афғонӣ ба даст орад. Фақат гуфтан
лозим буд, ки барои Вазорати молия даркор аст. Марям дигар
саволе пеш наоварда, ба рУзи дигар ваъда дод. Ҳамин тавр
ҳам шуд. Худаш ба дафтари кориам занг зад ва хоҳиш кард,
ки ба наздаш равам. У когазпечеро ба дастам дод. Ба Марям
ташаккур гуфтаму вақти чошт ба намояндагии аэрофлот cap
задам. Шиносномаву пагонҳоро дар якчоягй ба когазе печонда,
болояш сурога ва исми раиси гумруки Тошкандро навишта, ба
намояндагй додам, то ки дар наздиктарин парвоз фиристонад.
Намоянда ҳатто напурсид, ки он қоғазпеч чи чизест. У боварам
кунонд, ки бандлеролам ба суроғааш мерасад. Тибки ваъда ба
сафорат рафтам. Бахтулин интизор буд. У баъд аз чанд саволе
ба миён гузоштан каминаро назди сафири нави шУравй - Табеев
бурд. Бахтулин кУтоҳакак киву чй буданамро ба сафир арз
намуд.

Табеев, вақти точик буданамро фаҳмид, хушҳол шуд. Ман
ҳам Уро воқиф сохтам, ки дар майдони ҳавоии Тошканд як
дӯстам шуморо бо ман гоибона ошно сохт. Сафир хандиду гуфт,-
фаҳмо дар парвози дирУза якчоя будаем. Чунин пай бурдам,
ки Табеев аз сӯҳбати банда бо Пузанов иттилоъ доштааст. Дар
поёни сӯҳбат Табеев хоҳиш намуд, ки Уро тез-тез хабар гирам
ва ҳар хоҳише, ки дорам барояш бочуръатона арз намоям. Сипае
ба Бахтулин супориш дод, ки рухсатномае ба номи банда омода
созад. Акнун равшан гардид, ки «дУст» бо роҳи худаш бандаро
гоибона ба чойи лозимй ошно кардааст. Фаҳмидам, ки бо одамони
Гулбиддин дар тамос шудан кори душворе будааст. Докторро,
вакте назди Гулбиддин мехостаанд, ки агар зарурат шавад.
Дар он чангале, ки Гулбиддин қароргоҳ дорад, барои доктор
Чое муайян нашудааст. Гулбиддин асосан паштунҳоро дар
атрофаш чамъ кардааст.

Ҳафтуми декабр Мисок ба манзилаш даъватам кард. Аз
савғоҳои точикй каме барояш бурдам ва ҳам як шиша коняк, ки
У хуш дошт. Мо ду кас сари мизи пурнозу неъмат менишастем.
Дарвоза ба пуштамон баста буд. Касе халал намерасонд. Ба
Мисок шУхиомез гуфгам: «Хо, Мисок соҳиб, ми еле ки дастархони
вазирй чУрсохтен?» «Бале, доктарсоҳиб. Солҳои 1971-73 чунин
дастархон баротон омода карда наметавонистам. Ҳоло вазири
Амин кастам. НУши чон. Он чй каст ба хотири шумост», - гуфт
Мисоқ. «Зиндабошен, вазир соҳиб»,- гуфтам ба эшон. Коняки
ватаниро кушод. Панчоҳ гиромй рехт. СУҳбатамон гармтар шуд.

208
Мисок васфи Шӯравй мекард.Аминро душмани мо мешуморид.
Ҳатто савол дод, ки «Бо Амин чй хоҳед кард?» Магар намедонед,
ки ӯ ШУравиро бозӣ медиҳад. Банда намехостам аз сиёсат баҳс
ороям. Худаш хеле дурнамои Афғонистонро таҳлил намуд.

Банда ба ҳарфҳои У гУш дода, аз ибрози назар худдорй
мекардам. Мисок фаҳмид, ки мавзУи сиёсат барои ман чолибият
надорад, масоили адабиётро матраҳ сохт. Сари достонҳои Зарёбу
Спужмай баҳс оростем. ИмрУз Чиргаи дифоъ аз Инкилоби Савр
сурат гирифт. Ҳ.Амин баёния дод. Суханбозиҳои бисёре кард.
ШУравиро таърифҳо намуд. Ҳаштуми декабр мусоҳибаи Ҳ.Амин
бо рУзноманигорони итолиявй ва ҳиндй чараён гирифт. Саволҳо
бештар ба ҳалокати Таракй тааллук доштанд. Амин икрор шуд,
ки тирпарронй сурат бастааст. Дар ин тирпарронй Таракй ба
ҳалокат расид. Занаш баъдтар кушта шудааст. Амин ҳамзамон
аз ҳодисаи 14-уми сентябр ёдовар шуда, таъкид сохт, ки
тирпарронии «Хонаи Хал к» ба максади кунггани У ташкил
гардида буд. «Он вакт Туран ном ватанпарасти афғон бо баданаш
дами тирҳои душманонро гирифт ва ман зинда мондам»,- гуфт
Амин. Ҳамзамон У кушоду равшан иброз Дошт, ки дар
Афгонистон сохти сотсиалистиро баркарор карданй аст. Дар
мавриди дӯстй миёни Афғонистону ШУравй суханҳои хуберо
иброз дошт.

Дар хиёбони марказии Кобул як даста варзишгарон пайдо
шудаанд, ки ҳар пагоҳй аз майдони Паштунистон чониби
майдони ҳавоӣ медавиданд. Онҳо аз чавонони тануманде буданд;
ҳангоми давидан байнашон даҳ-понздаҳ метр масофа буд. Ҳар
пагоҳй, ки мо аз микрорайон ба хиёбони марказй ворид мешудем,
онҳоро дар ҳолати давидан ба мушоҳида мегирифтем. Ин
ҳодисаро чунин шарҳ медоданд, ки гУё дар Кобул мусобиқоти
байналмилалй сурат мегираду инҳо иштирок хоҳанд кард. Ба
мушовирин, ки савол медоданд, банда ҳамонро мегуфтам, ки
дар шаҳр расмият дошт. Барои банда маълум буд, ки омодагй
ба чордаҳуми декабр аст. Ин чавонони тануманд аз ҳамон
дастаҳоеанд, ки ба теъдоди сесад нафар ба Кобул оварда
шудаанд. Инкилоби бехунро рУзи чордаҳум бояд ҳаминҳо анчом
медоданд. Ҳамчунин ҳамашаба баъд аз соати нӯҳ ҳавопаймоҳои
«Антей», ки дар дохили ҳар кадомаш чор адад тонкҳои чангй
чо мешавад, болои Кобул пайдо шуда, оромии шаҳрро тағйир
медоданд. Пагоҳй, соатҳои ҳафт, боз бо ҳамон садои
воҳимаангезашон боло мешуданду самти Тошканд ва баъд
Фаргонаро пеш мегирифтанд. Дар ин маврид ҳам дастгоҳи

209
марбутаи шӯравй «Легенда» сохта буд. Мегуфгем, ки Амин чанд
адад аз ҳавопаймоҳои боркаши «Антей»-и шУравй харидорй
кардааст ва пилотҳои афғониро машқ медиҳад. Ба ин муносибат
рӯзе намояндагии аэрофлот бандаро хост ва дар мавриди
парвози «Антей»-ҳо савол кард. Ман гуфгам, ки мо тарчумонҳо
дар вазоратхонаҳо ҳамон «легенда»-и даркориро миёни афғонҳо
мегУем. Табиист, ки афғонҳо баъд аз суханҳои болохонадори
Амин оид ба дӯстиаш ба Шӯравиву сохти сотсиалистиро
хостанаш, бовар меарданд. «Антей»-ҳо, одатан дар қисми
поёнии майдони ҳавоии Кобул менишастанд. Лавозимоти ҳарбй
дар анборҳои бузургҳачми гумрук чо ба чо мегардид. Он чо
низомиёни шӯравй, теъдодашон кам бошад ҳам, назоратро ба чо
меоварданд.

Чордаҳуми декабр ҳам омад, вале аз нақшаи «дӯст» дарак
нашуд. Албатта, баъд аз таҳлили чиддй ба чунин хулоса
омадаанд, ки он чанд дастаи панчоҳнафариву саднафарй барои
«Инқилоби бехун»-ро амалй сохтан, зӯрашон намерасад.
Даъватшавиҳои Амин ба Маскав ба фоидаи ШУравй ҳал нашуд.
Гузашта аз ин Ашн хуб дарк карда буд, ки ШУравй Уро дигар
намепазирад ва дар пайи нобуд сохтанаш хоҳанд шуд. Аз ин
чост, ки Амин роҳҳои дигарро мечуст, то ки ҳам худро начот
бидиҳаду ҳам Афғонистонро аз таъсири ШУравӣ берун созад.
То ин рУз боз ду шУравии дигар аз қарордоди геологҳо ҳадафи
тир карор гирифт. Ҳодиса дар бозори «Пули хиштй» pyx дод.
Зану шавҳар дар дУкони матоъфурУшие меистодаанд, ки якбора
ду тир аз самте садо медиҳад. Тири аввал ба таги қалби мард
мерасад ва нишони дигар ба думбаи зан бармехУрад. Азбаски
зан фарбеҳ будааст, шояд начот ёбад, аммо аҳволи мард бад
аст. Баъд аз як моҳи ба қудратрасии Амин гУё қартаи террор
рӯйи дигар гардонда шуд. Бошандагони Кобул низ огоз ёфтани
террорро алайҳи шаҳрвандони шУравй, ба хусус, русҳо, тасдиқ
менамоянд.

Воқеан, Амин ба мақсади идома додани ҳокимияташ чораҳо
меанденшд. Яке аз чунин чорабиниҳои Амин он буд, ки дастгоҳи
ҳизбй ва ҳукуматро аз «Хонаи Халқ» ба касри Доруламон
интиқол дод. Ин рУзҳо даҳо моншнҳои боркашро дидан мумкин
аст, ки пур аз анчому асбоб, аз дарвозаи қасри шоҳӣ берун
шуда, сӯйи Доруламон ҳаракат мекарданд. Бисту дуюми декабр
(аввали Ҷаддй) ҳукумати Амин дар шароити нав, дар қасри
дигаре ба фаъолият пардохт. Дар матбуот эълон шуд, ки «Хона
Халқ»-ро ба музей табдил медиҳанд. Ба муносибати дусолагии

210
Инқилоби Савр музейи давлатй бояд дарвозаҳояшро барои
меҳмонону дохилиён мекушод. Ҳафгаи дуюм аст, ки шаҳрравиро
маън карданд. Хайрият, он ду геологи ҷабрдида сиҳат меёбанд.
Тирҳоро дар Чорсадбистара бадар сохтаанд. Барфи аввалин
қаторкУҳҳои Кобулро сафед кард.

Ҳ.Амин ҳамоно раисону мансабдорони давлатиро бо баҳонаи
«маризй» ба ҳабсхонаҳои Кобул интиқол медиҳад. Рӯҳияи
бадбинй нисбати Амин миёни мардуми Афғонистон меафзояд.
Агар Шӯравй дар ин маврид чорае наандешад, имкон дорад,
ки Уро гурӯҳе аз ҳизбиён ба қатл мерасонанд. Сари роҳ Бурҳон
Ғаниро дидам. Якҷоя ба хонаи шогирдонам — Саймуддин
Оймуҳаммадов ва Муродуллоҳ Судуров даромадем. Бурҳон
чанде аз ҳикоячаҳои ҳачвиашро нақл кард. Дар ин нишаст,
Бурҳон аз банда пурсид: «Худойназар, ту ба адабиёт сару кор
дорй, гӯй ки румон бесужет мешавад?». Ман хандидам ва гуфгам:
«Оре, румони нав метавонад бидуни сужа анчом гирад».
«Набошад, - гуфг Бурҳон, - Фазлиддин Муҳаммадй дуруст
навиштааст». Маълум шуд, ки Бурҳон як асари насрй навингга
ба ихтиёри Ф.Муҳаммадй гузонггааст. Мавсуф баъд аз мутолиаи
асар барои Бурҳон нома ирсол намуда, он чо аз ханда ба поён
расондани асар муаллифро огоҳ сохта, баъд чунин баҳо додааст:
«Бурҳонҷон! Румонатро хондам, чизи хубест, аммо сужа
надорад». Бурҳон сухани Ф.Муҳаммадиро оварда худаш ба
завқ хандид. У ачиб адиби ҳачвнигорест. Чизеро нақл мекунаду
ба чеҳраи шунавандааш менигарад. Агар мусоҳибаш ба нақли
ӯ нахандад, худаш чунон механдад, ки боиси ба ханда овардани
шунаванда мегардад. Ин ҳолат Бурҳон бори дигар якчоя бо
мусоҳибаш механдад. Албатта, нақли «румони бесужа» асари
тозаи ҳачвии Бурҳон буд, ки ин рӯзҳо эчод кардааст. Бо Бурҳон
нишастан маънии истироҳатро дошт. Он шогирдон ҳам хуб
ҳаловат бурданд.

Баъд аз ин ки нақшаи 14-уми декабр амалй нашуд, Шӯравй
барон ҳукумати Аминро аз байн бу.рдан ба фаъолият пардохт.
Аз «дӯстон» ду нафар ба Кобул ҳозир шуданд. Онҳо маро
ёфтанд. Бандероли каминаро гирифта будаанд, аммо ба дард
нахӯрдааст. Назар ба иқрори онон Л.И.Брежнев дар назди
вазоратхонаҳои қудратй вазифа гузоштааст, ки мавзУи
Афғонистонро дар наздиктарин мӯҳлат ҳалу фасл намоянд.
Маълумотҳои кашшофй ягона роҳи начоти Афғонистонро дар
чисман нобуд сохтани Ҳ.Амин ва дастаи хунхори У медид. Ба
ин хотир вазирони қудратӣ ва вазири корҳои хоричии Шӯравй

211
соату рӯзҳо роҳи ҳали супориши Муншии умумии Ҳизби
коммунистро чустуҷӯ менамоянд. Вазири дифоъ бидуни кадом
мулоҳизае ворид сохтани артиши шӯравиро ба хоки Афғонистон
пешниҳод менамояд. Мавзӯъ то мачлиси Бюрои сиёсй меравад.
Вале ҳамфикрй ба Даст намеояд. Масалан, Косыгин ба ворид
сохтани урду розигй намедиҳад. Дигарон низ дар ҳолати
дудилагй карор мегиранд. Л.И.Брежнев, ки аз Амин сахт
ранчида буд, пешниҳоди вазири дифоъро дастгирй менамояд.
Пас, амалиёти чангй бо номи «Сокол» таъйин мегардад:
«Амалиёти Сокол». Яъне амалиёти чангй 6о номи маршал
Соколов гузопгга шуд. Дар оғоз фақат як урду — Артиши чилум
дар пиёда сохтани амалиёти мазкур муваззаф мегардад. Омодагй
ба ин амалиёт таъчилан шурӯъ шуд. Ба Кобул пайи ҳам дастаҳои
махсус меомаданд. Ҳамзамон дастаҳои заминкобиву чоҳканй ба
фаъолият пардохтанд. Илова, ба Армияи чилум, дар чумҳуриҳои
мусулмонии Осиёи Миёна «аскаргирй» ба роҳ монда шуд. Ҳама
касоне, ки аз мактабҳои махсуси ҳарбй гузаигга буданд, ба рУйхат
гирифта шуданд. Касоне, ки курсҳои думоҳаву семоҳаро паси
cap карда буданд, пеш аз пеш огоҳонида мешуданд, то ки соати
зарурй онҳоро тавонанд чамъ намоянд. Худи Соколов чанд дафьа
пинҳонй вориди Кобул шуда, бо дастааш муҳитро омУхтанд.
Соколов харитаи шаҳрро бо тамоми ҳиёбону тангкУчаҳояш ба
накшаи амалиёт чогузин сохт. Дастаҳо дар шакли номаълум
мавзеъҳои асосй, вазоратхонаҳои қудратй, радио, телевизион,
почта ва дигар чойҳои муҳимеро, ки ба онҳо Амин сару кор
мегирифт, таҳти назорат ва омУзиш карор доданд. Дар ҳамин
замина «гурӯҳи сохтмончиёне», ки тоза ба Кобул ворид шуда
буданд, даҳ рӯз дар таҳхонаҳои почта - телегрофи Кобул заҳмат
кашиданд. «Легенда» чунин буд: сохтмончиҳо таҳхонаро бояд
таъмир мекарданд, Тарафи афгонй зиддияте нишон надод, зеро
он таҳхона мушхонаеро мемонд. «Сохтмончиён» ҳама нуктаҳои
телефонҳову роҳҳои алоқаи сафоратхонаҳои Амрикову Хитой,
Покистону дигар давлатҳоро ба тарзи махсус омодаи таъмир
карданд. Садҳо халта «сементу оҳак ва алибастр»-ро ба таҳхона
чо ба чо намуданд. Нуқтаи асосй зери дарахти туғи бузургҳачме
қарор дошт. Ҳамин рӯзҳо буд, ки Шӯравй ба Вазорати иттилоот
ва култури Афғонистон як поя «Спутник» тақдим намуд.
Табиист, ки бо шурУъи «Амалиёти Сокол» робитаи телефонӣ
дар Кобул ба куллй қатъ мегардид. Он вақт сафоратхонаи
шУравй бо Маскав ба воситаи «Спутник» робита барқарс^
менамуд. Ногуфта намонад, ки Бабрак Кормал одамсни

212
содиқашро бо шиносномаҳои шӯравй ба Кобул фиристонда буд.
Онҳо ба вазоратхонаҳои қудратӣ ва ғундҳо робита гирифта,
сафи тарафдорони Кормалро аз ҳисоби парчамиҳои ҳабси
хонагишуда ва касоне, ки ба хотири зинда мондан дар ҳар
кучо панаҳ бурда буданд, зиёд мекарданд. Дар ин чода
тарафдорони чаҳор вазири гуреза: Ватанчор, Гулобзӯй,
Муздурёр ва Асадуллоҳ Сарварй, ки дар чумҳуриҳои Осиёи
Миёна панаҳ мебурданду дар Маскав бо Бабрак дар тамос
туда буданд, дастаҳои зиддиаминиро меафзоёнданд. Ҳар кадом
аз ин дастаҳо баъд аз шурӯъи «Амалиёти Сокол» ба фаъолият
мепардохтанд. Гап дар ин буд, ки аз «Амалиёти Сокол» ба
гайр аз чор-панч аввалшахсҳои Кремл дигар касе аз шӯравиҳои
Кобул маълумот дар даст надоштанд. Азбаски «Амалиёт»-и
номбурда ба асоси заҳматҳои кашшофй ташкил гардида буд,
фақат ин идора медонист, ки рУзи 27-уми декабр дар Кобул
ҳодисаи таърихие ба вукуъ меояд. «Дӯстони» банда дар
«Амалиёти Сокол» мавқеи аввалдарача донгганд. Сард ори ин
идора дасти роста Сокол буд. Аз ин даста тақрибан понздаҳ
к ас, ки рубтаи пасташ капитан буд, шабу рӯз заҳматмекашиданд.
Мақсади асосй ҳама нуқтаҳои бадардхУри Аминро муайян сохтан
буд. Кадоме аз вазирҳо ва рай сон ба Амин садоқат нишон
медоданд, дар ғунду полкҳо киҳоро бояд чалб кард ва ғайра
иқдомҳо пиёда мешуданд. Омодагй ба табаддулоти низомй бояд
тарзе сурат мегирифг, ки дастгоҳи Амин ба шубҳа наафгад.
Торафт мушовирин бо Амин наздик мешуданд ва маслиҳатҳои
муфид медоданд. Илова ба ин, дар панч-шаш рУзи баъди
бистуми декабр ба тамоми вазоратхонаҳои Афғонистон барои
имзои ҳуччатҳои байнидавлатй аз шӯравй намояндаҳо омаданд.
Ворид шудани чунин ҳайатҳо маънии онро дошт, ки ШУравй бо
ҳуКумата Амин мувофиқа дорад ва фаъолиятҳои давлатиашонро
чун пештара идома.хоҳанд дод. ШУравй Аминро бояд бовар
мекунонд, ки эҳтиромашро медорад ва ба сиёсати пешгирифтаи
У розй аст. То чое Аминро зери фишори фаъолиятҳои
сотсиалистисозй карор дод. Рузе чанд соат вақта Амин бо
мушовирону меҳмонони ШУравй сарф мегардид. Ҳамзамон ба
воситаи мушовирони бахши Аксо (бехатарй) чанд ҳуччати сохта
дар мавриди ба Афғонистон даромадани Амрико таҳия гардид,
ки мазмуни онҳо таъчилан аз чониби раиси Аксо - Азиз ба Амин
расонда шуд. Амин бошад ба ин ҳуччатҳо шубҳа карда, «дурӯғ
аст»,-мегУяд ба Азиз. Албатта, Амин то чое ҳақ буд, зеро ба
воситаи Гулбиддин медонист, ки ҳоло Амрико чунин иқдомро

213
пиёда карданй нест. Дастаҳои омодагй чунин таҳдидро аз чониби
Амрико ба иттилои баъзе аз аъзои Бюрои сиёсй ва вазирони
Кудратй расонданд. Бо ин роҳ мехостанд, ки мансабдорони
наздики Амин Уро водор созанд, ки хавфи Амрико воқеият
дорад. Ба даст овардани боварй имкон мед од, ки ШУравй бо
баҳонаи таъмини амнияти шаҳрвандонаш, ки беш аз чор хазор
буданд, микдори хурде аз нерӯҳои низомии хешро ба саросари
Афғонистон ворид созад. Вакте ки Амин аз чор тараф ба фишори
аъзоёни ҳукуматаш рУ ба рУ омад, розй шуд, ки теъдоди хурде
аз низомиёни шУравй ба Афганистан инти қол гардад. РУзи бистум
ин амалиёт оғоз шуд. «Антей»-ҳо дар майдони ҳавой фуруд
меомаданд. Онҳо ба масофаи сад-дусад метр поёнтар аз майдони
марказй бо парашют маътал мешуданд ва аз дохилашон чанд
ададй бетееру тонкҳои вазнин берун меомад. Ин саҳнаро сафири
нави Амрико, ки дар чашмон айнаки сиёҳ дошт, тамошо мекард.
Дастаҳое аз асокири пиёдагард ҳам ба назар мерасид. Сафири
Амрико дигар тоқати «тамошо» надошт, балки айнакҳоро аз
чашмонаш гирифту ашкҳояшро бо дастрУймолашчааш пок кард.
Сипае бо ҳамроҳонаш зинаҳоро поён шуду рафт. Дар ботин
мегуфтам: «Ин сафираш ҳам бозиро бо ШУравй бохт». Бале,
Амрико муваққатан бой дода бошад ҳам, фаъолияташ дар
Покистон вобаста ба мусаллаҳ сохтани дастаҳои Гулбиддину
Раббонй ва Мучаддадй чидцан чараён дошт.

Мушовирини шУравй маъракаи «шахсият» сохтани Аминро
огоз намуданд. ҲамарУза Уро дар мачлисҳову вохУриҳо масруф
мекарданд. Акнун филми мустанаде ба муносибати дусолагии
Инқилоби Савр бардоштанй шуданд, ки дар марказй он Амин
қарор мегирифт. Вайро гоҳе болои тонки қаҳрамон
мебароварданду гоҳе миёни урду рУйи навор меовардандаш.
Дар барномаҳои телевизионй фақат аз шахсияти Ҳ.Амин сухан
мерафт. Чунин ба назар мерасид, ки У рУз то рУз мешукуфт.
Ягон лаҳза ханда аз чеҳрааш дур намешуд. Омодагй ба
табаддулот гУё поён меёфт. НерУе, ки дар дохили Кобул
«Амалиёти Сокол»-ро анчом медод, кифоят менамуд. Бо вучуди
ин хама умед ба дастаи синафараи махсус ва зудамали осиёй
буд, ки як моҳ боз бо гарнизони қасри Доруламон омезиш ёфга
буду онҳоро касе аз чумлаи низомиёни шУравй гуфта
наметавонист. Чунон ки пештар арз доштам, онон миёни худ
сӯҳбат намекарданд. Вазифаи ин даста, пеш аз хама омУхтани
мавзеи қаср буд. Бадбахтона, се моҳ сохтмончиёни шУраг
таҳхонаҳои каерро сангчинй карда, чойҳое аз онро то якуним

214
метр бетон бардошта буданд. Гарнизони қаср, ки ҳама панггунҳо
ва сарсупурдаҳои Амин маҳсуб мешуданд, дар истеҳкомҳои
сементИ чой мегирифтанд. Огози «Амалиёти Сокол»-ро бояд он
ей осиёй анчом медоданд, то ки хунрезй нашавад. Ин даста бояд
урдуи Аминро аз байн бурда, қасрро таҳти назорат қарор медод.
Тақдири Аминро афсари дигаре ҳал менамуд.

Бояд гуфг, ки Амин дониста қароргоҳашро аз «Хонаи Хал к»
ба Доруламон интиқол дода буд. Йн кӯчбандӣ моҳияти дурбинй
донгг. Майдончаи ҳавой ҳам сохта буданд ва ду адад вертолёта
чангй он чо навбатдорй мекарданд. Ба гумонам, Амин барои
рӯзи даҳшатеро паси cap гузоштан, тайёрй медид. Дар сурати
ҳар навъ ҳучум ба қаср ва ба чони У, метавонист ба воситаи
вертолёташ чониби Покистон фи pop намояд. Пешбиниҳои Аминро
шУравиҳо хуб дарк мекарданд. «Сокол» ҳамоно хомӯш буд.
РУзу соати амалиёт номаълум мемонд. «Дӯстон» бандаро огоҳ
сохтанд, ки 27-ум шаҳр нотанч мешав ад, худамро эҳтиёт кунам.
Бо яке хона омадем. Чонгг буд. Ҳарчанд ки меҳмонам
тачрибаи калон дошт, бо ду-се қадаҳ боло кардан, андаке сари
калобаро кушод. Бисту ҳафгум «Амалиёти Сокол» оғоз мешав ад,-
гуфт вай дар ҳолати сархушй. Қадаҳи охирро ба хотири боз
дидор дидан баланд кард. Ёде аз хонаводааш намуд, ки дар
Киев иқомат доштанд. Фикри ягона писараш - Андрейро,
мекард. Гуселаш намудам. Бисту нӯҳум бояд ба наздам ояд.

Пагоҳии 27-ум амри фаврии сафорат расид, ки ҳама
меҳмонони вазоратхонаҳоро аз Кобул бароранд. Вазората мо
низ чанд меҳмон дошт, ки соати дуй рУз онҳоро ба майдон
расондем. Меҳмонҳо норозй буданд. Баъзеаш шикоят менамуд,
ки бозорӣ накардаанд, пулҳои афғониашон дар чайбҳошон
мондааст. Аз Маскав ду ҳавопаймои ТУ-154 интазорй дошт. Дар
Кобул ба ғайр аз шаҳрвандоне, ки таври қарордодй кор
мекарданд, дигар бегонае намонд. Соат ба чор наздик мешуд.
Бахтулин бо чанд ҳамкораш бандаро диду гуфг: «Ба мушовирон
ва дигар мутахассисони микрорайон расой, ки баъд аз соати
панч аз хонаҳошон берун набароянд. Дар шаҳр кадом
табаддулоте рух доданй аст». Аз майдон рост ба микрорайон
омада, назди пул панч-шаш зану марди шУравиро дидам, ки
даст зери багали якдигар саёҳат мекарданд. Мошинро нигоҳ
дошта, аз онҳо хоҳищ намудам, ки ҳарчи зудтар ба манзилҳошон
раванд, зеро шаҳр шояд ноором шавад. Якеаш савол дод, ки
чй ran аст, чаро роҳбаронамон ба мо чизе нагуфганд? Ман оромона
гуфтам, ки банда низ шУравӣ ҳастам, на афгон, бовар кунед,

215
ки ҳамин навъ амр сурат гирифтааст. Ба хона омадам. Рӯйи
ҳавлИ чанд тан мушовирро дидам, ки бо бачаҳошон сайру гашт
доштанд. Онҳоро низ ба хонаҳошон даъват намудам. Ба
Олимчону бачаҳояш низ мавзУъро арз кардам. Дар майдон
духтури Амин полковник Кузмиченкоро дидам, ки завчаашро
пешвоз мегирифг. У хущҳол буд, ки хонумаш омадааст. Фақат
шУхиомез пурсидам, ки Амин соҳиб чй дол дорад? Хуб аст,
гуфт Кузмиченко. Иловатан аз эшон хоҳиш намудам, ки бо
хонумаш истрроҳат кунаду ба ҳеч кучо наравад. Албатта, гуфт
полковник...

Шоҳиде гуфт: «Аз рУзе ки ҳукумати Амин ба Доруламон
куч бает, онҳо дар ошхонаи барҳавои каср нони чошт
мехУрданд, аммо нони шомро, одатан дар манзилҳошон бо
хонавода медиданд». Сарошпази дастгоҳи Амин як марди озарй
буд. Ӯ танҳо ошпази «одй» набуд, балки супоришҳоеро ҳам
анчом медод. В акте ки ҳукумат дар «Хонаи Хал к» карор донгг,
гоҳ-гоҳе Муҳаммадчони точик он чо тарчумонй мекард. Уро
сарошпази «Хонаи Хал к» ном мебурданд. Баъзан асабй ҳам
мешуд. Мефаҳмид, ки шУхй буд... Мавсуф ба идомаи суханаш
изҳор кард, ки шаби 26-ум филмбардорони шУравиву
афғонй ба дастгоҳи Амин расонданд, ки Амин соҳибро мехоҳанд
дар зодгоҳаш - Лағмон миёни ҳамдеҳагону хешу акрабо ба
набор гиранд. Ин пешниҳод ба Амин хуш омад. У чанд тан аз
аъзоёни Кумитаи Марказиро бо худ гирифт. Сафари Аминро
ба зодгоҳаш барои телевизион ҳам сабт намуданд. 27-ум соатҳои
панч Амин бо ҳамсафаронаш ба кароргоҳаш баргашт. Ба ин
муносибат пеш аз пеш зиёфате ба нақша дохил гардида буд.
Соати панчи бегоҳ Амин бо аъзоёни Кумитаи Марказй ва аҳли
вузаро сари мизи гизои шом нишастанд. ХУроки аввал, хомшУрбо
пешбинй туда буд. Назди ҳамагон як косагй шУрбои сергУшту
болаззатро гузоштанд. Ошпази озарй супориш гирифга буд, ки
ба косаи Амин ду тоблети мадҳушкунанда ва ба косаи дигарон
як кулчай партояд. Зиёфат дар ҳузури баъзе мушовирони рус
сурат мегарифт. Албатта, онҳоро кулчаҳои мадҳушкунанда насиб
нагардид. Ҳар кадом ба саломатии сари Амин кадаҳ
мебардоштанд, ба таъбири афғонҳо шиор медоданд. ГУё охирин
орзуҳоро барои Амин мегуфтанд. Амин он соат худро дар арши
аъло медид. Ду-се дафъа аз меҳмононаш даъват ба чо овард, ки
барои дӯстии ҳамешагаи Афғонистону ШУравй пайк боло кунанд.
Хатто як дафъа Амин Л.И.Брежневро ёдовар шуда, ба ~
сиҳативу сарбаландй орзу кард. Амин сархуш шуд. ГУё аз шарсбп

216
русй кайфаш баланд гардид, ки якбора аз чой баланд шуда,
майли истироҳат менамояд. Дигарон ба У истироҳати хуш орзу
мекунанд. Дар дохили каср як навъ бесарусомонй эҳсос
мегардид. Дастаи синафарй омодагй мегирифт. Атрофи касрро
тонкҳои шУравй печонда буданд. Амнйятро таъмин медоштанд.
«Легенда» чунин буд. Ҳоло «Сокол» амр надодааст. Дар
сафорат ҳам аз «Амалиёти Сокол» хабаре нест. Амри амалиётро
Маскав бояд мед од. Худи Соколов дар Кобул набуд. Фақат
амалиёт номи Уро гирифта буд.

Назар ба мушоҳидаи он шоҳид Ҳ.Амин баъди ба ҳучраи
хобаш ворид шудан, дар ҳолати беҳушй карор мегирад. Писари
ҳаждаҳсолааш дар паҳлуяш менишинад. Тақрибан пас аз ним
соат Амин ба истифроғ гирифтор мешавад. Ҳарчи ки хУрда
будааст, қафо мегардонад, аммо ба ҳуш намеояд. Дастгоҳаш
бесаранчом шуда, таъчилан ба сафорати шУравй мурочиат
мекунад. Сафорат амр медиҳад, ки духтури Аминро ба наздаш
ҳозир кунанд. Кузмиченко, ки дар манзилаш буд, ба зудй назди
Амин ҳозир мешавад. Бонуе ҳам, ки бо У омода буд, ба молиши
сару гардану бадани Амиқ машғул мешаванд. Ин лаҳза аз
Чорсадбистара ҳамшираи шафқат бо тарчумоне, ки Муҳаммадчон
будааст, меоянд, то ки хуни Аминро шрифта, барои тачзия
баранд. Тарчумон нақл кард, ки дохили каср беназму низом ба
назар мерасид. Низомиён ба ин сУву он сУ медавиданд. У бо
ҳамшираи шафқат хунро мегиранду барои тезтар тачзия кардан
ба мошини таъчилии тиббиашон менишинанду роҳи
чорсадбистараро пеш мегиранд. Тонку бетеерҳо чониби каср
ҳаракат мекардаанд. Муҳаммадчоншон наздики Чорсадбистара
мерасанду «амалиёти Сокол» шурУъ мешавад. Соати 7-и бегоҳ
таркиши сахте аз зери дарахти туги назди почтаи марказй
шаҳриёнро ба даҳшат овард. Ин таркишро дар садкилометриҳо
шунидан мумкин буд. Аз ин чост, ки садои таркиш Аминро аз
хоб бедор месозад. Чй ran аст, гУён аз чой баланд шуда, бо
либоси таг ба даҳлез мебарояд. Кузмиченкову он бону и рус, ки
У низ духтур буд, паҳлуи Амин карор мегиранд. Писари Амин
низ дар паҳлуи падараш рост меистод. Бедор шудани Амин
боиси садама ба нақшаи амалиёт шуданаш мумкин буд. Аз рУйи
гуфтаи шоҳид нақшаи тарзи ба қатл расонидани Амин ҳам
кашида шуда буд. Онро афсаре, ки рутбаи лейтенантй дошт,
бояд ба анчом мерасонд. Яъне, вИ^те ки Амин дар ҳолати
мадҳушй карор дошт, бояд ба ҳучраи хоби Амин даромада, бо
тири тУфангча Уро аз байн мебурд. Лейтенант ҳеч гоҳ Аминро

* 217
надида буд. Ба ин Хотир дар чайбаш акси Аминро нигоҳ медопгг,
то ки боварй ҳосил намояд, ки Аминро куштааст ё каси дигареро.

Ҳучраи хоби Амин дар қабати дуюми каср қарор доштааст.
Завчаву дигар фарзандонаш дар ҳавлии шаҳриаш иқомат
мекарданд. Касри Доруламон то чое касри Кремлро мемонд.
Сутунҳои мармарини калонҳачме даҳлезу толорҳои онро ҳашамат
мебахшид. Лейтенант дохили бинои асосии каср мешавад ва
мехоҳад аз рУйи нақша ҳаракат намояд, вале дар ру ба рУяш се
марду як бонуро мебинад. Лейтенант рУ ба боло назар дУхта он
чорро чанд дақиқа ба мушоҳида мегирад. Мебинад, ки бону ва
марде ба русҳо шабеҳанд. Паҳлуи онҳо шахсе қарор дорад, ки
бо тагпУши сафед ба поён менигарад ва аз дасташ чавоне медорад.
Лейтенант тахмин мекунад, ки марди тагпУшдошта Амин аст,
вале барои боварӣ ҳосил кардан, аз чайби қафои шалвораш
аксро бароварда лаҳзае онро меомУзад ва баъд бо садои
«берегитесь» гранатаро сӯи Амин ҳаво медиҳад. Сипас аз
Калашников ду-се навбат тирҳои пайиҳам холй мекунад. Дар
натича Амин бо писараш ва Кузмиченко ба ҳалокат мерасанд.
Он бону ки дар паҳлуи Кузмиченко меистод, ҳини амалиёти
лейтенант худро пупгги сутуни мармарӣ панаҳ мекунад. Тири
аввал ба сутун бархӯрда, чапгалат меравад(рикошет) ва пешонии
бонуро хуншор месозад.

Воқеаҳои баъдиро ин тавр шарҳ медоданд: дар байни
дастаҳои «Алфа» ва синафарии осиёй нофаҳмӣ ба вучуд меояд.
«Алфа», ки аз берун дохили каср мешавад, гУё аз будани дастаи
осиёй чизе намедонистаанд, ки афғон гуфта, онҳоро тирборон
мекунанд. Дар дохили каср гурӯҳҳои Амин, синафарии осиёй
ва «Алфа» байни худ мезананд. Дастаҳои Амин мукобилияти
сахт нишон медоданд. Гурӯҳи синафарй, ҳарчанд ки чониби
«Алфа» «мо худй», «мо худй», (мы свои) мегУянду дод
мезананд, вале «Алфа» онҳоро нобуд месозад. Се-чор соат
Чанг дар Доруламон идома меёбад, ки дар натича ба куллй
чониби Амин мағлуб мегардад. Он шаб касе аз касриён начот
намеёбад. Баъзе аз аминиён ба истеҳкомҳои сементй панаҳ
бурданӣ мешаванд, аммо онҳоро низ пайдо карда, ба катл
мерасонанд. Қасри мармарй, такрибан хароб мегардад. Ҳамин
навъ чангҳо дар бинои вазоратҳои дохила ва дифоъ сурат
гирифтанд. Ҳам аз дастаи «Алфа» ва ҳам аз чумлаи аскароне,
ки дохили каср шуданд, хеле зиёд кушта гардиданд. То чое
Чанги дохили касри Доруламон шакли кУр-кУронаро доштааст.
Шинохтани гурӯҳҳо душвор буд. Зиндамондагони «Алфа»

218
шабона аз қаср берун туда, роҳи Ватанро пеш гирифтанд. ГУё
аз дастаи осиёй як нафар точик зинда мондааст, ки як умр
мачрӯҳ хоҳад монд. Гап дар ин буд, ки ҳама тирҳои «Алфа»
заҳролудшуда буда, баданро сӯрох намуда, сипас тамоми узвҳоро
заҳролуд мегардонданд. Шоҳидон нақл карданд, ки пагоҳии
28-ум даруни бинои қаср ва рӯи ҳавливу таги деворҳои он
даҳҳо часадҳо аз ҳарду чониб мехобидаанд. Азбаски каср дар
ихтйёри низомиёни шУравй қарор мегирад, часадҳои худиро
чудо мекунанд. МачрУҲшудагонро таъчилан ба Чорсадбистара
интиқол медиҳанд. Часадҳои тарафи афғониро чое рУи ҳам
мечинанд ва дар гУшае аз қаср онҳоро ба чоҳ андохта, болоянхро
бо хок мепУшанд. Шояд часади Амину писари ҳаждаҳсолааш
дар ҳамон чоҳ партофта шуда бошанд. Баъд аз як рУз часади
Кузмиченкоро ба воситаи завчааш ба Маскав интикол доданд,
ки дар ин ҳавопаймо даҳҳо часадҳои аскарону афсарони шУравй
ҳам қарор доштанд. Ҳамчунин дар гирифтани бинои радио ва
телевизион ва вазоратҳои дохиливу дифоъ тарафи шУравй хеле
талафот дид. Висту нӯҳум аввалин бор «Грузи 200» пуррасУйи
Тошканду Маскав парвоз намуд.

Бармегардам батасвири он лаҳзаҳое аз «Амалиёти Сокол»,
ки аз балкони бинои 46-уми микрорайон бо ҳамкорон ба
мушоҳида гирифгам. Телевизиони Кобул баъд аз ахбори расмй,
намоишеро дар бораи сафари Амин ба зодгоҳаш тақдими
тамошобинон намуд. Аминро дар даромадгоҳи зодгоҳаш бо
гулчанбарҳо ва бо нону намак пазирой карданд. Хонаи
падариашро дидем, ки авлодонаш он чо чамъ омада буданд.
Амин бо қавмаш гУё хайру хуш мекард. Ҳамин лаҳза буд, ки
таркише Кобулро ба ларза дароварду барномаҳои телевизиониву
радиой қатъ гардиданд. Саросемавор ба балкон баромадам, ки
аз чор гУшаи щаҳр тонкҳо ба ҳаракат даромаданд. Якбора
болои Кобулро чароғакҳо пахш карданд, ки шакли борони тирро
дошт. Чо-чо таркишҳое ба вучуд меомад, ки ба баландии 20-30
метр оташро боло мебаровард. Гоҳе садои тиру тУпи тонку
пулемёт ба гӯш мерасид. Шаҳри Кобул аз соати ҳафт cap карда
то соатҳои ду-сеи шаб ба шаҳри чароғакҳо табдил ёфт. Гузапгга
аз ин, чакиши сагҳо, овози даҳшатбори говону ҳайвонҳои дигар
саҳнаи фантастикиро ба хотир меовард. Бори аввал буд, ки
чангҳои Кобул ба ин шакл сурат мегирифг. Садои чархи тонкҳо
бо дуди сиёҳашон Кобулро боз ҳам даҳшатноктар месохт. Доду
фигони занону кУдакон то дер шунида мешуд. Муҳити чангии
Кобулро чунон сохтанд, ки касе аз хонааш баромада

219
наметавонист. Агар шахсоне аз наздикони Амин ва низомиҳои
содик ба У фирор карданй туда бошанд ҳам, дастгир гардиданд.
Табиист, ки чонибдорони Бабрак Кормал шаби 27-ум босамар
фаъолият нишон доданд. Маҳз онҳо буданд, ки баъд аз зиёфати
қасри Доруламон, раиси бехатарй - Асадуллоҳи Амин ва
вазирони кудратиро ба ҳабс гирифта, ҳамон шаб ба воситаи
намояндагии Аэрофлот ба Тошканд, барои «табобат»
фиристонданд. Яъне Аминро то қатлаш, аллакай, беқанот
гард он да буданд.

Дар вақташ Амин ҳам душманонашро , аз қабили Бабрак
Кормал, Анаҳито Ротибзод, Нурмуҳаммади Hyp ва даҳҳо
дигаронро дарбадар сохта буд. Акнун ин даста бо сардории
Бабрак Кормал дар бУстонсаройи Душанбе маътали он буданд,
ки Кобулро шӯравиҳо тинҷ кунанду онҳо дуюмбора ба кудрат
расанд. Ба ин чумла Ватанчору ГулобзУй, Муздурёр ва
Асадуллоҳи Сарварй илова шуданд. Ҳукумати нави Афгонистон
берун аз марзи он ташкил меёфт. Муҳимаш он буд, ки Амин ба
қатл расид. Вазоратҳои қудратй ба дасти шӯравиҳо гузашт. Хонаи
радио, телевизион ва почтаву Бонки миллй дар ихтиёри
амалиётчиёни Сокол карор гирифтанд. Мутаассифона, дар
муҳосираи бинои радио ва телевизион як точик ба ҳалокат расид.
Имшаб хоб аз чашмони мо парида буд. Соати даҳуними шаб баёнияи
Бабрак Кормал аз мавчи Душанбе шунавонда шуд. Сипае садои
мусиқии нарм садо дод. Ман дар балкон вазъияти шаҳрро тамошо
мекардам. Соатҳои даҳу ей дақиқаи Шаб буд, ки садои ҳавопаймои
ТУ-154^ болои Кобул пайдо шуд. Тахмин кардам, ки дар ин
ҳавопаймо Бабрак Кормал бо дастааш карор дорад. Соати дуву
чил дақика мусиқӣ хомУш шуду нотик эълон кард, ки ҳоло Муншии
умумии ҳизб ва Раиси ШУрои Инкилобй Бабрак Кормал баёнияи
сиёсй медиҳад. Кормал қарори ШУрои Инкилобиро аз 28-уми
декабр дар мавриди ба катл ҳукм шудани Амин кироат кард.
Ҳамзамон дар карор омада буд, ки чазо бар Амин ичро гардид.
Баъдан нотиқ чанде аз фармонҳои раиси давлатро оид ба таъини
вазирони нави Афгонистон ба иттилои мардум расойд. Чор вазири
гуреза вазифа гирифтанд. Мисоқро Абдулвакил иваз намуд.
Албатта, чунин карор сохтан расмиятро тақозо мекард. Ҳол он ки
Амин соати ҳафгу ей дакикаи шаби 27-ум дар касри Доруламон
ба дасти лейтенанта шУравй кушта шуда буд... Баёния ба поён
расиду дарвозаамро Горину Олимчон кУфганд. Горин аз ман
пурсид, ки касе бо радио ran мезанад, кист? «Бабрак Кормал
аст»,- гуфгам. У ҳайрон шуд, ки аз кучо ба ман маълум аст. Ман

220
гуфтам, ки ин садои Бабрак мебошад, садои Уро хуб мешиносам,
зеро солҳои 1971-73 дар ҳамсоягй иқомат мекардем. Олимҷон ҳам
дар аввал шӯхй фаҳмиду баъд боварй ҳосил кард. Баёнияи мазкур
дар ҳар ним соат пахш мегардид. Нотиқ ҳамоно эълонҳоро мехонд.
Мазмуни яке аз эълонҳо ба суроғаи вузарои хукумати Амин тааллук
мегирифг. Аз онҳо хоҳиш мешуд, ки 28-ум, соати даҳи пагоҳй
дар назди бинои ҳифзи муроқибати микрорайон чамъ шаванд.
Барой он мавзеи микрорайонро чойи чамъшавии ҳукуматиёни собиқ
интихоб карданд, ки онҳо асосал дар биноҳои сохти шУравии
микрорайон иқомат мекарданд. Баъзе аз вазирон ду-се кабати
биноҳоро ишгол менамуданд.

Қарибиҳои рУз хобам бурдааст. Пагоҳй ба балкон баромадам,
ки назди биноҳои мо тонкҳои шӯравй истодаанд. Болои тонкҳо
пур аз аскарбачаҳои рус буданд. Поён фаромада ба назди онҳо
рафгам. Сару рӯяшон дудхӯрда, либосҳояшон лойолуду дарида
маълум мешуд. Калашниковҳошон омодаи тир холй кардан буд.
Аз дур ба русй салом дода, гуфтам, ки нороҳат нашаванд, ман
худӣ ҳастам. Яке сигор пурсид. Афгонбачаеро, ки батарс -
батарс бо қутии соҷиқу сигорет давр мезад, садо кардам. Ба
аскарҳо сигор тақсим намудам. Ин лаҳза аз балконҳо шУравиҳо
тамошо доштанд. Онҳоро даъват намудам, то ки ба назди аскарон
биоянд. Завчаи Горину дигар занону мардон поён фаромаданд.
Аскарҳо гурусна буданд. Хона ба хона шуда, ҳар кас чизе аз
гизоворй донгг овард. Яке гУшти қуттй меовард, дигаре маскаву
нон. Онҳо намедонистанд, ки ба кучо омадаанд. Аз онҳо
пурсид ем, ки намедонед, ин чо Афгонистон аст? Сержанте гуфг:
«Аз кучо? Ба мо эълон карданд, ки душман ба ШУравй хучум
кардааст, тез омодаи сафар бошем. Моро ба ҳавопаймои низомй
шинонданд ва як ҳиссаи шаб аз парашют партофганд. Вақте ки
субх шуд, худро дар дашти бедолу дарахте дидем, ки моншнҳо
интизормон буд». Он дашт дар кадом самт қарор дошт, У
намедонист. Хулоса, тамоми Кобулро аскарону тонкҳои ШУравй
таҳти назорат карор доданд. Микрорайон ҳам пур аз тонку
аскарҳо гардид. Парчамиҳо. ҳар сари қадам моёнро табрик
мегуфганд. Халил - ходими бонкро дидам. Хушҳол буд. «Доктар
соҳиб! Дасти Маскав аст, дига», - гуфт. Ин табрик шарҳу эзоҳ
намесохт, зеро дасти Маскав набуданро инкор карда
наметавонистам. «Хо, ШУравй давлати абаркудрат аст. Амини
хоин читур нафаҳмид?»,- мегуфтанд афғонҳои шиносу ҳамкор.
Ман мегуфтам: «Оре, дасти Маскава худтон хостен, дига. Ин
хости Амин соҳиб ҳам буд, то ки миқдори каме аз низомиёни

221
Шӯравй ба кишвар ворид гардад». «Бале, бале», - гӯён тасдиқ
менамуданд.

Сию якуми декабр омад. Соли 1979 бо табаддулоти Сокол
ба поён расид. Мардуми Кобул биноҳову мавзеъҳои дар асари
«Амалиёти Сокол» вайроншударо дуруст мекунанд. Торафг
Кобул ба шаҳри низомӣ монанд мешуд. Дар кУчаву хиёбонҳои
он аз урдуи афғонй дарак набуд. Парчамиҳо ба фаъолияти
кофтукобй пардохтанд. Ҳама манзилҳои вузарову руасои
аминиро тафтиш менамуданд. Аз тарафи шаб ба «шикор»
мебаромаданд. То чое инҳо ҳам одати аминиҳоро такрор
мекарданд. Ногуфта намонад, ки ба асоси эъломияи ҳукумати
Бабрак Кормал, соати даҳи 28-ум ҳама вазирҳое, ки дар
микрорайон иқомат мекарданд, ба чойи таъиншуда ҳозир
гардиданд. Ду-се адад мошине омаду ононро бор карда чониби
зиндони Пули Чархӣ ҳаракат намуд. То як давраи муайян онҳоро
таҳти назорат қарор дода, гунаҳгорҳоро чазо таъин карда, ононе,
ки зараре ба давлату миллат наовардаанд, озод хоҳанд шуд.
Дар ин чумла Мисоқ, Панчшерй, доктар Шоҳвалй ва боз чанд
тани дигар шомил буданд. Дар тӯли беш аз як сол «рафтан»-и
Таракиро дидам, «омадан»-и Аминро ба мушоҳида гирифгам
ва ниҳоят ба сари қудрат расидани Бабрак Кормали
ҷенеролзодро шоҳид гаштам. Солҳои 1971-73 «рафтан»-и
Зоҳиршоҳу «омадан»-и Довудхонро дида будам. Дар байни
чор-панч соли охир ачаб тақдиру сарнавинггҳое сарварони
Афғонистонро насиб гардид. Оқибати омадану рафганҳо ба хайр
шавад, меандешидам дар худ. Таре аз он доштам, ки баъд аз
як ҳафта ҳузури урдуи шӯравӣ боиси норозигиву нороҳатии
бошандагони кишвар хоҳад шуд. Имрӯз, ки сию якум аст,
аллакай аз чониби мардум шиори «Афғонистон кофаристон шуд»
ба расмият даромад. Ин шиор минбаъд инкишоф хоҳад ёфт.

Бисту нӯҳум сӣ часади аскари шӯравиро интиқол доданд.
Захмиҳо хеле зиёданд. Шаҳрвандони шӯравй бист афғонигй чамъ
карданд, то ки барои захмиҳо сигарет харидорй шавад. Миёни
мардум суханҳое монанди «Аминро дар манзилаш куштаанд.
Лейтенанта шӯравй ногаҳон ба хонаи Амин даромада, Уро
мепарронад. Аз чумла духтури шӯравӣ - Кузмйченко ҳам ба
ҳалокат мерасад. Қасри Доруламонро ба хок яксон кардаанд»
ва ғайра бофтаҳову сохтаҳо паҳн мешуданд. Сию якум бо
ҳамсояҳо сари мизи солинавй нишастем. Сӯҳбат дар мавриди
«Амалиёти Сокол» сурат гирифт. Аммо ин истилоҳро на ҳар
шУравй медонист...

222
0Ғ03И СОЛИ 1980

Соли нави 1980-ро дар манзили хеш пешвоз гирифтам.
Олимчону Шералй бо завчаҳошой, Абдулмачид, шогирдонам
Оймуҳаммадову Судуров ва Файзуллоев чароги соли навии моро
равшантар карданд. То дер нишастем. Мардҳо ба хонаи
Олимчон гузаштанд, то ки соатҳои наздикиҳои субҳро
гузаронанд. Занҳо бо бачаҳо дар манзили мо монданд. Азбаски
вазъияти Кобул ҳоло ноором буду дар ҳама кор моро айбдор
медонистанд, Калашникови Шералиробазанҳододем. Базавчаи
Шералй тарзи истифода аз Калашниковро омУхтем. Хонуми
Шералй касби тиббй дошт. Зани хеле ҳушёру дунёдида буд.
Вақте ки ҳамаро хоб мебарад, У сандалиеро ба таги дарвоза
гузошта, болояш то субҳ бо тУфанг мешинад. Қарибиҳои рУз
Шералй аз хонаи Олимчон берун туда, ба завчааш чизе гуфганй
мешавад, зеро У бояд сари вазифааш ҳозир менгуд. Хонумаш
гумон мекунад, ки ягон «душман» дарвозаро мезананд, «Стой!
Кто идет?», гУён тирро ба тирдон тарақй карда, мезанад. Шералй
ин садоро шунида худро ба як гУшаи девор гирифта, «Хок бар
сарате, офитсери нохонда, шут мешаме»,- мегУяд. Завчааш қаҳ-
қаҳ хандида дарвозаро мекушояд.

Бо омадани соли нави 1980 метавон гуфг, ки дар Афғонистони
инқилобӣ марҳалаи сеюми он шурУъ гардид. Марҳалаи сеюм бо
сару садои дунёи байналмилалй огоз гирифт, ба ин маънй ки
тамоми дунё ҳодисаи 27-уми декабри 1979-ро тасарруфи
Афгонистон аз чониби ШУравй эълон мекард. Аз ин ки ШУравй
дохи л гардидани урдуи хешро ба модаи 51-уми конуни
Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида иртибот дода, дифои
Инқилоби Саврро баҳона нишон медод, расонаҳои хабарии
Аврупову Ғарб бисту чор соат ШУравиро маззамат менамуданд.
Афгонистонро забт кард, гУён чог мезаданд.

Якуми январ Ҳизби демократии Халқ 15-солашашро тачлил
намуд. Акнун ки Бабрак Кормал роҳбарии ҳизбро ба ӯҳда дошт,
гузориши сиёсй дода, аз чумла мавзУи вуруди Урдуи ШУравиро
қонунӣ эълон кард. У низ ҳамон гаперо гуфг, ки ШУравй барои
чаҳониён изҳор дошт. Дар поёни чаласаи бошукӯҳ ба ёдбуди
Акбари Хайбар ва Нурмуҳаммади Таракй сурае аз Куръон
қироат гардид. Ҳамзамон аксҳои калонҳачми ин ду поягузори
ҳизбро нишон доданд. Ҷенеролҳо - Ватанчор ва Кодир

223
табрикоти Ҳизби коммуниста шӯравиро ба забонҳои паштуву
дарй қироат намуданд. ИмрУз амри Кормал дар мавриди
кУчидани ҳукумат аз қасри шоҳй ба қасри «Чиҳилсугун» содир
гардид.

Нахустин иқдоме, ки Бабрак пиёда сохт он буд, ки 6-уми
январ дар мавриди озод кардани зиндониёни бегуноҳ фармон
баровард. Дар барномаҳои телевизионӣ ҳучраҳои маҳбусини
Деҳмазангу Пули Чархиро нишон медоданд. Ҳазорҳо одамон
бегуноҳ зиндонй шуда будаанд. Аминро хунхор меномиданд,
ки дуруст буд. РУзҳое, ки акнун Амин ба сари тахт нишаст,
дастае аз донишчУёну устодони Института политехникй ба
муқобили сиёсати Амин намоиш карданд. Онҳо алайҳи
беқонуниҳои Амин баромада буданд. Намояндагони Амин чанд
соате миёни намоишгарон мегарданд, аксҳо мебардоранд, ба
воситаи тамалуқхоҳон исми иддае аз раҳбаронро муайян
месозанд, сипас шабона ба «шикор» мебароянд. Такрибан, дусад-
сесад донишчУву устодро ба мошинҳои лорй (боркаш) мачбуран
савор карда, чониби шоҳроҳи Кобул - Ғазнй интақол медиҳанд.
Амри Амин он буд, ки ба дастгиршудатой тар наандозанд, тир
тарой аст, балки чоҳҳои ба дарозии панчоҳ метр ва чукурии
якуним метр канда, ҳамаи онҳоро ба он чо тела дода, аз болояшон
хок бор кунанд. Шоҳидон нақл карданд, ки даҳ-дувоздаҳ рУз
одамони зинда ба гУр бо ҳаёт мубориза бурдаанд, то ки худро
начот диҳанд. «Муқобилияти» онҳо ба он дарача будааст, ки
бисёре аз чойҳои чоҳҳо дарз пайдо намудаанд. Чонкании инсон
заминро меларзондааст, мегуфганд бошандагони деҳаҳои наздик.
Дар ин миён фарзанди Тоҳири Бадахшй, ки дар соли сеюми
Института мазкур мехонд, низ буд. Ҳол он ки Тоҳири Бадахшй
ҳам шаби аввали иди Курбони 1979 ба ҳамин шакл аз дасти
Амин ба қатл расид. Тасвири марги Тоҳири Бадахширо чойи
дигаре хоҳед хонд.

Дуюми январ сари вазифа ҳозир шудам, ки ду-се нафар аз
«дӯстон» дарвозаро кушоданд. Онҳо хеле хаста менамуданд.
Либосҳошон чиркин буд. Банда аз мушовирам чавоб гирифга,
ба истикболашон баромадам. Якдигарро ба оғӯш гирифгем. Зуд
мошин омода сохтам. Хона рафтем. Занак хУрок мепухт.
Ҳаммомро омода кардам. Онҳо ба навбат сару баданашонро
шустанд. Барояшон либосҳои тагпУш додам. Ришҳошонро
тарошиданд. Акнун ба шаҳрванди шУравй монанд шуданд.

Дастархон густурдам. Як шишаи бачой доштам, ки болои
миз гузоштам. Аз онон хоҳиш намудам, ки ҳоло сари мавзУ

224
сӯҳбат накунанд. Андак хастагиашонро бароранд, сипас сӯҳбати
асосиро идома хоҳем дод. Шитоб доштаанд. Хайр аст, гуфтам.
Гумон намекунам, ки боиси сарзаниш қарор бигиред. Онҳо
хушҳол шуданд. Ғизои табъи дилашон - манту ва ҳам гӯшти
буғшуда омада гардид. Ду-се соат сӯҳбат намудем. Бисёре аз
ҳарфҳои дар Тошканд гуфтаи каминаро дурурст донистанд.
То он вақт ки ба фаъолияти Кормал қаноатмандй ҳосил мешавад,
ин ҷо мемонам. Онҳо рафтанд.

Дар бадномсозии Шӯравй чун пештара Амрико ва Хитой
фаъолият нишон медоданд. Картер тақрибан девона шуда буд.

Ҳамарӯза зиндониёни сиёсиро озод менамоянд. Аз даҳ ҳазор
зиндонии сиёсй ду ҳазораш зинда мондааст. Ҳашт ҳазори
дигарашро Амин зинда ба гӯр андохта, аз болояшон бо тракторҳо
хок бор кардааст. Хонаводае набуд, ки аз он ду-се кас ба чазои
Амин гирифгор нашуда бошад. Як ҳафга аз табаддулоти декабри
сипарй шуд, аммо ҳеч не ки урдуи Шӯравй аз Афғонистон
бароварда шавад. Афғонҳо гумон доштанд, ки Артинш шӯравй,
ки мақсадаш Ҳукумати Аминро шикастан буд, баъд аз як ҳафга
дифои кишварро ба ихтиёри худи афғонҳо мегузорад. Аммо
онҳо шоҳид буданд, ки садҳо мошинҳои боркашу бензиндор аз
кӯчаву хиёбонҳои Кобул мегузангганду чониби Ҷалолободу Ғазнй
ва Қандаҳор ҳаракат мекарданд. Гирду атрофи Кобул
шаҳрчаҳои хаймагй пайдо мешуданд. Ҳар рӯз даҳҳо
шаҳрвандони рус ба майдони ҳавоӣ фуруд меомаданд. Ба ин
хотир рӯҳияи шӯравибадбиние, ки як сол қалб ба вучуд омада
буд, акнун бо ҳузури Армияи 40-уми шӯравй рӯ ба инкишоф
меовард, Террори зидди ҳарбиҳо оғоз мегирифг. Ин ҳафтадар
Қандаҳор се нафар русро ба катл расонданд. Боз се каси дигар
дар Бағлон ҳалок гардид, ки якеаш тарчумоне буд аз Уротеппаи
Точикистон. Овозаҳо зиёд мерасид, ки дар гУшаву канори
Афғонистон низомиҳои пиёдагарди мо талаф меёбанд.

Бабрак Кормал ҳоло ҳам аъзоёни ҳукуматашро эълон
накардааст. Баъзе аз касоне, ки ба ҳукумати нав бояд ворид
шаванд, берун аз марзи Афғонистон қарор доштаанд. Ниҳоят,
даҳуми январ дар ахбори бегоҳй ҳукумати Кормал эълон гардид.
Аз вазирҳои собиқ Исмоил Дониш нигоҳ донгга шуд. Панчшериву
Зерайро ба ҳайати Кумитаи Марказии ҳизб шомил сохтанд.
Тақдири Мисок номаълум аст. Мисле ки Уро дар ягон
нохалафии Амин шарик донистаанд. Нависандаи хубест. Ҳайф
мешавад, агар начот наёбад. Ба ин мақсад Бахтулин ва Табеевро
Диданам лозим аст. Ба мо маълум буд, ки Мисоқ фарди безараре

225
мебошад. У дар замони Таракиву Амин ҳамеша ба дифои
кормандонаш мебаромад ва намегузошт, ки раисони Вазорати
молияро коҳақ ба зиндонҳо партоянд. Рӯзи даҳум баъд аз чошт
ба сафорат рафгам. Бо Бахтулин назди Табеев даромадем. МавзУи
Мисоқро ба сафир фаҳмондам. Гуфгам, ки аз ҳукумати собиқи
Афгонистон агар як вазири содиқ ба шУравй бошад, ҳамон
Мисок маҳсуб мешавад, Табеев баъд аз андешаи чанддакиқай
розй шуд, ки Мисоқро озод намоянд.

Ёздаҳуми январ ҳама дарвозаҳои маҳбасхонаҳо кушода
шуданд. Ҳазорҳо бегуноҳон бо анчомҳошон аз ҳучраву бинои
зиндони Пули Чархй бо чеҳраҳои хандон мебаромаданд ва бо
хешу акрабо оғӯш мекаишданд. Бисёриҳо ашки шодй мерехтанд.
Рӯзи якшанберо рУзи фотеҳа эълон карданд, зеро садҳо касон
беному нишон нобуд шуданд. Дишаб завчаи Таракй ҳам, ки аз
зиндон бадар шуд, номаи ҳақоратомезе ба сурогаи Картер
фиристод. Нурбибии Таракй ҳарчи ки суханҳои кабеҳ медонист,
онро ба сару рУйи президента Амрико мезад. Чунон ки гуфта
будам, худи Амин дар як мусоҳибааш баён дошт, ки гУё хонуми
Таракй дар тирпарронии «Хонаи Хал к» ҳалок гардидааст. Ҳоло
Бабрак Кормал ба сифати раҳбари нави Афгонистон, ба
фаъолияти чиддй огоз накардааст. Табиист, ки ба
вазифатақсимкунй машгул аст. Тамоми волиёнро аз нав таъин
намуд. Парчамиҳо болои сандалиҳои мансаб баромадан доранд.

Дувоздаҳуми январ дар дафтари корам будам, ки занги
телефон шуд. Мисоқ буд. Хоҳиш кард, ки меҳмонаш шавам.
Дар чумлаи шаш вазири дигар Уро низ чавоб доданд. Бинои
истакоматии У аз мо чандон дур набуд. Аввал ба хона омада,
сипас ба манзили Мисок cap задан й шудам. Аскарҳо хостанд
силоҳамро гиранд, аммо фаҳмондамшон, ки банда шУравй
мебошам. Ичозат доданд. Ба кабати панч баромадам. Занги
дарвозаро пахш намудам. Ба рУям дарвозаро Манижабону
духтари Мисок боз кард. Мисок аз ҳучраи хурд, cap кашиду
баъд ба истикболам омад. ОгУш кашидем. «Ташаккур, ташаккур,
доктар соҳиб. Ту ҳастй ки як бечораи ҳазораро начот мебахшй.
Мефаҳмам, ин корй туст, вагарна гумон буд, ки аз он шабушхона
берун мешудам», гуфт Мисок. «На хайр, Мисок соҳиб. Банда
дар озодшавии шумо накше надорам, балки самимияти
шУравигароии шумо буд, ки боз ба назди хонавода баргаштед.
Шумо-ку гуноҳе содир накардаед. Фаъолияти шумо пеши
шУравиҳо равшан аст. Аз ин рУ, хуш омадед, ба манзилтон>;
гуфта сари мизи меҳмонй карор гирифгам. Мисок мУйи сарашро

226
кал карда буд. Андаке лоғар туда, чеҳрааш ҳам зардй дошт. У
аз мушоҳидаи банда пай бурд, ки гуфт: «Агар мУйи сарро
наметарошидам, метарсидам, ки зиёд дар маҳбас мемонаму
шабуш ҳучум меорад». Ваъдан қиссаи зиндонро нақл кард:
шароиташон бад набудааст. Вазирҳоро ба як ҳучраи шашнафара
чо карда, барояшон телевизор омода сохтаанд. Ҳамарӯза
иттилооти давриро мехондаанд. Мисок медонист, ки конякро
хуш дорам, онро бароям муҳайё кард. Хонаш пурнеъмат буд.
СУҳбат хеле лаззатбахш сурат гирифт. Аз Мисок савол кардам,
ки «Зиёфати бегоҳии 27-ум чй тур буд». У гуфт: «Зиёфат хуб
буд. ОбгУштро хУрдем. Бо Амин соҳиб худоҳофизй карда, ҳар
кадом ба мошинҳои хидматии хеш нишастем. Ёдам ҳаст, ки ба
кабати панч боло шудам, аммо бо ёрии чондорҳоям. Дарвозаро
кушоданд, дохили он шуданамро медонаму бас. Дигар чй рух
дод намедонам. Як вақт бед op гардидам, ки Бабрак Кормал
баёния медод». «Чаро ба ин ҳолат гирифтор шудед?, пурсидам
аз Мисоқ. «Хо, доктар соҳиб. Ба худтон маълум ас дига. Фикр
мекунам, ки ба ғизои ҳамагон тоблети мадҳушкунанда партофта
буданд. Вале мо аз Шӯравй розй ҳастем, ки Амини хоинро аз
байн бурд. Агар 27-ум Уро нобуд намекарданд, аъзоёни ҳукумат
тасмим гирифта будем, ки рУзи даҳи Ҷаддӣ (якуми январ)
Аминро аз тахт поин биёварем. Тир ба устухон расида буд...»
Сипае Мисок киссаашро идома дода, гуфт, ки чй навъ Амин
Таракиро фиреб дод. Амин касе буд, ки қавми ҳазораро зинда
гУрондааст, то ки тир масраф нашавад. Ба рУди Ому як ҳазору
дусад ҳазораро зинда ба оби ях андохтааст. Хулоса, иброз дошт,
Мисоқ, коре, ки Амин анчом дод, ягон ҳайвони ваҳшӣ анчом
дода наметавонист. Суханони аъзоёни Кумитаи Марказй дар
назди Амин ҳеч куввате надошт. Вақте ки Ҳизби халкй таъсис
ёфг, тамоми аъзоёни ҳизб ба Амин зид буданд ва чандин маротиба
Уро аз сафҳои ҳизб кашиданй шуданд. Аммо Таракй соҳиб вайро
дифоъ мекард. Замоне ки қудратро Таракй ба даст гирифт,
Амин ба таърифу тавсифи Таракй дода шуд ва дар натича Уро
кушт».

Мисок дар бораи Шӯравй суханҳои самими гуфт: «Ягона
дӯсти беғарази мо, Шӯравй маҳсуб мешавад», - изҳор дошт У.
Мисок маътали супоринш ҳизб буданашро таъкид намуд. Кадом
вазифаеро, ки барояш пешниҳод кунанд, ичро хоҳад кард.
Ҳамзамон У орзуи идомаи фаъолияти нависандагй дошт. «Аз
сиёсатмадорй фоидае нест», - хулоса намуд вай. Дар поёни
сӯҳбат бароям хабари хуше расонд. Дар шумораи ҳафтуми

227
«Ирфон» давоми мақолаи камина рӯйи чоп омадааст. Ду шумора
аз ин мачалла болои мизаш буд, ки якеашро тақдимам намуд.

Аз ин сӯҳбат бори дигар ошкор шуд, ки Тоҳири Бадахширо
кушта будаанд. Лаҳзае, ки Мисоқ бандаро гусел мекард, хеле
хушҳол маълум мешуд. Шояд яке аз беҳтарин соатҳои рӯзгораш
ҳамин соату рӯз буд, ки худро дар озодИ медид.

Ба ҳамин тарик, то 18-уми январ тамоми зиндониён озод
гардиданд. Дишаб дар барномаи телевизионӣ сӯҳбати чанде аз
маҳбусинро аз зиндони Пули Чархй пешкаши тамошобинон
гардонданд. Ҳар кадом аз чабру ситами Амин ҳарф мегуфт.
Марде панчаҳои дастонашро нишон медод, ки чи навъ
нохунҳояшро кашида буданд. Пиразане, ки дар даҳон як дандон
дошту се фарзанди чавонашро кунггаанд, аз Кормал тақозо
менамуд, ки Аминро ба ӯ нишон диҳад, то ки бо ҳамин як
дандони боқимондааш бадани вайро хуншор созад. Чабрдидагон
нақл мекарданд, ки зиндониёнро шабона ба сандукҳои калон
чой намуда, сипас як қатор тир мезадаанд. Баъдан бо чоҳҳои
тайёр теладода, болояшон хок мепУшондаанд. Табиист, ки бо
як қатор тир кушодан бисёре аз онон зинда мемондаанд. Аз ин
чост, ки чандин рӯзҳо замини дохили маҳбас мечунбидааст. Яъне
мачрӯҳини зинда ба гӯр чон мекандаанд. Ин шабу рӯзҳо фақат
гапи маҳбасу зиндониёнро мешунидем. Воқеан, одами бисёреро
дастгоҳи фашистии Амин нобуд сохта буд. Мардум ба ин
ақидаанд, ки ягон фашист мисли Амин одамкушй накардааст.

Пӯшида нест, ки Аминро Шӯравй маҳв сохт ва ҳоло ҳазорҳо
зиндониён бо ташаббуси маҳз Шӯравй маҳбасҳои кишварро пуигга
cap мекунанд. Дар бозору майдонҳои Кобул чеҳраҳои хандонро
зиёдтар дидан мумкин буд. Сарфи назар аз ин хубиҳо, мардуми
Афғонистон ШУравиро маломат менамуд ва алайҳи аскарони
мо муборизаро бошиддат месохт. Вазъияти имрӯзи Кобул даҳо
маротиба аз даврони Таракиву Амин бадтар шудааст. Ичозати
бозорравиву аз манзилҳо берун баромаданро надорем. Чунки аз -
ноҳияву вилоят ҳамарӯза хабарҳои нохуш мерасанд. Аскарҳо,
табиист, ки дар набард кушта мешуданд, аммо куштори
мутахассисон ҳам афзоиш мекунад. Дар Қандаҳор, Бағлон чунин
кушторҳо сурат гирифтааст. Ҳолатҳое ҳам шудааст, ки сари
шахси русро аз бадан чудо карда, пУсташро кашида, сипас ба
даште часадашро мепартофгаанд, то ки ғизои ҳайвонҳои ваҳшӣ
гардад. Гузашта аз ин дар шаҳрҳои Қандаҳору Ҳирот
коршиканй ва митингҳо ба муқобили ҳукумати нав ва ҳузур'
Шӯравӣ дар кишвар оғоз ёфтааст. Дар ин чода Амрикп

228
фаъолияти кашшофиву низомиашро дар сарҳадоти Афғонистон
инкишоф мебахшад. Амрикову Хитой то он чо, ки имкон доранд,
дастаҳои мучоҳиддини афғониро бо роҳбарии профессор Раббонй
ва Гулбиддини Ҳикматёр ривоч медиҳанд. Ба истилоҳи дигар,
дар Афғонистон чанги дуюми шаҳрвандй дар ҳолати шурӯъ
шудан аст. Дар мукобили ҳама дастаҳои ихвониву исломиву
дигару дигар Урдуи шУравй қарор мегирифг.

Чунин ба назар мерасид, ки Афғонистон таҳти тасарруфи
ШУравй қарор дошт. Маъмурини вазоратхонаҳо ба корашон
безавк маълум мешуданд. «Мулк, мулки шУравй шуд», -
мегуфтанд онҳо. «Шӯравиҳо кор кардан гиранд. Мо сад сол
бо инглис задем, то ки мулк аз худмон боша. Ҳоло ки мебинем,
ба ивази инглис рус омада...» Таҳлилҳои маъмурини афғонй
воқеият дошт. Чй хел метавон офгобро бо доман пУшонд? Акнун
ҳама корҳои вазоратхонаҳову муассисоти давлатй дар ихтиёри
шУравиҳо буд. Онҳо интизор мешуданд, ки мутахассиси шУравй
чй амреро барояшон медиҳад. ШУравй дигар илоче надошт.
Мехост намехост Афғонистонро мехУронду мепУшонд ва ҳам
ҳимояташ менамуд. Масрзфҳои ношумурдание иктисодиёти
ШУравиро пахш менамуд. Сарҳади Покистонро бастан лозим
меомад, аммо чй навъ, вақте ки ҳама кӯҳпора асту мучоҳиддин
хеле хуб чуғрофяёи кишварро медонанд?! Ҳатто дар як машвараи
низомиён чунин пешниҳод шудааст, ки ШУравй ба воситаи
неруҳои ҳавоиящ сарҳадрю назорат намояд. Бо ин роҳ мехостанд,
ки чандин вертолёту ҳавопаймоҳои МИГ-21 ва МИГ-23-и моро
зада афгонанд. Ичрои ин пешниҳод ҳеч имкон надошт ва ШУравй
ҳам розигй надод.

Дар Толуқон як дастаи неруманди мучоҳиддинро мағлуб
кардаанд. Самти шимол, ки бештар мардуми точику Узбекро
дарбар мегирад, нотинч шуда истодааст. Дар шаҳрҳои Кундузу
Баглон, Пули Ҳумрй ваТолукону Фархору Файзобод ва дигар
деҳу ноҳиёти ин минтақа гурезагони точику Узбек ва мардуми
Фаргона хеле зиёданд, ки солҳои бисту ей аз чанголи русҳо
начот ёфта, ин мулкро ватанй хеш қарор дода буданд. Акнун
медиданд, ки ба ин чоҳо низ рус cap даровардааст, табиист, ки
ҳама молу дороие, ки доштанд, ба мучоҳиддин мебахшиданд,
то ки русҳоро аз мулкашон зада берун кунанд. Дар даҳ-бист
рУзи салтанати Бабрак Кормал ҳама табақаҳои ичтимоии
Афгонистон дар мукобили ШУравй қарор гирифтанд. Шояд
андаке табақаи мансабдор, ки ба шарофати ШУравй курсинишин
шуда буданд, ба ШУравй эътиқод зоҳир менамуду бас. Урдуи

229
афғон низ асокири шУравиро чашми дидан надошт ва пУшида
намемонд, ки онҳо дар бисёре аз набардҳои муштарак аскарҳои
моро аз пунгги cap мезаданд. Хабарҳо мерасид, ки аз Точикистон
чавонони зиёдеро ба чанги Афғонистон даъват намудаанд. Дар
ин чумла шахсони соҳибмаълумоти дар хорича хизмат кардаҳо
низ буданд. ДирУз тасодуфан дотсенти Донишгоҳи давлатии
Точикистон Саид Фузайловро дидам, ки бо низомиён буд.
Тасаввур мекардам, ки бисёре аз ҳамдарсону ҳамкорони бандаро
низ ба Афғонистон сафарбар кардаанд, ки ҳоло бароям
номаълуманд.

Дар рӯзномаи «Правда» аз 15-уми январи соли 1980 дар
мавриди кушандагони Таракй мақолае рУйи чоп омадааст. Он
чо зикр мешуд, ки рӯзи ҳаиггуми октябри соли 1979 бо супориши
Амин, капитан Абдулҳудуд, лейтенанта хурд - Муҳаммад
Иқбол, ки сардори муҳофизини Амин будааст, РУзй ва сард ори
нерУи Амин Ҷондод ба ҳучрае, ки дар қасри «Хонаи Халқ»
Таракй ҳабси хонагй буд, даромада, Уро бугй карда куштаанд.
Часадашро аз шаҳр берун бароварда гУрондаанд. Аз гУри У то
ҳол касе хабар надорад. Чунон ки маълум буд, нӯҳуми октябр
дастгоҳи Амин ҳалоката Та раки ро ба расмият даровард. Умуман,
матбуоти шУравй дар бораи вокеота Афгонистон хеле муфассал
менавишту мегуфг.

Дар дохили ин ҳама задухУрдҳо қарор дошта, кӯшиш
менймудам, ки аз ихтисос фаромУш накунам. Чанд рУз кабл аз
ҳисоби дуздидани хоби шабона мақолаеро оид ба устод С. Айнй
ба поён расонда, ба Назиҳй додам, то ки дар «Ирфон» чоп
намояд. Дар шумораҳои 6, 7- и «Ирфон» мақолаи думболадорам
таҳти унвони «Нигоҳе ба насри дарй пас аз Инкилоби
занчирншкани Савр» чоп шуд, ки ҳаигг саҳифаи мачалларо банд
сохтааст. Ният дорам, ки дойр ба мавзУи «Образи бадей чист?»
навиштаеро ба поён расонам. Ин маколаро низ оқои Назиҳй
таҳрири дарии Кобулй хоҳад кард. Хуб аст, ки чунин
ҳамкориҳои фарҳангй бо донишмандони афғонй сурат мегиранд.
ДонишандУзии банда идома меёбад...

Харчи ки каминаро азоби рӯҳй медиҳад, сару садоҳои чаҳони
берун дар мавриди Афғонистон мебошад. Ин кадар
мазамматҳое, ки ҳамашаба мешунавам, чанд чилд китоб хоҳад
шуд. Бабрак Кормал дар иҳотаи мушовирини шУравй карор
дошта, ягон иқдомро бе маслиҳати онҳо анчом намедиҳад. Агар
атрофиёнаш аз роҳи шУравипарастй назанандаш ва аз худсари
шаркй кор нагирад, имкон дорад, ки се-чор сол ҳокимият куна/-,.

230
Вале психологияи коммунистафғонҳоро хуб мешиносам. Онҳо
ҳар коре анчом медиҳанд, ба хотири мансаб аст. Аз мансаб, ки
кашида шуд, алайҳи давлати вақт ба мубориза мепардозад. Боз
ҳам хавф аз он чост, ки мардум сохти пешгирифтаи Кормалро
намехоҳад. Дар ин чумла бисёре аз руасову вузаро ҳузуру
маслиҳатҳои моро намепазиранд. Мае алан, Абдулвакил, ки бачаи
холаи Кормал аст, ба мушовирин чандон робита намегирад.
Ҳини сӯҳбатҳо бо чеҳраи нимхандаву нобоваронае ба ҳарфи
мушовирон гӯш медиҳад. Мушовирони Вазорати молия хеле
кУшиш мекарданд, ки Абдулвакил қабулашон намояд, аммо У
изҳор медошт, ки «зарурат надорад». Вале бо мо - точикҳо,
лутф мекард. Ҳамеша аз ҳолу аҳволамон бохабар мешуд.

Ҳавопаймоҳои борбардори шУравй рУзе чанд маротиба ба
майдони ҳавоии Кобул фуруд меоянд. Бори онҳо аз маводи
хУрока иборатбуд: гУшт, орд, равған, ҳамчунин, собуну гУгирду
намаку сару либоси аскарй интиқол медоданд. Чунин ҳолат дар
дигар вилоятҳои Афғонистон ба мушоҳида мерасид. Баъд аз
«Амалиёти Сокол» кудрати низомй ба’ихтиёри Урдуи 40-ум
гузошта шуд, ки сарварии онро ченероли хеле чавон Громов ба
ӯҳда дошт. Маршал Соколов низ гоҳ-гоҳе бо ҳавопаймои
вобастаи хеш ба Кобулу Қандаҳор пайдо мешуд. Ногуфга
намонад, ки талаву торочи мағозаву хонаҳои бошандагони
кишвар оҳиста-оҳиста аз чониби аскарони мо оғоз мегирифг.
Ҳатто ночавонардоне дар либоси аскарй шУравй ба тачовуз ҳам
даст заданд. Албатта, ҳар Навъ чанг аз чунин ҳолатҳои нохуб
берун монда наметавонад. Аммо ШУравиро мо барои афғонҳо
ҳамчун намунаи ибрат муаррифӣ мекардем. Расонаҳои хабарии
I арб аз ин навъ ҳодисаҳо истифэда бурда, мардумро ба муқобили
ШУравй омода месохт. Бисту дуюми январ ба воситаи радио ва
телевизион дар бораи кушта шудани Таракй ҳарф заданд.
1 аракиро ҳафтум-ҳанггуми октябр се афсари афғон дар ҳузури
шахеи Амин буғй карда куштаанд. Завчаи Таракиро баъди ду
рУзи ба сари тахт омадани Амин ба зиндон андохтаанд. Қотилон,
ки ба даст афгода буданд, пушаймонй мекашиданд ва мегуфтанд,
ки онҳо амри Аминро ичро кардаанд, вагарна ба чунин куштор
дасташон пеш намерафгааст. Тавре ки мебинем, ҳоло ҳам ҳодисаи
ба катлрасии Таракй чандон равшан нест. Яъне ба тасвири ин
куштор дертар хоҳем баргашт...

Неруҳои низомии Хитой дар сарҳади Покистон чамъ
омадаанд. Чи хеле ки урдуи шУравй дар якчоягй бо урдуи
афғонй алайҳи мучоҳиддин мечангад, Хитой низ акси ин

231
набардро анҷом доданй аст. Воқеан, дастаҳои мучоҳиддин бо
асокири чиной омезиш ёфта, дар самти шимолу Қандаҳор
муваффақона зидди мо мечангиданд. Дар айни замон давлатҳои
Амрико, Хитой, Покистон, Инглистон ваШӯравй ба Афғонистон
машғуланд, ки ҳар кадом манфиатҳои худро дорад. Ба ҳисобе
ҳафтод ҳазор аскари мухолифин омодаи гузаштани сарҳад
чониби Афғонистон мебошад. Маълумотҳои кашшофй мегуфтанд,
ки Амрикову Хитой ба сарзамини Покистон аслиҳаи чангии
зиёдеро ворид сохтаанд.

Ахбори хориҷӣ телегроми табрикии шӯравиро ба Бабрак
Кормал таври худ маънидид менамуд. Аз ин ки дар телегром
танҳо имзои Л.И. Брежнев гузошта шуда буд, гУё Косыгин ба
ҳузури артиш дар Афғонистон муқобил будааст. Шояд Косыгин
зид бошад, аммо телегроми Л.И.Брежнев ба суроғаи Муншии
умумии ҳизби Халқ равона гардида буд. Яъне Л.И.Брежнев
ҳамчун Муншии умумии ҳизби Коммунист, Бабракро ба сифати
аввалшахси ҳизби Халк табрик мегуфт. Баъд аз пахши ин хабар,
«Садои Олмон» санги дигаре сӯи ШУравй андохтанй шуда, дар
мавриди академик Сахаров маълумот дод, ки аз хоки ШУравӣ
бароварда шудааст. У дар Вена иқомат мекардааст. Хонумашро
ба ҳабс гирифтаанд ва дигар ҳарфҳои зиддишУравй идомаи
барномаи имшабаи «Садои Олмон»-ро ташкил медод.

Зимистони имсолаи Кобул боз ҳам сард омад. Барф пайи
ҳам меборад. Кас сари он ба андеша меравад, ки ин қадар
аскарони мо, ки дар хаймазорҳо рӯзгор мебинанд, чй ҳоле дошта
бошанд. Дуруст аст, ки аз Фарғона зуғолу чУби сӯхт ва
соляркаву дигар маводи мавриди заруратро барои урду таъмин
мекарданд. Сармой сахт дар пеш буд. Боз ҳам вазифаи
интернатсионалистй моро водор месохт, ки ба ҳар навъ мушкилй
тобовар бошем.

ТАРАКИРО ЧӢ НАВЪ КУШТАНД?

Вазири корҳои дохилии кишвар ГулобзУй ба воситаи
телевизион гузориш дода, мавзУи хиёнаткориҳои Аминро ошкор
сохтанй мешуд. Эшон ҳуччатҳоеро ба даст овардааст, ки аз
табаддулоти низомии Амин рУзи 29-уми декабр шаҳодат
медоданд. Амин бо анчоми табаддулоташ Афғонистонро исломй
эълон медоштааст, ҳамоне ки Гулбиддину Раббонй мехостанд
Дар ҳуччати дигаре исмҳои ГулобзУй, Мисоқ, Ватанчор, Зеран

232
ва Панчшериро мехонанд, ки бо фармони махсусе ба қатл ҳукм
мешудаанд. Дар мавриди Ҳукумати исломии Амин низ маълумот
ёфтаанд. Ҳ.Амин раиси Ҷумҳур, Гулбиддин Ҳикматёр садри
аъзам муаррифй мегардидаанд. Дигар аъзоёни ҳукумати исломй
аз ҳисоби мучоҳиддин интихоб мешуданд. Дар ин ҳайат исми
профессор Раббонй зикр намешуд, зеро У точик буд. Дар
Афғонистон ҳеч точикро ба сари қудрат роҲ доданй набуданд.
Барой паштунҳо давлатҳои хоричии манфиатхоҳе монанди
Амрико, Русия ва Инглистону Покистон ҳаштмоҳа ҳукумати
Бачаи Сақо басанда буд. Минбаъд ҳам сиёсати давлатҳои
абарқудрати дар мавриди ташкили давлати Афғонистон чунин
хоҳад буд. Масалан, омадани точик ба сари қудрат ШУравиро
қаноатманд намекард, зеро метарсид, ки дар оянда Афғонистон
бо Точикистон мепайвандад ва як давлати муташаккили точикй
ба харитаи чаҳонй ворид мешавад... Ҳатто ҳуччатеро ҳам ГулобзУй
ошкор сохт, ки дар арафаи соли нави 1980, дар зиёфати
бошукӯҳе аз чониби Амин барои шУравиҳо таҳия гардида,
пешбинй шуда будааст, ки саркардаҳои шУравии муқими
Кобулро чисман нобуд месохтааст. Дар айни замон шаҳрвандони
шУравиро дар дигар манотиқи кишвар cap мезадаанд. Дар
Вазорати молия низ тагйироти кадрй сурат гирифт. Абдулвакили
парчамй раиси Бонки миллй ва раисони муассисаҳо аз
вазифаҳошон барканор сохта, ҳамфикрони хешро мукаррар
кард. Қартаи сиёсат рУйи дигар гардонда шуд. Вақти ба сари
Кудрат омадани парчамиҳо тамоми дафотири «Халқй»-ҳо тагу
рӯ мешуд. Инҳо мехостанд, ки хоинии Аминро бо дастааш ба
воситаи ҳуччатҳову шоҳидони ҳаводис ба мардум ифшо намоянд.
Парчамиҳо ҳам баъзе шоҳидонро месохтанд, чи навъе ки Амин
дар мавриди хоин баровардани Бабраку тарафдоронаш ачом
дода буд. Амин ҳам аснодеро пеш оварда буд, ки гУё Кормалу
Анаҳито, Нурмуҳаммади Hyp ва амсоли онон, ки
сафоратхонаҳои Афгонистонро дар давлатҳои хоричй ба Уҳда
доштанд, молу мулки сафоратҳои хешро дузида, фирор
кардаанд. Бо ин баҳона дар яке аз мачлисҳои раёсати ҳизб
эшонро аз сафҳои ҳизби Халқ хорич намуд. Сиёсат чизест, ки
ҳама шайтониву дурӯғбофиҳоро бардошта метавонад.

РУзномаи «Ҳақиқати Инқилоби Савр» аз дуй Далви 1358
(22.01.80) маводеро ба чоп расонд, ки дар бораи аз чониби
гумонггагони Амин чй навъ ба қатл расидани Таракй маълумот
медод. Мухаммад Иқбол, ки дар ин куштор иштирок кардааст,
ба саволҳои муфаттиш чавоб мегУяд. Аввалан икрор мешавад,

233
ки ин ҳодиса ба амри бевоситаи Амин сурат бастааст. Рӯзи
ҳаштуми октябр, қабл аз ин ки ТаракИ кушта мегардад, қабри
Уро дар паҳлуи гУри бародараш, ки як сол муқаддам фавтида
буд, мекананд. Хишту дигар лавозимоти гУрро омода месозанд.
Барояш кафан ҳам пайдо мекунанд. Сипае Вадуду Иқбол ва
РӯзИ ба ҳучраи ТаракИ дохил туда, дастҳояшро баетанй
мешаванд. ТаракИ муаддабона соати кисагй ва корти ҳизбиашро
бароварда ба онҳо медиҳад ва хоҳиш мекунад, ки ба Амин
биспоранд. Ҳамчунин аз дохили чомадонаш 45 ҳазор афғониро
гирифта, ба қотилон медиҳад, то ки ба касе аз кавмаш, агар
зинда монда бошанд, бидиҳанд. Сипае дастҳояшро ба пеш дароз
намуда, як стакон оби ях хоҳиш мекунад. Вале обро барояш
намеоранд. ГУё вақти амалиёти куштан азобаш зиёд мешудааст,-
мегУяд Иқбол. ТаракИ муқобилияте нишон намедиҳад. Во амри
Рӯзӣ «ТаракИ соҳиб, хоб кунед, истироҳат кунед», у болои кат
дароз мекашад. Баъдан РУзй лУлаболиштеро болои даҳону бинии
ТаракИ гузошта зер мекунад ва дуй дигареро мефармояд, ки
болои пойҳои ТаракИ бароянд, то ки почак назанад. Ҳамин тариқ
Таракиро бечон мегардонанд. Секаса часадро рУйи ҳавлй
бароварда, ба мошини «Ландвор» гузошта ба қабристон мебаранд.
Он чо либосҳои часадро кашида, ба кафан мегирандаш. Баъд
ба гУр гузошта, даҳони лаҳадро бо хишту сангу оҳан маҳкам
карда, хок мепУшанд. Аммо Иқбол дар кадом кабристон дафн
шудани Таракиро намегуфг. Таракиро чаноза ҳам намекунанд,
зеро шоҳидон зиёд мешуданд. Дар он сурат шоҳидонро куштан
пеш меомад. Аз ин се котил РУзй фирор кардааст ва дар кучо
будани У маълум нашудааст. Банда ба воситаи баъзе ҳолдонҳо
дар кадом қабристон дафн шудани Таракиро медонистам.
Гӯристоне ҳаст пушти сари қасри шоҳй ба самти гУшае аз Шаҳри
Нав, ки бисёре аз авлодони шоҳӣ ва ашрофзодагони Кобул он
чо мадфунанд. Чанд сол буд, ки ба он чо мурдаи тоза гУр
намекарданд. Қабристон аз чор гУшааш бо хонаҳои дуқабатаи
навъи катедж иҳота мегардид. Дуруст мегуфтанд, ки паҳлуи
гУри бародараш қабр шудааст. Ду-се рУз қабл меҳмони доктор
Човид гардидам. Човид яке аз чеҳраҳои шинохтаи Афгонистон
дар боби забону адабиёт маҳсуб мешуд. Давроне раиси
Донишгоҳи Кобул буд. Акнун дар Академияи улуми Афгонистон
ифои вазифа дошт. Эшон бандаро ба толори пазирой даъват
намуд, ки дар қабати дуюм қарор гирифгааст. Толори барҳавое
буд. Аз он чо гирду атрофи Кобулро ба хубй тамошо кардан
мумкин аст. Ин лаҳза чашмам ба гУристоне афтид, ки қабри

234
тоза надошт. Аз Човид савол намудам, ки ин чй мазорест, ки
тақрибан бо замин яке шудааст. «Оре, - гуфт, доктор Ҷовид.
Ин гӯристон дар собиқ ба авлодони шоҳону амирон хизмат
менамуд. Таракй соҳибро низ ин чо гУронда буданд, ки ба
наздикӣ парчамиҳо оташаш заданд». Гумон кардам, ки соҳибхона
шӯхй дорад. «Доктар соҳиб, чй магар Таракиро мазоҳ мекунед»
«На хайр, Худойназархон. Шабе аҳли хонаводаи мо аз ҳамин
толор шоҳиди сУхтани гУри Таракй буданд». Чй навъ боз савол
кардам аз Човид. «Такрибан соатҳои дувоздаҳ-яки шаб буд.
Мошине дуртар аз гУристон брек кард(тормоз кард). Азбаски
парчамиҳо акнун ба кудрат расида буданду шабона шикори
одамони номувофиқашонро мекарданд, садои мошин моёнро
ҳушёр месохт. Аз ин рӯ, чароғҳоро хомУш намуда, ба он мошин
мутаваччеҳ шудем. Се-чор кас дар даст як конистр
петрул(бензин) назди гУри Таракй қарор гирифтанд. Онҳо як
оҳани мехмонандро болои лаҳад гузошта бо чакуши вазнин
кУфтанд ва сипас петрулро аз он сУроҳ ба дохили кабр равон
карданд. Яке аз онҳо гУгирд заду дуй дигар ба қафо гурехтанд.
ГУр оташ гирифт. Аз он сурохй оташ боло мебаромад. Онҳо
саросемавор ба мошинашон нишаста гайб заданд... Бовар кунед,
Худойназархон. Ин афгонҳо мардуми баданд. Аз мурда ҳам
Касос меситонанд», -гуфт дар интиҳои қиссааш доктар Човид.
Бо шунидани ҳикояти сУзондани гУри Таракй лаҳзае аз сухан
мондам. Чй гуфганамро намедонистам. Таърих чунин саҳифаҳоро
ҳам мепазируфгааст, -изҳор доштам сӯйи Човид. «Бале, бале,
доктар соҳиб. Ин парчамиҳо аз халқиҳо ҳеҷ мондание надоранд.
Фақат дилам ба Шӯравй месУзад, ки ба хотири Афғонистон
шармсор мешавад», -таъкид намуд доктар. Ачаб тақдирҳое
сиёсатмадоронро насиб мегардад, - гуфтам дар дил. Ин кисса
нисбати парчамиҳо нафратамро зиёд намуд, аммо вонамуд
намекардам, то ки Човид нафаҳмад. Зиёфати оростаи доктар
Човид боиси донишандУзиам гардид. Эшон сари забони форсй
ва муштаракияти он бо дариву точикй баҳс орост. Мавсуф
китобхонаи гание дошт. Садҳо чилд китобро дар бар мегирифг.
Хонуми доктар ҳам бонуи ашрофие буд. Хеле бафарҳанг маълум
мешуд. Фарзандони Човид дар хоричи кишвар иқомат
доштаанд.

Дар шумораи навбатии «Ҳақиқати Инқилоби Савр» мақолаи
ГулобзУй ба нашр расида буд. Вазири номбурда, ки бо ёрии
ШУравй аз чанголи Амин 14-уми сентябри соли 1979 халос хУрда,
фақат архивҳои Доруламонро варақ мезаду мардумашро бовар

235
мекунонд, ки Амин аз Гитлер ҳеч мондание надошт. ГулобзУй
ба Гулбиддини Ҳикматёр 65 миллион афғонй фиристодани
Аминро ошкор месохт. Бо сарвари ихвониҳо дар Покистон
мувофиқа шуда буд, ки 29-уми декабр табаддулот мекунанду
кудратро бо сохтораш тағйир медиҳанд.

Тақрибан рУзномаву радио ва телевизион ба ифшои
кушандагони Таракй банд ҳастанд. Яке аз қотилони Таракй —
Вадуд ба воситаи радио чй навъ Таракиро ба катл
расонданашонро нақл намуд. У низ гуфгаҳои Икболро такрор
кард. Фақат вақти pyx додани ҳодисаро ҳар хел шарҳу эзоҳ
медоданд. Ҳарфи тозаи Вадуд он буд, ки катл дар «Кутии
боғча», ки рӯйи ҳавлии қасри шоҳӣ карор дорад, сурат мегирад.
Он чо катҳои оҳании симбоф доштааст. Таракй хоҳиш мекунад,
ки барояш кати чУбй биёранд. Назар ба нақли Вадуд Таракй то
рӯзи 8-ум бо завчааш якчо буданд. Танҳо ҳамин рӯз онҳоро аз
якдигар чудо сохтаанд. Чанд рУзи аввали ҳабси хонагй шудани
Таракй муҳофизонаш - Косим ва Бабрак бо эшон будаанд. Шабе
онҳоро ба мошин савор карда, ба фирқаи чор (қароргоҳи урду)
бурда, рУйи замин шинонда, аз пушти сарашон парронданд.
Сипае андаке заминро чукур карда, ба он чо мегузоранду аз
болояшон хок меандозанд.

ИДОМАИ ВОҚЕАҲОИ ОҒОЗИ СОЛИ 1980

ИмрУз, ки 24-ум аст, аз устодам С.Табаров, ҳамкорам
Асадуллоҳ Саъдуллоев ва бародарам Ҷумъахон нома шрифтам.
Бародарам менавингг, ки дар Душанбе мардҳоро ба аскарй даъват
намуда, сУйи Афгонистон мефиристанд. С.Табаров ҳам аз ин
мавзУъ ёдовар шуда, ба Афгонистон сафарбар шудани писари
АшУров Ҳалимро, ки инженер аст, хабар медод. Албатта,
точикҳоро бо артиши рус омезиш дода, бенггар ононро ҳамчун
тарчумон истифода менамуданд. Асадуллоҳи рУзноманигор
бошад, мехост муносибати Мисокро бо Амин фаҳмад. Яъне агар
Мисок бо Амин шарик мешуд, дар борааш чизе чоп кардан
душвор буд. Мақолаи банда оид ба Мисок дар дасташ карор
донгг ва онро дар «Маориф ва маданият» бояд ба нашр мерасонд.
АфсУс ки ҳоло ҳам ба Мисоқ вазифаеро пешниҳод накардаанд,
ҳол он ки ҳамарУза дар «Хонаи Халк» пушти мизи ҳизбй карор
дорад.

236
Бистуми январ бо аҳли хонавода ба табрики хонуми Шералй
Саидов бояд мерафтем. Ба ин хотир аз бозори микрорайон
тӯҳфачае омода сохтанам зарур шуд. Назди дУконе чанд тан аз
низомиёнро дидам. Онҳр хабари нохушеро бароям гуфтанд. ГУё
дар Кундуз яке аз ҳамдарсони омУзишгоҳиву донишгоҳиям
Ҳомидов Тағай ҳалок шудааст. Марди донишманде буд. Дар
факултети шарқшиносй даре мегуфт, чанд муддат дар Ирон
ҳам ифои вазифаи тарчумонй довдг. Забони русиро аъло медонист.
Рисолаи номзадиаш'дар арафаи дифоъ буд. Ҳайф шуд.
Фарзандонаш хурд бепадар гардиданд. Тағай аз мактаби
махсуси ҳарбй гузашта буд. Вақте ки дар рухсатй будам, бо У
дидор тоза намудам. Аммо фурсати чое нишастану сУҲбат кардан
надоштем. Рӯзи аввали моҳи январи соли 1980 дастаи ҳарбиёнеро
аз Тирмиз ба хоки Афғонистон ворид сохтанд, ки дар он чумла
Ҳомид Тағай низ буд. У бо шахси олимансаби ҳарбие дар мошине
менишаст. Бояд ба Кундуз мерафтаанд. Тагай дар паҳлУи
ронанда менишаст. Дар як ҳиссаи роҳ мучоҳиде ногаҳон ба
онҳо тир холй мекунад. Лаҳзаи омодагии мучоҳидро У ба
мушоҳида шрифта, барои тир ба чонаш нахУрдан сарашро болои
зонувонаш паст мекунад. Вале тири нохалаф пешорУи мошинро
шикофта ба гардани Тағай бармехУрад ва баъд синаи афсари
русро сурох месозад.

Ин ҳодиса 13-уми январи соли 1980 ба вуқӯъ пайвастааст.
Онҳоро то шифохона мебаранд, аммо дер шуда буд, ҳардуяшон
ҳалок мешаванд. Баъд аз сездаҳ рУз часадашро ба хонаи
душанбегиаш интиқол дода, сипас барои дафн ба зодгоҳаш
Кадучии ноҳияи Восеъ мебаранд. Ёдаш ба хайр бошаду гУраш
обод. Чунин мардони начиб имрӯзҳо даҳҳо-даҳҳо ба хотири
дифоъ аз Инқилоби Савр чон ба ҳак таслим менамоянд. Баҳри
чӣ? Марги ин қабил касонро мешунаваму ба сиёсатмадорони
ношуд нафратам меояд. Чаро ба хотири мансаб чони инсонҳоро
нисор месозанд? Сад афсУс, ки як тан аз ҳамсолони банда, хеле
чавон аз дунёи равшан ноумед рафг. Серго Шарифови арабшинос
ва муаллими Донишгоҳро дар хайрхонаи Кобул дидам.
Хайруллоҳ Сирочеви дУсту ҳамдарси донишгоҳиям, ки курсҳои
низомиро паси cap карда буд, дар кадом гУшаи Афғонистон бо
русҳо будагист. Агар бандаро ба ин роҳ намефиристонданд,
ҳатман бо дастаҳои феълии ҳарбй сафарбар мегардидам.

Дар хонаи Шералй чамъ шудем. Олимчон бо завчааш ҳузур
доштанд. Ман хеле хастаю зиқ будам. Гиря гулУгирам мешуд,
аммо ба хотири маъракаро вайрон накардан тоқат мекардам.

237
Зиёфат олй буд. Абдулмачид хушгапй мекард. Аз банда низ як
қадаҳ нӯшиданро хоҳиш карданд. Ба саломатии янга бардонггем.
Таҳмина бо писарчаи Шералй бозй мекард.

Коняк андаке сархувдам карду Олимчонро,_ки ҳамдарси
донишгоҳияш буд, аз марги Тагай огоҳ сохтам. У якбора «чй,
чй, шӯҳӣ накун,. Худойназар» гуфт. Салимабону ҳам зуд
гУшҳояшро чониби мо карор дода, чй ran аст, ба акай Тагай чй
шудааст, гУён гиряро cap дод. Олимчон ҳам ба гУшае рафту
гиряи талхе кард. Хонуми банда низ, ки Тагайро хуб мешинохт,
нороҳат гардид. Фақат ду кУдак парвои чизе надоштанд ва
ҳамоно барои бозичаҳо шуда, байни худ чанчол мебардоштанд.
Олимчон ҳоло ҳам бовар намекард. Шералй тарчумони
қумондони шаҳри Кобул буду барои зодрУзи завчааш шуда, бо
шефаш сари дастархон карор дошт. Дар айни сӯҳбати гарм,
якбора занги дарвоза баланд шуду кадом афгоне хабар овард,
ки дар Кутии Парвон ронандаи кумондонро паррондаанд.
Мақсад куштани қумондони Кобул будааст, вале тир батарафи
чапи ронанда хУрда, ҳалокаш кардааст. РУзи кумондон тамом
нашуда будааст, ки ба зодрУзи завчаи тарчумонаш меояд. Бо
шунидани ин хабар Шералй ва кумондон зиёфатро тарк гуфганд.
Хулоса, зодрУзи хонуми Шералй халалдор шуд. Мо низ бо
табъи хира сУйи манзили хеш равон гардидем.

Дар атрофи чи Кобул ва чи дохили навоҳй аскарони моро
ба воситаи сочиқу сигорҳои заҳролуд нобуд месохтанд. Вакте
ки аскарон аз байни кариячот мегузаранд, ба онҳо меваи тар
пешниҳод мекунанд, ки дар натича заҳролуд шуда, баъд аз
соате курбон мегардиданд.

Тавассути радио баъзе имтиёзҳои давлатро барои мардум
эълон карданд. Як сир (8 кг) гандум - 70 афғонй. Сири чУби
сУхт - 18 афгонй мукаррар гардид. Нархи гӯшт дар
қассобхонаҳо меафзуд. Нарху наво минбаъд аз тарафи давлат
таҳти назорат карор хоҳад гирифт. Бабрак Кормал
мурочиатномаашро ба мақоми мазҳабиёни кишвар қироат намуд.

Олимчон барои дуруст будани қатли Тагай ба назди ҳарбиён
рафта, савол мекунад. Онҳо тасдик мекунанд. Баъд аз 25-уми
январ дар дӯконҳо боз гУшт фаровон шуд. Дар вазоратхонаҳо
тамоми аксҳову шиорҳои Аминиро поён карданд. Амин чанд
рӯз аксҳои Таракиро бо шиорҳояш фаровард, акнун Кормал
аксҳои Аминро бо ҳарфҳои таърихиаш чамъ менамоянду табиист,
ки чояшон таҳхонаҳо мешавад, то ки хУроки каламУшҳо гарданд.

Бисту ҳафтуми январ шуд. Ин таърихро ҳамчун огози

238
марҳалаи дуюми Инқилоби Савр эълон кардаанд, ки нодуруст
аст, балки марҳалаи сеюм бояд бошад. Ман марҳалаи дуюм ба
сари тахт нишастани Аминро меҳисобам, ҳарчанд ки он се моҳ
идома ёфт. Маҳз марҳалаи дуюм омад, ки ҳабсхонаҳои
Афғонистон аз «мариз»-ҳо пур шуд. Як чиҳати хуби марҳалаи
сеюм он шуд, ки зиндонҳо холй гардиданд. Дар ин марҳала
мардум то ҷое тарсу ҳаросро аз худ дур андохтанд. АфсУс ки
дар ин руз боз як мутахассиси моро дар Институти политехник
куштанд. Террор пайи террор қарор мегирифт. Душманони
Шӯравй ба муқобили Афғонистон cap бардоштаанд. Аз ин рӯ
наметавон гуфт, ки Бабрак Кормал Л.И.Брёжневро фиреб
надодааст. Кучо шуданд он тарафдоронаш, ки Афғонистонро
ором карданй буданд. Бабрак, ки дар ҳузури роҳбарони Кремл
хешро кафили сулҳу салоҳ дар Афғонистон муаррифӣ намуда
буд, ҳоло к адом корҳоро анчом медиҳад, норавшан аст. Аз ин
ки артиши Шӯравй тамоми кишварро таҳти назорат қарор
додааст, чунин нест, ки амнияти даҳ-понздаҳ ҳазор шаҳрвандони
шӯравиро таъмин карда метавонад. Баръакс, фиристодагони
муҷоҳиддин ба пинҳонкорй гузангга, моро аз пунгга сангу биноҳо
ва дохили мошинҳомон ҳини сари вазифа ҳозир шудан, ба қатл
мерасонанд. Акнун душманони мо пушти сарамон қарор доранд,
на дар рӯ ба рӯямон. Вақти он расидааст, ки шаҳрвандонро бо
силоҳ таъмин созанд. Банда парво надоштам, зеро силоҳ бо
ичозатномааш дар ихтиёрам буд. Танҳо кӯши