Афғонистони шоҳӣ Royal Afghanistan
Transcription
Акси муаллиф дар ноябри 1972. Афгонистон.Худойназар Асозода
(профессор)
АФҒОНИСТОНИ
ШОҲӢ
(аз дафтари хотираҳо)
КИТОБИ 1
Душанбе - 2002
ББК 63.3(2точик)+63.5
А-83
Асозода Худойназар
Афғонистони шоҳӣ. Душанбе, «Деваштич», 2002 -300. саҳ
Муҳаррир Муаззами Диловар.
Муаллиф ба раиси «Ориёнбонк» Қурбонов Самеъхон, ки
ба чопи ин китоб мусоидат кардаанд, миннатдории хешро
изҳор менамояд.
Хонандаи гироми! Китобе, ки дар даст доред хотираҳои сафари як
ҷавони тоҷиканд, ки дар тули се сол (1971-73) дар Афганистан ба ҳайси
тарҷумон ҳамроҳи^маъданшиносони Шӯрави хидмат кардааст. Муаллиф
гохдо ба тартиби рӯзҳо риоя карда, вале аксаран ба тарзи умумият додани
воқеоту ҳавводиси аз cap гузаронида, дидаву шунидаҳояшро рӯи коғаз
овардааст.
Мазмуни китоб бою рангин аст. Дар он на танҳо саргузашти як
тарҷумон, балки тарҷумонҳои дигар, мутахассисони собиқ Шуравй
мутахассисони афғон, ҳаёту фаъолияти баъзе чеҳраҳои фарҳангии
Афганистан дар он даврон инъикос ёфтааст.
Баёну шарҳу тафсири воқеоти таърихӣ, иҷтимоиву сиёсй, масалан
нузули Муҳаммад Зоҳиршоҳ ва барқарор гардидани сохти ҷумҳуриявӣ бо
сарварии Муҳаммад Довуд, ки муаллиф шоҳиди онҳо будааст, бидуни
гумон барои мутахассисони таърихи Афғонистон, хонандагони точик ва
афғон хеле муфид ва омузанда мебошанд.
Китоби «Афғонистони шоҳӣ» барои хонандае, ки Афғонистонро
надидааст, роҳнамои сафариест ба шаҳру деҳоти ин кишвар, ёдгориҳои
адабиву диниву таърихи, мақбараҳову мазорҳову гузаргоҳҳои бузургони
илму адабу ирфон ва ғайра. Дар китоб аз урфу одат, расму оинҳо, ҷашнҳои
миллии мардуми афғон, қавму қабоили Афганистан, хулқу хислати ин
халқи наҷибу ғаюру башардусту меҳмондӯст мадраки зиёде дарёфт
метавон кард. Ин саҳафоти китоб боз аз он ҷиҳат арзишманд аст, ки ба
ҳамаи падидаҳои таърихиву фарҳангӣ як шахси бохабар бо маълумоти
донишгоҳи баҳо медиҳад.
Китоб инчунин руҷуъҳои муаллифро ба гузаштаву зиндагии муосири
мардуми тоҷику афган дар бар мегирад. Аз ин ҷиҳат ҳам баробари дигар
фазилатҳояш қобили таваҷҷӯҳи хонандагон хоҳад гардид.
© Нашриёти «Деваштич» 2002
Ба ҷойи пешгуфтор
Пеш аз гузаштан ба бахши асли матлаб ин ҷо мехоҳам
як ду су хан аз алифбои арабиасоси форсии точикй бигуям.
Ин алифбо, яъне хати арабиро ниёгони халки точик пас аз
он ки кишварашон ба тасаллути Хилофати Араб даромад,
дар баробари дини мубини Ислом пазируфтаанд. Дар бораи
чорй намудани хати арабй дар миёнаи карни VIII амри расмие
низ баромада буд. Ин хат то соли 1928 дар сарзамини Осиёи
Миёна ва Тоҷикистон ройич буд. Баъдан онро сиёсатҳои
давр ба алифбои лотиниву кириллй иваз намуданд. Азбаски
Давлати Шӯравй бо кишварҳои арабй ва Эрону Афғонистон
ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳанги дошт, дар барномаҳои
таълимии бахшҳои филологии мактабҳои олй тадриси
алифбои арабй дохи л гард ид. И лова бар ин, дар аксари
чумҳуриҳои Шӯравй донишкадаҳои ховаршиносй таъсис дода
шуд, ки дар паҳлУи шӯъбаҳои арабиву турки, хитой ва
гайра, шУъбаи форсй низ амал менамуд. Ба ин маънй, дар
Донишгохи давлатии Точикистон, ки соли 1948 бо фармони
сарвари вакти Шӯравӣ И.В.Сталин ташкил гардида буд,
шӯъбаи шаркшиносй вучуд дошт, ки баъзе аз
хатмкунандагони онро ба сифати тарчумони забонҳои арабиву
форсй ба кишварҳои хоричй мефиристоцданд. Тарчумонҳои
чи арабй ва чи форсй аз беҳтарин тарчумонхо шинохта
мешуданд. Гузашта аз ин, алифбои арабиасоси форсй, бештар
бо номи «Матни классики», «Забони форсй», «Алифбои
ниёгон» дар бахшҳои таърих ва филологияи точик тадрис
мегардид. Имруз ин алифборо дар мактабҳои миёна ва олии
Чумхурии Точикистон донишҷӯёни тахассуси ғайрифилологӣ
низ меомӯзанд. Аз чумлаи хатмкунандагони ин бахшҳо
тарчумонҳоро ба Эрону Афғонистон сафарбар мекарданд.
Албатта, барои точикон, ки забонашон форсй буд, донистани
алифбои арабй муҳим дониста мешуд, то ки хондаву навишта
тавонанд.
Банда, ки дар ШУъбаи забои ва адабиёти точик тахсил
мекардам, аз омУхтани алифбои арабиасоси форсй бахравар
шудам. Ин даре ба назарам хеле чолиб буд. Дар соли чоруми
тахсил рузе профессор Ҳилол Каримов, ки сарварии бахши
ШУъбаи форсии донишкадаи филологияро ба Ухда дошт, аз
миёни ҳамдарсони ман чанд донишчУро номнавис карда, ба
Вазорати корҳои хоричй бурд. Дар он гурӯҳ: Хайруллоҳ
3
Сирочев, Шаҳбоз Кабиров, Муаззам Диловаров, Ҷӯрабек
Назриев, Моҳирхӯҷа Султонов, Шодй Асроров, Амиршоҳ
Мунавваров ва банда шомил будем. Баъд аз чанд мох моро
ба Вазорати номбурда даъват намуда, имтиҳон гирифтанд.
Юлдош Каримов ном хатмкардаи бахши арабй, ки он чо
кор мекард, ба мо матни русие дод ва фармуд, ки ба форси
тарчума намуда, сипас ба хати араби нависем. Ин амалро
дар т?ли як-ду соат анчом до да, дастнависхоро ба эшон
супорвдем. Мо Донишгохро соли 1968 хатм намудем. Ҳар
кас аз пайи кори худ шуд. Боре аз хиёбони Рӯдакй
мегузаштам, ки ба устод Ҳилол Каримов вохӯрдам. Он кас
кӯтоҳакак гуфтанд: «Рафик Асоев! Шумо, коммунист, хатман
ба хорича меравед». Ман чуръат накардам, ки пурсам: чй
тавр ва ба кучо? Аз ин ҳодиса ду со л гузашт. Соли 1970 ба
аспирантура дохил шудам. Акнун мехостам, ки ба навиштани
рисолаи номзадӣ машғул шавам. Ба ин хотир, мавод чамъ
менамудам ва дониши назариявиамро боло мебурдам.
Аввалҳои моҳи январи 1971 буд, ки ба шӯъбаи кадрҳои
Донишгоҳ даъватам намуда, ба дастам мактуби Вазорати
геолошяи Шӯравиро доданд. Дар он хуччат туфта мешуд,
ки аз тарафи Вазорати мазкур барои ду сол ба Афғонистон
ҳамчун тарчумони форсй фиристонда мешавам. Ба асоси ин
мактуб бояд 28-уми феврал дар Маскав шуда, ба идораи
«Зарубежгеология» мурочиат мекардам.
Бо ин пешгуфтори кӯтоҳ гуфтаниам, ки донистани
алифбои арабиасоси форсй сабаб шуд, ки ман бори аввал ба
хоричи кишвар рахти сафар бастам. Ногуфта намонад, ки
аз он камдарсоне, ки дар боло номбар шуданд, Ш.Кабиров,
X.Сирочев, Ч.Назриев низ баъдтар барои кори тарчумони
ба Афғонистон рафтанд.
Баъдхо ман рӯйхати тартибдодаи профессор Ҳилол
Каршювро пеши назар оварда, ба худ савол додам, ки чаро
устод фақат донишҷӯёни минтакаи Ҳисору Рашт ва Хатлонро
интихоб кардааст? Ҳол он ки дар гурӯҳи мо донишчУён аз
минтакаи шимоли Чумхурй мехонданд ва хати арабиро хам
бад намедонистанд. Гап дар ин аст, ки Ҳилол Каримов
дипломати варзидае буд ва хини интихоби тарчумонхо барои
Афганистану Эрон касонеро меписандид, ки онҳо намояндаи
лахчаҳои форсии кӯҳистон ва чануби Точикистон буданд.
Вокеан, тарчумонҳое, ки аз лаҳчаҳои форсии минтакаи
Кӯлобу Дарвоз ва Рашт намояндагй мекарданд, ба хусус
дар А,фғонистон бидуни тачрибаандӯзии иловагй
4
метавонистанд озодона 6а фаъолият пардозанд. Тарчумонҳое,
ки аз ноҳияҳои шимол буданд, 6а душвориҳои гуфтугУй
дучор меомаданд. Онҳо камаш ду-се моҳ бояд тачриба
меандӯхтанд, то ки кори тарчумониашон натичаи дилхоҳ
медод. Пӯшида нест, ки аз вазоратҳои дахлдори Давлати
Шӯрави, дар асоси дархостҳои шӯъбаҳои хоричй чунин
такозо мешудааст, ки беҳтар мебуд, агар тарчумонҳое, ки
6а Афғонистон фиристонда мешаванд, аз минтакаи чануби
Точикистон интихоб гарданд. Албатта, бо ин таъкид ҳеч
кадом аз бародарони минтакаи шимоли Чумҳуриро нодида
гирифтанй нестам. Ин чо нозукй ба мавзӯи лаҳчаҳои забони
форсии точикй иртибот дорад, ки донистани он нозукиҳо ба
шунидани як дарси лаҳчашиносй омӯхта намешаванд, балки
боз муҳити чуғрофиёӣ зарур аст, ки дар як сархад бо
кишвари Афғонистон карор мегирад. Муҳим он буд, ки
алифбои ниёгон барои Точикистони Шӯравй мохияти
пайвандгарй дошт. Маҳз ҳамон тарчумонҳо буданд, ки
минбаъд ба таҳкиқи таърих ва адабиёту фарханги
форсизабонон пардохтанд. Метавон даҳҳо чеҳраҳои
фарҳангии Тоҷикистонро монанди Ҳакназар Назаров,
Мансур Бобохонов, Мехрубон Назаров, ДУстмурод
Саидмуродов, Савлатшох Мерганов, Саъдулло Асадуллоев,
Сайфуллох Саидов, Муҳаммадчон Гулчонов, Курбон
Бобоев, Шарофиддин Имомов, Шахбоз Кабиров, ЧУрабек
Назриев, Олимчон ҲУчамуродов, Ғиёс Қодиров, Зоҳир
Аҳрорй, Иброҳим Усмонов, Абдуннабй Сатторзода,
Ҳабибуллоҳ Рачабов, Собир Мирзоев, Раҳматшоҳ
Маҳмадшоев, Бозор Собир, Гулназар, Шодӣ Ҳаниф, Равшан
Ёров, Додочон Обидов ва дигаронро номбар кард, ки касби
тарчумонӣ дар чаҳоншиносиву фаъолияти эчодиву
тахкикотии онон мусоидат намудааст. Ин чумла ашхосеанд,
ки соҳибони аслии забони форсии точикианд ва ҳам
касонеанд, ки ба тавассути донистани алифбои ниёгон ба
Афғонистону Эрон сафарбар гардидаанд. Аксари эшон имрУз
низ ба хати арабиасоси форсй сару кор доранд ва тахкикоти
фарҳангиашон хам аз хонда навишта тавонистани онон ба
ин хату алифбо иртибот дорад. Бисёре аз ононро мисли устод
Айнй ҳамин алифбо машҳур сохтааст, ҳарчанд ки ҳоло
мавзУи чопи осор ба хати ниёгон расмияти вокей надорад.
Аммо табақаи фарҳангии Точикистони мустакил баъд аз
мутолиаи маколаи таърихии сарвари давлат Эмомалй
Раҳмонов - «Ҷумҳурии Точикистон дар остонаи асри XXI»
5
худро тасалло медиҳад, ки шояд асри нав барон точикон
хати ниёгонашро мисли пули миллиаш бармегардонад.
Алифбои кирилии точикй хуб аст, аммо онро аз сарҳади
Тоҷикистон берун касе хондаву фаҳмида наметавонад.
Точикистонро зарур аст, ки монақди чумҳуриҳои ҳамсоя
хати худро дошта бошад ва он алифбои ниёгон хоҳад буд.
Хонандагони гиромй! Китобе, ки дар даст доред, дар
заминай хотираҳои сафарии муаллиф офарида шудааст. Хама
дидаву шунидаҳои сохиби китоб дар се дафтари садварака
сабт гардидаанд. Ҳини навиштани ин мазмун муаллиф дар
баъзе мавридҳо тартиби рӯзҳоро риоя накардааст, балки
ҳодисаҳоро умумият медиҳад. Ин асар иадидаи адабй нест.
Он фақат аз рӯзгори як чавони сисолае, ки тУли се сол дар
Афғонистони шоҳи ба касби тарчумрнй машғул будааст,
Хикоят менамояд. Онро метавон аз дафтари хотирот номид
ва хам метавон сафарномааш шинохт. Ин ҷиҳат ба завқи
хонанда хавола мешавад.
Муаллиф бо навиштани дафтари хотирот даъвои
эчодкорй надорад, балки мехоҳад ба фарзандонаш,
бародаронаш, дУстонаш, хешу акрабояш ва ниҳоят
шогирдони вокеияш гУяд, ки солхои 1971-1973 дар кучо буд,
чй кор мекард ва чй рУзгоре дошт. Ин дафтарҳо як навъ
ҳисоботи сесолаи муаллиф дар назди миллаташу Ватанаш
хам хает.
Соҳиби китоб бар ин ақида аст, ки се соли масруфият
дар Афғонистони шоҳӣ Уро дарси зиндагиву одамият додааст,
ба инсонҳои гуногунмазҳаб онтнояш сохтааст, чахонбиниашро
васеъ кардааст, қадршиносаш намудааст, хулоса донишҳоеро
барояш ато донггааст.
Мундаричаи китоб ба се дафтар таксимбандй шуд, ки
маънии рамзй дорад. Дафтар хам унвони фаслхои китоб аст
ва хам баёнгари се дафтари хотирот. Ҳар дафтар дар дохили
худ ҳикояту киссачаҳои хурд-хурдро дарбар кардааст.
Мазмуни ҳар хикоят дар сарлавхаи он чамъбаст шудааст.
Аз мазмуни умумии дафтархо шумо сухани дурӯғу бофтаро
нахохед пайдо кард. Ҳарчи ки мехонед, харфи ростин буда,
аз рУзгори муаллиф башорат медиҳад.
Дар баёни китоб чо-чо дар сухани муаллиф ва баъзе
иштирокчиён лаҳчаи форсии кобулй ва гохе лафзи руей
омадааст. Ин чихат гумон намекунам, ки боиси эроди
6
алокамандон гардад. Чунин тарзи сӯҳбат вокеият дошт ва
наметавонистам аз он истифода набарам.
Китоб ба он далел «Афғонистони шоҳи» унвон гирифт,
ки рӯзгори сесолаи сохибаш дар ҳамин даврон гузанггааст.
Гузашта аз ин, китоби мазкурро метавон ба сарнавишти даҳҳо
тарчумонҳо ва тахассусмандони дигаре, ки аз Шӯравй дар
Афғонистон кор кардаанд, низ нисбат дод. Бисёре аз онон
исми худро ин чо хоханд дарёфт. Гумон меравад, ки эшон
муаллифро маломат намекунанд ва намегӯянд, ки дар
бораашон камтар дахл намудааст. Аз ин чумла, ашхосе, ки
аллакай ба дасти ачал рафтаанд, рӯҳашон шод хоҳад шуд.
Оре, агар дасти ачал воқеият намедошт, хотираҳои фавқ
боз си соли дигар дар дохили дафтархо интизорй мекашид,
то ки рӯи чопаш оранд. Си сол умри як чавонмард хоҳад
буд. Агар он си сол ба ин си сол чамъ карда шавад, радами
шаст ҳосил мешавад. Ҳамин ракам буд, ки муаллифро ба
андеша овард ва ҳидояташ кард, то ки зудтар дафтарҳои
хотироташро варадгардон кунаду чойҳои донишдиҳандаашро
барои алодамандонаш пешниҳод намояд. Шаст сол он вадт
бобарор хоҳад буд, агар ҳосиле дода бошад. Магар инъикоси
ин хотиротро метавон чузъе аз он ҳосили шастсола шуморид.
Шоядӯ Ба хар хол, агар ин китоб андаке допиши хонандаро
боло бурда метавонист, худро сарбаланд меҳисобидам ва бо
ифтихор мегуфтам: ранчам барабас нарафтааст.
7
ДАФТАРИ АВВАЛ
(03.1971 -3.07.1972)
8
Тайёри ба сафар
Омодагй чиҳати сафар такрибан як мох тӯл кашид.
Он солҳо чанд тан точикро пайдо кардан мумкин буд, ки ба
кишварҳои Эрону Афғонистон ва Араб сафархои хидматй
анчом дода буданд. Яке аз инхо Каримхон Рахимов, ки тоза
аз Афғонистон баргашта буд, барои ман машваратчии асосй
ҳисоб меёфт. Аз эшон баъзе маслихатхо мегирифтам, дар
бораи кишвари Афғонистон саволҳо медодам, кадом
китобҳоро бо худ гирифтанро аник мекардам. Ҳамчунин аз
таҷҳизоти хона бо худ гирифтани чй гуна ашёро аз Рахимов
Каримхон маълум менамудам. Он кас, дар бораи Афғонистон
ва тарзи рУзгордории хоричиён тачрибаи зиёде дошт. Ҳар
мавзУъро бо чузъиёташ кисса мекард.
Бандаро «Зарубежгеология» даъват намуда буд. Дар
мактуби он хама шарту шароитҳо таъкид мешуд. Як
таъкидаш он буд, ки ман бояд бо оилаам бошам ва аз нигоҳи
психологи худро барои ду сол омода созам. Қарордоди он
муассиса бо банда барои ду сол мукаррар шуда буд. Дар
дафтарчаи меҳнатии донишгоҳиам сардори шуъбаи кадрхо
- Канавин хамин маълумотро дарч кард. Муддати ду сол
мӯҳлати аспиранту рай ман катъ карда шуд.
Дар ин омодагй мавзУи фарзандонро бо худ гирифтан
душворихоро пеш овард. Духтарчаам - Фотима дар синфи
дуюми точикй мехонд, писарчаам - Парвиз, ки чаҳорсола
шуда буд, дар кУдакисгони шабонарУзии раками 24 қарор
дошт. Фотимаро ба хотири дар мактаби точикй хонданаш
ҳамроҳ гирифта наметавонистем, Парвизро барои он ки
сураташро бо модараш якчо нагиронда будем. Фақат баъд
аз ду-се мох модараш метавонист ба Душанбе омада, сурати
Уро дар шиносномааш иловатан чой дода, сипас гирифта
барад. Яъне дар Маскав шиноснома танхо барои завчаам
омода шуда буд. Душвории дигар он буд, ки ин ду кУдакро
бо киҳо бояд гузошт. Ба чунин хулоса омадем, ки духтарро
ба тарбияи муаллимаи математикаи мактаби раками 76 -
Каримова мемонем, зеро Фотима худаш мехост, ки дар хонаи
муаллимаи дӯстдоштааш бимонад. Парвизро бошад,
муваккатан ба ихтиёри хохарам - Аноргул, ки донишчУи
соли охири Донишгоҳ буд ва бародари хурдиам - МУсо, ки
дар синфи нУҳуми мактаби 35 мехонд, гузорем. Ба ин хотир,
Аноргулу МУсоро аз ҳавлии Нагорний ба шахрчаи 46-ум ки
ду мох кабл ин чо хона гирифта будем, овардем. Бо инхо
духтари холаи модари бачаҳо - Ревахон низ ҳамроҳӣ мекард.
9
Барои онҳо забонхат додам, то ки маоши аспирантам бандаро
гиранд. Тавре ки мебинем, сафари хоричии банда дар
вазъияти ниҳоят номувофик сурат мегирифт: духтар дар
хонаи шахси бегона, писар дар боғчаи шабонарУзй. Хеле
ғамангез буд, чи барои завчаам ва чи барои худам. Ҳеч гоҳ
аз фарзандон чудо набудем ва тасаввур намекардам, ки ба
чунин ҳолат гирифтор мешавам. Гузашта аз ин, роҳбари
илмиам Соҳиб Табаров розИ набуд. «Аз илм дур мешавй», -
мегуфт ӯ. Албатта, устод ҳак буд. Аммо дар назари ман ин
сафар аз ҳар чиҳат бароям фоидаовар менамуд. Такдир ба
рӯям хандида буд. Чаро аз такдир мегурехтам. Он солхо на
ба ҳар кас сафари хорича муяссар мешуд. Азбаски ҳукумати
давр боварй карда, бандаро чиҳати кор ба кишваре даъват
намудааст, боиси ифтихор буд.
Рӯзи ҳаракат сӯи Маскав - пойтахти Давлати ШУравй
торафт наздик мешуд. Бояд 28-уми феврали соли 1971 дар
идораи «Зарубежгеология» мешудем. Он даврон хама навъи
сафарҳои хоричй ба воситаи шаҳри Маскав сурат мегирифт.
Ман то ин вакт ин шаҳрро надида будам. Табиист, ки он чо
суроғаи даркориро пайдо кардан бароям мушкил буд.
Бинобар ин, ду рӯз кабл аз ҳаракат ба яке аз дӯстони солҳои
донишгоҳиям Бобоев Қурбон, ки дар аспирантурам назди
Донишгохи Ломоносов тахсил менамуд, телеграмма
фиристонда, хоҳиш кардам, ки дар майдони ҳавоии
Домодедовом Маскав пешвозам тирад.
Ба ҳамин тарик, омодагй дар Душанбе ба поён расид.
26-уми феврал, субҳи барвакт мошини «Волга»-и М-21
Каримхон, ки маҳсули заҳмати се-чорсолааш дар Афғонистон
буд, моро аз шахрчаи 46-ум ба майдони ҳавой бурд. Бо
Парвизи хурдакак дар кӯдакистон хайру хуш кардем. У
бараҳм сӯи мо менигарист, аммо намефаҳмид, ки падару
модараш ба рохи дур мераванд. Ин лахза бароям хузнангез
буд. Г-Уё гУшае аз қалбамро чизе мехарошид, вале худро
озод ва хурсанд назди кӯдак нишон медодам. Ба У ваъдаи
дурӯғ додем, ки рУзи шанбе туро хона мебарем. Ёд дорам,
ки У гиря кард, бо харду даст аз домани мо сахт медошт. Ба
гумонам мураббияш бо суханҳои ширин вайро ба ran шрифту
мо зуд аз наздаш дур шудем. Фотима бо амакҳояш -
Холназар, Соҳибназар, Чумъахон, Мӯсо ва Аноргул моро
гусел карданд. Муваккатан бошад хам аз фарзандону
бародарон чудо шудан хеле сахт буд. Бо эхсоси дарди чудой
ба ҳавопаймои ИЛ-18 боло шудем. Бо худ бори зиёде
надоштем, фақат як чомадон гирифтем, ки он чо сару
либосҳоямонро гузошта будем. Баъди парвози панчсоата ба
10
майдони ҳавоии Домодедово расидем. Дар тӯли парвоз
ҳамеша дар фикри он будам, ки Қурбон барон пешвоз
мебаромада бошад ё не. Вақте ки аз зинаҳои ҳавопаймо поён
шудему сӯи бинои майдони ҳавой равона гардидем, дар
пушти шишаҳои толор Қурбон даст боло мекард.
«Хайрият»,- гуфтам. Дилам ором гирифт. Ба толор ворид
шудаму ба Қурбон оғуш кушодам. Чанд лаҳзаи аҳволпурсӣ
ҳам ба поён расқд. Чомадонамонро оварданд. Ба рӯи ҳавлии
майдон баромада, таксиеро киро кардем, ки дар муддати як
соату чанд дақиқа моро ба идораи «Зарубежгеология», ки
дар яке аз тангкӯчаҳои Арбат воқеъ буд, расонд. Қурбон
вазифаи роҳбаладиро анчом мед од. Дар ин идора шарту
шароитҳоро бароям муайян намуданд. Б а чанд суроғаи дигар
мурочиат кардан лозим омад. Шиносномаву билет-чиптаҳоро
гирифтам. Баъдан суроғаи меҳмонхонаи «Восток»-ро муайян
карданд, то ки мо дар он чо чанд рӯз истироҳат донгга бошем.
Боз таҳти роҳбаладии Қурбон бо такси сӯи меҳмонхона
харакат намудем. Рӯзи дигараш, шанбе меҳмони Қурбон
шудем. Палав пухта буд. ДУсти дигарам Темур Мухиддин
низ ба ин меҳмонӣ шарик шуд. У хам дар аспирантура таҳсил
мекард. Дар хама ин рафту омадҳои мо Қурбон ҳамроҳамон
карор дошт. Намедонам то чй андоза вай чунин меҳмонҳоро
мехост, аммо моро аз ин кУча ба хиёбони дигар ва идорахои
дахлдор раҳнамой мекард. Он сол зимистон хеле сахт ва
сербарф хам буд. Мо бо болопӯшҳои сабу к ва пойпушиҳои
баҳорй сафар доштем. Роҳҳо яхи каб-кабуд. Оилаам бошад
бо кафши пошнабаланд ба душворӣ худро аз афтидан нигох
медошт. Ба ҳар хол то дуюми март дар Маскав мондем.
Рузи 28-ум Қурбон бояд моро ба тамошои чойҳои дидании
Маскав мебурд. Азбаски ҳаво сард шуд, ин рУз хам У
мехмондориамон кард. Ин дафъа ғизои пухтааш мурғшӯрбо
буд-
Рӯзи якуми март ба чанд идораи дигар муаррифй
шудам. Якеаш дафтари Ҳизби коммунист буд. Он чо ба
ҳуччате бо номи «Қасамнома» имзо гузоштам. Ба ёдам хает,
ки дар сУҳбат огоҳам сохтанд, ки дар бораи мавзУи илмиам,
ки «синфи коргар» буд, харфе нагУям, зеро дар Афгонистон
аз ин истилох бадашон меомадааст. Таъкид намуданд, ки
ба хама расму оин ва конунҳои кишвари мазкур эхтиром
оварам. Сари мавзУъҳои Ленину Инқилоб баҳс иаороям ва
гайра...
И1аби дуюми март бояд сУи Кобул парвоз мекардем.
Назар ба маслиҳати кормандони «Зарубежгеология» баъзе
асбоби рузгорро аз Маскав харидан бехтар буд. Ба ин хотир
11
бо Қурбон ба чандин дӯконҳо даромада, корду дегу коса ва
қошуқу панча, чойнак ва соати саримизй харидорй намудем.
Ҳама анчоми рӯзгорро ба дохили як сумкаи тасмадори
бозорравй чо ба чо кардем. Сумкаро аз ду гУшааш бардошта,
сӯи Универмаги марказй мерафтем, ки тасмааш канда шуд.
Барой дУхтани он чой ҳам пайдо намудем, вале навбати
корафтодагон хеле калон буд. Агар навбат мегирифтем,
вақтамон кам мемонд. Дигар илоче надоштем ба гайр аз ин
ки ба форси сӯҳбат кунем, то ки моро хоричй дониста,
корамонро бе навбат анчом диҳад. Аммо сУхбати мо дар
фаҳмиши усто Узбакй маълум шуд, ки ба саволи мо, ки ба
ин сумка чй бояд кард? У бо як назари мутоибаомез чавоб
дод, ки ба Узбакистон баред. Қурбон ҳозирчавобй нишон
дода гуфт: ба Узбакистон не, аммо ба Афгонистон мебарем.
Усто, ки ба халқиятҳои Қафқоз шабеҳият дошт, афғон
будани моро санчиданй шуда, чанд саволе аз Афгонистон
кард. Вақте ки ба саволҳояш чавобҳои дуруст гирифт, ба
хоричй будани мо бовариаш омаду сумкаи моро бенавбат
дӯхтадод. Ман хостам, ки ҳакки заҳматашро пардозам, вале
У «ҳеҷ чиз лозим нест», гӯён ба мо рохи сафед талабид.
Корафтодагони дигар сӯи дуй мо, ки форсй сӯҳбат мекардем,
базавқ менигаристанду хеч норозигие изхор намедоштанд.
Мо дар ботин гУё ба соддалавхии онон механдидем. Ин чо
низ фаъолияти ҳамачонибаи Қурбон назаррас буд. Ба хар
хол У маскавй шуда буд ва баъзе шайтанатҳои дУкондоронро
хуб медонист. Бо чунин амалаш У ҳаловат мебурд: «Хуб
бобшон кардем» - мегуфт роҳравон. Баъзан аз чунин
рафторҳои ғайричашмдошт истифода бурдан ба манфиати
кор хоҳад буд, илова менамуд Қурбон. Аслан, Курбон чи
дар кӯдакиву наврасй ва солҳои таҳсӣл дар Донишгоҳ шахси
хушёр, пухта ва зирак буд. Дар он рУзхои даво-давихои
банда, агар Курбон бо ман роҳбаладиву ҳамроҳй намекард,
холи ман табоҳ мешуд... Рӯзҳои Маскав хеле зуд ба поён
мерасанд. Соати 4-и рУз аллакай вакти шомро мемонад. Ин
ҳолат маро саросема, месохт, зеро соати 7-и бегоҳй бояд ба
майдони хавоии Шереметово мерафтем.
Курбон ҳам, мисле ки аз меҳмонаш безор шуда буд,
бандаро боз хам саросематар месохт. Аз ин метро ба он
метро гузашта, худро ба меҳмонхона расондем. Чомадону
сумкаро чо ба чо намудем. Мо барои Курбон аз дигар чиҳат
хам дарди cap шуда будем. Пуле надоштем, ки ба такси
диҳем. Меҳмондорамон Курбон Бобоев худро дар либоси
Ҳотами Той медид, ки «хеч ran не, ман пули таксиро медиҳам,
12
ташвиш нашавед», - гУён бандаро аз хичолат берун мекашид.
Гузашта аз ин, У моро бо хӯроки шом ҳам таъмин кард.
Азбаски хавопаймо соати 11.45 парвоз менамуд, хеле
интизорй кашидем. Соати 10-и шаб эълон шуд, ки саворшавй
ба ҳавопаймои Маскав - Кобул оғоз шуд. Аз хама хохиш
карданд, ки анчомҳояшонро барои гузарондани санчиши
гумрукй омода созанд. Мо бо нишон додани шиносномаҳои
хидматй ба толори гумрукй бояд ворид мешудем. Дар ин
чанд рУз, ки бо Қурбон унси бештар гирифта будам, ноилоч
хайрухУш кардам. Ба мо рохи сафеду пирУзй орзу намуд.
Банда низ ба корҳои илмиаш муваффакият хоста, вориди
то лор шудам. Медидам, ки боз чанд лаҳзаи дигар Қурбон
аз беруни толор ба мо даст мечунбонд. Ин лахза холати
риккатоваре фишорам медод...
Дар толори интизорй бештар мусофирони афгонй,
покистонй ва ҳиндӣ менишастанд. Дар каҳвахона пули хоричй
- доллар истифода мешуд. Азбаски мо хеч навъ пуле
надоштем, оромона дар гУшае менишастем. Суҳбати
мусофирон ба забонхои русй, инглисй ва форсй буд.
Соати 12-и шаб хавопаймо аз Маскав ба чониби Кобул
роҳ пеш гирифт. Ман дар паҳлуи чавони афғоне карор
доштам, ки дар Ингилистон таҳсил мекарду бо арУси
инглисиаш хонаи падар мерафт. Мо форсй сУҳбат мекардем.
Маълум шуд, ки У писари яке аз шахсиятҳои шинохтаи
Афгонистон буд ва дар ин сафар мехост, ки арУсашро ба
волидайнаш ошно созад. Чавон андак парешон буд.
Ташвишаш он буд, ки волидайн арУсашро мепазируфта
бошанд. Қарибиҳои субҳ стюардесса эълон кард, ки баъди
чанд дакика хавопаймо ба майдони ҳавоии шаҳри Тошканд
поён мешавад ва хохиш намуд, ки анчомҳое, ки дар даст
дорем бо худ гирем, зеро ин чо низ аз назароти гумрукй
гузаштан лозим меояд. Аз хавопаймо берун шуда, ба толори
гумрукй ворид гардидем. Ҳар кадом аз рУи навбат назди
мизҳои гумрукй карор гирифтем. Кормандони гумрукй
Тошканд шахсони дагал маълум мешуданд. Дар назари онон
хама мусофирон чинояткор буданд. Ба хусус афғонҳо ва
покистониҳоро сахт тафтиш карданд. Маро ҳам ба онҳо
шабеҳ дида, яке аз кормандон анҷомҳоямро мешӯрид.
Китобҳоро варакгардон менамуд. Чизи ғайриқонунй 6а
дасташ намехӯрд. Факат рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш» ,ки
нашрияи Донишгохи давлатии Точиистон буд, ба назараш
шубҳанок намуд, ки онро гирифта ба як тараф гузошт. Ба
гумонам ба сабаби точикй будани забони рУзнома намехост,
13
ки онро ба Афғонистон бубарам.
Пагоҳии 3-юми март ҳавои Тошканд офтобя ва баҳори
буд. Моро бо роҳи даҳлезмонанде то ҳавопаймо гусел
карданд. Вакте ки боло шудаму ҳавопаймо худро рост кард,
дар пешорӯямон теппаву кӯҳпораҳо намудор мешуданд.
Баъди якуним соат аз боло каторкӯҳҳои Ҳиндукушро тамошо
мекардем. Ҳоло чошт нашуда буд, ки манзараи шаҳри Кобул
намоён гардид. Кобул, ки дар миёни кӯҳпораҳо карор дорад,
хавопаймо болои он чанд лаҳза чарх зада, сипас поён шуд.
Вакте ки Кобулро аз боло тамошо мекардам сохтмони
шаҳрҳои Бухорову Самарканд ва кӯҳдоманҳои шаҳри
Душанбе аз пеши назарам мегузаштанд. Тафовут дар он
буд, ки теппаҳои Душанбе хокианду теппаҳои Кобул -
кӯҳпораи бедолу дарахт...
Мусофиронро ба то лори гумрукӣ бурданд. Ҳуҷҷатҳои
гумрукиро хонапури кардам. Корманди гумрук чавони
зебопайкаре буд. У ба шиносномаву когази гумрукй-
декларатсияи банда ошно шуда, аз суханрониам ба форсй
хушнуд гардид, дигар анҷомҳоямро тафтиш накарда, рухсат
намуд. Ҳамин ҳолат буд, ки намояндаи Вазорати геология
маро шинохта, исмамро ба забои овард ва худро шиносонд.
Мо бо роҳбаладии ӯ рУи ҳавлии майдон баромадем. Чашмам
ба он чавони ҳамсафари афгониам афтид, ки бо арУси
инглисиаш дар ҳалқаи хешу акрабо карор дошт. Маълум
буд, ки арУси хоричиашро хуб пазируфтанд...
Ба ҳамин тарик, 3-юми марти соли 1971 ба пойтахти
давлати шоҳии Афғонистон - шаҳри Кобул расидам.
Ҳикояти рӯзҳои нахуст
Моро аз майдони ҳавоӣ ба шахрча-микрорайон
оварданд, ки сохтмонашро Давлати Шӯравӣ анчом дода буд.
Шаҳрчаро хонаҳои бетонии панчкабата ташкил медод.
Одатан, ҳар чоршанбе, ки ҳавопаймои Маскав ба Кобул
меомад, сафи мутахассисини шУравй меафзуд. Дар ин рӯзҳо
оилаҳои мутахассисин аз панчараву балкони манзилҳои хеш
омадани кормандони навро интизоря мекашиданд. Вакте ки
мо аз мошин бо Кочерев.ки вазифааш пешвоз гирифтану
гусел кардан буд, поён шудем, як чомадону як сумкаи бозоря
дошлем. Бонувони шУравй, ки ин ҳолатро ба мушоҳида
мегирифтаанд, дар тааччуб мондаанд, ки ин чй навъ касоне
ҳастанд, ки бо як чомадон ба Афғонистон омадаанд? Мо он
рУз ин лаҳзаро дида наметавонистем. Баъдҳо, ки бо
14
хонаводаҳои дигар ошноя пайдо намудем, фаҳмидем, ки бо
як ҷомадон омадани оила боварибахш набудааст. Ин ҷиҳат,
албатта, тарафҳои мусбат ҳам дошт. Ба ин маънй, сафари
хизматя анҷоми зиёд доштанро тақозо намекунад.
Кочерев бо ёрии хидматгарони афғонй, моро ба кабати
дуюми яке аз биноҳои панчкабата даъват намуд. Ба ман
фаҳмонданд, ки ин хона ҳоло муваккатй аст, баъдтар барои
мо хонаи дуҳуҷрагй хоҳанд дод.
Сипае, бандаро барои ишнос кардан ба сармутахассиси
гурӯҳи геологҳои шӯравй дар Афғонистон - Котов бурданд.
Дафтари кории мавсуф дар бинои Сарвии маъдан ва
чиюлучии Афғонистон, дар рӯ ба рӯи Қасри шоҳӣ карор
дошт. Ба қабати дуюм баромадем ва дохили утоқи
сармутахассис гардидем.
Котов А.Я. як шахси, такрибан панҷоҳсолаи руси
айнакдор буд. Самимона салом кард, чанд дакика ба
тарчумаи ҳолам шинос шуд. Вақти сӯҳбат чеҳрааш кушодаву
хандадор маълум мешуд. Дар он сӯҳбат ду-се каси дигар
ҳам менишастанд, ки он рӯз, ҳарчанд ки худашонро
муаррифй карданд, вале киву чй ва вазифаҳояшон бароям
номаълум монд. Баъдтар собит шуд, ки яке аз онҳо
Отставнов ном дошта роҳбарияти хизбии гурӯҳи геологиро
бар ӯҳда доштааст. Сӯҳбат ба поён расид. Отставнов сӯи
ман назар андӯхта, гуфт: акнун ба сафорат меравем. Он чо
боз бо чанд шахсияти расмй мулокот кардан лозим будааст.
Ҳар сӯҳбат чанбаи насихатмандй дошт. Максад он буд, ки
ман боиси сарпастии гурӯҳ ва Давлати Шӯравй нашавам,
балки фурӯтан бошам ва кӯшиш кунам, ки сарбаланд гардам.
Ин сУҳбатҳо маро хушёртару масъулиятмандтар мекарданд.
Баъди иарвози 7-8 соата ва боз дар чандин сӯҳбатҳо
нишастану насиҳат гУш кардан кас албатта хаста мешавад.
Бо Отставнов аз сафорат, ки дар як гӯшаи шахри Кобул,
наздикиҳои Чиҳилсутуну Касри Доруламон карор дошт, сУи
шаҳрчаи мутахассисини шӯравй харакат намудем. Банда аз
дохили мошин ба ин сУву он сӯи кӯчаву хиёбонҳои Кобул
назар меандӯхтам ва дунёи дигареро медидам. Кӯчаҳо
беназофат, аксари мардуме, ки равуо мекарданд сару либоси
даридаву чанда доштанд. Тамоми хиёбонҳо бозорро
мемонданд. Мусикии ҳархела садо медод. Хару уштурҳо бо
мошинҳо якчо харакат мекарданд. Барои касе, ки аз муҳити
Шӯравй ба Кобул ворид мешавад, хама чиз ачибу ғариб
менамояд. Ин мушоҳидаҳо соли 1971 сурат гирифтаанд ва
барои банда чолиб буданд. Аммо, агар имрУз як точик ба
Кобул сафар кунад, ин манзарахо барояш тааччубовар
15
нахоҳанд буд, чунки кУчаву хиёбонҳои шаҳрҳои Точикистон
ҳамон бозорҳоеро мемонанд, ки ей сол кабл дар Афғонистон
фаъолият донгганд...
Дар ҳамин рӯҳия ба манзили истикоматиам расидам.
Маводи ғизой ҳам, такрибан, надопггем. Чуръат намекардем,
барои дидани «дунёи нав» ба берун бароем. Касеро ҳам
намешинохтем. Завҷаам аз ман дида бештар беҷуръатй зоҳир
менамуд. Дар ҳолати нимгуруснагй шаби аввали Кобулро
дар муҳити дигареву ноошное паси cap кардем.
Рузи чаҳоруми март фаъолияти хориҷии банда бояд
оғоз мешуд. Пагоҳии ин рУз аз манзил берун шудам. Ҳавои
баҳорй буд. Оҳиста-оҳиста то соати 8.45 мутахассисин рӯи
ҳавлй ҷамъ омаданд. Ҳар кадом назди банда омада, худро
мешиносонд. Кочерев бошад исми маро гирифта, «шинос
шавед, дар гурӯҳи мо тарчумони нав илова шуд, аз
Точикистон аст», мегуфт. Одамони шӯравӣ ҳам дар назарам
дигар хел менамуданд. Ҳамаашон дар ҳолати парешонӣ
қарор доштанд, гӯё ким-чӣ барояшон намерасид. Расо дар
вақти муайян ба автобусе, ки ронандааш афғон буд,
нишастам. Маълум шуд, ки аз шаҳрча то чойи кор 15 дақика
вақт сарф мешудааст. Мутахассисин соати нӯҳ бояд дар
утоқҳои кориашон карор мегирифтанд. Ҳамин рӯз буд, ки
бо Ҳақназар Назаров вохӯрдам. Мавсуф солҳои донишчӯии
банда дар шУъбаи таърихи Донишгоҳ даре мегуфт. Ман
ҳамон айём ба эшон эҳтиром пайдо карда будам. Аз ин ру,
вақте фаҳмидам, ки У низ дар ин гурӯҳ ба сифати тарчумон
кор мекунад, гУё як нерУи тоза дар вучудам пайдо шуд.
Хушҳол гардидам, ки танҳо нестам, балки бо касе хамкорй
хоҳам намуд, ки фарҳангй аст ва бароям ҳамчун муаллими
аввалин дар соҳаи тарчумонй мусоидат карда метавонист...
Азбаски ман тарчумони нав будам, ҳоло анчоми
вазифаеро ба Уҳдаам нагузошта буданд. Албатта, чанд рУз
баъд ба ягон гурӯҳи геологи вобаста мешудам. Тартиби кори
мутахассисин чунин будааст: баҳору тобистон ва то сард
шудани фасли хазон дар минтақаҳо ва дашту кӯҳсор
фаъолияти геологи гузаронда, фасли зимистон дар Кобул
корҳои «камеравӣ»-ро анчом медоданд. Яъне он хоку
намунаҳои маъданиеро, ки чамъ овардаанд, меомУзанд, дар
лабораторияҳои химиявӣ месанҷидаанд. Ҳамин тартиби кор
буд, ки ҳама гурӯҳҳои геологи, ки ҳар кадом сардор дошту
аз 5-6 каей иборат буд, он рӯзҳо дар идораи Сарвии маъдан
ва чиюлучй, ки марбути афғонҳо буд, кор мекарданд. Ҳар
гурӯҳ тарчумони худро дошт. Масалан, Ҳ.Назаров
тарчумони гурӯҳи чустуҷӯии Коваленко буд.
16
Он рӯз ман аввалан ба муҳити раёсати Сарвии маъдан
ошно шудам. Дар даҳлези он суратҳои мутахассисини шӯравӣ
ва афғонй насб гардида буд. Сурате ба назарам хУрд, ки
сармутахассиси шУравй бо раиси Сарвии маъдан ва чиюлучии
Афғонистон - окон Мирзод дар ҳолати сУҳбат карор
доштанду сӯҳбати ононро чавони зебое бо номи Қодиров
Ғиёс тарчумонй мекард. Баъдан, аз Ҳ.Назаров дар бораи
ин шахе маълумот гирифтам. Ғиёс чандин со л дар раёсати
марбута вазифаи сартарчумонии гурӯҳи геологҳои Шӯравиро
ичро мекардааст. Ҳоло бошад дар чойи У тарчумоне аз
Озарбойчон фаъолият менамуд. Дар ҳамин навъ мавзУъҳо
бо Ҳ.Назаров сӯҳбат оростам ва бисёре аз чиҳатҳои кори
тарчумониро омУхтам.
Ин рУзи чаҳоруми март ба панчшанбе рост меомад, ки
рУзи кӯтоҳи корй буд, зеро пагоҳаш чумъа асту барои
кишварҳои исломй истироҳат мебошад. РУзҳои панчшанбе
вакти корй соати 12 ба поён мерасид. Вале он рУз ман холо
аз ин тартиби корй огаҳй надопггам ва гумон мекардам, ки
соати 12 барои хУрдани нони чошт ба хонаҳомон рафта, боз
соати 13.00 сари вазифа ҳозир шуда, то соати панч кор
мекунем. Ҳ.Назаров ин ҳолатро пай бурд, ки бандаро огоҳ
сохт: имрУз кор тамом шуд, нагоҳ истироҳат мекунем.
Шанбе ҳафтаи нав оғоз мешавад.
Баъд аз нони чошт бори аввал ба максади харидории
чойи кабуд ба дУкон рафтам. Дар худуди шахрчаамон
бозорчае мавчуд буд, ки аз он хама маводи мавриди заруратро
пайдо кардан мумкин буд. Вақте ки суи бозорча рох
мерафтам, чанд тан аз афгонбачахои пойлучу нимбарахна
иҳотаам намуда, ба кулохи ман ишора карда бо зораву
тавалло «он кулох ба мо бидех» мегуфтанд. Дар чавоб ба
онон гуфтам: «дигар чизе намехоҳед?» Ин чавобро шунида,
фахмиданд, ки ман форей медонам «Тарчумон сохиб! Мо
пайса надорем, нон мехоҳем, одамони шУравй дил доранд»,
гӯён дастҳояшонро сУям дароз менамуданд. Чунин рафтори
бачаҳои наврас ва аз роҳгузарон нону пул талабидани онон
дар назарам ҳодисаи нав буд. Чунки дар мулки мо он солҳо
факат лӯлиҳо бо чунин талбандагй машғул мешуданд...
Табиист, ки сарнавишти он наврасони афғон таъбамро хира
ва мутаассир сохт.
Пагоҳии панчуми март либосҳои варзишй ба бар карда,
чониби майдончаи спортй рох пеш гирифтам. Дар шаҳрча
гурӯҳ-гурӯҳ шаҳрвандони шУравй бо кУдакҳояшон сайру
гашт доштанд. Дар майдончае ба мушоҳида гирифтам, ки
чавонони афғон бо шӯравиҳо волейболбозй мекарданд. Онҳо,
17
ки лафзи якдигарро намефаҳмиданд, бо ишораи дасту панҷа
«сӯҳбат» менамуданд. Давони афғоние,ки бо ботинка бозй
допгг, ногахон пойи бозингари русиро зер кард. Шахси рус
пояшро молиш дода ба тарафи афғон бадкаҳрона назар
андӯхта «хароб, хароб» мегуфт. Допиши забоинам зуд огоҳам
сохт, ки калимаи «хароб» дар муховараи Кобул на ба маънии
«лоғар», балки ба чойи мафҳумҳои «нохуб, вайрон,
нодуруст» истифода мешудааст. Дар ин ду' рУзи аввал
ҳамчун тарчумон ду калимаи нав ёд гирифтам: хароб ва
пайса. Пайса пулро мегуфтаанд. Ин холат насихатхои устод
Айнй ба хотирам омаданд, ки дарси лахчашиносиро
мемонданд. Ширинии забони форсй ҳам аз боигарии лаҳҷаҳои
он сарчашма бардоштааст...
Аз тарафи субҳ дониши тозае аз рӯзгори бошандагони
шаҳрчаамон, ки аз русҳову дохилиҳо ва дигар миллиятҳои
ғайрифорсй иборат буданд, бардоштам. ГУё худро оҳиста-
оҳиста ба муҳити шаҳрча мувофиқ мекунондам. Бегоҳии
панчум бо волейболбозон худро пайвастанй шуда аз кабати
дуюм ба майдончаи назди хона фаромадам. Зану марди
шӯравй омехта шуда, ба ду гуруҳи шашнафарй тақсим
гардидем. Дохилиҳо дар атрофи майдонча чамъ омада, бозии
моро тамошо мекарданд. Дар назари чи дохилиҳо ва чи
шӯравиҳо каси тозаомада банда будам ва сӯи ман ишоракунон
ким-чиҳо байни худ мегуфтанд. Ин нахустин чуръати банда
буд, ки ба муҳити нав омезишам дод ва шармгиниву
камҳавсалагиро аз ман дур андохт.
Шашуми март дар соати мукаррарй ба автобус савор
шуда, роҳи корхонаро пеш гирифтам. Имрӯз хам барои банда
супорише дода нашуд, балки дар утоке рУзномаҳои
Афғонистонро варақ задам. Баъди вакти расмй дар толори
гурӯҳ, ки дар шаҳрча вокеъ буд, мачлиси профсоюзй сурат
гирифт. Як масъала вобаста ба қарорҳои Анчумани бисту
чоруми Ҳизби коммунистй мавриди баҳси мутахассисин
қарор дода шуд. Дар заминаи нуктаҳои асосии Анчуман
гузоришҳои коммунистон сурат гирифт.
Ҳафтуми март ба рӯзи кушта шудани Ҳасану Ҳусейн
- писарони Алӣ -домоди пайғамбар рост омад. Бинобар ин,
мо - шӯравиҳо низ истироҳат допггем. Аммо ин рӯзе буд, ки
шиъамазҳабҳо ба кУчаву хиёбонҳои Кобул баромада, худро
хуншор месохтанд. Дар чунин рУзҳо ба шУравиҳо ичозати
ба кӯчаву шаҳр баромадан дода намешуд. Моён бояд дар
манзилҳои худ нишаста, ба корҳои хонаву мутолиа машғул
мегардидем. Ман чуръат карда, ба клуби шаҳрча рафта,
чанд соат ба сақабозй (биллиард) машғул шудам. Албатта,
18
барои мо мусулмонҳо кадом душворие пеш намеомад. Вале
мо бояд фаромУш намекардем, ки шуравӣ ҳастем ва
фармудаҳои онро пазируфтанамон ҳатмй буд.
Бегоҳии ҳафтуми март ба муносибати чашни
байналмиллалии занон 8-уми Март мачлиси занҳо ташкил
гардид. Тамоми бонувони гурӯҳҳои щуравй он чо чамъ
омаданд. Намояндаи сафорат занҳоро ба идашон табрик
гуфт. Ҳамчунин чанде аз бонувони фаъолро ба тӯҳфаҳо
сарфароз гардонданд. Сипае филми бадеии «Город любви»
(«Шаҳри ишк») намоиш дода шуд. Мачлис, ки соати ҳабдаҳ
оғоз ёфта буд, соатҳои ҳашти шаб ба поён расид.
Ногуфта намонад, ки дар шаҳрчаи Нодиршоҳӣ
гурӯҳҳои зиёде вобаста ба карордодҳои байнидавлатӣ икомат
доштанд. Масалан, карордодҳои табибон, сохтмончиён,
зироат, геологҳо, низомиён ва ғайра. ҳар кадом гурӯҳҳои
алоҳидаи мутахассисонро ташкил медоданд. Аз хама гурӯҳи
калон низомиён ва геологҳо буданд. Яъне, кормандони
карордодҳои номбурда ҳамагй дар ҳамин шаҳрча зиндагй
мекарданд. Гузашта аз ин, мутахассисини шУравй дар назди
Институти политехникии шаҳри Кобул ва Техникуми Ч
ангалак низ фаъолият доштанд, ки онҳо дар худуди худ
мукимй буданд. Биноҳои ин ду муассисаи таълимиро хам
Давлати Шӯравӣ сохта буд ва устодонаш ҳам аз Шӯравӣ
даъват мешуданд. Ҳини сохтмони биноҳои таълимгоҳҳои
номбурда, махсус хона-котечхо бунёд карда буданд. Муҳим
он буд, ки чи дар шаҳрчаи мазкур, ки номи Нодиршоҳро
дошт ва чи дар худуди политехнику техникуми Чангалак
шӯравиҳову дохилиҳо дар як муҳит мезистанд. Чунин ба
назар мерасид, ки тарзи чо ба чогузории манзилҳои
бошандагони шаҳрчаҳои типи аврупоии шаҳрҳои чумҳуриҳои
мусулмоннишини Шӯравй дар Кобул хам истифода
мегардид. Щояд ин чиҳат ба он хотир буд, ки миллиятхои
Шӯрави ба якдигар унс бигиранд ва дӯстона зиндагй кунанд...
Баъдан ба хона омадем. Дере нагузашт, ки
сармутахассиси гурӯҳ Котов А.Я. бо ҳамроҳии ду каси дигар
барои табрики ҳамсарам вориди уток шуданд. Онҳо ба як
даста гул ва суханони чашнй муборакбод гуфтанду рафтанд.
Тартиби кор миёни мутахассисони ШУравй дар хорич чунон
ба роҳ монда 1нуда буд, ки кас эҳсоси беватанй намекард.
Ҳама чашнҳо тачлил мешуданд. Аммо агар он чашн ба
рузхои корй рост меомад, истирохат эълон карда намешуд.
Мо ба конунҳои кишвари марбута итоат доштем, на ба
тартибу низоми ШУравй. Ба хамин хотир буд, ки рУзи 8-
уми марти соли 1971 мардони шУравй дар ҳар мақоме, ки
19
карор доштанд ба асоси тартиботи корни Афғонистон сари
вазифаҳои расмии хеш ҳозир шудадд. Як рУз қабл роҳбарони
гурӯҳҳо эълон намуданд, ки заной истироҳат кунанд, вале
бе ширкати мардҳошон, чунки дар Афғонистон дар ин рУз
бону вон баробари мардон кор мекарданд.
Ҳаштуми март ба идораи Сарвии маъдан ҳозир шудам.
Инженерон ва кормандони афғонй аз банда савол мекарданд,
ки окон Ҳақназар кучост? Ман ба онҳо фаҳмондам, ки он
кас каме мариз шудаанд ва имруз омада наметавонанд.
Воқеан, дохилиҳо ба мутахассиси шУравие, ки тоник бошад,
эҳтироми бештар зоҳир менамуданд. Аз ин чост, ки ҳамон
рУз сари вазифа ҳозир нашудани чаноби Ҳ. Назаров миёни
дохилиҳо эҳсос гардид. Банда дар утоки корни Ҳ.Назаров
нишаста рӯзномаи «Анис»-ро мутолиа мекардам. Ин лаҳза
як ҷавони афғон, ки яке аз ходимони Вазорати маъдан ҳисоб
меёфт, рУзномахонии маро ба мушоҳида шрифта, чанд
саволе дод: аз кадом кишварам, дар куҷо таҳсилоти олӣ
гирифтаам, форсиро медонам ё не? Ҳангоме ки аз
Гочикистони шУравй буданамро фаҳмид, боз саволхои
дигарро раво дид: Оё ҳамаи точикон ба чойи кор таъминанд,
ман дар чй гуна хона-давлатй ё хусусй зиндагй мекунам,
точикон ҳамагй босаводанд ё не?Банда ба хама саволҳояш
Чавобҳои боварибахш додам, вале аз ин ки дар хонаи давлатй
зиндагй мекардам ба У хуш наомад ва гуфт: ин ҳолат миёни
инсон ва хайвон фарк намемонад. Дар тасаввури мавсуф,
хонаҳои сохти аврупой ба кафас монанд буданд, ки баробари
ба он дохил шудан дигар баромада наметавонед. Ин навъ
инсонҳоро он чавон ба инсонҳои кафасй шабеҳ медонист.
Чунин саволҳо зиёд пайдо мешуданд. Он солҳо, вокеан,
шаҳрвандони Афғонистон дар бораи ҳаёти точикони ШУравй
тахминан тасаввурот надоштанд. Онҳо ба ҳар навъ бадгУиҳои
зидци шУравй, ки аз радиоҳои хоричй садо медоданд, боварй
хосил мекарданд. Масалан, дар гурӯҳи мо як геологи
бадахшй бо номи Шер Бахтибеков (рӯҳаш шод бошад) кор
мекард, ки бадбахтона забони форсиро буррову равшан
намедонист. Эшон аз хурдй дар мактаби русй таҳсил дида,
завчааш низ аз миллатҳои аврупой буд. Боре дохилихо ба У
савол додаанд, ки хонумаш дар кучост? Вай чавоб додааст,
ки хамсараш дар Кобул, дар микрорайон зиндагй мекунад.
Ин савол вакте сурат гирифтааст, ки гурӯҳи онҳо садҳо
фарсах аз Кобул дур ифои вазифа мекардаанд. Аз ин рУ,
посухи Бахтибеков кормандони афғониро ба нгубха мондааст.
Онон ба ҳамон дониши дурӯғине, ки дар мавриди
«Коммунизм» доштанд рУй оварда, боварй ҳосил кардаанд,
20
ки дар шӯравй занҳо умумианд. Дар ҳамин замина, гумон
доштанд, ки миллати точик дар Шуравй бркй намондааст,
балки онҳоро русҳо ба қатл расондаанд.Ё ин ки рӯзе бо
Ҳ.Назаров дар кабулгоҳи сармутахассис сӯҳбат мекардем.
Як ходими вазорат, ки таҳсилоти донишкадавй дошт ба мо
савол дод, ки оё дар Шӯравй ҳукуки миллатҳо баробар
аст? Ҳ. Назаров, ки аз банда дида тачрибаи беиггар бардошта
буд, сари ин мавзУъ хеле ҳарф зад ва хост, ки Уро бо масъалаи
баробархукукй дар ШУравй ошно созад. Вале вай ба гуфтаҳои
Ҳ. Назаров бовар намекард ва мегуфт, ки масалан, шумо
нисбат ба як каси дигар маоши зиёд мегиред-ку! Ба идомаи
ин таъкидаш илова намуд: барои он ки як афғонбача ба
ягон кишвари хорича ҷиҳати таҳсил фиристонда шавад,
камаш 50 хазор афконй лозим аст. Ман, ки камбағалам ба
ҳеч кучо барои таҳсил рафта наметавонам. Аз чараёни
сӯҳбати ин ходим, ман чунин маънй бардоштам, ки У
Шӯравиро хеле бад медид. Дар поёни суханаш изхор дошт:
Ман фақат ба Амрико ва Туркиё хоҳам рафт ба Шуравй
фиристанд хам намеравам... Азбаски ин ходим ба ғайр
аз ба ин сУву он сУ занги телефон задан дигар коре надошт,
сӯҳбаташро бо мо идома доданй шуда, мавзУи чавониву
зиндагидориро матраҳ сохт. ГУё У ба рУзгори чавонони
Шуравй ҳасад мебурд ва икрор кард, ки шумохо аз
шириниҳои чавонй баҳравар ҳастед, аммо мо афғонбачаҳо
аз чавонй ҳеч баҳрае бурда наметавонем ва имконият хам
надорем. Ҳ.Назаров, ки аз хулосаҳои нодидагиронаи ходим
дар мавриди Щӯравй то чое худро нороҳат медид, ба У бо
оҳанги кинояомезе чунин ҷавоб дод:
- Ҳо, ба Амрико равед, аз чавонй баҳра хоҳед бурд.
Ин чавобе буд, ки ба дахони ходими маҳмадоно мУҳри
хомӯшй зад.
Рӯзи хаштуми март бояд хама тарчумонҳо дар чойҳои
расмй навбатдорй мекарданд, то ки дар ин чашн кадом
бетартибие рух надихад. Дар раёсат ба ман фармуданд, ки
ин амрро ба тарчумонҳои гурӯҳ расонам. Чунонки гуфтам,
ин рУз Ҳ.Назаров бетоб шуда, сари вазифа ҳозир нагардида
буд. Ба ин хотир соатҳои шаши бегоҳй ба хонаашон, ки
наздики Клуб карор дошт, рафтам. Бо шунидани занги дар
хонумашон дарвозаро ба рУям кушод ва мариз будани эшонро
такрор намуд. Вале бо шунидани садои ман, ки барои
Ҳ.Назаров садои Ватанро медод, худашон берун баромада,
ба хона даъват карданд. Баъд аз пурсиши ҳолу аҳвол хоҳиш
намуд, ки банда бо ҳамсарам шаб меҳмони онҳо шавам. Мо,
ки навхона будем ҳеч гуна тайёрие барои чашни Ҳаштуми
21
Март надоштем. Ин ҳолатро ба ҳисоб гирифта, соатҳои 8-и
бегоҳӣ дар хонаи Ҳ.Назаров меҳмон шудем. Гузапгга аз ин,
ҳам завчаи Ҳ.Назаров ва хам хонуми банда аз қавмҳои
Қафкоз буданд. Сари мизи меҳмонй чаҳор кас менишастем.
Сӯҳбат гоҳе тоҷикиву гоҳе русӣ сурат мегирифт, зеро мо ду
точики ҳамтақдир лафзи хонумҳоямонро намедонистем. Ин
шаби чашн ҳамдигарро табрик гуфтем. Барои ман нахустин
шабнишинй дар Кобул буд, ки аз тозагиҳо орй набуд.
Маҷлиси меҳмониро бенгтар соҳибхона гарм мекард. Мавсуф
оромона, канда-канда сухан мегуфт. Ҷолиб ин буд, ки ҳама
суханҳояш чанбаи донишандӯзй доштанд. Банда гӯш медодам
ва бисёре аз гуфгаҳои эшонро ба максади дар оянда исгифода
бурдан ба донишам зам менамудам.
Даҳуми март барои ман аз қабати чорум хона доданд.
Ба ин хотир, ин рӯз ба вазорат нарафтам. Анчоми зиёде ҳам
надоштем, вале ду нафар аз хидматгарони афгонй моро ёрй
расонданд. Яке аз онхо ришсафеде буд, ки ба форсидонии
ман шубҳа пайдо карда, савол дод: тарчумон соҳиб, шумо
мусулмонед? Банда, бале гуфтам, мусулмонам ва точикам.
Саволи ин мӯйсафед ба он хотир буд, ки дар назари онҳо
на хар форсидон мусулмон шуда метавонад. Сипае ба онон
даҳ афгонигй до даму бо изхори ташаккур рухсаташон додам,
ки аз пайи корҳои дигарашон шаванд. Хонаи нави мо
панчхучрагй буд. Дар се хучрааш мо карор дошлем ва дар
ДУ Хучраи дигараш геологи Точикистоние бо номи Дронов
В.И. истиқомат мекард. Инсони хубе буд. Расму русуми
гааркиро хуб риоя мснамуд. Маданияти баланде допгг. Ин
хона дорой як ташнобу хамом ва як ошпазхона буд. Аз ин
рӯ, аз тарафи субҳ андаке нороҳатӣ эҳсос менамудам.
В.И.Дронов ин чихатро ба назар гирифта, аввалтар аз хоб
мехест, шустушӯ мекард, нахориашро анчом медод ва сипае
хонуми ман барои омода сохтани нонушта мепардохт.
Вазифаи хар зан пеш аз хама сари вахт тайёр кардани
нонушта, хУроки пешину игом буд. Аслан, бо хонум даъват
шудани мутахассис барои он буд,ки факат сари мавзУи
касбаш фикр кунад, то ки барои кишвари марбута манфиате
оварда тавонад. Аз ин чост, ки одатан ба хонумҳо барои чое
кор кардан ичозат намедоданд, хол он ки аксари бонувони
шӯравӣ дорой касбу маълумоти хоса буданд. Албатта,
мутахассисоне хам фаъолият мекарданд, ки бидуни хамсар
рӯзгор доштанд.
Ҳаждаҳуми март ҳамсарамро сӯи ватан гусел намудам.
У дар муддати як ҳафта бояд писарчаамонро ба Кобул
меовард. Ин мавзӯъ бо Маскав мувофика шуда буд. Хонумам
22
мебоист аз Кобул то Тошканд ва сипас ба Душанбе парвоз
мекард. Рӯзи панчшанбе буд. Бо Г.Н.Кочерев ба майдони
ҳавоӣ рафтем. Анчомхояшро аз назорати гумрукй гузарондам.
Кормандони гумрук ба мо муносибати хуб доштанд.
Чомадонро ҳатто накушоданд. Ҳавопаймо боло шуд ва ба
самти Тошканд роҳ пеш гирифт. Замоне худро нороҳат ҳис
кардам на ба хотири ин ки ҳамсарам мерафт, балки барои
дур мондан аз Ватан. Вақте ки ҳавонаймо аз назарҳо нопадид
шуд, мо ба вазорат пас гаштем. Соати 12 кор ба поён расид.
Нони чоштро дар танҳой хӯрдам. Хона дар назарам торик
буд. Зикй фишорам медод.
Ҳамин рӯз буд, ки бандаро ба сафи яккачини дастаи
волейболи гурӯҳ шомил сохтанд. Нахустин бозии мо бо
гурӯҳи волейболбозони «Доруламон» сурат гирифт. Банда,
ки ба ин навъи бозй аз овони ҷавонй машғул будам ва
дарачаҳо низ доштам, то чое аз маҳорату чолокй кор гирифта,
дар паҳлуи дигарон галабаи дастаи хешро таъмин намудам.
Ҳисоби бозй 3:0 ба фоидаи гурӯҳи мо анчом ёфт. Ин лаҳза
сармутахассисамон Котов А.Я. ба назди мо омада,
дастҳомонро самимона фишурда, офаринҳо гуфта, сипас ба
сардори даста эрод гирифт, ки чаро ба Худойназар кам
аҳамият додед, баръакс аз маҳорати У истифода бурдан лозим
буд. Воқеан, ҳангоми бозй ман ҳис намудам, ки русҳо бештар
ба якдигар тӯб медоданду бандаро нодида мегирифтанд.
Яъне он чо, ки зарба задан лозим мешавад, тУбро ба ман
намедоданд, ҳол он ки дар гурӯҳ бозингари зарбазан вучуд
надошт. Ҳар лаҳза, ки ман дар қатори аввал чой
мегирифтам, бозй ба фоидаи мо ҳал мешуд. Бинобар ин
сардорамон чиддан таъкид кард, ки дар бозиҳои оянда аз
маҳорати банда бештар бояд истифода шавад...
Бистуми март, аз тарафи сахар бо дастаи геологҳои
«Бибимоҳрӯ» (русҳо Бимарӯ мегуфтанд) вохӯрӣ доштем.
Ин команда нисбат ба командаи «Доруламон» кавитар буд.
То ин бозӣ гуруҳи мо дар вохУриҳо 6о ин даста ҳамеша 6а
мағлубият рӯ ба рӯ мешудааст. Ман, ки чанд бозии
«БибимохрУ»-ро мушоҳида карда будам, чавдон боварй
надопггам, ки онро маглуб месозем. Бо ҳамин рӯҳия бозй
шурӯъ шуд. Аввал афзалият аз онҳо буд. Ҳамин буд, ки
навбати аввалро мо бо ҳисоби сифр бар як (0:1) бохтем.
Ин дафъа банда тамоми майдонро ба ихтиёр гирифтам.
Чолокй ба он сатҳ буд, ки дар ҳар нуқта пайдо шуда, тӯбро
медоштам ва бо зарбаҳо ва фиреб доданҳо ҳисобро зиёд
мегардондам. Бозй ранги чиддй пайдо кард. Дар чор навбат
ҳисоб баробар шуд. Навбати панҷум ҳалкунанда буд. Ҳама
23
бозингарони гурӯҳ масъулият хис карданд. Гузашта аз ин,
Котов ва дигар роҳбарони сафорат ин бозиро тамошо
доштанд. Махсусан, Котов бесаранчом ба назар мерасид ва
ҳар дафъа садо медод, ки тубро ба Худойназар диҳед. Занҳо
доду фиғон мебардоштанд ва бо карсаку офарингӯиҳо (браво,
браво) бозии моро дастгирй менамуданд.
Баъд аз бозй хона омада, каме дароз кашидам. В.И.Дронов
бо як рафикаш хоҳиш карданд, ки ба тамошои шаҳр бароем.
Ҳарчанд ки майли тамошо надоштам, вале сухани хамсояро
рад карда ҳам намешуд. Онҳо ба тарчумон зарурат доштанд.
Дар баъзе чойҳои дидании Кобул аксхо бардоштем. БегохИ
дар клуб филмеро тамошо намуда, сипас чанд навбат
сакобозй кардам. Соатҳои 10-и шаб хона омада, китоби
маршал Баграмянро варакзанон ба хоб рафтам...
Бисту якуми март оғози Соли нав буд. Дар
Афғонистон се рУз истироҳат эълон карда шуд. Пагоҳй
соатҳои 10 рУи ҳавлй баромада, тарчумони озари Махмуд
Фотеҳовро вохУрдам. Дар даст фотоаппарат дошт. Сурати
маро гирифт. Бай соли дуюм буд, ки тарчумони мекард ва
тачрибаи бештар дошт, пешниход намуд, ки ба сайру гашти
Кобу ли наврӯзй биравем. Ман хоҳиши Уро кабул дошта,
пешниход намудам, ки Ҳ.Назаров низ даъват шавад. Махмуд
розй шуд. То назди хонаи Ҳ.Назаров расидем. Аз таги
панҷараи қабати аввал садо баровардам, ки У ба пешвозам
баромад, аммо шахрравиро рад намуд.
Махмуд низ мисли банда аспирант буда, мавзУи
рисолааш «Ҳаёт ва фаъолияти Салмони Совачй» ном дошт.
“Г_ чавони хубе буд, соддагиҳо дошт, ба русй чандон хуб
сУҳбат карда наметавонист. Ҳамон айём афкори
озодандешиаш ба мушохида мерасид... Ду аспиранти
донишгоҳй аз шаҳрчаи Нодиршоҳ ба чониби касри шоҳй
роҳ неш гирифтем. Дар рӯ ба рУи он акси якдигарро
гирифтем. Сипас хостем, ки дар кинотеатри «Ориёно», ки
дар майдони Паштунистон вокеъ буд, филми эрониеро бо
номи «Дунёи пурумед» тамошо кунем. Аммо дарвозаҳои онро
баста дидем. Ҳоло барвакт будааст. Аз ин рӯ, дӯконҳои сари
рохро тамошо намуда, як худранг (авторучка) ва як айнак
барон ман харидем. Чошт хам наздик омад. Ба самовоте (аз
самоварчи гирифта шудааст) даромада, кабоби чигарй
хӯрдем. Кабобро хуб мепухтаанд.Сипас дубора ба назди
кинотеатр омадем. Дидем, ки барои тикетгирй навбат риоя
намешуд. Касе, ки зУр дошт, дигаронро ин суву он сУ тела
дода, тикет мегирифт. Албатта, мо чунин карда
наметавонистем.Ба Махмуд гуфтам, ки аз ягон афғонбача
24
хоҳиш кардан лозим мешавад. Сухани бандаро ҷавоне шунид,
ки назди мо омада пуламонро гирифту бароямон ду тикет
харидорй намуд. Ба он чавон изҳори ташаккур кардем, вай
мегуфт «хайр аст, парво надорад». Филмро тамошо кардем.
Мавзӯяш чанг буд ва «боевик»-ҳои имрӯзро мемонд. Ба ҳар
ҳол лаззати маънави бурдем...
Биступанҷуми март ҳамроҳи Ҳакназар Назаров бозорй
кардем. Рӯзи кӯтоҳ буд. Дар ин бозорравй банда сабаб
шудам. Як рӯз кабл дар омади ran орзуи палав хӯрдан кардам
ва гуфтам, ки на хонумам инчосту на деги оншазй дорам,
вагарна худам ин ғизоро омода месохтам. Вокеан, ду ҳафта
боз оши палав нӯши чон накарда будам. Майли палавхоҳии
маро ба инобат гирифта, Ҳ.Назаров гӯнггу биринҷ ва дигар
маводи заруриро харидорй намуд ва ба хонаи эшон омадем.
Ман мехостам, ки аз таги дарвозаи он кас пас гашта, ба
манзили худ равам, вале он кас нагузоштанд ва нони чоштро
якчоя дидем. Сипае огох сохтанд, ки метавонам бегоҳй барои
хӯрдани оши палави фармоишй ҳозир шавам. Майли
палавхӯриам андаке хичилам сохт. Хуб нашуд. Як шахсе,
ки аз банда бузургтар буд, ба хотири хоҳиши маро ичро
кардан, ташвиш мекапшд. Дигар илоче надоштам. Мувофиқи
ваъда, соати шаши бегоҳй тамошокунон сӯи хонаи Ҳ.Назаров
равон шудам. Он кас интизорй меканщданд. Оши палав хеле
болаззат пухта шуда буд. Биринчи Кобул, ки сифати баланде
дошт, палавро боз ҳам хушхӯр гардонда буд. Дар сари
дастархон сӯҳбати мо бештар сари адабиёту фарҳанг ва
таърихи Афгонистон сурат дошт. То дер ёди дӯстону диёр
кардем. Аз чеҳраҳои сиёсиву фарҳангии Афгонистон ёдовар
шудем. Окои Ҳ.Назаров тарзи сӯҳбати ба худ хосу
донишандмандона дошт. Банда, ки он айём дар бораи
Афгонистон маълумоти казой надоштам, аз эшон до ниш
меандӯхтам ва бо таваҷҷӯҳ гӯш медодам ва харчи ки бароям
тозаву дилчасп маълум мешуд, дар мағзам нақш мекунондам.
Чунин сӯҳбатҳо манфиатбахш буданд...
Бисту шашуми март, ки ба рӯзи чумъа рост меомад,
45 нафар аз мутахассисон - зану мард, роҳи шаҳри
Чалолободро пеш гирифтем. Масофаи роҳ байни Кобул ва
Чалолобод 168 км-ро ташкил медод. Аз самти Кобул рох то
расидан ба ҳамвориҳои Чалолобод нишебрӯя ва печ дар
печ буд. Ин роҳро Созмони Миллали Муттаҳид сохта
будааст. Қабати кӯҳҳоро шикофта, туннелҳо кушодаанд. Ҷ
ойҳое, ки сангу шағал мефарояд, бо тарзи махсуси айвондор
сохта шуда буданд. Аз ин чост, ки дар ягон гӯшаи рохи
качмокачи Кобулу Чалолобод мушкилие пеш намеояд. Ҳар
25
офате, ки аз баландихо саронишеб мешуд, аз болои айвонҳо
мустақил ба дараи бетагу рӯди сероб фурӯ мерафт. Ин роҳро
дида, бехотир ҳушам сУи роҳҳои Бадахшону КУлоб ва
ағбаҳои Анзобу Шаҳристони ватанам равона шуд ва ба худ
савол додам, ки 6о он қудрате, ки Шуравй дорад, чаро роҳҳои
моро мисли ин намесозанд? Акнун ки дар оғози карни бисту
як карор дорам, роҳбарони даври Точикистонро ба он
гунаҳгор месозам, ки аз нерӯи иқтисодиву техникии даврони
Шуравй истифода набурданд ва дар Точикистон ягон роҳи
дурусте насохтанд.
Вахте ки аз қаторкУҳҳои cap ба фалак поён шудем, дар
рӯ ба рӯямон даштҳои сердолу дарахти минтакаи
Ҷалолобод намудор шуд. Соатҳои 10-и иагоҳӣ ба шаҳр во-
рид гард идем. Автобусамон дар маркази шаҳр, ки бозорро
мемонд, қарор кард. КУчаҳои ин шаҳр низ монанди шаҳ-
рҳои кадимаву шаркӣ аз ду тараф бо дӯконҳои ҳархелаашон
шаҳрро зебу зиннат мебахшиданд. Аввалин эҳсосе, ки аз ин
шаҳр доштам бУю таф буд, ки ба машомам зад. Дигар чизе,
ки хушам наомад сермагасии ин шахр буд. Азбаски тамоми
кУчаву хиёбонҳо ба бозор табдил дода шуда буданд, коғаз-
пораву дигар поракандаҳои ачнос хеле зиёд ба назар мера-
сид. Дар чУйборҳо обҳои ғализу бУйнок карор доштанд.
Дуруст аст, ки кУчаҳои бозормонанди Кобул хам чандон
озодагй надоранд, вале хиёбонҳои
Чалолобод дар назарам бештар беназокат менамуданд.
Дар ин саёҳат бонувони русй худро ба дӯконҳо за-
данд. Банда, ки бояд тарчумонй мекардам, хангоми ба чанд
дукон cap халондан дарёфтам, ки точирон ба русй харф
мезаданд ва пешакй медонистанд, ки хонумхои шУравй ба
кадом навъи матоъ майл доранд. Чунин шуд, ки ба тарчумо-
нии ман зарурат пайдо нагардид. Ба иа хотир, саёҳон ба ду
гуруҳ таксим шуданд. Яке ба тамошои бозор рафт ва дига-
ре ба дидани чойҳои таърихии шахр. Банда ба гурӯҳи дуюм
худро задам, то ки аз зиёратгоҳҳову музейҳои Чалолобод
бахравар гардам. Маълум шуд, ки дар ин шахр аз хама
чойи диданӣ ва таърихй барои саёҳони хоричй макбараи амир
Амонуллоҳхон будааст. Амире, ки бо номи У мустакилияти
Афғонистон иртибот дорад. Моҳи майи соли 1919 махз мав-
суф мустакилияти кишварро эълон дошт ва то тирамоҳи соли
1928 шоҳи Афғонистон буд. Вай дар таърих бо номи шохи
навгаро машҳур аст. Амонуллоҳхон шоҳе буд, ки бори на-
хуст рӯ ба маданияти Аврупову Барб оварда, чандин кишва-
рхои пешрафтаро дида, карордодҳои иқтисодиву фарҳангй
имзо кардааст. Чунин фаъолияти тачаддудгароёнаи вай ба
26
баъзе аз кишварҳои манфиатхоҳ маъқул наомад, аз ин рӯ
муллоёни мутаассибро ба муқобилаш бархезонданд ва Ҳаби-
буллоҳи Колоконй, машҳур ба Бачаи Сақовро рӯи тахт
оварданӣ шуданд.Бар асари ин вокеот Амонуллоҳхон рӯ ба
фирор овард. Аввалан ба Ғазна рафт ва аз он чо ба Қанда-
ҳору Ҳирот ва баъдан роҳи Ҳинду Шветсияро пеш гирифт
ва то поёни умр он чо монд...
Воқеаҳои таърихӣ чунин сурат гирифт, ки ҳокимияти
Бачаи Саков ҳамагй ҳашт мох идома ёфт. Уро низ боз ҳамон
бадхоҳони хоричй ва дастаи мутаассибин аз тахти шоҳй
барканор сохта, дар майдони Паштунистон ба дораш
овехтанд. Синае, Нодири вазири ҳарбиро, ки дар Фаронса
таҳсил доигт, ба Хуст оварданд ва моҳи феврали соли 1929
ба тахти шоҳӣ нишонданд, ки сарнавишти ин шахе низ киссаи
дуру дарозест...
Таҳти таъсири ҳамин таассуроти таърихй то назди
мақбараи Амонуллоҳхон расидем. Дар ин зиёратгоҳ боз
тӯрҳои киблагоҳи ӯ, ки баъд аз Абдурраҳмонхон, бар
маснади шоҳй нишаста буд - Ҳабибуллоҳхон, хонумаш -
Сурайё ва бародараш Иноятуллоҳ ба мушоҳида расиданд.
Ин оромгох мазори хонаводагиро мемонд. Дар ин миён
марқади Амонуллоҳхон ва завчааш бошукӯҳ ба назар
мерасид. Дар сари гӯрҳо сангҳои мармарини сафеди
аълосифат бо навиштачоти ному насаб ба хати зебову хонои
алифбои арабиасос кандакорй гауда буд. Атрофи мазор
девори хиштии начандон баланд дошт. Дохили зиёратгох
ба майдончаи дилрабое шабохат дошта, ба замини он реги
зарду сафед паҳн карда буданд. Мӯйсафеди нуроние ин чо
ба рӯбу чин ва об додани гулҳо масруф буд. Қабл аз он ки
кас ба майдончаи зиёратгох ворид шавад, кафшҳояшро
мекашид. Мо хам чунин кардем. Ҳарчанд барои русҳо ин
ру сум одат нашу да буд, онхо низ кафшҳояшонро беруни
зиёратгох гузоштанд. Саёхони руей бар назди ҳар гУр карор
гирифта, аз банда хохиш мекарданд, то ки навиштахои болои
сангҳои мармаринро хонда тар чума намоям.
Баъзе аз мутахассисин аз рУи филми «Миссия в
Кабуле» дар бораи Ҳабибуллоҳхон ва Амонуллоҳхон то чое
маълумот доштанд. Аммо боз ба воситаи дониши ман
лаҳзаҳоеро аз он таърих аник карданй мешуданд. Рости гаи,
ҳамон даврон дар бораи таърихи Афғонистон маълумоти
васее надоштам. Бо вучуди ин, кУгаиш мекардам, ки мавзУъро
ба саёҳон шарҳу эзоҳ диҳам. МУйсафеди номбурда, ки
суҳбати моро мугаоҳида менамуд, ба мо наздиктар омада,
дар бораи солхои охири ҳаёти Амонуллоҳ чанд лаҳзаи
27
чолибро ҳикоя кард. Аз руи дониши мУйсафед маълум шуд,
ки шоҳи навгаро ба синни 58-солагй дар Шветсия ва завчааш
дар 70-солагй аз чаҳон даргузаштанд. Баъдан турбати онҳоро
ба Чалолобод интикол доданд.
Дар Чалолобод боз чанд соате сайру гаигг намуда,
аксҳои хотиравй бардоштем. Соати муайяшиуда сӯи Кобул
ҳаракат намудем. Он роҳи качмокачаку зинамонандро боло
баромадан барон кас кайфияте меовард. Соатҳои шаши бегоҳ
ба манзилҳои кобулиамон расидем.Бо ин хотираҳо моҳи март
ба поён расиду моҳи апрел оғоз ёфт. Рузе дар толори
фархангии микрорайон сакобозй мекардам, ки як инженери
рус ба исми Борозинетс Н.И. ба наздам омада хабар дод,
ки роҳбарият маро ба гурӯҳи онҳо мутасаддй
кардааст.Борозинетс аз русҳои мухимии Тошканд буда, дар
соҳаи геология тачрибаи беш аз бистсола дошт ва дар
қарордоди геологҳои шУравй роҳбарии гурӯҳеро адо менамуд.
Вай танҳо рӯзтор дошт. Зану фарзандонашро бо худ
наоварда буд. Шахси хушсӯҳбате буда, одатҳои шарқиро
хуб риоя мекард. Забони Узбекиро медонист. Аслан ба
мардумони украин тааллук дошт. Аз сӯҳбате, ки бо мавсуф
сурат гирифт фаҳмидам, ки дар гурӯҳи У чаҳор-панч геологи
дигар шомил будаанд. Онҳо муддати ду мох дар минтакаи
Ҳирот корҳои чустуҷӯӣ мегузарондаанд. Вакте ки аз шароити
кору рӯзгори саҳрой огох шудам, дахшат фароям гирифт.
Аз сУи дигар, илоче надоштам, дар Маскав вазифахоямро
фаҳмонда буданд. Гуфтанд, ки ман бо геологҳо кор хохам
кард. Ин хабар бароям як нохушй дошт. Гап дар ин ки
завчаам ба Душанбе рафта буд, то ки писарчаамро биёрад.
Омаданашон маълум набуд. Метарсидам, ки агар гурӯҳ ба
зудй ҳаракат кунад, онҳоро пешвоз гирифта наметавонам.
Ҳол он ки аз рУи чадвали парвозхо рУзи 4-уми апрел, мебоист
аз Тошканд ҳавопаймои «Бойинг»-и афгонй пас бигардад.
Ҳафтае як маротиба дар баробари ҳавопаймои шУравй
ҳавонаймои афгонй низ сУи Кобул парвоз менамуд.
Рӯзи 4-уми апрел, баъд аз чошт сари вазифа хозир
нашуда, балки мошинеро аз раёсат ичозат гирифта, ба
майдони хавой рафтам. Ду афгонй дода ба кабати сеюми
бинои майдони хавой боло шудам. Он чо барои тамошои
лаҳзаи фурудоии ҳавопаймо хеле мувофик буд. Ман ва боз
чанде аз пешвозгирандагони дигар ба балкон баромадем, то
ки бубинем чй навъ ҳавопаймои «Бойинг»-и америкой поин
мешавад. Чандон вакте нагузашт, ки ҳавопаймо дар болои
шахри Кобул пайдо шуда, ду дафъа дар атрофи шахр давр
хУрда, сипас фуруд омад. Ин лахза калбам ба тапиш даромад.
28
Аз худо илтичо менамудам, ки завҷаву писарам маҳз ҳамин
рӯз биоянд. Дарвозаи ҳавопаймо боз шуд ва аввалин
мусофирине, ки cap берун карданд Парвиз ва модараш
буданд, ки оромона аз поймонакҳои зинапоя мефаромаданд.
Дар назарам Парвиз ин сӯву он сӯ нигоҳ карда, падарашро
мечуст. Азбаски масофаи бино ва ҳавопаймо 50-70 метр буд,
онҳо маро дида наметавонистанд. Ман ба зуди поён фаромада,
дар рӯ ба рӯи толори пазирой карор гирифтам. Маълум
шуд, ки дар як ҳавопаймои бузург ҳафт-ҳашт мусофир
парвоз кардаасту халос. Кормандони гумрук, вакте
фахмиданд, ки он хонуми шӯравй бо писарак ба банда
тааллук до ранд, анчомҳояшонро тафтиш накарда, рухсат
доданд, ки аз толор берун шаванд. Ба кормандони афғони,
ки тарчумонҳои точикро бисёр эҳтиром мекарданд, ташаккур
гуфта, Парвизро сари даст бардошта бӯсидам. Шодии ман
ҳаду канор надоитг. Анҷомҳоро ронанда бардошта, то мошин
бурд. Мо сУи микрорайон ҳаракат намудем. Дигар ташвише
надоштам, агар гурӯҳ пагоҳ ҳам ки чониби Ҳирот ҳаракат
мекард, парвое набуд. Аз ин ки Парвизи чорунимсола дар
Душанбе монда буд, хеле парешонҳол будам. Ҳарчанд ки у
дар тарбияи хоҳару бародаронам карор дошт, боз андеша
мекардам, ки холи У чя мешуда бошад? Албатта модари
бачаҳо шикоятҳое ҳам дар мавриди хешони банда кард, ки
чунин рафтор одати хама янгаҳост. Бо вучуди ин, то чое
асабй шудам ва ба хохарам Аноргул ва бародарам Чумъахон
нома навишта, изҳори ранчиш намудам. Бо гузашти солхо
фаҳмидам, ки он гуфтахо чандон вокеият надоштаанд...
Сафари Ҳирот
Моҳи март барои банда ҳамчун давраи ошноя ва
тачрибаомУзй ба поён расид. Нахустин маротиба ба сафари
геологя омодагй мегирифгам.Ин сафар донишҳоеро такозо
дошт, вале аз он огаҳие надоштам. На ба назарияи он балад
будаму на ба истилоҳоташ. Ин чиҳат ба масъулиятманди
водорам месохт. Худро ба он тасалло медодам, ки дар
чараёни фаъолият конунмандиву махсусиятҳои илми
геологияро аз худ хохам кард.
Ҳафтуми апрел, ки ба рУзи панчшанбе рост меомад,
Борозинетс хамаро ба сафари Ҳирот омода сохт. Геологҳои
гурӯҳ дар ин рӯз ҳаракат кардан намехостанд, зеро рУзи
дигараш чумъа буд. Онҳо мехостанд, ки рУзи истироҳат бо
оилаҳошон бошанд. Ин рУз барои сардори гурӯҳ аҳамияте
надошт, чунки У танҳо буд ва баръакс рУзхои чумъа барояш
29
ташвишовар буданд. Бо вучуди ин, мутахассисин омода
шуданд. Соати яки рӯз дар назди бинои истикоматй чамъ
шудем. Ҳаво борони буд. Ман дар хона бо Парвизу модараш
хайрухУш карда, анчомҳоямро гирифта, ба назди мошини
ГАЗ-69, ки роҳбарамон он чо буд, омадам. Медидам, ки
завчаам бо писарам бо ҳавои боронй нигох накарда, аз
балкони қабати чаҳорум суям даст меафшонданд. Парвиз
ҳоло намефаҳмид, ки ду-се моҳ падарашро дида
наметавонад, гумон донгг, ки мисли рӯзҳои дигар боз бегоҳӣ
ба хона бармегардам. Дилам зик шуд. Он айём, такрибан,
аз оила ба муддатҳо дур намонда будам. Аз хама бештар
Слава Гришини маскавй азият мекашид. Хонумаш Люба Уро
ба оғӯш гирифта буд. ГУё Славаро ба чанги Олмон гусел
мекард. Як геологи дигарамон - Олег ин тарафу он тараф
қадам зада, аламашро бо дуди гализи сигарет мебаровард.
Вай аз шаҳри Кишинёв буд. Юра парво надошт. У низ
монанди Борозинетс беоила буд. Гузашта аз ин барои мардхои
мучаррад дар сафар будан манфиатбахштар менамуд.
Бо ҳамин рӯҳия ба мошинхо савор шудем. Ману
Борозинетс ва се инженери афгони якчо нишастем. Гаи дар
ин аст, ки ҳар гурӯҳи геологи аз мутахассисини шӯравию
афғонй ташкил гардида буд. Ба ин маънй, ҳар гурӯҳ ду
сардор дошт. Масалан, дар гурӯҳи мо роҳбари афғонй
инженер Исматуллоҳхони қандаҳорй буд. Ҳама масорифи
пулй бо имзои У сурат мегирифт. Илова бар ин, дар гурӯҳ
ронандаҳо, ошиазҳо ва 40-50 нафар мардикорони афғонй
шомил мешуданд. Дар мачмУъ ҳар гурӯҳ аз 60-70 кас иборат
буд. Геологҳои шУравй мебоист дар якчоягй бо геологҳои
афғонй кофтуковҳои геологи гузаронда, ба ҳамин восита
онҳоро аз тачрибаву дониши назарй ва амалии хеш бахравар
созанд. Аз ин рӯ, хама фаъолияти инженерони шУравй дар
шоҳидии мутахассисини дохилй сурат мегирифт. То чое мо
хизмати афғонҳоро анчом медодем. Дар айни замон, мо аз
маоши худамон масраф менамудем. Ҳар мутахассис 5-6
ҳазорй ба хазинаи гурӯҳ мегузошт ва дар муддати муайян
аз он ҳисоб нону гУигг ва дигар маводи ғизой харидорй мешуд.
Мо бештар аз мағозаи хӯроквории сафорати ШУравй
истифода менамудем, ки арзонтар буд. Маска, равған,
консерваҳои моҳй, гов, гУсфанд ва ҳар навъ шириниҳоро
ба микдори зарурй харидорй карда, бо худ мегирифтем. Дар
чунин сафархо бештар аз консерваҳо истифода менамудем.
Гӯшти харчанги баҳрй хеле лаззатбахш буд, ки баъд аз ей
сол хам маззааш дар комам боки мондааст.
Он нисфирӯзй кУчаву хиёбонҳои шаҳри Кобулро пушти
30
cap гузашта, 6a шоҳроҳи Кобул-Қандаҳор баромадем. Ин
роҳро америкоиҳо сохта буданд ва роҳи хубе ҳам буд. Аз
самти Кобул аввалап ба минтақаи Майдон расидем, ки аз
тарафи чапи роҳ карор дошт. Майдон аз дур як шаҳрчаи
зебоманзареро мемонд. Дар ин мавзеъ чанд лаҳзае таваккуф
кардем, то ки ронанда намоз адо намояд. Ҳаракат сӯи шахри
f азна идома шрифт. Баъди аз баландӣ поён шудан аз пешорӯ
Ғазна намудор гардид. Азбаски бо амри сардорамон шитоб
доштем, дар ин шаҳр мошинро қарор надода, мустақим рӯ
ба пеш ниҳодём. Шаҳри Ғазна ва мақбараи Султон Маҳмудро
аз масофаи сад метр тамошо кардем. Ҳарчанд ки ман
мехостам соате чойҳои таърихии Ғазнаро бубинем, вале
Борозинетс «дар бозгашт» гуён ба ронанда фармуд, ки
ҳаракатро давом диҳад. Шом ба маҳаллаи Мукур расидем.
Хаста ҳам туда будем. Қарор додем, ки шабро дар ин ҷо
гузаронем. Ин минтақаи паштунҳо буд. Дар ошхонаву
самовотҳо паштунҳо хизмат мекарданд. Дар даштҳои он
хаймаҳои мардуми кӯчӣ ба мушоҳида мерасид. Аз рӯи нақли
ронандаамон маълум шуд, ки мардуми кӯчй аз самти
Қандаҳор ба самти Кобул ҳаракат доранд. Онҳо молдороне
ҳастанд, ки аз тарафи баҳор минтакаи гармро тарк гуфта,
ба шимоли Афғонистон роҳ пеш мегирифтанд, ки нисбатан
салқинтар будааст.
Рӯзи ҳаштуми апрел субҳи барвакт ба ҷониби
Қандаҳор ҳаракат намудем. Аз ду тарафи шоҳроҳ даштҳои
васеъбар ба мушоҳида мерасид. Дар ҳар 10-15 км деҳаҳоеро
медидем, ки дар онҳо мардуми кӯчй муваққаган дар хаймахо
рӯзгор доштанд. Аз Майдон то Қандаҳор, ки чандсад
километр тӯл мегирифт, регзор буд. Факат баъзан чазираҳои
сабзапУшро медидему сари роҳ дарахтони бодоми худрӯйро.
То андозае, ки роҳро сӯи Қандаҳор наздик мекардем,
таъсири гармй меафзуд ва бУи тарбод ба машом мерасид.
Ин чиҳат барои банда ва русҳо нороҳаткунанда буд.
Чошт буд, ки аз дур манзараи сарсабзи Қандаҳор
намудор гардид. Дар даромадгоҳи шаҳр аз тарафи чап
ФУРУДГОҲ ва шаҳрчаи типи аврупой ва анборҳои боҳашамате
ба назар расид, ки ба америкоиҳо тааллуқ доштаанд. Вокеан,
Кандаҳор аз зеботарин шаҳрҳои Афғонистон мебошад. Ду
тарафи кӯчаҳои шаҳрро дарахтони савсан ва арчаҳои
сарбафалак зиннат медоданд. Дар муқоиса 6о Кобул ин
шаҳр тозатару дилрабо ба назар мерасид. Ҳамон рӯз, ки мо
ба шаҳр ворид шудем, Аълоҳазрат - Муҳаммад Зоҳиршоҳ
меҳмони кандаҳориҳо будааст. Дар кУчаи марказй зиёиёну
ришсафедон ва муллоёни Қандаҳор барои пазироии шоҳи
31
кишварашон қарор доштанд. Ҳама дар даст тасбеҳ сари
китф чойнамоз ва дар cap дасторҳои дарозфаш миёни худ
сУҳбати гарм мекарданд. Чеҳраҳояшон шодону таъбашон
болида ба назар мехӯрд. Ин лаҳзае буд, ки Зоҳиршоҳ ба
зиёрати макбараи Ахмадшоҳ рафта буд ва мехост, ки дар
масчиди он намоз гузорад... Аҳмадшоҳ шахсияти таърихй
мебошад. У соли 1747 давлати Афғонистонро таъсис дода,
пойтахти онро шаҳри Кандаҳор эълом дошт. Вайро бо номи
Ахмадшохи Дуронй низ мешиносанд. Эшон соҳиби девони
апгьори дарй ва хам панггу буд. Духтари Аҳмадшоҳ Оишаи
Дуронй шоираи бомаҳорате буд. Бесабаб нест, ки номи вай
дар таърихи адабиёти Афғонистон ёд мешавад.
Мо аввалан дар маркази шаҳр чанд лахза маътал туда,
бо маслиҳати инженерони дохилӣ мавзӯи дар кучои шаҳр
сипарй намудани шабро хал кардем. Ба чунин хулоса омадем,
ки мутахассисини шУравй дар меҳмонхона - хутал чой
гиранду дохилиҳо дар Боги умумӣ истирохат намоянд. Дар
Қандаҳор як шаб мондани мо оа он хотир буд, ки мошинҳо
бо аъзоёни гуруҳ қафо монда буданд. Мо мехостем, ки
тамоми гурӯҳ ин чо чамъ омада, рУзи дигар дастачамъй
сафари Ҳиротро ид ома бидихем.
То шаб рУз дар пеш буд. Мо аз ронанда хоҳиш намудем,
ки ба ягон мавзеъе барад, ки хам истирохат кунему хам ба
моҳигирй машғул шавем. Бо ҳамин ният ману Борозинетс,
Юра ва Слававу Олег ба мошини дударвозай нишастему
чониби рӯди Арғандоб ҳаракат кардем. Дар соҳиле аз он
қарор гирифта, чангакҳои моҳигириро омода сохтем.
Одатан, мардуми рус моҳигириро дУст медоранд. Намедонам
аз чй буд, ки ман хам аз хурдӣ ба моҳигирй завк доштам. Аз
ин ру, ҳар вакте ки шУравиҳои гуруҳ ба моҳигирй рафтанй
мешуданд, банда низ дар паҳлуи онҳо қарор мегирифтам...
АфсУс, ки он рУз, баъд аз соатҳои чор ҳаво вайрон шуда,
чангу хок хест ва имкон надод, ки моҳигириро идома диҳем.
Табъҳо хира шуд. Аз хама беш Слава асабй буд. Ба русй
ким-чиҳо туфта ҳақорат медод. ГУё бо табиат чанг карданй
буд, аммо зУраш намерасид. Бо кудрати илоҳй сарбасар
шуда наметавонист... Ба Боги умумй баргаштем. ХУроки шом
хУрдем ва хастагии рохро бо хоб бароварданй шудем.
Субҳи нуҳуми апрел гуруҳ чанд лахза сарчамъ шудем.
Мошинҳои борбардор низ шабона расиданд. Борозинетсу
Исматуллоҳхон амрҳои худро доданд. Ҳаракат аз шоҳроҳи
Қандаҳор - Ҳирот оғоз гирифт.Шоҳроҳи мазкурро шӯравиҳо
ба тӯли тақрибан 500 км аз бетон сохта буданд. Акнун дар
ин шоҳроҳ мошин ҳамвору ором не, балки ракскунон
32
ҳаракат менамуд. Чунин услуби роҳсозӣ дар Точикистон
низ нимаи дуюми солҳои 60-ум сурат гирифта буд. Масалан,
аз Душанбе то Кофарниҳон ҳамин навъ роҳи бо тахтасангҳои
бетонӣ рУпУшшуда баркарор буд. Шоҳроҳи Қандаҳор -
Ҳирот як хусусияти хуб дошт. Ҳини ҳаракат мусофирро
хоб фаро гирифта наметавонист, зеро мошин сари ҳар сония
аз як тахтасанг ба тахтасанги дигар бармехУрд ва як навъ
садои ба чизи сахте задани чархҳои мошин пайдо мегардид.
Дигар хусусияташ он буд, ки аз 100-200 км беш ҳаракат
кардан касро хаста ва беҳол менамуд ва камару китфу
дастҳоро ба дард медаровард.
Аз Қандаҳор, ки берун шудем, баъди чанд фарсах роҳи
мумфарш ба тарафи чап ба назар расид, ки то Лашкаргоҳ
мебурд. Инженерони дохилй накл карданд, ки дар
Лашкаргоҳ асосан олмониҳо корҳои сохтмонй мебурданд.
Ин минтақа ба Пешовари Покистон ҳамсарҳад буд.
Лашкаргоҳ бо санги мармари сурху сафедаш машҳур
мебошад. Аз рӯи шоҳидии баъзе тарчумонҳои точикистонй
дар Лашкаргоҳ мардумони гурезае аз ноҳияи МУъминободи
Кӯлоб муздурӣ менамудаанд. Аслан Лашкаргоҳ паштунишин
будааст. Аммо охири солҳои сиюм ва оғози Чанги чаҳонии
дуввум Зоҳиршоҳ ба хотири ин ки самти шимоли
Афғонистонро 6о афғонҳо махлут созад, теъдоде аз
паштунҳои Лашкаргоҳро ба шимол муҳочир кунонда,
тоҷикҳои шимолро, ба хусус муҳочирини точикро ба
Лашкаргоҳ интикол дода, аз онҳо ҳамчун нерӯи коргарй
истифода кардааст.
Шоири ншнохтаи Афғонистон СулаймонЛЛоик боре
қисса кард, ки хонаводаи онҳоро ба Пули Хумрӣ интикол
доданд, то ки мо паштузабонҳо форсизабонҳоро ба муҳити
паштунҳо омезиш диҳем. Вале, баръакс шудааст. Ҳама
панпунҳои ба шимол муҳочиршуда ба муҳити тоҷикҳо тобеъ
гардидаанд. Ӯ суханашро идома дода, - илова намуд, ки
масалан ман чашм кушодаму забон баровардам, сухани
форсиро шунидам. Паштунҳо то ба точикҳо омезиш ёфтану
унс гирифтан чӣ будани пиёзи сабз, гашничу дигар навъҳои
сабзавотро намедонистаанд. Чунин икрори шоир дар бораи
қавми панггу вокеият дорад...
Сафари Ҳирот идома дошт. Одатан, сари роҳ дар
шаҳристонҳое, ки пайдо мешуданд, соате дам мегирифтем,
чой менӯшидем, ё нони чошт мехУрдем. Дар шоҳроҳи
Қандаҳор-Ҳирот аввалин шаҳрчае, ки боиси таваҷчУҳи мо
гардид, Кӯшки НахУд ном дошт. Баъдан ба шаҳрчаҳои
Гиришк, Дилором, Фароҳрӯд ва Шинданд ошно шудем.
33
Ҳамаи ин шаҳрчаҳо аз ду кием иборат буданд. Яке деҳаҳои
собиқаро мемонд ва кисме аз биноҳои дукабатае сохта шуда
буд. Маълум гардид, ки ин биноҳоро роҳсозони шУравй барои
икомати худ сохтаанд. Ба Фароҳрӯд расидем, ки шом шуд.
Меҳмонхона ва ресторани хубе дошт. Бо маслиҳати
Исматуллоҳхон дар ресторанаш хУроки шом хӯрда, дар
биноҳои навсохти шӯравиҳо, ки акнун марбути афғонҳо
буданд, шабро гузарондем.
Вақте ки ман бо дохилиҳо сУҳбат менамудам, дуртар
чавоне, ки либосҳои даридаи низомй дошт, гӯш медод. У
ҳайрон буд, ки ин шӯравй форсиро аз кучо омУхтааст. Баъдан
наздиктар омада, боз чанд лаҳза ҳарфи бандаро гӯш дода,
савол дод, ки аз кучо ин лафзро ёд гирифтаам. Ман
форсизабонам, гуфтам. Сипае гуфт: «Ай кУлобй?» Бале
изҳор доштам ва_ҳамзамон аз вай савол кардам, ки магар
аз Дарвоз аст. У дарҳол тасдик кард ва икрор шуд, ки
замоне падараш аз Қалъаи Хум ба Бадахшони Афғонистон
фирор намудааст. Ин чавон ҳоло дар хизмати аскарй
будааст. Шабона ба наздам омада, хеле саволҳо дод. Аз
ҳолу аҳволи Тоҷикистон пурсон шуд...
Пагоҳии даҳуми апрел дар назди меҳмонхона ва
ресторан чанд қитъай акс бардоштем. Махсусан, сохтмони
ресторан ба афғонҳо хеле маъқул буд. Ин пагоҳӣ рУзи
дилкаше моро пешвоз гирифт. Субҳи баҳорон бо шуоъҳои
офтоби навбаромадаш касро руҳи тоза мебахшид ва ба илхом
меовард. Боз ҳаракат. Бо гузашти ду соат ба мавзеъи
Шинданд расидем. Ин ҳам шаҳреро мемонд, ки аз роҳ ба
масофаи як-ду километр ба тарафи чап қарор дошт. Дар
канор майдони ҳавой намудор мешуд, ки дар он чанд адад
ҳавопаймоҳои МИГ-21 катор меистоданд. Дохилиҳо
маълумот доданд, ки Шинданд шаҳрчаи ним низомй мебошад.
Он ҷо бештар пилотҳо икомат мекарданд. Ҳавопаймои
мусофиркаш ҳам ба ин майдон фуруд меомад. Дар самти
Кобул - Шинданд ҳавопаймои ЯК-40-и шӯравӣ парвоз
мекард. Мо ба шаҳр надаромадем. Сари роҳ самовоту
ошхонаҳо кор мекарданд. Аз мошинҳо пиёда шуда 6о
инженерони дохилй чой нУншдем, каме дам гирифта, боз
сафари Ҳиротро давом додем. Аз ин чо шоҳроҳ рӯ ба баландй
мерафт. Ҳангоме ки болои кУтал баромадем, дар сутуне адади
1740 м ба чашм расид. Ин ранам аломати баландии кУталро
нишон медод, ки паси cap кардем. То ин чо ки расидем
фанат биёбону регзори беканорро дидем. Аз навъи растаниву
гиёҳҳо фанат шутурхор ва ҷо-чо унгтурҳои танҳо низ 6а
назар мерасиданд. Дар ин минтака рафту омади кӯчиҳо
34
камтар буданд. Пиёдароҳҳои биёбони самти чапи шоҳроҳ
ба сарҳади Эрон мебурданд. Мегуфтанд, ки пиёдароҳо ба
кочоқиён тааллук доштаанд.
Мо аз болои ин баландй ба поён назар андУхтем, дар
дуродур даштҳои сердолу дарахт ва манзараи шаҳри
бостонии Ҳирот намудор мегардид. Барой ман ин баландй
ва ба он поён нгудан манзара ва табиати Чормағзак ва Хаси
Сафедро ба хотир меорад, ки якбора водии Ҳисор бо
шаҳрҳову теппаву боғоташ ба чашми кас бармехУрад. Вахте
ки мо аз баландй поён шудем, ду тарафи шоҳроҳро дар
масофаи ей километр то дарвозаи Ҳирот арчаҳои
баландкомату ҳамешасабз зинат мебахшид. ГУё
Амонуллоҳхон замони салтанаташ амр карда будааст, ки
ин арчаҳоро шинонанд. Воқеан, ин кисмати шоҳроҳ хеле
зебо буд. Махсусан хини аз баландй нигох кардан ин ей
километр як дахлези дилрабоеро ба хотир меовард. Бесабаб
нест, ки ҳиротиҳо ба Амонуллоҳхон эҳтироми бениҳоят
самими зоҳир менамоянд. Ин ибтикори шоҳи давр боиси
гузоштани нишоние аз У хохад буд...
Вакти чошт ба шаҳри Ҳирот ворид шудем. Сари рох
идораҳои роҳсозони шӯравй қарор дошт. Гап дар ин аст, ки
баъди ба итмом расондани сохтмони шоҳроҳи Қандаҳор -
Ҳирот, чанд мутахассиси роҳсоз ба мақсади истифодабарии
шоҳроҳ фаъолият мекарданд. Ин гурӯҳро гурӯҳи истифо-
дабарии шоҳроҳ меномиданд, ки сардор доыгг ва як тарчу-
мон ҳам. Мо ба дарвозаи ҳифзи мурокибат даромаданй шу-
дем, вале аскаре, ки таги дар воза карор дошт, ичозати да-
ромадан надод. Вай гуфт, ки аз мутахассисини шӯравй касе
нест, ҳама ба кор рафтаанд. Борозинетс 6а гапи аскар гУш
надода, зУран зада даромад. Мо низ аз пушти У 6а ҳавлии
идораи шӯравиҳо дохил гардидем. Русбачаи тахминан, пан-
чсолае сӯҳбати моро шунида, тохта ба наздамон омад ва
хабар дод, ки тарчумони гурӯҳ ҳамин
чост. Ман ба зудӣ пай бурдам, ки ин тарчумон бояд Абдура-
сул Шарифов бошад, ки аз курси чоруми факултети фило-
логия сафарбар карда шуда буд. Дар ин миён Абдурасул
ба зиёрати мо ҳозир шуда, изҳори хушҳолй намуд. Маълум
гардид, ки роҳбари гурӯҳ ҳам, ки як шахси пирсоли рус
буд, дар дафтари кориаш будааст. Мо 6а наздаш дарома-
дем. Мақсад ин буд, ки чанд рУзе барои мо чойи хоб таъмин
намояд. Ин чо хонаҳои холй зиёд буд. Дар ҳутал-меҳмон-
хона хоб рафтан масраф мехост ва дар даште хайма задан
6а русҳо маъқул намеомад. Гузашта аз ин, аз сафорати шӯра-
вй дар Кобул ба ин ҷо иттилоъ дода буданд, то ки ба мо
35
ҳамкорй намоянд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Роҳбари гуруҳ
бандаро ба ихтиёри Абдурасул гузошт. Ман розӣ шудам, ӯ
танҳо зиндагӣ мекард, панч нафари дигарашонро ба як пан-
ҷхонагй чо ба чо карданд. Он шаб ману Абдурасул то дер
сӯҳбат доштем. Ӯ дар бораи факултет, устодон ва дигар
ҳодисаҳои адабиву фарҳангии Точикистон пурсон мешуд.
Дар ғарибй, вакте ки ду ҳамватан дидор мебинанду ба сӯҳ-
бат дода мешаванд, лаззати хоса дорад... Рӯзи ёздаҳуми
апрел ба тамошои шаҳри Ҳирот дода шудам. Дӯкону бозо-
рҳояшро тамошо намудам. Дар ошхонае нони чонгг хӯрдам.
Мо бештар сихкабоб нӯши ҷон мекардем, зеро он дар ота-
ши сӯзон пухта мешуд. Барои хӯрдани дигар навъи ғизо
чуръат намекардем. Медидем, ки болои ғизоҳо магасҳо ме-
нишастанд ва худи пазандаҳо низ чандон ба тозагӣ риоя
намекарданд. Баъди сафари серӯза гӯё як рӯз дам гириф-
тем. Бо ҳамин хотирот ҳикояти сафари Ҳирот ба поён мера-
сад.
Ҳирот - Кафтарӣ
Дувоздаҳуми апрел рУзи кайҳоннавардон буд. Гумон
доштам, ки ин рӯзро чашн мегирем ва бо ин баҳона андаке
дигар кӯфти сафари Ҳиротро мебарорем. Аммо гумонам хато
баромад. Бегоҳии ёздаҳум Борозинетс ба назди банда омада,
гуфт: «Тарҷумон соҳиб! Пагоҳ барои дидани чойи кор
чониби Кафтарй рахти сафар мебандем...» Кафгарй мавзее
буд, ки аз рУи нақшаи геологй он чо маъданиёт вучуд дошт.
Он чо тахминан тилло мавчуд буд. Тартиби кори ҳар сардори
гурӯҳ он буд, ки аввалан чойи мувофик интихоб менамояд,
то ки барои фаъолияти ҷӯяндагон шароит муҳайё карда
бошад.
Пагоҳии дувоздаҳум борон борид. То Кафтарй 150 км
роҳ буд. Дар мошин ману Борозинетс ва Слававу Олег
нишастем. Ба маркази шаҳр надаромада, дасти чап гапггем.
Роҳи хома буд. Борон ҳанӯз меборид ва гузапгга аз ин туман
фаромад. Мо, ки фақат аз рӯи нақша ҳаракат менамудем,
дар роҳ ҳар роҳгузареро, ки медидем, ба Кафтарй чй навъ
рафтанро мепурсидем. Дар пешорӯямон даште қарор дошт,
ки поёнаш дида намешуд. Ба мавзеъе расидем, ки чанд нафар
бо мошини лори-боркаш ким-чиҳоро аз болои замин чамъ
мекарданд. Мо низ назди онон омада дидем, ки устухони
ҳайвоноти чанд сол пеш нобудшударо чамъоварй менамуданд.
Банда аз яке савол кардам, ки ин устухонҳо барои чй ба
мошин бор карда мешаванд? У чавоб дод, ки муздур ҳастем
36
ва нонамон аз ҳамин ҳисоб аст. Яъне онҳо устухонҳоро
ҷамъоварй намуда, ба кадом фирмаи Покистон
месупоридаанд. Он чо бошад аз устухон дору тайёр
мекардаанд. Чолиб он буд, ки дар ин даштҳо чо-чо устухони
моли майда ва баъзан уштур хеле фаровон ба назар мерасид.
Ба кавли афғонҳо дар натичаи зимистони сахт моли майда
бехӯрок монда, ҳазорҳо ҳазор нобуд мешудааст, Ба иллати
ин ки роҳ хароб буд, ҳаракати мошин низ ба душворй сурат
мегирифт. Баъди чанд соате Борозинетс ба нақша - планшета
дар даст будааш назар андӯхта, ба мо иттилоъ дод, ки
Кафтариаш, тахминан ҳамин-чоҳост. Дар масофаи сад метр
сабзазори на чандон бузурге ба чашм расид. Ба ронанда
амр шуд, ки ба он суй ҳаракат намояд. Он чо об донгг ва
молдорон, одатан дар ҳамин навъ чойҳо хайма мезаданд.
Як самти ин чойро теппачаҳои регдор иҳота менамуд.
Борозинетс ба ин сУву он сУ назар андУхта, хулоса кард, ки
ана дар ҳамин чо «шаҳрчаи геологиамон»-ро баркарор
менамоем. Ин мавзеъ ба Слававу Олег низ маъкул шуд.
Яъне мо дар километри 112-ум карор гирифтем.
Дар ин минтақа деҳе ба назар намехУрд. КУчиҳо ҳам
дар ин чо зиндагӣ намекарданд. Тақрибан аз чонзоде дарак
набуд. Факат дар ҳар 10-15 км чоҳҳои обкашй ба назар
мерасиданд. Б а сабаби ин ки ин мавзеъ гарм буд, аз хазон
cap карда, молдорон дар ин чоҳо хайма мезадаанд. Мо
дидем, ки дар моҳи апрел гармй ба 30-35 дарача мерасид.
Тасаввур мекардем, ки моҳҳои май, июн ва июл ин мавзеъ
чй навъ гарм хоҳад шуд.
Бо муайян кардани мавзеи кори ду-семоҳа боз роҳро
сӯи Ҳирот пеш гирифтем. Соати нӯҳи шаб ба макони
муваккатиамон расидем. Хаста шуда будам. Ба хоб рафтам.
Пагоҳии 13-уми апрел соатҳои нӯҳ аз хоб бархестам. Бе
нонупгга мондам, зеро барк ҳамарӯза аз соати 7 то 8 ва аз
12 то 13 дода мешуд. Сарам ба дард даромад. Абдурасул ба
кор рафта буд. Рӯи ҳавлй баромадам. Ҳамсафаронам ҳоло
ҳам истироҳат доштанд. Табиист, ки баъди 300 км рохи
хомаро тай намудан ва боз андаке шароб нУпшдан, онҳо
наметавонистанд соати 7-и пагоҳй бархезанд. Ман, ки бо
шароб алока надоштам, онҳо дар чунин нишастҳояшон
даъватам намекарданд ва мегуфтанд: он мусулманин... Ҳамин
хастагй буд, ки Борозинетс рУзи сездаҳум истироҳат эълон
кард. Ин рУзро бо хоб гузарондем. Шом консерва тановул
кардем.
Чаҳордаҳуми апрел аз тарафи нимаи аввали рУз бо
ҳамроҳии Абдурасул ба зиёрати бузургони Ҳирот рафтам.
37
Дар ин саёҳат Абдурасул, ки чойҳои таърихии Ҳиротро хуб
медонист, роҳбаладам шуд. Саёҳат аз зиёрати маркади
Алишери Навой оғоз ёфт. Мазори ӯ дар Боғи умумй карор
дошт. Боғро чунон сохта буданд, ки сари кас офтобро
намедид. Гирду атрофи онро чанд манорҳои таърихй
ҳашамати тоза мебахшиданд. Як манорро дидем, ки дар
ҳолати харобшавй карор дошт. Вакте ки аз поён ба болои
он назар карда мешавад, гумон меравад, ки он ба чонибе
афтиданй аст. Манори дигареро хам дидем, ки кисме аз он
ба замин афтода буд. Баъди тамошои Боғи умумй ба оромгоҳи
Алишери Навой рафтем. Таги дарвозаи он ришсафеди 70-
солае моро пешвоз гирифт. Маълум шуд, ки таъмири он
тоза анчом ёфтааст. Навакак гаҷкорй шудааст. Мӯйсафед
кисса намуд, ки маркад дар ҳолати харобй карор дошт,
аммо ба муносибати чашни Навой онро ба тартиб
дароварданд. Гӯё ӯзбекҳои шӯравӣ хостаанд, ки маркадро
таъмир кунанд, вале афғонҳо ба нанг омада, худашон онро
ба назму низом дароварданд.
Дохили макбара гӯри Навой танҳо буд. Болои кабр
гачкории сафед дошт. Нақшу нигоре ба мушоҳида нарасид.
Макбара кабати дуввум ҳам дошт, ки бо зина баромадан
лозим шуд. Бо Абдурасул боло баромада, аккосй намудем.
Ронандаамон Насим низ дар суратгирй бо мо иштирок дошт.
Ҳоло хам он аксро бо худ дорам. Рӯи ҳавлии макбара
баромада, ба муйсафед чанд афғоние садака кардему аз
дарвозаи Боги умумй бадар шудем. Берун аз боғ майдони
бузурге кабристон буд. Нияти зиёрати гӯри Абдураҳмони Ҷ
омӣ кардем. То он чо роҳи мошингард мавҷуд буд. Сари
роҳ бо хоҳиши Абдурасул аз мошин пиёда шудем. Бо
раҳнамоии Абдурасул назди гУри файласуф Фахриддини Розӣ
рафтем. Қабраш оддй буд. Болои санги он чунин мисраъҳоро
хондем:
Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.
Ҳафтоду ду сол даре хондам шабу рУз,
Маълумам шуд, ки ҳеч маълум нашуд.
То кабри Абдурахмони Чомй, тахминан сесад метр
роҳ буд. Мазори У ба самти роҳе, ки сУи Кушкаи шУравй
мерафт, карор дошт. Тури Чомй байни дарахтони писта буд.
Пистаи болои сари Чомй хеле бузург ба назар мерасид. Ин
гуристон талбандахои зиёде дошт. Онҳо сУи ҳар зиёратгар
даст дароз мекарданд. Ман, ки ба ин чиҳати рУзгори инсонҳо
38
одат карда будам, ҳамеша дар чайбам пули сиёҳ (танга)
нигоҳ медоштам ва ба ҳар кадом ду қирону панч қирон
садака мекардам. Он айём ба ду кирон як нон харидан
мумкин буд.
Вақте ки ба дарвозаи оромгоҳи Чомй расидем, сари
гӯри У бонуи фаранчипУше бо пойҳои бараҳна сачда мекард.
Шояд ин зан дардмандие дошту аз руҳи Чомй мадад
металабид. Дар ин оромгоҳ бародараш -Шамсиддин, шоир
Ҳотифй боз чанд каси дигар мадфун буданд. Барой
навиштаҷоти сангҳои болои гУрҳоро хондан вактамон тангй
кард. Абдурасул ваъда дод, ки ин навиштачотро барои ман
медиҳад, зеро У боре ҳамаи онҳоро ёддошт карда будааст.
Гӯри Чомй дохили макбара не, балки дар ҳавои кушод
карор дошт. Бо вучуди ин аз гури Навой дида ободу банизом
ба назар расид. Атрофи оромгоҳи Чомиро хандак гирифта
буданд. Дар масофаи начандон дур Масчиди чомеъ барпой
буд, ки онро солҳои наздик сохта будаанд. Ҳарчанд ки чойҳои
диданй зиёд буд, вале дигар наметавонистем саёҳатро идома
диҳем. Дар ин маврид ба он худро тасалло медодам, ки ду-
се моҳи дигар дар минтақа ҳастаму боз фурсати зиёрат
кардани оромгоҳҳо пайдо хоҳад шуд...
Ҳамин рӯз буд, ки чиҳати кори доимй ба чониби
Кафтарй рахти сафар бастем. Ман бо ҳамроҳии се-чор
дохилй ба мошини дударвозагии Насим нишастам. Русҳо ва
инжинерони афғонй дар мошинҳои дигар карор гирифтанд.
Рузи баде буд. Боди шадиде мевазид. Хасу хошок ба сару
рӯй мезад. Азбаски роҳи мо аз миёни регзорҳо мегузашт,
чашму гУшу даҳон per мехӯрд. Чунин бодро боди афгонй
мегуфтанд, ки баъзан дар ноҳияҳои Панчу Шаҳртуз ва
Айвачи Точикистон низ ба мушоҳида мерасад.
Ин сафари дуюми банда сУи Кафтарй буд. Ин дафъа
рохро бо чузъиётҳояш хубтар метавон рУи тасвир овард.
Сари роҳ ба карияе расидем, ки номаш Зиёратгох буд.
Вокеан, худи минтака зиёратгохро мемонд. Дар ин сафар
ман пешопеши ҳама мошинҳои гуруҳ мерафтам, зеро онҳо
бори аввал сУи Кафтарй ҳаракат мекарданд. Б а ъ д и
Зиёратгохро пушти cap кардан дурохагие пеш меояд, ки
яке ба самти чаи буда дигараш ба тарафи рост. Агар кас
андак бетаваччУҲ шавад, роҳро галат карданаш аз имкон
дур набуд. Банда, ки бори аввал ба ин дуроҳагй ошно будам,
ба Насими ронанда ба тарафи рост гӯён ишора намуда, изҳор
донггам, ки ин чо чанд лаҳза маътал бояд шуд, то ки
мошинҳои пушти cap будаи гурӯҳ роҳро хато накунанд.
Боди шадид ханУз хам мевазид. Аз мошин берун шуда будам,
39
ки кӯлоҳи хасиамро аз сэрам гирифту бурд. Аз пушти кулоҳ
хеле тохтам, аммо бод тезтар медавид. Ин ҳоли маро афғонхо
дида чанд касаш то панчсад метр кулоху бодро таъқиб
намуданд, вале фонда надшит, зеро кӯлоҳро аллакай ба
сарҳади Эрон бурда буд. Ҳамин ҳолат мошинҳои дигар низ
расиданд.
Бояд гуфт, ки Борозинетс ва дигар геологҳои русй бо
мошини ГАЗ-69-и чаҳордарвозай барвақттар аз мо ҳаракат
карда буданд. Онҳо ба ман нагуфтанд, ки дар мошини Насим
маводи хӯрока, аз чумла куттии маскаро гузоштаанд. Мо аз
Ҳирот панч муздур кироя гирифта будем ва онҳо низ
менишастанд. Азбаски моншн дар пасту баландиҳои рохи
хома зада-зада мерафт, куттии маска чаппа шудааст.
Медидам, ки як муздур аз болои фарши мошин маскаи
рехтаро бо ангуштонаш мелесид ва худро таъриф хам мекард,
ки бубинед то чй дарача маскахӯр аст.
Бо чунин хол соатҳои ҳафти бегоҳй ба Кафтарй
расидем. Аллакай хаймаҳоро омода карда буданд. Аз дур
хаймазоре ба назар мерасид. Хулоса, роҳе ки дар ду соат
тай кардан мумкин буд дар ҳафт соат ба поёнаш расондем.
Мо шӯравиҳо хаймаҳои даҳнафариву сенафарӣ доштем.
Дуртар аз мо инженерҳои дохилй бо роҳбарашон
Исматуллоҳхон хаймаҳои худро зада буданд. Дар гӯшае
ронандаву ошпази мо ва коргарони кироя «шаҳрчаи» худро
бино намуданд. Дар мачмӯъ деҳаи саҳроие бино ёфт.
Понздаҳум ва шонздаҳуми апрел истироҳат кардем.
Дар ин ду руз мутахассисон муҳити корй месохтанд.
Накшаҳоро омода мекарданд. Ба кучоҳои ин дашту теппаҳо
рафтанашонро муайян менамуданд.
Банда дар гӯшае нишаста, ба ёди ёру диёр андеша мерондам.
Дар хама вазъият каламу дафтар мададам мекарданд.
Дуртар аз ман даҳ-понзҳдаҳ нафар аз муздурон чомашӯй
доштанд. МегУянд, ки ранг бубину хол бипурс. Вокеан, кас
ба холи ин барчомондагон раҳмаш меояд ва ин ҳолат чуръати
саволе аз онҳо пеш овардан душвор мешавад. Албатта, ман
ҳам солҳои чанги Олмон ва баъди панч соли он бачаи
хурдсоле будам, сахтиҳои рӯзгори хонаводаро эхсос карда
будам. Он айём, ёдам хает, либоси дурусте надоштам ва
ҳолатҳое хам шуда буд, ки модарам барои бачаҳояш аз алафи
тоқисарак отала мепухт. Аммо рафта-рафта зиндагии мо хуб
шуд. Вакте ки мактабхону китобхон шудам аз рУи осори
бадей, ба хусус киссаҳои «Одина», «Дохунда», «Ғуломон»
ба рУзгори даҳшатбори гузанггагони хеш ошно гардидам ва
дар ботин нисбати он сохту ҳокимонаш нафрат пайдо кардам.
40
Ба хар навъе, ки буд, баъд аз солҳои 60-ум зиндагии
мардуми тоник рӯ ба беҳбудй овард. Дар кӯчаву бозор ба
шахсоне, ки металбиданд ё бо сэру либоси дарида
мегаштаанд, кариб ки вохӯрдан душвор буд. Бекорй дар
ҷомеа вучуд надошт. Гузашта аз ин солҳои 70-ум мархалаи
болоравии сатҳи зиндагии мардуми ШУравй буд, ки ман ба
Афғонистон сафари хидматй кардам. Бинобар ин, чавонони
камбизоати ин кишварро дида, хайрон мемондам ва ба худ
савол мед одам, ки охир ин чй навъ давлат аст, ки ғами
мардумашро намехӯрад? Ope, он солҳо ҳар шахси тоник
фақат чунин саволро пеш меовард. Бесабаб нест, ки ҳоло
дар оғози карни бисту як қарор дорему ба сохти шӯравӣ
аҳсант мехонем. АфсУс, ки аз хамин навъ рУзгор ношукрй
кардем. Акнун пушаймонй мекашем. Мустакилият
дарбадарамон кардааст, нашъамандй чавононамонро барбод
медихад, зеро бекоранд. Шаҳрҳои Россияро одинахову
дохундаҳо ва ғуломони точик пахш кардаанд...
Боз бармегардам ба рУзгори чавонони солхои 70-уми
Афғонистон. Аввалан, кисса аз он мекунам, ки дар ин
кишвар хизмати аскарй ба чй навъ буд. Чавонон ду сол хизмат
мекарданд. Агар баъзе кисмҳои низомиро истисно кунем,
ки онҳо асосй буданду фақат паштунҳоро дарбар
мегирифтанд, дигар бахшхои низомиро табакаи нодори
Афғонистон фаро мегирифт. Ин навъ аскарон, бештар
хизмати идораҳои давлатй ва афсаронро адо менамуданд.
Дар назди хар вазоратхона 20-30 нафарй карор доштанд.
Онҳо дарвозабонй мекарданд, назди хонаҳои хоричиён
корҳои сиёҳро анчом медоданд. Давлат ба ин аскарон мохе
67 афғонӣ маош ва як пуд гандум (16 кг) медод. Онҳо бояд
бо ин микдор пули накда ва 16 кг гандум рУзгорашонро
мегузаронданд. Аксаран пойлучу бараҳна буданд. Либосҳои
низомиашон даридагӣ, моҳҳо рУи ҳаммомро намедиданд.
Баъзан дар кУчаву бозор бахри пайдо кардани пораи ноне
соатҳо саргардон мешуданд. Бо вучуди ин, хизмат хатмй
буд. Баъд аз анчоми хидмат онҳо ба касби муздурй фаро
гирифта мешуданд. Дар хамин замина, мо аз Ҳирот 10
нафарро кироя гирифта будем. Бо онҳо барои ду мох
карордод бастем. Дар ду мох 900 афғонй мегирифтанд, ки
400 афғониаш барои хУрду хурок масраф мешуд. Панчсад
афғониашро ба хонавода равон мекарданд. Онхо хурсанд
буданд, ки барояшон кор пайдо шудааст. Дар байни ин
даҳ нафар як бачаи 12-13 со л а буд, ки ба У низ 900 афғонй
медоданд. Бай шод буд, ки ба ин миқдор афғонй мегирад.
Пойҳояш бараҳна бошад хам дар кӯҳу дапгг бо мо мегангг.
41
Ман ҳаирон ба инсон будам, ки 6о ин қадар рӯзгори
даҳшатбор доштан боз механдаду ба зиндаги меҳр дорад.
Медидам, ки баъди кор соатҳо хушҳолӣ мекарданд
механдиданд.
Ҳабдаҳуми апрел фаъолияти саҳроиву геологии банда
оғоз шуд.Вазифаи ман ҳам тарчумонй буд ва ҳам корҳои
хочагидорй. Таъмини хӯрока ба ӯҳдаи банда буд. Дар ин
рӯз бо Юра Серебряков ҷиҳати анчоми корҳои“топографй
6о ҳафт нафар муздур ба саҳро баромадем. Аз рӯи накшаи
геологи нуқтаҳое, ки дар онхо маъданиёт нишонй шудааст,
аз бару тӯл чен мегардид. Ин корро Юра бо муздурон анчом
медоду ман тарчумонй менамудам. Ҳини сӯҳбат маълум шуд,
ки он ҳафт нафар аз точикони гирду атрофи Ҳирот буданд!
1очик будани маро фаҳмида, хушҳол шуданд, ки ба онҳо
такягоҳ мешавам. Дар тасаввури онон мутахассиси хоричй
хучаин шинохта мешуд. Аз ин ки кор ёфтаанд аз ман
миннатдорӣ изҳор мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки дар
Афгонистон кор ёфтан бисёр душвор аст. Оила дорем,
фарзанд дорем, барои таъмини онҳо пайса (пул) лозим аст.
Ьанда ҳар дафъа рӯзгори мардуми Точикистонро таъриф
мекардам. Орзу менамуданд, ки кай кишварашон мисли
1 очикистон мешавад.
Рӯзи аввал то соати се корҳои саҳроиро идома додем.
1армй имкон намедод, ки то соатҳои чору панч кор кунем.
Тасаввур кунед, ки дар 40-50 дарача гармй чи навъ инсон
метавонад токат донгга бошад. Дар ин минтака аз дарахти
сабз дарак нест. Ҳамин гармй буд, ки то бегоҳ сардард шуда,
худро нороҳат эҳсос намудам.
Ҳаждаҳуми апрел боз ба саҳро баромадем. Ҳамон
заминченкунии дирӯза идома ёфт. Чун минтака хушку беоб
буд, каждуму келаск хар сари қадам ба мушоҳида мерасид.
Ҳар сангеро, ки чаппа мекардем дар зераш каждуме карор
дошт. Русҳо аз каждум сахт метарсиданд. ИмрУз то чонгг
кор карда, сипас ба шаҳрчаи хеш пас гапггем. Баъди хӯроки
нисфирӯзй русҳо ба истироҳат пардохтанд. Ман ба китобхонй
машғул шудам. Аз мутолиа хаста шуда, назди афғонҳо
рафтам. Онҳо сӯҳбати гарм доштанд, бештар сари сиёсат
ҳарф мезаданд. Вақте ки каминаро диданд, хушҳол нгчданд
ва эҳтиром ба чо оварданд. Саволҳои онҳо сари урфу одат
ва тарзи рУзгордории точикони шӯравй сурат гирифг. Ҷавоне,
ки аз 18 сол беш надошт, сӯи банда мурочиат карда, пурсид,
ки ое рост аст, ки дар Шӯравй мардҳо факат як зан доранд?
Ман гуфтам, ки оре. Ҳар чавонмард хамсари ояндаашро
худаш интихоб менамояд. Дар ин масъала ҳеч фишор вучуд
42
надорад. Вай ба дард фикрашро вобаста 6а мавзӯи
оиладоршавй баён мекард. Ба кавли ӯ дар Афганистан барои
хонадор шудан ранчи бисёре мекашанд. Пайсаи бисёре лозим
мешавад. Аксари мардҳо ба синни лирй мерасанду аммо обод
шуда наметавонанд.
Дар ин сӯҳбат чанд тан аз инженерони афғонй низ
иштирок карданд. Аслан ин табака хеле танбаланд. Онҳо ба
ғайр аз шикоят дигар кореро хуш надоштанд. Табиати
минтака ба онҳо маъкул набуд. Ин чо «хароб» аст мегуфтанд.
Он чи мо дар ин гармй заҳмат мекашем, магар барои
Афганистан фоидаовар аст? Албатта, то чое дуруст мулоҳиза
меронданд, ки гармй буд ва ҳамарУза аз кисми чошт бодҳои
шадид регу хасу хошокро ба ҳаво мебардошт, хаймаҳоро
чаппа мекард ва ғайра. Мушкилиҳои дигар низ вучуд дошт.
Вале табиати минтақа чунин буд ва бо он амри худодод чй
навъ метавон мубориза кард? Чунин саволҳоро Оқогули
инженер медод. У ба натичаи кори геологҳои шӯравй ҳеч
боварй надошт. Бо боварй мегуфт, ки ҳеч гоҳ шӯравиҳо
сирри корҳои геологии хешро ифшо намесозанд. Маъдане
ҳам кашф кунанд, захираи онро пинҳон медоранд, то он
замон ки ба манфиати худи онҳо тамом нашавад. Баъзе
андешаҳояш баҳсталаб буданд, вале ман намехостам, ки бо
У баҳс намоям, зеро фонда надошт. Гузашта аз ин, ман
чунин салоҳиятро бо худ надоштам.
Ҳамин лаҳзаҳо боди сахте бархост ва хаймае, ки
дохилаш будем болои сарамон чаппа шуд. Окогул
айнакҳояшро аз чашм афтонда буд ва факат ҳакорат медоду
бас. Боди дайду то хуфтан идома ёфт. Чунин табиати
ноустувор таъбамро хира месохт ва дар ботин ман хам
норозигй баён мекардам.
Нуздаҳум ва бистум низ чунин боди сахт аз кисми
дуюми рУз идома ёфт. Аз ин чост, ки шаби нуздаҳум хобам
нороҳат шуд. Бод ба он дарача шадид буд, ки соатхои дуй
шаб имкон дошт хаймаи моро бардошта ба дурихо барад. Аз
ин рУ чароғҳо дар даст аз хайма берун шуда, ресмонҳои
хаймаро, ки бо чУбҳои ба замин кУфта баста шуда буданд,
маҳкам медоштем, то ки чаппа нашавад. Хаймаҳои дигари
шахрча рУи замин мехобиданд ва инженерони афган бо
чароғҳо ба ин сУву он сӯ медавиданд ва анҷомҳояшонро аз
коми бод начот доданй мешуданд.
Тартиби кори мо чунин буд, ки ду рУз корхои саҳрой
мекардем ва як рУз дар хайма бо корхои чо ба чо кардани
намунаҳои хоку санг ва онҳоро ба дафтархо навиштан
43
машғул мешудем. Бистум ба ҳамин навъ корҳо овора шудем.
Баъзе пешниҳодҳои сардори гуруҳро 6а форсй тарчума
намудам.
Бисту якуми апрел баъди бозгашт хӯроки чоштро 6о
дигарон якчоя дидем. Ҳамроҳонам ба истироҳат рафтанд.
Ман дар лаби чУйчае либосҳоямро шустушУ кардам. Вадим
Тарасенко, ки аз саҳро сангпуштеро оварда буд ва дуртар
аз банда даруни онро тоза менамуд, то ки хокистардон созад.
Вадим аз ин кораш ҳаловат мебурд. Ин рӯз ҳаво нисбатан
хуб шуд. Ҳамин бегоҳ Борозинетс ба асоси маълумоти
ошпазамон маро вазифадор сохт, ки пагоҳии бистудуюм
Чониби Ҳирот равам ва барои гурӯҳ маводи ғизой харидорй
кунам.
Дар ин сафар маро муовини омири гурУҳ Саидчаббор,
инженери афғон Оқогул ҳамроҳй карданд. Мошинамон чипи
дударвозаӣ буда, дар чилави он ронанда Насим қарор донгг.
Азбаски рӯзона ҳаво метафсид, соатҳои чор ҳаракат намуда,
соати ҳафти бегоҳй ба шаҳри Ҳирот расидем. Афғонҳо дар
бозор чой гирифтанд, ман бошам ба хонаи Абдурасули
тарчумон рафтам. Камина бояд мошинеро, ки ба Кушка барои
овардани нон рафта буд, интизор мешудам. Мо аз Кушка
нон (хлеб) мегирифтем. Хлебаш хушсифати болаззат буд.
Аз ин рӯ, бистусеюм 6о роҳбаладии Абдурасул чойҳои
нодидаи таърихии шаҳри бостонии Ҳиротро тамошо кардам.
Баҳори ин шаҳр сарсабз аст. Майдону боғоти онро асосан
дарахтони сарву арча оро медоданд. Қисмате, ки девори
калъаи қадимаи Ҳиротро ташкил медод, чолиби диккат буд.
Дар пояи девори калъа бозор, меҳмонхона, ошхонаву
чойхонаҳо вучуд доштанд. Воситаи наклиёташ бештар
фойтунҳои ба аспҳо басташуда буд. Махсусан, вакти чошт,
ки духтарон бо сару либоси хосе аз мадрасахо берун
мешуданду чор-панч касй 6а фойтунҳо менишастанд, дилкаш
ба назар мерасид. Баъд аз аср дар кУчаву хиёбонҳои Ҳирот
сайру гашт кардан, ҳаловатбахш мебошад. Ҳамчунин
меҳмонхонаи зебоеро, ки шӯравиҳо сохта буданд, тамошо
кардем.
Ҳамин шаб дар хонаи Абдурасул барои бародаронам
Холназару Чумъахон мактуб навиштам, то ки ба воситаи
Кушкаи Туркманистон ба Душанбе фиристонда шавад. Дар
номаи қаблиам, ки Чумъахонро сарзаниш намуда будам
акнун дилбардориаш кардам ва то чое узр хостам, зеро ҳеч
гоҳ мард бояд ба твои зан до да нашавад...
Ба воситаи радио шунидам, ки кайҳоннавардони шӯравй
- Шаталов, Елисеев бо киштии Союз-10 сӯи моҳ парвоз
44
карданд. Ману Абдурасул аз ин парвоз ифтихор доштем.
Нон ҳам аз Кушка расид ва дигар маводи ғизоиро аз
бозори Ҳирот харидорӣ намуда, 24-уми апрел боз сУи Кафтарй
роҳ пеш гирифтам.
Азбаски роҳ хароб буд, худро хаста эҳсос намуда,
гулӯдарду сардард ҳам шудам. Бо ҳамин ҳол баъди хУроки
шом ба хаймаи инженерони афғон даъватам карданд. Аввалан
ба боло гузаронда, бо чою ширинй мехмондорй намуданд.
Сӯҳбати мо оҳанги шУхиву дилхушй гирифт. Аммо якбора
Саидчаббори инженер сӯи банда нигох карда, диккатамро
ба ҳодисаи нохуше чалб намуд, ки субҳи ин рУз миёни як
геологи шУравй ва як корманди дохилй рух додааст. Маълум
шуд, ки субҳ ҳангоми омодагӣ ба корҳои саҳрой Гришин
модари дохилиеро ба русй ҳақорат додааст. Гап дар ин аст,
ки афғонҳо русиро надонанд хам, дашномхои ба русй
додашударо мефаҳмиданд. Ҳол он ки миёни рафикони рус
чунин алфоз хар сари вақт сурат мегирад ва боиси ранчиши
хотири онҳо намешавад. Дар байни точику афғонҳо низ ин
навъ суханхои шУхиомез ба вучуд меоянд. Вале ранчиши
он чавони афгон бештар ба он хотир буд, ки як навъ
хоричибадбинй умуман миёни дохилиҳо ба мушоҳида
мерасид. Аз ин ки нисбати шӯравиҳо эҳтирому хушбинӣ
зоҳир менамуданд, рӯякӣ буд. Дар ботин онҳо ҳамагуна
хоричиро ҳамчун тачовузгар медонистанд. Ба ақидаи онҳо
хориҷиҳо боигариҳои табии Афғонистонро кашф намуда,
сипас ба манфиати хеш истифода менамуданд. Албатта, ҳар
кишвари хориҷй дар Афгонистон манфиатҳои сиёсиву
иктисодии худро доштанд. Ин чиҳатро афғонҳо хуб дарк
мекарданд. Ҳамзамон мефаҳмиданд, ки ҳузури хоричиҳо
дар кишварашон ба хоҳиши табақаи зиёиву кишоварз ва
ранҷбар иртибот нагирифта, балки ба сиёсати хоричии
Афғонистон вобастагй дошт. Пӯшида нест, ки Афғонистон
сад сол (то соли 1919) таҳти тасарруфи Ингилистон -
Бритониёи Кабир карор доштааст. Ин чиҳат табий ва конунӣ
аст. Ҳар давлати хурд хоҳу нохоҳ дар итоат ва дастнигарии
давлати абаркудрате монанди Амрико, Ингилистон, Русия,
Эрон, Хитой ва ғайра мемонад. Ин давлатҳо, пеш аз ҳама
бо идеологияву нерӯи низомии хеш метавонанд давлатҳои
дигарро ба итоати худ дароранд. Аз ин рӯ, ҳеч гоҳ давлатҳои
хурд бо вучуди ин ки худмухтору соҳибистиқлол мебошанд,
худро озод эҳсос намекунанд, зеро бо андак пиёдасозии
соҳибистиклолй он кудратҳои бузург 6о баҳонае ба онҳо
фишор меоранд. Гузапгга аз ин, ҳама давлатдориҳо шакли
ҳамсоягиро мегиранд ва бе якдигар вучуд дошта
45
наметавонанд. Ҳамсояи доро ҳамсояи нодороро бо чизе
таъмин менамояд. Ҳамсояи нодор бояд ба хизмати ҳамсояи
дороаш бирасад. Ин ҳолат бо ҳар садои ҳамсояи доро
ҳамсояи нодор «лабай» гУён ҷавоб мегардонд. ЛабайгӯИ то
он чо мерасад, ки ба ҳамсояи доро тобеияти кулл пайдо
мекунад... Сарфи назар аз ҳамагуна фишорҳо чиҳатҳои
худшиносиву ифтихороти миллй дар мардум фаъол
мебошанд.
Ҳодисае, ки миёни мутахассиси шӯравй ва афғон сурат
бастааст, ба гуфтаҳои болой вобастагй дорад. Яъне намояндаи
кишвари абаркудрат ба ҷавони афғон амр додааст, аммо ӯ
«лабай» нагуфтааст, балки даъвои худро пеш гузоштааст.
Аз ин чост, ки вай ҳакорат шунидааст. Ин чо ду психология
бо ҳам бархӯрд кардаанд. Ифтихороти миллии афғон боло
мегираду як рУз гуруснагй эълон менамояд. Аслан, мо
шӯравиҳо бояд тарзе муносибаг менамудем, ки ягон нафар
аз дохилй намеранчид. Агар чунин ҳолат pyx медод, шахси
шӯравй ба чазои маъмурй кашида мешуд. Мутаассифона,
дар набудани банда ҳамкори мо ба ин ҳолат гирифтор шуда
буд, аммо худаш то он лаҳзае, ки ман ба У фаҳмондам, аз
чиддияти ҳодиса пай намебурд. Ман ба Слава гуфтам, ки
барон мусулмон модарашро ҳақорат додан, зарбаи сахтест.
Онҳо хар тахкири дигарро мебахшанд, вале тахкиреро ки
ба модар равона мегардад, намебахшанд.
Ин ҳодиса дар мачлиси гурӯҳ мухокима шуд ва
рафтори ношоями Гришин мавриди сарзаниш карор гирифт.
Мачлис ба карор омад, ки Гришин аз он афғони таҳқирдида
узр хоҳад. Ногуфта намонад, ки то мачлиси гурӯҳ тарафи
афғониро хеле ором сохта, ба онон фаҳмондам, ки миёни
русҳо чунин таъбир маънии тахкирро надорад, балки як
сухани шУхиомезест, ки бештар ба хотири дилхушй туфта
мешавад. Саидчаббор ва дигар афғонҳои дохили хайма розй
буданд, ки Гришин узрашро гУяду ман ба форси тарчума
намоям. Ҳамин тавр хам шуд. Сардорамон Борозинетс,
Слава ва банда бо риояи эҳтиромоти шаркй вориди хаймаи
дохилиҳо шудем. Он чавони таҳқирдида дар гУшае менишаст
ва сУи Слава бо чеҳраи қаҳролуд менигарист. Тавре ки ба
Слава ёд дода будем, У бо садои ларзони русй узрашро гуфт.
Ман суханҳои Уро боз хам обу ранг дода ба афғонҳо пешкаш
намудам. Баъзе инженероне, ки андаке русиро медонистанд
сУи ман дигар хел назар меандухтанд ва бо чехраи хандадор
гуфтанй мешуданд, ки тарчумон суханҳои навозишомези
худро бо обу ранги бадей изхор кардан дорад.
Дар поёни мачлис чавони афғонро бо Гришин оштй
46
дорондан лозим буд. Слава бо хандаи заҳрдор ба форсй
«бахшиш, бахшиш» гӯён ба чабрдида даст дод. Он чавон
дар чавоб «хайр аст, хайр аст», гуфт.
Ҳозирини хайма - харду ҷониб карсак заданд. Сулҳ
шуд. Агар тарафи афғонй бахшишро кабул намекарду ба
роҳбарияти гурӯҳи геологи, ки дар Кобу л карор дошт,
ҳодисаро мерасонданд, Гришин ба чазо кашида мешуд ва
имкон дошт, ки ба Маскав гуселаш мекарданд. Бояд икрор
кард, ки Гришин сахт тарсида буд. То ба хушй хал шудани
мунокиша, У пайи хам папироси «Беломор-канал» дуд медод
ва чойи нишасташро намеёфт. Чойи таъриф надорад, аммо
русҳо хуб дарк карданд, ки ба хушй халлу фасл шудани ин
ҳодисаи нохуш ба фаъолияти тарчумон иртибот дошт. Ин
чо мавзӯи забонй буд. Нозукиҳои забонро надонистан, хар
намояндаи онро ба чунин нохушиҳо рӯ ба рУ сохтанаш
мумкин аст. Эҳсос кардам, ки ҳалли ин мунокиша ба фоидаи
банда анчом ёфт. Агар то ин ҳодиса русҳо ба ман хамчун ба
як тарчумон ва як точик, ки дар назари онон аз афғонҳо
ҳеч тафовуте надоштам менигариста бошанд, фаҳмиданд,
ки обурУи ман миёни афғонҳо баланд будааст ва аз ин ки он
чавон ба оштй розя шуд ба хотири эҳтироме буд, ки нисбат
ба банда дошт, сурат гирифт. Минбаъд бо ман эҳтиёткорона
сӯҳбат мекарданд ва ҳар кореро, ки мефармуданд, ба асоси
хоҳиш амалй месохтанд. Махсусан, муносибати Слава
нисбати банда ба куллй тагйир ёфт. Вай хар кореро, ки
анчом доданй мешуд, бо ман маслиҳат менамуд. Дар хамин
замина муносибаташро ба афғонҳо ҳам тағйир дод. Ҳини
сӯҳбат ба дохилиҳо ё фармоише додан аз эҳтиром кор
мегирифт. Гап дар ин буд, ки Слава Гришин ба сабаби
москвагй будан худро аз се-чор геологи дигар фарк мекунонд.
У борҳо изҳор медошт, ки дар пойтахти Давлати Шӯравӣ
истикомат мекунад ва дар «Зарубежгеология»-и Шӯравй
ифои вазифа дорад. Мегуфт, ки «Москва нофи ШУравй аст»
ва хама чумҳуриҳо дар итоати Маскаванд. Дар рафтори
вай як навъ марказҳокимй ба мушоҳида мерасид.
Хушбахтона,_Борозинетсу Тарасенко ва Олег Никитин аз
чумҳуриҳои Узбекистону Казокистон ва Молдавия сафарбар
шуда буданд ва тамоман дигар хел маълум мешуданд. Дар
мачмУъ онҳо фурӯтанй мекарданд ва ҳеч гоҳ аз таъбири
«бародари калон» истифода наменамуданд. Маданияти
одамгариашон баланд буд. Юра Серебряков москвагй бошад
ҳам шахси содда ва хушрафторе маълум мешуд. Форсиро
хам ёд гирифта буд ва бо ҳамкорони афғониаш муносибати
хубе карда метавонист. Факат Слава аз шӯҳратмандӣ ва
47
русгарой кор мегирифт, вале бо мурури замон У низ ба
муҳити афғонй тобеъ шуд ва то чое чй будани шарку дунёи
исломиро фаҳмид.
25- уми апрел хастагии як рУз пешро бароварданй шуда,
ба истироҳат пардохтам. Болои чапаркат дароз кашида,
соатҳо ба ёди диёру ёру дУстон ва фарзандону бародарон
дода шудам. Ин лаҳзахо хеле даҳшатбор мегузапгганд. Аз
чУлистону регистон сУи табиати зебои Точикистон ба андеша
рафтан кайфияти хоса дошт ва ҳамин ҳаловатбарй буд, ки
боз худро ба мухити табиати ноҳамвори Кафтарй мутобик
мекунондам.
26- уми апрел соатҳои се баъди хӯроки чонгг туфони
шадиде бархост. Бод бист дакикаи аввал мУътадил буд. Мо
ҳамагй ба истироҳат дода шуда будем. Аксаран китоб
мехондем. Баъдан чангу хок ба бориши нарме омезиш ёфта
гили реголудро ба ҳаво боло кард.
Русхо, ки чунин ходисоти табииро бисёр дидаанд ба
зудй аз хайма берун шуда, бандҳои мехкУби онро дудаста
медонгганд, то ки хаймаро чаппа накунад. Ман хам бо
саросемагй пироҳану сару либосамро пУшида берун
баромадам. Бод шиддаташро торафт меафзоёнд, ба он дарача,
ки кас дар мукобили он тоб оварда наметавонист. Бинобар
ин банда сУи мошини обкаше, ки наздики хаймаи афғонҳо
карор дошт тохтам ва худро ба дохили кабинаи он задам.
Он чо аллакай Окогул ва ду инженери дохилй менишастанд.
Медидам, ки чй навъ реги гилолуд ба дарвозаву шишаи
мошин бармехУрд. Мисле ки рУз торик хиуд. Факат хасу
хошок дар хаво чарх мезад. Чанде аз ачноси афғонҳоро ба
дуриҳо бурд. Ҳамин лаҳза буд, ки кулохи хасии Юраи моро
бод мебурд. Медидем, ки Борозинетс ва русхои дигар
сандуқи нақшаҳоро маҳкам медонгганд. Таре аз он допгганд,
ки нақшаҳои геологиро агар бод барад, корҳои саҳроии онҳо
бенатиҷа хоҳад монд. Тамоми хаймаҳои шаҳрчаи Кафтарй
ба замин яксон шуданд. Мо якдигаро намешинохтем. Сару
рУи мо бо гили регдор андова шуда буд. Бо ҳамин хол се
соат бо тУфон мубориза бурдем - хайрият аз амволи мо чизе
гум нашуд. Соатҳои шаши бегохй бод суръаташро паст кард.
Осмон кушода шуд. Чангу хок сӯи Ҳирот роҳ пеш гирифт.
Ин офати табий буд. Баъдан фахмидем, ки он тамоми
сарзамини Афгонистонро фаро гирифтааст. Дар Ҳирот хама
дУкону мағозаҳо аз фаъолият мондаанд. Як нафар, ки аз
Кандахор омад, накл кард, ки чунин офати табииро дар
тУли 70-80 соли наздик кандаҳориҳо ба мушоҳида
нагирифтаанд. Табиати Ҳирот бошад 120 рУз ба боде рУ ба
48
рӯст, ки ҳамарУза аз соати даҳи пагоҳӣ то чори бегоҳӣ идома
меёбад, факат ба ин тафовут, ки он шакли тУфонро
намегирад, балки нисбатан ором мевазад.
Чанд рӯз баъд моро чашни Якуми Май интизор буд.
Дар Афғонистони шоҳй ин чапшро намепазируфтанд. Барои
болонишинон ин рӯзе буд, ки коргарон зидди ҳокимият балво
мехезонанд. Воқеан, ҳамасола дар шаҳрҳои сернуфузи
Афғонистон - Кобул, Қандаҳор, Ҳирот,
Чалолобод, Мазори Шариф ва ғайра зиёиёни озодандеш ва
коргарон музоҳира - намоиш танпсил медоданд. Ин рУзе буд,
ки ба мукобили шоҳу садри аъзам ва вазирону ҳокимони
вақт суханҳои «носазо» иброз мекарданд. Ин рУзе буд, ки
мардум аз худшиносиву ифтихороти миллат сУҳбат
менамуданд. Ин рУзе буд, ки намоишгарон ба хиёбону
кУчаҳои марказӣ баромада, шиорҳои инқилобй медоданд. Аз
ин пост, ки дар Афғонистон ин рУз корй буд, аммо барон
хориҷиён сади роҳ намешуданд, ки истироҳат намоянд. Ба
ҳамин хотир - мо шУравиҳо рУзи 30-юми апрел сӯи шаҳри
Ҳирот рох пеш гирифтем, то ки дар ҳалкаи шӯравиҳои
дигар ин чашни байналмиллалиро пешвоз бигирем. Тавре
ки гуфтем, маҳали иқоматии мо қароргоҳи роҳсозони шУравй
буд. Банда чун ҳамеша дар хонаи Абдурасул Шарифов чой
гирифтам. Азбаски дар шаробнУшй ҳунар надоштам, русҳо
ҳам хоҳиши чунин рӯзҳо бо онон буданамро намекарданд.
Ин хел рУзҳо мутахассисини шУравй, одатан, дар хонаҳои
худ мемонданд. Ичозати ба тамошои шаҳр баромадан
надоштанд, зеро гурӯҳҳои мутаассибе пайдо шуданашон
мумкин буд, ки сари мардуми ғайриисломӣ ҳучум мекарданд,
мезаданд ва ба сэру рУи бонувони русй кислота мепошиданд.
Ҳамин гуна ҳодисаҳоро ба назар гирифта ҳамкорони банда
дар хонае чамъ омада, Якуми Майи соли 1971-ро тачлил
намуданд. Мани шУравй, ки аз чунин ҳамлаҳо хатаре барон
чони худ эҳсос намекардам, рУзи Якуми Май бо ҳамроҳии
як инженери афғонй ба тамошои шаҳри Ҳирот баромадам.
Дӯконҳои китобро дидам ва хостам ягон китоби даркорӣ
пайдо кунам. Ба назарам чунин расид, ки хиёбонҳои Ҳирот
ва бозораш камодам буданд. Аз ин камодамӣ хушам омад,
зеро ба мағозаҳо озодона даромадану тамошо намудан бароям
беташвиштар буд. Баъди бозгангг сабаби камодамии кУчаҳои
Ҳиротро Абдурасул шарҳ дод. Маълум шуд, ки ҳамон
лаҳзае, ки ман китобфурУшиҳоро медидам, як гурӯҳи
дусаднафарй ба намоиш баромада, зидди ҳукумати Зоҳиршоҳ
шиорҳо додаанд. Намоишчиён, асосан, донишҷУёни ҳиротй
будаанд, ки ба лату кӯби пулис дучор омада, дар натича як
49
аспу аскари шоҳӣ ба ҳалокат расидааст.
Бино ба накли Абдурасул ҳамин рӯз волии Ҳирот бонд
ба омирияти роҳсозони шӯравиву афгонй, ки мо низ он ҷо
будем, ташриф меовард. Аммо ба иллати намоиши номбурда
телефон карда, аз омирият узр хоста, сабаби омада
натавонистанашро ба намоиши номбурда иртибот додааст.
Албатта воли мехост, ки дар сари дарстархони шӯравиҳо
худро бубинад ва андаке бо водкаи русй худро ҳаловат
бахшад. Ҳарчанд ки кишвар исломй буд, аммо такрибан
ҳама вузарову хукамо аз истеъмоли шароб канорагирй
надоштанд. Табиист, ки мутаассифона ои рӯз намоиши
зиддиҳукуматй табъи волии Ҳиротро хира сохт ва нагузошт,
ки аз истироҳати маданй халовате бардошта тавонад.
Якуми Май мо хама маводи хӯрокаи мавриди заруратро
бо худ гирифта, ба мақсади моҳигирй чониби Ҳарирӯд, ки
дар болояш Ҳошимпул карор дошт раҳсипор шудем. То
дер моҳигирй кардем. Чанд адад моҳие, ки ба даст омад,
барои шӯрбо ба дегча андохта шуд. Моҳигирй барои мардуми
рус, ба хусус геологҳо як навъ истироҳати маданй хисоб
мешуд. Одатан моҳигирӣ бо шаробнӯшӣ омезиш меёфт. Дар
ҳавои кушод, дар соҳили рӯде болои майсазор нишастану
ба шароб дода шудан геологҳоро ҳаловат мебахшид. Аз сӯи
дигар, он бечораҳо дигар ба кадом кор метавонистанд
машғул шаванд? Ҳеҷ туна маҳфилҳои мусикиву фарҳангй
вуҷуд надонгг, ки онҳо лаззати маънавй бардоранд. Ба ҳамин
иллат хама чашнвораҳо барои хамкорони ман дар ҳамин
шакл мегузаштанд. Шаби якумро дар Ҳирот гузаронда, рУзи
дуюми май баъди нонгго ба чониби Кафтарӣ ҳаракат намудем.
Чунонки гуфтам, банда ба сифати тарҷумони гурӯҳ,
асосан корҳои хочагиро анчом медодам. Ҳини дар сахро
будан низ чандон тарчумонй намекардам. Мутахассиси
шӯравй аз рУи нақша чойҳои махсусро нишон медоду
мардикори афғон бо белчаҳо заминро шикофта аз хоку per
намунаҳо бардошта, ба халтачаҳо меандохт. Факат чо-чо,
вахте ки геологи шУравй ба геологи дохилй маълумотеро
барои донишандУзии У гуфтанй мешуд, аз хидмати ман
истифода мегардид. Рӯзҳое, ки дар қароргоҳ-кемпинг
мемондам болои халтаҳои намуна рақамҳо мегузоштам.
Дар гуруҳи мо дастгоҳи телефонии ҳавой мавчуд буд,
ки ба воситаи он хафтае як бор аз Кобул супориш
мегирифтем ва ҳамзамон маълумоти тоза ё ягон хоҳишро ба
марказ мерасондем. Рузе аз Кобул хабар доданд, ки
сармутахассиси гурӯҳи геологҳои Шӯравӣ - Котов Александр
Яковлевич ва сардори шӯъбаи кадрхо Кочерев Генадий
50
Николаевич, ки дар гурӯҳи геологии Рудковский карор
доранд, корҳои гурӯҳи моро низ санчиданй ҳастанд. Бинобар
ин онҳоро дар Ҳирот касе аз гуруҳ бояд пешвоз гирад.
Табиист, ки чунин корҳои ғайритахассусӣ ба Уҳдаи банда
гузошта мешуд. Борозинетс супориш дод, ки рӯзи ҳафтуми
май мошини чипи дударвозагии Сарварро гирифта ба Ҳирот
равам. Меҳмонҳои расмй дар кароргоҳи роҳсозони шӯравй
маътал мешаванд. Ману Сарвар омодаи сафар шудем. Ҳар
дафъа, ки ба Ҳирот рафтанй мешудам, ғами роҳи хароб
азиятам медод. Ин ҳолатро Сарвар пай бурдагй барин кабл
аз ҳаракат ба ман гуфт: «Тарчумон соҳиб, ба ичозати шумо
имрУз ба як сарак (роҳ)-и дигар, ки хубтар аст, меравем»
- Хайр аст, - гуфтам. Агар сараки хуб бошад, ман хам
розй кастам.
- Аз қароргоҳ ба масофаи ду-се километр рафта будем,
ки Сарвар чилави мутар (мошин)-ро ба чониби барои банда
ноошно гардонд. Азбаски рохи мо аз миёни регзору дашти
бедолу дарахт мегузашт, Сарвар сараки хостаашро чу стучу
менамуд. Баъд аз ду соати ҳаракат маълум шуд, ки У роҳгум
задааст, вале аз тарси он ки ман сарзанишаш мекунам, бо
асабоният ин сУву он сУ назар меандУхт, аммо икрор
намешуд, ки роҳи хостаашро намеёбад. Чунин даштҳо роҳи
муқаррарӣ надоранд, балки ронанда худаш бояд хунари
рохчудокунй дошта бошад. Ронандаро лозим аст, ки дар
чараёни ҳаракат нишониҳоро ба хотир гирад, то ки вакти
бозгашт роҳи омадаашро пайдо кунад. Ҳафтае ду-се бор
бодхои шадид изи болуни мошинро бо per мепУшонад. Ин
ҳолат накшаи геологии минтака зарурат мешавад, то ки самти
ҳаракат муайян шавад. Ман, ки бо худ чунин накшаро
доштам самти Ҳиротро барои Сарвар муайян сохтам ва амр
кардам, ки мустақим - рӯ ба рУ мошинро ронад, то он вакт,
ки дар дурихо кария ё мазоре маълум гардад. Ба ҳамин хол
сараки асосиро дубора пайдо намудем. Пешниҳоди
носанчидаи Сарвар, боиси он шуд, ки рохи сесоатаро дар
шаш соат тай кард ем.
Соати яки рУз ба шаҳрчаи роҳсозони шУравй расидем.
Меҳмонон, ки аз Шинданд меомаданд ҳоло нарасида буданд.
Манзили Абдурасулро кУфтам, лабай гУён бандаро ба хушй
пазироӣ намуд. Баъди сӯҳбати начандон тУлонӣ рУи ҳавлӣ
баромадам, ки чанд нафар аз геологҳои гурӯҳи Коваленкоро
дидам. Духтури гуруҳ, ки як шахси гурчй буд, китоб мехонду
«офтоб мехӯрд». Ҳамин лаҳза буд, ки сармутахассис Котов
аз дарвозаи ҳифзи мурокибати роҳҳо даромад. Бандаро дидан
замон хушҳол шуд. Ҳамеша дар чеҳрааш ханда намудор
51
мегардид. Аз банда колу аҳволи гурӯҳро пурсид. То ки У
қаноат ҳосил кунад хатчаи Борозинетсро барояш додам. Ба
хатча як назари ичмолй * г: пагоҳ, субҳ сӯи
гардиду худро 6а огуши Котов зад. Коваленко аз миллати
украин бошад ҳам шаҳрванди Орчоникидзеи Осетияи
Шимолй буда, то чое шахси тамаллуккор маълум мешуд.
Котов ҳам гӯё ӯро эҳтиром мекард. Гурӯҳи Коваленко низ
дар гирду атрофи Ҳирот корҳои чустуҷӯии геологи анчом
медод. Тарчумонаш окон Ҳакназар Назаров буд. Ман аз
дидор тоза кардан ба эшон шод шудам. Ҳини сӯҳбат чанд
лаҳза худро дар Душанбе эҳсос намудам. Котову Кочерев
бо Коваленко сӯи иқоматгоҳе, ки барояшон муайян шуда
буд, рафтанд. Банда бо Ҳ.Назаров ба хонаи Абдурасул
даромадем. Се точики душанбегй то дер сари масъалаҳои
гуногуни зиндагй сӯҳбат кардем. Бештар оқои Ҳ.Назаров
ran мезаду мо ду кас гУш медодем. Ҳам банда ва ҳам
Абдурасули донишҷӯ аз сӯҳбати эшон дониш меандУхтем.
Сухани мавсуф канда-канда буд, аммо пур аз маънй. Ҳарчи
қадар, ки сӯҳбаташ идома меёфт, ҳамон андоза кас мехост
гУшаш кунад. Донишманди хуби таърихи Афғонистон буд.
Солҳои таҳсил дар факултети таъриху филологиям
Донишгоҳи давлатй банда ба эшон унс гирифта будам. У
барои ман касе ҳисоб меёфт, ки ба сафи ҳизби коммунист
тавсияномаам дода буд. Дар ин сӯҳбат Ҳ.Назаров устодеро
мемонд, ки ба шогирдонаш даре мегуфт.
Бегоҳии ҳафтум Коваленко ба ман хабар расонд, ки
Котов пагоҳ -ҳаштуми май дар Ҳирот мемонад. Пагоҳаш
Котов ба дигарон эълон кард, ки: «Назар моро ба моҳигирй
мебарад. У чойи моҳиро медонад». Одатан мутахассисини
руей маро Худойназар ном намебурданд. Онҳо ба ман
мегуфтанд: охир, ту харобу логар нести, чаро мо туро
«худой» гУем? Ба ин хотир, бандаро бо номи Назар садо
мекарданд. Аз чумла сардорамон Котов аз нахустин рӯзҳои
ошной дар Кобул Назар ном мегирифт. Азбаски исми Назар
дар русҳо хам буд, барои онон талаффузаш душворие пеш
намеовард.
Чй илоч? Амри сардорро бояд ичро мекардам. Албатта,
максад аз моҳигирй истироҳат буд. Ман як чойи мохй
медонистам, ки аз рӯи шунидам 14 км масофа дошт. Аз шахри
Ҳирот ба самти Ғуриён бояд харакат мекардем. Ин чой низ
дар соҳили дарёи Ҳарирӯд карор дошт. Америкоиҳо пуле
ҳам болои он сохта буданд. То ба сафари моҳигирй
баромадан, соате ба саққобозӣ машғул шудем. Сипае Котов,
Кафтарй харакат хоҳем
Коваленко пайдо
52
Кочерев ва Ковалеко бо гурУҳаш ва банда ба мошинҳо савор
шудем. Сардорамон ба километрсанчаки мошин нигоҳ
мекардааст, ки кай ба километри чордаҳум мерасем. Аммо
бо паси cap шудани 14 км боз роҳамон идома гирифт. Вакте
ки ба соҳили Ҳарирӯд расидем, акрабаки километри мошин
рӯи 24 қарор гирифт. Котов шУхиомез гуфт: Назар хамаи
моро фиреб дод. Андак худро ноҳинҷор эҳсос намудам, аз
он ки ба касе бовар карда, галат содир намудам.
Дар соҳили дарё чое карор гирифтем, ки чо-чо
майсазор буда, буттаҳои газ ва дарахтони худрУю зарбед ба
мушоҳида мерасид. Ин чо об чандон тезу тунд набуд, балки
ба шохаҳо таксимбандй мешуд. Котов бо чанд геологи дигар
гУшаеро интихоб намуда, ба картабозй машгул шуданд. Ману
Ҳ.Назаров ва ду-се геологи дигар чангакхоро омода сохта,
қутиҳои кирмро ба гардан овезон карда, ба мохигирй шурУъ
намудем. Ман иаҳлуи Ҳ.Назаров қароргоҳ интихоб кардам.
Чанд лаҳза гузашту аввалин моҳӣ ба шасти Ҳ. Назаров
дармонд. Окои Ҳакназар «ухти», гУён чангакро аз об кашид.
Моҳии «сазан» дар ҳаво раке мекарду соҳиби шаст халоват
мебурд. Дигарон, ки ҳоло мохиро ба чашм надида буданд,
«офарин, офарин Ҳакназар» мегуфтанд. Ман хам ду-се
мохича донггам. Дар мачмУъ даҳ-понздаҳ моҳй шикор шуд.
Акнун мохишУрбо пухтан лозим буд. Ин корро окон
Ҳақназар ва боз як геологи дигар ба Ухда гирифтанд.
Азбаски боди ҳиротй шурУъ шуду хаво андаке рУ ба хунукй
овард, ман ба мошине даромада, истирохат кардам. Замоне
окон Ҳақназар бедорам кард, то ки барои хУрдани
моҳишӯрбо назди дигарон хозир шавам. То соатҳои чаҳор
мутахассисин истирохат карданд. Силас, сӯи Ҳирот роҳ пеш
гирифтем. Ин шабро низ дар манзили Абдурасул гузарондам.
Пагоҳии дигар - нӯҳуми май меҳмонҳоро ба Кафтарй бурдам.
Ду рУз меҳмонони гурӯҳи мо буданд. Дар ин ду руз Котову
Кочерев, такрибан икдомеро ба хотири беҳбуди корҳои
геологи анчом надоданд. Факат картабозй ва шаробнУшй
карданд. Корҳои гурӯҳро таъриф намуданд. Котов чанд
дакика ба омири афғонӣ сӯҳбат намуд, ки онро тарчумонй
кардам. Хайрият, Котов, ки рУзи ёздаҳуми май
ба Ҳирот бармегаигг нагуфт, ки ман онҳоро ҳамроҳй кунам.
Вагарна боз ҳамон роҳи харобу вайрона азиятам
медод.Ёздахум баъд аз гусели калонхо гУшаки радиол
Точикистонро тоб додам. Дар хабарҳои охирин гуфта шуд,
ки дар Душанбе Анҷумани шашуми Иттиҳодияи
нависандагон барпо гардидааст. Дар мачлисҳои он адибон
Ф.Муҳаммадй, М.Қаноат, Маъсуд Муллочонов ва Атахон
53
Сайфуллоев дойр ба шохаҳои адабиёти муосири тоник
гузоришхо додаанд. Анҷуман таҳти сарпарастии шоири
шинохта устод Турсунзода гузаштааст. Толори Шӯрои Олии
ҷумҳуриро пеши назар оварда, тасаввур мекардам, ки дар
каторе устодони банда С.Табаров, Ш.Ҳусейнзода,
Р.Мусулмонкулов, Х.Шарифов ва даҳҳо дигарон
нишастаанд. Худ ба худ мегуфтам, ки дар ин Анчуман ҳатман
устоди маънавиам Соҳиб Табаров суханронй карда, сари
мавзУи танқиди адабй баҳс хоҳад орост.Субҳи понздаҳуми
май боз гӯшаки радиоро тоб додам, то ки аз вазъи адабиёту
фарханги Точикистон бохабар гардам. Дар Донишгоҳи
давлатии Точикистон, ки бандаро таълим додааст, бахшида
ба чашни 650-солагии Ҳофизи Шерозӣ мачлиси бошукӯҳе
сурат гирифтааст. Дойр ба мавзУи «Ҳофиз ва Шарк» устоди
факултети филологияи тоник Саид Ҳалимов маърӯза
кардааст. Ба воситаи ин хабар фахмидам, ки мавсуф аз Эрон
барганггааст. Максад гузоштам, ки дар номахои баъдиам
ҳатман ба эшон салом мефиристам. Ҳамин рӯз буд, ки
Исматуллоҳхони қандаҳорй, ки аз Кобул бармегапгг, сари
роҳ аз Ҳирот як даста номаҳои хешу ақрабои моро, ки ба
воситаи Кушка ба кароргоҳи роҳсозони шУравӣ расида
буданд, овард. Бояд гуфт, ки аз тарафи субх чанд дафъа
чашми ростам парид, ки аз рУи тачриба хурсандиовар набуд.
Паридани чашми рост ба се мактуб сабаб шуд, ки яке аз
акрабои завчаам буд ва дутой дигараш аз бародам Чумъахон
ва дУсти фархориам Қурбон Рахимов, ки байни худ Уро
«комиссар» ном мебурдем. Хеши завчаам аввалан хабар
мед од, ки ҳолу аҳволи хонавода хуб аст ва Фотима бо баҳои
«аъло» мехонад. Баъдан илова менамуд, ки хоҳару
бародаронам аз хона баромада рафтанд. Албатта хабари
дувумй то ба чое асабиам сохт ва хам дарк намудам, ки чаро
онҳо баромада ба хавлии Нагорний рафтаанд. Бародарам
дар номааш менавишт, ки хондану рафтори МУсову Фотима
хуб аст. У ҳар рУзи шанбе ба микрарайони 46-ум рафта, аз
ҳолашон бохабар мешудааст. Аз номаи Чумъахон пай
бурдам, ки вай намехост ҳакиқатро бароям арз кунад, то ки
асабӣ нашавам. Мактуби дУстам Курбонхон Рахим чолиб
буд, ба ин маънй ки содикона харф мезад.
Курбон Рахимов касест, ки баъд аз хатми омУзишгоҳи
тиббии шаҳри КУлоб дар шифохонаи марказии колхози
«Коммунизм»-и ноҳияи Фархор ба сифати духтур кор
мекард. Ман вақте ба эшон ошно шудам, ки падарам дар ин
шифохона табобат медид. Гап дар ин аст, ки киблагоҳам
солҳои охири хаёташ дар карияи Тоскалъаи ноҳияи Восеъ
54
истикомат менамуд. У солҳо беморй мекашид. Дар карияи
номбурда аз авлодону хешу акрабои падарам касе набуд.
Чунин ба назар мерасид, ки вай танҳой мекашид ва чанд
боре ҳам ба чиянҳояш, ки дар колхози номбурдаи Фархор
буданд, таъин хам кардааст, ки Уро ба назди худ баранд. Ч
иянҳои падарам Абдуғаффор, Нураливу Шералй, ки аз
писарони апаи падарам - Гулчехрамох буданд, рӯзе бо
мошини таъҷилии тиббй ба Тоскалъа мераванд ва тағояшонро
бо кӯчаш ба карияи Арчаи Фархор интикол медиҳанд. Дар
ҳамин интиқол додан Қурбонхони духтур низ инггирок
доштааст. Аз ин ки ман ба ин чавон меҳр баста будам, хамон
рафтори чавонмардонааш буд...
Баъдҳо, ки гоҳе меҳмон мешудам, Қурбонхон ҳатман
ба дидорам мерасид ва мани донишчУро ҳамчун як шахси
мансабдоре мепазируфт ва ҳурмату эҳтиром менамуд.
Азбаски марқади падар дар кабристони Арча карор гирифт,
банда мудом ба зиёрати оромгоҳи қиблагоҳ мерафтам ва
ҳатто бародари калонам - Холназарро ба ҳамин хотир дар
дехаи Арча хонадор кардем, то ки манзили доимии падари
шодравонамонро нигоҳубин кунад. Ҳамин солҳо буд, ки дар
симои Қурбонхон, Абдучаббори инженер, акай
Муҳаммадсолеҳ, акай Қаландар, Файзалй ва дигарон дӯстон
ва кадрдонҳои тоза пайдо намудам. Ба ибораи дигар, мазори
падар бандаро фархорй сохт. Вокеан, бенггари авлодони
падар дар ҳамин ноҳия сукунат доштанд ва холо фарзандони
онҳо ин сукунатро идома медиҳанд. Он рУз дар тассаввурам
Қурбонхон касонеро дар хонааш чамъ оварда буд, ки бандаро
мепазиру фтанд.
Курбонхон менавишт, ки номаро гирифтан замон дар
ҳавлиаш нон омода сохта, ҳамсоягону ёру дУстонро чамъ
намуда, миёни онон мактубро бо овози баланд хондааст. Дар
миёни ҳозирин ҳамдарси омӯзишгоҳиям Файзалй Ҳомидов
низ карор доштааст.
Файзалй аслан зодаи дехаи Момай буда, бо банда
ҳамдеҳа аст. Қавми У бо қавми мо солиён дар як чо иқомат
доштанд. У аз табакаи дехкон буда, рӯзгори дахшатборе
доштанд. Баъди муҳочиршавӣ хонаводаи онҳоро дар катори
дигарон ба дехаи «Победами Фархор мекУчонанд.Падараш
бобои Ҳомид дар кабристони Арча мадфун аст. Байни
маркади падари эшон ва қиблагоҳи банда ду-се метр масофа
аст. Солҳои таҳсил дар омУзишгох низ мо якдигарро хурмат
мекардем. У баъди хатми Института омУзгории КУлоб дар
мактаби даҳсолаи ба номи Некрасов, ки байни карияҳои
Арча ва «Победа» карор дорад, аз фанни забои ва адабиёти
55
точик даре мегуфт. Мавсуф дониши хуб дошт ва бесабаб
набуд, ки шогирдони вокей тарбия мекард. Файзалй дар
зиндагй шахеи ачибест. Баъзан рафторе дорад, ки боиси ханда
ва истироҳат мегардад. Май дар он номаам ба у низ салом
арз карда, ҳамзамон чанд шӯхиеро ҳам раво дида, ба вай
нисбат дода будам. Қурбонхон он суханҳои мутоибаомезро
даҳчанд бофта, аз худаш баъзе чузъиёти дигарро и лова
намуда, аз номи май ба ҳозирин мерасонад. Он бегоҳ
маҷлиси ҳавлии Қурбонхон хандазор мегардад. Чунин
номаҳо, вокеан, шахеи дар ғарибй карордоштаро халоват
бахшида, рӯҳбаландаш месозад. Хондани номаро ба поён
расонда, чанд лаҳза худро дар Арчаи Фархор миёни хешу
акрабо ва қадрдонҳоям тасаввур намудам ва хам маркади
Киблагоҳро пеши назар овардам ва худро ба он сарзаниш
намудам, ки он нообод монда буд. Ин шабе буд, ки нороҳат
хобидам, зеро мавзӯи аз хонай 46-ум ба ҳавлии Нагорний
кӯч бастани хохару бародаронам ташвишовар буд.
Рӯзи 16-уми май дар кароргоҳ мондам, то ки ба
номаҳои расида таъчилан чавобе омода созам. Дар ин
Чавобгӯй се соат вахтам сарф шуд. Чунон ки мегӯянд, дил
холй кардам ва бо ин амал худро тасаллй бахшидам.
Бистуми май тибки зарурат боз сУи шаҳри Ҳирот ҳаракат
намудам. Дар хоричи кишвар барои кас аз хама ҳадяи
киматбахо нома аст. Ин падидаест, ки шахсро ба Батан
мепайвандад, Уро мудом ба хотири кадршиноей аз xeniy
акрабо ва зодгох рӯҳбаланд нигоҳ медорад. Аз ин чост, ки
хар дафъае, ки ба кароргоҳи роҳсозони шУравй мерасидам,
аввалин чашминтизориам мактуб буд. Ин дафъа низ як даста
рУзномаву маҷаллаҳоро бо чанд адад нома ба ихтиёрам
гузоштанд. Хонаи Абдурасул, ки манзилаш меҳмонхонаи
доимии банда шуда буд, ба хушӣ кабулам кард ва имкон
дод, ки бо оромй номаҳои дӯстонам - Рахим Мусулмонкулов
ва Хайруллоҳ Сирочовро мутолиа намоям ва лаҳзаҳое чанд
бо онон сУҳбати шифоҳиву ғоибона дошта бошам.
Раҳимҷон дар бораи ба ҳимоя пешниҳод шудани
рисолаи доктории Соҳиб Табаров навишта буд. ҲанУз дар
Душанбе будам, ки рӯзе домулло ба банда кисса намуд, ки
аз кумитаи ҳизби коммунист оид ба монографияи эшон
«Симои човидонии доҳӣ дар адабиёти советии точик» такриз
талаб кардаанд. Ҳамон вахт тахмине ба сэрам зад, ки шояд
ба хотири ин ки рисолаи мазкури Сохиб Табаров ягона хадяе
ба садсолагии доҳй дар адабиёти муосири точик буд,
сарнишинони ҳизб заҳмати тУлонии устодро кадр карданй
шуда, онро ҳамчун рисолаи докторй мепазиранд. Дар ёдам
56
ҳаст, ки Раҳимчон дар заминай он монографияи калонҳаҷм
ба забони русӣ гузориши илмй омода месохт. Яъне, агар ба
устод иҷозати дифоъ доданй мешуданд, на монография, балки
як гузоринш илмии 50-60 саҳифагие, ки сарчашмаҳои илмиро
дарбар карда бошад, кифоя буд. Он айём бисер шахсон ба
воситаи гузоришҳои илмй докторхои илм шуда буданд.
Мазмуни номаи Раҳимчон тахмини бандаро собит сохт. Ба
устод ичозати дифоъ додаанд ва моххои наздик бояд он
гузориши илмй ба аъзоёни шӯрои илмии рисолаҳои докторй
арз мегардид.
Сохиб Хабаров аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи
адабиётшиносй ва накди адабии точик мебошад. Бисту чаҳор
сол дошт, ки номзади илми филология шуд ва дар бисту
ҳафтсолагй ба аъзо-корреспондентии Академияи илмҳои
чумҳурй пазируфта гардид. Даҳҳо рисолаву монографияхо
ва мақолаҳои илмиро соҳиб буд. Соли 1961 монографияи
пуркимате рочеъ ба хаёт ва фаъолияти Пайрав Сулаймонй
навишт. Метавон гуфт, ки монографияи «Пайрав
Сулаймонй» яке аз беҳтарин тадкикоти филологй дар
адабиёти чи точик ва чи шӯравй буд. Мутаассифона, бо
кӯшиши боғаразонаву нодидагиронаи баъзе сутунҳои
ҳамонвақтаи филологиям точик рисолаи номбурдаи
С.Табаров барои дифоъи докторй пешниҳод нагардид, ҳол
он ки устод ин лахзаро чашмдор буд. Мо шогирдон дар
махфилҳои илмй эҳсос менамудем, ки С.Табаровро дӯст
намедоранд. Эшон шахсе буданд, ки аз воқеияти илмй сӯҳбат
менамуданд, хасу хошокҳои илмро дур меандохтанд, рӯирост
баъзе адабиётшиносону адибонро сарзаниш менамуданд, то
ки дар кори эчодиву таҳқик ҳаромкориҳо сурат нагирад,
илми филология дуруст чараён дошта бошад ва гайра. Вале
сухани ҳақ, одатан талх садо медиҳад ва боиси ранчиши
хотири баъзе тангназарони соҳаи илму адаб мегардад. Акнун
ин чомеаи фарҳангй устодро кадр карданй шудааст ва ин
барои банда беҳтарин дастовези фарҳангӣ буд.
Номаи дигар аз ҳамдарси донишгоҳиям Хайруллоҳ
Сирочов буд. Ману Хайруллоҳ ҳанӯз солҳои таҳсил дар
омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб ошной доштем. Тафовут дар
ин буд, ки ӯ як сол аз банда пеш мехонд. Хайруллоҳ аз
чумлаи он донишҷӯёне буд, ки баъди барҳам додани
омӯзишгоҳи педагогии Қӯрғонтеппа барои идомаи таҳсил
ба омӯзишгоҳи Кӯлоб интиқол дода буданд. Эшон аз қарияи
Пушинги Данғара буд. Вакте ки соли 1963 ба Донишгоҳи
давлатй ҳуччат супоридам ва имтиҳонҳои кабул оғоз
гардиданд, Хайруллоҳро дидам, ки ҳар бегоҳ бо либоси
57
низомй ба консултатсияҳо меомад. Маълум шуд, ки баъд аз
хатми омӯзишгоҳи Кӯлоб, соли 1959, вайро ба аскарй даъват
кардаанд ва муддати се сол дар сафи кувваҳои низомии
бинокор (стройбат) хизмат намудааст. Хулоса, ба Донишгоҳ
дохил шудем. Хайруллоҳ сардор интихоб гардиду банда
комсорг. У шахси хеле ташаббускор буд. Дар соли дувуми
таҳсил кордониашро ба назар гирифта, ба сифати комсорги
факултет пазируфта шуд. Се сол комсорги кард. Бо дипломи
«аъло» донишгоҳро хатм намуд. Азбаски донишчӯи
вокеъбину ҳақгӯӣ буд, бо вучуди дипломи сурх донгганаш,
дар назди ягон кафедра моноида нашуд. Ҳамон солҳо низ
инсонҳои ҳалолкору ҳакгӯйро намепазируфтанд. Аз ин чост,
ки ӯ дар кадом омӯзишгоҳи техникие ба касби муаллимй
пардохт. Мо солҳои таҳсил дӯстони хеле наздик будем. Ба
сабаби ин ки вай аз корҳои биносозиҳои низомиаш андак
пул дар хазинааш дошт, ҳарчи ки барои худ мехарид, барои
банда низ лозим медонист. Ҳамеша хУроки чоштро якчо
медидем. Каси сахӣ ва хайрхоҳе буд.
Хайруллоҳ суроғаи бандаро аз Шаҳбози Кабир
гирифта будааст. У чанд маротиба ба хонадони мо рафта, аз
ҳолу аҳволи Фотимаву Мӯсо хабар гирифтааст. АфсУс, ки
дигар ҳамдарсону дӯстон чунин накарданд. Бандаро ба
фаромушй доданд. Аммо ин чо аз онон ном гирифтан аз рУи
одоб нахохад буд. Мактуби сеюм аз бародари хурдиам -
Мӯсохон буд. Аз сабаби ин ки мактабаш аз 46-ум дурй
кардааст, муваққатан ба ҳавлии Нагорний рафтааст. У дуруст
рафтор кардааст, зеро ҳакиқатан мактаби раками 35, ки
дар кУчаи Чехов қарор дорад, аз шаҳрчаи 46-ум хеле дур
мемонд. Дар мактуби чавобиам вайро насиҳати зиёде додам,
то ки беҳтар хонад, дарсгурезй накунад ва ба гапи Чумъахон
гӯш диҳад.Бо хатми мутолиаи мактубҳои номбурда бо
Абдурасул барои саққобозӣ омода шудем. Дар толор окон
Ҳақназар низ ҳузур дошт. Соатҳои нУҳи шаб буд, ки аз
Кушкаи Туркманистон номаҳо расиданд. Барои банда низ
як мактуб аз Султон НаврУзови акрабо расид. Эшон дар
бораи ба дифоъ пешниҳод шудани рисолаи доктории
С.Табаров менавишт. Ӯ мӯҳлати дифоъро моҳи июн мегуфт.
Султон НаврУзов аз авлоди модариам мебошад.
Модарам падари Султонро тагоии НаврУз ном мебурд. Бобои
НаврУз баъди аз Балчувон муҳочир шудан дар Даҳанаи
КУлоб икомат менамуд. Шахси босавод буд. Солҳо вазифаи
раиси чамоаро бар ӯҳда доштааст. Ёдам хает, ки ба Хонобод
зиёд меомад. Модарам «тагоям омад» гУён чойи нишасташро
намеёфт. Ҳамон солҳо У мироби колхоз буд. Ҳар сари вакт
58
ба хотири назорати об аз моён хабар мегирифт. Соле, ки
банда 6а Донишгох дохил мешудам, Султон факултети
таърихро ба поён расонда, дар кадом нашриёте кор мекард.
Баъдан ба аспирантураи Университети Томски Россия дохил
шуда, он ҷо рисолаи номзадиро дар бахши фалсафа дифоъ
кард. Сипае, ба Донишгоҳи давлатии Точикистон омад ва
устоди кафедраи фалсафа шуд. Файл асу фи шинохтаест.
Чеҳраест, ки хислатҳои наҷиби инсонй дорад. Ҳакикатгӯй
меъёри асосии рӯзгораш аст. Сӯҳбатҳои ширину
файласуфона дорад.
Ду-се рӯз дар Ҳирот монда, сипас ба Кафтарй
баргаштам. 28-уми май барои харидории маводи ғизоӣ боз
ба Ҳирот омадам. Шабона бо Абдурасул дар гирду атрофи
шаҳрчаи рохсозон сайру гапзт кардем. Пагоҳӣ илҳомам омаду
хостам ба ёру дУстон ва бародарон нома нависам. Абдурасул
ба дафтари кориаш рафт, то ки ба банда халал нарасонад.
Акнун каламу коғазро омода сохта будам, ки садои Абдурасул
баромад: акай Худойназар зуд рУи ҳавлӣ бароед, ҳоло як
аскарро чазо медиҳанд. Саросемавор берун шудам. РУйи
саҳни ҳифзи муроқибат 10-12 аскари афғон рост меистоданд.
Дар атрофи майдонча чанд кУдаки шУравй ва хонумхову
мутахассисон чамъ омада буданд. Ману Абдурасул хам дар
гУшае карор гирифгем. Болои замин ду дарза химча мехобид.
Мудири омирият, ки як соҳибмансаб (офитсер)-и тахминан,
30-35 сола буд, аз дафтари кориаш берун шуд. Аскарон бо
пойро бо пой задан ба омир салом доданд. Омир
таҳсилкардаи мактабҳои ҳарбии ШУравй буд. Русиро хуб
медонист. Дар даст тасбеҳ дошт. Сӯи атрофиён як назари
омирона андохта, аскари гунаҳгорро ба пеш даъват кард.
Аскар тарсону ларзон 5-6 кадам ба пеш баромад. Омир
гуноҳи аскарро 6а ҳозирин арз дошт. Маълум шуд, ки У
велосипед-бойскули як писарбачаи афғонро дуздидааст.
Яъне, гунохаш дуздй муайян гардида буд. Баъдан ба асоси
конуни чазодиҳии низомӣ ба чунин аскар чУб мезадаанд.
Омир амр кард, ки барои амалӣ сохтани чазо шурУъ
намоянд. Ду аскари дигар аз пою дастони чабрдида донгганд.
Гунаҳгор рӯ ба замин дар ҳолати муаллақ карор дошт. Ду
аскари дигар бо химчаҳо мусаллаҳ шуда, яке аз миён ба
боло то бехи гардан мезад ва дувуми аз миён то думба, «ҳа»,
гУён чУб мезаданд. Кӯдакҳои рус бодиккат ин чУбкориро
тамошо мекарданд. Мо калонсолон низ мехостем ичрои
чазоро тамошо кунем. Албатта, барои мардуми шӯравй
тамошои ин саҳна хеле даҳшатнок буд. Дар филмҳо ва
саҳнаҳои театрҳо чунин шакли чазоҳоро дар накпш артистон
59
медидем ва мефаҳмидем, ки чӯбзании онҳо сохта аст ва боиси
дарди чонкоҳ намешавад. Аммо ҳоло мо вокеиятро медидем.
Аскар ҳамоно аз Худо имдод мехост, падару модарро ба
ёрй даъват менамуд. Ба номи Худо касам мехӯрд, ки
нафаҳмида гуноҳ содир кардааст. Илтичо мекард, то ки
ӯро омираш бахшад. Вале хоҳишу зориву таваллои ӯ ба
гӯши касе намерасид. Чубкорй торафт шиддат мегирифт.
Химчаҳои мачакшудаву шикастаро ба гУшае ҳаво дода,
химчаҳои навро ба кор меандохтанд. Чабрдида баъди 10-15
дақиқаи азобу шиканча дигар садо баланд карда натавонист,
фақат гоҳе нолиши чонкоҳаш ба гУш мерасиду бас. Ниҳоят
аз хуш рафт. Болои замин афтид. Ман гумон кардам, ки
чон ба ҳақ таслим кардааст. Асабй шудам, ба шоҳу
офитсеронаш лаънат хондаму сӯи хонаи Абдурасул рафтам.
Хонандаи мӯҳтарам шояд аз муаллифи ин сатрхо
пурсиданй аст, ки чаро мо шаҳрвандони кишвари абаркудрат
дахолат накардем, чаро ба он офитсери таҳсилкардаи Шуравй
ба забони русӣ нафаҳмондем, ки ой, бародар, ту- ку дар
Шӯравй хондай чаро ба чунин шакли чазодиҳӣ мусоидат
менамой? Оре, саволатон ба чост. Аммо моён ба конунҳои
Афғонистон итоат допггем ва моро наметузонгганд, ки ба
корҳои дохилии афғонҳо дахолат намоем. Дар Кремли
Маскав ба ҳар мутахассиси ШУравй ин масъаларо
мефаҳмонданд. Агар чунин гуноҳро касе аз шУравихо содир
менамуд, албатта Уро чУбкорй намекарданд, балки ба хотири
Давлати Шуравй дар муддати 24 соат аз кишвар
мебароварданд. Аз ин чост, ки моён ҳамчун мушоҳидачӣ
мондем, хол он ки дар ботин хун мегиристем. Аскар
ҷазояшро дид. Хуб шуд, ки чанд рӯз баъд чойи захмҳои
химчаҳо сиҳат ёфтанд. Аммо ин чӯбзанй чазои интиҳоӣ
набудааст, зеро Уро хабе карданд.
Ҳамон солҳо медидам, ки дар чомеаи шоҳии Афтонистон
инсони камбизоат кадру кимате надошт, У худро дифоъ карда
наметавонист. Қонуни давлат факат барои табакаи поёнй
амал менамуд. Табакаи сармоядор ба ягон конунхои башарй
итоат надонгг. Танҳо пул ва сармоя метавонист инсоро дифоъ
кунад. Мо, ки дар сохтори сотсиалистй рУзгор донггем, чунин
конунвайронкуниҳо бароямон тайричашмдонгг буд. Аммо
ҳоло ки ба чомеаи точики баъди шУравй назар меафканам,
воқеан инсонҳои камбизоат ҳеч хаку хукуке надоранд. Аз
он чи банда дар Афтонистон ба мушоҳида гирифта будам,
акнун дар ватани хеш мебинам. Магар истиклолият доштан
маънии ғуломиро дорад? Мактабҳои ҳамагонй аз фаъолият
мондааст, наврасон хама дар бозору хиёбонҳо пойбараҳна,
60
бо либосҳои дарида, сару рУи ношуставу собуннадида
мегарданд. Гумон мекунам, ки чунин раванди зиндагй чомеаи
точикро дар даҳ-понздаҳ соли пешоянд 6а куллй хароб
хохад сохт. Он боло ва ин поён, ки дар Афғонистон дида
будам, дар Точикистон ва дигар чумҳуриҳои собик шУравй
баръало бо мушоҳида мерасад. Ҳайфи инсон! Беҳтарин
чавонони точик рӯ ба шаҳрҳои саноатии Россия овардаанд.
То ин чо, ки расидем, бармегардем ба Кафтарй. Моҳи
майи 1971 хам ба поён расид. Июн омад. Торафт хавои
минтака гарм мешуд. Инсон дигар ба он гармии дар соя аз
40-45 баланд, тоқат карда наметавонист. Вале чй илоч?
Барнома ичро нашуда буд. Аз ин чост, ки то 19-уми июн
дар Кафтарй ба корхои геологи бахри пайдо намудани
маъданиёте масруф гардидем.
Одатан, гуруҳҳои геологие, ки дар минтакаи гарми
Афгонистон ифои вазифа доштанд, тобистон ба Кобул
меомаданд ва ба корхои амалй машғул мешуданд. ГурУҳи
мо низ ба ҳамин ният сУи Кобул куч бает. Ман шод аз он
будам, ки то чашни истинлоли Афгонистон, ки ба 20-уми
август (аввали Сунбула) рост меомад, дар Кобул назди
хонавода мемонаму ҷойҳои дидании Кобулро тамошо
мекунам. АфсУс, ки ин орзуи банда амалй нашуд, балки баъди
як ҳафтаи истироҳат бандаро гурӯҳи дигари геологи ба
сифати тарчумон пазируфт...
Хинҷон - Андароб
Бисту шашуми июн сардорамон Котов А.Я. ба
дафтараш даъват намуда, амр кард, ки ба самти шимол,
минтакаи Хинчон сафар намоям. Он чо гурУҳи
накшабардорие чанд вақт боз ба корхои геологи машгуланд,
вале тарчумон надонггаанд. Аз дигар тараф, гурӯҳи мазкур
бе сармутахассис фаъолият мекардааст. Ин лаҳза Котов аз
котибааш хоҳиш кард, ки мутахассиси навомадаро ба наздаш
даъват намояд. Дақикае гузашту бо ичозат марди сурхинарУи
сарсафеде дохили утоки Котов гардид. Сардор ба он шахе
рУ оварда гуфт: «Анатолий Харитонович бо тарчумонатон
шинос шавед, исмаш Назар, аз Душанбе мебошад». Ман аз
чой баланд шуда бо сардори навам салом кардам. Ӯ марди
хандонрУе буд. Аз банда пурсид, ки аз кучои Душанбе хастам
ва дар кадом муассиса кор мекардам. Вакте фаҳмид, ки
аспиранти Донишгохи давлатй хастам, хеле хурсанд шуд ва
гуфт: «Мо ҳамшаҳр будаем». Бо ҳамин мулокоти Котов ба
61
поён расид. Эшон 6а мо муваффақият хоста, фармуд, ки
пагоҳ 6а роҳ бароем. Мо аз дафтари Котов берун шудем.
Рӯи ҳавлй мошине моро интизор буд.
То шаҳрчаи Нодиршоҳй якҷоя омадем. Ҳини сӯҳбат
фаҳмидам, ки фамилияаш Кофарский буда, таҳсилоти
донишгоҳй доштааст ва солиёни зиёде дар гурӯҳҳои геологии
Тоҷикистон кор мекардааст. Ҳатто чанд калимаи точикиро
медонист. Дар назар инсони хубе маълум шуд. ШУхтабиат
менамуд. У худ танҳо ба Кобул омада буд. Завҷааш бо
фарзандону наберагон дар Душанбе мондааст. Чунонки
гуфтам, мутахассиси беоила мехост ҳарчи зудтар дар сахро
бошад, чунки аз ташвиши ошпазхонаҳову хурду хӯрок халос
мегардид.
Рӯзи бисту ҳафтуми июн, пагоҳии барвақт аз манзили
панҷум поён шудам. Кофарский бо анчомҳояш аллакай назди
мошин карор дошт. Банда дар паҳлуи ронанда (драйвар)
нишастам. Ҳаракат ба самти шимоли Афғонистон сурат
гирифт. Ба кӯтали Хайрхона боло шудем. Роҳи ҳамвору
дилкаш оғоз гирифт. Торафт аз Кобул дур мешудем, ҳамон
андоза табиати зебо аз пешорӯямон мебаромад. То сарҳади
Чоряккор расидем ва чое ғизои чошт хӯрдем. Ба роҳ
баромадем ва аз пеш қасри
Чобулсироҷ намоён буд. Пулеро гузаштем, ки болои дарёчаи
оби кӯҳӣ карор дошт. Акнун роҳ ба баландй майл мекард.
Яъне, кӯтали Солангро бояд тай менамудем. Ин роҳро
шУравиҳо сохта будаанд. Сараки васеъбари хубе пешо- пеши
мо мерафт.Деҳачаҳои кӯҳӣ чо-чо аз сари роҳамон мебаромад,
ки назди ҳар кадоми онҳо мошинҳои боркаши зиёде карор
доштанд. Маълум, ки ронандаҳо хУроки чошт мехӯрданд.
Болои катҳои чӯбӣ дароз кашида чой менУшиданд. Дар
соҳили чУйборҳо майсазор ва гулхорҳо ба назар мехУрданд.
Роҳи качмакачи кУтали Соланг, ки дар қабати
Каторкуҳҳои Ҳиндукуш карор дошт, хеле тӯлонй буд.
Ниҳоят ба дарвозаи туннели Соланг расидем. Дохили туннел
чароғистон буд. Мошинҳо аз ду тарафи туннел роҳ
мерафтанд. Ҳавояш салқин буд. Аз пешорӯ рӯшноии офтобй
намоён гардид. Ин чунин маънй дошт, ки ба самти шимоли
туннел расидем. Дар собик аз чониби Кобул ба самти шимоли
кишвар сафар кардан душвориҳои зиёдеро пеш меовард.
Роҳҳо дар шакли бузраву маркабрав буданд. Борҳо ба
мусофирон ҳодисаҳои нохуш ва ҳатто талафоти чонй рух
медод. Ронандаи мо хини боло шудан ба кУтали Соланг ва
туннели чандкилометриро тай намудан ба Давлати ШУравй
ва созандагони ин роҳ ташаккур мегуфт. Ин туннел роҳе
62
буд, ки маркази Афғонистонро ба самти шимоли он
мепайваст. Мисли ин, ки дар сурати омода шудани туннели
Анзоб пойтахти кишвар ва чануби Точикистон ба минтақаи
шимоли он - ноҳияҳои Айнй, Шаҳристон, Истаравшан ва
Хучанду атрофи он пайваст мегардад. Ҳамзамон роҳи
заминии Точикистон сӯи давлатҳои Узбекистону Россия
кушода мешавад. Агар сарнишинони ҳукумати шӯравии
тоҷик солҳои 70-ум андак багурда мешуданд, тавассути
кудрату тавоноии техниқии Давлати Шӯравӣ туннели Анзобу
Шаҳристон ва Норакро кайҳо сохта мешуданд. Афсӯс, ки
Точикистон чун кӯдак гиряи талх накарду Шуравй ҳам ба
он шир надод. Аз ин чост, ки точикон аз истифодаи он
шири бедарди миён маҳрум монданд.Акнун ки корҳои
туннели Анзоб оғоз шудааст, иқдоми хайрест, ки хукумати
нави точикон пеш гирифтааст. Агар маблағи чудошудаи он
мисли миллион - миллион пули чамъшудаи истгохи барки
СангтУда дуздида нашавад, имкон дорад, ки туннели Анзоб
дар панч-дах соли наздик омодаи хидмати мусофирони
чумҳурй мешавад. Агар ин чо низ истилоҳи «ба яғмо
бурданд» истифода гардад, сохтмони туннели Анзоб боз
даҳсолаҳо нотамом хоҳад монд.
Баъд аз андак дам гирифтан ва ба воситаи дурбин
тамошо кардани кӯҳҳои сарбафалаккашидаи гирду атроф ва
табиати зебову арчазорҳо барои поён фаромадан омодагй
гирифтем. Ҳамон кадар ки ба баландӣ баромадем, хамон
миқдор пойин роҳ рафтан лозим буд. Боз ҳамон роҳи
качмокачак, вале сербару хамвор моро як-ду соате масруф
сохт, то ки ба шахрчаи Хинчон расидем.
Хинҷон бо меваи тути ҳаррангааш машҳур аст. Сари
рохи сермошине, ки аз чониби Кобул то вилояти Балху он
тарафтар сарҳади Шӯравй ҳаракат мекарданд ва баръакс
воситахои наклиёте, ки аз самти шимол ба маркази кишвар
ва дигар шаҳрҳои чанубии Афгонистон бор мебурданд,
ҳатман чанд лахзае карор мекарданд, то ки аз тути Хинчон
ҳаловат баранд. Мо низ бо хоҳиши ронанда наздики
тутфурӯшон таваккуф кардем. Оби яхи кӯҳй чорй буд.
Тутфурӯшон дар сабадчаҳо тутҳои навъҳои гуногунро дар
об мешустанд ва ба мусофирон пешниҳод мекарданд. Банда,
ки ошики тути ватан будам, болои кате нишастам ва сабадеро
наздам гузоштам. Кофарский низ маро дар тутхӯрй ҳамроҳй
кард. Умуман, лаҳзаҳои тутфурӯшиву тутхӯрӣ манзараи
дилчасперо пеши назар меовард.
Маълум шуд, ки гурӯҳи геологии мо аз чониби Кобул
ба тарафи роста Хинчон, дар соҳили дарёи Андароб ва дар
63
назди карияҷоте бо номи Бону кароргоҳ доштааст.
Саринженери нав бо гуруҳаш ошно шуд, бандаро ба онон
шинос кард. Хаймаи маро муайян карданд. Баъд аз муҳити
гарму дашту биёбонҳои Ҳирот, манзараи Бону ва рӯди
Андароб бароям биҳишти худодоро мемонд. Аз нахустин
дакикаҳо худро хушҳол эҳсос намудам. Ҳарчанд ки Бону
баландие буд, шахрчаи геологии мо боз хам баландтар карор
дошт. Чашми кас аз тамошои манзарахои зебои Бону сер
намешуд. Гузашта аз ин, мардуми минтакаи Хинчон ва
бахусус. Бону точикон буданд. Онҳо низ мисли мо «чургот»
мегуфтанд, ҳол он ки дар Кобул, ҒазнИ ва Қандаҳору Ҳирот
истилоҳи «мост» ройич буд. Одатан, дар кӯҳистон забони
классики нигоҳ дошта мешавад. Деҳоти кӯҳистон кавмҳоеро
дар худ меғунҷонад, ки онҳо решаҳои кавмй доранд. Дар
ин мар дум бадалшавии хун камгар ба мушохида мерасад.
Ин ҷиҳат то чое боиси носолимии инсонҳо мешавад. Бесабаб
нест, ки бошандагони Бону чи марду чи зан логарандом ба
назар мерасанд. Ба чанд касе, ки дар сУхбат шудам аз бад
будани саломатиашон шикоят карданд. Аммо чеҳраҳои
ориёии хешро нигоҳ доштаанд. Замоне аз байни Бону
Искандари Мақдунй бо лашкари чандхазорааш гузашта сУи
Бадахшон роҳ пеш гирифтааст. Дар чанд километр роҳи
васеъбаре ба чашм мерасид, ки Искандар барои гузаштани
аробаву фойтунхояш сохта будааст. Мардум таърихи он
роҳро хеле хуб медонистанд. Ҳатто чо-чо камингоҳҳои чангии
Искандари Мақдунӣ ҳоло хам ба назар мерасанд.
Ман, асосан, дар хайма баъзе корҳои амалии
геологҳоро осон мекардам. Вазифаам чун пенггара таъмини
маводи гизой буд. Ба ин хотир як рУз баъд ба Хинчон барои
овардани гУшту нон мерафтам. Дар Хинчон низ чанд
мутахассиси роҳсози Шӯравй ифои вазифа доштанд.
Тарчумонашон Набичон Каримови душанбегй буд. Ба
гумонам, Набичон ҳоло Шӯъбаи журналистикаи факултети
филологияро хатм накарда буд. Шояд дар соли чаҳоруми
таҳсил буд, ки Уро ба сифати тарчумон равон кардаанд.
Боре Уро сари сабадҳои тутфурӯшон дидам. Соате бо вай
саккобозй кардам. Аз дидори якдигар шод шуд ем. Дар яке
аз дидорҳо У ба ман «мазори трактору булдозерхо»-и
шУравиро нишон дод, ки чанд гектар заминро банд карда
буданд. Чунин шудааст, ки баъди ба поён расондани сохтмони
роҳи Соланг - Мазори Шариф хама техникаи вазнинро чое
чамъ овардаанд. Барфу борон онҳоро ҳамасола зангор
мезанонд. Аз он боигарй касе парвое надошт. Афгонҳо низ
ба он техника зарурат надоштанд. Ҳол он ки бисёре аз
64
булдозеру тракторҳо ва мошинҳои асфалтпУшй қобили
истифода буданд. Акнун мефаҳмам, ки футурравии Давлати
Шӯравй ҳамон солҳо оғоз ёфта будааст...
Моҳи июл ҳам фаро расид. Таърихи дуюм буд, ки аз
радио суханронии Кириленкоро дар митинги видоъ бо
кайҳоннавардони Шӯравӣ - Доброволский Г.Т., Волков В.Н.
ва Потсаев В.И., ки баъд аз 24 рӯзи парвоз, ҳини пойин
фаромадан, фавтида буданд, шунидем. .
Баъдан Кириленко суханро ба президенти Академияи
илмҳои Шӯравй, академик Келдиш дод. Аз суханронии раиси
комиссияи дафн - Кириленко маълум гардид, ки онҳо 30-
юми июн, соати 21-40 дакиқаи шаб ба маркази иттилоот аз
6а поён расидани барномаи парвоз хабар расонда, сипас
барои фаромадан ба замин аз параппотҳои хеш истифода
кардаанд. Вакте ки гурӯҳҳои омодабош бо чархболҳову
мошинҳо ба мавзеъи муайяншудаи пойиноии кайҳоннавардон
ҳозир мешаванд, онҳоро бечон мебинанд. Албатта, илми
кайҳоннавардй сабаби марги ононро муайян карда
метавонист, вале дар ин шакл нобуд шудани се кайҳоннавард
саволҳои бисёреро падид меовард. Мо бо шунидани ин хабари
ғайричашмдонгг ҳамагй хунчигар шудем. Русҳо 6а сигоркашӣ
шурӯъ карданд. Банда бошам ба теппае баромада, худро ба
дунёи ШУравӣ ва Ватани азизам Точикистон задам.
Мутаассир аз он шудам, ки се чавони зиндақахрамон бо
сабаби носаҳеҳие дар ҳисобу китоб талаф ёфтанд. Инсон
ҳамеша барои худ марг меҷӯяд. Илми кайҳониро кй кашф
кард? Инсон. Бомбаи атомиро кй ихтироъ кард? Инсон.
Автомата «Калашников »-ро, ки дар тамоми дунё бо он
одамкушй мекунанд, кй сохт? Инсоне бо номи Калашников,
ки чандбораҳо унвони Қаҳрамони Шӯравиро гирифтааст.
Пае, инсонро чӣ зарурат аст, ки боз дунёбезорй мекунад,
шикоят пеш меорад, аз ноҷӯриҳои чомеаи инсонӣ худро
ночУр эҳсос менамояд? Охир, У худ боиси марта хеш,
ранчур сохтани худ мешавад-ку! Сари ин мавзУот андеша
бояд кард. Шояд Холик дар эчоди мавчуде бо номи инсон
6а иштибоҳ роҳ дод? Чаро инсонро ҳамчун падидаи
мураккаб шинохтаанд?... Ин хама он саволхоеанд, ки инсон
худаш ба онхо чавоб бояд пайдо кунад.
Гурӯҳи нақшабардороне, ки акнун банда бо онон
ҳамкорй дорам, асосан касонеанд, ки аз расму русуми шаркй
огоҳанд. Чанд каси онҳо аз Душанбе буданд. Масалан, Гена
Очилов зодаи Душанбе буд. Падараш точик, модараш рус.
Инсони ачибе буд. Сигор дуд доданро хуш дошт. Дар
Афғонистон чунин раем аст, ки ҳар пагоҳй бо якдигар
65
рухсор ба рухсори ҳамдигар монда вохУрй мекунанд. Гена
ин навъ салому алейкро дӯст намедошт. Ба назари У рУйҳои
афғонҳо ношуста ва собуннозада буданд. Аз ин рӯ ҳар пагоҳӣ
аз ман хоҳиш мекард, ки Назар ба онҳо бигУй, ки бо ман
бУсобУсй накунанд. Ин лаҳзаҳо барон геологҳои дигар
хандаовар менамуд. Камбудии Гена он буд, ки забони
точикиро намедонист. Аз ин чиҳат афғонҳо ба вай норозиёна
назар мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки охир, насабаш форсй
аст-ку, чаро ба дарй сӯҳбат намекунад. Ин касалй ба ҳама
русҳои онвактаи Точикистон тааллук дорад. Гап дар ин аст,
ки ҳамон даврон русзабонҳо ба донистани забони точикй
зарурат надоштанд. Ҳама чо забони русй ройич буд ва хар
точик русиро хуб медонист. Яъне, точикхо ба забони русй,
ки эҳтиёч доштанд, онро азхуд карданд. Русзабонҳо, ки
эҳтиёч надоштанд, точикиро нодида гирифтанд.
Дар мачмУъ аъзоёни ин гуруҳ ба ман маъкул буданд
ва онҳо низ эхтироми бандаро ба чой меоварданд. Боре аз
бозори Бону як кабкро бо қафасаш ба қимати 40 афғонй
харидам. Он назди хайма овезон буд. Ҳар пагоҳй ширин
мехонд. Кабкҳои дигарро, ки дар баландиҳо карор донгганд,
ба мусобика даъват меамуд. Рузе як марди афғон кабки
дигареро бароям ҳадя карда гуфт: «Ин кабк барои шумо,
тарчумон соҳиб». Акнун ду кабк доштам. Вактҳои холигй
ба онҳо машғул мешудам. Тахминан як мох дар минтакаи
Андароб ба корҳои накшабардорй маштул шуда, сипас ба
воситаи каторкУҳҳои Ҳиндукуш ба минтакаи Панчшер ворид
гардидем. Панчшерро баъзан Панчшир хам мегУянд. Аслан
маъниаш Панч зиёрат будааст.
То ба дараи Панчшер расидан захмати зиёде дар
роҳҳои мушкилгузари қаторкӯҳи Ҳиндукуш кашидем. Роҳи
мо ба воситаи СурхкУтал сурат гирифт. Агар аз тарафи
Кобул ба Панчшер биоеду ба чониби Бадахшон ҳаракат
карданй шавед, хатман СурхкУталро паси cap кардан лозим
мешавад. Ин кУталро барои он сурх мегУянд, ки хокаш сурх
аст. Мо аз ҳамин СурхкУтал пойин фаромадем ва дар
аввалин кариячоти он, ки Бозорак ном дошт, қароргоҳи
худро дар майдоне интихоб намудем. Дарёи Панчшер низ
аз ҳамин мавзеъ оғоз меёфт. Ба ибораи дигар, гурӯҳи мо
дар саргаҳи рӯди Панчшер шаҳрчаи навашро бино сохт.
Ҳар пагоҳӣ геологҳо аз пайи касби хеш мешуданд. Ман
бошам бо мардуми таҳчоии ин деҳа ҳамсУҳбат мегардидам.
РУзе лаби рӯд, ки аз ду тарафаш деҳаҳо мавчуд буданд, бо
мУйсафеди нуроние, ки 80 сол умр дошт, вохӯрдам. У мисли
ришсафедҳои точик харф мезад. Назар ба накли эшон
66
авлодони деҳаи Бозорак ва ҳам навоҳии Панчшер замоне
аз Даҳбеди Самарканд ба ин ҷо кУчида омадаанд. Он
мУйсафед ду зани никоҳӣ дошта, соҳиби чаҳордаҳ фарзанд
буд. Писаронаш дар шаҳрҳои Афғонистон 6а касби точирй
машғул будаанд. Худи ӯ бошад давлати пирй меронд. Аз
банда низ чанд савол кард ва то чое чавоб гирифт. Дар
поёни сӯҳбат «мо ҳам точик ҳастем», - гуфт. Баъдҳо, ки ба
Кобул сафар мекардаму - сари роҳ дар деҳаҳо барои
истироҳати чандлаҳзай қарор мекардам, медидам, ки вокеан
ин мардум чи аз чиҳати чеҳраи зоҳириву кавора ва чи тарзи
либоспӯшй аз дигар манотики Афғонистон тафовут доштанд.
Духтарону занонаш хушкавора буданд. Дар cap рӯмолҳои
сафед мепӯшиданд. МУйсафедонаш ришҳои дарози шоназада
доштанд. Лаҳҷаашон ба лаҳҷаи точикони кӯҳистони
Тоҷикистон шабеҳ буд. Ammo баъзе гуфтору рафторашон
аз самаркандй буданашон шаходат медод. Дар
чойхонаҳошон бештар паниру мавиз ва кулчаҳои каймокй
мефурУхтанд.
Ин чо низ муддати як моҳ мондем. Аз мардуми
Панчшер ва дараи зебоманзари он хушам меомад. Дараи
Панчшерро кУҳои сарбаланди кабудчатоб соя меафканд.
Гузашта аз ин, дараи Панчшер чое буд, ки аз нигоҳи амният
мустакилияти том дошт. Аксари сармоядорону шахсиятҳои
шинохтаи Афгонистон ба сифати канизак ё зан кардан
духтарони хушкавораи Панчшерро интихоб менамуданд.
Масалан, модари Бабрак Кормал панчшерй буд. МегУянд,
ки бобокалони Кормал, ки чеҳраи шинохтае будааст, дар
ҳавлиаш канизаке аз духтарони Панчшер доштааст. Ин
духтар чунон зебо ва хушрафтор будааст, ки писари Уро
мафтуни худ мекунад. Ниҳоят ин канизакдухтарро ба занй
мегирад. Ин писар, баъдҳо яке аз ченералҳои даврони
Зоҳиршоҳ буд. Дар замони Довуд волии Ҳирот таъин
гардид...
Дигар ин ки кӯҳҳои сарбаланди Панчшер ба душманон
имконият намедоданд, ки минтакаро таҳти тасарруф
дароранд. Ин кавм асосан аз авлоди худ хонавода месохт.
Духтар медоданд, аммо духтарарУс намегирифтанд.
Қарияе, ки мо карор доштем яке аз калонтарин деҳаҳои
ноҳияи Панчшер буд. Ҳар тобистон, ки шоҳ чониби
Бадахшон ба шикор баромаданй мешуд, чанд рУз бо
хонаводаву сагҳои тозиву аспҳои бузкаш дар ҳамон майдоне,
ки мо хайма зада будем, шаҳрчаи шоҳонаи хешро барпо
мекард ва аз меваи туту кабкҳои дараи Панчшер ҳаловат
мебурд. Ин айём аз гирду гУшаи Панчшер шахсиятҳои ба
67
шоҳ наздикидошта назди У ҷамъ омада, барояш аспе ё оҳуе
ҳадя менамуданд. Бузкашҳои моҳири минтака бо аспҳои
овозадори худ, маҳорати бузкашиашонро нишон медоданд.
РУзе дар хайма менишастам, ки меҳмони аспакие пайдо
шуд. Ба пешвозаш баромадам. Якдигарро муаррифй кардем.
Чашмам ба аспаш бархӯрд. Аспи сиёҳи мушкй хеле калон
буд. Бадани асп ҷило медод. Афзори сару гардани асп бо
ситорачаву тугмаҳои ранга_ оро ёфта буд. Аз соҳибаш
пурсидам, ки ин чй аспест? У чавоб дод, ки ин навъ аспҳо
дар Афғонистон бо номи аспи қатаған маъруф мебошанд.
Аз^ ҳунари асп пурсон шудам. Он мард, ки либосҳои
ғайримаъмулй дошту дар пой мУзаҳои болобаланди чармй,
аз чой бархост ва бо як ҳаракат худро болои зини
нақшунигоршуда гирифт ва бо пошна задан сари аспро 6о
ду пойи пешаш ба ҳаво муаллак гардонд. Гӯё асп ракс мекард.
Вале ин тарзи ҳаракати асп ба хотири он будааст, ки аз
байни сад-дусад аспи бузие, ки дар ҳолати «қура» карор
доранд, бузро гирифта, худро берун занад. Боз чанд ҳунари
рохгардии аспашро намоиш дод. Ҳини сУҳбат фаҳмидам, ки
Ӯ ХУД аз мардуми қатаған будааст. Вақте фаҳмидааст, ки ин
чо шӯравиҳо омадаанд, хостааст, ки аспашро намоиш диҳад.
Ҳамон айём нархи ин навъ аспҳо хеле баланд буд. У мегуфт,
ки «аспаш кимат надорад». АфсУс, ки геологҳои гурӯҳ ҳузур
надоштанд, вагарна аз дидани ин асп ҳаловати зиёде
мебурданд.
Сипае Шоҳмуҳаммади ошпазамон чою ғизо таҳия кард
ва меҳмонро бо овардани иззату эҳтиромоти шарқй гусел
намудам. У аз точик будани банда ифтихор мекард.
Ифтихор аз он дошт, ки русҳо бе мадади банда дар минтакаи
онҳо ҳечанд. Ба ақидаи эшон тарҷумонҳои точик ҳастанд,
кии шӯравиҳо дар Афғонистон муносибатҳои
байнидавлатиашонро пиёда месозанд. Ин марди катаған дар
назарам чаҳонгапгга менамуд. Тарзи гуфтору муносибаташ
аз дигар таҳчоиҳо фарк дошт. Ҳини хайрухуш ваъда дод,
ки боз хоҳад омад, вале дигар ба дидораш мушарраф
нашудам. Ҳол он ки бисёр мехостам, як дафъа ба аспи У
савор шуда, онро ба роҳравии резапай ё роҳгардии
духтарона, ки эҳтиёткорона кадам мениҳад, мачбур созам.
Зеро аз хурдсолй асптозиро дӯст медоштам. Борҳо ҳини
тозондани аспи пуштлуч аз болояш рУи замин афтодаам.
Азбаски муҳити чуғрофиёии Панчшер мураккаб буд,
геологҳо бандаро бо худ намегирифтанд. Онҳо таре доштанд,
ки ин филолог боз аз баландие чар нашаваду дар бало
монанд. Бинобар ин чун пепггара баъзе корҳои техникиро
68
анҷом дода, вақти бештари худро ба тутхӯрй ва дар соҳили
дарёи Панҷшер бадан сӯзондан сарф мекардам. Чое дуртар
аз соҳил реги сӯзонро пайдо намуда, дар он баданамро то
миён гӯр менамудам. Зонуи ростам, ки аз солҳои таҳсил
дар омӯзишгоҳ дард донгг, баъд аз табобати чандрӯза аз
дард монд. Ба чунин амали банда чанд афғон аз баландй
наззора мекардаанд. Рӯзе пурсиданд, ки «тарчумон соҳиб,
чй зарурат аст, ки худро 6о реги сӯзон пинҳон месозй?»
Вақте ки сирри реги сӯзонро фаҳмиданд, онҳо низ дар
паҳлуи банда худро бо per мепӯшонданд. Ҳатто як инженери
рус низ чанд рӯз пойҳои дардмандашро бо ин усул табобат
кард.
Он касали русҳо ба ман ҳам таъсир гузошта буд, ки
ҳамарӯза ба мохигирӣ машғул мешудам. Ин дарё гулмоҳӣ
дошт, вале чараёни об ки тезу тунд буд, бо чангак шикори
моҳй барор намегирифт. Аммо гоҳе чанд дона моҳӣ медоштам
ва бегоҳй ҳамкоронамро 6о гулмоҳй зиёфат мекардам. Онҳо
фақат «офарин, офарин» гӯён орзу мекарданд, ки рӯзи дигар
моҳии бештар биёрам.
Ба ҳамин тариқ, 18-уми август корҳои геологии соҳаи
Хинчону Андароб ва Панчшер поён ёфт. Барномаи
пешбинишуда ичро гардид. Аз Кобул ичозати бозгашт
гирифтем. То Чашни истиқлол чаҳор рӯзи дигар монда буд.
Дар ин рӯз ҳама гурӯҳҳои геологи бояд дар Кобул мешуданд.
Мо низ бегоҳии ҳаждаҳум ба хонаҳои кобулиамон расидем...
Ҷашни истиқлол
Бисту сеюми августа соли 1971 ба аввали Сунбулаи
соли 1350-и ҳичрии шамсй рост омад. Дар ҳамин рӯзи соли
1919 Афғонистон истиқлолияти хешро эълон доштааст.
Бегоҳии 23-юм бо оқои Ҳақназар Назаров маслиҳат карда,
мавзӯи субҳ дар расми гузангги афғонҳо иштирок доштанро
матраҳ сохтем. Расми гузашт (намоиши низомӣ) дар
майдони Чаман сурат мегирифт. Майдон аз шаҳрчаи мо дар
масофаи 500 метр карор дошт. Ба ин хотир пагоҳии 23-юм
бо хонумҳову фарзандҳоямон сӯи Чаман равона гардидем.
Барои меҳмонони хоричӣ гузаргоҳҳо баста набуд. Мардум
ҳазор-ҳазор саросемавор ба чониби Чаман мерафтанд. Вақте
ки ба саҳни Чаман наздик шудем, кормандони полисе, ки
бояд ба хориҷиҳо хизмат мекарданд, моро роҳбаладй намуда,
ҷойҳои нишастамонро нишон доданд. Ақрабаки соат акнун
сӯи ҳафт мерафт, ки майдони Чаман ва нишастгоҳҳо пур аз
одамон шуд. Офтоб нурафшонй мекард. Табъи ҳамагон
69
болида ба назар мерасид. Дар паҳлуям Парвиз нишаста,
ҳар лаҳза мепурсид, ки кай расми гузашт оғоз мешавад. Ӯ,
ки хурдакак буд, мехост, ки ба майдон баромада бозй кунад.
Ба зӯрй аз дасташ медоштам ва мефаҳмондам, ки ин ҷо ором
нишастан лозим аст.
Дар ҳамин ташвиш будам, ки соати ҳашт баёнияи
ҷашнии Зоҳиршоҳ ба воситаи радио майдонро пахш намуд.
Ба чониби минбар, ки шоҳ он чо бояд карор мегирифт,
назар андохтам, вале шоҳро надидам. Махсусан, меҳмонони
хоричй дар чустуҷӯи чеҳраи Зоҳиршоҳ буданд ва мехостанд
фаҳманд, ки садои У аз кадом гУшаи майдон мебарояд.
Баъдан фаҳмидам, ки Зоҳиршоҳ аввалан ба зиёрати маркади
қиблагоҳаш - Нодиршоҳ, ки дар баландие карор дошт рафта,
аз он чо ба воситаи радио мардуми Афғонистонро табрик
мегуфтааст. Сухани табрикии шоҳ тӯлонӣ набуд. Чанд
дакиқае идома ёфту бас. Сипае Аълоҳазрат дар иҳотаи
мотасиклистҳо ба Майдон ворид гардид. Ҳозирин аз чойхо
баланд шуда, шоҳро 6о кафкУбиҳои дуру дароз истикбол
гирифтанд. Мо низ дар пой рост истода, кафкУбй менамудем.
Парвиз болои сарам баромад, то ки омадани Зоҳиршоҳро
дида тавонад. Окои Ҳакназар бо хандаи пурмаънии хеш
холи бандаро назора мекарду каф мезад. Хонумҳоямон низ
моро пайравй мекарданд.
Дар бахши аввали расми гузашт техникаи вазнини
нпзомй ва дигар қисмҳои ҳарбй яко-як аз майдон гузаштанд.
Сипае тайёраҳо аз болои сари хозирин парвоз карданд.
Ҳама навъҳои техникаи ҳарбии Афғонистон сохти шӯравй
буд. Баъдан кисмҳои пиёдагард бо ичрои расми низомй як
ними руй сӯи шоҳ пойзанон боиси тавачЧУхи тамошочиён
гардиданд. Коргарони фабрику заводхо, макотиби миёнаву
олй ва дигар муассисаҳои давлатй хунармандона бо садои
УР°> уро майдонро тарк гуфтанд. Дигар намоишҳои
ҳунариро низ дар нақши артистон ба мушоҳида гирифтем.
Ба гуфтаи афғонҳо чашни имсола бояд бо шукУху
шаҳомати хоса тачлил мешуд. Вале, ба сабаби ин ки дар
кишвар хушкеолй омад, галла нашуд ва манотикро
гуруснагиву қаҳтй фаро гирифт, садри аъзами нав Доктор
Зоҳир муҳлати чашнро аз ҳафт рӯз ба се рӯз овард. Солҳои
кабл дар Чаман аз тамоми кишварҳои хоричй намоишҳо
ташкил мешудааст. Аммо ин сол аз ШУравй ва ду-се давлатй
дигар намоишҳо ичозат дода шуда буду бас. Ҳамасола аз
кисми бегох дар майдони Чаман бозиҳои ҳархела
мегузаштааст, ки имсол аз тамошои он маҳрум мондаанд.
Бояд гуфт, ки Доктор Зоҳир то ишғоли вазифаи
70
садриаъзамй дар Италия сафорати Афғонистонро 6а Ухда
дошт. Мавсуф вазифаи баландпояро дар вазъияти душвори
иктисодй кабул кард. Чунонки дар мавриди чашн арз
намудам, У баъзе тағйирот рУи кор овард, масрафхои беҳудаи
давлатиро 6а низом даровард. Баъзе имтиёзҳои парламону
вузароро аз байн бурд. Аммо чунин чорабиниҳо кишварро
аз бӯҳрони иктисодй начот дода натавонист. Аз ин чост, ки
баъд аз ҳахпт моҳи садриаъзамй худ истеъфо дод ва ба чояш
Мӯсо Шафик омад. Доктор Зоҳир падари Ахмад Зохир
овозхони шинохтаи Афғонистон буд. Баъдан Доктор Зохир
ба вазифаҳои расмй-давлатй таваччУХ накард.
Чашн дар Афғонистон маънии васеъ дорад. Тачлили
чашн факат аз тамошои расми гузангг нест, балки тамоми
рУзҳои чашн мардум, вокеан истироҳат мекунад. Дар
Чашни истиклол аз тамоми гУшаву канори кишвар
хоҳишмандон ба Кобул меоянд. Мардуми самти шимол, ба
хусус аз Мазори Шариф, Кундуз, Файзобод, Пули Хумрй,
Шибирғон ва Бағлон ду-се рУз кабл аз чашн худро ба Кобул
расонда, дар чо-чои Чаман барои истирохати чандрУза чой
мегирифтанд. Баъзе ашхоси доро бо аҳли байташон
меомаданд. Бо ин роҳ онҳо муҳити зистро тағйир медоданд.
Дар ҳар гУша мардону занон ба назар мехУрданд, ки чаҳор-
панчнафарй сари дастархоне менишастанд, аз ғизоҳои чашнй
ва ширинихои он ҳаловат мебурданд. Кобулихо бошанд, аз
шахр ба масофаи 10-15 км берун мерафтанд. Боғи шоҳии
Пағмон дар ин рУзҳо серодам менгуд. Хоричихо низ бенггар
майли дар ҳамин боғ истироҳат карданро доштанд.
Дар рӯзҳои Чашни истиклол гуруҳи хиппиҳо пайдо
мешуданд, ки сару либоси дарида, муйҳои чУлида,
шалворҳои чинсии хиштхУрда доштанд. Ин тоифа аз
духтарону писарон иборат буд. Дар гардани хар кадоме
сумкачаҳои чармии мУҳрадору кокулдор овезон буд.
СУҳбаташон инглисй сурат мегирифт. Тарчумони форси
надоштанд, балки бо имову ишора максадашонро
мефаҳмонданд. Шаклу шамоилашон барои мо шУравиҳо хеле
дилгиркунанда буд. Рости ran нафратам меомад, вакте ки
онон аз паҳлуям мегузаштанд. Ин тоифа бештар шарки
исломро мепазируфтанд, зеро дар ин кишвархо мардуми
камбизоат бештар буд. Ба онҳо маҳз хамин навъ зиндагии
дахшатбор маъкул буд. Шоҳидон мегуфтанд, ки ин хиппиҳо
аз мардуми бехонумони Инглистон нестанд, балки онхо дар
мачмУъ фарзандони сармоядорони кал он будаанд. Зиндагии
шохона барояшон дилгиркунанда будааст. Бинобар ин
мехоханд, ки дар миёни чавонони пойбараҳнаву чандапУш
71
бошанд. Гӯё рУзгори якнавохти сармоядорӣ ба онҳо ҳаловат
намебахшид. Воқеан, ин тоифа сердоллар буданд. Бесабаб
нест, ки беҳтарин намунаҳои антиқаро харидорӣ мекарданд.
Борҳо ба мушоҳида гирифтаам, ки сари деворҳои Сипинзару
чодаи Майванд тангаҳои карнҳои пешинро бо пули гарон
мегирифтанд. Хиппиҳо асосан дар минтакаи Шаҳри нав
кароргоҳ интихоб менамуданд. Сокинони Шаҳри нав
сармоядорон буданд. Дар ҳар ду-се моҳ гурӯҳи хиппиҳо
нав мешуд. Гурӯҳи пештара ё сӯи Ҷалолобод роҳ пеш
мегирифт ё чониби Қандаҳор. Онхо ҳамагй қоматбаланду
малламУй буданд. Ин тоифа аз банг истифода мекард. Вақте
ки сари деворе менишастанд хуморй 6а назар мерасиданд.
Дар назарам бадани онҳо моҳхо обу собунро намедид.
Одатан, рУзхои чашн сафорати Шӯравй чорабиниҳои
махсус пешбинй мекард. Масалан, дар шаҳрчаи Нодиршоҳй
бозиҳои шохмот, теннис, волейбол миёни мутахассисин
ташкил мегардид. Дар майдони сафорат мусобиқаи
волейболбозон, кашидани банди ғафс (канат) сурат
мегирифт. Дастаҳои ҳунарие, ки аз Маскав ва дигар
чумҳуриҳои шӯравӣ омада буданд, барои мутахассисон
консертҳо намоиш медоданд. Максад ин буд, ки шӯравиҳо
ба шаҳр набароянд ва камтар ба чашми дохилиҳо расанд.
Яъне амнияти шӯравиҳо бояд таъмин мегардид.
Ба хонаҳои дохилиҳо меҳмонй рафтан манъ мешуд.
Ҳамчунин аз чумлаи афғонҳо меҳмон кабул кардани мо низ
таҳти назорати шӯъбаҳои махсуси хидматӣ қарор допгг.
Ҳарчанд ки банда озодона метавонистам дар хиёбонҳои
Кобул сайру гашт кунам, аммо тартибро вайрон кардан
намехостам. Аз ин рУ, бенггар бо окои Ҳ.Назаров якчо
менишастем ва сари мавзӯъҳои гуногуни зиндагӣ сӯҳбат
мекардем. Дар ҳамин руҳия Ҷашни истиклоли
Афғонистонро 6а мушоҳида гирифта, то нуҳуми сентябр
дар муҳити хонавода истироҳат намудам. Сентябр оғоз шуду
мавзУи омодагии Фотима ба мактаб мутаваччеҳам сохт.
Ҳамеша дар фикри ӯ будам, ки чй хол дошта бошад, аз сару
либос таъмин аст ё не.
Даи Чӯпон ё Деҳаи Чӯпон...
Ҳаштуми сентябр сардорамон бандаро хост ва мавзУи
омУзондани инженерони афғониро ба миён гузошт. Дар
барномаи геологҳои шӯравй таълими ҷавонони дохилй акс
ёфга буд. Мавсуф таъкид кард, ки мо нафакат маъданиёти
72
Афғонистонро кашф мекунем, балки аз ҳисоби афғонҳо
кадрҳои геологй ҳам тарбия менамоем. Дар хамин замина
маро огоҳ сохт, ки ҳамроҳи геологи шУравй - Слава Грипшн
ва чанд тан аз инженерони афғонй ба Дай Чупон рафта, он
ҷо дарсҳои геологиро тарҷума кунам.
Ба ҳамин максад, нуҳуми сентябр ба воситаи шоҳроҳи
Кобул - Қандаҳор ҷониби Деҳаи Чӯпон сафар намудем.
Майдони Ғазнӣ ва Мукурро паси cap кардем. Слава ба
харитаи дар дастдоштааш нигоҳ карда, ба ронанда амр кард,
ки чилавро ба тарафи рост тоб диҳад, ки сараки хома буд.
Вакти аср ба мавзеъи Деҳаи Чупон расидем. Албатта, роҳаш
хароб буд. Деҳаи ЧУпон мақоми улусволй - ноҳияро донгг.
Ин ҷо намояндаи ҳукуматро улусвол мегуфтанд, ки аз
калимаи панггу гирифта шудааст. Ҳарчанд ки дар талаффузи
афгонҳо низ Даи Чӯпон гуфта мешуд, аммо бо дидани
минтака ба ин хулоса омадам, ки талаффузи Деҳаи Чӯпон
дурустгар хоҳад буд. Яъне талаффузи афғонй ба талаффузи
русй мувофикат мекард. Сокинони минтакаи Дехаи Чӯпон
паштунҳо буданд. Тақрибан форсизабоне дучор наомад.
Мардумаш ба форсӣ чандон хуб сӯҳбат намекард.
Мо дар даҳкилометрии Деҳаи Чӯпон карор гирифтем.
Афғонҳо дуртар аз мо хайма рост намуданд. Дарсҳо дар
шаклҳои назариявй ва амалӣ мегузапгт. Ҳарду даре ҳам дар
саҳро сурат мегирифт. Слава аз рӯи нақша чоеро интихоб
менамуд, ки он чо нишонаҳое аз ин ё он маъдан вучуд донгг.
ӯ аввалан дар бораи маъдани марбута маълумоти назарй
медод ва баъдан амалияи онро дар дониши бардоштаи
геологи афғонӣ санчиданй мешуд. Слава хеле самимиву илмй
сари мавзУъҳои маъданиёт сӯҳбат менамуд, худро хунчигар
месохт, аммо афғони коромӯз гӯё ҳеч чизро намефаҳмид,
ки боз ба Слава ҳама гуфтаҳояшро ба тарики савол ҳавола
мекард. Банда бо забони соддаву равон тарчума менамудам,
вале афғон худро ба нодонй зада дувумбора «тарчумон еоҳиб,
окон Слава чӣ мехоҳад?» Вахте ин суханро барои Слава
тарчума менамудам, У кариб ки девона мешуд ва ба лафзи
худаш мехост, ки коромУзро ҳакорат диҳад. Азбаски Слава
дар Кафтарй шатай дашноми русиро хУрда буд, худро нигох
медошт ва сеюмбораву чорумбора навъи маъданро барои
геологи афгонй шарху эзох медод. Табиист, ки Слава мисли
муаллим асабй мешуд, сигори «Беломор-канал»-ро рӯи хам
бар лаб мегузошт, ох мекашид, ин тарафу он тараф рафтуо
менамуд ва ба русй «ё худоё ба кучо афтодаам», мегуфт. Ин
лаҳзаҳо Славаро ба пуртоқативу таҳаммул даъват мекардам
ва хамзамон ба афғон мефаҳмондам, ки аз ин зиёд сари
73
геологи шӯравй ҷабр кардан аз рУи инсоф нест. Афғон ҳис
мекард, ки мо ранчидаем, кавораашро таври сунъй тагйир
мед од ва аз Слава узр хостанй мешуд. Хеле ба душворй
мефаҳмондем, ки Афғонистон бояд геологҳои худро доигга
бошад. Охир, то кай хоричиҳо маъданиёти кишварашонро
кашф мекунанд? Ман аз ин дарсҳо ба хулосае омадам, ки
афғонҳо ҳеч гуна заҳматро баҳри коромУзй ва дар оянда
кашф кардани маъданиёти хеш кашидан намехостанд.
Танбалй меъёри зиндагии онҳо буд. Давлат ба онон маош ва
пули хидмати сафари медод, то ки аз шӯравиҳо кор ёд
гиранд. АфсУс, ки ба ақидаи хеш содик мемонданд ва
гуфтаҳои моро кариб, ки ичро намекарданд.
Воситаи нақлиёти мо бенггар асп буд. Ба ин хотир
барои рафту омад дар кУҳу теппа чанд cap аспи боркаш
кироя намудем. Охирин дафъа соли 1955 ба аспи падарам
дар карияи Хонободи КУлоб савор шуда, то хонаи махсуми
Лавова рафта ва пас баргаштам. Аз он рУз 16 сол сипарй
шуда буд. Сардори афғониамон беҳтарин аспҳоро барои мо
- шӯравиҳо чудо кард. Мутаассифона, аспҳо хеле лоғару
корношоям буданд. Ба душворй роҳ мерафтанд ва баъзан
аз пошназанӣ пойҳо монда мешуданд. Рузе инженери дохилй
окон Расулй, ки инсони хубе буд, ба маршурут меравад ва
чое аспаш дар чуқурие дар монда, болои обу лой меафтад.
Асп ба он дараҷа беҳол будааст, ки баъди ёрии чандкасаи
одамон аз чой баланд мешавад.
Бегоҳй вакти шом дидам, ки дар кароргоҳи афғонҳо
сару садоҳо баланд шуд. Ман наздиктар рафта, аз вазъият
хабардор шудан хостам. Окои Расулй шахсеро, ки вазифааш
аспҳоро коҳу чав додан буд, мезад ва бо лафзи худ
ҳакоратҳои кабеҳ медод. Вокеан, барои коҳу чав пули
даркорй чудо карда мешуд. Аммо вазъи ноҳинчори иктисодй
инсонҳоро водор сохта буд, ки ҳаққи ҳайвонро ҳам ба нафъи
хеш истифода намоянд. Азбаски ба аспҳо хУроки заруриро
намедоданд, табиист, ки онҳо ба он теппаҳои баланд баромада
наметавонистанд ва аз роҳҳои качу килеби сангдор хам
фаромаданашон беҳтар набуд, вале шикоят кардан
намехостем, то ки боиси мунокишаи сардор ва хидматгорон
нашавем. Дар гурӯҳи коромУзии мо чавонони хатмкардаи
синфҳои дувоздаҳ зиёд буданд. Ба хотири вақтро беҳуда
нагузарондан як дастаи волейбол ташкил додем. Мо, ки дар
маркази улусволй карор дошлем, чавонони таҳчой низ чунин
даста доштанд. Ҳар бегоҳ дар майдони спортии мактаб
байни мову бачаҳои қария мусобиқа сурат мегирифт.
Дар ин сафар китоби генерали Армия Штименкоро бо
74
худ доштам, ки вақтҳои фароғат онро мехондам. Китоб
«Штаби генерале дар солҳои чаш» унвон дошт. Муаллиф
чараёни чанги панчсоларо бо ҳама сарфармондеҳҳояш хеле
чиддй инъикос карда буд. Штименко дар бораи
сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи шУравй И.В.Сталин
содикона ҳарф мезад. Мақоми ӯро дар иртибот бо миллати
рус барчаста рӯи тасвир оварда буд. Аз хама саҳифаҳои
чолиби диккати ин китоб ҳамонҳоеанд, ки суханронии
И.Сталинро дар шабнишинии Рӯзи Ғалаба бар фашизм
дарбар кардаанд И.В.Сталин кадах мебардорад ва чанд
сухан дар хакки хал к и рус иброз медорад. У миллати русро
дар миёни тамоми миллатҳои дигари шӯравй ба сатҳи аввал
мебарорад. Истилоҳи «бародари калон» баъди ҳамин
суханронй маъмул гардид. Ба акидаи Сталин аз миллати
рус дида дигар кавми бааклу часур ва ташкилотчй нест.
Ҳамчунин ӯ тамоми музаффариятҳои чангро ба хамин халк
нисбат медиҳад ва дар поёни суханаш аз ҳозирин даъват
мекунад, ки ба саломатии миллати рус кадаҳҳояшонро баланд
намоянд.
Воқеан, И.Сталин ба халки рус бахои баланд дода,
Уро дар арсаи байналмиллалй шӯҳратёр сохт. Ленинро низ
Сталин шӯҳратёр карду доҳӣ эълонаш намуд. Давлати
Шуравиро Сталин давлати абаркудрат эълон дошт. АфсУс,
ки бо ҳамин кадар хизматҳо ин миллат аз И.Сталин
кадршиносӣ накард, факат бо як далел, ки У гурчй буд.
Хидмате, ки гурчй барои ин миллат раво дид, намояндаи
ягон миллати дигар, алалхусус рус карда натавонистааст.
Сарқардагони хамин «миллати бузург» буданд, ки часади
Сталинро аз Мавзолей берун кашиданд. То чанде ки аз ғалаба
бар фашизм ба дуриҳо меравем, ҳамон андоза мақоми
боландаи Сталин равшантар мегардад. Галаба бар фашизмро
бидуни макоми сиёсиву низомии И.Сталин тасаввур кардан
мумкин нест. Дар ин чанги хонумонсУз сесад хазор кас аз
Точикистон иштирок дошт ва аз онхо 51 нафарашон ба
унвони Қаҳрамони Иттифоки Совете мушарраф гардиданд.
АфсУс, ки бо пареш хУрдани Давлати сермиллати Шӯравй
чанобон - роҳбарони ҳозираи Россия вобаста ба ин галаба
ягон маротиба аз хуни рехтаи миллатҳои дигар ёдовар
намешаванд. Факат русхо гУё бо фашизм чангидаанд.
Албатта, шовинизми русй дар айни ҳол қувват мегирад.
Оқибаташ ба хайр шавад. Гумон намекунам, ки халқиятҳои
дигари собик ШУравй дувумбора худро дар багали
шовинистҳои рус меандозанд. Дуруст аст, ки Сталин чечену
ингушҳоро аз зодгохашон ронд, вале накунгг. Онҳо дар
75
Қазокистону дигар мавзеъҳои Осиёи Миёна инкишоф
ёфтанд. Вале ҳоло Россия нисбати халқияте, ки дар дохили
он аст, чй амалҳоро ба анчом расонида истодааст? Бо номи
терроризм, наход ки як миллати мусулмон несту нобуд карда
шавад? Магар дигар роҳҳои аз терроризм халосшавӣ нест?
Оё, фақат мусулмонҳо террорист ҳастанд? Ин як навъ
мусулмонкушй хоҳад буд, ки таърих ҳатман онро рӯи об
мебарорад. Фаъолият ва ба чй ҳол гирифтор шудани
Мелошовичи югослав мисоли равшани ин иддаост.
Чаҳордаҳуми сентябр бо ҳамроҳии Слава Гришин ба
масофаи 12 км моҳигирй рафтем. Он ҷо қишлоқе буд, ки
Марй ном дошт. Аз назди ин қария дарёе мегузашт, ки
чараёнаш ором буд. Обаш мусафо. Дар дохили об моҳиҳоро
дидан мумкин буд, ки ба болову поин рафтуо донгганд.
Чунонки гуфтам, моҳигирй барои мо навъи истироҳат ба
ҳисоб мерафт. Ҳатто афғонхо борҳо савол мекарданд, ки чй
сир аст, ки шӯравиҳо обу моҳиро ин кадар хуш доранд? Бо
мурури замон баъзе аз инженерони афғонй низ чангак пайдо
карда, бо мо ҳамкорй менамуданд. Ин рӯз бо мо маъмури
гурӯҳ ҳамроҳӣ кард. Коида чунин буд, ки мо 6е афғонҳо ба
ҷое бояд намерафтем, зеро мавзӯи амният пеш меомад. Ин
дафъа мо ду нафар даҳ кило моҳӣ доштем. Бегоҳӣ ба
қароргоҳи хеш баргашта, моҳиҳоро тақсим намудем.
Афғонҳо хеле моҳихӯрй карданд. Онҳо худро сарзаниш
менамуданд, ки чаро аз ин гӯшти болаззат истифода
намекунанд.
Ҳангоми фаъолият дар ин гурӯҳ хам мо ҳар бегоҳ бо
ҷавонони афғон доирашакл шуда, тӯббозй мекардем. Албатта
ин тарзи бозй чандон ҳаловат намебахшид. Ба хулосае
омадем, ки бегоҳиҳо ба мошинҳо савор шуда, ба маркази
Деҳаи Чӯпон равем ва бо мактаббачагони он мусобиқаи
волейбол ташкил диҳем. Аз мавзӯъ намояндаҳои мактаби
марказро огоҳ сохтем.
Бегоҳии дигараш бо Славаю маъмури гуруҳ ва чанд
тан инженерони дохилӣ роҳи маркази улусволиро пеш
гирифтем. Дар назди мактаб муаллимону шогирдонаш моро
пазироӣ карданд. Майдончаи спортии мактаб озодаву обзадагй
буд-
Дастаи мо бо номи дастаи волейболбозони Кобул
омодаи бозӣ шуд. Дастаи мактаби марказ низ ба майдон
баромаданд. Дар дастаи мо ману Слава беҳтар бозй
мекардем. Дигар ҳамроҳонамон чандон маҳорат надопгганд.
Аммо дастаи мактаб хеле чолок ва мохир буд. Аз ин чост,
ки се навбати аввал мо бозиро бохтем. Слава асабй мешуд,
76
афғонҳоро ҷанг мекард. Баъдан мо системам бозии ононро
омУхтем ва онҳо бой доданд. Дар мачмӯъ бозй бошавқ гузапгг.
Аз сӯи дигар, чунин бозиҳо маънии дӯстиву рафокат миёни
афғонҳо ва Шӯравиро ҳам дошт. Мо дар ҳисоботамон ин
мавзУъро таъкид мекардем, то ки роҳбаронамон ҳини
гузоришҳои хеш аз бозиҳои спортӣ ёдовар шаванд.
Маълум шуд, ки он бегоҳ ҳокими Деҳаи Чӯпон бо
дастгоҳаш бозии моро тамошо кардааст. Баъд аз бозй моро
ба ҳоким муаррифй намуданд. Ҳоким шахси бомаърифату
чаҳонгаыггае буд. Аз Шӯравй ба хушй сӯҳбат менамуд. У
худ пашту буд, вале форсиро ҳам хуб медонист. Мо мехостем
бо онон хайру хуш кунем, аммо ҳоким аз чониби муаллимини
мактаб дастаро ба як пиёла чой даъват кард. МавзУъро ба
маъмури гурӯҳ ҳавола намудем. Маъмур даъвати ҳокимро
пазируфт. Муаллимин чою бодом таҳия намуда будаанд.
Бодомаш аз меваҳои асосии Деҳаи ЧУпон ҳисоб мешудааст.
Сӯҳбати мо сари дастархон то дер идома гирифт. Чою бодом
гуфтанду вале ғизои шомро ҳам таҳия карданд. Хуфтан буд,
ки бо соҳибхонаҳо хайру маъзур намудем. Ин бегоҳ
истироҳати воқеӣ шуд. Ба роҳат хоб рафтам.
Нуздаҳуми сентябр мубоҳисаи ғайричамдоште миёни
банда ва Слава Гришин сурат гирифт. Мо баъд аз нони чонгг
болои чапаркатҳои хеш дароз мекашидем. Ҳардуямон рУй
ба боло, дар даст китобе доштему мутолиа менамудем.
Якбора Слава ба ман чунин савол дод:
-Назар ту чаро ба Афгонистон омадй? Магар дар ватан
буданат хуб набуд?
Ман чавоб ба аблах сукут гуфта, гУё саволи Уро
нашунидам, хомУш мондам. Лекин Слава ин холатро пай
бурда, дуюмбора саволашро такрор кард.
Банда, ки дар рӯҳияи ватанпарварй тарбия ёфта будам
ба Слава чунин чавобро салох дидам: Вахте ки Давлати
ШУравй лозим донистаасту маро барои хизмат фиристодааст,
чй тавр метавон рад кард? Яъне Ватану Халк бо ёрии мо
барин кадрхояш зарурат дорад. Илова ба ин, Афгонистон
бо давлати мо дУстй дорад, ҳамсоягӣ дорад. Дар Афгонистон
будани мо, - гуфтам, мувофиқаи тарафайн аст. Магар ба
Давлати Шӯравй зарур аст, ки форсидону русидонро аз ягон
кишвари дигар гирифта фиристад. Дар айни хол ягона
чумҳурии форсизабон дар ҳудуди ШУравй Точикистон аст.
Аз ин чост, ки аксари тарчумонҳои форсй ба русй аз ин
чумхурй интихоб мегарданд. Дар поёни сухан боз таъкид
намудам, ки давлат ба мо барин кадрхо зарурат дорад.
Албатта, касеро дар гарданаш банд карда, зУран ба
77
Афғонистон ё Эрон намебаранд. Давлат ишора мекунад, ки
бародар, ман туро ин кадар сол тарбия намудам, бепул
хонондам, акнун, ки ту соҳибихтисос гардидай чанд муддат
хизмати Ватанро адо карданат зарур аст. Бо шунидани ин
суханон Слава яку якбора оташ гирифт, дуди сигораш бо
дуди худаш омезиш ёфт, чеҳрааш сурх буд, сурхтар шуд ва
сӯи ман нигоҳ карда гуфт: Мо ҳамаамон бо хоҳиши худ
омадаем, зеро ба мошину ҳавлй зарурат дорем. Моро эҳтиёҷи
шахсй, манфиати шахсӣ 6а Афғонистон овардааст. Ҳеч хел
ватандӯстй дар миён нест. Масалан, илова кард ӯ, - дар
Бюрои ноҳиявии ҳизб аз ман пурсиданд, ки барои чӣ ба
Афғонистон рафтан мехоҳам, чавоб додам, ки барои манзил
харидан. Слава ба аъзоёни Бюро шарҳ додааст, ки навакак
хонаи кооператив гирифтааст, аммо пулаш бепардохт
мондааст. Ду-се соле, ки дар Афғонистон кор мекунам, пули
хонаро бояд ҷамъ кунам.
Албатта, Маскав пойтахт буд ва шаҳрвандонаш низ
шояд дар ҳамин навъ рӯҳия тароия ёфта буданд. Он вақт
ба мо мегуфтанд, ки манфиати давлат дар чои аввал бояд
бошад. Дар Точикистон агар мо ба саволҳои аъзоёни Бюрои
ҳизбй мисли Слава чавоб медодем, гумон буд, ки моро ба
хорича мефиристоданд. Ҳарчанд ки дар ботин бештар аз
манфиати шахсй ҳарф мезадем, вале шифоҳан мо манфиати
давлатро ба назар гирифта хизмате ё кореро анчом медодем.
Дигар ин ки давлат ҳам хуб мефаҳмид, ки ба ғайр аз
манфиатҳои давлатӣ инсон манфиатҳои шахсй ҳам дорад.
Лекин кадоме аз онро бояд дар чои аввал гузошт, ин
масъалаи чиддие буд. Агар ин ду манфиат чойҳои худро
пайдо намекарданд «хатои сиёсй» cap мезад ва як умр дар
рӯ ба рӯи исми шахе саволе бо ранги сурх гузопгга мешуд.
Ман намегӯям, ки аз ин сафар манфиатманд набудам.
Ҳаштод рубли солҳои ҳафтод барои каси оиладор, магар
басанда буд? Агар дар хона ду меҳмон меомад, китобҳои
луғатро болишт мекардам. Аммо маро, ки аз байни ҳапгт
нафар ҳамдарсонам яке аз нахустин интихоб карданд, ин
чиҳат бароям шарафи калон буд. Бо вучуди эҳтиёчмандӣ
хизмат ба ватанро дар мадди аввал гузоштам ва баъд розигии
худро додам. Метавонистам наравам. Ба чои ман дигар касро
пайдо мекарданд. Садҳо хатмкардаҳои факултетҳои
филологияву шарк ва таърих солҳо интизорй мекашиданд
ва орзу мекарданд, ки боре ба хорича сафар намоянд.
Пӯшида нест, ки ҳамон солҳо истилоҳи «факултети
чархшиносӣ» пайдо шуд. Яъне касоне, ки ба шаркшиносй
ҳуччат месупориданд, онҳоро «чархшиносони» оянда
78
меномиданд. Чунин суханонро касоне мебофтанд, ки худ
бахил буданд, нодидагирй мекарданд ва сиёсати давлатро
ғалат мефаҳмиданд. Фаъолияти ҳамин навъ кӯрнамакҳо буд,
ки ШУравй пош хУрд.
Вобаста ба талаботи ҳамон давр ман ҳайрон будам, ки
баъди фаҳмидани максади Гришин чй тавр ба У тавсиянома
додаанд? Охир, вай рӯирост изҳор доштааст, ки барои
сарватманд шудан ба сафари Афғонистон баромадааст.
Намедонам чаро, вале рафтори Слава хеле мутаассирам сохт.
Агар ман баъди баргангган ба Кобул чунин рафтори Уро чое
арз медоштам, аҳволи Славаро бад мекарданд. Ба ҳар ҳол
У бо ин баҳсаш бандаро ранчонд. Бори дувум аст, ки
муносибати ношоями эшонро нодида мегирам. Гап дар ин
аст, ки Славаро на шУравиҳо ва на афғонҳо дУст
намедоштанд. Чандин дафъа геологҳои ҳамкорамон Уро
танбеҳ додаанд ва огоҳаш сохтаанд, ки ба хатой сиёсй роҳ
надиҳад. Ҳар гапро носанҷида нагӯяд, афғонҳоро эҳтиром
кунад. Аммо вай бо гузашти вақт боз ба беандешагй роҳ
медод. Ба назарам чунин менамуд, ки Слава 6о дили нохоҳам
кор мекард. Зуд-зуд асабй мешуд, афғонҳо маъқулаш
набуданд. Воқеан, агар У ба пул эҳтиёҷ намедошт ду-се моҳ
ҳам тоқат намекард ва роҳи Маскавро пеш мегирифт.
Дар Деҳаи Чупон, тақрибан бист рӯз маътал шудем.
Охирҳои сентябр ба Кобул баргаштем, зеро минтақае, ки
қарор донггем, ҳавояш рӯ ба хунукӣ меовард ва ҳам барномаи
таълимиашон ба поён расид. Ба чунин хулоса омадам, ки аз
дарсҳои мо афғонҳо ҳеч баҳрае набурданд, чунки хоҳиш
надоштанд. Бештари сафарҳои геологии мо вақттузаронй буду
бас.
Баъди ба Кобул баргангган даҳ рУз назди хонавода
будам. Вақти хуби Кобул сентябру октябр аст. Ин моҳҳо
беҳтарин навъи ангур, ба хусус ангури Шибирғон дар
бозорҳои Кобул фаровон мешавад. Ҳамчунин харбузаи
ширин низ хамин фасл лаззат мебахшад. Гушам бод ёфт, ки
гурӯҳи геологие сафари Ҳирот дораду бандаро тарчумон
гирифтанй аст. Илоч набуд. Ба сафари навбатй омодагй бояд
гирифт. Ин сафарҳо ҳаловатбахш хам буданд. Вагарна чй
тавр метавон кишварро мачонй тамошо кард?
Ҳирот - Шайдо...
Даҳуми октябр як ҳайати сенафарй аз геологҳои шӯравй
дувумбора чониби Ҳирот рахти сафар бастем. Се рУз дар
79
роҳ будем. Сездаҳум вориди Ҳирот шуда, кароргоҳи хеш-
шаҳрчаи сохтмончиҳоишУравиро интихоб кардани шудем.
Азбаски гурӯҳи афғонии мо ҳоло дар роҳ буданд, ду-се рӯз
маътал шуданамон зарур буд. Аз ин рӯ хостем, ки аз ҳисоби
инженерони роҳсози шӯравй хонаеро ичора гирем. Вале
роҳбарашон Сергей Дмитровичи ҳафтодсола ба Кобул рафта
будааст. Мачбур шудем, ки ба муовини У Павлюк
Владимирович Денисович муроҷиат намоем. Вай чандон
одами чиддй набуд ва 6а гумонам ба ғайр аз худаш каси
дигареро аз Шӯравй дидан намехост. Аз ин чост, ки «хонаи
холй надорем», гуфт. Баъди чанд дақиқа гӯё пушаймон шуду
хонаи тарчумони собиқ Абдурасулро пешниҳод кард. Маълум
гардид, ки ҳафтуми сентябр карордодаш ба поён расидаасту
ба Ватан баргапггааст. Бо шунидани ин хабари ногаҳонй андак
худро нохуш эҳсос намудам. Махсусан, вақте ки дарвозаи
хонаи Абдурасулро барои мо кушоданд, зиқй фишорам овард.
Ин ҳолат орзуе ба сарам зад, ки чаро ман дар ватан не?
РУзе мерасида бошад, ки 6а Душанбеи азиз рахти сафар
бандаму дар ҳалкаи хешу табор ва дӯстон бошам. Ин
лаҳзаҳое буд, ки худамро танҳои танҳо медидам. Ман ба У
унс гирифта будам. Дар сафари аввал як моҳ дар хонаи
вай истикомат доштам ва ҳамеша якҷоя ба сайру гашти
чойҳои таърихии Ҳирот мерафтем. Ҳарчанд ки мо се кас
будем, аммо чойи Абдурасул холй буд. Чеҳраи хандонаш
ҳоло ҳам пеши рӯям карор доигг.
Анчомҳоро ба хона дароварда ҳар кадом як хучраро
банд кардем. Ин хона чор хучра доигг. Аз он шод будем, ки
чанд рУз дар шароити хубе карор хоҳем гирифт. Вале чунин
нашуд. Соатҳои 8-и шаб хабар омад, ки тарчумони нав бо
завҷааш бидуни хабари каблие аз Кушка омадааст. Вакте
ки ин хабар расид, мо дар клуб мехостем филми наверо
тамошо кунем.
Тарчумони нав Додарчонов Қаландаршоҳи дарвозй
соли 1965 ШУъбаи арабии Донишгохи давлатиро хатм карда
буд. Ачиб ин буд, ки Уро дар Кушка касе пешвоз намегирад,
зеро телеграмма аз Маскав нарасида будааст. Қаландаршоҳ
бо оилааш аз поезд поён мешаванд, ин тарифу он тарафро
назора мекунанд, аммо меҳмондорашонро намеёбанд.
Тасодуфан марде аз карордоди духтурон, ки ба Кушка рафта
будааст, тарчумонро бо худ ба Ҳирот меорад. Мо мачбур
будем, ки хонаро холй кунем. Аз кабати поён ба мо хонаи
дигар пайдо карданд. Банда бо Каландаршох мондам. То
як хиссаи шаб Душанбе ва солҳои донишҷӯиро ба хотир
овардем. Аз чанде рУйдодҳо қисса кард. У баъди Донишгох
80
6а Дарвоз рафта будааст.
Банда, ки то чое таҷрубаи тарчумонй андӯхта будам,
Уро ба баъзе шароитҳои кор ва тарзи рУзгордорй ошно
сохтам. Ҳарчанд Каландаршоҳ хоҳиш кард, ки то вахте
дар Ҳирот ҳастам, дар яке аз ҳуҷраҳои ӯ зиндагй кунам,
вале лозим надонистам ва 6а кабати поён фаромада бо
шарикони худ икомат намудам. Аслан ман дар хонае, ки
зани бетона ҳузур дорад, истода наметавонам зеро зане, ки
дар деҳот калон шудааст назди мардони ношинос худро
ноҳинчор эҳсос мекунад. Ҳол он ки завҷаи Қаландаршоҳ
бонуи хушрафторе буд. Сухани ширин мегуфт ва эҳтироми
бандаро ба чо меовард.
Баъд аз ду-се рӯз аъзоёни гурӯҳи мо бо сардории
Исматуллоҳхон ба Ҳирот расиданд. Дигар истодани мо дар
Ҳирот зарурат надошт. Рӯзи дигараш чониби Шайдо ҳаракат
намудем, ки дар самти Машҳад қарор дошт. Геологҳои мо
он чо тилло пайдо кар дани буданд.
Рӯзи шонздаҳуми октябр ба Шайдо расидем. Дар чойи
барҳавое хаймаҳоро баркарор кардем. Ман барои худ хаймаи
дукаса интихоб намудам, зеро дар хаймаи калон бо русҳо
будан барои банда марговар буд. Онхо сигор дуд медоданд,
вале дуд чойи баромадан намеёфт. Як дафъа кариб ки дар
бистараи геологи нафасгир шавам. Баъди он ходиса худи
русҳо хоҳиш мекарданд, ки дар назди дуди сигори онҳо
наистам. МавзУи хаймаи алоҳида чудо кардан хам ташаббуси
русҳо буд. Дохили хайма чароғу радио доштам. Шабона то
дер китоб мутолиа менамудам ва гоҳе андешаҳои танҳой
чониби Душанбе равонам месохт. Ин лаҳзаҳо дилтанг
мешудам ва соатҳо хоб аз ман мегурехт.
Рӯзи ҳабдаҳум ба корхои геологии мавзеи Шайдо огоз
кардем. Шайдоро метавон аз минтақаҳое донист, ки он чо
бисёре аз гуруҳҳои геологии шӯравй барои пайдо намудани
маъданиёт моҳҳо вақт гузарондаанд. Яъне, яке аз нуктаҳои
асосии геологи, ки рУи накшаи чустучУй гузошта шудааст,
Шайдо хам буд. Масалан, чанд нуктаро номбар кардан
мумкин: Нористон, Бадахшон, Шибирғон, Ҳилманд,
Андароб, Пактиё,Банди Амир, Шайдо, Кафтарй,
Оҳанкашон, Панҷшер ва ғайра.
Шайдо номи умумии мавзеъ ё минтака аст. Дар он чо-
чо деҳачаҳои хурд-хурд чойгир шудаанд. Худи мавзеъ аз
теппаву ҳамвориҳои регдор иборат аст. Ин фасли сол бо
вучуди ин ки рӯзҳо офтобй мебошанд, хаво сард маълум
мешавад. Шабона дохили хайма хунук аст. Ҳавояш мУътадил
набуд. Рӯзҳое буд, ки гармй боло мерафт ва рУзҳое меомад,
81
ки хаво сард мешуд. Чун пештара ман бештар дар кароргоҳ
мемондам. Баъзе корхои майда-чуйдаро монанди ба тартиб
даровардаии намунахои сангу хок, тарчумаи фармоишоти
саринженер ва ғайраро ба анчом мерасондам.
Дар ҳар сафари дур аз китобхонаи сафорат китобҳои
бадей мегирифтам. Банда бештар ба асархое алока донггам,
ки дар бораи кору рУзгори табакаи коргар буданд. Ин сабаб
допгг. Дойр ба ташаккули сиифи коргари точик бояд рисолаи
номзадй менавиштам. Аз ин рУ, мехостам, ки хама киссаву
румонхои адибони шУравиро дар мавриди мавзУи синфи
коргар мутолиа намоям. ҲамарУза ин навъ китобхоро хонда
ба дафтари садваракае мазмуни онхоро ёддошт мекардам.
Ҳамкоронам ба ин холи банда механдиданд. Наход,
мегуфтанд, кас вақташро ба хондани чунин асархои фач
сарф намояд. Дар назари онҳо сарнавишти синфи коргар
ҳеч дилчаспие надорад. Русхо, умуман адабиёти ба калами
адибони рус тааллукдоштаро намехонданд. Баръакс, ба
асархои мочарописандй, детективй ва фантастики таваччУХ
зоҳир менамуданд. Аз ин чост, ки дар борхалтаҳои онҳо
румонхои Виктор Гюго, Чек Лондон, Балзак ва дигар
адибони Еарбро найдо кардан мумкин буд. Албатта, банда
ҳам ба китобҳои коргарй чандон шавк надоштам, вале чй
илоч, ки мавзУи рисолаи номзадиам ҳамон буд ва мавод
бояд чамъ мешуд, то ки ба таври типологй-мукоисавй мавзУи
мавриди назар дар мисоли хама асархои коргарй баррасй
шавад.
Бояд гуфт, ки хонандаи Шӯравӣ аз солхои шаст cap
карда рУ ба адабиёти Ғарб овард. Оғози ғарбгароиро маҳз
ба солхои шаст бояд иртибот дод. Ин падида дар Чумхурии
Точикистон, дертар, солҳои ҳаштодум ба мушоҳида гирифта
шуд. Дар мисоли русхои Маскаву дигар шаҳрҳои фарҳангии
Шуравй, ки бо банда ифои вазифа доштанд, метавон гуфт,
ки онхо нисбат ба мо барвакттар рУ ба Еарб овардаанд.
Еарбгароии точикон дар асари таъсир бардоштан аз русхо
буд. Аз ин чост, ки адабиётфаҳмии онон нисбат ба мо боло
рафта буд. Дар ин масъала мо махдуд будем.
Ҳаёте, ки ҳамарУза дар дохилаш хастам чй зарурате
ба хонданаш бошем. Русхо рУзгори ғарибиёнаро
меписандиданд. Он чо озодандешй буд, дардҳо буд, инсони
воқей сухан мегуфту ақидаи хоси худро дошт. Дар мо чй?
Ҳама ҳарфҳои колабии ҳизбиёна рУи коғаз оварда мешуданд.
Он чи гуфтам ақидаи русхо буд.
82
Моҳи Рамазон
Рамазони соли 1971 ба моҳҳои октябр-ноябр мувофик
омад. Ба солшумории ҳиҷрии шамсИ аввали Акраби соли
1351, ки 20-уми октябр мешавад, дар кишварҳои исломИ
моҳи Рамазон оғоз ефт. Ҳама мусулмонони ҷаҳон ин рӯз
барои ичрои яке аз аркони дини мубини Ислом муддати сй
рӯз рӯза мегиранд. Солҳои даврони шӯравӣ рӯза барон мо
чавонони точик чандон мухим набуд. Теъдоди каме аз
чавонон шояд рӯза мегирифтанд. Аммо калонсолони табақаи
деҳқону коргар, албатта рузаро пос медоштанд. Аз миёни
зиёиён кам ашхосеро пайдо кардан мумкин буд, ки ин расми
исломиро адо менамуданд. Дурусттараш муаллим, олим,
духтур донишчӯ ва шахсони дар мансабҳои давлатибуда
рӯза намегирифтанд. Онҳо аз сиёсати давлат метарсиданд.
Масалан, агар мефаҳмиданд, ки зану фарзанди муаллим ё
мансабдоре рӯза доштааст, ӯро 6а чазои маъмурй
мекашиданд. Ёдам хаст, ки падарамро борҳо ба хотири
ин ки модарам рӯза медошт, дар шӯрои педагогии мактаб
муҳокима карданд. Вале ин муҳокимаҳо модарамро
наметарсонд, балки мегуфт: «Муаллим, охир ман зани
хонашине ҳастам, корашон чист, ки ман рӯза мегирам ё намоз
адо мекунам»? Падарам андак асабӣ мешуду боз андеша
мекард ва ба хулоса меомад, ки модарам ҳақ аст.
Банда, ки дар оилаи муаллими «сурх» тарбия ёфта ва
боз коммунист ҳам будам, ба ин маърака чандон тавачЧӮХ
надоштам. Аммо шабе, ки дар регистони Шайдо афғонҳо
гурУҳ-гурӯҳ аз хаймаҳо берун шуда, рӯ ба тарафи осмони
торик карданд, ман ҳайрон мондам ва аз яке пурсидам, ки
ин мардум дар осмон чиро пайдо карданӣ ҳастанд?
Исматуллоҳхони роҳбари гурӯҳи афғонй хандаи нозуке карду
«тарчумон соҳиб, пагоҳ дар Афғонистон моҳи Рамазон оғоз
мегирад, аммо хабари расмие аз радио пахш нашуда
истодааст. Ин мардум худашон мехоҳанд дар осмони
ситоразор моҳтобро бубинанд». Маълумам шуд, ки дидани
моҳи нав онҳоро боварй медиҳад, ки пагоҳ рУза бигиранд.
Ман ба Исматуллоҳхон гуфтам: «Омир соҳиб, ин мардум
имшаб моҳи навро дида наметавонанд. Кас моҳро шабе
мебинад, ки он се-чоррӯза шудааст. Падид омадани моҳро
дар рУзи аввал факат ба воситаи асбобҳои ситорашиносй
метавон дид.» Бале, ҷавоб дод, омири гурӯҳ. Хо, 6а ин
мардуми бесавод чӣ метавон гуфт? Онҳо чизи хостаи худро
мекунанд. Ба ҳамин тарз то соатҳои даҳи шаб афғонҳо моҳро
83
чустанд, аммо дида натавонистанд. Пас ҳамагй ба хаймаҳо
даромаданд ва гӯшҳо ба радио гузоштанд. Дар ахбори соати
даҳй аз Кобул иттилоъ расид, ки моҳро дар Арабистони
Саудӣ ба мушоҳида гирифтаанд ва пагоҳ аввали Акраб дар
кишвар рӯзи нахусти Рамазон шинохта шуда, ба ин
муносибат дар cap то сари кишвар се рӯз рухсатй эълон
мешавад.
Дуруст аст, ки Афғонистон давлати исломй буд. Аммо
исломй на ба он дарачае, ки масалан, ҳоло дар Эрону
Арабистони Саудӣ ба мушоҳида мерасад. Сокинони
Афғонистон дар гаштору тарзи либоспУшй ва ичрои
фармудаҳои исломй аз Точикистони шУравй тафовути кам
дошт. Дар мо, ки озодии вичдон мегуфтанд, он чо низ
тахминан ҳамин тавр буд. На хамаи мардуми кишвар рузаву
намозро адо мекарданд.
Табақаи зиёй ва кормандоии идораҳои давлатй ба
теъдоди хеле кам рУза медоштанд. Рузаву намозро бештар
табакаи камбизоат риоя менамуд. Яъне ҳамин табака
худотарс маълум мешуд. Онҳо ботинан на аз худо, балки аз
якдигар метарсиданд. ГУё агар У намоз нагузорад шарикаш
чое мегУяд, ки фалонй намоз нахонд ва ё рУза нагирифт.
Чанд соле, ки мушоҳида намудам, шоҳи Афғонистон-
Аълоҳазрат Зоҳиршоҳ шаби аввали Рамазон бо ҳавопаймои
шахсиаш - ИЛ-18, ки шӯравй ҳадяаш карда буд, роҳ сӯи
маркази Итолиё-Рим пеш мегирифт. Афғонҳо хандида
мегуфтанд, ки «шоҳ ба рухсатй баромада». Воқеан, у бо
аҳли байташ як моҳи Рамазон дар кишвар набуд. Аммо
шабе, ки пагоҳаш дар масчиди шоҳй намоз бояд сурат
бигирад, Зоҳиршоҳ худро ба Кобул мерасонд ва пагоҳй дар
соати муайян пушти сари мулло намози Иди Рамазонро адо
менамуд. Албатта, мардуми Афғонистон хуб мефаҳмиданд,
ки шоҳ дар Рим чанд меҳмонхонаву бУстонсаро дорад, ҳама
дороияш дар банкҳои Шветсария маҳфузанд, муддати як
моҳи Рамазон ба айшу ишрат дода мешавад. Ҳол он ки шоҳро
дар кишвар сояи худо мегуфтанд. Аз ин чост, ки дар
Афғонистон чй номаъқулие, ки шавад, чавобашро на шоҳ,
балки садри аъзам медиҳад. Сояи худо ба камбудхои халку
ватан коре надошт. Магар чунин рафтори Аълоҳазрат
худофиребй набуд. Ҳамин буд, ки Афғонистон валангор шуд,
вале боз хам мардуми бечора чабр катил
Дар гурӯҳи мо чавононе, ки синфи дувоздаҳ хатм
карда буданд, ба хотири ин ки дар мусофират карор
доштанд, рУза намедоштанд «Мо дар мусофират хастем», -
мегуфтанд. Ҳамон вақт хулоса баровардан ммкин буд, ки
84
Рамазон барои киҳост.
Шахсоне, ки дар гурӯҳ рӯзадор буданд, аз соатҳои
сей рӯз 6а пухту паз омодагй мегирифтанд. Соати панчу
панҷоҳу панҷ дақикаи бегоҳй вакти рУзакушой муайян шуда
буд. Субҳ соати чаҳор аз хоб бархоста, то соати панчи пагоҳй
субҳона мехӯрданд. Вақтро ҳамарӯза радио эълон менамуд,
зеро ҳар рӯз якдакикай илова мешуд. Ҳама муздурҳои гурӯҳ
ба касалй гирифтор шуданд, зеро ғизои дуруст надоштанд.
Онҳо аз ман даво мехостанд. Таблеткаҳои тетратсиклин зиёд
доштам. Ҳар касале, ки мебуд аз ҳамин таблетка барояшон
медодам, гӯё сиҳат мешуданд.
Дар моҳи Рамазон аз соати 8 то 14 кор мекарданд. Мо
ҳам ин тартибро риоя менамудем. Аслан моҳи Рамазон кариб,
ки кор набуд. Ба хар хол Рамазон идома допгг. Дар ин
муддат мо чашни Октябрро интизорй мекашидем. Ин рУзро
дар Ҳирот бояд чашн мегирифтем. Аз ин рӯ, рӯзи чахоруми
ноябр ҷониби Ҳирот ҳаракат намудем. Боз ҳам шаҳрчаи
роҳсозонро кароргоҳ интихоб намудем. Шарикони ман хонаи
як инженери роҳсози русиро ба чашнгоҳ табдил доданд.
Чун пештара ин дафъа хам ба хонаи тарчумони ҳамдиёрам
Қаландаршоҳ меҳмон шудам.
Барои ману Қаландаршоҳ ин чашн чандон дилчасп
набуд. Ҷашнҳои даврони шУравй бо шаробаш ахамият пайдо
мекарданд. Дар ин рУз на банда ва на Қаландаршоҳ мизи
махсуси чашнй тартиб надодем, балки як палави точикй омода
сохтему сари мавзУъҳои гуногуни рӯзгори хориҷиамон сӯҳбат
оростем. Албатта, ҳамкоронам бо тамоми коидаҳояш чашни
Октябри 1971-ро пешвоз гирифтанд.
Субҳи хафтуми ноябр гУшаки радиоро тоб додам, то
ки аз Душанбе чараёни чашни Октябрро шунавам. Садои
табрикотии нотик Абдусалом Рахимов ба гУшам расид.
Тасаввур намудам, ки чи навъ дар ин рУз донишчУёну
устодони Донишгохи азизам аз майдони Ленин мегузаранд.
Дар минбар роҳбарони чумҳурй - Ч.Расулов, А.Қаҳҳоров,
М.Холов ва дигар чеҳраҳои шинохтаи соҳаи сиёсату фарханг
карор доранд ва бо дастчунбонй мардумро пазирой
менамоянд. Ин ҳолатҳо кас худро бекасу куй ва ғариб
мебинад. На чойи рафтан ҳасту на дастурхони сӯҳбатзеб.
Хуб аст, ки русҳо бо маю шароб дарди ғарибиашонро паси
cap мекунанд, аммо банда чй? Дар гУшае танҳо, худ дар
худ карор доштам. Ба истироҳати хонаводагии
Қаландаршоҳ халалдор шудан намехостам. Аз ин рУ, худро
зудтар дар саҳро дидан мехостам. Он чо ба зиқ шудан вакт
надоштам, балки бо афғонҳо сари масъалахои гуногун гаи
85
мезадам ва аз онон чизҳое барои худ меомӯхтам.
Рӯзи нуҳуми ноябр саринженерамон бо геологҳои
дигар ба масофаи дусад километр роҳ паймуда, соҳаи
дигареро дидани рафтанд. Дар кароргоҳ аз шӯравиҳо ману
Юра мондем. Юра инсони хубе буд, ба чизе кор надошт,
ҳеч гоҳ бандаро бечо ташвиш намедод. Азбаски ошпазамон
- Шоҳмаҳмад низ рафта буд, Юра ошпазй мекард ва гУё аз
ин ҳунар истироҳат медид.
Чунонки гуфтам, бо чавонони афғон ва умуман табакаи
мактабхонда сУҳбат карданро хуш донггам. Аз гуфтугУе, ки
миёни банда ва чавонон сурат мегирифт, маълум мешуд, ки
аксари онхо мутолиаи китобу мачалла ва рУзнома надоранд.
Дониши суннатй ва муосирашон хеле заиф буд. Албатта
намозу рУзаро адо мекарданд ва ҳамонро хам хеле содда
мефаҳмиданд.
Дар Афғонистон шахси инженер касе аст, ки худро аз
хама босавод мебинад. У ГУё хама мавзУотро мефахмад ва
сари онҳо баҳсҳои илмй ороста метавонад. Дуруст аст, ки
ин тоифа соатҳо ҳарф мезанад, аммо ягон зарра ба мавзУъ
наздик намешаванд. Сафсата ва бас. Чунин инженерон дар
гуруҳи мо се нафар буданд. Яке аз онхо О коту л буд, хамоне
ки рУзҳои дар Кафтарй будан дар борааш андаке маълумот
дода будам. У, вокеан бахсро дУст медошт. Вахте ки аз
банда акси чавобхои хешро медид, аз бахс мегурехт. Дигар
чиҳати Оқогул он буд, ки дохили хайма аз хама боло
менишаст ва шахсони аз худ хурдтарро насихат мекард. Ба
онхо кору зиндагиро ёд доданй мешуд, аз тачрибаи рУзгори
хеш мисолхо меовард. Окогул хатмкардаи донишгох буд,
вале аз илми геология 6уй намебурд. Хеле тааччубовар буд,
ки аз нақшаи геологи ва компас - кутбнамо истифода бурда
наметавонист. Аксаран аз банда мепурсид, ки «тарчумон
соҳиб, чи навъ самти чанубу ғарб ё шаркро ба воситаи компас
муайян кунам?». Танбалиаш ба он дарача буд, ки бештари
вактҳо худро дурӯғакй бемор эълон мекард, то ки бо геологҳо
ба сахро наравад. Яку якбора худро маризу бемор нишон
додан ба хамаи чавонони гурӯҳи мо тааллук дошт. Ҳамааш
гапро дУст медоранд, аммо ба заҳмат кашидан майлу хоҳиш
зоҳир наменамоянд. Яьне сухан доранду амал не.
Онхо, ки китобхонии бандаро ба мушоҳида
мегирифтанд, мехостанд барояшон китобе ба хати арабй
пайдо кунам. Аз чунин китоб дар дастам «Шуроб»-и Рахим
Чалил буд, ки ба онон тавсия намудам. Китобро ба ду дасти
адаб кабул карда, ба пешонй гузошта бУсиданд, вале мутолиа
накарданд. Вахте ки баъд аз як моҳ аз оиҳо савол кардам,
86
ки «Шӯроб» маъқул шуд ё не? Гуфтанд, ки то ҳол варак
назадаанд. Ин ҷавонон хоҳиши русихонй пайдо карданд.
Банда вазифаи муаллимиро ба Уҳда шрифтам. Як-ду
маротиба чамъ шудем, гӯё дарсҳо оғоз шуданд. Ҳайҳот, ки
тоқати дарсхонй ҳам зоҳир накарданд.
Ҷамъияти дӯстии Шуравиву Афғонистон як силсила
филмҳои русиро ба форси таҳия намуда, дар гУшаву канори
кишвар намоиш мед од. Дар гуруҳи мо низ аз чунин филмҳо
намоиш медоданд. Баъд аз тамошои филм афғонҳо изҳори
нобоварй мекарданд, ки гУё шУравИ факат
муваффақиятҳояшро ба тамошобинон пешниход намуда, аз
камбудҳои рУзгори мардуми хеш чизе намегУяд. Албатта,
ин эродашон вокеият дошт, вале онро тасдик хам кардан
душвор буд. Воқеан, аз филмҳое, ки ба чанги Олмону
Шӯравй бахшида мешуданд, бештар саҳнаҳои немискуширо
медиданд. Немисҳо беақлу гумроҳ, тарсончаку беқудрат рУи
навор омада буданд. Гузашта аз ин, он даврон марказхои
иттилоотии Би-би-си, Садои Амрико ва ғайра бисту чаҳор
соат ташвиқу тарғиби зидди Шӯравӣ мешунавонданд.
Афғонҳо ҳамашаба, баъд аз соати даҳ, ин гуна садоҳоро
гУш мекарданд ва табиист, ки ба он садоҳо боварй ҳосил
менамуданд.
Дигар чизе, ки ба мушоҳида мерасид, бемасъулиятии
инженерони дохилй буд. Тавре ки болотар шпора кардам,
инженер худро каси эҳтиромманд медид. У, ки дипломи
мактаби тахассусии олй дорад, бояд эҳтиёт шавад. Агар аз У
зиёд кор гирифтан мешуд, ин як навъ беэҳтиромӣ нисбат ба
эшон буд. Аз ин чост, ки инженерони рус шаш рӯзи ҳафта
заҳмат мекашиданд, вале геологҳои афғонй ҳафтае ду рӯз
ба саҳро мебаромаданду халос. РУзҳои дигар худро мар из
эълон медоштанд. Ачабаш он буд, ки шахси бемор тамоми
шаб сурудхонй мекард, аммо субх, ки шуд, боз худро ба
маризй мезад.
Метавон гуфт, ки борони аввалини фасли хазони
Шайдоро шаби даҳуми ноябр ба мушохида гирифтем.
Минтақаи Шайдо боду хавои ачибе дошт. Як дам бод
мевазид, боз гармй таъсир меовард. Дар як шабонарУз ҳаво
чанд дафъа тагйир меёфт.Аз хама падидаи бадаш бодхои
шадид буд. Бод хам мустақил набуд. Агар як рУз аз самти
чануб огоз мегирифт, рУзи дигар чараёнашро аз тарафи
шимол шурУъ мекард. Мо хеч намедонистем, ки дарвозаи
хаймаро аз кадом самт гузорем. Ҳар рӯз як бор чойгирии
дарвозаи хаймаро тагйир медодем. Гуё чараёни бод аз холи
мо вокиф 1луда буд, ки аз хар тарафе, ки дарвоза мемондем,
87
бод аз ҳамон сУ шиддат мегирифт ва мустаким худро ба
дохили хайма мезад ва чангу хоки даруни онро ба ҳаво паҳн
менамуд. Аз ҳамон вақт cap карда, бодро дӯст памедорам,
зеро ҳамеша табъамро хира месохт.
Дар хамин замина, шаби 10-уми ноябр ҳаво ба боридан
cap кард. Банда бо Юра дохили бистараҳо шудем. Торафт
борон шиддат ёфт. Мисле ки борон хам монанди бодхои
Шайдо чараён дошт: гоҳе шиддаташро зиёд ва гохе о ром
мекард. Борон то соатҳои 12-и рУзи ёздахум идома ёфт.
Азбаски хаймаи мо зери теппаҳо карор дошт, хавф аз он
доиггем, ки ба ногох шабона сел ояд ва моро бо хаймаву
аичомхомон ба дарёчае, ки иоёнтар чорй мешуд андозад.
Чунин ҳодисаҳо зиёд рух додаанд. Аз ин рУ, хобамон норохат
шуд: гоҳ бедору гоҳе хоб. Хайрият, чошти дигар борон
катъ гардид. Ба ивази борон акнун боз боди шадиде ба
вазидан шурУъ намуд. Ин дафъа бод сахттар ба назар
мехУрд. Хаймаи дахнафарии моро ба раке даровард. Хайма
ба лаҳзаҳои чаппашавй дучор меомад. Ман дидам, ки хайма
чаппа шуданй аст, ба омири гурӯҳ Исматуллоҳхон мурочиат
намудам, то ки ду-се муздурро барои ёрии мо сафарбар
намояд. Мо аз онҳо хоҳиш кардем, ки харчи зудтар ба гирду
атрофи хайма хок андозанд. Чунин тадбир хаймаи моро
начот дод.
Дуртар аз қароргоҳи мо, дар соҳили дарёча гурУҳи
геологии Коваленко хаймахо зада буданд. Онхо дар гУшае
«ташноб-ҳочатхона» доштанд. Ҳамеша худро нисбат ба
гурӯҳи мо маданй меҳисобиданд: бубинед, мо муҳити зистро
эҳтиёт мекунем, харчо ки рост омад, таҳорат намешиканем,
балки ташноби тарзи аврупой сохтаем. Албатта, ин корашон
ибратангез буд. Вале борони дишаба оби дарёчаро зиёд карда,
аз сатҳи сохил боло бароварда, ташноби чаноби Коваленкоро
кайҳо ба кайик табдил дода буд. Аммо онхо аз ин ҳодиса
хабар надоштанд. Нагохии дигар яке аз геологҳои гурӯҳи
мазкур сигор бар лаб чониби ташнобашон меравад ва
мебинад, ки он дар чояш нест. Ин тарифу он тараф назар
меафканад, вазе ташнобро намебинад. Баъд аз саргардониҳои
зиёд рУ ба сохил меорад ва пай мебарад, ки ташнобро селоби
ЧУй канда бурдааст. Ин ходиса боиси хандаи мо шуд.
Коваленко хеле асабй буд, намедонист, ки гуноҳро ба сари
кй бор кунад. Фақат сигор дуд медод. Ману Юра аз баландй
Чониби қароргоҳи Коваленко назар медӯхтему ба ҳолашон
механдидем. Хандаовар буд, ки дар чУлистоне, ки пур аз
талу теппа аст, боз ташноби махсуси аврупой сохтаанд. Чй
88
зарурат дорад, вақте ки ҳавои кушод дар ихтиёр аст?
Бо вучуди чунин боронҳо, дар Афғонистон чанд соли
охир хушксоля омад. Ин боиси гуруснагй ҳам гардид. Бесабаб
набуд, ки Афғонистони шоҳй аз чандин давлатҳои дигар
ғалла карз гирифт. Масалан, Шӯравӣ ба маблағи ҳафт ҳазор
доллар тухмию кунчора ва гандум ёри расонд. Албатта, ин
маблағ мардуми кишварро каноат кунонда наметавонист.
Онҳо миёни худ дар сӯҳбатҳошон аз ШУравЯ гилахо
доштанд. Барой онҳо ҳафт ҳазор доллар хеч буд. Ҳол он
ки маблаги мазкурро ШУравИ бидуни пардохт ба Афгонистон
дода буд. Умуман, хама кУмакҳои Шӯравиро афғонҳо нодида
мегирифтанд. Гузашта аз ин, онон ба мо эрод мегирифтанд,
ки газро кашф кардему ба манфиати худ истифода менамоем
ва ғайра.
Дар ин рӯзҳо аз Кобул хабар расид, ки як ҳаиъати
чанднафарй аз мутахассисони шУравЯ мехоҳанд, ки корҳои
геологии гурӯҳҳои минтакаи Ҳиротро тафтиш кунанд.
Чунонки гуфтам, чанд гурӯҳи геологи ифои фазифа допгганд.
Ҳайъат аввалан ба кароргохи мо ва гурӯҳи Коваленко, ки
дар Шайдо будем, омаданд. Оихоро пешвоз гирифтанд ва
барои чойи хоб шахристони Коваленкоро интихоб намуданд.
Аслан хар меҳмоне, ки меомад Коваленко аввалтар аз дигар
саринженерон татпаббус нишон медод ва Уро ба кароргохи
хеш мебурд.Саринженери мо марди фурУтан буда,
тамаллукро дУст намедошт.
Табиист, ки чунин ҳайъатҳои тафтишотй ба гуруҳҳои
геологи ҳеҷ ёрии назариву амалй намедоданд, балки бо авдак
ошной бо накшаҳои геологи ва маълумот гирифтан аз
рохбарони гурУХ дигар ба шаробнУшиву картабозй масруф
мегаштанд. Русҳои гурӯҳи мо низ ба хотири меҳмонҳо шароб
менУшиданд ва як ҳиссаи шаб маету аласт ба хаймаи хеш
бармегаштанд. Дар ин навъ нишастхои дастачамъй банда
ҳеч гоҳ шарик намешудам. Радио гУш мекардам, китоб
мехондам. Ҳолати танҳоии маро инженерҳои афғонй эҳсос
мекарданд ва ба хаймаи банда меомаданд ва то дер сари
мавзУъҳои гуногуни зиндагй сУҳбат менамудем. Бештар
Исматуллоҳхон меомад ва танҳоиямро барҳам мезад. Имшаб
ҳам дуямон сУҳбати гарме доштем, ки геологҳои русй
омаданд. Дар пой истода наметавонистанд. Исматуллоҳхон,
ки аз шароб парҳез дошт, ба зудй худро ба беруни хайма
зад. Ин лаҳзаҳо хегаро шармсор медидам ва дар ботин
мегуфтам, ки чаро мо шУравиҳо ба ҳар кишваре, ки равем,
қонуну тартиботи хоси худро чорй карданй мешавем? Чаро
89
мо УРфу одати давлати карордоштаамонро эҳтиром
намекунем? Шаъну шарафи шаҳрванди Шуравй будан чй
мешуда бошад? Ва ба ҳамин монанд саволҳо азиятам мед од.
Чунин ҳолати моёнро ба мушоҳида гирифта, афғонҳо ба
ман савол медоданд, ки мо аз ин мардум чиро бояд омӯзем?
Гузашта аз ин, Афғонистон кишвари исломй буд ва вакти ба
ин кишвар омадани мутахассисе ба ӯ мефаҳмонданд, ки
эҳтиёт бошад, ба нафси мардуми мусулмон нарасад ва
анъаноти онро эҳтиром дорад. Баръакс ба ин чо, ки меомад,
таъкидҳои идораҳои марбутаро фаромУш мекард ва назди
худ саволҳо мегузошт, ки чаро афғонҳо рУза медоранд ва
чаро намоз мегузоранд? Як камбудии чиддии мутахассисини
русй дар он буд, ки онҳо дар бораи кишвари Афгонистон,
таъриху адабиёти он, фарҳангаш ва мазҳабаш тасаввурот
надоихтанд. Ягой нафар аз бузургони ин мардумро
намедонистанд. Табиист, ки миллати рус ва дигар
русзабонҳои шУравй зери таъсири кудрати халқи кабир
монда, ба гайр аз таъриху адабиёти русй дигар донишро аз
халкиятҳои шУравй азбар намекарданд. Тавре ки мо точикҳо
аз таъриху адаби русй иттилоъ доштем, Пётру Пушкхтнро
медонистем, «бародарони бузург» аз ин падида бебаҳра
буданд. Баъдан онҳо ҳайрон мешуданд, ки аз кучо мо ба
чеҳраҳои таърихиву фарҳангии онҳо ошно гардидаем. Банда
чавоб медодам, ки аз барномаҳои таълимии мактабҳо, аз
китобҳо онҳоро шинохтаем. Ҷойи тааччуб буд, ки халқиятҳои
Осиёи Миёнаро кариб, ки намешинохтанд. Дар бораи
ГуРсУнзодаву Ғ.Гулом, Б.Карбобоеву Зулфия ва дигар
чеҳраҳои муосири ин мардум маълумот надоигганд. Андаке
Чингиз Айтматовро бо «Прошахх, Гулсарй»-аш мешинохтанд.
Вакте ки ман дойр ба сарнавишти Л.Толстой, Достоевский,
Маяковский, С.Есенин, М.Шолохов ва даҳо дигарои нақл
мекардам, геологҳои русй ҳайрон мемонданд ва ҳамон Слава
Гришин мегуфт: «Мо ба бузургони шумо зарурат надорем,
онҳо ба до ниши чаҳонй чизе зам накардаанд, аммо Пушкини
мо вокеан бузург аст». Он бадбахт кай медонист, ки
гузаштагони Пушкин аз кадом кавм асту авлодони Петр аз
кучо ба Россия омадаанд. Албатта, кӯшиш мекардам, ки бо
онҳо ба баҳс дода нашавам, зеро фонда надошт.
Бузургманишиашон хеле боло буд. Аммо банда худамро ба
он тасалло медодам, ки аз онон беҳтар дар бораи адабиет
маълумот дар ихтиёр доштам. Барномаҳои таълимии
даврони шуравй барои миллиятҳои ғайрирусӣ аз беҳтаринҳо
буданд. То чое моро мачбур месохтанд, ки адабиёту фарханги
шУравиро хубтар шинохта бошем. Дар мачмУъ худро
90
вобаста ба рафтори ношоями ҳамкорони шУравиам нороҳат
медидам.
Ниҳоят, рУзи охири Рамазон низ расид. Афғонҳо шаби
18-уми ноябр боз аз хаймаҳо берун шуданд ва худро барои
дидани моҳи нав, ки аз огози Иди Рамазон шаҳодат медод,
омода сохтанд. АфсУс, ки боз дида натавонистанд ва аз
радиои Кобул шуниданд, ки дар Арабистони Саудй моҳи
навро ба мушоҳида гирифтаанд. Ба ҳамин тариқ, рӯзи 18-
ум-мутобик ба 29 Ақраб дар кишварҳои исломӣ оғози Иди
Рамазон эълон карда шуд. Се рӯз рухсатй буд. Рӯзи охири
Ид ба якуми Қавс рост меомад. Мусулмонон як моҳ ин
рӯзро интизорЯ кашиданд. Ҳамкорони афғонии мо ниҳоят
шоду хуррам маълум мешуданд. Вакте ки аз радиои Кобул
иттилоъ пайдо карданд, ҳамагӣ «фардо ид, фардо ид», -
гӯён хурсандӣ мекарданду кулоҳҳои худро ҳаво медоданд.
Аз ин ҷост, ки дохилиҳо то рӯз интизорй накашида, шабона
Шайдоро тарк карда, сУи Ҳирог раҳсипор гардиданд. Ин
ба он хотир буд, ки пагоҳии 18-ум дар намози ид, ки дар
Масчиди чомеи Ҳирот баргузор мегардид, иштирок намоянд.
Мо шаби идро дар хаймаҳои хеш гузаронда, пагоҳӣ
барвақт сӯи Ҳирот ҳаракат намудем. Максад ин буд, ки
рӯзҳои идро дар шаҳри сарҳадии Кушка гузаронем. То ба
Ҳирот расидан сари роҳ бояд мавзеъи Зиёратгоҳро убур
мекардем. Зиёратгоҳ шаҳри мурдаҳоро мемонд. Мардуми
зиёде ба гуруҳҳои сесад-чорсаднафарй таксим шуда дар
атрофи мазори авлодону макбараҳои авлиёҳову хочагон
қарор доштанд. Асосан авлодону хонаводаҳо чамъ шуда
буданд. Зиёратгоҳ дар 8-10 километрии шаҳри Ҳирот чойгир
шудааст. Зиёратгарон дегҳо гузошта буданд ва зери ҳар
кадом оташ 6о дуди ғализи худ ба чашм мерасид. Дудҳо
ҳархела буданд, зеро маводи сУхташон низ фарк мекард.
Мардум бо либосҳои идона гузаштагони хешро ёдоварй
мекард. Ҳатто бачахои шаш-ҳафтсола дар cap дасторхои
сафед доштанд. Бонувон дар тан болопушҳои ҳаррангаи
дароз ва дар сарҳошон рӯймолҳои калони сафед пУшида
буданд. Роҳи асосй аз миёни издиҳоми зиёратгарон мегузашт.
Азбаски ронандаҳои мо ид доштанд, як геологи рус сари
ҷилави мошин к;арор дошт. У боэҳтиёт мошин меронд, то
ки ба касе зарар наорад.
Воқеан, тамошои ачибе буд. Ниҳоят ба Ҳирот расидем.
Паспортҳои мо дар ихтиёри Федосеев С.Д. буд.
Мутаассифона, эшон ба Кушка рафта будааст. Набудани У
моро сахт асабй сохт. Мачбур будем, ки рӯзи аввали
рухсатиро дар кароргоҳи роҳсозони Шӯравӣ гузаронем.
91
Федосеев бегоҳии 18-ум 6а Ҳирот баргашт. Рӯзи дигараш
чониби Кушка ҳаракат намудем. Аз Ҳирот то Кушка 120 км
роҳ буд. Ин шоҳроҳро шӯравиҳо сохта буданд. Дар тУли
роҳи дусоата то сарҳади Афғонистон манзараҳои дилчасп ба
назар нарасид. Фақат теипаҳои сурху сиёҳро медидему бас.
Кароргоҳи сарҳадчиёни Афғонистон бо номи Тургундй ёд
мешуд. Ин чо як аскари салладорро бо автомати
«Калашников» дидем, ки сарҳадро бонй мекард. Мо аз мошин
поён шуда бо У салому алейк намудем ва сипас кумондони
сарҳадро пурсон шудем. Ману он аскар сӯи хонаи иқоматии
қумондон роҳ пеш гирифтем.
Мутаассифона, дар хонааш пайдояш накардем.
Духтараш ба мо гуфт, ки мудир ба идгардак рафтааст. Дигар
илоҷе набуд. Аз ин рӯ ба кароргоҳи сарҳадй баргаштем ва
ба ин сУву он су назар андУхтем, то ки кумондонро пайдо
намоем. Хушбахтона, У мошини моро аз дур дида будааст,
ки дав-давон ба чойи кориаш меомад. Дар масофаи 10-15
метр банда ба пегавозаш рафтам, ба иди Рамазон табрикаш
гуфтам ва худро муаррифй кардам. Эшон аз точик буданам
изҳори хушй намуда, ба маъданшиносони русй салому
алейкро ба чо оварда, сипас дохили дафтари кориаш шуд.
Ман паспортҳоро назди вай гузоштам. Қумондон ба зуди ба
шиносномаҳои мо мӯҳри ичозат.зада, ҳамзамон ба посте, ки
амри гузаштани сарҳадро мед од телефон карда, супориш
дод, ки ин меҳмононро бидуни тафтиши гумрукй ичозати
гузаппан диҳад. Банда бори дигар ба қумондон миннатдоргй
намудам ва чанд сухани таъоруфие, ки мансабдорони
афгониро аз шунидани онҳо хуш меомад, иброз доштам.
Кумондон дар посух «на,на, тарчумон соҳиб, хайр аст, шумо
меҳмони мо ҳастед, кобили ташаккур надорад, бифармоед»,
гУён моёнро аз кароргоҳаш гусел кард. Фосилаи байни
сарҳади афғониву шУравй 100-150 метрро ташкил медод.
Албатта сарҳади Шӯравй ҷиддй муҳофизат мешуд.
Сарҳадбонон сари роҳи моро гирифтанд. Қавораашон хеле
чиддй буд. Чунин ба назар мерасид, ки вайронкунандагони
сарҳад дар рӯ ба руи онон карор гирифтаанд.
Шиносномаҳоро бо диққат медиданд ва чеҳраи ҳар кадоми
моро бо акси болои шиноснома мукоиса мекарданд. Нозири
сархад, шиносномаи бандаро ба даст гирифту ба ришу
мУйлабҳои дарози ман назар андУхт ва хулоса баровард, ки
соҳиби акси шиноснома банда ҳастам. Баъдан моро ба
хоначаи дигаре даъват намуда, анчомҳоямонро тафтиш
карданд. Чизи шубҳаноке ба назарашон нахӯрд. Сипас
ичозати аз сархад гузаштанро доданд. Баъди чанд лаҳза мо
92
вориди шаҳрчаи низомии Кушкаи Туркманистон гардидем.
Дар меҳмонхонае чой гирифтаем. Мо дар кӯчаву хиёбонҳо
озодона мегаштем, зеро ин шаҳрча гУшае аз ватани мо буд.
Русхо ба зудй худро ба почта заданд, то ки ба хонаҳошон
телефон кунанд. Онҳо дигар ба тарчумон зарурат надопгганд.
Бояд гуфт, ки дар ин рухсатй шӯравиҳои дигар низ ба Кушка
омада буданд. Ман чандин касонро дидам, ки аз гурӯҳи
маъданшиносони руся буданд. Бо Слава ба телефонхона
даромадам ва дидам, ки Коваленко ба шаҳри Орчоникидзе
занг мезад. Вай чунон кайф дошт, ки аз духтараш мепурсид,
ки «канй зани ман». Духтараш аз он тараф «падарчон, ин
ман мегуфт», аммо ӯ ба чои ҳолу аҳволи духтарашро
пурсидан, «занам дар кучост», гУён дод мезад. Маълум шуд,
ки занаш пайдо гардид. Онҳо чанд дақиқае сУхбат карданд.
Табиист, ки моҳҳо дар кишваре бе оила зистан, сахт буд.
Аз ин рУ, дар тасаввури Коваленкои ғариб низ на фарзандон,
балки завчааш чарх мезад. Вахте ки ман ба Коваленко тарзи
сӯҳбаташро бо телефон ошкор сохтам, У дар ҳайрат монда,
«наход ки духтарамро аҳволпурсй накардаам», мегуфт.
Бовар намекард, вале ба холи худ механдид.
Банда, ки дар Душанбе телефон надоштам, беташвиш
будам. Ба клуб даромада, чанд соате ба сакабозй худро
масруф сохтам. Ҳамроҳонам бошанд, баъди занг задану худро
ором эҳсос намудан, ба кабобхонахо даромада, аз шароби
«водка», ки ин чо фаровон буд, лаззат мебурданд. Ман фақат
кабоб хУрдаму дигар бо онҳо хамроҳй накарда, ба тамошои
шаҳрчаи Кушка дода шудам. Ин як шахри начандон калони
сархадй буда, бошандагонашро бештар низомиён ташкил
мед од. Туркманҳо хеле кам ба назар мехУрданд. Чунин хам
шуд, ки чое маро ду милисионер нигоҳ донгга, чанд саволе
доданд то ки шахсиятамро маълум намоянд. Вахте ки «аз
он тараф буданам»-ро донистанд, узр хостанду истирохати
хуб орзу намуданд. Гузангга аз ин, ман ҳис мекардам, ки
зери назорати кормандони бехатарй будем. Чо-чо ба
мушохида мерасид, ки шахсони номаълуме пунгги сари мо
мегаштанд. Ба серя то бевактии шаб аз хавои Ватан нафас
гирифтам. Хоби шабонаам хам бароҳат гузангг.
Бистуми ноябр бо як. чах он ноумедй бо худ нишониҳое
аз хУроквориҳои Ватан харидорй намудему боз худро ба
шоҳроҳи Кушка-Ҳирот задем. Барой баргаштан пойҳо
ҳаракат намекарданд. Русҳои ҳамкорам дилшикаста маълум
мешуданд. Ин лаҳзаҳо онҳо хаҳрашонро ба воситаи дуди
сигарет мебароварданд. Аммо чй илоч? Мо дар хизмати Ватан
будем. Бо амри хамин хизмат худро тасалло медодем. Бегоҳй
93
6а Ҳирот расидем. Азбаски ин чо икоматгоҳе надоштем, сӯи
қароргоҳи кориамон Шайдо роҳ пеш гирифтем.
Баъд аз Иди Рамазон боз корҳои маъданшиносй идома
ёфтанд. Кормандони афғонй ҳам пайдо шудан гирифтанд.
Дар ин рӯзҳо худро бад эҳсос мекардам, зеро ба дарди гулУ
гирифтор шуда будам. Рузе се маротиба бо ширу сода худро
табобат мекардам. Ин рӯзҳо ду нома аз акрабо расид, якеаш
аз хоҳарам Аноргул ва дуюмаш аз бародари калониам -
Холназар. Такрибан ҳарду мактуб як маънй донгг. Бародарам
масъалаи ба шавхар баромадани Аноргулро ба миён гузошта
буд ва мехост, ки ман ба рухсатй биояму дар тӯйи арУсии
хоҳарамон бо онҳо бошам. Аноргул низ дар бораи чавонеро
дУст доштанаш менавипгг ва фикри бандаро гирифтан мехост.
Ман ба онхо навиштам, ки: «Дил дили Зайнаб». Ба
дӯстдоштааш ба шавҳар дихед, ман розй ҳастам. Вобаста ба
мавзУи ба рухсатй рафтанам, онҳоро воқиф сохтам, ки холо
ин масъаларо назди роҳбарон нагузонггаам ва шояд ба рухсатй
намеравам. Бо хамин мазмун 29-уми ноябр ду мактуб
навиштам ва ба воситаи роҳсозони Ҳиротй ба Кушка
фиристондам.
Ман чун ҳарвакта дар хайма мемондам. Такрибан
ҳамарӯза кӯчиҳо барои як порча нон пайдо кардан ба
кароргоҳи мо меомаданд. Дар миёни онхо писарбачае буд,
ки гоҳе аз ҳамроҳонаш чудошуда, худ танҳо дуртар аз
хаймаи мо карор мегирифт. Уро афғонҳо мезаданд ва бо
ресмоне дар пояи хаймаашон мебастанд. Банда чанд вакт
ин лаҳзаҳоро ба мушоҳида гирифта, токат накардаму дахолат
намудам.Ин коратон хуб нест, гуфтам ба онхо. Охир, ин
кУдак инсон аст, зиндагии даҳшатбор, нодориву бенавой Уро
ба чунин ҳолат гирифтор кардааст, пас чаро ин бечораро
азият медиҳед? Онхо дар чавоб изхор медоштанд, ки ин
бечора нест, балки дузд аст, вайро аз ин чо рондан лозим
аст. Ман бошам ба афгонҳо муқобилият нишон дода,
писараки беҳолро аз банд халос карда, пораҳои нонҳои
хушкро ба халтааш меандохтам. Вай ин ходисаро ба
ҳамроҳонаш кисса кардааст ва гуфтааст, ки як шуравй Уро
аз чанголи афғонҳои худи начот додааст. Рузи дигар, он
писарак боз пайдо шуд. Ин дафъа дар масофаи бист метр
аз хаймаи мо карор гирифта, бараҳм-бараҳм сУи ман
менигарист ва бо ишораи даст сУи даҳон бурдан, нон
мепурсид. Ҳамзамон чониби хаймаи афгонҳо назар меандУхт,
то ки боз ресмонбандаш накунанд. Банда боз нонпораҳоро
чамъ карда ба У мед одам. Писарак аз шодй оби дида мекард
94
ва «ташаккур мистер, ташаккур мистер», гУён бо чашмони
ҳарос, ба роҳаш пас мегашт. Борҳо медидам, ки чунин
бечорагонро афғонҳо сангборон мекарданд, мезаданд.
Мутаассифона, дар чомеаи афғонй ба ин кабил эхтиёчмандон
бисёрҳо дучор омадан мумкин буд. Барой май он чиз
тааччубовар менамуд, ки онҳо нони сафед ва конфети
коғазпечро намешинохтанд. Агар ба онҳо порае нони сафед
медодам, онро ин руву он рӯ гардонда, барои газида хӯрдан
чуръат намекарданд. Ба ин маънй, рУзе хаймаи моро чанд
тан аз чунин бечорагон гирд карданд, то ки онҳоро аз
гуруснагй наҷот бидиҳем. Русҳо хеле мардуми раҳмдил
мешаванд. Онҳо барои талбандаҳо нони сафед ва конфет
доданд. Бо дидани нони сафед, онон аз мо дур шуданд,
гумон карданд, ки чизи сафед ягон маводи таркандаест ва
мо мехохем, ки онхоро тарконем. Ин холатро дида, ба форси
фаҳмондамшон, ки на, ин маводи тарканда нест, нон аст,
нони сафед. Якеаш ба тарс-ба таре наздиктар омад ва нонро
ба дасташ дошта, хуб назора кард, бУй кашид ва сипас зери
дандон чй будани онро санчиданй шуд. Конфети коғазпечро
бошад рУи тахтасанге гузошта, бо санги дигар онро задан
гирифтанд. Банда, боз ба ёрии онхо расиданй шуда, гуфтам:
«О, чУча, он чизе нест, балки чоклет аст, чоклети коғазпеч,
ширин аст, як дафъа ба забонат мон, баъд мефаҳмй, ки чй
ҳаст». Он рУз бечорагони афғонро аз анвои ғизо огоҳ сохтам
ҳам ба сафед будани нон боварӣ ҳосил карданд ва хам бовар
намуданд, ки чоклет хам коғазпеч мешудааст. Аз истилоҳи
инглисии конфет - чоклет истифода кардан ба ин хотир
буд, ки онхо ба ин мафхум ошно буданд, зеро инглисҳо сад
сол дар ин кишвар таъсир доштанд. Аз ин чост, ки бисёре
аз номҳои маводи хУрока ва лавозимоти дигар миёни мардум
ба ингилией маъруфият дорад. Масалан, стаканро гелос ном
мебурданд.
Табиист, ки даврони шоҳй хеле даҳшатбор ба назар
мехУрд. Таассуфовар аст, ки акнун чунин камбизоатй ва
нодориро дар чомеаи точик мебинам, ки дар хар сари қадам
садҳо талбандагони кУчимонанди афғонро ба мушоҳида
гирифтан мумкин аст.
«Мусулмонони Ӯзбекистон»
Ин унвони филми мустанаде буд, ки бегоҳии 29-уми
ноябр дар Шайдо бо ташаббуси Ҷамъияти дӯстии афғону
ШУравй намоиш дода шуд. Ин филмро чи шУравиҳо ва чй
95
афғонҳо бо дилгармй тамошо кардем. Филм ба рӯзгори
мусулмонони Ӯзбекистон бахшида шуда буд. Мулло Бобохон
- сардори мусулмонони Осиёи Миёна чанде аз намояндагони
кишварҳои исломиро, монанди Арабистони Саудиву
Покистон, ба ҳузури хеш мепазирад. Меҳмононро бо
дастхатҳои нодири кадима, ки бо хати арабй навишта шудаанд
ва китоби мукаддаси дини Ислом -Қуръон ошно месозад.
Ҳамзамон дар масҷиди ҷомеи Тошканд меҳмонон бо
мусулмонони ин шаҳр намоз мегузоранд. Филм ба таҷлили
зодрӯзи Расули Акрам-Муҳаммад (с) ба поён мерасад.
Бахусус, лаҳзае ки сурае аз Қуръони Карим дар
қироати кории масҷид садо дод, афғонҳоро ҳаячон фаро
гирифт. Онҳо, ки рӯи замини пурхок менишастанд, ҳангоми
даст ба дуо баланд кардани қорӣ, хамагй ду даст ба рӯй
кашида, омин гуфтанд. Баъзе аз афғонҳо ба эҳсосот омада,
ашк мерехтанд. Вақте ки филм поён ёфт афғонҳо гирди
банда чамъ омаданд ва як савол ба миён гузопгганд: чаро
чунин филмҳое, ки аз рӯзгори мусулмонони шӯравй ҳикоят
мекарда бошанд, кам ба намоиш гузошта мешаванд? Гап дар
ин аст, ки расонаҳои хабарии Ғарб чунин маълумот пахш
мекарданд, ки гӯё русҳо баъд аз тасарруфи Осиёи Миёна
ҳама мусулмонҳоро ба қатл расондаанд. Аммо бо тамошои
филми мазкур афғонҳо боварй хосил карданд, ки дар
Шӯравӣ мусулмонҳо будаанд ва ҳама расму русуми исломй
риоя мешудааст. Аз сӯи дигар, онон дар филм ҳеч гуна
сохтакориро ба мушоҳида нагирифтанд, балки он чи 6а навор
бардохпта шудааст, воқеият дорад.
Чунин филмҳо метавонистанд меҳру муҳаббати
афғонҳоро нисбати ШУравй афзоёнад, зеро дар тасаввури
онҳо гӯё Шӯравй кишварест, ки ба ғайриисломиҳо иртибот
мегирифт. Ҳол он ки дар сохтори Шӯравй ҳафт чумҳурии
исломимазҳаб вучуд дошт ва миллатҳое бо номҳои точик,
Узбек, туркман, қирғиз, казок, тотору осетин (кисман), озар,
чечен, инчунин, доғистонй мусулмон буданд. Вобаста ба ин
чиҳат, баъзе афғонҳое, ки маълумоти олй ва миёна доштанд,
савол медоданд, ки оё дар Шӯравй фақат Узбекҳо
мусулмонанд?
Яъне ба филм чунин ном гузоштан ҳамин маъниро
медод. Беҳтар мебуд, агар филм «Мусулмонони Осиёи
Миёна ва ё Шӯравй» номида мешуд. Камбудии дигари филм
дар он буд, ки мусулмононро факат вакти намоз гузоштан
нишон медод. Мебоист зану марди му су л монро дар сари
дастгоҳҳо, макотиб ва дигар сохоти зиндагй рУи навор
мегирифт. Он вакт таъсири ташвикиву тарғибии филм боз
96
ҳам боло мерафт. Ҳарчанд ки банда ба ҳама саволҳои
афғонҳо посух медодам ва мегуфтам, ки дар Шӯравй ҳукуки
ҳама кавму миллиятҳо баробар аст ва ҳеч гуна фишори
диниву мазҳабй дар миён нест, афғонҳо боз шубҳаомез сУи
ман менигаристанд.
Зиёрати Хоҷа
Ансорӣ ва Хоҷа Ғалтон
Дар шаҳри бостонии Ҳирот зиёратгоҳҳои зиёде
мавчуданд, аммо ин ду зиёратгоҳ миёни мардум бештар
шӯҳрат доранд. Туристҳои хоричй ба тамошои зиёратгоҳҳои
мазкур майли хоса зоҳир менамоянд. Ҳамарӯза одамон ба
ин зиёратгоҳҳо мераванд. Воқеан, ҳам Хоча Ансорй ва ҳам
Хоча Ғалтон тамошоғоҳҳои хубанд. Банда низ таърифҳову
киссаҳо шунида будам, аммо дар давраи аввали дар Ҳирот
буданам, вақти зиёрат ва тамошои онҳоро надоштам. Давраи
дуюм, ки ба Ҳирот омадаму бештар аз як моҳ дар минтақаи
Шайдо ба кашфи маъдан машғул ҳастам, дар назди худ
вазифа гузоштам, ки ин ду зиёратгохро ҳатман бубинам.
Вале ҳар ҳафтае, ки барон харидории маводи ғизой ба бозори
Ҳирот меомадам ҳеч фурсати муносиб пайдо намекардам,
ки ба ин ниятам чомаи амал пӯгаонам. Боре бо Юра
Серебряков дар мошини Халифа Юнус ба Ҳирот омадему
аз пайи ичрои ин орзу шудем. Аввалан роҳ сӯи мазори Хоча
Ансорй пеш гирифтем. Йн мазор дар масофаи панч километр
дуртар аз Ҳирот чойгир шуда буд. Аз дур карияи Хоча
Ансорй ва бинои зиёратгохро дидан мумкин буд. Дар назди
дарвозаи зиёратгох аз мошин поён шудем. Атрофи он бо
девори баланде иҳота шуда, дарвозаи даромадаш дутабакаи
чӯбин буд. Зиёратгарону тамогаобинони зиёде гирди он хисор
мегаштанд, яке дуо мекарду дигаре аккосй менамуд. Мо низ
хеле ин сӯву он сӯи хисорро наззора карда, сипас ба
даромадгоҳ наздик шудем, то ки ба хавлии он, ки марқад
он чост, дохил шавем. Аз рӯи қоида ва эҳтиром ҳамагон
пойпӯшу кафшҳои худро беруни дарвоза мегузоштанду
«бисмиллоҳи раҳмонир раҳим» гУён пой ба дохили
зиёратгоҳ мемонданд. Албатта, мусулмонҳо «бисмиллоҳ»
гУён ворид мешуданд аммо ба хоричиён, ки насронй буданд,
риояи ин русум шарт набуд. Касе ичрои ин талаботро назорат
намекард. Ҳама озодона вориди зиёратгох шуда
метавонистанд. Ҳар кореро, ки ман мекардам, Юра низ
97
онро 6а таври сунъй ичро менамуд. Вай бештар ба сурат
бардоштан таваччУХ зоҳир менамуд. Ман ҳам, ки бори аввал
чунин манзараро медидам, ба шореҳе эҳтиёч доштам, то ки
дохили зиёратгоҳро бароям шарҳу эзоҳ диҳад. Ин вазифаро
ронандаамон Халифа Юнус ба Ухда донгг.
Саҳни дохилии мазор хеле васеъ ба назар мерасид.
Гирдо ба гирди он аз ҳучраҳои якнафарй иборат буд. Дар
ҳар ҳучра як кас менишаст ва болои зонувонаш китоби
Қуръонро нигоҳ дошта, ба кироат машғул буд. Инҳо
шахсони чиланишин буданд, ки моҳҳо ришу мӯи cap ислоҳ
иамекарданд. Сару либосҳояшон даридагй ва баданашон ба
ғайр аз чойҳои шарм урён маълум мешуд. Баъзе аз онон
солҳо ин чо менишастаанд. Сару гардан ва мӯйхои сарашонро
шапуш зер карда буд. Онон ҳеч rox cap боло иамекарданд.
Гӯё аз одамони тамошобин шарм медоштанд. Дар
чехрахошон нишонии инсони зиндаро ба мушоҳида гирифтан
душвор буд. Маълум шуд, ки ин тоифа аз хисоби пули
даромаде, ки зиёраттоҳ ҳамарӯза ба даст меовард зиндагй
менамуданд. Яъне вакти муайян хУроки гарм медиданд.
Мазор маъмурият дошт ва чандин касон хизмат адо
менамуданд. Барой дохил шудан пули муайян таъин набуд,
балки хар кас ба кадри ҳиммат ба сандукча мепартофт.
Масалан, мо бист афгонй андохтем, Юнус, ки дохилй буд,
даҳ афғонӣ лозим дид. Даромади пулии зиёратгохи Хоча
Ансорй ба назарам хеле зиёд буд, зеро мисли бозор одамон
мебаромаданду медаромаданд. Ягон гУшаи зиёратгох холй
намемонд. Сипае ба назди маркади Хоча Ансорй омадем.
Атрофаш панчара дошт. Гӯр гаакли гаҳворамонандро
мемонд. Болои гУр 6о бахмалҳои накшу нигордори парчай
пУшида буда, рУи он оятҳое аз Қуръон ба назар мерасид.
Навиштачоте хам сари санги гУр дар бораи шахсияти Ансорй
сабт шуда буд. Дар сари гӯри Ансорй як сутуни мармари
сафед меистод. Сутун хеле зебо маълум мешуд. Санъати
кандакориаш аз санъати меъмории қарни ХУ шаходат медод.
Дар паҳлУи чапи гУр дарахти бузурге карор дошт, ки
номашро Хинчак мегуфтанд. Ин дарахт кадимй буд. Аз рУи
нақли ришеафеде, ки назди мо истода буду хатҳои болои
гӯрро хонданй буд, маълум шуд, ки ин дарахт кабл аз фавти
Ансорй шинонда шудааст. Тамоми бадани дарахт мехчакУб
шуда буд. Дар шоҳидии мо чанд тан зиёратгарон аз чайби
худ мех бароварда, ба нияте ба бадани дарахт мекУбиданд.
Ба назарам бадани ин дарахт ягон чойи обод надошт. Аз
бехи ҳар мехча гУё катраҳои хун чорй мешуд. Қатраҳо хушк
98
туда буданд. Факат изи шоридаи онхо ба мушоҳида мерасид.
Албатта, ин мехчазанихо ба тоифаи мутаассуб тааллук дахл
дошт. Сабаби мехкӯбиҳоро мефаҳмидам, вале барон Юраи
маскавй ин чиҳат мӯъҷизаеро мемонд ва аз ин чост, ки чанд
дафъа акси он дарахти мехчазорро гирифт. Табиист савол
хам дод, ки ин мехчазанихо чй маънй дорад? Банда шархи
онро аз Мӯйсафеди паҳлуям пурсон шудам, ки гуфт: «Мехро
касе ба бадани дарахт мезанд, ки ӯ ба Хоча Ансорй эътикоду
ихлос дорад. Ин хоча хар дардро шифо мебахшад. Масалан,
шахсе хает, ки дандонаш дард мекунад. У ба нияти шифо
ёфтан ба ин даргох меояд ва мехе мекӯбад. Баъди чанд
лаҳза дарди дандонаш сиҳат меёбад. Ба хамин монанд, заифе
ҳаст, ки дарди бефарзандй мекашад, ё ба мушкилоти дигаре
рӯ ба рӯст бо мех задан худро барохат эҳсос менамояд...»
Дониши дигаре, ки аз дохили ин зиёратгох барои худ
гирифтам он буд, ки хама чиланишинон гуноҳҳои сахти
нобахшиданй содир карда буданд. Дар миёни онҳо ашҳосе
хам карор дошт, ки инсонеро ба катл расондааст, ба духтаре
дасти тачовуз дароз намудааст, ё молу мулки шахей ва
давлатиро ба яғмо бурдааст ва онон аз тарафи давлат чустучу
мешуданд. Хоча Ансор ба он дарача шахсияти бузурги
исломй будааст, ки каси гунаҳгор агар тавонад ки хину
таъкиб худро ба дохили зиёратгох пинҳон намояд, ҳатто
шоҳ қудрати ӯро аз ин чо берун кашидану зиндонй сохтанро
надонггааст.
Чунонки дида мешавад, Хоча Ансорй миёни мардуми
Афгонистон ва табакаи камсаводи он ҳамчун шахсияти
мазҳабй шӯҳрат дорад. Уро бенггар на осори илмиву фалсафй
ва адабиаш, балки ривоятҳо ва киссаҳое дар бораага маъруф
сохтааст. Аз ин чост, ки на хар шахеи зиёратгар Ансориро
дуруст мешиносад. Ба ибораи дигар, чаро Ансорй ба сифати
бузургворе эътироф гардидааст, барон бисёриҳо маълум нест.
Уро ҳамчун мазоре зиёрат мекунанд. Ҳол он ки ӯ яке аз
олимони барчастаи қарни XI-и дунёи форсизабон мебошад,
ки дар борааш асарҳои зиеде таълиф шудаанд. Акнун афсӯс
мехӯрам, ки маълумоти болои сангҳо ва сутуни он
мавчудбударо ёддоигт накардам, вагарна холо дар бораи
зиёратгоҳи Хоча Ансорй маводи чиддитареро барои
хонандагон пешниход кардан мумкин мешуд. Ҳамон айём
шояд ба моҳияти ин зиёратгоҳҳо худам дуруст сарфаҳм
намерафтам. Бо хамин кадар мушоҳидаву дониш Хоча
Ансориро тарк гуфта, роҳ сӯи Хоча Ғалтон пеш гирифтем.
Сари роҳ аввалан маркади Абдуррахмони Чомиро бори
дигар зиёрат намудам. Ин чо хам Юра чанд аксе бардошт.
99
Истилоҳи Хоҷа Ғалтон худ мӯъчизаосо буд. Он ҳам аз
марқаде иборат буд, ки ба Хоча Ғалтон нисбат дода мешуд.
Ин шахсиятро ҳамчун валй мешинохтанд.
Валигарй байни муслимин мартабаи баланде буд. Ҳар
бузургро валй гуфтан раво набуд. Валигии ӯ дар он зоҳир
мешуд, ки ихлосмандонро ғел медод. Қаблан маро номи ин
зиёратгоҳ бештар мутаваччеҳ сохт -Хоча Ғалтон. Чй навъ
хода будааст, ки ба он номи Ғалтонро пайвастаанд? Ин савол
чавоб мехост. Барой дарёфти ин савол манзараи Хоча
Ғалтонро аз наздик дидан лозим омад. Могаинро Юнус
дуртар аз зиёратгох нигоҳ донгг. Зиёратгарони бисёр дар
атрофи майдони мазор карор допхтанд ва ҳамагй ба поён
менигаристанд. Аз дур чунин ба назар мерасид, ки часадеро
ба хок супурда истодаанд. Вакте ки наздиктар омадем,
дидем, ки дар пойгоҳи марқади валй майдончае ба ҳачми 20
ба 20 мавчуд буда, рӯи он регу сангмайдаҳоро ҳамвор карда
буданд. Он майдон шакли сурфаро дошта, атрофашро девори
хиштии начандон баланде оро медод. Хоча Галлон дар даште
чойгир буд. Во ин ном карияе дар наздикиҳо ба мушоҳида
намерасид. Дар мобайни он майдончаи суфамонанд
тахтасангеро гузошта буданд, ки вазифаи болиштро адо
менамуд. Ман шунида будам, ки он тахтасанг одамро ғел
медиҳад. Мо низ дар паҳлуи тамошогарон қарор гирифтем
ва омодаи мушоҳида шудем. Аз гУшае марде кафшҳояшро
бароварда ба як сӯ гузошт ва ба он майдонча поён шуд.
Байни майдон ришсафеди тахминан 60-70 солае меистод, ки
ҳама амали Хоча Ғалтон ба ӯ вобастагй дошт. Он мард даҳ
афғонй ба довар дод ва сарашро болои тахтасанг гузошта
дароз кашид. Чашмонашро маҳкам кард, дастонашро бо
баданага рост намуд. Сипас мӯйсафед болои сари ихлосманд
омада, хам шуд ва бо ду даст гӯшҳои ӯро молиш доду
«бисмиллоҳ» гУён вайро андаке тела дод. Баъдан ғел хӯрдани
мард то замоне, ки муйсафед Уро нигоҳ надошт, идома ёфт.
Ғел хУрдани шахс ба чониби қибла бояд сурат мегирифт, он
чо, ки боз як санги мармарии сафед нишонй гузошта шуда
буд. Ривоят мекарданд, ки агар кас бегуноҳ бошад, валй
ӯро 6а сӯи кибла чониби он санги сафед ғел медодааст, агар
кас гуноҳи зиёд дошта бошад, вайро валй ба дигар су
меғелондааст. Вакте ки он мард бо ёрии муйсафед аз чо
баланд шуд, чанд лаҳза аз роҳгардй монд. Чашмонаш суп-
сурх шуданд. У ба ҳуш омада самти ғелхӯрдаашро медид,
то ки бегуноҳ буданашро фаҳмад. Бар асари ғел хУрдан,
хун ба сараш зада буд ва чашмонаш сурх шуда буданд. Мард
аз бегуноҳиаш хурсанд буд. Фақат мегуфт: «Худоё,
100
гуноҳҳоямро бубахш». Ман ба Юра назар андӯхта вокеияти
манзараи ғелхӯриро пурсон шудам. У низ тасдик кард, ки
дар ғелхӯрии мард ягон шубҳае набуд, худаш ғел мехӯрд,
агар вайро мУйсафед нигоҳ намедошт ба он санг бархУрда,
хуншор шуданаш аз имкон дур набуд.
Бо поён ёфтани манзараи аввал марди дигаре поён шуд
ва мисли он каси пештара дароз кашид. Мӯйсафед
гӯшҳояшро молиш дод ва «бисмиллоҳ» гуфта як ғелаш дод,
вале ӯ ғел намехУрд. Ришсафед саросемавор боз ғелаш дод,
аммо боз ғел нахӯрда, балки аз чояш парида хест ва хандид,
ки У аз вали зӯртар баромад. Ин чавон 6а шахси зиёӣ каробат
дошт ва банда аз эшон савол кардам, ки чаро шуморо ғел
надод. Вай чавоб дод, ки ба Хоча Ғалтон ихлос надорад ва
бовар ҳам намекунад. Касоне ғел мехӯранд, ки ба таассуб
дода шудаанд ва ба ҳар бофтаву дурӯғи шахсоне чун ин
ришсафед бовар мекунанд. Нақл карданд, ки боре
Зоҳиршох ҳини сафар ба Ҳирот аз зиёратгоҳҳои он дидан
карда, ба Хоча Ғалтон ҳам омадааст. Шох бегуноҳии худро
санчиданӣ шуда, сарашро болои тахтасанг гузошта, ба
мӯйсафед амр кардааст, ки ӯро ғел диҳад. Ришсафед амри
шоҳро ичро кардааст, вале шоҳ ғел нахӯрдааст. Ин чиҳатро
падидаи мусбат эълон кардаанд ва гуфтаанд: «Ҳазрати шоҳ
аз ин валӣ валитару зУртар будааст». Зоҳиршоҳ ҳам бо ин
дурӯғ бовари ҳосил карда ва шояд дар ботин гуфтааст:
«Ихлос надорам». Ин ҳама бофтаҳои мутаассибин ҳастанду
бас. Бо вучуди ин, баъд аз ин ҳодисаи мазкур миёни мардум
шиори: «Шоҳ вали аст, аз Хоча Ғалтон зӯртар аст» паҳн
мегардад.
Чунонки гуфтам, ин зиёратгоҳҳо бештар чанбаи
истироҳатй доранд, на мазхабй. Касеро ба мушоҳида
нагирифтам, ки вақти ба зиёратгоҳ ворид шудан, 6а чояш
нишаста дар ҳакки гузаиггагон даст ба дуо боло карда бошад.
Ҳар касро, ки медидам 6а тамошои чиланишинон ва ғелхУрии
одамони ихлосманд машғул буд. Ба ҳар навъе, ки буд, ин
рӯз аз тамошои зиёратгоҳҳои номбурда ҳаловат бурдам. Ин
саёҳат панч-шаш соат давом намуд. Юра хеле аккосӣ кард.
Сипас соатҳои панҷи бегоҳ боз роҳ сӯи Шайдо пеш
гирифтем.
Ба ҳамин тарик, сафари дуюми банда ба Ҳирот 26-
уми декабри соли 1971 хотима ӯфт. Гурӯҳи мо ба Кобул
омад. Мавсими зимистон, одатан, ба корҳои амалии
маъданшиносй машғул мегаудем. Дар ин корҳо тарчумонҳо
ҳам ҳисса мегузоштанд. Ман дар Бибй-моҳрУ ном минтақаи
101
Кобул, ки дар сари роҳи майдони ҳавой мавкеъ дошт, кор
мекардам. Корамон муқаррарӣ буд.
Саққабозӣ (биллиардбозй)
Ба ин навъи бозӣ хеле барвақт завк пайдо кардам. Ҳанӯз
солҳои таҳсил дар ОмУзишгоҳи педагогии Кӯлоб ба боғи
истироҳатии Ленин мерафтам. Он чо толори саккабозй буд.
Мудираш акай КУлобй мизи хурдеро барои ман чудо мекард,
то ки аввал дар мизи хурд бо саккаҳои хурд ин бозиро
машк кунам. У хамеша наззора мекард ва тарзи доштани
чуб ва ба якдигар задани саққаҳоро ёд медод. Дар ин муддат
ҳаққи хидмат талаб наменамуд. Вақте ки аз имтихони акай
КУлобй гузаштам, ичозати дар мизхои калон бозй карданро
дод ва хам бист тину ей тинамро мегирифтагй шуд. Баъдан
ба ҳар чое, ки мерафтам, ин навъи бозиро идома мед одам.
Хушбахтона, дар клуби шаҳрчаи Нодиршоҳӣ низ чанд мизи
калони саккабозй мавчуд буд, ки вақтҳои истироҳат ва бекорй
ба ин бозй маштул мешу дам.
Дар гурӯҳи мо ба муносибати пешвозгирии рУзи
маъданшиносон мусобикаи саккабозй ташкил гардид. То
чашн ду мох дар пеш буд. ҲамарУза баъди хатми кори
расмй ба клуб мерафтам ва чиддй омодагй мегирифтам. Дар
ин мусобиқа такрибан 60 нафар номнавис шуда буд. Ин
шаст нафар ба якдигар бозй карда, то хатми он се кас. бар
дигарон ғалаба ба даст овард, ки якеаш банда буд. РУзи
дуюми апрели сол 1972, ки ба чашни маъданшиносон рост
меомад, мусобика бояд чамъбаст мегардид. Барои ин мебоист
чойҳои аввалу дувуму сеюм муайян карда мешуд. Ҳамин
рУз аз тарафи субх байни мо мусобика шурӯъ гардид. Дар
натича банда ҷойи дуюмро гирифтам. Сардори гурӯҳамон
Чемирёв В.М., ки тоза Котовро иваз карда буд, дар вазъияти
тантанавор ғолибонро табрик гуфта, аз чумла ба ман як
баста стаканҳои гулдори хоричй хадя намуд. Дар ин
чашнвора аз сафорати Шӯравӣ намояндахо иштирок
доштанд. Баъдан мусобикаҳо байни гурӯҳҳои мутахассисини
шУравй дар сафорат идома ёфтанд...
Чанд мохи аввали соли 1972 дар муҳити шаҳри Кобул
гузашт. Моҳҳои январу феврал сербарф омаданд. Такрибан
ҳамарӯза барф меомад. Баъд аз се соли хушкеолй дар
Афғонистон, албатта серобй ба фоидаи иктисодиёти он буд.
Аз сУи дигар, кишвар ба чунин сардиҳо омодагй надошт. Аз
ин чост, ки ин зимистон бисёре аз моли майдаи мардумро
102
нобуд сохт. Баъзе шаҳру карияхоро об зер кард. Масалан,
дар вилояти Фарох селе омад, ки 1200 хонаводаро бемакони
зист гардонд. Аз каторкӯҳҳо харсангҳо хато хӯрда манзили
одамонро хароб кард. Дар матбуоти давр менавиштанд, ки
ҳар санги кандашуда то 200 тонн вазн доштааст. Чунин
сангҳо дар Кутай Сангин шаҳри Кобул низ хато хӯрданд.
Оби дарёи Ҳарирӯд чандин метр аз сатҳаш боло баромада,
боиси обхези шуд. Дар натича чанд кариячоти Ҳирот зери
об монд ва ғайра. Ин сербарфй шароити зисту рӯзгори моро
низ ноором кард. Дар назди хонаҳои истиқоматии мо барф
то 50 см мерасид. Кӯчаву хиёбонхои Кобул сари вакт аз
барф тоза карда намешуд. Рох рафгани пиёдагардхо ва
харакати мошинхо низ душвор шуд. Дар мачмУъ зимистони
соли 1972 боиси кахтй дар кишвар гардид. Хуб буд, ки дар
фасли зимистон макотиби Афгонистон ба таътил мебаромад,
вагарна чи кадар толибилмин дар азоб мемонданд.
Чунин чорабинй ба он хотир буд, ки дар мактабҳои чи
шаҳру чи деҳот марказгармй вучуд надошт. Чӯби сУхт хам
ин чо камёфт буд. Гази табий набуд, барк хам кифоят
намекард. Дар бозорхо хезумро бо нархи гарон
мефурУхтанд. Вобаста ба ин мавзУъ, метавон гуфт, ки вакти
он расидааст, ки макотиби Точикистон низ таътили
тобистонаи мактабиёнро ба фасли зимистон мувофик созанд.
Ҳатто дар нойтахти Точикистон - шаҳри Душанбе ягон
мактаб чи миёнаву чи олй гармй надорад. Ҳамасола роҳбарони
мактабҳо аз толибилмон пул чамъ карда, бухорихои барқии
сохти Эрон ва гайра харидорй мекунанд. Магар як бухорй
як дарсхонаи 40-50 касаро метавонад гарм созад? Асло не.
Гузашта аз ин, ин бухориҳо то соли дигар бокй намемонанд,
балки муаллимони эҳтиёҷманд «вайрон шуд» гуфта,
бухориҳоро ба хонахои хеш мебаранд. Соли дигар боз барои
харидории бухорй пул чамъ менамоянд. Ин холи бадест, ки
тамоми чомеаи точикро фаро гирифтааст. Аз ин рӯ, хеч чойи
айб надорад, агар Точикистон хам ба системаи таътилии
макотиби солҳои 70-уми Афгонистон баргардад. Тачрибаи
баде нест. Баръакс Ҳукумати чумҳурӣ метавонад аз
мазаммати мардум, андаке бошад ҳам, раҳой ёбад. Он даврон
ҳеч тасаввур намекардам, ки солҳое мешавад, ки мо тоҷикҳо
ба чунин рУзхои сахти бегармй рУ ба рУ меоем.
Сагҷанг
Метавон гуфт, ки дар Афғонистони даврони шоҳй чанг
андохтани сагхо як намуди спорт ва истироҳати одамон буд.
103
Ин навъи бозй, асосан, дар фасли зимистон сурат мегирифт.
Баъзан мушоҳида менамудам, ки дар кӯчаҳои Кобул шахсоне
бо сагҳои чӯпонй ва авчаркахои олмонй ба ин тарафу он
тараф медаванд. Баъдҳо фаҳмидам, ки он сагҳо барои фасли
зимистон, ки бозии сагчанг оғоз меёбад, машк дода
мешудаанд. Масалан, то ин вақт медонистам, ки аспхои
бузкаширо медавонданд ва онҳоро барои бузкашй омада
месохтанд. Гузашта аз ин, борҳо дида будам, ки ин навъ
сагҳоро ба кучое кашола карда мебурданд. Рости ran, дойр
ба мавзУи сагчанг маълумот надоштам. Андактар фаҳмидам,
ки дар Афгонистон дар баробари бозиҳои кабкчангу
хурӯсчанг бозии сагчанг ҳам маъруф будааст.
Рӯзе яке аз ҳамкорони маъданшиносам бо номи Шер
бандаро дар кУча дида, савол дод, ки оё ман сагчангро дуст
медорам? Дарҳол ope, гуфтам, дар кУдакиам худам
кучукҳоро ба якдигар чанг меандохтам. Чанги онҳо бароям
хеле чолиб менамуд.
Ин тавр ки бошад, гуфт У, - рУзи чумъа тайёр шав,
ду-се кас шуда ба тамошои сагчанг меравем. Дар заминай
ҳамин маслиҳат яке аз рӯзҳои чумъаи моҳи феврали соли
1972 Шер, Зуҳур Ёров, Абдулмачид Холов, Шохниёз
МУсоев, банда ва боз ду маъданнхиноси рус бо ду мошини
ГАЗ-69 рохи майдони бозии сагчангро пеш гирифтем. Азбаски
зимистон сард буду барф меборид либосхои гарм пУшидем.
Майдони сагчанг ба самти шоҳроҳи Кобул -Газнй, дар
масофаи ду-се километр қарор дошт. Аз дур майдон
намудор мешуд. Мошини зиёде талу теппаҳои барфпУшро
сиёҳй андохта буд. Мо низ мошинҳоро дар гУшае гузонгга,
ба издиҳом наздик омадем. Чое, ки майдони сагчанг интихоб
шуда буд, ба стадиони футбол монандй дошт. Дурусттараш
Чое будааст, ки сангу хокашро барои сохтмон кашида
бурдаанд. Яъне, майдон сунъй менамуд. Онро касе махсус
барои бозии сагчанг насохта буд. Одамони зиёде атрофи он
майдонро печонда буданд. Сагҳои чангии хеле зиёде ба назар
мерасиданд. Баъзе сагҳо дар дохили мошинҳои навъи хоричй
нигоҳ дошта мешуданд. Мардум ба ду гурӯҳ так сим шуда
буд. Яке онхое буданд, ки бо сагҳошон ва мухлисонашон аз
шаҳрҳои Кобул, Қандаҳор, Чалолобод, Бадахшон, Газнй ва
гайра омада буданд. Гурӯҳи дигар, асосан мардуми Кобул
ва гирду атрофи он буданд, ки вазифаи тамошобинро адо
менамуданд. Мо хоричиҳо ба гурӯҳи тамошобин дохил
мешудем. Гурӯҳи аввал касоне буданд, ки дар ин бозй
масъулият ҳис мекарданд ва хам фонда ба даст меоварданд.
104
Мо бошем ҳеҷ гуна масъулият эҳсос намекардем, аммо гоҳе
барои сагҳоро ба чанг андохтан соҳибонашонро ташвик
менамудем. Ин чунин маънй дошт, ки мо ба ин ё он гурӯҳ
худро мепайвастем. Агар худро ба ин ҳолат одат
намекунондем, боз кайфияти сагчангро дуруст фаҳмида
наметавонистем. Манзараи ачиб он буд, ки ҳамаи сагҳои
чангӣ сӯи сагҳои дар майдонбуда мечакиданд. Садоҳои
ҳархела: ғафс, маҳин, воҳиманок, нарм, силсиладор 6а гӯш
мерасид. Ҳар кадом аз ин сагҳои чангй бо ин чакиш аз
соҳибонашон хоҳиш мекарданд, ки бандҳоро cap диҳанд,
то ки онҳо ба чанги дастачамъӣ худро бипайванданд.
Чунин амалро сагҳои дохили мошинҳобуда низ ичро
мекарданд. Гоҳе бо сарҳошон шишаҳои мошинро мезаданд.
Баъзе сагҳо дар гирди соҳиби худ гӯё рақс менамуданд.
Тасаввур кунед, ки одамон низ бо садоҳои ҳархела сухан
мегуфтанд. Агар он замон асбобҳои сабти садоҳо мешуд,
омезиш ёфтани овози сагҳо бо одамонро хуб дарк кардан
мумкин мешуд. Бидуни мазоку ханда чунин омезишёбии
садоҳо барои мухақиккини соҳаи фонетикаи забон маводи
хубе до да метавонист. Ин чо на мавзӯи маънй, балки масоили
савтиёт дар миён хоҳад буд. Дар соҳаи забонншносй чунин
дастгоҳҳои савтиёт мавчуд аст. Масалан, хондани булбул,
кабк, бедона ва дигар паррандаҳо ба магнитафон сабт шуда,
барои табобати асаби инсон истифода мешаванд.
Тавре гуфтам, маъракаи бозии сагчанг ба тарики
команда-даста сурат мегирифт. Дар як сӯ дастаи сагҳои
Қандаҳор, дар чониби дигар дастаи сагҳои Кобул карор
мегирифт. Дигар минтакаҳо низ 6а ҳамин шакл
дастаҳояшонро чо ба ҷо мекарданд.
Қоидаи бозй ин тавр буд: дар байни майдон се довар
ва як ришсафед менингинад. Онҳо 6а чанги сагҳо бодиққат
менигаранд ва саги ғолибро муайян мекунанд. Ба ибораи
дигар, ин се нафар аъзоёни жюри буданд. Жюри саги
ғолибро бо медал, ки аз бахмали сурхи пӯпакдор сохта
шудааст, сарфароз мегардонд. Саги ғолиб бандаш дар дасти
соҳибаш ба назди жюри меомад ва яке аз аъзоёни он 6а
гардани саг медали ғалабаро меовехт. Ин лаҳза тарафи саги
ғолиб бо тамошобинони дигар карсак мезаданд. Табиист,
ки чониби саги мағлуб тарафи ғолибро ҳакорат медод ва
ғалабаи онҳоро ноҳақ мешуморид. Агар саг дар се навбат
ғалаба ба даст меовард соҳиби се чоиза мешуд. Одатан,
тамошобинон сагҳои зӯрро, ки ҳоло ба майдон
набаромадаанд, аз рӯи медалҳояшон мешинохтанд.
Бояд гуфт, ки ба майдон баровардани сагҳои чангй аз
105
рӯи хоҳиши жюри сурат намегирифт. Тарзи бозй озод буд.
Масалан, аз панҷшериҳо саге ба майдон мебарояд. Сагу
соҳибаш ба довар муаррифй мешуданд. Ҷониби дигар баъди
омӯхтани саги панҷшерй сагашро ба майдон мебаровард. Ин
ҳолат жюри харду ҳарифро барои тамошобинои муаррифй
менамуд.
Дар ин намуди бозй мисли гӯштин вазн ба назар
гирифта мешавад. Сагҳои калон бо сагҳои хурд чанг андохта
намешаванд. Ҳамаи сагҳо гарданбанд ва никоби даҳан
доранд. Саҳнаи чанги сагҳо чунин аст: ҳарду саг дар рӯ ба
рӯи якдигар қарор мегиранд Соҳибонашон аз гардани сагҳо
медоранд. Фосилаи байни онҳо ду-се метр мебошад. Ҳарду
car ҳам ба нияти ғалаба ба майдон мебароянд. Онҳо якдафъай
ба якдигар хучум намекунанд, балки аввал гӯё омодагӣ
мегиранд, сӯи якдигар мечаканд. Бо ин чакиш ҳамдигарро
тарсонданй мешаванд. Баъди гузаштани ин марҳала довар
бо ишораи чӯби даст ичозат медиҳад, ки чилави сагҳо cap
дода шаванд. Лаҳзаи оғози чанги ду car хеле чолиб ва
хотирмон аст. Ҳарду ба ҳучум гузашта чанд дакика коматро
рост карда, дастҳоро боло мекунанд. Онҳо ин лаҳза ба
гардани якдигар дастҳояшонро меандозанд ва синазанй
мекунанд. Марҳалаи дигари чанг он аст, ки саги ботачриба
аз як кашаки даҳони харифи худ медорад ва сари ҳар вақт
сахт ба ин сӯву он сӯ метилтонад. Ин манзара то 10-15 дакика
давом мекунад. Дар ин муддат саги мағлубшаванда хеле
мубориза мебарад, бо дастонаш кӯшиши кашаки даҳонашро
халос кардан мекунад. Вакте ки ба ин нияташ ноил
намешавад, беҳолона худро рӯи замин меандозад. Бо чунин
хол низ довар ғалабаро эълон намедорад, балки саги рӯи
замин хобрафта зӯр мезанад, то ки худро аз чанголи
ҳарифаш халос намояд. Саги голиб харифашро ба ин тарафу
он тараф кашола мекунад. Саги мағлуб дигар чорае наёфта,
садо мебарорад ва он садо хеле дарднок маълум мешавад.
Вакте ки нолиши саги мағлуб чандин дафъа такрор шуд, он
вакт довар саги ғолибро бо боло кардани дастҳояш эълон
менамояд. Лаҳзаҳое хам мешавад, ки саге кашаки дахони
харифашро медаронад, ё аз гулӯи он то дарачае сахт мегазад,
ки саг ба холати марг гирифтор мешавад. Дар мавридхои
дигар дасту пойҳои якдигарро майда мекунанд, чашмҳои
якдигарро мекананд. Баъзан дигар навъи мачрӯҳшавии cai'xo
ба мушоҳида мерасад.
Манзараи хотирмони дигар аз ин бозй дар он аст, ки
баъзан бо ғолиб омадани тарафе чониби дигар дар шахси
муштариёни саги мағлубгардида, ба майдон даромада
106
тарафдорони саги ғолибро заданӣ мешаванд. Сагҳо ҳайрон
мемонанду соҳибонашон ба мушту лагадзании ҳамдигар
мепардозанд. Мунокиша то он ҳад тезу тунд мешавад, ки
пулис дахолат карда, чандтои ононро бо чӯбдастаи хеш зада
маҷрӯҳ менамуданд.
Дар ин рӯз аз ҳама бештар ғолибият насиби сагҳои
панчшерЯ гардид. Вакте ки сагҳои ин минтақа медалҳоро
зиёдтар соҳиб шуданд, мэвзӯи бозори сагон пеш омад.
Харидорони сагҳои панчшерй ба ҳар саги ғолиб нарҳи
муносиб гузошта, сагҳои медалдорро соҳиб мешуданд.
Гузашта аз ин, соҳиби саг то ки сагашро ба чанг меандозад,
онро нарх мемонад. Ин ҳолат бозор миёни ду шахс, ки
соҳибони car ҳастанд, сурат мегирад. Масалан, нархи
сагҳошонро ду-се ҳазор афғони муайян мекунанд. Агар дар
чанг care мағлуб шуд, соҳибаш ба соҳиби саги ғолиб пули
таъиншударо медиҳад. Сагҳое низ ба фурӯш монда шуданд,
ки дар бадали шаш-ҳафт ҳазор афғонӣ харидорӣ гардиданд.
Бадахшие дар шоҳидии мо сагеро ба қимати ҳафт ҳазор
афғонй харидорй намуд. Аммо, вақте ки онро ба майдони
ҳарбу зарб дохил кард, он аз чанг гурехт. Соҳиби саг ин
ҳолатро дида, ҳайфи хафт ҳазор афғонй гУён, кариб буд,
ки гиря кунад. Ба ҳоли он бадахшй раҳмамон омаду аз ӯ
хоҳиш намудем, ки як дафъаи дигар сагашро ба чанг омода
созад. У хоҳиши моро, ки аллакай медонист точикем, ба чо
оварда, сагашро ба майдон кашид. Ин дафъа саги бадахшй
гулӯи ҳарифро чунон маҳкам гирифт, ки он дигар илочи
начот наёфта худро таслим сохт. Хурсандии бадахшй ва мо
ҳадду канор надопгг. Дар ин ташвик аз ҳама беш Зуҳуриддин
ҳисса гузошт. Шер ҳам гоҳе ташвик карданй мешуд, вале
6а иллати форсиро хуб надонистанаш чуръат ба ташвиқ
намекард. Дар мачмӯъ аз ин ки панчшериҳо ғалаба ба даст
оварданд, мо точикони шӯравӣ худро сарбаланд эҳсос кардем,
гӯё ки мо ғолиб омада бошем.
Ҳини тамошои ин саҳнаи хуношом, ки инсон ҳайвони
ваҳширо ба якдигар чанг андохта, сару рӯи онхоро хуншор
намуда ва худ ҳаловат мебарад, ба мушоҳида гирифтем, ки
ин навъ бозиҳо ба дунёи сарват иртибот мегиранд. Ҳеч гоҳ
шахси камбизоат car парвариш намекунад. Бесабаб нест, ки
як нишонаи чомеаи сармоядорй car доштан аст. Бисёре аз
миллиардерҳои Ғарб дар дохили мошинҳои қиматбаҳои хеш
саг мешинонанд ва бо ин гуфтанй мешаванд, ки онҳо шахсони
нулдор ҳастанд. Дар Аврупо низ ашрофзодаҳо сагбозиро
хуш медоранд. Он рУз мо низ медидем, ки соҳибони сагҳои
ҷангиву медалдор, асосан, ашрофони афғонй буданд, ки аз
107
дур, ё аз дохили моишнҳошон чанги сагҳояшонро назора
мекарданд. Ба ин навъ бозиҳои ғайриинсонӣ дунёи сармоя
ва одамонаш дар шакли он боло шавку рағбат зоҳир
менамоянд. Вагарна кадом тоник пешгӯи мекард, ки рУзе
дар шаҳрҳои Точикистон низ бозии сагчанг сурат мегирад?
Ҳоло ки аз истиқлолияти чумҳурй даҳ сол сипарй мешавад
ва мо низ ба иктисоди бозоргонй рӯ овардаем, дар чанд
гӯшаи шаҳри Душанбе рузҳои якшанбе бозии сагчанг барпо
мешавад. Соҳибони он сагҳо ченеролҳо, точирон, раисони
ҳукуматҳо ва дигар шахсони пулдори чумҳурй мебошанд.
Ҳатто шахсе, ки саги ченеролеро ба майдони чанг медарорад,
зери болопУшаш автомати Калашников дорад. Ин чо ҳам
дидам, ки сагҳоро дар мошинҳои хоричй, дар чипҳову
бенсҳо меоранд. Хеле хандаовар аст, ки сагеро ба хотири
хунук нахУрданаш камзули милисагй пУшонда буданд.
Масхарабозй то кучо. Ба ҳамаи ин ходисахо пулу сармоя
гунахгор аст. Рузе аз миёни тамошобинон шунидам, ки ба
баъзе сагон бо сУзандору нашъа дода, сипас ба чанг
меоварданд. Оре, аз ин чиҳат мо низ «пеш меравем»...
Рухсатй
Масъалаи ба рухсатй баромадани банда дар байни як
ҳафта хал гардид. Ба рухсатй рафтан саргардониҳои зиёде
дошт. Барой хама хешу акрабо ва ёру дУстон туҳфачае омода
сохтан лозим меомад. Бозоргардй масрафи зиёде талаб
мекард. Маош ночиз буд. Бо вучуди ин, ба рухсатй нарафта
Хам наметавонистам. Дар Душанбе духтарамон Фотима
монда буд ва дуруст намедонистем, ки ҳолу аҳволаш чй навъ
аст. Ҳамин кадар медонистам, ки У дар тарбияи духтари
холаи завчаам мондааст, бародарони ман бошанд ба ҳавлии
Нагорний рафтаанд. Вахте ки мо ба ин су сафар кардем
хонаи 46-умро ба ихтиёри хоҳараму бародаронам гузоштам,
то ки Фотимаро нигоҳубин кунанд. Маълум аст, ки хеши
зан ҳамеша бологузар аст ва он хеши занам ба зудй шавҳар
кардааст ва шарм надошта, хонаро азхуд намудааст. Ҳарчанд
ки бародаронам
Чумъахону Мӯсо дар ин бора наменавиштанд, лекин то чое
хабарҳои нохуш мерасид ва ин чиҳат то рафт нороҳатам
месохт. Албатта, занак аз вазъият бохабар буд, вале ба ман
чизе намегуфт. Гузашта аз ин, чунонки чое ишора карда
будам, ягона хохарам - Аноргул чавонеро дуст дошта буд ва
мехост, ки издивоч кунад, вале набудани банда садди рох
108
туда буд. Аз ин ноет, ки дар чанд мохи охир дар хама
номаҳои расида тақозо мешуд, ки зудтар ба рухсатИ бароям.
Дар хаяли ин мавзУъ ман хам масъулият ҳис мекардам,
зеро Аноргул ягона хохарамон буд. Гаи дар ин аст, ки дар
хонадони мо панч писару як духтар буд. Модари мо, ки
дар 38-солагй сари фарзанд рафт, факат як духтар ба дунё
овард. Вакте ки модарамон моро тарк гуфт, Аноргул
ҳафтсола монд. Чанд сол дар тарбияи модарандар буд. Ман,
ки дар Донишгоҳ мехондам, рУзе ба аёдати падар рафтам.
Рӯзҳои охири май буд. Чанд рӯз баъд имтиҳонҳои
тобистонаам оғоз меёфтанд. Ҳарчанд аҳволи падар бад буд
ва рУзхои охири хаёташро медид, наметавонистам аз ду рУз
зиёд назди У бошам. Қиблагоҳ, ки як умр муаллим буд,
вазъияти бандаро фаҳмида мегуфт: «Писарам аз пайи
хонданат шав, ман хуб мешавам». Пагоҳие, ки бояд сУи
Душанбе мерафтам, назди падар даромадам ва хайрухуш
карда, бо дидаи гирён берун шудам. Якдафъай садои падар
дубора бандаро ба назди кати киблагох овард. Падар гуфт:
«Худойназарчон! Саломатиам бад аст. Ман дигар сихат
намешавам. Бинобар ин, ман ба ту чанд васият мекунам:
Аноргулро баъд аз хатми мактаби миёна ба бародари фалон
одам ба шавҳар дода, сипас ба Душанбе бурда, ба мактаби
олй мон...» Ман гирён шудам ва ба падар ваъда додам, ки
ҳатман хостаашонро ичро хохам кард. Ин охирин сӯҳбат ва
дидор бо падар буд. Дигар Уро зинда дарнаёфтам, баъди
чанд рУз дар чанозааш ипггирок намудам. АфсУс, ки васияти
надарро ичро карда натавонистам. Соли 1967 Аноргул синфи
10-ро ба поён расонд. Ба ҳавлии падар рафтам ва Аноргулро
ба наздам шинонда, васияти киблагохро барояш гуфтам.
Мутаассифона, ин духтари якрав иарвои васияти падар
накарда, котеъона гуфт: «Ман ҳеч гоҳ додари фалониро
намегирам, У дар кария зиндагй мекунад» ва ба ин монанд
гапҳои дигарро ба рУям зад. Ман дигар илоче наёфтам.
Тобистони соли 1967 Аноргулро ба Душанбе овардам. Соле
буд, ки худам донишчУ будам. Бо дУстам Курбон Бобоев
(чояш чаннат бод), ки акнун факултети таърихро ба поён
расонда, ба сифати ассистент дар назди Кафедраи таърихи
навини Донишгох кор мекард, маслихат кардам, ки вазъият
ҳамин тавр аст, як хохар дорам, чй кор кунам, ки У ба
Донишгох дохил шавад? Қурбон бо дили кушод, ҳеч ran
не, дохилаш мекунем, гуфт. Хушбахтона, Қурбон он сол
дар имтиҳони кабул инггирок мекард ва имтиҳони таърихаш
дар дасти худи У буд. Хулоса, ҳуччатҳои Аноргулро ба
109
шӯъбаи савдои факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатй
супоридем. Соле, ки мо сафари Афғонистон кардем, ӯ
Донишгоҳро бояд тамом мекард.
Аноргул дар тӯли таҳсил бо мо буд. Вақте ки мо дар
микрарайони 46-ум хонаи давлатй гирифтем, ҳавлии
Нагорнийро ба номи ӯ кардам, то ки азоб накашаду дар
ҳамин чо кору зиндагй кунад. Баъд аз рафтани мо ба
ҳамсоягии мо донишчУе аз Донишгоҳи тиббй омаду рафт
доштааст. Ин рафту омад боиси шиносоии Аноргул ба он
ҷавон мешавад. Онҳо маслиҳатро пазонда, ҳарду ба Кӯлоб
мераванд. Яке ҳамчун духтури кӯдакон ва дигаре шахси
масъули идораи савдои шаҳри КУлоб.
Ҳамон айём Аноргул ягона духтаре аз Кӯлоб буд, ки
тахассуси олй дар сохаи савдо дошт. Акнун Аноргул дар
тарбияи тағоям - Ҷӯрахон Тоҳиров қарор мегирад. Он ҷавон
ҳафтае як бор хонаи тағоям хостгор мефиристад. Тағоям
дар мактубҳояш аз банда хоҳиш мекард, ки чиян зудтар
биё, Аноргулро ба шавҳар додан лозим, он бача гарант
кардааст.
Рости гаи, баъд аз ин ки Аноргул васияти падарро
нагирифт, намехостам дар тақдири оилавиаш худро масъул
донам. Ammo боз ҳам мавзУи як хоҳар буданаш бандаро
ором намегузошт. Аз ин чост, ки бо сардорамон маслиҳат
карда, ариза навииггаму ба рухсатӣ баромадам, ки ин ба
таърихи 13-уми апрели соли 1972 рост омад.
Ба ин муносибат бегоҳии 12-ум чанде аз ҳамкорону
дУстонро ба як пиёла чой даъват намудам. Онҳо такозо
доштанд, ки зудтар баргардам. Махсусан, сардори
маъданшиносони шУравй дар Афғонистон - Чемирев В.М.,
ки инсони хубе буд, хоҳиш намуд, ки зудтар аз рухсатй ба
Кобул биоям, зеро корҳои маъданшиносӣ оғоз мешавад ва
ният аст, ки бандаро ба минтақаи хеле пураҳамият
бифиристад. Хушбахтии кас он аст, ки агар миёни ҳамкорон
обрӯ пайдо мекунад ва худ эҳсос менамояд, ки ба У зарурат
доранд. Чунин муносибат бандаро рӯҳбаланд месохт ва барои
боз як соли дигар кор кардан нерӯи тоза мебахшид.
Пагоҳии 13-ум аз дасти Парвиз гирифтаму бо эҳсоси
Ватанро дидан аз зинапояҳои манзили чорошёна поён шудам.
Мопган бо муовини сармутахассисамон - Исоев интизорй
дошт. Дар ин сафар моро Абдулмачид Холов ва Ира
Назарова (завчаи Ҳ.Назаров) гусел карданд.
Дар гумрук касе аз кормандон саволе накард. Бидуни
кадом тафтише ичозати гузаштан доданд, зеро диданд, ки
як оила ду чомадони бисткилоӣ доранду халос. Ҳатто яке аз
110
кормандони гумрук пурсид, ки «тарчумон соҳиб, чаро
анчоматон кам аст, ҳол он ки русҳо панч-шаш чомадонй бо
худ мегиранд». Ман гуфтам, ки иамехоҳам тартиботи
гумрукиро хароб созам. Сари касе бист кило муайян шудааст,
чй зарурат аст, ки қонунро вайрон кунам. Офарин, гуфт ва
роҳи сафед талабид.
Ба ҳамин тарик, мо ба ҳавопаймо савор шудем ва
соатҳои сеи рӯз ба Тошкаид расидем. Гумруки Тошканд харду
ҷомадонро кушода, ҳама анчомҳоро таку рӯ намуда ва баъд
фармуд, ки акнун худатон чо ба чо кунед. Кормандони
гумрук ба мо хеле рафтори нохуб нишон медоданд. Ман, ки
шахрванди шУравй будам чандон гУё азоб надоданд, аммо
афғонҳоро ба дарачае тахкир мекарданд, ки забони кас
намегардад. Ҳар чизи қиматбаҳо, ки ба дасташон мехУрд,
ин мамнУъ аст, гУён зуд мусодира мешуд.
Моро лозим буд, ки аз Тошканд ба Душанбе билет
пайдо кунем. Азбаски Узбекй сӯҳбат карда наметавонистам,
билет нест мегуфтанд. Касонеро хуб кабул медоштанд, ки
агар Узбекй сӯҳбат мекарданд. Баъд аз саргардонихои
чандсоата ва пули иловагй додан билет ба даст овардем. Ҳавои
толори майдон гарм, Парвиз об мепурсад, вале пули шУравй
надорем, ки ба кУдак об гирифта диҳем. Як холи бад. Бо
ҳамин хол то соати даҳи шаб дар майдони ҳавоии Тошканд
азоб кашидем. Ниҳоят, соати 10.45 ба ҳавопаймои ЯК-40
нишастем ва шукри худо гуфтам, ки аз дУзахи майдони
Тошканд халос шудем. Бадбахтона, дар майдони хавоии
Душанбе касе моро интизорӣ надошт. Ҳарчанд ки мо рУзи
омаданамонро хабар дода будем, вале бо сабабхои номаълуме
бародаронам беиттилоъ мондаанд, вагарна
Чумъахон корманди ГАИ-и шаҳр буд ва метавонист, ки моро
пазирой кунад. Нимашаб дар майдони Душанбе ин тарафу
он тараф медавидам, то ки мошине пайдо кунам. Бо душворие
соатҳои яки шаб мошинаеро киро кардему ба микрорайони
46-ум расидем. Ҳама хоб буданд. Чанд дакика занги
дарвозаро такрор ба такрор зер кардем. Якдафъай садои
Фотима баромад, ки «дадамшон омаданд, дадамшон
омаданд», мегуфт. Дар кушода шуду Фотима худро ба
гардани банда печонд ва ба модару додараш оғӯш ба оғӯш
шуд.
Аз дидори духтарам шод шудам ва шукр гуфтам, ки
сиҳату саломат будааст. Аммо аз чехраи духтари холаи
занаму шавҳари ноошнояш, таъбам хира гардид ва дилу
нодилон ба онон салому алейк кардаму бештар мутаваччеҳи
Фотима гардидам, ки хеле пазмонаш шуда будам. Аз
111
хонданаш савол кардам, ҳамааш «ианч» гуфт. Вале хушу
гУшаш ба он буд, ки барояш чй тУҳфаҳо овардаем. Парвиз
бо викор менишаст ва маълум буд, ки хоб фишораш
овардааст.
Аввалан ба утоқи кориам даромадам. Баъзе
китобҳоямро рУи даст гирифтам. Ба мизи кориам назар
андУхтам ва баъд хостам, хонаи хобамро бубинам, вале афсУс
ки он хона аллакай аз мо набуд. Он ду беномуси навхона
рахти хоби моро аз худ карда буданд. Ин ҳолати бандаро
модари бачаҳо пай бурд, ки ба осетинй ким-чй ба хешдухтараш
гуфт. Қаворааш чиддй шуд. Фотима низ инро пай бурд, ки
сУи ман менигаристу гуфтанй мешуд, ки хайр аст, дадачон,
чангашон накунен. Ҳама тахминҳои ман дар мавриди ин
хонаро ба кадом сабаб тарк гуфтанй бародаронам дуруст
баромаданд. Бародаронам хуб дарк карда будаанд, ки ба
хотири бародаршон бо хеши зан муноқиша набояд кард.
Банда дар ботин аз онҳо узр хостанй будам, зеро дар
хатҳоям то чое онҳоро чанг мекардам. Шояд хеши занак
Фотимаро хубтар нигаҳбонй мекард. Ин хакикат буд.
Фотима шикояте надопгг. ГУё аз хама чиз таъмин менамуд.
Шаби аввали рухсатиро дар хонаи худ дар ҳолати нороҳатй
сипарй кардам. Факат пагохаш бародаронам - Чумъахону
Мусо ба аёдатам омаданд. Шод буданд, ки бародарашонро
дар ру ба рӯяшон мебинанд. Онҳо дигар парвои чизе
надоштанд ва хуб ҳам медонистанд, ки ихтиёри чомадону
туҳфаҳо дар дасти янгаашон мебошад. Касе чуръат намекард,
ки ба чомадонҳо наздик шавад. Ҳама тақсимот ба Уҳдаи
занак буд. Ҳоло туфта наметавонам, ки барои хешони банда
низ тӯҳфае харидорй шуда буд ё не. Факат медонам, ки
барои туйи арУсии Аноргул ким-чихо харида будем ва барои
устодам - Соҳиб Табаров низ тӯҳфае омода сохта будам.
Пагоҳии 14-умро дар Душанбе пешвоз гирифтам.
Ҳамин рӯз маълумам гангг, ки «ичоранишинхо»-и мо муддати
ҳашт мох пули хонаро насупоридаанд. Бо вучуди ин ки
хона ба номи занак буд, онхоро аз икомати баъдй дар ин
хона маҳрум сохтам. Онҳо низ чизе нагуфта баромада
рафтанд. Албатта, ин рафтори ман чандон хуб набуд. Вале
дар сари қаҳр аз ин хам корхои бадтарро содир кардан
мумкин аст. Табиист, ки занак чунин амалро намепазируфт,
аммо дигар илоче надошт. Дар хонадони осетинҳо низ гапи
мард дар чойи аввал аст, махсусан дар ватанашон - Осетия.
Масалан, дар дохили автобус ё чойҳои дигар хамеша
бонувон барои мардон чой холй мекунанд. Ё ин ки агар
зану марди осетин ба бозор раванд, халтаи борро зан
112
мебардорад на мард. Ин одатҳо ба ман хеле маъкул буданд.
Ҳамин рУз буд, ки пеш аз хама устодам С.Табаровро
зиёрат кардам. Сипае 6а факултет рафта, дУстонам
Раҳимчону Шаҳбоз ва дигар устодону ҳамкоронамро дидам.
Як рУзи дароз кУчаву хиёбонҳои Душанберо сайру гашт
намудам. Ин саёҳат хеле ҳаловатбахш буд. Баъдан бо
бародарону хонавода сӯи КУлоб харакат кардем. РУзи туй
маълум шуда буд. Тағоям дар бораи домодшаванда маълумот
дод. Аз колхози ба номи Ленини Восеъ, шахрчаи Крупская
будааст. Миллаташ Узбек, Исмоил ном доштааст. Модару
апаҳояш тарбияташ кардаанд. Аз Аноргул пурсидам, ки
магар он чавонро дӯст медорад? Оре, гуфт. Медиҳед ҳамин,
намедиҳед ман дигар касро намегирам. Хеле чиддӣ сУҳбат
мекард. Аноргул андак мардаквор ran заданро хуш дорад.
У низ бояд мард зода мешуд, аммо бо хукми Худо духтар
таваллуд ёфта буд. Дар ин сУхбат бародари калонам
Холназар ва бародарони хурдам Соҳибназар, Чумъахон ва
Мусо низ инггирок доштанд. Калони туй ягона тағоямон - Ч
Урахон буд. Туй дар хонаи У сурат гирифт, зеро хонаи
падарии мо дар Арчаи Фархор монда буд ва онро
модарандарамон, ки тоза ба шавҳар баромада буд, соҳибй
мекард. Ин хам васияти падар буд, ки баъд аз фавташ хавлй
ба модарандар ва ё духтархояш - Майдагул, Саодат ва
Файзигул гузошта шавад. Ҳамин буд, ки хама бародарон,
ки исмашонро овардам ба эҳтироми падар аз хавлй берун
шуданд. Холназар дар Арча хонаи дигар гирифт. Чумъаву
Мусо ва Аноргулро ман ба Душанбе бурдам ва Соҳибназар
баъди хатми аскарй дар КУлоб мукимй гардид. Яъне мо
бародарон то ҳол ҳавлии падарй надорем. Падар, ки муаллим
буданд аз Чилчаи Балчувон то Момаиву Чинисой ва
Утунқалъаю СангиғУр ва Хонободу Тоскалъа ин касбро адо
намуданд ва дар хама карияҳои номбурда ҳавлиҳо обод
карданд. Ба ин маънй, ҳавлиҳои падарии мо якто не, балки
чандто мебошанд. Ҳавлии охирати падар теппаи Золи Зарди
Арчаи Фархор мебошад. Ба ин хотир, бародари калон дар
ин деха хавлй сохт, то ки аз мазори киблагоҳ ҳифозат
намояд.
Хулоса, тУйи арУсии Аноргул ба хурсандй гузапгг.
Онҳоро ба хонаашон гусел кардем. Ба Фархор нарафтам.
Андаке аз бародарам ва дигар хешу акрабо малол будам,
зеро дар ту ли як соли набудани банда ягонтаашон боре хам
аз холи хонаи мо, ки он чо духтарам монда буд, хабар
нагирифганд. Ҳини харакат аз КУлоб сУи Душанбе дар ботин
аз падар узр хостам, ки мазорашро зиёрат накарда меравам.
ИЗ
Васияти падару насиҳати калонро нагирифтани
Аноргул он шуд, ки хеле баъд бо се фарзанд, хонавайрон
шуд. Он шавҳари дӯстдонггааш зани дигареро пазируфт.
Дар ин хонавайроня душвор аст касеро айбдор сохтан. Аммо
як чиз мусаллам аст, ки дар хар хонавайроня бештар зан
айбдор хоҳад буд. Занро мебояд ба ҳар мушкилот гузашт
кунад. Шавҳарро бо хешу акрабо ва дӯстонаш эҳтиром
намояд. Вале марде, ки дар ин ҳолат даъвои хонаву молу
му лк мекунад ва раҳми фарзанд онро, ки одатан бо модар
мемонанд, намехӯрад, онро мард номидан хатост. Мард бояд
мардона рафтор кунад. Мутаассифона, «Исмоилҷони»
Аноргули мо даъвои тақсими хона кардааст ва кай парво
дорад, ки фарзандони ӯ дар чя ҳоланд, балки зани навашро
доимо сари хонаводаи собикааш барои бардоштани чанчолу
хархаша мефиристод ва худаш аз дур назора мекард. Ҳайфи
мардя. Умуман бо зан дар чунин ҳолатҳо муноқиша
бардоштан кори номардон аст. Марди воқея, агар такдир
раво бинад, бо як сару либоси дар тан доштааш хонаро
тарк мегУяд ва баъдан хонаи нав барпо мекунад. Ҳамзамон
то обод сохтани фарзандон ҳамеша бо онҳо дасти ёря дароз
мекунад. Фақат бо паррончак шудани фарзандони монда
рафтааш, ӯ метавонад худро осоишта бинад... АфсУс ки
Исмоилчони домоди мо чунин накард. Ба ҳар ҳол У боре
нисбат ба банда беэҳтиромя накардааст. Шояд такдир Уро
дигар сУ кашид. Шояд Аноргули мо низ дар рУзгори оилавя
бемасъулиятЯ зоҳир намуд. Шояд ва боз шояд. Ҳарчи ки
шуд харду саломат бошанд...
Дар давоми рухсатЯ, 11-уми май, дар дифоъи рисолаи
номзадии ҳамдарси омУзишгоҳиям Абдукибор Гадоев
иштирок намудам. Ҳимояи рисола дар толори Донишгоҳи
давлатя гузашт. Муқарризон баҳои баланд доданд. Сипае
барои аъзоёни шӯро ва дӯстону меҳмонон дар чойхонаи
«Роҳат» зиёфат оростанд. Садри мачлис устоди банда Соҳиб
Табаров буд. Дар ин маҳфил ҳамдарси донишгоҳиям Ҷ
Урабек НазрЯ ҳофизя кард. Ба ин баҳона хеле аз ҳамдарсону
дУстонро дидам. Чунин мачлисҳои илмя ҳаловатбахшанд.
Менишастаму дар ботин ба Абдукибор ҳасад мебурдам. Ин
чиҳат бандаро водор месохт, ки сари мавзУи рисолаи
номзадиам чиддитар машғул шавам. Абдукибор нахустин
шахе буд, ки аз ҷумлаи хатми соли 1960-и ОмУзишгоҳи
педагогии шаҳри Кӯлоб номзади илм мешуд. Ин дифоъ
бешубҳа падидаи мусбат буд.
Дар муддати рухсатя ба хулосае омадем, ки Фотимаро
дар таътили тобистона бо худ бигирем. Ба ин хотир ба
114
воситаи Вазорати корҳои хоричй сураташро дар шиносномаи
модараш расмй кунондем. Дар Интурист барои 23-юми май
билети Тошканд - Кобулро фармоиш додем. То чанде ки
рӯзҳои рухсатӣ кам мешуданд ҳамон андоза нороҳатй фароям
мегирифт. Ҳеҷ поям намекашид, вале боз маънии хидмат 6а
Ватан водорам месохт, ки омодаи сафар бошам.
Рӯзи 22-юм хам фаро расид. Такрибан хама хешу
акрабо дар хонаи микрорайони 46-ум чамъ омаданд. Бегоҳии
ин рӯз ба майдони хавой рафтем. Акнун хонаводаи мо
сарчамъ буд: банда ва Фотимаву Парвиз бо модарашон.
Бародарам Соҳибназар то Тошканд моро гусел карданй шуд.
Бо қалбҳои реш-реш бо хешу акрабо хайру хуш намудам.
Ҳамаашонро ба оғӯш гирифтам. Дилам ба додари хурдиам
Мӯсо месӯхт, ки гӯшае чеҳраи маҳзунашро пинҳон карданӣ
мешуд. Чумъахон низ аз сафари банда шод набуд. Ғарибй
чизи бадест. Дар ҳамин рӯҳия 6о зинаҳои ҳавопаймои ЯК-
40 боло шудем. Дар назарам олам дигар шуд. Даҳшате
фишорам меовард. Аз дохили ҳавопаймо авлодонро медидам,
ки даст меафшонданд. Аноргулу домод худро хуш эҳсос
мекарданд, зеро бо омадани банда чуфт шуданд. Фотима
хеле хушҳол буд. Дар фикраш Кобул буд, кишвари дигареву
дунёи дигаре. Парвиз парвое надошт, медонист, ки чУраҳои
кобулиаш интизораш ҳастанд ва У метавонад барояшон росту
дурУғ қиссаҳое аз Душанбе кунад. Ҳатман лахзаи тУйро
хоҳад гуфт, ки чи навъ домодро бо салаву чома дид ва чи
навъ пеши биниаш рӯймолча нигоҳ медонгг.
Нимашаб дар майдони хавоии Тошканд аз ҳавопаймо
пиёда шудем. Шабро дар меҳмонхонаи назди майдон
гузарондем. Рӯзи 23-юми май то соати се маътали ҳавопаймои
«Бойинг» 1нудем. Ниҳоят, парвози Тошканд-Кобулро эълон
карданд. Дар ин сафар Соҳибназар хеле ёрй расонд. Бо ӯ
низ хайрухуш намудем. Гирён шуд. Банда оби дидаамро аз
фарзандон пинҳон кардам. Одатан, дар «Бойинг»
мусофирони хоричй кам мешуданд. Бештар афғонҳо,
ҳиндуҳо, покистониҳо парвоз мекарданд. Яъне вақти
саворшавй ҳеч ташвише пеш намеомад. Хидматгорони
ҳавопаймо низ духтарон стюардессаҳои зебову хушандоме
буданд. Навозишкорона сУҳбат мекарданд. Шириниву кока-
колаву фанта пешниҳод менамуданд. Парвози «Бойинг»
ҳамеша бароҳат сурат мегирифт.
Дӯстону ҳамкорони кобулиам аз парвози мо хабар
доштаанд. Вакте ки сарамро аз дарвозаи ҳавопаймо
баровардам, назарам ба балкони бинои майдон расид, ки
Абдулмачид, Азимҷон, бону Дониста (завчаи Зуҳуриддини
115
маъдашшшос) ва Ира Назарова даст боло мекарданд. Онҳо
зуд поён фаромаданд, то ки моро зудтар аз то лори гумрукй
берун бикашанд. Дар назари онон мо бУи Душанбе-
Точикистон мекардем. Азимчон шУхикунон ҳамаи моро буй
капшд, бУсид ва ҳатто дар чашмонаш ашки шодй падид омад.
Табиист, ки занҳо низ якдигарро ба оғӯш гирифтанд ва аз
навиҳо фаҳмиданй мешуданд. Фотима ҳайрон монда буд.
Медид, ки ин чо лаҳҷаи сУҳбат дигар аст. Сару либоси
кормадони майдон, бо зебоиву дилрабоиаш диккати
Фотимаро чалб намуда буд. Чун ҳарвакта кормандони гумрук
моро ба хушй пазируфтанд ва нагузонгганд, ки мо маътал
бимонем.
Рӯи ҳавлии майдон мошинҳо моро интизорй доштанд.
Исоеви муовин бо дахони пур аз хавда, «офарин, офарин»
гуён наздик омада, моро пазирой кард. Соати шаш аллакай
дар манзили кобулиамон чо ба чо шудем. Ҳамсояҳо омодагй
гирифта буданд. Шабона ҳама дУстону ҳамкорон сари мизи
мо карор гирифтанд ва аз савғоҳои мо нУши чон карданд.
Бо хамин рухсатии банда ба поён расид ва рУзи дигараш -
24-уми май сари вазифаи хеш ҳозир шудам. Акнун худро
орому осуда медидам, зеро харду фарзандам бо ман буданд.
Дар ин таътил Фотимаи мо танҳо набуд, балки дигарон хам
фарзандхошонро даъват карда буданд. Дар гурӯҳ махсус
барномаҳои истироҳативу маърифатй пешбинй шуда буд.
Яъне Фотима зик намешуд, дугонаҳои нав пайдо мекард.
Музоҳира дар раёсати маъдан
Бисту чаҳоруми май буд. Ин рУз баъди рухсатй сари
вазифа хозир шудам. Корам дар Раёсати маъдан мукаррар
гардид. Аз автобус поён шудам, ки дар назди дарвозаи бинои
асосии Раёсати маъдан ва чиюлучй одамони зиёде чамъ омада
шиори «Нест бод Мирзод»-ро бо овози баланд пахш
менамуданд. Мо мутахассисони шуравй аз шунидани чунин
шиори сиёсй ба ҳаяҷон омадем. Дар миёни намоишгарон
чанде аз шиносони банда низ буданд, ки бо хам кор мекардем.
Онҳо дар мактабҳои олии Иттиҳоди Шӯравй таҳсил дида,
баъзеашон рисолахои номзадй дифоъ намуда, бо номи
«доктор соҳиб» маъруфият доштанд.
Банда гУё онҳоро надида бошам, дохили бинои асосй
гардидам. Дар даҳлезҳо суханҳои ҳархела шунида мешуд.
Сармутахассиси маъданшиносони Шуравй ва котиби
ташкилоти ҳизбии гурӯҳ ба ташвиш афтода буданд.
116
Талаботе, ки музоҳирачиён доштанд ва онҳоро дар рУзномаи
«Афкори нав» рУи нашр оварда буданд, то чое зидди
фаъолиятҳои маъданшиносии шУравй ҳам буд. Дар мақола
раиси Раёсат инженер Саид Ҳошим Мирзодро гунаҳгор
эълон дошта, истеъфои ӯро такозо мекарданд. Зимни ин,
муаллифони макола чандин нуктаҳои маъданиро, ки
шӯравиҳо кашф намудаанду ба назари онҳо натичае ба даст
наовардаанд танқид карда, корхои маъданшиносони
шӯравиро бефоида меҳисобиданд.
Гурӯҳе, ки ин маколаро ташкил карда буд, аз 125 нафар
инженеру докторҳо иборат буд. Соҳибони макола ба як тир
ду нишон заданй мешуданд. Яке ин ки ба ин восита аз раиси
Раёсати маъдани Афғонистон халос меёфтанд ва хам
фаъолияти маъданшиносии ШУравиро бархам задан
мехостанд. Гурӯҳи намоишгаронро доктор Субот, ки дар
Олмони Ғарбй таҳсилоти олй бардошта буд, сарварй менамуд.
Ҳамчунин доктор Абдулло хатмкардаи Донишгоҳи
Петербург ва чанд тани дигар дар паҳлуи доктор Субот
карор доштанд. Музоҳира ду ҳафта идома ёфт. ҲамарУза
аз пагоҳӣ то бегоҳй назди бинои Раёсат чамъ мешуданд ва
шиори «Нест бод Мирзод»-ро такрор менамуданд.
Дар ин самт ҷониби Ҳукумат хам корхои пинҳонй
ташкил мекард. Ҳамин буд, ки Мирзод гурӯҳи калони
кормандону коргарони Раёсатро ба мукобили намоишгарони
дипломдор бархезонд. И лова ба ин, музоҳирачиён зери
назорати куввахои тартиботи давлат карор доштанд. Пулис
шабонарУзй навбатдорй мекард, ба таври ноаён баъзе аз
музоҳирачиёнро ба ҳабс мегирифт. МавзУъро парламони
кишвар тахти мутолиа карор дода, ба чунин хулоса омад,
ки раиси Раёсати маъдан ҳеч гуноҳе надорад ва
намоишгаронро пароканда кардан лозим аст. Ба асоси
файсалаи Мачлиси парламон музохира бархам зада шуд.
Лахзаи парокандакуниро банда аз ошёнаи дуюм ба мушоҳида
мегирифтам. Пулис дар чанд мошини зиреҳпУш пайдо шуда,
музохирачиёнро пароканда карданй буданд, ки занозанӣ оғоз
шуд. Ҳарду тараф мукобилият нишон медод. Дар ин занозанй
гурӯҳҳои махсуси ҳукуматй саркардаҳои музохирачиёнро
дошта, ба мошинҳошон маҳкам мекарданд. Табиист, ки
намоишгарони бесилох дар мукобили силохбадастони
давлатй истодагарй карда натавонистанд ва ба хар сУ дар
гурез шуданд.
Пулис ба таъқиби онҳо афтода, чандтои ононро аз назди
майдони Паштунистон ва Бонки милливу меҳмонхонаи
«Кобул» дошта, лату кУб намуданд. Қисме аз намоишгарони
117
маъданчй аз чанголи пулис худро халос карда, 6а ҷойҳои
серодами шаҳри Кобул, монанди майдони Спинзар, чодаи
Майванд ва Чаман издиҳомро истифода бурда, шиорҳои
зиддиҳукуматй медоданд. Аммо фаъолияти ташвақиву
тарғибии онон дер давом накард, балки пулисҳои савора,
ки дар таъқибашон буданд ба осони баъзеҳошонро дастгир
карданд. Бо ҳамин намоиши докторону инженерони Раёсати
маъдан ва чиюлучии Афғонистон хомӯш гардид. Масалан,
дар як чамъомади Порки Зарнигор якбора 27 нафар
музоҳирачй ба хабе гирифта шуд.
Вахте ки намоиш натичаи дилхох над од, баръакс
мавкеи Мирзод дар назди парламон ва Зоҳиршоҳ кавитар
шуд, баъзе аз таҳсилдидагони Шӯравй ба назди мо омада,
узрхоҳй мекарданд ва моро бовар мекунонданд, ки музоҳираи
онҳо факат ба хотири аз вазифа дур сохтани Мирзод буд,
на ба максади нодида гирифтани фаъолияти маъданшиносони
Шӯравӣ. Ман ба онҳо чавоб медодам, ки мо - шӯравиҳо ба
сиёсати дохилии Афғонистон дахолат нахохем кард. Ин кори
дохилии худи шумост. Моро барои ёрй даъват намудед,
омадем. Дар ин мавзУъ шартномаи байнидавлатй мавчуд
аст. Аз мо хеч туна фаъолияти инқилобй такозо накунед.
Дар ҳамин замина баъди чанд рӯз доктор Тоҳирхон,
ки таҳсилдидаи Петербург буд ва чанд муддат дар Душанбеи
мо низ иқомат доштааст, сари рохи бандаро гирифту узр
хост: аз мо ранчур нашавед, тарчумон Худойназархон. Мо
мехостем, ки Мирзод сабукдӯш шавад. Тохирхон ба руей
сӯҳбат мекард, зеро дар гирду атрофи мо афғонҳои зиёде
чамъ омаданд ва мехостанд фаҳманд, ки он музоҳирачй ба
тарчумони шӯравй чиҳо мегӯяд. Дар ин чанд рӯзи ташвишҳои
намоишгарй Тоҳирхон хеле хаста ва лоғар шуда буд. Бегоҳ
Уро низ ба ҳабс гирифтанд.
Бояд гуфт, ки Зоҳиршоҳ Мирзодро дУст медошт.
Махсусан, вактҳое ки ба шикор мебаромад, хатман
Мирзодро бо худ мегирифт. Бесабаб набуд, ки дар чанд
рУзи фаъолияти музоҳирачиён пулис аз назди Раёсати
Мирзод дур намешуд. Аз сӯи дигар, Уро хамеша кормандони
Вазорати бехатарй то хонааш гусел мекарданд ва пагоҳиҳо
низ дар зери ҳимояи онҳо сари вазифаи давлатй хозир
мешуд. Рузҳое, ки намоишчиён зидди Мирзод сэру садо
бардошта буданд, Зоҳиршоҳ чанд дафъа Уро ба хузури хеш
пазируфта будааст. Ҳамчунин қисса мекарданд, ки гохе дар
нони чошт бо Зоҳиршоҳ якчо менишастааст. Аз ин ки
парламон Уро тарафдорй кард, хамин маъниро дошт.
Ногуфта намонад, ки соли 1351-1972 дар тамоми
118
Афғонистон музоҳираҳо сурат гирифтанд.Ҳатто дар баъзе
манотик корпартоиҳои коргарон ба мушоҳида мерасид.
Табиист, ки намоишчиён назди Ҳукумат талаботи хешро
мегузоштанд ва бештар кӯшиш бар он доштанд, ки аҳволи
иктисодии ҷомеаро боло бубаранд. ГУё Шоҳ бо ҳукуматаш
дархостҳои мардумро нодида намегирифт, балки ваъдаҳо
медод ва онҳоро бовар мекунонд, ки иншооллоҳ солҳои
наздик вазъи зиндагии мардум хуб хоҳад шуд. Ҳарчанд ки
ҳукумати шоҳй буд, нишонаҳои демократия, монанди
хештаншиносӣ ва озодии сухан риоя мешуд.
Оромгоҳи Нодиршоҳ
Нодир дар замоли салтанати Амонуллоҳхон вазири
ҳарбй буд. Дар асари инқилоби Бачаи Сакко
(Ҳабибуллоҳхон ҳам мегуфтанд) Амонуллоҳ фирор
мекунад. Ин замон Нодир дар Фаронса курси мактаби
ҳарбиро тай менамуд. Ингилисҳо, ки 6а ивази Амонуллоҳи
озодандеш Бачаи Саккоро аз роҳи Чоряккор ба сари кудрат
оварданд, баъд аз ҳашт моҳи салтанат ӯро низ аз байн
бурданй шуданд. Ба ин хотир Нодирро аз Порис ба Хуст
оварданд ва қудратро ба дасташ доданд. Соли 1929 Нодир
худро шоҳи нави Афғонистон эълон намуд. Соли 1933 дар
яке аз маҳфилҳои фарҳангй бо дасти донингчӯе, ки ҳамроҳи
писараш - Зоҳир таҳсил мекард, ба катл расид. Ба ивази
Нодиршоҳ писари У - Зоҳир ба шоҳӣ пазируфта шуд. Ч
асади Нодиршоҳ дар яке аз теппаҳои шаҳри Кобул ба хок
супурда шуд. Баъдтар Зоҳиршоҳ маркади қиблагоҳашро
бунёд сохт, ки аз ҳар гУшаи Кобул метавон онро ба мушоҳида
гирифт. Вакте ки шУравиҳо дар майдоне дуртар аз маркади
Нодиршоҳ шаҳрчаи навъи аврупоӣ бунёд карданд,
Зоҳиршоҳ онро 6а номи «Нодиршоҳ» расмй кунонд.
Мардуми Афғонистон ба мазори Нодиршоҳ эҳтиром доштанд
ва рУзҳои чашну иди Фитр 6а зиёрати Нодиршоҳ
мешитофтанд. Ҳамчунин оромгоҳи Нодиршоҳ барои
хоричиён низ чолибият пайдо карда буд...
Як сол аз фаъолияти кориам пурра пгуд, вале фурсат
намеёфтам, ки боре зиёратгоҳи Нодиршоҳро аз наздик
бубинам. Баъди баргангган аз рухсатй чунин фурсат фароҳам
омад. Яке аз рУзҳои охири моҳи май бо ташаббуси Ҳакназари
Назар ба дидори маркади Нодиршоҳ расидам. Дар ин саёҳат
Зуҳуриддин Еров ҳам буд. Рӯзи хубе ҳам буд.
Банда бо фарзандонам - Фотимаву Парвиз, Ҳ.Назар
119
6°' духтарчэҳоящ - Бобошаву Заррина ва Зуҳур бо писараш
- Ифтихор пойи пиёда, сӯҳбаткунону суратгирон то пояи
марқади Нодиршоҳ омадем. Майдони калонеро барои
зиёратгоҳи Нодиршоҳ чудо карда будаанд. Маълум, ки
турбати Нодиршоҳ дар зери гунбази чандметра карор дорад.
Дохили гунбаз кабри гаҳворашакли мармарй ҳамчун рамзи
гӯри шоҳ сохта шуда буд. Болои гӯр, ки толорро мемонад,
одатан барои тамошои хориҷиён хидмат менамуд. Саҳни
маидони мақбараи гунбаздор бо мармари сурху сафед
пӯшонда шуда буд. Атрофи майдонро занҷирҳои ғафси
ҳарранга оро медоданд. Дарвозаи даромад ҳам дошт, ки
аскар меистод. Сари китфи аскар ту фанги сохти инглисӣ
овезон буд. Назди аскар омадему салом додем ва баъд савол
кардем, ки ичозат ҳаст, ки ба оромгоҳ ворид шавем? Аскар
сӯҳбати моро, ки сирф ба лаҳҷаи форсии кобулй сурат
мегирифт, шунида, на хайр гуфт, шумо дохилй ҳастен, шумо
бояд ба манзили поёни зиёратгоҳ биравед. Ин боло барои
хориҷиён таъин шудааст. Ҳарчанд ки даъвои шУравигй
мекардем, аскар ба ин сУву он сУяш назари шубҳаноке
андохта, хоҳиши моро рад мекард ва мегуфт «валлоҳ, ки
маро бозй медиҳед». Аскар чунин амр гирифта буд, ки
манзили боло фақат барои туристон ва хоричиён аст, на
барои афгонҳо. Хеле мубориза бурдем, нашуд. Чанд калимаи
РУсиро бо кӯдакҳо санчидем ва ниҳоят аскар ба шахрванди
шӯравй будани мо боварӣ ҳосил карду ичозати даромадан
дод. Аскар ҳамоно аз пушти сари мо нигоҳ мекарду 6а худ
савол медод, ки оё конунро вайрон накардааст?
Даруни марқад зебу зинат ёфта буд. Тамоми гунбазро
мармари ранга оро медод. Аз он чо берун баромадему
хандакунон ба аскар гуфтем, ки ту ғалат кардй, мо дохилй
ҳастем. Акнун мехоҳем, ки манзили поёни оромгоҳро низ
тамошо кунем. Аскар дар каҳр шуда, гуфт: «Дохилй бошед
хам барои манзили поёнро дидан ичозат намедиҳам» Хайр
аст, гуфтему нахостем дигар ӯро азият диҳем. Аз хама беш
Зуҳур уро азоб медод, ҳар хел шӯхиҳо мекард, аммо аскари
бечора аз таре майли ханда хам надошт.
Дар саҳни берунии майдони оромгоҳ мехостем чанд
Китъа акси хотиравй бардорем, боз хам аскар «мамнУъ,
мамнУъ», гУён моро барои зудтар майдонро холй кардан
даъват менамуд. Бо вучуди ин, андаке аскарро бо ran банд
кардем, то ки оқои Ҳакназари Назар моро ба филми ранга
гирад. Вақти баромадан аз аскар узр хоста, даҳ афгонй ба
дасташ часпондем. Аз ин саёҳат аз ҳама бештар кӯдакҳо
хушй мекарданд.Фотима ба духтарҳои Ҳ. Назар унс гирифту
120
Парвиз бо Ифтихори Зуҳур. Сипае 6о роҳи омадаамон
чониби манзилҳомон равон шудем ва сари рох кӯдакҳоро
бо сихкабоб мехмондори намудем. Оби кока-кола ва фанта
барои бачаҳои мо хеле хуш омада буд. Он даврон чунин
обро дар Шӯравӣ ба даст овардан номумкин буд. Кӯдакҳои
мо чизеро мехостанд, ки дар ватанашон камбуд аст. Тамошои
оромгоҳи Нодиршоҳ бароямон манфиатбахш тамом шуд.
Сафари Чихчарон
Дар карордоди маъданшиносон кор кардан барои
банда дилчаспй дошт. Агар дар карордодхои дигар мебудам,
шояд аз Кобул берун намебаромадам. Баъди рухсатй як моҳи
дигар дар Раёсати маъдан ифои вазифа намудам. Чунонки
гуфта будам, сармутахассисамон даъватам карду гуфт:
«Назар дар гурӯҳи шумо саринженери нав омадааст. Исмаш
Шербина Юрий Иванович. Ӯ тиллошинос, ба замми ин
инсони хубест. Мувофики барномаи корхои гурӯҳ шумо
бояд ба Оҳанкашон ном чой биравед. Ту, ки тачрубаи хубе
дорй, хоҳиш ки ба рохбари нават ёрй расой, то ки муваффақ
шавад». Ман бо шунидани номи чуғрофиёии нав шод шудам
ва ба Чемирёв ваъда додам, ки осуда бошед, ман боварии
шуморо қимат мешуморам. Ташаккур, ки маҳз бандаро ба
минтакаи нав мефиристед. Бо сардор хайрухуш кардаму
худ ба худ, Оҳанкашон, Оҳанкашон гӯён аз дафтари корни
сармутахассис берун шудам. Кадом маъданшиносе худ ба
худ сӯҳбат карданамро диду гуфт: «Назар чй шуд? Чаро
худ ба худ ran мезанй»? Гуфтам: «Оханкашон чй маънй дорад,
он магар махал аст»? Он маъданшинос, ҳа, ҳа фаҳмидам.
Ин як нуктаи маъданиёт аст, ки дар вилояти Чихчарон
чойгир аст. Бо шунидани номи Чихгарон хурсандиам хадду
канор надошт. Охир, Чихчарон шаҳри кадимист.
Наздикихои он манори Чом чойгир аст. Олй, гуфтаму роҳи
хонаро пеш гирифтам, то ки барои сафари дурудароз омодагй
бигирам. Дар ботин мегуфтам: «Бо дидани ҳар маҳалли
наву шаҳри нав дониши кас меафзояд». Тамошои бепул ва
саёҳати беминнат дар пеш буд.
Мувофики барномаи гурӯҳ мо ду-се мох дар минтакаи
Чихгарон ба корхои маъданшиноей бояд машгул мешудем.
Аз Кобул то Чихгарон ба воситаи Афғонистони марказй роҳи
наздиктаре мавчуд буд, вале бар асари зимистони сахти
имсола ба он роҳ харакат кардани моро манъ карданд. Амр
шуд, ки бо вучуди садҳо километр дур будан аз шоҳроҳи
Кобул - Қандаҳор ва Ҳирот истифода бурдан лозим аст. Ин
121
шоҳроҳ 1080 км тӯл дошт.
Ammo барои ба Чихчарон рафтан то Ҳирот расидан
зарурат надошт, балки аз самти Шинданд 6а тарафи рост
сараки хомае оғоз мегирифт, ки онро роҳи Шинданд -
Чихчарон ном мебурданд. Ин роҳ аз 500 км иборат буд.
Шинданд аз калимаи паштуӣ буда, маънии форсиаш
чаманзор мебошад. Вале он чандон ба чаманзор шабеҳ
набуд. Албатта, барои мардуми панггу, ки рӯзгори кӯчигарй
доштаанд, мавзеи Шиндандро чаманзор пиндоштан ғалат
нест.
Дар тӯли ин роҳи панчсадкилометра, чо-чо карияҳои
хурде 6а назар мехӯрд. Баъзе деҳаҳо аз 5-6 хонавода беш
надоштанд. Табиист, ки мардуми ин маҳаллот ғаллакору
молдор буданд. Аҳолии ин минтақа зиндагии даҳшатборе
аз cap мегузарониданд. Ҳар чо ки ба мушоҳида гирифтам,
онҳо бо нону чой каноат мекарданд. Шаби аввалро дар
карияе бо номи Тӯпак, ки мақоми улусволиро дошт, сипарӣ
намудем. Дар ин сафар аз Шӯравиҳо мо се нафар будем:
Шербина Ю.И., Слава Гришин ва банда. Инженерони
афғониамон дар мошинҳои дигар пушти сари мо меомаданд.
Субҳи 25-уми май баъди ношто сафари Чихчаронамонро
идома додем. Табиати ин минтақа нисбат ба табиати Ҳироту
Фароҳ, Қандаҳору Мукур ва Ғазнй дилчасптар ба мушоҳида
мерасид. Дар тӯли роҳ манзараҳои чолибе 6а назар мехӯрд.
Чаманзорҳо, чашмаҳо моро пешвоз мегирифтанд. Метавон
гуфт, ки ин роҳ бо табиаташ то чое ба шоҳроҳи Душанбе -
Кӯлоби Точикистон шабеҳ буд.
Дар чараёни ҳаракат деҳаи зебоманзаре аз пешорӯямон
намоён шуд. Соат ҳам сӯи чошт ҳаракат донгг. Ба Шербинаву
Слава пешниҳод кардам, ки биёед ин чо нони чоштро
бубинем. Онҳо гӯё ба чунин пешниҳод кайхо тайёр будаанд,
ки ба зудӣ розй шуданд. Ба ронанда фаҳмондам, ки назди
самовоти беҳтарин мутар(мошин)-ро нигоҳ дорад. Мо бо
иштиёк сихкабоб мехӯрдем, ки се мошини сохти фаронсавй
пур аз мусофир аз назди корвонсаройи мо гузангганд. Мисле
ки шитоб доштанд. Ронандаи мо гуфт, ки онҳо туристҳои
фаронсавиянд, ки шояд нияти тамошои манори Чомро
доранд. Чанд лаҳза баъд дидем, ки он мошинҳо пае омаданд
ва он корвонсаройро, ки мо наздаш хӯрок мехӯрдем, аккосй
намуданд. Маълумам шуд, ки дар накшаи туристии
фаронсавиҳо корвонсаройи мазкур ҳамчун бозёфти
таърихиву фарҳангй инъикос ёфта будааст. Қимати ин
корвонсарой он буд, ки солҳои бистум бо амри Амонуллоҳхон
сохта шудааст. Мо низ бори дигар ба ин корвонсарой назар
122
андӯхтему роҳамонро пеш гирифтем.
Замоне буд, ки фаронсавиҳои шитобзада мошини моро
пушти cap гузошта, миёни чангбодҳои якдигар аз назари
мо ғайб заданд. Мо шитоб надоштем, ором ҳаракат
менамудем ва ба ҳама талу теппа назари чиюлуҷй-
маъданшиносй меандохтем. Шербина чун одами нав 6а чунин
табиат, ки бори аввал рУ ба рӯ меомад, таваҷҷӯҳи зиёде
мекард. Славаи бечора дар ҳар сафар мотам мегирифт. Ин
қадар завчаву писарчаашро дӯст медошт, ки лаҳзае аз онҳо
дур шудан намехост. Боре май аз Слава савол кардам, ки
охир ту чӣ хел_маъданшинос ҳастй, ки аз оила чудо буданро
хуш надорй? У гуфт: «Ману Люба дар вакти корҳои саҳрой
ошно шудем ва ҳама сафарҳои мо дар Шӯравй якчо
мегузашт». Ҳарчанд ки Люба ҳам маъданшинос буд, вале
ба Афтонистон шавҳараш - Слава ҳамчун мутахассис
фиристода шудааст. Завчааш ба сифати узви оила, кадхудои
хона, касе, ки барои шавҳараш хӯрок мепазад, сару
либосашро мешӯяд ва ғайра. Мушкилй он буд, ки Слава
завчаашро дар чунин сафарҳо бо худ гирифта наметавонист.
Банда ҳамеша дилбардориаш мекардам, ҳеч тал не, мегуфтам,
чор моҳаш, чор рУз барин мегузарад. Слава шӯхии маро
фаҳмида, «издеваешся, да?», мегуфт. Ин ҳолат сигори тозаро
оташ мегиронд ва дуди ғамашро бо дуди сигор якчоя бо оҳи
чукуре берун мебаровард. Дилам 6а ӯ месӯхт. Баъзан мисли
кӯдак худро нишон медод... Бо андешаҳои ботиниам сари
Слава будам, ки аз пешорӯ чангбоде хест. Миёни чангбод
дидам, ки яке аз мошинҳои фаронсавиҳо чаппа шуд. Ба зудй
аз мошин поён шуда, ба ёрии туристҳо расидем ва мошинро
дар пояш карор додем. Хайрият, касе маҷрӯҳ нагардида
буд. Яке аз онҳо ба фаронсавй фаҳмонд, ки Фаронсаву
Шӯравй ҳамеша дӯст буданд. «Рашан, рашан», гӯён ба
мошинҳошон боло шуданд ва ҳамон суръати баландро давом
доданд. Дигар онҳоро надидем.
Баъд аз асри рӯз ба шаҳри Чихчарон расидем. Дар
меҳмонхонааш чой гирифтем. Шаҳр чандон бузург набуд.
Аз байни он дарёи Ҳарирӯд мегузарад. Рӯд хеле сероб аст.
Чихчарон гУё дар даште бунёд гардидааст. Дарахташ кам
ба назар расид. Шаҳр тафсон буд. Мардуми Чихгарон ин
минтакаро «Зиндони Сулаймон» меномиданд. ГУё ҳазрати
Сулаймон ҳама гуноҳдоронро ба дашти Чихчарон
мефиристодааст. Чунин ривоятҳо миёни мардум зиёд аст.
Солҳое, ки истгоҳи баркии Норак сохта нашуда буд, аз
КУлоб, ки сӯи Душанбе меомадем, ҳатман дар чойхонаи
сари роҳи Норак як пиёла чой мегирифтем. Ҳамон вақтҳо
123
ҳам дарёи Норак пуртуғён буд, вале шаҳр хеле тафсон 6а
назар мерасид. Чунонки чихчарониҳо мегуфтанд, норакиҳо
низ Норакро яке аз дӯзахҳои худо ном мебурданд. Ин ривоят
ба асоси табиати гарми Чихчарон бофта шудааст. Он чо, ки
дарё чорист, табиист ки сангзор ташкил мешавад. Сангзор
бошад гармиро ба худ қабул менамояд. Одатан, чунин
минтақаҳои сангзор рӯзона метафсанду шабона шаббода
пайдо мекунанд. Ҳавои Чихчарон аз тарафи шаб аз ҳисоби
шаббодаи Ҳарируд салкин аст.
Тааччубовар буд, ки аз миёни шаҳр дарёи пурталотуме
чорист, аммо дохили шаҳр аз беоби чӯлистонро мемонд.
Дуруст аст, ки дарё аз сатҳи чойгиршавии шаҳр чандин
метр буд, вале имкон донгг, ки ба воситаи дастгоҳҳои барқии
обкашй шаҳрро сероб кунанд. Ба назарам мардумаш танбал
буд. Сари ҳар кӯчаву назди бозори Чихчарон садҳо чавонону
мардони тануманд, ба сарҳо кампал - чодар кашида хоб
мерафтанд. Талбандаҳояш нисбат ба дигар минтақаҳои
дидаам бештар менамуд. Бошандагонаш офтобсУхта буданд.
Сӯҳбат фақат ба форсй сурат мегирифт. Андаке дуртар аз
шаҳр данггҳо сиёҳй мезад. Он сиёҳиҳо хаймазорҳои мардуми
кӯчии Афғонистон буданд, ки ба чойҳои салқинтар ҳаракат
доштанд.
Чихчарон шаҳри магасҳоро мемонд. Шахр ифлос. Оби
ЧУйчаҳо 6ӯи бадеро ба машом мезад. Ахлот аз хонаҳо ба
кӯча cap дода мешуд. Дар ҳар сари қадам ахлотҷойҳо ба
мушоҳида мерасид. Ин ҳама чиркинӣ боиси зиёд шудани
магаси сиёҳ буд. Агар дар кабобхонае нишаста, ғизо
фармоиш диҳед, аз дасти сермагасӣ хӯрокро хӯрда
наметавонед. Аз ин чост, ки мо ҳамеша аз таблеткаҳои зидди
заҳролудшавии меъда истифода менамудем. Бенггари вақт
кӯшиш мекардем, ки дар чунин чойҳо ғизо истифода
нанамоем, балки аз гӯигги консерва ва дигар навъҳои ғизоҳои
сунъй кор бигирем.
Ман то дер бозору шаҳрро тамошо намудам. Бо чанде
аз ҷавонони мактабхони шаҳр ҳамсУҳбат шудам.
Мактабашон 12-сола буд. Бачаҳои кобил ва донишдӯст бисёр
ба назар расид. Онҳо ншкоят аз он доштанд, ки ба мактабҳои
олй дохил шуда наметавонанд. Чихчарон яке аз минтақаҳои
дурдасти кишвар ба ҳисоб мерафт. Ин чо волй ҳукумат
мекард. Моҳҳо намояндаҳои давлатй ба Чихчарон
намеомаданд. Аз ҳама иктисодиёти бад дар ҳамин вилоят
назаррас буд. Давлат ҳам чандон диқкат намедод ва ҳатто
аз ҳолу ахволи ин мардум иттилоъи кам дар даст дошт.
Такрибан дар шахри Чихчарон чойҳои диданй ба назар
124
намерасид. Одатан қавмеро аз рӯи чеҳраҳои зоҳирии
бонувонаш баҳо медиҳанд. Ҳарчанд ки сайру гапгг намудам
ягон духтар, ё зани зебочеҳра ба чашмам нахӯрд. Масалан,
шаҳри Ҳирот хеле занҳои зебо дорад, Қандаҳор ҳамчунин.
Ба назарам табиат ва муҳити ноҳинчор бонувони Чихчаронро
ба худ мувофиқ кунонда буд. Инсонро табиату манзараҳои
дилкаш зебо нигоҳ медорад. Боз мегуфтанд, ки бонувони
зебо дар хонаҳо менишинанд, онҳо кам ба кУчаву бозор
мебароянд.
Шом ба меҳмонхона баргаштам. Ҳамсафаронам
қартабозй мекарданд. Шабона ҳама дару панҷараҳоро
кушодем, то ки ҳавои тоза аз сУи дарё ба чойи хоби мо
дохил шавад. АфсУс, ки шаббода не, балки пашшаи газанда
то субҳ дар пеши бинниву бехи гӯшҳо ҳофизй кард. Илова
бар ин, кайку шабзод то он чо ки тавонистанд хунҳоямонро
макиданд. Слава чанд дафъа ба ҳаммом даромада бо оби
хунук хунҳоро шуст. Шероина бошад бо чароғи батареядори
дастй зери болишту кати хоб шабзод чустуҷу менамуд. Ман
ба ҳоли онҳо хандида мегуфтам: кайку шабзодҳои Чихчарон
фаҳмидаанд, ки мо Шӯравй ҳастем, меҳмоннавозй мекунанд,
вагарна дохилиҳоро азоб намедиҳақд-ку!
Ду рУз дар шаҳри Чихчарон бо гармселу кайку магасу
шабзодҳояш мубориза бурдем. Пуртоқат будани мардуми
шӯравиро исбот кардем. Хайрият аъзоёни дигари гурӯҳ бо
мошинҳои боркашу анчомҳои геологи ба Чихчарон расиданд.
Дар беруни меҳмонхона хайма заданд, то ки шабро сипарӣ
намоянд. Мо ҳам метавонистем хайма занем, аммо аз рУи
дастурҳои расмии бехатарй, шУравиҳо бояд дар дохили
шаҳру маҳалҳо хайма намегузоштанд. Дашту биёбон чойи
хаймаҳои мо буданд, ки озодона нафас мекашидем. Бегоҳй
Шербина нақшаи сафари пагоҳро бароям арз кард. Ман ба
ҳамаи кормандон фаҳмондам, ки чӣ навъ бояд ба роҳ баромад
ва нуктаи охири хаймагзории мо кадом мавзеъ қарор хоҳад
гирифт.
Дар роҳи Оҳанкашон
Нуктаи охирини сафари мо минтакае бо номи
Оҳанкашон буд. Аз рӯи нақшае, ки мо дар даст доштем
масофаи роҳ аз Чихчарон то Оҳанкадюн 150 км-ро ташкил
медод. Роҳи муайян надошт. Ба он роҳи хомае, ки сафар
сурат мегирифт даҳсолаҳо мошине ҳаракат надоштааст. Ба
ҳар навъе, ки буд, 27-ми май пагоҳии барвақт корвони
125
маъданшиносони шӯравй пули болои Ҳарирӯдро паси cap
намуда, сӯи Оҳанкашон роҳ пеш гирифт. Умуман, дар як
бероҳагй ҳаракат дошлем. Мошини мо вазифаи роҳбаладиро
иҷро мекард, зеро нақшаи роҳпаймой дар дасти Шербина
буд. Соатҳои ҳафти бегоҳӣ ба мавзеъе расидем, ки
ботлоқзорро мемонд. Мошинаҳои ГАЗ-69 ба душворие аз
ботлок гузаштанд, вале мошини боркашамон, ки тамоми
маводи ғизой дар он чойгир буд, дар байни ботлоқзор фурӯ
рафт. Чарху балонҳояш пурра ба лой ғӯтиданд. Бо ресмону
трос хеле зӯр задем, вале мошинро аз даруни ботлок капшда
натавонистем. Шом шуд. Наздики ботлок карияе ба назар
хӯрд, ки аз чанд хонавода иборат буд. Он деҳа Даҳана ном
доштааст. Аҷиб он буд, ки деҳа хона дошл, вале дар хонаҳо
одам ба назар намерасид. Маълум шуд, ки зимистони
қаҳратун одамонро нобуд сохтааст. Чунин карияҳои беодам
дар ин минтақа кам набуданд. Шоҳидон кисса карданд, ки
аз ин деҳаҳо чанд касе аз зимистон начот ёфта, холо дар
теппаву кӯҳҳо аз пайи пайдо кардани алафҳои безахранд.
То ин вакт худ дида будам, ки дар яке аз карияҳо чой
менӯшидем, ки бачаи 10-12 солае аз кӯҳ поён шуду назди
мо омад. У аз мо чизе пурсиданй буд, аммо забонаш гапашро
намегирифт. Яъне вай беҳол шуда буд. Ман ба У як дона
конфет, ду афғонй ва як порча нон додам. Писарак инъоми
бандаро махкам дошла, худ ашк мерехт. Баъд дастҳояшро
боло карда сУи осмон назар дУхту ба мо дуои нек дод: «Ҳеҷ
гоҳ хориро набинед, мистер». Тасаввур мекардам, ки ба У
баринҳо ба ғайр аз мо — роҳгузарони хоричй, касе лукмае
намепартофт. Дар деҳаи Даҳана низ ҳамин хел бепарасторон
зиёд буданд, ки бо дидани хаймаҳои мо аз кӯҳҳо поён
фаромаданд.
Пагоҳии 28-ум ба хотири нонушта нону маскаву гУшти
моҳй ва панирро омода сохтем. Шербина як пора панирро
ба даст гирифту чойҳои вайроншудаашро бо корд бурида,
аз хайма дуртар партофт. Баъди лахзае дидем, ки як бачаи
7-8 сола пораҳои панирҳои пУпанакзадаро аз болои алафхо
чида тез-тез ба даҳонаш андохта истодааст. У ҳини хӯрдан
ба атрофаш парешонҳолона нигоҳ мекард, то ки гуруснаи
дигаре пайдо нашаваду лукмаи Уро нимта кунад. Ба холи
вай рахмамон омаду ба наздамон даъваташ намудем. Аз гУпгги
мохиву нон баҳравараш сохтем. Ба назарам дар умраш мисли
он рУз хУроки болаззат нахУрда буд.
Дар чараёни роҳи Чихчарону Оҳанкашон боз аз чанд
деҳоте гузаштем, ки одамонаш нимбараҳна ва сармозада
буданд Чавонону духтароне вохӯрданд, рангҳо зард,
126
дандонҳо сип-сиёҳ, шикамҳошон варамида буд. Дар чеҳраи
одамиашон хун надоштанд. Онҳоро алафи баҳорон аз мурдан
мераҳонид. Варами шикаму сиёхиву зардии дандонҳо
нишонаи истеъмоли гиёҳ ва алафҳои ҳархела буд. Ҳамчунин
ба карияҳое рӯ ба рӯ омадем, ки тамоман одам надоштанд.
Фақат қабрҳои тозаро медидему бас. Ба деҳе расидем, ки аз
мардҳо нишоне набуд, вале занҳояш зинда монда буданд.
Занҳо бефаранчи, 6о сари бараҳна ва мӯйҳои парешон
атрофи моро доира гирифтанд. Зане шикоят донгг, ки «ин
зимистон ҳамаамон бимурдем». Ҳамаи занҳо баробар ran
мезаданд. Онҳо гумон доштанд, ки ки мо фиристодаҳои
давлат ҳастему ба дарди онҳо даво мешавем. Бо онон танҳо
ман сӯҳбат менамудам. Шербинаву Слава асабӣ шуда буданд
ва 6а русй суханҳои кабеҳеро нисбат ба давлати вақти
Афғонистон мегуфтанд. Ҳарчанд ки инженерони афғониамон
онҳоро ором карданй мешуданд, занҳо сӯи мо - се нафари
хориҷй қариб ҳучум меоварданд. Азбаски аксари онон ба
касалиҳои гузаранда гирифтор буданд, аз тарой он ки бо
дастҳошон сару рӯи моро молиш надиҳанд, ба ду ҳамсафарам
ба рӯсӣ фаҳмондам, ки зудтар ба мошин савор шаванд,
гурехтан лозим, гуфтам. Шербина ва Слава, воқеан,
тарсончак буданд. Слава аз таре 6а ларза даромад, сигор
дар даҳонаш мечунбид. Шербина бошад аз ман мепурсид,
ки кучо омадем, холамон баъдтар чй мешавад? Онҳоро
дилбардорй кардам ва тасаллошон додам, ки парво накунед
то вақте ман ҳастам ба шумо ҳеч кас ғараз нахоҳад гирифт.
Ба роҳ даромадему ба андеша дода шудам. Ин чй ҳолест,
ки худо ба инсонҳояш раво дидааст. Инсонҳоятро, ки
саришта карда наметавонӣ чаро онхоро ба дунё меорй? Аз
хама бадбахтарин эчоди худо шояд инсонхояш бошанд.
Бадбахтй дар он буд, ки ман холи онҳоро хам медидам ва
хам дардашонро мешунидам. Он ду хамкорам хушбахт
буданд, ки медиданду намефаҳмиданд.
Ope, бо се-чор километри дигар пеш рафтан, боз аз
сари рохамон сарлучону пойлучони нав баромаданду
мошинҳои моро аз ҳаракат доштанд. Акнун занхо хамон
Кадар метавонистанд, ки чойҳои шармашонро бо дастҳо
пӯшонанд. Илоче набуд, банда аз мошин поён шудаму андаке
аз мошин дуртар рафта, ба саволҳояшон гӯш додам. Ба
Шербинаву Слава ишора намудам, то ки аз чойхояшон
начубанд. Занҳоро бовар кунондам, ки ба наздкй
намояндахои давлат бо мошинхои гандумбор ба ин чохо
меоянд, иншооллоҳ холатон хуб мешавад. Онҳо ҳамагй дасти
дуо бардопгга, рУй ба худо оварданд ва ёрй талабиданд.
127
Алафи имсола, мегуфтанд, ба дардашон намехӯрад. Худое,
тавалло менамуданд, охир, алаф барон гову мол аст, на барон
инсон. Яке наздам омад ва гуфт: «Мо дар кӯҳҳо мегардем,
зира мечинем ва онро чУшонда, обашро фурУ мебарем».
Ҳайҳот, ки на хукумати марказ ва на волии Чихчарон аз
Холи ин бечорагон хабаре надоштанд ва ҳеч ёрие хам
барояшон зоҳир намекардаанд. Ин чо, ки сУхбат дорем,
деҳаи Рахна буд. Занҳо изҳор мекарданд, ки ягона роҳи
халосй аз чунин рӯзгор мурдан аст. Онҳо нерУе надоранд,
ки ба марказ раванду дардашонро 6а хокимон арз кунанд.
Шабро, ки ин чо гузаронданй будем, аз захираи хӯрокаамон
харчи ки доштем ба он бону вон додем. Ман аз муовини омири
гурӯҳ Саидчаббор хоҳиш намудам, то ки онҳо низ барои
он бечорагон лутф намоянд. Ҳатто чанде аз занони чавон,
ки аз шавҳарҳошон халос шудаанд, ба хотири зинда мондан
шабона ба хаймахои инженерони дохилй медаромаданд.
Баъзеашон розй буданд, ки зани дуюму сеюм шаванд.
Пагоҳии дигар афғонҳо бо хушнудй кисса доштанд, ки дар
Кобул зан кардан гарон аст, мешавад, ки аз инхо зан гирифт.
Шояд чунин хам карда бошанд, вале ман дигар пунгги чунин
амалҳои ношуд нагаштам. Мулки худашон буд. Агар бонуеро
аз ин чо зан мекарданду ба Кобул мебурданд, шояд як инсон
боз зинда мемонд.
Рохи мошингард то Рахна буд. Аз ин рУ, ин чо
қароргоҳи марказй ташкил додем. Ҳама ронандаҳо бо
мошинҳошон, таҳвилдор (анборчй) ва чанд нафар корманди
дигарро низ дар кароргох монондем. Мо бо худ орд, равган,
консерва ва дигар маводи ғизоӣ доштем. Қисмеро ин чо
монда, маводи заруриро бо худ гирифтем. Гурӯҳи мо аз
хоричиҳо то афғонҳо як қишлок одам буд. Азбаски то
Оҳанкашон 20 км роҳи душворгузари кӯҳӣ дар пеш буд,
10-20 маркабу чанд уштуру асп киро намудем. Унггуру
аспҳоро аз минтақаи Қандаҳор харидорй кардем.
Исматуллоҳхони сардори гурӯҳ, ки худ кандахорй буд, хама
нақлиёти чониро аз он чо ба даст меовард. Хулоса, тамоми
амволу анчомҳоро ба хару уштурхо бор карда, худамон аспи
саворй интихоб намудем. Корвони мо тУлонй шуд. Дар сари
корвон банда бо саринженерамон - Шербина карор
гирифтем.
Роҳи бузраву харрав кӯҳи баландеро рахна мекард.
Дар баъзе чойҳои роҳ пиёда ба душворй гузаштан мумкин
буд. Чанд дафъа маркабҳо бо борашон чаппа шуданд, хол
он ки маркабҳо махсус аз ҳисоби роҳбаладон соҳиб доштанд.
Онҳо касоне буданд, ки дар ин рохи качмокачак борхо
128
рафтуомад доштанд. Ба душворй кӯҳро боло шудем. Акнун
роҳамон нисбатан рӯ ба ҳамворй овард. Бо ҳамин минвол ба
нуктаи Оҳанкашон соати 9-и шаб расидем. Торикй
ҳукумфармо шуд. Даштеро, ки аз наздаш чуйи оби кӯҳй
чорй мешуд, кароргоҳи чормоҳаи хеш интихоб намудем.
Муздурон ба зудй хаймаҳои моро чо ба чо карданд. Аз самти
поёни қароргоҳ дар масофаи бист-сй метр дуртар афғонҳо
хаймаҳои хешро чойгир намуданд. Субҳ аз хоб хестаму
ин тараф он тарафро назора намудам ва хостам, ки карияи
Оҳанкашонро пайдо намоям. Вале ба шакли деҳа мавзее ба
чашм намерасид.
Оҳанкашон, аслан, номи кӯҳе будааст, ки назар ба
таҳқикоти маъданшиносони инглису олмонй тилло дошта-
аст. То омадани маъданшиносони фарангй, дар кадим аз ин
кӯҳ одамон тилло истихроч мекардаанд. Чаро кӯҳ Оҳан-
кашон унвон гирифтааст, ба касе маълум набуд. Вокеан,
дар пояҳои кӯҳ чойи коркарди тилло ба воситаи шустани
per ба мушоҳида мерасид. Баъдан, ки ба гирду атрофи куҳи
Оҳанкашон аз наздик ошной пайдо кардам, бовар намудам,
ки ин чо замоне маъданшиносони хоричиву маҳаллй корҳои
бисёреро анчом додаанд. Ҳавои Оҳанкашон форам буд.
Обаш сард ва маъданй ба назар мерасид. Шабона боду хаво-
яш сард мешуд. Дар ин минтака буттаҳои пӯш, украй, биях,
гулхор мерУид. Адафи ачириқ фаровон буд. Дарахтони бе-
мева ва худрУй низ чо-чо ба назар мехӯрд. Теппаву кӯҳҳо-
яш пурра сангй набуда, балки хокй буданд. Бинобар ин,
дар баландиҳо ҳатто ҷойҳои сарсабз зиёд дида мешуд.
Оҳанкашон аз сатҳи баҳр 2600 метр баланд буд. Аз ин чост,
ки шахе тез хастагй эҳсос менамуд ва нафаскашиаш душ-
вор мегардид. Албатта, касе аз моён фишори хун надош-
тем. Мо ҳамагӣ чавон будем. Ин чо аз навъи ҳашарот-
каллаи гУсола, тортанак, магаси сиёҳ ва калон, говзанбУр
вомехУрд. Ба сабаби ин ки дар ин минтака моли майда зиёд
чаронда мешуд, мор кам ба мушоҳида мерасид. Аммо каж-
дум баъзан ба чашм мехӯрд. Дараҳои Оҳанкашон серкабк
буд. Пагоҳиҳо овозашон то хаймаҳои мо мерасид.
Шабе дар Оҳанкашон
Аввалин шабамон дар Оҳанкашон ба сиюми май рост
омад. Шаби барохате буд. Баъди роҳи бузрави бисткилометра
мисли барра истироҳат кардем. РУзи якуми тобистон арбоби
деҳаи Чамбарак окон Махмуд меҳмони мо шуд. Дар ин
129
минтақа қарияҳои зиёде вуҷуд доштаанд, ки асосан дар
ҳамвориҳо ва кад-кади дарён Рахна чойгир будаанд. Дар
поякӯҳҳои Оҳанкашон молдорон рӯзгор доштаанд. Аз рӯи
нақли Махмуд деҳаи ӯ дар масофаи 10 км карор доштааст.
Рӯзе, ки мо 6а Оҳанкашон расидем, аллакай тамоми карияҳои
минтақа воқиф шудаанд, ки як гурӯҳи калони
маъданшиносони шӯравӣ барои истихроҷи маъдани
Оҳанкашон омадаанд. Табиист, чунин корҳо ба нерУи коргарй
зарурат дорад. Максади омадани Маҳмудхон он буд, ки мо
мардикоронро аз деҳаи вай интихоб намоем. Маҳмудхон
аввалан бо Саидҷаббор мавзӯъро ҳал карда, сипас ба хаймаи
мо омада буд. Ман ба Шербина масъаларо фаҳмондам. У
гуфт, ки ба кор гирифтани мардикорон ба мо шУравиҳо
иртибот надорад. Маъмурияти афғонй худашон ҳал кунанд.
Бо вучуди ин, ман ба Маҳмудхон аз ҷониби худ арз кардам,
ки арбоб соҳиб шумо метавонед пагоҳ се нафар
мардикоратонро ба қароргоҳи мо бифиристед. Гап дар ин
буд, ки ҳама касеро, ки ба гурӯҳ ҷиҳати мардикорй ҷалб
менамуданд, бе иҷозати банда амалй карда наметавонистанд.
Албатга, аз ин су поршни шУъбаи махсуси сафорат роҳбарони
гурӯҳи шӯравӣ воқиф набуданд. Баъзе амрҳои расмие содир
мешуд, ки ичро ва назорати онро ба ӯҳдаи тарчумонҳо
мегузоштанд. Ин чо гап сари таъмини амнияти мутахассисини
шУравй мерафт. Аксари тарчумонҳо ду вазифаро адо
мекарданд: яке тарчумонй ва дигаре аз балоҳои ногаҳонй
раҳонидани инженерони шӯравӣ. Ин мавзуъро ман ба
маъмури кадрии гуруҳ фаҳмонда будам ва ҳар касеро, ки
ба кор мегирифтанд, бо роҳи дигаре аз сӯҳбати банда
мегузаронданд. Ҳоло ки аз Маҳмудхони арбоб чунин такозо
намудам ба он хотир буд, ки У инсони безарар ва самими
метофт. Ба вай бовар кардан мумкин буд. Ин сӯҳбатро на
Шербина фаҳмиду на Слава, ки ҳамеша бодиккат гӯш
медоданд ва мехостанд, ки мавзУи сӯҳбатро фаҳманд.
Намедонам ба Шербина хам чизе туфта буданд, ки У дар
чанд рУзи якчоя буданамон хама чизро аз ман мепурсид ва
баъд ичро мекард. Ҳини Маҳмудхонро гусел намудан, боз
ба У таъкид кардам, ки «окон арбоб касонеро фиристед, ки
ба онҳо боварй доред». «Ҳатман тарчумон соҳиб. Ман
шуморо хуб фаҳмидам». Бо ҳамин Маҳмудхон рафт.
Афғонҳо мардуми ачибеанд, воҳима андохтанро дуст
медоранд. Аз қисса намудани ҳар навъ ҳодисаҳои
мочарописанд хушашон меояд. Махсусан табакаи маъмурин,
ки аслан ҳеч кореро анчом намедиҳад, дар мавзУи
воҳимаандозй миёни дигарон ҳамто надоштанд. Онҳо, ки
130
дар ҷараёни роҳ гуруснагиву каҳтиро ба мушоҳида
гирифтанд, дар ин минтақа кор кар дани маъданшиносонро
хатарнок дониста, байни якдигар воҳима андохтаанд, ки
дар ин ҷоҳо дуздон зиёд рафтуо мекунанд. Ба ҳеч кас бовар
доштан дуруст нест. Масалан, ҳамин саворае, jch худро
арбоби деҳаи Чамбарак эълон намуд, дурӯғ аст. У сардори
дуздони минтақа аст, ки бо дидани ҷою макону амволи мо
имшаб дуздонашро ба сари мо меорад. Дар миёни маъмурин
шахсе бо номи Азимхон фаъолият мекард, ки чанд вазифаро
бар ӯҳда дошт. МавзУи ба кор гирифтан, ҳуччат омода
сохтан, дархостҳоро пиёда намудан, маошро тақсим доштан
ва дигар масъалаҳои ҳуччатнигорй ба зиммаи ӯ гузошта шуда
буд. Вақте ки Азимчон аз забони дигарон сабаби омадани
арбобро мефаҳмад, ӯ ба ваҳм меафтад, назди кормандони
дигар чиддй будани мавзӯъро изҳор медорад. Ин воҳима ба
гӯши банда низ расид, вале лозим надонистам, ки ба русҳо
гӯям, то ки шаби дувумро низ бароҳат гузаронанд. Ҳарчанд
ки ба ин воҳима чандон боварй надонггам, таъбам хира шуд
ва болои чапаркат дароз кашида, ба андеша фурӯ рафтам.
Як ҳиссаи шаб буд, ки ҳамон Азимхон, ошпази мо
Абдулмуҳаммад ва боз як маъмури дигар бо чароғҳои дастй
дохили хаймаи мо шуданд. Хун аз чеҳраи Азимхон парида
буд. У моро огоҳ кард, ки ҳушёр бошем, ки имшаб ба
кароргоҳ дуздҳо хучум мекунанд. Русҳо аз кавораи Азимхон
ким-кадом ҳодисаи нохушро пай бурданд ва аз ман хоҳиш
карданд, ки хостаи онҳоро барояшон тарчума кунам.
Шербинаву Гриншн ба чунин маълумот ба зудй боварӣ ҳосил
намуда, аз чойи хобашон хеста сарулибосашонро пӯшида,
бо чакушу ракетнитсаҳо худро мусаллаҳ сохта, аз хайма
берун шуда, ба хаймаи дохилиҳо даромаданд. ГУё панохгоҳ
мечустанд.
Вакте ки ҳодиса таҳқиқ шуд, маълум гардид, ки
маъмурини дохилй аз тарсу будани Азимхон истифода бурда,
ӯро бо чунин воҳима тарсонданй шудаанд. Онҳо оқибати
воҳимаро фикр накарданд ва гумон надоштанд, ки Азимхон
ин ҳодисаро ба шӯравиҳо мерасонад. То вақте ки мо ба
хаймаи афғонҳо рафтем, онҳо Азимхонро муҳокима
намуданд ва сарзаниш кардаанд, ки воҳимаи онҳо шӯхӣ буд,
мо хостем туро тарсонем. Ин чунин маъно надошт, ки ба
шУравиҳо хабар бикашӣ. Табиист, ки Азимхон аз кори
кардааш пушаймон мешавад, афсУс мехУрад, ки онро
насанчидааст. Мо низ аз ин мухокима хабар надоштем ва
мавзУъро ба Саидчаббор, ки омири гурӯҳро иваз менамуд,
131
гуфтем ва хоҳиш кардем, ки чорае биандешанд. Бо шунидани
арзи мо онҳо ба якдигар бо назари шубҳаангез нигаристанд
ва баъд сУи мо назар андӯхта узр хостанд, ки гуноҳ аз
дигарон гузаштааст, ба ин далел ки хостаанд Азимхони
маъмурро мазоҳ намоянд ва миёни кормандон хандасораш
кунанд.
Май, ки дилам ба ду ҳамкорам месӯхт, вокеан онҳо
сахт тарсида буданд, дигар ҷониби роҳбарам назар накарда,
ба таври расмй эълом доштам: «Оқоёни мӯҳтарам, ба шумо
ҳеҷ кас ичозат надодааст, ки шӯхию мазоҳатонро сари
шӯравиҳо бор кунед». Тағйири кавораи май Шербинаро
ҳушёр сохт, ки саросемавор, Назар, Назар чй шуд, чаро
қаҳрат баромад, чй гаи аст, бигУй, ки мо ҳам огоҳ бошем.
Банда оромона фаҳмондам, ки онҳо байни худ шУхй кардаанд
ва хостаанд Азимхонро тарсонанд. Маъмурин аз мо узр
мехоҳанд, гуфтам ва аз чоям баланд шудам.
Шербинаву Слава тез пушти сари ман аз хаймаи
маъмурин баромаданд. Ман ба он дарача асабй шуда будам,
ки намедонам дар он торикии шаб чй навъ ба хаймаи худ
расидам. Ин вазъияти бандаро Саидчаббори муовин пай
бурд ва ба хаймаи мо омада, расман эълон кард, ки агар мо
розй бошем худи пагоҳ Азимхони маъмурро аз вазифа
сабукдУш менамояд. Албатта, ба чунин амал мо розй шуда
наметавонистем. Фақат ба Саидчаббор фаҳмондам, ки мо
шУравиҳо тарсончак нестем. Агар ин воҳима ҳакикат
медошт, мо мехостем бо шумо якчоя чора бубинем, то ки
молу мулки гуруҳро дифоъ карда бошем. Бори дигар муовин
аз чониби маъмурин узр хост. Бо вучуди ин, Саидчаббор
эҳсос кард, ки мо тарсидаем ва худро нороҳат мебинем, як
нафари афғониро ба сифати посбони хаймаи мо фиристод.
У то рУз чй навъе ки дар хидмати аскарӣ қарор дошт, хоб
нарафта дар атрофи хаймаи мо мегангг ва гоҳе сулфаи нарм
мекард, то ки мо боварй ҳосил намоем, ки У ҳамин чост ва
ором бихобем.
Вокеан, дар дили мо низ ваҳм чой гирифт. Махсусан,
Гришин бетоқат шуда буд ва оҳистакак аз ман хоҳиш кард,
то ки дохилиҳо хаймаи моро бонй намоянд. Вале ин хоҳишро
рад намуда, ба русй фаҳмондамаш, ки мо набояд ба тарсу
ҳарос дода шавем. Мо шӯравй ҳастем. Мо бояд тарзе худро
вонамуд созем, ки ходисае рУй надодааст ва мо парвое
надорем. Агар тарсу воҳимаи моро афғонҳо дарк намоянд,
ҳар вакти дигар воҳимаҳо андохта, моро бовар мекунонанд,
ки ба сабаби набудани амният минтақаро тарк гУем. Гришин
дигар чизе нагуфт. Ман ҳеч гуна тарсро ҳис намекардам,
132
балки бароҳат хоб рафтам. Вале он ду ҳамкорам то субҳ ин
тарафу он тараф давр мехӯрданд ва ҳар сари вакт каташон
ғичир-ғичир мекард.
Ин шаби 6а истилоҳ даҳшатнок паси cap шуд. Пагоҳии
барвакт чанд тан аз маъмурини афғонй, аз чумла Азимхон
бо чеҳраҳои гуноҳкарда аз банда хоҳиш карданд, ки ҳодисаи
иншабаро ба дафтари хотирот сабт нанамоям. Он рӯз, «хайр
аст» гУён ваъдашон додам, аммо шабона чанд сатре раво
дидам, ки акнун боиси рӯи коғаз омадани мазмуни боло шуд.
Сӯҳбате бо Ғуломсахӣ
Мавзее, ки мо кароргоҳ интихоб намудем, на кария
донггу на шаҳр. Дар манотики дигар, ки будем, ман ҳафтае
як бор барои бозорӣ ба шаҳр мерафтам. Акнун имконияти
Чихчарон рафтан надорам. Ҳол он ки тамоми хУрду хУрокро
барои худамон ман бояд таъмин намоям. Маблағ дар дастам
ҳаст ва дигар коре надорам. Ба ин хотир маро лозим меомад,
ки ба карияҳои минтақа робита пайдо кунам, то ки дар
мавриди маводи ғизой, ба хусус гУнгг бандаро мусоидат
кунанд. Чунин дастури расмӣ ҳам аз ҳукумати Афғонистон
доштем. Мазмунаш чунин буд: Ба ҳамаи улусволҳо, волиҳо
ва арбобҳо расонда мешавад, ки ба мутахассисини шУравй
дар мавриди зарурат хамкорй карда шавад. Бидуни чунин
нома донгган низ ришеафедону арбобони деҳот ҳамеша ба
мо дасти ёрй дароз мекарданд ва ҳатто дар масъалаи таъмини
амнияти мо чораҳо меандешиданд. Масалан, онҳо ба
бошандагони деҳашон мефаҳмонданд, ки дар минтақа
хоричиҳо ифои вазифа доранд ва нашавад, ки шумо ба молу
чони онхо хатар оред. Ба хусус дар бораи муносибат ба
мутахассисини шУравй фармоиши махфии Зоҳиршоҳ мавчуд
буд, ки онро фақат волиҳову органҳои ҳукуқй ва ҳифозатй
хуб дарк менамуданд. Борҳо шудааст, ки дуздҳо бо
фаҳмидани ин ки чабрдидаашон табааи шӯравӣ аст, ба зудй
аз чиноят даст кашида, рӯ ба гурез меоварданд. Кам ҳолатҳо
шудааст, ки маъданшиносони шӯравиро, ки дар тамоми
манотиқи кишвар ба кашфи маъдан шуғл меварзиданд, озор
дода бошанд. Аз ин чост, ки банда бидуни кадом ҳаросе ба
карияҳо ворид мешудам ва худро муаррифй менамудам.
Дар ҳамин замина, рУзе аз қарияи Чамбарак, ки
арбобаш Маҳмудхон буд, Ғуломсахй ном шахси баобрУе ба
қароргоҳи мо омад. Аспи хубе зери пой дошт. Моли майдаи
У дар наздикиҳои мо чарронда мешудааст. Пои як гУсфандаш
шикаста будааст. Азбаски У фаҳмидааст, ки мо ба гӯнгг
133
зарурат дорем, гУсфандро cap зада гУшташро барои мо
оварда буд, то ки дар бадали маблағе ба фурУш расонад. Ба
гУсфандаш 600 афғонй нарх гузопгга буд. Албатта, ба ин
гушт дохилиҳо зарурат надоштанд ва кудрати харидориро
ҳам карда наметавонистанд. Як вакт ошпазамон назди банда
хозир туда, хабар дод, ки тарчумон соҳиб гУштамон тамом
шудааст, имкон дорад, ки гӯшти гУсфанди он нафари
аспакиро бихарем? Банда, ки дар андешаи пайдо кардани
гУшти тоза будам, дархол ба назди он око, ки ҳоло номашро
намедонистам рафтам ва баъд аз шиносшавй аз эшон пурсон
шудам, ки ба чанд афғонй гУсфанди куштаашро дода
метавонад.? У бидуни кадом мулохизае гуфт: инженер соҳиб,
ман 600 афғонӣ мепурсам. Гуфтам гУсфандат шишак аст?
Гуфт, на. Пас гУшти гУсфанди модаро овардаед. Оре, гуфт.
Сипае ба почаи хУрчинаш назар кардам ва дидам, ки
гУсфанди хурдест. Он кирои 600 афгонй намекунад. Бо ин
андеша ба гУшти гУсфандаш 350 нарх мондам. Вале У розй
нашуд, балки 450 афғонй талаб кард. Баъди бозоргарии дуру
дарозе гуфтам: окон Ғуломсахӣ на 450-и шумо ва на 350-и
банда, агар розй шавед 370 афғонӣ дода метавонам. Бай
дигар даъвое ба миён нагузопгга, хеле хуб, гуфт, насиб кунад.
Ошпази мо хУрчинро поён карда, гУштро берун кашид ва
аз пайи бирён кардани дилу чигар шуд. Банда бошам
меҳмонро ба хайма даъват намудам. Зимни сӯҳбат маълумам
гапгг, ки Ғуломсахй шахеи басалохияти минтака ба шумор
мерафтааст. Дар назди волии Чихчарон эътибори калон
доштааст ва яке аз бойтарин одамони карияи Чамбарак
будааст. Дилу чигар хам омода шуд ва меҳмонро гУё бо
гУшти овардаи худаш меҳмондорй кардам. У, ки хеле шитоб
дошт, дигар андешаи рафтан накард, балки дойр ба вазъи
минтака киссаҳо кард, ки барои ман дарсеро мемонд. Банда
бо огози сӯҳбат ва идома ёфтани он мехостам фаҳмам, ки
масъалаи дар минтака фаъолият доштани дуздону роҳзанон
вокеият дорад, ё бофтаи маъмурини гурӯҳи моянд, ки зудтар
мехостанд ба хонаҳошон пас гарданд. Ғуломсаҳй ба куллй
он овозаҳоро ғайри қабул шуморида, иброз дошт, ки дар ин
минтака ҳар қария дуздони худро дорад. Онҳо факат агар
ба дуздй даст заданй шаванд, ба молу мулки давлатй ғараз
намегиранд, балки моли деҳаи ҳамсояро ба яғмо мебаранд.
Рӯзи дигараш дуздони дехаи чабрдида чорвои он дехаро
медузданд. Бо ин роҳ гӯё ҳисобашон баробар мешавад. Дар
мавриди ин ки он дуздон барои рабудани молу анчоми
кормандони давлатй амал нишон доданианд, ғайриимкон аст.
Сипае мавзУи кашшокй ва бенавоии минтака мавриди бахеи
134
мо карор гирифт.
Назар ба накли Ғуломсахй дар минтақаи Оҳанкашон
ягона деҳае, ки дар ин зимистон бошандагонаш аз мурдан
начот ёфт, карияи Чамбарак буд. Зимистони соли гузашта
ҳам каҳратун омадааст, вале азбаски мардум захираи
ғалладона доштаанд чандон зиёд талаф надидаанд.
Окои Ғуломсахй накл кард, ки кисми зиёди одамон
баъди хӯрдани алафҳои ҳархела нобуд шудаанд. Масалан,
онҳо алафи ришкаро дар об чУшонда мехӯрдаанд. Дар
натича варами шикам пайдо шуда, дар байни се рУз инсонро
аз байн мебарад. Дар ҳамин замина боз саволаш додам, ки
чаро ин кадар деҳоте, ки талафоти чонй дидааст, мо
қабристонҳоро ба мушоҳида нагирифтем? Ғуломсахй ин
мавзУъро низ вокеъбинона барои банда шарҳ дод. Маълумам
гардид, ки ба сабаби ин ки зимистон сербарф омад, хонаҳоро
ба зери худ гирифт. Одамон, ки ғизо надоштанд, аз беҳолй
берун баромада барфҳоро аз болои бому роҳравҳо рУфта
наметавонистанд. Бинобар ин бисёре аз хонаводаҳо ба
такдир тан дода, дохили манзилҳошон монданд ва аз
гуруснагй чон доданд. Шоҳидон накл мекунанд, ки баъд аз
об шудани барфҳо начотёфтагон дарвозаи ҳар хонаеро, ки
воз кардаанд, дидаанд, ки аҳли хонавода ба хотири дигар
аз чой барнахестан рУи фарши хона каторак хоб рафтаанд.
Аз ин рӯ, мардони гирду атроф чамъ омада, онҳоро аз
манзилҳо берун кашида, ҷаноза кунонда, ҳарчо-ҳарчо зери
санг кардаанд. Бисёре аз мурдаҳоро сагону гургон ва дигар
ҳайвонҳои ваҳшй аз қабати сангҳо берун оварда хӯрдаанд.
Ба ин маънӣ, карияҳои осебзада кабристони алоҳида
надоштаанд.
Вакте ки мо бо роҳи Чихчарон-Оҳанкашон ҳаракат
мекардем, сари роҳҳо ва канортар аз роҳ мед идем, ки чо-
чо зери тахтасангҳо устухони одамон гузошта шуда буданд.
Он вақт ман сабабҳои онро начустам. Акнун Ғуломсахй
даҳшати ба сари инсон омадаро хеле бошавк хикоят менамуд
ва ифтихор аз он дошт, ки карияи У ба чунин ҳолат гирифтор
нашудааст.
Ғуломсахй суханашро ид ома дода, бадбахтй дар он буд,
ки мегуфт У, - часадҳои одамон - бекафану бечаноза монданд.
Чанозагар пайдо намешуд. Масалан, аз як деҳа танҳо як
мард зинда мондааст. Дигар начотёфтагон занону духтарон
буданд. Ғуломсахй шУхикунон мегуфт, ки занони ин кария
он мардро арбоби дехаи худ интихоб кардаанд. Илм хам
исбот намудааст, ки чинси зан нисбат ба мард пуртокат
мешавад.
135
Дар баъзе карияҳои фалокатзада чунин ҳам шудааст,
ки мурдаҳоро аз хонаҳо берун набароварда, балки
дарҳошонро боз пУшидаанд. Ин хонаҳо сағонаро мемонд,
ки дар ҳар кадомаш 10-12 насади устухоншуда, дар дохили
латтапораҳо боқӣ мондаанд. Дар хотима, ҒуломсахЯ хулоса
кард, ки ин минтақа кариб, ки дар назорати давлат карор
намегирад. Сабабаш бероҳй аст. Мардуми минтақа ҳамасола
заҳмат кашида, ғалладона кишт мекунанд, чорвои майда ва
калонро инкишоф медиҳад, то ки қисме аз онро ба фурӯш
расонда, рузгор бинанд. Боз аз хама бадии кор дар он аст,
ки мегуфт Ғуломсахй, мардуми мо бозор надорад, ки
молашро ба фурУш расонад. То бозори Чихчарон бурдани
моли майда ғайри имкон мебошад. Тавре ки дидем, сӯҳбати
риккатовари Ғуломсахй буд сари тақдири инсони
Афюнистони шоҳй. Аз сӯҳбати Ғуломсахӣ дониш андӯхтан
мумкин буд. Махсусан, он айём барои банда шунидани чунин
кисса, киссае, ки дар бораи беқадр мондани инсон буд,
ҷолиб менамуд. Ҳамон вақт ба Ғуломсаҳӣ гуфта будам: окон
мӯҳтарам мо точикони шӯравй то омадани Инкилоби Уктубр
чунин рӯзгор доштем. Шукри худо бар асари руи кор
омадани сохти нав ва ҳаёти нав мардуми тоник ҳамаҷиҳата
Рӯ ба инкишоф овард ва акнун қиссаҳое чун киссаҳои шуморо
аз саҳифаҳои румонҳову навиштаҳои таърихй мешунаванд.
Он рУз орзу карда будам, ки дар Афгонистон низ мисли
Инкилоби мо руйдоде нараён тираду мардуми азияткашидаи
он ба рУзгори ширину пурбор ру ба рӯ ояд.
Ғуломсахй, ҳарчанд ки чунин Инкилобро намехост,
омин гуфт ва бо банда хайру хуш намуд. То дидори баъдй
гуфтам, окон Ғуломсаҳӣ. У низ «бо амони худо» туфту болои
зини аспаш карор гирифт ва ваъда дод, ки рУзҳои наздик
боз хоҳем дид.
Ин қиссаҳое буд аз дафтари аввали хотироти банда,
ки якуми июли соли 1972 дар минтакаи Оҳанкашон
саҳифаҳои сафеди он ба поён расид. Ҳикоятҳои дигаре аз
Оҳанкашон ва дигар навоҳии Афғонистонро аз дафтари
дувум хоҳед хонд.
136
ДАФТАРИ ДУВУМ
(3.07.1972 - 8.09.1972)
137
Оҳанкашон
Дар дафтари аввал фаромӯш шудааст, ки гӯям, минтакаи
Оҳанкашон ба вилояти Чихчарон не, балки ба вилояти
Қалъаи нав марбут буда, барои Афғонистон яке аз мавзеъҳои
аз нигоҳи иқтисодй пураҳамият ба ҳисоб мерафт. Махсусан,
соҳаи чорвои майда боигарии асосии ин вилоят ҳисоб мешуд.
Навъҳои ғалладона низ дар вилояти мазкур ҳосили хубе
медод. Табиист, ки давлат аз ин ҳисоб баҳраҳо мегирифт,
аммо худ барои мардум, такрибан чизе намедод. Ба ибораи
дигар, мардум худашро худаш мехӯронду мепӯшонд.
Чунонки қаблан арз доштам, сараввал маънии номи
Оҳанкашон боиси таваҷҷӯҳи маъданшиносони шӯравй қарор
гирифт. Дар илми маъданшиносй низ аз ривоятҳо,
мафҳумҳои маҳал, накли бошадагони карияе истифода
мебаранд. Ба ин маънй, аз ин ки минтақа Оҳанкашон унвон
гирифтааст, он аз ҳосили маъданиёташ сарчашма
бардоштааст. Дар ҳар сари кадам 6а пораҳои хоми оҳан
вохӯрдан мумкин буд. Замоне ин чо мардумони зиёде икомат
доштаанд ва ба короти истихрочи маъдан машғул будаанд.
Мегӯянд, ки бузургии маҳалҳоро аз рӯи қабристонҳояш
муайян кардан осонтар аст. Он чо ки мо кароргоҳ доштем,
дар масофаи як километр поёнтар, қабристоне мавчуд буд,
ки гӯрҳояш ба ҳазор мерасид. Наздикии он қариячоте
вайрону хароб нишонии худро гузошта буд. Илова ба ин,
солиён болои ҳар гӯре шохҳои бузҳои кӯҳй карор донгг.
Ин шохҳо аз он шаҳодат медоданд, ки дар кӯҳҳо ва
баландиҳои Оҳанкашон бузи кӯҳй инкишоф меёбад. Ман
худ шоҳид будам, ки нгакорчие аз Чамбарак бузи кӯҳиеро
сайд кард, ки 45 кило вазн дошт. Мо шӯравиҳо як роне аз
он гирифта, дигарашро ба мардикорону маъмурин таксим
намудем. Шояд онҳо бори аввал ин чо чунин гӯштро
чашиданд.
Вакте ки аз ин кариячот ба поён, ба соҳили рУди Рахна
мефароед, аз ду чониб кӯҳҳои cap ба фалак касро иҳота
мекунанд, ки танҳо осмонро дидан мумкин мешавад. Ачобат
дар он буд, ки дар қабати кӯҳҳо ҳучрачаҳо сохта шуда
буданд ва манзараи шаҳреро дар бағали кӯҳ ба хотир
меовард. Ривоят мекарданд, ки ин шаҳр хеле кадимист.
Мардуми ин минтақа аз ачнабиҳо гурехта дар қабати кӯҳҳо
панаҳ бурдаанд. Шояд мардум, ки дар он баландиҳо кУҳро
шикофта, барои икомати худ ҳучраҳо бино кардаанд, ба
хотири маъдани Оҳанкашон будааст?
138
Тавре ки мебинем, минтакаи Оҳанкашон бесабаб
чустучУихои геологиро талаб намекард. Аз ин чост, ки як
сол кабл гурӯҳе аз накшабардорони шУравй таҳти роҳбарии
Дронов Виктор Иванович, ки аз гурӯҳи маъданшиносони
Помир буд, ба Оҳанкашон омада, чанд моҳе ба микёси
1:50000 корҳои нақшабардориро энном дода буд. Вазифаи
гурӯҳи Дронов аз он иборат буд, ки ҳама нуктаҳои
маъданиётро болои нақша оварда ва дар он кадом навъи
маъдан буданро таъйин менамуд. ГУё Дронов ин амалро
о лимона энном дода буд. Акнун дар ин махал ба асоси
накшаи бардоштаи Дронов марҳалаи дувуми корхои геологи
сурат мегирифт. Раёсати маъданшиносони ШУравй дар
Афғонистон баъди тахкику мутолиаи накшаи Дронов ба
чунин хулоса омад, ки гурУҳи моро, ки корхои НУяндагиву
иктишофиро бар Уҳда дошт, бо сардории Шербина ба
Оханкашон фиристонад. Дар назди гурӯҳи мазкур вазифа
гузоштанд, ки факат тилло ҷустуҷУ намояд. Баъд аз он ки
корхои чустучУй ба поён расиду дар хулосаи илмии гуруҳ
тилло вокеият пайдо кард, мархалаи сеюми корхои геологи
сурат мебандад, ки онро гуруҳи истихрочй ба анчом
мерасонад. Масалан, тиллои Шугнов солҳост, ки истихроч
мешавад. Онро дар шакли регу хок бо техникаи махсус
мекананд ва баъд мешӯянд, ки хосилаш тиллои холис
мешавад ва гайра...
Ба ҳамин монанд, гуруҳи Шербина бояд тиллои
Оҳанкашонро ба воситаи гирифтани хоку реги он ва баъд аз
лаборатория гузарондан, муайян мекард. Шербина бояд дар
ҳисоботаш менавишт, ки оре, дар Оханкашон тилло хает ва
захирааш барои сад сол мерасад. Он вакт корхои истихрочй
сурат мебастанд. Аз ин чост, ки Шербина ва Гришин хамарУза
бо инженерони дохилй ва кормандони техники ба
доманакӯҳҳо мерафтанд ва дар халтачаҳо намунаҳои сангу
хок бардошта меомаданд. Бо поён ёфтани корхои саҳрой
ҳама намунаҳоро дар чанд мошин ба Кобул бурда, дар
лаборатория тахкик менамуданд. Он вакт натичаи кори
гурӯҳи Шербина маълум мешуд.
Банда маъданшинос набудам ва ин илмро дарк
намекардам, лекин аз чеҳраҳои Шербинаву Гришин эҳсос
менамудам, ки дар намунаҳои бардоштаи онхо на тилло ҳасту
на маъдани дигаре. Баъзан онҳо ба ман мегуфтанд, ки
нишонаҳои гузоштаи Дронов дурУганд. Ин чо аз маъдани
тилло бУе нест... Албатта, пайдо кардани тилло бо захираи
калоне хам барои афғонҳо ва хам барои ШУравИ тӯҳфаи
хубе буд. Маълум буд, ки дар тУли даҳ соли фаъолияти
139
маъданшиносони Шӯравӣ чизе аз маъданиёт кашф
нагардидааст. Ин чо нафту гази шимоли Афғонистон
истисност, ки кашфи он хам на 6а пуррагй ба фаъолияти
маъданшиносони Шуравй иртибот дошт. То оғози кори
шӯравиҳо захираи нафту гази шимол маълум буд. Факат
дар истихрочи он шӯравиҳо ҳисса гузоштаанд.
Афғонистони шоҳй давлате буд, ки аз кишвархои дигари
хоричи қарзи зиёде гирифта буд. Маъданшиносони шӯравиро
ба ин хотир даъват карда буд, ки онҳо харчи зудтар
маъданиёти Афғонистонро кашф кунанду онро аз қарзҳои
хоричй халос намоянд. Дар тӯли даҳ соли фаъолияти
шӯравиҳо ва то омадани шУравиҳо Амрикову Инглистону
Олмон низ дар Афғонистон ба корҳои маъданшиносй машгул
буданд. Баъзе маъданҳо кашф карда шуданд, вале захираи
онҳо хеле поин муайян гардида буд. Камии захираи маъдан
имконият намедиҳад, ки онро истихроч намоянд. Масалан,
агар захираи он барои ду-се сол бошад, чй навъ метавон
дастгоҳҳои истихрочиро бо нархи гарон аз хорич харидорй
кард, ё фабрика сохт? Ин ҳолат пули даромад аз захираи
ду-се сола наметавонад, пули масрафшударо чиҳати
харидории тачҳизот ва гайра пУшонад. Масалан, дар шимоли
Афгонистон, дар ру ба рӯи Сарчашмаи Кулоб, аз тарафи
Афгонистон маъдани тилло кашф гардидааст. Аммо захирааш
ночиз аст. Як киштие, ки аз дохили об тиллои онро кашида
мегирад, ҳамон нархеро дорад, ки факат ба захираи он
маъдан кифоят мекунаду бас. Пас, чй зарурат дорад, ки онро
истихроч намоянд? Бигузор зери об хоб рафтан гирад. Тавре
ки мебинем, кашфи маъдани бадардхӯрд дар Афгонистон
кори содда набудааст. То ин чо ки расидам, як моҳи корамон,
паси cap шуд. Моҳи июн пушти cap шуду моҳи июл
пешвозамон гирифт. Боз ду-се моҳи дигар ин чо тилло
чустуҷӯ хоҳем намуд. Ба ҳар ҳол шарҳчаи хубе бунёд сохтем.
Рӯзҳои ҷумъа барои моҳигирӣ мерафтем ва гоҳе мехмони
деҳае мешудем. Агар мехостем ба воситаи телефон - ратсия
ба Кобул дар тамос мешудем. Аз ҳолу аҳволи бачаҳомон
огоҳ мегардидем. Яъне зиндагиамон мукаррарй буд ва аз
рӯи қонунҳои худ пеш мерафт...
Моҷарои Свеженсев
Қаблан ишора рафт, ки тобистони соли 1971 гурӯҳи
нақшабардории Дронов дар минтакаи мазкур ифои вазифа
намуда буд. Азбаски аксари аъзоёни ин гурӯҳ аз Точикистон
140
буданд ба тарчумон эҳтиёҷ ҳам надоштанд. Ҳар кадоми онон
то ҷое аз точикй огоҳ буданд ва метавонистанд, ки 6о имову
шпора ва ангуштбозиву чашмпаронй мақсадашонро ба
афғонҳо фаҳмонанд.
Свеженсев ном маъданшинос, ки аз гурӯҳи Помир буд,
рУзе ба сафари накшабардорй баромада, шабона пас
намегардад. Ҳама ташвиш мешаванд, ки чй ҳодиса рУй дода
бошад, ки инженери рус ба кароргоҳ ҳозир нахнудааст. Чанд
тан аз афғонҳо бо аспҳо савор шуда, ба чустучУи Свеженсев
мебарояд, вале ба натичае намерасанд.
Дронов бо аъзоёнаш асабй. Худо кунад, ки ҳодисаи
нохуше рох надода бошад, ташвишангез, мегУяд саринженер.
Аз хама бештар тарафи афғонй безобита мешавад, чунки
ғайб задани мутахассиси хоричй чавобгарй донтг. Албатта,
онҳо низ аз он амри Зоҳиршоҳ, ки касе ба шУравиҳо дасти
ғараз дароз намекунад, иттилоъ донгганд, аммо шояд он
роҳзан надонад, ки чазояш сахт хоҳад шуд. Ш а б
сипарй мешавад. Рӯзи дигараш, вақти чошт, мебинанд, ки
Свеженсев бо либоси тагпУш аз сУе пайдо мешавад. Тамоми
гурӯҳ ба пешвозаш мебароянд ва саволборонаш мекунанд,
ки зудтар кисса намо, чй ҳодиса рУй дод, ran зан охир, чаро
хомУшй? Дронов бо ҳамкоронаш аз чунин рафтори
Свеженсев дар ҳайрат меафтанд, наход У забонашро гум
карда бошад, фикр мекарданд, инженерони рус. Афғонҳо
бошанд бараҳм-бараҳм чониби чабрдида менигаристанду бо
забони худ, «ой лаънатиҳо, мурдагавҳо, ин чи холест, ки ба
сари як меҳмони мо овардед. Бубинед, камбағалро тамоман
луч кардаанд, хайрият либосхои тагпУшашро монондаанд,
вагарна У чй навъ, ба қароргоҳ бармегашт?» Свеженсев ҳанУз
хам хомУш буд ва факат тавонист, ки сигоре бар лабонаш
гузорад. Чанд лахза мегузараду якдафъай гУё ба худ меояд
ва сари тамошочиён дод мезанад: чй ин акадар ало, ало
менигаред. Намебинед лучам карданд. Чй чойи кисса дорад,
ҳамааш маълум-ку. Дронов, ки хеле шахси фурутан буд,
оромона ба Свеженсев мегУяд: «Юра, давай всё попорядку.
Расскажи, что случилось?»
Свеженсев бо асабоният чавоб медиҳад: Виктор
Ивановичи мӯҳтарам! Охир аввалан ба ман сару либос
диҳед. Бубинед, афғонҳо ба холи ман хандида истодаанд.
Мисле ки Дронов хам хушёр мешавад, бале, бале, узр. Мо
ин тарафи масъаларо фикр накардаем, хушнуд ҳастем, ки
ту зиндай. Луч буданат ахамият надорад, ту мардак ҳастй,
миёни мо занҳо нестанд, ки камбудиатро ошкор созанд. Дар
шакли урён хам хеле марди олуфта менамой. Ҳамагй
141
механданд ва ҳатто Свеженсев ҳам ба ханда медарояд. Сипае
Свеженсев хеле дақиқона моҷарои ба сараш омадаро қисса
менамояд. Хеле ҳарисона чой менУшад, зеро ду рУз боз чою
нонро надида буд. Деги ош ҳам ба ЧУшидан даромад. Ҳатман
баробари анчоми киссаи мочарописанди Свеженсев зиёфат
ороста мешавад. Аз ин ки У сиҳату саломат мондааст, чанд
кадаҳй бардошта хоҳад шуд. Қисса кӯтоҳ, Свеженсев
мехост барномаи кориашро дар мавзее амалй созад. Одати
маъданчиён он аст, ки онҳо факат ба пеши по менигаранд ва
ҳар сангу шағале, ки дар назарашон дилчасп менамояд, боло
мекунанд, чанд лаҳза онро бо зарабин меомУзанд ва агар
чолиб бошад, онро ба борхалтаашон меандозанд. Ба ҳамин
минвол чандин фарсах роҳро тай мекунанд. Свеженсев ҳам
бо ҳамин тартиб пеш мерафт, гоҳе дар чояш меистод, бо
пояш сангчаҳоро тагу рУ мекард, болои замии менишаст ва
бо нУги чакуш заминро мекофт, то ки нишоние аз
маъданиётро пайдо намояд,
Аслан У шахеи ором буда, андаке соддагиҳо дошт ва
то чое ба қаҳрамонҳои асарҳои мочарописанди шабеҳ буд.
Дар назарам ба гайр аз касбаш дигар ба чизе марок зоҳир
намекард. Ҳеч ба руси душанбегй монанд набуд. ДурУггУй
ва дурУягй надошт. Вазифаашро содикона анчом медод,
баръакс завҷааш хеле бонуи хушандом ва зираке буд. Уро
малламУй мегуфтанд. Аз ин ду намедонам кадомаш бештар
хушбахт буд.
ҲанУз ҳам Свеженсев дар андешаи пайдо кардани
маъдани нодир аст ва бо сари хам факат рУ ба пеш дорад.
Дар ин кисса кор то чое мерасад, ки Свеженсев нафаҳмида
аз сарҳади мукаррашудаи накшаи кориаш берун баромада
ба мавзеи дигаре худро мезанад. Ҳине, ки У болои замин
намунае аз бозёфташро мутолиа менамуд, чанд тан аз
роҳзанони даштй пайдо мешаванду ҳа, мистер, мегУянд.
Свеженсев дар аввал намефаҳмад, ки чй ran аст. Гумон
мекунад, ки ин нафарҳо, ки дар рУ ба рУяш рост истодаанд,
ҳамон афғонҳоеанд, ки дар гурӯҳ вазифаи намунагириро
анчом медиҳанд. Аммо, вакте ки чиддитар ба чеҳраи онон
менигарад, мебинад, ки дар сари китфи яке туфанги инглией
овезон аст. Акнун ба ҳуш меояд ва худро ба даст мегирад ва
аз онҳо мепурсад, ки чй мехоҳанд. Табиист, ки роҳзанон
саволи мистерро намефаҳманд ва ба имову ишора амр
мекунанд, ки Свеженсев аввал болопУшашро, баъд пироҳану
кулоҳу шалворашро бо пойафзоли чармиаш кашида ба дасти
онҳо диҳад. Ҳарчанд ки кУдаквор мефахмонад, ки ба ҳолаш
раҳм кунанд, дар ин дангги сУзон пойлучу cap луч чй тавр
142
метавонад 6а кароргоҳаш баргашт, вале роҳзанҳо мили
тӯфангро бар синааш гузошта таҳдиди паррондан мекунанд.
Свеженсев мефаҳмад, ки не, бо ин «чанобон» шухи намудан
нашояд, бало ба пасаш, либоси тагпУшамро монанд, хайр
аст, як бало карда роҳи хонаро меёбам. Роҳзанҳо ба осонй
Свеженсевро луч карда, ба чонибе ғайб мезананд. Уро тани
луч бо чакушаш дар он дашти калон мегузоранд. Акнун У
на компас дошту на нақшаи ҳаракат. Бераҳмҳо борхалтаашро
низ кангада гирифта буданд, то ки либосҳоро дар он чой
кунанд. Рӯз хам аз пешин гузашта буд. Вай ба чор тарафаш
назар мекунад ва мехоҳад фаҳмад, ки қароргоҳашон дар
кадом самт қарор дорад. Ниҳоят, аз рУи чойгиршавии кУххо
самти лозимиро пайдо мекунад. Тамоми шаб роҳ мегардад.
Бечора пои луч, миёни сангзору хасу хор бо сад ранчу
мапппақат то кароргоҳаш мерасад. То ин чо қиссаро тамом
карда, мегУяд: инак банда дар назди шумоям. Дигар чизе
илова карда наметавонам. Чеҳраҳои он нобакорон маълумам
нест, ҳамин кадар фаҳмидам, ки роҳзан буданд, аммо бештар
ба афғонҳои кучӣ монандӣ доштанд. У вокеан дуруст фахм
кардааст, зеро дар он дашту биёбонҳо фақат кУчихо
метавонистанд тоқат донгга бошанд.
Бо шунидани ин киссаи мочарописандона тарафи
афғонй вокеаро ба дастгохи хукумати Чихчарон мерасонад
ва аз он чо ба Кобул иттилоъ дода мешавад. Ин ходиса
барои афғонҳо рУйдоди чиддй буд. Чанд рУз баъд тамоми
минтакаро ба воситаи пулис ва аскарони подшоҳӣ, ки 40-50
нафарро ташкил медоданд, тоза мекунанд. Бо вучуди чунин
чорабинӣ кувваҳои низомй роҳзанҳоро ба даст оварда
наметавонанд. Вале аз тамоми кариячоту улусволиҳо яроку
аслихаашонро чамъ мекунад. Аслан, дар ҳар хонаводаи
афғон як ё ду туфанги шикорй мавчуд аст. Барои шароити
онон ин аслиха зарурат аст, чунки бештарашон шикорчй
ҳастанд ва рУзгорашон низ аз ҳамин ҳисоб мегузарад.
Соли 1972, ки мо он чо будем, бошандагони махалачот
ҳамон ходисаи нохушро ёдовар шуда, шикоят мекарданд,
ки барои амали ночои ду падарсаг ва як шУравй хукумат
мардумро бехонумон сохт. Ҳамзамон онҳо таъкид доштанд,
ки рафтори он роҳзанҳо бар хилофи қонунҳои Афғонистон
сурат гирифтааст.
ИмрУз, ки дар бораи мочарои Свеженсев менависам,
сеюми июл аст ва табъи болида дорам, зеро бегоҳӣ дастаи
футболи «Помир»-и Душанбе ба дастаи «Автомобилист»-и
Налчик бо хисоби ду бар сифр (2:0) ғалаба ба даст овард.
143
Ба яғмо рафтани амвол
Як моҳ сипарй шуду воҳимаи фаъолияти дуздону
роҳзанон рӯи об баромад. Ба ҳар ҳол мардуми таҳҷой
муҳиташонро аз мо беҳтар медонистанд. Воҳимаи Азимхони
маъмурро нодида гирифтем ва кариб буд, ки аз вазифа
сабукдУшаш намоем. Ҳол он ки торафт овозаи дуздодуздй
дар минтака паҳн мегардид.
Ҳамон навъ ки гуфтам, мо дар карияи Рахна кароргох
гирифта, анҷомҳоямонро он но нигоҳ медоштем ва мавриди
зарурат ба воситаи гову маркаб ба Оҳанкашон интикол
медодем. Банда ҳафтае як бор ба он чо мерафтам ва
вазъиятро мефаҳмидам. Ронандаҳо, мудири анбор ва дигар
кормандони мо дар Рахна зик намешуданд, боду ҳавои тоза,
аз наздашон дарёна мегузашт ва аз хама муҳимаш чанде аз
он бонувони бевамонда дар ихтиёрашон буданд. Ин дафъа,
ки ба он чо ҳозир шудам, занони локару бараҳна ба назарам
нанамуданд, балки онҳо хеле шодону хандон ва чеҳраҳошон
суп-сурх маълумам гардид. Чанде аз онхо шармгинона ба
наздам омаданд ва ташаккур инженер соҳиб, гуфтанд, лутфи
шумо буд, ки моро ин чо нигоҳубин мекунанд ва мо низ дар
хизматашон ҳастем. Аз ронандаҳо пурейдам, ки дигар сУи
Кобул шитоб надоранд, гуфтанд, ки «на тарчумон соҳиб,
ин чо хуб чоест. Ҳастем дига, ба шУравихо расонед, ки ором
бошанд, мо худмон маводи заруриро барояшон таҳия хоҳем
кард». Ба қароргоҳи Рахнаи мо хамоно аз Чихчарон ва Кобул
маводи зарурй интикол дода мешуд.
Рӯзи 6-уми июл амборчии гурӯҳ ду гови боркашу як
cap маркабро киро гирифта, ба онхо чахор халта орд ва
чанде аз анчомҳои анборро бор карда, бо се нафар
сохибонашон суи Оҳанкашон мефиристад. Мо медонистем,
ки то бегоҳ корвони амволамон ба кароргох мерасад.
Дар ҳамин андеша соатҳои сеи руз китоберо ба даст
гирифта, ба мутолиа пардохтам, ки якбора аз сУи хаймаҳои
дохилиҳо сару сад о баланд шуд. Аз хайма берун шуда,
вазъшггро фаҳмиданй будам, ки муовини афғонй Саидчаббор
саросемавор: тарчумон соҳиб, тарчумон соҳиб, гУён чониби
ман медавид. Хайру хайрият аст?- гуфтам. Аз кучо хайру
хайрият, дуздон молу амволамонро дар роҳ задаанд. Банда
оромона мавзУъро пурсон шудам. Ӯ ба тарафи хаймаи худ
ишора карда, ана шохид худаш омада, бубин сару рУяш
хуншор. Дидам, ки гаи чиддй аст, ба назди он чабрдида
рафтам ва гуфтам, ки чӣ ходиса рУй дод?
Чабрдида хуни сару рУяшро мешуст. Сар боло кард
144
ва дидам, ки як бари рӯяш бо корд бурида шуда буд. Хун
ҳамоно чорй мешуд. Фармудам, ки болои чароҳаташ шакар
пошанд, то ки хун манъ шавад. Ошпазамон ба зудй ин амалро
анчом дод. Чавон, ки андаке осуда гашт, ба нақлаш оғоз
бахшид. Онҳо се нафар будаанд. Вақти кӯтали Рахнаро
боло баромадан ва сӯи Оҳанкашон роҳ пеш гирифтан
ногаҳон аз чукурие чор нафар одамони мусаллаҳ баромада,
чанде лату кУб карда ва баъд дасту пои ду нафарамонро бо
ресмон баста, сеюмиро бо гову хару амвол бо худ мебаранд.
Ин чавони хуншор яке аз он ду буд, ки бастааш кардаанд.
Баъд аз ин ки дуздон нопадид шудаанд, он ду басташуда
кУшиш намудаанд, ки ба ёрии якдигар худро аз ресмон хал ос
кунанд. Бо маслиҳати якдигар ин чавонаш барои хабар
расондан омадааст ва дигараш ба таъкиби дуздон сарозер
шудааст.
Ман Саидчаббор ва чанд чавони чобуки дигарро
сафарбар намудам, ки аспҳои савориро гиранду ба зудй ба
чустучУи он дуздон шаванд. Барои муайян кардани самти
ҳаракати дуздон, он чабрдидаро низ бо худ бигиранд.
Тасодуфро бинед, ки ҳамон рУз дар кароргоҳи мо ду чавони
тануманди савора ва хам мусаллаҳ пайдо шуданд. Банда,
ки дар тараддуди дастгир кардани дуздон будам, онхоро аз
аспҳошон фароварда, туфангхошонро кашида гирифтам ва
гуфтам: окоён, маъзарат мехоҳам, ки бо шумо чунин
муносибатро раво мебинам, лекин дониста бошед, ки то мо
дуздони амволамонро пайдо накунем, шуморо аз ин чо
баромадан намемонем. Онҳо мегуфтанд: Инженер соҳиб,
мо аз дехаи Чамбарак хастем, дах cap говамонро роҳзанҳо
бурдаанд, мо пушти сари он дуздон мегардем ва дигар
худсафедкарданҳоро арз доштанд. Банда ба Абдул лох ном
чавон фармудам, ки то аз дуздони амволамон хабаре расидан
як туфангро бигираду онҳоро назорат кунад. Дар ин даву
ғечхои мо Шербинаву Слава иштирок надопгганд, балки дар
кадом талу теппае тилло мечустанд, вагарна талхакаф
мешуд анд.
Хайрият, бегоҳй чавонҳои савораи мо ордҳоро бо як
гову як маркаб ба кароргоҳ расониданд. Аммо як гови
дигарро кучо бурда буданд, маълум набуд. Саидчаббор худро
қаҳрамон меҳисобид. Ин қадар таърифе, ки худро кард.
ГУё агар У дар ин набард ҳисса намегузошт, ғалаба ба даст
овардан гумон буд. Ман хам таърифаш намудам, офарин
гуфтам, охир ту фарзанди Афғонистон ҳастй, авлодони ту
ҳамин навъ такра (чобук) буданд, бахсе надорад.
Саидчаббор нақл кард: вақте роҳзанҳо эҳсос
145
намудаанд, ки аз паяшон дарафтодаанд, он чавонро бо як
гову хар ва чор халта орд раҳо намуда, як говро сурак
карда, тарафи чарй бурдаанд. Яъне Саидчаббори қаҳрамон
дуздонро ба чашми хеш надида буд, балки амволи сари роҳ
партофта рафтаро пас ба қароргоҳ интиқол дода буд. Баъд
аз ин, май аз ду бошандаи Чамбарак бори дигар узр хостам,
бо чою нон меҳмондориашон намуда, раҳошон кардам. Аз
онҳо хоҳиш намудам, ки ба арбоо Махмуду Ғуломсахихон
саломи бандаро расонанд. Хайр аст, тарчумон соҳиб, он
дуздони шумо дуздони мо ҳам хастанд, гуфтанду камчине
ба сағрини аспҳошон заданду рафтанд. Тахмин мерафт, ки
дар минтақа касоне пайдо шудаанд, ки фақат гов медузданд.
Ҳамин ҳолат моро водор месохт, ки ба хар навъ нохушй
омодаи зарба задан бошем.
Ин шабамон норохат гузашт. То рӯз гумон дошлем, ки
он дуздон, ки ноком монданд, имкон дорад, ки сафхошонро
зиёд намуда, шабохун зананд. Пагоҳии рӯзи дигар бо
Саидчаббор маслиҳат кардем ва ба ин хулоса омадем, ки у
бояд ба Чихчарон равад ва асли воқеаро ба хукуматиён арз
намояд. Ҳамин тавр хам шуд. Саидчаббор то Рахна рафта,
аз он чо дар яке аз чипҳо ба Чихчарон равона шуд.
Чунин ҳодисаҳои нохуш аз хама беш ба Гришин таъсир
мекарданд. У хеле тарсончак буд. Бо хоҳиши вай шабона
хаймаи моро ду нафар афгоне, ки хизмати аскарй карда
буданд, посбонй менамуданд. Чароғҳо дар даст то субҳ гирди
хаймаи мо чарх мезаданд. Вале Шербина ҳеч парвое надошт.
Мӯйи сарашро зуд-зуд шона мезад ва истироҳат мекард.
Банда низ ба чунин воҳимаҳо одат карда будам ва хеч
хатареро барои худ ва ҳамкоронам эҳсос наменамудам. Аммо
бетаваҷҷӯҳ хам набудам, зеро амнияти ин ду нафар бештар
ба фаъолияти банда иртибот мегирифт. Ба ман маълум буд,
ки минтака дар вазъияти ноҳинчори иктисодй карор дорад,
мардум гуруснагй мекашад ва ҳам медонанд, ки шӯравиҳо
бо худ маводи хӯрокаи фаровон доранд, аз имкон берун
набуд, ки ба кароргоҳи мо дарафтанд. Аз ин рӯ, эҳтиётро аз
даст доданй хам набудем. Шаби ҳаштум Аодулмуҳаммади
ошпаз палави кобулй омода карда буд ва аз лаззаташ хел
ҳаловат бурдем. Бар ин ҳаловат ғалабаи дастаи «Помир»
бар «Спартак» ҳаловати тоза бахшид. ТУбҳоро ба дарвозаи
ҳариф Сиганков ва Ғуломҳайдаров заданд.
Рӯзи нуҳуми июл, соатҳои 10-и пагоҳй як даста аспса-
ворон ба кароргоҳи мо омаданд. Якеаш инженер Саидчаб-
бор ва дигаронаш кумондони пулиси Чихчарон, саркотиби
пулис ва як нафар аскар буд. Онҳо мустакиман назди хай-
146
май мо омада, аз аспҳо поён шуданд. Банда худамро муар-
рифй кардам ва онҳо низ. Баъд аз сӯҳбати чанддакикай
оғои кумондон савол кард, ки банда аз кадом шаҳри Афғо-
нистон ҳастам. Фармудам, ки банда табааи шУравиам ва ба
кавм тоник мебошам. Валлоҳ гуфт, кумондон, фоҳмида
намеша, ки шумо хоричй ҳастен, ин дараҷа сӯҳбати форси-
атон ба кобулии мо наздик аст? Оре, гуфтам, лаҳҷаи тоҷикӣ
низ шоҳае аз забони бузурги форсиву дарист, факат андаке
тафовути лаҳҷавӣ ба мушоҳида мерасад, дигар як забон аст.
Бале,бале, тарчумон соҳиб, дуруст фармудед. Борхо чунин
шубҳа сари дохилиҳо омада буд ва хамеша бандаро аз та-
бааи Афғонистон меҳисобиданд. Барой ҳар тарчумон чунин
чиҳат мусбат тамом мешуд ва ҳам боварии дохилиҳоро нис-
бати Шӯравӣ меафзоёнд. Ин чиҳат як навъ сиёсат хам буд,
ки дар пешбурди корҳои тарафайн аз ахамият холй набуд.-
Кумондон дар хаймаи мо карор гирифт, Уро касе гУё нади-
да буд. Вале соате нагузашт, ки хама арбобони кариячоти
минтака назди У чамъ омаданд. Маълум буд, ки кумондон
пеш аз ин ки ба Оханкашон сафар кунад ба воситаи даст-
гоҳи вилоятй арбобҳоро огоҳ сохтааст, то ки дар Оханка-
шон гирди хам биоянду мавзУъро дар якчоягй ҳаллу фасл
намоянд. Кумондон ва саркотиби пулис бо онҳо сӯҳбати
ДУРУ дарозеро анчом дода, ононро гунаҳкор ба он сохт, ки
дуздхояшонро сарингга намекунанд. Кумондон дуруст ме-
ту фт. Ҳама арбобҳо дуздони худро доштанд. Одатан онҳо
аз якдигар ба воситаи дуздону роҳзанҳошон қасос гирифта-
нй мешуданд. Дар поёни сУҳбат У аз ҳамаи арбобҳо гУё
забонхат гирифт, то ки минбаъд дуздони онҳо ба хоричиҳо
ва дохилиҳое, ки дар ин минтака аз пайи кори давлатианд,
ғараз нагиранд. Бо ҳамин мазмун сУхбати кумондон бо ар-
бобҳои минтака поён ёфт ва гУё кумондону саркотиби пулис
низ вазифаи расмиашонро ба чо оварданд. Дар ин мизи
мудаввар банда аз чониби ШУравй, Саидчаббор аз тарафи
Раёсати маъдани Афғонистон ва кумондону саркотиби пу-
лис ба намояндагй аз хукумати вилояти Чихчарон иштирок
дошлем. Протоко ли ҳамдигарфаҳмй ва осоипггагиро ба имзо
расондем. Оре, мақсад аз барпо шудани чаласаву чамъ овар-
дани ҳокимони маҳалҳо низ аз хамин иборат буд. П у -
лис ваъда дод, ки мавзУъро ба макоми волии Чихчарон арз
медорад ва натичаи он марбут ба дастгоҳи вилоят хоҳад
буд. Аз навъи чорабиниҳояшон моро вокиф насохтанд, фа-
кат тасалломон бахшиданд, ки боз аз ходу ахволи мо хабар
хоҳанд гирифт.
147
Кумондону пулис рафтанду аз онҳо барои банда як
адад тасбеҳ хотира монд. Қумондон тасбеҳашро фаромӯш
карда буд. Баъд аз рафтани меҳмонони давлатй арбоби деҳаи
Чамбарак маро ба меҳмонй даъват намуд. Банда розй шудам,
зеро гУштамон тамом шуда буду гӯсфанде харидорй кардан
ният доштем. Ба У ваъда додам, ки рӯзи сешанбе ҳатман
меҳмонашон мешавам. Тарафи афғонй ба меҳмониравии
банда розй набуд, метарсондам, ки дар роҳ дуздонаш маро
луч хоҳанд кард. Аввалан, ҳеч тарсу ҳаросе надоштам ва
сониян ваъда ки додам, бояд равам, - гуфтам дар дилам.
Нарафтанро нишонаи номардй меҳисобидам.
Дар меҳмонии арбоб-Маҳмуд
Дар арафаи меҳмонравй будам, ки шаби 11-уми июл
ду марди силоҳдори тануманд ба кароргоҳи мо ҳозир
шуданд. Ин меҳмонони нохондаро афғонҳо иҳота карда,
туфангчаву камони шикорй ва пулу молашонро мусодира
намуданд. Сипае ба хаймае дароварда ба таҳдидашон cap
карданд, ки дузд ҳастанду аз чояшон шӯр нахӯрақд (яъне
наҷунбанд). Шаб хам шуда буд. Банда барои фаҳмидани
казия ба хаймаи дохилиҳо рафтам. Маъмурин дар
хаймаҳояшон ларзида менишастанд. Ҳар кадом бо асбоби
буррандаву вазнине худро мусаллаҳ карда буд. Дар зери
болишту дохили бистарашон (кӯрпаҳои махсусе, ки ба
дохилаш даромада мехобанд) чУбу корд нигоҳ медопгганд.
Як инженери тарсу, ки хоб рафта буд, садои маро шунидан
замон бедор шуд ва корди дудамаеро нитон мед од. Ба
Холи онон хандаам омад. Ачаб мардуме хастанд, - гуфтам
дар дилам. Чунонки гуфтам: аз тарсугй кор мегиранд.
Пинҳонй аз хам нон мехӯранд.
Оре, ин тоифа на «афғон», балки форсизабон буданд.
Вахте ки дар навиштаҳоям калимаи афғон истифода
мекунам, манзурам мардуми Афғонистон аст, на паштунхо.
Дар гурӯҳи мо ба ғайр аз сардорамон, ки қандаҳорй буду
аз миллати пашту, дигар касе аз ин кавм кор намекард.
Яъне онҳое, ки хислати тарсуй доранд, беиггар точиконанд.
Ҳарчанд ки онхо одат накардаанд, ки бигУянд: мо точик
хастем, балки мегУянд: мо форсигУ мебошем. Ҳатто точики
Панҷшер худро точик муаррифӣ намекунад. Ӯ бо ифтихор
панчшерӣ хастам, мегУяд. Аммо туркман, Узбек, ҳазора
ҳатман бо номи қавмашон хешро ошно месозанд. Ин ҳодиса
забий мебошад. Гочик дар хама чо бисер аст. Такрибан
148
тамоми форсизабонон тоҷик бояд бошанд. Бухорой ҳам точик
аст, аммо дар Лондон аз як авлоди шоҳи гурезаи Бухоро
Олимхон савол карданд, ки У аз кадом миллат намояндагй
мекунад, гуфт: ман бухорой ҳастам. Миллат, ки бузург шуд,
бештар бо номи махал ё забои ифтихор карданй мешавад.
Агар ҳамин чиҳати тарсУи дар тоҷикон намебуд, онҳо аз
даҳшати толибон гурехта, 6а Эрону Арабистони Саудй ва ё
Точикистон намерафтанд. Чаро панпунҳо намегурезанд? Сад
сол бо ингилис дар набард буданд.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳама асрҳо ачнабиён, аз кабили
арабу турку чингизиёну муғулон сари мардуми точик чабру
ситам овард ва точики шахрнишин ба хотири наслро нигох
доштан рУ 6а кӯҳпораҳо овард. Он тарсу ҳаросро дар чехраи
точиконе, ки бо банда дар хизмат мебошанд, ба мушохида
мегирам. Вале онхое, ки дохили хайма пут (лап) задаанд,
намедонанд, ки ин тарсУй аз кучо ба онҳо интикол шудааст.
Тамоми шаб сари ҳамин мавзУъ фикр кардаму таҳлил
намудам ва ба хулосае омадам, ки набояд онҳоро мазаммат
кард, балки муҳити сиёсиро бояд маҳкум намуд.
Субҳи дигар ба назди маъмурин рафта, хохиш кардам,
ки он ду шахси дуздэълоншударо рухсат диҳанд, ки аз паи
корашон шаванд. Воқеан, онҳо аз чанголи дуздони дигар
гурехта хостаанд, ки дар қароргоҳи мо паноҳгоҳ пайдо
намоянд. Ман ба муовини гурӯҳ гуфтам: окон Саидчаббор,
кадом дузди аҳмак худаш худашро занчирбанд мекунад?
Охир, инҳо дузд мебуданд, ба ин чо намеомаданд, балки
дар сари ана, он баландӣ худро пинҳон сохта, шабона вакте
ки шумоҳо дар хоби ғафлатед, ба хаймахотон медаромаданд
ва он тарафашро худо медонад, ки ба ҷонатон рахм карданд
ё не. Саидчаббор хеле ба фикр фурУ рафту сипас амр кард,
ки рафта, он ду мардро озод намоянд ва туфангчаву туфанги
шикорй ва 2500 афюнашонро баргардонанд. Дар озодшавии
он «дуздҳо» банда ҳисса гузоштам. Ин чиҳатро дарк карданд,
магар ки ба ман изҳори миннатдорй баён намуданд.
Фаҳмидам, ки онҳо аз қарияи Марғзор будаанд. Вақти ба
роҳ даромадан, «ба амони худо» гуфтанду рафтанд. Гоҳе
батарс-батарс ба кафояшон менигаристанд, то ки дубора
«зиндонй» нашаванд. Баъди чанд лахза худро пунгги теппа
заданд. Ин воҳима хам пушти cap шуд. Акнун метавонистам
ба меҳмонй азми сафар намоям.
Ба ҳамин ният, нуздаҳуми июл бо ҳамроҳии маъмури
гурӯҳ Азимхон ва Шамсуллоҳи Чамбаракй аспакй роҳи хонаи
Махмуди арбобро пеш гирифтем. Шамсуллох яке аз он се
нафар муздороне буд, ки Махмуд ҳамчун мардикор
149
фиристода буд. Шамсуллоҳ муздурй намекард, балки 6а
шикори бузи кӯҳй машғул буд. Воқеан, шикорчии моҳире
буд. Бо як нишон бузеро, ки аз чашма об менУшид 6а замин
афтонд. Тир бар гарданаш расида буд. Ҳоло у моро
роҳбаладй мекард. Инженерони афғонӣ, ки ба ин сафари
банда розй набуданд, «тарчумон соҳиб, фаъолият ба худатон
бошад», гуфтанд. Бо ин суханашон гуфтанй буданд, ки агар
баногоҳ дуздон лучат кунанд, мисли Свеженсев, онҳо чавоб
намегӯянд. Масъулият ба дӯши худам буд. Хайр аст, гуфтам,
худо нигаҳбон аст.
Аз қароргоҳи мо то карияи Чамбарак 10 км роҳ буд.
Аввалан сарнишеб рафтем ва баъди ба соҳили дарё
фаромадан, роҳамон ҳамвор шуд. Қад-кади чӯйи Рахна
ҳаракат кардем. Гоҳе ба ин тарафи ҷуй ва гоҳе ба он тарафи
он мегузанггем. Роҳ мустаким буд, вале роҳи чуй качмокач
сурат мегирифт. Роҳи даҳкилометраро дар се соат тай
намудем. Мо то худи деҳаи Чамбарак нарафтем, балки арбоб
дар кароргоҳи тобистонааш бо тамоми аҳли деҳааш карор
дошт. Тобистон дар ин чоҳо молчаронй карда, ҳаво, ки ру
ба сардӣ овард, боз ба хонаҳои гилинашон, ки андаке поёнтар
карор дошт, куч мебастанд. Ҳоло ки мо ба ҳузури Махмуд
расидем, карияе буд хаймазор, хаймаҳое, ки худдузй шуда
буданд. Аксари хаймаҳо ранги сиёҳ доштанд.
Арбоб-Маҳмуд дар болои майсазоре хайма зада буд
ва моро интизорй мекашид. Хаймаи арбоб аз хаймаҳои дигар
бошандагони деҳа бо нақшу нигори худ фарк мекард. Тартиб
чунин будааст. Ҳар касе ки аз ин роҳ мегузашт, бояд хаймаи
арбобро мешинохт. Ман, ки ҳар як чузъиётро ба мушоҳида
мегирифтам, хуб медидам, ки дар ҳақикат мардуми карияи
Махмуд рУзгори бад надоштанд. Дар чеҳраҳои зану
мардонаш сурхй маълум мешуд. Сару либосашон низ
мувофики шароит буд. Эхсос кардам, ки арбоб - Махмуд
мардумашро барои кабули мехмони шУравй омода сохта буд.
Ҳамаашон дар тан либосҳои нав доштанд. Чорвои майда
хеле зиёд ба назар мерасид. Назди хар хаймае 40-50 cap
бузу гУсфанд мехобид. Махмуд дар бораи табиати дехааш
бо як шавқе накл карда, сипас моро ба дохили хайма даъват
намуд. Аз рУи анъана аввал барои хар кас як чойникй чойи
фомил ва шириня тахия намуданд. Соате гузашту ду навъ
ғизо оварданд. Яке фатирмаска (молида ё чанголй хам
мегуфтаанд), дигаре курутоб буд. Онҳо болои фатирмаска
шакар мечошидаанд. Нонаш хеле болаззат пухта шуда буд.
Ман гизои равганиро чандон хуш надоштам, аммо барои он
ки мабодо соҳибхона малол нашавад, оҳиста-оҳиста нолаҳои
150
хурд мегирифтам. Ҳар дафъа бомаза таҳия шудани ғизоро
таъриф мекардам. Маъмур Азимхон хеле бошавқ навола
мечид. Дар хайма, ки ҳамсоягони арбоб ҳузур допгганд, ба
табаки мо даст дароз намекарданд, балки мушохида
менамуданд, ки меҳмони шӯравй чй навъ ғизо мехӯрда бошад.
Банда эътироз кардам ва онҳоро ба нон даъват намудам.
Сохибхона-арбоб дасту остин бар зада бо мо ҳамроҳ
шуд. Нонро хӯрдем ва дуо кардем. Дастурхонро бардонгганд.
Акнун сӯҳбати дӯстон оғоз гардид. Ҳар кадом аз хозирин
дар бораи рӯзгори мардуми шӯравӣ, вазъи ислом ва
мусулмонй дар ин кишвар саволҳо медоданд. То ҷое, ки
мумкин буд, ба саволҳои эшон чавоб мед одам. Медидам, ки
онҳо ба якдигар бо ишораи чашму кош мегуфтанд, ки дар
шӯравӣ ҳам мусулмонон будаанд-ку. Онҳо, ки дар огози
сУҳбат ба банда бошубҳа менигаристанд ва ба воситаи
саволҳояшон мехостанд, ки маро муттахам созанд, акнун
дар чеҳраҳошон хушй хувайдо гардид, мисле ки
эхтиромашон нисбат ба камина афзуд. Дар байни нишастагон
мулло Искандар ном шахе менишаст, ки бештар У савол
мед од. Аз гузориши саволҳояш маъ лумам гардид, ки вай
чандон муллое нест, балки андаке аз аркони мусулмонй
бохабар аст ва шояд намозро хам хеле содда гузорад. Бо
гӯш додану хулосаҳои бандаро таъйид карданаш дарк
намудам, ки У маро муттахам карда наметавонад. Ин ҳолат
худамро озодтар эҳсос намудам. Нихоят, савол гузошт, ки
аз кучо ман ба дини ислом баладият пайдо кардаам? У икрор
шуда буд, ки ман маънии сураҳои Қуръонро возеҳ шарҳу
эзоҳ медиҳам. Дар масъалаи китоби Қуръонро фаҳмиданам,
ба мулло Искандар гуфтам, ки ин китоби мукаддаси
мусулмонҳоро аз забони арабй ба русй донишманди рус
Крачковский тарчума кардааст ва ҳар шахси чи мусулмон
ва чи ғайр метавонад онро мутолиа намояд ва маънии ҳар
сураи онро азбар кунад. Вақте ки аз тарчума сухан оғоз
намудам, мулло нобоварона сУям менигарист ва гуфтанй буд,
ки тарҷумон соҳиб, то он чо ки мо мусулмонҳо иттилоъ
дорем, китоби Қуръон тарҷуманашаванда аст ва маънии
сураҳои онро танҳо Ҳазрати Муҳаммад (с) метавонист маънй
кунад.
Мулло Искандар ҳайрон монд, ки чӣ навъ фикри Уро
пешгУй кардам. Бале, гуфтам Мулло Искандар, дар миёни
мардум баъзе муллоҳои чаласавод фатво додаанд, ки сурахои
Қуръон тарчума намешаванд. Пас, шумо намояндаи дини
мубини Ислом бигУед, ки оё китоби Қуръон бемаънй аст?
151
Агар сураҳои онро маънидод кардан мамнУъ бошад, чй навъ
дини Исломро мо метавонем ташвику тарғиб намоем?
Ниҳоят, гуфтам мулло Искандар, китоби Куръон падидаест,
ки дар он тамоми рӯзгори одамон, ҳайвоноту наботот оварда
мешавад. Дар мачмУъ ин китобест рамзи зиндагй, китобест,
ки инсонҳоро ба сӯи накӯкорӣ, заҳмаггалабй, аҳлоқи ҳамида
ва инсонгароӣ даъват менамояд. Хуни ноҳак нарезед, мегУяд
дар сурае. Хулоса карда гӯем, китоби Қуръон илми ахлоқи
ҳамидаву одамшиносй ва дунёшиносист. Агар ҳар кадоми
мо нишастагон аз ин илм заррае баҳравар шавем, хонаҳои
якдигарро намесӯзем, амволи касро ба яғмо намебарем, дасти
бечорагону бепарасторонро мегирем, зеро онҳоро низ худо
офаридааст ва ӯ аз халқкардаҳояш умедҳои зиёде дорад.
Мулло Искандар гӯш медоду чеҳрааш гУё мешукуфт, дар
чашмонаш барки дониш пайдо шудан мегирифт.
Ришсафедоне, ки дар паҳлуи мулло Искандар менишастанд,
ба якдигар назари хушҳолӣ дУхта ва ҳатто якеаш чуръат
карда, чунин изҳор дошт: «Валлоҳ, ин тарчумон аз баъзе
муллоҳои мо мусулмониро хубтар мефаҳмад...» Бале, бале
гУён, мулло Искандар ва арбоб-Маҳмуд сухани
ҳамсояҳояшонро тасдиқ мекарданд.
Тавре ки гуфта шуд, мардуми ин минтақа, ки кӯҳистон
ҳам ҳаст, точикон буданд. Лахчаи точикй барои онҳо батамом
фаҳмо буд. Вакте ки ман як-ду соат сӯҳбати точикӣ доштам,
онҳо чое нагуфтанд, ки фалон калимаро нафаҳмидаанд.
Масалан, чое ҳам ишора карда будам, онҳо як коса мостро
болои дастархон гузошта буданд, ки банда онро чурғот ном
бурдам. Чамбаракиҳо ҳайрон шуданд, ки мостро онҳо низ
чурғот меноманд. Азимхони маъмур 6а ман эрод гирифта,
таъкид дошт, ки на, тарчумон соҳиб, ин чурғот нест, балки
мост аст. Вале ончоиҳо ба зудй маъмурро рад карда, каминаро
тарафдорӣ намуданд: «Тарчумон соҳиб, дуруст мегӯяд, дар
чойҳои мо низ чурғот истифода мешавад». Ин ҳолат ба онҳо
калимаи «дуғ»-ро талаффуз карда будам, ки ана дидед, мо
ҳам дуғ мегӯем, садо бароварданд ҳамагй. Чанд дафъае, ки
Азимчони маъмур сухане гуфтанй мешуд, мулло Искандар
аз ман савол мекард, ки «ин оқо чй гуфтанй аст, нафаҳмидам
манзураш чист». Мачбур мешудам, ки ҳарфҳои Азимхонро
барои мулло дубора шарҳ диҳам. Шеваи гУйинш банда ба
онон хеле фахмо ва маъкул буд. Ба назарам ба дарачае аз
банда хушашон омад, ки ҳеч намегузоштанд сУҳбатро ба
поён расонему боз ба роҳ бароем.
Соат дуй рУз шуд. Бори дигар ба дастархони Махмуд
фотиҳа хонда, рӯи хавлй баромадем. Ман бояд гӯсфандҳоро
152
медидам ва агар маъкулам шавад, ягонтаашро харидорй
мекардам. Лекин бошандагони деҳа, ки мардонаш ҳамагй
10-15 нафар буданд ва миёни онҳо Ғуломсахихони ошноям
ҳам буд, зориву тавалло мекарданд, то ки шаб меҳмони онҳо
бошам ва соате чанд сӯҳбатамонро идома бидиҳем. Якеаш
шӯхикунон гуфт: «Чорта чак-чак мекардем». Албатта,
пазироияшон олй буд, аммо ман наметавонистам шабро он
чо гузаронам, зеро ба ҳар ҳол банда хоричй будам ва агар
ҳодисаи нохуше рух медод, он кария аз тарафи давлат азият
медид. Бо вучуди ин, ба онҳо фаҳмондам, ки узр мехоҳам,
бародарон, барои мо хоричиҳо, дар ҳарчо бидуни ичозати
идораҳои марбута истироҳат намудан манъ аст. Ҳамзамон
ваъдашон додам, ки рӯзе фурсат ёфта, меояму ҳатман шабро
бо онҳо мебинам.
Маҳмуди арбоб моро ба сари гУсфандҳояш роҳбаладй
намуд. Як гУсфандаш, ба ман хуш омад ва ба тахминам 800
афғонӣ қимат дошт. Баъди андаке сӯҳбат ба таъбири афғонҳо
«ЧУр» омадему ба 700 афғонй розй шуду онро моли худ
гардондам. Гӯсфанд шишак буд. Азбаски интиқол додани
як гӯсфанд ба масофаи дах км душворй пеш меовард, боз
баррачаеро бо нархи 350 афғонӣ харидам. Ғуломсахӣ ва
дигарон ханда карда гуфтанд: «Тарчумон соҳиб, як буз хам
мехаридй, харсеяш бисёр хуб рох мерафтанд». Гуфтам,
дуруст фармудед, вале як ҳазор афгоние, ки бо худ доштам,
ба чейби шумо рафт, агар лутф кунеду бузро маччонй бо
гӯсфандҳои ман ҳамроҳ кунед, ташаккур мегуфтам. Ин
шухй ба онон хуш омад, ки дастачамъй хандиданд.
Фурсатро истифода бурда, аз Ғуломсахихон хоҳиш
кардам, ки ту фанги думилаи шикориашро таври амонат ба
ман диҳад. У дар хол «ба чашм» гУён туфангашро бо ду
картусаш оварда дод. Туфангро сари китф овехта, «ба амони
худо» гуфтаму сари аспро чониби Оханкашон гардондам.
Дар рох Азимхони маъмур, ки андаке соддагй дошт,
«валлоҳ, тарчумон сохиб, ту ба ин мардум хуш омадй»,
гуфт ва суханашро идома дод: ин кария ба дохилиҳо эътибор
(боварй) надорад, аммо ба ту эътибор намуда, хатто
бароятон туфанг хам хадя карданд».
Ба хамин тартиб, мусофирати аввали банда ба карияи
Чамбарак бомуваффакият анҷом ёфт. Соатҳои ҳафти бегоҳӣ
хаста шуда, ба Оханкашон расидем. Маъмурини афгонй,
ки ба ин сафар шубха доигганд, бандаро бо туфанг дида:
«Валлоҳ, тарчумон фаъолият кард», мегуфтанд. Азимхони
воҳимачӣ аз асп поён шудан замон киссаи меҳмондории
чамбаракиҳоро ба ҳамкоронаш оғоз намуд. Ҳамин шаб
153
гӯсфанди шишакро cap задем ва баррачаро нигоҳ доштем.
Тақдири барра баъд аз 15-20 рӯз ҳал хоҳад шуд. Аспсавории
даҳкилометрй ва пас гапгган боиси он шуд, ки ду-се рӯз
ҷуръати болои асп баромаданро накардам. Акнун ҳар шаб
як муздур бо туфанги кироя хаймаи моро бонй мекард. Ба
ибораи дигар, мо мусаллаҳ будем, дигар тарсу ҳарос
надоштем. Аз ин 6а баъд Гришин бароҳат хоб мерафт.
Хизмати туфанг дар пеш хоҳад буд.
Ташрифи арбобҳо
ва моҷарои тозае
Рӯзе ки бар асари дуздии амволи мо аз Чихчарон
қумондон бо саркотиби пулис омад, такрибан ҳамаи арбобҳои
минтака чамъ омада буданд. Баъд аз даҳ рӯз боре арбоб-
Маҳмуд «ассалом» гУён назди хаймаи мо пайдо шуду
«тарчумон соҳиб дар хайма бошанд», гуфт. Ман 6а зудӣ аз
хайма ба пешвозаш баромадам, дидам, ки дар паҳлуяш як
марди тануманде меистод. Арабоб бо банда оғӯш кушода
тарчумон соҳиб, ин мардро, ки мебинй, «арбоби калони мо,
арбоби деҳаи Харбед» аст. Хеле шодам, бифармоянд, як
пиёла чой. Ба хайма ворид шуда, сари мизи оҳанӣ қарор
гирифтем. Исми меҳмонро аз Махмуд пурейдам. Гуломнабӣ
ном доштааст. Бо ин кас, ки бори аввал аз наздик сӯҳбат
мекардам, ҳамон саволҳоеро раво медид, ки дар хонаи арбоб-
Маҳмуд бошандагони деҳаи Чамбарак дода буданд. Бештар
мехост фаҳмад, ки дар ШУравй рУзаву намоз ҳаст ё не.
Ман дар бораи рӯзгори мусулмонони ШУравӣ, аз чумла
мардуми Тоҷикистон ба Ғуломнабй ба таври мухтасар нақл
кардам.
Сӯҳбати мо идома доигг, ки боз садои бегонае ба гУшам
расид, ки дар кучо будани арбоб-Махмуду Гуломнабиро
мепурсид. Пурсандаро яке аз маъмурин роҳбаладй карда,
ба хаймаи мо овард. Маҳмудхон ин шахсро бо номи
Қодирхон арбоби деҳаи Работак муаррифй намуд. У,
такрибан 55 сол дошт. Даромадан замон ба ran шурӯъ кард.
Сергап барин буд. Яке назараш ба дастгоҳи «ратсия» хУрд.
Ин чист гуфта, ба назди дастгоҳ рафту аломатҳои онро
тамошо кардан хост. Ин телефони ҳавой аст, гуфтам ба ӯ.
Яъне чй?, -гуфг. Ман ҳам 6а воҳима даромадам. Арбоб соҳиб,
ин дастгоҳест, ки мо мавриди зарурат аз он истифода
менамоем. Масалан, агар ба волии Чихчарон гапамон бошад,
зуд онро чолон мекунему арзамонро барош мерасонем. Ҳамин
154
тавр ба волии Қалъаи наву Ҳукумати Кобул ҳам сУҳбат
карда метавонем. Агар имрӯз дуздони арбобе ба кароргоҳи
мо ҳучум кунанд, дар ҳол ба воситаи ин дастгоҳ ба пулиси
Чихгарон хабар медиҳем, ки дуздони деҳаҳои Раоотак,
Харбед ва ё Рахна ба чони шӯравиҳо таҳдид оварданд. Он
тарафашро худатой хуб мефаҳмед, ки ҳоли шумоён арбобҳо
чӣ мешавад. Қодирхон бофтаҳои каминаро чиддй пиндошта,
дигар саволе надод ва бо ҳамин сӯҳбатро идома надод.
Нисбат ба Қодирхон Ғуломнабй шахси чаҳонганггаву доно
менамуд. Вай ба ҳар суханаш ҷавобгУ буданашро эҳсос
менамуд. Аз ин ҷост, ки оо андеша сухан мегуфт ва эҳтироми
ҳамсУҳбаташро ба чо меовард.
Баъд аз сУҳбат фаҳмидам, ки инҳо барои гурӯҳи мо лутф
карданй шуда, як бузу чанд кило зардолу ва чурғоту чака
оварда будаанд. Аз зардолуву чурготашон моро низ
меҳмондорӣ карданд. Кори дигар, ки надоштанд, дар
кароргоҳи мо рУзро бегоҳ намуданд ва ҳини хайрухуш ба
меҳмонй даъватамон карданд.
Рости ran, Ғуломнабй ба ман хеле хуш омад. Мехостам,
ки ин арбоби чавону то чое фарҳангиро дар деҳааш бубинам.
Ба ин мақсад панч нафар аз маъмуринро, ки дар миёнашон
Саидчаббори муовин, Абдуллохи коллектор (оне, ки намуна
мегирад) ва Азимхон низ буданд, пагоҳии 28-уми июл сУи
деҳаи Харбед равон шудем. Вакте ки ба соҳили дарёи Рахна
расидем, бо маъмурин пойга-аспдавонй кардам. Абдуллоҳ,
ки худро хеле аспсавор мешинохт, бо банда баҳси пойга
кард. Ман ҳам, ки кайҳо аз ин навъи бозй бебахра монда
будам, розигй додам. Азимхону Саидчаббор мавкеи довариро
интихоб намуданд. Аспи ман сиёҳй думдарозу гардандарозе
буд. Чанд дафъа, ки онро тозондам фаҳмидам, ки дар
бузкашиву пойгаҳо борҳо санҷида шудааст. Абдуллоҳ лоф
мезад, ки «тарчумон соҳиб, чилави аспро махкам дор, ки
афғонҳо асптозони моҳиранд, нашавад, ки пойгаро бой бтй.
Ҳоло мебинем, ки дар пойга кй такра (чолок) маълум меша».
Довархо дар ҳиссае аз роҳ моро баробар гузонгга, баъдан
ба сағрии аспҳои мо бо камчин заданд. Пойга оғоз гирифт.
То сад метр мо баробар будем, ки аз пешорУ чуйи обе бо
паҳнии ду-се метр пайдо шуд. Абдуллоҳ наздики он расида,
бехотир лачоми аспашро сахт кашид, то ки онро нигоҳ
дорад, вале асп карор нагирифта, даруни чУй чаппа шуд.
Ман, ки тачриба допггам, чилави аспро накашида, балки
лачомро сует мондам, то ки асп он масофаро хез гирад.
Табиист, ки ин ҳолат қоши зинро махкам дошта ва хамин
буд, ки бо чаҳидани асп ва чУйро паси cap кардани он болои
155
зин мондам. Ман пойгаро бурида будам. Хушҳолона сари
аспро ба кафо гардонда дидам, ки Абдуллоҳро шариконамон
аз зери аспи даруни ҷӯйбуда кашида бароварданд. Як пояш
таги асп монда, лат хУрда буд. У лангон-лангон сУи ман
менигаристу чи гуфтанашро намедонист. Шарм мекард.
Ҳамроҳонамон бошанд ба холи У механдиданд. Банда аз асп
поён шуда, суханҳои тасаллобахшаш гуфтам. Факат ба У
рУй оварда, дар кучо хато карданашро фаҳмондам. Ҳарчанд
ки Абдуллоҳ хунари асптозиро ёд доигг, аммо баъзе меъёрхои
онро намедонист, вагарна бонд лачоми аспро накашида, балки
cap медод. Саидчаббору Азимхон ба камина офарин, офарин
мегуфтанд. Ба саволашон ки дар кучо асптозиро ёд
гирифтаам - чавоб додам, ки дар хонавода, аз падар ва
дигар бузкашҳои моҳире, ки борҳо мушохидаашон кардаам.
Ба умеди пойгамони шуда, роҳгум задем. Баъди
пурсопурсиҳои зиёде соатхои 12 ба деҳаи Харбед расидем,
ки дар соҳили дарёи Рахна вокеъ шуда буд. Ғуломнабӣ зери
бедзоре чойи нишасти мехмононро омода сохта, чашм ба
роҳи мо дошт. Болои колинҳо тушак--курпача андохта, барои
ҳар меҳмон як болиштй гузошта буд. Чун анъана, сараввал
моро бо чою ширинй пазируфт. Суҳбат сари мавзУи рУзгори
бошандагони деҳааш сурат гирифт. Саволаш додам, ки арбоб
соҳиб, чаро он рУз, ки дар хаймаи мо будед, Маҳмудхон
шуморо хамчун «арбоби калони мо» муаррифй намуд? Магар
арбобҳои минтака боз сарарбоб ҳам доранд? Ғуломнабй
андаке ба андеша монду оре, гуфт, Худойназархон, банда
бо амри волй соҳиб, болои ҳамаи арбобҳои маҳаллот назорат
мебарам. Ҳар саволе, ки ба боло иртибот пайдо кунад,
чавобашро аз камина мепурсанд. Хо, гуфтам, шумо арбоби
оддй набудед, афсУс, ки дертар ошно шудем. Хайр аст, гуфт
Ғуломнабӣ, минбаъд зуд-зуд хоҳем дидор дид. Ману арбоб
сӯҳбат мекардему ҳамроҳонам, ба хусус Азимхон, чойнакҳои
чойро бо шириниаш бозавк омезиш медод. У хеле пурхУр
буд. Хушаш меомад, агар вайро бо худ ба чое даъват
менамудам. Афғонҳо шӯхй карда мегуфтанд: «Тарчумон
соҳиб, чехраи Азимхон чунон сурх шуда, ки кавораи
духтарони гулчеҳраро мемонад». Азимхон рӯи гирд дошт
ва сурхинамӯ буд. Хо, мегуфтам, Азимхон орёии асил астй,
дига. Чй кунум, мегуфт, Азимхон. Нонро ки овардан, онро
бояд нУши чон кард. Лутфи Худойназархон аст, ки
тарбиятамон мекуна. Ташаккур, тарчумон соҳиб. Нону мулк
аз худтон аст, насибатон куна, мегуфтам ба онон. Ин
сӯҳбатро Ғуломнабӣ дакиқкорона ба мушоҳида мегирифт ва
шояд дар ботин мегуфт: Ин тарчумон бехй худй шуда...
156
Сӯҳбат акнун гарм мешуд, ки палави хосаву чурғот
рӯи хони Ғуломнабй қарор гирифт. Ногуфта намонад, ки
ин рӯз арбоби деҳае, ки поёнтар аз Харбед вокеъ шуда буд,
окон Мирзоалаёр низ ҳузур донгг. Мавсуф факат сӯҳбати
моро гӯш мекард ва чашм аз банда намеканд. Чунин
мушоҳида намудам, ки маро меомӯзад. У низ бандаро ба
деҳааш даъват намуд...
Қарияи Харбед (яъне Беди калон) манзараҳои
дилнишиние дошта, дар мавзеъе ҷойгир буд, ки атрофашро
кӯҳҳои як замоне шаҳрбуда мепечонд. Чое доир ба ин
шаҳрҳои дар кабати кУҳҳо воқеъшуда ишора карда будам.
Ин дафъа ба қабати кӯҳҳо дурусттар назар дӯхтам ва чунин
ба мушоҳида расид, ки ҳоло ҳам хонаҳо ва оташдонҳои
одамон баркароранд. Лекин аз бошандагони ин маҳалла касе
ёд намедод, ки дар кадом асру давр ин чо икоматгоҳи инсон
будааст. Яке мегуфт, ки қарияҳои кӯҳй аз замони инглисҳо
боқй мондаанд, дигаре тахмин мекард, ки давроне ин чоҳо
кариячот будаасту бо мурури замон зери об мондаанд.
Баъдан, ки об поён фаромадааст, дубора нишонии онҳо айён
шудаанд. Аз поён то нишонии он қарияҳо, тахминан, 50-60
метр масофа аст. Байни ҳар хона пайраҳаҳо мавчуд аст.
Дуди оташдонҳо чй навъ сиёҳии худро ба дару деворҳо
гузоштааст, ҳоло ҳам маълум мебошад. Банда то чое ки
тавонистам, он карияҳои қабати кӯҳро аккосй намудам. Дар
ин кор каминаро Тарасенко ёрй расонд. АфсУс, ки муаррих
набудам, вагарна он маҳалҳоро дурусттар меомУхтам.
Арбоби дигаре, ки ин рУзҳо дар ҳузураш будам,
Муҳаммадакбар буд, ки деҳаи Орти Дилшодро дар ихтиёр
донгг. Бори аввал, ки дар кароргоҳи хеш ошной пайдо
намудем, эшон хоҳиш кард, ки агар гӯсфанд кор дошта
бошам, факат ба ӯ муроҷиат намоям. ГУё хар навъ гУсфанде,
ки мо зарурат дорем, байни моли майдаи арбоби мазкур
пайдо мешавад.
Хонандаи гиромй шояд пеши худ савол гузорад, ки
ман дигар коре надорам, ки фақат гӯсфандҳарй менамоям.
Савол бачост, вале каблан хам гуфта будам, ки банда ба
ғайр аз фаъолияти тарчумонй боз гурӯҳи маъданишносони
хешро ба маводи ғизой таъмин менамудам. Гап дар ин аст,
ки тарчумон дар гурӯҳе як кас буда метавонад, вале
инженерони ба тарчумон эҳтиёчманд панч-шаш нафаранд.
Чй навъ метавонист, вактҳои корҳои маъданшиносй як
тарчумон хамзамон ба шаш нафар хизмат расонад? Дигар
ин, ки онхо ҳар пагоҳй ба хати харакати худ мераванд, ин
157
Ҳаракат 6а як самт сурат нагирифта, балки ба чор тарафи
минтақа иртибот пайдо мекунад. Аз сӯи дигар, худи
саринженер ва аъзоёни гурӯҳ бештар ба ҳамин ҷиҳати
фаъолияти тарчумонашон зарурат эҳсос мекарданд.
Рӯзи якуми август баъд аз нони чошт, Азимхони
маъмурро 6о худ гирифта, ҷониби карияи Орти Дилшод
аспҳоро камчин задем. Ба деҳа нарасида, ба моли ин арбоб
рӯ ба рӯ омадем, ки дар дашти сералафе мечарид. Арбоб
ҳам дар сари молаш буд. Муҳаммадакбар, ки ҷое такя мезад,
моро аз дур дидан замон аз ҷояш баланд шуда, ба
пешвозамон шитофт. Ба чӯпонаш амр дод, ки аспҳоро зудтар
гирад. Баъди салому алейк ва ҳолпурсй ба сари максад
расидем. Арбоб ба чӯпонаш фармуд, ки ҳо ана ҳамон
гӯсфанди бузургҷуссаро дошта ба назди мо биёрад.
Гӯсфандро даст зада, гУшту равғанашро тахминан муайян
карда, сипас аз арбоб пурсидам, ки нархи мешашон чанд
хоҳад буд. Арбоб дар чавоб «ҳарчи ки мети бте, ман чизе
намегӯям». Ва афзуд: « тарчумон соҳиб, ки ба хонаи ман
омадааст, хайр аст, гирифта равад». Шашсаду панҷоҳ
афғониро ба дасти Муҳаммадакбар часпонда, худоҳофизй
кардему гӯсфандро пешандоз намуда, сӯи Оҳанкашон роҳ
пеш гирифтем. Дар роҳ Азимхон мегуфт: «Худойназархон,
валлоҳ, гӯсфанди арбоба муфт азхуд кардй. Ин ракам
гӯсфандро дар бозори Чихчарон дар ҳазору панчсад афғонӣ
наметан».
Ба қароргоҳ расидему ба ошпаз фармудам, ки тезтар
гӯсфандро cap занад, зеро он рӯз Тарасенкои инженер, ки
тоза ба гурӯҳи мо худро пайваста буд, зодрУз донгг. Бегоҳй
мизро омода сохтем ва аз дохилиҳо Исматуллоҳхонро бо
Саидчаббору Азимхон даъват намудем. Исматуллоҳ як ттштття
роми итолиёвй овард ва табиист, ки мо «водка» доштем.
Маърака хуб гузашт. Тарасенко дар зодрӯзаш гӯсфанд cap
заданро чандон напазируфт. Бе зодруз ҳам мо гУсфандро
cap мезад ем, гуфтам ба У. Фақат харидории гӯсфанд ба ин
рУз рост омад ва хуб хам шуд.
Вақте ки дар ин боб аз лутфи арбобҳои минтакаи
Оҳанкашон сухан рафт, дар бораи як меҳмонии дигар
нагуфта намешавад. Чунонки каблан арз шуд, Ғуломалаёр
арбоби деҳаи Оби Гарм низ мехост шУравиҳо соате мехмонаш
бошанд. Банда ба У ваъда дода будам, ки фурсате ба даст
ояд, ҳатман чойи эшонро менУшем. Чунин фурсат ба рУзи
4-уми август рост омад. РУзи чумъа буд, ягона рУзе, ки мо
истироҳат доштем.
Бояд арз кунам, ки дар муддати ин ду моҳ, ки гурӯҳи
158
Шербина дар минтака корҳои чУяндагй мебурд, сафи
мутахассисини шУравй афзоиш ёфт. Аввалан, Вадим
Тарасенкои худамон баъд аз бемории хонумаш ба гурӯҳ
баргашт ва дуюм ин ки чанд мутахассиси соҳаи геофизика
(заминшиносй) бо дастгоҳҳои махсуси хеш кароргоҳи моро
серодамтар карданд. Чанд рӯз қабл мо шӯравиҳо чамъ
шудему мавзУи ба меҳмонй рафтанро ба деҳаи Оби Гарм
баррасй намудем. Ин ҳолатҳо банда райей мекардам.
Шербина ва ду се нафарамон нахостанд ба меҳмонӣ раванд.
Гришин ва Тарасенко розигӣ доданд, ки бандаро ҳамроҳй
кунанд. Ба ин меҳмонй тарафи афғонӣ ҳам омодагӣ мегирифт.
Дар рӯйхат 18 кас номнавис шуд. Хайрият, то рУзи сафар
ин рУйхат ба 10-12 нафар пойин фаромад. Аз чониби
дохилиҳо худи Исматуллоҳхони сарвар, муовинаш
Саидчаббори «қаҳрамон», Азимхони воҳимачй, Абдуллоҳи
ошик ва боз чанд касоне, ки синфи 12 тамом карда буданд,
интихоб шуданд. Азбаски ин меҳмонй чиддй буд, мо мехостем,
ки ошпази худамон ғизо омода созад, Аз ин рУ,
Абдулмуҳаммадро як рУз пештар ба хонаи Мирзоалаёр
фиристодам. Бо ин амал мехостам, ки шубҳаро аз Гришину
Тарасенко дур созам ва рафтани онҳоро бехатар бубинам.
Аз суй дигар ошпази мо моҳир буд ва хам замоне ба
олмониҳо ошпазй карда, навъҳои ғизоҳои ғарбиро омУхта
буд. Бинобар ин, ғизое тайёр менамуд, ки ҳатман ба
шУравиҳо хуш меомад. Мо ба ғизоҳои пухтаи ошпазамон
одат хам карда будем.
Бегоҳии чумъа ҳайатро дар ду гурӯҳ муайян кардем.
Гуруҳи Худойназархон ва гурӯҳи Исматуллоҳхон. Ба гурӯҳи
банда Гришин ва Тарасенко шомил шуданд. Вадим тамоми
шаб ба сафар омодагй гирифт. Фотоаппараташро бо
фитаҳояш санчид, то ки дар роҳ манзараҳои чолибро ба
акс бардошта тавонад. У суратгири мохире буд. Ачаб ин ки
дигар русҳо ба аккоей завк надоштанд, онхо бештар
моҳигириро мепазируфтанд.
Субҳи чорум, соатҳои панч, нонушта кардему аспхоро
зин задем. Азбаски дохилихо хобро хуш доштанду дер ба
субҳона оғоз карданд, гурУҳи сенафараи мо ба рох баромад.
Баъд аз ним соати дигар бояд дохилихо низ харакат
мекарданд ва роҳро якчоя тай менамудем. Дар сафи пеш
банда бо либоси пулисиву туфанги думила сари китф карор
доштам. Ҳар кас, ки аз дур маро ба мушохида мегирифт,
гумон мекард, ки пулис бо фармоише меояд. Чунин тарзи
либос дар бар кардан то чое дузду роҳзанҳоро метарсонд.
Гузашта аз ин, дар китфу гардани Вадим ду-се хел
159
дастгоҳҳои суратгирй овехта шуда буд. Азбаски мардуми ин
минтақа чунин асбобҳои суратгириро надида буданд,
Тарасенко дар назарашон ба кумондонҳои кӯҳгарде, ки
пушти дуздону роҳзанон мераванд, монанд буд.
Ба майсазоре расидем, ки хеле зебоманзар буд. Андак
тавақуф намуда, аспҳоро чаррондем, то ки гурӯҳи
Исматуллоҳхон худро бипайвандад, вале онҳо дер карданд.
Хостем роҳамонро кУтоҳтар созем. Ба як сероҳагй омадем.
Намедонистем, ки аз ин се роҳ кадомаш моро ба деҳаи Оби
Гарм мебарад. Вадим, ки кӯҳгардиҳои зиёде дошт аз
таҷрибааш истифода карданӣ шуда, роҳи байнро интихоб
намуд. Ин роҳ ба карияе моро расонд, ки бошанда надошт.
Хонаҳо ва молхонаҳо ба мушоҳида мерасид, аммо ягон
зиндае ба назар нахӯрд. Шояд ин аз ҳамон карияҳое буд,
ки бо гуфтаи Ғуломнабӣ дар ин зимистон чон ба ҳак таслим
карда буданд. Сипас сӯи кабристони он ҳаракат намудем.
Гӯрҳои тоза надошт. ГУрҳо, тақрибан умри 50-60-сола
донгганд ва болои ҳар кадомаш чУбеву латгапорае ва шохҳои
бузҳои кӯҳй гузошта шуда буд. Онсӯтар рафта будем, ки аз
пеш чарии бетаге пешвозамон гирифт, яъне он роҳи мобайнй
то ҳамин қарияи мурдаҳо меомадааст. ГУё дигар баромади
роҳро ба чонибе наёфтем ва боз ба ҳамон роҳамон расидем,
то он сероҳагй. Ду роҳи дигар монда буд. Кадомашро
интихоб кардан душвор буд. Дидам, ки аз ин ду кӯҳгард
дониши тозае гирифта намешавад, банда роҳи дасти ростро
пешниҳод намудам. Гришин ба Вадим назар дӯхта, дуди
сигорро фуру бурду гуфт: «Вообще-то Назар прав». Вадим
ҳам «ладно» гУён ба сарғии аспаш камчинро часпонд. Чанд
километрро тай карда будем, ки деҳаи Оби Гарм намоён
шуд. Атрофамонро кӯҳҳои сарбафалак иҳота мекард. Ҳамин
рӯз буд, ки Вадим деҳаҳои номаълуми дар қабати ин кУҳҳо
карордоштаро рӯи акс овард. Боз ҳамон ҷӯйбори сероби
Рахна моро роҳбаладӣ кард ва то деҳаи Оби Гарм расонд.
Гап дар ин аст, ки ҳама деҳаҳои минтақаи Оҳанкашон қад-
қади ҳамин чӯйи Рахна қарор доштаанд. Байни ҳар қария
ду-се километр масофа буд. Ҳар кадом аз ин қарияҳо дар
теппаҳои ба кӯҳи Оҳанкашон наздик заминҳои чарогоҳ
доштанд. Дар собиқ мардуми ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон
низ ба ҳамин шакл рӯзгор медиданд. Масалан, бобоҳои
модарии банда дар Қалъаи Сурхи Балчувон ҳавлй доштанду
заминҳои молчарониашон қад-қади дарёи Сурхоб, дар
даштҳои Лойсой, ки наздики Файзободи Балҷувон карор
дорад, будааст. Тобистон бо кУчу бандашон, бо чӯпонҳошон
ба Лойсой мерафтаанд, зимистон, ки шуд боз ба Қалъаи
160
Сурх пас мегаштаанд. Ҳама мардуми молдор дар ду мавзеъ
одатан макон месохтаанд. Арбобҳои қарияҳои Харбед, Оби
Гарм, Рахна, Орти Дилшод ва ғайра низ чӯпонҳои шахси
доштанд, ки ба ивази заҳматшон соле бо онҳо чанд cap
гУсфанду буз медоданд. Бо мурури замон он чӯпон худ
соҳиби рамаи гУсфанд мегардид. Вале чУпон ҳеч гоҳ
гӯсфандҳояшро аз моли сад-дусадсараи арбоб чудо намекард,
балки бо рамаи соҳибаш омехта буданд. Ачобат дар он аст,
ки чУпон дар байни садхо гУсфанд, моли худро мешинохт.
Ҳамон рУзе, ки мо аз арбоби деҳаи Орти Дилшод гУсфанди
калонеро харидори намудем, соҳиби гУсфанд чУпони арбоб
буд. Аммо чУпон 6а хотири эҳтироме, ки ба хӯҷаинаш дошт,
иархгузориро ба Уҳдаи У ҳавола намуд. Шахси чупон ва
шахси хуҷаин ба ҳамдигар боварй доранд ва хамеша содик
мемонанд. Бобои бандаро, ки Тохирбой мегуфтайду хама
авлодонаш бой гузаштаанд, вакте ки соли 1922 аскари рус
ба Балчувон ворид мешавад, тамоми чорвояшро ба зудй байни
чӯпонҳояш таксим мекунад, то ки Ҳукумати Шӯравӣ
молашро давлатй эълон карда натавонад. Русхо мебинанд,
ки ин бой ба камбағалҳо рамаи гУсфандашро маччонй таксим
кардааст, дигар Уро ба чазо накашида, балки имкон додаанд,
ки оромона рӯзгор барад. Тоҳирбой то соли 1945 зинда буд
ва ҳамон чӯпонҳояш рУзгорашро таъмин менамуданд. Чунин
туда буд, ки чУпони собиқа чойи хУчаинашро гирифт. Аммо
он чупон медонист, ки чорвое ки дар дасти У карор дорад,
аз Тохирбой аст, пас гашҳонӣ аз Ҳукумати давр Уро мехУронд
ва бо ин роҳ кори савоберо анчом медод. Банда ду чУпони
бобоямро дар Арча ва Карл Маркси Фархор дида будам,
ки якеро бобои Мирзоалй меномиданду дигареро бобои
Мулло Ҷӯрахон мегуфтанд. Онҳо то нимаи дуюми солхои
70-ум дар хаёт буданд ва ҳар дафъа, ки ба он чо мехмон
мешудам, бобои Мирзоалй «набераи Тохирбой омадааст»,
гУён ба наздам меомад ва аз нигоҳи қавора ба бобоям монанд
буданамро тасдик мекард. Чунонки мебинем, мардуми точики
кӯхистон дар ҳар минтақаеву кишваре, ки бошад, зиндагиаш
якранг будааст. Он айём рӯзгори мардуми карияҳои
номбурда дар якчоягӣ бо арбобҳову чӯпонҳояш ба ҳаёти ба
истилоҳ тоинкилобии халки точик шабех буд. Даврони
шУравй гУё точикро аз чУпонгариву бойигарй «начот» дод.
Акнун ки мустакилият ба даст овардаем, гумон мекунам, ин
ду касби анъанавии точик боз бадардхУр мешавад, албатта
бо шаклҳои дигархелтаре... Метавон мустакилияти
Точикистонро давоми ҳамон Инқилоби русй ҳисобид...
Он рУз соатҳои дуй рУз ба деҳаи Оби Гарм худро
161
расондем. Хеле хаставу беҳол шудем. Гурӯҳи Исматуллоҳхон
кайҳо ҷойҳояшонро гирифта буданд. Онҳо роҳро ғалат
накарда, бидуни саргардоние расидаанд. Ин ҷо гуноҳ аз
худи мо шуд, ки дохилиҳоро маътал нашудем ва ҷазояшро
дидем. Ғизо кайҳо омодаи хӯрдан буд, вале мо, ки дер
кардем, меҳмонҳои дохилИ чанд соате фақат бо чою ширинй
қаноат кардаанд.
Мирзоалаёр ба ин меҳмонӣ чанд арбоби дигар, аз чумла
арбоб-Ғуломнабиро даъват карда будааст. Ин
меҳмонкарданҳои арбобҳо бандаро ба хулосае овард, ки онҳо
байни худ маслиҳат карда, хостаанд, ки ҳар кадомашон боре
шӯравиҳоро меҳмондорӣ кунанд. Шояд чунин амр аз
ҳукумати вилоятҳои Чихчарону Қалъаи Нав расида бошад.
Зеро қар меҳмонии баъдй аз каблй хубтару банизомтар сурат
мегирифт. Арбоби баъдй аз пешина камбудиҳоро меомӯхт
ва рӯзи меҳмондории хеш онҳоро ислоҳ мекард. Масалан,
Мирзоалаёр ду ҳуҷраро барои меҳмонҳо омода сохта буд.
Яке барои шӯравиҳо ва инженерони афғон ва дигаре барои
табакаи поёнтар, ки дар он чумла чанд маъмури афғонии
мо низ шомил буд. Ҳучрае, ки барои мо тайёр карда буд, бо
колинҳои гулдори сохти ватанй ва болишту кУрпачаҳои
бахмалин ороиш ёфта буд. Дар дигар меҳмониҳо ин тавр
нашуда буд. Се нафари моро аз боло гузаронда,
Исматуллоҳхону дигар дохилиҳо поёнтар менишастанд.
Болои дастархон чанд навъи нӯшока мавчуд буд. Маълум,
ки арбоб бозори шаҳрро «тамошо кардааст». Ин харидорй
маънии омодагии чиддиро медод, ки Мирзоалаёр дида буд.
Маълум шуд, ки арбоб гӯсфандеро cap задааст.
Меҳмонхонааш дар зери дарахтони чормағзу зардолу сохта
туда буд. Дар болои дастархон мавҷуд будани нӯшокиҳои
дарачадор бандаро ба тааччуб овард. Арбоб тааччуби маро
пай бурд, ки «тарчумон соҳиб, ҳеч худро азият натен, ин
меҳмонй ба хотири шӯравиҳо тартиб ёфтааст ва мо медонем,
ки ин мардум бешароб ҳаловат намебаранд. Хайр аст,
ҳарчанд мо мусулмонҳо шаробро истифода намекунем, вале
боз маснади меҳмон боло меистад ва ба хотири онҳоро
қаноатманд сохтан мо аз ҳеч чиз рӯй намегардонем».
Офарин,- гуфтам ба ӯ. Вадим ва Слава бошанд бо шубҳа
сӯи шишаҳои ҳарранга менигаристанд, аммо одати исломй
онҳоро имкон намедод, ки аз кадаҳ истифода намоянд. Ду
рони пухтаи гӯсфанд дар паднусҳои афғонӣ болои дастархон
гузошта шуд. Кордҳоро ҳам омода карданд, то ки ҳар кас
худаш аз чойи хостааш порасро чудо кунаду ба наздаш
162
гузорад. Слава оҳистакак ба гӯшам хонд: «слушай это всё
нам что -ли?» Ман гуфтам, «оре, дорогой, ешь, не бойся всё
оплаченно». Баъд аз ин суханонро аз банда шунидан
Мирзоалаёр, ки дар паҳлуи камина менишаст, «тарчумон
соҳиб, шумо хам шУравй хастен, бифармоед, аз оби ангуру
чав нӯши чон кунен». Ташаккур гуфтам, андаке таклифи
меъда доштанам намегузорад, ки аз ин нӯшу неъмати худодод
ҳаловат барам. Хо, гуфт, Ғуломнабӣ. Шумо, ки таклифи
меъда дорен, мо низ ба таклифҳои бофтаи эшон боварӣ хосил
намудем ва баланд хандид. Таклифи меъда дорам, яъне
меъдаам дард мекунад. Дар лахчаи дарй ва умуман миёни
форсизабонони Афгонистон, калимаи таклиф маънии беморй
ва дардманд буданро мед их ад. Таклиф маънии дигар хам
дорад. Вақте ки як кас мегУяд: «Оқо маъзарат мехом,
таклифтон додам». Ин ҳолат таклиф маънии заҳматро
мегирад. Заҳмататон додам, мегУяд. Яъне вактатонро
гирифтам, азиятатон додам, гуфтанй ran аст. Ҳол он ки дар
лаҳҷаи точикй калимаи таклифро ба маънии даъват истифода
менамоянд. Банда ба ин акида ҳастам, ки истилохи таклифро
даризабонхо дуруст истифода менамоянд. Масалан, мо то
солҳои наздик бештар аз шакли «таклифнома» кор
мегирифтем. Беҳтараш «даъватнома» аст...
Абдулмуҳаммади ошпази мо, воқеан, ғизоро хеле олй
пухта буд. Чанд навъ таъом хУрдем. Азимхон одатан хини
хӯрокхӯрӣ, гоҳе ба таги чашм сУи банда менигарист, ки
эроде нагирам.Исматуллоххон, ки маданияти олии одамгарй
дошт ва ашрофзода хам буд, мудом шӯравиҳоро мисли
«гиред, гиред»-и шимолиҳо ба нон даъват менамуд. Слава
бо завк гУштро бо шароби сохти итолоёвй медид. Вадим одати
шармгинй зоҳир менамуд. Маъмурини афгонй шаробро бо
ду шӯравй боҳам диданд. Тасаввур кунед, ки Афгонистон
кишвари исломй буд, аммо рУзгорашон вобаста ба масъалаи
риояи урфу одатҳои аврупоӣ оддиву озод ба мушоҳида
мерасид. Касе касеро мазаммат намекард, намегуфт, ки ой,
мусулмон, чаро нУшидй?! Дар шаҳрҳои бузургаш занону
духтарон, аслан, бо мӯйҳои бурида ва сару либоси ғарбй
мегаштанд.
Соат ҳам сӯи панчи бегоҳ ҳаракат дошт. Нонро дуо
кардем. Маъмурини афгонй ба Оханкашон пас гаштанд.
Азбаски он ду хамкорам баъди аспсаворй монда шуда буданд,
маслихат намудем, ки шабро дар хонаи Мирзоалаёр
мегузаронем. Ба ин хотир хостем, ки аз манзарахои зебои
карияи Оби Гарм ҳаловат бубарем ва андаке моҳигирӣ кунем.
Рӯи хавлй баромадем, ки хизматгорони арбоб гУсфанди
163
дигареро кассобй доранд. Ман арбобро бо ин икдомаш
сарзаниш кардам. Чй лозим масрафи зиёдатй - гуфтам ба
арбоб. Табиист, ки аз шаб мондани мо иттилоъ ёфта,
гӯсфандро барон хӯроки шом хун кардаанд. Чунки он як
cap гӯсфанди дишаба барон 10-15 каси мо ва боз ҳамсояҳояш
кифоят намудасту бас. Акнун мо се кас ва Исматуллоҳхону
Раҳиммуллоҳхон, ки шабист шудем, дигар чора надоштанд.
Дар ботин гуфтам, ҳеҷ ran не, чорвои арбоб зиёд аст, чандон
зараре нахоҳад дид ва ҳам имкон дошт, ки гУсфанди дуюм
аз ҳисоби ягон чӯпонаш бошад.
Чангакҳои моҳигириро омода сохта, ба соҳили рӯди
Рахна фаромадем. Он чо, ки моҳӣ бояд мегирифтем, яке аз
бошандагони деҳа, ки хонааш дар лаби ҷӯй буду ҳавлиаш
майсазореро мемонд, дастархон ороста буданд, то ки мо ҳам
моҳя бигирему ҳам болои кӯрпачаҳо такя занем. Яъне
истироҳати маданй кунем. Албатта, ин ташаббуси арбоб буд.
У фаҳмид, ки маҳз он чо моҳй мегирем, пешакй ба соҳиби
хона фармудааст, ки меҳмонҳоро хуб пазирой кунад. Бо
чунин рафтор арбоби деҳаи Оби Гарм Ғуломнабиро
фаҳмонданй мешуд, ки дидӣ меҳмондорӣ чй хел мешавад.
Ғуломнабӣ ҳам зирак буд ва аз нияти Мирзоалаёр огаҳи
дошт. Ман ба Ғуломнабй шӯхй карда гуфтам: арбоб соҳиб,
дар назарам арбоби калони шумо Мирзоалаёр бояд бошад.
Оре, дуруст аст, аз ин баъд мо арбобҳо чамъ шуда, ин
масъаларо ҳал хохем кард. Албатта, арбоб ин суханро чиддй
намегуфт, балки барои он мегуфт, ки саволи ман бечавоб
намонад. Ҳозирчавобӣ низ як навъ маҳорат аст, ки аз он
1 уломнабй бархӯрдор буд.
Вадим ва Слава бо завқ моҳӣ медоштанд. Ҳавои тарафи
бегоҳ дилнишин хам буд. Ману Ғуломнабй ва
Исматуллоҳхону Раҳиммуллоҳхон болои майсазор дароз
кашида, аз чою шириниҳои бошандаи деҳаи Оби Гарм
ҳаловат мебурдем. Ҳамкорони банда дар байни як соат 10-
20 моҳиро аз об берун кашиданд. Ба Мирзоалаёр гуфтам,
ки арбоб соҳиб, гУсфандро бечо cap задй, ин шӯравиҳо гӯигги
моҳиро ёбанд, гУсфанд нахоҳанд хӯрд. Шом ҳамин тавр
ҳам шуд, онҳо моҳибирён хӯрданд.
Шабона дар он чоҳо чароғи барқӣ набуд. Онон рУзгори
бобои доштанд. Чароғҳои алакайн (навъи инглисй, ба чарог-
фонарҳои русй монанд мебошад) истифода менамуданд. Мо
низ дар саҳро аз ҳамин навъ чароғҳо кор мегирифтем. Аз
ин рӯ, арбоб рУи ҳавлй болои сӯфае ҷойи нишасти
меҳмонҳоро Дуруст карда буд.
Вақти хоб ҳам расид. Мо чунон беҳол шуда будем, ки
164
ҳар кадом метавонистем дар ҷойи нишастамон якпаҳлу
афтем. Вале арбоби ҳушёри мо аллакай дар ҳучраи ба
тартибаш барои моён-шӯравиҳо рахти хоб андохта буд. Ҳама
кӯрпачаву болопУшҳояш тозаву озода маълум мешуд. Бо
вучуди ин, мо либосхоро накашида ба истироҳат пардохтем.
Ҳавои ин чо нисбат ба Оҳанкашон гарм буд. Мо, ки аз кайку
дигар ҳашарот хавотир будем, хайрият ки ягонтоаш сӯи
шӯравиҳо «назар накард». Бароҳат хоб рафтем. Шунидам,
ки Мирзоалаёр чанд хидматгорашро барои амнияти мо дар
атрофи хонаву болои бом гузоштанй шуд. Арбоб нороҳагии
моро ҳис кард, ки каме cap даруни ҳучраи хоби мо карда,
ба банда чунин муроҷиат намуд: «Тарчумон соҳиб, ба ин
дӯстони рус фаҳмон, ки хона мурокибат мешавад. Бепарво
истироҳат кунанд, касе ба қарияи Мирзоалаёр чуръати ҳучум
карданро намекунад». Зинда бошй, гуфтам ба арбоб. Дигар
ҳамроҳонам рӯи ҳавлӣ хоб карданд. Ғуломнабй нимашаб ба
деҳаи хеш рафтан мехост. Деҳаи ӯ чандоне дур набуд, шояд
2 км роҳ буд.
Бори аввал буд, ки мо дар карияи бегона хонаи дохилие
хоб мерафтем. Барои ман, албатта, аҳамият надошт, зеро
ин мардум ҳам аз ман буд ва гӯё дар хонаи авлодам мехмон
будам. Аммо барои он ду ҳамкори русам, меҳмони шабист
шудан ғайри одати онҳо ҳисоб меёфт. Шабона баъзан, ки
бедор мешудам, мешунидам, ки посбон дар атрофи ҳучраи
хоби мо рафтуо мекард. Бояд иқрор шавам, ки ман то чое
худро нороҳат эҳсос менамудам. Дар сэрам сад хел андеша
пайдо мешуд. Аз он таре доштам, ки дуздони арбоби дигаре
сари карияи Мирзоалаёр ҳучум меоранд. Ба ин иллат хобам
дуздона буд ва хам ширин. Мурғфарёд бедор шудам. Аз
ҳавлй ким-чи хел ғолмоғол (чанчол) ба гӯшам расид. Ба
соатам нигоҳ кунам, ақрабак чониби чор равон аст. Боз ба
хоб до да шудам. Ним бедору ним хоб ин шаби меҳмонй 6а
поён расид. Вадиму Славаро бедор кардам. Онҳо, ки расо
кайф карда буданд, шабона боре хам рУи дигар нагаштанд.
Яъне ҳеч масъулияте бар душ надонгганд, ба банда боварй
мекарданд, зеро борҳо шоҳид буданд, ки ононро аз
вазъиятҳои ногувор баровардаам.
Рӯи хавлй дасту рУй шустем. Дуртар дар масофаи 30-
40 метр 10-15 чавони тануманд, чо-чо дар китфхошон
тӯфангҳои шикории англией ва панчтираҳо қарор доштанд.
Арбоб хам онсУтар истода буд ва чехрааш парешон менамуд.
Наздиктараш омадам, хайру хайрият аст, арбоб соҳиб
гуфтам. Хайру хайрият, тарчумон соҳиб. Кори нохубе шуда,
ки баъд баротон хоҳам гуфт. Ман хам парешон шудам, вале
165
назди Вадиму Слава сирро бой над одам. Чойи субҳ ҳам
омода буд. Ширчойро бо маскаи гӯсфандй хурдем. Соат нӯҳ
шуд. Аз Мирзоалаёр хоҳиш намудем, то ки моро рухсат
кунад. Ба амони худой гуфтему ба аспҳо савор шудем. Арбоб
ҳам туфангеро ба китфаш андохту бо мо ҳамсафар шуд. У
хост, ки то карияи Ғуломнабй моро гусел намояд. Баъд аз
ним соат ба деҳаи Харбед расида будем, ки Ғуломнабй сари
рохамонро гирифта, ба як пиёла чой даъватамон кард. Вай
дар гушаи зебое таги дарахтон, дастархон густурда буд.
Болои дастархон чою нони калама ба назар хӯрд. Ҳарчанд
ки навакак ширчойи гУсфандй нӯши ҷон карда будем, нони
калама моро хуш омаду чандтоашро бо чой хурдем. Аз хама
беш калама ба Слава маъқул шуд. Ду соати дигар дар хонаи
Ғуломнабй меҳмон шудем ва андаке бо туфанги панчтираи
инглисии арбоб нишонзанӣ ҳам кардем. Ғуломнабй нишонзани
моҳире будааст. Дар кабати кӯҳ буттаеро нигаонй гирифт
ва тираш бехато ба он бархурд. Ман ҳам ду-се бор файр
кардам (яьне паррондам). Бозии дилчаспе буд. Вадиму Слава
ба тирпарронй рағбате зоҳир намекарданд. Вадим ин сахнаро
аксбардорй менамуд. Агар андаке менишастем, боиси
ташвиши арбоб шуданамон мумкин буд. Боз мехмондории
тоза оғоз мегирифт. Аз ин рУ, ба арбоб ташаккур гуфтему
роҳи Оҳанкашонро пеш тирифтем. Соатҳои сеи рУз ба
манзили кУҳиамон расидем.
Аз ин меҳмонй чанд рУз сипарй шуду Ғуломнабй, ки
бо банда унс гирифта буд, меҳмонам шуд. Вакти чойнУшй
якбора аз банда пурсид: «Окои Худойназархон фахмидй,
ки он шаби меҳмониатон чӣ ҳодиса pyx дод». На хайр, гуфтам
ва илова намудам, соатҳои чори шаб ғолмоғоле ба гУшам
расид, аммо сабабашро нафаҳмидам. Бале, тарчумон сохиб,
ҳамон ҳиссаи шаб аз карияи мо сари деҳаи Мирзоалаёр
ҳуҷум сурат гирифт, вале бо кУшиши ман онро рафъа
намудем. Ба он хам он чо будани шӯравиҳо халал расонд,
вагарна коху хонаҳошонро оташ зада, молу мулкашонро ба
кӯҳ мебурданд.
-Чй ran шудааст, ки чунин ибтикор сурат гирифтааст,-
пурсидам аз Ғуломнабй.
Сабаби cap задани вокеа он будааст, ки аз карияи Оби
Гарм чавоне зани аскареро аз деҳаи Харбед дуздидааст ва
хостааст, ки зан кунад. Авлодони он духтар аз ин ходиса
хабар ёфта, сари деҳаи Мирзоалаёр тахдид оварданй
шуданд. Табиист, ки илова кард Ғуломнабӣ чунин корхо бе
маслиҳати арбоб амалй намешаванд. Хешу акрабои духтар
ба ман мурочиат карданд, вале вакте ки онҳоро иҷозати
166
хучум над одам, бародарони духтар пинхонй аз ман ба хонаву
дари он ҷавони духтардузд ҳамла оварда, коҳу ғаллаи
даравидаи гандумашонро оташ заданд. Ин ҳолат ман хамчун
арбоб масъулияти давлатй эҳсос кардаму бо чанд тан
мусаллахи дигар сари он худсарҳо ҳамла овардем,
туфангҳошонро зада гирифтем ва дасту поҳошонро баста
намудем. Ғуломнабй факат ба хотири ин ки Мирзоалаёр
меҳмони хориҷӣ_ доштааст, нахостааст, ки қарияи ӯро
валангор созад. У ба авлодони духтар ваъда додааст, ки
холо ором бошед, шУравиҳо, ки аз кария бадар шуданд, мо
бо Мирзоалаёр ин мавзӯъро ҳал менамоем.
Воқеан, он чавон конуншиканй карда буд. Зеро дар
конуни давлатй Афғонистон навишта шудааст, ки агар шахсе
ба завчаи аскари подшоҳӣ дасти тачовуз дароз кунад, ӯ ба
чазои сахте кашида хоҳад шуд. Бо вучуди ин, он чавон
духтарро дуздида, ба кучо бурда буд, касе намедонист. Дигар
ин ки, он чавон зани аскари шоҳиро ҳатман бо хоҳиши худаш
«дуздидааст». Агар хохиши тарафайн вучуд намедошт, ин
ҳодисаи нанговар cap намезад.
Ҳоло бояд фаҳмем, ки баъди берун рафтани шӯравиҳо
аз карияи Оби Гарм, вокеаро чй тавр ҳал кардаанд. Ҳамон
замоне ки мо тирнарронй мекардем, чавонони Ғуломнабй
аллакай карияи Оби Гармро ба мухосира гирифта будаанд.
То он мавриде ки мо аз назари онҳо ғайб назадаем,
чабрдидагон чуръати тасарруфи Оби Гарм накардаанд.
Баъдан онҳо ҳамла оварда, майдонҳои ғаллаи Мирзоалаёрро
оташ задаанд, чорвои майдаи ононро пешандоз намуда, ба
баландиҳо бурдаанд. Яъне дилҳошонро сард кардаанд.
Ачибии кор дар он буд, ки духтару чавон аз худ дарак
намедоданд. То он рУз, ки мо сӯҳбат доштем духтару чавон
дар таъкиби пулис карор дошт. Агар он ду дилдода пайдо
мешуд, шояд чавонро ба хабе мекашиданд. Пас, холи духтар
чй мешуд, маълум набуд. Нангу номуси одами чй? Саволҳое
бечавоб модданд. Гуломнабй дигар мавзУъро нахост пеши
банда шарҳу эзоҳ дихад. Дар назарам мавзУъро пул хал
карда метавонист. Чунин хам бояд шуда бошад. Ин буд,
пораи дигаре аз ҳикоёти мочарописандонаи банда, ки худ
шоҳиди он будам.
Пазирой аз Телешев
Дувоздаҳуми август ба воситаи ратсия аз гурӯҳи
Пасобанд, ки он чо низ маъданшиносони шӯравй ифои вазифа
доштанд, ба кароргохи мо хабар доданд, ки муовини
167
сармутахассиси маъданшиносони шУравй дар Афгонистон-
Телешев Григорий Иванович, барои санҷидани корҳои мо ба
Чихчарон меравадд ва касе Уро бояд пазирой кунад. Табиист,
ки чунин одами «бекор» дар гурУҳ банда буд.
Телешев ки буд? Вайро борхо дар мачлисхо медидам.
Синну солаш аз ҳафтод боло, аз Маскав ба макоми баланде
фиристода шуда буд. Ҳамчун инсон, шахси фурУтану нарме
ба мушоҳида мерасид, аммо ба сифати мутахассис ба гумонам
чандон арзанда набуд. Чунонки чое хам гуфтам, ин сардорхо
ба гурӯҳе мераванд, чанд рУзеро бо маъданшиносон
мегузаронанд, аммо агар пурсанд, ки ба онҳо чй ёрие
расонданд, касе чавоб до да наметавонист. Ин рохбарон як
хунар доштанд: вакти ба соли сеюм монондани мутахассис
нақши худро мегузоштанд. Аз ин чост, ки онҳоро «эҳтиром»
мекарданд. Агар беэҳтиромие нисбати онон аз ҷониби
шУравие сурат мегирифт, Уро ба соли дигар тамдид (дароз)
намекарданд. Дар зоҳир онҳоро мепарастиданд.
Ба ин хотир, аз омад-омади Телешев саринженери моро
бо Слава Гришин гам пеш омад. Дар ташвиш монданд. Аз
банда хоҳиш карданд, ки зудтар ба Чихчарон равам, вагарна
интизорй хоҳад кашид. Рузи дигар, пагохй то Рахна аспакй
рафта, аз он чо чиперо гирифта, сУи Чихчарон ҳаракат
намудам. Соатҳои чори рУз расидам, аммо аз Телешев дарак
набуд. Меҳмонхонаи шаҳрӣ рафтам, то ки чойи хоб бигирам,
вале хучраи холй пайдо нашуд. Мачбур будам дар қароргоҳи
худамон, ки он чо чанд маъмури афғонӣ меистоданд рафта,
шабро дар хучраи кирояи мудири анбор гузаронам. Хайрият,
шабона кайку шабзод азобам надоданд.
Азбаски Телешев субҳ хам пайдо нашуд, ба бозори
Чихчарон даромадам. Бозораш дилчасп набуд. Аммо
талбандаҳои зиёде донгг. Онҳо хоричиҳоро хуб мешинохтанд.
Бандаро, ки диданд, наздам омаданд ва дастҳошонро сӯям
дароз карда, пайса пурсиданд. Акнун, ки тачриба аз рУзгори
даҳшатбори Афғонистон доштам, ҳеч гоҳ даст тарафи чейб
намебурдам. Дар акси ҳол дастамро дигар аз чейб
баровардан душвор мешуд. Ба ҳамин иллат, харчанд ки ба
баъзеашон чизе додан мехостам, аммо ин амалро ичро карда
наметавонистам. И лова бар ин, агар ба як пойлучаш як
Кирон медодам, ҳамааш дар атрофам чамъ мешуданд,
«мистер як кирон, мистер як кирон» гУён дастонашонро ба
баданаму сару рУям мемолиданд. Дар хамин андеша будам,
ки як чипи Милали Муттаҳид омада, назди бозор карор
гирифту аз он чанд тан кормандонаш поён омада, ба
талбандаҳо лутф карданй шуданд. Яъне чй хел? Онҳо ба
168
нонвой рафта, як баста нонро харида, порча-порча карда,
таксим намуданд. Лаҳзае чанд, тамоми пойлучону
нимбараҳнаҳо чи кӯдаку чи пиру ришсафед ба онҳо ҳучум
оварданд ва кор то чое расид, ки сару либоси кормандони
Милалро пора-пора намуданд. Онҳо дигар илоче наёфта,
рӯ ба гурез оварданд. Аз пушти сари онҳо духтаракону
бачачахои 5-6 сола бо тамоми кувва «мистер бош, мистер
бош», гУён таъкиб мекарданд. Ин ҳолро дида, маъмурини
пулис дахолат карда, он «раҳмдилон»-ро аз чанголи бачаҳои
гурусна халос намуданд. Албатта, чунин хайрхоҳии онон
кори неке буд, аммо барои ҷони худашон хавф ҳам доигг.
Агар ин тоифа 50-60 кас мебуд, саволе ба миён намеомад.
Бо дидани ин бенавоён мутаассир мегардидам, вале илочи
дигар надоштам, ба ғайр аз ин ки ба мушоҳида мегирифтам.
Хостам, ки аз ин бенавоён худро дуртар нигоҳ дорам.
Назди ошхонае омадам, то ки иинҳонИ аз он бечораҳо ғизое
хурам. Сари мизе нишастам ва ба кабобфурУш чор сих
фармудам. Ҳамин вахт, пешхидмате аз дохили ошпазхона
як сатил ахлотро, ки аз пУсти картошкаву пиёз ва
таҳмондаҳои дигарон буд, ба сУе партофт. Саге ба зудй худро
ба ахлотпорахо зада буд, ки ду кУдак аз пушти ошпазхона
баромада, сагро пеш карданду саросемавор ба чида хӯрдани
ахлот cap карданд. Он ду бо якдигар сУхбаткунон ин амалро
идома дода, бо таре ба атрофашон нигоҳ мекарданд, то ки
гуруснаи сеюму чорум пайдо нашаваду лукмаи муфги ононро
нимта накунанд. Ин холро дида, дигар кабоб хУрданро лозим
надониста, боз ба кУча баромадам. Б а кучо рафтанамро
намедонистам, ки як зобит (лейтенант)-и жондорм, ки
Нургулхон ном дошту рУзе дар моҳигирй ошной пайдо
намуда будем, ассалом инженер соҳиб, гУён диккати бандаро
ба худ чалб кард. Хушхол шудам, ки Уро дидам. Вай вазъияти
бандаро фахмидагй барин, ба дафтари кораш даъват намуд.
Нургулхон хеле таассуф хУрд, ки чаро дар ин ду рУз маро
надидааст, вагарна дар меҳмониаш карор мегирифтам.
Ба утоки кориаш ворид шудам. Пешхизматаш чою
ширинӣ овард. Сӯҳбат тУлонй шуд. Аз ҳар сӯ саволҳо медод.
Ман медонистам, ки Нургулхон зобити жондорм аст ва онҳо
ҳар шахеи тоза ба шаҳр дохилшударо таҳти назорат карор
медоданд, муносибати хуб мекарданд ва хам суханчинй. Аз
ин рӯ, ман ба ҳар саволаш боандеша чавоб мед одам.
Нургулхон ҳеч гох аз сиёсат сУхбат намекард. То чое
У бандаро меомУхтааст. Чунки вай боварй надоштааст, ки
камина табааи ШУравй кастам. Бо ин далел, савол кард, ки
аз кадом вилояти Афғонистон мебошам. Ин саволаш ба ханда
169
кардан маҷбурам сохт. Гуфтам: «Зобит соҳиб, бовар кунен,
ки аз Точикистон кастам». На хайр, на хайр, инженер сохиб,
гуфт Нургулхон. Хо, гуфтам дилитон бовар накунен, чй
хам мегуфтам.
Гап дар ин аст, ки рУзхои аввале, ки мо ба Чихчарон
омадем, бегоҳие бо Гришин моҳигирй рафтем. Мо ба
шастамон менигаристем, то ки гофил намонем. Нохост
назарам ба ду зобит расид, ки дар рӯ ба рУямон карор
доштанд. Онҳо байни худ чизе дар мавриди мо мегуфтанд.
Сипае ин ду ба назди мо омада, аҳволпурсй карданд, то
хеле моҳигирии моро тамошо намуданд. Ҳамон вахт бо онон
бо лаҳҷаи кобулӣ сУҳбат доштам. Ин ба он маъно набуд, ки
бандаро дохилй гумон кунанд. Ман дигар пуигги он суҳбат
нагаштам. Акнун, ки яке аз онҳоро дидам, У чунин кисса
намуд. Баъд аз ин ки мо аз соҳили дарёи Ҳарирӯд сУи
иқоматгоҳи хеш рафтем, ин ду зобит бо хам баҳс кардаанд,
ки банда хоричй кастам ё дохилй. Яке гуфтааст, ки
бадахшиам, дигараш тахмин намудааст, ки аз точикони
Панҷшерам. Ҳамон даврон дандонҳои пеши ман сунъй-хулагй
буданд. Ҳамин нишонй онҳоро ба чунин хулоса овардааст:
азбаски дар Афғонистон сохтани дандонхои нукрагй ва
тиллой одат набуд, ман бояд хоричй бошам. Яъне якеаш
бандаро хоричй пиндоштааст, дигараш дохилй. Шарт ҳам
бастаанд. Ҳоло ки ман дар ру ба рУи яке аз он ду қарор
доштаму худро хоричй муаррифй менамудам, барои ин зобит
тааччубангез менамуд.
Бо ҳамин сӯҳбатро ба поён расонда, рӯи ҳавлӣ
баромадам, ки чанд тан аз зобитҳои жондорм байни худ
сӯҳбат мекарданд. Яке аз онҳо рутбаи туран (капитан) донгга,
бо сари даст бо банда салом карду ҳоламро пурсон шуд.
Шукри худо гуфтам, ҳастем дигар. Туран аз лаҳчаам бо
худ тахмин кардааст, ки панчшериам. Худи У низ панҷшерӣ
будааст. Шахси хушгуфторе маълум шуд. Мебахшен, туран
соҳиб, банда табааи шУравиам, агар эътибор надошта бошен,
ана ин поспурти ман, ки ба ивази поспурти хоричй аз Раёсати
маъдан ва чиюлучии Афғонистон дода шудааст. Туран
поснуртро, ки ба форей хонапурй шуд а буд, дасташ гирифта,
бодиккат гУё онро хонд ва изҳор кард, ки акси болои поспурт
аз шахси дигаре хает. Ин акси шумо нест, гуфт. Ин акс
сохта аст. Ту точики панчшерй астй, ки дар Шӯравӣ таҳсил
кардай ва акнун инженери хокшинос шудай. Туран
суханашро идома дода, дар хотима ин тавр изҳор кард:
«Мо аз ин ифтихор мекунем, ки як точик низ аз Панчшер
дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Щӯравй таҳсил намудааст».
170
Ҳарчанд ба ӯ мефаҳмондам, ки туран соҳиб, хориҷӣ будани
банда воқеият дорад, вай бовар намекард. Вақти хайрухуш
гуфт: инженер соҳиб, агар ин дафъа ба Ленингрод равй,
барои ман як ту фанги шикорй тӯҳфа биёр. Чй ҳам мегуфтам,
ба ғайр аз тасдиқи хоҳишаш. Дигар ба сӯҳбати туран идома
надода, ба роҳ даромадам. Нургулхон то саҳни бозор
гуселам кард. Ҳоло ҳам ин зобит ба хоричӣ будани банда
шубҳа дошт.
Соат дуи рӯз шуд. Телешев ҳам аз Пасобанд расид.
Уро пазироӣ кардам. Вай гуфт: «Ҳа, медонистам, ки ту
пешвозам мегирӣ». Андаке сӯҳбат кардему дигар интизори
касе нашуда роҳи Оҳанкашонро пеш гирифтем. То Рахна
омадем. Аспҳоро тайёр карда буданд. Мӯйсафедро ба аспе
шинондам ва худам ҳам. Вист километр роҳ дар пеш буд.
Аз тарзи дар асп нишастани Телешев пай бурдам, ки ӯ кам
аспсаворй кардааст. Вакти кутали Рахнаро боло баромадан,
чое аспаш ба харсанге бархӯрда, кариб буд ба дарё сарозер
шавад. Ин ҳолатро дида, аз аспи худам поин шуда, чилави
аспашро гирифтам ва тарзи болобароиро ёдаш додам.
Душвориҳои роҳи кӯҳй паси cap шуду соати 8-и шаб ба
қароргоҳи хеш омадем.
Дар қароргоҳ мизи меҳмонро омода сохта буданд.
Шаб то дер нишастем, сари мавзӯи корҳои чУяндагии гурӯҳ
сӯҳбат шуд. Асосан Шербина аз рӯи накшае, ки дар даст
дошт, ба роҳбари кобулиаш ҳисобот медод. Чун анъана рӯзи
дигар Телешев ҳамроҳи Шербина минтақаро тамошо кард.
Баъзе хулосаҳояшро арз намуд. Се рУз дар қароргоҳи мо
буд. 16-уми август боз ба аспаш савораш кардаму ҳамроҳи
Исматуллоҳхон то Чихчарон гуселаш намудем. Рӯзи 17-ум
бояд ҳавопаймои дувоздаҳчояи канадоӣ аз Кобул ба
Чихчарон меомад. Вале бо кадом сабабе наомад. 18-ум
ҳавопаймои дигар аз Чихчарон сӯи Кобул парвоз карданаш
лозим буд. Банда барои Телешев билет харида, ба дасташ
дода дар меҳмонхона чо ба чояш намуда, худоҳофизӣ карда,
боз роҳи Оҳанкашонро пеш гирифтам. Рафту омади роҳ
байни Чихчарону Оҳанкашон хеле дилбазан буд. Баъди ҳар
сафар ду рӯз кас бояд истироҳат менамуд, то ки заҳмати
роҳ бароварда мешуд.
Дар ин сафар якуним рӯз мондем. Исматуллоҳхон,
ки дар ин шаҳр дӯстоне допгг, моро меҳмондорй карданд.
Яке аз ошноҳояш мудири литсей оқои Ниёзй буд. Дигараш
муовини мудири маорифи Чихчарон Умар ном дошт.
Исматуллоҳхон хост, ки ба воситаи дУстонаш Телешевро
меҳмоннавозй кунад. Дар харду хонадоне, ки меҳмон шудем,
171
ғизои асосиашон палови кобулй буд. Дар Афғонистон низ
барои меҳмони оликадр палови кобулй тайёр мекунанд. Аз
ин нишаст, рафтори писари чаҳорсолаи окон Умар хотирмон
буд- Ин ггиса_рак Абдулҳамид ном дошт. Хеле шӯхтабиат
намоён шуд. У ҳунари артистиро дӯст медошт ва худаш чо-
чо накши баъзе шахсиятҳои Чихчаронро бозй мекард.
Масалан, падараш аз Абдулҳамид хоҳиш мекард, ки «канй
бачаҷон кумондон соҳиб чй ракам роҳ меравад, як барои
меҳмонҳо нишон деҳ?>>, ё ки: «Волй соҳиб чй навъ нигоҳ
мекунад? « ва ғайра. Абдулҳамид ба завк омада, аз чояш
баланд мешуд ва бо санъати хосае роҳгардии қумондону
тарзи нигоҳи волиро тақлид мекард. Ин кӯдак, ки аз қавми
пашту буд, забони форсиро низ хуб медонист.
Ногуфта намонад, ки дар Афғонистони шоҳӣ
паштузабонҳо дар чомеа мавкеи бештарро дар ихтиёр
доштанд. Аз ин ҷост, ки он ду вазифае, ки зикр гардид, дар
Чихчарони форсигӯ, ба уҳдаи кандаҳориҳо гузошта туда
буд.
Ҳунари Абдулҳамиди чаҳорсоларо дидаму аз
қиблагоҳаш тарбияи баъдии ӯро хоҳиш намудам. Агар вай
ДУРУСТ тарбия мешуд, ҳунарманди хуби саҳна гардиданаш
аз имкон дур набуд. Оқои Умар ваъда дод, ки ҳатман
Абдулҳамидро дар тахассуси актёрй хоҳад хононд.
Баъди пазирой аз Телешев чанд рУз таъбам хира монд.
Сабабаш он буд, ки Фотимаро бояд ба Душанбе гусел
мекардам, вале аз сармутахассиси гурӯҳ — Чемирев иҷозат
нарасид. Вакте ки Шербина ин хоҳишро ба воситаи ратсия
ба Кобул расонд, баъди 15 дақика аз Пули Хумрӣ Чемирев
ran зад ва ичозати ба Кобул рафтани бандаро манъ кард.
Ҳамкоронам ба ин сармутахассиси бюрократ лаънат хонданд.
Ҳол он ки худи Чемирёв ҳам писари синфи даҳашро аз
ҳисоби давлат ба Кобул оварда, ҳамон рӯзҳое, ки хоҳиши
бандаро рад кард, дар Пули Хумрй бо нисараш моҳигирй
дошт. Бюрократчигй дар сохтори шУравй хеле кавй буд. Ба
хусус дар хорича ин мавзӯъ баҳсро намехост. Барои ояндаи
кас хатар меовард.
Ба ин хотир, номае ба Кобул фиристондам, то ки
Фотимаро модараш то Душанбе гусел намояд. Ба иллати ин
ки дар мактаби точикй мехонд, наметавонистем ӯро манъ
кунем. Ҳамин хел хам шуд. Факат мехостам, ки дар Чатни
Истиклоли Афғонистон чанд рӯзе бо Фотима бошам ва то
майдони ҳавоии Кобул гуселаш кунам. Воқеан, чунин сурат
гирифтани мавзӯи гусели фарзанд бароям нороҳатӣ овард.
Чемирёв ҳеч чиз бой намедод, агар барои банда ичозат медод.
172
Одамгариаш боло мерафт. Ҳамин муносибаташ буд, ки дигар
ӯро гУё намедидам. Наход роҳбар факат манфиати худро
бинаду бас.
Гузориши Зоҳиршоҳ дар Ҷашни
Истиқлол...
Ҳамасола, рузи 23-юми август, дар cap то сари
Афғонистон Чашни Истиқлол таҷлил мегардид. Имсол
чашнро дар Оҳанкашон ба мушоҳида гирифтам. Аз 15-умҳои
август cap карда, рафтани мутахассисини афгонй ва
маъмурин сӯи Кобул оғоз шуд. Аз чумла, ошпази мо
Абдулмуҳаммад низ хоҳиш намуд, ки рухсаташ диҳем. Барой
мо маълум буд, ки ҳеч гоҳ сармутахассиси маъданшиносони
шӯравй ичозати дар чаши рафтани гурӯҳро намедиҳад. Бо
вучуд ин, Шербина ба Кобул телегром дода, мавзУъро
фаҳмонд, ки дар Оханкашон факат се-чор шуравй мондем,
чй кунем, ичозат аст, ки мо ҳам барои даҳ рӯз ба Кобул
баргардем. Лаҳзае нагузашт, ки дар ратсия садои вохиманоки
Чемирёвро шунидем, ки мегуфт: шумо ба ҳеч кучо намеравед.
Афғонҳо, ки рафтанд, чашнашон ҳаст, шумо чй? Корхоро
идома диҳед. Бо шунидани чунин амр Гришин, Тарасенко
зик шуданд. Шербина парвое надошт, зеро дар Кобул ҳеҷ
касаш набуд. Ман хам ором будам, чунки пеш аз пеш
медонистам, ки ба ман ки чавоб над од, ба гурӯҳ низ ичозат
нахоҳад дод. Иҷозат надодани сардор аз рӯи мантиқ буд.
Ин сафар масрафи зиёдеро такозо менамуд. Афгонистон
барои чунин рафтуомадхои хоричихо кудрати иктисодй
надошт.
Чанд руз кабл хаймаамро аз русҳо чудо кардам.
Гришин, Тарасенко сигорро хуш доштанд. Онхо кисми зиёди
шаб китоб мехонданд ва барои хобро гурезондан «Беломор-
канал» дуд медоданд. Бо худ радио доштам, хабархоро
мешунидам ва соатхои 11-и шаб барномаи «Кадри нон»-ро
аз Душанбе гуш мекардам. ИмрУз, яъне 19-уми август, баъди
рад шудани хоҳиши мутахассисин онҳо қаҳрашонро бо
рубучини хайма бароварданй шуданд. Ҳама сэру либос ва
рахти хобро беруни хайма кашида, офтоб доданд.
Ду-се кас аз маъмурини афғонй ба хаймаи ман омада,
ба холи мо механдиданд. Шумо шУравиҳо, мегуфт якеаш,
ҳеч хукуке надоред, мисли зиндонй мебошед, вагарна чй
душворй дошт, ки бо афғонҳо чашнро дар назди хонавода
173
пешвоз мегирифтед. Ба онҳо фаҳмондам, ки тартиб гуфтани
чиз аст. Мо интизомро риоя мекунем. Мардуми шӯравӣ дар
рУҳияи назму низом тарбия ёфтааст. Ҳар сухани роҳбар
барои мо қонун аст. Қонунро бояд риоя кард.
Бо рафтани ошпаз дар гурӯҳ мушкилот пеш омад. Ки
бояд ӯро иваз кунад? Даҳ-дувоздаҳ рУз мо бе ошпаз
мемондем. Ман ҳамкоронамро дилбардорй карда, гуфтам,
ки хеч ran не, банда ошпазй мекунам. Ба ин хотир, бо як
шикорчии моҳир ва Абдуллоҳи маъмур ба кӯҳу теппаҳо
баромада, бузи куҳиву кабк шикор мекардам. Гузашта аз
ин, дар чунин мавридхо аз консерва истифода менамудем.
Дар захираамон чанд куттии картоий пур аз ин навъи ғизоҳо
доштем.
Рузи 23-юм хам омад. Аз тарафи субх гУшаки радиоро
тоб додам. Нотиқи радиои Кобул эълон кард, ки баъд аз
чанд дақиқа Аълоҳазрат ҳумоюнӣ Зоҳиршоҳ ба воситаи
радио Халқу Ватанро ба муносибати Ҷашни Истиқлол табрик
хоҳад гуфт. Ақрабаки соат болои ҳашт қарор гирифта буд,
ки Зоҳиршоҳ ба микрофон наздик шуд. Кас нафаскапгаи
шоҳро ба хубӣ мушоҳида менамуд.
Аълоҳазрат гузориши табрикиашро ба ибораи
«Ҳамватанони азиз!» оғоз кард. Сухани табрикотии
Зоҳиршоҳ ба забони форсй сурат гирифт. Банда бодиккат
ин гузоришро гӯш медодам, то ки баъдтар мазмуни онро
барои ояндагон арз донгга тавонам. Ин лаҳзаҳо шУравиҳо
хоб буданд ва агар бедор ҳам мебуданд, маро халал расондан
намехостанд. Аз дигар сӯ, вазифаи банда буд, ки маънии
гузориши шоҳро барои мутахассисин нақл намоям.
Бояд гуфт, ки матни табрикии Аълоҳазрат тамоми
мавзУоти кишварро дарбар карда буд. Эшон, махсусан сари
мавзУъи иқтисодй ва мунпсилиҳое, ки кишварро фаро гирифта
буд, муфассал сухан гуфтанд. Соли чорй, таъкид намуд шоҳи
Афғонистон, барои мамлакат ва мардуми он яке аз солҳои
пурдаҳшат ба шумор меравад. Зимистони сахту гуруснагии
давомдор халки Афғонистонро аз пой афтонд. Аълоҳазрат
пуртоқат будани мардумро ёдовар шуда, ба онҳо ташаккур
гуфт ва миннатдорй изҳор дошт. Ҳамчунин ба кишварҳои
хориҷие, ки дар чунин рӯзҳои сахти иқтисодй Афғонистонро
танҳо нагузоштанд, миннатдории хешро баён сохт. Ёрию
мадади давлатҳои марбутаро Афгонистон ҳеч гоҳ фаромӯш
нахоҳад кард, илова намуд Зоҳиршоҳ.
Сипас Аълоҳазрат ба мавзӯи муносибати беруниву
дохилии кишвараш дахолат карда, орзуманди он шуд, ки
халқҳои арабу Ветнам ва Ҳинду Чин ва Покистон аз зулму
174
тааддй озод шаванд. Ҳамзамон шоҳ орзу кард, ки
Паштунистон низ мисли Бангладеш мустакилияти миллй
пайдо намояд. Вобаста ба масъалаи Паштунистон таъкид
сохт, ки Афғонистон дар чаласаи Луи чиргаи худ ( Шӯрои
олй) масъалаи Паштунистонро ба сифати мавзӯи асосй карор
дод. Мо афғонҳо, ҳамеша тарафдори озодиву мустакилии
Паштунистон мебошем. Дар поёни паёмаш Аълоҳазрат
хамватанони худро бо чунин суханони халоватбахш табрик
гуфт: «Ин айёми фархундаро ба тамоми халк табрику таҳният
туфта, дар ин рУзи равшан ва дар ин рУзи моборак илоҳо
тамоми орзуҳои ҳар як хонавода амалй гард ад. Сиҳагию
некбахтиатонро ба худо месупорам...»
Баъд аз бист дақиқа нотиқи забони пашту наёми
табрикии Зоҳиршоҳро барои паштузабонони кишвар кироат
кард. Нотик табрикотро бо «Бисмиллоҳир- раҳмонирраҳим»
оғоз намуда, бо «Зинда бод шоҳ, поянда бод Истиклол» ба
поён расонд.
Бояд гуфт, ки Зоҳиршоҳ паёми табрикиашро аз Қасри
Гулхона кироат намуд. Қасри мазкур дарбори шох низ буд.
Баъдан Шоҳ ба зиёрати марқади қиблагоҳаш Нодиршоҳ
рафт. Чунонки дар дафтари аввал оварда будам, Зоҳиршоҳ
гУё аз падар дуо гирифта, сипас ба майдони Чаман меояд.
Ин лахза дар паҳлуи Аълоҳазрат ҳамсараш Малика, ки бо
номи модари маънавии миллати афғон шинохта мешавад,
амакаш Шох Шовалихон, Доктор Зохир (садри аъзами
давр) ва писараш Ахмад, ки валиаҳд буд ва духтаронаш
Карор мегиранд. Расми гузаштро ченерол-вазири ҳарбии
кишвар Акбархон кабул кард. Баъдан намоиши кувваҳои
низомии Афғонистон оғоз гирифт, ки то соати 12-и рУз идома
ёфт.
Соли гузашта дар ин чашн иштирок доштам, вале ба
сабаби каси нав будан ва нашинохтани шахсиятҳои
Афғонистон он маъракаро чандон дуруст рУи коғаз наоварда
будам. Ин хам мисли футбол аст. Агар тамошобин номҳои
бозингаронро надонад, дар катори аввал нишаста бошад хам,
бозингари тУбзадагиро намешиносад. Он рУз, ки дар назди
радио нишаста будам, тамоми чараёни расми гузаштро оид
ба Чашни Истиқлоли Афгонистон ба воситаи репортаже, ки
кормандони радио омода карда буданд, беҳтар ба мушоҳида
гирифтам.
Расми гузашт ба поён расиду ба андеша рафтам, ки оё
Фотимаву Парвиз бо модарашон ба ин маърака даъват
шудаанд ё не. Баъдхо дойр ба ин мавзУъ саволе ба миён
нагузоштам. Шояд ягон кас аз душанбегиҳо онҳоро бо худ
175
бурда бошад. Он вақт Ҳ.Назаров, З.Ёров, А.Холов ва дигар
дӯстон дар Кобул буданд.
Хонандаи мӯҳтарам, ки дар даҳсолаи аввали асри бисту
як карор доред ва дар Чумҳурии соҳибистиқлоли
Тоҷикистон рӯзгор мебинед, ба мазмуни боло ҷиддитар
мутаваччеҳ шавед ва барон худ чизи тозаву донишдиҳандае
чустуҷӯ намоед. Банда низ ҳамин саволро ба худ додам ва
ҳатто худамро сарзаниш ҳам кардам, ки чй гапи тозае ёфтй,
ки чандин саҳифа коғазро барбод додӣ. Вақте ки ба навиштаи
хеш назар андӯхтам, як падқдаи фарҳангиро барои худ кашф
намудам, ин ҳам бошад, ба забони форсии-дарй сурат
гирифтани паёми табрикотии Зоҳиршоҳ буд.
Тасаввур кунед, ки давлати Афғонистонро Аҳмадшоҳи
Дурронии панггузабон соли 1747 таъсис дод ва забони давлатй
форсиро пазируфт. Ҳамин авлод буд, ки маркази кишварро
аз шаҳри паштуҳо — Қандаҳор ба Кобули форсигӯҳо интиқол
дод. То соли 1936 ягона забони расмии давлатии Афғонистон
форсӣ шинохта шуд. Факат соли 1936, Зоҳиршоҳи ҷавон,
ки навакак се сол дар маснади шоҳй карор дошт, дар паҳлуи
форсӣ забони паштуро ҳамчун забони расмии давлатии
Афғонистон эълон кард. То он чо, ки банда вокиф ҳастам,
Зохиршоҳ хеле кам ба забони модариаш ҳарф мезад.
Шохидон накл мекарданд, ки хар кучо, ки нюх мерафт, бо
худ тарчумони забони пашту мегирифт. Агар дар мачлиси
расмие мулокот ба забони пашту сурат мегирифт, тарчумони
пашту чараёни онро ба форси ба шох накл мекард. Ва агар
забони мачлис форсй мебуд, Зоҳиршоҳ худаш хисса
мегирифт ва аз тарчумон истифода намекард. Ин чуиин маънй
дорад, ки Зоҳиршоҳ дар муҳити форсизабонон тарбия ёфта
буд. Масалан, аз ин ки раиси Чумҳури Точикистон ба точикй
озод сухан мегӯяд ва соатҳо тавачҷӯҳи иштирокчиёнро сӯи
худ чалб менамояд, сабаб аст, ки муҳити кӯдакиву наврасии
вайро лаҳчаи зебову ширини форсии точикй фаро гирифта
буд-
Саволе ба миён меояд, ки чаро Зоҳиршоҳ аввалан ба
забони пашту паёмашро арз накард? Зоҳиршоҳ хуб
медонист, ки ҳаштод фоизи мардуми Афғонистон
форсигӯянд, бакияе, ки пашту ҳастанд, забони форсиро аз
бар кардаанд. Гузашта аз ин, шох дуруст дарк менамуд, ки
забони форсй дар Афғонистон ба ғайр аз забони расмии
давлатй буданаш, забони муоширати байни кавму миллиятҳои
кишвар хам ҳаст. Зоҳиршоҳ ба хар кишваре, ки мерафт,
ба забони форсй ҳарф мезад.
176
Мутаассифона, дар Точикистон ба истиснои Раиси
давлат дигар касе аз мансабдорон парвои забони точикй
надорад. Ҳама протоколу хулосахошои аввал русй навишта
туда, баъд ба забони давлатй баргардон мешавад. Тасаввур
кунед, ки падару модари вазире точиканд, аммо вазир
точикиро намедонад. Дар миёни мансабпешаҳои Точикистон
ҳоло ҳам мафкураи забонфаҳмии даврони шӯравй боки
мондааст. Онҳо гумон мекунанд, ки агар ба точикй мачлисро
пеш баранд, мардум намефаҳмад, аммо ба русй аҳли толор
максадро хубтар дарк мекунад. Ин магар ифтихороти миллй
аст? Ҳаргиз. Дар инодах соли наздик забони точикй дар
Точикистон мавқеъ пайдо карда наметавонад, зеро хама собиқ
таҳсилдидаҳои мактабҳои коммунистй дар сари кудрат
мебошанд. То ки кадри дорой ифтихори миллй тарбия
мешавад, даҳсолаҳо сипарӣ хоҳанд шуд. Ҳол он ки
Зоҳиршоҳи пашту ифтихори точикй дошт ва ин забонро ҳеч
гоҳ хор насохта буд. Акнун баъзеҳое , ки шоҳро мазаммат
менамуданд, ба кадраш мерасанд.
Банда ки ин бахшро рӯи коғаз овардам, маҳз ба хотири
он буд, ки Зоҳиршоҳ паёми табрикотиашро ба форси пахш
намуд ва баъд тарчумаи паштуи он сурат гирифт. Гумон
мекунам, ки чунин ибтикороти шоҳи даври Афғонистон барои
имрУзиён ва давлатдории точикон намунаи ибрат хоҳад буд.
Моҷарои Мирзоалаёр
Он рУзе, ки меҳмони Мирзоалаёр будем, ҳоло Уро
нашинохта будаем. Аз нахустин сӯҳбат, ки дар хонадони
Туломнаби сурат гирифт, то чое пай бурдам, ки ин арбоб
хеле зИраку хушёр менамояд. Ҳамон вақт эҳсос карда будам,
ки вай дар ҳар суханаш сирреро ниҳон медорад ва ягон
амалашро беманфиат анчом намедиҳад. Борҳо дар
бораи у қисса мекарданд, ки вай яке аз бойтарин арбобони
минтақа мебошад. Молу мулки зиёде доштааст. Хеле кам
дар бораи Мирзоалаёр сухани мусбат шунидан мумкин
буд. Бештар мазамматаш мекарданд. Ҳар гову гУсфанде,
ки аз қарияҳои дигар гум мешуданд, чабрдидагон аз дуздони
Мирзоалаёр медиданд. Шоҳидони бисёре буданд, ки ба
чунин роҳибад рафтани эшонро тасдиқ менамуданд. Худаш
177
дар яғмову ғорати моли ҳамсоягон амали ношудро ҳамроҳи
бародарону амакбачаҳояш анҷом медод. Акнун ман ҳам ба
Мирзоалаёр бо назари шубҳа менигаристам ва он ду-се
ҳодисаи дуздие, ки дар мавриди амволи мо сурат гирифт,
шояд кори ӯ буд. Бесабаб қумондони пулис таъкид накарда
буд, ки арбобҳо дуздонашонро дигар сари маъмурину
кормандони давлатие, ки феълан дар ин минтака ифои
вазифа доранд, равон накунанд. Дар ҳамон сӯҳбат медидам,
ки сари ҳар вакт арбобҳо ба якдигар бо назари тааҷҷуб
менигаристанд. ГУё ҳар кадомаш гуноҳи якдигарро
медонистанд.
Ба ҳамин андешаҳо масруф будам, ки аз дур
Мирзоалаёр пайдо шуд. У рост ба хаймаи мо меомад. Вайро
бо хушнудй пешвоз гирифтам ва дипломатона сухан
мекардам. Арбоб соҳиб гуфтам, аз дидоратон шод ҳастам,
вокеан бисёр мехостам, ки шуморо аз наздик бубинам ва
бори дигар аз қиссаҳои ширини шумо баҳравар гардам.
Лутф мекунен, тарчумон соҳиб. Банда ҳам чақд рӯз боз чург
мезадам, ки агар ба саломи Худойназархон равам, айб
намешуда бошад. Валлоҳ, ки тарҷумон соҳиб, бошандагони
Оби Гарм аз сӯҳбати шумо як чаҳон маънй бардоштаанд ва
агар боз боре ба дидори онон бирасен, хеле шод мешуданд.
Ҳоло ҳам ки банда ин чо ҳастам, бо амри бошандагони Оби
Гарм сурат мегирад. Онҳо сиҳатии шуморо мехоҳанд ва
мегӯянд, ки худо кунад, ки як дафъаи дигар бо дидори
Худойназархон мушарраф шавем. Яъне ман омадам, ки
шуморо расман ба меҳмонй даъват намоям. Дидам, ки У боз
бофтанҳои зиёде дар нақша дорад, пегаи даҳонашро
гирифтанй шуда, изҳори миннатдорй кардам ва ваъда додам,
ки ҳоло як моҳи дигар ин чо ҳастем, агар фурсати муносибе
ба даст биояд, ҳатман барои хайрухуш аз маҳаллаи шумо
дидан хоҳам кард.
То ин чо ки расидем, чою ширинй хам болои миз
гузошта шуд. Ҳини чойнӯшӣ аз вазъи минтака ва баъзе
мочароҳое, ки ба гунохи ин ё он шахе рух медоданд, сухан
оғоз карда, дар ҳалли чунин масоил накши баланд доиггани
хешро таъкид намуд. Ман нафаҳмидам, ки чаро якдафъай
аз накши худ дар минтака сӯҳбат орост. Бо вучуди ин, дарк
намудам, ки гапҳои коғазпечро баъдтар хоҳад гуфт.
Маълумот хам дар даст доштам, ки Мирзоалаёр агар як
хафта мочароеро барнахезонад, мариз мешавад. Мегуфтанд,
ки амали дУстдоштааш мочаро сохтан аст. Албатта, хамин
мочароҳо набошанд, бофтахои банда низ бехонанда
мемонданд. Зиндагй худ аз низоъву тазодҳое иборат аст. Ин
178
тазодҳо боз пешбарандаи шахсияти касу ҷомеа шуданаш аз
имкон берун нест.
Чунонки интизор будам, Мирзоалаёр қиссаеро ба
хотир овард, ки каҳрамони ҳалкунандааш худи ӯст. Ба
наздикй, -гуфт ӯ, -аз як деҳа зани аскаре гум мешавад.
Вакти ба таъкиби зан афтодан Уро аз карияи Мирзоалаёр
пайдо мекунанд. Дар ин кор арбобро гунаҳгор эълон кардан
нодуруст буд, зеро он зани аскар бо писари холааш, ки
дӯсташ медоштааст, аз деҳаи хеш фирор кардааст.
Қариядорони духтар барои касос гирифтан аз Мирзоалаёр
40-50 нафар мардонро 6о туфанг мусаллаҳ сохта, ҷониби
деҳаи Оби Гарм мефиристанд. Миёни ду қария ҷанги бемаънй
чанд соат давом мекунад ва дар натиҷа обигармиҳо ғалаба
ба даст меоранд.
Назар ба нақли арбоб, ҳамдеҳагони духтар ба максади
муайяне он моҷароро худ сохта буданд. Аз рӯи урфу одат
ва конуни нонавиштаи қариядорон ҷониби Мирзоалаёр ба
ивази он духтари гуреза бояд чор духтар ва 50 ҳазор афғонӣ
ба карияи духтар чарима медод. Бо ин талаботи тарафи
духтар Мирзоалаёр розй мешавад, вале шарт мегузорад, ки
агар ҳамон аскари зангумкардаро пайдо кунанд, марҳамат
ӯ чаримаро мепардозад. Лекин илова кард, Мирзоалаёр,
аскар дар куҷое худро пут (пинҳон) карда буд, ки ёфтанаш
муяссарашон намешавад. Ба ин далел Мирзоалаёр ба онҳо
мегӯяд, харчи хоҳен медиҳам, аммо духтарро пас
намегардонам. Зеро таъкид мекард арбоб, духтар, ки ба нашу
номуси ҳамдеҳагонаш садама оварда буд, дар ҳолати пас
баргардондан ба азобу шиканҷаи зиёде дучор меомад. Ин
чо Мирзоалаёр шахси дилсУзу инсондӯст будани худро исбот
карданй мешуд.
Баъд аз шунидани ин казия ба зудй ба сэрам ходисаи
чанд рУз пештар байни бошандагони Харбед ва Оби Гарм
рухдода расид. Кариб буд, ки қиссаи Гуломнабиро, ки
такрибан заминааш хамин мочаро буд, барои Мирзоалаёр
туям. Аммо боз андеша намудаму гапро ба дигар су кашидам.
Ин холат арбоб ба ман нигаристу чизе нагуфт. Ба гумонам,
бо ин кисса арбоб мехост фаҳмад, ки ман аз ходисаи онруза
бохабарам ё не. Аз сУи дигар, У мехост садокати Гуломнабиро
нисбати худ санчад, ки У нону намаки вайро хУрда боз
бадгӯияш накарда бошад. Вақте ки аз ман чизи дигаре
нашунид, андаке чеҳрааш кушода шуд. Ман дар худ
меандешидам, ки кадоме аз ин арбоб дуруст мегУяд:
1уломнабй, ё Мирзоалаёр? Албатта, чунин мочаро cap
179
заданаш аз вокеият дур набуд. Вале дар халлу фасли он
ҳар арбоб нақши худро ба чойи аввал мегузошт. Дар сухани
харду арбоб бофтаҳо мавчуд мебошанд. Мухимаш он аст,
ки ин ду арбоб масъулият эҳсос мекунанд ва харду хам дар
муроқибати деҳаи худ фаъолият нишон медиҳанд ва нангу
номуси ҳамдеҳагони хешро дифоъ менамояд. Тавре дида шуд,
дар бисёре аз манотиқи Афғонистон, ба хусус дар минтакаи
мавриди назар, ҳеч гуна конуни давлат амал намекунад.
Қонунҳое ин чо мавқеъ доранд, ки аз ҷониби арбобҳо ва
шахсиятҳои шинохтаи кариячот бофта мешаванд. Пушида
нест, ки маҳз ҳамин навъ конунҳо бештар ба дарди ин
мардум мехУранд. Давлате, ки ба халкаш чизе дода
наметавонад, табиист, ки конунхояшро хам сари мардумаш
татбик карда наметавонад.
Хулоса, мочароҳои ин ду арбоби ҳамсоя ба зудй ҳалли
худро ёфтанд; касе чазо надид ва хам ба касе зарари маънавй
нарасид. Зани аскари гумшуда шояд хонаи нав обод кард ва
бахташро ёфт. Дар рӯзгори одами чунин ҳолатҳои нохуш
рух медиҳанд. Ин буд боз як порчаи аз ҳаёти деҳоти
Афғонистони шоҳй. Шояд боз чое ба рузгори дех
бармегардем. Мочароҳо дар холати cap задананд...
Дар шинохти чанд шаҳри
Афғонистон
Дар муддати 6eui аз як соли дар Афгонистон будан
чанде аз гааҳрҳои онро тамошо намудам. Ба хотири
шинохтани шаҳрҳои дидаам баъзе мушоҳидаҳоро рУзҳои дар
Оҳанкашон будан ба дафтари рУзномаам овардаам, ки он
шинохт ба солҳои аввали ҳафтодум тааллук доранд. Он чй,
ки баъдхо дар шаҳрҳои он сурат гирифтаанд, сарфи назар
хоҳад шуд. Банда он чиро, ки дидаам, баён медорам.
Кобул
Шахри Кобул пойтахти давлати шоҳии Афгонистон
мебошад. Нуфузи он такрибан 500 ҳазорро ташкил медихад.
Кобул дорой се роҳи баромади заминй мебошад. Дарвозаи
аввалро метавон дарвозаи Қандаҳор номид, ки касро аз
Кобул ба Ғазнаву Кандаҳор ва баъд ба Ҳирот мебарад. Роҳи
180
баромади дигараш Кобулро ба шимоли кишвар меиайвандад.
Шоҳроҳи сеюм сӯи Чалолобод ва он тараф то сарҳади
Покистон мерасад. Кобул роҳҳои ҳавой ҳам дорад.
Ҳавопаймоҳои Афғонистон 6а ҷониби Тошканд, Маскав,
Деҳлй ҳафтае ду-се маротиба парвоз мекунанд. Илова бар
ин, Кобул бо ҳама шаҳрҳои дигари кишвар роҳи ҳавоӣ дорад.
Дар маркази шаҳри Кобул қасри шоҳӣ мавҷуд аст, ки
атрофи онро девори хиштии баланд иҳота менамояд. Ин
қаср, асосан як дарвозаи марказй дорад, ки он аз ҷониби
аскарони дастаи шоҳӣ муҳофизат мешавад. Болои гунбази
қаср байрақи Афғонистон ҷавлон мезанад. Дар вактҳое ки
шоҳ аз кишвар оерун меравад, байрақ фароварда мешавад.
Яъне байрақ рамзи шоҳ ҳам ҳаст.
Дар Кобул касрҳое бо номҳои Доруламон ва Чилсутун
мавҷуданд. Калъаи Болои Ҳисор хам ҳаст, ки нисбатан
қадимитар мебошад.
Шаҳри Кобул чандон қадимй нест. Бошандагони он
асосан аз ҳисоби мардуми тамоми кишвар ташкил ёфтааст.
Дар Кобул забони гуфтугӯй форсии дарй мебошад. Забони
нанпу факат миёни худи паштуҳо сурат мегирад. Метавон
тамоми маркази Кобулро бозор номид. Як кӯчаи асосй дорад,
ки аз майдони ҳавой оғоз ёфта, дар майдони Паштунистон
ба поён мерасад. Дар тӯли ин кӯча бозору дӯконҳо ҷой
гирифтаанд. Ҳама кУчаҳо аз ду тараф дӯкон доранд. Шабу
рӯз бозорҳо фаъолият мекунанд.
Дар шаҳри Кобул биноҳои навъи аврупой каманд- Ч
о-ҷо манзилҳои дуошёна-сеошёнаи ин ё он вазоратхонаҳо ба
назар мерасанд. Ҳавлиҳои ашрофзодаҳо аз катеджҳо
иборатанд. Ин навъи ҳавлиҳо дар Шаҳри нав бенггар сохта
шудаанд. Мардуми дигар дар кабати кӯҳҳои Кобул иқомат
мекунанд. Дар тамоми шаҳр хатти обакии ахлот вучуд
надорад. Ба ин маънй дар кӯчаҳои дарунтари Кобул, дар
ҳиссаи Спинзар, чодаи Майванд ва Қутии сангин,
бошандагон ахлотро ба роҳравҳо cap медиҳанд. Аз ин чост,
ки Кобул шахри сермагас аст. Фаслҳои баҳору тобистон ва
гирамоҳ дар кУчаву бозорҳои Кобул сайру гашт кардан
барои шахси аз кишвари дигаре омада хеле нороҳатй меорад.
Даҳону биниро напУшонда, 50-100 метр ҳаракат кардан
душвор аст. Чанд сол кабл дар самте аз шаҳри Кобул
Шӯравӣ шаҳрчаи навъи аврупоӣ сохтааст, ки дорои хатти
обакии ахлот мебошад. Дар ин шаҳрча щӯравиҳо, булғорҳо,
чехҳо, пуландиҳо, чиноиҳо рӯзгор доранд, ки 6а асоси
шартномаҳои байни давлатй бо Афғонистон ҳамкорй
менамоянд. Илова ба хоричиҳо дар ин шаҳрча табақаи
181
пулдор ва ашрофзодагони Кобул иқомат мекунанд. Вақте
ҳам тудааст, ки хостаанд хориҷиҳоро аз он чо бароранд, то
ки аз дохили шаҳр манзилҳоро ба кироя гиранд. Даъвои
афғонҳо дуруст ҳам буд, зеро мо — шӯравиҳо, бидуни
пардохти хонапулй зиндагй мекардем. Дар миёни
мансабпешаҳои Афғонистон чунин ақида ҳам пайдо шудааст,
ки гӯё шӯравиҳо ин шаҳрчаро барон худашон с.охтаанд. Пас
чаро хонапулй намесупоранд?
Дар ҳар минтақаи шаҳр масҷидҳо мавҷуданд. Ammo
як масчиди марказй дорад, ки бо номи масчиди Пули хиштй
машҳур аст. Атрофи ин масчидро бозорҳо иҳота менамоянд.
Дар назди масчид пули хиштй ҳаст, ки масчид ба номи он
гузошта шудааст.
Шахри Кобул чойҳои таърихй кам дорад. Маркади
Темуршоҳ, Зиёратгоҳи Нодиршоҳ, музейи шаҳрй,
китобхонаи миллй, театрҳои Кобул Нандорй, Ориёно дар
маҷмӯъ моҳияти таърихиву фарҳангӣ доранд.
Кобул аз сатҳи баҳр дар баландии 1800 м карор
гирифгааст. Аз ин чост, ки офтобаш нуртаъсир ба назар
мерасад. Боду ҳавояш аз Душанбе чандон тафовуте надорад.
Факат бодхо дар Кобул тезанд ва хам чангу хок зиёд аст.
Аз байни Кобул дарёи Кобул чорист, вале на ҳамеша сероб
аст. Фасли тобистону тирамоҳ мачрои ин дарё ба ахлотчо
табдил меёбад. Махсусан, баҳораш баҳори Душанберо
мемонад. Дар хиёбоне, ки аз касри шох то ҳиссаи Бибй
Моҳрӯ идома ёфтааст, аз ду тараф чанорҳо қомат рост
кардаанд.
Бинохои сафоратхонахои Чин, Амрико ва Шӯравй
боҳашаматанд. Дигар давлатҳо низ сафоратхонаҳо доранд,
вале чандон чолиби диккат нестанд. Бинои Вазорати дифоъ,
ки дар наздикии касри шох карор дорад, бо мармари сафеду
сурхча ороиш ёфтааст. Бинои радио ва телевизионаш хам
бад нест. Аз хама майдони дилчасп Чаман ном дорад.
Хиёбонҳои Майванд, ки бо номи Чодаи Майванд бештар
машҳур аст, чолиби диккат мебошад. Аз ду тарафи он
бинохои думанзилаи, тахмнан, 60-70 сол умрдошта комат
рост кардаанд. Ошёнаи аввали ҳамаи ин биноҳо бо дӯконҳои
таҷҳизоти мошин, наччорӣ, колинфурӯшӣ ва дигар
лавозимоти мавриди зарурат банд карда шудаанд. Хиёбони
Спинзар ва деворҳои сари роҳи он бо китобфурӯшиҳояш
кобили таваччӯҳ мебошад. Меҳмонхонаи «Кобул» хам басо
назаррабо аст. Фурӯшгоҳи бузурги афғон, ягона марказй
савдои Кобул аст, ки ба тарзи муосир сохта шудааст.
182
Албатта, ин фурушгох чойи хариди мардуми авом нест,
балки ба он бештар аврупоиёну ғарбиён, саёҳони хоричй,
хиппиҳо ва ашрофзодагони Афғонистон дарову баро
мекунанд. Дар ҳамин замина аз ресторани баландошёнаи
Интерконтинентал бонд ёдовар шуд, ки чойи нишасти
пулдорон аст. Аз ҳар гӯшаи шаҳр ин ресторанро дидан
мумкин мешавад. Боғи ҳайвоноти Кобул хам дилчасп аст.
Ногуфта намонад, ки Кобул чун дигар пойтахтҳои
давлатҳову кишварҳо дорой макотиби олй, литсейҳо,
омӯзишгоҳҳо мебошад. Донишгоҳи Кобул яке аз марказҳои
асосии тарбияи мутахассисони Афғонистон ба шумор
меравад. Илова бар ин, дар Кобул Институтҳои политехник,
кишоварзй, тиббй фаъолият мекунанд. Фархангистон —
академияи улум низ дар Кобул чойгир аст. Шифохонаи
бузурги ин шаҳр бо номи «Чорсадбистара» (яъне дорой 400
кат) машҳур аст, ки бо ёрии Шуравй бунёд ёфтааст.
Литсейҳо ба духтаронаву писарона тақсим мешаванд.
Дастаҳои ҳунарии ҳофизон низ фаъолият мекунад, ки борхо
ба Душанбе сафари ҳунарӣ кардаанд. Махсусан, овозхони
чавон Ахмад Зоҳир хеле шӯҳрат пайдо кардааст. Чавонон
ҳунари ӯро бештару хубтар мепазиранд. Зоҳир Ҳувайдову
Сорбон ва Ҳангомаву Залонд низ дар ин чода
муваффақиятҳо доранд.
Хулоса, Кобул шаҳри дилхоҳе мебошад. Аммо на
Порис асту на Петербург, балки як шахри оддии ним
шаркиву ним аврупой мебошад. Кобулро факат як вахт
метавон ба тамом тамошо кард, ҳамон дақиқаҳое, ки
хавопаймо болои он ду дафъа тоб хУрда, сипас болои замин
фуруд меояд. Хеле манзараи дилчасперо хохед дид, агар
ҳавои Кобул офтобй бошад.
Шахри Кобул яке аз марказҳои адаби форсии тоҷикӣ
шинохта мешавад. Аз ин нигоҳ метавон Кобулро дар катори
шаҳрҳои фарҳангии Теҳрону Машҳад ва Душанбе қарор
дод. Кобул шаҳрест, ки чанд асри наздик адабиёту фарҳанги
форсиро зиндаву човид нигоҳ дошт ва инкишоф дод. Кобул
пойтахтест, ки бо форсизабононаш ифтихор менамояд. Маҳз
дар ҳамин шаҳр забони форсй ба сифати забони муоширати
байни кавму миллиятҳои Афғонистон шинохта шудааст. Дар
Осиёи Миёна шаҳре, ки забони форсӣ чунин мақомро дошта
бошад нест, ҳатто дар Душанбе забони тоҷикиро ба ин сатҳ
шинохтан нашояд, чунки забони муоширати байни кавму
миллиятҳои Тоҷикистон, забони русй аст. Худо кунад, ки
Кобул бо забони форсиаш ин макомро дар асри бисту як
ҳам нигох дорад ва минбаъд онро идома бидиҳад.
183
Ғазни
Банда шаҳри Ғазниро аз рӯи мазмуни китобҳон адабиёт
мешинохтам. Махсусан, ба воситаи «Шоҳнома»-и безаволи
Абулқосими Фирдавсй хонандаи форсизабон ба шаҳри Ғазнй
ва ҳокими даври он Султон Махмуд ошно мебошад. То чое
шаҳри Ғазниро рамзи Султон Махмуд медонистанд ва
баръакс Султон Маҳмудро рамзи Ғазнй...
Ғазнй карнҳо яке аз марказҳои тамаддуни форсигӯён
ба ҳисоб мерафт. Нашъу нумуи фарҳангии шаҳри Ғазнй ба
замони салтанати Султон Махмуд ва сулолаи у иртибот
мегирад. Бесабаб нест, ки ба исми Султон Махмуд нисбаи
«Ғазнавӣ» илова шудааст.
Чунонки қаблан хам арз доштам, борҳо дар роҳи
сафари Кобул —Ҳирот ва дар бозгангг, ин шаҳрро гУё дида
будам. Вале аз байни шаҳре гузаштан ҳоло маънои онро
надорад, ки кас шаҳри мазкурро тамошо кардааст. Аз ин
рӯ, ҳар вақте ки ба шаҳри Ғазнӣ наздик мешудам, орзу
менамудам, ки ҳамкоронам барои хУрдани ғизо, ё тамошои
пӯстинҳои бузии ин шаҳр, мошинро қарор бидиханд.
Мутаассифона, чун русҳо ба ин шаҳр алоқае надоштанд ва
намедонистанд, ки Фирдавсӣ чй симое ҳасту Султон
Маҳмудаш кист, онҳо ҳаракатро идома медоданд. Чанд
дафъа аз ҳамкорони русам хоҳиш кардам, ки ним соат барои
банда вакт диҳанд, то ки ин шаҳри қадими авлодони хешро
бубинам ва ҳам марқади Султон Маҳмудро зиёрат намоям.
Вале онҳо чй лозим,- мегуфтанд. Хайр як шоҳи хунхор
будааст, барои У шуда вақтро тирифтан зарурат надорад.
Охир ин тоифа кай медонистанд, ки ин шоҳи хунхӯр беш
аз 400 чеҳраҳои фарҳангии форсиро тарбият намуд, онҳоро
шУҳратёр сохт. Кай медонистанд, ки Султон Махмуд ёздаҳ
маротиба ба Ҳинд лашкар кашид, то ки онро батамом исломӣ
созад. Маъданшиносони русзабони шӯравй ба ғайр аз
Пушкину Достоевский ва Иван Грозный шахсиятҳои
дигаронро донистан намехостанд. Дар тасаввури банда онҳо
бояд Султон Маҳмудро мешинохтанд. Умуман, ин тоифа ба
ҳавзаҳову маъхазҳои таърихии форсӣ ҳеч таваччУҲ зоҳир
намекард. Ононро мачбур намудан хам намешуд. Факат
фурсатро мебоист интизорй кашид.
Ниҳоят, ҳамон фурсати даркорӣ пайдо шуд. Мохи июни
соли 1971 аз Ҳироту Қандаҳор сУи Кобул равон будем. Дар
гурӯҳи мо шаш нафар мутахассис кор мекард. Вакти чо ба
чо шудан дар моншнҳо ман бо инженерони дохилй нишастам.
184
Сандалии пешро ишғол кардам. Худамро бароҳаттар эҳсос
намудам. Ҳарду мошини «Чип» пушти cap мерафтанд.
Хушбахтона, мошини мо вайрон шуд. Мошини «Чип»-и
саринженери русй, ки пешопеши мо мерафт, пушти сари
худро боре нигоҳ накарда, аз назарҳо пинҳон монданд. То
Ғазнй чанд километр роҳ монда буд. Бо душворие «Чип»-
ро дуруст карда, соатҳои панчи бегоҳй ба Ғазнӣ расидем.
Азбаски шӯравиҳои мо аллакай рафта буданд, аз
Саидчаббори инженер хоҳиш намудам, то ки зодгоҳашро
барои банда нишон диҳад. Эшон аз шаҳраш, ки ифтихор
дошт, «ба чашм, тарчумон соҳиб», -гуфт.
Бояд гуфт, ки шаҳри Ғазнй ба ғайр аз мақбараи Султон
Махмуд, дигар чойи диданй надошт. Ба масофаи панчсад
метр поёнтар аз гУри Султон Махмуд, касри сохтаи вай
мавчуд буд, вале он хеле харобшуда ба назар мерасид ва аз
сӯи дигар, кароргоҳи низомиён нгуда буд ва албатта барои
тамогаояш ичозат намедоданд. Бозори шаҳр бад набуд. Бо
болопУшҳои чармиву колинчаҳояш шӯҳрат дошт, вале ин
маҳсулотро борҳо дар дӯконҳои Кобул дида будам. Аз ин
рУ, барои ман фақат гУри Султон Маҳмудро дидан
пураҳамият буд.
Ба ҳамин максад, сӯи зиёратгоҳи Султон Махмуд равон
шудем. Атрофи макбара девор дошт ва дарвозаи даромадаш
чандон бузург набуд. Баъди ба хавлии мазор ворид шудан
роҳи зинадор касро ба маркад мебурд. Макбара аз сатҳи
руи хавлй баландтар карор дошт. Аз рӯи одат, аввалан
кафшҳоро назди дарвозаи маркад кашида, сипас
«бисмиллох» гуфта, пой ба даруни зиёратгох гузоштем.
Хучраи бархавои гунбаздори калоне моро пешвоз гирифт,
ки мобайни он гУри Султон Махмуд дар шакли гахвора ба
чашмам расид. Болои онро бахмали сиёҳи гулдору накшин
оро медод. Муллое болои сари гур менишаст ва барои ҳар
каси тозаомада дуо мехонд ва чанд қиронро кабул менамуд.
Гирду атрофи ин хона пур аз токчахо буд, ки дар хар
кадомаш болиштчаҳои бахмалини ҳарранга гузошта буданд.
Шахсе, ки ба нияти зиёрат меомад, аз як cap хама
болиштҳоро мебУсид. Намедонам, чаро, вале банда ин амалро
анчом надодам. Саидчаббор ҳам болипггҳоро набУсид. Шояд
ман ин холат худро дар сарзамини хеш дидам ва ин амалро
раво надонистам. Аммо ин инженери ғазнигӣ ба кадом далел
аз бӯсидани болиштҳои Султон канорагирй кард, намедонам
ва ҳамон рУз чунин саволро назди эшон нагузопггам.
Дар самти киблаи девори макбара бо хати зарҳалдор
соли таваллуд ва фавти Султон Махмуд ва ҳам солҳои
185
салтанати У сабт шуда буд. Байни шифти мақбара зангУлаҳои
тиллои овезон буданд. Дар девори тоқчаҳои шишагин бошад
афзорҳои чангии Султон, монанди кулоҳи тиллой, шамшер,
гурз, сипар, камон ва чавшан чо 6а чо шуда буданд.
Дар як гУшаи макбара зини аспаш бо лачоми оби
тиллодору нукрай чавлон мезаданд. Қамчини рӯдабофти
Султонро ҳам дидам. МУзаҳои чармии болобаланди нУгборик
хеле чолиб ба назар расид. Хулоса, хУрчину дигар
лавозимоти чангии Султон Маҳмудро бо сэру либосаш аз
наздик тамошо кардем. Албатта, барои даст расондан ба чизе
ичозат набуд.
Баъдан рӯи ҳавлй баромадем. Дар пунгги макбара боғи
бузурге ба назар расид, ки зиёратгарон таги дарахтонаш
карор доштанд. Боғро дарахтони мевадиҳанда оро медод.
Вале аз хама беш ба назарам дарахтони туту зардолу расид.
Ин боғ ба хотири сайру гашти бошандагони Ғазнй истифода
мешудааст. Мо низ даруни богро тамошо намудем ва ин
ҳолат ба андешае омадам, ки шояд хамон боги шоҳие, ки
барои Абулқосими Фирдавсй ҳамчун манбаи илҳоми эчодгарй
хизмат кардааст, ҳамин бошад. Ривояте хает, ки Султон
Махмуд барои Фирдавсй дар ин богаш хама шароити
эчодгариро омода месозад, то ки <<Шоҳнома»-ро ба поён
расонаду ба Султон инъом кунад...
Аз зиёрати гУри Султон Махмуд ва тамошои боги У
ҳаловати маънавй бардонгга, ба кУча баромадем. Чанде аз
дУстону хамдарсони Саидчаббор пенш рохамонро гирифтанд
ва тавалло карданд, ки меҳмонашон шавем. Ба сабаби ин ки
дар рохи сафари Кобул будему барномаи махсуси харакат
доштем, даъвати ононро ба фурсати муносибтаре гузоштем.
Онҳо ба гайр ба зардолу моро меҳмонй кардан, дигар илоче
наёфтанд. Зардолуи Газнй хеле офтобхУрда ва ширин
будааст. Бо хУрдани 10-12 донааш кас каноат ҳосил мекунад.
Зардолу рамзи он буд, ки бо Ғазнй ҳакки намак шудам. Бо
Ғазнй ва Султон Махмуд хайру хуши рамзиро ба чо оварда,
роҳи Кобулро пеш гирифтем. Торик шуда буд, ки ба Кобул
расидем. Аз ин сафар як дониши андУхтаи бандаро метавон
зиёрати Султон Махмуд ва Ғазнии таърихй хисоб кард.
Ҷалолобод
Дафъаи дувум, ки ба ин шаҳр сафар кардам ба
охирҳои моҳи март рост омад. Шинохти авваламро аз ин
шаҳр қаблан арз доштам. Ҳоло кӯшиш мекунам, ки аз ин
186
шинохт дониши тозае барои хонандагон пешниҳод намоям.
Тавре ки мебинем, Чалолобод сирф номи форсист, шах ре,
ки Саид Чамолиддини Афғонй он ҷо зода шуд ва хамчун
назариётчии дини мубини Ислом шУхратёр гардид. Бо
вуҷуди ин ки Чалолободро давроне форсигӯён бунёд
сохтаанд, аммо бо мурури замон он шаҳри кабилаҳои панггу
гардид ва акнун дар он форсизабонеро найдо намудан
душвор аст. Албатта, маҳалу мавзеъҳое шояд дошта бошад,
ки мардуми форсизабон ҳоло ҳам иқомат мекунанд. Сарфи
назар аз ин, аз вокеият гурехта намешавад. Гузашта аз ин,
чойи хушбахтист, ки дар бисёре аз мавзеъҳои сарзамини
Ҳинду Покистон, маҳалу шаҳрҳо номҳои форси доранд,
мисли Ҳайдарободи Ҳхшд.
Мутаассифона, чанд соате, ки дар кӯчаву хиёбонҳои
Чалолобод сайру гашт намудам, форсии ширинро
нашунидам. Форсй ҳаст, вале хеле шикаставу дағал, ки
паштунҳои дӯкондор аз рӯи зарурати бозор истифода
менамуданд. Яъне чойи таҳсин аст, ки форси дар хар маркази
савдои Афғонистон мавқеи муошират дорад.
Чалолобод шахри гармест, ин чо барфу борон кариб
ки намеборад. Тарбод дорад. Аз ин чост, ки нироҳан дар
бадан намакбанд мешавад. Нафасгири душвор мегардад.
Офтобаш аз шуоъхои зараровар орй нест. Бесабаб нест, ки
чандин нафар аз мутахассисини шӯравй баъдҳо ба бемории
лейкос (саратони хун) гирифтор 1луданд, ки табобат надорад.
Бояд гуфт, ки зимистони соли 1972 дар ин чо низ барф
омад. Мутахассисини шӯравя, ки ба парвариши афлесуну
лиму ва мандарин машғул буданд, аз ин сардии
ғайричашмдошт ба дахшат афтоданд. Нақл карданд, ки
ҳамон рУз, тамоми шаб шӯравиҳо дар зери дарахтони
афлесуну лиму балонҳои мошинҳоро оташ гиронданд, то ки
дарахтонро сармо назанад.
Дӯкондорони ин шаҳр, асосан, аз мардуми
ҳичраткардаи Ҳиндустон мебошанд. Онҳоро бо номи «ҳинду»
мешинохтанд. Шуғли тичорат ононро мачбур сохтааст, ки
форсиро ёд гиранд. Ҳамчунин забони панггуро низ медонанд.
Дар Чалолобод дарахти нахл хеле зиёд сабзиш дорад.
Ин дарахт хоси минтакаи гарм мебошад. Баъдан парвариши
найгаакар дар ин минтака хеле босамар аст. Дар хама
кӯчаҳо дида мешуд, ки найшакарро мисли алаф майда карда,
аз он обашро ба воситаи дастгоххои махсус чафида ба фурУш
мерасонданд. Саёҳоне, ки ба ин шахр меомаданд, дар
бозгашт дарза-дарза найшакар бо худ мебурданд.
Дар мавриди чойҳои таърихии Чалолобод ҳаминро
187
илова кардан мумкин аст, ки вакте соли 1961 шоҳи собики
Афғонистон-Амонуллоҳ дар Италия мефавтад, часади ӯро
барои гӯрондан дар Кобул ичозат намедиҳанд. Авлодони
шоҳи гуреза мачбур мешаванд, ки ба воситаи Покистон
турбати шодравонро ба Чалолобод оварда, дар паҳлуи
падараш Ҳабибуллоҳхон дафн намоянд. Аз ин рӯ, оромгоҳи
Амонуллоҳ ва киблагоҳу хонумаш ва боз як бародараш
ҳамчун аз чойҳои дидании Чалолобод шинохта мешаванд.
Едгории таърихии дигарро бо номи Будоҳои Ҳада
мешиносанд, ки аз чониби яке аз бостоншиносони афгонй
кашф гардидааст. Ба асоси тадқиқоти муаррихин ин Будоҳо
ба қарни 1У то м. тааллук доштаанд.
Будоҳо моианди будоҳои Бомиён бузург нестанд. Факат
рони пойи яке аз ин будоҳо, ки дар байн қарор дорад, калон
ба назар расид. АфсУс ки барои аккосй ичозат надоданд.
Чалолобод ба Покистон ҳамсарҳад мебошад. Дар ин
чо садои тиру тӯпҳои чанги байни Покистону Ҳиндустон
(октябри соли 1971) ба гуш мерасид.
Воқеан, Чалолобод шаҳри зебоманзарест. Дар ин шаҳр
чанде аз ҳамдарсони донишгоҳии банда, монанди Мачид
Холов, ДавлатхУча Додов (чояш чаннат бошад), Азимчон
Юсуфов ва то инҳо Ҳомид Мачидов, Рустам ЧУраев
(рӯҳаш шод бошад), IIIодӣ Ҳаниф ва дигарон ифои вазифа
доштанд. Чунон ки гуфтам, Чалолобод, ки гармиаш ба 40-
50 дар дохили хона мерасид, дУстони дар боло номбаршуда,
кӯшиш мекарданд, ки моҳҳои июлу август ба рухсатй
бароянд. Гоҳ-тоҳе, ки ба Кобул меомаданд, онҳоро «Ҳа,
африқоиҳо омадед», мегуфтем, зеро чеҳраашон сип-сиёҳ
шуда метофт. Ин буд шинохти дувуми банда аз шаҳри Ч
алолободи Афғонистон.
Қандаҳор
Дар Афғонистони шоҳӣ Қандаҳор баъд аз Кобул
дувумин шаҳри бузург ба шумор меравад. Такрибан ҳама
шоҳону амирони Афғонистон баъд аз фавти Аҳмадшоҳи
Дурронӣ, аз ҳамин шаҳр баромаданд. Агар ҳашт моҳи
салтанати Бачаи Саккоро истисно кунем, то соли 1972, ҳама
сарварони давлати шоҳӣ аз қавмҳои пашту интихоб шудаанд.
Авлодони Зоҳиршоҳ аз Қандаҳор будаанд. Ба ин маънй,
188
бошандагони вилояти Қандаҳор ба куллй афғонҳоанд. Ин
мардум ба забону кавми худ ифтихор мекунанд ва ҳамеша
бо форсизабонхо, махсусан тоҷикон дар мунокишаанд. Онҳо
бар ин ақидаанд, ки Афғонистон мулки афғонҳо (паштунҳо)
мебошад. Дар ин кишвар ба ғайр аз афғонҳову тоҷикон
қавму миллиятҳои дигар, ҳамчун ҳазораҳо, Узбекҳо,
туркманҳо, казокхо, балучҳо ва ғайра иқомат менамоянд.
Ҳукумати шоҳй дар конуни асосиаш навииггааст: «Ҳар
фарде, ки дар Афғонистон зиндагӣ мекунад, афғон аст». Аз
ин ҷост, ки дар Афғонистони шоҳӣ ситами миллӣ ба иуррагй
вуҷуд дорад. Масалан, ҳеч имкон надорад, ки ба дастаҳои
низомии кишвар ба ғайр аз кисми сохтмончиён қавмҳои
ғайрипашту чалб карда шавад. Яъне Қандаҳор шаҳри
роҳбарон, вазирон, ченеролҳо ва ҳам шаҳри тичоратй
мебошад.
Шаҳри Қандаҳор бо анору ангураш хеле шӯҳрат дорад.
Ин ду навъи меваро ба бозори чаҳонӣ содир мекунанд. Аз
маъданиёт дорои захираи калони санги мармар ҳам ҳаст, ки
дуртар аз Қандаҳор дар Лашкаргоҳ истихроч мешавад.
Дар минтакаи Қандаҳор америкоиҳо обанбори бузурге
сохтаанд, ки он дар обёрии заминҳои лалмии вилоят дорои
аҳамият аст.
Қандаҳор майдони ҳавоии бузурге дорад, ки аз чониби
америкоиҳо сохта шудааст. Мардуми ин шаҳр агар сӯи
Кобул рафтанй шаванд, бештар аз ҳавопаймоҳо истифода
мекунанд. Яъне, бошандагони Қандаҳор нисбат ба дигар
навоҳии Афғонистон доротаранд. Дар ин шаҳр тичорат хуб
ба роҳ монда шудааст, ки дар ин чода ҳиссаи Покистону
Ҳиндустон ба назар мерасад.
Қандаҳор шаҳри сабз ва дорои кӯчаву хиёбонҳои
дилчасп мебошад. Ин ҷо низ мактабҳои оливу миёна фаъолият
менамоянд. Чандин рӯзномаҳо дар ин шаҳр нашр мешаванд.
Махсус мачаллаи адабиву иҷтимоии «Қандаҳор» мунтазам
ба забони паипу чоп мешавад. Дорои театру клубҳои бо назму
низом аст. Аз забонҳои хоричӣ, ин чо инглисй бештар мавқеъ
дорад. Бошандагонашро аксаран ашрофзодаҳои пашту
ташкил медиҳанд. Бонувони ин шаҳр хеле зебопайкаранд.
Ҳамаи онон мӯю чашми сиёҳ доранд. Нигоҳҳои духтарони
кандаҳорй дилрабоанд. Мардҳояш низ зебову
коматбаланданд. Мӯйсафедонаш ҳамеша озода ба назар
мерасанд.
Чунонки болотар ишора кардам, ин мардум бо забони
модарии хеш ифтихор доранд. Моҳи марти соли 1972 бо
189
супориши роҳбарони кобулиамон аз маъдани флорити
Кандаҳор, ки дар мавзеъи Тирин вокеъ аст, дидан кардам.
Ин маъдан аз Қандаҳор ба масофаи 189 км дуртар карор
дорад. Аз шУравиҳо Телешев, Литвиненко, Никитини
молдавӣ ва аз дохилиҳо Саидасғари инженер ба ин хайат
шомил буданд.
Вакте ки ба Қандаҳор омадем, дар мехмонхонаи
«Ахмадшох» хучра гирифтем. Пагоҳаш сӯи Тирин ҳаракат
намудем ва дар тӯли роҳи се-чорсоата ба муҳити минтака,
тарзи рӯзгор ва урфу одати бошандагонаш ошной пайдо
намудам. Барой банда аз ин сафарҳо маъданеро чустуҷӯ
намудан чандон аҳамият надонгг, балки мардуми кариячот,
УРфу одат ва дигар падидаҳое, ки ба шахси инсон тааллук
доштанд, муҳим буд. Аз чунин сафарҳо мехостам допиши
тоза бардорам.
Вобаста ба мавзӯи ифтихороти миллй як ходисаро ин
чо оварданиам, ки дар рӯи ҳавлии мехмонхонаи «Аҳмадшоҳ»
байни ману кафщдӯз pyx дод. Рӯзе, ки аз Тирин ба Қандаҳор
пас гаштем, боз ба мехмонхонаи номбурда рафтем, то ки
шаби дигаре икомат намоем. Ба сабаби ин ки кафшҳои банда
серхок буданду ба он шакл ба меҳмонхона ворид шудан хуб
набуд, ба назди кафшдӯз омадам, то ки пойпӯшамро аз хок
пок кунам. Ин лаҳзае буд, ки кафшдӯзи паиггу анҷомҳояшро
чамъ мекарду рафтанй буд. Аммо маро диду аз нав сандуки
кафщдУзиашро боз намуда, рангу бурсхояшро берун кашид.
Банда ба форсй аз у хоҳиш намудам, ки кафшхоямро бо
ранги сиёҳ поккорй кунад. Дар чавоб бо пашту чизе ба ман
мегуфт. Банда изҳор доштам, ки паштуро намедонам. У
низ эътироз карда, маро танбеҳ доданй шуда боз гуфт: чаро
мо форсии шуморо ёд гирифтему шумо забони паштуро хуш
надоред. Эҳсос намудам, ки вай сахт ранчур шуд, гуфтамаш:
«Маъзарат мехоҳам оқо, ман шаҳрванди Афғонистон наям,
балки хоричй ҳастам»: КафшдУз боз назаре андӯхту ба ришу
фашам бодиккат нигаристу узр хост, ки У нафаҳмидааст,
ки ман табааи Афгонистон нестам. Ҳамин ҳолат Саидасғар
бо Телешеву Литвиненко - флоритшиносони шӯравӣ сУҳбати
моро шунида наздик шуданд. Ба онҳо гуфтам, ки ин око
барои паштуро надонистанам андак худро нороҳат дид.
КафшдУз сУи онон нигаристу гуфт: «Ман фикр кардам, ки
ин око афғон аст». Иловатан, Саидасғар, ки худ пашту буд,
ба У чизе фаҳмонд. Албатта, дар ин маврид кафшдУз ҳақ
буд. Хело хуб мешуд, ки агар ҳар форсигУ ба забони пашту,
чи хеле ки онҳо медонанд, ҳарф занад. Вале мавзУи забондонй
190
аз эҳтиёч донгган ба забони дигаре cap мезанад. Пас маълум
мегардад, ки паштунҳо ба форсй эҳтиёч доранду форсигӯҳо
ба паштуй не. Ин мисли он аст, ки дар Душанбе ҳар шахси
точик русиро медонад, зеро бе донистани ин забои аз сарҳади
Точикистон берун рафта наметавонад, аммо шахси рус бо
вучуди ин ки дар Душанбе зода шудааст, точикиро намехоҳад
донад, чунки ба ин забои зарурат надорад.
Аз ҳама чойи дидании Қандаҳор ба назари банда
маркади Аҳмадшоҳи Дурронй мебошад. Мохи октябри соли
1971 хини сафар сӯи Ҳирот ба зиёрати ин чехраи таърихиву
адабии Афғонистони шоҳй мушарраф гардидам. Ҳамроҳам
Никитин буд. Паҳлуи макбара Масчиди чомеъ ҳам комат
рост кардааст, ки номи Аҳмадшоҳро дорад.
Рӯзҳои чумъа дарвозаи зиёратгоҳ барои хоричиён баста
мешавад, зеро ин рӯз намози чумъаи шаҳри Қандаҳор сурат
мегирифт. Ҳар мусулмон чи бозоракй аст ва чи рахгузар
орзу дошт, ки намози рУзи чумъаашро дар Масчиди чомеи
Аҳмадшоҳ ба чо орад. Ман ба мутавалии маркад, ки
мУйсафеди нуроние буду тасбеҳ мегардонд, аз рУи таомули
исломй мурочиат намуда, худро муаррифй кардам. Албатта,
эшон ба хоричй будани камина бовар накард, вале паҳлуи
ман Никитинро дид, ки вокеан хоричй буданам маълумаш
шуд, дарвозаро кушод. Кафшҳоро кашидем ва ба маркад
ворид шудем. Гӯраш монанди макбараи Султон Махмуд дар
байни толор карор дошт. Ин ҳам ба шакли гаҳвора буда,
болояш гулпУшй гардида буд. Тамоми сару либос ва аслиҳаи
чангии Аҳмадшоҳ бо афзорхои аспаш ба намоиш гузошта
шуд а буд. Чанд адад китобе хам дар баробари Қуръон дар
токчаҳо ба назар хУрд. Шояд девони ашъораш бошад, зеро
ин шох ба сифати шоири хубе ҳам шинохта шудааст.
Ин зиёратгоҳ боз аз он чихаташ чолиби диккат
менамуд, ки он чо ду тори мӯйи ҳазрати Мухаммад (с) мавчуд
буд. Албатта, ин мУйи рамзй мебошад. Нишоние аз Мухаммад
(с) ду тор мУйи Уро интихоб кардаанд. АфсУс ки ба ин
толор ичозатамон надоданд. Вакти намоз наздик расида буд,
дар саҳни зиёратгоҳ мУйсафедони зиёде байни худ
сУҳбаткунон давр мехурданд. Ба гУшам ягон сухани форсй
нарасид. Муҳиту забои хама паштуй буд. Ба мутаваллӣ даҳ
афғонй садақа намуда, аз даргоҳи мукаддаси афғонҳо хорич
гардидем. Никитин ачаб ҳамсафари хубест. Ин ҳолатҳо у
гУё тунг мешавад. Мавсуф хамеша чехрааш сурх маълум
мешуд. Агар кас рУй ва рухсораҳои вайро каблан надида
бошад, гумон мекунад, ки масти аласт аст. Аз дигар сУ,
Никитин дар чунин чойхои мукаддаси исломй намехост
191
ҳарфи русӣ гӯяд. Ба назари ӯ дар ин чойҳо сухани русй
мамнӯъ мебошад. Ин чиҳаташ ба банда маъқул буд. Агар
L-лава мебуд, саволҳои бемаъниашро додан мегирифт. У
намефаҳмид, ки зиёратгоҳ аз музей ва боғи ҳайвонот ё
намоишгоҳе тафовут дорад. Дар ин хел чойҳо кас оромона
назар медӯзад ва худро дар дунёи дигар қарор медиҳад ва
чанд лаҳзае аз душвориҳои рӯзгор хешро дур андохта, сари
оеокибатии дуне меандешад. Ҳини тамошои мукаддасоти
исломй, ба хусус, сӯҳбат сурат намегирад. Ҳама ҳарфу
суханро қироати сурае аз китоби муқаддаси мусулмонон -
Аурвон дарбар мегирад. Мисле ки ин меъёрҳоро Никитин
дарк менамуд. Ин буд шинохти иҷмолие аз шаҳри Қандаҳори
Афғонистони шоҳӣ. Иншооллоҳ аз ин шинохт низ сухани
тозае барои донишандӯзии хеш хоҳед бардошт. То ин чо
ки расидам, аз шинохти шаҳрҳои Афғонистон ба шинохти
дигар мавзӯъҳои рузгори хоричиам мепардозам. Боз
армегардам ба Оҳанкашон, ки моҷароҳои дигареро интизор
Муаммо ҳал шуд
Муаммо ба духтарам Фотима тааллук доигг. Ӯро вакти
аз рухсати баргаштан бо худ ба Афғонистон овардем. Ду-се
моҳ аст, ки дар муҳити Кобул рӯзгор дорад. Намедонам
таътилашро чӣ навъ гузаронд, вале моҳи сентябр наздик
шуда истода буду мавзӯи баргаштанаш ба Душанбе ҳамчун
муаммо боқй мемонд. Дар як хаташ ӯ менавишт, ки 24-уми
август сӯи ватан сафар мекунад. Модараш дар як номааш
мепурсид ки агар розй бошам, ӯро то Душанбе худаш гусел
намояд. Ин нома кадом таърихро дошт, намедонам, зеро
ваи ҳар дафъа, ки хат мефиристод, таърихи рӯз надошт.
чанд маротиба фаҳмондам, ки ой, занак, вақте ба ман мактуб
менависй, гузоштани рӯзи фиристоданашро фаромуш накун.
Аммо ба таъбири хуҷандие «боз ҳамон килиқи худаша»
мекард. Номаҳои ман ба Кобул кариб, ки бечавоб мемонданд.
Шӯравиҳои дигар, вакте аз хонумҳошон нома мегирифтанд,
соатҳо мехонданд, Слава кариб, ки ашк мерехт. Боре яке аз
номаҳои бонувони русиро дидам, ки даҳ саҳифаи вараки
дафтари мактабй буд. Вале хонуми ман гУё олимона
менавишт, ки аз як ё ним саҳифа зиёд гаи надшит. Масъалаи
ин ки ман чй ҳол дорам, барои завҷаи банда чандон аҳамият
надошт. Аз ин ру, ман аз хатҳояш ҳеч ҳаловате намебурдам.
Шояд ин ба он хотир буд, ки бо шавҳари худ боз изҳори
192
дӯстдориву муҳаббат кардан аз рУи одати бонувони осетинй
набуд. Хонумҳои точикӣ низ шояд чунин менавиштанд. Аммо
дар он сари кӯҳи баланд, хеле мехостам, ки номаҳои завҷаам
неруи тозаам бахшанд, боиси илҳомам шаванд, ба дунёву
зиндагӣ умед бастанро талқинам кунанд ва ғайра орзуҳоро
дар банда парвариш намоянд. АфсУс ки модари фарзандони
ман хеле фурӯтан буд ва ҳарфҳои дорои муҳаббатро 6а
хотири шарми занона доштанаш, лозим намедонист. Аслан,
банда, ки дар чаҳордаҳсолагй аз канори модару падар чудо
шудаму роҳи хонданро пеш шрифтам ва карияро ба шаҳр
иваз намудам, доимо 6а муҳаббати касе эҳтиёч дорам. Ҳарфи
муҳаббатомезро бонувон хубтар гуфта метавонанд. Ин
суханҳоро барои он мегӯям, ки дар тӯли ду-се моҳи
фаъолияти корй аз хонадон дур будам, Парвизу Фотимаро
намедидам. Аз ин рӯ агар чунин нома мерасиду боиси
рӯҳбаландиам мешуд, худро хушбахт мешуморидам.
Бисту чаҳоруми август хам паси cap шуд, аммо аз
рафтани Фотима иттилоъ надоштам. Боз бо ратсия бо Кобул
дар алока шудем. Аз он чо хабар доданд, ки ягон шахсе
пайдо шаваду Фотимаро бо худ барад, муаммо ҳал хоҳад
шуд. Баъдан боз номаи бе таърихи хонумам расид, ки дар
бораи Фотимаро гусел карданаш то Душанбе ва рад шудани
ин хоҳиш аз чониби Чемирёви бюрократу худбин, менавишт.
Ин мактуб асабиам сохт ва агар дар Кобул мебудам, чунин
таҳқиру нодидагирии роҳбари беандешаамро кабул надошта,
балки бо хоҳиши худ карордодро катъ менамудам. Охир,
як тасаввур кунед, ки чй навъ метавон духтарчаи синфи
чорумро танҳо ба Душанбе фиристонд. Гузашта аз ин,
тасаввур кунед, ки ҳавопаймои «Бойинг» ӯро то Тошканд
мебурд, баъд чй? Чй тавр духтарак билет ба даст меовараду
ба танҳоӣ соати даҳу чилу панчи шаб сУи Душанбе парвоз
мекунад?! Воқеан, ин муаммои ҳалнашавандае буд чи барои
банда ва чи барои модараш. Кадом модар розй мешуд, ки
кӯдакашро бесаробон бигзорад? Ҳарчанд ки дар Оҳанкашон
ман чойи пой монданамро намедонистаму шабу рУз дар
фикри ҳалли ин муаммо будам, дар Кобул низ ин мавзУъ
мавриди баҳси роҳбарон карор мегирифт ва онхо низ роҳи
ҳалли дурусти онро чустучУ менамуданд.
Табиист ки, бетокатии бандаро хамкорони шУравиам
хуб дарк мекарданд. Слава Гришин доимо нисбат ба Чемирёв
суханони мазамматомези зиёде мегуфт. Шербина бошад аз
чунин рафтори роҳбар мутаассир буд. У назди худ савол
мегузошт, ки чй барои Чемирёв мо хамчун мутахассис лозим
ҳастему фарзандонамон не, магар? Дар ҳамин рӯҳия аз
193
Шербина хоҳиш намудам, ки ба Кобул телегром фиристад.
Аввалан мазмуни телегромро рӯи коғазе навишт, ки чунин
буд: «Духтари Асоевро равон кардед, ё не, агар равон карда
бошед, бо кй»?»
Дар ратсия, ки номи шартиаш «Топол» буд, Отстав нов
- котиби ҳизбии гурӯҳ, менишаст. У дархол ба Исоеви муовин
дойр ба масъалаи кадр, телефон кард ва баъди ду-се дакика
ба мо хабар дод, _ки «Барой рӯзи 7-уми сентябр билет
фармоиш шудааст. Уро модараш гусел мекунад...» Ин хабари
хурсандибахше буд. Дарҳол барои хонумам номае сохтам
ва баъзе хоҳишҳоямро навиштам, то ки вакти аз ватан
баргаштан, онҳоро ичро намояд.
Ба ин хотир бояд бо ичозати Шербина роҳи
Чихчаронро пеш мегирифтам. Аз он но хатро ба воситаи
пилотҳои афғонй ба Кобул равон кардан лозим меомад.
Тахминан, медонистам, ки ҳафтае се-чор бор ҳавопаймоҳои
дохилй аз Кобул мусофир меоранд ва боз ба зудй пас
мегарданд. Як вактҳо ҳавопаймои ЯК-40-и шУравй, ки бо
пилотҳояш як мушовири рус буд, ба Чихчарон мусофир
меоварданду мусофир мебурданд. Вале боре хини фуруд
омадан, майдон кувват намекунаду чархҳои «ЯК-40» ба
замин фурУ мераванд. Баъд аз ин хати парвози ин
ҳавопайморо муваккатан катъ намуданд. Акнун
ҳавопаймоҳои сохти Канадаву Чехословакия, ки аз 12
мусофир беш гунчоиш надоштанд, ба Чихчарон парвоз
мекарданд. Ҳарчанд ки ба воситаи афғонҳо ба чое нома
фиристондан, одати мо набуд, аммо ин дафъа илоче надонггам
ва мачбур шудам, ки як рукни меъёри дар хорич буданро
вайрон кунам.
Дар ҳамин рУҳия сеюми сентябр аспакй то Рахна, ки
кароргохамон он чо буд, омадам ва чиперо гирифта сӯи
Чихчарон ҳаракат намудам. Соатҳои чори аср назди
меҳмонхона худро расондам, аммо чун ҳарвақта боз хучра
пайдо накардам. Саёҳони зиёде ба Чихчарон омада буданд.
Аз ин рӯ, бо ронандаам ба ҳавлии муовини инкишофи махал
окон Ниёзй рафтем. Ин око аслан ғазнавй, яъне форсизабон
буд. У ду хучра дошт ва хуб шуд, ки завчааш ба Ғазнӣ
рафта будааст. Окои Ниёзй бо писари синфи хашташ -
Мухаммаднаим дар хона монда буд. Ин око пешхизмате бо
номи Карим дошт. Мо анчомҳоямонро дар хонаи Ниёзй
мондему барои хӯроки шомро дидан, роҳи бозорро пеш
гирифтем. Нахуст дУконхоро сар-сарй тамошо намуда, нияти
он кардем, ки харбузаву нони гарм гирифта ба соҳили дарёи
Ҳарируд рафта, дар ҳавои тозаву бемагас хУроки шом хУрем.
194
Харбузаи Қундуз бозорро пахш намуда буд. Харбузаҳо
шакли дарозрӯя дошта, хушбӯй менамуданд. Як дона
харбузаро ба кимати чил афғонй мефурӯхтанд. Ду дона
харбуза гирифта назди нонвой истодам, ки 6а чашмам он
турани панчшерй расид, ки аз самти поёни бозор бо чанд
нафар сӯҳбаткунон меомад. Банда гӯё ӯро надидаам,
нонҳоро тагу рӯ кардан гирифтам.
Намехостам, ки вайро бубинам, зеро ба ҳар ҳол пулис
буд. Номаълум ба таги чашм назар андӯхтам ва дидам, ки
туран бо ҳамроҳонаш хайрухуш карду сӯи ман омадан
гирифт. Вах, хуб нашуд, гуфтам дар ботин. Чй бонд кард,
агар биояд? Дар ҳамин андеша будам, ки наздикам омад.
Ҳоло У ran накушода буд, ки сУяш нигаристаму гУё, ки акнун
медидамаш «о, туран соҳиби мӯҳтарам, бубахшед, ки банда
шуморо надида мондаам, бисёр хоҳиш мекунам, каминаро
бубухшед...», гуфтам. Туран огУш кушод ва вохУрии точикй
кард. Одатан, дар шаҳрҳои Афғонистон ҳини вохӯрӣ ба
якдигар рУй мемонанд. Туран чунин накард, чунки холо
хам ба шУравй будани ман боварй надошт. Банда, ки сахт
дар оғУшам фишораш овардам, додзанон мегуфт: «Ҳо,
ҳамватан! Оҳистатар, ки ман лоғар хастам» Хо, гуфт
инженер соҳиб, чй мекнй? Хандидам ва гуфтамаш: «Бо мо
андиволй (ҳамроҳй) кунен, ина оли дстй(дастй) харбузаву
нонмона мегирему ба канори дарё мерем. Бифармоед, бо
моён». Туран хоҳиш мекард, ки «биёед ба утоки ма брем».
Азбаски ман бо худ ду ҳамрохи дохилй доштам - окон Ниёзй
ва ронанда, даъвати туранро қабул карда наметавонистам.
Дар хамин гуфтугУ будем, ки Нургули зобит, ки дӯстй пайдо
карда будем, аз кучое пайдо шуд. Бо зобит дУстони афгониро,
ки бо ман буданд муаррифй намудам: «Зобит соҳиб, ана ин
ДУ нафаре, ки бо банда мебинй хамватанои шумо астанд.
Ино ҳам машриқй мебошанд». Зобит дигар бандаро гУш
накарду моёнро ба ҳавлиаш бурданй шуд. Панчшерии
«ҳамватанам» бо овози баланд мегуфт: «Ана, ду-се машриқӣ
ду панҷшериро аз раҳ бароварда истодаанд. Ҳоло ино ба
даъвати ман нарафтанд, лекин ин машриқй омаду инора
бурд...».
Банда даъвати Нургулро рад карда натавонистам. Мо
се нафар ва хам он турани панчшерй ба манзили зобит
меҳмон шудем. Харбузаву нонҳомонро бо хам дидем.
Панчшерй, ки хушсУхбат буд, хеле сари ватану ватандорй
сӯҳбат намуд. Бо онҳо хайру хуш намуда, хонаи муовин
омадем ва шабро дар он чо гузарондем. Барой муовин панч
дона патоки (детонатор) оварда будам, ки бисёр хуш шуд.
195
Патоки мисли патрони камон аст, ки онро 6о динамиту сим
пайваст мекунанд ва баъд ба дарё меандозанд. Баъди лаҳзае
таркиш ба вучуд меояд, моҳиҳо беҳуш шуда болои об
мебароянд. Он вакт ба об даромада, бе заҳмат моҳиҳои
беҳушшударо чинда мегирифтанд. Ин тарз як навъ роҳи
бемалоли моҳигирӣ буд. Аз ин пост, ки хама мансабдорони
болоии Чихчарон, бандаро ки медиданд, хоҳиш менамуданд,
ки барояшон патоки ҳадя кунам. Онхо хуб медонистанд, ки
ин навъи маводи таркандаро мо_маъданшиносон бо худ
дорем. Ҳатто боре волии Чихчарон одамашро наздам равон
кард, то ки барояш чанд дона патоки фиристам.
Рӯзи чорум хавопаймои мусофиркаш аз Кобул наомад.
Ин рУзро хам як навъ карда гузарондам. Бозор даромада
чанд дона карту си ту фанг харидори намудам. Ҳамзамон кабке
гирифтам, то ки онро баъд аз поён ёфтани корхо ба Кобул
барам. Б а Парвиз ваъда дода будам, ки кабкаш меорам.
Лекин кабк то Оҳанкашон нарасид. Аз дасти ронанда хато
хӯрда, ба кӯҳ гурехт.
Хайрият субҳи 5-уми сентябр хавопаймо омад. Миёни
пилотхо бо номи Нурмуҳаммад ошное допггам, ки дар Киев
таҳсил дида буд. Мактуби худаму Гришину Шербина ва
Тарасенкоро ба ӯ додам ва хоҳиш намудам, ки худи ҳамин
рӯз ба дасти Биков, ки намояндаи Аэрофлот буд, расонад.
Нурмуҳаммад «ба чашм» туфта ваъда дод, ки ҳатман имрӯз
то бегоҳ номаҳо ба соҳибонашон мерасанд.
Ба Нурмуҳаммад изҳори ташаккур намуда, роҳи
бозорро пеш гирифтам. Барой хамкоронам ду-се дона ҳарбуза
харидори карда, ба роҳи дилбазани Оханкашон худро задем.
Ронанда ба хотири чанд афгоние даромад дидан ду-се
мусофири бордорро бо ичозати банда гирифт. Аз ин кори
ронанда таъбам хира шуд. Он бечораҳо моҳҳо рӯи обро
надида буданд ва табиист, ки баданашон 6уй мед од. Мисле
ки хУрчинҳошон бори вазнин доштанд, ки чипи
чаҳордарвозай базУр роҳ мерафт. Агар дар рох мошин
хароб мегардид ҳоламон табоҳ мешуд. Дар ин роҳ ба ғайри
магасу зоғ дигар чондореро дидан мушкил буд. Бо хамин
андешахо ба Рахна расидем. Аспам, ки ду рУз дам гирифта
буд, маро интизори дошт. Туфанги сохти чехиро ба китф
андохта, танҳои танҳо сУи Оҳанкашон аспро камчин задам.
Ин роҳи душворгузари кУхй дар дилам зада буд. Ҳар ҳафта
як ё ду бор ба Рахна меомадам, то ки баъзе камоудҳоро
ислоҳ намоям. Роҳи хатарноке хам буд. Аз дурҳо роҳзанон
ҳамеша маро ба мушоҳида мегирифтанд, вале барои сари
рохамро гирифтан метарсиданд, зеро мусаллах будам ва
196
ҳам онҳо гумон доштанд, ки ман маъмури пулис ё қумондони
пулис мебошам. Шояд дар дурбинашон ба ҳамин шакл
маълум мешудам. Гоҳе медидам, ки дар баландие бандаро
назора доранд. Вакте ки наздик меомадам, аз чой баланд
шуда, бо ду дасти адаб «кумондон соҳиб, салом арз
мекунем»,- мегуфтанд. Саломшонро монанди кумондонҳои
пулис алейк гирифта, «ҳа, шербачаҳо чоеро-ку назаден. Боз
6а кадом қария cap мезанен? Дуздони кадом арбоб ҳастен?»
ва ғайра саволҳоро боршон мекардам. Онҳо ба ларза
даромада, на хайр, қумондон соҳиб, мо ҳамагй молдор
ҳастем, чанд адад гӯсфандҳоро гум кардем, ки пушти сари
онҳоем. Хайр аст, мегуфтаму боз роҳамро идома медодам.
Аз ин рӯ ба чонам ҳеч хатареро намедидам, балки ба он
муҳит худро омода сохта будам. Ҳамин буд, ки ман онҳоро
бо дуздони дигар метарсондам ва шояд онҳо низ бандаро
роҳзан гумон мекарданд, чунки ба ҳар гӯшаи Оҳанкашон,
ки мерафтанду бо дурбин назар меандӯхтанд, маро медиданд,
ки бо либоси пулисиву сару рӯйи пурмУй миёни буттазору
дарахтзорҳо мегаштам. Ин лаҳзахое буд, ки ба шикори
чондоре саргардои будам. Ман ҳама тарзҳои дуздии онҳоро
медонистам. Соатҳо пушти теппае ба ишкам зада, роҳҳои
одамгузарро назора менамуданд ва агар лозим мешуд, ҳучум
мекарданд. Ё ин ки аз ду кас як касаш сари роҳи мусофирро
гирифта, чунин савол медод: «Око, маъзарат мехом. Аз он
сӯ ки меомаден дар чашмтон ягон уштури сафед нахУрд?»
Ин ҳолат дузди пушти теппа меомӯхт, ки ин мусофир амволе
дорад ё не. Аз ин рӯ, мусофири ботачриба, истод намуда, на
хайр надидам, мегуфту тез роҳашро идома медод. Чунин
рафтори мусофир роҳзанҳоро мефаҳмонд, ки ӯ медонад,
ки мо дузд ҳастем. Бинобар ин он мусофирро ғараз
намегирифтанд. Бо вучуди ин, ҳини чунин сафарҳоям
ҳамеша туфангам омодаи файр (паррондан) буд.
Ба ҳамин тарик, муаммои сафари Фотима ба хубй ҳал
шуд. Дигар муаммо надоштам. Таъбам ба чо буд.
Медонистам, ки пагоҳ 7-уми сентябр Фотима бо модараш
сӯи Тошканд ва баъд Душанбе парвоз хоҳанд кард.
Чавоби номаамро, ки ба завчаам навишта будам, 15-
уми сентябр интизорӣ мекагаидам. Ин рӯз дар майдони
ҳавоии Чихчарон Нурмуҳаммадро иешвоз хоҳам гирифт,
ки мактубҳои моро меовард. Рӯзгори кУҳгардиам ҳоло идома
дорад.
197
Шикори кабк
Дар ин ду-се моҳе, ки ин чо рУзгор дорам, ягона чизе,
ки бандаро боиси илҳому асабҳоямро ором кардан мешуд,
ҳамарӯза ба шикор баромадан буд. Ҳол он ки ҳеч гоҳ 6а ин
навъи фаъолият масруф нашуда будам. Дар ин чода
гУё барои худ муаллимеро гирифтам, то ки конунҳои
шикорро ёдам диҳад. Ин устоди шикорам Ахмад ном дошта,
бошандаи карияи Чаванд буд. Уро ба сифати мардикор
гирифта будем. Моҳе ей афғонӣ барояш медодем. Вай хурсанд
буд, ки маош мегирад. Ахмад рУзи аввале, ки ба қароргоҳи
мо омад, ба дасти холй наомада буд, балки се-чор кило гУнгги
оху бо худ овард. Аз гӯшти оҳу хомшУрбо пухтем^ Ҳамон
вахт пай бурдам, ки гУшти оху нисбат ба гУнгги ҳайвонҳои
дигар сахттар мешудааст.
Нахустин фаъолияти шикорчигиам, дуюми август сурат
гирифт. Шабона Аҳмадро огоҳ сохтам, ки пагохии барвакт
ба шикор мебароем. Аз тарафи бегоҳ туфангҳоро омода
сохтем. Субх Ахмад наздам омад, ки «тарчумон сохиб,
мерем дига». Ман Абдуллохро садо кардам ва гуфтам, ки
«ту хам бо мо меравй, аспи Азимхони маъмура метонй
бигирй». Ахмад минтакаро хуб омУхта буд ва медонист,
ки дар кучоҳо селаи кабкон макон мегиранд. Ба дарае моро
бурд ва дар сари теппае чанд адад кабкро дид ва бидуни
омодагие файр кард ва кабкеро бечон сохт. Дигар харчанд
ки кӯшиш намуд, кабкҳо ба чангаш нахУрданд. Ману
Абдуллох аз дур мушохида менамудем, ки чй навъ Ахмад
ба шикам рох мерафт ва чй навъ ба садои кабкҳо гУш медод,
аз назари мо дур намемонд. Дарси аввали банда бо як кабкро
бечон сохтан ба поён расид.
Шикори дувумам ба максади оху сурат гирифт. РУзи
дигараш соатҳои чори субх якчоя бо Ахмад ба баландии
Оҳанкашон баромадем. Пушти ин баландй майсазорхо ба
назар мерасид. Маълум, ки дар он чохо оби чашма чамъ
мешуд. Ахмад маро сари он баландй пинҳон нигоҳ допгга,
худаш ба равиши бод мутаваччех шуд. У мехост чараёни
вазиши бодро муайян созад. ГУё муайян кард, ки рохашро
дигар намуд. Ба ман ишора кард, ки ran назанам, то ки ба
омадани оху сУи чашма халал нарасонам. Болои майса
якпаҳлу задам ва хостам ки чй навъ пайдо шудани охуро
бубинам. Ахмад аз чонибе худро карор дод, ки бод ба
мукобилаш мевазид. Яке бо баромади шуоъи офтоб, охуе
сари кУх пайдо шуда, чор тарафашро як назора карду рУ
198
ба сӯи чашма овард. Аммо оҳу якдафъаИ поён нашуд, балки
эҳтиёткорона, 6а ин сУву он сӯяш нигоҳкунон аз кӯҳ
мефаромад, мисле ки саросема набуду, об хӯрдан намехост.
Аз ин чост, ки чанд чо истода, алафҳои хушбУйро чарида,
боз ба фаромаданаш идома дод. Аз роҳгардии бовиқоронаи
оҳу ҳаловат мебурдам ва ҳам дилам месУхт, ки баъди чанд
дақика ҳадафи тири Ахмад карор мегирад. Вале бо ин ки
инсон бераҳм аст, худро тасалло медодам. Инсон бояд кушад,
сУзонад, занад, ба яғмо барад, тачовуз кунад. Оре, инсон
хеле чоҳил аст. Чй ҳам гуфта метавонистам, ки ин ҳамаро
инсон гУё ба хости худо мекунад. Вақте ки инсон инсони
дигареро ба қатл мерасонад, охуи бечора чй илоч пайдо
мекунад? Ҳеч! Оҳу ба чохилии инсон иқрор буд, зеро
борҳо дидааст, ки оҳубачаҳояшро заданду бурдаанд. Аз ин
чост, ки ин субҳи содиқ оҳу аз инсон таре дошт ва бисёр
боэҳтиёт сӯи чашма мерафт. Оҳу гуё охирин лаҳзаҳои
зиндагиашро мефаҳмид, ки намехост алафҳои фоидаоварро
начарида гузарад, боз каме, боз каме гУён ҳарчи гиёҳе аз
пеши рУяш мебаромад, онро ба даҳон мегирифту cap боло
карда, хеле боиштиёк мехоид ва баъд фурӯ мебурд. Бо ин
хол то сари чашма расид. Сар поин кард, лабон ба оби
чашма гузошт, аммо нанУшид, балки бори охир cap боло
кард, чаҳонро бо зебоиҳояш дид ва баъд майли обнУшй намуд.
Хеле бозавқ аз оби чашмаи кӯҳй ҳаловат мебурд, ки якбора
садои тир ба гӯшаш омаду дигар чора наёфту якнаҳлу болои
замин афтид. Оҳу ҳис кард, ки аз кабати гУшаш хун чорй
мешавад, хост ки аз чояш бархезад, баланд ҳам шуд, аммо
дигар на он баландй буд, ки Уро начот дода метавонист.
Оху бори охир ба умеди зиндагй чашм кушод, вале болои
сараш инсонро дид, ки корде дар даст дошт. Оре, оҳу
мачрӯҳ туда буд.
Банда хама ин даҳшати ба сари оҳу омадаро назора
мекардам. Ман хам интизорй надоштам, ки ба ин зуди хуни
оҳу мерезад. Ин лаҳза худро маломат мекардам, ки охир,
бо айби ман Ахмад оҳуро бечон кард. Чй лозим буд, ки бо
гуноҳи ман ин ҳайвони кӯҳии зебопайкар ба катл расад?
Боз андеша кардам, ки ман хам инсон хастам-ку! Пас ман,
ки ҳаминам, бояд ба сари оҳуи мачрУҲ ҳозир шавам.
Ахмад хам даст гардонд, то ки ба наздаш поин шавам.
Давидам, чанд бор афтидам ва хуб хис кардам, ки кУҳдавиву
кУҳфурой ҳам хунар аст. Агар ба коидахои он риоя накунй,
гардан шикастан мумкин аст. Банда, ки ханУз дар навчавонй
аз мактаби кУҳнавардй бо устодони петербургй гузашта будам
ва дарача хам доштам, аз кУҳгардӣ чандон таре надоштам.
199
Омадам. Болои тани оҳу сарамро пойин кардам. Дидам, ки
оҳу гиря мекард, гӯё ба ман менигарист ва «хай, хай» мегуфт.
Ахмад пирӯз шуда буд. У исбот кард, ки шикорчии мохир
аст. Дидй, Худойназархон? Бо як файр оху чаппа шуд.
Оре, гуфтам, ту вокеан шикорчии моҳир будай ва илова
намудам: «Ахмад, магар дилат ба ин оҳуи зебочашм
намесӯзад»? На хайр, --гуфт Ахмад. Ин неъмати худост.
Худой муттаол окилиҳо бисёр дора. Ҳама чизи зебо ва
неъматҳоро ба хотири мо офарида. Ин охуи зебочашм хам
аз ҳамон неъматҳост, ки ин субҳ барои мо ато карда; шукри
худо, ки дар ин чода дасти бандаро кам накарда, балки
муваффак сохта, гуфт Ахмад. Бояд пӯстша хароб накард.
Оҳуро тарзе пУст канд, ки ҷое аз он нукс пайдо накунад.
Табиист, ки нархи пУсти оху дар бозор гарон буд. Оху
хеле калон намудор шуд. Тани охуро ба чанд кием чудо
карда ба хӯрчинҳо андохт. Аспхоро кашон-кашон оварда,
гУштро ба аспҳо бор кардем. Аспхо ба душворй рох
мерафтанд. Соатҳои 12 ба кароргоҳ расидем. Ба Ахмад
фармудам, ки як ронашро ба ошпази мо дихад, дигарашро
баробар ба хама муздурону маъмурин таксим кунад. Дар
ботин мегуфтам: агар ин оху неъмати ато кардан худо бошад,
пас мо кори савобе анчом додем. Ин бандаҳои худо дар
умрашон кам гУшт хУрдаанд. Акнун ду-се рУз гУпггхурй
мекунанд. Бигузор ба инсони худо ташаккур гУянд.
Бегоҳй шӯравиҳо аз кӯҳу дашт баргашта, пусти охуро
диданд, ки намак мехурд. Слававу Вадим наздики пуст
рафта, пурсиданд, ки ин чанд кило гУигг дошт? Ахмад чавоб
дод, ки «тахминан, ҳаштод килу гУигг кард дига». Ин бегохй
Абдулмуҳаммади ошпаз барои муштариёни хоричиаш аз
гУпгги рони оху котлет пухта кард. Котлеташ нисбат ба гУшти
шУрбояш болаззаттар баромад. Ин оху боис шуд, ки даҳ
рУз бепул гУшт хУрем.
Хун дар рУи муздурон хам пайдо шуд. Онҳо ҳамагӣ
ба тарчумон умри тУлонй мехостанд. Азимхони маъмур
мегуфт: «Агар дар ин гурӯҳ Худойназархон набоша, мо
ҳамагй аз бегУштй мемирем. Офарин ба тарчумон!»
Субҳи ҳафтуми сентябр дар рӯҳияи ин ки Фотима
парвоз мекунад, боз ба шикор баромадам. Акнун худам
танхо. Дараеро интихоб намудаму аспро он сУ рондам.
Офтоббаромад селаи кабкон аз кӯҳ ба доманаи он поён
мефаромаданд, то ки аз оби мусаффои кӯҳй баҳравар шаванд.
Он чоро интихоб кардаму интизорй кашидам. Аспро дуртар
cap додам, зеро баъзан пих-пих карда кабкҳоро мегурезонд.
Дидам, ки кабкҳо бо роҳгардиҳои кабконаи худ, гохе cap
200
ба замин мебурданду гоҳе сарҳоро болокунон ба ҳадаф наздик
шуда истодаанд. Чил-панчоҳ кабк, бо роҳбаладии
саркардаашон ба лаби чуй фаромаданд. Дар лаҳзаи
обнУшиашон халал нарасондам. Бигузор, оромона об нУшанд.
Агар лахзаи обнУшиашон тир холӣ мекардам, барои онҳо
чабр меигуд. Шояд тир ба ҳамоне мехӯрд, ки ҳоло аз об
сер нашудааст. Хуб тамошошон кардам, кабкҳои ватанам
пенш назарам омаданд. Кабкҳои бузургу гардансафед, чунон
аз оби саҳарй ҳаловат мебурданд, ки ҳеч ангуштам ба зер
кардани забончаи ту фанг намерафт. ГУё аз об сер шуданд,
ки ҳамагй нУлхошонро як такой дода, сипас барои шикори
малаху дигар ҳашарот ба теппа рУболо шуданд. Бо дили
нохоҳам файр кардам, ки сето кабк пар-паркунон ба замин
афтоданд. Кабкҳои дигар як назар ба кабкҳои тирхӯрда
андохтанду байни буттаву хас худро иинхон намуданд.
Имкон дошт, ки шикорро идома диҳам, вале нахостам, барои
чор кас се кабк кифоя мекунад,- гуфтаму кабкҳоро бо химчае
хамел андохта сари коши зин партофтам. Ин нахустин
шикорам буд, ки се чондорро бечон сохтам. Дуруст аст, ки
дар бачагй бо гулак шикори гунчишк мекардам ва хамон
айём хеле моҳир ҳам будам. ҲамарУза 10-15 гунҷишк бо
санги гулаки ман гирифтор мешуданд. Он вакт
намефаҳмидам, ки баъди рУи замин афтидани гунчишк
гардани онро бо корд буридан лозим аст, балки ман зуд
калаашонро канда мепартофтам. Ин рУз, ки се кабкро
гелондам, калаашонро накандам ва аз корд хам истифода
набурдам, зеро тири сочма хуни онҳоро рехта буд, аз ин рУ
онҳоро ҳалол шуморидан мешуд. Аз шикори банда
ҳамкоронам хушҳол буданд. Слава мегуфт, ки гУшти
гУсфанду оху ба дилам задааст, хуб шуд, ки акнун ба гУпгги
кабк, ки яке аз ғизоҳои Брежнев хает, одат мекунем.
Субҳи хаштум низ нияти шикори кабк намудам. Ин
дафъа дигар самтро интихоб кардам. Он чо, ки факат хаси
сафед мерӯид. Одатан, аз асп поён нашуда, ба роҳравиҳои
кабк диққат медодам. Ҳар чондоре, ки миёни алафхо шУр
мехУрд, гУшҳои асп сих мешуданд. Узви хисси шунавоии
асп ҳам хеле тараккикарда будааст. Ҳамеша огоҳам месохт,
ки ҳушёр бошам. Гӯшҳои асп ки сих мешуданд, картусро ба
тирдон меандохтам ва омода мешу дам, ки аз кадом сУ кабк
садо мебарорад. Гап дар ин аст, ки бисёри мавридҳо кабкҳо
бо хонданҳошон шикорчиро хабар медоданд, ки ой, ин тараф
нигох кун, мо ана ин чо байни хаси баланд пинҳон ҳастем.
Вокеан, имрУз хеле болову поён аспро азоб додам, ҳеҷ не
ки кабкеро ба мушоҳида гирам. Офтоб гармиашро зиёд
201
месохт. Дар назарам офтоб он кадар наздик буд, ки кухи
Оҳанкашон аз офтоб баландтар меистод. Ман кулох донггам,
вале аз болои кулох хам таъсири офтоб сарамро месУзонд.
Дар дил мегуфтам, ин саҳар бо кадом даст аз чой баланд
туда бошам, ки ягон паррандае пар намезанад. Асп монда
туда буд, ки сарашро ба поин хам менамуд. Ба гумонам,
ташна шуда буд, вале аспи тарбиятдидаи қандаҳорй ба
эҳтироми соҳиби болои зинаш аз пуртокати кор мегирифт
ва ҳатто пих-пих хам намекард. Агар ба чойи асп маркаб
мешуд, вингоси хармагасеро баҳона карда, ду дафъа пойҳои
қафояшро ба осмон ҳаво дода, сохибашро болои замин
мегузошту худаш фихаскунон роҳи қароргоҳро пеш
мегирифт. Ба ҳар хол аси харигарй надорад, балки хайвони
аҷибест, ки кас мехоҳад соатҳо тамошояш кунад. Аспи банда
хамин навъ асп буд. Ист мегуфтам, қарор мекард, рафтем
мегуфтам, боз оромона пеш мерафт.
Бо андешахои аспдУстиам банд будам, хоб хам
фишорам оварда буд ва ноумедона сари аспро чониби
кароргох гардонданй будам, ки аз байни тӯпи хасҳову
гулхорҳо садои хондани кабкҳо ба гУшам расид. Асп хам
гУшҳояшро сих намуда, бо он бутаҳо нигоҳ кардан гирифт.
Хеле интизор шудам, то ки бори дигар хондани кабркро
шунаваму чояшро муайян намоям, вале дигар садое
набаромад. Ҳарчи бодо бод гуфтаму аспро огоҳ сохтам, ки
чонвар ман аз болоят поин намешавам, натарс, садои тир
бароят хавфе намеорад. Худамро болои зин махкам чо ба чо
намуда, ба байни хасҳо як тир холй кардам. Аси як шУр
хУрду дигар амале нишон надод. Ғайричашмдошт, аз байни
хаси баланд кабке тапар-тапаркунон болову поин мешуд.
Ба зудй аз асп поён шуда, байни хасу хор даромада, онро ба
даст гирифтам. Кабки кал он буд. Тахмин кардам, ки ду кило
гУшт мекунад. Акнун худамро ба сифати шикорчии моҳире
эътироф мекардагй шудам. Охир, ба як чойи номаълум тир
андозеду аз он чо чонваре пар-паркунон пешвозат гирад,
магар кайфият надорад? Оҳо, инро ҳамон шахсе мефахмад,
ки худ анчом додаасту ба даст доштааст. Хушҳол шудам.
Намедонам болои асп чи хел баромадаму чи навъ ба хаймаам
расидаам. Асп ҳам роҳгардиашро тағйир дод, агар аввал
топ-топ кунон пой мемонд, акнун йурға шуд, яъне роҳгардии
духтаронаро пеш гирифт. Йурға, навъи роҳгардии махсуси
аспҳост. Ин холат чонвар гУё парида-парида роҳ мерафт.
Шаби хапггум ҳам бародарони шӯравиамро бо гУшти
кабк меҳмон намудам. Онхо, мисле ки мазахУрак шуда
буданд, ки савол медоданд: пагоҳ низ гУшти кабк мехУрем?
202
Бале, гуфтам, агар шикорам барор гирад, албатта мехӯред.
Онҳо, албатта дар ботин мегуфтанд, хуб тарчумони содда
дорем. Барой як кило гӯшт шуда теппа ба теппаву кУҳ ба
кӯҳ мегардад. Вале барои банда шикори кабк як навъ
истироҳати ҳаловатбахше буд. Шикор, агар барор хам
наёбад, инсонро бачуръат месозад, ӯро солим нигоҳ медорад
ва хам масъулиятмандаш менамояд. Аммо шикор барои чони
шикорчй хатар хам оварданаш мумкин аст. Албатта, ба банда
боре гургу паланг ҳучум наовардааст ва ин навъи ҳайвони
дарранда вучуд хам медошт, онхо дар баландихо чойгир
буданд, ки ба он сари кӯҳҳо чуръати баромадан намекардам.
Вале боре бехотир аз пеши роҳам, рост шудани мори
айнакдор, кайфамро паронд. Хайрият болои асп будам. Мор
бошад дар масофаи ду-се метр намегузошт, ки рохамро
идома бахшам. Аси хам тарсида буд, зеро мор фашшаст
мекард ва забонашро се-чор сантиметр берун мебароварду
боз дарун мекашид. Ҳеч гоҳ мори айнакдорро аз наздик
надида будам. Намедонистам чй кор кунам. Роҳ, ки аз даруни
чангалзор мегузашт, чунон танг буд, ки чилави аспро ба
кафо гардондан хам имкон надошт. Аз сӯи дигар,
метарсидам, ки агар шӯр хУрам шояд бо як чаҳиш ба рУям
неш мезанад. Чанд дакика чашм сУи чашмони мор карор
додам. Дар фикрам зад, ки аз бахри як картуси сочма
газараму ба сараш файр кунам. Аммо мор ин кадар зебо
буд, ки рУяш рУи духтарро мемонд. Мисле, ки дар cap
рӯймоли зарде дошт. Аз замин, ки ним метр боло меистод,
тамоми баданаш накшу нигор дошт, гУё пирохани парчай
дар бадан карда буд. Вокеан зебо буд. Ин аст, ки пусти
онро гарбиён ин кадар зиёд мепазиранд. Бонувони
ашрофзодаи даврони Николай ва хонумони фаронсавй аз
пусти мори айнакдор барои худ ҳар навъ афзор месохтаанд.
Ҳайрон аз он будам, ки чаро дакиқаҳо мегузаранду мори
айнакдор холо хам забондарозй мекунад. Наход гумон
намекард, ки дар рӯ ба рУяш инсон истодааст, соҳиби табиату
ҷаҳон инсон аст, чаро ин кадар бо инсон ба воситаи чашму
забои ва садои фашшасдораш баҳс менамояд? Агар инсон
ба каҳр биояд, ҳолаш чй мешуда бошад. Ман дар рУ ба рУи
мор карор доштаму аз чониби он ба андеша даромада раҳми
вайро мехУрдам, ки хамин кадар чонвари зебо имкон дорад,
ки бо якравиву сарсахтиаш худашро хуношом созад. Хулоса,
аз сӯҳбати мор чизе нафаҳмидам. Чй мехост, худаш
медонист, на хучум меовард ва на аз сари рохам дур мешуд.
РУзаш тамом 1нуда будааст. Туфангро, ки дар коши зин
овезон буд, боло бардоштаму яке якбора файр кардам. Сочма
203
ба сару рӯяш хӯрд. Мор як ҳавоӣ шуду ба замин афтод.
Хеле худро шӯр дод, кУнгиш намуд, ки боз баланд шаваду
забонбозӣ кунад, вале натавонист. Сочма тамоми сару рӯяшро
шикофта буд. Ҳоло ҳам аз асп поён намешудам, зеро
мегуфтанд, ки ҳар мор боз чуфте дорад, ва ҳатман аз пайи
касос мешавад. Чанд дақиқа интизор шудам, аммо аз чонибе
ба чони мори айнакдори якрав ёрй нарасид. Сипас аз асп
фаромадаму морро аз замин боло карда ба сари коши зин
гузоштам. Тақрибан якуним метр дарозй дошт. Дигар ба
хотири шикори кабк ба иеш нарафта, балки сари аспро сӯи
шаҳрчаамон гардондам. Рӯз ҳам гарм шуда буд. Аспро ба
чояш бастаму пинҳонӣ аз дохилиҳо морро ба даст гирифта,
болои девори ташнобамон (чойи даст ба хок), ки як метр бо
девори сангй баланд карда будем, гузоштам. Мақсади ман,
Славаро тарсоддан буд. Соатҳои чор ҳамкоронам аз сафари
тиллокобй омаданд. Нони чоштро дар аср хӯрданду ба
истироҳат пардохтанд. Ман назди хаймаам сандилиеро
гузонгга, ба китобхонй машғул шуда, аммо хушу тушам сУи
мори мурда буд, ки сари девор ҳоло ҳам дароз хоб рафтааст.
Ноомади корро бинед, ки ягон каси шӯравиҳо ба ташноб
эҳтиёч пайдо намекард. Ҳайрон мондам ва ҳам бетоқат
тлудаму ба Слава садо задам. Чаро гуфтам ҳар рУз бо дуди
сигорат аз ташноб берун намешудй, вале имрУз ин кадар
ором ҳастӣ. Чй гуфт, дигар кор надорй, ки ба ташнобравии
ман ғараз мегирй? Не, ҳамин хел як пурсидам. Нахоҳӣ,
нарав, касе туро мачбур намесозад. Ман хамин хел дар
омади ran пурсидам. Славачон гуфтам, наранч, ман шУхй
кардам.
Банда холо хам сари окибати мори сари девор андеша
доштам ва худ ба худ мегуфтам, ки ба умеди шУхиам
ягонтааш боз гурдакаф нашавад. Боз хам чихати шУхигариам
боло гирифту токат намуда, интизорй кашидам. Як вакт
дидам, ки Слава саросемавор аз каташ боло шуду сигорро
бар лабон гузошту берун шуд ва дид, ки ман пойҳоям болои
хам нишастааму гУё Уро намебинам. Слава рост ба тарафи
ташноб мерафт. Ман чашмам гУё ба китоб буду Уро мушохида
менамудам. Ба ташноби сангй даромаду шалворашро поён
мекард, ки чашмаш ба мор афтид, ки дароз хоб рафта буд.
Ҳамин ҳолат, «ой, мама», гУён тасмаи шалвор дар даст
тарафи хайма мегурехт. Чй шуд, Слава, чй ran аст, гУй охир,
магар каждум газид? На хайр, на хайр гуфт саросемавор,
он чо сари девори ташноб мори бузургчуссае хоб рафтааст.
Шербинаву Тарасенко ва боз ду геофизики дигар, ки дар
хаймаашон буданд, Давида баромада, «где, где» гуфта аз
204
Слава мепурсиданд. Дар ташноб, гуфт Слава. Ман хам ин
лаҳза гӯё чизеро намедонам, бо онҳо якчоя сУи ташноб
Давидам. Ҳамакаса ташнобро мухосира кардем. Ҳеҷ кас
ҷуръат намекард. Шербина мегуфт, оҳиста, шӯр нахУред,
мор хоб аст, агар бедор шавад, ба ягонтоамон дармеафтад.
Як чузъиётро нагуфтам. Вахте ки морро болои девор
гузоштам, сари онро, ки пурхун ва ғелбол шуда буд, зери
сангҳо пинҳон намудам. Аз ин чост, ки русҳо фахат тани
морро медиданду бас. Дар кароргох сару садо баланд
гардид. Афғонҳо ҳам аз хаймаҳо баромада, ба тамошои мор
ҳозир шуданд. Маслиҳат мекарданд, ки чй бояд кард? Ҳоло
мор дар истироҳат аст, бедор шавад, ин кароргоҳро ба хок
яксон менамояд. Ин воҳимаро Азимхони маъмур меандохт.
Яктоаш мегуфт: «Ой, бача шУр нахур, ки морро бедор
мекунй». Ман дуртар рафта мушоҳида менамудам, ки кадоме
аз инҳо чуръат карда, морро зада мекушад. Вале на шУравихо
ва на афғонҳо ба чунин амал даст заданро зоҳир накарданд.
Баъди тамошои 10-15 дақиқаӣ дидам, ки ба махсадам расидам,
наздики мор рафтаму онро аз нӯги думғозааш допгга боло
намудам ва коҳ-коҳ ханда cap додам. Хун ба рУи хама
давид. Вахте ки ба худ омаданд, ҳамагӣ хандаи баланде cap
доданд. Банда морро кашолакунон ба масофаи бист метр
дуртар аз ташноб г У рондам, то ки дувумаш дар кофту коби
он шуда, боз шӯравиҳоро натарсонад. Слава, ки аз хама
беш тарсида буд, хариб ки бо ман даст ба гиребон шавад.
Дар хахихат, У тарсида буд. Субҳи дигар дар лабонаш
доначаҳо ва чароҳат пайдо шуд. Бо ман хахрй буд, ran
намезад. Банда бошам, фурсат мекофтам, ки бо Слава оштй
кунам. Вахти чошт ҳам расиду ошпаз ғизои аввалро
болои миз гузопгг. НонхУри шурУъ шуд ва дидам, ки бечора
Слава хошухро ба душворй ба даҳон мебарад. Дилам сУхту
гуфтам: Слава, «Вазелин помогает». У як сӯям песонду гуфт:
«Без тебя знаю». Вадим бошад, таги дил хуб механдид.
Шербина сир бой намедод.
Бо тасвири мочарои мори айнакдор ва охибати нохуби
он бо Слава Гришин, мавзУи шикорро ба поён мерасонам.
Ҳоло хам дар Оҳанкашонам ва шояд гапҳои мегуфтании
дигар хам падид оянд. Ба умеди дониши дигаре аз минтахаи
Оханкашон...
Нон ва кадри он
Моххое, ки дар Оханкашон будам, ҳар шаб, соатҳои
205
11» барномаҳои радиои Душанберо гӯш мекардам. Шаби 5-
уми сентябр як барномаеро шунавонданд, ки «Нон ва кадри
он» унвон дошт. Хулосааш он буд, ки чавонон ба кадри нон
расанд. Ин барномаро шунидаму имрӯзи Афғонистон аз
пеши назарам гузангг ва хостам, ки 6а ин мавзУъ чанд саҳифае
бахшам. Аммо боз 6а андешае рафтаму як дафъа солҳои
кӯдакиву наврасии худамро ба хотир оварданй шудам. Ин
ҳолат дидам, ки рӯзгори точиконе, ки имрӯз сй сол доранд
ва ё ба чилсолагй расидаанд, аз рӯзгори имрӯзи Афғонистон
ҳеч тафовуте надошт. Банда, ки ҳафт моҳ баъд аз оғози
чанги Олмон 6о Шӯравй таваллуд ёфтаму акнун ба сию як
кадам мемонам, панч соли чангро ба хотир надошта бошам
ҳам, солҳои 1946 — 1950-ро хуб дар ёд дорам. Дар хонаводаи
мо се бародарон тарбият меёфтем. Падарамон муаллими
«сурх» буду модарамон хонашин. Қиблагоҳ маоши баде
намегирифт, вале бо пул нон харидан душвор буд. Дар
хонадони муаллим маводи ғизой камчин буд. Аз Кӯлоб барои
муаллим нони сиёҳи туруш равон мекарданд.
Рӯзеро дар ёд дорам, ки модари бечораам маро бо худ
гирифта алафчинй бурд. Мо алаферо бо номи «токисарак»
чинда, хона овардем. Модарам он алафро ба дег андохта
хӯб чӯшонд ва баъд ба табак кашиду як коса дуғро ба он
омехта намуд. Модарам хӯрдани ману бародари калонамро
аз гӯшае назора карда, гиря мекард, ки фарзандонаш алаф
хӯрда истодаанд. Оҳиста-оҳиста зиндагии мардуми точик
хуб шуд. Чунон сериву пурй шуд, ки дар чойхонаву
хонаводаҳо халтаҳо пур аз нони тагмонда мешуд. Солҳои
донишҷӯй ба мушоҳида мегирифтам, ки дар ошхонаҳои
шаҳри Душанбе чавонон баъд аз хӯрок лабҳоро бо коғази
рӯи миз не, балки бо нон пок мекардагӣ шуданд. Ҳамон
солҳо эҳсос менамудам, ки чунин рафтори одамон дар
мавриди нон касофатеро пеш хоҳад овард...
Ҳоло дар Афғонистон мебинам, ки нон то чй андоза
камёфт аст. Садҳо ва ҳазорон кӯдакону наврасон ва модарон
ба нон эҳтиёч доранд, нон гуфта чон ба ҳак месупоранд.
Дар ҳама ҷо: чи бозор ва чи кӯча бенавоёни Афғонистон
нон мегӯянд. Гуруснагӣ кӯдаконро мачбур сохтааст, ки
пучоқу пусти харбузаву тарбуз ва картошкаву себро аз
ахлотчойҳо чида хӯранд, то ки намиранд. Ҳукумати
Афғонистони шоҳй 90 нафар кУдакони дар кУчаҳо
саргардонбудаи Чихчаронро ба чое чамъ намуда, ба онҳо
нону шир медиҳад. Чунин икдоми давлат идома нахоҳад
ёфт, зеро тамоми навоҳии Чихчарон ба ширу нон эҳтиёчманд
аст.
206
Рӯзҳои наздик дар бозори Чихчарон кУдаки чор-
панчсолаеро дидам, ки ба хотири як бурда нон, ё як кирон
ба даст овардан, байтҳои ишқиро азёд мехонд. Ин кӯдак
роҳи зинда монданро чустуҷӯ дошт. Зани бенавое дар назди
ошхонаи толибилмон менишаст, то ки ба ӯ низ ғизое
бидиҳанд. Кормандони пулис вайро мезаданд, болои замин
кашак мекарданд, вале У ҳамоно мукобилият нишон медод
ва доду фарёд мекард: «Око, оқоҷон ғаразам нагир, аз
гуруснагй мемирам. Маро бигзоред ба ҳоли худ, то ки ин
кУдакҳо ягон порча нонро сӯям партоянд». Ин лаҳзаҳои
мудҳишро медидаму ба зУр оби дидаамро медоштам. Мисоли
дигар: Кӯдаки сесолае акнун роҳгардиро меомУзаду ачал-
пачал чанд ҳарф мебофад, аммо калимаи нонро хело бурову
равшан талаффуз менамуд. Дастчаҳояшро ба пеш дароз
карда, касе ки аз наздаш мегузашт, факат нон мегуфту бас.
Калимаи дигареро ёд надошт. Чй хел як шӯравӣ метавонист
ба ҳоли ин кУдак нигарад? Хеле даҳшатбор буд, барон банда,
ҳарчанд ки кУдакии ман ҳам аз ин кӯдак хуб набуд, вале
фарк дар он буд, ки мо наметалабидем.
Дар кУчаҳои Чихчарон сайру гангг мекардаму аз як
cap ба кУдаконе менигаристам, ки сари роҳ, болои зону и
модарон хобанду онҳоро магас мехУрад. Кӯдакон ба ин
дарача беҳоланд, ки магасашонро пеш карда наметавонанд.
Чунин рӯзҳо ба ҳар кучо ки мерафтам, оа гӯшам як садои
ғамангез мерасид:»Соҳиб гушнаам, соҳиб як ҳафта боз чизе
нахУрдаам...» Лекин 6о сабабҳои маълум ба онон ёрие
расонда наметавонистам. Бисёр буданд, хеле бисёр... Онҳо
ҳазорон буданд, ки аз бехи девору дарахтон чашм ба нафари
чоқ —фарбеҳ медӯхтанд.
То ин чо расидаму ба фарзандонам муроҷиаткунон
чунин чумлаҳоро раво дидам: «Фарзандони азиз! Насиҳатам
ин хоҳад буд, ки ҳеч вакт нонро пеши пой назанед.
Майдарезаҳои нонро мисли ришсафедон аз замин бардошта
бибУседу баъд ба даҳон партоед. Нон сарчашмаи зиндагии
инсон аст. Орзумандам, ки рУзе мерасаду ин кУдакони
барчомондаи Чихчарон мисли кУдакони точики мо, мисли
шумо-азизонам, соҳиби нон мешаванд, дигар ба хотири нон
онҳоро магасҳо хуру пуч намекунанд».
Ба ин ҷумлаи охир нуқта монда будам, ки соат ёздаҳу
сии шаб шуду ҳунарманди точик Фузайлов бо кУшнай
навохтан дорад. Чи садои фораму чи садои пурмаъние. Як
чаҳон маънй дошт он садои кУшнайи Фузайлов. ГУшаки
радиоро дигар сӯ тоб додаму аз даргоҳи худованди карим
талаб намуда, гуфтам: «Оҳ, худо накунад, ки давроне пеш
207
ояду рУзгори кӯдаки тоҷик ба солҳои ҷанги Олмон баргардад,
он вақт бадбахтии бузурге мардуми моро пахш хоҳад кард».
Бо овардани мазмуни фавк мехоҳам дафтари дувумро
пӯшонаму таваҷҷӯҳи хонандаро ба дониши тозае аз дафтари
сеюми хотираҳои Афғонистони шоҳй равона созам. Дар
таърихи ҳаштуми сентябри соли 1972 дафтари раками ду ба
поён расид. Худо кунад, ки аз ин дафтар хушатон омада
бошад.
208
ДАФТАРИ СЕЮМ
(9.09.1972 - 22.11.1973)
209
Шикор ба хотири чи буд?
Ҳар вакт, ки ба сафар мебаромадем, вобаста ба
мӯҳлати корҳои саҳрой, чанд ҳазорй афғонй ҷамъ менамудем.
Пули чамъшуда дар дасти тарчумон — хазинадори гурӯҳ
Карор дошт. Азбаски ҳар кадоми мо 6а ғайр аз хӯрдану
пӯшидан бояд андаке маблағ чамъ менамудем, ҳини сафарҳои
дуру дароз кӯшиш мекардем, ки камтар масраф кунем. Дар
ин навъ сафарҳо пул бештар барои гӯпгги тоза харидан лозим
буд.
Тавре ки хонандаи гиромй, огаҳ шудед, мавзӯи
гӯсфандхарии банда хамеша мавриди баҳс карор мегирифт.
Дар ин чода арбобҳои минтакаро истифода намуда, 6а нархи
хеле арзон гуруҳро бо гӯшти гӯсфанд таъмин мекардам. То
рафтанамон такрибан як моҳ монда бошад ҳам, масъалаи
6а гӯшт таъмин кардани гуруҳ дар миён буд. Арбобҳо дигар
чандон 6а мо диққат намедоданд. Ҳар дафъа, ки барои
харидории гУсфанде ба онҳо муроҷиат менамудам, баҳонаҳо
пеш оварда, вакти ваъдагй гУсфандро ба кароргохи мо ҳозир
намекарданд.
Ошпазамон Абдулмуҳаммад рУзе назди банда чанчол
бардошт, ки «тарчумон соҳиб, чй кунам, гӯшт тамом шуд.
Ин шӯравиҳо бегӯшт ғизо намехӯранд. Ягон чора
биандешед...» Ӯ дуруст мегуфт, худи ман хам бе гУшт
хУрокро намепазируфтам. Аз ин рӯ, 6а қарияи Работак
рафтанй шудам. Арбобашро Қодир мегуфтанд, ки хеле
мумсик буд. Ҳини ҳаракат яке аз муздуронамон иттилоъ
дод, ки гУсфандҳои Қодир дар ҳамин наздикиҳо мебошанд.
Ба ҳар ҳол субҳ барвакт болои асп худро гирифтаму аз
Слава Гришин хоҳиш намудам, ки ба воситаи ратсия фаҳмад,
Фотима бо модараш парвоз кардаанд ё не. Ратсия, ки соати
8.00 чолон мешуд, маътал шуда наметавонистам.
Мутаассифона, арбоб-Қодирро дар деҳааш пайдо
накардам. Ду писараш, ки он чо ҳузур доштанд, аз мақсади
камина пай бурданд ва гуфтанд: «Мо гУсфанди савдой
надорем». Азбаски худи арбоб набуд, бо бачаҳои У сӯҳбат
кардан фонда надопгг. Дар ғам мондам: ГУпггу равғанамон
барои ду рУз мерасид. Мачбур будем, ки ба гУсфанди
ваъдагии Мирзоалаёр интизорй бикашем. Ба чунин андеша
омадам, ки агар дар ин ду рУз аз арбоби Оби Гарм гУсфанд
нарасад, мачбур мешавем баррачаи нозанинамонро, ки
худамон калонаш карда будем, қурбон кунем.
Пас гаштанам мумкин набуд. Бояд арбоб-Қодирро
210
пайдо мекардам. Як роҳгузар нафаҳмида гуфт, ки ҳоло
дидааст, ки арбоб дар сари гандумҳояш мебошад. То он чо
аспро давондам, то ки арбоб нагурезад. Тасаввур кунед, ки
аспи бечора нимсоата рохро давидааст. Аз бадани асп обу
арак мерехт. Чи илоч? Масъулият бар душам буд. Арбоб як
гӯсфанди лоғарро нишон дода, киматашро 1200 афғонй гуфт.
Ҳол он ки гУсфандаш ба 400 афғонй намеарзид. Оре,
мумсикии арбоб бори дигар аён гашт. Қаҳрам омаду сари
аспро сӯи теппа, ки 6а Оҳанкашон мебурд, гардондам. Бо
табъи хира ба қароргоҳ расидам. Оншаз дид, ки бидуни
гУсфанд омада истодаам, гуфт: «Хо, тарчумон сохиб, хайр
аст, баррачаро cap мезанам. Медонам, ки дӯсташ дорй, аммо
хоҳу нохоҳ рӯзе мекушемаш, ба Кобул-ку онро намебарй!».
«Бале, бале, Абдулмуҳаммад метавонӣ баррачаи шУравихоро
cap бизанӣ. Аммо равғанаш, ки кам аст, касеро ба Чихчарон
равон кардан лозим меояд, ки равған харидорй намояд».
Гӯнгги баррача барои шаш-ҳафт рУз кифоя мекард.
Шояд саволе ба миён биояд, ки чаро гУсфандхоро
фақат аз арбобҳо мерӯёндем? Чавоб ин аст, ки хар арбоб то
ҳазор cap моли майда дошт. Аз дигар сӯ, онхо амри волиро
гирифта буданд, ки дар он масъалаи дасти ёрй дароз намудан
ба мутахассисин матрах шуда буд. Гузашта аз ин, аз арбоб
бо нархи камтар харидорй намудан, айб набуд. ГУсфанде,
ки ба ҳазор афғонй меарзад ба 500 афғонй мегирифтам.
Дигар ин ки аксари арбобҳо эҳтиромам мекарданд. Баъзан
чунин хам мешуд, ки онхо пули гУсфандро намегирифтанд,
лекин ба чейбашон меандохтам.
Аммо вақтҳои охир ҳис менамудам, ки баъзе арбобҳо
муносибаташонро нисбати гУсфандхарихо тагйир доданд.
Онҳо ваъда медоданду ичро намекарданд. Масалан, рӯзи
18-ум ҳамроҳи Мирзоакрам ном мардикорамон ба чониби
деҳаҳои Харбед ва Оби Гарм сафар кардем. Бояд ду cap
ГУсфанд ба даст меовардем, то ки барои рУзҳои боқимонда
басандагй кунад. Сари роҳ як кабкро бечон намудам, ки аз
ин ҳисоб нони чоштамон беминнат мешуд. Аввал ба деҳаи
Харбед омадем. Ғуломнабй аз кабки худамон шУрбо омода
сохт. Табиист, ки Ғуломнабй медонист, ки саргардонии
тарчумон бахри чист, аммо ваъдаи катъй надод. Сипае роҳи
қарияи Оби Гармро пеш гирифтем. Мирзоалаёр кайхо ваъда
карда буд, ки гУсфандеро худаш меорад. Сари рох ба хонаи
Мирзоакрам даромадем. Бо хоҳиши соҳибхона як пиёла чой
гирифтему ба хонаи Мирзоалаёр раҳсипор шудем. Худаш
боз дар ҳавлиаш набуд. Бародараш Абдулҳаким ба
пешвозамон баромад. Маълум шуд, ки соатҳои 12-и рУз У
211
ба таъкиби дуздон баромадааст. Як саду се cap гУсфандашро
6о ҳамширааш дуздони арбобе 6а яғмо бурда буданд. Ба ин
хотир, Мирзоалаёр бо чанд бародараш мусаллаҳ туда, аз
пайи дуздони беинсоф ба кадом самте рафтааст. Боз хам
арбоби ваъдабоз ба чангам нахӯрд. Аз омадан пушаймон
будам.
Рӯз ҳам бегоҳ мешуд. Барой пас гаштан вактамон
кифоят намекард. Максад гузоштем, ки имшабро дар
меҳмонхонаи арбоб мегузаронем. Меҳмонхонаро чорӯб
заданд. Чангу хок ба осмон печид. Чанд дакиқа лозим шуд,
ки рӯи ҳавлӣ бимонам. Ин дафъа як кУрпачаи чиркин насибам
гашт. Узр хостанд, ки омадани меҳмонро чашмдошт
набудаанд. Шаб хУроки шомам шУрбои гУсфандй шуд. Мо
се кас сари дастархон будем, аммо дар як коса оби шУрбо
ва дар як косаи дигар гУшту картошка оварданд. ШУрборо
ба тартиби афғонй-шарқй хӯрдем. Ба коса нонро майда карда,
дасту остинро бар зада, сипас навола чУр намудем. Хеле
монда шуда будам ва намехостам, ки суҳбате сурат бигирад.
Ин хоҳиши каминаро Абдулҳаким фаҳмид, ки зуд рахти
хобамро омода сохт. Азбаски кУрпаву кӯрпачаҳояш чандон
озода набуданд, аз рУйчой ва кампали пашмин истифода
намудам.
Бо вучуди ин, шабам нороҳат поён ёфт. Кайку шабуш
ва шабзод фаъолият мекарданд. Баданамро молиш медоданд.
То субҳ бо онҳо мубориза бурдам. Пагоҳӣ баъди нонуигга
як пансад афгониро ба чейби Абдулҳаким андохтам, то ки
онро ба арбоб бидиҳаду хоҳиши бандаро хотиррасонаш
намояд. Тавре ки боре гуфтам, хам Мирзоалаёр ва хам
бародаронаш дуздони моҳири минтака буданд. Аз ин рУ,
метарсидам, ки ягон гУсфандй дуздидаашро ба сарам бор
мекунад. Бо ҳамин андеша аз бародари арбоб хоҳиш
намудам, ки «гУсфандй ҳалолии худатонро биёред..., агар
дуздй мекарда бошед, лозим нест». Абдулҳаким хандиду «на
хайр, на хайр» гуфт аз пушти сари мо.
Дар бозгашт арбоб-Туломнабиро дидем, ки
даъватшудагони карияашро ба хизмати аскарй гусел мекард.
Модарону арУсон ва хоҳарон оби дида мерехтанд.
Даъватшудагон бояд то маркази вилояти Қалъаи Нав пойи
пиёда мерафтанд.
Ғулонабӣ низ аз мавзУъ сухан накушод. Ман хам дигар
лозим надонистам, ки бори дигар аз гУсфанд сӯҳбат биороям.
Худоҳофизй кардаму роҳи Оҳанкашонро кӯтоҳ карданӣ
шудам. Ин дафъа низ дар хУрчинам «ваъда» овардам.
212
Омадан замон ба хаммом даромадам. Сару либосамро
ба тамом аз тан кашида ба тағора андохтаму оби ЧУшонро
cap додам. Мехостам, ки чанд шабуше, ки аз мехмонхонаи
Мирзоалаёр кахр карда ба чони ман часпида, то Оҳанкашон
омаданд, то ки ин чо наслашонро дар чони шӯравиҳо зиёд
нанамоянд, дар оби сӯзон нобуд шаванд. Худам хам баданро
бо собуни махсуси хоричй шустам ва либосҳои нав пУшидам.
Ҳамон навъе ки дидед, дар ин чанд рУз гУсфандхарии
ман барор нагирифт. Худ ба худ андешидам, ки бе гӯшт
ҳам рУзгор дида намешавад. Бояд фаъолияти шикорчигиро
инкишоф дод. Аз ин чост, ки дар ту ли моҳи сентябр ҳамарУза
ба шикори кабк мебаромадам ва хеч вакт бидуни кабки бечон
ба қароргоҳ намеомадам. Гоҳ-гоҳе Слава низ ба ин касалй
гирифтор шуд. У хоҳиш мекард, ки туфангро барояш диҳам
ва дар шикори кабк муваффақ мешуд. Пас, шикор, ки дар
аввалҳо барои ман ҳамчун вақтгузаронй ва истироҳат буд,
як моҳи охир моро аз бегУштй хам рахонид. Аз ин рУ, ба
саволе, ки дар сарлавҳа гузоштам, чунин чавоб додан мумкин
аст: шикор ба хотири гУшти тоза ба даст овардан сурат
мегирифт.
Табиати Оҳанкашон тағйир ёфт
Баъд аз бистумхои август ҳавои минтақа рУ ба сардй
овард. Абрхои парокандае пайдо мешуданд. Як рУз баъд
боз хаво гарм мешуд. Чанд рУз аст, ки «ачинабодак» зиёд
шудааст. Соатҳои 12 чунин бодхо пайдо шуда, соатҳои чор
ором мешуданд. Шабона дар бистар эхсоси хунукй
мекардем. Бод боз чараёнашро тағйир медод. Агар пештар
соати 12 шурУъ мешуд, акнун аз соати ҳашти пагоҳӣ ба
вазидан огоз мекард. Рафта-рафта боди Оханкашон шиддат
гирифт. Хаймаи шашнафариву даҳнафариро чунон
меларзонд, ки дигар тоқати дар даруни он истодан
надоштем. Хаймаи ман, ки дунафара буд, бод чандон ба он
зУр оварда наметавонист.
Рузе бод шиддат гирифт. Хаймаҳоро ба чунбиш
даровард. Дар хайма истироҳат мекардам. Азбаски бод чангу
хокро бардошт, табъам хира шуд. Мехостам хоб равам.
Хобам бурдааст. Хоб мебинам, ки ба хаймаи шӯравиҳо
даромаданй шудаму сэрам ба чубаш бархУрда хуншор шуд.
Саросемавор чойи бархУрди сарамро даст-даст кардам, то
чараёни хунро боздорам. Ҳамин лаҳза аз хоб бедор шудам.
Бод шадидан мевазид. Дар холати хоболуд аз хаймачаам
213
берун шудам ва дидам, ки хаймаи русҳо болои замин асту
доду фиғони Слававу Вадим ва Шербина дар ҳаво мепечад.
Чуби байни хайма ба фишори сахти бод тоб наоварда
мешиканад ва хайма болои инженерони хоб рафтагй чаппа
мешавад. Б а сабаби ин ки хайма калону брезенташ хеле
вазнин буд.онҳоро пахш мекунад.
Геологҳо бо тамоми кувва зУр мсзаданд, аммо худро
халос карда наметавонистанд. Роҳи баромади хаймаро пайдо
кардан душвор буд. Зуд ошпазро садо кардам, то дигаронро
ба ёрии шУравиҳо биоварад. Аз кучое як поячУби ростро
пайдо намуда, бо мушкилие хаймаро ба пой гузоштему
шӯравиҳо начот ёфтанд. Ин бод то соати шаши бегоҳ
шиддаташро паст накард.
Таҳчоиҳо гуфтанд, ки чунин бодҳо дар ин чоҳо ҳамон
вакт шиддат мегиранд, ки агар дар осмон абрхои пароканда
падид оянд. Сабаби хестани ин ракам бод, абрхо мебошанд,
— мегуфтанд. Намедонистем, ки фардо ҳоламон чй мешавад.
Хушбахтона, рӯзи дигар ҳаво мУътадил шуд.
Даҳаи аввали сентябр номУътадилии ҳаво идома ёфт.
Аз рУзҳои 12-13-ум табиат боз гарм шуд. Якбора дарачаи
гармй ба 27-29 баромад. Вале рУзи 18-уми сентябр хавои
минтақа дубора сард шуд. Ҳатто аз тарафи бегох барф борид.
Ин нахустин барфи сол буд. Барф шакли жоларо донгг.
Мушоҳида мекардем, ки дар баландтарҳо шиддати барф зиёд
мешавад. Маҷбур шудем, ки сандукхоро кушода либосҳои
тагпӯшро берун кашем. Дигар шабона бо либоси нозук
дохили бистара будан душвор хохад шуд. Радиои Кобул
ҳам иттилоъ дод, ки ин абру борон дар бисёре аз манотики
кишвар ба мушоҳида расидааст. Ба хусус дар шимоли
Афғонистон сардй бепггар таъсир ворид сохтааст. Дар Роғ
25 см барф боридааст. ЧУйчае, ки аз каторкӯҳҳо поён шуда,
аз назди мо мегузапгг, ях баста буд. Радиои Душанбе хам
эълон дошт, ки дар баъзе навоҳии Точикистон борон ба
барф табдил ёфтааст. Баъд аз чошт ҳавои Оҳанкашон чунон
сард шуд, ки куртаҳои пахтагин пУшидем.
Вазъи хавои Оханкашон ба воситаи ратсия ба Кобул
дода шуд. Максад он буд, ки чй кор кунем? Дигар сардй
имкон намедиҳад, ки корҳои чустучУиро ба хотири ба даст
овардани тилло идома диҳем. Роҳбарон ба ягон хулоса
меомадагистанд гуфтему ба рУзгорамон идома бахшидем.
Мо дар ихтиёри Кобул будем. Шояд онҳо дарк кунанд, ки
хама шаб дар дохили бистараҳоямон то рУз мерақсем, аммо
боз ба хотири хизмат ба Ватан тасалломон мебахшид.
214
Моҳигири ба воситаи патоқи
Ҷое 6а Нурмуҳаммади пилот ваъда дода будам, ки
15-уми сентябр боз пешвозаш мегирам. Ин сафарам ба
Чихчарон ба хотири мактубҳо аз авлодону хонум- ҳомон
буд, ки аз Кобул Биков мефиристод . Рӯзи 13-ум
хаммомро гарм кардам. Аз ҳама чизи муҳим барои инсон
тозагй аст. Шахе агар худро тоза нигоҳ дорад, умраш
ҳам дароз хоҳад гардид.
Дар Оҳанкашон мо такрибан ҳама шароити
хонаводагиро дар ихтиёр доштем. Агар дар минтакаҳои
Кафтариву Шайдо аз беҳаммомӣ азият дида бошем, ин чо
нахустин икдоме, ки амалй сохтем дар дохили хаймаи
чахоркаса ҳаммом рост кардем. Онро ба воситаи чӯб гарм
мекардем. Ҳар вақт ки аз саҳро бармегаштем, аввал 6а
ҳаммом медаромадем. Банда одатан пеш аз ҳар сафарам
ҳаммом карда, баъд 6а чое роҳ пеш мегирифтам. Ин дафъа
низ аз ин амали савоб истифода бурдам.
14-уми сентябр ба Чихчарон рафтам, то ки ҳавопаиморо
пешвоз гираму мактубҳоро ба Оҳанкашон биёрам. Вақте ки
кас аз хона дур мешавад, ягона чизе, ки У доимо интизориаш
мекашад, номае аз фарзандону дӯстон мебошад. РУзҳое, ки
мо чанддонай мактуб мегирифтем, табъамон хуш мегардид.
Ҳамон рУз Слава механдидагй мешуд. Ҳар дафъа, ки зикй
фишораш меовард, мактубҳои Любаро дубора мехонд.
Завчааш бонуи хубу бофарҳанге буд. Доимо барои шавҳараш
китобҳои бадей мефиристод. Агар Слава аз Кобул бо як-ду
китоб меомад, дар ту ли ду-се моҳи корҳои саҳрой китобҳояш
ба 20-30 адад мерасид. Як халта бор мешуд, ки ин чиҳат
ронандаҳоро асабй мекард. Слава бештар китоб мехонд. Як
китоби 500 варакаро дар як рУз хонда ба поён мерасощк
Барои дигарон низ он рУзи мактубхоро метавон рӯзи туи
дар Оханкашон номид.
Соатҳои сеи рУз ба шахри Чихчарон расидам. Ьа
ронанда фармудам, ки сУи меҳмонхона равад. Вале чун
ҳарвақта хучра пайдо^нашуд. Ноилоч ба хонаи дУсти пулисам
Нургулоко рафтам. У дар хонааш будааст. Либосхои хонагй
дарбар карда буд. Ин чунин маънй медод, ки дар истирохат
аст. Аз дидори банда хушҳол шуд. Эшон шикоятамро дар
мавриди меҳмонхонаи шахрй гУш карду бисёр хоҳиш намуд,
ки як шаб меҳмонаш бошам. Табиист, ки У ва дигар
маъмурини пулис дар чойҳои дигар, ки хизмат мекарданд,
оилаашонро бо худ ба он чойхо намебурданд. Яъне
215
Нургулоко ҳам рУзгори мучаррадӣ медид. Вахте маро дар
андеша дарёфт, такроран изхор кард: «Худойназархон, як
шаб як шаб аст, дар утоки ман хоб мешавй».
Руз хам сУи бегохй ҳаракат мекард. Нургулоко
пешниҳод кард, ки ба Ҳарируд моҳигирй меравем. У
медонист, ки дар хар сафарам ба Чихчарон барояшон патоки
(детонатор) меовардам. Баъзан шУхикунон мегуфтанд:
«чаноби патоки» омада, Ура хуб бояд пазирой кард». Ронанда
мошинро ба роҳ даровард. Нургулоко ва банда ба соҳили
даре роҳ пеш гирифтем. Вай пешакй ба чанд тан пулисхо
амр кард, ки дар соҳили Ҳарируд интизораш бошанд.
Нафаҳмидам, ки ба он чанд тани дигар чй зарурат аст. Зобит
фармуданд: инженер соҳиб, ҳоло мефаҳмед, ки пулисҳои
фармуда чӣ кореро анчом хоҳанд дод? Вакте ки ба сохил
расндем, даҳ-дувоздаҳ маъмури пулиси Чихчарон он чо
ҳавохӯрӣ мекарданд. Нургулоко ба ду нафар пулис амр
кард, ки патокиҳоро омода созанд. Дар ин муддат онҳо
чунон дар чо ба чо кардани патоқй усто шуда будаанд, ки
ҳайрон мондам. Вақте аз мавзУъ бохабар шудам, хар дафъа
кн аз ман патоки мегирифтаанд, он рУзро рУзи «соттирй» ва
моҳигирӣ эълон мекардаанд. Маыши соттирй, вактгузаронй
(соатгузаронй) гуфтан аст. Дар лаҳчаҳои онҳо калимаи соат
нест, балки сот аст. Масалан, мепурсанд: Око, соттон чанд
шуда? Соти чанд сари вазифа ҳозир хоҳй шуд? Парвоза ба
соти чанд монданд? Соттириро ба маънии истирохати маданй
ҳам истифода менамоянд. Воқеан, ширинии ҳар забои дар
лахчаҳояш маҳфуз аст. Лахча чизи ширинест, ки ба сохибаш
махсусият ато мекунад.
Патокй омода шуд. Чанд адад тайёр карда буданд.
Банда чун ҳарвакта мушоҳидачй мемондам. Нургулоко
якбора садо зад: Худойназархон, сайъ кун (яъне нигох кун).
Сайъ ба маънии назар андоз, нигар истифода мешавад.
Дидам, ки Нургулоко патокиро бо ҳаракати сахти дасти рост
сӯи дарёи пурталотум хаво дод. Он чо, ки патокй афтид,
чойи нисбатан ороми об буд. Чанд лахза ба чойи афтодаи
патокй назар андӯхтам, ки ҳубобчаҳо пайдо шуданд. Ҳамин
ҳолат буд, ки патокй дар дохили об таркид. Об ба чахор
тараф пареш хУрду боз ба хам омад. Нургулоко бандаро
мутаваччеҳи болои оби ором сохт: «Инженер себ, сайъ кун,
сайъ кун. Моҳиҳоро сайъ кун. Мебинй не, валлох чй хел
хубуш». Болои оби равон пур аз моҳй шуд, ки онҳо рУ ба
боло тттино мекарданд. Сипае марҳалаи дуюми моҳигирй оғоз
ёфт. Чанд тан аз пулисхо либосҳоро кашида, худро ба хавзаи
моҳиҳои гарангшуда андохтанд. Онхо хеле чолокона
216
моҳиҳоро дошта ба соҳил ҳаво медоданд. Патокии аввал
ду-се кило моҳй дод. Боз чанд патокии дигарро омода сохта,
ба дарё партофтанд. Оби Ҳарирӯд сард ҳам буд. Бечора
пулисҳое, ки рутбаҳои поёнй доштанд боз ба дарё
мепариданду моҳӣ мечиданд. Дар натича ду-се сатил гулмоҳӣ
ба дасти пулисҳо фаромад. Моҳиҳоро ба мошини мо бор
карда, боз роҳи хонаи Нургулокоро пеш гирифтем.
Фаҳмидам, ки ин пулиси машрикй меҳмонашро бо моҳии
холдор зиёфат карданй аст.
Ин чанд тан зобит-пулисҳое, ки дар моҳичинй фаъолият
нишон доданд 6а ҳам ҳамсоя будаанд. Ҳар кадомаш аз
чумлаи аскаре пешхизмат дошт. Ба иллати ин ки ҳамаашон
беоила буданд, худашон даруни моҳиҳоро тоза карданд.
Онҳо бо назму низоми хоса поккорӣ менамуданд. Нургулоқо
ҳини ба моҳиҳо машғул шудан мегуфт: имшаб моҳиро чунон
пухта кунам, ки азхӯрданаш сер нашавед. Нургулоко дар
ин кор сардор буд. Ӯ фармуд, ки пӯсти моҳиҳо канда шавад.
Тамоми моҳиро пӯст канданд ва ба табақи калоне андохтанду
бо оби сир омехта намуданд. Баъдан моҳиро пухта дар
лаъличаҳо бардошта болои дастархон гузоштанд. Дар
ҳақиқат, моҳӣ чунон балаззат буд, ки кас ҳоло нахӯрда оби
даҳонашро ба зУр медошт. Банда, ки меҳмони оликадрашон
будам аз ҳама боло гузашта нишастам. Беҳтарин гӯшти
моҳиро дар табаки ман мемонданд. Нургулоқо «бифармоед,
бубинем, ки моҳй чй навъ мазза мета». Хеле мазза дод.
Хӯрдани моҳии ба воситаи патокй ба дастомада поён ёфт.
Дастархон чамъ шуду назди ҳар кас як чойнаки чойи фомил
гузоштанд. Чою ширинй баъди гушти моҳй, ки обталаб
мешуд, ҳаловат мебахшид. Сипас сӯҳбати дӯстон оғоз ёфт,
онҳо ҳар саволе, ки ба миён мегузоштанд, ба рӯзгори
мусулмонони Шӯравӣ иртибот дошт. Банда тахассуси
пулисонро ба назар гирифта, ба пурсишашон чавоб медодам.
Дидам, ки акрабаки с.оат рӯи ёздаҳ карор гирифтааст.
Гуфтам: «Бародарони гул! Банда аз роҳи дуру дарозе
омадаам ва хеле хаста ҳам шудаам, агар ичозат бошад ба
истироҳат пардозем». Ҳамсояҳои Нургулоко хона ба хона
рафтанд. Дар ҳучраи бо назму низоме бароям чойи хоб омода
карданд. Зобит бароям истироҳати хуш хоста, ҳамзамон
таъкид намуд, ки аскаре дар таги дарвоза пайраҳа меистад.
Ҳеч ташвише нахоҳад буд. Ором истироҳат кунед. Худаш
ба ҳуҷраи дигар гузапгг. Аскари пайраҳа масъулиятро эҳсос
мекард. То субҳ чанш напУшида, ҳучраи меҳмонро ҳифз
кард. Ба ҳарҳол Нургулоко ба шУравй будани ман бовар
карда буд. У мефаҳмид, ки меҳмонаш табааи кишвари
217
дигарест ва ӯро бояд ҳимоят кард. Шаб бароҳат гузашт,
факат баъзан чой зарур мешуд, ки болои сарам чойнакеро
қаблан монда будаанд.
Ҳоло дар истироҳат будам, ки Нургулоқо 6а бозор
рафта, барои меҳмонаш омодагии субхонаро гирифта буд.
Соатҳои шаш аз чой баланд шудам. Пешхизмат об рехту
сару рӯйро шустам. Дастархони ношто интизоря донгг. Нони
гарм, каймок ва чойи фомилу шакари Канада субҳонамон
шуд. Б а Нургулоко арзи сипос карда, суй майдони ҳавой
шитофтам. Ҳавопаймо соати 8.45 ба замин фуромад.
Нурмуҳаммад бо чеҳраи хандон аз зинаҳо поён мешуду бо
ду чашм чустучуям менамуд. Уро аллакай дида будам ва
дар дасташ, ки ду баста дошт, ҳатман барои ман буд. Ба
пешвозаш рафтам. Салому алейк кардем ва пилут гуфт:
«Тарчумон сохиб, ин ду покат хам аз шумост. Хуш бошед».
«Ташаккур гуфтам, окон Нурмуҳаммад, маъзарат мехом ки
шуморо заҳмат додам». «На хайр, тарчумон сохиб, шумо
барои мо хизмат мекунен, меҳмони мо ҳастен, ҳеч таклифе
надора. Худо ҳофиз. То дидори баъдй» Ман хам ба У чанд
ҳарфи лутфомезро раво дидаму дар поёни сухан гуфтам.
«Хо, Нурмуҳаммадхон, иншооллоҳ дидори баъдимон ба
аввали уктабур рост меояд, дига». «Бале,бале, боз хоҳем
дид». Покатҳоро, ки якеаш мачаллаву рӯзномаҳои чопи
Маскав буданд ва дигараш бастаи номахо ба дасти ронанда
додаму чониби чип равон шудам. Ба мошин нишастан
баробар дар чустучУи номахои худам шудам. Аз як мактуб
маълумам гашт, ки Фотима ва модараш рУзи 7-уми сентябр
ба ватан парвоз кардаанд. ГУё ташвиши ҷиддие, ки допггам
ба поён расид. Бо гуноҳи сармутахассиси беандеша Фотима
як ҳафта аз дарсҳояш қафо монд. Мактуби дигар аз хоҳарам
Аноргул ва домод —Исмоил буд.
Ронанда ба мошинронй масруф буду банда номахонй
мекардам. Сипае рӯзномаву мачаллаҳоро дар тУли 150 км
варак задам.
Шарҳи чанд нома
Аз фаъолияти тарчумониам як солу даҳ мох сипарй
шуд. Дар ин муддат, асосан, аз бародаронам - Чумъахону
Мӯсо ва ягона хоҳарам - Аноргул, аз устодам Сохиб Табаров,
аз дУсти Маскавиам - Курбон Бобоев, аз хамдарси
донишгоҳиам - Шаҳбоз Кабиров ва аз ҳамкорам —Рахим
Мусулмонкулов ва чанд кадрдони дигар номаҳо гирифтам.
218
Чунонки гуфтам, ягона манбае, ки бандаро ба рУзгори
хешу акрабо ва ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон мепайваст
номаҳо буд. Ҳафтае ду маротиба аз Маскаву Тошканд
ҳавопаймо ба Кооул меомад. Ин ду рУз аз пагоҳй чашми
ҳама ба омадани ҳавопаймо нигарон мешуд. Почтаро аввалан
ба сафорат мебурданд, он чо суроғаҳои мачаллаву рУзнома
ва мактубҳо таъин мешуд. Сипае аз ҳар карордод намояндае
почтам гурӯҳро ба шаҳрчаи Нодиршоҳӣ меовард. Одатан,
почтам гурӯҳро ба «Красный уголок» - гУшаи сурх
мегузоштанд ва аз ҳар бино як кас онҳоро чудо намуда, ба
соҳибонаш мерасонданд. Соате чанд аз мутахассисин касе
дар кУча намемонд. Хама нома мехонд. Яке хурсанд буд,
дигаре нороҳат. Лаҳзаҳои ачибе дорад, мактубхониҳо. Банда,
ки дар Кобул кам мемондам, табиист, ки аввалин хонандаи
номаҳои ба суроғаи ман омада завчаам буд. Албатта он
мактубҳоеро мехонд, ки аз хонадон бошанд. Номахое, ки
сирф барои ман тааллук мегирифтанд, ба воситае фиристонда
мешуданд.
Номахои хотирмон аз устодам Сохиб Табаров буданд.
Эшон ҳамеша насихат медод ва барои баланд бардоштани
сатҳи допишу савод ташвиқам менамуд. Дар ягон номаи
устод ғайбату бадгУии касе ба мушоҳида намерасид. Насихат
ва боз ҳам насиҳат мазмуни асосии мактубхои С.Табаровро
ташкил медод. Баъзан номахои саросемавор навиштаамро
мавриди танкиду сарзаниш карор медод. Тарзи навишти
баъзе калимаҳои русиро зикр мекард. Таъкид менамуд, ки
ҳар чизи як бор навиштаамро чанд карат хонам, ислоҳ
кунам ва баъд ба покат андозаму ширеш намоям. Устод
худашонро мисол оварда менавиштанд, ки У ҳар
навиштаашро мисли С.Айнй чанд бор хонда тахрир мекунад.
Ҳол он ки тачрибаи чандинсолаи нависандагй доранд, китобхо
ба нашр расондаанд. Ҳамин чиҳатҳоро барои банда низ
пешниҳод менамуд, то ки дар оянда ёд гирам.
Ҳамеша устод дар номахояш аспирант буданамро
таъкид менамуд. Махз мактубхои устод ва фармудаҳои эшон
буд, ки дар мавриди Ҳошими Шоики Бухорой мавод чамъ
кардам. Ба ибораи дигар, хама мактубхои устод бандаро
дониши тоза мебахшиданд. Бо таъкиди устод русинависиро
аз русҳои ҳамкорам омУхтам. Дар ботин ба муаллимхои
русии мактабиву донишгоҳиам лаънат мехондам, ки аз бахилй
моёнро русии дуруст ёд намедоданд, балки бо донистани
чанд калима, ё сУхбати руей кардан баҳои «аъло»
мегузоштанд. Аз ин чост, ки хамеша аз Слававу Шербина
ва Тарасенко тарзи навишти баъзе алфози русиро
219
мепурсидам. Вактҳои холигй китобҳои русй мутолиа
менамудам. Масалан, дар ҳамин замина, бистуми сентябри
соли 1972 румони нависандаи қазок - Чекменевро 6о унвони
«Семиречье» ба поён расондам ва мазмунашро дар дафтари
хотиротам ёддошт намудам. Баъд аз сарзанишҳои устод
бештар асарҳои адибони рус ва ҷаҳонро мехондагй шудам.
Номахои дигар ба хамкор ва дУстам Рахим
Мусулмонкулов тааллук доштанд. Дар назарам Раҳимҷон
хам дар мактубҳои ман ғалату камбудҳои бисёри услубиву
имлоиро ба мушохида мегирифтанд, вале ба сабаби ин ки У
шахси хеле фурӯтан буд, лозим намедонист, ки дӯсти дар
ғарибй карордоштаашро ғарибтар гардонад. Баръакс дар
бораи навиҳои илму фарханг менавишт. Дар мавриди
рУзгори факултет ва устодон сухан мегуфт. Аз ин ки ман аз
вай дур мондаам, афсУс мехУрд ва танхой кашиданашро
иброз медошт. Мудом номаҳои Раҳимҷон бароям рӯҳи тоза,
нерӯ мебахшиданд ва боиси илхомам мешуданд. Ба гумонам,
Раҳимҷон, ки борхо аз устод С.Табаров сарзанишхо
шунидааст, мефаҳмид, ки то чй андоза касро сарзаниш кардан
душвор аст. Ҳарчанд Раҳимчон аз нахустин шогирди
С.Табаров буд, аммо дар мавриди сухани танбехона гуфтан
ба устодаш пайравй намекард. Масалан, устод С.Табаров
дар ҳошияи рисолахои курсиву дипломй ва номзадй чунин
ифодаҳоро кор мефармуд: «бесавод, бесавод ва боз хам
бесавод, дузд, дузд, аҳмақй, аҳмақй» ва дигар калимаҳои
сахттаъсир. Раҳимҷон, ки тачрибаи бештар донгг ба чунин
навинггаҳои устод одат карда буд. Вале банда, ки акнун
аспиранта он кас шуда будам, ҳоло ба шунидани сарзанишҳои
вокеъбинонаи устод одат накарда будам. Аз ин чост, ки баъд
аз мактуби дувуми устодро хондан чандин соат ба андеша
рафта, худ ба худ савол додам, наход суханони С.Табаров
дар мавриди банда дуруст бошанд. Андеша кардам: «не, ба
он дарача набудагист, акнун аз Донишгоҳ баромадаӣ, ҳоло
корҳову саводомӯзй дар пеш аст». Ҳамин андеша буд, ки
дигар ба устод нома нанавинггам, балки фақат ба муносибати
чашне табрикаш мекардаму бас. Аммо торафт, ки аз
андешаҳоям кор мегирифтам, ҳақ будани устод собит
мегардид. Он вакт андешаам боз тасаллоям мед од: «Ҳоло
ин сарзанишхо чизе нест, сабр кун, дар пеш навиштани
рисолаи номзадй аст. Он вахт мебинй, ки чй навъ устод дар
ҳошияҳои рисолаи номзадии Нозимов Барот суханхои обдор
менавиштанд. Оре, қаҳри устодро баъдтар хоҳй дид. Бале,
андешаҳоям дуруст буданд...»
Чанд хати дигар аз Донишгохи Ломоносови Маскав
220
дУстам Курбон Бобоев навишта буд. Номаҳои ин бародар
бештар оҳанги шУхиомез доштанд. Гоҳе дар бораи навиҳои
Тоҷикистон ва баъзе дӯстон маълумоти тоза равон менамуд.
Чунонки дар дафтари аввал зикри номаш рафта буд, У чанд
рУз дар кУчаву идораҳои давлатии Маскав бандаро роҳбаладӣ
намуда, хуб азоб хам кашида буд. Вахте ки ба Кобул вор ид
шудам, аввали март буд ва баъди чанд рУз Чашни НаврУз
мерасид. Ба ин хотир 6а суроғаи Қурбон номае сохта ва як
китъа акси рангаро, ки болояш ду сагбачае дар сабадчае
менишастанд, барояш фиристондам. Хостам, ки бо он
китъаакси ранга Курбонро бо Темур Муҳиддин, ки якҷоя
дар аспирантура мехонданд, табрики наврУзй намоям.
Сагбачахо хеле зебо буданд. Якеаш хурдтар буду дигараш
калонтар. Ин акс рамзе буд. Ба назари банда сагчаи калонаш
Темур буду хурдаш Курбон, зеро Темур аспиранта соли
сеюм буду Курбон соли дувум. Ин сирре буд ва гумон
надоштам, ки онҳо ин рамзро мефаҳманд. Бепарво мегаштам
ва аз он табрикномаи наврУзй фаромУш хам карда будам,
ки баъди бист рУз мактуби Курбон ба Кобул расид. Курбон
аз гирифтани номаи банда хушҳол шуданашро таъкид дошта,
баъд менависад: «Аз он рУзе, ки ту ба Афғонистон рафтй
ману Темур бисер зик шудем. Ҳамеша дар фикри ту будем,
ки холат чй шуд. Аммо навакак номаат бо як дона аксат
расид, ки моро ба дидорат ошно сохт. Хеле зебо шудай,
офарин. Боз аксхои тозаат бошад, бифирист».Мактуби
Курбонро хонда хуб хандидам ва дар ботин гуфтам, ин ду
аспиранта чавон чанд рУз фикр карда чунин мазмунро сохта
бошанд. Оре, тари хушгУии банда ба нишон нарасид, балки
он тир боз ба сари худам хӯрд. Вахте ки рухсатй омадам,
Курбон диду гуфт: «Ҳа, Худойназар дигар аксҳои рангаатро
равон накардй. Темур доим мепурсад, ки Худойназар аксхои
тозаашро равон накардааст»? Якчоя ба завх хандидем.
Дар Оҳанкашон будам, ки боз як номаи тозаи Курбон
омад. У дар мактубаш аз навигариҳои илму фарханг
навишта, баъд мавзУи дохилшавии бародари хурдам -МУсоро
зикр карда буд.
Fan дар ин буд, ки имсол - 1972 Мӯсо мактаби раками
35-и Душанберо ба поён мерасонд ва ба кучо дохил шуданаш
бароям номаълум буд. Чунин шуд, ки баъди аз рухсатй
баргаштанам, дигар на аз Чумъа ва на аз МУсову дигарон
хат намегирифтам. Бародарон шояд мегуфтанд, навакак
дидемаш-ку. Боз чй лозим хат навиштан.
Номаи Курбонро хондаму беихтиёр хушёр шудам. У
221
вобаста ба дохилшавии Мӯсо бародари дигарам Чумъаро
айбдор менамуд. Гӯё Чумъа як рӯз қабл аз имтиҳони навбатй
назди Абдукибор Гадоев, ки дар Института табби аз фанни
«Таърихи Партияи Коммуниста» даре мегуфт ва тоза номзади
илм ҳам хиуда буд, рафта гуфтааст, ки «пагоҳ Мӯсо аз фанни
физика имтиҳон хоҳад супорид». Абдукибор аз рӯи гуфтаи
Чумъа амал карда, имтиҳонгирандаҳои физикаро огох
месозад, ки пагоҳ Асоев Мӯсо дар назди шумо имтиҳон
месупорад. Хоҳиш, ёрдам кунед... Вале рӯзи дигараш Мӯсо
аз Физика не, балки аз Химия баҳои «ғайриқаноатбахш»
мегирад. Аз рӯи маълумоти Қурбон гӯё Чумъа аз чй имтиҳон
супоридани Мӯсоро нодуруст ба Абдукибор гуфтааст.
Вокеан, рузҳои рухсатиам, ки дифоъи рисолаи номзадии
Абдукибор сурат гирифт, ба ӯ мавзӯи дохилшавии Мӯсоро
хоҳиш намуда будам. У рад накарда буд ва ваъда хам дод,
ки ҳатман дастгирй мекунад. Шояд маълумоти Курбон дуруст
бошад. Вале ба ин маълумот бовар надоштам. Гап дигар
хел сурат гирифтагй аст. Дертар хоҳам фаҳмид, он вахте
ки худи Мӯсо ё Чумъа нома мефиристанд. Мактуби Курбон
бароям муаммои навро тавлид кард. Акнун дар фикр задам.
Холи ин бача чй мешуда бошад. Бадбахт сесола буд, ки
модарамон сари фарзанд рафт. Чумъа ҳоло оиладор
нашудааст, ӯро кй нигоҳубин мекарда бошад. Мисле, ки
муаммои Фотима хал шуду муаммои Мӯсо пайдо гардид.
Андешаҳоям шабонарӯзй азобам медоданд.
Чй андешахое дар сэрам намезаданд. Чй бояд кард?
Дар фикри он будам, агар дохил нашуда бошад, ба аскарй
равад бехтар будагист, то ки ду сол аз тангдастй халос шавад.
Аз завҷаам хам, ки дар Душанбе буд, хабаре нест. Шояд ӯ
ягон гапи тоза дар бораи Мӯсо меорад. Андеша болои
андеша. Ҳатто хоҳарам, ки навакак номаашро гирифтам дар
бораи додараш чизе наменавишт. У, ки тоза ба шавҳар
баромада буд, ба гумонам худашро медиду Исмоилчонашро,
фикр хам намекард, ки ин бародари бепаноҳашро кй бояд
дар тарбияи худ тирад. Аноргул дар мактубаш умуман дар
бораи ҳеч кас чизе намегУяд. Маълум буд, ки У ба мақсадаш
расидааст ва барои вай дигарон вучуд надорад.
Ҳол он ки баъди аз рухсатй баргаштан нахустин номае,
ки ба ватан фиристондам, ба унвони Аноргули арУс буд.
Панч мох аз он нома сипарй шуду акнун чавобаш расид.
Мактуб таърихи 28-уми августро дошт. Ин таърих боз хам
асабитарам сохт, чунки то ин рУз такдири имтихонсупории
Мӯсо хал шуда буд. Аноргул, албатта, медонист, ки
додаракаш ноком шудааст, вале чизе наменавишт. Гуё олам
222
гулистон. Ҳама тинҷу ором. Хайрият, касе аз наздикон
намурда буд, вагарана навиштани ин хабарро низ нодида
мегирифт.
Маълум мешавад, ки номаи банда дар КУлоб ба як
Асоеваи дигар расидааст. Он духтар мактуби шахси
ношиносро хонда, баъзе ҷойҳояшро ёддонгг намуда, баъд ба
кучое партофтааст, ки дигар найдояш накардааст. Рӯзе дар
яке аз хиёбонҳои шаҳр ҳамон духтар занеро мебинад, ки
либосхои аз тикаи ҳиндй дӯхташуда дар тан дорад. Баъзе
лаҳзаҳо, ки аз хати банда дар хотираш будааст, духтари аз
пешорӯ меомадаро маън карда «апа, шумо Аноргул ном
дорен, фамилиятон Асоева аст?», гуфта савол мекунад. Он
духтари пироҳани парчадор, ҳайрон шуда мегӯяд: « ҳа, ман
Аноргул ном дорам. Чӣ шудааст? « Вай киссаи номаи шахси
бегонаро хонданашро ба Аноргул мегӯяд. Вақте ки Аноргул
номаро талаб мекунад, гумаш кардам мегӯяд, Асоеваи дигар.
Хайр, аккалан мазмуни мактуб дар хотират ҳаст?, мепурсад
хоҳарам. У мегУяд, ки «ҳа, дар чое навишта шуда буд, ки
он кас ба сайри кӯх мерафтааст». Аз як мактуби калони
банда ҳамин кадар мазмун дар хотираш монда будааст.
Аз ифодаи «сайри кӯҳ» Аноргулу шавҳараш хулоса
мебароранд, ки «ба кӯҳ, ки рафта бошад, суроға надорад.
Сабр мекунем, то ки номаи дуюмаш бирасад». Гӯё се мох
интизор шудаанд, вале хати дувуми банда нарафтааст. Сипас
калам ба даст гирифтаанду барои банда 6а ду забон - русй
ва точикӣ мактуб сохтаанд. Домод менавишт: как живёт наш
тест?, яъне хусураш чй ҳол дорад?« Аноргул бошад, точикй
менавишт. Аз ин номаи ширу шакар хеч маъние бардошта
натавонистам. Чунонки болотар гуфтам, дар бораи хешу
ақрабо ягон сатр наменавиштанд.
Ҳар нома ба кас дониши тоза бояд ато кунад, мисли
мактубҳои устод ва Раҳимчон Мусулмонкулов, ки дар
хотирам нигаҳ дошта хоханд шуд. Номаи ба ғарибй
фиристондамешуда бояд тарзе иншо гардад, ки боиси
ранчиши хотири гиранда нашавад, балки ба вай халовати
маънавй бахшад ва дар чодаи ба дунё умед бастан мусоидаташ
кунад. Ба назарам Раҳимчон хеле олй услуби мактубро риоя
менамуд. Ба ҳамин монанд, номаи чавобии Қурбон Раҳимови
фархорй низ хеле чолиби диккат буд, ки дар дафтари аввал
сари он мулоҳизаҳоямро баён карда будам.
Дар ҳамин замина, мактубҳои Чумъахон низ ба талабот
ҷавоб дода метавонистанд. Ҳарчанд ки чумлахои бакуввату
босавод камтар ба назар мехУрданд, вале Чумъахон
ҳеч гох аз камбудиҳои рУзгор наменавишт. Ҳама суханҳояш
223
оромона сурат мегирифтанд. Кӯшиш менамуд, ки ягон гапи
тоза бошад, онро зикр кунад. Баъзан маълумоти дар
дастдоштаи маро ӯ чунон мегуфт, ки гУё ҳеҷ ҳодисае pyx
надодааст. Мӯсохон акнун машқи номанависй мекард. Нағз
хонда истодаам, мегуфт ва ин барои ман муҳим буд. Фотима
низ бештар дар бораи аълохониаш сухан мекард. Маълум,
ки У худтаърифкуниро дуст медошт. Хайр ин одати кУдакй
аст, ки дар оянда ислоҳ хоҳад шуд.
Услуби мактуб воқеиятро мехоҳад. Дарозгапиро нома
намепазирад. Ҳар ҳарфи номаи содиршуда бояд дорой
маънии равшан бошад. Ин ҳикоятро ба хотири номаҳои
баъдии дУстону хешу ақрабо ба поён мерасонам ва узр
мехохам, агар ба ногох боиси ранчиши хотирашон шуда
бошам...
Омад-омади Торели
Торели духтури гурУҳи маъданшиносии Шӯравй дар
Афғонистони шоҳй аз гурчиён буд. Исми хонаводагияшро
Басария мегуфтанд. Барои вай дар Кобул хеч коре набуд.
Аз ин рӯ рохбарон то ки пулро ҳалол кунад, ба гурӯҳҳо
мачбуран мефиристондандаш.
Бистуми сентябр, чошт, ба воситаи ратсия огох
сохтанд, ки Торели омаданй аст. Омадани вай барои мо на
ба сифати духтур, балки ҳамчун касе, ки почтаро меовард,
муҳим буд. Ҳар маъмуре, ки чи аз шУравиҳо ва чй аз
дохилиҳо ба назди мо меомад, ҳатман рӯзномаву номаҳои
гурӯҳро бо худ мегирифт. Ин амал 6а ҳукми анъана даромада
буд. Яъне, махсус шахсеро ба ин кор вобаста намекарданд.
Масалан, рӯзҳои наздик Исматуллоҳхони омир, ки як моҳ
боз бо баҳонаи Ҷашни Истиклол дар Оҳанкашон набуд, аз
Кобул омад. Маълум, ки баъди Қандаҳор 6а Кобул меравад
ва ба Раёсати маъдан медарояд, то ки супорише аз роҳбарони
хеш бигирад. Табиист, ки роҳбарони шУравии гурӯҳро низ
зиёрат кардааст, ки ба У як даста мактубхои дар Кобул
чамъшудаи моро медиҳанд. Хушбахтона, барои ман ҳам як
нома аз завчаам буд. Исматуллоҳхон боз ду шиша шароби
сохти Қандаҳорро тӯҳфаам кард. Чанд қитъа акс ҳам
тақдимам шуд. Инженерони дигари гурӯҳ низ аз дасти омири
гурӯҳ мактубҳошонро гирифтанд. Як моҳ сари вазифа
ҳозир набуданаш ба зудй аз хаёлҳо дур шуд. Зеро набудани
У ва омаданаш 6а фоидаи мо ҳал гардид. Ба ҳамин
монанд, Торелиро бетоқатона интизорй мекашидем, то ки аз
хабарҳои тоза воқиф шавем. Барои овардани Торели
224
бояд касе 6а Чихчарон мерафт. Ман катъан рози нашудам
ва гуфтам, ки факат аз рохбарон агар шахсе биёяд, барон
пазироияш меравам. Ҳар ҳафта дар Чихчаронам. Монда
шудаам аз рафтану омадан. Шербина чизе нагуфт, Слававу
Вадим хам пофишорй накарданд. Ман гуфтам, ки ба
Чихчарон мошин мефиристем. Торели ҳатман ба қароргоҳи
Чихчаронии гурӯҳ мурочиат мекунад. Ҳамагй розй шуданд.
Аз рУи баъзе маълумотҳо Торели рУзи 22-юм бояд дар
Оҳанкашон бошад. Ба истикболаш Вадим Тарасенко то
кароргоҳи Рахна рафтанй шуд. Аз омад-омади доктори
шӯравй Ғуломнабй огаҳӣ ёфта, ба наздам омад, то ки
Торелиро як дафъа ба қарияи Харбед барам. Он чо
дардмандони зиёде хастанд, ки ба доктор эҳтиёч доранд.
Ваъда додам, ки агар Торели биояд, Уро огаҳ месозам. Ба
асоси ин ваъда Зариф ном мардикори Харбедиро ба деҳааш
равон кардам ва хатчае хам ба номи Ғуломнабӣ навиштам.
Бисту дуюм хам расид. Тарасенко субҳи козиб роҳи
Рахнаро пеш гирифт, то ки Торелиро пешвоз бигираду ба
Оҳанкашон биёрад. Ин рУз чумъа буд. Ҳамагй дар
хаймаҳомон машғули корҳои шахсй гардидем. Рӯз бегоҳ
шуд, вале аз омад-омади Торели хабаре нест. Ташвиш шудем.
Ҳаво торик шуд. Соатҳои нуҳи шаб Вадим пас гашт. Аммо
худаш танҳо буд. МавзУъро пурсон шудем. Вай накл кард,
ки то соатҳои ҳафт дар Рахна интизорӣ кашидам, аммо чипи
рафтагй наомад. Дигар интизор нашудаму омадам, - гуфт
Тарасенко. Ачаб саргардоние. Охир, У метавонист, ки он чо
шабро рУз кунад. Мошин, ки наомадааст, яъне Торели ба
Чихчарон хозир нашудааст. Пас, Торели 23-юм дар
Чихчарон хоҳад шуд ва то бегох ба Рахна меомад. Вадим
гуфт, ки дар он чо шароити хоб набуд. Рост мегуфт.
Бистараашро набурда буд. Дигар ин ки Вадим хеле олуфта
мегашт. Ҳар рУз либосашро иваз мекард. Ду рУз баъд бистар
ва рахти хобашро офтоб медод. Ман хам, ки мебудам дар
Рахна миёни ронандаву анборчиҳо хоб намерафтам. Он чо
пур аз шабушу кайк буд.
Субхи 23-юм ба воситаи ратсия ба Пасобанд дар тамос
шудем. Шербина пурсид, ки Торели кучо шуд? Ин чо
интизораш ҳастем, аммо омад-омадаш хасту худаш нест. Аз
Пасобанд чавоб доданд, ки Торели субҳ соати хафг ба тарафи
Чихчарон харакат кард. Онҳо хоҳиш намуданд, ки Торелиро
ягон кас пешвоз гирад. Дигар илоч набуд. Аспро зин задаму
туфангро ба китф андохтаму сарозер шудам. Бояд ба Рахна
мерафтам, зеро раҳи бисткилометра хатар хам дошт.
Бо шитоб мерафтам, ки дар наздикиҳои Рахна Торели
225
бо ду ронандаи гурУҳ болои меомаданд. Ман, ки дар либоси
пулисй будам, ту фанги хоричй доштам ва рингу мӯйлаб ҳам
ба кУчиҳову роҳзанҳо шабеҳам сохта буд, аз дур «Торели,
руки верх», гуфтам. У айнакашхояшро кариб ки аз чашмон
афтонда буд, маро дида шинохту « слушай Назар, так не
шутят»; маро тарсондй, гуфт. Гумон кардааст, ки дар рУ ба
рӯяш ягон роҳзани русидон карор дорад. Ронандаҳо ба завқ
механдиданд. Якеаш гуфт: «валлоҳ, тарҷумон соҳиб, ҳеч ба
шӯравй монанд нестй. Мо ҳам дар аввал гумон кардем, ки
ба чанги роҳзанҳо гирифтор шудем».
Торели хуш шуд, ки одами худй пешвозаш гирифт ва
то Оҳанкашон бе ташвиш меравад. Доктор хеле хушсӯҳбат
буд. Кадом гурчй чак-чакӣ нест? Аз туфанги ман хушаш
омад. Торели дигар Нарвой дардмандон надошт, балки дар
фикри шикор буд.
Сӯҳбаткунон бо Торели соатҳои ёздаҳи рУз ба
қароргоҳамон ҳозир шудем. Ба ҳамкоронам, гуфтам, шумоён
бе ман чӣ мекунед? Як касатро барои истикбол фиристондем,
вале бо дасти холй омад. Вадим тасдик намуда, гуфт: «Ты
прав, Назар, мы без тебя никто» (Оре, ту ҳак ҳастй, мо бе
ту ҳечем). Торели ба ҳамагон вохУрдй карда, сУи ман ишора
намуда, пурсид: шумо аз ин кавора наметарсед. У, кариб ки
талхакафам кард. Слава, ки аллакай дар дасташ чанд номаро
медошт, «бале, гуфт: ин хел тарчумонро кофтан даркор.
Мо бо Назар бошем, ҳеч гуна проблем найдо намешавад».
Нони чоштро Абдулмуҳаммади ошпаз тайёр карда буд.
Торели як шиша спирта тозаро болои миз гузошт. Андаке
гулуҳоро тар кардем. Торели дигар токати коре надошт.
Мехост, ки харчи зудтар ба шикор барояд. Туфангро бо
чанд картус ба меҳмони гурчй додам. Слава хам бо вай
ҳамроҳ шудан хост. Ман майли бо онон рафтан надоштам.
Факат самтеро нишоншон додам ва гуфтам, соатҳои чор
кабкхо барои об нУшидан мефароянд. Даҳ-понздаҳ дона
кабкро бечон кунеду дигараша барои рӯзҳои дигар дар
шакли зинда захира монед, ки гУшти гУсфандамон тамом
шудан дорад. Тарасенко хам бо онхо рафт. Мебинам, ки се
кас бо як туфанг чй кор мекунанд. Бегоҳй бо як кабки захмй
баргаштанд. Азбаски он ба як каноташ тир хУрда буду азоб
мекашид, ошпазро фармудам, ки ҳалолаш кунад ва Торелиро
ба шикори худаш зиёфат кунад.
Ҳамин бегоҳ буд, ки Ғуломнабй ба назди мо омада, бо
Торели шинос шуд. Ба У чанд дона таблетка дод, ки
хурсандиаш хадду канор надошт. Торели ваъда дод, ки
фардо ба карияи вай меравад. Арбоб «ба чашм», гуфту
226
худоҳофизй намуд. Торели рӯзи 24-ум баъди Тарасенко ва
Гришинро сӯзани холера задан чанд нафар аз дохилиҳоро
ба ҳузураш пазируфт ва ба дардашон гӯё даво шуд. Ҳангоми
кабули онҳо ман тарчумонй кардам. Баъд аз кори расмӣ
Торели ва Гришин боз ба шикор баромаданд. Ин дафъа бо
се тир як кабк оварданд. Аз кисми бегоҳй фурсат ёфта, ба
номаҳои хонумаму дӯстам Қурбон ва хоҳарам чавоб
навиштам. Мехостам, ки Торели мактубҳоро ба Кобул барад,
то ки ба Точикистон фиристонда шаванд.
Рӯзҳое, ки Торели дар меҳмонии мо буд, барномаи
корй дар Оҳанкашон ба поён расид. 26-уми сентябр ба деҳаи
Рахна бояд мекУчидем. Аз кӯҳпораҳо ба ҳамворй
мефаромадем. Аммо дар деҳаҳои Харбед ва Оби Гарм чанд
рӯз бошандагон омад-омади Торелиро интизорй мекашиданд.
Ба ин хотир ману Торели ва Абдуллоҳ ба ин деҳаҳо рахти
сафар бастем. Ин рӯзи охирини дар Оҳанкашон будани
банда ҳам ҳисоб меёфт. Шӯравиҳо анчомҳои маро ҳам 6а
Рахна интиқол хоҳанд дод, зеро дигар ба Оҳанкашон
барнамегапггам.
Инак, 25-уми сентябр, мо се кас ба роҳ баромадем.
Торелии гурчиро аз ин минтақа хеле хушаш омада буд. Шабе
барояш нақл намудам, ки роҳе аст, ки касро сӯи деҳаи Орти
Дилшод мебарад. Чолибии ин роҳ дар он аст, ки дар як
ҷой туннели сунъй ба вучуд омадааст. Он туннел як сурохии
калонро мемонд. Аз он аспу маркаб ва унггур гузашта
метавонанд. Аммо вакти убур хатар пайдо мешавад. Ба
нотах асп ё одам ба девори он бархУрад, чаппа шуда, ба
дарё ғарк шуданаш мумкин буд. Мисле ки Торелиро худо
дод. Ду пой дар як мӯза гузошту тавалло намуд, ки ӯро
маҳз аз ҳамин роҳ бубарем. Абдуллоҳ, ки аз гузаштани он
сурохй метарсид, хоҳиш кард, ки Уро аз он роҳ набарам. Аз
ин рӯ, ба У гуфтам, ки ба роҳи асосй рафта ягон одамро аз
Орти Дилшод гирифта, аз он сУи туннел моро интизор шав.
Максад ин буд, ки онҳо аз суроҳӣ аспҳои моро гузаронанд.
Ману Торели роҳи тунелро пеш гирифтем. Дар ин сУи сУрох
хеле интизорй кашидем, аммо аз Абдуллох дарак нашуд.
Торели он сУрохро тамошо кард. Он туннели табий буд, ба
ин маънй, ки касе онро шикоф накарда, балки бо мурури
замон об зада-зада сУрохиро ба вучуд овардааст. Гузангган
аз он сурохй барои аспи ман ҳеч даҳшате намеовард, зеро
борҳо бо сохибаш онро убур карда буд. Аспи Торелиро ман
аз лачомаш кашаккунон ба он тарафи сУрох баровардам. Аз
таре чашмони асп мисле ки аз косахонаи сараш зада
мебаромад. Торели чанд аксе аз ин манзара бардонгг. Хуроки
227
роҳ допггем. Нон ва гӯшти обпази кабк буд. Бо Торели
лаби чашмаи кӯҳие нишастему бо иштиҳо нони чошт хӯрдем.
Ба амали Торели ва чеҳраи ӯ назар меандӯхтаму бовар
мекардам, ки ӯ «бачаи кӯҳ» буд. Тамошокунон соатҳои се
ба қарияи Харбед расидем. Ғуломнабй интизори мо буд.
Аввалан, дар косаҳо шӯрбои гӯсфанд овард. Баъди каме
қомат рост кардан, роҳамонро идома додем, то ки ба деҳаи
Оби Гарм бирасем. Ба қария нарасида, сари роҳ
Мирзоалаёрро дидем, ки ба шикори кабк машғул буд.
Ин сеюм бор аст, ки дар ҳавлии арбоб меҳмон
мешудам. Имшаб ҳам дар хонаи ӯ хоҳем монд. Арбоб аз
кабкҳои ҳалол кардааш моро меҳмонй кард. Ғизоро хуб ҳам
пухта буд. Торели мехӯрду таъриф мекард. Хоби шабам
чандон бароҳат нагузашта бошад ҳам, ба хотири меҳмони
гурҷй шикояте надоштам. Торели ҳам аз рУи одати гурчиаш
чизе намегуфт, баръакс лоф мезад, ки хеле бароҳат хобаш
бурдааст, гӯё дар гӯшае аз Гурчистон истироҳат кардааст.
Субҳ барвакт аз хоб баланд шудем. Нонгго кардем.
Баъдан Торели ба қабули маризону дардмандон оғоз намуд.
Духтараке, ки панчааш захмй шуда буд, 6а назди духтур
омад. Торели дасташро ба сӯи ӯ мебурд, то ки захмашро
мушоҳида кунад, аммо духтар дасташро мекашид, намехост
шахси бегонае захми онро бубинад. Торели хира шуд, ба ӯ
мефаҳмонд, ки ман духтур ҳастам, бояд аз наздик бубинам ,
ки чй захмест? Бо азобе захми духтарро дид, ки аллакай
хушк шудан дошт. Торели фаҳмонд, ки худаш сиҳат
мешавад, ба давое зарурат надорад. Духтарак он сУтар рафту
ба падараш, ки бародари Мирзоалаёр - Абдулҳаким буд,
гуфт: «Оқо, о ин доктар ҳам набудааст-ку!»
Бояд гуфт, ки бисёре аз ҳоҷатафтодагон ба даво эҳтиёҷ
доштанд. Вале Торели барои он наомада буд, ки
касалмандони карияҳои Оҳанкашонро муолича намояд.
Торели нахост, ки хоҳиши арбобро дар замин монад. Гузашта
аз ин, арбобҳо ҳам бо ин амал бошандагонашонро гуфтанй
мешуданд, ки дидед, мо чй навъ ғами шуморо мехӯрем. Ҳатто
доктори шӯравиро даъват намудем, ки дарди шуморо муоина
кунад. Бошандагони ин деҳаҳо, ки бандаро мешинохтанд,
бештар аз ман хоҳиш менамуданд, ки 6а дарди онҳо даво
шавам. Ман ҳам монанди вузарои Афғонистони шоҳй
ваъдашон медодам, ки дар оянда доктарро ҳатман бо як
халта даво ба наздатон мефиристам. Касалҳошон, асосан,
захм, пӯчак, синадард ва ғайра буд, ки барои инҳо Торели
ҳеҷ давоие надошт. Акнун андаке ба кафо баргангга, шаби
хонаи Мирзоалаёрро ба хотир биоварам, ки дар ҳузури
228
мехмони гурчй чй сӯҳбате сурат гирифт.
Дар гуруҳи мо як афғони ғурбандй ба сифати устои
кӯҳкафон кор мекард. У зан надошт ва ният карда буд, ки
аз Рахна, ки занону духтарони бесоҳиби зиёде он ҷо зиндагй
доштанд, ягонтоашро зан кунад. Ба ақидаи ғурбандй агар
зан шавҳармурда бошад беҳтар буд. Чунин зан пайдо
шудааст. Хеле зебопайкар хам будааст. Овозаи зангирии
ғурбандӣ тамоми минтакаи Оҳанкашонро пахш мекунад.
Бонувон ҳар чо ки менишастанд киссаи ба шавҳарбароии
он занро оғоз менамоянд. Чунин мешавад, ки ходисаи
зангирии он мард ба қисса табдил меёбад. Кисса, ки шуд,
дар атрофи он ҳар кас бофтахои худашро илова мекунад.
ГУё он марди зангир ном надоштааст. Бошандагон мехоханд,
ки исми марди зангирро муайян созанд. Ба ин максад хар
хел тахминҳо дар мавриди мардҳои гуруҳ сурат мегирад.
Аввалан бошандагон гумон мебаранд, ки он марди зангир
омири гурӯҳ Исматуллоҳхон аст. Баъди чанд рӯз овозаро
дигар сӯ кашола медоранд. Ҳа, мегӯянд он духтари
шавҳармурдаро тарчумони гурӯҳ зан мекардааст. Сипае
овоза паҳн шуд, ки он бевазанро харчо бошад, Абдуллох ба
занй мегирад. Тавре ки дида мешавад, мавзУи зангирии он
кУхкафон чиддй мешавад. Тааччубовар он овозае буд, ки ба
банда иртибот мегирифт. Охир, ман шУравй хастам, чаро
чунин овозаро дар мавриди банда раво дидед. Боз мегуфтанд,
ки охир, онҳо гумон доранд, ки ту хам афғон ҳастй. Ба
онҳо мефаҳмондам, ки хар киссае, ки сохтанй мешавед,
бандаро ба он дохил насозед, ки хуб намешавад. Мо ин чо
фақат барои хидмат омадаем ва нияти зан кардан надорем.
Агар роҳбарони сафорат огаҳ шаванд, чй хоҳанд гуфт.
Воқеан, бошандагони қариячоти Оҳанкашон ҳамагй маро
ҳамчун инженери дохилй мешинохтанд. Хайр, пур буд
чавонони дохилие, ки дар ШУравй тахеили тахассус дида,
руей медонистанд. Дигар ин ки кавораи ман сирф афғонй
шуда буд.Ба дохилиҳои гурУҳ рӯзе гуфтам: зангир киву
киҳо азияташа мекашанд. Исматуллоҳхон кр-кр хандида,
«хо, Худойназархон, пушти ин гапо нагарден, ин як навъ
соттирист, дига. Дар ин се мох пушти хонумҳошон дик
шуданд. Аз ин лиҳоз хар ракам гапа мебофанд». Ман
медонистам, ки зангир кист, рУзе ба наздаш омада гуфтам:
«Ой, Ачабгули ганс(гаранг) тезтар он бевазанро туй куну
моёнро аз киссасозиҳо холос намо». «Хуб тарҷумон соҳиб,
ин як киссае буд, дига, воқеият ку надора. Ба ин бачаҳо чи
бугум, дик шуданд, дига». Ин киссаи бофта ба Торели хеле
хуш омаду гуфт: «Назар, холо ки Кобул рафтам киссаи
229
зангириатро ба хонумат мегӯям, баъд мебинй, ки чи
мешавад». Ой, гурчй, гуфтам, ба ин хел киссаҳои бофта
шӯхй кардан лозим нест. Ман ҳам метавонам, ки ба ин кисса
номи туро хам дохил кунам, ту ҳам чеҳраи афғонй дорй-ку.
Не,не, хоҳиш мекунам, маро ба сужай ин кисса дохил накун,
ки зани ман девона аст, зуд бовар мекунад, ҳа, мегӯяд ин
як мох, ки гум будй пушти зани нав гаштй, магар? Бо
шунидани тарчумаи суханҳои Торели ҳама ҳозирини
меҳмонхона дуру дароз хандиданд...
Тавре ки гуфтам, Торели «бачаи кУх» буд ва ин
хунарашро дар деҳаи Оби Гарм исбот кард. Субх Торели
аз хоб хесту як ба кӯҳҳои сарбафалак назар андохт ва
бевосита кӯҳҳои Кафкозро ба хотир оварду нияти кӯҳбарой
намуд. Ман хам андаке рох бо У боло шудам, вале дигар
натавонистам. Дилам ҳаво гирифт. Аммо Торели
фоттоаппарат дар гардан мисли бузи кухй боло мешуд. Дар
поён мардони зиёде чамъ омада, дастҳоро ба пешонй айвон
сохта, кӯҳбароии Торелии гурчиро тамошо мекарданд ва
ахсан мехонданд. Ман бошам дар таре будам, ки баногах
чаппа нашавад. Он вакт дар бало гирифтор шуданам мумкин
буд. Аз ин рУ, Торелиро садо мезадам, ки ой, гурчии якрав,
кифоя аст, поён шав, ки дерамон мешавад. Вале, У хамоно
боло мерафт. Аз назарҳо ғайб зад. Замоне дидем, ки аз сари
баландие поёнро аккоей менамуд.
Ба хамин тарик, омад-омади Торели боз чанд карияи
дигарро низ фаро гирифт. Аз деҳаи Оби Гарм, ки ба самти
Рахна меомадем, аллакай карияхои сари рохамон аз омад-
омади Торели иттилоъ доштанд, ки духтаракону навҷавонон
бо овози баланд: «доктари шУравй омад, доктари шУравй
омад», мегуфтанд. Ман ба онҳо мефаҳмондам, ки «чУчаҳои
нозанин, худо маризтон насоза. АфсУс ки доктари шУравй
шитоб дора ва хам бо худ хеч навъ даво надора, монен ки
брава, вакти дига боз меоя». Торели гумон дошт, ки
бошандагони деҳаҳо ба истикболаш баромадаанд, ба ин
хотир, факат cap мечунбонд ва даст боло мекард. Бо хамин
рӯҳия, сафари Торели дар карияи Рахна ба поён расид.
РУзи дигараш ба чониби Чихчарону Кобул гуселаш намудам.
Бо вучуди ин, то чанде дар мавриди омад-омади Торели
миёни дохилиҳо сӯҳбатҳо идома ёфт.
Қарияи Рахна
Мафхуми Рахна нисбат ба кария васеътар аст.
230
Метавон онро 6а маънои мавзеъ истифода бурд. Рахна
бештар хамчун дарё маъруфият дорад. Дарё гуфтани Рахна
андаке касро ба муболиға кашола кунад хам, чараёни он
тӯлонй мебошад. Агар оғози ин дарёчаро ба карияи Рахнаву
Даҳана иртибот бидиҳем, пас чараёни он кад-кади
каторкӯҳҳои Оҳанкашон ба даҳо километр дарозй рӯ ба
поён дорад. Оби он аз ҳисоби чашмаҳо ва обҳоеанд, ки аз
каторкӯҳҳо поён шуда, чӯйи бузурги Рахнаро ташкил
додаанд. Ҳамчун кария чанд хонае ба назар мерасид, ки ба
ғайр аз чанд зани бевамонда дигар бошанда надорад. Он
чо, ки кароргоҳи мо чойгир буд, як дашти майсазореро
мемонд. Умуман, соҳилҳои дарёчаи Рахна сарсабз мебошанд.
Гузашта аз ин, Рахна як номи муайян надорад. Он аз байни
ҳар деҳае, ки гузарад, бошандагон номи онро бо номи деҳаи
хеш мегиранд. Масалан, дарёи Даҳана, дарёи Харбед, дарёи
Оби Гарм, дарёи Орти Дилшод ва ғайра. Бо ин тарз
бошандагони ҳар деха бо дарё доштани худ ифтихор
мекарданд.
Дарёи Рахна сермоҳй аст. Асосан бештар ширмоҳй
дорад. Мардум аз оби он барои гандумзорхояшон истифода
мекарданд. Аз оби чашма бошад чою ғизо мепазанд. Ба назари
бошандагон оби Рахнаро нӯшидан зараровар аст. Гӯё моҳӣ
доштани он боиси заҳролуд шудани он об мешудааст. Хеле
тааччубовар буд, ки мардуми деҳаҳои номбурда аз бенонй
азоб доштанд, вале аз гӯшти моҳӣ истифода намекарданд.
Чанд рУзе, ки мо дар ин минтака будем, кам-кам моҳихӯриро
ба таҳчоиҳо ёд додем. Мо, асосан бо чангак моҳй медоштем,
мисли пулиси Чихчарон патоки истифода намекардем, вале
дар як соат сатил-сатил мохй медоштем. Аз он барои худамон
ду-се кило мегирифтему дигарашро ба бошандагони деҳаҳо
тақсим мекардем. Оҳиста-оҳиста онҳо ба моҳидорй майл
пайдо карданд.
Мавзеи Рахна, ки дар пасти чойгир буд ва нисбат ба
Оҳанкашон гармтар менамуд, пашшаи бисёр дошт. Факат
вазиши бод моро аз пашшаҳои газанда начот медод. Бодхои
ин чо ба ду самт мевазиданд. Субҳ аз чониби шарк ва аз
тарафи бегоҳ аз самти гарб. Одатан, бодаш аз соати тати
субҳ шурУъ шуда, то соатҳои ёздаҳи рУз идома меёфт. Боз
чонгг огоз мегирифт ва то соати ҳашти бегоҳ давом мекард.
Дар Рахна дарахти бед зиёд аст, он хам бештар дар соҳили
дарёча ба мушоҳида мерасад. Манзараи табиаташ зебо нест.
Дар баландиҳояш дарахти тут месабзад. Мевачоту сабзавот
надорад. Аз тарафи шаб боду ҳавояш тағйир меёбад. Кас
сардй эҳсос мекунад. Шаббода дорад.
231
Баъди аз Оҳанкашон ба соҳили Рахна фаромадан, мо
хостем, ки қароргоҳамонро аз ин кария, ки дохилиҳо он чо
хайма зада буданд, ба самти Чихчарон болотар интихоб
намоем. Ба ин хотир, аввалан чаншаеро бояд пайдо мекардем.
Бо Шербина ду соат ба чашмакобй машгул шудем. Дар
натича чашмаи сероберо пайдо намудем. Онро тоза кардем.
Обаш мусафо ва хеле ширин буд. Ба оби маъданй шабеҳият
донгг. Обаш на гафс балки нарм ба назар мерасид. Ба
маъданй буданаш аз он фаҳмидам, ки агар дар шиками холй
нӯшед, меъдаро ба ҳаракат медаровард. Он чо, ки чашма
ҳаст, бояд қарияе вучуд дошта бошад. Аммо дехаеро дар ин
наздикиҳо намедидем. Факат болотар аз чашма ба масофаи
50-60 метр ду девори на чандон баланде намоён буд. Ман аз
баъзе роҳгузарони минтақа пурсидам, ки ин чо, ки чашмаи
серобе ҳаст, чаро қария нест. Онхо гуфтанд, ки ин чо замоне
деҳа мавчуд буд ва номашро Деволак (Деворак) мегуфтанд.
Пас, гуфтам, кучост он Деволак? Онон гуфтанд, ки холо
қария аз байн рафта, вале деворакҳояш монда. Маълум шуд,
ки кария бо номи он ду деворак ёд мешудааст. Яъне
қароргоҳи нави мо дар деҳаи Деволак чой гирифт. Ин чо
чанд муддат корҳои чУяндагиро идома додан зарур буд.
Акнун аз бегӯштй чандон камбуд надоштем, зеро моҳй
фаровон буд. Барой русҳо моҳй беҳтарин гӯшт ҳисоб меёфт.
Агар дар Оҳанкашон камбудии гӯшти гӯсфандро гӯшти кабк
мепӯшовд, ин чо моҳӣ буд. Аммо гӯшти моҳӣ барои мо аз як
чиҳат кимат метофт. Ошпазамон ғолмағол мебардошт, ки
«тарчумон соҳиб, ин моҳитон ҳама равғани мара хӯрд». Дар
ҳақикат, барои бирён кардани гӯшти моҳй равған бисёр
масраф мешуд.
Ошпазро ором карда мегуфтам, «хайр аст, дига шӯрбои
«уха» мепазӣ». У «уха»-ро нафаҳмида, «боз ухаш чй ракам
шӯрбост», мегуфт. Барояш шарҳ медодам: ухаш, яъне гӯшти
моҳиро дар об чӯш метӣ, чанд кулча пиёзро ба он майда
карда меандозй, каме намак ҳам ба кор аст ва халос,
ухашӯрбо тайёр меша ва мебарӣ назди шӯравиҳо мемонй.
Онҳо бо хӯрдани уха, факат ба ту ташаккур метану бас. О,
Абдулмуҳаммади гӯл, мегуфтам, ту мефаҳмӣ ки русҳо
хомшӯрбо надоранд, балки ухашӯрбо доранд». Ошпаз 6о
диккат суханҳои бандаро гӯш медоду баъд нимхандае карда,
мегуфт: « Тарчумон соҳиб, ту валлоҳ мара мазок мекунй».
Ин ошпаз хеле марди ачиб буд. Кавораи сурх, мУйсари сурх
ва чашмони кабуд допгг. Мегуфтамаш : «валлох, ту бесабаб
бо олмониҳо кор намекардай. Бубин хам сурх ҳастй ва хам
кабуд. Ин чиҳатҳо ба ориёихо хос мебошад». «На хайр,
232
тарчумон соҳиб», ма олмонй нестум, ма мусулмон ҳастум,
охир уно кофиран дига», мегуфт Абдулмухаммади мо, ки
соли дуюм аст барои шӯравиҳои гурӯҳ гизо мепазад.
Бо вучуди ин ки моҳй дошлем, он нафаре, ки чанд рУз
қабл барои овардани гУсфанди ваъдагй ба деҳаи Оби Гарм
рафта буд, бо гУсфанди сергӯшту серравғане ба кароргоҳи
Деволак ҳозир шуд. Ошпазамон гУсфандро пешвоз гирифт
ва гуфт: «Хуб шуд, ки аз моҳипазӣ халосам карден». Аслан,
птппаз моҳипазиро дУсл намедошт. Намедонам чаро. Вале
тахмин мекардам, ки мохипазй кори бисёртареро талаб
мекард. Онро аввалан поку тоза менамуд, баъд ба он намаку
сир ва орд мезад, сипас порча-порча дар тоба бирён мекард
ва аз пеши он дур намерафт, чунки ҳар лаҳза онро рУйгардан
карданаш лозим меомад. Ба ибораи афғонҳо моҳипазй барои
ошпаз таклиф меовард, заҳмати зиёд меовард. Албатта,
Абдулмуҳаммад ин душвориҳоро нагуфта, танҳо равғанро
бисёр хУрдани моҳиро таъкид менамуд. Аммо гӯшти гУсфанд
чй? Як килоашро ба дег мепартофту баъзан онро шУр медод.
Албатта, барои ошпаз гӯшти гУсфанд пухтан осонтар буд.
Аз дигар су, ҳар рУз гУшти моҳй хам хУрда намешуд. Дар
дили кас мезанад. Ман чандон хУрдани моҳиро хуш
надоштам, вале илочи дигаре набуд. Дар бегУштй мохй хам
гУшт буд. Гӯшти моҳй мох ба моҳ гуфтаанд, лекин ҳафтае
як бор хам хУрдани моҳй ҳаловат мебахшид. Қароргоҳи
нави мо низ бо ширмоҳиҳояш аз Оханкашон фарк мекард.
Ба шӯравиҳо ин моҳй лаззат набахшид, ки дирУз - 28-уми
сентябр рохи Чихчаронро пеш гирифтанд, то ки гулмоҳй
шикор кунанд. Ман нарафтам. Исматуллоҳхонро хоҳиш
намудам, то ки ононро роҳбаладй кунад. Банда бо
андешаҳоям дар Деволак мондам. Акнун мехостам рУзе бе
русҳо истироҳат кунам, ки арбоби деҳаи Чамбарак —
Маҳмудхон бо мУйсафеди хафтодсолае мехмонам шуданд.
Онҳо асосан ба Абдуллоҳ кор доштанд, аммо чй будани
мавзУъро аз банда пинҳон накарданд. Махмудхон кисса кард,
ки Абдуллоҳ духтари ин ришсафедро зан кар дани аст. Ин
ҳолат Ғуломсахӣ хам пайдо шуд, оне, ки туфангаш пеши
банда буд.
Маҳмудхону мУйсафед бо Абдуллоҳ қисса оғоз
карданду ману Ғуломсахй роҳи қарияи СиёҳкУҳро пеш
гирифтем. То он деҳа роҳи мошин мавчуд буд. Аз ин рУ,
Сарвари ронандаро бо мошинаш ба кор омода намудам.
Ғуломсахӣ рӯзҳои наздик ба аскарй даъват шуда буд ва
мехост, ки бо ҳамширааш, ки дар ин деҳа мезист, худоҳофизӣ
кунад. Ҳамшираи Ғуломсахй моро бо чою нону чормагз
233
меҳмондорй кард. Аскаршавандаро назди хоҳараш мондаму
худ бо Сарвар ба Деволак пае гаштам. Ҳеч нафаҳмидам, ки
Ғуломсахӣ маро ба чй максад ба деҳаи СиёҳкУҳ бурд. Ба
гумонам мехост, ки бошандагони деҳаи хоҳараш бубинанд,
ки У бо мошини чип омадааст. Дигар тахминеро кашф карда
наметавонам. Ҳамин буд чанд мушоҳқдаҳои банда, ки вобаста
ба қарияи Рахна гуфта шуданд.
Исматуллоҳхони қандаҳорӣ...
Кайҳо мехоҳам, ки дар бораи ин шахс чизе бинависам,
аммо масъалаи шинохти дурусте надоштан аз ӯ, садди роҳам
мешуд. Як солу ҳафт моҳ аст, ки мо дар як гурӯҳ ифои
вазифа дорем. Ман тарчумони вай ва саринженери русй ҳисоб
меёфтам. Аз нахустин соатҳои шиносшавй мо ба якдигар
унс гирифтем. Исматуллоҳхон, воқеан ҳам маро эҳтиром
мекард, шояд бештар барои он буд, ки киблагоҳаш исми
Худойназархонро допгг. Баъзан мегуфт, ки ман барои вай
ҳар амре диҳам ичро хоҳад кард, зеро ҳукми қиблагоҳй
доштаам.
Исматуллоҳхон аз ашрофзодагони Қандаҳор буд. Дар
зодгоҳаш замини биёре допгг. Боғоти ангуру анор ҳам дар
ихтиёраш буд. Яъне У яке аз сарватмандони Қандаҳор маҳсуб
мегардид. Мумсикй надошт. Шахси дилсофе буд. Ҳеч гоҳ
баланд сУҳбат намекард. Бисёр бошитоб ran мезад. Одатан,
паштунҳо тез-тез ran мезаданд. Ҳамин чиҳат ба тарзи
суханронии форсии Исматуллоҳхон таъсир гузошта буд.
Форсиро хуб медонист, ҳарчанд ки дар гуфтораш оҳанги
пашту ба мушоҳида мерасид.
Мавсуф хатмкардаи дониппсадаи гиюлучии Донишгоҳи
Кобул буд. Дар кадом кишвари хоричие тахассусашро баланд
бардопггааст. Дар Раёсати маъдан мақоми инженериро соҳиб
буд. Инженер Исматуллоҳхонаш садо мекарданд. Нисбат
ба русҳо бадбиниаш эҳсос мешуд. Америкоиҳову олмониҳоро
мепазируфт. Точикони шӯравиро хуш дошт. Роҳбари
воқеъбине буд. Қавораи паштуй дошта, марди зебое буд.
Агар аз русҳои мо касе ба У гапе ёд медод, қабул менамуд,
ба шарте ки ҳақ бошад ва агар фаҳмад, ки шУравӣ ноҳак
аст, дар рӯяш ноҳакиашро мезад. Истиҳола намекард.
РУзе, ки ҳамкорони шӯравии гурӯҳ майли ба Чихчарон
рафтан карданд, Исматуллоҳхон низ розӣ шуд, ки бо онҳо
бошад. Аммо субҳи рафтанашон хоҳиши рафтан накард,
балки бо ман дар Деволак монд. Ман он лаҳза чандон пай
набурдам, ки чаро шаб ваъда доду акнун аз райъаш гапгг.
234
Рӯзи ҷумъа ҳам буд. ГУсфанди обигармй мечарид. Ошпазро
фармудам, ки гӯсфандро кассобй карда, дилу чигарашро
барон ду кас пазад, зеро омири гурӯҳ Исматуллоҳхонро
даъват доданиам. Ошпаз хуш шуд, ки омирашон меҳмон
мешавад, дар байни як-ду соат ҳама корҳои меҳмондориро
ичро намуд. Соат 12-и рӯз шуд. Исматуллоҳхонро бо камоли
майл ба хаймаам даъват кардам. Гӯё, ки ин лаҳзаро интизорй
мекашид, «ба чашм, гуфт, тарчумон соҳиб». Аммо илова
намуд: «Худойназархон, ин кортон хуб нест, барои ман айб
аст. Охир шумо меҳмони Афғонистон астен, ман бояд
шуморо даъват бидиҳам». «Хайр аст, гуфтам, имрУз писару
падар бояд сУҳбати хосае дошта бошанд». Ин лутф хеле
маъқулаш шуду ба зудӣ омад. Сари сандалй нишаст ва болои
миз назар дӯхту изҳор кард: «тарчумон соҳиб, аз оби бутал
чизе мондааст ё на». Чавоб додам, ки «валлоҳ, ягон катра
ҳам намондааст, кулуша нУшидаанд». Оби бутал шаробро
дар назар дошт, ки дар ҳақиқат надоштем. У аз чой бархест
ва рафт тарафи хаймаи хеш. Чанд лаҳза баъд як бутал
шаробро оварда болои дастархон гузонгг.
Нони чонгг хеле болаззат пухта шуда буд. Мо як кадаҳӣ
барои муносибатҳои дӯстонаи Афғонистону Шӯравй
нУшидем. Шароб ба зудй ба мағзи Исматуллоҳхон зад.
Чеҳрааш суп-сурх шуд. Сӯҳбатамон рӯ ба гармй меовард.
Боз ду-се қадаҳи дигар бардонгг, ки 6а тамом каворааш
тагйир кард. Бо вучуди ин, диплумосона сухан мекард, то
ки ба нафси банда нарасад. Сипас сӯҳбаташ ранги озоду
ошкорро гирифт. Исматуллоҳхон бевосита дар бораи корҳои
гиюлуҷии шУравиҳо дар кишвараш ҳарфхо мезад. Аз
таҳлилҳояш пай бурдам, ки У ба фаъолияти баъзе аз
кормандони шУравй розӣ нест. Ба ақидаи эшон кисме аз моён
сидқан кор намекунем, балки фиреб медиҳем, вақтамонро
беҳуда мегузаронем. Масалан, як инженери русро мисол
овард, ки Рудин ном дошт. Дар кадом гурӯҳе вазифаи
техникро, яъне шахсеро, ки аз ҷойҳои маълумшуда намуна
мегирад, адо менамудааст. Исматуллоҳхон низ дар ҳамон
гурӯҳ ҳамкорй доштааст. Ҳамин Рудин чанд тан муздури
афгониро бо худ гирифта барои намунагирӣ ба масофаҳо
мерафтаасту болопУши пахтагиро зери cap монда, худ ба
хоб мепардохтаасту афғонҳои ғайримутахассисй аз рУи
^>аҳмиши худ намуна мегирифтаанд. Ба ибораи дигар, Рудин
а онҳо мефармудааст: «Ҳо ту аз он кӯҳҳо рафта намунаи
хок бигир».
Сарфи назар аз ин, Исматуллоҳхон бисёре аз
инженерони моро таъриф мекард. Ин акидаи Исматуллоҳхон
235
бандаро ба андеша бурд ва вокеият доштани чунин ҳолатҳоро
дар тачрибаи корни беш аз яксолаам пеши назар овардам
ва дар ботин эроди Исматуллоҳхонро тасдик намудам. Ман
ҳам дар мисоли маъданшиносони гуруҳи хеш медидам, ки
онҳо баъзан рӯзе аз ду соат беш кор намекарданд. Тасаввур
кунед, ки соати 8 аз хоб баланд мешаванд, як соат ношто
мекунанд, соати 9.30 ба аспхошон савор мешаванд ва соати
яку ей боз ба кароргоҳ ҳозир мешаванд. Аз ин панч соат,
такрибан се соаташ дар роҳ мегузарад. Пас ду соати корй
доранду бас. Чунин тарзи корҳои моро хама дохилихо ба
мушоҳида мегирифтанд. Махсусан, аз фаъолияти Слава
Гришин Исматуллоҳхон розй набуд. Тамоми рӯз китоб
мехонд ва ҷомашӯй мекард. Намунагирҳояш хам афғонҳо
буданд. Слава низ мисли Рудин техник буд. Натичаи хамин
бемасъулиятии Гришин буд, ки дусад дона намунаи сайту
хоки гирифтаи онҳо ба зери пой андохта шуд. Ҳол он ки
барои гирифтани ин теъдод намуна, як хафта сарф шудааст,
муздурон маош гирифтаанд, аспҳо коҳу чав хӯрдаанд ва
ғайра масрафҳо. Албатта, Исматуллоҳхон ғайривоқей сӯҳбат
намекард. Ё ин ки корҳои гуруҳ ба поён расидааст, аммо
бо ратсия ба Кобул хабар намедиҳанд, ки барномаашон поён
ёфт, чӣ кор кунанд, биоянд ё не? Баръакс, дар Деволак
қароргоҳи нав сохтем, боз дохили хаймае ҳаммом ҷӯр
намудем ва гУё корҳои боқимондаро ин чо бояд ба поён
расонем. Акнун саволе ба миён меояд, ки чаро Шербина ба
Кобул телегроми поёнёбии корҳои гуруҳашро хабар
намедиҳад? Ин корро дониста мекарданд. Агар чунин хабар
ба марказ мерасид, Чемирёв амр медод, ки аз ин чо ба фалон
гуруҳ худро бипайванданд ва то огози сардиҳо ёрй расонанд.
Чунин амр воқеият дошт. Тачриба нишон медод, ки борҳо
ҳамин тавр шудааст. Аз ин рӯ, гиюлучхои шУравй дар хайма
менишастанд, нақшаҳоеро дар пешашон мегузоштанд ва 6о
калам дубора онро нақшу нигор медоданд. Тарафи афғонй
ба хубй медонист, ки барномаи ҷуяндагии гуруҳ ичро
шудааст. Онҳо борҳо иброз медоштанд: «Тарчумон соҳиб,
корҳомон-ку тамом шуда, чаро ин чо маътал мондем?» Ин
ҳолатҳо, масъулиятро бар души Шербина вогузошта,
суханҳои Уро тарчума мекардам. Шербина мефахмонд, ки
на хайр, холо даҳ-бист рӯзи дигар корҳои шударо бояд ба
назму низом дарорем. Яъне чй? Пушти ин касе намегангг.
Як роҳи нуқс овардан ба иктисоди давлат хамин навъ
фиребгариҳо буд. Дар гурӯҳи мо 70-80 маъмуру муздур
дар ин мӯҳлат ҳаққи заҳмат мегирифт. Сй cap асп коҳу ҷав
мехУрд. Мошинҳо ба ин сУву он сӯ равуо мекарданд, ки
236
садҳо литр бензин бефоида дар ҳаво сУхта мерафт.Ин хама
масрафхои бекора буд. Аммо ҳанУз хам шУравихо аз пайи
корхои нотамоманд. Ман ба хубй чунин камбудхоро медидам,
вале чизе гуфта наметавонистам. Банда вазифаамро содиқона
анчом медодам. Тарчумон кист? Касест, ки марбут ба
мутахассис аст, онҳо ба У зарурат доранд, пас кор мекунанд
ё не, лекин гапҳои бекора хам ки бошанд тарчума намоям.
Барой ман ичро шудан ё нашудани барнома ахамият надошт.
Ба назарам Исматуллоххон хам ба он гурӯҳи
доктороне, ки зидди Саид Ҳошим Мирзод намоиш ташкил
доданд, ҳамақида буд. Як талаби онхо мавзУи бесамар
баромадани фаъолияти маъданшиносони шУравЯ дар
Афғонистон буд. Натича намедод. Ҳар маъдане, ки кашф
шуд, дубора маҳкам гардид. Чаро? Захираи кофй надошт.
Афғонистонро маъдане лозим буд, ки барои сад со л захирааш
басанда бошад. Ҳоло ки мо дар Оҳанкашон чор мох боз
корхои чустуҷӯй мебарем, ҳосилаш сифр хоҳад буд. Аз ин
рӯ, Исматуллоҳхони кандаҳорй дуруст мегуфт, ки чустучУХои
маъданшиносони шУравй сифат надоранд. Чаро дар Эрон
ин кадар маъданиёт хасту дар Афғонистон не? Ҳама кор
масъулият мехоҳад, афсУс ки на ҳамаи фиристодагони
ШУравй ба Афғонистон дар назди худу Ватан масъулият
эхсос менамоянд. Он рУз таъкиди Исматуллоххон бандаро
боз ба андеша овард, вале дар ин чода икдоме карда
наметавонистам ва «дахони пУшида хазор тилло» гуфта, бо
маъданшиносон кор мекардам. Бубинем, ки баъдхо чй
мешав ад.
Шербина ба зун (зона) меравад
Шербинаро Юрий Иванович мегуфтем. Ӯ аз тарафҳои
Сибир ба сифати мутахассиси тилло омада буд. Вай ба синну
сол аз банда даҳ-понздаҳ со л калон буд. Чисми майдае
дошт. Шояд вазнаш ба 40-45 кило мерасид. ГУё, ки дониши
назариявии кавй дошт, амалияашро баъдхо хоҳем фаҳмид.
Инсони хубе буд. Бисёр бамулоҳиза ва расмй сӯҳбат
карданро дуст медонгг. У хамеша ба коре машғул буд. Кадом
планшетеро, ки наздаш мегузошт, соатхо онро мутолиа
менамуд. Ҳамчун саринженери гурӯҳ миёни ҳамкоронаш
чандон мавқеъ надошт. Гришин, ки маскавй буд, дониши
Уро эътироф намекард. Вай бар ин акида буд, ки марказиён
беҳтар масоили марбутаро мефаҳманд. Баъзан ба баҳс
якдигарро мекашиданд, вале Шербина таслим мешуд, зеро
бо Гришин баҳс оростан фонда надошт.
237
Ба назарам як ҳодисаи нохуше, ки дар Кобу л ба сари
Шербина омада буд, эътибори мавсуфро то чое миёни
маъданшиносони шУравй поён бурд. Ин ҳодиса ҳам
хандаовар аст ва ҳам нороҳаткунанда. Дар Кобул ҳамин
хел раем аст, ки мутахассиси навомада агар беоила бошад,
ба хонае чо карда мешавад, ки он чо аллакай ду-се инженери
дигар иқомат мекунанд. Вақте ки Шербина ба Кобул меояд,
ба сабаби як худаш будан ба У хонае медиҳанд, ки дар он
як зани бешавҳари руей, ки дар лаборатория кор мекард,
зиндагй менамуд. Масалан, агар панчхонагй бошад, дар ҳар
хучрааш як кас рУзгор медид. Шербина дар яке аз чунин
ҳучраҳо чо ба чо мешавад. Ошпазхона якто аст, ташнобу
ҳаммом хам умумй мебошад. Шербина баъзан бо он зан хини
чойнӯшй сӯҳбат мекардааст. Он бону андак девонагй доштасг,
касе дУсташ намедошт ва хам чанчолй буд. Исоеви муовин
аз вай хамеша шикоят менамуд. Яъне У шикоятчй буд. Ба
вай хама чиз номаъкул менамуд. Шербинаи мо бо ҳамин
навъ бева дар як шароиту мухит карор дошт. Шабе дар
Кобул замин сахт чунбид. Бисёриҳо аз таре берун
баромаданд. Баъзе шаҳрвандони Россия умуман
заминчунбиро намефахмиданд. Масалан, Слава Гришин хеле
таре мехӯрд. Ҳолате, ки замин чунбидааст, ин зан ба балкон
баромадааст, чунки бо либосхои хобравиаш будааст, аммо
Шербина тарсида ба ин дару он дар худро задааст, вале
дарвозаи баромадро наёфтааст. Чи кор карданашро
надониста, дари хучраеро мекушояду зери кати оҳанй худро
пинҳон мекунад. Ларзиши замин поён меёбаду он зан боз
бемалол болои каташ дароз мекашад. Шербина хис мекунад,
ки хато кардааст, вале ханУз зери кат карор дорад. Хеле
токат мекунад, ки зан аз боло ба ин тарафу он тараф тоб
хУрда Шербинаро заҳмат медиҳад. Боз чанди дигар токат
менамояду мехоҳад, ки ҷояшро бароҳаттар кунад. Ин холат
каме мечунбад, ки зан мефаҳмаду аз чояш баланд шуда,
чорубро мегираду Шербинаро зада-зада кашида мебарорад.
Дар ҳучра сару садо мехезад, ҳамсояҳо бедор мешаванд ва
ба он хона медароянд, ки Шербинаву зан дар торикй дар
ҳолати нимбараҳнагй карор доранд. Он зан ба зуди даъво
мекунад, ки ин аблах хост, ки ба вай тачовуз кунад. Ҳарчанд
ки Шербина вазъияти шудагиро мефахмонад, он зан доду
фигонашро сахттар мекунад. Албатта, Шербина дар холати
ногувор мемонад. Бисёриҳо гапи занро бовар мекунанд, зеро
Шербина дар хонаи вай буд, на дар дахлез ё ошпазхона.
Хулоса, рУзи дигараш комитета маҳаллӣ ҳар дуро ба
муҳокима мекашад. Дар натича сармутахассис, ки девонагии
238
он занро медонист, Шербинаро дифоъ менамояд, аммо бечора
Шербина намедонист чи хел миёни ҳамкоронаш гардад.
Ҳамаи мо медонистем, ҳатто бачаҳомон аз ин ҳодиса воқиф
буданд. Ман эҳсос мекардам, ки Шербина ҳамеша худро
нороҳат медид. Хайрият, он занро баъди як моҳ гусел
намуданд... Бадбахтй он шуд, ки номи Шербинаро
«заминчунбӣ» ниҳоданд...
Шербина хам китоб зиёд мехонд. Вакте ки хама дохили
бистархо мешудем, У китоби ғафсеро болои миз мегузошт,
шонаи занонаашро паҳлуи китоб мемонд ва баъд чароғи
алайканро наздик оварда худро ба хондан омода месохт.
Ман дар дохили бистарам карор дорам ва кадом китоберо
мехонам. Аммо хушу гУшам ба Шербина аст. Мехостам
фаҳмам, ки ин китоби ҳазорварақаро чй навъ мехонад, ки
дар як шаб тамомаш мекунад. Шербина ба касе диккат
намедод, гУё худаш танҳо буд. Слава низ дохили бистараш
аст ва дуд болои дуд пуф мекунаду саҳифаҳои китобро варак
мегардонад. Шербина китобро мекушояд, баъди ҳар лахза
сахифа мегардонад. Ман ҳайрон мемондам, ки ин чи хел
китобхонй аст, ки ду-се дакика ба саҳифа менигараду саҳифаи
навро cap мекунад. То хеле мушохида намудам ва ба ин
хулоса омадам, ки У китобҳои суратдор бо худ меовардааст.
Вакти хондан саҳифаҳои суратдорро тамошо мекардаасту
бас.
Юрий Иванович борҳо шуда буд, ки ба китобхонй банд
мешуд ва аз чй гуфтани «Маяк» бехабар мемонд. Дар он
минтақа мавчи «Маяк» хама вахт дар мавче кор мекард,
ки Ашкобод буд. Як шаб «Маяк» тамом карду Ашқобод
шурӯъ кард. Ҳофизони туркман хеле бозавк мехонданд,
лекин Шербина намедонист, ки ин «Маяк» аст ё Ашкобод.
Ман ин ҳолатро дида, хандидам. Ӯ сУи ман нигаристу чй
механдй, гуфт. «Маяк»-атон сурудҳои туркманй мехонад-
ку!,гуфгам.
Рузе дар радио бояд репортажи футбол сурат мегирифт.
Ман хам хоб нарафта соати онро интизорй кашидам. Ба
умеди Шербина шуда, як вахт соатро бинам ба тамомшавии
футбол ду-се дакика мондааст.
Шербина шахси зудбоваре буд. Соддагиҳо хам бисёр
донгг. Ба кароргоҳи мо Ғуломсахй аз дехаи Чамбарак омаду
ба У иттилоъ дод, ки дар чое зуни (яъне зона) маъданро ба
мушохида гирифтааст ва агар инженер хоҳиш дошта бошад,
метавонад онро аз наздик бубинад. Ба Шербина ин хабар
маъкул шуд ва сУи ман назар карда гуфт: «Еуломсаҳӣ хах
аст. Шояд он чо зони нав аст, ки касе холо кашфаш
239
накардааст». Хеле мехост, ки дар соҳаи гиюлучии
Афғонистон кашфиёте кунад. Ду-се рӯз сари он зони нав ба
андеша рафт ва баъд бандаро огаҳ сохт, ки омода бошам,
пагоҳ ба он зона хоҳем рафт. Ин зона дар деҳаи Чамбарак
воқеъ буд. Чанд вакт боз, ки шикор намерафтам, ин
пешниҳод мавриди қабули ман ҳам карор гирифт. Ба ғайр
аз ин, ба хотири поён ёфтани корҳоямон туфангро ба соҳибаш
бармегардонам.
Чаҳоруми октябр ба максади зонаи навро дидан бо
Шербина роҳи Чамбаракро пеш гирифтем. Аз теппаи
Чамбарак мефаромадем, ки аз пешорӯямон арбоби деҳа -
Махмуд рӯболо меомад. Баъди салому алейк маълум кардем,
ки ӯ ба деҳаи Деволак назди мо рафтанй будааст. Бо
Маҳмудхон худоҳофизй кардему ба қария поён шудем.
Хушбахтона, Ғуломсахй рӯи ҳавлиаш сайру гапгг донгг. Моро
дидан замон ба истиқболамон шитофт. Ман гуфтам, «оқои
Ғуломсахй саринженер мехоҳад ҳарчи зудтар зуни маъданро
бубинад. Аз рӯи тахмини эшон бояд он чо маъдани
кашфношудае ниҳон аст». Ғуломсахӣ боз хам хушхолтар
шуд, мисле ки аз он гуфтааш фаромУш карда буд, «бале,
бале, ёдам омад, меравем, мебинем, зуни дилчаспест», гУён
«аввал як пиёла чой ва баъд зун», гуфт. Ин хоҳишро ба
Шербина тарчума намудам, рад накард. Як пиёла чой бошад,
як пиёла чой.
Пешхизматҳо ба зудй аспҳои моро ба гулмех банд
намуданд. Аз паси Ғуломсахй суй меҳмонхонааш равона
шудем. Завчааш бо духтарчааш, ки назди дарвоза
меистоданд, дастҳо пеши бар ба мо салом арз намуда, хуш
омадед гуфтанд. Бандаро пеш гузаронданд ва дохили уток
шуда будам, ки Шербина пешониашро ба болочУби дарвоза
зад. Бо ин ҳодиса андаке худро нороҳат хис намудам, зеро
медидем, ки сари У лат хУрда буд. Дар ботин мегуфтам, ин
бечора бори аввал ба хонаи афғоне ворид мешаваду боз шатга
ҳам мехУрад. Худамро сарзаниш мекардам, ки пастии
дарвозаро фаҳмида Уро бояд огаҳ месохтам, ки сарашро
хам карда дарояд. Кошкй У шахси баландкомат мебуд, аз
якуним метр беш баландй надошт. Агар кадаш мисли ман
мешуд шояд аз гарданаш ба дарвоза бармехУрд.
Меҳмонхона озода буд. Кӯрпачаҳои нав болои колин
партофта шуда буд. Еуломсахй ду се нафар аз амаку
амакбачаҳояшро даъват намуда буд, ки яке аз амакхояш
дар назарам ҳанггод сол донгг. Ин мУйсафед дар рУ ба рУ
менишаст ва ҳеч аз Шербина чашм намеканд. Воқеан, Юрий
Иванович чеҳраи фаромУшношуданй донгг. Руй сап-сафед,
240
аммо мӯйи cap зард, абрувон зард, мӯйи дастҳо зард. Чунин
ба мушоҳида мерасид, ки ин гуна одам ба ин минтақа ҳеч
вақт, мехмон нашудааст. Дигар ин ки ӯ бо номи одами
шУравй шинохта мешуд. Шояд Ғуломсаҳй 6а бошандагони
деҳааш гуфта будааст, ки рУзҳои наздик як шуравии воқеӣ
меҳмонаш мешавад.
Ману саринженер паҳлуи ҳам менишастем ва ҳар сари
вақт суханҳои соҳибони хонаро барояш тарчума мекардам.
Байни худамон русӣ сӯҳбат мекардем. Дидам, ки он
ришсафед хеле бодиққат ҳарфҳои моро гӯш мекунад, аз У
савол кардам, ки «бобо, маъзарат мехом, шумо гапҳои моро
мефаҳмен, ки ин кадар гУшатон тарафи мост?» У чавоб
дод, ки «ҳеч намефаҳмам, ки шумо ба якдигар чиҳо меген».
Банда шухй карда гуфтам: «мо-ку ба форсии кобулй ҳарф
мезанем, магар шумо лафзи кобулиро ёд надоред?»
МУйсафед як дар чояш чунбиду изҳор кард: «не, лафзи
кобулй мушкил будаст». Ришсафед ҳамоно хӯрокхУриву
сӯҳбати моро гУш медод. Дар ҳамин замина, рӯ ба мо оварду
гуфт: «валлоҳ гапатонро кам-кам фаҳмида истодаам». Ҳама
ҳозирин ин сухани мУйсафедро шунида хандиданд.
Болои дастархон аввал маскаю чурғот ва нони гарми
гандумй гузоштанд. Маскаро бузӣ гуфтанд. Маска бо нони
гарм хуб мазза медод. Ман, ки дар ин кор тачрибаи кофӣ
доштам, нонро «гӯши гург» карда маскаро ба он мепечондам,
Шербина аз кошук истифода мекард. Саринженерро
намедонам, ман то сер шуданам хУрдам, зеро солҳо буд, ки
ба чунин таъоми худй сару кор нагирифта будам.
Як нуктаро бояд хотирнишон сохт, ки дар ин минтакаи
кӯҳй занону духтарон рУй пинҳон намекунанд, яъне он
тартиботе, ки дар шаҳрҳои Афғонистон дар ин маврид ба
мушоҳида гирифта мешавад, дар кариячоти кӯҳистон риоя
намегардад. Бону вон озодона бо мар дон сӯҳбат менамоянд.
Шояд ин чихат аз он чо сарчашма бардоштааст, ки кариячот,
асосан, хама аз як авлоданд ва ба якдигар хешу табор
шудаанд. РУйро аз одамони бетона пинҳон мекунанд, ки ба
бонувони шахрй тааллук дорад, зеро дар шаҳрҳо мардони
бегона зиёд ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, он рУз мо ба
мушоҳида гирифтем, ки баъд аз даҳ-понздаҳ дақиқаи
омадани моён ба дехаи Чамбарак тамоми духтарони кадрас
ва ҳатто занхои калонсол дар таги дарвозаи Ғуломсаҳӣ чамъ
омаданд. Онҳо ба он хонае мутаваччех буданд, ки мо
менишастем. Пеш аз хама диққати онҳоро гапзании мо ва
чеҳраи Шербина чалб карда буд. Ғуломсаҳӣ ба мо мегуфт,
ки инҳо чанд дафъа аз У савол кардаанд, ки шӯравиҳо чй
241
ракам мешаванд ва чӣ рақам сУҳбат мекунанд? Акнун, имрУз
мегуфт соҳиби хона, онҳо бо чашми сару гУши худ, дар
шахси Шербина ҳам одами шУравиро мебинанд ва дар
сУҳбати шумо сухани русиро мешунаванд. Онҳо, воқеан, ин
Кадар ба Шербина менигаристанд, ки гУё У аз коинот пойин
шудааст. Ба нонхУрй ва чойхурии Юрий Иванович сархоро
паст карда менигаристанд ва гоҳе бо ангушт сУи вай ишора
мекарданд. Кор то чое расид, ки чунин рафтори бонувонро
Шербина дида, шарм фишораш оварду аз нонхУрй даст
капшд. Ҳарчанд Ғуломсахӣ ва банда мегуфтем, ки боз хУред,
не, гуфт, бас аст. Косаи чургот, ки наздаш буд сУи худ
кашидам ва то поёнаш нУши чон кардам. Баъд чой оварданд.
Боз чанд лаҳзаи дигар сӯҳбатро сари чой давом дода, сипас
аз он ришсафед хоҳиш намудем, ки дастархонро дуо кунад.
Рӯи ҳавлӣ баромаданӣ шудем. Пеш аз ин ки меҳмонхонаро
тарк гУем, Шербинаро огах сохтам, ки хушёр бошад, то ки
сарашро ба болодарӣ назанад. Медонам, гуфт. Яъне холо
хам чойи задагиаш дард мекардааст.
Ҳини дастҳоро шустан аз Ғуломсахй пурсидам, ки «чаро
бачаҳоят зард хастанд». Намедонам, гуфт. Аз модарашон
пурсидан лозим аст. Ин сӯҳбатро завчаву духтари Ғуломсаҳй,
ки дар гУшае меистоданд шунида, бо андак шарми занона
баробар хандиданд. Ин сӯҳбат ба ҳозирин хуш омад, ки
ҳамакаса ба ханда дода шуданд. Дар интиҳо аз хешу акрабои
соҳиби хона ва дигар бошандагон, ки моро гирд карда
буданд, узр хоста, ташаккур карда, худоҳофизй намудему
бо Ғуломсаҳӣ роҳи зонаи маъданро пеш гирифтем. Он зона
аз кария чандон дурй надошт. Мавзеъ бо номи Арчамазор
ёд мешудааст. Назди зона аз аспҳо пойин шудем. Ғуломсахй
бо ифтихор Шербинаро сУи зона, ки аз санги бисёре иборат
буд, рохнамой намуд. Саринженер чанд сангро ба дасташ
гирифта бо заррабин бодиқат омӯхт ва хулоса баровард, ки
дар ин сангҳо ҳеч гуна нишонае аз маъданиёт ба мушохида
намерасад. Ҳамааш сангҳои одй мебошанд. Табъи Шербина
хира шуд. Боз чанде ин сУву он сУи «зун»-ро тамошо карду
гуфт: рафтем, вактро сарф кардан маънй надорад. Ғуломсаҳи
низ худро нороҳат эҳсос мекард, вале У гуноҳе надошт. Дар
назари вай ин сангҳо чолиб маълум шудаанд ва гумон
кардааст, ки хамон доначахое, ки дар офтоб милт-милт
мезананд, маъдани қиматбаҳоест. Ман Уро тасалло додам,
ки хайр аст, Ғуломсахихон, чойятонро нУшидем,
маконатонро зиёрат кардем, тавре ки мардуми мо мегУяд:
ин сафари мо злак баҳонаю дидор ғанимат шуд. Оре, оре,
гуфт, Ғуломсахй. Мо бо чеҳраҳои кушод бо У ба амони худо
242
арз намуда, роҳи Деволакро пеш гирифтем.
Боз дар соҳили дарёчаи Рахна рӯболо шудем. Шитоб
надоштем. Роҳ ҳамвору бехатар буд. Туфангро бо ду дасти
адаб 6а соҳибаш баргардонидам. Туфанг хеле хизмат кард.
Ҳам дифоъмон намуд ва ҳам мавридҳои зарурат бо гУпгги
кабку оҳу таъминамон кард. Шербина болои аспаш ҳар хел
шеърҳо мехонд. Ба назарам, ба хонаву хонаводааш пазмон
шуда буд. Латифахо мегуфт. Мушоҳида менамудам, ки дар
гуттти аспаш чизе мехонд. Пайхас намекард, ки аспҳои афғонӣ
забони русиро намефаҳманд. Ҳол он ки аспи ӯ форсиро хам
дарк наменамуд, зеро аз Қандаҳор харидорй шуда буд.
Шербина ба аспаш «Рыжик» ном нихода буд. Аспаш хам
мисли худаш зард менамуд. Агар касе ба вай мегуфт, ки
«Рыжики шумо танбал», - қаҳраш меомад.
Он рӯз дар чараёни рох дар баъзе чойҳои ҳамвору
бесанг пойга мондем, аммо Шербина бой дод. Ин сафарамон
беташвиш ба поён расид. Соатҳои дую ним ба кароргоҳи
Деволак расидем. Сарфи назар аз ин ки зона ба Шербина
чизе надод, У соатҳо таассуроти сафарашро ба деҳаи
Чамбарак байни ҳамкорон накл мекард. Ба гумонам аз ин
дидор ҳаловат бурда буд. Банда хам.
Манори Ҷом
Моҳи октябр хам даромад. Аслан корҳои мо ба поён
расида буд, аммо аз Кобул ҳоло ичозати баргапгг надоштем.
Яъне гурӯҳи маъданшиносии мо дар марҳалаи «рӯзкуркунӣ»
карор допгг. Ба ин хотир, тасмим гирифтем, ки рӯзи шашуми
октябр ба саёхати Манори Чом бароем. Аз Деволак то манор
60-70 км рох буд. Одатан, ба харчо ки сафар мекардем,
пагоҳии барвақт онро амалй менамудем. То хеле ба самти
Чихчарон рох рафта, баъд ба дасти рост ҳаракат намуда,
чандин деҳаҳои хурду калонро паси cap кардем. Роҳаш
чандон хуб набуд. Роҳи дусоатаро дар се-чор соат тай
намудем. Баъзе чойхои он хатарнок хам буд. Махсусан, вакте
ки то манор ду-се километр мемонад, хатари чаппашавии
мошин пеш меояд. Дар масофаи се-чор километр то манор
карияе аз пешамон баромад, ки холи бошандагонаш табох
ба назар расид. Онхо чандон ба роҳгузарҳо тавачҷӯҳ зоҳир
намекарданд. Факат фаҳмидам, ки ахолии ин карияи
начандон калон форсизабон буданд. Ба гумонам мардумаш
асосан шуғли чорводорй доштанд. То ин деха, ки омадем,
мошинро истод намуда, аз бошандае, чй навъ то манор
рафтанро пурсидем. У чавоб дод, ки он сУтар ҳаракат кунед,
243
гардише оғоз мешавад, ки шуморо ба соҳили ҲарирУд
мебарад. Дар ҳақикат, 6о андак пештар рафтан манори Ч
ом маълум гардид, ки дар он сӯи Ҳарируд воқеъ буд. Вакте
ки расидем, акрабаки соат болои ёздаҳ қарор дошт. То худи
манор роҳи мошин набуд. Мошинҳоро дар як тарафи дарё
монда, анҷомҳоро бо худ гирифта, аз болои пулчае, ки одам
ба зӯр роҳ мерафт, гузаштем. Дар наздикии манор
майдончаи сарсабзе вучуд дорад. Маълум, ки то мо он чо
саёхон омадаанд ва соатҳо истироҳат хам кардаанд. Чанд
Чой ба назар расид, ки аз сангҳо дегдонҳо рост карда буданд,
то ки ғизову чой омода созанд. Мавзеъ хеле хароб буда,
ягон нишони зиндагие ба мушоҳида намерасид.
Анчомҳоро ба замин гузоштан замон Гришину
Тарасенко чангакҳоро омода сохта, дар кисми болотари дарё
ба моҳигирй оғоз карданд. Ман ҳайрон шудам, ки чаро онҳо
аккалан сар-сарй гирди манор нагаштанд, ин сӯву он сӯи
онро надида, ба зудӣ мохигириро авлотар донистанд?
Исматуллоҳхон, ки бо чанд тан маъмуринаш бо мо ҳамроҳӣ
дошт, гуфт: «Тарчумон соҳиб, ин шӯравиҳо барои дидани
манор омадаанд ва ё ба хотири моҳӣ». Ман чй хам чавоб
медодам? Факат ҳайфи Шӯравй мегуфтам, ки чунин
инсонҳои бемасъулиятро ба ин ҷоҳо фиристондааст.
Фаҳмидам, ки чунин муносибати шӯравиҳо ба нафси
дохилиҳо расид ва онҳо хеле дар ғазаб шуданд ва якеаш
изҳор дошт: «Охир, ага ино моҳӣ мехостанд дар ҳамон Рахна
пур буд-ку! Чаро хафтод километрро тай намуда, ин кадар
литар петрул (бензин)- ро масраф сохта, ба ин чо омаданд.
Инхо гуфтанд, ки саёҳат мераванд. Ба мучассамахои мо, ки
эътиқоду эҳтиром ба чо намеоранд, чй зарурат буд, ки ин
барномара чур карданд?» Мулоҳизаҳои афғонҳо дуруст буд.
Ин лаҳзаҳо, ки хамеша банда азият медидам, онҳоро каноат
кунонданӣ шуда, гуфтам, ки ҳоло ки салкин аст, мохй ба
чангак хубтар мезанад, ба ин хотир инҳо аввал аз моҳй
оғоз карданд. Моҳигирӣ, ки тамом шуд, хатман манорро
тамошо мекунанд. «Хо, интур боша, хайр аст», гуфт яке аз
маъмурин.
Гузашта аз ин, аввалан ба моҳигирй пардохтан чунин
маънй хам дошт, ки нони чоштамон аз гӯпгги моҳй мешуд.
Мехостем, ки шӯрбои моҳй пазем. Ин сабабро низ ба афғонҳо
фаҳмондам, ки агар русҳо аз моҳй шурӯъ накунанд, ин дах
нафаре, ки ба саёхат омаданд, чй мехУранд. «Ин тур бошад,
дуруст мекунан дига, ки моҳй мегиран», гуфт, Азимхони
маъмур, ки аллакай гуру сна монда буд.
Бо каме дохилиҳоро ором кунондан ману Шербина ба
244
майдончаи назди манор рафта, чойи нишаст дуруст намудем.
Аммо медидам, ки Слававу Вадим то ба чангакҳошон ду-се
моҳигй медоранд, ки рӯз меравад. Аз ин рУ ба Ачабгули
нигарон (кӯҳкафон) фармудам, ки даҳ адад потоқиро чур
кунаду ба дарё андозад, вагарна 6е нони чонгг мемонем. У
ба зудя ин амалро ичро намуд. Чамъан чор маротиба инфилок
(таркиш) сурат гирифту болои об пур аз гулмоҳии беҳуш
гардид. Чанд дона моҳии калон ҳам рУи об баромад. Слава
бо чанд тан аз дохилиҳо ба шУрбои моҳигй машғул шуданд.
Соати якуним моҳишӯрбо тайёр шуд. Дигар маводи ғизой
бо худ донггем. Дар гУшае чой монданд. Истироҳати воқей
сурат гирифт.
Сипае ҳамагӣ ба тамошои Манор рафтем. Шербина
андаке ба сохтмони манор таваччУҳ зоҳир намуд. Слава ва
Вадим низ атрофи манорро давр заданд ва боз ба мохигирй
пардохтанд. Мехостанд, ки аз ин моҳии холдор барои
Абдулмуҳаммади ошпаз ҳадя баранд.
Манори Чом 75 метр баландӣ дорад. Ин хел манорҳо
дар Ҳирот чандтоанд. Манори Чом низ ба хамон шакл бино
ёфтааст. Онро аз хиигги пухта сохтаанд. Накл карданд, ки
манорро дар қарни XI бо супориши Султон Ғиёсиддини
Ғуротӣ бино кардаанд. Яъне, ин меъморй ба давлатдории
Ғуриён иртибот мегирифт. Давлати Ғуриён (1148-1206) бо
номи давлати точикон, оаъд аз сулолаи Сомониён шинохта
шудааст. Асосгузори ин давлатро бо номи Сайфуддин ибни
Иззуддини Ҳусайн, ки ба хонадони ғуриҳо тааллук донгг,
нисбат медиҳанд. Давлати Ғуриён, махсусан, дар ахди
Ғиёсиддин Мухаммад, ки аз соли 1163 то 1203 хукумат
кардааст, хеле ривочу равнак ёфта, такрибан тамоми хоки
Афғонистон, Синд, Панчоб, Банорас ва баъзе навоҳии
Ҳиндустонро тахти тасарруфи худ карор медиҳад.
Номи давлат ба кӯҳи Ғур иртибот гирифтааст.
Мутаассифона, ин давлати точикй дар натичаи мубориза бо
Хоразмшоҳиён торафт рӯ ба заъифй оварда, ниҳоят соли
1206 шикает хУрд. Ин давроне буд, ки баъд аз сари Ғиёсиддин
(соли 1203) Шахобиддин ба салтанат нишаста буд.
Маълум мешавад, ки дар самти рости ҲарирУд, ки мо
он чо мошинҳоро гузоштем, шаҳри Ғур мавчуд будааст, ки
ҳамчун пойтахти давлати Ғуриён дар таърих сабт ёфтааст.
Ҳоло аз ин давлат факат хамин манор хамчун нишона бокй
мондааст. Албатта, рисолаҳои тадкиқотй низ дойр ба ин
манор ва давлатдории Ғуриён мавчуд аст, ки он бахеи
дигархелтарро мехоҳад. Аммо банда он чиро, ки бо чашмони
хеш дидаам, хамонро рУи тасвир меорам.
245
Чунонки гуфтам, дар тарафи рости дарё шаҳри Ғур
ва дар он сӯи дарё, яъне дар рУ 6а рӯи шаҳр, манор бар
пой меистад. Аз байн дарё мегузарад. Роҳи омадан ба манор
на аз болои дарё, балки аз зери он сохта шудааст. Шояд аз
касри султон ба чанд метр поён кофта шуда, сипас аз зери
дарё тавассути туннел роҳи рафту омади султон ва дигар
меҳмонони олиқадри Уро ба манор таъмин мекардаанд.
Нишониҳое аз шаҳр то ҳол боқӣ мондааст, чанд чой девори
хонаҳову манорчаҳо ва пасту баландиҳое ба мушоҳида
расид.
Чойи шаҳр дар теппаи ҳамворе будааст, ки сангзореро
мемонад. Ба ибораи дигар шаҳрро болои теппаи сангй сохта
буданд. Замини хока ба назар намерасид. Атрофи шаҳрро
бо манор кУҳҳо печондаанд. Аз ин чост, ки ҳарчанд манор
75 метр баландй дорад, аз ягон гУшаи минтака онро дидан
имкон надорад. Ҳарирӯд мустакиман рУ ба поён дорад, аз
самти чапи манор дараи кУҳие мавчуд аст, ки аз он чУи
калоне чорист ва худро ба Ҳарируд мепайвандад. Манор ва
шаҳр дар чойе барпо шудаанд, ки фақат аз як чониб, аз он
тарафе, ки мо омадем ба онҳо расидан мумкин асту халос.
Чунин тарзи шаҳрсозиҳо аҳамияти стратеги доштааст. Ин
ҳолат дупшан наметавонад, ки аз чор тараф шахрро мухосира
намояд. Вай метавонад танҳо аз як рохи умумй ба шахр
ворид шавад. Дар ин сурат ба мукобилияти сахте дучор
меомад. Вале ба манор аз ҳеч чониб рох вучуд надопгг.
Факат рохаш аз зери дарё буд, ки онро на ҳар кас метавонист
бубинад. Аз кӯҳҳои сарбафалак ба манор хучум овардан
гайриимкон буд.
Тавсифе аз манори Чом бад-ин карор аст: манор аз
тарафи дарё даричае дорад, ки аз сатҳи замин дар баландии
як-якуним метр чой гирифтааст. Бо зинапояи чУбй ба воситаи
он дарича ба манор дохил шудан мумкин аст. Манор ду
роҳи зинагй дорад. Яке ба боло мебарад дигаре аз боло ба
зери дарё. Шахси саёхро лозим аст, ки аз хамон зинае, ки
ба боло мебарад роҳ равад ва боз ба хамон ба поён фарояд.
Агар аз боло ба поён бо зинаи дувум фароед, ба қаъри дарё
расида, бо рохи зериобй ба он дарвозае расидан мумкин аст,
ки аз тарафи калъа карор дорад. То чанд вакт рохи зериобй
кушода будааст. Саёхон ба он бо ёрии чароғҳои дастй то
дарвозаи чониби калъа мерафтаанд. Аммо баъдан дарвоза
аз пушташ бо хоку санг маҳкам шуда аст. Шояд рохе, ки аз
калъа то дарвоза меояд, фурӯ рафтааст ва факат рохи зери
дарё мондааст. Акнун, он соле, ки банда онро дидам, убур
аз рохи зеризаминй ичозат набуд. ГУё чанд сол кабл саёҳони
246
фаронсавй хостаанд, ки аз он роҳ ба самти қалъа раванд,
вале касе, ки пешо - пеш мерафтааст, дафъатан гум мешавад.
Садое хам аз У ба гУши ҳамроҳонаш намерасад. Ин лахза
саёҳи дуюм ҷуръати пеш рафтан накарда, ба кафо
бармегардад. Ҳарчанд ки онҳо ба зуди ҷараёни дарёро
мебинанд, то ки саёҳи ғарқшударо пайдо кунанд, аммо
натичае ба даст намеоранд. Пас, ба хулоса омадаанд, ки то
ба куҷо фурУ рафтани саёхро муайян сохтан аз Фаронса
мутахассони обгард омада, хеле кӯшиш намудаанд, аммо
нишоние аз ватандорашон пайдо накардаанд. Ҳамон вакт
мегУянд, ки Зоҳиршоҳ омада чойи ҳодисаро диданй шуда,
аз зинаи дуюм ба роҳи зери дарё мефарояд ва чанд аскар
пешопешаш то он чо меравад, ки сурохии калоне пайдо
шудааст. Зоҳиршоҳ дигар мавзУъро таҳқиқ накарда, амр
медиҳад, ки шохи дарахтеро ба ҳамон ҳиссаи туннел
гузоранд, то ки дигар он тараф касе гузашта натавонад. Аз
ин ба баъд, ҳар касе ки бисёр хохиши туннелро дидан
мекунад, бо чароғ то он чуб мераваду пас мегардад.
Баъд аз шунидани ин қисса шӯравиҳо тарсида, гуфтанд,
ки лозим не, мо мехоҳем зинда ба ватанмон баргардем. Он
фаронсавй аҳмак будааст, ки бо дасти худ худро нобуд
сохтааст. Бахусус Слава ва Шербина сахт тарсиданд ва ҳатто
аз девори манор худро дуртар гирифтанд, аз тарси ин ки
манор болояшон чаппа нашавад.
Ману Исматуллоҳхон ният кардем, ки ба баландии
манор бароем. Маъмурини афгонй хам ба манор даромаданро
рад карданд. Мо ду кас ба воситаи зинапояча дохили манор
шудем. Назди зинае, ки ба боло мебаромад қарор гирифтем.
Роҳи зинадори качмокачак моро интизор буд.
Исматуллоххон пеш даромад. Чароғе хам бо худ надоштем.
Манор чо-чо мУричаҳо допгг, ки ба роҳзина равшанй медод.
Аммо равшанй ба тамом рохро равшан намесохт, балки дар
сари хар гардиш равшанй ба мушоҳида мерасид. Аввалан
хостем, ки зинаҳоро аз поён то боло бишморем, лекин то 14-
15-то хисоб намудему баъд ҳисобро гум кардем.
Бо эхтиёт пушти сари Исматуллоххон боло мешудам.
Ниҳоят ба нуктаи охири манор расидем, ки он тарафаш
муҳричае осмонро нишон медод. Зинаи дувумро хам дидам,
ки ба зери об мебурд. Вале баъди ҳодисаи саёҳи фаронсавй
чуръат накардем. То ки ин саёҳати банда таърихй шавад,
болои як хингги манор ба хати арабй чунин навипггам:
«Худойназар мутахассиси ШУравй».14 мизони 1351 баробар
ба б-уми октябри 1972. Дар хингги дигар сабте шуд, ки ин
буд: «Исматуллоххон, чиюлучи афгон» ва ҳамон таърих.
247
Он чо навиштаҷоти гуногуне 6о алифбоҳои дигар мавчуд
буд. Бо адои ин сабт, аз зинароҳи баромадаамон поён
фаромадем. Дар назди манор чанд акси хотиравй бардошта
шуд, ки ба ташаббуси Вадим сурат гирифт. Як акси пурраи
Манори Чом, ки хеле чолиб буд, то солҳои 80-ум пешам
нигоҳ медоштам. Аммо, академик Аҳрор Мухторов мехост
мазмуне сари Манори Чом нависад ва хоҳиш намуд, ки он
аксро ба ихтиёраш гузорам. Чанд вақт баъд, дар «Садои
Шарк» маколаи эшон ба табъ расид ва расми номбаршуда
он чо оварда шудааст.
Чанд соати дигар дар пояи Манори Чом истироҳат
намуда, ба баландии он ва навиштачоту санъати конгигариаш
менигаристему ба созандаи он офарин мегуфтам. Тасаввур
кунед, ки дар садҳо километр дур аз Кобул, дар чӯлистону
кӯҳистоне чунин маъхази таърихиву фарҳангй қомат рост
кардааст, ки дар харитаи саёҳии чаҳон номаш зикр ёфтааст.
Ҳамасола аз кишварҳои Ғарбу Шарк садҳо саёхон ба
Афгонистон меоянд, то ки ин манорро бубинанд. Вокеан,
ин манорро метавон яке аз арзишҳои фарҳангии қарни ёздаҳи
дунёи форсизабон шуморид. Оне, ки аз давлатдории Ғуриён
ва султоне аз он бо номи Ғиёсиддин намояндагй мекунад.
Сад афсӯс, ки ин мучассамаи таърихй аз назари бахши
фарҳангии Афғонистони шоҳй дур мондааст ва он сол то
сол рӯ ба харобӣ меорад. Бисёре аз чойҳои девори он
валангор шуданд.
Тамоми чӯбҳои зинаҳо, ки дар қатори хинггҳо қарор
доштанд, арра карда шудаанд. Аз ин чост, ки се-чор зинаи
қисми болоии манор тамоман афтодаанд. Бисёре аз саёҳон
хиштҳои кошй ва навиштачоти онро бо туфангча зада
афтонда, ҳамчун намуна бо худ бурдаанд. Хулоса, ин
меъмории таърихй аз тарафи давлат ва ташкилоти ЮНЕСКО
ҳифз намешавад. Агар чунин мебуд, дар назди он касеро
мутасаддй мекарданду як бечораи афғон аз ин ҳисоб рУзгор
медид.
Андешаҳои дигаре, ки бандаро бештар азият медод,
муносибати нодидагиронаи ҳамкорони шӯравиам буд, ки ба
ин мучассамаи таърихии шарқи мусулмонй ҳеч таваччУхе
зоҳир накарданд. Магар барои як инсоне, ки аз кишваре
мисли Шӯравй мебошад, як дониши маъданшиносӣ, ё
техникиву касбй кифоят мекунад? Охир наход барои шахси
маъданшинос аз ин манор чизе донишдиҳанда набуд?
Шаҳрванди кишвари бузурге монанди Шӯравй, Амрико,
Фаронса, Ингилистон, Эрон, Ҳинд, Чин, Ҷопон ва ғайра
бояд шахсе бошад, ки аз ҳама донишхои тахассусй каму беш
248
дар ихтиёр дошта бошад. Вақте ки кас фарҳанги халки
дигареро мепазирад, маъниаш он хоҳад буд, ки У шахси
фарҳангии кишвари хеш аст. Дар ғайри ин, Уро наметавон
каси бофарҳанг эълон донгг. Ин шУравиҳои бадбахти гурӯҳи
мо ба ҳамон илми худашон ҳатто бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир
мекарданд. Масалан, «Шохно- ма»-и Фирдавсиро
надонистани ин тоифа, барои ман хеле шармовар буд. Охир,
ин асар факат хоси форсизабонон нест, балки он моли
чаҳониён аст. Ба ҳамин монанд, даҳо асарҳои човидонии
дунёро донистани хар як шаҳрванди шУравй хатмист. Факат
худихоро донистану эътироф кардан нишонаи фархангмандй
шуда наметавонад. Дар хамин замина, банда худамро
хушбахт медонам, ки Пушкину Толстой, Достоевский,
Есенини русҳоро медонам, Балзаки фаронсавиро мешиносам,
Ҳомерро медонам, «Иллиада»-ро базавк мехонам, аз
Исмоили Сомониву Петри Кабир ифтихор мекунам.
Ленинро мепазирам, ба Сталини гурчиву русй офарин
мефиристам, Черчилу Рузвелтро эътироф менамоям ва ниҳоят
аз адабиёти чаҳону дунёи форсизабон бохабар хастам. Аз
ин нуктаи назар мо точикон хеле бурд кардаем.
Мутаассифона, русҳо, ки худро миллати аввалдарача
мешуморанд, ки дар ин чода хизмати хирсонаи Сталинро
набояд фаромУш кард, ба ғайр аз таъриху фархангии
славянин хеш дигар чизеро намедонанд. Оре, Балзаку Дюмаи
Калону Хурдро мехонанд, аммо хама фарханги славяниро
гумон аст ки донанд. Ин русхои мо, «Хонед, хонед, боз
хонед»-и Ленини бузургро нодуруст фаҳмидаанд. Ҳол он
ки Ленин 6о хондан мехост чахонро шиносад. Албатга, ин
шиор чандон навие надорад, лекин барои русхо бояд
омУзанда бошад, чунки аз худашон аст.
Як маъмури афғонӣ нодидагирии шУравиҳоро ҳис кард,
ки гуфт: «Инҳо чй ракам чиюлуч хастанд, ки хадди аккал
як хишташро хам даст накарданд». Бале, ман ҳам ҳайронам,
ки чаро ин ҳамкорони банда ин кадар бемайлу хохиш ва
худбин тарбия шудаанд? Дар рУзгори инсонй саволхои
бечавоб зиёданд, ки шояд дар ояндаҳои дур посухи худро
пайдо кунанд.
Бо ҳамин андешаҳо, задаву хеста, ба кароргоҳамон
расидем ва ҳар кадом кӯшиш менамуд, ки аввалтар дар
ҳаммоми хаймагй ворид шавад. Ин ҳолатҳо банда чобукиро
аз даст намедодам. Зери оби гарм худ ба худ гуфтам: хуб
шуд, ки як мавзеъи таърихиву фархангии ниёгони хешро
зиёрат намудам ва андаке дониши аспирантиамро боло
бурдам. Слава дари ҳаммомро мекУфт, Назар, бас будагист,
249
чй хобат бурд, магар? Бале, баъдан хеле бароҳат хобам
бурдааст, ки пагоҳаш бо майнаи пур аз таассуроти
ҳаловатбахши Манори Чоми Султон Ғиёсиддин аз хоб баланд
шудам ва дар ботин гуфтам: «Худоё ҳамин навъ султонҳоро
зиётар намо, то ки касрҳои фарҳангиву муҷассамаҳои
таърихй барпо кунанд ва бо ин ибтикор худро хотирмони
таъриху фарҳанги миллати хеш гардонанд. Он ривоят, ки
аз безурётии Ғиёсиддин шаҳодат медод, дуруст мегуфт.
Султон аз чанд зан фарзанд намеёбад ва дар андеша
мешавад, ки ин қадар дороиву шӯҳратро чй кунам? Фарзанде
надорам, ки султониамро идома бахшаду давомдиҳандаи
салтанати Ғуриён шавад. Вакте ки чунин аст, амр бояд содир
кард, то ки маноре созанд, ки аз ман нишонй бимонад.
Ҳамин амр буд, ки даҳсолаҳо ҳазорон муздурону меъморон
маноре ба баландии 75 метр барпо карданд ва номашро
Манори Ҷом гуфтанд ва дар тахтасанге навиштанд, ки ин
мучассама баёнгари шахсияти султон Ғиёсиддини Ғурй
мебошад, ки дар карни ёздахи мелодй салтанат кардааст.
Офарин ба ин султони дурандеш, бо манораш, ки
карнҳо боиси тавачҷӯҳи чаҳониён гардидааст. Худо кунад,
ки бори дигаре Зоҳиршоҳ ба ин чо ташриф биёраду ин
меъмории таърихиро дар зери назорати Афғонистони шоҳи
қарор бидиҳад. Омин! Боз як рӯзе аз хидмати хоричиам
кам гардид. Меравам ба умеди рӯзҳои дигар, ки донишхои
тозаеро ато хоҳанд кард. Ҳамкоронам, ки ҳеч ҳаловате аз
манор набурданд, дар фикри онанд, ки кай Кобул рухсати
аз ин минтака рафтанамонро медиҳад.
Таҷлили зодрӯзи Аълоҳазрат
Дар Афғонистон Зоҳиршоҳро Аълоҳазрат ҳам ном
мебаранд. Ҳамасола 22-юми Мизон (14-уми октябр) зодрУзи
Зоҳиршоҳро тачлил менамоянд. Ин маърака ба ҳукми
расмият даромадааст. Албатта, дар ин маврид дастури болоие
сурат нагирифтааст, аммо чунон ки маълум аст як фаъолияти
дастгоҳи ҳар ҳукумат аз ичрои чунин вазифаҳо иборат ҳам
ҳаст. Масалан, дар ягон чо навишта нашудааст, ки
Президента Точикистонро «Чаноби Олӣ ё Мӯҳтарам» гӯянд.
Ҳол он ки халқи Точикистон Президентро интихоб мекунад
ва олитарину боэҳтиромтарин ҳамон унвонест, ки Сарвари
давлати Точикистонро бо ҳамон ном ба расмият
даровардаанд. Исталоҳи Президент ҳам аз Ҷаноби Олй ва
ҳам аз Мӯҳтарам болотар меистад.
250
Ope, вақте ки ягон ҳуччати расмиро аз дафтари сафорат
ба дастгоҳи Зоҳиршоҳ мефиристонданд, дар русиаш
аълоҳазратро «Его Превосходителёство» тарчума мекарданд.
Яъне калимаи Аълоҳазрат маънии Чаноби Олиро медиҳад.
Зоҳиршоҳ чое намегуфт, ки 6а номи ӯ калимаи
Аълоҳазратро ҳамроҳ кунанд. Шоҳ хеле калимаи мукаддас
аст. Шоҳро дар замин сояи худо мегӯянд. Аз ин рУ, шоҳро
ҳақорат додан, ё таҳқир кардан гуноҳ ҳисоб мешавад.
Ҳамчунин президентро ҳакорат додан кори аҳмакону
бефарҳангон хоҳад буд. Дар ҳар чомеа аз ҳама табақаи
нодидагир ҳизбиён мебошад. Бештар онон шоҳро бо
калимаҳои қабеҳ ном мегирифтанд.
Зоҳиршоҳ то соли мавриди назар 39 сол дар тахти
шоҳй буд. У 6а назари банда шоҳи фурӯтан буд. Ҳеч гоҳ
чунин нашудааст, ки вақти ба кор омадану баъди кор ба
истироҳатгоҳи беруни шаҳрй рафтанаш роҳҳои Кобул баста
шаванд, ё кормандони бехатарй бехи чанорҳову болои бомҳо
назорат кунанд. Чанд дафъае, ки омаду рафти Зоҳиршоҳро
дидаам, ду мототсикл аз пеш ва дуй дигар аз пушти сари
мошини Зоҳиршоҳ карор доштанд ва ҳеч гуна чир-чиру
усу бра, ису бра ба мушоҳида намерасид. Ҳеч кас сирру
асрори Зоҳиршоҳро намедонист. У ҳар коре ки мекард дар
пинҳонй сурат мегирифт. Шоҳро касе интихоб намекунад,
балки давлат ба асоси сохтори шоҳӣ фаъолият менамояд.
Ҳукуматро шоҳ таъин менамояд. Тамоми масъулияти
давлатдорй бар уҳдаи ҳукумат аст, ки дар сари он садри
аъзам карор мегирад.
Таҷлили чашни Зоҳиршоҳ танҳо рӯзи таваллудаш ба
воситаи радиои Кобул ба тамоми кишвар пахш мешавад.
Имсол У 59-сола мешуд. Аълоҳазрат ҳар сол даҳ-понздаҳ
рУз кабл аз зодрУзаш 6о Малика 6а кишвари хоричие сафар
мекард. Соли 1971 шоҳид будам, ки У ба Иттиҳоди Шӯравӣ
рафт. Имсол аввал ба Туркия ва баъд ба Италия сафар
мекунад. Дар чараёни ин сафар Малика ба максади муолича
роҳи Боннро пеш гирифт. Дар ин ду соле, ки ба мушоҳида
гирифтам, зодрУзи Зоҳиршоҳ ба моҳи Рамазон рост омад.
Албатта, табакоте, ки шоҳро чандон намепазируфтанд,
сафарҳои хоричии Аълоҳазратро ба таври дигар эзоҳ
медоданд. Онҳо мегуфтанд, ки шоҳ рУза гирифтан
намехоҳад, халкашро эҳтиром намекунад, ба хорича, ки рафт
кораш айшу ишрат мешавад ва ғайра ногуфтаниҳо. Ин даъво
чандон воқеият надорад, зеро солҳое, ки Рамазон набошад
251
ҳам шоҳ дар арафаи зодрӯзаш бо баҳонае кишварро тарк
мегуфт.
Бо вучуди ин, аз Исматуллоҳхони кандаҳорӣ, ки то
чое шачараи авлодиаш ба Аҳмадзаиҳо наздикй дошт, савол
кардам, ки чаро Аълоҳазрат зодрӯзашро дар кишвар тачлил
накарда, балки ба хориҷ меравад ва шояд он чо дар ҳузури
гуруҳи хурде аз хешу ақрабо ва наздикони дастгоҳиаш
пешвоз мегирад?
Исматуллоҳхон изҳор дошт, ки мардуми афғон шоҳро
чун такягоҳ ва нигаҳдорандаи исломият ҳурмат мекунад.
Суханашро идома дода, дар масъалаи ширкат надонгганаш
дар рӯзи таваллудаш ин тавр гуфт: «Маълум аст, ки тамоми
шоҳони дунё бо роҳи сУиқасд кушта мешаванд. Ногуфта
намонад, ки киблагоҳи Зоҳиршоҳ - Нодиршоҳи ғозиро низ
як донишчУи афғон дар як чамъомаде, ки Нодиршоҳ ҳузур
дошт, мепарронад. Аз ин лиҳоз, Зоҳиршоҳ дар ин гуна
ҷамъомадҳо ва маъракаҳо иштирок намекунад. Агар шоҳ
худаш дар зодрУзаш иштирок кунад ҳам, яке аз писаронашро
ба хорич равон мекунад. Чаро? Аз он рӯ, ки агар шуду
шоҳ кушта шавад, писараш аз берун ба сари кушандагони
падараш мубориза бурда тавонад».
Имсол ҳам, Аҳмадшоҳ писари калони Зохиршоҳ, ки
баъди падар бояд ба тахти салтанат бинишинад, солгарди
Зоҳиршоҳро бо тантана гузаронд. Дар ин маърака Уро
ҳамчун вакили макоми салтанат мешиносанд. Ҷараёни
тачлили ҷашнро бо иштироки вакили мақоми салтанат
Аҳмадшоҳ, ки ҳамчун валиаҳд ҳам маъруфият дорад, ба
воситаи радиои Кобул ба итгилоъи халқи кишвар расонданд.
Ба муносибати ин зодрУз чорабиниҳои истироҳативу
фарҳангй пешбинй мегардид. Яке аз чунин чорабиниҳо
бузкашӣ буд. Имсол дар майдоне дар Багром бозии бузкашӣ
ташкил шуд. Соати 10-и субҳ вакили мақоми салтанат
Аҳмадшоҳ ба ин майдон омад. Он чо байни вилоятҳо
мусобиқа сурат гирифт. Бузкашии имсола ду рУз идома ёфт.
Ба сабаби ин ки Рамазон буд, аз дуюним соат беш идома
намеёфт. Одатан, дар чунин маҳфилҳо мутахассисини
кишварҳое, ки дар Кобул иқомат доштанд ва намояндаҳои
сафоратҳои муқими Кобул даъват мешуданд. Дар
кинотеатрҳо филмҳои махсус оид ба Афғонистон намоиш
дода мешуд. Шаҳрвандони Кобул бо рӯҳияи дилшодиву
ҷашнй сайру саёҳат мекарданд. Азбаски ин рӯз рухсатй буд,
мардум ба боғи шоҳии Пағмон ва Қарға мерафтанд ва
истироҳат мекарданд. Дар майдони Чаман ҳам мардуми
зиёде ҷамъ меомад ва бо аҳли хонавода болои чаманзор
252
истироҳат менамуданд.
Албатта, дар мавриди ин ки ҳама шоҳонро ба суиқасд
мекушанд бо Исматуллоҳхон рози шудан душвор аст. Вале
аз нигоҳи назариявй таҳлили ӯ вокеият допгг. Масалан, вақте
ки Ҳабибуллоҳхонро дар Чалолобод 6а катл расонданд,
валиаҳд — Амонуллоҳхон ба тахти шоҳй нишаст. Бояд гуфт,
ки дар ин чода Амонуллоҳхон бо дастаҳои махсуси хеш
хеле душманони падарашро саркӯб кард.
Дар ҳамин замина, Шералихону Абдураҳмонхон ду
дафъай ба ҳокимияти амирй расидаанд. Яъне аз хоричи
кишвар ба муқобили мухолифини худ зарба задани шоҳон
ба ҳукми анъана даромадааст. Аммо ин ибтикорот на ҳамеша
натиҷаи дилҳох дода метавонад. Шоҳи Бухоро — Олимхон
аз хорич хеле кӯшиш кард, аммо дубора ба сари тахт нишаста
натавонист.
Ба ҳамин тарик, 6о гӯш кардани барномаи радиои
Кобул оид ба тачлили зодрУзи Зоҳиршоҳ ва сӯҳбати
Исматуллоҳхон дар ин бора, банда до ниши тозае ба даст
овардам. Вокеан, эҳтироми сарваронро пос допгган вазифаи
ҳар шаҳрванди кишвар аст. Банда бар ин акида ҳастам, ки
Зоҳиршоҳ на барои он ки ӯро ногаҳон ба катл мерасонанду
кишвар бесарвар мемонад, балки маҳз ба хотири сурат
нагирифтани масрафҳои зиёдатй дар зодрУзаш иштирок
намекард. Шоҳ намехост, ки дар зодрӯзаш давлат масраф
кунад. Вакте ки худ ҳузур надорад, табиист, ки масрафи
чандоне сурат намебандад. Шоҳ хуб мефаҳмид, ки вазъи
иқтисодии кишвар хеле бад аст. Ба назарам, чунин рафтори
Зоҳиршоҳ ибратомӯз хоҳад буд. Дар бобҳои баъдии ин
дафтар Зоҳиршоҳро боз хоҳед дид. Он чо дар ин хусус
чиддитар сӯҳбат хохем кард. Бо умеди дониши боз хам
тозатаре ин ҳикоятро ба поён мерасонам ва холо мебинем,
ки ҳоли гурӯҳи маъданшиносии мо чй мешавад. Оё ичозати
Кобулравиро мегиранд ё боз моҳигириамон идома меёбад.
Бозгашт аз роҳи Банди
Амир ва Бомиён
Рузхои тачлили зодрУзи Мухаммад Зоҳиршоҳ барои
гурӯҳи мо боз ба он хотир фаромУшнашуданй буд, ки 16-
уми октябр аз Кобул ичозати пас гаигганро доданд. Ин амр
хеле ба сахтй муяссарамон шуд. Ҳафтаи охир факат хушу
гУшамон ба ратсия буд. Мо танхо ба воситаи ратсияи
253
Пасобанд метавонистем ба марказ аз худ иттилое бирасонем
ё бигирем. Баъзан чунин мешуд, ки Кобул 6а ратсия
мебаромад, аммо Пасобанд чавоб намедод, гУё касе он чо
набуд. Масалан, рУзи 12-ум 6а Пасобанд телегром додем, ба
чанд душворй навишта гирифтанд ва ваъда доданд, ки соати
яки рУз ҷавобашро хоҳанд дод. То соати як гУшҳо дар назди
ратсия овезон нишастем. Мутаассифона, марказ, ки Топол-
1 буд мехост ба Пасобанд Топол-5 ran занад, вале он чавоб
намедод. Топол дид, ки Топол-5 чавоб намедиҳад, ба амони
худо гуфту корро ба поён расонд. Топол-5 кучое буд, ки
дер пайдо шуд, вале дигар ба Топол-Кобул пайваст шуда
натавонист.
Ба ҳамин иллат мо нафаҳмидем, ки Топол «ха» гуфт ё
«не». Бадбахтй он буд, ки ба муносибати оғози Рамазон се
рУз рухсатй эълон шуда буд. Аз ин рӯ, фақат 16-ум имкон
доштем, ки «ҳа» ё «не»-и Тополро фаҳмем.
Ҳамагӣ асабй шудем ва ба якдигар мисле, ки каҳрӣ
будем. Слава Топол-5-ро ҳакорат мед од, ки мемуранд дар
чояшон бишинанд, 6о гуноҳи онҳо мо боз се рУзи дигар
бояд интизорӣ кашем. Шербина парвое надошт, гоҳе мӯйи
сари набударо шона мезад ва чанд мӯйи бокимондаро аз
шона пуф мекард. Вадим дар чунин ҳолатҳо ба ягон кор
худро машғул месохт. Дохилиҳо, ки баъзеашон рУзадор
буданд, торикшавиро интизорй мекашиданд.
Ман бо андешаҳоям банд будам. Медонистам, ки хамин
рУз аз Тошканд ҳавопаймо сУи Кобул парвоз мекунад.
Хонумам, ки 7-уми сентябр ба Душанбе Фотимаро раҳнамой
карда буд, то хол ба Кобул барнагашта буд. Албатта, банда,
ки дар Кобул набудам, дуруст карда буд, ки бо фарзандон
машғул шудааст. Боз маълумот доштам, ки Холов Мачид
дар рухсатй будаасту бо хонагиҳои мо якчоя меомадааст.
Агар ин хел бошад ҳоло У дертар ба Кобул бармегардад.
Боз андешахои дигар мутаваччеҳам сохт, ки ба 60-солагии
шоири точик - Мирсаид Миршакар иртибот доштанд. Ҳар
маъракаи фархангие, ки дар Душанбе ё Маскав баргузор
мегардид, бандаро нороҳат месохтанд. Нороҳатй аз он рУ
буд, ки бисёре аз донишҳои филологиро аз даст мед одам.
Ин чашн дар Маскав тачлил гардид, ки репортажашро
ба воситаи радио шунавонданд. Раиси мачлис Николай
Тихонов буд. Намояндагон аз Федератсияи Россия, Украина
ва Озарбойчон Шоири Халкии Точикистонро табрик
гуфтанд. Дар поёни чашнвора М.Миршакар сухан гуфт.
Ҳарчанд русиаш шикаста буд, У тавонист ба таъсисгарони
чашнаш дар пойтахти кишвар миннатдории хешро изхор
254
бидорад.
Якдафъай андешаам сӯи бозии дирӯзаи дастаи футболи
«Помир»-и дӯстдоштаам 6о «Уралмаш»-и Свердловск равона
гардид. Ифтихор аз он допггам, ки «Помир» ба ҳисоби шаш
бар сифр (6:0) ғолиб омад. Се
тӯпро Ғуломҳайдаров ба дарвозаи ҳариф фиристод.
Дутоашро Макаров ва яктоашро Карпян заданд. Офарин
«Помир» гуфтам.
Субҳи 16-ум Топол-1, ки марказ буд, «Ҳа» гуфт. Мо
дигар намедонистем хурсандиамонро чй навъ изхор кунем.
Ҳамагй аз пайи ҷамъугири анчомҳоямон шудем. То ин вакт
чошт ҳам расид. Абдулмухаммади ошпаз хӯрокро овард.
Дигар ба ғизо хУрдан хам майл надоштем, балки харчи
зудтар мехостем аз ин дараҳои тангу тор бадар шавему суй
Кобул ҳаракат кунем. Ниҳоят, вакти сафар фаро расид. Бо
афғонҳо акси дастачамъй гирифтему сипас хайрухУш кардем.
Онхо баъд аз як рУз бояд харакат менамуданд.
Бо гузапгги ду рУзи дигар чахор мох мешуд, ки аз
назди зану фарзандон дур будем. Магар ин захмат надонгг.
Геологҳо-ку ҳолашон сагона аст, ман чй гунох доштам, ки
бо онон кӯҳгардй кунаму муддати чор моҳ кӯдакҳоямро
набинам? Албатта, гунох дар масъулиятмандй буд.Ба хар
ҳол давлат хонондам, бовар карда ба кишвари ғайр равонам
намуд, боз чй лозим? Аз дигар сУ, ин чо захмат кашидан
маччонй набуд, балки маоши хубе медод, ки бо он
метавонистам рУзгорамро бинам ва хам каме захира намоям.
Ба ин хотир пушаймонй надонггам ва таҳти шиори «мушкиле
нест, ки осон нашавад» рУзгор медидам. Чаҳор моҳ ғарибӣ
дошт, вале дар ин муддат чй корҳое шуд, чй мочароҳе
дучорам омад, чй ҳаловатҳо насибам гардид ва нихоят
инсонхоро шинохтам ва хулоса баровардам, ки кй хает.
Мо хини сафар кардан ба минтақае ҳамеша аз накша
кор мегирифтем. Дар бозгашт, роҳи Ҳиротро интихоб
накардем, балки бо хоҳиши банда шоҳроҳи марказй
Чихчарон - Банди Амир - Бомиён ва Кобулро пазируфтем.
Ба ман одат шуда буд, ки ба як рох ду бор намерафтам.
Максади ман аз ин сафарҳо бештар дидани мавзеъҳои нав
буд. Ҳарчи зиёдтар кишварро медидам, ҳамон андоза хуншуд
мешудам. Пешниҳодамро дигарон пазируфтанд. Онҳо хам
бисёр мехостанд, ки ин ду мавзеъи таърихиву дилчаспи
Афғонистони марказиро бубинанд. Ҳамин буд, ки аз
Чихчарон чилави чипро аз шоҳроҳи Ҳирот ба чап гардондем
ва нуқтаи охири имрУза Лаълро қарор додем. Нақша ба мо
255
мегуфт, ки Лаъл минтақае аст, ки метавон шабро дар он чо
гузаронд. Албатта, имкон дошт, ки шаби 17-умро дар
Чихчарон сипарй мекардем, зеро ошноҳои пулисам -
Нургулокову турани панчшерй бо ду-се маъмурини дигар
сари роҳи мо баромада буданд ва хоҳиши шаб дар Чихчарон
монданро карданд. Аммо русҳо розй нашуданд, шитоб
доштанд. Геологҳо ачаб одате доранд. Онҳо вақти аз Кобул
ба сӯе рафтан хеле орому бафурчаанд, роҳи дурӯзаро дар
як ҳафта тай менамоянд. Истироҳаткунон мерафтанд. Вале
вакти бозгашт, мисле ки оҳанрабо мекашидшон чунон
саросемавор роҳ мерафтанд, ки роҳи чоррӯзаро дар як рӯз
мехостанд тай намоянд. Вазъи ононро мефаҳмидам. Чор моҳ
хеле муддатест. Банда ин ҳолатҳо мутеъи онон мешудам.
Ба дӯстони пулисам гуфтам, ки «Хо, шумо мефаҳмен дига,
инженер соҳибҳо пушти хонумҳо ва чӯчаҳошон диқ шуданд,
бояд зудтар бирасанд дига». Онҳоро аз ин шӯхӣ хушашон
омад, чунки худашон ҳам аз геологҳои шӯравй ҳоли хубтаре
надоштанд. Азбаски бо пулисҳо буда наметавонистам, чанд
адад патоки, ки аз Ачабгул гирифта будам, барояшон додаму
худоҳофизИ намудам. Турани панчшерй, ки ҳоло ҳам ба1щаро
аз худ медонист, «Худойназархон! Хо, ун туфанги ваъдагира
аз Кобул хоҳам гирифт?» Бале гуфтаму мошин ҳаракат кард
ва медидам, ки онҳо бо чеҳраҳои ба худ хос моро бо
чунбонидани дастҳошон гусел мекарданд. Ин охирин дидор
ба он зобиту туран ва дигар пулисҳои шаҳри Чихчарон буд.
Чунин ҳолатҳо маҳзуниеро пеш меовард. Хуб ё бад чор
моҳ ба ҳам унс гирифта будем.
Роҳ (сарак)-и Чихчарон—Лаъл хома буд. Чангу хокаш
ба осмон мепечид. Манзарахои дилчасп хам дошт, вале ба
сабаби дар шабона харакат доштан, гумон мекунам, ки баъзе
мавзеъҳои чолибро нодида моқдам. Соатҳои даҳи шаб ба
мавзеи ахолинишини Лаъл расидем. Чойхонаву
ресторанҳояш шабонарӯзӣ кор мекарданд. Самовотеро
интихоб намуда, ба истилоҳ хӯроки шом хӯрдем. Мардумаш
мисли мо раҳгузар хеле зиёд буд. Мошинхои лорй (боркаш)
бо нақшу нигорҳои зебо ва ҳатто бо сурати шеру палангу
уштур катор меистоданд. Мошини лорй рамзи беҳбудии
зиндагй буд, чунки бор мебараду бор меорад. Мусикии
ҳархела садо медод. Маълум, ки зиндагй хуб аст, зеро
ронандагони мошинхои боркаш аз дорандатарини ин табакаи
чомеа ба шумор мерафтанд. Дуди кабоби чигару қабурға
аҷаб ҳаловате медод. Машоми кас дуд хӯрад хам, лаззат
медид. Мо низ аз ин кабобҳо мазза дидем. Ҷойҳои серодаму
серғавғо инсонро хуш меояд. Банда аз самовотчие пурсидам,
256
ки ҳуталаш (меҳмонхона) дар кадом самт аст. У гуфт, ки
«инженер соҳиб, ин ҷо ҳутал надорад, агар истироҳат хоҳед
мо чой дорем. Бифармоед. Ин хабарро ба Шербина расондам.
Онҳо чанд лаҳза чурт (фикр) заданд ва ба ин хулоса
омаданд, ки роҳро идома диҳанд ва шабро дар Панҷоб
гузаронанд. Ронанда ҳам, ки андаке дам гирифта буд, «бурем
ба хайр», гуфту чипро чолон кард. Бояд гӯям, ки он лаҳзае,
ки ин се чурти худ мезаданд, пулиси маҳалро пайдо карда
аз ӯ вазъи роҳро фаҳмидам, ки чй тавр аст. Роҳзанҳои
минтақа шабона фаъолият мекунанд ё не. Пулис хандиду
гуфт: «Ага шумо шӯравй ҳастен, ҳини сари роҳтона гирифтан
бген, ки мо шуравием, онҳо ғаразтон намегиран». Хеле
тааччубовар буд, ки маъмури пулис ин гапро бидуни кадом
ташвише мегуфт. Аз ин гуфтор дарк намудам, ки вазъи роҳ
хуб нест, чй бояд кард? Агар ба ин се гапи пулисро расонам,
умуман ба ин роҳ намераванд. Мақсад гузоштам, ки чизе
нагӯям, аммо ба ронанда фаҳмондам, ки ҳарчо касе сари
роҳ мошинро истод карданй шавад, маътал намекунй, балки
суръатро метезонй, то ки дар байни чангу хок монда, моро
дида натавонад. Ронанда мақсади бандаро фаҳмид ва «хо,
тарчумон соҳиб, читуре ки шумо мефармен ҳамунтур
мекунам», - гуфт. Ин сӯҳбат, ки чанд дакикае давом дошт,
Слава ба ташвиш афтод ва аз ман пурсид, ки ту чиҳо мегӯй?
Тинҷй аст? Вай баъзе калимаҳоро мефаҳмид. Масалан,
«истод накун», «маътал», «тез буру» инҳо ибораҳое буданд,
ки ҳамарӯза истифода мешуданд. Табиист, ки банда доимо
дар сандалии пеш, паҳлуи ронанда менишастам. Сараки
Лаъл - Панчоб низ хома буд ва серчангу хок. Ақрабаки соат
сӯи як ҳаракат дошт. Чанд чой хоб фишорам овард. Он се
хоб буданд. Роҳ аз дашти тУлоние мегузашт. Ба ронанда
фармудам, ки ҳар чор чароғи мошинро даргиронад, то ки
ду чониби роҳ ба масофаи 5-6 метр дида шавад. Ронанда
каме хушёр гардид, зеро ӯро низ хобаш омада буд. Роҳи
дашт, одатан, шабона хатар дошт.
Роҳзанҳо дар ҳамин хел чойхо камин мегирифтанд ва
бехотир аз пешорӯи мошин баромада, аввалан ба шишаи он
файр мекарданд, то ки ронанда дигар харакатро давом до да
натавонад. Пешомади нохуше фишорам меовард. Ронандаро
бори дигар таъкид кардам, ки «хушёр бош, минтака хароб
маълум меша». У худро сари сандали мустахкамтар карор
дод. Дар масофаи як-якуним километр уиггуре сари роҳамон
баромад, ки чашмонаш дар рУшноии чароғҳои мошин валт-
валт мекарданд. Худамро рост гирифта, дидй гуфтам ба
ронанда. «Бале, тарчумон соҳиб». «Ин тур ки хает газа зер
257
кун, суръата баланд кун, аммо болои уштур нахурй, ки
мошин чаппа меша», гуфтам ба ронанда. Ҳамин тавр хам
кард. Ба хотири ин ки уштурро назанад, чилавро дар суръати
баланд андаке ба чал тоб дод, ки мошин ба капаракхо (пасту
баландихо) дакай сахт хУрду он се бедор шуданд. Слава
пурсид, ки чй шуд? Ҳамин ҳолат буд, ки аз пушти сари мо
садои тиру ту фанги панчтираи инглисй, ки ба масофаи панч
километр тираш роҳашро дигар намекард, баромад. Тир аз
болои сари мошин гузанггу ба чое аз он барнахУрд. Хайрият
шуд. «Фомидй не», гуфтам ба ронанда «Валлоҳ, тарчумон
соҳиб, чй ракам фоҳмидй, ки ин ҳиссаи роҳ хатар дора».
«Хо, чон ширин аст, дига. Хоҳй мефаҳмй». Хоби он се парид.
Фаҳмиданд, ки чй ran шуд а буд.
Чанд километри дигар пеш рафта будем, ки баданам
ба ларза даромад, гӯё хунук мехУрдам. Акнун тарсида будам.
Ба ҳамин хол ба Панчоб расидем. Соат дуй шаб буд. Ҳайҳот,
ин чо низ меҳмонхона надошт. Ба он се фаҳмондам, ки дигар
пеш намеравем, хатар дорад. Розй шуданд. Маконе бояд
иайдо кард, ки се-чор соати бокимондаи шабро гузаронд.
Ин сУву он сУро кофтам, як хонаи начандон калони
бедарвозаву панчара иайдо шуд. Чапуркатхоро он чо
гузоштем. Шаб сард буд. Дарак-дарак меларзидам, ба
гумонам хамон таре асар кард, ки ҳоло хам таъсираш буд.
Минтақае, ки ба он ҳаракат мекардем кӯҳистон ҳисоб
меёфт. Бинобар ин ҳавояш сард буд. Пагоҳии Панчоб об ях
кард. Барой нонушта вахт доштем. Мошинро бензин
андохтему сафарро давом додем. Нуктае, ки он чо чой хӯрдан
мумкин буд, Яковланг ном доигг. Аз Панчоб то Яковланг 58
км буд. Ин чо низ ободй ба назар мерасид. Гӯштҳои куттиро
бароварда нонуигга кардем. Офтоб хам баромад. Дар атрофи
Яковланг талу теппаҳо ба мушохида расид. Мардумаш
молдору ғаллакор буданд. Мавзеъҳое, ки убур намудем,
мулки форсизабон буд. Ҳама чо харфи форей мешунидам.
Маълум буд, ки вазъи иқтисодии мардумаш хеле поён буд.
Дар пеш моро Банди Амир интизорй мекашид. Байни
Яковлангу Банди Амир сй-чил километр рох буд.
Наздикиҳои соати даҳ ба мавзеъи Банди Амир омадем. Роҳе,
ки моро мебурд аз самти чапи Банди Амир вокеъ буд. Дар
ҳар чанд километр деҳачаҳо ба назар мерасиданд. Торафт
ба кӯлҳои Банди Амир наздик меомадем. Дар чанд
километрй то он чо майдончаҳои кабудизоре ба назар хӯрд.
Вахте ки наздик омадем, он майдонҳо кӯлҳои об будаанд.
Кӯлҳо байни худ деворхо доштанд. Табиат пеши дарёро
258
баста, онро дар шакли обанборхои сунъй сохта буд. Об каб-
кабуд буд. Кулҳо аз сатҳи замини роҳ хеле поин карор
доштанд. Чаро номи ин чоро Банди Амир мегуфтанд,
нафаҳмидам. Маънии амир маълум буд. Банд хам маълум.
Аммо чаро Банди Амир? Шояд ин кУлҳо 6о амри амире
сохта шудаанд? Ин кӯлҳоро медидаму Ҳафт кУли Панчакент
пенш назарам меомад. Оби ин кУлхо хам шаффоф, кас худро
дар он мисли оина дида метавонад. Ачобат он буд, ки
тамошои ин кУлҳо барои кас тарсу ларзро халк мекард. Дар
назарам ин кӯлҳо таг надоштанд. Назди яке аз кӯлҳои Банди
Амир соате дам гирифтем. Моҳй бисёр дошт, вале барои
доштани он ичозат набуд. Мегуфтанд, ки моҳии онро хУрдан
манъ аст, мисле ки захрноканд. Ба назарам, ин акида
нодуруст буд. Ба ин хотир чунин бофта буданд, ки саёҳон
ба моҳигирй машғул нашаванд. Лаҳзае, ки мо Банди Амирро
тамошо мекардем, чанд гурӯҳи саёҳон аз кишварҳои хорич
дар рУ ба руи мо бо либосҳои махсуси саёҳӣ карор
гирифтанд.
Дар Афғонистон забони расмии саёҳӣ ингилисй махсуб
мешуд. Аккосй мекарданд, филм мебардопгганд. Мо хам чанд
қитъа акси хотиравй бардоштем. Суратгири гурУҳ Вадим
Тарасенко буд. Хуб аккосй мекард, бо сифати баланд.
Дар асл Банди Амирро Обанборхо гуфтан мумкин буд.
Агар Афғонистони шоҳй садхо миллион афғонй ҳам масраф
мекард чунин обанборро сохта наметавонист. АфсУс ки аз
ин обанборхо истифода намебурданд ва онхо ба мисли оби
мурда буданд. Вале Банди Амир барои кишвар даромади
хубе меовард. Ҳамарӯза садхо туристҳо ба ин чо рахти сафар
мебастанд. Онҳо барои дидани Банди Амир доллар
медоданд. Албатта, тамошои мо бепул буд. Мо роҳгузароне
будему бас ва ҳам муқими Афғонистон. Ҳамин даромади
пули буд, ки Банди Амир аз тарафи давлат ҳифз мешуд. Он
чо маъмурине ба мушоҳида расид, ки кУлҳоро назора
мекарданд, ба туристҳо дар бораи кӯлҳо шарҳу эзоҳ зарур
надорад. Кучое онро бояд фаҳмонд? Кӯлҳои пуроби бисёре
мавзеъро оро медиҳанд. Дар назари кас осмончаҳое болои
замин фаромадаанд ва як шаҳраки осмончаҳо пайдо шудааст.
Ин шахри осмонй панч-шаш километр тУл дорад. Тасвираш
ҳамин хоҳад шуд. Вокеан, обанборхои Банди Амир манзараи
хотирмон буд. Бо ҳамин диданхо корхои гиюлучиро
мепазируфтам ва бо онон якчо рУзгор донгган маъкулам
буд. Магар бо пул ва бо рохи дигаре ба ин чо омадан мумкин
буд? Ҳаргиз.
259
Дар пеш моро боз ҳам манзараҳои аҷиби таърихиву
фарҳангй интизор буд, ки яке аз онҳоро Бомиён мегуфтанд.
Баъди паси cap кардани даҳо километр ин шаҳри таърихиро
хам хохем дид.
Ҳини ҳаракат сӯи Бомиён қарияҷоте ба мушоҳида
расид, ки бошандагонаш аз мардуми хазора буд. Бесабаб ин
минтақаро Ҳазорачот намегуфтаанд. Деҳаҳои онҳо хурд-
хурд маълум мешуданд. Байни ҳар деха фосилаи зиёде
набуд. Шояд ҳар карияро хонаводаҳои авлодй ташкил
медод? Ҳазораҳоро дар бозорҳои шаҳрҳо бисёр дида будам,
ки ҳаммолй мекарданд. Аскархоеро хам аз ин кавм медидам,
ки таги дари ашрофзодаҳову кумондонҳо хидмат мекарданд.
Баъзан ин тоифаро саги дари хонаи афгон меномиданд.
Таҳқири сахте нисбат ба инсоя.
Ин мардум аз нигоҳи қавора ба қавми казоқу киргиз
шабеҳ буд. Мардҳояш майдахел ва бенггар зардина маълум
мешуданд. Аз хама табакаи камбизоати Афғонистон ҳамин
ҳазораҳо буданд. Онҳоро дар ҳеч дастгоҳи ҳукуматй ба
сифати маъмур ба кор намегирифтанд. Ин қавм дар
Афғонистони шоҳӣ ягон мавқеъро ишғол намекард. Мақоми
онҳо ҳаммолӣ, муздурй ва ба корҳои сиёҳ машғул шудан
буд. Албатта, дар шаҳрҳо буданд чанд тан ҳазораҳое, ки бо
душворӣ мактаб хонда, ҳатто эчодкорй мекарданд. Масалан,
дар Раёсати маъдани Афғонистон Карим Мисоқ ном ҳазора
бо мо кор мекард, ки рутбаи маъмури хурдро дошт.
Хазинадори ҳизби халқй ҳам буд. Аъзам Раҳнаварди Зарёб
ҳам, ки нависандаи хубе буд, ба кавми ҳазора тааллук допгг.
То чанде, ки ба Бомиён наздик мешудем, дар қабати
теппаҳои хокӣ хонаҳои гилин ба мушоҳида мерасид. Гӯё
замоне карияву шаҳрҳо дар теппаҳо сохта мешудаанд. Ҳамон
шаҳреро, ки дар кабатҳои кӯҳхои Оҳанкашон дидем, айнан
он дар теппаҳои хокй такрор меёфт. Ҳоло дар ин хоначаҳои
тоқмонанд, асосан, кӯчиҳои раҳгузар иқомат мекарданд. Ба
ибораи дигар, агар равшанй андозем, дар теппаҳо чо-чо
хокро кофта ба ҳачми ду бар се метр хонаҳо сохта буданд.
Ин хонаҳои хокӣ дарвозаву панчара надоштанд, балки як
роҳи даромад доштанду бас. МегУянд, ки дар собик ин
ҷоҳоро ба шаҳрҳои ҳазорачот нисбат медодаанд. Ин мардум
аз чӯбу хас хона сохтанро ёд надоштанд. Аз дигар сӯ, дар
ин минтака чУб вучуд надонгг. Муҳиташон хокистон буд ва
фақат аз он истифода мекардаанд. Баромади қавмиву
ичтимоии ҳазораҳоро ба муғулҳо иртибот медоданд.
Мегуфтанд, ки муғул бо лашкари чансадҳазориаш ин
минтақаро ишғол карданй мешавад, аммо ба мукобилияти
260
сахти бошандагони мавзеъ дучор омада, рУ ба фирор меорад.
Дар натича аз ҳамон лашкари бузург ҳазортои он начот
ёфта 6а таҳчоиҳо асир мемонанд. Ҳокимони вақт онҳоро ба
ин минтаха чо дода, як умр барон хизмат кардан нигоҳ
донггаанд. Бо мурури замон аз ин ҳазор нафар муғул наслҳо
падид меояд, ки хазора гуфта мешуданд. Вахте ки наел
инкишоф меёбаду дар чойи муайяншудаи давлати вахт дигар
чойи хонасозй намемонад, ба онҳо ичозат медиҳанд, ки дар
масофаи 40-50 километр маҳалҳои хоси худро бино намоянд.
Минбаъд ин минтаха номи расмии Ҳазорачотро мегирад.
Дар тУли харнҳо ин хавм забони модариашро гум карда, ба
форсизабонхо омезиш меёбад. Бинобар ин, аз ин хавми
бузург ном мемонаду бас. Забоншон форей мешавад. Албатга,
нишониҳое аз муғулҳои авлодиашон то ҳол миёни онхо,
масалан дар эчоди шифоҳй ва расму оинашон вучуд дорад.
Дини исломро пазируфтаанд. Ҳол он ки пешвоёни ин хавм
дар Тибет ва Чин хеле шУхрат доранд. Ин хама он донише
буд, ки дар заминай гуфтаҳои афғонҳо ва ривоятхои
бофташудаи худи ҳазораҳо дар андешахои банда тахлил
меёфтанд. Дар натичаи андешабофтхои ботинй дониши
таърихиву фарҳангие оид ба кавми хазора пайдо намудам.
Бо рӯҳияи ҳазорашиносй вориди шаҳри таърихии
Бомиён шудем. Шахр панч-шаш километр тУл донгг. Аз
тарафи чап теппаҳои баланди хокӣ шаҳрро иҳота намуда
буданд. Сохтмони шахр хадимй буд. Ҳама хонахои якхабата
ба мушоҳида мерасид. Дар шахр нишоние аз меъмории
муосир ба назар намерасид. Як шахри оддие буду бас. Ба
самти шимоли он дар дашти калоне шаҳрчаи хаймахо барпо
буд. Он чойи истихомати мувахатии саёҳон будааст. Ҳама
хаймахо сохти хоричй буда, ранги сафеди хат-хат доштанд
Саёхон аз Кобул ба воситаи хавопаймо то ин чо меомаданд
ва баъд бо автобусхо ба тамошои буддоҳо ва Банди Амир
мерафтанд.
Чунон ки аз таърих медонем, Бомиён дар масофаи
230 километри шимолу ғарбии Кобул, дар доманаи Кӯхи
Бобо вохеъ мебошад. Ин шахр, вохеан, хадимист, ба ин
маънй, ки дар сарчашмаҳои асрҳои миёна аз мавчудияти
чунин шахре ёдоварй мешавад. Бомиёнро «Водии буддоҳои
бузург» ҳам меноманд. ЧустучУхои бостоншиносй аз ин
минтаха чанд адад аз ёдгориҳои нодирро ба мушохида
гирифтааст, ки ҳамчун дайрхои буддоии аерхои 1-7 шинохта
шудаанд. Тавре ки шохид будам, холо дар Бомиён ду
мучассамаи хеле азими буддо мавчуд аст. Яке бо номи
мучассамаи бузург маъруф буда, 53 метр баландй дорад,
261
буддой дувумаш хурдтар буда, 35 метр кад дорад. МегУянд,
ки буддой хурд нисбат ба буддой бузург, таърихи кадимтар
доштааст. Яъне бунёди онро ба асрҳои 1-3 то солшумории
мелодй иртибот медиҳанд. Баъд аз ду асри дигар, дар
масофаи се километр буддой бузург сохта мешавад. Вакте
ки аз Банди Амир ба ҷониби Бомиён ҳаракат мекардем
нишонии шаҳрсозиҳое ба мушоҳида расид, ки боқимондаҳои
шаҳри Ғулғула будааст. Соли 1222 мугулҳо ин шаҳрро ба
хок яксон кардаанд.
Буддоҳои Бомиён нишоние аз дини Буддоия мебошанд.
Ин дин дар қатори Масеҳият ва Ислом ҳоло ҳам шӯҳрат
дорад. Макони дини Буддоияро Ҳиндустони кадим медонанд.
Саёҳон аввалан ба тамошои буддой бузург мераванд. Буддой
калонаш чароҳат дида буд. Аз пешонй боло шикаста ва
ҳамчунин як пояш аз зону поён вучуд надошт. Аз миёни
пойҳои буддой бузург ба толоре до хил шудем, ки хеле калон
буд. Он чо кӯчиҳо зиндагй мекарданд. Деворҳои толор хока
буд. Яъне теппаи хокии баланде кофта шуда буд. Дар дохили
толор зинапояҳои гилй мавчуд буд, ки шахсро ба тори сари
буддо мебаровард. Болои тейпа дашти калонеро мемонд, ки
ҳавопаймоҳои хурд метавонистанд бемалол ба он чо фуруд
оянд. Баъд аз тамошо бо Слававу Шербина дар пояи буддой
калон сурат гирифтем. Сипае пазди буддой хурд рафтем, ки
он ҳам ҷароҳатҳои зиёде дида будааст. Табиист, ки ин
буддохо аз тарафи дав лат ҳифз мешуданд.
Ниҳоят, ба ресторане даромада чанд сихкабоб хӯрдему
соатҳои сеи руз роҳамонро ба чониби Кобул идома додем.
Рох хеле хароб ва хатарнок буд. Чанд чой кариб буд, ки
чип чаппа шавад. Аз ин чост, ки саёҳонро барои бо автобусу
мошини майда омадан аз Кобул ичозат намедоданд. Рохаш
чандон дилчасп набуд. Талу теппаҳо дошту аз боготу
майсазор кам ба мушоҳида мерасид. Торафт, ки рох ба
Кобул наздик мешуд ҳаво торик мегардид ва харакати
мошинро душвор месохт. Соатҳои даҳи шаб ба манзили
Кобулиамон расидем. Як шабу рУз истироҳат намуда, рУзи
дигараш ба корхоямон дар Кобул идома додем.
Сафари сеюм ба Ҳирот
Баъди баргаштан аз сафари чормоха чанд рУз дар назди
хонавода мондам. Хайрият, Парвизу модараш дар хамон
рУзи тахминкардаам ба Кобул баргашта омадаанд. Пар виз
хам хеле пазмон шуда будааст. Ҳар бегоҳ аз дасташ гирифта,
262
ин сӯву он сӯ мебурдамаш. Баъзан хонаи Ҳакназар Назаров
ва Муҳаммадчон Гулчонов медаромадам. Зуҳур Ёров низ
аз саҳро омада буд ва писараш Йфтихор ҳамсоли Парвиз,
ки буд якчоя бозй мекарданд.
Медонистам, ки боз рУзҳои наздик 6а ягон гурӯҳи
дигар мефиристонандам. Дар ин муддат каме пул чамъ шуда
буд ва мехостам, ки мошини «Волга» допгга бошам. Ба ин
хотир ба сафорат рафтам, то ки «наряд» - хуччати
мошингириро аз муҳосиба бигирам. Сармуҳосиб гуфт, ки
наряд нест. Соли 1973 нарядҳои нав бояд биояд. Аммо
мӯҳлати карордоди ман моҳи марти 1973 ба поён мерасид.
Нарядҳои ин солро то поёни со л бояд медоданд.
Иди Рамазони имсола ба рӯзҳои чашни 55-солагии
Октябр рост омад. Рӯзи 6-уми ноябр баробар ба 15 Ақраб
иди Рамазон эълон гардид. То рӯзи 11-уми ноябр дохилиҳо
истироҳат мекарданд.
Чашни Октябрро точикони ШУравй дар хонаи Маъруф
Отахонови тошкандй пешвоз гирифтем. Аз чумла, Ҳ.Назаров,
З.Ёров, М.Гулчонов ва банда 6о хонавода он чо чамъ шудем.
Баъди чор моҳи бешароитй ин нишаст миёни ватандорхои
хеш истирохатбахш буд. Чашн ба поён расиду бандаро бо
гурӯҳе сӯи Ҳирот фиристонданд. Боз рӯзгори даҳшатбор
шуруъ шуд.
Саринженери ин гурӯҳ - Корнев Леонтий Евдокимович
буд, ки дар бахши маъдани симоб тахассус доигг. Ба ин
гурУх маъданшиноси душанбегй - Парфёнов низ шомил буд.
Банда ба сифати тарчумон муаррифӣ шудам. Мисле, ки инхо
омадани маро интизорй мекашиданд вагарна тарчумонхои
бекор буданд, ки кабл аз ман ба Кобул омадаанд.
Шоҳроҳ ҳамоне ки тасвирашро хондаед. Рӯзи 18-уми
ноябр ба Ҳифзи муроқибати Ҳирот расидем, он чо ки
роҳсозони шӯравй кароргох доштанд. Ду-се рУз дар Ҳирот
мондем ва нақшаи сафарро ба маъдани симоб, ки дар як
минтакаи дурдасти вилояти Ҳирот воқеъ буд кашидем.
Тиллоро пайдо карданд, акнун симоб бояд чустучУ мешуд.
Аз рУи накша ин маъдан дар 160 километрии Ҳирот, дар
алокадории Чингги Шариф мавчуд буд. Се рУз дар ин мавзеъ
корҳо идома ёфту боз ба Ҳирот пас омадем. Ба назарам ин
чо чизе пайдо нашуд. Дар 25 километрии Ҳирот низ ин
маъдан ба мушоҳида расида будааст. Аз Ҳирот хонаеро ба
қимати ду ҳазор афгонй ичора гирифта, худамон хар рУз
ба он нуқта мерафтему бегоҳӣ бармегаштем. Манзили ичораи
мо дар назди маркади Навой карор дошт.
263
Чун собик дар ин минтака гурӯҳи дигари гиюлучии
шУравй кор мекарданд, Зуҳур Ёров низ дар наздикиҳои мо
фаъолият менамуд. У ҳар панҷшанбе ба Ҳирот меомад.
Шахси хушсӯҳбат, ки буд, вакти ман хуш мегузашт.
Сӯҳбатҳои ширине дошт. ФаромУш намекунам рӯзи чумъае
6а тамошои Хоҷа Ғалтон рафтем. Дар гуруҳи Зуҳур як
инженери тотори содалавҳ кор мекард. Ҳамон рУз У низ 6о
мо буд. Вайро розй кардем, ки мисли дигарон ба суфаи Хоча
Ғалтон дароз кашад ва бубинем, ки Уро ғел медиҳад ё не.
Инженери тотор поён фаромад, даҳ афғонй дод ва дароз
кашиду чашмонашро бо дастонаш маҳкам кард. МУйсафед
Уро як ру гардонда буд, ки Хоча Ғалтон ба тарафи санги
савоб вайро кашола кард. Вай чунон гирд мегашт, ки агар
он шахси мутасаддй андак дерй мекард, тоторро ба он санги
мармар занонда маъюб месохт. Мо аз боло доду фиғон
бардоштем, ки зудтар Уро дорад, ки дар бало намонем.
Тоторро аз чояш баланд кард, аммо У гУё чизеро намедид,
зеро хун дар сараш зада буд. Ман гуфтам, ки ин Хода
ғайримусулмонҳоро ҳам ғел медодааст-ку. Инженер гуфт,
ки мо христиан шуда бошем хам дар оғоз мусулмон будем.
Он бадбахт шароб ҳам нӯшида буд. Хуб хандидем, ки ин
Хоча хеле каси демократ будааст, ки барояш дар кадом дин
будани мухлисонаш фарк надорад.
Тавре ки маълум аст, шаҳри Ҳирот замоне шаҳри шеъру
фарҳанг буд. Ду дафъаи дигар, ки ин шахри бостониро
зиёрат кардам баъзе ишораҳо дар мавриди бузургону
зиёратгоҳҳои он изхор доштам. Тасаввур кунед, ки атрофи
Ҳирот 200-300 гектар замин минтақаи зиёратгоҳ ном дорад.
Дар ҳар панч-шаш километр як зиёратгоҳ ба мушоҳида
мерасад. Рузҳои идҳои Рамазону Қурбон дар назди ҳар
зиёратгоҳ аз 200 то 300 нафар намоз мегузорад.
Шахри Ҳирот яке аз шаҳрҳои мазҳабй мебошад. Аркони
дини Ислом хеле чиддй риоя мегардад. Борҳо дидам, ки
дар моҳи Рамазон муллоҳои мутаассиб шахсони рӯзахӯрро
калтаккорй карданд. Аз ин чост, ки инженерони дохилии
мо, ки аксар дар сафарем гуфта, рУза намедоштанд, аз
ҳиротиҳо пинҳонӣ сигор мекашиданд, то ки ба чахолати
муллоҳои Ҳирот гирифтор нашаванд.
Дар мазорхо бузургони бисёре монанди Чомй, Навой,
Ҳусейни Бойқаро, Ҳотифй, Хоча Ансорй, Абулфарачи Рунй
мадфунанд. Ҳилолии шоир хам дар хамин мазорхо хоб аст,
фақат гУраш номаълум мондааст. Аммо бо хохиши банда
чоеро, ки Уро табаркуш карда буданд, нишон доданд. Аз он
қалъа ҳисоре боқй мондааст, ки хароб шудааст ва касе дар
264
муроқибати он нест. Дар маркази шаҳр Масҷиди ҷомеъ
фаъолият мекунад.
Ҳирот дорои як хиёбон мебошад. Дигар гузаргоҳу
кӯчахояш муқаррарианд. Фақат майдони марказй, он чо ки
меҳмонхонаи Ҳирот мавҷуд аст, озода ба назар расид. Дигар
кУчаҳояш пур аз ахлот. Магаси сиёҳ хеле зиёд дорад. Ҳирот
нисбат ба Кобул гарм аст. Муддати се мох бод мевазад.
Мардумаш форсии машҳадй сУҳбат мекунад. Туркманҳо
зиёданд. Онҳо асосан колин мебофанд. Аз кавми пашту касе
кариб, ки ба назар намерасад. Дар Ҳирот кавме ҳаст, ки
худро «точик» мегӯяд. Онҳо расму русуми ба худ хос доранд.
Масалан, ба кавмҳои дигар духтар намедиҳад ва зан ҳам
намекунанд. Ҳама бонувони шаҳри Ҳирот фаранҷипӯшанд.
Дар шаҳри Ҳирот муассисаҳои фарҳангӣ низ ҳаст. Як
кинотеатр дорад, ки дар он бештар филмҳои эронй намоиш
дода мешаванд. Баъзан дромҳои худиро низ ин чо ба намоиш
мегузоранд.
Ҳирот серарча аст. Тамоми хиёбону кӯчаҳояш аз ду
чониб арча доранд. Дар дӯконҳои молфурӯшиаш бештар
тика (матоъ)-и эронй ва шӯравй фурӯхта мешавад, ки табиист.
Зеро ин ду кишвар бо Ҳирот ҳамсарҳад мебошанд. Мардуми
Ҳирот ба шӯравиҳо муносибати хуб мекунанд. Баъзан шикоят
хам доранд, ки гУё сарҳадбонони шӯравй гову гӯсфандҳои
ононро мепарронанд. Бошандагонаш хеле заҳматкашанд.
Шоликорй тараққӣ кардааст. Ғаллакорй хам доранд. Ҳирот
аз тутзорхо бой аст. Аз ин чост, ки дар бозори Ҳирот шароби
тут мефурУшанд. Албатга, ин фурӯш пинҳонӣ сурат мегирад.
Чанде аз шУравиҳо ба чойи «Водка» аз он шароб истифода
карданд ва захролуд шуданд. Баъдан истеъмоли шароби
тутро манъ карданд.
Дар сафари сеюми Ҳирот падидаи хотирмон Чишти
Шариф буд, ки дар оғоз аз он ном бурдам. Чишти Шариф
алокадорй аст, на ноҳия. Чандон бузург нест. Се рУзе, ки он
чо будам, ин махалларо шинохтанй шудам. Бошандагонаш
ҳамагӣ форсизабонанд. Дорои мактаби 12-сола аст. Чеҳраҳои
фарҳангиаш дар Ҳироту Кобул зиёд ифои вазифа мекарданд.
Дар ин маҳалла масҷиде ҳаст, ки бо номи Шайх Муҳаммади
Чиштй маъруф аст. Рӯи ҳавлии ин масчид маркади ТТТяйх
вучуд дорад. Марқадро солҳои охир таъмир кардаанд.
Маркад толори начандон калонро мемонад, ки дар байнаш
гУри Шайх Мухаммад чой гирифтааст. Дар сари кабр
тахтасангҳои думетргш мармарй гузошта шудаанд. Болои хар
яке аз ин тахтамармарҳо шоҳбайту ғазалҳои тасаввуфй сабт
гардидааст. Атрофи толорро чанд ад ад тоқчаҳо оро медиҳанд,
265
ки дохили онҳо сангҳои ҳарранга гузошта игудааст. Ҳар
санг ном дорад: «гурда», «майна», «шуш». Аз хама оеш
тахтасанги якметрае боиси таваччУхам шуд, ки болои он
«изи пой ва дастони Шайх Муҳаммади Чиштй вақти адои
намоз дар Бухоро» кандакорй шудааст.
Аз ин каламкорй бисёр донишхоро дарефт кардан
мумкин буд. Аввал ин ки авлодони ин қария аз Бухоро 6а
ин чо ҳичрат кардаанд. Аз ин ки номи маҳалро ЧиштиШариф
мондаанд дар пайравй 6о унвони таърихиву илмии Ьухорои
Шариф сурат гирифтааст. Ба ибораи дигар гузаштаи
бошандагони Чишт ба Бухорои Шариф иртибот дорад. Шояд
як авлоди сарсахтро аз Бухоро пеш карда бошанду ба ҳамин
чоҳо саргардон шуда, решай нав гузоштааст, вале ба хотири
гузаштагонашон номи дехаи навбунёдшонро Чиигги Шариф
ниҳодаанд. Аммо ин авлод ҳамеша бо Бухорои Шариф даР
робита будааст ва чавононеро мисли Мухаммад ба Ьухорои
Шариф фиристондаанд, то ки таҳсили илм донгга бошанд.
Мухаммад дар мадрасахои Бухоро таҳсили илм намуда.^худ
ба макоми шайхй мерасад. Баъд аз 25-30 сол шояд дар аиеми
пиронсолй ба хотири пайванди решаҳои гузашта ба имрУзааш
дубора ба Чишти Шариф бармегардад ва ин чо аз дуне
мегузарад. Бошандагони Чишти Шариф кисса карданд, ки
Шайх факат мулло набуд, балки ӯ ба дарачаи мавлавй расида
буд Шайх бо китоби бисёре ба деҳааш омада будааст. Худаш
хам китобхое навиштааст, вале ватандорҳояш аз номи онҳо
хабар надонгганд. АфсУс, ки дар он се рӯз ягон ^ахси
фарҳангиро натавонистам бубинам ва сари ин мавзӯъ суҳоат
Тахмин меравад, ки Шайх Мухаммади Чиштй як
шахсияти одй не, балки чехраи фархангиест, ки бо баланд
рафтани мартабаи илмиаш махсус ба зодгоҳаш рафтааст, то
ки он чо мадрасае таъсис бидиҳад ва барномаҳои таълимии
мадрасахои Бухороро, ки анъанаи садсолаҳо доранд, дар
мадрасаи Чишти Шариф амалй намояд. Вокеан, он
кандакории рамзй холо хам дар пеши назарам мебошад. инро
метавон як мӯъҷизаи ҳунарй хонд. Баъди ин тамошои дилчасп
андепшдам, ки шояд фурсате шаваду ин Шайх хамчун чехраи
фарҳангии форсизабонон мавриди омӯзиш қарор оигирад.
Ҳоло бо гузашти солхо худро маломат мекунам, ки он
ғазалҳову шоҳбайтҳоро ёддонгг накардам... Сад афсУс
мехУрам! -. _
Сафари сеюмам ба Ҳирот ҳамагй як мох идома ефт.
Дар ин муддат маъданшиносон муайян карданд, ки дар
гирду атрофи он аз симоб нишоне набудааст. Гузашта аз ин,
266
ҳаштуми декабр дар Ҳирот барф заминро пУшонд. Ин сардии
якдафъай ба шароити нохуби хобу хез боис шуд, ки ба
бемории ҳамешагии резиш (грипп) гирифтор шудам. Вақте
дар Деволаки Чихчарон буданам ҳам чанд маротиба ба ин
касалй гирифтор шуда будам. Хайрият, симобкобимон ба
охир рас иду 18-уми декабр дубора ба Кобул баргаштем.
Дар Кобул духтурамон се рӯз бандаро аз кори расмй озод
намуд. Шояд ин сафари охиринам ба Ҳироти бостонй буд.
Ба ҳар ҳол дар се сафар аз Ҳирот ва зиёратгоҳҳои таърихии
он хеле ҳаловати маънавй бардоштам.
Гумон намекунам, ки дар ин зимистон боз ягон
саринженери саросема бандаро ба кучое мебарад. Имкон
дорад, ки ин зимистон дар Кобул бимонам.
Маҳфили фарҳангие дар Кобул
Нандорӣ
Баъд аз бистумҳои декабр бандаро ба дастаи техникие,
ки дар Варакшоб (тармимгоҳ)-и Хайрхона буд, пайвастанд.
Ин гурӯҳе буд, ки дар корхои заминшикофй фаъолият
менамуд. Варакшоб муассисаи техникии Раёсати маъдани
Афғонистон ба ҳисоб рафта, дар он асосан мошинҳо ва дигар
дастгоҳҳои гиюлучй тармим мешуданд. Дар ин чода низ
мутахассисони шӯравй даъват шуда буданд. Он ҷо коргарони
зиёде машғули тармими мошинҳо мешуданд. Хайрхона яке
аз шаҳрчаҳои Кобул буда, дар баромадгоҳи шоҳроҳи Кобул
- самти шимол чойгир буд. Ин шаҳрча хонаҳои якманзила
ва котеҷҳо допгг. Ҳавопаймо то ки ба майдони ҳавоии Кобул
ФУРУД ояд, аз болои Хайрхона давр дода, сипас поён
мешавад. Гушае аз ин шаҳрча ба кисмати поёнии майдони
ҳавоӣ кариб ки пайваст мегардид.
26-уми декабри соли 1972, баъд аз як рӯзи таваллуди
банда, яке аз точикони душанбегй, ба назарам Муҳаммадчон
Гулчонов, хабар овард, ки дар Кобул Нандорй, ки аз
шаҳрчаи Нодиршоҳии моён чандон дурӣ надошт, маҳфиле
сурат мегирад. Ташаббускори он Ҷамъияти дӯстии
Афғонистону Шӯравӣ будааст. Мо як гурӯҳ точикон ба он
чо ҳозир шудем. Дар садри мачлис шаш нафар
менишастанд, ки аз чумла се нафараш табааи шӯравй
будаанд. Якеаш вазири маданияти Точикистон Меҳрубон
Назаров буд. Ман эшонро ғоибона медонистам, вале аз
наздик дар Кобул дидам. Ачаб тасодуфе Маҷлиси дӯстй ба
форсиву русй сурат гирифт. Суханрониҳои
267
афғонистонпшносони маскавиро 6а форси тарчума мекарданд.
Вой бар ҳоли мутахассиси афғоншиносе, ки забони кишварро
намедонад.
Садри мачлис сухани навбатиро 6а М.Назаров дод.
Мавсуф ба забони форсии кобулй гузориши бамаъние сари
мавзӯи дӯстии анъанавии Шӯравиву Афғонистон дод. Гумон
мекардам, ки ӯ солҳо дар Кобул ифои вазифа доштааст.
Аслан, Меҳрубон Назаров шояд аз аввалин бадахшониҳои
Точикистон буд, ки ба забони точикӣ тоза сӯҳбат менамуд.
Шахси дувуми ҳамин маҳал Додихудоев Раҳим низ, ки
забоншиноси варзидае буд, тоҷикиро хуб медонист.
Донишмандони дигари ин минтақа, то чое ба забони тоҷикй
шикаста сухан мекунанд. Яъне дар точикигӯии эшон таъсири
забонҳои помирӣ аён буд. Албатта, профессори назарияи
иқтисод Мамадназарбеков низ ба точикй бад сухан намегӯяд.
Ин чойи айб ҳам надорад, аммо хоҳу нохоҳ муҳити лаҳча
дар гуфтори ягонаи забони адабии точик таъсири худро
мегузорад.
Ба ин маънй, он рУз Меҳрубон Назаров 6о услуби
нотиқӣ ба форсии кобулӣ сӯҳбат мекард. Банда, ки дар толор
будам, аз ҳамсояҳои афғониам мешунидам, ки мегуфтанд,
«валлоҳ ин точика форсиш хеле кавист». Дар паҳлуям
Гулчонов менишаст, ки русиву точикии эшон низ шикаста
буд, гуфт: «О бача и Меҳрубон Назаров ду сол дар Кобул
кор кардааст, албатта бояд лаҳчаи кобулиро донад». Сарфи
назар аз ин ки дар Кобул кор кардааст ё не, заминай
фарҳангии точикиаш кавй бояд бошад, вагарна бо таклидкорй
сУҳбати софи кобулй карда наметавонист, Мухаммадчони
Гулчон, ки аз ватандорони М.Назаров буд, «бале,бале,
саҳист», гуфт Зуҳуру Ҳ.Назаров балегӯиҳои Гулчоновро бо
каме ишораи ханда сӯи банда таъйид намуданд.
Ҳақназар Назаров инсони начибу донишманд ба
сӯҳбати мо гӯш медоду аммо чизе намегуфт, зеро
хушгуфторихои Зухур хар навъ сухангУи баъдиро фишор
меовард. Зухур ин ҳолатҳо форсигУиҳои Муҳаммадчонро
таъриф мекард ва илова менамуд, ки валлоҳ Мухаммадчон
ту ба русй хам монанди форсй ширин сӯҳбат мекунй.
Мухаммадчон фаҳмид, ки суханони Зухур рамзноканд, бо
дасти рост бурути тарафи чапашро хеле тоб доду дигар чизе
нагуфт. Ман дарунакй механдидам.
Воқеан, сУҳбати ватандори мо ба афғонҳо хеле хуш
омад, ки боиси ифтихори мо хам буд. Дар танаффус ману
Ҳақназар Назаров бо М.Назаров салому алейк намудем.
Мавсуф Ҳ.Назаровро хуб мешинохтааст, аммо сУи банда
268
ишора карда пурсид, ки ин чавон аз дӯстони афғонии мост.
Ҳ.Назаров як хандаи сабуки ширин карду гуфт, не ин ҳам
як Назари дигар аз Донишгоҳи давлатии Точикистон
мебошад. Исмаш Худойназар аст. М.Назаров хушҳол шуду
аз Поршневи мо-ку нест. Не,не гуфт оқои Ҳ.Назаров, ӯ аслан
кӯлобй аст. Бо ҳамин ошноиямон, мисле ки қавй шуд. Вақти
ба толор барои тамошои консерт даромадан ҳам шуд ва
М.Назаров узр хосту суроғаашро барои Ҳ.Назаров гуфт:
меҳмонхонаи «Кобул», ҳуҷраи 105 ва илова намуд, ки ҳатман
ба меҳмонхона биоед.
Консерт огоз шуд. Барандаи маҳфил эълон кард, ки
ҳоло овозхони чавони радиои Кобул Аҳмад Зоҳир дар
хизмати толор карор мегирад. То ин лаҳза, борҳо садои
ӯро шунида будам, вале худашро рӯи саҳна надида будам.
Як чавони миёнакаде бо мӯйи сари дароз рӯи саҳна омад.
Алокамандонаш бо кафкУбй пешвозаш гирифтанд. Ахмад
Зоҳир, такрибан ним соат саҳнаро ба дасти худ гирифт.
Овозхоне буд, ки бо таври эстрадаи шаркиву аврупой мехонд.
Саҳназеб ҳам буд. Ҳаракатҳои ӯро чавононе аз толор таквият
медоданд. Аз Лоҳутии мо низ ғазали «Зиндагй даркор нест»-
ро хонд, ки бо кафкУбихои дурударозе пазируфта шуд. Ин
нахустин ошной бандаро мухлиси Ахмад Зоҳир гардонд.
Ахмад Зоҳир акнун шӯҳратёр шуда истода буд..
Баъд аз ду рӯз Муҳаммадчон аз ман хохиш кард, ки
якчоя ба меҳонхонаи «Кобул» равем. У, ки дар вазорати
плон кор мекард, аз хама навихо иттилоъ доигг. Он кас
ҳамеша дар ҳаракат буд. Аз ин уток ба он уток худро мезад,
то ки донише андУзад. Баҳсро хеле дУст медошт.
Баъд аз пешниҳодаш ба У савол додам, ки дар «Кобул»
чй ran аст? Мавсуф гуфт, ки ман алъон телефон кардам,
М.Назаров аз Чалолобод баргаштааст. Ба саломаш равем,
охир У хуб ё бад вазир аст, гуфт дар хотима. СУҳбаткунон
рафтем. М.Назаров моро ба хушнудй пазируфт.
Муҳаммадчон ба забони помири бо мехмон чизе гуфт, аммо
М. Назаров ба форси сӯҳбатро идома бахшид. Ман ҳис
кардам, ки У нахост ба саволи Муҳаммадчон ба помири чавоб
диҳад.Аз ҳамон лаҳза, М.Назаров дар назарам шахсй
фарҳангй ва чаҳонгапгга чилвагар шуд. Ҳис намудам, ки аз
услуби муоширати дипломусй хуб огаҳ аст. Муҳаммадчон
ҳар лаҳза дуди сигорро бароварда нУги онро ба хокистардон
мезаду чилави суханро ба мехмон доданй намешуд. Банда
бо хандаи нозуку маънидор ба Муҳаммадҷон менигаристаму
авзои меҳмонро мушоҳида менамудам. М.Назаров оре, оре
гУён болои мизро пур аз лимухои Чалолобод кард. Як ттгптя
269
коняки арманиро бо қадаҳчаҳо назди мо гузошт ва
сӯҳбаткунон ба пиёлаҳо конякро рехт. Муҳаммадчон бо
дидани коняку лиму хушҳолтару сергаптар шуд. Сӯҳбати
Муҳаммадчон ҳамааш сари масоиле сурат мегирифт. Савол
медод ва чавобашро худаш мегуфт. Ду-се соате ки дар ҳузури
вазири маданият нишастем, фақат Мухаммадчон ran зад.
Дар поёни сӯҳбат Гулчонов меҳмонро ба хонааш даъват
намуд. Меҳмон «ба чашм» гуфта, соати даъватро бо сурогаи
Мухаммадчон навишта гирифт. Худоҳофизй кардем. Вазир
то рӯи ҳавлии меҳмонхона моро гусел намуд. Ба кӯча
баромадем. Мошини хизматии Мухаммадчон интизор буд.
Ба мошин даромадему ба Мухаммадчон гуфтам: чй ту пагох
дар хонаат боз худат ҳама сӯҳбатро ба ихтиёр мегирй?
Хандиду бурутҳояшро тоб додан гирифт. Тоб додани бирут
чунин маънй дошт, ки сухани ман ба У хуш наомад. Аз коняк
чеҳрааш тағйир ҳам хӯрда буд. То хона дигар ran назад.
Шаби дувум дар манзили Мухаммадчон ба шарофати
М.Назаров даъват шудем. Ба назарам мо чанд точик якчо
шуда, ӯро зиёфат кардем. Нахостем, ки ба Мухаммадчон
вазнинй афтад. Дар ин даъват боз хамон точикони
номбаршуда буданд. Хайрият, Мухаммадчон, ки дар манзили
худаш буд, кам ran зад, гУё хизмат кард. Сӯҳбатро бештар
ба ихтиёри меҳмон гузоштем. У хеле фурутанонаву ширин
ва бомаънй ҳарф мезад. Аз илму фарханг бенггар харф
мегуфт. Ҳ.Назаров, ки аллакай дар чодаи илм мақоми
муайяне дошт, ба сӯҳбат шакли олимона ато мекард. Гоҳ-
гоҳе Зуҳур, ки домоди бадахшониҳо буд, ягон латифае
мегуфт ва ҳамагонро механдонд. Хонумҳо дар ошпазхона
бо Мухаммадчон сари болаззат шудани ғизо баҳс мекарданд.
Мухаммадчон бо саволҳои пай дар паяш чанд бонуро аз
ошпазхона бадар намуд. У хама илмро медонист, ҳатто илми
сари дегро аз занҳо хубтар медонист ва пухту пазро
метавонист анчом диҳад. Факат ман хомӯш меистодам.
Мехостам аз сӯҳбати вазиру олим барои худ доншне андУзам.
Ҳамон шаб пеш аз худоҳофизй меҳмон иброз дошт, ки боз
ду-се рУзи дигар дар Кобу л ҳастанд, баъд аз роҳи бандари
Шерхон ба Ватан бармегарданд. Ҳамин буд, ки Зухур Ерови
домод бо завчааш Донистабону меҳмонро барои шаби дигаре
даъват карданд. Ин даъват бенггар ба Мухаммадчон хуш
омад, зеро гумон кард, ки акнун ки аз ошпазхона халос аст,
метавонад вазирро бо саволҳои коғазпечаш масруф созад.
Дар хамин замина шаби дигар дар манзили Зухур боз хамон
нафарон чамъ омадем. Меҳмони оликадрамон Мехрубон
Назаров буд. Ин шаб хам бамаънй нишастем. Азбаски
270
Муҳаммадчон бекортар буд, сӯҳбат каме дуру дароз ва баъд
баҳснок сурат гирифт. М.Назаров ҳар ҳарфашро муаддаб
ва баандешона иброз медошт. Дар поён меҳмон сухан карда,
ба ҳамаи моён барои чунин меҳмоннавозиамон ташаккур
гуфт. РУзе, ки аз Кобул сӯи Шерхон-бандар ҳаракат мекард,
боз аҳли ҳамон пазирой ба меҳмонхонаи «Кобул» рафта,
ӯро гусел намудем. То дидори тоза гуфтему мошини меҳмон
ба ҳаракат даромад. Муҳаммадчон ҳамоно дуд пуф мекарду
даст мечунбонд. Ин буд нахустин ошноии банда ба яке аз
чеҳраҳои фарҳангии Точикистон. Он якшаба маҳфили дУстй
боне шуд, ки бо ватандорамон нишинему ёди Точикистон
кунем. Ҳамон вақт М.Назаров мисле ки 6ӯи Точикистонро
донгг.
Ташрифи Подгорный ба Кобул
Соли 1973 ҳам фаро расид. Муносибатҳои иктисодии
Шӯравиву Афғонистон рӯ ба инкишоф меовард. Бо ёрии
мутахассисини шӯравй дар ин кишвар чандин муассисаҳои
илмиву техники ба фаъолият пардохтанд. Мардуми
Афғонистон нисбат ба Шӯравӣ эҳтиром доштанд. Дар Кобул
техникуми Чангалак, Института политехник ва дар Мазори
Шариф хам техникум таъсис шуд. Як сол қабл, Зоҳиршоҳ
ба ШУравй ташрифи расмӣ овард. Ҳама ин дӯстии чандинсола
боиси он шуд, ки 21-уми майи соли 1973 Раиси ШУрои Олии
Иттиҳоди ШУравй Подгорный Николай Викторович ба
Афғонистон ташрифи расмй овард. Ҳоло моҳи май оғоз
нагирифта буд, ки дар вазоратхонаҳову сафорати ШУравй
мавзУи омадани Погорный вирди забонҳо гардид. Дахаи
дуюми май, дастае аз мутахассисони варзидаи шУравй ба
Кобул омада, ба сафари расмии яке аз рохбарони
аввалмакоми давлати ШУравй омодагй гирифтанд. Дар
вазоратхонаҳои марбута ҳуччатҳои дахлдор тайёр карда
мешуданд. Ин шабу рУзҳо тарчумонҳои форся, ба хусус
Мухаммадчони Гулчон, хеле пуртараддуд буданд.
Тарчумонҳоро аз вазоратхонахо ба ин маъракаи муҳими сиёсй
чалб намуданд. Гурӯҳҳои махсуси равоншиноей бо роҳи худ
мансабдорони афғониро меомУхтанд ва ҳатто чӣ саволҳо
доданашонро ба ҳайати расмии ШУравй муайян карданй
мешуданд. Гурӯҳи дигаре ба дастгоҳи Ҳукумат ва Зоҳиршоҳ
сару кор гирифтанд, то ки саволҳои ғайричашмдошти шоҳро
пеш аз вукуъ фаҳманд ва чавоби онҳоро аз чониби
Подгорный тайёр намоянд.
271
Хулоса, гурӯҳи корни Подгорный гӯё босамар корҳоро
анчом доданд. Акнун Подгорный метавонист бо дили пур
ба Кобул сафар кунад. Ду-се рӯз кабл аз омадани Ранен
Шӯрои Оли моро огаҳ намуданд, ки омодаи ҳар навъ
коршиканиҳои баъзе гурӯҳхои бадбини ҳукумати шоҳӣ
бошем.
Подгорный меҳмони хосаи Зоҳиршоҳ буд. Ба ҳисобе
Подгорный ҳам барон афғонҳо шоҳи Шӯравӣ ҳисоб меёфт.
Рӯзи 21-ум баъд аз соати 8-и субҳ тайёрӣ барон истиқболи
Подгорный дар шаҳри Кобул оғоз шуд. Хиёбони марказй аз
ду тараф бо одамони зиёде пур гардид. Кормандони ҳар
вазоратхонаву муассиса назди биноҳои хеш баромада, омодаи
пазироии меҳмони олиқадр буданд. Мактабҳои олй низ ба
ин маърака ҷалб гардиданд. Гӯё Кобул шакли идонаро ба
худ гирифт. Ин рӯз офтобй ва баҳорй буд. Ҳама гулҳои
чаманзорҳои шаҳри Кобул щуку фон гардиданд. Гиюлуҷҳои
шӯравӣ низ назди вазоратхонаи худ чамъ омадем. Соати расо
11-и рӯз роҳи марказй баста шуд. Нозирони роҳи шаҳри
Кобул ба ин сУву он сӯ мошинҳошонро медавонданд.
Эълонҳошонро бештар ба панггу мекарданд. Аз касри шоҳ
то майдони ҳавоӣ хиёбони мустакиме буд, ки агар кас аз
байни роҳ истода назар кунад, бинои майдони ҳавоиро
диданаш мумкин аст. Пулис эълон кард, ки омода бошед,
ки меҳмони олиқадри шоҳ аз майдон чониби касри шоҳй
ҳаракат кард. Мо, ки дар назди касри шоҳ меистодем, дидем,
ки мошини пулис бо чароғҳои милт-милткунандааш тез рУ
ба поён ҳаракат дорад. Пешвозгирандагон дар даст
байракчаҳо симои хиёбонро хотирмон месохтанд.
Соати 12.30 шуда буд, ки Подгорный ва Зоҳиршоҳ
дар мошини руйлуче бо адои арзи эҳтиром нисбат ба
истиқболгирандагон, омаданду ба дасти рост гашта, дохили
арк шуданд. Оҳиста-оҳиста мардум пароканда мегашт. Ин
рУз афғонҳо дигар сари вазифаи хеш ҳозир нашуданд. Ҳама
дар андешаи он буданд, ки Подгорный барои чй омадааст,
оё Афғонистоне, ки иктисодиёташ рӯ ба касод овардааст, ба
воситаи Раиси Шӯрои Олии ШУравй метавонад, андаке
беҳбудй ёбад ва дигар орзуву ормонҳо... Ҳол он ки ин
ташрифро на ҳама неруҳои ҳизбиву демократй мехостанд.
Мухолифони шоҳ низ кам набуданд. Дигар ин ки Зоҳиршоҳ
тоза бо ивази Доктор Зоҳир Садри аъзами нав— Мӯсо
Шафикро таъин карда буд. Вазъи бади иктисодй Доктор
Зоҳирро мачбур сохт, ки расман истеъфо дихад. Садри
аъзами нав чавони пуртараддуде маълум мешуд, вале
Шуравиро чандон намепазируфт.
272
Сафари Подгорный то 24-уми май идома ёфт. Дар ин
муддат чаядин шартномаҳои байнидавлатй ба имзо расиданд.
Зоҳиршоҳ барои меҳмонаш зиёфати бошукӯҳе орост, ки
дар он аз ҳама сафоратхонаҳои хоричй намояндагон ипггирок
карданд. Табиист, ки дар ин навъ зиёфатҳои расмй сӯҳбатҳои
хоса бештар сурат мегиранд. Зоҳиршоҳ, ки дар рӯ ба рУи
Подгорный карор дошта, ғайричашмдошт ба Подгорный
савол дода мепурсад, ки чй мешавад, агар Шуравй техникуми
Чангалак, Институти политехникии Кобул ва техникуми
Мазори Шарифро барои Афғонистон таври маччонй
бубахшад? Давлати ШУравй кишвари пуркудрате аст. Барои
вай ин ду-се муассисаи таълимотиро бахшидан ҳеч гароние
намеорад. Вакте ки тарчумон хоҳиши Зоҳиршоҳро тарчума
кард, Подгорнйй дар холати ногуворе монда як ба Пузанов
- сафири Шуравй дар Афғонистон ва ба дигар касоне, ки
дар ин сафар ҳамроҳӣ менамуданд назар андохт, вале ҳеч
кас ба чунин савол додани Зоҳиршоҳ чашмдошт набудани
худро ишора карданд. Подгорный намедонист чй гУяд, дигар
фурсате нест, ки ин мавзУъро бо Брежнев ва хукумати Кремл
мэтрах бисозад, ин чо зиёфат аст, чй бояд кард? Табиист,
ки то ин савол шаробро хам кофй нУши чон карда буд,
харчи бодо бод гУён, сӯи Зоҳиршоҳ нигаристу «хуб аст, мо
хоҳиши шуморо ичро мекунем». Тамоми ҳозирин чунин
чавобро шунида, офарин, офарин гУён кафкУбй карданд.
Зоҳиршоҳ аз чо баланд нгуда Подгорныйро бУсид ва ин
бУса чунин маънй дошт, ки аз ин соат протоколи бахшиши
муассисаҳои таълимии фавқ ба имзо расид. Дастгоҳи
Зоҳиршоҳ ҳамон лаҳза ба воситаи радиои кишвар ин хабари
фавқулъоддаро пахш кард. Субҳи дигар радиои Кобул дар
ҳар ним соат як маротиба ин хабарро эълон менамуд. Ба
Маскав низ ин хабар расид ва хама аъзоёни Политбюро
дар хайрат монданд, ки ин чй гаи аст, ба Подгорный кй
хукук додааст, ки дороии давлатро маччонй тақсим кунад?
Бо ин хабари барои Афгонистон таърихй ташрифи расмии
Подгорный ба поён мерасад. Ин охирин ташрифи раиси
ШУрои Олии Шуравй ба кишвари хоричй буд. Баъд аз чанд
рУз ба иллати бемасъулиятиаш Подгорныйро ба истеъфо
бароварданд. Ин хабарро низ радиои Кобул ба зуди эълон
кард ва тамоми рУзномаҳои кишвар ба истеъфо рафтани
Подгорныйро бо хизматҳояш таъйид намуданд.
Зоҳиршоҳ баъд аз гусели ифтихормандонаи Подгорный
андаке худро ором эҳсос намуд, зеро аз карзи чандмиллионаи
Шуравй озод гардид. Бо ҳамин рӯҳия Аълоҳазрат ҳамроҳи
хонумаш Малика барои чарроҳй намудани чашмҳояш роҳи
273
Инглистонро пеш гирифт. Ин сафари Зоҳиршоҳ низ ба
кишвари дигар, ҳамчун шоҳи Афғонистон охирин буд чунки
баъд аз якуним моҳи ба табобат рафтанаш салтанати шохи
аз байн бардошта шуд...
Кудатой Довуд
Истилохи «кудато» дар форсии кобули маънии
табаддулоти ҳарбиро дорад. Довуд писари амаки Зохиршох
буда, дар таърихи нави Афғонистон бо номи Мухаммад
Довуд маъруф мебошад. У рутбаи низомии ченроли хам доигг.
Мавсуф аз соли 1953 то соли 1963 Садри аъзами давлати
шоҳии Афғонистон буд. Мардуми ин кишвар гоҳе мегуфтанд,
ки хама шартномаҳои давлатй миёни Афғонистону ШУравй
махз дар даврони садриаъзамии Мухаммад Довуд ба имзо
расидаанд. Ба ибораи дигар эшон ба сифати Садри аъзами
бонуфузе миёни халқиятҳои Афғонистон шинохта мешуд.
Чунин шуд, ки ибтикороти Мухаммад Довуд баъзе атрофиёни
Зоҳиршоҳро ба ташвиш оварду хостанд, ки Уро аз ин вазифаи
пурмасъули давлатй барканор созанд. Аммо чй навъ? Охир,
вай воқеан кор мекунад-ку! Мушовироне пайдо шуданду ба
Зохиршох мефахмонданд, ки дар як сурат мешавад, ки
Довудро аз садриаъзамй дур андохт. Яъне чй? Луи Ҷирга
қарор мебарорад, ки минбаъд аз авлоди Шох наметавонад
Садри аъзами кишвар бошад. Ҳамин хуччат буд, ки давраи
сеюми садриаъзамии Довудхон амалй нашуд ва Уро бо рутбаи
ченеролй ба истеъфо гусел карданд. Муддати дах сол буд,
ки Довудро дар ягон маъракаи давлатй дидан мумкин набуд.
У дар ин мӯҳлат хонанишин буд. Вале хонааш дар ҳавлии
арки шохи бокй монд ба ин тафовут, ки роҳи даромаду
баромади Довудро аз рохи самти Шахри нав кушоданд. Агар
кас аз касри шох ба масофаи начандон зиёд ба самти майдони
ҳавоӣ ҳаракат намуда ва баъд ба тарафи чап, ба роҳи сӯи
Шахри нав мерафтагй баргардад, аз девори каср як
дарвозачаи хурде маълум мешавад, ки он аз Довудхон буд.
Борхо медидам, ки У дар сандалии дарозрУя менишасту
рУзнома варак мезад. Сари бемую тос дошт ва ба китфаш
чомаи катаганй овезон буд. Ҳамин марди аз 60 боло, ки дар
ҳеҷ кучои Афгонистон худро намоиш намедод ва аз мадраки
салтанат қироне истифода намекард ва хатто дар нишастхои
хонаводагй бо Зохиршох наменишаст дар яке аз шабхои
тобистони соли 1973 ба табаддулоти харби даст зад.
Хонандаи гиромиро маълум бод, ки вакти мутолиа ба
274
назар бигирад, ки банда ин табаддулотро на аз рУи навинггаву
таърихномаҳо менависам, балки аз рӯи мушоҳидаву
шунидаҳои хеш арз медорам. Шояд яке аз шоҳидони зиндаи
ин табаддулот, ки сохтори шоҳиро аз байн бурду
Афғонистонро Чумҳурӣ эълон кард, хам ҳастам. Ҳарчанд
ки ман бо он низомиён набудам, вале аз онҳо бисёр чизҳоро
оид ба ин табаддулот фаҳмидаам. Аз ҳама хабарҳои тозаро
дар бозору кУчаҳо дақиқтар дарёфтан мумкин аст.
Шаби 16-ум ба 17-уми июл ману Зухур Ёров дар яке
аз хонаҳои панҷқабатаи шаҳрчаи Нодиршоҳй меҳмони чанд
тан аз мансабдорони шоҳӣ будем. Ин хона марбути Вазорати
кишоварзй буд. Аз вилояти Нангарҳор чандто раисони
муассисаҳои давлатй он чо буданд. Хулоса, даҳ-дувоздаҳ
касе, ки дар он даъват иштирок мекарданд, ҳамагӣ вазифаҳои
давлатиро ба Ух да доштанд. Бештар раисони паштунзабон
ба мушоҳида расид, зеро сари ҳар вақт миёни худ ба панпунй
сУхбат мекарданд. Он шаб то дер нишастем. Соат яки шаб
шуд. Ману Зуҳур бо онон худоҳофизӣ кардем. Чанде аз
раисон, ки ширакайф буданд, моро то берун гусел карданд.
Вахте ки мо чанд кадам аз хона дур шуд ем, ба назарам
чунин расид, ки атрофи хонаро касони сиёҳпУше мухосира
кардаанд. Мо хам, ки андаке нУшида будем, албатта Зухур
бештар, ба он сиёҳпУшҳо диққат надода, сУи манзилҳои хеш
рафтем. Шахр ором буд. Дар шаҳрчаамон ҳеч туна ҳодисаи
ғайри чашмдоштро ба мушоҳида нагирифтам. Баъзе хоричиён
бо кУдаку хонумҳошон дар кУчаҳои ин шаҳрча сайру гашт
доштанд. Ман низ ба истироҳат пардохтам. Соатхои панчи
субх буд, ки аз чониби Қасри шоҳй садоҳои тиру туп шунида
шуд. Дар назарам андаке замин чунбид. Ҳеч чизро
нафаҳмидаму гУшаки радиои Кобулро тоб додам. Садои
ношиносе ба гУшам расид, ки мегуфт: хохарон, бародарон
ҳеч ташвише надошта бошед. Сохти фарсудаи шоҳй аз байн
бурда шуд. Аз тарафдорони шоҳи давр хоҳиш мешавад, ки
силоҳи хешро ба замин гузошта, ба чумҳуриҳоҳон таслим
шаванд. Ин эъломияро марди калонсоле мегуфт, ки бароям
ноошно буд. Баъди чанд дакика, боз хамон матнро ба
паштунй доданд. Нотиқи радио таъкид кард, ки ченерол
Мухаммад Довуд кудато карда, салтанатро шикает дод.
Валиаҳд Аҳмадшоҳ таслим шуд ва ғайра. Акнун дар сэрам
зад, ки Довудаш кисту чаро ба чунин кудато даст задааст.
Хусумати авлодиву шахей, ки миёни хонаводагии
Зоҳиршоҳ ва Довудхон вучуд дошт Афғонистонро ба ин
рӯз овард. Либосҳоямро пУшидаму рӯи ҳавлӣ баромадам,
ки сармутахассисамон Чемирёв папка дар таги бағал ин
275
тарафу он тараф роҳ мегашт. У мошини хидматиашро
интизорй дошт. Ман бо ӯ салому алейк намуда гуфтам, ки
шумо чаро ин чо истодаед. Вай гӯё саволи бандаро нафаҳмид,
ки гуфт: соат аз хафт гузаштааст, вале Нозукгулро
намебинам. Ба У иттилоъ додам, ки дар Афғонистон
табадцулоти давлатй сурат гирифтааст, салтанат аз байн бурда
шуда, сохти ҷумҳурият эълон гардид. Чемирёв як хандиду
дуди сигорро фурУ бурду баъд бароварду гуфт: Назар ту
шУхиро дУст медорй, боз чи хел табаддулот? Ҳамин вақт
чанд садои тире аз каср баромад. Гуфтам: мешунавй, садои
тирро? У чиддй шуду оре, гуфт, садои тир... Дар ҳамин
гуфтугУ будем, ки ронандааш бо мошин саросемавор расида
омад. Ӯ накл кард, ки 6а душворие аз гараж мошинро берун
кашидааст. Мутахассисон оҳиста-оҳиста барои ба кор рафтан
чамъ мешуданд, вале ҳоло намедонистанд, ки чй ran шудааст.
Чемирёв онҳоро ба гирдаш чамъ намуда, вазъияти сиёсии
кишварро фаҳмонд. Баъд ба ман супориш дод, ки хамрохи
ронандаи У то пули Маҳмудхон равам ва бинам, ки илочи
гузаштан ба чониби Раёсати маъдан имкон дорад ё не. Ману
Нозукгул то пул расида будем, ки низомиён пеши роҳамонро
гирифтанд. Банда ба яке аз афсарон, ки дар даст автомат
допгг, худро муаррифӣ намудам. «Хеле хуб, тарчумон сохиб.
Ба мутахассисин бген, ки имрУзу фардо сари вазифаҳошон
ҳозир нашавадд. Мо тавассути родию эълон хохем кард.»
Худоҳофизӣ карду ишора намуд, ки мошинро ба кафо
баргардонем ва аз рохи омадаамон пас^биравем. Он чи ки
дидаму шунидам бо Чемирёв гуфтам. У ба хама амр кард,
ки ба хонаҳошон даромада шинанд. Маълум мешавад, ки
ин пагоҳй хеч кас радио гӯш накардааст, ҳатто Зухур
намедонист, ки дар шахр чй ходиса рУх додааст. Тарчумони
сармутахассисро, ки як озари буд пайдо намуда, назди шефаш
фиристондам. Худам ба хона даромада ба хонумам вазъиятро
гуфтам. Акнун чой менУшидам, ки Тоҳири Бадахшй
дарвозаро занг зад. Сари китфаш чомаи қатағанй дошт. У
сари мизи нон нишасту пурсид: «Худойназархон, назари
шумо дар мавриди табаддулоти Довудхон чй аст?» Ман чанде
ба андеша рафтаму чй гуфтанамро надонистам. Тоҳир яке
аз чеҳраҳои сиёсии Афғонистон буда, ба давлатй шоҳй
муқобилият нишон медод. Вақте ки Тохир аз банда харфе
нагирифт, худаш гуфт: «Ин Довуди падарсаг хоин аст.
Тасаввур кун, ки У бо ин кудатош неруҳои аклии кишварро
барои 50 сол ба кафо бурд». Рости ran дар ин лахза барои
ман душвор буд ба хулосае омадан. Ба ин хотир хомУш
276
мондам. Тоҳир вазъияти маро фаҳмида, чойро бо нону маска
хӯрду худоҳофизй кард. Радиои Кобул ҳамоно эъломияи
Довудро дар ҳар даҳ дакика ба такрор мешунавонд. Соат
даҳи рУз шуд. Ман токати дар хона нишастан надоштам.
Бисёр мехостам, ки бо ягон роҳи пинҳонй ба наздикиҳои
Қасри шоҳ равам. Аммо ҳама роҳу тангкӯчаҳо баста буданд.
Силоҳбадастон дар атрофи шаҳрчаи мо низ ба фаъолият
пардохтанд. Чй кор карданамро надонистаму аз як инженер
дурбинашро гирифтам. Ба воситаи зинаи даруни бинои
панчкабата болои бом баромада, дохили аркро тамошо
карданӣ шудам. Муттаассифона, майдони назди қас.р
менамуду аммо дохили аркро дида натавонистам. Майдони
Чаман то Ҷодаи Майванд пур аз силоҳдорони чумҳурихоҳ
буд. Ҳамоно гоҳ-гоҳе садои тир аз сУи арк шунида мешуд.
Азбаски дар Кобул вазъияти фавкулъодда эълон шуда буд,
тарсидам, ки боз аз ягон тараф бо тири снайпер зада нашавам.
Бомро гузошта поин фаромадам. Дар берун кариб ки
шӯравиҳо дида намешуд. Ҳама дар хонаҳо шояд маътали
он буданд, ки акнун имкон дорад, хоричиҳоро аз кишвар
бароранд. Ин даҳшате хоҳад буд барои касоне, ки тоза
омадаанду дар дил орзуҳо мепарвариданд.
Банда ба бозори микрорайон рафтам. Он ҷо мехостам
гапи мардумро гӯш кунам, ки чиҳо мегӯянд. Соати дуи шаб
гУё Қасри шоҳиро неруҳои Довуд ба муҳосира гирифтаанд.
Тамоми аҳли хонадони шоҳй ҳабси хонагй шудаанд. Дар
гУшае дидам, ки чанде аз чавонону калонсолон якдигарро
ба ин пирУзй табрик мегуфтанд, якдигарро мебӯсиданд,
хайрият ин шоҳи разил аз байн бурда шуд; «Зинда бод
Довудхон» ва дигар ташвику тарғибҳо сурат дошт. Боз
мегуфтанд, ки ин дасти Шӯравй аст, вагарна фақат бо ин
сафорат чумҳурихоҳон дар тамосанд, сафоратхонаҳои дигар
таҳти назари артиш карор гирифтаанд. Ҳамчунин нақл
мекарданд, ки Аҳмадшоҳи валиаҳд гурехтанй шудааст, аммо
ӯро доштаанд. Вазири ҳарбиро як рУз кабл дар мошинаш
чаппа кунондаанд ва шояд фавт карда, Сард op Валии домоди
шоҳ бо қиблагоҳаш моршол Шоҳвалихон низ зиндонӣ
шудаанд. Чунонки дидед, ин ҳама маълумотест, ки аз
мардуми бозор шунидам. Баъдҳо, бисёре аз ин шунидаҳо
дуруст ҳам баромаданд.
Дар асл бояд фаҳмем, ки сабаби ин кудато чй буд ва
кадом неруҳо ба ин табаддулоти ҳарбй даст задаанд?
Тавре ки гуфта шуд, атрофиёни шоҳ Довудро такрибан
зӯран аз кудрат дур андохтанд. Ин ҳодиса боиси ранчиши
Довуд шуду барномаи қасосгириашро аз Зоҳиршоҳ тарҳрезй
277
мекард. Гузашта аз ин монанди Довуд садҳо мансабдорон
буданд, ки шоҳро чашми дидан надоштанд. Дар ин миён,
ченеролҳо, вазирхо, кормандони пулис кам набуданд, ки
зӯран аз вазифаҳо сабукдӯш шуда буданд. Ҳама ин тоифа
дар мукобили Зоҳиршоҳ қарор гирифтанд. Ҳар навъ
табаддулот ё инкилоб, як заминай хусумати шахсй дорад.
Довуд, ки қасос гирифтанй буд ҳамин навъ мансабдорони
собиқаро пинҳонй дар атрофаш чамъ мекард. Муддати дах
сол нақшаҳо кашид ва баъд 6а хулосае омад, ки бо ёрии
панҷоҳ нафар низомиёне, ки ченерол буданд ё дар арафаи
ба ин рутба ноил шудан Зоҳиршоҳ ба нафақа гусел карда
буд, табаддулоти давлатиеро рӯи кор биёрад. Албатга, чунин
табаддулотро касе метавонист амалй созад, ки аз хонадони
шоҳй бошад ва хама нозукихои давлатдории шохро аз наздик
бидонад. Метавон гуфт, ки ин табаддулот аз дохили давлати
шоҳй cap зад. Панчоҳ низомии ба истеъфобаромада ба хам
муттаҳид шуданд, ҳар кадом супориши махсус бар ӯҳда
гирифт ва дар дохили неруҳои ҳарбии Афғонистон
фаъолияти табаддулотхоҳиро шурӯъ карданд. Табиист, ки
дар дохили артиш низ буданд афсароне, ки рутбаҳои
баландтар мехостанд ва хам орзу мекарданд, ки ба курсиҳои
баландтаре сазовор гарданд. ГУё вакти табаддулот хам расида
буд, аммо фурсати муносиберо интизорй мекашиданд, то ки
зиёд хун нарезад. Агар нюх дар чояш мебуд, шояд
тарафдоронаш мукобилият мекарданд ва имкон донгг, ки
ченеролхои ба истеъфо баромада бозиро бой диханд. Фурсат
ҳамон вахт пайдо шуд, ки шох барои чанд муддат озими
кишвархои хорич гардид. Довудхон, ки тачрубаи бойи
давлатдорй донгг, шахсй низомй хам буд, пеш аз пеш ба
ҳамаи дастахои низомй чй кор карданро таъкид намуд, баъзе
наздикони шохро бо вузароаш таҳти назорат карор дод ва
бо як ибтикори начандон чиддй, соати дуй шаб аркро
мухосира намуда, хонадони шоҳиро хабе кард. Ин лаҳза
дар тамоми Афғонистон дастгоҳи низомии Довуд ба
фаъолият пардохт, шахсони масъули шохро ба хабе
гирифтанд. Албатта, шох ки гарнизони хоси худро донгг ва
онҳо дар набудани шох ба валиаҳд итоат мекарданд, ба
мукобилият пардохтанд, вале дар миёни онҳо низ касони
Довудхон буданд, ки коршиканй карданд ва ба чониби Довуд
гузаштанд. Дар натича задухӯрди сахте дар дохили арк
сурат нагирифт, балки чор кас аз тарафи шох ва чор каси
дигар аз чониби Довудхон купгга шуданду хал ос. Соатҳои
панҷ-шаши субҳ аллакай Довуд чилави давлатро ба даст
278
гирифт ва таъҷилан ба воситаи радиои кишвар чаҳонро огаҳ
сохт, ки салтанати шоҳй суқут кард ва 6а сари кудрат
чумҳурихоҳон омаданд. Ин табаддулот 6а 17-уми июл рост
омад. Ҳамон рӯз буд, ки соатҳои 12-и рӯз Иттиҳоди Шӯравй
Чумҳурии Афғонисторо таҳти сарварии Довудхон ба расмият
шинохт. Баъди чанд соат Чехословакия ва дигар чумҳуриҳои
сотсиалистй ҳукумати Довудро эътироф карданд. Аз ин ки
Шӯравӣ нахустин шуда сохти чумҳуриявиро эътироф намуд,
барои баъзе ҳизбҳои сиёсй дастак шуд ва гуфтанд, ки ин
табаддулот 6а дасти русҳо амалй шудааст ва омадани
Подгорный ҳам 6а ҳамин сабаб сурат гирифта буд. Рузи
дигараш Довудхон назди мухбирони хоричӣ гузориш дода
ба мавзӯи даст доштан ё надоштани Шӯравӣ дахл намуда,
қотеъона он тахминҳоро рад кард. Дар ин табаддулот гуфт,
Довудхон ҳеч кадом аз давлатҳои хориҷ даст надоранд ва
ба ҳеч кадоми онҳо сари ин мавзУъ мувофиқа нашудааст.
Ин табаддулот ба хоҳиши мардуми худи Афғонистон пиёда
шудааст. Халқҳои ин кишвар кайҳо боз мехостанд, ки
сохтори шоҳиро барҳам дода, як сохтори демокросии
чумҳуриявиро рӯи кор биёранд. Чумҳурии Афғонистон
давлати демокросй хоҳад шуд, дигар ҳеч навъ зулму ситам
дар ин кишвар нахоҳад боло гирифт.
Баъд аз як рӯзи кудато хама хоричиёни мукими Кобул
сари вазифаҳои расмии хеш ҳозир шуданд. Такрибан як
ҳафтаи аввали рУзгори Чумҳуриятӣ дар муассисаҳои давлатй
кори дурусте набуд. Дар ҳар уток панч-шаш касй чамъ
меомаданд ва оид ба табаддулот сУҳбат мекарданд. Дар
Раёсати мо аввалин хабаре, ки расид ба фирори Саид Ҳошим
Мирзод тааллук дошт. Докторони Сарвии маъдан, ки чанде
пеш музоҳира карда буданд, ба мақсадашон расиданд,
раисашон гурехт ва ба чойи У шахси Довуд нишаст.
Қиссаҳо мешунидам, ки Зоҳиршоҳ ҳамон шабе, ки аз
Лондон ба Рум парвоз мекунад, дар сафоратхонаи
Афғонистон дар Рум Уро ба сифати шох кабул накарда
мегУянд, ки амри Довудхон аст, ки шуморо напазирем. Силас
Мухаммад Зоҳиршоҳи шикастхУрда ба бӯстонсаройи
шахсиаш рафта, телефонй бо амакбачааш ва хам язнааш
сӯҳбат мекунад. Нахустин хохише, ки аз бародарзодааш
Раиси Чумхурй мекунад, ба мавзУи хонадони У иртибот
допггааст. Аз ин чост, ки баъд аз як хафта Довудхон тамоми
хонаводаи шоҳиро бо дороияшон ба назди шоҳи собик гусел
кард. Шохидон аз гумруки Кобул мегуфтанд, ки аз тарафи
шаб хавопаймои хосаи Зоҳиршоҳ ба майдон фуруд омад ва
соати шаши пагоҳй хонадони шоҳиро ба он савор карданд.
279
Гӯё Малика бо худ 20 миллион доллари Амрико ва
тилловориҳои зиёдеро доштааст, ки ҳамаашон мусодира
шуданд. Гумон мекунам, ки ин овоза дурӯғ буд. Ба ҳамин
тарик, Зоҳиршоҳ ба таври расмй аз маснади шоҳй даст
кашид. Мазмуни телегроми шоҳ тахминан ин маъноро дошт:
«Ба бародарам Мухаммад Довуд! Агар мардуми Афгонистон
сохти чумҳуриявиро хоста бошанд, ман шоҳи Афгонистон
аз курсии шоҳй даст мекашам. Ва имзо». То ин вакт
тарафдорони шох маътали он буданд, ки кай Зоҳиршоҳ аз
берун муқобилият нишон медиҳад. Телегроми фавк
тарафдорони шоҳро асабй сохта, онҳоро ба муборизахои хоси
худ мачбур сохт. Ҳол он ки Довудхон дастгоҳашро ба кор
андохт ва дар cap то сари Афгонистон митингхо дар мавриди
дастгирй аз сохти нави давлатдорй сурат мегирифт. Дар
вазоратхонахои кишвар низ чунин маҳфилҳои дастгирй аз
Довуд дар авч буд. Гӯё як ҳафта аз табаддулот нагузашта
буд, аммо сохтори чумҳуриявй худро мустаҳкам карда
тавонист. Албатта, ин хама сэру садоҳо хусусияти зоҳирӣ
доштанд. Сохтор ҳамон буд, маъниаш ҳамон буд. Баъзехо
мегуфтанд, ки «кал рафту кӯр омад». Довудхон ба максади
ҳамешагиаш расид, вале бо чомаи шоҳй гаштор дошт.
Бо гузашти 15-20 рУз тарафдорони шохи собик чо-чо
cap бардоштанд. Чанд дафъа кӯшишҳо шуд, ки Довудро аз
байн баранд, вале натича надод. Нихоят, 20-уми сентябр
(29 Сунбулаи 1352) Майвандвол Садри аъзами собики
Афгонистон, ки ҳизби мусавод таъсис дода буд, бо маочиёни
покистонй дар тамос 1нуда, мехост, ки ҳавопаймоҳои чангии
ин кишварро истифода намуда, чойҳои асосии шахри
Кобулро бомбаборон кунад. Вале дар байнашон боз хам
одами Довуд пайдо шуду гурӯҳи зидди чумхуриявиро ошкор
сохт. Ба ин хотир, рУзи 21-ум, таъчилан нотаи Чумҳурияти
Афгонистон ба Ҳукумати Покистон дарч гардид. Ба гурУхи
ба истилох хоинон Майвандвол, Хон Абдураззоқи ченерол
ва волии вилояти Пактиё шомил будаанд.
Дастгоҳи Довуд чораҳои зарурй андешид. Ҳамашаба
болои шахри Кобулро прожекторҳо равшан мекарданд.
Мегуфтанд, ки агар Майвандвол пирУз мешуд, рУзи ҳодисаи
Чили ба сари мардуми Афгонистон меомад.
Сардор Вали, ки шахси ҳарбй буду хам домоди шох
ва падараш моршол Шоҳвалихон — амаки шох чанд дафъа
кУшиши аз хабсхона гурехтан кардаанд, вале муяссарашон
нашуд. Андактар Сардор Валиро гурезонданд. У назди
Зоҳиршоҳ рафт.
Руз то рУз сафи хоинон меафзуд. Дар сафи ин ашхос
280
Хонмуҳаммад - волии Нангаҳор низ қарор гирифт. Баъдан
хабари расмй паҳн гардид, ки тибки он гӯё Майвандвол дар
ҳабсхонаи Деҳмазанг ба воситаи кроват (галстук) худкушй
кардааст.
Чунонки гуфта шуд, дар хама муассисаҳои илмиву
фарҳангӣ маҳфилҳои дастгирӣ аз чумҳурихоҳон сурат
мегирифт. Яъне, дастгоҳи ташвиқотиву тарғиботии Довуд
пурра ба фаъолият пардохт. Довуд ба вазоратхонаҳову
фобрику зовудҳо ташриф меовард. Мардум гӯё аз Довуд
ҳимоят мекард. Мо шӯравиҳо ҳам ба дифоъи Довуд
пардохтем. Ҳайатҳои расмии ҳукумати Довуд ба Маскав
рафтанд. Шӯравй ин дафъа низ дӯсти Афғонистон будани
хешро исбот кард. Довуд аз шӯравиҳо истиқбол мекард,
мехост самтҳои корҳои иктисодй, бахусус гиюлучиро
инкишоф диҳад. Дар ҳама вазоратхонаҳо курсҳои забони
русй ташкил гардид, ки боиси серкории тарҷумонҳо шуд.
Банда низ чанд гурӯҳ доштам. Сару садоҳои чумҳурихоҳон
рӯз то рӯз баландтар мешуд ва сохтори чумҳуриявй гӯё
қавитар мегардид.
Ба ҳамин тариқ, Афғонистони шоҳй номашро бо
Чумҳурияти Афғонистон иваз намуд ва номи органи
нашаротиашро низ «Чумҳурият» гузошт. Муҳаммад Зохир,
ки чиҳил сол дар маснади шоҳӣ менишаст, бо як тасодуми
ночизе аз сари қудрат рафт. Ба чояш амакбачааш Муҳаммад
Довуд нишаст. Таърихи нави Афғонистон гУё чараёни дигаре
гирифт. Дар ин маврид сӯҳбати тУлоние метавон кард, аммо
ҳоло 6о ҳамин чанд лаҳза онро иктифо менамоям.
Бовар дорам, ки ин ҳикоят андаке бошад хам, дар
афғонистоншиносии муосир хидмат хоҳад кард. Ин донише
буд, ки аз дидаву мушоҳидаҳои шахсии банда дар шабу
рӯзҳои табаддулоти низомии Довуд, ба даст омадааст.
Бигузор таърихнигорон ин ҳодисаро ба таври худ нависанд,
вале ман он чиро гуфтам, ки худ шоҳид будам...
Дар боду ҳавои Ҷумҳуриятхоҳон
Моҳҳои аввал сохтори нави давлатй дар Афғонистон
ба чанд душвориҳое рӯ ба рӯ омада бошад, хам дар рӯзгори
банда таъсире ворид насохт. Ман гумон мекардам, ки боз
дар Афғонистони шоҳй рӯзгор мебинам. Воқеан, ҳамин тавр
ҳам буд. Касе 6а касе кор надошт. Завчаамро бо Парвиз ба
Душанбе фиристодам. Ман бояд ба рухсатӣ мерафтам, аммо
281
сармутахассис иҷозат надод, балки гуфт, ки оилаатро
мефиристам, ту ин чо бош зеро барномаи чумҳурихоҳон
ҳамин тартибро талаб менамояд.
Рӯзе, ки ҳавопаймо аз Маскав меомад, ба майдон
баромадам, то ки агар хонумам баргардад, пешвозаш гирам.
Як вақт дидам, ки Шаҳбози ҳамдарси донишгоҳиам бо
оилааш Меҳринисо ва духтарчааш - Парвина аз толори
гумрук баромаданд. Ҳайрон мондам, ки касе дар ин мавзУъ
чизе нагуфта буд ва худи Шаҳбоз низ наменавиигг, ки сафари
Кобул дорад. Аз дидори хамдарсам хушхол шудам. Маълум
шуд, ки хамчун тарчумон ба Институти политехникии Кобул
омадааст. Он чо Ардашер Каримов (рӯҳаш шод бошад) хам
кор мекард. Мо хамаамон дар як факултет фаъолият
доштем. Дар ҳамин замина, 19-уми октябр бо ҳамроҳии
Зухур Ёров ба дидори Шаҳбоз рафтем. Шароитҳошон нисбат
ба мо хуб буд. Хонаҳои типи катедж дар ихтиёр доштанд.
Аз хаёти факултет ва дӯстону устодон киссаҳои тоза
шунидам. Нишастамон тӯлонй шуд. Сари роҳ аз теппа поён
фаромада, Гадо Зарифро хам дидем, ки дар кадом муассисае
тарчумон буд. Ардашер ҳам бо мо омад. Сӯҳбат боз хам
тӯлонитар ва гармтар шуд.
Агар камтар ба кафо назар андозам, карордоди банда
моҳи март ба поён расида буд. Ду сол шуд. Аммо
сармутахассис чавоб надод, мехост, ки як соли дигар мУҳлати
қарордодро тамдид кунад. Розй нашу дам, зеро рисолаи
номзадй интизорам буд ва дар ҳар номааш роҳбари илмиам
С.Табаров менавишт, ки бобе аз рисоларо хатман фиристам.
Мавзӯъро, вакте ки ба Чемирёв фаҳмондам, хайр, гуфт,
кУшиш мекунам то поёни соли нав чавобат диҳам. Дигар
пофишорй намудан фонда надошт. Гап дар ин буд, ки банда
ба Чемирёв акнун хуш омада будам ва У мехост, ки ба ивази
тарчумони озариаш каминаро назди худаш бигирад. Ин
боварй, вахте пайдо шуд, ки У маро чанд дафъа санчиданй
шуда, ба мулокоти вазирон бурд. Ҳини сУҳбат У медид, ки
чизе ёддошт накарда, хама суханхои вайро дафъатан тарчума
мекунам. Одатан, баъд аз сӯҳбати расмй, сари як пиёла чой
чаноби вазир аз банда назди Чемирёв таъриф ба чо меовард.
Тарчумони варзида хам намонда буд. Окои Назар Ҳақназар
бо хатми карордод ба ватан баргашта буд. Ду-се озариҳо
буданд, ки форсиву русиашон чандон роҳбаронро каноат
намекард. Дигар ин ки дар бозиҳои спортии гурУХ
пешдастиҳо доштам. Соли 1971 дар бозии финалй худи
сафири Шуравй - Киктев ба банда байраки галабаро супорида
буд. Илова ба ин хама саринженерон аз Чемирёв хоҳиш
282
мекарданд, ки боз як соли дигар нигоҳам дорад. Ба тавассути
ман Чемирёв волейболбози моҳир шуд. Вазнашро поён
фаровард. Хулоса, вақтҳои охир хеле 6а якдигар унс
гирифта будем. У ҳама чо эҳтиромамро медошт. Як вакт ки
дар мавриди фиристодани Фотима бетаваччӯҳӣ карда буд
гӯё ислоҳ ёфт. Ҳамин буд, ки завчаамро пеш аз оғози дарсҳо
ба Душанбе ичозати рафтан дод, то ки Фотимаро чо ба чо
карда баргардад.
Чунонки гуфтам, Довуд ба Шӯравӣ майли хушбинй
зоҳир мекард. Аз ин чост, ки дастуре ба хама вазоратхонаҳо
дода буд, то ки 56-солагии Инкилоби Уктубрро чашн
бигиранд. Дар ҳамин замина, Вазорати маъдан ва саноеъи
Афғонистон «Рӯзи таъсиси Чумҳурият»-ро
пешб1гай намуда, чорабиниҳои фарҳангиеро рӯи кор оварданӣ
шуд. Ба ин чорабинӣ мо - шӯравиҳоро низ чалб карданд.
Дар барнома сурудхонии умумй «хорсарой» дохил гардид,
ки яке аз иштирокчиёнаш банда будам.
Рӯзи 5-уми ноябр дар толори марказии вазорати
номбурда «Рӯзи таъсиси Чумхурият» дойр гардид. Дар оғоз
митинг сурат гирифт. Ба мо амр расида буд, ки дар он
иштирок намекунем, балки дар кисми дуюми он ба
муносибати 56-солагии Инкилоби Уктубр консерт намоиш
бидиҳем. Расо соати 15 митинги дастгирй аз Чумхурият
шурӯъ шуд. Банда номаълум аз пушти парда суханрониҳои
афғонҳоро шунидам. Яке Чумҳуриро бо шеъраш табрик
мёгуфт, дигаре ҳарфи навиштаашро бо эхсосот кироат
мекард. Дар мачмӯъ хама низоми Чумҳуриро табрик
мегуфтанд, ки яку ним соат идома ёфт. Акнун бахши дуюми
маҳфилро консерти муштараки Шӯравиву Афгон анчом
мебахшид. Метавон гуфт, ки консерт дар ду бахш пешбинй
шуда буд. Аввал Шӯравиҳо ва баъд дохилиҳо. Барандагиро
банда ва Любимов Багряни ленинградй ба ӯҳда гирифтем.
Аввалан барномаи консертро ба форсй эълон намудам. Сипае
маҳфилро бо кироати шеъри Бокй Раҳимзода, оғоз
бахшидам.
Баъд аз кироати ҳар миераъ шеър афғонҳо бо кафкУбй
пазирой мекарданд. Масалан, чунин мисраъҳо доигг, он шеър:
Чумхурият муборак, халқи далери афгон,
Шамси муроди худро кардед, партавфишон...
Мисле ки шеърро хеле олй хонда будам, ах ли то лор
бо як меҳру муҳаббати хосае сӯи банда менигаристанду
кафкУбй мекарданд. Консерт дар сатҳи баланд гузашт,
283
махсусан «хор» чашни Уктубрро бо тачлили рузи
чумҳурихоҳони афғон омезиши мантикй дод. Баъди хатми
консерт муовини вазири маъдан окон Фаранд ҳамаи моёнро
бо як дастагй гули хушбУй такдир намуд. Сипае бахши
афгонии консерт шурӯъ шуд, ки барандагиаш ба ӯҳдаи
Карими Мисок буд. Дар ин консерт хофизони номии радиои
Кобул Қамаргул ва Шамсиддини Масрур хизмат карданд.
Дар ҳамин шабу рӯзҳо аз Тоҷикистон дастаи ҳунарие
6а Кобул ворид шуда буд, ки хамарУза дар театри Кобул-
Нандорй ба муносибати Чашни Уктубр консерт медод. Мо
чанд нафар ҳар бегоҳй назди онхо мерафтем. Шаби 7-уми
Ноябр дар толори мармарини сафоратхона консерти калон
доданд. Баъди аз сафорат баргаштани хунармандони точик
дар «Клуби матбуот» консерти муштараки точикиву афғонй
сурат гирифт. Аз чониби афғонӣ - Рухшона, Залонд бо писару
келинаш, Жило хузур доштанд. Махсусан, хонданҳои
Рухшона барои моён хеле писанд омад. Ба дастаи точнкй
ҳофизони шинохта - Абдуллоҳ Назрй бо писараш Исмоил,
Нуқра Раҳматова, Улфатмоҳ, Шоиста Муллочонова, Ҳаким
Махмуди думбуранавоз, Бурҳон Муҳаммадкулов, Муслима
Боқиева, раққосаҳо - Мунаввара (аз театри Кулоб), Елзара
Хасанова, Шарофат Рашидова, Зӯҳро Каримова, доирадаст
- Ёкуб Аллоев ва баранда - Бурҳон Раҳмонов шомил буданд.
Ин гурӯҳи консертиро мудири шУъбаи фарханги Вазорати
маданият - Карим Қурбонов роҳбарй мекард. Сипае
Хунармандони ду кишвари форсигУ ба якдигар гулдаставу
тӯҳфаҳои хотиравй такдим намуданд. Соат дуй шаб шуд.
Ману Зухур Гадо Зарифро, ки манзилаш дар дигар гУшаи
Кобул буд, ба шаҳрчаи хеш даъват кардем.
Рузе, ки хунармандони точик дар Кобул - Нандорй
консерт оростанд, катори шашуми толор барои
точикистониҳо чудо шуда буд.Дар хатми консерт банда аз
чониби точикхо як даста гулро бо китъаи табрикие ба онон
супоридам. Дар ин консерт бисёре аз бадахшиҳои Кобул
низ иштирок доштанд. Яке аз онҳо , ки исмаш
Муҳаммадшоҳи Бадахшй буд, чанд нафар аз хунармандонро
ба хонааш даъват кард. Ману Зухур бо Абдуллоҳ Назрй,
Бурҳони Раҳмон ва Карим Курбонов ба манзили эшон
рафтем. Манзилаш дар қабати куҳҳои Кобул қарор дошт.
Назди ҳавлиаш моншн намерафт. Мачбур будем, ки пиёда,
чанд тангкУчаро паси cap намуда ба хонааш бирасем. Ин
бечора бадахшй дар Кобул хам замин пайдо накарда буд.
Мизбон бо аҳли хонаводааш ватандорҳошонро дида хухнҳол
284
шуд. Фақат Зуҳур хушгапй мекард. Ғизоашон калла - поча
буд. Қоил шудан лозим аст, ки дар Кобул калла-почаро
хеле олй мепазанд.
Дар ин чанд рӯзе, ки ҳунармандони Точикистон дар
Кобул буданд, хеле хуб аз чониби мухлисони кобулиашон
пазируфта шуданд. Ҳунари раккосаҳо онҳоро бештар хуш
омад. Аз ин консерт мо тоҷикҳои дар хидматбуда ифтихор
мекардем, зеро дар вазоратхонаҳо ҳама ran сари ҳунари
точикҳо буд. Афғонҳо моро дида, офаринҳо мехондавд ва
орзу мекарданд, ки муносибатҳои Афғонистону Шӯравӣ боз
ҳам хубтару босамаратар сурат бигиранд...
Азбаски барои ба ватан баргаштанам рӯзҳои башумор
монда буд, ҳамарӯза баъд аз соати чор, ба китобфурӯшиҳо
назар меандУхтам, то ки китобе ё рисолаи чолиберо ба даст
биёрам. Дар сари девори Спинзар китоб хеле зиёд монда
мешуд, онҳоро медидам, аммо он чи барои банда лозим буд
ба даст намеомад. Чанд адад аз шумораҳои мачаллаҳои
«Адаб» ва «Ориёно»-ро пайдо кардам. Девони чайбии
Ҳофизро харидам. Рочеъ ба Бедил китобе буд, ки пайдо
накардам.
Чунонки дида шуд, боду ҳавои муҳити чумҳурихоҳон
чандон бад набуд. Гумон мекардам, ки ин оғози боду ҳаво
аст. Худо кунад, ки ин боду ҳавои ҳоло ба бисёриҳо хушоянд,
гализ нашавад.
Сӯҳбатҳо бо чеҳраҳои фарҳангӣ
Дар тӯли се соли хидмат дар Афғонистон фурсат ёфта,
ба баъзе чеҳраҳои сиёсиву фархангй ошной пайдо намудам,
ки яке аз онҳо Тоҳири Бадахшй буд. Бори нахуст бо эшон
дар хонаи Маъруфи Отахон шинос шудем. Тохир аслан аз
минтакаи Дарвози Бадахшони Афғонистон буд. Худашро
ҳамдеҳаи Мӯъмин Қаноати мо медонист. У хеле барвақт
зодгоҳро ба шаҳри Кобул иваз намуда, Донишгоҳи Кобулро
хатм карда, дар яке аз шӯъбаҳои Вазорати маориф ифои
вазифа менамуд. Тоҳир хислати ачибе допгг. Ҳар точике,
ки тоза ба Кобул омадааст, Ӯ дар пайи ошной бо вай мегардид.
Точиконро бисёр дӯст медошт.
Метавон Тоҳирро ба чумлаи сиёсатмадорони варзидаи
Афғонистон шомил сохт. У аз нахустин таъсисдихандагони
Ҳизби халкии кишвар буда, баъдан хизби хосаи хешро бо
номи «Ҳизби заҳматкашон» таппсил дод. Ба ин ҳизб бештар
точикҳо ва Узбекҳо аъзо буданд. Номи дигари ин Ҳизб -
285
«Ситами миллй» ҳам буд. Бесабаб нест, ки ҳизби Тохирро
бо номи «ситамиҳо» хубтар мешинохтанд. Бо точикони
шӯравй иртибот гирифтани Тохир барои он буд, ки мехост
6а воситаи онҳо адабиёти сиёсиро ба хати арабй дастрас
намояд. Мачаллаву китобҳое, ки дар Шӯравй 6а ин хат чоп
мешуд, аксаран ба Чамъияти дӯстии Афғонистону шӯрав
фиристонда мешуд, ки Тоҳир онхоро ба воситаи мо гирифта,
сипас ба самти шимоли кишвар равон мекард. Ба ин восита
ӯ мехост, ки мардумро босаводу огах тарбия намояд.
Мақсади асосиаш ҳамин буд. Худи Тоҳир китоби зиеде
мутолиа намуда буд. Ба осори Марксу Энгеле ва Ленину
Сталин хуб ошной донгга, сари ҳар нуктаву гузоришҳои онон
соатҳо баҳс ороста метавонист. Ба сохтори феълии ШУравй
чандон эътикод надошт. Тохир бар ин акида буд, ки русхо
миллату қавмҳои дигарро фишор меоранд. Ба ин маънй,
вай мавчудияти ситами миллиро дар Шӯрави таъиид мекард.
Ба мо мегуфт, ки шумо точикҳо мустакил нестед, бе ичозати
Маскав ҳеч кореро анчом дода наметавонед. Точики шӯравй
мегуфт У, хеч туна кудрати сиёсиро дар ихтиёр надо рад.
Маскав амр мекунад, шумо ичро мекунед ва халос. дар
дафъае, ки дар манзили эшон бо Зухуру дигарон нишаста
бошам ба бахеи вай худро намезадам, балки гУш медодам,
чунки ҳар нишасти мо таҳти назорати консулгарии ШУравй
дар Кобул буд. Идораҳои марбутаи ШУравй низ Тохирро
барои ситамй буданаш хуш надопгганд. Ба ин хотир ман бо
Тохир сари мавзУъҳои сиёсӣ ҳеч вақт сУҳбат намекардам,
балки аз У дар бораи чеҳраҳои фарҳангие, ки ба шеъру
шоирй дахл доштанд, савол медодам. Дар ҳамин замина, аз
Тохир хоҳиш кардам, ки дар бораи Ҳошими Шоики
Бухорой, ки давроне дар Кобул сафири Чумхурии хал кии
Бухоро будааст, маълумоте ба ихтиёри банда гузарад.
Пайваста ба ин чеҳраи фархангй сухан аз Пайрав Сулаимонй,
ки хоҳарзодаи Ҳошим Шоик буду дар сафорати У соле
ҳамкорй дошт, ба миён омад. Дар китоби «Пайрав
Сулаймонй»-и устод С.Табаров ҳамин маълумот омадааст
ва ҳоло ки банда аз пайи маводи тозае хастам ба супориши
устодам тааллук дорад.
Тоҳири Бадахшӣ баъди огаҳй пайдо намудан дар бораи
Ҳошим Шоик ва хоҳарзодаи У - Пайрав Сулаймонй ба чандин
бухороихои Кобул ҳамсУҳбат мешавад, вале ягон касеро,
ки Пайравро соли 1922 дида бошад, намеёбад. Худи 1оҳир
Шоикро на камтар аз 20-30 маротиба дида, мулокот кардааст
ва У барои Тохир ҳақки устодй хам доштааст. Ҳатто дар
286
бораи Шоик мақолае низ рУи чоп оварда буд, ки нусхае аз
онро бо соядасташ такдимам кард. Бегохие Тоҳир ба хона
омаду гуфт: «Худойназархон омода бош, хонаи Карими
Назиҳӣ меравем. У ҳатман Пайравро бояд шиносад. Хеле
хуб гуфтам». Манзили Назиҳӣ низ дар ҳамин шаҳрчаи
Нодиршоҳй карор дошт. Ба кабати се баромадем. Маълум
гардид, ки Тохир ба эшон телефонй хабар дода будааст, ки
як тоники шӯравй он касро диданист. МУйсафеди
баландқомати нуроние дарвозаро ба рУи мо кушод, ки
такрибан 70 сол дошт.
Карими Назиҳй моро ба утони кориаш даъват кард.
Ин уток китобхонааш будааст. Тахминан дусад чилд китоби
ҳархела тоқчаҳои чевони Уро зиннат медод. Тохир бори
дигар бандаро ба соҳибхона шинос намуд ва максади
омаданамро ҳам ба вай шарҳу эзоҳ дод. Ҳамчунин Назиҳиро
низ ба май шинос карданӣ шуда, вайро аз мардуми Қатағани
шимоли Афғонистон шахсияти фарҳангй ва тараққихоҳи
кишвар муаррифй намуд.
Аз сӯҳбати Карим Назиҳй маълумам шуд, ки солҳое,
ки Шоиқи Бухорой сафирй мекардааст, Назиҳй ҳамроҳи
иадараш дар Фаронса будааст. Ҳамчунин ҳамон солҳое, ки
Пайрав бо тағояш ифои вазифа доштааст, Назиҳй дар Кобул
набудааст ва ба ин хотир Пайравро надидааст. Аммо Шоиқро
хуб мешинохтааст. Назиҳй таъкид кард, ки аз нигохи сиёсй
бо Шоик хамакида набудааст. Ин чихатро равшан накард,
балки гуфт, ки Ҳошими Шоик як «нотсионулист» буд.
Бо ин бахона ба Карими Назиҳй низ хубтар ошной
пайдо намудам. У солхои ей ба Бухоро рафта будааст.
Файзуллох Хочаевродидааст. Чанд муддат бо завчааш он
чо зиндагй кардааст. У ба илмҳои адабиёт, таърих ва мусиқй
хуб ошной дошт. Гохе шеър хам эчод менамуд вале чое чоп
намекард. Ба акидаи худаш он ашъор мавзУоти сиёсиро
дарбар гирифтаанд ва чопи онҳоро раво намедид. Шояд
баъд аз сари У касе пайдо шаваду он ашъорро ба хотири
зинда кардани номи ин шахе ба табъ бирасонад. Аз сУхбаташ
пай бурдам, ки У Афгонистонро хуб мешиносад. Назиҳй
худашро «афғон» намешуморид, ин ran ғалат аст, мегуфт.
Афғон як кавмест, ки хеле тоза пайдо гардидааст. Дар
Назиҳӣ ва писараш, ки устоди Донишгохи Кобул буд, як
навъ ҳисси афгонбадбинй ба мушоҳида мерасид.
Сӯҳбатамон тУлониву босамар ба поён расид. Бенггар
сари шеър сухан кард ем. Аз ин чеҳраи фархангй донише
андухтам ва ба Тохир ташаккур гуфтам.
287
Даҳуми ноябр Тоҳири Бадахшй маро 6а назди духтари
калони Ҳошим Шоиқ - Нафиса бурд. Ин бону вазифаи
расмии давлатй донгг ва 6о номи Нафиса Мубориз Шоик
маъруф буд. Тоҳир 6а ин бону низ каблан мувофика
допггааст. Вақте ки ба дафтари корни Нафиса ворид шудем,
вай дар ҳол бандаро шинохт ва гуфт: Ҳамон тоҷикистонй
аст, ки роҷеъ ба Пайрав маълумот мехоҳад? Тоҳир ба ҷои
ман ҷавоб дод, ки бале соҳиб. Нафиса дар бораи Пайрав
шунидаҳо дошт, вале ӯро намешинохт. Ин зан шеър ҳам
мегуфт ва адабиёту санъатро дӯст медошт.
Нафиса бенггар дар бораи падараш сӯҳбат кард. Шоик
вакти дар Боку таҳсил доштанаш як духтари озариро ба занӣ
мегирад. Аз он зан баъдтар духтаре ба дунё меояд, ки исмашро
Фоиқа мегузоранд. Солҳо мегузараду духтар кй будани
падарашро мефаҳмад. Ҳарчанд падараш аллакай дар ҳаёт
набуд, аммо ӯ 6о суроғаи Шоик ба Кобул меояд ва се моҳ
меҳмони хоҳаронаш мешавад. Нафиса боз хоҳари дигаре ҳам
дошт. Зимнан аз Лолаву Гулчеҳраи Сулаймонӣ сухан гуфт ва
андаке аз онон гиламанд будани худро ошкор сохт, ки хат
наменависанд. Нафиса ваъда дод, ки ҳарчи дар хусуси Пайрав
ва падараш медонад, рӯи таҳрир оварда, ба банда медиҳад.
АфсУс ки ваъдахилофӣ намуд, бори дигар хостам ӯро бубинам,
аммо муяссарам нашуд.
Дар ҳамон рӯзҳои чумҳурихоҳон Тоҳир боз бо як
чеҳраи дигари фарҳангии Афғонистон шиносам кард. Эшон
мудири масъули мачаллаи «Ирфон» - Абдурасули Асадӣ буд.
Тоҳир бо камоли эҳтиром исмамро ба Асадй гуфт ва ҳам
илова намуд, ки ин бародар сари Пайраву Шоиқ мавод чамъ
менамояд. Азбаски Шоиқ рамзи мачаллаи «Ирфон» буд, лозим
донист, ки аз наздик ба мудири феълии он ошной дошта бошад.
Асадй хеле афсӯс хӯрд, ки дар ҳамсоягй рӯзгор дорему дар
ин се сол ҳамдигарро нашинохтаем. Чанд рӯз баъд боз ба
банда вохУрд ва афсӯсхӯриашро такрор намуд. Максад аз
ин афсӯсхӯриҳо боре сари миз нишастанро дошт. Ногуфта
намонад, ки аксари зиёиёни афғонӣ шаробро хуш доранд.
Асадй ҳам аз ҳамин чумла буд. Аз ин рӯ, ӯро ба хона даъват
кардам. Даъватамро ба хушӣ пазируфту «ба чанш, ба чашм»
гУён изҳори хурсандй карда, як шумораи тозаи «Ирфон»-ро,
ки бо гузорише аз шахсияти Довудхон оғоз меёфт, бо соядаст
такдимам намуд. Ба зуди аз дафтари Асадӣ берун шуда, аз
назди «Фурӯшгоҳи бузурги афғон» ба воситаи автобуси оммавӣ
хона омадам. Аз ин ки бегоҳй Асадй меҳмонам мешуд, палови
точикй омода сохтам. Ба соати ҳафт даҳ дақиқа монда буд,
ки Асадй занги дарвозаро зер кард. Дар ботин гуфтам: Ин
288
қадар шахси дақиккор будааст. Одатан, тоҷикҳо кам шудааст,
ки дар соати муайян ба меҳмонй ҳозир шаванд. Қаблан
Зухурро огоҳ сохта будам, ки 6о меҳмон бошад. Зуҳурро ба
Асади муаррифй намудам. Сӯҳбат бо палаву шароб гармтар
шуд. Меҳмон дар «Ирфон» маколае доштааст, ки ҷо-ҷойи
онро барои мо кироат мекард. Ҳар дафъа сӯи банда нигариста,
таъкид медошт, ки ҳама маколаҳояш дар методи реализми
сотсиалистӣ навишта шудаанд. Бо ин суханаш гуфтанӣ буд,
ки вай низ 6а Шӯравӣ эътиқод дорад ва осорашро ба ҳамон
тарзе менависад, ки адибони шӯравй менигоранд.
Асадӣ ба палов чандон даст намебурд, балки қадаҳи
шаробро бештар мепазируфт. Ман, ки ба шароб алоқаи зиёд
надоштам, узр хостам, ки дигар наметавонам. Меҳмон чунон
хурсанд шуд, ки ҳадду канор надошт. Қадаҳи бандаро ҳам
ба назди худаш гузошту дуро яке карда бардошт. Фақат шиор
ӯ медод ва ҳама шиорҳояш як мазмун доштанд: «Барои
дӯстиву рафоқат менӯшем». Зуҳур ҳам кӯшиш мекард, ки
аз Асадй кафо намонад. Ҳардуяш чунон зебо шуданд, ки
лаблабуро мемонданд. Хайрият, Зуҳурро даъват карда будам
вагарна ин ҳама шаробро як худаш нӯшида ҳолаш табоҳ
мешуд. Се-чор соат Асадй бо шароб дУстй карду базӯр аз
чояш баланд шуда роҳи хонаашро пеш гирифт. Рӯзи дигар
боз ба дафтари кориаш рафтам, ки маҷлис доштааст. Бандаро
дидан замон мачлисашро хотима дод ва ба ҳамкоронаш
муаррифиам намуд. Он чо корманде менишаст, ки бо
тоҷикистонй буданамро фаҳмидан, ба чойи бифармоед,
марҳамат, марҳамат, ана ба ин курсй (стул) бишинед, гуфт.
Яъне ӯ шояд дар Душанбе будааст, ки чанд калимаи таоруфии
моро медонист. Асадӣ дарвозаи шкафи китобҳояшро кушода,
аз банда хоҳиш кард, ки хар шумораеро, ки аз «Ирфон»
надоред, бигиред. Ду-се шумораи дигарро барои устод Табаров
соядаст карда, болои покат мӯҳри мачалларо гузошт. Чун
борам вазнин шуд, пешхизматашро то истгоҳи «Фурӯшгоҳи
бузурги афғон» ҳамроҳ кунонд. Ба шарофати ин ошноӣ
шумораҳои ноёби «Ирфон»-ро дастрас кардам. Дар ҳакикат,
Асадй як чеҳраи фарҳангии воқей буд. Адабиётро дӯст медошт,
сари конунмандиҳои шеъри имрӯз баҳс меорост. Мақолаҳои
ичтимоии зиёде рУи чоп оварда буд.
Мухлисони «Афғонфилм» бояд донанд, ки актёре буд
бо коми Устод Рафик Содик, ки дар бисёре аз асарҳои
муаллифони афғонӣ накшҳои ҳачвиро бозй мекард. Ҳар вақте
ки дар кинотеатрҳои Кобул порчаҳое аз нақшҳои офаридаи
ин хунарманди киноро намоиш медоданд мухлисон
289
шикамҳошонро допгга, сипас механдиданд. Эшонро рУи саҳна
дида будам, вале аз наздик бо ӯ ошной надопггам.
Тавре ки ишора рафт, боре Меҳрубон Назаров омаду
6а воситаи он кас ба Устод Рафик Содик шиносоии нахустин
сурат гирифт. Бо ӯ, ки дар ҳамин шаҳрча икомат менамуд,
чанд дафъа ҳамсӯҳбат шудем. Боре ваъда дод, ки ду касетаи
маҳсули ҳунарашро барои банда такдим мекунад. Азбаски
торафт мавзӯи рафтанам наздик меомад, хостам, ки касетаҳои
Содиқро бо худ донгга бошам. Ба ин максад ду косети тоза
харидорӣ намуда, 6о Зуҳур роҳи хонаи Содиқро пеш
гирифтем. Дар хонааш набуд. Духтарчааш, ки рӯи ҳавлй
бозй мекард, «ҳоло падарам аз кор наомадааст», гуфт. Ба
духтараш гуфтам, ки падараш ҳатман бегоҳй ба манзили банда
биояд. Исмамро арз доштам. Соатҳои ҳафтуним буд, ки Содик
ассалом гӯён ба хона ворид шуд. Баъд аз се-чор дакика Зуҳуру
Муҳаммадчон низ омаданд. Ғизое омода карда будам, ки бо
як шиша «водка» болои миз гузоштам. Табиист, ки Устод
Содик дар назди саволҳои коғазпечи Муҳаммадчон раҳгум
зад. Сӯҳбат дуру дароз шуд, аммо шароб кам буд. Содик дар
поёни сӯҳбат касетаҳоро 6а ҷайбаш андохту хоҳише ҳам кард,
то ки ба М.Назаров расонам. Гап дар ин буд, ки вазири
маданияти Точикистон 6а чашни 50-солагии Точикистон
Ноишр ном сармоядори кундузиро даъват карда будааст, вале
дар табаддулоти Довуд он шахси даъватшуда ба ҳабс
гирифтор шудааст. Устод Рафик Содиқ хохиш дошт, ки дигар
чаноби вазир пуигги ин мавзУъ нагардад. Ҳатман мерасонам,
гуфтам ба Рафик Содиқ.
Ҳамчунин дар Раёсати маъдан Карими Мисок бо банда
ҳамкорй дошт, ки ду-се чой аз эшон ном бурдаам. Мавсуф
ягон мактаби олй хатм накарда буд. Аз кавми хазора, ки буд
мавкеъ ҳам надошт. Дар гурӯҳҳои гиюлучй вазифаи маъмури
техникиро адо менамуд. У бо мардикорони дигар дар
халтачаҳо намунаи сангу хок мегирифт. Мисок ба Шӯрави
эътикод дошт ва хатто дар ин солҳои ҳамкорӣ бо инженерони
мо забони русиро омУхта буд. Бад ҳам сӯҳбат намекард. У бо
ман ҳамеша бахсхои сиёсй карданй мешуд. Баъзан ба ман
эрод мегирифт, ки чаро дар сурат бастани Инқилоб бо онхо
ҳамкорй намекунем. Ман мегуфтам, ки ин мавзУъ ба худи
шумоҳо дахл дорад. Мо барои омодагии Инкилоб наомадаем,
балки ба хотири ҳамкориҳои иктисодй ин чоем. Карим Мисок
шахси эчодкор буд. Достони кӯтоҳ менавишт. МачмУае хам
бо номи «Ҳафт кисса» чоп карда буд. РУзе ба наздаш рафтаму
гуфтам, окон Мисок карордоди банда ба поён расида, биё ки
худохофизй кунем. То дидори оянда, Хо, мавзУи Инкилоба
290
хутон бубинен, дига. У хандид ва айнакҳояшро як рост карду
гуфт: валлоҳ, Худойназархон бо ту одат карда будем. Хайр,
«до свидания», гуфт. Дуямон бозавқ хандидем. Ҳамин лаҳза
ӯ китобчаи номбурдашударо барои банда бахшид.
Ба ҳамин тарик, ҳикояти чеҳраҳои фарҳангӣ низ ба поён
расид. Банда аз ин чеҳраҳо бисер чизҳоро омУхтам. Акоиди
онон ба ҷаҳонбиниам бетаъсир намонд. Ҳарчанд онҳо дуруст
мегуфтанд, вале ман наметавонистам худро бо онон ҳамфикр
бинам. Муҳити чи Афгонистон ва чи ШУравй такозо мекард,
ки мо бо онҳо эхтиёткорона сӯҳбат биороем...
Рӯзҳои худоҳофизӣ
Чунонки маълум шуд, баъд аз табаддулоти Довудхон
гурӯҳҳои гиюлучй такрибан ба атрофи кишвар фиристонда
нашуданд. Як сабаби ин ки банда дар ин панч моҳи охир
ҳамеша дар Кобул будам хамин масъала буд. Дар Хайрхона
кор мекардам ва бештар ба сафари Ватан омодагй медидам;
дуконгардй, тУҳфахарӣ, худоҳофизӣ бо дУстони афгонй ва
дигар корхоеро, ки ба фаъолияти тарчумонй ҳеч робитае
надоштанд, анчом медодам. Аммо маош хамеша сари вақт
дода мешуд. Бе ин хам он чо будан маъние надошт. Дар ин
миён мавзУи мошингирй ҳам ҳал шуд.
Пул бо «наряд» ба бародарам Чумъахон расид ва У бо
заҳмати зиёде аз шахри Горкий мошини ГАЗ-24-и сафедро то
Душанбе оварда буд. Ин хам як масъалаи чвддй маҳсуб мешуд.
Як маъданшиносе буд, ки Шер ном дошт. У шУхй мекард, ки
бо як либоси таг мегардаму аммо мошин мегирам. Ин
заҳматҳои беканорро мошин мебаровард. Мошин хам чузъе
аз рУзгори шахсони дар хорича кор мекарда ҳисоб меёфт.
Ба ивази заҳмати пурмашаккат мошин медоданд. Дигар рохи
мошин доштан хам набуд. Дар Ватан бисёр душвор буд, ки
кас бо маоши муайяншуда сохиби мошини сабукрав бигардад.
То 20-умҳои ноябр ба куллй омада шудем. Чомадонҳоро
ҳам чо ба чо кардем, ҳарчанд ки анчоми зиёде гирифта
натавонистем, зеро барои мошин гирифтан ду сола маош харч
шуд. Боз хӯрдану пУшидан хает. Дар ин се сол дУстону
ҳамкорони бисёре пайдо кардам. Ба бисёре аз онон бо хам
нону намак дидем. Қабл аз сафар ба онҳо як пиёла чой додан
ҳатмӣ буд. Ба хамин максад, 20-уми ноябр барои 15-20 кас
зиёфат оростем. Мизи даъватиро ҳамсояҳои ленинградиамон
- Любимовхо хеле хуб оро доданд. Дар ин зиёфати худоҳофизй
сармутахассисамон Чемирёв В.М. бо завчааш, ки хеле бонуи
фурУтан буд, иштирок кард. Ҳар кадом, ки кадаҳ мебардошт,
291
чизе дар бораи шахсияти банда иброз медошт. Ба_ хусус
сӯҳбати саридастархонии Чемирёв хеле дилчасп буд. У бисёр
самими 6а хизматҳои банда баҳо дод. Эшон дар поёни суханаш
афсУс хурд, ки ба хоҳишаш гУш надода, нияти рафтан
кардаам. Оре, рисолаи номзадй интизорам буд, вагарна мисли
баъзеҳо панч сол пул кор кардан мумкин буд. Ҳамсояам
Багрян Любимов ҳам суханҳои хотирмон гуфт. Хулоса,
ҳозирин ба банда роҳи сафед ва сарбаландиҳо орзу карданд.
Шаби 21-ум бандаро ба мачлиси профсоюзй даъват
намуда, бо тӯҳфае аз ҷониби карордодамон сазовор
донистанд. Ҳамон шаб тавсифномаи ба банда лозимдидаро
хонданд, ки хеле одилона навишта шуда буд. Дар поёни
маҷлис ба роҳбарон ва саринженеронам ташаккур гуфтам.
Ҳамчунин садорати Варакшоби Хайрхона хизматҳои
ҳафтмоҳаи каминаро ба назар гирифта, тӯҳфаи
киматбаҳоеро лозим донистанд. Ин ҳама қадрдониҳо ба ҳар
кас муяссар намешавад. Шукр ба худо ва падари муаллимам
ва устодони омУзишгоҳиву донишгоҳиам, ки бандаро тарбияи
бад накардаанд. Банда низ дар тУли се сол кУшиш намудам,
ки боварии онҳоро ба чо орам ва боиси мазаммагу бадгУиҳои
баъзеҳо нашавам. То чое тавонистам, ки боиси рашки дигарон
шавам. Ин ранжи некбинона хоҳад буд, на рашке, ки бадхоҳӣ
дорад.
Шаби 21-ум ҳам, ки пагоҳаш 22-юм Кобулро тарк
мегуфтам, чанде аз дУстони точикамро сари дастархони
худоҳофизй чамъ овардам. Ин сУҳбат чанбаи хоса дошт.
Ханда, ханда ва боз ҳам ханда. Зуҳуру Муҳаммадчон ва
дигар дУстон дар Кобул монданд, то ки боз андаке сарват
чамъ биёранд. Ин, албатта, шУхй буд. Онҳо низ рУзҳои ба
охир расидани карордодашонро интизорй мекашиданд.
Накҳати ҳавои Точикистонро ба чизи дигаре иваз
кардан нашояд. Ҳар сафаре, ки ҳаст поёнаш бозгашт ба
Ватан хоҳад буд.
Шаби 21-ум охирин шабе буд, ки аз ҳавои Кобул нафас
мегирифтам. Тамоми шаб бо андешаҳоям мондам. Душанберо
тасаввур мекардам, чеҳраи хандону чиддии устодонро пеши
назар меовардам. Китоохонаи ба номи Фирдавсиро медидам,
ки чй навъ дар толори аспирантон нишастаам. Сайру гашти
хиёбонҳои зебоманзари Душанбе ҳаловатам мебахшид.
Ниҳоят, дидор тоза кардан бо Фотима, Мӯсо, Чумъа,
Холназар, Аноргул, Соҳибназар ва дигар хешу акрабо
рӯҳбаландам месохт. То ҳамин чо омадам, ки соат занги
панчро зад. Бисмиллоҳ гуфтаму бо дасти рост аз чой баланд
шудам. Оҳе ба Кобул кашидам, валлоҳ ки одат ҳам карда
будам. Парвизи хоболудро бедор сохтам. У низ мисле ки
292
зик шуда буд, дигар баҳонае наҷусту ба зуди хеста, либосҳои
навхаридаамро пУшид, то ки ба ҷӯраҳои душанбегиаш худро
намоиш бидиҳад. Модари Парвиз бошад тамоми шаб бо зани
хамсоя проблема хал карданд. Ба душворй нонушта кардем.
Соат ҳашт шуд, ки Зуҳуру Мухаммадчон барои анҷомҳоро
поён фаровардан хозир шуданд.
Бо хоҳиши Багрян Любимов ва завчааш Людмила
Андреевна як дақиқа рӯи чомадонҳо нишастем. Ҳамин навъ
одат хам будааст, ки риоя шуд. Рӯи ҳавли баромадам, ки
ҳама ҳамкорон, завҷаҳояшон, маъмурини афғонй чамъ
шудаанд. Мехостанд, ки охирин бор худохофизй кунанд.
Такрибан ним соат вактамон ба оғушкушоиву бУсобӯсӣ ва
рухсор ба рухсор мондан гузашт. Исоеви муовин асабй буд,
ки дер шуд, ба майдон рафтан лозим. Чемирёв хам дастамро
сахт фишурд ва гуфт: рисоларо, ки дифоъ кардй боз
меоремат. Ташаккур гуфтам. Парвизу модараш аллакай дар
мошин менишастанд. Ин лаҳза эҳсосот боло гирифту аз
назари гуселкунандагон пинҳонӣ оби дида кардам. Ҳол он
ки оби дидаи бандаро баровардан хеле душвор буд. Зухуру
Муҳаммадчон ҳолатамро фаҳмиданд, ки ба зуди дохили
мошинам карданд ва худашон хам нишастанд. Майдони
ҳавоии Кобул чй чойи зебое, чи чойи пешвозгириҳое буд, ки
пушти cap мемонд.
Бисёре аз маъмурини майдон хам бандаро эҳтиром
мекарданд. Онҳо низ афсУс хӯрданд, ки меравам. Ҳамин
буд, ки ҳеч гуна назорати гумрукиро лозим надиданд ва
худашон хама ҳуччатҳоро тахт карда, ба дастам доданд.
Зухуру Мухаммадчон пушти ойина монда буданд ва даст
мечунбонданд. Мухаммадчон хамоно бо сигораш саргардон
буд. Нотики майдон эълон кард, ки мусофирон, бифармоед,
«Бойинг» дар хидмати шумо. Аз дасти Парвиз гирифтаму
сУи ҳавопаймо харакат намудам. Оре, медонистам, ки
дУстону гуселкунандагон дар кучо карор мегиранд.
Якдафъай ба боло нигоҳ кардам, ки аз балкони бинои майдон
боз хам даст меафшонданд.
Хайр, гуфтам ба Кобул, ба кишваре, ки се сол унс
гирифта оудам. Дигар чй чойи тасвир монд? Чизе не.
Факат бо баланд шудаии «Бойиш'» тасмахоро бастаму
охирин дафъа Кобулро аз баландй тамошо намудам. Ҳине,
ки ҳавопаймо худро рост карду барои қаторкӯҳҳои
Ҳиндукушро паси cap гузоштан баландтару баландтар шудан
гирифт, лаҳзаи «худохофизй» бо кишвари Афгонистон поён
ёфт. Боз бо андешахоям мондам.
Ачаб тақдире, субхи 22-юм дар Кобул будаму шабаш
аллакай дар ҳалкаи хешу акрабо. Дар Батан, Батане, ки се
293
сол каминаро интизорй допгг. Оре, Ватан ҳаловати дигаре
дорад, ки онро на сарвату на касру на курсиҳои баланд дар
кишвари ғайр иваз карда метавонад. Ватан накҳати хоса
дорад. То чи андоза худро хушбахт медидам он шаби 22-
юми ноябри соли 1973!
Пасгуфторе
Хонандаи ин китоб, ки дар оғози қарни нав умр ба
cap мебарад, бояд тасаввур намояд, ки банда ей сол он се
дафтарро бо худ нигоҳ доштам, ҳафтае як бор тафтиш
мекардам, ки боз гум нашаванд. Онҳоро рӯи таҳрир овардан
дар накшаам буд, вале чанд китоби дигаре бояд менавииггам,
ки барои алоқамандони адабиёт заруртар ба назар
мехӯрданд. Худо кувват бахшиду он чандро ба поён расондам
ва ҳам ба дасти соҳибонаш гузонгтам. Ниҳоят огози соли
2001-ум чуръат намуда, барои се дафтарро дар шакли китоби
алоҳидае но ба чо кардан, шурУъ намудам. Шукри худо, ки
30-юми июни соли 2001-ум таҳрири қаламиаш анҷом ёфт.
МавзУи чопаш дар пеш хоҳад буд. Иншооллоҳ сарсупурдае
пайдо мешаваду масрафи чопашро ба ӯҳда мегирад. Ин соле
хоҳад буд, ки банда шастро чамъбаст менамоям.
Агар боз Худой мутаол чанд соли дигаре бандаро умр
бахшад, китоби дуюми хотираҳоро варақ мезанам, ки
номашро «Афғонистони инқилобй» хохам гузонгг. Он чо
ҳодисаҳои ачоибу ғароиберо хоҳед хонд, монанди: сабабхои
Инкилоби Савр, чудоиҳо миёни ҳизбҳои сиёсӣ, гӯшту нохун
будани Таракиву Амин, ночавонмардона ба катл расондани
Нурмуҳаммади Таракй, нақшаи аз байн бурдани
Ҳафизуллоҳ Амин, чаро Ахмад Зоҳирро куштанд?, 14-уми
декабри 1979 чаро табаддулоти ҳарбии Шуравй сурат
нагирифт, хУроки шом дар қасри Доруламон, оғози амалиёти
Сокол, ба катл расидани Амин бо писари ҳаждаҳсолааш,
овардани Кормал ба салтанат. Нихоят дар китоби дуюм
ба сифати чиву кй фаъолият доштани муаллифро хубтар
хоҳед шинохт.
Оғоз: Душанбе - феврали 2001
Анчом: Истаравшан, Пансионат, 30.06.2001
294
Мундариҷа:
Ба ҷойи пешгуфтор...............................3
ДАФТАРИ АВВАЛ...................................8
Тайёрӣ ба сафар.................................9
Ҳикояти рӯзҳои нахуст......................... 14
Сафари Ҳирот...................................29
Ҳирот - Кафтарӣ................................36
Хинҷон - Андароб...............................61
Ҷашни Истиқлол.................................69
Даи Чӯпон ё Деҳаи Чӯпон........................72
Ҳирот - Шайдо..................................79
Моҳи Рамазон...................................83
«Мусулмонони Ӯзбекистон».......................95
Зиёрати Хоҷа Ансорӣ ва Хоҷа Ғалтон.............97
Саққабозӣ (биллиардбозӣ)......................102
Сагҷанг.......................................103
Рухсатӣ.......................................108
Музоҳира дар раёсати маъдан.................. 116
Оромгоҳи Нодиршоҳ............................ 119
Сафари Чихчарон...............................121
Дар роҳи Оҳанкашон............................125
Шабе дар Оҳанкашон............................129
Сӯҳбате бо Ғуломсахӣ......................... 133
ДАФТАРИ ДУВУМ................................ 137
Оҳанкашон.....................................138
Моҷарои Свеженсев.............................140
Ба яғмо рафтани амвол........................ 144
Дар меҳмонии арбоб-Маҳмуд.....................148
Ташрифи арбобҳо ва моҷарои тозае..............154
Пазироӣ аз Телешев............................167
Гузориши Зоҳиршоҳ дар Ҷашни Истиқлол..........173
Моҷарои Мирзоалаёр............................177
Дар шинохти чанд шаҳри Афғонистон............ 180
Кобул.........................................180
Ғазнӣ.........................................184
295
Ҷалолобод..................................... 186
Қандаҳор...................................... 188
Муаммо ҳал шуд................................ 193
Шикори кабк................................... 198
Нон ва қадри он................................205
ДАФТАРИ СЕЮМ.................................. 209
Шикор ба хотири чӣ буд?........................210
Табиати Оҳанкашон тағйир ёфт...................213
Шарҳи чанд нома................................218
Омад-омади Торели..............................224
Қарияи Рахна...................................230
Исматуллох,хони қандаҳорӣ..................... 234
Шербина ба зун (зона) меравад................ 237
Манори Ҷом.....................................243
Таҷлили зодрӯзи Аълоҳазрат.....................250
Бозгашт аз роҳи Банди Амир ва Бомиён...........253
Сафари сеюм ба Ҳирот...........................262
Маҳфили фарҳангие дар Кобул-Нандорӣ............267
Ташрифи Подгорный ба Кобул.....................271
Кудатои Довуд..................................274
Дар боду ҳавои Ҷумҳуриятхоҳон..................281
Сӯҳбатҳо бо чеҳраҳои фарҳангӣ..................285
Рӯзҳои худоҳофизӣ..............................291
Пасгуфторе.....................................294
296
1. Худойназархон дар ру 6а руи Қасри Шоҳ. Ш. Кобул,
марти 1971.
2. Худойназархон дар назди
Мақбараи Темуршоҳ,
ш.Кобул 1971.
3. Ҳангоми бозии волейбол. Кобу л, сентябри с. 1971.
4. Мутахассисини шуравй дар 30 км ҷанубтари
ш.Ҳирот. 1971.
5. Худоӣназархон бо аҳпи геологҳои шурави ва афаони.
Минтақаи Кафтарӣ.
6. Ворозенетс, Никитин ва
Худойназархон. Кафтарӣ,
1971.
7. Худойназархон, Абдурасул ва Насим.
Ш.Ҳирот, апрели 1971. Боғи умумии Ҳирот.
8. Меҳмонхонаи Фароҳрӯд, апрели 1971, шоҳроҳи
Қандаҳор - Ҳирот.
9. Мутахассисони шӯрави: аз чап ба рост:
Олег, Юра, Худойназархон, Борозенетс, Слава, Вадим.
10. Ёров Зуҳур ва Асозода дар зиёрати Хоҷа Галтони
ш.Ҳирот.
11. Худойназархон, Абдурасул ва Насими ронанда дар
назди марқади Навой, Ҳирот.
12. Ҳирот, минтақаи Шайдо, декабри 1971.
Ҳангоми намунагирии Шлих. Худойназархон ва ронанда.
13. Худоӣназархон дар даромадгоҳи тоннели Соланг,
июни 1972.
14. Худойназархон бо писари арбоби деҳаи Харбед,
августи 1972.
16. Мутахассисони шурави дар мех/ионии Мирзо Алаёр,
деҳаи Обигарм, вилояти Қалъаи нав, июли 1972.
15. Худойназархон дар
қароргоҳи Оҳанкашон.
Аввалҳои августи 1972
17. Ш.Ҳирот. Куҳистони Оҳанкашон, 1972.
18, Дараи Рахна. Ба меҳмонӣ мераванд.
Охирҳои июли 1972.
19. Худойназархон бо Гришин савори асп дар дараи Рахна,
минтақаи Оҳанкашон. Августи, 1972.
20. Худойназархон, Исматуппохон, Абдулло, Тарасенко,
августи, 1972. Оҳанкашон.
21. Худойназархон ҳангоми моҳигирӣ, қарияи Даҳана,
сентябри 1972.
22. Худойназархон бо Ғуломнаби, роҳ ба сӯи Харбед.
Августы 1972.
23. Худоӣназархон бо геологҳо дар меҳмонии арбоб
Ғуломнабй, 1972.
24. Худойназархон, Шербина,
Гришин дар назди Обанбори
«Банди Амир», сентябри 1972.
25. Худоӣназархон бо як зумра мутахассисон дар майдони
ҳавоии ш.Ҳирот, декабри 1972.
26. Дар назди ҳайкали Буддо. ш.Бомиён, 1972.
27. Дар мобайн Худойназархон бо Маҳмуди озори,
май, 1973.
28. Худойназархон,
Кобул, Хайрхона
июли 1973.
■
Содержи нобразао. В ней
'
, - . Г- ! С ! )!>иП^т \
•agMflHte WWWWX ообытий. -
Книга «Афганистан в период королевства» содержит
путевые заметки: дневниковые записи таджикского
переводчика, работавшего вместе с русскоязычными
специалистами из бывшего СССР. События изложены иногда
хронологически, а в большинстве случаев обобщенно.
Содержание книги богато и разнообразно. В ней
рассказывается не только об одном переводчике и его работе,
но и о жизни и деятельности его соратников, советских
специалистов, афганских специалистов и т.д. Автор делится
впечатлениями о встречах с учеными, культурными
деятелями Афганистана.
Описание политических событий, например
свершение Мухаммад Захиршаха и прихода к власти
сторонников республиканского строя во главе с Мухаммад
Довудом, их комментарий со стороны автора, несомненно
представляют большой интерес для специалистов по
истории Афганистана, в то же время они являются
поучительными для таджикского и афганского читателей.
Книга «Афганистан в период королевства» может
послужить отличным путеводителем по Афганистану для
читателя: не побывавшего в этой стране. Автор увлекательно
рассказывает о городах и селениях: литературных
исторических, религиозных памятниках. На страницах
книги читатель найдет также ценные сведения по
этнографии, народных и официальных праздниках
Афганистана. Все это ценно тем, что комментирует их автор
- филолог, специалист с университетских образованием.
Книга ещё ценна тем, что содержит эссевидные
высказывания автора по увиденному и услышанному,
исторические экскурсы в прошлое и настоящее таджикского
и афганского народов на фоне описываемых событий.
297
jly?- Sj ja~. о IjkU Jj_,b c—:> ji ^ (_yihs'!cr<l_/sjul
oI^*_a oU-^_h o—- <4 OL-Jlol ji (vr- HV^ JL- <u* JjbjbiS
*t .с—Ц/с-о* (oL-L^oa«) j,L. oUio
_j oLilj Dili C~o« Jj»i/ <uloj Ujjj y
.O—Lijjl (jjj J cjji loJUiljii’^, jl
oU>-jj i_£L> o-t jSj^ <; ot j j .с—I j j tjJs- lyhS" oL ji»^o
J njtijl oLa^^° J{L- <l)L/a <,jj aSUj
.c—l<uit ^-ISUil oljji o! ob_Jbil (_/&лӯ ^UeoJUi
Д-®-5?- j' (^L—j oUitj^^i; j j oLj
1л1 iSjjj^1 Ь i5j>fr^-=r Op^L. OJ-o£j\jijj j eUljaIU _ил^»
tob~JU_jl ^jU oLa-^c-л oLXj iC—lol$jT jUkLi . jl j.
..xuiL^y о Jjjj^l j д*ал oUil _j c5L>-b olSliijl
jj IjOh^jUsI *S ^\у j^ysLi oli~jUi!> <_^1x5”
J J oi* OjIa.} j *i o—l eSjA*- ^UiaIj
•в-Л^ J J (“Г°^ J jJp Ol^jjj (_£1$aI^) .iS"j Ifcjly» J Iaoj-JLa i^yrjjb
J {J* ‘OUil j»Jy J (—j tOilp j i_9jp jl lpUS" jJ
-> O—Jij-iu J JJ--P J uaJ yJ ol^ j tji—>* tub—jUu—sl
jl jb L^hS’oUOvs yj .^S"oly^y oJl^i ^ibj JTjIju o—jiOUf*
J <У*о^ с5^“«Ч-Ц j-J *-•■* *4 Jjjb ^jjl o#>- oT
.Лл^^у l^j ^Al^«tob oUjLt4 L juL»->ub -t.
J^*-» (^OJj _J -C-i 4_) Sjt—dJj—e jj;i>^jl «-jbS”
(Jd^ сГ^ЦД:-^* ^d(^i |^a C-^>- ^1 jl .ijJ ji OUil _j tX»>-b
.iy -Laly»- jlfjUjly>- <s>-ӯ
298
T°°T
300
301
302
303