Ахтарон. Маҷмӯи ёддоштҳо Stars. Collected memoirs

Transcription

Холмурод ШАРИФОВ

АХТАРОН

Душанбе

Нашриёти “Шарқи озод”
2004
Муаллиф ба Вазири маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов барои кӯмак
дар чопи китоб арзи сипос менамояд.

Холмурод Шарифов

Ахтарон. Маҷмӯи ёддоштҳо. Душанбе. “Шарқи озод”,
2004. 337 саҳ..

Китоби нависанда Холмурод Шарифов “Ахтарон" асари ёддоштӣ
буда,дар он муаллиф маҳорати нигорандагии худро бо нозукиҳояш
намоиш додааст. “Ахтарон" нусхаи такмилёфтаи ёддоштҳои
мусанниф “Оламафрӯзон" (Душанбе, “Маориф" 1992 ва “Ахтарони
фарҳанг" (Душанбе, “Ирфон” 2002) буда, дар он иловаҳои зиёд ворид
гардидаанд. Бахшҳои ёддоштӣ роҷеъ ба Суҳайлӣ Ҷавҳаризода,
Мирсаид Миршакар, Раҳим Ҷалил ва Одина Ҳошим иловаҳои тозаанд.

Ёддоштнависӣ аз жанрҳои душвори адабиёт маҳсуб ёфта, он диди
хос, дарки амиқи матлаб, маҳорати фавқулоддаро дар масоили доги
умдаи рӯз талаб мекунад. Омӯхтаву андӯхтаҳои муаллиф дар шакли
ёддоштҳои ҷолибу хотирнишин ва латифу ҳикматангез рӯи когаз
омадаву дар ҳамин китоби пурмӯҳтаво манзури хонандагони
сершумор, хусусан омӯзгорон мегардад.

© X. Шарифов, 2004
Мухтарам Холмурод Шарифович,
ман нисбати Шумо суханхои бехтарин-
ро гуфтан мехостам. Вақти дар вази-
фаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷи-
кистон буданам бо ҳам дар якҷояги кор
кардем. Дар рохр татбиқи ислохоти кон-
ститутсионй сахми Шумо калон аст.

Э. PAXJVIOHOB

ПЕШГУФТОР

Хонандаи азиз! Китобе, ки ба даст гирифтеду ба мутолиаи он
мепардозед, “Ахтарон" унвон дошта, ба қалами Холмурод Шарифов
тааллук, дорад. Бояд таъкид кард, ки X. Шарифовро дар ҷумҳурӣ чун
ходими намоёни давлатӣ, олим ва узви иттиҳоди нависандагони То-
ҷикистон хуб мешиносанд ва барояш арҷ мегузоранд. У ҳам дар таъ-
лифи мақолаю рисолаҳои илмӣ, ҳикояю қиссаҳо, ҳам дар эҷоди ёд-
номаю хотирот қувваозмоӣ кардааст ва бо имони комил метавон гуфт,
ки ба комёбиҳо ноил гаштааст.

X. Шарифов корманди давлатиест, адибест ва чёҳранигору ёд-
доштофаринест, ки роҳу равиш ва сабку шеваи хосса дорад. Дар
фаъолияти хеш ҳеҷ майлу кӯшише накардааст, ки ба касе тақлид
намояд ва аз нусхабардории айнӣ хуш надорад. Дар ҳар кору вази-
фа, ки фаъолият доштаасту дорад, рисолати равшангарию раҳна-
моии хешро бидуни чашмдошти чизе барои рафоҳияти ҳамватанону
ободонии кишвари азизамон содиқонаю сарбаландона иҷро кардааст.

Ростгӯию ҳалолкорӣ, содиқона хизмат кардан ба халқу ватан, сари
масъалаҳои ба миёномада амиқ андешидан, маслиҳату машварат
оростан, касеро наранҷонидану ҳангоми ба душворие мувоҷеҳ гашта-
ни он дасти мадад дароз кардан, дурӣ гузидан аз ғаммозону дуруя-
гон, дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагию фаъолияти шахси ва иҷтимои ба
хулосаҳои саҳеҳу амиқ омадан, дар ниҳояти муаддабӣ бо мусоҳиб
сӯх,батҳои самимӣ оростан ва ғайраҳо чанде аз сифатҳои ҳамидаи
инсонии X. Шарифов мебошанд. Агар кас тамоми навиштаҳои уро бо
тааммуқ мутолиа ва баррасӣ намояд, аз дили пок, андешаю афкори
нек ва назари хушбинӣ доштанаш огоҳ мегардад. Дар махдули заҳма-
ти ба риштаи таҳрир кашидааш ӯ ҳеҷ гоҳ хислатҳои зишти шахсеро
мавриди интиқод ва муҳокима қарор надодааст ва барои манфиат
ҷустан амалдореро ситоиш накардааст, зеро х,амеша аз ашхоси дур-
ӯяю нопок канорагирӣ намудааст. Чунин фазилати волои инсониро

3
дар ӯ муҳити хонаводагию табиати фитриаш, аз як тараф илқо карда
бошад, аз тарафи дигар, таълим гирифтан аз устодони мумтоз, ҳам-
нишинӣ бо ашхоси равшандилу равшанзамири ҷумҳурӣ, мутолиаи
осори бузургон ва таҷрибаи ҳаёти шахсиаш дар тарбия хулқу атвори
некаш нақши бузурге бозидаанд.

Ёддоштнависӣ ҳам дар адабиёти пешин ва ҳам дар адабиёти му-
осири тоҷику форс роиҷ аст. Ёдномаю хотироте, ки дар китоби X.
Шарифов "Ахтарон ” омадаанд, бо масъалагузорию усули ҳаллу фасл
аз навиштаҷоти адибони дигар фарқдорад Муаллифи асар, ки ҳам-
замон муҳаққиқи масъалаҳои инкишофи шахсият ва ташаккули шуу-
ри ҷамъиятӣ буда, андешаҳояш перомуни ин масъалаҳо дар рисолаи
"Ташаккули одами нав" ҷамъбаст гардидаанд, бештар ба хислатҳои
ботинии қахрамонони қиссаҳояш диққати хонандаро маътуф медо-
рад. Аз тарафи дигар, ӯ худ, ки шоҳиди бевоситаи ҳодисаҳои дар
ҷомеа рухдода ҳасту бо амри вазифа сарварии бисёр корҳои фарҳ-
ангиро бар дӯш дошта, ҳамеша бо аҳли фарҳанг сарукор доштааст,
барояш ошкор кардани масъалаҳои фаровони фарҳангӣ ва сифатҳои
накӯи намояндагонаш ба осонӣ даст додааст. Ҳақ ба ҷониби дониш-
манд Ризо Бароҳанист, ки мефармояд: "Нависанда ва шоир аз ҳар
табақае, ки бошанд, на фақат худ таҳти таъсири иҷтимоъ қарор меги-
ранд, балки дар дигаргунӣ ва тағйири моҳияти иҷтимоъ низ ширкат
мекунанд, зеро ки забон чизи умумӣ аст ва адабиёт аз забон истифо-
да мекунад. Ва ба ҳамин далел навиштаи як нафарро чанд ҳазор
нафар мехонанд ва бад-ин васила як осори фардӣ, ки худ решаҳои
иҷтимоӣ дорад, дар зеҳни афроди як иҷтимоъ таъсир мегузорад. Аз
ҳамин рӯ, нависанда ё шоир аз се нуқтаи назар бо иҷтимоъ марбут
мешавад. Нахуст аз ин дидгоҳ, ки нависанда фарди иҷтимоист ва
дар иҷтимоъ зиндагӣ мекунад. Дуввумӣ, ки аз нахустин номӣ меша-
вад, марбут ба асари адабист, ки нависанда ба вуҷуд меоварад. Ҳар
асари адабӣ танҳо ба далели он ки нависандаи он фарде аз афроди
иҷтимоъ аст, микдоре мӯҳтавои иҷтимоӣ дорад. Ва саввум он, ки так-
сири асар ба сурати чоп ва интишор бар рӯи иҷтимоъ таъсир мегузо-
рад ва дар натиҷа навишта ҳам аз иҷтимоъ мулҳам аст ва ҳам илҳом-
бахши рафторҳои хоси иҷтимоӣ".

Воқеан, нишасту хези доимӣ доштан бо аҳли фарҳангу адабиёту
санъат, §о ҳам сафар кардан ба дохили кишвару хориҷ аз он, ишти-
рок дар маҳфилҳою шабнишиниҳои мутадовим, дилбохтаи адабиёту
санъат будан, вуқуфи комил доштан аз вазъи фарҳангу адабиёту
санъат ва тадобири фаровоне андешидан дар хусуси рушду нумӯи
онх,о ба X. Шарифов майдони васеъро фароҳам овардааст, то ки ис-
теъдоду қобилияти ҳар як ахди фарҳангу адаб ва санъатро ба мушо-

4
ҳида бигирад ва дар фаъолияти онон нуқтаҳоеро ошкор намояд, ки
ба дигарон даст надода. Мӯҳтавои китоб асосан зиндагию фаъолия-
ти зубдатарин афроди ҷомеаи Тоҷикистонро фаро мегирад, ки бо та-
моми ҳастиашон кӯшидаанд, то кишвари азизамон дар ҳамаи соҳаҳо
аз мамлакатҳои дигар ақиб намонад ва фарҳангу адабиёт ва санъа-
таш "дар заминай маданияти баланд ба зебоии қадимӣ ба вуҷуд овар-
да шавад ва мустаҳкам гардад” ва ворисони воқеии Фирдавсию Ҳофиз,
Саъдию Дониш, Айнию Ғафуров ва Турсунзода буданро собит намо-
янд. Ин аст, ки муаллиф қисми аввали китобро “Эҳегарони миллати
тоҷик" ном гузошта, дар хусуси Садриддин Айнй, Бобоҷон Ғафуров,
Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзода хотираю ёддоштҳои хешро
пешкаши оммаи васеи хонандагон мегардонад. Ёддошту хотираҳо
симои ин мардони абарқудратро чунон тасвир менамоянд, ки дар на-
зари хонанда зинда ҷилвагар мешаванд ва кас ҳамзамон дар бораи
ҳаёту фаъолияти онон маълумоти тозаро касб менамояд. Бар замми
ин аз фаъолияти зиндагии адибону донишмандон лаҳзаҳое пешкаши
хонанда мегарданд, ки дарвоқеъ дар эҳёгарони миллати тоҷик буда-
нашон ҳеҷ шакку тардиде намемонад. Масалан, дар хусуси устод
Айнӣ X. Шарифов мефармояд: “Ёд дорам, ки вай (С. Айни - С. Р.) ба
ахди маҷлис “Рафиқо" гуфта муроҷиат мекард, дигарон бошанд “ра-
фиқон мегуфтанд”. Дар ёддоштҳо аз гуфтаи Б. Ғафуров ва сӯҳба-
тҳои ӯ дар бораи таърих, адабиёт, санъат, театр, драматургия, бар-
номаҳои мактабҳои миёна ва ғайраҳо иқтибосҳое оварда шудаанд, ки
ҷумла аз ғамхории доимӣ доштан нисбат ба ҳаммиллатонаш дарак
медиҳанд. Порчаи мазкур намунаи барҷастаест ба тақвияти фикри
боло. Дар сӯҳбате Б. F афуров гуфтааст: “Ба ақидаи ман, барномаҳои
мактабхди ибтидоӣ, ҳафтсола ва миёна ба талабот ҷавоб намеди-
ҳанд, зеро дар онҳо масъалаҳои батафсил омухтани забони модари,
намунаҳои беҳтарини мероси адабию мусиқи муфассал инъикос на-
ёфтаанд. Хуб мешуд, агар китобҳои таърихи халқамон аз сари нав
навишта мешуданд. Забони русиро ба дараҷаи кофӣ медонанд, до-
нандаҳои варзида мутахассисони обрӯманди забонҳои хориҷӣ зиёд
шуданд. Вале, афсӯс, ки аксари мардуми мо забони адабии миллии
худ, баъзеҳо ҳатто ягон лаҳҷаи тоҷикӣ ва таърихи халқи худро наме-
донанд".

Баъзан дар хотираҳои ба шоирон бахшидаи X. Шарифов як навъ
баҳодиҳӣ ба моҳияти асар ва ё ашъор ба назар мерасанд, ки хеле
ҷолиб буда, ҷанбаи адабиётшиносӣ доштани навиштаҳоро таъкид
месозанд. Ва дар асл, ин баҳо бамавқеъ^ муносиб ва ҳаққонианд.
Хонанда мебинад, ки ёддошту хотироти руи коғаз овардаи X. Шари-
фов қиссаю накди оддии рафти сафар набуда, зимни онҳо масъа-

5
лаҳои фаровони таҳқиқӣ, ахлоқй, тарбиявӣ ва Ғайраҳо матраҳ гашта-
анд. Масалан, дар бораи ашъори Лоҳутӣ аз забони С. Улуғзода чунин
менигорад: “Одамҳо барои нафсонияти худ шуда ақидаашонро зуд
дигар мекардагӣ кам нестанд. Аз ин ҷих,ат ҳар сатри ашъори Лоҳутӣ
моҳияти тарбиявӣ доранду инсонро ба пояҳои баланди фазилат, ах-
лоқ ва далерӣ ҳидоят мекунанд".

Муаллиф перомуни рӯзгор ва фаъолияти ҷамъиятии шоири ша-
ҳир Мирзо Турсунзода андеша ронда, бо навиштаҷоти хеш мӯҳри су-
кут бар даҳони баъзе аз даъвогарон, ки вак^ҳои охир ӯро фақат шои-
ри сиёсатмадор мепиндоранд, мезанад ва андешаашро чунин иброз
медорад: ' Мирзо Турсунзодаро баъзеҳо фақат шоири сиёсатмадор
ва гуяндаи иҷтимоию рӯзмарра мешуморанд. Ин ҳақ аст, зеро ӯ пай-
рави фикри солиме буд, ки адабиёт чун тасхиркунандаи ақлу дил
Қабл аз ҳама бояд масъалаҳои гражданӣ, орзуву умеди халқ барои
пешравию беҳбудии инсон, васфи Ватан ва омоли неки аҳли оламро
инъикос намояд. Аз ин ҷиҳат мағз андар мағзи эҷодиёти амиқмазму-
ну баландғояи ӯ ҷанбаи гражданӣ ва обуранги сиёсӣ дорад ва ода-
монро ба мубориза даъват менамояд. Аммо ин ҳаргиз чунин маънӣ
надорад, ки ӯ сиёсатчии "хушк” буду аз лирикаи ишқӣ сарфи назар
мекард... Лирикаи М. Турсунзода бо лирикаи гражданиаш зич омехта
ва алоқаманд буда, ошиқони нигоштаи шоир маъшуқаҳои поктинати
ғанимаънавиятро меписанданд... Аз шоирони советии тоҷикҳеҷ касе
ба монанди М. Турсунзода дар васфи зан шеъру достонҳои пуробу-
ранг нанавиштааст гӯем агар, хато нахоҳем кард...”.

X. Шарифов қисми дувуми ёдномаро "Пешоҳангони фарҳанги на-
вин ном ниҳода, перомуни мулоқоту вохӯриҳо, сафару шабнишиниҳо
бо ахтарони халқи тоҷик Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим
Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдулаҳад Қах^оров, Фаз-
лиддин Муҳаммадиев, Файзулло Ансорӣ, Лоиқ Шералӣ, Абдуҷаббор
Қаҳҳорӣ, Убайди Раҷаб, Аловуддин Баҳовуддинов ва чанде дигарон
андешаҳои худро баён месозад, ки омӯзандаанд.

Бахши саввуми китобро "Чеҳраҳои ҳунар” ном гузошта, муаллиф
дар хусуси санъаткорони мумтоз Акашариф Ҷӯраев, Меҳрубон Наза-
ров, Мирзораҳмат Олимов, Борис Кимёгаров, Малика Собирова, Маҳ-
мудҷон Воҳидов, Раҷабгул Қосимова ва дигарон маълумоти пурра-
дода, фикрҳои ҷолиби диққатеро оид ба нозукиҳои санъати ҳунарва-
рии онон пеш меронад. Аз муҳокимаронию ошкор сохтани сирри санъ-
ати волои ашхоси номбурда ҳувайдост, ки муаллиф аз нозукиҳои кори
санъатварон бохабар аст. Агар муаллифи ёддоштнома аз сирру ас-
рори санъат огоҳӣ намедошт, чунин муҳокимарониҳои бамантиқу баҷо
ва асоси илмидошта барояш номумкин мегашт: “...Сурудҳои Акаша-

6
риф Чӯраев”, “Ӯсмаш намехом", “Ташниз”, "Ширинҷон”... “Ҷон додара-
кам” ва амсоли инҳо сурудҳои дилчаспе буданд, ки маҳз дар асоси
синтези санъати халқӣ ва касби офарида шуда буданд . Баъзеҳо аз
тангназариашон Акашариф Ҷӯраевро чун ҳофизи эыирофшудаи мин-
тақавӣ - минтақаҳои Дарвозу Қаротегин мешумурданд. ки ин ақидаи
беасос аст”. “Ҳар як оҳангу суруди офаридаи Акашариф Ҷураев, ки
аз омезиши сурудҳои кӯҳистони Ғарму Дарвоз, мавригиҳои Бухоро
ва “Шашмақом" таркиб ёфтааст, чун гавҳари рахшон дар мӯҳрашад-
даҳои хазинаи санъати овозхонии халқамон шаъшаъа мепошад .

Аз шарҳи пурраи бахшҳои китоб худдори карда, як нуктаро зикр
карданӣ ҳастем, ки китоби "Ахтарон ’ -ро танҳо асари еддоштию сар-
гузаштию хотирот пиндоштан аз руи инсоф нахоҳад буд. Зеро дар он
афкори муаллиф доир ба шахсият, одамият, ахлоқ, муносибат, осо-
ру ашъори адибону санъати нотакрори х,унармандон ва лаҳзаҳои то-
рику норавшани зиндагӣ баён гашта, андешаҳои бебунеду тангназа-
рии баъзе муҳаққиқони солҳои охир ҷо - ҷо мавриди муҳокима ва
баррасӣ қарор гирифтаанд. "Ахтарон ” на танҳо барои а>фи илму адаб,
балки барои адабдӯстон, омузгорон, донишҷуен, хонандагони макта-
бҳои миёна ва тамоми алоқамандони адабиёту санъат ва фарҳанг
муфид хоҳад буд. Азбаски ҳанӯз ҳам осори адибону санъати ромиш-
гарии ҳунармандони мумтоз аз диди нав мувофиқ ба шароиту талаби
замон тахдил ва тахҳиқнашудаанду китобх,ои нави адабиети тоҷик ва
м а води таълим дастраси хонандагон нагаштаанд, "Ахтарон метаво-
над дар кушодани баъзе мушкилоти масъалаҳои адабиету санъатоа
сифати маводи ёрирасон мавриди истифода қарор бигирад. Дар ба-
низому босамар ташкил кардан ва гузаронидани корҳои берун аз синф
аз фанни забону адабиёт низ муассир хоҳад буд.

Муаллифи китобро муяссар шудааст, ки ба асараш номи басо
мувофиқу муносиб гузорад. Ҳар қисми асар аз силсилаи еддошту
хотироте иборат аст, ки мазмуну мундариҷаашон дар сарлавҳаҳо -
номҳо пурра инъикос ёфтаанд. Ва аз ин лиҳоз чун маводи ерирасон
дар дарсҳои инкишофи нутқ низ қобили истифода мебошад.

Асари X. Шарифов “Ахтарон" бо забони соддаю шево таълиф
шудааст ва муаллиф заҳмати фаровонеро кашидааст, то асар хон-
данбоб гардад. Ин нуктаро хонандагони арҷманд ҳангоми мутолиа

худ пай хоҳанд бурд сафармӣ Раҷабое,

Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7
МЕҲРНОМА

Холмурод Шарифов - марди шикастанафсу фурӯтан, хоксору
покниҳод, дилсӯзу самими ва болотар аз ин ҳама хислатҳои ҳамидаи
инсонй, равшанзамиру асил, ширинзабону малеҳбаён, заҳматкашу
фидойӣ, хирадманду доно, пуркору пухтакор, раҳнамову омӯзгор дар
рӯзгор аст. Мо дар маҷлису маҳфилҳои давлативу фарҳангӣ борҳо
бо ҳам будаем, дар маъракаву базмҳои нишот бештари авқот пахф-
ӯйи ҳам нишастаем, ҳамеша ба шодиву нишоти кишвар ва мардуми
диёр дилхушӣ карда, аз мотаму кулфаташон ғам хӯрдаем. Шудааст,
ки дар рӯзҳои сахти халқу Ватан дӯш бар дӯш дар банди раҳойии он
будаем, балки бо ҳам рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳ, сол ба сол ҳамқадам бо
бурду бохтҳои халқу кишвари азиз дар тӯли солиёни зиёд сабзидаву
ба камол расидаву солор гардидаем.

Бале, солиёни зиёд банда Холмурод Шарифовро мешиносам.
Оғози фаъолияти меҳнатии ӯ байни ҷавонони ҷумҳурӣ дар ёдам хуб
нақш бастааст. Минбаъд вазойифи бисёри ҳизбиву давлатй ва фарх,-
ангӣ ҳамзамон бо машғулиятҳои илмиву тадқиқотӣ ва эҷодӣ... У дар
айни ҳол дар Кумитаи Мукофотҳои Давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи
Рӯдакӣ фаъолият дорад.

Дар ин пешгуфтори кӯчак тамоми паҳлӯҳои ҳаёти сиёсиву дав-
латй ва фарҳангии Холмурод Шарифовро фаро гирифтану тахдил
намудан муҳол аст. Хуб мешуд ниёзмандонро аз ин боб ба мутолиаи
рисолаи пурмӯҳтавои “Бисот” раҳнамойӣ созам ва аз боби китоби то-
зае, ки дар даст доранд, андешаҳо иброз намоям.

Китоби “Ахтарон" асари ёддоштй буда, дар он муаллиф маҳорати
сайқалёфтаи ёддоштнигории худро бо тамоми нозукиҳояш намойиш
додааст. Бояд ёдовар шуд, ки ёддоштнависй аз жанрҳои душвори
адабиёт ба ҳисоб меравад ва он диди хос, дарки амиқи матлаб, маҳо-
рати фавқулоддаро дар масойили доғу умдаи рӯз талаб менамояд.
Холмурод Шарифов ин роҳу равиши сангини эҷодиро бо осонй ба
даст наовардааст. У дар оғози қаламкашиаш худро чун олими фай-
ласуф, ки роҷеъ ба масъалаҳои инкишофи шахсият ва ташаккули
шуури ҷамъиятӣ машғулият дошт, нишон дода, дар ин боб рисолаи
ҷолиберо бо номи "Ташаккули одами нав” х,анӯз соли 1965 ба табъ
расонида буд, ки аз ҷониби донишмандони ватаниву хориҷй баҳои
арзанда гирифтааст. Минбаъд дар саҳифаҳои матбуоти даврии ҷум-
ҳурӣ сафарномаву ҳикоят ва ёддоштҳои ҷолиби ӯ яке пайи дигар ба
табъ расидан гирифтанд, ки онҳо дар китобҳои Тард дар мижгон"
(1972), “Нақши хотир" (1986), "Зов памяти" (1989), “Рози дил" (1991),
“Оламафрӯзон” (1992), “Сарнавишт” ва ғайра ҷамъ омадаву чоп шу-
даанд. Дар байни китобҳои номбаршуда “Оламафрӯзон" китоби пурра

8
ёддоштӣ маҳсуб ёфта, дар он симои шахсоне зикр гардидаанд, ки
эшон барои миллати мо, халқи тоҷик ва Тоҷикистони азиз фидокоро-
наву ҷоннисорона заҳмат кашидаанд. Тасвири мусанниф роҷеъ ба
паҳлӯҳои нозуку нотакрори ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айни,
Бобоҷон Гафуров, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдуса-
лом Деҳотӣ, Боқӣ Раҳимзода, Аловуддин Баҳоваддинов, Файзуллоҳи
Ансорӣ, Мирзораҳмат Олимов, Борис Кимёгаров ва ғайра бебадал ба
шумор мераванд ва бештари онҳо метавонанд чун манбаи бебахр дар
навиштани асарҳои тадқиқотӣ, таърихӣ ва адабии минбаъда истифо-
да шаванд. Банда фикру мулоҳизахри худро дойир ба китоби ҷолиби
Холмурод Шарифов “Оламафрӯзон” аз тариқи рӯзномаи "Садои мар-
дум" (7 ноябри соли 1992) баён карда, ба муаллиф дар ин ҷода пеш-
равихри тоза ба тоза таманно намуда будам. Ва хушбахтона ҳоло
Холмурод Шарифов ёддоштнигории худро дар “Ахтарон" вусъат до-
дааст. Эшон тавонист, ки дар ин китоб нигоштахри дар “Оламафрӯ-
зон" омадаро аз як тараф таҷдиди назар намояд ва аз ҷониби дигар
симоҳои барҷастаи фарҳангамон Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ,
Фотеҳ Ниёзӣ, Ашӯр Сафар, Аълохон Афсаҳзод, Меҳрубон Назаров,
ЛоиқШералӣ ва чанде дигаронро бар он афзояд, ки муҳтавон ёддош-
тномаи нигорандаро ғанитару ҳаҷми онро як бар ду афзудааст. Шах-
сиятҳои дар ин китоб тасвирёфта дар пешрафту пешбурди соҳаҳои
гуногуни ҳаёти маънавии халқи тоҷик хидмати шоёну намоён карда,
дар рушду камолоти он саҳми боризи худро гузоштаанд. Онҳо шоиру
нависанда, олиму ҳунарпеша ва умуман зиёиёну фарҳангиён мебо-
шанд.

Ман бо камоли завқ"Ахтарон” Холмурод Шарифовро хондам. Аз
нигоштаҳои ҷолиби муаллиф бармеояд, ки ӯ бо он бузургон махсус
барои навиштани хотира рӯ ба рӯ наомадааст. Ва шояд Холмурод
Шарифов он вақтҳо ҳатто дар бораи ин шахсиятхри наҷиби миллат
нияти хотиранависӣ ҳам надошт. Аммо нигоҳи гиро, ақпи нозукбин,
фаросати баланди одамшиносӣ ва зиёда аз ин ҳислатҳои неку пан-
домӯз ва инсонии эшон ин марди соҳибзавқро водор месохт, ки барои
равиши зиндагиву кору бори минбаъдаи худ бештари онҳоро сабти
хотир намояд, то рӯзе шавад, ки ба кор оянд. Имрӯз, хушбахтона, он
омӯхтаву андӯхтаҳои Холмурод Шарифов дар шакли ёддоштҳои ҷоли-
бу хотирнишин ва латифу ҳикматомез, ки метавонанд барои наслҳои
минбаъда дарси ибрату худшиносӣ бошанд, рӯйи коғаз омадаву дар
китоби “Ахтарон” ҷамъ гардидаанд. Банда ҷасорати ёддоштнигории
муаллифро дар пояи устоди ин соҳа Садриддин Айнӣ аҳсант мехо-
нам ва саҳми арзишманди ӯро дар ин ҷода баробар мебинам. Ин ки-
тоб, бемуҳобот, болотар аз ёддоштҳо, меҳрномаро мемонад.

Ҷойе аз нигоштаҳои нависандаи шинохта Мутеуллоҳ Наҷмидди-
нов дойр ба Холмурод Шарифов ин ишораро хонда будам:

9
Як марди фозил ва пири хирадманде - академик Мулло Эркаев
боре ба ман гуфта буд, ки мардуми Панҷакент барои Холмурод Ша-
рифов х,айкали тиллои гузоранд ҳам меарзад.

Аз ӯ пурсидам: - Чаро?

Гуфт. - Зеро Холмурод Шарифов ба мардуми Панҷакент ва на
танҳо ба онҳо, балки ба кулли халқи тоҷик дар солҳои тӯлонии фаъ-
олият бо ҳамбастагии илму амалаш дар равнақи фарҳанг хизматҳои
шойиставу сазовореро анҷом дод".

Бо мутолиаи "Ахтарон" дар ин гуфтаҳо муболиғаеро намебинем.
Ақли фаъоли амалкунанда, ақли солими эҷодкор ҳамеша раҳнамову
ҳидояткунандаи ӯ будааст, то ба солормандиву барӯмандиву об-
рӯманди ва ба пояи баланди камолоти эҷодӣ бирасад.

Хулосаи калом, Холмурод Шарифов дар асари навбатиаш лаҳ-
заҳои ҷолибе аз ҳаёту эҷодиёти шахсиятҳои шинохтаи кишварамонро
бо муҳаббати том ба қалам дода, ки ҳар кадоми онҳо дар номбардо-
рии халқу миллати тоҷик нақши сазоворе доранд. Роҷеъ ба забону
услуби баёни ёддоштҳои дар “Ахтарон” омада суханро кӯтох, намуда,
ба муаллиф дар кори эҷодӣ нигоҳи рӯшану дили гарм таманно мена-
моям ва абёти зерини Шоири Халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафарро, ки
эхдо ба Холмурод Шарифов аст, ба сифати ҳусни мақтаъ иқтибос
меорам:

Шаҳд, эй марди адаб, меборад аз гуфтори ту,

Тоза бошад гул барин вақти сухан афкори ту.

Ҷуз муҳаббат нест дар лафзи ту маънои дигар,
Дустиро мекунад бологузар кирдори ту...

Чашмаи ақлу тамизу покдомонӣ туй,

Об менӯшад дилам аз чашмаи саршори ту.

АҲРОР МУХТОРОВ,
академик

10
ҚИСМИ АВВАЛ
ЭҲЁГАРОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

АВВАЛИН ҚАҲРАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Айнӣ... Садриддин Айнӣ... Ин номи муборак кай дар лавҳи хоти-
рам сабт гардидааст, аниқнамедонам. Ҳаминаш дар ёдам ҳаст. ав-
валин суруде, ки суханҳояшро дар овони ҷавонӣ мехондам, ин суру-
ди Тарибон” буд. Ин таронаи ҳазинро тағоям Хурсандмурод бо сузу
гудози бисёр, ки дар дили ман ҳам асаре дошт, чун суруди навиштаи
Садриддин Айнӣ месароид. Баъдтар фаҳмидам, ки офаридагори ин
мӯъҷизаи дилошӯб халқбудааст, аммо Садриддин Айнии хирадманд
онро дар асараш чунон истифода бурдааст, ки кас чун моли устод
тасаввур мекунад. _ _ „

Сипас ба тадриҷ мутолиаи асарҳои Айни'Мактаби куҳна , Нтим ,

Туломон", “Дохунда”, “Марги судхӯр”, “Ёддоштҳо” муяссарам гашт.
Ҳар бор, ки ягон асари устодро ба даст мегирифтам, аз саргузашти
қаҳрамонҳояш огоҳ мегаштам, олами пурасрореро пеши назар мео-
вардам, дар орзуи ҳарчӣ тезтар дидани ин марди бузург мешудам.
Дар таассуроти ман Айнӣ шахсияти аҷибе буд, ки ба дигарон монанд

нест... с

Бори аввал устод Айниро соли 1950 дар Душанбе сари минбар
дидам. Ӯ дар як ҷамъомади ҷавонон нутқ мекард. Ман Айнии зиндаро
дидам, тамоми вуҷуд ҳушу гуш шуда суханҳояшро чида мегириф-
там, ба қаду крмат, тарзи либоспуши, риши зебои кулутааш менига-
ристам, ҷозибаи суханаш сеҳрам карда буд. Ёд дорам, ки устодро ба
аҳтл маҷлис ‘рафиқо’’ гуфта муроҷиат мекард, дигарон бошанд ра-
фики” мегуфтанд...

Ин шиносоии аввалин буд. Минбаъд ба тақозои кор Аиниро аз
дуру наздик дар маҷпису мулоқотҳо бештар медидам. Алалхусус, як
мулоқоти фавқулодда бо устод, солҳост, ки аз ёдам намеравад ва
инак ба амри хотир ва дил рӯйи когаз омад.

...Соли 1952. Поезди рақами 24 "Москва - Сталинобод"... Ман дар
Комитети Марказии комсомоли республика кор мекардам. Дар Моск-
ва ҳамроҳи котиби якуми ҳамонвақтаи КМ ЛКСМ Тоҷикистон Маҳ-
мудбек Нарзибеков ба поезд савор шудем. Он вакп-ҳо поезд аз Моск-
ва то Душанбе х,афт шабонарӯз роҳ мепаймуд. Рӯзи дуюми сафар
Маҳмудбек Нарзибеков хоҳиш кард, ки дар вагон-ресторан таоми гарм
хӯрем. Рафтем. Он ҷо ду шахси азизро дида, хеле шод гаштем. Дар
як гӯшаи вагон-ресторан Садриддин Айни, Мирзо Турсунзода ва боз
як каси дигар менишастанд. Моро дида Мирзо Турсунзода Э, комсо-
молҳои худамон-ку, биёед Маҳмудбек гуфта, ҷой нишон доданд.

11
Мо баъди салому ҳолпурсӣ бо устод Айниву Турсунзода рӯ ба
руяшон нишастем. Онҳо аз сессияи Шӯрои Олии ИҶШС меомаданд
ва майли хурдани таоми гарм кардаанд.

_ Мушоҳида мешуд, ки хӯроки ресторан ба Айнй хуш наомадааст.
У табақчаро қафотар тела дод.

- Домулло, иштиҳо надоред, ё таом хуш наомад? - пурсид М. Тур-
сунзода.

- Ба фикрам ҳарду, - каме табассуми зӯракӣ намуд Айнй.

- Ин хел намешавад. гурусна гаштани шумо мумкин нест. Ягон
илоҷ ёфтан лозим, - давом дод М. Турсунзода. У чунин мегуфту бе-
ист пушти лабашро мехорид, шояд фикр мекард, ки "чй тадбир ёбем?''.

- Ман намедонам, дар ин поезд боз чй пайдо мешавад? - гуфт
Айнй. - Ин қадар ташвиш накаш, Мирзо.

- Ҳеҷташвише нест, - гуфт Турсунзода ва гӯё чорае ёфта бошад,
табассуми маънидоре карда, ба Айнй рӯ овард: - Гуфтагй барин, имрӯз,
рузи одди нест домулло. Шумо моро бояд зиёфат кунед, вагарна
худамон ташкил мекунем.

- Ман ба зиёфат тайёр, заказ кунед, хароҷот аз ман, - гуфт Айнй,
буруташро тофта. - Аммо дар ин дашти беканор палаву кабобро аз
куҷо меёбед, ки табъи дил бошад?

- Ин ҷо комсомолҳо ҳастанд, наход ягон чизи табъи дил пайдо
карда наметавонем, - гуфт дар ҷавоб Турсунзода ва ба М. Нарзибе-
ков муроҷиат кард: - Агар директори ресторан масолеҳи палав ёфта
диҳад, ин шогирдатон пухта метавонад?

- Метавонад, - гуфт Маҳмудбек-ако аз ман чизе напурсида.

Рости ran, ман то ин дам шавла ҳам напӯхта будам. Аммо тасо-

дуфро бинед, ки бо амри такдир палавпазй ба зиммаам афтод.

Пас аз фурсате Айниву Турсунзода ва Нарзибеков ба кулей мах-
суси Айнй рафтанд.

- Мо он ҷо газак тайёр карда меистем, домулло виноҳои хуби
Панҷакент ҳам овардагй, оша пухта биёред, як ин дашти қазоқро ме-
тафсонем, - гуфта хандид Турсунзода ва илова намуд: - Эҳтиёт ку-
нед, боз таги дег насӯзад.

Омад ба сэрам аз он чи метарсидам. Чй бояд кард? Даме хомӯш
нишастам. Баъд х,арчй бодо бод гуфта, ба назди сардори ресторан
рафтаму мақсадро фаҳмондам.

- Шумо ҳуш доред? - гуфт сардор дар ҷавоб.

Аммо ман сует наомадам:

- Бародар, ҳуши ман дар ҷояш, лекин шумо ҳам аз осмон фуроед.
Зарурат пеш омад. Имрӯз рӯзи таваллуди Айнй.

- Фаҳмидам, ки зарур, аммо кадом баақл дар сковородка палав
пухтааст?

- Фарз кардем, ки чунин боақл ёфт мешавад, он манам, биёед,
вақт наравад.

Сардор каме хомӯш истод, cap ҷунбонд, китф ҷунбонд, худ ба

12
худ ғӯр-ғур карду аз ҷой хест.

- Ҳой, Майрамхон, - гуфта ошпазро ҷеғ зад ва фармуд: - Ьа ин

йигити як’рав чизхри хостаашро баркашида деҳу пулашро гир. Чизе,
ки хоҳад кардан гирад, сарашу равганаш... _

- Ҳай-ҳай, - гуфт Майрамхон, - ин қадар ба ин ҷавон часлиди? У,
охир, кори хайр карданӣ. Асарҳои Айниро ман ҳам хондагй, вай нави-
сандаи зӯр, меарзад, ки дар рӯзи таваллудаш мо ҳам хизмат кунем,
палав хӯрад.

Суханхри Майрам-апаро шунида, каме осуда шудам. Масолеҳи
палав муҳайё гардид. Ва ман аз пайи кор шудам. Гуштро базур пора
кардам, вале ба реза кардани сабзй дастам намепечид, асаби мешу-
дам, ҳар дам заруру нозарур корд тез мекардам.

Майрамхон пай бурд, ки ҳунар надорам, кордро аз дастам гирифт.

- Ту сангхри биринҷро чин, - гуфту сабзиву пиёзро реза кард, ба
кастрюли алюминӣ равған андохту оташро даргиронд.

Аз ин кори Майрамхон хеле шод гашТам ва ҳар сухани хуше, ки
медонистам, ба таърифи ӯ бахшидам.

- Хайр, биё, ин гапҳоро мону биринҷро бо оби гарм шуй.

Қиссаи ошпазии ман ҳамин тавр cap шуд.

- Пас аз понздаҳ дақиқа ошат тайёр мешавад, - гуфт Майрам-апа.

- Айниро аз номи ман табрик кун, агар ёфт шавад, ягон китобашро
биёр.

...Майрам-апа кастрюли ошро ба як дастархон печонда, ба дас-
там дод ва табассум кард.

-Ош шавад.

-Ташаккур. Некиатонро фаромуш намекунам.

Байни ресторану вагони Айниву Турсунзода шаш вагони дигар
қатор буданд. Он вақтҳо лоездҳодар роҳ тез-тез қарор мегирифтанд
ва байни истгоҳҳо х,ам чандон дур набуд. Ман кастрюли ош дар бага-
лам аз ресторан баромадам, ки поезд ҳануз истодааст, барои тезтар
расидан аз вагон ба перон фуромадаму ба сӯйи вагони рақами ҳаф-
тум Давидам. Чунки то аз дохили шаш вагон гузэштзн кас ҳэр лзҳзэ
бо одамхр, тамбурҳо дакка мехӯрду вақт бештар мерафт.

Ammo он дам воқеае рӯй дод, ки ҳеҷ гоҳ дар гушаи хаёли кас х,ам
намеояд. Тозон қариб ба вагони “международный" расида будам, ки
поезд наърае кашида ба х,аракат даромад, дарҳои вагонҳо пушида
шуданд. Барои фикру хаёл фурсат набуд. Ҷаҳида ба дари яке аз
вагонҳо якдаста часпидам...

Поезд ҳар лаҳза тақа-тақ, тақа-тақ карда суръат мегирифт. Аҳво-
ли маро акнун худатон тасаввур кунед. Аз як тараф, гох,и алвонҷи
поезд қариб, ки аз вагон канда шаваму парам, аз тарафи дигар, тас-
фи кастрюли ош дасту сари синаамро месӯзонд. Андешидам, ки кас-
трюли ошро ҳавола диҳам. Аммо боз ору номус амр мекард, ки ист,
тоб овар, илоҷи корро ҷӯй".

Ниҳсят илоҷи ҷойгардони кастрюлро ёфтам. Боэҳтиёт кастрюлро

13
аз сари синаам ба мобайни пойҳоям ғеҷонидан гирифтам, баъд бо
пошнаи батинкаҳоям онро ба дари вагон пахш карда истодам.

Акнун вазъиятам андаке сабуктар гардид, зеро дасти дуюмам ҳам
озод шуду дудаста ба дастаки дар часпидам. Аммо сардин ҳаво бо
шамоли дуду чанголуди поезд дучанд шуда гулӯгирам мекард. Ба-
дии кор ин буд, ки телпаку палтоям дар вагон. Ба як пиҷак ларзида
истодаам. Мӯйҳоям парешон гашта, беист ба чашмонам мезаданд.
Чашмҳоям бошанд, аз дуди поезду чанги роҳ, тезию сардин шамол
ашкрез мешуданд. Тамоми вуҷудамро ларза гирифта буд, ки наме-
донистам ин чи ҳол аст. Аввалин андешаам то истгоҳи оянда зинда
мондан буд. Айниву Турсунзода ҳоло дар чй хаёл бошанд? Шояд
фикр кунанд, ки ман аз ӯхдаи ошпазӣ набаромада, пинҳон шудам, ё
гурехта бошам.

Истгоҳ дароз будааст, такрибан як соат роҳ тай шуд, поезд дар як
истгоҳи ноободи нули Жусалй муддате қарор гирифт. Дастони ба дар
часпидаам чунон карахт шуда буданд, ки ба зӯр кушода аз зинапоя
фуромадам, то дари вагонро кушоянд. Дар кушода шуд. Ман ҳамаи
қувваамро гун карда ба як ҳоле вориди вагон шудам, купеи Айниро
ёфтам ва бегал кастрюлро рӯйи миз гузоштам. Ҳама бо тааҷҷуб ба
ман менигаристанд.

- Шумо аз куҷо пайдо шудед? - бо шубҳае аз ман пурсид Айнй.

Ман, ки забонам ба ran намепечид, хомӯш истодам.

- Аҷиб, мо тамоми поездро кофтем, ду маротиба ба вагон-ресто-
ран рафтем. Гуфтанд, ки кайҳо ошро гирифта рафт, охир як соат боз
куҷо будед? - гуфта иддао кард шахси ба ман ношинос.

Айнии зирак шояд ҳолати ногувори маро фаҳмид, ки дилсӯзона
“шинед, шинед, писарам" гуфта аз паҳлӯяш ҷо дод. М. Турсунзодаю
М. Нарзибеков бо шубҳа ба чизи латтапеч нигаристанд ва кушода
диданд, ки кастрюли пур аз ош аст. Онҳо ботааҷҷуб китф ба ҳам
кашиданд.

Дигар чанд муддат касе ба ман ran намезад, шахси ношинос, тах-
мин мекунам, ки марҳум Н. Нурматов буд, ошро ба табақчаҳо кашид,
гӯштро пора кард. Асрори бедарак шудани ман ҳанӯз ҳам ниҳон буд,
гуё ҳеҷ кас ба кушодани он ҷуръат намекард.

М. Турсунзода пиёлае сари даст ба Айнӣ муроҷиат кард:

- Дарвоқеъ, шумо пинҳон доред ҳам, мо медонем, ки имрӯз зодр-
ӯзи мубораки шумост, барои дили бузургу истеъдоди гании шумо,
устоди азиз.

Ҳама иззати соҳибҷашнро ба ҷо оварданд. Айнӣ ҳам, пеш аз пиё-
ларо ба лаб бурдан, бурутҳояшро ҳамвор карду ба аҳли купе маъни-
дор ва синчакорона нигоҳ кард. Мирзо Турсунзода “гиред, устод, охир
имруз нанӯшед, кай менӯшед", гуфта хандид. Айнй як рӯяшро турш
карду каме нушид. Аҳли сӯҳбат ба ош даст бурд.

- Ош шудагй барин-ку, аммо каме хунук шудааст, - гуфт шахси
ношинос.

- Шумо аҷоиб одамед, дар поезд ҳамин қадар ҳам шудааст, шукр

14
гуед. Чи намерасад, биринҷ ҳаст, гушту равған ҳаст, ба назарам
обу намакаш х,ам беҷо нест. Раҳмат ба ошпаз, - гуфт М. Турсунзо-
да.

- Комсомолҳои мо анои не, - гуфта гапи Турсунзодаро қувват
додМ. Нарзибеков.

Пас аз фурсате Айнӣ гулӯ афшонда гуфтанд:

- Рости гапро гӯям, Мирзоҷон, ман ҳеҷ гоҳ гумон надоштам, ки
имрӯз палав мехӯрем. Ин ташаббуси шумо буд. Боз ба хотиратон
рӯзи таваллуди ман омадааст. Мани мӯйсафеда хурсанд кардед,
раҳмат ба шумо. Ман барои саломатии ҳамаи шумоён менушам.
Аввало ба ошпаз раҳмат. Офарин, писарам. - Ва дарҳол ба ман рӯ
овард: - Истед, ки писарам, комсомол гӯям-мӣ, ошпаз гӯям-мӣ, шумо
чй ном доред ва аз куҷо?

Ман аз гармии вагон каме ба худ омада будам, номам ва зод-
гоҳамро гуфтам.

- Э чй хуб, э чй хубе. Ман Панҷекатро нағз мебинам, хусусан
қишлоқи Кулоливу Панҷрудро. Мо бо рафиқ Гафуров борҳо онҷо
сафарҳо кардаем, зодгоҳи Рӯдакиро ҷустуҷӯ кардаем. Ман аз Па-
нҷекат гӯед?

Ман бо аломати ризо cap ҷунбонидам.

- Шумо Шарофи Муҳаммадӣ ва Бараказодаро мешиносед?

- Бале, домулло, мешиносам. Бараказода ҳамсояамон буданд.
Муҳаммадиев дӯсти наздик ва бародархонди падарам, рафту омад
дорем...

Баъд Айнӣ “хеле хуб" гуфту.хотироти сафарҳояшро дар ҷус-
туҷӯи қабри Абӯабдулло Рӯдакӣ, корезҳои Панҷакент, ёдгориҳои
археологи, мева, одамони вай нақл кард, боз илова намуд, ки ба
вай аз ҳар чӣ зиёд лаззати биринҷу себу ангури Панҷакент писанд
аст. Умуман мардуми Панҷакент ошпаз, мардуми зиндадил, гуфта
суханашро тамом кард Айнӣ.

- Комсомолҳои мо ҳунарманд, - гуфта боз ба ran даромад М.
Нарзибеков ва ба ман рӯ оварда, илова кард:

- Раҳмат, уко, оши хуб пухтӣ. Аммо чи хел мо туро гум карде-
му чаро ош хунук шуд, дар ҳолати ногувор омадӣ? Чӣ шуд?

Ман маҷбур шудам, ки буду шуди воқеаро гӯям.

- Бало ба сари ош, тез дегро партофтан лозим буд.'чи ҳоҷат,
ки ин қадар азоб кашед, - насиҳат кар Айнӣ.

- О, қиммати ин ош ба ҷони одам баробар аст, рафиқон, - гуфт
Турсунзода.

Маро аз ин гуфтугузори дилсузона ҳаё зер карда буд, арақ
кардам ва ниҳоят гуфтам:

- Ин тавр бошад, ошро хӯретон, ки намонад.

- Майлаш, офарин бачем, - гуфт Айнӣ, - ин ошро нахурдан гу-
ноҳ ает, қариб, ки оши Панҷакент барин шудааст. Воқеан, писа-
рам, шумо ин ошро бо кадом усул пухтед? Усули Ҳисор, Самарқ-

15
андё Панҷакент?

Чун ran ба ин ҷо расид, ман ноилоҷба сирри ошпазиам икрор
шудам:

- Муаллим, ман ягон усулро намедонам, ин ошро Майрамхон
ном қазоқзан пухт, ман фақат ба ӯ кӯмак расонидам.

- Пас оши қазоқӣ шудааст. Майрамхони қазоқ ин ошро махсус
барои устод пухтааст.

- Имрӯз, Мирзоҷон, - гуфт Айнӣ, - мо танҳо аз он қазоқзанак
қарздорем. Хуб мешуд, ки ин китобро ба вай тӯҳфа мекардем.

Устод ба варақи аввали китобаш ба ҳуруфоти арабй ёдномае
навишту ба ман дод, ки ба Майрамхон расонем. У бисёр шод гашт.

Дарёфти дидори бузургон шарифтарин неъматест, ки чун фай-
зи баҳорон, ки чаману гулистонро тароват мебахшад, синахрро
мусаффо намуда, дилро ба сӯйи ростию вафо тамоил медиҳад ва
инсонро ба сӯйи некӣ ва ҳақ ҳидоят менамояд. Аз он мулоқот бо
устодон Айнй ва Турсунзода беш аз чиҳил сол гузашт. Аммо ху-
шии он сӯҳбат, лаззати дидори мубораки онҳо ва ҳарфҳои шакар-
борашон дар лавҳи хотирам то имрӯз нақш баста, ёди он рӯзҳо
дида ва шуурамро мусаффо мегардонанд, ки инак ба хонандагони
азиз баён кардам.

Дар солҳои сипаригашта, хусусан дар аснои носозиҳои миллй,
баҳсу талошҳои гурӯххои мухолифи роҳгумзада, мо гаштаю бар-
гашта ба эҷодиёти бебаҳою ҳаётбахши Садриддин Айнӣ муроҷиат
менамудем ва ба муаммоҳои пешомада ҷавоб меҷустем. Беҳуда
нест, ки дар арафаи ҷашни ҳазору садсолагии давлатдории Сомо-
ниён Президенти ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Эмомалӣ Раҳмо-
нов бо фармони махсуси худ устод Садриддин Айниро аввалин
Қаҳрамони халқи тоҷик эълон намуд. Ҷасорати бузург ва заҳмати
бемислу монанди Айнӣ дар ҳимояи эҳёи бисоти маънавии халқа-
мон, ғояҳои инсонпарвариву созандагии ӯ ҳамчун ганҷинаи гарон-
баҳо аз аҷдод ба аҷдод мерос хоҳад монд.

ХИШТҲОИ ТИЛЛОИИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Аввалҳои моҳи июли соли 1998 ду эҷодгари ҷавон - Халилзо-
да ва Шарифӣ, - гуфтанд, ки ният доранд бахшида ба саҳми Бобо-
ҷон Ғафуров дар инкишофи фарҳанги ҷумҳурӣ филмеро таҳия
намоянд ва мехоҳанд бо ман дар ҳавлиямон дар ин бора сӯҳбате-
ро аз мулоқотхрям бо он инсони наҷиб биороянд. Розӣ шудам
қисса кунам, - фардо биёед гуфтам Аммо ҳаёт ҳукми худашро
бароварду ин гуфтугӯи мо дар бемористони чаҳоруми шаҳри Ду-
шанбе сурат гирифт.

Халилӣ якбора пурсон шуд:

- Мулоқотҳои аввалин ва охирини худро бо устод Ғафуров дар
хотир доред?

16
- Дорам, дар хотир дорам гуфтаму афзудам: - ман аз бачагй
номи Бобоҷон Гафуровро мешунидам ва ба шахсияти мумтози ӯ
эътикрд мепарваридам. - Аммо вохӯрии нахустинам соли 1953
ҳангоми ба вазифаи масъул тасдиқнамуда, ба собиқвилояти Ғарм
фиристониданашон, бори охирин, дар ҳамин бемористон дар қаба-
ти дуюм, ҳуҷраи бисту дуюм, даҳ рӯз пеш аз вафоташон буд, ки
аллакай бисту як сол гузаштааст.

- Аҷоиб, яъне мо дар бемористони таърихие ҳастем, ки Бобо-
ҷон Ғафуров вопасин лаҳзаҳои умрашонро ҳаминҷо гузаронида-
анд, гуфт бо ҳаяҷон ҳамсӯҳбатам.

- Бале, бале писарам, ҷасади ин марди хирадманд, бунёдгари
илму фарҳанг ва ходими барҷастаи ҷамъиятию давлатиро 12 июли
соли 1977 аз ҳамин ҷо бароварда будем, гуфтаму шарҳ додам: -
устод чанд моҳ пеш аз вафоташон барои иштирок ба иҷлосияи
минтақавии илмҳои ҷамъиятӣ омада будаанд. Шояд дилашон гу-
воҳӣ медод, ки дарди аҷал гиребонгирашон шудааст, ки ихтиёри
ба Маскав баргаштанро накардаанд...

Ҳамсӯҳбатҳои ман узр пурсида рафтанӣ шуданду гуфтанд, ки
барои сӯҳбати батафсил бори дигар, баъд аз беҳтар шудани сало-
матиам меоянд. Онҳоро гусел кардаму беихтиёр варақҳои хотиро-
там аз мулоқотҳо бо Бобоҷон Ғафуров рӯгардон шудан гирифтанд...
Дар андеша будам, ки дар сӯҳбати оянда кадомашонро ба ҷавонон
ҳикоят намоям, гарчанде ҳама мулоқотҳоям бо он инсони наҷибу
шахсияти барҷаста фаромӯшношуданӣ ва дар хотирам сахт нақш
баста. Вале ба назарам сӯҳбати ҳалимонаи тӯлоние, ки дар ҳам-
сафарии охирин бо Бобоҷон Ғафуров ба Озарбойҷон моҳи май соли
1976-ум доштам, беҳад ҷаззоб ва мароқовар менамуд. Агар муло-
қотҳои пешина баъзан тасодуфӣ, расмӣ ё хизматӣ бошанд, ин дафъа
мо дар тайёра бо устод ҳамчун шиносҳои дерина вохӯрдему бари
ҳамдигар нишастем.

Дар шаҳри Боку конференсияи умумиҷаҳонии Кумитаи якди-
лии халқҳои Осиё ва Африқо ва ҷашни бистсолагии ин созмони
бонуфузи байналхалқӣ баргузор мегардид. Ба х,айати вакилони
Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Тамара Абду-
шукурова, Тоҷинисо Азизова, Зуҳуршо Раҳматуллоев, Юсуф Ра-
ҷабов ва камина шомил будем, ки дар як ҳавопаймо парвоз мена-
мудем.

Гарчанде сиҳатии худи Мирзо Турсунзода чандон хуб набуд,
(табиби махсусе ҳамсафарӣ мекард) вай ба Бобоҷон Гафуров
аҳамияти махсус медоду дар оғози парвозамон ба ман гуфт:

- Мулло Холмурод, коре кунед, ки Бобоҷон Гафуров хаф>а ва
дилгир нашаванд, агар лозим шавад, духтуру доруҳои лозимӣ до-
рем, фармоед, хизмат мекунад.

Ҳавопаймо якзайл парвоз менамуд. Бобоҷон Гафуров қомат
рост карда, аввал ба атроф, баъд ба соаташон нигаристанд:

17
- Эҳе, то ба Боку расидан сабру тоқати зиёде даркор, биёед
хомӯш нанишинед, аз кору боратон, бештар аз вазъияти фарҳанг,
маданият, санъат нақл кунед, - гуфтанд бо табассуми ширине.

- Ба чашм, - гуфтаму ба устод аз бозёфтҳои эҷодӣ, асарҳои
тозаи Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Раҳим Ҷалил, Со-
тим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Аб-
дуҷаббор Қахҳорй ва аз офаридаҳои соҳибқаламони нисбатан ҷавон
Мӯъмин Қаноат, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ, Ансорӣ, Қутбӣ
Киром, Гулчеҳра ва дигарон ҳикояти мухтасар намудам.

Устод, ки гуфтаҳои маро бо диққат гӯш мекарданд, - ‘бисёр
хуб” - гуфтанду пурсон шуданд:

- Репертуари театрҳо дар чӣ ҳол аст?

- Дар ин ҷода ҷунбиши назаррасу тағйиротҳои муфид мушоҳи-
да мешаванд, - гуфтаму афзудам, - акнун нависандаҳои тоҷик ба-
рон театр ҳам ба ҷуръат асарҳо, песаҳо менавиштагӣ шуданд. Баъд
аз Сотим Улуғзодаву Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Ғанӣ Аб-
дулло, боз дигарон, аз ҷумла Файзулло Ансорӣ, Шамсӣ Қиёмов,
Муҳаммадҷон Рабиев, Абдусалом Атобоев, Султон Сафаров,
Аъзам Сидқӣ, Тӯрахон Аҳмадхонов, Мавҷуда, Гулрухсор ва дига-
рон низ асарҳои саҳнавӣ эҷод мекардагӣ шуданд.

- Мебинам, ки дар фаъолияти театрҳо ҷунбиши куллӣ рӯй ме-
диҳанд, - гуфтанд устод Бобоҷон Гафурову афзуданд - бе драма-
тургияи бақувват театр - театр шуда наметавонад. Албатта, муал-
лифҳои худамонро тарбия ва дастгирӣ намудан лозим, аммо аз
ганҷинах,ои дараҷаи умумиҷаҳонй бенасиб шудан ҳам гуноҳи азим
аст. Театру драматургия барои маданияти тоҷик падидаҳои нав
аст гӯем, хато намешавад, барои ҳамин ҳам ба ин соҳа аҳамияти
махсус ва ҷиддӣ додан лозим, - гуфтанд Бобоҷон Гафуров.

Ҳар қадар, ки бо Бобоҷон Гафуров сӯҳбатамон қӯр мегирифт,
ҳамон қадар амиқдарк мекардам, ки он кас паҳлӯҳои нозуки фар-
ҳанги миллиро синчакорона омӯхтаанду хуб медонанд, дар ин бо-
бат ғамхорона муҳокима меронанд, барои инкишофи он маслиҳа-
тҳои муфид медиҳанд.

Дар ҷараёни сӯҳбат Бобоҷон Ғ афуров икрор ҳам мешуданд, ки
замоне мо ҳам бо эҷодкорон сару кор доштем, мехостем онҳоро
барои офаридани асарҳо бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ,
рӯйдодҳои навини ҷамъиятй сафарбар намоем. Онҳо моро гӯш
мекарданд, асарҳои дархости иҷтимоӣ ҳам меофариданд, аммо
на ҳамаи он асарҳо инъикоси ҳақиқии ҳаёт буданд, зеро онҳо баъ-
зан зӯракӣ асар менавиштанд, чунки агар асари бадей бо амри
дили эҷодгар офарида нашавад, вай таъсирбахш садо намеди-
ҳад.

Баъд Бобоҷон Гафуров аз таърихи ташкили дастаҳои эҷодии
касбии тоҷик, аз ҷумла театри драмавии ба номи Лоҳутӣ, театри
опера ва балети ба номи Айнӣ, филармонияи давлатии тоҷик, ан-

18
самблҳои бонувони рубобнавоз ва "Шашмақом” нақл карда афзуданд:

- Аз шумо ва дигар масъулон хоҳиш мекунам, ки ба ансамбли
бонувони рубобнавоз диққати махсусдиҳед, зеро он аввалин дастаи
этнографии эҷодии миллии занони тоҷик аст, ки чун рамзи зани озо-
ди тоҷик тамоми СССР-ро қоил карда буд. Ҳусни он бонувон, қаду
қомат, овоз ва х,унари онҳоро намегӯед.

Аз боби санъати “Шашмақом" устод ёдовар шуда, таъкид наму-
данд:

- Дар Сталинобод фақат Фазлиддин Шаҳобов зиндаги мекард,
лозим омад Бобоқулака Файзуллоевро аз Бухоро, Шоҳназар Соҳи-
бовро аз Тошканд, дигаронро аз гирду атроф ҷамъ кунем. Онҳо таво-
нистанд. Неҳриё Аминов, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Барно Исҳоқова,
Аҳмад Бобоқулов, Фариза Саъдуллоева, Нӯъмон Тоштемуров ва на-
возандаҳои моҳирро ба ин кори наҷиб сафарбар намоянд, машқҳои
тӯлонӣ гузарониданд ва бо ёрдами мусиқишинос Беляев ва Шоҳна-
зар Соҳибов он шоҳасари безаволро ба нота гузарониданд, ки китоб
шаваду чун сармашқба авлодҳои оянда ҳамчун намунаи бебаҳо боқӣ
монад.

Ба нақли устод ҳамраъйӣ намуда гуфтам, ки бунёдгарони он аса-
ри панҷҷилда сазовори Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ низ гар-
Диданд.

- Бале, бале - гуфтанд устод Бобоҷон Ғафурову фикрашонро да-
вом доданд, - лозим аст, ки ин асари аҷдодиро нафақат як идда ҳунар-
варони шашмақомхон сароянд, он бояд дар барномаҳои мактабҳои
мусиқӣ, донишкадаҳои олии фарҳанг, нақшаҳои кории қасрҳои мада-
ният, клубҳо, дастаҳои ҳаваскорони санъат низ дохил гардад ва оли-
мони фарҳангшинос дар омӯхтану тах^илу тарғибашон босамар фаъ-
олият намоянд.

Бобоҷон Ғафуровро гӯш мекардаму суханҳои ду сол пеш дар
Иттифоқи нависандаҳо дар ҳузури Мирзо Турсунзода, Мирсаид Мир-
шакар, Муҳаммад Осимӣ, Тилло Пӯлодӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Убайд
Раҷаб ва дигарон гуфтаашон ба хотирам меомаданд:

- Ба ақидаи ман, барномаҳои мактабҳои ибтидоӣ, ҳафтсола ва
миёна ба талабот ҷавоб намедиҳанд, зеро дар онҳо масъалаҳои ба-
тафсил омӯхтани забони модарӣ, намунаҳои беҳтарини мероси ада-
бию мусиқӣ муфассал инъикос наёфтаанд, хуб мешуд, агар кито-
бҳои таърихи халқамон аз сари нав навишта мешуданд. Забони руси-
ро ба дараҷаи кофӣ медонанд, донандаҳои варзида ва мутахассисо-
ни обрӯманди забонҳои хориҷӣ зиёд шуданд. Вале афсӯс, ки аксари
мардуми мо забони адабии миллии худ, баъзех,о ҳатто ягон лаҳҷаи
тоҷикӣ ва таърихи халқи худро намедонанд, - мегуфт бо таассуф
устод Бобоҷон Ғафуров.

Сафари осмонии мо давом мекард. Духтарони дӯстрӯю таннози
роҳбаладамон хӯрок оварданд. Бобоҷон Ғафуров таомро хӯрда, до-
руву дармон қабул намуданду гуфтанд:

19
- Шумо ҳанӯз ҷавонед. ба дорую дармон эҳтиёҷ надоред, аммо
маро иллатҳои зиёд домангир шудаанд, ки бе дору осоиш надорам.

Дард меояду меравад" - мегӯянд, устод ҳоло корҳои бузург шу-
моро дар пеш интизоранд, гуфтаму пурсон шудам: - То андозае, ки
огоҳам, тамоми ҷараёни бунёди созмонҳои фарҳангии давраи навин,
ҳатто ҳалли ҷузъитарин ҷиҳатҳои фаъолияти онҳо - тайёр кардани
мутахассисҳо. маводи саҳнавӣ, таъмини асбобҳои мусиқӣ. накдиёт -
ҳама дар мадди назари шумо будаанд. Ин аз ихлосмандии шумост
ба ин соҳа ё аз дарк.и зарурати инкишофи он?

- Саволи аҷоиб, - гуфтанд устоду посух доданд, х,ам инашу х,ам
онаш. Миллати бе маданият миллат нест. Адабиёт, санъат симои
миллатро ифода мекунанд. Хуб гуфтааст оқиле - зиндагии бе мех,нат
дуздӣ бошад, зиндагии бе фарҳанг ваҳшигарист...

- Во як гул ва ё як навъ гул боғ равнақ надорад, ҳар гулеро бӯе
гуфтаанд. Мо аввал ба он риштаҳои санъат диққат додем, ки қаблан
дар республикаи мо вуҷуд надоштанд, мисли опера, балет, санъати
драмавӣ. Дар натиҷа ҳунармандони касбӣ, артистони номӣ, бастако-
рони машҳур ва сарояндагони мумтоз ба камол расиданд. Вале ҳуна-
ри суннатии халқи худро ҳаргиз аз хотир набаровардаем, ки намуна-
аш таҳия ва нашр гардидани дурдонаҳои “Шашмақом'’ аст, ки шумо
ёдовар шудед. Санъати хоси Помир, рақсҳои аҷоиби Кӯлоб, маври-
гиҳои Бухоро, гӯрӯғлисароӣ, хониши фалак ҳамаи ин ғановати халқ
аст. Барои дарёфти талантхр ва истеъдодҳо ҳар сол азназаргузаро-
нии ҳунари мардум барпо мешуд. Дар ин маърака соҳибҳунарони худрӯ
пайдо мешуданд, ки бо вуҷуди маълумоти касбӣ надоштан чун арбо-
бони шоистаи ҳунар ба воя расиданд. Аммо консерваторияи худа-
монро ташкил кардан зарур аст.

Аз афташ Бобоҷон Ғафуров хаста шуданд, ки фурсате сукут вар-
зиданд. Ман эҳсос кардам. Пекин намехостам, ки сӯҳбати ширина-
мон хотима лазирад. Баъди лаҳзае бидуни ихтиёр гуфтам:

- Маъзарат устод, аз забони бисёр ходимони санъат шунидаам,
рох,барон бисёр буданд, аммо касе ба мисли Бобоҷон Ғафуров дақиқ,
дониста, дилсӯзона ва мунтазам санъатро, ҳунарваронро сарпарас-
тию ғамхорӣ накардааст, - мегуфтанд.

- Киҳо ин тавр мегӯянд? - гуфта бо хушҳолӣ пурсон шуданд ус-
тод.

- Ғаффор Валаматзода, Шамси Қиёмов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Аб-
дусалом Раҳимов ва дигарон гуфтам дар ҷавоб.

Устод Бобоҷон Ғафуров нимтабассуме карданду фурсате хомӯш
ба рӯям нигох, карданд.

- Боре Валаматзода нақл карда буд, ки солҳои баъдиҷангӣ ва
дасттангӣ, вақтҳое, ки бисёрихр тракторро аз театр фарқ намекар-
данд. Бобоҷон Ғафуров дар донишкадаҳои фарҳангии Москваю Тош-
канд махсус ҷойҳо гирифта, сох,ибистеъдодҳои умедбахши халқамон,
аз ҷумла Ҳанифа МавлОнова, Анвар Муллоқандов, Ҳоҷӣ Аҳмадов,

20
Мулук Баҳор ва бастакорони оянда Зиедулло Шаҳиди, Шарифҷон
Бобокалонов. Фозил Солиев. Насимҷон Пӯлодовро ба шуъбаи вока-
лию оҳангсозӣ. Азиза Азимова ва каминаро ба шуъбаи балетмейстери.
ҳамчунин скрипканавоз Ибодулло Абдуллоевро, ки нав аз ҷанг ва
армия баргашта буд. ба класси дирижёрии оркестрҳои симфонии
шуъбаи миллии консерваторияи Москва фиристода буданд.

Валаматзода муҳобот кардааст, - гуфтанд Бобоҷон Гафуров ва
афзуданд: - ба ҷои мо каси дигар ҳам мебуд, ин корҳоро мекард. Мо
фақат вазифаамонро иҷро кардем.

- Бахшиш металабам устод, вазифаиҷрокуни ҳам ҳар хел меша-
вад. Бисериҳо ҳанӯз ҳам миннатдоранд, ки Бобоҷон Гафуров баъд аз
моро ба хондан фиристонидан ҳам, аз ҳолу аҳволамон бохабар бу-
данд. доим ғамхорӣ менамуданд. Борҳо Шамси Қиёмов накд карда
буд, ки вақтҳои дар Москва таҳсил намуданамон Бобоҷон Гафуров
моро зуд-зуд хабар мегирифтанд, ғамхори мекарданд. Як мулоқота-
шон ба фасли зимистон рост омад. Устод диданд, ки либосҳои мо
тунуку чуруканду ба ҳавои сарди Москва мувофиқ нестанд. ба ваки-
ли доимии Тоҷикистон назди Ҳукумати Иттифоқӣ саволомез гуфтанд.

- Мебинед. либосҳои инҳо ба обу ҳавои ин ҷо мувофик, нестанд, зуд
ба ҳар кадомашон палтоҳои гарм харида диҳед, масъалаи пулашро
ман ҳал мекунам.

Ин гуна нақлхрро ман аз бисёр ходимони санъат шунида будам,
аммо ҳамаи онро наметавонистам, ки ба Бобоҷон Гафуров бигуям.
Ибодулло Абдуллоев боре накд карда буд, ки тобистони соли 1950
дар толори консерваторияи Москва ба номи Чайковский чун дирижёр
ҳунарнамоӣ мекард. Аз тамоми хатмкунандагони шуъбаи милли та-
нҳо ӯ буд. аз шӯъбаи русӣ ҳам як кас. Оркестри симфонии филармо-
нияи вилояти Москва дар ҳузури 1300 кас симфонияи шашум_и Чай-
ковскийро менавохту онро ӯ идора мекард. Консерт бо кафкубиҳои
пурмавҷ поён пазируфт. Дар фарҷоми консерт Бобоҷон Г афуров. ки
котиби якуми Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон буданд ва раиси Совети
Вазирони ҷумҳурӣ Ҷ. Р. Расулов маро даъват намуда, табрик кар-
данд ва аз он консерт ҳаловат бурданашонро изхрр намуданд. Ман
аз ҳузури онҳо дар консерт хабар надоштам. Бобоҷон Г афуров сипас
ба Ҷаббор Расулов рӯ оварда гуфтанд: То ба Тоҷикистон баргаштан
ин кас дам гиранд, истироҳат кунанд. Мувофиқи супориши Бобоҷон
Гафуров ба ман як путёвка ва маблаг доданд. ки як мох, дар соҳили
баҳри Сиёқ дам гирам. Кирои роҳро ҳам аз баҳри Сиёҳ то Сталинобод

ҷудо намуданд. _

Бобоҷон Г афуров одати аҷиб доштанд, ки дар мавриди суҳбат як
ба рӯйи одам нигоҳ мекарданду баъд сарашонро ба тарафи дигар
тофта ran мезаданд. Хислати дигари устод боз дар он буд. ки сухан-
пардоз набуданд, вале ниҳоят бо мантиқ. пурмағз ва воқифона ҳарф
мезаданд Хотираи қавӣ доштанд. Дар бораи х,унари Раъно Голибо-
ва. Зӯҳро Каримова, Барно Ахмадова бо шавқсухан мегуфтанд, рак-

21
си Ашӯра Носироваро хеле меписандиданд.

Устод, ки суханҳои маро бо диққат гӯш мекарданд, нигоҳи маъни-
доре карданду cap ҷунбонданду гуфтанд:

- Беҳуда нагуфтаанд, ки санъат қурбонӣ металабад. Шахсе, ки ба
даргоҳи санъат пой мегузорад, ӯ бошуурона худашро фидои он касб
мекунад, ба назари вай ғайр аз ҳунараш чизи дигар наменамояд ба
як маъно у бе ҳимоя аст. Барой ҳамин роҳбарон бояд дарди дили
онҳоро бифаҳманд, зуд-зуд бо онх,о мулоқот намоянд, ба қадри заҳ-
мати эҷодгаронашон бирасанд, муҳимаш шароити кору зиндагй му-
ҳаие намоянд. Ин талаботи аввал, талаботи дуюм ин аст, ки санъат
барои санъат набуда. санъат барои халқ шавад. Яъне ҳар чизе. ки
адибон, кормандони саҳна, кино, оҳангсозон, рассомон меофаранд
бояд дастраси мардум шаванд, - гуфтанд Бобоҷон Гафурову илова

намуданд, - ин чизҳоро ба хотири Ҷаббор Расулов ҳам оварда ис-
тед...

Ман ҳар боре ба Душанбе оям, ба театр рафта, спектаклхои на-
вро тамошо мекунам. Хеле ҷавонони боистеъдод дар театри ба номи
Лоҳути ҷамъ шудаанд.

Лекин дар саҳнаҳо он қадар бӯсу канор бисёр, ки гами касро ме-
биерад. Гуе раванди санъати театри ҷаҳонӣ ҳамин будааст. Мавқеи
гоявии театр баъзан муайян нест. Ба покии ахлоқи мардум бояд би-
сертар аҳамият дод. Дар телевизион, ҳам дар консертҳои эстрадй
вагу вуғ ва ҳаракатҳои ноҷои нолозим зиёд. Натарсида устодони ин
касбҳоро ба марказҳо даъват карда, ҳунари ҷавононро сайкдл додан

- Устод, агар аз гуноҳам гузаред, аз Шумо як чизро пурсиданиям.

- Марҳамат, пурсед, - гуфтанд устод.

- Рост аст, ки шумо дар вақти мусофирататон дар Москва саркор

оаидхоҷа Урунхоҷаев ва чанд нафари дигар вакилони анҷумани кол-
хозчиенро ба театри Калон ба намоиши балети "Қӯли Қӯвон" фирис-
тода будед? ^ 4 и

Устод бо завқ хандиданд.

- Рост, рост, ҳамин тавр ҳам шуда буд, - гуфтанд ва илова кар-
данд: - дидам, ки раис (Урунхоҷаев) бегоҳӣ чй кор мекунем гуфта
маили маро ба ресторан бурдан дорад, - гуфтам, - раис бегоҳӣ ман
оанд ҳастам, бо Маленков вомехурам, хуб мешуд, шумоён ба ресто-
ран не, ба театри Калон раветон. Ресторан дар ҳама ҷо ҳаст. Шумоён
одамони пешқадам, ба театр раветон... Ба ёрдамчй супориш додам,
ки рафта зуд барои театр панҷ билет оварад... Ман аз паси корҳоям
шудаму бегоҳи соати даҳбаргаштам ва раису ҳамроҳонашро ба уто-
қам баржой чойнуши даъват намудам.

Аз Урунхоҷаев пурсидам, раис, чй хел, тамошо маъқул шуд1?

.- э’ ман ЧРПИ- - гуфт Урунхоҷаев дар ҷавоб. Дар дилам шубҳае
паидо шуду аз нав пурсон шудам, к,оил шуданатонро чй тавр фаҳ-
мем. Шумо ба ки қоил, ба артистҳо, музика, умуман намоиш?

22
- Ман ба Ҳукумати Советӣ қоил, ки ин қадар гунгҳоро ҷамъ карда
тамошо нишон медиҳанд, боз мардум пул дода, онҳоро тамошо меку-
нанд. Аҷоибаш боз дар он ки ба онҳо ин қадар ^урмату эҳтиром карда
қасри боҳашамату тиллокорӣ додаанд, - гуфт Урунхоҷаев.

- Шуд. шуд раис, - гуфтаму ӯро ором намудам. Баъд, дар рафти
шомхӯрӣ аз хусусиятҳои санъати театр - драма, опера, балет накд
намудаму гуфтам: - Шумо аз зоти ззҳмзткаш ҳастед, бояд ба қадри
меҳнати санъаткорон расед. Бо мурури замон, ни мегуед, ки Урунхо-
ҷаев шаклҳои мураккаби санъат, аз ҷумла балетро мефаҳмидаги шуд
ва ба ҳунари Малика Собирова эҳтироми хоссае пайдо карда буд.

- Агар хаста нашуда бошед, як чизи дигарро низ пурсам?

- Не монда нашудаам, хайрият, ки бо шумо як ҷо нишастем, роҳи
дури дилгирро сӯх,бати хуб кӯтоҳ мекунад. Боз чи пурсиданиед?
гуфт Бобоҷон Ғафуров хушҳолона.

- Устод рост аст, ки яке аз олимони ҷавони умедбахш Аълохон
Афсахдод розигии шуморо пурсидааст, ки аз ҳаёту фаъолиятатон
очерк бинависад. Шумо ба ӯ фармудаед, ки аввал бахшида ба Ака-
шариф Ҷӯраев очерк навис.

- Ҳа, боре аз Афсаҳзод, ки ҷавони ғайратманди пуркор аст, хоҳиш
намудам, ки корректураи китоби ‘‘Тоҷикон"-ро хонад. Бодиққат хонда
омад ва бо ҳаяҷон онро таъриф карда, хоҳиши дар бораи ман очерк
навиштанро гаштаю баргашта изҳор намуд. Руирост ин хоҳиши уро
рад накардам. Чанде пештар мақолаи муфассалашро дар бораи Шаш-
мақом" ба ман дода буд. Қаламаш нағз, мусиқиро хуб мефаҳмад.
Агар ӯ роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Акашариф чизе менавишт, хеле
хуб мешуд. Медонед, дар байни мардуми мо кам нестанд чунин аш-
хосе, ки нисбат ба артистҳо муносибати носолим, ба ибораи дигар
назарбаландӣ доранд. Ман ба чунин касон эҳтиром дорам...

Вақте ки Акашариф Ҷӯраев месарояд, ҳазорон нафар ҳаловат
мебаранд, илҳом мегиранд, як суруди ӯ “Субҳи Кобул" халкҳои Афғ-
онистону Тоҷикистонро то чӣ андоза наздик кард. Сурудҳои у “Дараи
Камаров", “Соқ-соқиҷон", “Чорбоғи боло" ҳар кадом як олами завқу
маънӣ. Тамоми хонаводаи ӯ аҳли созу суруду рақс. Вай чи қадар
шогирду ҳаводор дорад, меарзад, ки дар зиндагиаш ба у ҳайкал ме-
гузоштем. Барои ҳамин ҳам назари ман ба наели эҷодкор батамом
дигар аст, вазирону подшоҳон меоянду мераванд, эҷодкорон абадӣ
мемонанд...

Бобоҷон Ғафуров ин суханҳоро мегуфтанд, ки духтарони пеш-
хизмат огоҳ намуданд: - Сафаракиҳои мух,тарам, баъд аз бист дақиқа
тайёраи мо ба шахри зебои Боку мефурояд, омодаи пешвозгири бо-
шед Афсӯс, ки садои овози роҳбалад риштаи он суҳбати дилангези
моро канда кард. Хушбахтона моро дар як меҳмонхона ҷой карданду
бо Бобоҷон Ғафуров ва дигарон якҷоя ба маҷлисҳо, мулоқотҳо, та-
омхӯрӣ мерафтем, сӯҳбатҳои мо бо он абармарди илму хирад, ҷигар-
сӯзи миллат давом дошт, ки аз он ҷаҳон-ҷаҳон таассурот мебардош-

23
там. Агар тавонам онҳоро баъдтар ба қалам хоҳам дод. Ҳоло ҳамин
ҚЭДар гуфтаниям, ки Бобоҷон Ғафуров бе муҳобот шахсияти нотак-
рор ва бузург аст, бунедгар аст, эҷодгар аст. Аз бисёриҳо мешуна-
вам, ки мо бо номи Гафуров ифтихор дорем. Фақат бо номи ӯ ифти-
хор кардан кам аст. Мо агар тоҷикони асил бошем, бояд ба вай пай-
рави кунем. Саҳмгузори беҳбуди, тинҷию оромии кишварамон фи-
доии инкишофи илму фарҳангбошем, муҳимтараш, ба болои ҳазорон
хиштҳои тиллоии Бобоҷон Гафуров ақаллан як хишти оддие гузоре-
му баъд гуем, ки мо ҳам аз наели Гафуров ҳастем.

Албатта, ҳар як эҷодкор меъёру кудрати эҷодгарии худро дорад
ва на ҳамадаъвомекунанд, ки ба дараҷаиахтарони тобноки миллати
тоҷик Айни, Гафуров, Турсунзодаю Лоҳутӣ бирасанд. Хушбахтона,
давомдиҳандагони анъанаи онҳо, пайравони мактаби бунёдгарии Ай-
ниву Гафуров бешуморанд, ки дар қатори онҳо Сотим Улуғзода Боқӣ
каҳимзода, Мирсаид Миршакар, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ’ Ало-
вуддин Баҳоваддинов, Аҳрор Мухторов, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Ше-
рали. Ашур Сафар ва дигаронро номбар кардан мумкин аст. Дар ин-
кишофи илму фарҳанг, хусусан санъати касбии тоҷик саҳми Бобоҷон
> афуров бебаҳост ва унвони Қаҳрамони халқи тоҷик барояш арзан-
давузебандааст.

ҶОНФИДОИ тоҷикжтон

Тирэмоҳи соли 1960-ум мо як гурӯҳ шунавандагони Академияи
илмҳои ҷамъияти аз Москва ба зиёрати шаҳри афсонавӣ ва овозадор
Ленинград роҳсипор мешудем. Дусти булғориам Чавдар Добрев аз
ман пештар аллакай ба колаи оҳанин (автобус) баромада, бароям ҷои
қулаи интихоб кардааст. Ман ба у арзи миннатдори изҳор намуда, ба
бараш менишастам, ки аз дари автобус бонуи миёнақади гандумран-
ги сиеҳгесуе ҳамроҳаш духтарчаи тақрибан шаш-ҳафтсола бо душ-
вори вориди автобус MemyflL Уро дидан замон зуд аз ҷоям хеста,
духтарчаашро бардоштаму кумак расонидам, ки ҷойгир шавад. Мо-
дару духтарча ба курсиҳои қабати мо ҷойгир шуданд. Хонум бо арзи
миннатдори даҳон кушоду гуфт:

- Чи хуш, ки шумо низ ҳамсафар будаед, духтарчаи ман меҳрубо-
ниҳои шуморо хеле дуст медорад.

-Аз ҳузури шумо хуши ман ҳам меояд...

_ Ман ба хонум ҷавоб гардонда, ба духтарчаи дӯстрӯякаш хушг-

уиҳо менамудам, ки ин дам Чавдар бо нигоҳи ҳайратангез овоз баро-
вард: к

- Ҳеҷ чизро намефаҳмам: медонам, ки ту тоҷикӣ. Хонум бошад аз
Озарбоиҷон. Шумо бо кадом забони ба ман нобалад ҳарф мезанед?

- Д у стам, тааҷҷубат беҷо нест, - гуфтаму хонумро бо Чавдар му-
аррифи намудам: ин кас Ҳакима Булури. Шоираанд аз Озарбойҷон.

24
Забони форсиро хуб медонанд, ҳатто бо ин лафз шеърҳо ҳам иншо
менамоянд. Мо бо ҳамдигар бо ҳамин забони форси, ки бо тоҷикӣ як
аст, ҳарф мезанем. - гуфта ба Чавдар фаҳмондам. Чунин сурат ги-
рифта буд оғози гуфтугузори тӯлонии мо дар он мусофирати фаром-
ӯшнашаванда, ки қисматашро ба хонандаи азиз инъом карданием.

Гуфтугузори мо бо бону Ҳакима Булӯрӣ асосан нисбати адибону
санъаткорони барҷастаи ҳарду миллати қарин ҷараён мегирифт. Мо
аз қисмати эҷодии Иизомии Ганҷавй, Мирзо Фатҳалӣ Охундов, Собир
ва саромадони барҷастатарини адабиёти форсу тоҷик ақида мерон-
дем. ки Чавдар ҳам ба ҳайси санъатшинос бо мароқ гуш меандохт ва
аҳён-аҳён изҳори андеша ҳам менамуд. Чун риштаи сухан ба эҷодко-
рони муосир печид. Ҳакима Булӯрӣ хоҳиш намуд, ки муфассалтар
шарх, диҳам, ки кадом симоҳои номиро бо кадом ваҷҳ асосгузори ада-
биёти давраи шӯравии тоҷик меномем? Албатта, ман зуд - устод Сад-
риддин Айнй, Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзодаро номбар на-
мудам ва бисоти эҷодиашонро мухтасар шарҳ додам.

Ҳакима Булӯрӣ ҳама суханҳоямро бо эҳсоси амиқ гуш мекард ва
мамнуну қаноатмандиашро ҳар дам бо нидои маҳини ' муташаккирам ,
‘чӣ аҷиб” ифода менамуд.

Баъд вай, ба назарам, табассуми сохтае карду маъзарат пурсид
ва чунин савол дод:

- Шумо ҷиддӣ Лоҳутиро классики назми муосири тоҷик мешумо-
ред? Магар ӯ эронинажод нест?

- Шумо, Ҳакимабону беҳуда узр пурсидед, саволи шумо комилан
ба ҷо ва саҳеҳ аст. Ман шубҳаи шуморо ба хубӣ мефаҳмам, - гуфта-
му илова намудам: - рост гуфтед, бону, ки Лоҳутӣ аз Эрон аст. Онҷо
таваллуд ёфтааст, он ҷо ба воя расидааст, фаъолияти эҷодиву инқ-
илобии вай ҳам дар х,амон сарзамини муқаддас оғозу бунёд шуда-
аст, - посух додам ман.

- Оё шумо метавонед, ки каме аз шарҳи ҳоли Лоҳути ба ман қисса
кунед? Мутаассифона, ман номи Лох,утиро шунидаам, аммо ба фаъ-
олияту зиндагиаш ва эҷодиёташ балад нестам, - гуфт Булӯрӣ, паш-
шаи ба рӯи духтарчааш нишастаро бо рӯймолчааш пеш намуда.

Ман ҳар чи қадар. ки медонистам, аз Лоҳутӣ ба ӯ нақл кардам:

- Мутаассифона, бо ин бузургвор ман аз наздик шинос набудам.
Як-ду дидори аз дур, маро бахт ато карда буд, ки дар қатори дигарон
суханони устодро шунавам, чандон нақши хосе дар хотирам нагу-
зоштаанд. Бинобар ин хондагиҳоямро мегӯям. Фаъолияти барвақти
инқилобии Лоҳутӣ дар Эрон шурӯъ шуда, зисту эҷодаш дар Истам-
бул, Бағдод ва ғайра идома ёфта, қисмат ӯро ба Кавказу Москва
меорад. Ниҳоят вай дар Тоҷикистони шӯравӣ ватани дуюми худашро
ёфтааст. Лоҳутӣ барои мо қаҳрамони миллист.

Булӯрй гарчанде ҳикояти маро бо завқгӯш менамуд, аммо бо як
ишораи шубҳаангез боз пурсон шуд:

- Бовариам намеояд. ки чй тавр як шахсияти аҷнаби дар мулки

25
бегона ба чунин пояи баланди эҳтиром ва шараф бирасад, ҳатто асос-
гузору классики адабиёти халқи дигар бишавад, - гуфт вай ин дафъа
ба завқ хандида.

- Бону Ҳакима, чунон ки гуфтам, Лоҳутӣ шахсияти табиатан исён-
гару инқилобчи буд, истеъдоди басе бобаракат ва баланд дошт. Вай
асосан сарояндаи мардуми ранҷбар буд. Ҳадафи асосии ӯ наҷоти
фаълаву деҳқон буд, у абармарде буд, ки бо зулму истисмор меҷан-
гид, маслаку маромиу ин буд. Таваҷҷӯҳ кунед, ӯ мефармояд:

Зиндаги охир сарояд, бандагй даркор нест,

Бандаги гар шарт бошад, зиндагй даркор нест.

Гар фишори рӯзгор обат кунад, мискин машав,
Мард бош, эй хастадил, шармандагй даркор нест.
...Зиндагй озодии инсону истиқполи ӯст,

Бахри озодӣ ҷадал кун, бандагй даркор нест!

- Гуед, бону Ҳакима, кадом шоири муосир чунин гуфтааст?! Боз
илова намудам, ки Лоҳутӣ барои тоҷикон бемуҳобот бунёдгари мада-
нияту маърифати нав буд. Вай дар Тоҷикистон якумин ташкилкунан-
даи нашриёт буд, дар офаридани аввалини китобҳои дарсӣ, рӯзнома-
ву маҷаллаҳо иштирок дошт, шеърҳои ӯро саросар дар мактабҳо,
меҳмонхонаҳо, хонадонҳо мехонанд... Беҳуда нест, хиёбони Марка-
зии пойтахти Тоҷикистон, мактабҳо, колхозҳо, ташкилотҳои эҷодиро
ба номи вай мегузоштанд, - гуфтам ва нақламро кӯтаҳ намудам.

- Бароям ҳама ин нақлҳоятон ҷозибанд, мебахшед, ки боз музоҳи-
ми шумо мешавам, - гуфт Булӯриву каме ба андеша рафт ва бо як
мулоиматии хоси занона афзуд:

- Афсӯс мехӯрам, ки аз эҷодиёти Лоҳутӣ бехабарам, ягон кито-
башро надорам, ягон шеърашро нашунидаам. Шумо метавонед боз
намунаҳои шеъри Лоҳутиро қироат кунед?

- Бале, ба чашм, - гуфтам ва илова намудам, ки гуфтан мумкин
аст, ки устухони мо бо шеъри Лоҳутӣ шах шудааст. Баъд аввал чанд
байт ғазали машҳури шоирро, ки дар мусофирати Истамбул чун фи-
ғони дил ба қисмати зодгоҳу халқи ситамдидааш бахшидааст хон-
дам:

Аё сайёд, шарме кун, маранҷон нимҷонамро,

Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.

Ба гардан бастаи чун риштаву бар пой занҷирам,
Мурувват кун, иҷозат деҳ, ки бикшоям даҳонамро.

■Дар ин кунҷи қафас, дур аз гулистон сӯхтам, мурдам,
Хабар кун, эй сабо, аз ҳоли зорам богбонамро...

Мани бечора он рӯзе ба қатли худ яқин кардам,

Ки дидам, тоза бо гург улфате бошад шубонамро...

Ин сатрҳоро хондаму "чй тавр, Ҳакимабону?” - гуфта ба рӯяш
маънидор нигоҳ кардам.

- Чй мепурсед, бародар, ин ҳама мӯъҷиза аст, ҳама рамз, - гуфт
у. Ман бошам барои аз равняй ҷиддӣ баровардани ҷараёни сӯҳбата-

26
мон шеъри “Парвона медонад” -и Лоҳутиро, ки ба вай Ҳофизи халқии
Тоҷикистон Аҳмадулло Абдуллоев оҳанги дилошӯб баста буду хеле
ҷозиб ва басе аъло мехонд, сурудам:

Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад,

Ғамамро булбуле, к-овора шуд аз лона медонад.

Нагирям чун зи гайрат, гайр месӯзад ба ҳоли ман,
Нанолам чун зи гам, ёрам, маро бегона медонад.

...Ба ҷони ӯ, ки дардашро ҳам аз ҷон дӯсттар дорам,
Вале мемирам аз ин гам, ки донад ё намедонад?

Ту огаҳ нести, к-андар сари зулфат чӣ хунҳо шуд.
Валекин мӯ ба мӯ ин достонро шона медонад.
Насиҳатгар, чӣ мепурсӣ илоҷи ҷони беморам?

Усули ин табобатро фақат ҷонона медонад.

Матни ғазалро пурра бо эҳсоси ҷавонмардӣ сурудам ва каме ба
сукунат рафтем. Албатта. ҳамсӯҳбати ман дид, ки бар замми қироати
шеър, аз дасти ман овозхонӣ ҳам меомадааст, ӯро ҳолати гуворое
фаро гирифт. Чизе гуфтан мехост, аммо наметавонист...

Сукунатро ш и каста ба ҳамсӯҳбатам гуфтам, ки ин ғазалро ҳам
Лохутӣ ҳамон сол дар Истамбул иншо кардааст, ки намунаи аълои
лирикаи гражданист ва афзудам: Лоҳутӣ устоди беҳамтои лирикаи
ишқӣ низ буд. Дар саросари Тоҷикистон сурудҳои ӯ^Бути нозани-
нам ”, Тар намедонӣ, бидон", "Ёри масчоӣ”, "Силсиламу”, “Ману ҷоно-
на дар як ҷо” ва ғайраҳоро бо шавқу ҳаваси баланд месароянд. Маса-
лан, як банди суруди “Нашуд як лаҳза аз ёдат ҷудо дил” чунин аст:
Зи ақлу дил дигар аз ман мапурсед,

Чу ишқ омад, куҷо ақлу куҷо дил?

Ту Лоҳутӣ, зи дил ноли, дил аз ту,

Ҳаё кун, ё ту сокит бош, ё дил.

Ҳакимабону, ки хеле пурэҳсос, ҷозиб, рӯҳбаланд ва қаноатманд
менамуд, гулӯ афшонду сухан оғоз кард:

- Медонед, ҳеҷ муболиға намешавад, агар бигуям, ки шумо барои
ман як ҷаҳони нав кушодед, ҳар сатри Лоҳутӣ чи қадар дард дорад,
иншоаш чунон равон аст ба мисли оби дарёи шафоф. Ман шуморо
минбаъд чун бародари қиёматӣ дӯст хоҳам дошт. Ин мулоқот барои
ман тӯхфаи гаронбаҳои қисмат аст. Ваъда бидиҳед, ки маҷмуаи ашъ-
ори Лоҳутиро бароям пайдо мекунед...

- Бону, Озарбойҷон ва озарбойҷониҳо дар назми Лоҳути мақоми
хос доранд. Соли 1932 шеъри "Ба коргарони Боку”-ро навишта буд,
“Овози Озарбойҷон”-ро соли 1950. Масалан, ба ин байт чй мегуед?

Ҷон кашад гардан, ки саети ошноро бишнавад,

Боз меояд ба гӯш овози Озарбойҷон.

Сӯҳбати мо оид ба Абулқосим Лоҳутӣ боз чандин вақт давом кард.
Шоираи озарӣ фаҳмида гирифт, ки Лоҳутӣ бо як тир ду нишонро ме-
зад, х,ар он сухане, ки ӯ мегуфт, он ҳама ба халқи тоҷик тааллуқ
дошту ҳам ба мардуми Эрон мансуб буд. Вай бо ҳунари волои худ як

27
тарафи маданияти ин ду халкро обод мекард. Хусусан тарҷумаи осо-
ри А. С. Пушкин. Т. Г. Шевченко, Гёте, М. Горкий, В. В. Маяковский,
осори драммавии Шекспир ("Ромео ва Ҷулетта”, "Шоҳ Лир", "Отел-
ло"). Лопе де Вега "Чашмаи гӯсфандон . А. С. Грибоедов "Дод аз да-
сти ақл' ва амсоли инҳо барои мо арзиши хос дошт, чунки бо тезко-
рии тарҷумонҳо тарҷима рӯ ба марг оварда буд. Лоҳутӣ аз қаҳрамо-
ноне буд, ки ин нихрли ҳунарро аз марг наҷот дод ва ба театри тоҷик
равнақи тозае бахшид.

- Бародар. шумо қавл додед, ки барои ман осори Лоҳутиро пайдо
мекунед? - ба нафси ман расиданӣ шуд хонум Булӯрӣ.

Дар ҷавоб "ба чашм" гуфтаму аз чи бошад, ки маро ҳиссиёти хом-
ушиву хаёлоти магшуше фаро гирифт. Баъди фурсате ганабам бур-
дааст. Аммо он дам бо кадом кашиши ниҳонии хаёлот рӯзи дафни
Лоҳутӣ. ки 17-уми марти соли 1967-ум ба вуқӯъ пайваста буд. пеши
назарам ба мисли навори кинофилме намудор шуд. Он рӯз дар ҳамон
ҶО дар қатори мотамзадагони Лоҳутӣ ман ҳам будам. Ба мо гуфтанд,
ки тамоми шаб калонҳои республика хостанд, ки ҷасади Лоҳутиро ба
Душанбе баранд. занаш розӣ нашудааст. Ноилоҷ ба гуфти ӯ розй
шудаанд.

...Митинги мотамро шоири маъруф, ходими намоёни ҷамъиятии
шуравй Николай Тихонов кушод. У хеле бо сӯзу гудоз сухан меронд
ва хислатҳои беҳтарини инсонии Лоҳутиро сифат менамуд. Вай на-
зми оташбори Лоҳутиро мафтунона қироат мекарду мегуфт: “Лоҳутӣ
такрорнашаванда аст, чунин шоири гӯёро ман то ҳанӯз надидам. Ба
ман чунин менамуд, ки аз ҳар тори миҷгони ӯ доимо шеър меборид.
Табъи шоирии ӯ бемислу монанд буд".

Нотиқон паси ҳам нутқ мегуфтанд. ман бошам бо дилу дидаи пур
аз андӯҳ гоҳ ба тобут, ба пайкари беҷону чеҳраи зарду муйҳои сафе-
ди шоири дӯстдоштаам, инсони бузург. исёнгари дилҳо Лохутй назар
мекардам ва гоҳ ба издиҳоми атрофи тобут синча менамудам. ҳама
мотамзада, баъзеҳо беист ашк мерехтанд. Ҳамон дам, шояд яке аз
дилбастагони шайдотарини ашъори сеҳрноки шоир бошад. - кампира-
ке назди тобут омаду дузону нишаст ва аз пешонаи шодравон бӯсид
ва бо оби дидаи шашқатор гулдастаеро ба пешпояи тобут гузошт.
Дусти хдмсабақам Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, ки он дам хдмроҳам буд,
рафтори кампирро наззора мекардааст, оҳистекак рафта аз зери ба-
галикампир гирифт ва ӯро барои хестан мадад расонд. Фарзандони
Лоҳути, хешовандонаш низ бо дилҳои пур аз аламу андӯҳ даст бар
пеш ва сари ҳам сари тобуташ меистоданд. Хешон, ҳамқаламони
Лоҳути паси ҳам назди онх,о омада, ҳамдардиашонро изҳор мекар-
данд. Дар маросим боз чанд каси дигар сухан эрод намуданд. Яке аз
арзишхри инқилобии шеъри “Кремл", дигаре аз баландиҳои силсилаи
ғазалҳои Истамбулии ӯ. боз касе аз аҳамияти Парии бахт” сухан ме-
гуфт, шахсе аз фаъолияти ҷамъиятиву ташкилотчигии Лоҳутӣ дар
мақомоти котиби Иттифоқи нависандагони СССР сухан меронд. со-

28
меъон бошанд онҳоро ғамгинонаю ором, бо чашмҳои ашколуд гуш
мекарданд, оҳ мекашиданд, сукут меварзиданд.

Ниҳоят Николай Семёнович Тихонов риштаи суханро ба ихтиёри
ҷавонзане, ки низ дар минбар буд. дод. Тихонов аввал изҳор кард:

- Ҳозир, дӯстон, ман навбатро ба шогирд, ҳамзабон, ҳаммаслак
ва ҳамватани марҳум - шоираи эронӣ Жола Бадеъ медиҳам.

Жола назди микрофон омад. Аз ҳаяҷон. аламу андӯҳ чанд сония
чизе гуфта натавонист. Аз изтироб гулӯгир мешуд ва бо ҷадалу муш-
киливу азияти рӯҳии зиёде ҳар як суханро ба зӯр аз банди дилаш
мебаровард. У бо ҳаяҷони бесаранҷом ҳарф мезаду лӯлаобхри дида-
аш ба болои рухсораи лоларангаш турнақатор мешуданд. У сухани
бисёре гуфта наметавонист ва дар хотима як шеъреро хонд, шеъри
саршори меҳру садоқат ба устод, ба шахси қаҳрамонтинати ошуб-
гар, ба шахсе, ки ҳам дар Эрон, ҳам дар шӯравӣ чун фарзанди ҷон-
фидо, инқилобчӣ, некофарин эътироф гардидааст...

Бояд икрор шавам, ки ҳамон лаҳза эҳтироми ин бонуи суханвари
соҳибистеъдод, дилсӯзу ҷонфидо ба дилам маскан пайдо карда буд
ва хушбахтам, ки солҳои ласин бо ӯ дар маъракаҳои гуногун - рӯзҳои
адабиёт, анҷуманҳои адабӣ, ҷашнҳои Айниву Турсунзода мулоқотҳо
доштам. Охирин сӯҳбати дӯстонаам бо шоира Жола Бадеъ соли 1989-
ум, дар ҳузури нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзи сурат
гирифта буд.

Аз чй бошад, ки ин дафъа худ ба худ суҳбати мо зиёдтар аз қис-
мати равшанфикрони эронӣ Абулқосим Лоҳутӣ, Баҳром Сирус, Қосим
Дайламӣ, Ҳасан Бежанӣ, Козим Шедфар ва дигарон, ки ноилоҷ аз
ватан фирорӣ шуданд мерафт. Вақте ки аз бисоти эҷодии Лоҳути ran
мезадем, бону Жола бо ҳурмату эҳтироми хоса номи ӯро мегирифт
ва банд-банд аз ашъори шакарбори ӯ қироат мекард.

Ҳамин асно ба ӯ гуфтам, ки нутқашро бори аввал соли 1957-ум
дар сари тобути Лоҳутӣ шунидаам. ки бисёр пурдарду аламнок буд...
Дар ҷавоб бону Жола Бадеъ хотироташро нисбати ҳамватани бузур-
гаш накд карду баъд шеъри ба устод Лоҳутӣ бахшидаашро хонд, ки
моён се тан - Фотеҳ Ниёзй, Шавкат Ниёзи ва камина бо ҳаловати том
онро гӯш мекардем:

Чун ахтари шабгард дурахшидию рафти,

Вар ман нигах,е кардиву хандидию рафти.

Ман сурх шудам, сӯхтам аз барқи нигоҳат,

Дар чех,раи ман оташи дил дидию рафтй.

Як лаҳза шукуфтй чу гули тоза бах,оре,

Як умр ба ман хотира бахшидию рафти.

Мо се тан, ки бо шоира сари дастархони ҷашни Фотеҳ Ниёзи бу-
дем, баробар аҳсан хондем, ки вай хотири Лоҳутиро чунин гарм ва
пок пос медораду худро шогирду давомдиҳандаи накӯкориҳои вай
медонад. Ин лаҳза Жола Бадеъ рӯхфаландона хандид ва гуфт:

- Ба ман хуш аст икрор шавам. ки устод Лоҳути ба ман х,ам шеъре

29
бахшидаанд ва агар майя дошта бошед, бихонам...

Моён, албатта, филфавр шавқи шунидани он шеърро изҳор наму-
дем, ки бону Жола шеъри номбурдаро бо эҳсоси баланди гӯяндагӣ,
ҳар сатрашро канда-канда, ҳар ҳарфашро марворидвор суфта карда
бо забони ширину лафзи мафтункунандаи форси мехонд:

...Гар бар мани дилдода набудат назари мехр,

Аз ҳоли парешонам зи чй пурсидию рафтй.

Рафти туву ман мондаму ошуфтагии ишқ,
Бетобии ман дидию тобидию рафтй.

Ошуфтаи рӯи туву мӯи туаму ту
Ошуфтагиамро написандидию рафтй.

Ин суҳбати хосаи мо, чанд тан дӯстон, дар дараи Ромит, рӯзи 21-
уми март - иди Навруз сурат гирифта буд. Шояд яке аз сабабҳои
едовар гардидани Лоҳути дар маҳфили дӯстонаи мо он буд, ки сию
ду сол муқаддам дар ҳамин моҳ - дар моҳи март, дар арафаи иди
дустдоштаи халкҳои шарқ - иди Навруз Лоҳутиро мо ба хок супурда,
қасам ёд карда будем, ки ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард...

Пас бону Жола бо ихлосмандӣ ҳарду шеъри қироаткардаашро дар
муқоваи китобаш “Пайванд”, ки тоза дар нашриёти “Адиб” чоп шуда
буд, дастхат намуда, барои хотира туҳфа кард, ки вайро ҳардам қироат
мекунам.

Бармегардем ба рӯзи дафни устод Лоҳутӣ.

...Маросими расмии мотами Лоҳутӣ хотима меёфту садри маҷ-
лис эълон кард, ки дар сари тобут фақат наздиктарин хешовандони
марҳум бимонанд^ Ба касоне, ки барои лоси хотири Лоҳутии барои
ҳамаамон азизу муътабар омадаанд, садҳо ташаккур мегӯем Онҳо
акнун метавонанд, ки бираванд...

Ману дӯстам Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ аз маросими видоъ бо Лоҳутӣ
бо дилҳои абгор, маъюсона, акнун роҳи метроро меҷустем. Ҳолати
руҳиамон чунон буд, ки ҳануз ҳам ба гӯшҳоямон суханҳои ҳузнангези
видои ва мусиқии мотамӣ садо медоданд... Шояд ҳар кадомамон ҷудо-
ҷудо побанди чунин хаёлоте будем, ки ба қисмати нотакрори инсонии
Лоҳути ва падару модараш, Лоҳутӣ ва хешу таборҳояш, Лоҳутиву
ватанаш, Лоҳути ва қисмати бисоти эҷодиаш ва ғайра иртибот дош-
танд. Ҳамин тавр моён тақрибан чил-панҷоҳ дақиқа хомӯш қадам за-
дем ва ниҳоят ба истгоҳи метро расидем ва ба поезд нишаста било-
хир ба манзилгоҳамон расидем. Хӯроки шомро хӯрда ҳамин, ки ба
утоқамон баргаштем, Абдуҷаббор ran кушод:

- Дар Эрон кадом хешу таборҳои Лоҳутӣ зинда бошанд? Агар шу-
наванд, онҳо басо алағда мешудагистанд, ки хешашон аз бӯи ватан
сер нашуда, ватан гуфта шиканҷаҳои зиёдеро кашид ва билохир дар
мусофират фано гардид...

- Ба фикрам, он ҷо фақат бародари ӯ Абулҳусейн Илҳомӣ ки
пизишқу шоир аст, бо авлоди худ зиндагӣ мекунад. Як-ду сол пеш
Лоҳути аз СССР гурехтааст гуфта, овозаҳои дурӯғ паҳн карда бу-

30
данд.

- Такдир-дия, - гуфт Қаҳҳори.

- Ман дар дигар бора фикр меронам, имруз-ку гузашт, пагоҳ чи
мешуда бошад. Пагоҳ аввалин шуда, кӣ гулҳои тару тозаро ба болои
қабри Лоҳутӣ мегузорад? Хешу таборон, дустони москвагиаш қабри
ӯро обод нигох, медошта бошанд? Онҳо ба қадраш^мерасанд е не.
Инҷо масъала ҳаст, дӯстам, гуфтаму аз ҷой хестанй будам, ки чанд
тан ҳамдиёрон наздамон омаданд. Аз омадагон касе - гапатон чала
монд” - гуфта узр пурсид ва донистан мехост, ки гуфтугуй дар чи
хусус буд, ки мо гапатонро буридем?

Ҷавоб додам, ran дар хусуси марги Лоҳути ва дар Москва дафн
ёфтани ӯ буд. Мехостам гӯям: нашавад, ки аз беэътиноии мо нисбат
ба турбати Лоҳутӣ душманонаш дар Эрон шод шаванд. Ба ман чунин
менамуд, ки дар зиндагиаш на ҳама вақт мо иззати уро ба ҷо меовар-
дему заҳматашро қадр мекардем...

Дӯстони дигар х,ам паси ҳамдигар барои ҳамдарди наздамон ме-
омаданд. Ба ин муносибат мо тоҷикистониҳо ҳамон бегоҳӣ ба хотири
Лоҳутӣ дастархони хоксоронаи мотами оростем. Ҳамватанон ва дусто-
ни ӯзбекистонӣ, қирғизистонӣ, туркманистони, қазокҳо ба мо ҳамдарди
изҳор менамуданд. Баъзе ҳамсабақон Саидалӣ Ҷумъаев, Шаҳобид-
дин Нуриддинов, Собирҷон Урунов ва дигарон сахт гиламанд буданд,
ки чаро онхрро ба маросими дафни Лоҳутӣ хабар накардаанд?

Бемуҳобот, вафоти Абулкрсим Лоҳути нафақат барои Тоҷикис-
тон, мардуми шӯравӣ, балки тамоми машриқзамин талафоти бебада-
ле буд. Он мавридҳои талабагй, ки баробари дигар ҳамватанон барои
Лоҳутӣ аламнок месӯхтам, кай тасаввур доштам. ки рузе мерасаду
садсолагии зодрӯзи Лоҳутиро нафақат дар шурави, балки бо қарори
ЮНЕСКО дар беруни он ҳам қайд мекунанд ва дар ҷумҳуриамон маро
узви Кумитаи тадорукоти ин ҷашни боҳашаматтаъин намуда, масъа-
лаҳои нашри асарҳои идонаи ӯро ба зиммаи ман мегузоранд, ки аз ин
басо ифтихормандам.

Ба ин ҷиҳати масъала махсус ишора намуданам он маъноеро
дорад, ки агар солҳои сабақомӯзӣ ман ба эҷодиёт ва фаъолияти Ло-
ҳутӣ фақат аз назари як мухлиси оддии эҷодиёташ муносибат дошта
бошам, акнун бошад чун шахси масъул ухдадор будам, ки ба бисоти
эҷодии ғанӣ ва нотакрораш бо ҳисси баланди масъулиятшиноси му-
носибат кунам, акнун амик^ар моҳияти сиёси, иҷтимои ва маънавии
асарҳои вайро дарк намоям ва таргиб кунам. Хушбахтона, китобҳо ва
дигар лавозимоти чопие, ки ба ҷашн мувофиқ буданд, дар вақташ
хам дар ҷумҳурӣ ва беруни он нашр гардиданд, ки якчандтоашро ном-
бар мекунам: дуҷилдаи ашъори мунтахабаш, ки шеърҳо ва достонхр-
яшро дарбар мегирад, ҷилди аввали куллиёти ҳафтҷилдаи Лоҳути,
манзумаи ӯ бо номи “Ба халқи Эрон", маҷмуаи ашъор Неугасимое
пламя” (ба забони русӣ, ки ҳамсари Лоҳутӣ Цицилия-Бону тах,ия кар-
дааст), “Дӯстам, суруд” (сурудҳо дар ашъори Лоҳути), "Баҳори куҳи-

31
стон ва дигар нашрияҳо, аз ҷумла плакатҳо ва расмҳои соҳибҷашн
ба табъ расиданд, ки онҳоро ҳазорон хонандаҳо чун ёдгориҳои гарон-
баҳо дастрас намуданд.

Ба ҷашни Лохутӣ ғайр аз китобҳо, спектаклҳои махсус, кинофил-
мҳо, асарҳои мусиқи, тасвирӣ ва ғайра ба сомон расонида шуда бу-
данд, ки бо тобишҳои образноки бадей паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти
ҷамъияти ва эҷодии уро тобиш медоданд. Филми ҳуҷҷатии Давлат
Худоназаров ва песаи Атохон Сайфуллоев дар ин бобат хеле ҷозиб-
тар буданд.

Бемуҳобот, ҷашни садумин солгарди Абулқосим Лоҳутӣ ба иди
ҳаққонии маданияти ватани сермиллати шӯравӣ табдил ёфт. Дар ин
ҷашн, ки тирамоҳи соли 1987-ум сурат гирифта буд, соҳибистеъдо-
дҳои намоёни шаҳрҳои Москва, Ленинград, ҷумҳуриҳои иттифоқӣ -
Украина, Белоруссия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизи-
стон, Молдавия, Литва, Латвия, Туркманистон, Эстония аз мамлака-
тҳои хориҷи - Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, Булғористон, Чехосло-
вакия, Олмони Шарқӣ ва ғайра бо шавку эҳтироми бузург ширкат вар-
зиданд, ки ин аз эҳтироми бузурги ҷах,ониён ба мардуми тоҷик дарак
медиҳад.

Лоҳутӣ ҳам дар эҷодиёташ, ҳам дар амалиёташ бар зидди маҳ-
дудияти миллӣ, миллатчигӣ, шовинизм мубориза мебурд. Вай яке аз
он беҳтаринҳое буд, ки инсонро бидуни тафриқаи нажодию ирқӣ му-
каррам медонист, ашъори ба саромадони фарҳанги шӯравӣ бахшида-
аш шодоб аз муҳаббат ҳастанд. Вай бо забони назми оташбор, орзую
омолу майли иҷтимоии мардуми заҳматкашро ифода менамуд. Сат-
рҳои зерин тасдиқи ин ақидаҳоянд:

Шаҳодат медиҳам бар ин, ки ман аз миллати корам,
Нажоди саъю тухми ранҷу наели тӯдаи заҳмат.

Ба чизе нестам тобеъ ба ҷуз фармудаи заҳмат,

Ба ҷуз заҳмат наборам мазҳабе, ин аст иқрорам.

Ин ҷашни Лоҳутӣ, бори дигар исбот намуд, ки ӯ дар ҳақиқат ҳам
яке аз ҳамрадифони машҳуртарин шоирони инқилобии асри бист ме-
бошад. Ҳақбар ҷониби Садриддин Айнӣ, ки гуфтааст: “Ба замми шо-
ири муқтадир будан, рафиқЛоҳутӣ дар роҳи инқилоб ва муборизаи
синфи чи қадарҳо самимият доштанашро аз ашъораш метавон ёфт".

Бо шаҳодати бисёре аз ходимони давлатӣ, ҷамъиятй, эҷодкорони
забардаст метавон гуфт, ки каломи бадеъи Лоҳутй солҳои сол ҳам
дар бедории шуур, бунёди ахлоқу фазилати баланди гражданӣ, ҳам
дар майдони меҳнат, ҳам дар размгох,и ҳизбу ватан таъсири амиқ
гузоштааст.

Яке аз устодони забардасти адабиёти тоҷик Сотим Улуғзода, шах-
се, ки ба Лоҳути садоқати бепоён дораду бо ӯ солҳои зиёд ҳамкорӣ
кардааст, ба наздики бо шавқ чунин накд кард: ягон ҷабҳаи зиндагӣ
нест, ки Лоҳути бо чашмони зираку дурбинаш ба он нигоҳ накарда
бошад ва бо қалами сеҳрнокаш нақшае аз онҳо наоварда бошад.

32
- Гуфтам, ки устод метавонем дар ин бобат чанд намунаҳоро аз
забони шумо шунавем?

Улуғзода чои дар дасташ бударо як ошомиду бо тарзи ифодаҳои
ба худаш хос гуфт: "Шояд тавонем” ва сатрҳои зеринро қироат на-
муд:

Як умр рай яте ба шайхе нон дод,

У ваъдаи сад ҳурию гилмон дод.

Як рӯз набуд нон, ба фардо андохт,

Охунд ба ӯ нисбати беимон дод.

Ин порчаро хонду илова кард, ки чунин одамҳои барои нафсони-
яти худ шуда ақидаашонро зуд дигар мекардагй кам нестанд. Аз ин
ҷиҳат ҳар сатри ашъори Лоҳутӣ моҳияти тарбиявӣ доранду инсонро
ба пояҳои баланди фазилат, ахлоқ ва далерӣ ҳидоят менамоянд.

Ман маънидор ба рӯи устод Улуғзода нигоҳ мекардам, ки у нис-
бати Лоҳутӣ боз чиҳо мегӯяд?

- Медонед, - гуфт Сотим Улуғзода, - шеърҳои дар солҳои Ҷанги
Бузурги Ватанӣ навиштаи Лоҳутӣ ба ман хеле писанданд. Онҳо чу-
нон бурро, чунон нишонрас, чунон бамаврид буданд, ки ягон сатре ба
ҳадар намерафт. Ёд дорам, - давом дод суханашро ӯ, - солҳои ҷанг
дар фронт ман рӯзномабарор будам. Он вақт барои руҳбаландии сар-
бозон дар чопи номераҳои рӯзномаамон мо як манзумаи Лоҳутиро бо
номи “Мардистон” чоп кардем, аммо хато накардем, зеро аз ҷангова-
рон нисбати ашъори Лоҳутӣ хатҳои миннатдорӣ мегирифтем.

Дар ҳақиқат сатрҳои сеҳрноки Лоҳутӣ инсонро ба ваҷд меовар-
данд:

Ҷангҳои болшевики мо дар ин майдон кунем,

Даст агар аз тан биафтад, ҷанг бо дандон кунем!

Бо ин иловаи худ фикрҳои устод Улуғзодаро дойр ба эҷодиёти
солҳои ҷангии Лоҳутӣ қувват додам, ки касе “ассалому алайкум” -
гуфта наздамон омаду сӯҳбати мо мутаассифона дар ин мавзуъ қатъ
гардид. Он дам устод бо меҳмон пурсу пос мекарданд ва дар чи
хусусе муҳокима доштанд, аммо риштаи хаёлоти ман ҳануз аз Ло-
х,утй канда нашуда буд, зеро он дам барои тасдиқи фикрҳои болои
чанд мисраъ шеърҳои аълову ватапарвари ӯ вирди забои буданд:
Ман дасти туро ба дасти душман надиҳам,

Ҳаргиз ба чунин бешарафй тан надиҳам.

Аз турраи ҷонона ба бегонаи ӯ,

Гар cap биравад, як сари мӯ ман надиҳам.

Ин шеърро Лоҳутӣ соыли 1943, дар айни алангазаниҳои ҷанги хо-
нумонсӯз навишта буд, ки онро ҳамчун савганд, ҳамчун суруди ша-
раф ва диловарӣ ҳам дар фронт ва ҳам дар ҳар як хонадони ақибгоҳ,
мардуми мо месуруданд. Он фикру омоли халқ буд.

Аҷоиботи дунёро бинед, ки мардаки нав ба хона даромада суҳба-
ти моро нисбати Лоҳутӣ вайрон кардагй хеле ба дӯсти булғориам
Чавдар монанд буд. Шояд аз ҳамин ҷиҳат бошад, ки ба у нигоҳ ме-

33
кардаму ҳамон сӯҳбати дар роҳи Москва - Ленинград бо бону Ҳакима
Булурй доштаи мо ёдрасам шуд. Он гаҳ Чавдар ҳардам дар авҷи
суҳбат бо'шоира Булӯрӣ ногаҳон саволҳои “Радищев бо ҳамин роҳ
мусофират дошт?”, "Ин дарёи Нева аст?", “Кай ба Ленинград мера-
сем?” ва ғайраро ғурронда мемонд... Охирин саволе, ки он гаҳ Чав-
дар ба мо дод ин буд: “Шумо ҳанӯз ҳам аз Лоҳутӣ гуфтор доред?”.
Гуфтам: “Бале, аз Лоҳути”, “Пас ин мавзӯъ чунин ширин будааст, ки
ба он шумо ин қадар часпидед”, - гуфт Чавдар ҳазломезу илова на-
муд, - мо ҳам, агар бемалол бошад, донем ки Лоҳутӣ кист?

- Гуфтам, Чавдари азиз, мову ту дар Маскав ҳамхона ҳастем,
ваъда медиҳам, ки дар ин бора ба тарзи муфассал ҳамсӯҳбат хоҳем
шуд. Ҳозир фақат ба ту гуфта метавонам, ки Лоҳутӣ - агар халқӣ
карда гуем - ҷони одам буд, намунаи беҳтарини инсонпарварҳо, ин-
тернасионалисти матин буд, ки бо тоҷик - тоҷик, бо ӯзбек - узбек, бо
рус - рус, бо булғор - булғор... буд.

Аз ҳама муҳимаш ӯ устоди каломи бадеъ буд. Офаридаҳои вай
мағз андар мағзи ҳаёти маънавии халқҳо маскан ёфтаанд. Барои мо,
тоҷикон, рамзи инқилоб, накӯкорй, навоварӣ, намунаи илҳому фази-
лати баланд аст.

Корвон хобиду шаб нима шуду мах,тоб рафт,
Хостам ман х,ам бихобам, ёдат омад, хоб рафт.

МУНОДИИ СУЛҲИ ҶАҲОН

Фасли тобистон буд. Аз маҷлиси Комитети Советии якдилии ха-
лқх,ои Осиё ва Африқо бармегаштам, ки дар аэродроми Домодедо-
вои шаҳри Москва бо нависандаи маъруфи Озарбойҷон, ходими на-
моёни ҷамъиятию давлатӣ Мирзо Аждарович Иброҳимов рӯ ба рӯ
шудам.

-_Э, чӣ хӯше шуморо дидам, - гуфт ӯ. Салому алейк кардем. Даво-
ми суҳбати мо ин тавр сурат гирифт: - Ҳолу аҳволи зану фарзандони
Мирзо Турсунзода чӣ тавр, - самимона пурсид Мирзо Аждарович ва
маро ба қаҳванӯшӣ даъват намуд, ки сӯҳбатамонро дар сари миз
давом диҳем. У яке аз дӯстони деринаву ҳамқалами Мирзо Турсунзо-
да буд, асосан гапро дар атрофи хотираи вай гирд мегардонд ва ҳан-
гоми видоъ хабар дод: "Мо соли оянда ҷашни 70-солагии МирзоТур-
сунзодаро дар Озарбойҷон қайд мекунем. Комитети Советии якдилии
халқҳои Осиёву Африқо низ дар бораи васеъ ҷашн гирифтани соло-
наи у қарори хубе қабул кард. Мирзо сазовори он аст, ки аз хизма-
тҳои у дар роҳи муборизаи сулҳу амонй, якдилии мардумони ҷаҳон,
озодию истиқлолияти миллии халкҳои мазлум ва прогресси ҷамъи-
ятй бо овози баланд сухан ронем”.

Мирзо Иброҳимов барои изҳори чунин ақидаҳо асосу ҳуқуқи ко-
мил дорад. Зеро вай ҳамчун шахеи ҳаммаслаку ҳамкори сазовор бо
Мирзо Турсунзода дар ҳаракати ҷамъиятии якдилии халқҳои Осиёву

34
Африқо солҳои зиёде заҳмат кашида, баъди вафоти Мирзо Турсун-
зода дар вазифаи Раиси Комитети Советии якдилии халкҳои Осиёву
Африқо ӯро иваз кардааст. Ёд дорам, рӯзи ба раисии ҳамин комитет
интихоб шуданаш Мирзо Иброҳимов бо як эҳтироми том аз хизматҳои
шоёнитаҳсини Мирзо Турсунзода сухан меронд. А. С. Дзасохов ҳам,
ки солҳои дароз ҷонишини якуми Раиси Комитети Советии якдилист
ва ҳоло ӯ низ ҳамсӯҳбати мо буд, илова намуд: “Бесабаб нест, ки
конференсияи якуми якдилии халқҳои Осиёву Африқо моҳи октябри
соли 1960 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе гузаронида шуда,
ҳуҷҷатҳои муҳими программавӣ қабул карда буд ва Мирзо Турсунзо-
да сарвари сазовори ин Комитети бонуфуз интихоб гардид. Саҳми ӯ
дар ривоҷи кори наҷибонаи ҳаракати байналхалқии мубориза барои
озодӣ, сулҳу амонӣ ва таназзулёбии мустамликадорӣ бебаҳост”.

Ман бо Мирзо Иброҳимов хайрухуш кардаму пас аз чанд дақиқа
вориди самолёт гардидам. Ҳамин, ки курсии худамро ёфта нишас-
там, беихтиёр хаёлам ба ёди он марди бузург, шоири ширинкалому
оташинсухан - Мирзо Турсунзода банд шуд... Суханҳои “мо ҷашни
Мирзо Турсунзодаро дар Озарбойҷон қайд мекунем" гуфтани Мирзо
Иброҳимов ҳисси эҳтиромамро нисбат ба Мирзо Турсунзода дучанд
афзунтар намуд ва ман дар ҳолати сукут ва ғарқи хаёлот дурудароз
варақҳои хотираро “рӯйгардон" мекардам. Шояд ин боз аз он ҷиҳат
бошад, ки ман Мирзо Турсунзодаро солҳои зиёд хеле аз наздик ме-
донистам, х,амроҳаш сафарҳои зиёд кардам, бо ҳам чандин сол-дар
мавзӯъҳои адабиёту санъат мубодилаи афкор доштем, дӯстони қарин
будем. Қарзи дӯстй маро водор мекард, ки дар бораи ӯ чизе нависам.
Ammo бароям дар ҳаққи Мирзо Турсунзода навиштан х,ам осон буду
ҳам душвор. Осон барои он буд, ки бо он дӯсти азизу бузургвор со-
лҳои сол ҳаммаслаку ҳамдаму ҳамтабақ будем, ки ин худ бароям
мояи саодатмандӣ ва боиси хушбахтӣ буд. Аз ин ҷиҳат нақши рахшо-
ни симои ӯ, лафзи шакарбору қалби фидокор ва тинати накӯкори ӯро
фаромӯш кардан барои ман имконнопазир аст.

Душвории кор дар он буд, ки кас ба унвони вай сухан ронданӣ
шуда, бидуни ихтиёр ба андеша меафтод: “Он чизе, ки ту мегӯӣ, оё
сазовори ӯст? Боз он тавр нашавад, ки нақли ту образи он марди
мутафаккир, сухансарои беҳамто, фарзанди содиқи Ватанро хира
таҷассум намояд. "Душвор бароям боз барои он буд, ки мебоист ба
унвони вай - ба унвони он дӯсти ҷонӣ ҳамчун шахеи марҳум муроҷиат
намоям. Чунин душвориҳои ногувор чанде маҷол намедоданд, ки
эҳсоси хешро рӯи қогаз орам. Вале гунох,и азим мебуд, агар хоҳиши
дилро ба эътино нагирифта, дар ҳаққи вай ба каломи дӯстон каломе
зам нанамоям... Ақаллан аз таассуроти ҳамсафариамон як шингил
партофтан каме сӯзи дилро таскин медиҳад. Охир борҳо ҳамроҳи
меҳмонон Юсуф-ас-Сабоӣ, Олес Гончар, Максим Танк, Чингиз Айт-
матов, Бердӣ Карбобоев, Қайсин Кулиев. Мустай Карим ба Норак,
хдмроҳи адибону санъаткорони тоҷик ба Узбекистон, Қирғизистон са-

35
фар кардаем. Сайри Қӯрғонтеппаю Ҳисор ва Кофарниҳон, сӯҳбатҳои
тӯлонӣ дар соҳилҳои Варзобу Искандаркӯл чун хотираҳои нек лавҳи
хотирро пурҷило кардаанд. Сафарҳои бисёркарата ба Москва, хусу-
сан иштироки якҷоя дар анҷумани VI нависандагони СССР х,ар дафъа
ҷиҳатҳои ноаёни наҷобати Мирзо Турсунзодаро аз нав ошкор месох-
танд. Андешаи “нависам ё нанависам” муддатҳо аз хотирам дур на-
мешуд.

Ниҳоят рӯзе аз редаксияи "Тоҷикистони Советӣ” ба ман супур-
данд, ки дар бораи Мирзо Турсунзода ва мулоқотҳоям бо ӯ низе би-
нависам. Ҳарчанд иҷрои хоҳиши редаксия, ки бо хости дил ҳамсадо
буд, ба сабаби тангии фурсате, ки редаксия муайян карда буд, имко-
не надоштам, ки ҳама мегуфтагии худро бигӯям. Ноилоҷ фақат баъзе
хотираҳои ҳамсафариҳоямро бо Мирзо Турсунзода мухтасар ба қалам
овардам. Зеро инсон дар сафарҳои якҷоя беҳтар шинохта мешавад.

Бори аввал сафари мо бо Мирзо Турсунзода ба Панҷрӯд соли
1958-ум баргузор шуда буд. Он сол ах,ли дунёи тараққипарвар 1100-
умии солгарди мавлуди қофиласолори адабиёти форсу тоҷик Абӯаб-
дулло Рӯдакиро ботантана ҷашн мегирифт. Дар яке аз рӯзҳои танта-
на Мирзо Турсунзода ҳамроҳи раиси Комитети республикавии ҷашни
Рӯдакӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров, ходимони барҷастаи адабиёти советӣ
ва хориҷӣ, аз ҷумла Николай Тихонов, Расул Гамзатов, Гурбахш Синх
(Ҳиндустон), Саид Нафисй (Эрон) ва дигар соҳибқаламони маъруф
ба Панҷакент омаданд. Мирзо Турсунзода меҳмононро роҳбаладӣ
мекард. У чун соҳибхона бо як меҳрубонию дилсӯзии фавқулодда
онҳоро пазироӣ менамуд. Николай Тихонов ҷахди беҳаддии ӯро пай
бурда, хост ки ӯро аз он саъйи зиёд боздорад. Вай ба Николай Тихо-
нов муроҷиат намуда гуфт: "Шумо меҳмони мо не, меҳмони одамуш-
шуарои адабиёти форсу тоҷик Рӯдакӣ ҳастед. Ҳар микдоре, ки шумо-
ро қадр кунем, ҳамон дараҷа арвоҳи бобокалони адабиётамон беш-
тар шод мешавад”. Мирзо Турсунзода ҳар замон 66 ифтихор бо меҳ-
монҳо ва мизбонҳои панҷакентӣ ширингӯиҳо мекард. Ман он вак^ дар
аппарати Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон кор
мекардам. Маро барои кӯмак расондан дар гузаронидани ҷашни ус-
тод Рӯдакӣ ба он ҷо фиристода буданд. Кӯшиш мекардам, ки нақшаҳои
меҳмонпазироии Мирзо Турсунзода бечунучаро амалӣ гарданд. Ёд
дорам. Меҳмонҳо дар ҳаққи Мирзо Турсунзода чӣ суханҳои нек ме-
гуфтанд. Аксари онҳо аз бузургии адабиёти кӯҳани тоҷику форс, ар-
зиши ҷаҳонии он, адабпарвар будани сарзамини тоҷикон, табиати
шоиронаи диёри Рӯдакӣ сухан ронда, ҳатман таъкид мекарданд, ки
адабиёти советии тоҷик, ки сарвараш он солҳо Мирзо Турсунзода
буд, вориси арзандаи адабиёти классикии тоҷик буда, дар даврони
советм ба қуллаҳои баландтарин баромадааст. Расул Гамзатов бо
услуби кавказии худ сухани хубе гуфта буд: “Ман барои зеботарин
шоири советӣ Мирзо қадаҳ мебардорам, зеро худаш аз шеърашу шеъ-
раш аз худаш зеботар аст”. Баъди ҷашн низ мо бо Мирзо Турсунзода-

36
ву Мирсаид Миршакар ба зиёрати мақбараи устод Рӯдаки борҳо са-
фар кардаем. Як бор, дар хотир дорам, соли 1959-ум буд, ки Турсун-
зодаву Миршакар ва ман ба Панҷруд мерафтем. Мошинамон дар роҳ
вайрон шуд. То иллати мошинро ёфтани ронанда вак^ги бисёре гу-
зашт. Мирзо Турсунзода нимҷиддиву нимшухи гуфт: “Биёед, пиёда
меравем мисли ҳоҷиёни пиёдагард, ман қурби мақбараи устодро аз
Маккаву Мадина кам намедонам”. Чунин буд ихлосу қадршиносии у
нисбат ба саромадони маданияти халкдмон.

Сафари дигари мо бо ин марди шариф соли 1967-ум ба қитъаи
Америка ба Канада, ба намоишгоҳи умумиҷаҳонии “ЭКСПО-67” баргу-
зор гардида буд. Он ҷо мо кам якҷоя гаштем. зеро нзқшаҳои сафара-
мон гуногун буданд. Аммо дар он ҷо низ чанд сӯҳбату мулоқотҳо
доштем. Якеи онҳо дар мавзӯи тарзи зиндагии мардуми он кишвар
буд. Дар сӯҳбат шодравон Маҳмудҷон Воҳидов, Ҷурабек Муродов
ҳам ҳузур доштанд. Мирзо Турсунзода Шох,бозҳо, таззодҳои зинда-
гии инҷоро бодиққат аз назар гузаронед, фирефтаи ҷилои беруна
шуданатон мумкин, капитал хеле маккор аст - гуфт. Ҳақба ҷониби
Турсунзода буд. Вақте ки мо ба чанд шах,ри он кишвар, аз ҷумла ба
Монреал ва Торонто, ки бо штати Нию-Ерки ШМА ҳамсарҳад аст,
мусофират кардем, бисёр “асрор’’-и зиндагии ҷамъияти капиталисти
ва таззодҳои онро дарк намудем. Дидем, ки аз яктараф дар ибодат-
хонаю калисохр садҳо занони роҳгум дар_кунҷи узлат нишастаанд.
Онҳо дар ҷаҳолат ва нодонии асримиёнаги монда, тарки дунё карда-
анд. Аз тарафи дигар қисми занҳо бо пойҷомаҳои кӯтоҳи аз линг боло
дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар кӯчаҳову боғҳо нимбараҳна мегаштанд.
Диққати моро Мирзо Турсунзода боз ба як чиз ҷалб намуд: “Агар мо
қадри занро ба осмони ҳафтум барорему манбаи илҳом шуморем,
дар шароити ин ҷзмъият, яъне ҷамъияти капиталисти зан шарафи
модарию рафиқаи ҳаёти мард будани худро гум карда, ба чизу моли
шахсии сармоядор мубаддал гаштааст”. Дар ҳамаи ҷойҳои серодам,
дар кӯчаҳо, метроҳо, дар магазину ресторанҳо расмҳои бешумори
занони бараҳнаро часпонда буданд, ки он як воситаи тафсонидани
бозори моли капиталистон аст. Ҳатто дар тасмаи гардани сагҳо, чар-
хҳои мошин сурати занҳои урёнро медидем. Дар он ҷамъият, ки дол-
лар ҳукмрон аст, дин ҳам манфиати сармоядоронро ҳимоя мекунад
ва аз ин сабаб дар он ҷо бозори бешармию фаҳш тасфон мебошад.
Ҳамин низ барои мо аён шуд, ки он вақт дар Монреал 1100 ибодатхо-
наю калисоҳои мазҳабҳои гуногун ва 4100 банки махсуси капиталис-
тони молиявй мавҷуд буд, аммо театри касбии доимие, ки ба халқ
хизмат расонад, вуҷуд надошт. Хулоса, дар як кутб бенавои, нодо-
рию ночорй, дар қутби дигар пулмастиву айшу ишрати бедардимиён
ҳукмрон буда, дар онҳо ҳама чиз. Шараф ва виҷдони инсони низ ха-
ридаву фурӯхта мешавад. Мирзо Турсунзодаи тезбину дурбин ин таз-
зодҳоро низ дар назар дошт.

Боре дар ҳамон тарафи уқёнус Мирзо Турсунзода изҳор дошт, ки

37
мафкураи зарарноки буржуази, хусусан ишратпарастию молпарас-
тии он гоҳе ба шуури ҷавонони ноустувори мо ҳам таъсир мерасонад.
1арастиши латта - путтаҳои импортӣ ва овехта гаштани тамғаҳои
хориҷи нишонаи ҳамин аст. Вақте ки ҳаваскори ҷавоне дар сурату
либос ба хориҷиҳо тақлид карда, дар бораи Ватан шеър мегуяд ба
самимияти он боварии кас намеояд”.

Яке аз шеърҳои баландғояи ватандӯстонаи Мирзо Турсунзода
Ватан дар ҳамон сафар эҷод туда буд ва аз ҳамон вақт боз дар
иҷрои Артисти Халқии СССР Ҷурабек Муродов доимо баланд садо
медиҳад. Он шеър маромномаи эҷодии Мирзо Турсунзода буд. ки бо
амри Ватан борҳо қитъаҳои оламро паймуда буд, вале чун фарзанди
дилбанди Ватан аз он ҷудоӣ надошт...

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндаги оҳиста аз пеши назар бигзашт.

Ба мисли гушту нохун ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.

Он гаҳ ман як ҷиҳати эҷодиёти Мирзо Турсунзодаро дарк наму-
дам, ки илҳоми у худ аз худ эҷод намекунад ва чакидаҳои қаламаш
маҳсули мушоҳидаҳои зиндаи вай буда, диди иҷтимоии ӯро аён инъ-
икос менамояд.

Ҳатто дарҳамон сафари дур пай бурда мешуд, ки Мирзо Турсун-
зода нисбат ба ҷавонони эҷодкор ниҳоят ғамхор, серталаб буд. Агар
ба ибораи халқӣ гуем, у асло намехост, ки “ба пояшон хоре халад”.
Аммо дар баҳо додан ба маҳсули эҷодӣ, мазмуни асарҳо ва рафтору
гуфтори онҳо мисли падар қатъи, ҷиддӣ ва сахтгир буд. Баъзан коҳи-
шҳои пандомез ҳам мекард. Ба хотирам меояд, ки боре ӯ як адиби
ҷавонро сарзаниш карду чунин гуфт: “Дар вақташ мо ҳам ҷавон бу-
дем, ғурури ҷавони доштем, агар ба гирди миз ё дастархон ҷамъ ме-
шудем, фикру зикрамон ва мавзуи суҳбатхрямон чй тавр хизмати
Ватану адабиетро ба ҷо овардан буд, аз даҳонамон калимаю ибраҳои
ватан, қарзи фарзанди, ҷои шеъру достой дар зиндагй, санъат, театр
канда намешуд. Акнун, ки баъзе ҷавонони мо мошинсавор шудаанд
ҳамин ки бо ҳам вохӯрданд, аксар аз даҳонашон ба гайр аз кали-
маҳои карбюратор, регулятор, вентилятор, стеклоочиститель ва гай-
ра дигар чизе намебарояд . Ҳамин тавр ӯ ба ҳамаи ҷиҳатҳои фаъоли-
яти ҷавонон аҳамият медод ва мегуфт, ки дар кори мураккаби тар-
бияи наслҳои оянда масъалаҳои майда-чуйда нест, дар ин кор хама
чиз аҳамият дорад. л

Дар бораи боз як сафари якҷояамон бо Мирзо Турсунзода, ки моҳи
май соли 1977-ум сурат гирифт, мухтасар ҳикоят карданро воҷиб
мешуморам... Дар Ленинободботашаббуси Иттифоқи нависандагони
Тоҷикисгон курс-конференсияи адибони ҷавон гузарониданй буданд...
Мирзо Турсунзода, ки ба проблемаҳои тарбияи ҷавонони эҷодкор
аҳамияти махсус медод, маро ҳам даъват намуд, ки дар ин чорабинй
ширкат намоям ва ба ҳалли баъзе масъалаҳо кӯмак расонам. Мо се

38
кас - Мирзо Турсунзода, Боқи Раҳимзода ва камина ба Ленинобод
равон шудем. Ҳамин, ки ба шаҳр расидем, Мирзо Турсунзода аввал
бо тартиби гузаронидани курс-конференсияи адибони ҷавон шинос
шуд ва ба он тағйироти муҳим дохил намуд: зиёрат ва гулчамбар
гузоштан ба ёдгориҳои таърихи, гузаронидани мулоқотҳо дар коллек-
тивҳои коргарӣ, вохӯриҳо бо деҳқонон ва ғайраро ба он ҳамроҳ кард,
ӯ махсус таъкид мекард, ки адиби ҳақиқи бояд пеш аз ҳама аз ҳаети
бузургони гузашта ва халқаш сабақ гирад ва барои ба амал татбиқ
намудани нақшаҳои партияи ленини ҷонбозиҳо кунад. Дар ин бобат
эҷодиёти худи ӯ, тарзи зиндагиву меҳнати фидокоронааш дар роҳи
бунёд намудани маданияти нави сотсиалисти ва устувор гардонида-
ни сулҳу амонй барои наслҳои имрузаву оянда намунаи ибрат буд.

Вақте сухан дар бораи ҷавонон мерафт, Мирзо Турсунзода одат
дошт, ки суханҳои ҳикматомези бузургонро хотирнишон кунад. Бай-
тҳои зеринро аз забони ӯ шунида будам:

Гофил манишин, на вақти бозист,

Вақти х,унар асту сарфарозист.

Дониш талабу бузурги омуз,

То беҳ нигаранд рӯзат аз руз.

(Низомй)
ё ки:

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам боши,

Ҳар ҷо ки равй, азизу махрам боши.

Покиза шаву рост бизй, илм омуз,

То тоҷи наберагони Одам боши.

(Ҷалолиддини Румй)

Воқеан, Мирзо Турсунзода шеърҳои худро то ҳозирон илтимос
намекарданд, намехонд. Дар сӯҳбатҳо бисёр бомавриду табии аз хо-
тираи ғаниаш, ки ганҷинаи ашъору ҳикматҳои олии суханварони пе-
шин буд, дурдонах,ои тобнокеро нисор менамуд.

...Дар вилояти Ленинобод мо бо коркунони саноат, деҳқонон, му-
аллимон, донишҷӯён ва талабаҳои мактабҳо мулоқотҳои зиёде дош-
тем. Бояд гуфт, ки дар куҷое, ки Мирзо Турсунзода пайдо мешуд,
уро фавран одамон гирд мегирифтанд ва хайра макдам мегуфтан-
даш. Мушоҳида мекардем, ки шеърҳои у ва достонҳову асарҳои дра-
матургии вай мағз андар мағзи қалби мардум ҷойгир шудаанд ва номи
у барои хурду калон азизу мӯътабар гардидааст. Чанд лаҳзаро ба хо-
тир оварданиам: аз Хуҷанд ба сӯи Конибодом равон шудем. Дар қари-
биҳои бозори Хӯҷанд дӯкони пойафзолтозакуние намудор шуд. Мирзо
Турсунзода хост, ки каме истем, ӯ пойафзолашро оро диҳад... Ману
Боқӣ Раҳимзода ӯро назди усто гузошта, ба тамошои бозор дарома-
дем. Баъди 5 -10 дақиқа мо баргаштем ва дидем, ки на дукон менамо-
яду на Мирзо Турсунзода. Атрофи ӯро дар як он издиҳоме иҳота кар-
дааст. Маълум шуд, ки ӯро рох,гузарҳо фавран шинохтаанд ва ҳама
барои хушбошй гуфтан омода шудаанд. Дидем, ки у ба чандин дониш-

39
ҷую талабаҳо дар муқоваҳои китобҳои дарсӣ, дафтарҳои талабагӣ,
паспортҳо соядаст медоду бо мардум хушгӯиҳо мекард. Чунин буд
хислатҳои ин шоири халқии мо... Яке аз донишҷӯёни донишкадаи омӯ-
згори хоҳиш кард, ки шоир дар дафтари вай хотирае бинависад. Мирзо
Турсунзода бо табассуми ба худаш хос розӣ шуд ва бинавишт:
Гуфтам: Санамо зи ту дил канда кунам,

Гуфто, ки ба як ханда туро банда кунам.

Гуфтам: ки ба як ханда бимирам, чй кунй?

Гуфто, ки ба як бӯса туро зинда кунам.

Мо ҳама бозавқхандидем. “Офарин, Мирзо", - гуфт Боқӣ Раҳим-
зода ва рохдмонро давом додем. Баъди як соат ба Конибодом раси-
дем. Мо х,ар ду аз шаҳри Конибодом депутат будем - Мирзо Турсун-
зода депутати Совети Олии СССР, ман бошам, депутати Совети Олии
РСС Тоҷикистон. Роҳбарони шаҳр ҳисоботи якҷояи моро дар назди
интихобкунандагон шуниданд. Афсӯс, наметавонам он самимият, он
тасфу ҳароратеро, ки дар он мулоқот нисбат ба Мирзо Турсунзодаву
Боқи Раҳимзода иброз шуда буд, тасвир намоям. Коргарони оддӣ,
бофандаҳо, бинокорон, духтурҳо, муаллимон, талабаҳо ҳама бо як
ихлоси хос паи ҳам шеърҳои он шоирони дӯстдоштаашонро мехон-
данду ба онҳо барои назми дилошӯбашон миннатдорӣ мёкарданд.

Баъд худи Турсунзодаву Раҳимзода шеър хонданд. Мулоқот хеле
тул кашид. Ҳаво гарм буд, аммо тасфи мулоқот аз он ҳам гармтар
Аз Ҳар тори муи Мирзо Турсунзода донаҳои арақ марворидвор меча-
киданд. У дар хотима ба хаёли маънидоре рафту шеъри “Шоиро”-ро
канда-канда хонд:

Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар,

Пас макун аз оташи сӯзон хазар.

Сухтан пӯлоду оҳан офарад,

Аз шароре тоза гулхан офарад...

Шеър ҳам бояд занад фавворае
Аз танӯри дил чу оташпорае...

Ҳангоми хондани шеър шоир гулхани оташеро монанд буд, ки ба
руҳу қалби ҳозирон ҳарорат мебахшид, нуру сафо ато мекард ва он-
ҳоро ба некукори, фидокорй ҳидоят менамуд.

Чунин мулоқотҳои файзбахшу фаромӯшнашаванда дар коллек-
тивҳои фабрикаи либосдӯзии Конибодом ва омӯзишгоҳи педагогии он
ҷо, ки акнун номи Мирзо Турсунзодаро дорад, низ барпо гардиданд.

Саҳарии рузи дигар тараддуди сафари аз Конибодом ба Исфара
рафтан доштем. Аз моён хоҳиш карданд каме сабр кунем, ки баъд аз
5-10 дақиқа рафиқон Ҷ. Р. Расулов ва Р. Ҳ. Ҳоҷиев меоянд. Хуб
мешуд, ки онҳоро ҳамроҳ пешвоз гирем. Мо ин таклифро бо камоли
маил пазируфтем. Фурсате нагузашта онҳо омаданд. Сӯҳбати рафи-
қонаи самими, ки ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш нахоҳад шуд, барпо гар-
дид. Мирзо Турсунзода ба Ҷ. Расулов аз мақсади сафарамон, муло-
қотҳо бо коллективҳои меҳнатӣ хабар дод. Ҷ. Р. Расулов бо гамхо-

40
рии ба ӯ хос аз корубор ва аҳволи саломатии ҳар ду шоир пурсуҷу
кард. Баъд зарофатгӯиҳову ҳазлҳои Боқӣ Раҳимзода cap шуд. У чанд
шеърҳои шӯхиомезу х,аҷвӣ хонда, аз ҳаёти мардумони куҳистони
Қаротегину Масчоҳ нақлҳои шавқовар кард. Рафиқ Расулов дар охир
маслиҳат дод, ки чунин мулоқотҳои эҷоди дар Исфара низ гузарони-
да шаванд.

Баъди хушбоши бо мизбонон мо ба Исфара рафтем. Дар он ҷо
ҳам чандин сӯҳбатҳову вохӯрих,ои эҷодии Мирзо Турсунзода ва Боқи
Раҳимзода бо хонандагон барпо гардиданд. Калонтарин маъракаи
вохӯрии онҳо бо меҳнаткашони район дар маркази шаҳри Исфара гу-
заронида шуд. Дар клуби шаҳрӣ хурду калон, коргару колхозчи, зиё-
иёну фаъолони партиявию давлатӣ ба истиқболи^шоирони дустдош-
таашон омада буданд. Мирзо Турсунзода ва Боқи Раҳимзода аз ин-
кишофи адабиёту санъати советӣ, аз комёбиҳои адабиёти тоҷик, аз
тараддудҳои гузаронидани 100-солагии зодрӯзи асосгузори адабиё-
ти советии тоҷик, Президенти якуми Академияи фанҳои РСС Томики-
стон Садриддин Айнӣ нақлҳои ҳаяҷоноварнамуданд, шеърҳо хон-
данд, ба саволҳои дӯстдорони каломи бадей ҷавобҳои саҳех, доданд.
Пионерон ва зеботарин духтарони Исфара ба шоирони номи гулу гул-
дастаҳо такдим намуданд. Мирзо Турсунзода дар хотима ^заъда дод,
ки адибони тоҷик дар бораи корнамоиҳои ангиштканони Шуроб, пешк,-
адамони хоҷагии қишлоқи район, хусусан Суфро Боқиеваи номдор,
зардолуву олуҳои асалвори Исфара, мардуми дорои маданияти ба-
ланди он ҷо боз асарҳои сазовор меофаранд, чи тавре, ки ин корро
Раҳим Ҷалилу Абдусалом Деҳотӣ кардаанд.

Баъд дар боги колхози ба номи В. И. Ленин, ки аз канори он дареи
шаффофу шӯхоби Исфара ҷорӣ буд, мулоқоте байни шоирон ва фаъ-
олони району колхоз барпо гардид. Котиби якуми OHBaxjan комитети
партиявии шаҳр Умаралӣ Қурбонов ва раиси колхоз Шаҳобиддин Ну-
риддинов меҳмононро бо корубор ва зиндагии мардуми он ҷо шинос
карданд ва таъкид намуданд, ки каломи бадей, суруду мусиқии дил-
нишин, спектаклу кинофилмҳои шавқовари ҳозиразамон барои пеш-
рафти кори мардум омили муҳим буда, меҳнаткашонро барои корна-
моиҳо рӯҳбаланд менамоянд.

Дар айни сӯҳбат касе хабар дод, ки Артисткаи Халқии СССР Туҳфа
Фозилова дар истироҳатхонаи “Зумрад” аст, чи мешавад, ки он касро
ҳам даъват кунем. Боқӣ Раҳимзода баробари номи Туҳфахонумро
шунидан, бо усули ба худаш хос гуфт: 'Каромат кардед, тақсир, крма-
ташон занад, тез Тӯҳфахонумро ҷеғзанед, ба дидори он бонуи суҳба-
торо расидан худаш як неъмати камёб аст . Туҳфахонум^ҳам ома-
данд. Байни Тӯҳфахонуму Боқӣ Раҳимзода аскияву хушгуиҳо шуд.
Дастаи ҳунармандони он ҷо низ бо сардории Мирзо Қурбон Солиев
ҳозир буданд. Он шаб, ботаъбири Боқи Раҳимзода, “Нишасти ҷамше-
дии осмонкаф” барпо шуда буд. Аввал накдҳои ҳикматангези Мирзо
Турсунзода, баъд латифагӯиҳои Боқӣ Раҳимзода, сипас сурудҳою

41
хурушҳои мусиқии “Шашмақом” дар иҷрои навозандагони моҳири Ис-
фара қалбу руҳи ҳозиронро бо нишоту сурур пур кард. Инҳо дам ба
дам иваз шуда меистод. Ҳар боре, ки Мирзо Турсунзода ё Боқӣ Ра-
ҳимзода сухан меронданд, ҳама фаврӣ хомӯш шуда, гӯшу хуш ме-
гаштанд. Азбаски сафари мо баъди заминҷунбии Исфара ба вуқӯъ
пайваста буд, Мирзо Турсунзода гаштаю баргашта аз аҳволи оилаҳои
аз зилзила зарардида пурсупос мекард, микдори зарари расондаи
фалокатро фаҳмида маъюс мегардид. Аммо натиҷаи ёрии халқу парти-
яро дида ба марҳамати онҳо ташаккур мегуфт. Ҳамчунин, ӯ нақл кард,
ки дар заминҷунбии Қаротоғ (1907) падари ӯ оилаи аввал ва фарзан-
донашонро аз даст дода будааст. Заминҷунбӣ он вақт беш аз 70 деҳаи
водии Ҳисорро аз байн бурда аст. Ҳокиму рӯҳониёни Ҳисор бошанд,
гуноҳ -и он офати табииро ба гардани халқ бор карда, бозори зулму
хурофотроJ503 ҳам гаронтар менамуданд. ' Акнун бошад, Партияи
Коммунисти ғамхори зоҳир намуда, зарари халқро аз ҳисоби давлат
мепардозад. Одамон ба ёрии яқцигар мешитобанд. Ин ҳам мӯъҷизаи
сохти советист”, - мегуфт у. Сӯҳбати оншаба дар колхози ба номи
Ленин дар хотири сокинони он нақшаи хубе баста буд. Акнун ҳар боре,
ки ба Исфара равам, ҳама лаззати сӯҳбатҳои гарми Турсунзодаву
Раҳимзодаро ба ёд оварда, эътироф мекунанд, ки мо “одамони хуш-
бахт будаем, ки ба мулоқоти чунин одамони наҷиб мушарраф шуда-
ем . Ҳамин тавр, Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода ба куҷое, ки
мерафтанд, дар дилу дидаи мардум ҷо гирифта, дар хотирҳо нақш
мегузоштанд. Он нақш, нақши эҳсосе буд, ки дар замири хурду калон
тухми неки мепошид, одамонро ба дустию рафоқат ва некӯкорию
меҳнатдусти ҳидоят мекард.

Ман бо Мирзо Турсунзода боз сафарҳои зиёде кардаам ва бо ӯ
мулоқот^ои бешуморе доштам. Дар бораи сафарамон бо М. Турсун-
зода ба Узбекистан дар китоби худ "Гард дар миҷгон" навиштаам. Ин
ҷо ба такрори он ҳоҷат нест. Фақат як лаҳзаро хотирнишон карданӣ
ҳэстэм.

Моҳи май соли 1968 дар Ӯзбекистони бародар Даҳаи маданияти
тоҷик мегузашт. Яке аз мулоқотҳои мо аз сафари тӯлониву вохӯриҳои
бисер дар совхози Пахтаарал”-и вилояти Сирдарё баргузор гардид.
Ҳаво хеле тафсон буд, аз гармои тоқатшикан аксари ширкаткунанда-
гони даҳа хоҳиш мекарданд, ки онҳоро аз "азоб'-и сухан гуфтан ха-
лос кунем. Мирзо Турсунзода он рӯзҳо дардманд буд, вале бар қас-
ди гарданкашиҳои ҳамсафарон ин кори масъулро ба зиммаи худ ги-
рифт: 1

- Ман сухан мегӯям, - гуфту ба минбар баромад.

Издиҳоми бисёрҳазора ӯро бо кафкӯбиҳои пурмеҳру дуру дароз
истиқбол кард. Чун ӯ ба шеърхонӣ пардохт, ҳозирон ҳушу гӯш гаш-
танд. Ҳарорати шеъри оташбори устод маҳфили адабии моро гарм-
тар кард. У бо як эҳтироси баланд шеър мехонд, чунон шеър мехонд
ки гумон мекардед чашмаи мусаффое ҷӯш мезанад ва чун фаввора

42
ба сӯи осмон боло мепарад.

Вақте ки ӯ мисраъҳои охирини шеърро хонд, сомеон аз ҷой бархо-
ста, дуру дароз кафкӯбӣ карданд, чашмони онҳо аз ҳаяҷон медурах-
шид, ки нишони сехри каломи шоир буд.

Таассуф, ки дар бораи ҳамсафариамон бо Мирзо Турсунзода ба
Москва, Норак, Қӯрғонтеппа, водии Ҳисор, Искандаркул ва ғайра му-
вофиқи табъ накд карда натавонистам. Шояд онро дар мавриди ди-
гар гӯям. Ин ҷо ҳамин кофист.

Акнун якчанд ёддоштҳо аз сафари шаҳри Норак, ки Юсуф ас-
Сабой - ходими намоёни илму маданияти араб ба мо ҳамроҳ буд.

Рӯзе бо чанд меҳмони азиз ба зиёрати шаҳри Норак рафтем. Миз-
бонҳо, сокинони таҳҷоии шаҳр, моро ба тамошои сарбанди дар олам
аз ҳама баландтарин - сарбанди истгоҳи барқӣ - обии Норак хонданд.
Ҳангоме бо кутали печ дар печ гоҳ аз дили шикофтаи куҳ ва гоҳе аз
домани сангини он тоб хӯрда, ба қуллаи сарбанд мебаромадем, чаш-
мамон ба навиштаҷоти болои тахтасанги сари рох, афтод: “Одамон
сарбандро баланд бардоштанд, сарбанд одамонро”. Ибораи одди дар
ин ҷо як ҷаҳон маънӣ дошт. Роҳбаладамон Мурод Ёрзода ба фикр
фурӯ рафтани моро пай бурда гуфт, ки ин ибора зодаи мушоҳидаи
Мирзо Турсунзода аст, ки ошиқи куллаҳои баланд буд. У фармуда-
аст: "Ошён тар мегузорй, дар баландиҳо гузор '. Ҳамон лаҳза сафари
якҷояи устод ҳамроҳи Юсуф ас-Сабой ба хотир омад. Он вақт М.
Турсунзода иншоотро бо нигоҳи ташнаи шоирона тамошо мекард ва
дар фуроварди зиёраташ ба Юсуф ас-Сабоӣ, раиси комиҷроияи Со-
вети депутатҳои халқи шаҳри Норак Боймирзо Шукуров ва дигарон
муроҷиат намуда изх,ор кард:

- Ин иншоот иншооти одди нест, чунин марраи баланди меҳнати-
ест, ки одамонро низ бо худаш баланд мебардорад. Бинед, ин ҷо
фарзандони қариб панҷоҳ миллату халқият бо як мақсаду мэром меҳ-
нат мекунанд. Ин иншоот аз ах,ромҳои Миср, шаршараи Ниагар, мано-
раи Эйфел, қасри Тоҷмаҳал, ки онх,оро мӯъҷизаҳои ҷаҳони меноманд,
волотар аст. Ин муҷассама ёдгории бузургест, ки ба бузургии хирад
ва ҳамкорию дӯстии инсонҳо гузошта шудааст.

- Ман гумон доштам, ки аз сарбанди Ассвон баландтар сарбанде
нест, - бо ҳайрат ба ran ҳамроҳ шуд Юсуф ас-Сабои._

- Норакро падари Ассвон гуфтан мумкин аст, - шухи кард Мирзо
Турсунзода ва шарҳ дод: писари муҳандиси Норак инженери рус Сви-
нард тарҳи Ассвонро кашидааст.

- Шумо, - ҳолати ҷиддӣ гирифт Мирзо Турсунзода, - бо чашми
санҷиш назар кунед, мебинед, ки инсон ин ҷо на фақат намуди зоҳи-
рии водии Норакро тагйир додааст, балки қисмати худро низ. Авва-
лан, фарзандони миллатҳои гуногун дар меҳнати якҷоя чун фарзан-
ди якхонадон тифоқгаштанд, обутоби меҳнатӣ мафкураи онҳоро чун
мафкураи интернасионалистони ҳақиқӣ ташаккул додааст. Сониян,
мардуми маҳаллӣ, деҳқонзодаҳои дирӯза, ба монанди Мухдббат

43
Шарифов, Камол Ҳамсариев ва садҳо касони монанди онҳо касбҳои
мураккаби бинокориро аз худ карданд. Шоистаи таҳсин аст, ки тоҷик-
духтар Зебо Назарова бо ҷуръати мардона кранчии дастгоҳи азим
шудааст. Ана инҳоянд Гурдофаридҳою Рустамони даврони мо.

Ед дорам, дар ҳамон сӯҳбат Мирзо Турсунзода бо мароқи кунҷко-
вонаи шоири аз ҳозирон пурсида буд: чаро кӯҳи паҳлӯи сарбанди
Норакро куҳи "Сандуқ" мегуянд?

- Ривоят мекунанд, - гуфт касе аз мизбонон, - дар давраҳои қадим
норакиён ба тахдиди ғоратгарон афтода, ҳамаи дороиашонро дар як
сандуқҷой мекунанду дар домани ҳамон кӯх, руст мекунанд, ки баъ-
ди аз байн рафтани горатгарон ва фаро расидани амонй онро беосеб
хоҳанд гирифт. Аз ҳамон вақт онро кӯҳи “Сандуқ’ мегуфтагӣ шуданд.
Бо мурури замон оби соҳил баланд шуда, боигарии дар “Сандуқ" бу-
даи норакиён зери об мемонад... Мардум орзуҳо кардаанд, ки кош
паҳлавоне пайдо шаваду оби соҳилро раҳо диҳад, ки боигарии нора-
киён аз куҳи Сандуқ” баргардад... Ана чунин баҳодури тавоно дар
шахси ҳокимияти шӯравӣ пайдо шуд ва оби кӯҳи “Сандуқ”-ро то қадре
cap дод, ки акнун аз кӯҳи “Сандуқ” маҷрои нуқравори Вахш ҳар дақиқа
на фақат ба норакиён, балки ба миллионҳо одамони советӣ мавҷи
НУР ва °би зулоли ҳаётбахш ҷорӣ гардида, мардумро зиндагию дороӣ
мебахшад.

- Ана дидед, халқ чи гуна хирадманд аст, чи гуна бо образи шои-
Р°на воқеияти бунёди ин иншооти азимро тасвир кардааст, - гуфт
Мирзо Турсунзода бо қаноатмандӣ. Дар ин ҳолат чашмони ӯ чун барқ
медурахшиданд.

Ана ҳамин қиссаи гуворо ва ҳақиқатфарҷомро мо бори дуюм моҳи
марти соли 1986 аз муҳтарам Мурод Ёрзода низ шунидем, ки ӯ кор-
манди партияви, шахси хеле фозилу қадрдон ва меҳрубон аст.

Аз хусусиятҳои нотакрори шахсияти Мирзо Турсунзода яке он буд,
ки у крбилияти фавқулоддаи ташкилотчигй дошт ва ташаббускори
эҷодии республикаамон буд. Ҳамин хислати наҷибаш дар тӯли солҳо
уро ба сарварии муносиби адибони тоҷик сазовор гардонд. Ин ҷо ман
ба ду хусусияти услуби роҳбарии ӯ дар ташкилоти бонуфузтарини
эҷодии республикаамон Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мухта-
сар дахолат карданиям: Аввалан, ин услуб дар кӯшишҳои вай барои
бо ҳаёти имрӯза пайвастани фаъолияти адибон ва аз корубори меҳ-
наткашон онҳоро огоҳ кунондан ифода мешуд. Дар ҳар ҷамъомади
эҷоди у гаштаю баргашта таъкид мекард, ки адибон бояд зиндагии
коргарон, колхозчиёнро амиқ омӯзанд, ба сафарҳои эҷодӣ бароянд,
агар лозим шавад, дар қатори онҳо истода дар коллективҳои меҳ-
нати кор кунанд. Дар ин бобат таҷрибаи нависанда Муҳиддин Хоҷаев
ва дигарон мисоли раднашавандаанд. Мирзо Турсунзода кӯшиш ме-
кард, ки муҳокимаҳои масъалаҳои рӯзафзуни эҷодӣ самаранок ва
бомақсад гузаранд. Масалан, дар яке аз пленумҳои Иттифоқи нави-
сандагон бо ташаббуси у ду Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ М.

44
Маҳмадалиев ва В. П. Красичков иштирок намуда, дар баромадҳоя-
шон аз комёбиҳои меҳнатии мардуми деҳот нақлҳо карданд. Ьо_та-
шаббуси ӯ мулоқотҳои адибон дар коллективҳои саноати, колхози ва
мактабҳои миёнаву донишкадаҳои оли низ мунтазам мегузаштанд.

Мирзо Турсунзода ба омухтани комёбиҳои эҷодии халқи рус, да-
стовардҳои халкҳои дигари Ватанамон ва таҷрибаи мардумони ҳам-
соя аҳамияти махсус медод. У яке аз ташаббускорони дарреспубли-
каамон гузаронидани даҳаҳои адабиёту санъати РСФСР, Узбекистан,
Озарбойҷон, Литва, Қирғизистон, Арманистон ва ғаира буд, ки дар
кори наҷиби баҳраманд шудани халкдмон аз сарватҳои маънавии дигар
миллатҳо ва тарбияи интернатсионалистиимеҳнаткашон арзишҳои
бебаҳо дошт. Акнун ин усули таҷрибаи омузиши эҷоди ва тарғиби
санъату адабиёти республикаҳои бародар ба ҳукми анъанави даро-

мадааст. _

Вай бе мақсад эҷод карданро бад медид. Баитсозиҳои маҳрамо-
наро намеписандид. Сатрҳои шаҳвониро маҳкум мекард. Барой он,
ки нависандагон аз корубори мамлакату республика огоҳ бошанд ва
бо маълумотҳои зарурии муборизаи идеологи мусаллаҳ шаванд, ваи
мекӯшид ки дар назди онҳо ходимони партияви, давлати, мутахас-
сисони машҳури илму маданият баромадҳо кунанд. У дар гузарони-
дани пленумҳои якҷояи иттифоқҳои нависандагон, рассомон, баста-
корон ходимони санъатҳои театру кино иштирок намуда, дар онҳо
эҷодкоронро аз нақшаҳои ҳозираву ояндаи сохтмони иктисоди-мадани

ва ғайра хабардор карда меистод._

Мирзо Турсунзода ҳамчунин кушиш мекард, ки дар баини ходи-
мони ҳизбиву давлатӣ ва нависандахр силсилаҳои суҳбатҳои махсус
барпо шаванд, дар онҳо адибон аз нақшаҳои эҷодиашон нақл кунанд,
маслиҳату фикру мулоҳизах,ои дигаронро дар бораи асарҳояшон биш-
наванд... Шоҳиди чандин сӯҳбату мулоқотҳои муфиди аъзоени бю-
рои КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон бо гурухҳои соҳибқаламон
мебошам, ки дар онҳо тарафайн маълумотҳои ҷолиби диққат дода,
аз боби дар адабиёту санъат сазовор тасвир намудани корнамоиҳои
меҳнаткашон дар ишоотҳои Норак, Ёвон, заводи алюминии тоҷик,
қаҳрамониҳои пахтакорону боғдорон ва чорводорон дар Вахшу J 1е-
нинобод, Кӯлобу Ҳисор, Қаротегину Помир ва ғайраҳо сухан мерафт.

Мирзо Турсунзода ба маслих,атҳову эродҳо ва мулоҳизаҳои Ко-
тиби якуми онвақтаи КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулович Расулов
диққати махсус медод.

Одатан мулоқотҳои Расулов ва Турсунзода хеле самимона ва
пурсамар мегузаштанд, ки ин дар кори амалии ташкилоти эҷодии
адибон нақши хуб мегузошт. Ман борҳо шоҳиди суҳбатҳои дилчаспу
кордонона ва ибратбахши онҳо будам ва имруз факдт дар хусуси яке
аз он сӯҳбатҳо мухтасар таваққуф менамоям.

Арафаи тайёри ба съезди VII нависандагони Тоҷикистон буд.
Мирзо Турсунзода бо ҳуҷҷатҳои съезд ва матни маърузааш дар съезд

45
ба шуъбаи маданияти КМ ПКТоҷикистон омад. Ҳамаи масъалаҳо дуру
дароз муҳокима шуданд. Баъд сухан дар хусуси проблемахои дар
маъруза бардошташуда рафт. Дар хотима М. Турсунзода изҳор кард-
Чи мешуд, ки баъзе масъалаҳоро бо Ҷаббор Расулович маслиҳат
мекардем, он кас доим фикрҳои олиҷаноб мегуянд”. Воқеан Расулов,
ки дар хоксорию ғамхори нисбат ба кадрҳо намунаи ибрат буд ҳаме-
ша аз вазъи адабиёту санъат огоҳ буд ва дилсӯзона онро ба роҳи
дурует рэх,намун мекард. Мо бо Турсунзода ҳардуямон он рӯз ба қабу-
ли Ҷаббор Расулов рафтем. Ҷаббор Расулов бо диққати том ба суха-
нх,ои Турсунзода гуш андохт. Дар ин мулокрт Мирзо Турсунзода се
масъалаи муҳими ҷараени адабиро бардошт - якум, дар адабиёт инъ-
икос намудани корнамоиҳои бунёдкунандагони комплекси истеҳсо-
лии ҷануби Тоҷикистон; дуюм, проблемаҳои рӯзмарраи драматургияи
тоҷик, тадбирҳои ҳарчи тезтар бартараф намудани нуқсонҳои он-
сеюм, таҳлили эҷодиёти ҷавонони соҳибқалам. Дар ҳамин сӯҳбат
I урсунзода аз зарурати давом додани анъанаҳои устодон Айнӣ ва
J Юҳути, дар эҷодиети шогирдонаш бо ифтихору сарбаландии ғайри-
одди сухан РОнда:“Ҷаббор Расулович, - гуфт ӯ, - ман асарҳои онҳоро
хонда, аз хушнуди мехоҳам, ки туппиамро ба осмон ҳаво диҳам". Ин
чунин маъни дошт, ки у аз эҷодиёти шогирдони онрӯзааш хеле қано-
атманд буд ва тайёр аст, ки эстафетаи ояндаи адабиётро ба дасти
шогирдонаш бидиҳад. к

Зимни сӯҳбат Мирзо Турсунзода аз хизматҳои шоистаи Муҳам-
мадҷон Раҳими, Муҳиддин Аминзода, Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Ик-
роми, Ғани Абдулло, Раҳим Ҷалил, Сотим Улуғзода, Мирсаид Мир-
шакар, Фотеҳ Ниези, ки дар инкишофи адабиёти советии тоҷик саҳм
гузоштанд ва ҳамчунин аз дараҷаи эҷодии наели умедбахши адибо-
ни Навон - Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ
ва дигарон бо завқ нақл мекард. и

Мирзо Турсунзода бо хислати ба худ хос, монда нашуда дар бо-
раи ояндаи адабиёту санъат гамхорй мекард. У борҳо ба хотир мео-
вард, ки устод Аини ғамхориро нисбат ба ҳамкорон қарзи гражданӣ
шумурда, ин байтро ҳамеша такрор мекардааст:

Тэрсам, ки ман бимираму гам бепадар шавад,

Ин тифли нозпарвари ман дар ба дар шавад.

Худи устод Турсунзода низ чунин буд.

Ана ҳамин хислатҳои олии Мирзо Турсунзода - садоқати бемай-
лон ба идеалҳои партияи ленини, хизмати фидокорона ба ҳалқ, ба ӯ
ҳуқуқдод, ки вай на фақат сарвари ташки лоти эҷодии адибони тоник
оошад, балки солҳои зиёд Раиси Комитети муҳофизати сулҳи Точи-
кистон, Раиси Комитети Советии якдилӣ ба мамлакатҳои Осиёву
Африқо низ бошад ва дар ин ҷабҳаҳо низ саҳми зиёде гузорад.

Моҳи май соли 1976-ум дар шаҳри Боку конференсияи IV-уми
Комитети Советии якдилӣ бо халқҳои Осиё ва Африқо баргузор шуд
ки ман ҳам дар ҳайати вакилони он будам. Дар як ҳавопаймо аз Ду-

46
шанбе Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Розия Қурбонова - Қаҳра-
мони Меҳнати Сотсиалистй, Тамара Абдушукурова, Тоҷинисо Азизо-
ва, Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев ва дигарон ба Боку раҳсипор шудем.
Мирзо Турсунзода хеле хаста буд ва таҳти назорати духтур К. И.
Иванова сафар дошт. Дар тамоми роҳ қатьи назар аз хастагиаш, ваи
бо Бобоҷон Ғафурович ва дигарон масъалаҳои инкишофи адабиёту
санъат, ҳаракати якдилии халкҳои Осиёву Африқоро муҳокима ме-
кард. Мо беосеб ба Боку расидем. Рузи дигар дар қасри ба номи
Ленин конференсияи номбурда ба кори худ оғоз кард. Дар толори
конференсия фиристодагони республикаҳои бародари, вакилони х,ара-
кати якдилии тамоми қитъаҳои олам гирд омада буданд. Маҷлисгоҳ
чунон ором буд, ки пашша пар занад, шунида мешуд. Чашми ҳама ба
минбар дӯхта шуда буд: кй ин оромиро “вайрон" мекунад?

Пас аз андак фурсате дар минбар пайкари зебои М. Турсунзода
намоён гардид. Ҳозирон ӯро гарму ҷушон ва бо кафкубиҳои дуру да-
роз пешвоз гирифтанд. Мирзо Турсунзода гарчанде, ки дардманд буд,
бо нутқи оташбор ба ҳозирон муроҷиат кард... Дэр давоми суханонаш
ӯ вакилони Комитети Советии якдилии Осиё ва Африкрро бо сардо-
рии собиқ Котиби Генералии он марҳум Юсуф ас-Сабои, Ташкилоти
Давлатҳои Муттаҳида Шӯрои Умумиҷаҳонии Сулҳ дуруд гуфта, фи-
ристодагони Ветнаму Лаос ва намояндагони халқҳои Ангола, Мозам-
бик, Гвинея-Бисау, Африқои Ҷануби, Намибия, Зимбабве ва ғайраро,
ки барои истиқлолияти худ қаҳрамонона мубориза мебаранд, табрику
таҳният гуфт... Азбаски он рӯзҳо ба фаъолияти Комитети Советии
якдилӣ бо халкҳои Осиё ва Африко бист сол пур шуда буд, нотиқон
ба унвони ин ташкилоти байналхалқии бонуфуз ва раиси муҳтараму
боистеъдоди он Мирзо Турсунзода суханҳои таърифи зиёд мегуф-
танд, хизматҳои ӯро ҳамчун яке аз асосгузорони фаъоли ин ҳаракати
обрӯманди дунё махсус қайд мекарданд, ки ин ба вакилони совети,
хусусан фиристодагони Тоҷикистон руҳбаландии нотакрор мебахшид.
Дар сӯҳбатҳои байни маҷлисҳо рафиқони осиёгиву африкои чун ме-
донистанд, ки мо аз Тоҷикистонем, самимият ва сипосгузории хешро
махсус эътироф менамуданд. ' Мирзо Турсунзода тимсоли мубори-
заи халкҳои Осиё ва Африқо барои озоди ва истикдолият аст . “На-
зми оташбори Мирзо Турсунзода чун парчами мубориза барои сулҳ
медурахшад”. "Мирзо Турсунзода ва шеъраш моро ба муборизаи беа-
мон бар зидди мустамликадорон даъват мекунанд”, мегуфтанд онҳо.

Ман дар сафарҳои худ ба мамлакатҳои дурдасти Африко аз за-
бони фаъолони ҳаракати якдилии халкҳои Осиёву Африқо шунидаам
ва худ мушоҳида кардаам, ки Турсунзодаро дар он қитъаҳо ба хуби
мешиносанд ва қадр мекунанд.

Оре, ному ашъори фарзанди диёри мо, ки илҳомбахши мубори-
заи халкҳои Шарқ барои истиқлолият, сулҳ, якдилӣ ва амони буд,
ҳанӯз дар зиндагиаш машҳури оламиён гардида буд.

Халқ ҳикмате дорад: “Агар бузургии чизе ё воқеаеро дарк кардан

47
хоҳи, аз дуртар назар андоз”. Боре ҳангоми сафари Африқо, ки ман
ба сифати аъзои Комитети Советии якдилии халкҳои Осиё ва Африқо
ба ин қатъа мерафтам, самолёти мо аз болои Саҳрои Кабир мепари-
ду фикр мекардам, ки дар он мамлакати дурдасти дунё оё дар бораи
Тоҷикистону халқи он низе медонанд?

Дар лаҳзаҳои нахустини пазироӣ дар фурудгоҳи шаҳри Бомако
(пойтахти Мали) яке аз фаъолони намоёни ҳаракати ҳамдилии мам-
лакатҳои Осиё ва Африко - Саму Абдулло фаҳмид, ки ман аз Тоҷики-
стонам, саволборонам кард. Аввалин саволаш ин буд:

- Аз аҳволи Турсунзода чӣ хабар доред?

Дар кошонаи пазироии шаҳр шаби ёдбуди Мирзо Турсунзода бар-
по шуд. Ҳамсафон, меҳмонони ҳамқалами ӯ паи ҳам сухан мегуф-
танд, суханҳои аз ҳаяҷон лабрез, ки ҳамаи онро ба қалам додан
ғайриимкон аст. Ҷавҳари он гуфтаҳо ин аст:

- Рӯзгору ашъори оташбори Мирзо Турсунзода шафақи субҳеро
мемонад, ки ғуруб надорад.

Ғами он талафоти азим хоб аз дидагонам рабуд ва то субҳ пайва-
ста аз қимати зиндагии инсон фикр мекардам, китобҳо варақ меза-
дам ва дар байни ҳикматҳои бузургон суханҳои Бернард Шоу пеши
назарам омаданд: “Ҳаёт барои ман шамъ нест, ки об шавад. Он машъ-
алест, ки лаҳзае ба дастам афтодааст ва ман мехоҳам шӯълаи онро
дурахшонтар кунам, то замоне ба дасти наслҳои ҷавон супорам”.

_ Ин маъни ба моҳияти рӯзгори Мирзо Турсунзода низ наздик аст.
Шуълаи ашъори у то ҷаҳон ҳаст, забона мезанад ва дар дасти на-
слҳои имрузу фардо чароғи меҳру сафо хоҳад гашт.

Саъдии бузургвор дуруст мефармояд:

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,

Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.

Алҳақ, шоири номии шӯравӣ, Раиси Комитети Муҳофизати Сулҳ
марҳум Николай Тихонов хеле хуб ва ҳаққонӣ гуфтааст:

Садои Панҷу Вахш ҳарчанд буррост,

Садои шеъри ту бурротар аз он...

Ҳисору қуллаи По мир ҳарчанд,

Намоён нестанд аз Мисру Порис,

Намудорӣ ту, лекин дар ҳама ҷо,

Чу пайки сулҳ, чун марди мубориз...

Ба ин сатрҳо чизи дигар илова намудан густохист. Ба назари Ни-
колай Тихонов Мирзо Турсунзода, ки қисмати худро бо қисмати ха-
лқҳои заҳматкаши олам пайваста, дар роҳи мубориза барои сулҳу
амони, истиқлолияти халқҳо ҷонбозиҳо кардааст, чунин таҷассум
ёфтааст.

Ман дар бораи хислатҳои инсонӣ ва услуби роҳбарии ӯ зиёд су-
хан гуфтам. Аммо Мирзо Турсунзода пеш аз ҳама шоир буд. Тамоми
хислатҳои дигари у аз ҳамин мабдаъ ибтидо мегирифт. Шахсияти
наҷиб, самимият, хушсуханӣ, базлагӯӣ, инсондӯстӣ, одамият, меҳру-

48
бонӣ, сулҳхоҳӣ. ватанпарварӣ, шогирдрпарварӣ ва тамоми фаъолия-
ти ҷамъиятию давлатии ӯ мазҳари хислатҳои олиҷаноби шоирии ӯ
буд. Аз ҳамин ҷиҳат агар дар бораи шоирии Мирзо Турсунзода фикри
худамро нагӯям, суханам нотамом ва яктарафа мемонад. Мирзо Тур-
сунзода аз тамоми пешравиҳои инсоният ба ваҷд меомад. Фатҳи кои-
нот чашмаи илҳоми ӯро борх,о ба ҷӯш оварда буд. Вале ӯ фарзанди
барӯманди Замин буд ва замин - модари ғамхору ризкдиҳандаи инсо-
ниятро мепарастид. Худ мефармояд:

Дар фазо парвоз кардам гарчӣ аз рӯи замин,
Чашмро, аммо намекандам'ман аз сӯи замин.

Бо ситора ҳамнишин, бо моҳ гаштам ҳамнафас,
Лек будам сархушу сармаст аз бӯи замин.

Мирзо Турсунзодаро баъзеҳо фақат шоири сиёсатмадор ва гӯян-
даи ашъори иҷтимоию рӯзмарра мешуморанд. Ин ҳақаст, зеро ӯ пай-
рави фикри солиме буд, ки адабиёт чун тасхиркунандаи ақлу дил
қабл аз ҳама бояд масъалаҳои гражданӣ, орзуву умеди халқ барои
пешравию беҳбудии инсон, васфи Ватан ва омоли неки аҳли оламро
инъикос намояд. Аз ин ҷиҳат мағз андар мағзи эҷодиёти амиқмазму-
ну баландғояи ӯ ҷанбаи гражданӣ ва обуранги сиёсӣ дорад ва ода-
монро ба мубориза даъват менамояд. Аммо ин ҳаргиз чунин маънӣ
надорад, ки ӯ сиёсатчии “хушк” буду аз лирикаи ишқӣ сарфи назар
мекард. Дар осори ӯ чунин сатрҳо бисёранд:

Ишқ агар нест, ақл беҷон аст,

Дар дилат чиллаи зимистон аст.

Шеърҳои ӯ “Ба дилбар", ‘Ҳамсоя бошам”, "Ситораи ман”, “Ҳамин
кофист’’, “Во чашми ту”, “Афсӯс, ки накардӣ имтиҳонам”, “Бӯи гул ояд
зи ту", "Кокулат" ва амсоли онҳо он қадар ошиқона, самимӣ, намакин
ва ҷаззобанд, ки чун моли халқ дар байни мардум интйшор ёфта,
ошиқон ба дилбарони худ ба василаи онҳо роз мегӯянд. Беҳуда нест,
ки ҳамаи онҳо бо оҳангҳои халқӣ суруда мешаванд. Вале бояд мах-
сус қайд кунем, ки лирикаи ишқии Мирзо Турсунзода бо лирикаи граж-
даниаш зич омехта ва алокдманд буда, ошиқони нигоштаи шоир маъ-
шуқаҳои поктинати ғанимаънавиятро меписанданд. Шоир аз забони
ошиқба ҳабиба мегӯяд:

Гулистонро гули пурхандай ту,

Ба майдон ханҷари буррандаӣ ту.

Аз шоирони советии тоҷик х,еҷ аҳаде ба монанди Мирзо Турсунзо-
да дар васфи зан шеъру достонҳои пуробуранг нанавиштааст гӯем
агар, хато нахоҳем кард, зеро ҳар як шеъру достони ба занҳо бахши-
даи ӯ пур аз шароби мастибахши ишқу муҳаббат буда, суханҳои поки
ӯ ботини софи занро чун оина инъикос намуда, табаддулоти куллии
қисмати онҳоро дар даврони советӣ бо ташбеҳҳои баланд ва ифо-
даҳои ҳаяҷоновар шарҳ медиҳад. М. Турсунзода пеш аз ҳама қоби-
лияту фазилат ва тавоноии онҳоро эътироф ва васф мекунад: “Хуб
шуд, ки зан ба давлат ёр шуд, Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд", -

49
мегуяд у.

...Моҳи сентябри соли 1977 ҳангоме дарди марговар аз гиребони
ӯ гирифта буд, мо ҳама дӯстони вай дар таҳлука будем. Табибхр
шабу рӯз болини ӯро тарк намекарданд... Худи ӯ бошад ду соат пеш
аз фавташ ба унвони табибон ва ҳамшираҳои шафқат суханҳои дил-
сӯзона мегуфт. Дар дами охир каме мадҳуш буд. Во дареғо, ки пай-
мони умри ӯ пур шуда будааст.

26 сентябри соли 1977. Офтоб бо х,ама гармиаш издиҳоми ода-
монро, ки дар майдони “800-солагии Москва" ҷамъ омада буданд,
парешон карда наметавонист. Майдон пур аз одам, издиҳом дар ҷун-
биш.

Одамон ба якдигар ҷафс шуда, барои видоъ бо шоири маҳбуб
шитоб доштанд. Он рӯз ин нохушии гаронро дигар ки ҳанӯз нашунида
буданд, вагарна дар Душанбе роҳ ёфтану гаштан амри маҳол мебуд.

- Кист ин марди бузургвор, ки ба маргаш хурду бузург мегиряд?

- Шоир аст ӯ, шоирест, ки дар дили халқошён гузоштааст ва дига-
ронро низ ба дилёбиву меҳргустарӣ даъват мекунад:

Ошён гар мегузорй, дар дили инсон гузор,

Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор.

Ҷасади ҷигарбанди халқ Мирзо Турсунзода дар тобути гулпӯш
хобидааст. Издихрми халқ онро гӯё рӯи даст бардошта, ба митинги
мотам омода мегардонд. Дар минбар ходимони намоёни давлатй,
дӯстону ҳамқаламон, шогирдонаш, фиристодагони халкҳои барода-
ри советӣ ва хориҷӣ дар васфӣ ӯ суханони нек мегуфтанд, ҳамду
сано мехонданд. Ҷасади ӯро ҳама посбонӣ мекарданд. Дар кдтори
мардум офтоби тобон низ нигоҳбон буд. Чунин менамуд, ки гӯё он ба
забон омада, бо меҳр хитоб мекард: - Ором бихоб, дй фарзанди азизи
халқ, эй хабиби пиру барной диёри нуру сафо. Ту дар паноҳи манӣ.

Митинги мотам ба поён расид. Ҳозирони аз бори андӯҳ сархам
ҷасади ӯро гӯё бар души худ бардошта, ба сӯи боғи Лучоб раҳсипор
гардиданд, ки манзили абадии ӯ қарор ёфтааст. Он баландиро худи
шоир гӯё дар зиндагиаш интихоб карда буд, ки гуфтааст:

Ошён гар мегузорй, дар баландиҳо гузор,

Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор.

Ва ҳамон офоб - нозиру посбони ҳамешагии шоир низ тобутро
якҷоя бо дарёи пурмавҷи одами то ба манзили охиринаш ҳамроҳӣ
мекард.

Рӯз бегоҳ мешуд ва ҳангоми ба хок супурдани Турсунзода офтоб
рӯ ба ғуруб меовард, вале ба назарам шитоб намекард, гӯё чизеро
мунтазир буд ва ба рафтан таъхир мекард. Ин дам аз самти шарқии
шахр, аз болои мақбараи устод Айнй як даста нури сурхчатобе ба рӯи
водии Ҳисор таноб кашиду гӯшаи моҳтоб намудор гашт. Шафақи оф-
тоб муддате ба нури моҳ омезиш ёфта, шакли тирукамонро гирифт
ва чун камарбанди рангин даври осмонро печонд. Хаёлам, нолае дар
осмонҳо печид. Гӯё марди бузурге ба мотами дилбандаш миён баста,

50
во ҷигарам мегуфт:

Мирзои мо ҳамсафари абадии шамсу қамар гашт.

Саҳар омад, баро ситораи ман,

Саҳари пурсафо, ситораи ман.

Замоне, ки дили Мирзо Турсунзода аз тапидан монд, аз ҳамаи
гӯшаю канорҳои дунё таъзияномаҳо ва телеграммаҳои мотамй паси
ҳамдигар меомаданд: Ромеш Чандра: “Марги ӯ бохти шахсии ман
мебошад, зеро ӯ дӯсти наздиктарини ман буд". (Президенти ташкило-
ти умумиҷаҳонии сулҳ). Юсуф ас-Сабоӣ: “...аз ин талафоти бузург
хеле ғамгин буда, хотираи ӯро абадӣ ёд мекунем". (Котиби Генералии
Ташкилоти якдилии халкҳои Осиёву Африқо). Мирослав Вичек: “Марги
ӯ барои дӯстон ва ҳамкоронаш бохти бузургест". Расул Гамзатов:
"Ғ,аму ғуссаамро ҳадду канор нест", Чингиз Айтматов: “Ашки ҳасрату
андӯҳ мерезам", Ираклий Абашидзе: "Ҳамдардии ...маро ба сабаби
марги бемаҳали дӯсти дерин ва бародари ҷониам Мирзо Турсунзода
қабул фармоед”, Мирзо Иброҳимов: "Дар ин рӯзи вазнин ҳамдарди
Шумо ҳастам”, Қайсин Кулиев: ‘ Ба назди хотираи дурахшони у сари
таъзим мефурорам”. Чунин номаҳоро шумурдан имкон надорад. Ҳамаи
онҳо ҷавоби некӯкориҳои азими Мирзо Турсунзода буд, ки умри ази-
зашро вақфи хизмати халқу Ватан карда буд.

51
ҚИСМИ ДУЮМ

ПЕШОҲАНГОНИ ФАРҲАНГИ НАВИН

ДЕҲОТӢ - ДАР ДЕҲОТ

Яке аз рӯзҳои истироҳатии тобистони соли 1960-ум дар ҳавлиам
машғули кори кишоварзӣ будам. Ангурҳоро хомток карда, гулҳоро
қайчи мекардам, ки як ҷавони қоқи дарози каллапашмин 'салом амак’,
- гуфта наздам омад ва изҳор кард: - Ман писари Латифи биринҷгар,
амаки Деҳотӣ ба хонамо омадагӣ. агар тавонед ба хонаи мо биёед, ё
ки худи он кас ба хонаи шумо меоянд, бо шумо вохӯрданӣ"...

Он вақт чунин сурат гирифта буд, мулоқоти рӯ ба рӯи давомдори
мо бо шоири соҳибистеъдоди асил, донишманди закӣ, инсони хоксо-
РУ меҳнати Абдусалом Деҳотӣ. Он замон ман дар Панҷакент вази-
фаи раисии комитети иҷроияи Советҳои халқи районро дар ӯхда дош-
там. Ба Панҷакент барои аёдати Рӯдакӣ суханварону олимони номӣ
зуд-зуд меомаданд. Даҳ рӯз пеш аз омадани Деҳотӣ Турсунзодаву
Миршакарро гусел карда будам. Инак, шоири дӯстдоштаам устод
Деҳотӣ низ меҳмони мост.

- Хуш омадед устод, қадэматон болои дида гуфтам ман, русуми
халқамонро риоя намуда. Бо Абдусалом Деҳотӣ ва амаки Абдула-
тиф гарм пурсупос намудем ва бо онҳо то бевақтии шаб сӯҳбати ди-
лоро оростем:Дар атрофи дастурхони дӯстонаи пур аз неъмат гуф-
торамон хуб қур мегирифт. Азбаски қарибиҳои тирамоҳ буд, меваҳои
-болаззати Панҷакент ба оши биринҷи Саразм лаззат илова мекар-
данд, мусалласи дастии бобоӣ бошад, сӯҳбатро пурҳарораттар ме-
намуд.

Амаки Латиф бо лах,ҷаи панҷакентӣ, - хуб омадед-да, мулло Аб-
дусалом, гуфта пиёлаҳоро пури мусаллас намуду ба ман нигоҳ кар-
да фармуд: “Раис, ягон чиз гӯед, як қатрагӣ ба шарофати меҳмон
нушем”.

- Худатон аллакай гапи лозимия гуфтед “хуб омадан меҳмон",
ман каме таъғир дода “хуш омаданд" мегӯям". Ҳама баробар ханди-
данд. Ман ба муомилаи коргару шоир махсус аҳамият медодам, му-
шоҳида мекардам, ки байни онҳо чӣ умумияте, чӣ вобастагие ҳаст?
Маълум гардид, ки коргар, яъне, амаки Абдулатиф эҷодиёти Деҳоти-
ро хуб меписандидааст ва баъзе эродҳояшро ошкор мегуфтааст.
Дех,отӣ дар навбати худ қурби ашъорашро ба воситаи Латиф-коргар
барин инсонҳо месанҷидааст, ки каломи ӯ ба дарди одамони меҳнатӣ
мехурад ё не. Дар рафти сӯҳбат Деҳотӣ чанде аз эҷодиёти худ ва
классиконро қироат намуд, ки якеаш ин буд:

52
Вафо бо шири модар ҷо шудаст андар дилу ҷонам,
Садоқатпарвари ишқам, хиёнатро намедонам,

Фалак, беҳуда таргибам макун дар роҳи тазвират
Ду поям бишканад аз санги лаънат, гар қадам монам...

Дар фуровард устод Деҳотӣ нақшаҳои сафарашонро гуфтанд: Ба
наздикӣ ба панҷоҳ медароям, ихтиёр кардам зодгоҳам Самарканд,
диёри устод Рӯдакиро низ зиёрат кунаму як силсила очеркҳо нави-
сам. Миршакар гуфт, ки агар ба Панҷакент рафти Холмуродро ёб.
вай ба ту кӯмак мерасонад. Ҳа, гуфтаги барин ба шумо саломи Мир-
шакару Суҳайлиро мерасонам, - гуфта маънидор ба суям нигарис-
танд.

Рӯзи дигар, мо се тан. - Абдусалом Деҳоти. ман ва ҳамон ҷавони
қоқи дарози каллапашмин , ба сӯи мақбараи сипоҳсолори адабиёти
форсу тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ раҳсипор шудем.

Он ҷавон Отахон Латифӣ буд, ки он вақтҳо дар факултаи журна-
листикаи Университети давлатии Ленинград таҳсил менамуд. Ки гу-
мон мекард, ки рӯзе мерасаду ин ҷавони назарногири камгап журна-
листи намоёни мамлакат ва нависандаи номи мешавад ва баъзе мав-
ридҳо калон-калон гапгузаронӣ мекунад...

Роҳи мо дар шафати Зарафшони нурафшон. аз боғоти_Зебону
Сӯфиёну даштҳои Маллаву паҳнои Марғедару дараи Киштуд мегу-
зашт. Мо роҳбаладон дониста меҳмонро ба ran намегирифтем, ки ба
табъи худаш музофотҳоро дарк намояд, тамошо кунад. баҳра барад. .
ҳар саволе, ки аз меҳмон ба миён меомад ҷавоб медодем. У то оа
дараҷае кунҷкобию пурсиш мекард, ки ному навъи ангурҳо, себҳо,
зардолуву набототҳоро суол мекард. Дар доманакуҳе гулҳои ҳарран-
га ҷило медоданд. Меҳмон хоҳиш кард “намешавад, ки инҷо каме
истем, сайр кунем?”. Хоҳиши меҳмонро ба ҷо оварда, қарор гириф-
тем. Аз дарёчаи софи кӯҳӣ об нӯшидем. гулҳоро наззора кардем.
каме аз гиёҳҳои табобатӣ ғун кардем, аз боду ҳавои форами куҳсо-
рон баҳра гирифтем. Ба бисёр саволҳош Абдусалом Деҳоти ҷавобҳо
гирифт. Басо аён буд, ки меҳмон хеле рӯҳбаланд аст. Баногоҳ чаш-
мони ӯ ба буттаҳои баланди зарде, ки болотар аз қароргоҳи мо ал-
вонҷ мехӯрданд афтоданду вай филфавр аз мо пурсид "онҳо чи гуна
гуланд. чӣ ном доранд, ман чунин гули зеборо бори аввал мебинам ,
- гуфт бо хотири болида.

Ронандаамон йигити баодобу дидадаро Самикул Мусоев зуд раф-
та як навдаи гулро канда оварду "инро дар ҷойҳои мо думи рубаҳ
мегӯянд" гуфт.

- Не. нодуруст, инро думи гов мегуянд, гуфт Отахон, ки дар тамо-
ми сафар ҳамин қадар ran зада буд. Шӯхиомез, не инро гуши хук
мегӯянд, гуфта хандидам ман.

Деҳотӣ аз баҳси мо ба вачд омада, инро думи ҳама ҷонварҳои
зебо гӯед ҳам мумкин, агар аз ман пурсанд “думи товус” меномидам,
гуфта гулро ба даст гирифт вай ва қавл кард, ки ин гулро ба Душанбе

53
бурда дар кабинеташ - чун ёдгории бебаҳо, чун накҳати водии Зараф-
шон нигоҳ медорад.

Вақте ки аз дашти Марғедар мегузаштем, чанд ҷой истодем ва
ман дар хусуси иншооти нав - канали Марғедар ба Деҳотӣ нақл ме-
кардам. Дар Сарбанд ба сӯҳбатамон сардори сохтмон Суриков, ди-
ректори яке аз совхозҳои навбунёд Ҷумъабой Тошев ҳамроҳ шуданд.
Нақли онҳо дар бобати чи гуна шикоф кардани дили кӯх,, мақсади
овардани об ба дашти асрҳои аср ташналаб шоирро ба ваҷц меовард.
У луқма партофт "Фарҳодҳои ҳақиқии зинда ин ҷову мо аз китобҳо
Фарҳодҳо меҷуем'. Баъд Абдусалом Деҳотӣ аз ҳаҷми заминҳои на-
вкорам, зироатҳои кошта мешудагӣ, лоиҳакашҳо, шароити кору зин-
дагии сохтмончиён пурсон шуд ва ваъда дод, ки барои мулоқоти эҷодӣ
инҷо алоҳида меояд ва агар муяссар шавад, барои марғедариҳо дос-
тоин махсус эҷод мекунад...

Дар роҳ меҳмон ба номҳои музофотҳо, кӯхдо, дараҳо аҳамияти
махсус модод. Масалан, ӯ мегуфт: “Шояд ин дашт Марғедар неву
Мурғидар ё Марғузор бошад, ки баъд вайрон карда Марғедараш кар-
данд, чи тавре, ки Деҳаи навро Денав, Конибодонро - Конибодом кар-
даанд”. Нақли қиссаи сои чилдухтарони Киштӯд ӯро басо ба ҳаяҷон
меовард. “Бинед, халқ чӣ гуна покхоҳ аст, чӣ гуна афсонаҳои ибрат-
бахшро^ихтиро мекунад? Ин афсона аст, аммо афсонае, ки инсонро ба
покизаги ба душман cap нафуровардан даъват мекунад'', - мегуфт ӯ...

Шоирро дар оромгоҳи Рӯдакӣ дар Панҷрӯд пирони батадбири деҳа
Нуралии Розиқ, Мулло Эсо, роҳбарони онвақтаи музофоти Қулолӣ
Бобо Раҳимов, Қаноат Иброҳимзода, Мирзо Бобоев бо камоли эҳти-
рому оғӯшҳои кушод исиқбол карданд. Деҳотӣ, ки ба Панҷрӯд бори
аввал омада буд, мақбараи устодро бо ихлоси баланду мароқи зиёд
зиёрат кард ва барои тарғиб намудани эҷодиёти гаронбаҳои Рӯдакӣ
маслиҳатҳои муфиддод. Дар сӯҳбатбеихтиёрдар чойхонаи Панҷрӯд
байни Деҳотиву муйсафедони онҷо мушоирае аз эҷодиёти Рӯдакӣ
баргузор гардид:

Нуралӣ Розиқ:

Чу ҳомун душманонат паст боданд,

Чу гардун дӯстон воло ҳама сол.

Деҳотӣ:

Ер бодат тавфиқ, рӯз бо ту беҳӣ рафиқ,

Давлат бодо ҳариф, душманат гипаю лол.

Мулло Эсо:

Агар ман ҳамеша ситорагӯй бошам,

Ситоям набошад ба ҷуз номи некӯт...

...Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

Чунин қироат аз назми шакарбори Рӯдакӣ чанд давр зад. Шоир
қаноатманд гардида, изҳор кард: - Сӯҳбатамон басо ширин аст, шу-

54
моён меросхӯрони ҳақиқиву асили Рудакиед. Бигузор каломи ҷавону
сеҳрноки устод шумоёнро шод ва ҷавон нигоҳ дорад...

Аммо афсӯс, ки кунун аксари онҳое, ки дар зодгоҳи Рудаки Деҳо-
тиро пазируфта буданд дар қайди х,аёт нестанд..._ й

Дар бозгашт зиёиёни Ғусар - маркази собиқ раиони Колхозчиен аз
омадани Абдусалом Деҳоти хабардор шуда ба истиқбол баромаданд
ва ӯро барои мулоқот ба мактаби миёнаи Ғусар хонданд. Директори
онвақтаи мактаб Қосим Рӯзиев, муаллимон Нурулло Бобоев, Баҳ-
риддинов Усмонов, Холму род... фаъолони ҷамъияти Шукурмурод Шо-
лиев Сафаралӣ Одинаев. Раҳим Каримов меҳмонро бо камоли изза-
ти том пазироӣ намуданд. Талабагон ба шоир гулдастаҳо тақцим на-
муда ӯро ба сафи пионерони фахри қабул карда, ба гарданаш гал-
стуки пионерӣ бастанд... Абдусалом Деҳотӣ аз чунин мулоқоти тасо-
дуфӣ” аммо басо самимона руҳбаланд шуда, барои талабагон шеъ-
ри “Булбулакони боги дониш”-ро хонд, ки талабагон баробараш қиро-
ат намуданд:

Эй, булбулакони боги дониш,

Шодона таронаҳо муборак.

Боз омадааст фасли хониш,

Тах,сили нави шумо муборак.

Мактаб х,ама ҷо канор бикшод,

Он гуна, ки модаре ба фарзанд.

То ин ки шумо зи хотири шод,

Чун ҷон ба танаш шавед пайванд...

Дар ин вохӯрӣ шоир аз вазъи адабиёти муосири тоҷик, комебиҳои
вай аз ҷумла эҷоди тозаи ҷавонони соҳибистеъдод аз ҳамин води -
Файзулло Ансорй, Бобо Ҳоҷӣ, Убайд Раҷаб, Қутби Киром ва дигарон-
ро хурсандона васф намуд. Пас аз ҷавоб ба саволҳои бисер меҳмон
бо муаллимон ва талабагон хушбоши намуда, махсус қаид намуд.
“Мо дар назди хонандаҳоямон на фақат қарздор ҳатто гунаҳгорем,
бинед одамон чӣ тавр ташнаи суҳбатанд, доги шунидани каломи ба-

Д Аз Ғусар ҳамсафарон қишлокҳои Сӯҷина. Косатарош, Шинг, Сор,
Моғиёнро зиёрат карда, ба Фароб ҳам рафтем. Шоир ба ҳамаи ҷиҳатҳои
ҷузъӣ - зиндагии мардум - тарзи хонасози, молдори, полезкори, гуза-
оонидани тӯю тамошоҳо, муомилаи пирон ва ҷавонон аҳамият медод
ва худ ба худ мегуфт: ' ана мавзӯъх,ои эҷоди дар куҷову мо кучахри
Душанберо чанг дода, ба худ мавзу'ъ мекобем'

Дар омади ran гӯям, ки Абдусалом Деҳотӣ ҳамсафари хуб ва на-
қлгари беҳамто ҳам буданд. Ҳар бор барои дилхушии ҳамсафарон
лахзаҳои аҷоиби зиндагиашро нақл мекард.

- Дар сафари Япония, - гуфт Деҳотӣ бо завқханда, чунин воқеа
рух дод- дар яке аз қабулҳои расми х,айати вакилони моро бо хуши
пазироӣ карданд. Вақте ки ман вориди қабулгоҳ мешудам, меҳмон-
дор ба ман нигоҳ карда гуфт: “рафиқ, шумо андак сабр кунед, авва

55
меҳмонҳо дароянд, баъд шумо". Бо ҳайрат нигаристам ва гуфтам
магар ман меҳмон нестам?" Азбаски афти ман ба_японҳо монанд
аст. мизбон маро саҳван одами худи пиндоштааст. У ин воқеаро ба
аҳли ҷамъият накд кард ва ҳама бо завқ хандиданд. Пас аз ин мизбон
маъзарат хоста маро аввал ба маъракаҳо даъват мекардагӣ шуд -
гуфт Деҳоти. •гм’

- Бори дигар. дар сафари Афғонистон ба воқеаи басо хандаовар
дучор шудем, - гуфт боз меҳмонамон ва суханашро давом дод' - Моро
барои мулоқот ба дабиристони (мактаби) занона даъват намуданд.
Ьа занҳо рухсат доданд, ки кушод баромад кунанд, аммо ба мо -
мардҳо - шоирҳо, артистҳо фармуданд, ки аз паси парда баромад
кунем. Чунин ҳам кардем. Пас аз понздаҳ - бист дақиқаи вохӯрии
эҷоди бидуни чашмдошти сардорони маърака ҷавонзанҳои афғонӣ
пардаҳоро канданд. Акнун мо мардони шурави бо рӯи кушод баромад
мекардем, ки касе аз мо зарофатгӯӣ кард: 'аҷоиботи корро бинед ки
дар Тоҷикистон мардҳо занҳоро озод кунанд, дар Афғонистон занҳо
мардҳоро озод мекунанд”. ...Ҳамин тавр аз нақлҳои диловези Абду-
салом Деҳоти баҳраманд гашта, чӣ тавр ба Моғиён расиданамонро
нафаҳмида мондем. Боғоту дараҳои Моғиёну Қӯрғони Иноғбекро давр
задем. Онҷо ӯро соҳибманзилон Иноғбекро чун бадтарин ҷоҳилу зо-
лим сифат намуданд. Деҳоти нақли онҳоро бо диққат гӯш мекард
Ьемаҳал шуда буд, роҳбарони онвақтаи Моғиён Рафиев, Ҷалилов ва
гаҷабов таклиф намуданд, ки ҳамон ҷо хоб равем.

Онҷо, ки чанд тан фаробиҳо ҳам буданд Деҳотиро ҷазмандона
ташвиқ мекарданд, ки ба Фароб ҳам равем. Таърифи зебогии нотак-

таг^шудем ^ ҶОе РЭСИД’ КИ бечунУ чаР° саҳарӣ ба онҷо ҳам мераф-

Ағбаи Сорро боло, шуда ба лаби чашмаи сари роҳи Фароб исто-
дем. Писари усто Неъматуллои Фароби Зайниддини кабкбоз (лақа-
баш чунин будааст) ба мо роҳбалади мекард.

- Домулло, як оби ҳамин чашмаро чашида бинед, - гуфт вай ба
Абдусалом Деҳоти илтифоти махсус намуда. Деҳотӣ обро нӯшида
баи-баи-баи, ана обу мана об” гуфтанд ва илова карданд 'ана ин
обҳоро хуред дар зардадону гурдаатон ҳеҷ гоҳ санг-панг пайдо наме-
шавад . Деҳоти гулҳои рангоранги кӯҳи Фаробро дида, худашон ҳам
ба лафзи худашон гул карданд, беихтиёр ба гулчинӣ даромаданд ва
онҷо ба васфи гул чанд шеърҳои лирикӣ хонданд. Якеш ин асг
Субҳи имруз байни гулзорам,

Аввалин гул шукуфт, дилдорам...

Сайри гул нест дилкушо бе дӯст,

Интизорам, даме биё, эй дӯст.

Тӯе дар истиқболи гул,

Дар бустон дорад бахор.

56
Аз сабзапойандозҳо
Бар гулрухон дорад баҳор.

Сад сеҳру ҷоду аз нафас,

Ҳар дам аён дорад баҳор.

Ин ҷойҳо чунин ҷое буданд, ки кӯр бошй бино мешавй, гунг боши
гӯё мешавй. кар бошй шунаво мешавй. - гуфтанд шоири мӯҳтарам
илтифот карда.

Ҳамин минвол сӯҳбаткунон ба Мӯсобозори Фароб расидем. Онҷо,
ки дарёчаи обаш шаффофу моҳидор ҷорӣ буд, касе хоҳиш кард мо-
ҳидорӣ кунем. Деҳотӣ бо тааҷҷуб пурсид - ҳамин дарёча моҳи дорад?
Гуфтанд: Бале. Мо розӣ ба моҳидорӣ. бо чӣ моҳӣ медоред. на шасту
на тӯру ҳеҷ чиз надоред, - гуфт Деҳотӣ.

- Истед устод, - ягон илоҷ мекунем, гуфтам ману либосамро ба-
дар карда, бо майкаи тӯриам ба даруни дарё даромадам. Отахони
“қоқи дароз" ва “Зайниддини кабкбоз" ба ман кӯмак мерасониданд.
Дар ним соат қариб ду сатил моҳӣ доштем. Устод Деҳотӣ чунон дар
ҳайрат буданд, ки чӣ гуфтанашонро надониста “э, э ман ҳам ёрдам
кунам-чй" - гуфта, ба об даромаданд ва бо завқ механдиданд. Ҳаво
на гарми гарм, на сарди сард - мӯътадил буд. Ҳама чанд вак,т бо
баданҳои нимбараҳна аз насими табиати файзбори Фароб баҳраманд
мешудем. Доманаҳои кӯҳ шибарзор, себарга болои обу об болои се-
барга, як сӯ гулҳо ҷило медиҳанд, як сӯи дигар кабкҳо қаҳ-қаҳ меза-
данд, дар болои кӯҳҳои сабзу осмонбӯс як зарра ғуборе нест. Аз дурӣ
рамаҳои гӯсфандони ба кӯҳпора паҳн гашта, заминҳои киштгардида
назаррабоӣ мекарданд Он лаҳза х,усну таровати кӯҳистони тоҷик
нурафшонӣ мекард. ки аз устод Деҳотӣ касе пурсид, - “росташро гӯед,
Дарвоз зебост ё Зарафшон?" Ин саволро шунида ман беихтиёр “Ба як
сӯ барфу як сӯ пухта гелос, аҷаб фаслест тобистони Дарвоз, ба вас-
фи чашмаву обаш чӣ гӯям, ҳазорон Салсабил курбони Дарвоз", - гуф-
таму илова кардам, ки дӯстамон ҳамин шеъратонро дар назар до-
рад...

- Савол саволи ҳаққони. Шумо гуфтани, ки чаро дар ҳаққи Дарвоз
шеър бахшидеду ба Зарафшон не. Ана барои адо кардани ҳамин қар-
зам омадам, - гуфта Деҳотӣ суханашро давом дод. Дарвоз куҳҳои
Зарафшон, Қаротегин. Ҳисор, Бадахшон х,ар кадом зебост, бо хусу-
сиятҳои худаш зебост. хуб мешуд, ки онҳоро ба якдигар муқобил на-
гузорем, зебогии ҳар кадомашро муносиб васф кунем, зеро ҳар пор-
ча замини бобоиамон ҳам зебост, ҳам муқаддас аст”.

Аз он ҷо нисфирӯзӣ ба қишлоқи - Фароб расидем ва ба ҳавлии
усто Неъматулло фуромадем. Дар дари меҳмонхонаи гили моро худи
соҳибхона истиқбол кард, аз рӯи анъанаи халқӣ вай бо ҳама ҳамоғӯш
шуда пазирой намуд. фармуд, ки “зуд дасти меҳмонҳоро об гиранд
Пас аз нишастан Зайниддини кабкбоз Деҳотиро бо падараш муаррифй
намуд, “муаллим ана ҳамин кас падари ман, номашон усто Неъма-

57
тулло" - гуфт у.

-Бисёр хуб, бисёр хуб гуфт Деҳотиву кадомамон калон бошем,
ман е падари шумо? - савол кард.

- Падарам аз ҳаштод гузаштагй.

- Монед, воҳима накунед, чӣ хел ба ҳаштод, ки ягон мӯяшон са-
фед нашудааст? Ба сари ман нигаред, ҳанӯз ба панҷоҳ надаромада
ягон муи сиёҳ намондааст, - гуфт табассум карда Деҳотӣ.

Меҳмонро аз хиҷолат бароварданй шуда, худи усто Неъматулло
луқма партофт: сиёҳии мӯй аз сол не, аз миҷоз вобаста, писарам дар
ҳақиқат ҳаштодро пур кардам, гуфт усто Неъматулло.

Боз инашам гуям, ки шумоён бисёр фикр мекунетон, мӯятон са-
фед мешавад, гуфт у.

- Балатон ҷон дорад, аммо аз муҳиту тарзи зиндагиву нону намак
ҳам бисёр вобастаги дорад. Мо ку гам мехӯрем фикр мекунем. Шумо
ҳам бе гам нестед, гуфта ҷавоб доданд Деҳотӣ. Баъд бо шӯхӣ ба ман
муроҷиат намуд: Раис, ба ман аз х,амин ҷойҳо замин диҳед, хона
сохта кучида меоям, роҳат инҷо будасту мо дар шаҳрҳо аз бӯи гази
мошину губори заводу фабрикаҳо гарант шуда гаштем”.

Ман ҷавоб надода, фаробиҳо: 'шумо, муаллим, биёед, хона тай-
ёр, замин фаровон , - гуфтанд - мо ба шумо аз мағзи ҷонамо ҷой
медиҳем, аввал ҳаққи нону намак шавед, баъд мебинем гуфта, со-
ҳибхона меҳмонҳоро ба хӯрокхӯрӣ ишора кард.

- Амак хӯрок мехӯрем, аммо як шарт дорам, рухсат шавад моҳи-
ро худи ман пазам, - гуфт Деҳотӣ. У дасту остин барзада моҳиро
чунон бомазза пухт, ки ҳозирин ‘Э, муаллим к,оил кардед”, гуфтанд.
Хонаи усто Неъматулло, ки пур аз одамон буд, байни шоиру онҳо
суҳбати дилҷуе бино шуд. Касе аз Рӯдакӣ, дигаре аз Фирдавсй,
Саъди, Ҳофиз, Ҷоми мепурсид. Дигаре илтимос мекард, ки Деҳотӣ
шеърҳои навашонро хонанд. Шоир хоҳиши мизбононро ба ҷо оварда
ва дар хотима хоҳиш кард, ки мардум зиёдтар китоб хонанд. Хусусан
ба кудакон завқи китобхониро ҳарчӣ зудтар бедор кардан зарур ме-
гуфт у. Ҳозирон ба шоири соҳибҷашн наказҳои эҷодӣ медоданд. Мо
пас аз чанд фурсат бо форобиҳо хушбошй кардем. Сари роҳ аз Моги-
ен ба Панҷакент занг задам ва Шарофиддин Рустамовро ёфтам. Он
вақтҳо вай вазифаи котиби комитети иҷроияро иҷро мекард. Аз ӯ хо-
ҳиш кардам, ки барои мулоқоти эҷодии Деҳотӣ одамҳоро дар клуби
шаҳри омода кунад. Мо бо устод Деҳотӣ пас аз як соат онҷо меша-
вем - гуфтам. Аммо устод Деҳотӣ аз ин қарори мо бехабар буданд

Ҳамин, ки ба роҳ баромадем, ба ронанда гуфтам, ки “мо бояд
баъд аз як соат ба шаҳр расем . Баъд ба меҳмон муроҷиат намудам

- Шумо, устод, меравам мегуед, чй тавр мешавад? Ба Панҷакент

омада ба шаҳриён вонахурда меравед? Онҳо шунаванд, аз мо сахт
домангир мешаванд, инро мефаҳмед? - гуфта ба рӯяшон маънидоо
нигоҳ кардам. н

- Не намешавад, аввал имрӯз рӯзи истироҳат, баъд ман ин бегоҳ

58
бояд ҳатман дар Самарқанд бошам, онҷо маро мунтазиранд, биё-
ед дафъаи дигар. Мо кай ба Панҷакент мерасем, шумо кай одам
хабар мекунед, не намешавад гуфтанд Деҳотӣ.

- Хайр, ба шах,р расем, ба ягон хулоса меоем гуфтаму дигар
дар ин мавзӯъ ran назадам ва ҳамин, ки ба Панҷакент расидем,
шоирро рост ба клуби район овардам. - Инҷо мардум такрибан 300
- 350 кас ба мулоқоти шумо омаданд, чй кор кунем, устод, ҷавоб
диҳем? - гуфтам.

- О, чй хел бетайёрй, яку якбора мулоқот? - тааҷҷуб намуд
Деҳотӣ.

- Ихтиёратон, маҷбур намекунем, устод, худамон ба мардум
гапҳои мегуфтагии зиёде дорем, шуморо гусел карда бо онх,о дар
хусуси маданияти қишлоқ, тайёрӣ ба таҳсили хониши нав ran ме-
занем, - гуфтам. Деҳотӣ каме ба андеша рафту “Не, нағз намеша-
вад. биёед мулоқотро гузаронида баъд меравем", - гуфт ӯ.

Ҳамин, ки Деҳотӣ ба минбар пайдо шуд, ҳозирон ӯро хеле са-
мимона бо кафкӯбиҳои дурударози гарм истиқбол карданд.

Ман, ки бо амри такдир барандаи мулоқот будам, меҳмонро
чунин муаррифй намудам.

- Дӯстони азиз. Ду рӯз аст, ки устод Абдусалом Деҳоти - шои-
ри намоёни халқамон, драматург, ҳаҷвнигор ва олими шинохта,
қом усни гор, ходими ҷамъиятӣ меҳмони райони мо мебошанд. Ин
кас ба шахри мо, зодгоҳи Рӯдакии бузург, меҳнаткашони райони
мо ихлоси махсус доранд ва инак дар арафаи ҷашни муборака-
шон барои дидорбинӣ ва мулоқотҳои эҷодӣ ба назди мо омаданд.
Биёед. дӯстон, мех,мони олиқадрро ҳайра макдам гӯем ва дар ара-
фаи ҷашнашон самимона табрик гӯем.

Баъд Шарофиддин Рустамов, ки ҳоло узви восбастаи акаде-
мияи илмҳои республика, шодравон Қутбиддин Раззоқов, собиқ
директори омӯзишгоҳи педагогӣ, журналистон, муаллимҳо аз паҳ-
лӯҳои фаъолияти эҷодии Деҳотӣ сухан ронданд. Талабагон паси
ҳам шеърҳои шоирро қироат менамуданд ва сурудҳояшонро ме-
сароиданд. Баромадҳо чунон дилчасп буданд, ки ба касе беҳая-
ҷон будан имкон надошт.

Толибае “Аз саҳни Кремли бахти одам, парвоз намо ба сӯи
олам. Чун болу парат раҳат сафед аст, ҳар дил ба раҳи ту бо
умед аст“ мегуфт, дигаре шеъри ҳаҷвии “Қоил ман’-ро мехонд.
Ҳаваскоре шеърҳоеро, ки ба онхр оҳанг баста шудаанд, такдид
карда, сатрҳои суруди “Меҳмон мекунй ё не”-ро

Гамат то кай хурам эй дуст, шодон мекуни ё не?

Ва рӯям гунчаи умед, хандон мекунй ё не?

Ба ту ҳамдам шудан мушкил, ҷудоӣ боз мушкилтар,

Ба як лутфу карам, ду мушкил осон мекуни ё не

хдзирон чун хор мехонданд. Сурудҳои “Ёри хушовоз”, “Ту х,ам
ёде бикун аз ман”-ро низ бо мароқ гӯш мекарданд. Нихрят навбат

59
ба худи меҳмони иззатманд - Абдусалом Деҳотӣ расид

- Аввало. раиси муҳтарам маъзарат мехоҳам. ки аз ин муло-
қот қариб саркашй карда будам. Дуюм ин ки ман акнун метавонам
ҷашн нагузаронам. шумоён бе қарор, бе тайёрӣ чунон ҷашн гириф-
тед, ки ман лол гаштам. Бе муболиға мегӯям. ки шумоён бисоти
эҷодии маро аз худи ман х,ам беҳтар медонистед. Ба ҳамаатон
аҳсан мегуям. ваъда медиҳам, ки ба баҳои баланди шумоён сазо-
вор бошам. Ман аз ҷиҳати адабиётдӯстии панҷакентиҳо бисёр
шунидаам, мулоқотҳо ва суҳбат бо пирони ботадбир дар Панҷрӯд
ва мулоқот бо шумо тассавуротро дучанд карданд. Ин ҳама шояд
аз файзи каломи сеҳрангези бобокалони адабиётамон Рӯдакӣ бо-
шад, - медонед. гуфта суханашро давом медод Деҳотӣ. дар қиш-
лоқи Фароб аз ман пурсиданд: шумо мафтун гашта, ба Дарвоз
шеъру суруд бахшидед, акнун Зарафшонро ҳам дидед, кадомаш
базебтар7 Ман ҷавоб додам: ҳам Зарафшон, ҳам Дарвозу Бадах-
шон. Гап дар он аст, ки эҳсоси шоир фақат эҳсоси худаш нест,
ман он суханҳоро аз номи зарафшониҳо ҳам гуфтам. Аз ин ҷиҳат
эҷоди устод Рудаки фақат моли панҷакентиҳо нест. Ашъори вай
ба офтобе монанд аст, ки ба ҳама баробар нур мепошад. Азбаски
вай орзую омоли эрониёну афғонҳову ва дигар қавмҳоро ба забо-
ни модариашон сароида аст, Рудаки шоири онҳо низ х,аст. Эҷоди-
ёти вай, шогирдони у халқҳоро наздик. дуст ва хеш мегардонад.
Барой аёдати Рудаки ба Панҷруд омадани Гурбахш Синг ^индус-
тон), Мао^Дун (Хитой), бисер бузургони дигар мисоли зиндааст.
Хулоса дустон. ман ба орзуям расидам, аз пазироиву қадршино-
сиатон то қиёмат қарздорам.

Пас аз ин мулоқотх,ои мо бо устод Деҳотӣ дар Маскав, Душан-
бе борҳо такрор шуданд. Январи соли 1961 дар Маскав ахд карда
будем, ки тобистон ҳамроҳ ба водии Зарафшон сафари бафурҷа-
мекунем.

Чй илоҷ, ки аз бебақоии умри шоири босаховат ба ин орзуямон
нарасидем.

Акнун ҳар бор, ки китобҳои шодравон Абдусалом Деҳотиро
варақ мезанам. беихтиёр он лах,заҳои фаромӯшнашуданӣ. лафзи
шакарбор, дидори ширини ӯ пеши назар аён мешаванд.

Ёдат ба хайр, дӯсти азиз.

УСТОДИ УСТОДДИДА

Ба наздикй дар маросими ҷашнгирии адибе бо дӯстони дерина
- академик Муҳаммадҷон Шукуров ва шоири халқӣ Гулназар Келдй
бари ҳам менишастем, ки касе луқма партофт: “Имсол соли ' ҷаш-
нҷушак будааст . Муҳаммадҷон Шукуров нимтабассуме кардан-
ду гуфтанд: - Ин фоли нек аст, ки ба қадри заҳмати нависандаҳо
мерасанд, аммо ҳоло ҷашнҳои калон дар пешанд - навадсолагии
Ҷалол Икроми, садсолагии Пайрав Сулаймонй ва дигарон.

60
Гуфтам: - Хайрият ҷашни устод Икромиро ба хотир овардед,
кайҳост, ки худамро нисбат ба устоди равоншод қарздор мешумо-

рам.

- Чаро? Гуфтам, ки ҳануз дар зиндагиашон бахшида ба эшон
очерке навиштанй будам, аммо имкон наёфтам. Устод Ҷалол Ик-
ромй яке аз беҳтарин ҳамсояҳо буданд, расму ойини хдмсоягиро
бо нозукиҳояш ба ҷо меоварданд, - дар идҳо аз аввалинҳо шуда
ба табрик меомаданд, китобҳои нав ба табъ расидаашонро туҳфа
мекарданд ва аз ҳама муҳимаш, дар ниҳоди ман. беғаразона за-
вқу кӯшиши навиштанро фаъол карданй мешуданд.

- Чй тавр? - пурсид Гулназар.

- Ҳамин тавр, ҳар чизе ки - хоҳ очеркҳои публисисти хоҳ
ҳикояҳо, хоҳсафарномаҳову хотираҳо, ки дар матбуот ё нашриёт
чоп мешуданд, устод Ҷалол Икромӣ бо ҳама серкори, фурсат ёфта
мехонданду таассуроташонро изҳор менамуданд, баъзан, шояд
барои рӯҳбаланд намуданам, хушгӯиҳо намуда - 'метарсам, ки боз
нони мо - нависандаҳоро нимта накунед" - мегуфтанд бо завқ хан-
дида.

Чун сухан аз муносибати хайрхоҳонаи Ҷалол Икроми ба ками-
на меравад, бояд қайд намоям, ки устод яке аз аввалинҳо шуда
маро ба навиштани асарҳои бадей далолат намуданд, таассуро-
ташонро нафақат даҳонӣ мегуфтанд, балки борҳо мактубҳои ба-
тафсил навишта асархри навқаламонаи маро таҳлил менамуданд
ва суханҳои хайрхоҳонаро ба камина раво медонистанд, ки онро
ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард.

Ин ҷо аз ду мактубе, ки устод Ҷалол Икроми аз Бухоро ба
камина навиштаанд, чанд ик^ибосеро ба хонандаи муҳтарам пеш-
каш карданиям:

- “Одатан, ман аз муваффақияти ҳар як қаламкаш шоду мам-
нун мешавам, хусусан, ки шумо бародар, ҳамсоя ва дусти қадр-
дони ман ҳастед, муваффақияти шумо дар соҳаи адабиёт маро
беҳад шод гардонид. “Покдоман" ном ҳикояи шуморо дар саҳифаи
рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” хондам. Ҳикоя хуб аст. Ибратомуз.
Муфид ва моҳирона навишта шудааст. Ҳикояи ҳаҷвие, ки дар "Хор-
пуштак’” (октябри соли 1978 чоп намуда будаед), бо сарлавҳаи
"Кайф дар осмони ҳафтум”-ро низ хондам, хеле хуб, табий ва ра-
вон аст, ба дараҷае, ки гумон мекунед, он х,икояи мустанад бо-
шад. Забонаш ҳам ба ҷо”.

“...Китоби “Гард дар миҷгон". Аввало, номи ин китоб ба ман
маъқул шуд. Номаш ба мазмунаш хуб мувофиқомадааст. Ин саё-
ҳатнома ду фасл дорад. Аввалаш “Бо амри вичдон", дуюмаш “Паи-
ванди дилҳо”... Дӯстии_халкҳо, муносибати бародаронаи халқҳо
(Афғонистон, Россия, Узбекистон. Литва ва ғайра) нисбат ба ха-
лқи тоҷик хеле хуб тасвир шудааст. Кас хонда оид ба он сарзами-
нҳо, дар бораи аҷоибот, маданият ва санъати ин республикаҳо

61
маълумоти пурра ба даст меоварад. Ман ба шавку завқ хондам ва
ба муаллифи ин китоб аҳсан мегӯям” - навиштааст устод 6 авп/с-
ти соли 1988. у

Дармактуби дигаре, ки устод Ҷалол Икромй 19 октябри ҳамон
сол аз Бухоро ирсол намудаанд, низ ҳамон оҳанги хайрхоҳонаи
падарона мушоҳида мешавад: - “Ман китоби “Нақши хотир”-и шу-
моро бо завқи тамом хондам - Очеркҳо, сафарномаҳои адабӣ-ба-
деи ва ғайра ба ман хеле маъқул шуд. Бо устод Айнй ва Мирзо
Турсунзода вохурда, онҳоро фақат бо суханҳои хушку холи таъ-
риф накарда, дар образҳо, дар фактхр ва сюжетх,ои шавқовар
фазилат ва характери онҳоро нишон додаед... Офарин... умуман,
рафик, Холмурод Шарифович, ман ба шумо хайрияти кор ва рав-
на^ эҷоди мехоҳам...".

Устод Икромй ба ман нафақат аз Бухоро, балки аз дигар ҷойҳо
- хонаҳои эҷодкорон дар Дубултаю Переделкино низ мактубҳо на-
виштаанд, ки баъдтар баъзеашонро шарҳ хоҳам дод.

Афсӯс, ки ҳама гуфтаҳои дилсӯзонаву хайрхоҳонаи устодро
ин ҷо манзури хонандагон карда наметавонам, аммо он гуфтаҳои
болои, шояд кофи бошанд, ки имрузҳодар арафаи ҷашни мубора-
кашон номи эшонро ҳамчун мураббии асили ҷавонон ва яке аз
шахсиятҳои барҷастаи накӯкор ба забонҳо гирем, аз мероси ғании
эҷодиашон баҳравар шавем ва бо ҳар воситаҳо онро тарғиб намо-

Дар омади ran бояд махсус қайд кунам, ки муомилоти хайрхо-
ҳона ва ҳисси ғамхории устод Икромй нисбат ба ҷавонони эҷодкоо
руякиву сохтакорона набуд. Борҳо аз забонашон дар маҳфилҳои
гуногун мешунидам: "дустони ҷавони ман, аз таърифу муваффа-
қиятҳои нахустин зуд саргаранг нашавед, корро осон нагиред, беш-
тар хонед, асарҳои Айниву Лоҳути, Балзаку Такур, Горкий Шоу
Байрон, Шекспир, Шолоховро гаштаву баргашта хонед”. Дар ин
бобат ҳает ва эҷодиёти худи устод Икромй барои ҷавонон мактаби
сэоэқ аст.

Бехуда нест, ки чеҳраҳои намоёни насри имрӯзаи тоҷик аз
ҷумла Урун Куҳзод, Сорбон, Абдулҳамид Самадов, Ҷонибек, Ибод
Фаизуллоев мудом номи устодро бо меҳри хоса ва эҳтиром ба
хотир меоваранду аз мактаби эҷодии Ҷалол Икромй ҳарф меза-
нанд. Урун Куҳзод мегуяд: - “Устод Икромй, бемуҳобот, мураббии
наели мо буд. Ман повести “Тори анкабут”-ро гаштаву баргашта
мехондам, мушкилоти эҷодие пеш ояд, боз он асарро хонда илҳ-
ом лаидо мекардам, корам барор мегирифт. “Духтари оташ” ки
давоми мантиқии он асар аст, яке аз ганҷинаҳои насри замони мост".

Ҷои Ҷалол Икромй барин қаламкаши забардаст дар адабиёта-
мон, дар Иттифоқи эҷодиамон имруз холист. Аммо, дувоздаҳ дар-
возаи калони бадей, ки он кас ба руи шогирдон боз карданд ҳаоо-
рати дили Духтари оташ” ҳамеша бо мост. Устод ҳамеша мадад-

62
гор, дилсӯзи иттиҳодияи эҷодии нависандагон, адабиёт ва наели ҷаво-
ни он буданд. Чун аз Турсунзодаву Раҳимзода ҳарф мезаданд, аз
забонашон шахду шакар мерехт...”.

Дар ҳақиқат устод Икромӣ шахсияти фидокор буданд ва агар ло-
зим шавад, ”ба дастгирии ҳамқаламон, хусусан ҷавонон мешитоби-
данд. Боре устод мегуфтанд: 'Ъа назарам чунин менамояд, ки нис-
бат ба хизматҳои шоири ҷанговар Абдуҷаббор Қаҳҳори беадолати
зоҳир мешавад, зеро, ки вай сазовори унвони шоири халқист, вале
ӯро пешниҳод намекунанд. Аз ин ҳолат дилғаш гашта устод Икроми
ба воситаи матбуот ба мақомоти дахлдор бо мактуби кушод муроҷи-
ат намуданд. Театри академикии ба номи Лохути санъаткори бомаҳо-
рат Борис Наматиевро барои дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Рудаки
пешниҳод намуд. Устод Икромӣ аввалин шуда ба дастгирии у бархо-
станд. Эшон ба унвони Кумитаи Мукофотҳои давлатии ба номи Рудаки
мактуби махсусе навиштаанд, ки дар он хизматҳои актёрро дар инки-
шофи санъати драматикӣ қайд намуда, саҳми вайро дар ҷодаи шаш-
мақомхонӣ ҳолдонона тасвир кардаанд:

Дар ин ҷо мехоҳам, ки номгуи он мақомҳое, ки Борис Наматиев
дар шеърҳои классикони мо месарояд, баён кунам: - “Чапандози уш-
шоқ", бар матни Меҳрӣ, “Чапандози Гулёр”, бар матни Ҷомӣ, “Зулфи
парешон”, бар матни Бедил, “Даромади ушшоқ бар матни Махфи,
“Ироқи Бухоро”, бар ғазали Ҳофиз, “Чапандози Ироқи Бухоро”, бар
матни Ҳоҷӣ Ҳусайн, “Талқинчаи Ироқи Бухоро", бар матни Камоли
Хуҷандӣ, “Насруллоӣ ", бар матни Сайидо... ва ғайраҳо. Аз мактуб бар
меояд, ки устод Икромӣ мухлиси шайдо ва донандаи мероси мусиқии
ниёгонамон буданд ва барои ҳифзу тарғиби он талошҳо менамуданд.

Як мисоли дигар. Дар аввалҳои солхди ҳафодум ҳунарманди но-
мии миллатамон Ҷӯрабек Муродов дар саҳнаи Театри опера ва бале-
ти ба номи Айнӣ гузаронидани шаби эҷодиашро эълон кард. Ҳама
қадрдонҳову мухлисони ҳунари Ҷӯрабек ба дидани он намоиш шито-
биданд. Дидам, ки устод Ҷалол Икроми аз бисёр ҷавонҳо барвак^тар
омадаанд, Намоиши эҷодии Ҷӯрабекхеле шавқовар ва руҳбаландо-
на гузашт. Мухлисон ҳофизро “гулборон” мекарданд. Дар ҳамон лаҳ-
за дидам, ки дар саҳна дар назди микрафон (баландгуяк) устод Ик-
ромӣ рост шуданду бо эҳсоси амиқ ба суханрони cap карданд:

- Маъзарат мехоҳам, худдорӣ карда натавонистам. Бо амри дил
ин ҷо баромадам, ки Ҷӯрабеки азизро аз номи пирон табрик гуям!
Бояд иқрор шавам, ки, - гуфтанд устод Икроми, - Ҷурабек бо санъати
нотакрори сарояндагиаш. овози бзхмалини булбулосояш дили маро
аз қолибаш баровард. Ҳамин рӯз қалбам ором гирифт, ки санъати мо
бо кӯшишҳои Ҷӯрабек баринҳо абадӣ зинда мемонад.

Ин ҷо, ки сухан аз муносибати падаронаи устод Икроми ба ҷаво-
нон меравад, як воқеаи гӯё начандон ҷолиби диққат ба_хотирам омад.
Дар мавриди гузаронидани Даҳаи фарҳанги мо дар Узбекистан (ш.
Нукус) ду иштирокчии Даҳа - шоира Гулрухсор Сафиева ва актриса

63
Раҷабгул Қосимова аз мулоқоти эҷодӣ ба меҳмонхона хеле бемаҳал
омаданд. Дигарон хотирҷамъ. ором буданду ба ин х,одиса аҳамияте
намедоданд. Азбаски хеле дер шуда буду аз номбурдаҳо дараке на-
буд, устод Икроми бетоқатона даруну беруни меҳмонхонаро мекоф-
танд. Ҳама хоб кард, аммо то баргаштани Гулрухсору Раҷабгул Ҷало-
лака ва ҳамсарашон Саодатапа бедорхобӣ кашиданд Маълум шуд,
ки баъд аз мулоқоти эҷодӣ, ҳамсабақи Гулрухсор онҳоро ба хонааш
меҳмон кардааст. Духтарони ғайбзада”-ро дар нисфи шаб истиқбол
намуда, устод Икроми ҳарфи зиёд нагуфтанд, - беҳудагардӣ хоси
занони тоҷик нест. Иффати занона чизи муқаддас аст, онро покиза
нигоҳ доред. мо ҳамсафарон ба қисмати якдигар бепарво буда наме-
тавонем - гуфтанд. Дар ҳақиқат, устод Икромӣ нафақат ба қисмати
Гулрухсору Раҷабгул бепарво набуданд, эшон нисбат ба ҳама ҷаво-
нони соҳибистеъдод меҳри падарона доштанд, дар мавридаш ба онҳо
дилсузиву ғамхори менамуданд.

Мо, ки бо устод Ҷалол Икромӣ ҳамсоя будем, ҳар вақт бегоҳиҳо
дар канори канали Ҳисор сайру гардишҳои зиёде менамудем, дар
мавзуҳои гуногун - мух,имтарин воқеоти олам, ҷумҳурӣ, вазъияти табъу
нашри китобҳо, маҷаллаву рӯзномаҳо. дастовардҳои тозаи адибон,
олимон, рассомон, бастакорон, театр, синамо ва ғайра гуфтугӯ мена-
мудем ва устод ҳолдонона ва дилсӯзона фикрронӣ менамуданд.

Боре, дар ҳамин гуна гардишҳо аз устод Икромӣ пурсон шудам: -
ДЭР яке эз мулоқотҳоятон, бо ҷавонон аз сахтгириҳои устод Садрид-
дин Айни нақл карда будед...

- Хушбахтона ман устод Айниро хеле барвак^, дар синни ҳафтсо-
лагиам, дар айёми мактабхониам дидаам, гуфтанд устод Икромӣ.
Аввал машқи шеърнависи мекардам, бо маслиҳати устод Айнӣ ба
наср даст зада ҳикояи аввалинам “Хаёл”, “Шабе дар Регистони Бухо-
ро -ро иншо намуда ба устод Айнӣ, ки дар Самарканд буданд, фири-
стонидам. Он ҳикоя бо дастгирии устод дар маҷаллаи “Раҳбари До-
ниш чоп шуд. Аз бетаҳрир ва зуд ба чоп расидани ҳикояам шодмони-
ам ҳадду каноре надошт. Аз кайфияти чопи аввалини асарам рӯҳба-
ланд, шуда ҳикояи дуввумам Ширин"-ро боз ба ихтиёри устод Айнӣ
фиристонидам. Чи мегуед, ки устод он ҳикояро хонда маро танқиди
сахт намуданд. - “Шумо, мегуфтанд эшон, аз зуд чоп шудани ҳикояи
аввалаатон саргаранг шуда, асари дигаратонро саросема ба чоп фи-
ристонидед". Устод Айни бештар аз носуфтагии забони ҳикоя, банду
басти он эрод гирифта - гуфтанд: - кас бояд коре кунад, ки асари
ояндааш, аз пештарааш хеле баландтар бошад. Ман маҷбур шудам,
то ба чоп фиристонидани ҳикояи номбурда ("Ширин") чандин мароти-
ба, гаштаю баргашта бинависам, ки писанди устод Айнӣ гардад -
гуфтанд хаёлолуда ҳамсояам.

- Ҷавон ки будам, - гуфтанд Ҷалол Икромӣ, - аз чунин сахтгирии
устод Айни ранҷидам, баъдтар, ки тадриҷан ба пояҳои намоёни эҷоди-
ву шахсият расидам, тафаккурам дигар шуд, ҳиси миннатдориам аз

64
устоди азизу хирадмандам ҳадду каноре надошт. Охир устод ба ман
сабақи фаромӯшнашуданӣ доданд, ки он панду сабақто ҳанӯз роҳна-
мои ман аст - ҳам дар эҷодиёт ва ҳам дар зиндагиам...

Устод Ҷалол Икромӣ ин нақли пандомезро ба охир расонданду
афзуданд: - ҳозир, мутаассифона, асарчопкунй хеле осон шудааст,
қисме аз ҷавонон, саросемавор навиштаҳояшонро ба нашр медиҳанд.
Ман, мукрбили “сензураам", аммо ҷонибдори онам, ки ҷавонони эҷод-
кор 'ҷабри устоди сахтгир"-ро аз cap гузаронанд, ки ин омили боэъти-
моди баланд шудани сифати асарҳост. Охир, сифати асари бадей -
ин сифати инсон аст - мегуфтанд устод бо иддао.

- Ин қиссаатон, ки устод, аз оғози роҳи эҷодиатон буд, хеле пан-
домез аст. Кошкӣ ҳама нависандаҳои баркамол ба Садриддин Айни
пайравӣ мекарданду ба ҷавонони эҷодкор падарвор мураббй мешу-
данд, онҳоро аз иштибоҳу хомкориҳо ҳимоя менамуданд, - гуфтаму
афзудам: - Устод, он мушкилоте, ки гуфтед, дар айёми ҷавонӣ ва
камтаҷрибагиатон буд, магар баъдазба пояҳои баланди нависандаи
баркамолу номӣ расиданатон, дучори эроду танқидҳо нагаштед?

- Ба хаёлам, мулло Холмурод, шумо кимчиҳоро медонистаги ба-
рин, пурсидед, - гуфтанд устод Икромиву ба завк, хандиданд ва пас
аз фурсате рӯҳбаландона нақли аҷоибе карданд:

- Ин солҳои панҷоҳум буд, ман даҳҳо асарҳои дигари калонҳаҷм
навишта, ба қатори нависандаҳои машҳур ба мисли Раҳим Ҷалил,
Улуғзода, Ниёзӣ ворид гашта будам. Соли 1957 романи навам бо ун-
вони “Ман гунаҳкорам” нашр гардид, ки вай дар рӯҳияи ғояҳои замони
нав, дар заминаи хулқу одоб ва психологияи реализми сотсиалисти
иншо гардида буд. Чи мегӯед, ки ин асар дар доираи қисме аз ҳамқа-
ламҳои худам хуш пазируфта нашуду боиси танқиду ҳуҷумҳои танг-
назарона гардид. Кор ба ҷое расид, ки китоб дар Иттиҳодияи нави-
сандагони Иттиҳоди Шӯравй (Москва) ба муҳокима гузошта шуд. Хай-
рият, ки дар муҳокимааш, ба мисли Мухтор Авезов барин нависандаи
машҳури нозукбин ва дигар донишмандон будаанд, ки “қилро аз ха-
мир ҷудо карда", асарро ҳамчун асари муфид, ифодагари равняй
ҷадиди замонавӣ ҳимоя намуданд. Ба китоби “Ман гунаҳкорам” ҳам-
чун тадқиқоти бадеии навоварона баҳо доданду ҷонам ором гирифт.

- Яъне, "бегонаҳо” шуморо дастгирӣ намуданд, - гуфтаму мақоли
"ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам, ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно
кард -ро ёдовар шудам.

- Бале, бале, ҳамсоя, агар чунин гуфтан раво бошад, онҳо маро
аз дӯстони худам ҳимоя намуданд, - гуфтанд устод Икромиву афзу-
данд: - агар устод Айнй маро аз изтиробу хомкорӣ, саҳл гирифтани
эҷодгарӣ ҳимоя карда бошад, Мухтор Авезову дигарон маро аз “гам-
хорих,о"-и гаразноки нотавонбинон халос карданд.

Ҳамчун ҳамсоя устод Икромй на фақат бо оилаи мо муомилаи
хуб доштанд. Он кас нисбат ба дигарон низ русуми анъанавии ҳамсо-
ягиро риоя менамуданд, агар касе бемор шавад, аз аввалинҳо шуда

65
хабар мегирифтанд, дар маъракаҳояшон иштирок менамуданд. Ме-
дидам, ки устод ҳар сари вақт ба хонаҳои ҳамқаламон Сотим Улуғзо-
Даёс °Т^Ҳ Ниез_и- Фазлиддин Муҳаммадиев, Мӯъмин Қаноат Абду-
ҷаббор Қаҳхдри, Убайд Раҷаб, Ғаффор Мирзо рафта ҳолпурсӣ ме-
карданд, дар мавридҳои идона ҳамсояҳоро ба ҳавлиашон даъват
намуда, дар атрофи табақи палови бухороӣ, ки Саодатапа болаззат
мепухтанд, гулхани маҳфили дӯстонаро фурӯзон менамуданд

25 декабри соли 1999 дар ҷашни 100-солагии Пайрав Сулаймонй
бо ҳамсояи дар ба дари устод Икромй Ғаффор Мирзо бари ҳам мени-
шастем. - Медонистам, ки Ғаффори ҳақгуй ва тундсухан на ба унво-
ни ҳама ҳарфи хуб мегуяд, бо вуҷуди ин пурсидам, ҳамчун ҳамсоя
дар ҳаққи устод Икромй чи гуфта метавони? “Фақат мегӯям, ки ҳам-
сояи нағз буд, аз у озоре надидам, дар меҳнат кардан намуна буд
нависандаи сермаҳсул буд, аммо баъзе фарзандҳояш аз ҳад зиёд
арка буданд , посух дод Г. Мирзо...

Бо гуфтах,ои Ғаффор Мирзо розй х,астам, устод Икромй бо хурду
калони маҳалла баробар буданд, онҳоро ном ба ном медонистанд.
дар вақт, ки бо фарзандонам дучор мешуданд, бо онҳо хушгӯӣ ме-
карданд, фарзандонам мегуфтанд: “Бобо Ҷалол ба шумо салом ра-
сониданд Ин ҷо, ки аз эркагиҳои беҳади баъзе фарзандони устод
Икромй ишора шуд, як мактуби аз хонаи эҷодиёти “Дубулта” навиш-
таи эшон ба хотирам омад: - “Хати Ҷононро хондаму қаламам аз дас-
там афтод дар институте, ки кор мекунад, ӯро ранҷондаанд" - навиш-
а оуданд Ҷалолака. Ба падари рахдур нома навиштани писар чй
саиъи хуше. Аммо, аз ҷониби ҷавонмарди баркамол, ходими илмии
академия ба падари рахдуру ранҷур навиштани мактуби дилғашку-
нанда чи маъни дорад? Олим, ҷавонмард, худашро ҳимоя карда на-
тавониста аз падари обрумандаш ҳимоя меҷӯяд...”

Месазад ҳоло ёдовар шавам, ки ман бо устод Ҷалол Икромй на
фақат дар соҳили канали Ҳисору гулгаштҳои Қарияи Боло гардишҳо-

аГСгУ£а:Ҳ0И ТуЛОпНИ доштам- Б°рҳ° бо устод дар сафарҳои якҷоя
дар гузаронидани Даҳаҳои адабиёту санъати тоҷик дар Россия Узбе-
кистан, Қирғизистон ва ғайра ҳамсафарӣ кардаам ва қисме аз онҳоро
мухтасар едовар мешавам. Боиси ифтихори фарҳанги мост, ки устод
Икромиро дар ҳама мулоқотҳои берун аз кишварамон басо самимона
ва гарму ҷушон истиқбол менамуданд. Дар маҳфиле дар маркази
Ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон, шаҳри Нуқус, сарвари он-
вақтаи кишвар Камолов гуфт: Сухан ба Нависандаи халқии Тоҷикис-
тон. меҳмони азизи мо, оқсақоли иззатманд Ҷалол Икромй дода ме-
-аЛад- Ҳозирон устодро хеле гарму ҷӯшон истиқбол намуда нутқи
уро бо шавқи тамом шуниданд. Яке аз сомеъони маҳаллӣ, шояд омӯ-
м^бУД' ^ Хушгӯии ДилпазиРе намуд - раиси мӯҳтарами мо устод
бЭ М° ШИН0С намекаРДанд ҳам мешуд, зеро, ки мо эшонро
иҳо боз ҳамчун нависандаи худамон мешиносем, дар қатори Ко-
мил Яшин, Абдулло Қодири, Собир Абдулло, Зулфия, Шароф Раши-

66
дов асарҳои ӯро мехонему ҳаловат мебарем, китобҳои устод “Шодӣ”,
“Тори анкабӯт”, 'Духтари оташ”, “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”, “Тахти
вожгун” ва ғайра дар байни мардуми мо шӯҳрати зиёде доранд. Чу-
нин суханҳо ба унвони устод Икромӣ дар дигар вилоятҳо - Тошканд,
Самарканд, Хоразм низ садо медод.

Дар ҷавоби он истиқболи самимию хушгӯиҳои бародаронаи мар-
думи Узбекистон, устод Ҷалол Икромӣ ба ваҷд омада дар шаҳри Хива
гуфта буданд: аз ин самимияту навозиши дӯстонаи шумо ман албат-
та, беҳад шодам, аммо амиқҳис мекунам, ки эҳтироме, ки шумо нис-
бат ба ман изҳор мекунед, пеш аз ҳама ба халқи тоҷик, фарҳанги
ҳазорсолаи вай, қаробати хешутабории мардуми ӯзбеку тоҷик ирти-
бот дорад. Охир дӯстони ҷонии ман, - меафзуданд устод Икромӣ,
фақат дар забони мо фарқияте ҳаст, вале муҳимтарин мафҳумҳо,
ибораҳо, ба мисли “ватан", “илм", “китоб”, “дин”, “имон”, “маданият’’,
“санъат", “нон", “дастархон", “дуст", “душман” ва ғайра дар ҳар ду за-
бои ҳам якранг садо медиҳанд.

Дар_бисёр баромадҳояшон Ҷалол Икромӣ, дар рӯзҳои фарҳанги
мо дар Узбекистон аз ҳамкориҳои ҳарду халқи ҳамсоя сухан мерон-
данд. Дар шаби эҷодии нависандагон дар Тошканд меафзуданд. Бо
ташкилшавии Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон ба мо зарур омад, ки
театри касбӣ низ ташкил намоем. Аммо кадрҳои даркориро надош-
тем. Аввалин режиссёре, ки аз Тошканд омада, якумин спектаклро
дар саҳнаи театри навбунёди тоҷик гузошт, ин Фатҳулло Умарови
тошкандӣ буд ва песаи аввалин ҳам асари нависандаи номии Узбеки-
стон Комил Яшин буд. Ҳамдастии миллатҳои мо нафақат дар соҳаи
фархднг, балки дар дигар ҷабҳаҳо - пахтакорӣ, сохтмони каналҳои
азим, ба кор андохтани заминҳои нав низ баҳснопазир аст, - мегуф-
танд устод бо рӯҳбаландӣ.

Дар яке аз чунин мулоқотҳо, аз устод Ҷалол Икромӣ пурсиданд: -
Чӣ тавр шумо нависандаи забардаст шудед? шумо устоди таълимгар
доштед?

- Саволи хуб додед, - гуфтанд устод Икромиву ҷавоб доданд:

Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан.

Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

Ин сатрҳои олиҷаноби классики адабиёти мо, - ҷавоб ба шумо,
азизон. Албатта, ман устод доштам, устоди ман яке аз бузургтарин
донишмандони олам, устод Садриддин Айнӣ буданд, ки он кас асос-
гузори адабиёти давраи навини мо ҳастанд. Он касро яке аз асосгу-
зорони адабиёти мардуми ӯзбек гӯем ҳам хато намешавад. Шояд, на
ҳама дӯстони ҷавонамон донанд, ки устод Айнӣ ба забони ӯзбекӣ ҳам
асарҳо навиштаанд, бесабаб нест, ки устод Айнӣ нафақат барои ман,
балки ба бисёр адибони Тоҷикистону Узбекистон таълимгари беҳам-
то, устоди асил буданд, - мегуфтанд Ҷалол Икромӣ.

Устод Ҷалол Икромӣ дар мух,окимаҳои асарҳои ҳамқаламон, шо-
гирдон фаъол буданд, дар ҷаласаҳои иттифокҳои эҷодӣ, маросимҳои

67
ҷамъияти иштирок карда, аксар вак^ҳо баромадҳои пандомезона ме-
намуданд. Охирҳои солҳои шастум анҷумани якуми кормандони фа-
рҳанги Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он аз тамоми гӯшаҳои кишва-
ри офтобии мо вакилон иштирок доштанд. Сарварони онвак^аи ҷумҳ-
Ури Ҷаббор Расулов ва Абдулаҳад Қаҳҳоров низ меҳмонони анҷуман
буданд. Дар он анҷумани бошукӯҳ аз номи арбобони барҷастаи фар-
ҳанги миллиамон нутк, кардан насиби устод Икромӣ гардид, ки ин аз
мақому эътибори баланди доштаашон дар назди аҳли илму фарҳанг
шаҳодат медод. Устод метавонистанд бе қоғаз суханронӣ кунанд,
аммо ба эҳтироми анҷуману аҳли фарҳанг нутқашонро навиштанд ва
онро чунин оғоз намуданд:

- Азбаски ман ба фарҳанг ва фарҳангиён муносибати хоса дорам,
андешаҳоямро дар қогаз навиштам, ҳар чизе, ки мехостам гӯям, дар
мизони ақлу хирад, талаботи замон баркашидам ва акнун ба шумо
иброз менамоям. - Сипас эшон диққати ҳозиронро ба чанд масъа-
лаҳои муҳим ҷалб намуданд, - ба зиммаи инҷо нишастагон бори ваз-
нине гузошта шудааст, ки ин пеш аз ҳама ба мардум дастрас намуда-
ни мероси бебаҳои бобоҳоямон, ганҷинаи аҷцодонамон, пеш аз х,ама,
эҷодиёти классикони адабиёти овозадорамон мебошад. Савол ба миён
меояд, ки касоне, ки имрӯз вакили анҷумананд ва ҳамаи онҳое, ки
дар театрҳо, клубҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва дигар муассисаҳои
фарҳанги кор мекунанд, аз ӯхдаи иҷрои ин вазифаи муқаддас меба-
роянд ?! Оё, - афзуданд устод Икромӣ, - ҳамаи касоне, ки худро кор-
манди фарҳанг мешуморанд, саводи казоӣ доранд? Дар омӯзишгохҳои
махсус касбомузи кардаанд вэ муҳимтараш, касби худро маҷнунвор
дуст медоранд? - пурсиданд устоду афзуданд: барои булҳавас бе-
ҳафсала, беҳунари дилсард дар фарҳангистони мо бояд ҷой набо-
шад. Яъне шарти аввал ин аст, ки корманди фарҳанг ба касбаш ишқи
ҳақиқӣ дошта бошад, чи тавре, ки мавлоно Низомӣ фармудааст:

Ишқ қақиқист, маҷозӣ магир,

Ин думи шер аст, ба бозӣ магир!

Он чизе, ки гуфтам, азизон, ба х,амаи мо дахл дорад, хдм ба на-
висанда, ҳам ба рассому бастакор ва ҳам ба сарояндаву меъмор.
Дар дили касе, ки чароғаки ишқи х,унар насӯзад, аз вай бӯи умед
нест, чи тавре, ки аз зарофатгӯе шунидаам: “Гар ба дил завқе на-
дори, синаҷунбонӣ чӣ суд?" Устод дигар ақидаҳояшонро роҷеъ ба
инкишофи маданият, баланд бардоштани сатҳи ҳаёти маънавӣ, тар-
бияи ҷавонон низ иброз карданд. Дар танаффус Ҷаббор Расулов,
Абдулахдд Қаҳҳоров барои нутқи пандомӯзашон дасти устодро фи-
шурда табрик намуданду гуфтанд: - доимо анҷуманоро бошед!

Устод Икроми яке аз сифатҳои хоси нависандагиро дар ҷӯяндагӣ
медиданд._Ҷуянда ёбанда аст, мегуфтанд. Дар хотир дорам, боре ба
Фазлиддин Мух,аммадиев гуфтанд, ки бигузор мавзӯъёбиро ҷавоно-
ни мо_аз шумо ёд гиранд. Ба наздикӣ навқаламе аз ман хоҳиш кард,
ки ба у мавзуи аҷоиб ёбам, то вай асари шавқовар нависад. Гуфтам’

68
- кас бо чашми каси дигар дида наметавонад. Бемалол. ман ба ту
маслиҳатҳо медиҳам, лозим шавад, асаратро мехонам, аммо мавзуи
дилхоҳро бояд худи худат ёбй, факдт чашми бинои эҷсдкор дар қалам-
рави ҳаёт мавзӯъ ёфта метавонад.

Дар ин бобат, ҳақбар ҷониби устод Икроми аст ва худашон наму-
чай ибрат буданд. Боре бо устод Икромй дар истироҳатгоҳи Зим-
чурӯд"-и ноҳияи Варзоб дучор туда, ҳолпурсӣ кардаму гуфтам: хуб
кардед. ки ин ҷо омадед, акнун каме аз ташвишҳо фориғ шуда исти-
роҳат кунед, ин ҷо ҷои хуби “калла дамдиҳи ҳам ҳаст. ба каллаи
солҳои сол ранҷкашида раҳм кунеду осоиш диҳед. Устод, табассуми
ширине карда, барои ғамхориатон ташаккур" гуфтанд ва мо ҳар ка-

дом бо рох,и худ рафтем. _ _

Баъди чанд рӯзи баргаштан аз “Зимчуруд устод Икроми дар рузно-
мае очерки доманадореро бахшида ба он осоишгоҳ, иқлими руҳаф-
зои нотакрораш, манзараҳои дилрабояш, оби зулоли ҷонбахшаш. ода-
мони сидқан ғамхору меҳрубон, меҳнатқарин ва меҳмоннавози он
деҳкадаи биҳиштмонанд чоп намуданд.

Рӯзи дигари чоп шудани он очерк, дар маҳаллаамон оо устод
Икромӣ вохӯрДа шӯхӣ кардам: - устод, ваъдахилофи кардед-ку. Зим-
чуруд ҷои “калладамдиҳӣ” будааст гуфта, боз асари тозаи доманадо-
ре бахшида ба он мавзеъ офаридед, магар дамгирӣ ҳамин хел меша-

вад? .

Устод, ҳалимона хандиданду, - шумо алпакаи хондед-ми. - гуф-
танд ва афзуданд: - Ташаккур ба ғзмхориатон, ҳамсоя, аммо^дар
ҷавоб як чизро гуфтаниям, - “калла" гӯям-мӣ? "майнаи эҷодгар гуям-
мӣ7 - ҳеҷ гох, дам гирифта наметавонад, зеро, ки дар вай доимо як
“кирме" ҷунбида меистад, ки нависандаро ором намегузорад. Ин “кирм
бераҳм аст, дар хобатон ҳам вай беист ҷунбида меистад, ба фикр
рондан маҷбур месозад...

Бори дигар бо устод Икроми дар вилояти Кулоб, дар колхози
Миралӣ -Муҳаммадалиев дучор шудем. Ин^дафъа ҳам дар истиро-
ҳатгоҳ. Устодро дида хурсанд шудаму хушгуи намудам, - устод, вақ-
тҳои охир мо бо шумо фақат дар осоишгох,ҳо вомехурем...

- Маслиҳати шумо ва духтурҳоро иҷро мекунем, онҳо акнун беш-
тар истироҳат кунед. ба осоишгоҳҳо равед мегуянд, ана ман боз осо-
ишгоҳи хубе ёфтам. Дӯстам Миралӣ маро ин ҷо овард, рузи дуюм
аст, ки фарогати хуб дорам, - гуфтанд дар ҷавоб Ҷалол Икроми.

Шӯхиомез: - фарогати шуморо омӯхтаам, боз ҳамон “кирм"-и бе-
сари эҷодиатон меҷунбаду дам гирифтан намемонад, гумон дорам,
ки ягон нақшаи дилкаши эҷодгарӣ шуморо ба ин кошонаи биҳиштмо-
нанди саркор Миралй овардааст, - гуфтам, - синчакорона ба чашмони
ҳамсояам нигариста.

- Ба илтифотатон ташаккур, ҳамсоя, аз шумо гапу кори русти на-
дорам, гуфтанд устод Ҷалол Икромиву афзуданд. - Албатта, бемақ-
сад инҷо наомадаам, каме истироҳат ҳам карданияму агар тавонам.

69
мехоҳам як асари назаррасеро бахшида ба ин хоҷагии пуриқтидор ва
раиси овозадораш бинависам. - Эшон, каме ба фикр рафта боз илова
намуданд. - Эҷодгари^асил ҳамон вақт фароғат мекунад, агар кораш
барор гирад, қалами у ба табъи дилаш “аспдавонӣ" намояд. Шахсан
ман ба чунин услуби кору тартиби зиндагӣ одат кардаам.

Хушбахтона, устод Икроми аз он сафар бо бағали холӣ барнагаш-
танд. Маводи қазонв оварданд, ки барои навиштани як китоб, бо ун-
вони Хатлон кифоя гардид. Он асар, аз корнамоиҳои коллективи
номбурда, таҷрибаи зиёда аз 50 солаи раисии марди накӯном, “ҳам
марди мардону, ҳам марди майдон", деҳқони асил, роҳбари тавонои
соҳибтаҷриба, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, вакили мардумӣ дар
Шурои Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Миралӣ Муҳаммадалиев қисса
менамояд. Баъд аз хотима ефтани кори асосӣ аз болои китоб борҳо
дар хонаи устод Икроми мулоқотҳо доштем, бобҳои алоҳидаи кито-
бро устод барои хондан дода буданд. Баҳси охирини мо дар хусуси
номи китоб буд. Варианти аввалааш “Мирвалӣ" буд, аммо устод “Хат-
лон -ро авлотар донистанд.

Дар хусуси асарҳои офаридаи устод Ҷалол Икромӣ, маҳорати
нависандагиашон - китобҳо навишта шудаанд, ман пеш аз ҳама кито-
би Насри Ҷалол Икроми"-ро дар назар дорам, ки дар ба табъ расони-
дани он устод Муҳаммадҷон Шукуров заҳмати зиёде кашидаанд
11аҳлуҳои гуногуни эҷодиёти устод Икромиро олимони дигар, аз ҷум-
ла Лариса Демидчик, Шарифҷон Ҳусейнзода, Аълохон Афсаҳзод
Атахон Саифуллоев, Ҷӯра Бақозода ва дигарон батафсил таҳлил
намудаанд. Бобо Худоидодов бошад, тамоми фаъолияти илмиашро
ба омухтани ҳает ва бисоти эҷодии устод Икромӣ бахшидааст. Ӯ ҳанӯз
соли 1967 дар мавзуи “Маҳорати Ҷалол Икромӣ” рисолаи номзадӣ
ҳимоя карда буд. Боз вай мақолаҳои “Чанд қайд оид ба романи “Дух-
тари оташ романи “Шоди", “Идея ва образҳои асосии романи Ҷалол
Икроми Ман гунаҳкорам", “Маълумот дар бораи тарҷумаи ҳол ва
фаъолияти адабии Ҷалол Икроми” ва ғайраро некбинона ба қалам
додааст. Y

Додоҷон Раҷабӣ зиндагӣ ва эҷодиёти устод Икромиро аз бойго-
ниҳо омухта аз нобаробариҳои қисмати устод, азобу шиканҷаҳо аз
иғвоҳо ва гиребонгириҳои "дӯстон“-и нотавонбину ноҷавонмардашон
қиссаҳо кардааст. Бешубҳа, ҳаёт ва эҷодиёти чунин нависандаи за-
оардаст, ба монанди Ҷалол Икроми, ки дар инкишофи адабиёт, те-
атр, синамо нақши рангине гузоштааст, сазовори тадқиқоти батафси-
ЛУ навиштани китобҳои калонҳаҷм мебошад. Ман бошам, бо ин қай-
дҳои мухтасари худ, дар арафаи ҷашни устод, андаке рози дил кар-
даам ва аз сифатҳои инсони, муносибати ӯ ба устодону шогирдон
едовар шуда як андоза қарзи ҳамсоягӣ ва дӯстиву бародарии худоо
баҷо овардаам. ^

Ҳоло, ки ин сатрҳо ба муносибати ҷашни 90-солагии яке аз шах-
сиятҳои муътабар, симои барҷастаи фарҳанги миллиамон Ҷалол Ик-

70
ромӣ иншо мешаванд, беихтиёр як чиз маро ба андеша меандозад, -
ин гуфтугузорҳои гилаангези хешовандону дӯстони шодравон Ҳаби-
булло Назаров, дар атрофи китоби “Саргузашти Сафармахсум”. Бо
Ҳабибулло Назаров низ дӯстии бародарона доштем. У дили беолои-
шу хайрхоҳ дошт. Ҳамсараш Назарова Н. С., фарзандонаш Темур ва
Рустам маъракаҳояшонро бе иштироки ман намегузарониданд...

Чӣ гуфтанӣ ҳастам? - Гуфтаниям, ки агар дар ҳамкориҳои эҷодии
онҳо аз ҷониби устод Икромӣ ноқисие гузашта бошад, ман аз ҷониба-
шон узр мегӯям. Ҳаминашро медонам, ки Ҳабибулло Назаров инсони
шариф ва лакбахш буд. Азбаски хешовандони уро чун ҳамқавми ху-
дам мешуморам, онҳоро даъват менамоям, ки дар гузаронидани ҷашни
устод Икромӣ саҳмгузор бошанд:

Ҳиммат баланд дор, ки мардони рузгор,

Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.

Устод Мирзо Турсунзода қаноатмандона гуфтаанд: “Икроми ба-
рон хонандагон олами наве кушодааст, ки адабиёти мо_ҳануз ба он
чуқур ва ҳаматарафа нуфуз ва дахолат накарда буд. У ба дохили
ҳарамсарои Бухоро назар андохта, олами мураккаби маънавии бо-
шандагони “андарунҳо", яъне занонро, ки дар паси деворҳои баланд
ва дар зери фаранҷиву чашмбандҳои тираву тор умр ба cap мебур-
данд, нишон додааст".

УЛУҒЗОДА ДАР “БОҒИ ЯТИМ”

Баҳори соли ҳазору нӯҳсаду шасту ҳафтум қисмат маро дар кӯчаи
навбунёди Ҳабиб Юсуфӣ бо устод Сотим Улуғзода ҳамсояи дасти
рост гардонд. Дар назди хонаҳоямон замини полези ҳам доштем. Ҳар
кас мехост, ки он замини сахти чӯянмонанди беобро ҳарчи зудтар ба
гулгашту "боғи ирам" табдил диҳад. Аммо чӣ тавр? Ба зуди расидани
гармои ҷонкоҳи тобистон тахдид мекард, агар дар ин замин ягон чизи
полезӣ корида, ё ниҳол шинонида мешуд, хуб мебуд... Ҳамон вак^
китоби тоза нашргаштаи устод Улуғзода “Восеъ”-ро мехондам. Яке аз
қаҳрамонҳои он асар Ятим ном деҳқонбача дар қишлоқи дурдаст за-
мини бекорхобидаро бо зоғнӯлу белу каланд кор карда, бо кузаву
обдастаҳо об кашонда боғи дилпазиру мевадор бунёд мекунад.

Дар ҳамон айём таҷрибаи қаҳрамони асари Улуғзода бемуҳобот
бароям мушкилкушо шуд. Рӯзҳои истироҳат аз Мачити ном ҳамсояи
ҳаммаҳаллаи навам зоғнулу бел талабида, замини сахти чуянмонан-
дро нарм кардам ва аз як гӯшаи он ҷӯйчаҳо кашидам. Рузи дигар
падарам, ки аз қишлоқбарои хонамубораки омада буданд, кори маро
дида, “офарин бачем”, гуфтанду ғайб заданд ва баъд аз ду-се соат аз
куҷое ниҳолҳои гуногунро оварда шинонданду ба набераҳояшон фар-
муданд, ки бо сатилчаю офтобаҳо аз хона об кашонда ба бехи ниҳо-
лҳо резанд.

71
-И50ЛХ,° зуд сабзида кашиданд. Чанде нагузашта дар кунҷи
ҳавли боғча намудор шуду дар мобайнаш ҳавзча ҳам бунёд кардем.

улласи калом, дар ҳавлии мо назар ба дигар ҳавлиҳо пештар ҷои
нишаст паидо гардид. л н ^

Ҳамсояам устод Улуғзода ҳар бор. ки рӯи ҳавлӣ мебаромад бо

кор™кардаС6ошад?"еНИГаР"СТ' Ш°ЯЛ “вГуфТ' “ ин зиеии ша*** чй

п _Соли оянда даР баРи Ҳавзча кати нишаст гузошта, сохтани ши-
пангчаро ҳам ба нақша гирифтам. Нақшаҳо ҳам зуд амалй гаштанду
^rPuf 33 РУ330И истироҳат палов лухта, онро дар болои ҳамон кати
боғча хурдани шудем. Устод Улуғзодаро ҳам бо завҷаашон Любовь

иГ™еВНя даъват на“Удам. Улуғзода ба кат нишастан ҳамоно син-
чакорона ба дарахтони буттазадаю қадкашидаи атроф, ҳавзча кат
шипанг назар андохта ҳаиратомезона пурсид, - росташро гӯед, чй тавр
тавонистед, ки дар як вақти кутоҳ дар ин “ҷазираи беоб” дарахтонро
сабзонда ҷои нишасти барҳаво созед? У р

намуда°мШаР°ФаТУ ёрдами худи шумо’ Устод> ’ гУфта ҳозирҷавобӣ

лЯЯмҲа3^Тт°кНР0 МОнед' ҲЭМС0Я' ба шумо ман ^ кӮмаке нарасони-
даам, - гуфт бо тааҷҷуб устод.

- Не устод, росташро мегӯям.

зҳС0сИуНтааФҷубТ0НР° ЧӢ ТаВР ИСб°Т Менамое1Д?' луРсид Ҳамсояам бо

- Ҳамин тавр, ки аз “Восеъ" ном асаратон таҷрибаи богбунёдкуни-

ни Ятимро истифода кардам. Магар Ятим қаҳрамони асари шумо нест?

- туфта ширингӯӣ намудам. М шуминест.

-года' Э’ 33 аввалаш ^амин тавр карда фаҳмонед, намешавад' Дил-
тангам кардед, - гуфт. бо завқ хандида устод Улуғзодаву афзуд -
борҳо ба худ гуфтам, ки бо шумо баҳси беҳуда накунам, аммоУфа-

када^тач^бя^я^н6 ЯҚИН Д°рЗМ' КИ Дар бунёди ин гулбоғ на он
п Дар ^ритбаи Ятим' ончУн°н, ки деҳқонзодагии худатон асар кар-
дааст, - гуфтанд эшон хоксори намуда. Ҳамин тавр, боги Ятими нав
ҷои дилхоҳи нишасти ҳамсояҳо гардид. Васфи ин боғчаро борҳо ус-
тод дар мактубҳояшон низ кардаанд. Он кас ҳатто ба ҳамин богча
бахшида шеъреро паидо карда, маслиҳат додаанд, онро дар пештоки
шипанг сабт намоем, ки чунин аст: х

Мақсад зи кожу суфаву аӣвон ниҳоштан,

Кошанҳои cap бафалак барафроштан,

Дарахтони мевадору гулҳои рангоранг коштан
Дон и ки чист ? - Ба му роди дил андар он.

Як лаҳза дусте шод битавон доштан

Я1ШеЪ(™ дилангез ДаР пештоқи шипанг навишта нашуд аммо
ҳар бор, ки дустон гирд меомаданд, қироат карда мешуд.

Дар тули ҳамсоягии чорякасра байни ману устод Улугзода mvho-
қотҳои бешуморе сурат гирифтаанд ки онҳо ба гиаазуъҳои ““Ц,

72
зиндагӣ, масъалаҳои байналхалқӣ, иҷтимоӣ-сиёси, руйдодҳои ада-
биёт, фарҳанг, санбат, илм ва ғайра иртибот доштанд.

Бемуҳобот устод Улуғзода ҷаҳонбинии васеи энсиклопедисти
дошта. яке аз донишмандтарин фардҳои замони мо буданд ва каш-
фиёти бадеии он инсони ҷӯянда дар боби таърихи афкори гузаштаю
ҳозираи миллатамон ҳам бебаҳост, ҳам беҳамтост. гӯем хато наме-
шавад. Кифоя аст, ки асарҳои ба Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни
Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш ва ғайра бахшидаи уро
номбар намоем. Камтарин эҷодгарон ба мисли Сотим Улуғзода. ҳам
дар инкишофу насру назм. драматургия, соҳаи кинематография, пуб-
лисистикаи илмӣ тавоноӣ доштанд. Ман имрӯз дар дафтари хотироти
худ, тадқиқи эҷодиёти ғании ӯро ба ӯҳда нагирифтаам. Фақат мехо-
ҳам ба хонандаи гиромиқадр аз хислатҳову сифатҳои инсонии он
марди тарифу наҷиб ҳикоят намоям.

Аввалин фардияту шахсияти устод Улуғзодаро аз дигарон дар он
медидам, ки ӯ иззатталабию такаллуфро намепарварид. Ҳар вак^е-
ро. ки кулай медонист, - хоҳ рӯзҳои истироҳат, корӣ, хоҳ шом, ё са-
ҳарӣ, - “ҳамсоя шумо дар хона ҳастед?" - гуфта меомаду ҳолпурсӣ
менамуд, агар ягон хабари тоза шунавад, онро мегуфт, ё чизеро ме-
пурсид. Устод, бемуҳобот, ойини ҳамсоядориро хуб риоя менамуд,
меҳрубонии бародарона изҳор медошт. Баъзан чунин ҳам мешуд, ки
ӯ меомаду мегуфт, - ҳамсоя, биёед имрӯз занҳоро аз заҳмати таом-
пазӣ озод намоем, худамон “оши мардакӣ" пазем. Аксар ҳамин тавр
ҳам мекардем. Дар ҷараёни омода сохтани таом, сӯҳбати мо кӯр ме-
гирифт, зарофатгӯиҳову латифагӯиҳои зиёде менамудем, ки дар ин
бобат, устод гӯяндаи беҳамто буданд.

Ин ҷо, ки сухан аз боби қадрдониву мехрубонии аслии устод ме-
равад, бамаврид аст, як-ду намунаи онро ёдовар шавам. Чунин ҳам
мешуд, ки ҳамсояам дар айни гармии тобистон бо хоҳиши завҷаашон
Любовь Андреевна ба манзили дар Москва доштаашон мерафтанд.
Он вақтҳо ман аз рӯи вазифа, зуд-зуд ба Москва мусофират менаму-
дам. Ҳамин, ки ба пойтахт мерасидам, ба устод салому паёму савғо-
ро мерасонидам.

Баробари аз омадани ману ҳамсафаронам огоҳ шуданашон Со-
тим Улуғзода серташвиш мегаштанд. Борҳо шудааст, ки эшон палав
пухта ба меҳмонхона меоварданд, ё ки бештар ба хонаашон даъват
менамуданд. Боре бо дӯстам Султон Мирзошоев ба Москва ҳамса-
фар будем. Устод Улугзода моро ба хонаашон, ки дар Нагатинская
набережная буд, ба меҳмонӣ хонданд. Дар роҳбо Султонҷон ҳазло-
мезона баҳс доштем, ки устод моро бо чиҳо зиёфат мекарда бошанд?
- Гуфтам, - шарт намебандем, аммо эҳсос менамоем, ки янгаи меҳру-
бонамон Любовь Андреевна ба мо лазизтарин таоми дӯстдоштаи ман
“клубяка” мепазад. Тахминам рост баромад. Янга таоми номбурдаро
пухта будааст... Султонҷон баҳси моро ошкор намуда гуфт, хуб шуд,
ки гапи акаам Холмурод рост баромад, бемуҳобот ман чунин таоми

73
хуштаъмро бори аввал мехурам, ки маззаи нотакрор дорад. Таомро
ки бо иштиҳо мехурдем, ман миннатдорй карда, ба Султан Мирзошо-
ев гуфтам, ки завҷаи устод ҳамсояи мо, таомҳои дигарро низ моҳиро-
на, бо шавқи зиёд мепазанд.

Акнун, хонандаи гиромиқадр, мехоҳам ҳикоятамро дар хусуси
муомилоти ҳамсоягиамон бо устод Улуғзода пурратар намоям. Ус-
тод, ки эҷодгари ҷуянда буданд, дар мулоқотҳоямон бештар аз кито-
бҳои хондаашон, сурудҳои шунидаашон, спектаклҳову филмҳои ди-
даашон нақл менамуданд, аз мулоқотҳояшон бо Садриддин Айниву
Абулқосим Лоҳути бо эҳтироми зиёд ва шавку завқ нақл мекарданду
меафзуданд: 3

- Онҳо, яъне Айниву Лоҳутӣ табиатан устоди ҳама буданд, зеро
ки асарҳои нав нашршудаи шогирдон, ҳатто дастнависҳои онҳоро
мехонданд, нисбаташон изҳори ақида менамуданд. Ба хотир биёрем,
мактуби кушодаи домулло Айниро ба нависандаи ҷавон Пӯлод Толис
вағайраро...

Ҳозир чӣ? - ҳар кас дар фикри хешу кӯса дар фикри риш. Нави-
сандаҳои ин замонаи мо нисбат ба ҳамдигар бепарвоянд, асарҳои
ҳамқаламонашонро қариб, ки_намехонанд, баҳсҳои эҷодӣ намеоро-
янд, - мегуфт бо таассуф ва сузиши қалб, меафзуд, - ҷавонони эҷод-
кори имруза нисбати устодию шогирдӣ назари носолим доранд. Ба
ҳар кас, сазовор аст у, ё не, "устод" гӯён муроҷиат мекунанд, ҳатто
ьаини якдигар "устод" гуфта муомила карданро раво мебинанд ки ин
фоли нек нест...

Худи устод Улуғзода қадри имкон китобҳои тоза нашршуда ма-
ҷаллаву рузномаҳоро бо диққат мехонданд, таҳлил мекарданд, нис-
бати адибон, сифати адабиёт бепарво набуданд. Моҳи май соли ’1970-
ум аз Москва мактуб гирифтам. Онро устод Улуғзода баъд аз хонда-
m пе^ Абдулло “Абдулло Раҳимбоев”, ки дар маҷаллаи “Садои
шарқ (№Э) чоп шуда буд, навиштаанд.ки иқтибос меоварам:

- Холмурод Шарифович! Наход, ки театр ҳамин песаро дар ҳамин
ҳолаш ба саҳна гузошта бошад? Таърихан вайрон, мафкуравй хам
хароб... Образи А. Раҳимбоев ниҳоят камбағал, беранг. Уро ин тавр
нишон додан асло раво нест, Образи В. И. Ленин дар леса ба яктарзи
нораво ямок, аст, Раҳимбоев аз Ленин чй таълим гирифт7 Баъд он
таълими гирифтаашро чи тавр дар амал татбиқ кард? Вай ба тавсияи
J 1енин сазовор буданашро бо чи нишон дод? Ин чиз ҳама дар “батн ’-и
драматург мондааст, Асари каммаъни, забонаш хам хароб ва аз фао-
дият маҳрум . к ^ н

Ана то кадом андоза сахтгир буд устод Улуғзода ба касби эчодй.

Он вақтҳо ман ки мутасаддии соҳаи фарҳанг будам, эродҳои ус-
тод Улуғзодаро ба шодравон Ғанй Абдулло расонидам. Вай то мета-
вонист, эродҳои ҳамқаламашро ба ҳисоб гирифт. Он асар дар саҳнаи
театри академикии ба номи Лоҳутӣ гузошта шуд.

Он ҳақиқат, ки Сотим Улуғзода аксар китобҳои нав ба табъ раси-

74
даро мехонд, дар мисоли худам ҳам баръало мушоҳида кардаам.

Як рӯзи истироҳат устод Улугзода ба хонаамон омаданду ҳазло-
мез гуфтанд, - ҳамсоя, о шумо нони моро нимта карданиед? ва афзу-
данд: - Китобатон "Гард дар миҷгон”-ро хондам, табрик мегӯям, услу-
би ҳикоятҳоятон ба ман маъқул, маслиҳат медиҳам, ки қаламро на-
партоед. Устод гила ҳам карданд, - агар пеш аз чопаш дастнависа-
тонро медодед, бо майли том мехондам, шояд ба таҳриру такмилаш
дастдарозӣ менамудам. Ҳеҷ боке нест. Муҳимаш он ки китобатон
хонданибоб асту муфид.

Хушбахтона асархри дигарамро низ Сотим Улуғзода мехонданду
изҳори ақида мекарданд, Аммо ба мисли дигарон х,укм намекарданд,
ки, - ин тавр нависед, мавзӯи дигар ёбед ва ғайра. Хайрхоҳиву бега-
разиашон баръало мушоҳида мешуд. Ман бехабар устод Улугзода,
ҳатто ба Иттифоқи нависандаҳо мактуби махсус навиштаанд, ки маро
ба узвияти он созмони эҷодӣ қабул намоянд, мазмуни он мактубро
профессор Аълохон Афсаҳзод дар очеркаш чоп кардааст, ки ин ҷо
хоҷат ба такрор нест.

Мушоҳида мешуд, ки устод Улугзода ба камина эҳтирому эътиқо-
ди хосае дорад. Аз он хотир инро мегӯям, ки гарчанде устод нависан-
даи забардастанд, ҳар чизе, ки он вақтҳо тоза эҷод менамуданд, ба-
рон мутолиа медоданд. Зиёда аз он, дастнависҳои асарҳои навашон-
ро, аз ҷумла “Марги Ҳофиз”, “Ривояти сугд”-ро дар болои ҳамон кати
“Боги Ятим” се шаб, - аз соатҳои ҳафти бегох, то бевак^ии шаб мехон-
данд. Устод ҷумлаҳоро канда-канда паи ҳам қироат менамуданд ва
ман бо ҳаловату диққати том гӯш меандохтам.

Дар ҷараёни қироат, ҳар сари вақт ҳамсояам нафасашонро рост
карда, - азизам, дилгир нашудед, бас кунам? - гуфта маънидор ба
рӯям менигаристанд.

Ман мегуфтам, - агар худатон монда нашуда бошед, устод, ман
аз шунидани суханони шумо ҳеҷ дилгир намешавам, бо шавқу завқ
тасвиру гуфторатонро гӯш мекунам ва ҳаловат мебарам.

Устод табассуме мекарданду аз пиёлаи чойи наздашон гузошта
чанд қулт нӯшида, - агар гапатон рост бошад, давомашро гӯш кунед,
- гуфта боз давоми асарҳояшонро мехонданд.

Асархри номбаршуда кайҳо манзури хонандаҳо гаштаанд ва ба-
рон ҳамин ин ҷо аз шарҳу нақли мазмунашону моҳияташон худдорӣ
менамоем.

Доираи дӯстони оилавии Сотим Улугзода чандон васеъ набуд. Ба
хонаашон ҳар сари вақт бо завҷааш академик Зариф Раҷабов,
ҳуқуқшинос Мастибек Раҷаббеков меомаданд. Зуд-зуд барои хабар-
гирӣ нависандаҳо Мутеулло Наҷмиддинов, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ,
Фазлиддин Муҳаммадиев, журналист Мирзо Маҳмуд, Қаҳрамони
Меҳнати Сотсиалистй Ваҳобҷон Иномов ва дигарон меомаданд.

Аз ҳамдиёронашон бештар ба хонаи Боқиҷонако ном инсони на-
ҷиб ва зарофатгӯй мерафтанд. Ҳар сари вақт устод Улугзода мегуф-

75
танд, - Боқиҷон хабар карда рафт, бе ҳамсояат набиё гуфт.

- Меравем, устод, албатта меравем. Аввалаш, он ки ӯ дусту ҳам-
кори падарам аст. дуюм, - Боқиҷонако барин шахси дилсофу қадр-
дон кам ёфт мешавад, муҳимаш боз он, ки ягон кадбону ба мисли
зани вай самбӯса пухта наметавонад.

Дар ҳақиқат, дӯсти бачагии Улуғзода Боқиҷонако инсони меҳнатӣ,
одамдуст, қадршинос буданд, ки ҳар сари вақт барои хабаргирй мео-
маданд^агар ҳандалаке ё зардолуашон пазад, аввал ба мо меовар-
данду суҳбатҳои ширину дилпазир меоростанд. Боқиҷонако аз лӯбиё
қимоб буданд. Боре, ки ба хонаашон мерафтем, бо устод маслиҳат
карда, аз бозор ду кило лӯбиё харида савғотӣ бурдему ба завҷааш
супурдем. Боқиҷонако аз он хабардор шуда, ба сари мо хеле шӯрид.
занашро ҳам дашном дод, ки чаро тӯҳфаи ғаразнокро қабул кард.

Дар ҷараёни сӯҳбат Улуғзода ба қитиқи Боқиҷонако расида меис-
тод, ҳар гоҳ - чаро ба таом лӯбиё наандохтаанд, лӯбиё гиёҳи серғизо
вайро бисёр истеъмол кардан лозим - мегуфт. Дар ҷавоб Боқиҷона-
ко, - ҳамин забонро ғунда газад, намешавад-мӣ? Мегуфт, - рӯяшро
турш карда Ваҳобҷон Иномов, ки бо мо ҳамроҳӣ мекард, оташи ғаза-
би Боқиҷонакоро баландтар мекард, - хайр, ако, шумо аз лӯбиё қимоб
бошед, гуноҳи мо чи? Ақаллан ба таом нахӯд андозед, намешуд
мегуфт хандида.

- Хуб гуфтаанд, ки худкардаро даво нест, - мани ахмоқ инҳоя
одам гуфта, ба меҳмони хондам, инҳо чиҳо мегӯянд, - яктеш нави-
сандаи бузург, инаш қаҳрамон, на тамиз доранду на одоб, - гуфта
пушташро мегардонд Боқиҷонако. Мо ҳама ба завқ механдидему ка-
бобу шароб мехӯрдем. Фақат ман ҳазломез тарафи Боқиҷонакоро
мегирифтам, - инҳо ба қадри нону намакатон намерасанд, - мегуф-
там. Ҳамин тарз суҳбатҳо ҳам дар хонаи Боқиҷонако, ҳам дар манзи-
ли устод Улуғзода хеле хушу дилпазир мегузашт. Худи устод Улуғ-
зода иқрор мешуданд, ки дар он ҷое ки Боқиҷон бошад, он ҷо ғайбат
намешавад.

Ҳамбастагию ҳамсоягии мо бо устод Улуғзода ба дараҷаи анъа-
навии бобоӣ буд, гӯем хато намешавад. Агар деги устод ҷӯшад, як
коса таом ба хонаи мо меомад ва агар деги мо ҷӯшад, "ҳаққи ҳамсоя
ба ҳаққи худо баробар - гуфта табак, ё коса хонаи устод мерафт.

Байни оилаҳои мо як анъанаи хуби дигар низ пойдор гашта буд, -
мо аксаран меҳмонҳоямонро, хоҳ дар хонаи ман, хоҳ дар хонаи ус-
тод Улуғзода якҷоя қабул менамудем. Агар ба хонаи ҳамсояам меҳ-
мон меомадаги шавад, эшон аз субҳ хабар мекарданд, - ҳамсоя, имрӯз
кушиш кунед, ки аз кор барвақттар баргардед, хуб мешуд, ки меҳмо-
нҳои азизро ҳамрох, қабул намоем. Ҳамин тавр х,ам мешуд. Дар хонаи
устод чандин меҳмонҳоро аз Узбекистон, Қирғизистон, Туркманис-
тон, Эрону Афғонистон, Москваю Ленинград якҷоя қабул намуда.
иззатдори намудаем. Инчунин-дар хонаи мо ҳам. Ин ҷо фақат дар
бораи як мулоқоти устод Улуғзода дар хонаи мо бо меҳмонҳои булг-

76
орӣ мухтасар ҳикоят менамоям.

Аввалхри солҳои хрфтодум аз Булғористон гуруҳи нависандаҳо
ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки дар байнашон ҳамсабақам - санъ-
атшинос, адабиётшинос, нависанда, профессор Чавдар Добрев ҳам
будааст. Онҳоро ба манзилам хондам ва ҳамсояам Сотим Улуғзода-
ро низ даъват кардам. _ _

Дар сари дастархон, бо дустони булғориамон суҳбати "қаимоқи-
не” сурат гирифт. Ҳамин, ки Улуғзодаро бо меҳмонҳо ҳамчун яке аз
нависандаҳои машх,ури шӯравӣ, поягузори илм, адабиёт ва мадания-
ти навини миллат муаррифӣ намудам, онҳо шод гаштанду пас аз
фурсате ӯро паи ҳам саволборон менамуданд. Ҳар крдар, ки устод
хоҳишҳои меҳмонҳоро баҷо оварда, ҷавобхри саҳеҳу таъсирбахш
мегуфтанд, мароқу завқи онхр ҳамон қадар меафзуд, ки бо Сотим
Улугзода гуфтугӯи бештар дошта бошанд, агар чунин гуфтан раво
бошад, - ҳисси кунҷковиашон боло мегирифт.

Дар давоми чанд соат устод Улугзода ба меҳмонҳои булғори аз
ганҷистони Рӯдакӣ, Сино, Фирдавсӣ... таърихи афкори ҷамъиятии
тоҷикон, бунёди созмонҳои эҷодӣ - академияи илмҳо. Иттифоқи на-
висандахр, бастакорон, рассомон, санъати театрию синамои, рузно-
манигорон ва ғайра накрхри ҷолиб намуданд. Он кас махсус аз зах,-
мати бебаҳои Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳути дар бунёди_муас-
сисаҳои табъу нашр, мактабу маориф, нашри китобҳои дарси, дар
кори наҷиби ба камол расонидани як зумра адибони номии миллат, аз
ҷумла - Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икроми, Ра-
ҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, Пайрав Сулаймони, Муҳаммадҷон Раҳими,
Рах,им Ҳошим ва ғайра ҳикоя карданд. Устод, ки забони русиро ба
дараҷаи олӣ медонист ва худаш бисёр асарҳои нависандаҳои машҳ-
ури дунё, аз ҷумла “Ғурмагас”-и Л. Войнич, “Нидои зиндаги’-и Билль-
Белосерковский, “Рӯбарӯкунӣ '-и Тургенев, "Одами ярокдор -и И. По-
годин, “Гунаҳкорони бегуноҳм-и А. Островский, "Модар’’-и Горкий, ' Ҳам-
лет"-и Шекспир, “Табиби зӯракӣ”-и Молер, "Дон Кихот"-и Сервантес,
“Тил Уленшпигел”-и де Костер ва ғайраро, ки шахсан тарҷума наму-
дааст, ба меҳмонхри ҳамқаламаш таъсири амиқе расонид.

Дар хотимаи сӯҳбат аз номи нависандаҳои булғори Чавдар Доб-
рев ба эх,тироми Сотим Улуғзода қадах, бардошта гуфт: ман аз дусти
ҳамсабақам Холмурод, беҳад миннатдор, ки моро бо чунин шахеи
хирадманд, ба мисли Сотим Улугзода шинос кард. Бемуҳобот муло-
қот бо ин нависанда тассуроти моро дойр ба Тоҷикистон, халқаш,
илмаш, фарҳангаш ба куллӣ тағйиру такмил дод. Пагоҳ, - афзуд вай,
мо барои мулокрт ба Иттифоқи нависандах,ои Тоҷикистон меравем.
Сӯх,бат бо устод Улугзода моро ба дараҷаи дигар ба он мулокрт тай-
ёр кард, агар зарофатгӯӣ раво бошад, акнун ба он мулокрт наравем
ҳам мешавад. Боз ӯ фикрашро давом медод, - доираи дониши ҳама-
ҷонибай ин ходими барҷастаи фарҳанг хато намешавад, агар гуем, ки
маро ба ҳайрат овард. Ин сӯҳбат ва ин инсони шарифро мо ҳеҷ гоҳ

77
фаромуш нахоҳем кард. Аз ҳозирон хоҳиш мекунам, ки барои посдо-
рии эҳтироми устод Улуғзода ҳамин ҷомҳо холи карда шаванд.

Касе аз ҳозирон таассуроти Чавдарро дастгирӣ намуда, - гуфт
шумо, азизам, дар баҳои додаатон ба Сотим Улуғзода ҳеҷ муҳоботе
накардед, дар ҳақиқат эшон яке аз арзандатарин фарди миллатанд
бесабаб ба унвонҳои - узви вобастаи академияи илмҳо, арбоби шоис-
таи санъат, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, Нависандаи
халқии Тоҷикистон сазовор нагаштаанд, солҳои зиёд дар ҳайати
Шурои Олӣ ва Кумитаи Марказии ҳизб низ буданд.

Ин ҷо, ки сухан аз боби сифатҳои инсонӣ ва қобилияти нотакрори
оисерпаҳлуи устод Улуғзода меравад, мехоҳам як хислати наҷиби
ба худаш хоси устодро боз алоҳида тасвир намоям. Ин ба дараҷаи
касби, амиқдарк намудани шаклҳои эҷодиёти бадей, аз ҷумла муси-
қиву сарояндагист. Кам одамон, шояд донанд, ки Сотим Улуғзода
маҳорати хуби пианинонавози ҳам доранд... Шаби соли нав буд. Ҳар
ду оила онро дар хонаи мо истиқбол менамудем. Фарзандони ман
Муҳаббат, Маърифат, Орзумурод, Муборак ва Гуландом барномаи
махсус сохта бо суруду мусиқи моро шод мекарданд... Ботааҷҷуб як
фурсате устод Улуғзодаро сари пианино дидам. Он кас маънидор
гуфтанд, - ман аз ин ҷо қарздор наравам ва пардаҳои пианиноро мо-
ҳирона пахш кардан гирифтанд. Дар як он навои машҳури шӯрангези
Танавор’ танинандоз гардид, ҳама хурду калон ба рақс хестанд ва
хонаро як руҳи нотакрори нишоти идона фаро гирифт. Акнун ҳар гоҳ,
ки устод Улуғзода ба хонаамон меомаданд, фарзандонам "амакҷон
ба мо пианино навозед”, мегуфтанд. Дар омади ran, бояд илова ку-
нам, Улуғзода қобилияти хуби сурудхони ҳам доштанд, сурудҳои “Уш-
шоқи Самарканд". “Баёт"-ро якҷоя месурудем. Ба “Шашмақом” дилба-
стагии фавқулодда доштанд.

Боре Ҷӯрабек Муродов баҳри дидорбинӣ ба хонаам омада буд,
устод Улуғзода ҳам омаданд. Табиист, ки байни мо се тан - тағою
ҷиян ва устод Улуғзода худ ба худ сӯҳбати дилангезе бунёд гардид.

- Чаро тағою ҷиян? - пурсон шуд устод.

- Барои он, ки Ҷӯрабекҷон маро солҳои зиёд аст, тағои насиҳат-
гар хондааст, тағо ба ҷои ҳафт падар мегӯяд. Ин лаҳнро санъаткоро-
ни дигар ҳам аз забони Ҷурабек шунида, бо ман “тағоҷон" гуфта mvpo-
ҷиат менамоянд.

Ҳамон бегоҳ нишасти сегонаи мо бо сурудхониҳои булбулосои
Ҷурабек анҷомид. Дар хотимаи сурудхониаш Ҷӯрабек яке аз суру-
ДҲОи машҳури Ҳоҷӣ Абдулазизро ба забони ӯзбекӣ сароид. Устод ки
онро бо эҳсоси амиқ гуш мекард, офарин, офарин гуфту аз ҷой хест
ва зуд меоям гуён баромада рафт. Баъд аз понздаҳ-бист дақиқэ бар-
гашт. Баргашту як варақ шеърро дароз карда гуфт, - Ҷӯрабек, ҳамин
оҳанги нав сурудаатонро бо ҳамин матни Ҳофизи Шерозӣ хонед би-
нем, чи тавр мебарояд?

Ҷӯрабекҷон бо табассуми ширин сӯи устод нигаристу “ба чашм,

78
ба чашм", - гуфта шеърро аввал бо диққат аз назар гузаронд, баъд
торашро ҷӯр намуда, ба лаҳни шаҳдбораш ба чаҳ-чаҳ даромад:

Агар зи сӯи ту бӯе, ба ман биёрад бод,

Ба мужда ҷону ҷаҳонро ба бод хох,ам дод.

...Ҳавои рӯи туям, дида мекунад пурхун,

Ҳавои зулфи туям умр медиҳад барбод.

...На ёд мекунй аз ман, на меравй аз ёд.

Ин суруд аз ҳамон лаҳза ба силсилаи сурудҳои сарояндаи мум-
тоз чун мӯҳраи пурҷилои марворид ворид гардид. Ҷӯрабек аз устод
Улуғзода миннатдорй кард, ки доим дар интихоби матну оҳангҳои
муносиб кӯмак менамоянд.

Дар омади ran, бояд бигӯям, ки устод Улуғзода шунидани суруд-
ҳоро дар иҷрои Шоҳназар Соҳибов, Бобокулака Файзуллоев, Фазлид-
дин Шаҳобов, Барно Исҳоқова, Одина Ҳошимов, Абдумаҷид Ҳоми-
дов беҳад дуст медоштанд, аммо аз чй бошад, ки устод ба санъати
Ҷӯрабек Муродов шавку завқи хоса зоҳир менамуданд. Ҳар сари вақт,
ки устод хаста ё дилгир мешуданд, дари хонаи моро кӯфта меома-
данду хоҳиш мекарданд, - ҳамсоя, магнитофонро биёред ва аввал
суруди Ҷӯрабекро бо ғазали Ҳофиз “Нахохдд монд”-ро гардон намо-
ед. Чанд сатри он суруд чунин аст:

Расид мужда, ки айёми гам нахоҳад монд,

Чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд...

Зи мех,рубонии ҷонон тамаъ мабур, Ҳофиз,

Ки нақши ҷавру нишони ситам нахох,ад монд.

Он оҳанги синахурӯшу овози сеҳрангези Ҷӯрабек чунон садо ме-
дод, ки касро беихтиёр ба гирдоби хаёлоти рӯҳнавози ширин мебурд
ва занги дилҳоро мезудуд. Пас устод мегуфтанд, - биёед, Барноро
ҳам шунавем, баъд паси корҳоямон шавем. Ҳамин, ки сурудхонии
Барно хотима меёфт, устод меафзуданд, - ин занак дар гулуяш ор-
кестр дорад, овозашро бинед, ба чанд ҷилоҳо садо медиҳад, - гуфта
масрурона хушбошй карда мерафтанд.

Ин ҷо, ки аз сифатҳову хислатҳои устод Улуғзода сухан мера-
вад, аз нақли боз як хусусияти нотакрорашон худдорй карда намета-
вонам. Боре ба ноҳияи биҳиштфазои Файзобод ба тӯи арӯсии додар-
хонам Вайсиддин даъват шудам. Устод ҳам ҳамроҳи мо шуданд. Дар
қишлоқи баландкӯҳ Фаррух моро хуш пазируфтанд.

Бе муҳобот ба қишлоқи номбурда омадани нависандаи маъруфу
иззатманд ба маърака рӯҳбаландии нотакроре бахшид. Хурду калон
дар хизмат буданду дастархонҳо пур аз нозу неъмат. Машшоқҳову
сарояндаҳои маҳаллӣ бо завқ ҳунарнамоӣ мекарданд. Ба ифтихори
меҳмони волоқадр устод Улуғзода, қадаҳҳо бардошта мешуданд. Он
замон зиёие таассуроташро аз асарҳои Сотим Улуғзода бо эҳсоси
баланд баён мекард. Он гоҳ нотиқсухан меронду Улуғзода дар хоби
бароҳат буданд. Ин ҳолатро дида яке аз сарварони ноҳия, агар ғалат
накунам, Мирзохоҷа, ки дӯсти қадрдони деринаам буд, ба завқ хан-

79
дида ба тушам накди хуше кард. Маънидод ба сӯи устод нигариста. -
боре гуфт вай, - чанд нависандаҳои ҷавон Сотим Улуғзодаро ба сай-
ли баҳори Файзобод оварданд. Дар пазироиашон ман х,ам будам.
Меҳмонро дар зодгоҳи Нигина Гумбулоқ пешвоз гирифта, ба боғи би-
ҳиштмонанд, ки майсаю себарга ҷавлонгарӣ менамуд, овардем, хос-
тем он ҷо устодро фуроварда дар байни гулбоғ "дами бетам” диҳем.
ки у аз накҳати боди баҳорон, гулу себарга, ҷавлони дарахтон баҳра
бигирад. Аммо дидем, ки дар болои мошин устодро хоб бурдааст.
Яке аз шогирдонашон меҳмони оликддрро бедор карданй шуда гуфт,

- устод, нигаред, ба сайлгоҳ расидем, дӯстон ҷой тайёр кардаанд,
биёед, фуромада инҷоро тамошо кунем, дам гирем.

Устод, ки ҳанӯз хоболуд буд, нимғурма ҷавоб дод, - фуромадан
чи лозим, агар ҷои зебо бошад, аз болои мошин ҳам тамошо кардан
мегирем.

Мо мизбонҳо, гуфтем, ки бигузор хости меҳмон шавад, беҳтараш
биёед, устодро ба тамошои ёлаи лолазорӣ Қалъаи дашт мебарем...

То Қалъаи дашт, ки хеле роҳ буд, ман роҳбаладӣ мекардам ме-
гуфт дустам - киссаашро давом дода.

- Ҷойҳои диданибоби Файзободро нишон медодаму мегуфтам, -
ана ин қишлоқи Мирнишин буд, ана инаш боғҳои навбунёди хоҷагии
ба номи Рудаки, ҳо вай шаҳрчаи болои кӯҳпора - фабрикаи мурти
марҷонпарварӣ. Нақл мекардаму суханҳои нимтурмаи устод - “бисёр
зебо”, 'хело хуб”, ‘бад нест” ба гӯшам мерасиданд. Дар ними роҳ бо
тааҷҷуб ба суи меҳмон нигаристаму дидам, ки каллаи устод гоҳе хам
мешаваду гаҳе боло, яъне эшон гаҳе хобу гаҳе бедор. Он гаҳ ба худ
гуфтам, шояд устод шабро бо бедорхобӣ гузаронидаанду аз ҷумон-
ҷумони гахдоравори мошин кусури бехобии шабонаро мебароранд. ..

Ҳамин, ки ба ёлаи “лолазор" расидем, устодро он ҷо фуроварда.
чаманистони^кӯхдорон, доманаҳои лолапӯшро нишон додем. Дар бо-
лои гилему курпачаҳо шинонда меҳмонро бо гиёҳҳои хуштамъи кӯҳӣ

- занбуруғ (қорҷ), торон, чукрӣ, рова зиёфат кардем. Касе аз ҳозирон
аз таъриху хусусияти зиндагии мардуми он мулк нақл мекард ва дар
фуроварди суханаш шеъреро низ қироат кард. Аввал устод ҳикоятро
ба ҳавас гӯш мекард, баъд медидем, ки шеър ба охир нарасида, чаш-
мони меҳмонамон пӯшида шудааст, ба худ мегуфтам, яқин аст, ки бо
сабзазору лолазор эҳсосу завқи устодро бедор карда натавонистем,
шояд ки базми духтарони париталъати Файзобод кора кунад? Бо ҳамин
ният, устодро ба сайли чашмаи Элок бурдем. Дар сари чашмаи Элок.
ки оби софу мух,ити зебояшро ба биҳишту оби кавсар ташбеҳ дода-
анд, гилему қолинҳои зебо, кӯрпачаҳову болинҳои шоҳию бахмалӣ,
дастархони пур аз нозу неъмат густурдем. Ба истиқболу эҳтироми
нависандаи номи зеботарин духтарони думбуранавоз, сурудхон ва
ракҳосонро даъват намудем. Базме оростем, ки базми ҷамшедӣ дар
пеши вай ҳеҷ аст.

Ҳозирон фатирмаскаву қурутобу қаймоқу ҷурғот мехӯрданд, аммо

80
ман чашмамро аз устод Улуғзода намекандам. Албатта меҳмони азиз
аз чунин пазироӣ хушхрл буда, ҳатто ба ваҷд меомад.

Аммо ӯ дар болои дастархон анвои зиёди таомҳоро дида хиҷо-
латмандона гуфт, - чӣ ҳоҷат буд, ки ин қадар ташвиш кашед, исрофу
хароҷоти зиёд зарурат надошт.

Меҳмонҳо ҳаққи нону намак шуданд ва духтарони файзободӣ ҳам
базмро cap карданд. Садом дойра, тору ғиҷҷак, овози булбулнавои
бонувони кӯҳистонӣ дар дилҳо ғулғула меангехтанд. Устод Улуғзода
ҳам дар мавридҳои аввал, понздаҳ-бист дақиқа суруду ра:<,си духта-
ронро бо мароқи том тамошо мекард, баъдтар медидам, ки гарчанде
садом суруди духтарону ҳофизон “осмонкаф” аст, вале сари меҳмон
- устод Улуғзода як зайл гоҳе ҳам, гоҳе рост мешавад... Чунин одати
ғайри чашмдошти устодро мушоҳида карда Мирзохоҷа бо г&к^н гушакй
кард, - “устод ба тарзи худашон кайф мекардаанд”...

Ин хусусияти ба худ хоси устод Улуғзодаро бисёриҳо медонанд,
агар хоҳанд дар маҷлисҳои калони расмӣ ҳам аз хоб сер мешаванд.
Чунин буд ҳамсояи бехдмтоямон ва мо ӯро бо ҳамаи хислатҳояш дӯст
медорем, сипосгузорй менамоем, ёдаш мекунем:

Боги бих,ишту сояи тӯбиву қасри хур,

Бо хоки кӯи дуст баробар намекунам.

Бо устод Улугзода на фақат ба Файзобод, бештар ба водиҳои
Вахш, Зарафшон, Ҳисор, шаҳрҳои Тошканд, Панҷакент, Москва ва
дигар манзилхр зиёратгарй намудаем.

Афсӯс дар бораи ҳамаи он ҳамсафариҳо имконияти ҳикоят кар-
дан надорам. Фақат аз зиёрати якҷояамон ба водии Вахш нақпи кӯтох,е
карданиям.

Ҳангоме, ки бо шоҳроҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа равон будему аз
ноҳияи Даҳанакиик мегузаштем, дар сари роҳ зери дарахтҳои сояаф-
кан мошине меистод, дар бари мошин як шахси кители сафедпӯш,
кӯлоҳи тобистонии аврупой дар сараш қарор дошт. У, шояд, ки аз дур
моро шинохт, ишора кард, ки истем. Ронанда мошинро нигоҳ дошт ва
зуд шинохтем, ки шахси роҳи моро доштагӣ - Турсунбой Улҷабоев -
собиқсарвари Тоҷикистон аст. Вай моро гарм истиқбол намуду гила-
омезона гуфт, - Мулло Холмурод, ҳамсояи нав ёфта, ҳамсояҳои кӯҳна-
ро аз хотир баровардед...

- Ин тавр нагӯед Турсунбой-ако, шумо доимо дар дили мо ҳастед,
гуфтам ӯро оғӯш намуда.

- Ин тавр бошад, чаро моро надида, қишлоқамоя “зери пой” карда
мегузаред? - гуфт ҳазломез Улҷабоев.

- Дар бозгашт шуморо ҳатман диданй будем, дар Вахш моро ин-
тизоранд, барои ҳамин саросемагй кардем, - гуфтам.

- Хайр, дар куҷое бошед, баобрӯю саломат бошед, дил мекашад,
ки дӯстҳо, шогирдҳоро дида истам. Беҳад шодам, ки имрӯз устод
Улуғзодаро дидам, кайҳо боз пазмони дидорашону сӯҳбатҳояшон
ҳастам. Афсӯс, ки қонуни зиндагй сахтгир будааст, аз бисёр дӯстони

81
ғамбарорам ҷудо кард, - гуфт Турсун Улҷабоеву ба Сотим Улуғзода.

- Устод, аз вазъияти шумо огоҳ ҳастам, марги завҷаатон, кулфа-
ти фарзандон... Борҳо қарор доштам, ки махсус рафта, ғамбарорӣ
намоям, аммо фурсат даст надод, хуб шуд, ки имрӯз дидани шумо
муяссар шуд, гуфт Улҷабоеву ба ронандааш ишора кард, ки термоси
чойро биёраду гилемчаи рӯи мошинро ба болои майса партояд, ки
каме ҳам бошад, аз дидори ҳамдигар баҳраманд шавем.

Сотим Улуғзода, ки бо мароқи том Улҷабоевро гӯш мекард, мин-
натдорӣ намуду афзуд, - Турсун Улҷабоевич, ҳама вақт некиҳои шу-
моро дар хотир дорам, ман ҳам ба он тавре ки худатон гуфтед, дар
назди шумо қарздор ҳастам, ки дилдории дӯстона карда натавонис-
там, охир қисмати беибо ба сари шумо ҳам дасти навозиш дароз на-
кард. Аммо, ман ба иродаю матонати шумо қоилам, ки худатонро бой
надодаед, аз санҷишҳои сахттарини зиндагӣ гузаштед, - гуфт маъни-
дорона ба рӯи ҳамсӯҳбаташ нигоҳ карда устод Улуғзода.

Турсун Улҷабоев, муддате ба хаёл рафту чун ҳарвақта заро-
фатгӯӣ кард. Дар ин бобат, устод аз худи шумо ибрат мегирем. Охир
устухони наели мо бо калому панди шумоён шах шудагӣ, қаҳрамо-
нҳои асарҳоятонро пайравӣ мекунем.

Турсун Улҷабоев термосро аз дасти ронанда гирифту худаш ба
мо ҷои кабуди “наваду панҷ"-ро рехта доду аз мулоқотҳои якҷояашон
бо устодон Айнӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Акашариф Ҷӯраев, Тӯхфа-
хон Фозилова ёдовар шуд.

Устод Улуғзода ӯро бо диққат гӯш андохта гуфт, афсӯс, ки зин-
дагӣ барқвор зуд мегузаштааст, канӣ он солҳои ҷавонию комсомолии
мо? Авзои ҳозираамро аз Ҳофиз хубтар гуфта наметавонам, ки фар-
мудааст:

Ба як чашм задан, сӯҳбати ёр охир шуд,

Рӯи гул сер надидему баҳор охир шуд.

Устод Улуғзода ин сатрҳоро гуфтанду мо хайрбод карданӣ шу-
дем. Турсун Улҷабоев, ин сайъи моро дида, - шитоб накунед, ҳоло
барвақт, Вахш гурехта намеравад, гуфту афзуд, - ин вохӯрии мо та-
содуфӣ бошад ҳам, дилхоҳ буду мувофиқи хоҳиши ман, зеро ки кайҳо
боз ман устод Улуғзодаро диданӣ будам. Кӣ медонад, дигар ба дидо-
ри ҳамдигар мушарраф мешавем ё не?

- Магар ягон гуфтании махсусе доштед, - гуфт устод Улуғзода ба
Улҷабоев рӯй оварда.

- Бале, муаллим, кайҳо боз як чизро ба шумо гуфтанӣ будам, ки
дар дили шумо қудурате намонда бошад.

- Чиро дар назар доред?

- Онро, ки як вақтҳо ҳамрдуямон аъзои Президиуми Шӯрои Олӣ
будем ва дар вақти муҳокимаи масъалаи авфи муаллим Каримзода
ба шумо ноҳақ дуруштӣ карда будам, баъдтар инро дарк намудам,
акнун бародарона маъзарат мепурсам.

- Азизам, Турсун Улҷабоевич, ҳеҷ хоҷат ба маъзаратпурсӣ нест,

82
кайҳо онро фаромӯш кардаам. Аммо, ёд дорам, ман ҳам тезию тунди
карда одоби муоширатро риоя накарда будам, охир сухан аз қисмати
ҷавонон мерафт... Агар, аз ман ҳам гузашта бошад, шумо ҳам, Тур-
сун Улҷабоевич, бубахшед, гуфта ӯро Улуғзода ба оғуш гирифт. Мо
ба роҳамон равон шудему қарибиҳои шом ба деҳаи “Гулистон - ҳав-
лии падарам расидем.

Қиблагоҳам моро беҳад хуш пазируфтанду ба меҳмон ишора кар-
да афзуданд - писарам, чӣ кори хубе кардӣ, ки домулло Улуғзодаро
овардию маро хушбахт кардӣ...

Бегоҳӣ, ба хотири меҳмони азиз, падарам дӯстонаш - Шоим-ко-
мандир, Мадалиако, Маҳмадтоҳир, Ҷумъабой ва дигаронро даъват
намуданд. Он шаб сари дастархони деҳқонӣ, чӣ сӯҳбати ширине шуда
буд. Бемуҳобот устод Улуғзода машъали мулоқоти оншаба буд. Вақ-
те ӯ фах,мид, ки бо фаъолтарин муборизони зидди босмачигӣ ҳамни-
шинӣ дорад, рӯҳбаланд шуд ва аз таърихи навиштани асараш Кал-
такдорони сурх” накдҳои шавқовар кард. Аз мулоқотҳояш бо Муқим
Султонов, Сардор Қарохонов ва дигарон сухан ронд.

Хушвахт Шоимов ҳам ба нависанда саволҳои зиёде доду аз му-
ҳорибаҳои бо босмачиён кардааш - дар Саройкамар, Қизилтумшуқ,
Ботработ ва Қизилмазор ҳикояти аҷибе намуд. Падарам Шарифи
Наврӯз ҳам аз фоҷиаи ба сараш омада дар хамии Саргазон накд кард,
ки чи тавр дар торикии зулмот аз иҳотаи босмачиҳо гурехта ҷон ба
саломат бурд. Он солҳо, - гуфт Шоим-командир, Шарифака дар Қӯрғон-
теппа раиси комиҷроия буд. Нақлҳои нависандаи номӣ ва пирони хи-
рад - бунёдгарони давраи навини зиндагиро хдзирон бо шавқу завқ
гӯш мекарданд. Додаронам Қаҳрамону Абдураҳмон беист хизмат
мерасониданд, модарам бошад, бемуҳобот парвонаи гирди сарамон
буд.

Табиист, ки сӯҳбати оншаба хеле тул кашида вақти хоби меҳмо-
нҳо кайҳо гузашта буд. Модарам ҷойҳоро тахт карда, то аз хоб сер
шуданатон, хоб равед, гуфта буд. Вале ин тавр нашуд. Сӯбҳидам
ҳанӯз хурӯсҳои қишлоқҷеғ назада, аз пушти дарвоза овози Мадали-
ако баланд садо дод, - “Наврӯзбобо, Наврӯзбобо" - мегуфт у, дарвоза
кушода шуду раис Маҳмадтоҳир пеш-пеш, Мадалиако аз ақиб - меҳ-
монх,о маводо азоб накашида бошанд? - гуфта ба ҳавлй даромад.

Маҳмадтох,ир дид, ки меҳмонҳо ҳанӯз хобанд, хиҷолатмандона
гуфт, - Мадалиако ба ҷону ҳолам намонда, пеш-пеш карда оварданд,
ки биёед офтоб натасфида, рафта меҳмонҳоро ба сайлгоҳи сарбан-
ди Вахш барему рӯзи истироҳат бо устод Улуғзодаю ҳамсафаронаш
дами бегам занем. Г ап дар сари он, ки - давом дод суханашро раис,
Мадалиако ба қариби ордени Байрақи Сурхи Меҳнат гирифтанду зиё-
фати калон қарздоранд...

Устод Улуғзода, ки ҳанӯз дар таки курпа хоболуд буданд, аз ман
пурсиданд: - ҳамсоя, худаш тинҷӣ-мӣ, ин чӣ ғавғо, моро куҷо меба-
ранд?

83
- Куҷо мешуд! Ба саёҳат, сӯи кӯҳҳои сарбанди Вахш, мулоқот бо
чупонҳо. Фаромӯш кардед магар. Шабона аҳду паймон карда будем.

- Шояд, ваъда карда бошем. аммо чаро ин қадар барвақт, - гуфт
бо дили нохоҳам. Ин ҷо қишлоқ, дар қишлоқ саҳари барвақт мехе-
занд, саҳар хестӣ - худо медиҳад, - гуфта Мадалиако сари бистари
Улуғзода рафтанду ширингӯиҳо карданд - шумоён нозукниҳолҳо ин
ҷо хешбиниба омадед ё барои хоб?

Устод Улуғзода медонист, ки ба Мадалиако баҳс кардан фонда
надорад, аз^ҷойгаҳ хесту шустушӯй карда, сари дастархон омад.

Пас аз хӯрдани ширчой мо бо сарварии Маҳмадтоҳир ба доманаи
дашти Ботуробод рост шудему баъди чанд фурсате ба ҷои муқаррар-
шуда расидем. Мадалиако пештар аз мо омада он ҷои хушманзараро
тоза карда, гилему кӯрпачаҳо андохта дастархон паҳн кардааст ва
акнун даст ба тавозӯъ меҳмони азиз Сотим Улуғзодаро интизор аст.

Ҳамин, ки меҳмонҳо аз мошина фуромаданд, Мадалиако чанд
қадам леш омада онҳоро бо лаҳҷаи варзикиҳо (чустиҳо) пазироӣ на-
муданд:

- Муаллим Сотимхон, дӯстошон хуш омадакан, моя сарамоя ос-
монба расонданд, - гуфт ӯ бо илтифоти дӯстона. Устод Улуғзода ҳам
бо табассуми ширину маънидор ба атроф нигариста гуфтанд, - имрӯз
ба шарофати мукофоти шумо аз шаробҳои дастии бобоӣ мечашида-
гистем? Мадалиако даҳон накушода раис Мах,мадтох,ир ширингӯӣ
кард, Мадалиако нӯги сафедорба баромадагӣ, буруташонро болта
намебуррад. Устод, дилатон чизе, ки ҷӯяд муҳайё мешавад, - гуфт
у, Улуғзодаро ба нишастан ишора намуда. Меҳмонҳо, мизбонҳо ҳама
нишастанд. Сарчӯпон Ҳайдарқул аз рӯи таомули мардумӣ даст ба
дуо бардошта, меҳмонҳоро хайрамақдам гуфт.

Устод Улуғзода, ки садрнишини давра буд ба атроф, ба муҳити
назаррабо, мавҷҳои пуртуғёни рӯди Вахш нигох, мекард. Аён буд, ки
дар ҳаяҷон аст, рӯҳаш болида, таъбаш чоқ. Вай дам ба доманаҳои
куҳпораҳои сабзпуш, дам ба паҳнои Ботурободу Калташӯр ва бештар
ба ҷавлонгариҳову печутоби шӯхоби Вахши зарнисор чашм медӯхт.

Ҳозирон, ки ин қиёфаи нависандаро мушоҳида мекарданд, ором
менишастанду чизе намегуфтанд, шояд бо он майл бошад, ки “сухан
аз забони луқмон хуш аст” бигузор меҳмон ran занад...

Ба мисли он, ки хости ҳозиронро пай бурда бошад, устод Улуғзо-
да пас аз фурсате ба онҳо рӯй оварда гуфт, - ана зиндагй ва зебоии
вай дар куҷост, ҳаловат дар куҷосту мо дар куҷоҳо мегардем. Со-
лҳои сол^аз кунҷи танги утоқи корӣ, дилҳо занг зананд ҳам намебаро-
ем. Имруз ба ҳамсояам Холмурод Шарифович миннатдорӣ изҳор
мекунам, ки тавонист маро ба дидани шумо дӯстон, хешу таборон,
тамошои водии диловези Вахш овард.

Мадалиако, ҳазломезона шӯрид, - раис, гӯед ки меҳмонҳо гапам
зананду таом ҳам хӯранд, охир ин чй зиёфату маишат ки касе на
мехӯраду на менӯшад.

84
- Яъне, шумо гуфтанӣ ки бисто-бисто ҳам шавад, - ҳамин хел-ми
Мадалиако. Ин сухани раис ишора ба он буд. ки Мадалиако “бисто-
бисто” лақаб дошт.

- Ҳа, раисҷон. худатон медонеду аммо хотирҷамъ менишинед, -
бисто-бисто-мй. садто-садто-мй, ин кори шумо. Аз шумо фармон, аз мо
иҷро, - гуфта даст пеши бар бурда Мадалиако. Чаро бисто-бисто ?
Барой он ки “бисто-бисто” тахаллуси пинҳонии Мадалиако будааст.

Устод Улуғзода каме аз таомҳо тановул намуда, аз Мадалиако
пурсид: - Мадалихон, аҳволи Тӯйчибой раис, мулло Мукаррам ва
Баҳодуров чй тавр аст, хонаводаҳояшон тинҷ аст7 - ва афзуд, - онҳо
аз фаъолтарин фотеҳони Вахшанд. Ҷавонон бояд фаромуш накунанд.
ки ин ҷойҳо бо кадом заҳматҳо обод шудаанд. Охир бист-си сол пеш
гирду атроф туқайзори касногузару сайлгоҳи гургу шағолу эшкемару
мору каждум буданд. Чй тавр ба хираду қувваи инсон крил намеша-
вед, ки дар як фурсати кӯтоҳ ин сарзаминро ба киштзорҳои серхрсил.
боғу бӯстон табдил додааст. Аз шуҷоати фотеҳони Вахш чанд китобу
кинофилмҳо офарида шудаанд, аммо онҳо муҳорибаи ҷонкоҳи фарҳ-
одонаи муҳандисон, коргарон, деҳқонони муҳоҷирро ба дараҷаи са-
зовор тасвир накардаанд.

Ҳозирон гуфтахри устодро бо диққат гуш карда маъкул мешумо_
риданд. Аз ҷумла Маҳмадтоҳир чунин гуфт: - устод Улуғзода хуб
гуфтанд, ки ба қадри заҳмати фотехрни Вахш расем. ин хеле муҳим
аст, зеро ки вак^ҳои охир шолию курмакбаробар шуда истодааст. Ин
чунин маънӣ дорад, ки қаҳрамонҳои ҳақиқии Вахш дар канор монда,
мукофотҳову имтиёзҳоро дигарон мегиранд.

Дар ҷараёни сӯҳбат касе аз устод Улуғзода лурсид, ки эшон ба
қарибиҳо ба зодгоҳашон Варзик рафта буданд ё не?

- Афсӯс, ҳазор афсӯс, ки ин корро карда натавонистам, гуфт
устоду афзуд, - аммо ин қарзи маро ҳамсояам Холмурод Шарифович
ва Мутеулло Наҷмидцинов иҷро кардаанд, бигузор он кас аз сафара-

шон ба шумо накр кунанд. _

Сухан, ки ба ман расид гуфтам, - рузе ки аз сафари якҷояи Панҷ-
акент баргашта будем, устод Улуғзода ҳазломез гуфта буданд, - ман
зодгоҳатонро зиёрат намуда, шуморо қарздор кардам, акнун шумо
ҳам бояд ҳамроҳам ба Чусту Варзик биравед.

- Ба чашм. устод, - гуфтаму фурсати қулай ҷустам ва чунин мав-
риди муносиб ҳам пайдо шуд. Бо дӯстам, вазири маданияти онвақта
Султон Мирзошоев мебоист дар ноҳияҳои Конибодому Ашт иҷрои
супоришҳои вакилӣ намоем. Аз Ашт то Чуст роҳи яксоата будааст.
Ба иловаи вай рафиқи қадрдони ҳардуи мо нависанда Мутеулло ҳам-
сафарамон буд, ки роҳбаладиро ҷазмандона ба ухда гирифта, муш-

киламонро осон кард. _

Ҳамин тавр, мо бо рох,баладии Мутеулло рузҳои шанбею якшан-
бе Чусту Варзикро зиёрат кардем. Ҳоло ба шумо фақат аз дидаҳоям
дар Варзик - шаҳраке ки он ҷо хуни нофи хдмсояи азизам Сотим Улуғ-

85
зода чакидааст, мухтасар ҳикоят менамоям:

Аввал, маҳаллаҳои - кӯчаи Майдон, Қалъаи поён, Таки пилол,
Қозиён, Чашмаи донур, Қалъаи боло, Қалъаи хурд, Сеҷӯя, Калтача-
нор, Ҳаёти куҳ, баъдҒавсой. обамбори Гурунҷпоя, обамбори Қароқӯ-
рғон ва ғайраҳоро тамошо кардем. Он чиз бештар шавқовар буд, ки
Дар ҳар як маҳалла чашмаи оби зулол фаввора зада мебаромад, ки
дар тобистон сарду дар зимистон гарм ҷорӣ мешудааст.

Билохир, Мутеулло ва мизбонон моро ба тамошои Сари қалъа -
баландтарин ҷои теплаи Варзик бароварданд, ки бемуҳобот бо зебо-
гию барҳавоияш касро ба ҳайрат меоварад. Дар баландӣ чашма ҷӯш
мезанад, гирду атроф боғи дарахтони мевадор, ҳар сӯ гулу гулзор...
Аз он ҷо чор канори деҳаи бузурги Варзик чун дар кафи даст аён
намудор шуда, дилҳоро сафо мебахшад.

Манзараҳои дилпазири зодгоҳи устод Улуғзодаро назар меандох-
таму тасвирҳо аз китоби эшон “Субҳи ҷавонии мо” ба лавҳаи хотир
меомад. Чунон менамуд, ки Варзики имрӯза аз он Варзике ки устод
чунон моҳирона зебо тасвир кардаанд, бештар дилоро гаштаасту бо
ҳусну малоҳаташ бинандаро мафтун месозад.

Дар Варзик Мутеулло Наҷмиддинов моро бо бисёр касон, пеш аз
ҳама ҳамсабакҳову ҳамтзбэқҳои Сотим Улуғзода вохӯронд. Мулоқо-
тҳо бо пирони деҳа Файзуллохонако, Сотим Қосим, Шарофов. Оху-
нов, Мусоев, Тура Ҷура ва дигарон беҳад самимию дӯстона буданд.
Ед дорам, Файзуллохонако, ки яке аз хешони наздики устод Улуғзо-
да будаанд, - гуфта буд, - падари Сотимхон деҳқони асил буданд,
вале бобояшон - Аълагихон домулло шахси бағоят донишманд, Оли-
мп писандида буданд. Бесабаб нест, ки аз хони Фарғона Худоёрхон
хати маншур доштанд, ки дар он гуфта шудаает, - аз Аъламдомулло
ба қадри як пари коҳ андоз гирифта нашавад.

Вақто, ки хонаи падари устод Улуғзодаро зиёрат мекардем, сар-
варони деҳа гуфтанд, ки ба ифтихори писарашон Сотимхон ин ҷойро
китобхона карданиянд. Ҳамин тавр ҳам шудааст. Ба муносибати 80-
солагии нависанда ба он - китобхонаи Сотим Улуғзода ном додаанд.

Хулласи калом ҳам тамошои табиати Варзик, ҳам мулоқотҳо бо
мардуми шарифи он барои мо басо шавқовару фаромӯшнашаванда
буд Вақте онҳо фаҳмиданд, ки мо аз Сотим Улуғзода салому паём
овардем, ба замми он боз дӯсту ҳамсояашон ҳастем, моро ором на-
мегузоштанд, ҳар кадомашон мехост, ки меҳмони хонадони ӯ бошем.
Аҳсан ба Варзик ва фарзандони асилаш...

Вақти видоъ бо дӯстони х,амқавму ҳамзабони варзикиамон раси-
да буд ва барои хушбоши рухсат пурсидем. Мизбононамон бо як овоз
ҷазмандона мегуфтанд, - хешони зиёди устод Улуғзода интизори
омадани шумоянд, мо ҳанӯз гуфтугузори қазоӣ накардем, боз чанд
рузи дигар бо мардуми фарҳангдусти Варзик мулоқотҳо намоем.

Мо узри бисёре гуфтему ваъда кардем, ки навбати оянда ҳатман
ҳамроҳи устод Сотим Улуғзода мебиёем. Ин ваъдаи мо ҷиддӣ буд.

86
Ammo ҳазор афсус, ки носозиҳои зиндаги Улуғзодаю аҳли байташро
ба Варзик нею ба Москва бурд.

...Устод Улуғзода аз зиёрати водии Вахш бо қаноатмандии том
баргаштанду ба навиштани романи “Фирдавсӣ” ва дигар асарҳо миён
бастанд. Аммо сол аз сол вазъияти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон
вазнин мешуду зиндагӣ мушкилтар мегардид. Аҳволи саломатии эшон
хам бадтар шудан шрифт. Бо ҳамин ва дигар сабабҳо бо ташаббуси
завҷаашон ба манзили дар Москва доштаашон кучиданду мо аз якди-

гар ҷудо гаштем:

Як бори дигар хандаи гулҳои саҳар шав,

Бинвоз навое, ки дилафгор бигирям.

Баъд аз чанд фурсате ба Москва барои аёдати устод Улуғзода
рафта будам. Пеш аз ба хонаи ҳамсояам рафтан, фаҳмидам, ки ус-
тод бетобанд, ба духтарам Гуландом, ки табиби унвондор аст, фар-
мудам, дорую дармонҳои лозимаро пайдо намояд, то ки ба устод
кӯмаки зарурӣ расонем. Доруҳо ва савғотиҳоро шрифта, ба хонаи
устод Улуғзода равон шудем. Роҳба рох, аз духтарам пурсидам, бори
охир кай амакатро дида будӣ?

- Ба наздикӣ, ҳамроҳи янгаам Зебогул, ки ба Москва омада оуд, -
ҷавоб дод духтарам.

- Ҳамчун табиб вазъи саломатии устод Улуғзодаро чи гуна мушо-

ҳида намудаи?

- Росташро гӯям, дадаҷон, аҳволи амакам хуб нест, иллати арте-
риосклероз сахт тахдид мекунад, найчаҳои хунгузар фарсуда шуда-
анд, гардиши хунро дуруст таъмин карда наметавонанд. Аз ҳамин
сабаб нутқашон равон нест, қувваи хрфизаашон низ заиф аст. Илова
бар ин, захми меъда, варами ғадудҳо, харобии системаи асаб фишор

- Яъне, устод Улуғзода ба табобати ҷиддӣ ва нигоҳубини хуб эҳтиёҷ
дорад, - гуфтам ва бинам, ки саргарми сӯҳбат гашта ба хонаи устод
Улуғзода расиданамонро нафаҳмида мондем.

Завҷаи устод - Любое Андреевна ва писараш Зариф моро гарму
ҷӯшон истиқбол намуданд. Янга ширингуи карда гуфт, ки “ман умед
надоштам ки боз шумо ҳамсояи қадрдонро мебинем, қариб ҳар руз бо
Сотим Улуғич гапҳои шуморо мегӯем" _

Любое Андреевна маро ба хуҷраи ҳамсараш бурда, - гуфт, оо-
тимхон, бубин барои аёдат кӣ омадааст? Ҳамсояи дуст медоштагиат

- Холмурод Шарифович! _

- Чӣ хуше, чи хуше, - гуфта устод аз ҷои хестани шуд, ки нагузош-
там дидам ки ин амал барояш хеле мушкил. Дар курсии нишастааш
устодро оғӯш намудам, ӯ бошад аз рухсораам бусид ва хеле дар

ҳаяҷон буд.

Ҳамсари устод - акнун шумо
анҷом диҳам, - гуфта баромада
пурсу поре намуду гуфт: - ҳазор

сӯҳбат кунед, ман корҳои заруриро
рафт. Устод Улуғзода бо мушкили
бор шукр, ки ба дидори якдигар pa-

87
сидем - ва афзуд, - азбаски нутқи ман ҳоло чандон равон нест, шумо
бештар нақл кунеду ман шунавам.

- Ба чашм. гуфтаму мухтасар аз шароити зисту зиндагй, нарху
наво, раиъпурси оид ба қабули Конститутсия, интихоботи Президент
аҳволи ҳамсояҳо ва ғайра ҳикоят намудам

у ус10Д с^бат Д°штему ҳар бор Любов Андреевна - чоятон

хунук нашуд? Мабодо гурусна нашудед, Сотимхон, - вақти дорухури-
ат нарасид, - гуфта ташвишу меҳрубони менамуд. Дар омади ran бояд
махсус қаид кунам, ки Любов Андреевна барин ҳамсари вафодору
ғамхор хеле кам ефт мешавад. Вай барои умрдарозии устод заҳмати
зиеде кашидааст, на фақат таомҳои ба миҷози шавҳараш мувофиқро
доимо муҳаие менамуд, балки вазифаи табиби шахсиро иҷро мекард.
зеро ки солҳои сол худаш барои давои устод, сузан мезад, худаш
набзашро чен мекард ва худаш тамоми доруҳои заруриро пайдо кар-
да, дилсузона табобат мекард. Агар хато накунам, ба чунин дараҷа
қадрдонию ғамхори зоҳир намудани ин зани рус ба Сотим Улуғзода
нафақат барои он аст, ки ӯ шавҳараш буд, шояд боз барои он ҳам
Улуғзода шахсияти нодир, фарди соҳибдил ва эҷодкори
тавоно буд, ки ба иззати чунин шахс расидан, бо ӯ ҳамдаму ҳаммас-
лак буданро Любов Андреевна бахти олӣ меҳисобид.

ДиппГаЛаҲЗаҲ°е’ КИ -° устод У_луғз°Да сӮҲбати хоса доштем, Любов

иштиуо vunnfШВИ ГУШТИ МУРЖ Пухта буДааст' ки мо *.ама якҷоя бо
иштиҳо хурдему миннатдори намудем.

нит Йпп°маСлУҲу ЗТ масъала|^ба Душанбе баргаштани оилаи Улуғзода
низ баромад. Ҳаминашро фаҳмидам, ки устод майли ҳарчӣ зудтар ба

м 1бтаГГаНР° Д«РЭД' Дар ИН хусус ба ДУшанбе баргашта ба
мақомотҳои лозима хабар дода будам, аммо чаро устод Сотим Улуғ-

мпгтДдР зиндагиаш ба Душанбе барнагашт, ҳанӯз ҳам бароям муам-
мост^дммо, он чиз таскин медиҳад, ки ҷасади устод бо ташаббуси
сарвэри Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмонов ба ватанаш оварда шуду ӯ дар

Чяппп иГ°ҲИ Ду^°б’ дар Қа1°Ри Ҳамқаламонаш Мирзо ТурсунзодаР

ва лигаоон°ГбИя Ф-0ТеҲ НИ63И’ Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ
ва дигарон абади қарор дорад.

ВАСЛГАРИ ДИЛҲО

Баҳорисоли 1968-ум ба Тошканд сафари хизматӣ доштем Мосе
тан, яъне - камина Муллокомил Саъдуллоев ва Зайниддин вазифа-

Д°Р7Д6М' КИ б° бародарони узбек ДаР хусуси нақшаҳову барно-
маҳои гузаронидани даҳаи маданияти тоҷик дар Узбекистони баоо-
дари гуфтугузор намоем. Дустони узбекистониамон - Саидҷон Шер-

ёнй сам?моняаиИгИД^ИН Наҷимов ва Сироҷиддин Камолиддинов мо-
мГом истиқбол намуданд. Дар яке аз он рӯзҳо, баъди тамо-

шои ҷоиҳои таърихи ва осорхонаҳои фарҳангиву мадании Тошканд
ноибвазири маданияти Узбекистан Камолиддинов Сироҷидцин бо ҳамД
сараш - шоира Эътибор Охунова моро дар хонаашон пазируфтанд

88
Эътибор Охунова ҳам шоираи соҳибистеъдод ва ҳам пазандаву кад-
бонуи бомаҳорат будааст. Дастархони бо нозу неъматҳои зиёд оро
ёфта, таомҳои болаззат, ки паси ҳам оварда мешуданд, гувоҳи он
буданд, ки Эътиборхонум ҳунари беҳамтои таомпазӣ дорад. Росташ-
ро гӯям. ман бори аввал аз чунин таомҳо ба монанди - “норин", "кул-
чатой", "мошхӯрда" ва ғайра, ки бо услуби тошкандй пухта шуда бу-
данд, чошнй мегирифтам. Кайфияти маро дар гирди он дастархони
бобаракатупурфайз сӯҳбати орифонаи дӯстони хонадон - вазири
маданияти Узбекистон. академик Воҳид Зоҳидов, олимон, ходимони
намоёни давлатй ва ҷамъиятӣ Саид Шермуҳаммадов, Ғайниддин
Наҷимов, Мақсуд Қориев. Сироҷиддин Камолиддинов дучанд мена-
муд. Азбаски мавзӯи гуфтори мо реҷахди даҳаи адабиёту санъати
Тоҷикистон дар Узбекистон буд, ҳар кас андешаҳояшонро зиёдтар
дар ҳамин доира изҳор менамуд: Воҳид Зоҳидов изҳори ақида кард.
ки ҳамкориву пайвастагии ходимони маданияти ин ду халқ - тоҷикон
ва ӯзбекҳо мавзӯи нав нест, ин анъанаи наҷиб решаҳои амиқи таъ-
рихӣ дорад, намунаҳои хуби онро аз ҳамкории Абдураҳмони Ҷомиву
Алишери Навой то рафоқати Мирзо Турсунзодаву Ғафур Ғулом, са-
дҳо ходимони адабиёту санъатамон, ҳунарварони саҳна, кино ва ро-
мишгарону рассомон дида метавонем.

Дар ин бобат мубодилаи афкори тулонӣ идома ёфт ва ҳама ба як
ақида омадем. ки даҳаи маданияти тоҷик дар Узбекистон ҳамчун иди
бузурги миллатҳо ва ҷашни дӯстиву рафоқат баргузор гардад.

Вақте ки сухан аз ҳайати иштирокчиёни даҳа - адибон, дастаҳои
ҳунарӣ мерафт, Ғайниддин Наҷимов ҳазломез гуфт:

- Ба ҳамаи гуфтаҳои шумоён ман розӣ, фақат бо як шарт.

- Чӣ шарт будааст? - пурсидам ба рӯи дӯстам маънидор нигоҳ
андохта.

- Шарти ман ҳамин, ки ба даҳа бе Боқӣ Раҳимзода набиёетон, -
гуфт Наҷимов.

- Чаро шумо ин шарти ногаҳониро гузоштед? - пурсид вазири ма-
даният аз Наҷимов.

- Барой он ки - нуфт Наҷимов, - Боқӣ Раҳимзода марди даврао-
рост, дар зарофатгӯӣ ҳамто надорад, ман бо вай борҳо мулокрт дош-
там, ҳамроҳсафарҳо кардаам. Дар куҷое, ки Боқӣ Раҳимзода бошад,
гайбат намешавад, гулхани дӯстӣ аланга мезанад. Вай даҳаро зеб
хоҳад дод. Агар хоҳетон, - гуфт Наҷимов, - ман як шингил аз ҳамса-
фариҳоям бо ӯ бароятон ҳикоят мекунам?

Ҳама ҳавасмандии шунидани ӯро зоҳир карданд. Ғайниддин На-
ҷимов нақлашро cap кард:

- Чанд сол муқаддам дастаи адибони намоёни тоҷик бо сарварии
устод Сотим Улуғзода ба Узбекистон омаданд, роҳбаладии онҳо ба
зиммаи ман гузошта шуд. Адибони тоҷик ба бисёр шаҳру ноҳияҳои
Узбекистон сафар карда, бо хонандагон ва хдмқаламони худ мулоқо-
тҳои эҷодӣ пардохтанд. Дар ин сафар Боқӣ Раҳимзода мақоми хосае

89
дошт, зарофатгӯиҳои зиёде мекард, ки ин ҷо ман фақат ду лаҳзааш-
ро манзуратон менамоям. Аввал мо аз Тошканд ба Самарқанд бо
мошинҳо раҳсипор шудем ва пас аз чор-панҷсоати роҳгардӣ ба қабул-
гоҳи роҳбари онвақтаи Самарканд Орзу Маҳмудов расидем. Орзу
Маҳмудов меҳмонҳоро бо иззатдорӣ, камоли дӯстиву бародарӣ қабул
кард ва даставвал пурсон шуд: "Мабодо ин рохҳои ноҳамвори тӯло-
нии моён шуморо хаста накард-ку, монда-ку нашудед?” Лаҳзае суку-
нат ба вуқӯъ омад. Аксари ҳамсафарон дар андеша буданд, ки чӣ
ҷавоб диҳанд “Аҷаб. ки ҳама хомӯшанд? Ман ҷавоб дих,ам майлаш?”
- гуфта Боқӣ Рах,имзода сукунатро шикает. “Сахтакак монда шудем,
тақсир”, гуфт ба Орзу Маҳмудов. Роҳбари ҳайати адибон Сотим Улуғ-
зода норозиёна ба Боқӣ Раҳимзода нигох, карда монд. Баъд ба оҳанги
норозиёна гуфт: "Дар урфияти мардуми мо сипоҳӣ мекунанд, монда-
гиашонро ошкор намекунанд, азизам, Боқиҷон”. “Не, рафиқУлуғзода
ман ин корро карда наметавонам”, - гуфт Боқй Раҳимзода овозашро
баланд намуда. Охир. чй тавр панҷ соат роҳ гардеду монда наша-
вед? Мо дар хонаи ҳизбӣ ҳастем, донед, ки ман ҳаргиз ба партияамон
дуруғ нагуфтаам ва ҳозир ҳам намегӯям". Ҳозирон ин икдоми Боқӣ
Раҳимзодаро ҳамчун рамзи хуби зарофатгӯӣ ва ширинкорӣ қабул на-
муда, бо завқ хандиданд. Орзу Маҳмудов бошад, ӯро бародарона ба
оғуш кашид ва он ҷо аз лаҳзаҳои аввали мулоқот самимияти олии
инсонӣ падид омад.

"Пас аз Самарқанд, - накдашро давом дод Наҷимов, - меҳмонон
дар шаҳру ноҳияҳои дигар мулоқотҳо доштанд ва вохӯрии хотимавӣ
дар Тошканд дар коргоҳи Шароф Рашидов сурат гирифта буд. Он ҷо
ба мулоқоти адибони тоҷик ходимони намоёни маданияти Ӯзбекистон
ҳам даъват шуда буданд. Рашидов, ки ба зоҳирпарастӣ ва эффекти
ошкоро^бештар аҳамият медод, меҳмононро ҳайра макдам гуфт ва аз
боби дустиву ҳамкории халқх,ои узбеку тоҷик сухан ронд. Баъд вай
ба меҳмонон рӯй оварда пурсон шуд, ки оё онҳо аз сафарашон розӣ
ҳастанд, чӣ таассуроте доранд? Ҳар кас фикри худро гуфт. Сӯҳбат
расми ва ҷиддӣ буд. Пас аз чанд нотиқ Боқӣ Раҳимзода даст бардош-
ту аз ҷояш хест.

^‘Азизам, Шароф Рашидович, мумкин аст, ки ман ҳам чанд ҳарфе
бигуям'^- изҳор дошт вай, синчакорона атрофиёнро аз назар гузаронд
ва ба суи Улуғзода нигоҳ карда монд. Ҳама даҳони Боқӣ Раҳимзода-
ро мепоиданд. "Марҳамат, марҳамат, меҳмони азиз”, - гуфт Шароф
Рашидович. "Дӯстон, - гуфт Боқӣ Раҳимзода, - ман аксар вақт аз рос-
тгуиву чуртгуиам таъна мешунавам. Ҳозир ҳам фикрамро ошкоро
мегуям: Суханонам ба рафиқони ӯзбекистониамон дахл доранд”, -
гуфт вай бо оҳанги сохтаи норозиёна ва афзуд: “онҳо, яъне мизбоно-
ни мо бо мо маслиҳат накарда, ба бисёр шах,ру қишлоқҳо, корхонаҳо,
сайлгоҳҳо, аз ҷумла ба заводи оҳанггудозии шаҳри Бегобод, комби-
натҳои абрешимреси, қолинбарорӣ, истгоҳҳои барқи обии соҳилҳои
Сирдарёву Зарафшон, майдонҳои пахтазорҳо мебурданд. Моро гирд

90
мегардонданду ҳеҷ чиз намегуфтанд. Мо х,ам хомуш мегаштему худ-
ро ба нодонӣ мезадем, ки гӯё намефаҳмем, ки чаро дустони узбекис-
тониамон моро ба он иншоотҳо мебаранд

Вақто ки Боқӣ Раҳимзода бо чунин оҳанг сухан мегуфт, х,ама ба
вай бо хдйрат менигаристанду дарк карда наметавонистанд, ки у чи
гуфтан мехоҳад? Боқӣ Раҳимзода бошад, ниҳоят нутқашро чунин
ҷамъбаст намуд: “Дӯстони азизи ӯзбекистонӣ, гумон накунед, ки мо
ба дараҷае бефаҳмему намедонем, ки чаро моро бо ҷадал ба ҳамон
муассисаҳо мебаранд. Акнун аниқмегӯям: шумо моро ба заводи оҳан-
ггудозии Бегобод бурдед, бубинем, ки дӯстии мо ба монанди пуло-
дҳои он обутоб ёбаду мустаҳкам бошад, ба комбинатҳои бофандаги
бурдед, бубинем, ки чӣ гуна риштаҳои дӯстии мо доманадоранд ва
дар айни ҳол нозуку хуштобанд, ки мо онҳоро^ доимо эҳтиёт кунем,
моро ба соҳилҳои дарё бурдед, бубинем, ки дустии аҷцодҳои мо аз
кадом сарчашмаҳо ибтидо мегирад ва чӣ сон софу беғубор аст. Ба-
рқе, ки он дарёҳо нур медиҳанд, ошёни дӯстии моро равшану беғубор
нигох, медорад”.

Чун Боқӣ Раҳимзода суханашро тамом кард, ҳозирон беихтиер
каф кӯфтанд, гӯё, ки аз дӯши баъзе мизбонон бори гароне бардошта
шуду акнун озодтар нафас мегирифтанд, ҳама ба завқ омаданд.
Шароф Рашидов бошад, бо руймолча оби чашмашро пок карда суи
Боқӣ қадам заду гуфт: "Ҳеж ӯлманг, Боқӣ-ака (ҳаргиз намуред, акаи
Боқӣ), моро аввал каме хавотир кардед, аммо баъд шод гардондед”.
Пас аз нутқи Боқӣ-ака, - гуфт Ғайниддин Наҷимов, - руҳияи суҳбати
мо тағйир ёфт, расмият, ки ҳукмфармо буд, нопадид шуд. Бо ҳамин
гуфтаниям, ки дар ҳар маҷмаъе, ки ҳунарвари асил ҳозир бошад,
дили одамҳоро гарм мекунад, дар замири мардум тухми неки мепо-
шад. Барои ҳамин ҳам хоҳиш дорем, ки Боқи Раҳимзода дар ҳайати
иштирокчиёни даҳаи маданият биёяд, - гуфта Наҷимов фикрашро ба

охир расонд. ..

Ҳамин тавр ҳам шуд. Баъд аз чанд муддат даҳаи адабиету санъ-
ати тоҷик дар Узбекистон баргузор гардид ва Боқи Раҳимзода ишти-
рокчии фаъоли он даҳа буд.

Бояд бигӯям, ки маҳбубияти Боқи Раҳимзода дар байни халқ ба
дараҷае буд, ки ӯро хоҳ дар кӯча, хоҳ дар меҳмонӣ ва хоҳ дар сари
минбар дидан баробар одамро фараҳ фаро мегирифт. Баъзан гуф-
таҳои ӯро такрор ба такрор мешунавидед. Аммо такрор мисли ибти-
кор ба гӯш мерасид, мехостед, ки онро боз ҳам аз забони худи Боқи
Раҳимзода бишнавед. Бинобар ҳамин уро қариб дар тамоми маҷли-
сҳои расмӣ, шабнишиниҳо, мах,филҳо ва ғайра мебурданд, тамоми
фирӯзих,ои мардуми тоҷикро табрик мегуфт, бо шодии заҳматкашону
эҷодкорон шарик мешуд. Одамон якдигарро бинанд хуб кайф кар-
дем" гуфта, изҳори хушнудӣ мекарданд. Дар Узбекистон ҳам ҳамин
анъана ҳукмфармо шуд. Дар он чанд руз тавассути радио ва телеви-
зион Боқӣ Раҳимзода чун узви хонадон ба ҳар оила пайваста буд.

91
Дар ҳама ҷое, ки Боқӣ Раҳимзода мерафт. ӯро басо самимона ва
гарму ҷушон истиқбол мегирифтанд. Сабаби ин аз як тараф сифа-
тҳои хосаи инсонии вай, хислатҳои давраороиву зарофатгӯиҳои ӯ
бошад. аз тарафи дигар дар ҳамон рӯзҳо нашр шудани ду қитъаи
машҳури у буд, ки ба дустии тоҷику ӯзбек бахшида шуда буд. Ана он
қитъаи мавриди баҳс:

Фарқи ҳама мардумони дигар осон,

Пекин шуда мо ба ҳа/и чунон ҳам наздик.

Бинанда чунон савол орад ба миён,

Эй ҷӯра, бигӯ, ту ӯзбакӣ ё тоҷик?

Бе ҳеҷ муболиға ин мисраъҳои Боқӣ Раҳимзода дар саросари
Узбекистон ҳамчун шиор навишта шуда буданд. Ин мисраъҳои ни-
шонраси шеър дар ҳар маҳфил ва ҳар митингҳои дӯстӣ ба се забон -
забонҳои тоҷики, узбеки ва русӣ садо медоданд.

ЁД Д°рам, аз вилоятҳо, муассисах,ои саноатӣ. колхозу совхозҳо
талабномаҳо меомаданд, ки Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Рах,имзода
ба назди онҳо биёянд. Дар ҳама ҷой онҳоро аз сидқи дил, бо муҳаб-
бати том истиқбол менамуданд, роҳҳояшонро гулпӯш мекарданд, бо
кафкубиҳо, карнаю сурнай, суруду рақс пешвозашон мегирифтанд.
Ammo истиқболи Боқи Раҳимзодаро дар Самарқанд алоҳида қайд
накарда наметавонам: Барандаи шаби эҷодӣ ҷилави суханрониро ба
дасти Боқи Раҳимзода супурд. Раҳимзода ба минбари ваъз барома-
ду дақиқае хомуш истод. У синчакорона ба издиҳом нигоҳ кард. Со-
меъон ҳам бо чашми ҳайрат ба вай нигоҳ мекарданд, ки чаро ӯ хомӯш
асту ҳарфе намегӯяд? Чунон менамуд, ки ба гулӯи ӯ устухоне дар
мондаасту дамгир аст. Ниҳоят, Раҳимзода гулӯ афшонда сукунати
тулониро шикает, табассуми маънидоре кард ва бо шеваҳои ба ху-
даш хос сухан оғоз намуд:

- Медонед, дӯстони азиз, ман чаро беҳаракату лаббаста фурсате
назди шумо истодам? Истодам, ки ба ман дурусттар нигаред, ба ҳузур
шинохта гиред - ман домоди шумоён самарқандиҳо ҳастам. Ана, ни-
гаред ман як йигити тануманди чор кас медидагӣ, базеб, ақлам расо,
ҳатто шеър ҳам менависам. Акнун бигӯед ба домод гуфтан меарзам
ё не?

Ин суханони Боқӣ Раҳимзодаро аҳли маҷлис бо завқу хандаву
кафкубиҳои пурмавҷ қабул намуд. Нотик, бошад аз чунин истиқбол
зиёдтар бол гирифт, рӯх,баланд гардид, забонаш боз гӯётар шуд.
фурсати зиёде шунавандагонашро бо сеҳри сухан мафтуни лафзи
гуёи тоҷики кард. Вай аз анъанаҳои қадими дустии мардуми тоҷику
узбек, робитаҳои ҳаяҷонбахшу бародаронаи Мирзо Турсунзодаю Ғафур
Гулом ва дигар арбобони ҳунари зебо ҳикоят ба миён овард. Дар хоти-
ма Боқи Раҳимзода бо хоҳиши сомеъон чанд шеъри лирикӣ хонд. Вай
аввал порчаеро аз шеъри ба завҷааш бахшидааш қироат намуд:

Ин шодии дил аз руҳи зебои ту, ёро!

Шуд роҳати ҷон нозу таманнои ту моро,

92
Аз шавқи хаёли ту сурурест ба сина,

Кай бе ту равам сайри Самарқанду Бухоро.

Бо кусни ту кзмранг шуда фазлу камолат,

Омехта чун ширу шакар гашт гуворо.

Баъд шоир шеърҳои “Як табассум кун”, “Гули шафтолу”, “Айна-
катро гир”-ро ба шунавандагон манзур намуд.

Пас аз он шабнишинӣ ба ҳар куҷое. ки мерафтем, мардуми Сама-
рканд “язнаамон хуш омадед", “почомба гардем", “э, язнаи худамоку",
- гуфт Боқӣ Раҳимзодаро гарм истиқбол менамуданд. У бошад ҳанӯз
зарофатгӯӣ менамуд:

- Хешонам, ман ба назди шумоён бо дасти хушку холй наомада-
ам. Ана, бинед, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Қосимов, Шоиста
Муллоҷонова, Маҳмудҷон Воҳидовро овардам. Онҳо бо фармони ман
хизмати шуморо ба ҷо меоранд.

Охирин вохӯриҳои эҷодии мо дар вилояти Самарқанд - райони
ҳамсарҳад бо Тоҷикистон - Ургут баргузор шуд. Вакилон аз райони
Панҷакент ҳам онҷо омада буданд. Пазироӣ чунон ҷозиб, чунон гар-
му ҷӯшон буд, ки тасвираш душвор аст. Баъди зиёрати сайргоҳҳои он
манзили зебо, тановули таомҳои лазиз навбат ба шунидани шеъру
суруд ва мусиқӣ расид. Садри маърака, бонуи хушандом ва сухан-
вар қисми эҷодиро ба қироати шеъри Боқӣ Раҳимзода “Эй ҷӯра, ту
ӯзбакӣ ё тоҷик?’’, ба ҳар ду забон cap кард, ки сомеъонро писанд
омад. Чунин оғози мулоқот аз он огоҳӣ медод, ки имрӯз сухан фақат
аз бобҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамкории ду халқи ба ҳам қарин - тоҷику
ӯзбек меравад Чунин ҳам шуд. Ҳунармандон аксар шеърхри бо ус-
луби ширу шакар навиштаи ҳам гузаштагон, ҳам муосиронро мехон-
данд.

Ҳунарпешаи халқии СССР Муҳаммадҷон Қосимов “агар рухсат
шавад, ман ҳам гуфтание дорам”, - гуфту ба минбар баромад ва аф-

зуд:

- Худи қисмати ман, -_гуфт у, - мисоли зиндаи хешу ақрабогии
ӯзбекону тоҷикон аст. Дар Узбекистон таваллуд шудаам, дар Тоҷики-
стон ҳамчун инсон ва ҳамчун эҷодкор ба воя расидаам, ба ҳардуи ин
халкҳои бародар фарзандвор ихлосу садоқат дорам. Ҳозир мехоҳам,
ақидаи дӯстамон Боқӣ Раҳимзодаро дар боби якдилии саромадони
адабиётамон кувват дода аз мероси ба тарзи ширу шакар навиштаи
бобои бузургворамон Абдураҳмони Ҷомӣ ғазалеро бароятон қироат
намоям:

Эй лабат пурхандаву чашми сиёҳат масти хоб,

Экки зулфинг оразида ой юзинг дур офтоб.

Мастии май мекунад рӯи туро гарқи арақ,

Бода ичсанг, турқулур экки қизил юздан гулоб.

Булҳавас дар базми васлат маҳраму ман ноумед,
Толеъим шулдур менинг, бахтим забун, ҳолим хароб.

Ҳар кӣ бинад рӯи хубат, пок гардад аз гуноҳ,

93
Сенга боққан бандага маҳшар куни юкдур азоб.
Банда шуд Ҷомӣ гуломат, гарчи Афлотун бувад,
Асрагил ё соқлагил, ё сот, ё бергил жавоб.

Мавҷи кафкӯбиҳо хомӯш нагашта Комил Яшин - адиби номии узбек
сухани Муҳаммадҷон Қосимовро идома дод:

- Гӯш кунед, дӯстон, Мир Алишери Навой бо ин услуб чй мефар-
мояд:

Нигори турки тоҷикам, кунад сад хона вайрона,
Бад-он мижгони тоҷиконаву чашмони туркона.

Бигузор, - гуфт Комил Яшин, - ана ҳамин рӯх,ияи поки пайгамбаро-
ни адабиёти ду халқ рох,намои зиндагии наслҳои ояндаи мо гардад
ва имрӯз хуб аст, ки меҳмонони азизи мо Мирзо Турсунзода ва Боқӣ
Раҳимзода моро ба ҳамин роҳ- рох,и дӯстии ҳасана ва ҳамкории беға-
разона ҳидоят мекунанд.

Дар фуроварди мулоқот мизбонон ба меҳмонҳо барои ёдоварӣ
туҳфа инъом намуданд, ки он акси дар гилемча сабт гаштаи Абӯалӣ
Сино буд. Бо далолати ҳайати вакилони тоҷик тӯҳфаро Боқӣ Раҳим-
зода қабул намуд ва бо чунин гуфтор ба аҳли маҷпис рӯ овард:

- Дустони мӯҳтарам, - гуфт Боқӣ Раҳимзода, - шумоён ба мо га-
ронбаҳотарин тӯҳфа инъом кардед. Мову шумо асрҳои аср аз як дарё
- дарёи Зарафшон об нӯшидаем, аз мероси ғании маънавии Сино ва
дигар саромадони илму адаб баҳраманд гаштаем. Бигузор, чи тавре,
ки Комил Яшин гуфт, рӯҳи поки Сино моро қаринтар гардонад, ба
дӯстиву накӯкорӣ ҳидоят намояд. Куҷое, ки хотираи Синоро пос ме-
доранд, он ҷо сулҳу амониро муқаддас мешуморанд, ҷое, ки рӯҳи
Синоро шод медоранд, он ҷо якдиливу ҳусни тафоҳум ҳувайдост,
дар ҷое, ки Синоро азиз медонанд, он ҷо инсон саломат аст, он ҷо
одам солиму рӯҳбаланд аст. Биёеддар пеши акси зебои бобокалона-
мон Синои муътабар қасам хӯрем, ки васиятҳои ӯро фарзандвор ба
ҷо меоварем ва намегузорем, ки ягон нобакор ба пайкари ҳазорсолаи
солими дустиву рафоқати мо осебе расонад. Биёед азизон, Синоро
қисмат накунем. Мероси вай ғанӣ аст ва ба ҳамаи мо мерасад. Бузур-
гвор Абӯалӣ Сино худ фармуда аст:

Пинҳон, роҳи дуруст бувад ба ҷоҳилон,

Он сон, ки офтоб ба кӯрон аён нашуд.

Ё ки:

Имрӯз бикун чу метавонй коре,

Фардо чй кунӣ, ки ҳеҷ натвонй кард!

Мо дустони қадрдон, бо роҳи дурусти нишондодаи Рӯдакӣ, Ибни
Сино, Ҷоми, Навои, Айнӣ ва Ҳамза меравем. Инро набояд аз хотир
баровард.

Меарзад, махсус қайд кунем, ки Боқӣ Раҳимзода мунодиву ҷор-
чии дустиву рафоқат дар байни мардум буд. Он рафторе, ки вай дар
Узбекистон дошт, он ҳиссиёти бародаронае, ки ӯ ба халқи узбек из-

94
ХОР кард сохтаву замонасозй набуд. Ман муносибати табиатаьj ин-
сонпарварии он марди содиқро ҳини сафарҳо ба ^мҳуриҳои диГар:
вактхои мулоқот бо фиристодагони миллатҳои Россия, УкРаина;

ло^ссия Ӯзбекистон, Озарбойҷон. Қазоқистон, Қирғизистон, Литва

ва ғайра аниқ мушоҳида кардаам. Ёд дорам, дар театри ба номи Абу-
лкосим Лоҳутӣ маҷлиси хотимавии даҳаи адабиету санъати Литва
мегузашт Раҳимзода ба ҳамқаламони литвагиаш аз боби ҳамкориҳо
хикоят намуда дар хотима зарсфатгӯиҳо намуд. У чунин гуфт.

Ҳ Шунидам, шумо литвониҳо кӯҳ надоред, ҳатто меҳмонҳоятонро
барои тамошои санги баландиаш панҷметра мебаред... Ман дидам,
чип/на шумо ба кӯҳҳои осмонбуси мо бо шавқу ҳавасу эҳсоси ошиқо
„ ЛазарГеандозед ФаҚмост, ки *ар пора ^и то^и як пора дали
точик аст Ана, дӯстонам, худатон интихоб кунед, ду куҳи °аланДи
тоҷикро бе қарори бюрои ЦК, бе қақори ҳукумат туҳфаатон мекУ^а^
Агар^оҳед, офтобамоир қам тӯҳфа мекунам, мо барои шумо, ки са-
фари дУстона доред, х,еҷ чизро дареғ намедорем. Мархдмат.

^ РБокӣ Раҳимзода марди хеле давраоро буд ва зарофатгуиҳои ба
xvn хосе дошт Ӯро дар ҳама ноҳияҳо ва ҳар як хонадони сокинони
Тоҷикистон бо камоли майл ва эҳтиром истиқбол менамуданя Ваи
пар қиссагуӣ марди беҳамто буд ва худаш онҳорс аз рузгори' марду-
^они вилаояту ноҳияҳо* гирд меовард. У ^

пӯст медошт ва аз ҳикматҳои онҳо бо завқ накд менамуд.

ЯУ°Ба хотирам меояд, ки моҳи май соли 1977-ум бо Мирзо Турсунзо-
даву Бокй Рах.имзода ба вилояти Ленинобод сафари якҷоя
ЛаоУшахои Конибодом бо роҳбарони ҳизбии онвак^аи ҷумҳури Ҷаббор
5SS Ҳоҷиев дучор шудем. ОнҲо даъват намуданяки
хямоох нахор Хӯрем. Таклиф қабул шуд ва ин ношто ба мулоқоти
дилорое табдил ёфт. Гуфтор ҳам дар мавзуи кору бори зиндап^и
мардум, масъалаҳои миллӣ, ҳам инкишофи маданияти Деҳот мераф^
Вақто ки сухан аз рӯзгори муҳоҷирони мастчрҳиибадаштҳоиДи
варзин кӯчидагӣ мерафт. Ҷаббор Расулов аз чи сабаб бошад, ки

бОРаЙ^у”ароа*о& мишастай, ба рафицҲрҷиев гӯй»- чй т'авр
муҳоҷирҳои мастчоҳӣ ба дасти милитсияи фалғари аФти^а^и
Ҳоҷиев ва Бобо Мансуров ҳам хоҳиш карданд, ки Боқи Раҳимзо

Д3 °БоқӣҚРаҳимНзодаКбошад бо завқаввал худаш як хандиду ба Мирзо

ТУРС^аҶо«РГарТэ^“и'ба инҳо накл кунам, магар беодобй наме-

ШаВЗНе Мулло Боқӣ беодобӣ намешавад. худашон, ки хостаанд,
нақл кун’ - гуфт Мирзо Турсунзода арақи пешонаашро пок каРДа_

^ Ин кисса чунин аст, - гуфта Боқи Раҳимзода ҳикоятро cap кард,
- аз қаърТкӯҳистони Мастчох, як куҳистонӣ молу ҳолашро ба м°^н
бор карда барои муҳоҷирӣ ба сӯи Дилварзин раҳсипор мешавад. Ҳаво,

95
ки сард будааст^худаш чакманпӯш ба болои мошин мешинаду писа-
рашро дар паҳлуи ронанда ҷой медиҳад. Ҳамин, ки мастчоҳии муҳо-
ҷир ба маркази ноҳияи Айни - Варзи Мунор мерасад. мошини кӯчбор-
кардаи уро милисионер боз медорад ва пурсону ҷӯён мешавад-

- Мошин куҷо меравад? - гуфта милисионер аз бачаи дар кабина
будаги мепурсад.

Падари бача аз болои мошина фаҳмиданӣ мешавад, ки чӣ ran

ЗСТ г

- Бачем, акои милисет чӣ мегӯд?

■ Додо, акои милисем мегӯд, ки шумоҳон кистед, куҷо меравед?

' ДаҲ°ни акои милисет^мурам, гӯй, ки мо муҳоҷир, аз Мастчоҳ

ба Дилварзин меравем, - мегуяд мастчоҳӣ аз болои мошин.

Додоҷон, акои милисем мепурсад, ки дармошин чиҳо доретон?-
хабар медиҳад бача ба падараш.

- Э, да даҳони акои милисет мурам, ба вай гӯй, ки дар мошин
лаққу луқи рузгор ва се ғуноҷин... - мегуяд падар.

■ Додо, ин акои милисем мегӯяд, ки барои ғуноҷинҳо справка до-
ретон е не? - хабар медиҳад писар.

- Эҳ, эҳ, да даҳони акои милисет қурбон шавам, ба вай гӯй ки мо
ин гуноҷинҳоро ба ЗАГС барои никоҳ намебарем, ки справка лозим
бошад. гуи, ки рухсат диҳад равем, аз роҳамон намонем!

Милисионер аз ҷавоби ғайричашмдошти марди мастҷоҳӣ ба завқ
омада, онҳоро рухсат медиҳад, ки роҳашонро давом диҳанд.

Боқи Раҳимзода ин қисса ва дигар нақлҳояшро дар мавзӯи маст-
чоҳиҳо чунон ифода менамуд, ки шунаванда ба ваҷд меомад Ҳози-
рон - Мирзо Турсунзода, Ҷаббор Расулов, Рифъат Ҳоҷиев ва дигарон
ин дафъа ҳам чунон бо дикҳат хандиданд, ки чашмонашон пур аз ашк

- Э, намуред, Боқиҷон, ин гапҳоя аз куҷо меёбед? - гуфта Ҷаббоо
Расулов ба китфи вай оҳистакак куфта монд.

ДаР Ҷавоби муомилаи навозишкоронаи Ҷаббор Расулов Боқӣ Ра-
ҳимзода лутфомезона гуфт:

- Устод дар бораи маро ҳамроҳи Абдулаҳад Қаҳҳоров барои
ҳаетомузи ба водии Вахш бурданатон ҳам нақл кунам?

- Ҳаминаш намерасид, - гуфт Ҷаббор Расулов маънидор ба рӯи
Боқи Раҳимзода нигоҳ карда монд.

- Ҳамон вақте ки як рӯзи дароз дар офтоби гарм маро аз як зами-
ни пахта ба заминҳои дигар гуруснаву ташна гардонданатонро?

- Не аз харсавориҳоят ҳикоят кун, - гуфт маънидор Расулов.

- Аз мо гузашта бошад, мебахшед, биёед ин рӯйдод дар байни
моей ниҳони монад, “сирри мардон пӯшида беҳ, - гуфт Бокӣ Рахимзо-
да ва табассуми латифе намуд.

Баъди хӯрок мо се тан бо Ҷаббор Расулов ва Рифъат Ҳоҷиев
хушбоши намудему ба суи Исфара раҳсипор шудем. Дар хонаи ма-
данияти Исфара ҳисоботи депутати Шурой Олии СССР Мирзо Тур-

96
сунзода пешбинӣ шуда буд. Исфарагиҳо Мирзо Турсунзода ва Боқӣ
Раҳимзодаро чун фарзандони азизтарини халқ - бо муҳаббати том
истиқбол намуданд. Духтарони париталъат гулу гулдастаҳои тару тоза
супориданд, мусиқиву суруд ва рақс ғулғулаандозӣ мекард. Пирони
ботадбири Исфара бо навбат омада шоирони дӯстдоштаашонро ба
оғӯш мекашиданд, аз ҷумла Суфро Боқиева ва Шаҳобиддин Нурид-
динов навозишкорона мегуфтанд:

- Толеамон баланд будааст, ки боз дар замини Исфара дидори
шумоёнро дидем, сари моро ба осмон расонидетон, хуб ҳиммат кар-
детон.

Пас аз фурсати кӯтоҳи пазироӣ мулоқоти депутат бо интихобку-
нандаҳо cap шуд. Аввал ба Мирзо Турсунзода сухан доданд. У аз
рафти иҷрои дархостҳои интихобкунандагон, аз масъалаҳои рӯзмар-
раи замона, аз зарурати ғанӣ гардонидани ботини маънавии ҷавонон,
аз вазъи инкишофи маданияти халқи тоҷик сухан ронд, ба саволҳои
зиёде ҷавоб дод ва нишаст. Барандаи маҷлис маънидор ба рӯи Боқӣ
Раҳимзода нигоҳ кард, ки ӯ “ман ишораи шуморо фаҳмидам”, - гуфта
ба минбар баромад ва изҳор намуд:

- Рафиқони азиз, Мирзо Турсунзода шахси бениҳоят хоксоранд,
шарм мекунанд, ки дар хусуси хизматҳои худашон ran занад, - гуфт
Боқӣ Раҳимзодаву афзуд: - Хизматҳои бебаҳои Мирзо Турсунзодаро
ман зиёдтар медонам ва агар иҷозат диҳед, каме нақл кунам. Мубо-
лига намешавад агар гӯям, ки дар баробари Айниву Лоҳутиву Гафу-
ров Мирзо Турсунзода арзандатарин фарзанди миллати тоҷик аст.
Дар замони мо ягон кас ба монанди Турсунзода шӯҳрати миллати
худ ва маданияти худро дастраси тамоми қитъаҳои олам накарда
аст. Дар тамоми минтақаҳои дунё ӯро ҳамчун шоири сулҳҷӯ ба оғӯш
мегиранд. Кошки ҳар кадоми мо ба мисли депутати шумо барои беҳ-
будии зиндагии халқ, барои ҳамраъйии мардум, барои инкишофи ада-
биёт, санъат ва илми тоҷик мубориза бурда метавонистам. Мебинам,
ки дар ин вохӯрӣ дехҳонҳои асил ҳам омадаанд. Агар шумоён, дех,қ-
онҳои азиз ба замин тухми зироатҳоро коред, депутати шумо Мирзо
Турсунзода дар замири мардум тухми некиву одамият мекорад, худ
намунаи он аст. Худатон медонед, ки ӯ фармудааст:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонй гуфтугӯ дорем мо.

Сомеъон суханҳои Боқӣ Раҳимзодаро бо диққати том гӯш намуда
кафкӯбиҳо мекарданд. Мирзо Турсунзодаро аз суханҳои Боқӣ Раҳим-
зода ҳаё зер карда буд, ки арақшор буду мегуфт:

- Биё, Боқиҷон, бас кун, мон, ки интихобкунандаҳо ran зананд,
онҳо чй дархостҳо доранд? Ин аз ҳама муҳимтар аст: - мегуфт вай.
Аммо аҳли маҷлис гуфтаҳои Боқӣ Раҳимзодаро хомӯшона гӯш ме-
карданд.

Маросими мулоқот бо депутат Мирзо Турсунзода хеле хуш гу-
зашт. Шеърхонихри Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, ҳунарнамоии

97
ҷозиби санъаткорони Исфара ҳанӯз ҳам дар мадди хотир, вирди за-
бони мардуми хушзавқ ва меҳнатдӯсти он ноҳия аст.

Пас аз сайри боғу қасри маданият, табобатгоҳи "Зумрад”, чойхо-
наҳои гулкоришудаи соҳили дарёи Исфара моро дар колхози ба номи
Ленин меҳмондорӣ намуданд. Дар хусуси он шабнишинии ҷамшедй,
ки ба гурӯҳи мо Тӯҳфа Фозилова ҳам ҳамроҳ шуда буд, дар очерки
‘Бо ситора ҳамнишин" мухтасар навиштаам, ки такрораш раво нест.
Фақат ҳаминашро бо таассуф гуфтаниям, ки кошкӣ он сӯҳбати так-
рорнашавандаи пур аз лутфу эҳсон, зарофатгӯиҳои Мирзо Турсунзо-
да, Боқӣ Раҳимзода, Тӯҳфа Фозилова ва хунарварони Исфара ба
сарпарастии Мирзоқурбон Солиевро касе ба навори кино мегирифту
дастраси мардум мегардонд. Сӯҳбат чунон гуворо ва рӯҳафзо буд,
ки ба тасвираш кас оҷизӣ мекунад. Ман ҳеҷ гоҳТурсунзодаву Раҳим-
зодаро ба монанди он шаб гӯёву рӯҳбаланд надида будам. Гумон
дорам Турсунзода ҳис менамуд, ки ин охирин мулоқоти вай дар ин
кишвари зебо буд. Охир, вайро баъд аз чор моҳи ҳамон сафараш ба
Исфара ба сафари кӯтоҳ, вале бе бозгашт бурданд.

Саҳарии рӯзи дигар мо ҳамсафарон бо дӯстони исфарагӣ хайр-
бод намуда. ба сӯи Хуҷанд роҳакӣ шудем. Аён буд, ки Мирзо Турсун-
зода ва Боқи Раҳимзода аз мулоқотҳо бо мардуми Исфара қаноат-
манд буданд. Онҳо рӯҳбаланду шодмон менамуданд ва бо шавқу
ҳавас манзараҳои назаррабои боғоту кӯҳу кӯҳпораҳои атрофи Исфа-
раро тамошо мекарданд. Касе аз ҳамсафарон гуфт, ки “беҳуда Ки-
мёгаров ин ҷойро барои ба навор гирифтани филмҳояш, алалхусус
достони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ интихоб накарда будааст”. Дар ҳамин
асно ғайри чашмдошт хдракати мошини мо суст шуд ва ронанда онро
боздошту “муаллимҳо, мебахшетон, чархи мошиная иваз кардан ло-
зим" - гуфт. Ин ҳодиса дар баромад-баромади шаҳри Исфара, дар
наздикиҳои заводи ширу равған рӯй дод.

Ҳама ҳамсафарон аз мошина баромадем ва намедонистем, ки бо
чи кор машғул шавем. Ин дам роҳбалади мо Карим Абдулов - корман-
ди ҳизби ба суи иморате рафту пас аз дақиқаҳо бо ҷавонзани таннозе
баргашт. Ҷавонзан зуд Мирзо Турсунзодаю Боқӣ Раҳимзодаро гарму
ҷушон пазироӣ намуд. Вай онҳоро ба сӯи боғчае даъват кард. Меҳмо-
нҳо бошанд мекалавиданд, ки даъватро қабул кунанд ё не?

Боқи Раҳимзода дид, ки Мирзо Турсунзода дудила аст, ба ӯ гуфт:

- Мирзоҷон, хуб намешавад, агар моро дар ин чорраҳа ва дашти
беканор чунин духтари париталъат ба меҳмонӣ даъват намояду мо
қабул накунем, не нагуед, биёед меравем.

Таклиф қабул шуд. Ҷавонзан рӯи мизро аз ангуру себу зардолу
ва нону ширавор пур кард, ҳатто зуд гулдастаи тару тозаи зебоеро
оварда назди меҳмонҳо гузошт. Баъд чой дам карда омад. Дида ме-
шуд, ки ҷавонзанро ҳаё фаро гирифтааст, рӯйҳояш лоларанг, чашмо-
ни барқворашро аз нигоҳ мегурезонд, ҷуръат намекард, ки сухан оғоз
кунад. Боқи Раҳимзодаи синчакор вазъияти ӯро зуд пай бурда гуфт:

98
- Шинед, шинед, ҷони ширин, шарм накунед, ман иштирокчии Фаъ-
оли клуби “Дугонаҳо” ҳастам. Гӯед, ки чй ном доред, чй кораед? Моро
шинохтед, китобҳои моро хондаед?

Мирзо Турсунзода бо лутф суханони Боқи Раҳимзодаро буриду
афзуд:

- Боқиҷон, ҳеҷ одати куҳнаатро напартофти, х,амин ки духтари
зеборо дидй, булбул мешавӣ, намебинӣ ки ҷавонзан шармгин аст,
ӯро ҳаё фаро гирифтааст, ту бошй саволборонаш мекунй, - гуфта бо
завқ хандид.

- Номам Гулафзо, дар ҳамин ҷо дар системаи матлубот кор меку-
нам. Шумоёнро зуд шинохтам, китобҳоятона ҳам хондаам, - гуфт бо
табассуму сари хам ва овози маҳин ҷавонзан.

- Аҷоиботи дунёро бинед, Мирзоҷон, - гуфт филфавр Боқи Ра-
ҳимзода, - номаш Гулафзо, худаш ҳуру парй. Номаш ба худашу ху-
даш ба номаш муносиб будааст.

- Оҳиста, оҳиста, Боқиҷон, боз Деҳотӣ барин нашави, - гуфт Тур-
сунзода бо оҳанги зарофатгӯӣ.

- Шумо чиро дар назар доред?

- Онро, ки Абдусалом Деҳоти ба Исфара омада ба Гулчеҳра ном
духтаре ошиқи шайдо шуда, ба вай шеъри хубе бахшидааст, ки чанд
сатраш ҳанӯз ҳам дар хотирам мондааст:

Ғамат то кай хӯрам, эй дуст, шодон мекунй ё не,

Ба рӯям гунчаи у мед хандон мекунй ё не?

...Дех,отиро хуморй кард ҳавои ту дар ин шах,р,

Ба хоки даргаҳат дурӯза меҳмон мекунй ё не?

- Не, не, Мирзоҷон, ин тавр нагуед, ман ин духтарро ҳамчун фар-
зандам қабул кардам, дуо мекунам, ки хушбахту батолеъ шавад.

Сухани Боқӣ Раҳимзодаро ногаҳон ронанда бурид:

Гулафзо меҳмонони азизашро иззатмандона гусел мекард, ҳамон
гулдастаашро низ дар дзет дошт, ки дар вақти видоъ ба меҳмонҳо
супорад.

Ҳамин дам Боқи Раҳимзода ба Гулафзо гуфт:

- Ту духтарам, моро бо ҳурмату эҳтиромат сарфароз карди, моро
қарздор намудй, духтари асил менамоӣ, бигӯй, аз моён ягон илтимо-
се ё хох,ише дорй?

Гулафзо дар андеша буд, ки хоҳишашро гуяд ва ё нагуяд.

Боқӣ Раҳимзода ин дам зери лаб замзама менамуд:

Ҳастии хайрат маро маҳрум кард аз завқи васл,

Ёр дар огӯшу ман муштоқи пайгомам ҳануз.

- Хоҳиш дорам, - гуфт гайри чашмдошт Гулафзо шармида.

- Шунавем, - гуфт Боқӣ Раҳимзода.

- Хоҳиши ман ҳамин, ки Шумоён сиҳату саломат бошетон, барои
моён қишлоқиҳо ҳам шеър нависетон. Ҳа, агар аз гуноҳам гузаретон,
ягон китобатонро бо соядастатон бароям ёдгорй мемондетон, сэрам
ба осмон мерасид, - гуфта боз ҳам сурхрӯйтар гардид Г улафзо.

99
Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода сомонҳояшонро кофтанд,
аммо китобҳояшонро пайдо карда натавонистанд, дар хиҷолат бу-
данд, ки хоҳиши Гулафзоро ба ҷо оварда наметавонанд. Боқӣ Раҳим-
зода бошад, гуё як муаммои азимеро ҳал карда бошад, ба Турсунзо-
да гуфт:

- Мирзоҷон, парешон нашавед, илоҷи кор ёфт шуд, дар ҷузвдони
ман як китоби Мулло Холмурод ҳаст, он кас х,ам ҳамсафари мо, ана
дар поварақи ҳамин китоб соядастҳоро гузошта ба Гулафзоҷон месу-
порем.

Мирзо Турсунзода ин фикрро маъқул донист ва онҳо дар пова-
рақи китобам “Бунёди маънавии одами нав” бо арзи орзуҳои нек со-
ядаст гузошта,_ба Гулафзо такдим намуданд. Медонам, ки Гулафзо
он китобро ҳануз ҳам дар хонадонаш ҳамчун ёдгории гаронбаҳое аз
шоирони номи - фарзандони арзандаи халқаш нигоҳ медорад.

Ҳамин, ки мошинаамон равон шуд, Боқӣ Раҳимзода изҳори ақида
намуд:

- Мирзоҷон, агар хато накунам, ин духтар, яъне Гулафзо духтари
шудани барин, бо ору номусу алавдор менамояд.

- Ту хато накардӣ, Боқиҷон, ман ба фикрат розӣ, - гуфт Турсунзо-
даву афзуд, агар роҳгум назанад, халал нарасонанд фаъолаи хубе
мешавад.

- Хайр, мо дуогӯяш ҳастем, парвардигор иқболашро диҳад, - гуф-
та Боқи Раҳимзода ба ran хотима дод.

Акнун, баъд аз сипарӣ шудани солҳои тӯлонӣ гуфта метавонем,
ки дуои устодон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода дар ҳаққи Гу-
лафзо мустаҷоб гардид. Гулафзо Савриддинова сол аз сол маҳора-
ту қобилияти ташкилотчиги, кордонӣ, инсонпарварӣ, донишу таҷри-
баи кориашро такмил дода масъултарин вазифаҳо - раиси Шӯрои
депутатҳои халқӣ, мудири шӯъбаи маданияти Кумитаи Марказии ҳиз-
би Коммунисти^Тоҷикистонро ба ӯхда дошт. Алҳол вай муовини раи-
си Маҷлиси Оли мебошад. У борҳо ба ҳайати Кумитаи Марказии ҳиз-
би Коммунистии Тоҷикистон, депутати халқии Тоҷикистон интихоб
гардидааст ва дар байни мардуми ҷумҳуриятамон обрӯю эътибори
зиёде дорад. Ба қарибӣ Гулафзоро ба шарафи депутати халқии То-
ҷикистон интихоб гардиданаш табрик намудам. Гулафзо табассум
карду гуфт:

- Ҳамаи фирӯзиҳои ман аз даму нафаси сеҳрноки Мирзо Турсунзо-
да ва Боқи Раҳимзода будагист. Ёд доред, муаллим, мулоқоти моро
дар сари роҳи Исфара^- гуфт Г улафзову фарзандвор васфашон намуд.

Боре ҳамроҳи Боқи Раҳимзода аз бинои хонаи ҳукумат баромада,
ба тарафи чорбоғи истироҳэт мерафтем. Чун ҳаво гуворо ва аввали
моҳи апрел буд, хостем, ки каме пиёда қадам занем. Мошини сабук-
Раве истода аз дарунаш ҷавони тақрибаи 22 - 23 сола баромада, на-
зди мо омвд ва салом карду ба куҷо рафтанамонро пурсид. “Ба хона"

- гуфт Боқи Раҳимзода. Ҷавон таклиф кард, ки ба мошини ӯ савор

100
шавем, бурда мемонад. Барой ин ки аз таклифу ҷаҳди у зудтар озод
шавем, ‘роҳи шумо ба тарафи мукрбил" - гуфтам ман. Ин сухан азми
ҷавонро ҷазмтар кард. Моро ба мошинаш шинонд ва то манзилҳоя-
мон расонд. Ҷавонро на Боқӣ Раҳимзода мешинохту на ман. Инро
ҷавон пай бурда, изҳор кард, ки Боқӣ Раҳимзодаро бобои худ медо-
над, чунки дар шаби тӯи арӯсии падару модараш ӯ раиси туй буда-
аст. Бале дар 25 - 30 соли охир барои навхонадорҳое, ки раиси туя-
шон Боқӣ Раҳимзода буд, беҳтарин хотира аз он шаб раисии Боқии
соқӣ буд, ки он кайфият то охири ҳаёташон аз коми онҳо намерафт.
Соқии Боқӣ Раҳимзода, суханҳои намакин, шӯхиҳои малеҳ ва заро-
фатҳои сафобахшаш худ шоистаи таълифи китоби алоҳида аст. Фа-
қат як чизро алоҳида қайд карданиям, ки Боқӣ Раҳимзода васлгари
дилҳо, ҷӯяндаю сарояндаи дӯстиву рафоқат, ишқу вафо, яъне таби-
аташ бахтофарин буд.

Ин сатрҳо дар рӯзҳои серташвише, ки қаҳти на фақат дар ҷодаи
моддии зиндагӣ. балки дар ҷабҳаи маънавиёти мо гиребонгир^шуда,
қаҳтӣ ба пояи о,цаму одамгарӣ, ихлосмандиву вафодори, дустиву
рафоқат низ теша мезанад, иншо мешаванд, симои хирадмандонаву
накӯофарини Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода гаштаву баргаш-
та пеши назар меояд. Қариб рӯзе нест, ки касе онҳоро бо_неки ба
хотир наорад. Як ҳафта пештар дӯсти деринаам, акахонди узбекза-
бонам Қурбон Сатторов наздам омад ва ӯ бо кадом ваҷҳе аз Турсун-
зодаву Раҳимзода сухан оғоз намуд ва ҳикоят кард^ки инсондустиро
аз онҳо омӯхтан лозим, онҳо нафақат бо тоҷикону узбекон, балки бо
ҳамаи халқҳо бародархонду ҳамқавм буданд, гӯем хато намешавад.
Доимо гуфтаҳои Мирзо Турсунзода “мо тоҷику ӯзбек ду мағзи як бо-
домем” дар лавҳаи хотирам аст.

Пас Сатторов накди аҷибе намуд:

- Ман дар райони Ёвон кор мекардам. Ин соли 1957-ум буд. Рузе
ба ноҳияи мо Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Самад Ғани ома-
данд. Тамоми рӯз мулоқотҳои эҷодӣ гузаронидем. Мардум адибони
дӯстдоштаашонро бо муҳаббат пазируфта, дар мулоқотх,о онҳоро бо
мароқи том истиқбол менамуд, гуфторх,ои дилҷӯй саволу ҷавобҳо
тӯл мекашид. Саргарми мулоқотҳои адабӣ шуда бемаҳал шудани
вак^ро нафаҳмида мондем ва лозим омад, ки меҳмонон дар ҳамон
ноҳия хоб раванд. Азбаски район меҳмонхона надошт, онҳоро ба хо-
наи худам бурдам. Баъди хӯроки шом ва сӯҳбатҳо тараддуди хобро
дидем. Масъалаи кӣ дар куҷо бояд хоб равад, бархост. Гап дар сари
он буд, ки ман дар хонаам фақат як кат доштам. Баҳс мерафт, ки ки
бояд дар кат хоб равад? Боқӣ Раҳимзодаву Самад Ғани гуфтанд.

- Ҷои баҳс нест, дар кат фақат Мирзо хоб меравад.

Мирзо бошад розй намешуд ва мегуфт:

- Ман ин таклифи шумоёнро қабул карда наметавонам. Пеш аз
ҳама ман тоҷикам, анъанах,ои халқамро пос медорам, раис буданам,
депутат буданам, лауреат буданам ва ғайра бо роҳи худаш. Боқиҷон.

101
ки аз ман як сол калон аст, ба боло, яънё ба болои кат хоб меравад
ва ману Самад Fанй болои гилем.

- Не, Мирзоҷон, шумо дардмандед, замин рутубат дорад, - гуфт
Боқӣ Раҳимзода. Шумо дар кат хоб кунед, бадани ман чарбудор аст,
маро ҳеҷ балое намезанад, - гуфта зарофатгӯӣ менамуд Раҳимзода.

- Хулоса, - гуфт Қурбон Сатторов, - баҳс ба тарзе хотима ёфт, ки
Мирзо Турсунзода Боқӣ Раҳимзодаро ба болои кат хобонда, таъкид
кард:

- Сабаби бисер нобаробариҳои мо аз бетамизиҳоямон cap меза-
над, аз худ калонро ҳурмат намекунем, ба такдири ҷавонон бепарвой
мекунем, иззату ҳурмати якдигарро аз хотир мебарорем. Оқибати ин
тамоил баду ногувор аст.

- Қурбони номатон шавам, Мирзоҷон, - гуфт Боқӣ Раҳимзодаву
илова кард. Шуморо ана ҳамин хоксории табииятон, фазилату тами-
зи ҷавонмардии тоҷикиатон болонишину сазовори эҳтироми умум гар-
донидааст. Рост аст, ки ‘ ҳурмат кунӣ - ҳурмат мебинй” - гуфтаанд

ОҚИЛОН.

Нақли акахондам Қурбон Сатторовро гӯш мекардаму ақида мена-
мудам, кошкй ҷавонони имрӯза - хоҳ соҳибистеъдод, хоҳ коргари оддӣ
аз Турсунзодаву Раҳимзода сабақи зиндагӣ меомӯхтанд, суннатх,ои
муқаддаси аҷдодҳоямонро дар боби одаму одамгарӣ, ҳимматбалан-
диву шермардӣ ҳамчун мероси гаронбаҳо пос медоштанд, накӯкору
меҳрофарин мешуданд.

ҲАМНАФАСИ ХАЛҚ

Ба қарибӣ бо нависандаи соҳибдил ва рӯзноманигори намоён Бах-
тиёр Муртазоев ҳамсӯҳбат шудам, ки гуфт: - Муаллим, шумо бо ус-
тод Мирсаид Миршакар дӯсти наздик ва ҳамкор будед, вазифаи раи-
сии Кумитаи мукофотҳои давлатии Рӯдакиро аз он кас қабул намуда-
ед, чӣ мешуд, ки бахшида ба навадсолагиашон хотираҳоятонро ме-
навиштед?

- Чаро нанависам? Шумо дар хусуси унсгириву эътиқоди камина
бо устод хуб гуфтед. Дар хдқиқат дар бобати дӯстиву рафоқат низ
устод бароямон намунаи ибрат буданд, - гуфтаму аз мактубе, ки моҳи
феврали соли 1978 бо дасти шогирдашон Убайди Раҷаб ба камина
ирсол намуда буданд, ёдовар шудам:

Бародар ва дӯсти деринаам Холму род Шарифов!

Аввалин шиносоии мо дар ҷашни таърихии зодрӯзи падари шоиро-
ни форсу тоҷик, бунёдгузори қасри газанднопазири назми дилфурӯ-
зи форсизабонони дунё Рӯдакии бузург огоз ёфта, дар байни ин 30
сол рӯз ба рӯз, соат ба соат мустаҳкам ва пойдор гардида, аз ши-
носоӣ ба дӯстӣ ва бародарии ҷонӣ мубаддал гардид. Ман хеле хуш-
бахтам ва аз умри рафтаистодаи худ миннатдорам, ки ба ман им-

102
коният дод, ки бародару дӯстамро 6а муносибати фат\и қуллаҳои
тоза 6а тозаи... \афтод, х,аштод, навад, сад... ро\и сафед гуям.

Мирсаид Миршакар.

Ҳақба ҷониби устод Миршакар. Қисмат ва фаъолияти меҳнатиам
чунин сурат гирифт, ки хеле барвақт бо устод Миршакар шиносои
пайдо кардам. Вақто ки дар кумитаи марказии Созмони ҷаврнони ҷум-
ҳурӣ кор мекардам, зуд-зуд маҳфилҳову мулоқотҳои адабию бадей
бахшида ба тарбияи ҷавонон мегузашт, ки дар онҳо устод Мирсаид
Миршакар хоса меҳмони ифтихорй буданд. _

Боре бо супориши сарвари созмони ҷавонони ҷумҳури ба маҳфили
ҷавонони эҷодкор шоири номӣ Мирсаид Миршакарро даъват наму
дам Баробари ба толор ворид гаштани шоир иштирокчиёни маҷлис
ба ҷунбиш даромада азҷойҳояшон хестанд. МаҳмудбекНазарбеков
меҳмонро гарм хушбошӣ намуда гуфт.

- Мебинам, ки дӯстони ҷавони мо, аҳли маҳфили имруза муштоқи
дидори бародари мо Мирсаид Миршакар будаанд. Барои ҳамин бо
мамнуният суханро ба дастпарвари комсомоли Тоҷикистон, шоири
дӯстдоштаи ҳамаи мо устод Мирсаид Миршакар медиҳам.

Мирсаид Миршакар суханашро чунин оғоз намуд:

- Азизон, ба ман гуфтанд, ки дар ин махфил ҳавасмандони шеъру
шоирӣ, муштоқони санъати касбии театр, кино, тасвири ва мусиқи гирд
омадаанд. Аз истиқболи гарматон миннатдорам. Биёед шаф-шаф
нагуфта, шафтолуи суханро ба шумо бигуям, - ман яку якбора шоир
Миршакар нашудаам. Меҳнати босамар, муҳити мардуми шуҷои заҳ-
матқарин, хондан ва машқи беороми шеъромузи. шеърнависи, тар-
бияи устодон маро шоир кард. Мах,мудбек беҳуда маро дастпарвари
комсомол нагуфтанд. Рост аст, ки мани ҷавонро Кумитаи марказии
комсомол барвак^ ба ҷойҳои дурдаст, ба кор фиристонд, аввал ба
нохияи Шӯрообод, баъд ба водии Вахш, ки даштҳои асрҳо ташналаб-
ро обёрй мекарданд. Дар он ҷойҳо сарпарастии созмони ҷавононро
ба ӯхда доштам ва дар як вак^ муҳарририи рузномаи Зарбдор -и сох-
тмони Вахшро низ ба ӯхда доштам. Ана дар ҳамон ҷойҳо, дустони
азизам, устухони ман ҳамчун шахе сахт шуд ва дар ҳамон муҳит дар
қалби ман шавқи эҷоди шеър ғунча бает.

Сомеъон сӯҳбати тӯлонии устод Миршакарро бо шавқи зиед гуш
мекарданд. Нотиқбаъзан ба шеърхони ҳам мепардохт, ки чанд байте

аз онҳо дар хотир мондааст:

Ошиқонро дидани дилбар хуш аст,

Дилбари худро надидан то ба кай?

Маҳ агар дар абр бошад нур нест,

Рӯи худ пинҳон кардан то ба кай?

Пайдост, ки ин шеър дар айёми фаранҷисузию фаранҷипартои иншо

шудааст. -

Касе аз иштирокчиёни маҳфил пурсон шуд, - Устод, шумо каи ба
шеърэҷодкунӣ машғул шудед? Аввалин шеър ва достонатон кадомҳ-

103
оянд?

- Шеъри аввалинамро бо номи “Душманро кун торумор" соли 1930
иншо кардам ва аввалин асари калонҳаҷмам достони “Ливои Зафар",
ки ба обёрии водии Вахш бахшида шудааст, соли 1934 дастраси хо-
нанда гардид, аввалин маҷмуаи шеърҳоям бо унвони “Баҳори ҷавонӣ
дар тахрири Мирзо Турсунзода, соли 1940 рӯи чопро дидааст -ҷавоб
дод Мирсаид Миршакар.

Аз он мулоқоти фаромӯшнашаванда солҳои зиёде гузашту такдир
маро боз ба корҳои ҷамъиятӣ овард. Ин дафъа дар дастгоҳи Кумитаи
Марказии Ҳизби коммунисту ки фаъолияташ бо сохторҳои фарҳангӣ.
адабиёт, санъати саҳнави, тасвирӣ, мусиқӣ, синамо ва гайра иртибот
дошт, сурат гирифт. Шояд ҳамин сабаб шуд, ки ба ман дар хонаи
истиқоматии адибон манзили зист доданд ва хушбахтона бо устодон
Сотим Улуғзода, Ҷалол Икроми, Фотеҳ Ниёзй ва дигар нависандаго-
ни номи ҳамсоя шудам.

Бо устод Улуғзода, ки ҳамсояи девор ба девор будам, бештар вох-
урда дар мавзуҳои муҳими илмию фарҳангӣ, эҷодиёти ходимони на-
моёни адабиёт, қисмати эҷодии онҳо мубодилаи афкор менамудем.
Дар яке аз чунин суҳбатҳо, шояд дар арафаи ҷашнаш буд, нисбат ба
. қисмати шоирии Миршакар мерафт, устод Улуғзода мегуфтанд: со-
лҳои 1930 - 1940 сафи адибони тоҷик, ки онҳоро навқаламонй наели
комсомол мегуфтанд, бо номҳои Мирзо Турсунзода, Абдусалом Де-
ҳоти, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Ҳабиб Юсуфй, Мирсаид Мирша-
кар ва камина пур гардид. Роҳи ҳар кадоми мо ба адабиёт ҳаргуна
буд, - гуфтанд устод Улугзодаву афзуданд: Масалан, Мирсаид Мир-
шакар худаш роҳи хосеро пайдо кардааст. У ҳамчун узви комсомол
дар водиҳои Хатлону Вахш адои хизмат кардааст. Аввалин таассу-
роти шоиронаи худро бахшида ба фотеҳони Вахш дар достони “Ли-
вои Зафар”-аш инъикос намудааст.

- Шояд аз ҳамин омил сарчашма гирад, сабаби аз аввалинҳо шуда
дар адабиёт ба ахри коргар, бунёдгарони ҷамъияти нав рӯй овардани
Мирсаид Миршакар, - гуфта ба устод рӯй овардам.

- Бале, ба муҳите, ки Миршакар дар ҷавонӣ, дар оғози роҳи эҷоди-
аш ҳамчун шоир афтодааст, ба ӯ мӯҳри худашро ҳам дар фаъолияти
эҷоди ва ҳам дар фаъолияти корҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ гузоштааст. Ягон
эҷодкори наели Миршакар, ба мисли ӯ дар мавзӯъҳои азнавсозии
ҷамъият, бахшида ба комсомол, Ленин, Ҳизб, мубориза бар зидди
д_ушманони халқ, дину хурофот, ҳимояи Ватан асар наофаридааст, -
гуем хато намешавад, - гуфтанд устод Улуғзода.

Дар ҳақиқат Мирсаид Миршакар ҳамчун фарзанди содиқи замони
худ ва ҳамчун вассофи тағйиротҳои куллй дар қисмати халқашу ва-
танаш асар эҷод мекард, бо забони назм таърихи корнамоиҳои мар-
думи кишварашро, руҳияи нави бунёдгарию фидокории онро таран-
нум менамуд. Достони “Ливои Зафар", ки хусусияти тарҷумаиҳолӣ
дорад, пеш аз ҳама симои мардуми коргар ва бунёдгарони иншооти

104
обӣ, сохтмони нави тарзи хоҷагидорӣ, дар меҳнати якҷоя обутоб ёф-
тани дӯстию бародарии халқҳоро тасвир мекунад. Дар замони Ҷанги
Бузурги Ватанӣ Мирсаид Миршакар ҳисси олии ватанпарастиро васф
мекунад ва симои душмани маккору ғаддорро фош менамояд. У дар
шахси Гитлер шағоли девонаи мурдахӯрро тасвир мекунад. Шоир аз
забни қаҳрамонҳои лирикии худаш бонг мезанад:

Шағоли мурдахӯр - девона Гитлер,

Ҳавас дорад, ки халқамро кунад қир.

Ҳавас дорад, ки озодии манро
Кунад помолу гирад ин чаманро.

Ҳавас дорад...

Вале ман зинда ҳастам,

Ба ҳифзи хоки худ поянда ҳастам.

Муҳимтарин офаридаҳои давраи ҷангии Мирсаид Миршакар дар
китоби “Шеърҳо ва поэмаҳо”, ки соли 1945 нашр шудааст, гирд ома-
даанд, ки моҳияти он дар кори наҷиби дар рӯҳи ватанпарастӣ тарбия
намудани хонандаи хурду калон бебаҳост.

Дар солҳои баъдиҷангӣ ҳам Мирсаид Миршакар дар инкишофи
назми муосири тоҷик талошҳо дошт. Акнун мавзӯъ, мазмуну мунда-
риҷаи эҷодиёти ӯ васеътар доманадортар мегардид. “Калиди бахт”
ном достони Миршакар соли 1947 дастраси хонанда шуд, ки он ба
ҳаёти мардуми меҳнатқарини Бадахшони шӯравӣ бахшида шудааст.
Дар достони “Калиди бахт’ Миршакар дақиқбинона зиндагии замони
гузашта ва солҳои охирро ба риштаи назм кашидааст. Баъд, Мирса-
ид Миршакар мавзӯи ин асарро дар достони машҳури ' Панҷи ноором”
такмил медиҳад. Қаҳрамонҳои ин достон одамони қатории заҳматка-
ши кӯҳистон - деҳқонон ва бештар занони озоди давраи шӯравӣ, ки
сарбаландона касбу ҳунар меомӯзанд, барои ободии кишвари худ
талошҳо ба харҷ медиҳанд. Дар ин достон шоир рӯҳбаландона ҳаёти
нави мардуми кишварашро месарояд:

Мевазад боди тозаву форам,

Барги гулҳо ба ҷунбишанд аз он.

Мешавад паҳн дар фазо ҳар дам,

Ин суруди қадими кӯҳистон:

“Рӯзу шаб руди Панҷи ноором
Мезанад доду мезанад фарёд,

Меравад худсарона,

Пекин ром

Ҳеҷ касро намешавад.

Ҳайҳот!”

Мирсаид Миршакар дар достони худ табиати дилрабою ҳашамати
нотакрори куллаҳои Помир ва мардуми комилҳуқуқи онро, ки бахташ-
ро, хушиҳои зиндагиро дар мех,нати озод ёфтааст, моҳирона тасвир
менамояд.

Чи тавре дар боло ишора шуд, сол аз сол санъати сухан ва доираи

105
афкори иҷтимоии Мирсаид Миршакар такмил меёбад, ки мо инро аз
асарҳои дар солҳои панҷоҳум эҷод кардааш, аз ҷумла “Дӯстам Ho-
зим Ҳикмат”, “Пахта шукуфт", “Модари шоир" ва албатта, дар Ленин-
номаи ӯ, хусусан достони “Ленин дар Помир" амиқ мушоҳида мена-
моем. Асарҳои минбаъда офаридаи шоири ҳамабин шаҳодат меди-
ҳад, ки дасти ӯ ҳеҷ гоҳ аз санҷидани набзи ҳаёти иқтисодӣ, фарҳангӣ
ва бунёдгарии халқаш канда нашудааст. У тадриҷан дар ҳаёти ҷамъ-
ияти рӯйдодҳои наҷиби рӯҳбаландкунандаро дарк менамояд. Маса-
лан, дар достони 'Дашти лаванд”, бо лутфу назокати хоса, дар сафи
қаҳрамонҳои асосиаш ба зоти латиф - ба занҳо ҷойҳои баландмақом-
ро муносиб медонад, ки Гулбаҳор Қодирова - духтари Қодир - парти-
зан, Маҳтоб аз қабили онҳоянд. Достони “Варақаҳои муҳаббат” ҳам
давоми андешаҳои шоиронаи Миршакар дар самти сазовортар офа-
ридани образи занҳои озод ва шуҷоъ мебошад, ки он ба корнамоиҳо,
тасвири иродаи матини размгарии духтари тоҷик, Қаҳрамони Ҷанги
Бузурги Ватанӣ Ойгул Муҳаммадҷонова бахшида шудааст.

Соли 1982-юм дар ҷумҳуриамон ҳафтодсолагии Мирсаид Мирша-
кар ва панҷоҳсолагии Мӯъмин Қаноат қайд карда шуд. Ба ин муноси-
бат дар Кумитаи давлатии табъу нашри Тоҷикистон маросими қабули
дӯстонаи шоирони номбурда баргузор шуд. Камина, ки он вак^ҳо ва-
зифаи раисии он Кумитаро дар ӯхда доштам, меҳмонҳоро хушбошӣ
намуда, ба онҳо китобҳои ба муносибати ҷашнашон тозанашршударо
такдим намудам. Баъд, дар атрофи мизи дӯстона, гирдгардии пиё-
лаи чои кабуд сӯҳбати дилпазире бунёд шуд. Дар он маросими қабу-
ли соҳибҷашнҳо ноширони намоёни ҷумҳурӣ низ ширкат доштанд ва
дар ҷараёни сӯҳбат сухан аз ҳаёт ва эҷодиёти меҳмонҳои соҳибҷашн
мерафт.

Бо хоҳиши камина, устод Миршакар аз хусусиятҳои достони ба
қариби нашргаштааш “Исёни хирад" нақл кард. У гуфт, ки офаридани
чунин асар, ки ба суханвари бузурги файласуф Носири Хисрав бах-
шида шуда бошад, орзӯи деринаи ман буд. У афзуд, ки - ман эҳсос
мекардам,^ки барои офаридани образи Носири Хисрав, фақат шоир
будан кофӣ нест, маҳорати тадқик^ таърих, афкори ҷамъиятии замо-
ни Носири Хисрав, ҷаҳонбинии шоири файласуф лозим буд. Барои
ҳамин бо бисёр мардуми босаводи кӯҳансол сӯҳбат кардан, маъха-
зҳои таърихи ва адабиёти илмӣ ва бадеии замони ӯро омӯхтан зарур
омад. Достони “Исёни хирад" иншо ва чоп шудааст. Аз ӯхдаи ин кор
баромадам ё не, инашро хонанда, аз ҷумла шумоён ҳукм хоҳед кард,

- гуфт устод Мирсаид Миршакар.

Мӯъмин Қаноат, ки баробари мо нақли устод Миршакарро гӯш ме-
кард, гуфт: - Достони “Исёни хирад” падидаи хуб аст дар х,аёти маъ-
навии мо, ба ман бештар бо услуби нотакрор ифода кардани чашма
(“Чашмаи Носир") хеле писанд омадааст, ки дар ин бобат устодро
самимона табрик мекунем.

Сӯҳбати мо тадриҷан ба маҳфилчае табдил ёфта буд ва лаҳза ба

106
лаҳза дилкашу ҷаззобтар мегардид. Иштирокчиёни он аз саҳми бе-
баҳои соҳибҷашни дигар Мӯъмин Қаноат дар инкишофи адабиёти
шӯравӣ, такмили кори ноширӣ, табъу нашр сухан ронданду боз ба
шарҳи роҳи эҷодии Мирсаид Миршакар баргаштанд. Сухан аз он ху-
сус рафт, ки устод Миршакар қаламашро нафақат дар шеъру шоири
тез кардааст, ӯ дар дигар риштаҳои эҷодиёти бадеи-драматургия,
ҳаҷвнигорӣ, фантастика ва публисистика низ моҳирона санҷидааст.
Дар он мулоқоти фаромӯшношавандаи устодон Мирсаид Миршакар
ва Мӯъмин Қаноат ба ноширон ва матбуотчиён дар боби инкишофи
табъу нашр, зиёд намудани китобҳои бадей, хусусан китобҳо барои
кӯдакону наврасон ва беҳтар кардани сифати кори соҳаи полиграфи
пешниҳодҳои муфиддоданд.

Бо устод Мирсаид Мирашакар мулоқотҳо ва ҳамсафариҳои зиед
доштем. Афсӯс, ки дар бораи ҳамаи онҳо ҳикоя кардан ин ҷо имкон
надорад. Дар ҳавлии устод ҷашнҳояшро якҷоя гузаронидаем ва меҳ-
монҳояшонро низ бо х,ам қабул кардаем. Дар хусуси яке аз меҳмон-
навозиҳои хонадони устод Миршакар мухтасар гуфтаниям.

Тақрибан аввалҳои солҳои ҳафтодум буд, ки устод Мирсаид Мир-
шакар каминаро ба хонаашон даъват намуда, гуфтанд, ки биёед, ду
меҳмони бузургро аз ду мамлакат ҳамроҳ қабул намоем... Меҳмонҳ-
ояшон Владимир Солоухин аз Москва ва Мирмуҳсин - нависандаи
халқии Ӯзбекистон будаанд.

Чун ҳамеша, дастархони завҷаи устод Миршакар Гулчеҳрабону
басо зебо ороста шуда, пур аз нозу неъматхр буд ва меҳмонҳо аз
пазироии соҳибхонаи бених,оят нозанину париталъат руҳбаланд бу-
данд. Гайр аз камина дар пазироии меҳмонҳо шахсиятҳои намоёни
ҷумх,урӣ НизорамоҳЗарифова, Ибодат Раҳимова, Меҳрубон Назаров,
Муҳаммад Осимӣ низ ҳузур доштанд. Устод Миршакар қадаҳ дар даст,
аз ҷояш бархесту ба меҳмонҳо муроҷиат намуд:

- Хоҳиш мекунам, ки гапҳои маро суханпардози нафаҳманд. Ман
аз таҳти дил мегӯям, ки имрӯз беҳад хушбахтам, чаро ки дар хонаи
ман вакилони ду миллати ба мо дуст, бародарони ман Солоухин ва
Мирмӯҳсин ҳузур доранд. Азизонам, ман чунин эҳсос мекунам, ки
дар симои онҳо - тамоми халқи кабири рус ва халқи ҳамқисмату ҳам-
сояамон - ӯзбекҳо бо мо ҳамнишинанд, муҳобот намешавад, агар гуям,
ки бе кӯмаки амалии бародарони русу ӯзбек Тоҷикистони имруза дар
ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, мактабу маориф ва фарҳанг ба чунин
комёбиҳои азим намерасид. Биёед, қадаҳи аввалро ба шарафи меҳ-
монҳои азизамон бинӯшем, - гуфт Мирсаид Миршакар бо руҳбаланди

Бемуҳобот он шабнишиние, ки дар хонаи устод Миршакар баргузор
шуд, бемислу монанд буд. Зеро касе райей намекард. Ҳама ба на-
вбат бо ташаббуси худ сухан меронданд. Владимир Солоухин ба ун-
вони Миршакар беҳтарин суханҳоро гуфту дар хотима Гулҳои Ду-
шанбе" ном шеърашро бо шавқи дилхуруш қироат кард ва онро ба
хдмеари устод Миршакар Гулчеҳрабону такдим намуд.

107
Мирмӯҳсин бо хушгӯиҳои дилпазир сухан оғоз намуд. У гуфт, ки -
дӯстон, шумо ифтихор кунед, ки дар маҳфилатон ду мир ҳузур до-
ранд, - якеш Миршакар - мири фарҳанги тоҷик, дигараш каминаи ҳақир
- Мирмӯҳсин - мири фарҳанги ӯзбек. Ин шӯхии Мирмӯҳсинро ҳозирон
бо кафкӯбӣ пазируфтанд. Пае Мирмӯҳсин суханашро идома дода
гуфт, ин ҷо, ки Нина Зарифовна ва Ибодат Раҳимовна ҳузур доранд,
изҳор карданиям, ки роҳбарияти Тоҷикистон нависандаҳояшонро бе-
ҳад дӯст медоранд ва то ба дараҷае беҳад эрка ҳам кардаанд. Дур
намеравем, мегирем. дӯсти ҳамаамон Мирсаид Миршакарро, - ӯ аъзои
Кумитаи Марказӣ, депутати Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ, Раиси
Кумитаи якдилии Халкҳои Осиё ва Африқо, Раиси Кумитаи мукофо-
тҳои давлатӣ дар соҳаи адабиёту санъат, чанд карат Лауреати муко-
фотҳои давлатӣ, ордену медалҳояшон беҳисобанд. Ман ифтихор
дорам, ки чунин дӯсти обрӯманд дорам. Аҳсант ба тоҷикон, аҳсант ба
фарҳанги овозадори тоҷик, аҳсант ба рох,барияти Тоҷикистон бо сар-
варии Ҷаббор-ака Расулов, ки дӯсти қадрдони Шараф Рашидов ва
тамоми мардуми Узбекистан мебошад, ман ки пайкро мебардорам, -
гуфт Мирмӯҳсин бо як кайфияти баланд.

Ҳамаи меҳмонҳои устод Мирсаид Миршакар аз хонадони ӯ бо хо-
тири болида, шоду хуррам мерафтанд. Зеро ки худи устод Миршакар
марди соҳибдилу зарофатгӯй ва давраоро буд, илова бар он аҳли
хонадони ӯ - завҷааш Гулчеҳрабону, фарзандонаш Зулфия, Зарина,
Афзал, Акмал дар хизмати меҳмонҳо ба мисли парвона буданд. Гул-
чеҳрабону бошад, меҳмонҳояшро на фақат бо таомҳои болаззат зиё-
фат мекард, боз ӯ бо сурудҳои дилнишинаш, хусусан суруди “Ширин,
ширин", ки бо шеъри устод Миршакар оҳангбандӣ шудааст, кайфияти
меҳмонҳоро ба арши аъло мебардошт.

Дар яке аз рӯзҳое, ки ин сатрҳоро иншо менамудам, бо ходими
намоёни ҷамъиятию давлатӣ, шахеи соҳибмаърифат, муаллифи чан-
дин китобҳо Мирзо Бобоев вохӯрдам. Чун ҳамеша Мирзо Бобоев маро
гарм истиқбол карду пурсон шуд, ки - хаёли нависандагиатон ба ка-
дом мавзӯъ банд аст? Гуфтам, супориш дорам, ки хотиротамро бах-
шида ба навадсолагии устод Мирсаид Миршакар бинависам, хуб шуд,
ки шуморо дидам. чунки Шумо ҳам бо ӯ робитаи дӯстӣ доштед, агар
каме аз мулоқотҳоятон ҳикоя мекардед?

- Хуб гуфтед, ки бо Мирсаид Миршакар дӯсти қадрдон будам -
гуфт Мирзо Бобоев ва афзуд:

- Дар ноҳияи Восеъ солҳои тӯлонӣ сарварй мекардам. Мирсаид
Миршакар бо Муҳаммад Осимй зуд-зуд меҳмони азизи ноҳияи мо
мешуданд. Сабабаш дар он буд, ки онҳо ҳамчун вакилони мардумй
барои ҳисобот додан ба назди интихобкунандагон меомаданд ва ман
ба онҳо роҳбаладӣ менамудам. Ҳардуяшон Муҳаммад Осимй ва Мир-
саид Миршакар шахсиятҳои фавқулодда покиза, дорой ҷаҳонбинии
васеъ, дурандеш, хирадманд буданд, аз х,ар сӯҳбати онҳо ман ва
рафиқони ҳамкорам як ҷаҳон сабақу баҳра мегирифтем, ҳаловат ме-

108
бурдем, Имрӯз, ки сухан аз ҷашни устод Миршакар меравад, ба унво-
наш бо ҷазбмандӣ ва камоли майл ақидаамро мегӯям, - гуфт Мирзо
Бобоев ва афзуд, ки дар ниҳоди Миршакар, ба мисли баъзеҳо олуф-
тагиву сипоҳигарӣ набуд, ӯ дили кушоду феъли хуше дошт ва ба
хурду калон баробар буд, дар минбарҳо суханро ғоз надода дақиқгуи
мекард, ба саволҳо кӯтоҳу равшан ҷавоб медод. Аммо ҳис мекар-
дам, ки Мирсаид Миршакар мулокртро дар коллективҳои педагоги бо
ҳузури хонандагон беҳад дӯст медошт, баъзан мушоҳида мекардам,
ки ӯ ташнаи чунин вохӯриҳо буд. Дар вақти сӯҳбат бо ҷавонон, тала-
багон ба мисли гул мешукуфт. Вай шеър мехонду талабаҳо соатҳо
бехастагӣ гӯш андохта кафкӯбиҳо мекарданд.

Дар хотимаи мулоқотҳоямон бо интихобкунандагон Мирсаид Мир-
шакар ва Муҳаммад Осимӣ ба хоҷагии Миралӣ Муҳаммадалиев мео-
маданд ва бо он пири хирад, дар атрофи шатранҷ сӯҳбатҳои дилпа-
зир меоростанд, ки касро ба ҳаяҷон меовард. Қисмат мададгор шуду
ман бо фарзандони фарзонаи миллат Мирсаид Миршакар ва Муҳам-
мад Осимӣ ҳамсоя шудам ва меҳру ихлосмандии мо нисбат ба ҳам-
дигар беҳад афзуд. Аммо, ҳазор афсӯс, ки паймонаи умри онҳо пеш-
тар пур шуду ман аз он дӯстони қиёматиам маҳрум шудам, - гуфт
ошуфтахотирона Мирзо Бобоев.

- Медонед, Мирзо Бобоевич, чаро дили Мирсаид Миршакар ба мак-
табу мактаббачаҳо чунин кашишу шавқмандии бемонанд дошт? - гуф-
таму афзудам.

- Мирсаид Миршакарро яке аз поягузорони адабиёти наврасон ва
кӯдакон буд, гӯем, хато намекунед. Зеро ки ӯ ҳанӯз дар солҳои сиюм
барои онҳо асарҳои зиёде офаридааст. Шеъри аввалини кӯдаконааш
“Маймунаки забқизик," ном дорад. Нахустин достони бачагонааш “Мо
аз Помир омадем” хазинаи тиллоии адабиёти бачагонаро оро меди-
х,ад. Мирсаид Миршакар дар он моҳирона ҷиҳатҳои нозуки саргузаш-
ти якҳафтаинаи ҳамсафарии наврасон, олами маънави ва руҳияи
дилхурӯши хурдтараконро тасвир кардааст. Ё гирем силсилаи шеъ-
рҳои “Бачагони Ҳиндустон" ва гайраро, ки дар онҳо Мирсаид Мирша-
кар бо тавоноии фавқулодда ва ҳавасмандии содиқона барои бача-
гон дар жанрҳои гуногуни адабӣ-достонҳои манзум, суруду таронаҳо,
афсонаю ривоятҳо, чистону масалҳо, очерку х,икояҳо, асарҳои саҳ-
навӣ ва гайраро манзури хонандагону тамошобинҳои хурдсолаш ме-
намуд.

Баъд аз хушбошй намудан бо Мирзо Бобоев ҳамон руз бо Маҳмад-
шо Илолов - олими номй, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси миллии Тоҷикистон мулоқот доштам, ки гуфт:

- Мирсаид Миршакар на фақат шоири барҷастаи миллат аст, у аз
ин бештар инсони поксиришт, беғараз, дақиқбин^ соҳибхирад буд.
Бесабаб нест, ки вай ба мансаби баланди Раиси Шурой Олии Тоники-
стон дар ҳақиқат сазовор интихоб гардида, дурандешона_фаъолият
дошт. Мо вакилони халқ ҳанӯз ҳам ба таҷрибаи кории Шурой Олии

109
онвақта муроҷиат менамоем.

- Бисёр хуб, азизам Маҳмадшо, дар солҳои бӯҳрони сиёсии авва-
лҳои солҳои навадум шумо мавқеи шаҳрвандии Миршакарро чи тавр
дарёфтед? - пурсидам аз ҳамсӯҳбатам.

Мавқеи инсонӣ ва назари ҷамъиятии Мирсаид Миршакар ба
воқеаҳои он солҳо баръалло фарқ мекард, - гуфт Маҳмадшо Илолов
ва афзуд, ки дар он солҳои нобасомонии демократиябозй бисёр на-
виса ндагон ва олимон, гӯё ки дар ғафлат монда буданд, мекалави-
данд, як руз ҷонибдори як ҷараён буданду рӯзи дигар ба гурӯҳҳои
дигари сиёси шомил мешуданд. Миршакар дар ҳеҷ маврид мавқеаш-
ро дигар накардааст, у қатъиян риоя кардани қонунро талаб дошт,
маҳалгароиро сахт маҳкум мекард, ҷавононро даъват менамуд ки
ба ҳар оҳанг рақс накунанд.

Бо навиштани ин сатрҳо ба муносибати ҷашни устод Миршакар му-
аллиф мақсаде нагузоштааст, ки тамоми фаъолияти беканори эҷодӣ,
ҷамъиятию давлатии ӯротасвир намояд. Он чизе, ки камина ба хотир
овардааст, қатраест аз уқёнуси беканори ҳаёти пурҷӯшу хурӯши эҷод-
гари тавоно, ходими барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, ки шӯҳраташ дар
қитъаҳои олам паҳн шудааст. Ба қалам овардани хотираҳои парокан-
даи мухтасар сайъи қадрдонона аст бар ҷашни дӯст ва бародари ҷонӣ
- навадсолагии устоди устодҳо Мирсаид Миршакар.

ДАРЁДИЛИ СОҲИЛИ САЙҲУН

Тирамоҳи соли 2002 аз ҷониби нашриёти “Ирфон" китоби ёддоштҳ-
оям бо номи “Ахтарони фарҳанг” ба табъ расид. Дӯсти адабиётшино-
сам маро табрик карда гуфт:

- Азизам, китобатонро, ки дар он чеҳраҳои устодон Садриддин Айнӣ
Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдуса-
лом Деҳоти, Ҷалол Икроми, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлид-
дин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ ва дигаронро тасвир кардаед, хон-
дам. Бо пешгуфтори академик Аҳрор Мухторов пурра мувофиқам
Аммо чаро дар он ҳикоятҳо аз устод Раҳим Ҷалил ҳарфе намеоа-
вад?

Гуфтам, - Шуморо мефаҳмам, аммо дар хусуси устод Раҳим Ҷалил
нанавиштанам, маъное надорад, ки шахсияту эҷодиёти ӯ бароям ша-
вқангез намебошад, ҳаргиз ин тавр нест. Фақат фурсат даст надода
буд. Акнун ҳатман хотиротамро дар барои он қаламкаши мӯъҷизакор,
суханвари зарофатгуй ва давраоро, ки борҳо ҳамнишиниву ҳамса-
фарӣ доштам, борҳо мулоқотҳову сӯҳбатҳои дилпазири фаромӯшна-
шаванда насибамон шуда буд, бо камоли майл ва шавқмандӣ хоҳам
навишт.

Вақте ки қалам ба даст гирифтаму хостам, ки хотиротамро сабт
кунам, ба ёдам омад, ки бори аввал аз наздик бо устод Раҳим Ҷалил
дар бемористони рақами чаҳоруми Душанбе ошноӣ пайдо кардаам.

Зоҳиран ба назарам расид, ки Раҳим Ҷалил шахси лоғарандом ва

110
андак қавоқини камгап аст. Аммо, ҳамин, ки бо ҳамдигар ошно шуде-
му сӯҳбат оростем, тахмини ман нисбат ба шахсияти у ғалат баро-
мад. Аз лаҳзаҳои аввал устод Раҳим Ҷалил бо хислатҳои аскияо-
мезӣ, зарофатгӯиву ҳизирҷавобӣ ва зиндадилиаш маро афсун намуд.
Дархрл мушох,ида кардам, ки ӯ дар суханрониаш мақолу ҳикматҳои
халқиро фаровон кор мефармояд, ки баъзеашон, - ба мисли - “сахи
хайр кунад, бахилро дарди cap мегирад”, "душман хурдаст, балояш
бузург", “мушро ҷонканию гурбаро бози”, “дуздро роҳзан зад”, “як ано-
ру даҳ бемор”, “ҳар чи шавад, ба худам шавад” ҳануз х,ам аз хотирам
нарафтаанд.

Рузе таоми пешинро хурда дар кати руи ҳавлии бемористон бо ус-
тод Раҳим Ҷалил сӯҳбат доштем, ки писарам барои аёдатам омаду
меваҳои овардаашро шуста дар табак, ба наздамон гузошт.

Устод пурсиданд, ки писаратон чй ном дорад?

Номаш - Орзӯ, - ҷавоб додам.

- Чй номи дилкаши бамаъни, - гуфт устод Раҳим Ҷалилу афзуд, -
ин ном барои ман ҳам хеле азиз аст.

- Чй тавр? - пурсидам аз устод.

- Чаро, ки китоби аввалини ҳикояҳои ман “Орзу ном дорад ва кур-
башро ба мисли фарзандҳои нахустинам эҳсос мекунам, - гуфт Ра-
ҳим Ҷалил бо рӯҳбаландӣ.

Он лаҳза писарам хушбоши карда рафту мо бо устод гуфтугуя-
монро давом додем.

- Устод асархри шуморо кас бо ҳавас ва шавқманди мехонад, -
гуфтаму афзудам, - баъзе лаҳзаҳои ҳаёти қаҳрамонҳоро чунон тас-
вир кардаед, ки зуд дар хотири кас нақш мебандад.

- Масалан, кадом лаҳзаҳо дар хотиратон мондааст? - пурсон шуд
устод Раҳим Ҷалил.

- Аз китоби “Одамони ҷовид” ҳамон манзарае, ки дар вақти кори
деҳқонӣ арӯсу домоди нав Саодатбибй ва Рустам дар сояи дарахт
нишаста оши угрои кампири Сафармоҳовардаро бо иштиҳо мехуранд.
Саодатбибй, ки ӯро сенздаҳсола ба шавҳар дода буданду ойини ару-
сиро намедонист, кӯдаквор сэру руяшро олонда угро мехурд. Домод
ошхӯрии арӯсро бо завқ тамошо мекард. Торҳои дарози угро_кори
Саодатбибиро мушкил мекард. Баъзан мешуд, ки дар вақти ҳуп ка-
шидан торҳои ӯгро ба пешониву рухсорах,ои Саодатбибй бармехур-
данду Рустам худро дошта натавониста сахт механдид ва арус ран-
ҷида бо қаҳр аз ҷо хеста буд.

- Бале, бале, чунин хдцисаҳо дар ҳаёти қаҳрамонҳои асарам pyx
додаанд - гуфт устоду ба рӯям нигоҳ карда, - шухиомезона луқма
партофт, - аз асарҳои ман фақат угрохӯрии Саодатбибй дар хотира-
тон монда будааст-дия.

- Не, устод, ин тавр нагӯед, аксари асарҳои шуморо ба ҷазбмандии
том мутолиа кардаам. Чеҳраҳои қаҳрамонҳои асарҳоятон - Пулод,
Гулрӯ, Салимбой аз романи "Одамони ҷовид” Давлат Назаров, Пётр

111
Данилов, Холи Ворухи аз романи “Шӯроб" ва ғайра дар лавҳаи хоти-
рам мондаанд гуфтаму илова кардам,- агар коми наели мо бо каломи
суханварони миллатамон С. Айнй, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, А. fle-
x'0™’ Ҷ. Икромй, С. Улуғзода, С, Ҷавҳаризода ва шумо шах шудааст
- гуем, муҳобот намешавад.

Ман ба суханҳои шумо сад андар сад боварй дорам, азизам. Ман
шухи кардам, боз наранҷида бошед, - гуфт устод Раҳим Ҷалилу фик-
рашонро давом дод:

- Ҳозир вазъият дигар аст, талабот дигар аст ва савияи донишу
маҳорати кормандони ҳизбиву давлатй низ комилан баланд шудааст.
Акнун қудрату тавоноии х,избамон ҳам афзудааст, ки ин аз ботини
маънавии кормандонаш ва ба ҳар узви ҳизб вобастагй дорад, - набо-
шад, ба он табадулотҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва инқилоби фарҳангие, ки
дар кишвари мо рух Дод, ҳизби коммунистй сарвари карда метаво-
нист? Ман, ки яке аз узви фаъоли Кумитаи марказии ПК Тоҷикистон
ҳастам, инро басо амиқ дарк кардаам, - гуфт устод Раҳим Ҷалил.

Ҳамин тавр устод Раҳим Ҷалилро аз лаҳзаҳои аввали ошноӣ ҳам-
чун шахсияти дурандеш, донишманд, дилогоҳ, инсондӯст ва меҳру-
бон^дарёфтам, зеро, ки бо камина гарчанде бори аввал чунин наздик
вохурда бошад ҳам, ӯ бо ман чун дӯсти дер боз шиноси қадрдон му-
омила дошт. Чунин сифати наҷиби инсонии устод Раҳим Ҷалилро аз
забони дигар адибон низ борҳо шунидаам.

Ба қарибӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо нависандаи
варзида, муҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ" Ҷонибеки Акобир дучор
шудам, у пурсон шуд, - ин вақтҳо чӣ гирифториҳо доред? Гуфтам, ки
хотиротамро нисбат ба устод Раҳим Ҷалил иншо карданиям.

Ҷонибек табассуми ширине карду дар ҳузури дӯстонам, шоирони
номи Ҳикмат Рах,мат ва Ҷура Ҳошими хотираи аҷибашро ҳикоя кард:

- Соли 1985-ум аз сафари эҷодӣ дар кишварҳои дури Сибир хаста-
ВУ дарманд баргаштам. Аз таъсири сармои сахт ва рутубати бисёр
миёндард маро якнимаи каҷрафтор карда буд, - гуфт Ҷонибеку суха-
нашро давом дод, - бо Аскар Ҳаким, ки дар ҳафтавори “Адабиёт ва
санъат” якҷоя кор мекардем, - у маслиҳат дод, - барои табобат ба
шифохонаи махсуси Хуҷанд биравам.

- Гуфтамаш, - ҳуҷҷатҳои тиббиву роҳхат надорам, маро он ҷо кӣ
қабул мекунад? Аскар Ҳаким дилпурона гуфт, - ғами роҳхатро нахӯр,
устод Раҳим Ҷалил онҷо ҳастанд, худашон бо обрӯю эътибори ба-
ландашон барои мо ҳам роҳхату ҳам ҳуҷҷат, - фаҳмидӣ?!

Ҳамин тавр, Ҷонибеки Акобир бо маслиҳати Аскар Ҳаким ба Ху-
ҷанд меравад ва бо устод Раҳим Ҷалил дар дафтари кориаш вомех-
урад.

Устод Раҳим Ҷалил Ҷонибекро бо чеҳраи кушод, самимона қабул
мекунаду филфавр ба ширингӯй мепардозад:

- Ман зиёда аз ҳаштод сол умр дида, бори аввал ба ин минвол
нависандаи каҷалакшударо мебинам, - мегӯяд устод Раҳим Ҷалил

112
бо завқ хандида...

Боз Ҷонибек самимона иқрор шуд, ки тахминам дар бораи хдвоба-
ландии Раҳим Ҷалил рост набаромад. Ман гумон доштам, ки у нави-
сандаи халқӣ, аъзои Кумитаи марказии ПК Тоҷикистон, вакили мар-
думй дар Шурой Олй, магар бо ман барин нависандаи навқалам бе-
восита машғул меФавад?

- Аз лаҳзаҳои аввали мулоқот ӯ дили маро бо хоксории табииаш,
инсонпарвариаш, рафтору гуфтори падаронааш тасхир кард.

Ҷонибек ҳикояташро давом дода гуфт, ки устод Раҳим Ҷалил бе
ягон мамоният, ӯро дар бемористони номбурда ҷой кунонд ва зуд-зуд
бо дастовезхр барои аёдаташ меомад. Бо маслиҳати табибон, соли
дуввум ҳам барои табобат ба Хуҷанд рафтам, - гуфт Ҷонибеку аф-
зуд, - ин сол ҳам устод Раҳим Ҷалил нисбат ба ман ғамхории афзун
зоҳир намуд, ӯ бо нависанда Маҳкам Пӯлод ва дигарон бо доруво-
риҳои лозимй, хӯроку мева, хусусан туту гелоси шахдвори Хуҷанд,
маро пайваста таъмин мекард. Ҳаёт ва эҷодиёти Раҳим Ҷалил барои
мо намунаи ибрат ва боиси пайравист, - буд хулосаи Ҷонибеки Ако-
бир.

Нависандаи дигаре, ки аз мулоқотҳо дар Хуҷанд бо Раҳим Ҷалил
басо рӯҳбаланд баргашт, ҳамсояи қадрдонам, нависандаи халқи Фаз-
лиддин Муҳаммадиев буд:

- Ака, бовар кунед, Раҳим Ҷалил кони ҳиммат будааст - гуфт Фаз-
лиддину афзуд, - он чаҳор рӯзе, ки бо муаллим Раҳим Ҷалил будам,
бароям аз чаҳор соат камтар намуд. Аввало, ҳар куҷое, ки бо муал-
лим Раҳим Ҷалил мерафтем, эҳтирому ҳурмати мардумро нисбат ба
ӯ дида ба ваҷд меомадам, ки ба ин сипосгузорӣ ҳар кас сазовор на-
мешавад. Меҳмоннавозии_муаллим Раҳим Ҷалил худаш барои ҷаво-
нон як мактабу сабақаст. У бо мошини шахсии худаш ҳамроҳи писа-
раш Муинҷон ноҳияҳои атрофи Хуҷандро тамошоям дод, борҳо ба
ҳавлияш даъват карда бо таомҳои хуштаъб зиёфат кард.

Фазлиддин Муҳаммадиев аз таассуроти ҳамсафарӣ бо Раҳим Ҷалил
аз мавқеи ӯ дар байни аҳли фазлу адаб очерки дилпазиреро бо номи
“Монда набошед, муаллим” чоп кард, ки аз сифатҳои наҷиби нави-
сандаи арзандаи халқӣ, инсони меҳнатқарин ҳикоят мекунад.

Тахминан моҳи май соли 1977-ум устод Мирзо Турсунзода ба Ку-
митаи марказии ҳизби ПК Тоҷикистон занг зада, - гуфтанд, - аз Ху-
ҷанд Раҳим Ҷалил пешниҳод дорад, ки дар ҳамон ҷо машварати
эҷодии навқаламонро гузаронем. Чӣ мешавад, - агар дар Хуҷанд кон-
ференсияи номбурдаро гузаронему, баъд ману шумо ба ҳавзаҳои
интихоботиамон - Конибодому Исфара рафта ҳисобот диҳем?

Гуфтам. ки пешниҳодатон ба маврид, бо дилу ҷон ман ба шумо
роҳбаладӣ мекунам. Ба ҳавопаймо, ки баромадем, нависандаи зин-
даёд Фотеҳ Ниёзӣ ширингӯӣ кард, - биёед ҳамсоя, дар осмон ҳам
ҳамсоягӣ кунем, - гуфта маро дар бари худаш шинонду афзуд, - дер
боз ба Хуҷанд нарафтаам, хуҷандиҳоро беҳад ёд кардаам.

Гуфтам, - хуҷандиҳо гуфта, киҳоро дар назар дорад?

113
- Фотеҳ Ниёзӣ, бо лаҳҷаи Самарқандӣ - гуфт, - пеш аз ҳама Раҳим
Ҷалилро, ки инсони ғалатӣ асту нависандаи аҷоиб. Ман, ки ба ӯсаво-
ломезона рӯй овардам, суханашро давом дод:

- Аввалан, дар боби дӯстӣ ва рафоқат Раҳим Ҷалил баринашро
кам дидаам, ӯ касеро. ки дӯст дорад, аз таҳти дил дӯст медорад,
марди давраорову ширинсухан аст, ҳар қадар, ки ӯро шунавед, боз
шунавам мегӯед ва хдмчун нависанда х,ам Раҳим Ҷалил эҷодгари
хушсалиқа аст, тарзи ба худ хоси тасвирро дорад. У инсони меҳна-
тии сермаҳсул аст, ҳикояҳои бешумори ӯ, асарҳои калонҳаҷми вай
‘Одамони ҷовид”, “Шӯроб" ва дигар офаридаҳояш дар хазинаи маъ-
навиёти халқамон ҳамчун ганҷинаи бебаҳо ворид гаштаанд, - гуфт
Фотеҳ Ниёзиву боз қазоват кард:

- Ба назари ман чунин менамояд, ки Раҳим Ҷалил ба майдони ада-
биётамон ҳамчун гули худрӯйи ба худ бӯю таровати хоса дошта во-
рид гардид. У дар асарҳояш тарзи суханронии мардуми шимоли То-
ҷикистон, расму ойин ва ҳаёти онҳоро бо обу ранги тозаи эҷодгарӣ,
муҳаббати бепоён тасвир мекунад.

Суханронии Фотеҳ Ниёзиро, ки бо шавқи зиёд гӯш мекардам, беих-
тиёр пурсон шудам, чи мешуд, ки ақидаатонро аз хусуси асарҳои
номбар кардаатон мегуфтед. Аввалин асари калонҳаҷми Раҳим Ҷалил
“Одамони ҷовид” аст, - гуфт Фотеҳ Ниёзиву афзуд, - ин асар аввал бо
номи “Пӯлод ва Гулрӯ" ва баъд аз таҳрири дубораву такмили он “Ода-
мони ҷовид” ном гирифт, ки дар он давраи муборизаҳои шадиди та-
бақаҳои^иҷтимоии бо ҳам зид тасвир мешавад. Дар адабиёти мо Пӯлод
ва Гулру барин образҳои нави дилпазир ба вуҷуд меоянд. Дар “Шӯроб"
ҳам аз бедоршавии шуури халқ, ҳаёти коргарон дар ҷойҳои таърихии
Исфара, кони ангишт сухан меравад, - мегуфт устод Фотеҳ Ниёзӣ, ки
роҳбалад эълон кард, - ҳавопаймои мо баъд аз фурсате ба шаҳри
Хуҷанди бостонӣ фуруд меояд.

Дар фурудгоҳи Хуҷанд Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Фо-
теҳ Ниёзиро роҳбарони вилоят, устод Раҳим Ҷалил бо шогирдонаш
Атахон Сайфуллоев, Озод Аминзода ва дигарон истиқбол гирифтанд.
Устод Раҳим Ҷалил ба Мирзо Турсунзода рӯ оварда зарофатгӯӣ кард,

- то даъват накунем, намеомадетон-дия! Ва сипас меҳмононро бо
навбат ба оғуш кашид.

Конференсияи эҷодкорони ҷавони вилоят, рӯзи дигар, дар Дониш-
гоҳи омузгории шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Ҳозирон устодон Мирзо
Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Муҳаммад Осимӣ ва Ра-
ҳим Ҷалилро хеле гарм истиқбол намуданд, кафкӯбиҳои бардавом
сурат гирифт.

Конференсияро бо нутқи кӯтоҳ устод Раҳим Ҷалил кушод:

- Дустон ва рафиқони ҷавон - гуфт нотиқу афзуд, имрӯз дилҳои мо
аз шоди лабрез аст, зеро, ки ба вилояти мо барои иштирок кардан дар
ин маҳфил як гурӯҳ нависандагону олимони намоёни Тоҷикистон бо
сарварии шоири шаҳири тоҷик, лауреати мукофотҳои Ленинию Ста-

114
линӣ, Ҷавоҳирлол Неру, академик Мирзо Турсунзода омадаанд.

Хато намешавад, агар гӯям, ки ин мулоқот нафақат барои эҷодко-
рони ҷавони вилоят, коллективи профессорон, муаллимони дониш-
гоҳ, балки барои ҳамаи мо хотирнишин хоҳад шуд, - иброз дошт ус-
тод Раҳим Ҷалил бо рӯҳбаландӣ. У меҳмононро хайра макдам гуфта,
суханро барои маърӯза ба адабиётшиноси намоён, мудири кафедраи
Донишгоҳи Хуҷанд Атахон Сайфуллоев дод. У дақиқбинона, ғамхо-
рона ва ба тафсил эҷодиёти истеъдодҳои ҷавонро аз назари таҳлил
гузаронд. Дар бораи баромади устод Турсунзода дар он конферен-
сия дар очерки "Бо ситора ҳамнишини ҳикоя кардаам ва лозим нест,
ки онро инҷо такрор намоям.

Муҳимаш он аст, ки - конференсияи эҷодкорони ҷавонро, ки устод
Раҳим Ҷалил таҷлили онро ният карда буд, ба дараҷаи баланди на-
зариявӣ, эҷодӣ ва ташкилй гузашт, ки аз он ҳам меҳмонҳо ва ҳам
мизбонхр қаноатманд буданд.

Ҳамон рӯзи хотиравӣ, наҳори дар хонаи Атахон Сайфуллоев гу-
зашт ва бегоҳӣ устод Раҳим Ҷалил дӯстони душанбегиашонро бо сар-
варии Мирзо Турсунзода ба ҳавлиашон меҳмон карданд. Дар омади
ran бояд қайд кард, ки аҳли хонаводаи Раҳим Ҷалил мардуми дило-
гоҳ, ҳунарманд, соҳибихтисос будззнд. Ҳамсарашон Розиябону санъ-
аткори театр, писарон Манзур-академик, Камолҷон-матбаачи, корманди
матбуот, ки бо ӯ солҳои зиёд ҳамкорӣ кардаам ва дар қалбам хотиро-
ти фаромӯшнашаванда дорам.

Ҳамсари Раҳим Ҷалил Розиябону, ки нависанда китоби “Маъвои
дил”-ашро ба ӯ бахшидааст, дастархони пур аз нозу неъматро ороста
будааст. Дар атрофи вай, хушгӯиҳои соҳибхона Рах,им Ҷалил ба Боқи
Раҳимзода аз лаҳзаҳои аввал қӯр гирифт. Дар ҳамон ҷо бори аввал
латифаи дилпазиреро дар барои румониҳои Хуҷанд аз забони устод
Раҳим Ҷалил шунида будам:

- Як рӯмонӣ зардолудузди ашшадиро дастгир карда, аз пояш ба
дарахт мебанданд ва ба шӯъбаи милиса рафта хабар медиҳанд, ки
“дуздро дошта бастам, рафта ӯро биёреду ҷазояшро диҳед .

Кормандони милиса мепурсанд, - дуздро чи тавр бастед? Даъво-
гар мегӯяд, - аз пояш ба дарахт бастем.

- Дастхряшро чӣ?

- Не - ку!

Корманди милиса - мегуяд, - э, акои румонӣ, дастхри дузд, ки ку-
шода мондааст, ӯ кайҳо раҳо ёфта рафтагист-дия. Дар ҷавоб даъво-
гар - мегӯяд, ки - бародари милисианер, хотирҷамъ бошед, вай дузд
ҳам аз рӯмониҳои худамон, ақлаш ба кушодани банди таноб намера-

сад .. _

Дар он шабнишинии орифонаю басо самими ба унвони соҳибхона,
устод Раҳим Ҷалил, аз саҳми ӯ дар инкишофи маънавиёти миллати
тоҷик суханх,ои арзанда ба миён омада буд. Устод Мирзо Турсунзода
зикр мекард, - агар гӯем, ки Раҳим Ҷалил навовар ва нотакрор аст,

115
хато намекунем.^Адабиёти мо аз Раҳим Ҷалил барои он ҳам минат-
дор аст, ки маҳз у аввалин шуда дойр ба синфи коргар асари калон-
ҳаҷм - роман офарид.

Дар рафти сӯҳбати дилпазир, дар сари дастархони Раҳим Ҷалил
сухан аз қисмати инсонии нависандаҳои намоён Ҳаким Карим, Му-
ҲИДДИН Аминзода, Розия Озод низ мерафт, ки бо ҳарорату дилсузона
буд.

Раҳим Ҷалил ҳар сари вак^ ба устод Мирзо Турсунзода 'язна , гуфта
муроҷиат мекард, бо чунин тарзи муомилааш, фаҳмонданӣ буд, ки
Мирзо Турсунзода домоди хуҷандиҳост. Мирзо Турсунзода ҳам, аз
ҳамкориҳои овони ҷавонияш бо Раҳим Ҷалил дар Хуҷанд бо ҳисси
қаноатмандиву миннатдорӣ ҳарф мезад!

- Ман аз Хуҷанду хуҷандиҳо, хусусан Раҳими азиз сабақи зиёде
гирифтаам, - гуфт Турсунзодаву аз зарофатгӯиҳои ӯ ёдовар шуд:

- Ҳар бор, ки Хуҷанд оям бо Раҳим Ҷалил во нахӯрда намеравам.
Боре омада фаҳмидам, ки Раҳим бетоб дар бемористон будааст. Ба
аёдаташ рафтам, ки у дар даруни ванна модарзод даво мегирад.
Маънидор ба қоматаш назар карда гуфтам, - Раҳимҷон, ту доим ба
фахр таъриф мекарди, ки “бор дар халтаву олот дар калта". О, ин
олоти ту кирои таъриф нест-ку?

Раҳим Ҷалил чун ҳамеша бадоҳатан ҳозирҷавобӣ кард, - э, Мирзо-
ҷон, б_о ҳама бузургиат, ҳанӯз ҳам ҳаётро то охир наомӯхтаӣ.

- Чи гуфтани туи ҳаётдон? - гуфтам бо шӯхӣ.

- Нашунидаӣ магар - бобоҳоямон фармуданд, - сафедро ғалтонда
бину олотро хезонда.

Чунин аст Раҳими мо гуфт - Мирзо Турсунзодаву пайкро ба шара-
фи хонадони пурфайзи Раҳим Ҷалил бардошт.

...Баъд аз табобати якҷоя дар шифохонаи Душанбе, ҳамсафариҳои
мо бо устод Раҳим Ҷалил дар дах,ах,ои адабиёту санъат, мулоқотҳо
дарпленумҳои Кумитаи Марказии ПК Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шӯрои
Оли, маҷлисҳои нависандагон давом дошт ва дар байни каминаву
устод Раҳим Ҷалил муносибати бародарона пайдо шуд, хусусан баъд
аз он, ки ман барои ҳатман ҷарроҳӣ намудани санги талхадони ҷига-
раш бо табибони боварибахш мулоқот кунондам. Агар устод ба Ду-
шанбе меомаданд, ё телефонӣ занг мезаданд ё ба коргоҳ омада сӯҳба-
ти гарм меоростачд. Ман ҳам, агар ба Хуҷанд мерафтам, ҳатман ус-
тодро меҷустам, аз ҳолу аҳволаш огоҳ шуда, аз ӯ маслиҳатҳои му-
фид мегирифтам. Тахминан нимаҳои солх,ои ҳаштодум буд, ба Ху-
ҷанд сафар кардаму корҳои таъҷилиамро хотима дода, аз дӯстонам
Абусаттор Қаюмов ва Карим Абдулов пурсидам, ки устод Рахим Ҷалил
чи ҳол доранд?

Фаҳмидам, ки мариз асту дар бемористон мебошад, барои аёда-
таш ба беморхона рафтам. Аён буд, ки вазъи саломатии устод Раҳим
Чалил чандон хуб нест, аҳволаш аз ҳар вақта вазнинтар аст. Аз ус-
тод пурсон шудем, - чӣ ҳол дорад? Боз ҳамон дардҳои кӯҳна-мӣ?

116
Устод табассуми зӯракӣ карду гуфт:

- Вақтҳои охир ба хулоса омадам. ки ҳар дарди наве, ки ба Хуҷанд
ояд, аз осмон нафуромада, аввал мепурсад, ки хонаи Рах,им Ҷалил
дар куҷост? Ман барои он ин тавр мегӯям, ки ба дардҳои пештараам,
боз дардҳои нав, ба мисли диабет, буғумдард. диққи нафас, газаки
зардадон ва ғайра зам гардидаанд

Ҳамин тавр, устод Раҳим Ҷалил дар ҳар ҳолат метавонист заро-
фатгӯӣ намояд. бо лутфомезиаш дили ҳамсӯҳбаташро гарм кунад,
ҳарфе гӯяд, ки дар ҷояш бошад... Барои х,амин х,ам бисёр шогирдо-
наш, ки худашон устоди баркамол шудаанд, Раҳим Ҷалилро мураб-
бии худ мешуморанд, ки шоири халқии Тоҷикистон Абдумалик Ба-
ҳорӣ яке аз онҳост:

- Дар урфият мегӯянд, ки дар зиндагӣ ба ҳар кас такдир асту так,-
дирҷунбон х,ам ҳаст. Ман устод Раҳим Ҷалилро такдирҷунбони худ
меҳисобам, чунки нахустин шеъру ҳикояҳои манро маҳз Раҳим Ҷалил
аз назари тадқиқ гузаронида, маро бо фотиҳаи нек ба роҳи эҷоди
ҳидоят намудаанд. Маслиҳатҳои ғамхорона ва беғаразонаи эшонро
дар ин ҷода ман ҳаргиз фаромӯш намекунам ва пос медорам.

Бо устод Раҳим Ҷалил ман то охирин солҳои умри пурбараката-
шон мулоқот ва мукотибаи муфид доштам. Эҷодиёти худи устод ба-
рои мо шогирдонашон мактабе буд. - дарси махррати нависандаги.
Ҳикоя, повеет ва романҳои ин адиби маҳбубамонро бо рағбати том
меомӯхтем ва мекӯшидем, ки тарзи баён, тасвири ҳақиқат, интихоби
мавзӯъ, ба тамкину бурдборӣ ва омӯзиши муттасили он кас пайрав
бошем, - мегӯяд Абдумалик Баҳорӣ.

Дар мавриде. ки ин ҳикоятро иншо мекардам, бо яке аз тадқиқот-
чиҳои эҷодиёти Раҳим Ҷалил, олимаи хушсалиқа Хуршеда Отахоно-
ва мулоқот доштам, ки барҳақ аз офаридаҳои устод ҳикояти дилпа-
зир намуд:

- Раҳим Ҷалил дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми арзанда дорад.
Эҷодиёти ин нависанда бештар зиндагӣ ва орзӯву таманнои меҳнат-
кашонро инъикос мекунад, сарнавишту саргузашти мардуми заҳмат-
каш ва муборизаи ӯро барои бунёди дунёи нав, озодии инсон ҳикоят
мекунад. Романи Раҳим Ҷалил "Одамони ҷовид’ баъди асарҳои ус-
тод Садриддин Айнӣ, “Дохунда” ва "Ғуломон” дар насри мо аввалин
асарест. ки муборизаро ба муқобили душманони сохти нави давлат-
дорӣ, хусусан босмачиҳо ва дигар гурӯҳҳои зидди инқилобӣ дар То-
ҷикистон тасвир менамояд. Қаҳрамонҳои мусбати асар дар кураи ота-
ши ин набардҳо обутоб меёбад. Пӯлод, Гулрӯ, Салимбой барои сао-
дати халқ, ояндаи нек талошхри ҷонкоҳ бурдаанд.

Гуфтаҳои Хуршедабонуро қувват дода ба хотир овардам, ки “Ода-
мони ҷовид" чунин асарест, ки аз рӯи вай баъзе эҷодкорон дар дигар
жанрҳо асарҳои нав офаридаанд, чӣ тавре, ки шоир ва драматург
Файзулло Ансорӣ соли 1957 дар асоси романи номбурда либреттои
операи 'Пулод ва Гулрӯ’’-ро навишту бастакор Шарофидцин Сайфид-

117
динов ба вай оҳанг бает ва он асар дар саҳнаи театри академикии
опера ва балети ба номи Садриддин Айнй гузошта шуд. Дар нахуст-
намоиши операи ' Пӯлод ва Гулрӯ" варҳангие хушгӯӣ карда буд, - ак-
нун “Одамони ҷовид '-и Раҳим Ҷалил дар ҳаёти маънавии халқамон
мавқеи ҷовидона пайдо кард...

Олима Отахонова Хуршеда қазоват мекунад, ки Раҳим Ҷалил аз
оғози фаъолияти эҷодии худ ба тасвири манзараҳои васеи ҳаёти халқ
аҳамияти махсус медиҳад, ӯ тасвири мавзӯҳои таърихиро далерона
ба зимма мегирад ва барои бунёд кардани асарҳои калонҳаҷм амал
мекунад. У материалҳои таърихиро амиқ омӯхта, онҳоро моҳирона
истифода мебарад ва албатта, дар мавриди инъикос кардани ҳаёти
шахсҳои таърихӣ, воқеаҳои муҳими ҷамъиятӣ, хаёлоти бадеии нави-
санда зуҳуроти худро хеле дилнишин пайдо мекунад.

Хуршеда Отахонова диққати хонандагонро боз ба як хусусияти
романи Одамони ҷовид ҷалб намудааст, ки ин ба забони халқхеле
наздик будани забони асар иртибот дорад. Ин хусусан мегӯяд, оли-
ма, - аз як тараф дар соддагӣ, равонӣ ва образнокии он ифода ша-
вад, аз тарафи дигар, ба боигарии баёни мардумӣ вобаста аст. Фасо-
ҳати забони нависанда, пеш аз ҳама, аз ҳисоби забони халқба вуқуъ
пайвастааст. Раҳим Ҷалил ба хазинаи забони халқ рӯ оварда пайва-
ста аз он истифода бурдааст ва хӯшаҳои сара ва сердонаи онро ва
фақат дар забони қаҳрамонҳои асараш, балки дар забони худаш ҳам
фаровон истеъмол менамояд. Аз ин ҷих,ат “Одамони ҷовид” ба ганҷи-
нае шабоҳат додан мумкин аст, ки дар он дурдонаҳои забони халк,
гирд оварда шудаанд. Бе муҳобот Раҳим Ҷалил бо ин восита, барои
бойтар гардонидани забони адабии тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.
Бисёр калима, ибора, ташбеҳ, истиора, мақол ва зарбулмасалҳое, ки
Дар забони халқ маъмуланд ба воситаи асарҳои Раҳим Ҷалил ба за-
бони кунунии тоҷик гузаштанд, - мегӯяд Хуршеда Отахонова,

Ба эҷодиёти нависандаи сермаҳсул Раҳим Ҷалил олимони намоё-
ни адабиётшинос Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Атахон Сайфуллоев низ
бо омузишу пажӯҳиш назари амиқандохтаанд. Очерки мухтасари онҳо.
ки ба муносибати панҷоҳсолагии нависанда нашр гардида буд, фаъ-
олияти эҷодии Раҳим Ҷалилро то соли 1959 фаро мегирад. Бисоти
эҷодии нависанда - ҳикоятҳо, асарҳои калонҳаҷми бадей бо таваҷ-
ҷуҳи шавқмандӣ ҳамаҷониба таҳлил мешавад. Муаллифони очерки
номбурда хотирнишон мекунанд:

- Дар мавриде, ки Садриддин Айнӣ таҳкурсии бинои насри реалис-
тии тоҷикро мегузошт, Раҳим Ҷалил ҳамроҳи Ҷалол Икромӣ, Ҳаким
Карим, Баҳриддин Азизи ба ёрии ӯ шитофта ҷидду ҷахд намуд, ки
Дар ин сохтмон чанд хиштеро бо дастони худ бигзорад. Агар дар ав-
валҳо Раҳим Ҷалил дар кор кардани жанри ҳикоя, хусусан ҳикояҳои
х,аҷви иштирок карда бошад, баъдтар романҳои калоне навишт, ки ба
муҳимтарин мавзуъҳои ҳаёти халқи тоҷик бахшида шудаанд.

Муҳаммадҷон Шакурӣ, Атахон Сайфуллоев романи “Одамони

118
ҷовид"-ро ҳамаҷониба таҳлил карда аз қаҳрамонҳои асосии асар ҳико-
яти батафсил менамоянд, ба хусусиятҳои диққатангизи он аҳамияти
махсус медиҳанд. Онҳо алоҳида таъкид мекунанд, ки зарофатнигори
яке аз хусусиятҳои муҳими романи “Одамони ҷовид" ва дигар аса-
рҳои Раҳим Ҷалил ба ҳисоб меравад. Услуби зарофатнигорӣ барои
саҳеҳу возеҳ ифода намудани рӯҳияи халқба нависанда имконияти
зарурӣ додааст. Зарофатнигорӣ на фақат ба қахрамони намоёни асар
Салимбой, балки ба қадре, ба дигар_қаҳрамонх,о - Ғулом, Тухтабой,
Сангинбой, Сафарбой, модари Гулрӯ Саодатбиби ва модари Пулод
Фазилатбибӣ хос будааст, ки асарро хушхонтар мегардонад.

Олимон фардӣ кунонида шудани забони асари “Шӯроб”ро алоҳида
қайд карда, мисоле меоваранд, ки марде аз дасти ҳамсари бетами-
заш ба дод омада мегӯяд:

- Қасам ба арвоҳи падарам, ки вай зан не, суҳони умр, заҳри ҳало-
ҳил, марги муфоҷот аст... Ин кулакдухтари модарбезору падарбезор
дар як соат як лак ran мезанаду ақалан ба дилам шуда, таб намеба-
рорад.

Муҳакҳиқон изҳор карданд, ки хусусиятҳои фаровон истифода
кардани ибораҳои забони халқӣ, зарофатнигориҳо дар дигар асарҳои
Раҳим Ҷалил, аз он ҷумла "Шӯроб"-и ӯ низ равшан мушоҳида меша-
вад. "Шӯроб” давоми мантиқии офаридаҳои пешинаи Раҳим Ҷалил
аст. Аммо, алъон дар ин асар нависанда ба мавзӯи нав, мавзӯи син-
фи коргар муроҷиат мекунад. Дар адабиёти тоҷик нависандагони мо
аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймони
низ дар асарҳояшон образи намояндагони синфи коргарро тасвир карда
бошанд ҳам, вале то ҳол ба мисли “Шӯроб”-и Раҳим Ҷалил, ки маҳз
тасвири зиндагиномаи коргарон мебошад, асаре навишта нашудааст.

Ҳақ ба ҷониби устод Мирзо Турсунзода, ки аз минбари анҷумани
нависандагони Тоҷикистон дар хусуси арзиши ин асар гуфта буд:

- Ба ман чунин менамояд, ки Раҳим Ҷалил дар романи мазкур худ-
ро як бори дигар ҳамчун нависандаи маҳоратноки насри тоҷик нишон
дода аст. Ман ба сифати хонанда завқи бисёре гирифтам. Дар хоти-
ри ман бисёр образҳои роман, ки Раҳим Ҷалил онҳоро офаридааст,
абадӣ нақш бастанд. Худи ин дар бораи қимати баланди асар шаҳо-
дат медиҳад.

Тадқиқотчиён ҷиҳати таърихии романи “Шуроб”-ро қайд карда гуф-
таанд, ки Раҳим Ҷалил манзараҳои нобасомони зиндагии заҳматка-
шонро дар арафаи инқилоби Октябр ба мисли суратгир зоҳиран акс
накардааст. Ӯ ҳамчун ҳунарвар аз байни воқеаҳои беҳисоб, фавқу-
лодда ва дуюминдараҷа рӯйдодҳои муҳимтарин, характернокашро
интихоб карда, ба воситаи хаёли бадеии худ, аз онҳо образҳои ти-
пикӣ офаридааст, ки пеш аз ҳама ҳаракатҳои озодихоҳона, болора-
вии шуури синфӣ, муборизаи мақсаднок, муташаккилона ва дустии
халқҳо, худшиносии миллӣ ба назар мерасад. Дар роман ҳаёти ан-
гиштканони Шӯроб ба тафсил инъикос ёфта сифатҳои хоси одамони

119
давраи ҷамъияти тозабунёд тасвир ёфтаанд.

Баъд аз солҳои зиёд ба шахсияту эҷодиёти Раҳим Ҷалил шоири
халқии Тоҷикистон, Аскар Ҳаким ҳам марок; зоҳир мекунад. Дар “Умри
наҷиби адиб" ном очерки ботафсили илмӣ-публистиаш ӯ кӯшиш ба
хаРҶ ДОДэ аст, ки роҳи зиндаги, бисоти бои эҷодии нависандаро аз
назари таҳқику таҳлил гузаронад. У чӣ тавр ба майдони адабиёт ома-
дани Раҳим Ҷалил, чи^гуна аз рӯзноманигорӣ ба ҳунари ҳикоянависӣ,
ҳаҷвнигори расидани уро воқеъбинона ба қалам дода, асарҳои кало-
нҳаҷм “Одамони ҷовид", “Шуроб”, “Маъвои дил”-ро ҷазбмандона таҳ-
лил менамояд. Муҳаққиқ ба китоби "Маъвои дил” ҳамчун ба асари
ҳуҷҷатии пурарзиш баҳо дода махсус қайд мекунад, ки "Маъвои дил"
ДЭР бораи ҳаёти илми ва фарҳангии мардуми шимоли Тоҷикистон аз
охири асри нуздаҳ то давраи мо маълумотҳои муфид дорад.

Камина ҳам “Маъвои дил ’-и Раҳим Ҷалилро бо ҳавасмандии беш
мутолиа кардаам ва онро ҳамчун маъхази қимматбаҳое дарёфтаам,
ки он аз табадулоти кулли дар х,аёти иҷтимоии халқ, инқилоби маъри-
фативу фарҳанги маводи зарурӣ медиҳад.

Хонанда дар Маъвои дил аз ҳаёти фоҷиавии занон дар Хуҷанди
то инқилоби маълумоти фаровоне пайдо мекунад. Дар мисоли ком-
бинати шоҳибофии Хуҷанд руйдодҳои зиндагии солимро дар ҳаёти
ҳазорон занони маҳалли, аз ҷумла яке аз машъалони озодрӯҳ, ливо-
бардорони озодии занҳо Мастура Авезова огоҳ мегардад, ки дар ин
бобат Абулқосим Лоҳути аз забони занони хуҷандӣ хеле хуб суруда-

Инқилоб озодам кард,

Комбинат ободам кард.

Мактабу илми шӯро,

Комилан дилшодам кард.

Раҳим Ҷалил бо озори дил мегӯяд, ки зани тоҷик агарчанде, ки ӯро
фарзандони бузургвораш дар шоҳбайтҳо ба арши аъло бардоштаанд
дар^гузашта мазлумтарини зани ҷаҳон буд. Духтар аз синни нӯҳсо-
лаги ҳақ надошт бе изни падару модар ва бе чодар ба кӯча барояд ва
руи ба номаҳрам' нишон диҳад. Духтар зан, ки шуд, канизи шавҳар
мешавад ва барояш ба ҷумлаи мамнуъҳо манъҳои дигар зам мешуд.
агар овозашро марди дигар (“номаҳрам'’) шунавад “гунаҳгори азим” ба
ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ касе дари кӯчаро кӯбад ва дар ҳавлӣ мард
набошад, у чизеро ба чизе зада садо мебаровард, ки маънии ин “дар
хона мард нест буд. Зан мебоист муи худро ҳатто аз чашми мардони
маҳрам пинҳон нигоҳ дорад. Сарбанди махсусе барои занон дӯхта
мешуд ки калута ном дошт. Ва дар қафои cap барои кокул халтачае
дошт. зэн ҳамроҳи мардони хонаводааш дар сари дастархон нишас-

^аМеТЭ!0НИСТ ДаР хона 06 набошад, аз ҷӯи дари кӯча ё ҳавзи
аҳалла об овардан барояш ноҷоиз буд ва ӯ кӯзаро дар паси кӯча
мегузошту интизори савобталабе мешуд, ки об оварда монад
Аз забони яке аз қаҳрамонҳои асараш Иззатбибӣ Муллобоеваи ху-

120
ҷандӣ, нависанда қазоват мекунад. - ин чодари нанговару асорат моро
то лаби гӯр мебурд ва болои тобути моро ҳам фаранҷӣ мепӯшид.

Нависандаи нозукбин ҳамаи ҷузъиёти ҳаёти иҷтимоии нобасомони
занони мулкашро саррофона ба қалам дода, бо қаноатмандӣ ва рӯҳба-
ландона ҳаёти нави бонувони озодро тараннум менамояд, мисраъҳое,
ки шоир ба Мастура Авезова ва ҳамсафони ӯ бахшида аст, ба хонан-
да пешкаш мекунад:

Бандаи дирӯза акнун ҳукмрони мекунад,

Ҳеҷро ҳар чиз кардй, зинда бош эй инқилоб!

Дар “Маъвои дил" Раҳим Ҷалил аз роҳи пурмашаққату хатарноки
тайкардаи фаъолзанони тоҷик ба мисли Мастура Авезова. Мағфират
Дадобоева нақл мекунад ва меафзояд. ки садҳо занҳои маҳаллӣ бо
сарварии созмонҳои ҷамъиятӣ, давлатӣ, кӯмаки муассисаҳои илми,
тандурустӣ, маорифу фарҳанг соҳиби касбу илм шуданд, ки ин ба
осонӣ ба даст наомадааст, - ин роҳе буд, ки дар он талафу қурбо-
ниҳои зиёде ҳам рух додааст.

Ҳақиқати даврони шӯравӣ собит намуд, ки собиқзанони “мулзами
осию рӯсиёҳ” қодиранд, дар ҳар бобат, бо мардон баробар корнамоӣ,
қаҳрамонӣ кунанд, як намунаи раднопазири ин ақида, дар айёми Цан-
ги Бузурги Ватанӣ бо сарварии Мастура Авезова ба майдони фронт,
ба ҷанговарон маводҳои пӯшокворию хӯрокворӣ расонида тавониста-
ни ӯ мебошад...

Дар қисми дуюми китоби “Маъвои дил” нависандаи ҳамабин хонан-
даро бо чеҳраҳои намоёни ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Ҳаким
Карим, Қурбон Баҳлулзода, Мирзо Аюбҷонов, Ашӯрмат Назаров, Тоҷи
Усмонов ва дигарон ҳикоят мекунанд, ки аз он кас фаровон баҳравар
мегардад. Масалан, хислатҳои наҷиби зарофатгӯӣ, ҳаҷвнигор Кур-
бон Баҳлулзода. ки дар доираи зиёиёни кишварамон достон гашта-
аст, ҳаловати хоса мебахшад.

Аз мутолиаи “Маъвои дил"-и Раҳим Ҷалил ҳар хонанда аз робитаи
дӯстӣ ва рафоқати нависанда бо ходимони барҷастаи маънавиёта-
мон Мирзо Турсунзода ва Абулқосим Лоҳутӣ маълумотҳои муфиде
пайдо мекунад:

- Мирзо Турсунзода бистсола барои кор ба Хуҷанд меояд. У аввал
ба хонаи дӯсташ Ҳаким Карим меравад. вале ӯро наёфта ноилоҷ ҳав-
лии Раҳим Ҷалилро меҷӯяд. Раҳим Ҷалил, ки бори аввал бо Турсун-
зода дучор мешавад, ӯро аввал намешиносад ва мефаҳмад. ки меҳ-
мони нохонда Мирзо Турсунзода, бо хушгӯиҳои ширин ӯро ба хона
даъват мекунаду мегӯяд, - ҳеҷ боке нест. ки шумо Ҳаким Каримро
пайдо накардед, ана ҳамин хонаи ман - хонаи шумо, чи қадар, ки
мехоҳед, дар инҷо зиндагй кунед..

Раҳим Ҷалил ҳуҷрае, ки ба Турсунзода ҷудо мекунад, нишон дода
лутфангезй мекунад:

- Равоқи манзари чашми ман ошёни туст, - мегуяд, Раҳим Ҷалил.
Сатри дуюмро:

121
- Карам намову фуруд о, ки хона хонаи туст, - мегӯяд Турсунзода.

Ҳамин тариқ Мирзо Турсунзода дар симои Раҳим Ҷалил дӯсти гам-
хору мушфиқ меёбад. У дар Хуҷанд нафақат дӯстҳои нав пайдо ме-
кунад ва бештар аз он, у дар ин шаҳри зебо ҳамдаму ҳамқадами
ҳаёташ Сабоҳатхон Низомиддиноваро меёбад, ки тамоми умри пур-
туғёну бобаракаташро бо ӯ мегузаронад, ҳамроҳи ӯ меҳмонҳои бешу-
мори дохиливу хориҷиашро, чеҳраҳи намоёни фарҳангии дунёро дар
хонадонаш мепазирад, ки дар бисёр мавридҳо ман ҳам дар онҳо ҳузур
доштэм.

Аз ҳикояти Раҳим Ҷалил бармеояд, ки дарёфти ҳамсараш Сабо-
хатхонум барои Мирзо Турсунзода ба тариқи зайл сурат мегирад.

Дар Хуҷанд ба зиммаи Мирзо Турсунзода вазифаи роҳбарии ба-
деии театрро мегузоранд ва ӯ бори аввал бо ҳамсари ояндаи худ дар
ҳамон театр вомехӯрад. Сабоҳатхон иҷрои нақшро аз намоишномаи
“Маликаи Турандод" дар ӯхда доштааст. Вай ба саррежиссёр мег-
УЯД, ки бисёр ибраҳои дар матни леса буда, барояш фаҳмо нестанд.
Саррежиссёр актриса Сабоҳатхонро бо Мирзо Турсунзодаи нав ба
кор таъиншуда шинос мекунад. Х,амин тариқ он ошноии хизматӣ ба
ҳамқисматии абадӣ табдил меёбад.

Ҳамсари Раҳим Ҷалил Розиябону, ки бо Сабоҳатхонум ҳамкор бу-
дааст, сабаби дар байни Мирзо Турсунзодаву Раҳим Ҷалил мустаҳ-
камтар шудани иртиботи дӯстӣ мегардад. ки ин дилбастагӣ то охири
умрашон идома дошт. Дар ин бора баъзе мактубҳои ба даст расидаи
онҳо шаҳодат медиҳанд.

Дар мактубе,_ки Турсунзода соли 1948-ум навиштааст, ба Раҳими
азиз салом мегуяду меафзояд:

- Туро бо мукофоти олӣ табрик менамоям, корҳои эҷодиат чӣ тавр?
Ба гумонам муваффақиятнок. Маслиҳат медиҳам, ки нақши қаҳрамо-
ни асарат Гулруро пурқувваттар бинамо...

Дар мактуби дигаре, ки Мирзо Турсунзода соли 1949-ум ирсол кар-
дааст, Раҳим Ҷалилро огоҳ мекунад, ки дар ҳаёти нависандагони
Тоҷикистон воқеаи муҳим воқеъ мегардад, - анҷумани нависандагон
баргузор мешавад ва маслиҳат медиҳад. ки Раҳим Ҷалил ба он омо-
даги бинад. Дар ин мактуб дар хусуси ба чоп тайёр кардани маҷмӯаи
ҳикояҳояш ва ба Сталинобод кӯчида омадани Раҳим Ҷалил ҳам су-
хан меравад. Дар мактубҳои дигаре, ки Мирзо Турсунзода 12 ноябри
соли 1955 ва сентябри соли 1969, ба Раҳим Ҷалил навиштааст, масъ-
алаҳои гузаронидани конференсияи ҷавонони эҷодкор ва тайёрии гу-
заронидани даҳаи адабиёт ва санъати Литва ва гайраро навишта ба
дусташ хушгуи мекунад:

Раҳими азиз! Мактуб ва таълифи нави туро бо ду дасти адаб аз
почта қабул карда, боиси хурсандии истеъдоди ту гардидам. Тасав-
вур намекуни дар чунин лаҳзаҳо кас гумон мебарад, ки дар биёбоне
мусофири ташналаб асту қатраи обе ёфта бошад. Хонандаи азиз аз
мутолиаи порчах,о аз мактубҳои Мирзо Турсунзода ба осонӣ эҳсос

122
мекунад, ки муносибати дустонаи онҳо чи андоза ҳарорати баланди
инсонй дошта аст.

Чунин мукотибаи самими дар байни Раҳим Ҷалил ва байни саркар-
даи дигари адабиёти тоҷик Ҷалол Икромй низ вуҷуд дошта аст.

Дар мактубе, ки дӯсти дигари Раҳим Ҷалил Ҷалол Икромй навиш-
тааст, гуфта мешавад, ки аз шунидани хабари бемории ҳамсари ӯ
Розиябону огоҳ туда, хеле афсӯс хӯрдааст... Дар мактуб аз хусуси
ҳамкории нависандагони солхӯрда ҳам, ақидарони шудааст. Дар мак-
туби дигар Ҷалол Икромй, ки онро аз Душанбе ноябри 1964 ирсол
кардааст, дӯсташро ҳолпурсӣ мекунад, бо қаноатмандӣ аз хондани
асархри дар матбуот чопшудаи Раҳим Ҷалил изҳори ақида менамо-

яд- ^ ^

Ғайр аз Мирзо Турсунзодаву Ҷалол Икроми, дигар арбобони намо-
ёни адабиётамон - Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Ра-
ҳимзода, Раҳим Ҳошим, Фазлиддин Муҳаммадиев ҳам бо Раҳим
Ҷалил мукотибаи мунтазами дӯстона доштаанд. ки аз манзалату эъти-
бори баланди Раҳим Ҷалил дар назди суханварони барҷастаи мил-
латамон шабоҳат медих,анд.

Раҳим Ҷалил бо устоди бузурги назми форсу тоҷик Абулқосим
Лоҳутӣ ҳам робитаи наздики дӯстӣ доштааст, ки аз ин бобат дар "Маъ-
вои дил’’-аш онро бо шавқмандӣ тасвир мекунад:

- Лоҳутӣ бо абрешимчиёни Хуҷанд ба дараҷаи баланди қадрдони
робитаи дӯстиро ривоҷдода буд, ки онҳо шоирробарои ҳалли масъ-
алаи мух,им - давом додани сохтмони иншооташон ба Маҷлиси Садо-
рати Комиссариати меҳнат ва мудофиа, ки сарвараш Георгий Орҷо-
никидзе будааст, даъват мекунанд. Соли 1930 дар он маҷлис раиси
ҳукумати онвақта В. Молотов низ иштирок доштааст. Лоҳутӣ аз номи
коргарони муассисаи номбурдаи Хуҷанд баромади шоирона мекунад
ва дар натиҷа масъалаи маблағи зарурӣ ҷудо кардану тезонидани
сохтмони кашолёфта мусбӣ ҳал мешавад. Аз ҳамон замон хуҷандиҳо
ба шахсияти Лоҳутӣ ҳамчун ‘одами худӣ” муносибат мекунанд. Ло-
х,утӣ ҳам ба он шахр. ҳамчун фарзанди содиқаш хизмат мекунад.
Суруди “Ёри хуҷандӣ" ва дигар навиштаҳои ба бонуҳои Хуҷанд бах-
шидаи ӯ аз дилбастагии аслии инсониаш шаҳодат медиҳанд.

Раҳим Ҷалил нақл мекунад, ки бори аввал Лоҳути ба Хуҷанд бо
поезд меояду ӯро дар истгоҳи Урсатевск хамроҳи сарварони шаҳр
пешвоз мегиранд. Ин бори дуввум будааст, ки Раҳим Ҷалил бо Ло-
ҳутӣ вохӯрдааст, - бори аввал дар Душанбе, бори дуюм дар Хуҷанд.

Дар роҳи Урсатевск - Хуҷанд, ки Тоҷӣ Усмон ҳам ҳамроҳ будааст,
ба Лоҳутӣ мегӯяд, - шогирдашон Раҳим достони “Кремл”-и шуморо
пурра аз бар кардааст ва пагох, дар мулокртхр мехонад. Лоҳути бадо-
ҳатон мегӯяд, - чаро х,озир не?

Раҳим Ҷалил - мегӯяд. - ман ба қироати достон cap кардам, қариб
бист байт хонда будам, ки Лоҳутӣ мошинро боздоронд, аз дзетам
гирифта аз мошин фаровард ва бо меҳри падарона маро ба оғӯш ка-

123
шида бӯсид, шояд аз хурсандй буд, ки дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.
Лоҳути ба забои омад, - дар одамшиносиам хато накардам, соле, ки
накует аз баҳораш падост, қувваи хрфиза бахти баланд аст, хазинаи
донишро ғанӣ мекунанд. .

Раҳим Ҷалил ба хотир меоварад, ки дар меҳмонхонаи "Хуҷанд”
мухлисон устод Лоҳутиро ором намегузоштанд, - яке аз ӯ шеър ё
хабаре барои газета гирифтан мехост. дигаре ваъдаи ӯро дар бобати
мулоқот бо коллективе гирифтан мехост, бо дигаре шеъру ҳикояҳои
худро меовард, ки устод хонда ба чопашон фотихд диҳад. Устод ба-
рои ҳамаи ин фурсат меёфт ва шабх,о ба ҷои истиқомат аз мулоқотҳо
бо кишоварзон, муаллимон, матбаачиён дер бармегашт.

Аз навиштаҳои Раҳим Ҷалил бармеояд, ки устод Лоҳутӣ бо ӯ муко-
тиба ҳам доштааст. Моҳи сентябри соли 1937 Лоҳутӣ дар рӯзномаи
Правда" хабареро нисбати дар Хуҷанд авҷ гирифтани хурофот ва
фаранҷипуши, хонда ба хашм меояд ва мактуберо ирсол мекунад:

Рафиқи азиз Раҳим Ҷалил!

Имрӯз дар "Правда" хондам, ки духтарони комбинати абрешими Ле-
нинобод, - ҳамон духтарони озод ва шоде, ки дида будам, боз ҳам бо
фаранҷи мегарданд, хоҳиш мекунем ин рубоиҳоро дар рузномаатон
дарҷкунед.

Яке аз ин рубоиҳо чунин буданд:

Сарсабз будам, буто, зи рафтори ту ман,

Дилшод зи озодиву гуфтори ту ман.

Гуянд, зи нав асири чодар шудай,

Шармандаву ҳайрон шудам аз кори ту ман.

Ҳамон сол баъд аз ним моҳ Лоҳутӣ боз аз Маскав ба Раҳим Ҷалил
мактуби дигар менависад, ки чунин cap мешавад, - масъалаи ба пар-
да даромадани занону духтарони озоди Тоҷикистон беандоза маро
мутаассир кардааст.

Бо чунин мактубҳо дойр ба масъалаҳои ҷиддии сиёсӣ маҳз ба Ра-
ҳим Ҷалил^муроҷиат намудани Лоҳутӣ барин ходими барҷастаи ҷамъ-
ияти-сиёси, шоири шаҳири замона шаҳодат аз он медиҳад, ки Раҳим
Ҷалил дар ҷамъият мавқеи намоён дошт ва бо амалиёти ҷамъиятии
худ, каломи нависандагӣ ба тағйир додани афкори умум таъсир ра-
сонида метавонист.

Дӯсти даврони ҷавонии Раҳим Ҷалил ходими намоёни ҷамъиятӣ-
давлати Ибодат Раҳимовна бо эҳтироми том ёдовар мешавад, ки
Раҳим Ҷалил^дар маҳаллаи мо мезист, гарчанде ҷавон буд. бо хис-
латҳои зиракӣ, хулку одоби хубаш ва инсондӯстиаш дар байни соки-
нони маҳалла зуд обрую эътибор пайдо кард, ба дилу дидаи мардум
маъво гирифт.

- Вақте ки ӯ, - мегӯяд Ибодат Раҳимова, - ба навиштани ҳикояҳо,
хусусан ҳикояҳои бахшида ба озодии занҳо, маҳкум кардани хуро-
фот cap кард, маҳбубияташ дар байни ҷавонзанон дучанд дафзуд.
Дар созмонҳои ҷавонон ба ӯ мулоқотҳои дилпазир меоростанд, со-

124
меъон баромадҳои ӯро бо шавқу завқи зиёд гӯш мекарданд. Раҳим
Ҷалил бемуҳобот, гули сари сабади маҳфилҳои ҷавонон буд.

Ибодат Раҳимова фикрашро давом дода ҳикояте кард:

- Шоири машҳуру овозадор Абулқосим Лоҳутӣ ба Хуҷанд меояду
дар хонаи Раҳим Ҷалил меҳмон мешавад. Баъд аз зиёфат ва сӯҳба-
тҳои тӯлонӣ меҳмон хоҳиш мекунад, ки дар растаҳои кӯча гардиш
намоянд. Раҳим Ҷалил аз таърихи кӯча, касбу кори сокинони онҳо
нақл мекунад. Лоҳутӣ ҳикояти дӯсташро бо диққат гӯш карда мепур-
оад:

- Оқои Рах,им, - бигуед. ки ин кучаи бобоии шумо чӣ ном дорад?
Чаро ободу ҳамвор нест?

Раҳим Ҷалил ҳозирҷавобӣ мекунад, - аз ҳамин рӯз иборат номи ин
кӯча, - хиёбони ба номи Лоҳутӣ ва бо шарофати ташрифи шумо. ин
кӯча, бемуҳобот яке аз маҳаллаҳои ободтарини Хуҷанд хоҳад шуд.
Ҳамин тавр ҳам мешавад. Мақомотҳои дахлдор ба ифтихори бори
аввал ба Хуҷанд омадани шоири забардасти форсу тоҷик, ба он кӯча
номи Абулқосим Лоҳутиро мегузоранд.

Инҷо, ки аз робитаи дӯстӣ ва ҳамкории Раҳим Ҷалил бо чеҳраҳои
намоёни фарҳангамон сухан ронда шуд, як мулоқоти ӯро бо устоди
устодҳо Бобоҷон Ғафуров, сарфи назар карданро раво намебинам.

- Боре менависад Раҳим Ҷалил, дар ҳузури Мирзо Турсунзода ва
Мирсаид Миршакар Бобоҷон Гафуров дар вақти котиби якуми Коми-
тети Марказии ПК Тоҷикистон буданаш ба ман рӯй оварда гуфт:

- Оё дар ёдат ҳаст, ки маро чӣ қадар азоб медодӣ?

- Кай. чӣ азоб: - ҳайрон шуда пурсидам.

- Аз ёди ту шояд рафта бошад, - хандид Бобоҷон Fафуров, аммо аз
хотири ман ҳаргиз намеравад, ки дар газетаи “Бо роҳи Ленинӣ” хаба-
рҳои маро чи қадар бераҳмона кӯтох, мекардӣ? Мефармудӣ, ки аз нав
нависам.

- Фонда бурдед ё зарар кашидед аз он? ҷуръат намуда пурсидам.

- Агар рости гапро гӯям, фонда бурдам, - эътироф намуд ӯ, - то
ҳамон вақт ман мақолаҳоро калон-калон менавиштам. “Бо роҳи Ле-
нинӣ” ба ман мӯъҷизакориро таълим дод. Ин ҳунари ҳар кас нест Аз
гуфтаҳои болоӣ бармеояд, ки Рах,им Ҷалил ба Бобоҷон Гафуров ба-
рин шахсияти барҷаста низ ҳаққи устодӣ доштааст.

Ҳамин тавр, устод Раҳим Ҷалил дар муҳити фазлу адаб ва ҷамъ-
ият мақому манзалати намоён дошт У нафақат дар байни мардум, -
ҷамъомадҳои кишоварзон, коргарон ва маҳфилҳои эҷодӣ мунтазам
суханрониҳо мекард, ӯ ҳамчун вакили мардумӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои
Олӣ ҳам гузоришиҳои муфид менамуд. 16 17-уми августи соли 1961-
ум дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ масъалаи азнавсозии кори мактабу мао-
риф муҳокима шуд. Вакили мардумӣ аз ҳавзаи Кулангири ноҳияи
Хуҷанд ба минбар баромада гуфт:

- Ин бори дуюм аст, ки дар як муддати кӯтоҳ масъалаи соҳаи мао-
рифро Шӯрои Олӣ муҳокима мекунад. Ман ҳамчун вакили халқфаъ-

125
олияти мактабҳои Хуҷанд ва баъзе ноҳияҳои вилояти Ленинободро
омухтаам ва дарёфтам, ки кори бисере карда шудааст, аммо масъа-
лаи гузаштан ба таҳсили ёздаҳсла, таълими касбӣ, дар мактабҳо сох-
тани устохонаҳо, таълимхонаҳои физики ва химиявӣ ҳалли мусбии
худро наёфтаанд, дар мактабҳои деҳот ба дараҷаи кифоя замин ва
олоти кори кишоварзи ҷудо карда нашудаанд. Шумо медонд, ки рӯз
аз руз илм пеш меравад, техника мураккаб мешавад, агар ҷавононро
бо дониши қазои мусаллаҳ накунем, ҷумҳурии мо аз талаботи замон
ақиб мемонад, - мобояд Юрий Гагарин, Герман Титовҳои худро саб-
зонем, - гуфт вакили халқ ва ҳамзамон адибонро даъват кард, ки
бахшида ба мактабу маориф асарҳои сазовори даврон офаранд.

Дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ 16-17 декабри соли 1970 Раҳим Ҷалил
ҳамчун вакили обруманд, аз номи Шӯрои кӯҳансолон ба рӯзномаи
Сессияи Шурои Оли масъалаҳоро доир ба нақшаҳби инкишофи хоҷа-
гии халқ, вазъияти кори муассисаҳои тандурустӣ ва ғайраро пешни-
ҳод кард.

Моҳи марти соли 2003 дар Душанбе анҷумани 12-ҳуми нависанда-
гони Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он аз бурду бохти адабиётамон
сухан рафт. Адиби варзида Атахон Сайфуллоев хело бамаврид, аз
мактаби эҷодии наели калонсоли адабиётамон сухан ронда афзуд,
ки х,ануз ҳам дар байни зиёиёни тоҷик ашхосе ёфт мешавад. ки аз
хориҷи кишвар истода ба лолези нависандагони давраи шӯравӣ таро-
ша мепартоянд. Атахон Сайфуллоев аз нигоҳи олими адабиётшинос
ба мероси адабии Раҳим Ҷалил ва дигарон баҳои баланд дода, - гуфт,
ки ба эҷодиёти Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ бо назари кам нигоҳ кар-
дан беинсофист.

Ҳақ ба ҷониби Атахон Сайфуллоев. Дар ҳақиқат хизмати Раҳим
Ҷалил дар майдони инкишофи фарҳанги миллиамон хеле ва хеле
бузург аст. У дар асарҳои бадеиаш як давраи пурталотуми таърхии
халқашро моҳирона тасвир кардааст. Бе ҳикояҳо, романҳо, қиссаҳо,
асарҳои саҳнави ва тарҷумаҳои Раҳим Ҷалил давраи навини тарақ-
қиёти фарҳанги тоҷикро тасаввур кардан нашояд. Раҳим Ҷалил бо
офаридаҳои барҷастаи худ дар таърихи миллатамон ҷои сазоворро
ишғол кардааст.

Эй, оинахӯ, зи сина софӣ магзор,

Аз таври вафои табъи вофӣ магзор.

Як бор зи х,ар кӣ дида бошӣ эҳсон,

То зиндаӣ, аз саъйи талофӣ магзор.

ВАФОДОРИ ВАТАН

Дар арафаи иди Наврӯзи оламоро бо нависандаи соҳибистеъ-
ДОД, дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, инсони ҳалиму дилсӯз
Абдулҳамид Самадов дар бемористон вохӯрдему аз гиру мони
зиндаги ва воқеаҳои муҳими фарҳангамон гуфтугӯй намудем.

— Дар воқеъ, — гуфт Абдулҳамид,— ба наздикӣ ҳаштодсола-

126
гии устод Фотеҳ Ниёзӣ баргузор хоҳад шуд. Шумо муаллим Ниё-
зиро хуб медонистед, чй мешавад, ки хотиротатонро бахшида ба
ин ҷашн менавиштед?

Гарчанде Абдулҳамид ҷарроҳии вазнинеро гузаронида, ҳануз
аз дарду сӯзиши захмҳои қалбаш осоиш наёфта буд, у содиқона
аз сифатҳои инсонии устодаш Фотеҳ Ниёзӣ, саҳми вай дар парвари-
ши як зумра қаламкашони баркамоли миллатамон, ҳиссааш дар
инкишофи адабиёти тоҷик, хусусан дар жанри ҳарбию ватанпар-
варй васф мекард.

Абдулҳамидро гусел кардаму хостам баъзе тавсияҳои таъҷи-
лии табибамро ба ҷо оварам. Аммо чй коре, ки мекардам, ба
куҷое мерафтам, пеши назарам симои дӯсти деринаи қадрдон,
наздиктарин ҳамсояи х,амтабақу ҳамнамак, шахси дар кору зин-
дагй намучай ибрат Фотеҳ Ниёзӣ ҷило медод. Пеш аз х,ама табас-
сумҳои ширини ба худашон хос, қомати зебои ҷавонмардона,
мӯйҳои сафедгаштаи рахшанда, чашмони нурафзои меҳрангезэш
падидор мешуданд. Он касро дидан замон аз сафои эшонро баҳра
нагирифтан мумкин набуд.

Устод, одати наҷибедоштанд, ҳар сари вақт наздиктарин дусто-
нашро ба сари дастархон мехонданду бо лаҳҷаи самарқанди
мегуфтанд: — Унхелӣ сӯҳбатҳои кӯчагеш намешуд, дар минбар,
дар маҷлису ошхонаю чойхона дилангетон барин нишаставу дар-
ди дил карда наметавонед, дастархони хонагӣ дигараст. Ин ҷо
гирехҳои дилҳо кушода мешаванд...

Дар сари дастархони устод Фотеҳ Ниёзи борҳо бо беҳтарин
фарзандони миллатамон Мирзо Турсунзода, Аловуддин Баҳовад^
динов, Ҷалол Икромй, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Боқи
Раҳимзода, Ғаффор Валаматзода, Эшонхон Нуъмонов, Фазлиддин
Муҳаммадиев, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ва бисёр дигарон нишастаем.
Дар он ҳолатҳо на он қадар аз ҷомҳои пур аз шароби ноб, балки
бештар аз асари рӯҳафзои каломи бадеъ, зарофатгуиҳои нама-
кин, ҳарфх,ои афсунгари хирадмандон баҳраманд гаштаем.

Дар чунин ҳолатҳо Мирзо Турсунзода ошкоро мегуфтанд: —
дӯстон, боз малол нашавед, мо бояд ба бародарамон Фотеҳҷон
бори дигар аҳсан гӯем. Чаро? Вай ҳар бор ба ҳамаи мо намунаи
дӯстиву рафоқати анъанавии аҷдодҳоямонро эҳё мекунад. Нону
намаку шаробу кабоб дар ҳар хонадон ёфт мешавад, аммо чунин
махфили хосаро фақат Фотеҳ Ниёзй бунёд карда метавонад,
гӯем хато намешавад. Ин ҷо аён ҳис мекунед, ки дустонашро
ҷазмандона ёд кардааст, ҳастии худро бе онҳо тасаввур карда
наметавонад, мехох,ад шодиву нокомии худро бо онҳо бубинад.
Зиёдтар аз он, дӯстон, гуфтаниям, ки хислатҳои аслии инсони-
вафодорӣ, ба иззату эҳтироми одам расидандар ниҳоди Фотеҳҷ-
он маскан дорад ва бесабаб нест, кивай ба асари бузургтаринаш
“Вафо” ном гузоштааст.

127
Бо руҳбаланди Турсунзода меафзуд: — Биеед, бародарон, то
метавонем, ҳам дарэҷодиётамон, ҳам дар амалиётамон ба мисли
Ниёзи қадри инсонро баланд бардорем, барои покизагии ахлоқи
мардум, барои эҳёи ойину анъанаҳои беҳтарини аҷдодҳоямон
кушишҳои пай дар пай ба харҷ диҳем..

Гуфтаҳои устодро ҳозирон хуш пазируфтанд. Академик Алво-
УДДИН Баҳоваддинов “хонаи Фотеҳҷонро 'дӯстхона” гӯем, хато
намекунем", — гуфт. Боқӣ Раҳимзода илова намуд, ки ин ҳавлиро
“кулбаи ҳамрозҳо" — гӯем ҳам мешавад, илоҳо, Фотеҳҷон, худо-
ванд моро аз шафақи дидори шумо дур накунад, ҳайрият бо та-
шаббусу эҳтирому ихлосмандиатон мо ин ҷо ҷамъ мешавему бо
ҳам рози дил мегӯем, бухсҳои ғуншудаи қалбро мебарорем.

Дар ҳақиқат дар устод Фотех, Ниёзӣ доимо як хислати наҷиб,
якқувваи инсониро мушоҳида мекардем. ки онро кашиши ҷозибаи
инсонпарастӣ номидан мумкин аст. Шоҳидам, киба хонадони вай
беҳтарин фиристодагони миллатҳои гуногун розҷӯӣ меомаданд.
Бо Расул Гамзатов, Бердӣ Карбобоев, Давид Кугултинов, Қайсин
Қулиев. Уйғун, Максим Танк, Сергей Смирнов, Михаил Луконин
ва дигар эҷодгарони номй. дар ҳаминхонадон ҳамсӯҳбату ҳамта-
бақ шудаам.

Ҳамсоя, ки будем, устод Ниёзӣ ҳар сари вақт ба хонаамон
меомаданд, сӯҳбатҳои тӯлонии дилпазир меоростанд. Ман, ки
солҳои зиёд бо кори табъу нашр ҳам машғул будам, Фотеҳ-ако
маслиҳатҳои муфид медоданд. Бояд махсус қайд кунам, ки ӯ
ягон бор дар бораи нашри асарҳои худаш сухан оғоз намекард.
Вай бештар дар хусуси зарурати нашри адибони шодравон ақида
менамуд, бештар аз Абдусалом Деҳотӣ, Саидалӣ Вализода, Му-
ҳаммадҷон Раҳими, Аширмат Назаров, Носирҷон Маъсумӣ, Муҳид-
динАминзода, Фазлиддин Муҳаммадиев вадигарон ёдовар мешу-
данд.

Устод Фотеҳ Ниёзӣ гаштаю баргашта дар хусуси моҳияти
нашри бисёрҷилдаи осори поягузорони адабиёти давраи навин —
Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо
Турсунзода ва дигаронро муҳокима менамуд, шахсан дар тартиб
додану таҳрири бисёр китобҳо саҳми назаррасе гузошт. Вале
худнамои карданро бад медид, посдори мероси бузургони гузаш-
та буд.

Дар _хотимаи сӯҳбатамон, ҳар бор, ки устод Фотеҳ Ниёзӣ
хушбоши менамуданд, мегуфтанд: — Фаромӯш накунед, ба на-
здики Шавкатҷон аз Москва бо меҳмонҳояшон меоянд, яъне,
давоми суҳбат ва ҳалли чигилҳои баҳси шатранҷбозӣ дар хонаи
мо^ Айнан гуфтагии устод мешуд. Шавкатҷон Ниёзӣ, ки дар
пайвандгариҳо, ривоҷи х,амкориҳои дӯстонаи адибони тоҷик бо

128
соҳибқаламони дигар миллатҳои олам саҳми бебаҳое дорад, — ин
дафъа ба хонаи акааш бо чанд нафар меҳмонҳои азиз аз хориҷ,
аз ҷумла бону Жола Бадеъ, Бориқ Шафеӣ, Йордан Милев ва
дигарон омад. Пазироӣ чун ҳамеша басо самимӣ, бо тамоми
риояи меҳмоннавозии шарқ буд, ки “аёнро ҳоҷат ба баён нест".
Фақат дар хусуси мулоқотҳоямон дар осоишгоҳи Вазорати матбу-
оту ахбори ҷумҳурй дар дараи Ромит андаке нақл карданиям.

Он мулоқот дарфасли дилнишини баҳорон, дар оғӯши ^со-
ри сабзпӯш дар саҳни гулбоғи дастофаридаи назаррабо сурат
гирифта буд. Иштироки бону Жола Бадеъ дар он маҳфили хосаи
дӯстони эҷодкор таровати дигару ҳаловати рӯҳнавозе ато намуд.
Хонум Жола на фақат бо ҳусну малоҳати худ маҳфили моро
мунаввар менамуданд, илова бар он лафзи шакарборашон, услу-
би шахдбори шеърхониашон ҳозиронро рӯҳбаланд менамуданд,
дилгармиро ба зиндагӣ, завқмандиро ба каломи бадеъ, ба ҷаҳони
сеҳрангези маънавиётмарҳамат мекарданд.

Табиист, ки ҳузури бону Жола Бадеъ дар мулоқот диққати
ҳозирон, хусусан устод Фотеҳ Ниёзиро ба Эрон, ба сарнавишти
он эрониёни равшанфикр, мисли Абулқосим Лоҳутӣ, Баҳром
Сирус, Қосим Дайламӣ, Қозим Шефдар, Ҳасан Бежанӣ, ки аз
ноилоҷӣ, ба мисли Жола Бадеъ аз ватанашон фирорӣ щудаанд,
ҷалб менамуд. Ин ашхоси ташнаи набардуозодӣ дар Тоҷикистон
барои фикру ақоиди худ ҷавлонгоҳи мувофиқ ёфта, дар густа-
риши маорифи омма сах,ми арзанда гузоштанд. Зиёдтар сухан аз
қисмати Лоҳутӣ, саҳми бебаҳои ӯ дар инкишофи адабиёти форсу
тоҷик, бунёди фарҳанг, мактабу маориф дар Тоҷикистон мерафт.
Он дам Шавкат Ниёзӣ аз Жола Бадеъ хоҳиш намуд, ки хотиро-
ташро аз мулоқотҳо бо устод Лоҳутӣ нақл намояду шеъри ба ӯ
бахшидаашро қироат кунад. Эҳсос мекардам, ки хоҳиши Шавқа-
тҷон дили Жоларо ба қадре таконе дод, ки ӯ рӯҳтағйиру ҳаёзер-
карда вонамуд гардид. Баъд аз сукунате Жола табассум намуда
ба забои овард:

Чун ахтари шабгард дурахшидию рафтй,

Бар ман нигаҳе кардиву хандидию рафтй.

Ман сурх шудам, сӯхтам аз барқи нигоҳат,

Дар чеҳраи ман оташи дил дидию рафтй.

Як лаҳза шукуфтй чу гули тозабаҳоре,

Як умр ба ман хотира бахшидию рафтй.

Фотеҳ-ака бо шавқ гуфтанд: Жолабону, илоҳо хазонро наби-
нед, ин тӯҳфаи беҳтарин аст ба ҷашни ҳафтоду панҷсолагии ман,
шеъратонро гӯш карда ҷавон гаштам. Аҳсан ба шумо, хотири
ҳамватани бузургатон, устоду писандидаи ҳамаи моро содиқона
пос медоред.

Пас бону Жола Бадеъ хотироти пур аз меҳру эҳсонихешро аз

129
мулоқотҳо, равобити эҷодӣ бо Лоҳутӣ доштааш гуфтори дилангез
намуду шеъре, ки Абулқосим Лоҳутӣ ба вай бахшида будааст,
навозишгарона хонд, ки мо ҳама бо завқу ҳавас гӯш кардем ва
ба меҳмони нозукадову булбулсадо аҳсанҳо хондем.

Фотех, Ниёзӣ аз инсонҳои асиле буд, ки накӯкориву инсонпар-
вариро ҳам мехост ва ҳам метавонист, агар лозим шавад, аз
ҳама пештар дасти мадад дароз мекард. Ед дорам, ба сари
устод Сотим Улуғзода, бо сабаби тарки ватан кардани писараш,
кулфати ногаҳонӣ омад. Бисёриҳо аз вай худро дар канор
мегирифтанд, баъзҳо чунон тағйир ёфта буданд, ки ҳатто дар
мақолаҳояшон аз навиштани номи Улуғзода меҳаросиданд. Як
муддат дар рӯзномахр, маҷаллаҳо номи он нависандаро ёдовар
намешуданд. Аз китобҳои дарсӣ ҳам асарҳои ӯро бадар кар-
данд. Он вақт дар Москва, дар нашриёти "Советский писатель”
романи "Восеъ”-и Улуғзода ба нашр тайёр туда буду чопашро бо
ақидаҳои сиёсӣ нигоҳ дошта буданд. Аз Москва сим зада пурси-
данд: — Намедонембо романи “Восеъ”чӣ кор кунем? Фикри Куми-
таи Марказиатонро ба мо зуд бигӯед, чоп кунем ё накунем.

Дар ҳақиқат ҳалли масъала мушкил буд. Лозим донистам
барои маслиҳатба Кумитаи Марказӣ аввал устод Фотеҳ Ниёзиро
даъват намоям. Ҳамин тавр ҳам шуд. Фотеҳ-ака бе ягон кала-
виш изҳор кард: — Мо бояд ҳама дар ҳимояи Улуғзода бошем,
боздоштани нашри романи таърихии "Восеъ" хатои маҳз аст.

Пае ӯ ба номи бюрои Кумитаи Марказӣ номаи махсус навиш-
та исбот намуд, ки китоби “Восеъ” яке аз бузургтарин кашфиёти
бадеии миллист, арзиши баланди таърихӣ дорад, бояд зуд нашр
гардида, дастраси хонандаи олам гардад. Номаи Ниёзӣ дар Куми-
таи Маркази расман муҳокима гардид ва на фақат масъалаи
нашри романи “Восеъ" ҳалли мусбати худро ёфт, илова бар он
тамоми пардаи ноаёни манъкунандаи тарғиби асарҳои Сотим Улуғ-
зода аз миён бардошта шуд. Шояд то ҳанӯз Сотим Улуғзода аз
чунин саъйи ҷавонмардонаву оқилонаи Фотеҳ Ниёзӣ огоҳ набошад.

Ҷояш омад, бигӯям, ки накӯкориву қадршиносии ин инсони
наҷибро juaxcaH ман ҳам эҳсос кардаам. Чи тавре ки мегӯянд,
"ғура аз ғура ранг мегирад”. Дар маҳаллаи нависандаҳо нишаста
ҳаваси навиштан дар ботини ман ҳам рӯз аз рӯз меафзуд. Дар
нашрияҳои давравй чанд очерку х,икояҳоям чоп шуданд. Устод,
ки онҳоро бодиққат мехондаанд, дар як сафари якҷояамон коҳи-
данд: "Чаро навиштаҳоятонро ҷамъ оварда китоб карда намебаро-
ред?" Хулласи калом, он кас маро маҷбур намуданд, ки дастна-
висҳоямро ба чоп тайёр кунам. Худи устод Фотеҳ Ниёзӣ х,амаи
онҳоро хонда хайрхоҳона пешгуфторе ҳам навиштанд ва ниҳоят
он китоб бономи “Нақши хотир”соли 1987 дастраси хонандагони
иззатманд гардид. Ҳамин тавр, бо далолату маслиҳату талабҳои
дустонаи устод Фотеҳ Ниёзӣ камина ҳам ба кӯчаҳои печ дар

130
печи нависандагӣ афтодам ва имрӯз, дар рӯзи ҷашни мубораки
ҳаштодсолагиашон, чун яке аз шогирдонашон номи устодро ба
забои мегираму “ёдатон ба хайр, устоди меҳрубон” мегӯям.

Ҳамсоя, ки будем, медидам, ки дари киҳо доим пӯшидаву
дари киҳо кушода. Дари устод Ниёзй ба мисли дилаш кушода
буду ихлосмандон, ба мисли Лоиқ, Сорбон, Абдулҳамид Сама-
дов, Гулназар, Урун Қӯҳзод, Адаш Истад, Абдураҳмон Абдуман-
нонов, Иноят Насриддин ва бисьёр дигарон ба ҳолпурсии устод
меомаданд. Шодравон, ҳофизи мардумй Одина Ҳошим низ аз
азизтарин меҳмонҳои доимии Фотеҳ Ниёзй буд, ки дар ҳаққаш
“устод инсони дилкушоду дилкушояст” гуфта буд.

Панҷ сол пеш дар ҷумҳуриямон ҳафтоду панҷсолагии устод
Фотеҳ Ниёзй васеъ қайд шуд, ки бемуҳобот он ба иди калони
маданиятамон табдил ёфта буд. Ҳамдиёрони Фотеҳ Ниёзй талаб
намуданд, ки ҷашни вай дар Самарқанд низ баргузор шавад. Пеш-
них,од қабул шуд, камина ҳамроҳи ҷонишини раиси Иттифоқи
нависандагон Ибод Файзуллоев, шоири ҳалқии ҷумҳурӣ Лоиқ
Шералӣ, шогирдони устод Гулназар, Шодӣ Ҳаниф, дастаи усто-
дони санъат бо сарварии Ҷӯрабек Муродов, ансамбли этнографии
кӯлобиҳо бо сарварии Давлатманд Холов устод Фотеҳ Ниёзиро
“ёр-ёр" гӯён ба зодгоҳи азизаш расонидем.

Бемуҳобот дар Самарқанд ҷашни устод Ниёзй ба сатҳи басо
баланд гузаронида шуд. Хурду калон фиристодагони Тоҷикистон-
ро бо камоли эҳтиром, рӯҳбаландонаву ихлосмандии бародарона
пазируфтанд. Дар ҳама хиёбонҳо шиорҳои зиёде бахшида ба
дӯстии бародаронаи халқҳои узбеку тоҷик, ҳамкориашон дар ҳамаи
соҳаҳои зиндагӣ - иқтисодиёт, илму фарҳанг ба мисли “хонаи
ӯзбек-хонаи тоҷик”, “поянда бод дӯстии халқҳои бародар", "Са-
марканд-гаҳвораи маданияти тоҷику ӯзбек”, “Рӯҳи Ҷомиву Навоӣ
- раҳнамои мо” ва ғайра алвонҷ мехӯрданд.

Дар ҳама ҷойҳо, ҳам қабулҳои расмӣ дар кумитаҳои иҷроияи
вилояту шаҳри Самарқанд, ҳам дар маҷлиси тантанавии ҷашнво-
ра ва ҳам маҳфилҳои эҷодӣ - дар донишгох1х1о, мактабу китоб-
хонаҳо устод Ниёзиро басо ҷазммандона, бо шодиву қадршиносии
олӣ пешвоз мегирифтанд. Аксари нотиқон хизматҳои устод Ниё-
зиро дар ривоҷу инкишофи дӯстии анъанавии миллатҳои ӯзбеку
тоҷик қайд менамуданд, василах,ои эҷодиву дӯстии беғаразонаи
ӯро бо суханварони барҷастаи Узбекистан Ҳамид Олимҷон, Ғафур
Ғулом, Уйғун, Комил Яшин, Шараф Рашидов, Зулфия, Мақсуд,
Қориев ва дигарон гаштаю баргашта хотирнишон мекарданд. Дар
навбати худ устод Фотеҳ Ниёзӣ мегуфт: “Биёед, дӯстон, дар
атрофи шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро сӯҳбатбозиҳои
бемавридро бас кунему кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ин шаҳрҳо обод
бошанд, боз ҳам асрҳои аср чун осорхонаи зиндаи илму фарҳанг
хизмат кунанд, чун васлгари дилҳои халқҳои бародар бошанду

131
зиёратгоҳи арзандаи тамоми башарият мавҷуд бошанд...”

Б°ри дигар гуфтаниям, ки мухлисони пазмон, роҳбарияти шахри
бостонии Самарқанд, хешовандон, дӯстону ҳамсабақони мактабии
Фотеҳ Ниези эҳтирому ҳурмати меҳмонашонро ба арши аъло ме-
бардоштанд. Дар китобхонаҳо, рафҳои мағозаҳои китобфурӯшӣ
намоишу фуруши асарҳои ӯ хуб ташкил ёфта буданд. Дар рӯзи
тантана дар сайргоҳи театри ба номи Алишер Навой ҳаводорони
иоте-ьдодаш ба пуштварақҳои китобҳояш "Вафо", “Димаи дило-
вар , Ҳикояҳо , Ҳар беша гумон мабар, ки холист", “Духтари
саввум", “Сарбозони бесилоҳ” вағайра соядаст мегирифтанд. Дар
сафи мухлисони каломи нависанда ҳамсолон, дӯстони ҷавонӣ ва
ҳамсабақҳо вомехурданд ва байни меҳмону онҳо сӯҳбатҳои ша-
вқовар барпо^ мегардид. Ҳар кадоми онҳо ӯро бо ихлос ба хона-
ашон меҳмони даъват мекарданду хандида зарофатгӯӣ мекарданд:
ьоз гумон накунед, ки ин таклифи самарқандист, хоки поятонро
ба чашмамон сурма мекунем".

ЧУН сухан аз лутфу марҳамати устод Фотеҳ Ниёзӣ меравад,
аз як чиз сарфи назар карда наметавонам. Устод дар дилашон
орзуву нақшаҳои зиёд доштанд ва яке аз онҳо гузаронидани
рузҳои Самарқанддар пойтахти Тоҷикистон буд. Ҳамаи нақшаҳои
таҷлили он маърака кашида шуда, дар мақомоти олӣ қабул шуда
буд. Аммо, ҳазор афсус, ки устод ба ин орзуҳояшон норасида аз
олам рафтанд. Дар айни амалӣ гаштани он нақшаи наҷиб
вазъияти сиёси-иҷтимоии ҷумҳуриамон бо суръат тезу тунд гарди-
ду мо пайванддилони самарқандиамонро қабул карда натавонис-
тем ба ҷои корҳои хайру нек ба дасисаангезӣ пардохтем.

Устод Фотеҳ Ниёзи шахси азҷиҳати зоҳиру ботинзебо инсо-
ни қавиирода, дар ҳусни гуфтору рафтор беназир, оптимисти

М1ТИс б^данд’ ёд Д°Рам. мегуфтанд, ки “шайтон ноумед аст.
офтоби бахт ба сари миллати мо ҳам якрӯз не, як рӯз нурашро
мепошад . Мо дар тамоми ҷабҳаҳо ҷавонони нек дорем, Онҳо
бояд зимоми корҳоро ба дасти худ гиранд, ободии кишвар ба
саъи ва кушиши онҳо вобаста аст”,

Азбаски устод Фотеҳ Ниёзӣ одами нек буданд, соате ҳам
ранҷ накашида, оламро падруд гуфтанд ва гӯё аз сари мизи
таҳрир ба хоб рафтанд, ба хоби роҳат ва абадӣ. Аҷибаш он, ки
чанд руз пеш аз марги он кас боду бориш буд. Рӯзи дигар якбора
чунон ҳавои софу беғуборе Душанберо фаро гирифт, ки гӯё
б^0Р ®УД- ДаР тамоми рузҳои маъракаҳои маросими он кас ҳаво
офтоби ва инсоннавоз буд, ки ин худ нишонаи инсони бахосият
будани устод аст. Беҳуда нест, ки дар хотирҳо устод Фотеҳ
Ниези чун фарди муқаддасу самимӣ, марди беғаразу инсондӯст,
одами шариф ва инсони комил боқӣ мондаанд. Зиҳӣ саодати чови-
дони! ^

132
УСТОДИ РОСТДИЛ

Ба қарибӣ дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳ-
фили дилҷӯе бахшида ба садсолагии шоири намоёни халқи тоҷик
Суҳайлӣ Ҷавҳаризода баргузор шуд, адибон Абдуҷаббор Қахҳорӣ,
Абдумалик Баҳорӣ, Хуршеда Отахонова, Ғаффор Мирзо, Убайд Ра-
ҷаб, Ҷонон Бобокалонова ва дигарон хотираҳояшонро доир ба ҳаёт
ва эҷодиёти Суҳайлӣ басо ҷолибу завқовар ҳикоят намуданд, камина
ҳам дар он маҳфил ширкат доштам. Аксарият пешниҳод намуданд,
ки ёддоштҳои имрӯз иброз шуда ба қалам оварда шаванду дар кито-
би алоҳида чоп шаванд, зеро ки онҳо барои абадӣ гардонидани хоти-
раи неки Суҳайлӣ Ҷавҳаризода маводи муфиданд.

Инак, мухтасар ёддоштҳоямро бахшида ба он инсони биҳишти,
шоири шӯҳратёри халқамон Суҳайлӣ Ҷавҳаризода манзури хонанда-
гони иззатманд менамоям.

Агар гӯям, ки дар солҳои чиҳилу панҷоҳуми асри бист коми сухан-
ҷӯии наели мо бо шеъри Суҳайлӣ Ҷавҳаризода бардошта шудааст,
сах,в намешавад. Зеро ки он солҳо баъд аз Садриддин Айниву Абул-
қосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, дар қатори шоирони номи Абдуса-
лом Деҳотӣ, Муҳаммадҷон Раҳими, Боқи Раҳимзода, Мирсаид Мир-
шакар номи ӯ вирди забони ҳамагон буд. Дар ҳақиқат Суҳайлӣ Ҷавҳ-
аризода шоири ҷӯяндаи сермаҳсул буду дар мавзуъҳои доғи руз шеъ-
рхри гуногунжанр - гражданӣ, бачагона, фелетонхр меофарид. У ҳанӯз
декабри соли 1941 бар зидди саркардаҳои ҷанги ҷаҳони Гитлер ва
Геббелс шеъри ҳаҷвӣ навишта буд:

Г еббелс:

Як ran занам деҳ рухсатам,

Ташвиш макаш бар куштанам,

Зеро ки якҷо мекушанд
Фардо маро бо “Ҳазратам”.

Талабаҳо ин шеъри зиддифашистиро дар мактабҳо ба тариқи таро-
наи шарқихонӣ месуруданд. Бемуҳобот шеърҳои ба Ватан, коргар,
деҳқон, хусусан занҳо ва ҷавонон бахшидаи Суҳайли Ҷавҳаризода
дар бунёди шуури ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, бунёди тафаккури
ҷавонон таъсири амиқе гузоштаанд.

То аввалҳои солҳои 50-ум шоир Суҳайли Ҷавҳаризодаро ғоибона
аз эҷодиёташ, хусусан фелетонҳои намакинаш мешинохтам. Бори
аввал аз наздик ӯро дар ҷашни 50-солагиаш, ки дар толори китобхо-
наи марказии пойтахт баргузор шуда буд, дидам, ки ӯ марди қоқинаи
резаҷусса буду дар сараш тӯпии ироқии гулдор дошт.

Мирзо Турсунзода, ки ба маҳфил сарварӣ мекард, гуФт;

- Мӯҳтарам соҳибҷашни мо шоирзодаи асил ҳастанд, зеро ки эшон
сабақи зиндагиву эҷодгарии шеърро аз ладари бузургворашон Зуфар-
хон Ҷавҳарӣ гирифтаанд, барои ҳамин ҳам х,иҷосозиҳо, суханпардо-
зиҳо ва равоннависиҳояшон аз дигарон фарқмекунад. Суҳайли шои-
ри замони худ ҳастанд, зеро ки ягон воқаи муҳимми замони мо аз

133
диди нозукбини шоиронаашон беэътибор намемонад...

Нутқи миннатдории соҳибҷашн Суҳайлиро гӯш мекардаму оҳакги
суруди лирикии “Оинаро", ки ба қалами Зуфархон Ҷавҳарӣ тааллуқ
дошт ман ин сурудро дар халқаи дустонам бо ҳаваси зиёд месарои-
дам, ба едам меомаду тамоми эҳсосотамро фаро мегирифт Ҷавонӣ
ҷавони аст. Шеърҳои Суҳайли Ҷавҳаризода ва дигаронро хонда ман
ҳам ҳаваси шеърнависӣ карда будам. Мавзӯъ - ҷанг дар Корея. Ба
ҳимояи халқи Корея бар зидди истилогарон шеъре иншо кардаму ба
рузномаи “Тоҷикистони Сурх” фиристодам. Дере нагузашта номаеро
бо имзои С. Ҷавҳаризода гирифтам. Дар ҷавоб Ҷавҳаризода аввал
маро бо иқдоми шеърнависӣ табрик кардаанд, баъд навиштаанд:

- Шояд шеъратон баъдтар чоп шавад, мавзӯятон хуб, дарки масъ-
ала боз хубтар, аммо аён аст, ки иншоятон ҳанӯз ҳаваскорона аст
Маслиҳат медиҳам, ки бисёртар машқ кунед, бештар шеърҳои клас-
сикой ва хусусан шоирони муосир Лоҳути ва Турсунзодаро гаштаю
баргашта хонед...

Ростӣ ки аз ҷавоби С. Ҷавҳаризода беҳад шод гаштам ва аз он як
ҷаҳон сабақ гирифтам. Аз сатрҳои мактуб ҳис намудам, ки онро шах-
си некхоҳ, фозил, ғамхор ва бениҳоят боадаб навиштааст. Ман ӯро
ғоибона дуст доштам ва ягон шеъри дар матбуот чоп кардаашро на-
хонда намемондам. F

Ин сифатҳои шоистаи Суҳайлиро баъдтар боз аёнтар дарк наму-
дам. Дар Маскав бо шоир Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ҳамсабақ будам ӯ
доимо аз ҳамкориаш бо Суҳайли Ҷавҳаризода нақлҳо мекарду ме-
гуфт, - домулло Суҳайли шахси бениҳоят заковатманд аст ман аса-
рҳои навнавиштаамро аввал ба он кас барои аз назар гузаронидан
мефиристам, ҳоло устод достони “Шаби пеш аз марг" (бахшида ба
Туичи Эриигитов)-ро хондаанду бо қайду эродҳояшон баргардонида-
анд. Асосан достон ба устод Суҳайли хеле писанд шудааст, табрик
кардаанд. Устод Суҳайли на фақат ба ман, балки ба дигар соҳибка-
ламони ҷавон низ падарона хайрхоҳ буда, дасти кӯмак дароз меку-
нэнд.

Баъд аз хатми донишкадаи Маскав Қахдорӣ ва маро ба кори ҳизбӣ
дар аппарати Кумитаи Марказӣ таъин намуданд. Ин ҷо бо мо ҷияни
Оуҳаили Ҷавҳаризода Ҳамидҷон Раҷабов ҳамкорӣ менамуд У шахси
кордон дилебу дидадаро будааст, бо мо унси дӯстӣ пайдо кард. Бо
ташаббуси у аз руи русуми халқи - ҳарифонахӯрӣ, ки ин таомулро
дар ҷоиҳои дигар - ошгардак, гапхурӣ ҳам мегӯянд, ташкил гардид
Дар гуруҳи ҳарифонахурони мо Абдуҷаббор Қахҳорӣ, Муҳиддин Ахма-
дов, Ҳамидҷон Раҷабов камина шомил будем. Рӯзе ки навбат ба
Ҳамидҷон расид, ӯ тағояш Суҳайлӣ Ҷавҳаризодаро низ даъват кард
Акнун ман бори аввал бо шоири дустдоштаам дар сари як дастурхон
менишастам ва бо услуби сухангуияш, ҳаракатх,ояш, муомилоти ҳали-
монаи ҷозибанокаш бо ҳамтабақон аҳамият медодам. Ошхӯрию сӯҳбат
дар хонаи Ҳамидҷон хеле руҳбаландона гузашт. Ҳозирон аз устод

134
Суҳайлӣ хоҳиш карданд, ки дар ошгардакҳои онҳо ҳам ширкат вар-
занд. Устод Суҳайлӣ гуфтанд, - пешниҳодатон ба ҷону дил қабул,
вале бо шарташ.

- Кадом шарт? - пурсид касе.

- Ба он шарте, ки маро ҳам ба аъзогии ҳарифонахӯронатон қабул
мефармоед ва навбати оянда, аз хонаи мо cap мешавад... _

Баъд аз як ҳафта ҳарифонахури дар хонаи устод Суҳайли сурат
гирифт. To омадани ҳамаи дӯстони ошхур, устод Суҳайли дар дари
дарвоза ду даст пеши бар рост истодаанд, баъд аз дари хонаашон,
ки даромадем, ахди хонадонашон бо сарварии завҷаашон - “Хуш ома-
данд, қадамҳояшон болои дида гуфта навозиш менамуданд.

Ороиши дастурхони устод Суҳайлӣ батамом аз ороиши дастурхо-
нҳои мо фарқмекард. Дар рӯи дастурхон чиҳоро намедидед, - анвои
меваҷоти беҳтарин, самбусаҳои варақин, шириниҳои туту ангур, кон-
фетҳои гуногунрзнг, нону ҷурғот ва ғайра, ки бо як нигоҳ кардан иш-
тихри одамро ба авҷ меовард.

Ош х,ам аз ош фарқ мекард, зеро буи равғани зағир, нахуду қароқо-
ту зира зуд ба димоғҳо мерасид, ки даҳонҳо бемайлон об мекушо-
данд. Анвои шишаҳои шаробро намегӯед! Ғайр аз арақ, коняк, виноҳо
боз дар машрафае мусалласи бобоӣ ҳам гузошта шуда буд.

Сох,ибхона меҳмонҳоро ба гирди миз шинонданд, аммо ҳеҷ не ки
худашон нишинанд. Ба рафтори устод махсус аҳамият медодам ва
медидам, ки эшон мехоҳанд худашон рост истода ба меҳмонҳо хиз-
мат кунанд, устод гоҳе рафта лаъличаҳои мавиз, нахудбирён, донак-
шӯрак, бодом, чормағз, харбузақоқро бо навбат оварда бо лутфи зиед
ба назди меҳмонҳояшон мегузоштанд. Он гаҳтасаввур мекардам, ки
агар устод тавонанд дилу ҷигарашонро ҳам пора карда ба назди меҳ-
монҳояшон мемонданд. Ба ин дараҷа буд хислати меҳмоннавозӣ,
инсондӯстӣ, қадр кардани дӯстон аз ҷониби устод Суҳайлӣ Ҷавҳари-

зода. _ _

Мо бо устод Суҳайли Ҷавх,аризода зиёда аз ду сол гаштакхури

кардем. Дар ин муддат аз сӯҳбатҳои сабақомузу мароқоварашон баҳ-
раманд гаштем. Шахсан ман аз устод Суҳайли бисёр чизҳоро омух-
там, пеш аз ҳама ҳимматбаланди, риояи анъанаву русумати бобои,
хоксорӣ ба ҷо оварда тавонистани иззату эҳтироми хурду калон ва
ғайраро! Дар ин бобат ӯро ҳаққонӣ устоди соҳибхиради худ шумур-
дам. Ҳеҷ гоҳ табассумх,ои ширин, зарофатгуиҳои дилангезашон аз
ёдам намеравад.

Дар бораи бузургони илму фарҳанг, арбобони ҳунар ҳам қиссаву
ривоятҳои зиёде дар даҳони ах,ли зиё аст, чи тавре ки ба унвони усто-
дон Садриддин Айнӣ, Боқӣ Рах,имзода, Туҳфа Фозилова нақлҳои
фаровон ҳаст. Дар ин бобат устод Суҳайли истисно нестанд. Дар
ҳаққи эшон ҳам нақлҳои фаровонро гуфтаанду ҳануз ҳам мегуянд, ки
намунаҳои беҳтарини онҳоро дар рӯзи ҷашни 100-солагиашон шуни-
Дем. Ҳамон рӯз камина ҳам чанд хушае ба он қиссаҳо илова кардам:

135
„o^,Ty3eN6a ?,0наи уСТОД (°н вак^ ДаР Уротеппа зиндагй ме-

карданд) аз Маскав меҳмонони русзабон меоянд. У онҳоро кабул на-
муда, дар сандали мешинонанд. Вақто ки ба аловгирак барои сан-
дали лахча меоранд, устод Суҳайли ба меҳмон мегӯянд, - “почалус-
та, это кошка бежит, поднимите”. Меҳмон дар ҳаӣрат монда мегуяд
где кошкэ^ чего поднимать?" Дусти забондони Суҳайлӣ ба меҳмон
мефаҳмонад, ки ҷои ба сандали оташ меандохтагиро дар ин чо чои
гурбадав мегӯянд... ^ л

Баъд устод Суҳайлӣ дӯсти русидонашонро ба меҳмон шинос на-
муда, таъриф мекунанду дар фуроварди суханашон "мой товарищ
очень ведро _, - мегӯяд боз меҳмон дар тааҷҷуб, “Где ведро? Зачем
ведро. - мегуяд. Дусти Суҳайли ба меҳмон мефаҳмонад ки дар лах-
чаи маҳаллии мо инсони хоксорро - одами фақер” мегӯянд ва сатили
обгириро низ. Устод, ки нозукиҳои забони русиро намедонанд баъзе
чунин ташбеҳҳои хандаовар ҳам мекунанд.

Дар ҳақиқат аксари латифаҳои ба устод Суҳайлӣ вобаста аз ду-
руст кор фармуда натавонистани ибораҳои русй бармеоянд. Маса-
лан, рузе устод ҳамкорашро дучор шуда “Здравствуйте, товарищ
Нитикин - мегуяд. Дар ҷавоб шояд у ранҷида бошад. “Здравствуйте
товарищ Мокраили" - мегуяд. Устод Суҳайли тааҷҷубангез шӯрида
Что, я Мокраили, да?!_ мегуяд, Никитин бошад, “Что, я, Нитикин да?!”
ме^/яд. Устод Суҳайли иштибоҳашро мефаҳмаду бахшиш мепурсад.

аъд аз ин онҳо солҳои дароз ҳамчун дустони қарин якдигарро
эҳтиром мекунанд, вале дар танҳои ибораҳои “Нитикин" ва "Мокрай-
ли -ро ифода намуда ба завқ механдиданд. Чунин қиссаҳо дар ҳақки
устод Суҳаили Ҷавҳаризода бешуморанд ва хуб мебуд агар он)ю

дар як маҷмуа гирд оварда шаванду аз устод мероси дилангез бимо-
над.

Дӯстии мо бо устод Суҳайлӣ Ҷавҳаризода тӯлонӣ буд, борҳо шу-
дааст, ки дар бемористон якҷоя худро табобат намудаем. Солҳои
охир устод зуд-зуд барои табобат дар касалхона мехобиданд эшон-
ро захми меъда ва дигар иллатҳо азоб медод. Дарди беамон охири
охирон устодро гиребонгир шуд ва диле, ки дар тарафи рости синаа-
шон ҷоигир буд, аз задан бимонд.

Амри такдир чунин будааст, ки тадбирҳои ташкил намудани дафни
устод Оуҳаили ба зиммаи камина вогузор шуд. Он рӯз гарчанде рУзи
тафсони офтоби буд, дар сари тобути у намоёнтарин зиёиён - оли-
мон, шоирону нависандагон, ҳунарварон ва хешовандони мотамзада
гирд омада буданд. Аз шаҳри Истаравшан қадрдонҳо, авлодон бо
сарварии роҳбари ноҳия Исмоил Бурҳонов низ зуд расида омаданд.
Ҳамсари устод, духтараш, хешовандон беист ашк мерехтанд Мо ҷато-
ди устодро бо руи кушод, ба қабристони “Сари Осиё” мебурдем ҳар
гоҳ ба руи устод менигаристам, медидам, ки лабҳояш майли та’бас-
сум доранд, гуе эҳсос мекард, ки дар назди халқаш, ҳамқаламонаш
ва аҳли баиташу хешу ақрабояш!? чи андоза у қадру қимати бузурге

136
доштааст.

Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,

Шамъ чун хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.

ПУШТИБОНИ ФАРҲАНГ

Ҳабдаҳуми январи соли 1971-ум, рӯзи сеюми вафоти пада-
рам, бо дили мушаввашу озурда, хотири парешон, дар ҳолати
рӯҳафтодагӣ менишастам, ки дари хона кӯфта шуд ва шахси
ношиносе “шумо фалонй?” гуфта, мактуберо ба дастам доду
шитобкорона бадар рафт. Мактубро филфавр кушода хондам. Он
ҷо баъди зикри номам чунин сатрҳоро хондам. "...Аз марги қиб-
лагоҳтон дер огоҳ гардидам, беҳад афсӯс мехӯрам. Ҳамдардии
худам ва аҳли хонаводаамро нисбати вафоти падаратон баён
мекунам. Падаратон аз зумраи нафароне буданд, ки хишти авва-
лини сохти советиро гузоштаанд. Шубҳа намекунам, ки шумо ба
ин талафоти бебадал мардвор тоб меоваред. А. Қахдоров”.

Вазъиятам чунон буд, ки бо тезӣ муаллифи мактубро аниқ
карда натавонистам. Аввал тахмин кардам, ки мактуб аз дӯсти
ҳамсабақам Абдуҷаббор Қахҳорӣ аст. Пас бо шубҳа мулоҳиза
рондам: Қах,хорӣ - ку дар дафни падарам худаш иштирок дошт,
дар гузаронидани маъракаҳо ҳамкорӣ кард... Каме ба худомада
аниқ кардам: таъзиянома аз мӯҳтарам Абдулаҳад Қаҳҳоров аст,
ки ба дасти ронандааш фиристодааст.

Ҳамон солҳо бори дигар Абдулаҳад Қаҳҳоров ба воситаи
телефон аз кору бор пурсон шуданд, баъзе супоришҳо доданд
ва дар фаровард ғайри чашмдошт гуфтанд:

— Ин бегоҳ банд-ку нестед?

— Устод, ман дар хизмати шумоям, марҳамат, фармоед, —
гуфтам дар ҷавоб.

—Ин тавр бошад, хеле хуб. Шунидам, ки Шароф-ака Муҳҳама-
диев ҳафтодсола мешудаанд, биёед аздигарон пештар ба хона-
ашон рафта он касро табрик кунем.

Ҳамон бегоҳӣ моро Шароф-амак ва ҳамсарашон Қӯзигулхола
хушҳолу сарфароз истиқбол намуданд. Вақте Абдулаҳад Қаҳҳоров
ва соҳибҷашн ҳамоғӯш шуданд, ба назар чунон менамуд, ки
Шароф-амак ва Қӯзигулхола курта-курта гӯшт мегирифтанд, чаш-
монашон барк, барин медурахшид, дилҳояшон аз шодӣ лабрез
буд. Лабҳои Шароф-амак як муддат беист меҷунбиду сухани
дилхоҳашро ифода карда наметавонист ва билохир ӯчунин гуфт:
‘ӯббое, ҳай-ҳай, Мулло Абдулаҳада, аҷаб коре кардед. Ману
Қӯзигул кайҳо боз пазмони дидору сӯҳбатҳои ширини шумо
будем".

— Аз гуноҳи мо гузаред, Шароф-ака, ки шуморо дер хабар
гирифтем. Ростӣ, ки дили ман ҳам ба сӯҳбати шумо ва таомҳои
беҳад болаззати Қӯзигул-апа, гум зада меистад, — гуфт Абдула-

137
ҳад Қаҳҳоров ва соҳибҷашнро самимона табрик намуда ҳол-
пурсӣ кард.

Пае сӯҳбати ширини пирони ботадбир ва нуронӣ cap шуд.

Қаҳҳоров аввал аз дӯстони панҷакентиашон Нуралӣ Розиқов,
Дустали Алиев, Ҷумъабой Комилов, Мӯсоқул Икромов, Яҳё Ами-
нов, Мулло Эсо ва дигарон ёдовар шуданд. Сонӣ, лаҳзаҳои ҳам-
кориашонро дар ҷавони-давраи пеш аз ҷанг, солҳои Ҷанги Бузур-
ги Ватанива баъдаз баъзе саҳифаҳои рангин ёддоштҳои ҷавонӣ
зарофатгуи шуд. Шароф-амак ширинкорона рӯй гардонда, луқма
партофт. Шумо Мулло Абдулаҳад, ҳоло ҳам шӯхиҳоятонро
намепартоед. Ҳардуяшон маънидор механдиданд, он чунон бо
завқ механдиданд, ки аз чашмҳояшон ашк ҷорӣ мешуд.

Баъд бобҳои зиндагии солҳои ҷанг "варақгардон” шуданд.
Сухан аз вазъияти вазнинтарини рӯзгори мардум дар он солҳои
мудҳиш, мушкилиҳои кори^колхозҳо мерафт, ҳикоятҳоазон рӯзҳое,
ки мардум фарқи шабу рӯзро гум карда буданд, тамоми бисота-
шонро ба эҳтиёҷи фронт, барои ғалаба аз болои душмани ғаддор
-фашизми гитлери равона мекарданд, рафт. Маълум шуд, ки А.
Қаҳҳоров соли 1938 ба Панҷакент омада, дар комитети комсо-
моли кор кардааст. Сипае дар комитети партиявии ноҳия-мудири
шуъбаи тарғиботу ташвиқотбуд. Соли 1942 ноҳияи Колхозчиён таш-
кил мешавад. А. Қаҳҳоров котиби якуми комитети партиявии рай-
они навташкил интихоб мегардад. Он солҳо А. Қахдоров бо мар-
думи зиёде ошно шуда, то охири умр бо онҳо дӯстӣ дошт.

Ҳоло ҳам Шароф-ака, он рӯзҳо ба хотирам оянд, хоб аз
сэрам мепарад. Рузе ба қишлоқи Амондара рафтам, ки кампире
пеши роҳамро гирифт ва гуфт: Шумоя райкоми мо мегӯянд
рост? 7 м’

— Рост, модар.

_ _Муйсафедам мурд. Ду рӯз боз кафан мекобам, намеёбам
гуедчи кор кунем? Чи рӯзҳое буданд, — гуфт Абдулаҳад Қаҳҳоров
сарашро хам намуда.

Шароф-амак ҳам хотироти ҳузновари дигари он рӯзҳоро ба ёд
оварда, илова намуд, ки душвориҳо тоқатшикан буданд, аммо аз
наели мо ҳеҷ кас рӯҳан шикаста нашуда буд:

Ёд доред, Мулло Абдулаҳад, — ҳамон солҳо нақшаҳои
сохтани каналҳои дашти Марғедар, дашти Малла ва Косатарошро
мекашидем, корезҳои Туқсанкорез ва иншоотҳои дигар таъмир
шуда буданд. Ҳеҷ гоҳ ноумед нашуда будем, ғами ояндаро
мехурдем.

— Ман аз шумо, Мулло Шароф бисёр чизҳоро омӯхта будам
ҷавон, ки будам таҷриба камтар буд, гуфт Қаҳҳоров бо ҳисси
миннатдорӣ.

Ман борҳо дар сӯҳбати ин ду марди хирадманди ҳамдарду
ҳаммаслак ва бародарони ҷонӣ иштирок доштам. Аз онҳо сабақи

138
зиндагӣ омӯхтаам ва то зиндаам фаромӯш нахоҳам кард. Аз ёди
хайри инду накӯкор кайҳо хотироте навиштанӣ будам, вале кам-
ҷуръатӣ мекардам. Фақат ба наздикӣ ҷиддӣ ба сари ин мақсад
расидам, ки ба ин кор Наимабону, духтари хурдии Абдулдҳад
Қаҳҳоров майловарам намуд. Бо ӯ дар маъракаи олими соҳиби-
стеъдод Аълохон Афсаҳзод ҳамнишин шудем. Наимабону баъд
аз ҳолпурсии самимӣ ба ман чунин гуфт:

— Муаллим, шумо падарамро хуб медонистед. Он касҳам ба
шумо меҳри падарона доштанд, борҳо ҳамсафар будед, чи ме-
шуд, ки оид ба он кас хотироте менавиштед.

— Ташаккур, Наимабону, дар ин хусус ҳатман фикр мекунам,
— гуфтам ман дар ҷавобу беихтиёр ба хаёли дуру дароз афто-
дам.

Рӯзи дигар бо зарурате ба Ленинобод парвоз намудам. Он ҷо
баъд аз иҷрои супоришхри расмӣ бо дӯсти деринаам Аминҷон
Расулов дучор шудам. У мародар боғи ботаникии шаҳр, ки дар
соҳили дарёи Сир, дар мавзеи салқину дилрабо воқеъ гардидааст,
меҳмондорӣ кард... Ман ӯро ба муносибати шастсолагиаш аз
номи дӯстони душанбегиаш — Низорамоҳ Зарифова, Ибодат Раҳи-
мова, Рауф Додобоев ва дигарон табрику муборакбод гуфтам.
Тӯҳфаи фиристодаи онҳоро супурдам. Аминҷон Расулов бениҳоят
сарфароз шуд. Филфавр ба Душанбе телефон кард, ки ба
“апаҳо", яъне ба Н. Зарифова ва И. Раҳимова миннатдориашро
расонад... Баъд ӯбо ҷадал аз мизи кориаш ким-кадом якҳуҷҷат-
ро меҷуст.

— Ана, хайрият, ки ёфтам. Ина хонед, муаллим, гуфта Амин-
ҷон ба ман як папкаи сурхмуқоваро дароз кард.

Папкаи муқовасурх мактуби табрикии Абдулаҳад Қахдоров ба
унвони соҳибҷашн А. Ф. Расулов будааст. Мактуб пур аз сухано-
ни самимии рӯҳафзову панду х,икмат буд. Вақто ки ман номаи А.
Қаҳҳоровро мехондам. Дӯстам аз рӯи ман чашм намеканд. Ман
бошам ба андеша ғӯта задам, хомӯшона онро мехондам, сухани
муносиб меҷустам, ки ин сукунатро худи соҳибҷашн шикает:

— Ҳар кас ба қадри инсон расида наметавонад. Охир ман
кистам, ки ба унвони ман ин қадар суханҳои дилсӯзонаву падаро-
на эҳсон доштанд. Гӯед, чӣ хел ман ба ин некиҳои Абдулаҳад
Қаҳҳорович ҷавоб диҳам? Аминҷон аввал хеле ба ваҷд омад.
Пае ӯ каме оромтар шуду аз дастгириҳо ва маслиҳатҳои оқилонаи
А. Қахлоров барои ҳарчи зудтар ободу зебо гардидани шаҳрҳои
Қурғонтеппа ва Ленинобод на|ути тӯлоние кард. А. Ф. Расулов дар
шаҳрҳои номбурда солҳои зиёд вазифаи раисии комиҷроияи сове-
тҳои депутатҳои меҳнаткашонро ба ӯхдадошт ва хеле фидокоро-
на хизмат кард.

Вақтҳои гуногун сифати фаросати баланду накӯкориҳои А.
Қаҳҳоровро на фақат дар Ленинобод, балки дар Қаротегин — аз

139
забони Тӯйчӣ Олимов, Наим Одина, дар Бадахшон — аз Худо-
назар Мамадназаров, Хушқадам Давлатқадамов, дар водии Вахш
аз Розиқ Раҳмонов, Сироҷиддин Исоев, Усмон Мӯминов, Ҷало-
лиддин Муҳаммадов, дар Файзобод ва Мирзохоҷа Шоев, дар
Кулоб-аз Ҳаким Бобоев, дар Душанбе аз Мирзо Бобоев, Л. П.
Қандинов, Абдусамад Шарифов, дар қишлоқи Кулолии райони
Панҷакент — аз Нуралии Розиқ ва дахдо дигарон борҳо шунида-
ам.

Сабаби асосии обрумандии эшон дар он аст, ки А. Қаҳҳоров
аз зуҳуроти мағрурӣ, ҳавобаландӣ, муҳимтараш маҳалчигӣ орӣ-
буд. Вай инсони некро қатъи назар аз ҷои таваллуди ӯ, кӣ будани
элу авлодаш эҳтиром мекард.

Дар Ленинобод нақлҳои А. Ф. Расуловро дар бораи сифатҳои
инсонииА. Қаҳҳоров бо диққат гӯш мекардаму бе ягон риёкорӣ
дастгирӣ мекардам, зеро хусусиятҳои хуби услуби роҳбарии А.
Қахрфровро худам ҳам солҳое, ки дар Панҷакент вазифаи раиси
комиҷроияи районро ба зима доштам, баръало мушоҳида мекар-
дам.

— Аминҷон-ако, ин эҳсоси шуморо ман ба хубӣ мефаҳмам.
Фаромӯш накунед, ки ман ҳам шумо барин як вақтҳо раиси
комиҷроия будам ва бо Абдулаҳад Қахҳоров - раиси Ҳукумати
республика зуд-зуд корафтода мешудам. Ана гӯш кунед:

— Бори аввал ба сифати раиси комиҷроия ба қабули он кас
рафтаму аз кору бор, иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ - гӯшт, пашм,
шир, ғалла, тамоку, мева, шолӣ, вазъияти саноати район нақл
карда додам, баъд чанд масъалаҳои ҳалталабро пешниҳод кар-
дам. А. Қахҳоров нақли маро бо диққат гӯш карданду - “бисёр
хуб” гуфта андаке ба хаёл рафтанд. Силас мулойм карда гуф-
танд:

— Агар каме танқид кунам, хафа намешавед?

— Чаро, ба чашм-гуфта гӯё ҳозирҷавобӣ кардам.

— Шумо дар бораи иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ нағз ахбор
р,одец,_ ин бад нест. Аммо шумо дар он ҷо сарвари Ҳукумати
Совети ҳастед, аҳволи халқ чӣ хел аст, ин нақшаҳо бо кадом
азобу машаққат иҷро мешаванд, дараҷаи зиндагӣ, ҳолати хизма-
ти тибби, кори мактабу маориф, маданият чӣ тавр аст, ягон
даҳон ran назадед. Нақшаҳои истеҳсолиро колхозу совхозҳо бе
ману шумо ҳам вазифадоранд, ки иҷро кунанд. Аммо масъалаҳои
иҷтимои - таъминоти моддиву маънавии халқ, сохтмони манзил-
гоҳҳо, ободии шаҳрудеҳаҳо бе дахолати ҳаррӯзаи шӯрои шаҳрӣ,
шуроҳои қишлоқ ҳал намешаванд... Инро ҳеҷ гоҳ набояд аз
хотир баровард.

Пае ӯ маслиҳатҳои муфиди дигарро низ доду диққати раиси
ҷавонро ба ҳатман обод нигоҳ доштани мақбараи устод Рӯдакӣ,
музеи одамушшуаро вай дар шаҳри Панҷакент ҷалб намуд.

140
— Ёд доред, — гуфт А. Қаҳҳоров, — соли 1958-ум ба Панҷруд
киҳо омада буданд?

— Н. Тихонов, Р. Гамзатов, М. Иброҳимов, Гурбахш Сингх
(Ҳиндустон), Мао Дун (Хитой) ва дигар арбобони бузургтарини
тамаддуни олам.

Онҳо ба Панҷакент на барои он омада буданд, ки шумо
нақшаҳои истеҳсолиро иҷро карда будед. Онҳо ба зиёрати зод-
гоҳи Рӯдакии бузург, сардафтари адабиёти форсу тоҷик, ки хуш-
бахтона дар райони шумост, омада буданд. Инро ҳеҷ гоҳ фа-
ромӯш накунед.

Ин аввалин сӯҳбати расмии А. Қаҳҳоров бо ман буд, ки солҳо
дар лавҳаи хотирам мондааст.

А. Қаҳҳоров ба Панҷакент, мардуми онҷо меҳри махсус дошт,
зеро солхри зиёди ҷавонӣ дар онҷо хизмати зиёде кардааст,
барои инкишофи иқтисодиёту маданияти он сарзамин ^ заҳмат
кашидааст. Аз ин сабаб ӯро дар шаҳру қишлокҳо бонеки сифат
мекунанд. Ба ҳамин наздикй дар ҳамон сарзамин нисбат ба А.
Қах,ҳоров боз чанд нақпҳои ибратангезро шунидам. Дзр Панҷа-
кент, Колхозчиён, Кулолй, Могиён, Ёри ва Амондара дар рафти
сӯҳбатҳои тӯлонӣ фаъолони калонсол номи Абдулаҳад Қаҳҳоров-
ро тез-тез ба некй ба забои мегиранд. Ин дафъа рузи яхшанбеи
моҳи июли соли 1988 дар гулбоғи “Қосимобод” бо дустони дерин
- Салим Бобоев, Сергей Дмитриевич Одинаев, Раҳимдод Кари-
мов, Султонмурод Шодиев маҳфили хосае доштем. Аз гузашта-
гон, аввалин роҳбарони партиявию советй, ки барои ободии
Колхозчиён хизмат кардаанд, сухан мерафт, номи Қаҳҳоров, ки
ба забои омад, Раҳимдод Каримов ҷилави гапро ба ихтиёри худ
гирифта, нақли аҷибе кард:

— Соли 1944, замони вазнинтарини ҷанг А. Қаҳҳоров дар
собиқ райони Колхозчиён котиби якуми комитети партияви шуда
кор мекард, — гуфта, нақпашро cap кард Раҳимдод, ки худаш он
солҳо дар комитети комсомолии район котиб будааст. — Дар айни
авҷи кишту кори баҳорӣ Р. Каримовро ба қишлоқи Мӯсобозори
советй қишлоқи Фароб вакили райком таъин мекунанд. Аз мушо-
ҳидаи вакили райком маълум мешавад, ки дар Мусобозор касе бо
кори колхозй машғул нест: Ҷуфтҳои гов дар оғилҳо бекор, кол-
хозчиҳо бо гаштакхӯрӣ, тӯйгардӣ, бозоргарди овора, барои кишт
кардан дар анбор тухмй нест. Раиси колхоз С. Норматов бошад,
ба меҳмонгардиву кайфу сафо овораву парвои кори колхозро
надорад...

Бо маслихдти вакили райком аъзоёни комсомоли он колхоз
ҳафт нафар ҷамъ мешаванд. Дар он ҷамъомад вазъияти корро
муҳокима мекунанд ва ба хулоса меоянд, ки маҷлиси колхозро
даъват намуда, масъалаи иваз кардани раисро ҳал кунанд.
Чунин ҳам мекунанд. Бо ташаббуси комсомолон дар маҷлис вазъ-

141
пяти корро тасфон муҳокима карда, раисро аз вазифааш озод
мекунандва ба ҷои вай ҷавони боғайрат ва бомасъулият Ҳамро-
евро раис интихоб мекунанд. Раиси кӯҳна С. Норматов, ки дар
район пушту паноҳи зиёде дошт, бошитоб рафта, аз боной ком-
сомолҳо арз мекунад. Ин хабар ба котиби якуми райком А.
Қаҳҳоров ҳам мерасад, ки ӯ бюрои райкомро даъват мекунад.
Дар бюро баҳсу мунозираи зиёде мешавад. Тарафдорони раиси
куҳна оташин шуда, таклиф мекунанд, ки ба Р. Каримов барои бе
розигии райком аз вазифа озод намудани раиси колхоз ҷазои
ҷидди дода шавад.

— Дар ҳақиқат, — гуфта суханашро давом медодР. Каримов,

ман ва комсомолҳои колхози Мӯсобозор чунин ваколатро на-
доштем. Мо низомномаи ҷиддии ҳизбиро худсарона ва дағалона
вайрон карда будем... Барои ҳамин ҳам дар бюро ба як қарори
аниқомадан мушкил буд. Дар чунин вазъияти нотакрору ногувор
котиби якуми райком ба зуддӣ ақидаи худро изҳор намекард,
муҳокимаи масъаларо бошуурона кашол медод. Охири охирон ӯаз
ҷояш хест ва ба хотимаи муҳокимаи масъала дахолат намуд: “Бе-
шубҳа, ҳақанд рафиқоне, ки дар хусуси дағалона вайрон кардани
услуби аз вазифааш озод намудани Норматов сухан ронданд.
Мо метавонем қарори маҷлисро ҳозир бекор кунем. Чунин ҳуқуқ
дорем. Аммо, баъд аз андешаи дуру дароз ман мехостам, ки
аъзоёни бюро ба ин масъала аз дигар пахдӯ низ нигоҳ кунанд...
Рафтори комсомолон ба фоидаи кор аст ё ба зиёни кор? Раис
Норматов сазовори дастгирии райком аст ё не? Мо ба ин масъала
руяки ва яктарафа назар карда наметавонем. Ба фикрам, вазъият
чунин қарорро тақозо мекунад, ки мо ташаббуси комсомолҳо ва
ҷавононро дастгири кунем ва Ҳамроевро ба ҷои Норматов раис
тасдиқ кунем, — гуфта, суханашро хотима дод А. Қахдоров. Ин
воқеа рузи дигар дар район пах,н шуда, боиси дар пеши назари
мардум боз ҳам баландтар гардидани обрӯи комсомол гардид,
Тамоми комсомолҳою ҷавонон аз А. Қаҳҳоров миннатдор буданд,
ки у ба онҳо эътикрди баланд дорад, — чунин одам буд А.
Қахҳоров, — гуфта маънидор ба рӯи мо нигоҳ кард Р. Каримов.

Ин нақли шоҳиди зинда аз оқиливу мавқеи аёну бемайлони
партиявияти А. Қаҳҳоров шаҳодат медиҳад. Дар ҳақиқат ӯ ба
ҷавонон эътиқоди том дошт.

Чаро ба ҳамин ҷиҳати услуби кори А. Қаҳҳоров мо махсус
ишора кардем? Гуфтанием, ки ҳам дар солҳои шахсиятпарастй,
бюрократӣ — маъмури ҳам дар солҳои карахтиву бесарусомонй ба
монанди Қаҳҳоров як зумра қадрҳои соҳибистеъдод ва масъули-
ятшинос дар ҳама ноҳияҳои ватанамон буданд, ки ғами фардоро
мехурданд, дар вазъиятҳои нотакрори нодир бори гарони масъу-
лияти шахсиро бошуурона ба души худ мегирифтанд.

Ин ҷо, ки сухан аз муносибати А. Қахҳоров ба ҷавонон рафт.

142
беихтиёр як лаҳзаи ҳамсафариамон ба кишвари басо дур —Кана-
да, соли 1967 ба ёдам меояд. Як шабонарӯзи он мусофирати
хотирафрӯз ба зиёрати яке аз мӯъҷизаҳои дунё — Шаршараи
Ниагар ва хусусан манораи баландтарин, ки аз болояш тамоми
штати Нию-Ёрки ШМА менамояд, бахшида шуда буд. Ҳамон
бегоҳӣ аксари хдмсафаронамон, — аз ҷумла И. Раҳимова, М.
Осимй, А. Махсумов, Ҳ. Мавлонова, М. Собирова, Ш. Муллоҷо-
нова, М. Муравин ва дигарон, ки аз кӯфти гашту гузори роҳи
хеле зиёде беҳад монда шуда буданд, ба сардори ҳайати вакило-
ни тоҷик А. Қахдоров изҳор намуданд: "Раис, моро аз таоми шом
озод кунед, ки бе муболиға мадори хӯрокхӯрӣ надорем, ба катҳо,
ки расидем, дигар хестанамон амри маҳол аст”. Раис дар ҷавоб
гуфт: — "Вазъиятатон то ба ин дараҷа расида бошад, май ни
мегӯям, шабатон ба хайр, пагоҳ программаамон аз имруза ҳам
вазнинтар аст". Аксари хдмдиёрон хушбошй карда рафтанд. Баъд
азфурсате пешхизмати меҳмонхонаи “Таронто’дар ҳуҷраи сардо-
ри ҳайати вакилони мо дастархони махсуси пур аз нозу неъма-
тҳои барои мо ғайри урфй —банан, ананас ва дигар меваҳое, ки
бо ибораи халқӣ, ғайраз “шири мурғу ҷони одам" дигар ҳама низ
муҳайё буд, густурд, ки инро расми меҳмоннавозии он ҷо тақозо
мекардааст...

Кор, ки чунин ранг гирифт, А. Қахҳоров ба воситаи телефон
моро наздашон даъват карда маслихдтомез пурсиданд: Ин кори
мизбононро бинед, Мулло Холмурод, чй кор мекунем? Худаш
ҷавоб дод-Рад кунем, беҳурматӣ мешавад. Бигузор калонсолҳо
дам гиранд... Ҷӯрабек ва Маҳмудҷонро даъват кунед, биёянд.
Онҳо ҷавонони пурғайрат, ҳанӯз монда намешаванд ва ҳатто
қодир ҳастанд, ки мондагии моро бароранд. Каме аз ин хӯрокво-
риҳо, меваҳо-банан, ананас ба апаатон Ибодатхон фиристед, ки
гурусна хоб накунанд", — гуфта раис нақшаашонро ба ман фаҳ-
монданд, ки амалӣ гардид.

Такрибан соатҳои даҳи шаб дар ҳуҷраи А. Қахҳоров, чор
ҳамватан-соҳибхона, Ҷӯрабек Муродов, Маҳмудҷон Воҳидов ва
камина сари дастархон нишаста, бо иштиҳо шомхуриро cap кар-
дем. Соҳибхона бо табассуми ба худ хос гулу афшонда, маҳин
гуфт: — Шумоёнро нороҳат-ку накардем? Гуруснахоб нараветон
гуфта, ба ин қарор омадем, ки таомро бо ҳам бинем. Боз кай
чунин фурсат пайдо мешавад, ки ба сӯҳбати якдигар ва хусусан
шумоён ҷавонони умедбахшамон мушарраф шавем.

Дар ҷавоб Ҷӯрабек гуфт: “Устод, моро шарм надоронед,
барои мо ба шумо барин одам нишастан, панд омухтан бахти
бузург аст". Гуфти ӯро Маҳмудҷон бо хондани ин байт қувват дод:
Азми дидори ту дорад ҷони бар лаб омада,

Гӯ: барояд ё дарояд, чист фармони шумо?

Чунин охднги самимӣ пайдо кардани оғози суҳбат мақоли

143
“соле, ки накуст, аз баҳораш пайдост’’-ро ба хотир меовард.

Он шаб аз таомҳои басе пурлаззат ва шаробҳои гуногунтои-
фаи ғарби сӯҳбати ҷамшедӣ авҷ гирифт. Сӯҳбату лафзи шакар-
бори пири ботадбир, инсони хирадманд Абдулаҳад Қахдоров бо
ҷавонони саодатманд, ки онҳо дар ҳалқаи заррини панди пири
оқилу доно буданд, он лаҳзаҳо мубодилаи афкори тарафайн
мисли шири сафеди пӯхта дам мезад. Қадахдои аввалин, ки
ҷӯшида шуданд, Маҳмудҷон чанд мисраъро аз хазинаи Ҷалолид-
дини Руми ба ҳамсуҳбатон туҳфаи аввал намуд:

Дило, назди касе биншин, ки аз дилҳо хабар дорад,
Ба зери он дарахте рав, ки ӯ гулҳои тар дорад.

Ба ин бозори атторон марав ҳарсӯ чу бекорон.

Ба дукони касе биншин, ки дар дӯкон шакар дорад.

А. Қах^оров табассум карда, каме ба андеша рафт. Баъд ба
унвони Маҳмудҷон Воҳидов кадаҳи арзанде гуфт: “биёед, дӯстон,
барои истеъдоди нотакрори Маҳмудҷон, дили ҳассосу нозуки вай,
барои пешрафти эҷодиёташ як чуръаи дигар нӯшем”.

Маҳмудҷон, ки аён рӯҳбаланду сархуш буд, ба Ҷӯрабек да-
рафтод: “Ҷурабек, тоба кай хомӯш менишинӣ, охиртуям ягон ran
зан. Мо боз кай ба чунин сӯҳбатҳо мерасем? Кай фалак моро ба
инбаланди мерасонад?"

— Бачашм, ба чашм Маҳмудҷон,— гуфта, Ҷӯрабек, филфавр
хесту рафта аз ҳуҷрааш торашро овард ва онро ҷӯр карда аввал
“Суруди Рудаки^-ро ба авҷи аъло расонд. У, ки паи ҳам ва булбу-
лосо ғазалсарои мекард, мо ҳама гӯё як тан ба ҳушу гӯш табдил
меёфтем. Ҳамин, ки Ҷӯрабек сурудашро ба охир расонд, А.
Қахҳоров аз ҷояш хест ва аз пешонии Ҷӯрабек падарвор бӯсид ва
таклиф намуд, ки_ як қадаҳӣ ба шарафи Мулло Ҷӯрабек нӯшида
шавад. Шаробҳо нушида шуданд ва соҳибхона илова намуд: "Мура-
бек овозашро бояд ҳатман эҳтиёт кунад. Ҷӯрабек, Маҳмудҷон,
Малика баринҳо аҳён-аҳён пайдо мешаванд. Бояддонед, ки истеъ-
доди нотакрори шумо танҳо шахсан ба худи шумо мансуб нест,
ин сарвати милли аст. Ин масъулиятро ҳар лаҳза шахси соҳибис-
теъдод уҳдадор аст, ки ҳис кунад. У аз қисмати бади чанд
ҳунарманди азхудрафтаву бетамиз мисолҳо овард, ки онҳоро
хулқи бадашон нобуд кардааст.

Бояд ошкоро гӯям," ки ҳеҷ гоҳ А. Қаҳҳоровро ба монанди он
шаб руҳбаланду чеҳракушод надида будам. Шеър мехонд, оҳан-
геро замзама мекард. Ҳам “меҳмонҳо” ҳам соҳибхона ба дараҷае
қаноатманд буданд1 ки сӯҳбаташон ба ибораи халқӣ “қаймоқ
гирифта буд’’. Ҳам Ҷурабек, ҳам Маҳмудҷон чунон нотакрор ҳунар-
намои мекарданд, ки гӯё садои овози онҳо аз чашмаҳои софи
куҳи сарбаланди тоҷик фаввора мезаданд. Шояд эътирофи дунёи
дигар ҳам онҳоро ба ваҷд оварда буд. Гарчанде бемаҳал буд,
касе аз мо хастагиашро ҳис намекард ва касе аз сокинони дигари

144
меҳмонхона ҳам аз мо шикоят намекард. Беихтиёр ин байт ба
забонам омад:

Ҳаббазо базме, к-аз ӯ ҳар дам дигаргун зеваре,
Осмон бар оламе бандад, замин бар кишваре.

Байтхонии маро ба мушоҳида гирифта, Маҳмудҷон партофта
монд:

Шаб рафту ҳадиси мо ба поён нарасид,

Шабро чӣ гунаҳ ҳадиси мо буд дароз.

Ин байтҳо моро аз олами воло ба замин фаровард. Тарки
сӯҳбат воҷиб шуд. Соатҳои сеи шаб ба роҳрав баромадем, ди-
дем, ки чанд нафар аз хдмсояҳо сигорҳо дар лаб бо марок,
овозхонии Ҷӯрабек ва шеъргӯии Мах,мудҷонро гӯш мекунанд. Онҳо
моро дида “браво, браво” гуфтанд.

Абдулаҳад Қаҳҳоров дар республика аз зумраи роҳбароне
буд, ки дар кори наҷиби инкишофи маданият, адабиёту санъэт
ба Бобоҷон Ғафуровхуб пайравӣ мекард. Вай нозуктарин масъ-
алаҳои ин соҳаро дарк менамуд, дар хусуси муҳайё намудани
шароити кору зиндагии ҳунармандон ғамхори мекард, бо бисёр
арбобони намоёни адабиёту санъат робитаи бевоситаи дустиву
дилбастагии содиқона дошт. БоМирзо Турсунзода, Мирсаид Мир-
шакар, Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ, Рах,им Ҷалил, Фотеҳ
Ниёзӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ ва дигарон зуд-зуд вохӯрда, бо онх,о
роҷеъ ба рӯйдодҳои адабӣ мубодилаи афкор мекард, доимо аз
х,олу аҳволашон бохабар буд. Мо борҳо бо ӯ ҳамроҳ ба хонаи
истирохдти адибон дарВарзоб бааёдати Мирзо Турсунзода раф-
таем. Солҳои зиёд, ки дар дастгоҳи КМ Партияи Коммунистии
Тоҷикистонбо Ибодат Раҳимова якҷоякор мекардем, дармавриди
дучорӣ бо проблемаҳои гуногуни ҳалталаб оид ба маданият у
чунин мегуфт: “Ин масъаларо раис худашон ҳал мекунанд, биёед
бо он кас маслих,ат кунем!”

Ин бесабаб набуд. Абдулаҳад Қаҳҳоров ба _қадри заҳмати
қаламкаш, ҳунарпешаҳои соҳаҳои санъати театри, мусиқи, рас-
сомӣ, кино ва ғайра мерасид. Ин хислати неки уро берун аз
Тоҷикистон ҳам медонистанд...

Соли 1969 барои ҳалли масъалаҳои гузаронидани даҳаи
адабиёту санъати Тоҷикистон дар Узбекистони бародари ба Тош-
канд рафтам. Он ҷо дар иҳотаи дӯстони тошкандиам - Саид Шер-
муҳаммадов, Ғайниддин Наҷимов, Мақсуд Қориев, Сироҷиддин
Камолиддинов ва дигарон сӯҳбати хосае доштем, ки ғайри чаш-
мдошт академик Вох,ид Зоҳидов аз ман пурсид:

— Ин Абдулаҳад Қаҳҳоровтон чӣ хел одам аст, дустам Хол-
му род?

— Чӣ хел одам мешуд? Одами хуб аст, аммо шумо устод
чаро чунин суол кардед, гуфтам ман тааҷҷубангез. Мо ҳеҷ
бадиашро надидаем.

145
— Барой он. ки дӯстам, фикри шуморо донистан мехостам.
Дар Узбекистон А. Қаҳҳоровро бисёртар дӯст медоранд ва қадр
мекунанд. Аз Комил Ёрматов. Мухтор Ашрафй, дигарон сифа-
тҳои хуби зиеиёна ва инсонии ӯро шунидаам. ки мегӯянд басо
нозукгуфтору фозил аст.

— Дар ин бобат онҳо ҳеҷ хато накардаанд. Абдулаҳад
Қаҳҳоров каси хуштаълиф аст. асарҳои зиеди публисистй ва
сафарномахд дорад. Шумо устод очеркҳои публисистии ӯро оид
ба эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишерй Навой ва дигар
бузургон хондагистед? - пурсидам ман.

— Хондам, хондам, ки чунин савол додам, — гуфта хандид
академик.

-Дар хусуси фазилату дунёбохабарии А. Қаҳҳоров шубҳа на-
кунед устод, гуфтам. агар вай соҳибистеъдод намебуд, ӯро соли
1958-ум Раиси Комитети Ҷашни 1100-солагии чунин бузургвор -
Рӯдакӣ таъин намекарданд, гарчанде ӯ Раиси Госплан буду бо
адабиёт сэру коре надошт. Он лаҳза ба академик Зоҳидов аз
нозукбаёнии Абдулаҳад Қах,ҳоров нақл мекардаму нозукрафториҳои
он марди тиринхулқ ба лавҳаи хотирам меомад...

Як бегоҳӣ дар театри академикии ба номи Лоҳутӣ шабнишиние
дойр ба даҳаи адабиёти Белорусия дар Тоҷикистон баргузор шуда
буд. А. Қаҳҳоров ҳамаи ҳайъати вакилони Белорусияро самимо-
на пазирой намуд, хайра макдам гуфт. Дар президиуми он маҷли-
си ботантана, дар паҳлӯи Абдулаҳад Қаҳҳоров шоираи номдори
Белорусия Евдокия Лос менишаст. Чунин вазъияте буд, ки А.
Қаҳҳоров имкони бо сухан хурсанд кардани шоираи ҳампахдӯяшро
надошт. Аз ин сабаб, ӯ чунин кори ғайри чашмдошт, аммо хеле
мардонаю шоиронае кард: Аз ҷебакаш кордчаеро бароварду аз
гулдони дар пешаш будагй як навдачаи гули сурхи шукуфони
садбаргро бурида ба ҳамсояаш такдим намуд. Аз чунин икдом
Евдокия Лос чунон ба ваҷд омада буд. ки қариб сурхии рӯяш ба
сурхии гули садбарги такдим гардида хдмранг шуд. Ин таассуро-
ташро шоираи Белорусия дар шеъраш Мард гул такдим меку-
над”, ки ба А. Қаҳҳоров бахшида шудааст, басо нозук тасвир
кардааст. Аммо Лос шояд дартасвири қаҳрамони лирикиаш пур-
ра мусаллаҳ набуд. Рӯзи дигар ӯ ба ман гуфт:

Ин мард гарчанде шоир нест, аммо дили булӯрини шоиро-
на дорад.

Ҷоиз аст зоҳир намоям. ки нафақат Евдокия Лос, балки
бисёриҳо дар Тоҷикистон низ аз шугли шоирии А. Қаҳҳоров,
истеъдоди гании вай бехабаранд. А. Қаҳҳоров бо тахаллуси хоксо-
рона-Туроби шеър мегуфт, шеърхри баландгояи гражданй ме-
гуфт, ки таърихи иншо шудани яке аз онҳоро ба маълумоти
хонандаи азиз расониданиям.

Дар ҳамон сафари номбурда - ба Канада, шояд дар зери

146
таассуроти хониши тӯлонии Ҷӯрабек дар ошёнаи 20-уми меҳмонхо-
наи "Торонто" бошад, Абдулаҳад Қаҳҳоров шеъри тозае навишта
буд, ки ҳамон рӯз он шеърро ба ман дод, ки фикрамро гӯям,
Шеърро хондаму ба Осимй низ нишон додам, ӯ хонда шеъри хуб.
раис ин хел қалами хуб доштаанд, — гуфту ба ман баргардонд.
ки ин ҷо аз он шеър чанд сатрҳои ҳанӯз ҳам дар хотирам бударо
ба хонандаи азиз манзур карданиям:

Ҳофизо, хон ту суруди Ватанам,

То ки осуда шавад ҷону танам.

Гарчи аз хоки азизаш дурам,

Дар назар ҷилвагар аст он чаманам!

Шеърро ба муаллиф барнагардондаму ба ҷебаки Ҳанифабону
Мавлонова гузоштам. Ҳамин, ки ба Душанбе баргаштем. Зиёдул-
ло Шаҳидӣ ба ин шеър оҳанги муносиб иншо намуд. Ҳанӯз ҳам
ин суруд бо матни Туробй дар репертуари Артисткаи халқии
СССР Ҳанифабону Мавлонова, ки яке аз беҳтарин овозхонони
касбии советист. ҷои махсусеро ишғол мекунад. Нозукбаёнй ва
нозукаёнии Абдулаҳад Қаҳҳоров нафақат дар табъи латифи вай.
шеъргӯияш, тасавуроти комил доштани ӯ аз ҷаҳони маънавй-ада-
биёт. шаклҳои гуногуни санъати нафиса ифода мегардид, балки
бештар аз он дар муносибаташ нисбат ба инсон, ҳисси нотакрори
ғамхорӣ, меҳрубонӣ, пуштибонй нисбат ба ҳунар зоҳир мегардид.

Сазовор аст, махсус қайд кунем, ки ӯ ҳамчун падар ҳам ба
дигарон намунаи ибрат буд. Фарзандонашро дар рӯҳи меҳнатдӯстӣ,
фозилӣ, ботамизӣ, инсонпарастӣ тарбия мекардва мехри онҳоро
дар мағз андар мағзи дилу ҷигараш мепарварид. Ед дорам,
тирамоҳи соли 1968 Абдулаҳад Қаҳҳоров маро ба назди худ
даъват намуду аз кору бору ҳолу аҳволам пурсону ҷӯён шуд.
Пае маънидор ба андешае рафту ба ман бо чунин суол муроҷиат
кард:

— Мулло Холмурод, шумо Орифшоро нағз мешиносед? Медо-
нам. боӯ ба Афғонистон ҳамсафар ҳам будед?

Аз қиёфаи ӯ мушоҳида намудам. ки ин ҷо сирре ҳаст ва
худамро ба нодонӣ андохта гуфтам:

— Магар ӯ ягон рафтори носазо кардааст?

— Не, интавр не. вай ба духтарам Наима талабгор шудааст...
Ин ҷо медонед, — давом дод суханашро А. Қаҳҳоров, — ran аз
қисмати фарзанд меравад, барои ҳамин бо шумо маслиҳат кар-
данӣ шудам.

А. Қаҳҳоров марде буд, ки дар асл, ботинан ба фарзандонаш
ҷонфидо, ғамхор буд. ки ин сифати беҳамтояшро ӯ амалан исбот
кардааст...

Моҳи феврали соли 1984 марди бардаму саломат духтари
бемораш Назираро дар беморхона хабаргирӣ меравад ва аз
вазъияти бади ӯ, гирифтории вай бо дарди бедавою беамон огоҳ

147
гардида. маъюсу мутаассир. дилшикаста ба хонааш бармегарда-
ду худи ҳамон шаб аҷал гиребонашро мегирад. Акнун дар болои
лахдди ӯ чунин навишта шудааст:

АБДУЛАҲАД ҚАҲҲОРОВ

17 12

19---13—19 -----84

4 2

Чунин дили булурин, нозукуҳассос дошт Абдулаҳад Қаҳҳоров
Дили ӯ на фақат ба фарзандони худаш месӯхт. Марсияи навиш-
таиӯба марги як деҳқони оддӣ Нуралӣ Розиқҳанӯз ҳам, ки ёдаш
кунам, аз чашмонам ашк меравад.

Ҳар падар мехоҳад ба фарзандонаш, ки давоми умри ӯянд,
меросҳо гузорад. Яке қасру хонаю ҷои боҳашамат, дигаре боғу
роғи бузург. сеюмин зарру зевару молу мулк, мошинҳои сабук-
рав. Аксар вақт чунин меросҳо, ки онҳо баъзан бо рох^ои фиреб
ҳам ғун шудаанд, на боиси хушбахтй, балки сабаби бадбахтии
фарзандон ва дилхунукию кашокашиҳои тӯлонӣ барои мерос ме-
гарданд. Мисоли зиёди ин ҳодисаҳоро дар зиндагй бисёр дидаем.

Абдулаҳад Қаҳх;оров ҳам ба фарзандону хешовандонаш ва
халқаш мероси ғание гузоштааст. Ин мерос, мероси қимматтарин
аст, ин мерос аввало номи неки ӯст, ин мерос каломи шакарбори
ӯст, корҳои пурсамари ӯст дар инкишофи иқтисодиёт, илм ва
маданияти кишвараш, ки ба ҷон барбар дӯсташ медошт, зеро
худи вай яке аз сазовортарин фарзандони содиқи халқи азизаш
буд. Кошкӣ дигарон ҳам ба фарзандонашон чунин мерос мегузош-
танд. Фирдавсии бузургвор гӯё дар шаъни ӯ гуфтааст:

Ки яздони некидиҳаш ёр бод,

Бадандешу бадгӯи ӯ хор бод!

Аз гуфтаҳои мо дар боло ба хонандаи азиз фикри ғалате
пайдо нашавад, ки А. Қаҳҳоров фақат шахси ҳалим, меҳрубон ва
ба ҳама як хел раҳмдил буд. Ҳаргиз! Дар мавридаш, дар майдо-
ни кор вай лринсипнокии олӣ, маҳорати наҷиби кордонӣ, истеъдо-
ди ҷустан ва ёфтани қарори дурусти масъалаҳоро нишон медод,
ки инро солҳои зиёд дар маҷлисҳои ҳукумат, бюроҳои Комитети
Марказии ПК Тоҷикистон ва хусусан дар рӯзҳои ҳамкорӣ дар
бартараф намудани хатари дарёи Зарафшон аз наздик мушоҳида
намудаам. Солҳои бесарусомонй дар КМ Тоҷикистон ду бюро буд
-як хоҷагии қишлоқ. Ман дар бюрои дуюм аъзо будам, ки шод-
равон Ҷаббор Расулов маро ба ҷои фалокати Зарафшон фирис-
тод ва гуфт: "Он ҷо А. Қаҳҳоров ва В. Е. Новичков х,ам мераванд.
Ту ба масъалаҳои кори сиёсй-идеологй, таъмини шароити кори
зиндагии одамон машғул шав. Он ҷо аз марказ журналистони
зиёде низ омадаанд. бо онҳо мулоқот намо, ба корашон ёрдам

148
кун". Ҳамон вақт Чингиз Айтматов чун мухбири газетаи Правда
низ омада буд, ки як репортажи лирикии хубе бо номи "Зараф-
шон, Зарафшон таслим шав" навишта буд. Онро аз саҳифаҳои
' Правда” мардум бо мароқи қалон хонда буданд. Оҳанги мақола
дилҳоро таскин медод.

Аз он ҳамсафарии дирӯза дар соҳили Зарафшон бо яке аз
устодони бузурги каломи бадеъ Чингиз Айтматов хотироти равша-
не боқӣ мондааст, ки дар мулоқотҳо дар Фрунзе, Москва бо шавқ
ёдовар мешавем.

Ҳамон рӯзҳои серташвишу пурхатар дар чанд штаб ҷамъома-
дҳои ғайриоддии таъҷилие, ки А. Қаҳҳоров бо якҷоягии В. Е.
Новичков ва ҷонишини раиси Совети Вазирони СССР Новиков
мегузаронд, иштирок доштам. Дар он,1штаб”-ҳо роҳбарони ташкило-
тҳои маҳаллӣ Сиддик, Зарифов, Маҳмудҷон Назаров, Ёрмурод
Ғиёсов ва дигарон иштирок мекарданд. ахборот медоданд. А.
Қаҳҳоров вазъиятро таҳлил намуда, бо қиёфаи нотакрори матин
ва басе ҷиддӣ, ҳолдонона масъала мегузошт. У зуд таклифҳои
муфидро қабул мекард ва таклифхри бемулоҳизаро рад менамуд
ва нақшаҳои заруриро ба пеши аҳли маҷлис мегузошт. Боре дар
фароварди суханаш чунин гуфт:

— Рафиқон, донед, ки чашму гӯшу ҳуши на факдт мардуми
шӯравӣ, балки диққати тамоми олам имрӯзҳо ба ҷонибимост,—
ки аздасти мочи кор меояд? Зеро такдири миллионҳо одамон ва
шаҳрҳои бостонӣ, ифтихори маданияти олам Самарқанд, Бухоро,
Панҷакент дар зери хатар аст. Касоне, ки ба кашолкори ва
бемасъулиятӣ рох, додаанд, ҳатман ҷазояшонро мегиранд, аммо
хизмати фидокорон ройгон намеравад, онҳо сазоворанд, ки так,-
дир карда шаванд. Имрӯз, рафиқон, ҳамаамон чун як тану як ҷон
барои бартараф кардани хатари Зарафшон омода ҳастем. Корро
ҳам рӯзона, ҳам шабона дар рӯшноии машъалҳо бояд ташкил
кунем. Касе, ки ба ин усули муҳориба барои бартараф намудани
фалокати азим дар кишвари мо қодир нест, ҳозир метавонад, ки
биравад.

Он рӯзҳои дар ҳаққиқат қаҳрамони А. Қаҳҳоров иҷрои супори-
шҳояшро шахсан худаш ва ба воситаи шахсони э-ътимодноктарин
месанҷид.

Дар хотима изхрр карданиям, кидилбастаги ва садоқати инсо-
нии ман ба А. Қаҳҳоров тасодуфан, яку якбора бунёд нашудааст.
Солҳои 1955-1957 дар Москва таҳсил мекардем. А. Қаҳҳоров дар
курси махсуси такмили ихтисоси кадрхри рох,барикунандаи назди
КМ КПСС мехонд. Он ҷо моён чанде аз шунавандагони тоҷик-Ҳ.
Ҳ. Солеҳбоев, М. Р. Рустамов, С. Ҷумъаев, А. Қах,ҳори, Қ. Ҳаса-
нов, X. А. Алиев, Ш. Нуриддинов, С. Урунов ва дигарон, ки
шунавандаҳои мактаби олии партиявии назди КМ КПСС будем,
“шанбегиҳо” гузаронида, дар атрофи палави тоҷикӣ ва дастархо-

149
ни хоксоронаи талабагӣ. сӯҳбатҳои дилпазир меоростем. Нишас-
тҳо басо хуш мегузаштанд: шеъргӯӣ, сурудхонӣ. зарофатгӯӣ.
ширинкориҳои анъанавии халқамонро ба ҷо меовардем. ки зафъи
дилҳоро мебароварданд.рӯҳбаландамон мекарданд.

Рузе “гунаҳгор -и чунин шанбегии анъанавӣ ман будам. Дӯсто-
ни медонистаги бо ташаббуси худашон ба ҳуҷраам, ба рӯзи
таваллудам ҷамъ омаданд Касе аз дӯстон Абдулахдд Қаҳҳоров-
ро низ хабар карда будааст. ки вай аз дар даромаду "мо чй
гуноҳ доштем. ки ба зиёфат хабар накардед" гуфта. маро оғӯш
намуда табрик гуфт. Палави анъанавӣ. газакҳо. нӯшокиҳо аллакай
руи дастарҳон буданд. Таклиф шуд, ки А. Қаҳҳоров маъракаро-
и кунанд. У ба ҷои нутқи урфии дилбазан як қиссаи халқиро нақл
кард: 'Марде. — гуфт вай. — панҷ писар дошт, ҳис мекард, ки
рузҳои умраш ба шуморанд. Писаронашро наздаш даъват кард,
ки васияте кунад. Аммо ӯ ба ҷои суханҳои дуру дароз ба дасти
писари калониаш ҷорӯберо дод. ки онро аз мобайнаш ду тақсим
кунад. Писар ҳарчандзӯр зад натавонист. Ҷорӯбро писари дуюм
ва сеюм ҳам шикаста натавонистанд. Пас писари хурдй онро
гирифту аввал бандашро кушод. баъд навдаҳои ҷорӯбро якто-
якто ба осони шикаста партофтан гирифт.

Офарин писарам, — гуфт пирамарду аз писарони бузургаш
пурсид, ки чаро ҷорубро шикаста натавонистанд? Онҳо дар сукут
буданд, ки худи падар ҷавоб дод: — Шумо ҷорӯбро барои он
шикаста натавонистед, ки навдах,ояш якҷо ва муттаҳид буданд.
Вақте ки банди муттаҳидии онҳо кушода шуда, қувваи иттиҳод
аз байн рафт, онх,о ба осонй шикаста шуданд... Шумоён ҳам,
писаронам, агар муттаҳид бошед, ҳеҷ кас шумоёнро маглуб
карда наметавонад... Ман ин қиссаро барои чй гуфтам? Мебинам,
ба ҳуҷраи дусти ҷавонамон вакилони республикаҳои бародарй —
РСФСР, Украина. Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркмани-
стон, ҳатто аз хориҷа Чавдар Добреви булгорй низ ҳастанд.
Тавонои. шикастнопазирии мо дар муттаҳидӣ , дар ягонагии мост.
Ман даъват мекунам, ки дар рӯзи таваллуди дӯсти ҳамаамон бо
ҳамин^ нияти якдиливу якоилагии халқамон як ҷуръа шароби
тоҷики бинӯшем. гуфта суханашро тамом намуд Абдулаҳад
Қаҳҳоров. ки истеъдоди баланди хушмуомилагй ва хосияти мут-
таҳиднамоии одамонро дӯст медошт:

Зиндаю ҷовид монд ҳаркӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

150
МАРДИ ДАРЁДИЛ

Рӯзи истирохдт. гашти пешинй дар рӯи ҳавлиамон кӯдакон
ғарқи бозӣ буданд. Онҳо тӯбзанӣ мекарданд: якеашон дарвоза-
бон, дигарҳояшон ҳуҷумкунанда. боз нисфашон мудофиачӣ, капи-
тан ва ғайра. Онх,о ба тарзи худашон тӯб меронданд. . Ҳамон
дам писарбачаи нисбатан калонсолтаре бо иддао ва дағалона
набераи нависанда Фазлиддин Муҳаммадиевро "эй Мирзоча, агар
натавонӣ, гурез аз майдон, халал нарасон". гуфта таҳқир намуд.

Нависанда. ки бо завқ аз тиреза бозии бачаҳоро тамошо
мекард. фавран берун омад ва писаракро наздаш хонда гуфт:
Ту, писарам. аз дигар бачаҳо калонсолӣ, бояд одоби муомиларо
риоя кунӣ. Ин як. Дуюм ин, ки дигар ба ин бача "Мирзоча” гуфта
муомила накун. Магар ту намедонӣ, ки ба шарафи Мирзо Турсун-
зода ба ӯ Мирзо ном додаанд. Баъд, ҷӯра, кӯдакон агар бозиро
нағз надонанд, ту ба онҳо ёдте, дилшонро гарм кун. шавқашонро
ба бозӣ бедор намо. фаҳмидӣ?”

— Фаҳмидам. амак, "биё, Мирзоҷон. бози кун”, — гуфта, пи-
сарбача азпаси тӯб давид ва дигар минбаъд вай Мирзо -набераи
Фазлиддин Муҳаммадиев ва бачаҳои ҳамбозиашро дашном наме-
дод, бо эҳтиром номашонро мегирифт.

Ман ин лаҳзаро барон он ба хотир овардам, ки бигӯям: Фазлид-
дин Муҳаммадиев инсони дорои тамизи олӣ буд. Ин сифати вай
х,ар чӣ зиёдтар дар муомилаҳои ӯ нисбат ба устодонаш зоҳир
мегардид. Вай номхри Ҷалол Йкромӣ, Мирсаид Миршакар, Сотим
Улуғзода, Фотеҳ Ниёзй, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода ва дига-
ронро бо эҳтиром ба забои мегирифт. Аммо ӯ ба Мирзо Турсун-
зода ихлоси хосе дошт, доимо номи ӯро ҳамчун номи табаррук,
номи мураббӣ, шахси фидокори миллат ба забои мегирифт,
бесабаб номи набераи аввалини худро бо эҳтироми бепоён Мир-
зо нагузошта буд.

Лаҳзаи дигар низ ҳеҷ аз хотирам намеравад: яке аз шогир-
дони Мирзо Турсунзода сахтгирии ӯро нисбат ба эҷодиёту фаъ-
олияти худ таҳаммул карда натавониста, аз болои устод ариза
навишт. Ин шикоят дар маҷлиси фирқавии нависандаҳо домана-
дор мух,окима гардид. Бисёриҳо ran заданд. Ягон кас шикоятчиро
тарафдорӣ накард. Ҳама бо нафрат бӯҳтонҳои шикоятчиро ботил
бароварданд. Аммо аксарият худ ба худ савол медод: “Чист
мӯҷиби ин бӯҳтону ҳасад? Охир маҳз устод ин шахсро аз кучаи
гумномӣ ба майдони шӯҳрат оварда буд-ку?. Касе ба саволи худ
ҷавоби аниқ дода наметавонист. Ба назари ман аз ҳама зиёдтар
Фазлиддин сӯхтаву пухта сухан ронда буд. Вай фикри Лоикро
дар хусуси нотавонбинии муаллифи ариза дастгирӣ намуда, гуф-
та буд:

— Ҷура. ин рафтору кирдорат танҳоаз нотавонбинию бахилии
туст. Мо медонем. Мирзо - муаллим яз ҳама бештар ба ту некӣ

151
кардааст. Ту фақат бо як чиз муросо карда наметавонй - бо
шӯҳрати Мирзо Турсунзода. гӯё ин шӯҳрат пеши роҳи туро
мегирифта бошад. Дар таомули мардони майдон як одати наҷибе
ҳаст: марде. ки ба қуллаи баланд баромаданй мешаваду барон
то ба боло баромадан зӯраш нарасад. мардвор икрор мешавад.
ки зӯраш нарасид. қоилу таслим мешавад. Ту ҳам Турсунзода
шуда натавонистй. Тан додан лозим. на бадгӯӣ кардан. Фаромӯш
накун, ки ҷаври устод беҳ аз меҳри падар гуфтаанд. Инро
набояд аз хотир баровард. Ин кӯрнамакиҳо мағзи ҷони касро
месӯзад. Кӯрнамак-кй? Эҷодкор!

Фазлиддин эҳтироми волои худро нисбат ба устодаш солҳои
сол ҳам дар рафтор ва ҳам дар гуфтор зоҳир менамуду бо ӯ
ҳамфикр ва дӯст буд, гарчанде яке нозим буду дигаре носир.
Мирзо Турсунзода барои Фазлиддин Муҳаммадиев пеш аз ҳама
устоди маънавӣ буд. идеали зиндагӣ буд. Агар ӯ имрӯзҳо зинда
мебуд. ба мисли Қутбӣ Киром шарафи каломи оташбори Мирзо
Турсунзодаро аз маломатҳои ғаразноки ҳасадхӯронаш ҳимоя ме-
кард. Охир ҳимояи номи пок ва шарафи Мирзо Турсунзода аз
каждумҳои зери бӯрё. ки акнун аз таги ҷаллу ҷулҳо берун
баромаданд,ҳимояи миллати тоҷик аст.

Ин сатрҳоро дар хусуси ихлосмандии Фазлиддин Муҳаммади-
ев ба Мирзо Турсунзода менависаму сафари якҷояи мо бо ӯ дар
Қирғизистон. ки соли 1976 сурат гирифта буд, ба хотирам мео-
яд. Он вақт Даҳаи адабиёту санъати Тоҷикистон дар Қирғизистони
бародари мегузашт. Диққати маро як чиз ҷалб менамуд, ки Фаз-
лиддин дар ҷой-ҷояш номи устодаш Мирзо Турсунзодаро чун
рамзи маданияти тоҷик. чун ифодагари нектарин орзую омоли
халқаш ба забон мегирифт.

Ёд дорам, ки дар яке аз мулоқотҳои адабӣ сухан роҷеъ ба
эҷодиёти Чингиз Айтматов мерафт. Ба Фазлиддин ҳам сухан до-
данд. У ба унвони дӯсташ ва ҳамқаламаш, ки ҳамсабақи собиқи
у буд. метавонист ақидаи худашро гӯяд. Бар замми ин Фазлид-
дин Муҳаммадиев шахсе буд, ки нахустин бор повести Чингиз
Айтматов' Алвидоъ. Гулсарӣ"-ро ба тоҷикӣ гардонда, ин номро ба
мардуми мо шиносонда буд. Аммо вай оид ба Чингиз гуфтаҳои
Мирзо Турсунзодаро такрор намуд:

— Ман нисбат ба дӯстам Чингиз Айтматов беҳтар аз устод
Мирзо Турсунзода гуфта наметавонам. — изҳор кард Фазлиддину
афзуд: — устод хеле хуб ва образнок гуфтаанд: Замоне сипох,-
солори муғулҳо — Чингизхон нисфи оламро забт карда буд. У бо
оташу шамшер кишварҳоро гузашта. фақат харобаҳоро боқӣ ме-
гузошт, ки онҳо макони зоғону лошахӯрон мегаштанд. Ба кадом
манзиле, ки лашкари чингизӣ қадам мениҳод, он ҷоро фақат
тарсу ваҳму ҳаросу бим, андӯх,у ашкони резон пахш мекард.
Барои ҳамин ҳам ӯ дар таърих чун Чингизи хунхор, чун Чингизи

152
ғаддору истилогар сабт шуд. Ҳанузҳам. оламиён номи ин ғорат-
гари хуношомро бо кароҳият ба забон мегиранд. Ба бахти мо,
Чингизи ҳамзамони мо бо он Чингиз ҳеҷ монандие надорад. Ин
Чингиз ними оламро не, тамоми дунёро тобеъ ва забт намуда-
аст. тамоми сайёраро давр задааст. аммо на бо лашкар. балки
босухани худ. бо қалами худ. бо китобҳои худ, бо кинофилмҳои
худ, зеро онҳо ба халкҳо паёми неки, дусти. садоқати инсони
меоваранд. Чунин гуфта буд устоди мо Мирзо Турсунзода дар
ҳакҳи бародари ҳамаамон Чингиз Тӯрақулович Айтматов. — гуфта
нутқашро тамом кард он дам Фазлиддин Муҳаммадиев. Албатта,
ӯ метавонист, ки худро баробари франсузҳо аз аввалин кошифони
истеъдоди Чингиз Айтматов муаррифи кунад. Ба ин ҳақ ҳам
дошт. Аммо ниҳояти хоксории вай ҳамоно уро тарк накард.

Пас аз оғози расми кушоди даҳаи маданияти тоҷик дар
шаҳри Фрунзе ходимони адабиету санъати мо ба чанд гуруҳи
калон тақсим шуда, ба шаҳру ноҳия ва вилоятхр рафтанд, ки бо
меҳнаткашон мулоқотҳои эҷодӣ намоянд.

Мусофирати вилояти Норини баландкуҳ, ки бо Хитой ҳамса-
рҳад аст. насиби мо гашта буд. Ба гуруҳи эҷодии мо аз адибон
Фазлиддин Муҳаммадиев. Гулчеҳра Сулаймонова, Лоиқ Шерали,
ноширону киноматографистон - Сайфулло Пулодов. Шоди Саи-
дов, ҳунарпешаҳои шӯҳратманди ансамбли Тулшанва дигарон
дохил буданд. Сарпарастии ин гурӯҳи эҷоди ба зиммаи ман ва
академик Муҳаммад Осимӣ гузошта шуда буд,

Ин ҷо ман аз ҳамсафарии инсони наҷиб шодравон Фазлиддин
Муҳаммадиев изҳори ақида карданияму бас.

дар он сафар "корвон -и мо бо роҳҳои печ дар лечи ноҳияҳои
Қӯчкор. Отбошӣ, Тиёншон мегузашт. Аз ҷониби қирғизҳо моро
Ҷумагул Нусупова — ходими намоёни ҷамъиятии Қирғизистон, Қара
кеев Курман Маракеевич - Президенти Академияи илмҳои РСС
Қирғизистон ва нависандаю мунаққиди намоёни Қирғизистон Тен-
дик Аскаров роҳбаладӣ мекарданд. Онҳо барои завқовар, муфид
ва хуш гузаштани сафари эҷодии мо кӯшишҳои зиёде ба харҷ
медоданд.

Дар ин 'корвон'’-и эҷодии мо ҳар ҳунарманд мақоми худро
дошт, саҳми Фазлиддини дилбеқарор бо гуфтору рафтори бофа-
зилаташ, синчакорияш, зарофатгӯиҳояш, тамизу одоби баландаш
мақоми хосе дошт.

Аввалин ноҳияе, ки моро истиқбол намуд, нох,ияи Қуҷқор буд.
Дар хусуси он мулоқотҳо филмҳо гирифта шудаанд, хотираҳо
навишта шудаанд. Худи Фазлиддин Муҳаммадиев низ бо номи “Мо
нориниён" сафарномаашро навишта, чоп карда буд. Ман ин ҷо
фақат аз таассуроти аввалини Фазлиддин Муҳаммадиев гуфтани-
ям. Якумин манзиле. ки ба он ҷо моро даъват намуданд, ин
каппаи қирғизӣ буд. Аксари меҳмонҳо як-як ба каппа даромада

153
баромаданд. Он ҷо қази хурданд. қимиз нушиданд, садом қомуси
қирғизиро шунида баъд бепарво сайру гашт мекарданд. Аммо
рафтори Фазлиддин Муҳаммадиез дигар буд. Ҳамин. ки ҳамроҳ
аз каппа баромадем. вам маро каме боз дошта. ором аммо бо
ҳаяҷон гуфт:

- Ака. ин каппаашон чизи беҳуда набудааст-ку. Ман бори
аввал инро мебинам. Дидед. кионро чй тавр оқилона месохтаанд.
чи гунабоҳавасу бомаҳорат оро медодаанд. Дар хусуси каппа мо
хато мекардем. он фақат сарпаноҳ набудааст. фикри ман бата-
мом дигар шуд. Барой мардуми молдору кӯчманчӣ ин беҳтарин
ихтироъ будааст. о ин маданият будааст. анъана будааст. равед.
ки ҳунар будааст. — гуфт нависандаи ҷӯянда.

~Ҳар ҷое. ки мерафтем, дигарон саргарми хӯрдани каллаву
почаи пухтагии қирғизи, дигар таомҳои милли мешуданд Аммо
Фазлиддин рафтори дигар дошт. Ваӣ ба ҳама чиз аҳамият
медод: мепурсид. ки бо ки гуфтугуй дорад. он ҷо киҳо зиндагӣ
мекунанд, анъанаву ойини зисту зиндагиашон аз дигарон чй фарқ
дорад ва гайра. Чунин хислати писандидаи ин нависанда дар
ҳама лаҳзаҳои он мусофират айён зоҳир мегардид.

Масалан, ҳамин ки ба сӯи шаҳри Норин роҳсипор шудем вай
Тендик Аскаровро саволборон кард: Норин - чй маъно дорад?
Агар аз мафҳуми “нор” бошад, вай чанд маъно дорад, дар мо
нор маънои оташ, анор, шутурро ҳам ифода мекунад гуфт
худи саволдиҳанда.

— Ман дар ин мавзӯъ ҳеҷ фикр накардаам. — гуфт Тендик
Аскарову афзуд-ин хел саволҳо фақат ба каллаи ту. Фазлиддин
меоянд. дар ин хусус ҳануз фикр накардаам. Ҳаминашро гуфта
метавонам. ки таоми машҳуру болаззати хамирини “Норин’-ро, ки
дар Тошканду дигар ҷойх,о хеле таомулист - дар ҳамин вил’оят
аввал пухтаанд. ихтирои мардуми ҳамин кишвар аст...

Корвони дустии моро дар ҳар куҷо бо нону намак, гулу
гулдастаҳои тару тоза - ҳам дастаи йигитҳои аспсавор. ҳам
мактаббачаҳои тозону хандон истиқбол мекарданд. Мӯйсафедҳои
рузгордидаву телпакпуш бошанд, қуши шикорй дар даст бо
ифтихору _шодмони қомат меоростанд. Мо намунаҳои беҳтарини
ин пазирои ва меҳмоннавозиро ҳам дар ноҳияи Қучқор. ҳам
Отбошӣ ва ҳам Тиёншон дидем, ҳар кадомашон нотакрор ва басо
самими ва дустонаву бародарона буданд. Аммо ҳамин ки аз
ағбаи Долон мегузаштем. манзараҳои мафтункунандаи Тиёншони
афсонави ҳар кадоми моро боз ҳам бештар ва зиёдтар ба
ҳаяҷон меоварданд. Як сӯ қуллаҳои телпаки сафедпӯши ос-
монбӯс. як су даштҳои сабзазори беканор. як сӯ арчазорҳо, як сӯ
рамаҳои гусфандҳо. бузу бузғола ва аспҳои бешумор.

Аздур тудаи калони аспсаворон ба чашм мерасид. Онҳо ба
суи мо-мо ба суи онҳо мешитобем. Ҳамин ки ба ҳамдигар раси-

154
дем. аспсаворон филфавр аз аспҳо фуромаданд ва бо рамзи
истиқболи олих,имматонаю дӯстона аспҳояшонро ба мо доданд ва
хоҳиш карданд, ки мо акнун аспсавор. саф кашида, ба манзила-
шон дароем. Ҳамин тавр ҳам шуд. Фазлиддин Муҳаммадиев, ки
дар бари ман буд, хоҳиш кард:

— Ака, ман дар умрам ба асп савор нашудаам. гуед, ки
бароям ягон аспи сарашудаи ёвоштарро диҳанд, ки боз аз боло-
яш парида нараваму шарманда нашавем.

Ба ӯ аспи хубе доданд. Вай дар қатори дигарон моҳирона
аспронӣ мекарду ҳамаи ҳодисотро синчакорона аз назар мегуза-
ронд. Ҳамин, ки ба тӯдаи истиқболгирандагони "замин'-й, ки зиёда
аз ҳазор кас дар майдони васеъ давра зада буданду интизори
омадани мо буданд, наздиктар мешудем. Фазлидцинҷон худдори
карда натавониста, афзуд:

— Ака, аз ростй, ман намедонам, ки хобам ё бедор! Ин
рафиқони қирғизамон тозаям қоил карда истоден-ку. Ана ба вай
кампири болои уштур нигоҳ кунед, ки қушашро ба суи сайд
паронд. Дар ин миёнаи чӯл каппаҳо оростаанд, шиорхр навишта-
анд, олами афсонавй, худи афсонаҳои “Ҳазору як шаб' барин,—
Фазлиддин Муҳаммадиев гоҳ сухан мегуфтугоҳ бодиққат шиорҳ-
оро мехонд, ки қисмашон ба забони тоҷики ҳам навишта шуда
буданд. Шиорҳои қирғизиашро Тендик Аскаров тарҷума менамуд,
ки чунин буданд: “Дари хонаи мо бароятон кушода", “Хуш ома-
дед, меҳмонони азиз", "Мо бо шумо — монанди бародару хоҳар
якем" ва ғайра...

Он издиҳоми мардуми, ки такрибан ним санг роҳ то шаҳри
Норин гирд омада буд, ходимони маданияти тоҷикро бо кафку-
биҳо, гулдастаҳо, суруду мусиқӣ истиқбол намуд. Дар_ ҳамин
майдони васеъ ва сабзазор намоиши боҳашамати дусти барпо
гардид. Роҳбарони вилоят, арбобони адабиёту санъат аз ҳар ду
тараф нутқҳои оташин мекарданд. Ҳунарпешаҳои номии тоҷик
Орифшо Орифов, Муқаддас Набиева, Мағфират Ҳамроқулова,
Раҳима Шалоэр, Тоҷиддин Муҳиддинов якҷоя бо санъаткорони
қирғиз чунон базме оростанд, ки ба гуфти Фазлиддин Мухдмма-
диев “дуди кайфу сурур ба кайҳон мерасид”.

Он ҷо шоирон шеър хонданд, нотиқон нутқ карданд. Аз номи
фиристодагони тоҷик академик Муҳаммад Осими нутқи кутоҳу
пурмазмуне эрод кард. У аз таърихи ҳамсоягӣ, ҳамзисти, ҳамко-
рии илмиву фарҳангии ду халқ сухан ронд ва гуфт, ки “аз ҳама
муҳимааш он аст, ки дар байни мо бародарони қирғизу тоҷик дар
тӯли асрҳо ягон низоъе рух надодааст. Дар оянда х,ам мустаҳ-
кам кардани ин торх,ои заррини дӯстиву бародарӣ муқаддастарин
вазифаи эҷодкорони мост. Бигузор руҳи покизаи Манас ва Хони-
кей роҳнамои зиндагй ва васлгари хешу табории авлодҳои ояндаи
мо гардад".

155
Рузи дигар вохӯрии мо дар яке аз хоҷагиҳои чорводории
райони Тиёншон сурат гирифт. Он ҷо Фазлиддин Муҳаммадиевро
коргузориву корбарии бригадаи истеҳсолии ҷавонон. ки "Эделвейс"
ном кардаанд, ба ваҷд меовард. Ба назари ман чунон намуд. ки
чашми нависандаи нозукбин дар баҳорон ба гули навшукуфтаи
аввалини боғаш меафтаду ӯ хам шуда, онро бо ҳаловат бӯй
мекунад, хотираш меболад, завк; мекунад.

— Ин бригадаи шумоен аз дигарон чӣ фарқ дорад? - аввалин
саволе буд, ки Фазлиддин Муҳаммадиев ба сардори он бригада
дод.

— Фарқаш дар он. ки моён хатмкунанадагони синфи даҳум
ҳам духтарон ва ҳам писарон аҳд кардем, ки якҷоя бригадаи
истеҳсолии худамонро ташкил мекунем ва исбот менамоем. ки
қобилияти мустақил кор кардану афзудани маҳсулоти чорворо
дорем. муфт нон намехӯрем.

— Офарин. офарин, — гуфт нависандаву аз тарзи зиндагй -
корбари, натиҷаҳои фаъолияти бригада пурсон шуд ва ҷавобҳои
саҳеҳ шунид. Ҷавонон накд карданд. ки онҳо дар бригадаашон
на фақат кор мекунанд, балки илм ҳам меомӯзанд, дар китобхо-
наашон китобҳоро дойр бакишоварзй, чорводорй. адабиёту санъ-
ат ҷамъ кардаанд ва меомӯзанд. Дар назди онҳо мутахассисҳо.
олимон, зоотехникҳо, духтурҳои ҳайвонот зуд-зуд баромад меку-
нанд. машғулятҳои таҷрибавӣ низ мегузаронанд. Сардори брига-
да "мо маҳфили бадей ҳам дорем" гуфта меҳмонҳоро би клуб-
чаашон даъват намуд. ки консерт ва ромишгарии онҳоро гӯш
кунанд. Консерт таассуроти хуб бахшид. Пас, мо китобхонаашон-
ро низ тамошо кардем. Он ҷо Фазлиддин Муҳаммадиев гуфт:

— Хуб мешуд, ки агар мо барои ин бригада аз китобҳои
адибони тоҷик мефиристодем.

У ин таклифашро изҳор карду боз ба ҷавонони чорводор
суҳбат орост. Вай пурсид:

— Кй ба бригадаатон ин номи гайриоддиро дед?

— Кй мешуд? Худамон, — посух дод касе.

— 'Эделвейс' — чй маъно дорад? - боз пурсид Фазлиддин
Муҳаммадиев шукуфон хандида.

^ —Э, магар шумо намедонед,— гуфт духтараке.ки суруди "Эдел-
вейс -ро дар консерт якҷоя бо дӯстонаш иҷро карда буд.

— Росташ, ки намедонам. бори аввал мешунавам

_ — Ин тавр бошад, гӯш кунед. -— гуфт боз ҳамон духтараки
дуструи шухтабиат, — Эделвейс-ин номи гули кӯҳӣ аст. Ин гу-
лест. ки рангаш тобишҳои гуногуни нотакроре дорад-на зарди
зард, на сафеди сафед. Чунин гул фақат дар доманаҳои яхк-
уҳҳо, яъне дар баландиҳои кӯҳҳо месабзад. Мо номи ин гулро
ҳамчун рамзи ғурури ҷавонӣ. ифодаи мардонагй, тобоварй ба
мушкилоти баландкӯҳи заҳматталаб интихоб кардем, — илова

156
кард ба гуфти духтар бо ифтихор бригадир ва афзуд: — Мо
худамон дар васфи‘Эделвейс’ шеър иншокардем, худамон оҳанг
бастем ва акнун ин сурудро ба мавридаш чун гимни бригадаамон
бо эҳсоси тафсону рамзи ҷавони месароем.

Фазлиддин Муҳаммадиев, ки нақли ҷавони ғайратманду та-
шаббускорро бо диққати том гӯш мекард. дасташро ба китфи
бригадири ҷавон гузошт ва бо самимият гуфт:

__Кошкӣ тамоми ҷавонон ба мисли шумоён мешуданд. Мо

нависандаҳо қаҳрамони асар мековем. ана қахрамонҳои ҳақиқи
дар куҷоянд. рафиқон.

—- Ҳалолтарин нон, нони шумост. ■—изҳор кард нависанда ва
"аз нӯги хамир фатир" гуфта, “Ҳоҷӣ Акбар ном китоби худро бо
соядасташ ба аҳли 'Эделвейс” такдим намуд. Хато накунам. у
баъди ба Душанбе баргаштанаш ба Эдельвейсчихр як даста
китобҳои хонданибоби дигарро низ фиристод.

дар шаҳри Норин чанд мулоқотҳои дилангез, хонишҳои адаби,
консертҳои муштараки ҳунарварони қирғизу тоҷик баргузор шу-
данд. Дар хусуси ҳамаи онҳо гуфтан ва навиштан мушкил аст.
Вале дар бораи боз як илтифоти самимонаи дустони қирғизамон
нагуфта наметавонам. Нориниён дар маҷлиси расмиашон, ки
ҳазорон кас иштирок дошт, эълон намуданд. ки яке аз хиёбонҳои
наву зебои шахрашонро ба номи Рӯдакӣ меноманд, ки ин ба
шарафи даҳаи маданияти дӯстони тоҷикашон аст. Чунин икдоми
бародаронаи “мизбонон”-и қирғизиамон ҳамаи моро мутаассир
намуд. Аз он ҳама беҳад хушҳол будем.

Рӯзи дигар дар саргах,и х,амон кучаи дусти расми кушоди
гузориши тахтаи ёдгории Рӯдакӣ сурат гирифт. Дар ин ҷамъомади
расмию тантанавӣ ман нутқи мухтасар эрод намудам, нутқамро
бо шеъри одамушшуаро ба поён расондам:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дустон.

Ҳеҷ талхӣ мест бар дил талхтар,

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Мавҷи кафкӯбихр ба осмон дакка хурд. Сипас Лоиқ Шерали
бо ҳарорати дили шоирона ва эҳтироми том ба мардум аз
ганҷинаи бебаҳои Рӯдакӣ қироат намуд. Вақто ки Муҳаммад
Осимӣ суханронӣ мекарду мувофиқи маврид андарзҳои устод
Рӯдакиро тафсир менамуд. Фазлиддин Мухдммадиев оҳистакак
ба гӯши ман гуфт:

— Кошкӣ ягон қуввае мешуд, ки ҳозир Рудакиро зинда ме-
кард, ки ин гапҳоро дар ҳаққаш, дар ин мулки бетона, дар чунин
ҷои дурдаст мешунид.

— Чунин қувва ҳаст, — гуфтам ба у, дароз фикр накарда.

__Канӣ он қувва? Чӣ тавр он имкон дорад? - тааҷҷуб намуд

Фазлиддин Муҳаммадиев, — ба рӯям нигоҳ карда.

157
— Ин қувваро ман дар шахси шумо. дар шахси Лоиқу
Гулчеҳра ва дигарон мебинам,— гуфтам ба ӯ. Рӯдакӣ ин сухан-
ҳоро бо гӯшҳои шумоён барин авлодони сазовори худ мешунавад.
бо чашмони шумо мебинад. Мебинад, ки ройгон заҳмат накашида-
аст, беҳуда сухан нагуфтааст ва аз чашмаи софи эҷодиёти сеҳ-
рнокаш фарзанду наберах,ояш паси ҳам баҳраманд мешаванд
Дар ҳамин аст занҷирбандии канданашавандаи риштаи таъриху
афкори бадей. Дар ҳамин аст мантиқи зиндагй, дар ҳамин аст
ҳикмати олии асои пир ба ҷои пир" — гуфтам ба Фазлиддин.

Ҳамсӯҳбатам, ки суханхрямро аввал бо шубҳа, баъдтар бо-
диққати том гӯш мекард, ҳарфе назаду бағал кушода, маро сахт
оғуш намуд ва бӯсид. Фақат як луқма партофт "беҳуда ҳам мо
шуморо “тағоҷон” намегӯем".

Чунин муомилаи Фазлиддин Муҳаммадиев ба камина тасо-
дуфӣ набуд. Мо бо ӯ якдигарро дер боз мешинохтем ва ба
ҳамдигар дилбастагии бародарона доштем. Нахустин бор бо ӯ
ман соли 1952-юм дар идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон"
дар кабинети муҳаррири онвақтаи рӯзнома Қодир Наимӣ вохӯрда
будам. Он вақт Фазлиддин Муҳаммадиев котиби масъули ҳамон
рузнома буд. Ман дар Комитети Марказии комсомоли ҷумҳурӣ
кор мекардам. Аз рӯи нақша лозим буд, ки он редаксияро барои
шунавидан дар бюрои КМ ЛКСМ Тоҷикистон тайёр кунем. Бо ин
мақсад ман бо яке аз мушовирон ба ҷои корни Фазлиддин Муҳам-
мадиев рафтам ва гуфтам, ки "Фазлиддин Аминович, ҳамин ҷавон
кори редаксияи шумоёнро ба бюрои КМ тайёр мекунад, ёрдам
кунед’’.

Аз байн се рӯз гузашт, ки занги телефон баланд шуд.
Гушакро_гирифтам, ки Фазлиддин Мухдммадиев, “гӯшам ба шумо”
гуфтам. У бисёр ran назад, фақат гуфт: “Ака, ин одаматон кори
рузномаро намефаҳмад, гуед, худашро ва маро ҳам бисёр азоб
надиҳад, ман худам барои шумо маълумотномаи лозимаро тахт
карда месупорам".

Гӯшаки телефонро мондаму андеша кардам, ки гапи Фазлид-
дин Муҳаммадиев ҷон дорад, бисёриҳо баҳудаю беҳуда ба кори
мардум хурдагирӣ кардан мегиранд. Таклифашро қабул намудам.
Аз ҳамон сол боз дӯстиву дилбастагии бародаронаи мо устувор
аст. Аз ҳамон вақт аст, ки мо якдигарро зуд мефаҳмидагӣ шудем
ва дар ҳалли бисёр масъалаҳои фарҳангиву зиндагӣ ҳамкорӣ
менамудем.

Амри қисмат чунин будааст, ки мо бо ҳамдигар ҳамсоя х,ам
шудем. Ҳамсоягии наздик моро боз ҳам наздиктар кард. Мо зуд-
зуд вомехурдем, шатранҷбозӣ мекардем. Якҷоя сафарҳои зиёде
ҳам кардаем, ки тафсилоти якеро бароятон ҳикоят кардам.

Боре бегоҳӣ Фазлиддин “ака”, интизор набудед", гуфта ба
хона даромад. Чой нӯшидем, ҳолу аҳволпурсӣ кардем, аз дуру

158
наздик ran задем. Ин дафъа рафтори ҳамсояам дигартар буд.
Чун пештара зуд "Орзу. шоҳмотро биёр" нагуфт. Пайбурдам. ки
дар дилаш чй гапи гуфтание дорад. Дар ҳамин андеша будам.
ки худи ӯ сухан оғоз намуд:

— Ака, ё мо зуд пир шуда истодаем. ё фарзандҳо тез калон
мешаванд, баъд илова кард. - медонед, аллакай ба Саодатбиби-
атон хостгорҳо омада истодаанд. - У духтари калониашро дар
назар дошт.

Он шаб мо якҷоя реҷаҳои гузаронидани туи Саодатбону ва
Муқимҷонро кашидем. Азбаски Фазлиддин Муҳаммадиев аввалин
бор тӯй мекард. ҳамаи ҷиҳатх,ои маъракаро андеша мекард. ҷои
тӯй, баранда. сароянда, пазанда. пазироянда. Ҳамааш барои у
аҳамият дошт. Туй, ки хуб гузашт. Фазлиддин рӯҳбаланд буд.
Саодату Муқимҷон барояш хонаи умед бунёд карданд. Хушбах-
тона Муқимҷон ҷавонмарди асилу бовафо баромад ва барои
Фазлиддину ҳамсараш Муяссархонум писари ҳақиқӣ шуд.

Фазлиддин Муҳаммадиев дар боби ҳамсоягӣ ҳам назаррас
буд. Дар тӯли солҳо касе аз ҳамсояҳо аз ӯ ҳарфи носазо ва ё
эътирозе нашунидааст. Дар гузаронидани тамоми маъракаҳои
ҳамсояҳо шарик буд. Бе ҳеҷ гуна манманию намоишкори хизмат
мекард. гӯё ӯ на нависандаи маъруф, балки шахси оддй буд.
Нигоҳ, лаҳни гуфтор ва муомилаи ӯ касро мафтун мекард. Ин
сифатҳояшро борҳо шахсан мушоҳида кардаам.

Ёд дорам, тӯи яке аз духтарҳоям эълон шуда буду дар
мусофирати хориҷӣ будам ва ба зӯру азоб дар рузи туй расида
омадам. Омадам ва фаҳмидам, ки Фазлиддини азиз дар набуда-
нам, худаш сарвар шуда, барои ҳамсояҳо ва хешу таборҳо туи
ноншиканони духтарамро гузаронидааст. Ба ҷуз таҳсину офарин
гуфтан бароям кори дигаре намонда буд. Тӯйро ҳамроҳ гузарон-
дем.

Як мисоли дигар. Бегоҳие дертар ба хона омадам. Омадам,
ки духтарам гуфт:

— Фазлиддин - амакам омада буданд.

— Т инҷӣ-мӣ? - пурсидам.

— Ана он бастаро монда рафтанд.

Бастаро кушода дидам, ки он ҷо як радиоприёмники тамгаи
"Океан" бо чунин навиштаҷот буд: "Ба мӯҳтарам Холмурод тари-
фов-дар рӯзи 50-солагиашон. Улугзода. Икромй, Ниёзй. Муҳам-
мадиев, Қаноатов".

Онро хондаму ба ёдам расид, ки пагоҳ 50 сола мешавам. Ба
тараддуди зиёфати ҳамсояҳо шудам. Шабнишинй хуш гузашт.
Пекин он илтифоту он ёдгории гаронбаҳо, ки Фазлиддин Муҳам-
мадиев аз номи суханварон инъом карда буд. боқӣ монд. Онро бо
эҳтиёт нигоҳ медорам ва ҳар бор. ки ба он нигоҳам меафтад,
чеҳраи зебо ва симои дӯстрӯи Фазлиддини азиз пеши назарам

159
намоён мешавад, дар фироқаш дилам гум мезанад, ғарқи анде-
шаҳои ҳарранга мешавам. аз бозиҳои такдир ва дасисаҳои зин-
дагӣ гулӯгир мешавам.

Афсӯс, ки дар хусуси ҳама накӯкориҳо, сифатҳои наҷиби
Фазлиддин Муҳаммадиев ин ҷо ба тафсил сухан гуфта имкон
нест. Фақат як хислати нотакрори ӯро ба хотир наоварда намета-
вонам: ӯ намунаи инсони меҳнатдӯст ва эҷодкори фидоӣ буд.
Дар ин бобат гапро кашол надода, фақат хотирнишон кардани
сатрҳое, ки вай ба унвони Энаҷон Бойматова ва Барно Исҳоқова
нигошта буд, басанда аст. Аз ҳар сатри ин очеркҳо бармеояд, ки
қадри зарро донистани заргар хдқ аст. Чунин буданд ҳамаи на-
виштаҳову эҷоди ғанӣ ва гуногуншакли ҷигарбандамон Фазлидди-
ни ҳалолкору ҳалолтинат.

Фазлиддин Муҳаммадиев пеш аз ҳама инсони заминӣ буд.
Вале ӯ рисолати худро дар нависандагӣ медид. Аз замоне, ки
боӯ шинос шудаам. чандин бор Фазлиддин Муҳаммадиевро ба
вазифаҳои масъул пешбарӣ карданд Муддате ӯ муҳаррири ма-
ҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” буд, замоне котиби Иттифоқи нависан-
дагони Тоҷикистон интихоб шуд. Пекин ихтиёрӣ ин вазифаҳоро
тарк намуд, чунки ба васояти беҳуда. эроду "насиҳат"-ҳо ва ҳатто
дӯғу пӯписаҳои фармонфармоёнаи курсинишинҳо, чоплусию та-
маллук, муросо карда наметавонист. Бо онҳо муросо надоштани
худро бо асарҳояш “Хиёбони Нодир", Палатаи кунҷакӣ", "Охирин
арӯси амиралмӯъминин”, тарҷумаҳояш, хусусан “Овоз аз тобут”
ифода мекард. Покии ҷамъият, ахлоқи ҳамида ва рафтори шоис-
таи одамон аз ҳар сатри навиштаҳои ӯ ҳувайдост.

Фазлиддин Муҳаммадиев мақоми волои адибро пос медошт.
Худ дар рафтору гуфтор ва кирдор намунаи ибрат буд. Аз тарзи
суханронӣ, либоспӯшӣ ва одоби ӯ ҳаваси кас меомад. Вай дӯсто-
ни зиёде дошт. Ман аз дӯстии ӯ бо Файзулло Ансорӣ, Бобо Ҳоҷӣ
ва дигарон хабар дорам Фарзандони Ансорӣ ва фарзандони
ҳамаи мо Фазлиддин Муҳаммадиевро амаки ҳақиқии худашон
медонистанд, ки ин муҳобот нест. Зеро вай бо ҳар кадоми онҳо
амаквор муомила мекард. Бисёриҳо номи аслии Фазлиддин Му-
ҳаммадиевро намегирифтанду чунин мегуфтанд: “амакомада бу-
данд", “амак рафта буданд”. Чӣ мегӯед, ки дар доираи нависан-
даҳо низ Фазлиддин Муҳаммадиевро амак мегуфтанд. Нависан-
даҳо Урун Кӯҳзод, Кароматулло Мирзоев, Бурх,он Ғанӣ ва дига-
рон ӯро устоди худ медонанд.

Бесабаб нест, ки дар шаби фоҷиавии марговари захм хӯрда-
наш аздасти авбошҳо аввалин туда писари ҳамсоя Эътибор Қаҳҳорӣ
ҷонбозиҳо намуд, ки ӯро аз марг наҷот диҳад. Домодаш Муқим-
ҷон ду моҳи дароз ягон лаҳзаи оромиро намедонист. Ҳама хурду
калон дар ташвишу алам печида буданд, роҳи ба ӯ кӯмак расон-
дан ва давои дардашро меҷустанд.

160
М. Турсунзода ва А. Қаҳҳоров

С. Айни ва А. Лоҳути
Берди Қарбобоев, Холмурод Шарифов, Мирзо Турсунзода, Валенсина, хабарнигори

“Литературная газета”, Боқй Раҳимзода


Устодон ва шогирдон
Устод Мирзораҳмат Олимов
Акашариф бо фарзандонаш дар Кремл ҳунарнамои мекунад
Б. Кимёгаров бо М. Қосимов
А. М. Богоутдинов

Профессор Аълохон

Афсаҳзод

Одина Ҳошим

Муродулло

Шерализода
Боки Раҳимзода, Холмурод Шарифов, Атахон Сайфуллоев

дар Маскав

1982 с. М. Миршакар, Р. Ҷалил, М. Осимӣ, 3. Насриддинов

(Совети Олӣ)
Мирзо Турсунзода ва Раҳим Ҷалил дар зодгоҳи Рудаки
с. Улуғзода, Р. Додобоев, Ҷ. Икромй, Ф. Ниёзй, У. Раҷаб - дар рӯзи ёдбуди падари

Холмурод Шарифов
Лоиқ Шералй, Холмурод Шарифов дар саҳни ҳавлии Хонаи адибон
Сафари дусти (Даҳа - Литва)
Ҷӯрабек Муродов месарояд (X. Шарифов, Н. Абдулло, Гулназар, Суруш)
Меҳрубон Назаров, Рустам Юсуфбеков, Холмурод Шарифов дар Тошканд


М. Турсунзода, М. Миршакар, А. Деҳоти, А. Шукӯҳи

. лм
Ҷурабек Муродов меҳмони Вазорати матбуот
Маҳмудҷон Воҳидов дар ҳалқаи ҳунарварони тоҷик дар Маскав
Малика Собирова ва дигар ҳунармандони Тоҷикистон дар Канада
Ҳайати вакилони Тоҷикистон дар Боку - конференсияи якдилии Осиё ва Африко



Файзулло Ансори дар мобайн

Раҷабгул Қосимова


Мунодиҳаи дӯсти

Убайдулло Раҷаб

X. Шарифов ва Ҷ. Муродов
Вакилони анҷумани нависандаҳои СССР
Адибон дар Хӯҷанд
Охирин сӯҳбати муқаррарии мо бо Фазлиддин Муҳаммадиев
дар хонаи тракторчии оддӣ Мусулмснов Масчити сурат гирифта
буд Масчитӣ ҳамсояамон аст. У маъракз орост ва ҳамсояҳоро ба
он хабар кард. Дар қатори ҳама Фазлиддин ранҷуру дардманд
ҳам хабарӣ будааст, ки омад. Ом^ду бо дасти захмдори ба
гарданаш бастагӣ болои кат наздамон нишаст. Он шаб - чи
маҳтобшаби зебое буд. Дар ҳалқаи дустон гуфтугузори тулоние
қӯр гирифт. Он ҷо қаламкашон, устодон Ҷалол Икромӣ, Сотим
Улуғзода, Фотех, Ниёзӣ, шоирони баркамол Абдуҷаббор Қаҳҳори,
Убайд Раҷаб ҳам буданд. Мавзӯи он сӯҳбат гуногун буд. Аз вазъи
зиндагии мардум, аз воқеаҳои ҷаҳон, кутоҳихри замон сухан
мегуфтем. Фазлиддин ҳам аз руйдодҳои замона, ноқисиҳои
рӯзгор ва захмхри фарзандон дар Афгғонистону Арабистон ҳарф
мезад, аммо аз захми ҷонсӯзи худаш чизе намегуфт - чунин буд
Фазлиддини шерманд, мӯъҷизакор, дусти фидокори мо, ки дар

маҳаллаамон ҷояш холист. ,

Ҳар бор, ки аз дари ҳавлиаш мегузарам, наберааш Мирзо оа
пешвозам “салом, амак" мегӯяд. Беихтиёр ҳамон лаҳзаи футбол-
бозиаш ва сӯҳбати бобояш бо писарбачаи калонсол ба хотирам
меояд. Қариб мешавад, ки гӯям: “Мирзо, чаро бобоят ка^мнамо
Шояд, чунин эҳсоси табиӣ бошад. Ин барои он, ки руҳи поку
меҳри ҷозибаш аз дилу дидаҳои мо дур намеравад.

Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ.

Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо!

ДОСТОНСАРОИ ДУСТИ

Аз бобою бобокалонҳоямон оину суннатҳои зиёди оқилонае
мерос мондааст. Яке аз чунин анъанаҳои хубу дилкаш бурекубон
аст, ки ҳанӯз ҳам мардуми мо риоят мекунандаш. Ана х,амин
суннати наҷиби ачдодонро пос дошта мо чанд тан дар бурекуоо-
ни дустамон Абдураҳмон - додархонди ҳамкори собиқам Очабури
Мӯминова ғун шудем Ҳама соҳибхонаро бобунеди манзили нав
самимона табрик намуда, ба'Гводмониаш шарй)ГТаштем. Аен буд,
ки шодмонии Абдураҳмон ҳадду канор надорад, гуе ба куртааш
намеғунҷид, нам.едонист, ки кадом меҳмонашро ба куҷо шино-
над. Ба қиёфаи соҳибхона менигаристаму худ ба_худ мегуфтам.
“Чӣ тавр ҳам вай рӯҳбаланд набошад? Охир, у солҳои дароз
барои бунёди ин ҷою ҷалол заҳмати зиёде кашидааст, барои
пайдо кардани масолеҳи сохтмон ба даҳҳо марду номард гардан
каҷ кардаву ранг зард кардааст. Ин аз як тараф. Аз тарафи
дигар хурсандиаш боз аз он аст, ки барои муборакбодии манзили
наваш азизтарин дӯстони овони кӯдакиаш гирд омада буданд.
Онҳо омада буданд, ки аввалин меҳмони хонаи навбунеди дуста-

шон бошанд.

161
Шахсан ман аз иштирокам дар он маросими бурёкӯбон ҳало-
вати хос бурдам. Аввалан, ба хизмати дӯсти деринаам расидам
баъдан, аз дидори хешовандоне, ки кайҳо надида будаму пазмо-
нашон туда будам, шодком шудам, Ҳамин, ки меҳмонон ба гирди
дастархони пурнозу неъмат ҳалқа зада нишастанд, ҳолати ҷози-
бу самимияти фавқулодда ба вуқӯъ пайваст. Гарчанде соҳибхона
бо исрор мегуфт: “канӣ, акоҳо, нон шиканетон, марҳамат, аз
таомҳо гиретон, хунук нашавад", касе зуд ба дастурхон даст
дароз намекард. Омадагон аввал ҳолпурсй менамуданд, аз пада-
ру модар, бобою бибиҳо, амаку тағоҳо пурсон мешуданд. Гӯё
онҳо интизори омадани боз чанд тани ба ҳама азизу бақадр
буданд. Аз назар мегузарониданд: кй омаду кй наомад. Аввал
онҳое ба едам меомаданд, ки аз ин олам ба дунёи дорулфано
реҳлат намудаанд. Хеле табиӣ буд луқмаи касе аз ҳозирин ки
мегуфт: ^ ’

п ~ДаР ин давРа Чои Шароф Муҳаммадиев, Файзулло Ансорй,

11ирбои Бадалов ва Мастон Шерали барин азизон холист.

Чунин аст қоидаи нонавиштаи муқаддаси бобою бобокалонҳ-
оямон. Савоб аст, ки мо низ дар лаҳзаҳои шодкомй, дар маври-
ДҲои нокоми ва ҳангоми маъюси аввал беҳтарин фарзандони
асили қавму миллатамонро ба хотир биёрем, аз онҳое ёдовар
шавем, ки пештар аз мо хиште ба иморати зиндагй гузоштаанд,
ҲаРФе ба панди ниёгон за^ч кардаанд. Чунин буд равняй гуфтори
ҳозирони бурёкубони онрӯза, ки басо дилангез гузашта буд.

_Дар маърака худ аз худ як гурӯҳи ташаббускори кордида дар
ҳаиати Шарофиддин Рустамов, Аълохон Афсаҳзод, УбайдРаҷаб,
Сорбон, Ҷалил Шарифов, Низомиддин Баҳриддинов ҷамъ шудан-
ду кушиш намуданд, ки бурёкубон гуворо ва бонизом гузарад.
Он бояд ҳам мувофиқи табъи дили соҳибхона бошад ва ҳам ба
меҳмонҳо писанд ояд. Вазифаҳо чунин тақсим шуданд:

Шаробро бояд касе резад, ки ҳеҷ гоҳ шароб нанӯшидааст,
дастархондори ба зиммаи он даргоҳ ҷавонҳоест, ки ҳанӯз хона-
дор нашудаанд. Касе луқма партофт: "агар каси арақхӯр шароб
резад, вай ҳамаро мает мегардонад’1.

Дар рафти сӯҳбат Шарофиддин Рустамов таассуроташро аз
ҷашнгирии шастсолагии омузишгоҳи педагогии Панҷакент накд
намуд, ки худаш ҳам хатмкунандаи он аст. Вай аз заҳмати
бобаракати муаллимони фидокори солҳои 40-50 Абдуҷаббор Ша-
рифзода, Отақул Низомов, Қутбиддин Раззоқов ҳикоят намуд ва
афзуд, ки бемуҳобот чунон, ки дар ҷашнгирӣ қайд шуд, дастпар-
варони он омузишгоҳ Файзулло Ансорй, Лоиқ Шералй, Убайд
Раҷаб, Мастон Шерали ба шуҳрати миллатамон шӯҳрат зам
намудаанд, ки аз онҳо ҷашнгирандагон ифтихор карданд. Дар
хотимаи нақлаш Рустамов гуфт, ки иштирокчиёни маҷлиси ҷашн-
вора пешниҳоде карданд, ки ба омӯзишгоҳ номи Файзулло

162
Ансорӣ гузошта шавад. Ин ақида ба аҳли бӯрёкӯбон низ хуш омад
ва беихтиёр муддате чанд ҳар касе номи мубораки шоири рӯда-
китабъ, драмнависи соҳибистеъдод Файзулло Ансориро бо эҳти-
ром ба забои гирифтанд, азфеълу атвор, хислатҳои нотакрор ва
лаҳзаҳои фаромӯшнашудании дӯсташон ёдовар шуданд. Ҳар кас
ҳар чизе, ки дар бораи Ансорӣ медонист, бо муҳаббат, бо
дилсӯзӣ мегуфт, зеро Файзулло Ансорй дар айни нашъаи ҷавонӣ,
ҳини хурӯши камолоти эҷодиаш дунёи равшанро тарк намуд.

Шарофиддин Рустамов гуфт, кихизматҳои Ансорӣ ба ҳама
гуна бузургдошт меарзанд, вай марди олиҳиммат буд, табъи
равони шоирӣ дошт. Хоксориашро намегӯед. Бо хурду калон
баробар буд. Агар лозим шавад, дар вақташ ҳам маслиҳатҳои
муфидмедод ва ҳам дасти ёрӣ дароз менамуд. Ман,— нақлашро
давом дод Рустамов,—аз синфҳои болоии мактаби миёна худам-
ро барои таҳсил дар риштаи физикаю математика тайёр мекар-
дам. Ба Душанбе омада, ҳуҷҷатҳоямро низ ба ҳамон ҷо супори-
дам. Рӯзи дигар дар чойхона бо Ансорӣ дучор омадам. У х,ол-
пурсиям кард, чою санбӯса гирифт. Лас аз он огоҳ гашт, ки ман
ҳуҷҷатҳоямро ба факултети физикаю математика супоридаам,
хомӯш монд, сукунате карду гуфт:

— Пагоҳ ба манзили ман биё, бо ту як маслиҳат дорам.

Рӯзи дигар ӯ маро дар хонааш хуш пазируфт ва баъди фурсате

ба сари мақсад омада гуфт:

— Акоятазман хоҳиш карда буд, ки ба ту дар интихоби касб
кӯмак расонам. Бо муаллимҳоят ҳам сӯх,бат доштам. Аз рӯи гуф-
таҳои муаллимонат ту ба фанҳои забону адабиёт зиёдтар шавқ
дорӣ. Биё, додарам, ҳуҷҷатҳоятро ба факултети филология бис-
пор, хато намекунӣ.

— Ҳамин тавр, — гуфт Рустамов,— ман бо далолати Ансорй
физику математик нею филолог шудам, бе муболига ин бароям
фоли нек буд. Ансорй дар вақташ, дар ҳалли интихоби касб маро
“такдирҷунбон” шуда буд.

— Ана имрӯз шумо яке аз олимони номй, узви вобастаи Ака-
демияи илмҳо, муаллифи чандин китобҳо мебошед.

Ин ҳама бо шарофати Файзулло Ансорй,— гуфт касе аз ҳози-

рон.

Сипае ба ҷараёни сухан шоир, дорандаи ҷоизаи байналхалқии
ба номи Андерсен ва мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи
Рӯдакӣ Убайд Раҷаб ворид гардида, ба ман рӯй овард:

—Ака, агар Ансорй зинда мебуд, -имсол шастсолагиашро қайд
менамудем. Шумо ӯро хуб мешинохтед ва ӯ ҳам ба шумо ихлоси
бародарй дошт, хуб мешуд, агар дар бораи ӯ хотираҳоятонро
менавиштед.

Гуфтамаш:

— Агар фурсат шавад, ҳатман менависам. Чаро нанависам?

163
Файзулло барои ман фарзанди падар буд, қариб, ки тамоми
зиндагиаш, тамоми бисоти эҷодиаш дар пеши назарам аст. Фа-
ромӯш накунед. ки Файзулло Ансорй то рӯзи вафоташ ҳамроҳи
ман дар як идора кор мекард.

Гуфтори мо бо Убайдулло дар ҳаминҷо қатъ шуд. Аммохаёли
ман аз Файзулло Ансорй канда намешуд. Ҳамин, ки аз бӯрёкӯбон
ба хона баргаштам, андеша рондам ва билохир нӯги даркории
риштаи хотиротамро ёфтам. Хато намешавад, агар бигӯям, ки ба
ин рӯҳи поки худи Файзулло Ансорй кӯмак расонд. Мо, ки бо вай
дар як идора - дар Комитетй табъу нашр кор мекардем — ман
раиси комитет будаму ӯ сармутахассис. Ҳарчанд аз бачагии пур-
заҳмат, махрумиятҳои ӯдар солҳои душвор, сабурй ва ташнаи
илму адабиёт будани ӯ огоҳ будам, дар ҳамон ҷо ман хислатҳои
наҷиби Ансориро бештар мушоҳида намудам. Одатан вай аз
ҳамаи кормандон барвақттар ба кор меомад. Меомаду сигоркашон
назди корхона сайру гашт менамуд. Аксар вақт мо назди дар бо
ҳамдигар дучор меомадем. У маро бародарвор ба оғӯш меги-
рифт, аз рухсорааам мебӯсйд, хушгӯиҳо менамуд.

Боре аз Ансорй пурсидаМ:

--Файзуллоҷон, чаро ба кор ин қадар барвақт меоед? Наме-
бинед, ки дигарон баъд аз як-якуним соати шумо омадан, ҳозир
мешаванд?

Ансорй бо завқ хандиду лутфомез гуфт:

—Акай азиз, агар ман барвак^ наоям, шуморо кӣ истиқбол
менамояд? Ин як, дуюм ин, ки ҳамон субҳе, ки бо шумо дучор
шавам, ҳамон рӯз корҳоям барор мегиранд. Сеюмаш он, ки ризқи
саҳархез фаровонаст, — мегӯяд акай калониам Қудратхон. Ҳамин
тавр, Файзуллоҷони зарофатгӯй саҳароиашро асоснок мекард. Ана
ҳамин тавр ману Файзулло Ансорй қариб дусоли тамом ҳарсубҳ
бо якдигар^ ҷозибона дучор мешудему рози дил мегуфтем. Ҳар
бор Ансорй хушгӯие менамуд} шеър мехонд, панд мегуфт, шеъри
навашро пеш меовард, ё ягой воқеаи ҷозибро нақл мекард

Субҳе Ансорй хушгӯӣ карду афзуд:

—-Ака, боз гумон накунед, ки ин пазироиҳои ман аз рӯи хушо-
мадгуи аст. Ёд доред. дар Панҷакент аз 'Ҳама' бештар шуморо
хабар мегирифтам, дар Москва ҳам, дар Душанбе бошад, худа-
тон медонед.

—Беҳудагӯӣ накунед, Файзуллоҷон, — гуфтам, —ман дилбас-
тагии бародаронаю поки шуморо кайҳо дарк кардаам, аз дидор-
биниатон руҳбаланд мешавам, ҳардафъа баъди шуморо дидан
ва аз сӯҳбат бо шумо андешаҳои одаму одамгарй зиёдтар ба
сэрам меоянДу ба худ мегӯяйл, ки кошкӣ, х,ама ҷавонмардон ба
мисли Ансорй дидадаро. ҳасос, инсондӯст мешуданд.

Дар ҳақиқат зиёда аз ей сол мо бо Ансорй унси хешу таборй,
василаи акагию додарй доштем. Вай ҳар як китобашро дар қатори

164
аввалинҳо ба ман такдим мекард, ба намоишҳои^песаҳояш шахсан
таклиф мекард ва аён буд, ки дилбастагии табии дораду пазмони
сӯҳбатҳои кушоду самимист.

Вакр-ҳое, ки дар ноҳияи Панҷакент вазифаи раиси комиҷроияи
депутатҳои меҳнаткашонро ба ӯҳда доштам. Ансори зуд-зуд ба
он ҷо омада хабарам мегирифт, аз ко^ёбиҳои адабиёту фарҳанги
халқамон огоҳам менамуд ва дар та^бирҳои на_зарраси мадании
ноҳия, гузаронидани ҷашни 1 ЮО-содргии зодрузи устод Рудаки,
маъракаҳои адабии дигар ба тарзи фаъол ширкат меварзид.

Як бегоҳ аз Душанбе Файзулло Ансорӣ сим зад, ки пагоҳ бо
кори заруре ба ноҳия меояд, агар бемалол бошад, мунтазираш
шавам. У омад ва маро аз кори зарур огоҳ намуд:

__Акаҷон,— гуфт вай,— дар қишлоқи Нигнот бори аввал туи

замонавӣ гузарониданием. Дар ин кор кӯмаки шумо лозим аст.
Агар худатон сарварӣ накунед мо ба мзқсздамон намерасем,—
гуфт Ансорию илова намуд,j— бисёр мешавад ки тӯйҳо аз худой
фарқ карда намешаванд. Биёед, дар мағзи қишлоқ^ як базми
шеъру суруд ташкил кунем, анъанаҳои ҳаётбахши дуйгузаронии
халқамонрб зиндаю замонавӣ гардонем. Охир, ин чи рузи мурод
аст, ки арӯсу домоддар кадом кунҷаки ҳуҷра нишаста аз ҳама
хурсандиҳо бенасиб мемондаанд?!

Таклифи Файзулло Ансори_қабул шуд._Дар яке аз қишлокҳои
дурдасти кӯҳистон бори аввал тӯи замонави барпо гардид. Пиро-
ни кордидаи музофот Қаноат Иброҳимзода, Бобо Раҳимов: амаки
Баҳриддин Бадалов, Шароф Ёров ва дигарон ташкили корро ба
дасти худ гирифтанд. Ҷавонон онҳаро мададгор шуданд. Туй
чунон дилангез, чунон ҷаззоб ва мув^фиқи табъ гузашт, ки ҳануз
ҳам мардум он маъракаро боҳавас ба хотир меоваранд. Файзул-
ло Ансорӣ, ки сарвари маънавии он туй буд, тарҳашро кашида, он
нақшроба ҷо оварда, тӯйро шеърборон намуд. Баъзеҳо аввал бо
шубҳа, ҳатто бо писханд ба он менигаристанд. Ансори бурдборона
вабояк низоми хос онро ба осмон расонда, аз шоди ба куртааш
намеғунҷид. Вай аз он шод буд, ки ба мақсадаш расид, тавонист,
ки мардуми ҳамдиёраш, хусусан ҷавонон орзуҳои ширини уро
дастгирӣ кунанд, аз шахди каломи бадей, суруду мусиқи, заро-
фатгӯиҳои аҷдодӣ, хонишҳои туёнаи бибию бибикалонҳояшон дар

маърака бах,раманд гарданд, .

дар омади ran бояд бигуям, киГ Файзулло Ансори дар гузаро-
нидани маросимҳо, хусусан тӯйҳо маҳорати хубе дошт. Дар ин
кор худро шогирди Боқӣ Раҳимзода, мешумурд ва боре ҳазломез
гуфта буд:

—Ман дар соқиги ба лирам Боқи Раҳимзода даст додаам.

Дар Душанбе ва дигар ноҳияҳое, ки Файзулло Ансори сарвари
тӯй мешуд. ҳама хотирҷамъ буданд. Зеро Ансори дили ҳассос
дошт, тамоми истеъдодашро ба он равона мекард, ки мардум

165
дилгарму дилнарм гарданд, онҳо дар тӯйҳо фақат саргарми
шаробнушиву таомхури нашуда, аз шунидани шеъру суруд ва
метавонад, ягон ҳунари худро нишон диҳад, тарафайн бо хам
мусобиқа бикунанд.

Месазад,_ки мо маросими тӯйҳоро ҳамчун омилу воситаи
хубн тарбияви истифода барем, ба ҷои хароҷотҳои зиёду русуми
дабдабанок ҷиҳатҳои маънавии онро равнақ диҳем, ба он ноил
гардем, ки туй ҳам майдонибазму сурур, мактаби омӯзишиодобу
тамиз, минбари панду насиҳатгуии пирон шавад. Ҳаминро мехост
Фаизулло Ансори. Ба ин маънй Файзулло Ансорйдар шеъри “Са-
лом, устод", ки ба Боқӣ Раҳимзода бахшида буд, хуб гуфтааст:
Шумо соқии беамсол хастед,

Ки садҳо тӯӣро додед оро.

Дили сад навгуле бар ҳам бубастед,

Падар донанд онҳо хам Шуморо!

Аввалҳои солҳои шастум дар Москва таҳсил менамудам Бо
амри қисмат Файзулло Ансорй ҳам ба Москва барои хондан дар
донишгоҳи адабии ба ног^и Максим Горкийомад. Вай ҳанӯз аз
Душанбе набаромада ба номам телеграмма фиристод ки “маро
интизор шавед, ба аёдататон меравам”. Пас маълум шуд ки
барои хондан меомадааст.

Ончуноне, ки дар Душанбеву Панҷакент буд, Файзулло Ансо-
риро дар Москва ҳам бо камоли майл истиқбол намудам, ҷойҳои
диданиро тамошо додам ва ба таҳсилаш пирӯзиҳо орзу намудам.

Дар Москва мо бо Файзулло Ансорй зуд-зуд дучор мешудем.
Ҳафтае як бор всмехурдем. Якҷоя таом мепухтем, истироҳат
менамудем, ба тамошои театрҳо мерафтем.

Аввалин ташрифи мустақили ӯ ба назди ман ба сифати дони-
шҷуи москваги чунин сурат гирифт. Пас аз як ҳафтаи ба Москва
омаданаш, субҳи шанбе баҳуҷраи ман сим зад. Гӯшаки телефон-
ро бардоштам, ки овози Ансори.

— Гӯш мекунам, — гуфтам.

Ансорй бошад не салом, не калом, бо зарда гуфт:

Ака, як тоҷики гаранги кӯҳистонӣ дар ҳамин ҷо мурад-мӣ”?
Чи,_мояк мусофир дар ҳамин ҷо бесоҳиб-мӣ?,— гуфта, дилашро
холи мекард. Ammo гуфтораш нимҷиддӣ, нимҳазломез буд.

Фаҳмидам, ки Ансори дар ҷои нобалад азият кашидааст.
ҳануз дар Москва худашро наёфтааст, афсӯс хӯрдам, аммо бо
ҳамон оҳанги худаш ҷавоб додам:

Не, не додарак, ин тавр не, ҳеҷ кас намехоҳад, ки як
тоҷики куҳистони дар Москва мурад, дуюм - намегузорем ки
шумо худро ин ҷо мусофир ҳис кунед.

— Ака, чй кор кунам? - гуфт Ансорй.

Чи кор мекардед? Мехезеду либосҳоятонро пӯшида ба
ҳуҷраи ман мебиёед,— гуфтам дар ҷавоб.

166
Пас азду соати ваъдагӣ Ансорӣ ба ҳуҷраам, ки дар наздикии
майдони Краснопресненский буд, расида омад. Пурсидам:

— Чаро дер омадй?

Ӯ ҷавоб дод:

___Роҳгум задам, охир, ака, ҳама истгохдо якхелаанд, ҳама

кӯчаҳо якхелаанд, ҳама одамон саросема, ягон кас ба саволатон
ҷавоби аник, намедихдд.

— Воҳима накунед, мулло Файзулло, ба Москва чунон одат
хоҳед кард, ки баъдтар пеш кунанд ҳам аз ин ҷо намеравед,
гуфтам ҳазломезу ӯро сари дастархйн шинондам.

Вай бошад ҳанӯз ҳам карахт буд, бо алам ҳарф мезад. Ман ба
ҳазлу шӯхӣ Ансориро аз вазъи карахти баровардани шуда, акнун
шумо ҳам панҷакентӣ, ҳам душанбегӣ, ҳам москвагӣ, ҳамин тавр
не?—гуфтам.

— Ака, бубахшед, аз чи бошад, ки беҳад дилтанг шудам.

Хайрият, ки шумо ин ҷо будаед, набошад кулфати мусофириам
бозҳам болотар мешуд... ,—мегуянд, ки рост ба-

“Таоми ГШЩог'Яурда, ба тамошои песаи “Пушкин дар театри
Ермолов рафтем. Ансорй бо хотири болида ва хушҳол ба манзил

баРГХямин ки Ансорй ба хондану шуғлҳои таҳсил шурӯъ намуд, об
балаби чуй барбар шуд", дарсҳоро бо шавку завқ меомухт, дустҳои
ҳамсабақУпайдо кард Мо боуякдигарро зуд-зуд хабар мегириф-
тем, азҳолу ах,воли якдигар доимо огох, будем.

Як бегохии шанбе Ансорй сим заду гуфт.

— Ака. ^пагох, рӯзи истироҳат аст, метавонед, ба хобгоҳи

биёед, ки х,амроҳ дам гирем? lПи»г сп6прв

___Чаро наравам? Аммо меҳмон дорам, устод Ю у

°Маднсорй суханамро тамом накардз, хоҳиш кард, ки ҳамроҳи

М6ҲМануМЮнус Бобоев дар вак^и муқарраршуда расидем: Дидем,
ки naD хучраи Ансорй дастрахони пурнозу неъмат кушодаги, меҳ-
монхои зиёде хам гирд омадаанд. Маълум шуд, ки он руз зодруз
Хяйзулло Ансопй будаасту ҳамсабақонаш ба табрики у омадаанд.
£Г£Гба^фи он£ ДОХИ" шудему бунеди ҷашнвораи барода-
пямоноо ба дасти худ гирифтем. Ҳозирон, аксар _ҳамсабақону

ҳамқаламони Ансорй паси ҳам нутқи табР™У ^^з^краинав^
панд якеаш аз Россия, дигараш аз Қазоқистон, бозаз Украинаву

Узбекистану Муғулистон ва ғайра. Ҳар кадом ба тарзи худ Р°‘
гЪатгӮӣ шеъохонӣ қиссагӯӣ менамуданд. Аммо ҳама дар сифати
SSS буданд. Мегуфтанд. «и Ансорй ба маънои том
шоир аст Дар симои вай, мегуфтанд онҳо, мо - халқи бомадани
ят Рхапқера КИ Фархангаш бо симохои бузург - Рудаки. Сино.

167
Фирдавси, ҲосЬиз Хайам

°ф^рид ^ SbZJSTy,FZXSbZ

еъдод асту мағрур нест б иллати худаш аст, соҳиби

бу™“

таваллудаш Ни^оят дар n*„MyZBTa6p"KOT“ д?ст°™ Ӯ Дар рӯзл

ХУДИ соҳибҷашн Ансорй д„да ВШ“НИ ^1™11 *°™мааӣРба

ГфнаГдсТи ЗПЙр“а« » яар ”Vrrj“e
ИНЪИн°ас^чанд сатр°аз*£

&« ~ SfeftSb*

вТон zZu%%i%mH,zнзздику дур х™*™*".

KumcmvISL 3иҲаР *аЛҚ як намоянда,

„ расму одати хосест хао якп unna

HaZldaaf0d%PU,° дӯстии поянда.
памудааст ба меҳри ягонае доро...

гул ташбеҳ дода^-Гонҳ^ ҳар ЯК мех.монашро ба

аст, ки 4?асДонро 6^152^12^ п И1“НЙ ^ карда-
менамояд. * и амиҚ ва лутфи шоирона қабул

■Дай“алНл„”ГсНоарй' д“р flaZP аШеЪРУ даст°^ "•»*»

ҳодисаҳои рӯзгор бунёд шулаанЛДЖ Ҳ уН мУШоҳидаи зиндаи

мон боАнсорӣ баР$нИводӣСбГфдааТомадаМУЯК Сафари якЧ°яа-

тобиТсГнГо:аСдеЛ;у ** а%Москаа ба истироҲати

водии Вахш меравем^збаски харп ZH°* ба аедати паДаРам ба

ки бегоҳирӯзӣ пас аз таскини ?афСиофтпби бУД’ ҚЭаРдодем'

шавем. Дар ин сафар дӯсти хамсзбя^я^ °бИ саратон Раҳсипор

хонди падарам Абдуҷаббоп K?xxo?BhS РИ ҷанговаР' ™сар-

шоир ҳар дам хуш^Г мен^уд^ндуман хлТ* ШУД. Дар ^ ду

зуи гуфторашон ҳар ранг буд хамУ ЭТ Мебурдам- Мав‘

л р ранг оуд, ҳам аз боби санъату шеърофарӣ,

168
санъати bclJUUdm мел«апил! ----- ' , -ллсЛО|.

песаҳоям ягон бор ҳам хайрхоҳи накардед, пеши роҳи ҷурабози-
vnnn нягиписЬтеп. ки гуем шумо одами адояатхоҳ х,астед.

ҷузвдонаш шишаи шаробро бо газак баровард. Қадаҳгуии ду шоир
тафсид, яке барои қуяяахри тоҷик менӯшем мегуфту дигаре
барои дарёҳои тоҷик.

Пайкҳо барои шеъри тоҷик, барои модари тоҷик, барои яадари
тоҷик, барои водихри тоҷик бардошта мешуданд. Чунин ҳояат
дар соҳияи дарёи Вахт ҳам такрор шуд. Чунин амаяиёти^Ансори
барои он ҳам табъи дияи мо буд, ки кӯҳистони зебову шӯхобҳои
диёрамонро пазмон шуда будем. Ияова бар ин, худ ба худ
мегуфтем: “Шоир дар истироҳат аст, бигузор кори дияхоҳашро
кунад’’. Шоир бошад зарофатгӯиҳо мекард, шӯхиву ширинкориҳо
менамуд. Масаяан, вақте аз баяандии Фахробод мехестем у “як
такяиф дорам” — гуфту афзуд,— ман ҳамин шишаи майро дар
ҳамин баяандӣ нишона мегузорам. Шояд рӯзе шаваду касе ба ёд
биёрад, ки шоир Ансорӣ бофаяониҳо дар ҳамин ҷой шеър қироат
карда буд, шароб нӯшида буд, ин ҷо қадамгоҳ аст.

Ману Қаҳҳорӣ бо завк, хандидему ӯро аҳсан гуфтем ва ба роҳ
равон шудем. Баъди гузаштани сояҳо он гуфтаҳои Ансори ба
тарзи нав садо медиҳанд. Шояд он рӯз аз асрори умри бебакри
ҷисмонии худ. ки гирифтори чандин амрозу ранҷуриҳо буд, дарак
медод ва гуфтан мехост, ки "эй ёрон, огоҳ бошед, ки дам
ғаниматаст, дидор ғанимат”.

Акнун баъди гузаштани чиҳияу як соя фикр мекунам, ки он
гуфтаҳои Ансорӣ беҳуда набудаанд. Чаро мо, чй тавре, ки дар
мамяакатҳои дигар кардаанд, қадамгоҳҳои дӯстдоштаи шоирону
донишмандони худро нишонӣ накунем? Чаро хисяатҳои наҷиби

169
инсоннп онҳоро наомузем? Бисёриҳо дар Кавказ дидаанду шуни-

Д чй НҚГГГ диланг€?и саФари Лермонтовро аз Кисловодск
и ни навъ сурат гирифтааст, ҷузъиёти сафари Пушкиноо то

тТ^яМеДОНаНД' ЧЗНДИН РИВ°ЯТУ ^саҳои ?алРҚироба у^вони
соҳибқаламони номии дигар маҳфуз нигоҳ медоранд ва аз онхо
имруз ҳам ба мусофирон қисса мекунанд Ҳ

мЯйп,!МаҲаЛ ^-ДЭ буД' шаб аз НИСФ гузашта буд. Дидам ки

чоям ургтГ°бНУТВУ бЭҲСИ дӯстонаи шоиронохир надорад аз
ҷоям хестаму гуфтамашон: и н

тои,^10И-Ҳ0И мӮх'таРам’ қуллаву дарёву водиву дилу ҷигари
оҷикро нушидед, агар кор ҳамин зайл равад, худи тоҷикро хам

мвр“°вемМеНУШеД' Хе“Д' К" "аДар б? аёдаГ падар

гбооВ3ДНу^ФоТГИЯМ КИ Дар чунин Ҳ°латх.° Ансориро дар ши-
роп^Д Х Ҷ °б‘1гаРм ва себзори дили кӯҳи “Ҳуснобод”-и диёри
удаки низ дида будам. Худаш чунин лаҳзаҳоро “ҷунуни шоири”
меномид. Чунин лаҳзаҳо ба худаш мезебид ӯро гӯётару хушхол
менэмудэнд. Аммо андеша дорам, ки чунин ҳолатҳо дар з^нда-

иш™рКошТхудащШУДаНД' К°Ш ҷашни мУб°раки шастсолагиашро бо
иштироки худай! каИд менамудем'

Роҳи шабона аз даруни Ьоғотҳо, қамишзорҳо, манзилҳои па-

решон мегузашт. Ҳама масти хоб буданд. Аҳён-аҳён аккоси саго-

ну ҳангоси маркабҳо ба гӯш мерасид. Соат қариб сеи шаб шуда

буд. Мошини мо аз паси хонаи дӯсти ҷавониам Муҳаммадтоҳир

Маҳмудов мегузашт. Гуфтам, ки аз паси ҳавлии дӯстам Муҳам-

мадтоҳир мегузарем, Файзулло яку якбора “ака", мошина доред,

мошина доред” — гуфт бо исрор. Мошинро доштем. Файзулло

изҳор кард, ки Маҳмудов дӯсти деринаи ҷонии вай аст, ӯро

надида, ба ҳеҷ ҷой намеравад. Маҷбуран ба таклифаш розӣ

шудем. Вале намедонам, ки ё ҳирси ширинкории ҷавониамон

боло гирифт, ё таъсири шароб, ки қарор додем ҳеҷ овоз набаро-

варда, дарвозаи дӯстамонро мекӯбем, ҳамин ки баромад, сухане

нагуфта, уро ба мошин мешинонему ба хонаи падар мебарем.

Бубинем, ки аз ӯ чӣ рафтору чӣ гуфтор cap мезанад.

Мо се тан аз мошин набаромада дар ҷоямон нишастему ба

ронанда фармудем, ки дарвозаро кӯбад. Ҳамин, ки дарвоза

куфта шуд, “кист вай" — гуфта садое баромад. Мо ҳама хомӯш

менишастем, ронандаҳам ҳатто гулӯнамеафшонд. Билохир, дӯста-

мон Муҳаммадтоҳир баромад.

— Шумо кистед, чӣ даркор? - гуфт. Ронанда ба ӯ гуфт, ки ба
мошин нишинад. У дар тан камзӯли сафед, дар пой мӯзаи корӣ,
дар cap кулоҳи тобистона бо х,арос ба мошина нишаст. Азбаски
торикии зулмот ҳумфармо буд, кэсе касеро намешинохт. Ман бо
синчакори ба Муҳаммадтоҳир нигоҳ мекардам. Вай гоҳ ба ман.
гоҳ ба ҳамсафаронам назар мекарду касеро намешинохт, аммо

170
ҳар дам дасташро ба соқи мӯзааш мебурду боз пае мекашид.
Баъди муддате ӯ бо изтироб ба забон омаду иддао намуд:

— Шумо кистед, маро ба куҷо мебаред?

Дидам, ки дӯстам дар таҳлука асту ҳолати рӯҳиаш хеле
ногувор, ҷавоб гардондам:

— Муҳаммадтоҳир, натарсед, мо ҷӯраҳои худатон, J5a хонаи
Наврӯз бобоятон меравем, шуморо ҳам ҳамроҳ бурданӣ шудем.
- гуфтам.

У овози маро шинохту як лаҳза хомӯш монд ва нафаси
чуқуре гирифта ба забон омад:

— Марги ин хел ҷӯрагй. Ҳазлу шӯхӣ ҳам ҷо доштагист. Қариб
маро дилкаф карда будед. Ман дар хона саги газанда дорам,
аввал онро cap доданӣ шудаму боз андеша кардам. Баъд мил-
тиқро гирифта баромадам, ки ба сӯи мошин парронам. Боз
мардигарӣ аз даст наравад гуфта, камонро мондаму аз эҳтиёт
корд гирифта баромадам. Билохир, ба такдирам тан дода, ба
мошин нишастам.

Сухани раис Муҳаммадтоҳир ба охир нарасида, ба хонаи
падарам расидем. Вай дар равшании чароғ Ансориву Қахҳориро
шинохта бо онҳо оғӯш ба оғӯш гардид. Пас аз пурсупос ва шуни-
дани қиссаи роҳ изҳор намуд:

—Ин хел ҳазлҳои қалб фақат аз кӯлвори Файзуллоҷон меба-
рояд, — гуфта меҳмонҳоро ба нишастан таклиф намуд. Ин рози
ниҳон солҳои зиёд байни мо чор тан вуҷуд дошт. Ҳар бор,ки
дучор мешудем, аз “корду камон" ва "саги газанда" сухан кушода,
бо завқмехандидем. Боре, Муҳаммадтоҳир “агар ҳамон шаб шу-
моёнро мепаррондам, кор чӣ тавр мешуд? - гуфта абру чин на-
муд.

—Чӣ мешуд, ҳамчун раиси одамкуш ном мебароварди,— гуф-
та механдидем.

Падарам, ки моро бениҳоят пазмон шуда буд, хушҳолона
пазируфта, гаштаю баргашта ашки шодиашро бо рӯимолча пок
менамуд. Ҳамин, ки модар ҷой оросту меҳмонҳо нишастанд,
падарам гуфт:

—Бачем, хуб кори нағз кардӣ, ки писаронамро оварди, чанд
рӯз аст, ки чашмам ба роҳ буд.

Баъд аз наҳорхӯриву истироҳати кӯтоҳмуддат байни шоирону
мӯйсафеди кордидаи ботадбир сӯҳбатҳои дилпазир ва тӯлони сурат
гирифт.

Азбаски падарам яке аз аввалин муҳоҷирони водии Вахш
буду дар он ҷо аз бунёдгарони якумин хоҷагиҳои коллективӣ маҳ-
суб меёфт, солх,ои зиёд колхозчиву раиси артел ва раиси комиҷ-
роияи Қӯрғонтеппа туда кор карда буд, Ансорӣ бо мароқи зиёд
бо ӯ сӯҳбат менамуд. Чунин ба назар мерасид, ки мусофири
ташнае ба сари чашмае расидаасту фӯкашро ба он монда, бо

171
иштиёқ обро дам мекашад.

Шубҳа1е нест, ки мавзӯи силсилаи шеърҳои хушҷилои Файзул-
ло Ансори "Насими Вахш” дар ҳамон сӯҳбатҳо, дар ҳамон сафар
тавлидашонро ёфта буданд. Инак, чанд мисраъ, ки Ансорӣ он
рузхр иншо карда буд:

Насими шӯхи форам мевазад аз рӯи рӯди Вахш,
с Дили мо месарояд аз фараҳмандӣ суруди Вахш.

Ба суи пахтазорон обҳои нуқрасо ҷорист,

Ки то зебандатар гардад баҳори хушнамуди Вахш.

Фазой дилкушои водӣ аз водӣ аз ҳад дилкушо ин дам,

Тамошояш ҳаловат мерасонад дар тани одам.

Намехоҳам канам як лаҳза аз ин водӣ чашми хеш,

Ки то ҳастам дар оаӯши чунин як водии хуррам.

Вахши моро ҳусни зебо омадаст,

Вақти кору гайрати мо омадаст.

Дидаҳо аз шавқи зеби ин чаман,

Ҳар тараф баҳри тамошо омадаст...

Аз адабиётшиносон борҳо шунидаам:

Ансориро аз мунавварфикрону пешравону тозаҷӯйҳои ада-
биёти имрузаи тоҷик бояд шумурд. Вай аз аввалин касоне буд,
ки қолабҳоро_шикаста, тасвиридеҳ, сангу кӯҳсор, Душанбе, тони-
ки самарқанди, маҳтобшаб, ҳусни забону либоси миллӣ, наврӯз
ва амсоли инҳоро дода буд, ки баъдҳо аз забони бисёриҳо эрод
гардида, нун шаблону тақлид дилбазан шуданд,_аммо дар гуфто-
ри Ансори ҳамеша тозагӣ ҳис карда мешуд. У ба касе тақлид
намекард. Шаклу мазмун дар гуфтори ӯ бо ҳам иртиботи қавӣ
доштанд.

Ансорӣ гарчанде умри кӯтоҳ дид, аммо бо эҷодиёти гуногун-
шаклу ғании худ дар маданияти халқи тоҷик нақши шоён боқӣ
гузошт. Достонҳои у, шеърҳои лирикии ӯ, асарҳой драмавии вай
манзури садҳо ҳазорон хонандагону шунавандагон гардидаанд. Як
вақтҳо Файзулло Ансорӣ фаъолтарин шоири суруднавис буд. Ба
ашъори у бастакорони номӣ оҳанг мебастанд, онҳоро беҳтарин
ҳунармандон, аз ҷумла Ҳанифа Мавлонова, Аҳмад Бобоқулов,
Ҷурабек Му родов, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Сироҷ
Сафаров ва дигарон бо маҳорати баланд месуруданд.

Назми ҷилодори Файзулло Ансорӣ дар мамлакатҳои хориҷии
форсизабони ҳамсоя низ ба хубӣ маълум буд. Ин сатрҳоро ме-
нависаму як баҳсе дар хусуси песаи Ансорӣ “Ҳукми модар" ба
хотирам меояд.

Соли 1965-ум театри академии ба номи Лоҳутӣба Афғонистон
тараддуди сафари эҷодӣ дошт. Баҳс дар хусуси намоишномаҳое
мерафт, ки х,айати эҷодӣ бояд ба Афғонистон мебурд. Комиссиям
махсус бо иштироки роҳбари сафари ҳунарии театр, нависандаву

172
дрзмнзвиси мзъруфи тоҷик Сотим Улуғзодэ ҲЭМЭИ НЭМОИШНОМЗҲО-
ро 33 нэззр гузэронидэ, бэъзе песэҳоро, зз он ҷумла песаи
Файзулло Ансорӣ “Ҳукми модар ”-ро эз руйхзт баровардани шуд.
Муқобилҳо мегуфтэнд, ки песзи Ансорӣ дзр мэвзӯи имрузаи
Тоҷикистон бэ тэрзи манзума нэвиштэ шудээст, мэрдуми Эфрон
боон проблемаҳоошно нест, онҳоро намефаҳмад, бэр замми ин
зфғонҳо бенихрят шеърдон ҳэстзнд, дзр руҳияи шеъри бзлзнди
клзссикй тэрбия ёфтээнд, нэшэвзд, ки шеъри Ансори бз онх,о
писэнд нэояд.

Мэн ҲЭМ, ки дзр ҲЭЙЭТИ он комиссия будэм, бз чунин фикр
розй нэшудэм, истодзгэрй кзрдзм, ки песзи Ансори “Ҳукми
модэр" бэробэри дигэр беҳтэрин асархри саҳнавиитеатри ба номи
Абулкрсим Лоҳутӣ дзр Афғонистон намоиш додз шзвэд. Ниҳоят
гэпэм гузэшт. Роҳбэри он сафари ҳунари Сотим Улуғзода пас аз
баргаштан аз Афғонистон махсус ба Кумитаи Марказии ҳизб ома-
да аз ҷамъбасти намоишҳои ҳунарии аҳли театр дар мамлакати
ҳамсоя ҳикоят кард ва алоҳида изҳор намуд, ки шубҳаи баъзе
рафиқон, аз ҷумла шубҳаи худам ҳам дар хусуси песаи Ансори
“Ҳукми модар’’ беасос баромад.

Сотим Улуғзода бо ҳисси қаноатманди гуфт:

—Песаи Файзулло Ансори “Ҳукми модар" аз ҷониби тамошоби-
нони Афғонистон хеле гарм истиқбол гардид. Дар намоишҳои он
толори театр доимо пуродам буд. Иштиёқмандони зиёд тикет
(билет) ёфта натавониста, бо ҳасрат аз назди театри Кобулнан-
дорй пас мегаштанд. Ҳамин ҷиҳати масъаларо ба эътибор гириф-
та, мансабдорони афғонӣ песаи номбурдаи Ансориро ба лентаи
радио сабт намуда онро борҳо ба мардуми Афғонистон шунаво-
нидаанд.

Ба назарам, ин эътибори олитарин буд роҷеъ ба х,унари асил
ва маҳорати эҷодии Файзулло Ансорй.

Пас аз як сол — соли 1966-ум худам ҳам ба Афғонистон
мусофират доштам. Вак^е ки аз сафари ҳунарии театри Лоҳути
сухан мерафт, донишмандрну со^ибқаламони маъруфи онрузаи
Афғонистон, аз ҷумла Усмон Сидқӣ, Абулҳаҳ Вола, ЗиёҚоризода
ва дигарон песаи манзуми Файзулло Ансорй ‘Ҳукми модар -фо бо
эҳсос ёдовар мешуданд ва аз эҷодиёти ӯ зиёдтар донистан мехо-
станд.

Бале, дар солҳои охир ҳар бор бо дустони зерин дучор оям,
адбатта.ёде аз Файзулло Ансорй ба хотир меояд. Боре дар ҷашни
Фазлиддин Муҳаммадиев Аълохон Афсаҳзод гуфт:

—Файзулло Ансорй бо Фазлиддин дӯсти ҷоноҷони бе ғаразу
бе тамаъ буд. Борҳо ман ба эшон мегуфтам, муаллим шумо сор-
бони корвони ахди адаби болооби Зарафшон ҳастед. Бисёриҳоро
ба ин ҷода ҳидоят намудеду баъд дастгири кардед. Аммо он кас
мегуфтанд, ки Ҳоҷӣ-ака (шоир Бобо Ҳоҷӣ ) дар ин роҳ cap карда

173
ҳастанд. Ансори идроква диди аҷиби шоирона ва мутафаккирона
доштанд, аз дигарҳо чандин сол пештар низоъҳои зиндагиро дарк
менамуданд, ҳалли онҳоро пешгӯӣ мекарданд. "Имтиҳон”, “Ҳукми
модар , Хатро ман навишта будам”, “Модар нигарон аст", “Иҷора-
нишин”-ро мо на чун асари бадей, балки чун зиндагинома мепа-
зируфтем, прототипҳои онҳоро медонистем.

Бале, Ансорӣ хусусияти аҷоибе доштанд, аввал чандин бор
мавзуъ ва ҳадафи асари ояндаашонро мегуфтанд, баъд суҷети
онро нақл мекарданд ва ниҳоят онро ба дӯстон хонда муҳокима
менамуданд. Ба назарам мантуро дӯст медоштанд, ки баъди му-
ҳокима мантуи хос фармудаашонро оварда, даъватшудаҳоро бо
он зиёфат мекарданд. Ба эродҳо бо диққат муносибат доштанд
Ман бо нуҳ леса ва ду достони Ансорӣ дар чунин муҳокимаҳои
дустонаашон пеш аз чоп ва ё ба идораи Вазорати маданият
рафтан шинос шуда будам. Чӣ лаҳзаҳои гуворое буданд, ки
халлоқи асарҳои навро дарнақшҳои гуногуне медидем, ки онҳоро
у тарҳ рехта буд. Ансори шахси ҳалиму гапдаро буданд. Вале
дар сари ақидаи худ устувор буданд, дар принсипҳои эҷодӣ ва
мавқеи ғояви ба касе гузашт намекарданд.

Афсусу садафсӯс, ки Файзулло Ансорӣ дар 49-солагӣ дар
аини авҷи камолоти эҷоди28 апрели соли 1980 азолами равшан
чашм пушид. Ҳарфҳои зиёди у ногуфта монданд. Аммо Ансорӣ
дар бадали умри кутоҳаш асарҳои бадеии зиёде офарида, ба
наслҳои оянда аз худ ёдгор гузошт. Боварӣ дорем, ки наели
имруза ва фардо ба қадри хизматҳои ӯ мерасид, гаштаю баргаш-
та гулбоғи мусаффои эҷодиёти гуногуншакли ӯро сайр менамо-
янд.

ОВОЗАИ ЛОИҚ

Ҳар сол 20 май пайвандон, наздиктарин дӯстони Лоиқ Шералӣ
гирди дастархонаш ҷамъ шуда зодрӯзашро муборакбод мегуф-
танд. Имсол, киуба синни 59 қадам ниҳода, ба шастумин солгар-
ди камолоташ наздик меомад, барои шодбошӣ ба хонааш раф-
там. V маро хушҳолона пазируфта гуфт: — Муаллими азиз, дар
вақташ омадед, табрикатон қабул, аммо маҳифилчаи мавлуд дар
ҷои дигар мешавад. Ҳозир ҳамсояи дар ба дарам Сабзалӣ Суфи-
зода меояд, ҳамроҳ ба соҳили кули Комсомол, ҷои хушҳаво
меравем. Он ҷо бо сарварии додаратон Сорбон, Шарифбеки
Юсуфзода, Афзалшо, Мастон Шарифов, Фазлиддин Шомуродов,
Алиакбар Абдуллоев, Фарҳод Каримов ва дигарон тараддуд
дорэн^д,

Мо се нафар - Лоиқ, Сабзалӣ ва камина пои пиёда ба ҷои
таъиншуда равон шудем.

Додаракатон соли оянда шастсола мешавад -гуфт Лоиқ бо
лаҳни ширину афзуд, — барои ҳамин дӯстон, дар оғӯши табиат,

174
"аз нуги хамир фатир" карданиянду пухту паз доранд.

Гуфтам: — аспи вақт чи сон дар тоз аст, охир, дирузакак
панҷоҳсолагиатонро қайд карда будем, қариб даҳ соя гузаштааст.
Ҳанӯз ҳам он ҳамсафариамон ба Хатлонзамин ва он тантанаҳои
диловези мардум дар қасри фарҳанги Кулоб, дар хоҷагии кишо-
варзии Мирсаид Алии Ҳамадони^ баромадҳои сарвари вилоят
Султон Мирзошоев, шоирони номи Ашур Сафар, Ҳақназар Ғоиб,
Саидҷон Ҳакимзода, МуҳаммадҒоиб, Сафармуҳаммад Аюби, ҳунар-
варон Одина Ҳошим, Давлатманд Холов, саркор Абдуҷаббор Зар-
диев дар лавҳаи хотиранду пеши назар меоянд. Чи қадрдонии
ҳотамона карданд он мардум!

_Ҳақ асту рост, муаллим, вақт тезгард будааст, худам ҳам

боварӣ надорам, ки аллакай ба шаст мерасам, Шумо он қадрши-
носиву посдории шеъри тоҷикиро хуб ба хотир овардед. Ман дар
ҳамон ҷо пай бурдам, ки шоири халқи ном гирифтанам беҳуда
набудааст, — гуфт лутфомезона Лоиқва илова кард. - Дар хотир
доред, муаллим, ғайр аз чораҷӯиҳои расми-читавр мо даст ба
дасти мухлисон, ихлосмандони шеър гардидем. Бисёриҳо бо
исрор, самимона, ба хонаҳояшон даъват мекарданд, ки яклаҳза

ҳаққи намак шавем. _

Мо ғайр аз хонаҳои шоирони халқи Ашур Сафар, Ҳақназар
Ғоиб, дӯстон Давлатманд Холов, Абдуҷаббор Зардиев боз дар
чандин хонадонҳои ҳаводорони фидоии каломи Лоиқ будем, ҳар
кадоме ақаллан "барои як пиёла чой муроот мекарданд. Яке аз
чунин мухлисони шоир, — инсони наҷиб, дилдодаи назми тоҷик
Сафар Маҳмуд ном ҷавонмарде буд, ки бо далолати роҳбари
шаҳр Нурулло Ашӯровмоба хонааш рафтем. Ба хона даромадан
ҳамоно Сафар Маҳмуд гуфт: — “басо хушбахт аст аҳли хонадони
ман, ки қадами мубораки Лоиқ барин шоири машҳур ба остонаи мо
расид”. Аз муомилаи орифонаву самимияти табииаш маълум буд,
ки Сафар шахсияти фарҳангист ва сӯҳбати мо бо у зуд_ кур ги-
рифт. Ӯ хазинаи китоб ҳам доштааст, ки дар хотимаи суҳбат аз
он ба Лоиқ, — меҳмони иззатманд нусхаи зебои “Девони Кабир -и
Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро чун рамзи қадршиносии оли эҳдо
намуд. Он гаҳ шумо, Лоиқҷон, гуфта будед: “албатта, аз чунин
тӯҳфа рӯй гардонидан гуноҳи азим аст, аммо гумон мекунам, ки
бо рафтани ин китоб нисфи хазинаи шумо холи шуд”. Сафар
Маҳмуд бадоҳатан ҷавоб гуфт: — Э, устод, ин тавр нагуед, осуда
бошед, ҷои ин китобро бе муҳобот китобҳои шумо пур мекунанд,
зеро, ки шумо аввалин тарғибгари фаъоли ' Девони Кабир" ҳас-

тед”. _ _

Ҳамин тариқ, дар роҳ бо Лоиқҷон чунон суҳбати дилпазир

доштем, ки ба ҷои мавлудгузаронӣ расиданамонро нафаҳмида

мондем. _ с

Кӣ медонист, ки ин сӯҳбати бағоят руҳафзо бо Лоиқҷон суҳбати

175
вопасини мост. Он рӯз худи Лоик, чунон кушодачеҳраву дилшод
буд, он қадар меҳрубону ҳалим. У бо хурду калон баробар
лутфомезӣ менамуд, бо сурудхониҳои Афзалшо ҳамовозӣ ме-
кард, баъзан ба ваҷд омада ба рақс ҳам медаромад. Хулоса,
меҳмонҳояшро чунон навозите мекард, ки аз ин пет ӯро дар
чунин ҳолат надида будам. Гумон мекардам, ки дилаш аз чизе
гувоҳӣ медиҳаду мо намедонем. Дар ҷараёни он базмчаи дилҷӯ
сухан бештар дар боби читавр гузаронидани ҷашни шастсолагии
Лоик, мерафт. Чанд тан худро ба Кумитаи тадорукот дохил наму-
данд ва пешниҳодҳо мекарданд, ки ҷашни шастсолагии Лоиқ ҳам
дар пойтахт ва ҳам дар ноҳияҳо бояд бизгузарад, ҳатто пешни-
ҳоде шуд, ки он маърака дар стадиони марказй ороста шавад.

Аммо, чй тавре, ки гуфтаанд, — Ман дар чй хаёлу фалаки
каҷрафтор дарчй хаёл? Фурсати зиёде нагузашта, 21 июни соли
2000 хешбачаам Мирзобоеки Самадӣ маро ҷуста огоҳ кард, ки
амакҷон, хабари нохуш овардам, дарди сахт устодЛоикро гире-
бонгир шудааст, аз фишори баланди хун раги хунгарди майна
кафида фалаҷ шудааст. Ҳамон лаҳза ин хабари шумро шунида,
яке аз қадрдононаш ин рӯйдодро ба қалам додааст;

Аз бистари гафлатзада, эй Лоиқи мо бархез,

Хун бар сари миллат зада, эй Лоиқи мо бархез.

Ин хабари нохушро шунида дарҳол ба бемористон шитобидаму
сардухтури амрози қалб Соҳибҷон Раҳмоновро ёфтам.

— Амак, шуморо фиреб дода наметавонам, устод шабона
илоҷи аз сад фисад, се фисад наҷот ёфтан дошт, бо тадбирҳои
таъҷилӣ ин омилро ба бисту панҷ фисад овардем, боз Худо
худаш медонад, — гуфт Соҳибҷону маро ба сари бистари бемор
бурд, баъд ба назди хешовандон-ҳамсараш Зебиҷон, писаронаш
Диловар, Ромиш, Сомон, духтаронаш Сабоҷон, Мумтоз, акаҳояш
Қоришарифу Сорбон ва дигарон овард, ки ҳама ғамзадаву ашко-
луд буданд. Ҳуҷрае, ки он ҷо менишастанд, мӯрчахонаеро шабо-
ҳатдошт. Пайвандон, дӯстони хонаводаи Лоиқ паи ҳам меомадан-
ду мерафтанд, баъзеҳо хомӯшу сархам ва дилозурда, баъзеҳо
“Худо дардро додагӣ, шифоашро ҳам медиҳад’’ — туфта онҳоро
тасаллият медодалд. ' vo' ‘ *

Табибон Сох,ибҷон Раҳмонов, Мухбирҷон Ҳасанов ва дигарон
таҳти назорати вазири тандурустӣ Аъламхон Аҳмадов нӯх, шабо-
нарӯз барои наҷот додани Лоиқ кӯшишҳо ба харҷ доданд. Ҳама
дар таҳлука буданд. Фиристодагони Президент, аъзоёни ҳукумат
ва шахсони машҳури ҷумҳурӣ борҳо омаду рафт доштанду тадби-
рҳо меҷустанд.

Аз рӯи ҳавлии бемористон низ ходимони намоёни илму фарҳ-
анг, дӯстон ба ҳолпурсӣ меомаданд. Даҳҳо, садҳо қадрдонҳои бе-
мор ҳам саҳар, ҳам шом дар атрофи беморхона ҳалқа зада
баробари бемор дард мекашиданд, ки бисёриҳоро дар дидагона-

176
шон ашк ҳалқа мезад. Онҳо дар орзуи зуд шифо ёфтани Лоик,
буданд.

Ана ҳамин тавр, нафақат пайвандону хешу ақрабоҳо, балки
дилбохтагони бешумори каломи сеҳрноки шоири замон, дардош-
нои мардум кулфатзадаву парешонхотир дар атрофи беморхона
“қадам мешумориданд” ва ҳар касе, ки нав вориди бемористон
мешуд, — хоҳ бадахшӣ, хоҳ раштӣ, хоҳ ҳисориву зарафшонӣ, хоҳ
фарғонагиву хатлонӣ - Лоиқ дар чӣ ҳол бошад, — гуфта пурсон
мешуданд. Ана ҳамин ташвишу ҳароси бемислу монанди мардум
аз такдири Лоиқ кифоя аст, агар гӯем, ки ӯ бо тору пудаш
шоири аслии мардумӣ буд, барои халқаш зисту барои халқаш
эҷод намуд ва худ дар китобе, ки бо номи “Рӯҳи Рахш”, ки ба
тозагӣ дар Эрон нашр шудааст, мегӯяд:

Дили ман, эй дили садпораи ман,

Дили гампарвару гамхораи ман.

Туро сад пора хоҳад кард охир,

Ғами ин миллати садпораи ман.

Шоир ин сатрҳо ва дигар аламномаҳояшро дар аввалҳои со-
лҳои пурталотуми навадум эҷод карда, ки ҳам ба дарди пири
барҷомонда, ҳам пурсиши ҷавонмарди раҳгумзада ва х,ам ба дӯсту
душман ҷавоб мегӯянд. Дар ҳамон рӯзе, ки ишора кардам (20
май), яъне дар сӯҳбати ёдоварӣ шуда дар соҳили кӯли Комсомол
ба Лоик, бо суоле муроҷиат намудам: — Шумо, Лоиқҷон, мақоли
“Овозаи Рустам - беҳ аз Рустам”-ро чи тавр шарҳ медиҳед? Ба
суол ҳар хел ҷавоб ҳаст, — гуфт Лоиқу пурсон шуд: — Чаро он
мақол ба хотиратон омад? -‘Ъарои он, посух додам, — дархосте
гирифтаам, ки бахшида ба шастсолагии шумо очерке бинависам,
аз худи шумо пурсиданиям - овозаи Лоиқ беҳ аз Лоиқ аст ё
ҷавоби дигаре бошад?’’.

—Муаллимҷон, дар ин хусус бореҳамфикре ба сэрам наома-
дааст, худатой, ки ин масъаларо ёдовар шудед, хуб мебуд, ки
худатон қазоват мекардед. Бигузор, дигарон дар ин бобат бо
худи шумо бахду музокира кунанд, на бо ман, — гуфт Лоиқ бо
завқ хандида.

Дар ҳақикат, Лоиқ яке аз овозадортарин шахсиятҳои Тоҷики-
стон аст. Солҳои зиёд аст, ки номи ӯ дар саҳифаҳои матбуоту
наворҳои телевизион, радио, дар маҳфилҳои мардумӣ вирди за-
бои аст. Дар хусуси дигар хизматҳои Лоиқ баъдтар хоҳам гуфт.
Ин ҷо барои исбот фақат ташаббуси ӯро доир ба шоҳномахонӣ дар
радио ёдрас карданиям. Ҳазорон кас гӯш ба қимор меистоданд,
ки аз шоҳномахонии Лоиқ ғофил намонанд.

Мо ин ҷо фақат ба шох,номахонии Лоиқ ишорае кардем. Магар
ӯ дар инкишофу такмили забони миллии тоҷикӣ кам заҳматҳо
кашидааст? Ман ҳамчун узви комиссияи таҳияи Қонун доир ба
забони давлатӣ медидам, ки Лоик, аз дигарон бештар ҷиду ҷахд

177
дошт, ки ин Қонун хубтар таҳия гардад ва зудтар қабул шавад.
Солҳои тулонӣ Лоиқ - ҳамчун донанда ва ҳимоятгари забони
тоҷикӣ ба^созмони бонуфузи “Бунёди байналмилалии забони фор-
сии тоҷики” сазовор сарпарастй дошт ва барои такомулу тарғиби
забони модариамон дар пойтахт ва вилоятҳо фаъолияти самара-
бахш мекард. Лоиқ хуб дарк менамуд, ки барои инкишоф ва
равнақи забои пеш аз х,ама китоб, китобҳои ба забони адабии
тоҷики навишта шуда, зарур аст. Дар кори дар як фурсати кӯтоҳ
ба табъ расидани офаридаҳои Рӯдакӣ, Абӯалӣ Ибни Сино,
Саъди, Ҳофиз, Хайём, Ҷалолиддини Румӣ саҳми Лоиқ кам нест.
Лоиқ барои такмил додани нашри китобҳои дарсӣ, лугатх,ои
гуногунҳаҷму гуногуншакл пешниҳодҳои муфиде кардааст.

Аввалин бор овозаи бо завқи баланд шеърнависии Лоикро
чиҳилу ду сол муқаддам, ҳанӯз дар Панҷакент, ки он вақт раиси
ҳукумати ноҳия будам, аз забони Қутбиддин Раззоқов - маорифчии
номи, сарвари омӯзишгоҳи педагогй шунида будам. Боре ӯ дар
нишасти идонае, ки ба хонаам, барои табрик омада буд, гуфт:

— Раис, ман шуморо хурсанд карданиям, дар байни донишҷ-
уёни омузишгоҳамон як бачаи соҳибзавқ, аз қишлоқи Мазор мехо-
над, номаш ба худаш муносиб - Лоиқ. Лоиқ Шералӣ.

— “Чи соҳибзавқй доштааст Лоиқатон?”— пурсидам, кунҷкобӣ
намуда.-“Шеър менависад, шеърҳои дилчасп, каломаш хуб аст",
гуфт сарвари омӯзишгоҳ.

—Дар диёри мо шеърнавис бисёр аст, пешипой хуред, болои
шоир меафтед,— гуфтам шӯхиомез-Раисҷон, интавр нагӯед, ман
беҳудагуи намекунам, — Раззоқов ранҷидагӣ барин шуду афзуд: —
Ман бо Боқи Раҳимзода ҳамсабақ ҳастам, ба наздикӣ бо Мирзо
Турсунзодаву Файзулло Ансорӣ меҳмон шуда буданд, дар назди
онҳо шеърҳои Лоиқро хонондам. Онҳо гавҳаршиносӣ карда гуф-
танд: — қаламатро напарто, аз шеърҳоят бӯи каломи Рӯдаки
меояд.

Ба Қутбиддин Раззоқов барои хабари хуш ташаккур гуфтаму
афзудам, — муаллим, акнун барои мӯътадил ба камол расидани
Лоиқ аҳамият диҳед, кӯмаки ҳарҷонибаро дареғ надоред, агар дар
ягон масъала ёрдами мо лозим бошад, огоҳ намоед. Муҳимаш он
ки баробари шоири хуб будан, инсони хуб ҳам шудан ҳатмист.

Имруз, дар омади ran бояд гуфт, ки Қутбиддин Раззоқов
барҳақ ба Лоиқ Шералӣ дасти падарона дароз кард, барои
обутоб ёфтани хислатҳои инсонӣ, ахлоқу одоб ва шахсияти ӯ
таъсири амиқе гузошт ва беҳуда нест, ки Лоиқ боифтихор Раззо-
қовро падари маънавии худ хондааст. Раззоқов ҳам ба Лоиқ, ки
ихлоси баланд дошту меҳр баста буд, духтари гулпарии нозани-
наш Зебиҷонро ҳамхонааш кард, ки боиси таҳсин аст.

Сарпарастии Раззоқов ва таълими муаллими адабиёт дар ом-
узишгоҳ Шарфизодаи Исфарангӣ бар абас нарафтанд, Лоиқ ҳам

178
кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, зина базина пеш мерафт ва ҳанӯз
дар давраи донишҷӯиаш дар қатори машъалони назми тоҷик
ворид гардид. Дар ин бора Шоири Халқии Тоҷикистон Гулназар
дар китобаш “Лоиқе чун Лоиқе", ки ба маврид ва моҳирона ба
табъ расонидааст, басо хуб тасвир менамояд. Дар яке аз маҳфи-
лҳои ҷавонон, нақл мекунад Гулназар, — устод Боқӣ РаҳимЗода
суханашро чунин оғоз менамояд: — Ҷӯраҳо, узр! Каме дер кар-
дем. Имрӯз дар Иттифоқи нависандагон воқеаи таърихие рух дод.
Мо Лоиқи азизро ба узвияти Иттиҳодия пазируфтем. Толорро
беихтиёр садои кафкӯбӣ фаро гирифт. Он шабу рӯз дар муҳити
ҷавонон, ба вижа дар ҳалқаи навқаламон, се тан шӯҳрату овозаи
тамом доштанд-Лоиқ Шералӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҳабибул-
ло Файзулло. Боре дар моҳномаи “Садои Шарқ” шеъри Лоиқ доир
ба ҳаёти донишҷӯён ба табъ расид. Аз тозагӣ ва мушаххасии
мушоҳидаҳои Лоиқ ҳайратзада будем ва ҳамагон ин шеърро аз ёд
медонистем. Ҳамин тавр, Лоиқ аз шеър ба шеър, гӯё аз диле ба
диле пеш мерафт. Аз ҳамин рӯ, чун хабари ба узвият қабул
шуданашро шуниданд, ҳамаро шодиву ҳаяҷони аҷибе фаро ги-
рифт.

Устод Боқӣ Раҳимзода гуфт:— Мувофиқи қоидаҳои қабул ҳар
адиби ҷавон бояд соҳиби як-ду асари чопшуда бошад. Лоиқ дар
маҷлиси қабул шеъри “Ба модарам’’-ро хонд ва ҳама ӯро якдило-
на ба узвият пазируфтанд. Устод Турсунзода ӯро ба оғӯш гириф-
та бӯсид. Гулназар ҳикояташро хеле ба мавқеъ хотима меди-
ҳад”,— шояд ғалат кунам, ба гумони ман адибе ба мисли Лоиқ
ба ин шиддат ба адабиёт наомадааст, ба ин шиддат ташаккулу
такмил наёфтааст ва ба ин шиддат мақоми аввали худро дар
адабиёт ҳифз накардааст”.

Дар гуфтаҳои Гулназари нозукбин ҳеҷ иштибоҳе нест. Ҳақ
аст, ки Лоиқи Шералй ба маӣдони фарҳанги миллии худ шерона
ворид гардид ва то нафаси вопасин шерона талошҳо варзид.

Ин ҷо мавриди мувофиқ медонам, ки як чизро махсус қайд
намоям. Роҳи тайкардаи Лоиқ дар адабиёт на ҳама вақт гулпӯшу
ҳамвор буд, кам набуданд, онҳое, ки ба назари рашку ҳасад ҳам
ба ӯ менигаристанд, мактубҳои пай дар пай навишта айбҷӯӣ
мекарданд, ӯро бадном карданӣ мешуданд, ба эҷодиёташ мӯҳри
бӯҳтонро мезаданд.

Бадхоҳони ноҷавонмард ба эҷодиёти Лоиқ ва чанд эҷодкори
умедбахш хати сиёҳи батлон кашиданӣ шуда, ба гардани ӯ
тағмаи декадентӣ (кӯҳнапарастӣ) овехтанӣ шуданд. Он вақтҳо, ки
дар Кумитаи Марказии Ҳизб бо масъалаҳои фарҳанг сару кор
доштам, маводҳои бӯҳтонангезро нисбат ба Лоиқ ва чанд истеъ-
додҳои ҷавони дигарро омӯхта, бо устодон Мирзо Турсунзода ва
Муҳаммад Осимй машварати хосае пардохтам. Онҳо ба олимони
дахлдор супориданд, ки ин масъала бо диққат ва беғаразона

179
омухта шавад. Дар хотимаи машварате, ки санҷиши масъала
ҷамъбаст мешуд, Мирзо Турсунзода қазовати қатъӣ намуду гуфт:

~ЧаР° мардуми рус аз достой и “Гуфторандар полки Игор"
( Слово о полку Игореве”) ифтихор карда метавонаду мо намета-
вонем? Е гирем, достони Шотта Руставеллӣ “Палангинапӯш', “Ма-
нас -и қирғизҳо ва Туруғли"-и халкҳои Осиёи Миёнаро? Ҳар
касе, дар ҳаққи Лоиқ чизе гуфтааст, беҳуда, беасос, бадхоҳона
гуфтааст. Мо чунин икдомро маҳкум мекунем, аҳсан ба Лоиқ, ки
аз гузаштаи миллаташ, хусусам “Шоҳнома”-ву дигар мероси бе-
баҳои ниёгонамон ифтихор дорад ва онҳоро ӯхдабароёна тарғиб
менамояд. Гузаштаи мо мактабу сабақ аст.

Чи тавре, ки мебинем, аз давраҳои аввали ба адабиёт қадам
мондан ва тай намудани ин роҳи ноҳамвори заҳматталаб, Лоиқи
ҷуяндаву ёбанда аз марҳамату эътибори Турсунзода барин шахси-
яти шуҳрати ҷаҳони дошта баҳраманд буд ва дар марҳилаҳои
ҳассос дар симои у ҳимоятгари хирадманд дошт. Ҷояш омад,
оояд қайд намоям, ки муносибати дигар ходимони намоёни фар-
ҳанг азҷумла Бобоҷон Гафуров, Муҳаммад Осимӣ, Сотим Улуғзо-
да, Ҷалол Икроми, Раҳим Ҷалил, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Ра-
ҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Ашӯр Сафар, Фазлиддин Муҳаммадиев
м^уъмин Қаноат низ ба шахсияту эҷодиёти Лоиқ аён хайрхоҳона

Ҳоло, ки сухан аз боби қадршиносии ходимони барҷастаи
фарҳанг, хусусан Мирзо Турсунзода нисбат ба Лоиқ меравад як
мулоқоти бо Ҷаббор Расулов - собиқ сарвари Тоҷикистон дошта-
амон ба хотир меояд. Ин мулоқот дар арафаи анҷумани навбатии
нависандагон сурат гирифта буд. Мирзо Турсунзода чун ҳамеша
оа шуъбаи фарҳанги Кумитаи Маркази омада аз сафарҳои навба-
тии хориҷиаш, аз вазъияти кор дар Иттиҳодияи нависандагон,
бурду бохти фарҳанги милли нақлҳои диққатангезе намуд, баъд
каме ба фикр ғута зада - гуфт:—Ду рӯз пае анҷумани нависан-
даҳо мешавад, биёед ба назди Ҷаббор Расулович рафта, аввал
он касро ба анҷуман даъват мекунем,баъд ба Сарвари Ҷумҳурӣ
аз масъалаҳои доғи рӯз ахборот дода, аз эшон маслиҳатҳои
лозимаро низ гирем... ^ л

Воқеан, Ҷаббор_ Расулов, ки ҳамеша аз вазъи адабиёту санъ-
ат огоҳ буду дилсӯзона парастори ҳам менамуд, моро хушҳоло-
на қабул кард ва баъд аэ пазироии самимона пурсид- — “Миозо-
ҷон, чи ташвишҳо доред, чӣ гапҳои нав овардед?”.

— Гапҳои нав, Ҷаббор Расулович, ҳамин ки баъд аз ду рӯз
анҷумани нависандагонамон мешавад, омадем, ки шуморо даъ-
ват кунем. к 14

Ҷабборара<?у?оваМ’ ЧӢ масъалах'0Р0 мУҲ°кима мекунед? - пурсид

Асосан се масъалаи муҳими ҷараёни адабиётро: аввал

180
инъикос намудани корномаҳои бунёдгарони комплекси истеҳсо-
лии Ҷануби Тоҷикистон, дуюм - масъалаҳои рузмарраи драматур-
гиям тоҷик, ки нуқсонҳои зиёд дорад, солисан - таҳлили эҷодиёти
адибони ҷавон, — гуфт Турсунзода.

— Хеле хуб. Ҷавонон хуб месабзанд? Ҳастанддар байнашон,
ки дар оянда Айниву Турсунзода шаванд? - пурсон шуд Ҷаббор
Расулов.

— Ҳастанд, хушбахтона ҷавонони хуб дорем, — гуфт Мирзо
Турсунзодаву афзуд, — ман ҳоло асарҳои ҷавононро хонда, аз
хушнудӣ мехоҳам, ки 'Тупиамро ба осмон ҳаво диҳам”,— чи тав-
ре, ки дар урфияти халқамон мегӯянд. Ман аз эҷодиёти ҷавонони
соҳибистеъдод хеле шод ҳастам, бодилпурй эстафетам эҷодиро
ба дасти Фазлиддин Муҳаммадиев, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шерали
додан мумкин,—гуфт Мирзо Турсунзода - Дар назди шумо икрор
мекунам, ки ҳоло ман ба мисли Лоиқ Шерали шеър навишта
наметавонам. Дар байни ҷавонони эҷодкор Лоик, мақому манзила-
ти хоса дорад”.

— Мирзоҷон, шумо моро хурсанд кардед. Хубаст, ки ба
ҷавонон чунин садоқати баланд доред, аммо дар хусуси супори-
дани эстафета, ҳоло барвақт, саросема нашавед, — гуфт бо завқ
хандида Ҷаббор Расулов ва илова кард: — Ба съездатон меоям
ва ҳатман баромад мекунам, гуфтаниҳои зиёд дорам.

Он суханҳое, ки Мирзо Турсунзода ба унвони Лоик, дар назди
сарвари мамалакат гуфта буд, заррае муҳобот надошт, аз таҳти
дил ва ҳаққонӣ буд, зеро ки дар маҷмуъ Лоиқ ҳамчун эҷодкор ва
ҳамчун шахсияти комилу писандида баръало ташаккул ёфта буд.

Дар ҳамон вақтҳо масъалаи тарҷумаи гимни аз сари нав
тахриршудаи СССР — ҳуҷҷати моҳияти умумидавлати дошта — ба
миён омад. Дар бюрои Кумитаи Марказии ҳизб гурӯҳи эҷодие бо
сарварии Мирзо Турсунзода ташкил ёфт. Бо пешниҳоди у Лоиқ
Шералӣ низ ба он гурӯҳи баландмартаба дохил гардид. Ман
воқиф ҳастам, ки матни он ҳуҷҷати эҷодии муҳимро шахсан Лоиқ
таҳия намудва боадабона ба Мирзо Турсунзода, Мирсаид Мирша-
кар. Боқӣ Раҳимзодаву Аминҷон Шукӯҳӣ хононду номашонро дар
зери он гузошт. Дар маҷлиси хотимавии қабули матни Гимни СССР
Мирзо Турсунзода хушгӯӣ намуд:

— Биёед, рафиқон, мардона иқрор шавем, чи тавре, ки дар
урфияти халқамон мегӯянд, — “Ҳофиз манаму бародарам мехо-
над” шуд. Маълум, ки матни тарҷумаи гимнҳои номбурдаро Лоиқ
танҳо ва хубакак таҳия кардааст ва мо ба он хушруякак имзо
гузоштем, — ва баЛоиқ азномигурӯҳи эҷодии расми миннатдории
самимона изҳор кард, — ташаккури зиёд ба ту.

Ҳамин тавр маҳорату камолоти эҷоди ва мавқеву манзалати
шахсияти Лоиқ дар амал, дар пеши назари роҳбарияти ҷумхури,
Иттиҳодияи нависандагон, муҳимтараш, дар баӣни ҳазорон ҳаво-

181 •
дорони ашъори тозаву шаҳдбори у аён меафзуд. Акнун дар бисёр
ҷамъомадҳо, конференсияҳо, маҳфилҳои эҷодӣ, ҳам дар дожили
кишвар ва берун аз он ба Лоиқ зуд-зуд сухан медодагӣ шуданд.
Яке аз чунин минбарҳои_ баландтаринро ба Лоиқ дар Тошканд
сазовор донистанд. Ба -у супорида_шуд, ки дар расми кушоди
Даҳаи адабиёту санъати тоҷик дар Узбекистон аз номи ходимони
намоени фарҳанги Тоҷикистон суханронӣ кунад, ки дар он сарва-

рони ҳарду ҷумҳури Шароф Рашидов ва Ҷаббор Расулов иштирок
доштанд.

Ҳаққо, ки то ҳанӯз ман дар чунин минбари баланд сухан
нагуфтаам. Мефаҳмам, барои ман барин навқалам, ин шарафи
бузург аст, мо ба шумо бародарони ӯзбекистонӣ дилҳои кушодаву
пур аз меҳру эҳсон туҳфа овардем — гуфт Лоиқу шеъреро бо
руҳбаланди қироат намуд, ки аҳли толори бузурги театри Алише-
ри Навои уро бо кафкубиҳои бардавом истиқбол гирифт. Ҷаббор
Расулов, ки дар бари Шароф Рашидов менишаст, аз хуш қабул
шудани шоири ҷавони тоҷик рӯҳбаланд гардида ба вай гуфт: —
“Подающий очень большую надежду, поэт из родины Рудаки"
Рашидов cap ҷунбонида изҳор намуд:

Талантов у наших народов, много, надо вовремя находит
их и поддержать, я Вас, Джабборака поздравляю.

Ҳоло, ки сухан аз боби дӯстии таърихии халкҳои бародари
тоҷику узбек меравад, ба як чиз равшанӣ андохтаниям. Борҳо
шунидаам, ки баъзеҳо Лоиқроҳамчун бадхоҳи дӯстии миллатҳои
тоҷику узбек ном мегиранд, ки ин ба тамом хатост ва нисбат ба
Лоиқ хусумат аст. Дуруст аст, ки дар ин боб Лоиқ сахт мешӯрид,
у ба муқобили даъвоҳои пантуркистон, бар зидди бадномкунанда-
гони номи Бобоҷон Ғафуров мешӯрид, аз рафтори тоҷикони
узбекистонии миллат фаромӯшкарда ба ғазаб меомад. Ман шоҳи-
дам, Лои^ боре барои он шурид, ки яке аз муовинҳои Раиси
Ҳукумати Узбекистон, дар конференсияи матбуотй дар Москва дар
толори вазорати фарҳанги СССР, Абӯалӣ Синоро фарзанди бу-
зурги халқи узбек эълон намуд. Дуруст аст, ки дар ин бобат Лоиқ
сахт хашмгин шуда буд, у додхоҳона мегуфт: — Охир, инсоф
кунед, чи тавр аст, ки падару модар, бобою бобокалони Сино
гоҷик бошаду худи у узбек:!

Чунин қаҷравиҳо дар афкори ҷамъиятии Узбекистон ҷой дош-
танщ ва хеле хуб шуд, ки ба сарварии он мамлакати ҳамсоя
Рафик, Нишонов барин ходими давлатй таъин гардид ва ба он
каҷгуиҳои гаразнок хотима гузошта шуд.

Дар дигар мулоқотҳо, ба хусус маҳфили адабии нависанда-
гони Тоҷикистон дар Тошканд, Лоиқ ба гуфтаҳои Мирзо Турсунзо-
да пайрави намуда мегуфт: — Мо амиқ эҳсос мекунем ки зами-
нҳоямон, қуллаҳову куҳҳоямон, дарёҳоямон низ ба мисли дилу
ҷонамон пайванданд, аммо айб аст, агар мо нисбат ба ҳамдигар

182
ҳавобаландӣ намоем, сухан яроқи буррост, бояроқ бози накунем,

бародарони азиз! _ „ _

Дар урфият мегӯянд,— баландиву ҳашамати кух,ро агар ҳарчи
аз дуртар нигарӣ, ӯро ҳамон қадар аёнтар, бузургтар дармееби.
Ин ҳикматро ба такдири шахсиятҳои барҷаста низ қиес намудан
мумкин аст. Ҳаётӣ будани ҳикмати мазкурро ман дар мавридҳои
мусофиратам ба хориҷи кишварамон амиқ эх,сос намудаам,
бори аввал дар Африқо (Малӣ), вак^о кидар он кишвари дурдаст,
Самеъ Абдулло ном ходими намоёни ҷамъияти - давлати, маро
дидан ҳамоно аз ҳолу аҳволи Мирзо Турсунзода пурсон шуд.
Бори дигар, дар Эрон, гоҳе, ки гоҳе, ки дар қабули арбоби
намоёни фарҳанг Алиасғари Шеърдуст будам, у маро, ки меши-
нохт, дидан ҳамоно хушгуи кард:—Худо шуморо дар мавридаш
ба ҳузури мо расонд, мо (соҳиб), хдрдуямон устод Лоиқи Шерали-
ро беҳад хурсанд карда метавонем.

— Чӣ тавр? - Пурсон шудам.

_Ҳамин тавр ки Гулчини ашъори устод Лоикро ба таоъ

расонидем, ки чанд нусхааш дар дасти манаст: —Ана иннусха
барои устод Лоиқ, нусхаи дигар барои худи шумо — гуфт. °о
мамнуният оқои Шеърдуст, китобро такдим намуда. Дар поварақи
китобе ки ба камина эхдо шудааст, хондам:— Ба ҳузури устоди
мӯҳтарам ҷаноби оқои Холмурод Шарифов, бо орзуҳо ва умеди
беҳрузӣ ваҶ шодкомӣ". Шеърдӯст, 6 сентябри соли 1994, Теҳрок

Бо мамнуният он китобро қабул намудам ва шомгоҳи дар
меҳмонхона варақгардон кардам ва дидам, ки ба Гулчини^ашъор
устод Лоиқ Шерали" шахсан оқои Шеърдуст пешгуфтори батафси-
ле навиштааст, ки дар он эҷодиёти шоир басо моҳирона ва
хайрхоҳона таҳлил шудааст. - Шеъри Лоикро дар Хама ҷои бо
ҳавас мехонанд ва қадр мекунанд, навиштааст оқои Шеърдуст^

Боз дар як сафари хориҷии дигар, аз дури гувоҳи шуҳратерии
Лоиқи мӯъҷизакор гардидаам. Ин даъфа дар Афганистан, соли
1966 ки моро ба иди истикдолияти Афғонистон даъват намуда
буданд Камина ба дастаи сершумори фарҳангиамон сарпарасти
менамудам. Барномаи ҳунарии устодони санъати Тоҷикистонро
дар маросими истиқлол басо хуш пазируфтанд. Rap' он =фиати
фарҳангии мо - устодон Ғаффор Валаматзода Шоиста МУ^°Ҷ°Н0
ва, Азиза Азимова, Ҷурабек Муродов, Зебо Аминзода, Муътабар
Иброҳимова, Боймуҳаммад Ниёзов, Зуҳро Каримова ва ДигаР°
ҳунарнамоӣ доштанд. Барандаи барнома Маҳмудҷон Воҳидов буд.
Маҳмудҷон шеърҳои классикони адабиёти форсу тоҷикро бо маҳо-
рати ба худаш хос қироат мекард ва сомеъон уро басо хуш қабул

МеКрузи дигар Вазири фарҳанг ва Иттилооти Афгонистон Усмон
Сидки, ки бо мо сӯҳбати хоса орост, дар ҳаққи ҳунарнамоии
устодони санъати тоҷик беҳтарин суханҳоро гуфту дар хотима ба

183
Маҳмудҷон Воҳидов муроҷиат намуд: — Шояд худатон эҳсос на-
мудед, ки мардуми афғон шуморо дӯст медорад, метавонад
соатҳо гӯш кунад. Як хоҳиш дорам, бо он шеърҳои классикони
тоҷику форсро, ки шумо қироат менамоед, мо балад ҳастем. Хуб
мешуд, агар шумо моро бо шеъри ҳозираи тоҷик ошно мекардед.

—Ба чашм, устод, агар имшаб ҳам ба намоиши мо оед, хоҳи-
ши Шумо ҳатман иҷро мешавад,— гуфт Маҳмудҷон, табассуми
ширине карда.

. Маҳмудҷон Воҳидов мувофиқи ваъдааш, дар намоиши на-
вбати фақат аз ашъори шоирони муосири тоҷик қироат намуд. Ӯ
порчаеро аз Ҷони ширин’’-и Мирзо Турсунзода ва чанд шеъри
шоири дигарро хонду дар охир "Ба модарам” ном шеъри шоири
ҷавон Лоиқ Шералиро бо эҳсоси амиқ ва бо ҳиси баланди
фарзанди хонд, ки банди аввалаш чунин аст.

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,

Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният.

Ки рузи тӯй дида дар қади ман, бишканӣ армон,

Бубини то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният.

Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!
Ш°яд аз он сабаб, ки каломи тоза, тасвири пурҳаяҷони симои
модари мушфиқ аз ҷониби шоири ҷавон Лоиқ бо лаҳни булбуло-
сои Маҳмудҷон омехта шуда буд, шунавандаи афғон соҳибихти-
ериро аз даст дода ба "афғон" омад, аз ҳунарманд хоҳиш ме-
кард, ки он шеърро такроран хонад.

Бемуҳобот, шеъри “Ба модарам" ва дигар навиштаҳои Лоиқро
мардуми афғон ҷазммандона қабул намуд. Дар сафарҳоямон -
дар мавзеъҳои дигар Ҷалолобод, Қарға, Истолиф, Пағмон ва
ғаира муштоқони каломи бадеъ аз Маҳмудҷон хоҳиш мекарданд
ки бештар аз шеърҳои Лоиқ қироат намояд.

Ҳамин тавр, тадриҷан ва табиӣ каломи сеҳрноки Лоиқ аз
кишвар ба кишвар, аз забои ба забоне масофа тай мекарду
қосиди дил_х,о мегардид, намунаҳои онро аз ҳамсафариҳо бохуди
Лоиқ дар Узбекистан, Қирғизистон, Россия, Прибалтика ва дигар
ҷоиҳо мушоҳида намудаам. Афсус, ки барои тасвири ҳамаи онҳо
имкон надорам. Фақат мушоҳидаи як шоири номии рус Василий
Пухначевро, ки бо у дар Сибир (Новосибирск) мулоқот доштам
изҳор карданиям. Пухначев донист, ки ман аз Тоҷикистонам’
пурсон шуд: Шумо шоирони тоҷик Қутбӣ Киром ва Лоиқ Шерали-

ро мешиносед? - “Гуфтам: — Онҳоро чун бародарони худ меши-
носам Робитаҳоямон ба дараҷаи хешу таборист”

— Великолепно!—гуфту афзуд,— Аз ман ба онҳо салому
эҳтиром бирасонед. Ҳардуяшон инсонҳои хубанд ва шоирони
беҳамто. Хоҳиш мекунам, ки Лоиқро эҳтиёт намоед, ки бештар
ба эҳсос дода мешавад, боз - ба лаҳҷаи хоси худаш илова кард
я с ним был в великих стройках. Он несомнено самородок’

184
Всюду сияет теплом слов и души. То, что он поэт виден на
расстоянии. Это похвально:— гуфт шоиру афзуд, — но самое
замечательное в нем преданност дружбе.

Ин ҷо, ки сухан аз боби ба дӯстӣ муносибати хоса доштани
Лоик, рафт, гуфтаҳои шоирро қувват дода махсус қайд кардани-
ям, ки Лоик, ба дӯстон муносибати ҳамвор дошт, баъзеҳо барин
дар атрофи мансабдорон парвона намешуд. Шиносоии мо бо
Лоик, такрибан 'аз соли 1963 ғоибона сурат гирифта буд. Пада-
рарӯсаш Раззокрв фармудааст, ки ба фалони салому паёми
маро расой, Лоиқ телефонӣ, паёму хоҳишиӯро иҷро карду_гуфт:—
Муаллим, — ба ман “роҳи сафед” гӯед, ба хизмати ҳарби рафта
истодаам. Ӯ хизмати ҳарбиро ба анҷом расонида омад ва ҳам-
роҳи Қутбӣ Кирому Аълохон Афсаҳзод, Маҳмудҷон Воҳидов ба
хонаи мо меомадагӣ шуд, агар китобҳояш чоп шаванд, аввал ба
камина тӯхфа мекард. Дар ҳамаи маърақаҳои мо иштирок дошт,
ба туйҳои фарзандонам сарварӣ менамудва ман ҳам ба гузаро-
нидани маъракаҳои ӯ саҳмгузор будам. Ҳис мекардам муносиба-
ти ӯ ба банда басо ихлосмандонаю фарзандона аст. Агар ба
к,авли Фазлиддин Муҳаммадиев хоксориро як лаҳза яксӯ гузорем,
Лоиқдар Кӯлоб бочи ваҷҳе ба Камолҷон Насрулло гуфта буд.—
Муаллим Шарифов пири аслии моянд, дар х,ар куҷое,_ки ба ин
кас сухан медих;ӣ "сухан ба пири мо” гуфтанро фаромуш макун.
Лоиқ одоби муомипаро пос медошт, дар хотир надорам, дар
кадом маъракае, ки ман бошам, ӯ аз ман пеш ҳарф зада бошад,
"аввал муаллим ran зананд, баъд ман" — мегуфт.

Лоиқ ҳавобаландиро намеписандид, агар маслиҳатҳои дуруст
диҳед, гӯш меандохт ва қабул мекард. Баъди аз чоп баромадани
аввалин маҷмӯаи шеърҳояш, дар атрофи он китоб гуфтугузорҳои
ҳархела ҳам шуда буд. Камина ҳамроҳи ҷонишини онвак^аам
Ибод Файзуллоев Лоиқро барои сӯҳбати дӯстона ба Кумитаи Мар-
казӣ даъват намудем, ҳам аз кашфиётҳои бадеии муаллиф ва
ҳам аз ноқисиҳои ҷузъии асар ба ӯ гуфтем. Лоиқ дигарон барин
ба кибру ман-манӣ дода нашуду дар хотимаи сӯҳбат гуфт: —
"Кошки ҳамин зайл сӯҳбатҳо зуд-зуд такрор шаванд, ин гуфтаҳое,
ки имрӯздар атрофи эҷодиётам шунидам, ба монанди бороне буд,
ки замини ташна кайҳо боз онро интизор аст. Боре вазири матбу-
оти Афғонистон Нурулло Толуқонӣ ба ҷумҳурии мо меҳмон шуд.
Барои ҳамнишинии дӯстона бо меҳмон Лоиқ Шерали ва Ҷурабек
Муродовро низ ба “Шарифобод" (дараи Ромит) даъват намудам.
Дар нишасти дилпазир баъд аз шунидани суруди "Ушшоқи Самар-
канд”, ба Лоиқ ва Ҷӯрабек муроҷиат намудам:—Чаро Самарқанд ,
Бухоро, Тошканд ушшоқи худашонро доранду пойтахти мо Душан-
бе надорад? Онҳо “ин хизмат ба мо расад' гуфтанд ва Лоиқ
бахшида ба Душанбе ушшоқе навишту Ҷӯрабек ба он оҳанг баст.

Акнун ин суруд ба хазинаи беҳтарин сурудҳои миллии тоҷики

185
ворид гашта, мақоми баланд пайдо кардааст. Ҳар сари вақт Лоиқ
бодӯстҳои_ наздикаш ба хонаамон хабаргирӣ меомад, сӯҳбатҳо ба
дараҷаеқурмегирифт, ки шабро дар атрофи шатранҷва баҳсҳои
фарҳанги руз мекард, ки дӯстон Меҳмон Бахтӣ, Исомиддин
Салоҳиддинов, Султон Сафаров, Ибод Файзуллоев хуб медо-
нанд. Баъди аз вазифаҳои баланд рафтанам бисёр дӯстони
ҳамнишинам оҳиста-оҳиста роҳи хонаи маро фаромӯш карданд,
фақат Лоиқ ва чанд нафари дигар то охир як зайл монданд.
Баъзан Лоиқ ҳамроҳи ҳамсояи собиқам Мӯъмин Қаноат меомаду
сӯҳбатҳои тӯлонӣ меорост ё ба дилбастагони ҷавонаш Фарҳоду
Самариддин омада маҳфилчаҳои дилхушӣ меоросту мегуфт: "Дар
ҳар ҷо занги дилат тоза намешавад”.

Боре гузарам аз назди хонаи Лоиқ афтод, ӯ маро дида бо
истодагарӣ ба хӯроки шом даъват кард. Дар атрофи дастрахон
саргарми суҳбату бозии шатранҷ шудем.соат азнисфи шаб гузаш-
таасту борони сахт меборад, ӯ чатрашро ба ман доду ҷомаашро
пушида бо писаронаш Ромиш ва Сомон маро ба хонаам расонда
гуфт, “Муаллимҷон, агар мо шуморо эҳтиёт накунем, Худо наме-
бахшад, охир шумо ҳам падари моед".

Лоиқ дар роҳи ҷавонмардӣ беҳамто буд, агар мабодо, дар
ҳолати сархушӣ бо касе дуруштӣ мекард, рӯзи дигар ӯро ҷуста
сад узр мепурсид. Дар хотир надорам, ки касе бо кадом эҳтиёҷе
ба у муроҷиат намуда бошаду ӯ дасти мадад дароз накарда
бошад. Ба Лоиқ хабар мерасад, ки дар рӯзномае дар _ҳакҳи
Ҷурабек Муродов мақолаи бӯҳтонангезе чоп карданиянд. У зуд
маро огоҳ карду пеши роҳи ин ноҷавонмардӣ гирифта шуд. Ё
бори дигар Лоиқ омада, дар хусуси беасос нигоҳ доштани чопи
луғатҳои таҳиякардаи Амон Нуров шӯрид. Луғатҳои тафсирии ӯ
доир ба Рӯдакӣ, Ҷомӣ, “Ғиёсуллуғот” ва ғайра бо мадади Лоиқ
ба табъ расиданд. Боре ҳазломез ба Лоиқ гуфтам: — “Маъракаи
интихобот аст, ман шуморо_шахси эътимоднок интихоб намудам,
бо ман ба Фархор меравед? У садоқатмандона, бо ман равон шуду
якуним ҳафта ҳамроҳ қишлоқ ба қишлоқ гашт.

Дар хусуси шоири тавоно будани Лоиқ, ҷараён ёфтани дав-
раи нави шеъри лоиқонаро Гулназар дар китоби “Лоиқе чун
Лоиқе" ба тафсил ва бо назари тоза тасвир кардааст. Баъд аз
вафоти Лоиқ Абдулҳамид Самадов дар сугвориаш “Аз худ ҷаҳоне
монду рафт”, Абдулмаҷид Достиев “Гӯянда, агар гузашт Лоиқ”,
Вали Самад дар “Оинаи дарди миллат”, Камол Насрулло, Ширин
Бунёд ва дахдо дигарон дар Тоҷикистону берун аз хоки он
ихлосмандона навиштаанд ва боз хоҳанд навишт.

Лоиқ чеҳраи тобони фарҳанги мост ва табиист, ки бисёр
истеъдодҳои асил бо ифтихор ӯро устоди худ мешуморанд, аз
ҷумла Гулназар, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Фарзона, Ҳади-
са, Алиакбар Абдуллоев, Саидалӣ Маъмур. Ҷонибек, Низом Қосим,

186
Муҳаммад Ғоиб, Алии Хуросонй аз назари пурсаховати устодии
Лоиқ баҳраманд гардидаанд. Фақат якмисол Лоиқ, ки соли 1979
сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ" буд, дар шумораи нӯҳуми
он як силсила шеърҳои шоири навқалам Муҳаммад Ғоибро зери
унвони “Эҷоди ҷавонон” пешгуфторе навишта чоп менамояд. Дар
ин пешгуфтор Лоиқ менависад:— Ман бо Муҳаммад Ғоиб ду бор
дар конференсияҳои навқаламон вохӯрдаам... Ман, азбаски пеш-
тар шеърҳои алоҳидаи ӯро хонда, аз назари худ маслиҳатҳо
дода будам, хостам донам, ки то куҷо ба ӯ суд бахшидаанд. Аз
мутолиаи шеърх,о дарёфтам, ки шоири ҷавон тоандозае дил ба
дарё задааст ва кӯшидааст дурри мақсуд ба даст орад. Пас, аз
ҳама овардаҳояш чанд пора ҷудо кардам, ки худи муаллиф
хабар надорад.

—Ана, ҳамин тавр, Лоиқи ганҷҷӯй кӯшишҳо ба харҷ медод,
ки ҷавонони соҳибистеъдод дар мавҷҳои пуртуғёни дарёи бекано-
ри назми тоҷику форс шиноварӣ биомӯзанд, суханвари миллат
шаванд.

Лоиқ ба ҷавонони соҳибистеъдод на фақат дар нашри асар-
ҳояшон кӯмак мерасонд. У аз минбарҳои анҷуману маҷлисҳои
садорати Иттифоқи нависандагон, конференсияҳо, маҳфилҳои эҷодӣ
манфиати онҳоро ҳимоя мекард, асарҳояшонро тах^ил менамуд.
20 май соли 1977 Лоиқ дар Пленуми (Садорати) Иттиҳодияи нави-
сандагон, ки дар он Мирзо Турсунзода райей менамуд, сухан
ороста эҷодиёти Гулрухсор, Гулназар, Ҳақназар, Ҳабибулло Фай-
зулло, Камол Насрулло, Зулфия Атоуллоеваро таҳлил карда,
ошкоро дар хусуси камбудиҳояшон гуфт, ки баъзе шоирон худа-
шон худашонро такрор мекунанд, дар кашфиёти тозаи бадей
танбалй мекунанд, баъзеҳо саросема асарҳои хомашонро дар
рӯзномаву маҷаллаҳо чоп менамоянд. Нотиқ дар хусуси кори
нашриётҳо сухан гуфта афзуд, ки онҳо пеш аз ҳама бояд ба
нашри китобҳои ҷавонони навқалам аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, зеро
дасти дарози нашриёт ба ҷавонон ин дасти дарози давлат ба
онҳост.

Лоиқ солҳо узви Кумитаи мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷи-
кистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ оид ба адабиёт, санъат ва
меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон буд. Ҳамеша дар барраси-
ву баҳодиҳӣ ба асарҳои довталаб баҳои ҳақонӣ ва сазовор ме-
дод. Барои ӯ, ҳангоми муайян кардани дараҷаи бадеии асар
меъёри ягона - сифати асар буд. Вай рӯёрӯ, бидуни хотирбинӣ
фикри худро иброз менамуд.

Асарҳое, ки то имрӯз сазовори ин мукофоти олии давлати
гардидаанд, бешубҳа дар ганҷинаи адабиёт ва санъати тоҷик ҷо
гирифтаанд ва дар муқаррар кардани манзалати онҳо ҳиссаи
Лоиқ бузург аст. Вай борҳо бо худи ман, ки раисии ин Кумитаро
баӯхда доштам, баҳсҳои тундутез карда, моҳияти бадеии инё он

187
асарро исбот намудааст. Ман аз ӯ миннатдорам, кидар лаҳзаҳои
баҳодиҳӣ ба асарҳо ҳамеша дар паҳлӯи ман буд.

Саховатмандӣ, ҷавонмардӣ, иззату эҳтироми инсонро пос дош-
тан дар мавриди ба хизмати касе расидан аз дигар унсурҳои
сифати инсонй ҷозибаи ӯро дучанд менамуданд ва бе сабаб
нест, ки хабари шуми вафоти ӯро шунида аз тамоми гӯшаю
канорҳои Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он, ихлосмандонаш ба
маросими мотамаш мешитобиданд, бисёриҳо андӯҳашонро дар
рӯзномаю маҷалаҳо баён мекарданд:

Аз доги ту нола аз Бадахшон ояд,

Аз сан г садои оҳи сӯзон ояд.

(Ширин Бунёд)

* * *

Зангӯлаи шеър дар сари даст,

Ҳай догу башаст рафт Лоиқ.

(Абдулҳамид Самадов)

* * *

Сӯхтӣ тарки ту карданд одамон,

Рӯзи сахтӣ содиқи ту бо ту монд.

Эй, Душанбе, чун тавон навмед буд,

Ошиқи ту, Лоиқи ту бо ту монд.

(Камол Насрулло)

* * *

Ту Лоиқ, лоиқи дилҳои воло,

Дусад чашмони оҳӯи хуморй.

Чӣ дилбарҳо сари шеъри ту гирён,

Ба ёдат ошиқи шабзиндадоре.

* * * (Ҳадиса)

Аз бари исторагон исторае якто бирафт,

Аз самой нилгун як ахтаре воло бирафт.

(Сабох,ат Иброҳимова, модари 6 фарзанд)

•к * *

Лоиқ. Лоиқ! Нумӯи миллат боқист,

Мастии ту дар сабӯи миллат боқист.

Аз гӯши гарони нокасон боке нест,

Фарёди ту дар гулӯи миллат боқист.

(Гулназар)

* * *

Шеър агар зодаи истеъдод аст,

Шеъри ман зодаи шеъри ту бувад.

(Тӯлқин Хоҷа, аз шеъри ‘‘Ба устод Лоиқ”)

Ашъори сӯгвории беҳисобе, аз ҷумла Бориқ Шафеӣ, Алиасғ-
ари Шеърдӯст, Жола Бадеъ ва дигар дӯстони хориҷии Лоиқро,
афсус, ки имкони дарҷ кардан надорем, ҳамаи онҳо гарчанде

188
гуногунтарзанд, аммо як оҳанг доранд-оҳанги фиғони дилу дуди
сина аз талафоти бебадал, тарки Лоиқ аз олам.

Камина боз андаке роҷеъ ба шахсияти инсонии Лоиқ, назару
фаъолияти ҷамъиятии ӯтаваққуф карданиям.

Ба шахсияти Лоиқ муроҷиат намуда гуфтаниям, ки инсони
соҳибхирад, андешаманд, меҳнатдӯст, ростқавл, ба дӯстиву ра-
фоқат содиқ буд ва ҳар икдоме, ки мепардохт, мустақилона аз
лиҳози диди худаш амал мекард ва инчунин дар фаъолияти
ҷамъиятӣ низ рафтори аник, ва роҳу равиши худро дошт. Ба
мисли баъзеҳо ба ҳар нағма намерақсид, ки ин хислати ӯ дар
мавридҳои носози воқеаҳои аввалҳои солх,ои навадум возеҳ
мушоҳида мегардид. Он солҳо Лоиқ дар қатори як зумра ходимо-
ни намоёни фарҳанг ба шӯрои махсусе, ки дар назди Шурой Олй
таъсис шуда буд, ворид гардида кори муфидеба анҷом расонид.
У борҳо қазоват мекард, — магар дар ҳолате, ки қисмати давлату
миллати тоҷик ба гарав монда шудааст, метавонем мо бетараф
бошем?! Дар ин ҷода Лоик, ибратҳо нишон медод, ӯ ҳамчун узви
обрӯманди шӯрои номбурда боҳама табақаҳои мардумӣ ва хусу-
сан бо гурӯх^ои мухолифи якдигар забон меёфту рсҳ меҷӯст,
дар мулоқотҳо ҳақиқати талхро мегуфт, ки мардумро ба доми
фиреби пуштибонҳои ҳамёндори хо_риҷӣ наандозед, ки ин роҳ
халқро ба вартаи ҳалокат мебарад. У азми бародаркуширо сахт
маҳкум намуда шӯридааст:

Дигаре гирад гиребони фалак,

Мо гиребони худиро медарем.

Дигарон бар госибон зӯроваранд,

Мо фақат бар асли худ зӯроварем.

У боз мегӯяд:

Тоҷикему ба х,ам наҷӯшида,

Тоҷикему на хайрхоҳи худем.

Қахрамонони ҷанги миллаткуш -
Қотили халқи бегунох,и худем.

Чун сипоҳигарй намедонем,

Рахнаи марзи бесипоҳи худем.

Бадбахтона, дар байни зиёиёни худамон сиёсатмадорони кӯтаҳ-
назар (шабкӯр) ҳам ёфт шуданд, ки талошҳои Лоиқро дар роҳи
ба эътидол овардани вазъият бо ченаки каҷ санҷида ҳатто ӯро
душмани халқ ҳам гуфтанд. Яке аз онҳо ба камина, “ту бо
душмани халқ Лоиқ салом кардӣ?”, гуфта, чанд моҳ ба ман
дасти салом надод ва баъдтар чунин ашхос фаҳмиданд, ки Лоиқ
кисту онҳо кистанд?, пеш аз ҳама дум ликонда аз гирди дастар-
хони ӯ дур намешуданд. Дар ин хусус Абдулмаҷид Достиев хеле
возеҳ навиштааст ва хоҷат ба шарҳи минбаъдаи мавзӯъ нест.

Муҳимаш он, ки Лоиқ ҳамчун ифодагари манфиату афкори

189
милли аздигарон пештар зарурати ба даст овардани оштии милли-
ро дарк намуд ва дар ин роҳ кӯшишҳо ба харҷ дод. Бесабаб
нест, вақте ки бо талошҳои пайгиронаи сарвари ҷавони ҷумҳурӣ
Эмомали Шарифович Раҳмонов ва майлу ризоияти роҳбари гур-
уҳи мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурй 27 июни соли 1997 паймо-
ни сулҳи байни тоҷикон дар Маскав имзо гардид, Лоиқ аввалин
шуда, ба мисли шахси ташнае, ки нав ба лаби чашмаи об
расидааст, бо назми воло сухани шукрона оғоз менамояд:
Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Чор сӯ буд тирборонҳо
Яке тири барори мо омад.

Ахтари наҳс аз сари мо рафт,

Ахтари саъд ёри мо омад.

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Лоиқ ҳамчун шахсияти намоён ва ифодагари манфиатҳои
миллии мардуми кишвар, сулҳи нав ба даст омадаро ба мисли
тифли навзод ҳимоя мекард ва ҳамчун яке аз мунодиҳои сулҳ
талошҳо дошт. У дар қатори ходимони намоёни ҷамъиятӣ дар
кори басо такдирсоз - бунёди ҷараёни халқии вахдат саҳмгузорӣ
мекард. Якҷоя бо Султон Мирзошоев, Мӯъмин Қаноат, Нодир Оди-
лов, Гулназар Келдй, Камол Насрулло ва дигарон аз вилоят ба
вилоят, аз ноҳия ба ноҳия, аз деҳа ба деҳа гашта, вахдати
милли ва якпорчагии Тоҷикистонро тарғиб менамуд.

Табиист, ки вазъият ба осонй ба эътидол намеомад. Буданд
қувваҳое, ки оромии кишвари тоҷикро намехостанд, барои ба
мақсади ботилашон расидан камонбадастонро айёрона истифода
мекарданд, кртилонро ба кор меандохтанд, Муҳаммад Осимй,
Юсуф Исҳоқи, Минҳоҷ Ғуломов, Муродуллоҳи Шерализода,
Моёншо Назаршоев, Мунавваршо Назриев, Муҳиддин Олимпур ва
садхд нафари дигар магар қурбони амалиётҳои террористии онҳо
набуданд? Дар он мавридҳо ҷони шахсиятҳои намоён, ба мисли
Лоиқ, низ дар хатар буд. Барои ҳамин ҳам қадрдонҳои ӯ, ҳам
дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар, дар ҳарос афтода талаб
мекарданд, ки Лоиқ ҳар чӣ зудтар ба хориҷи кишвар фирор
намояд. Барои амалӣ намудани ин мақсад назди ман чанд касро
фиристониданд, ки ба Лоиқ фаҳмонам, ки худашро аз сӯиқасдҳо
раҳо намояд. Чанд фурсат мулоҳиза кардам, билохир ин талабро
ба у гуфтам. Лоиқ ба андешае рафту ба ҳаяҷон омада гуфт:—
Муаллимҷон, гумон мекунам, ки онҳо боз ба наздатон меоянд,
ба ғамхориашон ташаккур! Аммо фаҳмонед, ки “аз қисмат ҷои

190
гурез нест. Ман Ватани азизам, ахди байти ба ҷон баробарамро ба
кӣ партофта мегурезам. Ҳарчӣ бодо бод, ман ин номардиро
намекунам", Чунин буд Лоиқи ҷавонмард, ки бар зидди камонба-
дастон низ баланд нидо кардааст:

Шаборӯзон зи ҳар ҷониб садои тир меояд,

Ба ҷони одамон талвосаи шабгир меояд.

Камонмардон!

Камон аз дӯш бигзоред,

Ба ёди куштагони хештан хомуш бигзоред!

Ҳама тире, ки андар тирдон doped.

Ба қалби ман бияндозед,

Ба ҷони ман фуру резед,

Ҳамин якқалби ман омоҷгоҳи тиратон бошад,
Валекин ҷони мардум дар амон бошад.

Агар як ман бимирам, ҳеҷ боке нест,

Фардо Модари тоҷик

Ҳазорон Лоиқи лоиқтаре аз ман биёрад боз

...Камонмардон!

Яқин донед

К и ин тоҷик куш тан аз ду ҷониб,
Дар ду дунё қахрамонӣ нест,

Ки чун ин ҷанги нангини шумо
Дар ҳеҷ таърихи ҷаҳонӣ нест.

Агар х,оло намефаҳмед,

Рузе нек мефаҳмед, ки тир аз камон рафтаст.

Лоиқ мавқеи худро дар ҷамъият аниқ карда буд, ӯ чунин
мепиндошт, ки овози дили ӯ, сатрҳои эҷодкардааш ба орзуву омо-
ли халқаш ҳамсадост. Дар анҷумани нависанадҳо, шоирае гуфт:
чаро овози мо ба нишон намерасад, Президенти ҷумҳури Эмо-
малӣ Раҳмонов ба маврид ҷавоб дод: — Ба Лоик, пайрави кунед,
дарк кунед, ки чаро дар ҳама ҷо Лоикро гуш мекунанд, ҳам дар
болову ҳам дар поён.

Ин чунин маъни дорад, ки Лоиқ дар замони худ ба^ пояи
баланди шеърофарӣ расидааст ва беҳуда бисёриҳо уро Рудакии
замони мо нахондаанд.

Охирин бор суханронии Лоикро 21 марти соли 1999 дар сари

191
мақбараи пайғамбари адабиёти тоҷику форс Рӯдакӣ шунидаам, ки
гуфта буд,— Мо ҳеҷ гоҳ панди бузургонро "ки шеър боядрӯдаки-
вор бинвисем, фаромуш накунем'. Дар ҳамон маросими наврӯзӣ
арбоби намоёни илму фарҳанг Отахон Сайфуллоев “Ганҷи Зараф-
шон" ном шеърашро қироат кард, ки дар он омадааст:
Тоҷикистон ҷумла фарзандони ӯ,

Пиру барно, ҷумла пайвандони ӯ.

Дар каломи Лоиқи шӯридадил,

Тавъаму тавҳид ҳамчун обу гил.

Лоиқи мо - Рӯдакии ин замон,

Зиндаю поянда бодо ҷовидон!

Яке аз чеҳраҳои намоёни Афғонистон Бориқ Шафеӣ низ дар
ин хусус изҳори ақида кардааст:

Дарего, ки Лоиқ, сухангӯи тоҷик,

Ки мулки сухан шуд мар варо мусаххар.

Ба рӯшанравонӣ дурахшид умре
Ба тоҷи сухан чун фурӯзанда гавҳар.

Чунон Рӯдакӣ дар Хуросонзамин буд,

Худой суханро навоин паёмбар...

Бешубҳа сатрҳои болоӣ басо самими иншо гардидаанд.

Ҳар кас озод аст, ки бо майли худ ақидаронӣ намояд. Дар
хусуси он, ки Лоиқ Рӯдакии замони мост ва баин поя расидааст,
шубҳа намекунам. Аммо, камина бар онам, ки ҳар эҷодгари
тавоно ба тарзи худаш бузург аст, хусусиятҳои ба худ хосу
нотакрори худашро дорад ва барои ҳамин ҳам дар таърих дар
макрми баланди худаш мемонад.

Афсӯс, ки мо дақиқ намедонем, ки дар асл марги Рӯдакӣ чӣ
сон сурат гирифтааст ва маросими мотамаш чи гуна буд. Аммо,
шоҳиди он шудем, ки тамоми мардуми тоҷику форсинаҷод ва
бештар аз он ба марги ногаҳонии Лоиқ ҷонсӯзӣ намуданд. Селоби
мардуми ашколудро дар маросими мотам дар театри ба номи
Айнӣ, дар маъракаҳои ҳафту чил ва ғайра ба хотир биёред,
бемуҳобот мушоҳида мекунед, ки Лоиқи ба дараҷаи пайғамбари
сухани замони худ расида буд ва вафоти ӯ барои фарҳанги
дунёи талафоти бебадал аст. Матлаб аз гуфтани суханҳои болоӣ
он аст, ки Рӯдакӣ бо кашфиёту каромоти худаш бузург асту ҷои
худашро дар таърих дорад ва Лоиқи эҷодкор низ мақоми худаш-
ро дорад. Шубҳа намекунам, ки овозаи Лоиқ низ ба мисли овозаи
Рудакиву Ҳофизу Хайём аз аср ба аср, аз аҷдод ба аҷцод
ҳамчун ганҷи гаронбаҳо хоҳад рафт.

Гуфтаҳои болоӣ он маъноро надорад, ки мо бо Лоиқ падруд
мегуем, ҳаргиз не. Сухани шахдбори хирадмандонаи ӯ, меҳри
фарзандонаи вай, ки дар дили мо маскани абадӣ гирифтааст,

192
чеҳраи дуструяш ҳаргиз аз дилу дидаи мо дур нахоҳад шуд.
То бувад шеър, то бувад тоҷик,

То бувад мехр, то бувад ошиқ.

Зинда монад нишонаи Лоиқ.

Шеъру ишқу фасонаи ошиқ!

ШОИРИ ОҲАНИНТАН

(Мактуби кушода ба Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ)

Азизам, ту ҳафтодсола шудӣ. Туро боин ҷашни фирӯз табрик
мегуям. Ҳафтод соли гузашта нимаи ҳаёти бобаракати туст. Ами-
нам, ки боз ҳамин қадар умри дигар мебинӣ. Ман ба гуфтан асос
дорам ва онро дар давоми мактубам баён мекунам.

Ману ту қариб панҷоҳ сол боз шиносоӣ ва ҳаққи бародарӣ
дорем. Ёд дорӣ: Аввалин бор бо ҳам тобистони соли 1948 дар
водии Вахш вохӯрдем. Он вақт ман дар созмони ҷавонон кор
мекардам. Мавсими ғунучини пахта буд. Ту ба ноҳияи мо омадӣ,
ҷавони бисту чаҳорсола, хушқаду қомат, рӯҳбаланду зарофатгӯй.
Ман туро аз ин пеш ҳам ғоибона медонистам. Охир, ту ҳамон
сержант Қахҳорие будӣ, ки ҳанӯз дар хандакҳои Ҷанги Бузурги
Ватани шеър менавиштӣ ва он шеърҳоят даррӯзномаи "Тоҷикисто-
ни Сурх” (ҳоло “Ҷумҳурият”) чоп мешуданд. Ман онҳоро мехон-
дам, аз ёд ҳам мекардам. Ана як банде аз онҳо:

Аҷаб дилкаш бувад обу ҳавои Тоҷикистонам,

Диҳам ҷону сари худро барои Тоҷикистонам.

Рузе, ки ту ба Вахш омадӣ, аввал рост ба идораи Кумитаи
комсомол даромадӣ. Дар воқеъ, он вак^ ту сардабири рӯзномаи
"Пионери Тоҷикистон” (ҳоло “Анбоз”) будӣ. Ҳардуямон шинос
шудем, дер вак^ сӯҳбат кардем. Аниқ ситораҳоямон ба ҳам рост
омаданд... Ману ту то имрӯз бародарем ва сарнавиштамон ҳам
қариб ҳамранг аст.

Такдир моро ба ҳамкорӣ пайваст. Ман ба пойтахт кӯч бастам,
зеро Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон маро бакор даъват
карда буд. Акнун ҳарду дар як бино адои хизмат мекардем.
Баъдтар ҳамсоя ҳам шудем...

Ба ту таъсиси маҷаллаи “Пионер" (ҳоло “Машъал”)-ро супур-
данд. Ман ҳамон вақт ба истеъдод ва қобилияти ташкилотчигии
ту офарин гуфта будам. Зеро дар як муддати кӯтоҳ интихоби
ҳайати кармандон, таҳрир ва чопи нахустин шумораи ин маҷалла
кори осон набуд. Ту тавонистӣ ба маҷалла Абдусалом Деҳотӣ,
Мирсаид Миршакар, Сӯҳайлӣ Ҷавҳаризода барин устодони сухан-
ро ҷалб намой. Толис ва Гулчеҳра Сулаӣмонова барин адибони
ҷавони пуристеъдодро бевосита ҳамчун ходимони маҷаллаи нав
ба кор даъват кунӣ.

Ман туро на танҳо чун шоир, носир аз драмнавис медонам,

193
балки чун яке аз рӯзноманигорони боистеъдоди ҷумҳурӣ эътироф
мекунам. Ба хотир ор:— вақте ки соли 1944 аз ҷабҳаи ҷанг
маҷруҳ баргаштй, дар Конибодом дар рӯзномаи шаҳрӣ кор ме-
кардӣ, баъд ҳамчун мухбири махсуси рӯзномаи "Тоҷикистони
Сурх” бо як асобағал дар ноҳияҳову деҳаҳои ҷумҳурӣ мегаштӣ,
мақолаю очеркҳо ва фелетонҳо менавиштӣ. Дере нагузашта ба
ту таъсиси маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” (ҳоло “Фирӯза”)-ро су-
пурданд, ки чопи он солҳои ҷанг қатъ шуда буд. Ту дӯстам аз
ухдаи таъсиси ин маҷалла х,ам баромадӣ. Бафикрам, рӯзномани-
гори барои ҳамчун адиб ташаккул ёфтани ту мусоидат кард ва
он заминай боэътимоди кори эҷодии ту гардид.

Такдир ману туро ин дафъа дар Москва, дар мактаби олӣ
бипайваст. Он ҷо се соли пурра якҷоя таҳсил кардем. Ту он ҷо
ҳам баробари таҳсил ба кори эҷодӣ шуғл доштӣ. Достони “Писар-
чаи ҷаҳондидаи ман”-ро навиштӣ, дар студияи театрии ба номи
Шепкин барои гурӯҳи тоҷиконе, ки он ҷо таҳсил мекарданд,
песаҳо ва сурудҳо тарҷимаю таҳрир менамудӣ. Дар Москва, ҳан-
гоми мусофири, ман хислатҳои нек, инсонпарварӣ ва вафодории
туро нисбат ба дӯстон бори дигар ҳис кардам. Он вақт аввалин
бор фаҳмидам, ки ту дар ҷабҳаи камонаки Орёл - Курск ва
Белоруссия ба сифати аскари қаторӣ ҷангида, аз тири душман
захмҳои бисёр гирифтай. Дар солҳои баъди ҷанг ҷарроҳон чанде
аз тирпораҳои фашистонро аз баданат раҳонидаанд. Вале тирпо-
раҳои дигаре дар баданат ҳанӯз боқӣ мондаанд ва имрӯзҳо ҳам
туро азоб медиҳанд. Дар як шеърат гуфтай:

Шабҳои хунук ба захмҳоям,

Ман гуфту гузори дард ворам.

Гуянд: нишонаҳои ҷангем,

Моро ту куҷо биёбӣ марҳам.

Боре ман аз ту пурсидам:

—Абдуҷаббор, аз ҷанг чанд ордену медал овардй?

— Ту аввал ҳайрон шудӣ, ба хиҷолат афтодй.

Баъд гуфтй:

— Ягонто.

—Чаро?

Ман медонистам, ки сари синаи баъзе сарбозону афсарони
аз ҷанг баргашта пур аз ордену медалҳоянд.

— Ман чордаҳ ордену медали ҷангӣ дорам, — ҷавоб додй
НИҲОЯТту.

— Канӣ онҳо? — пурсидам.

— Дар баданам.

Ман онгоҳ фаҳмидам, ки туба захмҳои дар баданат боқимон-
да ишора мекуни.

Баъд гуфтй:

—Медонй, одатан умри аскарони қатории тирандоз дар хан-

194
дақҳо ва дар ҳуҷумҳои рӯ ба рӯ бо душман мегузарад. Вақте,
гурӯҳе аз хандақ бархоста, ба ҳуҷуми душман рӯ ба рӯ мераванд,
каме аз онҳо мемонанд. Аскар қурбон мешаванд ва ё захмдор.
Чор-панҷ нафари аз майдони ҷанг беосеб баромадаро ҳамоно
барон пурра кардани сафи полки дигар мефиристанд. Ҳамин тавр
маро х,ам борҳо аз як полк ба полки дигар гузарониданд. Фурсати
ордену медалгирӣ набуд.

Солҳои ҳаммактабии туро нигариста, ҳайрон мешудам, ки
чаро ҳар замон бамавриду бемаврид монанди санги осиё cap
меҷунбонӣ, абрӯвонатро кашида, чашмак мезанӣ, сарлуч мегардӣ,
ба cap кулоҳе намегирӣ. Баъдтар сабаби инро ҳам дарк кардам.
Ёрон, ба мани фидо нахандед,

Ошуфтагии маро насанҷед,

Ҳангоми сухан кашида абрӯ,

Чашмак бизанам, шумо нахандед.

Чангах бикашад агар забонам,

Монад сухане чу дар даҳонам,

Оварда ба ёд оташи ҷанг,

Донед, ки сӯхт устухонам.

Оре, ин ҳама осеби ҷанг аст. Ту ҳангоми таркиши бомбаи
душман зери хоктӯдаҳо монда будй.

Ман дар байни мардуми шаҳру деҳот мегардам, нишасту хез
дорам ва ҳар боре, ки бо пирамардон вомехӯрдам, хоҳу нохоҳ аз
умрдарозӣ ran меравад. Борҳо шунидаам, ки касе дар ҷавонӣ аз
кӯраи оташи ҷанг гузашта бошад, умри дароз мебинад. Намедо-
нам, ин рост аст ё не. Вале ман ҳаминашро медонам, ки агар
ох,ан дар кӯраи оташ гудохта шавад, қавӣ мегардад. Вақте ки
имрӯз дар бораи синни ҳафтоди ту фикр мекунам ва ин сатрҳоро
менависам, як банд шеъратро ин ҷо сабт накарда наметавонам:
Агар дар ҷанг мемурдам,

Ба синни бист мемурдам.

Умеди фатҳу нусратро
Магар ҳамроҳ мебурдам?

Бале, ту дар синни бист дар вилояти Витебски Белоруссия
якбора захми бисёре гирифтӣ. Аз рӯи шунидам, ҳамон рӯз_и
ҳуҷум ҳамапеш рафтанду ту дар майдони ҷанг бепарастор мондӣ.
Зеро дасту по, рон, шикам, cap ва китфат аз пораҳои снаряд
сӯрох шуда буданд. Мадори аз ҷой ҷунбидан надоштй. Он лаҳза
як нафар бародари шафқат аз наздат гузашт ва ту ва аз ӯмадад
пурсидй. Вале ӯ гуфт, ки ба ҷои як ту, ман даҳ нафар захминро
наҷот дода метавонам. Боз ту танҳо мондӣ баъди чанд вақт
худро даруни хаймаи сайёри ҷарроҳон дарёфтӣ. Ин воқеа бо ту
зимистони соли 1944 рӯй дода буд. Он вақт ту бистсола будй.

Ана барои ҳамин туро белорусҳо ҳам фарзанди содиқи худ

195
медонанд. Охир ту он ҷо дар фасли зимистони қаҳратун, даруни
бешазорон ва ботлокҳо хобидӣ, хестӣ, ҷангидӣ. Typo борхалтаи
сарбозй болин буду шинели аскарӣ бистар. Силсилаи шеърҳои
“Шукуфаҳои аз хун дамида" ва китоби насрии “Аз паси ситораи
паррон” аз ин сарнавиштҳоят ҳарф мезананд. Беҷо нест, ки
шоири машҳури белорус Игор Бородуллин ба ту муроҷиаткунон
навишта аст:

Шодам, ки ману ту боа бо хам,

Бо хотираҳои хеш анбоз.

Дар ҳасрати аскарони гумном,

Витебщина мекунем парвоз.

Медонам, аз ин диёри мо нест,

Қаҳҳорӣ, гузаштани ту осон.

Бедарду алам наметавон зист,

Аз дидани гӯри хамнабардон.

Дар рафи китобхонаат ман ҳар гоҳ китоберо мебинам, ки
даридаву сӯрох|Шуда, варақхряш зарду хунолудаст. Инкитобро,
ки “Намунаи адабиёти тоҷик” ном дорад, язнаи панҷакентии дар
ҷанг қурбон шудаат Абдуҷаббор Ашӯров ба ту такдим карда буд.
Рохҳои пурмашаққат ва хунини ҷангро ту ҳамроҳи ин китоб тай
кардй. Ту достони “Шаҳиди зинда’’-ро ба ин китоб бахшидй. Чаро
достонро “Шаҳиди зинда" ном гузоштй? Охир касеро, ки бе аҷали
худ мурдааст, шаҳид мегӯянд-ку. Модоме, ки шаҳид шудааст, пас
мурдааст. Ман дар ин бора хеле фикр кардам ва аз ту пурсидам.
Ту бошӣ, сӯрохи китобро нишон дода пурсидй:

— Ин сӯрох аз чист?

Ман баъди бо диққат зеҳн мондан фаҳмидам, ки ин сӯрохи
тир аст.

— Дуруст аст,— гуфтй. - Тир ин китобро сӯрох намуда, ба
китфам расида буд. Пас он вақт шаҳид шуда буд. Вале ҳоло
ҳамроҳи ман аст. Пас он зиндааст. Барой ҳамин достонро “Шаҳи-
ди зинда’’ ном гузоштаам.

Достони “Шаби пеш аз марг”-ро ту ба қаҳрамонписари тоҷик
Тӯйчӣ Эрйигитов бахшидй. Вале дар ин достон ҳам ту саргузаш-
ти худро навиштй. Боз пурсидам:

—Чаро?

Ту дар ҷавоб гуфтй:

— Зодгоҳи ман Конибодом асту зодгоҳи Тӯйчӣ Ашт. Ашту
Конибодом наздиканд, дар ду сох,или дарёи Сиранд. Пас ману
Тӯйчӣ ҳамватанем. Тӯйчӣ ва ман дар як сол таваллуд шуда, дар
як вақт ба ҷанг рафтем ва дар якҷабҳа nax^yn ҳамдигар будем.

Боре бо х,аяҷон ба хона омадй. Пурсидам:

—Чй шуд?

196
— Дар ноҳияи Ашт, дар деҳаи Мулломир Зулайхо ном зане
зиндагй дорад, — гуфтй, — Аҷиб зане!

— Хайр, чй шудааст? - гуфтам бепарво.

— Ту пурсидй:

— Достони “Юсуф ва Зулайхо”-ро хондай?

—Азони киро?

— Абдураҳмони Ҷомиро.

—Хондаам ва мазмуни достонро ба ту накд кардам. Бо ин
хостам туро бовар кунонам, ки хондаам.

—Зулайхои шавҳардор Юсуфро дуст медорад. Юсуф ишқи
ӯро рад мекунад. Он гох, Зулайхо макрро пеш мегирад, ба Юсуср
бӯҳтон мезанад ва муяссар мешавад, ки ӯро зиндон кунанд.

—Зулайхои аштй дигар аст,—гапамро буридй.—Шавҳараш
Юсуфро, ки аз ҷанг бе ду даст бармегардад, истиқбол мекунад.
Ба шавҳараш содиқ мемонад, соҳиби чанд фарзанд мешавад.
Юсуфи бедаст бо панҷаҳои пой ва дандонҳояш ба замин ниҳол
шинонида, боғи мева бунёд мекунад. Ана чй мегӯӣ? Зулайхои
аштй чй тавр зан асту Зулайхои достони Ҷомӣ чй тавр?

Рӯзи дигар ману ту дар хдвопаймо ба ноҳияи Ашт парвоз
кардем. Туба деҳаи Мулломир рафтй, бо Зулайхо ва аҳли хона-
донаш шинос шудй. Шавхдраш пеш аз рафтанамон вафот карда-
аст. Ту ба боги бунёдкардаи Юсуф рафтй, онро бо чашмони худ
дидй, бовар кардй.

Ҳамин тавр ман огоҳи эҷоди достони “Юсуф ва Зулайхо"-и ту
будам.

Бештари солҳои умри худроту ба корҳои давлатию ҷамъияти
бахшидӣ. Қариб понздаҳ сол дар нашриёти “Ирфон”, аввал ба
сифати сармуҳаррир ва сони директор хизмат адо намудй. Дар
атрофи ту бисёр ноширони таҷрибакор ва ҷавонони пуристеъдод
гирд омаданд. Бештари онҳо ҳоло адибон ва олимони номдори
ҷумҳурӣ гардидаанд. Бо сарварии ту нашриёти “Ирфон” он солҳо
ба яке азнашриётҳои калонтарин ва пешқадамтарини собиқИтти-
ҳоди Шӯравӣ табдил ёфта буд.

Ғайр аз инту дар ҷумҳурӣ нахустин бор Ҷамъияти дӯстдорони
китобро таъсис додӣ, ки он дар тарғибу паҳн намудани китоб
хизмати сазоворе намуд. Дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷандва Норак
корхонаҳои ҷамъиятӣ сохта шуданд. Дар ин кори наҷиб ҳам ман
туро дастгирӣ менамудам.

Намедонам, барои чй пеш аз нохушӣ дар х,аётат ба шеъри
шоири шодравони рус С. Гудзенко чунин мухаммасе навиштӣ:
Ман намирам ба марги худ ҳаргиз,

Фақат аз захми ҷанг мемирам.

Чун шаҳидони роҳи озодӣ,

Ҷонфидоист асли тақдирам.

197
Дӯстон баъди мурданам гӯянд:

Буд марди хаёлошуфта.

Гашт дилкаф зи гуссаҳо шоир,

Рафт, шеъре зи ишқ ногуфта.

Ту, Абдуҷаббор, дар ҳақиқат аз ишқ кам шеър гуфтӣ. Охир
ҷавонииту дар майдони ҷанги зидди душман гузашт, бӯсаю канор
ва ишқбозиро ба тиру туфанг ва борхалтаи аскарӣ иваз кардӣ.
Бесабаб нест, ки мавзӯи асосии асарҳои ту ҳарбӣ-ватанпарварӣ
мебршад.

Ёд дорӣ: моҳи октябри соли 1986 ту дар шаҳри Москва
ҳангоми сафари хизматй ба сактаи дил дучор шуда, ба беморхо-
на афтидӣ. Ин хабари нохуш ҳамоно ба Душанбе, ба гӯши хешу
таборон ва ёру дӯстон расид. Ман ба дидори ту расидам. Ҳам-
роҳам Ҷӯрабек Муродов низ буд. Болои кат рӯ ба осмон мехо-
бидӣ, табибон туро ҳатто ҷунбидан намемонданд. Ана ҳамон вак^
мисраи шеъритуТашт дилкаф зи ғуссаҳо шоир”ба хотирам омада
буд. Оре, беҳуда нагуфтай.

Вақте ки берун рафтам, сардухтур аз ман пурсид.

— Ин кас ба шумо кй мешавад?

— Дӯсти дерин ва қадрдонам, — ҷавоб додам.

Сардухтур гуфт:

— Дӯстатон иродаи қавӣ доштааст. Касалиаш вазнин, сактаи
дилаш хатарнок буд. Мо гумон карда будем, ки... Вале тоб
овард.

Ман бошам ҳазломез гуфтам:

— Вай оҳантан аст.

Ту, бародар, нахустин сактаи дилро паси cap кардй, ба
Душанбе баргаштӣ, бозэҷоди асарҳоятро давом додй. Ин исботи
он буд, ки ту дар ҳақиқат шахси оҳанинтанӣ. Вале тани одам
гарм аст. Мегӯянд, ки инсон аз гул нозук асту аз санг сахттар.

Рӯзҳои мудҳиши ҷангҳои бародаркуш дар ҷумҳурӣ боз дили
туро ба ташвиш оварданд. Баъзе ҳамқаламонат ба халку ватани
худ хиёнат намуданд, баъзеҳо х,ар тараф гурехтанд. Аммо ту
устувор мондй ва мардумро ба силоҳгузорӣ даъват кардй:

Аё рафиқи ҳамватан,

Рафиқи ҳамзамони ман,

Чаро силоҳ гирифтаӣ,

Силох, ба амри аҳриман?

Ҳазар кун аз силоҳ ҳазар,

Аз ин силоҳи пурхатар!

Инро гуфтию азташвиши ватан бозду бори дигарпаси ҳам ба
сактаи дил гирифтор шудӣ. Боз ман сари бистарат будам.

— Чаро омадӣ Холмурод? - пурсидӣ ва гуфтӣ: — Парво накун

198
ман мардеро дидаам, ки ёздах, борбасактаи дилдучоршуда буд.

Ҳамин тавр ту маро не, худро тасалло медодй.

Дирӯз барон ҳолпурсӣ ба хонаат рафта будам. Дар рун мизи
кориат дастнависи нимнависеро дидам, ки леса дар бораи Де-
ваштич буд. Ин фаҳмост. Ту хондан ва навиштани асарҳои оид
ба таърихи гузаштаи халқамонро дӯст медорй. Ёд дорам, яке аз
песаҳои фоҷиавии навиштаи ту “Рангинкамон” буд, ки дар саҳ-
наҳои театрҳои ҷумҳурӣ намоиш дода шуданд. Ту аввалин адиби
муосири тоҷик ҳастӣ, ки образҳои Искандари Макдуни, Спитома
ва Рухшонаро рӯи коғаз овардӣ. Ман дар бораи дигар асарҳои
саҳнавиат гуфтанӣ нестам, зеро ҳар яки онҳо қимати худро
доранд.

Дар охири мактубам аз руи одатамон як шухие хоҳам кард
Ҳар бор дар кӯчаҳо, тӯю маъракаҳо баробари дидани ман оғуш-
кушоён сӯям меоӣ ва мегӯӣ:

— Ассалому алайкум шумо Холмуроди писари Шарифартел!

Оре, падари ман охирҳои солҳои бистум ба водии Вахш

омада, ҳамроҳи муҳоҷирон артели хоҷагии қишлоқ таъсис дода,
худ вазифаи раисии онро адо мекард.

Ман ҳам баробари дидани ту оғушкушоён мегуям:

— Ваалайкуму ассалом. Мулло Абдуҷаббори писари Абдуқаҳ-
ҳори керосинфурӯш.

Ман инро барои он мегӯям, ки аз руи шунидаам солҳои сиюм
падарат дар Конибодом дуконе доштааст ва керосин мефурухта-
аст.

— Ту мегӯӣ:

— Шабҳои тор хонаҳоро бо керосин падарам равшан мекар-
данд. Он вақт дар Конибодом қувваи барқ набуд. Ҳамин керосини
падарам буд, ки аксар ҳамшаҳриҳои ман саводнок шуданд, аз
байнашон бисёр олимон, адибон мутахассисон ва ходимони дав-
лати ба камол расиданду оламафрӯзӣ намуданд.

Азизам Абдуҷаббор! Табиист, ки ту ҳамчун фарзанди вафо-
дор ба падарат пайравӣ кардӣ. Агар қиблагоҳат кулбаҳои мар-
думро равшан карда бошад, ту бо санъати волои суханварии худ,
шеъру сурудҳоят, асарҳои саҳнавият, публисистикаи оташборат
дилҳои миллионҳоро мунаввар намудӣ, ба онҳо рӯҳи тоза бах-
шидӣ, онҳоро ба накӯкорӣ, ватанпарвари, сухтану сохтан даъват
намудӣ. Вақте ки лозим шуд, барои ҳифзи Ватан ҷони худро
сипар кардӣ. Яъне ту бо тамоми ҳастият, ^бо заҳмати зиёди
тӯлониат бар зиндагӣ, нақши рангине гузоштӣ на имрӯз, дустам
-дар рӯзи ҷашни бошарафат туро сахт ба оғӯш кашида табрику
муборак мегӯям!

Бахту шарафу сарфарозӣ вадавлати пири ёрат бошад, баро-
дарам Абдуҷаббор!

199
СУХАНВАРИ ДАРДОШНО

Ҳастанд одамоне, ки бо хислатҳои хоси худ аз дигарон зуд фарқ
мекунанд: бо чеҳраи кушода, хушфеъл, одамдӯстӣ, лаҳни ширин
дилпоки ё баръакс бо унсурҳои зиштӣ - тундмиҷозӣ, худписандй,
бадлафзӣ, пургӯйӣ, коргурезӣ, дурӯғбофӣ ва ғайра. Яъне ҳар фардеро
аз руйи хислатҳои хосаш ба ёд меоваранд. Ин фикрҳо дар миёнароҳи
Душанбе - Кӯлоб, ки ҳамроҳи шоирон Лоиқ Шураливу Алиакбар
Абдуллоев ба маъракаи ҷашни устод Ашӯр Сафар равон будем, ба
сэрам омаданд. Медонистам, ки баробари ба шаҳр расидан.моро
дустони бисёр пешвоз мегиранд, вале чун ҳамеша аввалин шуда ба
мо Ашӯр Сафар бо тарзи "кӯлобисаломи худаш” оғӯши гарми
бародарона мекушояд, чаро, ки ӯ беҳтарин сифатҳои инсониро дороет
ва дар боби кадршиносиву одамгарӣ беҳамтост.

Солҳои зиёде дар зиндагии худ Ашӯр Сафар нагузоштааст, ки
дустони душанбегиаш, аз ҷумла камина ҳам.ба шаҳри Кӯлоб оянду
дар меҳмонхона хоб кунанд. У, ки аз омадани мо хабардор мешуд,
фавран ба меҳмонхона мешитобид ва мегуфт:

—Хезед.ба хона меравем, айб аст, ки дӯст ояду дар меҳмонхона
мусофири кашад, мардум чӣ мегӯянд? -надомат мекунанд ва шояд
гуянд, ки дустони Ашӯр аз омадан ба хонаи ӯ ҳазар мекунанд. Охир,
каси бесоҳиб дар корвонсарой хоб мекунад, то ман ҳастам, хонаи
ман-хонаи шумост,- мегуфт ӯву меафзуд, - биёед, азизон таомули
аҷцодиамонро риоя кунему бародар дар хонаи бародар хоб кунад.

Дар яке аз абёти ба камина бахшидааш ӯ сидқан гуфтааст:
Кардаам одат, ки бо ту маҷлисороӣ кунам,

Нуқси ман гӯиву ман гӯям шукӯҳи кори ту.

Хони ман пур мешавад, аз файзи ту, ойй агар,
Кулбаи равшан шавад аз рӯи пуранвори ту.

Чунин буд шодравон Ашӯр Сафаров дар муомила бо дӯстон,
ҳамқаламон, умуман меҳмонҳо. Дар хусуси хислати инсондӯстиву
дастархондории Ашӯр Сафар борҳо аз забони адибони номй Сотим
Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Қутбӣ Киром, Лоиқ
Шерали, Кароматулло Мирзоев ва дигарон низ шунидаам, ки аҳсанташ
хондаанд. Ба хонадони Ашӯр Сафар меҳмонҳои хориҷӣ ҳам
меомаданд ва онҳо иззату икроми зиёд медиданд.

Соли 1997-ум Бобохон Маҳмадов бо меҳмонони олиқадр - вазири
фарҳанги Эрон ҷаноби Муҳандиси Мирсалим, ходими намоёни
ҷамъияти Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон оқои
Шабистарӣ ва муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Олим
Салимзода ба Кӯлоб ташриф оварданд. Онҳо мебоист дар ҷашнгирии
Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ширкат меварзанд. Дар он мулоқотҳо камина
низ ширкат доштам. Вазири эронӣ хост бо аҳли адаби Кӯлоб, аз ҷумла
шоири халқи Ашӯр Сафар ва дигарон мулоқоте дошта бошад. Дар ин
бора Ашӯр Сафарро огоҳ кардаанд, ки ӯ бадоҳатан мегӯяд:

200
—Ман меҳмонҳои олиқадри миллатамро дар кӯча қабул
намекунам. Ман тоҷикам, ойину анъанаҳои бобоҳоямонро пос медорам
ва мехоҳам, ки сӯҳбати меҳмонҳои азиз дар хонадонам сурат бигирад.
Бобохон Маҳмадовро илоҷи дигаре набуд ва ӯ баъд аз чанд фурсате
бо меҳмонҳои олиқадр ба ҳавлии Ашӯр Сафар ворид мешаванд.

Шоир меҳмонҳоро дар ҳуҷраи хоксоронаи худ қабул намуда,
онҳоро болои қолину кӯрпачаҳои тоҷикӣ шинонд. Он самимияту лутфу
марҳамате, ки аз лаҳзаҳои аввал Ашӯр Сафар ба меҳмонҳо изҳор
мекард, дилҳоро ба шӯр меовард.- Азизон, -гуфт у,- ман бовар
намекунам, ки шумоён дар кулбаи ноободи манед, ба қавли шоири
тоҷик Туғрал,- мегӯям: “ба роҳат пардаҳои дида пояндоз мекардам ”.

Ана ҳамин тавр, табиӣ дар байни соҳиби хона ва меҳмонхр робитаи
дилпазире бунёд гардид. Меҳмонҳо зуд дарк карданд, ки Ашӯр Сафар
шахсияти наҷибасту соҳибхирад ва зарофатгӯй.

Ашӯр Сафар меҳмонҳоро ба неъматҳои дастархон муроот карду
хушгӯйӣ оғоз намуд:

—Қабули, шумо, ҷавоби Мцрсалим, нисбат ба қабули вазирҳои
мо осонтару арзонтараст.

—Чаро, мо арзонтарему вазирони шумо қиммат?

—Чаро, ки вазирҳои моро бе шаробу кабоби дилхоҳашон пазироӣ
карда намешавад.

Ҳама ба завқхандиданд. Бобохон ҷавобан луқма партофт,—шумо
меҳмони азиз, ба ҳама гуфтаҳои устод Ашӯр бовар накунед, зеро ки
худи устод ба мумсикию хасисиашон ном баровардаанд.

—Чӣ тавр, - пурсон шуд ҷаноби Мирсалим.

—Ҳамин тавр, ки дар охири фасли зимистон нависандаи халқии
Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ ба хонаи устод Ашӯр меҳмон мешавад.
Соҳибхона ба дастархон тарбуз, анор, нок ва себи тару тоза мегузорад.
Меҳмони ҳайратзада аз устод мепурсад,

—Ашӯрҷон, бо кадом услуб ва чи гуна шумо ин меваҳоро то ҳануз
бе осеб нигоҳ доштед?

Ашӯр Сафар мегӯяд, - услубашам, роҳашам якто - мумсикию
хасисӣ. Худат намехӯрӣ, ба аҳли байт ҳам намедиҳи, меҳмон, ки ба
мисли шумо омад, онҳоро ба пешаш мебарорӣ. Вақто ки Бобохон ин
суханҳоро мегуфт, ногаҳон барқи хона хомӯш гардид. Дар торики
Бобохон суханашро идома дода гуфт:

—Ана, меҳмонҳои азиз, дидед, гуфтаҳои ман рост баромад, устод
Ашӯр Сафар махсус ин корро (барқкуширо) ташкил кард, ки меҳмонҳо
таомро ба микдори кофӣ нахӯранд.

Ҳамин тавр, дар хонадони Ашӯр Сафар сӯҳбати дилпазир ҷараён
дошт.

Лаҳзае нагузашта хона равшан шуду оқои Мирсалим роҷеъ ба
гуфтаҳои Бобохон (хасисии Ашӯр Сафар) ақидаи худашро иброз
намуд. Ба фикри банда,- гуфт меҳмон,- он чизе, ки инҷо ҳамчун услуби
хасисӣ қазоват шуд, шарҳи дигарро металабад. Устод Ашур Сафар

201
хасиси не, ҳимматбаландӣ ва сариштакорӣ кардаанд, ки рӯзе агар
меҳмон ояд, дасту по нахӯрда, ӯро бо тарзу русуми бобой, бо иззату
эҳтиромаш қабул намояд. Барой ҳамин ҳам аз нафси худашу
фарзандонаш зада, анвои меваҷоти лазизро баром меҳмонҳои
дилхоҳашон сарфа кардаанд,- Ҳамин тавр не, оқои Ашӯр?- гуфта
пурсон шуд меҳмон.

—Офарин,офарин,ҳамин тавр.меҳмони азиз,- гуфт устод Ашӯру
афзуд,-дӯстони ман чунинанд.ҳам зиёфатамро бо иштиҳо мехӯрданду
ҳам дар давраҳои дигар ғайбату маломат менамоянд.

Он рӯз Ашӯр Сафар фавран баром меҳмонҳо гӯсфанди фарбеҳеро
кушт, дастархонро бо гӯшти мурғу кабк ва гирдача, чаппотӣ, меваҳои
гуногун пур кард. Сӯҳбати шавқовари мо тадриҷан тасфонтар
мегардид. Оқои Шабистарӣ, ки солҳои зиёд дар Тоҷикистон адом
хизмат мекард, аз мулоқотҳо бо аҳли илму фарҳанг, сафарҳояш ба
вилоятҳои Тоҷикистон, якрангии урфу одати мардуми Эрон ва
Тоҷикистон нақл кард. Ҷаноби Алиасғари Шеърдӯст медонист, ки
камина бо Бобохон солҳои зиёд дар соҳаи табъу нашр, матбуот кор
кардем, ишора намуд, ки дар ин солҳо нашри китобҳои классикони
муштараки адабиётамон, аз ҷумла - куллиёти Рӯдакӣ, Сино, нӯҳҷилдаи
Шоҳнома -и Фирдавсӣ, осори Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём.Ҷомӣ ва дигарон
ба анҷом расиданд.

Баъд сухан аз боби таърихи Хатлонзамин, шахсияту мероси Мир
Саид Алии Ҳамадонӣ рафт. Дар он ҳамнишинии дӯстона шоири
намоёни тоҷик, марди соҳибфарҳанг Ҳақназар Ғоиб аз саҳми
гаронбаҳои Ашур Сафар дар инкишофи адабиёт, қиммати асарҳои
нашркардаи у - "Илҳом”, “Хандаи гулҳо”, “Базми садоқат", "Гулбоғ”,
Арзи меҳр” ва ғайра қазоват намуду афзуд: устод Ашӯр Сафар ҳамчун
шоири ишқсаро ва ватандӯст эътирофи умум гаштааст. Касе, ки
Ҳақназарро бодиққат гуш мекард,- гуфт,- ё худи устод ё шумо аз абёти
ватандустонаашон қироат мекардед, шод мешудем. Хуб мебуд, агар
шеър ба зодгоҳашон бахшида шуда бошад.

Ҳақназар узр хоста гуфт, ки бех,тар мешуд, агар худи устод
шеърҳояшро ба шумо эхдо мекарданд. Устод Ашӯр Сафар “ба чашм”,-
гуфту чанд шеърҳои дилнишинро қироат намуд, ки мисраъҳои шеъри
дар хотима хондааш чунинанд:

Кӯлоб саҳаргоҳи таманнои ман астй,

Шодии дилу хандаи лабҳои ман астй.

Хушруйтарин ҷои тамошои ман астй,

Равшангари ду дидаи бинои ман астй.

Устод Ашур Сафар қироати шеърро ба охир расонида ва думбраи
дар девор овезоншударо гирифта ба дасти Ҳақназар Ғоиб доду гуфт:
Ҳақназари мо на фақат шоири хуб аст, вай боз ҳунари беназири
сарояндаги низ дорад. Мехостам, ки ӯ бо овозхониаш меҳмонони
муҳтарамро шод гардонад.

Ҳақназар:- устод, ин хонданҳои мо ба меҳмонони олиқадр ҳуш

202
меомада бошад, гуфту думбураро ҷӯр намуд вачанд суруди шавқовар
хонд, ки якеаш аз ғазалҳои Бадриддин Ҳилоли буд ва бо мисраъҳои
зайл хотима ёфт:

Тақсири вафо расми рақибаст, аҷаб нест,

Ҳаргиз саги девона вафодор набошад.

Бе ёр ба олам натавон буд, Ҳилолӣ,

Олам ба чй кор ояд агар ёр набошад.

Шеърҳои устод Ашӯр Сафар ва ҳунарварии Ҳақназар Ғоиб ба
меҳмонони олиқадр басо хуш омаданд, ки - гуфтанд,— моро беҳад
мамнуну масрур кардед. Шумо бемуҳобот мардуми фавқулодда
соҳибзавқу соҳибҳунаред, ки ин_лах,заҳои ширинро ба мо эҳдо
намудед. Мо инро х,аргиз фаромуш нахоҳем кард. Исботи он, ки
эҷодиёти гуногунпаҳлӯи устод Ашӯр Сафар ба донишмандони эрони
писанд омад, он аст, ки баъд аз фурсати кӯтаҳе Тулчини ашъори
Ашӯр Сафар” дар Теҳрон нашр гардид.

Дар ҳақиқат Ашӯр Сафар дар қатори беҳтарин суханварони
миллати тоҷик шӯҳратёр гаштааст ва ниҳоят дурустии ин а1фдаро
дар он мебинем, ки ӯ ба Мукофоти давлатии ба номи Рудаки ноил
гардидааст. Ин мукофот ба ӯ дар соли 1996 барои асараш “Арзи мех,р
дода шуд. Асари номбурдаи Ашӯр Сафар чандин маротиба дар
бахшҳои эҷодӣ ва маҷлиси умумии Кумитаи Рудакӣ муҳокима гардид.
Аъзоёни бахши адабиёт, адибони намоёни тоҷик — Лоиқ Шерали,
Гулназар Келдӣ, академик Муҳаммадҷон Шукуров, Абдулҳамид
Самадов, Абдуқодир Маниёзов, Абдураҳмон Абдуманнонов,
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ қазоват намуданд, ки Ашур Сафар эҷодгари
ҳақиқӣ, соҳибхирад, ифодагари орзую омоли халқаст. У пеш азҳама
шоири лирик буда, навиштаҳояш саршори ишқу муҳаббатанд.
Қаҳрамонҳояш инсонҳои пок, инсонпараст, бовафо, накукору
Ватандӯстанд. Дар офаридаҳои Ашӯр Сафар тасвири аниқи вазъи
ҷамъият, таззодҳои зиндагӣ, мухолифати хираду ҷаҳл, шодкомиву
нокомиҳои инсон инъикос ёфтанд, ки бештар дар шеърҳои “Фоҷиаи
инсон”, “Нолаи дил”, “Сӯгвори”, “Ғам аз муи cap бисёр", “Ҳурмати
падар"', “Эй дил” ва ғайра эҳсос мегарданд.Гарчанде гуфтаҳои шоир
пур аз сӯзу гудозанд, аммо вай хонандаро ба қавируҳи, бовари ба
оянда даъват менанамояд:

Ба гӯш ақл гуфто: нашав ноумед;

Сиях, шуд зи марг арчирӯзи сафед.

Ба рӯзаш кунад зиндаги боз ин,

Набояд барад кас ба ин иштибоҳ.

Аз офаридаҳо ва рафтору кирдори Ашур Сафар бармеояд, ки у
ҳам бо каломи шоириаш ва ҳам_фаъолияти ҷамъиятияш бо х,аёти
халқаш комилан пайванд буд. У бо одамоне, ки худро ҳамадон
тарошида ба ҳар ош мурч ва ба ҳар фатир ҷазза мешуданду мардумро
ба амалҳои ғаллэт ҳидоят менамуданд, ҷиддан муқобил буд ва дар

203
мавридҳояш, хусусан дар мулоқотҳо бо мардум мешӯрид:

- Бигузор деҳқон деҳқониша, чӯпон чӯпониша, муаллим
муаллимиша, табиб табибиша, сиёсатчӣ сиёсаташа, мулло
муллогиаша бикунад, - мегуфт. Охир, ин чӣ рӯзи сахт аст, ки ҳар
касу нокас ба халқ худро раҳнамо нишон медиҳад.

Ман шахсан ин хислати наҷиби инсонии устод Ашӯр Сафарро дар
ҳамсафариҳои тулонӣ дарк кардаам. Аввалҳои солҳои навадум дар
асари бозсозиҳои боғараз, демократиябозиҳо, амалиёти ҳизбҳои
гуногун алангаи офати маҳалгароиро басо баланд мекард, дар
вилоятҳо.хусусан Кулобу Қӯрғонтеппа вазъият беҳад носоз гардид.
Дар гирдиҳамоиашон ҳам ба ном демократҳо, ҳам коммунистом, ҳам
диндорони хурофотпарасту гурӯҳои экстремистӣ расми Михаил
Горбачеву Елцинро дастак карда алвонҷ медоданд. Халқи роҳгумзада
намедонист, ки аз паси кадом ҷараёни сиёсӣ биравад.

Дар ҳамон замон гурӯх,ҳои манфиатхоҳ медонистанд, ки
соҳибистеъдодҳои номӣ, ба мисли Ашӯр Сафар ва дигарон, дар байни
мардум овозу овозаи боэътимод доранд, мехостанд аз истеъдоду
заковати худододи онҳо истифода кунанд. Аммо, Ашӯр Сафари воқеан
халкдуСту ватанпарвар манфиатҳои хурду қавмиву гурӯҳӣ ва ҳизбиро
аз манфиатҳои кишвару мардумаш боло нагузошт. Барои ҳамин ҳам
у борҳо ба нишони тири маломати “мухолифин” дучор гардид, аммо
роҳашро гум накарду “балегӯй"-и касе ҳам нашуд - фақат ба ҳарфи
шоиронае, ки аз танури дили беолоишаш фаввора мезад, эътимоду
эҳтиқод дошт.Бовари дошт, ки сухани ҳақ ба нишон мерасад.

Вақте ки Шурои Олии Тоҷйкистон ба зиёиёни солимфикр муроҷиат
намуда, ба ноҳияҳо гуруҳҳои тарғиботиро фиристод, камина ҳам
ҳамроҳи шоири халқи Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, ҷонишини вазири
маориф Ниёз Сафаров, взкили мардумӣ дар Шӯрои Олӣ, олим
матбуотчии намоён Муродулло Шералӣ ба вилояти Кӯлоб рафтем.
Мақсади ба вилоят омадани моро фаҳмида устод Ашӯр Сафар
ихтиёран худро ба гуруҳи мо ворид намуд ва дар мулоқотҳо дар шаҳри
Кулоб, ноҳияҳои Восеъ, Москва, Совет, Фархор намунаи солимфикрӣ,
дурандешии сиёси, ҳаммаслакии худро бо халқ намоиш дод. Баъзеҳо
дар баромадҳояшон хотирбинӣ намуда дар масъала^ои ҷараён
гирифтани ихтилофҳои назар “ғулингхойӣ” мекарданд. У ошкоро ва
ҳақҷуёна мегуфт,- ман аз тариқи телевизион воқеаҳои февралии дар
Душанбе рухдодаро дидаму шунидам ва дарк кардам, ки ин ҷунбишҳо
фоли нек нестанд. —Дустон, мегуфт у, ҳушёр бошед, ки иддае чизҳои
ба халқи мо муқаддас - забои ва динро истифода карда ба
ҷудоандозии мо пардохтанд. Ашӯр Сафар такрор ба такрор мегуфт,-
инҷо хатари ҷиддиест. Бадхоҳони Тоҷикистон ҷавононро зери нишон
гирифтаанд, ки чаро, ки шогирдони устоднадида ба ҳар нагма
мерақсанд - мегуянд:

Чӣ ҷои шубҳа гар рубах, фиребост,

Зи макраш шер гумраҳ мешавад гоҳ.

204
Агар чи шоҳи ҳайвонҳои дунёст,

Амалҳо гаҳ кунад, бо гуфти рубох,.

Тахмину ҳароси Ашӯр Сафар беҳуда набуданд. Рӯзгори талхи аз
cap гузаронидаи миллати азияткашидаамон исботи он ташвишҳоянд,
ки аз нотифоқӣ, авомфиребӣ, сиёсатбозиҳои булҳавасон cap заданду
-ҳазорон кушташудагон, боз ҳамон қадар бехонумон шудагони дар
ҳолати қашшоқиву бенавоӣ афтода дар ҳарду дунё домангири
онҳоянд.

Нависандаи халқӣ Абдуҳамид Самадов дар хусуси авзои рӯҳии
шоири нозуктабъ Ашӯр Сафар хуб гуфтааст,- "чор панҷ соли охир
авзои шоирро чун рӯзгорамон мудом ноҷур медидам.Ҷангу ҷидоли
харобиовар, ҷудоиандоз, кулфату шиканҷаи мардум, каҷравӣ ва
иғвоҳои нав ба нав, тантанаи бераҳмӣ, авҷи ҷинояткорӣ дар дилу
ҷигари ӯ оташе афканда, ӯро ғамбемор намуданд”.

Пешомаду рӯйдодҳои ногувори марговарро эҷодкори дурбину
дурандеш бо тамоми ҳастиаш амиқ ҳис мекард ва ҷавонони
силоҳбадасти роҳгумзадаро ба адпу инсоф мекашид.

Cap заданд Аторро, Рӯдакиро кӯр карданд, илтиҷое ӯ накард, бар
акс нидое ӯ накард.

...Ман вале пеши Шумо, ёрони ҳамдам бо силох,,
Илтиҷо дорам чу маҳбуси пушаймон аз гуноҳ.

Бо умеде, ки силоҳи хешро дур афканед,

Бар шаби ялдои мо то шаддаи нур афканед.

Ё ки:

Наборам қудрате дар ҷабҳаи мансабталошиҳо,

Расад чун тир бар гӯшам фиреби “зиндабошиҳо”!
Наметарсӣ ту аз шамшеру тиру сарбуриданҳо,

Мани бечора метарсам зи теги сартарошиҳо.

Ба гайр аз муфт рӯзӣ ёфтан дар ту хаёле нест,

Зи хотир кардан берун савоби доначошиҳо.

Намеорад маро дигар ба ҳоли пештар, зинҳор.

Қатори ваъдаи неку ба cap зарпорапошиҳо.

Шоир медид, ки сухани ҷонкоҳаш, нидои имдодталабаш ба гӯши
силоҳбадастони аз қолаби адпу одоб баромада намерасад, ба риққат
меомад ва боз доди худро аз сухан, аз каломи шоирӣ мегирифт. Шоир
боз ба худ метапиду мешӯриду мегуфт:

Шеъри нав аз ман дигар манмо талаб,

Бас адаб шуд хок пеши беадаб.

Сатраке дастам намебидҳад, дарег,

Гарчи бар чашмам намеояд ганаб,

Бигзарад ин рӯзҳо кай аз сэрам.

205
То шавад аз нав кушода дафтарам?

Бар сурог ояд харидори сухан?

Хун ба об оё бишӯяд кишварам?

* * ★

Ватан дар хуни худ аарқ асту гирён,

Касе дил дорад, аз сӯзиш кабоб аст.

Ҳамин тавр, аз даргириҳои бемаънии байни қавмҳо, ки марговар
буду ба худкушии миллати тоҷик меовард. Ашӯр Сафари ҳасосу
дилозурда ва инсондӯсти комил, гулӯгир мешуду ба риқат меомад ва
мисраъҳои болоиро бо сӯзиши дил бо алам менавишт.

Дар як ғазалаш ӯ чунин ҳасрати дил менамояд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешу да бошад?

Дар киш вари гам базму та раб мешу да бошад?

Шояд, нидоҳои дили Ашӯр Сафар ва дигар қаламкашони миллат
ба қалби сахти сиёсатмадорон кора кард, ки онҳо тадриҷан ба ифоқа
омаданду роҳи сулху салоҳро ҷустанд ва онро ёфтанд, ки хушбахтона
мо даҳумин солгарди истиқлолияти Тоҷикистони азизро ҷашн
гирифтем.

Яке аз ҳамсафарони мо дар Хатлонзамин, ки дар боло ишора шуд,
Гулназар ҳамон рӯзҳои ҳузноварро ба хотир оварда мегӯяд:

—Хуб шуд, ки ақли солим боло гирифт. Бо кӯшишу заҳматҳои
фарзандони дурбини миллат бадбахтиҳо гузар кард. Он орзуе, ки шоир
Ашур Сафар дошт ҷомаи амал пӯшидан дорад.

Бигузор дигар шоирони мо чунин шеърҳои дардомезу армонй
нагуянд.

Ёд дорам, дар рӯзи дафни Ашӯр Сафар шодравон Лоиқ Шералй
дилсузона гуфта буд:

—Ашӯр Сафар шоири таронасарои мо буд. Аммо дарду алами
бузурги солҳои охир марсиягӯяш кард. Бигузор дар хок осуда бихобад,
мо шодисароии уро дар Ватани шодӣ идома медиҳем.

Боди тунде омаду шамъам шикает,

Риштаи фикру хаёлотам гусаст.

Хостам аз хона берун барҷаҳам,

Дар ба рӯям боз бо муште бубаст.

Шуд бародар бо бародар хасми ҷон,

Хонаам аз eaxjuu ин шуд бе забон.

Оби чашмам бесадо рӯи варақ,

Аз алам гардид ҷои хат равон.

Сели ашкам сафҳаҳоро шуста бурд,

Гавҳари илҳом бар дунё супурд.

Мурги шавқам, ки ба олам дошт сайр,

Ҳамчу шабкурак ба лой афтиду мурд.

206
Дар сари тобути устод Ашӯр Сафар маросими мотамиро гуш
мекардаму сатрхри чандсол пеш гуфтаи ӯ ба хотирам меомаданд:
Эй дуст биё, ки ман туро пазмонам,

Дар шастаму ношикастааст армонам.

Бар хонаи даркушодаам мех/лон шав,

Дар хонаи умр баски ман мех^лонам.
ҳоло, ки ин сатрҳоро иншо менамоям, симои марди рустамҷусса,
бо лабҳои пуртабассум, чашмхри рахшандаи меҳрангез гаштаю
баргашта пеши назарам меояд. Ростӣ, ки уро ҳар дам ёд мекунам,
лаҳзаҳои ҳамсафариро дар Фархор, ки дар вақти интихоботи Шурой
Олӣ р шахси эътимодноки ман буд, пеши назарам меоварам. Ҳар
боре, ки ба ноҳияҳои вилояти Кӯлоб меомадам, агар ӯ хабардор мешуд,
ҳатман ҳамроҳи Одина Ҳошим (рӯҳашон шод бод), акай Саидшариф
ба истиқбол меомад, меомаду базми шеъру суруд меорост. Ед дорам,
боре устод Ашӯр Сафар ва Ҳақназару Зариф Валиев маро ба туе, ки
дар хоҷагии Ғоиб Сафарзода барпо шуда буд, ҷаҳт намуданд. Дар
ҷараёни шодиву сурур рӯҳоние ҳукм баровард, ки аз мизҳо шишаҳои
шаробро бардоранд. Соҳиби тӯй ва меҳмонон норозиги изҳор карданд.
Аз ин ҳодиса огоҳ гашта - устод Ашӯр Сафар ба сари шахси руҳони

шурид:

—Шумо худро савобталаб мешуморед! Магар аиши мардумро
талх кардан убол нест. Шумо медонистед, ки тӯйи ҳозирзамон бе
шаробу кабоб намешавад, пас чаро омадед? Ана ҳамин шумо барин
рӯҳониҳои худобехабар, кӯтоҳандеш, худбин ҳукмфармо шудед, ки
зиндагии мардум нотинҷ шуд. Бемуҳобот чунин ҷасоратро фақат устод
Ашӯр Сафар дошт, ки дар пеши назари мардум азми норавою
бетамизонаи вакили рӯҳониҳоро ба ин шакл маҳкум намуда аз маърака
биронад. У мегуфт,- аз ҳад нагузаронед, шумо барин муллотарошони
аз илм бехабару худсар обрую эътибори дини мубини исломро паст
мекунанд.

Ашӯр Сафар ҳам бо сухани сеҳрноки шоиронааш, ҳам бо рафтору
фаъолияти ибратангезаш ва талошҳои ҳақгуйиву ҳақҷуйиаш дар дилу
дидаи мардум,хусусан ах,ли фарҳанг амиқ маскан ёфтааст.

Гарчанде солҳост, ки ӯ дар қайди ҳаёт нест, аммо каломи
шахдбори ӯ, хулку одоб, услуби хоси муомилоташ бо хурду калон,
инсонпарастиаш, садоқати сидқан доштаи ӯ ба дӯстону рафиқон аз
хотирҳо зудуда намешаванд. Огоҳ ҳастам уро дар ҳама ҷо ҳам дар
ҳузураш ва ҳам дар ғайбаш сифату ғайбаташ мекарданд. Ашур
Сафар шахсияте буд, ки фаромӯшии ӯ имконнопазир аст.

Як мисоли тоза. 8 декабри соли 2000 дар шурои насри Иттифоқи
нависандагон “Девона” ном романи нависандаи ҷавон Мираҳ^ади
Амиршо муҳокима шуд. Азбаски муҳокима тӯл кашид. давоми суҳбат
дар атрофи “як пиёла чой” сурат гирифт. Ва он суҳбат ч_и гуна аз
мавзӯи романи Амиршо ба мавзуи зарофатороиҳои Ашур Сафар
ҷараён гирифт ҳанӯз ҳам дар тааҷҷубам. Ҳаминаш ба ёдам ҳаст, ки
аксари иштирокчиёни он маҳфили дилнишин аз ҷумла нависандаҳои

207
номи Абдулмалик Баҳори, Абдулҳамид Самадов, Саттор Турсун,
Урунбой Кӯҳзод, Ҷонибек Акобиров, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва дигарон
аз хислатҳои наҷиби инСонии Ашур Сафар, ширингӯиҳояш қазоват
менамуданд.

Яке аз онҳо гуфт, ки шоир Қутбӣ Киром бори аввал бо гурӯҳи
адибон ба Кӯлоб меравад, дар маҳфиле, ки иштирок менамояд, Ашӯр
Сафар ҳам будаасту аз шахси дар бараш нишаста мепурсад: —ҷӯра,
намегуйи, ки аз меҳмонони дар раёсат нишаста, кадомаш Қутбӣ Киром?
Ба у Қутбиро нишон медиҳанд еафавран Ашӯр Сафар бо лаҳҷаи ба
худаш хос мегуяд: — Ҳо, ҳамоне, ки агар пашша дар сараш бинишинад,
аз лайсии cap кунҷечак меравад?—Ҳа, ана ҳамон мегӯяд,
ҳамнишинаш.

Дигаре ба завқхандида ёдовар шуд, ки Ашӯр Сафар раиси номӣ
Мирали Маҳмадалиевро, ки дар борааш достон навиштааст, ба ҷашни
60-солагиаш даъват мекунад. Дар арафаи ҷашнгирӣ Миралӣ бо
телефон аз Ашӯр Сафар узр мепурсаду мегӯяд: — мебахшӣ, ба
ҷашнат рафта наметавонам, ба сессияи Шӯрои Олӣ" даъват карданд.
Ашӯр Сафар бадоҳатан мегӯяд: —Худат раис, ба сессия меравӣ.ҳамон
буққачаи туҳфа мекардагиат ҳам ба сессия меравад? Дигарон
қиссаҳои "меҳмони ба пою қадам” будани Ибод Файзуллоев,
гуселкуниҳои Салимшо Ҳалимшо ва ғайраро бо шавқ ёдовар шуданд.
Ҳамон рӯз, бемуҳобот.нишасти моро ҳикматҳову зарофатгӯйиҳои Ашӯр
Сафар оро дод ва ба он ҳусни тозаву лутфу марҳамати дӯстона
бахшид, дилпазиру рӯҳафзо намуд.

Ҳаждаҳуми декабри соли 2001 ҳамин қайдҳоямро менавиштам,
ки ба наздам шоири дӯстдоштаам Низом Қосим хабаргирӣ омад. Чиҳо
навиштан доред.муаллим, - магар халал расонидам гуфт ӯ.

Хуб кардед, ки омадед, хотираҳоямро доир ба устод Ашӯр Сафар
менависам,— гуфтам, У хандиду гуфт:- Дар редаксияи “Комсомоли
Тоҷикистон” кор мекардам. Ашӯр Сафар китоби нав аз чоп
баромадаашро ба муҳаррир Ато Ҳамдам тӯҳфа кард. Ато Ҳамдам ба
муқоваи китоб эрод гирифт. Ашӯр Сафар фавран ҳозирҷавобӣ кард,—

' тақсир бигузор китоби моро бемуқова ҳам бароранд, аммо гонорари
хуб диҳанд.мо қаноатманд. Инро гуфту Низом Қосим афзуд: Мастон
Шурали дар нашриёт кор мекард. Аз Кӯлоб Ашӯр Сафар ба ӯ занг
мезанад ва мепурсад,— ту кӣ? Мастон шӯхиомез қофия карда
мегуяд—-ман Рӯдакӣ, Ашӯр мегӯяд,- ҳамин тавр будааст.ки овозат
гуё аз гӯри чуқур меояд...

Ҳамин тавр мавзӯи шарофату зарофати Ашӯр Сафар
адонашаванда аст ва зикри хайраш аз забои ба забои, аз насл ба
насл ҳамчун мероси бебаҳо мегузарад.

208
ФОЛИ НЕК

Убайдуло, ки дар оилаи деҳқони асили меҳнатдӯст Раҷаби
Одина таваллуд шуда, ба воя расидааст, аз мушкилиҳо наҳаро-
сид, бо саъйи комил ба дарсҳо иштирок намуда, зиёдтар ба
машғулиятхри устодони варзида Боқӣ Раҳимзода, Холиқ Мирзозо-
да, Носирҷон Маъсумӣ, Файзулло Ансорӣ, Абдуғанӣ Эшонҷонов
ва дигарон марок, зоҳир кард, илм омӯхт ва сабақи эҷодй гирифт.
Дар чунин муҳити маънавии эҷодии донишкадаи омӯзгорӣ ӯтаво-
нист, ки ба орзуи ширини ҷавонии хеш - эҷоди шеър бирасад.
Шеърхрящ дар матбуоти давр зуд-зуд чоп мешуданд. Убайдул-
лои ҷавонроазкурсиидонишкада бароикор бэ маҷаллаи “Машъал”
даъват намуданд, ки ин эътирофи қобилияти эҷодии шоири на-
вқалам буд.

Устодони дилсӯз Абдусалом Деҳотӣ ва Боқӣ Раҳимзода авва-
лин хонандагони шеърҳои “Афсонаҳои модаркалон”, “Табиат" ва
ғайра буданд. Ин бузургон навиштахои УбайдРаҷабро писандида,
аз заҳмати сангину машаққати эҷодкорӣ огоҳаш менамудаанд.
Абдусалом Деҳотӣ шеъри ба деҳа бахшидаи ӯро хонда заро-
фатгӯӣ карда буд: “Номаи Деҳотиву аз деҳот ҳарфе нагуфтаам.
Ту, Убайдулло хушбахтӣ, ки деҳотро ин қадар нағз васф карда
тавонистӣ, барори коратро мехоҳам!”.

Убайд Раҷабро бештар чун шоири бачагон мешиносанд. Аммо
бояд ба хотир овард, ки вай ашъори хуби лирикӣ, ошиқона ва
сиёсиизиёд дорад, бисёр шеърҳояшро бастакорон баоҳангдаро-
вардаанд. Ин навъ ашъори ӯ дар маҷмӯаҳои "Пайраҳа", “Рози
обшор", “Саррез” ва ғайра нашр шудаанд. Убайд Раҷаб аз нахус-
тин касоне буд, ки суннати ғазалнависиро эҳё намуд, васфи
кӯҳро суруд, ба ҳимояи лафзи тоҷикӣ бархост. Ҳанӯз сӣ сол
қабл бо номи “То ҳаст оламе, то ҳаст одаме” шеъре эҷод карда
буд:

Ҳар дам ба руи ман,

Гӯяд адӯи ман,

К-ин шеваи дарии ту,

Чун дуд меравад,

Нобуд мешавад.

Бовар намекунам,

Бовар намекунам.

Чаро Убайд Раҷаб ва хонандагонаш ба сафсатаи нобуд шуда-
ни забони модарии худ бовар намекунанд? Худи шоир ба ин
пурсиш ҷавоб медиҳад:

Бовар намекунам,

Лафзе, ки аз латофаташ ҷонам кунад ҳузур,

Рақсад забои ба созашу ояд ба дида нур,

209
Лафзе ба ранги лолаи домони куҳсор,

Лафзе ба сони бӯсаи ҷонпарвари нигор...

Лафзе, ки эътиқоди ман асту маро вуҷуд,

Лафзе, ки пеши ҳар суханаш оварам суҷуд.

Чун меҳри модарам.

Чун ишқи дилбарам,

Чун хоки кишварам,

Чун завқи кӯдакӣ.

Чун байти Рӯдакй,

Чун зарраҳои нури басар мепарастамаш,

Чун шуълаҳои нарми сахар мепарастамаш.

Ман зиндаву аз дидаам чун дуд меравад?

Нобуд мешавад?

Бовар намекунам!

Бовар намекунам!

Оре, шоир бовар намекунад, ки лафзи модарии ӯ, ки рамзи
виҷдон, ном ба нангу номуси ӯст, аз байн равад. Охир ин меросро
ба ӯ аҷцодонаш гузошта, ҳифзи ӯро васият кардаанд. Адиб ҷон
медиҳад, аммо он забони ширинро пос ва гиромй медорад:
Номаш барам, ба авҷи само мерасад сэрам,

Аз шавқ мепарам,

Сад марди мӯътабар,

Ояд бари назар.

К-онро чу лафзи байту газал
Иншо намудаанд,

Бо панди Саъдиям,

Бо шеъри Ҳофизам,

Чун ишқи оламе ба ҷаҳон,

Эҳдо намудаанд. -
Ҳайрон машав адӯ,

Сарсон машав адӯ,

К-ин ишқи пок дар дили дилпарвари ҷаҳон
Монад хаме ҷавон,

То хает оламе,

То хает одаме.

Машғули навиштани ҳамин ҷашннома будам, ки дӯстам, про-
фессор Аълохон Афсаҳзод хабаргирӣ омад. Ӯ фаҳмид чӣ шуғл
дорам, дар атрофи эҷодиёти Убайд Раҷаб изҳори ақида намуд
ва махсус шеъри “То ҳаст оламе, тоҳаст одаме”-ро ёдовар шуду
гуфт: “Хотирнишон кардан зарур аст, ки аз соли 1968 (маҷаллаи
Сухан ) то соли 1992 (маҷаллаи “Килк”) дар Эрон ин шеъри Убайд
Раҷаббешаз 15 маротиба ба табъ расид. Донишманди маъруфи

210
эронӣ равоншод Парвиз Нотили Хонларӣ ҳанӯз соли 1968 онро
аз беҳтарин шеърҳо дар бораи забони форсӣ номида буд. 'То
ҳаст оламе, то ҳаст одаме" борҳо дар Афғонистон, Ҳиндустону
Покистон ва мамолики дигар низ нашр шуд. Худи ҳамин барои
эътирофи шоир басанда аст. Ҳақ бар ҷониби донишманди адаби-
ётшинос бувад.

Бо ташаббуси Мирсаид Миршакар ва бо таҳрири Суҳайлӣ
Ҷавҳаризода маҷмӯаи нахустини шеърҳои Убайд Раҷаб таҳти
унвони “Орзуҳои ширин" нашр туда буд, ки он роҳхате буд ба
ҷахдни шеъру шоирӣ ва олами маърифат. Ҳангоми кор дар
маҷаллаи ‘Машъал”ва рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон”-у “Ҷаво-
нони Тоҷикистон” қобилияти эҷодии Убайд Раҷаб ҳам дар ҷодаи
таҳриру табъу нашр ва ҳам шеър гуфтан инкишоф ёфту ӯ чун
эҷодкори қобилиятдор эътироф гардид. Вайро соли 1961 бо мак-
туби устод Мирзо Турсунзода ба маҷаллаи “Садои Шарқ”ба кор
даъват намуданд. Дар ин ҷо ҳам Убайд Раҷаб хислатх,ои ҷӯянда-
гиву ташкилотчигии худро сайқал дода, хешро ҳамчун ходими
ҷӯёву навовар ва коргари сермаҳсул шиносонд.

Баҳори соли 1966-ум Убайдулло боре ба хонаамон омад.
Баъд аз ӯ аҳвол пурсидам, ба забон омад:

— Ака, — гуфт Убайдулло,— ман наздатон барои маслиҳат
омадам, масъала ҷиддӣ.

— Боз он чӣ хел масъала, ки ҷиддӣ ҳам будааст? - пурсидам
хандида.

— Имрӯз саҳарӣ домулло Мирзо Турсунзода маро наздашон
хонданд ва супориданд, ки вазифаи сармуҳарририи маҷаллаи
“Садои Шарқ”-ро ба зиммаам гирам. Чӣ кор кунам?

— Чӣ кор мекардед? Модом ки Мирзо Турсунзода барин
шахси мӯътабар ба шумо эътимоду ихлос баста, ба чунин вази-
фаи масъул таклиф карда бошанд, бояд розӣ шавед,— гуфтам
ва афзудам, — ин фоли нек аст.

Убайд Раҷаб дар ин вазифа ҳам худро чун сарвари ӯхдабаро
нишон дод. Вай дар саҳифаҳои маҷалла нашри мақолаву очерк-
ҳоро дар бораи санъат ва арбобони он ба роҳ монд, хонандагон-
робо беҳтарин намунаҳои осори классикй ошно намуд, ҳаводоро-
ни лафзи дариро бо намунаҳои чакидаҳои хомаи суханварони
муосири Эрону Афғонистон ва Ҳиндустону Покистон шинос кард,
ки ин ҳама обрӯи маҷалларо хеле баланд бардоштанд.

Дар мӯхдати қариб понздаҳ соли сармуҳарририи Убайд Раҷаб
теъдоди нашри маҷалла аз 4,5 ҳазор ба 45 ҳазор нусха расид.
‘Садои Шарқ" хароҷоташро пӯшонда ба хазина маблағ медодагӣ
шуд. Ба коллективи эҷодии маҷалла ҷавонони хушсалиқа, аз ҷум-
ла Лоиқ Шералӣ, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самадов, Гулна-
зар, Камол Насрулло ва дигарон гирд омаданд, ки бо тозагӯиҳоя-
шон, истеъдоди хосашон эътибори маҷаллародучанда намуданд.

211
Ба комёбиҳо муваффақ гардидани сармуҳаррири нав бисёр
дустону ҳамкорон, ҳамқаламони Убайдуллоро хурсанд намуд, Пеш
аз ҳама устодон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Фотеҳ
Ниёзи шод буданд.

Ман эҳтироми устодро ба шогирдонаш дар сафари аввалини
якҷояамон ба Искандаркӯл, ки аввалҳои солҳои ҳафтодум сурат
гирифта буд, аниқтар ҳис кардам. Дар он сафари фаромӯшнашу-
дани, ки Боқӣ Раҳимзода, Мӯъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Мастон
Шералӣ барин истеъдодҳои баландмақом низ ҳамроҳи мо буданд,
сайру истироҳатамон ба ҳамон дараҷа аъло гузашт.

Он ду рӯз ва як шаберо, ки бо устодон Мирзо Турсунзода ва
Боқи Раҳимзода дар Искандаркӯл гузаронидем, бе муболиға аз
лаҳзаҳои ширинтарину боҳаловати зиндагии мо ҳамсафарон мета-
вон шумурд. Тасаввур кунед, ки шумо дар манзараи зебою
дилрабои соҳили кӯли булӯрин, дар иҳотаи дарахтони ҳамешасабз
зери қуллаҳои осмонбӯси қаторкӯҳҳои афсонавӣ ҳастеду лафзи
шакаромез, назми сехрангези Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода
ва адибони дигарро аз забони худашон мешунавед.

Бемуҳобот сайри мо дар он биҳиштгӯшаи ҳаяҷонбахши кишва-
рамон басо хотирнишин буд. Моро нафақат табиати нодиру
иқлими руҳбахши Искандаркӯл мафтун мекард, илова бар он
байтбаракҳо, мушоираҳо ва зарофатгӯих,ои устодону шогирдона-
шон ҳам рӯҳбаланд менамуд. Дар он ҳалқаи дӯстиву базми
ҷамшеди ва гулханҳои маънавиёт, ғизои моддӣ ҳам бо тарадду-
ди дӯстони олих,иммати фалғариамон Ёрмурод Ғиёсов, Амонулло
Қурбонов, Раҳим Аслиддинов, Субҳон Тӯйғунов, шодравон Мирзо
Маҳмуд ва дигарон омода шуда буд айши моро гуворотар
менамуд.

Гашти он бегоҳирӯзӣ ҳолати сайёҳони Искандаркӯл ба да-
раҷае расид, ки шеърхониву зарофатгӯӣ кифоя накард. Бо дархо-
сти устод Мирзо Турсунзода, Мастон Шералй чанд суруде хонд.
Аз Чумла суруди ‘Қӯшчинор’1 ба ғазали Нақибхон Туғралро, ки
оҳангаш моли Шоҳназар Соҳибов аст, некӯ сароид. Баъд кор ба
ҷое расид, ки ҳама сурудхон шуданд. Ҳозирон барои хониши
умуми суруди классикии “Як шаб охир домани оҳи саҳар хоҳам
гирифт"-ро интихоб карданд. Маълум шуд, ки ягонтои он сурудхо-
нҳо матни пурраи сурудро намедонанд. Аммо оҳангу матн, ки
бисёр дилпазир буд. сурудро ба хотир меоварданд, ҳар байтро
ҳофизон гаштаю баргашта месароиданд:

Як шаб охир дъмани оҳи сэҳар хоҳам гирифт,

Доди худ аз он маҳи бедодгар хоҳам гирифт.

Чашми гирёнро ба тӯфони бало хоҳам супурд,

Нуги миҷгонро ба хуноби ҷигар хоҳам гирифт.
Интиқомамро зи зулфаш му ба му хоҳам кашид,
Орзӯямро зи лаълаш cap ба cap хоҳам гирифт.

212
Сурудхонӣ чунон тӯл кашид, ки баъзе аз ҳозиронро дар
ҷояшон хоб бурд ва дар ҳамон ҳолат он ҷо шабро рӯз карданд.

Вакрге ки мо зиёрати Искандаркӯлро хотима дода, дар боз-
гашт ба ағбаи Анзоб рост мешудем, дар он доманакӯҳи гулпӯшу
назаррабо бочанд рама гӯсфандони фарбеҳ рӯбарӯ шудем. Дар
лаҳзае, ки лаби чашма дам гирифта об менӯшидем, МирзоТур-
сунзода бо завқ даву този барраҳоро тамошо мекард, маъоси
гӯсфандҳоро мафтунона гӯш менамуд. Касе - ё Убайдулло ё Қутбӣ
“бай-бай, устод, ана гӯсфанду мана гӯсфанд”, — гуфт.

Мирзо Турсунзода бо завқ хандида пурсид:

— Чӣ гуфтанӣ ҳастед? Ин қадар ба чӣ дил бой додед,
шербачаҳо?

— Ягонтои ин гӯсфандҳоро бихарем. Чӣ мешавад?—гуфтанд
“шербачаҳо”.

— Орзӯятон ҳамин? Мана пул, равед савдо кунед, — гуфт
устод Турсунзодаву сад сӯм пул бароварда ба дасти ман дод.
Ман ба он боз панҷоҳ сӯм илова намуда, ба дасти Қутбӣ ё
Убайдулло додам.

Убайдулло ва Қутбӣ назди чӯпонҳо рафтанд. Намедонам онҳо
пули гӯсфандро додандёне, зеро онҳо басӯи Мирзо Турсунзода
6а Боқӣ Раҳимзода ишораҳои зиёде мекарданд. Пас аз фурсате
як шишаки фарбеҳро оварданд. Онро ронандаи устод Мирзо
Турсунзода Сайфулло баста ба бордони мошин партофт, мо ба
роҳамон равон шудем. Пас аз дамгирии кӯтоҳи дигаредар соҳили
дарёи Майхӯра, ки оби зулолу гуворое дорад, мо ба бӯстонсарои
дар Варзоб будаи Мирзо Турсунзода расидем, Убайдулло, _ки
шерамарди чолоку ба дасту пост, гӯсфандро забҳ карду пуст
канд ва гӯштро ба дег андохта онро болаззат бипухт. Ба назари
ҳозирон магар мӯхдати пухтани гӯшт хеле тӯл кашид, ки ширинг-
ӯиҳо мекарданд: “Находин қассоб як худаштанҳо гӯсфандро хура-
да барои мо чизе набиёрад?”. Дигаре афзуд: “Ба Убайдуллои мо
хӯрдани як гӯсфанд чй мушкилоте дорадТТ

Боқӣ Раҳимзода лутфомез ба гуфтугӯ шарик шуд: “Вазнин
шавед, ба мо ҳам мерасад”. Ҳама баробар хандиданд. Албатта,
қассоб ҳамаи гӯсфандро хӯрда натавонист. Вай ду табақро пури
гӯштбирён карда овард. Қариби тамомшавии таом аз куҷое Ҷура-
бек Муродов омад. Ӯ омаду дид, ки нависандаҳо гӯсфандро
хӯрда тамом кардаанд, зуд ба ақиб гашту пас аз фурсате гусфан-
ди дигарро дар гардани чӯпони шиносаш овезон намуда овард.
Ин гӯсфандро ҳам шогирди варзидаи Мирзо Турсунзода Убайд
Раҷаб ба монанди гӯсфанди пештара ҳисобашро баробар кард.

М. Турсунзода аз ҳама пеш даст пок карда ширингуи наму-
данд: “Мебинам, ки нависандаҳои мо ҳам дар гӯштхӯри аз
бародарони қазоқу қирғизамон монданӣ надоштаанд". Маишату

213
V

мушоираву сурудхонӣ аз нав қӯр гирифт. Дар он давра Ҷӯрабек
ҳаққонӣ шоҳи суруд буд.

Ҳозирон бошанд, ба Турсунзода гуфтанд: "Устод бисёр раҳмат,
бо шарофати шумо мо аз гӯшти тозаю хуштамъ сер шудем”.
Турсунзода “Ба ман не, ба мулло Убайд ташаккур гӯетон, ки
ҳунари хуби қассобй ҳам доштааст” гӯён лаб ва чашмонашро ба
лутфу табассум мутамоил намуд.

Турсунзодаи пухтакору донишманд ба Убайд Раҷаб беҳуда
ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир намекард. Пеш аз ҳама вай қобилияти
ташкилотчигӣ, дидадароӣ, ҳисси масъулиятшиносии Убайдуллоро
ба назар мегирифт.

Ташаббускорӣ ва дар кор дилсӯз будани Убайд Раҷа”бро шах-
сан худам ҳам борҳо дарк кардаам. Солҳои зиёд басоҳаитабъу
нашр сарварӣ доштам ва медидам, чӣ тавр Убайд Раҷаб кӯши-
шҳо ба харҷ медод, ки адабу сифати нашри адабиёти тоҷик дас-
траси хонандагони дунё гардаду алоқамандони ҷавони кишвар аз
ганҷинаи адабиёти миллатҳои дигар низ баҳраманд шаванд. Шах-
сан вай сахт миён баста солҳои 1978—1984-ум тазкираи панҷҷ-
илдаи адабиёти бачагонро, ки аз назму насри классикӣ, фолклор
ва драматургия иборат буд, омодаи чоп намуд, ки он заҳмати
зиёдеро металабид. Бемуҳобот нашри ин асар воқеаи муҳиме буд
дар таърихи ҳаёти маънавии халқамон. Ба ғайр аз ин солҳои
1988—1989 дар ҷумҳурии мо тазкираи адабиёти шӯравӣ барои
кӯдакон дар ду ҷилд нашр гардид, ки дар он намунаҳои беҳта-
рини назми 135 шоироназ15 ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ шомил
буд. Дар ин кори хайру наҷибхдм шахсан Убайд Раҷаб меҳнати
бисёре анҷом дода, ба такдиру таҳсин сазовор гашт.

Дар тарғиби адабиёти тоҷик низ кӯшишҳои Убайд Раҷаб кам
нест. Ба тазкираи барои хонандагони белорус тайёрнамудаи ӯ
"Чашмаҳои Помир” ном доданд, ки беҳтарин асарҳои адибони
тоҷикро дар бар мегирад. Убайд Раҷаб як маҷмӯаи шеърҳои
бачагонаро барои хонандагони литвонӣ ҳам таҳия намуд.

Охирҳои солҳои ҳаштодум дар Латвия ҷаласаи васеи Шӯрои
адабиёти бачагона баргузор шуд. Аз Тоҷикистон мо се нафар-
Убайд Раҷаб, Кароматулло Мирзоев ва камина ширкат доштем.
Дар баҳсҳои эҷодй ва бунёди нақшаҳои корй Убайд Раҷаб
фаъол буд. Дар муҳокимаи масъалаҳои умдаи вазъи адабиёти
бачагона, ки адибони номӣ аз ҷумла қаламкашони москвагй Ана-
толий Алексин, Ирина Токмакова, Яков Аким, Валентин Барестов,
аз Украина Богдан Чални иштирок доштанд. Онҳо пешниҳодҳои
Убайд Раҷабро хуб пазируфтанд. Убайд Раҷабдар хусуси ашъори
шоири халқии Латвия Ояр Васелтис маърӯза ҳам кард, ки он ба
сомеъон хуш омад. Ҳамон ҷо Ирина Токмакова хабари хуши ба
Убайдулло такдим намудани мукофоти байналхалқии ба номи
Андерсенро эълон намуд, ки мо ҳамсафаронаш аз ҳама зиёдтар

214
шод гаштем ва аввалин шуда муборакбодаш гуфтем. Ин мукофот
ба Убайд Раҷаб барон китоби “Бӯи замин”, ки онро нашриёти
“Детская литература” дар Москва ба табъ расонд, дода шуда
буд.

Хулоса, Убайд Раҷаб яке аз он >'Эҷодкорони миллат мебошад,
ки маҳорати худро пеш аз ҳама ва беш аз ҳама барои наврасону
ҷавонон бах