Чеҳраҳои шинохта Familiar Faces

Transcription

АКАДЕМИЯМ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ИНСТИТУТИ ЗАБОИ ВА АДАБИЁТИ БА КОМИ РУДАКИ

ХУРШЕДА ОТАХОНОВА

ЧЕҲРАҲОИ

ШИНОХТА

Душанбе 2004
ББК 83.3 тоҷик
0-76

Хуршеда Отахонова. Чеҳраҳои шинохта. Душанбе,
Деваштич, 2004,173 саҳ.

Муҳаррир:

Шаҳобуддини Шуҷоъ

Дар ин китоб паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти чанд тан аз
адибони^ барҷастаи муосири тоҷик, аз ҷумла Зуфархон
Ҷавҳари, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав
Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Мӯъмин
Қаноат ва дигарон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

© X. Отахонова, 2004
ОИД БА 1ИАРҲИ ҲОЛ
ВА НАШРИ ОСОРИ ЗУФАРХОН ҶАВҲАРИ

Саид Зуфархон Ҷавҳарии Истаравшани яке аз шоирони
забардасти охири асри XIX ва нимаи аввали асри XX буда,
дар рушди афкори адабй ва иҷтимоии халқи тоҷик нақши
равшане гузоштааст.

Илму фазл ва хунари суханварӣ Зуфархон Ҷавҳариро ҳануз
дар асри гузашта дар миёни ахди илму адаб машхур гардонида

буд.

Ҳоҷӣ Неъматуллохи Мухтарам дар “1 азкират-уш-шуаро
Ҷавхариро “қувваи аҳли камол, мазҳари файзи лоязол,
хирадсиришт, донишманд, олифитрат, баландистеъдод
номида, ба Бухорои шариф омада, таҳсили улуми диния ва
гакмили матолиби яқиния иамуда, аз мобадаи фуюзи ҷумхур
захираҳо андуда” ба ватани аслиаш баргаштанашро қайд
кардааст. Ӯ инчунин нигоштааст:

Ба сони ҷавҳари кул роздони афлок аст,

Тамом фату ҳама ҳуш даҷлаидрок аст.1

Инчунии адибони маьруф Х,ашмати Бухорой, Тамҳиди
Самарқандй, Боқии Ришдонӣ, Абдуллохоҷаи Таҳсини
Бухорой, Мавлоно Юлдоши Хӯқандӣ, Фикрии Самарканда ва
як ка гор шоирони ҳамон давр ба эҷодиёти Ҷавхдрӣ баҳои
баланд додаанд. Саид Мухаммад Сиддиқи Ҳашмати Бухорои
дар васфи Ҷавҳарй мадҳияе гуфтааст, ки чанд байтеро аз он
меорем:

Эй, ки янбӯъи ҳама фазлу камолот туи,

Масдари макрамату ҳусни хисолот туӣ.

Ҳаст садри ту ниҳонхонаи асрори улум,

Яъне ганҷи ҳақу ганҷури рисолот туӣ.

3
Мустафизанд ҳама аз ту 6а файзи азалй,

Маркази доираи ҷумлаи ҳолот туй.

Ҳал туда мушкили аҳли талаб аз як назарат,

Ҳарф кокарда чи саллоли саволот mvii.

Ҷавҳарӣ аҳли сухан бо ту кунанд анҷуманӣ.

Аз ҳама лутфу асалло бамақолот туй.2

Ба ҳамин маънӣ Тамҳиди Самарқандӣ низ мадҳияе дорад:

Кай шавам, ё раб, шарафёби лиқои Ҷавҳарӣ,

То кунам сармашқи ҳайрат нақши пои Ҷавҳарӣ.

Гар муҳити аъзамаш хонам ба ирфон, мееазад.

Дар тилисми ҳайратам аз нуқтаҳои Ҷавҳарӣ.

Ку адабгоҳи сухансанҷе, ба мизони хирад
Озмояд табъи маъниозмои Ҷавҳарӣ.3

Н. Сатторй дар китоби худ "Х,аёт ва эҷодиёти Ҷавҳарӣ”4
зикр кардааст, ки Садри Зиё низ дар мадҳи Ҷавҳарӣ бо
тахаллуси Зиёӣ қасидае дорад ва аз он нораеро овардааа. Вале
ҳанӯз таҳқиқ нашудааст, ки он моли Садри Зиёст ё Зиёи дш ар.
Р. Абдуллозода дар китоби худ “Ёде аз айёми гузашта”5 Зиёии
дигареро (Зиёев Мирисо, 1894-1971) аз мах,фили шоиропи
Истаравшан номбар кардааст. Шояд он қасида ба хамин пюир
тааллуқ дошта бошад.

Аз рӯи он маьлумотҳое, ки А. Сайфуллоев ва Б. Файзуллоев
аз бойгонии шоир ба даст овардаанд, маълум мешавад, ки
Ҷавҳарӣ бо маорифпарвари бузург Аҳмади Дониш ва шоири
тараққигшрвар Асирии Хуҷандӣ равобити дӯстӣ ва эҷодӣ
доштааст. Ҳамаи ин шаҳодат медиҳад, ки Ҷавҳарӣ дар ҳаёги
адабии даврааш мақоми баландеро соҳиб будааст. Устод Айнй
дар бораи Ҷавҳарй дар “Намунаи адабиёти точик"
навиштааст:

‘ Аз шет>рҳои Ҷавҳарӣ сарсарй гузаштан дуруст несг.
Мӯмиилайх, шеърро багоят устодопа менигорад. Зотан Ҷавҳарӣ
аз устодони адаби ин давра асг'.6

Устод Лохутй ва академик Б. Гафуров низ истеъдоди баланд

4
ва қудрати шоирию донишмандии уро эътироф кардаанд.

Зуфархон Ҷавхдрӣ соли 1862' дар шаҳри Истаравшан оа
дунё омадааст. Ӯ дар мактаби зодгоҳаш савод бароварда,
сипас дар зарфи 8 сол аз падар ҳикмату забои омухтааст. Ьаьд
дар мадрасах,ои Бухоро таҳсил намуда, то 25-солаги забонҳои
арабӣ ва туркӣ, фалсафа ва ҳикмат, адабиёт ва дигар илмҳои
замонаашро аз худ кардааст. Пас аз хатми Мадраса оа
зодгоҳаш баргашта, то дами вопасин (16 феврали 19 ) дар

хамон ҷо умр ба cap бурдааст.

Ҷавҳарӣ аз 12-солагй ба шеъргуи шуруъ намудааст.
Истеъдоди шоирии ӯ фитрй буда, дар ин бора дар тарҷумаи
ҳолаш навиштааст.

“Аз аҳди шубоб бинобар салиқаи аслия, аз он ҷо, ки
истеъдоди май фитрист ва гуфтори май на такаллуфй ва фикрй.

Чунончи дар шеъре, ки туфта, дурри ин маъни суфтаам.

Қитьа:

Сухая дар гавҳарам мавҷест васфи лозими зотй,

Ки Назмизодаам, маънинажодам, фитратэҷодам.

Ба тақлиду такаллуф кай тавон шуд ҳамзабони мая,

Ки шамъи маҳфили таҳқиқаму нур аст иншодам.

Падари Ҷавхдрӣ Саид Маҳмудхони Назмии Истаравшани
(1827-1893) низ шоири намоёни замонааш будааст.

' То солҳои 2000-ум санаи таваллуди Ҷавҳари дар аксари рисола ва мақолаҳо
соли 1860-и мелодй зикр ёфтааст. Академик Аҳрор Мухторов дар маколаи худ
•Перомуни шарҳи ҳоли Зуфархон Ҷавҳарй”, ки дар маҷаллаи “Фарханг (соли
2000, № 5-6) ба табъ расидааст, диққати муҳаққиқонро ба баҳсталаб будани
ин сана чалб намуд. Ин баҳс дар китоби эшон “Зуфархон Ҷавҳарй (Андешаҳои
муаррих)”, Душанбе, 2004, давом ёфтааст. Доктори илмҳои фалсафа
Кароматулло Олимов дар сарсухани “Мунтахаботи осор”-и Зуфархон Ҷавҳари
дар асоси маводи тоза бадастомада санаи таваллуди шоирро 1862 тахмин
кардааст. Ӯ навиштааст: “Ба назари мо шояд ҳамин санаи 1279-и ҳиҷрии
камарй, мутобиқи 1862-и мелодй саҳеҳтар бошад. Ба ҳар ҳол, факту далелҳои
дигарро аз ҳаёти Ҷавҳарӣ бо воқеаву ҳодисаҳои замонааш ва сафархову
мукотибаҳояш хамачониби омӯхта, соли таваллудашро дақиқ кардан зарур
мебошад”. (Ниг.: Зуфархони Ҷавҳари. Мунтахаботи осор. Душанбе,
“Сурушан”, 2002, сах. 8-9)
Истеъдоди Ҷавҳарӣ дар зери таъсири осори адибони
классикии тоҷик ва сарпарастии падар парвариш ва ташаккул
ёфта, дар муҳити адабии Бухоро ба камол расидааст.

Ӯ дар се забои “форси, турки ва гозй” шеър гуфтааст.

Ҷавҳарӣ сарояндаи шеъри суннатисг. Дар эҷодиёти ӯ газал
мавқеи асосиро ишгол менамояд. Ғазалҳои Ҷавҳарӣ дар сабки
Бедил нигошта шудаанд.

Ҷавхдрӣ охирин намояндаи мактаби бедилшиносй дар
Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.

Профессор Расул Ҳодизода дар китоби худ “Адабиёти тоҷик
дар нимаи дуввуми асри XIX” дар бораи таъсири эҷодии Бедил
ба адабиёти тоҷик сухан ронда, аз ҷумла навиштааст:

“Дар нимаи дуввуми асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX
дар адабиёти тоҷик аз шоирони ҳинд таъсири эҷодии Бедил
ниҳоят зиёд шуд ва аксарияги шоирони ин давр бештар ба
услуби эҷодии ин шоир (махсусан дар газал) пайравй
мекарданд. Ғайр аз ин тавзеҳ ва тафсири осори Бедил дар
доираи ахди илму адаб хеле раем шуд. Фаҳмидани Бедил дар
шарҳ намуда тавонистани ашъори вай фазлу камолоти махсусе
ба шумор мерафт ва шахсоне, ки ба ин кор машгул буданд,
ҳамчун “бедилхон” ва “бедилрас” ба худ ифтихоре доштанд
ва дар байни ахди илму адаб сохиби эътиборе низ буданд.

Таъсири эҷодиёти Бедил дар нимаи дуввуми асри XIX
ҳамчунон барқарор буд”.8

Устод Айнй дар китоби худ “Мирзо Абдулқодири Бедил"
аз шоироне, ки дар нимаи дуввуми асри XIX ва ибтидои асри
XX пайравии Бедил ба онҳо даст додааст, инҳоро номбар
кардааст:

“Аз шоирони тоҷики Осиёи Миёна Сарир, Сират, Исо
(Бухороӣ), Асирии Хуҷандӣ, Ҷавҳарии Ӯротеппагй Бедилро
бомуваффақият тақлид кардаанд”.9

Бедилро такдид карда ва ба газалҳои ӯ мухаммас бастани
Ҷавхдрӣ, аз як тараф, аз муҳаббати саршор нисба г ба шеъри
ӯ cap зада бошад, аз тарафи дигар, ин як навъ озмоиши табъ
ва бовар ҳосил кардан ба қудрати шеърофарии худ мебошад.
Ва тамоми эҷодиёти Ҷавҳарй шохдци он аст, ки ӯ дар ин кор

6
муваффақ шудааст.

Як сабаби дар тақлиди Бедил ба комёби ноил гардидани
Ҷавҳарӣ дар он аст, ки ӯ эҷодиёги ин шоири бузургро ба таври
амиқ омӯхта тахқиқ намудааст, дар роҳи дарки маъниҳои
сарбастаи ашъори ӯ ҷидду ҷаҳди зиёде ба кор бурдааст.
Бинобар ин Ҷавҳарӣ дар айни замон яке аз муҳаққикони осори
Бедил ба шумор меравад. Чунон ки худаш гуфтааст.

Тақлиди ман аспг рамзи таҳқиқ,

Гул карда ҳақиқат аз маҷозам.10

Дар китоби ба эҷодиёти ӯ бахшидаи Н. Сатторӣ, маколаҳои
А. Сайфуллоев ва Б. Файзуллоев доир ба шарҳу 1авзех,и
газалиёти Бедил аз бойгонйи Ҷавқарй мисолҳои зиёд оварда
шудаанд. Ин мисолх,о нишон медиқанд, кй ӯ дар кушодани
укдаҳои газалқои Бедил маҳорати том зоҳир намудааст ва дар
доираҳои адабии Осиёи Марказӣ чун бедилшинос эыибори
калон доштааст. Бехуда нест, ки Ҷавҳарӣ навиштааст:

Ман он шаҳбози қудратошёни фитратам, к-ин ҷо
Намебошад раҳоӣ сайди маъниро зи чанголам.'1

Шарх,у тавзеқи байту бандҳои тазалх,ои Бедил ҳам дар
маҷлисх,ои удабою уламои шахри Бухоро ба вуқӯъ пайваста,
ҳам дар номахри ба дӯстонаш ирсол намудаи ӯ зикр ёфтаанд.
Воқеан, руқаот дар эҷодиёти Ҷавхарй мавқеи калонсро ишгол
менамояд. Омӯхтан ва тадқиқу таҳқиқи матни пурраи онх,о
барои равшанӣ андохтан ба бисёр нуктақои шарҳи ҳоли ӯ ва
дигар шоирони замонаш, рӯйдодх,ои таърихию иҷтимой,
инчунин падидор сохтани ҳунари шоирии ӯ аҳамияти махсусеро
моликанд.

Ҷавҳарӣ Бедилро кӯр-кӯрона тақлид накардааст. У тарзи
образофарӣ ва суханпардозии ӯро барои ифодаи мазмунҳои
ба дилаш наздик истифода бурдааст. Ҷавҳарӣ дар пайравии
шоири бузурт ба қавли устод Айнӣ “сохтакорӣ ва такаллуф
ба кор набурдааст. Бинобар он ба фасоҳати табиии забон

7
зарари куллӣ рӯй надодааст”.12 Мана ба ҳар ду газал диққат
диҳед:

Бедил:

Шаб, ки тӯфонҷӯшии чаиши тарам омад ба ёд,
Фикри дил кардам, балои дигарам омад ба ёд.

Нақши пае кард гул, бетобиам дар хун нишонд,
Паҳлӯе дар хок дидам, бистарам омад ба ёд.
Ҷуръатам аз хицлати бедастгоҳӣ дог кард,

Нола шуд парвоз, то аҷзи парам омад ба ёд.'1

Ҷавхдрӣ:

Цӣ иазар кардам ба гул, рӯи туам омад ба ёд,

Чуп шамидам буи гул, бӯи туам омад ба ёд.

Гунчаро дидам табассумофарин дар саҳни бог,
Хандаи лаъли сухангӯи туам омад ба ёд.

Бар лаби ҷӯ аз назокат сарви гулшан cap кашид,
Қомати мавзуни дилҷӯи туам омад ба ёд...

Тутиеро маҳви нутқи хеш дидам, Ҷавҳарӣ,

Килки дурбори сухангӯи туам омад ба ёд.'4

Дар газалиёти Ҷавҳарӣ ақидаҳои иҷтимоӣ ва фалсафию
ирфонии ӯ, шикоят аз замона ва танқиди ахди таассуб, таргиби
илму фазл ва ахлоқи ҳамида, дастгирии дармондагон, умуман
ғояҳои олии инсонпарварона бо камоли маҳорат ифода
ёфтаанд:

Запад ип чархи дун бар ҷони ман санги ситам то кай?

Кашад ҳар рӯзу шаб бар фарқи ман теги дудам то кай?

Чу гул то чанд бошад синаи ман чок-чок аз гам?

Ба ранги сабза мижгонам бувад пайваста нам то кай?

Зи найранги сипеҳри ҳуққабози мӯҳразан ин ҷо

Гирифтори тилисми ҳайратам cap то қадам то кай?

Фалотуниқтидорон дар парешонрӯзгориҳо

Сафоҳатмоягон яксар азизу мӯҳтарам то кай?'5

8
Ё ин ки:

То тавонӣ, роҳати ҷони дили ранҷур шав,

Захмҳои синаҳоро марҳами кофур шав.

Бар сияҳрӯзон гами сомони хуршедӣ намой,

Шоми ҳиҷрони асиронро чароги нур шав.

Бенавоёнро навобахшӣ кун аз лутфу карам.

Цастгири оҷизон башу асои кӯр шав.

Цар руфӯи чоки дилҳо камтар аз сӯзан мабош,
Бахяандӯзи катони ошиқи маҳҷур шав.16

Ҳарчанд Ҷавҳарй дар шеьрҳояш аз “замонаи дунпараст ,
“сииехри ҳуққабоз” ва “мухити балоҷӯш” шикоят намуда, аз
дасти зулмпешагон ва пастфитратон “бах,ори хазонофарин
гардидани худро изх,ор мекунад, вале яъсу ноумеди дар
эҷодиёги ӯ мақоми асосй надорад. Чунон ки худаш гуфтааст:

Аз кулфати айём нашуд хира дили мо,

3-омезиши зангор накард оина зиштӣ.'

Шеьри ӯ шодиовар ва рӯҳнавоз аст, дилҳоро гармӣ
мебахшад, иисонро ба зиндагии фаъол далолат мекунад. Ишқи
Ӯ Дар як катор газалхояш заминй, поку беолоиш, тарабангезу
суруромез аст. Ба ин масраъҳо таваҷҷуҳ фармоед:

Биё, эй ҷону дилҳо волаи гулбарги рангинат,

Чаман то анҷуман ҳайратпарасти ҳусни оинат.

Баёзи с\’бҳи иди оишқон тарфи баногӯшат,

Саводи шоми қадри бедилон гесӯи мушкинат.

Сарат гардам тагофул то куҷо? Раҳме, ки дар ҳаҷрат
Ба талхӣ медиҳам ҷон аз гами лабҳои ширинат.

Ё ин ки:

MvpdaM аз ҳасрат, ки мебӯсад ҳино дасти туро,
Рӯсиёҳи сурма чашмони сияҳмасти туро.

9
Оламе озод мебиннад сарви қоматат,

Чуз рикобат кист, бошад дида побасти туро.19

Ҷавҳарӣ на фақат ба равняй Бедил газал туфта, ба газалх,ои
Ӯ мухаммас басгааст. У дар пайравии Ҳофиз низ шеърх,о
сурудааст ва ба газалҳояш мухаммас басгааст:

Биё, ки даҳр чунин пурзулам нахоҳад монд,

Ҷаҳон қаламрави ранҷу алам нахоҳад монд.

Замена бар насақи як рақам нахоҳад монд,

Расид мужда, ки айёми гам нахо.ҳад монд,

Чунон намонду чунин низ ҳам нахо.ҳад монд.20

Баъди Инқилоби Октябр Ҷавҳарӣ дар мавзӯьҳои мактабу
маориф, озодии занон ва ободии Тоҷикистои як силсила шеър
офаридааст. Вале солҳои тазйиқҳои сиёсй ба ӯ имкон
надодаанд, ки дониши амиқи адабию фалсафӣ ва андешаҳои
линию ирфонии худро интишор намояд. Мувофиқи нақли Б.
Файзуллоев соли 1928 ӯро бо гуноҳи “ ба озодии занон
мухолиф” ба ҳабс гирифтанд. 21

Ҳол он ки Ҷавхдрӣ дар таргиби тарки ҳиҷоб то он дам ду
газали олиҷаноб навишта буд, ки бо матлаи зерин шурӯъ
мешавад:

Барфикан аз cap ҳиҷоби нотсанди хешро,

Цур кун аз моҳи рӯят чаишбанди хешро.

Газали дуюм:

Аз абри сияҳ, эй маҳи анвор, бурун о,

Яъне зи паси пардаи идбор бурун о.

Ғазали зерин ҳангоми дар ҳабс будани шоир навишта
шудааст:

Цар ин ҷо бо рафиқони мувофиқ гарчи ман шодам,
Ҳазинам мекунад аммо фироқи аҳлу авлодам.

10
Чу тӯтӣ кори ман ҳарчанд набвад ҷуз шакархори,

Чй бошад лек рӯзе з-ин қафас созанд озодам.

Б а фону си танам ҳар устухон чун шамъмесузад,
Зибас яксар зад оташ фурқати ёрон ба бунёдам.

Касе бар нолаҳои зори ман гӯше намесозад,

Магар худ ворасй, эй додрас, акнун ба фарёдам.

Цилам хун, синаам дог аст, аҳволам забун, ё раб,
Ҷудоиҳо харобам карда, соз аз васл ободом.

Надонам. Ҷавҳарӣ, бо худ чӣ пеш омад тараҳҳумро,
Ки дар ин гурбатободам намесозад касе ёдам.

Ҷавҳарӣ соли 1932 аз хабе озод шуд, вале муддати тӯлони
хомӯш монд. Фақат дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани аз нав
ба кори эҷодӣ шурӯъ намуд.

Академик Аҳрор Мухторов дар китоби худ Бобоҷон
Ғафуров” чунин нақли Ғафуровро дар бораи Зуфархои
Ҷавҳарй овардаанд: “...Аз солҳои дароз “хомуш” истодани
шоир огоҳ гашта, Ҷавҳариро ба хузури худ ба Душанбе даъват
карда овардам. Баъди салому алеку аҳволпурси ва сӯҳбати
рафиқона ба сари мақсад омадем:

— Тақсир, ҳамин “тӯрагӣ” бас не-ми?

Ҷавҳарӣ ҷавоб гуфтанд:

_ э...! Ҳамин “тӯрагй” ба дили худам хам задааст.

Б. Гафуров:

__Агар “тӯрагӣ” ба дилатон зада бошад, шумо шеър гуед.

Шеъри шумо барои мо даркор аст. Намозатонро хондан гиред,

вале шеър гӯед”23.

Шояд баъд аз ин сӯҳбат бошад, Ҷавҳари дар ин солҳо як
қатор шеъру достонҳои ватандӯстона ба вуҷуд овард.
Достонхои “Зафар”, “Муҳаммадҷон” ва “Офтобхон’ ки дар
ҳамин давра эҷод шудаанд, саршор аз эҳсоси муҳаббат ba
халқу Ватан мебошанд.

Акнун меоем ба масъалаи нашри осори Зуфархони Ҷавҳдри.

Муаллифи сарсухани “Девони Ҷавҳари” Б. Файзуллоев ба
гуфтаҳои хешовақцони шоир такя намуда, қайд кардааст, ки
Ҷавҳарӣ ҳанӯз пеш аз Инқилоб аз шеърхои худ девоне мураттаб

11
намуда, бо як дӯсташ барои нашр ба Қазон фиристода будааст.
Вале мутаассифона, он рӯи чопро надида, аз байн рафтааст.24

Ҷавҳарӣ дар тарҷумаи ҳоли худ, ки бо супориши устод Айнй
барои “Намунаи адабиёти тоҷик” навиштааст, чунин
овардааст:

“Ба гуфтани шеър бештар моилам, чи форсй, чи туркй ва
чи тозй. Дар ҳар кадом аз газалиёт ва қасоид ва маснавиёт ва
таъмия ва расоил ва макотиб манзуман ва мансуран дафтархо
ба тасвид расондаам, лекин бо узри камбизоатии ҳавсала ҳеч
як аз ип нукудро ба сиккаи табъ нанишондам”.25

Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки Ҷавҳарӣ то соли 1343-и
ҳиҷрӣ (1924-и мелодй), ки соли ба устод Айнй фиристодани
тарҷумаи ҳоли ӯст, девони худро мураттаб накардааст ва ба
Қазон ҳам нафиристодааст.

А. Сайфуллоев низ дар сарсухани китоби “Асархои
мунтахаб” “ягон девон таргиб надодани" худи шоирро таъкид
кардааст.

Дойр ба ин масъала суханони истиқоматкунандаи кӯчаи
Энгелей шаҳри Ӯротеппа М. Комилов ва писари шоир Суҳайлӣ
Ҷавҳаризода, ки Н. Сатторй дар китоби худ овардааст, ба
ҳақиқат наздиктаранд.

“Тобистони соли 1944, — мегӯяд М. Комилов — Ҷавҳарӣ
ду ҷилди бо алифбои арабй ба итмом расонидаашонро ба мо
нишон дода гуфтанд: “Мо дар ин умри гузашта дарахте
нанишондем ё манорае насохтем, вале он чизе, ки аз дастамон
меояд, сиёҳӣ сарф карда, дар ин саҳифаҳо тухми ниёзмандии
ақлу хирад коштем. Шояд пас аз мо ба дасти саррофони
гавхаршиноси маонй расаду даст ба дуои хайр кушоянд”.

Суҳайлӣ Ҷавҳаризода низ бо таассуф дар сӯҳбате қайд
карда буд, ки Ҷавҳарӣ пеш аз фавт дар зери болинаш ҷилдҳои
ба тартиб овардаашро нигоҳ медошт ва ниҳоят дар рӯзи
маросими дафн (он ҷилдҳо) аз назар гоиб шуданд".26

Аз рӯи маълумоти то ин дам ба ахди илм маълум нахустин
шахсе, ки ашъори Ҷавҳариро ба тазкираи худ_ворид намудааст,
Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Мӯҳтарам мебошад. У дар "Тазкират-
уш-шуаро” чор газали шоирро овардааст.

12
Баьд аз ин Садриддин Айнй дар "Намунаи адабиёти тоҷик
ду газали пешазинқилобӣ ва як қасидаи ӯро дар васфи
Тоҷикисгон дарҷ намуд.

Устод Айнй дар “Намуна...” иораеро аз насри Ҷавхдри низ
оварда навиштааст: “Ҷавҳарӣ дар насри форсй низ муқтадир
аст, лекин насрашро багоят душворфаҳм менависад. Бо
хоҳиши фақир барои тарҷумаи ҳоли худ чизе навишта
фиристода буд, нисбат ба сойири мансурогаш хеле содда аст,
ба тариқи намуна нақл мешавад”.27

Чанд шеъри дар солх,ои 20-ум навиштаи ӯ ва шеъру
достонҳои замони чангиаш дар саҳифах,ои рӯзиомаю
маҷаллаҳои ҳамон солҳо ба табъ расидаанд. Достонҳои
“Зафар” ва “Офтобхон” солқои 1942 ва 1945 дар шакли
китобчаҳои алоҳида интишор ёфтаанд. Вале шеърҳои
пешазинқилобиаш то со. и 1957 дар ягон рӯзнома, маҷалла ва
маҷмӯаи дастаҷамъие чоп нашудааст. Фақат соли 1957 ба
камина муяссар гардид, ки чанд шеъри ӯро ба табъ расонам.

Устод Суҳайлӣ бемории зиққи нафас доштанд. Махсусан
рӯзҳои зимистон хурӯҷ мекард. Дар яке аз чунин рӯзҳои
охирҳои соли 1956 ману хдмсарам ба аёдати он кас рафтем.
Суҳайлӣ дар бистари беморй буданду тирду атрофашон пур
аз котазҳои дастнавис. Маълум шуд, ки он кас архиви
иадарашонро аз назар мегузарониданд. Сух,айлӣ ба мо чанд
шеьри Ҷавҳариро хонда доданд. Гуфтем. ки чаро ин шеърх,оро
чоп намекунед? Суҳайлӣ гуфтанд, ки худам ҳам ба ҳамин
андешаам.

Баъд аз ягон ҳафтаи ин воқеа рӯзе устод Суҳайли ба
Институти забон ва адабиёт омаданд ва ба ман нанҷ газали
Ҷавх,ариро доданд. Гуфтанд, ки агар хоҳам, метавонам ба ягон
рӯзнома ва ё маҷалла чоп купонам. Ман онҳоро ба устод
Шарифҷон Ҳусейнзода нишон додам. Устод Ҳусейнзода дуру
дароз мутолиа карданду дар охир гуфтанд: "Ҷавҳарӣ шоири
бузург аст, беҳуда устод Айнй ба шеърҳои ӯ баҳои баланд
надодаанд”.

Муаллим ба ман гуфтанд, ки ба ин шеьрҳо сарсухан
нависам ва баъд ба маҷаллаи "Шарқи Сурх” ба чоп диҳам.

13
Ман ба онҳо мегӯям, илова карданд муаллим, Чунин
шеърҳоро ҳатман чоп мекунанд.

Устод Ҳусейнзода сарсухани навиштаи маро таҳрир
карданд. Ғазалҳои Ҷавҳарӣ бо сарсухани ман таҳти сарлавҳаи
“Чанд шеъри номаълуми Зуфархон Ҷавҳарӣ” соли 1957 дар
шумораи З-юми маҷаллаи “Шарқи Сурх” чоп шуд. Баъд аз ин
бисёр адибон ва кормандони нашриёт ба устод Суҳайлӣ
маслиҳат додаанд, ки маҷмӯаи шеърҳои Ҷавқариро таҳия
намоянд. Рӯзе Суҳайлӣ ба ман гуфтанд, ки газалҳои чопкардаи
шумо кушоиши кор шуданд. Ҳоло ман бо ҷиддияги гамом дар
болои осори қиблагоҳӣ кор карда истодаам.

Дар аввал ман ҳеҷ сарфаҳм намерафтам, к и чаро он
газалҳоро худи устод Суҳайлӣ ба габь нарасонданду ба
тавассути ман интишор доданд. Баъди ин суханашон мақсади
он касро дарк кардам. Суҳайлӣ мехостанд, ки назари аҳли илму
адабро ба эҷодиёти пешазинқилобии Ҷавҳарӣ дар шароити он
рӯзҳо муайян кунанд. Сарсухани аз тарафи каси дигар
навишташуда низ ақамият донгг.

Соли 1962 Нашриёти давлатии Тоҷикистон нахусгин
маҷмӯаи осори Ҷавҳариро зери унвони “Асарҳои мунтахаб”
бо сарсухани А. Сайфуллоев аз чоп баровард, ки
тартибдиханда ва муҳаррири он Суҳайлй Ҷавҳаризода буданд.
Китоб бо сифати баланд ва масъулияти тамом таҳия гардида
буд ва аз тарафи танқиди адабӣ хушнудона истиқбол гардид.
Муҳаммадвафо Бақоев дар тақризи худ “Мулоқизаҳо доир
ба нашри ашъори Зуфархони Ҷавҳарӣ” (“Шарқи Сурх”, 1963,
№ 1) аҳамияти нашри ин китобро дуруст муайян намуда.
хидмати мураттиби онро махсус таъкид кардааст.

“Ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ чоп шуда баромадани осори
мунтахаби Зуфархон Ҷавҳарӣ, навиштааст ӯ, барои
адабиёгдӯсгон ва умуман оммаи васеи хонандагони тоҷик як
ҳодисаи фараҳманд аст”.

Баъд аз ин эҷодиёти Ҷавҳарй диққати адабиётшиносонро
ба худ ҷалб намуд. Соли 1968 дар зери роҳбарии Холиқ
Мирзозода Н. Сатторӣ дар мавзӯи "Ҳаёт ва эҷодиёти Зуфархон
Ҷавҳарӣ” рисолаи номзадӣ дифоъ намуд ва бо ҳамин ном соли

14
1982 китоби ӯ аз чоп баромад.

Соли 1986 нашриёти “Ирфон” “Девони Ҷавҳарӣ”-ро дар
таҳияи Баҳодур Файзуллоев ва Нодир Шанбезода бо
сарсухани яке аз мураттибон дастраси хонандагон гардонид.

Соли 2000 нахустин бор китоби Ҷавҳарӣ “Назми мавлуди
мубораки Ҳазрати Набй алайҳиссалом” аз чоп баромад. Онро
имоми масҷиди Ҳазрати шоҳи Валии зодгохи шоир Ҳоҷӣ
Зокирхон Аъзамхонзода таҳия намуда, ба табъ расонидааст.
Воқеан, замоне Ҷавҳарй имоматии хдмин масҷидро ба ӯхда
дошт. Кигобро шоир ва номзади илми фалсафа Назри Яздон
таҳрир намуда, сарсухани мухтасар ва пурарзише навиштааст.
Ӯ аҳамияти ин асарро дар хдёти маънавии мардум қайд ва
таъкид сохта, аз ҷумла овардааст:

“Аз мутолиаи “Мавлуд”-и Мавлоно Зуфархони Ҷавҳарӣ
аввалин эҳсосе, ки пайдо мешавад, эҳсоси хиҷолат аст, аз
ноогоҳй дар баробари як фарди мубораки ого*, ки дар пахдӯи
мо зистааст ва мо аз иллати худписандии ҷохдлонаамон аз
файзи маърифати ӯ бебаҳра мондаем...

Баён ва таъбироти “Мухаммас” (ин асар дар шакли
мухаммас навишта шудааст—X. О.) идомаи суннатҳои
мактаби Бедил аст ва дарег, ки ин ҷараёни саршор якҷоя бо
эҷодиёти Мавлоно Ҷавхдрӣ дар биёбони маърифати мо таҳ
задааст”.

Дар ҳақикат эҷодиёти Ҷавҳарӣ тадқиқоти амиқи
пурмӯҳтавоеро интизор аст.

Дар бораи эҷодиёти Ҷавҳарӣ то солҳои шастум ягон мақолаи
махсус навишта нашудааст. Дар он мақолаҳои умумие, ки доир
ба адабиёти солҳои бистуму сийум интишор ёфтаанд, Ҷавҳарӣ
ҳамчун шоире ёдовар шудааст, ки мазмуни навро дар шакли
кӯҳнаи шеъри классикӣ гунҷонда натавониста, ба
бемуваффақиятӣ дучор гардидааст. Муаллифони ин мақолаҳо
дар бораи шеърҳои ин шоири бузург як навъ бо истеҳзо сухан
ронда, ӯро масхара кардаанд. Масалан, Манофзода дар
мақолаи худ “Порчаҳои адабӣ”, ки дар маҷаллаи “Раҳбари
дониш” чоп шудааст, дар бораи “Навбаҳори дониш" ном
қасидаи Ҷавҳарӣ изҳори ақида намуда, чунин навиштааст:

15
"Ин одам гайр аз ҷомаҳои дароз ва (?) пашмини зимистона
ҳам аз болои онҳо пӯшида, cap, рӯю гардани худро маҳкам
печонидааст. Бо ин шакли аҷиб, бо ин нисваи зимистонӣ, ки
асло барои фасли баҳор муносиб нест, дар зери ҳарорати
латифи офтоб қадам мезанад.”28

Баҳром Ҳоҷизода дар мақолаи “Инкишофи назми шӯравии
тоҷик” қасидаи “Ба шарафи таъсиси Ҷумҳурияти Тоҷикистон-’-
и Ҷавҳариро мавриди гуфтугӯ қарор дода, ба гардани
муаллифи он чанд айби сиёсй гузоштааст. Аз ҷумла, ӯ
навиштааст: “...Аз муборизаи сиёсӣ чашм пӯшидан инъикос
намудани рӯҳияи буржуазӣ ва кулакӣ набуда, чӣ буд?”29
Дар ин гуна мақолаҳо фақат дар бораи мазмуни иҷтимоӣ
ва гоявии шеър сухан мерафт. Ҳамон шеьрҳое навоварона
маҳсуб мешуданд ва ҳамои шоироне навовар ном
мегирифтанд, ки қолабҳои шеъри суннатиро вайрон карда
бошанд. Дар он замон ба волоияти сухани шоирона, гарзҳои
образофарии шоир, риояи мантиқи сухан камтар эътибор дода
мешуд.

Махсусан шеърҳои сирф ишқӣ, шеърҳое, ки дар онҳо эҳсосу
ҳаяҷони табиии инсон ифода меёфт, боиси танқид мегардиданд.
Ба ин аз тарафи Ҳабиб Юсуфӣ танқид шудани шеъри
Абулқосим Лоҳутӣ “Хуршеди ман, куҷоӣ, сард аст хонаи ман-’-
ро мисол овардан кифоя аст.

Баъзе муҳаққиқони хориҷии адабиёти мо ба чунин мақолаҳо
такя намуда, ба эҷодиёти шоирони асил баҳои нодуруст
додаанд. Олими шинохта Иржи Бечка дар китоби худ
“Адабиёти форсӣ дар Тоҷикистон” бидуни мутолиа ва таҳқиқи
ҷиддии осори Ҷавҳарӣ дар асоси афкори танқидии солҳои
бистум ва сийум ба чунин хулоса омадааст:

“Ҷавҳарӣ аз дӯстдорон ва намояндагони шеъри суннатӣ (ё
меъёрҳои шеъри тақлидӣ) буд ва чандон ки дар фаҳму дарки
ин нукта тавфиқ наёфта, аз саноеи лафзӣ ва маънавӣ хӯшаҳои
пиндори шоирона ва гуфтори печида ва норавшан истифода
кард, ки ин худ наметавонист баёнгари рӯйдодҳои инқилобӣ
дар Осиёи Миёна бошад.

Ӯ осори маснӯӣ ба шеваи қудамо суруд, ки дар паи он

16
мунаққидони адабиёти тоҷик аз он интиқод кардаанд”.30

Баръакси Иржи Бечка донишманди шинохтаи эронӣ Алиасғари
Шеърдӯст, ки осори Ҷавҳариро омӯхтааст, ба эҷодиёти ӯ баҳои <
баланд додааст.

У навиштааст:

Охирин пайрави Абдулқодири Бедил аз шуарои намоёни қарни
бистум Зуфархони Ҷавҳарии Истаравшанӣ (1860-1945) аст...
Зуфархони Ҷавҳарӣ дар сабки ҳиндӣ бештар аз роҳи тақлид канора
ҷуста ва кӯшидааст, ки тозакориҳое низ ба ин шеваи шеър ворид
бикунад”.31

Нахустин мақолае, ки махсус ба эҷодиёти Ҷавҳарӣ бахшида
шудааст, муқаддимаи Атахон Сайфуллоев ба “Асарҳои мунтахаб”-и
шоир мебошад. У хонандагонро аввалин бор бо тарҷумаи ҳол ва
шеърҳои Ҷавҳарӣ шинос мекунад. Вале Сайфуллоев бештар осори
баъдазинқилобии шоирро мавриди тахдилу тахқиқ қарор додааст.

Муқаддимаи Баҳодур Файзуллоев ба “Девони Ҷавҳарӣ”
нисбатан муфассал аст ва он оид ба шарҳи ҳоли Ҷавҳарӣ ва
робитаҳои эҷодии ӯ маълумоти бештаре медиҳад. Зеро муаллиф дар
натиҷаи ҷустуҷӯйҳои муттасил ва омӯхтани бойгонии шоир маводи
зиёди ёддоштию ҳуҷҷатӣ ба даст овардааст. Вале нуқсонҳои ин
мақола бештар аз бетаҷрибагй ва ноогоҳии ӯ аз кори тадқиқу таҳқиқ
cap задааст. Дар бораи ин нуқсонҳо зиндаёд Саҳобиддин Сиддиқов
дар тақризи муфассали худ ба “Девони Ҷавҳарӣ”, ки бо номи
“Саррофи сухан” дар маҷаллаи “Садои Шарқ, 1987, № 2 ба табъ
расидааст, сухан рондааст.

Китоби Н. Сатторӣ “Зуфархони Ҷавҳарӣ ва эҷодиёти ӯ”
эҷодиёти Ҷавҳариро ҳаматарафа фаро гирифтааст ва ба хонанда
оид ба шарҳи ҳол ва асарҳои ӯ маълумоти муфид медиҳад. Вале ин
китоб низ бо тақозои замонаи иҷтимоъгаро навишта шудааст ва
муаллифи он ба эҷодиёти Ҷавҳарӣ баҳои ҳаққонӣ дода
натавонистааст, мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик муайян
накардааст.

Соли 2000 дар ду шумораи маҷаллаи “Хуҷанд” қиссаи ҳуҷҷатии
нависанда Баҳодур Файзуллоев таҳти унвони “Гавҳаршиноси дарёи
сухан” ба табъ расид.

Ҳоло мо аз баҳо додан ба хусусиятҳои жанрию бадеии ин асар,
мавқеи тахайюли бадей ва ҳуҷҷатнигорй дар он худдорӣ намуда, қайд
кардан мехоҳем, ки қиссаи Б. Файзуллоев ба бисёр нуқтаҳои шарҳи
ҳоли Зуфархони Ҷавҳарӣ равшанй меандозад зеро дар он архиви
шоир ба таври фаровон истифода шудааст. Ба ҷуз маводи архив
муаллиф гоҳ-гоҳ дойр ба ин ё он ҳодиса ба нақлҳои писари хурдии
Ҷавҳари Ҳусейнхон ва дигар хешовандони шоир такя намудаасг.

Ин нақлҳо гоҳо бо овардани порае аз навиштаҳои Ҷавҳарӣ аз

17
архиви у собит мегардад. Вале дар мавриди дигар муаллиф бе
ягон бурҳону далел, бидуни тахқиқи амиқи рӯйдоди ба вуқӯъ
• пайваста нақли қарибони шоирро чун ҳақиқати маҳз овардааст.
Чунончи аз руи накли онҳо гӯё ҳанӯз пеш аз Инқилоби Октябр
адиби бузурги Эрон Маликушшуаро Баҳор ҳамроҳи ду нафар
донишмандони бухороӣ ба зиёрати Ҷавҳарӣ ба Истаравшан
омадааыд.

Аз мақола ва асарҳои ба эҷодиёти Маликушшуаро Баҳор
бахшида маьлум мегардад, ки ӯ на қабл аз Инқилоби Октябр
ва на баьд аз он боре ҳам ба Осиёи Марказӣ сафар накардааст.
Танҳо соли 1945 бо даъвати Ҳокимияти Шӯравӣ ба муносибати
иди Инқилоби Октябр ба Боку омада, дар тантанаҳои ҷашнӣ
ширкат варзидааст ва таассуроти худро аз ин сафар дар
қасидае таҳти унвони “Ҳадяи Боку” тасвир намудааст.

Оре, имрӯз замоне расидааст, ки эҷодиёти Ҷавҳариро аз диди
ндв '1 аҳқиқ намоем, масъалаҳои мубҳами ҳаёти шоирро тавзеҳ
диҳем, робитаҳои эҷодии ӯро бо Бедил ва дигар классиконамон
муайян кунем, ақидаҳои фалсафӣ ва ирфонии ӯро нишон диҳем,
сабку услуб ва шеьрияти балаиди ӯро ошкор созем ва ниҳоят'
мақоми уро дар адабиёти тоҷик муайян намоем.

Ба миён омадани чунин асар дар сурате имконпазир аст, ки
осори шоир ба таври пурра ва бо ҷиддияги тамом таҳия гардад.
Дар ин хусус мо бо муқарризи “Девони Ҷавҳарӣ” Саҳобиддин
Сиддиқов мувофиқем.

Ба ақидаи мо, навиштааст ӯ, — осори шоиронеро, ки
нусхаҳои қаламиашон дар китобхонаҳои давлатӣ нест, бо
масъулият ва ҷавобгарии дучанд таҳия кардан лозим аст.

IУ н к и он дар як вақт маводи илмӣ барои тадқиқот хам
мебошад. Матни носаҳеҳ ё шубҳанок масолеҳи тадқиқот шуда
наметавонад ва аз рӯи он хулосаҳои дақиқу мӯътамади илмӣ
баровардан мумкин нест. Ин корро бояд мутахассисон ва
матнсозони пуртаҷриба бар ӯҳда дошта бошанд.
Ҷамъкунандагони мероси адабии шоир, ки дар ин соҳа
тахассус надоранд, дар нашри осор бо мутахассисон бояд
ҳамкорӣ намоянд”.

Дар айни замон, барои он ки матни аслии шоир ба

18
муҳаққиқони эҷодиёти ӯ дастрас бошад, дастнависи асарҳои
ӯ бояд дар як ҷо нигоҳ дошта шавад.

То ҷое, ки ба мо маълум аст, архиви Ҷавҳарӣ имрӯз
пароканда буда, дар дасти шахсони алоҳида аст.

Хуб мебуд, агар дастнависҳои Ҷавҳарӣ барин шоири бузург
дар архиви адибони Института забон ва адабиёти ба номи
Рӯдакӣ маҳфуз бошад. Зеро мероси шоири миллат ба тамоми
миллат тааллуқ дорад, на ба шахсони алоҳида, бинобар он дар
муҳофизати давлат будани он зарур ва хатмист. Муассисаи
давлатӣ барои бехатарии он бо назардошти тамоми қоидаю
қонунҳои архивдории байналмилалй кафолат медиҳад.

Архиви Зуфархон Ҷавҳарӣ қисман дар бойгонии адибони
Института забон ва адабиёт низ маҳфуз буда, захираи рақами
3-ро ташкил мекунад. Ин архив дастнависи осори ҳам
пешазинқилобӣ ва ҳам баъдиинқилобии шоирро дар бар
гирифтааст. Як қисм дастнависҳои Ҷавҳариро писари он кас
Суҳайлӣ Ҷавҳаризода ба архиви Институт супоридаанд. Қисми
дигарашро, яъне як дафтар ва як дафтарчаи кисагиро собиқ
корманди илмии шӯъбаи фолклори ҳамин Институт номзади
илми филология Сангинбой Норматов лутфан ба архиви адибон
такдим намуд.

С. Норматов бо хоҳиши кормандони архив таърихи ба даст
омадани ин ду дастнависро навишта, ба Институт супоридааст.

Аз рӯи нақли ӯ дафтари якумро дар қишлоқи Метки ноҳияи
Шаҳристон моҳи январи соли 1957 аз Ашӯров Муллораҷаб
ном шахси босаводу адабиётдӯст ба даст овардааст.

Дафтарчаи дуюмро моҳи май соли 1958 ҳангоми
экспедитсияи фолклорӣ аз қишлоқи Ростровути ноҳияи мазкур
пайдо намудааст.

С. Норматов навиштааст:

“Рӯзе бо ҳамроҳии муаллими мактаби 7-солаи ба номи
Островский Маликов Сӯфӣ ба хонаи Мулломирзосаид рафтем,
мебоист, ки аз вай чизе навишта мегирифтем. Нохост рафиқам
аз таги сари кӯдаке, ки дар гаҳвора мехобид, дафтарчаеро
гирифта ба ман дод. Ман кушода, хати Ҷавҳариро шинохтам
ва ба онҳо фаҳмонидам, ки ин дастнависи Зуфархони

19
Ҷавҳарист.

— Ин аз куҷо ба дасти шумо афтода буд? — пурсидам ман.

— Худашон ба ман ин дастнависро такдим карда буданд,
— гуфт ӯ.”

Дар таги болини кӯдак гузоштани дастхати Ҷавҳарӣ аз
эътиқоди мардуми собиқ вилояти Истаравшан ба шоири худ
шаҳодат медиҳад.

Маълум мешавад, ки ашъори Ҷавҳарӣ дар Осиёи Марказй
ниҳоят паҳн шуда будааст.

Мутахассисони адабиёти классикии тоҷик бар он ақидаанд,
ки дар сурати ҷустуҷӯ асарҳои Ҷавҳариро аз дигар тазкираҳо
ва баёзҳои пешазинқилобӣ пайдо кардан мумкин аст. Инро
китоби академик Мухторов “Каллиграф Мирҳусайн”, ки соли
1994 ба табъ расидааст, тасдиқ мекунад.

Дар ин китоб А. Мухторов доир ба хаттоти хушнависи
охири асри XIX Мирҳусайн Хусайни Истаравшанӣ маълумоти
аҷибе оварда, аз ҷумла мукотибаи ӯро бо Зуфархони Ҷавҳарй
зикр намудааст. Дар ду номаи Ҷавҳарӣ ба дӯсташ Мирҳусайн
як рубоӣ ва як қитъаи ба ӯ бахшидашуда сабт ёфтааст:

Ин номаи рангин, ки зи ёрам омад,

Цар ҷӯши фасурда, ки баҳорам омад.

Сад хушкада сархуш дамондам зи димог
3-ин бода, ки дар айни хумарам омад.

Қитъа:

Расон таҳийати мо, эй сабо, ба Мирҳусайн,
Намо паёми муҳиббон адо ба Мирҳусайн.
Варақ зи ойина кун, хат зи ҷавҳари ихлос,

Бар арз иомаву ҳусни вафо ба Мирҳусайн.
Мурги садиқ дил аст ин, ки аз губори нафс
Цамондаем саҳар дари дуо ба Мирҳусайн.

Ҳар он баҳори минояш, ки мисмар аст ба дил,
Гул офарин кунад онро Худо ба Мирҳусайн.32

20
А. Мухторов таъкид намудааст, ки дар номаи сеюми
Ҷавҳарӣ низ 9 байт шеър мавҷуд аст, вале онро наовардааст.

Инак, гирд овардани дастнависҳои Зуфархони Ҷавҳарӣ, дар
як маркази илмӣ маҳфуз доштани онҳо, мувофиқи талаботи
илми матншиносй мураттаб сохтани Куллиёти шоир яке аз
вазифаҳои муҳимми адабиётшиносии тоҷик мебошад. Дар ин
кори хайр ҳамдиёрони шоир, махсусан Ҳукумати шаҳри
Истаравшан бояд саҳм гиранд.

Амалӣ шудани ин вазифаҳо боиси ба вуҷуд омадани
тадқиқоти пурарзише дойр ба эҷодиёти Ҷавҳарӣ хоҳад гардид.
Инкишоф додани ҷавҳаришиносй бошад барои баланд шудани
шеъри имрӯзаи мо ёрй хоҳад расонд. Агар мо савияи
шеърфаҳмӣ, шеършиносӣ, аз ҳусни сухан бахра гирифтанро
ҷорӣ карданӣ бошем, шеърро аз соддагӯиҳои сохтакорона
наҷот доданй бошем, ҳунари Ҷавҳарӣ барин шоиронамонро
дар эҷоди сухани олй бояд намудор созем.

Ҷавҳарӣ дар ҳақиқат бо мавқеи иҷтимоӣ ва ҳунари шоирии
худ, ки мазмунҳои баландро дар либоси ҳарир ва басо латифу
зебои сухан ифода намудааст, дар адабиёти тоҷик мақоми
шоистаеро ишгол менамояд.

САДРИДДИН АЙНИ
ВА АДАБИЁТШИНОСИИ МУОСИРИ
ТОҶИК

Дойр ба тадқиқоти адабиётшиносии устод Айнӣ асарҳои
хурду калони зиёде навишта шудаанд. Баъзеҳо дар асархои
ба эҷодиёти Айнй бахшидашуда зимнан ин масъаларо дахл
карда бошанд, баъзеҳо асарҳо ва мақолаҳои алоҳида таълиф

21
намудаанд, ки муҳимтаринашон инҳоанд: Р. Ҳодизода
“Тадқиқоти илмии С. Айнӣ оид ба таърихи адабиёти тоҷик”,
“Оид ба аҳамияти таърихии “Намунаи адабиёти тоҷик”, X.
Мирзозода “Садриддин Айни — аввалин адабиётшиноси
советии тоҷик”, М. Шукуров “Фаъолияти илмии устод Айнӣ
ва худогоҳии миллии меҳнаткашони тоҷик , Солеҳ Салоҳ
“Назаре ба зернавиштҳо”1. “Намунаи адабиёти тоҷик” бошад,
дар рисолаи номзадии Абдулҳай Маҳмадаминов зери унвони
“Намунаи адабиёти тоҷик” ва ҷараёни адабии солҳои 20-ум",
рисолаи доктории ҳамин муаллиф “Садриддин Айнӣ ва
ташаккули адабиётшиносии муосири тоҷик’ 2 мавриди
баррасии алоҳида қарор гирифтааст.

Дар ҳамаи ин асарҳо ҷиҳатҳои гуногуни осори илмии устод
Айнӣ тадқиқ шуда, оид ба аҳамияти таърихии онҳо андешаҳои
муфид баён ёфтаанд. Вале ба асарҳои илмии адабиётшиносии
устод Айнӣ бори дигар аз нигоҳи имрӯз назар андохтан ва
аҳамияти иҷтимоию илмии онҳоро таъкид намудан тақозои
замон, вазъи иҷтимоии миллат ва илми адабиётшиносии имрӯз
аст.

Ҳанӯз дар бораи онҳо суханҳои ногуфта зиёданд ва минбаъд
олимон хоҳанд гуфт.

Чунон ки ба ҳамагон маълум аст, устод Айнӣ ба адабиёт бо
шеър ворид гардидааст. Ӯро пеш аз инқилоби Октябр
донишмандони замонааш ҳамчун шоири тавоно ва пурқудрат
эътироф кардаанд.

Муаллифони тазкираҳои тоинқилобӣ услуби хоси ашъори
устод Айнй. “мазомини бикр ва баландии сухани ӯро' махсус
қайд кардаанд. Ope, устод Айнӣ дорои истеъдоди комил буд
ва дар айни замон кулли донишҳои замонаашро фаро гирифта,
чун донишманди фозил низ маъруф гардид. Чунончи ӯ аз
ҷавсМ^ба омӯхтани эҷодиёги Бедил ба таври ҷиддӣ машғул
шуда, бисёр уқдаҳои шеъри ӯро кушодааст ва шӯҳрати
бедилшиносии ӯ аз Бухорову Самарканд берун рафтааст.

Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Ҷӯрахон Бақозода
мақолаи ӯро доир ба Бедил, ки тавассути шарикдарси
бухороияш Олимҷон Идриси ном нависандаи тотор соли 191_

22
(15 январ) дар Уфа дар маҷаллаи “Шӯро” ба табь расидааст,
ба даст овардаанд ва дойр ба он мақолае таълиф кардаанд.3

Ҳарчанд ин мақола ҳаҷман хурд буда, чун посух ба суолҳои
Идрисӣ нигошта шудааст, аҳамияти калони таърихиро дороет.
Ҳанӯз дар ҳамин мақола эҳсоси ватандӯстӣ ва миллатпарасгии
устод Айнӣ ба зуҳур омада, маҳз он нуктаҳоеро таъкид
кардааст, ки ифтихори моро бедор мекунад. Дар бораи
тарҷумаи ҳоли Бедил сухан ронда, муаллиф навиштааст:

“Ҳамин қадараш ҳаст, ки бино ба баъзе маълумот, қабилаи
Барлос бо аскари амир Темур ба Ҳиндустон рафтанд. Аммо
таваттуни асли эшон Шаҳрисабз (Кеш) ва атрофи он мебошад,
ки аз тавобеи Бухорост”.

Нахустин китоби бузургҳаҷми илмии устод Айнй, ки ба
адабиётшиносии муосири тоҷик ибтидо бахшид, “Намунаи
адабиёти тоҷик” (1926) мебошад. Дар арафаи маъракаи
таърихии тақсими ҳудуди миллим Осиёи Марказӣ пантуркистон
дар ин сарзамин аз давраҳои қадим сукунат доштани тоҷик
ном халқе ва дорои фарҳанги ғанию куҳан будани ӯро инкор
мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки “дар Осиёи Миёна тоҷик ном
як халқ нест. Онҳо ҳамон ӯзбеконеанд, ки бо таъсири эрониён
ва Мадраса забони худро гум кардаанд”. Айнӣ дар “Намунаи
адабиёти тоҷик” бо фактҳои таърих, чунон ки худаш гуфтааст,
“пардаи он иғвогаронро дарронид ва ба даҳони онҳо мӯҳри
хомӯшӣ зад. Аммо ин иғвогарони контрреволютсионй ба
муқобили ин асар бо “калимаҳои сурх” хуруҷ карданд”.4

Шарқшиносони рус асарро мудофиа карданд. Аммо
пантуркистон иғвои дигар ангехтанд ва оқибат ба он ноил
гардиданд, ки соли 1930 “ин китоби қиматбаҳоро ба утилсирё”
супоранд.

Дар зарфи ҳафт моҳ аз маъхазҳои гуногун ҷамъ намудани
маводи адабиёти ҳазорсолаи тоҷик, ба қавли устод Лоҳутӣ
“барои ёфтани нусхаҳои хаттй дар ба дар, кӯча ба кӯча рафта
онро ба даст овардан”, таърихи зиндагӣ ва вафоти ҳар адибро
аз маҷмӯаҳо ва китобҳои бефеҳраст тафтиш кардан, ривоятҳои
мухталифро бо воқеаҳои сиёсию иҷтимоии замон муқоиса
намуда, шарҳу эзоҳ додан ва дар ҳаҷми 40 ҷузъи чопӣ асар ба

23
вучуд овардан”, на фақат аз истеъдоди фавқулодца ва қобилияти
баланди корни ӯ дарак медиҳад, балки пеш аз ҳама гувоҳи ҳисси
наҷиби ватандӯстӣ ва миллатпарварии ӯст.

Дар кори тартиб додани “Намунаи адабиёти тоҷик” мақз
принсипи ҷуғрофиро пеш гирифтани устод Айнӣ таъкид
намудани мавҷудияти халқи тоҷик ва дорои фарҳанги ганӣ
будани ӯст. Дар айни замон устод Айнӣ меросбари тамоми осори
адибони форсизабон будани халқи тоҷикро фаромӯш
накардааст.

Чунон ки дар боло арз кардем, агар дар солҳои бистуму сиюм
пантуркистон ба решай миллати тоҷик теша зада, ҳастии ӯро
инкор карданӣ бошанд, гурӯҳҳое вуҷуд доштанд, ки ӯро аз
мероси умумии форсизабонон маҳрум карда, тамоми адабиёти
классикиро адабиёти Эрон эълон карда буданд. Устод Айнй бо
асарҳои минбаъдаи худ маҳз ба муқобили ҳамин сиёсат мубориза
бурда, собит намуд, ки адибони форсизабоне, ки берун аз худуди
Мовароуннаҳр зиндагӣ ва эҷод кардаанд, низ ба тоҷикон
мансубанд.

Ӯ хам дар рисолаи “Дар бораи Фирдавсй ва “Шоҳнома” — и
Ӯ” ва хам дар китоби “Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозй”
дар баробари овардани шарҳи ҳол ва таҳқиқу тадқиқи осори ин
адибон, ба он нуктаҳое бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст, ки ба
ду халқ ҳам ба халқи тоҷик ва хам ба эрониён баробар тааллуқ
доштани онҳоро нишон медиҳад.

Нуқтаи аввал ин ки ӯ маҳсули давраи ҳукумати абарқудрати
тоҷикон — Сомониён будани “Шоҳнома”-ро зикр намуда, онро
ба вазифаҳои сиёсию иҷтимоии ин давлат марбут медонад.

Дигар ин ки устод Айнӣ дар як фасли махсус муносибати
забони Шоҳнома”-ро ба забони тоҷикӣ нишон дода
навиштааст: “На ин ки cap то пои он (яъне “Шоҳнома” Х.О.)
имрӯз дар забони зиндаи мардуми тоҷик кор фармуда мешавад;
ҳатто дар Шоҳнома он гуна лугатҳои форсй ва бо он гуна
талаффуз кор фармуда шудаанд, ки имрӯз дар забони адабии
Эрон кор намефармоянд. Аммо Фирдавсй кор фармудааст ва
тоҷикон ҳам бо вай ran мезананд”.5

Устод Айнй барои собит намудани ин даъво мисолҳои зиёде

24
овардааст.

Аз эҷодиёти Саъдй низ шеърҳоеро пайдо намудааст, ки
калимаи “тоҷик” истифода шудаанд.

Устод Айнӣ қайд намудааст, ки баъзе шарқшиносон Саъдиро
ба шоири форсу тоник номидан розй нестанд. Онҳо тарафдори
назарияе ҳастанд, ки гӯё тамоми классикони то асри XVI-и форсу
тоҷик фақат ба Эрон тааллук дошта бошанд.

“Аммо худи Саъдй, навиштааст устод Айнй, - на ин ки аз
шоири форс-тоҷик будан метарсад, балки “беибо ва нотарсона”
худро “тоник” мешуморад, сабаби он дар ин аст, ки ӯ дар миёнаи
форс-тоҷик ҳеҷ фарқе намегузорад”.6

Асарҳои илмии адабиётшиносии устод Айнй “Намунаи
адабиёти тоник” (1926), “Дар бораи Фирдавсй ва “Шоҳнома”-и
ӯ (1934), “Шайхуррэис Абӯалӣ ибни Сино” (1939), “Устод
Рӯдакй” (1940), “Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозй” (1942),
“Алишер Навой” (1948), “Мирзо Абдулқодири Бедил” (1946-
1957) ва як силсила мақолаҳои ӯ роҷеъ ба муҳимтарин
масъалаҳои адабиёти тоник дар ташаккули шуури миллии
тоҷикон, худшиносии иҷтимоӣ ва таърихии онҳо нақши равшане
гузоштаанд.

Асарҳои адабиётшиносии устод Айнй шакли таҳқиқоти
илмии академиро надошта, чунон ки устод Шакурй гуфтаанд,
ба очерки илмии публисистй монанд мебошанд. Аз ин равия
монографияи “Мирзо Абдулқодири Бедил”-ро истисно
кардаанд, ки он ба хама талаботи тадқиқоти академӣ ҷавобгӯ
аст.

Устод Айнй дар асархое, ки зикрашон дар боло рафт, бештар
ба овардани шарҳи ҳол ва қиссаву ривоятҳо дойр ба адибони
классик пардохта, кӯшидааст, ки шахсияти камназири ин
нобиғагони миллатро намудор созад ва тавассути онҳо ҳисси
ифтихори ворисони онҳоро бедор кунад. Ин асарҳо бо ҳиссу
ҳаяҷони махсус ва суханони баланди пурэҳтирое навишта
шудаанд. Чунин хусусият махсусан дар рисолаи “Шайхурраис
Абӯалӣ Сино” хеле равшан падид омадааст.

Дар ин рисола сухан пеш аз хама дар бораи бузургии Сино,
акли даррок, истеъдоди комил ва дониши амиқу фаровони ӯ,

25
мавқеи ӯ дар илму фарҳанги ҷаҳонӣ рафтааст. Абӯалӣ ибни
Сино ба азобу уқубати гурезагиҳо, шароити номусоиди
зиндагию эҷод нигоҳ накарда, асарҳои оламшумул офаридааст
ва ба баландтарин қуллаҳои илми ҷаҳонӣ баромадааст.

Ҷанбаи иҷтимоии дигар мақолаҳои ба Сино бахшидашудаи
устод Айнӣ низ хеле пурқувватанд. Устод Шакурӣ дар мақолаи
худ “Бобои пуршарафи халқи тоҷик”8 рисолаи Айниро дар
бораи Абӯалӣ Сино бо мақолаи баъдтар навиштаи ӯ муқоиса
намуда, як масъалаи муҳиммеро кашф кардаанд. Агар дар
рисола устод Айнй сабаби гурезагӣ ва саргардониҳои Абӯалӣ
Синоро дар мухолифати сиёсии Ғазнавиён ва Сомониён дида
бошад, дар мақолаи “Абӯалй Сино”, ки соли 1952 навишта
шудааст, онро тамоман дигар хел маънидод кардааст.

Айнӣ дар мақола сабаби аз хидмати Султон Маҳмуд
саркашй намудани Ибни Синоро нишонаи “ватандӯстии
самимии” ӯ донистааст. У навиштааст:

Донишманди бузург Абӯалӣ Сино ба сабаби ватандӯсти
самимӣ ва ходими илмҳои ҳақиқӣ буданаш дар замони худ аз
дасти ҷангҷӯёни хориҷӣ ва реаксионерони дохилӣ азобу
уқубати тоқатнопазир кашид”9.

Акнун фирорҳои Ибни Сино фақат кӯшиши ҷон ба саломат
бурдан нест, кӯшиши аз дасти аҷал раҳоӣ ёфтан нест, балки
cap фуруд наовардани як ватандӯсти матин дар назди як
истилогари хориҷии хунхор аст”.

Ҳар як асари илмии С. Айнй оид ба таърихи адабиёти тоҷик
ва намояндагони барҷастаи он ҳам дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ
ва ҳам дар ҳаёти илмии халқи мо аҳамияти бузурги таърихӣ
дорад.

С. Айнй дар китоби Устод Рудакӣ” хонандагонро нахустин
бор на танҳо ба вазъияти сиёсию иҷтимоии замони Рӯдакӣ,
тарҷумаи ҳол ва осори боқимондаи шоир шинос намуд, балки
дар асоси тадқиқи сарчашмаҳо ва муқоисаи маълумоти онҳо
бо иттилооти сокинони Панҷакент зодгоҳи Рӯдакй ва ҷои дафни
уро муайян кард ва бо ин хатои чандинасраи муҳаққиқони
адабиётро ислоҳ намуд. Ин кашфиёти бузурге буд. Худи Айнӣ
ҳам инро “кашфиёти муҳим” номида, дар мактуби худ ба

26
Абулқосим Лоҳутӣ аз 24 ноябри соли 1940 навиштааст:

“Воқеаи наве, ки имсол дар таърихи адабиёти форс-тоҷик
рӯй дод, ёфт шудани деҳаи Рӯдак (ҷои таваллуди устод Рудакй)
ва қабри Рӯдакист”11.

Рисолаи “Алишери Навои” (1948) яке аз калонтарин
асарҳои адабиётшиносии устод Айнӣ маҳсуб мешавад. Айни
ба гирдоварии мавод ва таълифи ин рисола ҳануз соли 1938
шурӯъ кардааст. Ӯ дар номаи худ аз 15 феврали соли 1941 ба

Абулқосим Лоҳутӣ навиштааст:

“Ман қариб тамоми ин зимистонро дар мусофират
гузаронидам. Аввалҳои декабр ба Тошканд ва Бухоро рафта,
шеърҳои тоҷикии Навоиро гундоштам. Дар бозгашти ин сафар
чанд рӯз дар хона монда, маҷмӯаи Навоиро, ки дар тоҷики
тартиб дода будам, бо шеърҳои мазкур пурра карда, ба Тоҷгиз
фиристодам.

Баъд аз он фаврӣ боз ба Тошканд рафтам. Чунки рафиқони
ӯзбек дида баромадани луғатҳои Навоиро, ки аксаран форси
ва арабӣ буда, ба чоп тайёр нашуда буд, ба ман ҳавола карда,

ба Тошканд даъват карда буданд.

Ин дафъа дар Тошканд 17 рӯз истода, кори мазкурро иҷро

намудам”.12

Устод Айнӣ дар солҳои 1938-1940 дар рузнома ва
маҷаллаҳои тоҷйкию ӯзбекӣ дар бораи Алишери Навои чандин

мақола ба табъ расонид.

“Хамса”-и Навоиро ба чоп омода сохт, ки бо сарсухан ва
тавзеҳоту шарҳи луғот соли 1940 (нашри дуввум соли 1947)
дар Тошканд ба табъ расид.

Рисолаи “Алишери Навой” низ хусусияти тарҷумаиҳоли
дошта, дар ҳамон шакли очерки илмии публисисти нигошта
шудааст Устод Айнӣ аз тазкираҳо, китобх,ои таърихи, баезхо
маводи зиёде гирд оварда, вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва адабии
давраи Алишер Навой ва дар партави он тарчумаи холи уро

тавсиф намудааст.

Устод Айнй махсус таъкид кардааст, ки Навои ҳамчун шоир
дар мухити илмию адабии тоҷикӣ, ки дар он замон дар
Мовароуннақру Хуросон хукмрон буд, ташаккул ефга, а

27
камол расидааст. Айнй чун дар дигар рисолаҳояш дар ин асар
низ шахсияти Навоиро на фақат ба воситаи таҳлили асарҳояш,
балки дар робита бо шоирон ва донишмандони замонааш,
баҳсу мунозираҳои адабию илмй, инчунин чун сиёсатмадори
боадолат, вазири дарбори Ҳусайн Бойқаро нишон додааст.
Аксари нақлу ривоятҳое, ки истифода шудаанд, ба забони
тоҷикй буда, мубоҳисаҳо ҳама дар атрофи шеър ва шоирони
тоҷик оварда шудаанд.

Айнй нисбат ба пантуркистон чӣ қадар нафрат дошта бошад,
дӯстии Алишери Навой ва Абдураҳмони Ҷомиро, ки тимсоли
дурахшони дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад, ҳамон
қадар бо муҳаббат тасвир кардааст.

Навой ба фазилат ва бузургии Ҷомӣ қоил аст, ӯро устоди
худ мешуморад, дар корхои давлатдорй, муносибат бо аркони
давлат ва шеъру шоирӣ бо маслиҳати ӯ амал мекунад. Навой
асари худ “Хамсатулмутаҳаййирин”-ро ба устодаш
бахшидааст. Ин китоб, хушбахтона, ба забони тоҷикй аз тарафи
Абдуқодир Маниёзов тарҷума шуда, ду маротиба ба табъ
расид.

Айнй Алишери Навоиро ҳамчун инсони начиб тасвир
намуда, ба шеърҳои тоҷикиаш баҳои баланд додааст.

У дар рисолаи “Алишери Навой” нақши адабиёти тоҷикиро
дар ташаккул ва инкишофи адабиёти классикии узбек,
махсусан ба эҷодиёти сардафтари ин адабиёт Навой хеле
барчаставу равшан намудор сохтааст.

Оҳанги публисистӣ аҳамияти илмии асарҳои Айниро кам
накардаанд.

Рисолаи “Алишери Навой” чунон шавқовар навишта
шудааст, ки кас як бор ба даст тирад, дигар аз даст
намегузорад. Муҳаррири ин рисола, ки А. Деҳотӣ буд, дар
номааш аз 26 марти соли 1941 ба устод Айнй навиштааст:

“Дар тобистони соли гузашта ҳамроҳи С. Улугзода
муқаддимаи “Бӯстон”-и Саъдиро хонда, ба маҳорати
тадқиқотчигии шумо дар байни худ таҳсин карда будем. Аммо
мутолиаи ин китоб (Алишери Навой - X. О) чунон шавк
бахшид, ки маҷбур ҳастам асари онро ба рӯи когаз кайд карда,

28
изҳор кунам. Бегараз ва бе ҳеҷ гуна риёкорӣ арз мекунам, ки
фақат шумо метавонистед ба хонандагони тоҷик симои Алишер
ва замони вайро бо чунин тасвирҳои дурахшон нишон диҳед.
Ҳарчанд ки дар вақтҳои кори шумо амалан воқиф набудам,
лекин бо вуҷуди ҳамин тасаввур кардан мумкин аст, ки он ҳама
замони пурхараҷу мараҷ, ҳодисаҳои печдарнеч, даъвою
ҳуҷҷатҳои бешумори гуногунро ба як риштаи тартиб кашидан,
ниҳоят ғазалҳои парешон ва бенишон шударафтаро ғундошта
ба хонанда тақдим кардан ва ғайра ва ҳоказо... чӣ қадар
мушкил ва оворакунанда аст. Чӣ андоза тафтишоти
суботкорона, ҳавсала ва қувваи бузурги мантиқро талаб
мекунад”.

Асарҳои илмии устод Айнӣ агар аз як тараф барои бедории
иҷтимоӣ ва таърихи тоҷикон хидмат карда бошанд, аз тарафи
дигар ба инкишофи соҳаҳои гуногуни илми адабиётшиносии
давраи нави давлатдории тоҷикон замина ба миён овард.

ӯ маҳз дар “Намунаи адабиёти тоҷик” пояҳои танқиди
адабии муосири тоҷикро гузошт. Айнӣ дар ин китоб дар
баробари овардани намунаҳои осор ва щарҳи ҳоли адибон ба
эҷодиёти ҳар яки онҳо баҳо додааст. Диккати хонандагонро
ба ҳусну қубҳи асарҳои онҳо кашидааст,

Устод Айнӣ махсусан ба адибони охири асри XIX ва ибтидои
асри XX, ки муосирони ӯ буданд, бештар таваҷҷуҳ эоҳир
намудааст. Андешаҳои ӯ доир ба эҷодиёти Зуфархон Ҷавҳарӣ,
Пайрав Сулаймонй, Тамҳид ва Туғрал хеле ҷолибанд. Оид ба
ин ҷиҳати “Намунаи адабиёти тоҷик” адабиётшиносон X.
Мирзозода ва А. Маҳмадаминов батафсил сухан рондаанд.

Фаъолияти минбаъдаи Айнй ҳамчун мунаққид дар
сарсухани ба асарҳои адибони тоҷик навиштааш, дар ҳошияи
китобҳои хондааш, инчунин дар номаҳои ӯ ба адибони ҷавон
давом кардааст. Омӯхтани онҳо вазифаи бевоситаи
адабиётшиносони мо мебошад.

Матншиносии давраи нави адабиёти тоҷик низ аз “Намунаи
адабиёти тоҷик” шурӯъ шудааст. Чи дар “Намуна...’\ чи дар
маҷмӯаи шеърҳои тоҷикии Навой ва Бедил устод Айни ҳам
дар интихоби матни асосӣ, муқоисаи он бо нусхаҳои дигар,

29
додани тавзеҳоту шарҳи луғот талаботи илми матншиносиро
ба таври қатъӣ риоя намудааст.

Матни таҳиякардаи устод Айнӣ аз осори классикой хеле
саҳеҳ ва бенуқсон буда, ба кори матншиносии
адабиётшиносони ҷавон ҳамчун намуна хидмат намудааст ва
дар оянда ҳам хидмат хоҳад кард.

Профессор Р. Ҳодизода дар бораи китоби “Устод Рӯдакӣ”,
гирдоварии ашъор ва абёти парокандаи шоир аз маъхазҳои
гуногун сухан ронда, аз ҷумла навиштааст:

“Ин икдоми нахустини С. Айнӣ дар ҷамъоварӣ ва тасҳеҳу
интиқоди ашъори Рӯдакӣ мактаби хубе буд барои омӯзиши
баъдии аҳвол ва осори Рӯдакй”.13

Шарқшиноси намоёни рус Е. Э. Бертеле дар сарсухани
монографияи С. Айнӣ “Мирзо Абдулқодири Бедил” хидматҳои
ӯро дар таълифи ин китоб зикр намуда, овардааст.

"... Барои ҷудо карда гирифтани ин маълумот (доир ба
тарҷумаи ҳоли Бедил — X. О.) садҳо саҳифа матни
душворфаҳми дастнавис ё чопи сангини хираю серғалатро
хонда баромадан лозим меомад. Аз ӯҳдаи ин кор хеле кам
касон баромада метавонистанд ва мафҳум аст, ки танҳо устоди
забардасте ҳамчун Айнӣ, ки адабиёти гузаштаи халқи худ,
забони рн ва ҳамаи адабиёти дар ин забои навишташударо хуб
медонад, ин корро бомуваффақият анҷом дода метавонист”.14

Ҳарчанд устод Айнй доир ба назарияи адабиёт мақолаи
алоҳидае таълиф накардааст, вале дар рисола ва мақолаҳои
адабиётшиносиаш роҷеъ ба ин масъала сухан рондааст. Ӯ
зимни таҳқиқи эҷодиёти ин ва ё он шоир доир ба хусусиятҳои
жанрии шеър, аз ҷумла ғазал, рубой ва махсусан муаммо
андешаҳои бисёр муҳим баён намудааст.

Айнй дар бораи вазни шеъри тоҷикӣ таҳқиқоте навиштанӣ
будааст. У дар номаи худ ба М. Турсунзода аз 27 декабри соли
1948 дар ин бора сухан ронда, фарқи арӯзи тоҷикиро аз арӯзи
арабӣ бо далелҳои радношуданӣ нишон додааст. Ин номаи
Айниро як мақолаи илмии ҷиддии доир ба арӯз номидан
мумкин аст.

Ӯ дар охири ин нома навиштааст:

30
“...To ба вуҷуд овардани ин кор (навиштани таҳқиқот доир
ба вазн) зинда мондани худро лозим медонам. Агар умр ёрӣ
диҳад, ин кор то ташкил ёфтани Академиям фанҳо дар
Тоҷикистон ба вуҷуд меояд ва аҷаб нест, ки дар катори асарҳои
илмии аввалини он академиям оянда чоп шуда барояд. Дар
ҳоли ҳозир бошад, вазифаи ман тамом намудани “Ёддоштҳо”
аст”.15

Мутаассифона, ин орзуи устод Айнӣ ҷомаи амал напӯшид.
Устод Айнӣ дар рисола ва мақолаҳои илмиаш дар назди
адабиётшиносон вазифа гузоштааст ва ҳалли бисёр
муаммоҳоро ба онҳо ҳавола намудааст. Масалан, шеърҳои
тоҷикии Навой, чунонки сарчашмаҳо ва худи Навоӣ қайд
кардаанд, мебоист аз 6 ҳазор байт иборат мебуд, вале “дар ин
девонҳо,— навиштааст Айнӣ, девонҳои Навоиро дар назар
дошта, — шеърҳое, ки ба Алишер нисбат до дани онҳо мумкин
бошад, аз хазор байт зиёд нестанд”. Устод Айнӣ ёфтани девони
пурраи Фонй-Навоиро кори оянда донистааст.

Инак, соли 2003 адабиётшиноси варзида Алии Муҳаммадӣ
“Девони форсӣ” - и Фониро пайдо карда, ба табъ расонд, ки
он беш аз 6 ҳазор байтро дарбар кардааст.

Дар мақолае, ки ба Камоли Хуҷандӣ (1939) бахшида
шудааст, аз тазкираи “Оташкада” ва “Қомус-ул-аълом”
нақлеро дар бораи дар Қальаи Санг ном қалъае ҳабс карда
шудани Камол оварда, рубоиеро ба ин муносибат зикр
кардааст. Айнй навиштааст: “Ҳарчанд ин ду манбаъ фоҷиаро
аз таърихи “Равзатуссафо” нақл карда бошад ҳам, он ҳодиса
дар китоб дида нашуд... Ана ин нукта ҳам дар тарҷумаи ахволи
Камол як нуктаи сарпӯшидаест, ки бояд дар тафтиши оянда
cap ва сирри ин нукта кушода шавад.17

Устод Айнӣ дар хотимаи “Намунаи адабиёти тоҷик”
овардааст:

“Ҳар чи бошад, осон буд ё мушкил, нек шуд ё бад, материл
ва матолиби муҳимме ба як чо гун шуд. Аз ин намунаҳо фонда
бурда, ба усули марксистӣ таърихи адабиёт навиштан,
китобҳои қироати адабия тартиб додан, ба иборати дигар, ин
мавзӯъро чунон ки бояду шояд, тадвин ва такмил намудан

31
(чунончи ба муқаддима арз карда шуд), хидмати ҷавонони
фаъолро мунтазир аст. Мо гӯшт, равган, биринҷ, сабзй, пиёз ва
сойири моялзами онро омода кардем. Акнун ҷавони қобиле
даркор аст, то ки кобилипазй кунад”.18

Қайд кардан ҷоиз аст, ки аксари рисолаҳои илмии устод Айнй
ба забои ва услуби ба оммаи васеи хонанда дастрас ва фаҳмо
иншо шудаанд. Онҳо имрӯзҳам аҳамияти илмӣ ва амалии худро
гум накардаанд. Олимонда-р-^ораи китоби ӯ “Мирзо
Абулқоди^и Бедил” сухаькронда таъкид кардаанд, ки назири
чунин таҳқиқот имрӯз ҳам дар адабиётшиносии муосири мо
вучуд надорад. Устод Айнӣ муқимтарин уқцаҳои забон, адабиёт
ва фарҳанги моро кушудааст.

Аксари олимони адабиётшиноси мо, чи муосирони устод
Айни ва чи онҳое, ки имрӯз фаъолият доранд, дар таҳқиқоти
илмии худ ба асарҳои ӯ такя мекунанд, андешаҳои худро бо
меъёри баҳодиҳии ӯ ба ин ва ё он масъала месанҷанд, аз ӯ иқтибос
меоранд.

Устод Айнй сардафтари илми адабиётшиносии муосири
тоҷик мебошад. Устод М. Шакурй дар китоби худ “Равшангари
бузурги таърих” аз зиёфате, ки ба ифтихори аз Маскав ба
Душанбе омадани Бобоҷон Ғафуров дар хонаи Ҷалол Икромӣ
барпо шуда буд, ёдовар шуда навиштааст:

Яке аз ахли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва
таъкид намуд, ки Гафуров ба унвони сарвари собиқи Тоҷикистон
ва донишманди забардасте барои миллат хизматҳои бузург
кардааст, хусусан пас аз чоп шудани китоби “Тоҷикон” месазад,
ки уро падари миллат гӯем ва ба саломатии падари миллат
қадаҳе баланд кунем. Ғафуров сухани ӯро буррид ва гуфт:
Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки
мехоҳам хизмат кунам. Падари миллат устод Айнй буд, ки барои
умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза
кардааст ва ба ғалаба расидааст”.19

Хеле пеш аз ин гуфтаҳо олимони чех Ян Рипка ва Иржи
Бечка дар китоби “Таърихи адабиёти Эрон” дар бораи
аҳамияти эҷодиёти Айнй сухан ронда, навишта буданд: “Айнй

32
дар таърихи халқи тоҷик дорой мавқеи барҷаста - дар
мартабаи падари миллат, ангезаи қувваҳои маънавии ӯ, устод
мебошад. Айнӣ бузургтарин шахсияте дар таърихи халқи тоҷик
дар сад соли охир аст ва таъсири ӯ дар инкишофи минбаъдаи
маданияти тоҷик боз хеле муддат эҳсос хоҳад шуд”.20

Овардани ин иқтибосҳо аз он хотир аст, ки бори дигар таъкид
кунем: устод Айнӣ на танҳо шоири тавоно, асосгузори насри
муосири тоҷик, нахустин олими адабиётшинос ва
таърихшиноси замони мо бо ҳунари волои нависандагии худ
соҳиби эҳтиром гаштааст. Ӯ дар ҳақиқат падари миллат аст,
падари маънавии миллати тоҷик. Инро мо бояд ба зеҳни
фарзандону наберагони худ, ба зехни наслҳои ояндаи миллат
ҷой намоем.

Шахсияти нотакрори устод Айнӣ, асарҳои бадей, илмй ва
публисистии ӯ, фаъолияти иҷтимоии ӯ ва тавассути онҳо
талошҳои ӯ барои ҳастии халқи тоҷик ба имрӯзу фардои
миллатамон хидмат хоҳад кард.

Беҳуда нест, ки ҳукумати ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бо
ташаббуси сарвари дурандеш ва хирадманди он Эмомалӣ
Раҳмонов ба ӯ нахустин унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон”-ро
доданд.

33
ДУ МАҚОЛАИ БА ТОЗАГИ ЁФТШУДАИ
УСТОД АЙНИ

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол
шудани Тоҷикистон муҳимтарин вазифае, ки дар назди илми
адабиётшиносӣ меистод, таҷдиди назар кардан ба адабиёти
давраи шӯравӣ буд. Доир ба ин масъала чандин мақола ва
рисолаҳо ба табъ расиданд, вале омӯзиши он ҳанӯз давом
дорад.

Ҳоло соли дуввум аст, ки Институти забои ва адабиёти ба
номи Рудакӣ таҳқиқу тадқиқи адабиёти ибтидои қарни ХХ-ро
ба нақша гирифтааст. Зеро аз нигоҳи нав омӯхтани адабиёти
ин давра ба масоили сиёсй, иҷтимоӣ ва адабии замони шӯравй
равшанӣ меандозад. Ба ин хотир корманди илмии Институт,
ҳамкори мӯҳтарами ман М. Ҷалилоэа ба ҷамъ намудани
маводу мадорики матбуоти ин давра машгул шуда, бисёр
чизҳои ҷолиб ба даст овард. Аз ҷумла, ду мақолаи то ин дам
ба мо номаълуми устод Айниро лутфан ба ихтиёри камина
гузошт.

Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳарчанд мақолаҳои публисистии дар
ин давра ва солҳои баъд нигоштаи устод Айнӣ ҷилди 9-уми
Куллиёти уро ташкил додаанд, ҳанӯз ҳамаи осори ӯ гирд оварда
нашудааст. Махсусан асарҳои ба забони ӯзбакӣ интишор
ёфтаи адиб аз назарҳо берун мондаанд.

Мақолаҳое, ки зикрашон дар боло рафт, таҳти унвони
“Хориҷидаги талабалиримиз қандай ҳолда”1. (Толибилмони
мо дар хориҷа чӣ ҳол доранд?”) ва “Яна хориҷидагй
талабаллримизга доир”2 (“Боз доир ба толибилмони дар хориҷа
будаи мо ) моҳи декабри соли 1923 дар рӯзномаи “Зарафшон”
ки ношири афкори Кумитаи ҳизбӣ ва Кумитаи иҷроияи вилояти
Самарканд буда, ба забони ӯзбакй ҳафтае се маротиба нашр
мегардид, ба табъ расидаанд.

Чунон ки маълум аст, устод Айнӣ соли 1910 дар Бухоро бо
ҳаммаслакони худ ҷамъияти махфии “Тарбияи атфол”-ро

34
таъсис дода буд. Барномаи ин ҷамъият аз таргибу ташвиқи
мактабу маориф, кушодани мактабҳои ҷадид, ба хориҷа
фиристодани толибилмон ва кӯмаки моддй расонидан ба онҳо,
дар байни мардум паҳн намудани китобу рӯзномаҳо, танзими
расму ойинҳои халқй, дар тӯю маъракаҳо роҳ надодан ба
исрофкориҳо иборат буд.

Дар бораи вазифаи аввалини ин ҷамъият устод Айнй дар
“Тарҷумаи ҳоли мухтасари худам” навиштааст:

“...Ба воситаи ин ҷамъият мо мактабҳои ҷадид кушодем.
Талабаҳои дар ин мактаб савод баровардаро ҷамъият ба
Оренбург, Қазон, Уфа, Қрим ва Туркия ба хондан фиристодан
гирифт. Фарзандони касоне, ки падарашон осудаҳол буданд,
бо харҷи падарашон мерафтанд, бачагони факир бошанд, бо
харҷи ҷамъият мерафтанд”.3

Баъд аз Инқилоби февралии рус чамъияти “Тарбияи атфол”
кори худро қатъ намуд. Вале самтҳои фаъолияти устод Айнй
баъд аз барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ боз хам вусъат
ёфт. Ӯ бо асарҳои илмй, бадей ва мақолаҳои публисистии худ*
барои худогоҳии мардуми тоҷик, муаррифй намудани фарҳангу
тамаддуни онҳо пеш аз хама ба худашон ва баъд ба оламиён,
ҳифзи ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон
ҷоннисорона хидмат намуд. Устод Айнй ва дигар ҳамсафонаш
нашъу нумӯи сарзамини тоҷикон, ояндаи миллати тоҷикро пеш
аз хама дар нашъу нумӯи мактабу маориф, босавод шудани
мардум, тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун
медиданд. Яъне дар ибтидои таъсиси Ҳокимияти Шӯравӣ
фаъолияти маорифпарварии ӯ идома ёфт.

Айнй ва дигар равшанфикрони тоҷик кӯшиш мекарданд,
ки хар чи бештар ба хориҷа талаба фиристонанд.
Мутаассифона, онҳое, ки дар Туркия ва Германия гаҳсил карда
омаданд, баъдтар ҳамчун душманони халқ, ҷосусони ҳукумати
Туркия ва Германия ба ҳабс гирифта шуданд ва нобуд
гардиданд ва онҳое, ки аз ин дору гирҳо эмин монданд, ба
Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат карданд.

Мавзӯи ҳар ду мақолаи дар боло зикршудаи устод Айнй
гамхорӣ нисбат ба толибилмони дар хориҷа буда, ба онҳо

35
кумаки модди расонидан ва ба таҳсили бомуваффақияташон
мусоидат кардан аст.

Дар ду соли охирнавиштааст устод Айнй дар мақо.ҷаи
аввал, - аз Самарканд 30-40 нафар ҷавонон ба шаҳрх^и
Маскав, Петроград, Боку, Тошканд, Тарабзун ва Анқара ба
хондан рафтанд. Як қисми онҳоро ҷамъияти “Кӯмак
уиушмаси’ фиристодааст, қисми дигарашон бо ташаббуси
худашон ба хондан рафтаанд, ки онҳоро устод Айнй
қахрамонони ба суроги илм рафта” номидааст.

>^ни таъкид намудааст, ки аксари ин ҷавонон фарзандони
камбағалонанд ва ба мадади аҳли оилаашон умед баста
наметавонанд. Бинобар ин ҷамъиятҳои илмии “Кӯмак
уиушмаси” ва “Нашри маориф” бояд ба онҳо ёрй расонанд.

стод Айни бо мақсади бедор намудани ҳисси
миллатпарасти ва раҳму шафқати аҳли ҷомеа пораи
муассиреро аз номаи Абдураҳим писари Абдурауфи
Самарканда мисол оварда навиштааст:

. ШогиРдани мо ба ин душвориҳо нигоҳ накарда, бо шавқи
тамом илм омухта ва вазифаашонро бомуваффақият иҷоо
намуда истодаанд. “Акнун навбати мо. Мо бояд чй кор кунем?
Мо, бечора шогирдонамон бисёр азоб кашиданд, худо
мушкилашонро осон кунад, гуфга бо бечорагии худ, бо хариду
ФЗФУШ, бо зикру тасбеҳ, бо асбу аробаю кӯбкорй, бо кайфу
сафо ва аишу нушамон машғул шуда гаштан мегирем-мй0 Ё
ин соа™ умри худро дар фикри ҳамин қаҳрамонони

роҳи илм сарф менамоем ва ё ақаллан музди дастранҷи
якрузаамонро ба онҳо ҳадя мекунем?

Охир, ин ҷавонон фарзандони ҳамин Ватан ва ҳамин диёр
ҳастанд, онҳо барои оянда ва саодати мардуми мо, барои
хидмат намудан ба онҳо ба хондан рафтаанд.

Агар ҷамъиятҳои ‘Кӯмак ва нашри маориф уйушмаси”
даккати кормандони масъулро ба ин масъала ҷалб намуда, бо
маслиҳат чорае андешанд, таъмини шогирдони хориҷиамон он
кадар ҳам душ вор нахоҳад шуд.

Ин масъаларо дар байни 2-3 рӯз дар идораи “Нашри
маориф Ҷамъ омада, ҳал кардан зарур аст. Агар ин

36
ҷамъомадҳо ҳам натиҷа надиҳанд, он гоҳ лозим меояд, ки харҷи
якҳафтаинаи оила, тӯй, зиёфат ва гаштакҳои заруру нозарури
50-100 нафар бародаронамонро иҷмолан ба ҳисоб гирифта.
нишон диҳем ва ба онҳо муроҷиат кунем, ки масорифи худро
то андозае ихтисор намуда, як қисми онро ба шогирдони дар
хориҷа будаи мо диҳанд”.

Мақолаи дуввуми устод Айнӣ баъд аз 17 рӯзи интишори
мақолаи аввал ба табъ расид. Маълум аст, ки мақолаи якум
натиҷа надодааст. Устод Айнӣ навиштааст, ки “кормандони
масъул ва маорифпарварон баъд аз он мақола се маротиба
дар идораи “Нашри маориф” ҷамъ омаданд, вале натиҷае
ҳосил нашуд, нишастанду гуфтанду бархоставд- Он зотҳое, ки
ба муҳокимаи ин масъала омаданд, хдтто барои хондани ягон
номаи толибилмон ҳавсала надоштанд” — бо таассуф кайд
намудааст устод Айнӣ.

Ӯ чун дар мақолаи аввал номаҳои аз Маскав ва Қазон
навиштаи толибилмон пораҳоеро зикр кардааст, то ба қавли
устод Айнӣ “Худо кунаду дили хонандагон сӯзад ва хуни
ҳамияташон ба ҷӯш ояд”. Масалан аз толибилмони Самарканда
аз Маскав бо имзои 8 нафар чунин нома омадааст:

“Аҳволамон ниҳоят вазнин аст. Пули аз Самарканд
гирифтаамон ақаллан барон хароҷоти роҳ нарасид. Баъзе
рафиқонамон, ки стипендия мегиранд, ба мо ҳам ёрй расонида
истодаанд, набошад кайҳо аз гуруснагй мемурдем. Як рафики
дар Петроград будаи мо либосҳояшро дуздонидаасг. Барболои
гурусна будан бесару тан хам мондааст”.

Устод Айнӣ бо истеҳзо навиштааст, ки шогирдони дар
гурбат будаи мо пули ночизи стипендиашонро бо хам дида
истодаанд, вале мо оши палави оринҷшор хӯрему вақте ки
сухан дар бораи ба онҳо ёрй расонидан равад. сарамонро хам
карда, ба замин нигоҳ карда нишинем, оё дурусг аст?” Ӯ боз
ба маорифпарварон ва кормандони масьул мурочиат
намудааст:

“Агар ягон ҳафта оши камгӯшт хӯрем ва ё ба чои палав
кичирй пазем ва пули бо ҳамин роҳ сарфа кардаамонро ба
шогирдони дар хориҷа будаамон фиристем, ҳеҷ зарар

37
намебинем”.

Аввалин шуда худи устод Айнй дар ин роҳ намунаи ибрат
шудааст. У дар ин бора навиштааст: “Ман ба дӯстони дар
Самарканд будаам як зиёфат доданам лозим аст. Зеро ки шаш
сол боз дар Самарканд зиндагй мекунам, дар ҳамин ҷо хонадор
шудам, дар ҳамин ҷо ҳавлию ҷой кардам. Вале то имрӯз ҳеҷ
кас як пиёла чои маро нанӯшидааст. Дар ин зиёфат ман бояд
камаш 20 нафарро даъват кунам. Азбаски зиёфатҳои ман барин
шахсон сермасриф мешаванд, ба зиёфати 20 нафар бояд ду
червон харч кунам. Ман аз баҳри ҳамин зиёфат мебароям ва
ду червони ба он сарф мешударо ба фоидаи талабагони дар
хориҷабуда ба “Кӯмак уйушмаси” ҳадия мекунам.

Ман аминам, ки зиёфати маро хӯранд-мй, нахӯранд-мй, дар
хотири ҳеҷ кас намемонад. Вале ин ба толибилмон кӯмак
мешавад. Агар ҳар кас дар ин бора ба андеша равад, метавонад
хароҷоташро камтар карда, чизе ба шогирдонамон ҳадия
намояд”.

Устод Айнй чи қабл аз Инқилоб ва чи дар солҳои аввали
баъд аз Инқилоб дар байни зиёиён ва донишмандон обрӯю
эътибори калон дошт. У яке аз асилзодагони Бухорои Шариф
буда, гузаштагонаш щахсони бомаърифат ва мӯътабар маҳсуб
мешудаанд (Ниг. Муҳаммадюсуф Имомов “Ҷаҳонбинӣ ва
тафаккури бадеии устод Айнй”). У дар баробари донишманди
варзидаи замонааш будан, инсони миллатпараст ва ватандӯст
буд. Ба сухани у ҳаммаслаконаш гӯш медоданд, маслиҳаташро
мепазируфтанд.

Баъди бо игвои муллоҳо аз тарафи амир баста шудани
мактабе, ки устод Айнй бо ҳамроҳии Абдулвоҳиди Мунзим
дар ҳавлии у таъсис дода буд, муллоҳо ва одамони амир
издиҳоми кучаро ба шур оварда, Мунзимро зада куштанй
буданд, ӯ ба Қаршӣ гурехта халос шуд. Устод Айнй низ чанд
руз руи пинҳон кард. Вале ақли закй, дониши амиқ, дили
саршори меҳр нисбат ба миллат, обрӯю эътибор ба ӯ итминон
ва тавонои бахшид, ки худаш ба назди аълами Бухоро равад,
бо у мунозира кунад, бартариҳои мактаби навро собит намояд
ва аъламро мулзам кунаду худро наҷот диҳад.4

38
Баъзеҳо шояд ҳайрон шаванд, ки Айнӣ барин шахси бузург
дар он солҳои такдирсоз ба ҳамин масъалаи ҷузъӣ, яъне кӯмак
расонидан ба донишҷуён вақт сарф карда, ду мақола
навиштааст, чандин маротиба дар муҳокимаю сӯхбатҳо
ширкат варзида, ба манфиати онҳо талошҳо кардааст. Вале
ин масъала дар назари аввал ҷузъӣ менамояд. Агар устод Айнӣ
зинда мебуд, имрӯз хдм ба аҳли ҷомеаи мо муроҷиат намуда
мегуфт, ҳар чӣ қадар тавонед, ба мактабу маориф ёрӣ расонед,
ояндаи ҷумҳуриамон, истеҳкоми истиқлолияти он, баланд
бардоштани маънавияти мардум ба саводнокӣ вобаста аст.
Ҷавонони соҳибистеьдодро дастгирӣ кунед, онҳоро ба хондан
фиристед. Нагузоред, ки мутахассисони варзида аз ҷумҳурӣ
кӯч банданд, нагузоред, ки тоҷикон дар ғурбат умр ба cap
баранд, дар сурате, ки Ватан ба дқлу заковат ва дасту бозуи
онҳо эҳтиёҷ дорад. Ғами имрӯзу фардои миллатро хӯред.

Агар устод Айнӣ зинда мебуд, шояд пули он зиёфатеро, ки
мебоист ба ифтихори ба унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон”
сазовор шуданаш, барои дӯстонаш меорост, ба ягон мактаб
медод ва ё китоби барои бачагон хеле зарурро ба табъ
мерасонд.

Мақолаҳои “Толибилмони мо дар хориҷа чӣ ҳол доранд?”
ва “Боз дар бораи толибилмони дар хориҷа будаи мо” бори
дигар соҳиби чи дили бузург будани устод Айниро ифшо
месозад. Ин мақолаҳо аҳли илмро водор менамояд, ки асарҳои
то ин дам ба табъ нарасидаи ӯро ҷустуҷӯ кунанд ва дастраси
хонандагон гардонанд.

39
СИМОИ УСТОД АЙНИ
ДАР ОСОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Дар бораи Мирзо Турсунзода ва фаъолияти эҷодии ӯ китобу
мақолаҳои зиёде навишта шудаанд, вале мутолиаи ин асарҳо
нишон медиҳанд, ки муаллифони онҳо ба як ҷиҳати бисёр
муҳимми эҷодиёти ӯ эътибор надодаанд. Ин масъала тасвири
симои устод Айнй дар асарҳои Мирзо Турсунзода ва ба
тавассути он нишон додани мақоми ӯ дар таърихи халқи тоҷик
аст. Баррасии ин мавзӯъ ба паҳлӯи дигари шахсияти Мирзо
Турсунзода ва эҷодиёти ӯ равшанй меандозад.

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

Ин байти ҳикматноки шодравон Лоиқ ба вижа солҳои охир
дар бисёр мақолаҳою суханрониҳои аҳли фарҳанг мавриди
истифода қарор гирифтааст ва то андозае вирди забон ҳам
шудааст. Бо вуҷуди ин вақте ки сухан роҷеъ ба абармардони
илму адаби тоҷик, муносибати онҳо ба ҳамдигар меравад, хоҳу
нохоҳ ҳамин байт ба забон меояд, зеро он матлаби аслии моро
хеле возеҳу равшан ифода мекунад.

Дар ҳамаи давру замонҳо фарзандони бузурги миллат пушту
паноҳи ҳамдигар, ҳомӣ ва такягоҳи ҳамдигар, нигаҳбони
мероси гаронбаҳои ниёгони худ буданд. Аз таърихи адабиёт

ва фарҳанги тоҷик дойр ба ин масъала метавон мисолҳои зиёд
овард.

Пешгузаштагони бошарафи Айнӣ дар давоми даҳ аср, ба
қавли Мирзо Турсунзода, машъали озодидӯстӣ ва
инсонпарвари”1, машъали ватанпарастй ва маърифатхоҳиро
даст ба даст мебурданд. Дар ибтидои қарни XX ин машъалро
устод Айни ба дасти худ гирифт. Айнӣ барои худшиносии
мардуми тоҷик, барои ба маърифат расидани вай, баланд
бардоштани маънавият ва ҳуввияти миллии вай, таъмини

40
адолати иҷтимой чӣ қадар ҷаҳду ҷадал намуд. Вале агар
Абулқосим Лоҳутй намебуд, он хидмати беназире, ки устод
Айнй ба халқи худ кард, нимкола мемонд. Абулқосим Лоҳутй
буд, ки Айниро аз тӯфони балоомези солҳои шахспарастй наҷот
дод ва бо ҳамин ба адабиёт ва фарҳанги тоҷик боз як хидмати
шоиста кард. Китоби “Мукотибаи Садриддин Айнй ва
Абулқосим Лоҳутӣ” аз ин шаҳодат медиҳад.

Дар айни замон фарзандони бузурги миллат Бобоҷон
Ғафуров ва Мирзо Турсунзода эҳтиёт намудани устод Айнӣ,
ба ӯ ғамхорй карданро ба зиммаи худ гирифтанд.

Мирзо Турсунзода солҳои тӯлонй чун сарвари Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон пуле буд миёни ҳукумат ва
шахсиятҳои фарҳангй. Чи аз тарафи ҳукумат ва чи аз тарафи
нависандагон ҳар муште баланд шавад, аввал ба сари ӯ мезад,
ҳар амали нораво содир гардад, ҳар сухани ноҷо ва носазо ба
миён ояд, дар дили ӯ асаре мегузошт. Номаҳои устод Айнй ба
Мирзо Турсунзода, ки бо сарсухани муфассали Камол Айнй
дар ду шумораи рӯзномаи “Ҷуҳурият” (12,14 апрели соли 2001)
ба табъ расидаанд, ин гуфтаҳои маро тасдиқ мекунанд.

Мирзо Турсунзода аз як тараф чун шахси расмй, яъне
намояндаи хукумат ба устод Айнй ғамхорй зоҳир намояд, аз
тарафи дигар чун саррофи гавҳаршинос ҳанӯз дар ҷавонӣ
бузургии Айниро ба таври амиқ дарк намуд, хидматҳои ӯро
дар назди халқи тоҷик дида тавонист ва ба ӯ чун ба падари
адабиёти муосири тоҷик бо меҳру муҳаббати махсус муносибат
кард.

Устод Айнй бо асарҳои худ халқи тоҷикро ба оламиён
муаррифй кард, Мирзо Турсунзода бошад, дар шинохти устод
Айнй аз тарафи ҷомеаи башарӣ нақши равшан гузошт.
Кӯшишҳои ӯ дар рох,и ба забонҳои халқҳои дунё тарҷума
шудани асарҳои устод Айнй, мақолаҳои ӯ дар рӯзномаю
маҷаллаҳои марказӣ ва ҷумҳурӣ дойр ба эҷодиёти Айнй,
суханрониҳои ӯ аз минбарҳои баланди Маскав ва дигар
мамолики дуру наздик, таҷлили ботантана ва пуршукӯҳи
ҷашнҳои мавлуди ӯ (75, 80 ва 90-солагии ӯ) шоҳиди ин
суханонанд.

41
Мирзо Турсунзода ҳатто дар бистари беморй дар фикри чй
тавр гузаронидани ҷашни 100-солагии устод Айнй буд. Устод
Муҳаммад Осимй дар хотираҳои худ дар ин бора навиштаанд:
“Солҳои охир тамоми фикру зикри устод Мирзо Турсунзода
ба истиқболи ҷашни 100-еолагии зодрӯзи устод Айнй банд буд.
Воқеан ҳам, он кас нисбат ба устод Айнй эҳтироми бепоён
доштанд. “Устод Айнй ифтихори миллим мо, виҷдони миллати
мо” мегуфтанд. BaKte ки дар бораи ҷашни Садриддин Айнй
қарори ЮНЕСКО қабул шуД ва таҳти раёсати Г. М. Марков
комиссиям умумииттифоқии ҷашн ташкил ёфт, хурсандии
Мирзо Турсунзода ҳадДу канор надошт”.

Умуман тамоми тадбйрҳои тайёрии ҷашни устод Айнй аз
майдатарин кор to масъалаҳои принсиписалӣ бо маслиҳат ва
ҷидду ҷаҳди Мирзо Турсунзода ба амал меомад. Афсӯс, ки
тантанаи умумиҷаҳонии чашни устод Айнй бе иштироки
бевоситаи Мирзо Турсунзода мегузарад.2

Нахустин шеъри Мирзо Турсунзода дар васфи устод Айнй
соли 1935 навишта шудааст. Ҳамон сол, яъне соли 1935 30-
солагии фаъолияти ичтимой ва адабии Айнй дар тамоми ҷумҳурй
васеъ ҷашн гирифта шуд. Рӯзнома ва маҷаллаҳои марказй
бахшида ба ин ҷашн шумораҳои махсус бароварданд ва дар онҳо
мақолаю шеърҳои зиёде интишор ёфтанд. Шеъри Мирзо
Турсунзода таҳти унвони “Ба устод Айнй” 26 ноябри соли 1935
дар рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” ба табъ расид. Ҳарчанд дар
ин шеър қалами шоири ҷавони солҳои сиюм эҳсос мешавад, вале
бо тарзи ифода, самимият ва равонии худ аз шеърҳои дигар
ҳамсафони ӯ фарқ мекунад. Чанд байт аз ин шеър:

Хома то фармонбарат, эй табъи оташбор, шуд,

Рӯ ба зидди боргоҳу даҳшату дарбор шуд...

Зидди дунёи куҳан шерона у исён намуд,'

Цасти мазлуми ситамкашро гирифту ёр шуд.
Цухтари тоҷик то бишнид арзц хомаат,

Чеҳрааш хандону рахшон чун рухи Гулнор шуд.

Гашт дармону давои дарди ҳар бечорае,

Лек теге бар гулӯи душманы цаккор шуд.

42
Баъд аз ин маколаҳои ӯ дар бораи Айнй дар рӯзномаҳо,
маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои дастҷамъию алоҳида ба табъ
расиданд ва дастраси хонандагон гардиданд.

Бунёди мақолаҳои Мирзо Турсунзодаро суханрониҳои ӯ дар
маҷлисҳои ёдбуд, ҷашнҳои мавлуди устод Айнӣ ва анҷуману
маҷлисҳои Иттифоқи нависандагон ташкил мекунанд. Ҳадафи
асосии ӯ дар ин мақолаҳо ба хонандагон шиносонидани
шахсияти устод Айнӣ, баррасии муҳимтарин асарҳои ӯ, ошкор
намудани моҳияти фаъолияти илмию адабӣ ва иҷтимоии адиб
ва ба тавассути офаридани симои ӯ тарбияи ҷавонон мебошад.

М. Турсунзода дар мақолаҳояш фаъолияти ҷамъиятӣ ва
адабии устод Айниро ба боги беинтиҳое ташбеҳ додааст, ки
“ҳам меваҳои гуногун, ҳам гулҳои рангоранг ва ҳам осори
бешумори ҳунармандӣ ва заҳмати боғбонро ҳартарафа
муҷассам гардонидааст”.3

Ӯ таъкид намудааст, ки “агар маҳсули адабӣ ва хидмати
ҷамъиятии Айниро бо маҳсули адабӣ ва хидмати коллективи
калони адибон андоза кунем, вазни хидматҳои Айнӣ
бемуболиға афзалтар хоҳад шуд”.4

Мирзо Турсунзода дар бораи устод Айнй бо муҳаббат ва
самимият сухан меронад, суханаш шоирона ва образнок аст.
Мана ба ин порча таваҷҷӯҳ фармоед:

“Чуноне ки ору аз гулҳои бешумору гуногун ба лонаи худ
зарраи қиматбаҳои асалро бо ҷидду ҷаҳд ҷамъ мекунад, Айнй
ҳам инчунин аз саҳро ва киштзорҳои таърихи бои тоҷикон
воқеаҳо ва фактҳоро интихоб карда, ба ганҷинаи солномаи
халқи мо чун шоҳиди ҷидду ҷаҳд ва анъанаҳои озодихоҳонаи
доимии худ дохил мекунад”.5

Эҷодиёти Айнй аз як мақола то мақолаи дигари Мирзо
Турсунзода амиқтар таҳлил шуда, сухани муаллиф муассиртар
ва самимитар, эътиқодаш қавитар ва эътимодаш ба бузургй
ва нотакрории ӯ мустаҳкамтар мегардад. Дар натиҷа симои
устод Айнй ҷилои тоза дар бар намуда, ба таври дигар
медурахшад, ҳар дафъа пахдӯҳои дигари фаъолияти эҷодй ва
ҷамъиятии ӯ равшантар намоён мешавад.

Як чизи муҳимме, ки Мирзо Турсунзода дар мақолаҳояш

43
гаштаву баргашта таъкид намуда, диққати хонандагонро ба
он ҷо ҷалб мекунад, ин заҳматдӯстӣ ва пуртоқатии устод Айнй
аст. “Ин меҳнатдӯстӣ, — навиштааст ӯ, — Айниро маҷбур
мекунад, ки бо мурури замон ба асарҳои эҷодкардааш боз аз
нав баргашта, ба онҳо як чизи нав дохил кунад, онҳоро васеътар
намояд ва гоҳо онҳоро аз нав кор кунад”.6

Мирзо Турсунзода дар бораи таҳрири охирини повести
“Марги судхӯр” сухан ронда, бо овардани баъзе лаҳзаҳо аз
хотироти худ андешаашро пурқувват менамояд.

“Мо боре аз Айнй пурсидем, ки чй лозим буд васеъ кардани
ин асар, ки пурра буда, ба таври олй навишта шудааст. Айнй
аз бобҳои навнавиштаи худ, чунон ки аз галаба шод мешаванд,
хурсанд шуда ба мо ин хел ҷавоб дод: “Дар давоми ҳамин
қадар сол мунаққидон дар повести ман камбудии калон ва
муҳимро ошкор карда натавонистанд. Дар он халқ нест. Ман
нишон додаам, ки Қорӣ Шикамбаи судхӯр дар тани
савдогарони шаҳр ва косибони хурд паразитона зиндагй
мекард, ҳол он ки дар ҳақиқат чанголи судхӯрон чуқуртар
фурӯ рафта буд. Онҳо бо векселҳои бонки худ деҳқононро
хонахароб карда, бо ин асоси ҷамъияти Осиёи Миёнаро вайрон
мекарданд. Ин бадкирдории бештар мудҳиш буд. Ман
камбудиамро худам ёфтам ва ислоҳи он хаторо вазифаи
муқаддаси худ мешуморам”.

Ин сифати бебаҳо — сифати меҳнатдӯстй ва принсипиалии
нависандагии ба меҳнат содиқона рафтор кардан мебошад. Ва
мо шогирдони ӯ, ин сифати ӯро бояд бо миннатдорӣ қабул
кунем”.7

Аз мақолаҳои Мирзо Турсунзода симои устод Айнй чун
нависандаи бузург ва заҳматкаш, инсони башардӯст ва
ватанпараст, инсони маърифатхоҳ ва халқпарвар пеши назар
меояд. Ҳамин хислатҳои адиб дар достони “Чароги абадй”
ҷамъбасти шоирона ёфтаанд. Мақолаҳои Мирзо Турсунзода
зинаҳое буданд, ки шоир ба воситаи онҳо ба қуллаи мақсад
роҳ паймуд. “Чароги абадй” натиҷаи ҳамин роҳпаймоӣ ва
ҷустуҷӯҳои тӯлонии шоир аст.

Дар достони “Чароги абадй” симои устод Айнй тавассути

44
андешаҳои қаҳрамони ғинои, яъне, “ман”-и шоир офарида
шудааст.

Аз солҳои 50-ум cap карда дар адабиёти собиқ Иттиҳоди
Шӯравӣ, аз ҷумла халқи тоҷик анъанаи таҳлилӣ пурқувват
шуд. Назари адибон ба ҷаҳони ботинии инсон, ба ҳолати рӯҳии
он амиқтар гардид. Шоирон ба таҳқиқи нозуктарин тобишҳои
эҳсосоти одам машғул шуданд. Дар айни замон тафаккури
шоирона, таърихият ва ҷиҳати фалсафии он вусъат ёфт.

Мутафаккири бузурги рус Н. А. Добролюбов навишта буд:
■‘Ҳақиқатеро, ки файл асу фҳо фақат дар назария пай мебаранд,
нависандагони бузург аз ҳаёт ба даст меоранд ва ба риштаи
тасвир мекашанд. Онҳо аз вазифаҳое, ки ҳангоми таълифи
асари бадей бар дӯш доранд ва иҷрои онро қарзи нависандагии
худ медонанд, болотар рафта, дар қатори арбобони таърихие
ҷой мегиранд, ки ба инсоният барои дарки қувваҳои зинда ва
майлҳои табиии ӯ ёрӣ мерасонанд”8.

Дар ҳамаи давраҳои таърихи адабиёти тоҷик, аз замони
Рӯдакй то Аҳмади Дониш, бисёр шоирони бузург дар бораи
масъалаҳои мураккаб ва доимии ҳастӣ бо эҳтироси тамом
андеша рондаанд. Вале замони нав ба шеър мазмуни нави
фалсафӣ бахшид.

Он тағйироте, ки дар ибтидои қарни XX дар Осиёи Марказй,
аз ҷумла дар ҳаёти сиёсии халқи тоҷик ба вуқӯъ пайваст,
риштаҳои пайвандии фарҳангу адабиёти моро бо гузашта
муддате гусаст. Робитаҳои байни адибони калонсол ва ҷавон
низ то андозае суст гардиданд. Ба майдони адабиёт ҷавононе
ворид шуданд, ки ҳанӯз саводи қазоӣ надоштанд, аз шеъру
шоирӣ огаҳ набуданд, вале бо иштиёқи тамом шеър
менавиштанд. Шеърҳои соддалавҳона саҳифаҳои рӯзномаҳою
маҷаллаҳоро пур карданд. Ин ҳолат асолати сухани шоиронаро
аз байн бурд. Адабиёт ба тақозои замон хусусияти тарғибию
ташвиқй дар бар кард. Ин ҳол то солҳои 40-ум давом намуд.
Баъд аз солҳои 40-ум ҳарчанд дар адабиёт сиёсатгарой дар
ҷои аввал қарор дошта бошад ҳам, шоироне ба воя расиданд,
ки ба мазмуну санъати баланд то андозае эътибор медодагӣ
шуданд. Аз солҳои 50-ум cap карда, дар шеъри тоҷик

45
тафаккури фалсафй вусъат пайдо кард. Инро мо, пеш аз ҳама,
дар шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода мушоҳида мекунем.

Мирзо Турсунзода аз ибтидои эҷодиёти худ шоири лирик
буд. Дар эҷодиёти ӯ ҳиссу ҳаяҷони инсонӣ амиқ ифода меёфт.
Ҳатто дар достонҳои ҳамосии солҳои аввали эҷодиёти ӯ лирика
мавқеи калон дорад.

Устод Муҳаммадҷони Шакурй дар китоби худ “Анъана,
халқият ва маҳорат” дар бораи эҷодиёти Мирзо Турсунзода
сухан ронда, чунин навиштаанд:

“Он мазмуни амиқи фалсафй, ки дар давраи пас аз ҷанги
Ватанӣ, масалан, дар “Қиссаи Ҳиндустон” дида мешавад,
маҳсули инкишофи минбаъдаи эҷодии шоир, натиҷаи таҷрибаи
калони ҳаётӣ ва нависандагӣ ҷамъ кардани ӯ буд”.9

Оре, аз “Қиссаи Ҳиндустон” cap карда, дар эҷодиёти Мирзо
Турсунзода мазмуни фалсафй торафт амиқтар шуда, хусусан
дар достонҳои ӯ инкишоф ёфт. Достонҳои ӯ “Садои Осиё”,
“Ҷони ширин” мазмуни фалсафй дар бар кардаанд, вале
“Чароғи абадй” cap то по достони фалсафй буда, намунаи
балоғати эҷодии Мирзо Турсунзода маҳсуб мешавад.

Дар асари фалсафй мазмун бо воситаҳои махсус ва пеш аз
ҳама бо таҳрикаҳои эҳсосот зуҳур карда, ба фикри умумй
меорад. Дар достони “Чароғи абадй” хусусиятҳои ҳам шеъри
ҳиссӣ ва хам фалсафй мушоҳида мешавад. Ин достон бо
эҳсосоти пуршидцат навишта шудааст, ҳар як ҷузъи он, ҳар як
унсури тасвир эҳсосоти амиқи инсониро дар бар мегирад. Шаб.
Шоир дар изтироб аст, дили ӯро ҳаяҷони қавӣ фаро гирифтааст
ва он имконият намедихад, ки ӯ ором бошад ва хоб кунад, ӯ бо
таъсири эҳсосот аз хона берун меравад. Ба садои шаб гӯш
медихад, нафаси баҳор ба рӯяш мезанад ва аз ин дар дили ӯ
туғёни тозаи ҳаяҷон ба вуқӯъ мепайвандад. Субҳ, оғози рӯзи
нав, ҳаяҷони шоир пайваста инкишоф меёбад. Ӯ дар
таваллудхона нахустин бор рухи тифли навзоди худро мебинад,
садояшро мешунавад. Дар таваллудхона хама чиз: кӯдакони
навзод, кори ҳамшираҳои шафқат, падарони мунтазир
нозуктарин торҳои дили шоирро ба ҷунбиш меоранд. Вохӯрӣ
бо устод Айнй ҷараёни нави эҳсосоти шоирро ба амал

46
меоварад, яьне дар достон ҳар сатр барон ифодаи ҳаяҷони
инсонӣ нақши муҳим бозидааст. Ammo ҳар бор шоир дар асоси
эҳсосот фикре, андешае зоҳир мекунад. Эҳсосот барон ӯ
ҳамчун воситае барон ҳаракат додани фикр хидмат мекунад
ва пурқувватии он ҳар дафъа боиси пурқувват шудани фикру
андешаҳои шоир мегардад. Эҳсосот хищтест, ки аз он шоир
пояи фикрҳои дурпарвози худро месозад. Қаҳрамони ғиноӣ бо
як ҳиссиёти саршор аз меҳр ба пешвози устод Айнӣ равон
мешавад, ки “ду замонро дида аст”, гаму андӯҳу шодии
ҷаҳонро чашидааст. Вокзал ӯро аз нав ба фикру андеша водор
месозад. Инак, қатора меояд ва аз он устод Айнӣ намоён
мегардад:

Қатор омад вагон, поезд омад,

Ба ҷони интизорон ҷон даромад.

Ду чашми ман ба дарҳои вагон шуд,

Мана, аз дар адиби мо аён шуд.

Намоён гашт фарзанди Бухоро,

Ҳамон тавре ки дидӣ дар “Алифбо”.

Сафедӣ ришро ишгол карда,

Танашро хастагӣ беҳол карда
Валекин дил ҷавон, пурҷӯш сина,

Асо дар даст по монад ба зина.

Қариб аз нур монда чашмҳояш,

Шуда ларзон адояш, дасту пояш.

Адиби хешро огӯш кардем,

Заданҳои дилашро гӯш кардем.

Ба устоди қаламкаш дод пайгом
Тамоми шаҳр аз ҳар як дару бом.

Салом омад, дуруд омад ба Айнй,

Саломи чун су руд омад ба Айнй.

Муяссар шуд маро дар як саҳаргоҳ,

Ки бинам рӯи ду инсони дилхоҳ.

Яке фарзанди ман, навзоди ман буд,

Цигар панди ману устоди ман буд.10

47
“Дар зиндагй на ҳама вақт воқеъ мегардад, ки тарҷумаи
ҳоли як одам бо тарҷумаи ҳоли халқи ӯ мувофиқ ояд.—
навиштааст Мирзо Турсунзода дар як мақолааш.—
Саргузашти Садриддин Айнӣ, хушбахтона, айнан ҳамин тавр
аст” ва давом додааст — “Ҳамаи он чиро ки халқи ситамдидаи
точик диду аз cap гузаронид, Айнӣ ҳам аввал дар айёми кӯдакй,
баад дар ҷавонӣ ва охир дар айёми баркамол шуданаш дид ва
аз cap гузаронид”.11

Дар достони “Чароғи абадӣ” низ Мирзо Турсунзода тақцири
устод Айниро вобаста ба тақдири халқи тоҷик баррасй
намудааст. Ӯ тарчумаи коли устод Айниро ба хотир оварда,
дар симои Айнй Шарқи оэод, адолатхоҳ ва маорифпарварро
офаридааст. Вақте ки шоир дар бораи Шарки хориҷа сухан
меронад, изҳори таассуф мекунад, ки ҳанӯз аз Ғарб ба Шарқ
танкҳо меоянд, ҳанӯз бӯи ҷанг, дуди ҷанг ба машом мерасад.
Вале шоир аз он хурсанд аст, ки Шарқи куҳан муборизу сулҳҷӯ
гаштааст, дигар аз тахдиди агёр наметарсад. “Чароғи абадӣ”
пеш аз ҳама маҳсули шиддати фикр ва назари доманадори
мутафаккир аст:

Ҳанӯз аз Ғарб гарчи танк ояд,

Ба сӯи Осиё бо ҷанг ояд.

Ҳанӯз аз Шарқ бӯи дуд хезад,

Сутуни дуди нафтолуд хезад.

Ҳанӯз озурданӣ ҷони арабро,

Ба ягмо бурданӣ хони арабро.

Вале Машриқ аз таҳдиди агёр
Наметарсад, намеларзад дигар бор.

Баҳори зиндагиро дӯст дорад,

Ба зидди ҷанги нав ӯ ҷанг орад.'2

Достони “Чароғи абадӣ” дар асоси тазоду муқобала сохта
шудааст. Дар ин достон образҳои тифли навзод ва устод Айнӣ
хусусияти рамзӣ дошта, чун тазод омадаанд, вале шоир
“Мазмуни реалиро дар рамз не, балки баръакс рамзро дар
шахси одами зинда ва дар фактҳои мушаххас дидааст”13.

48
Гифли навзод рамзи ояндаи Шарқ аст. Шоир беҳтарин
хислатҳои наели худ ва замони худро ба ӯ, ба наслҳои оянда
васият кардааст. Устод Айнй бошад, чун пайвандгари гузашта
бо имрӯзу фардои миллати мо ба тасвир омадааст.

Мирзо Турсунзода дар мақолаҳои худ аз шарҳи ҳоли устод
Айнй ба ҳамон нуктаҳое бештар диққат медиҳад, ки дар
ташаккули шахсияти ӯ ҳамчун шоир ва нависандаи бузург,
олими адабиётшинос, таърихнавис ва забоншинос, ҳамчун
ходими давлатӣ ва ҷамъиягй нақши равшан гузоштаанд, ҳамон
ҳодисаҳоеро нақл мекунад, ки ӯро чун фидоии адабиёт
муаррифй менамоянд. Мирзо Турсунзода дар ин бора
навиштааст:

“Махсусан мушоираҳо, байтбаракҳо, дар бораи илму фан
суханрониҳо, овози хуши мутрибон ва ҳофизони ширинкалом
монанди Ҳоҷй Абдулазиз ва дигарон дар меҳмонхонаи
Шарифҷон Махдум, ки ӯ дар он даргоҳ хидмат мекард, ба Айнй
таъсири хеле чуқур мебахшанд ва ӯро ҳамчун аҳли адаб ба
камол расондан мегиранд. Зеҳни ҷавони зиракро бо сӯҳони
назм суфта мегардонад... Ӯ дар тарҷумаи ҳоли худ нақл
мекунад, ки девони шоир Соибро ба ивази хидматаш аз Зуҳур
Махдум ҳадя гирифтааст, девони Ҳофизро дар ивази хидмати
дусолаи бемузд аз Муллорӯзӣ гирифтааст. Ду сол меҳнат
карда, танҳо ба як девони Ҳофиз соҳиб шудан ин кори одамест,
ки ба назм, ба адабиёт худро фидой эълон карда бошад. Ба
ҳамин тариқ оҳангҳои дилфиреби мусиқии классикии тоҷик
“Шашмақом”, сурудҳои дилхароши халқӣ ба монанди
“Маврича” рӯҳи Айниро ба парвоз меоваранд, шоҳбайтҳои
мардони бузурги назм ба ӯ болу пар мебахшанд. Ҳайҳот! Дар
шароити Бухорои амирӣ парвоз кардан мумкин набуд, дару
деворҳои ғафси ин шаҳри феодалӣ пеши насими форамро
мегирифтанд, одамро дар зери бомгӯшаҳои ҳузнангези ҳарамҳо
чун мурги паруболрехта нигоҳ медоштанд”14.

Дар ҷои дигар ин фикрҳои худро гӯё ҷамъбаст намуда Мирзо
Турсунзода навиштааст:

“Айнй аз ҳамаи он боигарии маданияти ҳазорсолаи тоҷик,
ки онро ганҷинаҳои беназири рӯҳи озодихоҳонаи халқ асрҳои

49
зиёде боэҳтиёт нигоҳ дошта омадаанд, гизо гирифтааст”15.

Ҳамин андешаҳоро Мирзо Турсунзода дар достони “Чароги
абадӣ” ба ҷомаи ҳарири шеър печонидааст:

Чароги Мадраса дар кунҷи тира
Ба мысли кирми шаб месӯхт хира.

Ба чашми нурҷӯ, марди адабгоҳ,

Гаҳе Хайём мешуд шӯълаи моҳ.

Зи Саъдӣ гоҳ оташпора мешуд,

Ба гирди Рӯдакӣ сайёра мешуд.

Чарог аз назм, нур аз назм меҷуст,

Ба ишқи назм мысли сабза меруст.

Сухан аз назми сеҳрангез мегуфт.

Ба ёди назм ӯ мехест, мехуфт.

Ягона дафъи савдояш ҳамин буд,

Ҳаёти нурҷӯянда чунин буд.

Устод Айнй дар достони Мирзо Турсунзода чун нурафкане
тасвир ёфтааст, ки роҳи мардумро ба сӯи маърифату фарҳанг
равшан мекунад. Аз cap то пои ӯ нур меборад, нури умед, нури
муҳаббат нисбат ба зиндагй, нури меҳру садоқат ба диёри худ
ва мардуми он.

Ба наздам пирамарди Шарқ дидам,

Ба нур онро саропо гарқ дидам.

Адиб аз нур давлатманд гашта.

Ба нур аз ҷону дил пайванд гашта.

Ҳамеша равшаниро орзу дошт,

Умед аз бахту аз рӯи накӯ дошт.п

Мирзо Турсунзода устод Айниро дар асари худ чун хиради
халқ таҷассум намудааст. Унсуралмаолии Кайковус гуфтааст:
Ғизои хирад хикмат аст”. Мирзо Турсунзода дар бораи Айнй
сухан ронда, хеле бамавқеъ ба панду ҳикмат мегузарад. Вале
ин панду ҳикмати холӣ набуда, ҷамъбасти фалсафии тамоми
андешаҳои дар достон баён кардаи уст. Шоир онро ба таври

50
одци бевосита аз забони худ намеорад, балки онро дар чашмҳои
Айнӣ, хатҳои ҷабин ва хамҳои чашми ӯ мебинад:

Назар кардам ба пира ранҷдида,

Ба ду чашмон, ба абрӯи хамида.

Назар кардам ба хатҳои ҷабинаш,

Ба мӯҳои сараш, хамҳои чинаш.

Надар гӯё маро табрик мегуфт,

Суханҳои ба дил наздик мегуфт.

Надар мегуфт: “Одам чун дарахт аст,

Царахти решаномаҳкам карахт аст".

Ё ин ки:

Ба фарзандат сабақ омӯз зинҳор,

Ки аз макри адӯ бошад хабардор.

Ба ҳар ҷо илм бурда ҷаҳл ронад,

Қасос аз ҷаҳлу иодоий ситонад.

Фишорад гарм дасти дӯстонро,

Мададгорй кунад афтодагонро.

Ба мысли заррае тобанда бошад,

Ба ҳар маҳфил чароги зинда бошад.

Ба олам наел аз мо ёдгор аст,

Ба ӯ фардои инсон чашмдор аст.18

Ҳар як сатри ба гасвири Айнй бахшидаи Мирзо Турсунзода
саршори эҳсосот ва ҳаяҷони амиқи дил аст. Устод чи дар
мақолаҳояш ва чи дар достоин “Чароги абадӣ” гардишҳои
ҳалкунандаро дар шарҳи ҳоли Айнй, хидмати беназири ин пири
хирадро дар ҳаёти халқ, дар инкишофи босуръати адабиёти
муосири тоҷик, афкори иҷтимоиву маънавии мардум баён
намуда, бузургии мақоми ӯро дар таърихи халқи тоҷик нишон
додааст.

Устод Турсунзода низ бо осори рангину намакин, фаъолияти
сиёсиву иҷтимоии хирадмандона ва башардӯстонаи худ дар
дили мардуми мо ошён гузоштааст ва дар таърихи он мақоми
шоистаеро соҳиб гардидааст. Нишон додани бузургии ин
мақом вазифаи бузургони имрӯзу фардои илму адаби тоҷик
мебошад.

51
НАҚШИ АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТИ
ДАР ҶУНБИШИ МАШРУТАХОҲИИ ЭРОН

_ Б°Ре шодравон устод Раҳим Ҳошим, ки яке аз шогирдон ва
дустони Абулқосим Лоҳутӣ буданд, дар як сӯҳбати хусусӣ ба
нигорандаи ин сатрҳо чунин суханони ӯро ёдовар шуданд:
Ман пеш аз ҳама сарбози инқилобам, варна дар ҳар як
қаҳвахонаи Эрон мисли ман даҳҳо шоирро пайдо кардан
мумкин аст”.

Албатта гуфтаҳои Лоҳутӣ дар бораи шоириаш нишонаи
хоксорй ва фурутании ӯст. Лоҳутӣ бешубҳа яке аз шахсиятҳои
нотакрор ва бузурги олами форсизабонон буда, дар адабиёти
садаи бистум мақоми баланде дорад. Вале худро сарбози
инқилоб номидани у ҳақиқати маҳз аст.

Адабиётшиноси эронӣ оғои Боқир Садри Ниё дар мақолаи
худ “Мафҳуми миллият дар шеъри Абулқосим Лоҳутӣ” дар
ин бора навишта аст:

У (Лоҳутӣ — Х.О.) танҳо шоири ин давра (давраи
машрутахоҳи — Х.О.) аст, ки бархилофи дигарон дар роҳи
таҳқиқи ормонҳои иҷтимоии хеш ба ҳарбаи шеър ва сухан
басанда накарда ва аз силоҳи гарму оташин мадад ҷустааст”.1

Оре, фаъолияти инқилобии устод Лоҳутиро аз эҷодиёташ
ва эҷодиёташро аз фаъолияти инқилобиаш ҷудо кардан
имконнопазир аст. Худи ӯ низ борҳо инро таъкид кардааст.
Лоҳути соли 1936-ум дар сӯҳбат бо нависандагони коргари
шаҳри Тошканд чунин гуфтааст:

• • ЛаР ҳамаи давраҳои ҳаёти худ қалам аз даст наниҳода,
дар айни ҳол ба путк, туфанг ё бел низ кор кардаам. Фаъолияти
адабиам ҳамеша бо ҷабҳаи ҷанг ё истеҳсолот, бо зиндагй, бо
кор ва мубориза вобастагӣ доштааст”.2

Ш°ир ин маъниро дар шеър низ ифода намудааст:

Танҳо на ман адиби сухандонам,

Ҷанговару муборизи майдонам.

52
Ман ҳам ҳарифи тӯпаму тайёра,

Ҳам ошнои чаккушу сандонам.

Цар вақти базм булбули дастонгӯ,

Цар вақти разм Рустами Дастонам.

Афсӯс ки бисёр шеърҳои дар майдони мубориза навиштаи
Лоҳутй, чунон ки худаш арз кардааст3, аз байн рафтаанд, вале
аз он чи ба табъ расидаасту имрӯз ба мо дастрас аст, маълум
мешавад, ки ӯро маҳз меҳри ватан, орзуи озоду соҳибистиқлол
дидани он, роҳи наҷот ҷустан “барои гуруснагон, мазлумон
ва заҷркашоне, ки атрофашро гирифта буданд”, ба ҷунбиши
машрутахоҳон пайваст.

Нахустин ашъори Абулқосим Лоҳутӣ таҳти таъсири афкори
падараш эҷод гардида, мазмуни сӯфиёна доштанд. Онҳо аз
лиҳози сабку забон пухта, устувор ва пурмоя буда, аз тавоноии
ӯ дар ин ҷода дарак медоданд.

Мураттиби “Девон”-и Абулқосим Лоҳутӣ Аҳмади Баширй
(гуфтан ҷоиз аст, ки ин “Девон” аз ҷиҳати фарогирии осори
Лоҳутй яке аз пурарзиштарин китобҳост дар солҳои охир) дар
пешгуфтори худ доир ба як шеъри ӯ, ки бо номи “Ситоиш” дар
шумораи 356-уми зафарулмузаффари соли 1323-уми ҳиҷрии
қамарии (13 апрели соли 1900 мелодӣ) рӯзномаи ҳафтагии
“Тарбият” ба чоп расида буд, сухан ронда, аз сарсухани ношир
ба ин шеър иқтибоси зеринро овардааст:

“...Тавзеҳи он ки ҷаноби балоғатнасоб Мирзо Аҳмад
мутахаллис ба Илҳомии Кирмоншоҳонӣ аз соҳибони завқи
салим ва хаёли баланд писаре дорад ба синни ҳафтдаҳ сол бо
табъи чун оби зулол ва шеъре монанди саҳар ҳалол ва он
навниҳоли малакутихисол Лоҳутй тахаллус мекунад ва ростй,
ки бемуносибат нест, чи аз олами Лоҳутӣ ба ӯ мадад мерасад
ва носутро ба малакут ва ҷабарут марбут менамояд. Дар
унфавони ҷавонӣ ба матонати пирони мазҳаб сухан сарояд ва
ҷамоли ҳолро ба хубии устодон маҷарруб орояд ва ман банда
бар онам, ки устод Рӯдакӣ ҳам дар ҳафтдаҳсолагӣ беҳтар аз
ин шеър нагуфта ва дурру гавҳари алфоз ва маониро ба ин
дурустӣ ва сафо касе дар ин син насуфта”.4

53
Ин суханон дар назари аввал ҳарчанд муболиғаомез
намоянд ҳам, аз он шаҳодат медиҳанд, ки Лоҳугй ҳанӯз дар
овони наврасй дар байни аҳли адаб шӯҳрат пайдо карда
будааст. Агар соли таваллуди Лоҳутӣ дар воқеъ 1885 мелодй
бошад (чунон ки дар мақола ва асарҳои дар Эрон ба табъ
расида ҳамин тавр зикр шудааст), соли 1900, яъне вақти чоп
шудани ин шеър понздаҳсола будааст.

Шеър бо чунин мисраъҳо огоз меёбад:

Кунун бибояд мехӯрд дар каронаи руд,

Зи дасти соқии гулчеҳра бо таронаи руд,

К-аз эътидоли рабей шикает савлати дай
Аз он сипае, ки тану ҷони халқро фарсуд.5

Аҳмади Баширй инчунин дар пешгуфтори худ аз ёддоштҳои
нависанда ва пажӯҳишгари эронӣ Исмоили Рӯйин ёдовар туда,
суханони зерини ӯро зикр намудааст: “Дар 19-солагй девони
шеъреро, ки саросари он ҳовии афкори дарвешӣ ва сӯфиёна
буд, ба чоп расонид”.6

Албатта чунин шоири ҷавони соҳибистеъдод наметавонист
диққати созмонҳои гуногунеро, ки дар ин давра ба сабаби
норизоии халқ аз зулму ситами ҳокимони маҳаллй ва
империалистони аҷнабӣ дар cap то сари кишвар ташкил
мешуданд, ҷалб нанамояд. Аз ҷумла созмони фармосунрии
Кирмоншоҳ, ки таҳти номи “Ҷамъияти одамият” фаъолият
мекард, ба Лоҳутӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд ва ӯро ба хондан ба
Теҳрон фиристод ва харҷи таҳсилашро бар ӯҳда гирифт.

Боиси ба ин ҷамъият майл кардани Лоҳутӣ шиори “Озодй
—барбарй— бародарй” буд, ки сарони он тарғиб менамуданд.
Роҳбарони “Одамият” мехостанд, ки Лоҳутиро ба манфиати
хеш истифода кунанд. Маҳз ба тавассути онҳо дар Техрон
Лоҳутӣ бо нависандагони пешқадам ва тараққихоҳ ва сарони
гурӯҳҳои машрутахоҳ аз наздик шиносой пайдо кард ва ба онҳо
пайваст. Аз тарафи дигар ӯ дар Теҳрон кору бори
фармосунриҳо, яъне “Ҷамъияти одамият”-ро амиқтар омӯхта
ва аз онҳо робитаашро канд.

54
“Он замон дар гирду атроф ҳодисаҳои азими бемисцу
монанде ба вуқӯъ меомад, — навиштааст Лоҳутӣ дар
“Тарҷумаи ҳол”-аш, — Ҳуҷум ба қуллаи истибдод! Барой ба
даст овардани Қонуни асосй, барон интихоби намояндагони
халқ, қиём, ҳаракат! — мегуфтанд шоирҳои он замон.
Ҳаракати селобвори халқ маро печонда, бо худ бурд. Ман ба
ҳавзаи инқилобӣ даромадам”7.

Рузе, ки Музаффаридиншоҳ оид ба таъсиси Қонуни асосй
фармон баровард (5 августи соли 1906) ва Маҷлиси миллй
ташкил гардид, машрутахоҳон рӯзи ғалабаи худ донистанд.
Дар ин руз мардум дар қатори шеърҳои дигар шоирон сурудҳои
Лоҳутиро низ месуруданд.

Ҷавонмардони Эрон
Мардона кӯшиданд,

То ҷомаҳои фатҳ
Бар тан бипршиданд,

Гузаштанд аз сару тану ҷон
Ҳама дар роҳи Эрон.

Ҷавонмардӣ бингар,

Ҳиммат тамошо кун!..

Сарчашмаҳои адл
Якбора ҷӯшиданд.

Лоҳутй мисли дигар шоирони пешқадами машрутахоҳ бовар
дошт, ки Маҷлиси миллй мамлакатро ба роҳи тараққиёт ворид
хоҳад кард ва аҳволи мардуми Эрон рӯ ба беҳбудӣ хоҳад ниҳод.
Ӯ ҳатто ба Ифтихори Маҷлиси миллӣ қасидае навишт, ки онро
рӯзномаи форсии “Ҳаблулматин”, ки дар Ҳиндустон нашр
мешуд, 17 моҳи сафари соли 1325 ҳиҷрӣ (1 апрели 1907) ба
табъ расонид. Дар он қасида, аз ҷумла омадааст:

Баъд аз ин ҳар кӯдаке чун ман ҳақиру мустаманд
Мешавад аз партави миллат бузургу номдор.

55
Дар ин шеър шоири ҷавон вакилони Маҷлисро ба он даъват
менамояд. ки мардумро аз чанголи ситампешагон дифоь

ачняй-’ Ӯ ХаТаРИ ИСТИЛ0И ЭР°нРО аз тарафи империалистони
аҷнаби эҳсос намуда, ташвишу изтироб зоҳир менамояд ва
эрониенро ҳушдор медиҳад ва ба он мехонад, ки нагузоранд
го Эрон мисли Ҳиндустон ба асорати хориҷиён гирифтор

Ибрате гиред, эй эрониён, аз аҳли Ҳинд,

Ки чй сон теги ҷалодатшон хазид андар гилоф.

Зимнан ӯ ба шоҳи одил бовар дорад, ӯро ситоиш мекунад
аз у миннатпазир асг, ки 6а мардум конуни асосиро бахшид'
Вале ш°х дар амали Мачлиси миллй ба маснади худ хатаре

лапД,РДа' °НР0 пароканда сохт- ТУ"*» Дар Техрон ба гуррнщ
даромаданд, хунҳои зиеде рехта шуданд. Бо вуҷуди ин ҳамаи

азКнГв лТеНт°ГбУД раРДа Натавонистанд' 0таши инкилоб
аз нав дар Табрезу Рашт забона зад. Лоҳутӣ хамоохи

рафиконаш ба Рашт рафт, ки дар он чо ба чунбшии озодихохон
Сатторхон роҳбарӣ мекард. Ҳ

Дар Рашт дар сафи инқилобчиён ягонагӣ ва ваҳдат вуҷуд
надошт. Ҷосусони ирги,о дар байни форсхо. озарихо в?
арманхо низои милли бармеангехтанд. Лохутй чи бо шеър чи

“Г” СУ,1аНРОН"ХО М ЧИ 60 Ибра™ шахс» °нхоро ба
иттиход даъват менамуд. Дар нусхаи аввали шеъри “Ба

ГлТшочоп’’ КИ ДаР РӯЗНОМаи “ЭР°НИ нав” аа 2 мохи май
соли 1910 чоп шудааст, мо чунин мисраъҳоро мехонем:

Ае зардуштиён, эй арманиҳо, эй яҳудиён
Ьародарҳо, шума ҳам дохши ин миллатед охир
а қадри саҳми худ имрӯз бо Эрон кӯмак созед
Шума ҳам з-ин ватан дорой саҳму қисматед охир.

фавБкрЛТртШ„°;4™ ШеЬРР° 33 Нав ТаХР"Р “**»•

Лохутй барон чонбозй ва талошхояш хам дар майдони харб

56
ва ҳам дар майдони сухан бо нишони инқилобӣ, ки дар он
сурати Сатторхон акс ёфта буд, сарфароз гардонида шуд. Баъзе
воқеаҳои ин давраро ӯ дар манзумаи “Ду нишон” тасвир
намудааст.

Як хусусияти муҳимми шеърҳои индавраинаи Лоҳутӣ аз он
иборат аст, ки онҳо бештар воқеаҳои мушаххаси ҳамонрӯзаи
давраро инъикос намуда, оҳанги хитоба ва публисистй дарбар
кардаанд.

Масалан шеъри “Хотираи машъуми Раҳимхон” ба
муносибати сардори дастаи иртиҷоиён — Раҳимхонро, ки ба
муқобили фидоиёни машрутахоҳ дар Теҳрон ва баъд дар
Табрез ҷангида буд, дар паноҳи худ гирифтани ҳукумати Русия
навишта шудааст.

Навбати дуюми маҷлиси милли (17 ноябри соли 1909)
ҳарчанд дорой қувваи пурзӯри оппозитсионй буд, нисбат ба
Маҷлиси навбати якум бештар рӯҳияи иртиҷоӣ зоҳир намуд.
Лоҳутӣ моҳияти Маҷлисро дарк кард, ӯ мушоҳида намуд, ки
вукалою вузаро нафақат ба заҳматкашон хиёнат намуданд,
балки хозиранд, ки истиқлолияти Эронро ба Англияю Русия
фурӯшанд.

Инак, Лоҳутӣ дар шеъри “Ё ҳарду”, ки моҳи декабри соли
1909 навишта шудааст, ҳукумати Сипаҳдор ва вукалои
Маҷлисро фош намуда, нафрату адовати халқро нисбат ба онҳо
ифода кардааст:

Бинои зулму истибдоди синфи муфтхӯр вайрон
Зи чаккуш мешавад, ё доси ҷавҳардор ё ҳарду,

Вакил аз хидмати миллат тагофул мекунад амдан
Ва ё бошад вазир аз мамлакат безор, ё ҳар ду.

Ба маҷлис нисбати эронфурӯшӣ медиҳанд, аммо
Намедонам кунам иқрор, ё инкор, ё ҳар ду.

Вакилону вазиронанд хоин, фош мегӯям,

Агар дар зери тегам, ё ба рӯи дор, ё ҳар ду.

Ин шеър дар рӯзномаи “Чантаи побараҳна” ва чанд
рӯзномаи тараққипарвари Теҳрон чоп шуд ва боиси ба ҳабс

57
гирифта шудани шоир гардид. Танҳо дар зери фишори афкори
омма ҳукуматдорон маҷбур шуданд, ки ӯро озод намоянд.

Нашри шеъри “Ё ҳарду”-ро баъд аз чанд соли мағлубияти
инқилоби машрута дар Эрон ва дар хориҷи он низ манъ карда
буданд. Дар саҳ. 21-уми маҷмӯаи “Лаолии Лоҳутӣ”, ки соли
1921 дар Истанбул ба табъ расидаст, фақат сарлавҳаи ин газал
чоп шуда, дар аввали саҳ. 22 ҷой ва таърихи таълифи он зикр
ёфтааст. Маълум мешавад, ки сензури Туркия ба нашри он
иҷозат надодааст.

Дар шеърҳои ин давраи Лоҳутӣ ду мавзӯи асосй ба
мушоҳида мерасад. Яке тасвири ҳаёти пурмашақкати
ранҷбарон, саъю кӯшиш баҳри бедории онҳо, дигар даъват ба
мубориза ба муқобили истилогарони аҷнабй. Дар баъзе шеърҳо
ин ҳар ду мавзӯъ якҷоя ифода ёфта, дар шеърҳои дигар ба таври
алоҳида баррасӣ шудаанд.

Дар адабиёти форсизабон ба дараҷаи Лоҳутӣ шоире ба назар
намерасад, ки масъалаҳои рӯзгори талхи ранҷбарони
ситамкашидаро ба ин андоза пурвусъат ва амиқ ва бо
таваҷҷӯҳи тамом тасвир намуда бошад, мақоми бузурги
онҳоро дар ҷамъият нишон дода бошад.

Дар шеърҳои “Эй ранҷбари сиёҳтолеъ”, “Маънии одам”
Лоҳутӣ дунёро бе ҳастии ранҷбар, бе дастони пурҳунари ӯ
тасаввур карда наметавонад. Ӯ ранҷбарро боиси ободию
озодии олам донистааст.

Соли 1909 қӯшунҳои рус ба шимол ва аскарони англис ба
ҷануби Эрон дохил шуданд. Онҳо ба кувваҳои иртиҷоии
табақаҳои ашрофи Эрон дар таъқиби инқилобчиёни
машрутахоҳ кӯмак расониданд. Эрон ба майдони шадиди
мубориза ба муқобили душманони дохилӣ ва
мустамликадорони аҷнабӣ табдил ёфт. Бедор намудани
ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ, даъват ба муборизаи
зидди империалистони аҷнабӣ мазмуни асосии эчодиёти
пешқадамтарин шоирони ин давра, аз ҷумла Абулқосим
Лоҳутӣ гардид.

58
Ниёгони шумо мадфун дар ин хоканд, эй мардум,
Ватанро вораҳонед аз хатар, богайратед охир.

Сумы аспи аҷониб дар сари обоатон то кай?
Биронедаш аз ин киигвар, агар боҳимматед охир.

Фарёд мекунад устод Лоҳутӣ дар шеъри “Хитоб ба мардуми
Эрон”. Шеъри дигари ӯ “Фарёди миллат” қасами фарзанди
содиқ аст дар назди Модар-Ватан дар роҳи аз суми аспи адониб
ҳифз намудани он.

Эй модари вапган, писаронат намурдаанд
Осуди бош, гӯли аҷониб нахӯрдаанд...

Номуси мо туй, паи ҳифзи ту ҷон диҳем,

Аз ҷон накӯтар аст Батан, ҷон ба он диҳем.

Мо иттиҳоди хеш ба олам нишон диҳем,

Баҳри субути даъвати худ имтиҳон ди.ҳем.

Чунон ки дидем, дар ин муборизаи озодихоҳона ва
зиддимустамликавй шеър, сухани шоирона нақши муҳим бозид.
Шоирони тараққихоҳ аз қабили Маликушшуарои Баҳор,
Орифи Қазвинӣ, Ашрафи Гелонӣ, Мирзодаи Ишқӣ, Абулқосим
Лоҳутӣ ва дигарон забони шеърро ба забони мардум наздиктар
карданд, то ин ки ба омма фаҳмо ва нишонрас гардад, ба шеър
мазмуни сиёсию иҷтимоӣ бахшиданд. Чунончй шеъри Лоҳутӣ
“Лой-лои модарона”, ки cap то по даъват ба мубориза ва
оҳанги ҷанговарона дар бар кардаст, ба равняй сурудҳои халқи
иншо гардидааст. Бесабаб нест, ки шарқшиноси маъруфи рус
К. Чайкин ин шеърро “аллаи сиёсй” номидааст.

Бархез силаҳшӯр, ту дар ҳифзи Ватан куш,

Эй тозагул, Эрон зи нй хор аст, болам лой,

Пас ҷомаи гайрат ба бадан пӯш.

Лой-лой, бола-лой, лой...

Нагзор ватан қисмати агёр бигардад,

Бо он ки Ватанро чу ту ёр аст, болам лой.

Лой-лой, бола-лой, лой.

59
Моҳи декабри соли 1911 инқилоби машрутаи Эрон шикает
хӯрд. Маҷлис пароканда ва инқилобиён таъқиб карда шуданд.
Солҳои баъди инқилоб, то муҳоҷирати Лоҳутӣ ба Иттиҳоди
Шӯравӣ барои ӯ солҳои хеле душвор ва мураккаб буданд, ки
ин мавзӯи тадқиқоти алоҳида аст. Вале ӯ аз мубориза боре
даст накашид.

Инқилоби машрута дар ташаккули шахсияти Лоҳутй,
афкору ақоиди сиёсиву иҷтимоии ӯ нақши равшане гузошт,
самти эҷодиёти ӯро муайян намуд. Лоҳутӣ низ дар инқилоб,
дар бедории маънавию иҷтимоии мардуми Эрон ҳам бо туфанг
ва ҳам бо қалам саҳми босазое гузошт.

60
НАШРИ ОСОРИ ПАЙРАВ СУЛАЙМОНЙ
ВА КУЛЛИЁТИ ИЛМИИ Ӯ

Пайрав Сулаймонй умри хеле кӯтоҳ дид, ҳамагӣ 34 сол. Ӯ
дар осмони назми тоҷик чун ситораи тобноке дурахшиду
нопадид гашт. Вале шеъри ӯ имрӯз ҳам, фардо ҳам ва қарнҳои
оянда ҳам дилҳоро тасхир хоҳад кард, ҳисро сайқал хоҳад дод,
дар комилтар гардидани инсон саҳм хоҳад гузошт.

Беҳуда нест, ки устод Айнӣ аз арзи вуҷуд кардани ӯ дар
майдони адабиёт изҳори шодмонй карда, навишта буд:

“Пайрав соҳиби истеъдоди комил аст, бӯстони нави
адабиёти тоҷик аз оби равони табъи ин ҷавон бисер сарсабзиҳо
умед дорад”.

Пайрав аз худ осори на он қадар зиёд, вале пурарзише ба
мерос гузошт. Куллиёти илмии ӯ, ки дар Института забои ва
адабиёти ба номи Рӯдакӣ таҳия гардид, аз як ҷилд иборат буда,
16 ҷ.ч.-ро ташкил мекунад.

Соли таълифи нахустин шеъри Пайрав, ки то имрӯз ба дасти
мо расидааст, 1916 аст. Ӯ дар давоми эчодиёти 17 -солаи худ
ҳамагӣ се китоб, дурусташ, се китобчаи худро дид ва ба даст
гирифт.

Соли 1931 нахустин маҷмӯаи ӯ таҳти унвони “Шукуфаи
адабиёт” бо хуруфи арабй аз чоп баромад. Ин аз як тараф,
албатта, наметавонист шоирро хурсанд накунад, вале аз тарафи
дигар ӯро малул гардонид.

Ӯ дар мактуби худ ба дӯсташ Раҳим Ҳошим якуми май соли
1931 дар ин бора навиштааст:

“Дигар маҷмӯаи ман расид, саломат бош! Чаро обложкаи
онро ин қадар хунук кардаанд? Рамкаи сиёҳ барои чй? Кй
мурда буд?” “Шукуфа” ҳам ба ҳамин хунукй мешудааст-мй?
Аммо бо ҳамаи ин эҳтиётҳо чаро боз ин хама ғалат? Забарҳоро
зер кардаанд, зерҳоро забар ва як туда ғалатҳои дигар. Порчаи
“Ҳиндустон” чй шуд? “Гуландом” куҷо рафт. Ку? Куҷо шуд?”.

Ҳамон сол, яъне соли 1931 достони ӯ “Тахти хунин” дар
шакли китобчаи алоҳида ба табь расид, ки он хам бо хуруфи

61
арабӣ аст. Соли 1932 дигар маҷмӯаи ӯ бо номи “Шеърҳо” бо
ҳуруфи лотинй аз чоп баромад.

Китоби дигари Пайрав “Қадам ба панҷсолаи дуввум ’ баъд
аз вафоти ӯ соли 1934-ум нашр гардид. Дар архиви шоир чогш
мошинкаи ин маҷмӯа маҳфуз аст. Ин ба мо ҳуқуқ медиҳад, ки
таҳияи маҷмӯаи “Қадам ба панҷсолаи дуввум”-ро ба худи
муаллиф нисбат диҳем.

Инак, он маҷмӯаҳое, ки аз тарафи Пайрав ба чоп омода
шудаанд ва ба габъ расидаанд ва мо ҳангоми таҳияи Куллиёти
илмии шоир ба онҳо такя намудем. Яке аз мӯьгабартарин
маҷмӯаҳое, ки мо махни онро дар бештарин мавридҳо чун
матни асосй истифода бурдем, “Маҷмӯаи шеърҳо”-и нашри
соли 1934 мебошад. Ин нахустин китоби Пайрав аст, ки баъд
аз вафоти шоир дар таҳияи Раҳим Ҳошим аз чоп баромадааст.
Ба ҳайати таҳририяи он устод Айнй низ шомил буданд. Маълум
аст, ки Рахим Ҳошим бо роҳбарӣ ва маслиҳати устод Айнй ин
корро анҷом додааст. Баъд аз зикри ҳайати таҳририя дар
ҳошияи ҳамон варақ навишта шудааст: “Бо ташаббуси шӯъбаи
Самарқандии Союзи нависандагони Шӯрои Ӯзбакистон ҷамъ
карда шудааст”.

Ин китоб аз мукаммалтарин маҷмӯаҳои осори Пайрав ба
шумор меравад. Агар нахустин китоби шоир “Шукуфаи
адабиёт” 23 шеърро дар бар карда бошад, маҷмӯаи дуввуми ӯ
“Шеърҳо” 30 шеърро ва “Қадам ба панҷсолаи дуввум” 45
шеърро фаро гирифтааст. Ба “Маҷмӯаи шеърҳо”-и соли 1934
62 шеър ворид гардидааст. Ин маҷмӯа аз ҷиҳати сохт низ хеле
чолиб аст. Шеърҳо аз рӯи давраҳои эҷодиёти Пайрав танзим
ёфта, лирикаи ӯ қисми алоҳидаро ташкил намудааст. Дар
маҷмӯаи “Шукуфаи адабиёт” Пайрав 5 шеъри лирикии худро
дохил карда буд, аз ҷумла шеъри ишқии “Шаби хиҷрон бо
хаёли ҷонон”-ро. Маҳз ҳамин шеъри ишқӣ боиси ба чунин
хулоса омадани Бектош гардидааст: “Аз ин нуктаи назар
Пайрав дар адабиёт гӯянда ва намояндаи ҳамон буржуазияи
навхези савдо ва саноати маҳаллй аст, ки барои инкишофи
нуфузи синфи худаш танҳо сароб (обман зрения) будани
Инкилоби октябрро аз хама пештар ва равшантар ҳис

62
мекунад”.1

Баъд аз он ки шеърҳои ишқии Пайрав боиси ба гардани ӯ
гузоштани айбҳои сиёсй гардид, дар маҷмӯаҳои дигари худ
“Шеърҳо” (1932) ва “Қадам ба панҷсолаи дуввум” онҳоро
ворид насохт. Ин маҷмӯаҳо танҳо шеърҳоеро дар бар
гирифтаанд, ки мазмуни иҷтимоӣ доранд.

Раҳим Ҳошим ба “Маҷмӯаи шеърҳо”-и соли 1934 18 шеъри
лирикии Пайравро дохил намудааст.

Тадқиқи матнҳо нишон медиҳад, ки Раҳим Ҳошим на фақат
осори Пайравро аз дасти рафиқони ӯ ва рӯзномаю маҷаллаҳо
гирд овардааст, балки дар ихтиёри худ архиви шоирро
доштааст. Ин фикрро чунин суханони духтари Пайрав —
Шоираи Халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймоцӣ тасдиқ
мекунад: “Чанд сол пеш дӯсти наздики оилаи мо Раҳим Ҳошим
архиви падарамро ба мо супурданд. Ман вақте ки онро варақ
мезанам, чи шоири нисбат ба худ серталаб будани падарамро
тасаввур мекунам. Дар ин архив аксари шеърҳо чанд
чанднусхагӣ буда, дар ҳар кадоми он як фикри тоза, мисраи
нав илова шудааст”.2

Вале дар баъзе шеърҳо матни истифода бурдаи Раҳим
Ҳошим аз матни архиви шоир, ки дар Института забон ва
адабиёти ба номи Рӯдакй маҳфуз аст, фарқ мекунад. Ин фарқҳо
дар қисми муқоиса ва тавзеҳоти Куллиёти илмии Пайрав
нишон дода шудаанд.

Чунон ки илми матншиносй тақозо мекунад, мутуни асосӣ
барои Куллиёти илмии адиб нашри охирини ҳар як асари ӯст,
ки ҳангоми дар қайди ҳаёт будани ӯ ба табъ расидааст. Вале
на ҳамеша нашри охиринро чун матни асосӣ истифода бурдан
мумкин аст.

Барои мутуни саҳеҳи ҳар як шеърро пешниҳод кардан ҳамаи
сарчашмаҳои онро мавриди тадқиқ қарор додан зарур аст. Аз
ин ҷост, ки ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии Пайрав ҳамаи
сарчашмаи матни осори ӯ, пеш аз хама маводи архив,
маҷмӯаҳои ҳангоми дар қайди ҳаёт будани шоир ва баъди сари
ӯ ба табъ расида, китобҳои дарсӣ ва маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ
ба ҳам муқоиса ва аз назари тадқиқ гузаронида шуданд.

63
Дар бисёр мавридҳо ба ҷои нашри охирини асари шоир
дастхати ӯ аз архив чун матни асосй истифода шуд, зеро матни
шеърҳои Пайрав бо ду роҳ осеб дидааст:

1. Нодуруст хондани калима боиси тагйир ёфтани он ва
дигар шудани мазмуни мисраъ гардидааст.

Масалан, дар щеъри “Кай гуфтаамат?” мисраи 16 дар ҳамаи
маҷмуаҳои шоир ба тарзи зер навишта шудааст:

Цилбурдаи дилдодаи худро нигарон бош.

Мо аз дастнависи шоир ин мисраъро чунин хондем:

Цил бурдай, дил доданы худро нигарон бош.

Дар ин мисраъ дил дар ҳар ду калима алоҳида навишта
шуда, “и”-и калимаи аввал “й”-и дароз, на “додай”.

Дуруст будани ин мисраъро мисраи аввали ҳамин байт
тасдиқ мекунад:

Шоҳини асорат сари ҳар кӯй нанишинад,

Цил бурдай, дил доданы худро нигарон бош.

Яъне, шоҳини ишқ дар сари ҳар кӯй наменишинад. Модом
ки ту дили касеро рабудаӣ, худат ҳам дил хоҳӣ аз даст дод.

Дар матни “Мухаммас бар газали Ризой” ҳангоми муқоисаи
ҳамаи нашрҳо бо дастнависи Пайрав се нуқсон ба назар расид.

1. Банди дуюм ва сеюм пешу қафо омадааст. Ин нуқсон
ҳангоми аз назар гузаронидани таркиби мисраъҳои газали
Ризои равшан падидор гардид.

2. Дар мисраи 14-ум, яъне мисраи 5-уми газали Ризой, ки
Пайрав овардааст, иваз шудани як ҳарф боиси осеб дидани
матн гардидааст.

Ҳазор гам ба дилам ҳасту ин ҳам аз ҳама бадтар.

Ин мисраъ ҳам дар дастнависи Пайрав ва ҳам дар газали
Ризои ба тариқи зер аст:

Ҳазор гам ба дилам ҳасту ин гам аз ҳама бадтар,
Ки кас зи хешу зи бегона гамгусор надорссм.

64
3. Дар банди охирини ин мухаммас дар мисраи 32-юм ба
ҷои калимаи “эъҷоз” эъзоз омадааст, ки мазмунро хароб

кардааст.

Маънои калимаи “эъҷоз” дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ”
“кори ҳайратовар ва аз одат берун, мӯъҷиза”, “эъзоз” бошад,
“ҳурмат, иззат, эҳтиром” эзоҳ ёфтааст.

Асли ин мисраъ дар дастнависи шоир чунин аст:

Ба авҷи шеъри ту эъҷознорас аст, Ризой.

Сабаби дуввуми чун матни асосй истифода шудани
дастнависи шоир аз тарафи муҳаррир ва ё корманди нашриёт
ё ин ки худи муаллиф дидаю дониста партофта шудани баъзе
мисраъ ва байтҳо мебошад.

Газали “Парешон”-ро нахустин бор Расул Ҳодизода аз
ҳошияи девони қасоиди Файзии Даканй пайдо намуда, дар
маҷаллаи “Шарқи Сурх” (1956, №6) ба табъ расонидааст ва
дар ин бора мақолае низ навиштааст. Ин газал баъд аз он дар
“Маҷмӯаи осор”-и соли 1959 ворид гардид. Маълум мешавад,
ки мураттиби “Маҷмӯаи осор” онро аз мақолаи Расул
Ҳодизода гирифтааст. Зеро ҳар ду матн як хел буда, дар онҳо
байти зерин дохил нагардидааст:

Рӯз парешонтар аз шабу шабам аз рӯз,

Зиндагим гашта тиру тор парешон.

Дар маҷмӯаҳои баъдинаи шоир, аз чумла дар “Девон”-и
соли 1971 мисраи охири ин ғазал “Аз қадами бахти нобакор
парешон” рафтааст. Ҳол он ки ҳам дар матни Расул Ҳодизода
ва ҳам дар дастнависи шоир “қадам” набуда, “адам” аст:

Гашт парешон килку дафтари Пайрав,

Аз адами бахти нобакор парешон.

Аз ин рӯ матни архивро матни асосии ин шеър қарор додем.

Дар зери сарлавҳаи шеъри дигари ӯ бо унвони “Маснавй”

65
“Ба духтур — ба ҳакими дӯст” навишта шудааст.

Ба аҳли илму адаб кайҳо маълум аст, ки ин шеърро Пайрав
ба дӯсти худ — духтури чех Йозеф Авл бахшидааст. Вале номи
Ӯ дар ягон маҷмӯаи шоир зикр наёфтааст. Танҳо дар як
дастнависи Пайрав баъд аз сарлавҳа “Ба Юсуф Авли
Австриягй” омадааст. Дар ин дастнавис байте мавҷуд аст, ки
аз тамоми маҷмӯаҳои шоир партофта шудааст:

Австрия ӯрост мулку ватан,

Шабу рӯз дар иштиёқи ватан.

Ин шеър нахустин бор баъд аз вафоти Пайрав дар
“Маҷмӯаи шеърҳо”-и соли 1949 ба табъ расидааст. Дар ин
маҷмӯа партофта шудани он таъкид гардида, баъд аз мисраи
8-ум се нуқта гузошта шудааст.

Маълум мешавад, ки мураттибон танҳо ба хотири сиёсати
Ҳокимияти Шӯравӣ нисбат ба шахсони хориҷӣ, аз тарси он ки
мабодо ба гардани Пайрав ягон гуноҳеро бор накунанд,
зерсарлавҳа ва байтеро, ки номи Йозеф Авлро ошкор месозад,
партофтаанд.

Тадқиқи архиви адиб, омӯхтани вариантҳои гуногуни матни
ҳар як асари ӯ имкон медиҳад, ки санаи таълифи асарҳое, ки
таърихи навишта шуданашон номаълум аст, муайян гардад.
Агар дар зери дастнависи шоир санаи таълиф гузошта шуда
бошад, кори матншинос осон аст. Масалан, санаи таълифи
газали “Парешон” на дар матни Р. Ҳодизода ва на дар
“Девон”-и 1971 вуҷуд надорад. Лола Сулаймонй онро 1918-
1919 тахмин кардааст. Вале дар архиви Институт —дар воҳиди
ҳифзи 91 зери ин шеър “Бухоро, 1927” сабт ёфтааст.

Шеъри “Мактуб ба рафиқам” дар ҳамаи маҷмӯаҳои шоир
бесана омадааст. Дар архив се нусхаи сиёҳнавис ва як нусхаи
покнавис мавҷуд аст. Дар зери нусхаи покнавис, ки рақами 1 -
ро гирифтааст, “Самарканд, 1933” навишта шудааст. Мо ин
санаро ҳамчун санаи саҳеҳ қабул кард ем.

Шеъри дигари Пайрав “Қалам” то соли 1959 ҳам дар
маҷмӯаҳои шоир ва ҳам дар асарҳои тадқиқотии

66
адабиётшиносон соли 1928 дониста шудааст. Ва ин дуруст аст.
Зеро ин шеър ҳам аз ҷиҳати сабку услуб ва камолоти адиб,
ҳам аз ҷиҳати фарогирии мароми сиёсию иҷтимоии Пайрав
маҳсули соли 1928 аст, на соли 1920. Вале дар “Маҷмӯаи
осор”-и соли 1959 дар зери ин шеър “Бухоро, октябри соли
1920” навишта шудааст. Ба назари мо ин ҷо иштибоҳан 1920
омадааст ва мураттибу муҳаррир ба он эътибор надодаанд.
Зеро мураттиби ин маҷмӯа Лола Сулаймонй дар як мақолааш
дар бораи қасидаи ҳасбулҳолии “Нишони бенишонй” сухан
ронда навиштааст:

“Пайрави зиндадилро, ки се-чор сол қабл аз ин “Қаламам
умри ҷовидони ман аст” гуфта буд, ба ҳолати маъюсй ва
ноумедй оварданд, ки дар ин қасидаи ҳасбиҳолй “нишоне
надиҳад ному нишонам” навиштааст”.3

Муаллифи мақола санаи таълифи “Нишони бенишонй”-ро
1930-1931 тахмин кардааст, пас “се-чор сол қабл аз ин” гуфта,
соли 1928-ро дар назар дорад. Вале мутаасеифона, то охирин
маҷмӯаи шоир ин иштибоҳ давом кардааст. Ҳатто танқиди
адабӣ ба муҳаққиқоне, ки ин шеърро чун маҳсули соли 1928
таҳлил кардаанд, эрод гирифтааст. Дар як мақолае роҷеъ ба
санаи таълифи ин шеър навишта шудааст:

“Дар омади сухан бояд гуфт, ки нисбат ба таърихи иншоди
шеъри “Қалам” низ ҳамин иштибоҳ ҷой дорад. Иштибоҳан
соли 1928 донистани санаи таълифи ин шеър аз “Очерки
таърихи адабиёти советии тоҷик” (қ. 11, саҳ. 185) cap шуда,
баъдан ба нашрҳои гуногуни китоби дарсии “Адабиёти советии
тоҷик” низ роҳ ёфтааст. Аслан ин шеър моҳи октябри соли 1920
гуфта шудааст”.4

Аз ин рӯ, мехоҳем барои исботи ақидаи худ далели

боэътимодтаре орем.

Аввал ин ки дар нахустин маҷмӯаи Пайрав “Шукуфаи
адабиёт”, ки худи ӯ таҳия кардааст, санаи таълифи ин шеър
октябри 1928 аст.

Дар архив дастнависи шеъри “Қалам” маҳфуз намондааст.
Вале дар “Маҷмӯаи шеърҳо”-и соли 1934 дар сахифаи аввал
баъд аз сурати Пайрав акси дастхати ӯ бо ҳуруфи ниёгон

67
оварда шудааст, ки дар зери он “Бухоро -1928” зикр ёфтааст.
Бинобар ин мо бидуни шакку шубҳа дар Куллиёти Пайрав
санаи таълифи шеъри “Қалам”-ро “Октябри 1928” зикр
намудем.

Дар архиви Пайрав шеърҳое ҳастанд, ки санаи таълифи
онҳоро тахмин кардан ниҳоят душвор аст.

Чунон ки маълум аст, аз солҳои панҷоҳум cap карда, ҳамаи
маҷмӯаҳои Пайравро духтари шоир, номзади илми филология
шодравон Лола Сулаймонӣ мураттаб сохтааст. Лола
Сулаймонй солҳои тӯлонӣ бо архиви падар сару кор дошт, онро
ба тартиб овард, таҳқиқ намуд ва аз рӯи имконият ва тақозои
замон баъзе асарҳои ба чоп нарасидаро интишор сохт. Ӯ орзу
дошт, ки Куллиёти илмии Пайравро таҳия кунад ва ба ҳамин
ният архивро ба Института забон ва адабиёт, яъне ба ҳимояи
давлат супорид ва худаш ҳам ба шӯъбаи мероси адабии ҳамин
Институт ба кор омад. Вале афсӯс, ки марги беамон барои
ҷомаи амал пӯшидани ин орзуяш имкон надод.

Он шеърҳое, ки дар солҳои охир дар натиҷаи кӯшишҳои
Лола Сулаймонй дар саҳифаҳои маҷалла ва рӯзномаҳои
ҷумҳурй ба табъ расиданд ва он пораҳои нотамоме, ки аз байни
коғазпораҳои архиви Пайрав пайдо шуданд,тасаввуроти моро
дар бораи ӯ, шеъри ӯ, зиндагии ӯ, андешаҳои ин шоири
дардошно тағйир медиҳанд.

Лола Сулаймонй дар сарсухани худ навиштааст: “Амакам
Яҳёҷон Сулаймонй чанде пеш аз вафоташ ба ман як ҷузвдон
дастхатҳоро супорида хоҳиш намуд, ки онҳоро ба касе нишон
надиҳам. “Аксари ин шеърҳо ба ҷуз яктоаш дар Эрон навишта
шудааст. Фаҳмидй? Мабодо номи бародарам сиёҳ нашавад...”.

Мувофиқи хоҳиши ӯ ман ин ҷузвдонро солҳои зиёд маҳфуз
доштам. Ҳоло ки замони ошкоргӯист, ин шеърҳо низ бояд чоп
шаванд, зеро ҳеҷ иллате надошта, балки аз сӯзи дили як ҷавони
биступанҷсолаи ошиқи рахдур дарак медиҳанд. Дар дафтаре,
ки амакам супорида буданд, ба ғайр аз дастнависи шеърҳои
мунташир чанд дастхати шеърҳои номатбӯи Пайрав маҳфуз
аст”.5

Ин шеърҳо ва умуман он тағйироте, ки дар солҳои охир дар

68
ҷомеаи мо ба вуқӯъ пайваст, моро водор месозад, ки эҷодиёти
Пайравро аз нигоҳи нав тадқиқ намоем, ҳусни шеъри ӯ,
маҳорати шоирии ӯро нишон диҳем, роҳи зиндагии пур аз
нишебу фарози ӯро тасвир кунем, сабабҳои ранҷ, дард ва
аламҳои ӯро ифшо созем, ки ин кори оянда аст.

Омӯхтани шарҳи ҳол ва эҷодиёти адибони охири садаи XIX
ва оғози садаи XX назари нави таърихшиносон ва
ҷомеашиносонро ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ин давра тақозо
дорад.

Ҳоло мо мехоҳем танҳо вобаста ба таъйини санаи таълифи
он шеърҳои Пайрав, ки тоза ба даст омадаанд, баъзе андешаҳои

худро иброз намоем.

Шеърҳои интишорнамудаи Лола Сулаймонй 5-то буда,
санаи таълифи 3-тои онҳо “Видоия бо рафиқони бухороӣ дар
ҳини сафари Эрон”, “Ҳол ва мозй”, ғазале дар ҷавоби оқои
Алӣ Акбари Гулшан аниқ аст. Ин шеърҳо соли 1924 дар
Машҳад иншо шудаанд. Вале кай навишта шудани ду шеъри
дигар “Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ” ва “Нишони
бенишонӣ” маълум нест.

Дар бораи давраи эҷод шудани шеъри “Дилам боз аз дасти
беғамгусорй” Лола Сулаймонй навиштааст:

“Шеъри дигаре, ки бо матлаи “Дилам боз аз дасти
бегамгусорй” cap мешавад, аз рӯи гуфтаи амакам Яҳёҷон пеш
аз Инқилоби Бухоро ҳангоми аз таъқиби амир хонанишин
шудани Пайрав навишта шудааст, ки дар ҳақиқат муҳити
ҳамон замонаро инъикос менамояд”.6

Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки ин шеър солҳои 1918-
1919 навишта шудааст.

Дӯсти Пайрав Алй Исмоилзода дар мақолаи номатбӯи худ
дойр ба эҷодиёти Пайрав, ки дар архиви шоир маҳфуз аст, дар
бораи хонанишин шудани ӯ навиштааст:

“Падари рафиқ Сулаймонй Абдукаримҷон гарчи ба
ҳаракати ҷадидй ба сифати як инқилобпеша фаъолона иштирок
накарда бошад хам, вале равшанфикр, газетахон ва гайри
мутаассиб будани вай аз тарафи ҳукумати Бухоро нисбат ба ӯ
ба пайдо шудани сӯизан сабаб шуда буд.

69
Дар авохир аз тарафи арбоби ҳукумати Бухоро ва
муллоёни муттаассиб аз худи Абдукаримҷон зиёдатар ба
писари ӯ Отаҷон Сулаймонӣ сӯизан ҳосил мешавад. Сахтии
таъқибот Пайрав Сулаймониро маҷбур мекунад, ки дар либоси
занона чанд вақт дар хона пинҳон шуда биистад”.

Аз як тараф, мазмуни қисми аввали шеър ва тарҷумаи
ҳоли шоир ҷоиз будани чунин ақида, яъне пеш аз инқилоби
Бухоро навишта шудани онро тасдиқ мекунад.

Шеър ҳасби ҳоли Пайрав, оҳу нола ва фарёди
ҷонгудози уро “дар чордевори беэътиборӣ” аз ҷаври фалак ва
бахти рамида ифода намудааст.

Цилам боз аз дасти бегамгусорй

Гирифтаст расму раҳи беқарорӣ.

Зи ҷаври фалак балки дар гиря ҳастам,

Зи ҳар дидаам гаилта наҳрест ҷорӣ.

Ҷаҳаннам шавад меҳмони ман имшаб.

Гар оҳам бад-ин сон кунад шӯълаборӣ...

Ё ин ки:

Аҷал, охир аз ман чаро мегурезй?!

Ту ҳам дар дил оё мурувват надорй?

На бо дуишанон куввати пешдастй,

На аз дӯстон чаиши уммедворй.

Цило, чист охир ба гетӣ гуноҳам,

Ба ҷо монда з-ин сон низору табоҳам.

Шоир ба ин пусишии худ чунин ҷавоб мегӯяд:

Ҷуз ин қазя дигар гуноҳе наборам,

Ки фикри халоси ватан шуд шиорам.

Баъд аз ин ҷои яъсу ноумедиро изҳори муҳаббати самимона
нисбат ба ватан, изҳори садоқати фарзандй, тайёр будан ба

шуҷоату мардонагй дар роҳи халосии ватан, боварй ба ояндаи
он мегирад:

70
Бухоро, ватан, эй як ба қабза хокат
Фидо ҷони мискину ҷисми фигорам.

Туй маъдани чуду файзи улум (ам),

Туй маҳди осоишу эътиборам.

Ватин, ноумедй нашояд кунунат,

Ки ман аз ҳаёти ту уммедворам.

Кушо дидаи хобу бингар, ки ҷонро
Барой вафои ту чун месупорам.

Пас саволе пеш меояд, ки Пайрав ватани азизаш Бухороро
аз дасти кй халос карданй? Аз истибдоди феодалй, зулму
ситами амир ва амалдорони вай, рӯҳониёни мутаассиб ё
истилои хориҷиён.

Аз рӯи адабиёти мавҷуда маълум аст, ки Пайрав ба ягон
созмони зидди аморати Бухоро шомил набуд. Пас ӯ ба кй ва
ба чй уммед бастааст?

Солҳои охир дар матбуоти тоник дойр ба Инқилоби Бухоро,
мавкеи зиёиёни авохири садаи XIX ва ибтидои садаи XX дар
ин инқилоб баъзе асарҳо ва мақолаҳо интишор ёфтанд, ки
ахбори то ин дам дастнорас ва андешаҳои тозаеро фаро
гирифтаанд.

Дар фаслномаи “Гули мурод” (1997, 7-9) (3)) порчае аз
“Рӯзнома”-и Садри Зиё дар таҳияи Муҳаммадҷон Шакурй бо
сарсухани эшон ба табъ расид.

Вақто ки лашкари Русия ба Насаф (Қаршӣ) ҳуҷум мекунад,
Садри Зиё қозии он ҷо буд. Ӯ дар ин порчаи “Рӯзнома”
ҳодисаҳои дар роҳ — аз Қаршӣ то Бухоро рух додаро аз охири
августа соли 1920 то огози сентябри ҳамон сол чун шоҳид
тасвир намудааст. Масалан, ӯ навиштааст: Х,ама аҳли

қишлоқ аз бими саллот (сарбоз)-ҳои Русия фирор карда буданд.
Ҳавлиҳо тамоман холй аз одам буд. Аҳолӣ ҷумлатан дарак
надоштанд. Аз як тараф хавфи саллот буд, ки ба қишлоқ
мегаштанд, зирӯҳе (ҷонзоте), ки ба назарашон медаромад,
билотаваққуф ба милтиқ мепаррониданд, чизе, ки дошпга
бошад, мегирифтанд”.

Садри Зиё инчунин ба воситаи овардани хобҳои даҳшатбори

71
худ аз зарбати туби қалъакуб” хароб шудани Бухоро, ба замин
яксон шудани қасру кӯшкҳо, ба ғорат ва ягмо рафтани молу
амволи халқ, ба қатл расидани мардуми бегуноҳро нишон
додааст, ки ҳама моҳияти “Инқилоби Бухоро”-ро хеле равшан
падидор месозад.

Шояд Пайрав шеъри худро баъд аз ҳамин воқеаҳо навишта
бошад, яъне соли таълифи он на то Инқилоб, балки баъд аз он
бошад. Ба ин як порча шеъри нотамоми ӯ, ки санаи таълифаш
номаълум аст, низ далолат мекунад:

Мо ба худ кандаем гӯри сиёҳ,

Гӯри торику танг, гӯри табоҳ.

Рост истодаем бар лаби он гӯр,

Синаҳо бозу чашмҳо дар роҳ.

Теги худро занед, эй қотил!

Эй шитобон паи ҳалокати мо.

Мо нагӯем ба ҳеҷ ки нафрат,

Гарчи бошем куштаи нафрат...

Ё ин ки пораи дигари нотамом:

Ту дигар аз ман сару дил маталаб,

Дил забун гашт, сабр шуд помол.

Орзу тира гашту мақсуд ҳеҷ,

Муддао маҳву нест шуд омол.

Марг ку, то ба доди ман бирасад?

Неши гам мехалад ба синаи реш,

На зи бегонаг он у меду на хеш.

Пайрав Инқилоби Бухороро бо шеъри “Ба муносибати
Цнқилоби Бухоро” (2 сентября 1920) пешвоз гирифт. Дар ин
шеър у аз озодии ҷумҳурӣ, партавафшон шудани байрақи сурх
изҳори шодмони кардааст. Дастнависи ин шеър дар архиви
шоир маҳфуз аст. Оё шеъри “Ба муносибати Инқилоби
Бухоро , дар вақташ дар ягон маҷалла ё рӯзнома чоп шуда
буд ё не? Мо имкони тадқиқи ин масъаларо надоштем, зеро

72
маводи заруриро ба даст оварда натавонистем. Тадқиқотчиёни
эҷодиёти Пайрав низ дар ин бора чизе нагуфтаанд. Пайрав
онро ба ягон маҷмӯаи худ ворид накардааст. Фақат баъд аз
вафоти ӯ Раҳим Ҳошим ин шеърро ба “Маҷмӯаи шеърҳо”-и ӯ
дохил кардааст.

Тадқиқи шарҳи ҳоли Мах,мудхоҷаи Беҳбудӣ — дар
мақолаҳои Расул Ҳодизода “Маҳмуд Хоҷа Беҳбудй —
таърихи зиндагӣ ва тақдири таърихии ӯ”, Муҳаммадҷон
Шакурӣ “Нигоҳе ба поёни умри Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ”
(“Гули мурод”, 1997, 1998, 10-12 (4)), хулосаҳои ин муаллифон
моро ба чунин андеша водор сохт, ки шояд Пайрав низ
Инқилоби Бухороро бо хушнудй пешвоз гирифта, гумон карда
бошад, ки акнун Осиёи Миёна аз ҷавру зулми ҳукумати амирӣ
ва муллоёни мутаассиб раҳоӣ ёфта, ҷумҳурии мустақил хоҳад
шуд ва адлу инсоф галаба хоҳад кард. Вале асорати миллй,
бесару сомониҳо, харобӣ ва куштору ғорат, ҳабскуниҳо ӯро
аз нав ба кӯи яъсу ноумедӣ андохт.

Шояд муҳоҷирати Пайрав ба Афғонистону Эрон ба ҷуз
гурехтан аз ишқи духтари Чингиз, ки муҳаққиқони эҷодиёти ӯ
таъкид кардаанд, минбаъд дигар хел маънидод шавад?

Шеъри Пайрав “Дилам боз аз дасти беғамгусорй” дар
пайравии ғазали Абдурауфи Фитрат “Эй модари азизи ман, эй
хиттаи Бухор” навишта шудаасг'.

Шеъри Фитрат бо мисраъҳои зерин шурӯъ мешавад:

Эй модари азизи ман, эй хиттаи Бухор!

Эй бо ту ифтихорам, в-эй бо ту эътибор!

Эй кӯҳи илм, баҳри шаҳомат, фазой файз,

Саҳрои маҷд, боги ҳунар, соҳаи виқор...

Устод Айнӣ дар “Таърихи инқилоби Бухоро” дар бораи
маҷмӯаи “Сайҳа”-и Фитрат, ки соли 1392 ҳиҷрӣ (соли 1911-и

- Дар бораи ин шеъри Абдурауфи Фитрат устод Шакурй дар китоби
“Ҷусторҳо: дар бораи забону адаб ва фарҳанги Тоҷикистон”, Теҳрон,
1382, саҳ. 95 ва С. Табаров дар мақолаи “Ашъори миллй ва
ватанхоҳонаи Фитрат” (маҷаллаи “Адаб, 2000, № 2) сухан рондаанд

73
мелоди) дар Истанбул нащр шудааст, сухан ронда, аз ҷумла
навиштааст:

Маҷмӯаи шеърҳо ба форси “Сайҳа” дар ҳаҷми хурд чоп
шуда буд. Шоир дар ин маҷмӯа аз чабру зулме сухан меронд,
ки олами ҷаҳонгирон дар ҳаққи одами Шарқ ва ислом
мекарданд. Агар бигӯем, ки ин асар ба хонандагон чун қувваи
электр таъсири сареъ ва қавӣ дошт, ҳаргиз муболига накардаем
“Саиҳа” чунон ки ба Бухоро дар кисаҳо пинҳон оварда шуда
буд, дар Бухоро низ пинҳонӣ паҳн карда шуд”.

Пайрав Сулаймонй аз ин маҷмӯаи шеърҳои Фитрат,
албатта, огаҳ буд ва он шеърҳо ба дили ҳассоси ӯ таъсири амиқ
гузоштанд.

Устод Шакурй ин шеъри Фитратро таҳлил намуда, аз чумла
Навиштаанд:

Ин шеър шояд якумин шеъре бошад, ки дар васфн Бухоро
1уфта шудааст. Ин васф ҳам бештар иборат аз суолу давоб
аст. Дар адабиёти равшангарй вожаи “ватан” бештар мафҳуми
йҷтимои гирифт ва мафҳуми “модари ватан” пайдо шуд, ки
<Онро аз шеъри боло мебинем. Ҳисси ватандӯстй дар давраи
Маорифпарвари бо шиддат ёфтани муборизаи илмии озодиҷӯӣ
зидди имперотурии рус ва годе зидди мустабиддони турки
маш ит низ торафт баланд мешуд. Сӯзу гудози мазлумон зери
юги истисмор аз шеъри мазкури Фитрат пуртаъсир шунида
мешавад”*.

Ба андешаи мо ба Бухоро ворид шудани аскарони сурх ва
ба вуқуъ пайвастани ой бесару сомониҳо боиси эҷод шудани
шеърҳои Пайрав гардида, ифодаи ҳамон ҳисси ватандӯстй ва
муборизаи озодиҷуи зидди хориҷиен аст.

Лола Сулаймонй санаи таълифи шеъри “Нишони
бенишонй ’-ро 1930-1931 тахмин карда дар „„ бора
навиштааст:

Ин қасида маҳсули он солҳоест, ки Пайрав иайдарпай ба

фишору танқидҳои Муғризонаи чанде ба ном мунақид дучоо
шуда буд”. у

Чунонки Раҳим Ҳошим дар мақолаи '‘Пайрав ва тозиёнаи
тайқид” зикр кардааст, дар солҳои 1930-1931 “дар газетахо.

74
дар нишастҳои адабӣ танқид кардани вай (Пайрав — Х.О.)
давом дошт. Ба мунаққидони гаправтар ҳатто муқаддимаи
Бектош (муқаддимаи Бектош ба китоби “Шукуфаи адабиёт”—
Х.О.) ҳам ноқис менамуд. Онҳо тамгаҳои дабдабаноктар ёфта,
ба вай часпонданӣ мешуданд”.

Раҳим Х,ошим суханашро дар бораи вазъияти он солҳо
давом дода навиштааст:

“Давроне буд, ки қобилияти касро не, садоқат ва самимияти
касро не, балки пеш аз ҳама чӣ айб доштан, чӣ айбҳо дошта
тавонистани касро, на танҳо худи вай, балки падару бобояшро
мепурсиданд ва дар баҳо додан ба кори вай ин айбҳо ба эътибор
гирифта мешуд, маҳаки (?) қарор доа мешуд”.

Устод Ҷалол Икромй гӯё барои тасдиқи ин суханони Раҳим
Ҳошим дар мақолаи худ “Душанбе ватанам, Бухоро зодгоҳам”
чунин воқеаро ба хотир овардаанд:

“Охири тирамоҳи соли 1930, як рӯз дар хонаи аскарони сурх
якумин анҷумани комсомолони Тоҷикистон барпо шуд. Дар
қатори дигар нависанда ва зиёиёни тоҷик ману Пайравро хам
хабар карда буданд. Аз ин илтифоти болоиҳо мамнуну
фараҳманд шудем. Сари вақт ба маҷлиси анҷуман рафта, дар
толори калони хонаи аскарони сурх хурсанду шод нишастем,
бо ҳам сӯҳбату хушгӯиҳо мекардем. Вале ҳанӯз анҷуман cap
нашуда, Бектош ба ману Пайрав омада гуфт, ки оҳиста
бархоста, аз зал баромада раветон. Гап ҳаст, ки Ғуломризо
Ализода пеш аз cap шудани маҷлис аз минбар баромада
мегӯяд, ки фарзандони бойҳо ва қозиҳо, ки дар ин ҷо ҳастанд,
зали маҷлисро холӣ кунанд. Мо намехоҳем, ки дар ин маҷлиси
ботантанаи мо унсурҳои бетона бошанд”.

Ҷалол Икромй ҳолати рӯҳии ҳар дуяшонро тасвир намуда,
чунин хулоса кардаанд:

“Бале, ана ҳамин тавр ба мо муомила мекарданд, ана ҳамин
тавр буд зиндагии мо. Ба мо офарин, ки ҳамон рӯзҳои сахтро
аз cap гузаронида намурдем, зиндагй кардем, кору эҷод
намудем”.7

Пайрав сӯзу гудоз ва дарду аламҳои солҳои тӯлонй дар
дил ниҳонашро дар шеъри “Нишони бенишонй” чунин ифшо

75
намудааст:

Цил сӯхт, ҷигар хун шуду хушкид равонам,

Боз аз чӣ сабаб ин ҳама саргарми ҷаҳонам?

Цар фасли баҳорон гули уммед начидам,

Афсурдаву пажмурдаву помоли хазонам.

Нуре, ки яқин доштаму ҷаҳл намудам,

Норе шуду дар кӯраи гам сӯхт чу нонам.

Ҳарчанд ҳақиқат зи ҳақиқат талабидам,

Ҷуз нақши надомат нанамуданд нишонам.

Ҷон бар кафу cap дар багал омодаи маргам,

Цар роҳи адам бо қадами тунд равонам.

Инак, мо дар таъйин намудани санаи таълифи ин шеър бо
Лола Сулаймонй мувофиқем ва ин шеърро бо ҳамин санаи
таълиф, яъне соли 1930-1931 ба Куллиёти илмй ворид намудем.

Тадқиқи архиви адиб, омӯхтани нусхаҳои гуногуни
дастнависи ҳар як асар ба мо имконият медиҳад, ки таърихи
эҷоди он, ба кй бахшида шудан, сабаби пайдоиш, дар кадом
шароит ба вуҷуд омадани онро муайян намоем.

Ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии Пайрав аз ин нуқтаи назар
масъалаҳои аҷибе пеш омаданд, ки ҳеҷ чашмдори он набудем.

Шеъри ба устод Лоҳутӣ бахшида Пайрав, ки “Ба адиби
сурхи инқилобӣ рафиқ Лоҳутӣ” ном дорад, дар шакли аввал
оҳанги ҳазлу мутойибаро доро буда, Лоҳутӣ ҳамчун инсони
шодидӯст ва базму тарабпарвар сифат шудааст. Вале дар
нусхаи охирин шояд бо маслиҳати дӯстонащ—нахустин
хонандагони ин шеър бошад, ҷиҳати сиёсӣ ва иҷтимоии он
пурқувват гардида, Пайрав Лоҳутиро ҳамчун шоири мубориз,
тарғибгари ғояҳои коммунистй васф намудааст.

Шеър дар шакли аввал бо чунин мисраъҳо ба охир мерасад:
Эй дида ба рӯи маҳвашон боз
В-эй гӯш ба савти тори дамсоз.

Эй бӯсазани лаби зарифон
В-эй соқии маҳфили ҳарифон—

Цар ҳини нишоти базми пурҷӯш

76
Моро накунӣ, дило, фаромӯш.

Мо нусхаи охиринро ба Куллиёти шоир дохил намудем, зеро
маҳз ҳамин нусхаро Пайрав ба Лоҳутӣ ирсол доштааст ва
Лоҳутӣ ҳам ба ҳамин нусха посух гуфтааст:

Дар архив се дастнависи шеъри “Кай гуфтаамат?!” бо
матлаи

Кай гуфтаамат, партави базми дигарон бош ?

Эй шӯъла, ба сӯзи дили мо ҳам нигарон бош ?

маҳфуз аст.

Дар нусхаҳои якум ва дуюм зерсарлавҳае мавҷуд буда,
қисми аввали он хат зада шудааст ва қисме, ки хонда мешавад,
ин аст:

“...ҳини сафари Тошкандашон”.

Маълум мешавад, ки ин шеър ба касе бахшида шудааст.
Фақат аз дафтарчае, ки Пайрав ба дӯсташ Саъдуллоҷон
тақдим кардааст, маълум мегардад, ки ин шахс Абдурауфи
Фитрат будааст. Дар зери сарлавҳаи ин шеър навишта
шудааст: “Ба бародари мӯҳтарам Фитрат ҳини сафари
Тошкандашон”. Қарибони Пайрав баъди чун душмани халқ
ҳабс шудани Фитрат номи ӯро хат задаанд.

То ин дам маълум набуд, ки шеъри “Оҳанги тор” ба дӯсти
Пайрав — навозанда, сароянда, ҳунарпеша ва кинорежиссёри
шӯравии тоҷик Ғуломризо Баҳор (бародари Мулук Баҳор)
бахшида шудааст. Фақат дастнависи шоир ба муайян намудани
он имкон дод.

Дар охир мехоҳам ба як иштибоҳе, ки дар матбуот доир ба
таърихи эҷоди шеъри “Ҳол ва мозӣ”-и Пайрав pyx додааст,
равшанӣ андозам.

Лола Сулаймонӣ дар сарсухани худ ба шеърҳои тоза ёфт
шудаи Пайрав, ки зикраш дар боло рафт, чунин навиштааст:

“Яке аз шеърҳои номатбӯи Пайрав бо унвони “Ҳол ва мозӣ”
аст. Соли 1989 дар маҷаллаи “Садои Шарқ” (1989, №4) як
шеъри Пайрав ба истиқболи “Ҳол ва мозӣ”-и оқои Мирзо Алӣ
Акбари Гулшан — дабири рӯзномаи “Фикри озод” чоп шуда
буд. Ин шеъри дуввум аст, ки ба мавзӯи “Ҳол ва мозӣ” бахшида
шудааст.

77
Баръакс оғои Мирзо Алӣ Акбари Гулшан ҳамин шеъри
дуввуми Пайрав “Ҳол ва мозӣ”-ро истиқбол кардааст.
Маълум мешавад, ки Лола Сулаймонӣ ба сарлавҳаи воҳиди
ҳифзи 13-и архив чандон эътибор надодааст. Дар ин воҳиди
ҳифз дар ақиби варақе, ки шеъри “Ба духтари Чингиз” навишта
шудааст, шеъри Гулшан бо хати худи Пайрав сабт ёфтааст.
Пайрав ба ҷои сарлавҳаи шеър навиштааст:

“Истиқболи марҳамати шоиронаи мудири рӯзномаи “Фикри
озод” (Машҳад) ҷаноби адиби мӯҳтарам Мирзо Алй Акбар
(Гулшан) шеъри ҳақиронаи “Ҳол ва мозй”-ро”.

Он чи ки дар ин мақола баён гардид, баъзе хулосаҳо ва
чанд мисол аз он кори муҳимме, ки ҳангоми таҳияи Куллиёти
илмии Пайрав анҷом дода шуд.

Куллиёти илмй барои муҳаққиқони эҷодиёти Пайрав маводи
фаровоне медиҳад, барои мураттибони осори ӯ матни саҳеҳе
пешниҳод менамояд.

78
САЙРЕ БА БОЙГОНИИ
СОТИМ УЛУҒЗОДА

Бойгонии нависандаи бузурги тоҷик Сотим Улугзода арзиши
баланди илмиро доро буда, ба таълифи чандин мақолаю риеола
маводу мадорик медиҳад.

Мақолае, ки ба диққати хонандагони мӯҳтарам пешниҳод
мешавад, натиҷаи сайри иҷмолиест ба бойгонии нависанда ВД
изҳори нахустин таассуроти камина аз ин бойгонй.

Бойгонии Сотим Улугзода яке аз нахустин бойгониҳоест,
ки дар Институти забои ва адабиёт маҳфуз аст ва захираи
раками чорро ташкил медихад. Ин бойгонй бо кӯшиш ва ҷидду
ҷаҳди устод М. Шакурй 5 феврали соли 1960 ва 27 феврали
1978 қисм-қисм аз тарафи С. Улугзода ба Институт супорида
щуд. Қисми дигари он баъд аз вафоти нависанда соли 1997 ба
даст омад. Маводи бойгонй дар се номнавис сабт ёфта, 482
воҳиди хифзро ташкил намудааст. Танзими илмию техникии
он аз тарафи мудири архив, корманди илмй Хосият
Валихӯҷаева еурат пазируфтаает- Вале мо гуфта наметавонем,
ки архиви С. Улугзода ба пуррагй дар ҳифозати давлат аст.
Ҳанӯз архиви дар Москва будаи нависанда ба даст
наомадааст. Аз сар-сарӣ варақ задани архив маълум шуд, ки
С. Улугзода роҷеъ ба солҳои 30-юм ва 40-уми асри 20-ум
романе таълиф карданй будааст. Дар яке аз дафтарчаҳои ӯ
чунин қайд ба мушоҳида расид:

f‘2 июли соли 1988. Ба Маскав омадам. Барой ибтидо
кардан ба иншои роман (солҳои си!рм ва чилум) ва тасҳеҳу
такмили “Фирдавсй”.

Ҳоло ба мо маълум нест, ки аз ин роман чӣ қадар навишта
шуда бошад? Пас нусхаи оҳирини романи “Фирдавсй” низ бо
тасҳеҳу такмили нависанда, агар ҳамон нусхаро ба нашриёт
нафиристонда бошанд, дар Масква аст.

Архив аз рӯи жанрҳо тасниф шуда, дар дохили он санаи
таълиф риоя гардидааст. Он аз 20 бахш иборат буда, дар

79
баробари асарҳои бадей ва илмиву оммави, маводи фаъолияти
иҷтимоӣ ва ҳаёти шахсии нависандаро низ дар бар кардааст.
Ҳамаи асарҳои калони адиб бо хатти ниёгон навишта туда,
дар байни онҳо як варақ бо алифбои кириллик низ ба чашм
мерасад.

Дастнависи асарҳои С. Улугзода бар он шаҳодат медиҳад,
ки у нависандаи заҳматкаш, масъулиятшинос ва нисбат ба худ
серталаб аст. Нақшаи кино-қиссаи “Қисмати шоир” аз 7
вариант иборат аст. Баъзе боб аз фаслҳои романҳои нависанда
низ чандин бор аз нав навишта шудаанд ва ҳамаи вариантҳои
он дар архив маҳфузанд.

С. Улуғзода Восеъ ’-ро 6 сол навиштааст, аз ин се солаш
фақат ба ҷамъ намудани мавод аз архивҳо, сайёҳатномаҳо,
китобҳои таърихӣ, фолклор сарф шудааст. Ҳамаи ин маводро
чопи мошинка кардааст, ки 600 саҳифаро ташкил намудааст.

Маводи барои романи “Восеъ” ҷамъ намудаи Улуғзодаро
ба навиштани чандин асари таърихӣ метавон истифода бурд.
У ҳар як хабарчаи доир ба Бухорои Шарқӣ дар маҷаллаҳои
Русия чопшударо гирд овардааст. Маводи зиёдеро аз бойгонии
Тошканд, Санкт-Петербург ва Москва ба даст овардааст.

Доир ба пйесаи Рӯдакӣ ва кино-қиссаи “Қисмати шоир”
асарҳои таърихию тазкираҳоро омӯхтааст. Нафақат шеърҳои
Рудакиро, балки шеърҳои муосирони ӯро дар ду дафтари
калони серварақ рӯйнавис кардааст. Шеърҳои арабии онҳоро
ба тоҷикӣ гардонидааст, дар поварақи ҳар саҳифа луғатҳоро
шарҳ додааст.

Архиви С. Улуғзода барои таҳқиқу тадқиқи таърихи эҷоди
асарҳои у маводи фаровон медиҳад, ба паҳлӯҳои то ин дам
номаълум ва ноаёни эҷодиёти ӯ равшанӣ меандозад, дари
коргоҳи эҷодии адибро ба рӯи муҳаққиқон боз менамояд.
Омухтани он бошад, барои намоён сохтани таҳаввули эчодии
нависанда, тағйири рӯҳия ва ақидаю андешаҳои ӯ ёрӣ
мерасонад.

Устод Улугзода соли 1987 дар мусоҳиба бо адабиётшинос
Сафар Абдулло дар хусуси романи “Фирдавсӣ” гуфта буд:

“Шоҳнома” достонест ҳайратангез. Ҳазор сол инҷониб

80
ақлҳо мот аст, ки чӣ тавр як фард ҳамосае ба ин бузургӣ
“Шоҳнома”-и оламгирро эҷод карда тавонистааст. Чунин
қудрати офаридгори хориқулодда бешак аз муҳаббати бепоён
ва муқаддасе, ки шоир ба ватанаш ва халқаш дошт, сарчашма
мегирифт, “Шоҳнома” ин шоҳкитоби адабиёти мо, офаридаи
фикри тавоно-хиради бекарона, дили бузург ва рӯҳи нурафкани
Фирдавсист. Дар вай тамоми таърихи халқу ватани Фирдавсй
бо ҳамаи дардҳо, шодиҳо, мусибатҳо, фоҷиаҳо, комёбию
нокомиҳои он аз дили шоир гузар кардааст. Дар ҳеҷ миллати
дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест. Вай танҳо нақли манзуми
ривоятҳои бостонӣ намебошад. Вай саросар зебой, саросар
панд, саросар ҳикмат аст, ҳикмате, ки халқҳои эронинажод бо
мурури замонҳо андӯхтаанд”.

Ана ҳамин муҳаббати бепоён ва саршор нисбат ба ватан ва
халқи худ Улуғзодаро низ водор намудааст, ки рӯ ба таърих
ниҳад ва ба офаридани чеҳраҳои Абӯалӣ Сино, Аҳмади Дониш
ва Фирдавсй барин нобигаҳои миллат пардозад ва тавассути
асарҳои худ бори дигар онҳоро ба оламиён муаррифӣ намояд.

Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонов дар як суханронии
худ гуфта буданд:

“Ифтихори ватандорӣ аз донистани таърих, забон ва
фарҳанги ватан сарчашма мегирад”.

С. Улуғзода яке аз сермутолиатарин ва донишмандтарин
нависандаи тоҷик аст. Маҳз омӯхтани таърих, забон ва
фарҳанги халқамон дар офаридани асарҳои таърихӣ ӯро ба
комёбиҳо ноил гардонидааст.

Соли 1983 дар мусоҳиба бо кормандони Института забон
ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ С. Улуғзода дойр ба ҳамин
масъала сухан ронда буд. Хушбахтона, навори он мусоҳиба
дар фонди сабти овози шӯъбаи мероси адабӣ маҳфуз аст. Вале
дар архиви нависанда матни аз рӯи он навор рӯи коғаз
овардашуда нигоҳ дошта мешавад.

Дар ҳамин мусоҳиба С. Улуғзода сабабҳои майл кардани
худро ба мавзӯъҳои таърихй чунин иброз дошта буд:

“Сабаби майл кардан ба мавзӯъҳои таърихй дар 20-30 соли
охир, аввал бо роҳи ҳис ва баъд бо роҳи ақл. Ҳис ин ки кашиш

81
дорад, барои ман як кашише ба таърихи халқамон пайдо шуд.
Баъд як муҳаббат ба ҳамин мавзӯъҳои таърихи. Ман соли 1943
дар саруправденияи Армияи Сурх хизмат мекардам, барои
ҷанговарони тоҷик, брошураҳо, варақаҳо нашр мекардам. Як
вақт сардори мо ҷеғ зада гуфт, ки агитаторҳои фронт дар
Москва ҷамъ мешаванд. Шумо аз таърихи халқи худатон, аз
муборизаҳои вай барои озодӣ ва истиқлолият маърӯзаи
муфассал тайёр кунед. Ба ростӣ, ман то ин вақт ба таърихи
халқамон он қадар машғул нашуда будам. Ғайр аз баъзе чизҳои
шунида, баъзе чизҳои пароканда-пароканда хондагиам. Ман
қариб як моҳ дар китобхонаи ба номи Ленин нишаста мутолиа
кардам, кофтуков кардам. Дар бораи Темурмалик, Абӯмуслим
ва дигар воқеҳо, муборизаҳо ва ҷангҳое, ки халқи мо барои
ҳуқуқи худ, барои озодӣ кардааст... ман гуфта метавонам,
шавқу мароқи ман ба таърихи халқамон асосан аз ҳамон cap
шуд. Аз ин дигар якчанд сӯҳбатҳои нависандагони номдор.
Соли 1950 дар Рига ман бо нависанда Янчеветский (Ян)
муаллифи китоби “Чингизхон” ва “Боту” вохӯрдам, сӯҳбат
кардам. Бисер одами фозил, бисер ҷаҳондида ва хирадманд
буд, вафот кард. Вай ба ман ҳамин фикрро талқин мекард, ки
таърихи халқи шумо бо номи “тилисм” барои ҳама ҳанӯз
маҳкам аст, баста, пӯшида. Нависандагони халқҳои дигар, ки
дар бораи ин чизҳо менависанд, он қадар қобили эътибор нест
ва тахминианд. Шумо худатон он ҷо cap фурӯ бареду ин
тилисма кушоед...

Баъд чандин бор бо устод Айнӣ сӯҳбатҳо шуд. Он кас,
албатта, шумо ҳам шунидаед, мегуфтанд, ки таърихи дигар
халқҳо, халқҳои тарафи гарб, халқи Русия дар адабиёти бадей
ба қадри даркорӣ инъикос ёфтааст. Таърихшиносон таҳқиқ
кардаанду нависандагон ба воситаи санъати худ арбобони
бузурги таърихи худашонро дар дил ва ҳисси халқи худашон
ҷойгир кардаанд. Мо накардаем...

Лекин аз ростй мо худамон таърихи халқамонро
намедонистем ё ин ки хеле кам медонистем. Ман масалан аз
солҳои баъд аз ҷанг дар муддати чанд сол ба мутолиаи ҷиддӣ
шуруъ кардам. Ман ин ҷо назди шумо ҳамаи он чизҳое, ки

82
мутолиа шуд, шумурда намешинам. Масалан, “Туркистон”-и
Бартолдро ман бемуболига 5 бор бисер бодиққат ва бо
конспектҳо хонда баромадам”.

Муносибати Улуғзода ҳам ба асарҳои худаш ва ҳам ба
осори дигар адибон аз ҳуввияти баланди миллй, аз ифтихори
милли, аз ҳифозати манфиатҳои миллат манша гирифтааст. Ӯ
кӯшиш намудааст, ки меҳри ватан, меҳри миллат, меҳри
тамаддуни рангини онро дар дили хонанда ҷойгир созад ва
инро дар осори дигар адибон низ дидан мехостааст.

Ҳамин эҳсосоти наҷиб ӯро водор намудааст, ки баъд аз
хондани достони яке аз шоирони муосири мо номаи пур аз
қаҳру газаб нависад:

“Ман “Достон”-ро хонда, аз муҳокимаҳое, ки шумо дар он
меронед ва даъвоҳое, ки мекунед, чунон дар ҳайрат мондам,
ки наметавонам ин мактубро ба шумо нанависам.

Ман аз як силсила чалмақиҳои забои, нуқсонҳои баёну
ифода, пургӯиҳои примитив ва гайра, ки дар манзумаатон ба
назар мерасанд, сарфи назар карда, факдт дар болои як
масъалаи принсипиалй меистам.

Шумо мегӯед, ки халқи тоҷик ба “наврӯзу навӣ”, яъне ба
инқилоб ва ҳаёти сотсиалистӣ баногоҳ чун каси “аз моҳ
фитода” омад (ҳатто барои саҳеҳтар баён кардани ин фикри
худ аз мақоли русии “С корабля на бал” ҳам истифода
мебаред). Мо ғофилон гумон мекардем, ки халқи тоҷик дар
шахси писарону духтарони бошуур ва иҷмолан фаъоли худ,
бо ёрии халқи рус, дигар халқҳои бародар дар эҷоди ҳаёти
нав ширкат кард, меҳнат кард. Не, ин дурӯғ будааст, вай аз
киштии “хоби сакта” якбора ба базм ҷаҳида будааст.

Маълум мешавад, ки шоири олимаълумоти пуриддао, ба
масал на аз таърихи инқилоби Бухоро хабар дорад ва на аз
таърихи ташкилотҳои партиявии Осиёи Миёна ва Тоҷикистон
чизе хондааст.

Лекин шумо аз ин ҳам пештар рафта даъво мекунед, ки
“халқи азиз”-атон дар эҷоди фарҳангу тамаддуни башар, дар
инкишофи афкори иҷтимоӣ иштирок накарда ва дар онҳо ҳеҷ
гуна ҳиссае нагузоштааст, ҳаргуна анъанаи мубориза барои

83
озодӣ, инчунин ҳеҷ гуна мероси маданӣ надорад, зеро, ба фикри
шумо, вай то дар одами вуҷуд буд, ба “хоби сакта” буд.

Сарчашмаи ин бӯҳтони паст ба халқи мо, агар ҷаҳолати
шумо набошад, мункири ҳақ будани шумост. Аз Рӯдакӣ,
Фирдавсӣ, ибни Сино то Саъдӣ, Хайём, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш,
аз Муқаннаъ то Восеъ ҳамаро ба як қалам хат мезанед.

Бо кадом ҳуқуқ? Ба чӣ асос?

Худи шумо кистед, ки ҳамаи инҳоро бидуни ҳаёву ибо ба
нестӣ мебароред?”

С. Улуғзода нависандаест, ки кӯтоҳбаёниро меписандид. Ӯ
дар ҳамон мусоҳиба бо кормандони Института забои ва адбиёт,
ки зикраш дар боло рафт, доир ба услуби эҷодии худ сухан
ронда гуфта буд:

“Ман кӯшиш мекунам, ки аз безарурат дароз кардани сухан
гурезам. Муҳаммадҷон Шукуров агарчи худаш кӯтоҳии
суханро меписандад, маро маломат мекунад, ки гоҳо азҳад
зиёд кӯтоҳ менависам. Шояд ҳақ ба (ҷониби) он кас бошад. Ба
нависандагоне, ки агарчи мавзӯашон аз мавзӯи ман калонтар
нест, чизи аз ин зиёд менависанд ва ҳатто двулогия, трилогия
менависанд, ҳасад мебарам. Рости ran, ҳар чи кӯшиш мекунам,
ки калонтарин асарам ҳам аз 20-30 ҷузъи чопӣ нагузарад. Дар
ҳаққи қалам ҳам зарар мекашам. Лекин гуноҳ ба худам.
Воқеан ҳам дар ҷое, ки маънию матлабро бо як ҷумла баён
кардан мумкин аст, чаро мо ду-се ҷумла менависем.

Устод Айнй таълим медод, ки асари бадей бояд ба ислоҳи
забони омма ва маданитар шудани он ёрӣ расонад. Эътиқоди
ман дар он аст, ки забони асари бадей ҳатман бояд фасеҳ,
рангин ва маданӣ бошад. Баъд то ҷое, ки забондонии ман кифоя
мекунад, кӯшиш мекунам, ки аз забони адабии қадима, ба
тавре ки аз савияи хонанда ва шунавандаи имрӯза дур набошад
ва ба вай бегона нанамояд ва архаизм ҳам ба вай нисбат дода
нашавад, истифода кунам. Сониян аз забони зинда, аз шеваҳо
калимаҳои муносиб ва ба қадри имкон оммафаҳм меҷӯям.
Аммо боэҳтиёт, зеро калимаҳоеро, ки дар як маҳал
мефаҳманду дар дигар маҳалҳо намефаҳманд ва аз лугатҳо
ҳам ёфта наметавонанд, ба кор бурдан раво нест. Барои пайдо

84
кардани чунин калимаҳо луғати шеваҳоеро, ки лаҳҷашиносони
мо дар институт (Института забон ва адабиёт дар назар аст)
ба чоп расонидаанд, бо диққат варақ мезанам. Масалан, аз
тадқиқоти хубе, ки Роза Львовна дар шеваи вилояти Кӯлоб
кардаанд, истифода бурдаам. Барой ин ман аз он кас миннатдор
ҳастам”.

Ин суханони С. Улугзодаро дастнависи асарҳои ӯ тасдиқ
мекунанд. Хондани сиёҳнависи асарҳои нависанда ниҳоят
душвор аст. Дар сари ҳар як калима ва ҷумла кор кардани ӯ
равшан ба назар мерасад. Саҳифаҳое вомехӯранд, ки як
ҷумларо чандин бор навишта хат задааст.

Ба аҳли адаб маълум аст, ки С. Улуғзода шеър ҳам
менавишт бо тахаллуси Беҳрӯз. Вале дар архив шеърҳои ӯ зиёд
нестанд. Шояд баъди бафурсат ва таанӣ омӯхтани дафтарчаҳои
ӯ боз шеър пайдо шавад.

Мутолиаи шеърҳои дар архив буда касро ба чунин хулоса
меорад, ки ӯ танҳо дар ҳолатҳои мутаассиркунанда шеър
мегуфтааст. Дар архив инчунин ду шеъри ҳаҷвӣ маҳфуз аст.
Яке аз онҳо “Ба шоири шеърҳои хасакӣ” ном дорад ва исми
он шоир низ зикр ёфтааст. Ин як пораеро аз он ин ҷо меорем:

Ба чӣ меболӣ ту, эй мардаки аз худ розӣ,

Ту мапиндор, ки байни шуаро мумтозӣ.

Суханат чун каҳи пор асту хас асту хошок
Оре, бошад хасакӣ меваи шоирбозӣ.

Оқил ар бар суханат нукта гирифт, меқаҳрӣ
В-ар зи ҷоҳил шунавӣ мадҳ, басе меёзӣ.

Аз пайи шӯҳрати арзону писанди нодон,

То ба кай дар таку тозӣ ту чу аспи тозӣ.

С. Улуғзода инчунин шеърҳои шоираи панҷобӣ Прабҳаҷут
ва чанд шеъри шоирони ӯрдузабони Покистонро ба тоҷикӣ
тарчума кардааст, ки соли 1959 дар маҷаллаи “Шарқи Сурх”
ба табъ расидаанд. Дастнависи йн шеърҳо дар архив

маҳфузанд.

Устод Улуғзода ҳамеша дар ҳалқаи ҷавонон буд. Ӯ нисбат

85
ба ҷавонон ғамхори зоҳир мекард. Ба онҳо маслиҳат медод,
асарҳояшонро таҳрир мекард, тақриз менавишт ва ба чоп
тавсия менамуд. Дар ҳисоботи худ ҳамчун узви вобастаи
Академияи илмҳо барои соли 1962 навиштааст:

Нахустин повести Ю. Акобиров “Вақте ки осиёб боз монд”
-ро, ки нависандаи ҷавону соҳибистеъдод бо он ба адабиёт
ворид гардид, таҳрир намудам, ба муаллиф маслиҳатҳо додам
ва китобро то чоп расонидам”.

_ С. Улугзода нахустин шахсест, ки Лоиқро кашф карда буд.
У маҷмуаи аввалини ӯро таҳрир карда, ба чоп тавсия намуд
ва бо ҳамин ба роҳи пурпечутоби шеъру шоирӣ фотеҳа дод. Ӯ
дар мактуби худ ба нашриёт навиштааст: “Шоири ҷавон хеле
боистеъдод ва маҷмӯааш пурмазмун аст”.

С. Улугзода дар айни замон устоди сахтгир ва серталаб буд.
Инро номаи аз Новороссийск ҳангоми дар хизмати ҳарбӣ
буданаш ирсол доштаи Лоик собит мекунад.

Лоиқ дар номаи худ аз 27 феврали соли 1966 навиштааст:

“Маҷмуаро шумо аввал каме хонда будед ва “се шеърро
бароварда парто” гуфта будед. Ман бароварда будам. Боз
фаҳмидам, ки се шеъри^дигар “Баҳор”, “Бузургӣ” ва “Солҳои
студенти”-ро аз маҷмӯа хориҷ кардаед. Ман ба ҳаммааш
розиям, лекин ба шеъри “Солҳои студента” дилам месӯзад.
Намедонам аз чист, ман ин шеърро худам дуст медорам. Агар
ин шеър аз боби “Солҳои студента” афтад, пас он боб бекор
(ланг) мешавад.^Илтимос, устоди азиз, як гузашт кунед ва
“Солҳои студентӣ”-ро иҷозат диҳед чоп шавад. Дигар ҳамааш
ба ризоияти шумост”.

Вале зорию илтимоси Лоиқ ба Улугзода асар накард.
Нахустин маҷмӯаи ашъори Лоиқ “Сари сабз” бидуни шеъри
“Солҳои студенти” ба табъ расид.

Устод Улугзодаро махсусан ба адабиёт ворид шудани
ҷавонони соҳибистеъдод хушҳол мекардааст. Дар як
дафтарчааш навиштааст:

“6 июни 1988. Бо ҳамроҳии Сафар Абдулло панд нафар
нависандаи навқалам, ки соате пеш дар Иттифоқи
нависандагон қабул шуданд, ба қавли Сафар Абдулло барои

86
“дуо” гирифтан ба хона омаданд. Аз онҳо фақат Фарзона ва
Баҳманёрро “дуо” ва табрик гуфтам.

8 июни соли 1988. Сафар Абдулло бо Фарзона ба меҳмонӣ
омаданд. Сафар манзумаҳои духтаракро, ки аз забони Рӯдакӣ,
Фирдавсй, Носири Хусрав навиштааст, хонд. Ин Фарзона аҷаб
истеъдод дорад, дар бистсолагӣ ҳақиқатан сухандон,
маънипардоз, хушзавқ шудааст. Қариб боварам намеомад, ки
дар ин синну сол чунин ашъоре гуфта метавониста бошад”.

Як қисм архиви хар як шахси соҳибфондро, вай хоҳ олим
бошаду хоҳ адиб, мукотиба ташкил медихад. Муктобиаи аҳли
илму адаб воқеаҳои сиёсию иҷтимоӣ, адабию фарҳангӣ ва
шахсии замони муаллифони онро мунъакис намуда, ҳуҷчати
муҳимми адабй ва сарчашмаи боэътимоди таърихӣ маҳсуб
мешавад. Мукотиба баъзан чунин соҳаҳои эҷодиёти
нависандаро ошкор месозад, аз шарҳи ҳоли ӯ чунин ҷузъиётро
пешниҳод мекунад, ки онро аз ягон мақола ва ё китоб дарёфт
кардан мумкин намешавад.

Дар архиви С. Улуғзода чанд номаи устод Шарифҷон
Ҳусейнзода маҳфуз аст, ки аз эҳтироми махсус, самимият ва
ҳисси ифтихори эшон аз нависандаи бузурги тоҷик дарак
медиҳад.

С. Улуғзода нусхаи номаҳои худро нигоҳ намедоштааст,
вале номаҳои дигаронро ҳифз мекардааст, танҳо се-чор номае
аз Улугзода мавҷуд аст, ки ӯро ҳамчун инсони хайрхоҳ ва
мунаққиди борикбин муаррифӣ мекунад.

Мукотибаи оилавии онҳо бошад, бештар ба ҳаёти давраи
ҷангй (Ҷанги Бузурги Ватанӣ) тааллуқ дорад. Номаҳои С.
Улуғзодаро аҳли оила нигоҳ доштаанд. Аз ин номаҳо маълум
мешавад, ки С. Улуғзода пеш аз кор кардан дар сарраёсати
артиши сурх дар майдони муҳориба будааст.

Ба таври муфассал баррасй намудан ва ба чоп омода
сохтани мукотибаи С. Улуғзода кори оянда аст.

Ин аст чанд мулоҳизаи мо аз мутолиаи иҷмолии бойгонии
Сотим Улуғзода.

87
ЧЕҲРАНИГОРИ КАМНАЗИР

Устод Раҳим Ҳошим аз он адибони барҷастаест, ки аз
ибтидои асри бистум то саҳл кам охири он ба адабиёту
фарҳанги тоҷик хидмати шоиста кардааст ва дар нашъу нумӯи
он саҳми пурарзиш гузоштааст.

У ба матбуоти тоҷик ҳамчун рӯзноманигор ворид гардида,

бо мурури замон соҳаҳои гуногуни илмҳои ҷамъиятшиносиро
фаро гирифт.

Раҳим Ҳошим адабиётшиноси мумтоз, мунаққиди
нуктафаҳм ва нуктасанҷ, забондону забоншиноси беҳамто,
мутарҷими забардаст ва нависандаи маъруф маҳсуб мешавад'

У шеър ҳам навиштааст. “Митсири”-и М. Ю. Лермонтовро
ба тоҷики гардонидааст. Мегӯянд, ки шеърҳои дар гурбат
сурудааш дар бойгониаш маҳфузанд.

Устод Раҳим Ҳошим 5 октябри соли 1908 дар Самарканд
дар оилаи марди фозил ва китобдӯст Муҳаммадоғои озарй
таваллуд ёфтааст.

Тарҷумони маъруфи тоҷик Ҳабиб Аҳрорӣ дар мақолаи худ
“Донишманди мумтоз” дар бораи аввалин бор шинос шудани
худ бо Раҳим Ҳошим сухан ронда навиштааст: “Ин тахминан
дар соли 1926 буд. Дар кабинети муаллим Шакурй як сурати
фотографие буд, ки дар он муаллимон ва шогирдони мактаб
акс ёфта, худи Шакурй ва педагоги машҳури он замон
Исматулло Раҳматуллозода дар мобайн нишаста буданд.
Исматулло муаллим як бачаи тахминан чор-панҷ солаи
хушруяки камонабрӯро дар сари зонуяш гирифта менишаст.
Шакурй сурати он бачаро ба мо нишон дода гуфтанд: “Ин
Раҳим аст — писари ошнои наздики ман Муҳаммадоғо. Ин яке
аз аввалин шогирдони ман буд, ки ман дар чил рӯз саводи уро
баровардаам”.1

Раҳим Ҳошим соли 1916 хамин мактаби усули нави
Абдулқодири Шакуриро хатм намуда, соли 1918 дар мактаби
навташкили шурави, ки дар он устод Айнй даре мегуфт, таҳсил
намуд. Соли 1919 ба Дорулмуаллимини Самарканд дохил

88
шуда, дар айни замон дар мактаби миёнаи руси таҳсилашро
давом медод.

Солҳои 20-ум Раҳим Ҳошим дар моҳномаю рӯзномаҳои
“Маориф ва ӯқитувчи”, “Зарафшон”, “Овози тоҷик”, “Раҳбари
дониш”, Нашриёти Давлатии Тоҷикистон ба ҳайси ходими
адабӣ, муҳаррир, мутарҷим ва котиби адабй ифои вазифа
кардааст. У соли 1930 ба Душанбе омада, дар нахустин
конференсияи забоншиносӣ фаъолона ширкат варзид, маърӯза
кард, мақола навишт. Соли 1933 дар анҷумани якуми
нависандагони тоҷик котиби масъули ин ташкилот интихоб
шуд. Дар анҷумани якуми нависандагони шӯравӣ ширкат
варзид.

Устод Раҳим Ҳошим соли 1954 дубора ба Душанбе омад ва
то охири умр дар ҳамин ҷо монд. Ӯ аз соли 1955 то рӯзҳои
вопасини ҳаёташ корманди илмии Институти забои ва
адабиёти ба номи Рӯдакӣ маҳсуб мешуд. Соли 1963 дар мавзӯи
“Ташаккули адабиёти советии тоҷик” рисолаи номзадй дифоъ
кард. Ҳангоми таҳияи Фарҳанги дуҷилдаи забони тоҷикӣ,
луғатҳои русӣ-тоҷикй ва тоҷикй-русӣ дар шӯъбаи луғат кор
мекард. Муддате робитаҳои адабиро сарварӣ намуд. Вақте ки
шӯъбаи мероси адабй таъсис ёфт, мушовири доимии он таъин
шуд.

Нахустин мақолаи ӯ дар синни 11-солагиаш нашр
гардидааст. Ӯ дар як мулоқоти худ бо ҷавонони Институти
забои ва адабиёт дар бораи усули дарсгузаронӣ дар мактаби
Шакурӣ сухан ронда гуфта буд:

“Муаллим Шакурй ба мо мавзӯъҳои гуногунро пешниҳод
мекард, ки иншо нависем. Китоби дарсӣ набуд. Боре ба мо
фармуд, ки дар ҳамин мавзӯъ, яъне азоби бекитобӣ иншо
нависем. Иншои маро худаш дар рӯзномаи “Меҳнаткашлар
товуши” чоп кунонд”.2

Аввалин мақолаи илмию адабии ӯ ба забони тоҷикӣ соли
1928 бо номи “Якумин қиссаи инқилобии Айнӣ “Одина” дар
маҷаллаи “Раҳбари дониш” (№ 8-9) ба табъ расид. Дар ин вақт
ӯ 20-сола буд.

Баъд аз ин Раҳим Ҳошим дар ҳаёти адабӣ ва фарҳангии

89
чумҳурӣ фаъолона ширкат варзид. Мақолаҳои ӯ доир ба
масоили гуногуни адабиёт, забои, мактабу маориф дар
саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ чоп шудан
гирифтанд. Нахустин китоби ӯ доир ба ҳаёт ва эҷодиёти устод
Айнӣ таҳти унвони “Пире, ки ҷавон шудааст”, соли 1937
интишор ёфт. Китобҳои ӯ “Сухан аз устодон ва дӯстон” (1970)
ва нашри дуввуми такмилёфтаи он (1983), “Солҳо дар
саҳифаҳо” (1988), қиссаи ҳуҷҷатии “Бо амри виҷдон” (1978.
бо ҳамроҳии Р. Фиш), “Ҳайкали назм” (1965), “Ибни Сино’’
(1977), “Абӯрайҳони Берунӣ” (1983) аз тарафи аҳли илму адаб
хуш пазируфта шуданд.

Китоби Ҳикмати асрҳо (бо ҳамроҳии В. Капранов), ки
чандин бор нашр гардид, дар бисёр ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди
Шуравӣ паҳн шудааст.

Раҳим Ҳошим луғатдон ва луғатшиноси мумтоз буд. Ӯ дар
таҳияи Луғати русӣ-тоҷикӣ” (1933, бо сарварии устод Айнй),
"Фарҳанги забони тоҷикӣ” (1988), “Луғати тоҷикӣ-русй” (дар
арафаи нашр аст) иштирок намуд.

Солҳои 20-уму 30-ум фикру зикри ӯро дар қатори дигар
зиёиёни пешқадам босавод кардани мардум банд карда буд.
У бо ҳаммуаллифии устод Айнй, Пайрав ва дигарон барои
мактабҳои таълими ҳамагонӣ қариб 10 адад китобҳои дарсй
ба табъ расонд.

Як соҳаи муҳимми эҷодиёти Раҳим Ҳошимро тарҷумаи
бадей ташкил мекунад. Хусусиятҳои муҳимми тарҷумаҳои
Раҳим Ҳошим аз он иборат аст, ки аксари онҳо аз забони асл
баргардон шудаанд.

Раҳим Ҳошим дар адабиётшиносии тоҷик чун чехранигори
камназир шинохта шудааст. Нахустин бор диққати
муҳаққиқони адабиётро ба ин ҷиҳати эҷодиёти Раҳим Ҳошим
дар пешгуфтори китоби “Сухан аз устодон ва дӯстон” устод
М. Шакурй ҷалб карда буданд. Раҳим Ҳошим чеҳраҳои адабии
он фарзандони бузурги миллатро офаридааст, ки, дили ӯ
наздиканд, ҳамроҳи онҳо кору зиндагй кардааст, дар мухити
адабии онҳо ба воя расидааст. Инҳо Садриддин Айнй,
Абулқосим Лоҳутӣ, Ахмадҷони Ҳамдӣ, Пайрав Сулаймонӣ.

90
Муҳаммадҷон Раҳими, Абдусалом Деҳоти, Ҳабиб Юсуфи ва
Боқӣ Раҳимзода мебошанд.

Асарҳои дар бораи онҳо эҷод кардаи Раҳим Ҳошим
фактҳои тарҷумаи ҳол, таърихи эҷоди асарҳояшон ва тахқиқу
таҳлили онҳоро якҷоя бо хотирот ва мушоҳидаю андешаҳои
муаллиф дар бар гирифтааст.

Чунон ки зикраш дар боло рафт, Раҳим Ҳошим бевосита
дар мактаб аз устод Айнӣ таълим гирифтааст, солҳои тӯлонӣ
дар як идора нишаста кор кардааст, муддате вазифаи котибии
ӯро бар ӯхда доштааст. Зеҳни тез, шавқи беандоза нисбат ба
адабиёт ва фарҳанги тоҷик, муҳаббату эҳтироми бепоён нисбат
ба устод Айнӣ, ақлу заковати худодод ба ӯ имкон додааст, ки
бисёр ҳодисаҳои муҳимро аз ҳаёти Айнӣ дар хотири худ ҳифз
намояд, онҳоро шарҳу тавзеҳ диҳад, гуфтору рафтору кирдори
ӯро ба мушоҳида гирад, онҳоро рӯи когаз орад ва дари коргоҳи
эҷодии ӯро ба рӯи муҳаққиқони адабиёти тоҷик, хонандагон
ва мухлисони эҷодиёти ӯ во кунад.

Устод Айнй низ Раҳим Ҳошимро мисли фарзанд дӯст
медоштааст. Боре он кас гуфта буданд, ки ҳангоми муддати
тӯлони набудани ман аз нависандагон ягона шахсе, ки аз
аҳволи оилаам хабардор шуда меистоданд, устод Айнӣ буданд.

Раҳим Ҳошим фаъолияти Айниро дар роҳи маърифатнок
намудани мардум, ҳифзи мероси адабию илмии он, инчунин
ҷидду ҷахд ва муборизаҳои ӯро барои покизагии забони адабии
тоҷик аз нахустин мақолаҳояш cap карда то китоби “Пире, ки
ҷавон шудааст”, дар очеркҳои илмиву оммавӣ ва қиссаи
ҳуҷҷатии “Бо амри виҷдон” бо ҳавсалаи тамом тасвир намуда,
симои ӯро чун як ҷонфидои миллат, ҷонфидои забону фарҳанг
бо тамоми азаматаш намудор сохтааст.

Агар муносибати Раҳим Ҳошим ва устод Айнй муносибати
устоди гамхор ва шогирди вафодор бошад, муносибати Раҳим
Ҳошим ва Пайрав Сулаймонй муносибати дӯстони хеле
наздику карин мебошад. Очерку мақолаҳои ба Пайрав
бахшидаи ӯ пур аз меҳри саршор ва садоқату самимият нисбат
ба ӯст.

Муҳимтарин хусусияти ин очеркҳо аз он иборат аст, ки

91
Раҳим Ҳошим фаъолияти эҷодии шоирро дар алоқамандии зич
бо ҳаёти шахсиаш, хислатҳои инсониаш ба тасвир гирифтааст.
У “чашмони зебо ва гиро”, “нигоҳи зеричашмии маъсум” “ва
маҳҷубонаи ӯ” дар зери зоҳири хомӯш, шармгин ва ором
тапидани дили пурҷӯшу хурӯш, тугён зада лабрез шудани
ҳиссиёти зебо ва дилрабо, табъи равон ва истеъдоди
фавқулоддаи ӯро ба қалам дода, портрета зоҳирӣ, ботинӣ ва
эҷодии романтиконаи Пайравро ба вуҷуд овардааст.

Устод Раҳим Ҳошим нафақат муҳаққиқ ва мубаллиғи
эҷодиёти Пайрав аст. Хидмати бузурги ӯ ҳам ба Пайрав ва
ҳам ба адабиёти тоҷик аз он иборат аст, ки бойгонии Пайравро
дар он солҳои пурошӯб ҳифз кардааст ва баъди ба Душанбе
баргаштан, тахминан солҳои шастум ба оилаи ӯ супоридааст.
Дар ин бора духтари шоир шоираи халқии Тоҷикистон
шодравон Гулчеҳра Сулаймонова навиштааст:

Чанд сол пеш дӯсти наздики оилаи мо Раҳим Ҳошим архиви
падарамро ба мо супориданд. Албатта, омӯхтан ва тадқиқ
кардани он кори олимон аст. Ман вақте ки онро варақ
мезанам, чӣ шоири нисбат ба худ серталаб будани падарамро
тасаввур мекунам. Дар ин архив аксари шеърҳо чанд нусхагӣ
буда, дар ҳар кадоми он як фикри тоза, мисраи нав илова
шудааст”.2

Ҳоло ин бойгони дар Архиви адибон”-и Института забон
ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ маҳфуз аст.

Яке аз мӯътабартарин ва мукаммалтарин маҷмӯаи осори
Пайрав “Маҷмӯаи шеърҳо”-и нашри соли 1934 мебошад, ки
баъди вафоти шоир Раҳим Ҳошим мураттаб намудааст.
Ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии Пайрав матни ҳамин маҷмӯа
чун матни асосӣ хидмат кард.

Дигар асарҳои ба муосирони худ бахшидаи Раҳим Ҳошим
низ бо ҳамин ҳарорати дил ва самимият навишта шудаанд.
Масалан, мақолаи ӯро доир ба Боқй Раҳимзода хонда, кас
симои инсони наҷиб, инсоне, ки дилаш аз ишқи зиндагй, ишқи
Ватан ва меҳри инсон пур аст, шоири асил ва тавоноро пеши
назар меорад.

Раҳим Ҳошим доир ба ҳаёту эҷодиёти намояндагони

92
барҷастаи адабиёти классикиамон низ асарҳо навиштааст. Ин
асарҳо дар силсилаи “Ҳаёти одамони наҷиб”, ки дар адабиёти
собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хеле маъмул буданд, нигошта
шудаанд. Китоби ӯ таҳти унвони “Ҳайкали назм” аз рӯзгор ва
осори Абдураҳмони Ҷомӣ накл мекунад.

Дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ асарҳои зиёди тадқиқотӣ ба
табъ расидаанд. Вале китоби Раҳим Ҳошим аз он асарҳои
хушки академӣ” фарқ мекунад. Дар ин асар қалами нависанда
ва олим ба ҳам омезиш ёфтааст. Ин асаресат, ки як бор ба
даст гирй, дигар то тамом шуданаш аз даст намениҳӣ.

"Ҳайкали назм” очерки илмию бадей буда, бо ҳамон услуби
чеҳранигории Раҳим Ҳошим, ки мо дар офаридани симоҳои
эҷодии муосиронаш мебинем, навишта шудааст. Агар ҳангоми
офаридани симоҳои Айнӣ, Лоҳутй, Пайрав ва дигарон дар
баробари таҳлили асарҳояшон ба хотира ва ҳофизаи қавии худ
такя кунад, ҳангоми эҷоди чеҳраи Ҷомӣ дар баробари асарҳои
худи ӯ, навиштаҳои шогирдон ва тарҷумаи ҳолнависони ӯ,
ривоятҳои паҳншуда, китобҳои таърихию илмию бадеиро ба
асос гирифтааст. Вале дар бораи Ҷомй низ бо ҳамон муҳаббат
ва самимият, бо ҳамон ҳиссиёти дилгармкунанда, бо ҳамон
дили саршори меҳр сухан меронад.

Раҳим Ҳошим ҳангоми ба фактҳои тарҷумаи ҳоли Ҷомӣ
муроҷиат кардан ҳамеша ба сарчашмаҳо такя мекунад, вале
ҳангоми тахайюли бадеии худро ба кор андохтан, маводу
мадорики асосӣ осори худи Ҷомӣ аст. Албатта, онҳоро бо
гуфтаҳои ҳамзамононаш низ муқоиса мекунад.

Чунон ки ба аҳли илм маълум аст, Абдураҳмони Ҷомӣ ба
тариқати тасаввуфи нақшбандия шомил буд. Раҳим Ҳошим
барои он ки сабабҳои ба ин тариқат гаравидани Ҷомиро нишон
диҳад, дар бораи он маълумоти хеле мухтасар ва ҷолиберо
меорад, ки ҳам ба аҳли илм ва ҳам ба хонандаи оддӣ дастрас
ва фаҳмост. У таъкид кардааст, ки “Ҷомӣ сӯфӣ буд, вале дар
тамоми умри худ ҳаргиз дар хонақоҳ нанишаст, бисоти шайхию
зоҳидӣ барпо накард, мурид нагирифт, касеро ба роҳи тасаввуф
даъват нанамуд. Абдулғафури Лорӣ нақл мекунад, ки Ҷомӣ
мегуфт: “Мо таҳаммули бори шайхӣ надорем”.

93
Ҷомй нисбат ба расмиятҳои сӯфигӣ беэътино буд. “Рӯзе
шайхулисломи Ҳирот ба хонаи Ҷомӣ омад. Ҷомӣ пас аз
маросими меҳмондорй созандагон ва хонандагонро фармуд,
ки онҳо навоҳо навохтанд ва сурудҳо хонданд. Чанд рӯз баъд
Ҷомӣ бо яке аз шайхони эътиборнок вохӯрд. Вай гуфг:

“Шумо олим ва пешвои ирфони арабу аҷам мебошед. Чй
гуна аст, ки дар маҷлиси шумо наю асбоби тараб менавозанд
ва усули доираву амсоли он месозанд”.

Ин ривоятро Раҳим Ҳошим аз “Рашаҳотайнулҳаёт”-и Алӣ
ибни Хусайни Кошиф овардааст. Баъд муаллиф меафзояд:

“Ҷомӣ чизе нагуфт, вале дар дил ба риши ин шайхи
хушкмағзи бедил хандид ва зери лаб ин байтро хонд:

На бар буруни вай аз ламъаи ҳидоят нур,

На дар даруни вай аз шӯълаи муҳаббат ҷӯш.3

Раҳим Ҳошим ғазалиёт ва маснавиёти Ч,омиро, ки ақидаю
андешаҳои иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ирфонии ӯро мунъакис
намудаанд, таҳлилу тавсиф намуда, симои шоири бузург ва
мутафаккири барҷаста, шоири ҳаётдӯст ва зебоипараст, шоири
инсонпарвар ва фошкунандаи зулму золимон, мубаллиғи
некию накӯкорӣ, шоири ҳақиқатҷӯй ва ҳақиқатгӯй, марди
диндор ва сӯфимашраби аз такаллуфҳо вораста, марди хоксор,
фурӯтан ва қаноатпешаро ба вуҷуд овардааст.

Дар назари аввал ба кас чунин менамояд, ки ин китоб бо ин
равонй ва дилписандй бисёр осон, дар як нишаст навишта
шудааст, вале агар амиқтар мутолиа кунӣ, маълум мегардад,
ки ӯ тамоми осори ҳамзамонони Домӣ ва муосирони худро
доир ба ҳаёту эҷодиёти ӯ омӯхтааст, андешаҳои худро дар
партави навиштаҳои онҳо санҷидааст ва баъд хулоса
баровардааст.

Устод Раҳим Ҳошим навиштааст:

"Касоне, ки Ҷомиро пайрави маснавигӯёни гузашта ва аз
навсозию мазмунсозӣ дар сухан бебаҳра медонанд, хатои
бузург мекунанд. Аввалин ҳунари шоирии Ҷомӣ ва навоварии
вай ҳамин содданависӣ аст, ҳамин равонию фасоҳат, ҳамин

94
гуфтани байтҳое, ки аксар саҳли мумтанеъ мебошанд,
мӯъҷизаи шоирй ва навпардозии вай аст.

Ҷомӣ шеърро, ки шоирони замонааш ба як паррандаи
хурдҷуссаи баландпарвоз мубаддал намуда, ба осмон cap дода
буданд ва хонанда онро аз дур дида, дар борааш тасаввуроте
пайдо мекард, ба замин фаровард, ба хонандаи шеърдӯсти
замонаш ва ба миллионҳо хонандагони ояндааш ром ва дастрас
гардонид. Шеъри Ҷомӣ мисли як товуси зебо пару боли рангини
худро кушода, дар рӯи замин, дар пеши назари мардумон
мехиромад ва бо зебоии рафтор, ҳусни қиёфати худ дил
мерабояд”.4

ӯ барои эътимоди том пайдо кардани хонанда гуфтаҳои
зерини адабиётшиноси Эрон Ризозодаи Шафақро овардааст:

"Ҷомӣ асосан Низомиро татаббӯъ карда, вале солдатар ва
гоҳо ширинтар аз Низомй сухансарой кардааст”5.

Дигар асарҳои устод Раҳим Ҳошим дар бораи симоҳои
бузурги адабиёти гузаштаамон аз чумла ибни Сино,
Абӯрайҳони Берунй ва дигарон бо ҳамин сабку услуб, бо ҳамин
самимияту муҳаббат, бо ҳамин ҳисси масъулият нигошта
шудаанд.

Мутолиаи асарҳои Раҳим Ҳошим бисёр осон ва
фараҳбахшанд, ба кас лаззат мебахшанд. Ӯ дар бораи шоирон
шоирона, дар бораи нависандагон чун нависанда сухан
меронад. Тасвирҳои ӯ обуранги хоссаро моликанд.

Масалан дар очерки илмию бадеияш дар бораи устод
Лоҳутӣ пеш аз он, ки таърихи эҷоди ғазали “Эй кош ки ба олам
то чашм кор мекард”-ро баён кунад, суханро чунин огоз
намудааст:

'Осмони софи баҳориро тасаввур кунед, ки лаҳзае рӯи онро
абрҳо фаро мегиранд. Баъд аз ин абрҳо борони дилнишин ва
фараҳафзое меборад ва ба одаму олам таровати нав мебахшад.
Лаҳзае баъд чеҳраи осмон кушода шуда, боз осмон
медурахшад, вай дар абрхои порашудаи шиновар акс ёфта,
сатҳи мавҷзанандаи осмонро бо рангҳои қавси кузаҳ (тиру
камон. рангинкамон) ороиш медиҳад.

Лоҳутӣ ҳам замоне, ки фикраш бо шеъри наве обистан

95
мешуд, лаҳзае ба пешониаш чин меомад, чашмонаш ба нуқтае
дӯхта мешуданд ва баъд шеър чун борони чонбахш ва
тароватафзои баҳорӣ аз табъаш равон мегардид, паиҳам,
дилнишин, фараҳафзо ҷорӣ мешуд. Пас аз он чеҳраашро нуре
фаро мегирифт, гӯё ифтихори суханаш вуҷудаш мепечид ва
боз хандону рӯҳбаланд ба ran давом мекард”.6

Ё ин ки дар бораи Пайрав Сулаймонй навиштааст:

“Дар шумораи дуюми журнали “Раҳбари дониш” шеъри
“Баҳори Тоҷикистон ва нолаи чупонй”-и Пайрав чоп шуд. Ин
аввалин намунаи шеъри лирикии Пайрав буд, ки ба майдони
матбуот мебаромад. Шоири ҷавон аз нахи абрешими табъи
нозукаш қолини махмалини нафисе бофта, ба зери пои адабиёти
советии тоҷик чун пояндоз густурда буд, ки “ёр нихад пой бар
замин”.

Ин шеър аз дили ҳассос ва пурҷӯшу хурӯше хабар медод.
Ин шеър аз баҳори пуртаровате мужда оварда буд, ки пас аз
дуру дароз ба cap бурдани “сардин дай ба зорӣ” ба халқи ранч
кашидаи мо насибу арзонй гардида буд”.7

Оре, устод Раҳим Ҳошим забондон ва суханшиноси беҳамто
буд. У ба се забои озодона сухан мекард, асар менавишт,
тарҷума ва таҳрир мекард. Вале ин забондонӣ, ҳарчанд ӯ дорой
истеъдоди фитрӣ бошад ҳам, ба осонӣ, бидуни омӯзиш ва
заҳмати муттасил ба даст наомадааст.

Худи устод Раҳим Ҳошим дар ин бора навиштааст:

“Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб” гуфтаанд. Ман ба
ҳикмати ин сухан ба ҳисоби худ қоилам ва шахси худамро
мисол мегирам. Агар дар соҳаи забони адабй андак-мундак
саводу донише дошта бошам, ба шарофати “зарби чӯби” устод
Айнист. Рӯзҳое шудааст, ки ман аз пеши домулло гиря карда
баромада рафтаам.

Ҳеҷ аз хотирам намебарояд. Соли 1927 як китоби дарсии
ҳисобро барои синфхои IV-и мактабҳои ибтидоӣ тарчума
карда будам. Домулло таҳрир карданд, баъд маро чег зада
дар паҳлӯи худ шинонда, ҷойҳои шубҳаноки тарчумаро як ба
як бо аслаш муқоиса кунонда баромаданд... ҷумлаи
нодурустро хонда “аслашро ёб канй, чй гуфтааст” — гуфта

96
мепурсиданд.

Ман аз нусхаи русй ҷои даркориро кофта меёфтам ва онро
гашта тарҷума мекардам, домулло ба тарҷумаи навам боз розй
намешуданд. То вақте ки аз тарҷума маънои ҳақиқй —маънои
мантиқии он ҷумла равшан набарояд, бо исрори тамом дурусг
тарҷума карданро талаб менамуданд. Баъд аз он ки ҷумла
тасҳеҳ шуд, аз болои айнак ба ман нигоҳи гиро ва
маломатомезе андохта:

— Пас чаро ин тавр навиштй? — гуфта мепурсиданд”8

Ҳарчанд устод Раҳим Ҳошим 14 соли умри азизи худро дар
маҳбас бо азобу уқубат гузаронид, вале баъд аз озод шуда ба
Душанбе омадан, яъне аз соли 1954 чи аз тарафи Ҳукумати
Тоҷикистон ва чи аз тарафи зиёиёни тоҷик қадршиносй дид ва
сазовори иззату эҳтироми мардум гардид. Ӯ ба унвони “Ходими
Шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сазовор гардида, бо
чандин ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Совета Олии РСС
Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Дар бораи Раҳим Ҳошим мақолаҳои зиёде ба табъ
расидаанд, вале аксари онҳо хусусияти ҷашнй доранд. Ягона
таҳқиқоти илмие, ки ба эҷодиёти Раҳим Ҳошим бахшида
шудааст, рисолаи номзадии Нурмаҳмад Одинаев “Мақоми
Раҳим Ҳошим дар таърихи робитаҳои адабии тоҷик” мебошад,
ки таҳти роҳбарии адабиётшиноси варзида Валй Самад
навишта шудааст ва соли 1999 бо муваффақият дифоъ гардид.
Ҳоло бисёр ҷиҳатҳои эҷодиёти Раҳим Х,ошим мавриди баррасй
қарор нагирифтааст, сирри комёбиҳои ӯ дар офаридани
чеҳраҳои адибони бузурги мо, дар тарҷумаи осори адибони
ҷаҳон ба забони тоҷикӣ кушода нашудааст.

Месазад, ки 100-солагии Раҳим Ҳошим дар сатҳи баланд
бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифта шавад ва дар партави тайёрй
ба он дойр ба масоили марбута рисола ва мақолаҳои алоҳида
таълиф гардад. Бойгонии ӯ танзиму тадвин ёфта, ба
муҳаққиқони эҷодиёти ӯ, умуман ба тадқиқгарони адабиёти
асри ХХ-и тоҷик маводу мадорики нав пешниҳод намояд.

97
АДИБИ ҲИКМАТПИСАНД

Раҳим Ҷалил ба он наели нависандагони тоҷик тааллуқ
дорад, ки дар солҳои сиюми қарни бистум ба майдони адабиёт
қадам ниҳода, тамоми қувва, вақт, дониш ва ҳаёти худро барои
саодати инсон, ободии диёр ва маърифатнок намудани мардуми
он бахшидаанд.

Инҳо наели дуюми адибони тоҷик — наели комсомол,
шоирон ва нависандагони ҷавон Мирзо Турсунзода^
Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Боқӣ
Раҳимзода, Мирсаид Миршакар ва Раҳим Ҷалил буданд, ки
ба адабиёт “як ҷӯшу хурӯши ҷавонй, эҳтироси сиёсй, кӯшиши
бештар конкретонидани образҳоро оварданд”.1

УстоД Боқӣ Раҳимзода Рафиқ ном шеъре дорад, ки ба
Раҳим Ҷалил бахшида шудааст. Дар ин шеър ӯ кору бор ва
хидматҳои наели худро дар он солҳо, ки гоҳ бо қалам ва гоҳ
бо белу каланд сурат мегирифт, бисёр самимона ба риштаи
тасвир кашидааст:

Накарда шиква ҳаргиз, порой ноне ба ҳам дидем,
Хаёлам, рӯзу моҳу сол беандоза кӯтаҳ буд,

Ки ҳатто фурсате пайдо намешуд баҳри сархорй,

А сарҳое, ки гаҳ эҷод мешуд, қад-қади раҳ буд.

Рафиқи бовафои ман,

Ба ҳар дарде давои ман,

Цавои ман.

Кӣ акнун мекунад бовар, ки мо шаҳри Душанберо,
Замоне буд, бо машки кашонда об медодем.

Барои зудтар бунёд кардан навбиноеро
Кашонда хишти онро дар шаби маҳтоб медодем.

98
Рафиқи бовафои ман,

Ба ҳар дарде давои ман,

Цавои ман.

Ба ёдат ор ҳарбу зарби маҳви бесаводиро,

Чӣ сон мо ҳамла мебурдем бар ифрити нодонӣ.

Гаҳе дар ҷустуҷӯи маърифат монанди гаввосон
Фурӯ рафтем ҳарду борҳо дар қаъри зулмонӣ.

Рафиқи гамгусори ман,

Шарики кору бори ман,

Зи номат ифтихори ман!2

Агарчанде ба асарҳои ин адибон мафкура ва идеологиям
замой нақши худро гузоштааст, вале бо ҳама каму кост ва
бурду бохташон ин асарҳо имрӯз ҳам ба ҷомеаи мо хидмат
хоҳанд кард, дар тарбияи маънавии мардум саҳм хоҳанд
гузошт, онҳо ҳаёти халқи моро дар як давраи нави таърихй
мунъакис намудаанд.

Оре, хидмати ин адибон дар назди халқи тоҷик, дар назди
адабиёти тоҷик хеле калон аст.

Устод Мирзо Турсунзода дар як мактуби худ 26 феврали
соли 1966 ба Раҳим Ҷалил чунин навишта буд:

“Ҳарчанд ки сафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз
ҳисоби адибони ҷавон сабзид, вале монанди Раҳим Ҷалил, ки
қариб чиҳил сол боз умри худро дар роҳи пешрафти адабиёти
советии тоҷик сарф намуда, саломатиашонро қурбон карданд,
он қадар зиёд нестанд, онҳоро бо ангушт метавон шумурд.
Бинобар он ҳар яке аз онҳоро барои халқ хеле азиз бояд донист
ва нисбат ба ин гуна азизон бояд эҳтиёткорона рафтор кард.

Шӯҳрати насри тоҷикро истеъдод ва ақлу заковати устод
Айнй, Раҳим Ҷалил, Улуғзода, Икромӣ ва якчанд адибони
башумур боло бардоштанд”.

Моҳи июни соли 1989 аҳли ҷамъияти Тоҷикистон 80-солагии
зодрӯзи устод Раҳим Ҷалилро ҷашн мегирифт. 9 июн ба ин
муносибат дар Хуҷанд дар толори пуршукӯҳи театри мусиқию

99
драмавии ба номи Камол, ки он вақт номи Пушкинро дошт, бо
иштироки намояндагони меҳнаткашони шаҳр ва дигар шаҳру
ноҳияҳои вилоят, меҳмонон аз Душанбе ва ҷумҳурии ҳамсояи
Узбекистон ботантана баргузор гардид.

Одамони касбу кори гуногун нависандаи маҳбуби худро
табрик мегуфтанд, ба ӯ меҳру муҳаббат ва ихлосу эҳтиром
арз намуда, барои асарҳои барҷастааш.барои хидматҳои
шоистааш дар назди халқу Ватан сипосгузорй мекарданд. Вале
Раҳим Ҷалил дар он байн набуд, ӯ дар хонааш дар бистари
бемори суханони онҳоро гӯш мекард. Вақте ки ба ҳозирон
нутқи сабтшудаи нависандаро шунавониданд, толорро як
хамушии ҳузнангез фаро гирифт, ҳозирон хама тан ҳушу гӯш
шуданд. Баъди ба итмом расидани суханронии Раҳим Ҷалил
ғулғулаи кафкубиҳо, нидои шодию сурур ба сақфи толор дакка

хурд. Мардум аз он хурсанд буданд, ки Раҳим Ҷалил ҳамроҳи
онҳост.

Ман ба овози Раҳим Ҷалил гӯш меандохтаму ҷашни 60-
солагии уро пеши назар меовардам. Раҳим Ҷалил ба мо, як
гуруҳ меҳмонони пойтахти ҷумҳурй, ҷойҳои ҷолиби таваҷҷӯҳи
шаҳри азизашро нишон медоду дар бораи гузаштаву ҳозираи
он бо ҳаяҷон ва камоли шавқ сухан меронд. Вай таърихи ҳар
кунҷу канори диёрашро нағз медонист ва воқеаҳои аҷиберо
марбут ба он нақл мекард.

Раҳим Ҷалил диёри худро дӯст медошт. Беҳуда нест, ки ҳаёт
ва кору бори одамони он мавзӯи асосии асарҳои нависандаро
ташкил кардаанд.

Хонандагони тоҷик дар бораи бисёр воқеаҳои таърихй,
иҷтимои, ҳаёти, ки дар Бухорою Самарканд ва дар Кӯҳистони
тоҷик руй дода буданд, пеш аз ҳама ба воситаи асарҳои устод
Айни ва Ҷалол Икромӣ шиносоӣ пайдо карданд. Асарҳои ин
ду алиби номиро як навъ таърихи халқӣ тоҷики ибтидои асри
бист метавон гуфт.

Ҳаминро дар бораи Раҳим Ҷалил низ гуфтан мумкин аст.
Романи “Одамони ҷовид” дар наср аввалин асарест, ки
воқеаҳои таьрихию иҷтимоии ин давраро дар шимоли
Гоҷикистон акс намудааст.

100
Романи дигари ӯ “Шӯроб” дойр ба ҳаёти пешазинқилобӣ
ва баъдииқилобии коргарони кони ангишти Шӯроб, ташаккули
коргарони тоҷик баҳс мекунад.

Дар романи сегонаи “Шӯроб” дар баробари ангиштканони
тоҷик Холи Ворухй, Акбар, Давлатшоҳ, намояндагони дигар
халқҳо Петр, Аверченко, Даша, Буров, Арслоналй, Хдцоят ва
Эсанпай амал мекунанд. Ғаму андӯҳи зиндагӣ, ягонагии
мақсаду маром ва роҳи мубориза онҳоро ба ҳам мӯнису
меҳрубон мегардонад. Онҳо дар душвортарин лаҳзаҳои ҳаёт
ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Романи “Шӯроб” маҳсули ҳаётомӯзии басо ҷидции Раҳим
Ҷалил аст. Ӯ мисли ҳар як нависандаи масъулиятшинос, ки
пеш аз калам ба даст гирифтан ба тадқиқи ҳартарафаи зиндагӣ
машғул мешавад, таърихи кони Шӯроб, ҳаёти коргарони он
ва бисёр воқеаҳои ба ин кон марбутаро омӯхтааст. Ӯ дар
баробари бодиққат мутолиа кардани ҳуҷҷатҳои таърихй,
мудцати зиёде дар Шӯроб зиндагй карда, бо ҳаёти ангиштканон
аз наздик шинос шудааст. Барои исботи ин даъво аз мактуби
ангишткани собиқ Мирзо Назаров ба нависанда як иқтибос
овардан кифоя аст:

“Шумо ба Шӯроби мо соли панҷоҳу ҳафт буд-мй омада
дарак карда маро ёфтеду гуфтед, ки дар бораи таърихи Шӯроб
ва ҳозирааш китоб навиштанӣ. Ман дар дилам ҳайрон шуда
будам. Барои он ки дар бораи шахтёр навиштан зиндагии вайро
нагз донистан, сонӣ ба конҳо даромада бо чашми худ дидан
даркор. Шумо ҳамин корро метавонед ё не гуфта тарсида
будам. Чунки ба ман гуфта буданд, ки саломатии шумо хуб
не.

Чанд моҳ омада ба ин ҷо истоданатон фоида додааст.
Хайрият, шумо аз ӯхдаи кор нағз баромадед”.3

Хулоса, “Шӯроб” дар эҷодиёти Раҳим Ҷалил инкишофи
минбаъдаи жанри романро нишон дода, марҳилаи тозаеро
ифода мекунад.

Асари дигари Раҳим Ҷалил “Маъвои дил” бори дигар аз
садоқати нависанда ба зодгоҳаш ва мардуми он шаходат
медиҳад.

101
Маъвои дил” аз аввал то охир хотираҳои нависандаро аз
нахустин қадамҳои бошууронааш дар зиндагй то рӯзҳои ба
вуҷуд омадани китоб дар бар мегирад.

Едцоштнависй дар адабиёти тоҷик анъанаи бой ва таърихи
қадимае дорад. Вале на ҳар ёддошт дар таърихи адабиёт
мавқеъ паидо кардааст. Ба қолаби бадей овардани ёддошт аз
нависанда масъулияти калонеро талаб менамояд. Ҳар адибе

тачоибИаиК°Р ““ ДаР баробаРи и^еъдоди комил^

аҷрибаи суханвари бояд таҷрибаи фаровони зиндагй низ

ндухта бошад ва дар баробари ин дорой қувваи ҳофизаи
мустаҳкам ва андешаи амиқу дурпарвоз бошад. Беҳуда нест
КИ устод Аини танҳо баъди навиштани як қатор асарҳои
таърихию бадей ба навиштани ёддоштҳои айёми бачагй ва
наврасии худ шуруъ кард.

Рахим Ҷалил низ дар ин пеша 6а устодаш пайравй карда
факат баъди он ки асарҳои бадеию таърихии “Одамони човид”
ва романи Шӯроб”-ро ба миён оварда дастраси ховдон
гардонид, ба таълифи асари ёддоштиаш “Маъвои дил” камар

Маъвои дил” дар бораи шахрест, ки дар пеши назари
нависанда, бо иштироки фаъолонаи у, бо дастони хачдиёрони

HvZnn ™Г В“ ба ”е “ кало™Р™ -ахрхои саноатии
ҷумҳури табдил ефт.

Қаҳрамони асосии “Маъвои дил” мисли дигар асарҳои

ҳим Ҷалил халқ аст. Дар асар манзараҳои ҳаёти халқ, урфу

одат ва меҳнату маишати вай ба таври васеъ тасвир
гардидааст. а^вир

Нависанда дар баробари нишон додани вазнинию
мураккабии ҳаети халқ, такопӯи мардум барои пайдо кардани
ризқу рузи, маънавияти бои халқ, муҳаббату эҳтироми ӯро ба
фарзандони донишманди худ, шавқу ҳаваси ӯро ба китоб басо
боварибахш ба қалам додааст.

ГЛИМ ҶаЛИЛ ДаР б°РаИ ШаВҚУ Ҳаваси маРдУм барои савод
баъд аз кушода шудани нахустин мактабҳои нав дар Хуҷанд

орзуҳои наҷиб ва талошу муборизаҳои онҳо баҳри ободии диёр

ва осудаҳолии мардуми он бо муҳаббат ва самимият сухан

102
ронда, воқеаҳоеро нақл кардааст, ки яке аз дигаре аҷибтар ва

шавқовартаранд.

Дар баробари ин нависанда бисёр нақлу ривоятҳо,
хотираҳои шахсони гуногунро дар бораи одамони пешқадами
Хуҷанди бостонй — шоирон Фахрии Рӯмонй, Тошхӯҷаи Асирй,
ҳофизи машҳур Содирхон, мударрис Муҳиддинхон, олим ва
табиби ҳозиқ Ҳоҷй Юсуф ҷамъ намуда ва дар кӯраи идроки
худ сайқал дода тасвир кардааст. Гуфтан лозим мешавад, ки
“Маъвои дил” аз ин ҷиҳат аҳамияти калони донишомӯзӣ пайдо
кардааст. Хонанда аз он дар бораи ҳаёти илмию адабии
ибтидои асри бист, ҳаракатҳои маорифпарварй, муборизаи
зиёиёни пешқадами тоҷик ба муқобили зӯҳду риё ва зулми
золимон маълумоти муҳим ба даст меоварад.

Нақли муаллиф дар бораи яке аз симоҳои барҷастаи илм
Ҳоҷй Юсуф, ки дар замони тираю тор ва ҳукмронии ҷаҳолат
чароғи илму маърифатро фурӯзон карда буд, тасаввуроти
хонандаро оид ба таърихи илми тоҷик хеле вусъат медиҳад.

Раҳим Ҷалил нафақат тарҷумаи ҳоли Ҳоҷй Юсуфро ба
тафсил овардааст, балки ӯро дар вазъиятҳои мураккаб тасвир
кардааст, ки барои зоҳир шудани хислатҳои инсониаш заминаи
боэътимод гардидаанд. Дар пеши назари хонанда симои шахсе
ҷилвагар мешавад, ки тамоми ҳаёти худро ба хидмати мардум
бахшидааст.

Ривоятҳое, ки Раҳим Ҷалил дар бораи шоири маорифпарвар
Тошхӯҷаи Асирӣ ҷамъ кардааст, барои кушодани моҳияти
эҷодиёти ӯ аҳамияти калон доранд. Нависанда таърихи ба
вуҷуд омадан ва ба кй бахшида шудани бисёр шеърҳои
Асириро муайян кардааст. Маълум мешавад, ки шеърҳои
ҳаҷвии ӯ дар бораи мазаммати амалдорони замон аҳамияти
амалӣ низ доштаанд. Онҳо ба бечорагон ёрй мерасонданд.
Масалан, рӯзе дехдоне ба назди Асирй омада арз мекунад, ки
“юнучқаи сеюним моҳ пеш коштаи ӯ аз беобӣ як буғум ҳам
насабзидаасту” мироби деҳаашон Ашрафзода ба ӯ об
намедиҳад. Деҳкон аз шоир илтимос мекунад, ки ба ӯ ёрй
расонад. Асирй хамон замон коғазу қалам мегираду дар ҳаққи
мироб шеъри ҳаҷвие навишта бо мактубчае ба ӯ мефиристад

103
ва деҳқонро хотирҷамъ мекунад, ки мироб ҳамин рӯз ба
юнучқааш об медиҳад.

Асирӣ аз саҳифаҳои “Маъвои дил” чун шоири баландтабъ,
инсони комил, ҳоми ва пуштибони беваю бечорагон намудоо
мегардад. к

Дар ин китоб мо инчунин таърихи пайдоиш ва ташаккули
зиеиени нави тоҷикро мушоҳида мекунем. Дар он қадамҳои
нахустин, оғози фаъолияти зиёиёни фидокор, ҷараёни рушду
камоли онҳо тасвир гардидааст.

Дар асар давраи ташаккули эҷодиёти адибони тоҷик Ҳаким
Карим ва Муҳиддин Аминзода тасвир ёфта, чеҳраи эҷодии онҳо
дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи нависанда офарида шудаанд.

Ҳаким Карим чун ҷавони гаюр, рафиқи ғамхор ва меҳрубон
нависандаи ҷанговар ва фидокор ба пеши назар меояд.’
Хотираҳои Раҳим Ҷалил барои амиқтар омӯхтани эҷодиёти ӯ
ери мерасонанд.

Хотираҳои нависанда дар бораи шоир Муҳиддин Аминзода
басо ҷолиб аст.

Ҳарчанд Раҳим Ҷалил кӯшиш намудааст, ки дар бораи
худаш камтар сухан ронда, бештар дар бораи одамони аҷиби
шаҳраш шунида ва дидагиҳояшро нақл кунад, бо вуҷуди ин
симои худи у дар асар мавқеи намоёнро ишғол мекунад.

Маъвои дил ’ аз як тараф доир ба тарҷумаи ҳоли Раҳим
Ҷалил, махсусан дар ибтидои роҳи эҷодии ӯ маълумоти
пурқиматеро фаро гирифта бошад, аз тарафи дигар ба
муҳаққиқони эҷодиёти нависанда баҳри ошкор намудани сирри
дастовардҳои эҷодии у маводи фаровонро манзур мегардонад

Ин аст, ки “Маъвои дил”-ро манбаи муҳимми таърихи
фарҳанг ва адабиёти то ибтидои асри бист номидан мумкин

&СТ.

Раҳим Ҷалил аз нахустин қадамҳои худ дар арсаи адабиёт
ба ҳикоянависӣ рағбати махсус пайдо намуда, дар ин жанр
инъикос кардани муҳимтарин воқеаҳои замонаро мароми
асосии фаъолияти адабиаш қарор дода буд. Ин жанр дар
эҷодиети у тадриҷан мавқеи ба назар намоёне ишғол намуда
то охири умр диққати нависандаро ба худ ҷалб карда омад. ’

104
Раҳим Ҷалил дар ҳикоянависй услуби хоси худро дорад, ки
Ӯро аз дигар нависандагон фарқ мекунонад. Дар ҳикояҳои ӯ
ҳаҷв мақоми махсусеро ишгол менамояд. Ба василаи ҳаҷв
нависанда мақсаду мароми худро, ки ба одамон дар муборизаи
онҳо ба муқобили бадӣ ёрй расонидан аст, равшан падид
овардааст. Воситаҳои ҳаҷвии ӯ ғанй ва гуногунанд. Вай
заҳрханда, тамасхури нешдору тезу тунд, хандаи бераҳмонаро
ба кор мебарад. Кор фармудани муболиғаю муҳобот ба симои
қаҳрамонҳо равшанӣ, қувваи зудтаъсир мебахшад ва аҳамияти
тарбиявии асарро меафзояд. Чунин тасвирро махсусан дар
ҳикояҳои “Марги Хушомадхӯҷа”, “Афсӯс”, “Ҳиҷрат”,
'Шубҳабоев”, “Воизи охирин”, “Марги лайлатулқадр”
мушоҳида кардан мумкин аст.

Агар қаҳрамон ба гурӯҳи қаҳрамонҳои манфӣ тааллуқ
дошта бошад, чун дар ҳикояҳои боло, тамасхуру истеҳзои
нависанда қувваи фошкунанда дар бар карда, ҳисси нафрату
эътирозеро дар дили хонанда ба ҳаракат меоварад. Аммо вақте
ки нависанда дар бораи бидъатҳои чи дар ҳаёти маишӣ ва чи
дар шуури баъзе одамон ҷой дошта, дар бораи хислатҳои
манфии онҳо сухан меронад, оҳанги баёнаиг ҳазли ширинеро
ифода мекунад. Дар ҳикояҳои “Ҳисса аз қисса”, “Хар ва
сабукрав”, “Шӯри Ғайбатхола”, ки қаҳрамононашон аз қайди
УРФУ одатҳои манфӣ халос нашудаанд, вале худи зиндагй ва
ҷараёни инкишофи он чашми онҳоро кушода, ба тағйир додани
хислаташон маҷбур мекунад, хандаи ҳазломезе садо медиҳад.

Раҳим Ҷалил дар бисёр ҳикояҳояш воқеаро ба воситаи
муколамаи қаҳрамонҳо тасвир карда, дар сохтани диалогҳо
маҳорати махсус зоҳир намудааст. Баъзан кас худи воқеаро
намебинад, вале гуфтугӯи қаҳрамонҳоро шунида равшан
мефаҳмад, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст, мусоҳибон чӣ хел
одамонанд. Маҳз муколама боиси падидор шудани сирату тинати
қаҳрамонҳо мегардад. Масалан, ӯ дар ҳикояи “X^icca аз қисса”
ҳолати падару модарро дар вақти хондани мактуби духтарашон,
ки ба муқобили раъйи онҳо баромада, “дар шаби тӯй ғайб
задааст”, чунин тасвир мекунад:

Писарчаашонро ба пеши чароғ оваронда, хатро
мехононанд, падару модар ҳарду бо ҳаяҷон гӯш мекунанд:

105
“Падару модари меҳрубон...

Садқаи падару модар шав, — гуфта гурунгос мекунад
модар.

— Ҳой зан, сабӯс барин сабук нашав, ист, аввал хонад. —
фарёд мезанад падар.

Ман аз рӯзи аввал ҳам ба шумо гуфтам, ки беҳуда зӯрй
накунед, ман ба вай такасалтанги кӯчагард намерасам...

Ба балои бад гирифтор шав, — мегӯяд падар.

— Нафасатонро боду шамол барад, — мегӯяд модар.

— Истед, мондагешро хам хонад.

“... Шумо гӯед: бо шавҳарам ман зиндагонй мегузаронам
ё шумо? Албатта ман. Ҳамин тавр, ки бошад...

— Вой, шавҳар накардаякак мур, — мегӯяд модар сӯхтаю
пухта, — ту моро шармандаи ду ҷаҳон кардй.

Астагфирулло... ҳой зан, дахони бефаровезатро пӯшй-
чй, гӯр нияти бадат шавад, — мегӯяд падар эътироз карда, —
сабр кун, хонда тамом кунад.

“Ман худам хуш мекунам, на ин ки шумо...

— Хуш накардаякак рав! — мегӯяц падар.

Дуои бад накунед, мегӯям, — фарёд мезанад модар.
Истед, аввал шунавем.

“Ба хуш кардагиям, ҳаммактабам — Рауфҷон, ки ӯро шумо
медонед, вай хам маро хуш кардааст, расидам.

— Хуш накардаю хуш наомадаякак мон... — гуфт модар
ин дафъа оҳиста.

— Облоҳуакбар... ҳой зан, манахатро бандам, хап мешавй-
ми? — мету яд шавҳараш.

— Канй тезтар хон, ба гапи мо чаро гӯш мекунй?

Падарҷон ва модарҷон. Хафагиро ба токчаи баланд монда,

меҳрубонии падару модарона карда, ба хонаамон биёетон.

Охир, ин нодарбарорбар дар куҷо? — Ин дафъа зану
шавҳар баробар аз писарашон пурсиданд...”4

Инак, чунон ки дидем, падари ба ҳаяҷон омада ва модари
ба таҳлука афтода бо суханҳои талху обдор ҳамдигарро
сарзаниш мекунанд. Тарзи сарзаниши онҳо лаби хонандаро ба
табассуми ширин моил мекунад.

106
Раҳим Ҷалил ҳикояҳои ҷиддии дорои симоҳои равшану
оарҷаста низ дорад. Аз ин ҷиҳат ҳикояи “Пушаймонӣ”-ро ба
таври махсус қайд кардан лозим аст. Нависанда дар ин ҳикоя
роҳи тасвири психологиро пеш гирифта, қаҳрамонашро бештар
дар ҳолати андеша намудор сохтааст ва ба ин восита ба ботини
у назар андохтааст.

Қаҳрамони асосии ҳикоя Ҷамол ҷавони софдил ва
поквиҷдон буда, дили меҳрпарваре дорад. Дили ӯро ду ҳисси
ба ҳам муқобил фишор медиҳад. Ҷамол занашро аз самими
дил дӯст медорад, вале хиёнати ӯро бахшида наметавонад
Ягона тасаллои дил, ягона дармони дард ба ӯ меҳнати ҳалол
оа фоидаи ҷамъият мегардад.

Он зарбаи сахте, ки Ҷамол дучор шуд, он дарду алам ва
азоби ботиние, ки аз cap гузаронид, одамияти ӯро халалдор
карда натавонист, дар дили у ба ҷои меҳру шафқат буғзу кинаю
адоват маскан нагузид.

Ҳикояи “Пушаймонӣ”-ро дар қатори беҳтарин ҳикояҳои
адабиёти муосири тоҷик гузоштан мумкин аст.

Як хусусияти барҷастаи насри Раҳим Ҷалил ба забони халқ
наздик будани он аст. У аз солҳои аввали эҷодиёташ ба
омухтани забони гуфтугӯии халқ диққати махсус медод. Матни
муаллиф махсусан дар ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ хусусиятҳои хос
дорад. Чи^ аз ҷиҳати сохт, тарзи гуфтор, ҷумлабандӣ ва
калимасозй ва чи аз ҷиҳати таркиби луғавии худ ба забони
гуфтугуи хеле наздик аст.

Нависанда ибора, идиома ва зарбулмасалҳои халқиро хеле
зиёд ба кор бурдааст. Дар эҷодиёти ӯ ҳикояе нест, ки бо як
қатор ибораҳои рехта, пухта ва пурмазмуни халқй фаро
гирифта нашуда бошанд. Чунин ибораҳо ба ҳикояҳои Раҳим
Ҷалил ҳусн ва обуранги махсус бахшидаанд. Онҳо ҳаҷви ӯро
пурқувват, таъсирбахш ва нишонрас, образҳои ҳаҷвии ӯро хеле
барҷаста ва зинда кардаанд.

Раҳим Ҷалил дар гуфтугӯ, дар сӯҳбатҳо низ ибораҳои мӯҷаз,
мақол ва зарбулмасалҳоро басо бамаврид, ҳунармандона ба
кор мебурд. Он сифатҳое, ки қаҳрамонҳои асарҳои ӯ дар
ҳозирҷавобй, зарофатгӯй, аскияпардозӣ, ҳазлу шӯхӣ зоҳир

107
кардаанд, дар шахсияти Раҳим Ч,алил хеле равшан мушоҳида
мешуд. Шунавандагон нақлҳои ширину намакин ва гуфтори
шӯхи ӯро шунида, ба завқ меомаданд.

Суханварони бузургро хӯшачини хирмани сухан
меномиданд. Хирмане, ки Раҳим Ҷалил аз хӯшаҳои сара ва
ширини сухан ба вуҷуд овардааст, сарвати гаронбаҳоест, ки
аз ҳиссаи арзандаи ӯ ба ганҷинаи забони адабии тоҷик шаҳодат
медиҳад. Ба ин муносибат кас мехоҳад чунин гуфтаҳои
тарҷумони намоён ва ботаҷриба Эммануэл Муллоқандовро
ёдовар туда, ба он ҳамовозӣ кунад. У дар як мактубаш ба
Раҳим Ҷалил навишта буд:

“Бояд гӯям, ки баъди аз китобҳои устод Айнй ман аз
китобҳои ҳеҷ кадоме аз нависандагони хурду калон ин қадар
дурдонаҳое начиндаам, ки аз навиштаҳои шумо ғундоштаам.
Ба хаёли ман, ба хизмати шумо дар соҳаи забои то хол чунон,
ки бояду шояд баҳои сазовор дода нашудааст.

Ҳар қадар, ки асарҳои классиконро, адабиёти халқро
бештар мехонам ва ба забони зиндаи халқ ҳар қадар, ки зиёдтар
гӯши диққат медиҳам, то рафт бештар қаноат ҳосил мекунам,
ки адо шудан надорад ва ба ақидаи ман барои дар забони
имрӯзаи адабии тоҷик ба кор даровардани ҳамаи он дурдонаҳо
умри як наелу ду наели нависандагон камй мекунад.
Хизматҳои асосй дар ин роҳ ҳоло дар пеш аст. Хизмати устод
Айнй дар ин роҳ бузург ва бебаҳост. Нависандагони дигари
т°Ник Ҳам алоқадри ҳол хизмате доранд ва ҳиссае гузоштаанд.
Аз думла хизмати Ҷалол Икромй қобили қайд аст. Аммо
шахсан ман дар ин бобат баъд аз устод Айнй ҷои дуюмро ба
шумо медодам. Ганҷҳои забонй дар ҳикояҳоятон фаровон
бошад, дар ин романатон (“Шӯроб” — Х.О.) хам кам нест”.5

Аҳамияти эҷодиёти ҳар як нависанда аз он фоидае муайян
мешавад, ки мардум аз асарҳои ӯ ба даст меоранд. Асарҳои
Раҳим Ҷалил ба чандин наели хонандагони тоҷик бобаророна
хидмат карда меоянд. Хднгоми мутолиаи онҳо кас тапиши дили
шахсеро ҳис мекунад, ки дар он муҳаббати беканоре ба Ватан,
ба инсон, ба зиндагӣ туғён мезанад.

108
ОЛИМ, НАВИСАНДА, ОМУЗГОР

Соли 2003 аҳли илму адаби ҷумҳурии мо 80-умин солгарди
мавлуди олим ва адиби барҷастаи тоҷик, академик, ходими
шоистаи илми Тоҷикистон, доктори илми филология,
профессор, аълочии маорифи халқ, узви Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон Раҷаб Амоновро бе ҳузурашон
таҷлил карданд.

Марг аз байни мо инсони наҷиб, инсони заҳматкаш ва
фидокореро рабуд, ки дар рушду камоли бисёр соҳаҳои илму
фарҳанги тоҷик ва мактабу маорифи Тоҷикистон саҳми
пурарзише гузоштааст, инсонеро рабуд, ки то вопасин
дақиқаҳои ҳаёташ аз эҷод намондааст, аз некй кардан ба
мардум даст накашидааст.

Моҳи июни соли 2002 ӯ мебоист дар ҳимояи рисолаи доктори
адабиётшиноси хушсалиқа Муҳаммадюсуф Имомов чун
муқарризи аввал суханронӣ мекард. Ӯ дар беморхона 26-уми
май ба тақризи худ нуқтаи таммат гузошт ва 27-уми май аз
дунё гузашт.

Ман аз он ифтихор дорам, ки аз устод Амонов хам дар
мактаби миёна ва ҳам дар мактаби олй таълим гирифтаам.
Дар мактаби миёна агар ба мо аз фанни забои ва адабиёти
тоҷик даре гуфта бошанд, дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
аз фанни фолклор сабақ додаанд.

Рӯзи аввали таҳсили соли 1947 ба мо, талабагони синфи
10-уми мактаби миёнаи раками 10-и шаҳри Душанбе, гуфтанд,
ки муаллими забои ва адабиёти нав омадааст. Мо, ки муаллими
забону адабиёт Ф. Хаимоваро дуст медоштем, аз ин хабар
ғамгин гаштем ва ӯро аз хонаи муаллимон ба берун даъват
намуда, ҳақиқати ҳолро пурсидем. Муаллимаамон зани
нармтабиат ва мехрубон буд, моро ором намуда гуфт^

— Оё шумо медонед, ки муаллими наватон кист? У олим,
аспиранти Академики илмҳо Раҷаб Амонов аст. Аз дарсҳои ӯ
шумо баҳраи зиёд мебаред. Ба ӯ синфҳои 8-10-ро доданд, ман

109
ба синфҳои поён даре медиҳам.

Мо чй будани “аспирант”-ро намедонистем ва дар сари
калимаи олим ба андеша рафтем.

Чй хел бошад муаллими олим? — марди солхӯрдаи
сарсафедро тасаввур карда интизор шудем.

Интизориамон дер накашид. Дарси дуввум директори
мактабамон Марям Маликовна Бозорбоева ҳамроҳи
муаллими ҷавоне ба синф даромада, ба мо гуфт:

Ин кас ба шумо аз забону адабиёт даре медиҳанд.

— Аҷаб, ин чй хел олим, тамоман ҷавон-ку? — мегуфтанд
нигоҳҳои мо ба ҳамдигар.

Ope, тарзи дарегузаронии муаллими нав дар воқеъ олимона
буд ва ба дарсҳои муаллимони дигар монандӣ надошт. Ӯ
диққати моро ба он ҷиҳатҳои зиндагй ва асари бадей ҷалб
менамуд, ки мо ба ин ҷиҳатҳо камтар эътибор медодем,
мефармуд, ки ҳар чй бештар шеър аз ёд кунем, китобҳои бадей
хонем. Моро аз ҳар як асари ба табъ расидаи адибони тодик
хабардор менамуд. Нагз дар хотир дорам, ҳамон сол, яъне
соли 1947 повести Сотим Улуғзода “Ёрони боҳиммат” чоп шуд
ва дар байни аҳли адаби Тоҷикистон фикрҳои мухталиф ба
вуҷуд овард. Муаллим диққати моро ба мубоҳисае равона
кард, ки дар атрофи ин асар ба вуқӯъ пайваст. Мо ҳамаи
мақолаҳои ба он бахшидашударо хонда баромадем. Як соати
дарси адабиёт ба муҳокимаи “Ёрони боҳиммат” бахшида шуд.
Муаллим ба мо чун ба шахсони ба худ баробар муносибат
мекард. Ҳар кас фикрашро озод ва муфассал баён менамуд.
Муҳокима нақши равшане дар хотири мо гузошт.

Дар мактаб бо ташаббуси муаллим Р. Амонов маҳфили
адабӣ ташкил ёфт. Маҳфил маҷаллаи дастй таъсис дод. Шеъру
ҳикояҳоеро, ки дар маҳфил муҳокима гардида, ба чоп тавсия
мешуданд, касони хушхат аз байни хонандагон ба маҷалла
руйнавис мекарданд. Маҷалла шаклан ба маҷаллаи “Фирӯза”
монанд буд, ороишгари муқова ва сарлавҳаҳои матнҳои он
низ хонандагон буданд. Маҷалла ба девор овехта мешуд, ҳар
кас метавонист гирифта хонда, ба ҷояш овезад.

Маҳфили адабй беҳтарин шеъру ҳикояҳоро ба рӯзномаҳои

по
ҷумҳури низ тавсия мекард. Ман аввалин ҳикояи худро бо номи
^Дилбар бо тавсияи ҳамон маҳфили мактаб ба рӯзномаи
Пионери Тоҷикистон” бурдам. Дар назди рӯзнома низ маҳфили
адаби амал мекард, ки роҳбарии онро шоир Суҳайлӣ
Ҷавҳаризода ба ӯҳда дошт. Муҳаррири рӯзнома шоир
Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ буд. Ҳикояи ман дар ин маҳфил низ
муҳокима щуд ва дар ду шумораи рӯзнома ба табъ расид.

Муаллим Амонов чи дарси забони модарӣ ва чи дарси
адабиётро дар тарбияи маънавии хонандагон бомуваффақият
истифода мебурд. Дар дарси забони модарӣ баъди фаҳмондани
коидаҳои сарфу наҳв мисолҳои китобиро наоварда, худаш
мисол тартиб медод, ки мазмунан ба ҳаёти мактаб ва мо,
хонандагон, дахл дошт. Дар ин мисолҳо ба хислатҳои неку
бади ҳар яки мо, рафтори дурусту нодурусти мо ишора мерафт
ва мо ҳам бе ҳеҷ тавзеҳ онро дарк мекардем. Ҳамон сол дар
мактаб бо роҳбарии Р. Амонов бори нахуст кабинети адабиёт
таъсис ёфт, ки барои таълими аёнӣ аҳамияти хос пайдо кард.

Баъдтар вақте ки солҳои дуру дароз ман ҳамроҳи муаллим
дар Института забои ва адабиёт кор кардам, муносибати ӯро
бо шогирдон ва шахсоне, ки ба наздаш маслиҳатгирй
меомаданд, мушоҳида карда, бори дигар ба хулосае омада
будам, ки муаллим табиатан омӯзгор аст.

Ба замми ин ҳисси дилсӯзй нисбат ба бачагон, ғамхорӣ ба
ояндаи кишвару миллат ӯро водор менамуд, ки дар ин соҳа,
яъне дар соҳаи маориф низ то тавонад, хидмат кунад.
Хусусияти омӯзгорй хам дар забони асарҳои муаллим ва ҳам
дар нутқи эшон инъикос гардида буд. Муаллим дар нутқаш
сухани зиёдатиро истифода намебурд, вале як матлабро дар
чанд шакл баён менамуд, то онро дар зеҳни шогирд ҷой намояд.
Баёни муаллим бо эҳсос буд, вале дар он фикр ҷои асосиро
ишғол мекард. Ана ҳамин пайванди фикр ва эҳсос нутқи ӯро
нишонрас ва фасеҳу рангин гардонда буд.

Муаллим Р. Амонов сарфу наҳви забони тоҷикиро дар
мактаби миёна таълим дода, айни замон кӯшиш мекард, ки
хам худаш, ҳам шогирдонаш дар чорчӯбаи он маҳдуд
нагарданд. Минбаъд таҳқиқи эҷодиёти лафзии мардум, фурӯ

111
рафтан ба умқи маънй ва сухани халқ ба ӯ имкон дод, ки аз ин
ганҷинаи бепоён дурдонаҳои зиёд ҷамъ оварда ва захираи
луғавии худро ғанитар гардонад.

Соли 1948 дар Душанбе Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
таъсис ёфт ва муаллим Амонов дар факултаи филология аз
фолклори тоҷик даре гуфт. Дар ин солҳо ҳарчанд бо ташаббуси
А.Н. Болдырев ва М. Турсунзода, Л. Бузургзода ва А. Деҳотӣ
маҷмӯаҳои ҷудогонаи асарҳои фолклорӣ ба табъ расида
бошанд ҳам, тадқиқоте вуҷуд надошт. Ба Р. Амонов лозим
омад, ки курси фолклори тоҷикро худаш омода созад. Ман ва
ҳамкурсонам А. Маниёзов, 3. Аҳрорӣ, Аъзам Сидқӣ, Ф.
Исҳоқӣ, Ина Рустамова ва онҳое, ки имрӯз бо мо нестанд,
нахустин шунавандагони дарсҳои муаллим Амонов будем.

Баъдтар муаллим ин курсҳоро чанд сол дар донишкадаи
омӯзгории Кӯлоб хонда, онро такмил дод. Дар фаъолияти
муаллим Амонов таҷрибаи омӯзгорӣ, истеъдоди тадқиқу тасвир
ба ҳам омезиш ёфта, дар таълифи китобҳои дарсй барои
мактабхои миёна ва олӣ, тадқиқ ва таҳқиқи таърихи адабиёти
бачагонаи тоҷик заминаи хубе фароҳам оварданд.

Соли 1951 Р. Амонов ҳамроҳи Шавкат Ниёзӣ барои синфи
сеюм китоби хониш навиштааст, ки то солҳои охир гаштаю
баргашта чоп мешуд. Китоби “Адабиёти Ватан”, ки бо
ҳамроҳии М. Шукуров барои синфи шашум соли 1958 таълиф
намудааст, то солҳои охир яке аз китобҳои беҳтарини дарсӣ
ба шумор мерафт.

Соли 1980 бо ҳамроҳии профессор В. Асрорй нахустин бор
барои мактабҳои олй китоби дарсй таълиф намудааст, ки он
аввал дар Тоҷикистон ва баъд дар Афғонистон бо ҳуруфи арабй
ба табъ расид. Ин китоб дастовардҳои нави фолклоршиносии
тоҷикро дар тадқиқи эҷодиёти бадеии халқ дар бар мекунад.

Дар давоми тамоми фаъолияти илмию адабии худ муаллим
Амонов бо роҳ ва воситаҳои гуногун ба мактабу маориф, ба
тарбияи атфол хидмати шоистаи таъриф кардааст. Соҳаи
дигари фаъолияти эҷодии ӯ ба нашр хозир намудани намунаи
асарҳои халқи барои бачагон мебошад. Аввалин китоби
калони “Афсонаҳои халқи тоҷик”, ки муаллим Амонов бо

112
ҳамроҳии Клавдия Улуғзода ба нашр ҳозир намуданд, соли
1957 ба забони тоҷикй ва русӣ дар Душанбе ва баъдтар дар
Берлин ба забонҳои немисй ва англисй чоп шуд.

Соли 1961 китоби нави афсонаҳои халқии тоҷикиро дар
таҳияи муаллим Амонов зери таҳрири Бобоҷон Ғафуров ва
Абдулғанй Мирзоев нашриёти “Адабиёти Шарқ дар Москва
ба табъ расонид. Соли 2001 бо мадади Института “Ҷомеаи
кушода” Фонди Сорос “Афсонаҳои халқи тоҷик” дар бозгӯи
Раҷаб Амонов аз чоп баромад, ки 13 афсонаро дар бар
кардааст. 13 афсона дар таҳияи устод Амонов ба чор забон —
тоҷикй, русӣ, қирғизӣ ва англисй дар Қирғизистон дар шакли
хеле зебо интишор ёфт. То солҳои охир инчунин бештар аз 80
китоби калону хурди афсонаҳо аз қабили “Лаку Пак”,
“Ҳафтододарон”, “Меҳрубон”, “Тоҳир ва Зӯҳро”, “Тӯтиҳои
сухангӯ”, “Фариштамоҳ”, “Бузаки ҷингилапо”, “Эраҷи
девафкан”, “Ҳасанак”, “Латифаҳо”, “Нахӯдак”, “Гунчишкак”
ва ғайра дар таҳияи муаллим Амонов дастраси хонандагон
гардидааст.

Дигар аз хизматҳои барҷастаи муаллим Амонов дар соҳаи
илму фарҳанг ва мактабу маориф таълифоте оид ба таърихи
адабиёти бачагонаи тоҷик аст, ки он чун ҷилди шашуми
“Таърихи адабиёти советии тоҷик” соли 1982 ба табъ расид.
Ин нахустин китоби адабиётшиносии тоҷик буд, ки дар Москва
интишор ёфт ва дар доираҳои адабиётшиносии собиқ Шӯравй
ҳамчун як асари таҳқиқотии мукаммал эътироф гардид. Дар
китоб ҷараёни ба вуҷуд омадани адабиёти бачагонаи тоҷик,
давраҳои ташаккулу инкишоф ва хусусиятҳои жанрҳои хоси
ин адабиёт,эҷодиёти асосгузорони он аз устодон Садриддин
Айнию Абулқосим Лоҳутӣ cap карда то Гулчеҳраю Убайд
Раҷабу Наримон Бақозода муфассал таҳлил шудааст.

Устод Амонов дар китоби “Таърихи адабиёти бачагонаи
тоҷик” ба масъалаи дар чӣ замина арзи вуҷуд кардани ин
адабиёт ва шароитҳои таърихию иҷтимоие, ки ба он мусоидат
намуданд, равшанй андохт. Дар заминай ин китоб ду китоби
дигар бо номи “Адабиёт ва бачагон” ва “Детская литература
Таджикистана” навишта шуд, ки нашриётҳои “Ирфон” ва

113
Детская литература” (Москва) ба табъ расонданд.

Р_ Амонов чун нависанда низ бо асарҳои бадеии худ дар
тарбияи наели наврас саҳми арзанда гузоштааст. Яке аз
еҳтарин китобҳои насри бачагонаи тоҷик “Навбаҳори
чашмасор , ки соли 1976 дар Душанбе ва соли 1981 бо номи
Весна в краю родников” дар Москва интишор ёфта буд ба
қалами Р. Амонов тааллуқ дорад.

Дар ин китоб тавассути тасвири айёми бачагй ва наврасии
муаллифи он Ҳаети кӯдакони яке аз қадимтарин шаҳрҳои
тоҷикнишин — Истаравшани бостони дар шароити мураккаби
солҳои сиюм муассир ва доманадор инъикос гардидааст. Асар
нафақат аҳамияти бадеи-эстетики, балки аҳамияти таърихй
мардумшиноси ва фолклорй дорад. Дар он дойр ба урфу одати
мардуми Истаравшан, тую сур. азову мотам вадигар
маросимҳои халқи маводи фаровоне гирд омадааст.

ахустин повести Р. Амонов “Дар доманаи кӯҳҳои кабуд”
ки соли 1961 ба забони тоҷики ва соли 1969 ба забони руей
нашр гардад, ба тасвири ҳаёти муаллимон ва мактаб бахшида
шудааст. Қаҳрамони он муаллими ҷавонест, ки бо ҷидду ҷаҳд
саъи мекунад, то ки усулҳои нави таълимро дар мактаб ҷорй
кунад. Асари тадқиқотие, ки таълиф мекунад, мавриди ҳамлаи
куҳнапарастон ва одамони худбин қарор мегирад. Муборизаи
аву куҳна, хаиру шарр, некию бадй асоси сужет ва воқеаҳои
асарро ташкил намуда, қаҳрамони он дар ин муборизаҳо
обутоб ва рушду камол меёбад.

Қахрамонони повесткой “Пушаймонй” ва “Дар нимароҳи
умр намояндагони аҳли илму адаб буда, симои шахсию
иҷтимоии онхо дар мубоҳисаҳои илмй, ҳалли муаммоҳои он
муносибати баини хамдигар кушода шудааст. Чунон ки

ГГГ’УСТ0Д АМОНОВ СОЛҲОИ ТӯЛОНӢ бо гиРД°варй, таҳияю
нашр ва таҳқиқу эҷодиёти шифоҳии мардум машғул буд ва

дар ин соҳа хидматҳои бузург кардааст. Бо роҳбарии ӯ дар

Институти забои ва адабиёти тоҷик захираи бебахои

ҲОИ фоЛКЛОри тоҷик ба ВУДУД омадааст, ки дар
мураттаб намудани он таҷриба ва комёбиҳои фолклоршиносии
ҷаҳон истифода шудааст. Чунин тарзи муназзам гардидани ин

114
захира даққати бисёр фолклоршиносии Ғарбу Шарқ ва
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба худ ҷалб карда меояд.
Дар асоси ин мавод 35 ҷилди академии фолклори тоҷик ба нашр
омода аст, ки ҳоло 3 ҷилди пурра ва 5 ҷилди фишурдаи он
дастраси хонандагон гардидааст.

Аз рӯи ин Куллиёт дар тамоми дунё ҳар як олими
фолклоршинос метавонад дар хонааш нишаста, ба омӯхтан
ва тадқиқи фолклори тоҷик машгул шавад, зеро дар он дар
баробари матни тоҷикӣ бо ҳуруфи кириллию арабӣ, тарҷумаи
русй ва инглисӣ ё немисии он дода шуда, дар ҳар як ҷилд
маводи тадқиқотй ва тавзеҳоти мукаммал дойр ба ин ё он жанр
гирд омадааст. Устод Амонов дар асоси ин маводи ғанй доир
ба эҷодиёти бадеии мардум як қатор асарҳои пурарзише
таълиф намуд, ки муҳимтарини онҳо “Лирикаи халқии тоҷик ,
“Рубоиҳои халқӣ ва рамзҳои бадей” мебошанд. Ин китоб бо
номи “Рубоиёти мардумӣ ва рамзҳои бадей” баъд аз вафоти ӯ
соли 2002 дар Теҳрон интишор ёфт. Дар ин асарҳо усулҳои
тозаи омӯзиши назми шифоҳии мардум татбиқ шуда,
ҷустуҷӯйҳои бисёрҷониба ва бисёрсолаи илмии устод Амонов
ҷамъбаст гардидаанд.

То расидан ба дарёфти сирри дилрабоии ҳар як рубоии
халқӣ, ошкор намудани маънои рамзҳоеро, ки дар пардаи
ҳарири бадеият печида омадаанд, Р. Амонов чӣ қадар заҳмат
кашидааст, чӣ қадар тахмину фарзияҳоро ба андеша гирифта,
аз онҳо натиҷа бардоштааст. Оқибат ба ӯ муяссар шудааст,
ки ҳусни сухани халқ, санъати волои лирикаи онро падидор
намояд ва моро ба олами рангину ҷозиби маънавияти мардум
ворид созад. Дар асарҳои илмию бадеии “Аз паи ҳикмати
халқ”, “Афсонаи сеҳазорсола”, “Қиссаи беди баланд, чанори
пургул ва себи Самарканд”, “Қиссаҳои сари кӯҳи баланд
таҳқиқу кашфиёти илмиро тавассути офаридани образҳои
бадей ва симои ҷолиби ҳам муҳаққиқон ва ҳам гӯяндагони
халқӣ намоён сохта, наслҳои наврас ва ҷавононро бо сеҳри
каломи бадеъ ба олами илм раҳнамоӣ карда, дар дили онҳо
нисбат ба кори илмӣ ва омӯхтани эҷодиёти шифоҳии мардум
шавқу ҳавас ангезондааст.

115
1унон ки дидем, самтҳои эҷодиёти устод Амонов хеле
вусъатнок буда, соҳаҳои гуногуни филологиям тоҷик, мактабу
маориф ва фарҳамгу маданиятро фаро гирифтааст. Ӯ
фолклоршиноси бузург, адабиётшиноси варзида ва мунаққиди
борикбин, нависандаи хушсалиқа, омӯзгори моҳир ва
муаллифи китобҳои дарсй барон мактабҳои миёна ва олй
мебошад. Дар айни замой у бо мақолаҳои публисистии худ дар
бедори ва худшиносии мардуми мо, дар пойдории ваҳдату
ягонаги ва сулҳу оромии он саҳм гузошааст.

Ҳануз то соҳиби истиқлол шудани мо дар солҳои гуногуни
фаъолияти илмию бадеии худ устод Амонов дойр ба ҳифзи
суннатҳои аҷдоди, мусиқии классикӣ “Шоҳнома” ва сурудҳои
халқи, ҳунари волои сарояндагони машҳури онҳо, аз чумла
Аҳмад Бобоқулов ва Одина Ҳошим, баланд бардоштани
мақоми забони годики мақолаҳои зиёд ба табъ расонида буд
Дар ибтидои ҷанги шаҳрвандй ва номӯътадилии вазъи ҷумҳурӣ
соли 1992 дар саҳифаҳои рӯзномаҳои “Ҷумҳурияг” ва “Садои
мардум” мақола ва муроҷиатномаҳои устод Амонов интишор
ефта буданд. У дар ин мақолаҳо мардумро ба ваҳдат,
ҳамдигарфаҳми ва ҳамкори дар роҳи оромию осудагй ва ободии
оҷикистони азиз даъват кардааст. Баъдтар ӯ дар ин мавзӯъ
китобчае иншо намуд, ки аз тарафи Шӯрои кӯҳансолони назди
ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба хонандагон
пешниҳод гардид. Устод Амонов дар ин китобча чун шахси
тачрибаандухтаю корозмуда, чун шахсе, ки чангро бо
чашмони худ дидааст, дар набардҳои шадиди Ҷанги Бузурги
Ватани ба муқобили фашистом ширкат варзидааст сухан
рондааст.

Аз ҷумла ӯ дар муқаддимаи ин китобча навиштааст:

“Мақсади ин мақола... омилҳои таҳкими ваҳдати миллиро
ба диққати ҳамагон расонидан аст, то ки ин масъалаи тақдирсоз
мавриди мутолиа ва андешаи ҳар як шаҳрванд қарор гирад ва
ҳар як шаҳрванд бидонад, ки ба хотири оромй, ободӣ, осоиш
Ва С^ЛҲУ амонӣ ба тақвияти раванди ваҳдат ҳисса гузоштан
талаби замон аст. Мурод аз ваҳдати миллӣ мусоидати судманд
6а эҷоди ҷамъияти демократии қонунасоси дунявист. кн бо

116
назардошти манфиатҳои ҳамаи гуруҳҳо ва неруҳои мансуби
ин ва ё он ҳизб, ҷамъият, миллат, маҳал, минтақа, мазҳаб бунёд
хоҳад гардид” (саҳ.5).

Китобе, к и таҳти унвони “Хоки Ватан” бо ташаббус,
роҳбарӣ ва таҳияи бевоситаи устод Амонов, инчунин номзади
илми филология Тоҷигул Исроилова ва муҳаррири барномаи
“Хоки Ватан”-и радиоютелевизиони тоҷик Сафаралӣ Нозимов
ба табъ расид, низ ба ҳамин мақсад, ба мақсади истеҳком
бахшидан ба ваҳдат ва ягонагии миллат нигаронида шудааст.
Афсӯс, ки устод Амонов ин китобро надид, зеро он баъд аз
вафоташ интншор ёфт.

Таърихи ин китоб хеле аҷиб аст. Чунон ки ба ҳамагон
маълум аст, дар солҳои аввали ҷанги шаҳрванди бисёр
ҳамдиёрони мо гуреза шуда, ба кӯи ғарибӣ афтоданд. Ҳанӯз
дар ҳамон солҳо сардори давлатамон Эмомали Раҳмонов барои
бозпас гардонидани мардуми фирории тоҷик аз Афганистану
ҷумҳурихои ҳамсоя тадбирҳои муҳиме андешид ва кушиши
зиёде ба харҷ дод. Ҳамаи расонаҳои ахбор, радиою телевизион
барои амалӣ шудани тадбирҳои ҳукумат барномаҳои муассир
ташкил намуданд. Моҳи марта соли 1993 бо ташаббуси Шурои
Вазирон, алалхусус раиси ҳамонвақтаи Кумитаи рддио ва
телевизиони Тоҷикистон Иброҳим Усмонов дар радиои
ҷумҳурй барномаи ‘1Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар
таъсис ёфт (Пешгуфтор, саҳ. 7). Инак, бо пахш шудани
барномаи аввал аз вилоятҳои гуногуни Афгонистон номаҳо
омадан шрифта нд.

Ба қавли устод Амонов ин номаҳо “номаҳои муқаррари
нестанд, онҳо фарёданд, фарёдҳои ҷонгудоз, илтиҷоанд,
илтиҷои пур аз дарду умед ҳастанд, пур аз ҳасрати аламангез.
Аз онҳо тапиданҳои дили шикаставу хуншуда эҳсос мешаванд
ва бонги хатару изтироб ба гӯш мерасад”. Китоб муқаддимаи
пурмӯҳтавои устод Амонов ва 208 номаи гурезаҳои аз ёру диёр
ва хешу табор дур афтодаро дар бар гирифтааст. Дар ин
номаҳо рубоиҳои зиёде оварда шудаанд. Онҳое, ки каму беш
истеъдоди шеърнависӣ доранд, рубоиҳои нав эчод кардаанд,
дигарҳо рубоиҳои халқиро мувофиқи холи худ, баъзе тагйирот

117
ворид намуда, истифода бурдаанд. Аҳамияти и„ китоб лап

Т®" ГарДИДааст- ки «X астУ рост
луо аст, ки ... саҳифаи хеле муҳимми таърихи халкамон

аз едҳо зудуда нашудааст, балки бо саъю кӯшиши шӯъбаи

фолклори Институти забои ва адабиёти ба номи Рӯдакии

ҳаищГяк миле"7°ЧИКИСТ0Н ва ■'ормандони радиол кишвар
шудааст д™ КР°-И "аСЛВДИ °ЯНДаи миллатамон хифз

W "от caZfenr я7еМ> НаТаНХ° "аНДУ андарз аст- ^лки
миллатамон”НаДеСТ 83 ДаВР°НИ НаЧаНДОН дур- валв ВДшУри

Ин™Ртя3^яб?ЛҲОИ ТЗ?°НИИ ҳамкоРй 6о устод Амонов дар

масл^ГоГ

мел„ТСИДеМ' БаЪЗа" Ӯ “ Дафтари крР-™ берун°мешуду
суҳбатем" ДаГ™ "^15 “P рохрави Инс™Уг машг^ли
кутое паЛ аШаЛ ЧИЗе На“еГуфт' вале баъзан вахте ки
У р фта бармегашт, моро ханӯз ҳам машгули с9хбат
медид, асабонй мешуд ва ба мо эрод мегирифт Мегуфт Z

и“б3у;Г7ГшуГбТ W ™ °"Р° ™

машгул шуданй бошед 7 бо хамин^иет1 ба ин дГргох омада

ГГЛГ Г “

°ре, устод Амонов хар д^и' yTpj бо^а™?уГо

6оН=ГваМ~Гд1Г - 6ВР- а3 “

шод боГД АМОНОВ К°РИ Нек “ НОМИ нек 6окЯ монд' рӯ»

118
НАҚШИ МУЪМИН ҚАНОАТ
ДАР ИНКИШОФИ ДОСТОНИ
МУОСИРИ тоҷик

Мӯъмин Қаноат аз он шоирони тоҷик аст, ки бо достонҳои
худ на фақат дар таърихи адабиёти муосири тоҷик, балки дар
адабиёти халқҳои собик Иттиҳоди Шӯравй мақоми шоистаеро
ишғол намуда буд.

Аксари достонҳои ӯ ба забони руси ва забонҳои дигар
халқҳои дунё тарҷума ва нашр гардидаанд.

Мӯъмин Қаноат мисли ҳама шоирон эҷодиёти худро аз
шеърҳои хурди ғиной оғоз кардааст. У пеш аз он, ки ба эҷоди
нахустин достони худ “Мавҷҳои Днепр” шуруъ кунад,
силсилаи шеърҳои “Ситораҳои замин” (1963) ва “Силсилаҳои
Карпат”-ро (1962) навишт. Силсилаи ашъор дар эҷодиёти
Мӯъмин Қаноат боиси ба вуҷуд омадани достон гардид^

Достони “Мавҷҳои Днепр” (1964) ҳам аз ҷиҳати мавзуъ ва
ҳам аз ҷиҳати шакл давом ва инкишофи “Силсилаҳои Карпат”
аст.

Баъд аз “Мавҷҳои Днепр” достон дар эҷодиёти Мӯъмин
Қаноат беш аз пеш инкишоф ёфта ва мавқеи устуворро ишғол
намуд. Ба табъ расидани “Достони оташ” (1966) ва “Китобҳои
захмин” (1969), “Сурӯши Сталинград” (1971) ва “Тоҷикистон
— исми ман” (1974), “Падар” (1976) ва “Гаҳвораи Сино”
(1979) “Ситораи Исмат” ҳар кадом дар адабиёти тоҷик воқеаи
муҳим ба шумор рафта, чи дар матбуоти марказии собиқ
Иттиҳоди Шӯравӣ ва чи дар Тоҷикистон боиси ба миён омадан
ва интишор ёфтани мақолаҳои зиёди мунаққидон ва
хонандагон гардид. Ин достонҳо дар жанри куҳану
ҷавонгаштаи адабиётамон маҳорати том доштани Муъмин
Қаноатро исбот намуданд.

Диққати Мӯъмин Қаноатро дар достонҳояш асосан чунин
воқеа ва ҳодисаҳои зиндагӣ ҷалб мекунад, ки дар гардиши

119
муикш, аст SaM0C‘"‘ М,ътн Қа"оат шуморидан

Ҷа^Г"ГТаГнГЛИШН бУД даР чара«"

Қаноа^0™ SfГ СталингРаД” “заря диккати Мӯьмин

Инхилоаи SZI „а6м°оГ„еГСРИ

Дар достони “Гаҳвораи Сино” нич mnun ~

»0^ даГса^нТуд^! “ ““ ЩР “СурУши Сталинград»

ХУДРО баР8„ МеКУНаД’ МаКСаДИ

Мӯъмин Қаноат то ^Д„за^ адъашиКдаэстонй^а^РкД

:ет~г

таъмин мекунад. У-^Р ДДР достон

ҚаноатГу”у1СТ^1С^ӮШИ Сталинград” Муъмия

~н нХк~ щи ^глг F~

изҳори ақида карданист if °Р^И масъалаҳои умумиинсони
кахру газаб, руи когаз овардал мумкин намешавад. Агар суха„

120
ҷон надошта бошад, ҷонофарин шуда наметавонад. Агар сухан
вазн надошта бошад, бореро ба дӯш гирифта наметавонад:
Суханро вазну тамкини замин бояд,

Суханро қудрати ҷонофарин бояд.

Цили сарбозу мисли ту камин бояд,

Замини ман,

Ки дастони туро хонад,

Суханро сеҳри мурдан, зинда гардидан,

Хазон дидан, баҳорон боз сабзидан,

Чу дарё дар муҳити хеш гунҷидан
Бувад лозим, ки авсофи туро гӯяд.

Ҳеҷ муболиғае намешавад, агар гуем, ки ҳар як сухани
Мӯъмин Қаноат як одам бори маъниро бар дӯш гирифтааст.
Шоир аз олами ҳодисаҳое, ки ба мавзӯи ӯ тааллуқ доранд,
муҳимтарин ва барҷастатаринашонро бо як навъ борикбинии
ҳайратовар интихоб кардааст ва дар тасвири онҳо санъатҳои
суханро бо маҳорати тамом заргарона истифода намудааст.

“Достони оташ” бошад, чун “Мавҷҳои Днепр” бо муроҷиат
ба дарё шуруъ шуда, муаллиф дар ин достон низ ба хонанда
пеш аз ҳама қаҳрамони ғиноиро манзур мекунад.

Вахш,

Рукнободи кӯҳистони ман,

Қиссаи ман, аввалу анҷоми ман!

Як замоне хурд будам, нотавон,

Ту калон будӣ, ту дарёи калон...

Цар баландиҳою пастиҳои мавҷ,

Гоҳ зер омӯхтию гоҳ авҷ.

Меҳри дарё дар дилам афрӯхтӣ,

Рӯи об истоданам омӯхтӣ!...

Дар бобҳои минбаъда қаҳрамони ғиноӣ дар пайванди
наслҳои гузаштаву имрӯз нақши муҳим мебозад. Дар ҳар як
боби достон симои шоир вуҷуд дорад, вале дар айни замон
ҳар боб такдири халқу Ватан ва дӯстии халқҳоро дар маркази

121
диққат қарор дода, хусусиятҳои тасвири ҳамосиро дар бар
мегирад.

Дар байни бобҳои аввали достон “Нур ва зулмот” ва “Нури
саҳар”, ки ҳодисаҳои таърихиро дар бар кардаанд ва бобҳои
“Нур дар роҳ”, “Нур дар қуллаҳо”, ки ба ҳаёти имрӯза бахшида
шудаанд, робитаи дохилӣ равшан зуҳур кардааст. Агар дар
бобҳои аввал муборизаи халқ барои озодӣ, халосй аз зулмот,
барои рӯзи равшан, барои нури маърифат инъикос гардида
бошад, дар бобҳои минбаъда муборизаи имрӯзаи халқ барои
ҳаёти осудаю фаровон, барои осудагии наслҳои оянда, ободии
кишвар мавриди тасвир қарор гирифтааст.

Ҳарчанд асоси достонҳои Мӯъмин Қаноатро накду ҳикоя
ташкил кунанд ҳам, сужети пайваста ва муттасили
инкишофёбанда надоранд. Сужет аз ҷое ибтидо ёфта, ба авч
расида, гиреҳкушоӣ шуда, қатъ намегардад. Ҳар як боби онҳо
дорой мазмуни мустакил буда, дар айни замон давоми
мантиқии боби аввал аст. Ҳар як боб худ сужет ва қаҳрамоне
дошта, дар он ғояи муайян ва фикри махсуси шоир ифода
мегардад. Дар ҳар як боб манзараи барҷастаи ҳаётй, як ҳикмати
муфиди зиндагӣ ба миён меояд. Сужет ва сохтори озоди
достонҳои Мӯъмин Қаноатро на тақдири шахсии қаҳрамони
алоҳида, балки маънидоди симои онҳо, он қонуниятҳои ҳаёт,
ки ба тавассути онҳо ба зуҳур омадааст, муайян мекунад. Маҳз
барои ҳамин ҳам образҳои “Достони оташ” ва “Сурӯши
Сталинград” дар ҳаёт прототип дошта бошанд ҳам, пеш аз
ҳама образҳои типй ба шумор мераванд, симоҳое мебошанд,
ки ҷамъбастҳои муҳимро дар худ доранд. Ин ҷо нақши
қаҳрамони ғиноӣ хурд нест. Маҳз қаҳрамони ғиной, яъне
лирикӣ ҷамъбастҳои бадеиро ба миён овардааст.

Дар достони “Сурӯшй Сталинград” қаҳрамони ғиноӣ танҳо
дар муқаддима ва хотимаи он амал намуда, дар дигар бобҳо
ба назар намерасад, вале дар тасвири қаҳрамонҳои асосии
асар, дар монологи онҳо ҳиссу ҳаяҷони инсонӣ, таҳрикаҳои он
ҳиссу ҳаяҷон хеле рангин ва таъсирбахш ба калам омадааст.
Дар он ҷое, ки ба рафти воқеа, симоҳои асар қаҳрамони ғиноӣ
дахолат мекунад, қувваи таъсирбахши асар боз ҳам пурқувват

122
мегардад.

Агар дар достони “Падар” қаҳрамони ғиноӣ бо симои падар
мавқеи баробарро ишғол намуда, аз аввал то охири достой
ширкатнамсзяд, дар “ГаҳвораиСино” дархотимаи достой, дар

оби Ҳалли мушкилот” амал мекунад, вале дар ҳамин боб
ба тавассути қаҳрамони гиной муҳимтарин масъалаҳои имрӯзи
оламу одам, муборизаи неку бад дар ҷаҳони имрӯза, фалсафаи
замони мо ҷамъбаст шудааст.

Достони Гаҳвораи Сино” асари таърихист. Шоир ба таърих
бо чашми як нафар адибе, ки моил ва шавқманди ҷамъбастҳои
фалсафист, назар андохтааст. Руҳияи ӯ аз ин ҷиҳат ба шарҳи
холи фаиласуфи нозукбин комилан мувофиқат намуда, барои
офаридани симои дурахшони ӯ аҳамияти бештаре пайдо
кардааст.

Даврае, ки Абӯалй Сино умр ба cap бурдааст, ғуруби давраи
Сомониен, Бухороро ишгол ва зери по кардани истилогарон,
давраи шиддат гирифтани ҷаҳолат ва ваҳшонияту истибдод’
давраи хору залил шудани илму маданият, гирифторй ва
саргардониҳои намояндагони бузурги он буд.

Ин воқеаҳо дар достони “Гаҳвораи Сино” фақат ҳамчун
замина хидмат накарда, ба манзараҳои зиндае табдил ёфтаанд,
ки муносибати қаҳрамон бо онҳо сужетро ба ҳаракат оварда,
моҳияти таърихиро равшан намудааст.

Абӯалй Сино фарзанди замони худ буд ва ба шахсияти ӯ
дар партави он ҷунбишҳои фикрӣ ва ҷамъиятй, ки аз онҳо
замона саршор буд, назар андохтан лозим меомад. Дар шахси
Абуали Сино пешрафти тафаккур ва тавоноии заковати инсон
муҷассам шудааст.

Мӯъмин Қаноат кӯшиш кардааст, ки моҳияти шахсияти
Абуали Синоро бо тамоми амиқиаш барои хонандагони имрӯз
ошкор созад. Ин моҳият аз чй иборат аст? Дар ҷавоби ин суол
шоир ба эҷоди худи Сино назар андохта ва аз ин илҳом
гирифтааст. У барои худ муқаррар намудааст, ки чй чиз дар
офаридани симои ин фарзанди бузурги халқ аҳамияти дараҷаи
аввал дорад. Ба шоир як рубоии ҷаҳонгаштаи Ибни Сино
раҳнамо шудааст:

123
Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушщлоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар бсшди аҷал.

Ва таркиби достоы ба ҳамин ҳикмат мутобиқ гардидааст.
Дар ҳар боб дар бораи яке аз он муаммоҳо ва мушкилиҳое
сухан меравад, ки Абӯалй Сино бо тамоми қувваи истеъдод
ва дониши худ ба ҳалли он кӯшида буд.

Аз боби нахустйн cap карда, Сино на фақат чун ҳаким ва
табиби халқ, балки чун мутафаккири бузург ва_инсони комил,
ишхси мубориз ва фидокор намудор мешавад. У пайваста дар
ҳалли мушкилиҳо такопӯ дорад ва продан кавию имони комил
имкон медиҳад, ки ба сарсонию саргардониҳо тоб оварда, бо
талошҳои шадид ва пурхатар нияти худро амалй кунад ва
лаҳзае аз фаъолият фориг набошад. У дар ҳар вазъият фаъол
аст. Ҳатто дар ҳамон рӯзҳое, ки аз фармони Султон Махмуд
cap печида, рӯ ба гурез мениҳад, ҷидду ҷаҳди ӯ барои манфиати
инсоният суст намешавад.

Шоир дар амалиёти қаҳрамонони асараш диалектикаи
зуҳуроти хислати инсон ва хусусияти замонро намудор месозад.
Достони ӯ мундариҷаи амиқи фалсафӣ дар бар карда, вобаста
ба ин дар он рамз мавқеи махсус ишғол намудааст. Рамзро мо
қариб дар ҳамаи бобҳои достон мушоҳида мекунем. Ин воситаи
тасвир амиқии маъно ва вусъати идрокро ба миён меоварад.

Дар мушкилоти якум тоҷи Нӯҳи Сомонӣ ҳамчун рамзи
асорат, рамзи зулм, рамзи ҳукмронӣ бар бенавоён манзур
шудааст ва дар ин боб ба як хусусияти хоси тиббии Ибни Сино
ишора рафтааст. Барои он ки ҷисм сиҳат бошад, рӯхро табобат
кардан лозим аст. Ба ҳамин сабаб хам шоир тоҷро ташхис
дода, онро бемории дуюм номидааст. Тоҷро аз cap гирифтани
подшоҳ мағлуб шудани кибри ӯ дар назди хираду заковати
Синоро ифода кардааст:

А мир аз ноилоҷӣ худ фаромад аз сари кинаш,

Барои ҷони ширинам
Гузашт аз тоҷи зарринаш.

124
ШоиР дар таҷассуми бузургии руҳи Сино далелҳо меҷӯяд
ва иы далелхоро дар назари халқ ба Сино, дар бофтаҳои ӯ, дар
ривоя Iҳои у дар бораи ин шахси ғайриоддП пайдо мекунад.
Дар мушкилоти дуюм ривоятҳои халқй дар бораи аз кадом
дар баромадани подшоҳро пешгӯӣ кардами Сино, дармукобили
дад.и оадҳаибате тадбир ёфтани ӯ, “ба кади як бораи ханҷар”
оаланд шудани фарш ва ё наст шудани сақфи хонаро ҳис
кардами ӯ оварда шудааст. Вале ин ривоягҳо фақат барои
нишон доданн бузургии Сино истифода нашуда, ҳар кадом як
рамзро дар бар кардаанд ва маънии амиқи фалсафй дораид.
Ба тавассути ин ривоятҳо шоир дар бораи хаёту март, пеку
бади дуиё, пеку бади табиати инсои андеша ронда, муносибати
Синоро ба ин масъалаҳо равшан нишон медиҳад, сабабҳои
заводи давлати Сомониёнро ошкор месозад:

Вале аз рун ҳакмат ни ҷаҳон танҳо ду дар дорад:
Раҳи бозомаду рафтан,

Раҳи бедорию хуфтап,

Раҳи ваӣронӣ, обода,

Раҳи иисофу бедодй.

Амир аз роҳи охир рафт, вовайло
Ьухоророю а.ҳволи Бухороро.

Яке аз пурсузтарин лавҳаҳои достон бо насади духтарн
нозанине рӯ ба рӯ шудани Сино мебошад. Нолаю фигони
ҷоикоҳи у ба сари пайкари беҷони духтар эъгирози шадидест
ба^мукобили ҷаҳолат ва за мои, насади духтари нозанин рамзи
зебоии зиндагӣ ва оқибати ҷаҳолату дарди замой аст. Дар ин
лавка дилн зебоипарасти Сино ва муаллифи достон падид
омяда, барои ошкор кардани гуманизми ӯ аҳамияти махсус
пайдо кардааст.

Дар Д0С10Н андешаҳои Сино мавқеи калонро ишгол
мекунанд. Андеша дар сари муаммоҳои зиндагй аз аввал то
охири достон давом карда, мундаринаи фалсафии онро
фарохам овардааст ва тафаккури бадеии муаллифро ба қайди

125
худ гирифтааст.

Абӯалӣ Сино ба муқобили ҳамаи он чизҳое, ки дарду ранчро
ба миён меорад, ил му дониш, заковат ва хиради инсонро ягона
ярок мешуморад. Вале дар шароити ҳукмронии истибдод ва
ҷаҳолат истифодаи ин ярок басо мушкил буд ва ин ҳақиқати
таърихй дар достон бо сӯзу гудоз таъкид ёфтааст. Инак,
лаҳзаҳои бар заковат боло гирифтани ҷаҳолат Синоро ба фигон
меорад. Аз сатрҳои чанд рубоии Сино ин фиғон ба гӯш ва дил
мерасад ва он бо кувваи тозаю бо тугёни пуршиддат дар
достони Мӯъмин Қаноат садо додааст:

Царего аз ин ранҷи рӯзу шабам,

Царего зи аҳволи тобу табам.

Царего зи ман, во дарего зи фан,

Шавад гар матов ба ҳар ду кафан.

Зи қаъри замин то ба чархи барин,

Басе роҳ бурдам ба ҷуз роҳи кин.

Ҳамин роҳ моро ба гофил гирифт,

Царего хирадро, ки ҷоҳил гирифт.

Вале нобарориҳо ва фоҷиаҳо, мусодамаҳои зиндагӣ иродаи
Синоро сует накардааст. Абӯалй Сино ба хиради инсон, ба
илму дониш бовар дорад. Бинобар ин маъюсу дилшикаста
намешавад:

Чу пояндагии ҷаҳон бо фан аст,

Бувад то фанам, ин ҷаҳони ман аст.

Сужети достон бо диалектикаи ҳаёти ҷамъиятӣ вобастагй
пайдо карда, задухӯрди тезу тундеро дар бар кардааст. Ин
задухӯрдро фақат бархӯрди симоҳои мусбату манфӣ ташкил
надода, дар асоси он ҳодисаҳои муҳимми иҷтимоӣ ва афкори
фалсафӣ қарор гирифтааст. Бархӯрди байни нуру зулмот,
хираду ҷаҳолат, адолату разолат драматизми достонро
пуркувват кардааст. Ҳар як боби достон, ки як ҳодисаи ҳаёти
Синоро дар бар гирифтааст, моҳиятан драмавӣ мебошад.

126
Драматизм аз муҳимтарин хусусиятҳои достонҳои Мӯъмин
Қаноат ба шумор меравад. Достонҳои ӯ ба қавли Ю.
Марцинкявичюс “як оркести симфонии том аст’\ ки комёбӣ
ва кашфиетҳои дигар жанрҳои адабиётро истифода кардааст
Дар достонҳои у лирика, эпика ва драма ба ҳам даромехтаанд.
Дар онҳо драматизми ҳодисаҳо боиси аз ҷиҳати психологй
пурқувват шудани симои қаҳрамонҳо гардидааст.

Дар достонҳои Мӯъмин Қаноат тавсифи муаллиф ва
руҷуъҳои лирики яке аз воситаҳои муҳимми таҳлили психологй
қарор гирифтааст. Дар достони “Падар” ҳолати рӯҳии падар
оештар ба воситаи ҳаяҷони дил ва драматизми эҳсосоти
қаҳрамони гинои ошкор мегардад. Дар достони “Гаҳвораи
Сино бошад, маънидод, эҳсосот ва андешаҳои қаҳрамони
гинои, монологи ботинии ӯ барои таҳлили психологй ба воситаи
асоси табдил меёбад.

Монологи Сино дар биёбони тасфон — баъди Бухороро тарк
кардан, андешаҳои у дар бораи зиндагии инсон, дар бораи
ҷаҳолат ва илму дониш вазъи ҳоли ӯро бо обу ранги равшан
зоҳир мекунад. Азоби рӯҳии Сино баъди ба душман ҳамроҳ
шуда, чабру зулмро пеш гирифтани Маҷидуддавла хонандаро
сахт мутаассир мекунад:

Царди шоҳон аст дарди бедаво,

Аз чй бахшидам ба нодоне шифо!

Ман сабабгори ҳамин маҳшар шудам,

Зидди шар будам, зи аҳли шар шудам.

Дар достони Гаҳвораи Сино” диққати муаллиф пеш аз хама
ба тасвири шахсияти Сино равона шудааст ва саргузашти ӯ
барои барҷаста зоҳир шудани хислатҳояш хидмат кардааст.

Дар ин достони таърихй тахайюли бадеии адиб низ нақши
калон дорад. Инро худи муаллиф таъкид карда буд. Вай дар
мусоҳибае, ки дар маҷаллаи “Садои Шарқ” (1980, № 5, саҳ.
1_) дар атрофи ин достон ба амал омад, гуфтааст:

Аз ҳамаи сарчашмаҳои омӯхташуда ду-се нуқтаи шеър
мешудагиро гирифтам. Баъд аз ишорати хушки таърихй

127
боқимондаашро сохтан лозим омад. Масалан, баҳси Сино бо
Майҳониро худ бофтам. Мукотибаи таърихии Бӯалӣ бо Шайх
Абӯсаид ба даст расид, ки ба назарам сохта расид. Дар
мукотибаҳо кор ба дараҷаи амалиётҳои афсонавӣ мерасад. Аз
ин рӯ, ҳуҷҷатҳои дастрасшуда аксар сарфи назар шуданд. Ба
гумони дил ва далели ақл бисёр саҳнаҳоро сохтан лозим омад
ва ба ин масъала аз рӯи назарияи идроки Сино ва идроки
ирфонӣ наздик шудам. Чист, ки Синоро бо имрӯз васл мекунад.
Онро аввал пайдо намуда, қариб аз ҳама ривоятҳо ва муҳобот
тоза кардам”.

Шоир дар мавриди офаридани симои таърих ба тахайюли
бадей ҳаққи комил дорад, зеро тахайюл ба заминаи воқеият
реша давонда, аз омӯзиши ҷиддии воқеият ба даст меояд. Дар
достони “Гаҳвораи Сино” тахайюли бадей ба воқеияти замони
Абӯалй Сино ва воқеаҳои ҳаёти ӯ такя карда, муваффақияти
достонро таъмин намудааст.

Маълум аст, ки ҳар як адиб дар мавриди муроҷиат ба мавзӯи
таърихй, ба гузаштаи халқ дар назди худ мақсади муайяне
мегузорад.

Мӯъмин Қаноат дар зимни изҳори ифтихор аз таърихи
пуршарафи миллати худ, намудор сохтани симои фарзанди
арҷманди халқ ба манфиати имрӯз ёдовар шудани таърихро
ният кардааст.

Дар достони “Гаҳвораи Сино” таърих воситаест барои
ошкор намудани зиддиятҳои ҷаҳони имрӯза ва муборизаҳои
шадид дар ҷаҳон. Симои Сино чун таҷассуми заковати инсони
комил, инсони сазовори тақлид ва пайравй роҳи чунин
муборизаро равшан мекунад. Мӯъмин Қаноат ба таърих аз
назари имрӯз чашм андохта, вобастагӣ ва иртиботи
мустаҳками онро бо давраи мо нишон додааст.

Абӯалӣ Сино умри азизи худро барои аз ҷаҳолат озод
намудани инсон сарф кард, ба дарди ӯ дармон ҷуст, тамоми
умр бо бадӣ мубориза бурд. Ворисони ӯ ин муборизаро давом
медиҳанд, зеро “кунун ҳам неку бад ҳамсояу ҳамсангу ҳамбор
аст”, имрӯз ҳам Маҳмудҳо ба муқобили инсоният ҷиноят содир
менамоянд, яроқҳои қатли ом ихтироъ мекунанд, илму

128
фарҳангро нобуд кардан мехоҳанд, яъне ҳар он чӣ дар замони
Сино ба инсон таҳдид мекард, имрӯз ҳам фақат дар шакли дигар
ва ба воситаҳои дигар ба он тахдид мекунад.

Дар достони 'Таҳвораи Сино” бисёр хусусиятҳои назми
Мӯъмин Қаноат — лирикаи дилошӯби ӯ, дарки эпикии воқеият,
тафаккури бадеии саршори ақидаҳои фалсафй, пургунҷоишии
гуфтор, забони образноки классикона, ислифодаи таъбирхри
амиқмаъно боз ҳам равшантар ва барҷастатар намудор
гардидааст. Ҳарорати дили шоир ба тамоми гармии гуворои
худ зуҳур карда, барон намоён сохтани паҳлӯҳои хотирнишини
симои қаҳрамони достон хидмат кардааст.

Достонҳои Мӯъмин Қаноат ҳар кадом дар тараққиёти жанр
як зинаро ифода менамоянд ва дар такомули он аҳамияти
махсус пайдо кардаанд.

Мӯъмин Қаноат дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои муттасил ҳам
шаклан ва ҳам мазмунан достони нав ба вуҷуд овард ва дар
инкишофи ин жанр дар адабиёти тоҷик саҳми намоён гузошт.

129
ИНСОНИ ПОКЗАМИР

Ман ва Абдуқодир Маниёзов ҳамсабақ ҳастем. Донишгоҳи
Давлатии Тоҷикистонро ҳамроҳ хатм кардаем.

Едам меояд, бори нахуст аз адабиёти классики ба устод
Шарифҷон Ҳусейнзода имтиҳон месупоридем. Ҳеҷ кас ҷуръат
намекард, ки ба назди он кас дарояд. Муаллим Абдукодир
Маниёзов, Зоҳир Аҳрорй ва шодравон Муҳаммадвафо
Бақоевро даъват намуданд. Дигарҳо дар паси дар тарсидаю
ларзида меистоданд. Аз вақти муқарраршуда хеле гузашт, вале
аз синфхона касе намебаромад. Мо гумон кардем, ки онҳо ба
саволҳои билет ҷавоб дода натавонистанд ва муаллим
саволҳои иловагӣ дода, донишашонро санҷида истодаанд.
Барой он ки вазъиятро фаҳманд, духтарҳо дарро оҳиста
кушода, маро ба дарун тела доданд. Нигоҳ кунам, Абдуқодир
Маниёзов рост истода шеър мехонад ва дигарҳо ҳама гӯшу
ҳуш нишастаанд. Чеҳраи нуронии устод Ҳусейнзода гарқи
табассум аст. Маълум шуд, ки бачаҳо кайҳо ба саволҳо ҷавоб
гуфта баҳо гирифтаанд, вале ба муаллим шеърхонии
Абдуқодир хуш омадааст ва он кас хоҳиш кардаанд, ки чанд
шеъри дигар хонад. Муаллим чунон хурсанд буданд, ки ҳатто
аз бепурсиш даромадани ман наранҷиданд.

Абдуқодир нафақат шеър, балки порчаҳои калони насриро
аз Одина ва Дохунда”-и С. Айнӣ аз ёд медонист ва дар
лаҳзаҳои фориг аз дарс барои ҳамкурсон қироат мекард. Ҳанӯз
аз солҳои таҳсил ӯ диктори шӯъбаи хориҷии Радиои Тоҷикистон
буд.

Абдуқодир Маниёзов дар хонаводаи шахсони
соҳибмаърифат чашм ба дунё кушода, дар муҳити барои
инкишофи маънавии инсон созгор ба воя расидааст. Волидайни
у дар аввал кормандони ҳизб буда, баъд то охири умр омӯзгор
шуда кор кардаанд. Ман нахустин нашри мухтасари
Шоҳнома -и Абулқосим Фирдавсиро бо ҳуруфи лотинй пеш
аз Ҷанг Бузурги Ватанй дар хонаи онҳо дида будам.

130
Абдуқодир Маниёзов соли 1953 баъд аз хатми Донишгоҳи
давлатии Тоҷикистон ба аспирантурам Института забон ва
адабиёти ба номи Рӯдакии Академиям илмҳои Тоҷикистон
дохил туда, аз ҳамон вақт тақдири худро ба такдири ҳамин
муассисаи илмӣ пайваст. Аввал ба ҳайси ходими хурди илмй,
баъд чун ходими калони илмӣ, сипас ба сифати муовини
директор дар қисмати илм ва аз соли 1972 то соли 1999 дар
мақоми директори Институти забон ва адабиёти ба номи
Рӯдакӣ ифои вазифа кардааст. Ҳоло директори ифтихории
ҳамин институт мебошад.

Абдуқодир Маниёзов бо фаъолияти илмии тадқиқию
ташкилй ва ҷамъиятии худ дар пешрафти соҳаҳои гуногуни
филологиям тоҷик, умуман илму фарҳанги ҷумҳурй нақши
равшане гузоштааст.

Ӯ яке аз айнишиносони намоёни Тоҷикистон мебошад.
Нахустин ҷустуҷӯҳои худро дар ҷодаи илм аз тадқиқи эҷодиёти
устод Айнй шурӯъ намудааст. Мақолаҳои ӯ дойр ба эҷодиёти
С. Айнй аз соли 1956 cap карда дар саҳифаҳои рӯзномаву
маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд, ки муҳимтаринашон
инҳоянд: “Материалҳо дойр ба фаъолияти журналистии С. Айнӣ
дар солҳои револютсия” (1956), “Шеърҳои инқилобии С. Айнӣ”
(1957), “Фаъолияти журналистии С. Айнй” (1958), “Нахустин
шеърҳои устод Айнй” (1958), “Мулоҳизҳо дойр ба ташаккули
насри С. Айнй” (1963) ва гайра.

Соли 1958 Нашриёти давлатии Тоҷикистон рисолаи А.
Маниёзовро таҳти унвони “Публисистика ва назми устод
Айнй” ба табъ расонид. Дар асари ӯ “Марҳилаҳои аввали
эҷодиёти С. Айнй ва мақоми он дар адабиёти иқилобии Шарки
наздик” (1960) нахустин бор дар айнишиносии тоҷик эҷодиёти
устод Айнй дар ҳамбастагӣ бо адабиёти муосири Эрону
Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, мақоми он дар
ин адабиёт муайян карда шуд.

А. Маниёзов инчунин дар таҳия ва таҳрири маҷмӯаҳо ва
ҷилдҳои чудогонаи Куллиёти устод Айнй ширкат варзидааст.
Дар як қатор мақолаҳояш ба монанди “Шеъри нав ва баъзе
масъалаҳои шеърият”, “Таҳаввули шакли бадей дар эҷодиёти

131
устод Лоҳутӣ”, “Марҳалаҳои асосии ташаккул ва инкишофи
адабиёти советии тоҷик”, “Масъалаҳои асосии омӯзиши
эҷодиёти Аҳмади Дониш” масъалаҳои назарӣ ва проблемавии
адабиёти тоҷикро ба тадқиқ гирифта, доир ба роҳҳои ҳалли
онҳо андешаҳои муфид ва судманд баён намудааст.

А. Маниёзов роҷеъ ба масъалаҳои равобити адабии тоҷику
дигар халқҳо, аз қабили “С. Айнӣ ва адабиёти рус”, “Дӯстии
беназир”, “Назаре ба таърихи робитаҳои адабии халқҳои
тоҷику афғон ' як силсила мақолаҳои пурарзише таълиф
намудааст, ки аз вуқуф доштани ӯ аз адабиёти халқҳои дигар
дарак медиҳад. Китоби “Адибони Тоҷикистон”, ки бо
ҳамқаламии М. Левин таълиф шудааст, ба забонҳои тоҷикию
русй чор дафъа нашр гардид.

Дар аксари таълифоти А. Маниёзов, ҳатто дар он мақолаҳое,
ки хусусияти таблиғотӣ ва маърифатӣ доранд, бисёр фикрҳои
тоза ва андешаҳои ҷолиб ба назар мерасанд. Забони фасеҳ ва
пуробуранг боз як омили муҳимест, ки мазмуни ин мақолаҳо
ва нияти муаллифи онҳоро ба зехну дили хонандагон
менишонад.

Дар воқеъ А. Маниёзов суханвари борикбин ва
нуктасанҷест. Фасоҳату балоғати сухани ӯ дар хуб донистани
забони осори классикой, ғановати захираи луғавии ӯ,
истифодаи бамавриди калимаҳо, ғунҷонида тавонистани
“маънии бисёр дар каломи андак” аст. Агар дар китоби
Алишери Навоӣ “Хамсат-ул-мутаҳаййирин”, ки то имрӯз ба
забони тоҷикӣ ду бор нашр гардид, номи тарҷумони он
Абдуқодир Маниёзов сабт наёфта буд, хонанда ҳеҷ гумон
намекард, ки ин асар ба забони ӯзбекӣ навишта шудааст.

Хамсат-ул-мутаҳаййирин” намунаи классикии тарҷумаи
осори илмиву бадей мебошад. Инчунин тарҷумаҳои “Безабон”-
и В. Г. Короленко, “Саргузашти Руал Амундсен”-и А. Яковлев,
‘Точикистон”-и П. Лукнитский (бо ҳамроҳии М. Шукуров),
“Тоҷикон”-и Б. Ғафуров дар ду ҷилд (бо ҳамроҳии Н.
Холмуҳаммадов) аз маҳорати сухандонию суханшиносии ӯ
дарак медиҳанд. Аз забони асарҳои Абдуқодир Маниёзов як
ҳарфро беҷо кардан, як калимаро иваз намудан имконнопазир

132
аст. Устод Муҳаммадҷон Шукуров дар мавриде гуфта буданд:
“Ягона китобе, ки ман муҳаррири он будаму калам назадаам,
китоби Абдуқодир Маниёзов “Публисистика ва назми С.
Айнй” мебошад”.

Абдуқодир Маниёзов нафақат адабиётшинос аст. Ӯ соҳаҳои
гуногуни филологияро хуб медонад, назари илмиаш вусъатнок
ва амиқ аст. Бисёр асарҳои фундаменталии Института забои
ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, аз қабили “Луғати русӣ-тоҷикӣ”,
“Грамматикаи забони адабии тоҷик”,“Таърихи адабиёти
советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо”, “Куллиёти илмии
фолклори тоҷик”, маҷмӯаҳои илмиву адабй, осори зиёди
адибони тоҷик нақши калами таҳрири Абдуқодир Маниёзовро
доранд. Ӯ амалан муассиси идораи таҳияи “Энсиклопедияи
советии тоник” мебошад.

Дар солҳои роҳбарии ӯ Институти забои ва адабиёт ба
бузургтарин маркази тадқиқоти илми филологияи тоник ва
макони тарбияи мутахассисони соҳаҳои гуногуни он табдил
ёфт. Осори олимони ин муассисаи илмӣ нафақат дар
Тоҷикистон, балки берун аз он, дар мамлакатҳои дуру наздики
хориҷӣ интишор ёфта, сазовори баҳои баланди аҳли илм
гардиданд.

Абдукодир Маниёзов ҳамчун роҳбари хирадманд, аз як
тараф, барои анҷом додани тадқиқоти муҳим ва таълифи
асарҳои барҷастаи илмй ба кормандони институт шароити
мусоид фароҳам оварда бошад, аз тарафи дигар, дар муайян
намудани проблемаҳои тадқикшавандаи риштаҳои гуногуни
забону адабиёт, кашидани нақшаҳои дурнамои ҳамаи
шӯъбаҳои соҳавй бевосита саҳм гирифтааст.

Абдукодир Маниёзов ба ҳайси раиси Шӯрои дифоъи
рисолаҳои доктории Институти забои ва адабиёт ба номи
Рӯдакй дар тайёр намудани даҳҳо докторону номзадҳои илм
барои муассисаҳои илмй ва таълимии Тоҷикистон, инчунин
кишварҳои дуру наздики хориҷӣ — Ӯзбекистон, Украина,
Афгонистон, Эрон, Хитой низ ҳиссаи муҳим гузоштааст.
Фаъолияти илмии ӯ ба соҳаҳои маорифи халқ ҳам алоқае
дорад. Вай яке аз муаллифони китобҳои “Адабиёти советй”

133
(барои синфи 8) ва “Адабиёти ватан” (барои синфи 4) мебошад.
Муддати тӯлонӣ устоди адабиёти Донишкадаи санъати ба
номи М. Турсунзода буда, аз фанни назмшиносй даре гуфтааст.

А. Маниёзов аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони
Тоҷикистон, аз соли 1981 узви вобастаи Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1996 узви пайвастаи
Фарҳангистони забои ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии
Эрон мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Абдуқодир Маниёзов дар
ҷумҳурии мо дар баробари олим ва роҳбари як муассисаи
калони илмй буданаш, ҳамчун ровии мумтози осори адибони
классикию муосири тоҷик низ машҳур аст. Наворҳои сабти
хониши шеърҳои лирикии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳофизи
Шерозй, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомй, Бадриддини
Ҳилолӣ, намунаҳои насри классикй, “Гулистон”-и Саъдии
Шерозӣ, “Анвори Суҳайлй”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва
пандномаҳои бузургони адаб бо садои Абдуқодир Маниёзов
захираи тиллоии радиои тоҷикро ташкил медиҳанд. Ӯ ба
муносибати ҷашни 675-солагии Камоли Хуҷандй романи
нависандаи маъруфи А. Сидқӣ “Пайроҳаи қисмат”-ро ба
воситаи радио аз аввал то охир қироат кард. Мегӯянд, ки ба
идораи радио аз шунавандагон даҳҳо мактуб омадааст, то ин
гуфторҳоро такроран шунавонанд.

Ӯ натанҳо ба тавассути овози маргуладор ва гӯшнавози
худ, балки бо суханварию донишмандиаш, шеърфаҳмию
маънирасиаш низ маҳбуби шунавандагони радио ва маҳфилҳои
дӯстон гардидааст.

Дар ҷумҳурии мо ҳунармандоне ҳастанд, ки шеър мехонанд,
овози хушу форам низ доранд. Вале кам касонеро медонам, ки
мисли Маниёзов вазни шеърро хуб донанд, оҳанги онро риоя
кунанд, мантиқи суханро дарк карда, задаҳояшро дар ҷои
лозимӣ монда, талаффуз намоянд. Устод Маъсумй ба
арӯздонии Маниёзов қоил буданд ва ӯро “Арӯзӣ” ном
мебурданд. Онҳое, ки доир ба вазни арӯз, вазни шеъри муосир
ва классикӣ чизе навиштаанд, аз маслиҳатҳои ӯ баҳраҳои зиёд
бардоштаанд. Ӯ кайҳост, ки дар дил орзуи таълифи китоберо

134
дойр ба арӯз мепарварад. Агар чунин китоб ба вуҷуд ояд, мо
бовар дорем ки дар соҳаи тадқиқи арӯз яке аз беҳтарин китобҳо
хоҳад буд.

Абдуқодир Маниёзов илова бар ҳамаи он корҳое, ки
зикрашон дар боло рафт, вазифаҳои зиёди ҷамъиятиро дар ӯхда
дорад. У узви раёсати Ҷамъияти дӯстй ва робитаҳои фарҳангӣ
бо кишварҳои хориҷӣ, узви раёсат ва раиси бахши адабиёти
Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи
Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, муовини раиси
бахши илмҳои ҷамъиятшиносии Кумитаи ҷоизаҳои давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи
илму фан, вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе, узви
Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи
Тоҷикистон мебошад.

Барои хидматҳояш дар пешбурди илму фарҳанг ва тарбияи
маънавии мардум ӯ бо чандин ифтихорномаву медалҳо ва
нишони “Шараф” мукофотонида шудааст. Ӯ бо унвони
ифтихории “Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”
сарфароз гардидааст.

Абдуқодир Маниёзов донишманди фозил ва инсони
покзамиру бамулоҳиза, дорой маънавияти бой ва маданияти
баланди ботинию зоҳирист. Дар муддати тӯлонии ҳамкориамон
дар Института забон ва адабиёти ба номи Рӯдакй боре
надидаам ё нашунидаам, ки вай овозашро ба касе баланд карда
бошад. Дар ҳама ҳолат ӯ метавонад хашмро фурӯ барад ва
тамкинро аз даст надиҳад, бо ҳамсӯҳбати худ бо ҳамон нармию
меҳрубонӣ муомила кунад. Ӯ ба худ ҳама чизро раво мебинад,
вале равои озори дигаронро надорад.

Дар солҳои даргириҳои бемаънӣ ва ҷангҳои бародаркушӣ
бинои Института забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ бо амри
тасодуф ва ё қасди бадхоҳони миллат ду маротиба оташ
гирифт. Ба ҳар як корманди институт, ки ин даргоҳи
муқаддасро хонаи дуввуми худ мешуморид, хусусан ба
роҳбаре, ки як умри худро ба нашъу намой он бахшидааст, ин
ҳодиса хеле мудҳиш, аламовар ва сангин буд. Дар он солҳои
барои ҷумҳурӣ душвор таъмири ин бино ба назар гайриимкон

135
менамуд. Маниёзов ҳамеша андешаманд ва хотирпарешон буд,
ташвишу изтироби ӯ ҷон дошт. Дар Институт захираҳои зиёди
илмй мавҷуд буданд, ки солҳои зиёде бо меҳнати як гурӯҳи
калони кормандони илмӣ гирд омадаанд. Инҳо махзанҳои
илмии забои, луғат, фолклор ва архиви адибони муосири тоҷик
мебошанд. Ин ганҷинаи фарҳанги беназирро ба ҷойҳои бехатар
кӯчонидан ва ҳифз намудан кори осон набуд.

А. Маниёзов ҳар замон ба дӯстонаш мегуфт, ки агар боре
муяссар шавад, ки институтро ба по монем, кормандонро
сарҷамъ созем, захираҳоямонро ҷо ба ҷо кунем, ман вазифаи
роҳбариро ба ягон ҷавони донишманд ва кордону серғайрат
месупорам. Он гоҳ бо хотири ҷамъ ба амалӣ сохтани орзуҳоям,
иҷрои нақшаҳои илмиам машғул хоҳам шуд.

Хушбахтона, бо даву този А. Маниёзов ва ғамхорию ёрии
бевоситаи сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонов, раиси
шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар арафаи ҷашни
1100-солагии Давлати Сомониён бинои институт аз таъмир
баромад. Кормандон боз соҳиби ҷои кор ва захираҳои илмӣ
дорой макон шуданд. А. Маниёзов “ҷавони донишманди
кордону серғайрат” гуфта муовини худ доктори илми
филология Додихудо Саймиддиновро дар назар доштааст, ки
ҳоло сарварии институт ба ӯҳдаи ӯ гузошта шуд. Худи А.
Маниёзов директори ифтихорӣ ва маслиҳатгари ӯ мебошад.

Барои мо дӯстон ва ҳамкорон хушу гуворост, ки ӯро боз
ҳам сертараддуду серкор мебинем, гоҳ садояшро аз радио
мешунавем, гоҳ суханрониҳояшро дар маҷлисҳои гуногун аз
оинаи нилгун тамошо мекунем, гоҳ дар дафтари кориаш
ҳангоми машғулият бо шогирдон дармеёбем.

Мо фидоии роҳи илм ва инсони шарифу соҳибдилро бо
ҷашни 70-солагиаш табрик мекунем, ба ӯ тани сиҳату хотири
ҷамъ, умри дарози пурбаракат, ба хонаводааш бахту саодат
ва оромию осудагӣ, ба корҳои илмию эҷодиаш барору пирӯзиҳо
таманно дорем.

136
ХОТИРАҲО

ШОИРИ ФОЗИЛ ВА ХИРАДМАНД

Мо бо устод Суҳайлӣ Ҷавҳаризода ҳамсоягузар будем.
Падару модарам бо оилаи он кас рафту омад доштанд ва
дӯстони наздик буданд. Ҳар вақт ки ман ба хонаашон
мерафтам, аввало аз хонишам, аз кору борам дар мактаб
мепурсиданд, ҳатто аз кадом фан чӣ баҳо гирифтанамро
донистан мехостанд. Вақте ки аз ҷавобҳои ман қаноат ҳосил
мекарданд, аз ҷевон яке аз китобҳояшонро гирифта такдим
менамуданд.

Суҳайлӣ ба мактабҳо бисёр мерафтанд, бо талабагон ва
муаллимон робитаи зич доштанд. Аз ҷумла ба мактаби мо ҳам
зуд-зуд омада меистоданд. Як сабаби ин ба ҳаёти бачагон
шавқи махсус доштани он кас бошад, сабаби дигар ба сарвари
мактаби мо, мактаби рақами 10-и занонаи ба номи С. Айнй
Марям Маликовна Бозорбоева вобаста буд. Марям
Маликовна шахси адабиётдӯст буда, дар ҳамон солҳо, ки хеле
ҷавон буданд, ба зиндагӣ назари амиқ ва вусъатноке доштанд,
аз ҳар як воситаи тарбия истифода мебурданд. Он кас бо
адибони номии ҷумҳуриамон зуд-зуд вохӯриҳо ташкил
мекарданд. Ман нахустин бор устодони бузурги адабиётамон
Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода,
Абдусалом Деҳотиро дар мактабамон дида, аз сӯҳбаташон
баҳравар гардида будам.

Марям Маликовна устод Суҳайлиро низ ҳар вақт ба
мактабамон даъват мекарданд. Бисёр шеърҳои ба бачагон
бахшидаи он касро ман дар мактаб аз забони худашон
шунидаам. Он кас ҳатто ба тамомкунандагони синфҳои 10-
уми шаҳри Душанбе, ки барои гирифтани номаи камол ва
медалҳои тиллову нуқра дар Театри опера ва балети ба номи
С. Айнӣ ҷамъ омада буданд, шеър бахшидаанд, ки мехоҳам
чанд байтро аз он шеър ба диққати хонандагони мӯҳтарам
расонам:

137
Ци шудам он ҷо, ки ҷашну одами бисёр буд,

Мацлисе бо наслҳои даври шӯҳратдор буд.

Чун электр гарму равшан дидаву дил аз cvpyp,
Гӯшҳо ҳам дар ҳузур аз савти мусиқор буд.

Саф зада аз ҳар тараф гулҳои боги маърифат,
Рангу бӯи дониш аз ҳар як чаманосор буд.

Цар табассум модаронро дурри дандон менамуд,
Чеҳраи шоди падарҳо мавҷаи гулзор буд.

3-он ки фарзандонашон даҳсола мактабро тамом
Карда хуш бо таври аъло, саъяшон ҳамкор буд.

Бо медалҳои тилоӣ гашта ин ҷо сарфароз
Ҳар як аз Ленини аъзам хеле миннатдор буд.
Цухтаре Хуршеда, номе ҳушёру зираке,

Назди минбар омад аввал бору дар гуфтор буд...

Суҳайлӣ махсусан ба бачагон ва ҷавононе, ки ба адабиёт
шавқ доштанду шеъру ҳикоя машқ мекарданд, бо эҳтиёт
муносибат менамуданд.

Кист, ки дар бачагӣ ва ё ҷавонй шеър нанавиштааст? Май
ҳам ҳангоми дар мактаб таҳсил карданам шеър менавиштам.
Боре устод Суҳайдй ба хонаи мо меҳмон шуданд. Падарам ба
ман фармуданд, ки дафтари шеърҳоямро бароварда хонда
диҳам. Ман чашми он касро хато карда, бо имову ишорат ба
падарам норозиги изҳор намудам. Вале он кас суханони
падарамро қувват дода, таъкид карданд, ки ҳатман
дафтарамро бароварда, шеърҳоямро нишон диҳам.

— Шумо шеър менавиштеду чаро ман то ҳол бехабарам?
— гуфтанд.

Он кас ба бачаи панҷсола ҳам шумо гуфта муроҷиат
мекарданд. Ман маҷбур шудам, ки шеърҳоямро хонда диҳам.
Суҳайли аввал маро хуб таъриф карданд, баъд аз байни он
шеърҳо якеро интихоб карда гуфтанд, ки онро рӯйнавис
намуда, пагоҳ ба наздашон гирифта равам. Рӯзи дигар ҳар
мисраи он шеърро хонда, кӯшиш мекарданд, ки нуқсонашро
ба ман фаҳмонанд. Дар пеши назарам як байти онро таҳрир

138
карда, баргардонда ва фармуданд, ки аз нав кор карда биёям.
Ин шеъри аввалини ман соли 1947 бо таҳрири он кас дар
рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” чоп шуд. Ин ба ман илҳом
бахшид, шавқи маро ба шеъру шоирй боз хам афзун гардонд.

Ба назди Суҳайлӣ бисер одамон, чи ҷавону чи калонсол,
шеър меоварданд. Ва ҳамеша маслиҳатҳои муфид гирифта
бармегаштанд. Он кас ҳеҷ гоҳ вақташонро аз дигарон дареғ
намедоштанд. Ман дар хонаи онҳо аз хама зиёдтар шоирон
Абдуҷаббор Қаҳорй ва Ҳабибулло Назаровро медидам.

Дар назди идораи рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон”, ки
муҳаррири он Абдуҷаббор Қаҳорӣ буд, маҳфили адабй амал
мекард. Роҳбари ин маҳфил домулло Суҳайлй буданд. Аз
мактаби мо ман ва дугонаи ҳамсинфам, шодравон дотсенти
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Кимё Шукурова, муаллими
адабиётамон шодравон академик Раҷаб Амонов ширкат
меварзидем. Ҳар як асари иштироккунандагон, хоҳ хурду хоҳ
калон, муфассал мухокима мешуд ва баъди чандин бор аз нав
кор кардан дар саҳифаҳои рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон”
ба табъ мерасид.

“Дилбар” ном ҳикояи ман ҳам баъди муҳокимаи дуру дароз
ва маслиҳатҳои аъзои маҳфил дар ду шумораи рӯзнома чоп
шуда буд.

Дар маҳфил дар баробари муҳокимаи асарҳо домулло
Суҳайлӣ дар бораи қоидаҳои шеър, вазну қофия, санъатҳои
тасвир сӯҳбатҳо мегузарониданд ва дар ин мавзӯъҳо ба ёрии
адибони ҷавон дар саҳифаҳои рӯзномаи “Пионери
Тоҷикистон” мақола чоп мекунониданд.

Устод Суҳайлӣ шахси ниҳоят фурӯтан, мехрубон ва гамхор,
меҳмондӯст ва қадршинос буданд.

Ҳар гоҳ, ки дойр ба ин хислатҳои эшон сухан мерафт,
падарам мегуфтанд: Охир, он кас фарзанди кй? Фарзанди
Сайид Зуфархон Ҷавҳарӣ, фарзанди чунин шахси бузург бояд
ҳамин хел шавад.

Вале ман он вақт ба ин суханони падарам сарфаҳм
намерафтам. Бузургии Ҷавҳарй дар чй ифода меёбад, фикр
хам накарда будам. Дар чунин мавридҳо фақат як ҳодиса ба

139
хотирам меомад.

Агар хато накунам, соли аввали ба Душанбе омаданамон
буд. Он вақтҳо мо бо домулло Суҳайлӣ на хамсоягузар, балки
ҳамсояи дар ба дар будем. Рӯзе аз дарвозаамон овози ҳамсари
устод Суҳайлй келинояи Мӯътабархон баланд шуд, ки
модарамро ҷеғ мезаданд. Модарам берун баромаданду
баргашта ба падарам гуфтанд: Аз Ӯротеппа амактӯра
(Ҷавҳариро дар назар доштанд) омадаанд, ба хонаи онҳо равед
будааст.

Падарам зуд либос пӯшиданду рафтанд.

Он рӯзҳо ҳавлии домулло Суҳайлӣ ба зиёратгоҳ табдил ёфта
буд. Аз пагоҳ то бегоҳ одамон меомаданду мерафтанд. Мо
духтарчаҳо ба кӯча баромада наметавонистем.

Боре модарам гуфтанд: “Ман гумон карда будам, ки
амактӯраро дар Уротеппа ин қадар эҳтиром мекунанд, маълум
мешавад, ки дар ин ҷо ҳам обрӯю эътибори калон доштаанд.
Ба гайр аз хешу табору ҳамшаҳриҳо тамоми нависандагон,
ҳама калоншавандаҳо ба зиёраташон омаданд”.

Зуфархон Ҷавҳарӣ моҳи феврали соли 1945 вафот карданд.
Падарам ва тағоям Акобирхон рӯзи дафн ба Ӯротеппа расида
рафтанд. Падарам баъд аз баргаштанашон таассуроташонро
аз маросими дафн чунин нақл карда буданд. Чунон одам ҷамъ
шуд, ки дар кӯчаҳои шаҳр ҷои сӯзанпартоӣ набуд. Аз тамоми
ноҳияҳои шаҳр, инчунин Хуҷанд, Хӯқанд, Самарканду
Бухорову Тошканд одамон омаданд. Мардум болопӯши
тобутро “табаррук” гӯён як порчагӣ дарронда гирифтанд.

Устод Суҳайлӣ сазовори номи худ ва номи падар кор ва
зиндагй карданд. Он кас шахси фозил ва хирадманд, дорои
ахлоқи ҳамида, маънавияту маданияти баланд, умуман дорои
хислатҳои наҷиби инсонӣ буданд. Хдмин хислатҳои нек ва
самимияташон дар шеърҳояшон низ инъикос ёфтааст. Ёдашон
ба хайр!

140
ДИЛИ ИНСОНҲОСТ ОШЁНИ У

Ман аз он ифтихор дорам, ки устод Мирзо Турсунзодаро
рӯ ба рӯ дидаам, борҳо суханрониҳояшро дар маҷлисҳои хурду
калон шунидаам, аз сӯҳбатҳояш бархӯрдор шудаам. Мехоҳам
таваҷҷӯҳи хонандагони мӯҳтарамро ба баъзе аз он вохӯриҳо
ҷалб намоям.

Дар рӯзҳое, ки ба муносибати 90-солагии зодрӯзи устод дар
ҳама ҷо ӯро ёд мекунанд, аз қалби бузурги ӯ, аз шахсияти
бузурги ӯ, аз саҳми бузурги ӯ дар худшиносии миллат ва
тарбияи адибони соҳибистеъдод, аз шеъри баланди ӯ сухан
меронанд, наметавонам он чиро, ки дар дил дорам, рӯи когаз
наорам. Шояд ин навиштаҳо ҳам ягон ҷиҳати шахсият ва ё
эҷодиёти ӯро пурра кунанд.

Бори нахуст устод Турсунзодаро ҳангоми мактабхониам
дида будам.

Соли 1947 дар Душанбе анҷумани дуюми нависандагони
Тоҷикистон баргузор гардид. Аз Самарканд устод Айнй, аз
Москва устод Лоҳутӣ ва аз дигар шаҳру ноҳияҳои
ҷумҳуриамон нависандагон ба Душанбе омаданд. Директори
мо Марям Маликовна Бозорбоева, ки шахси бомаърифат ва
адабиётдӯст буд, дар арафаи анҷуман аз устод Турсунзода
хоҳиш намудааст, ки нависандагонро ба мактаби мо гирифта
оранд. Дар рӯзи таъиншуда устодон Садриддин Айнй,
Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ,
Суҳайлй Ҷавҳаризода ва ду-се нафари дигар омаданд.
Мулоқотро устод Турсунзода кушода, нависандагонро ба мо
шинос карданд ва дар бораи он накл намуданд, ки онҳо ба
анҷумани худ бо чй дастовезҳо омадаанд. Дар бораи устод
Айнй ва дигар нависандагон чиҳо гуфтанд, дар хотирам
намондааст, вале хуб дар ёд дорам, ки “устод Лоҳутӣ ба
анҷумани мо тӯҳфаи муносибе оварданд, ки достони “Парии
бахт” аст” гуфтанд.

Дар ҳамин вохӯрӣ ман аз номи хонандагон ва муаллимонам

141
меҳмононро хайра мақдам гуфтам ва аз устод Айнӣ хоҳиш
намудам, ки барои ба мактабамон гузоштани номи эшон розигӣ
диҳанд. Ана аз ҳамон вакт cap карда мактаби рақами 10-и
шаҳри Душанбе номи Садридцин Айниро дорад.

Баъд аз ин устод Турсунзодаро борҳо дар минбари маҷлисҳо
дидам, вале шахсан ҳамсӯҳбат нашуда будам.

Боре ба ман гуфтанд, ки фалон рӯз, фалон соат ба назди
устод Турсунзода равам. Ман ҳайрон шудам, ки ин одами
бузург ба ман чӣ кор дошта бошанд. Он вақт айёми шӯҳрати
шоирй ва боло рафтани обрӯю эътибори ҷамъиятии он кас буд.

Ногуфта намонад, ки ман ҳангоми толибаи мактаб буданам
ва чанд соли донишҷӯиям шеър менавиштам ва щеърҳоям дар
рӯзномаю маҷаллаҳо, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ интишор
меёфтанд. Вале баъд аз он ки ба мутолиаи осори классиконамон
пардохтам, фаҳмидам, ки дар ҷодаи шеър ба ман шавқ
раҳнамун асту бас. Барои шеъри асил гуфтан истеъдоди фитрӣ
лозим аст. Ман дигар шеър нанавиштам.

Инак, аз дилам гузашт, ки устод Турсунзода маро барои
шеърҳои берӯҳу беҷонам сарзаниш хоҳанд кард ва худамро
ба чунин гуфтугӯ омода сохтам.

Дар рӯз ва соати таъиншуда ба назди устод Турсунзода
рафтам. Он вақт Иттифоқи нависандагон биноеро, ки рӯ ба
рӯи ҳукумати шаҳр воқеъ буда, паҳлӯи чапи Вазорати
кишоварзиро ташкил медиҳад, ишғол мекард.

Устод маро аз ҷояшон хеста пешвоз гирифтанд ва
рӯбарӯяшон шинонданд. Аввал ҳолпурсй карданд, баъд
гуфтанд, ки кайҳо боз ман шеъри шуморо нахондаам. Имрӯз
дар адабиёти тоҷик аз шоираҳо фақат шумо — ду кас ҳастед
— шумо ва Гулчеҳра (Гулчеҳра Сулаймонова — Х.О.). Шумо
наменависед, Гулчехра ҳам хеле кам менависад (Кош устод
Турсунзода зинда мебуданд ва медиданд, ки имрӯз чӣ қадар
шоираҳо дар адабиёти мо қувваозмой мекунанд ва дар байни
онҳо шоираҳои асил ҳам ҳастанд). Гуфтанд, ки адабиёти
классикии форсу тоҷик номи бисёр шоираҳоро медонад, ки бо
намоёнтарин симоҳои адабиётамон ҳампаҳлӯ меистанд. Кӣ
медонад, чӣ қадар занони соҳибистеъдод барои тазоҳури

142
истеъдоди худ ҷавлонгоҳ пайдо карда натавониста, беному
нишон рафта бошанд. Вале имрӯз барон шумоён хамаи
имкониятҳо муҳайёст. Рӯзномаю маҷаллаҳо дар ихтиёри
шумо. Ана майдону мана гӯю чавгон.

Гуфтам, ки шеърҳоям ба худам маъқул нестанд. Гуфтанд,
ки кори некӯ кардан аз пур кардан аст”. Бисёртар нависед,
болои ҳар мисраю байт гаштаю баргашта кор кунед. Шеърҳои
классиконамонро хонед, аз онҳо санъату маҳорат омӯзед.
Шеъри адибони русро хонед.

Бо ҳамин насиҳатҳои устод дар гӯш аз назди он кас
баромадам. Вале дигар шеър чоп накардам. Устод Турсунзода
бо директори мо, сарвари Института забои ва адабиёти ба номи
Рудакӣ, Н. Маъсумӣ дӯстони қарин буданд. Он кас зуд-зуд ба
Институти мо меомаданд ва дар маҷлисҳоямон ширкат
меварзиданд. Ҳар бор ки устодро бинам, худро гунаҳгор ҳис
мекардам.

Соли 1968 маро ба узвияти Иттифоқи нависандагон чун
мунаққид ва адабиётшинос қабул карданд. Маҷлиси раёсатро
устод Турсунзода роҳбарй мекарданд. Он кас ҳангоми қабул
дар бораи ман чанд сухани гарм гуфтанд. Чунон хурсанд
шудам, ки ҳатто раҳмат гуфтанамро ҳам фаромӯш кардаам.
Баъд аз маҷлис ҳамкорамон нависанда ва мунаққид Салоҳ
Солеҳ, ки он ҷо хузур дошт, гуфт:

Ақаллан арзи сипос ҳам накардед-а. Ба фикрам, аз
ҳаяҷон фаромӯш кардед.

Ҳ°ло ҳам он лаҳза ба хотирам ояд, хиҷолат мекашам. Ҳамин
хел инсони меҳрубон ва гамхор буданд устод.

М. Турсунзода, бидуни тардид, яке аз пайвандгарони
адабиёти чандҳазорсолаи тоҷик бо адабиёти муосир,
давомдиҳандаи шеъри классики ва суннатии тоҷик дар қарни
бистум маҳсуб мешаванд.

Дар шеър на муқаллид, балки давомдиҳанда будан, ба ҳам
омех га тавонистани анъанаву навоварӣ ва эҳсосоти шахсию
милли бо умумиинсонй ба М. Турсунзода имконият додаанд,
ки дар хусуси ин ҳодисаҳои давр, ки худ шоҳиди онҳо буд ва ё
иштирок дошт, ба мо ҳамзамонҳояш нақл намояд”, — навишта

43
буд дар як мақолааш Расул Ҳамзатов.

Масъалаи анъана ва навоварй дар эҷодиёти М. Турсунзода
диққати бисёр адабиётшиносони тоҷикро ба худ ҷалб кардааст.
Аз ҷумла, устод Муҳаммадҷон Шукуров (академик Шакурй)
таҳти унвони “Халқият ва махорат” мақолаи пурмӯҳтаво ва
арзишманде дорад, ки мехоҳем аз он пораеро ба таваҷҷӯҳи
шумо, хонандагони мӯҳтарам, пешниҳод намоем:

“Дар беҳтарин асарҳои вай (М. Турсунзода — Х.О.)
назокати мафтункунандаи лирикам халқӣ, гоҳ ҳиссиёту ҳаяҷон
ва сӯзу гудози достонҳои ишқии романтикии классикӣ, гоҳ
фикру андеша ва мулоҳизаҳои амиқеро, ки ҳам баъзе шеърҳои
фолклору қасидаҳои фалсафии классикони тоҷик ва ҳам назми
ишқӣ ва гражданин русро ба хотир меоранд, дидан мумкин
аст. Гоҳо чанде аз онҳо як ҷо ҷамъ шуда, бо якдигар омезаш
ёфта, ба шеъри шоир қувваи азиме мебахшанд”.

Устод М. Шукуров дар ҳамин мақола аз хусуси дар
эҷодиёти М. Турсунзода истифода шудани мақолу зарбулмасал
ва панду ҳикмати халқию классикӣ сухан ронда,чанд шеъру
достонҳои ӯро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додаанд. Вале
ҳаминро низ зикр намудан бамавқеъ аст, ки бисёр байту
бандҳои шеъру достонҳои шоир ба панду ҳикмат табдил ёфта,
вирди забони умум гардидаанд. Мисолҳои зерин нишонгари
ин муддаои мост:

Ҳеҷ коре мест бе зан, хуб шуд,

Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Ё ин ки:

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,

Цӯстони меҳрубонро гум макун.

Цар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун.

144
Шеъри “Ошёни баланд” бошад cap то по панду ҳикмат аст:

Ошён гар мегузорй, дар баландиҳо гузор,

Цар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор...

Ошён гар мегузорй, дар доли инсон гузор,

Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор.

Нест чунки ҳеҷ низе аз дили инсон баланд,

Ошёни меҳри худ дар магз-магзи ҷон гузор.

Ман худ шоҳиди он будам, ки чй тавр бадоҳатан як рубоии
пандомези устод Турсунзода тавлид гардид ва рӯи куттии сигор
навишта шуд.

Соли 1957 ман дар Хоҷа Оби Гарм истироҳат мекардам.
Ҳамон вақт Мирзо Турсунзода низ бо ҳамроҳии писарашон
Масъуд ва нависанда М. Сидқй табобат мегирифтанд. Рӯзе
Сидқй гуфт, ки фардо устод Турсунзода ба шаҳр мераванд,
агар шумо ҳам рафтан хохед, дар мошини он кас ҷой ҳаст.

Ман ин пешниҳоди Сидқиро бо хурсандй ва минатдорй
пазируфтам, зеро мӯҳлати табобатам фардо ба охир мерасид.

Рӯзи дигар дар соати муайяншуда ба назди мошин рафтам.
Устод дар паҳлӯи ронанда менишастанд, аз Сидқй ҳанӯз дарак
набуд. Ҳамин вақт писари он кас Масъуд як даста гулҳои кӯҳй
чида омад, ки дар байни онҳо хору хас хам буд.

Устод Турсунзода лаҳзае гоҳ ба гулҳо, гоҳ ба Масъуд нигоҳ
карданду аз ҷайбашон куттии сигорро бароварда рӯи он чизе
навиштанд ва баъд онро хонданд:

Ҳар гулеро, ки бидидй, гул магӯй,

Зогро дидй агар, булбул магӯй.

Ҳар сухан ҷо, ҳар нуқат дорад макон,

Он чӣ бар ман гуфтӣ, бар кул магӯй.

Шояд ин қуттии сигор дар архиви шоир маҳфуз бошад. Ин
рубоӣ, ба назари мо, дар ҳеҷ куҷо чоп нашудааст.

М. Турсунзода ба маънои томи ин сухан шоири халқӣ буд.
Ӯ эҷодиёти бадеии халқии худро хуб медонист, образхои пухта

145
ва сероби онро моҳирона истифода мебурд, ғояҳои неку
нсондустона ва ҳусну назокати онро дар ашъори худ пайваста
нкишоф медод ва ба онҳо сафову таровати диловез мебахшид
Яке аз сабабҳои ба дили халқ роҳ ёфтан, аз они халқ шудани
бисер асарҳои М. Турсунзода хам дар ҳамин аст

Кормандони шӯъбаи фолклори Института забои ва адабиёти

пГяхТк УДаКӢ ҲаГМИ ГИРД °ВарДаНИ сУРУД^и маросимй аз
аҳри Бухоро аз забони пиразане ин байтҳоро, ки аз либреттои

оҳир ва Зӯҳро аст, навишта гирифтаанд. Танҳо мисраи
сеюми онро тагиир додаанд. ь

Марҳабо, домоди иззатманди мо,

Бовафо монанди як фарзанди мо.

Аз қадам ин хонаро гулшан намо,

Ҳар тарафро аз рухат равшан намо.

“гт1Ф' 3»ҲН,пе'7оа’ Сурудҳои маР°сими тӯи тоҷикон. Душанбе
Дониш”, 1978, саҳ. 118)

Фолклоршиносон ба монанди ин намунаҳои ашъори М
Турсунзодаро аз забони мардуми Зарафшону Кӯлоб'
адахшону Варзоб гирд овардаанд. Маълум мешавад ки
мардум асарҳои ӯро гаштаю баргашта мехондаанд ва ҳифз
мекардаанд, дар мавриди мувофиқ истифода мебурдаанд
Вале комебиҳо худ аз худ насиби шоир нагардидаанд
Истеъдоди фитри низ заҳмати зиёдеро тақозо дорад ва бидуни
он махсул намедихад. М. Турсунзода осори классиконамонро
бисер мутолиа кардааст. Ин аст, ки шеърҳои зиёди онҳоро азёд
медонист, Низомиро дӯст медошт^ Тадсри ӯро мо дар
достонҳои шоир мушоҳида кардаем. Дар баробари ин М
Турсунзода бисер суруду рубоиҳои халкиро хам азёд медонист
СУРУДУ РУбоихои халки „афакат дар натичаи мутолиаи зиТд

?ашт°аТТ„хУоГШ 6*С™“Л Ӯ H°™” 6а ™ ^

шта, онҳоро гирд овардааст ва соли 1940 гулчини
рзишмандеро дар шакли китоби алоҳида бо унвони “Намунаи

китобЛсолиТ'|938 ’ Ч' 2 ”У"Т“Р сохтааст- Нидди якуми ин
китоб соли 1938 дар тахияи А. Н. Болдырев ба табъ расида

146
буд. Инак, ба ҳамин муносибат мехостам як лаҳзаи дигари
вохӯриамро бо устод Турсунзода ёдовар шавам.

Солҳои 60-ум баъд аз вафоти Абдусалом Деҳотй бо қарори
Ҳукумати Тоҷикистон таҳияи Куллиёти панҷҷилдаи ӯ ба
Института забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ супорида шуд.
Роҳбарияти шӯъбаи адабиёти совета тартиб додани ҷилди
якумро, ки бояд шеъру достонҳои шоирро дарбар мегирифт,
ба зиммаи ман гузошт. Дар ин ҷилд мебоист достони “Оби ҳаёт”
дохил мешуд. Ин достон дар шакли номаи мавзун ба роҳбарони
Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ аз тарафи як гурӯҳ шоирон —
М. Турсунзода, А. Деҳотӣ ва Ҳ. Юсуфӣ бо ширкат ва рох,барии
умумии устод Айнӣ таълиф гардида, ба даҳсолагии ташкили
Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.

Нахустин бор ин достон дар арафаи ҷашни Инқилоби Октябр
5-уми ноябри соли 1939 дар рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” чоп
шуда, соли 1940 ҳамчун китоби алоҳида ба табъ расид.

Достони “Оби ҳаёт” аз дигар номаҳои мавзун бо он фарқ
мекард, ки қисми якуми он дорои сужети муайян ва образҳои
мусбату манфй буда, қисми дуюми он бевосита муроҷиат ба
роҳбари Ҳукумат буд. Дар он солҳо дар ин шакл чоп кардани
достон мумкин набуд. Вале агар қисми дуюм партофта шавад,
ба сужети асар осебе намерасид. Мо ҳақ надоштем, ки аз пеши
худ ба матн даст занем. Бинобар он ман достонро гирифта, ба
назди устод Турсунзода рафтам.

Устод гуфтанд, ки кори хубе кардетон, ки он достонро ба

куллиёти А. Деҳотй дохил карданй шудетон.---Аҷаб рӯзҳои

хуш буданд он рӯзҳо — ёдовар шуданд аз он рӯзҳое, ки ин
достонро эҷод мекарданд ва дойр ба таърихи он чунин накл
карданд:

— Ба мо аз номи халқи тоҷик ба роҳбарони ҳизб ва Ҳукумат
номаи мавзун навиштан лозим буд. Домулло Айнй дар
Самарканд буданд, бинобар ин мо ба назди он кас рафтем.
Ман дар хонаи Деҳотӣ манзил гирифтам. Аҳли оилаи домулло
Айнй дар бог буданд, баъд вазифаҳоро байни худ тақсим
намудем. Домулло Айнй гуфтанд, ки ман қисми
пешазинқилобиро менависам. Ба чунин қарор омадем, ки ҳар

147
руз дар соати як дар назди домулло ҷамъ мешавем ва
навиштаамонро хонда медиҳем. Ҳамин тавр ҳам кардем. Ҳар
руз ҳам чизи навиштаи мо ва ҳам навиштаҳои домуллоро
мехондем ва якҷоя таҳрир мекардем. Мо ба чунин ақида
омадем, ки аз қисми домулло тавсифи бузи Сангинро кам
кардан лозим аст. Мо ин фикрамонро ба домулло гуфтем. Он
кас аввал як шӯриданд. — Оё медонед, ки як буз барои як
камбағали тоҷик чй давлатест? — гуфтанд. Вале баъд ба фикри
мо рози шуда, он қисмро хеле ихтисор карданд.

Дар ин достбн рубоиҳои халқӣ хеле зиёданд, рубоиҳои
аҷиб^ гуфтанд устод ва баъд бо шавқи тамом паси ҳам чанд
рубои хонданд. Устод Турсунзода овози форам доштанд ва бо
тамкини ба худ хос шеър мехонданд. Ҳангоми шеърхонй дасти
росташонро андак боло бардошта, онро бо оҳанги шеър
меҷунбониданд.

Ба ёрон марҳабо гуфтему рафтем,

Ба ҷону дил дуо гуфтему рафтем,

Ҳамон ёре, ки бо мо дошт улфат
Нигаҳбонаш Худо, гуфтему рафтем.

Сари сарчашма рафтам май ба вахте,

Ба оби дида биншондам дарахте.

Шамол омад, дарахтам решакан шуд,

Мани мискин наборам ҳеҷ бахте.

Сарчашма ҳазору саргаҳи чашма ҳазор,

Об хӯрда наметавонам аз ҳайбати мор
Коре бишавад, ки бишканад оҳани кор,

Говон ба чаро раванду ман пешаки ёр.

Ин рубоиҳо аз забони қаҳрамони достон Сангин оварда
шуда, аз як тараф рӯҳияи ӯро ифода кунанд, аз тарафи дигар
ба хонанда лаззати бадей мебахшанд. Ба мо маълум шуд, ки
ин рубоиҳоро ба достон устод М. Турсунзода ворид кардаанд.

148
Достони “Оби ҳаёт” бо тахрири нави устод Турсунзода ба
Куллиёти Деҳотӣ ворид шуд. Ин достон дар китоби камина
“Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик” таҳлилу
тахқиқ шудааст.

М. Турсунзода ба зан-модар таваҷҷӯҳи зиёд дошт. Аз
ибтидои эҷодиёташ то интиҳои он тақдири зани тоҷик,
гузаштаву имрӯзи ӯ дар оила ва ҷомеа диққати шоирро ба
худ ҷалб кардааст.

Дар тамоми давраҳои ҳаёти ҷамъиятӣ одамони соҳибдил
дар назди зан, дар назди дили меҳрпарвари ӯ сари таъзим фуруд
овардаанд. Зан чун олиҳаи ҳусну вафо манбаи илҳоми шоирону
нависандагон, рассомону бастакорон гардидааст. Вале
нобарориҳои иҷтимоӣ дар замони гузашта занҳоро хору забун
сохта, кадри ӯро дар ҷамъият паст намуда буданд.
Мутаассифона, дар замони шоир ҳам, дар замони мо хам
шахсоне ҳастанд, ки ба қадри зан намерасанд, ӯро паст
мезананд, дар оила таваллуд шудани духтарро бадбахтӣ ҳисоб
мекунанд.

М. Турсунзода дар достони “Чароғи абадй” ин хел одамонро
ба зери тозиёнаи танқид гирифта, онҳоро гарди тани инсон
номидааст ва нақши занро дар ҷамъият хеле баланд
бардоштааст:

Ба дил гуфтам, ки ҷоҳил мард будаст
Тани моро нишаста гард будаст.

Ба ҷои ӯ сано гуфтам худи ман
Ба ин навзод духтарча, ба ин зан.

Сано гуфтам ба занҳое, ки имрӯз
Ба кори мамлакат ҳастанд дилсӯз.

Дар асарҳои М. Турсунзода симои модар мавқеи намоёнро
ишгол мекунад. Меҳри модар дар ашъори ӯ бо мехри зодгоҳаш,
бо мехри Ватанаш Тоҷикистони азиз даромехтааст. Махсусан
шеърҳои “Дили модар”, “Дасти модар”, “Модарам” аз
беҳтарин асарҳои дар ин мавзӯъ гуфтаи шоирони тоник ба
шумор меравад.

149
М. Гурсунзода дар шеърҳои ишқиаш низ анъанаҳои шеъри
суннатии тоҷикро давом ва инкишоф додааст. Қаҳрамони
лирикии ин қабил шеърҳои ӯ чун дар назми классики ошики
содиқу вафодор, олиҳиммат ва фидокор аст. Ҳастии худро ӯ
бе лутфу марҳамати ёри дилсӯз тасаввур карда наметавонад:

7УР° сад б°Р муфтам, ки гуломат ман, ҳамин кофист,
Фидои як каломат, як саломат ман, ҳамин кофист.
Навиштам, пахш кардам мӯҳр, мондам даст бегуфтор
Ҳаетамро, мамотамро ба номат ман, ҳамин кофист.

Устод Турсунзода дар як ҷамъомади занон ҳамин шеърро
хонданд ва марбут ба он ҳодисаеро ёдовар шуданд.

~ Дар яке 33 мамла*атҳои Шарқ дар ҷамъомаде ман шеъри
Ҳамин кофист”-ро хондам. Баъди анҷоми он ҷамъомад як зани
эрони ба назди ман омад ва гуфт: “Гумон аст, ки шумо, мардони
гарданкулуфт, ягон вақт ғуломи зан шавед”.

Вале ман рост мегӯям, ки ғуломи шумо ҳастам, ғуломи ҳусни
беолоиши зани тоҷик, ғуломи дастони эъҷозофарини ӯ, гуломи
дили поки бегаш ва саршори меҳри модаронаи ӯ. Мо мардон
як умр дар хидмати шумо ҳастем.

Устод Турсунзода ҳамдаму ҳамнафаси мардум буд Ӯ дар
номусоидтарин шароитҳо ҳар як васоитро истифода мебурд
то ба миллаташ хидмат кунад. Дар айни ҳол халқи тоҷик шоири
худро дуст медошт, бо у ифтихор мекард ва имрӯз ҳам ифтихор

дорад. У дар дили инсонҳо “дар мағз-мағзи ҷони онҳо” ошён
гузоштааст.

Эҷодиети устод Турсунзода имрӯз ҳам хидматгузори
миллату Ватан аст. Шеъру достонҳои ӯ ҷавононро ба дӯст
доштани обу хоки Ватан, эҳтиёт кардани ҳар як гиёҳи он, саъю
кушиш намудан барои шукуфоии он, нигоҳ доштани нангу
номуси миллат раҳнамоӣ мекунад. Бесабаб нест, ки Ҳукумати

ҷумҳури уро ба унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” сазовор
донист. р

150
ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ

Устод Осимӣ аз рӯи ихтисос физик буданду дойр ба фалсафа
рисолаи докторй дифоъ карданд ва асарҳои зиёд навиштанд,
ба адабиёт шавқи беандоза доштанд, шеърро дуст медоштанд,
ба адибон ҳамнишаст ва ҳамсӯҳбат буданд.

Дар як суханрониашон дар маҷлисе, ки дар толори
Академияи илмҳои Тоҷикистон баргузор гардида буд (дар
хотирам намондааст, ки ин маҷлис ба кадом муносибат барпо
шуда буд), гуфта буданд:

“Вақто ки ман ба армия рафта будам, (Ҷанги Бузурги
Ватанй дар назар аст), дар кӯлворам се китоб буд: Зебуннисо,
рубоиёти Хайём ва пйесаҳои Ҳамза Ҳакимзода. Ман
машғулияти сиёсӣ мегузаронидам ва баъд аз ҳар як машғулият
ба онҳо шеър мехондам”.

Шояд аз ин ҷо бошад, ки ба Института забон ва адабиёти
ба номи Рӯдакй таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекарданд, бо собиқ
директори он устод Маъсумӣ дӯстӣ доштанд.

Устод Осимӣ мухлиси Садиддин Айнӣ буданд. Ҳаёти
Айниро хуб медонистанд. Ҳанӯз ҳангоми таҳсилашон дар
Донишгоҳи Самарканд ба тавассути амакбобояшон Олимхон
Махсуми Хуҷандӣ, ки шарикдарси мадрасагии Айнӣ буданд,
аз сӯҳбатҳои эшон баҳраҳои зиёд бардоштанд. Хотираҳояшон
дар бораи Садриддин Айнӣ, ки дар шумораи 5-уми соли 1995-
и маҷаллаи “Хуҷанд” ба табъ расидааст, бо эҳтироми бузург,
меҳри беандоза ва самимияти хоса навишта шудааст.

Устод Осимӣ орзу доштанд, ки Куллиёти илмии Айниро бо
истифодаи архиви ӯ мураттаб кунем ва ба табъ расонем. Бо
ҳамин ният бо ҳамроҳии устод Маъсумӣ дар Институт шӯъбаи
мероси адабӣ ташкил намуданд. Як хонаи калонеро дар бинои
Институт холӣ кунонда ба шӯъбаи мероси адабӣ доданд. Нияти
таҳияи Куллиёти илмии устод Айнӣ амалӣ нагардид. Вале
Институт бо дастгирӣ ва ёрии бевоситаи устод Осимй архиви
Лоҳутиро ба даст овард, Ҳар дафъа, ки муаллим ба Маскав
мерафтанд, бо ҳамсари Лоҳутӣ Ситсилия Бону вомехӯрданд,

151
rap вохурда натавонанд, бо телефон гуфтугӯ мекарданд ва
оқибат уро розӣ кунонданд, ки архиви устод Лоҳутиро ба
ихтиери Институт вогузорад. Муаллим ба ҳамаи шартҳое, ки
ону дар назди Академия гузошта буд, розй шуданд. Институт
бо ичозата муаллим Бонуро ба кор кабул кард, то дар Маскав
нишаста, архивро ба тартиб орад. Дар он солҳо берун аз
чумҳури зиндагй карда дар ҷумҳурй кор кардан қатъиян манъ

Ҳукумати Тоҷикистон бо даву този муаллим хароҷоти 5
чилд Шоҳнома -и Фирдавсиро ба забони русй дар тарҷумаи
Бону, ки нашриети “Наука”-и Маскав бояд ба табъ мерасонид
бар уада гирифт. Ҳамаи ин ба хотири он буд, ки архиви Лоҳутй
ва ашеи музеи ӯ дар Институт бошад. Архиви Лоҳутй ба мо

нГмо1Д°кД’ КИ КуЛЛИёти илмии Лоҳутиро дар 7 ҷилд таҳия
намоем. Ба тавассути ин кор дар чумҳурии мо равияи тозаи
илми-матншиносии адабиёти муосир арзи вуҷуд кард.

Муаллим инчунин номаҳои Айнӣ ва Лоҳутиро ба даст
оварданд ва ба ман супориш доданд, ки маҷмӯае тартиб диҳам
Китоб ба муносибати 100-солагии устод Айнй бо сарсухани
муаллим Осимй таҳти унвони “Мукотибаи Садриддин Айнй
ва Абулқосим Лоҳутӣ” аз чоп баромад. Вале он вақт мо имкон
надоштем, ки ҳамаи номаҳои онҳоро ба маҷмӯа ворид созем
Баъд аз соҳибистиқлол шудани чумҳуриамон камина нусхаи
такмилефтаи ин китобро таҳия намуд. Як ҳафта пеш аз он
фоҷиа, яъне ҳалокаташон муаллим сарсухани онро таҳрир
намуда, ба ман баргардониданд ва гуфтанд, ки дар Сафорати
Ҷумҳурии Исломии Эрон ваъда доданд, ки онро чоп мекунанд.
фсус, ки ин нақшаашон ҳам амали нашуда монд.

25-уми феврали соли 1996 ман ба назди мудири шӯъбаи
фанҳои ҷамъиятии Академияи илмҳо шодравон академик
Саидмуродов даромадам. Ҳанӯз матлабамро баён накарда
муаллим М. Осими, аз паси он кас академик Аҳрор Мухторов
ва як каси дигар (кй буданаш дар хотирам намондааст) вориди

дафтар шуданд. Баъд аз салому алейк ман саломатии
ҳамсарашонро пурсидам.

Гуфтанд, ки духтурон ба дардашон даво наёфта умедашонро

152
канда буданд (муаллим ҳамсарашонро дар ҳузуру ғайбашон
шумо мегуфтанд), мо, ман ва духтаронам даво ёфтем ва он
касро ба по мондем. Муаллим усули табобатро нақл карданд.
Ба равғани асп боз ким-кадом моддаҳоро ҳамроҳ намуда, дар

муддати як моҳ ҳар рӯз молиш медоданд, яъне массаж
мекардаанд.

Муаллим ба мардҳо муроҷиат карда, ин байти Амир
Хусрави Деҳлавиро хонданд ва таъкид карданд, ки онро бояд
ҳар замон такрор кунанд:

Ҳар кас, ки ёри вафодори меҳрубон дорад,
Саодати абаду умри ҷовидон дорад.

Баъд шеъри ҳазломези дар ҳамон рӯзҳои бемории
ҳамсарашон иншошударо хонда доданд. Ин шеър дар равияи

Гуфтам ба чашм ном ғазали Камоли Хуҷандӣ навишта
шудааст:

Ер гуфт аз пеши мо ҷое марав, гуфтам ба чашм,
Гаҳ-гаҳе аз баҳри нон бар кӯча рае, гуфтам ба чашм.
Гуфт агар дар вақти худ аз кор наояд духтарам,
Пойро мону ба cap бар куча дав, гуфтам ба чашм.
Гуфт агар дорй хаёли хоби ширин дар сарат,

Цасту пои мо бимол в-он гоҳ бирав, гуфтам ба чашм.

Оре, муаллим Осимӣ шавҳари бисёр меҳрубон ва падари
ғамхору дилсӯз буданд. Ҳамсари он кас низ зани оқила,
бомаърифат ва ниҳоят фурӯтану мехрубонанд. Онҳо бо модари
ман дар як маҳалла зиндагй мекардад. Келиноя модари маро
эхтиром мекарданд ва ба ман ҳам ниҳоят меҳрубон буданд.

Намедонам, соли 1971 ё 1972 буд, ки ман барои табобат ба
Кисловодск сафар кардам. Дар самолёте, ки парвоз мекардам,
муаллим Осимӣ бо ҳамсарашон низ буданд. Ман бо онҳо дар
фурудгоҳи Минеральные Воды вохӯрдам.

Исгироҳатгоҳи мо “Пикет” ном дошта, берун аз шаҳр воқеъ
буд. Муаллим дар маркази шаҳр дар истироҳатгоҳи Кумитаи

153
Марказии КПСС меистоданд. Агар хато накунам “Красный
Октябр” ном дошт он истироҳатгоҳ.

Баъд аз ягон ҳафта рӯзе дари хонаи маро касе тақ-тақ кард.
Дарро кушоям, муаллим бо ҳамсарашон истодаанд.

— Ҳамин келинояатон маҷбур карданд, ки шуморо кофта
ёбам.— гуфтанд, хандида муаллим. Маълум мешавад, ки то
маро ёфтан хеле заҳмат кашидаанд. Ман аз ин бисёр хиҷолат
кашидам, аз тарафи дигар сарам ба осмон расид. Баъдаз ин
чандин бор бо ҳам вохӯрдем. Муаллим кор мекарданд, мо ба
тамошои шаҳр мебаромадем.

Ба назарам сарчашмаи эҳтироми муаллим нисбат ба занон
аз оила, аз ҳамсари мушфиқу оқилаашон cap мезанад.
Муаллим аз комёбиҳои занони тоҷик бисёр хурсанд мешуданд.
Вақте ки ман рисолаи докторӣ ҳимоя кардам, дар Шурой дифоъ
иштирок карданд ва маро табрик намуданд. Рӯзи дигар дар
Иттифоқи нависандагон ба кадом муносибате маҷлиси аҳли
фарҳанг барпо гардид. Муаллим дар роҳрав бо гурӯҳе аз
намояндагони ҳукумат ва Кумитаи марказӣ сӯҳбат доштанд.
Маро дидан замон аз дастам гирифта, ба назди онҳо бурданд
ва хурсандона гуфтанд: —Ин касро табрик кунетон. Дирӯз

бо муваффақият рисолаи докторй дифоъ карданд. Дар
чумҳуриамон боз як докторй илм зиёд шуд.

Хушҳолие, ки чеҳраи нуронии муаллимро равшан мекард,
дар рӯи онҳо надидам. Дастамро фишурда сардакак табрик
гуфтанду сӯҳбати худро давом доданд. Ба ман чунин намуд,
ки муаллим хиҷолат кашиданд, бинобар ин зуд аз наздашон
дур шудам.

Оре, ҳар як падидаи фарҳангй, ҳар як рӯйдоди тозаи эҷодӣ,
ҳар як асари нави ин ё он олим устод Осимиро ба ваҷд меовард,
хурсанд мекард.

Боре пагоҳӣ дар назди бинои Раёсати Академия бо муаллим
вохӯрдам. Он кас хурсанд буданд. Гуфтанд, ки Матлуба
Хоҷаева рисолаи докторй овардааст. Ман варақ зада дидам,
аҷиб барин менамояд. Х,озир ба Институт гирифта рафт.
Муҳокима карда бинетон.

Он вақт ман раиси бахши адабиётшиносии Шӯрои илмй

154
оудам. Дар зиёфате, ки ба муносибати дифои Матлуба Хоҷаева
барпо гардид, муаллим иштирок намуданд. Он кас дар бораи
Матлуба, хоҳари ӯ шоираи соҳибистеъдод Фарзона ва умуман
занҳои тоҷик, мавқеъ ва саҳми онҳо дар оила ва пешрафти
ҷомеа сухан гуфтанд. Ин зиёфат ба навори видео гирифта шуда
буд.

Шояд сухани муаллим ҳам сабт ёфта, дар дасти Матлуба
Хоҷаева маҳфуз бошад.

Фарзандони бузурги миллатамон устод Айнӣ, Бобоҷон
Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигарон ба мусоидию
номусоидии замон нигоҳ накарда, роҳҳои гуногунро ҷустуҷӯ
мекарданд, аз воситаҳои гуногун истифода мебурданд, то ба
мардум хидмат кунанд.

Онҳо дар бедорй ва худшиносии мардуми тоҷик, пеш
бурдани илму фарҳанги он, тайёр намудани мутахассисони
соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг, ба оламиён дубора
шиносонидани миллати худ нақши равшане гузоштанд.

22 декабри соли 1995 ман бо муаллим Осимй дар троллейбус
вохурдам. Ҳар дуямон ба конференсияе, ки ба муносибати 80-
солагии устод Маъсумй дар толори Академияи илмҳои
Тоҷикистон баргузор мегардид, раҳсипор будем. Ҳар боре, ки
ман бо муаллим дучор оям, аз вазъи архиви Айнию Лоҳутӣ,
Куллиети илмии онҳо пурсон мешуданд. Дар бораи
мулоқотҳояшон бо устод Айнй пора-пора накл мекарданд. Ин
дафъа ҳам сӯҳбатамон дар ҳамин атроф ба вуқуъ пайваст.

Муаллим гуфтанд, ки устод Айнй баъд аз соли 1937 бо ҷиду
чаҳди гамом ба навиштани асарҳои таърихй пардохтанд,
харчанд ки аз ин пеш ҳам дар ин мавзӯъ асарҳо доштанд.

Ман устод Улугзодаро ёдовар шудам ва гуфтам, ки бо он
кас ҳам баъд аз воқеаи писарашон чунин ҳолат pyx дод.
Муаллим ин воқеаро нақл карданд:

Баъд аз он ки писари С. Улугзода Азиз Иттиҳоди Шӯравиро
тарк карда, ба хориҷа рафт, ба Улугзода паи хам зарба задан
гирифтанд. Муалим Осимиро раиси комиссияи ҳизбии кумитаи
Маркази ба назди худ даъват карда, супориш додааст, ки худи
пагоҳ маҷлис гузаронанд ва Улугзодаро аз узвияти Академияи

155
илмҳои Тоҷикистон хориҷ кунанд. Ҳарчанд муаллим ба ӯ
фаҳмонданӣ шудаанд, ки Улуғзодаро барои асарҳои
адабиётшиносиаш, барои он саҳме, ки дар пешбурди илми
филологияи тоҷик гузоштааст, узви вобастаи Академия
интихоб кардаанд, аъзои Академия ба хориҷ кардан розӣ
нахоҳанд шуд, раиси комиссия фаҳмидан нахостааст ва бо
исрор талаб кардааст, ки аз пагоҳ дер намонда ин корро ташкил
кунанд.

Муаллим бо қаҳру ғазаб аз ҳеҷ кас напурсида, рост ба
дафтари корни Расулов даромадаанд ва масъаларо ба он кас
фаҳмондаанд. Расулов зуд ба раиси комиссия телефон
кардаанд.

— Ман аввалин бор ҳақорати он касро шунидам — нақл
карда буданд муаллим. Раис дигар ҷуръат накард, ки ба ин
масъала баргардад.

Дигар ғамхорие, ки устод Осимй нисбат ба Улуғзода,
нафақат нисбат ба Улуғзода, балки ба фархангу адабиёти
тоҷик зоҳир намудаанд, ин ба чопи китоби он кас бахшида ба
ҳаёт ва эҷодиёти Абӯалӣ ибни Сино “Пири ҳакимони
Машриқзамин” дахл дорад. Дар ҳамон рӯзҳои барои Улуғзода
даҳшатбор ин китобро аз нақшаи нашриёти “Ирфон” хат зада,
чопашро манъ карда буданд. Муаллим Осимй директори
онвақтаи нашриёт Собирҷон Хоҷаевро ба назди худ даъват
намуда гуфтаанд, ки аҳамияти ин китобро худатон медонед,
хоҷати шарҳ додани ман нест. Ман ба номи шумо мактуб
менависам, ба боло нафаҳмонда китобро чоп кунед.

Собирҷон гуфтааст, ки ҳамин суханатон кифоя, мактуб
навиштан ҳам лозим нест.

— Мо китобро чунон зуд аз чоп баровардем, ки ҳеҷ кас
бохабар нашуд, — мегӯяд Собирҷон Хоҷаев.

Муаллим соҳиби маданияти баланди ботинию зоҳирӣ
буданд. Дар рафтору кирдорашон омезиши одоби Шарқ ва
маданияти Ғарб ба ҳам омада буд. Ҳар кас, ки ба наздашон
ояд, хоҳ пир бошад, хоҳ ҷавон, хоҳ соҳибмансаб бошад, хоҳ
бемансаб, аз ҷояшон хеста пешвоз мегирифтанд ва то таги дар
гусел мекарданд. Инро кормандони Академия хуб медонанд.

156
Дар ҷашнҳои адибон бо иштироки меҳмонони хориҷӣ дар
симпозиумҳои байналмилалй чи дар Душанбе ва чи дар берун
аз он бо суханрониҳои хирадмандонаи худ, бо кордонй ва
мардумшиноси, бо одоби муошират ва муомилат эътибори
точиконро баланд мебардоштанд.Дар баробари забони тоҷикӣ
ва руси забони англисиро хуб медонистанд.

_ Мо ҷонбозй ва талошҳояшонро дар маҷлисҳои ЮНЕСКО
оарои ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон шунида, хурсанд мешудем, аз он
ифтихор доштем ва шукрона мекардем, ки миллати мо мисли
устод Осими фарзанди фарзонае дорад, ки кори Садриддин
Аини, Бобоҷон Гафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар
бузургонамонро давом медиҳад.

Дар рӯзҳои сахти ба сари мамлакатамон омада муаллим
Осими ҳамроҳи мардум буданд, талхиҳои он рӯзҳоро ҳамроҳ
чашиданд, ҳамроҳ дар навбати нон истоданд, барои ваадат ва
ягонагии миллат ҷидцу ҷахд карданд.

Дар ҳамон хотираҳояшон дар бораи устод Айнй устод Осимй
навиштаанд:

Корвони ҳаётро ҳадафҳо пеш мебаранд. Аммо ҳадафҳо аз
ҳадафҳо фарқ доранд. Ашхосе соҳиби симу зар ва давлату
сарват шудан ё расидан ба ҷоҳу мансабро ҳадафи асосии ҳаёт
мешуморанд ва барои расидан ба ин ҳадаф аз ҳеҷ чиз парҳез
намекунанд. Фарзандони асили миллат аз паи ин гуна ҳадафҳо
намераванд. Инҳо ҳамеша шарики шодию ғами халқи худ
ҳастанд, баҳри беҳбудии он заҳмат мекашанд, дар ин роҳ ҷони

худро дареғ намедоранд. Айнй аз қабили чунин шахсони бузург
буданд”.

_ ^стод Осимй низ аз ҳамин гуна фарзандони асили миллат
буданд.

157
MAH УРО ҶАВОНМАРД ДАРЁФТАМ...

Мо бо Ҳабибуллохон Саидмуродов хешу табор будем.
Модарашро низ хуб дар ёд дорам. Зани хушсурати меҳрубоне
буданд, бо модарам рафтуо доштанд, ба қавле гапашон ба
ҳамдигар мепухт. Одатан дар хонаи мо меҳмон ояд, модарам
ба назди ӯ чанд зани дигарро даъват мекарданд. Вале ҳамин,
ки ойхолаи Кароматхон меомаданд, ба модарам мегуфтанд,
ки касеро хабар накунанд, худамон чорта сӯҳбат карда
мешинем.

Он кас ба модарам Хосиятхонҷон гуфта муроҷиат
мекарданд ва ба ман ин бисёр аҷиб менамуд.

Ойхолаи Кароматхон ба хонаи мо гоҳо ҳамроҳи
духтаронашон Маҳбубахон ва Муаззазхон меомаданд. Вале
Ҳабибуллохонро ягон бор надида будам. Маҳбубахон аз ман
хеле калон буданд. Шавҳарашон дар майдони ҷанги Ҷанги
Бузурги Ватанӣ ҳалок шуда буд, бинобар ин бо модару хоҳару
бародарашон ҳамроҳ зиндагӣ мекарданд. Бо Муаззазхон мо
қариб ҳамсол будем. Маҳбубахон соли 1948 ҳамроҳи ман ба
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳуҷҷат супориданд ва қабул
ҳам шуданд, вале баъд аз ягон ҳафта дигар ба дарс наомаданд.
Боре дар кӯча дида пурсидам, ки чаро ба дарс намеоед.
Гуфтанд, ки хонданро як орзу кардаму лек нашуд. Аввал
бародаронамро хонондан лозим, ман ба кор даромадам.

Ба хотир овардам, ки падари онҳо барвақт вафот карда
буданд, модарашон кор намекарданд ва бародарашон
Аҳмадҷон ҳам мехонданд.

Боре ҳамроҳи падарам куҷое мерафтем, ки аз пеши мо як
гурӯҳ ҷавонон баромаданд. Яке аз онҳо ба назди мо омада, бо
падарам салому алейк кард. Падарам гарму ҷӯшон вохӯрӣ
карда, аҳволи модар ва хоҳаронашро пурсиданд. Падарам ба
ман ӯро шиносонданд. Писари ойхолаи Кароматхонат. Ин ҳам
дар Доништоҳи давлатии Тоҷикистон мехонад, аз ту ду курс
поёнтар.

58
Ҳабибуллохон падарамро тағо мегуфт ва ӯро ба некӣ ёд
мекард. Мегуфт, ки ҳангоми дар мактаб-интернат хонданаш
падарам ҳамеша аз ҳолашон хабар гирифта меистодаанд ва
ба у кумак мерасонидаанд. Аз байн чандин солҳо гузаштанд.
Шунидам, ки Ҳабибулло Донишгоҳро бо баҳои аъло хатм
намуда, дар ҳамон ҷо ҳамчун омӯзгор ба кор мондааст
Омузгори сахтгир ва серталаб будааст. Боре ба хонаамон
чиянам Бахтиер омад ва гуфт, ки муаллим Ҳабибуллохон
Саидмуродов маро аз имтиҳон гардонданд. Агар дар байни
ду-се руз насупорам, маро аз Донишгоҳ хориҷ мекунанд.

— Худатро нашиносонди-мӣ? — гуфт модарам Бахтиёрро
сарзаниш карда. У гуфт;

~ МаР° ХУб мешиносанд’ вале баҳо нагузоштанд. Гуфтам,
Тайёр карда баъд биё, гуфтагистанд

на„^а.ЗмДеР ШУД' - ГУФТ ~ “в ™«Р »*»

Бахтиер азман хоҳиш мекард, ки ба назди Ҳ. Саидмуродов
равам ва ба ӯ баҳо гирифта диҳам. Ман ҳайрон шуда чӣ
гуфтанамро намедонистам,- Мумкин ӯ маро нашиносад,-
гуфтам ба Бахтиер. — Охир, мо ягон бор ҳамгап нашудаем.

Нашиносад, худатро шинос кун, — гуфт модарам ба миён
даромада, — барои якто имтиҳони ӯ Бахтиёрро аз Донишгоҳ
пеш кунанд-ми. Агар нарави, худам меравам.

Ночор рози шудам. Пагоҳаш бо як азоб ба кабинета ӯ
даромадаму худамро шиносондам. Як табассуме карду гуфт
ки наход ки шуморо нашиносам. У дафтарчаро аз дастам
гирифту чизе гузошт. “Ташаккур” - гӯён аз кабинеташ
поиҳоямро базӯр кашола карда берун шудам. Дар кӯча Бахтиёр
маро интизори мекашид. Дафтарчаро кушода диду авзояш
тагиир ефт. — Худам ҳам ба се ҷавоб дода будам, — гуфт ӯ
қавоқашро овезон карда.

- Хайр, хаққи ҳалолатро гирифтй, — гуфтам ман ҳам бо
каҳр, аз Донишгоҳ хориҷ накунанд, шуд-дия.

У хандиду гуфт, ки аз Донишгоҳ хориҷ намекунанд, вале
стипендия намедиҳанд.

159
Ин вохӯрии дуввуми ман бо Ҳабибуллохон буд.

Аввалҳои солҳои 70-ум буд. Ман ба шаҳри Дубултии Рига
ба хонаи эҷодиёти нависандагони СССР рафтам. Мо мебоист
шабона ба шаҳри Рига мерасидем. Ҳарчанд солҳои оромию
осудагй буд, бо вуҷуди он дар ҳарос будам. Шабона чй хел ба
Дубулти мерасида бошам. Ҳангоми аз ҳавопаймо фуруд
омадан, чашмам ба Ҳабибуллохон ва ҳамсараш Раҳимахон
афтод. Ҳамроҳи онҳо, агар хато накунам, дӯсти бисер наздики
ӯ Салоҳиддин Сироҷиддинов буд. Чашмам чарог барин равшан
шуд.

Ҳамин, ки аз зинаҳои ҳавопаймо фуромадам, Ҳабибулохон
наздик омаду зуд сумкаро аз дастам гирифт ва пурсид:

— Ҳа, ба хайр, шабона дар ин шаҳри бегона, яккаю танҳо?

Гуфтам, ки ба Дубулти рафта истодам. Баъд аз

ҷомадонамро гирифтан ба истгоҳи таксй рафтем.

— Мо аввал шуморо бурда мемонем, — гуфт
Ҳабибуллохон, — баъд худамон дар ягон меҳмонхона шабро
рӯз мекунем ва фардо ба ҷои истироҳатамон меравем.

Ман исрор кардам, ки-ба таксй шинонанд, худам меравам,
ҳоҷат ба овора шуданашон нест. Хабибуллохон якбора
фикрашро тагйир дод. Гуфт, ки ҳодо ҳамаамон ба меҳмонхона
меравем, дам мегирем, фардо шуморо гусел мекунем.

Ба таксй савор туда, ба сӯи меҳмонхонаи Рига раҳсипор
щудем. Ходими меҳмонхона гуфт, ки ягон ҷойи холй нест.
Хабибуллохон ба назди маъмури меҳмонхона рафт, ман хам
аз пеши ӯ щиносномаамро шрифта, паси столи маъмур рафта
истодам.

Хабибуллохон шиносномаи маро аз дастам гирифту гуфт,
ки шумо назди Раҳимахон рафта шинеду ба дигараш коратон
набошад. Раҳимахон дар як тарафи толор назди ҷомадонҳо
болои дивани мулоим пинак мерафт. Ноилоҷ ман хам назди ӯ
рафта нишастам. Ҳабибуло чй кор кард, ки дили корманди
меҳмонхонаро ёфт. Ману Рахимахон дар як ҳуҷраи
аълодараҷа ҷой гирифтем. Хабибуллохон бо Салохиддин дар
ҳуҷраи ҳамсоя.

Субҳи рӯзи дигар ман барвакт аз хоб хестам ва омодаи

160
рафтан шудам. Раҳимахон Ҳабибуллоро ҷег зад. Ӯ аввал маро
сарзаниш кард, ки чаро барвақт хестем.

— Имрӯз кор нест-ку! — гуфт ӯ. Шумо меҳмони мо ҳастед

— ба ман муроҷиат кард, — ҳар гоҳ, ки иҷозат диҳем ҳамон
вақт меравед. Ҳамин тавр не-мӣ? — ӯ ба тарафи ҳамсараш
нигоҳ кард.

— Раҳимахон ҳам бо аломати тасдиқ cap ҷунбонд

— Ҳанӯз мо шуморо меҳмондорй накардаем. Ҳозир мо
тайёр шуда меоем,— ӯ мо гуфта рафиқашро дар назар дошт.

— Баъд ба ресторан меравему наҳорӣ мекунем.

Баъд аз наҳорӣ маро ба майдоне бурданд, ки аз он ҷо ба
Дубулти нақлиёт мерафт. Ҳабибулло гуфт, ки онҳо ҳам
мехоҳанд Дубултиро тамошо кунанд. Вале ман ба ин роҳ
надодам. Як зану шавҳари миёнасол омаданд. Онҳо ҳам ба
Дубулти раҳсипор буданд. Ҳар сеямон як таксиро киро кардем.
Надониста мондам, ки ӯ чӣ хел ба ронанда пули таксиро
додааст. “Ман дар симои Ҳабибулохон нахустин бор
ҷавонмарди накӯкор, дилсӯз ва саховатмандро дарёфтам”.—
Баъд аз ин ҷавонмардиҳои ӯро бисёр дидам. Ӯ хоҳари бузургаш
Маҳбубаро ба ҷои модар медонист. Ин зани меҳрубон ва
фидокор дар ҳаёти ӯ нақши муҳим бозидааст. Ӯ кӯшиш намуд,
ки бародаронашро соҳибмаълумот кунад. Ҳатто дар пешрафти
корҳои илмии Ҳабибулло ӯ саҳм гузоштааст. Ҳабибулло низ
ӯро фарзандвор дӯст медошт, зуд-зуд хабар гирифта меистод.
Ҳавлии онҳо аз ҳавлии мо ду-се маҳалла болотар буд. Баъзан
сари роҳ ба хонаи мо ҳам медаромад. Аз дар “Ойпошшо” гуфта
фарёд мекард. Хурсанд шуда ба пешвозаш мебаромадам.
Сарам ба осмон мерасид. Намегузошт, ки дастархон кушоям.
Ман фақат “як аҳвол пурсам” гуфта даромадам, фурсати
нишастан надорам мегуфт ӯ. Ҳабибулло қадршинос буд. Бо
вуҷуди серкорӣ ба аёдати хешу табор мерафт. Ба ҷиянҳо
меҳрубон ва ғамхор буд. Ёдам меояд, вақте, ки хоҳари дигараш
Муаззазхон бемор шуд, ӯ чӣ қадар ба таҳлука афтода буд.

Махсусан, баъд аз саркотиби илмиии Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданаш ман Ҳабибуллохонро
аз наздик ҳамчун олим ва ташкилкунандаи илм шинохтам. Чун

161
узви кумитаи ҳизбии академиям илмҳо солҳои зиёд ман дар
маҷлисҳои кумита ва баъзан раёсати Академиям илмҳо
иштирок мекардам ва фаъолияти ӯро мушоҳида менамудам.

Ҳабибулохон на фақат ихтисоси худро хуб медонист, балки
ҳамаи фанҳои ҷамъиятшиносиро фаро гирифта буд. Доираи
назараш пурвусъат ва амиқ буда, дар баҳсу мунозираҳои илмӣ
фаъолона ширкат меварзид. Суханаш бурро, қатъӣ ва
мантиқаш қавй буд. Боре узви вобастаи Академиям илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаррам Расулова, ки солҳои тӯлонӣ
сарварии Института ботаникиро бар ӯхда дошт, ҳангоми яке
аз суханрониҳои Ҳабибулло дар маҷлиси Академиям илмҳо
ба ман гуфта буд:

.Ягон вақт нашудааст, ки ба назди Ҳабибулло Муродович
бо ягон масъала дароию ҳал накарда бароӣ. Ӯ кори имрӯзаро
ба фардо намегузорад. Ҳамон лаҳза одамони лозимиро аз таги
замин бошад ҳам, пайдо мекунад. Якеро мепурсад, ба дигаре
мефармояд ва мушкили шуморо осон менамояд. Бинобар ин
ҳақ дорад, ки аз дигарон ҳам талаб кунад.

Ҳабибуллохон чи дар оила ва чӣ дар корҳои илмй нақшаҳои
калон дошт. Вале афсӯс, ки марги гул чин ӯро дар айёми
шукуфои ва камолоти умр аз байни мо дӯстону ҳамкорон
рабуд.

162
МАРДИ НАҶИБЕ БУД

Абдуллоҷон Ғаффоров... Ҳамин, ки ӯро ба хотир меорам,
пеш аз ҳама чашмони хандонаш пеши назарам меоянд. Ҳар
гоҳ ки бо ӯ вомехӯрам, хоҳ дар кӯча, хоҳ дар маҷлисҳои илмиву
адабӣ пеш аз он, ки лаб кушояд, чашмонаш механдиданд, аз
онҳо нури шодӣ меборид. Ин ҳама таҷассумгари дили поку
самимияти ӯ ба инсонҳо буд. Ба исми ман калимаи “бону”-ро
ҳамроҳ карда муроҷиат менамуд. Кӯшиш мекард, ки ягон
сухани хуш гӯяд, то як лаҳза бошад ҳам хушҳол шавам.
Масалан мегуфт, ки “имрӯз чеҳраатон шукуфон аст” ё ин ки
“шумо ҳеҷ тагйир намеёбед”.

Оре, марди наҷибе буд Абдуллоҷон. Замираш аз бухлу
ҳасад, дурӯягӣ ва кинаварзию фитнаангезӣ орӣ.

Ӯ бо тамкин ва мулоҳиза сухан мегуфт, гӯё ҳар як
суханашро бо мизони ақл ва тарозуи хирад баркашида аз даҳон
берун меовард. Ба назар чунин менамуд, ки дар ташаккули
шахсияти ӯ адабиёти ҳазорсолаи тоҷик, панду ҳикмати
классикони мо бо маърифату маънавияти хонаводагй ба ҳам,
саҳм гузошта буданд.

Баъзан ба Института забои ва адабиёт ба назди сарвари он
Абдуқодир Маниёзов меомад. Онҳо дӯстони қарин буданд. Гоҳ-
гоҳ секаса нишаста, давраҳои донишҷӯиямонро ба хотир
меовардем.

Мо ва Абдуллоҷон Ғаффоров ҳамсабақ будем, аз нахустин
хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Ҳанӯз
ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ Абдуллоҷон таваҷҷӯҳи
устодонро ба худ ҷалб намуда буд. Махсусан академик
Абдулғанӣ Мирзоев дар шахси ӯ як нафар муҳаққиқи ояндаи
адабиёти классикии тоҷикро дарёфта буд. Баъдтар Абдуллоҷон
солҳои зиёд дар зери сарпарастии ӯ дар Института шарқшиносӣ
кор кард.

Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ӯ ба
Института омӯзгории Хуҷанд роҳхат гирифт ва чанд сол аз

163
адабиёти классикй даре гуфт.

Солҳои 50-ум, аниқтараш соли 1956 баъди директори
Института ховаршиносии Академияи илмҳои СССР таъин
шудани академик Бобоҷон Ғафуров илми ховаршиносии
шӯравӣ хеле вусъат пайдо кард ва ранги дигар гирифт. Аз
Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавонони соҳибистеъдод ба аспирантураи
Института ховаршиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода
шуданд. Онҳо дар афғоншиносӣ, ҳиндушиносӣ ва арабшиносӣ
тахассус пайдо карда, рисолаҳои илмй дифоъ намуданд ва
баъдтар дар пешрафти ин соҳаҳо нақши равшане гузоштанд.

Дар байни ин ҷавонон Абдуллоҷон Ғаффоров низ буд. У
адабиёти форсизабони Ҳиндустону Покистонро мавриди
таҳқиқу тадқиқ қарор дода буд.

Аввалҳои солҳои 60-ум ман мебоист дар ҳайати ҷавонони
Иттиҳоди Шӯравӣ ба Эрон мерафтам ва ба ин муносибат ба
Москва даъват шудам. Дар Москва фаҳмидам, ки Абдуллоҷон
аз сафари Ҳиндустон баргаштааст. Бегоҳӣ дар хонаи
аспирантҳо ҷамъ омадем. Он вақт аспирантҳои тоҷик хеле зиёд
буданд. Онҳо ба шарафи баргаштани Абдуллоҷон зиёфат
оростанд. Абдуллоҷон аз расму оини ҳиндуҳо, аз мулоқотҳояш
бо олимони ин мамлакати афсонавӣ нақлҳои аҷиб кард. Дар
як гӯшаи хонае, ки ҷамъ омада будем, бори аз Ҳиндустон
овардаи Абдуллоҷон, ки аз бастаҳои зиёди китоб иборат буд,
меистод. Он замонҳо ҳар кас, ки ба хориҷа сафар кунад,
махсусан мисли Абдуллоҷон ба муддати тӯлонӣ, чизу чораи
зиёд меовард. Нархи китоб хеле тарой буд. Ман ба ин ишора
кардам. Гуфт, ки оё ганҷе ҳаст дар дунё, ки ба китоб баробар
бошад. Ба ман як дафтарчаи киссагӣ тӯҳфа кард. Ҳоло он
дафтарчаро бо қайдҳои сафари Эрон ҳамчун ёдгор аз
Абдуллоҷон нигоҳ медорам.

Абдуллоҷон яке аз олимони варзидаи адабиёти классикй
буд. У дойр ба эҷодиёти шоирони форсизабони Ҳиндустон, аз
ҷумла Муҳаммад Иқбол, Мирзо Ғолиб ва дигарон таҳқиқотҳои
арзишманде ба мерос гузоштааст.

ӯ метавонист боз зиндагй кунад, китобҳои зиёде таълиф
намояд. Вале афсӯс, ки ҷавон рафт.

164
Ҳар боре, ки бо ӯ вомехӯрдам, аз рисолаи докториаш пурсон
мешудам. Мегуфт, ки ҳар дафъа, ки варақ мезанам, чизе илова
кардан лозим мешавад. Бори охир дар роҳрави Институти
забон ва адабиёт вохӯрдам. Ба назди Абдуқодир Маниёзов
омада будааст ва Абдуқодир хабари хуш расониданд.

— Абдуллоҷон дар рӯзҳои наздик рисолаи докториашонро
пешниҳод мекунанд, — гуфтанд он кас. Хурсанд шуда табрик
гуфтам. Вале афсӯс, ки дере нагузашта хабари марги ӯро
шунидам.

Цардо, ки дар ин замонаи гампарвард,

Ҳайфо, ки дар ин бодияи умрнавард,

Ҳар рӯз фироқи дӯсте бояд дид,

Ҳар лаҳза видои ҳама мебояд кард.

165
ПАЙНАВИШТ

Шарҳи ҳол ва нашри осори Зуфархон Ҷавҳарӣ

1. Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Мӯҳтарам. Тазкират-уш-шуаро.
Дастхат, 1093. Ганҷинаи Института шарқшиносии АИ
Тоҷикистон, рақами 394, саҳ. 37.

2. Зуфархони Ҷавҳарй. Девони Ҷавҳарӣ. Тартибдиҳандагон
Нодир Шанбезода, Баҳодур Файзуллоев. Душанбе, “Ирфон”,
1986, саҳ. 5. Минбаъд “Девони Ҷавҳарӣ”.

3. Девони Ҷавҳарӣ, саҳ.5.

4. Н. Сатторй. Ҳаёт ва эҷодиёти Зуфархон Ҷавҳарӣ.
Душанбе, “Дониш”, 1982, саҳ. 44.

5. Р. Абдуллозода. Ёде аз айёми гузашта. Душанбе,
“Ирфон”, 1983, саҳ. 50

6. С. Айнй. Намунаи адабиёти тоҷик. Москва, 1926, саҳ.
254. Минбаъд: С, Айнӣ, Намуна...

7. С. Айнӣ Намуна..., саҳ. 254

8. Расул Ҳодизода. Адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри
XIX, Душанбе, “Дониш”, 1968, саҳ. 126.

9. С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 11, китоби дуюм. Душанбе,
“Ирфон”, 1964, саҳ.116

10. Девони Ҷавҳарӣ, саҳ. 6

11. Зуфархон Ҷавҳарӣ. Асарҳои мунтахаб. Тартибдиҳанда
ва муҳаррир Суҳайлӣ Ҷавҳаризода. Нашр. Дав. Тоҷикистон,
1962, саҳ. 67.

12. С. Айнй. Намуна... саҳ. 254

13. С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 11, китоби дуюм, саҳ. 195.

14. Девони Ҷавҳарӣ, саҳ. 56-57

15. Ҳамон китоб, саҳ. 107

16. Ҳамон китоб, саҳ. 101

17. Зуфархон Ҷавҳарӣ. Асарҳои мунтахаб, саҳ. 27

18. Девони Ҷавҳарӣ, саҳ. 45

166
19. Ҳамон китоб, саҳ. 25

20. Ҳамон китоб, саҳ. 129

21. Маҷаллаи “Хуҷанд”, 2000, рақами 4, саҳ. 20

22. Архиви адибони муосири тоҷик. Ф.З номн. 1., воҳ. ҳифзи
43.

23. Аҳрор Мухторов. Бобоҷон Ғафуров. Душанбе, “Дониш”,
1992, саҳ. 78

24. Девони Ҷавҳарӣ, саҳ. 22

25. С. Айнй, Намуна..., саҳ. 256

26. Н. Сатторӣ. Ҳаёт ва эҷодиёти Зуфархон Ҷавҳарӣ, саҳ.
141.

27. С. Айнӣ. Намуна..., саҳ. 254.

28. Маҷаллаи “Раҳбари Дониш”, 1928, рақамҳои 1,2, саҳ.
26-27 (Иқтибос аз китоби Н. Сатторӣ “Ҳаёт ва эҷодиёти
Зуфархон Ҷавҳарӣ, саҳ. 7).

29. Ҳамон китоб, саҳ. 7

30. Иржи Бечка. Адабиёти форсӣ дар Тоҷикистон. Аз Рӯдакӣ
то Бедил. Мутарҷимон Саид Ибонжоди Ҳиҷрондӯст, Доктор
Маҳмуди Ибодиён. Маркази мутолиот ва таҳқиқоти фарҳангии
байналмилалӣ, 1372, саҳ. 147-148.

31. Алиасғари Шеърдӯст. Чашмандози шеъри имрӯзи тоҷик.
Душанбе, “Адиб”, 1997, саҳ. 34-35.

32. Аҳрор Мухторов. Каллиграф Мирҳусайн. Душанбе,
1994, с. 31-32.

САДРИДДИН АЙНӢ
ВА АДАБИЁТШИНОСИИ
МУОСИРИ ТОҶИК

1. Р. Ҳодизода. Тадқиқоти илмии С. Айнй оид ба таърихи
адабиёти тоҷик. “Шарқи Сурх”, 1950, № 8; Оид ба аҳамияти
таърихии “Намунаи адабиёти тоҷик”. Ҷашнномаи Айнй, ҷ. III,
Душанбе, “Дониш”, 1966; X. Мирзозода. Садриддин Айнӣ —
аввалин адабиётшиноси советии тоҷик. “Шарқи Сурх”, 1959,

167
№ 8, М. Шукуров. Фаъолияти илмии устод Айни ва худогоҳии
миллим меҳнаткашони тоҷик. Бобои пуршарафи халқи тоҷик
(С. Айнй ва Ибни Сино). Пайванди замонҳо ва халқҳо
Душанбе, “Ирфон”, 1982; Салоҳ Солеҳ. Назаре ба
зернавиштҳо. “Адабиёт ва санъат”, 1986, 12 апрел;

2. Маҳмадаминов Абдулҳай Саидович. “Образцы
таджикской литературы” (С. Айнй и литературный процесс 20-
х годов). Авт. дисс. на соискание ученой степени кандидата
филологических наук. Душанбе, 1993, Рисолаи доктории ҳамин
муаллиф “Садриддин Айнй ва ташаккули адабиётшиносии
муосири тоҷик”, Душанбе, 1997.

3. М. Шукуров ва Ҷ. Бақозода. Аввалин фикру
мулоҳизаҳои устод Айнй дар бораи Бедил. Ҷашнномаи Айнй.
Ҷ. III, Душанбе, “Дониш”, 1966, саҳ. 151-158.

4. С. Айнй Куллиёт. ҷ. 1., Сталинобод, Нашр. Давл.
Тоҷикистон, 1963, саҳ. 98

5. С. Айнй. Куллиёт, ҷ. II , китоби якум, Душанбе, Нашр,
Давл. Тоҷикистон. 1963, саҳ 44

6. С. Айнй Куллиёт, ҷ. И, кит. якум, саҳ 128

7. Муҳаммадҷон Шукуров. Пайванди замонҳо ва халқҳо
саҳ.8

8. Муҳаммадҷон Шукуров, ҳамон асар, саҳ. 19

9. С. Айнй. Куллиёт, ҷ. II, кит. якум, саҳ. 254

10. Муҳаммадҷон Шукуров. Пайванди замонҳо ва халкхо
саҳ. 19

11. Мукотибаи Садриддин Айнй ва Абулқосим Лоҳутӣ.
Душанбе, Дониш , 1978, саҳ. 74. Ба чоп ҳозиркунанда ва
муаллифи тавзеҳот X. Отахонова.

12. Мукотибаи Садриддин Айнй ва Абулқосим Лоҳутӣ, саҳ.
63.

13. ^ Р. Ҳодизода. Рӯзи Рӯдакӣ ва бунёди Рӯдакӣ. Дар
маҷмӯаи мақолоти “Номаи пажӯҳишгоҳ”. Пажӯҳишгоҳи
фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ. Душанбе, 2002, саҳ. 129

14. С. Айнӣ, ч. II, кит. дуюм, Душанбе, “Ирфон”, 1964, саҳ
419.

15. “Шарқи Сурх”, 1956, №4, саҳ. 110

168
16. С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ. II кит. якум., саҳ. 415.

17. Ҳамон китоб, саҳ. 230-231

18. С. Айнй Куллиёт, ҷ. II кит. дуюм, саҳ. 173

19. Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Садриддин Айнй —
равшангари бузурги таърих. Хуҷанд, “Нури маърифат”, 2001,
саҳ. 9-10.

20. Иқтибос аз мақолаи 3. Османова “Санъати таҳиягарии
устод Айнй”. “Садои Шарқ”, 1987, №4, саҳ. 121.

ДУ МАҚОЛАИ БА ТОЗАГӢ ЁФТШУДАИ
УСТОД АЙНЙ

1. С. Айнй. Хориҷидаги талабаларимиз қандай ҳолда, рӯзн.
“Зарафшон”, 1923, 6 декабр, № 96.

2. С. Айнӣ. Яна хориҷидагӣ талабаларимизга доир, рӯзн.
“Зарафшон”, 1923, 23 декабр, № 101

3. Куллиёт. Сталинобод, 1958, ҷ I, саҳ. 61

4. Куллиёт, ҷ. I, саҳ. 60.

СИМОИ УСТОД АЙНЙ
ДАР ОСОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

1. М. Турсунзода. Садриддин Айнй, “Шарқи Сурх”, 1953,
№4, саҳ.9

2. “Садои Шарқ”, 1977, № 12, саҳ.122

3. М. Турсунзода. Сардафтари адабиёти советии тоҷик.
“Шарқи Сурх”, 1958, саҳ.88

4. Ҳамон мақола, саҳ.88

5. М. Турсунзода. Садриддин Айнй. “Шарқи Сурх”, 1953,
№ 4 саҳ.Ю

6. Ҳамон мақола, саҳ. 20.

7. “Шарқи Сурх”, 1953, №4, саҳ 21-22

8. Добролюбов Н. А. Луч света в темном царстве. Собр.
Соч. в 3. М.: Госполитиздат, 1952, Т. 3., с. 41

9. М. Шукуров. Анъана, халқият ва маҳорат. Душанбе,

169
“Ирфон”, 1971, ҷ. 2, саҳ.255

10. М. Турсунзода. Куллиёт. Дар 4 ҷ. Душанбе, “Ирфон”
1971, ҷ. 2, саҳ. 255

11. Садриддин Айнй. “Шарқи Сурх”, 1953, № 4, саҳ. 53.

12. М. Турсунзода. Куллиёт, ҷ. 2, саҳ. 258.

13 Ю. Бобоев. Мирзо Турсунзода. Сталинобод, 1961, саҳ
205.

14. “Шарқи Сурх”, 1958, № 5, саҳ. 90-91.

15. “Коммуниста Тоҷикистон”, 1953, № 4, саҳ. 53.

16. М. Турсунзода. Куллиёт, ҷ. 2, саҳ. 257

17. Ҳамон асар, саҳ. 259

18. Ҳамон асар, саҳ. 259-261

НАҚШИ АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТӢ
ДАР ҶУНБИШИ МАШРУТАХОҲИИ ЭРОН

1. Эроншинохт. Шумораи дуввуми тобистони 1375 саҳ
201-202.

2. Абулқосим Лоҳутй, ҷ. 6, Душанбе, 1963, саҳ. 240

3. Куллиёт, ҷ. 6, саҳ. 114

4. Девони Абулқосим Лоҳутӣ, бо кӯшиш ва гирдоварии
Аҳмади Баширй, Теҳрон, 1358, саҳ. 26

5. Девони Абулқосим Лоҳутӣ, саҳ. 676.

6. Девони Абулқосим Лоҳутӣ, саҳ. 97

7. Куллиёт, ҷ. 6, саҳ. 165

8. К. Чайкин. Краткий очерк новейшей персидской
литературы, М., 1928, стр. 48

НАШРИ ОСОРИ ПАЙРАВ СУЛАЙМОНИ
ВА КУЛЛИЁТИ ИЛМИИ Ӯ

1. Пайрав Сулаймонй. Шукуфаи адабиёт. Нашр. Давл.
Точикистон. Сталинобод—Самарканд, 1931, саҳ.З

2. Пайрав Сулаймонй. Девон. Душанбе, “Ирфон”, 1971, саҳ.

170
293.

3. Лола Сулаймонй: “Он беҳ, ки нишоне надиҳад ному
нитонам”, “Адабиёт ва санъат”, 1994. 19 июл.

4. “Қаламам умри ҷовидони ман аст”, “Адабиёт ва санъат”,
1989, 27 апрел.

5. Лола Сулаймонй. Шарҳи достони фироқ. “Садои Шарқ”,
1989, № 4, саҳ. 112.

6. “Садои Шарқ”, 1989, № 4, саҳ. 113

7. Ҷалол Икромй. Душанбе ватанам, Бухоро зодгоҳам,
“Садои Шарқ”, 1989, № 4, саҳ. 90-91

ЧЕҲРАНИГОРИ КАМНАЗИР

1. Ҳабиб Аҳрорй. Тӯйхурии мӯйсафедон. Душанбе,
“Ирфон”, 1984, саҳ. 92

2. Пайрав Сулаймонй. Девон. Душанбе, “Ирфон”, 1971, саҳ
293.

3. Раҳим Ҳошим. Ҳайкали бузурги назм. Душанбе,
“Ирфон”, 1964, саҳ. 37.

4. Раҳим Ҳошим. Ҳамон китоб, саҳ. 66

5. Раҳим Ҳошим. Ҳамон китоб, саҳ. 66

6. Раҳим Ҳошим. Сухан аз устодон ва дӯстон. Душанбе,
“Ирфон”, 1983, саҳ. 96

7. Раҳим Ҳошим. Ҳамон китоб, саҳ. 104

8. Раҳим Ҳошим. Ҳамон китоб, саҳ. 21-22.

АДИБИ ҲИКМАТПИСАНД

1. Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик, қ. 1, Сталинобод,
Нашр. Давл. Тоҷикистон, 1956, саҳ.80

2. Боқӣ Раҳимзода, Асарҳои мунтахаб, ҷилди якум,
Душанбе, “Ирфон”, 1975, саҳ. 140.

3. “Садои Шарқ”, 1969, № 10, саҳ.117

4. Раҳим Ҷалил, Ҳисса аз қисса. Нашр. Давл. Тоҷикистон
1941, саҳ. 49

5. “Садои Шарқ”, 1969, № 10, саҳ.119

171
МУНДАРИҶА

1. Оид ба шарҳи ҳол ва нашри осори Зуфархон Ҷавҳари.3

2. Садриддин Айнӣ ва адабиётшиносии муосири тоҷик...22

3. Ду мақолаи ба тозагӣ ёфтшудаи устод Айнӣ.........34

4. Симои устод Айни дар осори Мирзо Турсунзода......40

5. Нақши Абулқосим Лоҳутӣ дар ҷунбиши

машрутахоҳии Эрон.......................... 52

6. Нашри осори Пайрав Сулаймонй ва Куллиёти илмии ӯ... 61

7. Сайре ба бойгонии Сотим Улуғзода.............79

8. Чеҳранигори камназир...................... 33

9. Адиби ҳикматписанд.......................... 93

10. Нақши Мӯъмин Қаноат дар инкишофи достони

муосири тоҷик........................... J J 9

11. Инсони покзамир........................... J3Q

ХОТИРАҲО

12. Шоири фозил ва хирадманд.................. 137

13. Дили инсонҳост ошёни ӯ.................... 141

14. Фарзанди фарзонаи миллат.................. 151

15. Ман ӯро ҷавонмард дарёфтам................ 153

16. Марди наҷибе буд.......................... 1^3

ПАЙНАВИШТ................................... 1ЛЛ

172
ХУРШЕДА ОТАХОНОВА

ЧЕҲРАҲОИ ШИНОХТА

Муҳаррир: Шаҳобуддини Шуҷоъ

Ба чоп 12. 03. 2004 таҳвил шуд. Когаз ва чопи офсет.
Андозаи 60x84 '/ . Ҷузъи чопй 10,8. Адади нашр 300 нусха.
16 Супориши № 43.

«Анҷумани Шуҷоъ»

Нашриёти «Деваштич»
ш. Душанбе, хиёбони «Дӯстии халқҳо», 47
Тел: 23-56-66, 27-61-47
E-mail: devashtich@tojikiston.com

Translation