Худое, худро бишиносам To know oneself and to know God
Transcription
Расул ҲодизодаХУДОЁ, ХУДРО
БИШНОСАМ
китоби хотирот
ББК 83.3 (тоҷик)
Ҳ - 74
Расул Ҳодизода. Худоё, худро бишносам. Душанбе,
Деваштич, 2006, 372 саҳ.
Муҳаррир: Имомиддин Раҳими
Олим ва нависандаи маъруф Расул Ҳодизода дар китоби
хотироташ ҳамзамон бо тасвири марҳилаҳои зиндаги ва фаъолияти
худ дар бораи воқеахри таърихии илму маданият ва симохри шинохтаи
адабиёт, илм ва фарх,анги тоҷик хркоятхри ҷолиб аз диду дили худ
нақл намудааст. Чунонки муаллиф гуфтааст, ин китоб "еде аз
саҳифаҳои таърихи замой ва одамон аст", ки 6а хонандаи имруз
тақдим мешавад.
Дар нашри китоб Ройзании фарҳангии
Ҷумхурии Исломии Эрон низ caxfix гузоштааст.
ISBN 99947-36-05-1
© Расул Ҳодизода, 2006.с.
БА НОМИ ХУДОВАНДИ ҶОНУ ХИРАД
“Раббӣ ҳабли ҳукман ва алҳиқнӣ биссолеҳин
в-аҷъалнӣ лисона сидқин филохирин.’’
“Парвардигоро, ба ман ҳикмат арзонӣ дор ва
маро ба зумраи шоистагон бипайванд ва дар
х,аққи ман дар забони ояндагон гуфтори неку
қарор деҳ”.
(сураи Шуаро, оёти 83-84)
МУҚАДДИМА
Ҳар шахсе ки аз хотироти худ сухан оғоз мекунад ё дафтарҳои хотираи
гузаштаро ба ҳам мепайвандад, дар маркази гуфтор ё таълифоти вай аз
аввал то охир "ман”-и ӯ қарор мегирад ва ин “ман” меҳвари васлкунандаи
симоҳои гуногун, воқеаву ҳодисоти мухталиф мегардад. Муаллиф он чи
дидаву аз таҷрибаи зиндагӣ андӯхтааст, худаш ба воситаи “ман” ҳикоят
мекунад. Аммо ин “ман” набояд манзур ва мазмуни асосии китоб бошад,
балки’’ман” бояд як василае, як шишаи пурбине бошад, ки нуқтаи инъикоси
воқеаҳо, ҳодисаҳо, шахсони мухталиф ва ҷолибро пеши чашми хонанда
муҷассам созад ва хонанда дида тавонад, ки дар гирдоби ҳаводиси ҷомеа ва
дар муомила бо афроди ҷомеа ''ман”-и муаллиф чӣ такомулоте, чи
табаддулоте ва чи таҳаввулоте аз cap гузаронидааст. Агар чунин набошад,
хотироти муаллиф ба афсонаи "яке буду яке набуд” монанд мешавад, ки на
ҳар кас майли хондану шунидани онро мекунад.
Ҳар гоҳе ки хотироти нависандагону аҳли илму фарҳангро мехонам,
тасаввуре ҳосил мешавад, ки муаллифон дар тӯли умр ба марҳилае мерасанд,
ки бо таҳрики илҳоми ғайбй ва садои ботинӣ худро ба навиштани сафаҳоти
зиндагии гузашта омода ва вазифадор медонанд. Эҳсос мекунам, ки
зиндагиномаи ишон на ҳамчун нақли саргузашт ҷолиб аст, балки хотироти
онҳо барои наели имрӯз, барои ояндагон, барои таърих сабақе ва ибрате
маҳсуб мешавад. Ман гуфтанй ҳастам, ки манзур ва ҳадафи умда азтаълифи
дафтари хотирот барои наели муосир ва оянда аз замону давроне ки ту
дидаӣ, шоҳиди он будаӣ, нақше боқй гузоштан аст. Чунин тасаввур ва
тафаккур дар ман дар марҳилаи хдфтодумин соли умр пайдо шуд. Ба тадриҷ
майл ва неруи муҳаррике ҳис мекардам, ки маро ба таълифи дафтари хотирот
даъват менамуд. Лаҳзаҳое мешуд, ки сафаҳоти айёми гузаштаро ба ёд
меовардам. Дар аввал дар маъниву ботини воқеаву ҳодисаҳои гузашта
камтар андешаву тааммуқ мекардам. Аммо имрӯз ёди айёми гузашта на худ
ба худ, балки дар асари ягон воқеаи ҷомеа сурат мегирад.
Дар ҳаёти тӯлонии худ бо доираи калони шахсон ҳамнишасту ҳамнафасу
рафиқу мӯънис будам. Дар ташаккули шахсияти ман онҳо нақшу таъсире
-3-
гузоштаанд. Гузашта аз ин дар симои онҳо таҷассуми муҳити маънави ва
ахлоқу одоби замону давраи муайянро мебинем. Бинобар ин нақлу ҳикояти
лаҳзаҳои зиндагии онҳо пораҳои таърихи маънавии ҷомеаи мо мебошад.
Имрӯз ҳамаи ашхосеро, ки дар зиндагиам нақше аз онҳо мондааст е
умуман бо онҳо ошнову шинос будам ва дар кору зиндагӣ алоқамандие ба
онҳо доштам, ба се гурӯҳтақсим мекунам. Гуруҳи аввал дар синну сол аз ман
хеле бузург ва ба ҳукми устоду роҳнамо буданд. Як қисми зиндагии
бошууронаи ин ашхос дар давраи пеш аз инқилоби октябр гузаштааст ки
онро давраи истибдод ва зулму ситами феодалй номзад мекардем. Ин
давраи салтанати импиротурии Русия ва амирони Бухоро буд. Шоҳидони ин
давр, мисли устод Айнӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ, Қори Масеҳои Тамҳид, амакбузург
ва падари ман, Вадуд Маҳмудӣ ва дигарон ду давраи ба ҳам муқобилро дида
буданд: онҳо аз замони "зулму ситам” раҳои ёфта, ба давраи "озоди расида
ва ба сохтори нави сотсиалистии шурави ва ҳокимияти ҳизби коммуниста
самимона хидмат кардаанд. _ _
Гурӯҳи дуввум онҳое буданд, ки чанд сол пеш аз вуқуи инқилоби Октябр
чашм ба ҷаҳон кушода, аммо ташаккули шахси, фикри ва маънавии онҳо дар
давраи нави “озодии коммуниста” сурат гирифта буд. Ин ашхос зодагони
замони кӯҳан, аммо тарбиятёфтагони давраи нави иҷтимоиву сиеси буданд.
Хидмати онҳо дар истеҳкоми сохтори давлати шуравй, дар таблиғ ва ташвиқи
афкору ақоиди коммуниста аз рӯи самимият ва ҷонфишонӣ буд. Онҳо то
охири умр дар ин пояи фикрӣ ва маънавй устувору лойдор буданд. Аксари
онҳо табаддулотҳои солҳои охир - аз ҳам пош хӯрдани давлати бузурги
шӯравй ва суқути пояҳои фикрии коммунистиро нодида аз ҷаҳон
даргузаштанд, мисли Абдусалом Деҳотй, Мирзо Турсунзода, Мирсаид
Миршакар, Фотеҳ Ниёзй, Сотим Улуғзода ва амсоли онҳо.
Ва ниҳоят, гурӯҳи саввум ҳамсолону хдмкорон ва дӯстони дуру наздики
ман ҳастанд. Мо ҳама зодагони даврони шуравй ҳастем, ки таваллуди мо
дар миёна ва охирҳои солҳои бистуми асри гузашта воқеъ шудааст. Мо
хама аз бозе ки чашм ба ҷаҳон кушуда ва гӯшро вақфи суханҳои атрофиен
кардаем, он чи шунидем, "ҳокимияти шӯравй, роҳнамоии фирқа е партияи
болшевикӣ, доҳиёни пролетариати ҷаҳон Марксу Энгелсу Ленину Сталин
буд Аз панҷ - шашсолагй моро ба гуруҳи “октябрятҳо’ мансуб мекарданд ва
талқин менамуданд, ки мо — фарзандон, зодагони инқилоби октябр ҳастем
ва шодии кӯдаконаи моро ҳадду канор набуд.
Аз синфҳои аввали мактаб моро ба сафи пионер қабул мекарданд. Дар
системаи сохтори сиёсй ин ташкилоти нахустини бачагон ба як оину тартибу
танзими мустаҳкам қарор ёфта буд. Гурӯҳи муайяни пионерҳоро 'отряд
мегуфтанд ва ин отряд “сардор” дошт. Чанд отряд ташкилоти умумии
пионерони мактабро созмон медод, ки сардори онро вожатии мегуфтанд.
Вожатий калимаи русист, ки маънияш “роҳбар” аст. Пионерҳо шиоре
доштанд ва он ба ин қарор буд: вожатий пионерҳоро ба саф ҷамъ мекард ва
баъд аз суруду “марш” дар охир ба пионерҳои сафороста муроҷиат карда
мегуфт: “Пионер,ба кори Партияи коммунисти (ё ба кори Ленину Сталин)
тайёр бош!” Пионерҳо даст ба пешони боло карда, баробар бо садои баланд
мегуфтанд: “Доимо тайёр!”
-4-
Пионер бояд ҳамеша дар гардан аз матои сурхи сегӯша галстук дошта
бошад. Ба мо мегуфтанд, ки ба гардан матои сурх бастан чунин маънй
дорад, ки пионер ранги хуни қурбониёни роҳи инқилобро ҳамеша пос
медорад.
Аз синни чаҳордаҳсолагӣ пионер метавонад (ва вазифадор аст), ки ба
сафи комсомол дохил шавад. Ин ташкилотро “комсомоли ленинӣ" мегуфтанд,
ки мухтасари ибораи русии “Коммунистический союз ленинской молодежи"
(тарҷумааш: Иттифоқи коммунистии ҷавонони ленинӣ) мебошад. Шахси
ҷавонро ба комсомол нахуст дар маҷлиси умумӣ бо санҷишу суолу ҷавобҳои
сиёсй қабул мекарданд. Сипас ҷавон зина ба зина аз санҷиши комиссияҳои
қабули ташкилотҳои болой гузашта, ниҳоят аз кумитаи ноҳиявии комсомол
китобчаи узвиятро мегирифт. Яке аз вазифаҳои нахустини комсомол пардохти
ҳаққи узвияти ҳармоҳа буд. Комсомол дар таблиғ ва тарғиби афкору ақоиди
коммуниста ниҳоят ҷонфишон ва мутаассиб буд. Дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии
мамлакат дасти мададгори неруманди ҳизби коммунистӣ маҳсуб мешуд.
Чавононе, ки дар сафи комсомол ҷонсупорӣ ва фидокорӣ мекарданд, барои
қабул ба сафи ҳизби коммуниста тавсия мешуданд.
Зиндагии мо, ҷавононе, ки дар солҳои бистуму сиюми асри XX ба ҷаҳон
чашм кушудаем, ба ҳамин роҳе, ки аз он нақл кардам, ҷараён дошт. Мо
танҳо таълимоти коммунистиро пайравӣ мекардем, фалсафаи
материалистии Марксу Ленинро меомӯхтем ва онро ягона роҳи дурусти илму
дониш мепиндоштем. Динро музахрафот ва афсонаи гумроҳкунандаи
инсоният медонистем. Мо ҷавонони давраи музаффарияти сотсиализм
будем, ки барои бунёди ҷомеаи олии коммуниста ҳастии худро набояд дареғ
дорем. Мо Ленину Сталинро на танҳо чун пайғамбар, балки ҳамчун худо
парастиш мекардем. Шоири ӯзбек Ғафур Ғулом дар мадеҳаи худ ба номи
Сталин чунин фикреро ба назм кашида буд: “Агар дар осмон дар воқеъ ҳам
Худо вуҷуд медошт, барои анҷоми корҳои дунё пеши ту ба машварат меомад".
Аз ин шарҳи мухтасар хонанда шояд тасаввур карда тавонад, ки мо чӣ
шахсоне будем дар даврони шӯравӣ ва ҳокимияти коммуниста.
Солҳои гуруснагии аввали солҳои сиюм гузашт, таъқибот ва зиндонӣ
кардани шахсони номдору машҳури доираи равшанфикрон ва ходимони
сиёсии ҳизбу давлат дар солҳои 37-38 ба айби “душманони халқ’’ сипарй
шуд. Солҳои мушкилу маҳрумиятҳои ҷанги бузурги ватании солҳои 41-45 бо
ғалабаи лашкари шӯравӣ анҷом ёфт.
Баъд аз ҷанг зиндагӣ душвор буд, вале мо эҳёи фарҳангиву илмию
маънавиро дар муҳити сиёсии мамлакат ҳис мекардем. Ин ҷунбиши маънавӣ
дар ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ мушоҳида мешуд. Пеш
аз ҳама ба омӯхтан ва нашри осори адабиёти классикӣ роҳ кушода шуд. Дар
Душанбе Донишгоҳи давлатй, Института политехникӣ ташкил шуд. Соли
1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис гардид. Дар театрҳо дар қатори
намоишномаҳои миллӣ осори драматургони ҷаҳон ба саҳна гузошта мешуд.
Киностудияи “Тоҷикфилм” аз ҳаёти ҷумҳурӣ ва таърихи гузаштаамон филмҳо
тайёр мекард. Китобҳои нахустин аз таърихи адабиёти классикии тоҷик, аз
таърихи халқи тоҷик таълиф шуда, ба табъ расиданд. Тарҷумаи адабиёти
ҷаҳон хеле тавсиа ёфт.
-5-
Қудрати давлати шурави меафзуд, мақому манзилат ва таъсиру нуфузи
давлату хизби коммуниста бо ҳар роҳ ба қитъаҳои мухталифи ҷаҳон паҳн
мешуд. Дар айни чунин авҷу камолоти кишвари сотсиалистӣ доҳии мо ва
тамоми мардуми ҷаҳон Сталин ба нохост чанд рӯз бемор шуду дар аввали
моҳи марти соли 1953 чашм аз ҷаҳон пӯшид. Расми видоъ ва дафни вай
ниҳоят бо шукӯҳу ҳашамат ва мотаму сӯгвории ӯ бо гиряву навҳа ва яъсу
андӯҳи самимиву ҷонгудози мардуми шӯравӣ сурат гирифт. Аз вафоти Сталин
ду-се моҳ гузашту дар муносибати мақомоти болои ҳизби коммуниста ва
давлати шӯравӣ нисбат ба Сталин як сардиву назари манфӣ эҳсос кардем.
Аммо аз асли масъала касе огоҳ набуд. Ин хомушии сард ва фаромуши
нисбат ба Сталин се-чор сол давом кард. Ниҳоят соли 1957 дар съезди
бистуми ҳизб дар маърӯзаи Хрушчев Сталин ҳамчун ҳокими мустабид,
бераҳм, роҳбари бетадбири инодкор ва... хулоса ба сони ҷинояткоре маҳкум
гардид. Ҳамаи нокомиҳову хатоҳои ҷиддии сиёсати ҳизб ва давлати шӯравиро
ба гардани Сталин гузоштанд ва гуфтанд: барои бартараф намудани ин
хатоҳо ҳамаи коммунистон ва мардуми шӯравй бояд дар атрофи ҳизб
муттаҳид гарданд ва ваҳдати ҳизбу мардумро пос ва пойдор доранд.
Маъракаи бузурги фош намудани Сталин ва кӯшишҳои аз нав мустаҳкам
намудани қудрат ва сохтори ҳизбу давлат бо роҳбарии сарони мамлакат ва
шахсан Хрушчев хеле муташаккилона мегузашт. Вале ин танҳо дар зоҳир
буд. Он эътиқоду имоне, ки мардум ва ҳизбиён нисбат ба давлати шӯрави ва
ҳизби коммуниста доштанд, акнун аз бунёдаш суст шуда буд. Шакке нест, ки
ҳизб ҳанӯз дар сари қудрат буд, роҳбари ягонаи мо буд, мо ҳам ба расму
одату оини пешин ҳизбро эътироф мекардем, аз сахтгирии он метарсидем.
Аммо эҳсос мешуд, ки ҳизби коммуниста дигар ба рӯҳу афкори мо таъсири
пешинаро надорад. Ин ҳизб ташкилот ва сохторе буд, ки дар идораи давлат
фаолияти ҳукуматро сахт назорат мекард, лекин бунёди он, неруи идеологии
он хеле суст шуда буд. Ва сабаби ба як вазиши бод аз ҳам пош хурдани
давлати шӯравӣ ва ҳизби коммуниста ҳам дар ҳамин буд.
Пас аз суқути ҳокимияти коммунистӣ ва барқарор гардидани сохторҳои
“демократӣ" дар собиқ ҷумҳуриҳои иттиҳоди шӯравӣ интиқод ва фошгуии
айбу иллатҳо ва нуқсону "ҷиноятҳои" коммунистон шуруъ шуд. Маълум
гардид, ки сарманшаи ҳамаи айбу иллатҳои ҷомеаи шурави, нобасомонии
иқтисодӣ ва истибдоду кушторҳо роҳбари нахустини инқилоби октябр ва
сарвари давлати шӯравӣ Владимир Ленин будааст. Интиқод ва маъракаи
зиддикоммунистӣ ба як назму муташаккилие, ки дар фош намудани “ҷиноятҳои
Сталин” мушоҳида мешуд, сурат намегирифт. Ҳукумат ва ҳизбҳои нави
демократӣ бештар бо истиқрори ҳокимият ва давлати ‘‘мардуми” машғул
буданд ва ба тартиб додани эъломия ва муроҷиатномаҳои расмию назарияви
дар маҳкум намудани асосҳои сиёсиву иҷтимоии сохтори шурави вақту фурсат
надоштанд. Ба назарам, дар ин кор онҳо худро чандон ҳақдор ҳам
намедонистанд. Ин сабабҳои ҷиддй дошт.
Баъд аз фуру афтодани ҳокимияти шурави ва диктатураи ҳизби
коммуниста қариб дар ҳамаи мамлакатҳои собиқ коммуниста бӯҳрони сиёси,
иқтисодй, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарх,ангй рух дод Дараҷаи зиндагии мардум
паст рафт, бенавоӣ дар ҷомеа хукмрон гашт. Албатта дар чунин шароит
-6-
сарони давлатҳои нави демократй аз минбару матбуот зиндагии замони
шӯравиро маломату мазаммат карда наметавонистанд. Онҳо бештар ба
тартиб ва таблиғи муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ рӯй меоварданд ва
чунин роҳро воситаи баланд гардидани дараҷаи иқтисодии мамлакат
медонистанд.
Гурӯҳи якуми ашхосе, ки аз онҳо дар боло зикр шуд, дар ин замон ҳама
зиндагиро падруд гуфта буданд ва ин хараҷу мараҷи ҷангҳои дохилй,
зиндагии бенавоёнаи мардум, минҷумла аҳли илму адабро надида рафтанд.
Аммо онҳое, ки аз гурӯҳи дуввуми ашхоси зикр кардаи ман зинда буданд,
пош хурдани давлати шуравӣ ва ҳизби коммунистиро ҳамчун як фоҷеа ба
хунобаи дил мушоҳида мекарданд ва чунин сурати воқеаро ба ҳеч ваҷҳ қабул
карда наметавонистанд. Гузашта аз ин медиданд, ки барои муқовимат ба ин
ҷараёни нави сиёсй имкони набарду мубориза ва неруи ба майдон
баррмадан надоранд ва аз ин вазъ боз ҳам зиёдтар маъюстару навмедтар
мегаштанд.
Такдиру раванди зиндагй ва фаолияти зодагони солҳои бистум ва сиюми
асри гузашта ба гунаи дигар сурат гирифт. Барои мо аз ҳам пош хӯрдани
давлати муқтадири шуравӣ ниҳоят вазнин ва аз тасаввур берун буд. Лекин
мо медидем, ки аз рӯзҳои аввали арзи вуҷуд кардани ҷумҳуриҳои нави
мустақили демократй як фазой тозаи беғубори озодии шахе, озодии
андешаву эътиқод, озодии пиндору гуфтор пайдо шуд ва ҳамаи ин нафаси
ҷонбахшу руҳафзое ба ҷомеа ворид намуд.
Ман узви ҳизби коммунистй будам ва ба сони аҳли қаламу илм барои
таблиғ ва тарғиби идеяҳои коммунистй самимона хидмат мекардам. Вақтҳои
охир ҳис мекардам, ки эътиқоди коммунистй ва оини ҳизби коммунистй ба
ман имкон намедиҳанд, ки он чи аз омӯзиши Қуръон ва таълимоти ислом ва
ақоиди ирфон ҳосил шуда буд, озодона таҳқиқ намоям ва ҳақиқати ҳолро
арза дорам. Ба хотирам суханҳои файласуфи аз тарафи Ленин мардудшудаи
рус Бердяев меомад, ки гуфта буд /мазмунан/: “Ман мухолифи сарсахти
сотсиализм нестам. Таълимоти иҷтимой ва иқтисодии он барои ҷомеа муфид
аст ва ман онро қабул дорам. Аммо бо он ки сотсилизм шахеи инсонро
тэ.хкир ва хор мекунад, мувосо карда наметавонам”.
Таълимот ва ақоиди коммунистй, гуфтан мумкин аст, дар ҳастии ман ҳулул
карда буд, аммо бо вуҷуди ҳамин нисбат ба дин муносибати ниҳоят манфй
ва бадбинонаи коммунистиро қабул карда наметавонистам.
Фазой наву хушҳавои маънавии ҷомеаи тозабунёди мо зодагони солҳои
бистуму сиюмро зуд аз банди идеологияи коммунистй раҳой бахшид ва мо
барои хидмат дар сохтани ҷомеаи демократии мамлакат сахт азм намудем.
Ҳарчанд ба равшанфикрон ва аҳли илму адаб зумомдорони давлат камтар
ғамхориву эҳтиром зоҳир менамуданд за маоши зиндагии мо танг ва
эҳтиёҷмандона буд, вале азми қатъии мо дар хидмати ҷомеаи нав сует
намешуд.
Муносибати мо ба гузаштаи ҷомеаи шӯравӣ, ба тарзи умумӣ гӯям, ҳам
мусбату ҳам интиқодӣ аст. Мо айбҷӯиро як су гузошта, аз рӯи инсоф бояд
гӯем, ки дастовард ва табаддулотҳои куллии таърихии ҷомеаи худро дар
муддати ҳафтод соли таърихи шуравй ба тарзи ҳаққонй арзёбй бояд кард.
-7-
Яке бузургтарин неъматҳои маънавие, ки мо ба шарофати ҳокимияти
шӯравӣ ба он даст ёфтем, имкон ва ҳуқуқи соҳиб шудан ба мероси бои ва
қадими маданй буд. Мо имконият пайдо кардем, ки ин меросро биемузем ва
дар дастраси мардум гузорем. _
Ҷои баҳс нест, ки сохтори давлати ва диктатураи коммунисти аибу
нуқсонҳои ҶИДДИИ сиёсиву иҷтимоӣ дошт. Ошкор ва интиқод намудани он
барои сабақу ибрати таърих зарур ва лобуд аст. Пекин интиқоди мо бояд
ҳақиқатпарварона, ҳақҷӯёна ва ҳақгуёна бошад. Мо набояд дастовардҳои
бузурги таърихамонро инкор кунем, балки онро ҳамеша эътироф бояд кард.
Аммо мутаассифона дар навишта ва суханрониҳои ҳамсолону ҳамкоронам
гоҳо назари ифротии манфиро мушоҳида мекунам. Дар баини ин
танқидгарони ифротӣ шахсоне ҳастанд, ки тарбияи хуби маънавии замони
шӯравиро гирифтаанд, дар он даврон онҳо дар ҳамду санои сохтори шурэви
самараҳои хуб ба даст дароварда, соҳиби ҷоизаву унвонҳо шуда буданд.
Ва чунин шахсон аз танқидгарони сарсахти даврони коммунисти шуданд. Ки
медонад, онҳо ба ин восита мехоҳанд дар назари зумомдорони давлат ва
аҳли ҷомеаи нав худро бо ороиши нав ҷилва диҳанд!
Ман шахсан ба таърихи гузаштаи давраи шӯрави назари холисона дорам,
ҳеч набошад мекӯшам, ки дар арзёбӣ ва интиқоди худ мунсиф ва ҳақгуи
бошам. Давлати шӯравӣ маро ба осмонҳо набардоштааст, ҷоизаву
ифтихорномаҳоро ба сари ман баҳудаву беҳуда нарехтааст, баръкс борҳо
шудааст ки айбеву гуноҳеро ба сари ман бор карда^пеши аҳли ҷомеа маро
забонкӯтоҳ карданӣ мешуданд. Пекин чунин озурдагӣ ба ман ҳуқуқи маънави
намедиҳад, ки ба таърихи тараққиёт ва пешрафтҳои таърихи ҳафтод соли
давраи шӯравӣ хати батлон кашам. Бар акс ман аз ин рушду равнақи
кишварамон фахр мекунам, аз ривоҷи беназири илми тоҷик, адабиети тоҷик,
санъати тоҷик сарфарозй мекунам... Ва имрӯзҳам ба қадри қувватутавонам,
дар доираи имкони фикру андешаи худ бе ҳеч тамау чашмдори ба ҷоизаву
унвонҳои фахрй барои равнақи маънавиети мардум заҳамоте ба харҷ
МеДДз он чи дар ин муқаддима гуфтам, ҳадаф он аст, ки навиштани хотирот
танҳо нақлу ҳикояти зиндагии нигоранда нест, балки еде аз саҳифаҳои
таърихи замон ва одамон аст. Ин саҳифаҳо ба чи тарз тасвир мешаванд,
хакиқати хол то чй андоза риоят мегардад, нафаси замон, симою сирати
одамон то чи андоза “ҳамчу моҳтоб дар оби ҷӯй" (Мавлонои Рум) мунъакис
мегардад, ин ба дурустии андешаҳои нигоранда, ба доираи нигоҳи ваи
вобаста аст. Аз Худой мутаол умедворам, ки чашми маро дар дидани ҳақиқат
хира ва қалами маро дар навиштани ин авроқ тира нагардонад.
-8-
ФАСЛИ ЯКУМ. САМАРКАНД
Ман дар шаҳри Самарканд мутаваллид шудаам. Ин шаҳр гаҳвораи ман
аст, мураббии ман аст, ҳар чи дар ман ҳаст, аз ҳамин шаҳр сарчашма
гирифтааст, фазой ин шаҳр нафаси маро доимо тоза медорад, осмони он
дили маро, дидаи маро равшанӣ мебахшад. Ин шаҳр ифтихори ман аст ва
бахти ман будааст ки дар ин шаҳр чашм ба ҷаҳон кушодаам...
Пеш аз он ки дар бораи Самарқанди айёми кӯдакиву наврасиам ҳикоят
кунам, мехоҳам аз насабу аҷдоди худ иттилое диҳам, ки кай ба ин шаҳр
расидаанд ва дар ин шаҳр чи ҷойгоҳе доштаанд
Аҷдоду авлоди мо ба хоҷагони Миракони маъруфанд. Дар Самарканд
хонадонҳои бисёре буданд, ки худро ба “хоҷагон" мутааллиқ медонистанд
ва имруз ҳам бозмондагони онҳо насабномаи худро гум накардаанд.
Чунончи, хоҷагони махдуми хоразмӣ, хоҷагони Хоҷа Аҳрорӣ, хоҷагони
ҷомафурӯш (аксари онҳо тоҷирони номдор буданд), хоҷагони Хоҷа Абду ва
ғайра. Модарам мегуфт, ки хонадони падарат, миракониҳо хоҷагони хеле
асил ва мутабаррак ҳастанд. Аксари ишон мударрис ё дар мансаби қозиву
муфтӣ буданд. Пекин дар даврони шӯравй худро ба хоҷ_агон, хусусан хоҷагони
"мутабаррак” нисбат додан ё ба ин фахр кардан мамнӯъ буд ва ҳатто хатари
мардудии ҷомеаи болшевикӣ гардидан мешуд. Аз ин ҷост ки падарону
хешовандони мо, ки ба кори мактабу маориф ва идороти шурави маъмур
буданд, аз "миракони' будани худ лаб намекушоданд ва ҳатто дар вазъиятҳои
ҳассос лақаби "хон” ва "хоҷа” - ро, ки ба номи ишон илҳоқ мешуд, ба забон
намегирифтанд.
Мо фарзандони даврони коммунистй низ ‘‘мираконӣ будани худро
фаромӯш кардем, ҳарчанд дар оила ва муносибатҳои хешованди урфу одат,
муомилоти "хоҷагароиро" риоя менамудем.
Баъд аз он ки ба синни камолот расидем ва таъқибу тазйиқ дар ҳаққи
“табақаи ашроф" камтар шуд, падар баъзан мегуфт, ки саромади хонадони
мо Мир Тоҳири Садр буд ва ин шахси бонуфузу номдор сесэд сол пеш аз
Машҳад ба Самарканд сафар карда, ҳамин ҷо иқомат ихтиёр кардааст.
Ялангтӯш Баҳодур - ҳокими шаҳр дар вақти сохтани мадрасаи Шердор яке
аз ҳуҷраҳои мадрасаро ба Мир Тоҳири Садр вақф карда ва дар тоқи ҳуҷрэ
навишта будааст: “Ҳаст ин ҳуҷраи олиқадр вақфи авлоди МирТоҳири Садр”.
Насаби ин шахе ба имом Мусой Козим, падари Имом Ризо мерасида ва
аз ин ҷо лақаби “мӯсавиюрразавӣ” доштааст.^Авлоду бозмондагони ин шахс,
ки дар мансаби қазову ифто буданд, дар мӯҳрҳои худ баъд аз ном лақаби
“мусавиюрразавӣ”-ро илҳоқ мекарданд. Дар мӯҳри ҷадди ман, ки муфти буд,
“Мирҳодихоҷа муфтӣ ибн қозй Ширинхоҷа мӯсавиюрразави навишта
шудааст.
Таърих ва тафсили ба Самарканд омадани Мир Тоҳири Садр баъд аз
даргузашти падарам ба ман маълум шуд. Дар аввали солҳои навадум яке аз
-9-
хешбачагони мо - Комилхон Каттаев нусхаи қаламии "Таърихи Муқимхонӣ”-
ро мутааллиқ ба ҷадди худ пеши ман овард ва гуфт, ки дар ҳошияи боби
аҳволи Надир Муҳаммадхони Аштархонй аз Мир Тоҳири Садр ахборе сабт
гардидааст. Хулосаи навиштаҳои муаллифи “Таърих” ва шарҳи ҳошия ин
аст, ки модари Надир Муҳаммадхон Шаҳрӣ-Бону аз содоти разавии Машҳад
буда, ба никоҳи Динмуҳаммадхони аштархонй даромада будааст. Ба ҳамин
насақ Надир Муҳаммадхон ба авлоди содоти Разавй, ки шаҷараи онҳо ба
аҳли байти пайғамбари акрам /с/ мерасад, мансуб шуда ва аз ҳамин хон cap
карда, ҳукмронҳои аштархонй ба номи худ унвони фахрии “саййид”-ро илова
мекардаанд.
Надир Муҳаммадхон баъд аз ҷулус ба тахти Бухоро аз Машҳад тағоии
худ (яъне бародари Шаҳрй - Бону) Мир Тоҳирро ба Бухоро даъват макунад
ва ӯро мавриди эҳтиром ва эъзози махсус қарор дода, унвони фахрии уламо-
“садр”-ро ба ӯ арзонӣ медорад Уламо ва умарои дарбор, ки бе ин ҳам ба
“эронинажод” будани Надир Муҳаммад назари манфӣ доштанд, аз ҷойгоҳи
эҳтироми Мир Тоҳири Садр норозигй ва шиква огоз мекунанд, то он ҷо ки
Надир Муҳаммад маҷбур мешавад, тағоии худро ба Самарканд ба ҳимояти
Яланггӯш Баҳодур фиристад. Ин воқеа тэхминан дар солҳои 1640-42 ба
вуқӯъ меояд. Ва аз ҳамин сол Мир Тоҳири Садр дар Самарканд ҷою манзил
сохта, бо иёлу фарзандонаш "самарқандӣ" мешаванд.
Ба ҳамин тариқ сарриштаи гиреҳ ба даст омад. Баъд аз ин дар ҷустуҷӯи
бозмондагони Мир Тоҳири Садр афтодам. Дар охири солҳои навадум
фурсате даст доду тазкираи Малеҳои Самарқандиро бо диққат ва ҳавсалаи
тамом хонда баромадам. Дар тазкира Малеҳо аз Хоҷа Миракшоҳ - дӯст ва
шарикдарси падараш зикри хайр карда, дар чанд ҷои тазкира васфи
хислатҳои шахсӣ ва дараҷаи илму дониши ӯро овардааст. Аз навиштаҳои
Малеҳо чунин бармеояд, ки Миракшоҳ аз мударрисони номдори Самарқанд
буда ва баъдтар бо фармони хони аштархонй Абдулазизхон ба мансаби
қозикалони Самарқанд маъмур шудааст.
Малеҳо аз се фарзанди Хоҷа Миракшоҳ, аз ҷумла писари аршади вай
Султон Иброҳим зикре карда, ӯро бо тахаллуси Халид дар зумсаи шоирони
он давр дар тазкира дохил намудааст. Дар ҳамин боб аз Миракшоҳ зикре
карда, ӯро “разавй алқоб ва мӯсавӣ интисоб” васф менамояд ва шаҷараи
хонадони ӯро чунин сабт мекунад:
“Ва нисбати силсилаи интисоби ҷаноби мазкур ба Расули Худо чунин
буда ки: Хоҷз Миракшоҳ ибн Мир. Абӯ Гоҳир ибн Абулҳасан ибн Мир
Абдулғаффор ибн Суп гон Иброҳим ибн Султон Муҳаммад ибн Султон
Ибооҳьвй ион Султон Ҳусайн ибн Тоҳир ибн Ҳасан ибн Алй ибн Муҳаммад
ибн Иброҳим ибн Мӯсо ибн Ҷаъфар ибн Муҳаммад ибн Исмоил ибн Аҳмад
ибн Муҳаммад ибн Аҳмад ибн Муҳаммад ал-аъробй ибн Қосим ибн Ҳамза
ибн Имом Мӯсо ибн Имом Ҷаъфари Содиқ ибн Имом Муҳаммад Боқир ибн
Имом Зайнулобидин ибн Ҳазрати Имом Ҳусайни шаҳиди мазлум ибн
Амиралмӯъминин Алй ибн Абӣ Толиб ва умма Фотима бинти Муҳаммад
Расулуллоҳи саллоллоҳу алайҳи ва ало олиҳи ва саллам".
Нигоранда баъд аз ҷустуҷӯй ва тафаҳҳусҳои дақиқ интисоби худро ба
шаҷараи Хоҷа Миракшоҳ ба ин тэриқ муайян намудам: Расулхон ибн
-10-
Ҳайдархон ибн Муфти Ҳодихоҷа ибн Қози Ширинхоҷа ибн қози Абулҳайхоҷа
ибн Абилхайр аълам ибн Амир Иброҳим ибн Хоҷа Миракшоҳ ибн Мир Абу
Тоҳири Садр...
Дӯсти ман аз Машҳад донишманди дақиқ Махдӣ Саййиди шаҷараи дар
санги болои мақбараи Масҷиди Хиштини Машҳад сабтёфтаро бо шаҷараи
тазкираи Малеҳо муқояса кард ва маълум шуд, ки ин ду шаҷара баъд аз
номи Мир Абӯ Тоҳир бо ҳам мутобиқат доранд. Хулосаи дигаре, ки ишон
х,осил намуд, ин аст, ки хоҷагони Мираконии Самарқанд ба содоти Мӯсави
интисоб доштаанд ва Разавй лақабе будааст, ки ишон ба нисбати мӯсавии
худ илҳоқ намудаанд.
Хулосаи тақрибй ин аст, ки “мираконй’’ ба авлоди мо бо номи Хоҷа
Миракшоҳ иртибот дорад. Номи гузари Қозӣ Калон, ки имрӯз ҳам вуҷуд
дорад, низ ба Миракшоҳ мутааллиқ аст ва аз замоне ки дар ҳамин гузар
иқомат доштааст, ин гузар ба Қозӣ Калон мавсум шуда ва ҳоло ҳам ба ҳамин
ном машҳур аст. Ин гузар ва чанде аз маҳаллоти атрофи он, аз ҷумла
гузарҳои атрофи Масҷиди Ҷомеъи Темурӣ қисми қадимии шаҳри Самарқанд
будааст..
Аз он чи гуфтам, натиҷа ин аст, ки пайванди ман ба Самарканд на танҳо
аз он аст, ки ин ҷо зода шудаам, балки ба он сабаб низ аст, ки иқомати
хонадони мо дар ин шаҳр таърухи беш аз се қарнро дорад. Муҳаббати
фитрии ман ба ин шаҳр шояд аз ҳамин ҷо маншаъ гирифтааст.
Самарканд имрӯз хеле тагйир ёфтааст, зебову шукуфо гаштааст. Пекин
дар ёди ман ҳамон Самарқанди айёми бачагиам ҳамеша зиндаву муҷассам
аст. Қисми қадими шаҳр ҳоло бо тарҳи таърихиаш нигахдорӣ шудааст, ҳар
чанд бисёр тағйироту дигаргуниҳое бе дурбиниву риояи гузаштаи таърихй
дар намуди зоҳирии он ворид шудааст.
Дар айёми кӯдакиам (ва аз он пештар ҳам) ҳудуди Самарканд дар назди
дарвозаҳои қалъаи шаҳр, ки аз онҳо танҳо ном боқӣ монда буд, ба охир
мерасид. Дар ҷануб охири шаҳр Дарвозаи Сӯзангарон, дар шарқ Дарвозаи
Қаландархона, дар шимоли шарқ назди Масҷиди Хизр, дар шимоли ғарб
Дарвозаи Пои Кабок, дар ғарб назди Булвари Абрамов (Абрамовский булвар)
Дарвозаи Бухоро, дар ҷануби ғарб Дарвозаи Хоҷа Аҳрор буд. Ҳаммомҳои
машҳури шаҳр ҳаммоми Арк, ҳаммоми Пули Сафед, ҳаммоми Қӯшҳавз^
вайрон карда нашуда буданд. Мадрасаи Шайбонихонум, тимҳои савдои рӯ
ба рӯи Регистон, бозорҳои чорвою ниҳолу коҳу ангишт (зуғол),^саройҳои
навсохти (ба тарзи урупоию маҳаллӣ) тоҷирону бойҳои шаҳр ҳанӯз аз байн
бардошта нашуда буданд. Умуман шаҳр дар ҳамон тарҳе, ки дар замони
Темур ва фарзандони ӯ аз вайронаҳои замони чингизиён қад барафрошта
буд, вуҷуд дошт. Баъд аз он ки русҳо дар нимаи дуввуми асри 19 бар
Самарканд истило ёфтанд, дар ғарби Самарканд шаҳри наве ба тарзи русӣ
бино карданд ва он шаҳр низ номи Самарқандро гирифт. Аммо дар байни
мардум ва дар баъзе китобу саёҳатномаҳо қисми қадими шаҳр “Шаҳри кӯҳна”
ва қисми нав “Шаҳри нав” ном гирифт.
Ин ду шаҳри Самарканд то инқилоби Октябр ҳар кадом зиндаги ва тарзу
оини худро дошт. Мардуми шаҳри кӯҳна зиндагонӣ ва урфу одати суннатии
мусулмонии худро идома медод ва ҷомеаи рус ба тарзи худ, ба оину урфу
одати хоссаи худ зиндагӣ мекард. Идораҳои маъмурии Русия дар шаҳри нав
ҷой гирифта, аз ҳамон ҷо фармонфармой мекарданд. Аз аввали асри 19 cap
карда баъзе равшанфикрон ва тоҷирони русигарой, инчунин чанде аз
тоҷирони номдори яҳудиёни Самарканд дар шаҳри нав барои манзил ва
корхонаҳои худ иморатҳои урупой сохта, ҳамон ҷо иқомат мекарданд.
Баъд аз инқилоби Октябр солҳои 1927-29 Самарқанд пойтахти Ӯзбекистон
буд. Тамоми идораҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ дар шаҳри нав дар биноҳои
пешини маъмурияти Русия ҷойгир шуда буд. Мактабҳо, омӯзиши олии нав
х,ам дар қисми русии шаҳр таъсис гардид. Ба ин сабаб омаду рафти мардум
ба шаҳри нав торафт зиёдтар мешуд.
Аз майдони тарафи ҷанубии Мадрасаи Улуғбек ба шаҳри нав як автобус
рафту омад мекард Ғайр аз ин дар як тарафи ҳамин майдон избошҳои
(фойтунҳои) кироя буданд, ки одамони хоҷатмандро ба шаҳри нав ва вокзали
роҳи оҳан мерасониданд.
Хулосаи калом, ки ҳамин тарҳу намой таърихӣ ва суннатии шаҳр дар
дидаву хотири ман нақш бастааст.
Муҳити зиндагй ва фазой он солҳои Самарканд орому ҳаловатбахш, бе
ташвишу такудав ва дар оғӯши сулҳу салоҳият буд. Дар кӯчаҳои шаҳри кӯҳна
мошину автобусҳо ангуштшумор буданд, воситаи ҳамлу нақл ва рафтуои
мардум асосан аробаҳои кӯтаку (мухаффафи “кӯтоҳак", зеро ин ароба нисбат
6а аробаҳои хӯқандй хурдтару кӯтоҳтар буд) хӯқандӣ ва аспу харҳои зебою
тару тоза ва избошхои дуаспаву яккаасп буданд. Дар шаҳри кӯҳна ба ҷуз
чанд кӯчаи калону идораҳои маъмурӣ дар гузарҳову бозорҳо чароғи барқӣ
набуд. Баъд аз фуромадани торикӣ ҳама ҷо хомӯшу сокит мегардид, шаҳр
дар оғӯши пардаи сиёҳ мепечид ва танҳо шақшақи посбонҳои гузарҳо тарсу
бими шабҳои ҳавлангезро камтар мекард.
Аз хурдӣ ба гӯши мо мардуми шаҳрро ба тоҷику ӯзбек ҷудо кардан
намерасид. Мулоқоту дидор бо мардуми рус чи дар шаҳри наву чи дар
шаҳри кӯҳна ҳеч бегонагӣ ва дурӣ дар дилҳо бедор намекард. Ҳатто ба хаёл
намеомад, ки шаҳр шаҳри тоҷик аст ё ӯзбек. Медонистем, ки ҷумҳурии мо
Узбекистан аст, дар ҳама ҷо аксу суратҳои сарони давлат ва ҳизби коммуниста
- Файзулло Хоҷаев, Акмал Икромов ва Охунбобоев ба назар мерасид,
маҷлисҳои калон ва нутқу суханрониҳои расмй ба забони узбакй сурат
мегирифт... Аммо на мани хурдсол ва на дар доираи оилаву шиносон
намешунидам, ки оё Самарканд шаҳри тоҷик аст ё узбек?
Ба назарам,чунин суоле дар он солҳо муҳол буд, ки ба сари касе биёяд.
Охир дар Самарканд зиндагй, муомилот, урфу одат ҳамзгӣ тоҷикй, дар рӯҳи
тоҷикӣ ва дар забони тоҷикӣ буд. Тамоми гузарҳои шаҳр номи тоҷикӣ дошт,
баъзеи онҳо бо ин ном дар замонҳои Восифию Малеҳо вуҷуд доштаанд.
Расму оин ва урфу одатҳо - чунончи маросими тӯи никоҳ - ба забони тоҷикӣ
сурат мегирифт: ноншиканон, ошхӯракон, рӯбинон, талбон... Бегоҳи се, худой,
бист, чил. оши сол дар мурдадорй...
Дар гузарҳо мардум тоҷик буданду тоҷикӣ ran мезаданд, ба ҷуз баъзе
калонсолҳову муйсафедони гузарҳои Тошкандӣ ё Зоминӣ, ки гоҳо байни худ
ӯзбакӣ сӯҳбат мекарданд. Мактабҳои машҳуру номашҳури шаҳр тоҷикй
буданд. Муаллимон омӯзишгоҳҳои тоҷикиро хатм карда ё қисме аз онҳо дар
-12-
донишгоҳи Самарқанд дар риштаҳою тахассусҳои гуногун ба забони узбеки
таҳсил карда, вале ба забони фасеҳи тоҷикӣ даре мегуфтанд. Ба донишгоҳ
хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии шаҳр ва умуман Узбекистон бе ҳеҷ монеа
баробари толибилмони узбеку рус дохил мешуданд.
Дар Самарканд чанд солҳо нашриёти давлатии Тоҷикистон кор мекард,
дар Самарканд рӯзномаи “Ҳақикати Узбекистон'’ (ба ҷои “Овози тоҷик") ҳамчун
ношири афкори ҳукуматӣ интишор меёфт. Маҷаллаи ҳаҷвии “Бигиз” низ дар
Самарканд чоп мешуд. Шоиру нависандагони ҷавон дар мактабу
омӯзишгоҳҳо маҳфилҳои адабй доштанд, бо роҳнамоии устодони тоҷик дарси
адабу шеър меомӯхтанд. Аз байни чунин ҷавонон мисли Ҳабиб Юсуфӣ,
Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ шахсони номдори адабиёти тоҷик зуҳур
карда буданд.
Дар Самарканд ғайр аз китобҳои дарсии тоҷикӣ адабиёти бадей ниҳоят
бисёр буд. Дар дӯконҳои калони шаҳр китобҳои тоҷики дар рафхо озодаву
о роста меистоданд ва аз шаҳру деҳоти атроф харидорони зиёде доштанд...
Бо вуҷуди чунин рӯҳи тоҷикӣ дар мардуми Самарканд нисбат ба
миллатҳои дигар бегонагӣ ё осоре аз хусумат ҳис намекардам. Як зиндагй
ва ҷараёни рӯзҳои осоишта моро фаро гирифта буд. Модарам мегуфт, ки
падари ишон Қозй Исохон аз хоҷагони ӯзбакияи мавзеи Казокхоҷа будааст
(даҳ-дувоздаҳ километр дар шимоли Самарканд). Дар ҷавонй ба шаҳр омада,
дар Мадраса таҳсил намуда, ба қатори толибилмони пешқадам гузаштааст.
Баъд аз хатми Мадраса ба мансаби қозй мансуб шудааст. Дар шаҳр иёлу
фарзанд карда, дар соатҳои фароғат ба духтаронаш хондани Ҳофизу
Фузулиро меомӯхтааст. Дар муҳити оилаи тоҷикон ва ҳамсоягон чунон тоҷик
шудааст, ки ҳатто аз узбек будани худ ёдовар намешудааст. Ишон ду-се сол
пеш аз инқилоб аз ҷаҳон чашм пӯшидааст.
ёд дорам дар кӯдакй модаркалонам духтару набераҳояшро ба аробаҳо
бор карда, ба деҳаи Қазоқхоҷа мебурд. Бошандагони деҳ забони тоҷикиро
кам медонистанд ва ба як лаҳҷаи душвори ӯзбакй ran мезаданд. Омадани
мо барои онҳо суре буд: гӯё мо аз осмон фуромадему онҳо ба cap
бардоштанд. Тамоми нозу неъмати беҳтарини деҳашонро пешкаши мо
мекарданд, ҳамаи моро ҳамчун нишонае аз Исохон ба ҷону дил посдорӣ
мекарданд. Мо хешу табор ва одамони ба дил наздики ҳамдигар будем, на
узбеку тоҷик...
ГУЗАРИ ҚОЗӢ КАЛОН
Гузари Қозӣ Калон аз Чорсуи маркази шаҳр такрибан як-ду километр дар
тарафи шарқ воқеъ гардидааст. Аз Чорсу кӯчаи калони сангфарш (ҳоло
асфалт) ба маркази гузари Қозй Калон мерасонад. Дар ин гузар сокинони
асосӣ хоҷагони Мираконй буданд. Дар чанд ҳавлии маъмур хонаводаҳое бо
номи Ҷавсариҳо иқомат доштанд, ки мухлис ва иродатмандони Миракониён
буданд.
Ман дар камин гузар мутаваллид шудаам, аммо солҳои аввалини
зиндагии оилаамон дар ин гузар ёдам нест, зеро дар хурдсолии мо аз ин
гузар ба маҳалли дигар кӯчида, ҳавлию ҷои нав карда будем. Пекин ман аз
шиш-ҳафтсолагиам cap карда ба ин гузар зуд-зуд мерафтам ва гуфтан
мумкин аст, ки ин хонаи дуввуми ман буд.
Ҷадди ман ва амубузургонам дар ҳамин гузар дар ҳавлиҳои ба ҳам наздик
зиндагӣ мекарданд. Бародари бузург Мӯсохоҷа муфтй буд ва дар саргаҳи
гузар ҳавлии калони пуршукӯҳе дошт. Ишон моҳи феврали соли 1916 падруди
зиндагй карда ва дар назди девори ғарбии Шоҳи зинда мадфун аст ва қабраш
ҳоло бар ҷост. Каме дуртар аз ҳавлии Мӯсохоҷа муфтй баъд аз масҷид
ҳавлии ҷадди ман Ҳодихоҷа муфтй воқеъ буда ва ҳоло ҳам он ҷо писари
амубузургам иқомат дорад. Дусад метр дуртар ҳавлии Исохон машҳур ба
Қозӣ - мударрис воқеъ буд, ки ҳоло дар дасти шахсони бегона аст. Исохон
мударриси номдор буда, аз охири солҳои навадуми асри 19 дар мадрасаи
Шердор ба тадрис машгул будааст. Баробари ин дар амри қазо низ ном
бароварда ва пеши ҳукуматдорони рус обрую эътибори зиёде доштааст.
Баъд аз инқилоби октябр яке аз сарони ташкилоти “Шурой ислом” буда ва ба
муқобили болшевикон мардумро таблиг ва таргиб мекардааст. Дар китобчае
хонда будам, ки ишон дар қатли болшевики ҷавони самарқандӣ Шамсиддин
фарзанди шоир Иброҳими Ҷуръат даст доштааст. Баъд аз хондани ин хабар
дар ҳайрат будам, ки чаро ҳукумати шӯравӣ ӯро зиндонй накардааст, ки то
охири умр дар манзили худ зиндагии осудаву ором ба cap бурдааст. Исохон
соли 1932 дар синни 87- солагӣ аз ҷаҳон чашм пӯшида, дар пахдуи Мусохон
муфтй мадфун аст.
Ниҳоят дар чанд қадам дуртар аз манзили Қози Исохон ҳавлии бародари
чорум Қозӣ Абдулҳайхоҷа воқеъ аст ва имрӯз соҳибони ин ҳавли яке аз
бозмондагони ҳамин хонадонанд. Даргузашти ишон дар соли 1915 аст ва
қабраш дар паҳлӯи ду бародари марҳуми фавқуззикр воцеъ гаштааст.
Дар миёни бародарҳо ҷадди ман Ҳодихоҷа- муфтй шахси бетакаллуф
буда, зиндагии фақиронаи бе дабдаба ба cap мебурдааст. Ишон мисли
қозӣ мударрис дар ҳавлӣ ошпазҳои хоссаву пешхидматони чобукдаст
надоштааст. Ҳам дар боге, ки дар Тайлоқ дошт ва ҳам дар боги хурдтаре, ки
барои модаркалонам аз Қаволаи поёни Самарканд харидори кардааст, худ
ба кишту кор ва нигоҳубини ниҳолу дарахтон машгул будааст. Фарзандҳоро
низ маҷбур мекардааст, ки бо корҳои рӯзгору хона машғул бошанд.
Боре ҷадди ман сахт бемор мешгвад ва чанд рӯз дар табу ларз бистарй
мехобад. Қозй Мударрис ба аёдати ишон меояд ва муддате назди он кас
менишинад, Аз бемор садое намебарояд. Ниҳоят Қозӣ Мударрис мегуяд:
— Эшони муфтй, чаро ran намезанед, ягон чиз гӯед, васият дошта бошед,
бе истиҳопа гуфтан гиред.
Ҷадди ман чашмашро ним кушода мегуяд:
-Аҷаб гапҳо мезанед, ашони қозӣ. Ман чи васият мекунам? Охир дар
зиндагиам гуфтахри ман ҷомаи амал намепӯшаду баъди мурдан кй гапи
маро пос медорад?.
Гоҳо дар ҳавлӣ танҳо монад, падарамро барои чой ба чойхонаи гузар
мефиристодааст ва ба дасташ чойники кӯҳнаи шикаставу бо когазу суф
ширешкардаро медодааст. Падарам мегуфтааст:
— Ман бо ин чойник шарм медорам ба чойхона равам.
— Шарм медорй? Пас ана чойники нави хитоиро гиру ба чойхоначи гуй, ки
отаам ана ҳамин хел чойникҳо ҳам доранд, агар мо ҳар руз бо ин чойник ба
чойхона бароем, ду рӯз нагузашта ин чойник ҳам шикаставу қадоқӣ мешавад.
Падарам боз нақл мекард:
- Гоҳо дар кӯдакӣ ҳамроҳи қиблагоҳӣ ба сайри кӯчаву бозор мебаромадем.
Ман бозичаву ҳалвоҳои ширинро дида исрор мекардам, ки барои ман аз он
чизҳо харида диҳанд. Ишон мегуфтанд:
- Писарам, ту ки дар киса пул надорӣ, х,ар чизро ҳаваси харидан мекуни,
бин, ман ки пул дорам, ба ҳеҷ чиз ҳавасам намеравад.
Ҷадди ман гузаштагони худро, ки аслан аз Машҳад ва дар мазҳаби
ташаййӯъ буданд, ҳамоно пос медоштааст ва ба он ифтихор низ мекардааст,
ки ба рағми бародарони худ фарзандонашро бо номи имомони шиа мавсум
кардааст: Ризохон, Алихон, Ҳайдархон, Ҷаъфархон. Ammo ишон на дар
ташаййуъ ва на дар тасаннун таассуб ва ифрот надоштааст, балки гумон
мекунам як навъ ринд ва озодандеш будааст. Дар боги Тайлоқ дур аз чашми
шаҳриён аз ангурҳои олии кишмиши сафед бо ёрии як мухлиси худ мусаллас
месохтааст ва дар давоми сол мунтазам аз он истеъмол мекардааст. Хумҳои
мусалласи ишон солҳои сол дар таҳхонаи ҳавлии ишон нигаҳдорй мешуданд.
Ҷадди ман дар тафовут аз бародарони худ шахси китобдӯст ва китобхон
будааст. Ба ҷуз китобҳои чопии илми фиқҳ ва усули дин шумори зиёди осори
манзуму мансури адибони гузаштаро дар дастнависҳои ниҳоят гаронбаҳои
қадим ҷамъ намудааст. Китобҳои гаронбаҳои нусхаҳои қалами, ки аз ишон
ба мерос мондаанд, дар дасти амуи бузургам буданд ва ишон ҳам аз рӯи
эҳтиёҷ ва ҳам аз бими маъмурони полней махфи ин китобҳоро ба
китобхонаҳои Узбекистану Тоҷикистон фурӯхтааст. Ман баъд аз омадан ба
Душанбе дар ганҷинаҳои дастнависҳои ин шаҳр чанд нусхаи нодирро дидам,
ки мӯҳри китобхонаи Ҳодизодаро дошта, бешак аз китобхонаи ҷадди ман
буданд.
Гузари Қозӣ Калон на танҳо чун зодгоҳ, балки чун ёдгори гузаштагони
хонаводаи миракониён, ҳамчун манзилгоҳи ҷаддам ва бародарони ишон,
ҳамчун иқоматгоҳи хешовандону ақрабо ба дил наздику ба рӯҳ созгору
нерубахш аст. Ман ба ин гузар аз солҳои ҷавониам то имрӯз на танҳо барои
дидори хешовандон, балки ҳамчун қадамгоҳи гузаштагони хонадонамон ба
зиёрат меравам...
ПАДАРАМ
Падарам Ҳайдархон ном дошт. Вай фарзанди чоруми волидайн буда,
тақрибан солҳои 1892-93 дар гузари Қозӣ Калон мутаваллид шудаасг Дар
хондану навиштан ва ҳифз намудани Қуръону байтҳои шойгон аз кудаки
қобилияти хубе дошта ва аз ин рӯ мавриди дилбастагиву меҳри хоссаи падар
будааст. Дар даҳ-дувоздаҳсолагӣ бе ёрии устод дар навиштани настаълиқ
маҳорати хуб пайдо карда ва бо супориши пэдар “Гулшани тавҳид” ном
маснавии орифонаро ба хати ҷалӣ китобат намуда, аз падар силаву ҳадя
ҳам гирифтааст. Ин нусхаро ман дертар дар даст доштам - дар воқеъ ҳам
сарфи назар аз синну сол ба хати зебое истинсох шуда буд.
Падар дар синни чордаҳ-понздахролагӣ ба Мадраса рафта, дар ҳуҷраи
-15-
вақфии а в поди мо чанд муддат бо амубузургам Ризохон ва баъд худ танҳо
зиндагй кардааст. Ишон аз тафсили таҳсили худ ва устодони мударрис
камтар сӯҳбат мекард. Танҳо аз як мударрисе ки ба ишон берун аз улуми
Мадраса шеъру адаб ёд медода, бо меҳру шукрона ёдовар мешуд. Ин
мударрис Бурҳон-махдум ном дошта. аз куҳистони Фалғар будааст ва баъд
аз фароғи таҳсил ба мансаби мударриси мансуб шудааст. Аз рӯи нақли
падар ин шахе хеле дарвешона ва бенавоёна, бе зану фарзанд танҳо дар
яке аз ҳуҷраҳои Мадраса умр ба cap мебурдааст. Шахси хеле зариф,
кушодазабон, шеърдӯст буда, бо ҷавонони ҳушёру мустаид сӯҳбат ороста,
аз китобҳои Калилаву Димна, Маснавии Руми, Бедил ҳикоятҳои судманд ва
пандомӯз мехондааст. Дар ҳар маврид аз китобҳои ахлоқу адаб ҳикоятҳо
оварда, баъд ба панду насиҳат мегузаштааст То инқилоб сокини ҳуҷраи
Мадраса буда, баъд аз таъқибу зӯроварии болшевики дигар тарки Мадраса
гуфтааст ва касе аз такдири баъдии вай хабар надоштааст.
Баъд аз инқилоб таҳсилу тадрис дар мадрасаҳо мамнуъ гардид ва падар
ба Тайлоқ омада, дар мулки маврусии падар зиндаги ба cap бурд ва дар
ҳамин ҷо ба модари ман аз шаҳр издивоҷ намуд.
Дар хотир надорам, ки аз хурдсоли маро ба шеъру шеърхони ки тарғиб
ва роҳнамоӣ карда бошад. Аз он даме ки худро мешинохтам, дар рафи
китобҳои падар китоберо ба ҳуруфоти кӯҳнаи форси намедидам. Хеле кам
воқеъ меафтод, ки падар дар мавриде барои мо шеър хонда бошад.
Сабаби ин хама хомӯшӣ ва беҳавсалагиро нисбат ба шеър баъдтар
фаҳмидам. Падар хуб мефаҳмид ки хондани китобҳои кӯҳна ва тарғибу
т^блиғи осори гузаштагон аз тарафи ҳукуматдорон ва мақомоти махфии
хокимият таъқиб мешуд. Аз ин сабаб дар хона аз нусхаҳои хаттй ва нашрҳои
қадими осори гузаштагон китоб нигоҳ намедошт. Як сандуқи калон китобҳои
мздраса ва осори классикони чопи Ҳиндустон дар ҳавлии
модаркалони модариам ба тзрг* пинхенй -группой мешуд.
Баъд аз солҳои ҷанг, ки таъқибу назоратҳои махфи аз со.,а:* “ - - > 1
“қадим” камтар шуд, дар хонаи мо каму беш китобҳои шеъру адаби гузаштагон
пайдо шуд ёа падар ошкор аз ин китобҳо истифсҷа мебурд. Т адриҷан
мефаҳмидам, ки вай дар улуми динй ва шарҳу тарҷимаи оёти Қуръсн дониши
хуб дорад. Дар хондану шарҳи ашъори Анвзрию Ҳофизу Бедил низ вуқуфи
комилеро дороет. Дар солҳои охир Маснавии Румй ва Куллиети Ьедилро
бисёр мехонд ва абёти зиёдеро аз маснавию газалиети ин шоирон аз бэр
медонист. Ин чрниб аз захираи дониши ишон торафт зиёдтар оаҳравар
мешудам. Қиблэгоҳй дар омодэ намудани маҷмуаҳои осори Анварй, Руми,
Аҳмади Дониш ба банда ёрй мекард ва ба ин восита ба фаҳмидани шеър
роҳро равшан менамуд. . _
Боре дид ки барои тарҷумаи руси аз Куллиёти Бедил рубоиети шоирро
интихоб мекунам. Гуфт, ки “чй тур, Бедил бо ту ran мезанад?" (яъне шеърҳои
вайро дуруст мефаҳмӣ?). Гуфтам' “Рубоиҳои ҳазрати Бедил ба фаҳми ман
наздиктаранд, лекин маснавиҳою ғазалиеташ чун тилисмоте ба назар
мерасанд” Гуфт, ки барои фаҳмидани Бедил пеш аз ҳама маснавии Ирфон -
и ӯро ба тааммуқ хонда фаҳмидан лозим аст. Баъд дари тилисмоти Бедил
ба рӯи кас боз мегардад”. Баҳори соли 1970, вақте ки падару модар дар
-16-
Душанбе дар меҳмонии мо буданд, бо ёрӣ ва роҳнамоии падар "Ирфон”-и
Бедилро хонда баромадам ва баъд ҳис кардам, ки каме ба Бедил наздик
шудаам. Хулоса, падар дар хурдсолӣ ба бедории шавқи “адабии" ман чандон
кӯшишу рағбат надошт, аммо дертар дар такомули дониши шеършиносй ва
камолоти маънавиам нақши боризе аз худ боқӣ гузошт.
Падар шахси хеле зариф, ҳозирҷавоб, базлагӯй ва маъракаорои ҳалқаи
дӯстону хешовандон буд. Нисбат ба ҷавонон ва шогирдон сахтгир, вале
мушфиқу ғамхор буд. Имрӯз бисер шогирдонаш, ки дар Самарканду Душанбе
бо ман мулоқот мекунанд, ишонро ба некӣ ҳамчун “устод” ёдовар мешаванд,
ки шодиву масаррат ва ифтихори маро афзун мегардонад. Худо раҳмат
кунад!
МОДАРАМ
Модарам Уламохон нахустфарзанди хонадонаш буд. Вай дар гузари
Хоҷаҷон Хоҷа (ин гузар ҳоло ҳам ҳаст) мутаваллид шудааст. Аз ҳафтсолагӣ
назди модаркалонаш, ки дар ҳавлии худ мактаб дошт, хату савод омӯхта, бо
зеҳни тез дар се-чор сол китобҳои мутадовили мактабҳои он замонро “хонда
фаровардааст”. Ғайр аз ин падараш ба духтари нахустин ва дӯстдоштааш
хондани девони Ҳофизро омӯхтааст. Модар то охири умр Ҳофизро дӯст
медошт ва бисёр шеърҳои ӯро ба оҳанги махсус бо садои хуш ва форам
барои мо - фарзандон ва гоҳо барои меҳмонону дӯстон месуруд. Инчунин
шеърҳои шоири туркзабон Фузулиро, ки дар мактабҳои кӯҳнаи тоҷикӣ
мехонданд, аз ёд медонист. Хондани Фузулй барои шогирдони тоҷик душвор
набуд. Баробари оҳанги хуши забони шеър ғазалҳои ӯ аз калимаву ибороти
тоҷикӣ моломол буд, ки онро бе тарҷума ҳар як тоҷик мефаҳмид. Чунончи,
дар ин ду байти шоир ба ҷуз чанд вожаи туркй ҳама тоҷикии форсӣ аст:
Дӯст бепарво, фалак бераҳм, даврон бе су кун,
Дард чӯх, ҳамдард йӯх, душман қавӣ, толеъ забун.
Ҳар сих,иқад ҷилваси бир сели тӯфони б ало,
Ҳар х,илолабрӯ қоши бир сархати машқи ҷунун...
Инқилоби октябр ба раванди зиндагии модарам бетаъсир намонд. Воқеаи
аввалини инқилобй барои модарам маъракаи “озодии занон" ё чунон ки дар
миёни мардум ба номи дигар машҳур гашт, “маъракаи фаранҷипартоӣ” буд
Ҳизби коммунистӣ ва ҳукумати шӯро ба маъракаи “озодии занон" ранги сиёсй
ва ҷунбиши умумихалқй дод. Яке аз воқеаҳои умумихалқие, ки дар Самарканд
ба ташкили он қаблан омодагии калон медиданд, дар майдони Регистон ба
муносибати рӯзи 8-ми март ташкил намудани фаранҷипартоии умумии
занони шаҳри кӯҳна буд. Модарам мегуфт, ки падарат чанд рӯз пеш аз ин
воқеаи “мудҳиш” ба ман гуфт, ки “Шумо фаранҷиро дар Регистон напартоеду
ҳамчун зани муаллими пешқадам аз хона ба cap рӯймол баста, бо рӯи кушода
ба куча бароед. Ин беҳтар аз он аст, ки ба Регистон рафта, фаранҷии худро
аз cap гирифта ба оташ андозед”.
Барои модарам, ки аз дувоздаҳсолагӣ зери фаранҷӣ буд, ба куча пеши
мардуми номаҳрам бо рӯи кушода баромадан воқеаи даҳшатнок ва гуноҳи
азими нобахшуданй буд. Ба чунин исёну бебокй модарам ҳеҷ розй намешуд.
-17-
Охиру охирон падарам гуфтааст, ки агар ин корро накунад, маъмурони
ҳукумат ва сарони ҳизб падарамро ҳамчун як шахси ҷонибдори дунёи куҳан
ва хусусан ҳамчун муфтизода ва хоҷанасаб аз корҳо пеш карда, радди
маърака мекунанд. Модарам дигар илоҷи муқобилат кардан надошт, Рӯзи
8 марти соли 1928 (ё 27) додари хурдиам Махдихон - тифли ширхорро
парпеч карда, бо сарпарастии тагоии хурдии худ Қори Бақохон, ҷавони бист-
бисту панҷсола, ба Регистон мебарояд. Регистон он руз мисли маҳшар -
рӯзи қиёмат буд. Занони фаранҷипӯшу бефаранҷӣ ва мардони ҳизбиву
ҳукуматӣ майдонро пуропур карда буданд. Дар як тараф минбар сохта буданд,
ки он ҷо марду зан ба сухан баромада, “зиндагии зиллатовар ва пурмашаққати
занони беҳуқуқро” дар замони зулму ситам маломат мекарданд ва имруз
офтоби озодиро чун толей дурахшони зану духтарон ситоиш менамуданд.
Баъд аз ҳар суханронӣ баъзе занҳо худашон ва аксар занҳои ҳизбии
бефаранҷӣ фаранҷиҳои тозаву оҳариро аз сарҳои занон гирифта, ба оташ
меандохтанд.
Дар ин шӯру ғавғо, растохези фаранҷипартои - ин воқеаи мудҳиши бегона,
ҳуш аз сари модарам парида буд ва надониста монд, ки ба дасти касе ё
қасдан ё тасодуфан рӯймоли он кас дармонду қариб аз cap афтода буд.
Модарам беихтиёр бачаи парпечашро ба як ҷавонписаре, ки дар пахдуяш
буд, дода ҳанӯз рӯймолро ба cap накашида буд, ки ҷавонписар якбора ғоиб
шуд.
__Тағотӯра, бачемро гирифта гурехтанд, - ногаҳ ба худ омада фарёд
мезанад модарам.
— Охир, чӣ кор кардӣ, бачаро аз даст доди, бадбахт! - тағотӯра зуд дар
байни издихрм ба ҷустуҷӯи ҷавонписар медавад. Модарам гирёну нолон аз
ҷояш намеҷунбад. Ногаҳ тағотӯра бача дар даст пайдо мешавад.
— Бачаи лаънатӣ танҳо набудааст, як зани фаранҷипӯш ҳамроҳаш
будааст. Маълум мешавад, ки бачаи туро таги чашм карда будаанд. Бачаро
гирифта, писарбачаро чандторсакӣ зада будам, ки зани фаранҷипӯш гурехта
рафт.
Ҳамон солҳо дар кӯчаву бйзор бачадуздҳо пайдо шудаанду кудакҳои
хурдсолро дуздида мефурӯхтанд, - гуфт модарам баъд аз он ки ин воқеаи
нохушро ба мо нақл кард.
Баъд аз ду-се соли ин воқеа модарам ба курси муаллимтайёркунии тоҷики
дохил мешавад. Ин курсҳо дар мадрасаи Шайбонихон (ки дар кучаи Тошканд
буду онро дар аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта вайрон карданд) барои
ҷавонони бисту панҷ-сисола ташкил шуда буданд ва хонандагон аз районҳои
кӯҳистони гирду атрофи Самарканд ва Фалғару Панҷакент буданд. Мақсад
аз ташкили ин курсҳо зудтар тайёр намудани муаллимони синфҳои ибтидоии
мактабҳои тоҷикӣ буд. Дар ин курсҳо аз занҳо танҳо чор нафар таҳсил
мекарданд ва ҳамаи онҳо аз Самарқанд буданд: модари ман, холаи ман,
ҳамсари устод Садриддин Айнӣ ва боз зане аз гузари Дегчабирён
Комилова, ки то охири умраш муаллими синфҳои ибтидой буд. Толибилмони
ин курсҳо ба ҷуз омӯхтани навиштану хондани алифбои нави лотини аз
ҷуғрофия, таърих, табиатшинэсӣ, ҳисоб ва забони руси дарс мехонданд.
Баъд аз хатми ин курсҳо модарамро ба муаллимии синфи якуми мактаби
-18-
номдори чорум қабул карданд. Мактаб дар гузари мо - “Маданият” дар ҳавлии
як бои табъидшуда воқеъ гашта ва дар қатори мактабҳои машҳури шаҳр буд.
Дар мактаб муаллимҳои маъруфи Самарқанд кор мекарданд ва модарам
ягона муаллима буд.
Баъд аз як сол мо ба Панҷакент кӯчидем ва модарам дар он ҷо муалпимиро
идома дод. Ғайр аз синфҳои якум дар мактаби маҳви бесаводӣ бэ занони
Панҷакент савод меомӯхт. Дар муддати кӯтоҳи муаллимй миёни модараму
шогирдон меҳру муҳаббати мутақобила пайдо шуд. Занҳои ҷавон модарамро
на танҳо чун муаллимаи донову зебо, балки ҳамчун дугонаву хоҳари мушфиқу
меҳрубон дӯст доштанд.
Як сол нагузашта идораи маорифи шаҳр кори муаллимии модарамро
такдир ва таҳсин карда, ба вай ҷоизаи пулӣ ва Раҳматнома дод. Ин коғази
Раҳматнома, ки ба дасти котиби шӯъбаи маориф навишта ва бо имзою мӯҳри
мудири маориф тасдиқ ёфта буд, дар он вақтҳо мисли ордену нишон қадру
арзиш дошт. Ман ин ҳуҷҷатро ҳоло ҳамчун санади таърихии мактабу
маорифи тоҷик нигаҳдорӣ мекунам.
Баъд аз як соли муаллимй модарам сахт бемор шуд, то дараҷае ки бими
он касро гум кардан ба миён омада буд. Бемории сахт ва дуру дароз дигар
ба кори муаллимй монеъ омад. Соли 1936 мо ба Самарқанд бозгаштем,
модарам сиҳҳат ёфт, аммо ба муаллимй дигар майл накард, У ҳис мекард, ки
ҳоло сатҳи донишу маориф дар шаҳр боло рафта ва дараҷаи дарс додани
он кас ба муқтазои замон ҷавобгӯй нест. Дигар ба корҳои рӯзгор ва тарбияи
фарзандон машғул шуд.
Модарам зани хушфеъл, хушсухан ва муҳиммаш аз ҳама хеле мувосокору
бе кина буд Чунон ки худ такрор мекард, “бо дӯстон муруввату бо душманон
мудоро” дошт. Бо ҳамсоягон, бо хешовандон, бо ошнову шиносҳои нав дар
муомилаву муносибатҳои хдсана буд. Танҳо дар охири умр бо келини хурдй
ва хислатҳои ношоистаи вай чораи мувосо наёфта ва решай бурдборй хушк
шуда, хонаву ҳарами дар мудцати зиёда аз панҷоҳ сол ба орзуву умед бунёд
намудаашро тарк гуфта, ба х,имояи ману духтаронаш паноҳ бурд. Мо ҳама
кӯшиш мекардем, ки модар дарди зиллату хориро фаромӯш кунад...Дигар
солҳои боқимондаи умрашро ба шукронаи фарзанду наберагонаш ба тарабу
шодӣ сипарӣ менамуд, то он даме ки 23-ми декабри соли 1983 дар Самарқанд
дар хонаи хоҳарам Ҳумоюнхон дар синни 87 сол чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Аз модар меҳри дили гарм, чеҳраи пуртаббассуму навозишкорона,
сурудхои гӯшнавози ғазалҳои Ҳофиз... хуллас ҳама некиву хайрият ба ёдгор
мондааст. Барой ман бештар аз фарзандони дигар боз як чизи гаронбаҳо
ба ёдгор мондааст. Ин ёдгор омӯзгории модарам дар роҳи таълими алифбои
форсии точикй мебошад.
Дар соли 1938 буд, ки дар ман шавқи ёд гирифтан ва хондани алифбои
арабй пайдо шуд. Чанд бор ба падар муроҷиат кардам, ишон ҳамоно аз
вазъи замон бим дошт, ки бо чеҳраи навмедй мегуфт: “Ба ту чӣ лозим ҳамин
алифбою ҳамин китобҳо? Мана ман як умри ҷавониамро сарф карда, арабию
китобҳои қадимро омӯхтам, имрӯз фоидае накард, балки чун доги гунаҳкорон
сабаби биму таре шудааст”.
Аммо ман дар азми худ қотеъ будам ва модарам дар соатҳои фароғат
-19-
хондану навиштани хати арабиро омухт. Ман ҳам аз руи шавку ҳавас зуд ёд
гирифтам ва хонданро аз шеъри Ҳофиз cap кардам. “Ҳа нагуфта” ба хондани
қиссаи “Чор парӣ” ва баъдтар “Ҳазору як шаб" даст ёфтам. Ба ҳамин тариқ,
ба шарофат ва мадади модарам ба ҷаҳони пурнури таърихамон роҳ ёфтам
ва ин роҳи ояндаи зиндагӣ ва ҳаёти маънавии ман гардид.
МОДАРКАЛОНҲОЯМ
Мо ҳарчанд ба дидори бобоҳо нарасидвм, аммо хушбахтона ба дидору
меҳру навозиш ва тарбияи ду модаркалон — ҳэм модариву ҳам падарй
мушарраф будем. Модаркалони падарии маро Садоратхон мегуфтанд. Аз
рӯзе ки ишонро дидаву шинохтаам, ҳамеша дар cap қарсу ридои сафеди
оҳарӣ, дар бар пироҳани васеъ бо остинҳои дароз дошт, ки дасти уро қариб
то ангуштҳо мепӯшид. Ин либос чеҳраи сафедгунашро ба назар пурҷилову
пурҷозиба менамуд. Номбурда зани ниҳоят тақводор ва мутадайян буд.
Намози панҷгонааш тарк намешуд, илова бар ин бомдоди ҳар рӯз баъд аз
намоз чанд порае аз Қуръон (Қуръони чопи насхи зебо ва ба матои рахдори
симобй пӯшидаи он кас имрӯз аз пеши чашм намеравад) ва дуову муноҷотҳои
зиёде мехонд.
Модаркалон мегуфт, ки падарй он касро Обидхоҷаи Кулоби мегуфтаанд,
ки аслан аз Кангурт буда ва дар ҷавонӣ ба Самарқанд омада, ҳамин ҷо
иқомат ихтиёр намуда, дар мадрасаи Шердор таҳсили улум намудааст ва
дар ҳамин ҷо ба тадрис мансуб шудааст. Модаркалонам мегуфт, ки падараш
овози баланди ҷарангдоре доштааст ва ҳангоме ки ишон даре мегуфтааст,
ҳатто амири раҳгузар аспашро нигоҳдошта, аз дур ба садои марғуби вай гуш
меандохтааст.
Модаркалон китобҳои диниву достонҳои пайамбаронро озод мехонд,
дуоҳои зарурй ва барои худ лозимаро менавишт. То охири умр қалами ной
ва сиёҳиву сиёҳидони қадимӣ дошт. Ба ҳамин сиёҳиву қалам барои мо
бачагон ё келину наздиконаш тӯмор менавишт, беморие рух диҳад, дар
атрофи пиёла дуоҳои шифобахш навишта, ба мо мехӯронд ва бо дуову даму
нафаси он кас мо, кӯдакон, сихдат меёфтем.
Модаркалон урфу одат ва оину суннатҳои диниро сахт риоя менамуд,
мисли ошурохонй дар моҳи муҳаррам,(дар самарқанд маросими “моҳи ашӯр”
мегуфтанд) мавлуди набӣ, одоб ва русуму оини идҳои Рамазон, Қурбон ва
ғайра. Падарам қатъан манъ карда буд, ки модаркалонам маъракаҳои
диниро аланан ва бо иштироки занони беруна ба иҷро расонад. Аммо
модаркалон "хуб" мегуфту рустиву пинҳонӣ дар вақтҳои муносиб оину русуми
худро ифо менамуд.
Модаркалон ба ин ҷониб меҳри хосса дошт ва ман ҳам уро на танҳо чун
модаркалон, балки ҳамчун таҷассуми покиву тақводуст медоштам. Дар хотир
дорам, ки шабҳо маро ба хоначаи худ мебурд, аз паҳлуяш ҷой медод ва дар
торикии шаб як-ду афсона мегуфту баъд ”оятулкурси"-ро хонда “акнун хоб
мекунем” мегуфт. Ман х,ам баъд аз шунидани афсона ва ба гуш расидани
“оятулкурей" орому осоишта хоб мекардам. Боре маро (ба назарам чор ё
-20-
панҷ сол доштам) ба Тайлоқ ба боғи маврусии худ бурд. Дар хотир дорам,
дар аробаи каппадори Хӯқандӣ қариб як рӯз роҳ тай карда ба Тайлоқ расидем.
Дар ин боғ модаркалонам бо ҳамсару фарзандонаш солҳо зиндагӣ карда
буд ва дар байни занони ин маҳал ва ҳамсояҳо ба номи "пошшои тайлоқӣ”
эҳтирому иззати калон дошт. Ман бо чашми кӯдакона медидам, ки дар ҳар
маъракаву меҳмондорй ҷои модаркалонам аз пешгоҳи хона болои кӯрпачаҳои
нарму пурнақш буд. Ман ҳамеша паҳлӯнишину “эркаи пошшои тайлоқӣ”
будам.
Модаркалонам боғи Тайлоқ ва боғи назди шаҳрии худ - "Қаволаро" ниҳоят
дӯстмедошт. Инбоғҳоро ба зӯрӣба колхозҳо илҳоқкарданд, падарам дигар
ба он ҷоҳо қадам намегузошт, лекин модаркалонам to охири умр ба ин боғҳо
рафта меомад ва ҳар бор дуд аз димоғаш баромада, гиря гулӯгираш мешуду
мегуфт: “Поёни боғро (дар Тайлоқ) ба роҳ гирифтаанд. худобехабарҳо
дарахти зардолуи маҳтобиро афтонда (дар Қавола) ҳезум кардаанд".
Моҳи сентябри соли 1942 модаркалонам аз меҳмонии Тайлоқ омаду
якбора бо таби баланд дар бистари беморй хобид. Ҳамагӣ даҳ рӯз хобид
(дар ҳавлии амаки хурдиам, ки дар рӯ ба рӯи ҳавлии мо буд) ва ниҳоят як шаб
падарамро даъват кард:
— Ҳайдархон, имшаб маро танҳо намонед, Ҷаъфархон аз бачагй аз
одами касал метарсад. Шумо сари бистари ман бошед, баъзе дуову оятҳоро
мехонед.
Падарам ба хона омада, сурати воқеаро гуфт. Ман ҳам ҳамроҳи вай ба
пеши модаркалонам рафтам. То соатҳои дувоздаҳ ҳамон ҷо будам, дасташро
мемолидам ва ҳис мекардам, ки даст торафт сард мешавад. Вале ӯ ҳушёр
буд, ба падарам мефармуд, ки “фалон оятро хонед, Қуръонро гиред, дар
даруни ҷилдаш дар як коғаз фалон хел дуо ҳаст, раҳматй бародарам дода
буданд, баланд-баланд хонед".
Дар миёни дуохонихр баъзан васият мекард. Соат қариб як шуда буд, ки
падарам оҳиста гуфт: “Расулхон, акнун ту ба хона рав”. Бо модаркалонам
хайру хӯш кардам. У дар ҳолате ки чашмҳояш пӯшида буд, гуфт: “илоҳй
барака ёб, Расулхон, дардҳои дастамро таскин додӣ... хайр акнун рав, агар
аз роҳрав тарсӣ, “лофато”-ро хон.” Ман рафтам. Баъд аз як соат падарам
омаду гуфт: “Соф шуданд’’.
Бори нахуст буд, ки ман дар сари беморе, ки нафасҳои охирини зиндагиро
мекашад, нишаста будам. Тарси кӯдакй доштам, ки дақиқаҳои ҷонканӣ ниҳоят
бимангез аст. Вале он соатҳо дар симои модаркалонам на як тарсу бим, на
як воҳима, на як нишони нафаси охирини зиндагиро медидам. Чунон орому
осуда буд, ки гӯё ба сафари якрӯза ё дурӯза меравад. Ҳоло фикр мекунам, ки
дар он лаҳзаҳо модаркалон нури илоҳиро медид, медид, ки дар пеш дарҳои
ҷаннат боз мешаванд ва ӯ ба маъвои абадии худ меравад...
Модаркалони модариам Маҳтобхон ном дошт ва дар гузари Хоҷаҷонхоҷа
дар хонадони Оқилхоҷа ба дунё омада. Падараш соҳиби богу ҳараму
ҳавлиҳои пуршукӯҳ, шахси мутадайян, аммо ба илму маносиби шаръия мансуб
набудааст. Мо аз модаркалони модарй ҷудо истиқомат мекардем ва таъсири
мақоми ишон дар ҷараёни зиндагии мо камтар буд. Лекин пайванду меҳру
муҳаббати байни мо аз наберагони дигар тафовут дошт.
-21-
Баъд аз вафоти шавҳараш Исохон, ки ҳам қозиву ҳам мударрис буд,
тамоми бори зиндагй ба души модаркалонам афтодааст. Бо захираҳои
шавҳар тӯю маъракаҳои пурхароҷотро модаркалон адо кардааст. Баъд аз
ин бе даромади муайян зиндагӣ ба cap бурдан худ мушкили калони ҳаёт буд.
И лова бар ин дар мудцати ҳашт сол бемордории духтари хурдй, ки бо дасту
пои фалаҷ оҷизу нотавон мехобид, фоҷеаи бедармон буд. Дар ин мудцат
модаркалон ба касе рӯи тамаъу ниёз наоварда, он чи дар мудцати зиндагии
шавҳараш ҷамъ карда буд, фурӯхта, бо кашу кӯк зиндагй ба cap мебурд. Ҳеҷ
гоҳ ба касе шиква накарда, талхиҳои зиндагиро ба бурдборӣ фурӯ бурда, ба
истинно байни мардум мегашт.
Ман эҳтиёҷу мушкилиҳои зиндагии модаркалонамро аз хурдй ҳис
мекардам. Ва аз он рӯзе ки пул пайдо мешуд, ширинкомае ё тӯҳфае ба он
кас мебурдам. Чунин ёриву ёдоварии ҳамешагии ман то охири умри ишон
давом кард.
Мо, наберагон, модаркалони падариро “тӯта” ё “тӯтапошшо” ва
модаркалони модариамонро “ояпошшо” мегуфтем. Ояпошшо зани намозхон
ва Қуръонхон буд. Пекин мисли тӯтаамон тақводор ва миёни занон мавриди
парастишу посдорй набуд. Боре нашунидаам ва надидаам, ки вай дар вақти
бемории бачаҳо дуо хонда “суфу куф” карда бошад. Аммо хислати хоссааш
ин буд, ки зиндагишинос ва таҷрибаи рӯзгор дидаву аз он ибрат бардошта
буд. Дар мавридҳои муносиб ояпошшо аз лаҳзаҳои зиндагии худ бо
ҳамсараш, аз сафарҳои дар ҷавонӣ ба Қазоқхоҷа кардааш ҳикоятҳои ҷолиб
мекард. Агар насиҳате ё панде карданй бошад, аввал ҳикояте аз зиндагии
худ ё наздиконаш меоварду дар охир аз ин ҳикоятҳо натиҷа гирифта, ба
панду насиҳат мегузашт. Ҳар як нақлу ҳикояти ӯро бо шавқу ҳавас ва диққату
таваҷчӯҳи том мешунидам. Ҳикоятҳояш орому ба тамкин, бо тафсилу
таъбирҳои муносиб нақл мешуд. Кӣ медонад, шояд дар сабки нақлу ҳикоёти
ман нақше ё таъсире аз гуфторҳои аҷоиби вай монда бошад.
Меҳнату кулфат ва ҷафоҳои зиндагй баъд аз вафоти шавҳараш ҷисми
наҳифи ояпошшоро охир фарсуда кард. Дар охири ҳаёташ, ки ба ҳадди
ҳаштод расида буд, ояпошшо бемори барҷомонда шуд. Парастории духтарон
ва кӯмаку ёрии тиббиву модции наберагон ҳоли ӯро беҳтар карда натавонист.
Аз Душанбе ҳатталимкон аз ояпошшо хабардорй мекардам, вале мешунидам,
ки беҳбуде дар вазъи вай падидор нест. Дар яке аз рӯзҳои апрели соли 1959
модарам аз телефон хабар дод, ки ҳоли ояпошшо хеле бад аст ва агар
имкон бошад, ҳар чи зудтар ба Самарқанд биёям. Хоҳиши ман буд, ки агар
ба ояпошшо хатари марг биёяд, ҳатман хабар диҳанд, ки ба видои он кас
расида бошам.
Баъд аз як рӯзи ба Самарканд омаданам ояпошшо ҷон ба Ҳақ таслим
намуд. Ҳамаи фарзандону наберагону аберагон, хешу табор ва дӯстдорону
мухлисони дуру наздики ояпошшо ҷамъ туда буданд. Тобутро бардоштанд,
аз тангкӯчаҳои Хоҷаҷонхоҷа ба кӯчаи калони Қӯшҳавз баромада, ба сӯи
қабристони Шоҳи зинда равона шудем. Тобут болои китфи наберагон ва
рохгузарони савобталаб мисли заврзқ шино мекард. Ман ба тобут назар
-22-
дӯхта будам: ояпошшо ҳамаи озору ранҷу талхиҳо ва сахтиҳои тоқатфарсои
зиндагиро дар ин хокдон гузошта, ҳоло озодона, сабукборона ба сӯи манзили
охират мешитобид, то орому осоиши абадӣ насибаш гардад...
АМАКҲОИ МАН
Ҷадди ман панҷ писар доштааст. Ду писар аз зани аввалии фавтидааш
ва се писар аз тӯтаи ман, ки дар аввали солҳои навадуми асри 19 ба издивоҷи
он кас даром а да буд. Ду писари калонӣ Бақохон ва Ризохон ва се писар аз
тӯтаи мо Алихон, Ҳайдархон ва Ҷаъфархон ном доштанд.
Дар бораи Бақохон он чи шунидаам, ҳама нақлу ҳикоятҳои падарам дар
бораи ишон аст. Бақохон таҳсили мадрасаро хуб анҷом дода, вале ба тадрису
мансабҳои қозигиву муфтигй майл накардааст. Ба ҷуз таҳсили хуби Мадраса
Бақохон мактаби русии барои мардуми маҳаллии Самарқанд кушодашударо
(Русская туземная школа) бо мувафаққият хатм карда, баъд аз фароғи таҳсил
дар радифи донишҷӯёни беҳтарин ба тамошои Маскаву Петербург рафтааст..
Пас аз таҳсили мактаб номбурда дониши худро дар забони русӣ боз ҳам такмил
медиҳад, то дараҷае, ки ба хондани осори чунин файласуфе мисли Ссловёв
даст ёфтааст. Аз як ҳуҷҷати ишон, ки дар дасти ман аст, маълум мешавад, ки
он кас ба ҷои муаллими рус, ки ба таътил рафтааст, дар мактаби хатмкардааш
аз забони русй даре гуфтааст. Ин ҳуҷҷат ба соли 1908 тааллуқ дорад.
Бақохон ба маҷаллаву рӯзномаҳои форсиву туркии нашри Русия ва хориҷа
обуна буда ва аз воқеаҳои ҷаҳон ва дунёи мутамаддини берун аз ватан хуб
ошной доштааст. Ишон адабиёти турки усмонй ва осори маорифпарварони
Туркия ва Озарбойҷонро хуб медонистааст. Гувоҳи ин китобҳои бисёре буд,
ки аз нашрияҳои туркиву озарй дар китобхонаи он кас нигаҳдорӣ мешуд ва
ман ба хондани чанде аз ин кутуб дертар даст ёфта будам. Ошной бо
адабиёти туркиву озарй шояд дар вақти сафари ишон ба ин кишварҳо даст
дода бошад. Баъд аз вафоти падарам дар байни коғазҳои кӯҳнааш номае
ба назар расид, ки онро Бақохон аз роҳи сафари Туркия ба қиблагоҳиаш
ирсол доштааст.Ин номаро мехоҳам айнан дар ин ҷо нақл кунам:
Ҳувалфайёз! Ба ҷаноби ҳазрати қиблагоҳӣ - салламаҳуллоҳу таоло!
Баъд аз арзи бандагй ба ҷаноби муаллоюлалқоб шафқат ва
марҳаматмаоб, нусфат ва макраматинтисоб, раъфат ва утуфат оёт ҳазрати
абавии қиблагоҳӣ умедгоҳй ва пушту паноҳй каъбамақоме ва зулэҳтироме
халладаҳуллоҳу ашфоқаҳу ва аътофаҳу маъруз мегардонад, ки дар
понздаҳуми шаҳри ҷумодиюлаввал явми сешанбе соати даҳи шаб дохили
шаҳри Ботум шуда бо ҳамроҳии ҷаноби Сотиболдӣ дар ин ҷо то явми ҷумъа
дар як нумур истиқомат карда, иншооллоҳу таоло явми ҷумъа 18-ми моҳи
ҷумодиюлаввал озими Исломбул мешавем. Ва дигар маротиби аҳвол ва
тариқаи ахбор хайрулмаол ба дараҷаи офият ва хуррамӣ даргузар буда
субҳу шом, балки аладдавом бақои зоти волосифот, мустаҷмаул-ҳасанотро
ба ҷамеи аттибоаҳу ва авлодаҳу истидъо медорам. Умед он чунон аст, ки
тири дуо ба ҳадафи муддао мақрун гардад. Он ҷаноби ҳазрати қиблагоҳи
-23-
низ ба дуои хайрият ёдоварй менамуда бошанд, сармояи саодати дунявй ва
ухравй мегардида бошад. Иншаоллоҳ баъд аз дохил шудани Исломбул боз
як хат карда, ҷои истиқоматро навишта мефиристонам Боқӣ ассалому
алайкум, айём ба ком бод. Дар санаи 1320, дар шонздаҳуми шаҳри
ҷумодиюлаввал явми чоршанба таҳрир ёфт, дар шаҳри Вотум, 7-и июл (ин
ҷо иштибоҳе роҳ ёфта Р.Ҳ.) сана 1902. ад-дой Бақохоҷа.
Бақохон ба рӯзномаву маҷаллаҳои Бухорову Самарқанд ва махсусан
Туркияву Русия хабару мақолаҳо менавишт ва дар он ҷо масъалаҳои муҳимми
маданиву фарҳангии кишвари худ ва умуман олами исломро ба миён
мегузошт. Чунон ки боре устод Айнй гуфта буд, баъд аз таъсиси рӯзномаи
“Бухорои шариф" Бақохон дар идораи ин рӯзнома муддате фаолият
доштааст.
Бақохон шахси донишманд ва дар шеъру адаби форси низ аз
пешқадамони замонаш буд. Китоби “Маснавии" Румӣ, “Анвори Суҳайлӣ", ки
имрӯз дар дасти ман аст, аз осори дӯстдоштаи амуям будааст, ки бо хати
зебо ва хонои худ дар ҳошияҳо ёддоштҳои пурарзиш аз худ боқй гузоштааст.
Хондани шеъру китобҳои ҳикоётро ба падарам он кас талқин ва тарғиб
намудааст ва падарам аз ин мавзӯъ борҳо ба миннатдорй ёдовар мешуд.
Бақохон бештар дар ҳуҷраи вақфии мадрасаи Шердор иқомат мекардааст.
Баъд аз издивоҷ низ дар ҳавлӣ камтар меомада ва зани ҷавонашро бештари
авқот танҳо мегузоштааст. Шояд ба ин сабаб байни амуяму ҷаддам сардие
вуҷуд доштааст, ки аз ин хусус падарам ба тафсил нагӯяд ҳам, ба он ишора
мекард.
Дар як рӯзи аввали тирамоҳ, ки ҷаддам бо иёлу фарзандон дар боғи
Қавола иқомат дошт, бомдод дарвоза сахт тақтақ мешавад. Дар андоми
ҷаддам тарсу бим ҳувайдо мегардад.
- Бақо мурд, Бақо мурд,- оҳиста зери лаб бо ранги парида мегӯяд ҷаддам.
Падарам бо ҳарос ба дарвоза мебарояд. Касе аз шаҳр хабар мерасонад, ки
имрӯз субҳ Бақохонро дар ҳуҷраи худ мурда ёфтаанд. Ҷаддаму падарам зуд
ба шаҳр рафта, маросими таъзия барпо мекунанд ва ҳамон рӯз амуям
Бақохонро ба хок месупоранд.
Сабаби марги муфоҷоти амуям то охир ба касе маълум набуд. Падарам
мегуфт, ки гумони ману қиблагоҳиям бар он буд, ки бародарам заҳр хӯрда
худкушй кардааст. Мегуфт, ки ин гумони мо то андозае асос дошт. Бақохон
акаам каси тунду тез буд, вақтҳои о*ир болои масъалаи оилавиаш бо
қиблагоҳй хеле ҷангу хархаша дошт, то он ҷо ки падар бори охир сахт ранҷида,
ишонро аз наздашон бо газаб пеш карда буд. Шояд дар айни тезиву тундй
савдое ба cap зада, вай ба ин кори мудҳиш икдом карда бошад.
Аммо ман солҳои охир бо фикру андешаи худ ба тақриб натиҷаи дигаре
гирифтам. Дар китоби “Мавнавии” Румй амуям зери бисер байтҳои шойгон
ва ба рӯҳу дили худ наздик хат кашидааст. Аз ҷумла зери бисер байтҳое, ки
аз зиштии ин дунё шикоят дорад ва хонандаро ба тарки ҷаҳон тарғиб мекунад,
бо мидоди сурху кабуд хат кашида шудааст. Ман ба андешае омадам, ки
амуям навмедӣ ва маъюсӣ ва танҳоӣ дар зиндагй доштааст ва сабаби худкушй
шояд аз ҳамин бошад.
Дигар. Чанд сол пеш аз байни китобҳои амуям як корт (откриткае) пайдо
-24-
кардам, ки аз роҳ аз Чорҷӯй ба Когон - Новая Бухара ба номи амуям аз Ася
ном зани рус ирсол шудааст. Дар он корт омадааст (айнан):
Новая Бухара, хлопкоочистительный завод Бухарского правительства
Контора. Мирзе Мустафе, для передачи Бакахану. Многоуважаемый Бакахан!
Искренне благодарю Вас за карточку и газеты. К несчастю Вашей просбы
насчёт карточки исполнить не могу, у нас такие фотографии, что уж лучше не
сниматься, но я скоро уезжаю в Россию и оттуда Вам пошлю. Я теперь очень
занята и писать Вам не смогу и Вы тоже не пишите до следующего моего
письма. Уважающая Вас Ася.
Ин мактуб аз Чорҷӯй 31-ми январ ирсол шудааст. Бақохон дар поёни
мактуб навиштааст: якуми феврали сана 1912, 26 сафари сана 1330 явми
чоршанба гирифта шуд.
Тарҷумаи мактуб ин аст: Бақохони басо мӯҳтарам! Барой мактуб ва
рӯзномаҳо аз самими қалб ташаккур изҳор медорам. Бадбахтона илтимоси
Шуморо дар бораи ирсол доштанам акси худро иҷро карда наметавонам.
Ин ҷо аккосҳо чунонанд, ки беҳтараш аксамро набардоранд. Вале ман ба
зуди ба Русия меравам ва аз он ҷо бароятон мефиристам. Ҳоло ман бо
корҳо ниҳоят гирифтор ҳастам ва ба Шумо хат навишта наметавонам ва
Шумо ҳам то мактуби ояндаам хат нанависед. Бо эҳтиром Ася.
Дар ин вақт адреси ҷои иқомати Бақохон-амак Когон- Новая Бухара
будааст ва дар ҳамин мохдо (март-июл, тахминан) будааст, ки Бақохон-амак
дар рӯзномаи “Бухорои шариф” кор мекардааст.
Мазмуни мактуби хеле сарди Ася - хонуми рус маро ба андешае меорад,
ки сабаби марги ногаҳонии амуям шояд ишқи нокоми ишон бошад ба ин
зани рус. Зеро баъд аз ҳафт-ҳашт моҳи ин мактуб Бақохон ба Самарқанд
бозмегардад ва танҳо дар ҳуҷраи худ ба нохост мемирад. Хуб, ин ҳама занну
гумонҳои мост. Кй медонад шояд сактаи дил шуда бошад ё ягон иллати сахти
ногаҳонӣ! Афсӯс ки ҷавон рафт. Вагарна шояд барои миллат хидматҳои
шоиста мекард. Худо раҳмат кунод ва маъвояш чаннат бошад!
Александр Николаевич Самойлович, туркшиноси машҳури рус (1880-
1938), ки бо амуям дӯсти наздик будааст, баъд аз хондани таъзияномаи
рӯзномаҳои “Бухорои шариф” ва “Вақт” (Оренбург) нисбати даргузашти амуям
дар маҷмӯаи “Мусульманский мир" навишта буд: “Мо у,ам ба таъзияи ду
рӯзнома ба муносибати фавти сокини хоксори ҳуҷраи Мадрасаи Шердор
мутакаллими тоҷик Бақохоҷа шарик мешавем. Шодравон ба адабиёти рус
шавк,и калоне дошт, бо чанде аз шарқшиносони рус дар мукотиба буд ва бо
рагбати том ба ишон вақги ба пойтахти Темур омаданашон мададгорй мекард.
Бақохоҷа ба файласуфи мо Соловьев шавқи калон дошт ва асарҳои вай дар
ҳуҷраи шодравон мавҷуд буд. Ҳангоме ки баъд аз вафот коғазу дафтарҳои
ҳуҷраи ӯро аз назар мегузарониданд, баъзе мусаввадаҳо пайдо шуданд,
ки аз онх,о маълум шуд, ки шодравон ба навиштани рисолае дар бораи
масъалаи зан машгул будааст".
Аз Бақохон як фазанд монд ба номи Абдулҳамидхон, ки дар вақти
даргузашти падар ду сол дошт. Ман намедонам, ки ӯ дар куҷо таҳсил
карда бошад, аммо аз понздах-шонздаҳсолагӣ мухбири пуркор ва
тезқалами газетаҳои тоҷикии шаҳри Самарканд будааст. Дертар бо
-25-
фаолияти омӯзгорӣ машғул шуда, дар курсҳои муаллимтайёркунӣ ва
омӯзишгоҳҳои тоҷикии Самарканд дар сафи муаллимони номдору
пуртаҷрибаи калонсол буд. Дар аввали соли сивуми асри гузашта ба
Сталинобод омада, ҳам ба омӯзгорӣ ва ҳам ба таълифи китобҳои дарсии
забони тоҷикӣ бо муваффақият машғул гардид.
Абдулҳамид (дар китобу мақолахряш - Ҳамид) забони хеле ширину
фасеҳ дар таълифу таҳрир дошт. Маро дӯст медошт, як-ду бор аз
Сталинобод мактубҳои ширину навозишкорона ҳам навишта буд. Шавқу
ҳаваси маро ба адабиёт ва хондану навиштан тарғиб ва табрик менамуд.
Баробари меҳрубонӣ ва меҳри гарм ба атрофиён одами хеле тунд ва тез
нисбат ба беадолатй ва риёву дурӯг буд. Бо шахсоне ки бе саводу дониши
казой даъвии олимӣ мекарданд, мувосо карда наметавонист. Ин тундмизоҷӣ
ва носозии ӯ хусусан дар ҳолати мастии ӯ хеле боло мегирифт. Соли 1942
ӯро ба аскарӣ даъват карда ба ҷанг фиристоданд. Мегуфтанд, ки ба ин
даҳшаткадаи ҷанг рафтани вай низ ба сабаби мизоҷи оташин ва носозгори
ӯ будааст. Вагарна Абдулҳамидхон ҷуссаи наҳифу хурде дошт мисли Ватвот,
ки ёрои туфангбардорй намекард. Хулоса, соли 1943 хабари ҳалокати вай
ба Самарканд расид. Модари бечора дар ғаму ғуссаи писари ҷавонмаргаш
савдозадэ аз ҷаҳон гузашт.
Бародари хурдии Бақохон - Ризохон тақрибан дар соли 1887 мутаваллид
шудааст. Мо ишонро ба эътибори бузургӣ аз падар ва амуи хурдиамон
“амактӯра” мегуфтем. Ризохон низ дар мадрасаи Шердор таҳсили илм намуда
буд Пас аз хатми Мадраса падараш дар ивази заҳамоти тӯлонии таҳсили
улум ӯро ба сафари Бухоро мефиристад. Дар ҳамин шаҳр Ризохон ба кадом
муносибате бо Садриддин Айнй шинос мешавад ва онҳо зуд бо ҳам дӯст
мешаванд. Айнй Ризохонро бо ҷойҳои мутабаррак ва таърихии Бухоро ошно
мекунад. Ризохонро барои дидор ва зиёрати Шарифҷон махдуми Садри
Зиё ба шаҳри Каркӣ мебарад, ки охируззикр ба мансаби қозигии ин музофот
маъмур буд.
Дӯстии Ризохон - амакам бо устод Айнӣ баъди инқилоб хам идома дошт.
Баъд аз ҳиҷрати Айнй ба Самарканд соли 1918 дар қатори равшанфикроне,
ки ишонро хуш пазируфтанд ва барои сихҳэти комили ишон хеле саъю кӯшиш
ба харҷ доданд, Ризохон низ буд. Хал о чзнд муддат Айнй дар ҳуҷраи вэқфии
мадрасаи Шердор ба ҳамроҳӣ ва парзстории Ризохон иқомат карда будааст.
Баъд аз ин ҳам Ризохон ба ҳавлии устод Айнй рафту омад дошт. Солҳои 37-
38 хурд будаму Ризохонамак ба падарам аз дидору сӯҳбати худ бо Айнй
ҳикоят мекард. Дар ин зимн номҳои Фирдавсӣ, султон Маҳмуд, Ҳасани
Маймандиро аз даҳони амакам мешунидам. Боре аз Восифй низ сӯҳбате
доштаанд бо устод Айнй ва аз мазмуни сӯҳбат ба падарам нақлҳо мекард.
Агар хато накунам, яке аз нусхаҳои хубтарини “Бадоеулвақсеъ”-ро барои
устод Айнй Ризохон пайдо кардааст.
Ризохон аз соли 1918 дар мактабҳои тоҷикии Самарканд ба таълими
синфҳои ибтидоӣ машғулият дошт. Аввалҳо дар мактаби номдори 11-ми
гузари Шарбатдор ва баъд то ба баромадан ба нафака дар мактаби раками
15-и гузари Фақеҳ Абӯлайс муаллим буд. Барои хидматҳои тӯлонй дар соҳаи
-26-
маориф бо фармони Шурой Олии Иттиҳоди Шуравй бо ордени Ленин
сарфароз гардида буд.
Ризохон-амак каси тунд ва бадхашм буд. Аммо зуд дармегирифту зуд аз
қаҳр мефуромад. Дар ин маврид хеле нарму хушфеъл ҳам мешуд.
Ҷӯраҳояшон ин хислати Ризохонро хуб медонистанд. Дар вақти хашм
гирифтанаш аз вай намеранҷиданд. Падарам дар ин маврид ҳикояте карда
буд. Баҳром-махсум ном дӯсти бародарашро тасодуфан дар роҳ дидааст.
Пурсидааст куҷо меравад. Баҳром-махсум хандида мегӯяд: “Назди Ризохон
меравам. Камтар дилҳоро сиёҳ карда биёем. Вагарна хеле аз худ рафтаем."
Ризохон - амак хоҳари калониам ва маро, ки ҳар ду дар ҳавлии маврусии
ҷаддамон чашм ба дунё кушода будем, дуст медошт. Дар даҳ-дувоздаҳсолагӣ
зуд-зуд меҳмони он кас мешудам. Гоҳо ба шӯхӣ мегуфт, ки “Расул, шикаматро
дар хона дуруст сер карда омадй? Мо дар хона ҳезум надорем, ки ягон чиз
пухта туро зиёфат кунем'’. Он кас шавқу ҳаваси маро ба шеър дида ва
хусусан шеърнависии маро шунида, байтҳои шоирони гузаштаро мехонд ва
вазифа медод, ки то рӯзи дигар чанд байти онро аз ёд кунам. Ҳамсараш
зани ниҳоят меҳрубон буд ва фарзанд надошту аз ҳар омаданам як ҷаҳон
шодиву хурсандй дар дилу рӯҳаш пайдо мешуд, хӯрокҳои болаззат пухта
маро меҳмон мекард. Рӯзи дигар саҳар бедор шуда, ба амактӯра мегуфтам:
“Хӯроки дишабаатон чунон кам буд, ки аз гуруснагй шаби дароз хобам
набурд”. Амактӯра қоҳқоҳзанон механдид.
Ризохон-амак пас аз фавти ҳамсараш дар соли 1942 сахтиҳои танҳоиро
дид. Боре бо касалии домана дар бемористон хобид. Ягонамо будем, ки аз
вай хабардорй мекардем. Рузе модарам ба бемористон ба аёдати Ризохон-
амак рафт. Духтурҳо гуфтаанд, ки ҳолаш хуб нест ва коғазеро аз он кас ба
модарам супурдаанд. Коғазро падарам хонд: васиятнномаи амаки нимҳушу
нимбедор будааст. Тамоми адои маросими мурдадорӣ ва тақсими меросро
ба падарам ба тафсил навиштааст. Ҳангоме падар хонд, ки “ҳама китобҳои
дастнависро ба Расулхон диҳед’’, гиряаамро нигоҳ дошта натавонистам.
Маълум мешавад маро ба ҷои фарданд дӯст медоштааст, ба ман бовар ҳам
доштааст.
Худоро шукр, ки аз ин бемории хатарнок сиҳҳат ёфт. Баъд аз ду сол ба як
зани бофаҳму бомаънӣ ба номи Ҳоҷархон бо таргиб ва тавсияи модарам
издивоч кард, зиндагии хеле осудаву аҳлона сохт, дар шасту панҷсолагӣ
падари се фарзанд - ду духтару як писар шуд.
Ҳар бор ки аз Тошканд ба Самарканд омадани маро мешунид, ба диданам
меомад. Ман ҳам дар навбати худ чанд бор ба хонаи ишон мерафтам. Аз
таърих ва китобҳои таърихӣ бисёр сӯҳбат мекард. Боре дар поёни сӯҳбати
гарму пурмеҳр гуфт:
— Расул, аз бобои ту бисёр китобҳои нодиру гаронбаҳо ба мерос монда
буд. Афсӯс ки ин китобҳо ба сабабҳои гуногун аз дасти ман рафт. Агар
медонистам, ки дар хонадони мо мисли ту як китобдӯсту илмдӯст ба воя
мерасад, китобҳоро ба ҷон барои ту х,ифозат мекардам. Ҳоло ду-се
дастнависи қадиму пурбаҳо дар дасти ман аст, онҳоро ба ту месупорам. Ин
китобҳо на фақат аз ман, балки аз бобои ту, аҷдоди ту ба ёдгорй мондааст.
-27-
Китобҳоро хуб нигаҳдорӣ кун, бигзор аз наел ба насл гузаранду нишони
хотираи аҷдоди мутабарраки мо бошанд.
Ин сӯҳбат тахминан ду-се сол қабл аз даргузашти вай воқеъ шуда буд.
Дастнависҳо ҳоло дар дасти мананд. Худо кунод, ки солхри дароз аз насл ба
насл гузашта, ёдгори аслофу аҷдоди мо гарданд.
Ризохон-амак соли 1962 ба олами бақо риҳлат намуд. Ҳоло писари ишон
Шуайбхон чароғи падарро дар ҳавлиаш фурӯзон медорад.
Амаки хурдиам Ҷаъфархон соли 1908 мутаваллид шудааст. Аз солҳои
кӯдакй то хонадор шуданаш зери парастории падарам буд. Баъд аз хонаву
ҷой кардан ҳам мо ҳамчун як оила бо ҳам наздик зиндагй мекардем. Ишон
хондану навиштанро ба хати арабй назди падараш ва бародаронаш
омӯхтааст. Баъд аз инқилоб муддате дар омӯзишгоҳ таҳсил намуда, соли
1926 бо гурӯҳи донишҷӯёни Узбекистан ба Боку, ба омӯзишгоҳи таълимй
меравад. Баъд аз бозгашт дар Самарқанд ба Академияи педагогӣ ба
факултаи биология дохил шуда, баъд аз хатми он соҳиби дипломи ихтисоси
илмҳои биологӣ мешавад. Аз соли 1932 Ҷаъфархон-амак то охири умр дар
мактабҳои тоҷикии Самарқанд ва чанд муддат дар омузишгоҳҳои Панҷакент,
Сталинобод ва ноҳияҳои кӯҳистони он аз биология ва кимиё дарс мегуфт.
Ҷаъфархон-амак ҳарчанд биолог ва кимиёшинос буд, аммо ба шеъру
адаб ва ҷамъоварии китобҳои қадимиву нависандагони муосири тоҷик шавқу
муҳаббати саршор дошт. На танҳо китоб ҷамъ мекард, балки ин китобҳоро
ба диққати том ва бо назари таҳқиқ мехонд ва сараро аз сақат хуб ҷудо
мекард. Адабиёти турки усмонӣ ва озариро хуб мехонд ва нағз мефаҳмид.
Падарам ҳикоят мекард, ки “ман ба амакат қариб ҳар ҳафта ба Боку пул
мефиристодам, ки сарфи маошу зиндагй кунад, аммо вай ба ин пул китобҳои
таъриху таърихи адабиёти турк харида, бо почта ба ман мефиристод”. Дертар
ҳам, хусусан дар солҳои панҷоҳум, ман дар хонаи ишон аз дастнавису чопи
ҳинду эрон осори классикони форсу тоҷикро медидам, ки дар сандуқу қуттиҳо
пинҳон медошт. Аз ин китобҳо ба касе иттилооте намедод, ҳатто падари ман
ҳам аз ин китобҳо бехабар буд. Вақтҳои таътил ба Самарқанд омаданам
китобҳои нодири худро ҷудо карда, ба ман нишон медод ва барои хондан
низ ба амонат ба ихтиёри ман вомегузошт.
Ҷаъфархон- амак маро чун нахустҷияни худ дӯст медошт ва аз бачагӣ
ҳамеша бо худ ҳамроҳ гирифта мегашт. Ман базӯр дар хотир дорам, ки чор
сола ё панҷ сола будам, маро гирифта ба техникуми тоҷихии гузари Хонақоҳ
ба даре мебурд. Дар пеши худ ба стуле менишонду баъд ба дарсгӯӣ cap
мекард. Барои он ки дилгир нашавам, китобҳои мусаввари олами ҳайвонот,
наботот ва дигар аҷоиботро ба дастам медод, ки то охири дарс саргарми
дидани суратҳои аҷиб будам. Баъд аз он ки китобхони гузаро шудам,
Ҷаъфархон-амак аз Сталинобод китобҳои чопи навро савготй меовард, чунки
ин китобҳо ба дӯконҳои Самарқанд дертар меомад. то ҳол фаромӯш
намекунам, ки се китоби "Бачаҳои капитан Грант”-ро, ки аз Сталинобод оварда
буд, бо шавқи тамом такрор ба такрор мехондам.
Ҷаъфархон-амак чанд сол дар Сталинобод дар Комвуз ба ҳайси муаллим
кор карда, дӯстони бисёр пайдо карда буд. Агар хато накунам тобистони
соли 1936 сайри Сталинобод ихтиёр карда, мэро ҳамроҳаш гирифт. Ин
-28-
сзёҳат ҷаҳони наве барои ман буд. Хусусан як шабона дар поездхоб кардан,
стансияҳоро аз тиреза тамошо кардан, ба ресторан барои сарфи ғизо рафта,
болои чархҳои гардон нишаста таом хӯрдан ҳама аҷоиботи ин сафар буд.
Дар Сталинобод мо ба хонаи Суҳайлӣ рафтем. Ин квартирае буд дар
иморати чӯбини дуқабата, ки он ҷо шоиру нависандагон зиндаги мекарданд.
Баъдҳо фаҳмидам, ки ин ҳамон хонаи таърихии кӯчаи Орҷоникидзе,
иқоматгоҳи шоиру нависандагони номдори он солҳо будааст.
Дар ин хона боз киҳоро дидам, дар хотирам нест, аммо рӯзе пагоҳи ба
хонаи Суҳайлй аз табақаи дуввум касе фуромад ва онҳо байни худ суҳбате
доштанд. Баъд аз рафтани он шахс амакам ба ман гуфт, ки “ана ҳамин одам
Ғанӣ Абдулло - драматурги зӯри Тоҷикистон аст.” Симои ҳамонвақтаи Ғани
Абдулло то имрӯз пеши назар ҷилвагар аст. Дар ин даргоҳ албатта меҳрубони
ва нармсухании соҳиби хона Суҳайлӣ маро ҳамчун кӯдаки навозишдуст
мафтун карда буд. Шабе амакам ва дӯстонашон ба тамошои пиесаи
"Мубориза” рафтанд ва маро низ ҳамроҳ гирифтанд. Дар балкон нишаста
намоиши муборизаи зидди босмачиёнро бо шавқи кӯдакона тамошо кардам.
Ин пиесаи аввалин буд, ки ба забони тоҷикӣ тамошо мекардам^ Дар
Самарканд ду- се бор театр бурда буданд, намоишҳо ҳама ба забони узбеки
буданд.
Баъд аз чанд рӯз Ҷаъфархон-амак бо ду-се нафар дустонаш озими
тамошои Маскав шуданд. Баъд аз як шабонарӯз тахминан соатҳои 12-и шаб
ба Самарканд расидем. Маро ба як дӯсташ супорида хоҳиш намуд, ки ба
ҳавлиамон расонад. Шаб дар шаҳри нав дар хонаи ҳамон одам хобидам.
Рӯзи дигар падарам омада ба хонаамон бурд. Ин буд сафари аввалинам ба
“диёри тоҷикон ки ба шарофати Ҷаъфархон-амакам муяссар шуда буд.
Баъд аз понздаҳ-бист рӯз Ҷаъфархон-амак аз сафари Маскав бозгашт
ва барои ман ду китобчаи аксҳо ба армугон овард. Яке маҷмуи аксҳои рангини
меъмориҳои таърихии Кремл буд. Дигаре китобчаи фотои стансияҳои
метрополитени аввалини Маскав буд. Бо хоҳараму додарам аксҳоро такрор
ба такрор тамошо мекардем. Ба ҷӯраҳову хешбачаҳо бо ифтихор нишон
медодам. Ин аксҳо ороишу зинати китобхонаи хурди ман буд. Қисми зиёди
аксҳо имрӯз дар фототекаи ман нигахдорй мешавад.
Ҷаъфархон-амак соли 1932 издивоҷ кард ва соли 1939 аз ру ба рӯи ҳавлии
мо манзиле харидорй кард ва то охири умр дар ҳамон ҷо зиндаги ба cap
бурд- ^ , _
Ҷаъфархон-амак одами хандонруй, шух, зариф, мутоибадуст ва ринд
буд. Гоҳо шӯхиҳое мекард, ки куҷо росту куҷо ҳазл аст, фаҳмидан душвор
буд. Медонист, ки Ризохон-амак каси тунд ва бадқаҳр аст, бо вуҷуди ҳамин
бо он кас шӯхиҳои бебокона мекард. Ризохон-амак як оташ гирифта,
Чаъфархон-амакро сахт коҳиш менамуд. Ҷаъфархон-амак оромона
табассум карда бо сари хам ҷанги он касро гӯш мекард. Баъд аз чанд лаҳза
Ризохон-амак каме аз қаҳр фуромада мегуфт: “Пекин ин шӯхию
мулоимхунукиро фақат Ҷаъфархон карда метавонад ва ба худаш мезебад
ҳам”.
Солҳои охир Чаъфархон-амак бо ман унс гирифта, муносибат ва
сӯҳбатҳои мо бародарона ва “калонона” мешуд. Дар ҳар сӯҳбат медидам, ки
-29-
ишон аз вазъи адабӣ ва китобҳои ба тозагй чопшудаи Тоҷикистон хуб воқиф
аст. Аксари китобҳои матбӯъ ва намунаҳои адабии дар маҷаллаву рӯзнома
чопшударо хонда, роҷеъ ба ҳар яки онх,о фикру мулоҳизаҳои дақиқ ва қобили
тавачҷӯҳ дошт. Дар зимни сӯҳбатҳои ширин медидам, ки бемории зиққи
нафас дар ҳар дидор сахттар ва сурфаҳояш дилхароштар ва тӯлонитар
мешуд.
Дар аввали мох,и июни соли 1974 писараш Парвизхон телфон кард, ки
вазъи сиҳхдти падар нохост вазнин шудааст. Рӯзи дигар субх; ба Самарканд
парвоз кардам. Пеш аз расиданам ба Самарканд чанд соат пеш Ҷаъфархон-
амак ин ҷаҳонро падруд гуфтааст. Ҳамон рӯз ба хок супурдем дар қабристони
Шоҳи зинда, наздик ба маҳалли мадфани хонадони миракониён. Ҳар бор ки
ба Самарканд меоям, нахуст ба зиёрати қабрҳои падару модар, Ҷаъфархон-
амак ва се амубузурги худ меравам. Болои санги хорой сиёҳфом ному насаби
амакам бо илҳоқи унвони фахрии “Муаллими хидматнишондодаи
Ӯзбекистсн" сабт шудааст. Бале, ишон муаллими бисёр шогирдон буд. Имрӯз
чанд тан адибу нависандагони Ланҷакентй дарсҳои пурмазмуни ишонро
дар омӯзишгоҳ бо миннатпазирӣ ёдовар мешаванд. Ман имрӯз ишонро
ҳамчун мураббии худ, ки бори аввал ба дарсхонаи худ бурда буд ва баъд
ҳам борҳо ба ман чизи маҳбуб ва марғубтарини бачагиам - китобҳои аҷибу
ғарибро зхдо мекард, ба ёд меорам. Аминам, ки дар нумӯи шукуфаҳои
аввалини машқҳои адабиам нақши Ҷаъфархон-амак муҷаллс ва назаррас
аст Ҷояшон ҷаннати таҳтаҳуланҳор гардад!
ГУЗАРИ МАДАНИЯТ
Падарам дар вақти ба вуқӯъ омадани инқилоби октябр толибилми
мадрасаи Шердор буд Баъд аз барқарор гардидани ҳокимияти шӯрави
таҳсили мадрасахр қатъ гардид ва падарам ҳуҷраи меросиро ба ҳолаш
гузошта, ба Тайлоқ, ба боғи меросии падар бзргашта, бо модару ду
бародараш - Алихон ва Ҷаъфархон иқомат ихтиёр намуд. Баъд аз
даргузашти ҷаддам ҳавлии гузари Қозӣ Калон ба Ризохон ва боғҳои Тайлоқу
Қавола ба модаркалонам ва се писари он кас мутаалиқ шуд.
Падарам соли 1918 модарамро ба издивоҷ дароварда ба Тайлоқмеорад.
Ҳамин сол дар Тайлоқ мактаби хурде ташкил намуда ба т аълими хату саводи
кӯдакони боғот машгғул мешавад. Ҳамзамон ба бародари калониаш Алихон
дар боғдориву деҳқонӣ ёрӣ мекард Рӯзҳои муэйян ба шаҳр рафта дар курси
муаллим тайёркунӣ таҳсил менамуд. Баъд аз гирифтани ҳуҷҷати расми ба
номи муаллими мактабҳои нави шӯравӣ ба яке аз мактабҳои шаҳр ба ҳайси
муаллим таъйин мешавад. Дар шаҳр кор кардан ва сари чанд вақт ба Тайлоқ
рафта омадан мушкилиҳои зиёд дошт. Бинобар ин падар охири соли 1922
ба Самарканд бо модарам мекӯчад ва дар яке аз хонаҳои қавлии калони
боҷааш Масъудхони Беҳбудй манзил мегирад.
Баъд аз омадан ба шаҳр фаолияти муаллимии падарам хэпе вусъат
меёбад ва ҳамчун ташкилотчии корҳои таълим ном мебарорад. Вай дар
қатори муаллимони таҷрибадор мисли Абдулқодир Шакурӣ, Исматулло
-30-
Раҳматуллозода, Саййид Ризо Ализода бо ҳамсафони худ - Осим Исматӣ, .
Аъзамхон Шаҳидӣ, Ҳақбердӣ Усмонӣ ва ғайра барои ташкил ва ҳифзи
мактабҳои тоҷикии Самарканд заҳамоти зиёде ба харҷ додааст,
Соли 1924 падарам модар ва бародари хурдиаш Ҷаъфархонро ҳам (се
сол пеш Алихон аз ҳаёт чашм пӯшида буд) ба шаҳр кӯч медиҳад. Ва ҳамаи
онҳо ба ҳамон ҳавлии Қозӣ Калон - дар қисмати берун манзил мекунанд.
Дар аввали соли 1926 маорифи шаҳри Самарқанд падарамро ба мактаби
машҳури Самарқанд - мактаби якум мудир таъйин мекунад. Мактаб дар
ҳавлисарои Усмонбои пахтафурӯш дар гузари Қӯшҳавз воқеъ гардида буд.
Дар чунин мактаби номдор мудир таъйин шудан обрӯву мартабаи баланд
буд. Амакбачаи падарам Бурҳонхон, шахси босаводу шоиртабиат,
падарамро бо ин вазифаи пурифтихор табрик намуда, қасидае иншо
намудааст, ки хостам ба ёди шоири шодравон ин ҷо мундариҷ созам:
Фазлат мазид бод, аё зубдаи шубоб,
Аз кар улуми дунявӣ дорӣ ту иртикоб.
Аз кофаи улуму фунун ҳасти бахравар,
Чун илму фанни кикмату кам санъати кисоб.
Санноъи лоязол туро карда эътибор
Цар назди ин хукумат, ҳам байни шайху шоб.
Дар мактаби якум шудй раъсулмуаллимин.
Он ҷо нишаста мекунӣ таълиму иктисоб.
Рӯзе ки ин кукумати шӯро намуд зухур,
Дорӣ ба кар вазифааш ...(?)китоб.
Аввал шудӣ муаллиму в-аз баъди он мудир,
Пекин надидам як даме акеолат инқилоб.
Ин ҷодаи мудирият бодо аладдавом,
То рӯз дорй дар ҷакон, бошй ту комёб.
Коей камеша доъии ту аст дар ҷакон,
Эй дил, набинй як даме чун кулфату азоб.
Дар поёни шеър Бурҳонхон илова намуда: Огоҳӣ: Барои ёдгорй ва аз
камолоти дӯстӣ ин мадҳи муназзам ба сӯи Шумо фиристода шуд. Умед аст
баъзе ғалат шуда бошад, ба тасҳеҳи он кӯшед. Чунки фақир аз илми шеъргуи
барӣ, аммо шуғли номунтаҳо дорам дар бораи шеъргӯй. Биноан гоҳо барои
аҳбоб ин гуна шеърҳои лояънӣ мегӯям. Дӯсти шафиқатон Вализода
(Бурҳонхон), соли 1926 милодӣ, 27 июл.
Дар ин солҳо обрӯю манзилати падар дар шаҳр чун муаллим ва
равшанфикр афзуд ва вазъи иқтисодии оила ҳам хеле беҳтар гардид. Падарам
мегуфт, ки он солҳо наздик ба дусад червони тиллой моҳона мегирифт ва ба
як-яку ним сӯм аз бозор гӯсфанди бӯрдоқӣ харидан мумкин буд.
Баъд аз он ки падар аз моҳонаи худ маблаги муайяне пасандоз кард,
соли 1927 аз гузари Маданият ҳавлии маъмур ва ободро харидорй намуда,
бо аҳли оила ва модару додараш Ҷаъфархон ба он ҷо кӯчид. Ин ҳавлиро
Рустамбой ном шахси богдор барои иқомати хонаводааш дар фасли
зимистони шаҳр андохта буд. Саҳни ҳавлй хеле хурд ва гирдогирди саҳн
айвону тахрсонаҳо ва болои онҳо хонаҳои истиқоматӣ воқеъ гашта буд. Гузари
Маданият дар асл Орифҷонбой ном дошт ва чунонки дар “Самарқанднома”
-31-
навиштаам, дар охири садаи 18 ва аввали 19 бо кӯшиш ва маблаги
Орифҷонбои тошкандй бунёд ёфта буд.
Баъд аз инқилоб гузарро Маданият ном ниҳоданд. Ин чанд сабаб дошт.
Аввал ин ки дар гузар мактаби рақами 4 кушода шуд, ки дар шаҳр соҳиби
шуҳрату эътибор гардид. Дигар ин ки аз ин гузар равшанфикрони маъруфи
Самарканд зуҳур карда буданд. Яке аз сокинони собиқадори гузар Қорӣ
Осим Исматй буд, ки дар он солҳо мудири мактаби номдори Абдулқодири
Шакури таҳти рақами 11 дар гузари Шарбатдор буд. Додари Қорӣ Осим
Обид Исматй дар охири солҳои бистуми асри гузашта ба Сталинобод рафта,
дар идораҳои фархангу маориф маъмури вазифаҳои масъул буд. Аз ҷумла
дар назди Шӯрои Вазирони Тоҷикистон котиби масъули Кумитаи алифбои
нав буд. Вай соли 1937 гирифтори террори сталинй гашт ва дар ҳамин шаҳр
ба қатл расид. Ҳоло дар девори ҳавлии Қорӣ Осим лавҳаи ёдгорӣ ба хотираи
Обид Исматй гузошта шудааст.
Қорӣ Осим аз шахсони пешқадами шаҳр буд. Дар ҳамон солҳо ҳавлии
кӯҳансохти худро аз нав ба тарзи урупой таъмир ва тармим намуда, ба оини
нав зиндагй мекард. Дар маркази гузар дар ҷоҳои харобу валангор чорбоғи
нав сохта ва чойхонаи сурхи гузарро бунёд ниҳод. Дар ин гузар хонадони
Шаҳидиҳо зиндагй мекард. Сарвари ин хонадон се бародар дар шаҳр
шахсони обрӯманд ва номдор маҳсуб мешуданд. Шаҳидиҳо аз хоҷагони
ҷомафуруш буданд, ки касбу кор ва машғулияти онҳо тиҷорат ва дӯкондорӣ
буд. Муқаддасхон Шаҳидй калони ин хонадон соҳиби маърифат ва одами
шеърдӯсту адабпарвар буд. Ишон дар охири солҳои бистум бо оилаи худ ба
Душанбе кучида, ҳамин ҷо иқомат ихтиёр кард. Писари вай Зиёдуллохон
дар дастаҳои мусиқӣ ва гурӯҳҳои театри тоҷик кор мекард. Муқаддасхон
соли 1937 дар солҳои террор зиндонй ва ба Сибир табъид гардид ва ҳамон
ҷо аз ҷаҳон чашм пӯшид.
Зиёдуллохон дар театр ва доираҳои санъати мусиқй фаолияти худро бо
мувафақият дзвом дода, дар андак муддэт бз сифзти охангсоз хам шинохта
шуд. Таҳти роҳбарӣ ва ёрии мусиқишиносони рус ва дертар дар натиҷаи
таҳсил дар Консерваторияи Маскав Зиёдулло Шаҳидӣ ба таълифи асарҳои
мусиқии полифонӣ ҳам даст ёфт. Чанд симфония ва операҳои миллим тоҷикӣ
аз осори солҳои охирини Шаҳидй буд. Суруду таронаҳои Шаҳидй ки бо рӯҳи
халқӣ ва классики дар байни мардум то имрӯз маъруф ва маҳбуб аст.
Оҳангҳои Зиёдулло Шаҳидӣ ҳанӯз пеш аз ошной бо ӯ дар дил нисбат ба
ин шахе эҳтиром ва гармие бедор карда буд. Баъд аз он ки ба Душанбе
омадам, бо Шахидй ошнозу ҳамсӯҳбат ва солҳои охир наздику қаринтар
гаштам. Вай марди хушеурате буд, ки бо садои нарм ва оҳанги хуши гуфтор
(мисли ной классикй) зуд касро ба худ ҷалб мекард. Дар сӯҳбат кзмсухан,
аммо дар меҳмоннавозӣ ва унсу улфат хеле гиро ва ҷолиб буд. Дар вақти
таълифи операи "Комде ва Мадан”, хусусан операи Т уломон" аз рафти кор,
душворию лаҳзаҳои илҳомбахши худ, аз осори Айниву Бедил бо эҳсоси гарм
суҳбат мекард. Оҳангсозони касбии ҷавон, ки пас аз хатми консерватория
дар назария ва амалияи мусиқии муосир дасти боло доштанд, оҳангҳои
дилчаспу нотакрори устоди худро эътироф мекарданд, дар мусиқии полифонй
низ кушиш ва самараҳои заҳамоти ишонро таедир ва таҳсин менамуданд.
-32-
Дар аввали соли 1984 рӯзе Шаҳидиро дар Вазорати маданият дидам.
Медонистам, ки ҳамон сол моҳи май Шаҳидӣ 70 солро пур мекунад. Аз ин
мавзӯъ ran кушодам, табассум карду гуфт:
— Ҳафтодсолагӣ хуб аст, лекин мехостам ба ин синну сол ягон асари нав
эҷод кунам ё ба таълифи он шурӯъ кунам. Мана дар ҳамин ҷо дар бораи
шумо фикр мекардам. Чӣ мешуд, ки ҳардуямон дар бораи Ҳоҷӣ Абдулазизи
самарқандӣ опера созем. Либретто аз шумову мусиқӣ аз ман. Воқеоти
зиндагии Ҳоҷӣ ва мусиқиҳои он кас бунёди хуби опера хоҳад шуд.
Гуфтам, ки бо камоли шавқу ҳавас ба иҷрои ин кор омода ҳастам
Бале, ҳамон сол мебоист ҷашни ин шахси намоёни ҷумҳуриро сазовори
хидмату мартабаи ӯ таҷлил мекарданд. Бояд гӯям, ки Шаҳидӣ дар ин
марҳилаи умр ташнаи шӯҳрату ҷоизаву нишонҳо набуд. Ӯ мувофиқи^аҳмат
ва хадамоташ ба такдиру таҳсини давлату ҷомеа сазовор гашта буд. Ӯ раиси
Иттифоқи оҳангсозон ва чанд муддат вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб
шуда буд. Аз ин сабаб шахсан худаш чандон ташнаи таҷлили
ҳафтодсолагиаш набуд. Аммо дар омодагӣ ва ташкили ҷашн, ки ба он дӯстону
шогирдону ҳамкоронаш мутасаддй гаштанд, сардй ва муносибати носазои
Котиби кумитаи марказии ҳизб Гулҷаҳон Бобосодиқоваро ҳис намуд. Ман
ҳам чунин муносибатро дидаву шунида дар ҳайрат мондам.
Хулоса, ҳам соҳибҷашн ва ҳам аҳли хонаводаи вай ба дастгирии идораи
мӯътабари ҳизбй умед набаста, дар яке аз шабҳои моҳи май соли 1984 дар
ҳавлии Шаҳидӣ пайвандонаш зиёфате ба ифтихори 70-солагӣ оростанд.
Дар ин шаб Муҳаммад Осимй, Миршакар, Мӯъмин Қаноат ва дигар
оҳангсозону адибони мухлис ва дӯсти Шаҳидӣ ҷамъ омадем. Шаби оҳангу
наво, шаби бузургдошти санъати мусиқии мо, шаби фаромӯшнашавандаи
ҷашни зодрӯзи Шаҳидй буд. Аз симои Шаҳидй намоён буд, ки озурдагии
дили нозуки худро аз сардиҳои нобаҷои калоншаванда фаромӯш карда,
дар оғӯши гарми меҳри дӯстон, дар фазой баланди илҳоми эҷодӣ озодонаву
дур аз ғам нафас мегирифт...
Як сол аз ин шаби биҳиштӣ нагузашта буд, ки 15-ми феврали соли 1985
Шаҳидӣ дар асари бемории ғайричашмдошт аз ҷаҳон чашм пӯшид. Дар
саҳни ҳавлие, ки фасли баҳори соли гузашта садои шодиву қаҳқаҳи дӯстон
фалакпеч буд, имрӯзи зимистон оҳангҳои мотам ва садоҳои ҷонхароши
Шашмақом" садо медод...
Ҳоло дар ин ҳавлй Музеи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии Зиёдулло
Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ созмон ёфтааст ва
чароғи ёди падарро фарзандонаш фурӯзон медоранд.
Бармегардем ба гузари Маданият, ба қиссаи Шаҳидиҳо. Аз ин хонадон
боз ду Шаҳидӣ буданд. Аъзамхон ва Аъламхон Шаҳидӣ. Аъзамхон Шаҳидӣ
аз математика ва Аъламхон аз табииёт даре медоданд. Аъламхон дар
ҷавонӣ, тахминан солҳои 1939 аз олам даргузашт. Аъзамхон Шаҳидӣ то
солҳои 1960 дар мактабҳои миёнаи тоҷикӣ аз математика даре медод ва дар
ин ҷода аз муаллимони номдор буд. Аъзамхон Шаҳидӣ бо падарам дӯсти
қарину бародар буд. Ҳар ду ҳамеша аз ҳоли ҳамдигар бохабар буданд.
Аъзамхон Шаҳидӣ дар синну сол аз падарам хурдтар буд ва панҷ шаш сол
пештар аз падарам фавтид. Падарам то дами охирин аз Аъзамхон Шаҳидй
-33-
бо меҳри бародарӣ ёдовар мешуд. Ман ҳам симои дилкаш ва нуронии уро,
ки ба ин ҷониб меҳри гарм дошт, аз ёд намебарорам.
Аз сокинони обруманди гузари Маданият Ғани (ё Абдулганй)
Саломзодаро бояд ёдовар шавам. Ғанӣ Саломзода аслан аз гузари
Тошкандии Оқсабот буд. Бародарони ӯ Абдулваҳҳобака, Абдуислом,
Абдунабй ва худи Абдулғанӣ қассобҳои касбӣ буданд.
Ғанӣ Саломзода дар омӯзишгоҳи тоҷикии шаҳр аз забони модари дарс
мегуфт. Бо падарам дӯсти наздик буду дар забономӯзӣ худро шогирди ӯ
ҳисоб мекард. Ҳавлии Саломзода ба манзили мо наздик буд ва ҳар субҳ
ҳамроҳи падарам пиёда ба омӯзишгоҳ мерафтанд. Каси шух, мутоибадӯст
ва зариф буд. Гоҳо субҳ баъд аз он ки падар либос пӯшида аз хона мебаромад,
“хӯш, муаллим, рӯймолча фаромӯш нашудааст? Конспект чй? Хуш, қаламу
қариндош-чӣ” гуфта мепурсид ва баъд мегуфт: "Ана акнун хотирҷамъ то
омӯзишгоҳ чақчақ карда меравем. Вагарна муаллим дар айни сӯҳбат дар
роҳ “э сабиле, фалон чиз, беҳмадон чиз аз ёд баромадааст” гуфта моро дар
ташвиш мемонанд.”
Саломзода дар курсҳои болоии омӯзишгоҳ даре мегуфт. Шогирдон ба
дарсҳои ӯ бо камоли шавқ мерафтанд. Саломзода дарсро бо шарҳу
тавзеҳоти осон ва наздик ба фаҳми сомеон бо мисолу нақлҳои ҷолиб ва
ҷозиб мегузашт. Шогирде агар дар вақти дарс рафтори нобаҷое кунад,
Саломзода бо асабоният сарзаниш намекард, балки ба лутфу тамсил ё ба
шӯхиву ҳазл рафтори нодурусти шогирдро ба вай мефаҳмонд ва ин ҳама ба
хандаву зарофат анҷом мегирифт.
Баъд аз ҳамлаи фашистон ба хоки шӯравй дар моҳи июни соли 1941
сафарбарии умум ба сафҳои аскари сурх cap шуд. Одамоне, ки аз синни
сафарбарӣ гузашта буданд, бегоҳиҳо дар назди Булвари Абрамовский ҷамъ
шуда, машқҳои ҳарбӣ мегузарониданд. Саломзодаро низ ба сафи
ҷанговарони оянда даъват намуданд. Борҳо дида будам, ки хаставу шалпар
аз машқ назди падарам меомад. Дар ҳамин ҳолат ҳам аз шӯхиву ҳазл
намемонд. Боре ҳикоя кард, ки як командири рус, ки ба зӯр узбекиро медонист,
ба лаҳҷаи вайрону ночаспон ҷанговаронро гоҳо сарзаниш мекардааст.
Саломзода як таъбири ӯро ба тарзи худи вай гуфта падарамро механдонид
ва ин гапи командир то ҳол дар ёди ман ҳаст: қаққа, командир салган қулаққа
мегуфтааст, ки маънияш “куҷо нигоҳ мекунӣ, ба гапи командир гӯш андохтан
лозим аст.”
Баъд аз се-чор моҳ Саломзодаро дар қатори ҷанговарони машқдида
рост ба фронт фиристоданд. Дигар азвай на хабаре буду на мактубе... Зани
ҷавон, аммо қаҳрамони вай, ки чор фарзанди ноболигу бе парасторро бо
ранҷи дастони пурҳунар ба воя расонд, хононд ва ҳамаи онҳоро ба роҳи
зиндагӣ баровард ва гӯё бори вазнини вазифаи худро иҷро карда бошад, ба
беморие лоилоҷ гирифтор шуда, ҳам бо бачаҳо, х,ам бо зиндаги ва ҳам бо
шавҳари нокомаш видоъ намуд...
Ба сафи зиёиёни гузари Маданият соли 1927 падари ман ва амуям
Ҷаъфархон ҳамроҳ шуданд. Ва ҳамаи зиёиёни номбурда гули сари сабади
гузар буданд. Ба ҷуз ин шахсони мӯътабар дар гузар боз чанд нафар
• муаллимони ҷавон ва маъмурони ҳизбию давлати иқомат доштанд.
-34-
Ман соли 1944 аз Самарқанд баромадаам. Вале дар муддати зиёда аз
шаст сол ҳамеша дар Самарқанд ва бо Самарқанд, бо дустону хешовандони
самарқандӣ, бо ах,ли гузари худ будам. Ғайр аз сафару иштирок дар тую
маъракаҳо, ба ҷуз хондани лексия дар факултаҳои тоҷикии Донишгоҳ ва
Институти Педагоги ҳар сол тобистон бо аҳли оилаам ду се моҳ дар
Самарқанд иқомат доштем. Аз ин ҷост, ки фарзандони ман дар руҳи
самарқандӣ ба воя расидаанд, ва ҳамсарам, ки бухориюласл аст,
Самарқандро шаҳри дуввуми худ мешуморад.
Соли 1992 барои огаҳӣ аз аҳволи оилаи муаллим Қори Осим ба ҳавлии
он кас рафтам. Бо писари ишон Шавкат сӯҳбат кардам ва хоҳиш намудам, ки
агар мавҷуд бошад, бо ҳуҷҷатҳои солҳои хидмати он кас дар соҳаи маориф
ошно шавам. Шавкат ду папкаро пеши ман овард. Дар ин папкаҳо тамоми
х,уҷҷатҳои шодравон Исматй бо дасти худаш ба як тартибу танзим ҷузъбанди
шуда буд. Пеши назарам солҳои тӯлонии хидматҳои ҷонсупоронаи Исматй
мисли кадрҳои кино ҷилвагар гардид. Ҳайфамомад.киазчунин шахс вақтҳои
охир мо ёдоварӣ намекунем ва ҳатто қариб фаромӯш кардаем.
Баъд аз бозгашт ба Душанбе бо номи “Муаллим Қорӣ Осим дар рузномаи
"Овози тоҷик”-и Ӯзбекистон мақола ба чоп расонидам. Ин мақола дар миёни
равшанфикрони ҷавони Самарқанд ҷунбише ба вуҷуд овард ва дар
рӯзномаву маҷаллаҳо дар бораи ин шахси баруманд чанд мақола ба чоп
расид. Ва ниҳоят бо ташаббуси зиёиёни шаҳр ва ахди гузар ба ёди Қори
Осим маҷлис ороста, қарор додаанд, ки ба гузари Маданият номи Осим
Исматӣ мансуб гардад.
Қорӣ Осим марди ринду озодманиш, суҳбаторо буд. Дар мавридҳои
муносиб байтҳои шойгон аз шоирони классик мехонд. Дар лаҳзаҳои
майгусориву мусиқӣ бо қади болову мавзун мерақсид ва бо чашмони пурхумор
мегуфт:
Наравад одати тифлӣ зи димогам х^ргиз
Гар ба тобут равам, ҷунбиши гаҳвора кунам.
Чанд муддат мани наврасу ҷавон дар мактаб бо ишон як ҷо кор мекардам.
Дар мактаб муаллимаи ҷавони забони русӣ дар ниҳояти зебои ва таровати
ҷавонӣ кор мекард. Рӯзе ӯ ба оинаи калоне нигоҳ карда, мӯйҳои худро дуруст
менамуд. Осимӣ бо шавқу иштиёқ ба ӯ нигоҳ мекард ва ҳангоме ки вай аз
оина каме дур шуд, гуфт:
Ту зи кусни худ хабар кай доштй,
Бишканад дасте ки ин оина сохт.
Қорӣ Осим ба падари ман, ба оилаи мо, ба фарзандони ин оила меҳру
муҳаббати хосса дошт. Мо ҳама омадани ишонро ба хонаи худ рузу соати
хушнудиву фараҳмандӣ медонистем. Ин марди барнодилро гумон
намекардам, ки дар синни 53-солагй (соли 1950) марг аз ин дунё мерабояд.
Ёди ин мард ҳамеша дар хотири ман аст ва ҳамин ёди неки у буд, ки маро ба
навиштани мақолаи “Муаллим Қорӣ Осим” таргиб намуд.
Солҳои аввали зиндагии мо дар ҳавлии нави гузари Маданият дар ёдам
нест - хеле хурд будам. Он чи баъд маълум шуд, ин аст, ки дар солҳои 1928-
29 падарамро ба мудирии Техникуми (омӯзишгоҳи) аввалини занони
-35-
Самарканд таъйин намудаанд. Дар ин техникум таҳсил ба забони тоҷики
буд ва муаллимоне, ки аз забони русй даре мегуфтанд, низ забони тоҷикиро
хуб медонистанд. Дар аввали солҳои сивум ба хонаи мо зани русе меомад,
ки ӯро Рейс мегуфтанд ва бо оилаи мо ва алалхусус бо модарам хеле маънус
ва наздик буд. Ба забони тоҷикӣ хуб ҳарф мезад. Ин зан дар техникуми
занон ва баъд дар курси муаллимтайёркунии Шайбонихоним даре медод ва
аз х,амон ҷо бо модарам дӯст ва рафиқ шуда буд. Дар техникуми занон чанд
муддат Ситсилия Бону (дертар ҳамсари Лоҳути) низ кор мекардааст. Дар
сӯҳбатҳое, ки баъдҳо бо ин хонум доштам, аз Самарканд ба неки ва эҳсоси
махсус ёдовар мешуд ва дар зимни ин аз падарам зикри хайр менамуд
Ситсилия Бону дар солҳои 1972-74 аз Маскав ба Самарканд барои иқомати
муваққатӣ омада буд. Табибон барои сиҳҳати ӯ ҳавои хушку гарми ҷанубро
тавсия намудаанд ва ӯ аз Самарканд беҳтар ҷоеро намедонист. Бо
фармоиши Котиби якуми ҳизби коммунистии Узбекистон Шароф Рашидов
аз шаҳри кӯҳна аз биноҳои навсохт барои Бону хонае тахеие намуданд.
Чунон ки Бону мегуфт, вай дар ин шаҳр худро хуб ҳис мекард, бо таълифу
тарҷумаҳои асарҳои нав машғул буда дар соатҳои фароғат аз кор ба тамошои
шаҳр ва мулоқоти дӯстону устодони пешини худ мерафтааст.
Бону адреси ҳавлии моро пайдо намуда, рузе ба аёдати падарам
омадааст ва қариб ду соат бо падару модарам суҳбат доштааст. Модарам
нақл карда буд, ки, ки Бону зани пурдону сухандон будааст, ки падарат
бемории худро фаромӯш карда саргарми суҳбат шуданд. Вақти рафтан
ваъда кардааст, ки ба аёдат ва сӯҳбати падарам боз хоҳад расид. Вале
баъд аз як ҳафтаи ин сӯҳбат 13 феврали соли 1975 падар ба олами бақо
риҳлат намуд.
ҚИССАИ БОҒИ ҚАВ0ЛА
Аксари ҳавлиҳои Самарканд, азҷумла ҳавлии мо низ, танҳо барои иқомати
зимистонй мувофик буд. Аз ин сабаб шахсони доро берун аз Самарканд бог
доштанд ва аввали баҳор бо иёлу фарзанд ба бог баромада, то фуромадани
сардиҳои тирамоҳ дар ҳамон ҷо дар сояву салқин зиндаги мекарданд.
Ҷаддам муфтй Ҳодихоҷа аз дурии боги Тайлоқ ба малол омада, тахминан
дар соли 1909 аз Қавола ном боготи Самарканд боги на чандон калон (як-яку
ним таноб) харида ба номи тутзам —модаркалонам васиқа кардаанд
Аз он ҷо ки ман медонам, аз асри 19 гирдогирди шаҳри Самарқандро
боғҳои серобу сабзу хуррам ҳалкавор иҳота карда буданд. Ин минтақаро
самарқандиҳо“боғот’'мегуфтанд. Боғотҳо ном доштанд. Чунончи, дар тарафи
шарқ баъд аз дарвозаи Қаландархона боготи Кафтархона, Раҷабамин,
Пули Магок, дар шимол баъд аз дарвозаи Шоҳи зинда Боги Баланд, Кони
Гил, Боги майдон, дар ҷануб, баъд аз дарвозаи Сузангарон боготи Қавола,
Мӯлиён, Даштаки боло, Қавчинон...
Боги мо дар ҷануб. дар Қаволаи поён ва ба шаҳр наздик буд. Бог дарвозаи
калон дошт, ки (на ҳар бог чунин дарвоза дошт) аз он аспу ароба даромада
-36-
метавонист. Дар поёни боғ қӯргон - работ буд барои истикрмати аҳли оила .
Қӯрғон бо деворҳои лой ё хишти хом их,ота шуда, дари дутабақа дошт, ки дар
вақти зарурат онро бастан (ҳатто ба қуфл) мумкин буд. Дар дохили қӯрғон як
хонаи хоб, як айвон барои нишаст ва хуфту хоб, ду айвон - собот барои гову
гӯсфанд ва айвончаи дигар барои пухту пази хӯроку нонҳои хонаги воқеъ
гашта буд. Дар беруни боғ наздик ба қӯрғон сарҳавз буд. Ҳавз ҳамеша аз
оби равони тозаи ҷӯй пур буд. Дар паҳлӯи ҳавз суфаи калоне аз хокҳои
тӯдашудаи ҳавз бардошта буданд. Хоктӯдаро ба шакли чаҳоркунҷа рост
карда болои онро бо коҳгил андова ва ҳамвор карда буданд. Ин суфа бо
таровиши оби ҳавз аз зер салқин ва аз гармии офтоб хушк буд. Дар суфа
аксар вақт меҳмонҳои падарам ҷамъ меомаданд, дар ҳамин ҷо мехурданду
ҳамин ҷо мехобиданд. Дар тарафи шарқи суфа майдони калони юнучқазор
буд барои кути гову гӯсфанд. Майдони дигари бот токзор буд. Дар атрофи
девор ва ҷойҳои дигари бот дарахтони мевадор ва дар саҳни дарвозахона як
дарахти калони тути марворидак ҳам доштем.
Аввали баҳор падарам як ё ду ароба кироя карда, ба он асбоби хонаву
рӯзгорро бор мекард, болои кӯрпачаҳои нарм мо, бачаҳоро ҷой медод. Дар
аробаи дигар бо асбобу ҷиҳози хона модаркалону модару амуям нишаста,
гову гӯсоларо ба ақиби ароба баста, ҳама ба сӯи бот роҳ мегирифтем.
Ҷаннати рӯи замин буд дар гармои тобистон боги мо дар Қавола. Хурд
будам, аммо тарх,и работу намой сарҳавзу токзори бог, дарахтони сарсабз,
ҷӯйҳои равону алафзору, юнучқазор, дарахти тути пеши дарвозахона ва
умуман фазой озоду софи богамон сахт дар хотирам нақш бастааст ва то
имрӯз пеши назарам муҷассам ҷилва мекунад.
Падарам то cap шудани таътил ба асп савор шуда ба шаҳр, ба кор мерафт.
Баъд аз кор ва рӯзҳои истироҳат обдориву даравидани юнучқа ба ӯхдаи он
кас буд. Тӯтаам бо ёрии як зани мухлисашон ба номи Ҳоҷи-она мева хушк
мекарданд, гов медӯшиданд, ҷугроту қаймоқу маска тэйёр менамуданд, аз
тут шиннй мекашиданд, гӯлунг қоқ мекарданд, мавиз хушк мекарданд.
Тирамоҳ бо маҳсулоти боту гову гӯсфанд ба ҳавлй мекучидем.
Зиндагӣ ба ҳамин насақ ҷараён дошт. Соле ногоҳ гапу номи колхоз ба
гӯш расид. Гуфтанд, ки ҳамаи боғҳо, аз ҷумла боги мо ҳам аз они колхоз
шудааст. Касе аз ҳамсоябоғҳо раис шудааст. Бачаҳоро манъ кардааст, ки
аз қӯрғон берун баромада, аз дарахт меваю аз ток ангур хӯранд. ёд дорам
тарсида аз қӯрғон берун намебаромадем мо бачаҳо. Баъд воқеаҳо чи гуна
сурат гирифт, дар хотир надорам. Фақат ҳаминашро медонам, ки падарам
ҳам аз бими муфтизода буданаш ва ҳам аз нотавонй дар муқобили зуроварии
колхоз богро тарк кард. Тамоми иморатҳои қӯрғон ва дарахту токзорҳои
пурҳосилро бе соҳиб, бе посбон ба ҳоли худаш гузошта, дигар шаҳрнишин
шуд.
Дар ин миён тӯтаам буд, ки баҳору тобистон пиёда ба бог мерафт ва баъд
аз омадан бо ашкҳои равон гиряолуд мегуфт, ки 'фалончаи бе инсоф айвонро
вайрон карда ба хонааш бурдааст, фалон дарахтро бурида партофатааст,
дарвозаи богро канда рафтаанд’’. Ба ҳоли тӯтаам дилам месухт, қариб
ҳамроҳи он кас гиря кунам - охир ман богамонро хеле дуст медоштам... ва
ҳолоҳам...
-37-
ПАНҶАКЕНТ
Дар аввали соли сиюми қарни бистум тамоми мамлакати бузурги
Шӯравиро гуруснагӣ ва қаҳтии шадид фаро гирифт. Дар Самарканд низ
асари ин гуруснагй хеле сахт ва тоқатфарсо будааст. Дар он солҳо мо хурд
будем ва қаҳтию гуруснагиро эҳсос накардаем. Фақат дар хотир дорам дар
айвони пеши хона як аробачаи чӯбини бачагонаро ба сангчаву кулӯх пур
карда, аз ин тарафи айвон ба он тарафаш "ба дӯкон нон" мекашонидем.
Қаҳтиву гуруснагй ба дараҷае сахт будааст, ки аз мағозаву дӯконҳои шаҳр
ҳатто микдори бо заборни (карточкаҳои нон) муқаррар шударо пайдо кардан
мумкин набудааст. Модарам асбоби симу зари солҳои арӯсии худро ба
тадриҷ ба магазини махсус бурда месупоридааст ва дар ивази он орду равган
оварда, дафъи гуруснагй мекардааст. Ин магазинҳоро Торгсин мегуфтанд
ва дар бачагиам аз забони падару модар ин номро бисер шунидаам. Аммо
то имрӯз маънии Торгсин барои ман равшан нашудааст.
Дар ин солҳо Сталин тарзи иқтисодии НЭПро маҳв намуд. Ба ҷои
червонҳои тиллоии солҳои бистум "рублҳои” нави беқурби болшевикй дар
муомила ҷорӣ шуд. Дар натиҷа пули маоши муаллимон ва кормандони
идоравй хеле паст рафт. Падарам, ки пеш аз ин бо червонҳои тиллой
моҳонаи хуб мегирифт, муфлис шуд ва якмоҳа пул ба якрӯза таъмини гизои
оила намерасид. Илоҷе ёфтан лозим буд, ки бачаҳо аз гуруснагй намиранд.
Илоҷи мушкили бедармонро падар бо ёрии як дӯсти худ пайдо кард. Дӯсти
падарам Фаттоҳ Раҳматуллозода ё Раҳматзода аз зиёиёни пешқадами
Самарқанд буд ва бо падарам дӯстии дерина дошт. Раҳматзода солҳо дар
Самарқанд ба корҳои мактабу маориф маъмур буд ва баъдҳо ба Душанбе
(тахминан солҳои чилум) омада, дар ҳамин ҷо муқим гардид. Ман дар
Душанбе ба воситаи писари аршади ишон, Хуршед Раҳматуллоев, ки ходими
нашриёт ва масъул ба нашри китобҳои дарсй буд, гоҳе ба манзили онҳо
рафта, ба сӯҳбати падараш мерасидам. Раҳматзода шахси хушсурати ором
ва чеҳраю чашмони пуртабассум дошт. Бо овози нарм ran мезад ва аз дӯстии
худ бо падарам ба гармй ёдовар мешуд.
Раҳматзода дар аввали солҳои сивум ҳамоно барои беҳ намудани вазъи
зиндагӣ ба Панҷакент меравад ва дар шаҳру атрофи он ба корҳои мактабу
маориф машғул мешавад. Раҳматзода падарамро низ таргиб мекунад, ки
муддате ба Панҷакент рафта, вазъи зиндагиро ба эътидол биёрад. Соли
1932 падарам ба Панҷакент меравад. Вазъи мо бе он кас чй гуна буд, дар
ёдам нест. Фақат дар хотирам ҳаст, ки модарам ба падарам хат менавишту
хат мегирифт. Боре ман, ки навиштани баъзе ҳарфҳоро ёд гирифта будам,
ба падарам дар як когаз мактубе навиштаам, падарам хати маро бо ифтихор
ба дӯстонаш нишон медодааст. Раҳматзода дар мулоқотҳои солҳои охир аз
ҳамин мактуби ман ёдовар мешуд.
Падарам ҳар сари чанд вақт ба мо пул ва орду биринҷ мефиристод. Боре
ба модарам хабар додааст, ки ба қарибӣ одами шиносашро мефиристаду
моро ба Панҷакент кӯчонда мебарад. Баъд аз се-чор моҳ падарам ва
бародари калонии Ғанӣ Саломзода - Абдунабӣ қассоб, ки низ дар Панҷакент
-38-
буд, барои бурдани оилаҳояшон Раҳмонқул ном аробакашро ба Самарканд
фиристодаанд. Мову модарам як шаб пеш ба ҳавлии бародарони Ғани
Саломзода рафта, ҳамон ҷо хобидем, то ки бомдод, чашми руз кушода
нашуда ба роҳ бароем.
Дар хотир дорам, ки тобистони гарм буд. Саҳари барвақт, дар торики
бедор шудем, ба аробаҳое ки назди ҳавлии Абдунабй - ака ва бародаронаш
қатор шуда буд, нишастем. Кӯчҳоро ба аробаҳо бор карданд. Сапедии руз
надамида аробаҳо ба ҳаракат даромаданд. Ва мо роҳи Панҷакентро
гирифтем.
Роҳи Самарканду Панҷакент дар он солҳо нисбатан васеъ ва дар
масофаҳои зиёди роҳ бо регу сангреза ҳамвор шуда буд. Бо вуҷуди ин
баъзе масофаҳо пур аз хок буд, ки ҳини гашти аробаҳо чархҳову сумхри асб
гарду ғуборро бархезонда ба сэру рӯи мо мерехтанд. Пастиву баландиҳо
гоҳо гашти аспҳоро ба душворӣ мекашид ва тароқотуруқи аробаҳоро зиёдтар
мекард.
Бештар аз ҳама мо, кудаконро.гармои ҳаво азоб медод. Офтоб то рафт
баланд шуда, шӯълаҳои оташини худро ба сари мо шадидтару сахттар
меандохт. Бисёр бачаҳо қай карда ташна мемонданд, вале оби дурусти
хӯрданӣ набуд. Хоҳари калонам Ҳумоюнхон низ аз фарти гарми ва беҳузурии
дил шалпар шуда беҳол мехобид. Ман бошам бо вуҷуди гармо чашм
нопӯшида роҳ ва манзараҳои атрофро тамошо мекардам.
Г ашти пешин буд, ки садои “ба Ҷартеппа расидем" баромад ва аробаҳоро
ба сарои калон дароварданд. Ҳамаи мо дар айвон ҷой гирифтем ва аз
гармои пуршиддати нисфирӯзӣ каме таскин ёфтем. Дар ин ҷо ғизо хурдем,
аз чою об ташнагиро шикастем, як-ду соат истироҳат кардем... Ва боз ба рок
даромадем.
Вақти говгум ба Панҷакент расидем. Аробаҳо ба кӯчаи пастхам дохил
шуда, дар пеши ҳавлие истоданд. Баъд аз чанд вақт падарамро дидам, ки бо
Абдунабй-амак ба пешвози мо баромаданд. Аз аробаҳо пиёда шудем ва ба
ҳавлии калони дарахтзору салқин даромадем. Ин ҳавлии Раҳмонқули
аробакаш буд.
Ҳама дар роҳату оромиш будем. Кй медонад шояд буи сабзаву баргони
дарахтон ба ман ҳамон буй ва нафаси гарми ҷонбахши боги Қаволаро оварда
бошад. Вале дар инҷо як садои форами ноошноҳис кардам. Намедонамаз
ин садо пурсидам ё не, дар ҳар сурат фаҳмидам, ки ин овози шохобу
шохобчаҳои Зарафшон будааст, ки дар масофаи наздик аз ин ҳавли ҷори
мешудааст. Ин як садои тозаи навозишпарваре буд, ки бори аввал ба гӯшам
мерасид ва ин овоз дар зиндагии кӯдаконаам навиди марҳилаи нав буд.
-39-
МАНЗИЛИ МО ДАР ПАНҶАКЕНТ
Баъд аз он ки чанд рӯз дар ҳавлии Раҳмонқул-амак меҳмон будем, моро
ба бинои таълимии техникуми педагоги кӯчониданд. Дар ин ҷо то арафаи
оғози соли таҳсил зиндагӣ кардем. Баъд аз ин ба мо аз ҳавлии Мулло
Наҷмиддинбой ном шахе ҷой доданд. Ин шахе аз сарватмандони Панҷакент
будааст, ки ҳамоно дар аввали инқилоб ё зиндонй шуда ё аз бими таъқиботи
болшевикӣ ҷою манзилро партофта аз шаҳр гоиб шудааст. Ҳавлӣ даруну
берун дошт ва мо аз як хонаи ҳавлии берун ҷой гирифтем. Зери намаду
шолҳо ба ҷои бурё пахол андохта буданд ва ҷои хоби мо нарму мулоим буд.
Аммо дар хона канаҳои калон хона монда буданд, ки шабонаҳо хунҳои моро
макида, рӯзона дар деворҳо часпида мехобиданд. Ҳам бо шакли зишт ва
ҳам бо хунхории худ канаҳо ба назар хеле манфур менамуданд.
Баъд аз ду-се моҳ ба мо аз ҳавлии дигар ҷои иқомат ҷудо карданд. Ин
ҳавлии Мулло Сабурбой ном шахеи обрӯманд ва соҳибсарвати Панҷакент
будааст, ки дар аввали солҳои сивум аз тарафи ҳукумати шӯроӣ зиндонй
шудааст. Ман дертар - солҳои ҳафтодум буд магар - шунидам, ки Мулло
Сабурбой дар натиҷаи арзаву муроҷиатҳои фарзандонаш аз тарафи
мақомоти додрасӣ шахеи бегуноҳ дониста шуда ва ин ҳавлиро ба ворисони
ӯ баргардонидаанд.
Ҳавлии Мулло Сабурбой дар ҳамон кӯчае, ки мо дар манзили
Наҷмиддинбой истиқомат мекардем, воқеъ гардида ва ба сари кӯчаи калон
наздиктар буд. Ҳавлӣ аз қисматҳои даруну берун иборат буд. Ҳавлии дарун
барои аҳли оилаи бой тахеие гардида ва аз чанд хонаи қаламакории
муқаррарӣ иборат буд. Дар болои роҳрави ҳавлии даруну берун
болохоначаи хурд буд. Қисми беруни ҳавлӣ ба завқу писанди боёна бино
гардида буд. Дар тарафи шимол хонаи калони даҳлездор буд, ки пешайвони
баланд дошт. Сакфи хона бо болору вассаҳои мунаққаш пӯшида шуда буд.
Деворҳои хона низ гачкорӣ ва мунаққаш ба гулҳо буд. Дар муқобили ин хона
болохона ва зери он айвони баланд низ буд. Ба назарам, болохена барои
меҳмонон ва тоҷирони шаҳрҳои дигар, айвони зери он барои амвол ва борҳои
тиҷоратӣ пешбинй шуда буд.
Ҷаъфархон-амакам бо завҷаю писарчааш ва тӯтаам дар ҳавлии дарун ва
мо дар ҳавлии берун ҷой гирифтем ва то он соле ки дар Панҷакент будем,
ҷои иқомати доимии мо ҳамин ҳавлӣ шуд. Дар болохона Элизаров ном
яҳудии самарқандӣ бо оилааш ва падари пираш, ки ӯро Ҳоҷибобо мегуфтанд
(ба зиёрати Байтулмуқаддас мушарраф шуда буд), зиндагй мекарданд. Дар
муддати се соле, ки дар ин ҳавлӣ будем, бо хонаводаи Элизаровҳо хеле дуст
шудем ва мисли як оила ҳаёт ба cap мебурдем. Баъд аз рафтани мо
Элизаровҳо боз чанд солҳо дар Панҷакент зиндагй карданд. Ман гоҳо Яъқуб
ном писари Элизаровро, ки аз ман ду-се сол калон буд, дар Самарканд
медидам ва аз аҳволи онҳо дар Панҷакент хабардор мешудам. Баъд аз
соли 1940-ум дигар аз Элизаровҳо иттилое надоштем.
Панҷакент дар он солҳо шаҳри хеле хурд буд. Дар шарқ Дарвозаи Бухор,
-40-
дар ғарб сой ва дар ҷануб Қайнар, дар шимол кӯчаи Лаби чашма - ин буд
ҳудуди шаҳр то он ҷо ки ман медонистам.
Дар маркази шаҳр бином якқабатаи навсохти сафедтоби омӯзишгоҳ
меистод, ки дар он солҳо макони ягонаи донишу маърифат, чароғи аввалини
маорифу маънавияти шаҳри Панҷакент, тарбиятгоҳ ва тарбиятгари фаолу
ҷонфишони наели донишҷӯю доништалабон, тарғибкадаи шеъру адаб ва
риштаҳои гуногун дар ҳаёти чомеаи шаҳр буд. Падарам бо амакам
Ҷаъфархон ба ҳамин омӯзишгоҳ ба сифати муаллим омада буданд. Ғаӣр аз
падару амакам аз Самарқанд боз чанд нафар муаллимон барои тадрис ба
ин омӯзишгоҳ омада буданд. Онҳое ки дар хотири ман мондаанд: Бозор
Раҷабзода - муаллими фанни ҳисоб ва риёзиёт, сокини гузари
Каландархонаи Самарканд, муаллими сахтгир ва дар муомилаву муошират
ҷиддӣ буд. Идрисхон Умарй - дар хотир надорам аз чй даре медод, аммо
шахеи хеле меҳрубону кушодачеҳра буд. Болта Рауфзода - муаллими раем
ва нақшакашӣ, шахеи хеле ҳалим, нарм ва зариф буд. Барои синфхои узбекй
Зиёев ном муаллими тошкандй омада буд, ки дар таййи чанд соли ҳамкорй
бо падарам тарҳи дӯстиву рафоқат доштанд. Боз як нафар самақандй ба
номи Усго Олим буд, ки чанд сол пештар ба Панҷакент омада, муқими ҳамин
шаҳр шуда буд. Ин устои харрот ва дуредгар ҳам дарси меҳнат медоду ҳам
тамоми корҳои чӯбкориву харротии омӯзишгоҳро дар ӯҳда дошт. Худи Усто
Олим ва оилаи он кас бо падару модар ва оилаи мо хеле дӯст шуданд ва дар
ҳамаи кору бори зиндагии мо ҳамеша мададгору шарик буданд. Ҳавлии
онҳо дар охири тангкӯча дар муқобили дарвозаи ҳавлии Мулло Сабурбой
воқеъ гашта буд ва аз ин сабаб рафту ой байни мову хонадони Усто Олим
осон ва доимй буд. Мо, бачагон.ҳам боду писари Усто Олим -УлмасуШодй
ҷӯраҳои наздик будем. Усто Олим дар як гӯшаи ҳавлии беруни Мулло
Сабурбой дар тарафи рост аз хонаи мо устохона дуруст карда, бештар вақти
худро ҳамон ҷо мегузаронид. Бачаҳо низ барои дарси меҳнат ба ҳамин
устохона меомаданд. Усто Олим шахеи хеле меҳрубон ва ба мо наздику
қарин буд, ҳамеша барои рафъи эҳтиёҷи мо омода буд, мо, бачаҳоро хеле
дӯст медошт.Симои ин шахе имрӯз дар назари ман хеле гарм ва пур аз меҳр
менамояд.
Ба сафи муаллимони самарқандӣ каме дертар Носирҷон Маъсумй дохил
шуд. Ин ҷавони бист-бисту як -сола дар Самарканд курси муаллим-
тайёркунии Шайбонихонро тамом карда, бо машварати устоди худ
Абдулҳамид Бақозода ба ин ҷо омада буд. Бакозода, додарзодаи падарам,
хостааст, ки ин ҷавони мустаид дар пеши муаллимони асили самарқандӣ
таҷриба андӯзад ва одобу муошират омӯзад. Аз рӯзҳои аввал Маъсумй ба
оилаи мо унс гирифт ва ба назди мо мисли як узви оила зуд-зуд меомад ва
падарам низ ба ишон чун фарзанд бо меҳру ғамхорӣ муносибат мекард.
Маъсумй то охири умр падарамро ба ҳайси устод эҳтиром мекард ва дар
ҳозиру ғоиб ӯро ба ин унвон ном мегирифт.
41-
ОМУЗИШГОҲИ ПАНҶАКЕНТ
Мехоҳам дар бораи омӯзишгоҳи Панҷакент муфассалтар сӯҳбат кунам.
Зеро мақом ва нақши ин таълимгоҳ барои ҳаёти маънавию мадании Панҷакент
дар ҳамон солҳо хеле калон буд ва баъдтар ҳам ин мақому манзилат
мустаҳкамтару нофизтар гашт. Ин таълимгоҳ барои ман ҳам хеле азизу
фаромӯшношуданӣ аст. Агар табиат ва худованд дар фитрати ман аз ишқи
илму дониш ва шеъру адаб чизе ниҳода бошад, аввалин сабзаҳои ин кишт
дар ҳамин таълимгоҳ ва дар ҳамин шаҳри Панҷакент падидор гашт. Инро
ҳеч гох, фаромӯш намекунам.
Ин тзъпимгоҳро дар он солҳо Педкомбинат мегуфтанд. “Пед” шакли
кӯтоҳи “педагогический” аст ба маънии он ки ин омузишгоҳ педагогй аст,
яъне кадрҳои “педагог ва муаллим” тайёр мекунад. “Комбинат" аз калимаи
“комбинированний" аст бз маънии “навъҳои гуногуне ки дар як ҷо ҷамъ
шудааст”. “Комбинат” нисбат ба ин омӯзишгоҳ аз он сабаб тааллук, дошт, ки
дар ин ҷо тарзу усулҳои гуногуни тарбияву таълим дар як ҷо ба ҳам пайваст
ҷорй карда мешуд. Дар чунин “комбинатҳо" бачаҳои хурдсол ба хондан
қабул мешуданд - тахминан даҳ-ёздаҳсола, ки мактаби ибтидоиро тамом
кардаанд. Ин бачаҳо дар хобгоҳи умумӣ зиндагй мекарданд, хӯроки
шабонарӯзии онҳо дар ошхонаи “комбинат” таъмин буд. Ба талабаҳо барои
тамоми фаслҳои сол либосу пӯшоки мувофиқ дода мешуд.
Ба педкомбинати Панҷакент бачаҳоро баъд аз синфи чорӯм қабул
мекарданд. Марҳилаи аввали таълим “тайёрй” номида мешуд ва ин “тайёрй”
чор фосила дошт, ки онро бо вожаи русии “симистир” (аслаш - семестр)
таъбир мекарданд. Ҳар як “симистир” ним сол давом мекард ва баъд аз ду
сол, ки чор “симистир” тамом шуд, ба синфҳои асосй мегузаштанд ва ин
синфҳоро “асос” мегуфтанд ва аз се асос иборат буд: асоси якум, асоси
дуввум ва асоси сеюм. Баъд аз тамом кардани комбинат ҷавонон ҳуҷҷати
муаллими мактаби ибтидоиро мегирифтанд Усули таълим дар ин донишкада
чй гуна буд, ҳоло аз тафсили ин чизе гуфта наметавонам, зеро ман хурдтарини
талабаи “тайёрӣ" будам. Ҳамин қадар гуфта метавонам, ки муаллимҳои
забардасти самарқандӣ ба бачаҳои тайёрй таълим намедоданд. Онҳо фақат
ба таълими синфҳои “асосй” машғул буданд. Хатмкунандагони омӯзишгоҳро
баъд аз чанд солҳо х,ар куҷо медидам ва ҳамаи онҳо бо арзи миннатпазирй
аз дарсҳои хеле муфид ва ниҳоят пандомӯзи муаллимон ёдовар мешуданд.
Дар комбинат берун аз таҳсил машғулиятҳои зиёде буд, ки барои тарбияи
зебопарастиву санъатдӯстӣ, тартибу муташаккилии шогирдон, сиҳҳату қуввати
ҷисмонй аҳамияти хосса дошт. Яке аз ин машғулиятҳо ташкили дастаҳои
рақсу суруду мусиқии хдваскорон буд. Дастаҳои ҳаваскорон на танҳо маҳфилу
маҷлисҳои ин таълимгоҳро обод мекард, балки дар саҳнаҳои қулубҳои (яъне
клуб, ки дар он вақт иттиҳодияҳои мадании шаҳру деҳот буд) шаҳр низ
баромад мекарданд. Дар ин дастаҳо хохдри калониам Ҳумоюнхон ва худи
ман фаолона иштирок мекардем. Дастаҳои ҳаваскорони санъат ба дараҷае
ривоҷ дошт, ки муаллимон низ як дастаи “драмави" ташкил намуданд.
Тафсили ин воқеа чунин аст.
-42-
Соли 1933 ё 34 буд. Сталин дар кадом як нутқи худ дар бораи тарбияи
кадрҳои ҷавон сухан ронда, таъкид карда буд, ки ғамхорй ва муносибати
махсус ба кадрҳо вазифаи муқаддаси коммунистом аст. Зеро, гуфта буд
Сталин, “кадрҳо ҳамаро ҳал мекунанд”. Ин шиори Сталин дар он вақт дар
ҳама ҷо бо ҳарфҳои калон сабт мегардид ва нутқу маърӯзаҳо ба ташвиқу
таблиғи ин шиор масруф мегардиданд. Котиби якуми ҳизби коммунистии
Панҷакент дар он солҳо Ҳасанов ном коммунисти эронй (хамоно аз
инқилобчиёни солҳои бистуми Эрон) буд ва ӯ падари ман, Маъсумй ва боз як
муаллимро даъват намуда пешниҳод мекунад, ки дар мавзӯи кадрҳо пиеса
навишта, онро бо иштироки муаллимони комбинат ба саҳна гузоранд.
Ба ҳамин тариқа кор аввал аз таълифи пиеса cap шуд. Дар хотир дорам,
ки падарам баъзе шабҳо бевақт меомад ва мегуфт, ки ба навиштани пиеса
машғуланд. Ниҳоят пиесаро навишта тамом карданд. Ҳасанов ба Сталинобод
рафта ин пиесаро аз назари "аҳли кор” гузаронида, ба тасвиб расонида
омад. Мазмуни мухтасари асар то он ҷое, ки мефаҳмидаму ҳоло дар хотир
дорам, чунин аст: кадри ҷавон барои кор ба деҳе меояд ва ало рағми кадрҳои
“кӯҳна” хеле хуб кор мекунад. Нотавонбинон баҳона мекофтанд, ки ба вай
айбе монанду аз деҳ пеш кунанд. Ниҳоят ба духтаре ошиқ шудани ин ҷавонро
баҳона карда, ӯро бо тӯҳмату гуноҳҳои сохта аз кор пеш карданй мешаванд.
Аммо ҳақҷӯён аз ҷумлаи ҳизбиён ин ҷавонро аз тӯҳматҳо наҷот дода,
душманони ӯро мағлубу шармсор месозанд.
Ин пиесаро дар саҳнаи комбинат бо номи “Кадрҳо ҳамаро ҳал мекунанд”
ба намоиш гузоштанд. Дар пиеса киҳо бозй мекард - дар хотир надорам. Ёд
дорам, ки нақши кадри ҷавонро Маъсумй бозй мекард. Саҳнае, ки кадри
ҷавон маъюсу навмед аз тӯҳмати душманони худ суруди ғамангезеро мехонд,
ҳоло дар пеши назарам аст. Ин сурудро Маъсумй хеле пуртаъсир мехонд:
Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад,
Ғамамро булбуле, к-овора шуд аз лона, медонад.
Кори дигари берун аз даре, ки хеле бо тартибу танзим ва шавқу ҳаваси
талабагон ба роҳ монда шуда буд, варзиши умумимактабй буд. Дар он солҳо
дар тамоми мамлакати шӯравӣ ҷунбиши варзишй бо шиори “Ба меҳнату
мудофиа тайёр бош!” авҷ гирифта буд. Ба ин кор тамоми ҷавонони мактабхон
ва ҳатто қисман мактабҳои олӣ фаро гирифта шуда буданд. Ҷавонон
вазифадор буданд, ки барои гирифтани ду нишон саъю кӯшиш ба харҷ
диҳанд. Яке нишони "ПО” - Готов к труду и обороне” (яъне ба меҳнату
мудофиа омода аст) буд, ки барои гирифтани он наврасони боло аз
чордаҳсола (ё понздаҳсола - дар хотирам нест) мусобиқа мекарданд. Ин
нишон дараҷаи якуму дуввум дошт. Нишони дигар ‘‘БГТО” - "Будь готов к
труду и обороне!” (Ба меҳнат ва мудофиа тайёр бош!), ки барои гирифтани
он бачаҳои 12-14-сола мусобиқа мекарданд. Ба ин нишонҳо соҳиб шудан
ифтихоре буд барои бачаҳо ва онҳо ин нишонҳоро бо суруру турури хосса
ба сина овезон карда мегаштанд.
Донишҷӯёни омӯзишгоҳ ба ин мусобиқаҳо бо шавқу иштиёқи том иштирок
мекарданд. Ба ҳамаи иштироккунандагон комбинат либосҳои варзишй медод.
Дар майдони васеъи назди бинои таълимӣ мусобиқаҳои пурҷӯшу хурӯши
довталабони нишонҳо барпо мегардид, ки тамошогарону ''балегӯёни”
бисёреро гирд меовард.
-43-
Дар комбинат тартибу интизоми пионерӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда
буд. Ин тартиб на бо зӯриву сахтгирй, балки бо эътиқоду рағбати томи худи
талабагон вазъ гардида буд. Чунин эътиқоду бовару имонро ман дар худ
ҳис мекардам.
Интизоми қавӣ ва шавқу иштиёқи ҳаёти лионери миёни талабаҳо баьд аз
омадани Маъсумӣ боз ҳам афзунтар гашт. Ба назарам, Маъсумй роҳбари
ташкилоти комсомолй ва роҳнамои корҳои пионерй таъйин шуда буд. Дар
ёд дорам, вожатии калони ҳамаи мо Отақул Низомй буд. Байни Отақул Низомй
ва Маъсумй дӯстие падид омад, ки солҳо баъд аз Панҷакент ҳам пойдору
мустаҳкам буд. Отақул Низомй ба ман ҳамчун лионери пешқадам меҳри
бародарона дошт ва то солҳои охир дар ҳозиру дар ғоиб маро ба некй ёдовар
мешудаэст.
Яке аз зуҳуроти интизом ҳамеша бо галстуки пионерй дар мактаб ҳозир
будани пионер буд. Дигар, баробари шунидани садои шайпури лионери ба
ҳамон ҷое, ки садои шайпур баромад, дафъатан ҳозир будани пионер камоли
ҳушёрӣ ва бо интизомй маҳсуб мешуд. Дар рӯзҳои истироҳат бозие ҳам
доштем: вожатий аз даруни сой ё аз ягон ҷои ба мактаб наздик чанд бор
шайпур мезад ва мо тозон ба мактаб ва атрофи он давида ҷои вожатийро
пайдо мекардем. Ба бачагоне, ки бо садои шайпур назди вожатий
мвомаданд, тӯҳфа медоданд. Чунин бозӣ санҷиши х,ушёрй ва интизоми
баланди пионерон буд... Хуллас, аҷабҳаёти хушухурсанди пионеридоштем,
ки ман он рӯзҳоро ҳоло дар ин синну сол ба шодиву сурур ва эҳсоси кудаки
ба хотир меорам.
Умуман имрӯз вақте ки солҳои бачагии дар Панҷакент гузаронидаамро
ба хотир биёрам, натиҷае мегирам, ки ҳам дар комбинати педагоги
(омӯзишгоҳи оянда) ва ҳам дар байни зиёиёни шаҳр бедории фикр, шавку
ҳаваси илмомӯзй, муҳаббат ба шеъру санъат - хуллас як зиндагии саршор
аз маънавиёт вуҷуд доштааст, Ин зиндагии воқеии он солҳо романтикаи
саъю кӯшиш ба ояндаи умедбахшу пурнур буд. Чунин романтикаи эҳсоси
бачагй дар ҳамон вақт дар ман пайдо шуда буд ва нуре ба ояндаи ман
мепошид. Аз ин сабаб солҳои бачагии Панҷакентро фаромуш намекунам ва
меҳру муҳаббат ва эътиқод нисбат ба ин шаҳр имрӯз дар дилам равшани
эҳдо мекунад.
Манманй нест, аммо дар бораи Панҷакент ва эхдосу тафаккуроти бачагии
худ дар он солҳо нанавишта наметавонам. Зеро “худшиносии" бачагии ман
бо Панҷакент алоқаманд аст. Шарҳи ин гуфтахо ба ин ранг аст.
Ман дар бачагй дар Самарканд аз синни чор ё панҷсолаги ба хондану
камкам ба навиштан ошно будам Хоҳари калониам Ҳумоюнхон ба мактаб
мерафт, гоҳо ҳамроҳи ӯ ба мактаб мерафтам, китоб мехондам, навиштани
баъзе ҳарфҳоро х,ам ёд гирифтам. Баъд модарам муаллими синфи як дар
мактаби рақами 4 дар гузарамон таъйин шуд. Маро ҳамрох, барои таълим
ба синфи худ бурд Як-ду рӯз дар синфи ӯ будааму баъд гуфтаам (модарам
нақл мекард): “шумо даре дода наметавнед, ман ба синфи Саломзода
меравам”. Ва ба синфи Саломзода рафтаам. Муҳаммадӣ Саломзода аз
муаллимҳои номдори Самарканд буд ва то солҳои шастум - то синни хафтод
муаллимй мекард. Дар хотир надорам, ки дар синфи он кас чй мехондаму чи
-44-
менавиштам, оё китоби Алифбо доштам ва агар дошта бошам, он китоб чи
гуна буд. Дар ҳар сурат хурдсол будам, аммо синфи якумро гӯё хатм кардам.
Ба Панҷакент, ки омадем, маро ба мактаби ибтидой надоданд. Тайёрии
якуми Комбинат маро ба хондан қабул кард. Падар ҳамоно мехост, ки дар
пеши назари он кас ва ҳамроҳи хоҳарам Ҳумоюнхон бошам. Ин дафъа мо
хонандаи як синф шудем. Аз тарафи дигар Комбинат бо сэру либос ва бо
хобгоху гизо таъмин мекард. Ин барои муаллиме мисли падарам, ки моҳонаи
калон намегирифту чаҳор нафар хӯранда ба парастории он кас мӯҳтоҷ буд,
манфиати махсусе дошт.
Дар соли аввал мо чӣ мехондем ва чӣ муаллимҳое буданд - дар хотир
нест, вале он ки баъди як сол баъзе “истеъдодҳои" худро, ки пеш аз ин
падидор набуду дар Панҷакент пайдо шуд, хуб дар хотир дорам. Дар як
консерти ҳаваскорони таронаву суруд ман ҳам иштирок кардам. Дар он вақт
як сурудро худам ёд гирифта хонда мегаштам бо номи “Аз зайум нагрифта
мондам, эй рафиқон, ҳайфакак!” Ҳамин сурудро дар консерт хондам, ба
мардум хеле маъқул шуду кафкӯбиҳои зиёде карданд.
Шеъри ин суруд, ба назарам, аз Аминзода буд ва мазмуни ҳаҷвию
танқидие дошт, ки ба заём худро нанависондан чй қадар зарар дорад. Ана,
аз ҳамин суруд дар Панҷакент бо номи “асмушка” шӯҳрат пайдо кардам.
Асмушка калимаи таҳрифшудаи “восмушкаи” русист ба маънии ҳаштяки як
чиз. Дар Самарканд артисти хурдҷуссае буд, ки дар нақшҳои ҳаҷвӣ ва
хандахез бозй мекард. Вай гоҳо дар Панҷакент ҳам пеши мардум баромад
мекард. Лақаби ҳамин артист “асмушка" буд. Банда ҳам ба қиёси ҳамон
артист лақаби “асмушкаро” гирифтам. Дар куча баъзе ҳангоматалабон маро
бинанд, “ана асмушка, канй як ашӯлаи “Аз зайум”-ро хон мегуфтанд. Ман
дар хиҷолат будам, аммо фахр мекардам, ки сурудам ба одамон мақбул
афтодааст.
Аз ин пас фаолияти “саҳнавии” ман меафзуд ва такомул меёфт. Ғайр аз
суруди машҳури “Аз зайӯм...” шеърҳои Лоҳутиро пеши тамошобинон
мехондам. Дар хотир дорам, боре баъди суруд ё шеър хонданам буд, ки
барандаи консерт эълон кард, ки барои суруду шеърҳои хуб хонданаш ба
Расул Ҳодизода аз тарафи мактаб як ҷуфт туфлй эхдо мешавад. Ва ин
туфлиро оварда аз ресмонаш ба китфи ман овехт. Ман шармгинона сарамро
хам карда ба туфлй нигаристам - ростй ки калонию дарозии туфлй қариб бо
қадам баробар буд.
Ана ба ҳамин тариқ, дар Панҷакент буд, ки ба қавли Максим Горкий “дар
байни мардум" дохил шудам. Дар корҳои пионерй фаолона иштирок
мекардам. Ҳатто бо ҷисми хурду наҳиф зӯр задам, ки нишони БГТО-ро низ
соҳиб шавам. Ба иҷрои ҳамаи шартҳои варзишй муваффақ нашуда бошам
ҳам, ташкилкунандагони маърака эҳтимол ҷуссаи хурду саъю кӯшиши калони
маро ба назар гирифта, як нишони дараҷаи якуми БГТО-ро ба ман таодим
намуданд. Шодии маро ҳадцу канор набуд.
Фаолияти “шоирии” ман ҳам дар ҳамин ҷо cap шуд. Шеър менавиштам
дар бораи пионерҳои далер, дар бораи аскари сурх, дар бораи мактаб. Чун
шоири “намоёни” бачаҳои мактабй шинохта шудам. Рӯзе гуфтанд, ки Раҳими
ном шоири калон аз Сталинобод омадааст, бачаҳои шеърнависро ҷустуҷӯ
45-
доштааст. Шеърнависии маро шунида, як-ду шеърамро аз муаллимҳо
гирифтааст ва хоҳиш намудааст, ки аксе аз ман ба он кас диҳанд. Ҳамон руз
мӯйсарам баланд будааст, модарам зуд бо қайчи муямро ба тартиб оварда
ба дастам пул дода ба фотограф фиристод. Рӯзи дигар акс омода шуд, ба
воситаи падарам онрр ба Раҳимӣ расониданд.
Таъсир ва намунаи шахсии одобу рафтори ниҳоят ҳамидаи Маъсуми ба
талабагон хеле калон буд. Ман шахсан Маъсумиро ҳамчун муаллим ва
сарвари комсомолу пионерон муқаддам аз ҳама медонистам. Маъсуми низ
ба ман меҳри махсусе дошт, ба фаолияти саҳнави ва шеърнависии ман бо
ҷиддият ва бо майли тарғибкунанда муносибат мекард. Шеърҳои бачагонаи
маро гӯш мекард, баъзе ҷоҳояшро тасҳеҳ менамуд ва чаро тасҳеҳ шуд,
фаҳмонда медод.
Рузе маро ба ҳуҷраи худ, ки дар хобгоҳи умумии талабагон барои ваи
ҷудо карда буданд, бурд, чою конфет зиёфат кард. Баъд аз даруни стол як
дафтари калонҳаҷми ба ҷилди сурхи картонӣ муқовашударо баровард. Дар
миёнаи рӯи ҷилди дафтар коғази оҳории сафед часп шуда ва болои он чизе
навишта ҳам буд. Дафтарро кушод.
__Дна ман ҳам шеър менависам,- гуфт Маъсуми. - Ҳозир чанд шеърамро
ба шумо хонда медиҳам.
Шеърҳо хеле хушоҳанг буданд ва бо овози форами Маъсуми чун мусиқи
садо медоданд. Чанд шеър хонд, бо завқу шавқи кудаки гуш кардам. Ба
фаҳми кӯдакӣ ҳамин қадар пай бурдам, ки шеърҳо ишқи буданд. Ба гушам
чун байти Лохутӣ мерасид, ки тамоми ғазалро аз бар медонистам.
Фақат сӯзи диламро дар чаҳон парвона медонад,
Ғамамро булбуле, к-овора шуд аз лона, медонад.
Ин газалро Маъсумй дар пиесаи "Кадрҳо ҳамаро ҳал мекунанд" дар соати
гамгиниву навмедии қаҳрамон месуруд. Ман хурсанд будэм, ки Маъсуми
шеърҳояшро ба ман хонда дод. Лекин чаро ба ман хонд, чаро маро ба
шунавандаи шеъри худ интихоб кард? Дар он лаҳза ва баъдҳо хам дар ин
нукта фикр намекардам. Акнун баъд аз гузаштани шасту анд сол сирри ин
шеърхонии ӯро фаҳмидам гӯям мешавад.
Он вақт Маъсумӣ духтареро дӯст медошт, ки аз оилаи самарқандиҳои
муқими Панҷакент буд. Дар аввали кор касе аз ин хабар нэдошт в_а шояд
худи духтар ҳам аз ишқи ҷавон бехабар буд. Маъсумй аз эҳсоси пурҷуши худ
ба касе чизе гуфта наметавонист. Сирри дил, ҷушиши ишқ ва симои ин
духтарро дар лаҳзаҳои танҳой фақат дар шеър гуфта метавонист. Аммо ин
шеърҳоро ба ҳар кас хонда дили ошуфтаро таскину ором кардан ҳам душвор
буд. Дар ҳамон рӯз, ёди он духтар Маъсумиро хамоно ба талотуми баҳри
ишк андохта буд. ки барои вай мисли ман шунавандаи бегараз ва аз сирри
ишқ бехабар лозим будааст. Гӯё он кас арзи ҳоли дил мекарду ман сабабе
барои арзи ҳоли дили он кас будам.. Бад-ин минвол миёни мани хурдсолу
Маъсумии ҷавони бистсола риштаи дӯстие вуҷуд дошт.
Баъд аз он ки ман ба синфи ''асос" гузаштам, хондану бозиҳои кудаконаам
ранги ҷиддитар гирифт. Дар ин сол машғули “қулуббози’ будам. Қулуб дар
он солҳо дар ҳаёти мадании шаҳру деҳот мавқеи муҳим дошт Ин калима аз
“клуби’' русӣ гирифта шуда ва маънояш “ҷои ҷамъомад аст. Мавқеи қулуб
-46-
дар он солҳо ба қарори ташкилоти маданию маърифатие буд, ки чорабинй
ва тадбирҳои адабӣ, сиёсӣ ва ҳунариро анҷом медод. Биное, ки дар он
чунин чорабиниву тадбирҳо созмон меёфт, "клуб” ва дар байни омма “қулуб”
ном дошт: кулуби шаҳр, қулуби район ва ҳ.к.
Инак, дар ман низ фикре пайдо шуд, ки қулубе ташкил намуда, дар он бо
иштироки ҷӯраву рафиқонам маҷлису маҳфилҳои адабию ҳунарӣ баргузор
кунам. Барой ин дар ҳавлии Мулло Сабурбой шароит набуд. Дар ҳамин
кӯча каме болотар аз мо ҳамсинфам Сангинбой истиқомат мекард. Онҳо
ҳавлии калони боғмонанд доштанд. Дар ҳамин ҳавлй як хоначаи холиро
дидам ва бо Сангинбой ба падари вай муроҷиат кардем, ки хоначаро барои
қулуби мо ҷудо кунанд. Падари Сангинбой - пирамарди косиби хонанишин
- розӣ шуду хоначаро ба қулуби мо дод.
Ман бо Сангинбой ва боз чанд ҷӯраҳои дигар аз падарҳоямон пул ҷамъ
карда, сурату китобу тасвири сардорони ҳукумати шӯроӣ ва ҷумҳуриро
харида, деворҳои хоначаро ороиш додем. Дар хотир дорам, ки болои дари
даромади кулуб сурати Раҳимбоевро ба девор насб карда будем. Дар қулуб
ман "наркомпрос”(яне комиссари маориф), Сангинбой - "гороно" ва боз як
ҷӯраам “районо” шуд. Ин калимаҳоро ҳамчун рутбаи соҳаи маориф дар
педкомбинат ва дар хона бисёр мешунидам.
Рӯзҳои истироҳат ё дар соатҳои аз даре фориғ бачаҳои ҳамсоя ва ҷӯраҳои
худамонро ҷамъ карда маҷлис мегузаронидем. Ман - наркомпрос маърӯза
мекардам, баъд шеърхонй мешуд ва дар охир бо суруду таронаҳои худамон
консерт барпо менамудем.
Кори қулуб нағз мерафт. Азкоримопадарам.амакамнағзвоқифбуданд
ва кори моро меписандиданд. Хостам, ки аз кулуби мо Маъсумй ҳам хабардор
бошад. Рузе ба он кас аз кори кулубамон нақл кардам ва гуфтам, ки омада
қулуби моро бубинад. Он кас даъвати маро пазируфт ва дар рӯзи муайян ба
кулуби мо омад. Ман омадани Маъсумй ва дар як лаби саҳнаи қулуб болои
кӯрпача нишаста тамошо карданаш кулуби моро ва бо табассуму чеҳраи
кушод писандиданаш кори моро ҳозир пеши назар равшан тасаввур мекунам.
Баъд шеърхониву сурудгӯии моро шунид ва чй тавре ки мегӯянд “ба корҳои
мо муваффақият орзу намуда” хайру хуш карда рафт.
Баъд аз чанд рӯз пас аз даре дар толори таълимгоҳ маҷлиси донишҷӯён
шуд. Дар вақти маҷлис, намедонам барои чй бошад, дар саҳни мактаб
машгули бозй будам. Бачае давон омада гуфт, ки “ба маҷлис даро, Маъсумй
дар бораи ту ran зада истодаанд”. Ман зуд ба толор даромадам. Маъсумй
аз будану набудани ман бехабар дар бораи кулуби мо сухан мекард. Гуфт,
ки “бинед, пионерҳои мо вақти аз мактаб берун ба корҳои беҳуда машғул
намешаванд, корҳои барои таълиму тарбия заруриро иҷро мекунанд."
Хуллас, кулуби моро хеле таъриф кард. Дар охир гуфт: “Мо ба кулуби Расулхон
Ҳодизода як китоби навбаромадаи устод Айнӣ “Ғуломон”-ро тӯҳфа мекунем.
Инчунин ба кулуби онҳо даҳ сум пул мукофот медиҳем, ки ба харидани сурату
шиору китобҳо сарф кунанд”. Шодии маро ҳадду канор набуд. Дар зери
кафкӯбиҳои шогирдону муаллимон ба саҳна баромада, тӯҳфаҳоро аз
Маъсумй гирифтам.
Дар бораи Маъсумй баъд аз вафоташ хотираву очеркҳо навишта шуд.
■47-
Ҳамсари бовафои ишон Вера Пантелеевна китоби пур аз меҳру гарми таълиф
намуд. Аммо дар бораи солҳои ҷавонии Маъсумӣ, аз ҷумла дар бораи солҳои
фаолияту зиндагии ишон дар Панҷакент то имрӯз чизе нанавиштаанд. Шояд
ин барге чанд аз хотироти ман дар боби ёдбуди ишон гуле ба шукуфоӣ
бирасонад.
Маъсумӣ ба падари ин ҷониб эътиқод ва эҳтироми самимие дошт. Баъд
аз он ки муаллимони самарқандӣ дар миёнаи соли 1936 фаолияти худро
дар Панҷакент ба охир расонида, азми бозгашт ба Самарқанд намуданд,
Маъсумӣ аз пздарам дар кори ояндаи худ машварат хост. Падарам ба
Маъсумӣ гуфтааст, ки ишон ҳатман таҳсили худро дазом диҳад ва ба камолот
расонад. Маъсумӣ бо машварати падарам ҳамон сол ба Душанбе омада, ба
Института педагогй (ҳоло омӯзгорй) дохил мешавад. Баъд аз хатми Институт
давраи омӯзиши мустақил, камолоти илмӣ ва такомули одобу ахлоқи одамияти
ишон шурӯъ мешавад. Ишон муаллим, устоди варзида буд, ишон роҳбари
хирадманди муассисаҳои илмӣ, рафиқи мушфиқи ҳамкорон ва шогирдон
буд. Ба дараҷаҳои баланди роҳбарияти илмӣ ва ташкили расид, лекин
хоксорӣ, самимият ва хайрхоҳӣ зебу зинати инсонии ишон буд. Солҳои охир
дар Института забон ва адабиёти Рӯдакӣ бо ишон кор мекардам. Маъсуми
директор буд, роҳбари расмии муассисаи илмӣ ба шумор мерафт. Пекин ба
нззари ман он кас ҳамон Маъсумии солҳои ҷавонии Панҷакент буд. Некхоҳӣ,
меҳри одамӣ, нури хирад аз чашмони он кас, аз табассумҳои пурҷозибааш
таровиш дошт.
Маъсумй шахси қадршинос буд. Роҳнамоии ғамхоронаи падарамро дар
Панҷакент ҳеч гоҳ фаромӯш намекард. Дар маҳфилҳои дӯстон, дар
маҷлисҳои адибон агар сухан аз устодон мекард, номи Ҳаидархон Ҳодизода
дзр радифи номҳои дигар бо ифтихор аз забони Маъсумй садо медод. Ҳар
бор ки ба Самарканд сзфар мекард, ба дидори падару модарам меомад.
Соли 1969 буд, ки падару модарам ба меҳмонии ман омаданд ва як-ду моҳ
дар хонаи мо иқомат доштанд . Рӯзе чанд шиноси қадими падарамро, аз
ҷумла Раҳим Ҳошим, Бобо Раҷабзода, Маъсумиро ба меҳмонӣ даъват
кардам. Маъсумй бо ҳамсараш омад.
— Янгапошшо, ман бо Вера омадам, дер шуда бошад ҳэм гуфтам, ки
келинро ба шумо нишон диҳам. Вера ҳзм бинад, ки дар Панҷакент бо чй
гуна одамони асил нишасту бархост доштам, - гуфт Маъсумй ба модарам.
Дар воқеъ Маъсумй аз ин пеш ва баъдҳо ҳам дар бораи Панҷакент ва
хусусан дар бораи ғамхориҳои падару модарам суханҳои хуб ва хотирахои
нек гуфтааст, ки Вера Пантелеевна баъд аз чор моҳи фазти Маъсуми ба
падарам табрикномае ба Самарканд равон карда навишта буд: Муаллими
азиз! Шумо ва оилаатонро бо соли нави 1975 табрик мегуям. Ба шумо хайру
некй ва хусусан сиҳҳату саломат мехоҳам. Дил мехоҳад ба Шумо арзи
ташаккур намоям барои он илму донише, ки дар вақташ ба Носир дода будед,
барои он дониши зиндагӣ, ки вай ҳамеша дар хотир дошт ва ҳамеша кушиш
мекард, ки аз рӯи ин панду часиҳатҳо кор бандад. Ташаккур. Бо арзи эҳтиром
оилаи Маъсумй.”
Он шаб сӯҳбат хеле гарм шуд. Меҳмонон, ба назарам, аз нафаси гарми
ҳамдигар ба зӯр дил канда азми рафтан карданд. Маъсумй ба Вера
-48-
Пантелеевна гуфт:
- Вера, биё, имшаб дар х,амин ҷо монем. Аз ин хона буи ҳавои хуши
фазой лоҷувардии Панҷакент меояд. Хотираи солҳои ҷавониам дар ин шаб
пеши назарам омада. Ҳамон ҷавоние, ки борҳо ба ту нақл карда будам.
Нишасти оилавй кардем. Маъсумй на аз май, балки аз ёди рӯзҳои ишқу
ҷавонӣ мает буд. Чанд суруд хонд. Ва ниҳоят ҳамон суруди пиесаи
машҳурашонро замзама кард:
Фақат сӯзи диламро дар ҷахрн парвона медонад,
Ғамамро булбуле, к-овора шуд аз лона, медонад.
Падарам бо чашмони пӯшида ва сари хам хомӯш гӯш мекард.
— Зинда бошед, Маъсумй, - гуфт падарам баъди поёни суруд, дар ҳоле
ки дар чашм нами ашк милтос мезад. - Як ҷаҳони хотираҳои ширинро пеши
мо ҷилвагар кардед. Офарин!
Ҷаҳони хотираҳои ширин буд Панҷакент. Барой ман низ! На танҳо! Давраи
ба ҷаҳон чашми ибрат кушодан буд. Ман ғунчае будам дар Самарқанд,
шукуфоии ин ғунча дар Панҷакент шурӯъ шуд. Дар зери “мазраи сабзи”
осмони софу беғубор, дар ҳавои муаттару ба сардин пиряхҳои дуродур
омехтаи кӯҳҳо, дар насими руҳафзое, ки Зарафшон бо худ аз тангнои дараву
оғӯши кӯҳсорҳо меовард, аз садои осудапарваронаи маҷрову шохобу
шохобчаҳои Зарафшон, ки дар фазой Панҷакент маҳсусу номаҳсус гӯшҳоро
навозиш менамуд... Ман бе гамубеолоиши буғзукина медавидам, мехондам,
шеър мегуфтам, месурудам. Баробари ин ҳиссе дар қалб , дар сина пайдо
буд, ки маро шодиву фараҳ эхдо мекард ва ҳамеша як хоҳиши парвоз
намуданро бедор менамуд. Ман бо ҷӯраҳоям ба дарёбод рафтанро дӯст
медоштам. Дароби чашма шиноварӣ мекардем. Аз дур тобиши оби маҷрои
калони Зарафшонро дида орзу мекардам, ки кош парвозкунон лаби ҳамон
дарё равам ва ба мавҷҳои об ҳамроҳ бошам. Аз дур дар доманаи кӯҳ деҳи
Ғарибакро медидам, ба назарам аз дур боғистони чашмасору обшор
менамуд. Шабҳо дар бағали кӯҳҳои болои Ғарибак нури оташро медидам.
Баъзеҳо мегуфтанд, ки дар он чо чӯпонҳо оташ афрӯхта, барои худ хӯрок
тайёр мекунанд. Орзу мекардам, ки кош боле дошта бошаму назди чупонҳо
равам. шояд он ҷо шеру палангҳоро бубинам. Ҳатто ба навиштани ҳикояе
шурӯъ кардам. Мехостам саргузашти худамро нақл кунам, ки аз хона гурехта
ба кӯҳсор меравам ва баъди дидани аҷоибу ғароибот боз ба хона сихдат ва
еаломат бозмегардам... Бале, чунин эҳсосе дар ман пайдо шуда буд, ки
имрӯз онро “романтика" таъбир кардан мумкин аст. Шояд чунин эҳсос дар
ман фитрӣ ва ҷибиллӣ буд, лекин дар ҳар сурат Панҷакент бо тамоми
романтикаи табиати худ ин эҳсосро бедор кард...
-49-
БОЗГАШТ БА САМАРКАНД
Хидмати чорсолаи муаллимони самарқандӣ дар Комбинати педагоги ба
охир расид. Ходимони маориф, муаллимони ҷавон ва аҳли зиёи Панҷакент
мехостанд, ки устодони самарқандӣ боз чанд сол дар Панҷакент бошанд,
аммо ватан - Самарқанд онҳоро ба сӯи худ мекашид.^
Омӯзишгоҳи навбунёдро муаллимони самарқанди ба пояи мустаҳками
таълиму тарбия гузоштанд. Ин таълимгоҳи ба ном хурд дар такдири фарҳангу
маорифи Панҷакент нақши ниҳоят бузург гузошт. Хатмкунандагони аввалини
донишкада дар он солҳо барои пешрафти маданияту маорифи Панҷакент
хидматҳои шоиста намуданд. Омӯзишгоҳ дар солҳои баъдй, дар солҳои
ҷанг ва баъдй ҷанг ҷавононеро тарбия намуда ба воя расонид, ки симои
миллату фахри мардуми кишвар гаштанд. Лоик, Шералй, Мастон Шералй,
Убайд Раҷаб, Файзулло Ансорӣ, Аълохон Афсаҳзод^ Алӣ Муҳаммадӣ,
Шарофидцин Рустамов ва... ва... Агар гӯям, ки мавқеи омӯзишгоҳи Панҷакент
дар тайёр намудани кадрҳои ҷавон баробари як донишгоҳ аст, хато
намешавад.
Солҳо сипарй гаштанд, аммо Панҷакент, омӯзишгоҳ номи муаллимони
самарқандиро ҳамчунон пос медорад. Соли 1999 моҳи сентябр бо
донишмандони эронй ба сарварии доктор Ёҳаққӣ ба Панҷакент ва Самарқанд
сафар кардем. Дар Панҷакент моро хуб пазирой карданд. Мизбони мо
хонум Хайринисо Мавлонова, - муовини раиси Ҳукумати шаҳр буд. Касе
маро ба хонум муаррифй кард. Вай дар ҷавоб гуфт:
- Ман дар бораи устод бисёр шунидаам, аммо бори аввал мебинам.
Ному насаби падари ин касро аз ишон пештар шунидаам. Ахди Панҷакент
то ҳол аз муаллимон - бародарон Ҳодизодаҳо ба некй ёд мекунанд.
Гармои тобистони соли 1936 нарасида бо Панҷакент видоъ кардему ба
ватани маълуфи худ бозгаштем. Тамоми оила бо модаркалону Ҷаъфархон-
амаку ҳамсараш ва писарчаи нахустинашон. Ба хдмон гузар, ба ҳамон ҳавлӣ
бозгаштем. Акнун лозим буд, ки ҳавлиро ба тартиб биёранду шикасту рехт
кунанд ва ҷои кору ҷои хондани моёнро муайян кунанд. Падарам ба ҳайси
муаллими забои ба Омӯзишгоҳи тоҷикии рақами 13 ба кор даромад.
Хоҳарамро низ ба ҳамин омӯзишгоҳ ба курси аввал қабул карданд. У дар
Панҷакент “асоси” якро тамом карда буд. Пекин маро, ҳарчанд асоси якро
тамом карда будам, ба омӯзишгоҳ қабул накарданд. Гуфтанд, ки барои
омузишгоҳ хурдсол ҳастам. Падарам бо директори мактаби рақами 22,
мактаби даҳсола гапзанон карда қарор додаанд, ки маро ба синфи ҳафтум
қабул кунанд.
Ҳамон сол дар шаҳри кӯҳнаи Самарқанд барои мактабҳо чанд бинои
нави "типй" сохта буданд, ки яке аз онҳо бинои нави ҳамин мактаби рақами
22 буд. Бинои мактаб берун аз дарвозаи Сӯзангарон воқеъ шуда, аз тарафи
ғарб ба гузари Ашӯрчиркин мебаромад, аз тарафи шарқ ба Ҷӯи шаҳр наздик
буд, ки он солҳо оби сарди равони пуропур дошт. Директори мактаб Ғиёсй
марди тануманди қоматбаланди пургӯшт аз ходимони шоистаи маорифи
Самарканд буд ва дар ташкили мактабҳои тоҷикӣ хидматҳои калон дошт
-50-
Шояд ба сабаби обрӯю манзилати Ғиёсй бошад, ки дар мактаб чанд тан аз
муаллимони номдор ҷамъ омада буданд. Аъзамхон Шаҳидӣ - муаллими
риёзиёт дар синфҳои 8-10, Шодизода - муаллими физика, муаллим
Назриқулов аз дарси биология, Бобозода - муаллими адабиёт. Дар ҳамин
мактаб Муҳаммадқул Нарзиқулов, ки студенти курси сеюми факултаи
биологияи Донишгоҳи Самарқанд буд, дар синфи ҳафтум аз зоология даре
медод. Муҳаммадқул Нарзиқулов баъди чандин солҳо ба Душанбе омада,
олими намоёни энтомолог ва узви Академияи илмҳои Тоҷикистон гардид.
Ба муҳиту шароити ин мактаб зуд одат кардам. Дере нагузашта ба
“фаолияти” овозхонй, шеърхонй ва шеъргӯӣ cap кардам. Чанд бор дар саҳнаи
мактаб ва ҳатто боре дар радиоузели шаҳр баромад кардам. Баъди чанд
вақт - ба назарам дар аввали соли 1937 буд - сарвари пионерони мактаб
(вожатий) - Турдиев ном ҷавоне гуфт, ки мо туро муҳаррири газетаи девории
пионерон таъйин мекунем ва як рассом ҳам ёфта медиҳем, то иди якуми май
газетаи нағз бароретон. Рӯзи дигар аз синфи ҳаштум шогирдеро ҳамроҳаш
оварда гуфт, ки “ана ин рассом, номаш Назрулло фамилияаш Рустамзода.
Аз пагоҳ ба кор cap кунед. Хоначаи пионеронро ба шумо медиҳем”.
Рӯзи дигар ба кор cap кардем. Қарор додем, ки аввал тасвирҳои газетаро
тайёр кунем, баъд ба навиштани мақолаҳо мегузарем. Назрулло бачаи
зардинаи камгӯшт ва аз ман каме баландтар буд. Дар кашидани сурат хеле
ба таанй буд, гоҳо дуру дароз ба коғазу тарҳи кашидааш нигоҳ карда мемонд.
Ман дилтанг мешу дам, ки агар кор ба ҳамин насақ давом кунад, моҳи май
соли оянда ҳам газетаро бароварда наметавонем. Не, баъд корҳо нагз рафту
газета дар вақташ баромаду моро таърифу тавсиф карданд.
Аз ҳамкорй дар ҳамин газета дӯстии ману Назрулло огоз ёфту то охири
умри шодравон давом дошт. Баъд аз мактаб омӯзишгоҳ, баъд донишгоҳи
Самарқанд. . - ҳамеша мо як ҷо будем. Солҳои душвори ҷанг, солҳои қаҳтию
гуруснагй бо ҳам дӯст будем. Баъд аз он ки ба Душанбе омада, ин ҷо муқим
шудам, Назрулло Рустамзода ҳам бо сабабе ҳамин ҷо омада, ба аспирантура
аз рӯи ихтисоси фалсафа дохил шуд. Баъдтар оилаи худро низ овард.
Солҳои сол дар таҳқиқ ва омузиши Имом Ғаззолй кор кард. Аммо натиҷае
ҳосил нашуд. Зеро қариб даҳ-понздаҳ сол ба ҷамъ кардани маохиз ва кутубу
рисолаҳо роҷеъ ба таҳқиқи Ғаззолӣ сарф шуд. Ман ҳар бор мегуфтам, ки
“охир корро зуд анҷом додан лозим аст”, мегуфт, ки “боз чанд китобу маъхаз
дар хориҷи кишвар ҳаст, онҳоро ба даст овардан лозим аст”.
Дар Институти фалсафа дар тарҷума ва таҳияи осори Абӯ Алй Сино
корҳои муфид анҷом дод. Дар дониш ва локизакорй бо донишмандони
унвондору рутбадор баробар буд, аммо дар дифои рисолаи илмӣ ҳавсала
ва шитоб намекард. Берун аз корҳои илмй ба ҳунару пешаҳои гуногун шавқу
ҳавас дошт. Чунончи, вақте дар манзили худ ба кафшер (сварка) намудани
баъзе чизҳо зарурат афтодааст, Рустамзода аз рӯи китоб ин ҳунарро омӯхта,
тамоми асбобу таҷҳизоти кафшергариро муҳайё намуда, кори манзили худро
анҷом дод. Ба дӯстони худ, аз ҷумла ба ман ҳам дар анҷом додани чунин
корҳо омада, мисли устоҳои пуркор ёрй мерасонид. Чунин корҳои туфайлй
вақти зиёди ӯро мегирифт, вале аз ин машғулиятҳо хурсанд ва қонеъ буд.
Назрулло Рустамзода ба падари май эҳтирому муҳаббати хосса дошт.
-51-
Модар ва додару хоҳарони маро мисли узви хонадони хеш дуст меД°шт
ҳурмат мекард. Зеро аз бачаги ба хонаи мо рафту ои дошт, бо ҳамаи мо дар
унсу улфат буд. Мо бо Назрулло дуст ва бародар будем. _То солҳои охир зуд-
зуд бо ҳам мулоқот доштем, аз айёми бачаги, донишҷуи, рузҳои зиндагии
Самарканд дуру дароз суҳбатҳои гарму ширин мекардем. Ванохостдар
аз рӯзҳои пурбарфи январи соли 1998 Рустамзода чашм аз ҷаҳон пушид. У
рафту ёди неки вай дар хотирҳо монд. Ҷояш равзаи ҷинон бод.
Таҳсили соли 1936-37 дар мактаби 22 ба охир мерасид. Баъд аз хатми
синфи ҳафтум аз рӯи ваъда маро бояд ба омӯзишгоҳ қабул кунанд Пеш аз
видоъ бо манстаб дар ҳаёти ман воқеае рӯй дод, ки дар роҳи ояндаи зиндагиам
НаҚДарРякТаз рӯзҳои баҳорон директор Ғиёсй қариб бист нафар хонандаро
ҷамъ карда гуфт, ки пасфардо дар мактаби рақами 21 мулоқоти хонандагон
бо нависандаи бузург устод Садриддин Аини барпо мешавад. Дар он ҷо
хонандаҳои мактабҳои шаҳр ҷамъ меоянд. Аз мактаби мо шумоен ба ин
мулоқот мераветон ва Расул устодро табрик карда дар бораи китобҳои он
КаСАзПинЭхабар хурсанд шудам. То ин вақт тамоми асарҳои ^а *УРУФ°™
худамон чопшудаи Айниро хонда будам ва дар орзуи он будам, ки кош
нависандаи ин асарҳои аҷибу гарибро медидам.
Хамон рӯз модарам либосҳои тоза пӯшонда маро гусел кард. Дар мактаби
21 ки мисли мактаби мо бинои навсохт дошт, бачаи бисере аз синфи ҳафт
тодаҳ ҷамъ 0мада буданд. Дар саҳнаи толор дар Президиум муаллимон
директорҳо ва дар миёна Айнӣ бо камзӯли сафеду каллапуши чусти нишаста
бУЯМулоқот cap шуд. Чанде аз муаллимон дар бораи устод Айнӣ аа асаРҲ0И
он кас ran заданд, сипас Айнй аз манфиати мактабу хондан сухан кард. Баъд
навбатба хонандаҳо расид. Пас аз як-ду нафар номи худро шунидам. Аз
шармуҳаяҷон cyiсурх шуда пеши минбар истодам. Шарм медоштам, аммо
чуръате пайдо шуду ба сухан огоз кардам. Гуфтам, ки тамоми асарҳои устод
а, ҳама 6а „т "Одина" таъсири «а»»
Хеле афсӯс мехӯрдам, ки Одина, ки ҷавони синнаш ба мактаб лоиқ буд,
2нда н*5авонистаДдар даргоҲи бой хору зор шуда, оқибат аз зулму ситами
вай гурехта дар ғарибӣ аз олам гузашт. Мо, бачагони даврони сталини, -
озоду хушбахт дар мактаб мехонем... ва боз мисли ҳамин фикру андешаҳои
бачагонаи худро гуфтам. Баъд аз тамом кардани суханам аз саҳна
фуромаданй будам, ки устод Айнй “ин ҷо биеед гуфта назди худ даъва
кяпла аз акибаш дар як стул шинонд.
— Шумо писари Ҳайдархон мешавед? - Баъдазҷавоби тасдиқ_пурсид, ки
падарам ҳоло дар куҷо кор мекунанд, мо дар кадом гузар зиндагони мекунем,
амаки калониамРРизохон дар куҷоянд ва мисли Ҳамин суолҳои мухтасар
доду гуфт: - Аз ман ба падаратон салом гуед. Гӯед шуморо гирифта оа ҳавли
бИ6Ман ба хона омада, саломи устодро ба падарам расонидам. Ростй аз ин
пеш намедонистам, ки падарам бо Айнй шинос аст. Пурсидам, ки бо Аини
кай боз ошной дорад. Падар дар ҷавоб нақли мухтасар кард.
-52-
— Соли 1918 амири Бухоро чандин одамони равшанфикрро, аз ҷумла
домуло Айниро ҳам, ба гуноҳи ҷадидй азобҳои сахт дод. Айниро ба
тахтапушташ ҳафтоду панҷ чӯб зада, қариб ба куштан расонида буд. Он
касро русҳо озод карда дар беморхонаи Когон муолиҷа карданд. Баъд Айнй
ба Самарканд омада, чанд муддат дар хонаҳои дӯстонашон муолиҷа ва
истироҳат карданд. Чанд вақт дар ҳуҷраи амаки калониат Ризохон дар
мадрасаи Шердор ҳам истиқомат карда буданд. Ана дар ҳамон ҷо май бо он
кас шинос шуда будам. Баъд аз ин дар мактабу маориф, дар маҷлису
маҳфилҳо бисёр вомехӯрдем. Баъд аз он ки домулло аз мактабу муаллимй
дур шуда, бештар дар хона нишаста китобнависй мекарданд, бо он кас
камтар мулоқот мекардем.
Падарам баъд аз шкаф китоби ба ҷилди зарди картонӣ муқовашударо
бароварда, аз аввали он ҳамон сурати дар беморхонаи Когон бо тахтапушти
лурҷароҳату захмй акс ёфтаи Айниро нишон дод. Ин китобро пеш аз ин ҳам
баъзан дар дасти падарам медидам ва ду шеъре, ки бештар аз ин китоб
мехонд, дар ёди ман нақш баста буд. Яке шеъри хеле пурсӯзе буд, ки баъд
аз ҳар банд ин байт такрор мешуд:
Чигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!
Баъдҳо донистам, ки ин шеър аз марсияи Айнй аст дар кушта шудани
додараш ба дасти ҷаллодони амир. Як банди шеъри дигар ин буд:
Дил бохтаам, тарки муҳаббат киву ман кй!
Фикри худу парвои маломат киву ман кй!
Савдоии дардам.аами сихдат киву ман кй!
Кулфатзадаам, бодай ишрат киву ман кй!
Бемори замам, бистари роҳат киву ман кй!
Баъдҳо маълумам шуд, ки ин мухаммаси Абдурауфи Фитрат будааст бар
ғазали Ҳасрат.
Ин мулоқоти аввалини ман буд бо устод Айнй. Он вақт намедонистам, ки
ин мулоқот дар зиндагии ман марҳилае хоҳад шуд ва қазои осмонй чунин
навишта буда, ки Айнй дар роҳи ҳаёти шахсй ва фаолияти адабиву илмии
ман нақши роҳнамоиро хоҳад дошт.
ОМӮЗИШГОҲИТОҶИКИИ САМАРКАНД
Соли 1937 ба курси якуми Омӯзишгох,и педагогии Самарқанд рақами 13
қабул шудам. Кӯдаквор хурсандӣ мекардам, ки ба ин омӯзишгоҳдохил шудам.
Аввал ин ки омӯзишгоҳи номдоре буд мисли Донишгоҳи давлатии Самарқанд.
Сониян, дар ин ҷо муаллимони маъруфи Самарқанд кор мекарданд, ки бо
падарам ошно буданд ва х;ар бор, ки онҳоро медидам, орзу мекардам, ки
кош ба шогирдиашон бирасам. Сеюм ин ки Омузишгоҳ дар чаҳорбоғи
хушҳавое ҷой гирифта, дар маркази он гулгашти сабзу шукуфон воқеъ буд.
Боғбон марди озарие ба номи Алӣ Тағиев боғро дар камоли зебоӣ ва тароват
нигоҳ медошт. Ва ниҳоят ин омӯзишгоҳ барои ман аз он сабаб марғуб ва
матлуб буд, ки дар вақти хонишам дар мактаби 22 ба маҷлисҳои идонаи он
-53-
омада будам, ки шогирдон консертҳои хуб нишон медоданд, дар саҳна
намоишҳо мегузоштанд. Боре аз рӯи “Дохунда” - и Айни намоишномаи хеле
хуб ба саҳна гузоштанд, ки овозаи он дар тамоми Самарқанд паҳн шуда буд.
Омӯзишгоҳи точикй соли 1931 аз тарафи Комиссиризти маорифи
Узбекистан дар сатҳи Техникуми педагогии тоҷикии ба номи Бауман ташкил
шуда буд. Карл Янович Бауман (1892 - 1937) ходими намоёни ҳизби
коммуниста буд ва аз соли 1931 чанд муддат вазифаи котиби якуми Буюрои
ҳизби коммунистиро дар Осиёи Миёна иҷро мекард. Баъд аз он ки уро сопи
1937 зиндонй карда, ба қатл расониданд, Омузишгоҳ рақами 13-ро гирифт
(ҳамоно дар ҳисоби омӯзишгоҳҳои Узбекистон). Соли 1938 дар айни
маъмурият ва маъруфияти Ежов ҳамчун Вазири корҳои дохилй (НКВД)
омӯзишгоҳ номи ин шахсро гирифт. Баъд аз он, ки ин шахе ҳам чун душмани
халқ зиндонй ва мақтул шуд, ба Омӯзишгоҳ номи Ленинро доданд. Ба ҷуз ин
дар Самарқанд омузишгоҳи узбекй буд (билим юрти) ба номи Сталин.
Техникуми тоҷикӣ ду-се соли аввал дар бинои наве, ки шояд махсус барои
ин таълимгоҳ андохта бошанд, дар гузари Хонақоҳ воқеъ гардида буд. Баъд
техникумро ба ҳамон чаҳорбоғе, ки дар боло зикр шуд, кучонданд. Дар солҳои
ҷанги ватанй дар биноҳои таълимию маъмурии чаҳорбоғ госпитали ҳарби
ҷойгир шуд ва омӯзишгоҳро ба Сарой Мамараҳимбой (ин сарои боҳашамати
бои самарқандӣ баъд аз инқилоб солҳои дароз макони мактабу таълимгоҳҳои
гуногун буд) воқеъ дар сари кӯчаи Қӯшҳавз бурданд. Баъд аз ҷангомузишгоҳ
ба ҷои аввалааш кӯчид. Пас аз ду-се сол Вазорати маорифи Узбекистан
омӯзишгоҳро ба техникуми варзиш табдил дод. Таҳсил ба забони узбеки
шуд. Аммо гурӯҳҳои тоҷикӣ боз се-чор сол нигоҳ дошта шуд ва охири охирон
ин ҳам барҳам хӯрду ба сари омӯзишгоҳи таърихию овозадори тоҷики об
рехтанд.
Чанд сол пеш 50-солагии омӯзишгаҳро таҷлил намуда, маро ба маҷлиси
ҷашн даъват карда буданд, вале ман нарафтам. Зеро таърихи омузишгоҳро
на аз соли 1931, балки аз таърихи таъсиси омӯзишгоҳи узбеки гирифтаанд.
Дуввум ин ки дар ин омӯзишгоҳ ғайр аз директори он Юсуфи ва боз чанд
муаллими омӯзишгоҳи пешин рӯҳи тоҷикй дар фазой таълиму дар ҳавои
чаҳорбоғ намонда буд.
Чанд вақт пеш винеткаи (маҷмуи аксҳои) нахустин хатмкунандагони
омӯзишгоҳи тоҷикӣ (солҳои 1931-1934) дар дастраси ман буд. Аз ин аксҳо
маълум шуд, ки дар сафи музллимони нахустини он мисли Зеҳни, Абдулҳамид
Бақозода Фаттоҳ Раҳматзода, Холиқ Мирзозода (Мирзозода ва Бақозода
аз муаллимони ҷавон буданд), Аҳмад Камолй, Маҳмуд Исмоилзода, Рейс
омӯзгорони номӣ ва ботаҷриба даре медодаанд. Дар байни хатмкунандагон
Ҳабиб Юсуфӣ - шоири шаҳид ва шаҳири тоҷик ва Раҳим Эгамбердиев -
муаллими донишгоҳи Самарканд буданд. Дар ин солҳо падарам ва амакам
дар Панҷакент буданд, аз ҳамин сабаб дар коллективи муаллимони ин солҳо
набуданд.
Дар соле, ки ба омузишгоҳ омадам, иморату боги он хеле ободу тозаву
озода буд. Ду корпуси таълимй, як бинои хурди зебои ҷудогона барои
дирексия, ташкилоти касабавӣ, ташкилоти комсомоливу ҳизбй ва як бинои
хобгоҳи дуошёна дар дохили ҳамин бог буд. Ғайр аз ин ду - се хобгоҳ берун
-54-
аз деворҳои боғ низ вуҷуд дошт.
Дар он солҳо дар муҳити таҳсил ҳам дар байни шогирдону ҳам дар байни
муаллимон осоишу оромӣ, тартибу танзим ва дӯстиву рафоқати самимӣ
ҳукмрон буд. Дар хотир надорам, ки муаллиме шогирдеро ба ҷурме аз синф
берун карда бошад ё муаллимҳо болои ягон масъала ё манфиати худ бо
ҳамдигар муноқиша ё хусумат дошта бошанд. Инро бо бовари комил мегӯям,
зеро падарам, муаллими омӯзишгоҳ, аз ҳамкорони худ дар хона ёде кунад,
ҳамеша аз хислати неку, аз гуфторҳои зарифона ва латифаҳои онҳо нақл
мекард. Ҳатто дар солҳои ниҳоят шуми 37-38, ки сели балои террор шаҳрро
ба ларза дароварда буд, дар омӯзишгоҳ ҳамон оромиву осоиш эҳсос мешуд.
Омузишгоҳ кабинетҳои таълимии муҷаҳхдз дошт. Дар кабинетҳои физика,
кимиё, табииёт, ҷуғрофия асбобҳои таҷрибавӣ, нақшаву харитаҳои қитаоти
гуногуни ҷаҳон, реактивҳои зарурии кимиёвӣ ва ғайра мавҷуд буданд ва аз
ин сабаб дар ин кабинетҳо дарсҳоро бо шавқу ҳавас интизорӣ мекашидем.
Худи муаллимон як ҷаҳони зиндаи илму дониш буданд, ки масъалаҳои
гуногуни мавриди баҳси дарсро чунон бо сӯҳбатҳои ширин ва шарҳу тавзеҳи
ҷолибу нишонрас баён мекарданд, ки гумон мекардед шумо на дарси мушкил,
балки як ҳикояти шавқангези ҳазору як шабро гӯш мекунед. Муаллимҳо ҳама
соҳиби маълумоти олӣ буданд. Онҳо дар Донишгоҳи Самарқанд таҳсил
карда буданд, ки он ҷо дарсҳо ба забони ӯзбекй ё русй тадрис мешуд. Вале
ҳамаи муаллимҳо забони тоҷикиро хуб медонистанд ва дар хотир надорам,
ки дар сухан ягон калимаи русӣ ё ӯзбекӣ ворид кунанд ё ба лаҳҷаи оми
самарқандӣ ҳарф зананд: талаффуз ва такаллуми онҳо ҳама дар доираи
маъмулии забони адабии тоҷик буд. Мехоҳам баъзе аз муаллимони худро,
ки симои онҳо имрӯз пеши назарам ҷилвагар аст (ва ҷилвагар хоҳад монд),
ёдовар шавам.
Муаллими солхӯрдаи мо дар он солҳо устоди дарси табииёт Шариф
Турсун буд. Ин марди қоқинаи миёнақад дар асл аз хонадони ҳалвопазҳо
буда, бо мардуми пешавар ва авом бисёр шишту хез карда буд. Сухани
муаллим тоҷикии тоза, аммо ба оҳанги шеваи мардуми ҳунарманд буд.
Дарсро ҳам ба ҳамин забони бе такаллуф мегузаронид. Мавзӯъҳои дарси
ботаника, зоология, энатомияро ба ибораву таъбирҳои халқӣ чунон хуш адо
мекард, ки аз гуфтори хоссаи ӯ лаззат мебурдем. Дар соатҳои холӣ аз дарс
- "окно" -хусусан фасли баҳор - навдаи ниҳоле дар даст дар боги омӯзишгоҳ
сайр карда мегашт. Гоҳо бехи дарахтеро тоза мекард, гоҳо замини гулзорро
хишова мекард. Рузе падарам пурсидааст, ки "ҳа, муаллим дарс надоред
магар?”, ҷавоб додааст: “Ҳо, мо як соат дар ҳайдав ҳастем ". Дар вақти авҷи
кишту кор гоҳо асп ё барзговеро аз кор озод карда, ба пояш ҳалқа андохта ба
алафзор озодона cap медоданд ва ҳамин озод гаштани онҳоро “ҳайдав”
мегуфтанд. Шариф Турсун ба ҳамин одати деҳқонон ишора кардааст. Дар
солҳои ҷанг боре ба заъфи меъда дучор шуда, ба духтур муроҷиат мекунад.
Духтур тафтишу таҳқиқ карда, баъд дар бобати муолиҷа мегӯяд: “Шумо набояд
гӯшти гӯсфанду равғани думба хӯред. Аз равғани маска ҳам камтар истеъмол
намоед..." Шариф Турсун гапи духтурро хомӯш гӯш карда, баъд хандида
мегӯяд: "Духтурҷон, ин вақтҳо гӯшти гӯсфанду равғани думбаро дар бедорӣ
он тараф истад, дар хоб ҳам намебинем. Агар фаразан ягон вақт гӯшти
-55-
гӯсфанду равғани думба ба даст афтад, як серӣ хурда мегирам... Бигузор
дар шаҳр овоза шавад, ки Турсунов гушти гусфанду равғани думба хурда
мурда мондааст”.
Муаллими кимиё Юрий Израилович Рубинов - яҳудии маҳаллии
самарқандӣ буд. Марди миёнақади пургушт буд, дар чашм аинак ва мӯи
марғуладори сиёҳ ва дар тан костюм ва куртаи сафеду галстук дошт. Чеҳраи
кушод ва сухани нарме дошт. Дарсро бештар ба шухиву мутоиба
мегузаронид. “Ана, агар ин натрийполвонро ба об андозед, паҳлавониашон
гум мешавад, дар як дам сӯхта дар даруни об хокистар мешаванд’ - мегуфт
ва инро ба мо намоиш медод. То хеле вақт дар омузишгоҳу мактабҳо
муаллимӣ кард, чанд солҳо дар пенсия буд. Баъзан дар куча дида монем,
“канӣ мулло Абдурасул, шумо нағзед? Аз Тошканд, аз родию овозатонро
гӯш карда, аз падаратон дар факултаи шарқ нағз хонда гаштанатонро шунида
хурсанд мешавам”- мегуфт. Худо раҳмат кунод, ба ман меҳри самимонае
дошт.
Муаллими ҷуғрофия Қамариддин Шамсиев худро шогирди падарам
меҳисобид. Дарси ҷуғрофияро чунон бо самимият, чунон бо эҳсосу дилу ҷон
дарс медод, ки гузаштани вақтро надониста мемондем. Агар аз қитъаву
мамлакатҳои ҷаҳон сухан кунад, ба ҳадде саргарми нақлу ҳикоят ва тасвиру
тавсиф мешуд, ки гӯё худ ҳамон ҷоҳоро дидаасту х,амин ҳоло аз сафар
баргаштааст. Ӯ ягон кори нохуш ё номувофиқро бинад, “ҳе безобразие гуфта
хитоб мекард, аз ин сабаб баъзе муаллимони ҳамсуҳбаташ ба ишон лақаби
“Шамси безабраз’’-ро дода буданд. Қамариддин Шамсиев ба ҷанги ватани
рафт ва баъд аз адои хидмат ба шаҳри Тошканд омада, дар газетаи
‘‘Фрунзеветс’' ба ҳайси корманди бахши тоҷики бо рутбаи капитан кор мекард.
Баъд аз чандин солҳо ишонро тасодуфан дар ҳамин ҷо дида мондам. Акнун
мову ишон гӯё ҳамкасб ва ҳамкор будем - ман сарвари редаксияи адабии
тоҷикии радиои Ӯзбакистон будам. Дар ин солхр уро як марди ринд, марди
озодманиш, рафиқи ғамхору мушфиқ дидам. Ҳамсари дустдоштааш ҳануз
пеш аз ҷанг фавтида буд ва дар Тошканд ба узбекзани бева хонадор шуда,
бо вай хуш зиндагй мекард. Дар хонааш сӯҳбатҳои дилнишин барпо мекард
ва ҳамеша аз дидори мо - Аҳрорӣ, Мидҳат Беҳбудӣ шод буд. Ҳар бор ки
падарам аз Самарқанд ба Тошканд меомад, Қамаридцин Шамсиев мешукуфт,
таомхои лазиз омода мекард, озоду шодона шароб менӯшиду менӯшидем.
Боре падарамро ба поезд гусел кардем. Билет харидан мушкил буд. Шамсиев
аз кассаи ҳарбӣ билет харида, падарамро то вагон бароварда монд.
Чамадони падарам дар китф, хумори арак, дар cap назди вагон омада, ба
забони русй “капитан Шаме идёт, дайте дорогу” гӯён роҳро холи карду
падарамро то ҷои худаш бурда нишонд.
Муаллим Шамсиев баъд аз сабукдуш шудан аз хидмати ҳарби дар
рӯзномаи “Овози тоҷик” ба ҳайси мухбири махсус ва баъд дар вазифаи
мудири шӯъба хидмат кард. Аммо охири зиндаги ба Шамсиев омад накард.
Ҳамсари дуввумаш низ фавтид. Шамсиев танҳо монду ба Самарканд пеши
духтараш ки аз зани аввалааш монда буд, кӯчида омад. Ду-се сол хуб зиндаги
кард. Бори охир, ки ба Самарканд омада, ба дидори муаллим расидам, дар
вай асари бемории диққи нафас дида мешуд, лекин у мисли ҳамеша
-56-
хушсӯҳбат ва чусту чолок буд. Баъд аз чанд вақт хабар расид, ки Шамсиев
дар моҳи январи соли 1992 дар синни 87солагӣ ҷаҳонро падруд гуфтааст.
Муаллими педагогика дар омӯзишгоҳ Собиров шахси ниҳоят олуфта,
хушлибос, нармгуфтор буд. Синни ӯ дар ҳамон вақт 35-40 буд. Қомати
баланд, рӯи дароз ва чеҳраи сафед дошт. Сару либос ҳамеша покизаву
пироста, галстук мувофиқи ранги курта интихоб шуда буд. Солҳои 1938-39,
ки дар Самарқанд велосипед хеле маъмул шуда буду аммо на ҳар кас ба он
дастрасӣ дошт, муаллим Собиров велосипеди гаронбаҳое харида, ба
омузишгоҳ велосипедсавор меомад. Собиров бо вуҷуди озодагиву хушлибосй
шахси хушкмизоҷ буд ва мисли дигар муаллимон ба шогирдон наздику маънус
набуд.
Мехоҳам дар бораи як муаллиме, ки мавриди эҳтиром ва маҳбубияти
самимии ман буд, чанд сухан гӯям. Ин мард Муҳаммадӣ Ҳақбердиев ном
дошт ва аз шогирдони хеле содиқ ва то охир вафодори падарам буд. Вай се
ё чор сол дар омӯзишгоҳи Бозори ниҳол дар солҳои муаллимӣ ва мудирияти
падарам таҳсили илм карда буд, ва аз ҳамон вақт падарамро эҳтиром мекард
ва самимона дӯст медошт. Ҳақбердиев комати баланд ва бозувони
паҳлавонона дошт, чашмаш ҳамеша азтабассуми ноёан медурахшид. Хеле
муаллими ҷиддӣ буд, кам механдид, аммо агар хандад, дар руяш гуё нуре
пайдо мешуд. Номбурда дар омӯзишгоҳ каме зиёдтар аз ду сол кор кард,
вале ҳам дар тарзи таълими омузишгоҳ ва ҳам дар муносибату муомилоти
байни муаллимон нақши мусбате гузошт. Ба ахлоку одоби шогирдон диққати
калон медод, ҳатто гоҳо дар хурдтарин рафтори онҳо. Боре вақги танфффус
дар берун оҳангеро бо ҳуштак кашида мерафтам. Маро дида оҳиста аз
дастам гирифту гуфт: “ҳуштаккашӣ умуман одати чандон хуб нест, хусусан
дар мактаб ва боз хусусан ба шумо шогирди мактаб намезебад. Ин суханҳо
ба ман сахт нарасид, аммо танбеҳ барои як умр шуд.
Ҳақбердиев баъд аз омӯзишгоҳ ба роҳбарии соҳаи маориф гузашт. Чанд
сол мудири маорифи вилояти Самарқанд буд. Баъд аз ҷанг се-чор сол
вазифаи котиби аввали кумитаи ҳизбии шаҳри Самарқандро иҷро кард. Ин
вазифаи масъул ва бонуфузе буд. Дере нагузашту харидорони ин курсии
"равғанин” бо тӯҳмате ӯро аз кор дур карданд. Вай боз ба муаллимй бозгашт
ва дар Донишгоҳи Самарқанд аз фалсафа ва мантиқ даре мегуфт. Дар охири
солҳои шастум барои дифоъ дар мавзӯъи мантиқ ба Душанбе омад. Дусти
самарқандии ӯ донишманди номдори Тоҷикистон Баҳоуддинов барои дифоъ
ба вай хеле ёрӣ намуд. Ман ҳам дар таълифи баъзе қисматҳои рисолааш
ба шакли китобча мадад расонидам. Баъд аз дифоъ то охири умр дар
Донишгоҳи Самарқанд устоди фалсафа буд ва миёни зиёиёни шаҳр ва
донишмандон эҳтиром ва маҳбубият дошт.
Ҳақбердиев хоҳ дар курсии мансаб бошад, хоҳ не, падарамро фаромуш
намекард ва ҳар вақт аз он кас хабардорй менамуд. Агар фурсате дошта
бошад, аз сӯҳбатҳои хеле намакини падарам баҳравар мешуд. Ба аҳли
оилаи мо - модарам, хоҳари калониам (ки муаллим ва мудири мактаби миёна
буд) ва худи ман меҳри гарм дошт. Соли 1948 наздики фасли баҳор дар
асари хастагии рӯҳ ва бемории аъсоб хонданро дар Тошканд тарк карда, ба
Самарканд омада ва дар вазъи хеле афтодагиву бедимоги руз
-57-
мегузаронидам. Ҳақбердиев вазъи ногувори маро аз падарам шунида, рӯзе
бо фойтуни хидматиаш (он вақт сардори маорифи вилояти Самарқанд буд)
ба ҳавлӣ омада, маро ҳамроҳи худ ба тамошои атрофи Самарқанд бурд.
Дар ин сафар дар мактабҳои тоҷикӣ будем, сӯҳбатҳои хуби муаллимону ах^и
деҳотро шунидем - хуллас бегоҳӣ ба хона бо осоиши рӯҳ ва аъсоби ором
баргаштам.
Дар як рӯзи гарму нарми тирамоҳи соли 1978 дар Самарқанд будам ва ба
дидори Ҳақбердиев рафтам. Аз омадани ғайричашмдошти ман хурсанд
шуд. Дарсаҳниҳавлӣ.дарназдигулгаштихурдмизоростанд. Қарибдусоат
сӯҳбат кардем, аз дӯстони худ ва хусусан падари ин ҷониб ба некй ёдовар
шуд. Вақти хайрухӯш таъкид кард, ки ӯро фарсмӯш накунам ва дар ҳар сафар
ҳатман ба дидори ҳамдигар расида бошем. Аммо дар сафари дигарам соли
1979 шунидам, ки муаллими азиз ҷаҳонро падруд гуфтааст. Дар ҳамон рӯзе,
ки ба дидори он кас расида будам, осори бемории саратон дар вуҷуди он кас
пайдо будаасту бо ман гӯё видоъ карда гуфтааст: "маро фаромӯш накунед! “
Шодравон хамеша дар ёди ман аст!
Дар аввали соли таҳсили 1938-39 муаллим Ҳақбердиев бо як нафар
пирамарди нуронии рус ба клосси мо даромад ва баъд аз салому эҳтиром
гуфт:
- Шогирдони азиз, зз ҳамин руз cap карда, барои шуме ҳамин шахеи
мӯътабар ва мӯҳтарам аз забони руей даре мегуянд. Исми ин кас Владимир
Иванович Орлов, аз шаҳри номдори Ленинград ҳастанд. Ҳоло ду-се сол дар
Самарканд истиқомат хоҳанд кард ва мо ишонро бо камсли мамнуният ба
коллективи муаллимони омӯзишгоҳ даъзат кардем.
Симои нуронию дилкаши ин пирамарди болоқэди қзвиҷусса зуд ба дилу
дидаи мо нишаст. Риши кз чандон калоки мисли барф сафедаш рухсораи
ӯро равшантар мекард, чашмони пуртобиши вай аз зери пенсне боз
дурахшонтар менигарист. Дар cap фуражкаи сиёҳе дошт, ки пеш аз инқилоб
аксари зиёиёни рус, хусусан муаллимон онро мепӯшиданд (Чехов аксе дорад
бо чунин фуражка). Сюртуки сиёҳи дӯхти қадим ва ангуштарии калони ақиқцор
дар пеши назари мо шахеи поки хушеурату хушеиратеро муҷассам менамуд.
- Здравствуйте, мои дорогие ученики, - садои бами ширадори Орлов дар
хомӯшии синф чун садои ссмонӣ ба гущ мерасид.- Акнун ки ман муаллими
шумо бошам, шумо шогирдони ман ҳастед, яъне мову шумо бояд як тану як
ҷон шавем. Дар ҳамон сурат ман ба шумо чизе дода метавонам ва шумо аз
ман чизе гирифта метавонед. ■ Мазмуни суханҳои ба забони руей гуфтаи он
кас тақрибан ба х,амин маънй буд.
Ва аз ҳамин рӯз cap карда мо дарси Орловро мисли дарси муаллимони
дигар бо иштиёқ ва завқи махсус интизерй мекашидем. Як сол муаллими
забони русии мо марди тотори қримии бадқаҳр ва инҷиқе буд, ки дарси ӯро
ба зӯр гӯш мекардем ва зуд хаставу шалпзр мешудем. Баъд аз чунин вазъи
ногувор муаллим Орлов чун офтобе ба синф медаромаду зуд моро гармиву
равшании суханҳои он кас фаро мегирифт. Як даре аз грамматика мегузашт,
дарси дигар ба хондан, таҳлил ва аз бар намудани шеърҳои шоирони рус
ҷудо шуда буд. Хондани шеърро бо задаву фосилаҳои вазн ва оҳанги мантиқӣ
ёд медод. Хусусан шеъри Пушкинро, ки шоир худро мисли шахеи зиндонй
-58-
тасвир мекунад ва мехоҳад, ки мисли уқоб озод бошаду ба дуродур парвоз
кунад, дар чандин даре таҳлилу тавзеҳ мекард:
Сижу за решеткой в темнице сырой.
Вскормленный в неволе орёл молодой,
Мой грустный товарищ, махая крылом,
Кровавую пищу клюет под окном.
Клюет и бросает, и смотрит в окно,
Как будто со мной задумал одно.
Зовет меня взглядом и криком своим
И вымолвить хочет: «Давай улетим!
Мы вольные птицы, пора, брат, пора,
Туда, где за тучей белеет гора!
Туда, где сияют морские края, .
Туда, где гуляем лишь ветер.. . да я...
Баъдтар фаҳмидам, ки чаро Орлов ин шеърро бо эҳсосу кӯшоии махсус
ба мо омӯхт, то он ҷо ки онро ҳама аз ёд кардем ва ба вазну оҳангҳои талқин
кардан Орлов мехондем. Баъд аз гузаштани панҷ-шаш моҳ падарам ҳикоят
кард, ки Орлов аз мардони донишманди Ленинград буда ва унвони илмии
номзади илми филологияро доштааст. Дар аввали соли 1938 писари уро
чун “душмани халқ” зиндонӣ ва ба ҷойҳои дурдасти шимол - Дудинка табъид
мекунанд. Ба Орлов ва завҷаи писараш тавсия мекунанд, ки Ленинградро
тарк намуда, ба Самарканд ҳиҷрат кунанд. Орлов аз саргузашти худ ба
падарам мухтасар нақл намуда, хомӯш ба хаёл фурӯ рафтааст ва баъд аз
чанд дақиқа ба тарафи шимол, ба Россия, рӯй оварда ин шеърро хондааст:
Прощай, немытая Россия!
Страна рабов, страна господ!
И вы, мундиры голубые,
И ты, послушный им народ!
Быть может, за хребтом Кавказа
Укроюсь от твоих царей,
От их всевидящего глаза.
От их всеслышащих ушей.
Он вақт дар ёди падарам фақат миераи аввали шеър монда буд, Баъдҳо
бо ин шеър нағзтар ошно шудам. Фаҳмидам, ки дар синаи пирамард чи
қадар ранҷу алам ниҳон будааст, чӣ қадар оҳу гудоз доштааст, ки ҷисму ҷони
аз ватани азизаш дур афтодаро месӯзонидааст. Лекин инро на ҳама
медонист ва хусусан мо, шогирдон ки ба дарсҳои шавқангез ва симои
нурониву дилкаши ӯ меҳр баста будем.
Владимир Иванович Орлов аз равшанфикрони шинохтаи Петербург буд.
Ҳанӯз пеш аз инқилоб ӯ бо шоир Анненский ва нависанда Олга Форш ошно
буд ва бо онҳо дар ривоҷи мактабҳои умумӣ барои бачаҳои ғайри ашроф
дар Тсарское Село хеле хидмат карда буд. Баъд аз инқилоб ба узвияти
ҳизби коммунистй дохил шуда, дар соҳаи маорифи нави Россия заҳамоти
фаровон ба харҷ дода буд. Вай яке аз асосгузорони таълими якҷояи писарону
духтарони Россия буд, соли 1918 дар ислоҳоти мактабу маорифи Русия
-59-
фаолона иштирок кардааст. Орлов мудири аввалини факултаи коргарии
Донишгоҳи давлатии Ленинград буд. Ӯ таърихи забону адабиёти русро хуб
медонист, чандин забонҳои аврупоию шарқро балад буд.
Ин шахси фаолу донишманд дар Самарқанд низ фақат бо тадрис маҳдуд
нашуд. Вай пеш аз ҳама ба омӯхтани забони тоҷикӣ шурӯъ намуд. Бо ёрии
падарам грамматикаи тоҷикиро аз худ намуд, ба тадвини луғати тоҷикиву
русй шурӯъ намуд. Мусаввадаҳои ин луғат ҳоло дар дасти ман аст: мебинаму
ба покизакорй, диққат ва ҷиддияти илмии он марди тариф офарин ва аҳсант
мегӯям. Дар зарфи ду сол забони тоҷикиро ба дараҷае фаро гирифт, ки
тарҷумаи таърихи партияро ба забони тоҷикӣ таҳқиқ намуда, дар бораи
камбуд ва мазиятҳои он дар “Правда1’ тақризе ҳам ба чоп расонид.
Орлов тадриҷан ба зиндагии Самарқанд васамарқандиён одат мекард,
бо ҳайъати муаллимони омӯзишгоҳ унсу улфат гирифт. Вай дар яке аз
ҳавлиҳои коммуналии шаҳри нав истиқомат мекард ва омаду рафташ ба
омӯзишгоҳ душвориҳо дошт. Бинобар ин директори омӯзишгоҳ фойтуни
хидматии худрс ҳар субҳ барои овардани Орлов роҳӣ мекард ва баъд аз
даре ҳам ӯро ба манзил мерасонид. Баъд аз як сол чй шуд, ки фойтунро аз
омӯзишгоҳ гирифтанд ва рафтуои Орлов боз ба мушкилй оид шуд. Аз ин
душворӣ илоҷе ёфтан лозим буд. Ин илоҷро худи Орлов ёфт. Ба падарам
гуфт, ки чй мешавад. ки ӯ харе бихарад ва мисли мӯйсафедони Самарканд
харсавориро ёд гирад ва харсавор ба омӯзишгоҳ омаду рафт кунад. Падарам
гуфтааст, ки дар ин синну сол харсавориро ёд гирифтани як шахси урупой
амри муҳол аст, беҳтар он аст, ки Орлов ба пули худ хар бихарад ва боғбони
омӯзишгоҳ Тагиев ба аробаи бекор хобидаи омӯзишгоҳ харро баста, ҳар рӯз
Орловро ба омӯзишгоҳ биёраду ва боз пас барад.
Аз бозори шаҳри кӯҳна харидани хар ва чанд рӯз дар ҳавлӣ ба он нигоҳу
бин кардан худ як достоне буд, ки Орлов бо шӯхиву мутоиба ва муболиғаҳо
бз падарам нақл мекард ва падарам ин достонро ба мо ҳикоят мекард.
Хулласи калом, чанде нагузашта буд, ки харароба омода шуд ва ҳар субҳ аз
кӯчаҳои сангфарши дар он вақт камҳаракати Самарқанд хараробаи Орлов
аз шаҳри нав ба кӯчаи Даҳбед дохил шуда, ба тарафи омӯзишгоҳ равона
мешуд. Хари калони хокистарранги тавоно бо резачорпои худ аз зери суми
наълбандаш садо бароварда, мастона медавид. Дар як тарафи пештахтаи
ароба Тагиев халачӯб ва нухтаи хар дар даст нишаста, гашти аробаро идора
мекард. Дар паҳлӯи вай Орлов бо сюртуки сиёҳи дӯхти классикй, бо риши
кулӯтаи сафед ва пенснэ дар чашм, каллапӯши чустй дар cap бо симои ҷидцӣ
рост ба пеш нигариста, омирона менишаст. Портфели чармиаш дар паҳлӯяш
рост меистод. Ман ду-се бор ин наморо ба чашми худ дида будам ва ҳоло
ҳам ҳамон намуди сайри Орлов дар харароба дар пеши назарам мутасаввир
аст.
Дар ин миён ҷанг cap шуд. Омӯзишгоҳро ба ҷои дигар кӯчониданд. Омаду
рафти Орлов ба омӯзишгоҳ камтар шуд. Падарам ҳам бо чанде муаллимони
шаҳр ба мактаби назди Самарқанд ба муаллимй гузаштанд. Мо аз Орлов
камтар хабардор будем ва якбора соли 1944 Орлов аз Самарканд ба куҷое
рафт. Падарам гуфт, ки соли охир вай адреси писарашро пайдо карда буд,
шояд ба пеши писараш, ба ҷои табъиди ӯ рафта бошад...
-60-
Тирамоҳи соли 1964 дар Тошканд дар китобхона ва архивҳо кор мекардам.
Ногоҳ дар шумораи 28 ноябри газетаи "Правда востока” мақолае дар бораи
калимаи “товариш” ба чашмам расид ва поёни он имзои В. И. Орлов сабт
туда буд. Дар сарсухани мухтасаре, ки онро писари муаллиф Алексей
Владмиривич Орлов навишта буд, аз солҳои сахти таъқиб гардидани падараш
ва фаолияти муаллимиаш дар Самарқанд нақл кардааст. Шубҳае набуд, ки
нишоне аз Орлов пайдо кардам. Ба редаксияи газета телефон карда, адреси
Алексей Орловро гирифтам. Ба Душанбе бозгаштаму ба Ленинград ба писари
Орлов мактуб навишта, дар бораи солҳои дар Самарқанд будани падараш
баъзе маълумоти нав додам ва гуфтам, ки дар яке аз сафарҳои наздикам ба
Ленинград ҳатман бо ҳам мулоқот хоҳем кард.
Тобистони соли 1965 сафаре ба Ленинград доштам ва ба Алексей
Владимирович телефон карда, ба манзили ӯ рафтам. Вай дар соҳили Нева,
ки ба халиҷи Фин наздик буд, истиқомат дошт. Мулоқоти мо ниҳоят гарм ва
ниҳоят ҳаяҷонангез буд. Алексей Владимирович нақл кард, ки соли 1937
вақге ки ӯ дар Академияи ҳарбии тиббии Ленинград ба ҳайси дотсент кор
мекард, ӯро ба ҳабс гирифтанд ва ба Дудинка табъид намуданд._Ин шаҳре
буд дар шимоли кишвари Красноярск дар соҳили дарёи Енисей ва он ҷо
асосан зиндониён ва табъидшудагон кор мекарданд. Соли 1947 мӯҳлати
маҳбусии ӯ тамом шуду аммо барои бозгашт ба Ленинград иҷозат надодаанд.
Соли 1945 Орлов аз мақомоти идораҳои махфи иҷоза гирифта, бо
келинаш ба Дудинка назди писараш меравад. Ва аз ҳамин сол зиндагии
нимозодонаи онҳо дар Дудинка шурӯъ мешавад. Владимир Иванович Орлов
фаолияти пурбори маърифатомӯзиву тарғиби адабиётро ин ҷо густариш
медиҳад. Дар андак мудцат ӯ дар байни коргарону аҳолии Дудинка маҳбубият
ва маъруфият пайдо мекунад. Дар рӯзи вафоташ дар баҳори соли 1953 дар
синни 83-солагй мардуми бисёр барои видоъ дар сари қабри вай ҷамъ
меоянд. Писараш болои қабри падар тахтасанге гузошта, он ҷо ному насаб
ва солҳои зиндагии ӯро сабт кардааст. Акси ин қабр ҳоло дар дасти ман аст.
Худи Алексей Владимирович ҳамчун аскари сурх солҳои 1919 дар
Шаҳрисабз ва атрофи он барои барқарор намудани ҳокимияти шӯрави дар
ҷангҳои шадид иштирок кардааст. Соли 1967 бо даъвати махсус ба
муносибати 50-солагии инқилоби октябр ба Қаршй ва Шаҳрисабз чун меҳмони
фахрй сафар карда буд. Ҳамсари Алексей Владимирович зани хушгилу
меҳрубон аз Самарқанд ва ҷойҳои зисту зиндагӣ ва дидагиаш суолҳо мекард.
Баъд аз ин ҳар бор ки ба Ленинград сафар иттифоқ меафтод, ба дидори
Алексей Орлов ва ҳамсараш мерафтам. Азбаски онҳо фарзанд ва меросхур
надоштанд, Орлов мусаввадаҳои лугатномаи нотамоми падарашро дар чанд
дафтар ба ман дод. Чанд сурати худ ва падараш, инчунин ёддоштҳои солҳои
мактабиашро дар Тсарское село ва хотираи мулоқоташро бо шоир
Анненский ва Олга Форш низ ба ман дод.
Баъд аз ду сол ба Ленинград омадам, ки завҷаи Алексей Владимирович
дар асари бемории саратон дар азобу азиятҳои тоқатфарсо аз ҷаҳон чашм
пӯшидааст. Дар ин мулоқот Алексей Орлов хеле руҳафтода ва ҷисман
шикаста буд. Баъд аз як ё ду сол боз дар Ленинград будам, бегоҳ ба Алексей
Орлов телефон кардам. Баъд аз зангҳои дуру дароз овози хастаи уро
-61-
шунидам. Бе он ки пурсад ки телефон мекунад, хеле бо ҳаяҷон ва садои
гирифта гуфт:
— Ман қуввати ran задан надорам, ба пой истода наметавонам, бубахшед
маро, дигар занг назанед!
Ин буд сухани охирин, ки аз ӯ шунидам. Ба гушам чун овози ҷонкани
расид. Дигар телефон накардам. Намедонам вай бо кй буд ва баъд аз ин чи
шуд. Хеле мутаассиршудам.андӯҳуғамиҷонсӯз дар сина хала мезад. Бале,
ин видои Орлов, садои аз зери лаҳад бархостаи падари вай, садои дарду
алами зиндагии бебақо ва бевафо буд... Беадолатй ва зулмпешагии як нафар
зиндагии як оилаи солим ва қавиро бе самар ва бе асар хазон кард... Дар ин
навиштаҳои ман танҳо “зи дидаҳо ду - се ашки чакидаи” онҳо боқӣ мондаасту
бас! Ва як шӯълаи шамъи ёдгори нек аз муйсафед Орлов ва писари вай
Алексей..
МАН ДАР ОМУЗИШГОҲ
Дар омӯзишгоҳхонданам ба тартибу танзим даромад. То ин вақт аз синф
ба синф ҷаҳидану бе дастуру барномаи мушаххас хондан насиби ман буд.
Омӯзишгоҳ ба ман дар доираи муайян, дар низому тартиби мушаххас
донишҳои зарурии мактабиро дод. Аз тарафи дигар, одобу ахлоқи матин ва
покиза, ки бе шак муаллимон бо кӯшишу ҳиммати ҷонсупорона ба донишҷуён
талқин менамуданд, муҳити солим ва рӯҳпарваре ба вуҷуд оварда буд, ки ба
тарбия ва такомули шахси ҷавонон таъсири мусбат дошт. Аз ин сабаб таҳсил
ва тарбияи худро дар оғӯши гарми смӯзишгоҳ марҳилаи муҳимми зиндагии
худ медонам ва он солҳоро ҳамеша бо ёди нек ба хотир меоварам.
Дар омӯзишгоҳ шавқу ҳавас ба шеъру адаб боз ҳам зиёдтар шуд Дар
гурӯҳи дӯстдорони ҷавони шеъру адаб, ки муаллими адабиёт Одилй ташкил
карда буд, фаолона иштирок мекардам. Ба муносибати идҳои инқилоби ва
ҷашнҳои таърихӣ шеърҳо менавиштам. Ин шеърҳоро дар маҷлисҳои умумии
омӯзишгоҳ қироат мекардам. Баъзан шеърҳои ҷашниро бо супориши -”по
заказу”- кумитаи комсомоли омӯзишгоҳ низ менавиштам. Умуман дар
муддати як сол ба сафи шогирдони пешқадам п/заштам. Дар охири ҳамин
сол маро муҳаррири газетаи деворй аъйин карданд ва фармуданд, ки ба
шарафи иди май шумораи идона омода созам. Ба ҳайси шарик ва рассоми
газета Назрулло Рустамзодарс ба ёрй гирифтам. Рустамзодз низ ба
омӯзишгоҳ баробари ман дохил шуд (ҳарчанд вай як синф дар мактаб аз ман
муқаддамтар буду метавонист ба курси дуввум дохил шавад.) Назрулло дар
хобгоҳ зиндагй мекард. Дар корпуси хобгоҳаш ҷои холии зери зинапояро бо
фанер иҳота карда устохонаи фото ва рассомй сохта буд. Дар ин коргоҳи
ором ва муҷаххази вай ороиши рӯзномаро анҷом дода, баъд ба хат и духтари
курси дуввум мундариҷаи рузномаро мураттаб сохтем. Дар арафаи якуми
май газета ба девор баромад - ҳама аҳсант мегуфтанд, котиби кумитаи
комсомол донишҷӯи курси саввум ба ману Рустамзода ташаккурномаи
махсуси шифоҳӣ эълон кард
Соли аввали таҳсил дар омӯзишгоҳ бо муваффақият ба охир расид.
Натиҷаҳои имтиҳонот низ чору панҷ буд. Дар курси дуввум муаллим Одили
-62-
шавқу ҳаваси моро ба адабиёт боз ҳам зиёдтар кард. Ин шахси дар зоҳир на
чандон намоёну фаол, дар амал хеле пурғайрат буд. Одилӣ дар зоҳир чандон
ҷозиба надошт, аммо марди хушхисолу нексирате буд. Шеърро ба овози
нарм муассиру маънидор қироат мекард. Ҳар моҳ як ё ду бор маҳфили
дӯстдорони шеъру адабро ҷамъ мекард, мо шеърҳои худро мехондем ва
ҳамроҳи вай таҳлил менамудем. Дар як ҷамъомади маҳфил пешниҳод кард,
ки ҷавонони шеърдӯст бояд газетам девории худро дошта бошанд. Номи
рӯзномаи девориро “Услуби ҷавонон” гуфт ва ба муҳарририи он маро таъйин
кард. Ба ҳамин тариқа, ман муҳаррири ду газетам деворӣ шудам ва ин ҷо
ҳам Назрулло Рустамзодаро ба шарикӣ ва мададгорй ҷалб кардам.
Ба кор дӯстони наздик ва ҳамсолонро низ аз курсҳои дигар шарик кардам.
Дӯст ва хешбачаи наздикам Азимхонро, ки аз ман як сол калон буду як курс
поинтар мехонд, наққоши рӯзнома таъйин кардем. Азимхон аз падараш
Солех/он, ки писари амубузурги ман Мӯсохони муфтй буд, дар ширхорагй
ятим монда бо парастории модари бечорааш дар радифи дигар бародаронаш
калон шуд. Хуб мехонд. Каме ҳунари наққошӣ дошт, ки барои газетам
девориамон истифода мебурдем. Бо Азимхон дӯстии қарини мо то вафоти
нобаҳангоми вай соли 1986 давом кард. Дар солҳои таҳсили омӯзишгоҳ ҳар
ду ҳар гуна эҷодкориҳо доштем: баёзе тартиб додем бо нақшу нигорҳои зебо
аз ашъори шоирони гузаштаву ҳозира; ба муносибати идҳо ҳар гуна шиору
суратҳо кашида ба девори ҳавлиҳо насб мекардем, фонусҳои идона месохтем,
таомҳои “дилбаро” дуруст мекардем; палаве эҷод кардем ба тарзи худ ва
номашро “азимулрасул” гузоштем; вақте ки калон шудему соҳиби оила
гаштем, ба меҳмонии ҳамдигар мерафтем. Азимхон мураббоҳои гуногунро
аз сабзавоту меваю гулу райҳон худаш мепухт, ки аксари он маҳсули эҷоди
тахайюлоти ӯ буданд. Дар чунин мавридҳо палави “азимулрасул”-ро ба хотир
оварда завқ мекардем.
Дӯсти дигари ҷонии ман Абдураҳим ном дошт. Вай аз гуззри Муборак
буд. Бе падар бо мадади модараш, ки дар фабрикам “Ҳуҷум” кор мекард,
имкони хондан пайдо карда буд. Бачаи ниҳоят содиқ, дар гуфтор зариф ва
шӯх буд. Дар нақлу ҳикоят хеле моҳир буд: бо ҷозиба ва завқу шавқ ҳикоя г
мекард, ки воқеаҳои хурди ночиз ҳам дар нақли вай касро иштиёқманд месохт.
Худ дӯст медошт, ки баъзе воқеаҳои ҷолибро дар коғаз нависад. Хондани
навиштаҳои вай аз шунилани нақлҳои шмфсҳияш ҳам шзвқангезтар буд.
Абдураҳим ба Абдусалом Деҳотй нисбати хоҳарзодагй дошт. Ҳавлиҳои онҳо
ба ҳам наздик дар лаби ҳавзи гузари Муборак воқеъ шуда буд. Ман баъзан
навиштаҳои Абдураҳимро хонда мегуфтам: “зӯр зан, ҷӯра, мисли тағоят
нависандаи калон мешавй!" Дӯстии мо — Назрулло Рустамзода, Абдураҳим,
Азимхон мисли муҳити омӯзишгох, мисли обу ҳавои боғи омӯзишгоҳ покиза,
софу беғубор пур аз сидқу сафо буд.
-63-
СОЛИ МУДҲИШИ 1937
Соли 1937 чун соли даҳшату беадолатиҳои сиёсиву иҷтимои дар таърих
боқй мондааст. Тарсу бими даҳшати рузҳои он соли мудҳишро ман низ бо
дилу дидаи кӯдакӣ, бо эҳсоси изтиробу ҳаяҷонҳои ҳавлангез аз cap
гузаронидаам. Солҳои 35-36 мурофиаи Зиновеву Каменев ва шарикони ваи
дар газетаҳо чоп мешуд. Ман ин мурофиаҳоро ба диққат мехондаму диламро
ҳавл пахш мекард, ки дар чунин ватани осудаи мо ҳамин хел душманони
пинхомй будаанд, ки қасди ҷони роҳбарони мо кардаанд. Баъд аз ин ҳуҷум
ба Файзулло Хоҷаев cap шуд. Ман ин шахсро ғоибона дӯст медоштам ва
фахр мекардам, ки тоҷики бухории хоҷа дар сари ҳукумати Узбекистан аст.
Сурати вай, суханрониву нотиқии у маро мафтун карда буд. Аз ҳуҷуму
айбдоркуниҳои сахти ҷиноӣ бим пайдо шуд, ки мабодо уро низ зиндони
кунанд. Дере нагузашта шунидем, ки уро ҳам дар Маскав ба ҳабс гирифтаанд.
Бовар намекардам, ки вай душмани халқу мамлакат бошад.
Миёни мардум, махсусан миёни ахди зиё биму таре ба вуҷуд омада буд,
чунки аз паси зиндонӣ шудани сарони ҳукумату давлат ба сари шахсони
намоёни равшанфикр ҳам хатари гуноҳи "душмани халқ' омада буд. Вале
дар хонаи мо оромй буд. Шояд ин оромии зоҳирй буд, кй медонад ки аз дили
падарам, дар сари падарам чӣ фикру хаёлҳо мегузашт'
Тирамоҳи соли 1937 ман ду-се рӯз дар гузари Қози Калон дар меҳмонии
хешовандонамон будам. Баъди ду рӯз субҳ ба хона омадам, ки руи даҳлез
бист-сӣ китоб тӯда хобидааст. Аз модарам пурсидам, ки китобҳо аз куҷост.
— Ин китобҳоро отаат ҷамъ карданд. Барой сӯхтану ба қудуқ лартофтан.
Пируз то ними шаб аз шкаф китобҳоро гирифта ғун карданду баъд дар танур
қисмашро ба қудуқ партофтанд. Ду-се рӯз пеш ҷӯраҳои отаат Аҳмад
Камол ва маҳмуд Исмоилиро НКВД ҳабс кардааст. Аз хонаашон китобҳои
^хнаоо гирифта оурдаанд. С-авт -чоо шунида тарсида монданд.
Аҳмлд Камол аз дӯстони наздики падарам 5уд дар
аз табииёт даре медод. Шахси баландқомати ситорагарм буд._ Дар чашм
пенсне дошт ва дар cap ҳамеша фуражкаи интеллигентии руси мепушид.
Махмуд Исмоилй дар омӯзишгоҳба шогирдони курсҳои боло аз математика
даре медод. Шахси оолооаланди танума^нч ч,м. -- ■■■
пайваста дошт. Ин ду муаллим аз руи мавқеи иҷтимоии худ ва авлоду насаб
ба ахли дину мансабдорони замони гузашта тааллуқ надоштанд ва то имруз
намефаҳмам, ки оё онҳорс ба кадом гуноҳ зиндони ,
Бегох падарам аз омӯзишгоҳ омад, парешону музтариб буд. Наздики хуфтан
боз ба сӯхтани китобҳо cap кард. Ман ба он кас ёрӣ медодам, муқоваҳои сахту
охарии китобхоро ҷудо мекардам. Аксари китобҳо ба забони туркииусмони ва
озарй буданд. Ин ки гобҳорро Ҷаъфархон-змакам ҳангоми таҳсил дар Боку ба
номи падарам мефиристод. Падарам хомӯш дар банди андешаву хаелот
китоб месӯхт, ман аз биму таре чизе нагуфта ба ваи ери мекардам.
Рузу моҳҳо дар изтиробу биму хавф мегузашт. Падарам дар ин муддат
хонанишин буд, на меҳмон даъват мекарду на ба меҳмони мерафт. Тутаам
пинҳонй аз чашми падарам дар коғазчаҳо ба хати худаш дуоҳои балогардонро
-64-
навишта дар кунҷу деворҳои роҳрав овезон карда мемонд.
Тарсу бими падарам сабабҳои ҷиддӣ дошт. Аввал ин ки он кас муфтизодаи
ба ҳама маълум буд. Дуввум ин ки аз аввали инқилоб дар қатори
равшанфикрони Самарканд дар ташкили мактабу маорифи тоҷик фаолона
иштирок карда буд, дар тарҷума ва нашри китобҳои дарсӣ низ саҳме дошт.
Аксари равшанфикрони пешқадами тоҷик ва ҳамроҳу ҳамсафони падарам
паси ҳам маҳбус мешуданд.
Хатари калонтарин ва бимангезтарин ин буд, ки падарам дусти наздики
хеши моён Ҳамроҳхон буд. Номбурда аз наздикони Файзулло Хоҷаев буд.
Табиист, ки дар чунин вазъияти пурхатар падарам навбати худро мепоид.
Аммо ин балову вабо ба падарам газанде норасонида гузашта рафт. Умуман
аз авлоди мо, ки ҳама қозизодаву муфтизодэҳо буданд, офати соли 1937 ба
касе осеб нарасонида гузашт, Магар Ҳамроҳхон Хоҷаев.
Ҳамроҳхон писари хурдии амубобои ман Қозй Абдулҳайхоҷа буд.
Модари вай зани дуввуми қозии мазкур аз миракониёни ьухоро ва ба
хонадони Фаӣзулло Хоҷаев наздик будааст. Файзулло Хоҷаев баъд аз воқеаи
Колесов ва шикасти ҷавонбухориён чанд мудцат дар Самарқанд ба cap бурда
ва аксари вақти худро дар меҳмонхонаи Ҳамроҳхон гузаронидааст. Баъд аз
таъсиси Ҷумҳурии халқии шӯравии Бухоро Файзулло Хоҷаев Ҳамроҳхонро
дар консулгарии ин ҷумҳурӣ дар Самарқанд ба вазифае таъйин мекунад.
Дар ин вақт дар консулгарии Бухоро Садриддин Айнй ҳам кор мекард. Баъд
аз ташкили Ҷумҳурии Узбекистан Хамроҳхон (албатта, бо тавсияи Файзулло
Хоҷаев) директори Институти қарокӯлпарварии Узбекистан таъйин мешавад.
Института қарокӯлпарварӣ на танҳо аз ҷиҳати илмй, балки аз ҷиҳати базаи
моддй низ аз марказҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Институт
ҳоло ҳам дар Самарканд, дар ҳамон ҷои аввалааш вуҷуд дорад. Дар ру ба
рӯи институт дар ҳавлии калони типи руси манзили Ҳамроҳхон буд. Аз
хешовандон Ҳамроҳхон бо падарам бештар наздик ва қарин буд. Вай борҳо
ба ҳавлии мо омада ва падарам ҳам зуд-зуд ба ҳавлии он кас меҳмон мешуд.
Ман ҳам боре бо падарам дар ин ҳавлӣ будам. Тарзи аврупоии зиндагии
онҳо ба ман хеле маъқул шуда буд. Як воқеаи хурди аҷиб:
Боре тӯтаам ба ҳавлии Ҳамроҳхон меҳмон мешавад. Он касро хуб
меҳмондорӣ мекунанд. Баъд аз васфи ҷою манзили Ҳамроҳхон тӯтаам шиква
оғоз кард.
— Ҳавлию ҷои манзили Ҳамроҳхон нағз, аз ҳавлиҳои қози чанд бор
болотар аст. Пекин зани Ҳамроҳхон бутун урусмизоҷ шудааст. Охир, вай
келини қозӣ Абдулҳайхоҷаи овозадор мешавад. Бинед ки мисли урусҳо
мӯяшро буридааст, боз бе рӯмол сари луч гаштааст.
Тӯтаам чанд рӯз аз рафтори “ношоистаи келини қозӣ Абдулҳайхоҷа”
ранҷидахотир мегашт.
Баъд аз маҳбус гаштани Файзулло Хоҷаев Ҳамроҳхон бо маъмурияте ба
Тошканд меравад. Ӯро дар ҳамон ҷо ба ҳабс мегиранд. Дере нагузашта ба
қатл мерасонанд. Баъд аз ин ҳамсари Ҳамрох^он бо ду писари хурдаш ба
шаҳри кӯҳна ба ҳавлии меросии шавҳараш меояд.
Баъд аз чанд солҳо аз мақомоти дахлдори Узбекистон ҳуҷҷати расми ба
дасти писари Ҳамроҳхон расид, ки вай гуноҳ надошта ва аз ин ру мӯҳри
-65-
маҳкуми сиёсӣ аз вай бардошта шудааст. Бечора, Ҳамроҳхон марди
тануманду хирадманд ва дар корҳои маъмурӣ мудаббиру доно дар синни
чилсолагӣ бе ҳеч гуноҳ кушта мешаваду баъд аз солиени дароз аз
бозмондагонаш узр мехоҳанд, ки вай гуноҳ надошту ба туҳмат кушта шуд.
Узри бадтар аз гуноҳ. Ҳоло фарзанди хурдии вай - Фазлихон дар ҳавлии
маврусии бобояш чароғи падару гузаштагонашро посдори мекунад. Ҳар
бор ки дар Самарканд бошам, ба он ҳавли рафта, еди гузаштагон ва хусусан
ёди Ҳамроҳхони бегунох, мақтулшударо гиромй медорам
★ * *
Баҳори соли 1940 бори аввал дар таърихи омӯзишгоҳ имтих,оноти
давлатй ҷорӣ гардид. Моҳи июн ба омодаги ва супоридани панҷ имтиҳони
давлатӣ гузашт ва ба гирифтани дипломи аъло сазовор шудам. Шабнишинии
охирини мо дар саҳни боғи омӯзишгоҳ хеле фараҳангез ва бо шукуҳ гузашт.
Пар шабнишинӣ эълон карданд, ки аз донишҷӯёни соҳиби дипломи аъло ва
чанд нафар пешқадамон ба гирифтани роҳхати саёҳати туристи сазовор
шудаанд. Аз ҷумла ба ман роҳхати саёҳати шаҳрҳои водии Фарғона таедим
ШУДОмӯзишгоҳи тоҷикӣ дар ҳаёти ман саҳифаи дурахшони илму маърифат
буд. Гумон мекунам, ки ин таълимгоҳ умуман дар ҳаёти маънавии зиеиени
тоҷики Самарканд, дар таърихи маорифи шӯравй давраи пурифтихоре буд.
Омӯзишгоҳи Самарканд анъанаҳои беҳтарини мактабу маорифи давраи нави
маорипарварии ибтидои асри 20-ро бо муваффакият давом дод. Чароғе ки
дар ин омӯзишгоҳ дар таълиму фарҳанги тоҷикон фурузон гашт, имрӯз хдм
нурпошӣ мекунад ва шуои ин нурро хомӯш кардан аз ҳукми таърих берун аст.
РОҲ БА СУИ МАКТАБИ ОЛИ
Роҳ ба сӯи мактаби олӣ барои мо кушода буд. Хусусан барои ман, ки
дипломи “аъло" доштам, ҳукуки 5е имтиҳон ба мактаби олӣ дохил шудан
таъмин буд. Мо се нафар дӯстону рафикон - ман, Назрулло Рустамзода ва
Абдураҳим факултаи филологиям Донишгоҳи Самарқандро интихоб
намудем. Медонистем, ки он ҷо таълим ба забони ӯзбекист, аммо бовар
доштем, ки мо мутахассисони забону адабиёти тоҷик хоҳем шуд.
Барои ду рафики ман садди роҳ супурдани имтиҳоноти дохилшави буд.
Барои ман садди роҳ синни чордаҳи ман буд, ки мумкин аст барои ба
Донишгоҳ дохил шудан монеъ шавад. Зеро дар он солҳо камолоти сол
барои ба Донишгоҳ дохил шудан хеле аҳамият дошт. Ман ҳуҷҷатҳоро
супурдам, лекин то комиссияи кабул бими онро доштам, ки мабодо ки маро
хурд гуфта қабул накунанд. Не.хайриятчуниннашуд. Дар охири моҳи август
дар кабинети ректор комиссия дохилшавандагони факултаи филологияро
барои сӯҳбат даъват кард. Хуб дар хотир дорам, ки комиссия корашро соатҳои
5-6 бегоҳ cap кард. То навбат ба ман расид, ки шаб ҳам фуромад. Ба кабинет
даромадам. Панҷ-шиш нафар узбекону русҳо нишаста буданд. Проректор,
агар фаромӯш накарда бошам, Лазуревский баробари даромаданам ҷуссаи
хурду наҳифи маро дида, оҳиста хандиду сарашро хам карда, гуё худро ба
-66-
нодонй зад. Фақат гуфт. ки “он принят без экзаменов". Дар хотир надорам -
суол доданд ё на, - гуфтанд, ки ман ба донишгох, қабул шудаам. Аз шарму
ҳаяҷон сурх шуда аз кабинет баромадам. Бовар намекардам, акнун студенти
мактаби олй ӮзГУи овозадори Самарқанд шудаам. Падару модарам, ки
чашм дар рох,и ман доштанд, ин хабарро шунида хурсанд шуданд.
Дар донишгоҳ ба як шавку ҳавас ва эҳсоси нави донишомузи 6а хондан
шурӯъ кардам. Албатта, ба муҳити мактаби олиодат кардан лозимбуд. Рӯзҳои
аввал ман тамошогаҳи студентони курсҳои болой будам: писарчаи мактаби
имрӯздар курси якуми Университет мехонад. Ҳатто ду-се русдухтари калон, ки
ҳамоно аз курсҳои охирин буданд, рӯзе пеши ман омада "о, какой хороший
малчик, как он поступил в университет” гуфтанд, ки ҳам боиси шарму ҳам сабаби
ранҷиши ман шуд. Лекин дере нагузашта ҳама ба дидани ман одат карданд,
ман ҳам дигар худро донишҷӯи комилҳуқуқи донишгоҳ ҳис мекардам.
Аз рӯзҳои аввал ман лексияҳои Румянтсев ном дотсентро, ки аз назарияи
адабиёт дарс мегуфт, хеле бо шавқ гӯш мекардам. Фолклори русро Ефимов
ном муаллим бо шавқу завқ мехонд. Дарсҳои профессори машҳури
Самарканд Абдураҳмон Саъдӣ (ҳамон тотори равшанфикр, ки устод Аини
дар Бухоро дар ташкили мактаби усули ҷадид аз ёриву дастгирии ваи
баҳравар буд) аз таърихи адабиёти қадими турк як ҷаҳони нави донишро
рӯи мо кушод. Аз рӯзҳои аввалин ба дарси забони фарансави, ки Эстера
Блюм ном зани мӯйсафеди ситорагарм таълим медод, шавқу муҳаббати
беандоза пайдо кардам. _
Дар бинои факултаи филология китобхонаи донишгоҳ ҷоигир буд. ин
китобхонаи хеле бой буд, ки китобҳои пеш аз инқилоб чопшудаи нашрияҳои
мухталифи Русияву Урупо нигаҳдорй мешуд. Баъд аз чанд мудцат ман ҷуръат
карда, ба ин китобхона даромадам ва ҳуҷҷати хонандагиро ба даст овардам.
Ду-се зани солхӯрдаи китобхона ба ман меҳрубонӣ карданд ва чандин
асарҳои шавқовари барои синни калонсоли мактабӣ навишташудаи
нависандагони русу урупоиро пайдо карданд. Дар аввали кор ин китобҳоро
гирифта, ба шавқи тамом мутолиа кардам ва ба забони русй ҳам хубтар
ошно шудам. Баъд аз ин ба интихоби асарҳои нависандагони рус ҳам роҳ
ёфтам. Муҳимтар барои ман он буд, ки ду-се китоби роҷеъ ба таърихи
адабиёти форсиро пайдо намудам. Китоби аввалини хеле ҷолиб ба қалами
Е.Бертеле тааллуқ ва “Персидская поэзия в Бухаре X в." ном дошт. Ҳам
муаллиф ва ҳам мундариҷаву мавзӯи китоб барои ман як ҷаҳони наверо
кушод. Китобро мухтасар ва баъзе варақҳои онро муфассал ба тоҷики
гардонда, ба дафтари худ сабт намудам. Баъд аз ин китоби В. Жуковскийро
дар бораи Анварй ба даст овардам. Онро низ қариб муфассал ба тоҷики
тарҷума карда, ба дафтари худ дарҷ сохтам. Баъд аз ин ба хондани китоби
В.Бартолд “История изучения Востока в Европе” даст ёфтам ва аз он баъзе
пораҳоро хонда ба тоҷикӣ гардондам. Ин навиштаҳоям имрӯз дар дасти ман
аст ва ҳоло ки онро аз назар мегузаронам, ёд надорам, ки оё кй буд, ки маро
ба хондану омӯхтани ин китобҳо ҳидоят кардааст. Ба назарам, шавқу ҳаваси
шахсии худам будааст.
Дар донишгоҳ ман донишу таҷрибаи худро дар омухтан ва аз худ
намудани забони русй хеле такмил додам. Дар ин кор нақши муаллими
-67-
забони русии мо Волошин хеле калон буд. Баъд аз Орлов ин устоди дуввумин
буд, ки моро ба хазинаву ганҷинаи забони русӣ роҳбаладӣ кард Ин марди
таълимгари доно аввало дуруст ва бе хато навиштани мзтнҳои русиро ёд
дод ва шахсан маро ба хондани асарҳои бадеии руси тарғиб ва роҳнамои
намуд. Натиҷаи таълими ҳамин муаллим буд, ки ман дар охири курси якум
дар семинари дарси назарияи адабиёт роҷеъ ба таҳлили "Замини
корамшудаи" М. Шолохов ба забони русй маърӯзаи шогирдонае ҳам кардам.
Дар донишгоҳ майлу хоҳиши шеър навиштан камтар буд. Пас аз он ки ба
хондани китобҳои шеъру адаб ба алифбои арабй даст ёфтам, баъд аз он ки
ба хондани осори шарқшиносони рус дар таҳқиқи адабиёти форси роҳ
кушода шуд, шавқу ҳаваси омӯхтани таърихи адабиётутаърихи гузаштаамон
ҳамон қадар зиёдтар мешуд. На танҳо шавқу ҳавас, балки дар дилу руҳ
ифтихоре ба гузаштаи дурахшону пуршукӯҳамон падидор мегардид. Равоқу
манораҳо, кунгуру гумбадҳои иморатҳои даврони гузашта, ки ҳар руз аз кудаки
аз назди онҳо мегузаштам, акнун ба назар чунон менамуданд, ки дар онҳо
асрору розҳое нуҳуфта аст, ки на ҳар кас ба фаҳмидану дидани он қобил аст
Хаёлҳои орзумандона мекардам, ки таҳсили донишгоҳро тамом мекунам,
баъд бо омӯхтани ҳамин осори замонҳои гузаштаи Самарканд машғул хоҳам
шуд, китобҳо хоҳам навишт. Бо таҳрики қуввае дар оғози кор аз гузаштаи
пурифтихори худамон, аз он ки мо киҳо будему чиҳо кардем, ду-се мақолача
навиштам. Ин мақолачаҳоро ба хоҳарам Ҳумоюнхон ва додарам Махдихон
хонда медодам. Хоҳарам, ки он вақт донишҷӯи курси дуввуми факултаи
биологияи Донишгоҳ буд, маро гӯш мекарду аҳсант мегуфт. Ман ҳам бо
гурури бачагона мегуфтам:
__Агар калон шавам, УзГУ-ро тамом кунам, мебини ин хел мақола не,
чанд китоб менависам.
Бо ҳамин парвози орзуҳо, бо ҳамин иштиёқу муҳаббати хондану
мутолиаҳои муттасил давраи аввали таҳсили мактаби олиро ба поён
расонидем. Ҳанӯз аз хастагиҳои имтиҳонот ба худ наёмада, ҳануз нақшаҳои
таътилро накашида, ҳанӯз аз шодиву сурури хатми давраи аввали таҳсили
пурбаракату пурбори донишгоҳ лаззати кофй начашида будем, ки хабари
шуми ҳамлаи фашистон ба хоки Шӯравӣ моро мабҳут кард.
22-ми июн рӯзи истироҳат буд. Ҳама дар хона будем. Бегоҳ тайёрии
хӯроки шомро медидем. Ман ба айвони назди хонаи хоб баромада, радиои
девориро баланд кардам, ба умеди он ки шояд аз Тошканд консерте
шунавем. Ва дар ҳамин сония диктори Маскав хабари ҳамлаи урдуи
фашистонро ба хоки шӯравӣ эълон кард. Баъд баромади Молотовро пахш
карданд. Сифати шунавониданҳои радио дар он сопҳо хеле бад буд. Ҳам
овози диктор ва ҳам нутқи Молотовро дуруст нашунидем. Ҳаминаш аниқ
буд, ки дар сарҳадҳои дуродури мамлакати шӯравӣ ҷанг cap шудааст.
Хабари cap шудани ҷанг ниҳоят нохуш буд. Аммо ии хабар дар он лаҳза
дар дили мо чандон биму хатаре барнаангехт. Зеро аз ташвиқу таблиготе ки
сарони давлат ва махсусан доҳии мо Сталин ба мардуми мамлакат талқин
менамуданд, дар муқобили қудрату тавоноии СССР ва қувваҳои мусаллаҳи
он ҳеҷ давлате истодагарй карда наметавонад ва чунин мамлакат мисли
Германия ба хоки шӯравӣ қадам нагузошта, дар сарҳадди худаш маглубу
торумор хоҳад шуд.
-68-
Пекин сад афсӯс ки чунин нашуд. Маълум шуд, ки аскарони сурх ба
ҳуҷуми душман тоб наоварда ақибнишинӣ мекунанд, қисми зиёди хоки шӯравӣ
дар муддати кӯтоҳ зери тасарруфи немисҳо гузашт. Як моҳ ду моҳ сипарй
гашт, шиддати ҷанг торафт зиёдтар мегашт ва ҳолати пурхатари мамлакат
дар Самарканд ҳам эҳсос мешуд. Хусусан ба Самарқанд фавҷ-фавҷ омадани
гурезагон аз Полшаву Украина биму ҳароси ҷангро дар ҷоҳои мо
пуршиддаттар мекард.
Дар чунин вазъият ба таҳсили курси дуввум шурӯъ кардем. Аз оғози соли
хониш як моҳ нагузашта эълон карданд, ки Донишгоҳи Самарқанд баста
мешавад ва ба Тошканд мекӯчад. Тамоми донишҷӯён метавонанд озод ба
Тошканд гузаранд, онҳое ки намехоҳанд ё наметавонанд ба Тошканд раванд.
ихтиёр доранд ҳуҷҷатҳои худро аз донишгоҳ бозгиранд.
Рӯзҳои хеле душвори навмедию вомондагй буд. Аз як тараф лашкари
фашист бо суръат қисми зиёди хоки шӯравиро забт намуда, ба тарафи
Маскав ҳаракат мекард. Биму хавфе ба дил роҳ меёфт, ки мабодо пои
лашкари фашистон ба сарзамини мо расад. Аз тарафи дигар қатъ гардидани
таҳсили донишгоҳ ҳамаи умеду орзуҳоро барбод дод. Ман ва чанд рафиқонам
имкониятиба Тошканд рафтан надоштем. Замони қаҳтӣ буд. Роҳи Тошканд
ва идомаи таҳсил дар он ҷо ба рӯи мо баста шуд. Дар Самарқанд ҳам оянда
торик буд. Ҷои хондан ва шароити коре карда зиндагиро таъмин намудан
ба чашм намерасид. Ман худамро дар саҳрои бе аввалу бе охир танҳову бе
касҳисмекардам. Умеду орзуҳои ширин ба тундбоди саҳрои махуф нопадид
гашта буд...
Зиндагии мардум вазнинтару бенавоёнатар мегашт. Хусусан шароити
зиндагии муаллимон мушкилиҳои зиёд дошт. Падарам дар омӯзишгоҳ даре
мегуфт, моҳонааш ба таъмини рӯзгор намерасид. Хоҳарам, ки таҳсили
донишгохдш қатъ гардид, ба муаллимии мактаб даромада, каме ба оила
мадад мерасонид Додарам Маҳдихон дар омӯзишгоҳ мехонд ва баъд аз
таҳсил гову гӯсфандамонро, ки барои таъмини рӯзгор мададе буд, ба атрофи
шаҳр бароварда мепоид. Модарам бо хоҳарам Маҳвашхон калапӯш дӯхта
мефурӯхтанду ба пули он қути лоямуте меоварданд. Дар оила танҳо ман
будам, ки барои пул ёфтан ҳунар надоштам ва рӯзи дароз ба китобхониву
навиштан мегузаронидам. Яъсу навмедӣ, рӯҳафтодагиву бедармонӣ ниҳоят
азият медод, дарди дилро ба касе гуфта наметавонистам, ҷуз он ки дар
дафтари хотирот ин ҳолати худро бо ҳузну андӯҳ бинависам.
Ниҳоят падар барои ман ба воситаи шогирдашон мудири маорифи
райони Сиёб Мардонқул Узоқов дар мактабе кори муаллимӣ пайдо кард.
Аммо ин кор ба ман маъқул набуд. Барои муаллимӣ ҳам ҷисму ҳам синнам
хурд буд ва аз ин сабаб маро танҳо ба таълими синфи якум маъмур карданд.
Шогирдони синфҳои боло қариб бо ман баробар буданд ва аз ин сабаб ба
ман лақаби “муаллимча”-ро дода буданд. Шояд онҳо ба оҳанги шӯхй
мегуфтанд, вале ба гӯшам чун таҳқир мерасид.
Ба муаллимӣ дилу бедилон рафта меомадам. Дар дил орзуи ягона -
давом додани таҳсил буд. Ниҳоят қарор додам, ки ба курсҳои шабонаи
Институти педагогӣ дохил шавам. Курсҳои ӯзбакй набуданд, ба курси руси
дохил шудам. Ҳафтае чор маротиба ба хондан мерафтам. Дар курсҳо одам
-69-
кам ва фақат занҳо буданд. Муаллимҳо низ намерасиданд. Дар курси мо аз
таърихи адабиёти асрҳои миёнаи Аврупои ғарбӣ ва адабиёти асри XIX рус
лексия мехонданд. Дарсҳои пурмазмуни Сойфер ном муаллим аз таърихи
адабиёти асрҳои миёнаи Аврупои ғарбй ниҳоят ҷолиб буд. Ин марди
хушсурат дар солҳои панҷоҳум дар Донишгоҳи Тоҷикистон низ тадрис мекард.
Ҷанг ҳамчунон давом дошт. Зиндагй барои муаллимон торафт душвортар
мешуд. Хусусан аввали соли 1942 қаҳтиву гуруснагии сахт буд. Бисёр
муаллимон ба мактабҳои богат ва деҳу қишлоқҳои дурдаст рӯй оварданд.
Дар он ҷоҳо ба муаллимон барои кишт замин медоданд ва дар вақтҳои
ҳосилғундорӣ аз амбори колхоз маҳсулот ҷудо мекарданд.
Дар чор-панҷ километр ҷанубтари Самарканд боготи Даштаки Боло (ё
Оқмасҷид) воқеъ гашта ва он ҷо мактаби номдори рақами бисту як вучуд
дошт. Директори мактаб хатмкардаи омӯзишгоҳи тоҷикии Самарқанд
Аббосхон Акрамов буд. Ин шахе ба хотири қадршиноси падари ман ва боз
чанд собиқ муаллимони худро ба мактаб даъват кард, бо ваъдаи он ки ба
онҳо замини кишт ҷудо карда, аз амбори колхоз бо маҳсулоти кишоварзй
мададгорй мекунад. _
Падар аз тирамоҳи соли 1942 ба муаллимии мактаби Даштаки Боло шуруъ
кард. Ҳар рӯз масофаи панҷ километрро пои пиёда ду бор (ҳам ба мактаб ва
ҳам аз мактаб) тай мекард. Дар рӯзҳои зимистон агар барфу сармо шиддат
тирад дар мактаб, дар хонае мехобиданд. Дар Даштаки боло колхози машҳур
ба номи “Ленин байроғи” (“Байрақи Ленин”) ном дошт ва дар чанд соли ахир
раиси колхоз Абдулфаттоҳ Абдуллоев буд. Ин мард дар солҳои НЭП дар
тиҷорату молиёти Самарканд дар мақоми роҳбарӣ буд ва бо бисёр
муаллимони шаҳр, аз ҷумла бо падари ман ҳам рафиқу дуст будааст. Вай аз
назди қӯрғони боғи худ барои падарам замини кишт ҷудо кард, то ки
фарзандону аҳли оилэаш ба кишти замини мо назорат кунанд ва дар
обдориву обёрӣ кӯмак расонанд.
Баҳори соли 1943 мо картошка шинондем. Падар, ки дар ҷавонй ба
боғдориву киштукор машғул буд, ҷӯякашӣ, тешаву каландкунии ниҳоли
картошкаро худаш анҷом дод ва ману додарам ба он кас ёри медодем.
Картошка ва помидор ҳосили хуб дод. Қисме аз картошкаро фурухтем, қисми
дигарро барои рӯзгор сарф кардем. Тирамоҳ х,ам аз картошкаву сабзй ҳосили
хуб бардоштем. Аз замини колхоз барои ҳезуми зимистон як беди калон
доданд. Мо се кас як бегоҳ то ними шаб бедро афтонда бурида ҳезум карда
бо харароба ба шаҳр бурдем. Хуллас ин зимистон хонаҳо гарм, шикамҳо
сер ва димоғҳо “чок,” буд.
Тирамоҳи соли 1943 ман ба мактаби деҳи Раҷабамин (ҳамон мактабе ки
Абдулқодир Шакурӣ пеш аз инқилоб ба тарзи нав бино карда, усули ҷадиди
таълимро ҷорй намуда буд) чун муаллими забону адабиёт ба кор даромадам.
Акнун калонтар шуда, касби муаллимиро ҳам ёд гирифта будам. Ғайр аз
маоши ҳармоҳа колхоз ало қадри ҳол ба мо бо хӯрокворию маҳсулоти саҳро
ёрӣ мерасонид. Ба муаллимони мактаб, аз ҷумла ба ман ҳам барои кишт
замин ҷудо карданд ва мо ҷувории макка коридем. Ха'р руз ба сари замин
омадан ва сабзидану қад кашидани танаҳои ҷувориротамошо кардан лаззате
дошт. Тобистон, вақте ки ҷувориҳо калон шуда нишонаҳои аввалини ҳосил
-70-
ба чашм намудор гашт, ба замин об додан лозим буд. Ману як рафиқи
давраи омӯзишгоҳам ба номи Қодир Саломов - муаллими ҳамин мактаб,
шабонаҳо пиёда ба обёрй мерафтем. То аз саргаҳи ҷӯи калон кушодани об
торикй мефаромад. Дар торикии шаб бо шилдироси гӯшнавоз ба ҷӯяҳои
ҷуворй равон шудани об ба ҷисму рӯҳи кас оромиву осоиши роҳатафзо ато
мекард. Дар сари киштзор нишаста дастурхонро мекушодему ҳар чи аз шаҳр
оварда будем, ба иштиҳои соф тановул мекардем. Баъзан дар ин соатҳо як
ҷавони савдозада, ки рӯзонаҳо дар ҳамин атроф медидем, каланд дар китф
побараҳна бо курта эзори сафед назди мо меомад. Ҷавони ниҳоят хушсурате
буд бо чашмони маҳзуну хумор. Дақиқаҳо хомӯш менишаст. Дар дил гоҳ
биме пайдо мешуд, ки мабодо ҷунуни вай боло гираду бо каландаш сари мо
давад, дар ин шаби торик чй метавонем кард.
— Шабона обдорй кардан нағз, - мегуфт вай, - касе ба ту кордор нест,
ҳама дар хоб... Рӯзонаҳо бачаҳо маро танг мекунанд, ба сэрам сангу кулӯх
мерезанд...Бачаҳои шум...
Шабе омад, ки мо хӯрок мехӯрему чой надорем. Хомӯш аз назди мо дур
шуду баъди ним соат дар чойҷӯш оби гарм ва ду пиёлаи сафол овард.
— Қӯрғони мо наздик, ҳар чи ба шумоён лозим шавад, гӯетон мебиёрам.
Ба ин ҷавони савдоӣ нигоҳ мекардаму Қайси Маҷнун ба ёдам меомад.
Хаёл мекардам шояд ишқи нокоме уро ба ин савдо оварда бошад.
Дар солҳои ҷанг орзуву умедҳои бо илм машғул шудан, ҷусту ҷӯй намудани
китобҳои таърихи гузаштаамон қариб аз cap дур шуд. Бо вуҷуди ҳамин чанд
китоби аз сӯхтори соли 37 газанд нодида ба даст омад. Як ҷилди асари
олими турк Исмоил Ҳикматро дар таърихи адабиёти кдрни 19-и турки усмонй
хонда баромадам. Эҷодиёти Номиқ Камол ва Зиё-пошшо таассуроти амиқ
гузошт. Аз китоби Фаредун Кӯчарлу “Озарбойҷон адабиёти таърихи" бобҳои
роҷеъ ба Низомӣ ва Хокрниро мутолиа кардам.
Дар вақти таътили тобистони солҳои 1942-43 баъзан ба зиёрати Гӯри
Мир мерафтам. Он ҷо аз хешовандони мо Ниёзхон-амак посбони мақбара
буд. Баробари посбонӣ гоҳо ба сайёҳоне, ки ба тамошои мақбара меомаданд,
аз таърихи Темуру бинои мақбара нақл мекард. Ниёзхон-амак писари
амубузурги ман Қозй Абдулҳайхоҷа буд. Чанд вақт дар Мадраса таҳсил
намуда, аммо ба натиҷае муваффақ нашуда буд. Хати хуби настаълиқ дошт,
китобҳои таърихро бисёр мехонд, барои худ ва талабгорон аз китобҳо нусха
мебардошт. Ҳамсараш чанд сол пеш фавтида, як писар аз вай монда ва он
ҳам ба ҷанг рафта ҳалок гардид. Ниёзхон-амак ҳавлии дурусти меросй
надошт, баъд аз фавти занаш ба посбонии мадрасаву биноҳои таърихй
гузашта дар ҳамин ҷоҳо иқомат мекард.
Рӯзҳои тобистон ба Гӯри^Мир мерафтам. Ҷои салқину хушҳаво буд.
Ниёзхон-амак шавқи маро ба таъриху китобҳои таърихй дида аз замонҳои
қадими Самарқанд нақлҳои ҷолиб мекард. Гоҳо дастнависе ба даст дарорад,
онро хонда шарҳу эзоҳ медод. Боре дастнависи фарсудаеро нишон дода
гуфт, ки ин ‘Тузуки Темур” аст ва онро худи амир Темур аз саргузашту ҷангу
юришҳояш таълиф кардааст. Ҳамон рӯз чанд сафҳаи китобро хонд. Рӯзи
дигар дафтари конспектҳоро оварда хоҳиш намудам, ки “Тузуки Темур”-ро
хонад ва ман ба хати худам нависам. Ҳамон рӯз ду-се саҳифа навиштам.
-71-
Дидам, ки кор душвор аст, хох,иш намудам дастнависро чанд рӯз ба ихтиери
ман вогузорад, то онро ба дафтарам гузаронам.
Дастнависи "Тузуки Темур” бе аввалу охир буд. Бо вуҷуди ҳамин ин
дастнависро ба дафтарам ба хати арабии навомӯхтаам навишта гирифтам.
Навиштаҳоям дар дафтари конспектҳои китоби Бертеле ва китоби Жуковский
(дар бораи Анварӣ) ҳоло дар даст аст.
Дар аввали тобистони соли 1944 дар чанд рӯзномаи ҷумҳуриявӣ эълон
баромад, ки имсол дарДонишгоҳиТошкандфакултаи шарқташкил мешавад
бо шӯъбаҳои форсиву арабию туркии усмонй. Баъд аз хатми таҳсил
донишҷӯён метавонанд муаллими забонҳои шарқ шаванд ё дар соҳаи илм
кор кунанд ё дар риштаҳои дипломатй маъмурият дошта бошанд.
Ду-се сол буд, ки дар бораи ояндаи худ ва идома додани таҳсил дар ягон
донишгох,фикр намекардам. Ояндаи касбу кору машгулиятам чандон равшан
набуд. Муаллимӣ? Ҳеч гоҳба ин кор рағбату шавқнадоштам. Шеърумақола
ё мухбириву рӯзноманигорӣ? Дар Самарқанд ва хусусан дар солҳои ҷанг
барои матбуоту нашрияи тоҷикӣ майдон танг буд. Дар ду соли охир радиои
Самарқанд барномаҳои тоҷикй ташкил намуда, ғайр аз ахбору иттилоияҳои
расмй мусиқии тоҷикӣ ва порчаҳои адабй аз шеъру ҳикояҳои нависандагони
тоҷик пахш мекард. Муҳаррир ва наттоқи доимии ин барнома аз дӯстони
мактабии ман буд. Бо тарғиби вай чанд бор аз радио баромад карда, баъзе
порчаҳои адабии худ ё адибони дигарро қироат мекардам. Машғулиятҳои
адабии радио маро ба навиштани шеъре дар мавзӯи ақибгоҳи ҷанг тарғиб
намуд. Ин шеъре буд дар шакли қасида зиёда аз панҷоҳ байт дар бораи
духтари деҳотие, ки баъд аз ба фронт рафтани номзади дӯстдоштааш ба
ҷои вай сари рули трактор нишаста, корҳои мардҳоро анҷом медиҳад. Дӯстам
гуфт, ки ин шеърро бояд аз тариқи радио бихонам. Пекин пеш аз ин мо бояд
шеърро аз назари устод Айнй гузаронем. Гуфтам, ки ҷуръат намекунам
пеши устоди бузургвор рафта, шеъри шогирдонаи худро бихонам. Дӯстам
гуфт, ки “ман барои машварат дар мавзӯи барномаҳои тоҷикӣ назди устод
гоҳо меравам ва ишон ҳамеша маро хуб қабул мекунанд”.
Хуллас, назди устод рафтем. Ман шеърамро зери арақи шарму ҳаяҷон
ба устод хонда додам. Устод хомӯш бо ҷиддияти тамом шеърро то охир гӯш
кард. Гуфт, ки аз радио хондан мумкин аст. “Пекин, - гуфт он кас, -
шунавандаҳо гумон намекунанд, ки ин шеърро як шахеи ҷавон навиштааст...”
Дар охир гуфт, ки ин шеърро ба Сталинобод ба иттифоқи нависандагон ба
номи Раҳимй фиристам, зеро он кас роҳнамои шоирони ҷавон аст, шояд ки
ба шумо машварате диҳад.
Ман шеърро аз тариқи радио хондам, баъд ба Сталинобод фиристодам.
Ҳоло аз ин шеър нусхае дар даст надорам. Чанд сол пеш шахсе ки дар
музей-хонаи Раҳимӣ кор мекард, гуфт, ки шеъри ман дар байни коғазҳои
архиви Раҳимй нигаҳдорӣ мешавад. Ҳавсала накардам, ки рафта он шеърро
аз назар гузаронам.
Ин буд шарҳи баъзе корҳои “эҷодӣ” дар солҳои душвори ҷанг. Вале ин
ҳама лаҳзаҳои тасодуфӣ буданд, ки ба роҳе ҳидоят намекэрданд. Дар ин
солҳо мисли мусофири гумшудаи кӯчаҳои сарпечу сарбастаи шаҳр будам, ки
қадам мезадаму аммо мақсад чист, куҷо бояд рафт ва охири роҳ дар куҷост -
-72-
намедонистам. Эълони рӯзнома дар бораи кушода шудани факултаи шарқ
гӯё барқе буд, ки ғайри чашмдошт бидурахшиду умеди пайдо кардани роҳи
равшану мустақимро дар дилам бедор кард. Бе ихтиёр азми қатъи кардам, ки
бояд барои таҳсил ба ин донишкада равам Роҳи дуруст, роҳи ояндаи ман
ҳамин аст. _ t
Баъд аз андешаҳои бисёр аз ин мавзуъ пеши падар ran кушодам.
Падарам вазъи ноҳамвори маро медид, ҳис мекард. Бинобар ин қасди
маро писандид. Апбатта ба шаҳри дигар рафта таҳсил кардан мушкилиҳои
моддиву иқтисодӣ дошт. Маълум буд, ки падар ба ман мадади моддии
ҳармоҳа карда наметавонад. Пекин ҳамоно дилаш гувоҳӣ медод, ки агар ба
Тошканд, ба ҳамин донишкадаи бонуфуз равам, корҳо кушоиш хоҳад ёфт.
Дар оилаамон тадриҷан ҳама ба рафтани ман ба Тошканд ҳамраъй
мешуданд. Азми маро шунида холабачаам Надимхон Беҳбудӣ хоҳиш намуд,
ки ӯро низ ҳамроҳ ба Тошканд гирам. Надимхон саввумин писари Масъудхон
Бехбудй - писари калонии Маҳмудхоҷаи Беҳбудй буд. Масъуд Беҳбуди бо
холаи ман Саидахон издивоҷ карда ва ба ҳамин тариқ мо бо хонадони
Беҳбудиҳо хеши пайдо карда будем. Қиссаи издивоҷи Масъудхон ба
холапошшоям аҷиб аст.
Маҳмудхоҷаи Беҳбудй гайр аз он ки дар шаҳри кӯҳна дар гузари Еминй
ҳавлии бошукӯҳе дошт, дар шаҳри нави русй ҳам ду ҳавлии калон бино карда
буд. Яке барои идораи маҷаллаи “Оина” ва қабули меҳмонони расмиву
урупой, дигаре барои иқомати оилаи худ. Модаркалонам - ояпошшоям дар
шаҳри “урусҳои кофир” зиндагй кардани Маҳмудхоҷа ва дар мактаби уруси^
хонда тарбия гирифтани писари ишон Масъудхонро шунида, ҳеҷ рози
намешавад, ки духтарашрс ба шаҳри “урусҳо” дода фиристад. Фақат бо
ташвиқ ва ҳатто таҳдиди бародараш Аббосхон, ки шахси равшанфикри он
замон буд, ояпошшо дилу бедилон ба никоҳи Масъудхону духтараш розй
мешавад.
Маҳмудхоҷа Беҳбудй баъд аз Масъудхон боз ду писар ва як духтар дошт:
Мақсудхон, Матлубхон, Сурайёхон. Баъд аз марги фоҷеавии Беҳбудй дар
Қаршӣ бачаҳо бе парастор мемонанд. Аҳли оила ба ҳавлии гузари смини
мекӯчанд. Масъудхон дар идораҳои шаҳр ба ҳайси тарҷумон (аз русй ба
тоҷикӣ) адои хидмат мекард.Дар аввали солҳои сивум ҳавлии Ёминиро
фурӯхта, дар гузари Хоҷаҷон Хоҷа қисми калон и ҳавлии ояпошшоро харидорй
намуда, ба ҳамсоягии модарарӯсаш мекӯчад. Додари калонии ишон
Мақсудхон, ки ҷавони таҳсилдида буд, дар бисту панҷсолагй дар асари
бемории шуш фавт мекунад. Бародари хурдй Матлубхон солҳои сол дар
оэйонҳои дурдасти Тоҷикистон ба касби муаллимй машғул шуда, аз ҳамин
ҷо соли 1943 ба ҷанг меравад ва дар майдони ҳарб ба ҳалокат мерасад.
Масъудхон то солҳои сиву панҷ дар нашриёти давлатии i оҷикистон (дар
Самарқанд), дар идораи рӯзномаву маҷаллаҳои гоҷикй хидмат мекунад. Баъд
аз ин ба Сталинобод омада, солҳси дароз ба ҳайси тарҷумон ва адиб дар
нашриёти давлатии Тоҷикистон кор мекард. Дар аввали солҳои панҷоҳум ба
сабаби бад шудани сиҳҳаташ ба Самарканд омада, дар хзмин ҷо дар синни
панҷоҳу чаҳор солагй (соли 1953) аз ҷаҳон чашм пӯшид. Аз Масъудхон чор
писар монд: Шавкат, Мидҳат, Надим, Назир, ки мо то охир ёру бародар ва
-73-
аксар вақт хамроҳу ҳамзист будем.
Инак Надимхон, писари чоруми Масъудхон азми дохил шудан ба
факултаи шарқи донишгоҳи Тошканд кард. Мо қарор додем, ки дар аввали
моҳи август ба Тошканд сафар карда, ҳуҷҷатҳоро ба комиссияи қабул супорем
ва масъалаи имтиҳоноти дохилшавиро низ муайян намоем.
Ба Тошканд рафтанамон барои волидайни мо чандон боиси ташвишу
хавотир набуд. Зеро бародари калонии Надимхон - Шавкатхон дар идораи
округи ҳарбии Туркистон дар шӯъбаи разведка дар хидмати ҳарбӣ буд. Дар
аввали ҳамин тобистон Шавкатхон ба хоҳарам Ҳумоюнхон издивоҷ карда ва
дар тадоруки он буд, ки завҷаашро ба Тошканд барад. Яъне мову Надимхон
дар Тошканд ҷои иқомат доштем ва аз ин лиҳоз худамон ҳам то андозае
осуда будем.
Соли 1944 ҳанӯз ҷанг ба охир нарасида ва ҷадвали омаду рафти поездҳо
хеле бе низом ва харидани билет ҳам ниҳоят душвор буд. Мо билет
надоштем. Поезди Тошканд дер карда омад. Бо Надимхон аз як вагон ба
вагони дигар давида, аз кодукторҳо хоҳиш мекардем, ки моро ба пули нақд то
Тошканд расонанд. Касе аз кондукторҳо ба ин розй намешуд. Хавфи он
буд, ки поезд ба ҳаракат медарояду мо аз роҳ боз мемонем. Ниҳоят қарор
додем, ки ба паси вагон гузашта ба зинапоя нишаста як-ду стансия тай кунем,
шояд ягон кондуктор ба хрли мо раҳм карда ба даруни вагон роҳ диҳад.
Мо ба зинапояи вагоне нишастем. Поезд ба ҳаракат даромад. Шаббодаи
сард мевазид ва мо бо либосҳои тобистона хунук хӯрдем. Ба даруни тамбур
даромэдем. Ҳанӯз ба стансияи Куропаткино нарасида, ду-се милисионер
омада аз мо билет ва ҳуҷҷат пурсид. Бе билет ба Тошканд равона будани
моро фаҳмида амр карданд, ки ҳамроҳи онҳо ба вагони якум роҳ гирем.
Вагони якум қариб холй буд ва дар тахтахобҳо чанд ҷавон ва ду-се марди
ӯбадапӯш хобида буданд. Тирезаҳои вагон панҷараҳои оҳанин дошт. “Моро
ҳабс карданд, Надимхон, акнун ҳоламон чй мешуда бошад?’ - бо тарсу ларз
гуфтам ман. Бо вуҷуди тарсу ларз дар хомӯшии вагон ва ҷои хоби аниқ хоб
бурдаст моро.
Баъд аз чанд соат садои милисионерҳо моро бедор кард. “Кани, як қатор
шуда ҳама аз вагон бароед” - амр дод яке аз милисаҳо. Ҳама берун баромада
дар як ҷо ғун шудем. Баъдчор милиса бо тапончаҳои бе ғилоф дар даст моро
иҳота карда ба роҳ дароварданд. Ман ба тоқи вокзал нигоҳ кардам, ки ин ҷо
стансияи Ховост будааст Моро ба шаҳр ба милисахона дароварданд. Ҳама
хомӯш болои харакҳо ҷой гирифта, мунтазир будем, ки дигар чи хоҳад шуд.
Чанд дақиқа гузашта буд, ки ду нафарро ба дарун пеши сардор
дароварданд. Баъд аз чанд хомӯшӣ аз дарун садои омирона баланд шуд: “в
камеру”, яъне ба маҳбас. Дар дил боз биме пайдо шуд: наход моро ҳам ба
маҳбас фиристанд. Охир навбати ману Надимхон расид. Сардори милиса
ҳуҷҷатҳои моро ба дикҳат санҷида баромад. Баъд гуфт, ки барои бе билет ба
поезд даромадан фалон қадар ҷарима диҳед. Ҷаримаро гирифта гуфт, ки
“ба шумо ҷавоб, лекин дигар ба поезд бе билет надароед.”
Моба перрон омадем. Болои харак шишта каме хӯрок хӯрдем. Азҷадвали
ҳаракати поездҳо фаҳмидем, ки поезди навбатӣ ба Тошканд баъд аз чор
соат, бомдод меояд. Дар касса билет набуд. Поезд омад, аммо билет
-74-
надоштем. Як кондуктори узбек ҳамоно ба мо раҳм карду ба маблағи муайян
моро ба вагонаш гирифт. Баъд аз чор соат ба Тошканд расидем. Аз рӯи
адреси пешакй хонаи Шавкатхонро ёфта рафтем. Моро хуб пазирой кард
Хайрият Донишгоҳ аз ҷои иқомати вай - аз бозори Алай дур набудааст Баъд
аз як-ду соат ба Донишгоҳ рафтем. Декани факултаи навбунёд Абдураҳмон
Ҳамроев ном марди хушсурати профессорнамои айнакдор самарқанди
будани моро фаҳмида ба тоҷикӣ ran зад. Маълум шуд, ки вай аслан аз
Бухоро будааст. Ҳуҷҷатҳои моро қабул кард. Ҳар ду ҳам дипломи аъло
доштем. Гуфт, ки мо бе имтиҳони қабул ба факулта дохил мешавем. Баъд аз
ду рӯз дар бораи ба таҳсили факултаи шарқ қабул шуданамон ҳуҷҷат гирифта
метавонем ва баъд дар аввалҳои сентабр ба хондан омадан мумкин аст.
Ба ҳамин тариқа, охири сафарамон ба хайр анҷомид, корамон осон шуд.
Хушу хурсанд ду-се рӯз Тошкандро тамошо карда ба Самарқанд бозгаштем.
Акнун тайёриву омодагии зиндагии ғарибонаи Тошкандро дидан лозим буд.
Кори Надимхон саҳлтар буд, зеро вай дар паноҳи бародари калониаш буд.
Аммо ман бояд зиндагии мустақилонаи худро ташкил диҳам, ки ҳам қути
лоямут ҳосил шаваду ва ҳам таҳсил бо муваффақият идома ёбад.
Баъд аз омадан зуд бо мактаби Раҷабамин ҳисобӣ кардам. Ҷувориҳои
расидаро ғундошта, ба ҳавлӣ овардам, қисмеро фурӯхта, барои хариди
либосҳои зимистонй захира кардам ва қисмашро барои эҳтиёҷи оилаамон
вогузоштам.
Ниҳоят охири моҳи август озими Тошканд шудем. Хоҳарам Ҳумоюнхон
ҳамроҳи мо буд. Модараму холапошшоям ба гусели мо баромаданд. Поезд
набуд, дар касса билет ҳам намефурӯхтанд. Дар вокзал як шабу як рӯз хобида
ва боз бе билет ба кӯмаки як кондуктори тошкандй ба поезд савор шудем.
Роҳамон рост ба Тошканд буд.
ФАСЛИ ДУВВУМ. ТОШКАНД
ФАКУЛТАИ ШАРҚ
Ба Тошканд баъд аз бисту ду соат расидем. Шаҳр.ч ноошно, шаҳри
сарпӯшида, асроромез ва мисли тилисмоте буд барои ман. Бо ин ҳама
бегонагй дар ин шаҳр гаронбаҳтарин чизи гумкардаи худро пайдо кардам:
давраи нави таҳсили илм. Илме, ки боре ба муҳотаи бӯстони ӯ расида, вале
бӯе набурда, неъмате ба даст наёварда ва самаре ба коми дил наёфта,
онро гум карда будам. Инэк, расидан ба орзуву умедҳои дил дар ин шаҳри
бетона, ноошно, пурасрор гармиву сурури ниҳонӣ дар ҳастй барангехта буд.
Аз ин сабаб ноҳамвориву душвории зиндагй, ки гайри чашмдошт аз пеши мо
баромад, заррае ба навмедиву рӯҳафтодагӣ сабаб нашуд.
Омадем ба Гошканд, ки Шавкатхон набуд, ба муддати даҳ — нонздах рӯз
ба сафари Маскав рафтааст. Дар ду хоначаи хурде, ки дар ҳавлии
коммуналии сохти пеш аз инқилоб воқеъ буд, ҷой гирифтем. Дар хсначзҳо
ду- се каравоти оҳании ҳарбӣ гузошта шуда ва -шароити махдуди хуфту хоб
муҳайё буд. Дигар ҷои шусту шӯй ва хурокпазй дар саҳни ҳавлй буд. Азбаски
-75-
ҳуҷҷати иқомати Тошканд надоштем, карточкаи нон надоданд ва нону
хӯроквориро ба нархҳои гарон аз бозор харидорӣ мекардем. Захирае, ки
барои сару либоси зисмистонӣ оварда будем, ҳама масрифи озуқаворй
гардид.
Шукр, ки Шавкатхон аз сафар баргашту таъмини зиндаги ба уздаи он кас
гузашт. Миқдори муайяни озуқаворй, ки ба ишон аз идораи ҳарби мерасид,
сатҳи зиндагии моро дар ҳадди эътидол нигоҳ медошт.
Рӯзи аввали соли таҳсил аз тадриси забонҳо шуруъ шуд. Донишҷӯёнро
ба чанд гурӯҳҷудо карда, ба таълими забонҳои инглисӣ, форси, араби, турки
шурӯъ карданд. Эълон карданд, ки то курси саввум тадриси забон ва дарсҳо
барои ҳама умумӣ аст. Аз курси чорум донишҷӯёнро аз рӯи тахассус ба
гурӯҳҳо тақсим мекунанд: тахассуси филологияи эронй, арабшиносй ва
таъриху забону адабиёти туркии усмонӣ. Донишҷӯён пас аз хатми факулта
дар риштаҳои таълим, таҳқиқу тадқиқи илмӣ ва инчунин дар ифои вазифаҳои
дипломатӣ хидмат хоҳанд кард. Ба назарам, тахассуси саввум бештар
ҷавонони “дипломатшавандаро’’ ҷалб карда буд. Аксари ҷавонҳо хушлибос,
олуфта ва муддай буданду донишҷӯёни бечораву бенаворо чандон писанд
намекарданд. Вале қариб ҳамаи ин олуфтаҳо баъд аз нимсолаи аввал ва
хусусан баъд аз хатми курси аввал аз нақшаву чашмдоштҳои худ навмед
шуда, хонданро тарк карда рафтанд.
Муаллими аввалини забони форсӣ дар таълими хату хондан Муталлибов
ном марди тахминан панҷоҳсолаи миёнақад бо ришу мӯйлаби сиёҳ буд. Баъд
аз ду-се даре дид, ки ман ба таълими алифбо ва давраи саводомӯзии форси
эҳтиёҷ надорам, аз хонааш китобе овард мунтахаботи Тулистон”, то ки дар
вақти даре ба хондани он машғул бошам. Бо ман ба забони тоҷики ҳарф
мезад. Рӯзе маро ба хонааш бурд ва дидам, ки бо ҳамсар ва фарзандонаш
низ ба тоҷикй ran мезанад. Баъдтар фаҳмидам. ки Муталлибов аз эрониҳои
Бухоро буда, дар Мадраса низ таҳсил намуда, забочу адаби форсиро хуб
медонист. Хати зебои настаълиқ дошт. Забони форсиро дар клосс ба
талаффузи эронӣ тадрис мекард. Аз ин ҷо натиҷа гирифтам, ки у шояд дар
донишгоҳи баъди инқилоб дар факултаи шарқ таҳсил дида бошад. Дар ҳар
сурат усули таълими Муталлибов барои донишҷуён мувофиқ буд ва онҳо
хондану навиштани форсиро зуд ёд гирифтанд.
Дарси дигаре ки маро тамоман шефтаю мафтун кард, забони араби буд.
Сохтор, рӯҳу оҳанги ин забон дунёи нав буд ва аз соатҳои аввалин бо
муҳаббату ҷиддияти тамом машғули омӯзиш шудам. Сабаби ба дил наздик
шудани забони арабӣ ба устод ва усули тадриси вай низ ба дараҷаи зиёде
вобаста буд. Муаллими забони арабӣ Евгения Бетгер ном зани тахминан
панҷоҳсола, хатмкардаи собиқ факултаи шарқшиносии ҳамин донишгоҳ дар
солҳои сивум будааст. Усули тадриси вай таълими урупоии забони араби
буд ва ин усул барои донишҷӯёни гурӯҳи мо созгор омад. (Ба гуруҳи дигар
Содиқ-домулло ном марди узбек бо усули тадриси қадими мадрасавй таълим
медод.) Грамматикаи арабиро ба осонй аз худ мекардам, ҳикояву амсолҳои
арабй, ҳадисҳои набавиро аз рӯи хрестоматия аз бар менамудам.
Забони саввуми шарқӣ забони туркии усмонй буд, ки устоди он марди
озарбойҷонй ба номи Юсуф Зиёӯғли Шервонй буд. Ин марди олуфта ва ба
-76-
худ мафтун забони форсиро ҳам хуб медонист. Дар навиштани хатҳои
настаълиқ, насх, арабии хоссаи туркӣ хеле моҳир буд. Агар ба даре додан
ҳавсала надошта бошад, аз саргузаштҳои худ воқеаҳои аҷибу ғариб ва
пандомӯзро дар тахайюлоти худ бофта ҳикоя карданро дуст медошт. Забони
туркии усмониро хуб медонист, аммо таълими қоидаҳои илмии онро
намедонист. Аз ин сабаб бештар дар тахтаи клосс аз нависандагони турк
порчаҳои ҳикояту қиссаҳо менавишт ва мо онро ба дафтарҳо мекучонидем
Пас луғатҳоро шарҳ медод, баъд навиштаҳоямонро қироат мекардем. Аз
грамматикаи забони туркӣ маълумоти ниҳоят ноқис меовард. Ба ҳамин тариқ
аксари шогирдон дар муддати се сол аз тадриси забони туркии усмонй баҳрае
ва натиҷае набардоштанд.
Дар факултаи Шарқ тадриси забонҳои русиву инглиси ҳам мавқеи муҳимм
дошт. Аммо таълими ин забонҳо бо тахассуси умумии факултз камтар
алоқаманд буд. Аз ҷумла омӯзиши забони русӣ ба мо натиҷаи дилхоҳ
наовард. Ҳар чи аз русӣ омӯхта будам, натиҷаи заҳамоти муаллимони
худораҳматй Орлов ва Волошин, инчунин ҳосили машғулиятҳои мустақилонаи
худам буд.
Бояд гӯям, ки тадриси забони инглиси аз курси чаҳорум хеле пурбор ва
натиҷабахш буд: хам дар қоидаҳои забои, ҳам дар машқҳои гуфтутуи, ҳам
дар хондани матнҳои илмӣ ва ҳам дар иртибот бо тахассуси шарқшиноси.
Баробари дарсҳои тахассусй мо курсҳои барои тамоми донишгоҳҳои
шӯравӣ мутадовилро таҳсил мекардем: таърихи ҳизби коммунисту иқтисоди
сиёсӣ, материализми таърихӣ, материализми диалектикӣ ва ҳоказо. Ин
мавзӯъҳо барои ман нав набуд, аз онҳо дар вақти таҳсили солҳои донишгоҳи
Самарқанд огаҳӣ доштам.
Дар солҳои ҷанг идцаи зиёде аз донишмандони машҳури шарқшиноси
Ленинграду Маскав ба Тошканд кӯчида буданд ва онҳо дар муассисаҳои
илмии Академияи Узбекистон ва Донишгоҳ кор мекарданд. Декани факултаи
Шарқ Абдураҳмон Ҳамроев чанд тан аз ин донишмандонро барои тадрис ба
факулта даъват намуд. Ва мо ба ин тариқа ба дидан ва шунидани дарсҳои
донишмандони номвари кишвари шӯравӣ шарафёб шудем. Ба ман пеш аз
ҳама дидан ва шунидани чанд соат дарси Евгений Эдуардович Бертеле
саодати бузурге буд. Чанд сол пеш аз ин асари донишманди бузургро ба
номи “Персидская поэзия в Бухаре X в." хонда ва аз ҳамон вақт мухлис ва
муриди вай гашта будам. Инак ӯ дар клосси факултаи мо пеши шогирдони
навомӯз нишаста, аз таърихи адабиёти форей лексияҳои хулосавй мехонад.
Шахси камгӯшти ришдор назди мизи муаллимй дар курей такя карда бе ҳеч
коғазу ёддошт ба забони фасеҳ, ба овози хеле форами мусиқй сэҳифаҳои
таърихи адабиёти ғании моро оромона варақ мезад. Бертеле чунон хушоҳанг
ва чунон пайваставу ногусиста сухан меронд, ки гумон мекардед вай на сухан
меронад, балки китоби худро барои мо қироат мекунад. Шеърҳои форей
мехонд ва дафъатан ба руей тарҷумаи шоиронаи таҳтуллафз мекард. Симои
ниҳоят нуронй дошт, гуё шаъшаъаи шеъри форей дар рухсораҳои вай
мунъакис мегашт.... Ин буд таассуроти нахустине, ки аз дидор ва гуфтори
донишмандонаи Бертеле пайдо шуду як умр дар хотири ман нақш бает.
Аз устодони забардасти ленинградй Андрей Николаевич Кононов (аз
соли 1974 академик, он вақт 38 сол дошт) аз грамматикаи забони туркии
усмонй, Евгений Беляев аз муқаддамоти арабшиноси як сол сол - яку ним сол
ба мо даре гуфтанд. Аз таърихшиносони номии рус Иля Павлович
Петрушевский аз таърихи мамолики Шарқи Миёна ва Наздик ду сол лексия
хонд. Аз ин донишманд боз сӯҳбат хоҳам кард.
Дар нимаи дуввуми соли хониши аввал Михаил Степанович Андреев ба
мо дарси забони форсиро оғоз намуд. Ин олими номвар, ки ҳам пеш аз инқилоб
ва ҳам баъди инқилоб дар таҳқиқ ва тадриси фарҳангу этнографияи тоҷикон
хидматҳои басо шоистае кардааст, аз тадриси забони классикии форси бо
гӯиши тоҷикй шурӯъ намуд. Хеле хурсанд буд, ки дар гуруҳи на чандон калони
вай ду ҷавони тоҷик таҳсили илм мекунанд. Андреев одами нарму чеҳракушод
ва бе такаллуфу оддй буд. Ба талаффузи тоҷикии луғатҳо ва аз ёд намудани
матн ва хусусан шеърҳо диққати махсус медод. Ман ҳарчанд бо бисер матнҳои
классикии устод ошно ва онҳоро хонда будам, вале дар дарсҳои вай бо шавку
иштиёқ иштирок мекардам. Вай чунин кӯшой ва шавқу ҳаваси маро дида,
муносибати хеле меҳрубонона ва падарона мекард.
Михаил Степанович зодаи кишвари мо буд. Вай соли 1873 дар Тошканд
ба дунё омад ва тамоми ҷавонию фаолияти ояндаи илмию таълимиаш дар
Узбекистану Тоҷикистон гузашт. Солҳои 1914 - 18 дар риштаи маорифи
мардуми маҳаллии Хуҷанду Самарканд кор кардааст. Вай аввалин ректори
Института шарқшиносии Тошканд буд. Андреев устоди баргузидаи забони
форсию тоҷикӣ буд. Баробари ҳамин дар таърихи мардумшиносии мардуми
Осиёи Миёна ва махсусан тоҷикони кӯҳистону Помир чун донишманди
тавонову пурмаҳсул маъруфият дошт. Дар натиҷаи омузиши забону урфу
одати тоҷикон дар байни мардум ва дар дохили ноҳияҳои тоҷикнишин Андреев
на фақат осори илмии пурарзиш таълиф намуд, балки нисбат ба мардуми
тоҷик меҳру муҳаббати самимие пайдо кард. Осори илмии Андреев ва
ҳамсари мардумшиноси вай Антонина Писарчик саҳифаҳои дурахшони
тоҷикшиносӣ маҳсуб мешавад. Андреев аз соли 1929 узви пайвастаи
Академияи илмҳои СССР ва аз соли 1943 узви вобастаи Академияи илмҳои
Узбекистан буд. Бо вуҷуди мавқеи шоиста ва муҳтарам доштанаш дар кишвари
ӯзбекон муҳаббати бузургаш ба тоҷикон буд, ки ба даъвати Бобоҷон Ғафуров
бо ҳамсараш ба Тоҷикистон омад. Баъд аз фавташ дар соли 1948 ҳамсараш
Писарчик кори ӯро давом дод. Китобхонаи ниҳоят бой ва пурбаҳои Андреевро
ба Академияи илмҳои Тоҷикистон тӯҳфа кард.
Омадем ба сари қиссаи худ. Дар муддати се-чор моҳ ба Тошканд одат
кардем, бо ҳамкурсону ҳамсабақон унс гирифтем, дар назари муаллимон ба
меҳрубониву эҳтироми онҳо сазовор гаштем.
Зимистони соли 1944 хеле сахт омад. Либос ва пойафзори ду руста гарм
надоштам. Аз пулҳои захирашуда каме сарф карда, аз бозори Бешягоч як
палтои гарму як ботинкаи коргарй харидам. Палто аслан формаи коргарони
роҳи оҳан будааст, ки соҳибаш арзон дод. Хоҳарам тугмаҳои оҳанини
тамғадор ва погонҳои онро канда як намуди палтои граждани дод ва дар
сармои пуршиддати Тошканд ин палто садди балои ҷон шуд.
Таътили зимистонӣ cap шуду зуд роҳи Самарқандро гирифтам. Аҳли
хонавода ва шаҳрро хеле пазмон шуда будам. Чанд руз дар хуфту хурди
-78-
оромонаву болаззат ва зиёрати амакҳову хешовандон гузашт. Аз сӯҳбату
дидори падар, меҳрубониву навозиииҳои модар ва бозиву шӯхиҳои додару
хоҳарон ҷисму рӯҳ ғизо гирифт. Рӯзҳои таътил зуд гузашту боз хумори
Тошканд, хумори донишгоҳ боло шуд.
Дар нимсолаи дуввум ба Тошканд хеле хӯй гирифтем, ба дараҷаи зиёд
тошкандӣ шудем. Зиндагии якҷоя бо хоҳарам, шавҳари он кас - холабачаам
Шавкатхон ва Надимхон ҳисси ғарибиро сабуктар мекард. Шароити зиндагаи
хобгоҳи Донишгоҳ ниҳоят бад буд, бинобар ин Шавкатхон маӣл накард, ки
ман ба он ҷо равам. Дар охири зимистон ба Шавкатхон аз кӯчаи Железняк
(наздики бозори Туркман ва дар ақиби театри Навоӣ) як хонаву даҳлези
истиқоматӣ доданд. Мо ҳамагӣ ба ин хонаи кӯҳна кӯчидем. Насиба чунин
будааст, ки ҳамин хонаву ҳамин кӯча то охири иқоматам дар Тошканд
манзилгоҳи ман ва холабачаҳоям гардид.
Дар ин муддат дар факулта аз тошкандиҳо ва донишҷӯёни маҳалҳои
дигар чандин дусту рафик; пайдо кардам, ки риштаҳои дӯстӣ бо чанде аз
онҳо то имрӯз маҳкаму пойдор аст. Яке аз онҳо Азизхон Қайюмов аст, ки
фарзанди муаллими куҳансоли хӯқандӣ будааст. Дабири аввали ҳизби
Узбекистан Усмон Юсупов, ки ба воситае бо падари Азизхон шинос будааст,
истеъдод ва одобу хулқи ҳамидаи ҷавонро дида, ба Тошканд оварда, ба
ҳамин факулта ба хондан гузошта ва аз хонаи худ ба вай ҷои иқрмат тахсис
намудааст. Азизхон ҷавони хушсират ва хуиюурэт, хоксор ва ҳалиме буд, ки
то хеле вахт бо чунин шахси машҳур наздик буданашро ҳеҷ маълум намекард.
Вай шеър менавишт, шеърҳояш бад набуданд, аксар дар мазоки классики.
Инро ҳам мо баъдтар фаҳмидем. Рафиқи дигар Абдулкрдир Ҳаитметов аз
сокинони Тошканд буд ва дар канори шзҳр - Қуйлук, дар ҳавлии падару
модараш мезист. Бисер шеър мехонд ва шеър меденист, худаш ҳам шеърҳои
хуб менавишт. Ин ду рафиқи ман ошиқ ва роғиби таҳқиқ ва омӯзиши адабиёти
узбек буданд ва ҳадафи ишон ин буд, ки барои амиқгар ва ҷиддитар омӯхтани
таърихи адабиёти узбек забони форсй ва арабиро аз худ кунанд. Дӯсти ҳамаи
мо Убзйдулло Каримов буд. Ин кас аз мо ланҷ-шиш сол калонтар ва иштирокчии
ҷанги ватанй буд. Марди қоматбаланди зардинарӯй ва чашмкабуди тотор
монанд ва дар хислат хеле хоксор буд. То дер вахт намедонистем, ки ӯ пеш аз
ҷанг институти технологии Тошкандхз тамом карда, диплом ҳам гирифта
будааст. Маълум шуд, ки вай ба ин факулта барои омӯхтзни забони араби ва
форсй дожил шудаэст, то ки барои таҳкиқи таърихи илми шарх ва хусусан
улуми табиӣ заминай мустаҳкам дошта бошад. Дӯстии мо, ки дар донишгаҳ
реша гирифта буд, баъдхр дарахти тануманде гашту шоху баргҳои он барои
илми адабиётшиносии ӯзбеку тоҷик самэрҳри муфиде бор овард.
Баъд аз як-ду моҳи оғози нимсолаи дуввуми таҳсил рӯзе Михаил
Стэланович Андреев маро ба деканат даъват харда гуфт:
— Ман аз хондану кӯшиши донишчӯён хонеъ ҳастам. Шумо ҳам хуб
мехонед. таҳсили шумо барои ояндаи тоҷикон судманд аст. Акнун лозим аст,
ки кружоки ипмии донишҷӯёнро созмон диҳем. Ин барои ҷавонон аҳамияти
калон дорад. Шумо ташкили кружокро ба ӯҳда мегиред, ман рохнамой мекунам
ва то охири сол кружок бояд ба фаолияти илмй cap кунад. Рӯзи истироҳат ба
манзили мо мебиёед, бо шумо роҳҳои ташкили кружок ро маслихат мекунем.
-74-
Хавлии Андреев дар Тезяково ном маҳалли Тошканд (дар ҷануби вокзал
назарам, Андреев ва завҷааш барон кишту обдории замин камтар фурса у
ҲавАндарее0вШнаНх?ст маро бо китобхонаи калону пурганҷи худ шинос кард.
4vhhh китобхонаи бои шахсиро бори аввал медидам. Баъзе аксу албомҳоеро^
ки аз вакти иқоматаш дар Деҳлӣ ва фаолияти илмиаш дар Тошканд ба едгор
монда буд нишон дод. Силас пешхидматзан барои мо чою ширини оваря
Ва ниХОЯ^ДГдреевДн?схаи оинномаи кружоки донишҷӯени собиқ факултаи
буданам ташкил шуда буд. Ана аз ҳамин оиннома истифода бурда, д УР
“'"““фЬГ^а
муваффақияти ман дар корҳои илмию ташкилии факулта буя Дар' ин Ҷ°Д
нафар самарчандии навошнояиюн н^^аррр ке б ^ ҳар6„
“al1aTawSp“S2S"^”»®“. рухсатнома гкрафта6а дара»
ЖСЙ Sh.TSp —%» мудар буданд аа 6а
« “=Г^Уар„ аа
rvcbT ки дар редаксия баъзе корҳо ҳаст аз тарҷумаю таълиф, агар шумо ба
ҚабОнКраӯРзДоюзи шиносоии ман бо ФотеҲ Ниёзӣ буд. Ин ошноӣ тадриҷан ба
-80-
дӯстиву бародарии наздик мубаддал гашт. Дар рӯзҳои ғарибй ва камошноӣ,
ҷустуҷӯҳои роҳи зиндагй ёриву дӯстии Ниёзӣ барои ман қуввати дил шуд.
Ишон ҳам ёрии маънавию ҳам мадади моддӣ расониданд. Дертар маро ба
доираи сӯҳбатҳои нависандагони тоҷик, дӯстону рафиқонаш, ки ба Тошканд
ба меҳмонй меомаданд — Турсунзода, Деҳотӣ, Улуғзода ва дигарон — ворид
намуд. Ниёзӣ одами покизакор, ба дӯстону ҷавонон ғамхор, дар иҷрои
ваъдаву қавл бовафо ва боҳиммат буд.
Хоҳарам аз меҳмонони он маҳфил аз Кибриё Лутфуллоева ном хонуме
нақл намуд. Гуфт, ҷавонзани зебо, доно, хушсухан ва аз самарқандиҳои
асил будааст. Дар округи ҳарбии Туркистон кор мекунад ва баробари ин аз
радиои Тошканд барномаҳои тоҷикиро мехонад. Кибриё Лутфуллоева
гуфтааст, ки ман ҳатман он касро дар идораи радио бубинам, ба онҳо
диктори тоҷик лозим аст, агар садову хонданам мувофиқ афтад, ба дикторӣ
қабул мекунанд.
Номи Кибриё Лутфуллоева ба ман ошно буд. Дар баъзе китобҳои адабии
нашри Сталинобод номи ин зан ба чашмам расида буд. Номи Кибриё
Лутфуллоева дар қатори тартибдиҳандагони китоби машҳури “Намунаҳои
адабиёти тоҷик” дар соли 1940 дар хотирам нағз нақш баста буд. Ва ҳоло ин
зани адиба мехоҳад маро бубинаду чун диктори тоҷик ба кор гирад.
Дар яке аз рӯзҳои аввали баҳор ба дидори Кибриё Лутфуллоева ба идораи
радиои Узбекистан рафтам. Дар хонаи калони муҳаррирони радио дар паси
стол зани ҷавони мӯйбуридаи либоси ҳарбии занона дар бар бо нишони
лейтенанта нишастааст. Лутфуллоева ҳатман ҳамин зан аст дар дил гуфтам
ман. Кибриёхонум бо лабханду табассуми оташафрӯзи чашмонаш маро
пешвоз гирифт. Аз аввали сӯҳбат хеле хоксор ва бетакаллуфона аз ҳолу
аҳвол ва хондани ман пурсуҷӯй намуд. Сипае ба сари мақсад омад.
— Мо чанд нафар тоҷикони равшанфикр ин ҷо барномаи тоҷикӣ ташкил
намудем. Ҳар рӯз як бор ахбор пахш мекунем ва ҳар ҳафта як ё ду маротиба
консерти тоҷикӣ мешунавонем. Мехостам, ки диктории ин барномаҳоро ба
ӯҳдаи шумо гузорем, то кори ман сабуктар шавад.
Ҳамон соат ба дастам як порча аз хабарҳои тоҷикӣ дод ва гуфт, ки “шумо
инро хонед, такрор кунед, ман рафта студияро барои гӯш кардани овозатон
омода мекунам’’. Он чи ба ман дода буд, назди микрофон хондам, чандон
дар ҳаяҷон ҳам набудам. Шояд аз он сабаб буд, ки аз ин пеш дар Самарканд
чанд бор аз студияи радио баромад карда будам. Садоям, оҳанги хонданам
ва талаффузам ба дикторӣ мувофиқ омад. Пас аз ду рӯз маро ба вазифаи
дикторӣ қабул карданд.
Ҳар рӯз баъд аз соати х,афт, баъди ахбори ӯзбекиву русӣ ахбори тоҷики
мехондам, ҳафтае ду бор аз сабтҳои навори “тонфилм” консертҳои мусиқии
тоҷикӣ пахш мекардем. Дикторҳои овозадори узбек шоир Ҳамид Ғулом ва
шоир Туроб Тула буданд. Онх,о садо ва оҳанги гуфтори маро писандиданд
Дӯстони аввалини ман дар радио ҳамин ду нафар буданд.
Хондан ва корҳои ҷамъиятӣ дар нимаи дуввуми сол дар факулта бо
муваффақият ҷараён дошт. Маро ба сафи комсомол қабул карданд. Илова
ба кори кружоки илмй ба кори газетаи деворӣ ҳам ҷалб карданд. Вазъи
зиндагй беҳтар мешуд, аз ҷиҳати маънавӣ ва рӯҳонӣ ҳам эътиқоду устувориам
-81-
бештар мегардид. Дар поёни соли таҳсил рузи мубораки Ғалабаи Ҷанги
бузурги ватанӣ омад. Шукӯҳу тантанаву шодии бузурги ин рӯзу ин соатро аз
ҳамсолону шарикон шояд ман бештар ҳис карда бошам.
Дар идораи радио 8-ми май гуфтанд, ки мо бояд дар сари кор бошем,
зеро фармони сарфармондеҳ Сталин меояд, онро ба се забои хондан лозим
аст. Бевақтии шаби 8-ми май матни фармони Сталин омад, ба тоҷики Исҳоқ
Маҳвашев тарҷума кард. Аз соати 6 рӯзи 9-ми май cap карда, ҳар соат
фармони Сталинро ба забонҳои ӯзбекию тоҷикию русӣ мехондем. Дар
кӯчаҳои атрофи бинои радио ва гулгашти рӯ ба рӯй мардум дар либосҳои
идона иҷтимоъ карда мерақсиданд, суруд мехонданд, ашкҳои шодй
мерехтанд... Ин рӯзи офтобии равшану мунаввар ҳеҷ аз ёд намеравад... Аз
ёд намеравад, ки муждаи ин рӯзи бузурги таърихиро ба забони тоҷикӣ аз
радиои Тошканд ман пахш кардам.
Соли аввали таҳсили донишгоҳ ба охир расид. Дар пеш ду ним моҳ
таътил буд. Ин муддати дарозро дар Самарқанд дар бекорӣ гузаронидан аз
рӯи салоҳият набуд. Чанд вақт пеш устоди забони арабиам хонум Бетгер
пешниҳод кард, ки дар вақти таътил дар Институти дастнависҳои шарқии
Академияи улуми Узбекистон ба ҳайси лаборант кор кунам, шояд барои
ояндаи корҳои илмӣ таҷрибае ҳосил гардад. Ба ин пешниҳод рози шудам -
таҳти роҳбарии директори институт профессор Александр Александрович
Семенов кор кардан шарафи бузурге буд.
Ҳар рӯз соати нӯҳ ба кор мерафтам. Он вақт бинои Институт дар охири
кучаи Ленин (ҳозир хиёбоне ки ба майдони намоишҳо наздик аст) мунҷар ба
кӯчаи Сталин воқеъ гардида буд. Семенов маро хуб пазируфт. Як дастнависи
таърихиро пешам монд, онро мехондаму вай ба дастнавис нигоҳ мекард ва
хондани маро ба диққат гӯш мекард. Гуфт, ки саводам нағз аст, метавонам
дар тадқиқи дастнависҳо кор кунам. "Ин албатта дар оянда мешавад - гуфт
ва маро пеши як нафар ходими илмй ба шогирдй гузошт, то бо роҳбарии он
шахе бо сохтору навиштаҷоти дастнависҳо ошно шавам. Ман ҳар рӯз то
соати ду дар Институт кор мекардам, баъд ба хона омада хӯрок мехӯрдаму
истироҳат мекардам. Бегоҳ ба радио ба кори дикторй мерафтам.
Як моҳи таҷрибавӣ дар Институт ба охир расид. Ғайр аз мададгори ба он
шахеи китобшинос, аз рӯи тавсияи Семенов дастнависи “Таърихи Муқимхони”-
ро мехондам. Семенов дар ҳар ду-се рӯз ним соат "Таърихи Муқимхони”-ро
хононда маънии баъзе калимаву ибораҳоро мепурсид, агар нафаҳмам
шарҳи муфассал медод. Ба ҳамин тариқа, дар зарфи як моҳ бо анвои
дастнависҳо ва хусусиятҳои онҳо, каме бошад ҳам бо тарзу усули роҳбарии
илмии чунин шахеи номдор мисли Семенов ошно шудам.
Дар радио низ кор мекардам. Кибриёхонум ба ман чун додараш ғамхорй
мекард. Рӯзе дид, ки каме логар ва либосҳои тобистониам кӯҳнаву фартут
шудааст, гуфт:
__Расулхон, пули дикторй ба хаёлам ба шумо ками мекунад. Самарканд
рафтанӣ ҳастед, ба пеши падару модар бо либосҳои нав рафтан лозим аст.
Фардо ба хона биёед, як-ду ҳикояи хурди Абдуллоакаро ба шумо медиҳам,
тарҷума кунед, каме пул кор кунед. — Баъд хандида илова кард.- Абдуллоака,
яъне Абдулло Қаҳҳор, нависандаи узбек. Мо ду - се моҳ пеш издивоҷ кардем.
-82-
Акнун нависандаи узбек язнамуллои шумо мешаванд.
Ин хабар ғайри чашмдошт буд. Кибриёхонум забони узбекиро хеле бад
медонист ва ба омӯхтани ин забои чандон рағбате ҳам надошт. Чи хел ваи
бо нависандаи номдори узбек ошно шудааст ва акнун онҳо байни худ чи хел
гуфтугӯй мекарда бошанд.
- Ҳайрон шудед-а? Чй тавр хоҳари шумо шавҳари узбекро интихоо
кардааст. Он кас аслан тоҷик ҳастанд, аз тоҷикони атрофи Хуқанд, мо ба
забони тоҷикӣ ба ҳам ошно шудем, ба забони тоҷики зану шавҳар шудем ва
дар хона 6а забони тоҷикӣ ran мезанем.
Кибриёхонуму Абдулло Қахдор дар кӯчаи Жуковский иқомат доштанд.
Саргаҳи кӯча маҳалли иқомати табақаи ашрофи зиёиёни Узбекистан буд.
Дар ҳавлиҳои (котеҷҳои) пеш аз инқилобии мансабдорони рус имрӯз шахсони
маъруфи Ӯзбекистон истиқомат доштанд. Иқоматтоҳи Абдулло Каҳҳор аз ду
хонаи калон, ошхона ва ҳуҷраҳои дастшӯиву таншуи иборат буд. Хона ҷиҳозу
мафрашу мебелҳои ба назар намоён надошт. Дар хонаи калони умуми
нишаста будам, ки Абдулло Қахдор марди тахминан чилсолаи қоматбаланд
ва хушсурат аз хонаи хоб баромад.
- Ана, Абдуллоака, диктори ҷавони тоҷики ба шумо маъқул ҳамин кас,
Расулхон Ҳодизода ҳастанд. Худо хоҳадтарҷумони аввалини шумо ба забони
тоҷикӣ мешаванд. - Кибриёхонум хушҳолона маро ба шавҳараш шиносонд.
- Ҳа, то ҳол як худатой будед, Кибриёхон, акнун ду кас шудетон, худо
хоҳад маро ба асли тоҷикиам мерасонетон, - бо табассум гуфт Абдулло
Қаҳҳор. _ .
Абдулло Қаҳҳор каси камгап буд, аммо бо мутояба ва шӯхиҳои пурзарофат
сухан мекард. Тоҷикиро хуб ҳарф мезад, ҳарчанд осори талаффузи узбеки
ҳис карда мешуд.
Он рӯз Кибриёхонум палави хушмазаву хушбуи пухт. Дар вақти рафтанам
ду ҳикояи ҳаҷвии Абдулло Қахдорро барои тарҷума дод. Тарҷумаи ҳикояҳоро
баъди чанд рӯз пеши Абдулло Қахдор ва Кибриёхонум хондам. Абдулло
Қахдор дар чандҷои тарҷумаро тасҳеҳ намуд, Кибриёхонум ҳам сабку услуби
ҳикояро беҳтар сохт, то ба оҳанги навиштаҳои нависанда наздик шавад.
Ҳикояҳоро аз радио хондам, ҳаққи қалами тарҷумаро гирифтам, аз пули
он сэру либосҳоро нав карда, озими Самарканд шудам. Кибриёхонум каме
пулу савғотӣ барои падару модараш дод ва як конвертро бо номаи худаш ба
ман супурда гуфт:
- Ин конвертро ба дасти падарам медиҳед, зеро ин мактуби маро фақат
он кас хонда метавонанд. Ба хати арабй навиштам, арабие, ки падари
бузургвор худашон ба ман омӯхта буданд.
Таътил дар Самарканд хуб гузашт. Сабаби ин пеш аз ҳама поён ефтани
ҷанги чорсолаи пурдаҳшат буд. Сатҳи зиндаги ҳарчанд ҳануз баланд набуд,
аммо оромию осудагӣ ҳам дар фазой шаҳру ҳам дар симою руҳи мардум ҳис
карда мешуд. Чанд рӯз ба дидору сӯҳбати падару модар, амаку амакбачаҳо
гузаронидам. Падарам аз дидор ва аз кору хонданам шоду қонеъ буд. Тавфиқу
барори кор дар таҳсил, дар корҳои ҷамъияти, дар Институти дастнависҳо, дар
радио, шиносҳои нави тоҷику узбек, ки ба ман роҳнамоию мададгори мекарданд.
падарамро шод гардонид. Хусусан ҳаррӯза шунидани садои ман аз радиои
-83-
Тошканд боиси осудагй ва ифтихори падару модар буд.
Баъди як-ду рӯзи омаданам ба Самарқанд ба дидори падари
Кибриёхонум — Лутфулло-махдум рафтам. Падарам ишонро дар ҷавонй
дидаву ҳамсӯҳбат шуда будааст. Хоҳарам Маҳвашхон бо духтари хурдии
ишон дар Донишгоҳи Самарқанд таҳсил мекардааст ва боре ба ҳавлии онҳо
рафта, ба дидори Лутфулло-махдум расида будааст.
Дар роҳрави ҳавлӣ додари Кибриёхонум пешвоз гирифту ба айвони сояву
салқин бурд. Дар айвон рӯи кат мӯйсафеде болои кӯрпачаҳо ба паҳлӯ ёзида
буд. Ин кас Лутфулло-махдум - падари Кибриёхонум буд. Он ни аввал ба
назар расид, риши дарози сафеди мисли абрешим маҳини он кас буд.
Мӯйсафед дар cap калапӯши “ҳоҷигӣ", дар тан куртаву эзори суфи оҳарӣ
дошт ва болояш бо ҷойпӯши тунук пӯшида буд. Болои кат поёни пои Лутфулло-
махдум ҷой гирифтам. Баъд аз пурсупос аз Тошканд, аз аҳволи ман, аз падару
амакҳои ман, Лутфулло-махдум гуфт:
- Авлоди шумоён, хоҷагони мираконӣ одамони мутабаррак ҳастанд.
Қариб дувоздаҳ сол дар маҳкамаи қозй Эсохону Қозй Абдулҳайхоҷа -
амакбобоҳоятон мирзо шуда кор мекардам, дар иҷрои муҳиммоташон
хидматгузор будам. Қиблагоҳии шумову амакҳотонро дар ҳамон ҷоҳо дида
будам. Бобою амакҳотон одамони табаррук буданд, ҷояшон ҷаннати
таҳтуланҳор аст.
Лутфулло-махдум каме ба хаёл фурӯ рафта, баъд пурсид:
— Оҷизаи мо чй тур аст? Шунидам ба никоҳи нависандаи ӯзбак
даромадааст. Аз кадом ӯзбакҳо бошад домод?
— Домод аслаш тоҷик будаанд. Одами хеле хуб, хеле меҳрубон.
Ҳардуяшон тоҷикй ran мезананд. Ду-се бор дар хонаашон будам, нависандаи
калон бошанд ҳам, хеле хоксор хдстанд.
Лутфулло-махдум чашмонашро пӯшида ба андеша фурӯ рафт ва баъд
гуфт:
- Кибриёпошшо барои ман ҳам духтару ҳам писар буд. Аз бачагиаш
зираку хушзеҳн буд, шеърфаҳм буд. Шеърҳоро зуд аз ёд мекард. Худам ба
вай алифбои арабиро ёд додам. Дар як сол китобҳои форсиро мехондагӣ
шуд. Ҳар куҷо бошад, саломат бошад, худо аз офаташ нигоҳ дорад.
Ман дар ин сафар ва дар сафарҳои дигар ба дидори ин мӯйсафеди
нуронй мерафтам. Одами хеле шӯх, зариф, улфат буд он кас. Аз
саргузаштҳои худаш, аз ҳикоёти гузаштагон чизҳои аҷиб нақл мекард. Чанд
қитъа шеърро бо хати ҷалии худ ба расми тӯҳфа ба ман эхдо намуд.
Тобистони соли 1946 бо хоҳиши Кибриёхонум Лутфулло-махдумро ба
Тошканд бурдам. Ба ин сафар қиблагоҳии ман ва бародарам Маҳдихон
ҳампоӣ карданд. Онҳоро ба як мошини боркаш савор карда, худам бо поезд
ба Тошканд рафтам. Лутфулло махдуму падару бародарам як шаб дар Ҷиззах
хоб карда, рӯзи дуввум бегоҳй ба Тошканд расиданд. Абдулло Қаҳҳор ҳам
падари худро аз Хӯқанд даъват карда будааст. Кибриёхонум ба ҳар ду
мӯйсафед хонаи маҳрамона ҷудо карда дод ва муйсафедон ба ҳам унс
гирифта, чанд рӯз ҳамсӯҳбату ҳамхоб буданд. Падари Абдулло Қаҳҳор
саллаву ҷома надошт, калапӯши чустиву камзӯли сиёх, пӯшида, дар ваҷоҳат
шахси оддии дехртӣ менамуд. Ба забони тоҷикии лаҳҷаи кӯҳистонӣ ran мезад.
-84-
Баьд аз понздаҳ-бист руз Лутфулло махдуму падару бародарам боз бо
мошини боркаш ба Самарқанд бозгаштанд.
Соли 1945 Шавкатхонро ба Туркменистан ба хидмат фиристоданд. Дар
хонаи кӯчаи Железняк ману Надимхон танҳо мондем. Кормандони идораи
ҳарбй чизу чораҳои ба амонат додай худро гирифта рафтанд. Дар хонаи
калони холи ману Надимхон бо як каравоти нимкора ва чанд кӯрпаву лӯлаи
аз хоҳарам монда зиндагй cap кардем. Дару тирезаи хона рост ба куча
мебаромад. Дар ҳавои гарм баъди даре ҳар ду берун баромада, дар лаби
ҷӯйча шолча партофта дар карасинка хӯрок пухта, чой ҷӯшонда менишастем.
Аз курси дуввум олими номдор, археологи машҳур Шишкин аз таърихи
Осиёи Миёна лектсия мехонд. Ин устоди пурдониш аз ҷой нахеста, cap аз
дафтари навиштааш набардошта бо садои паст сухан меронд, ки дар
аудуторияи калон шунидани гапаш душвор буд. Илова бар ин донишҷӯён аз
суханронии дилгиркунандаи устод ба танг омада, байни худ сӯҳбат мекарданд
ва дар натиҷа дар толор ғулғуле ба миён меомад. Шишкин ба ҳамаи ин
эътино накарда, ба хондани лектсия саргарм буд. Гоҳо ғулғули донишҷӯён
аз ҳад гузарад, мегуфт: Товарищи, прошу тишину, ведь я сам себя еле слышу”
“Рафиқон, хоҳишмандам хомӯширо риоя кунед, охир ман овози худамро
худам ба зӯр мешунавам.” Хулоса, аз ин устоди пурдон баҳраи дуруст
бардошта натавонистем.
Аз нимаи дуввуми курси дуввум барои донишҷӯёни факулта профессор
Иля Павлович Петрушевский (1898-1977) аз таърихи кишварҳои Шарқи
Наздик ва Миёна ба лексия cap кард. Шунидани дарси устоди бузургвори
Донишгоҳи Ленинград барои мо шарафи бузург буд, ҳарчанд на ҳама
донишҷӯён ба қадри ин неъмат мерасиданд. Петрушевский портфели калони
пурбор дар даст чобук, гӯё ба даре дер карда бошад, ба клосс дохил мешуд.
Портфелро болои миз мегузошт ва дар таййи тамоми даре боре онро
намекушод. Дар ёдаш буд, ки дарси гузашта дар куҷо ва дар кадом воқеаи
таърих қатъ ёфта буд. Зикри мухтасаре аз он воқеа карда ба дарси нав
мегузашт. Вай ба забони фасеҳу равшани руей сухан мекард ва суханҳояш
равон, бурро ва хушоҳанг буданд. Дар вақти хондани лексия каме бошад
ҳам наменишаст. Номи ашхос, шаҳру билоду мамлакат, унвони китобу
маъхазҳо ва санаҳои таърихиро дар тахта менавишт, то мо дар дафтар бе
хато сабт кунем. Баъд аз ҳар ду лексия Петрушевский барои суолҳои мо вақт
ҷудо мекард.
Петрушевский аз мутахассисони номдори таърихи Эрон дар давраи пас
аз истилои мугул буд. Хусусан дар таърихи элхониёни Эрон дар асри 13
донишманди тавоно буд. Ҳангоме ки аз таърихи элхониён даре мехонд, гӯё
қиссаи дилангезе мегуфту мо гӯшу ҳуш шуда гӯш мекардем. Баъд аз чанд
лексия ҷуръат карда ба Петрушевский гуфтам, ки аз таърихи ҳамин аср
мавзӯе пешнихрд кунад, то дар кружоки илмии донишҷӯён гузорише намоям.
Петрушевский дар ҷавоб зуд мавзӯи Ғозонхон ва Рашидиддинро пешниҳод
кард. Давраи ҳукмронии Ғозонхон, ки ислом оварда буд, солҳои шукуфоии
давлати элхонй ва илму адаби мусулмонии Эрон буд Вазири Ғозонхон
Рашидиддин, донишманд ва таърихшиноси машҳур.асари бузургтаринеро
-85-
ба мисоли доиратулмаорифи таърихӣ бо номи “Ҷомеуттаворих" бо мададу
хдмкории муаррихони маҳалливу муғул ба вуҷуд оварда буд. Хуллас,
Рашидиддин симои бузурги тамаддуни эронии давраи ҳукмронии элхониён
- хонадони охирини чингизиён дар Эрон буд.
Симои Рашидиддин ва шахси Ғозонхон торафт маро бештар ҷалб
менамуд ва дар муддати ду моҳ аз рӯи адабиёти забони русй ва инглисй
маводи бисере ҷамъ оварда, ба навиштани маърӯзаи илмй шурӯъ кардам.
Маърӯзаро менавиштаму дар гӯшаи хаёлам фикре меомад, ки кош маро
қудрати нависандагй бошад, ки дар бораи замони Ғозонхон ва нобиғаи аср
Рашидиддин романи таърихй таълиф кунам. Ба назарам, ин аввалин орзуи
ба асарҳои бадеии таърихй рӯй овардани ман буд. Ва баъд аз бист сол ба
остонаи ин орзу расида, нахустин қиссаи таърихии "Бӯи ҷӯи Мӯлиён”-ро
таълиф намудам.
Дар аввали моҳи май дар кружоки илмии факулта маърӯзаи худро ба
ҳукми устодон ва донишҷӯёни факулта баровардам. Иля Павлович ба
гузориш баҳои хуб дод. Донишҷӯён ҳам аз рӯи дӯстиву рафоқат ва мазмуни
ҷолиби гузоришам таҳсину офарин гуфтанд. Ин аввалин маҳсули кӯшишоти
илмӣ буд, ки ба шакли мақола ҳозир карда будам. Шояд ҳамин мақола ва
роҳнамоии Петрушевский буд, ки роҳу услуби ояндаи таҳқиқ ва таълифи
маро дар илм муайян намуд. Бинобар ин то имрӯз симои нуронӣ ва пур аз
дониши устоди шодравон Иля Павлович Петрушевскийро бо арзи
миннатпазирӣ ва меҳри гарми шогирдона пос медорам.
Петрушевский баъд аз як сол, яъне баҳори соли 1947 лексияи худро ба
охир расонида ба Ленинград рафт. Вай дар он ҷо дар Академияи илмҳо ва
дар Донишгоҳи Ленинград машғули тадрис ва таҳқиқоти илмй буд. Дар ин
солҳо асарҳои бузургтарини худро дойр ба таърихи давраи истилои муғул
дар Эрон таълиф намуд. Ман асарҳои вай, ҳатто мақолаҳои хурдтарини ӯро
пайдо карда мутолиа мекардам ва як ҷаҳон дониш меандӯхтам. Хусусан
китоби Петрушевский “Ислом дар Эрон" аз китобҳои рӯимизии ман аст.
Қабраш пурнур бод!
★
* *
Дар соли дуввуму саввум факултаи мо аз факултаҳои номдори Донишгоҳ
буд. Баъд аз мо ҳам ба факулта аксар донишҷӯёни шавқманди илм ва таърихи
шарқ, донишҷӯёни хушодобу бофазилат дохил шуданд. Дар факулта муҳити
созгори таҳсил ва ҷамъияти ба ҳам дӯст ва пурмеҳри ҷавонон гирд омада
буд. Ҳаёти оромона, ҳаёти солиму мусолиматомез ва махдуд дар доираи
расмияту талаботи идораҳои болоӣ идома дошт.
Аз соли 1947 дар ҳаёти факулта табадуллоти мусбат, ҷунбишу ҷӯшу
хурӯши нави ҷавонона оғоз ёфт. Ҳамаи ин ба фаолияти ташкилоти нави
комсомолии факулта вобаста буд. Дар ин сол ба котибии кумитаи комсомоли
факулта Азизхон Қайюмов баргузида шуд. Ин ҷавони вазнин, камгап ва
камомезиш ба ҷамъият баъд аз ба котибй интихоб шуданаш каси дигар шуду
дар ҳаёти факулта низ нафаси тоза ворид намуд. Ҳамон ғайрату фаолияти
пуркоронаи Усмон Юсупов, сӯҳбату насиҳатҳои хонагии ин шахси
-86-
фавқулоддаи сиёсатмадор ҳамоно ба Азизхон таъсири худро гузошта буд.
Азизхон дар фазой факулта гӯё х,амон фаолияти ташкилотчигии Усмон
Юсуповро ҷорӣ мекард. Бо ғайрати Азизхон фаолияти кружои илмиро бештар
густариш додем. Аз ҳамин сол cap карда маъруфияти кружок дар баини
донишҷӯён ва иштироки донишҷӯён дар кружок зиёдтар ва фаолтар гашт,
Баъд аз даре дар байни донишҷӯён сӯҳбатҳои гуногун ташкил мекардем:
дар бораи шарқшиносони машҳур, донишмандони бузурги шарқ, шоирони
форсизабон, хусусан Саъдиву Ҳофиз. Қаблан ба шогирдҳо мефармудем, ки
онҳо ғазалҳои ин шоиронро аз бар кунанд ва дар маҳфил қироат намоянд.
Яке аз навсозиҳои шахсан Азизхон ташкил намудани мулоқоти
донишҷӯёни факулта бо олимон, шоирон ва шахсони баргузидаи илму
маданияти Узбекистан буд. Мулоқоти мо бо шоир Ғафур Ғулом, шоир ва
олим Мақсуд Шайхзода, бо файласуфи номдори ҳамон солҳо Воҳид Зоҳидов
за хусусан бо ректори Донишгоҳ Султан Умаров хеле пуршавқу пурзавқ
гузашта буд. Барномаҳои тоҷикии радиои Тошканд дар байни донишҷуён
шӯҳрат дошт. Оҳангҳои тоҷикӣ ва суруду мусиқиҳои Шаҳидиву Юдакову
Бурҳонову Левиев ҷавонони факултаро мафтун карда буд. Азизхон ва_боз
ду-се нафар аз ҳамкурсон хоҳиш намудандкичандсурудиточ)/1<иробаон>рбиемузам,
тодамахфиг^маҷггю^муо^тсҷикӣсадод^хэд Бахрминтар^.чандсурудита^ю,
аз ҷумла ‘Ба чашмонат крсам”, “Як бӯса". 'Буш нозанинам''-po овозхони чдеони радю ба
дониш^ёни хрвааори факулта биёмӯхт. Мо ш сур/дхррохср шуда, ДЭР махфилхри мулскрти
шахсонибузургмежндем. Дармушф™флгонУмарс»хргтанс^^
деъват кардаи, ки маҷлиси моро гарму тарабангез намоод
Дар аввалҳои баҳори соли 1948 дар Тошканд маҷлиси пуршукӯҳе ба
ифтихори 500 солагии таваллуди Навоӣ барпо гардид. Ин ҷашн, ки мебоист
соли 1941 баргузор гардад, ба сабаби оғози ҷанги немисҳо созмон наёфта
буд. Ба ин ҷашн аз Тоҷикистон устсд Айнӣ ва устод Лоҳутӣ ташриф оварданд
Онҳо дар меҳмонхонаи номдори ҳамон солҳо Натсионал ҳар ду дар як
хонаи муҷаҳҳаз иқомат доштанд. Ман ҳанӯз пеш аз маҷлиси тантанави ба
зиёрати устод Айнӣ рафта будам ва дар ҳамин ҷо бори аввал ба дидор ва
сӯҳбати устод Лоҳутй расидам. Донишҷӯёни мо омадани ду тан симои бузурги
адабиёти тоҷикро шунида, илтимос намуданд, ки онҳоро ба мулоқоти факулта
даъват намоям. Бозбадидоридуустодибузургворрафтам. Устод Айниузр
овард, ки сихлаташ чандон хуб нест ва дар ин вазъ ба мулоқоти ҷавонон
рафтанро муносиб намедонад. Устод Лоҳути зуд розӣ шуд ва ба устод Аини
рӯй оварда гуфт:
— Тоҷикҳо мегӯянд, ки “асои пир ба ҷои пир’.
— Устод шумо худ ҳам пир ҳастеду ва ҳам асои маҳкам, - бо табассум дар
ҷавоб гуфт Айнӣ. - Ва ҷавонона қадам ҳам мезанед. Муносиб он аст, ки шумо
ба мулоқоти ҷавонон равед.
Мо ба эҳтироми Лоҳутӣ ва бо назардошти ҷамъ омадани шумораи зиеди
шавқмандон қарор додем, ки мулоқотро дар толори калони Донишгоҳ
гузаронем. Дар толори Донишгоҳ иҷтимои бузурги донишҷуён ҳозир буданд
донишҷӯёни факултаи мо, инчунин тоҷиконе, ки дар факултаҳои дигари
донишгоҳ таҳсил мекарданд. Аз устодон ва донишҷӯёни ӯзбек х,ам иддаи
зиёди иштиёқмандон гирд омадэ буданд.
-87-
Маҷлисро Азизхон Қайюмов ба забони тоҷикӣ кушод Тоҷикӣ гуфтанам
сабаб дорад. Ҳарчанд ба мо забони форсиро ба гӯиши эронй таълим
медоданд, аммо доншҷӯёни узбек ба талаффузи эронй одат карда
натавониста, ба лаҳҷаи тоҷикй ҳарф мезаданд. Дигар маҷлис аз аввал то
охир ба забони форсию тоҷикӣ буд. Ҷавонону духтарон устодро хайра макдам
мегуфтанд, табрик менамуданд, шеърҳои лирикӣ ва сиёсии ишонро ба забони
форсию тоҷикӣ қироат мекарданд. СипасЛоҳутйбасуханбаромад. Мазмуни
суханҳои ишон иҷмолан ҳамин буд:
— Ман имрӯз худамро на танҳо дар Машриқзамин, балки дар як гӯшаи
Эрони худам ҳис мекунам. Шумо имрӯз ба забони халқи ман, ба забони ман,
ба забони форсие, ки мардуми Осиёи Миёнаву Эрону Ҳинду Румро дар
қарнҳои гузашта ба ҳам мепайваст, ба забони тоҷикии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ватани дуввуми ман сухан кардед. Забони форсие, ки имрӯз шумо дар
донишкадаи Шарқ таҳсил мекунед, барои омӯхтани таърих ва гузаштаи
тамаддуни мардуми Осиёи Миёна, Эрон, Ҳиндустон кӯмак хоҳад кард. Бо ин
забои шумо метавонед муносибат ва робитаҳои илмию фарҳангии байни
ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Эрону Афғонистонро ривоҷу равнақ
бидиҳёд.
Баъд аз суханрониҳо хори суннатии факултаи мо оҳангҳои тоҷикиро бо
шеъри Лоҳутй иҷро кард. Ҳангоме ки донишҷӯён суруди “Бути нозанинам''-
ро cap карданд, Лоҳутӣ ба ваҷд омада, аз қатори якум ҷаҳида ба саҳна
баромад ва дар қатори донишҷӯён рост истода ба оҳанги ин суруд ҳамсозӣ
кард.
Маҷлиси мулоқоти Лоҳути ба донишҷуён таассуроти амиқ гузошт, ки дер
вақт онро ба ёд меоварданд. Барои ман низ ин дидори фаромӯшношуданӣ
буд. Ин мулоқоти аввалин ва охирини ман буд бо устод Лоҳутӣ.
Мутаассифона, дигар саодати ба сӯҳбату дидори ишон расидан ба ин ҷониб
муяссар нагардид.
* * *
Солҳои донишҷӯй зуд мегузаштанд. Аз курси чорум гурӯҳи филологияи
эрон ташкил шуд ва мо ҳамон дӯстони наздик на зиёда аз понздаҳ нафар
дар ин гурӯҳ шомил гардидем. Дӯстиву рафоқатамон қавитар, ақлу
хирадамон комилтар ва синну соламон ҳам болиғтар мешуд. Афсӯс, ки дар
солҳои охир дарсҳои тахассусӣ ва устодони моҳиру номдор камтар шуданд.
Михаил Степанович Андреев дар охири соли 1946 ба Сталинобод рафт.
Устодони шарқшиноси маъруфу машҳур ба шаҳрҳои худашон - Маскаву
Ленинград рафтанду дигар бознагаштанд. Юсуф Шервонй баъд аз курси
саввум ғоиб шуд ва баъд аз ӯ омӯзиши туркии усмонй низ матрук монд.
Евгения Бетгер - ягона устоди забони арабй ба усули аврупой фавтид ва
ҷойгузини вай дигар касе нашуд. Омӯзиши забони арабй дар курсҳои охирин
бе низому систем буд аз ҷониби устодони мадрасадидаи узбек. Аз дарсҳои
муҳимтарине, ки дар курсҳои охирин дар хотир дорам, таърихи санъат ва
меъмории Осиёи Миёна буд, ки донишманди маъруф Пугаченкова тадрис
менамуд. Дигар курси таърихи адабиёти форсу тоҷик буд, ки онро Александр
Николаевич Болдирев дар курси панҷум дар муддати ду моҳ барои мо даре
дод. Ин лексияҳо дар сатҳи баланди шарқшиносии рус ва аврупой буд - ба
-88-
мо ҳам дониши хуб дод ваҳам ба усули таҳқиқу тадриси шарқшиносии урупой
даричае боз намуд.
Бо вуҷуди камбуду дурӣ аз марказҳои шарқшиносӣ (хусусан дар солҳои
ҷангу баъд аз ҷанг) аз факултаи шарқшиносӣ ҳам дониши хубу ҳам таҷрибаи
фаолияти ҷамъиятиро омӯхтем. Хусусан вақте ки чанд тан аз фаолони
факултаро ба гурӯҳи лекторони ташкилоти ҷумҳуриявии комсомоли
Ӯзбекистон дохил намуданд, малакаи фаолияти ҷамъиятии мо бештар ва
беҳтар гашт. Ба ин восита шахсан ман ба миёни мардум роҳ ёфтам ва
василаи бо онҳо гуфтутӯй кардану улфат шуданро ёд гирифтам. Бо рох^ати
комсомоли Узбекистан ду бор ба Самарканд рафта, дар шаҳр ва районҳои
атрофи он аз таърихи маданияти тоҷик, аз ҳаёти ҷавонони Узбекистон ва
мавзӯъҳои дигар дар байни ҷавонон ва калонсолон ба забони тоҷикӣ лексия
хондам. Шояд мардум аз ин лексияҳо манфиате бардошта бошанд, аммо
судмандии он барои ман бештар аз ҳама буд: ман бо оммаи мардум
муомилаву муоширатро омӯхтам.
Дар факултаи шарқ ғайр аз ману Надимхон боз ду нафар тоҷик таҳсил
мекарданд. Яке Салоҳиддин Солеҳов, ки аз Сталинобод буд ва дар Тошканд
бо ҳам хуб ошно шудем. Ошной, рафоқат ва ҳамкории мо то имрӯз ҳам дар
Душанбеустувор ва маҳкам буд.. Вайдар Институти забону адэбиёти Рӯдакӣ
солҳо кор карда, дар тартиб, тадвин ва таҳрири луғатҳои тоҷикиву русӣ
заҳмати фаровон кашид. Кори охирини ӯ иштирок дар таҳрири луғати нави
тоҷикиву русӣ буд. Ҷилди аввали луғат охири соли 2004 аз чоп баромад.
Афсӯс вай нашри ҷилди дуйвумро надида, моҳи декабри ҳамин сол дар синни
77 сол аз ҷаҳон чашм пӯшид.
Ҷавони дигар Турсунбой Неъматзода буд, ки баъди ду соли мо аз Ашт
омад. Аз рӯзҳои аввали омаданаш бо ман шинос шуд. Одобу ахлоқ ва гуфтору
кирдори ниҳоят муаддабонаи ин кас маро мафтун намуд ва байни мо дӯстӣ
барқарор гардид. Баъд аз омаданам ба Душанбе хабар ёфтам, ки
Неъматзода ҳам ба аспирантура дохил шудааст. Мо зуд ҳамдигарро ёфтем
ва аз ҳамон соли 1957 то имрӯз дӯстии оилавӣ, қадршиносона байни мо
пойдораст. Ба гуфти он кас мо дӯстбародар шудем. Ҳоло ишон профессор,
доктори илми филология ва устоди кордидаву собиқадори факултаи
филология тоҷик мебошад.
Панҷ соли ҳаёти донишҷӯй зуд гузашт. Ба остонаи хатми донишгоҳ
расидем. Ҳанӯз аз рӯи "тақсимот” ба ҷое муқаррар накарда, аксари мо ояндаи
худро муайян карда будем. Ман ҳам медидам, ки роҳи ягонаи ман дар оянда
илм аст. Орзую умеде, ки ҳанӯз дар Самарканд ба факултаи шарк баста
будам, гӯё амалй мегашт. Баъд аз хатми дэнишгох, ҳар ҷо ки бошам, бо
тэккику коеишҳои илмй машғул хоҳам шуд. Дар ыуддати панҷ сол. бо
роҳнамоии устодони номӣ таҷрибаи хурди омӯзиши илмй ҳам ҳосил намудам.
Шавку ҳавас ва меҳру муҳаббат ба тадкики адабиёти классикиамон зиёд
шуд. Ва мегуфтам, ки бояд бо ҳамин роҳ равам.
Дар донишкадаи шарк на танҳо илму дониш андӯхтем, балки таҷрибаи
зиндагй низ захира намудем. Дар муддати панҷ сол шахси мо такомул ёфт,
ҷаҳонбинизу ҷаҳоншинссии мо ташаккул ёфт, одобу ахлоқи муайян хосил
намудем. Баробари ҳамин ишқ омухтам - ишқ ба зиндаги ишқ ба дустону
рафиқон ва нихрят ишқи ҷавонӣ...
Такомули шахе ва камолоти маънавии ман танҳо бо ҳаёти донишҷӯӣ
маҳдуд набуд. Ҳамзамон бо таҳсили донишгоҳ корманди мустақил, эҷодкор
ва ташкилгари як бахши идораи ниҳоят мӯътабар ва бо нуфузи ҳаёти
маданиву маънавии Ҷумҳурии Узбекистон - Кумитаи радиошунавонии Шурои
вазирони ҷумҳурӣ будам. Панҷ соли хидмати муттасил дар ин коргоҳ дар
рушду камоли шахси ман, дар булуғи ақлонии ман ҷаҳони нав, 'таҷрибагоҳи
олами сулҳу набард" (Бедил) буд. Бинобар ин ман аз сафахрти зиндзгии
берун аз донишгоҳи худ сарфи назар карда наметавонам.
РАДИО
Барой ин боб беҳтар ва муносибтар аз ин еарлавҳа ёфта натавонистам.
Радио ҳамчун воситаи таблиғотӣ ва таъсири маънавии психологи ба омма
ва мамлакат ҳам дар дасти ҳизби коммунистиву давлати шӯрави ва ҳам барои
аҳли қаламу санъат дар мақоми аслиҳа буд.
Радио аз ҷиҳати мӯъҷизаҳои техники ба сатҳи тараққиёти имруз нарасида
буд, аммо аз ҳайси нуфузу таъсир ва маъруфияту маҳбубуият аз радиои
имрӯза бештар мақому мавқеъ дошт Дар он вақтҳо радиоприёмникҳо кам
буданд, радиои шабакавӣ (яъне радиои деворӣ) низ на дар ҳамаи хонаву
ҳазлиҳо мавҷуд буд. Дар гузарҳо мардум бегоҳй ба чойхона мебаромаданд
на танҳо барои сӯҳбату чойхӯриву дидори ҳамдигар, балки онҳо радио гуш
мекарданд, аз консертҳои радио лаззат мебардоштанд. Имруз мардум
шефтаи телевизион ҳастанд, шабҳо соатҳо нишаста, барномаи телевизионро
тамошо мекунанд - хоҳ он барнома манзуру мақбули онҳо бошад, хоҳ на
Радиоро камтар гӯш мекунанд. Ҳол он ки аз муқоисаи телевизиону радиои
имрӯзи тоҷик ҳукм мекунам, ки мазмуну мундариҷа, мавзӯъ ва мӯҳтавиёт,
гуногунии консертҳо ва ҳайъати взсеи овозхонон ва ниҳоят забони адабии
радио ба дараҷот аз телевизиони тоҷик беҳтар ва бартар аст.
Бале, дар ҳамон вақте ки Радио дар ҳаёти маънавии мо мавқеи калон
дошт, дар муассисаи обруманд ва бонуфузи он кор мекардам. Чунон ки дар
боло 'гуфтам, аз аввали соли 1945 ба ҳайси диктори барномаҳои тоҷикидар
радио ба кор даромадам. Кибриёхонум муҳаррири барномаҳои адаби ва
мусиқй буд. Ҳафтае як ё ду бор консерти оҳангҳои тоҷики ва баъзан гуфторҳои
адабӣ пахш мегардид. Хабарҳои охирин ҳар рӯз даҳ-понздаҳ дақиқа пахш
мешуд. Муҳаррир ва мутарҷим Исҳоқ Маҳвашев буд. Хабарҳои охиринро
гоҳо ман ва гоҳо худи Махдашев мехондем. Исҳоқ Маҳвашев забони тоҷики,
хусусан забони классикиро хуб медонист ва баъдҳо ба Душанбе ки омад, ба
радифи тарҷумонҳои забардаст дохил шуд. Исҳоқ Маҳвашев дар “тоҷикгароӣ
аз Кибриёхонум ҳам муқаддамтар ва фаолтар буд. Барои зиёд кардани
соатҳои барномаҳои тоҷикӣ бо калонҳои радио баҳсу муноқаша мекард ва
ба гуфти худаш ба ТсК ВКП(б) (Кумитаи марказии ҳизби коммунистии
умумиттифоқӣ) х,ам хат навишта будааст.
Охири соли 1945 Кибриёхонум рӯзе ба ман гуфт:
— Расулхон, баъд аз муддате аз кори радио меравам. Акнун ман
-90-
хӯҷаиндор шудам. Бояд ба хӯҷаинам нигоҳубин кунам. Дар солҳои танҳоӣ,
баъд аз ҷудоӣ аз зани аввалашон, зиндагии Абдулоака хеле вайрон шудааст.
Бештар ба шаробхориву ҷӯрабозӣ рӯз гузаронида, аз корҳои эҷодӣ тамоман
дур рафтаанд. Ҳоло ман зӯр зада зиндагии он касро каме ба низом
даровардам. Мебинам, ки ин кам аст, аз ин ҳам беҳтар кардан лозим аст.
Абдуллоака нависандаи тавоно ҳастанд, агар шароит мусоид шавад, асарҳои
хуб метавонанд эҷод кунанд. Ман мехоҳам он чи метавонам дар ин роҳ
сарф кунам. Кори худамро дар радио ба ӯҳдаи шумо мегузорам. Шумохеле
таҷриба ҳосил кардед, бовар дорам, ки ин вазифаро ба хубӣ адо хоҳед кард.
Ба ин кор розӣ шудан ва ҷуръат кардани ман танҳо натиҷаи тарғиб ва ба
ман далерӣ илқо намудани Кибриёхонум буд. Дар он вақт ин бахши радио
редаксияи мусиқии халқҳои СССР номида мешуд ва дар ин редаксия бартарй
ёфтани ҳиссаи точикӣ, ҳатто ба роҳ мондани гуфторҳои адабии тоҷикӣ танҳо
ба шарофати кӯшиши Кибриёхонум буд. Ман ҳам кори ин редаксияро ба
ҳамон тарзу услуби муқарраршуда давом додам.
Кибриёхонум маро танҳо намегузошт. Дар ҳар даҳ-понздаҳ рӯз бо
телефон ҳолпурсӣ мекард, маслиҳатҳо медод. Гоҳо ба хонаи онҳо мерафтам.
Боз як-ду ҳикояи Абдулло Қаҳҳорро ба тоҷикӣ тарҷума карда, аз тариқи радио
хондам. Ҳар бор ки мерафтам, ҳис мекардам, ки Абдулло Қаҳҳору
Кибриёхонум ҷиддан ба корҳои эҷодӣ машғуланд. Абдулло Қаҳҳор барои
тарҷумаи “Война и Мир”-и Толстой шартнома бастааст. Вай тарҷума мекард,
Кибриёхонум дар мошинка тозанавис менамуд. Баъд ҳар ду саҳифаҳои
тарҷума ва чопшударо таҳрир мекарданд. Кибриёхонум, ки забони ӯзбекиро
намедонист ва ба омӯхтани он чандон шавк, надошт, дар муддати чанд моҳи
ҳамхонагӣ бо Абдулло Қаҳҳор ӯзбекиро хуб ёд гирифтааст.
Умуман Кибриёхонум ба эҳёи эҷодии Абдулло Қаҳҳор хеле кӯшиш кард
ва ба ин муваффақ ҳам шуд. Кибриёхонум на танҳо зани донишманд ва
соҳиби ақли расо, балки кадбонуи хуб ҳам буд: дар пазандагиву созандагй
ва тартибу танзими хонаву ҷой беҳамто буд. Зани меҳмоннавоз, хушсӯҳбат,
зариф ва шеърдону шоиртабиат буд. Абдулло Қаҳҳор баъд аз ҳамхонагӣ бо
Кибриёхонум чандин қиссаву роман, намоишномаву киноповестҳо навишт,
бо заҳмату истеъдоди худ аз пешсафони адибони узбек ва аз
соҳибэҳтиромони адибони русу ҷумҳуриҳои миллй гашт.
Кибриёхонум забони ӯзбекиро чунон хуб ёд гирифт, ки худ осори адибони
рус. ҳатто “Университетҳои ман"-и Горкийро ба ӯзбекӣ тарҷума кард. Баъд
аз вафоти нобаҳангоми Абдулло Қахдор (соли 1968, дар синни 61 сол, аз
бемории қанд) Кибриёхонум билкул ба омӯхтан, танзим додан ва нашр
намудани мероси боқимондаи Абдулло Қахдор машғул шуд. Дар бораи
ҳамсараш китоби хотиротро ба забони узбекй таълиф намуд ва худ онро ба
юҷикӣ баргардонд. Афсӯс ки ин китоб дар Душанбе ба чоп нарасид.
Робитахои дӯстй ва эчодии ману Кибриёхонум ҳеч гоҳ катъ наёфта, балки
дар солҳои танҳоии ишон боз қавитар гашт. Ман худам ва баъзан бо
ҳамсарам Баширахон дар сафари Тошканд ба ҳавлии он кас рафта, аз
Абдулло Қахҳор, аз вазъи адабии Узбекистону Тоҷикистон, аз адибони
гузаштаву зиндаи тоҷик, ки аксари онҳоро Кибриёхонум дар ҷавонӣ дидаву
мусоҳиб шуда буд, сӯҳбатҳо мекардем. Солҳои охир Кибриёхонум зуд-зуд
-9!-
бемор мешуд, аммо бемориро ба осонӣ мегузаронид, “ин ҳама аломати пирй"
гуфта ба ханда тамом мекард. Бори охир Кибриёхонумро соли 1996 дар
Тошканд зиёрат карда будам. Онгоҳба ҷашни амир Темур рафта ва фурсат
ёфта ба дидори он кас расидам. Соли 1997 ба сафари кӯтоҳмуддате дар
Тошканд будам. Телефон кардам, Кибриёхонумро пурсидам, зане гуфт, ки
яку ним моҳ шуд, ки он кас аз олам гузаштанд. Зуд ба таъзия ва фотиҳахонӣ
рафтам. Хоҳаронаш дар хона буданд. Қуръон хондам, онҳо аз воқеаи
бемории кӯтоҳмуддат ва рӯзҳои охирини хоҳарашон х,икоят карданд. Дар
паҳлӯи Абдулло Қаҳҳор дар қабристони аҳли адабу санъат ба хок супурдаанд.
Синни муборак ба 82 расида... Раҳматуллоҳи алайҳо...
* * *
Дар редаксияи мусиқии халқҳои СССР ва барномаҳои адабию мусиқии
тоҷикӣ танҳо будам. Исҳоқ Маҳвашев ба омода сохтани танҳо ахбори тоҷикӣ
машғул буд. Ихтиёри кулли тартиб додан ва пахш кардани барномаҳо дар
ӯхдаи ман буд. Дар фонди мусиқии радио қариб чил-панҷоҳ сабти мусиқии
тоҷикӣ дар тонфилм буд. Аз ин суруду мусиқиҳо барномаи консерт тартиб
дода, ҳафтае ду ё се бор ба эфир мебаровардам. Гоҳо порчаҳои адабй низ
аз шеъру ҳикояҳои нависандагони узбеку тоҷик пахш мекардам. Шабе
(ҳамоно аввали соли 1946 буд) барномаи консерти тоҷикӣ мешунавонидам.
Дар барнома суруди Маъруфхоҷа Баҳодуров дар оҳанги “Ушшоқи Содирхон’’
буд. Баъд аз иҷрои суруди Маруфхоҷа боз чанд суруди дигар пахш гардид.
Дар вақти пахши суруде зани навбатчии барномаҳои бегоҳӣ маро берун
даъват карду гуфт:
— Худи ҳозир аз қабулгоҳи Усмон Юсупов телефон карданд, Усмон
Юсупов хоҳиш намудааст, ки боз як суруди Маъруфхоҷа Баҳодуров
шунавонида шавад.
Шӯҳрат ва мақоми волои шахси аввали республика Усмон Юсупов ва
хадамоти вай дар роҳи рушду равнақи санъату адабиёти Узбекистан ба
ҳама маълум буд ва ман низ хуб медонистам. Маълум мешавад, ки вай
илова бар ҳамаи ин шунаванда ва дӯстдори барномаҳои тоҷикӣ ва махсусан
мусиқии тоҷикӣ низ будааст. Албатта, чунин хабар боиси ифтихор буд. Лекин
дар барнома ва радио дигар суруди Маъруфхоҷа набуд. Ин узрро ба зани
навбатдор гуфтам, вай гуфт, ки "хайр ҳамон сурудро такроран пахш кун”.
Ман бз студия даромадам ва дар поёни барнома гуфтам:
- Шунавандагони азиз, хрфизи хушовози тоҷик Маъруфхоҷа Баҳодуров
дар ҷумҳурии Узбекистан машҳур ва маҳбуб аст. Лекин мо азбаски дар даст
сурудҳои дигари овозхонро надорем, бо хоҳиши ҳаводорони ҳофиз суруди
“Ушшоқи Содирхон”-ро такроран мешунавонем.
Телефони гайричашмдошти Усмон Юсупов, ба назарам, мақому эътибори
барномаҳои тоҷикиро баландтар бардошт. Ман ҳам дар иҷрои вазифаи худ
далертзр шудам.
Ман ҳар рӯз то пешин дар факулта даре мехондам ва баъд дар радио ду-
се соат кор мекардам. Дар консертҳои тоҷикӣ ба ҷуз сурудҳои лента имконият
доштем, ки баъзе овозхонҳои тоҷикро даъват кунем. Лекин дар он вақт ман
-92-
ғайр аз Шоҳназар Соҳибов каси дигареро аз ҳофизони тоҷик ё хонандагони
СУРУДИ тоҷикӣ намешинохтам Шиносоӣ бо Шоҳназар Соҳибов ҳам ба воситаи
Кибриёхонум буд. Шоҳназар Соҳибов даъвати моро рад намекард ва бо
камоли майл дар консертҳои тоҷикй иштирок менамуд.
Шоҳназар Соҳибов бо чанде оҳангсозон, овозхонон ва мусиқишиносони
муқими Узбекистан пеш аз ҷанг дар студияи назди Консерваторяи Маскав
таҳсил карда буд. Баъд аз оғози ҷанг фаолияти студия қатъ гардид ва
донишҷӯён ба Узбекистан бозгаштанд. Аз ҷумла Фазлиддин Шаҳобов ва
Шоҳназар Соҳибов, ки овозхонҳои машҳури бухорӣ ва устодони "Шашмақом”
буданд, ба Тошканд бозгаштанд. Баъд як ё ду сол Фазлиддин Шаҳобов бо
тарғиб ва таҳрики устод Лоҳутӣ ба Сталинобод омада, роҳбари қисми мусиқии
радиои тоҷикро ба ӯхда гирифт. Шоҳназар Соҳибов ба ҳайси роҳбари мусиқии
кадом як театри Тошканд дар ҳамин шаҳр иқомат ихтиёр кард. Ишон бо
ҳамсар ва ее фарзанд дар иморати мӯҳташаме, ки барои аҳли санъату адаб
пеш аз ҷанг бино ёфта буд, дар як квартира ду хонаро дар ихтиёр дошт. Дар
хонаи дигар яҳудии амрикоӣ бо духтари негрзодаш иқомат мекард.
Манзили Соҳибов дар рӯ ба рӯи бинои радио воқеъ гардида ва омаду
рафти он кас ба студия осон буд. Соҳибов аксар вақт танҳо консерт медод ва
репертуараш иборат буд аз оҳангҳои “Шашмақом”. Боре пешниҳод намудам,
ки мусоҳибаи мусиқие дар бораи “Шашмақом” ва сохтору таърихи он пахш
кунем. Соҳибов чандон майл накард. Умуман дар ҳайрат будам: қариб зиёда
аз як сол аст, ки Соҳибов, овозхони барномаҳои тоҷикӣ, ба студияи мо зуд-
зуд меояд, аммо ҳамеша чун меҳмон меомаду мерафт. Аз оғози консерт ним
соат пештар омада дар студияи хурд каме машқ мекард. Баъд дар студияи
калон назди микрофон сурудҳои беҳтарини “Шашмақом’т-ро ба маҳорати
беназир иҷро мекард. Мо дар он вақт шояд камтар мефаҳмидем, вале дар
барномаҳои точ,икии радиои Узбекистан бо сурудҳои “Шашмақом” баромад
кардани Шоҳназар Соҳибов воқеаи фавқулодда ва пурифтихор буд. Баъд
аз консерт танбӯрро ба ҷилд андохта бо табассуми хуш худоҳофизӣ карда
роҳи манзил мегирифт. Шахси ботамкин, муҷалло ба одоби ашрофонаи
бухоро буд, аммо ба он кас наздик шудан, чизеро машварат кардан душвор
буд. Дар миёна ҳиҷобе буд, ки ӯро аз мо дур медошт. Чунин бегонагӣ дар
ошнои баъд аз ин ҳам байни мо вуҷуд дйшт, ҳарчанд дар муомилоту
муносибат дар доираи эҳтиром будем. Баъд аз ба Душанбе омаданам борҳо
ба дидори ҳамдигар расида ҳамсӯҳбат мешудем. Вале ҳамон ҳиҷоб дар
миёна афтода буд. Аз ин ҷост ки дар ёд надорам, ки Шоҳназар Соҳибов
(мисли х,амсолон ва ҳамкасбонаш) аз устодони худ, аз маҳфилҳои
Шашмақомхонии Бухоро, аз саргузашти ба “Шашмақом' унс гирифтанаш ва
аз бисёр воқеаҳои аҷиб нақле карда бошад Афсӯс. ки ба ҷуз сабти овози
хушу алҳони ҷаззоб ёдномае аз ин шахси устоди “Шашмзқом" боқӣ
намондааст...
Дар ин миён консертҳои тоҷикии мо дурахше пайдо кард, ки ҷилои он
зинатафзои барномаҳои мо буд. Ин мавқуф ба пайдо шудани хонандаи нав
дар консертҳои мо буд. Тафсили ин воқеа чунин аст.
Аз яҳудиҳои бухорй Бараев ном танбурие буд, ки гоҳо дар барномаҳои
-03-
мусиқии тоҷикӣ ширкат менамуд. Аз ҳамин танбури буд. ки бори аввал садои
саторо шунида будам. Бараев шахси ниҳоят хоксор ва фақир буд. Дар
театри мусиқиву драмавии Муқимӣ дар оркестри миллӣ танбӯр менавохт.
Рӯзе ба ман гуфт:
— Расулҷон, ман барои консертҳои тоҷики як сурудхони аҷоибе ёфтам.
Номаш Саодат Қобилова. Вайро ба қарибӣ Ҷӯрахон Султонови номдор аз
Андиҷон пайдо карда овард. Овози нотакроре дорад. Ҳолй ҳозир овозхонҳои
овозадор чандон майл надоранд, ки ин духтар ба саҳнаи калон барояд.
Аммо вай ҳатман мебарояд. Саодат ба барномаҳои тоҷики шавқи калон
дорад. Хусусан ба сурудҳои “Шашмақом”. Сурудҳои Шоҳназар Соҳибов ӯро
мафтун кардааст. Илтимос кард, ки аз “Шашмақом" ба вай чанд суруд ёд
диҳам, мехоҳад дар консертҳои тоҷикй иштирок кунад.
Дар яке аз рӯзҳои баҳори соли 1946 Бараев Саодат Қобиловаро ба радио
барои шиносой ва санҷиш овард. Дар ин санҷиш ман будаму Исҳоқ
Маҳвашев. Саодат духтари ситорагарм ва тарҳи руяш ба тоҷикон наздик
буд. Чашмони сиёҳи хумор дошт ва хандаҳои шинами маъсумона. Он руз
вай Ироқи Бухороро дар шеъри Тоҷуддавлат, Ушшоқи Самарқандро дар
шеъри Зебуннисо ва боз чанд сурудҳои хурди ''Шашмақом”-ро хонд. Ҳусни
савт, ҳусни камол, ҳусни ҷамол ҳама ба ҳам тавъам буданд. Дар талаффуз
ва оҳанги тоҷикӣ хатое ба гӯш намерасид. Баъд аз сурудҳои Шоҳназар
Соҳибов ин як ҷаҳони нави “Шашмаком” барои ман буд. То ин дам зани
овозхонеро надидаву нашунида будам, ки суруде аз Шашмақом хонда
бошад. Исҳоқ Маҳвашев, ки дар шашмақомдонй аз ман муқаддамтар буд,
баъд аз шунидани сурудҳо ба Саодат аҳсанту офарин гуфт. Бараевро
таърифу таҳсин кард, ки барои барномаҳои тоҷики чунин хонандаи
хушовозро пайдо намудааст.
Пеш аз консерти аввалини Саодат ба Фотеҳ Ниезй ва Кибриехонум
телефон кардам, то онҳо сурудҳои хонандаи нави моро гуш карда, фикру
мулоҳизаашонро гӯянд. Рӯзи дигар ҳар ду телефон карда, дар бораи лаҳну
овозу хониши Саодат суханҳои гарму ҷӯшон гуфтанд. Абдулло Қаҳҳор, ки
дар тамйизи сурудхонон хеле хӯрдагир буд, консерти Саодатро таърифу
ситоиш намудааст.
Ба ҳамин тариқа барномаҳои тоҷики баъд аз Шоҳназар Соҳибов боз як
овозхони варзидаву маҳбуб пайдо кард. Саодат дар консертҳои мо зуд-зуд
баромад мекард, репертуари сурудҳои тоҷикиаш низ зиёдтар ва гуногун шуд.
Табиист ки ба воситаи консертҳо дидору мулоқот ва суҳбатҳои дустонаи мо
зуд-зуд воқеъ мегардид. Ба ҷуз ин, агар гоҳе уро ба ягон маҳфили хосса ва
маҳрамона даъват кунам, хоҳиши маро рад намекард. Дар ин маҳфилҳо
паҳлуи ман нишаста сурудхри ҷонбахшу рӯх;афзо мехонд. Баъди ин сӯҳбатҳо
ман ӯро то манзилаш гусел мекардам. Дар дил ба ҷуз дустиву маваддат як
эҳсоси аҷиби муҳаббатомезе ҳис мекардам, ҳис мекардаму аз гуфтани он
худдорй менамудам. Ман гӯё шоҳине будам, ки аз ин эҳсоси тоза дар фазо
парвоз мекардам ва Саодат низ дар ин фазо мисли кабутарҳои шуху мает
ҷилваҳо менамуд, парфишонй мекард, гоҳ ба шоҳин наздик меомаду гоҳ ба
бозиву парзанӣ аз ӯ дур мешуд. Шоҳин аз ин бозиву парвозҳои нозпарвари
вай шахди шодиву хушнудӣ мебурд, аммо ба сайди кабутар ҷуръат, иқдом
-94-
наменамуд. Кабутар шодкомона сабук парвоз мекарду намедид, ки дар як
гӯшаи фазо зағани сиёҳе камин гирифтааст ва фурсате мепояд, ки шоҳин
дур шавэду кабутари озоду маъсумро ба чанголи худ гирад... Ин парвозҳо
ду-се сол озодона идома дошт...
Дар ин миён Саодат консертҳои худро дар барномаҳои тоҷикиву узбеки
бо мувафаққият давом медод. Ба саҳнаи театр низ роҳ ёфта, шунавандагону
бинандагони зиёд лайдо кард, ки ба ҷон мухлису дӯстдори ӯ буданд.
Ва якбора аз назарҳо ғоиб шуд... Як моҳу ду моҳу аз он бештар ӯро
намедидам. Ҳар гуна гапҳои пасту баланд ба гӯш мерасид. Баҳорони соли
1950 рӯзе баъд аз пешин тасодуфан ӯро дар радио дидам. Чеҳраи хандон
дошт, аммо гунаи тираву парешон... Берун баромадем. Дар нишастгоҳи
гулгашти муқобили бинои радио нишастем. Фикре, андешае ӯро музтариб
мекард, вале ин ҳолро ҳувайдо намекард.
— Расулҷон. мехоҳед ман ба шумо як суруди навамро замзама кунам.
Ин сурудро Донӣ Зокиров гӯё махсус барои ман эҷод намудааст. Ман ҳоло
дар ҳеч ҷо онро нахондаам. Барои шумо замзама мекунам.
Ман Донӣ Зокировро мешинохтам. Оҳангсози хубе буд аз тоҷикони
Самарқанд. Суруду мусиқиҳои дилчасп дошт писанди ҳама. Бесаброна
интизорй мекашидам, ки ин чй суруде будааст, ки Саодат мехоҳад ба ман
тӯҳфа кунад. Садои пасти вай ба гӯш чун насиме расид
Кимга қилдим бир вафо ким юз ҷафосин кӯрмадим
Кӯргузуб юз меҳр мин?, барду балосин кӯрмадим...
Ин ғэзали Навой буд моломол аз дарду алам ва доду фиғон аз бевафоию
бемеҳрии ёри бадаҳду паймоншикан:
Ҳар киро кардам вафие сад ҷафоҳо дидаам,
Мехри дил бастам, вале дарду балоҳ,о дидаам.
Оҳанги суруд ниҳоят муассир буд, лаҳну савти он аз синаи Саодат бурун
омада, ба аъмоқи дилҳо ҷойгузин мешуд, дар синаҳо акси садои ғамгинонае
медод. Суруд ҳузнангез буд ва бо садои андӯҳгини шеъри шоир пас аз
понсад сол ба ҳам тавъам ва қарин мегардид.
— Саодатхон, ин суруд не, балки як олами сеҳрангези мусиқй буд. Ин
суруд барои овози шумо эҷод шудааст. Хушбахтам, ки иь сурудро нахуст аз
овози шумо шунидам ва ин садову оҳанг як умр дар ёд хоҳад монд.
Дар воқеъ ин оҳанги хушро баъд эз Саодат аз Ьисёр хонандагон
шунидаам, аммо дар гӯш ҳамон замзамаи Саодат то имрӯз садо медиҳад.
Ман чанд дзқиқа хомӯш будам. Дар ҳамин соэт издиҳоме мурдаеро бо садои
мусиқӣ аз пеши мо мебурданд.
— Расулҷон, мурдан ҳам гохе хушбахтӣ ҳисоб мешавад. Кас аз ҷафоҳои
олам, аз бевафоиҳои нокасон чзшм фуру баста, як умр ба олами хомӯшӣ ва
осоиш меравад.
Баъд аз оҳанги хдзини суруд ин суханхри Саодат чун нидои мудҳише аз
осмон болои ман фурӯ рехт ва маро моту мабҳут кард... Чй гуфтанамро
намедонистам. Ба вай нигох, кардам. Дар чашмони сиёҳаш марвориди
сиришк пайдо буд... Ҳо, акнун фаҳмидам, ки он зағани сиёҳ кабутари озоду
хушпарвозро бэ чанголи худ хаставу забун кардааст...
-95-
Баъд аз ин Саодатро надидам. Мегуфтанд, ки нохалафе ба вай хиёнат
кардааст. Намедонам. Ман ба Сталинободомадам. Баъд ба^Маскав барои
давом додани таҳсили аспирантура рафтам. Роҳи зиндаги дигар шуда,
сарнавишт маро ба сарои суруру хушбахти кашида буд. Боре дусти азизам,
оҳангсози номдор Мутаваккил Бурҳонов ба Маскав омад. Чанд руз бо ҳам
будем. Рузе ба ман гуфт:
— Медонед, Расулҷон, Саодат дар Маскав аст. Баъд аз нохушиҳои рузгор
тарки Тошканд карда, ба ҳамин ҷо омада, ба консерватория дохил шуд. Ду-
се рӯз пеш дар меҳмонии вай будам. Дар Маскав будани шуморо шунида
хеле хурсанд шуд. Аз ман қавл гирифт, ки шуморо ба дидори вай бирасонам.
Бале, ман низ хурсанд будам, ки Саодат дар Маскав аст. Маълум мешавад
вай мушкиливу ноомадҳои зиндагиро мағлуб карда, боз ба роҳи зиндагии
нав бо умеду орзу баромадааст. Бале, ман ҳам мехохдм уро бубинам.
Пекин дар пеши пару боли орзуҳо садде гузоштам, кушиш кардам, ки аз
дидору мулоқоти ҳамдигар худдорй кунам.
Саодат консерваторияро бо муваффақият хатм намуда, ба Тошканд
баргашт ва ба театри опера ва балет ба кор даромад. Аз ҳамин ҷо шуҳрату
овозаи вай чун хонандаи яктову нотакрор баланд шуд Ба вай унвонҳои
фахрй, ордену нишонҳои олӣ арзонӣ доштанд. Ҳама ҷо ному овози вай
садо медод. Дар саҳна нақшҳои мураккабу душвори операҳои милливу
ҷаҳониро иҷро мекард, дар консертҳо сурудҳои классикиву халқи бо ҳамон
лаҳни пурҷозибааш садо медод. Барори кораш бо номаш мувофиқ буд.
Пекин мешунидам, ки ҳаёти шахсй ҳамоҳанги номаш набудааст.
Агар хато накунам, баҳори соли 1970 ё 71 дар сафари Тошканд будам.
Шабе бо Мутаваккил Бурҳонов аз маҳфили дӯстони аҳли санъат ба хонаи
муҷаррадонаи он кас бозгаштем. Қариб то соатҳои 12 шаб бо х,ам сӯҳбат
доштем, каме шароби шампан менӯшидему ёди рузҳои гузашта мекардем.
Дар айни сӯҳбат сухан аз Саодат ҳам оғоз шуд. Ва Мутаваккил гуфт, ки
Саодат дар бинои паҳлӯи иморати онҳо иқомат дорад. Гуфтам алъон
телефон мекунам. Баъд аз дуриҳои чандинсола хостам садои ӯро аз наздик
шунавам. Беҷуръатона телефон кардам. Ғайри чашмдошт мисли ҳамон
Саодати солҳои ҷавонӣ аз телфон заданам изҳори хушнуди кард ва гарм
сӯҳбат мекард. Пурсид аз куҷо телефон мекунам. Гуфтам: дар остонаи
кошонаи шумо ташнаи дидору суруди шумо ҳастам. Асар илтифоте мекардед,
дақиқае чанд ба ҳолпурсии дарвешон меомадед, худо аҷри саховати шуморо
медод. Садои хандаи ширини ӯ ба гӯш расид. Гуфт: вақт чанде аз поси шаб
гузашта шояд барои дидор фурсати дигар пайдо кунем. Ман дигар исрор ба
хоҳиши худ накардам. Бо Мутаваккил ҳамчунон саргарми суҳбат шудем.
Соате нагузашта садои зангӯлаи дар баланд шуд. Мутаваккил дарро кушод
ва дар остонаи дар пайкари ба пероҳани сафед печида ва чашмони оташбори
Саодат намудор гашт. "Баъд аз телефони шумо нишастаму ба худ
андешидам, ки оҳи оҷизонаи дарвешон мабодо ки сабаби вубол гардад -
хандида гуфт Саодат. Он шаб гуё Саодати замини аз ошёнаи баланд
нарасида, балки саодати осмонй аз фазой ҷаҳон фуруд омада буд. Он
шаби сӯҳбатҳои гарму дӯстона ва сурудҳои тарабангезу шодкомона буд.
Саодат худ сари пиано нишаста, сурудҳои тоза ба тоза мехонд. Мутаваккил
бо илҳоми саршор пиано зада, оҳангҳои тоҷикиву ӯзбекӣ мехонд. Шабе буд,
ки садои ғайбӣ мегуфт: “Он рӯзҳо фаромӯш нашудаанд ва ёди ҷавонӣ солҳои
сол ба шумо илҳому имон эҳдо мекунад...”
Саодат Қобилова аз симоҳои барҷастаи санъати мусиқии Узбекистан
аст ва шубҳае нест, ки роҷеъ ба шахе ва санъати вай китобҳо тадвин хоҳанд
шуд. Барой ман дар сароғози ташкили барномаҳои тоҷикӣ ба мададу
ҳамкории мо омадани Саодат дар густариш ва неру ёфтани бахши тоҷикии
радиои Узбекистан фоли нек буд.
РАВНАҚИ БАРНОМАҲОИ ТОҶИКӢ
Дар охири соли 46 ё аввали 47 идораи радиоро ба кӯчаи Хоразм
кӯчониданд. Ба ҳамаи редаксияҳо, аз ҷумла ба редаксияи барномаҳои тоҷикй
низ, хонаи алоҳида ҷудо карданд. Дар паси бинои якошёнаи идораи радио
студияи калони консертй ва ду-се студияи хурди дикторй андохтанд.
Ҳамзамон дар паси ин биноҳо сохтмони Хонаи нави радио бо асбобу
таҷҳизоти такмилёфтаи техникӣ ва студияҳои нави муҷаҳҳаз шурӯъ шуд.
Коргарони бинокор асирони ҳарбии ҷопунй буданд.
Баробари сохтмони бинои Хонаи радио роҳбарияти радиоро нав карданд,
роҳбарияти нав ҳайати кормандони эҷодӣ ва маъмуриро такмил ва тавсиа
дод. Раиси нави радио Абдулло Имодович Уразаев таъйин шуд. Ин марди
тақрибан чипу панҷсолаи хурдҷуссаи татар аз ин қабл сардабири рӯзномаҳои
ҳизбии ҷумҳурй ва дар_ду-се соли ахир сарвари созмони иттилоотии
Узбекистан - УзТАГ буд. Уразаев шахеи хеле мудаббир, кордон, одамшинос
ва дар ташкили корҳо дурбин ва чорасоз буд. Вай қисми мусиқии халқии
радиоро пурзӯр намуд, васеъ кард ва арбоби номвари собиқадор Юнус
Раҷабиро роҳбари бадей таъйин намуд. Дар назди радио оркестри симфонй
ва хор ташкил гардид. Баробари квартети тории мавҷуда секстети тори
созмон ёфт. Дар сохтори редаксияҳои мусиқӣ, адабӣ, иҷтимоию сиёсй
дигаргуниҳои ҷиддӣ ворид шуд. Дар радио редаксияи барномаҳои хориҷй
ба забонҳои форсй, уйғурӣ ва инлисӣ ташкил ёфт.
Уразаев чанд бор маро ба ҳузури худ пазируфта, фикру андешаҳои зиёд
кардани соатҳои барномаҳои мусиқию адабии тоҷикиро ба миён гузошт.
Фурсатро ғанимат шумурдэ, хоҳиш намудам, ки ба мо имконият дода шавад,
ки ба ҷуз консвртҳои тоҷикй бо ишгироки овозхонону машшоқони "зинда"
барномаҳои адабӣ, адабиву мусиқӣ ва адабиву драмавй дошта бошем. Барои
ин соатҳои барномаҳои адабию мусиқии тоҷикӣ бештар ва ҳаққи заҳмати
(гонорари) шӯъбаи тоҷикӣ зиёд гардад. Ба ҷуз ин мо мехоҳем ансабли
мустақили асбобҳои миллӣ дошта бошем, то дар консертҳои тоҷикӣ
машшоқони берунаро даъват накунем.
Пешнихрдҳои ин ҷониб қабул шуд ва тадриҷан ба амал татбиқ гардид.
Дар ҳузури редаксияи тоҷикӣ иборат аз ҳашт нафар ансамбли асбобҳои
миллӣ ташкил гардид, ки роҳбарии онро ба зиммаи артисти
хидматнишондодаи Узбекистан Ашот Иванович Туманян вогузор намудем.
Туманян солҳои сол дар оркестри асбобҳои миллии филармонияи узбек кор
мекард, забони ӯзбекӣ ва мусиқии ӯзбекиро хуб медонист ва муаллифи чандин
-97-
суруду еҳангҳои ӯзбекӣ буд. Баъд аз омадан ба роҳбарии оркестри тоҷики
Туманян пеш аз ҳама тартиби қатъӣ ҷорӣ намуд. Худ ҳам ба эҷоди оҳанг ва
сурудҳои тоҷикӣ рӯй овард ва офаридаҳои ваирӯҳу шираи тоҷики доштанд
Дар ансамбл Яъқуб Довудов ном танбӯри буд, ки оҳангҳои халқи ва
Шашмақомро хуб медонист ва ин оҳангҳоро бо танбӯр нағз менавохт. Яъқуб
Довудов дар гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои яҳудиени Бухоро дар
Тошканд ходим и эҷодӣ буда ва баъд аз баста шудани матбуоти яҳудиен дар
соли 1937 машғулияти муайян надоштааст. Дар аввали ташкили барномаҳо
тоҷикй бо мо омаду рафт дошт ва гоҳо дар консертҳои тоҷики бо навои танбур
ширкат менамуд. Дар ансамбли тоҷикй Яъқуб Довудов аз танбуриҳои хуб
маҳсуб мешуд ва баробари ҳамин чанд суруд ва мушкилоти Шашмақомро ба
овозхонон ва машшоқони ансабли асбобҳои миллии радиои Узбекистон
дарс дод. Акси Яъқуб Довудов ба сифати устоди омӯзгор дар ҷилди аввали
китоби “Шашмақом” ноли ӯзбекии Тошканд мундариҷ аст_
Хулоса, ҳаҷму соат ва рӯзҳои барномаҳои тоҷикии Радиои Узбекистан
зиёд шуд Мувофиқи ҳамин ҳаққи заҳмати ҳунарлешагон низ афзуд. Ҳаҷми
кори ман низ дар радио бештар шуд. Акнун ба ҳукми муҳаррири мустақил ба
барномаҳои мусиқӣ, мусиқию адабӣ ва драмави сардори мекардам^ Аз ин
ҷиҳат роҳбарияти Радио бо деканати факултаамон мувофиқат намуд, ки
иштиооки ман дзр дарсҳо озод бошад.
Баробари барномаҳои адабй ҳаҷму соатҳои барномаҳои ахбору
иҷтимоиёту сиёсат низ зиёд гардид^ Ба шуъбаи ахбору иҷтимоиету сиесат
Ҳабиб Аҳрорй, ки аз хидмати ҳарбӣ озод шуда ба Тошканд омая тг
гардид. Аҳрорӣ дар маҳалли Бешяғоч ҳавлиеро ба иҷора гирифта, бо модар
ва ду додари хурдаш зиндаги мекард. Омадани Ҳабиб Аҳрори барои мо
мададу такягоҳи хуб шуд. Зеро ишон дар синну сол калон ва дар таҳриру
тарҷума ва умуман дониши забони тоҷикй муқаддамтар ва пуртаҷрибатар
буГдар аввали соли 1947 Мидҳат Беҳбудй низ ба сабабе ба Тошканд омад.
Баъд аз мӯҳлати муайяни санҷиш ва таҷрибаомӯзи бо ерии ман ва тавсияи
Ахрорӣ ба бахши барномаҳои ахбори тоҷики муҳаррир таъиин шуд.
^ Ба ҳамин тариқа, шӯъбаи тоҷикии радиои Тошканд як қисми калон ва
муҳимми фаолияти умумии кумитаи радиои Узбекистон гардид. Ман бояд
кушоду равшан гӯям ки маъруфият ва овозаи барномаҳои тоҷики бештар
мавқуф ба қисми адабию мусиқию драмавӣ он буд. Дар ин ҷо агар хидмате
карда бошам, ба дастгирии роҳбарияти радио ва шахсан раиси он Абдулло
Уоазаев вобаста буд. Албатта ин шахе низ бе нишондод ва роҳнамоии
мақомоти ҳизбӣ он чи мехост карда наметавонист. Хирадманди ва кордонии
ӯ дар ҳамин буд, ки аз роҳнамоӣ ва нишоидодҳои ҳизби оқилона ва холисона
истифода менамуд. Дар гуфтору рафтори ваи ҳеч гоҳ узбекгарои ва
муносибати ҳокимона ба миллатҳои дигар эҳсос намешуд. Азинҷост кидар
радио дар байни узбеку русу тоҷику уйгуру эрони иттиҳод, ҳамдасти ва
дӯстиву самимият барқарор буд.
Кувват ва маҳбубият ёфтани барномаҳои адабию мусиқии тоҷики инчунин
ба мададу ёрй ва дӯстиву рафоқати нависандагон. оҳангсозон, ҳунарпешагон
ва умуман зиёиёни хайрхоҳи узбеку тоҷику рус мавқуф оуд.
Барномаҳои мусиқии мо Дар боло гуфтам, ки барномаҳои тоҷики аз
-98-
ахбор ва баъд аз мусиқӣ шуруъ шудааст. Ҳофизони аввалини мо Шоҳназар
Соҳибов ва Саодат Қобилова буданд. Каме нагузашта Довуд Муллоқандов
— овозхони театри опера бо ташаббуси худ омада чанд суруди худро
пешниҳод намуд, ки аз барномаҳои тоҷикӣ пахш кунем. Сурудҳои вай иборат
буданд аз оҳангҳои композиторони номдори Узбекистан Мутаваккил Бурҳонов,
Манас Левиев ва Сулаймон Юдаков бар ашъориЛоҳутӣ. Муллоқандов тенори
лирикй буд ва дар хондани сурудҳои романей маҳорати хуб дошт. Азбаски
қадаш пасту ҷуссааш реза буд, дар саҳна нақшҳои калонро иҷро карда
наметавонист ва бештар дар консертҳову барномаҳои радио баромад мекард.
Довуд Муллоқандов аз Самарқанд буда, дар ҷавонӣ оҳангҳои халқӣ ва
классикиро бо сарварии Гавраэл Муллоқандов ва Михаил Толмасов хуб
мехондааст. Дар радио ҳам барномае тартиб дода буд аз сурудҳои
"Шашмақом” ва халқӣ, ки онро бо танбӯри Яъқуб Довудов ва Бараев мехонд.
Хусусан Ушшоқи Ҳоҷиро, ба назари ман, касе мисли вай хонда наметавонист.
Довуд Муллоқандов тавсия намуд, ки ҳунарпешаи номдори узбек Назира
Аҳмедоваро низ ба консертҳои тоҷикӣ даъват намудан мумкин аст. Назира
Аҳмедова дар радифи ҳунарпешагони номдоре буд, ки ба театрҳои мусиқии
узбек асос гузошта буданд. Ҳамсари ӯ Расул Ғуломов раиси созмони санъати
Узбекистан, сипасдабири аввали кумитаи ҳизбии шаҳри Тошканд буд. Назира
Аҳмедова дар ду-се соли охир ба иллати беморй (осори бемории шуш пайдо
шуда буд) ба саҳна камтар мебаромад, аммо дар консертҳои оммавй ва
радио зуд-зуд баромад мекард. Вай ба шарофати ошноӣ бо оҳангсозони
тоҷикуласли Тошканд ва шунидани консертҳои барномаҳои мо ба оҳангу
сУРУДҲОИ тоҷикй дилбастагй пайдо карда, чандин сурудҳои тоҷикиро
омӯхтааст. Ҷавонзани ниҳоят шӯх, хандонрӯй ва улфат буд. Аз консерти
аввалин бо ҳам унс гирифтем ва ӯ яке аз ширкаткунандагони доимии
консертҳои мо шуд. Суруди халқии “Сияҳчашмак”, сурудҳои “Дилбари мо",
“Ёри мастчоҳиям” ва ғайраро ниҳоят хуб ва тоза иҷро мекард.
Баъд аз рафтанам аз Тошканд дар Душанбе шунидам, ки Назира
Аҳмедова соли 1950 дар асари бемории шуш ҷаҳонро падруд гуфтааст.
Дар консертҳои тоҷикӣ овозхони машҳури узбек Ҳалима Носирова ва
боре Шаҳодат Раҳимова бо хоҳиши худҳошон ширкат карда буданд. Аз
хонандагони мактаби операвӣ Салимахон Хоҷаева низ аз ширкаткунандагони
доимии консертҳои мо буд. Салима бо Мутаваккил Бурҳонов ва хоҳари вай
шиноси наздик буд ва дар квартираи онҳо ҳамзистӣ дошт ва ба ин муносибат
мо ҳама ошнову дуст будем. Дар консертҳои тоҷикӣ артисти номдори операи
узбек Насим Ҳошимов - тоҷики самарқандй ва ошнои наздики оҳангсозони
маъруфи Узбекистан низ баромад мекард. Баретони махмалй ва талаффузи
тозаи тоҷикй сурудҳои ӯро хеле дилнишин ва ҷаззоб мекарданд. Мегӯянд,
ки номбурда имрӯз ҳам дар консерваторияи Тошканд профессори клоссҳои
вокалй мебошад.
Дар консертҳои мо аз ансамбли ӯзбекии радио бародарҳо Суфихоновҳо
ва Шоҳҷалиловҳо низ баъзан хоҳиши иштирок кардан менамуданд ва барои
ин чанд сурудҳои тоҷикирс ба ёрии ману Яъқуб Довудов аз худ карда буданд.
Овозхони маъруфи ансабли узбекй Берта Довудоваро гуфтан мумкин аст мо
чун ҳофизи “аз они худӣ" ба консертҳои тоҷикӣ ҷалб намудем Берта Довудова
он замон духтари бисту дусола ба ансамбли узбекҳо нав омада буд.
Сурудҳои халқӣ ва классикиро ниҳоят хуб мехонд. Уро ба консертҳои худамон
ҷалб намудам, ба оҳангҳои классики ва халқиаш шеърҳои тоҷики пайдо
кардам ва Яъқуб Довудовро муаллими вай таъйин намудам. Ва Берта
Довудова дар баробари Саодат Қобилова аз хонандаҳои доимии мо шуд.
Боре ба Тошканд (ҳамоно дар аввали соли 1948 буд) ба кадом муносибат
Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ ва Сотим Улуғзода омада буданд.
Шабе Фотеҳ Ниёзӣ ба шарафи онҳо дар хонааш зиёфат орост ва хоҳиш
намуд (“заказ кард” гӯем х,ам мешавад), бо худ Берта Довудова ва Яъқуб
Довудовро биёрам. Берта Довудова духтари ниҳоят нозук, арка ва хонаги
буд. Ба хонааш ба модараш телефон карда аз вай иҷозат гирифту ба рафтан
бо ман ба хонаи Ниёзй розй шуд. Он шаб дар хонаи Ниёзи аҷоиб суҳбате
шуд ва ин сӯҳбатро Бертаи зебо, ороста ва моҳпайкар рангинтару ширинтару
тарабангезтар намуд. Улуғзода ба ваҷд омада, танбӯри Яъқуб Довудовро
ба даст гирифта низе навохта, зери лаб замзама ҳам кард...
Тақрибан соли 1947 буд, ки дар барномаи мо Бахмал ном духтари
сарояндае пайдо шуд, ки бо ду-се суруди Шашмақом ҳамаро дар ҳайрат
гузошт. Духтари яҳудӣ Бахмал Исҳоқова ном дошт. Вай тахминан 16-17-
сола буд, дар тан курткаи пахтагии рангпаридаи замони ҷангро дошт ва
маълум буд, ки аз хонадони на чандон бизоатдор аст. Суруди Шашмақомро
бо чашмони пӯшида, гӯё мает шуда, хамидаву печида мехонд. Дар воқеь
офаридаи маъсумаи ҳайратангезе буд. Ду-се бор дар консертҳои тоҷики
баромад карду якбора ғоиб шуд... Баъд аз чанд сол, ки ба Сталинобод
омадам, фаҳмидам, ки ҳамон Бахмали мо ин ҷо бо номи Барно Исҳоқова чун
овозхони сурудҳои классикй ном бардоштааст.
Бахши тоҷикии радиои Тошканд на танҳо консертҳои суруду мусиқй, балки
барномаҳои мусиқиву адабӣ, ки мо онро “монтажи адаби- мусиқи мегуфтем,
ташкил менамуд. Ин барномаҳо иборат буд аз хондани шеъру манзумаҳои
классикону адибони тоҷику узбек (дар тарҷуми тоҷики) бо ҳамсадоии мусиқиҳои
мувофиқу марбута ба шеър. Дар ин ҷо ҳам аз назми тоҷику форс ва ҳам аз
шеърҳои адибони гузаштаву муосири узбек истифода менамудем. Боре
композитсияи мусиқиву адабии махсус бо номи “Шаҳрзод” (дар заминаи
афсонаҳои "Ҳазору як шаб”) бо мусиқии симфонии ҳамноми Римский-Корсаков
ва шеърҳои Шчепкина-Куперник (дар тарҷумаи худам) ташкил намудам, ки бэ
шунавандагон писанд афтод ва онро борҳо такроран пахш намудем.
Баробари ҳамин дар мавзуъҳои адабиёти классики ва дар асоси
достонҳои машҳури классикой композитсияҳои адабию мусиқи тартиб
медодем. Ин композитсияҳо дар миёни шунавандагон хеле шуҳрат ва
мах,бубият пайдо кард. Мехоҳам дар борам ду барномаи мусиқиву адаби, ки
ифтихору сарафрозии мо шуда буд, мухтасар нақл кунам.
Дар охири соли 1946 ба тайёр намудани барномаи мусиқиву адаби роҷеъ
ба аҳвол ва осори Саъдии Шерозй шурӯъ кардам. Қариб як моҳ аз ғазалиёти
Саъдй он чи дар мавзӯи одамияту ахлоқи ҳамида ва ишқи поку беолоиши
инсонй иншо шуда буд, интихоб намудам. Аз тарҷумаи ҳоли шоир лаҳзаҳои
ибратбахш ва пандомӯзонаро гирифта, бо ашъори вай пайваст намудам. Бс
ёрӣ ва иштироки Довуд Муллоқандов бар ғазалҳои Саъдй оҳангҳои дилчаспу
-100-
марғуб эҷод гардид. Дар танбӯру сато Бараев аз оҳангҳои Шашмақом
порчаҳои баргузидаро омода намуд. Дар аввали моҳи декабр ин барнома
ба эфир баромад. Дар рӯзи дигар бисёр шунавандагон ва ошноён аз тоҷикону
ӯзбекон аҳсанту офарини худро ҳам ба воситаи телефон ва ҳам шахсан ба
ман изҳор намуданд. Зиёда аз ҳама арзёбӣ ва ташаккури шахси аввали
ҷумҳурй Усмон Юсупов навиди ғайри чашмдошт ва қадршиносии олӣ буд.
Баъд аз чанд рӯз аз хурсандӣ ва муваффақияти худ ба падарам мактуб
навишта аз ҷумла гуфта будам:
“Рӯзи дигар раис маро ба идора(и худ) даъват намуд. Дар болои стал
ҳамон тексти ман навиштагй истодааст. Аз ман “инро шумо тартиб додед-мй?”
гуфта пурсид. Ман тарсидам, ки зоҳиран хатое рафтааст. Вай хандид. "Ҳа,
чаро тарсидед?” гуфт. Ман “не, чаро метарсам?” гуфтам. Пасӯгуфт: “Бакори
кардаатон раҳмат. Усмонака (яъне Усмон Юсупов) аз шумо хеле миннатдорӣ
баён карданд ва пурсиданд, ки аз номи он кас ба шумо ташаккур изҳор намоям”.
Дар рӯзи дигар раис бо фармон ба ман раҳматнома эълон кард ва маблағи
700 сӯмро, ки барои он барнома навишта буданд, ду баробар зиёд кард”.
Ман ин порчаи мактуби худро махсусан барои он иқтибос намудам.ки
хонандаи азиз эҳсоси онвақтаи як нафар ҷавони ғариби мусофир, донишҷӯи
курси дуввумро, ки ба роҳбарии як шӯъбаи калони радио маъмур ва масъул
буд, баъд аз панҷоҳу шаш сол ба худ тасаввур кунад.
Тобистони соли 1947 композитсияи адабиву мусиқии “Комде ва Мудан”-и
Бедилро аз рӯи нашри устод Айнй дар маҷаллаи “Шарқи сурх" тайёр кардам.
Дар таҳияи бахши мусиқии барнома Довуд Муллоқандов хеле заҳмат кашид:
вай ба шеърҳои пайдокардаи ман мусиқиҳо бает, фони мусиқии достонро
хеле моҳирона ба ҳам пайваст. Сурудҳои Комдеро худ сохтаву худ барои
хондан тайёр кард. Умуман барои таҳияи ин барнома қариб як моҳ заҳмат
кашидем. Он рӯз ки барнома барои эфир эълон шуд, таб кардам ва ангина
шудам. Пекин мавқуф гузоштани барнома ҳеч мумкин набуд. Ботаби37,5ва
овози каме хаста пеши микрофон нишаста, матну шеърҳоро мехондам
Суруду мусиқӣ бо роҳи худ мерафт. Дар миёнаи барнома, ки бештар аз як
соат буд, аз хондани шеър фориғ шуда, аз ҷоям хеста, каме дуртар аз
микрофон нафас рост карданй будам. Дар ҳамин вақт нохост дидам, ки дар
ақиби студия дар стул шахси тануманде дар тан костюми сиёҳ ва дар cap
кглка нишастааст. У 5о сари хам ба касе нигоҳ наандохта суруди Комдеро
гӯш мекард, ки Довуд Муллоқандов ниҳоят муассир мехонд. Он шахе бо
ҷуссаи танумандаш ба Усмон Юсупов котиби якуми ҳизби коммунистии
Узбекистан монанд буд. Дурусттар нигоҳ кардам - дар воқеъ ҳам Усмон
Юсупов буд. Дар шароити риояти хомӯшии студия рафта бо он кас салом
кардан бемавқеъ буд. Худи вай инро медонист, ки ба касе ҳарфе назада
хомӯш ва сархам буд.
Барнома боз бист дақиқа давом кард. Охири барнома ва
ширкаткунандагону таҳиякунандагони онро эълон карда, микрофонро баста
аз ҷой хестам. Усмон Юсупов ба хонандаҳо ва мусиқачиён наздик омад.
Дасти ҳамаро фушурд ва ба забони руей гуфт: ‘‘Ташаккур барои
шунавонидани хеле хуб ва ҷолиб. Дар роҳ дар мошин гӯш мекардам, гуфтам,
ки ҳатман ба студия даромада, ин барномаро ҳам мебинаму ҳам гӯш мекунам.
-101-
Ташаккур ба ҳамаи шумоён, барномаҳои аз ин ҳам беҳтар ба мардум
пешниҳод кунед’’.
Рӯзи дигар дар радио аз субҳ дар бораи барномаи мо ва ташрифи ғаири
чашмдошти Усмон Юсупов сӯҳбат мекарданд. Роҳбарони радио аз мо ва
шахсан аз ман хеле қонеъ буданд, ташаккуру офаринҳо мегуфтанд.
Усмон Юсупов соли 1937 баъд аз суқут ва ҳабси Акмал Икромов ба
маснади котиби якуми ҳизби коммунистии Узбвкистон соҳиб шуд ва то
нимаҳои соли панҷоҳум дар х,амин ҷойгоҳбуд. Усмон Юсупов яке аз симоҳои
дурахшон ва неруманди давлати Узбекистон буд, ки барои равнақи ин
сарзамин хадамоти бузурге ба харҷ додааст. Дар рушду ривоҷи санъати
мусиқӣ ва театри узбек шахсан саҳми бузург ниҳодааст. Ман худ шоҳид
будам, ки вай дар бораи шахсони мустаид ва фидокори санъату фарҳанги
узбек чй ғамхориҳое менамуд. Мисоли барҷастаи он муносибати ниҳоят
самимона ва ғамхоронаи вай ба оҳангсоз Мутаваккил Бурҳонов буд. Усмон
Юсупов дар солҳои вазнини ҷанги ватани шахсан ташаббускори ташкили
театри нави мусиқӣ-драмавии Тошсовет буд. Бо ташаббус ва заҳамоти
шахсии вай соли 1943 дар замони ҷангҳои шадиди зидди фашистон дар
сарзамини шӯравӣ воқеаи бузурги илмиву фарҳанги, яъне таъсиси
Академияи илмҳои Узбекистон ба вуқӯъ пайваст.
Мегуфтанд, ки Усмон Юсупов аслан аз тоҷикони Қаротегин буда ва дар
Кафтархона ном деҳи Фарғона ба ҷаҳон чашм кушодааст. Аҳолии деҳ аксар
тоҷикон будаанд. Ба тоҷик будани ӯ бовар доштам. Ба барномаҳои тоҷики
шавқу ҳаваси хосса доштани Усмон Юсупов ва аз шунавандагони шавқманди
ин барномаҳо будани вай гувоҳ аст, ки забони тоҷикиро мефаҳмид ва дӯст
медошт. Гузашта аз ин дар замони роҳбарии Усмон Юсупов мактабу маориф,
радиову матбуот ва санъати тоҷик ривоҷу равнақи беназир дошт. Дар
мақомоти роҳбарии ҳизбй ва давлатӣ иштироки тоҷикон хеле фаол ва калон
буд. Султон Умаров чанд вақт муовини раиси шӯрои вазирон оид ба фарҳангу
маданият буд. Ваҳҳобови хуҷандӣ котиби КМ дар соҳаи идеология буд...Ман,
ки корманди масъули бахши тоҷикии радио будам, ҳис мекардам, ки вусъату
ривоҷи барномаҳои тоҷикӣ дар радиои Узбекистон ба пуштибонии Усмон
Юсупов мавқуф буд.
БАРНОМАҲОИ АДАБИИ ТОҶИКӢ
Барномаҳои адабй дар ҳудуди бист дақиқа рӯзҳои Душанбе муқаррар
шуда буд. Дар ин барнома асарҳои нави адибони тоҷикро аз руи матбуоти
Тоҷикистон ба шунавандагон такдим мекардем. Дар бораи аҳвол ва осори
классикони форсу тоҷик суҳбатҳо пахш менамудем. Муаллифони суҳбатҳо
мутахассисони гуногун буданд, аммо хонанда танҳо ман будам. Ба ҷуз ин
кӯшиш мекардем тоҷикони муқими Тошканд низ дар барномаҳо иштирок
дошта бошанд. Устоди Института педагогии Тошканд Ҳамид Ҳомидии бухори
борҳо дар мавзӯи адабиёти классикии узбек ва робитаҳои адабии тоҷику
ӯзбек сӯҳбат мекард. Шоир Чустй, ки ба ӯзбекиву тоҷикӣ шеър менавишт, аз
муаллифони доимии мо буд. Мунирхон Муинзодаи хуҷанди муқими Тошканд
(дар-“Намунаи адабиёти тоҷик”-и Айнӣ мундариҷ аст, с.482.) гоҳо тарҷумаҳои
-102-
манзуми ашъори Ғафур Fулом ва дигаронро қироат мекард.
Аз адибони тоҷик Фотеҳ Ниёзй ва Кибриёхонум баромад мекарданд. Боре
Абдулмалик Баҳории бистсола аз Хуҷанд расида ба редаксияи мо омад. Бо
Ӯ хеле сӯҳбат кардем. Чанд шеърашро барои мо пешниҳод кард, шеърҳои
хуб буд ва онро аз радио пахш кардем. Бояд гӯям, ки намунае чанд аз
шеърҳои х,индустонии Мирзо Турсунзодаро мо аз аввалинҳо будем, ки ба
шунавандагон такдим доштем (дар ин хусус боз нақл хоҳам кард).
Аз шоирони узбек ягона шахсе ки дар барномаи мо баромад кард, шоир,
драматург ва олим Мақсуд Шайхзода буд. Шайхзода аслан марди
озарбойҷонй буд ва дар солҳои ҷавонӣ ба Узбекистан омада, ҳамин ҷо иқомат
ихтиёр кардааст. Осори худро ба забони таза ва фасеҳи ӯзбекй менавишт,
лекин дар гуфтугӯй осори лаҳҷаи озарбойҷониаш равшан ҳувайдо буд.
Мақсуд Шайхзода аз адибони барҷаста ва номдори ӯзбек буд. Чандин достон
Ӯ, драма ва фоҷиаҳои манзум ва гайри манзумаш дар саҳнаҳои театрҳои
беҳтарини узбек ба намоиш гузошта мешуд. Дар ҷараёни таъқиботи сиёсии
нави солҳои панҷоҳум Шайхзода гирифтори ҳамлаву ҳуҷумҳои сахти ошкоро
дар матбуоту маҷлисҳо гардид. Вале ӯ бо истодагариву устуворӣ ҳамаи
айбномаҳоро рад мекард. Охиру охирон ӯро аз маъракаву иттифоқҳо хориҷ
карданд. Касе аз ''дӯстонаш” ба ӯ гуфтааст, ки “агар ту ба воситаи газета
гуноҳатро ба гардан гирифта узр хоҳӣ, аз ҳамаи айбномаву иттиҳомот халос
меёбй”. Шайхзода ҳамин тавр ҳам кард: дар газетаи “Совет Узбекистони"
дар поёни саҳифаи охирин изҳороти панҷ-шиш сатрии Шайхзода чоп шуд ва
баъд аз ин ӯро зуд ба зиндон гирифтанд ва ба ҳабси бисту панҷ сол маҳкум
намуданд. Баъд аз вафоти Сталин Шайхзода озод шуд, аммо илҳоми саршор
ва ҷӯшу хурӯши эҷодии қаблӣ дигар ба ӯ барнагашт.
Дар шабе ки мо бо Шайхзода дар факулта мулоқот ташкил намудем, бо ӯ
наздиктар ошно шудам. Вай зуд-зуд ба радио меомад ва баромад мекард.
Ҳар бор бо ман гарм пурсупос менамуд ва ба лаҳҷаи форсӣ сӯҳбат мекард.
Ба назарам соли 1947 буд, ки Узбекистан ҳосили пахтаро бори аввал ба
ҳадди миллион тонна расонид ва ин воқеаро чун тӯю сури халқй ҷашн
гирифтанд. Шайхзода ба ин муносибат “Миллион” ном шеъре навишт ба
шаклиозод. Шеър ниҳоят хушоҳанг, мутантан ва муассир буд. Маниншеърро
ба тоҷикй гардондам ва аз Шайхзода хоҳиш намудам, ки тоҷикии шеърашро
худаш хонад. Розй шуд. Бо овози пурҷозиба ва талаффузи форсию озарй
шеърро хеле хуб хонд. Бз назарам худаш хам аз хонданаш лаззат мебурд.
Рузе дар редаксия нишаста будам, ки шоир Ғафур Гулом омад. Мисли
ҳамеша хумори май дар cap дошт. Бе ҳеч такаллуф аз рӯ ба рӯи ман нишаст.
— Ман туро аз ҳамон шаби мулоқоти донишҷӯён мешиносам ва дӯст ҳам
медорам, - гуфт ӯ бе муқаддима. - Радиои тоҷикиро гӯш мекунам ва нагз
мефаҳмам. Хусусан шеърҳои тоҷикиро, ки ту мехонй. Чунки ман авлоди
Бедил ҳастам ва Бедил пири ман аст. Шайхзода шеъри тоҷикиро хонд,
шунидам, аммо вай худ шеъри форсй навишта наметавонад. Ман бошам ба
форсй газал менависам. - Вай аз багалкисааш чанд варақ когаз бароварда
пеши ман гузошт. - Ана ин ғазалҳои ман. Канй хонда бин, чй тур аст?
Варақҳоро гирифта дидам. ки чанд газал ба забони тоҷикӣ дар мошинка
чоп шудааст. Баланд-баланд хондам, Гафур Гулом бо диққат гӯш мекард.
__Ғазалҳоро ман аз назари Мунирхон Муинзода мегузаронам, баъд он
кас ба ту мерасонад ва ту аз радио мешунавонӣ.
Бо ҳамин сӯҳбати мо тамом шуд ва Ғафур Ғулом ба редаксияи узбеки
рафт. Ғафур Гулом шоири тавоно ва номдори ӯзбек буд. Каси ринд, тунд,
ҳаззол ва дар муомила ноустувор буд. У бештар бо тундравию тундгуиҳояш,
баъзан бо ҳазлу шӯхиҳои духӯрааш одамонро меранҷонд ё беҳуда таҳқир
менамуд. Дар мулоқоти факултаамон дӯсти ман Ҳайитметов шеъре бо номи
“Оянда аз ту ҷавоб мехоҳам” қироат кард. Шеър оҳанги маҳзунона ва каме
навмедона ҳам дошт. Дӯстам хондани шеърро тамом карду Ғафур Ғулом
зуд аз ҷояш хеста "Ояндаат дурахшон аст, аммо ту бояд на ба ин оҳангу
чашми навмедӣ ба оянда нигоҳ кунй!” ва мисли ин суханҳои сахт гуфта
ҷавонро мазаммату маломат намуд. Хулоса дар чандҷое ки у буд, аз суҳбат
ва гуфтор бо вай худдорй мекардам.
ҲУНАРПЕШАГОНИ БУХОРИИ ТЕАТРИ “ҲАМЗА”
Бисёр орзу доштам, ки дар барномаҳои тоҷикӣ асарҳои драматургони
тоҷику русу ӯзбек садо диҳад. Пекин дар Тошканд нишоне аз ҳунарпешагони
драмавии тоҷик ё тоҷикзабонро пайдо карда наметавонистам. Боре ба
редаксияи адабии ӯзбекии радио ду-се нафар ҳунарпешагони театри
машҳури ӯзбекии “Ҳамза" омаданд. Онҳо бо мудири редаксияи узбеки дар
бораи барномаи оянда сӯҳбат мекарданд. Баъд аз тамом шудани суҳбат аз
байни ҳунарпешаҳо зани қоматбаланди хушгилу паричеҳра назди ман омаду
гуфт: _ ^
__Ман аз театри “Ҳамза” ҳастам. Номам Муҳаббат Мӯсоева. Овози
форами тоҷикиатонро мешунаваму лекин худатонро акнун дидам.
Барномаҳои тоҷикӣ ба ман хеле маъқул аст.
— Шумо тоҷик ҳастед? - бо ҳайрат пурсидам ман.
— Ҳа, ман аз Бухоро мешавам.
— Хайрият тоҷикиро фаромӯш накардаед.
— Охир одам забони худашро фаромуш мекунад?
__Истед ки мехоҳед ба забони тоҷикӣ дар барномаи мо иштирок кунед?
— Мехоҳаму лекин машқ карда дидан лозим аст. Тоҷикиро медонаму
аммо дар саҳнаву радио ба тоҷикӣ баромад накардаам.
__Хайр, ман махсус барои шумо ягон чизи хуб тайёр мекунам, ба назарам
машқ кунед, ба тоҷикӣ нағз баромада метавонед.
Баъд аз фикру андешаҳои бисёр қарор додам, ки порчаеро аз драмаи
“Маскарад"-и Лермонтов тарҷума кунам. Як моҳ зур зада саҳнаи Арбенин ва
Нинаро (ба Нина заҳр додани Арбенин ва ба ҳалокат расидани Нина) тарҷума
кардам. Тарҷума олӣ набошад ҳам, лекин шеъриятва драматизмиасардар
тоҷикй то андозае ҳифз шуда буд. Саҳна ҳамаги 30 дақиқа буд. Муҳаббат
Мӯсоеваро даъват карда, матнро як бор ҳамроҳ хонда баромадем. Ду-се бор
ба ҳамин тариқ такрор шуда буд, ки забони Муҳаббат Мӯсоева кушода шуд.
Ниҳоят саҳна тайёр шуду аз радио пахш кардем: ман Арбенину Муҳаббат
- Нина. Онҳое ки шунида буданд, таърифу ситоиш карданд. Вале гапи ҳақро
Султон Умаров - он вақт ректори донишгоҳи Тошканд - гуфт:
-104-
— Шумо хеле хуб хондед, лекин ҳамчун диктор хуб хондед. Ҳунари
артистии Мӯсоева хеле нағз ҳис карда мешуд.
Барнома шояд ба дараҷаи дилхоҳ сурат нагирифта буд, вале муҳиммаш
ин буд, ки ба воситаи Мӯсоева ба театри овозадори ба номи “Ҳамза” роҳ
кушода шуд. Маълум шуд, ки дар театри ба номи Ҳамза чанд ҳунарпешаи
маъруфи бухорӣ будаанд ва онҳо дар аксари намоишномаҳо неқшҳои
асосиро иҷро мекардаанд.
Ба редаксияи адабии ӯзбекӣ аз театри ба номи Ҳамза Шариф Қаиюмов
ном артист омаду рафт дошт, ки ҳамчун режиссёр барномаҳои адабию
драмавии ӯзбекӣ тайёр мекард. Маълум шуд, ки ин артисти халқии
Узбекистон низ бухорй будааст.
Рузе бо Шариф Қайюмов мусоҳиб шудам ва орзуи худро гуфтам, ки кош
артистони бухориюласли театр дар барномаҳои тоҷикӣ иштирок мекарданд
ва саҳнаҳои майдаи инсенировкавиро иҷро менамуданд. Шариф Қайюмов
гуфт, ки ин фикри дуруст аст ва артистони бухории “Ҳамза” ҳоло забонашонро
гум накардаанд ва метавонанд аз радио баромад кунанд.
Бо машварати Шариф Қайюмов “Хирургия" ном ҳикояи Чехов ва боз як
порчаи қиссаи Гоголро дар бораи Иван Иванович ва Иван Никифорович
тарҷума кардам. Шариф Қайюмов матни барномаро гирифта рафт. Баъдаз
даҳ-понздаҳ рӯз артистон хостанд, ки репетитсияи пешакиро дар ҳузури ман
гузаронанд, то бидонанд, ки забони тоҷикиашон чӣ гуна аст. Ин ҳунарпешагон
артисти халқии Ӯзбекистон Лутфулло Назруллоев, артисти халқии Узбекистон
Ҳикмат Латифов (бародари шодравон Латиф Латифов - артисти театри ба
номи Лоҳутӣ), худи Шариф Қайюмов ва боз як нафар ҳунарпешаи ҷавони
бухорй буданд. Забони тоҷикии онҳо каме лағзиш дошта бошад ҳам, забони
тозаи тоҷикии бухорй буд. Аҳсант гуфтам, ки дар муддати қариб бист сол, ки
аз Бухоро ба Тошканд омада шабу рӯз ӯзбекиро машқ мекунанд, забони
модарии худро нағз ҳифз намудаанд.
Намоиши аввалини адабй-драмави ниҳоят хуб гузашт. Ман хеле шод
будам, ҳунарпешагон аз ман ҳам зиёдтар хурсанду қонеъ буданд. Хурсанд
буданд, ки ба забони тоҷикии худашон тавонистанд хунарнамои кунанд.
Баъд аз ин ҳам боз ду-се порчаҳои хурди драмавй пахш кардем. Артистони
бухориюласли тоҷики театри ба номи Ҳамза гӯё дар гӯшаи бахши тоҷикии
радио бӯи ватани худро ҳис мекарданд. Мо бо ҳам унс гирифтем, улфат
шудем. Акнун дар фикри он будам, ки намоишномаи номдори ин театрро бо
тарҷумаи мухтасар аз радио бишунавонам. Интихоб ба спектакли Навои
қарор гирифт. Пиесаи “Навой", ки ба қалами Иззат Султан ва шоир Уйгун
таълиф шуда буд, солҳо аз саҳна намефаромад ва аз намоишномаҳои
дӯстдоштаи халқ буд. Дар ин хусус бо Шариф Қайюм суҳбат кардам ва
пурсидам, ки оё иҷрокунандаи нақши Навой, артисти халқии Иттифоқи совети,
яке аз санъаткорони номдори саҳнаи узбек Олим Хоҷаеви бухориюласли
тоҷик розй мешуда бошад, ки нақши шоири бузурги ӯзбекро ба забони тоҷики
иҷро кунад. Шариф Қайюм гуфт, ки он кас ҳатман розй хоҳанд шуд.
Олим Хоҷаеа (1910-1977) шахси хушодоб, зиёинамо, хушлибос ва
хушандом, болоқаду мавзун буд. Айнакитиллоияш ба чашмони табассумбор
ва чеҳраи сафедгунаш хеле мувофиқ афтода буд. Шахси хеле нарм, дар
-105-
муомила дилкаш ва хушгуфтор - хулоса як нафар муллозодаи ҳақиқии бухорй
буд. Олим Хоҷаев дар театри ба номи Ҳамза бисер нақшҳои классикй ва
миллй офарида буд. Аммо, ба назари ман, нақши “тоҷвари” ӯ нақши Ҳамлет
ва Алишер Навой буд.
Олим Хоҷаев пешнихдци маро бо ризоияти мамнунона қабул кардааст.
Баьд аз ин бо он кас сӯҳбате ҳам доштам, аз Бухорову аз таърихи театру аз
санъати волои саҳна ва ғайра. Шахси донову ҳамсӯҳбати хубе ҳам буд.
Муддате ба тарҷумаи мухтасари (варианти радио) драмаи 'Навой” машғул
шудам, саҳнаҳои беҳтарин, лаҳзаҳои пурҷозиба ва драматизми асарро
интихоб кардам. Монолог ва диалогҳои манзуми пиеса, алалхусус Гуливу
Навоиро ҳатталимкон нигоҳ доштам. Ба ҳунарпешагон оҳангу садои тоҷикии
драма хеле писанд омад.
Ниҳоят пиесаро аз радио пахш кардем. Бо сарварии Олим Хоҷаев ҳамаи
ҳунарпешагони номдор ва маъруфи бухории театри ба номи Ҳамза ба
ҳамроҳии артисти халқии Ӯзбекистон Марям Ёқубоваи ях,удӣ дар барномаи
адабию драмавй иштирок карданд. Муваффақияти барнома борҳо зиёдтар
аз чашмдошт буд. Пеш аз ҳама роҳбарияти радио ва кормандони
барномаҳои адабии ӯзбекй ин драмаро ба забони тоҷикӣ бо шавқу ҳавас
гӯш карданд. Овози артистони ошнои онҳо ба тоҷикӣ садои муассире
додааст. Ҳама ба як овоз ба ширкаткунандагони пиеса аҳсанту офарин
хонданд. Шунавандагони ҳамешагии тоҷики мо низ ба воситаи телефон
эҳсоси хурсандӣ ва қаноатмандии худро изҳор менамуданд... Баъд аз ин
спектаклро ба навор сабт кардем (дар он вақтҳо лентаи магнит акнун ба
радио омада буд ва онро беҳуда сарф намекарданд) ва бо хоҳиши
шунавандагон борҳо пахш намудем. Бо бовари комил гуфта метавонам, ки
радиоспектакли “Навой” қуллаи баланди равнақу ривоҷи барномаҳои
мусиқиву адабию драмавии тоҷик дар радиои узбек буд.
Мо дар ин вақт (қариби охири соли 1947) чунон ки дар боло гуфтам,
ансамбли худро доштем, овозхонҳои “штата” доштем. Аз ин овозхонҳо ду
нафар баъдтар санъаткорони номии Узбекистан шуданд. Яке аз онҳо Исҳоқ
Катаев буд. Вай дар курси саввуми института ҳуқуқшиносии Тошканд таҳсил
мекард ва ба воситаи Яъқуб Довудов ва ҳамкурсаш Камол Афзалй ба
ансамбли тоҷикӣ дохил шуд. Овози хуб дошт, оҳангҳоро хеле ширадору
форам мехонд. Аз Яъқуб Довудов чандин сурудҳои “Шашмақом” ва халқиро
ба хубӣ омӯхт. Баъд аз хатми институт ба касби ҳуқуқшиносӣ машғул нашуда,
бо шавқу ҷонсупории том ба роҳи санъат рафт. Дертар овозхони номй шуд
ва дар иҷрои сурудҳои “Шашмақом" аз пешқадамон буд. Соли 1987 ба ҷашни
шастсолагии Барно Исҳоқова ба Душанбе омад. Баъд аз сию ҳафт сол
ҳамдигарро дидем. Тошкандро ба хотир овардем. Бо миннатпасириву
шукронаҳо гуфт, ки дастгириву мадади ман ӯро ба роҳи санъат ҳидоят намуд.
Соли 1997 ӯро дар Ню-Йорк дидам. Се сол пеш аз Тошканд ҳиҷрат кардааст.
Ба иллати ҷарроҳии дил аз сурудхонй бозмондааст, ҳоло ҳам овози хуб
дошт, дар синагоги яҳудиён дуову ниёиш мехондааст.
Овозхони ҷавони дигар Сосон Бенаминов буд. Уро ба ансамбл бо тавсия
ва тарғиби Тамарахонуми машҳур қзбул карда будем. Баритони хуб дошт,
баробари оҳангҳои халқӣ, сурудҳои оҳангсозони муосирро бо пианино низ
-106-
мехонд. Дертар ба таҳсили консерватория рафт ва баъд аз хатми ин
донишгоҳ дар Театри академии опера ва балети Узбекистон аз солистони
мумтоз ва дараҷаи аввалин ва соҳиби нишону унвонҳо низ шуд.
Бахши тоҷикии радиои Узбекистон дар тарғиби сиёсати маданиву
фарҳангӣ, дар тарбияи эстетики ва маънавии мардум аз марказҳои бонуфуз
ва тасъирбахши ҳизби коммунистй ва давлати Узбекистон гардид. Баробари
ҳамин бахши тоҷикӣ минбари тавоно ва обрӯманди адабиёту маданияти
тоҷикон буд, ки ҳам аз ҷиҳати таърихй ва ҳам аз ҳайси инъикоси вазъи онрӯзаи
фарҳанги тоҷикон хидмати шоистаеро анҷом медод.
Вуҷуди барномаҳои тоҷикӣ ва равнақу пешрафти он самараи дустии
таърихӣ ва қудратманди тоҷикону ӯзбекон буд, ки чун саҳифаи дурахшон ва
ибратангези ҳамбастагй дар таърихи халқҳои мо хоҳад монд.
Шукуфоии ин маркази фарҳангии тоҷикон пещ аз ҳама ба ҳиммат ва
ғамхории самимии ҳизби коммунистй ва давлати Узбекистон вобаста буд.
Дар ривоҷу густариши беназири барномаҳои тоҷикӣ хидмати
равшанфикрони тоҷик ҳам аз Узбекистану ҳам аз Тоҷикистон бузург буд.
Аммо ҷои худситоӣ нест ва пӯшида ҳам нест, ки ташкил ва амалй сохтани
ҳамаи чорабиниҳои вусъат додани барномаҳои адабию мусиқию драмавию
фарҳангии тоҷикӣ ба ӯхдаи ман, донишҷӯи ҷавони Донишкадаи шарқи
Тошканд вогузор буд.
Таҳсили донишгоҳ ва вазифаи пурмасъулияту пурборро дар радио иҷро
кардан қуввату заҳамоти зиёдеро тақозо мекард. Соати 8 сари дарс ҳозир
шудан, вазифаҳои ҳаррӯзаи устодонро сари вақт иҷро кардан ва пас аз дарс
ғизое хӯрда - нохӯрда ба радио рафтан, барномаҳоро омода намудан, бо
ширкаткунандагони барномаҳо ба воситаи телефон ё биловосита мулоқот
кардан ва сипас соати шаши бегоҳ муддате чанд фориғ шуда, шоме масриф
кардан ва боз бегоҳ соати ҳафт ба кори дикторӣ ё хондани барномаҳои
адабӣ ҳозир будан - кори саҳл набуд. Дар чунин шароит танҳо аз соати 9-10
шаб имкон доштам, ки бо такрор ва тайёрии дарсҳо машғул шавам.
Дар хусуси рӯзҳои душвор ва пурбори донишҷӯй ва роҳбарии редаксияи
тоҷикӣ ба хона, ба падару модарам номаҳо навиштаам. Ин номаҳо ҳарчанд
аз кору машғулиятҳои ниҳоят зиёди ман нақл мекарданд, вале имрӯз дар
онҳо оҳанги шикояту ранҷи хастагиро ҳис намекунам. Ин номаҳоро падари
бузургвор бо эҳтиёт нигахдорй кардааст ва баъд аз вафоти ишон тасодуфан
аз тахиона пайдо карда будам. Ба назарам, баъзе номаҳо мафқуд шуда,
баъзеи онҳо фартут ва рангпарида гаштаанд. Бо вуҷуди ин дар номаҳо
муҳити таҳсил ва шароити кори радио, инчунин андешаву ормонҳои солҳои
ҷавонӣ инъикос гардидааст.
Хондани ин номаҳо баъд аз панҷоҳ сол хеле шавқовар буд ва гумон
мекунам чанд порчаи онҳоро икр-ибос намудан барои ҷавонон ибратангез
хоҳад буд.
Баъд аз як-ду моҳи ба Тошканд омаданам ба хона мактуб навишта, роҷеъ
ба ахдмияти факултаи шарқ ва азму ниятҳои худ чунин изҳори ақида карда будам:
“Факултете ки мо дар он ҷо мехонем, ояндаи пуршарафе дорад. Зеро чи
хеле ки рӯзе муовини (раиси) комиссарони халқи Узбекистон раф. С.Умаров
омада гуфт, “республикаи Узбекистон ба мо бо дидаи умеду орзу
-107-
менигарад’. Ман фикр мекунам, ки дар чунин шароит дар Тошканд азми
хондан намудам, инак охири кор (бояд) дорой як муваффақият шавад. Зеро
ба Тошканд омадани ман фақат баъзе масъалаҳои маҳдудро дар бар
нагирифта, балки ин панҷ соле ки ман ба он розй шудам, бояд ояндаи маро
ҳал кунад. Такдири ин панҷ солро, албатта, бе шак соли аввалин ҳал хоҳад
кард. Барой ҳамин хеле умед, хаёл ва шавқу завқи бузурге дорам.” Охири
октябри соли 1944.
“Аз якуми моҳи июн Кибриёхонум ба семох,а отпуск баромаданй. Дар
редаксияи тоҷикӣ ба ҷуз ман каси дигар намемонад...Ба болои ин
шунавониданҳои тоҷикй боз бисёртар карда шуд. Ба ҷуз ин дар муддати
наздик бо қарори махсус шӯъбаи тоҷикии мо хеле васеъ карда мешавад.
Барой ҳамин корҳо хеле нағз мешавад". 15 май, 1946.
“Ҳамчунон кор бисёр шуд, ки ҳатто “ба cap хоридан” даст нарасида монд.
Хонданҳо рӯзе 8 соат. Ба ҷуз ин дар радио боз кор ҷӯш зад. Бисёртарини
шунавониданҳои форсӣ ҳам ба зиммаи мо афтод. Барой ҳамин ҳам ҳамаи
истироҳат ва роҳатҳои кардагиамон ба як пул баромада, боз ба ҳамон ҳолати
аввала афтодем". 21сентябр, 1947.
Аз ҳикояти корҳои радио ва оҳанги порчаҳои мактуб чунин натиҷа
бармеояд, ки миқёс ва масъулияти бахши адабию мусиқии тоҷикии радио ба
ҳадде буд, ки шахси масъул бояд аз корҳои дигари туфайлй ва иловагӣ озод
ва танҳо бо иҷрои ҳамин вазифа машғул бошад. Кори радио ҳарчанд
шавқангез, бо ифтихору эҳтиром ва хусусан аз ҷиҳати моддй дар он солҳои
душвору мушкил ҷолиб ва ҷозиб буд, вале ин корро дар зиндагии худ як
марҳилаи гузаранда, як давраи таҷрибаандӯзиву таъминоти маишй
мепиндоштам, Бо вуҷуди ин ҳар чи дар доираи имкону тазон буд, аз самими
дил иҷро мекардам. Мақсади асосӣ, орзуву умед, саъю химмати ман он буд,
ки аз донишкадае, ки солҳо орзуи онро доштам, донишу илме бардорам, ки
ояндаи маро муайян ва равшан созад. Дар ин бора чй фикру андеша доштам
ва чй орзуҳое мепарваридам, дар мактубҳоям ба хона ва пеш аз ҳама ба
падэрзм мензанштзм. Хондани ин саҳифаҳо хеле шавқовар аст ва рӯҳи
ҷавонро дар тафаккур муҷассам менамояд.
“Корҳоям бад не. Зиндагсниам ҳам хуб. Хондан аз вай ҳам дуруст Ҳоло
диққати бисёрро ба хондан дода истодаам Ба наздикй маро ба қатори
стилендиати сталинй гузарониданд. Ман аввал розй машудғм, аиле онҳс
миёнагир карда намонда анкета ва дигар хуҷҷатҳоро пур карда гирифтанд.
Сабаби розй нашудан ин буд, ки ман дар мактаб хеле кам иштирок мекунам.
Ба корҳои ҷамъиятй инчунин кам машғулам. Танҳо раиси Президуми гӯшаи
илмиам (Председател студенческого научного кружка по изучению истории
кулътури народов Средней Азии/. Ин кор ба ман хеле маъқул ва ба
мувзффақиятҳо соҳибам. Валекин кору хондан хеле душвор. Ҳама ба ман
ҳайрон мешаванд ва мегӯянд, ки “шумо чй хел мекунед, ки ҳам хонданро хуб
мебаред, ҳам коратонро?” 15 март 46.
Пораи дигар аз номаи ин ҷониб
"Дар зарфи моҳҳои охирин ман аз кружоки илмй як мавзӯъ гирифта будам:
“Рашидиддин ва Ғозонхон.” Дар болои ин тема хеле бисёр кор кардан лозим
омад. Зеро дохлади ман дар конференсияи студентон гузошта шуда буд.
-108-
Чанд рӯз дар болои ин хеле ҷидди ва аз тах,ти дил кор кардам. Аксари
маъхазҳо ба забонҳои аҷнабӣ буд. Барой ин чанде аз корҳои радио х,зм
даст кашидам. Барой дар назди муаллимин ва толибин шарманда нашудан
ҳаракат кардам. Худоро шукр, 10 моҳи май докладро кардам. Ба забони
русй. Сазовори ҳурмат ва таърифи роҳбари ман гардидам.
Акнун дар радио кор кардан барои ман хеле душвор шуд. Зеро бе ин ҳам
дар мактаб кор бисер. Дар натиҷаи таҷрибаи қадами аввалин дар соҳаи
кори илмй чунин хулоса баромад, ки барои ман ҳоло бисёр кор кардан лсзим
аст. Ба он дараҷае ки орзуи ягонаи ман аст, расидан кори хеле вазнин буда,
меҳнати бисер талаб мекардааст". 15.У.46.
Ва ниҳоят андешаву фикрҳое ки солҳои ҷавони аз таҷрибаи зиндагонии
танҳой ҳосил шудааст:
“Пас аз аз Самарканд омадан корҳоям алалхусус дар мактаб бисер шуд
Инчунин пас аз Самарқанд тамоми кирдору рафтор ва фикрҳои худро ба
табдил додан ноил гардидам... Фикр мекунам, ки ҳарчанд дар вақти хондан
кас бисёр пул гирад, одам ҳамон қадар аз хондан монда, ҳамон қадар қадри
вақти мактабиро надониста гузашта мераЕад ва охир ба дараҷаи паст расида
мондани худро ҳис накарда мемонад. Дар мактаб ба корҳои ҷамъияти ва
факулта бисёртар машғулам. Зеро барои ояндаи ман мактаб - факулта лозим
аст. Радио, гарчанде дуруст кор кунам, маро ба ҳеч ҷо бурда наметавонад.
Ба ҷуз пул ёфтан, ба ҳаёт лаёқат доштан дар ин синну сол муайян нахоҳад
шуд. Дар ин айём инсон барои таъминоти моддии худ ба ҳар роҳ медарояд,
ҳар кореро мекунад, то ҳаёти хуб ба cap барад. Вале дар натиҷа чи тавр аз
ҷамъият дур шуда партов шуда, мондани худро нафаҳмида мемонад.
Душвориҳои чандрӯзаи хусусан давраи студентй набояд одамро навмед
созад. Пас аз итмоми хондан ба оғозе, ба коре агар чунин душвори давом
кунад, пас кас (бояд) шикоят аз бахти номусоид ва белаёқатии худ кунад.
Барои ҳамин дар вақти хондан ба душворӣ тоқат бояд намуд. Агар ҷоиз
бошад ба қадри имкон мусоидати х,оли худ пайдо намуда, ҳаёти ҳақиқии
студентӣ ба cap барад. Танҳо дар ҳамин сурат ба қадри хондан, ба қадри
илм ва ниҳоят ба қадри ҳаёт мерасад.
Аз ин сабаб дар радио корро камтар кардам. Ба ман ҳар моҳ 2000 е joou
кор карда, аз хондан дур шудан чй лозим? Бигузор ҳазор сӯм ё яку ним х,азор
сӯм кор кунаму хондани нормалии худро давом диҳам.
Гарчанде фалсафа ва сафсатаи бисёре навишта шумоёнро дилгир
намуда бошам ҳам, вале ҳаминро барои худ зарур шуморидам”. 25.1У.4$Г
Бале, хондан, дониш андӯхтан ва бо роҳи илм рафтан мақсад ва ҳадафи
зиндагии ман будааст. Аммо дар ифои вазифа дар радио ҳеч гоҳ фурӯгузори
накардаам ва он чи дар доираи тавону имкон буд, ба иҷро мерасонидам.
Кори радио барои таҷрибаи зиндагии ман, барои коромузй аҳамияти бузург
дошт. Ба воситаи кори радио ба доираи зиёиёни гуногункасби санъату ҳунар,
ба сӯҳбати шахсони шинохтаи Узбекистону Тоҷикистон шарафёб шудам, аз
онҳо одамият, муомилат, донишу огаҳй дар риштаҳои гуногуни адабиету
санъат, шеъру мусиқиро омӯхтам. Ин донишгоҳи дуввуми зиндагии ман буд.
Барномаҳои тоҷикии радиои Узбекистан берун аз марзи ҷумҳури низ
шӯҳрату овоза дошт. Тоҷикони бурунмарзи ва умуман мардуми форсизабон
-1 ()<:■•
шунавандаи барномаҳои тоҷикии радиои Тошканд буданд. Роҳбадияти радио
ин таъсир ва нуфузи барномаҳои тоҷикиро ба эътибор гирифта, чанд муддат,
то ташкил ёфтани редаксияи барномаҳои хориҷӣ барномаҳои форсиро ба
зиммаи мо гузошт.
Барномаҳои тоҷикии мо дар Тоҷикистон маъруфияти калон дошт. Дар
аввали соли 1947 бо Кумитаи радиои Тоҷикистон робитаҳои эҷодӣ барқарор
намудем. Дар ҷашнҳои ду ҷумҳурӣ табодули барномаҳои Тоҷикистону
Ӯзбекистонро ташкил мекардем.
Дар ҳамаи барномаҳо, дар хондани хуҷҷатҳои муҳимтарини давлатию
ҳизбӣ ва тарҷумаи маърӯзаҳои сарони Маскаву Узбекистан наттоқ - диктор
ман будам. Дар муддати як-ду сол садои ман сайқал ёфта, оҳанг ва танини
он фораму дилчасптар гардид. Таърифу тавсифи хондану оҳанги садоямро
аз ҳама мешунидам. Албатта, ин барои ман хеле гуворо ва боиси ифтихор
буд. Аз ин ифтихори худ танҳо як бор ба хона ба падарам навишта будам:
“Дигар, аз таърифи худ баён кунам. Овозаи маҳорати хониши ман
(дикторӣ) дар ҳама ҷо мунташир гаштааст. Аз Сталинобод ҳамеша аз
одамони дуруст фикрбаёнкуниҳои хуб омада меистад. Ҳатто баъзе одамон
мегӯянд, ки барои маро шунидан дар Сталинобод аз 3 санг роҳ меомадаанд.
Ҳамин хел гапҳо! Ин бодигӣ не!” 16 феврали соли 1946.
САФАР БА СТАЛИНОБОД
Роҳбарияти радио чанд бор пешниҳод карда буд, ки барои густаришу
истеҳком додани робитаҳои радиои Тоҷикистону Узбекистан ба Сталниобод
сафари хидматӣ анҷом диҳам. Пекин дар рафти таҳсили донишгоҳ имкони
сафарро надоштам. Ниҳоят моҳи августи соли 1947 сафари Сталинобод
дастдод.
Ин сафарро метавонам сафари нахустини худ ба Сталинобод туям,
ҳарчанд саёҳати мухтасаре соли 1936 дар вақти хурдсолиам вокеъ афтода
буд. Инак баъд аз даҳ сол боз дар ҳавлии нависандагон дар хонаи собиқи
Суҳайлӣ - ва дар ин вақт хонаи Фотеҳ Ниёзй - манзил гирифтам. Ниёзй дар
ин хона пеш аз ҷанг бо оила ва модару хоҳарону додараш зиндагй мекард.
Баъд аз ба ҷанг рафтану дар Тошканд дар ифои вазифаи ҳарбӣ буданаш ин
ҷо хонаводаи он кас зиндагй мекард. Дар ин сол, ки Фотеҳ Ниёзй барои
таътил ба Сталинобод омада буд, маро меҳмони худ қабул кард Дар муддати
кӯтоҳ бо модару хоҳарону ягона додари ишон Шавкатҷон дӯсту улфэт шудем.
Дар ин сафар саодате рух намуд, ки аз қадами аввалин ба муҳити адабй,
ба зиндагонии ҳамарӯзаи нависандагон ва ба як доираи дӯстонаву
хешовандии онҳо дохил шудам. Дар ин хона Мирзо Турсунзода, Мирсаид
Миршакар, Самад Ғанӣ, Зиёдулло Шаҳидӣ, Боқӣ Раҳимзода зиндагй
мекарданд. Аҷаб зиндагии аҳлона, шоирона, риндона, хирадмзндонаву
ибратомӯз - ва агар имрӯэ гӯям - нстакроре доштанд онҳо дар ин хонаву
ҳавлии аз нигох,и имрӯз дарвешонаву хилватгузинона. Занҳо аксаран дар
рӯи ҳавлй хӯрок мепухтанд. Бегоҳй, ки сояи дарахтон ҳавлиро сарду салқин
мекард, ҳар кас болои кати худ бо ахди хона ҷамъ меомаданд, ғизо мехӯрданд
-ПО-
Баъд аз сарфи ғизо мардҳо дар як каравот, занҳо дар каравоти дигар ҷамъ
шуда, сӯҳбатҳои ширин мекарданд, шоирон латифаву зарофат мегуфтанд...
Дар фазой ҳавои тозаи ҳавлӣ нафаси латифу бесубори бошандагони ин
даргоҳ меҳрпарвару меҳрогин буд, хандаву қоҳқоҳи гушнаеозу ҳаётбахши
онҳо баланд мешуд... Ва пас аз ин як осоишу оромиш бол меафганду ҳама
дар зери ин болҳои парниён ба хоби роҳат месунуд.
Рузе чанд тан адибону шоирони сокини ҳамин ҳавли ба саири дараи
Варзоб баромаданд ва бандаро ҳам ба ҳайси меҳмон ҳамроҳ гирифтанд.
Ман дар чанд рӯз бо шоирону адибон, ки танҳо бо номашон ба эҳтирому
муҳаббат ошноӣ доштам, ҳамнишин шудам, дар суҳбати онҳо далертару
қаринтар гаштам.
Мо дар назди чашмае дуртар аз лаби дарё нишастем.
Кӯҳу кӯҳсорон барои ман тамошои нав набуд. Дар бачаги дар иҳотаи
кӯҳсору насими дарёи Зарафшон чанд солҳоро сипари карда будам. Аммо
манзараи кӯҳҳои Варзоб, ҷараёни об ва шаффофию Софии он намой дигаре
дошт. Ман аз сӯҳбати адибону шоирон лаззат мегирифтам, аз ҳавои тозаи
дараи Варзоб ва боди салқини оби дарь озодона ва ҳарисона нафас
мекашидам.
Яке аз ҳадафҳои сафар ҷамъ намудани ашъори нави шоирон ва ҳикояву
порчаҳои мансури нависандагони тоҷик буд. Дар ин кор аз кумитаи радио
кӯмак хостам ва кормандони шӯъбаи адабй маводи фаровон омода карданд.
Дигар аз Миршакар ва Мирзо Турсунзода хоҳиш намудам, ки чанд шеъри
навашонро барои пахш кардан аз радиои Тошканд таҳвил кунанд.
Баъди ду рӯз субҳ баъди ношито Турсунзода руи ҳавлӣ мародида гуфт,
ки шеърҳо тайёр аст ва ҳозир метавонад ба ман бидиҳад. Ман рӯи каравоти
рӯ ба рӯи хонаи он кас нишаста, мунтазири овардани шеър будам.
Турсунзода бо яктаҳи беқасаби тунук дар бар чанд тахта коғази оҳари дар
даст аз хона баромада, дар рӯ ба рӯи ман нишаст.
— Ман аз таассуроти сафари Ҳиндустон як силсила шеър эҷод кардам.
Аз ин шеърҳо барои радиои Тошканд ду шеърро интихоб кардам.
Турсунзода болишро зери оринҷи худ гузошта ба як паҳлу нишаст.
__Ман яктои ин шеърро барои шумо хонам. Ҳозир аз мусаввада покнавис
кардам, канй бинем чй хел баромадааст. Шеър дар васфи раққосаи машҳури
ҳинд Тара Чандри иншо шудааст.
Турсунзода бо садои на чандон баланд ба таанни ба хондани шеър
шурӯъ намуд. Ман гӯш мекардаму тадриҷан ба олами афсонавии Ҳинд, ки
шоир хеле ҳассосона тасвир ва тараннум намудааст, дохил мешудам. Шеър
чун мусиқӣ садо медод ва дар паси пардаи мусиқӣ симои раққосаи ҳинд ба
назар ҷилвагар мешуд. Дар Тошканд аз шоири тоҷик то имрӯз шеъре гӯш
накардаам. Инак ҳоло шоири тоҷик, шоири пешқадами имрузи тоҷик барои
ман шеър мехонад. На, вай на танҳо барои ман, балки барои миллионҳо
шунавандагони мо шеър мехонд. Фахр мекардам, ки аввалин шунавандаи
шеъри нави шоир ҳастам. Ниёзй гуфта буд, ки Турсунзода ба қариби аз
сафари Ҳиндустон баргаштааст. Бо таассуроти бузург ва тафаккуроти нави
ҷолиб. Ҳоло аз таассуроту хотираҳои сафараш шеър менависад. Пекин
гумон накарда будам, ки ман шеърҳои ҳанӯз эълон нашудаи уро мегирам.
Турсунзода варақҳои ба ранги бунафш ба ҳарфҳои хеле хонову яккачин
навиштаро ба дасти ман дод.
— Гуфтан мумкин аст, ки шумову шунавандаҳои радиои Тошканд аз
аввалинҳо хоҳанд шуд, ки ин шеърро гӯш мекунанд, -гуфт Турсунзода бо
табассуми гарм ва илова намуд. - Дирӯз аз Комитети марказй телефон карда
буданд. Рафиқ Пӯлодов ё рафик Ғафуров шуморо ба қабули худ даъват
карданӣ ҳастанд. Шумо пешакй тайёр шавед, агар баъзе хоҳишу пешниҳодҳо
дар бораи корҳои радио дошта бошед, ба онҳо мегӯед.
Баъд аз ду рӯз Ниёзй хабар дод, ки имрӯз баъди соати ду рафик, Пӯлодов
- котиби комитети марказии ҳизб оид ба идеология маро ба ҳузури худ даъват
мекунад. Ман дар бораи Пӯлодов аз ин пеш чанд бор аз Ҷаъфархон-амакам
шунида будам. Ин марди самарқандӣ аз ходимони номдори ҳукумат ва ҳизби
коммунисти Тоҷикистон буд. Баъд аз хатми мактабҳои сиёсиву ҳизбии
Самарканд ва иҷрои корҳои маъмуриву ҳизбй мисли бисёр зиёиён ва
коммунистони самарқандй дар аввалҳои солҳои сивум барои ривсҷу равнақи
ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон ба Душанбе меояд. Соли 1938 дар синни
32-солагй ба вазифаи Вазири маорифи Тоҷикистон маъмур мегардад.
Солҳои ҷанг дар сафи қӯшунҳои шӯравй хидмат намуда, баъд аз ҷанг котиби
кумитаи ҳизби коммунистии ҷумҳурӣ интихоб мешавад (то соли 1954). Сипае
боз чанд сол дар мақоми Вазири маорифи Тоҷикистон кор карда буд (соли
вафоташ 1979).
Шиносоии ман бо Тоҳир Пӯлодов дар камин соли 1947 сурат гирифта ва
баъд аз ба Душанбе омаданам борҳо бо ишон мулоқоту сӯҳбатҳои дустона
доштам. Солҳои дар нафақа буданаш чанд бор бо дӯстонам Ҳабиб Аҳрориву
Мидҳат Беҳбудӣ 6а дидор ва сӯҳбати зиндаёд расида будем.
Кабинети Тоҳиров дар бинои кумитаи мэрказии Тоҷикистон, ки баъд аз
ҷанг сохта шуда буд (ҳоло дар он ҷо Прззидиуми Академияи илмҳои
Тоҷикистон фаолият дорад), дар тарафи рости иморат воқеъ буд Пӯлодов
аз дақиқаҳои аввалин бе такаллуф ва бе таоруф сӯҳбат мекард. Дар борзи
барномаҳои тоҷикии радиои Узбекистан суханҳои хуб гуфт ва аз кормандони
радио, ки барои тоҷикон хидматҳои муфид анҷом медиканд, ситоиш намуд:
— Дар ин кор ва умуман дар равнақу ривоҷи маданияти ҷумҳурии
Ӯзбекистон хидмати Усмон Юсупов кзлон аст. Мегӯянд, ки вай аз ТОҶйКСг ‘и
водии Фарғона аст. Шояд ҳамин хел ҳам бошад. Пекин ran дар ин не. Гап
дар вусъати фикру сиёсати оқилонзи ин мард мебошад. Охир ман шоҳиди
онам, ки дар Самарканд солҳои бистум (он вакт пойтахти Узбекистан
Самарканд буд) роҳбарони ҷумҳурии Узбекистои - ҳатто Файзулло Хоҷаеви
тоҷикуласл - ба мукобили мактабҳои тсҷикӣ, забони таҷикӣ буданд. Айниву
зиёиёни точики Самарканд чй кэдарҳо ҷонфишонӣ карда, мактабҳои тоҷикй,
матбуоти тоҷик, нашриёти тоҷикро дар Самарканд нигоҳ доштанд. Дар ин
бобат Усмон Юсупов имрӯз чун марди сиёсатмадори хирздманд кор мекунад.
Як сол шуд, ки ба мақоми котиби аввали ҳизби коммунистии Тоҷикистон
Бобоҷон Ғафуров интихоб шуд. Баъд аз чандин солҳо бори аввалин аст, ки
ба котибии кумитаи ҳизб дар Тсҷикистон марди тоҷик интихоб мешавад. Ҳозир
рафик Гафуров барои баланд бардоштани иқтисоду маданияти Тоҷикистон
корҳои мукиммро анҷом медикад. Накшакои калон кам дооад Барои
-112-
Тоҷикистон ҳозир кадр лозим аст. Рафиқ Ғафуров барои муттаҳид намудани
кадрҳои тоҷик ҳам аз ҷумҳурии худамон ва ҳам аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя хеле
саъю кӯшиш мекунад. Ният дорем пеш аз ҳама олимони тоҷикро аз
ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба Тоҷикистон даъват кунем. Инчунин олимони
русро, ки берун аз Т оҷикистон бо тадқиқу таҳқиқи фарҳангу тамаддуни тоҷикон
машғуланд, ба Сталинободбиёрем. Бояд гӯям, ки аввалин шуда мо профессор
Андреевро ба Сталинобод овардем. Баъд кадрҳои ҷавони тоҷикро, ки дар
донишгоҳҳои шаҳрҳои дигар таҳсил мекунанд, даъват мекунем. Маскав саъю
кӯшишҳои Ғафуровро тарафдорй мекунад. Шахсан рафиқСталин ҳам. Шумо
нағз медонед, ки мо шахсан бо ташаббуси рафиқ Сталин соҳиби ҷумҳурии
комилҳуқуқи иттифоқӣ шудем. Ҳанӯз дар соли 1925 рафиқ Сталин баъди
ташкили мухторияти Тоҷикистон телеграммаи гарму ҷӯшон ба халқи тоҷик
фиристода, таърих ва қобилияти таърихии тоҷиконро таърифу тавсиф карда
буд. Соли 1941 дар зиёфати иштирокчиёни даҳаи санъату адабиёти тоҷик
ҳам тоҷикҳоро хеле ситоиш намуда буд.
Пӯлодов аз ҷой хеста сейфро кушод ва аз он ҷо як варақ коғазро гирифта
ба ҷояш омада нишаст.
— Ана ин стенограммаи ҳамон нутқи рафиқ Сталин дар зиёфати
иштирокчиёни Даҳаи тоҷик дар соли 1941.
Ман варақро гирифта, ба диққат хонда баромадам. Ин суханҳои ниҳоят
гарму муҳаббатомези Сталин дар бораи тоҷикон барои ман чун навиди самовй
садо медод. Хусусан суханҳои истиораомези Сталин дар бораи он ки
“тоҷиконро беҳуда тоҷик намегӯянд, онҳо тоҷи халқҳо мебошанд" ба ман
таассуроти калон гузошт. Ман аз зиёфати Кремл ба шарафи тоҷикон ва аз
сухани қадаҳвораи Сталин бехабар будам.
— Мо бояд сазовори ҳамин суханҳо кор кунем. Мақому обрӯи
руспубликаамонро сазовори ҳамин суханҳо баланд бардорем. Барои ин
пеш аз ҳама бояд зиёиёни мо камари ҳиммат банданд. Аз он ки шумо дар
Тошканд дар радио ба барномаҳои тоҷикӣ роҳбарӣ мекунед, мо хеле хурсанд
ҳастем. Рафиқ Ғафуров ин корҳои шумо ва ҳамроҳони шуморо таъриф
мекунанд. Мехостанд худашон шуморо қабул кунанд, аммо хеле банд
шуданд. Мо медонем, ки ҳозир дар Узбекистан нашриёту матбуоти тоҷик
мисли пештара нест. Фақат барномаҳои тоҷикии радио ҷои ин нуқтаҳои
муҳимро мегирад. Гуфтан мумкин ин чароғи тобони тоҷикон аст. Шумо бо
вуҷуди синни ҷавонатон вазифаи муҳимро иҷро мекунед. Умедворем, ки
шумо ва мисли шумо ҷавонҳое, ки имрӯз дар мактабҳои олии Узбекистан
таҳсил мекунанд, баъд аз хатми хониш ба Тоҷикистон меоянд. Мо бо чанди
онҳо алоқа дорем. Ба баъзеи онҳо стипендияи ҳукумати Тоҷикистонро таъйин
намудаем. Қарор додем, ки ба шумо ҳам стипедияи хоссаи ҳукумати
Тоҷикистонро таъйин кунем. Фардо назди ҷонишини Раиси Совети Вазирон
рафиқ Саломатшоев меравед, он кас хабар доранд, хуҷҷатҳои заруриро ба
расмият дароранд ва аз моҳи сентябр шумо соҳиби стипендияи Тоҷикистон
мешавед.
Сӯҳбати Пӯлодов бо ин ҷониб зиёда аз як соат давом кард. Аз ин сӯҳбат
бо таассурот ва эхроси моломол баромадам. Аз кӯчаҳои Сталинобод оромона
қадам мезадаму ҳис мекардам, ки дар ин шаҳрчаи хурд. дар ин шахраки
-113-
ҷавони бистсола ҷунбише, бедорие, тапише ба вуҷуд омадааст. То имруз
ман тоҷикӣ мехондам, тоҷикӣ менавиштам, тоҷикиро дуст медоштам, вале аз
тоҷик будани худ, аз забони шевои тоҷикии худ, аз шеъру адаби худ, аз
таърихи худ ифтихоре эҳсос намекардам. Имруз дар дил як суруреву ғуруре
аз тоҷику аз Тоҷикистон ҳис мекардам. Як суруре, як нуре дар сина
медурахшид. Шунида будам, ки Ғафуров на танҳо шахси сиесатмадор, балки
марди донишманд ва донишдӯст аст. Ниёзӣ ҳикоя карда буд ки Ғафуров бо
вай сӯҳбат карда ба исрор ташвиқ намудааст, ки ҳатман ба Сталинобод
баргардад. Ниёзй таъкид карда буд, ки Ғафуров ба аҳли илму адаб ва равнақу
ривоҷи санъату адабиёт таваҷҷӯҳи хосса дорад.
Ман дар Сталинобод бори аввал китоби Ғафуров Таърихи мухтасари
халқи тоҷик"-ро мутолиа кардам. Ин китоб баъди як соли ба котибии ҳизб
таъйин гардидани ин шахс ба табъ расидааст. Аз кучаҳо қадам мезадаму ба
фаҳмам қариб меомад, ки муаллиф бехуда ба китоби худ “Таърихи халқи
тоҷик” ном нагузоштааст. Ин нишонае аз ҳамин ҷунбиш ва бедории халқи
точик будааст...
Рӯзи дигар ба Совети Вазирон рафтам. Совети Вазирон дар иморати
дутабақаи тирагуни навсохт (биное ки ҳоло дар рӯ ба руи даромадгоҳи он
бинои ҳукумати Душанбе воқеъ гардидааст) ҷойгир буд. Ба кабинети Зариф
Саломатшоев даромадам. Мисли анкета коғазеропур кардам. Саломатшоев
маро бо тахсиси стипендия табрик гуфт. Илова намуд, ки чунин стипендияҳо
бо нишондоди шахсан Ғафуров ба донишҷӯёни берун аз марзи Тоҷикистон
таъйнн карда мешавад, то ки онҳо бе мушкилот таҳсили худро ба охир
расонида ба Сталинобод биёянд.
Баъди ба Тошканд бозгаштанам фаҳмидам, ки ба чанде аз донишҷуени
тоҷики донишгоҳи Тошканд чунин стипендия таъйин шудааст. Аз ҷумла
донишҷӯи факултаи геология Маннон Ҳамидов низ аз ҳамин сол стипендияи
махсуси ҳукумати Тоҷикистонро мегирифтааст.
Маннон Ҳамидов дӯсти ман буд. Шавқу ҳаваси геолог шудан уро аз
Конибодом ба Тошканд оварда буд. Баъд аз шиносоии аввалин дар тирамоҳи
соли 1947 мо дар университет бо ҳам зуд-зуд мулоқот доштем. Мулоқотҳо
хеле боодбона, бо эҳтирому посдории ҳурмати ҳамдигар ва андаке дар сурати
расмӣ ба вукӯъ меомад. Маннон ҷавони вазнин, ором вз камсухан 6у_д.
Мулокоти мо бештар дар доираи донишгоҳ (факултаи онҳо дар паҳлуи
донишкадаи мо буд) дар ягон маъракаи умумй ё маҷлису шабнишиниҳо сурат
мегирифт Пеш аз хатми донишгоҳ Маннон гуфт, ки устодаш дар донишкадаи
геология профессор Ҳабибулло Абдуллоев ӯро ба таҳсили аспирантура
тавсия намуда ва худаш ба кори илмии вай роҳбари кардани будааст. ьа
хамин тариқа, Маннон дар Тошканд монду ман ба Сталинобод омадам.
Баъд аз хатми аспирантура ба Сталинобод бозгаштам ва дидам ки
Маннон ҳам аспирантураро тамом карда омадааст. Уро ба роҳбарии шуъ аи
хеле муҳим - петрологияи институти геологияи филиали Тоҷикистонии
Академиям илмҳои СССР таъйин кардаанд. Ба мо аз иморати ба тозаги
сохташудаи академия дар кӯчаи Попов хона доданд ва ҳар ду муҷаррадона
зиндагй ба cap мебурдем. Арӯси номзади ман дар МаскаЕ таҳсил мекард ва
арӯси Маннон - дар Тошканд. Дар Душанбе фаҳмидам, ки арӯси ваи яке аз
хешони наздики Мутаваккил Бурҳонов - Раъно будааст. Раъно духтари амаки
калонии Мутаваккил Бурҳонов - Мукаммил-махдум Бурҳонов будааст.
Мукаммил-махдум соли 1937 зиндонӣ шуд ва ба қатл расид. Раъно дар
тарбияи модар ва падари дуввуми ғамхору бомаърифаташ монд.
Соли 1957 ман бо арӯсшавандаам ва соли 1958 Маннон бо Раъно туйи
никоҳ ороста аз "дарди ҳиҷрон раҳоӣ ёфта" ба хушиву хурсанди ва
саодатмандй дар ҷавори ҳамдигар зиндагй мекардем. Тобистони соли 1960
бо оила ва духтарчаҳои нахустини худ дар истироҳатгоҳи навбунёди Академия
як моҳ бо ҳам дар роҳату фароғат будем. Хушбахт будем ва сояи абре дар
осмони зиндагии худ намедидем.
Зимистони соли 1961 шунидам, ки Маннон бемор шуда ва духтурҳо аз
вазъи сиҳатии вай дар ташвиш будаанд. Маълум шуд, ки дар ҷисми ӯ оризаи
сафедхуниро пайдо кардаанд. Ин хабари шум барои оилаи наврустаи вай
ва уму ман барои дӯстону волидайни онҳо фоҷеае буд. Тобистон роҳбари
илмии Маннон - Абдуллоев, ки он вақт Президента Академияи Узбекистан
буд, Маннонро ба беморситони ҳукуматии Узбекистан бурд. Баъд аз ин худи
Абдуллоев ҳам ба бемории вазнин гирифтор шуда, дар бемористони дигари
махсуси ҳукуматӣ бистарй гардид. Ман ҳамон сол бо оила азми сафари
Кӯктебел доштам. Дар роҳ ба Тошканд омада ба аёдати Маннон рафтам.
Вай вазнинии бемориашро медонист, аммо умед аз муолиҷаи духтурон дошт.
Вай аз бемории ногаҳонии роҳбараш хабардор шуда хеле дар ташвиш буд.
Мегуфт, ки рафта аз роҳбари худ хабар гирифтанй шудааст, вале духтурҳо
иҷозат надодаанд.
Як рӯз пеш аз парвоз ба Кӯктебел ба аёдати Маннон рафтам. Аз солҳои
донишҷӯӣ, солҳои муҷаррадӣ ва интизории арӯсҳои худ, аз нақшаву ниятҳои
илмӣ сӯҳбати гарме доштем. Лаҳзаи видоъ хеле вазнин буд, лекин ҳар ду
ҳам аз навмедӣ ва хатари беморӣ нишоне зоҳир намекардем. Ман бовар
доштам, ки баъд аз бисту чор рӯз Маннонро боз зинда, ҳатто дар сиҳҳату
саломат мебинам...
Ду рӯз пеш аз баромадан аз Кӯктебел, 20-ми август мактубе бо хабари
даргузашти (рӯзи 16 август) Маннон расид. Навишта буданд, ки то лаҳзаи
охирини зиндагӣ вай бо ҳама меҳрубон буд, бо васияту бими хатари марг
касеро дар изтироб намегузошт... Даҳ рӯз пеш роҳбари вай Абдуллоев аз
ҷаҳон чашм пӯшидааст. Ин хабари шумро ба Маннон нагуфтаанд. Вай то
дақиқаи охирин аз вазъи сиҳҳати Абдуллоев мепурсидааст.
Бо исрори падару модар ҷасади Маннонро ба Конибодом бурданд. Ман
ба Тошкандомадам, аз он ҷо ба Душанбе... Ҷои Маннон холӣ буд. ДарТошканд
сӯгвории ӯро дар сӯҳбати пур аз ҳузну андӯҳ бо Мутаваккил Бурҳонов
гузаронидем. ёди ӯро дар Душанбе бо ашкҳои шашқатор ва гиряву навҳаҳои
ҳамсараш посдорӣ намудем.... Баъдазчанд вақт Мутаваккил БурҳоновТриои
мотамии худро ба ёди Маннон таълиф намуд. Ман ҳам ҳикояте навиштам бо
номи “Танбӯри дилкаш" ба ёди дӯстам, геологи ҷавони тоҷик Маннон Ҳамидов...
Ва ин чанд сатри сафаҳоти хотираҳо низ ба поси ёди дӯсти ҷавонмарги
зиндаёдам сабт гардид...
Корҳои радио баъд аз омадан аз Сталинобод авҷ гирифт. Редаксияҳои
тоҷикӣ ва кормандони камшумори он - Аҳрорӣ, Беҳбуди, ман ва мошинисткаи
босаводу хушодоб Хадиҷахонум - бо редаксияҳои дигари адабию мусиқию
сиёсии ӯзбекиву русӣ дар дӯстиву муҳаббат кор мекардем ва дар радио мавқеи
хубу маҳбубият низ доштем. Дар ин муддат боре чанд бо радиои Тоҷикистон
табодули барномаҳо кардем ва ин табодулот хуб гузашт.
Кори роҳбарии барномаҳои адабию мусиқӣ ва драмави ҳамзамон бо
таҳсили донишгоҳ барои ман гаронӣ мекард. Чанд нафарро ба дикторӣ
қабул кардем, аммо садову оҳанги хондани онҳо ба талабот мувофиқ набуд.
Боре як нафар тоҷики фарғонагии хушқаду қомат ва бамаъниро ба диктори
гирифтем. Бад намехонд. Пекин баъд аз чанд рӯз ба кор дер меомад, баъдҳо
дар вақташ биёяд ҳам, ширакайф меомад - намедонам май менӯшид ё аз
нашъаҳо истеъмол менамуд - дар ҳар сурат гапу гапзаниҳову муомилаҳо аз
чорчӯбаи ақлу мантиқ берун буд. Хулоса, шахси муносиб ба дикторӣ пайдо
намекардем.
Ҳамон сол барои таҳсил дар мактаби ҳуқуқшиносии Тошканд аз
Самарқанд шиноси ман Камол Афзалӣ омад. Вай дар^Самарқанд мактаби
миёнаи тоҷикиро хатм карда, гуфтори хубе ҳамдошт. Уро ба дикторӣ қабул
карда чанд мудцат чун шогирдтаълими дикторӣ додем ва дере нагузашту ба
ин вазифа мувофиқ омада "дикторӣ касбӣ” шуд.
Акнун барои хондани ахбори тоҷики овози зан ҳам лозим буд. Дар давоми
ду сол як-ду нафар занҳои ҷавони тоҷикро аз сзмарқандиёну бухориён ба
кор гирифтем, вале онҳо ё аз ҷиҳати садо е аз ҷиҳати талаффуз ё ба сабабҳои
дигар ба дикторӣ мувофик набуданд. Ва ниҳоят ман шахсан қарор додам, ки
Фотимахон Бурҳоноваро, ки як сол зиёдтар бо он кас ошнои доштам, ба кор
даъват кунам. Даъвати ман барои он кас ғайри чашмдошт буд ва дар қабули
он ҷуръат накард. Пекин ба исрор тарғиб кардам, ки дар ин кор худро озмояд.
Чанд рӯз дар хона бо ишон машқ кардем, то ки оҳангу салиқаи хондани вай
ба вазъи мувофиқ ворид шавад. Дар охир аз микрофон ҳам бо хондани
хабарҳои хурд санҷиш гузаронидем. Овози форам ва талаффузи тозаи
тоҷикии он кас барои дикторӣ хеле мувофиқ буд ва худаш ҳам тадриҷан
далертар шуда, ба оҳанги кор ворид гардид. Аз охири соли 1947 то рафтани
ман аз Тошканд - дурусттараш аз радио - диктори доимии хабарҳои охирин
ба забони тоҷикӣ Фотимахон Бурҳонова буд.
Чунон ки пеш аз ин зикр шуд, бо Фотимахон Бурҳонова беш аз як сол буд,
ки шинос будем ва баъдтар мисли додару хоҳар бо ҳам қарину хешованд
шудем. Дар давоми чанд сол тадриҷан аз зиндагии гузаштаи ишон ва авлоду
хешу табораш воқиф гардидам. Ин зан зиндагии пурташвиш, гоҳо фоҷеангез
ва аз рӯи хислати худ ҳаёти лоуболонаеро сипарй карда буд. Фотимахон ва
додараш Мутаваккил Бурҳонов дар зиндагии ман нақше гузоштанд, ки х,еч
гоҳ сутурда намешавад. То лаҳзаҳои охирини зиндагиашон мо ҳамдаму
ҳамнафас будем. Ман дар ин китоби хотирот аз х,икоят ва нақли ин ду нафар
- хоҳар ва бародари худ - ба хомӯшӣ гузашта наметавонам. Зиндагии онҳо
на танҳо барои ман, балки барои ҳама ва итминон дорам, ки барои ояндагон
низ ибратомӯз хоҳад буд.
-116-
ҚИССАИ ФОТИМАХОН
Аз рӯзи дар радио ба кор шурӯъ карданам дар редаксияи мусиқӣ номи
композитор Мутаваккил Бурҳоновро бисёр мешунидам Дар консертҳои
барномаҳои ӯзбекӣ суруду романсҳои дилчаспу гушнавози ӯ садо медод Ба
хонаи редаксияи мусиқй гоҳо даромада, бо ман салому алайк мекард. Ҷавони
наҳифи хушқомат ва сафедгуне буд. Мӯйҳои дарозаш то буни гардан афтода
буд. Шунида будам, ки Бурҳонов аз Бухорост, аммо ба тоҷикӣ ran задани уро
боре дуруст нашунида будам.
Рӯзе вақти ба диктории бегоҳӣ омаданам Бурҳоновро дар роҳрави
вурудии бино дидам, мутафаккирона меистод. Салом кардам. Ҷавоби салом
карду омада дастамро фушурд ва бо табассуми ширин ба тоҷикй гуфт:
— Мо барномаҳои тоҷикиро бо камоли завқ гӯш мекунем. Хусусан аз
Тошканд садо додани сухани тоҷикй ба гӯш хеле форам морасад. Охир ин
ҷо гапи тоҷикиро кам мешунавем. Хоҳарам хусусан суханҳои шуморо бо як
ҷаҳон лаззат гӯш мекунад. Борҳо гуфт, ки шуморо ба хона даъват кунам, ки
худатонро ҳам бинад. Шумо метавонед, ҳамин рӯз баъди кор ба хонаи мо
биёед?
— Метавонам, лекин баъди соати ҳафт, баъд аз хондани хабарҳои
охирин.
— Пас ман соати ҳафту ним шуморо ҳамин ҷо мунтазир мешавам,-гуфт
ва зуд бо қадамҳои тез аз бино бадар рафт.
Корро тамом карда аз студия баромадам, ки Бурҳонов дар роҳрав мунтазир
аст. Гуфт, ки манзили онҳо чандон дур нест, пиёда рафтан мумкин аст. Дар
шаби на чандон сарди тирамоҳ аз кӯчаҳои Тошканд гапзанон мерафтем.
Дар воқеъ хонаашон дар маркази шаҳр буд ва аз ин ҷо як кӯча гузашта ба
манзили дарвешонаи мо расидан мумкин буд.
Дарро зани миёнақади сабзина бо чашмони шах^ову абрувони пайваста
кушод. Маро чунон бо хушнудиву меҳрубонӣ пешвоз гирифт, ки гӯё ошнои
деринаи онҳо будаму баъд аз чандин соли дурй ба дидори ман расидааст.
Хонаи калону васеи чароғон, ки иборат аз чор ӯтоқ буд, баъд аз кулбаи
вайронаи мо ба назар қасри шоҳона ҷилвагар шуд. Маро аз пешгоҳ, аз
болои дивани нарми чармй нишонданд. Фотимахон пайваста маро хайри
мақдам мегуфт ва болои миз он чи дошт, оварда мемонд. Аз хиҷолат дар
ҷавоби ширинсуханиҳо чӣ гуфтанамро намедонистам, фақат ба суолҳои
Фотимахон кӯтоҳ-кӯтоҳ ҷавоб медодаму бас. Мутаваккил кам ran мезад.
Духтарчаи Фотимахон Дилбари ёздаҳсола баъзан сари миз нишаста бо
чашмони оташбори сиёҳаш кунҷковона ба мо менигарист, ки меҳмони нав
ба модару тағоии вай чй хешигарй дошта бошад.
Сӯҳбати қариб дусоатаи мо дебочаи дӯстию пайванди бародарию
хешовандии давомдори мо гашт. Аз ҳамин рӯзи аввалин дар дил ба ин зани
хандону меҳрубон ва хушсӯҳбату дилбар. ба додари ҷавони вай Мутаваккил,
ки дар ниҳояти тавозуъу одоби ҳамида буд, ва духтарчаи хушрӯи онҳо, ки
гули муаттару навшукуфтаи хонадон буд, меҳри гарму муҳаббати ҷонфазо
пайдо шуд. Таассуроти аввалини худро аз ин шиносой ба падару модарам
-117-
дар номаам чун муждаи зиндаги ба ин тарз баён карда будам.
“Дар ин ҷо бо одамони хуб шиносоӣ дорам, аз хешҳои худам ҳам беҳтар.
Мутаваккил Бурҳонов ном як композитор будааст, хеле ҷавони хуб. Рузе
намонда ба хонааш бурд. Хонааш хеле хуб, наздики панҷ хона дорад.
Зиндагонии басе шоҳона. Хоҳари калониаш, ки отаамро мешиносад, маро
хеле эҳтиром мекунад. Чизҳоятонро биёред, ман шуста медиҳам, авқотҳои
ҳавасатон рафтагиро гӯед, ман пухта медиҳам, гӯён маро хеле дилдори
медиҳад... Одамони такаббурдор не... Ман хеле орзу мекунам, ки монанди
онхо хоксор ва обрӯдор шавам". 14 ноябр, 1945.
Хулосаи калом меҳрубонй, ғамхорй ва одамияту самимияти онҳо буд, ки
ба ин хонадони хурду вале баландмақоми ҷомеаи Тошканд ворид гаштам ва
солхо гузаштанду мо аз хешу ақрабо х,ам бештар ва қавитар ба ҳам наздику
қарин гардидем. Медидам, ки онҳо аз ҷиҳати моддӣ ба дараҷаи фаровон
таъмин набуданд, лекин дар саховат, дасткушоди, меҳмоннавози ниҳоят
волоҳиммат ва чашму дидаашон сер буд.
Мутаваккил Бурҳонов аз аҳли санъат буд ва аксари санъаткорон уро дусг
медоштанд, истеъдоди ӯро эҳтиром, қадршиносй ва ҳатто парастиш
менамуданд. Онҳое, ки бо дӯстиву рафоқат ва эҳтирому эътиқод ба хонаи
онхо меомаданд, аз сӯҳбат ва ошноии аввалин мафтуниФотимахон
мешуданд. Дидори аввалин .ба дустиву муҳаббати самими мегузашт.
Муносибати дӯстона ва пур аз мехру гармии онҳо танҳо мавқуф ба эҳтиром
ва посдории Мутаваккил набуд, балки Фотимахон худ дар дили онҳо, дар
зиндагии онҳо, дар хонаводаи онҳо мақоми хосса паидо мекард.
Санъаткорони машҳур ва ҳамкасбони Мутаваккил ба Фотимахон муносибати
ниҳоят самимиву дилбастагй доштанд. Дар миёни аҳли ҳунару мусиқи номи
“Фотимахон” ё “Фотимаҷон” ё "Фотимаопа” вирди забонҳо буд. Хоҳ мард ва
хох зан, хоҳ аз зиёиву хоҳ мардуми оддй боре бо ин зан ҳамсуҳбат ки шуд,
орзу мекард, ки бори дигар ҳамнишин ва ҳамсуҳбат бошад. Ваи бо ҳама унс
мегирифт, бо ҳама забои меёфт, бо ҳар кас мувофиқи табъу табиати ваи
сӯҳбат мекард, ҷояш биёяд қадаҳе чанд нӯшида, боз ҳам ширинсухантару
марғубтару сӯҳбаторотар мегашт.
Доираи ошнову парастандагони Фотимахон ниҳоят васеъ буд. Бухориене
ки муқими Тошканд буданд, гуфтан мумкин аст бе истисно Фотимахонро
мешинохтанд ва Фотимахон низ онҳоро, аҳли хонаводаашонро аз кудакашон
cap карда, то пирмарду пиразанҳояшон медонист. Ба туи онҳо сарвари
менамуд, ҷояш биёяд дасту остин барзада хидмат ҳам мекард.
Фотимахон бисёр шахсони обруманд ва соҳибмақомро аз солҳои
ҷавониашон мешинохт, аз лаҳзаҳои аҷиби тарҷумаи ҳоли онҳо воқиф ва бо
ҳамаи онҳо бо риштаҳои дустй пайванд буд, бо онҳо рафту омад мекард.
Султон Умаров, ки аз мардони бузурги Тошканд ва дар маснади давлати
нишаста буд, Фотимахонро аз солҳои сивуми дар академияи Самарқанд
таҳсил карданаш мешинохт. Фотимахон ҳам ӯро хуб медонист, таърихи ба
духтари муллой тақводори Бухорӣ ошиқ шудану издивоҷ кардани ӯро шоҳид
буд ва ба ман нақл ҳам карда буд. Султон Умаров ва ҳамсари оқилаву зебои
ишон Сакинахон дӯстони наздиктарин ва дерини Фотимахон буданд,
маъракаҳои оилавӣ ва меҳмондориҳои калони онҳо ое иштирок ва бе
-II8-
маслиҳати Фотимахон намегузашт
Дар зиндагии Фотимахон ягона сарвати бебаҳо духтараш Дилбар буд, ки
бе падар калон мекард. Рӯзи таваллуди Дилбар якуми март рузи иди
Фотимахон буд. Дар ин рӯз Фотимахон зиёфатҳои пурнозу неъмат меорост,
дӯстони Фотимахон аз бухориёну самарқандиён, аз аҳли ҳунару мусиқӣ ҷамъ
меомаданд. Оҳангсозон, аз ҷумла худи Мутаваккил ҳам, суруду навоҳои
тозаэҷоди худро мехонданд, ҳофизон оҳангҳои шухи халқиву классики
месуруданд. Базме барпо мешуд, ки назири онро надида будам ва баъдан
ҳам надидаам.
Бо ҳамаи ошнову дӯстони деринаву навини худ Фотимахон ба як гунаву
ба як тарз меҳрубону дилёб буд. Хонаи вай қариб бе меҳмону бе мусофирони
Бухорову Самарқанд набуд. Баъзан аз Бухорову Самарқанд ошноҳои дерин
омада, чанд рӯзу чанд шаб дар хонаи Фотимахон иқомат менамуданд.
Фотимахон бе хастагиву миннат дар хидмати онҳо буд.
Фотимахон агар ба Бухорову Самарқанд равад, “даст ба даст намерасид».
Дӯстон навбатро интизорй мекашиданд, ки Фотимахонро ба манзилашон
даъват кунанду аз дидору сӯҳбати вай баҳравар гарданд. Худи ман, ки дар
Тошканд қариб ҳар рӯз бо ҳам будем, дар Самарқанд рӯзҳо интизори
мекашидам, ки ӯро ба меҳмонии падару модарам даъват кунам. Боре падарам
ба тарзи гилаи шӯхиомез гуфт: “Фотимахон, шумо дар Самарқанд тухми анқо
ҳастед, мешунавему ба дидор расида наметавонем". Фотимахон узр овард,
ки “муаллим, чй кор кунам, дар ин ҷо ошнову хешҳои пиру дилшикастаро як
сари қадам рафта набинам, намешавад”. Падарам хандида гуфт: Шумо
қадоқчй будаед-дия, шикастаҳоро қадоқ мекунед.” Фотимахон аз зарофати
падарам чунон завқ кард, ки солҳо ин суханҳоро такрор мекарду самимона
механдид (Дар Самарканд “қадоқчӣ “устое буд, ки зарфҳои шикастаи чиниро
ба ҳам мечаспонид).
Унсурй дар лугази шамъ байте дорад:
Хеьитан сӯзем ҳар ду бар муроди дӯстон,
Дустом дар роҳатанд аз мову мо андар меҳан.
Чунин шахсони “бар муроди дӯстон хештансӯзро" дар симои Фотимахон
дидаам ва мисли вай то имрӯз аз зану мард касе ба ин сифат ба назарам
нарасидааст. Ҳам дар рӯзҳои нек ва ҳам дар мушкилиҳои зиндагй ба кас
агар мададу ёрй зарур афтад, ҷонсупорона хидмат мекард. Ман ду боқеаи
хурдеро дар ин маврид нақл карданӣ ҳастам.
Дар хонаи Фотимахон пиразанеро медидам. ки даҳ рузу понздаҳ руз
иқомат мекард ва Фотимахон ӯро мисли тифл парасторй менамуд. Баъд
фаҳмидам, ки ин пиразани нуронӣ хоҳари ҳофизи машҳури бухорои Домулло
Ҳалим будааст. Кайҳост ки фарзанде надида, аз шавҳар ҷудо афтода, бекасу
бе кӯй дар ҳимоя ва васояти хешон мезистааст. Фотимахон уро ‘бибиҷон’
мегуфт ва мо ҳам ба ҳамин лақаб бо ӯ муомила доштем. Пиразани хушлибосу
сафедгуну ширинсухан аз гузаштаҳои Бухорову бухориён нақлҳои аҷиб
мекард. Дар тайи як-ду сол бо ӯ унс гирифтам ва ӯ низ маро мисли фарзанд
дӯстдорӣ мекард.
Баъд аз чанд сол, дар сафари худ ба Тошканд аз Фотимахон ҳолу аҳволи
бибиҷонро пурсидам. Фотимахон қиссаи ҳузновари охири умри пиразанро
-119-
бо гунаи ғамгину чашмони ашколуд нақл намуд.
Дар охири умр бибиҷон, ки синнаш аз ҳаштоду панҷ гузаштааст, дар асари
склероз ақлу ҳушро гум мекунад ва дар баъзе мавридҳо аз ҳавли бе х,ушу бе
ёд баромада соатҳо гум мешудааст. Хешовандон бе он ки бо Фотимахон
машварат кунанд, бибиҷонро ба табобатгоҳи бемориҳои руҳи ба шаҳри
Ҷиззах бурда месупоранд. Баъд аз як сол хабари вафоти бибиҷон мерасад.
Дар ин ҷо хешовандон ба Фотимахон муроҷиат мекунанд. Фотимахон мегуяд.
ки омода аст ба Ҷиззах рафта, ҷасади бибиҷонро биёрад. Хуллас бо мошини
санитарй дар сардии сахти моҳи декабр ба Ҷиззах меравад. Як РУ3 он 4°
истода, ҳуҷҷатҳои заруриро ба расмият дароварда, соати даҳи шаб ба рох,
мебарояд. Сардии моҳи декабр шабона боз ҳам шиддатноктар мешавад
Қариби саҳар Фотимахону ронанда дар рох, ба ошхонае даромада гарм шуда
нафас рост мекунанд. Як косагӣ шӯрбо хурда “каме ҷон мегиранд ва боз ба
роҳ мебароянд. Дар роҳ шиддати сармо камтар асар кунад гуфта, нақл намуд
Фотимахон, каме арақ ҳам хӯрдам. Баъд дар паҳлӯи бибиҷон нишаста гаҳе
бо хандаву гаҳе бо гиря бо он кас сӯҳбат мекардам. Бомдод ба ҳавлии хеши
бибиҷон расидем. Марду зан расму оини мурдадориро ба ҷо оварда,
бибиҷонро бо иззату икром ба хок супурдем.
Боз нақли дигар дар бораи ҷонсузии Фотимахон дар ҳаққи наздикони
худ. Тобистони соли 1957 ман бо арӯсшавандаам Баширахон (ҳамсари
ҳозираам) дар Маскав аз қайди расмии никоҳ гузашта, ният доштам, ки дар
Душанбе маъракаи тӯямонро ташкил кунам. Аммо хоҳари ҳамсарам
Малоҳатхон пинҳону ошкор саъй намуд, ки на танҳо туи арӯсии мо мавқуф
монад, балки агар тавонад ба ҳамхона шудани мо монеъ гардад. Ман дигар
илоҷе надоштам ғайр аз он ки бо арӯси нави худ ба Самарканд омада, туи
арусиро аз рӯи суннату расму оини нав барпо кунам.
Мо аз Маскав рост ба Тошканд омадем. Фотимахон ин воқеаро шунида
__Ман ҳаргиз Башираро танҳо намемонам. Шаҳобовҳо қадрдону
хешовандони ман мешаванд. Худам аз номи ҳамаи онҳо арӯсро ҳамроҳатон
ба Самарканд бурда, ҳамчун хеши Шаҳобовҳо туйро мегузарокам.
Фотимахон боз хонаву ҷояшро ба касе супорида, бо мо ба Самарканд
омад Тӯи арӯсиро ҳам аз рӯи урфу одоти қадим ва ҳам ба расму оини нав
гузаронида, ба Тошканд бозгашт. Хидмати ин зани ҷонсупор буд, ки дар
рӯзҳои тӯй на танҳоиву ''ғарибии" арӯси нав ва на "бойкоти" модару хоҳари
наварӯсам маълум шуд.
Бале зани каҳрамоне буд Фотимахон. Ҳамеша хандону меҳрубон,
ҳамеша меҳрпарвару дилбар. ғамхору ғамгусор, рафиқи мӯънису ҳарифи
суҳбаторо, нурбахшу нурафзо... Бисёриҳо, ки ин занро ба ин хислату сифат
медиданд, гумон намекарданд, ки вай як ҳаёти пурташвишу фоҷеаангезеро
сипарй карда ва сояи фоҷеаву ноҳамвориҳои зиндаги болои сари ӯ чун абри
тираи мудҳиш мустакар буд, айши ӯро талх мекард, дили уро реш менамуд.
Аммо ӯ ба касе сир фош намекард, бо касе оҳу воҳ наменамуд.. Баъд аз
духтару додари Фотимахон ман будам, ки аз ҷароҳати дили ваи хабардор
гаштам ва ҳамин огаҳии ман аз дарди дили вай ба гумонам ба у таскин
мебахшид Ин аст сафҳаи аз назарҳо пушидаи зиндагии ин зан.
-120-
Ҷадци бузурги хонадони Фотимахон - Бурҳон-махдум мударрис ва шахси
обрӯманди Самарқанд ҳанӯз пеш аз истилои Русия бар Самарканд, ба қавли
Мутаваккил Бурҳонов “рӯям ба рӯи урус наафтад гуфта ба Бухоро х,иҷрат
мекунад. Аз Бурҳон-махдум чор писар мемонад: яУе Музайян-махдум.
фарзанди аршад, падари Фотимахону Мутаваккил; ва се писари дигар:
Мукаммил, Муаммир ва Мазҳар, ки ҳар яке лақаби “махдум -ро доштанд
Музайян-махдум ва ҳамсари вай дар кӯдакии фарзандон аз ҷах,он чашм
мепӯшанд ва фарзандонашон дар тарбияи амакҳояшон мемонанд. Муаммир
ва Мазҳар дар қатори чанде аз ҷавонони бухорӣ дар аввали садаи 20 барои
таҳсили илм ба Истамбул рафта, баъд аз фаро гирифтани улуми диния ва
дунявӣ, инчунин аз худ намудани забону адабу таърихи Туркия ба Бухоро
бозмегарданд. Мукаммил-махдум дар Бухоро ба ҷунбиши ҷавонбухориен
шомил буд ва баъдан дар ҳукумати ҷумҳурии шуроии халқии Бухоро дар
мансаби капон маъмур мешавад. Мазҳар ва Муаммир бо фаолияти муаллими
ва таълиму тарбия машғул мегарданд. Баъд аз ташкили Ҷумҳурияти шуравии
сотсиалистин Узбекистон ва ба ҳайси пойтахти ҷумҳури баргузида шудани
Самарканд оилаи Бурҳоновҳо ба Самарканд мекучад. Сабаби ба ин шаҳр
омадани онҳо боз дар он буд, ки ду махдумзода пеш аз инкилоб бо ҳизби
ҷавонбухориён ва сарвари он Файзулло Хоҷаев наздик буданд. Ба
Самарканд омадани онҳо ҳам ба рӯи хотири Файзулло Хоҷаев ва ҳам ба
манзури такягоҳе дар шахси вай доштан буд.
Дар солҳое, ки Самарканд пойтахти Узбекистон буд, дар ин шаҳр
баробари интеллигенсияи узбек, равшанфикрони тоҷики шаҳрҳои дигар низ
гирд омаданд. Зиёиёни Бухоро, ки аксарашон дар солҳои мавҷудияти
Ҷумҳурияти халқии Бухоро ба тарзи сунъи ба забони ӯзбекӣ ҳарф мезаданду
менавиштанд (аз рӯи зарурат ва маҷбурият - зеро Файзулло Хоҷаев ва дигар
роҳбарони ин ҷумхурй забони ӯзбекии туркиро забони давлати эълон карда
буданд) дар Самарканд аз нав тоҷик шуданд. Мазҳар-махдум аз муаллимони
номдори мактабҳои Самарканд шуд. Донишманд, адиб ва шоири маъруф
Абдуррауф Фитрат, ки дар ҳукумати Бухоро аз ҷорикунандагони забони
ӯзбекй буд. баъд аз омадан ба Самарканд тоҷик шуд. Вай дар Академияи
педагогии Самарканд (Педакадемия) аз таърихи адабиёти узбек даре медод,
аз таърихи адабиёти турку узбек китобу мақолаҳо менавишт. Баробари хдмин
дар Самарканд ӯ аввалин драмаи тоҷикй - “Шӯриши Восьъ'-ро’ навишт.
Дар Самарканд аз таърихи забону адаби тоҷик мақолаҳо иншо намуд. Ва
ниҳоят дар масъалаи ба алифбои нави лотинӣ гузаштани тоҷикон фаолона
ширкат намуд. Решай тоҷикӣ ҳам дар Фитрзту ва ҳам дар зиеиени дигари
бухорй хушк нашуда буд.
Сабаби дар Самарканд равнак ёфтани забону адаби тоҷик дар он буд, ки
баъд аз ташкили ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон
Самарканд маркази маданияту маорифу нашриёти тоҷик шуд. На танҳо
мактаб, матбуот, нашриёт, маориф тоҷикӣ буд, балки худи шаҳр низ шаҳри
тоҷик буд. Ба назарам, зиёиёни узбек, ки аз шаҳрҳои дигар омада буданд,
дар ин шаҳр худро мусофир. бегона ҳис мекарданд.
Фитрат то ин дам издивоҷ карда буд ё на. ба ман маълум нест. Аммо дар
Самарканд ӯ муҷаррад будааст. Вай бо оилаи Бурҳоновҳо нагз ошно буд ва
-121-
бо онҳо рафту омаддошт. Дар вақти рафту омадҳо Фитрат духтари шонздаҳ
- ҳабдаҳсолаи ин хонадон, духтари чусту чолок ва зебо Фотимахонро таги
чашм” кардааст. Ва марди чилсола духтари наврасидаро хостгори мекунад.
Бародарон Бурҳоновҳо, ки Фитратро пири худ медонистанд, ба ваи не гуфта
наметавонистанд, балки домодии ӯро барои хонадони худ ҳамоно шарафе
медонистанд. Онҳо аз рӯи урфу одат аз Фотимахон напурсида. ба акди
издивоҷ ризоят медиҳанд. Фотимахон ҳам ба раъйи амакҳои худ мухолифат
карда наметавонист.
Духтаре, ки орзуву умед ва хаёлҳои ҷавононаи ҳамсару ҳамсоли мувофиқ
пайдо карданро дошт, ба ҳамхонагии марди калонсоли донишманд одат
карда наметавонист. Ба зӯру иҷбор вазифаи зан ва ҳамсариро адо мекард,
лекин дилаш ғунчавор ба рӯи шахсе кушуданй буд, ки уро дуст дорад, дилу
ҷон бидиҳад Фотимахон мисли занҳои зиёиёни пешқадам бо муйҳои бурида,
либосҳои зебои урупоӣ ба кӯча мебаромад, дар сӯҳбати шоирону адибони
тоҷику ӯзбек хандону шукуфон буд. Аммо дар сина, дар замири дил ҳамеша
андӯҳе, ғаме ва ҳисси танҳоӣ дошт. _
Дар ин солҳо ҷавони равшанфикру фозил ба номи Абдусалом Рашиди
ба воситаи Пайрав бо Фитрат ошно мешавад. Абдусалом дар он солҳо дар
маорифи тоҷики Самарқанд мақоми роҳбарӣ дошт ва бо ахди адабу матбуот
дар робитаҳои дӯстиву ҳамкори буд. Вай аз илму суннатҳои гузашта огаҳи
дошт ва аз мактаби қироати Қуръон гузашта буд, ки лақаби қори ҳам дошт
Бо ин фазилату хислат ҳамоно мавриди истиқболи Фитрат гашта, гоҳ бо
Пайраву гоҳ худ ба хонаи Фитрат рафту омад мекунад. Дар ин меҳмониву
дидорҳо миёни Рашидиву Фотимахон муҳаббате pyx менамояд. Фитрат аз
ин ишқбозиҳо пай мебарад, вале худро ба нодони мезанад, таҷоҳул мекунад.
Фотимахон аз ишқварзиҳои худ ба ман чизе намегуфт, фақат дар зимни
сӯҳбате гуфта буд:
_Боре Фитрат мисли ҳарсола ба Ленинград сафар дошт. Маро низ
ҳамроҳ гирифт. Шоядбаонсабаббуд, ки бо Рашидӣ мулоқот накунам. Баъд
аз гузаштан аз Тошканд, Фитрат фурсате ёфту ба ман гуфт.
— Фотимаҷон, ман медонам, ки шумо бо Рашиди муносибатҳои
ғайриодцӣ доред, ишқварзӣ гӯям ҳам мешавад. Инхиёнатаст. Маназгуноҳи
шумо мегузарам, ба шарте ки дигар бо Рашиди мулоқот накунед ва уро
тамоман фаромӯш кунед. _
Фотимахон дарҳамин ҷо кушоду равшан иқрор мекунад, ки ваи ва Рашиди
ҳамдигарро дӯст медоранд ва фурсате меҷуянд, ки бо ҳам як шаванд. Фитрат
тахдид мекунад, ки Фотимахон аз азмаш нагардад, ваи ҳозир уро мебараду
як лагад мезанаду берун аз вагон меандозад. Фотимахон накд кард:
_Ин ran бевақтии шаб буд. Ба Фитрат гуфтам: Ман аз ин роҳ боз
намегардам. Агар шумо дар воқеъ ҳам чунин азм дошта бошед, биёед, ман
худам назди дари вагон меравам ва шумо маро аз вагон берун андозед.
Фитрат дигар чизе намегӯяд. Мебинад, ки ин мурги ба дом фитода дигар
ресмонҳои қафасро пора кардааст ва озод парвоз мекунад. Кор аз кор
гузаштааст. Ҷавондухтар ёри муносибро интихоб кардааст.
Фотимахон аз Фитрат ҷудо мешавад. Дигар у озод аст. Мехоҳад лонаи
нави баланду озод бо ҷавони равшанфикр ва дустдори худ бино кунад.
-122-
Фотимахон меравад. Фитрат танҳо мемонад. Ва дар ҳамин лаҳзаҳо ҳис
мекунад, ки чй офаридаи зебову доноро аз даст додааст. Дарди дилу сузи
ҳиҷронро дар шеъри ниҳоят муассир ва аламангез ба забони узбеки баён
месозад. Сарлавҳаи шеър "Ба Фотимаҷон (Фотимаҷонга) ном дошт. Ман
ин шеърро ба тоҷикӣ гардонда ба хонанда тақдим медорам:
Моҳи ман бевафо гулистонам,
Дар гулистони умр тоза райҳонам,
Аз хуҷуми гаму ранҷаи рӯзгор
Ту будӣ мехрубон нигаҳбонам
Хору зор кардиву зи ман рафтй,
Зинда дар гӯр, тарки ман гуфтй
Ҳон биё пеши пои ту уфтам,
Фу^сате <Эеҳ, то ки сер гирям,
Як даме мон ки хоки поятро
Бо ду дидаи тарам рӯбам
Хору зор кардиву...
Чй шуд он даме ки гуфтамат ерам,
Мӯънисам, ҳамдамам, мададгорам,
Зери боли илтифотхри ту
Рохате дошт ҷисми беморам.
Хору зор кардиву..
Қадаме неҳ ки хуни дил резам,
Лаҳзае зи хаҷри ту бираҳам,
Дилбарам, ой то ба мӯйхрят
Шонае бизанам, пас ҷон бидиҳам
Хору зор кардиву..
Дар шеъри Фитрат танҳо алами фироқу ҳаҷр аз ҷудоии ёри фаттону
париваш садо медиҳад ва осоре аз маломату гилаҳои бевафой падидор
нест. Оё ҳисси одамият нест, ки шоир гӯё ба ёру ҳамрзҳи мувофиқ ёфтан
Фотимахонро мазаммат намекунад, фақат аз танҳой ва дьлди ҷудоӣ нола
мекунад.
Фитрат дар фипоқи Фотимахон ба тоҷикй низ шеъри ниҳоят пурсузу гудозе
навишта буд, ки ба чоп нзрасида. вале бисёр дӯстони наздикаш ин шеърро
хонда буданд. Шеърро аз рӯи чопи як рӯзнома ин ҷо дарҷ мекунам:
Рафт аз барам ёри нозэнин,
Бар ҷабин зи қахр барфиганда чин
Лолаэм зи даст рафту бог монд.
Тирагун шабам бе чарог монд.
Акру хушу дил бе су рог монд.
На бог монд. На рог монд!
На пола, на чарог монд.
Дар шаби гамам мох/поб нест,
-123-
Рӯзи мотамам офтоб нест,
Оху нопаамро ҳисоб нест.
Сина меканам, дод мезанам,
Аз ягон тараф як ҷавоб нест.
Ҳамнафас намонд, х,амқафас намонд,
Цодрас намонд. Ҳеч кас намонд!
Хок бар сэрам!
Ин воқеа дар миёни равшанфикрон ва ошноёни Фитрату Фотимахон шуре
барпо кард. Гуфтан душвор аст, ки он гоҳ кй Фотимахонро маломат ё офарин
мегуфту кй Фитратро таскину тасаллй медод. Пайрав дар дилдории Фитрат
ва кох,иш аз Фотимахон шеъре иншо кард дар ҷавоби шеъри тоҷикии Фитрат.
Пайрав, ки худ сабабгори рӯй додани ин воқеаҳо буд (вай буд, ки барои
Рашидй ба хонаи Фитрат роҳ кушод) дар ин шеър Фотимахонро маломат
намуда, ба Фитрат таскину дилдорй медиҳад. Он шеър ин аст:
Богбони гул, посбони гул,
Сӯхт дар гамат ошёни гул.
Гуш кун даме достони гул,
Гарчи дидай навбахрри гул,
Умр бурдай дар канори гул,
Синаат пур аст аз губори гул,
Ҷон фишондай дар вафои гул,
Сар фигандай зери пои гул.
Дар мизоҷи гул ранги вафо набуд,
Дар тароваташ нашъу намо набуд,
Дар сиришти ӯ асл ҳзё набуд,
Ошно набуд, ошно набуд!
Бӯ набурдай аз сафои гул,
Мах,в гаштай дар адои гул.
Ишваҳои гул ҳон гариб буд,
Ғамзахри ӯ бас аҷиб буд,
Рангу бӯи ӯ дилфиреб буд,
Аз вафову аҳд бенасиб буд,
Тухму решааш нЬнаҷиб буд.
Бегумон будӣ аз ҷафои гул,
Бехабар будй аз хатой гул!
Хайфи мехратат, ройгона шуд,
Умри қиматат сарфи замона шуд,
Розхри дил то фасона шуд,
Бахри дилфиреб ин бзҳона шуд.
Дил кашиду рафт, аз миёна шуд,
Эй фанои гул, мубталои гул,
Чанд хун шавй аз барои гул?!
Фотимахон боре гуфта буд:
— Ман ин шеърро хондаму ба Пайрав гуфтам, ки чаро маро таънаву
-124-
маломат кардед? Охир худи шумо ҳам дар ин ҷо гуноҳ доред, агар гуед, ки
ишқ гуноҳаст. Пайрав гуфт: Фотимаҷон, ин барои дилдорй ва таскини бечора
Фитрат буд".
Баъд аз ин воқеа як-яку ним сол нагузашта Фотимахону Рашидй издивоҷ
намуданд. Ниҳоят Фотимахони ноком ба коми дил расид ва оилаи саодатманд
ташкил гардид. Якуми марти соли 1935 дар оилаи онҳо духтарчае мутаваллид
шуд, ки ӯро Дилбар ном карданд. Дар аввали баҳор зодани фарзанд баҳори
бахти падару модарро боз ҳам пурнуртару шукуфотар кард...
Вале ин бахти нурафшон барои Фотимахон дер давом накард. Дар охири
соли 1936 Рашидй ногаҳон ғоиб шуд. Гуфтанд, ки ӯро одамони ГПУ аз ҷои
кор ё аз кӯча дастгир карда ба маҳбас андохтаанд. Фотимахон бо духтарчаи
худ дар хонае, ки Рашидй дар кӯчаи Ӯзбекистони шаҳри нав дошт, танҳо
мемонад. Ба болои ин дарду алам соли 1937 амакҳои у - Мазҳар, Мукаммил
ва Муаммирро ба ҳабс мегиранд. Фотимахон дар Самарқанд танҳо, бе
такягоҳу бе сарпараст мемонад. Вай бо янгаҳояш то чанд вақт дар рӯзҳои
муайян ба зиндони Самарканд, ки дар Боғи шамол воқеъ буд (ҳоло дар ин ҷо
бемористон ҷой дорад) ба амакҳояш хӯрок мекашонд, аммо хӯроку нони
онҳоро на ҳамеша қабул мекарданд.
Фотимахон дар Самарканд дигар кас надошт. Модари Рашиди бо
духтаронаш дар Боғи Баланд бо худ овора буданд. Мутаваккил Бурҳонов, ки
чанд сол боз дар Маскав дар консерватория ва баъд дар студияи миллии
шогирдони ӯзбекистонӣ таҳсил мекард.аз вазъи Фотимахон ва зиндони
шудани амакҳояш хабардор мешавад. Вай зуд хонае барои иқомати хоҳараш
пайдо карда, Фотимахон ва духтарчаи ӯро ба Маскав мебиёрад.
Дар студия аз тоҷикони бухорй Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов,
Фазлиддин Шамсиддинов, аз яҳудиён Довуд Муллоқандов, Сулаймон Юдаков
ва боз ҷавонони дигар таҳсил мекарданд. Ҳамаи онҳо оилаи аҳлонае буданд,
ки Фотимахон ҳам хоҳару ҳам сарвари онҳо буд. Фотимахон бо меҳрубони
ва одамдӯстии худ дар Маскав хешовандони наздик пайдо кард. Бо Лоҳути,
ки пеши ҷавонони тоҷики студия омаду рафт дошт, бо ҳамсари Лоҳути Бону
дӯст шуд. Ба оилаи устоди Консерватория Брюханов чун дусти ҷониву муънис
дохил гардид. Баъд аз даҳ сол бо ин оила ба воситаи Фотимахон ошно
шудам. Ҳар бор ки Фотимахон барои дидани духтараш Дилбар ба Маскав
меомад, Анна Франсовна - ҳамсари Брюханов ва писарони вай гирди
Фотимахон парвонавор мегаштанд.
Ҷанги фашистон ба муқобили Иттиҳоди шӯрави cap мезанаду студияи
миллии Консерватория баста мешавад ва донишҷӯёни студия ва Фотимахон
ҳам ба Тошканд бозмегарданд. Баъд аз ду-се соли иқомат дар шаҳри куҳнаи
Тошканд давлат аз иморати навсохт барои Мутаваккил Бурҳонов хонаи хуб
медиҳад ва онҳо хоҳару додар ва Дилбарчаи хурд дар ҳамин ҷо зиндаги
мекунанд.
Рузе, ки нахустин бор ба хонаи онҳо омадам, акси калони марди хушсурат
дар чорчӯбаи хуб дар девори хона меистод. Баъд аз бо ин хонадон дурусттар
ошно шудан гуфтанд, ки ин акси падари Дилбар аст ва аз рамузи гапашон
натиҷа гирифтам, ки ин шахе соли 1937 мзҳбус шудааст ва ҳоло хабаре аз
вай нест. Дар он ваҳт на аз шахеи Рашидй ва на аз қиссаи ҳамсарии
-125-
Фотимахон бо Фитрат ва муҳаббати Рашидиву Фотимахон иттилое надоштам^
Баъдҳо Фотимахон маҳрамона гуфт, ки баъд аз панҷ-шаш соли ғоиб
шудани шавҳараш хабар додаанд, ки вай бо супориши махсус дар яке аз
кишварҳои шарқ кор мекунад. Хулоса дар ин солҳо Фотимахон аз мақомоти
бехатарии давлат дар бораи шавҳараш гоҳо иттилооте мегирифт. Мутаваккил
Бурҳонов баъд аз чанд солх,о ҳикоят кард, ки пас аз панҷ-шаш моҳи ҳаос
мақомоти НКВД (дар хотир надорам дар куҷо) уро барои мулоқот бо Рашиди
даъват мекунанд. Мутаваккил Бурҳонов дар хонае мунтазир менишаст, ки
дари хонаи дигар кушода мешаваду дар он ҷо Рашиди намоен мегардад.
Мутаваккил ӯро дар аввал намешиносад: ваи курта эзори суфи сафед дар
тан ва бо мӯю мӯйлабҳои тарошида болои курсив нишаста буд. Салом
медиҳад ва фақат мегӯяд, ки "Фотимаҷонро пурсед, аз Дилбар хабардори
кунед. Ман ба сафари дур меравам ва умед аст, ки зиндаву саломат
бозгардам”. Сӯҳбат ҳамин буду бас. _ с___л
Бо Фотимахон ҳам ду ба ду ва ҳам дар нишастҳои дустона бисер суҳбатҳо
воқеъ мешуд. Вай ҳамеша шукуфону хандон буд ва ман гоҳо ба худ
меандишидам, ки шояд шавҳараш зиндаву аз богашти ваи умед дорад. Фақат
боре тирамоҳи соли 1949 мо ҳар ду аз меҳмонӣ бозмегаштем ва ҳар ду ҳам
ширамаст будем. Фотимахон ало рағми одати худ хомӯш ва маҳзун ба назар
мерасид. Дар дили ман биме пайдо шуду сабаби хомушии уро пурсидам.
- Ҳодизодаҷон (Фотимахон ҳамеша бо ҳамин ном ба ман муроҷиат мекард),
чор моҳ аст, ки дар азобу шиканҷа ҳастам. Дэрдамро ба кй гӯям намедонам.
Фақат ба шумо мегӯям: Қори чанд моҳ боз дар ҳабс аст. Дар дасту пояш
занҷиру завлона. Ман дигар умедамро аз бозгашти ваи кандаам. Шабҳо
хоб намекунам, на гиря мекунам, на як доду фарёд зада метавонам.
Фотимахон хомӯш шуд. Дартаскинивайчизегуфтанатавонистам. ьаъд
аз ин аз Фотимахон дар бораи “Қорӣ" сухане барнамеомад.
Соли 1950 тобистон ман ба Сталинобод омадам. Ҳар бор ки ба Тошканд
мерафгам, дар хонаи Бурҳоновҳо мезистам. Бо ин хонадон, бо дустоне ки
дар ин ҷо ҷамъ мешуданд, чӣ сӯҳбатҳои ширин, чй навою суруду мусиқи
барпо мекардем!.. Аммо медидам, ки Фотимахон дар ду-се соли охир пир
шуда, қуввату бардамии пештараро надорад, ҳарчанд кушиш мекард хастагии
худро намоён накунад. __ _ ,
Соли 1968 Фотимахон ба Душанбе сафар кард. Рузе уро бо аҳли
хонаводаам ба дараи Варзоб бурдам. Дар километри чипу панҷум ҷои хубе
доштем. Он ҷо сихкабоб ва ғизоҳои хушмаза тайер кардем. Камешаробҳам
нӯшидем. Пас лаби дарё фуромадем: Фотимахон ниҳоят шоду хурсанд буд.
Ба оби шӯхи равони Варзоб нигоҳе дӯхта гуфт:
— Ана умри одам мисли ҳамин ҷараёни об тез ва зуд мегузаштааст
Ҳодизодаҷон, ман агар ба шумо хизмате карда бошам, уҷри ҳамаи хизматҳои
маро ҳамин рӯз баровардед. Илоҳо, саломат бошед, умри дарози бобаракат
0ин0д
Он вақт гумон надоштам, ки ин суханҳои охирини ӯ буд. Ҳамон сол бо
ташвишу тараддуди дифои рисолаи докторӣ машғул будам. Моҳи январи
1969 дар Институти шарқшиносии Маскав рисолаи докториро ҳимоя намуда.
баъд бо ҳамсарам барои истироҳат ба хонаи эҷодии Переделкино рафтем.
-126-
Ин ҷо Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Шавкат Ниёзӣ ҳам истироҳат мекарданд
ва мо ҳама маҳфили дӯстонаву адабӣ доштем. Гоҳо барои табрики ман
дӯстон меомаданд ва сӯҳбатҳову базмҳо меоростем. Рузе Муҳаммад Осими
бо Эшонхон Нӯъмонов омаданд. То бегоҳҳамроҳ будем, Шавкатҷон палави
суннатии худро пухт, давраи хубе оростем. Бегоҳ меҳмононро гусел карда,
ба хонаҳои худ омада истироҳат карданӣ будем. Шавкатҷон хост ба шаҳр
телефон кунад. Телефон карду бо ваҷоҳати музтариб аз кабина баромад.
Бо садои гирифтаву ларзон гуфт:
— Аз Тошканд телефон кардаанд, Фотимахон гузаштаанд.
Ҳама моту мабҳут шудем. Икромиву Ниёзиҳо аз бемории Фотимахон
хабар надоштанд. Ман бемор хоб кардани Фотимахонро медонистам, лекин
ба гӯшаи хаёл намеомад, ки ин беморӣ ӯро ба вартаи аҷал мебарад.
Нимаи моҳи феврал ба Душанбе бозгаштам. Дар хона мактуби Дилбар,
духтари Фотимахон, аз таърихи 24 феврал маро мунтазир буд. У дар мактуб
навиштааст:
“Расули азиз, имрӯз понздаҳ рӯз шуд, ки чашмони азизи модарам абадан
пӯшида шуд. Шумо кай меоед, ки ба шумо аз рӯзҳои охирини мардонавор
гузаронидаи модарам нақл кунам.... Дар муддати ҳабдаҳ рузи баъди
бемористон модарам шабҳои дарози зимистон ҳамеша ran мезад, ҳамаи
дӯстонро ба хотир меовард. Вай дар хавотир буд, ки мабодо мо шуморо бо
дифои рисолаатон табрик накарда монем. Модарам таъкид карда гуфт, ки
мо ду рӯзи таваллудро фаромӯш накунем: рӯзи таваллуди шумо ва Гулнора...
Ман дар интизори шумоён ҳастам, зеро ғаму андӯҳе ки ҳар руз маро сари
пуштаи гӯр мебарад, вақте ки ба дидори дӯстони модарам мера сам, маро
раҳо мекунад, дур мешавад. .. Борҳо ба модарам бо ранҷидахотирй мегуфтам,
ки вай худашро эҳтиёт намекунад, тамоми ҳастии худ, ҷону дили худро барои
сабук кардани ғами дигарон сарф мекунад... Аммо модарам ҳақ будааст.
Дар зиндагй нависандагон, коргарон, ошлазон бисёранд, аммо касби хоҳари
мушфиқ хеле кам аст. Вай дуруст карда будааст, ки ҳамин пешаи шафқати
умумиро роҳи зиндагии худ қарор додааст. .. Башираи азизам, ту медони
ман чй модареро аз даст додам. Ту гиря накун, агар тавонй, чанд рӯз бо ман
бош". , с
Баъд аз чанд рӯз барои таъзия ба Тошканд рафтам. Рузи дигар офтоо
тулӯъ накарда сари қэбр рафтем. Болои пуштаро барфи сафеди нуқрагун
пӯшида буд. Зери барф, зери хок Фотимахон мехобид. Бо ҳама шодиву
хзкдаҳои дилрабои худ, бо ҳама андӯҳу гаму ташвишҳои зиндаги, бо орзуву
умеди дидори ёри маҳбуби дурафтодааш ором, бесадо мехобид..
Моҳи декабри соли 1976, баъд аз чил соли гайбат дар ватан, Рашидй аз
хидмат бозгашт. Ӯ нахуст ба Душанбе омадааст. Дар ин вақт дар Душанбе
набудам. Дар Душанбе хоҳари калонии Рашидй бо чанд писару духтараш
ва ҳамсараш Фаттоҳ Раҳматзода зиндагй мекард. Рашиди чанд рӯзро дар
хонаи хохар ва чанд рӯзро дар бемористон гузаронида, ба Тошканд меравад.
Дар хонаи духтараш зиндагй мекунад. Шабҳо дар ҳапқаи духтару набераҳову
домод мегузарад, рӯзонаҳо бо намсяндагони Кумитаи бехатарй берун аз
хона мегузаронид.' Баъд аз даҳ-понздаҳ рӯз барои дидани хешовандонаш
ба Самарқанд меравад ва чанде нагузашта ногаҳон бемор мешаваду ду руз
-127-
бистарӣ шуда, чашм аз ҷаҳон мепушад.
Пеш аз навиштани ин саҳифаҳо бо хоҳарзодаи Рашиди - Хуршед
Раҳматуллоев, ки ӯро аз солҳои хидматаш дар нашриёт мешинохтам,
ҳамсуҳбат шудам, то ҳар чи аз тағоияш донад, ҳикоят кунад. Вай аз солҳои
ҷавонии тағоияш чизи равшане нақл карда натавонист. Фақат ҳамин қадар
гуфт, ки “ба хаёлам, тағоиям аз ҷавониашон дар зоҳир мудири маориф
бошанд ҳам, аммо дар НКВД ҳам кор мекарданд. Зеро ду-се бор дида будам,
ки дар шкаф таппонча доштанд, ки онро баъзан ба миён баста мерафтанд."
Хуршед Раҳматуллоев гуфт, ки аз куҷо буданашон ва чи кор карданашон
чизе намегуфтанд. Фақат боре гуфтанд, ки “ман соли 1943 (ҳамон соли
конференсияи Теҳрон) Алоуддин Баҳоваддиновро дар Теҳрон дида будам
ва туфта будам, ки агар аз Эрсн бозгардад, саломатии маро ба Фотимаҷон
расонад: хавотир нашаванд, ман ба корҳои худ машғуламМаълум мешавад,
ки Рашидӣ дар вақги конференсияи Теҳрон дар корҳои таъмин намудани
бехатарии мулоқоти сарони се давлати бузург иштирок доштааст, Аз ин ҷо
натиҷа метавон гирифт, ки берун аз ватан вазифаҳои ҷиддиву масъули
разведкаи шӯравиро иҷро мекардааст.
Рашидй дар муддати чил сол чӣ воқеаҳоро аз cap гузаронида, шоҳиди чи
ҳодисаҳое будааст, ҳама бо худи вай ба гӯр рафт. Акси охирини уро дар
дасти духтараш дида будам. Аз симои акси ҷавони осоре намонда буд.
Хеле пир шуда буд. Бо вуҷуди он дар синни 75 сол пирамарди тануманду
боқуввате будааст. Агар умр вафо мекард, шояд аз корномахои худ достоне
ба вуҷуд меовард. Пекин мисли бисёр разведкачиёни даврони шӯравй
оромона, хомӯшона ва дар пинҳониву хуфя корҳои бузургро анҷом дода,
хомӯшу бе садо аз ҷаҳон чашм пӯшид. Рӯҳашон шод бод ин ҳар дуро -
Фотимахону Рашидиро!
МУТАВАККИЛ БУРҲОНОВ ВА ҶАҲОНИ МУСИҚИИ МАН
Дар солҳои кӯдакиву наврасӣ, гуфтан мумкин аст, то давраи баъд аз ҷанг,
расидан ба шунидани суруду мусиқӣ ниҳоят кам воқеъ мешуд. Ба консерт
рафтан ва ҳофизи номдореро гӯш кардан воқеаи калон буд. Ёд дорам падару
модарам соли 1939 буд магар шуниданд, ки дар Самарқанд консерти Ҳалима
Носирова, Карим Зокиров ва боз чанд ҳофизони Тошканд барпо мешудааст.
Билет гирифтан ба ин консерт ниҳоят мушкил буд. Дар ин хусус устод Айнй
ҳам дар як номааш ба устод Лоҳутӣ навиштааст (30 апрели 1939), ки ба
қарибӣ онро хондам:
“Зимистон дастаи консерти Узбекистан ба Самарқанд омад, ки сардори
он Ҳалимахони машҳур буд. Бачагон бо сардории хоҳаратон хостанд, ки ба
консерт рафта, хониши Ҳалимаро шунаванд. Ман барои харидани панҷ
билет ба театр рафтам, ки билетҳо як рӯз пеш аз омадани Ҳалима фурӯш
шудабудааст. Ман... ба директори театр муроҷиат кардам. Директор гуфт:
“Барои тамошобинони умумӣ ягон ҷои фурӯш ҳам нест, аммо ман метавонам,
ки аз ложаи совети шаҳр ба шумо ду ҷои маҷҷонӣ бепул диҳам" Апбатта ман
розй шудам... ва худам шахсан хоҳаратонро гирифта бурдам.
Холабачаҳои чусту чолокам ду билет барои модараму холаам пайдо
-128-
карданд. Модарам шоду хуррам аз консерт омада гуфт:
__Баъд аз консерт ҳанӯз мардум пароканда нашуда нохост Ҳалимахон
пайдо шуду бо мо омада салому алек кард, пурсу пос намуд. Аҷаб ҷавонзани
зебои хушгап будааст.
Хуллас, овози хонандаи машҳурро танҳо аз радиои девори мешунидем.
Баъдтар патефон пайдо шуд. Амакбачаи падарам Ҳамроҳхон аз Ленинград
бо хоҳиши падарам патефони хуби навбаромад овард. Падарам гоҳ дар
танҳоӣ ва бештар дар меҳмондорӣ қартаҳои Ҳоҷи Абдулазиз. Домулло
Ҳалим, Бобоқул Файзуллоев ва Шоҳназар Соҳибовро мемонд. Сурудҳои ин
ҳофизон ба тадриҷ ба ман таъсир мегузошт ва худам ҳам гоҳо ин қартаҳоро
монда сурудҳои классики гӯш мекардам.
Соли 1936 Ҷаъфархон-амак аз сафари Маскав ду қарта овард бо сабти
мусиқиҳои аврупой. Рӯзе ин қартаҳоро оварда дар патефон гӯш кардам.
Мусиқии яке аз ин қартаҳо ба забони русй "Китайская серенада” ном дошт.
Мусиқии дилнишине буд, ки аз садоҳои аввалин маро мафтун кард. Қартаи
дигар ба ҳарфҳои лотинӣ навишта шуда ва мусиқии симфонй буд. Чунин
мусиқии пурҷӯшу хурӯш ва тантанаворро бори аввал мешунидам. Аҷиб ин буд,
ки мусиқӣ ба ман хеле писанд омад. Ду қартаро қариб ҳар рӯз гӯш мекардам.
Ин шиносоии тасодуфӣ ва аввалини ман буд бо мусиқии урупои ва симфонй.
Тобистони соли 1940 ба Самарканд театри опереттаи Тошканд омад.
Ҳамсояҷӯраи ман Соҳиб зодаи тотор, ки дар мактаби русй мехонд (мо уро
Санка мегуфтем), таклиф кард, ки ҳар ду ба тамошои театр равем. Театр дар
шаҳри нав, дар бинои тобистона намоиш мегузошт. Спектакли аввалини он
ба ман хеле писанд омад ва мо бо Санка қариб ҳамаи спектакпҳои ин театрро
тамошо кардем. Номи чанде аз опереттаҳоро ҳоло ҳам дар хотир дорам-
''Силва”, "Баядерка", “Свадба в Малиновке”...Ин буд вуруди дуввумини ман
ба мусиқии урупой.
Муҳити радио ва консертҳои русиву урупой, ки муҳаррирони рус тартиб
медоданд, ҳавасу иштиёқи маро ба олами ин мусиқй бештар мекард. Ҳамин
шавқу ҳавас буд, ки ба воситаи барномаҳои тоҷикӣ бори аввал композитсияи
адабӣ-мусиқии "Шаҳрзод”-ро дар заминай симфонияи Римский-Корсаков
тартиб додам. Ба ҳамин тариқа, ман бе ҳеч муршид ба олами мусиқии
симфонй қадам ниҳодам.
Шиносой бо Мутаваккил Бурҳонов бе муболига гуфтан метавон, ки маро
ба олами мусиқии нав ва доираи оҳангсозон ворид намуд.
Мутаваккилро дар Тошканду берун аз он дустонаш ва умуман аҳли мусиқи
ба тарзи мухтасар Мутал мегуфтанд. Номи падараш Музайян буд ва аз рӯи
расму оини замони шӯравӣ номи падарии ӯ (отчество)дар ҳуҷҷатҳо
Музаинович буд. Шахсони наздиктринаш, ҷураҳои қарин, шиносони бухори
Мутаваккил ё Мутаваккилҷон ном мегирифтанд. Хоҳараш Фотимахон то охири
умр ӯро Мутаваккилҷон мегуфт. Ман ҳам ӯро то охир Мутаваккилҷон мегуфтам
(ҳарчанд аз ман даҳ-дувоздаҳ сол бузургтар буд). Инак дар нақлҳои ояндаам
ӯро ба ҳамин ном зикр хоҳам кард.
Мутаваккилҷон қариб панҷоҳсоли умрашро дар Тошканд гузаронида буд
ва ӯро оҳангсози узбек мегуфтанд. Ба назарам, ӯро оҳангсози Узбекистон
гуфтан дурусттар аст. Худи Мутаваккилҷон ба чунин ном камтар аҳамият
-129-
медод. Аз вай кам шунидаам, ки худро узбек гуяд. Фақат ин ки бо асолати
бухоригии худфахр мекард. Дар воқеъ ман хуб ҳис мекардам, ки ваи бо руҳи
худ, бо хуни худ, бо одобу рафтори худ тоҷик буд, тоҷики асили бухорои.
Сухани ӯро ҳамеша ба тоҷикй мешунидам, дар хона бо хоҳару ҷиянаш, бо
як-ду хеши боқимондааш ба тоҷикӣ ҳарф мезад. Сухани тоҷики, шеъри
тоҷикиро нағз медид, аз ин забону гуиш лаззати мусиқӣ мегирифт.
Мутаваккилҷон сабақҳои аввалини мусиқии касбй ва урупоиро дар
Институти илмию тадқиқотии мусиқии Самарқанд, дар мадрасаи Шердор
гирифтааст. Баъд аз ин чанд сол (аввали солҳои ей) дар Сталинобод дар
театри тоҷикй ба ҳайси найнавоз кор кардааст. Парастори ваи дар ин шаҳр
бародари калониаш Мисбоҳиддин Бурҳонов - муҳаррири рузномаи
“Тоҷикистоии сурх" буд. Баъд аз ҳабс шудани бародараш Мутаваккилҷон
Сталинободро тарк мекунад. Тарсу бим ва дилсардӣ аз бе ҷурму бе гуноҳ
хабе гардидани бародараш дар дилаш монд. Аммо муҳаббати фитри нисбат
ба забону адаби тоҷикӣ, нисбат ба мусиқии халқию классикии тоҷики дар
вуҷудаш ҳамчунон боқӣ буд.
Вай солҳои 1935-39 дар студияи миллии Консерваторияи Маскав дар
риштаи композиториву дирижёрӣ таҳсил мекунад. Донишҷуёни студия аксар
тоҷикону яҳудиёни бухорӣ буданд. Лоҳутй бо бисер донишҷуен дустиву
рафокат дошт. Дар ин миён вай ба Мутаваккил Бурҳонов меҳру дилбастагии
хосса мепарварид. Дар заминай ин дӯстию ҳамкории эҷодии Лоҳутию
Бурҳонов ба вуҷуд омад. Лоҳутӣ ба Мутаваккилҷон шеъри Умри гул -ро
барои сохтани оҳанг такдим мекунад. Ин шеър ба хонум Шамси Касмои дар
Табриз соли 1921 эҳдо шуда буд. Шамси Касмоӣ аз занҳои донишманд ва
равшанфикри замони Лоҳутй буд ва муртаҷеэни Эрон писари ӯро ба ҷурми
инқилобчии коммунист ба қатл мерасонанд. Шеър дар таслият ва тақвияти
дили озурдаи Шамси Касмои навишта шуда буд.
Дар фироқи гули худ, эй булбул,
На фигон баркашу на зорй кун!
Сабр бинмову бурдборӣ кун,
Макун ошуфта мӯй чун сунбул!
Ту ки Шамси самой ирфонй,
Бартарин ҷинси навъи инсони,
Боиси ифтихори Эронӣ,
Бех/пар аз ҳар кас ту медонӣ,
Ки ду рӯз аст умри давраи гул!
Ин шеър гуё ба Мутаваккил низ ҳамчун тасалливу таскин эҳдо гаРДиД-
Дили ӯ аз дили Шамси Касмоӣ пурзахмтару ранҷуртар буд. Соли 1934
бародари ӯ Мисбоҳиддин зиндонй ва мақтул гардид. Соли 1937 се амаки у
Мукаммил-махдум, Муаммир-махдум ва Мазҳар-махдум - ифтихори зиеиени
нави тоҷику ӯзбек зиндонй шуданд ва ба қатл расиданд. Ин шеър бо дили
мусибатзада ва синаи решу пурҷароҳати вай хдмоҳанг буд. Мутаваккил хост,
ки суханҳои пур аз андӯҳу таслиятбахш дар мусиқи низ садо диҳад. Ва у
романеи “Эй булбул”-ро эҷод намуд. Ин дар эҷодиети Мутаваккили бисту
-130-
яксола романеи аввалини урупои буд, лекин бо услуби хосса, бо салиқаи нав
ва бо оҳанги тоза романеи аввалини тоҷикй буд^ Дар барномаҳои мусиқии
тоҷикии радиои Тошканд ин суруди ҳамешагӣ ва дустдоштаи тоҷикону ӯзбекон
буд. Романсро дӯсти беҳтарин ва наздиктарини Мутаваккилҷон Довуд
Муллоқандов мехонд. Нотакрор, аз дилу ҷон бо садои тенори лирикии худ
мехонд. Солҳои ҳамкориву дустӣ бо Лоҳути Мутаваккилҷон суруди Бути
нозанинам"-ро таълиф намуд. Дар ҳамин сол суруди шухи “Дилбари мо_-ро
навишт. Духтарчаи Фотимахон, Дилбари чорсола хуб мерақсид. Лоҳути ба
ин духтарча ва рақси вай шеъре навишт, ки мисраи аввалаш “Дилбари мо
гашта рақсон” буд. Ин суруди шӯхи гӯшнавозро Назира Аҳмедова дар
консертҳои тоҷикии мо хеле хуш месароид. Яке аз сурудҳои ниҳоят дилнишин
ва ба лаҳни халқӣ дар шеъри Лоҳутй сохтаи Мутаваккилҷон “Ба чашмонат
қасам” ном дошт, ки ду мисраи аввали он дар ёдам мондааст:
Ба чашмонат қасам, дар чашми ман ту беҳтар аз ҷонӣ,
Азизам, дилбарам, ҷонам, магар инро намедони?
Чунон ки мебинем, оҳангу сурудҳои нахустини Мутаваккилҷон, ки ба онҳо
мусиқишинос Янов Яновская баҳои баланд медиҳад, тоҷикй буданд, лаҳни
тоҷикй, рӯҳи амиқи тоҷикй доштанд. Дар солҳои баъдй низ дар эҷодиети у
нақши тоҷикй ҳамеша ҳувайдо буд. Вай ба шеъри Ҳофиз романеи олии
“Ман намедонам чӣ ном дорад”-ро навишт, ки беҳтарин хонандаи он Довуд
Муллоқандов буд. Дар сюита, осори симфонию хории худ ҳамеша як суруд,
як оҳанги тоҷикиро ворид менамуд. Дар силсилаи сурудҳо барои хори
акапелла Мутаваккилҷон “Сияҳчашмак"- и тоҷикиро таълиф намуд. Дар
мусиқии филми “Ибни Сино" сурудеро бо шеъри Ҳилоли дохил кард. Дар
операи ‘‘Навой’’ суруди ниҳоят хуби тоҷики садо медиҳад. Достони симфонию
хории худро ба шарафи ҷашни 2500-солагии Бухоро бо шеъри машҳури
Рӯдакй оғоз кардааст: “Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме”...
Мутаваккилҷон шахси ниҳоят ҳассос буд. Хурдтарин ноҳамвории зиндаги
ба вай сахт таъсир мекард. Аз воқеаҳои фарах,бахш, аз шодиву омади кори
ошноёнаш, хусусан эҳтиёҷмандон кудаквор хурсанд мешуд, дастонашро
мисли боли мурғ ёзонда ҷунбишҳои рақси мекард. Асар эҷод намудани ваи
ниҳоят душвор буд. Касе ӯро ранҷонад ва алалхусус ҳис кунад, ки нотавонбине
пинҳонӣ ба ӯ халал расониданӣ аст, чандин вақтҳо аз кор мемонд, Дар хона
ҳам чандон шароити хуби эҷодӣ набуд. Аввал ин ки меҳрубони, меҳмондусти
ва пазироиҳои гарму ҷӯшон аз дӯстон хонаи онҳоро ба маҳфилу маҷлиси
базми мусиқию шеъру адаб табдил дода буд. Мутаваккилҷон, ки ринду
лоуболу озод буд, дар ин маҷлисҳо зиёд шароб менӯшид, месуруд (асарҳои
худро хеле хуб ва бо хдссосият мехонд), кӯдаквор атрофи меҳмонону дӯстон
дастҷунбону покӯбон бо суханҳои ширину латиф гирд мезад...
Мутаваккилҷон шахси побанди эҳсосу фармонбардори дили пурҷушу
хурӯши худ буд. Рӯзи муайян, соати муқаррар барои кору эҷоди мусиқи
надошт. Даромади мураттабу мунтазам набуд. Агар аз киностудия ё театри
мусиқӣ ё аз ҷои дигар супорише барои навиштани мусиқи пайдо гардад ва
агар мавзӯи мусиқӣ ва худи талабгор ба ӯ писанд ояд, мусиқиро зуд менавишт.
Бо музди кор чанд рӯзу чанд моҳро бо лоуболиву меҳмондори мегузаронд.
Чунон ки худ дар соати хумори май мегуфт: “соқи, бие гамм фардо иахурвм
ба ҳамин озодиву таваккул рӯз мегузаронид. Худ бо шухи мегуфт. ки номи
маро беҳуда Мутаваккил нагузоштаанд, ман ба худо таваккал мекунам
худо худаш маро аз газанди душманон амин нигоҳ медорад.
УЯМутаваккилҷон осори зиёде дошт, ки ба фармони дил, бо таҳрики илҳому
садом ғайбӣ навиштааст, мисли “Мадҳия ба партиям Ленин , ҚасидаиНавои
Мутаваккилҷон Ленинро дӯст медошт, гумон мекард ки ҳамг. беадолатиҳ^
куштоохову таъқибу табъиди зиёиен амали ношоистаи Сталин аст. Инро
ошкооо 'гуфта наметавонист. Ҳамин “Мадҳияи партиям Ленин эътирозебуд
ГЖГврони Сталин, ки гӯё вай аз ро,и лешгирифтаи Ленин
аҚИҲар^касарТнавэҷоди Мутаваккилҷон воқеаи сурурангезу таҳсинофарине
eySSoH, баром аҳли мусиқӣ, барои онҳое ки
думбаку карнойҳои пурдабдаба фарқ карда метавонистанд. Дилбарбаъд
аз итмоми "Мадҳия” навишта буд, ки дар вақти иҷрои ин асар, ХаггоДаРва^и
репититсия мусиқичиёни оркестр Ҳар бор аз ҷой хеста, муаллифи асарро
ТабМа%адТбузурги Мутаваккилҷон таълифи опера дар бораи Нав°ибУЛ
Вай азҷавонӣтақдири шахсӣ ва эҷодии Навоӣ, зиндагии пурташвиши Навоиро
бо рӯзгори ноҳамвори худ муқояоа мекард ва акси садом онро дар сарнавишти
ХУДТиоамоҳи соли 1945 дар консерти идонаи ҷашни пуршукӯҳи Донишгоҳи
давлатиГтошканд Дар ҳузури меҲмонони хориҷй ва аъзои мақрмоти олии
ҳизбу х.укумати Ӯзбекистон баъд аз иҷрои чанд суруду мусиқиҳои барномаи
консерт конфронсе эълон кард: '‘Мутал Бурҳонов, арияи Гули аз операи
Навой ҳунарпешаи халқии СССР Ҳалима Носирова иҷро мекунад^
Кафкӯбиҳо баланд шуд. Ва овози ширадору ҷарангосии Ҳалимахон зери
гунбади театри Свердлов ба парвоз баромад.
Дод дастингдан фалак,
Фарёд дастингдан фалак,
Кимларга хор этдинг мани,..
Кимларга зор этдинг мани
Цод аз дастат фалак,
Фарёд аз дастат фалак,
Пеши кӣ зорам кардаӣ?!..
Пешч кй хорам кардаӣ?"!
Маълум мешавад Бурҳонов ном композиторе Судааст ва ба навиштани
операи Навоӣ" машгул аст. 0Ҳанги дилхарош ва додхоҳона дар лаҳни
сурудҳои халқӣ ва классикӣ гувоҳи он буд, ки дар маидони санъати нави
узбек операи ҳақиқии миллӣ дар сатҳи мусиқии ҷаҳони ба вуҷуд ом^о
Лекин дигар аз ин опера садо намебаромад. Арияи машх,ури улиро дар
консертҳо Ҳалима Носирова мехонд, аммо худи Мутаваккилҷон хомуш уд.
Баъд аз он ки бо вай ошно шудам, аз набудани либреттои опера шикоят
мекард Борҳо мегуфт, ки тамоми опера дар тасаввури у таиер шудааст.
бароиоҳангусохти опера либретто лозим аст. Либретто драма нест, мусиқи
аст Суханхои он чун мусиқӣ бояд садо диҳад. Ҳассосият ва табъи нозуки
лида на « шоир 6а на.нш,ан» либра™ барои олараи
Ва"н«а“юМ“» навиштани опера Мутаваккилҷонро солҳо ором "“W™
Ammo dox баста буд. Мактубе ки Мутаваккилҷон баъд аз ба Сталинобод
омаданам навишта буд, асрори ниҳонии дили он касро баен мекард. Ин аст
мухтасари он нома (тарҷума аз русй).
“ Рӯзгори мо мисли пешина ҷараён дорад. Диляи азизам дар Маскав^
Фотимаҷон қариб тамоман ором шуданд ва вазъи рӯҳияашон хуб астАкнун
аз худам нависам. Ман то ҳол саъй мекунам, ки кор кунам. Аммо касолати
пурдахшати ман - танбалй ва илова бар он беҳунарй азиятам медиҳад...
Хангаме ки ҳама хоб мераванд, ашк мерезам... Тасаввур мекунам, ки зуд
мемирам ва чанд саҳифае мусиқӣ аз худ боқи намегузоракт Хоҳише фаро
мегирад ки дар ягон ҷои дур зиндагй кунам, ки оромии тамом даст диҳадва
дар S як акти либретторо дошта бошам. Вале дар ин хусус танҳо орзу
кардан мумкин аст ва амалй шудани он барои ман душвор аст^ Ҳатто
номумкин аст. Ҳоло ки ба шумо ин сатрҳоро менависам, гиря мекунам Ҳо
аммо оптимист шудан лозим аст. Барои ин номаи ҳузнангезам маъзур
лооед ” I7 сентябри соли 1955.
Мутаваккилҷон ба ин орзуи худ баъд аз сиву панҷ сол расид... Аз ин хусус
баъдтар нақл хоҳам кард. ,,
Мутаваккилҷон қомати расо, вале ҷисми ниҳоят наҳифдошт Чеҳраи
сафедгун бо андаке доғҳои нонамоени нағзак. Муиҳои дарозаш то буни
гаоцан^мерасид. Вақти гаштан сараш хам ва қоматаш низ андаке ха ми да
буд ва ниҳоят тез мегашт. Ангуштони нарму сафеди борик дошт, мисли
ангуштони занони ашрофзодаи дворянӣ. Ниҳоят кам ғизо ме^^гар гу -
ки“чаро ин қадар кам мехӯред?” - мегуфт: “не,не, гардам.бисерхурдам^аз ин
зиёдаш вазнинӣ мекунад, шикамро равған зер мекунад. Дар суҳбат ва
зиёфат арақро гоҳо аз эътидол зиёдтар менӯшид. Дар чунин *олат СУ*3””
нобачое шунавад ё дар маҳфил шахсе бошад.ки мавриди хусумату нафра
^ «Пхир алба™ 60 Zанхои та, ва пурхушунат он шахоро =Р,
маломат мекард- Хуллас дар полати хашму таваб камтар худиори мекард
Мутаваккилҷон барои дӯстон, эҳтиеҷмандон, алалхусус аз аҳли санъат,
ҷонсупорона хидмат мекард. Барои беҳтар шудани вазъи зиндагонии
ниёзмандон ё кушоиши мушкили касе назди роҳбарон ба идораҳои боло
меоафт ва нихоят мушкилҳоро осон мекард. Бо вуҷуди он ки худ пули зиед
ниҳоет°саховатмандвз W„6apop буд. Соли 1947 дар «опоили
консерватория барои дидани Миронов, муаллими давраи ҷавониаш дар
Самарканд Пирмарди Ҳафтодсола аз вай хуш истиқбол мекунад ва
лао вақти рафтан мегӯяд: “Муталҷон, мана ҳамин ду тумбаки нихрят олиро дар
ёамаоканд^харидорй карда будем. Ҳоло эҲтиёҷ дорам, мехоҳам фурушам
Агар харидоре ёбед, бигузор омада гирад". Мутаваккилҷон баъд аз ду-се руз
стипендия мегирад ва ба стипендия боз чизе илова карда назди Миронов
меояд Мегӯяд ки тумбакро фалон кас мегирад, пулашро пешаки дод. Тумбахр
ГхобгоХда мемонад Баьд аз ин як моҲи дароз худаш бепул нимсеру
нимгурусна мегардад. Ин тумбакро дар хонаи ӯ то охири умраш медида .
Мутаваккилҷон дар байни аҳли санъат маҳбубияти махсус дошт. Ҳама,
ҳам хунарпешагони драмавй, ҳам солистони опера, ҳам устодони мусиқй
ӯро дӯст медоштанд, самимона эҳтиромаш мекарданд. Чунончи,
ҳунарпешагони машҳури он давр Ҳалима Носирова, Тамарахонум, Назира
Аҳмедова, ки ангуштнамоёни ҷомеа буданд, дӯстҳои наздиктарин ва ҳамдами
рӯзҳои хурсандиву мушкилиҳои он кас буданд.
Гузашта аз ин бисёр шахсони мақомоти олии ҷумҳури Мутаваккилҷонро
тарафдорӣ, ҳимоят ва бо ҳар гуна ёрии худ ба эҷоди мусиқӣ тарғиб ва таҳрик
мекарданд. Котиби аввали ҳизби коммунистии Узбекистон Усмон Юсупов аз
давраҳои таҳсили консерватория ҳомӣ ва ғамхори Мутаваккилҷон буд. Пекин
Мутаваккилҷон аз марҳамату илтифоти "калонҳо" суи истифода наменамуд,
ба рӯҳи озодаш иҷоза намедод, ки побанду ниёзманди ёриву ҳимоятҳо
бошад. Ӯ бо заҳмати худ, бо илҳоми худ, бо ҳунари худ мехост дар ҷомеа
мақоми хосса дошта бошад. Аз шахсони воломақом танҳо бо Султан Умаров,
ки муовини раиси сарвазир буд ва баъд дар мақоми раиси донишгоҳи
Тошканд кор мекард, робитаҳои хуби дӯстӣ дошт, ба хонаи он кас рафту
омадмекард, ба машваратҳои дӯстонаи он кас бовар ва гӯш мекард. Мегуфт,
ки Султан Умаров завқи нозуки шеърдониву мусиқишиносй дорад. Бо
ҳамроҳии Султан Умаров суруде ба номи “Қалдирғоч'' (“Парасту”) таълиф
кард, ки шеъри он аз қалами Султан Умаров буд.
Мутаваккилҷон танҳо ба қувваи ҳунари худ, ба илҳоми худ ва даъвати
ботинии қалби худ, ба садои мусиқӣ такя мекард. Агар ҳамаи ин дар оромиву
осоиш мавҷуд бошад, халале аз берун ба эътидоли вазъи вай оид нагардад,
- ӯ зуд, хуб ва ҷавобгӯи талаботу завқи баланди худ мусиқи эҷод мекард.
Мутаассифона оромии рӯҳу ҷисми ӯро хурдтарин воқеа аз эътидол
мебаровард. Хусусан агар беадолатй ва ноҳаққиеро дар нисбати худ ва
нисбат ба шахсони покизаву заҳматкаш бубинад ё ҳис кунад, рӯзҳову моҳҳо
роҳату оромро гум мекард. Даргузашти шахсони ба қавли вай ҳақпараст ,
дӯстони ҳаммаслакаш сахт таъсир мекард. Даргузашти дӯсти наздикаш
мусиқишиноси "ҳақпараст" Вадим Александрович Мейен барои вай мусибати
сахт буд. Дилбар дар ин хусус навишта буд:
“Ман аз тағоиям дар хавотир ҳастам. Баъд аз вафоти Вадим
Александрович Мейен хеле хаставу ранҷур аст... Ҳар субҳ, ки телефон
мекунам, аз овозаш пай мебарам, ки шаб нӯшидааст. Акаҷон, шумо
метавонед суханҳое пайдо кунед. Ба он кас номае нависед... гӯедкионкас
барои ҳамаи мо шахси даркорй ҳастанд...Ё шояд як номаи содаи нурбори
(умедбахше) ба вай нависед.” 24 марти соли 1971.
Дар воқеъ ҳам шиори Мутаваккилҷон "ҳақиқат ва адолат" буд. Расулҷон,
мегуфт ӯ, ман беҳуда барои ҳақиқат ва адолат ҷонсупори намекунам.
Ноҳаққиву беадолатиро дар такдири пурфоҷеаи амакҳои худаму бародарам
дидаам. Имрӯз чӣ гуна метавонам дар назди беадолативу ноҳаққи cap фуруд
оварам. Адолату ҳақиқат маро ба боргоҳи олии мусиқй ҳидоят мекунад.
Мутаваккилҷон маро дар радифи худ — муборизи роҳи ҳақиқат ва адолат
медонист. Се сол пеш аз вафоташ китоберо, ки мусиқишиноси хеле пухтаву
донишманд Янов Яновская дар бораи ӯ навишта буд, аз Бухоро ба расми
тӯҳфа фиристод. Дар аввали китоб бо хати бачагонааш навиштааст: "Ба
-134-
лист и азиз, пусти ҳақиқат ва адолат Расулҷон! .
У Бубинед, ки ҳатто дар айёми пири (дар ин вақт ҳаштоду се сол дош )
шиор ва мароми зиндагии худро тағйир надодааст. к
Баъзан ба вай нигоҳ мекардаму ба худ мегуфтам, ки муборизаҳо бар
хакикату адолат ба ҷисму рӯҳаш сахт таъсир мекунад, моҳҳо, х,атто солҳо
SSSp» «л,ом« ғайбии ӯ иегардад. Алалхусус афсӯс июум>к »
мубориза ва кашмакашҳои ӯ бо арбоби машҳури мусиқии Узбекистан Мухтор
Ашрафӣ (вай ҳам тоҷики бухорй буд) хеле тӯлонӣ ва барои Мутаваккилҷон
хеле гарон буд. Кашмакашҳо, мубоҳисаҳо, муноқишаҳо на танҳо дар
доираҳои эҷодӣ, ҳатто як-ду бор дар кумитаи марказии ҳизб бо иштироки
шахсони олимақом барпо шуда буд. Яке аз айбномаҳои Мутаваккилҷон ба
Ашрафй он буд, ки вай дар асархои мусиқии худ аз осори оҳангсозҳои дигар,
хусусан муаллимони худ истифода бурдааст. Осоре. ки 0аи имруз ба он
ифтихор дорад, маҳсули заҳмат ва қудрати хоссаи ваи нест. Мутаваккилҷон
дар ин самт ҳатто ҳуҷҷатҳои қотеъ ҷамъ мекард. Боре нусхаеро аз рузномаи
С Василенко (оҳангсоз. устоди Консерваторией Маскав, муаллими аксар
оҳангсозони узбек) нишон дод. Василенко навиштааст: (мазмунан) Операи
"Бӯрон” хеле бо муваффақият гузашт. Ҳама марову Ашрафиро табрик
мркаоланд. Аммо Ашрэфи чи нисбэтв дошта бошад?
“Бурон”, операи нахустини миллии ӯзбекӣ.асари Ашрафй ва С.Василенко
буд. Дар атрофи опера бисёр ҳамду саноҳо хонда шуда буд^ Мутаваккилҷон
ҳам ситоишу таърифҳои аз ҳад зиёди опера ва ҳам мансубияти комили ин
асарро ба номи Ашрафй рад мекард. п
Муборизаи Мутаваккилҷон “барои ҳақиқат ва адолат торафт шидд
мегирифт. Тарғибу ташвиқи рафиқон ба мусолиҳаву мувосо аз тарафи
Мутавакилҷон қабул намешуд. Дар мубориза Мутаваккилҷон ба ғалабаи на
чандон дур ноил ҳам шуд. Мухтасари воқеа ба ин қарор аст.
дар аввали солҳои шастум Мутаваккилҷон раиси Иттифоқи оҳангсозони
Ӯзбекистон интихоб шуд. Ин бори аввал ва охирин буд, ки Мутаваккилҷон ба
ифои вазифаи роҳбарӣ маъмур шуда бошад. Дар яке аз пленум е съезд
Ашрафиро (ба назарам.ба ҳамон айби "nnarHaT ) аз узвияти Иттифоқи
оҳангсозон хориҷ мекунанд. Чунин маҷлису маъракаҳо бар зидди шахсони
номдори даврони сталинй баъд аз съезди таърихии 20-ми ҳизби коммунисту
хеле авҷ гирифта буд. Ба назарам, дар мавриди Ашрафй низ он маъракаҳо
66 Ман МухторДАшрафиро дида, аммо бо вай ошно ва ҳамсӯҳбат набудам.
Соли 1971 дар Маскав дар рӯзҳое, ки мо 60-солагии зодрузи МиР
Турсунзодаро таҷлил мекардем, бо Мухтор Ашрафй мулоқот кардам ва д р
чандин маҳфилу қабулҳои расми бо ҳам будем. Ваи дар ин вақт боз дар
мавқеи аввалаи худ барқарор шуда буд. Чун донист, ки ба Душанбе ба
воситаи Тошканд меравам, бо исрор ба шунидани операи нави худ Дилером
даъват намуд Гуфт, ки ба аэропорт мошин ва шахсеро мефиристад, то маро
пешвоз гирифта рос; ба театр биёрад.Ҳамин хел Ҳам шуд. Баъд аз тамошои
опера марР0 ба манили худ бурд ва гуфт. ки то рафтан аз Тошканд меҲмони
вай бошам Аз он ки дар хонаи ■'душмани” Мутаваккилҷон меҳмон ҳастам^
хиҷил набудам. Ман умуман кй будани Ашрафиро каме бошад ҳам
-135-
фаҳмиданӣ будам. Дидам, ки Ашрафӣ дар воқеъ як нафар ходиме дар мақоми
сарварии ҷамъияти мусиқичиён ва ҳунармандон аст. Ин корро ҳар кас ба
ӯҳда гирифта наметавснад. Барои ин ғайрату қувват ва низоми сахти фаолият
лозим аст. Ҳамон шаби аз Маскав баромаданаш Ашрафӣ то соати ёздаҳи
шаб дар консерт дирижёрӣ карда, баъд соати дуи шаб (панҷи субҳи Тошканд)
бо ҳавопаймо ба Тошканд мерасад. Чанд соат хобида ба репетитсияи опера
меравад ва боз бегоҳ ба опера дирижёрӣ мекунад. Барои чунин кори пур аз
заҳмат шавқу иштиёқ, қувват, ғайрат ва аз роҳату осоиш даст кашидан лозим
аст. Барои санъати олӣ Бурҳоновҳо чи қадар лозим бошанд, вуҷуди
Ашрафиҳо низ барои ҷомеа лобуд аст. Якеҳо ба амри дил, дигарҳо ба ченаки
ақл кор мекунанд.
Бетховен ва Гӯте дар Карлсбад истироҳат мекарданд. Рузе ба тафарруҷ
ҳамроҳ мебароянд. Аз дур рӯ ба рӯи онҳо короли Олмон бо ҳамсараш меоянд.
Бетховен аз назди онҳо таъзим надода гузашта меравад. Гӯте ба як тарафи
пайраҳа мегузарад ва то гузаштани онҳо ба таъзим рост меистад. Ҳар ду
бузургвор буданд. Яке фармонбардори дил, дигаре чорасози ақлу хирад.
Дар сафари ман Мутаваккилҷон дар Тошканд набуд. Баъд аз чанд вақт
дар Тошканд будам ва аз мулоқотам бо Ашрафӣ гуфтам. Танҳо табассуме
карду монд. Фаҳмидам, ки дӯстии мо бузургтар аз ин икдоми ман аст барои
вай.
Мутаваккилҷон дар зиндагй дарвеш буд, аз молу сарвати дунё сарфи
назар карда буд. Аз ороиши зоҳирии зиндагй дур буд. Баъд аз марги
Фотимахон хонаву ҷои худро ба Дилбару фарзандони ӯ вогузошт, худ дар
танҳоӣ, гӯё дар узлату усрат зиндагй мекард. Дар хонаи танҳои охирини вай,
ки дар ҳамсоягии Дилбар воқеъ буд, як хонаи калонтаре гуё барои қабули
меҳмонон ва як утоқи хурди дигар барои кору хоб дошту бас. Солҳо ҳатто
пианинои худро надошт. Дар хонаи вай пианиное буд, ки хазинаи мусиқии
Ӯзбекистон ба орият дода буд ва Мутаваккилҷон ҳар сол ҳаққи уҷратро пардохт
мекард. фақат солҳои ахир дар хонаи ксраш рояли хурдеро медидам, ки
гуфт - ҳадяи хазинаи иттифоқи оҳангсозон аст.
Мутаваккилҷон ба болои озору ранҷҳои рӯҳонӣ ба зарбаву газандҳои
ҷисмонӣ низ гирифтор мешуд. Боре шабона ду шӯрапушт ҳамла оварда,
ӯро мушткорй кардаанд, ки сэру рӯяш хуншор ва сараш садамаи сахт дида,
чанд моҳ аз кор монда буд. Мегуфт, ки ин кори бадхоҳони ӯст. Ба назарам,
гапаш ҷон дошт. Бори дигар дар хона сими барқро дуруст карданй шудааст,
нохост барқ ба дасти ӯ зарбае ворид намуда ва ӯ чанд соат беҳуш хобидааст
Дар натиҷа ангуштони вай ду-се моҳ карахт ва беҳаракат аз кор мондаанд.
Соли ҳафтодум ба Тошканд рафта будам. Мутаваккилҷон дар хонаи
Дилбар (яъне дар ҳамон манзили аввалини худ) буд Гуфт, ки вай як
бӯстонсарои олй гирифта ва ҳоло он ҷо иқомат дорад. Ҳамон руз ба
бӯстонсаро рафтем. Бӯстонсаро них,оят дур, берун аз шаҳр буд. Ин
манзилҳои навсохт буд, ки баъзе аз оҳангсозон бо оилаи худ зиндагй
мекарданд. Он ҷо хрло газ набуд, барқ ҳам мунтазам намеомад. Дар
карасинка ё рӯи ҳавлй дар оташдон хӯрок мепухтанд. Ин барои
Мутаваккилҷони муҷаррад на зиндагй, балки як заҳмати пурташвише буд.
Гуфтам, ки зуд аз ин ҷо ба шаҳр кӯчидан лозим аст. Худи вай ҳам гуфт, ки
-136-
ҳамин тавр бояд кард. Роҳаш на фақат дур, балки барои ман хатарангез аст.
Рӯзе, гуфт ваӣ, бевақтӣ дар трамваи холиву бекас мерафтам. Дар роҳ
як ҷавонмард савор шуд, назди ман нишаст. Ва ба таҳи гӯшам ба овози паст
гуфт: “Хӯш, композитори миллионер шумо-мй? Ман шуморо нағз мешиносам.
Ин роҳ барои шумо пурхатар аст. Агар хоҳед, ки ҳамеша ба саломат ба
богатой рафту омад кунед, фардо шаб дар ҳамин соат, дар ҳамин вагон
панҷоҳ ҳазор сӯми накд оварда ба ман месупоред. Баъд ҷони шумо дар
паноҳи худо мешавад." Ман чӣ гуфтанамро надониста хӯш гуфтам. Рузи
дигар ба зӯр панҷ ҳазор сӯм ҷамъ карда, дар ҳамон соат ва ҳамон ҷой омадам.
Ҷавон дар вагон буд. Гуфт, ки дар истгоҳи оянда мефароем Манбавайпанҷ
ҳазор сӯмро дароз карда гуфтам: “Мо дар воқеъ ҳам композитор ҳастем,
аммо миллионери шумо мегуфтагӣ не. Буду шудамон ҳамин буд, маро
мебахшед”. “Хайр аз шумо ҳамин қадараш ҳам кифоя" гуфту пулро ба ҷайб
андохта ғоиб шуд. Баъд аз ин бе ҳеч дудилагӣ ба шаҳр кӯчидам.
Мутаваккилҷон зиндагиро дар таҷрид сипарӣ намуд. Ҳеҷ гоҳ зан
нагирифта буд. Медонист, ки бо чунин дарвешй, озодманишӣ, лоуболи,
риндӣ душвор буд, ки оилае сохта тавонад. Борҳо мегуфт, ки Фотимаҷон
фалонӣ ё бисмадониро барои ман хосторӣ мекунанд. Намедонанд, ки ман
барои он номзадҳс зиндагии саодатмандро омода карда наметавонам .
Мутаваккилҷон бо қалбу вуҷуди худ ошиқ буд. Дар зиндагӣ талхии ишқи
нокомеро чашида буд. Фотимахон мегуфт, ки додари вай дар Маскав вақти
ҷавонӣ ошиқи шайдои як арманидухтар буд. Духтар низ Мутаваккилро дӯст
медошт. Чӣ шуду онҳо ба ҳам расида натавонистанд. Дар солҳои шастум
низ Мутаваккил ошиқи духтаре - духтари бухорӣ шудааст. Ин духтар барои
таҳсил ба Тошканд омада, бо тавсияи баъзе шиносҳои Фотимахону
Мутаваккилҷон ба хонаи он.ҳо зуд-зуд меомадааст. Фотимахон ҳис кардааст,
ки Мутавзккилҷон ӯро дӯст дошта ва духтар ҳам моили он кас будааст.
Фотимахон худ монеи ин ишқ шуда, ба он сабаб, ки гӯё синну соли онҳо ба
ҳам мувофиқ набудааст. Мутаваккил аз ишқи нотамоми худ ба ман чизе
нагуфтааст. Лекин ду-се сол, ки бо ҳамсарам ба Тошканд мерафтам ё худи
Мутаваккилҷон ба меҳмонии мо меомад, дар айни сархушй агар ба ҳамсари
ман муроҷиат кунад,”Баширахон, Баширичка’’ нагуфта беихтиёр номи ҳамон
духтарро мегирифт.
Солҳои ҳаштодум ва аввалҳои 90-и асри гузашта оромиву осоиши руҳонӣ
ва эътидо ли сиҳҳату саломати Мутаваккилро мушоҳида мекардам. Баробари
ҳамин авҷу барору уруҷи эҷодӣ насиби Мутаваккил гардида буд. Дӯстону
пайвандонаш, аз ҷумла ман ҳам инро бахту саодати осмонӣ медонистем.
Дар охири солҳои ҳаштодум Мутаваккилҷон азми қатъӣ намуд, ки ба
навиштани операи “Навоӣ" оғоз кунад. Ба ман либреттои охиринро.ки кадом
як шочри ыомдор кавишта буд, хснда дод. -”Охир ин либретто не, пиесаи хуб
аст. Опера драматургияи махсуси худро дорад. Азм кардам, ки худам ҳам
драматургиям опера ва ҳам матни онро созам”.
Дар ду-се сафаре. ки охири солҳои ҳаштодум ба Тошканд иттифоқ афтод,
Мутаваккилҷон порча ва саҳнаҳои таълифкардаи худро аз Навой дар
пианино менавохт, онҳоро шарҳ медод, дар интихоби сухану таъбирот
машварат мехост... Дар ин сӯҳбатҳо ба таъкид хоҳиш менамудам, ки ба
-137-
нахустнамоиши опера ҳатман маро даъват кунад __пм iqq0
Ба премераи аввалин расида натавонистам. 10-ми декабр, соли 1990
дар рузи гарму нарми тирамоҳ озими Тошканд шудам — бо ҳамсарам
Ёаширахон ва набераам Ромини панҷсола. Ҳамон рӯз бегоҳ ба тамошои
операи "Алишер Навой” рафтем. Дар толори театр гули зиеиени Тошканд
чамъ омада буданд. Худи Мутаваккилҷон дирижери кард. Арияҳои зебою
дилчасп, рақсҳои ниҳоят мавзунонаи ошӯбангез i<афкӯбиҳои пуР^а^
бармеангехт. Ман ки аз заҳмату азиятҳои муаллиф воқиф бУДам, дар ^
лаҳзаҳо аз дидаҳоям беихтиёр ашк ҷори мешуд... Тирамоҳи соли 1945
моҳи декабр буд - ба ёдам мерасад. Шабе ки дар консерт Ҳалимахонум
нахустин бор арияи Гулиро суруда буд. Чилу панҶ сол гузаштаву акнун тифли
нозпарвариМутаваккилҷон рӯисаҳна роҳравон гаштааст... Дертар мақолае
навиштам дар бораи таърихи опера, дар борам таъсиру нақши °н ДаР Д^лу
рӯҳи мо... Рузномаи “Ҳақиқати Узбекистон” моҳи июн соли 1991 онро ба чоп
РаСМоДҲи ноябри соли 1995 дар роҳи сафари Покистон ва дар бозгаштчанд
рӯз дар хонаи Мутаваккилҷон ба cap бурдам. Мутаваккилҷон кант^а£ *УДР
ба ифтихори 2500 солагии Бухоро дар роял шунавонид. Ба едбуд
қурб?ниёниРтеррори сталинӣ Реквиеми тозаэҷодашро бо оби дида дар роял
навохт сурудҳои ҳазини онро замзама кард. Дар ин сафар такрор мекард.
навохт, суруда Тошканд дигар иқомат карда наметавонам. Аз солҳои
аввал азму нияти ба шаҳри худам, ба зодгоҳам Бухоро рафта, дар як гушаи
хилваХ узлат умр ба cap бурдан доштам. Лекин маро Фотимаҷон, Дилбари
хурдсол побанд буданд. Акнун озодам. Ба Бухоро меравам, аз ин муҳи.и
номаънус ва бетона дуртар меравам... Шумо ҳам, Расулҷон, Душанб р
тарк гӯед, ба Самарқандатон, ба зодгоҳатон, ватани гузаштагони худ
бозгардед о 0зодед, Мутаваккилҷон. Ман озод местам. Дар Душанбе
боғе пайафгандам, ки гулу ниҳолҳояш фарзандонам, наберагонам ҳастанд.
Хайф бошад, ки боғбон бӯстонро ба ҳоли худ гузошта равад.
Нияти Бухоро рафтанро аз Мутаваккилҷон дар тули солиени дароз бисер
мешунидам Гумон мекардам ин ҳама аз ҷӯши эҳсосот ва арзи орзуҳои амали
ношуданй аст Вале ин бор азм қатъӣ будааст. Мутаваккилҷон ба касе, ҳатто
ба наздикони худ ҳарфе назада хонаро мефурӯшад, асбобу ҷиҳозашро ба
мошиГбор кар^а ба Бухоро мефиристад ва баъди харидани билети
хавопаймоРбарои хайру хӯш пеши Дилбару шавҳари ваи медарояд. Ҳамоно
метарсид, ки аз нияташ ба онҳо лаб кушояд, ҳатман уро азроҳ боз^е^орДн^м
Аввали моҳи июни соли 1997 аз сафари думоҳаи Амрико бо писарам
Фаредун дао Тошканд таваққуф кардем. Мутаваккилҷон набуд...Як гушаи
Тошканд барои ман сокиту хомушу холи буд...
Дар ин солҳо Г' таваккилҷонро аз рӯи ҳаққу ҳаққоният посдори ва эҳтиром
намуданд. Баъд аз он ки мусиқии вай бори дуввум бо шеъри АбдуллоОрифов
ҳамчун гимни Узбекистон тасдик, гардид (бори аввал ин мусиқи соли 1947'5
шеъри Темур Фаттоҳ чун гимни ҷумҳурӣ қабул шуда буд),шуҳрату манзила™
V боз афзунтар гашт. Соли 1993 моҳи август Президенти Узбекистон уро ба
ордени Барои хидматҳои бузург" - чоизаи олии давлат - мушарраф сохт.
-138-
Моҳи май соли 2001 дар толори пуршукӯҳи 'Туркистон”-и Тошканд ҷашни
85-солагии Мутаваккил Бурҳоновро баргузор намуданд. 18-ми моҳи май
соли 2002 дар толори бинои навсохти Консерватория консерти калоне аз
асарҳои Мутаваккилҷон ба ифтихори зодрӯзи ӯ барпо мегардад, ки дар он
худи вай ҳам ширкат дошт. Баъд аз ду рӯзи консерт ба Бухоро бармегардад
ва баъд — ногаҳон бемор шуда, 13-ми июн ҷон ба Ҳақтаслим мекунад. Уро
бо эҳтироми бузург ва таҷлили шоиста ба хок месупоранд. Дар таъзияномаи
ҳукумати Ӯзбекистон ӯро Инсони бузург гуфтаанд. Ман мегӯям, ки У Инсони
комил буд, молу давлати бузурги дунявй надошт, аммо дили бузурги улвй
дошт. Худо раҳмат ва шоистаи ҷаннат кунад.
Баъд аз ба Бухоро кӯч бастан Мутаваккилҷонро дигар надидам. Вазъи
ноҳамвори зиндагй фурсату имкон надод. ки ба Бухоро сафар кунам. Дар
сафархри Самарканд чанд бор аз телефон бо вай сӯҳбат кардам. Садояш
матин буд, аммо аз пириву заъфи тан шикоят мекард. Хабари фавти ӯ баъд
аз як ҳафта расид. Ба Тошканд ба Дилбар телфон карда, арзи таслият ва
ҳамдардй кардам...
Ин аст қиссаи Мутаваккилҷон ва дӯстиву ҳамрозии панҷоҳсолаи мо.
* * *
Ба шарофати дустӣ бо Мутаваккилҷон ба ҷаҳони мусиқии нобу олӣ дохил
шудам, на танҳо гӯш кардани мусиқиро омӯхтам, балки асрори ниҳонии
мусиқй барои ман садо мебаровард, дарду алам, шодиву нишоту фараҳи
мусиқиро эхрос мекардам, маънии бузург ва фалсафаи мусиқиро дарк
менамудам. Ба тавассути Мутаваккилҷон бо оҳангсозони доираи вай, бо
мусиқишиносон ва ҳофизони мактаби урупой ошно шудам, дар маҳфилу
маҷлисҳои мусиқии онҳо ширкат доштам. Гуфта метавонам, ки барои ман
ҷаҳони нав кушода шуд - ҷаҳони мусиқӣ: ҷаҳоне ки рӯҳу маънавияти маро
ғанй гардонд ва дар фаолияти илмиву риштаи эҷоди бадеии ман нақшу
таъсири бузург гузошт.
Ман аз дӯстону рафиқони ҷаҳони мусиқиам мехоҳам дар бораи се тан
марде, ки бо ман дӯст буданду ҳамзамон ба барномаҳои тоҷикӣ ҳамкорй за
мададгорй менамуданд, бо арзи миннатпазирй ёдовар шавам. Аз ин се тан
мард дар бораи Довуд Муллоқандов мухтасар ёдовар шуда будам. Марди
дигар Сулаймон Юдаков, оҳангсози хушзавқу хушсэлиқа ва шахси самимиву
содадиле буд. Соли 1946. ки бори аввал бо ӯ ошно шудам, ҷавони сисола
буд. Дар давраи ҷанг муддате чанд дар Сталинобод зиндагй карда, оҳангҳои
шӯху дилнишин ба шеърҳои Лоҳутӣ ва Миршакар таълиф намудаэст. Дар
Сталинобод суруди ҷанговэронаи машҳурашро бар шеъри Лоҳутӣ бо номи
"Бародарон” соли 1941 таълиф намуд:
Бародарои, бародарон.
Бародарон, ба модари ватан вафо кунем,
Агар ки cap талаб кунад, 6а вай фидо кунем,
Ба душманон мо амон намедиҳем,
Ба дигарон хокамон намедикем, намедикем,
Собит ин гуфта бар Ҳитлери беҳаё кунем
-139-
Зи х,ар канор, зи ҳар диёр
Кашида саф х,ама ба ҷанги вах,шиён равем,
Ливой ленинй ба каф таронахон равем,
Ба теги мо аждах,о фано шавад,
Зи фитнааш сарзамин рахр шавад, рахр шавад,
Бахри хушбахтии мардуми ин ҷахрн равем.
Ватам, Ватан, Ватам, Ватан!
Дар ин ҷаҳон ягона мехрубони мам туй,
Чй ҷои ин сухан, ки худ ҷаҳони ман туй,
Ҷавон шуд аз мехри ту вуҷуди ман,
Бувад пур аз номи ту суруди ман, суруди ман,
Нури ман, зӯри ман, завқи ман, ҷони ман туи.
Соли 1946 ин мусиқӣ бо шеъри нави Лоҳутй Гимни давлатии Тоҷикистон
тасдиқ шуд. Шеър дар Энсиклопедияи советии тоҷик ҷилди 2 овардашудаасг
Голи 1993 ба оҳанги Сулаймон Юдаков гимни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ше р
Гулназар3КелдТқабулУгардид. ПанҶоҲу шаш сол W
суруди миллии тоҷикон ҳам дар дожили сарзамини мо ва ҳам берун аз
МаРЮдаИков ГрӯзҲоДиИнааДхустини ба радио омаданам бо ман ошно шуд ва
солиёни дароз бо ҳам дусту бародар будем. Дар риштаи мусиқии барномаҳои
тоҷикӣ бо машваратҳои пурарҷи худ ёрӣ медод. Дар барн0^аҲ0ИмаЯ^^
м\/сикӣ ва драмавӣ баъзе лаҳзаҳои мусиқиро таълиф менамуд. Мо барои
сарояндагони барномаи тоҷикй ба Юдаков ва Левиев сурудар супориш
мекардем. Юдаков чанд сурудҳои тоҷикӣ, аз ҷумла романеи хубе ба ше р
Лоҳутӣ бо номи “Тасвири ту” эҷод карда буд.
Ту рафтиву тасвири ту дар дидаи ман монд,
Хандидану такрири ту дар дидаи ман монд.
Рафтиву нарафт абруву мижгони ту аз ёд,
Шамшери туву тири ту дар дидаи ман монд.
Ин сурудро солҳои панҷоҳум дар Душанбе ҳам бисер месароиданд.
аФЮдакоТЙвд’аз иймбй<«икистон робитацох эҷодй дошт. Дар саб!
кардаГ ™„ни 5а.и то^.й сора 1946 Юда.о. 6а Сталинобод о»ада 6,„.
Соли 1961 ба филми Б. Кимёгаров "Коваи оҳангар мусиқи навиш .
Юдаков ба забони узбеки суруд наменавишт - дар ҳар ҳол суруди дар• ед
мондании ӯзбекии ӯро нашунидаам.. Вай хор ва сюитаҳои симфонию вокали
менавишт, ки хеле хушоҳангу дилнишин буд. Дар ин мусиқи ва x°Pg^
„.....яокй махсусан унсурҳои тоҷикию эрони ҳис карда мешуд. Сюитаи
:‘Миозоч^ -и ЮдакоУв ба шеъри Туроб Тула аз ,амин қабил мусиқӣ аст.
Мусиқии операи мазх,акавии “Корҳои Маисара низ ба оҳанг^
умумишарқӣ ва тоҷикӣ таълиф шудааст. Аз ин ҷост ки ин опеРа ча»Я
дар саҳнаи тоҷик низ бо муваффақият садо медод. Гузашта аз ин опера
-140-
номбурда дар саҳнаҳои Урупову Русия низ ба намоиш гузошта шуда буд.
Шояд чунин таъсири мусиқии шарқ ва эронй аз он будааст, ки падару
модари Юдаков аслан аз Эрон буда, баъдан дар Марв ва дар охир дар
Хӯқанд иқомат доштаанд. Юдаков дар Хӯқанд соли 1916мутаваллидшудааст
Солҳои ҷанг ва баъди ҷанг дар музофоти Бешяғочи Тошканд, дар маҳаллаи
ӯзбекон бо модараш зиндагй мекард. Чандбор дархонаи вайбудам. Модари
пири чусту чолоке дошт, ки ба лаҳҷаи эронй ran мезад ва аз гуиши яҳудиёни
бухорй тафовут дошт. Ба Юдаков мисли кӯдаки хурдсол нигоҳубини модарона
мекард. Худи Юдаков ҳам ба парасторихри ҷонсупоронаи модар одат карда
ва ба корҳои рӯзгор таҷрубаи машғул шудан надошт. Баъд аз даргузашти
модараш муддати зиёд ба идораи рӯзгор одат карда наметавонист. Ба
издивоҷ ҳам чуръат намекард. Ёри мувофиқ барояш пайдо набуд. Бим
дошт, ки занҳо ба чунин кас мисли вай танҳо барои пулу мол ба ҳамсари
розӣ мешаванд.
Солхои шастум барои оҳангсозон иморати хубе бо назардошти касби
хоссаи онҳо бино карданд. Юдаков дар ин хонаҳои муҷаҳҳазу мувофиқ дар
танҳой метарсид—дари квартираро ба чандин қуфлҳо ва занҷирҳо мустаҳкам
ва маҳкам баста буд. Баъди аз Тошканд рафтанам шунидам, ки издивоҷ ҳам
кардааст, вале як сол нагузашта аз зан ҷудо шуда, боз дар танҳои ба cap
мебурдааст.
Юдаков шахси қавиҷусса ва чусту чолок буд. Дар кӯдаки ҳамоно дар
асари бемории пӯсти cap мӯйҳояш рехта буд, ки сараш тозаву мусаффо буд,
ба худаш мезебид. Шӯх буд, зарофат мегуфт, аз ҳазлҳои дӯстонаш
намеранҷид. Дар маҳфилҳои дӯстон сурудҳои худро хуб месароид, ба
оҳангҳои шӯх мерақсид. Хулосаи калом, шахси суҳбаторо буд.
Шахси дигар аз наздикони Мутаваккилҷон оҳангсози донишманд Манас
Левиевбуд. ДарсиннусолазЮдаковваМутаваккилҷонкалонтарбуд. Инее
тан шахсони гуногунсолу гуногунистеъдодро сабки умумии мусиқиашон,
ахлоқи ҳамидаву одобу одамият, хоксориву шоистахисолӣ, мусиқии ниҳоят
табииву дилчаспашон бо ҳам наздик мекард. Левиев дар консерваторией
Ленинград (Санкт-Петербург) таҳсил карда, солҳои ҷанг хонданаш қатъ
гардиду ба Тошканд бозгашт. Баъд аз ҷанг таҳсили консерваторияро давом
дода бо мувафаққият хатм кард. Мусиқиҳои дилнишину аз ҷиҳати ҳунари
оҳангсозӣ матину тоза менавишт. Бештар сурудҳои ӯзбекй, мусик,иҳои
драмаву филмҳоро таълиф мекард. Чанде сурудҳои ӯро мардум чун созҳои
ба дил наздик месуруданд. Аммо ӯ ба жанрҳои кэпони мусиқй _кам рӯи
овардааст. Ҳарчанд бо ман дӯстй ва ба барномаҳои тоҷикй таваҷҷуҳ дошт.
вале мусиқиҳои тоҷикӣ кам таълиф мекард. Боре дар арафаи ҷашни Навои
ба ӯ шеъри форсии Навоиро бо тахаллуси Фони додам ва ӯ романеи хубе оо
номи “Басандаст” эҷод кард.
Ба рӯзам тобиши рӯе басандаст,
Шабамро тори гесӯе басандаст,
Сабукрӯқам, наборам тоби занҷир,
Циламро ҳалқаи мӯе басандаст...
Он сол, ки ҷашни Навой таҷлил мегардид, касе намедонист, ки ин шеър
аз Фонии Кашмирй аст.
Бори дигар шеъри Чустиро додам, ки барои ансамбли мо суруди рақси
нависад. Левиев дар се-чор рӯз суруди дилнишине навишт. Оҳанги суруд
холо хам дар гӯшам садо медиҳад, ҳарчанд суханҳояш фаромуш шудааст.
Ин суруд ба ҳунарпешаи машҳури он замон Тамархонум писанд омада ва у
бо иҷозаи Левиев онро ба репертуари худ дохил намуда, чанд солҳо дар
консертҳо мехонд. Оҳанги суруд бе шеър солҳои сол аз радиои Узбекистан
СЭДИн се°тан оҳангсозони бо ҳам дӯстро рафиқонашон ба муҷаррадони
ҳамнафас номзад карда буданд. Се тан гоҳо сӯҳбату маигусориҳои риндона
доштанд Рузе Фотимахон телефон карда гуфт, ки Мутаваккилҷон серуз боз
хона намеояд ва ҳар ҷо ки телефон мекунам, аз вай суроғе намеебам. Гуфтам,
Гба Юдаков телефон кардед?” Гуфт: "Он кас ба хонаи Юдаков намеравад,
чунки шароите барои иқомати чандрӯза нест". Гуфтам.ки биеедфа ҳар ҳол
аз хонаи вай хабар гирем.” Соатҳои чори бегоҲ_ба тарафи хонаи Юдаков^ба
маҳаллаи Бешягоч раҳсипар шудем. Аз трамваи пиеда шуда, ба тангкучаҳои
Бешяғоч даромада будем, ки аз дур се тан оҳангсоз паидо шуданд. Онҳо
бехабар аз мо байни худ чизҳое гуфта ба завқ механдиданд Дар ин миен
Юдаков сурудеро cap карду ба рақс даромада буд, ки чашмашон ба
Фотимахону ман афтоду якбора хомуш шуданд. Фотимахон ҳар серо коҳишу
маломат кард. Онҳо бо ҳамон қоҳқоҳу хандаву бози аз ваи узр мепурсиданя
Ин воқеа дар баҳори соли 1948 буд, ки он вақт ин се тан “дарвеш беш аз
chbv nv сол надоштанд. _
Дар миёни се тан Левиев дар хислату муомилот тафовут дошт. Дар зоҳир
ба тамкинтар, дар ибрози эҳсосот худдор буд, замонасоз, дар мавридҳои
ҳассос дар гуфтор бо эҳтиёт буд. Риояи таҷридро низ у пештар ваирон кард.
дар панҷоҳсолагӣ ба яҳудизани самарқандӣ (худи Левиев ҳам аз Самарқанд
буд) издивоҷ карда, ба ҷодаи зиндагии оилави дохил шуд.
У Хулосаи сухан ин аст, ки ман бо ҳар сеи онҳо дусти наздик будам ва онҳо
низ ба ин ҷониб ҳисси самимии дустона доштанд. Пас аз истиқрори
истиқлоли ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна рафту омад ва робитаҳоид^тонаи ин
кишварҳо тира гардид, ба дидори якдигар кам мерасидем^ Мегуфтем^ки
наход "меваҳои” талху хилофи таърихи мо ҳамин истиқлол бошад!. Баъд аз
SSn наввадум танҳо аз дур аз вазъи Юдакову Левиев хабардор мешудам
ва мешунидам, ки онҳо низ аз ман ба некиву пазмони едовар мешаванд
Фаҳмидам, ки Юдаков соли 1992 дар синни 76 ва Левиев соли 1991 дар
синни 79 фавтидаанд. Раҳмати ҳақ насибашон гардад.
-142-
“РАСИДА БУД БАЛОЕ, ВАЛЕ БА ХУБИ ГУЗАШТ”
Ин мисраъ дар “Анвори Суҳайлӣ” аз забони мурғе омадааст, ки дар
мавриди наҷот ёфтанаш аз доми сайёд гуфтааст ва дар мавриди воқеаи
нохуше дар зиндагии ман хеле мувофик, афтодааст.
Дар воқеъ ҳам баъд аз солҳои душвор, аммо оромонаи донишҷуи ва дар
айни барори корҳо дар радио якбора тағйир ёфтани вазъи руҳиву фикри,
рух додани ҳолати навмедиву дармондаги, хастагии аъсобу руҳафтодаги
атрофиёни маро дар ҳайрат гузошта буд. Онҳо иллати асосии ин тағиироти
рӯҳиро намедонистанд ва сабабҳои гуногунеро меҷустанду ба тақриб маншаи
“бемории" маро муқаррар карданй мешуданд. Вале ин ҳама тағйироти руҳиву
хастагии аъсоб сабабҳое дошт, ки он вақт гуфта наметавонистам ва агар,
мегуфтам, гумон аст, ки касе онро дуруст тасаввур намояд Имрӯз ки аз
саҳифаҳои зиндагии худ ҳикоят мекунам, бояд ин асрори ниҳонии
чандинсоларо ошкор кунам, то асли воқеа бо ҳақиқати ҳол ҷилвагар гардад.
Чунин кореро кардан имрӯз мумкин ва зарур аст ба он ҷиҳат, ки баъд аз марги
Сталин бисёр саҳифаҳои фоҷеавии мардуми шуравй ошкор гардид ва ҳақиқати
тэърихй сад дар сад набошад ҳам, ба андозаи зиёд барқарор шуд.
Дар синни шонздаҳсолагӣ буд, ки маро ба ҳамкории пинҳони бо мақомоти
идораҳои махфй (он вакр-ҳо НКВД мегуфтанд.яъне Народний Комиссариат
Внутренних дел - Комиссариати халқии корҳои дохили, баъд онро КГ Б
Комитет Государственной безопасности ном карданд ба маънии Комитета
бехатарии давлатӣ) ҷалб намуданд. Дар он вақт ҳам аз таре ва ҳам, рости
ran бо каме ифтихори ҷавононаи ватанпарастй ба ин кор ворид гардидам
Аммо мулоқотҳои мунтазами қатъй дар соатҳои муайян ва ҷойҳои муаиян бо
ходимони мақомоти махфй, расонидани хабарҳои даркориву нодаркори аз
вэзъияти ақибгоҳи ҷанг ва суханчиниҳои пинҳонй дар бораи шахсони атрофи
худ зуд маро аз ин кор дилсард кард. Табиати озодманишй ва ба ҳукми дилу
хислат дар ғайби касе бадгӯӣ накардан бо фаолияти пинҳонизу зӯр ба зураки
(ва ҳатто ҷосусӣ) ҳеч мувофиқат намекард. Кош роҳе пайдо мешуду аз ин
дом озод мешудам - ин буд ягона орзуи ман баъд аз гузашти муддати муаиян
дар фаолияти “чекиста”!
Дар ин миён азимати тахеили илм дарТошканд пеш омад. Ман хам бе он
ки ба чанд мулоқоти охирин ҳозир шавам, ба Тошканд сафар кардам. Гумони
голиб он буд, ки аз “фаолияти чекиста'’, ки дар овони бетаҷрибаги ба он рози
шуда будам, дигар озод шудам. Аммо хато карда будам ва гумон надоштам,
ки бидуни ихтиёр побанди ин “фаолият” ҳастам. о
Чор-панҷ моҳ озод машғули таҳсил будам ва пинх,онкории худро
фаромӯш ҳам кардам. Вале ин езодати оромй дер давом накард. Макрмоти
махфй маро пайдо карданд. Як марди руси баднамову ниҳоят пурхушуна™
ҷавон маро рост шабона ба бинои вазорати пурҳавл даровард. Дар кабине!
сӯҳбат кард - на ин сӯҳбат набуд, балки тахдиду даъвоҳои айбдоркунандае
буд. Маро кушоду равшан мутаҳҳам мекард, ки ба ин макомот на дар
Самарканд ва на дар Тошканд аз вуҷуди худ ва сафари худ иттилооте
надодаам. Хулосаи ин ҳама даъво ин буд, ки ман бояд бо намояндагони
мақомоти махфй алоқа дошта бошам ва супоришҳои онҳоро иҷро кунам.
-143-
Раванди осоишта ва муваффақиятҳои кору хондан бо мулоқотҳои иҷбори
дар ҷойхои махсус ва супоришҳои хилофи хоҳишу имкон барои ман ваДнин
буд Ҷ|~оҳо мешуд, ки алоқаҳо ба сабаби ваирон карданам рузҳои мулоқотро
яъне беинтизомии ман қатъ мегардид. Ва боз афсари бепогоне паидо
мешуду аз нав ба ин корҳо ҷалб мегардидам. Азоби руҳи буд ин мулоқоту
пурсишҳо ва ишорахри равшан бо оқибати нохуш анҷом ефтани беинтизоми
ва сахлу бе масъулият муносибат карданам ба мақомоти махфи.
мГн дар кору хондан, Ҳам дар донишкада ва хам дар радио
муваффакиятҳои шоиста доштам, озодона кор мекардам ва таҳсили илм
менамудам Дар ҷомеа мартабаю манзилати сазовор доштам. Аммо д ,
пГи идорахои махфӣ гӯе гунаҳкору забонкӯтах будам, ки ба иҷрои
супоришҳои берун аз хоҳишу имконоти худ бояд гардэн фурорам^ Илова
gin ин тадриҷан бо усулҳои махсуси психологи талқин мешуд, ки дар атрофам
домехаствамаро таъқиб мекунанд, андешаву эътиқоди маро меомузанд. ки
буданамро аз рӯи хабарҳои суханчинон муаиян кардани мешаванд. Ба ин
тариқа биму ҳарос бештар мешуд, ки мақомоти махфи дар паи ба дом
аНДТирамо^'соли 1948 хонае барои худ иҷора гирифта, танҳо зиндзги
мекардам. Дар танҳоӣ биму ҳарос ва пиндорҳои ҳавлангез аъсобу иродаи
маро хароб мекард. Навмедй ва яъсу дармондаги домангирам буд. Кор ба
ҷое расид, ки ҳатто ба нобуд кардани худ икдом намудам. Тасо^Фе маро аз
ин икдоми фаҷеъ наҷот дод. Ниҳоят дар як мулоқоти охирин ба афсаре ки
рӯзҳои охирин^бо ман машғул буд, бе ихтиёр иброз доштам, ки Дигар ба ин
бозиҳо сабру таҳаммул надорам, мехоҳам бо сардори онҳо вохурам ва фикру
андешаҳои худро гӯям.Рӯзи дигар шабона чунин мулоқот дар хонаи
нимторики вазорат бо шахси хайбатдори бе лотон барло шуд. Пеш аз
даромадан ба ин ҳуҷра намедонам махусан е тасодуфан буд, ки аз назди
матГмаҳбусеро бо либосҳои убада ва ранги ларида ду шахси мусаллах
гир^та ^заштанд. симои Ҳитлерро овард: дар тан кители сиеҳ
дошт муяш кам ва як тараф шона зада буд. Бо абрузони чин ва чашмони
хашмолуд аз ин мулоқот мақсади маро пурсид. Гуфтам ки ҳар чи ДарДОираи
кудрат ва имкон буд, барои идораи шумо кор кардам. Вале аз муносибат ва
оафтори одамони шумо махсусан дар вақтҳои охир лай мебарам, ки туе
™ азиме назди давлат дошта бошам. Агар дар воқеъ пеши мақомот
ҷурме содир кардаам ва агар ба садоқату самимияти ман ба сохти совети
шубҳае бошад, омода ҳастам, ки худи ҳозир маро ба ҳабс гиранд.
У Сардори бе погон бо қаҳру тахдид гуфт: “Чи, шумо хаел мекунед маҳбаси
мо осоишгоҳест, ки шуморо бо қанду конфет зиефат мекунанд? Гуфтам.
“Ман намедонам маҳбаси шумо чӣ гуна аст, аммо омодаам ҷазоямро бинам
araD чурмеву хатое дошта бошам”. Ва дар ин маврид сухан аз падару
модарам низУ гуфтам. Он шахси хайбатдор гуфт: “Ое падаратон ба шумо
нагуфтааст ки вай ба ҷунбиши ҷадидон алоқа дошт? ’ Ин сухан чунин маъни
пайдо кард ’ ки “на танҳо ту, балки падарат ҳам аз шахсони зиддисовети асг
Дар ҳамин дақиқа симои падарам мисли барқ пеши назарам дурахшия
Ин гапи марди бе погон “таги коса нимкоса дошт”. Тобистони хамин сол вақте
-144-
ки дар Самарканд будам, шабе модарам бо ман рози дил гуфт:
— Расулхон, отаат як моҳ боз бедимоғ мвгарданд. Аввалҳои тобистон ба
НКВД ҷеғ зада гуфтаанд, ки ба онҳо хидмат кунанд, яъне агенти НКВД шаванд.
Он кас ба як пой истода "не” гуфтаанд. Онҳо баъд тарсонда гуфтаанд. ки мо
медонем, ки шумо бо ҷадидҳо ҳамроҳ будед. Аз мо рӯй гардониданатон
гуноҳи шуморо зиёдтар мекунад, дар ин хусус дурусттар фикр кунед. Отаат
мегӯянд, ки мумкин аст ба ҳабс гиранд, метарсам, ки ба бачаҳо, хусусан ба
Расулхон зарарам расад.
Ин ran дар ҳамон вақт ба дилам гумону андешаҳои пурҳавл барангехта
буд. Ин воқеаи фаромӯшшуда дар ин лаҳза ба ёд омада, ҷисми маро сӯзонд.
Яқин кардам, ки хадамоти махфй тири худро ба падараму ман нишон
кардаанд.
Баъд аз таҳдиди сардори гумном ҳолати яъсу навмедй — депрессия маро
фаро гирифт. Дигар ба донишгоҳ ҳам намерафтам, дар кори радио мисли
сурат меомадаму мерафтам. Дар пеши назари дӯстону шиносон торафт
пажмурда мешудам. Дӯстон сабаби вазъи ногаҳониро мепурсиданд, баъзеҳо
- шояд фиристодагони коргоҳи махфй бошанд — маро ресторан мебурданд,
менӯшидем, пас аз сабаби вазъи ноҳинҷорам мепурсиданд. Чизе гуфта
наметавонистам. Гоҳо бо шеър ҷавоб мегуфтам мисли ҷунунзада. Ин байти
Ҳофизро бештар мехондам:
Ин чй истианост ё раб в-ин чй қодир ҳоким аст,
Ин ҳама дарди ниҳон асту маҷоли оҳ наст.
Ниҳоят аз ҳама чиз дасту дил шустам ва дар ду нусха ариза навиштам,
дар он ба худ гуноҳу ҷурмҳои сиёсиву идеологии зиёдеро нисбат додам ба
он андеша, ки шояд бо ин коғаз ба ҳабс гирэнду аз зиндагии бадтар аз
зиндон наҷот ёбам. Аризаро ба деканати донишкада ва ба раиси радио
супурда, тарки кору хондан гуфтам. Ин рафтор ҳэмаро дар ҳайрату таассуфи
ҷонгудоз андохт. Дӯстам ва ҳамкурсам Азизхон Қаюмов бо дилсӯзӣ бо ман
сӯҳбат кард. Аммо ман дигар ба чизе розй намешудам. Ба назарам, фақат
раиси радио Ӯразаев буд, ки оқилона кор кард. Маро даъват карда гуфт:
— Аризаатонро хондам. Ба назарам, навиштаҳоятон асос надоранд.
Шуморо аз кор ҷавоб намедиҳам Ба шумо отпуск медиҳам, ба Самарқанд
рафта истироҳат кунед. Лозимшавадотпускииповагӣмедиҳам. Багапиман
дароед, ба Самарканд равед, дам гиред, ба худ омада бозгардеду ба кор
cap кунед.
Ба Самарқанд рафтам. Барой падару модарам дар ҳоли яъсу навмедй
дидани фарзандашон, ки дар хондану корҳои эҷодӣ шукуфою пешдаст буд,
ниҳоят вазнин омад. Онҳо парешонй ва андӯҳи худро вонамуд накарда
саъй менамуданд, ки барои ман муҳити созгори истироҳату оромй муҳайё
кунанд. Баъд аз муддате ором шудан табибе - пизишке низ омада муояна
кард ва чандин сӯзану муолиҷаҳои физиотерапевтй фармуд, ки ҳар рӯз ба
духтурхона рафта аз онҳо истифода менамудам. Дар рӯзҳое, ки ҳаво хуб,
буд - моҳи феврал сардин баланд надошт - баъзе дӯстон ва ошноёни падар
маро ба тамошо ва сайри атрофи Самарқанд ҳидоят менамуданд.
Баъд аз яку ним - ду моҳ ҷаҳони торик ба назар равшан шуд. Боз дар дил
майлу хоҳиш ба кору таҳсил бедор гардид. Ва ниҳоят ба Тошканд бозгаштам.
-145-
Ҳарчанд ғайрату қуввати пешина набуд, аммо дар радио ба кор шурӯъ кардам.
Тадриҷан ғубору тирагиҳои боқимондаи рӯзҳои рӯҳафтодагй бардошта
мешуд. Сояи сиёҳи идораҳои махфй низ аз болои cap гузашта мерафт. Бо
вуҷуди он гумон доштам, ки парвозҳои ман ба сӯи баландиҳои илму
маъриф^т ба он идораҳо мақбул нест. Аз ин сабаб ба донишкада
намерафтам. Шунида будам, ки маро ба сабаби беморӣ аз таҳсил хориҷ
кардаанд. Қарор додам дигар ба таҳсили илм машғул нашавам ва агар
имкон бошад, фаолиятамро танҳо дар радио идома диҳам.
Аммо тақдир чунин набудааст. Соли 1949 ҳамдарсу ҳамсабақонам
донишгоҳро хатм мекарданд. Хатми аввалини донишҷуёни факултаи Шарқ
буд. Дӯстон афсӯс мехӯрданд, ки дар сафи онҳо нестам. Вале ҳама саъю
кӯшиш ба харҷ доданд, ки баъд аз онҳо таҳсили худро идома диҳам. Ҳам аз
деканат ва ҳам аз ташкилоти комсомолӣ маро ба идомаи таҳсил таргиб
мекарданд. Фотимахон низ исрор мекард, ки хондани худро давом диҳам.
Гуфт, ки Султон Умаров раиси Донишгоҳ омода аст маро ба ҳайси донишҷӯи
факултаи Шарқ барқарор намояд. Ниҳоят дар тирамоҳи соли 1949 маро ба
сафи донишҷӯёни факултаи Шарқ барқарор намудаанд. Шарт ин буд, ки дар
нимаи аввали соли таҳсил ба тарзи экстернат имтиҳонхди соли гузаштаро
бисупорам ва аз соли 1950 ба хондани муътадил идома диҳам. Кумитаи
комсомол ҳам ҳаққи узвияти дар як сол супурда нашударо ҳамчун истисно бе
танбеҳ қабул намуд, ки узви комилҳуқуқи комсомол шудам...
Солҳо гузаштанд. Чунин тӯфону тундбоде боз дар Душанбе болои сари
маномад. Бозқариббаҳамонсенарияисобиқ... Ва боз солҳо гузаштанду ба
корҳои илмию фаолияти эҷодиам бо мувафаққият идома додам, вале ҳеҷ
намефаҳмидам, ки ин ҳама муносибатҳои “аҷиб” бо ман аз тарафи мақомоти
махфӣ ба чй манзуру ҳадаф буда. Оё санҷиши аъсоб буд ё чорае буд, ки бо
хислати озодманишӣ ва лоқайдй “аз худ наравам", зери назорат ё дар иҳотаи
дастони оҳанин бошам. Баъд аз даргузашти Сталин ва хусусан пас аз суқути
сохтори тоталитарии шӯравй бисёр пардаҳои оҳанин аз болои фаолияти
ғайри қонунӣ ва ғайри инсонии ГПУ, НКВД, КГБ бардошта шуд. Шояд мо
наели хушбахт будаем, ки дар зиндагиамон ҳэқиқатро ба чашми худ дидем.
Ва бадбахтии мо низ ин аст, ки фоҷеаи бе гуноҳ, бе ҷурму нук,се куштаву
нобуд гаштани падарони худро фаҳмидем.
Солҳо аз он ки дар бораи корҳои мақомоти махфй иттилоъ ва бо онҳо
иртибот доштам, хомӯш будам. Имрӯз ки ҷомеаи мо аз фаолияти махфии
сохтори шӯравӣ огоҳ шудааст, нахостам ки гӯшаи зиндагии ман аз
фарзандону наберагонам, аз наели оянда пӯшида бошад. Ман ин сатрҳоро
на бо кинаву ғазаб, балки чун сабақи дарси лоҷавоби ҳаёти худ менависам.
-146-
СОЛИ ОХИРИН ДАР ТОШКАНД
Дар нимаи аввали соли охирини таҳсил, яъне то оғози соли 1950
имтиҳоноти соли гузаштаро супурдам. Аз ибтидои соли 1950 донишҷӯи
комилҳуқуқи факулта маҳсуб мешудам ва бо донишҷӯёне, ки бо онҳо камтар
ҳамбастагии дӯстона доштам, хонданро идома медодам. Дар радио низ кор
бо раванди пешина давом мекард. Барномаҳои мусиқӣ ва адабию бадей ба
вазъи аввалаи худ бозгаштанд.
Дар аввали соли 1950 барои хйндани курси таърихи адабиёти форсу
тоҷик шарқшиноси маъруф Александр Николаевич Болдирев аз Ленинград
омад. Мо ки солҳои гузашта аз шунидани лексияи таърихи адабиёти форси
маҳрум будем, омадани Болдирев навиди хуш ва неъмати беминнат буд, ки
донишҷӯёни ҷавони эроншинос ниҳоят аз таърихи адабиёти форси соҳиби
дониш мешаванд. Барои ман низ гӯё худованд мушкилкушои мушкилотамро
фиристод.
Дар ҳамин моҳҳо барои кори дипломи мавзӯе мебоист интихоб кунам.
Мутахассиси ворид набуд, ки машварате кунам. Худ мехостам мавзуи кори
дипломй ба таърихи адабиёти тоҷик тааллуқ дошта бошад. Дар ин маврид
гӯё аз ғайб илҳоме омаду асарҳи илмй ва таҳқиқоти устод Айниро роҷеъ ба
таърихи адабиёти тоҷик ва симоҳои бузурги он мавзӯи кори дипломй қарор
додам. Деканат мавзӯъро тасдиқ кард. Қарор шуд, ки роҳбарии корро вақти
омадани Болдирев аз вай хоҳиш хоҳанд кард.
Болдирев моҳи март омада ва дафъатан ба тадриси курси адабиёти
форсу тоҷик шурӯъ намуд. Номи Болдирев чанд солҳо пеш ба ман ошно буд.
Соли 1938 достонҳои “Шоҳнома” бори аввал мунтахабан ба тоҷикй аз тарафи
Болдирев таҳти назари Евгений Бертеле чоп шуда ва ин китобро гаштаву
баргашта мехондам. . Ин китоб чун ёдгори гаронбаҳо дар китобхонаам маҳфуз
аст. Соли 1940 Ҷаъфархон-амакам аз Сталинобод “Намунаҳои фолклори
тоҷик’’-ро овард, ки тартибдиҳандаи он Александр Николаевич Болдирев
буд. Инак олими шарқшиноси номдорро ба чашми худ медидам. Симои
нуронӣ, қаду қомати расо, тарзи гуфтори дилкашу пурҷозиба ва ниҳоят оҳанги
хушу мисли назми классикй мавзуну гӯшнавоз лексияҳои ӯро дилнишину
хотирмон мекард.
Аз сафари Болдирев истифода намуда, аз мавзӯи дипломи бо ишон
машварат намудам ва хоҳиш намудам, ки роҳбари расмии кори дипломии
ман бошад. Ба Болдирев аз он ки устод Айнӣ аз мавзӯи кор хабар дорад,
нақл намудам. Сурати воқеа чунин буд:
Ҳангоме ки мавзӯъро интихоб намудам, ба устод Айни мактуб навишта
хоҳиш намудам, ки роҳбарии корро лутфан қабул кунанд. Он вақт омадани
Болдирев ба Тошканд маълум набуд. Дере нагузашту аз устод ҷавоб
гирифтам. Мактуб, ки бо узру маъзарати зиёд аз тарафи устоди бузург ба як
нафар ҷавонписари толибиилм навишта шудааст, хеле ибратомуз аст ва
онро мукаммал ин ҷо дарҷ мекунам.
"Рафик, Ҳодизода, мактуби 21 феврол навиштаатон 27 феврол расид. Бо
афсӯс маҷбурам ба шумо маълум кунам, ки ман дар бораи дипломни
-147-
работетон ба шумо роҳбарӣ карда намвтавонам. Сабаби аввалини ин пири
ва набудани вақт аст: ман мувофиқи шартнома маҷбурам, ки қисми чоруми
Ёддоштҳоро тайёр карда ба нашриёт супорам (қисми саввумро 10 феврол
супурдам). Ғайр аз ин барои ба чоп тайёр карда додани Дохунда ва Ғуломон
ва ба забони узбеки навишта додани қисмҳои 1-3 ёддоштҳо ба наздикй бо
нашриёти давлатии Узбекистон шартнома бастам. Бинобар ин аз УзГу
(Донишгоҳи Самарканд-Р.Ҳ.), ки ман коркуни иштотии он ҷо мебошам, барои
роҳбарӣ ягон дипломни работро қабул накардам ва ба аспирантҳои худам,
ки кори асосии ман дар УзГУ бо онҳо кор кардан аст, имсол раҳбарӣ карда
натавонистам. Ба болои ин номзади ман ба депутатии Соввти Оли монда
шуд ки барои мақолаҳо навиштан, бо интихобчиён мулоқот кардан ва барои
сессияи якум ба Москва рафта омадан яку ним - ду моҳ вақт мвравад.
Ман умедворам ва боварй дорам, ки шумо ин узрҳои маро мефаҳмед ва
барои рад карданам коратонро аз ман намеранҷед.
Дуввум ин ки модом ки кори шумо тадқиқи асарҳои илмии ман аст, худи
ман раҳбарй карданам он қадар муносиб нест. Модом ки Москва рафта
омаданатон мушкил аст, ман маслиҳат мадиҳам, ки профессор Семеновро
ба худ раҳбар қарор диҳед. У дар мавзӯи тадқиқоти илмӣ хуб раҳбари карда
метавонад. Бо саломи рафиқона Айнй. 27/феврал 50.
И лова: Панҷакент рафта истода будам (барои мулоқот бо интихобчиен),
бинобар ин хатро ба таъҷил бад навиштам. Мебахшед. А.
Ба САГУ фаҳмонед, ки ба ман хати расмй накунанд, чунки барои рад
карда ҷавоб навиштан ҳам вақт даркор мешавад. А.”
Аз номаи устод маълум буд, ки ишон интихоби мавзӯъро меписандад ва
ба огози кор фотиҳа медиҳад. Ба Болдирев ҳам мавзӯъ писанд омад.
Роҳбарияти донишкада ӯро ба расмй роҳбари кори дипломи тасдиқ намуд.
Рӯзҳое, ки Болдирев дар Тошканд буд, нуктаҳои асосии корро матраҳ
намудем, Болдирев баъзе иловаю такмила намуд ва ман бо камоли майл ва
ғайрат ба навиштан шурӯъ кардам.
Навиштани диплом бо суръат ва муваффақият давом мекард. Дар рафти
кор ҳуҷҷату санадҳои аҷиб ва фикру мулоҳизаҳои таза ба миен меомад.
Торафт ба кор бо шавку таваҷҷӯҳи зиёдтар фурӯ мерафтам. Аз интихоби
мавзӯъ худ ба худ ифтихор мекардам ва шод мешу дам. Дар воқеъ ҳам ин
соҳаи муҳимми фаолияти устод Айнй мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор
нагирифта буд. Ҳол он ки С.Айнй дар бунёд ва ташаккули адабиетшиносии
нави тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Ма^оми илмии С.Айниро доираи уламову
донишмандони Петербург кддршиносй карда, ба ӯ унвони ифтихории доктори
илмҳои филологиро тақдим намуда буданд. Маро шояд ҳамин иқдоми
донишмандони воломақоми рус ба ин кор водошта бошад.
Дар айни авҷи кор рӯзе аз идораи радио хабар доданд, ки маро ба шӯъбаи
матбуоти Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Узбекистон даъват мекунанд.
Гумон кардам шояд дар бораи барномаҳои тоҷикии радио сӯҳбате дошта
бошанд. _ _ _
Дар рӯзу соати муқаррар ба Кумитаи марказӣ воқеъ дар кучаи Гогол
рафтам. Маро марди тахминан панҷоҳсолаи тотор бо насаби Бикбулатов
қабул кард. Дар муқаддимаи суханаш сифати хуби барномаҳои адабию
мусиқии тоҷикиро таъриф кард ва ниҳоят ба сари мақсад омад.
-148-
—Акнун мо шуморо барои иҷрои аазифаи аз ин ҳам муҳимтар ва заруртар
таъҷилан даъват намудем. Мувофиқи қарори Бюрои сиёсии Кумитаи
Марказии ВКП(б) дар Тошканд нашри газетаи ҷумҳуриявии тоҷикӣ аз нав
барқарор мешавад. Мо хоҳиш мекунем, ки аз ҳафтаи оянда cap карда ба
редаксияи газета гузаред ва то охири моҳи апрел якҷоя бо рафиқони дигар
шумораи аввалини газетаро аз чоп бароретон.
Ин ran барои ман ғайри чашмдошт буд. Вақтҳои ахир дар радио корро
сабуктар карда будам, ки дипломи худро навишта тамом кунам. Ба назарам
чунин намуд, ки ба кори газета гузаштан аз баҳри кори дипломй, ҳатто аз
баҳри таҳсил гузаштанро баробар аст. Узри бисер оварда, хоҳиш намудам,
ки дар ин кор маро муоф доранд. Бикбулатов бо дикҳат гапи маро гӯш карда
гуфт:
— Вазъияти душвори шуморо хуб мефаҳмам. Аммо ҳиссиёти
ватанпарварӣ ва миллатдӯстии шумо ҳамаи монеаҳоро бартараф мекунад.
Агар ҳозир мо дар ин масъала таъхир ва фурӯгузорӣ кунем, рӯзнома ташкил
намешавад ва ин айни муддаои баъзе касони муқобили тоҷикон мешавад.
Дар вақташ майли ба тоҷикон гузаштани Самарканду Бухоро ба миён омада
буд, тоҷикон сустй карданд, ҳукуматдорони узбек чолокй карда пойтахти
Узбекистонро зуд ба Самарканд бурданд. Бо ҳамин Самарканд аз они
ӯзбекон шуд. Дертар казокҳо ба Тошканд даъво карданд, ки ин шаҳр аслан
ба Қазокистон наздик аст ва аҳолии зиёди шаҳр ва атрофи он казок ҳастанд.
Узбекҳо вазъиятро фаҳмида пойтахтро зуд ба Тошканд кӯчониданд. Агар
шумо барин касон аз вазъият истифода набурда саҳлангорӣ кунанд,
рӯзномаи тоҷикй набаромада мемонад Ҳолон ки дар карори мазкур таъсиси
боз чанд рузномаҳои тоҷикй дар наэар дошта шудааст. Аз ҷумла газетаи
вилоятй дар Самарканд ва боз чандин газетаҳои шаҳриву районй...
Ман бори аввал таърихи пойтахт шудани Самарканду Тошкандро аз
шахси мӯътабари ҳизбй мешунидам. Чунин иттилоот дар он замон чандон
акси садо барои ман пайдо накард Аммо таргиб ва ташвики Бикбулатов,
далелу узрҳои овардаи маро сует кард. Ниҳоят розй шудам.ки дар таъсиси
рӯзномаи тоҷикй ширкат кунам.
Аз Кумитаи марказй ба радио телефон карданд ва корҳои маро сабуктар
сохтанд. Дар газета ба мудирияти шӯъбаи адабиёт ва маданият таъйин
шудам. Мо чор-панҷ нафар тоҷик аз кар ҷо ҷамъ омада ба кор шурӯъ кардем.
Ба вазифаи муҳаррири газета Фоэилов ном рӯзноманигори собиқадорро аз
Самарканд оварданд. Муҳаррири техникиро низ аз Самарканд даъват карда
буданд Котиби масъул Саъдй Максудов ном шахсе, ки дар рӯзномаҳои тоҷикии
Тошканду Сталинобод кор карда буд таъйин гардид Идора дар се хонаи
яктабака вокеъ дар тарафи шарки матбааи газетаҳои ҷумҳуриявй ҷой гирифт.
Рӯзномаи тоҷикӣ ҳамчун рӯзномаҳои расмии давлатии забонҳои ӯзбекию
русӣ (“Қизил Узбекистон" ва “Правда востока”) ношири афкори Кумитаи
марказии ҳизб, Шӯрои олй ва ҳукумати Ӯзбекистонбуд ва “Узбекистони сурх”
ном гирифт. Баъдҳо ин рӯзномаро ба “Ҳакикати Узбекистон" (рӯзномае, ки
солҳои сивум дар Самарканд ҳамчун ношири афкори давлатӣ чоп мешуд) ва
охир ба “Овози тоҷик” (рӯзномаи тоҷикии аввалин, ки дар Самарканд нашр
мегардид) номгузорӣ карданд.
-149-
Ду моҳи а ввари таъсис ва нашри рӯзнома барои ман хале вазнин буд.
Рӯзонаҳо билкул ба корҳои рӯзнома ва қисман ба баъзе корҳои барномаҳои
тоҷикии радио машғул будам. Бегоҳ аз соати нӯҳи шаб то соатҳои ду-сеи
шаб дар кулбаи дарвешонаи кӯчаи Железняк рисолаи дипломй менавиштам.
Ба таълиф ва навиштани рисола мушовир надоштам. Алалхусус ки ба забони
русй менавиштам, шахсе пайдо набуд, ки сабку услуби навиштаҳои маро
таҳрир ва тасҳеҳ намояд.
Ниҳоят моҳи июн расид. Дар аввали моҳ рисолаи дипломиро ҳимоя
кардам Оппоненти расмй профессор А.А. Семёнов (он вақт узви вобастаи
академиям илмҳои Узбекистон) тақризи хуб навишта, дар вакди ҳимоя худаш
онро хонда дод. Аз рӯи тақриз ва арзёбии профессор Семёнов рисолаи
дипломй сазовори баҳои аъло гардид. Баъд аз ин як имтиҳони давлати буд
аз “Асосҳои марксизм ленинизм”, ки онро низ ба баҳои аъло супоридам.
Комиссиям имтиҳоноти давлатй маро бо дипломи имтиёзй (сурх) сарфароз
кард ва барои таҳсили оянда дар аспирантураи Донишгоҳ номзад тасдиқ
кард. Мехостанд ба аспирантураи Ленинград тавсия кунанд, аммо дар идораи
рӯзномаи ҷумҳуриявй дар ифои вазифа буданамро ба назар гирифта,
таҳсили аспирантураи Тошкандро савоб донистанд.
Таҳсили донишгоҳ, имтиҳоноти давлати, навиштани рисолаи дипломи
ва маъмурияти аз ҳад зиёди рӯзномаи "Узбекистони сурх” маро хаставу монда
карда буд. Акнун аз донишгоҳ озод будам, аммо кори рузнома хеле зиед
буд Бо вуҷуди ҳамин аз муҳаррир барои истироҳат понздаҳ рӯз иҷоза гирифта
ба Самарканд рафтам. Муҳити хонавода ва парасториву нигоҳубини модар,
пазироии хушу хурсандонаи хешовандон ба ҷисму руҳи коҳида неруву
болидагй экдо намуданд. _
Баъд аз роҳату фароғат хостам ба дидори устод Айнй бирасам.
УСТОД АЙНӢ ВА РОҲИ НАВИНИ ЗИНДАГИИ МАН
Дар солҳои таҳсили донишгоҳ ва ифои вазифа дар радиои Тошканд ҳар
боре ки ба Самарканд меомадам, ба хидмати устод Айнй мерасидам ва аз
Кусни истикболи ишон бархурдор будам. Сӯҳбат бештар дар атрофи вазъи
таксил ва шароити зиндагии донишҷӯёнаи ман, дар мавзуи барномаҳои
тоҷикии радио ҷараён меёфт. Устод дар бораи забони радиои тоҷик,
барномаҳои адабию мусиқй фикру андеша ва нуктаҳои интиқодии худро
мегуфт.
Соли 1948 ба радиои Тошканд Тоҷй Усмон - рузноманигор ва адиби
маъруфи тоҷик ба кор омад. Номбурда аз маъмурияти хидмати ҳарби дар
Эрон ба Тошканд бозгашта, ба вазифаи сармуҳаррири ахбори сиёсй ва
иттилоотии тоҷикӣ маъмур гардид. Вай дастур дод, ки барои ба
шунавандагони бурунмарзии тоҷик расидани барномаҳо забои бояд ба
форсии эронй наздик бошад. Чунин дастур ба қисми адабии барномэҳои
тоҷикӣ таъсире надошт. Аммо забони тоҷикии мақола ва ахбори сиёсиву
иҷтимой ранге гирифт на тоҷикиву на эронй. Маслиҳату эътирозҳои мо,
муҳаррирон ва баъзе рафикони тоҷик аз тарафи Тоҷй Усмон қабу.п намешуд.
Дар як мулоқот Айнй бо интикоди сахт аз забони адабии радио ran cap
-150-
кард. Ман вазъиятро, он чунон ки буд, нақп кардам. Айнй баъд аз андаке
тааммул гуфт:
— Кори беҳуда мекунад Тоҷӣ Усмон, ки барои гӯё мардуми Эрон шуда
забони тозаи тоҷикиро вайрон мекунанд. Агар ба забони тозаи форсии
тоҷикии худамон нависем ва сухан кунем, ҳар як эронй забони моро
мефаҳмад. Агар кор ба ҳамин тарз равад, забони шумо (яъне забони радиои
тоҷикии Тошканд) на забони форсии эронй ва на форсии тоҷикй мешавад.
Чунин забонро на эрониву на тоҷик қабул мекунад.
Дере нагузашта Тоҷӣ Усмон ба Душанбе рафт ва забони барномаҳои мо
ба асли худ бозгашт.
Устод Айнй ҳар шахсеро ки ба дидор ё қабули ишон меомад, дар хонаи
кори дар ҳавлии берун истиқбол мекард. Ин қисми ҳавлиро соли 1936
ҳукумати Тоҷикистон ба шарафи сисолагии фаолияти адабии устод аз нав
сохта буд. Он солҳо на зодрӯзи нависанда, балки фаолият ва хидмати ӯро
аз рӯи шумори сол таҷлил мекарданд. Дар ҳамон сол ҳукумати Тоҷикистон
қарор дода буд, ки ба устод Айнй мошини сабукрав эҳдо кунад ва ҳавлии он
касро ба тарзи нав бозсозй кунанд. Айнй ҳамоно розӣ нашудааст, ки ҳавлии
қадими хушсохтро тамоман вайрон кунанд. Бо лоиҳа ва пешниҳоди ишон
танҳо қисми берунии ҳавлиро бозсозй намуданд. Аз тарафи рости ҳавлӣ ба
хиштҳои пухта хонае барои машғулиятҳои илмиву адабии Айнй бино карданд.
Аз тарафи рости дари даромад барои мошини сабукрав гараж сохтанд. Гараж
ва дарвозаи даромади ҳавлй ба як шаклу андоза аз чубу тахта насб шуда ва
тарҳи он имрӯз тагйир наёфтааст. Хонаи кори устод Айнй ба тарафи ҷануб,
ба офтобрӯя нигоҳ мекард. Саҳни ҳавлии берун чандон калон набуд ва аз
он бо дарича ба ҳавлии дарун медаромаданд. Мизи кории устод мисли
столҳои кабинет набуд. Як мизи чорпояи калон буд. Дар паси миз дивани
нарми чармпӯши сиёҳ буд, ки устод болои он рӯй ба тарафи ҷануб, яъне
тиреза нишаста кор мекард. Дар рӯи миз сиёҳидон бо сиёҳии бунафш
меистод, Айнй бо ручкаи (қалам) чӯбине, ки нуги он перои фулузй насб шуда
буд, менавишт. Дар пахдӯи сиёҳидон як пора латтаи сафед буд, ки бо он нӯги
қаламро дар вақти зарурат тоза мекард. Ҳар боре ки ба ин хона медаромадам,
рӯи миз ба ҷуз сиёҳидону когазу дафтари мактабй чизи дигарро кам медидам.
Дар хона шкафи китоб набуд. Дар тарафи дасти рости устод дар девор
ҷевоне буд пӯшида ба дарҳои хурди чӯбии сафедранг. Дар он ҷо китобҳои
зарурии устод - ҳам чопиву ҳам дастнавис - меистод. Танҳо боре кушода
шудани ин ҷевонро дида будам. Он вақт устод барои исботи як фикри худ
шкафро кушода, дастнависеро гирифта, ба сони шоҳид шеъреро хонда буд.
Аз гӯшаи рости хона даре буд, ки аз он устод ба хонаҳои дарунй - хонаи
хоб, хонаи фарзандонаш медаромад. Дар роҳрави байни хонаи кор ва
хонаҳои дарун ҳаммом воқеъ буд. Устод қариб рӯзи дароз ва мумкин аст
соате чанд аз шаб дар ҳамин хонаи кор буд. Ҳамин ҷо ба мутолиаву таълифу
таҳрир машғул мешуд, меҳмон қабул мекард, бо шогирдону зиёратгарон
сӯҳбат менамуд. Ман ҳам то соли 1947 танҳо дар ҳамин хонаи кор бо устод
мулоқот доштам.
Ба мурури замон ва гузашти чандин мулоқот бастагии ман дар сухану
сӯҳбат бо устод кушода шуд ва устод ҳам бо кушодарӯй ва муомилоти озоди
-151-
худ хиҷолат ва истиҳолаи маро камтар мекард. Ба ҷуз таҳсилу кору
машғулиятам дар радио аз зиндагии ҳамарӯза ва шароити рӯзгору хурду
хӯрок мепурсид. Борвгуфт:
— Ман шунидам, ки шумо хелв кам хоб мекардаед, шабҳои бедорхобй
нишаста мақола навишта, даре тайёр мекардаед. Ин коратон дуруст нест.
Одам барои он ки кораш бобаракат бошад, бояд аз хоб сер шавад, шаб нағз
истироҳат карда бардаму болидарӯҳ аз ҷой хезад. Агар шумо хоби шабонаро
хуш гузаронида, саломату бардам хезед, дар рӯз ҳафт-ҳашт соат коратон аз
чандин соатҳои кори бедорхобй бобаракаттар ва хушсифаттар мешавад.
Шумо ба тадриҷ бояд тартиби кору истироҳатро ба танзиму эътидол дароред.
Бори дигар дар омади ran насиҳатгарона гуфт:
— Барои одам дӯсту ошнои биёр доштан хуб аст. Бо дӯстон баъзан
сӯҳбатҳои шеъру мусиқӣ оростан ва каме маю шароб хӯрдан рӯҳи касро,
ҷисми одамро ғизо медиҳад. Аммо дар шаробхӯрӣ одам бояд ифрот^накунад.
Медонам, ки шумо дар сӯҳбатҳо арақ мехӯред. Касе, ки бо кори фикрй машгул
аст, бояд арақ нахӯрад. Ман гӯям, ки шумо кам - кам коняк истеъмол кунед,
гапи ман ба ҳақиқат рост намеояд. Чунки ҷавонҳои имруза конякро на чун
шифо, балки чун асбоби мастй ба кор мебаранд. Апбатта дар сӯҳбатҳо
нӯшидан раем шудааст. Дар ин хел мавридҳо беҳтараш , шароб - вино хуред.
Шароби хуш дар ҳадди эътидол ба магзу димоги одам таъсири мусбат
мегузорад.
Ман панди устодро дар бораи тартиби кору истироҳат баъдҳо дар низоми
машғулиятҳои илмиву адабии худ риоя намудам. То имрӯз хеле кам воқеъ
гардидаэст, ки шабҳои бедорхобй ба кор машгул шавам. Аз субҳ сари миз
менишинам, аксари вақт ба навиштани таълифоти илмй ва адабии худ то
соати яки рӯз машғул мешавам, китобҳои илмй, маъхазҳои муҳим ва матнхри
илмию интиқодиро мутолиа мекунам, дар вақтҳои зарури ба тартиб додани
маҷмӯаи осори классикой машгул мешудам. Нимаи дуввуми рӯз соатҳои
муайян дар институт ё Иттифоқи нависандагон дар маҷлису маҳфилҳои
илмиву адабию эҷодӣ мегузашт. Бегоҳ чанд соат ба хондани рӯзномаву
маҷаллаҳо сипарй мешуд. Хуллас, панди устод дар танзими кор ва натиҷаи
он нақши мусбате ифо намуд. Афсӯс ки баъди соли навадум парешониву
игтишошот дар ҷомеа тартиби кору зиндагиро тагйир дод.
Панди дуввуми устодро низ ҳатталимкон риоят менамудам - дар микдор
набошад ҳам, дар шароити мусоид дар интихоби навъҳои машрубот.
Боре устод суоле кард, ки тамоман гайри чашмдошт буд, аммо баъдтар
тааммук, кардам ва фаҳмидам, ки ҳаёти шахсии ман барои ишон бе тафовут
нест.
Дар он маврид устод нохост суол кард, ки "шумо бо духтари фалонй (ин
шахеи номдор аз ахди санъат буд) тарҳи муҳаббат доштаед ва азми ҷидди
ҳам дар пеш будааст".
Ба ман чуз рости гапро гуфтан гузире набуд:
— Домулло, ин гапҳо овоза аст. Ман ба хонаи он кас рафту омад дорам,
аммо чизе дар миён набудааст, ки боиси чунин гумонҳо шуда бошад.
Соли 1947 устод духтари калонии худ (яъне нахустфарзандаш) Холидаро
барои давоми таҳсили аспирантура ба Тошканд овард. Ҳар дуй онҳо рост ба
-152-
хонаи Фотимахон омаданд. Дар ин вақт Мутаваккилҷон дар Маскав дар
консерватория таҳсил мекард ва Фотимахон дар квартира бо духтарчааш
Дилбар танҳо буд. Устод Айнй пеш бо хонадони Бурҳоновҳо нағз ошнои
дошт, Амакҳои Фотимахон Мазҳар-махдум, Муаммир-махдумро шахсан
мешинохт. Бо Мукаммил-махдум боз ҳам наздиктар ошно буд. Солҳое ки
Мукаммил-махдум дар Бухоро бо ҷавонбухориён ҳамроҳу ҳаммаслак буд ва
баъдҳо дар ҳукумати Ҷумҳурии халқии шӯроии Бухоро дар мансаби нозир
(вазир) кор мекард, Айнй бо вай мулоқот ва муомилот дошт. Аз воқеаи ба
Фотимахон хонадор шудани Фитрат ва сабаби ҷудоии онҳо нағз воқиф буд.
Устод Айнӣ шавҳари дуввуми Фотимахон - Абдусалом Рашидиро чун яке аз
равшанфикрони ҷавон ва мудири маорифи шаҳри Самарқанд низ мешинохт.
Бо Фотимахон низ шинос ва аз саргузаштҳои ин зан баъд аз ҷудой аз Фитрат
ва “ҳабс" шудани Рашидӣ огаҳй дошт.
Дар он солҳо писари устод Камолиддин дар Ленинград дар факултаи
шарқшиносй таҳсил мекард. Духтари хурдии Айнй Лутфия дар синфи охирини
мактаби даҳсолаи русй мехонд ва ӯ низ нияти давом додани таҳсил дар
Маскавро дошт. Холида баъд аз таҳсил дар мактаб ва дар омӯзишгоҳи
номдори тоҷикии Самарканд факултаи филологияи Донишгоҳи Самарқандро
хатм намуда, ба аспирантура дохил шуда буд. Роҳбари ғайрирасмй ва доимии
Холида худи устод Айнй буд. Устод ба Холида таҳқиқ ва омӯзиши "Ирфони”-
и Бедилро чун мавзӯи рисолаи номзадӣ пешниҳод карда буд.^ Зеро устод
чун бедилшинос медонист, ки андешаву орои фалсафӣ, ирфонй, ҷаҳонбинӣ
ва афкори ахлоқиву ҳаётии Бедил бештар ва равшантар дар Ирфон
инъикос ва шарҳу баён ёфтааст.
. Устод Айнй мехост, ки Холида дар Тошканд бо ганҷинаи дастнависҳс
ошно шавад ва аз шарҳу тавзеҳоте, ки дар тафсири осори Бедил навишта
шудааст, аз ҷумла ба шарҳу тавзеҳоти Аҳмади Дониш даст ёбад. Устод
мехост, ки Холида дар хонаи Фотимахон иқомат кунад, зеро дар он солҳо
Академиям Тошканд ва Дснишгоҳ барои аспирантон шароити мувофици
иқоматӣ надошт. Фотимахон хоҳиши устод Айниро ба ҷон пазируфт. Ва
Холидахон муқими Тошканд гардид.
Ман х.арчаид борҳо ба ҳавлии устод рафта, бо ишон ҳамсӯҳбат ва мисли
фарзанде наздик шуда бошам ҳам, аз аҳли оилаи он кас ҳеч танеро
намешинохтам. Ошчоии аввалини ман аз аҳли байти устод бо Холидахон
буд. Ман, ки ба хонаи Фотимахон рафту омад доштам, бо Холидахон ҳамин
чо ошно шудаму зуд бо ҳам мисли додару хоҳар унсу улфат гирифтем.
Холидахон духтзри нихоят хушгуфтор, хушсӯҳбат ва таҷассуми меҳрубонии
латиф буд. Доираи дониш ва огаҳии ӯ аз адабиёти худамон, аз адабиёти рус
ва ҷаҳон васеъ буд. Ба забони тоҷикиву русй хеле софу теза ҳэрф мезад.
Дар кори хонаву пухту паз ҳам моҳир буд ва дар соатҳои фароғат аз кору
таҳсия ба Фотимахон ёрй ҳам медод. Ду-се моҳ гузашту Фотимахону
Холидахон ба ҳам қарин шуданд. меҳр бастанд ва мисли хоҳзрони
чандинсола бо ҳам муомилаву муоширэт доштанд.
Ман як ё ду бор ҳамроҳи Холидахон ба Самарканд ба таътил рафтам.
Дар бозгашт хам ба он кас ҳамроҳй ва парасторй кардам. Ба воситаи
Холидахон ба '‘андаруни" ҳавлии Айнй роҳ ёфтам. Бо модари Холидахон,
-153-
ҳамсари устод Айнй хонум Салоҳатбегим ошно шудам. Ин зани ниҳоят
хушмуомилаву хуштавозӯъ дар назар таҷассуми иффату покизагиву фазилат
менамуд. Дар воқеъ ҳам ҳамсари шоиставу сазовор ва ҳамдаму ҳамнафаси
мувофиқи устод Айнӣ буд. Падари ишон аз мударрисҳои забардасти
Самарқанд буда, ба фарзандони худ Вадуд-махдум ва духтараш
Салоҳатбегим таълими илму ахлоқи ҳамида дода буд. Салоҳатбегим саводи
хуби форсӣ дошт, китобҳои классиконро хуб мехонду мефаҳмид, хати зебову
хоно ҳам дошт, ки на ҳамаи занҳои саводноки мо ба ин тарзи хуб навишта
метавонистанд. Чунон ки пештар зикр шуда буд, курси дусолаи таълимгоҳи
Шайбонихонро (ҳамсабақи модарам) тамом карда буд. Китобҳои нашри
тоҷикй ва матбуоти тоҷикро мунтазам мехонд. Айнӣ осори худро ба ҳуруфоти
арабй менавишт. Дар аввали солҳои бистум а.г. котибҳои хосса дошт, ки
мусаввадаҳои ӯро покнавис карда ба нашриёт месупориданд. Баъд аз он ки
дар ҷумҳуриҳои Осиёи марказй ҳуруфоти лотинй қабул шуд, асарҳои Айниро
аз арабй ба лотинй ҳамсараш Салоҳатбегим бармегардонд. Салоҳатбегим
то охири умр дар мошинкаи қадрдонаш “Йангиалиф” кор мекард. Баъд аз
даргузашти устод дар таҳияи осори ҳамсараш барои чоп бд фарзандон ёрӣ
медод ва дар ин кор дастгоҳи ишон ҳамин мошинка буд.
Салоҳатбегим, ки ах,пи оилаи мо он касро “холамулло" номзад карда буд,
зани ниҳоят меҳмондӯст, нармгуфтор ва чеҳракушод буд. Дар солҳои
донишҷӯӣ ва рафтуои ман ба хонаи онҳо хоҳаронам Ҳумоюнхон ва
Маҳвашхон низ баъзан назди холамуллову Холида меҳмон мешуданд. Боре
модарам низ бо таклифи холамулло бо хоҳари худ Саидахон (ҳарду
ҳамдарсони холамулло буданд) ба меҳмонии он кас рафта буданд.
Холамулло бо онҳо мисли хешовандони қадиму қадрдон муомилаи дустона
мекард.
Соли 1953 ҳукумати Тоҷикистон барои иқомати доимии устод аз саргаҳи
кӯчаи Бстаникӣ (ҳоло Ҳамза Ҳакимзода) ҳавлии хушманзару хушҳавоеро
тахсис намуд. Манзур ин буд, ки устод Айнй тамоман ба Душанбе кӯчида
биёяд ва ба осудагӣ ба корҳои Академия машғул шавад. Камолиддин Айнй
ҳавлиро тармиму таьмир намуд, ки барои падар созгор бошад. Аммо Айнй
фурсати ба ҳавлӣ кӯчиданро надошт ва ҳамчунон вақти ба Душанбе
омаданаш дар бӯстонсарои шаҳрии ҳукуматӣ манзил мегирифт.
Моҳи май соли 1954 устод бо бемории хатарангез ба Душанбе омад.
Дар ин вазъияти сахт холамулло бо Холидаву кадбонуаш ба ҳавлӣ барои
иқомат омад Пас аз даргузашт тобути Айниро аз ҳамин ҳавли бароварданд
ва холамулло чанд моҳ расму оини сӯгвориро дар ин манзил анҷом медод.
Баъд аз чил рӯзи вафоти устод аз Маскав ба Душанбе бозгаштам. Азбаски
хонаву ҷой надоштам, бо илтифоту банданавозии Камолҷон ва модари
меҳрубонаш чанд муддат дар ҳамин ҳавлй иқомат доштам. Холамулло ба
ман мисли фарзанди худ парасторй мекард, дар хобу хуфт ва хӯрду хӯрокам
ғамхор буд. Гоҳо бо ҳам менишастем ва ӯ аз рӯзҳои гузашта ва хусусан аз
тарзи рӯзгори хонаводагии устод нақпҳои ҷолиб мекард. Ҳикоятҳояш хеле
муфассал, бо ҷузъиёти ҷолибу шавқангез ва тасвироту нақлҳои нависандагй
сурат мегирифт. Дар дил мегуфтам, ки сабки ривоятии Айнй дар вақти
мошинка кардани асарҳои вай ба холамулло нақши худро гузоштааст.
-154-
Соли 1977 дар арафаи ҷашни пуршукӯҳи устод Айнй ҳукумати Тоҷикистон
барои ҳамсари Айнй аз иморати навсохту муҷаҳҳази тарзи урупой аз паедӯи
бинои Иттифоки нависандагон манзили чандҳуҷрагии васеъ эедо намуд.
Холамулло дар ин хона бо Холида зиндаги мекард. Камолиддину Лутфия
дар ҷою манзилҳои худ буданд.
Ман бо ҳамсарам Баширахон ва фарзандонам зуд-зуд ба дидори
холамулло ва Холида мерафтем. Гоҳо маҳфиле ба муносибати ид ё зодрӯзи
фарзандону наберагон барпо мешуд. Мо ҷавонон мусиқй гӯш мекардем,
сурудҳо мехондем, рақсҳо мекардем. Холамулло болои курсй нишаста, бо
табассуми меҳрубонона ва завқу шавқ базми моро тамошо мекард.
Холамулло бекор наменишаст. Ҳамоно тартиб ва одати машғулияти
доимӣ ба ҳукми одат даромада буд. ёд дорам, бо тарғиб ва пешниҳоди ман
холамулло ва Холида достони Айюқӣ “Варкд ва Гулшоҳ -ро аз рӯи чопи Теҳрон
ба тоҷикй гардонда, ба табъ расониданд.
Холамулло баъд аз бемории на чандон сахту на чандон тӯлонй 17 моҳи
май соли 1983 аз олам чашм пӯшид. Фарзандонаш, хешу ақрабо ва бисёр
ошнову мухлисони ҷониаш, аз чумла ману атрофиёнам он касро дар
қабристони Сари осиё ба хок супурдем. Ҳоло фикр мекунам, ки сазовор он
буд, ки аз паедӯи ҳамсари якумрии худ манзили охиратро соҳиб мешуд...
Ҳар ҷо ки хок шуд, ҷояш ҷаннат аст ва раҳматуллоҳи алайҳо...
Холида пас аз анҷоми машғулиятҳои илмй охири соли 1948 ба Самарканд
бозгашт. Дар ин вақт ва дар аввали солҳои панҷоҳум ягона фарзанди ҳозиру
нозир дар хонадони Айнй Холида буд, Дар ин солҳо фаолияти илмию адабии
Айнй дар авҷи камолот ва пурборй буд. Ғайр аз ин Айнй ҳамчун вакили
парламенти Иттифоқй ва ходими ҷамъиятӣ ва баъдтар дар вазифаи
Президенти Академияи илмҳо фаолияти пурҷӯш дошт. Бо хоҳиши рӯзномаву
маҷаллаҳои марказии Маскав ва мухбирони шӯравию хориҷӣ мақолаву
сӯҳбатҳо тартиб додан лозим буд. Дар мукотиба бо рӯзномаҳои русй ва дар
таҳийяи мақолаҳои устод ба забони русй котиби хосса ва тарҷумони
беминнати хушсалиқа Холида буд. (Дар ин солҳо Лутфия дар Маскав ва
Камол дар Ленинград машғули таҳсил ва касби илму дониш буданд).
Дар айнй замон Холида таҳқиқи илмии худро дар омӯзиш ва тадқиқи
"Ирфон”-и Бедил идома медод. Дар ин кори мушкил мушовир, роҳнамо ва
роҳбари илмии доимй устод Айнй буд. Ман сахт мӯътақидам, ки Холида дар
он солҳо дар ҳалли мушкилоти осори Бедил ба чуз Айнй аз каси дигар чунин
роҳнзмо во мушкилкушоро пайдо карда нзметавонист.
Соли 1950 Холида ба муддати кӯтоҳ ба Маскав рафт. Бо роҳбарии
шодравон Бертеле кори худро ба забони русй ба шакли диссертатсия ба
танзим овард ва дар Шӯрои илмии Институти шарқшиносии Маскав рисолаи
номзадиро дар мавзӯи “Бедил ва маснавии “Ирфон”-и ӯ” дифоъ намуд. Баъд
аз ин ба Самарқанд бозгашт ва то дами охирин дар назди падар ва дар
хидмати падар буд.
Холида баъд аз даргузашти падар дар ташкили музеи устод дар ҳавлии
кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода, дар гирдоварии архив ва танзиму таҳқиқи он
хидматҳои шоиста кард. Дар ин кор албатта саҳми фарзандони дигари устод,
махсусан Камол Айнй ҳам калон буд, аммо кори зсосии илмиву ташкили дар
уедай Холида буд.
-155-
о
Холида баъд аз дифои рисолаи номзадй кори таҳқиқу омӯзиши осор ва
аҳволи Бедилро идома медод. Вай ҳанӯз дар зиндагии устод ба таҳияи
матни илмиву интиқодии асари бузургтарини Бедил “Чаҳор унсур” шурӯъ
карда буд. Ин корро баъд аз сари падар дар муддати қариб бист сол бе
фосила идома дод. Дар шарҳу тафсири нуктаҳои душвортарини ин асари
Бедил мушовир ва роҳнамои Холида тағоии он кас Вадуд Маҳмудй буд. Ин
кори бузургу пурзаҳматро Холида дар аввали соли 1980 ба охир расонид.
Мехост аз назари таҳқиқ ва маслиҳати донишмандон гузаронида ба чоп
супорад. Вай пеш аз баррасии умум чанд боби матнро ба ин ҷониб дод. то
ҳамчун ошнои дерин ва сарпарасти бахши таърихи адабиёти форсу тоҷики
Институти Рӯдакй аз назар гузаронам. Чанд сафҳаи корро ба диққати том ва
шавқи тамом хондам. Дидам, ки Холида дар таҳия ва тафсиру шарҳи
мундариҷоту мазомини “Чаҳор унсур” заҳмати мардона кашидааст. Холида
дар воқеъ як ҷаҳони нав ва як муаммои мушкили орову афкори Бедилро
барои аҳли илм ва шавқмандони мактаби бедилй кашф намудааст. Мо бо
Холида аҳд кардем, ки ин кор ҳар чй зудтар дар ҳузури донишмандон матраҳ
гардад ва баъд барои чопи он ҳар чи зудтар чорабинй кардан зарур аст.
Ҳайфо ки тадорукоту ҳиммати пешгирифтаи мо амалй нашуд. Дере
нагузашту Холида ногаҳонй, дар асари корбурди табобати носанҷидаи
шахсони наздики худ бе ҳеч бемориву касолат чашм аз ҷахон бает. Ин вокеа
дар мохи ноябри соли 1984 рух дод, ки он вақт Холида шасту ду сол дошт.
Марги ногаҳонӣ ва гӯё “худ харидаи” Холида барои ман сахт андӯҳе буд. Ин
зан, ки дар зиндагй дӯстони бисёр дошт, дар хаёти шахей танҳо, бе ёри
дамсозу ҳамдаму ҳамроз буд. Хушнудии зиндагй барои вай пос доштани
ёди падар ва дар дил парваридани меҳри модар, заҳамоти осоишу оромбахш
дар роҳи илму касби дониш буд. Мо бо ҳам дуст будем, ҳамдигарро гиромй
мадоштем, ва хушбахтона эҳсос менамудам, ки ҳусни таваҷҷӯҳ ва самимияти
рафиқонаи ман барои Холида қуввату неруи рӯҳонӣ буд.
Дар Холида хислатҳои ҳамидаи падари бузургворашро медидам: ҳамон
покизакорй дар таҳқиқи илмиву корҳои эҷодӣ, ҳамон самимияту бериёй дар
сӯҳбат ва муносибат ба дӯстону ҳамнишинон, ҳамон сӯҳбаторой ва
донишварӣ дар муҳовираю улфати дӯстона, ҳатто ҳамон тарзи гуфтору
хандаҳои завқовар, ки устод дошт. Ҳар боре ки Холида аз падар “дадаҷонам
ин хел мекарданд, ин тавр мегуфтанд..." гӯён ёдовар мешуд, як меҳри гарму
оташбореро байни падару духтар эҳсос мекардам. Дилам гувоҳӣ медод, ки
худи устод ҳамХолидарохеледӯстмедошт. Соли 1922 барои кӯдакон китоби
хониши ӯзбекӣ навишта буд ба номи “Духтарак ё Холида”. Номи
нахустфарзандаш Холидаро ба унвони китоби дарсӣ баргузида буд. Холида
ба шарафи ҷашни садумин солгарди устод китобе навишт ба номи “Ҳаёти
Садриддин Аӣнӣ” (ба забони русй). Ин китоби хурд дар омӯхтани
зиндагиномаи устод Айнӣ аз беҳтарин ва нодиртарин китобҳост. Ҷои он аст,
ки китоб ба забонҳои мухталиф чоп шавад, то лаҳзаҳои муҳимтарини
зиндагиномаи Айнӣ, ки аз назарҳо пӯшидааст, ба аҳли илму дониш маълум
гардад.
Дар урфият мегӯянд “ҷои шумо холй буд”. Ин ибораи таоруфй шудааст.
Аммо ман дар мавриди Холида мегӯям, ки “ҷои он кас холӣ мондааст”. Инро
-156-
ман ҳамеша эҳсос мекунам ва ҳамеша дар ёди ин зани “аҳсанулфитрат”
ҳастам...
* * *
Меоям ба ҳикояти мулоқотам бо устод Айнй дар моҳи июли соли 1950
баъд аз хатми Донишгоҳи Тошканд. Устод он рӯз сиҳҳаташ хуб ва авзоаш
хеле фараҳманд буд. Аз натиҷаҳои имтиҳонот дар Донишгоҳ ва вазъияти
редаксияи «Ӯзбекистони сурх" пурсид. Бо қарори имтиҳоноти давлатӣ, гуфтам
ман, ҳуҷҷатҳоро барои таҳсили аспирантура ба раёсати Донишгоҳ супоридам.
Мехохам дар таҳқиқ ва омӯзиши таърихи адабиёти форсу тоҷик машғулиятҳои
илмии худро давом диҳам. Аммо дар роҳбарӣ дар ин ихтисос дар Тошканд
шахси донишмандеро намебинам. Агар домулло Болдирев ба роҳбарии
ман ризоят диҳанд, метавонистам таҳсили аспирантураро дар Тошканд бо
муваффақият давом диҳам. Устод баъд аз тааммул фармуд:
— Дуруст, Болдирвв ҳам донишманди хуб асту ҳам устоди моҳири
роҳнамо. Ман инро аз роҳбарии он кас ба корҳои Камол ҳукм мекунам. —
Устод хомӯш шуд, гӯё мунтазири охири сухани ман буд.
— Акнун мвхоҳам - гуфтам ман - аз тамоми корҳо озод бошаму фақат ба
хондану омӯхтани таърихи адабиётамон машгул шавам. Лвкин мвбинам, ки
маро аз кори рӯзнома ҷавоб намвдиҳанд. Рвдаксияи газета ҳоло ҳам
ходимони дурусти рӯзноманигорро ҷамъ карда наметавонад.
Мунтазир будам, ки устод дар мушкилоти ман чӣ мегӯяд. Вай бо диққат
гӯш медод ва ҳар замон аз таги чашм нигоҳе меандохт.
— Шумо ки дар таърихи адабиёти тоҷик кор карданй бошед, яъне шумо
азми ҷиддй доред барои илму маданияти Тоҷикистон хидмат намовд,- гуфт
устод. - Барои ин шумо бояд дар маркази илму маданияти тоҷик бошед.
Тошканд шахри бузург аст, барои корҳои илмиву эҷодӣ шароити хуб ва мусоид
дорад. Аммо дар он ҷо ба тадқиқи таърихи адабиёти тоҷик бояду шояд
машгул шуда наметавонед. Шумо бояд ҳатман ба Сталинобод равед. Дар
он ҷо ҳозир на танҳо шахсони ҷудогонаи донишманд ҳастанд, балки муҳити
илмии хуб ба вуҷуд омадааст. Ба ривоҷу равнақи ин муҳит котиби ҳозираи
кумитаи марказй Бобоҷон Ғафуров шахсан мусоидат мекунад. Он кас барои
ҷамъ кардани кадрҳои илмии тоҷик саъю кӯшиши зиёд дорад. Шумо аз руи
шунидам стипендияи хоссаи ҳукумати Тоҷикистонро низ мегирифтед. Яъне
ҳукумати Тоҷикистон умед доштааст, ки шумо баъди хатми таҳсил ба
Сталинобод меоед.
Ман ҳатто дар хаёлам набуд, ки устод чунин пешниҳоде ва бо чунин
қатъият мекунад. Ман ба Тошканд одат карда будам, дар он ҷо дар доираҳои
илмиву адабӣ ошнову шиносу дӯстони бисер дэигтам, дар ин муҳит обруву
мартабае низ маро муяссар буд. Хулосз Тошканд шаҳре буд, ки он ҷо рушду
камол ёфтам, дониш омӯхтам, таҷрибаи зиндагй андӯхтзм - наврали норасида
будаму ҷавони болиғ гаштам. Ба устод аз ин хусус узрҳо овардам, аммо
ишон дар пешниҳоди худ кртеъ буданд.
— Ин узру сабабҳо далелҳои ҷузъй аст. Кори асосй ва ояндаи шумо бо
таърихи адабиёт, ки вобаста бошад, бояд ба Сталинобод равед. Агар лозим
шавад, ман ба Султон Умаров телефон мекунам, ҳуҷҷатҳоятонро ба шумо
-157-
бозгардонанд. Илоҷи аз редаксия ҷавоб доданашонро низ меёбем. Акнун
ба хона рафта бо падаратон машварат кунеду омодагии сафари
Сталинободро бинед. _
Далелу суханҳои мантиқии устод то андозае дудилагии маро аз баин
бурд. Дар роҳ фикр мекардаму ба дурустии суханони Айнй ва дурбинии
ишон бештар бовар пайдо мекардам. То расидан ба хона қарор додам, ки
ба ҳидояти устод бояд ба Сталинобод биравам. Падарам ҳам пешниҳоди
устод ва азми маро писандид.
Охири моҳи июл ба Тошканд бозгаштам. Нахуст назди ректори Донишгхи
Тошканд Султан Умаров даромада, мазмуни сӯҳбати Айниро нақп намудам.
Султон Умаров бо нигоҳи чашмони ҳамеша хандонаш гапи маро ба диққат
гӯш карда гуфт:
— Ҳозир роҳи ҳамаи тоҷикон ба Сталинобод меравад. Бобоҷон Ғафуров
сиёсати хирадмандонаро пеш гирифтааст, ки пеш аз ҳама кадрҳои тайёру
омодаи корро ҷамъ кунад. Ба Сталинобод рафтани профессор Михаил
Степанович Андреев худ воқеаи бузурги илмию маданист дар ҳаёти
Тоҷикистон. Ба муносибати кушода шудани Донишгоҳи аввалини тоҷикон
олими шинохтаи Узбекистан тоҷики хуҷандй Зариф Раҷабов ба Сталинобод
даъват шуд. Аз хатмкунандагони Донишгоҳи мо низ чанд нафар имсол бо
даъвати Тоҷикистон ё ба ихтиёри худ ба Сталинобод рафтанд. Шумо ҳам
кадри тайёри тоҷик ҳастед, рафтани шумо ҳам ба манифати Тоҷикистон ва
ҳам ба фоидаи худи шумо мешавад. Ман мефармоям ҳуҷҷатҳои шуморо бе
мумониат ба дастатон диҳанд.
Ин сатрҳоро менависаму фикр мекунам, ки оё дар ҳамон лаҳза Султон
Умаров тасаввур мекард, ки баъд аз ҳафт сол худи вай ба ҳайси Президенти
Акаедемияи илмҳо бо даъвати Ғафуров ба Сталинобод меояд.
Дар редаксияи "Узбекистони сурх” исрор карданд, ки аз кор наравам е
ҳеч набошад як сол кор кунам. Диданд, ки азми ман қатъист, ҳуҷҷатҳоямро
дода расми ҳисобу китобро зуд анҷом доданд.
Дар радио, дар донишгоҳ бо дӯстону ҳамсабақону ҳамнафасон видоъ
мекардам. Баъзан ба шарафи “видои дӯстона” зиёфату маҳфилҳо месохтем
ва дар маҷлисҳо борҳо мегуфтему такрор мекардем, ки дӯстию маваддате,
ки дар солиёни иқомат ва таҳсил дар Тошканд байни мо бунёд гашт,
фанонопазир аст ва мо боз ба дидор мерасем, бо ҳам дустиву ҳамкориро
идома хоҳем дод. _ .
Дар рӯзҳои охирини икрматам дар Тошканд ва хайру хушу хаирбод бо
дӯстон лаҳзаҳои душвор ва соатҳои ҳассосу дилошӯб видои ман бо духтаре
буд, ки ӯро дуст медоштам - на, ҳамдигарро дуст медоштем ва ба лавҳи
хотир намеомад, ки соате мерасаду мо аз ҳам ҷудо мешавем.
Ин духтари эронй ба номи Шавкат то соли 1947 дар Табрез буд. Падару
модари ӯ лап кснсулхона ё дар маркази мадании шӯравӣ ифои вазифа
мекарданд. Баъд аз шикает хӯрдани ҳизби Туда ва пош гардидани Ҷумҳурии
демократии Озарбойҷон дар шимоли Эрон (ин ҷумҳуриро Сталин ба зуроварй
сохта буд) хонаводаи онҳо дар сафи муҳоҷирон ва фирориёни ҳизбиву
ғайриҳизбӣ аз Табрез фирор карда, дар Тошканд иқомат ихтиёр карда буд.
Шавкат дабиристони мутавасситро (мактаби миёнаро) дар Табриз тамом
-158-
карда буд. Азбаски ба хати русиву узбеки ошной надошт ва аз барномаи
таҳсили мактабҳои шӯравӣ иттилоъ надошт, дар Тошканд ба идома додани
таҳсил имкон набуд. Дар миёнаҳои соли 1949 яке аз кормандони барномаҳои
форсй Шавкатро ба наттоқии забони форси ба радио овард. Талаффуз ва
тарзи хондани Шавкат ба талаботи радио ҷавобгӯ буд ва ӯро ба вазифаи
гӯяндаи барномаҳои форсй қабул карданд. Ман, ки аксар вақт барои хондани
барномаҳои тоҷикй шабона ба радио меомадам, бо Шавкат дар соатҳои
фориғ аз кор сӯҳбат мекардем ва ин сӯҳбатҳои мо торафт гармтару ҷолибтар
мешуд. Боре ӯро бо иҷозаи худаш то манзилаш гусел кардам. Ин ҳама
соатҳои хуши мулоқоту сӯҳбат моро ба ҳам наздику қаринтар мекард ва ҳар
ду бехабар будем, ки улфату унсҳои ҷавонй ба муҳаббати поки маъсумона
мегузарад.
Шавкат ба гузашти аӣём ба муҳаббати ман, ба муносибати ниҳоят поку
азми инсонгароёнаам бовар мекард. Медонистам, ки тунчае буду акнун чашм
ба ҷаҳон мекушуд, дар Эрон чунин тарзи озоду рафтори лоуболонаи
муносибатҳои ҷавону духтарро надида буд. Муҳаббате байни мо падидор
шуд, ки маро дилгарму орзуманд мекард, исмату фатонати беғуборе ҳастии
маро мисли пардаҳои афсонавии осмонй иҳота карда, аз гэзанди эҳсоси
ношоиста ҳимоят менамуд. Муносибатҳои мо торафт наздиктзр ва улфату
унси мо торафт маҳкамтар мешуд. Ман гоҳо бо ифтихору боландагӣ хамроҳи
Шавкат ба маҳфили дӯстон мерафтам ва Шавкат ҳам аз ин маҳфилҳо
канорагирй намекард. Гоҳо ба тамошои филм ё ба сайри боғҳои зебои шаҳр
мерафтем. Ниҳоят гуфтам, ки агар донишгоҳро бо мувафаққият хатм кунам,
илоҷе ёфта издивоҷ хоҳем кард.
Шавкат ба ин қавлу ваъдаҳо бовар дошт. Вале пай мебурдам, ки биме
дар дил дорад. Бим аз он дорад, ки волидайни ӯ ба издивоҷи мо розй нестанд.
Дар миёна ҷавоне, дурусттараш марде ҳаст, ки толиби Шавкат аст ва
волидайни Шавкат ҳам тарҷеҳ ба он медиҳанд ва мехоҳанд фурсате даст
диҳаду духтарашонро ба ҳамон марди озарбойҷонии эронй бидиҳанд.
Хабари азми Стзлинобод карданам Шавкатро хеле ошуфтаву музтариб
кард. Пекин баъд аз ду рӯз дар мулоқоти пеш аз азиматам ба Самарканд
Шавкат ором буд. Вақте ки уро ба хонааш гусел мекардам. гуфт:
- Расул, агар иҷоза фармой, фардо барои гусели ту ба хонаи Фотимахон
биёям. Ту ҳозир маро таскин надет. Ман ба тавдири худ итоат мекунам.
Ҳарчанд ту азм дорй, ки баъд аз муддате бозмегардию маро ба издивоҷ
дароварда, ҳамроҳат ба Сталинобод мебарй, аммо ба гумонам волидайни
ман дар гайбати ту фурсат ҷуста, маро ба ҳзмон хеши худ никох, мекунанд.
Агар ту дар Тошканд мебудй, шояд кор ба коми мо мегашг. Пекин мебинам,
ки нақши казо дигаргуна аст. Акнун ту ором ба Самарканд ва баъд ба
Сталинобод рав. Агар фаразан кор бар хилофи хоҳиши мо сурат тирад, ин
ҷо на ту гунаҳ дориву на ман...
Рӯзи охирин дар хонаи Фотимахон будам. Намедонам, ҳамон рӯз оризае
рух доду каме таб кардам. Дар ин рӯз ғайр аз Фотимахону Мугаваккилҷон
дигар касе набуд. Додарам Махди барои хдмрсҳӣ дар ин сафар аз Самарканд
омада буд. Бегс.ҳй Шавкат омад. Дар кабинети Мутаваккилҷон муддате бо
ҳам танҳо будем. Вай вазъи нохуши маро дида гуфт:
-159-
__Расул дар ин дақиқаҳо мехоҳам ту орому осуда бошӣ. Мехоҳам ба
ман боварат кам набошад. Ман бе риё мегӯям, ки ту дар зиндагии ман сафҳаи
равшане боз кардй. Нури ин сафҳа ҳамвша ҳаети маро равшаниву зие эхдо
мекунад. Инак, ҳамин номаи кӯчак ва ин акси боз ҳам кучактарам едгоре
бошад, то маро фаромӯш накунй.
Хамон шаби моҳи июл ба Самарканд рохй шудам.
Ҳоло баъд аз панҷоҳу панҷ сол номаи Шавкатро кушодам. Акси у дар
миёни нома аст. Сатрҳои номааш ба гӯшам мерасад:
“Шумо қадам ба зиндагии содаи ман ниҳода, онро саодатмандонатар
кардед. Шумо хотираҳои хеле ширине дар сафҳаи зиндагиам боқи гузоштед,
ки ҳеч гоҳ фаромӯш нашуда ва ман ҳамеша онҳоро бо эҳтиром ед хоҳам
КЗРГулҳои муҳаббати маъсумонаи Шавкат аз миёни ҳарфҳои нома ҳоло ҳам
атрфишонӣ мекунанд...
Аз он руз имсол панҷоҳу панҷ сол сипари шудааст. Дар тамоми ним аср
ман аз Тошканд дур набудам. Дар ин мудцат бо дӯстони донишманду адибони
узбек тарҳи дӯстиву рафоқат ва ҳамкории худро қатъ накардаам. Ва онҳо
низ риштаҳои дӯстиро ҳар чи қавитару маҳкамтар медоштанд. Дустони
хамсабақ ва шарикдарси ман - симоҳои шинохтаи ҷомеа ва аҳли илми
Узбекистан Азизхон Қайюмов, арабшиноси номдор Убаидулло Каримов,
адабиётшиноси маъруф Абдулқоир Ҳаитметов, тоҷикшинос ва эроншиноси
барҷаста Шоислом Шомуҳаммаов, ва адибу шоирони номвар Ҳамид Ғулом,
Шукрулло Шӯҳрат, Эркин Воҳидов, Озод Шарофиддинов_, Лазиз Қаиюмов ва
солҳои сол бо ману ва ман бо онҳо рафоқату ҳамкорӣ доштем, маҳфилу
маҷлисҳои илмиву адабӣ дар Тошканду Душанбе ташкил менамудем, ба
ҶаШМоҳГ^шлитаолиТэ76 Фарангис духтари ман бэрои ба Консерваторияи
Тошканд дохил шудан озими Тошканд шуд. Ман ба ваи ҳамроҳу роҳбалад
будам Дар муддати як моҳе ки дар Тошканд будем, ману Фарангис даст ба
дасти дӯстону қадрдонҳо будем. Ҳар шаб ва гоҳо рӯзона ба меҳмонии дустон
даъват мешудем. Бо вуҷуди ин на ҳамаи даъвати дустонро пазируф
тавонистем. Фарангис гуфт:
— Дада имсол бисту шаш сол мешавад, ки шумо аз Тошканд рафтаед.
Аммо бубинед, ки на шумо ва на ҷӯраҳоятон якдигарро фаромӯш накардаетон.
Ба хаёлам, ин хел дӯстиву бародарӣ кам иттифоқ меаФт^
Фарангис хам дар тӯли панҷ соли таҳсил дар консерватория ба хонаи
дустони ман рафту омад дошт ва онҳо ӯро чун фарзанди худ паРа^ори
мекарданд. Худи вай низ дӯстону дугонаҳси бисер паидо кард, ки солҳои
пяпоз бо хамдигар рафту омад ва мукотиба доштанд.
Соли 1977 буд, ки Фарангис ба ман номае фиристод ва дар зимни он
"Дада дар ин ҷо як дӯсти шумо будааст - Шавкат, ки чанд сол бо ҳам дар
радио кор мекардед. Вай маро ҷустуҷӯй карда, рӯзе ба K0HCeP“™^ °мадн
Бо ҳам шинос шудем, маро ба хонааш даъват кард. Рузе дар хонааш меҳмон
-160-
шудам. Аз шумо, вазъи зиндагиатон, корҳоятон пурсид. Гуфт, ки зуд - зуд ба
хонаи вай меҳмон шавам. Ҳоло танҳо бо як писараш зиндагй мекардааст”.
Бисту ҳафт сол гузаштааст аз он рӯзе ки бо Шавкат видоъ карда будам.
Маълум мешавад, ҳамон рӯз рост гуфта будааст, ки маро фаромӯш нахоҳад
кард... Баъд аз ин Шавкатро дар Душанбе дидам, боре ҳамроҳи ҳамсарам
Баширахон низ дида будем. Фаҳмидам, ки ӯ аз шавҳари аввалааш ҷудо
шуда, шавҳари нав кардааст, ки муқими Душанбэ будааст. Рӯзе ӯро бо
шавҳараш дидам. Ба шавҳараш гуфт: “Ин оқои Ҳодизода. ҳамон шахсест, ки
ман ба ту аз ишон Haiyi карда будам”. Баъд аз ин ҳам Шавкатро дар шаҳр
гоҳ-гоҳе медидам. Боре гуфт: аз сафари Машҳад омадам, он ҷо хешовандони
худро дидам. Шояд ки мо ҳам ба он ҷо кӯч бандем. Пас аз муддате шунидам,
ки Шавкат ба Машҳад рафтааст, тамоман.
Дар охири солҳои ҳаштодум ва аввали солҳои навад дар ҷомеаи шӯрави
ташаннуҷу нооромиву безабтӣ ва падидаҳои нохуши ихтилофи байни ақвому
миллатҳои ба ҳам дӯст воқеъ гардид. Бо вуҷуди ин ҳам мо бо даъват ё барои
иштирок дар ҷашнҳо ба Тошканд мерафтем, аз Тошканд ба Душанбе
меомаданд. Соли 1990 бо ҳамсарам ва ҳампоии дӯстам Неъматзода ба
ҷашни 70-солагии Шоислом Шомуҳаммадов, соли 1996 бо шодравон
Аълохон Афсаҳзод ба ҷашни таҷлили 660-солагии Амир Темур ба Тошканд
сафар кардем. Абдулкрдир Ҳайитметов ба ҷашни ҳазораи “Шоҳнома"- и
Фирдавсӣ ба меҳмонйомад...
Аз соли 1999 вазъият шадидтар гашт. Ҳукуматдорони узбек баини
Тоҷикистону Ӯзбекистон тартиби виза ҷорй намуданд. Он чи ки дар тӯли
ҳазору ду ҳазор сол ҳеч марзеву садде мардуми узбеку тоҷикро аз ҳам ҷудо
накарда буд. имрӯз ба як коғази тамғадори давлати мустақил тоҷику ӯзбекро
аз ҳам ҷудо карданд. Узбекҳову тоҷикҳо ба тӯю азои ҳамдигар бе виза озод
рафта наметавонанд. Соли 2002 барои зиёрати Самарқанд, зодгоҳам, барои
зиёрати қабрҳои падару модарам ва гузаштагонам маҷбур шудам виза гирам.
Ба зодгоҳам, ба хоки азизу ба ҷон баробарам, барои ёди падарону бобоён
имрӯз роҳи сафари озод ба рӯи ман баста аст!
Моҳи декабри соли 2002 писарам Фаредун бо маъмурияте ба Тошканд
рафт. Таъкид кардам, ки дӯстони маро албатта бинад, аз вазъу ҳоли онҳо ба
ман хабар биёрад. Абдулқодир Ҳайитметов худ ба дидани Фаредун омада,
гаштаву баргашта аз ҳоли мову зиндагиамон пурсону ҷӯён шудааст. Чанд
китоби ба тозагй ба чоп расидаашро ба расми тӯҳфа ирсол намудааст.
Ба ҳавлии Шоислом Шомуҳаммадов меравад. Зану шавҳар аз синни
ҳаштод гузашта, осори пирй дар вазъашон ҳувайдо будааст. Шоислом
Фаредунро ба кабинеташ медарорад. Он чо сурати Рӯдакй дар бофти қоли
овезон будааст. Шоҳислом гуфтааст:
— Ин сурати Рӯдакӣ барои ман хеле азизу гаронбаҳост. Аввал ин ки
онро дӯстам Расулхон дар ҳафтодсолагиам тӯҳфа оварда буданд. Дуввум
ин ки Рӯдакӣ дар хонаи ман чароғи илму маърифат ва таърихи бузурги
адабиёти тоҷикро ҳамеша фурӯзон нигаҳ медорад. Моро мехоҳанд аз ҳам
ҷудо кунандбо марзҳову визаҳо, аммо чунин бузургон мисли Рудакию Навои
моро ба ҳам мепайванданд.
Дар чашмони Шоислом ашк пайдо мешавад. Ашки пазмониву еди дустон,
-161-
ашки дарду аламе, ки ҷудоиҳои солҳои охир ҷону танро месӯзад...
Имрӯз навдавлатони по дар рикоб марзҳоро дар баъзе ҷоҳо бо маводи
тарканда бастаанд. Чандин бегуноҳону бехабарон аз таркиш ба ҳалокат
расидаанд. Рузе мерасад, ки ин навдавлатони по дар рикоби салтанатро
таърих ба гӯшаи фаромӯшй меандозад ва мардуми тоҷику узбек озодонаву
сарфарозона ба ҳам мепайванданд, байрақи иттиҳоду дӯстиро баланд
меафрошанд...
-162-
ФАСЛИ САВВУМ. СТАЛИНОБОД
Ман бо як ҷаҳон хурсандиву фараҳмандӣ, бо як олам таассуроту хотироти
неки ҷавонӣ, бо корвони самару ҳосили кишту дарави солҳои заҳматҳои
худаму устодонам, бо гулу сабзаҳои умеду ишқу орзуҳои зиндагии оянда аз
Тошканд, бо ин шаҳр видоъ - на видом вопасин - кардам.
Аз Тошканд ба зодгох,ам - Самарканд омадам. Хостам пеш аз сафари
Стадинобод чанд рӯз ин ҷо бошам. аз тамошои шаҳр, аз дидори падару
модару додару хоҳаронам, хешовандонам сер шавам. Дар шаҳри кӯдакиву
наврасиам гузаштаро ба ёд меовардам ва ояндаи худро дар ҷои нав, дар
шаҳри нав ба гунаҳои мухталиф тасаввур мекардам. Пекин дар баҳри
тасаввурот бештар ва равшантар солҳои Тошканд пеши наэарам мутасаввир
мегашт. Хусусан дар танҳоиву оромй, дар шабҳое ки дар ҳавлй ё дар боғи
дӯстонам, лас аз ба хоби осоиш рафтани ҳамроҳонам хомушу сокит ба саҳрои
пурситораи осмон дида медӯхтам. Ҳамон осмоне, ки айёми кӯдакиам дар
боғот болои сари мо гунбадвор баланд уфтода ва тӯтаам аз галаситораҳои
каҳкашон, ҳафтдодарон. сурфаи Халил, сепоя.. қиссаҳо мегуфт. Ман имшаб
ба дашти бекарони осмон назар дӯхта, гӯё аз ҷодаҳои ситоразорҳо қадам
бардошта, роҳҳои умри ҷавони сипарй шудаамро пеши назар мебинам,
сардиву гуруснагиҳои солҳои аввал, клосҳои сарду тираи факулта, ки бо
чеҳраи нурониву нигоҳҳои гарми устодон рӯшноиву ҳарорат дошт, навоҳои
мусиқиву сурудҳои дилангез, маҷлису маҳфилҳои дӯстону ҳамсабақон, ки
моломол аз эҳсосу нигоҳҳои ошиқонаву дӯстона буд, соату лаҳзаҳое, ки
ҳамрох, бо ситораи заминӣ қадам мезадам - ҳама дар шуоҳои дури ҷурмҳои
самовӣ мунъакис мегардид, маро ба табақоти осмонҳо мебурд, ба боли саодат
мебардошт.
Бо ин таассуроту хотирот, бо ин лаҳзаҳои ширини ёди ёру дӯстон дар cap
ҳавои сафари оянда ва роҳи шаҳру манзили нав ҳамроҳу ҳамнаво буд. Як
дуои хайру ҳидояти устод Айнӣ лозим буд, ки рахти сафар бубандам.
Панҷум ё шашуми август буд, ки ба зиёрати устод рафтам.
— Хайрият дар вақташ омадед, - гуфт устод - Ман баъд аз ду рӯз ба
Сталинобод меравам, нашриёт мунтазири ман аст! “ёддоштҳо» барои чоп
омода шудааст, пеш аз чоп аз назар гузаронидан лозим аст. Шумо ҳам
тараддуди сафарро бинед. Ба Сталинобод, ки омадед, маро пайдо кунед,
шуморо барои тавсия ба академия худам мебарам. Ҷои истиқомати ман
боғи ҳукуматист.
Баъд аз ду-се рӯзи рафтани Айнй ман ҳам озими Сталинобод шудам.
Дар Сталинобод дӯстоне, ки омадани маро интизорй мекашиданд, кам
бошанд ҳам, буданд: Фотеҳ Ниёзӣ, Ҳабиб Аҳрорй, Шавкат Ниёзи, холабачаам
Надимхон бо падараш Масъудхон - писари аршади Маҳмудхоҷаи Беҳбуди.
Се рӯзро дар боғчае гузаронидам, ки язнаам иҷора гирифта буд. Богчае
хубе буд, дар паси музеи ҳозираи устод Айнй. Дар ин гушаи сабзу ободу
ором язнаам ба тарҷума машғул буд ва писараш Надимхон ба вай ёрй медод.
Рӯзи саввум баъд аз чоштгоҳ ба Хонаи матбуот рафтам, хостам аз Деҳоти
-163-
пурсам, ки ба назди устод Айнй чй гуна рафтан мумкин аст. Ҳанӯз ба дари
даромад наздик нашуда будам, ки мошини сабукраве рӯ ба руи Хонаи матбуот
таваққуф карду аз мошин устод Айнӣ камзӯли тобистона дар бар ва
каллапӯши чустй дар cap ва асо дар даст пиёда шуд. Зуд ба истиқболаш
рафтам.
— Ҳамин рӯз назди шумо рафтанй будам, - гуфтам ман.
— Ба Сталинобод кай омадед?
— Дурӯз шуд.
— Ҷои истиқомат ёфтед?
— Ҳа, дар хонаи язнаам Беҳбудй.
— Масъудхон? Он кас дар ҳамин ҷо ҳастанд? Хаир, ҳозир ба нашриет
медароем, баъд ба академия меравем.
Айнй рост ба бухгалтерия рафт. Дар хонаи калон чанд занирус машгули
kod буданд Дар пешгоҳи хона дар паси мизи калон марди пургӯшти сурхмуи
сурхинарӯй нишаста (ба андозае сурх, ки каси навшинос гумон мекунад, ки
ҳамин ҳоло шароби зиёде истеъмол кардаст) ва болои миз чанд когазпеч
пул истода буд.
__Салом домулло, денги ждут вас (яъне пул дар интизори шумост) - гуфт
марди сурхинарӯй. _ -
Айнй аз рӯ ба рӯи ӯ нишаста, ба когазе имзо карда, пулҳои коғазпечро ба
ҷайбҳои дарунӣ андохт.
— Пулҳоро шумурда гиред, домулло, - гуфт марди сурхинаруи.
— Пулро аз шумо беҳтар ҳеч кас дуруст шумурда наметавонад, Андреи
Василйевич. Мову шуме ошноҳои дерин ҳастем. Ба ҳамдигар бовар дорем.
Андрей Василйевич табассуми хушҳолона карда монд.
Пеш аз он ки ба академия равем, пешопеш мехоҳам аз ин марди хеле
ачиб ва собиқадори Нашриёти давлатии Тоҷикистон нақли мухтасаре кунам.
Ин ба он сабаб аст, ки баъд аз омаданам ба Сталинобод вобаста ба корҳои
нашрия бо ин марди салимултану салимулақл дар муомилот ва иртиботи
хасана будам.
Андрей Василйевич дар зоҳир марди бздқаҳру тундмизоҷ менамуд, вале
табиатан одами нарму меҳрубон ва зариф ҳам буд. Шикорро дуст медошт ва
мохе як - ду бор ба шикор мерафт ва мегуянд, ки танҳо мерафт. Агар уро
хурсанд карданй бошанд, одамони ҳолдон рузи дигар субҳ омада, бо ваи
салом мекарданду баъд аз барори шикораш мепурсиданд. Ваи мисли
шикорчиҳои Репин шикорашро таъриф намекард, вале ба ифтихор мегуфт.
__Рости ran шикор бад набуд. Занам, ки аз сайдхри ман хурсанд аст,
маълум мешавад беҳуда вақту борутро талаф накардаам
Барой вай пурсиши одамон басанда буд: ҳама медонанд, ки Андреи
Василйевич шикорчй аст. Вай чанд рӯз аз шодиву ифтихор ба куртааш
нагунчида кор мекард. Ба ҳама гапи ҳақро мегуфт ва дар ин ҳолат мақому
мартабаи касро ба эътибор намегирифт. Боре муаллифи мӯътабаре омэд,
ки китоби ӯро дар сирқат сахт танқид карда буданд. Андреи Василиевич
пули ӯро дода гуфт:
— Умуман ба ҷои шумо мебудам, барои ин китоб пул намегирифтам.
-164-
Боре директор Нурматов ӯро коҳиш намуда гуфт:
— Охир шумо чй хел бухгалтер ҳастед. ки ҳамин корро карда
наметавонед?
— Директор чй соне ки ҳаст, бухгалтер ҳам ба ҳамон қиёс мешавад.
— Охир бухгалтер бояд шахси мустақил бошад. Ҳар корро бояд аз рӯйи
ақли худаш кунад.
— Дуруст, лекин директор бухгалтерро побанд карда, мисли он ки хар
шутуррро ба ҳар тараф кашола мекунад, маҷоли ҷунбидан надиҳад, чй кор
кардан мумкин аст?
Нурматов чй ҷавоб гуфтанашро надониста, хандида мемонд. Ҳамин хел
одами аҷиб буд Андрей Василйевич. Ҳама ӯро дӯст медошт ва ӯ низ ҳамаро.
Аз нашриёт то Филиали Академия бо устод пиёда рафтем. Иморати ду-
ошёнаро пеш аз ҷанг махсус барои ҳамин муассиса сохта буданд. Солҳои
ҷанг дар ин ҷо госпитали ҳабй барои захмишудагони майдони ҳарб ҷойгир
шуд. Баъд аз ҷанг иморат ба соҳибаш бозгардонида шуд.
Филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои СССР дар табақаи дуввум
воқеъ буд. Раиси Филиал академик Евгений Никанорович Павловский буд.
ӯ бештар дар Маскав мезист ва корҳои ҷории филиалро Бобоҷон
Ниёзмуҳаммадов иҷро мекард. Вай як ё ду сол пеш рисолаи докториро
дифоъ карда буд.
Дар ошёнаи якум Иттифоқи нависандагон ва идораи маҷаллаи “Шарқи
сурх” ҷой доштанд. Айнӣ ба яке аз хонаҳои Иттифоқи нависандагон даромад.
Дар хотир надорам киҳо он касро пешвоз гирифтанд. Аз нависандагон Фотеҳ
Ниёзиро шинохтам. Ишон ду сол пеш ба Сталинобод кӯчида ва ҳоло
муҳаррири “Шарк,и сурх” буд.
Айнӣ баъд аз сӯҳбати мухтасар ба як ходими маҷалла фармуд, ки агар
Ниёзмуҳаммадов дар ҷояш бошад, як сари қадам поин фурояд.
Ниёзмуҳаммадов зуд ҳозир шуд.
— Мана ман барои шумо як кадри нав овардам. Ҳуҷҷатҳои ин касро
барои аспирантура қабул кунед, расмиятҳои боқимондаашро аз рӯи қоида
баъд анҷом медиҳед.
Ба ҳамин тариқа, дар чанд дақиқа ба аспирантура дохил шудам. Рӯзи
дигар ҳуҷҷатҳои заруриро ба котиби илмӣ Алексей Павлович Колпаков
супоридам. Вай ба забони тоҷикии тоза бо ман сӯҳбат кард. Баъдҳо дар
чанд сол, ки бо ин марди шариф дар Интитути шарқшиносӣ таҳти сарпарастии
Абдулганй Мирзоев кор кардам, азтарҷумаи ҳоли вай ва ҳамсолонаш воқиф
гаштам. Колпаков ва ҳамсолони вай мисли Роза Неменова, Людмила
Успенская, Николай Ершов ва дигарон дар аввали солҳои сиюм баъд аз
хатми донишкадаҳои шарқшиносӣ ба Сталинобод омада, дар илму
маданияти тоҷикон хидматҳои ҷонсупорона карданд. Ҳаққонияти таърих
тақозо мекунад, ки мо имрӯз ба ҷои сафсатаҳои "истилои Русия” (истилоҳи
дӯстдоштаи ватанпарварони навбаромади мо) дар бораи хидмат ва саҳми
донишмандони рус дар рушду равнақи Тоҷикистон таърихномае таълиф кунем.
Колпаков дар корҳои илмиву ташкилии Академия то солҳои шастум
фаолона иштирок мекард. Баъд аз ин ҳам дар Институти шарқшиносӣ бо
вуҷуди пириву танҳоии оилавй аз кор бознамондааст. Бештар ба тарҷумаи
-165-
рисолаҳои таърихй ва асарҳои олимони тоҷик машғул буд. Вай бо ҳамкории
Алоуддин Баҳоуддинов “Донишнома”-и Абӯалӣ Синоро ба русй
бозгардонида буд ва бо ин кор то охири умраш фахр мекард.
Колпаков шахси хеле меҳрубон, ҳамеша омода ба осон кардани мушкили
одамон ва хусусан бо олимони ҷавон ҳамеша дар муносибатҳои хуби
рафиқонаву дӯстона буд (аз ҷумла бо ин ҷониб низ). Шӯхихри бамавриди
зарифона - хусусан дар соатҳои шатранҷбозй - дошт.
Аввали соли шастум буд, ки дар “Литературная газета" нохост мақолаи
Колпаков дар танқиди қиссаи бачагонаи (қиссаи хеле хуби дӯстдоштаи
кӯдакон) нависандаи машҳур Корней Чуковский пайдо шуд. Мо нафаҳмидем
ин ҳазли рафиқона буд ё танқиди ҷиддии як нафар олим? Колпаков ин
қиссаро (дар бораи магас Муха Тсокотуха ва нонхӯракҳо) танқид мекунад ва
мегӯяд ки таърифу тавсифҳои нависанда дар нисбати ин х,ашароти
зараркунанда боиси таассуфи мост. Колпаков пеши мо ифтихор мекард, ки
чунин рӯзномаи бонуфуз мақолаи ӯро дар танқиди нависандаи машҳур чоп
кардааст, Аммо мо инро ҳамчун ҳазлу шӯхии Колпаков қабул кардем. Баъд
аз чанд рӯз дар ҳамин рӯзнома ҷавоби хеле ҷиддӣ ва озурдаҳолонаи
Чуковский чоп шуд. Мақола далелҳои мантиқиву ақлй дошт, ки онҳоро рад
кардан душвор буд. Вале Колпаков бо қиёфаи ҷиддй мегуфт, ки Чуковский
ноҳақ аст ва ӯ ҳатман ба вай ҷавоб хоҳад навишт. Колпаков ҷавоб нанавишт,
аммо мақолаи ӯ дер вақт мавриди танқид ва истеҳзои адибони рус гардид.
Колпаков шахси озсдманишу риндҳам буд. Дар ҳолати махмури бо дустон
ниҳоят меҳрубон ва дар изҳори муҳаббату маваддат саховатманд буд.
Тирамоҳи соли 1952 буд. Устод Айнй баъд аз чанд муддат иқомат ва иҷрои
вазифаҳои ҷории президентии академия азимати Самарканд кард. Дар
вагони ҳукуматӣ, ки барои ишон дар вокзал қаблан омода шуда буд,
роҳбарияти академия барои гусел баромада буданд. Банда ҳам ба ҳайси
шогирди устод дар як гӯшаи толори вагон нишаста будам. Колпаков ҳамчун
котиби хоссаи устод дар паҳлӯи ишон нишаста ва хеле сархуш ҳам, буд.
Устодро ситоиш мекард, ба он кас изҳори муҳаббату зътиқод менамуд Айнй
ҳам ин шахси мӯътабарро ранҷондан намехост ва бо табассуми зӯр ба зуракӣ
суханҳои ӯро хомӯш гӯш мекард. Ниҳоят касе ӯро ба берун даъват карда,
ҳозиронро аз суханфурӯшиҳои Колпаков наҷот дод.
— Одами хуб ва коргари хуб ҳам ҳаст, - гуфт устод,-лекин баъзан зиёд ва
бемаврид менӯшад.
Колпаков дар корҳои маъмуриву ташкилии академия аз аввал то охир
фаолона иштирок кардаэст. Дар овони пирй ҳам бо вуҷуди синни
нафақахӯриаш дар Институти шарқшиносй ба таҳқиқи масъалаҳои
кишварҳои шарқи ҳамсоя машғул буд. Пас аз муҷаррадии чандсола ба зани
нисбатзн аз худ ҷавонтар издивоҷ кард. Ин зан барои Колпаков зиндагии
мураттаб ва осуда ташкил намуд. Колпаков ба таълифи баъзе рисолаҳои
таърихӣ шурӯъ намуд. Мо чанд сол дар кӯчаи Попов дар хонэи академй
ҳамсоя будем. Рӯзе дар ҳолати каме сархушй маро рӯи ҳаалй дида гуфт:
— Расул, ман арақхӯриро тарк кардам. Ҳозир шароби ноби (сухое)
"Душанбе” менӯшам. Фаҳмидам, ки барои саломатӣ ҳам хуб будааст,
ӯ аз зиндагии оилавиаш хеле хурсанд буд. Аммо ду-се моҳ аз ин мулоқот
-166-
нагузашта, ӯ ногоҳ фавтид, Ҳама ӯро ба эъзозу эҳтиром ба роҳи охирин
гусел карданд.
Одами хубе буд Колпаков. Таассуроти аввалини ман аз академия бо
ҳамин шахс вобаста буд. Аз ин сабаб саргузашти сталинободии худро аз
ёди ҳамин шахси беозори заҳматкаш шурӯъ намудам.
Ҳуҷҷатҳои заруриро ба дасти Колпаков додам. Гуфт, ки баъд аз ду рӯз ба
назди Ниёзмуҳаммадов дароям. Ҳамин тавр ҳам кардам. Ниёзмуҳаммадов
гуфт, ки барои хубтар анҷом ёфтани кор шумо аз ҳозир бояд роҳбари илмй
дошта бошед ва роҳбари илмй унвони докторй дошта бошад, хеле хуб
мешавад. Ман бо андаке ҳайрат ба Ниёзмуҳаммадов нигоҳ карда мондам.
Зеро дар Душанбе ягон олими адабиётшинос, хусусан доктори илмро
намешинохтам.
— Оё домулло розӣ мешуда бошанд роҳбари илмии шумо шаванд. Бо
он кас маслиҳат кунед.
Рӯзи дигар назди Айнй рафтам ва ин гапро гуфтам. Устод зуд ризояти
худро дод ва гуфт, ки агар коғазҳои расмй бошад, биёрам ишон имзо хоҳад
кард.
Ба ҳамин тариқа ба сифати номзади аспирантураи Филиали тоҷикистонии
Академияи илмҳои СССР зери роҳбарии илмии устод Айнй ба Самарқанд
бозгаштам. Охири моҳи сентябр ба Сталинобод омада, имтиҳонҳои
дохилшавиро супурдан лозим буд.
* * *
Охири август ва нимаи сентябр дар Самарканд гузашт. Ба дидору сӯҳбати
хешовандону дӯстон мерафтам, маҷлису маҳфилҳо меоростем. Ҳис
мекардам, ки панҷ соли дурӣ аз Самарқанд ба пайванду алоқамандиҳои
хешовандию дӯстй халале ворид накардааст. Ҳам одамон, ҳам шаҳру боғоти
Самарқанд мисли давраҳои бачагиву наврасӣ ба дилу дида наздику қарин
буд.
Сӯҳбату ҳамнафасию ҳамнишиниву хонадонамон худ як саодати бузург
буд. Мо чаҳор фарзанд будем ва ҳар як ба камолот ва дараҷаи дониши олй
расида будем. Ҳар як хислату одоти хоссаи худро дошт,
Пекин байни мо мӯе аз бегонагиву ихтилоф набуд. Меҳрубониву муҳаббат
байни мо имрӯз ҳам пойдор аст.
Ба назарам, меҳру гармии байни мо фарзандон ба хислату сирати падару
модарамон мавқуф буд. Модарамон тартиби хонадориро чунин сохта буд,
ки вақти таом дар соатҳои муайян сари дастурхон бояд ҳама ҷамъ бошад.
Сӯҳбати падарамон сари дастурхон чунон ширину зариф ва пандомӯзона
буд, ки лаззату мазаи хӯрокро як бар чанд меафзуд. Панду насиҳатҳои
хушкмизоҷонаву омирона ва донотарошоёна намекард, балки байте ё пораи
шеъре дар мавридаш меовард, ки гаронии пандомӯзиро ҳис намекардем.
Мисли ғизое буд, ки мехӯранду лаззаташро ҳис мекунанду, қувваи ҳозима
ғизоро бо кадом роҳ ба ҷисму рӯҳи шумо мерасонанд намебинед, вале неруи
ҳаёти шумо аз он реша мегирад. Модарам, худо раҳмат кунад, зани раҳмдил,
хайрхоҳ ва дур аз кинаву кинаҷӯй буд. Гоҳо мешуд. ки яке аз мо дар айни
-167-
хашмгинӣ аз кирдори ношоистаи ҳамсоламон мегуфтем В^ибаман ҳамин
хел рафтор кард, ба вай аз ин бадтарашро нишон медиҳам* . Ҳаргиз и
корро накун, вай кардааст. ту накунГ- таъкид мекард модарзм. Ҳарчанд ба
синни балоғат расида будам, аммо оғӯши гарми хонаро тарк: оФгак чандон
осон набуд. Гоҳо фикр мекардам, ки оё дар Сталинобод маро чи пвш меомада
бошад? Ба ин суол ҷавоб пайдо набуд, фақат бовар доштам, ^арочун аз
якбоғбабоғистонидигармебаранд. Онҷомарообуҳавовахокимувофиқу
мусоид мунтазир аст.
АСПИРАНТУРА
Дар охири сентябр "бору будро баста”, ба Сталинобод омадам^Аз бинои
нави академия дар кӯчаи Айнӣ дар як квартира хонаеро барои иқомати
м'/ваккатй тахсис карданд. Дар хонаи дуввум аспиранти соли дуввуми таҳсил
рГҶаГАмонТи%мРаДт дошт, дар хонаи севвум кадом як корманди илмии
С°Ҳп1Гпа™ иморат бинои хушнамуде воқеъ буд. То ба бинои нави кӯчаи
Ленин кӯчедан роҳбарияти филиал дар ҳамин бино будааст. Дар солҳои
нГомаданам дар ин бино шӯъбаҳои кимиё ва геология кор мекарданд,
- пеш аз имтиеднот директору
Институт^забои, адабиёт, таърих ва этнография Абдулғани Мирзоев бо
аспиоантҳо сӯҳбат хоҳад кард. Шунидам, ки Мирзоев донишманди хуб ва
-ахтгиру серталаб аст ба ҷавонон. Аз олимони мавриди эҲ™роми Ғафуров
аст, ӯоо ба вазифаи директории Институт шахсан худи Ғафуров тавсия
КаРИнститути номбурда дар бинои Филиал дар тарафи чап воқеъ буд.
Миозоев маро дар хонаи хурд - кабинети директори қабуд кард. Бо чашмони
SS5 аз назар^зарониду ба нишастан *'•Ц™
тахсили факултаи шарқ, аз муаллимону устодон мухтасар пурсид ва баъдаз
оӯи Гзаш китоби моли литографиро гирифта реши ман монд ва саҳифаи
РУ _ Пилям Тулистон”-и Саъдй аст. Китобро варақ заду дар
сахифаГистод ва фармуд, ки хонаму маънии ҳикоятро гӯям. Хондану нақл
SSt и хиоти Саъдй барои ман душвор набуд. Мирзоев тахминан дах
Да^ШуГимтедо?иТ'тахассусро, ки супоридед, ба Колпаков гуед хуҷҷатҳоро
баРБалТм^ааТ1КтУиҳоДн гузаштам, на танхо аз имтедони т^^с балки аз
имтихони шахси номдору донишманди Тоҷикистон. шахси сахтгиру
“хайбатноки” Сталинобод ба осонй ва бе биму ҳарос гузаштам.
Ҳ Аз яю/ми ноябри соли 1950 аспиранти комилҳуқуқи Филиали тоҷикистонии
-168-
баъд а» ша,р» бузур- .a nyp^uiy
тимт па xvonv камаҳоли ба назар мврасид. шаҳр д Р У ‘•-«r-.ooi/o"
йГъпазма^аби мусиқй ва бемористони инфексионӣ (мардум онро заразка
Рохат ва атрофи он) мантуву шурбоҳои милли мефурухтанд, дар "ахду
ss
маъмурии Тошканд тарбия ёфта будам, ҷои дурусте дар шаҲР барои
ДИ Шл5нгйЙаЯз°танҳой низ бармехост. Ёди дӯстони Тошкандӣ дидори ёри
меҳрубон маро 5а сӯи Тошканд мебурд. Дар соатҳои бедимоғи суҳбэту дидор
f-. jlnp пэгЬикони тошкакдӣ мисли Фотеҳ Ниезиву Ҳабиб Аҳрори, Занги
липхооо мезудуГмизв ки дар Сталинобод маро мафтун кард ландшафт*
^ ^ ^ ' хои я-гпоф • кӯҳсору обшорҳои фаровони он буд. Дар ҳеч
ZZ ^гйЯУЯ. «,»“• Зебоихри табиат ну« д.бо.у
Лпипантҳоро ҷамъ намуда, эълон харданд, ки дар мактаби миенаи рақами
Г Imv вокеъ дао кӯчаи Айнӣ (он вақт ин кӯча номи дигар дошт, ки ҳоло д р
хотир тадораа) ду «иф - "«X» баР°“ м0' ҷув°
х” ™piS «»гариРзи»„а,й «ухайе -абуд: ™ ““»?ув^“
™»х?р«у «ашгулиятхои дарру мухолнз» «а.об.
иӣшонпаку хӯрок пухтан. Аммо мо зуд сари ҳисоби худро ефтем Ман дар
Г.5» ҷо» ™рнфга». « дар паҳлуи *УД «Ч»« 'У»шта- ™
алтифодаи умум хузощтам Плита» элзхтрикн харда. да;.як П»а
ошхсяч^н^рдгадкил нэмудеа. Ҳарр?збаиавбаткасемаамуРбУД-хиаз
ssrzxszssz
„ар он солхо спектаклҳон хуб ба сзҳна аегуэошзанд аз “®"
русу аврупой. Шояд ба таргиби ман буд, хи чанде аз рафиқон дустд р
-169-
мусиқии аврупоӣ гаштанд. Билхосса шодравон Ҳикмат Назарови самарқандй,
ки дар тахассуси геология таҳсил мекард, чунои шефтаи мусиқии симфонӣ
гашт, ки баъдтар дар хонаи худ навиштаҳои осори Бетховену Чайковскийро
ҷамъ карда гӯш мекард. Дар сафарҳои илмиаш ба Ленинград соатҳои
истироҳатро дар театри Мариинка ва филармония мегузаронид.
Ҳамон сол ба аспирантураи академия толибони зиёдеро қабул карда
буданд. Ғайр аз Хуҷанд аз Самарканду Бухоро ҷавонони бисёр дар
аспирантура ҷамъ омада буданд. Дар ин маврид сӯҳбати Пӯлодов ба ёдам
расид, ки тобистони соли 1947 дар Кумитаи марказии ҳизби Тоҷикистон сурат
шрифта буд. Пӯлодов гуфта буд, ки бо таблиғи Ғафуров ба Тоҷикистон ҷалб
намудани кадрҳои ҷавони тоҷик хеле вусъат ёфтааст. Овозаи ҳамин
кадрпарварии роҳбарияти Тоҷикистон берун аз ҷумҳурй миёни тоҷикони
Узбекистан паҳн шуда ва як ҳаракати умумӣ ба сӯи Сталинобод оғоз ёфта
буд. Ин дар воқеъ ҳам эҳёи миллй ва маънавии ҷавонон буд. Ин ҷунбиши
маънавиро торафт бештар ва амиқтар эҳсос менамудам ва ба Сталинобод
омадани худро амри таърих медонистам, фахр мекардам.
Дар зимни ин воқеаҳо мешунидем, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ ва шахсан
Бобоҷон Ғафуров ба таъсис ва ифтитоҳи Академияи фанҳо (он вақт ҳамин
хел мегуфтанд) тайёрӣ мебинанд. Бале, пас аз хомӯшй ва дилтангиву
бедимоғии кӯтоҳ ҷунбиш ва бедорие дар ҷомеа ба назари ман ҷилва андохт.
Вазъи мо, аспирантон, дар Института забон ва адабиёт аҷиб буд. Мирзоев
дар воқеъ сахттар буд ва аспирантонро маҷбур мекард, ки дар Институт
ҳамеша ҳозир бошанд. Мо дар хонаи калоне, ки бо кабинета Мирзоев
ҳамдевор буд, ҷамъ меомадем. Дар ин хона китобҳои дастнавис ва чопи
литографй нигаҳдорӣ мешуд. Марди бухорӣ Тоҷиддинов - шахси ҳалиму
хуштавозӯъ китобдори ин хазина буд. Бо ин марди хушсӯҳбат баъдҳо хеле
наздик шудем. Хусусан баъд аз он ки ба омӯзиши дастнависҳо маъмур шудам,
дар ошной бо ганҷинаи дастнависҳо ӯ роҳнамо ва мушовири хуб буд.
Инак дар ҳамин “хонаи Тоҷиддинов” чанд нафар аспирант ҷамъ мешудем,
сӯҳбат мекардем, гоҳо наҳор мехӯрдем ва баъд аз қазои соати кор ҳар кадом
ба кори худу ба хонаи худ мерафтем. На кори илмй буду на роҳнамоии
илмй. Беҳосилии гузашти рӯзҳо табъро хира мекард. Хусусан шоир Фарҳат,
ки намедонам ба чӣ ҳадаф аспирантураро орзу кардааст, дар ин қафас аз
пару боли озоди илҳом ҷудо афтода, оташин мешуд. Шукр ки зуд аз ин
“домгоҳ" қадам берун ниҳоду ба шоириву тарҷумонии худ машгул шуд. Ман
ҳам барои худ машғулият ёфтам. Бо супориши Фотеҳ Ниёзй ба омода
намудани рисолаи диплом дар шакли мақола барои “Шарқи сурх”шурӯъ
намудам.
Аз дӯстони қадрдони тошкандӣ Ҳабиб Аҳрорй як сол пеш аз ман ба
Сталинобод омада буд ва чун ношир ва тарҷумони санҷида дар нашриёти
давлатии Тоҷикистон вазифаи муовини сармуҳаррирро иҷро мекард.
Баробари ҳамин бо тавсияи Иттифоқи нависандагон ва мақомоти дахлдори
нашриёт Ҳабиб Аҳрорӣ ба тарҷумаи романи чорҷилдаи Лев Толстой “Ҷанг
ва сулҳ” шурӯъ карда буд.
Рузе дар сӯҳбати ду ба ду аз камни кадрҳои тарҷумон ва шахсони қобили
таҳрир ҳасрат намуд. Мурод аз ин муқаддима он будааст, ки ман аз рӯйи
-170-
имкони худ ба корҳои тарҷумаву таҳрир иштирок кунам. Баъд аз чанд рӯз
сармуҳаррири нашриёт Абдусалом Деҳотӣ Ҳабиб Аҳрорӣ ва маро ба ҳузури
худ талабида, аз корҳои нашриёт ва ояндаи он сӯҳбат кард ва изҳори ризоят
намуЯ ки омодаам ба корҳои нашриёт кӯмак расонам. Пешниҳод намуд, ки
ба сифати муҳаррир ходими нашриёт бошам. Дар ҳамин ҷо китоби Кошевая
“Қиссаи писарам”-ро дод, ки ба тоҷикӣ тарҷума кунам. Ин китоб дар бораи
корнамоиҳои сарвари муборизони ҷавони пинҳонкори Донетск ба муқобили
фашистон буд ва онро модари Олег навишта буд.
Бехабар аз мазмун ва сабку услуби китоб ба тарҷума розй шудам. Шабҳо
хоб накарда, китобро ба азобу азият тарҷума кардам. Муаллифи китоб, ки
ҳунари нависандагй надошт, дар бораи воқеаҳои ниҳоят шадид ва пурҳаяҷон
бо забони хушку сабки дилгиркунанда ҳикоят мекард.
Ниҳоят тарҷумаро тамом карда ба Деҳотӣ супурдам. Узр овардам, ки
китоб чандон ҷолиб набуд ва тарҷума ҳам хуб набаромад. Узри маро шуниду
хандида гуфт:
— Аҳамияти китоб барои тарбияи ахлоқи коммунистӣ ҳамаи айбҳои онро
мепӯшад. Пеш аз муҳаррир худам аз назар мегузаронам.
Андак хотирҷамъ шудам. Мегуфтанд, ки Деҳотй забонро хуб медснад ва
дар таҳриру тасҳеҳ ниҳоят покизакор, бадикҳат ва сахтгир аст. Аз хонаи Деҳоти
баромада, назди Ҳабиб Аҳрорй даромадам. Ба вай аз сӯҳбати Деҳотй нақл
кардам. Ҳабиб Аҳрорӣ бо диққат ба ман нигоҳ карда истод ва баъд гуфт:
— Медонед, Расулхон, ман чандин сармуҳарриронро дар нашриёт дидам
ва ҳеҷ кас то имрӯз мисли Деҳотй ба ин вазифа мувофиқ ва сазовор набуд.
Аввал ин ки Деҳотӣ шоиру нависандаи хуб аст. Дуввум ин ки забонро хуб
медонад. Гӯё ҳисси забоншиносӣ аз кӯдакй ба хуну устухони он кас ҷой
гирифтааст. Дар ин лаҳзаҳо худораҳматй муаллим Шакурй ва усули таълими
мактзбашро ба ёдоварда. ба рӯҳи ишок раҳмагутаҳсинҳомефиристам. Як-
ду китоби хониши Шакурй ба мо чунон ҳисси забону сухандониро талк,ин
намуд, ки китобҳои наҳву сарф ин қувваю таъсирро надорад.
Аҳрорй ҳақк,и гапро гуфта буд. Дертар бо чанд нафар равшанфикрон, ки
аз мактаби Шакурй таълим гирифта буданд, ошно шудам. Ҳамаи онҳо як
тарзи суханронй, як тарзи одобу ахлоқ ва ҳатто як салиқаи умумии хату қалам
(дар алифбои арабӣ) доштанд. Деҳотӣ дар ии қатор муегчсно набуд.
Аз ҳамин сол cap карда бо Деҳотй наздикгар ошно шудам ва солиёни
дароз (то вафоти нобавақти ишан дар феврали 1962) байни мо рафокдту
дӯстй пойдор буд. Ин дӯстӣ шояд меросй бсшад - Деҳотизу падарам ҳанӯз
дар аввалҳои солҳои сивум бо ҳам ошно будаанд.
Деҳотй дар Самарканд мутаваллид шудзаст. Ҳарчэнд марди
интеллигэнти ҳозиразамон буд, аммо самарцандигарй дас вуҷуди вай аз
ҳар самаркандй бештар за равшантар намоён буд ва ин намоёнгари ҳусни
изофии тинэту сира-i и ӯ буд. Падари Деҳотӣ марди таҳсилдида набуд. Мисли
бисер мардони таҷрибаи рӯзгордида соҳиби хиради ҳаёт ва зиндагии заминй
ва иь':онй буд. Бота калони обод дар маҳалли Боги баланд дошт. Ин мавзеи
ниҳеят хуш обу ҳавои Самарканд дар замени Темури Ланг машҳур буд. Яке
аз боғҳои дӯстдоштаи Темур бо номи Боги баланд (мисли Бота Зогон, Бота
Шамсл) дар ҳамин ҷо буд. Падари Деҳотӣ бсғбони гулдаст буд. Хусусан дар
-171-
парвариши ангури ҳусайнии воишӣ мегӯянд ҳамто надошт. Ҳунари боғбонӣ
ба Деҳотӣ ҳам меросй гузашта буд.
Дар аввали солҳои панҷоҳум чанд нафар аз зиёиёни шаҳр, мисли
Турсунзода, Шаҳидӣ, Маъсумӣ дар наздики доманаи кӯталҳои шарқии кӯчаи
Партизани сурх дар ҳамсоягии ҳамдигар ҳавлиҳои хусусӣ бино карданд.
Деҳотӣ бо дастранҷи боғбонӣ ҳавлии худро ба биҳишти рӯйи замин табдил
дод. Дарахтони мевадор, воишҳои токҳои самарқандӣ, сабзаҳои хӯрданӣ ва
гулҳои садбарги гуногун - ин ҳама маҳсули дастони боғбонии Деҳоти буд, ки
барои роҳати чашму ҷисм ва истироҳати худашу дӯстон арзи вуҷуд кард. Ва
аъҷубаи ин ҳавлӣ вентиляторе буд, ки таноби он аз шаршараи вазъкардаи
ҷӯй ба ҳаракат меомад. Дар насими ин асбоб нишаста, бо бӯи сабзаву гулҳои
боғ сӯҳбати Деҳотиро гӯш кардан ва бо байтҳои шойгони ишон шаробе нӯш
кардан лаззати биҳишти ин ҷаҳонй буд. Ин ҳама аз табъи нозуки шоирии
Деҳотй буд. Богаш мисли шеъраш ва шеъраш мисли боғаш буд. Бисёр
набуд, аммо дилкашу дилчасп буд.
Деҳотй мисли устоди худ Айнй заҳматкаши фидоии арсаи фарҳангу илму
адаб буд. Дар солҳои “қаҳтурриҷолӣ” (таъбири устод Айнй дар як номааш ба
ман ба маънии қаҳтии одам - кадрҳои тоҷик) ба ҳар ҷабҳае, ки ёрии вай
лозим буд, бо амри дил ё бо даъвати макрмоти давлати барои хидмат ва
иҷрои вазифаҳои муҳим мерафт. Деҳотӣ барои шогирдони хурдсол китобҳои
хониши ҷолиб менавишт. Вазифаи масъулиятдори сардабири маҷаллаи
бонуфзи “Тоҷикистон”-ро ба ӯҳда гирифта буд. Ин ҷо мактаби тарбияи
адибони ҷавонро ташкил кард, ки ҳоло аксари онҳо аз устод ба арзи силос
ёдоварй мекунанд. Деҳотӣ хусусан дар соҳаи лугатсози хидмат карда ва дар
ин боб аз донишмандони унвондор муқаддамтар буд. Лугати русию тоҷикии
нашри соли 1949 зери таҳрири ӯ аз корҳои фундаменталии илми
луғатшиносии тоҷик буд. Ин луғат. аз рӯи муҳаббату зҳтиром “Деҳотуллуғот”
ном гирифт ва қариб панҷоҳ сол дар истифодаи аҳли илму адаб қарор дошт.
Боре шоир Ғаффор Мирзо бо чанд далелҳои бебунёд ба танқиди ин луғат
бархост. Деҳотй сӯхта пухта ҷавоби бамаъние навишта, дар сархати он
байти Бедилро гузошт:
Эй мункири кайфияти парвози магас,
Бе зина ту ҳам то ба лаби бом баро!
Деҳотй аз шеър cap карда буд. Ба шоирй фотиҳаи Айниро дар Самарқанд
гирифт. Дар Самарқанд дар рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ шеърҳояш чоп
мешуд. Дар аввали соли сивум ҳамчун шоири шинохта ба Сталинобд омад
ва дар ҳамин ҷо то охири умр иқомат ихтиёр кард.
Деҳотӣ кам шеър менавишт, аммо хуб менавишт, дар сабку услуби “қадим”.
Дар ин ҷо ба сухану шакли шеъри ӯ эрод гирифтан душвор буд. Барои
кӯдакон шеърҳои ниҳоят хушоҳанг бо таъбироту шеваи гуфтори бачагон
иншо кардааст. Ҳикояҳои Деҳотӣ низ дар насри тоҷик мақоми хосса дошт.
Забони насраш ниҳоят равшану рехта, мӯҷазу нишонрас буд. Ба назари
ман чун ғазале дар қолаби наср буд. Баъзе ҳикояҳои вай дар оҳанги ҳаҷву
мутоибаҳои Зошченко ва баъзеи онҳо ба мазоқи лирикии ҳикояҳои Чехов
буд. Афсӯс ки мо эҷодиёти Деҳотиро дуруст наомӯхтаем ва парда аз
-172-
ниҳонхонаҳои сабку услуб ва мазомини бадеии осори вай набардоштаем.
Деҳотӣ солҳои охир ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан шукуфо буд. Дар институти
забон ва адабиёт ба ҷавонони луғатшинос сабақ меомӯхт, шеъру ҳикояҳои
дилнишин менавишт, ороиши маҳфилҳои адабй ва маҷлису нишастҳои
дӯстонаш буд. Ба назар чунин менамуд, ки синни панҷоҳ оғози бороварии
эҷодии вай аст. Рамзи ин шукуфоӣ ва меваҳои ширини заҳамоти ояндаи ваи
ҳамон зиёфате буд, ки ба муносибати синни мубораки панҷоҳаш дар боғчаии
биҳиштосои худ дар охири моҳи майи соли 1961 барпо намуд. Дар ин зиёфат
дӯстони ҳамсолу ҳамкораш - Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромй, Улуғзода,
Фотеҳ Ниёзй...аз сарварони давлату ҳизб Ҷаббор Расулов, Абдулаҳад
Қаҳҳоров ҳозир буданд. Дар зиёфат ҷавонон - шогирдону дастпарварони
Деҳотй низ хеле зиёд буданд. Фазлиддин Шаҳобову Нериё Аминов, Аҳмад
Бобоқулову Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷоноваю Ҳанифа Мавлонова
нэвбат ба навбат суруду таронаро ба арши аъло мерасониданд. Ҳама дар
хушнудиву айшу сурур ним асри сипарӣ шудаи умри Деҳотиро хушбош
мегуфтанд ва нимаи дуввуми фуруд омадаро чун олиҳаи шодӣ пешвоз
мегирифтанд. Аммо...Аммо мох^ои нимаи дуввуми умр башумур будааст. Як
сол аз он базми ҷамшедӣ нагузашта дар боғчаи сармозадаву барф зеркадаи
Деҳотӣ дар мотами фавти ишон ҷамъ омадем. Деҳотӣ дар охири феврали
соли 1962 аз бемории на чандон вазнин ногаҳон чашм аз ҷаҳон пӯшиду
рафт. Аз худ номи нек ва осори нек бозгузошт, ки имрӯз мавриди ифтихор ва
ёдоварии мост,
* * *
Имрӯз чор моҳи аввалини иқомат ва таҳсили худро дар Сталинобод ба
ёд меоварам. Бо вуҷуди ноҳамвории зиндагй, душвориҳои одат кардан ба
муҳити шаҳр ва унс гирифтан бо одамони нав тадриҷан ба кор бо саргарми
фурӯ мерафтам, аз ҳамсолон ва аҳли илму адаб ошнову рафиқ пайдо
мекардам. Мақолаи аввалинам дар асоси кори дипломиам бо номи
'Тадқиқоти илмии Садриддин Айнӣ оид ба таърихи адабиёти тоҷик дар
маҷаллаи "Шарқи сурх” ба чоп расид. Барои ҳамин маҷалла ҳикояи хеле
хуби Ф. Кнореро бо номи “Модар” тарҷума кардам. Барои нашриёт қиссаи
нависандаи узбек Парда Турсунро ба унвони Муаллим дар тарҷумаи Воҳид
Асрорй таҳрир намудам. Тарҷумаи “Қиссаи писарам” баъд аз таҳрири
нашриёт ба чоп имзо шуд.
Беҳосилии омаду рафтамро ба институт дида, аз Мирзоав иҷоза
гирифтаму бештари вақтамро дар китобхонаи Фирдавсӣ мегузаронидам Он
вэқт китобхона дар пэҳлӯи муҷассамаи ҳозираи Исмоили Сомонй дар ҷои
иморати ҷаҳортабақаи истиқоматй воқеъ буд. Яке аз иморатҳои мӯҳташами
солҳои сивуми пойтэхт ҳисоб мешуд. Дар толори васеу хушҳаво ва дар
гармои тобистон сояву сарди он хонандаҳо кам буданд. Мудири шуъба
Музаффара Қосимова - зани босавод ва хушсурату хушсирате буд аз наели
занҳои ҷавони солҳои сивум. ки аз мактабу маорифи нав баҳра гирифта, 6а
хидмати ҷомеа ро* ёфта буданд. Падари ӯ Абдуллоҷон Холиқзода аз
равшанфикрони Самарқанд буд ва китобдӯсту китоббози гуэаро низ буд.
Китобҳои нодирро ҷамъ намуда ба китобхонаҳои Тошканду Самарқанд
-173-
месупурд. Баъд аз он ки писарони вай Ғанй Абдулло ва Рашид Абдулло
сокини Сталинобод шуданд ва духтараш Музаффара бо домодаш Қосимов
низ ба ин шаҳр омаданд, омаду рафти Абдуллоҷонака ба Сталинобод
бештар шуд. Дар ин сафарҳо аз Самарканд бисёр дастнависҳои пурк,иматро
барои китобхонаи шаҳр меовард.
Дар террори соли 1937 Абдуллоҷон Холиқзода ва писарҳояш Ғанй ва
Рашид Абдулло ҳабс шуданд. Домодхряш Маъруф Расули ва Қосимов низ
ба маҳбаси НКВД афтоданд. Ҳамаи онҳо ба қатл расиданд ва фақат Ғанй
Абдулло аз чанголи аҷал раҳоӣ ёфта, баъд аз даҳ сол ба ватан бозгашт.
Музаффарахонум бо як писару ду духтар мемонад. Дар китобхона кор
мекунад ва бачаҳои хурдсолашро калон мекунад. Вист соли охири зиндагиаш
бо мо ҳамсоя буд ва ба нафақа баромада, бо писару келинаш зиндагй мекард.
То охири умр (1897 - 1992) зани ситорагарм ва хандонрӯй буд. Ман ҳамон
бинои зебои китобхона ва чеҳраи маҳтобии ин занро бо айёми ҷавонии худ
тавъам ба ёд меорам.
Дар охири толори калони қироатии китобхона дар ҳуҷраи на чандсн
калон мудири дастнависҳои шарқӣ менишаст. Ин марди миёнсол бо ваҷоҳати
яҳудй, Рутберг ном дошт ва ба забони форсии тоҷикӣ хуб ҳарф мезад. У зуд
маро бо каталоги дастнависҳои форсй ва китобҳои чопии адабиёти классики
ошно кард ва чанд рӯзу моҳҳо бо шавқи тамом номи китобҳоро як ба як дида
баромадам ва чандин дастнависҳои ҷолибро аз назар гузаронидам. Он
вақтҳо майли он доштам, ки ғазалиёти Ҷомиро мавзуи рисолаи номзади
интихоб кунам. Бинобар ин куллиёти Ҷомиро чанд рӯз ба диққат хонда
баромадам.
Ганҷинаи дастнависҳои китобхонаи Фирдавсй хеле бои буд. Ман ки оо
ганҷинаи дастнависҳои Тошканд ошной доштам, ба назарам чунин расид,
ки аз ҷиҳати микдор ва арзиши таърихй дастнависҳои ин китобхона шояд
дар ҷои дуввум бошад. Омӯзиш ва феҳристсозии дастнависҳои ганҷина
ҳоло шурӯъ нашуда буд. Соли 1954 тамоми захираи дастнависҳои китобхона
ба ихтиёри Академия гузашт. Дар академия омӯзиши дастнависҳо ба тарзи
илмӣ ба роҳ монда шуд ва феҳристҳои мураттабу илмии нусхаҳои хаттй аз
чоп баромаданд.
Баъд аз солҳои шастуми а.г. китобхонаи Фирдавсй боз ба ҷамъ намудани
дастнависҳои шарқӣ шурӯъ кард ва ҳоло ганҷинаи бои китобҳои чопии форсӣ
ва нусхаҳои хаттии зиёд гирд омадааст. Чанде пеш феҳристи нусхаҳои хаттии
китобхона мунташир шуд.
Солҳои аввалини дар ин китобхона кор карданамро ҳаргиз фаромуш
намекунам. Дар ҳамин ҷо лаззат ва шавқи бузурги дар оромии хилватгузинона
хондану аз худ намудани китобҳои аз асрҳои гузашта ба мо меросмондаро
ҳис кардам. Варақҳои парешоне ки он солҳо дар китобхона навишта будам,
имрӯз гоҳ пайдо мешаванду соатҳои беҳтарини донишандӯзиамро ба ед
меоранд. Баъдҳо Маскаву Санкт-Петербургу Самарканду Қазону Оренбург..
Дар айни шавқу завқи машғулиятҳоям дар корҳои илмиву адаби ва
тарҷумонӣ воқеаи аҷибе рӯй дод, ки онро ҳеч чашмдор набудам. Ин баъд аз
он буд, ки ман бо мақолаву тақризу иштирокам дар маҳфилҳои адабӣ байни
аҳли илму қалам эътиборе пайдо карда будам. Берун аз машғулиятҳои
-174-
аспирантура бо Иттифоқи нависандагон, маҷаллаву рӯзномаҳо робитаҳои
эҷодӣ доштам.
Охирҳои январи соли 1951 буд, ки Турсунзода маро даъват карда гуфт,
ки дар фалон рӯз (тахминан моҳи феврал) муҳокимаи маҷалпаи “Шарқи сурх"-
и соли 1950 барпо мешавад ва ман ҳам дар ин маҷлис иштирок кунам. Хусусан
аз он сабаб ки дар яке аз шумораҳои сол мақолаам дар бораи фаолияти
илмии устод Айнӣ мундариҷ аст. Фараҳу фахрв буд, ки ба чунин маҷлиси
мӯътабари нависандагон даъват шудам.
Маҷлис бегоҳ тахминан соати панҷ дар нашриёти давлатӣ дар бинои
Хонаи Матбуот дар кабинети директори нашриёт Мир Нурматов (ӯро
дӯстонаш Мирако мегуфтанд) барпо шуд. Аз иштироккунандагони маҷлис
инҳо дар ёдам мондаанд: Турсунзода (раиси маҷлис), Улуғзода, Деҳотӣ, Фотеҳ
Ниёзӣ, Миршакар, Маъсумӣ, Ҷалол Икромй ва аз адабиётшиносон Юрий
Бобоев ва Холиқ Мирзозода. Алҳақ гули сари сабади адабиёти тоҷик ҷамъ
шуда буданд. Маро ҳамчун ҷавонтарини ин маҳфил котиб таъйин карданд,
Муҳокимаи маҷалла хеле ҷидцӣ ва пурмазмун мегузашт. Сухан дар бораи
асарҳои насри бадей, шеърҳои лирикиву манзумаҳо, очерку публистика ва
мақолаҳои мунаққидону адабиётшиносон дар мавзӯъи адабиёти муосир ва
классикӣ мерафт. Баробари таърифу ситоишҳо суханҳои тунду тези танқидӣ
ҳам шунида мешуд. Дар ин зимн дар бораи мақолаи ман суханҳои хуб ҳам
гуфта шуд. Навбати сухан ба Холиқ Мирзозода расид. Ман пеш аз ин бо
мақолаву баъзе китобҳои ишон ошно будам. Дар бораи тарзу салиқаи хуби
дарсхониаш ҳам дар Самарқанд бисёр шунида будам. Солҳои 1947-48 дар
Институти тоҷикии шаҳри Самарқанд, ки аз тарафи Тоҷикистон таъсис
гардида буд, муаллими номдори адабиёти тоҷик Мирзозода буд. Ман
суханронии ӯро бори аввал мешунидам—дар воқеъ ҳам гуфтору суханронии
нарму орому форам дошт. Баъд аз муқаддимае ӯ ба таҳлили мақолаи ман
гузашт ва сухани вай саросар танқид ва мазаммати мақола буд. Ман сурх
шудам, хиҷолат кашидам, аммо ду чизро ҳис мекардам. Аввал ин ки дар ин
суханҳо ғаразе ниҳон буд. Дуввум ин ки нотиқ барои тасдиқи суханҳси
мугризона фикру нуктаҳои мақоларо таҳриф мекунад. Баъд аз ду-се нотиқ
Улуғзода ба сухан баромад. Хеле ором ва ба тааннӣ ҳарф мезад. Дар бораи
мазмун ва мӯҳтавиёти маҷалла таҳлилоти хуб эрод намуд. Дар охир аз
мақолаи ман сухан карда, ба тарзи қотеъ интиқоди Мирзозодаро рад намуд
ва гуфт: “бо бовари комил метавонам гӯям, ки дар байни мақолаҳои танқидиву
тадқиқии маҷалла дар соли 1950 мэқолаи Ҳодизода аз беҳтаринҳост”.
Пас аз зиёда аз панҷоҳ сол, ки аз ин воқеа ran кушодам, манзур дифоъ аз
мақрлаам нест. Зеро мақола дертар мавқеъ вз лрзиши худро пайдо кард.
Мо ҳам бо Мирзозода оштӣ кардем ва бо ишон дар сулҳу салоҳ будем.
Аҷибаш ин ки донишмзнде ки “Намуна”-и Айниро на бсш аз тазкира арзёбй
карда буд, баъд аз бист сол мақопае навишта, ин асарро сарогози
адабиётшиносии нави тоҷик қаламдод кард. Ҳамон фикре, ки бист сол пеш
дар мзқолаам гуфта будам.
Солҳо гузашту баъд фаҳмидам, ки танқиди мақолаи ман дар арзёбии
мақоми Айнй ҳамчун асосгузори адабиётшиносии нави тоҷмк решаҳои змиқи
иҷтимой ва таърихй доштааст. Ин аз рэвияи мафкуразие неш мезад, ки
-175-
к/iaKOMv нуфузи Айниро дар тараққиёти адабиёти нави тоҷик то андоэае паст
й£эо®. - » ™блигарои» хами» рааи.» фикри
^Холиқ Мирэозода дар аавали солҳои шастуми а.г. дар бораи роадаи
тараққииети адабиёти шӯравии тоҷик ба таълифи рисолаи доктори шуруъ
намуд Дао ҳамин солҳо аз рӯи маводи рисолаи доктори мақолаву рисолаҳои
мухталиф ба чоп рТсонд. Аз ин мақолаву сайрҳои таърихӣ тасаввурв ҳосил
мешуд ки созандагон ва бунёдгарони адабиети нави тоҷик Ҳамди, Мунзим
Рочй Хочӣ Муини Меҳрӣ Қурбӣ ва боз чанд симоҳои на чандон дурахшон
буданд ва Айнӣ хам дар қатори ҳаминҳо буд. Ба ибораи дигар гуем, Аини
да? адабиёти нав^итоҷик мавқеъ ва мақоми пешсафй ва бунедгузори надошт.
АзРин навиштаҳои Мирзозода фаҳмидам, ки чаро ман ҳадафи тири танқиди
™ бдам сабаби ааосии танхид- ои будааа. ки ма» Аӣииро хамчуи
асосп/зоои адабиётшиносии нави тоҷик тавсиф намудаам.
МақолавуДтаълифоти Мирзозода дар доираҳои расмии илму адаб шуру
нооизоят барангехт. Шахсони бонуфуз, мисли Турсунзода, Брагинскии,
Зариф Раҷабов дар он фикр буданд, ки Мирзозодаро ки аз шахсони
маъэуфи Тоҷикистон аст, ба роҳи дуруст бояд ҳидоят намуд. „,_па
Хутюса баъд аз мубоҳисаву гуфтугӯйҳои ҳизбиву рафиқона Мирзозода
рисолаи докториро ба замона ва ҳақиқати таърихи мувофиқ KaPW барои
лисЬоъ ба Шӯрои илмии Донишгоҳи ба номи Ленин пешниҳод намуд. Маҷлиси
ли^ ба оо^миву сулҳ оғоз ёфт. Соҳиби рисолаву муқарризои низ бо
далелу бурҳонҳои қотеъ арзиши илмии рисоларо таъиид намуданд. Дар
хамин ваетяколими забоншиноси маъруф ва аз паси ваи адабиетшиноси аз
иянзӯи оисола дур (ҳар ду ҳам яҳудиёни мактаби шарқшиносии рус буданд) a
сухан баромада сатҳи илмии рисоларо сахт танқид намуданд. Ҳар ДУи °нҳр аз
ошноёниманбуданд ва ман ҳис кардам, ки онҳо ба таҳрики кадом як бадаоҳи
сохиби писола ин корро мекунанд. Аҷибаш ин буд, ки касе дар раддияи ҳ
^аоомад^^™к!ад^ Мандигар тоқат накарда ба сухан баромадам ва
далелҳои бебуни онҳоро сахт рад кардам. Аз минбар ФУР°мЭДа' паҳлуи
Мирзозода нишастам. Мирзозода бо овози ларзони паст гуфт.
— Ташаккур, ман гумон кардам шумо ҳам аз гуруҳи мухолифони ман
ҲаСДаЯр ҷавоб чизе нагуфтам. Ва аз хамин лаҳза ману Мирзозода “ҷӯра
ШУЯвГқте ки ба Душанбе омадам, се шахси шинохта буданд, қи суунҳои
илми адабиётшиносии тоҷик маҳсуб мешуданд: Абдулғани Мирзоев (1908
1976), ки факултаи шарқшиносии Петербургро хатм карда усули корҳо
мпмии вай дао пайравии шарқшиносии рус ташаккул ефта буд. Аз солҳои
фаолияти рӯзноманигориаш бо Бобоҷон Ғ афуров дӯст булБаъдазбасари
қудрат омадан Ғафуров бо Мирзоев ҳамкории илми дошт ва уро дар
ҲарУяки онҳо аз аввали солҳои сивуми а.г. дар соҳаи таҳқиқи масъалаҳо
-176-
таърихи адабиёти тоҷик ва тарбияи кадрҳои ҷавон хидматҳои шоиста
кардаанд. Аммо дар байни онҳо созгорй ва ҳамкории илмй, гуфтан мумкин
аст, вуҷуд надошт. Ва ин дар муттаҳид намудани қувваҳои илмии
адабиётшиносй халале ворид мекард. Бо вуҷууди ин шогирдони
тарбиянамудаи ин адабиётшиносон байни худ муттафиқ ва муттаҳид буданд.
Аз се тан “бузургони" мо аз Мирзозода гоҳ-гоҳе ҳодисае содир мешуд, ки
чанд вақт дар атрофи ному амали ишон гуфугӯйҳои на чандон гуворо барпо
мегардид. Чунончи дар солҳои нав ба Душанбе омаданам аз Мирзозода
китобе ба табъ расид - маҷмаъи мавод аз таърихи адабиёти форсу тоҷик
барои донишҷӯёни таҳсили ғоибона. Муаллиф аз асноду афкори бисёр
муаллифон бе он ки ба онҳо ишорае ё истиноде кунад, истифода намудааст.
Баъд аз чоп ин китобро на танҳо танқид карданд, балки дар атрофи он шӯру
гавгое барпо намуда, асарро ҳамчун натиҷаи сирқат қариб буд аз истифода
баргиранд. Бори дигар мунтахаботи Ҳофиз бо номи Мирзозода чоп шуд.
Дар ин китоб шеъри Ҳофиз ба алифбои имрӯзаи тоҷик пур аз хатову ғалатҳои
фоҳиш ва шарҳи луғатҳои поварақӣ бе мувофиқат ба маънии абёт дарҷ
гардида буд, Деҳотӣ дар интиқоди ин китоб мақолае навишта, дар анҷумани
нависандагон низ сахт танқид кард. Чунин осори шитобзздагӣ ва саҳлангорӣ
дар таълифоти ин донишманди пуркор мутаасифона кам набуд.
Мирзозода сокини боғоти Равонаки Самарқанд ва шогирди муаллим ва
забоншиноси маъруф Баҳром Ҳоҷизода буд. Ҳамон Ҳоҷизодае, ки баъдҳо
дар Институти педагогии Сталинобод муаллим ва муаллифи китоби дарсии
наҳви тоҷикӣ буд. Мирзозода аз айёми ҷавонӣ то марҳилаи пирӣ дар Душанбе
буд ва тамоми умри худро вақфи тарбияи ҷавонони арсаи адабиёт намуд.
Ба ҷуз олимон шоиру нависандагони бисёр, мисли Лоиқ Шералӣ, Мастон
Шералй, Убайд Раҷаб, Абдулҳамид Самадов Мирзозодаро устоди худ
медонанд. Мирзозода ватани худ Самарқандро дӯст медошт, Равонак -
боғоти хушҳавои номдорро аз ёд намебаровард. Дар факултаи тоҷикии
донишгоҳи Самарқанд дар вақтҳои муайян дарс мегуфт. Солҳои охир дар
боги меросиаш иморате бино кард, ки солҳои лоёни умрашро дар ҳамон ҷо
гузаронад. Ниҳоят ба Самарқанд кӯчид. Ин майлу хоҳиши худи вай буд. Ин
на аз хотири ранҷидан, на дардмандӣ аз қадрношиносии атрофиён буд -
чунон ки Валй Самад дар мақолаи “пуризтиробаш” хонандагонро ба гумроҳӣ
андохта буд.
Дар аввали соли 1992 бо ташаббуси ин ҷониб дар Самарқанд 125-
солагии Аҷзӣ таҷлил гардид. Бо хоҳиши ман Мирзозода ҳамчун яке аз
аввалин тадқиқгарони Аҷзй дар оғози маҷлис роҷеъ ба афкор ва осори Аҷзӣ
гузориши хуб кард. Ин охирин мулоқоти ман бо Мирзозода буд. Шунидам,
ки соли 1993 ҷаҳонро падруд гуфтааст. Раҳматуллоҳи алаҳйи.
* * *
Мубоҳисаву танқидҳои беҷо дар атрофи мақолаам фаромӯш шуданд.
Ман бо машғулиятҳои таҳсили аспиратура, навиштани мақолаву тақризҳо бо
супориши мзҷаллаву рӯзномаҳо, бо тайёрии имтиҳонҳои номзадӣ саргарм
будам. Баробари ҳамин дар ҳаёти илмиву адабӣ ва доираи маданияту
-177-
фарҳанг ҷунбиш ва тапиши бузурги набзи зиндагии пешдавандаро ҳис
мекардам. Дар болои амвоҷи баҳри пурхурӯши ҳаёти ҷумҳурӣ навиди таъсиси
академиям илмҳо машъалае буд, ки дилу дидаҳои моро нур ато менамуд.
Ниҳоят рӯзи интизорӣ расид. Чордаҳуми апрели соли 1951 расми
ифтитоҳи Академиям фанҳоиТоҷикистон барпо гардид. Ин рӯз ба иди миллим
фарҳангу дониши халқ мубаддал шуд. Тасвири мухтасари ин ҷашн дар
мактубе ки дар гармогармии воқеаҳо барои падару модарам навишта будам,
ба ин зайл сабт гардидааст:
“Мехоҳам дар бораи кушода шудани Академиям фанҳо фикр ва таассуроти
худро баён намоям. Ҳамаи мо, хусусан коллективи мо, рӯзи кушода шудани
академияро бо бесабрӣ мунтазир будем. Ниҳоят ин руз расид... Дар ин руз
дар Сталинобод аз ҳамаи гӯшаву канорҳои мамлакат одамони беҳтарин ҷамъ
шуда буданд. Бинои Филиал ба тарзи шинохтанашаванда зебу зимат дода
шуда буд. Зебоии фавқулодаи ин бинои мӯҳташамро кайфияти идонаи одамон,
алалхусус коркунони худи Академия, ҳузури одамони олим, ки аз ваҷоҳаташон
дунёи ботинии наҷиб ва пурмаъниашон намудор буд ва чӣ тавре ки пешиниён
мегуфтанд, "аз рӯяшон нур (дар ҳақиқат нур ва чӣ гуна нур - нури заковат ва як
олам илм) меборид", боз зиёдтар мекард. Табиат низ ба ин рӯзи хурсанди
мусоидат мекард. Кӯчаҳои рост ва аз ду тараф бо дарахтҳои баробар расида
иҳотагаштаи шаҳр, баландӣ ва кӯҳсорҳои бо сабзаҳои махмалин пушидашудаи
он, майдонҳои васеъ ва хушҳавои “Москва”, назди Совети Вазирон, ки пас аз
борони шабона тароваташон боз ҳам фузунтар шуда буд, - тасвир намудани
ҳамаи он обу ранги гуногуни табиат аз доираи имкони тасвири қаламам (агар
ин тавр ифода намудан мумкин бошад) берун аст. Хайр, ман, зоҳиран, хостам
ба корҳое, ки аз истеъдоди ман берун аст, - ба нафосат ва шеърият даст
занам. Хуллас 14 апрел соати 6 дар бинои театр (-и опера ва балет) тантанаи
кушода шудани Академия барпо гардид. Махдй (додарам) низтасодуфан ва
хушбахтона ба иштирокнамудан дар ин ҷашни таърихи мушарраф шуд. Шаб
хеле хуб гузашт ва яке аз лаҳзаҳои фаромӯш нашавандаи ҳамаи мо гардид.
Рӯзи дигар дар зали маҷлисҳои Совети Олӣ давоми маҷлис барпо гардид.
Хуллас, ин рӯзҳо ҳоло давом доранд.” 16 апрел соли 1951.
Яке аз воқеаҳои таърихи илми тоҷик ба мақоми Президенти Академиям
фанҳо интихоб гардидани устод Садриддин Айнй буд. Ин кори бузурги
таърихй бо пешниҳоди Бобоҷон Ғафуров сурат гирифта буд. Сирри ин воқеа
дар он вақт ба ҳама набошад ҳам, дар доираҳои маҳдуд маълум буд. Дар
сӯҳбате, ки баъди чандин солҳои ин воқеа бо Бобоҷон Гафуров доштем,
асли моҳияти масъала барои ман ошкортар гардид. Дар воқеъ. “муаллифи”
ин қарордоди хирадмандона Ғафуров будааст.
Дар назари носзнҷида чунин м©омад, ки оё як нависандаи солхурда, ки
дар гӯшаи ороми Самарқанд машгули корҳои эҷодист, роҳбарияти боргоҳи
бузурги илмиро чй гуна метавонад ба ӯҳда гирад. Аммо дар асл ин ҳама
андешаҳои ботил буду бас.
Айнӣ аз ҷавонӣ дар маркази воқеаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа буд. Дар
аввали садам бист Айнй аз роҳбарони ҷунбиши маорифпарвари буд ва
ҳамроҳи чанде аз равшанфикрон дар Бухоро аввалин мактаби усули нави
тоҷикиро ташкил намуд. Баъдтар дар ҳаракати зидди сохти аморат иштирок
-178-
намуд ва дар ин ҳаракат мавқеъ ва принсипҳои муайяни сиёсии худро дошт.
Баъд аз инқилоби октябр бо ҳамфикрон ва ҳаммаслакон барои замина
гузоштан ба маданияту адабиёти нави тоҷик хидматҳои пурсамар намуд.
Дар марҳилаҳои муҳимми тақдирсози ҷумҳурӣ Айнӣ пешоҳанги ҷавонони
нави равшанфикр ва мушовири роҳбарони ҳизбию давлатй буд. Хулосаи
матлаб ин аст, ки Айнӣ баробари корҳои пурбори эҷодӣ лаҳзае аз фаолияти
ташкилгарӣ ва иштирок дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа фориғ набуд.
Бинобар ин ба маснади Президенти Академия интихоб гардидани Айнй бо
фаолияти ҳамешагии иҷтимоиву сиёсии вай иртиботи қавй ва мантиқй дошт.
Дар мақоми сарвари Академияи фанҳои тозабунёди Тоҷикистон шахсе
лозим буд. ки вай шӯҳрат ва маъруфияти шоиставу сазовор ҳам дар дохили
кишвар ва ҳам берун аз марзҳои он дошта бошад. Дар ин вақт дар Тоҷикистон
шахсе набуд, ки дар номварӣ ва мавриди эҳтироми кулл ба дараҷаи Айнй
расида бошад. Аз ин сабаб Айнй дар ҷойгоҳи Президенти Академия таҷассуми
тамаддуну фарҳанги тоҷикон буд
Қарор чунин буд, ки то муддате ки барои Айнӣ ҷои иқомати мувофиқ пайдо
шавад, вай бо ах,ли оила ва коргоҳи эҷодии худ дар Самарқанд хоҳад зист. Дар
вақтҳои муайян ба Сталинобод омада, бо корҳои Академия шахсан машғул
мешавад. Дар ин муддат ҷои иқомат ҳамон хонаи ҷудогонаест. ки дар
бӯстонсарои шаҳрии ҳукумат ба вай тахсис шудааст.
Баъд аз чанд рӯзе ки Айнӣ бо корҳои ташкилӣ ва дохилии академия машғул
буд, фурсате пайдо шуду ба ҳузури он кас барои ҳаллу фасли корҳои
аспирантиам рафтам. Масъалаи асосӣ муайян намудани мавзӯъи рисолаи
номзадӣ буд. Ба Айнй арз кардам, ки муддатест, ки ба хондани девони Ҷомӣ
машғулам ва мехоҳам таҳқиқи ғазалиёти мавлоноро мавзӯъи рисолаи номзадӣ
интихоб кунам. Айнй дар ҷавоб каме таваққуф кард ва баъд гуфт:
— Барои омӯхтан ва таҳқиқи Ҷомӣ таҷрибаи илмии шумо камй мекунад.
Шумо бо омӯхтани адабиёти асри 19 тоҷик машғул шавед. Ин кор барои шумо
мувофиқ ва барои илм зарур аст. Маслиҳати ман ин аст, ки корро аз омӯзиши
тазкираҳо cap кунед. Дар вақти таълифи "Намунаи адабиёти тоҷик’’ баъзе аз
ин тазкираҳоро аз назар гузаронида будам. Бисёр санаду ахбори тазкираҳо
то имрӯз дуруст омӯхта нашудааст. Таҳқиқи ин тазкираҳо бисёр масъалаҳои
адабиёти он даврро равшан мекунад. Корро cap кунед, баъд худатон ба ин
мавзуъ шавқу ҳавас пайдо мекунед.
Чунин пешниҳоди Айнӣро ҳеҷ чашм надоштам. Фусуни шеърҳои Ҷомй
маро дар банду басти худ нигоҳ медоштанд. Роҳи адабиёти асри 19 ба назарам
торик менамуд. Ус-од ҳанӯз мулоҳизаҳои маро нашунида, аз баъзе лаҳзаҳои
ин адабиёт ҳамчун шоҳиди зинда наи^ҳои ҷолиб намуд. Аз шахси соҳибони
тазкира ва баъзе рӯйдодҳои рӯзгори онҳо ҳикоятҳои аҷиб овард. Гӯш
мекардаму ҳис менамудам, ки гуфтаҳои Айнй маро бештар ба роҳи нави
ҷустуҷӯҳои илмӣ ҳидоят менамояд. Устод Айнӣ чароғе ба дасти ман медиҳад,
ки ибтидои роҳи таҳқиқи ин адабиётро равшан месозад.
Аз назди Айнй бо азми қавй баромадам, ки ба омӯзиши мавзӯъи
пешниҳоднамудаи ишон аз худи фардо ба кор шурӯъ мекунам. Аввалин
марҳилаи кор аз ганҷинаи дастнависҳои китобхонаи Фирдавсӣ оғоз хоҳад ёфт.
Аз бӯстонсарои ҳукуматӣ баромада, пиёда ба тарафи хобгоҳ роҳ гирифтам.
-179-
Ба дуродури кӯчаи росту васеъ нигоҳ мекардаму дурахше дар уфуқи оянда
медидам.
АКАДЕМИЯИ ФАНҲО
Имрӯз аз паси солиёни дароз ба он давр нигоҳ мекунаму мегуям, ки дар
воқеъ аввали соли панҷоҳум, оғози нимаи дуввуми қарни 20 дар таърихи
ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон гардиши бузург ба сӯи равнақу ривоҷи
иқтисодиву сиёсиву маънавию фарҳангӣ будааст. Дар ҳамин солҳо маҷмуъаи
шеърҳои Турсунзода бо номи “Қиссаи Ҳиндустон” ба забони шоир ва сипас
ба забони русӣ мунташир гашт ва аз давраи навини назми тоҷик мужда ба
ҳамдиёрону ҷаҳониён дод. Дере нагузашту ду қисми аввали “Еддоштҳо -и
устод Айнӣ ба ҷоизаи олитарини замон - Ҷоизаи^Сталинӣ сазовор гардид.
Ин воқеаи бузург нишоне аз эътирофи шӯҳрати Айнй ва адабиёти тоҷик дар
арсаи умумиҷаҳонӣ буд.
Академияи фанҳо ҳарчанд ҷавон ва навбунед буд, аммо чун ҳусн ва
сарвати маънавй дороии бузург ва мавриди ифтихори миллии Тоҷикистон
ба шумор мерафт. Академияи фанҳо маркази неруманди муттаҳидкунандаи
ҷавонони доништалаби шаҳрҳои Осиёи Миёна буд. Дар ин солҳо аз Бухоро
ва махсусан аз донишгоҳи номдори Самарқанд, ҷавонони соҳибистеъдоди
пиштаҳои гуногуни илм ҷамъ омада буданд. Баини ин ҷавонон аз руи
зодгоҳашон тафриқа ва ҷудоӣ боздид намешуд. Ҳама як тану як ҷон барои
ҷумҳурии Тоҷикистон илм меомӯхтанд, қувваи хирад ва заковати худро фидо
МеНМуҳитиНумумии ҳиммату кӯшой, бедориву рӯшноии роҳи илму донишомӯзӣ
ба ман ҳам бе таъсир намонд. Аз устод Айнӣ дастуру роҳнамои гирифтаму
дафъатан ба кор cap кардам. Дар китобхонаи Фирдавсӣ тазкираҳои Возеҳу
Афзали Пирмастиро аз рӯи чопи сангй хонда баромадам. Бори аввап^бо
нусхаи қаламии тазкираи манзуми Садри Зие ошно шудам. Баезу ҷунгҳои
бисёр ва ниҳоят ҷолиби адабиёти ин давр як-як аз нэзар гузашт. Хуллас дар
зарфи се моҳи заҳмати фаровон аз ганҷинаи дастнависҳои китобхонаи
Фирдавсӣ ва Институти забои ва адабиёт он чи ба адабиети қарни 19 ва
аввали асри 20 тааллуқ дошт, дида баромадам.
Хамзамон бо ин машғулиятҳои омузиши адабиети гузашта аз ҳаети
адабии ҷумҳурӣ дур ва бехабар набудам. Балки дар ҷараени адабиети
муосир ворид будам. Ба дафтари ашъори Муҳиддин Фарҳат ва повести
Толис “Чавонй” тақриз чоп кардам. Мақолаи калони проблемавие бо
супориши маҷаллаи “Шарқи сурх” бо номи Торкии ва адабиети тоҷик
навиштам ки дар шумораи 6 ҳамин маҷалла чоп ва аз тарафи аҳли адаб xyb
истиқбол шуд. Дар маҷлисҳои адибон ва дар яке аз пленумҳо номи ман дар
қатори мунаққидони адабиёти муосир борҳо зикр гардид. Ҷои линҳон кардан
нест - аз ин эътирофоти доираҳои мӯътабар фахр мекардам.
Институти забои ва адабиёт дар бинои Президиуми Академия ба фаолият
идома медод. Директори Институт Абдулғанй Мирзоев бо ҳамон сахтгири ва
ваҷоҳати омирона ин муассисаро идора мекард. Нисбат ба ман дар муомила
Дар ҳадди эътидол буд. Медид, ки ҷиддан ва ҳамарӯза ба кор машғулам,
-180-
қонеъ буд. Бо вуҷуди он фаҳмид, ки дар нашриёт кор мекунам ва боз моҳона
ҳам мегирам, қатъӣ талаб кард, ки зуд арза дода аз кор озод шавам.
Боре дар кӯча ба ҳам рост омадем. Салом карда гузашта рафтани будам,
ки маро боздошт ва бе ҳеч муқаддима гуфт:
— Ман медонам, ки шумо бисёр кор мекунед. Ин нағз, лекин ҷурабозҳам
ҳастед. Ҷӯрабозй ба кори илмй сахт халал мерасонад. Имрӯз, ки зиёфати як
рафиқатонро хӯрдед, пагоҳ маҷбур мешавед, ки зиёфат ташкил карда, ин
ҷӯраатонро бо ҷӯраҳояш меҳмондорӣ кунед. Ҳамин хел ба доираи зиёфату
ҷӯрабозӣ даромада аз кор мемонед.
Дар ҷавоб чизе нагуфтам, ки раддияи ин фикри ботил бошад. Бори аввал
насиҳат мешунидам, ки тарки “ҷӯрабозӣ”-ро талқин кунад. Ҳатто Айнӣ, ки
чанд бор аз тартибу танзими корҳоям насиҳатомезона сухан ба миён меовард,
ба тарки “ҷӯрабозӣ” нафармуда буд. Худи ман бошам, аз овони ҷавонӣ то
имрӯз, ки хатти зиндагӣ ба ҳудуди ҳаштод майл кардааст, дар соатҳои
фароғат аз заҳмату гирифториҳои зиндагӣ, аз машғулиятҳои илмиву эҷодӣ
лаҳзаҳои беҳтарини шодмонии ҳаёт ва фазой биҳишти ин ҷаҳонро дар
сӯҳбати “ёрони ҳамдам” мебинам. Насиҳати Мирзоев шояд аз роҳи некхоҳй
буд, аммо аз шиору фалсафаи зиндагии ман дур буд.
Бо ин ҳама сахтгирӣ ва мураккабии хислату феълу хӯи Мирзоев таҳсили
аспирантура бо оромиву мусолаҳа мегузашт. Дар вазъиятҳои мураккаб ва
даргирии оташи қаҳру ғазаб Мирзоев ба ман овоз баланд намекард. Масофаи
эҳтироме байни мо вуҷуд дошт. Баъд аз ин ҳам дар тӯли бисту ду соли кор
дар зери роҳбарии Мирзоев миёни мо низоъи хусуматомез воқеъ намешуд,
ҳарчанд ихтилофҳои илмиву фикрӣ падид меомад. Дар ин хусус қиссаҳо дар
пеш аст...
Аз машғулиятҳои муқаддамотӣ дар китобхонаи Фирдавси натиҷа ҳосил
шуд, ки барои таҳқиқу омӯзиш ҳоло осори хаттиву чопй ниҳоят бисёр аст.
Дар Тошканд ганҷе ниҳон аст, ки на танҳо омӯхтан, балки ба он даст ёфтан
фурсату заҳмати беҳадро тақозо дорад. Аз ин сабаб ҳар чи бештар бо
шитобу шиддат кор кардан лозим аст. Ба ин мақсад имтиҳонҳои аспирантиро
супорида, баъд аз каме истироҳат дар Самарқанд оҳанги сафари Тошканд
кардам.
Дар Тошканд дар хонаи Фотимахон манзил кардам. Ду рузи аввал дар
меҳмониву меҳмондорй гузашт. Баъд дар Институти дастнависҳои Академия
ба кор шурӯъ кардам -ҳамон институте, ки панҷ сол пеш он ҷо чун лаборант
ду моҳи тобистон кор карда будам. Дар институт чанд нафар ҳамеша дар
сари кор буданд: роҳбари муассиса профессор Александр Александрович
Семенов, Дмитрий Вороновский - муҳаққиқи шоистаи дастнависҳо, шогирд
ва ёвари Семенов, ки ҳашт ҷилди феҳристҳои ин ганҷинаи пурбаҳо бо ширкати
вай ба чоп расидааст. марде буд ҳашт соат cap набардошта кор мекард,
чунон ғарқи кор буд, ки гӯё атроф барои вай вуҷуд надошт. Дигар марди
лоғари шале буд, ки бо ду асобағал ба зӯр роҳ мерафт ва аз пагоҳ то бегоҳ
сари кор менишаст. Ин шахс ҳамон Михаил Салйе буд, ки забону адаби
арабро хуб медонист ва тарҷумаҳои бисёр аз араби ба руси, аз ҷумла “Ҳазору
як шаб” ва “Калилаву Димна" ба қалами вай тааллуқ дошт. Ва ниҳоят марди
узбеки китобдор буд, ки ҳамеша андаруни хоначае менишасту аз рӯи талаб
-181-
китоб меовард ва китобҳои истифодашударо аз рӯи мизҳо мебардошт. Зиёда
аз як моҳ бо ҳамин марди камгапи меҳрубон сэру кор доштам, вале афсӯс ки
имрӯз номашро фаромӯш кардаам.
Ҳар субҳ баробари боз шудани дари институт ба кор меомадам ва чанд
дақиқа пеш аз охири кор ба манзил мерафтам. Суръати кор ниҳоят тез буд.
Ман, ки аз бачагй баробари хондани арабӣ навиштани хатро ҳам машқ карда
будам, рӯбардор кардан ва мухтасар навиштани мундариҷаи дастнависҳо
ба ҳуруфоти арабй зуд анҷом мегирифт. Институт фотолаборатория дошт
ва бисёр варақҳои заруриро барои акс бардоштан медодам. Ба ҳамин тариқа
метавонистам дар як рӯз чанд дастнависро дида, мӯҳтавиёти онро барои худ
захира намоям. Дар хондани дастнависҳо афзалияте доштам, Дар донишгоҳи
Тошканд профессор Семенов аз дарси дастнависшиносй лексия хонда дар
хондани нусхаҳои хаттӣ таҷриба гузаронида буд. Бинобар ин хондани
дастнависҳои мушкил ва шикаста бароям душвор набуд ва ин ҳам ба суръати
тези кор мусоидат мекард.
Дар ин сафар аксари шарикдарсонро дидам, бо онҳо сӯҳбату маҷлисҳо
оростем. Баъзе шабҳо дар хонаи Фотимахон дӯстони умумии мо - Юдаков,
Левиев, Довуд Муллоқандов, Насим Ҳошим, Мардон Насим ҷамъ меомаданд
ва то як поси шаб суруду мусиқӣ садо медод. Ба радио ва редаксияи
“Ӯзбекистони сурх1’ рафтам, бо дӯстону ҳамкорони собиқ мулоқоту сӯҳбатҳо
доштем. Гоҳо ба назар чунин мерасид, ки ман аз Тошканд нарафтаам, дар
ҳамин шаҳр, дар ҳалқаи дӯстону бародарони дерин ҳастам. Танҳо имкони
дидори Шавкат муяссар набуд. Шунидам, ки ба шавҳар додаанд.
Ҳосили заҳмати қариб якуниммоҳа афзунтар аз интизориҳо буд. Ба ҷуз
он ки бо нусхаҳои хаттии тазкираҳои тавсиянамудаи устодам ошно шудам,
боз чанде тазкираҳои номаълумро низ пайдо намудам, ки хеле ҷолиб ва
пурарзиш буданд. Гузашта аз ин зиёда аз сад девону баёзу дафтарҳои
мусаввадаю рисолаву таълифоти мансурро дида баромадам, ки аз аксари
онҳо қаблан нишону иттилооте ба назар нарасида буд. Аз мутоилаи ин
ҳама осори маҳфуз дар ганҷинаи дасгнависҳои Тошканд дар тасаввур
манзараи ниҳоят пуробу ранги ҳаёти адабӣ ва киштаи пурбори адабиёти
қарни 19 ва ибтидои асри 20 муҷассам гашт. Бовару эътиқоди қавӣ пайдо
шуд, ки месазад кас дар омӯхтани ин адабиёт умри ҷавони худро дареғ
надорад.
Баъд аз сафари Тошканд ҳиммату ҷуръат дар омӯхтани адабиёти ин
давр қатъитар гардид. Фикру тааммул мекардаму ба хирадмандии Айнӣ ва
пешбинии ҳассосонаи илмии ишон аҳсант мегуфтам ва шукрона мекардам,
ки қазову қадар сояи ин шахси бузургу мутабарракро болои сари ман андохт:
Чун сояйи мубсракат афтоЗ бар сэрам,
Цавлат мусоид омаду иқбол чокарам.
Ба Самарқанд омадаму рӯзи дигар ба хидмати устод расидам. Дарро
оҳиста кӯфта кушодам. Устод аз зери айнак нигоҳ карда маро шинохту
дафтару қаламу сиёҳидонро ба як тараф ғундошта монд. Чунон гарму ҷӯшон
ва хушҳолона пурсу пос кард, ки ҳис кардам дар воқеъ ҳам омадани маро
интизорй доштааст. Пеш аз ҳама аз Фотимахону Мутаваккилҷон, баъд аз
-182-
Султон Умарову Семёнов пурсид. Сипае аз корҳои ман дар Тошканд. Аз
натиҷаи корҳоям нақл кардам. Хусусан аз бозёфтҳои осори шоирону
нависандагон зиёдтар ва ба тафеилтар ҳикоя кардам. Хабарҳои тозаи ман
дар бораи тазкираҳои нотамом ва дафтарҳои мусаваддаи Мирсиддиқи
Ҳашмат ва дастнависҳои нав пайдо кардаам аз Шарифҷон-махдуми Садри
Зиё барои Айнй хеле ҷолиб буд. Ҳатто гуфт, ки дар сафари оянда барои ӯ
фотокопияи "Тазкират-ул-хаттотин”-и Садри Зиёро биёрам. Дар поёни
суханам таассуроти умумиамро аз муҳити адабии қарни 19 ва мероси ниҳоят
бои илмиву адабии давр изҳор намудам. Айнй нақлҳои маро бо хушхрлй
гӯш карду гуфт:
— Бухоро ҳарчанд кишвари ақибмонда буд, аммо муҳити илмию адабии
он дар қарни 19 нисбатан равнақ дошт. Агар чунин ҷунбиши илмию адабй
намебуд, ба арсаи таърих зуҳур кардани бузургворе мисли Аҳмади Дониш
ва чандин шоиру нависандагон аз қабили Возеҳу Шоҳину Савдо номумкин
буд. Аз ин сабаб шумо ба тарзи ҷиддй ва бо шавқу ҳавас ба омӯхтани
адабиёти ин давр машғул шавед. Коре, ки дар Тошканд кардед, марҳилаи
аввали омӯзиши ин адабиёт аст. Акнун бо ҳамин ғайрату ҳиммат корро давом
диҳед. Умед аст, ки охири кор ба хайр мешавад.
Суханҳои устодро дуои нек қабул карда, бо дили пур аз сурур ба хона
бозгаштам.
Дар Тошканд кори пурзаҳматеро анҷом додам. Аз ин корҳо метавонам ду
натиҷаи назаррасро кашфиёте дар таҳқиқи адабиёти қарни 19 ва ибтидои
қарни 20 арзёбй кунам. Кашфиёти аввал пайдо шудани тазкираҳои нотамом
ва дафтару таълифоти парокандаи Мирсиддиқхони Ҳашмат буд. Он чи дар
мероси хаттии ин шахе мундариҷ аст, асноду иттилооти фаровон ва
бебаҳоест, ки Ҳашмат чун шоҳиди муҳити сиёсиву фарҳангии ду қарни ахир
дар сафаҳоти осори худ сабт намудааст. Ин маводи пурарҷ дар захираи
дастнависхри Тошканд солҳо ба аҳли илм маълум набуд ва дар таҳқиқоти
донишмандон аз он истифода нашудааст.
Мирсиддиқхон аз писарони амир Музаффар буд, ки ӯро бародараш
Абдулаҳадхон соли 1885 дар вақти ба тахти аморат соҳиб шуданаш
назарбанд кардааст. Мирсиддиқхон дар ҳавлиаш ба ҳукми маҳбуси хонагй
буд. Устод Айнй нақл карда буд, ки вақтҳои охир Мирсиддиқхон то андозае
озод буд (ҳамоно дар солҳои салтанати амир Олимхон), то он ҷо ки баъзан
дар остонаи дарвозахонааш нишаста, соатҳо рафтуои мардум ва ҷунбуҷӯши
кӯчаро тамошо мекард.
Мирсиддиқхон гӯшаи узлат ва танҳоии назарбандиро хуб истифода намуд.
Вай, ки саводи хуб ва қобилияти таълифу иншо дошт, ба навиштани хотираҳои
таърихй ва адабй машғул шуд. Номбурда хаттоти хуб ҳам буд ва чандин
навъҳои хатро ба маҳорат менавишт. Бо вуҷуди ин вай на ҳамаи осорашро
покнавис карда тавонистааст. Бисёр навиштаҳои ӯ дар мусаввада бо хатти
шикаста маҳфузанд.
Мирсиддиқхон дар шеър ва иншои осори адабй Ҳашмат тахаллус мекард.
Ҳарчанд дар ҳабс буд, аз вазъи замон ва муҳити адабии давр огаҳии хуб
дошт. Бо бисёр адибоне, ки бо вазъи замон носозгор ва ҳатто аз амиру
дарбори вай норозй буданд, бо Ҳашмат мукотиба ва мухобара доштанд.
-183-
Аҳмади Дониш барои Ҳашмат (амирзода - мегӯяд Дониш) нусхае аз “Наводир
ул-вақоеъ”-ро китобат карда мефиристад. Дар яке аз тазкираҳои Ҳашмат
порае аз “Тӯҳфаи дӯстон”-и Шоҳинро дидам, ки дар нусхаҳои дигар пайдо
нест. Гуфтан мумкин аст, ин дардномаи дили Шоҳин аст, ки аз озори замон
фарёдҳои ҷонсӯз мекунад ва амиру дарбориёни ӯро ба забони тунду тез
мазаммат менамояд. Ин аст чанд шоҳиду санаде, ки далолат ба арзиши
баланди таълифоти Ҳашмат менамояд. Ҳашмат баъд аз суқути аморат
муддате дар китобхонаҳои Бухоро ифои вазифаи китобдорӣ намуда, сипас
ба Афганистан ҳиҷрат мекунад.
Кашфиёти дигари ман ба шахс ва фаолияти адабиву маъмурии
Шарифҷон-махдум мутахаллис ба Садри Зиё мутааллиқ буд. Шарифҷон-
махдум дар доираи ҳукумати аморат ва дар байни аҳли адабу илм аз шахсони
маъруф буд. Устод Айнй дар таълифоти худ аз таърихи инқилоби Бухоро аз
Шарифҷон-махдум ёд мекунад. Аз навиштаҳои Айнӣ чунин бармеояд, ки
Шарифҷон-махдум яке аз хидматгузорони содиқ ва мӯътамади амир будааст
(аз охири ахди Абдулаҳадхон то суқути амир Олимхон дар соли 1920).
Баробари ҳамин вай чун шахси бомаърифат ва илму адабпарвар бо шоиру
нависандагони маъруфи замонаш, ҳатто бо онҳое, ки нисбат ба амиру аморат
мухолифат доштанд, дар робитаи ҳасана ва муносибати холисона будааст.
Дар баъзе осори Айнӣ ва чанде рисолаҳои илмй тазкираи манзуми ӯ зикр
мешуд, аммо аз дигар осори муаллиф ва ах,волу мақоми ӯ ба хомӯшӣ
мегузаштанд.
Дар ганҷинаи осори хаттии Тошканд таълифоти бисёре пайдо кардам, ки
ба Шарифҷон-махдум мутааллиқ аст ва аксари онҳо ба хати зебои худи ӯ
китобат шудааст. Дар ин таснифот маводу асноди пурарзиш ва ҷолиб ҳаст,
ки дар сарчашмаҳои дигар ба назар намерасад.
Дар рисолаи номзадиам “Маъхазҳои адабиёти нимаи дуввуми қарни
19-и тоҷик" дар фасли махсус аҳамияти таълифоти Садри Зиёро дар омӯзиши
адабиёти давраи охирини тоҷик таъкид намудаам.
Баъд аз дифоъи рисолаи номзадӣ дар Сталинобод танҳо Мирзоев буд,
ки ба тарзи қатъӣ фикри мусбат ва “кашфиёти” маро дар таҳқиқи осори Садри
Зиё сахт интиқод намуд ва гӯё ба тарзи маҳрамона гуфт:
— Шумо дар рисолаатон қозй Шарифҷон-махдумро қариб ба осмон
бардоштаед. Оё медонед, ки ин одам солхри сивум ҳамчун душмани шӯроҳо
дар тахрганаи ГПУ мурда буд.
Ин огаҳӣ дар он вақт бимангез буд. Аммо ман худро далер гирифта
гуфтам:
— Домулло, ман дар бораи Садри Зиё на ҳамчун маҳбуси сиёсй, балки
ҳамчун адибе навиштам, ки асарҳои зай барои адабиёт қимати таърихй
дорад.
Дар ҳамин ҷо сабаби аз назари донишмандон дур будани Садри Зиёро
фаҳмидам. Сабаби ба Латифҷон-махдум табдил ёфтани Шарифҷон-махдум
дар “Ёддоштҳо”-и Айнӣ дар маҷаллаи “Шарқи сурх” равшан шуд. Ин кор бо
тарғиби идораи маҷалла ё дастури мақомоти ҳизбӣ ё идораҳои амниятй
сурат гирифта буд. Дар дастнависи “Ёддоштҳо”-и Айнӣ қиссаи ба хидмати
қозӣ Шарифҷон-махдум омадани муаллиф ва тасвири доираи адабии ҳавлии
-184-
қозии мазкур бо номи худи вай (яъне Шарифҷон-махдум) омадааст. Дертар
Камол Айнӣ ва Муҳаммадҷон Шукуров дар нашри ҷилдҳои 6-7 Куллиёти Айнй
(“Ёддоштҳо") номи Шарифҷон-махдумро барқарор намуданд.
Соли 1956 рисолаи номзадии худро ба чоп расонидам. Дар ин рисола
фасле ба тазкираи Садри Зиё ва тарҷумаи ҳоли муаллиф тахсис шуда буд.
Баъд аз тавсиф ва таснифи холисонаи осори Садри Зиё дар мавриди мавқеъи
иҷтимоию сиёсии ӯ навишта будам: “Садри Зиё симои бомаърифати охири
қарни 19 ва ибтидои асри 20 буд, вале ӯ ба мавқеъи шахси тараққипарвари
замон, пайрави идеявии Аҳмади Дониш нарасида буд. Вай дар амал сиёсати
муртаҷеонаи амири Бухороро ҷонибдорй мекард, ходими содиқи ду амири
охирин буд. Аммо ҳамчун шахси бомаърифат ва илму адабпарвар ба шахсони
пешқадами замонаш, мисли Донишу Шоҳин эҳтиром мегузошт. Вай гӯё саъй
менамуд, ки миёни сохтори пӯсидаи аморат ва афкору андешаҳои
маорифпарварӣ ва ислоҳотхоҳии Аҳмади Дониш мусолиҳа ва мувосо вуҷуд
дошта бошад. Аз аввал то охири фаолият ва маъмурият ва дар осору ақоиди
худ Садри Зиё ҳамин мавқеъи духӯраи созишкоронаро пайгирй кардааст.
(Ба қавли худи вай “аз ибтидо то интиҳо сулҳхоҳ"будааст).’’
Бо чунин арзёбӣ ба таърихи адабиёт ҷой додани Садри Зиё дар солҳои
1954-56 кори саҳл набуд. Сталин вафот карда буд, аммо сояи вай дар симои
Берия мунъакис буд. Дар он солҳо Муҳаммадҷон Шукуров, писари Шарифҷон-
махдум, дар Института забои ва адабиёт кор мекард. Пеш аз дифоъ ва
баъдан ҳам нашунидаам, ки аз падараш ва осори боқимондаи вай ба ман
чизе гуфта бошад.
Баъд аз истиқрори Тоҷикистони демократии ҳуқуқбунёд Муҳаммадҷон
Шукуров аз касби асосии худ - адабиётшиносии муосир дур шуд ва ба
масъалаҳои ҷомеашиносӣ гузашт. Номбурда бо тағйири фомилии худ ба
Муҳаммадҷон Шакурии Бухорой дар мавзӯъҳои иҷтимой, сиёсӣ ва ахлоқй
мақолаву рисолаҳо ба чоп расонид. Таҳлил ва интиқоди фикру андешаҳои
муаллиф дар ин масъалаҳо баҳси муфассалеро тақозо дорад.
Баробари баҳси масъалаҳои навин Шакурй дар бораи падари худ
мақолаву хотирот ва лавҳаҳои ҷудогонаи оилавиро низ интишор намуд.
Бисёр маводу асноди навиштаҳои Шакурӣ барои равшан намудани баъзе
ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли Шарифҷон-махдум нақши муайян дорад. Аммо
Шакурй дар муайян намудани мавқеъи иҷтимоӣ ва сиёсии Садри Зиё ба
таҳрифу хатоҳои фоҳиш роҳ додааст. Ишон бе ҳеҷ таҳлили холисона ва бе
иртибот бо авзоъи замон Садри Зиёро ба сафи маорифпарварон ва ҳатто
қариб ба мақоми пешвои маорифпарварӣ гузоштааст. Шояд натиҷаи
тадқиқоти Шакурй бошад, ки Камол Айнӣ дар муқаддимаи худ ба китоби
падараш “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро” (Теҳрон, 1381) навиштааст:
“Адиби бузурги тоҷик устоди зиндаёд Муҳаммад Шариф Садри Зиё...сарвари
маънавии ҳавзаи адабии равшанзамирон дар шаҳри Бухорой шариф дар
пеш аз инқилоби ӯктобир буд.”
Сарвари маънавии “ҳавзаи равшанзамирон дар Бухорой шариф” ҳам
дар вақти ҳаёташ ва ҳам баъд аз вафоташ Аҳмади Дониш буд. Устод Айнй -
падари бузургвори Камолиддин Садриддинзода Айнй--ин нуктаро равшану
возеҳ ва қатъиву собит борҳо такрор ба такрор гуфтааст.
-185-
Фикрҳои сустбунёд дар таҳқиқи мақом ва хидматҳои Садри Зиё боиси
баҳсу талошҳо шуд. Оташи баҳс то андозае боло гирифт, ки аз рӯи баъзе
иавиштаҳояш, ки ба иллати маадудия™ афкор ё ба муқтазои замон баён
кардааст.имрӯз садри Зиёро ба чандин гуноҳҳо айбдор карданд. Агар мо ба
гузаштагонамон аз ҳамин ҷойгоҳи айбдоркунӣ назар андозем, ҳама гунаҳкори
таърих хоҳанд шуд. Агар мо таълифоти дар нафрин ва таҳқири аҳли ташаййуъ
навиштаи Аҳмади Донишро хонем, ӯро ба ҳазор айби таассуб ва
тафриқаандозӣ байни мусалмонон муттаҳам кардан мумкин аст. Садри Зиё
дар ҷомеаи Бухорои ибтидои қарни 20 мақоми муайян дорад. Мақоми
таърихии осори адабии ӯро на тамҷиду таърифҳои Шакурӣ баланд мекунад,
на таҳриму тардиди муқобилони вай коҳиш медиҳад.
Мехоҳам як нуктаи муҳимро барои аҳли илму адаби имрӯз ва фардо
хотиррас кунам. Садри Зиё аксари осори пураҳамияти худро аз ҳаёти сиёсиву
фарҳангии замонаш баъд аз инқилоби октябр дар охири солҳои бистуми а.г.
навиштааст. Пеш аз инқилоб, дар замони амир вай имкону ҷуръат надошт,
ки ба ин мазмуну бэ ин назар осори худро таълиф кунад. Мо бояд Садри
Зиёи давраи аморат ва солҳои баъд аз инқилобро тамйиэ диҳем.
Аз соли 1951 cap карда бисту панҷ - сй солро ба омӯзишу таҳқиқи адабиёти
қарни 19 ва ибтидои асри 20 сарф кардам. Ин адабиёт ва бисёр чеҳраҳои
хуҷастаи он як пораи тақдири ман, як марҳилаи зиндагии ман гаштааст. Аз
ин ҷост ки дар бораи ин адабиёт ва симоҳои барҷастаи он суханҳои носанҷида
ва бе баркаш гуфтаи ноогаҳонро ором ва бе посух гӯш карда наметавонам.
Бозмегардам ба давоми нақли худ. Қаноатмандии Айнӣ аз ҳосили кор
маро ба давом додани таҳқиқоти адабиёти қарни 19 далер кард. Аз суҳбату
суханҳои устод ба падару модарам ҳикоят кардам. Падар ба тамкину ороми
гӯш кард. Модарам ба ҳаяҷон омад магар, ки дар чашмонаш ашк пайдо шуду
гуфт: _ _ _
— Домулло Айнй одами табарруку худоназаркарда ҳастанд. Вали гуем
мешавад. Марҳамату инояти худо будааст, ки туро ба ин хел одам наздик
кардааст. Ҳазор бор ба худо шукр кун. Агар аз пасашон гарди, паи қадами
он касро зер карда рав, ки корат бобаракт шавад.
Моҳи сентябрро дар Самарқанд гузаронидам. Сентабр - моҳи мизон,
аввалитирамоҳ-вақти беҳтарини фасл аст. Гармои тобистон паст мешавад,
аз ҷӯйҳои Шаҳру Мӯлиёну рудхонаи Дарғом ва ҳатто аз дарёи дури Зарафшон
бодҳои форам бӯйҳои обҳои равонро ба машом расонида, ҷисми касро тозаву
неруманд мекунанд. Боғоти атрофи Самарқанд бо либоси нави зарандуди
тирамоҳ ороста мешавад. Қатраборонҳо чун раҳмати илоҳӣ гоҳе фурӯ рехта,
пайкари аоӯсонаи боғҳоро шуставу пурҷило менамоянд. Анҷирҳои Боғи
Баланд мисли гӯшвораю даствонаҳои тиллой дар панҷаҳои баргони дарахтон
ба нозу карашма хандида, шуморо ба сӯи худ мехонанд. Ангурҳои кишмишу
ҳусайнй дар ҷӯяҳои ток ва шохҳои воиш ба сони фонусҳои каҳрабой чашмҳоро
оромишу роҳат медиҳанд
Моҳи сентабр сайёҳони бисёр аз шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон ва
самарқандиёни муқими шаҳрҳою вилоятҳои дигар барои “анҷирхӯрӣ меоянд.
Аз бомдод бозори анҷир метафсад, Богибаландиён дар сабадҳои калон
анҷирҳои шираҷӯшу зарпошро ба ҳам чида саф ба саф дар паси тахтасангҳои
-186-
бозор ба рухсораи арғувонй ва хандон бо гапҳои ширин ба анҷирхӯрӣ даъват
мекунанд. Аксари сайёҳон анҷирро дар баргҳои паҳни махмалии дарахти
анҷир андохта, ба чойхона мераванду дар сӯҳбати ширину қарин нӯши ҷон
мекунанд. Худи самарқандиён анҷирро ба зарфҳо гирифта, ба хона
мебаранду бо аҳли байт ношитои саҳарй мекунанд.
Дар фасли тирамоҳ оби тираву гилолуди Зарафшон софу зулол мешавад.
Тамоми ҷӯю ҷӯйборҳо, ки аз Зарафшон об мегиранд, мисли чашмаҳои кӯҳй
мусаффо мешавад. Аз ин панҷоҳ - шаст сол пеш ҷӯи шаҳру ҳавзҳои гузарҳо
аз оби Зарафшон ранги зуммурад мегирифтанд. Афсӯс ки имрӯз на оби ҷӯи
шаҳр ҳасту на оби ҳавзҳо! Осмони софу беғубори сабзгуни шаҳр сафою
таровати дилфиреби Самарқандро имрӯз ҳам ҳифозат мекунад. Осмоне, ки
аз дасти таарруз дур аст!
Моҳи октябр, ки ба Сталинобод расидам, ҷӯшу хурӯши мавсими пахтачинй
буд. Хурду калон, донишҷӯю муаллимон, коргарону хидматчиёни идораҳо
ҳама барои ғундоштани ҳосили “тиллои сафед” ба майдонҳои пахта
мебаромаданд. Ин ҳаракати “умумихалқй” барои ман падидаи нав набуд.
Дар Тошканд ҳам аҳвол ҳамин буд. Мо, кормандони радиоро рӯзҳои
истироҳат (ва гоҳо кор ҳам) пахтачинй мебурданд. Аз торикии бомдод то
фаро расидани шом cap боло накарда пахта мечидем, то ҳиссаи худро ба
марра расонем. Ин меҳнати ғуломона буд.
Нисбат ба ҳоли “ғуломонаи’’ Тошканд пахтачинии мо, аспирантон ва
кормандони Академия, сайру гашти озод ва истироҳати хуб дар ҳавои софу
тозаи саҳро буд. Роҳбарони колхозу совхоз аз ёрии мо мамнун буданд ва
баъзан музди корамонро ҳамон рӯз нақд ба дастамон медоданд.
Азму нияти идома додани кори илмӣ бо шароити номусоиди зиндагй
рӯёрӯй шуд. Шароити хобгоҳ барои машғулиятҳои илмй тамоман мувофиқ
набуд. Маводу иқтибосот, фотонусхаҳои дастнависҳо ҳамчунон дар папкаву
ҷузъгирҳо бекор мехобиданд - соату фурсати осуда даст намедод, ки онҳоро
ба тартибу танзим оварда, тарҳи рисолаи ояндаро муайян кунам. Гузашта
аз ин дар адабиётшиноси тоҷик тадқиқоти ҷиддй ва мутахассисе набуд, ки
дар пайравии онҳо кор бандам. Хулоса, кори илмӣ муддате мавқуф монд.
Бо вуҷуди ин ҳама ноҳамвориҳо бекор набудам.
Маро ба тарҷумаи асарҳои бадей ҷалб мекарданд. Дар ин кор тарғибгари
аввал Ҳабиб Аҳрорӣ буд. Вай як сол пеш ба вазифаи сармуҳаррири нашриёти
давлатӣ таъйин шуда буд. Аз он ҷо ки тарҷумонҳои касбй кам буданд ва банда
каму беш дар тарҷума малака доштам. Аҳрорӣ тарҷумаи асарҳои ҷиддӣ ва
ҳатто классикиро ба ман ҳавола мекард. Ман ҳам аз рӯи “ҷӯрагӣ” ва х,ам барои
таъмини зиндагии бо рафоҳият пешниҳоди Аҳрориро рад намекардам. Паси
ҳам ба тарҷумаи қиссаи Г огол “Помешчикони қадима’’, “Хотираҳои шикорчй”-и
Тургенев ва асари Виктор Ҳюго "Рӯзи охирини шахси маҳкумшуда" машғул
гаштам. Бо ёрони нави нашриётй ва ҳамсӯҳбатони бухориву кӯлобиву
зарафшонй маҷлису базмҳои нишоту ишрат - албата дар доираи одоби
муоширати гузаштагонамон - барпо мекардем. Ҳоло он лаҳзаву соатҳоро ба
лаззату пазмонии дилангез ба ёд меорам. Маълум мешавад, ки рӯзҳо беҳуда
нагузаштаанд, балки нақши равшане дар дилҳо боқӣ гузоштаанд.
Аз дӯстони ношир Николай Албертович Сталин бо ёди нек дар хотир
-187-
мочдааст. На танхо бо номи машҳури худ. Мо нашунида будем, ки шахсе
дар дунё номи доҳии ягонаро фомили худ карда бошад. Намедонистем ва
намепурсидем, ки ин фомилро чй гуна интихоб намудааст, чи тавр шудааст,
ки дар пеши ҳайбати Сталин фомили худро тағйир надодааст.
Николай Албертович ходими кӯҳан ва кордидаи матбуот ва нашриети
тоҷик буд. Солҳои СОЛ вазифаи муовини директори нашриётро дар риштаи
чопу табъи китоб чобукдастона ва покизакорона иҷро мекард. Бомдод аз
ҳама пеш ба кор меомад ва дар болои миз варақи хурди коғазро мегузошту
ба хати зебои дона-донааш тартиби корҳои рӯзонаро бо соату дақиқа ва
маҳалли иҷрояш менавишт. Сӯҳбаташ бо ходимони нашриёт мухтасар, дақиқ
ва разшан буд. Агар касе гапи зиёдатй гуфтанй бошад мегуфт:
__Давайте ребята за дело, поговорим, пошутим после работы.
Гуфта