Мактаби одамият: Баъзе масъалаҳои адабиёт
ва маънавият. The School of humaneness: some questions of literature and spirituality
Transcription
Баъзе масъалаҳои адабиёт ва маънавиятДУШАНБЕ АДИБ 1991
ББК 83.3 Тоҷик
Ш 95
ISBN 5
V
Муҳаррир Ю. Аумадзода
I
$й
■щ
-!
sfr
§
—8362—0277—X (6) Нашриёти «Адиб», 1991
I. ЕДЕ АЗ ГУЗАШТАГОН
«БА АСОБАҒАЛ ОДАТ НАКУНЕД»
Монографиям машхури устод Айни «Мирэо> Авдул-
кодири Бедил» нахустин бор соли 1946—1947 дар Д
шуДмораи мачаллаи «Шарки сурх» чоп шуда буд.
нандагон ин асарро чунон бо шавк пешвоз гирифтанд,
ки ҳар шумораи мачалла чанд гоҳ даст ба даст
ва rve хама пиру чавон «бедилхон» шуданд. Дар андак
муддат он нусхахои мачалла, ки дар дасти мардум буд,
кӯҳна шуда, аз'кор баромад, аксари онҳоро дигар хон-
дан мумкин набуд ва мо ба шакли китоб пурра чоп
шудани монографияро мунтазир будем. Лекнн азi баин
чанд сол гузашту ин асар дар шакли китоб паид
шуд Мо хайрон будем, ки чаро устод аз чопи ин китоб
худдорй мекунад.
Ниҳоят, тахминан баҳори соли 1952 ба мо, корман-
дони Институти забои ва адабиёт эъДон карданд, ки он
рисолаи Айнй муҳокима хоҳад шуд, матни онро аз
«Шарки сурх» ёфта хонем ва ба муҳокима тайёр ша-
вем. Ҳарчанд хостем бифаҳмем, ки максади муҳокима
чист, касе ба мо чизе намегуфт.
Камина шумораҳои даркории маҷалларо аз хона ёф-
таму боз як бор хондан шрифтам. Баъзе рафиқони ди-
гар ҳам ёфтанд ва ҳар рӯз, ки ба кор меомадем, дар
байнамон аз таассуроте, ки дар натичаи хониши рисола
пайдо мегардид, сухан cap мешуд. Гоҳрузи дароз факат
дар бораи ин китоб гаи мезадем.
3
Чанде пеш аз ин ба еектори-адабиёт, ки мо чанд на-
фар он чо бо сарварии Ш. Ҳусейнзода кор мекардем,
корманди наве омада буд. У 'марди солхӯрдае буд ва ка-
мина вайро аз солҳои донишҷӯй, аз замони чанг, ки
дар идораи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» кор ҳам ме-
кардам, мешинохтам ва медонистам, ки чандин сол дар
маорифу матбуоти республика хизмат кардааст. Чй
шуд, ки охир ӯро ба институти мо ба кор фиристоданд.
Дар институт мо, ходимони еектори адабиёт, аз чум-
ла ин корманди нав дар як хона менишастем ва хар
дафъа ки аз рисолаи Айнй сухан оғоз ёфт, ӯ мегуфт,
ки ин асари устод баъзе норасоихо дорад, баъзе фикр-
ҳои ӯ аз марксизм-ленинизм .дур ает ва ҳоказо. Шояд
аз таъсири ин гапхо бошад ё би сабаби он ки он солхо
а-сареро ба муҳокима гузоштан аксаран чунин маънй
дошт, ки аз он хар чй бештар камбудй ёфтан даркор
ва ин камбудиҳоро бо суханхои сахте гуфтан лозим
буд, ё мумкин аст, боз бо сабабхои дигаре кам-кам ка-
мина ҳам аз рисолаи устод «норасой» ёфтан гирифтам.
Ҳар дафъа ки дар институт байни мо аз китоби устод
гаи cap мешуд, камина баъзеи ин «норасоиҳо»-рэ ме-
гуфтам. Гапҳои ман ба он корманди нав маъқул мео-
маданд ва ӯ маро таъриф мекард. Боре ба камина гуфт:
«Шумо як ҷавони навкор ҳастеду аз китоби домулло
Айнй ҳамин кадар камбудй ёфтаед, офарин! Рӯзи мач-
лиси муҳокима ин камбудиҳоро гуфтацатон даркор, то
ки хама донанд, ки мо чй гуна ҷавонҳо дорем». Ин мас-
лиҳат, албатта, ба ман маъкул шуд ва ман барон дар
муҳокимаи асари устод баромад намудан тайёрй cap
кардам.
Ниҳоят, рӯзи муҳокима фаро расид. Аҳли илму аднб
дар зали калони Институти забону адабиёт (хозчра би-
нои Институти шаркшиноей дар кӯчаи Парвин) чамо
шуданд. Худи устод Айнй ба ин мачлис наомчд. Устод
он рӯзҳо дар Сталинобод вале нотоб будааст. А. Дехо-
тй узри ӯро ба ҳозирон расонид.
Агар хато накунам, аввал А. Деҳотй дар бораи ри-
солаи устод ва аҳамияти он дар адабиётшиносии мо му-
фассалан сухан ронд. Баъд музокира cap шуд. Дар му-
зокира камина ҳам гаи задам ва бо иддиои зиёде чанд
эрод гирифтам.
Як зроди ман ин буд: Боби якуми рисолаи устод
«Ватани Бедил» ном дошт ва ин боб бо чунин ҷумлаҳо
cap шудааст: «Ватани Мирзо Абдулкодири Бедил мам-
4
лакати Ҳиндустон буда, ин сарзамин ба афсонаҳои ди-
нии аҷибу ғариб соҳиб мебошад. Агар мамлакатҳои ди-
гари Шарк гаҳвораи афсонаҳо бошанд, Ҳиндустон мо-
дари он афсонаҳо ба шумор меравад». Чунон ки меби-
нем, ин чо фикри аҷибе баён шудааст ва уетод Айни
ба роли мардумони Ҳиндустон дар таърихи инкишофи
маънавии халқҳои чаҳон бағоят баҳои баланд дода-
аст. Аз чӣ сабаб бошад, ки он вақт ин гуфтаҳоц устод
ба назари ман камбудии калон намуданд. Ман гуфтам,
кп Ҳиндустон имрӯз аз юғи мустамликадорон озод шуда
зиндагии нав месОзад, аммо домулло аз он чо ҳануз
фақат афсона, ҳатто «афсонаҳои дини» меҷуянд.
Ин гапи ман имрӯз хандаовар менамояд ва тамоман
равшан аст, ки эрод аз тавзеҳи беасоси худсарона ба
миён омадааст, вале он солҳо аксари эродҳои танқидӣ
чунин мазмун доштанд ва аз ин ру, баромади ман ба
баъзеҳо маъқул шуд. Фақат А. Деҳоти дар охири маҷ-
лис боз ба сухан баромада, аз чумла ба эродҳои ман
ҷавоб гуфт ва баъзе чавобҳояш сахт буданд.
Қарордоди маҷлис ин шуд, ки рисолаи С. Айни са-
зовори чоп аст ва муаллиф баъзе нораеоиҳои онро ис-
лоҳ кунад.
Ҳангоми мачлис дар дасти А. Деҳотӣ корректураи
ин китоби устодро дидем. Дар дасти баъзе касони дигар
хам нусхае аз корректура буд. Маълум гардид, к и ин
кнтоб кайҳо бояд чоп мешудаает, вале касе баьди ба
чоп рафтани он такризи манфӣ навиштаает ва зз ин
сабаб китобро аз чоп нигоҳ доштаанд. Пас аз андаке
фаҳмидем, ки муаллифи он тақризи манфи ҳамон кор-
манди нави мо будааст, ба сабаби тақризи у китоби
Айнӣ чанд гоҳ аз чоп монда, охируламр ин муҳокимаро
ташкил кардаанд. Он гоҳ равшан шуд, ки чаро ин кор-
манди нав маро ва баъзе касони дигарро ба суханро-
нии танкидӣ ташвиқ менамудааст. Инро дониста будам,
ки дуд аз димоғам баромад, аз гапҳое, ки дар маҷлиеи
мухокима гуфта будам, пушаймон шудам, зеро надонис-
та ба онҳое, ки нашри чунин китоберо манъ кардан ме-
хостанд, шарик гардидаам. Ғам мехӯрдам, ки акнун ди-
ли устод аз ман монд. ,
Аз миён тахминан як моҳ гузашту Айнй ҳанӯз дар
Сталинобод буд ва рӯзе фарзанди арҷманди устод Хо-
лидахон ба камина гуфт, ки домулло шуморо дидан ме-
хоханд. Аҳд кардем, ки Холидахон аз устод пурсида ру-
5
зу соати ба мулокоти ӯ омадани каминаро муайян ме-
кунад.
Дар андеша будам, ки бо кадом руи ба назди устод
меравам. Овозаи сахтгирию сахтгапии устодро биеьёр
шунида будам. Якин кардам, ки адабамро хохад дод.
Пени аз ин хар дафъа ба назди устод бо чанд савол
мерафтам. Ин бор ҳам эҳтиётан чанд саволеро, ки чамь
шуда буд. дар дафтаре навиштам, то ки агар вазънят
им,кон дидад ва кохишҳои устод биеьёр тӯл накашад,
ҷавоби онҳоро аз ӯ пурсам.
Устод дар чорбоғи хукумат зиндаги мекард. У дар
хона танҳо буд. Дар рӯи нимкате дароз катила ва кам-
палеро ба болояш то китф гирифта буд. Чуй камина
даромадам, cap бардошта, нимхез шуда, ба болишт
такья кард ва гуфт, ки ҳанӯз бемор аст ва духтурон ба
хестану гаштан ичозат намедиҳанд, бннобар ин аз чо
нахоҳад хест. Ачобат дар ин буд, ки каминаро монан-
ди дафъаҳои пеш бо чеҳраи кушод ва гармпурсиҳо
пешвоз гирифт ва дар рӯяш асаре аз ранчиш надидам.
Ба майли хотир аз ҳар бобат сухан ба миён меовард ва
дар дастам дафтареро дида, фармуд, ки саволхоямро
гӯям. Чун саволеро мегуфтам, устод муфассалан чавоб
медод. Ҳар ҷавобаш оид ба ҳаёту эҷодиёти худаш як
дунё маълумоти ачиберо дар бар мегирифт.
Афсӯс, ки ман он ҷавобҳоро дуруст шунида намета-
вонистам, зеро банди хаёлҳое будам, ки коҳиш ва ито-
бу хитоб кай cap мешуда бошад. Вале кохиш cap на-
шуд. Устод на фақат муҳокимаи рисолаи у ва барома-
ди маро ба хотир наовард, балки номи Бедилро ягон
бор ба забои нагирифт. Гӯё вокиае рӯй надода буд ва
муомилаи устод ба камина тамоман монанди пештара
давом мекард. Факат дар охир, ки нишонаҳои аз сух-
бат монда шуданаш намоён шудан гирифт, гуфт, ки дар
кори илмй бо мавзӯъҳои майда бисёр овора нашуда,
мавзӯъҳои калонтар гирифтан даркор аст. Ниҳоят, ба
ман муваффақият хост ва ба ҳамон оҳанги хайрхохи
гуфт:
— Лекин ба кадом мавзуъ, ки даст занед, ба чи кор
ки машғул шавед, ба асобағал одат накунед. Дар хар
сурат то ҳадди имкон бе асобағал гаштанро ёд гиред.
Донистам, ки «итобу хитобаш» ҳамин аст. Шубҳае
намонд, ки дар маҷлиси муҳокима бо далолати он кор-
манди нави институт барои суханронии анбчӯёнае чуръ-
ат кардани маро устод аз куҷое фаҳмидааст ва акнун
6
падарона насихат мекунад, ки дар зиндаги ба аклч худ
амал кардан даркор аст, на ба гапи мардум.
Он гуфтаи устод то имрӯз дар гӯшам аст ва хеч гох
фаромӯш нахоҳам кард.
Бо таассуф бояд гуфт, ки устод боби яку Ми риоола —-
ҳамон боберо, ки «Ватани Бедил» ном дошт, аз китоб
баровардааст: ин боб дар нашри соли 1954 нест ва аз
чи сабаб бошад, ҳатто ба ҷилди XI-и Куллиёти у дохил
нашудааст. Ба ақидаи камина, ба чопҳои минбаъдаи
китоби Айнй «Мирзо Абдулкодири Бедил» илова кар-
дани он боб зарур аст.
1983
УСТОДЙ ЧУНИН БОЯД!
Соли 1952 рохбарияти Института забои ва адабиёти
Академияи илмҳои Тоҷикистон карор дод, ки дар мат-
буот дар масъалаи маданияти сухан баҳсе кушояд. Ба
Додочон Точнее ва Владимир Аронович Лившиц супо-
риш шуд, ки дар бораи масъалаҳои умумии маданияти
сухан маколае нависанд. Дигар забоншиносон мавзуъ-
ҳои чудогонаи ин масъаларо байни худ таксим намуда,
ҳар кадоме ба навиштани маколае тайёрй cap карданд.
Ниҳоят, мақолаи калони Д. Точиеву В. А. Лившиц
дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» чоп шуд ва мубохи-
са оғоз ёфт. Ин баҳс дар таърихи забоншиносии мо яку-
мин мубоҳисаи доманадори муташаккил дар борзн ма-
данияти сухан буд. Хусусан солҳои чил чунин муҳокн-
мае зарурат пайдо кард: маданияти сухан ҳар чй наст
мерафт, сухани пастмаҳак ва нодурусту вайрон дар мат-
буоту нашриёт афзоиш меёфт. Йнро пешгири кардан,
чорае андешидан даркор буд. Мақсад аз он мубоҳиса
хамин буд. Аз ин рӯ, забоншиносон ва нависандагон
дар ин мубоҳиса бо ҷӯшу хурӯш иштирок намуданд.
Мубоҳиса нав cap шуда буд, ки рузе директори Ин-
ститута забои ва адабиёт аъзо-корреспонденти АФ РСС
Точикистон М. Фозилов каминаро назди худ хонд ва
таклиф кард, ки ба ин мубоҳиса ҳамроҳ шавам ва
дар бораи забони радиои Точикистон маколае нависам.
Камина дар андеша мондам: азбаски дар шӯъбаи ада-
биёт кор мекунам, чй тавр мешавад, ки дар бораи за-
бои мақола нависам. М. Фозилов исрор дошт, ки масъ-
алаи забони радио хеле муҳим аст, аммо аз забонши-
7
носон касе намонд, ки дар ин мавзӯъ барон мубохиса
чизе нависад, зеро дасти ҳамаи онҳо ба мавзуъхои ди-
гао банд аст. Вай мегуфт, ки ту дар институти педа-
гоги аз забои ҳам даре медиҳи, наход, ки навиштани чу-
нин мақола душе op ояд.
Охир илтимосро кабул намудам. Ичозат шуд, м
чанд руз ба кор наоям, радио гуш кунам, дар бораи
ҳуену қубҳи забони он бештар материал ба даст орам.
Ғайр аз ин, чанд чиз дар бораи ин ки забони радио ва
сухани дикторҳо бояд чи гуна бошад, ёфта хондам.
Ниҳоят, мақолае навиштам, ба ду-се нафар аз ра-
фиков хонондам, аз рӯи маслиҳати онҳо ислоҳ намудам
ва ба «Тоҷикистони сурх» супурдам.
Охири соли 1952 ва аввали соли 1953 мақолаҳои бах-
си маданияти сухан дар рӯзномаи «Точикистони сурх»
мунтазаман нашр мешуданд. Он вақтҳо фикри мо беш-
тар побанди ҳамин мақолаҳо буд. Ҳамин ки маколае
барамад, зуд мехондем ва байни худ хеле мунозира ме-
кардем, муаллифро табрик мегуфтем ё ба сарзаниши у
забои мекушодем. Бо ин роҳ бисьёр масъалаҳоро барои
худ равшан менамудем.
Лекин мақолаи ман чоп шуда буд, ки якбора хама
ба даҳан об гирифтанд. Мақоларо на нагз мегуфтанд,
на бад. На хурсандй изҳор мекарданд, на норозиги.
Гӯё мақолаи ман чоп нашуда буд. Хусусан дар чавонн
як чизи кас аз чоп барояду мардум дар бораи он чизе
нагуянд, сахт алам мекунад, ҳазор андеша аз дили кас
мегузарад. Он макола якумин маколаи ман дар бораи
забои буд, яқии кардам, ки беҳуда ба коре гайри их-
тисоси худ даст задаам. _
Чанд вақт аз байн гузашт. Рузе дустам Шавкат Ни-
ёзи ом аду гуфт:
— Имрӯз устод Айни ба Самарканд бармегарданд.
Хама нависандагон ба гусел мебароянд. Биё, мо хам
ба вокзал равем, бинем, ки домуллоро чй тавр гусел
мекунанд.
Аз ин таклифи гайри чашмдошт ҳайрон шудам ва
гуфтам:
— Ман киву устод Айни ки? Ту бо бародарат (яъне
Фотеҳ Ниёзй) ба гусели домулло барой, маъцие дорад.
Ба шарофати бародар ба ин давлат мераеи. Аммо ман
ба чй баҳона ба гусел мебароям? Шиносоии ман ба ус-
тод ба он дарача нест, ки ба пешвозу гуселаш бароям.
Шавкат Ниёзй гуфт:
8
„-Jib vsrsss ssrs. йлг
sasse-Asss
вон шудсы. - rvirfiT к и домулло Аини одаган
SJSJSSавТБя'нТйр ия, «ану Шаяяат «м бар-
в- о. =
ZSS ™.» 6.вокзал медаромаданд. А«»о аз
УСТОД дарак набуд. Мо ҳайрон будем, ки чаро устод
дафъа тарки одат карданд ва ҳанӯз ?““”Нца11шаш «а
Аз дур Мирсаид Миршакар намоен ш>д.
мо афтоду наздик омад ва гуфт:
- Ҳа, бачаҳо, чй ин чо истодаед?
— ФКор’дорем, ба як кас мунтазирем.
-ҲолоахамаФкорро монед, биёед, домулло Айниро
зиёрат кунед, домулло имрӯз Самарканд мераванд.
Г уФтем:
__ Домулло ҳануз наомадаанд.
Миршакар табассум карду:
_ Домулло кайҳо омадаги, рафтем,— гуфт ва аз д
ти мо гирифта, суи вокзал кашид. нависан-
дагГбнуд «у»тК 7 йкрГ уФ.
дТягда
5од Айнй нишаста буд, ки дар тан китель ва дар cap
тӯ^пии чустй дошт. Дар паҳлуи устод занеро дидем, ки
хар замон аз ӯ чизе мепурсид ва чавоби саволашро дар
дафтарчае менавишт. Банд фаҳмидем, ки ин зан нави-
сандаи рус Вера Смирнова будааст. Пас аз чанд сол у
мазмуни сӯҳбати онрузаро дар як маколааш баен
МУҲамин ки мо устодро-зиёрат карда, курсиҳои холй
ёфта нишастем, устод ба май ру оварданд.
— Муҳаммадчон, маколаатонро хондам. Маколаи
иагз навиштаед. Дар бораи забони радио гапҳои ду-
pvcT гуфтаед. Боракалло! Ҳамин тавр навиштан гиред.
Баъд ба М. Турсунзода мурочиат намуданд:
9
— Рафик Турсунзода! Муҳаммадчон шуданӣ мена-
моянд. Ин касро тарбия кардан даркор.
М. Турсунзода ба нишони кабулдошт cap чунбонд:
— Барой тарбия ёфтани чавонхо хама шароит тай-
ёр. Ин кас дар ҷои нагз кор мекунанд, дар Института
забои ва адабиёт...
Дигар гапҳо чандон ба гӯшам надаромад. Аз сухани
устод, ки дар ҳаққи ман гуфтанд, сэрам гарант шуда
буд. Дидам, ки хама як ба устод менигаранд, як ба
ман. Хиҷолат кашидам, гӯё беодобие аз ман рӯй дода
бошад, арак аз сараи шоридан гирифт. Даст ба киса
бурдам, дар ягон кисаам рӯймолча набуд, ки араки рӯ
ямро пок кунам. То охир аракшор нишастам ва cap на-
бардоштам. Лекин сари хамам ба осмон раеида буд.
Ниҳоят, садои занги вокзал баланд шуд ва мо бо
устод хайру хуш гуфта, аз вагон баромадем.
Пас аз ин чанд гох биниам ба осмон шуд. Касеро
писанд намекардам. Бисьёр касон ба назарам мӯрчае
менамуданд. Охир, устод Айнй маро таъриф кард. Бись-
ёр шунидаам, ки ӯ уетоди сахтгир аст, сустгузор нест.
Бо вучуди ин ба маколаи ман заррае эрод нагирифт.
Пас, ман зӯр будаам!
Хайрият, ки ин хиссиётамро ба касе нагуфтам. Шо-
яд кайфиятам падидаҳои зохирй надошт ё кам дошт,
ки аз рафикони наздик ҳам касе ягон бор аз худ раф-
тани маро сарзаниш ё ишора накард. Кам-кам ба худ
омадам.
Солҳо мегузаштанд. Он мулокот бо устод Айнй, ин-
чунин, дигар вохӯриҳо, ки пеш аз он бо ӯ доштам, ба
ҳар муносибат ба ёд меомад. Симои ӯ хамеша пеши на-
зарам буд, суханҳояш доимо дар гӯшам садо медоданд.
Ҳоло ҳам ахвол ҳамин аст.
Баъди.чанд сол чӣ шуду ҳамон маколаи худам аз
миёни коғазҳои хона баромад. Шод гардидаму онро
хондан гирифтам. Хондаму бо тааччуб дидам, ки дар
чанд чои ин макола забони худам нуксон дорад,- баъзе
мисолҳоеро, ки аз забони кормандони радио оварда бу-
дам, нодуруст эзоҳ додаам ва хоказо. Ҳайрати ман аз
ин буд, ки чаро он рӯз устод Айнй ба чунин норасоихои
макола ишорае накард? Ҳеҷ мумкин нест, ки устод ин
камбудиҳоро надида бошад. Пас чаро эроде нагирифт?
Ҷузъиёти алохида дар ёдаш намонда бошад хам, чаро
лоакал нагуфт, ки бояд эҳтиёт шавам, чун ба сухани
дигарон нукта мегирам, бояд сухани худам дуруст бо-
10
шад? У, ки ба сахтгири ном бароварда буд, аз чи са-
баб маро ҳеҷ чанг накард?
Ба ин суолҳо чанд год чавоб ёфта натавонистам. до-
ло тахмини ман ин аст, ки шояд мақола ба устод асо-
сан маъкул туда буд ва ӯ аз камбудидои он чашм пу-
шиданро беҳтар донист. Зеро он руз, ки устод маколаи
мара таъриф кард, дар толори вагон нависандагони
бисьёре менишаётанд ва дар миёни онҳо касоне хам
буданд, ки кам ё беш кӯтодбини ва бадкинаги доштанд.
Агар устод дар пеши онҳо маро сахт ё андаке кодиш
мекард, аз эҳтимол дур набуд, ки баъзе аз онҳо инро
дастак карда, дигар намегузоштанд, ки ман ягон вақт
ба забони онҳо зрод гирам — ҳар год аз онҳо норасоие
бинам, метавонистанд ба ман бигуянд: магар кодишдои
Айниро фаромӯш кардй, ки боз забои бароварди!
Ба фикрам, устод он рӯз ба ҳамин кабил андешадое
маро як зарра сарзаниш накард, аз айбҳоям чашм пу-
шид. Яъне год аз баъзе айбҳои чавонон чашм пушидан
мумкин будааст. Устод мани навкорро дастгири кард,
ки ба як роди душворе нотарсида кадам гузорам. Ал-
дан, устодй чунин бояд!
Аз дамон вақт нисбат ба масъалаҳои маданияти су-
хан шавкам афзудан гирифт.
1987
МАВЗӮИ ШАРК.И ХОРИҶЙ ДАР ШЕЪРИ
М. ТУРСУНЗОДА
Тақдири таърихии Шарки ҳозира яке аз он пробле-
маҳои асосй буд, ки дамеша дар маркази диккати Мир-
зо Турсунзода қарор ёфта буд. Год дар андешадои шо-
иронаи ӯ ин Шарк ба ду — ба Шарки Совети ва Шар-
ки хориҷй тақсим шуда, чунонки дар силсилабандии
«Ман #аз Шарки озод» (1950) мебинем, бисьёр киёсу
муқобиладои тезу тунди публициста ба миён меовард.
Год ӯ факат масъаладои даёти халкдои Шарки хори-
ҷӣ — Осиёву Африкоро ба андеша мегирифт ва год та-
моми Шарк, катъи назар аз дудуди оиёсиву ичтамоии
дозираи он ба доираи назари М. Турсунзода даромада,
тачрибаи ибратомӯзи инкишофи таърихии халкдои бос-
тонии сершумор ва гуногунмиллату гуногунзабону гу-
ногунмаздаби он маврй!ди баррасии шоирона қарор ме-
гирифт.
Ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки мавзуи хориҷи дар назми
11
советии халқҳои Осиёи Миёна аз аввали ташаккули он,
аз солхои бисту ей вучуд дорад. Дар адабиёти совета
аз аввал мавкеи калон ишғол кардани ин мавзуъ, ба
ҳаёти бародарони хоричии худ ҳавас зоҳир намудани
меҳнаткашони тоҷик, ӯзбек, туркман ва ғайра ҳеч чои
тааҷҷуб надорад. Чунонки медонем, 25—30 сол пеш аз
он, яъне солҳои ҳаштоди асри гузашта, маорифпарвари
бузурги тоҷик Аҳмади Довиш одамонеро тасвир карда
буд, ки оламро факат аз деҳаи худ ва атрофи он ё фа-
кат аз Самарканду Бухоро иборат медонистанд.1 Ма-
орифпарварон дар ибтидои асри XX хам аз чунин танг-
назарии ҷамъият шикоят кардаанд. М. Турсунзода ҳам
гуфта буд:
Аз қадим ин кӯҳсорон Боми дунё ном дошт,
Лекин аз ин бом дунёро намедидем мо.2
Октябрь тавонист, ки халқҳои моро аз хоби феода-
лй бедор карда, чашмандози онҳоро вусъат дихад. Бо
фаро расидани худшиносии ичтимоӣ ва худогоҳии мил-
ли доираи назар васеъ шуда, халқи тоҷик худро як
ҷузъи хонадони бузурги халқҳо дид, аҳамияти мубори-
заи инкилобии худро дар чараёни пурзӯри муборизаи
халқҳои гуногуни наздику дур фаҳмид.
Рӯйдодҳои мухимми кишварҳои хоричӣ дар шеъри
Пайрав, устод Лоҳутӣ ва дигарон мавкеи муайян иш-
ғол намуд. Ҳамовозӣ ба нидои мазлумони хоричй, ба
чаҳду чадали озодихоҳонаи меҳнаткашони мазлум ва
умуман воқиаҳои байналхалкӣ солҳои ей дар адабиёти
тоҷик ҳодисаи мукаррарӣ шуда монд.
Ин равия, чунин ҳамовозӣ, ба муносибати бедоди
ғосибони империалистй бо овози баланд изҳор кардани
хашму ғазаби мардумони совета ё ин ки ғалабаи озо-
диҷӯёни кишвареро бо ҳиосиёти пурзӯре васф кардан
дар шеъри Мирзо Туреунзода хам давохм ёфт.
Вале ба зудӣ маълум шуд, ки мазмуни асоеин шеъ-
ри ӯро факат ин чиз ташкил намедиҳад, балки эчоди-
ёти Турсунзода дар мавриди дарки мавзӯи хоричй си-
фати нав пайдо карда встодааст. Сифати нав иборат
аз ин буд, ки акнун на воқиахои алохидаи ҳаёти бай-
1 Ниг.: Аҳмади Дониш. Осори баргузидаи бадей, ба чоп тай-
ёркунандагон Р. Ҳодизода ва А. Абдуллоев. «Ирфон», 1976, с.
33—34.
2 М. Турсунзода. Куллиёт, ҷ. 1, «Ирфон», 1971, с. 78. Минбаъд
чилду саҳифаи ин Куллиёт дар матн ишора хоҳад шуд.
12
налхалкй, аа. ё ягон чиҳати зиндагиву муборизаи халк-
хри кишварҳои хориҷӣ, балки та.моми ҳастии иҷтимоиву
таърихии халқҳои мубориз, масъалаҳои асосии озодпву
истиклоли онҳо бо ҳама мураккабиҳояш дар шеъри Тур-
сунзода инъикос ёфтан гирифт.
Ин аст, ки дар ҳудуди солҳои чилу панчоҳ дар мав-
риди дарки ғоявию бадеии мавзуи хориди дар эчодиёти
Турсунзода як давраи нав, давраи дуввум cap шуд. Тад-
риҷан мавзӯи хориҷй дар шеъри М. Турсунзода бағоят
вусъат ёфта, ба дарачаи мавзуи асосии тамоми эчоди-
ёти ӯ раеид.
Ходимони намоёни чамъияти, адибон, олимон ва
санъаткорони барчастаи совети дар роҳи сулҳ ва бар
зидди чанги нави ҷаҳонӣ мубориза cap карданд. Мир-
зо Турсунзода ба сафи ҳамин муборизони фаъол да-
ромада, як масъулияти азими гражданй ба ухда гирифт.
Он суханони Мирзо Турсунзодаро, ки дар бораи худ
мегуфт: «Шодам, аммо мехурам ғамҳои халки дигаре»
(1, 173) ё ин ки «Мехӯрй ғамҳои оламрову шод астй
ҳанӯз» (1, 298), низ ба ҳамин маъни фаҳмидан лозим
аст. «Рамхои олам» бо чараёни пуркуввате ба шеъри
Турсунзода дохил шуд. Турсунзода метавони-ст дар хак-
ки худ он суханонеро гуяд, ки Ҳайнеи бузург гуфта буд:
«Захмҳои чахон аз дили ман гузар мекунанд».
Бояд гуфт, ки ин «ғамҳои халқи дигаре», ин «ғамҳои
олам» акнун умуман мавзӯи хоричй набуда, балки махз
мавзӯи Шарк аст ва метавон гуфт, ки сонитар гуё та-
моми Осиёву Африкоро фаро гирифта, муҳимтарин
масъалаҳои ҳаракати таърихии имрузи он ба доираи
назари шоир даромад.
Хуеусан солҳои панҷоҳу шаст дарки амиқи фалса-
фии воқиаҳои таърихии Шарқи имруз дар назми М.
Турсунзода мавкеи асосй пайдо кард. Вай кушиш дошт,
ки вокиахои конкрети мамлакатҳои Осиёву Африкоро
ба муҳокима гирифта ва моҳияти онхоро ошкор намуда,
чамъбастхои вусъатноки фалсафй ба миён биёрад.
Шеъри М. Турсунзода ба назми фалсафии публидис-
тй табдил ёфт. Инро аз манзумаи «Садои Оснё» (1955),
достонҳои «Чароғи абадй» (1957), «Ҷони ширин» (1960),
«Аз Ганг то Кремль» (1970), аз лирикаи солҳои гуно-
гун, чунончи аз шеърҳое ба монанди «Хоҳари мубориз,
Африко» (1961), «Ҳар касе гӯяд — Лумумба!» (1962),
«Шоиро!» (1962) ва ғайра, яъне аз асарҳое, ки кисми
асосии мероси ӯро ташкил мекунанд, дидан мумкин аст.
13
Ба ин тарик, давраи дуввуми инкишофи мавзӯи
Шарқ дар шеъри Турсунзода давраи дарки фалсафии
рафти таърихии замони ҳозира буд. Шоир муҳимтарин
воқиаҳои рӯзро бо нигоҳи моҳиятҷӯй аз назар гузаро-
ъида ва гоҳ онҳоро бо воқиаҳои дирӯзу парирӯз муқои-
са карда, маънои аслии вазъияти ҳозираро падид овар-
дан мехост. Шоир рӯйдодҳои конкрети имрӯзаро ба ан-
деша мегирифт ва аз онҳо маънои умумии'таърихй ме-
чуст.
Муқаққики эҷодиёти Тӯрсунзода Ю. И. Бобоев таъ-
кид мекунад, ки «Садои Осиё» (1955) «ҳангоми воқиа-
ҳои фоҷиаангези Шарки Миёнаи нимаи солҳои панҷоҳ
ба вуҷуд омада, он рӯзҳо чун садои виҷдони халкҳои
дуньё ба гӯшҳо расид, дар дили мардум бовар ба ға-
лабаро устувор намуд».1
Ин аҳамияти актуалии онрӯзаи асарро муайян ме-
кунад. Манзумаи «Садои Осиё» силоҳе дар даети мубо-
ризони араб буд. Бечиз нест, ки мачаллаи лубнонии «Ат-
тариқ» фавран тарчумаи арабии онро чоп карда буд.
Турсунзода дар як мақолааш гуфта буд, ки «силоҳи
сухан... аз силохи мукаррарӣ ба маротиб зӯртар аст».2
Йн ҳакиқат бо тачрибаи худи Турсунзода ҳам чандин
бор исбот шуд.
Лекин аҳамияти «Садои Осиё» аз ин амали фаврй,
аз ин ки дар дасти муборизон он рӯзҳо монанди силох
хидмат кард, зиёдтар аст. Ин асар маҳсули кӯшиши
чиддие дар роҳи дарки маънои таърихии вокиаҳой рӯз
мебошад. Шоир дар асоси рӯйдодҳои конкрет мазмуни
таърихии замони худро ошкор кардан мехоҳад. «Садои
Осиё» чавоб ба як вокиаи навбатии байналхалкй нест,
балки як намуна аз чашмандози васеъ ба вазъи замон,
ба мохияти инкишофи таърихии он мебошад.
Шоир садои пурқудрати Осиё, садои ғулғулаандози
онро, ки бо наъраи рустамй занчирхои дасту поро пора
карда, ба майдони мубориза кадам гузошт, ба гӯши
чахониён мерасонад:
Осиё гӯяд сухан,
Овози онро бишнавед!
Мавҷи дарё,
Ғуррнши баҳри дамонро бишнавед!
1 Ю. Бабаев. Певец солнечных вершин.— Душ., «Ирфон», 1978,
с. 158.
2 М. Турсун-заде. Самое дорогое наследство. «Правда», 25
июня 1972 г.
14
Осиё бедор шуд, бедор, тарки хоб кард,
Ростиву дӯстиро окибат дарёб кард (11, 171).
Ин манзума пур аз садоҳои гуногун аст. Гоҳ «гур-
риши баҳр» ва «нидои азму суботи» муборизон, гоҳ «но-
лаҳои зор-зору оҳҳои сард» ва овози «боди хазон», гоҳ
«суруди коргар» ва садои пора шудани «занҷиру ка-
манд» ва ғайраро мешунавем. Гоҳ садои аерҳо ба гуш
мера-сад: байтҳои олни Ҳофизу Саъдй, суруди қадимии
фаллоҳони соҳили Нил ва орзуҳои дерини модарони
Миср моро ба ҳаячон меорад ва годе нидои духтари
Чин ё ҳинду ва ё индонезиву бирмаги ва ғайра шунида
мешавад. Ба ин овозҳои гуногун, ки гоҳ ҳазин ва гоҳ
бо ғурриши инкилобй садо медиханд, овози дарьёи Хи-
сор низ ҷӯр аст:
Рӯди хурди дехаи ман
рӯди пуршӯр аст, шӯр,
Бо садои рӯдҳои Осиё
s чӯр аст, чӯр.
Ду чиз — садохои гуногун ва манзараҳои мухталиф
дар ин манзума роли багоят калон ичро кардаанд. Ин
ду унсур дар хотимаи шеър ба хам як шудаа-ст: хам
озодипарастонн бо азм қомат росткардаро мебинем ва
ҳам садои чӯши халки О-сиёи озодихоҳро мешунем:
Нест аммо куввае, ки азмро орад завод,
Рӯхи озодипарастонро намояд поймол.
Бахри озодй, садои Осиё омад ба гӯш,
Хуни халқи Осиё омад ба чӯш,
омад ба чӯш!
Ин хусни хотима аст ва он хама мулоҳизаҳои домана-
дорн қаҳрамони лирикй, он ҳа-ма фикру андешахо, му-
коисаву муқобилаҳо, силсилаи аосоциацияҳои дур аз
якдигарро ҷамъбаст намуда, ҳукми қатъии дили пурчу-
ши қаҳрамони муборизро баён месозад ва ин ҳукмя у
ба маънои ҳақиқии он ҳа-ма рӯйдодҳо, ба фаҳмиши а.ми-
ки моҳияти аслии замон асос ёфтааст. Ҷамъбасти пур-
вусъати таърихиву фалсафии воқиаҳои за-мон дар «Са-
дои Осиё» ба дарачаи баланд ра-сид.
Дар публицистикаи сиёсии Айнй, ки солҳои 1919—
1921 ва солҳои бист дар мавзӯъҳои байналхалқӣ на-
15
вишта буд, инчунин дар шеърҳои хориҷимавзуи Паирав,
Лоҳутй, Рахимй, Миршакар ва дигарон бедории ичти-
моиву таъриҳии халки точик ва якумин пояхои худо-
гоҳии миллим вай ифода ёфта бошад, назми Турсунзода
савияи баландтари худогоҳии халк, савияи замони морэ
дар худ акс дод.
Дар инкишофи эчодии Турсунзода рушду камоли хал-
каш аз нахустин кадамхои худшиносии нав то^солхои
шасту ҳафтод акс ёфта буд. Аз ин ру, худи вай коми-
лан ҳак дошт, ки гӯяд: «Тарчумаи холи ман як кисми
тарчумаи холи халкам шудааст»1.
Ба назари мо чунин мерасад, ки аз солхои шаст, х\-
сусан солхои ҳафтод дар хусусияти ҷамъбасти бадеии
Турсунзода боз андак дигаргунй рӯй дод. Ин дигаргу-
нй аз ҳамин иборат буд, ки шоир аз баъзе чузъиети
конкрет, аз баъзе нишонахои махсуси __замону маконе як
кадар худдорй карда, андешахои хаётии конкреташро
ба шакли умумии хикмат ва панду андарз ифода ме-
кардагй шуд. Ин аз принципҳои асосии ҷамъбасти ба-
дей дар адабиёти классикии форсиву точики буд ва дар
охири умри Турсунзода дар шеъри у ҳам ба шаклхои хо-
се намоён шуд.
Асоси онро дар бисьёр шеърхои Турсунзода, чунончи
дар шеърхои «Шоиро!» (1962), «Ошьёни баланд» (1968),
«Қалам» (1975), «Дӯстонро гум макун» (1975) ва мо-
нанди инҳо дидан мумкин аст. Чунончи шеъри охирин-
ро бинем:
То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони мехрубонро гум макун.
Дар чахон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкун касонро гум макун.
Дӯстро аз дӯст, чонам, фарк кун,
Дӯсти пайванди чонро гум макун.
Зинати бог аз гули хандон бувад,
Мисли гул хандонлабонро гум макун.
Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Вахдати халки чахонро гум макун.
1 М. Турсунзода. Ман аз Шарқи озод, «Маданиягн Тоҷихис-
тон», 3 июли с. 1981.
16
Ин шеър асосан ба шакли андарзу ҳикмати класси-
кии форсиву тоҷикӣ гуфта шудааст.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки принципҳои ҷамъбасти
бадей дар эчодиёти Турсунзода дар охири умри у ба
анъанахои панду қикмати классикии форсу тоҷик бись-
ёр наздик омад'ва дар натича, конкретияти тасвир кам
туда бошад ҳам, мазмуни фалсафӣ ва аҳамияти уму-
миинсонии он амиқтар шуд. Дар айни замон мазмуни
публнцистй гирифтани анъанахои панду ҳикмат, ки дар
шеъри советии тоҷикӣ аз.солҳои инкилоб cap шуда буд,
дар наэми ӯ давом ёфт.
Шакли андарзу ҳикматн классикиро гирифтани чамъ-
басти бадеиву фалсафй, ба назари мо, давраи саввуми
дарки иҷтимоии вокеияти Шарки хоричиро дар шеъри
Мирзо Турсунзода ташкил медихад.
Ҷустучӯйҳои ғоявию бадеии Турсунзода дар маври-
ди дарки иҷтимойву фалсафии муборизаи халкҳои Оси-
ёву Африко, бешубҳа, дар муддати солҳои зиёде якранг
давом накарда, чанд марҳиларо тай кардаанд. Муаиян
кардани ин пояҳову марҳйлаҳо кори душвор ва даст-
ҷамъист. Он чи мо арз кардем, шояд барои кушода шу-
дани баъзе уқдаҳо ёрмандй кун^д.
1981
2—277
II. БОЗҶУСТҲОИ МАЪНАВИЮ АХЛОҚӢ
АНДЕШАПАРВАРЙ — ФАЪОЛИЯТМАНДИИ ИҶТИМОЙ
Дар соли 1957 романи на чандон калони Ҷалол Ик-
роми «Ман гунаҳгорам» чоп шуда буд. Воқиаҳое, ки
дар ин роман тасвир шудаанд, низ на чандон калон ва
дар назари аввал на чандон ҷиддӣ .мебошанд. Вале баъ-
зеи он одамонеро, ки дар ин воқиаҳо иштирок доранд,
фикру андешаҳои ҷиддӣ фаро гирифтааст. Дар харак-
тери Анвар — каҳрамони асосии романи «Ман гунаҳ-
горам» худтаҳлилӣ мавқеи калон пайдо кард. Анвар
кобил аст, ки рафтору гуфтори худ, фикру ҳиесиёти худ-
ро гаштаву баргашта таҳлил намояд, маъною мазмуни
онро санҷад ва дар охир моҳияти аслии онро ошкор
созад. Ин таҳлилу худтаҳлилӣ шанли нави тасвири ин-
сон дар насри точикӣ буд.
Ҷалол Икромӣ бо образи Анвар масъалаи муносиба-
ти ҷидди ба зиндагӣ, масъалаи масъулиятшиносии маъ-
навии шахсро ба муҳокима гирифта буд.
Ин масъала дар солҳои шаст. ба қатори масъалахои
асосии насри тоҷикй гузашт ва аз чанд ҷониб тадкик
шуд. Он каҳрамоне, ки ин. масъаларо ба мулоҳиза овар-
дааст, кам-кам дигар мешуд, сифатҳои нав пайдо ме-
кард, ба пояҳои баландтари камоли маънавӣ қадам ме-
гузошт. Дар солҳои ҳафтод симои маънавии чунин каҳ-
рамони ҳамзамони тафаккурписанди мо тамоман тағйир
ёфтааст.
Ба назар мерасад, ки Иброҳимҷон — каҳрамони асо-
18
сии романи Фазлиддин Мухаммадиев «Палатаикунча-
кй" дадари хамон Анвар авт, ки дар Ч»™, бИ“
пг»\дй «Ман гунахгорам» тасвир шудз буд. Р
уимчон додарест, ки аз бародари калонии худ хеле чид-
питап ва баРмаротиб амиктар фикру андеша меронад.
Лап характери Иброҳимчон ҳам худтаҳлили, ҳудчуи ва
ху^шиносй^лавкеи мухим дорад. Назари ™p°X"M,0"
ляп ин худҷӯиву худраси хеле васеътар, олам
! PH1“ v мураккабтар аст. Назари кахрамони Муҳамма-
лиев на фақат ба худ ва атрофиён балки ба таърих хам
нигаронида шудааст. Тачрибаи таърихии халкхои гу-
ногуни дуньё ба доираи биниши Иброхимчон дарома-
лааст Нависанда гӯё тачрибаи таърихии халку замон-
хои гуногупро меъёри бахои воқиаҳои бузурги замени
So! инчунин меъёри бахои вокиаҳои хурд ва рафтори
шахсони алоҳида карор додааст. 'ияпп3гяпии
Қаҳрамони Икромй Анвар масъалаи чавобгарии
шахсро барои рафтору кирдори худаш, баР0И *аР
дами худаш пеш гузошта буд, аммо қаҳрамонони Му-
хаммадиев на факат барои рафтору кирдори худ, балки
барои хар он чи дар чамъият рӯй дода истода аст.худ-
роРчавобгар медонанд. Эхсоси чавобгарии маънави ба-
рон хар он чи дар ҷамъият рӯи медихад, мухимтарин
сифати қахрамонони романи «Палатаи кунчаки»
рохимчон, Носир Аббос, Ивон-амак, Алихон Зардодхон
аст Ин хусусияти маънавиву психологии онхо маҳсу-
ли замонест^ ки бемаънавиятй ва фасоиди ахлок дар
чамъият ривоч меёфт.
Дар атрофи чунин хусусиятхои романи Муҳаммади-
ев дар матбуоти Тоҷикистон муфаосалан гуфтугузор ту-
да буд. Бо вучуди ин, мо лозим медонем, ки ҳоло ба ин
масъала боз диққат чалЗ намоем. Мо акида дорем, ки
ин чо яке аз равияхои асосии инкишофи насри хозираи
точикй намудор шуда, ҷустучӯхои эчодии навнсандаго-
ни моро ба мух.имтарин ҷустучӯхои эчодии умумиит-
тифоқӣ мепайвандад. Бисьёр хусусиятхои мавзуу мун-
дарнча ва шаклу таркиби ин романи нависандаи точик
хозир дар насри советии сермиллати мТ> мавкеи калон
ишгол карда истодаанд. Чунончи, аосоциацияҳои таъри-
хй, ки дар «Палатаи кунҷакй» фаровонанд, ҳоло дар
баъзе асархои адабиёти халқҳои бародар ҳам ба шакл-
ҳои гуногун зохир шуда, дар ташаккули маънавиетн
хамзамонони мо роли мухим бозида истодаанд.
Аз чумла дар асари нависандаи қазоқ Анвар Олим-
чонов «Армуғоди Утрор» таърих ба олами маънавин
каҳрамонони ҳамзамони мо дохил шуда, дар фаро ра-
сидани камолоти гражданин мардуми имрӯза иштирок
менамояд. ё ки сохтори романи нависандаи туркман
Тиркиш Ҷумъагелдиев «Замин ҳамаро ед дорад» чунин
ает, ки годе тасвири ҳаёти имрӯза ва руҷӯъ ба гузаш-
та паҳлу ба паҳлу омадааст. Дар романи нависандаи
қазоқ Такин Олимкулов «Аспи сафед» журналист Ялав-
сиз Дустов да-рбораи зиндагии онҳое, ки бояд кахра-
монони очерки у шаванд, дуру дароз ва бо шиддат ба
фикру андеша рафтааст. Мунаққиди казок Мухаммад-
ҷон Қаратоев ^ин асарро романи андешахо, романи
фикрҳо номида буд. Дар баъзе асарҳои нависандаи уз-
бек Асқад Мухтор, хусусан дар романи ӯ «Чинор» му-
лоҳизаву андешахо хеле вусъат ёфта ва амиқ шуда,
ранги фалсафи пайдо карданд.
Чунин ба назар мерасад, ки мунаккид М. Қаратоев
бо таъбирп «романи андеша» мохияти хусусиятхои на-
ви баъзе романҳои ҳозираро дуруст муайян кард. Дар
адабиёти совета, аз ҷумла дар адабиёти Осиёи Миёна-
ву Қазоқистон як шакли нави роману повесть ташак-
кул ёфг, ки буньёди он бар фикру андеша ва мухоки-
маю мунозира аст. «Палатаи кунҷакй»-и Муҳаммадиев
аз чумлаи чунин асарҳост.
Ба ин маънй романи Фазлиддин Мухаммадиев «Па-
латаи кунҷаки» дар адабиёти тоҷикй аҳамияти калони
навоварона дорад. Он ҷустуҷӯҳое, ки нависанда дар ин
роҳ аз повести «Одамони кухна» cap карда, дар повес-
ти «Дар он дуньё» амиқтар бурда буд, дар якумин ро-
мани у натиҷаи чидди дод.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар_ адабиёти точик дар ин роҳ
Мухаммадиев танҳо нест. Урун Кӯхзод ва Саттор Тур-
сун ҳам бештар ба «повести андешапарварй» майл до-
ранд.
Як повести нави Ӯрун Куҳзод «Андешаҳо дар тан-
ҳои» (1976) ном дошта, баъд «Кини Хумор» унвон ёфт.
Чунон ки мебинем, калимаи «андешаҳо» ҳатто дар но-
ми ин асар зикр шудааст. Ба фикри мо, ин повесть ҳам
мах3 аз ҳамин ҷиҳат бағоят ҷолиби диккат аст, ки дар
роҳи тадқиқи бадеии характери ҳамзамонони ҷавони мо
амиқтар шуда иетодани асосҳои таҳлилии насрро ни-
шон медиҳад.
Дар характери қаҳрамони ин повесть Исфандиёр
хам худтаҳлили мавқеи калон дорад. Фикру андешахои
танхоии Иофандиёр хеле чидди, гуногунчихат ва мурак-
ТкаабТебошаФнд.ДИнР асари Урун Кӯхзод пур аз мулохи-
33BV андеша, пур аз ҳиосиету хаячон оуда фикри хо
нандаро бедор мекунад ва қувзае дорад, ки барон чамъ-
иятроРба ҳалли масъалахои муҳимми интимен сафарбар
намудан хизмат карда метавонад. Дуруст аст, ки У
ати назари қаҳрамони Кӯхзод баъзан ҳануз ба дара-
чаи кахрамони Мухаммадиев мест, пухтаги ва амнкии
андешахои у хам холо ба он дарача нарасидааст. н
дешахои ӯ чандон ранги фалсафй надоранд. Лекин му-
ҳимтар аз ҳама ин аст, ки рӯхи гражданин мулоҳизаю
муҳокимаҳои ӯ бағоят пурзӯр аст. Аз повести «Писанд-
дара» то «Андешахои танхои» биниши кахрамони Ур,.
Кӯҳзод хеле нозуктар шуда, фикру хиосиети у камо-
лоти гражданй пайдо кардааст.
Мутаассифона, кахрамони повести Кухзод дар ама-
лиёт чандон фаъол нест, дар роҳи ба амал чори карда-
ни он ҳама андешаҳое, ки дорад, ҳануз_чиддан фаъолн-
ят нишон надодааст. Дар_ характери у ҳануз фаъоли-
ятмандии ботинй ва зохирй як нашудааст, баини ин хар
ду ҳоло то андозае чудои ба назар мерасад. Ин холат
шояд аз он сабаб рӯй дода бошад, ки каҳрамон хануз
чавон буда, дар зиндаги, дар рафтору фаъолият тач^
' риба надорад, гӯё ӯ холо фикран ба амалиети чидди
тайёо шуда истодааст.
Ба ин маъни, кахрамони Кухзодро комилан кахра-
мони нофаъол донистан лозим нест. Мухим ин аст, ки
ӯ ботинан фаъол аст. Вай кобил аст, ки бо__шиддати
андешахои худ фикри хонандаро чиддан ба чунбиш орад,
ҳамияти гражданин хонандаро бедор кунад, уро низ оа
амалиёту фаъолият тайёр намояд. Шак нест, ки бо чу-
нин тайёрии чиддии ботинй амалиёт cap кардан беш-
тар аҳамият дорад. Зеро ҳангоми чунин андешахои пур-
шиддат эътиқодмандии ғоявии ҳакики, қарордоди
катъии огоҳона ҳосил мегардад ва фаъолияти амалие,
ки ба чунин эътикодмандии устувор асос ёфтааст, фаъ-
олияти собитқадамона ва пурсамаре хохад буд.
Чи дар романи «Палатаи кунчакӣ» ва чи дар повес-
ти «Андешахои танҳой» ба доираи фикру андешахои
қаҳрамонон муҳимтарин масъалаҳои вокеияти иҷтимоии
имрӯзӣ дохил шудааст. Бо шиддати тамом ба муҳокима
гирифтани масъалаҳои муҳимми ҳаёти хозира, навъхои
нави психологизм дар ин асархо руҳи публицистиро кув-
ват додааст. Оҳанги публициста дар ин асарҳо як во-
21
ситаи пуртаъсири ба процессқои ичтимой часурона да-
холат кардани қаҳрамон ва нависанда, яке аз падидаҳои
асосии фаъолиятмандии ичтимоии онҳост. Тезутундии
публициста аҳамияти чамъиятй ва роли тарбиявии ин
асархоро зиёдтар кардааст.
Лекин ба воситаи андешаҳои доманадор пеш гузош-
тани масъалаҳои муҳимми иҷтимой ҳамеша боиси кув-
ват гирифтани оҳанги публициста намегардад. Гоҳе ан-
дешаҳои мураккаб ва зиддиятноки нависандаю қаҳра-
мони ӯ нисбатан ба оромй ва тамкин чараён меёбад,
камтар талотум дорад ва дар сари як масъала бештар
марказият ёфтааст. Дар повести Саттор Турсун «Пай-
’ ванд» (1976) xaiMHH ҳолатро мебинем. Мақсади Саттор
Турсун ба як ё якчанд масъалаи калони ичтимоӣ ба
тарзи тезу тунде чалб кардани диққати аҳли ҷамъият
нест., Қаҳрамони чавони ӯ Фарход гӯё як масъалаи хур-
ди маишй — феъли бади падарашро, он озорҳоеро, ки
дар хурдсолӣ ва овони наврасй аз падар, аз модаран-
дар, аз хонаводаи худ дида буд, ба мулоҳцза гирифта-
аст. Лекин масъала фақат дар назари аввал хурд ме-
намояд, вале дар ҳақиқат нависанда кӯшиш дорад, ки
ҷиддияти чустучӯҳои маънавии қаҳрамони ҷавон, ба во-
киахри зиндагии худ назари фалсафй афкандани ӯро
нишон диҳад.
Аз нахустин повести Саттор Турсун «Сукути қулла-
до», хусусан аз асарҳои баъдинаи ӯ, ба мисли ҳикояи
«Нисфирузи» ва ғайра маълум шудаи гирифт, ки ӯ на-
висандаи андешапарвар аст. Ҳоло андешаҳои ӯ чидди-
тар, баёнаш пухтатар ва техникаи адабиаш мукаммал-
тар шуда истодааст. Метавон гуфт, ки повести «Пайванд»
асари шогирдона нест. У дар роҳи муайян кардани маъ-
нои амики рафтору кирдор ва фикру эҳсосоти инсон,
дар роҳи дарки моҳияти аслии чидду ҷаҳди маънавии
ҳамзамонони мо нахустин муваффақиятҳо ба даст овар-
да истодааст.
Фарҳод—қахрамони повести «Пайванд» астрофизи-
ки ҷавон аст, ки кайхонро меомӯзад. Ӯ дар Москва таҳ-
сили оли ва аспирантураро тамом карда, номзади илм
шудааст ва ҳоло дар он ҷо кор мекунад. Лекин азоби
солҳои кудакию наврасй — ноинсофи ва ҷафои падар
хеч аз ёдаш намеравад. Ҳоло ӯ пас' аз даҳ сол боз ба
зодгоҳаш, ба як деҳаи кӯҳистон омадааст ва дар бораи
зиндагии худ, зиндагии падару модарандар ва додаро-
ну хоҳаронаш бо шиддати тамом фикр меронад ва маъ-
22
нои онро муайян кардан мехоҳад. Ин андешаҳо ҳама чо-
либи диққатанд.
Асари Кӯҳзод «Андешаҳои танҳои» кариб cap то по
аз монологи ботинй иборат аст. Повести Саттор Турсун
чунин нест. Дар асари ӯ хам монологи ботини бисьер
аст, лекин тасвири бевоситаи амалиёти қаҳрамон хам
бештар мавкеъ дорад. Гохе худи муаллиф хам бароба-
ри каҳрамон ба фикру мулоҳиза рафтааст ва баъзан
муайян кардани худуди андешахои муаллифу қахрамон
душвор аст. Муаллифу каҳрамон хар ду баробар фикр
■мекунанд, баробар дар сари халли муаммохои зиндаги
теша ба пои андеша мезананд, фикру ҳисси ҳар ду rye
ЛЛ 1 .
Ин фикру андешаҳо, ин ҳама тадкиқу таҳлилҳо дар
охир робитаю хамбастагй ва ягонагии диалектикии хо-
дисахои гуногуни зиндагй, хатто ходисахои зидди якди-
гарро падид овардааст.
Падару фарзанд — Ҳакиму Фарход аз хар чиҳат зид-
ди якдигаранд. Яке чохилу нодон, дурушту дагал ва но-
инсоф, дигаре окилу доно, халиму ботамкин, чавони ма-
дании хозиразамон аст. Дар зиндаги чунин ходисахое
ҳам вокеъ мешавад, ки аз чунон падар чунин фарзанде
мерӯяд. Тадкики бадеии нависанда сабабҳои ҳодиса,
сабаб.ҳои пайдо шудани чунин фарқи байни падару фар-
зандро аз чанд ҷи.ҳат муайян кардааст.
Ҳарчанд ки байни ин ду наели як хонавода то ин да-
рача фарки калон мавчуд аст, тахлилу тахкики бата-
аннии нависанда кам-кам моро водор мекунад, ки ало-
каю вобастагии ин ду наелро бинем, бовар хосил кунем,.
ки яке давоми дигарест. Он хама зишти ва ногувори,
ки дар ин рӯзгори тӯфонии мо пайдо шудааст, ба фаро
расидани ояндаи нек, ба пешрафти замон монеъ шуда
наметавонад. Риштаи пайванди наслҳои гуногуни он
қувваҳои нек ва буньёдкор, ки чамъиятро пеш меба-
ранд, бағоят мустаҳкам аст ва ба чандин ранг зоҳир
мегардад. Фарход дар охири сафар, дар он вакт ки ба
сӯи Москва- рахсипор буд, хис кард, ки ҳамин «рохи
ноҳамвор», «ҳамин рохи танг»-и он деҳаи куҳистон уро
«ба бисьёр роҳҳои фарох медарорад», «ҳамин рохаки
носоз як вактҳо ӯро тадриҷан ба паҳнои олам баровар-
да буд ва боз ба шаҳру дехоти зиёд ва шохроху пайро-
ҳаҳои шиносу ношинос мебарад». Фарход донист, ки
«ин рохаки нообод ибтидои уст, огози зиндагии уст»._
Мо аз қахрамони асар дар холате чудо шудем, ки у
23
бо ҳамин акида, бо ҳамин бовару эътиқод қадамзада,
ба сӯи «паҳнои олам» роҳ пеш гирифтаает ва рӯй ба
ҷониби аъмоки кайхон дорад.
Дар назари аввал чашмандози каҳрамони повести
Саттор Турсун факат бо вокиаҳои конкрети зиндагии
худ маҳдуд аст, вале дар ҳақиқат ӯ ба маънои аслии
ходисаҳои ҷамъият, ба моҳияти зиндагӣ ва қонунҳои
ҳастй чашми диккат дӯхтааст. Ин қаҳрамон аз андеша-
ронй дар атрофи вокиаҳои конкрети зиндагии худ ва
сарнавишти наздиконаш хулосаҳои ҷомеътари фалсафй
баровардан мехохад. Аз андешаҳои ӯ торафт баланд-
тар шуда истодани савияи интеллекту-алии кахрамони
ҷавони ҳамзамон, то рафт амиктар гардидани чусту-
ҷӯхои маънавии ӯ намудор аст.
Масъалаи пайванди наслҳо дар адабиёти сермиллати
советй, аз чумла дар адабиёти тоҷикӣ ҳоло то рафт
чиддитар мухокима шуда истодааст. Чунончи, ҳамон
тавре ки зикраш гузашт, қисман дар повести Фазлид-
дин Муҳаммадиев «Дар он дуньё», хусусан дар романи
ӯ «Палатаи кунҷакй» таҷрибаи маънавии замонҳову
халқҳои гуногун, баъзе лаҳзаҳои тачрибаи таърихии
башарияти тараққипарвар ба доираи андешаҳои чанде
аз қаҳрамонон дохил шуда, дар қатори муҳимтарини анге-
заҳое, ки маънавияти онҳоро ташаккул медиҳанд, қарор
гирифтааст. Дар повести хурди Саттор Турсун гузори-
ши масъаЛа ин дараҷа вусъат надорад ва Фарҳод фа-
кат робитаи маънавии худро бо «ватани кӯчакаш», бо
зодгоҳаш, бо падари бебахт, бо бародарону хоҳаронаш,
бо амакаш ва дигарон ба мулоҳиза гирифтааст., Ин хам
як ҷузъи муҳимми масъала мебошад. Нависанда масъ-
алаи чиддии бузургро факат аз як ҷиҳаташ ба мухоки-
ма оварда бошад хам, боз яке аз падидаҳои муракка-
бияти ҳодисаҳои зиндагй ва диалектикаи зиддиятҳои он
намоён гардидааст,
Дар романи «Палатаи кунчакй», дар повести «Анде-
шаҳои танхои» ва «Пайванд» фаъолиятмандии ичти-
моии навис^ндагон ва каҳрамонон ба дарки амиқи
масъалаҳои асосии вокеияти кунунй нигаронида шуда,
аз ҳамин сабаб боиси амиқ cap фурӯ бурдан ба олами
ботинии ҳамзамонони мо гардид. Дар натиҷа, буньёди
та.ҳқикию таҳлилии наср устувортар шуд.
Ба назари мо, андешапарварй ва майлу рағбати мах-
сус ба таҳлили муфассал ҳозир яке аз равияҳои асосии
24
насри тоники буда, барои инкишофи минбаъдаи он аха-
МИ ОдатанСмохи5таи' хар як ходисаи зиндагй факат ба
воситаи он чунбишҳое, ки дар дили инсон, дар олами
хиссиёту хаяҷони вай рӯй додааст, муайян мегардад
Такроран мегӯем, ки асли зуҳургоҳи ҳакикат Дил“
аст РваР мохияти замонро аз нихонхонахои дили мардум
бояд ҷуст Ҳакиқати таърихро факат аз зоҳири вокиа-
ко ?устан мумкин нест. Аз зохир баъзан танхо як кис-
ми хакикат намоён мешавад ва аксаран хами
ми онро хам дидан муяссар намегардад. Хаме-
Албатта падидаҳои зоҳирии процессхои хает хаме
ша дар адабиёт аҳамият хоҳанд дошт, чунки он*° ***
як ҷузъи ҳаётанд. Лекин агар мохияти ин процессхоро
муайян кардан хохем, бояд ба умки онхо, хусусан ба
дили одамон нигоҳ андозем. й
Ногуфта намонад, ки психологизми насри таҳлил
психологизми маҳз нест. Максади нависандагон ин не ,
ки ба ҳар муносибат ҳама фикру ҳиссиети персонажҳо-
ро бахудаю беҳуда тагу рӯ карда, абраву астар ва пату
ғозашро ба мо нишон диханд. Асоси тахлилии НЛСР а
он сабаб кувват гирифта истодааст, ки тадкики бадеии
нависандагон торафт хусусияти тахкики бамуддаои ин-
тимоию психологиро ба худ бештар мегирад. Адабие
процессҳои мураккаби психологӣ, процессҳои маънавии
ҷамъиятро ба тадкик гирифта, типҳои нави иҷтимоии
психологӣ кашф намудан ва барои амик фахмидани мо-
хияти онҳо кушиш кардан мехоҳад. Шубҳае нест, ки чу-
нин кӯшиш ниҳоят зарур ва багоят муҳим аст.
Масъалаи асосҳои психологии наср хусусан ба му-
носибати пешрафти илмию техники ахамияти калон паи-
до кардаает.. Революцияи илмию техники процесси ами-
ки психологй мебошад ва на факат ҳаёти модди, балки
' тарзи тафаккури мардуми замони мо, психикаи мо, хис-
сиёту ҳаяҷони моро дигар мекунад. Ин дигаргуниҳои
психологй дар насри точикӣ акс ёфта кстодааст. Мо ин-
ро аз қувват гирифтани асосҳои интеллектуалии рома-
ну повесть мебинем. Вале дар назди адабиёт як вазифаи
муҳим ва душвор пеш омадааст, ки дар^ шароити ҳаети
халқи тоҷик бо чӣ хусусиятҳо чараён ёфтани он про-
цессҳои нави психологиро тадқиқ кардан аст. Он тад-
КИКИ бадей, ки ин ҷиҳати ҳаёти имрузаро фаро каги-
рифтааст, тадкики мукаммал ҳисоб шуда наметавонад.
Фаъолиятмандии ҳакикии эҷодӣ, фикру андешахои
25
амику шадиде дар сари масъалаҳои асосии замой кобил
аст, ки арзишҳои ҳақикии бадей ба хосил орад. Ҳамин
гуна фаъолиятмандии пурсамари эҷодӣ, муносибати ҷид-
ди ва тааммукомез ба муҳимтарин масъалаҳои замой
барои дарки амики таърихию фалсафии вокеият замина
ҳозир мекунад.
Ба ранги фаъолиятмандии фикрн падид омадани
фаъолиятмандии иҷтимоӣ дар насри ҳозираи тоҷик
шаклҳои гуногун дорад. Аз байни онҳо мо ин ҷо ду шак-
ли асосиро аз назар гузаронидем: гоҳе ин фаъолиятман-
ди аз кушиши ҷидди дар роҳи дарки амики таърихию
фалсафии воқиаҳои замон ва ҳаетии худ cap зада, гоҳе
мубориза дар роҳи тозаву пок нигоҳ доштани идеалҳои
олии чамъияти мо, дар роҳи софкории ахлоки афроди
он, дар рохи пешбурди минбаъдаи вай мебошад. Шак-
ли якум дар повести Саттор Турсун «Пайванд» ва навъи
дуввум дар повести Урун Куҳзод «Андешаҳои танхой»
зоҳир гардидааст. Аммо дар романи Фазлиддин Муҳам-
мадиев «Палатаи кунҷаки» ҳар ду шакли фаъолиятман-
дии иҷтимои як чо омадааст. Чашмандози вусъатноки
Муҳаммадиев ҷиҳатҳои гуногуни фаъолиятгарии фик-
рии хамзамойони мо ва ҷилваҳои мухталифи онро фапо
гирифта истодааст. ғ
Бо вучуди ин, бояд гуфт, ки чунин андешапарварй ва
тааммуқписанди,^ ки ба ҳалли масъалаҳои мухимми ич-
тимоИ-ва зхлоки равона шудааст, дар насри ҳозираи
точики мавқеи бештар, балки асосй дорад. Назари фал-
сафии қаҳрамони хамзамон дар асарҳои нависандагони
имрузаи тоҷик ҳануз ба маротиб сусттар аст, вале ҳозир
афзоиши камоли ичтимоиву гражданин ин қаҳрамон ба-
рон ин ки андешаҳои ӯ минбаъд торафт бештар ранги
Ф*лсафи гирад, замина тайёр карда истодааст.
Муносибати фаъолона ба ҳодисаҳои чамъият, анде-
шапарварии фаъолонаи иҷтимоӣ боиси рушду камоли
маънавию интеллектуалии шахе мегардад ва чанбаи
фалсафии мулоҳизаҳои ӯро амиқ мебарад. Аммо фикру
андешахои руякии оҷизона ва хакиқа?ҳои оддииФмаъ-
Аяпг.яМжНеаИ ҶНДДН дар роҳи устувор кардани пояҳои
фалсафии наср аст. Мо инро аз баъзе асарҳои наерна-
висҳои точик дида истодаем. Қатъиян бартараф наму-
Д«ГНеа ЯКе 33 ШарТҲ0И МУҲИМИ ба даст оварда-
ни чамъбастҳои амики таърихии фалсафй мебошад
Шакли дуввуми фаъолиятмандии иҷтимой, ки мо дао
боло гуфтем, одатан боиси кувват гирифтани рӯҳи граж-
26
лани на оҳанги публицистии асар мегардад. Боло ги-
пигЬтани хиосиёту харорати граждани ба асар кувва)
махсуси эмоционалӣ бахшида, роли адабиетро дар хал-
ли масъалахои пешрафти ичтшои зиедтар меку^ад.
Пар айни замон, аз хад зиед қувват ефтани рухи пуоли
цистӣ мумкин аст, ки дар баъзе 'Мавридҳо ба ҳалли ба-
деии масъалаҳои иҷтимои халал расонад^ ; у
соли ин ҳолатро дар як маколаи дигар аз назар гуза
ронида будеМц ёфтани рӯҳи гражданӣ ин аст, ки
гох на як-ду масъала, балки якбора масъалахои бисьере
ба доираи андешахои каҳрамонон дохил мегардад. Я
аз хусусиятҳои муҳимми симои маънавии каҳрамонони
«Палатаи кунҷаки» ва «Андешаҳои танхои» маҳз ха-
мин аст: бисьёр вақтҳо фикри онҳо дар сари як масъ-
ала қарор наёфта, гӯё ҳамаи масъалахо ва тамоми ҷамъ-
иятро фаро гирифтан мехоҳад. Ин ҳам яке аз ниш°н
ҳои фаъолиятмандии гражданин онхост. Гуе ягон ма
алаи иҷтимой вест, ки ба онҳо дахл надошта бошад ва
фикри онҳоро ба худ банд накунад. 0T10«„
Ин чашмандози васеи қахрамони ҳамзамони адаои-
ёти мо асоси ҳаётӣ дорад ва дигаргунихои^чиддиеро, ки
дар симои маънавии мардуми совета рӯи додаанд— му-
раккаб шудани маънавият ва шавку ҳавасҳои ичтимои,
афзудани масъулиятшиносии онҳоро ифода мекунад.
Васеъ шудани доираи масъалахои ичтимоӣ масъ-
алахои бисьёреро дар бар гирифтани асари бадей (на
факат роман, балки хатто повесть) ходисаи муҳимми
замони мост. Ин ҳодиса душворихои нави эстетики пеш
меорад ва ҳоло ҷустучуҳои бадеии нависандагон ба хал-
ли ин душвориҳо равона гардидааст. Душвории асоси
ин аст, ки чун масъала бисьёр шуд, халли мукаммали
ҳамаи онҳо ҳамеша муяссар намегардад. Инро хусусан
аз асари Ӯрун Кӯҳзод «Андешаҳои танхои» дидан мум-
кин аст. Чунон ки проф. Р. Амонов дар як муҳокима
кайд карда буд, нависандаи ҷавон дар ин повесть ба
баъзе масъалаҳое, ки пеш гузоштааст, ханӯз ҷавоб на-
гуфтааст. Дар асар фақат гузориши масъала дида ме-
шавад, аммо ҳалли он ба назар намерасад. Дар охири
ин повесть ҳатто ҳалли конфликт бо чазои маъмури,
бо ёрии прокурору милиция сурат гирифтааст, ки ба-
рон ҳалли ҷиддии ғоявню бадеии он кушиш накардани
нависандаро нишон медиҳад. Бешубҳа, инро яке аз сус-
тиҳои повести Кӯҳзод бояд донист.
27
Дар айни замон, инро ҳам бояд гуфт, ки аз ҳар аса-
ри бадей оид ба ҳар як масъалаи иҷтимоӣ ҳатман як
ҷавоби тайёр талаб кардан лозим нест. Хусусан дар
навъи дуввуми «роману повести. андешаҳо», ки масъ-
алаҳои муҳимми иҷтнмоӣ, ахлокй ва ғайра бо хиссиёти
баланди публициста ба муҳокима омадааст, бечавоб
мондани баъзе саволҳо ҳеҷ ҷои тааччуб надорад. Дар
ин гуна асарҳо бештар масъалаҳои ҳалталаби ичтимоӣ,
масъалаҳое, ки ҷамъият бояд ҳал кунад, мавриди ан-
деша қарор меёбанд. Аз эҳтнмол дур нест, ки худи на-
висанда ба он масъалаҳо, ба он саволҳои худ ҳанӯз ҷа-
воб наёфтааст ва мехоҳад, ки ҷамъият чавоб чӯяд. Шо-
яд нависанда мехоҳад, ки фикри аҳли ҷамъиятро дар
сари ин масъалаҳо гирд оварад, фикрҳоро такой ва ҷун-
биш дода, ба ёфтани роҳи ҳалли ин масъалаҳо сафар-
бар кунад. Худи нависанда роҳи ҳалли маеъаларо на-
ёфта ё нагуфта бошад, айбе нест, балки баръакс гоҳ
дар ин сурат қувваи сафарбарии асар зиёдтар мешавад.
То чи андоза қувваи сафарбарй доштани асар вобаста
ба ин аст, ки нависанда масъаларо то чӣ андоза дуруст
пеш гузоштааст ва моҳияти онҳоро то чй дараҷа амиқ
муайян кардааст. Агар-нависанда масъаларо лоакал аз
ягон ҷиҳат бо диқкат санҷида, аҳамияти ҷамъиятӣ ва
ҷиддияти онро намоён карда бошад, асари ӯ имкон хо-
ҳад дошт, ки фикрҳоро ба ҳаракат оварда, барои хал-
ли масъала ба рохи ҷӯяндагӣ барад. Аҳамияти чунин
асарҳо дар ҳамин аст.
Мо ақида дорем, ки ҳам романи Фазлиддин Муҳам-
мадиев «Палатаи кунҷакӣ» ва ҳам повести Ӯрун Кӯҳ-
зод «Андешаҳои танхоӣ» дорои чунин кувваи сафарба-
ри мебошад. Ин асарҳо қудрате доранд, ки бо гузори-
ши амиқ ва тезу тунди масъалаҳо фикри хонандаро,
фикри чамъиятро фаъол мекунанд. Қаҳрамони асари
Қуҳзод дар амалиёт ҳануз фаъол набошад ҳам, на фа-
цат фикри у фаъол аст, балки мавқеи чамъиятии худи
нависанда ҳам мавқеи фаъолона мебошад. Ҳамин мав-
кеи чамъиятии фаъолонаи нависандагон, фикри амик-
рав ва эҳтироси баланди гражданин онҳо мазмуни гоя-
вии асарашонро муайян кардааст.
Гӯё он рӯз дур нест, ки шахсияти тафаккурписанд,
чунин шахсияти кави, ки ҳамеша дар ҳаракату дигаргу-
нии ботинии пуршиддате буда, олами маънавиаш вусъат
мегирад; дар катори қаҳрамонони асосии насри точикй
ҷойгоҳ ёбад. Ба назар мерасад, ки повестьҳои Фазлид-
28
дин Муҳаммадиев ва романи ӯ «Палатам кунчаки», по-
вестьҳои Ӯрун Кӯҳзод ва Саттор Турсун «Андешаҳои
танхой» ва «Пайванд» бо вучуди баъзе камбудиҳояшон
(хусусан нуфузи публицистика) ба омадани чунин қаҲ-
рамони тааммуқписанд, ки ба оламу ода^м бо нигохи
баркамоли фалсафӣ менигарад, замина тайёр карда ис-
тодаанд. Ҷустучӯҳои эҷодии солҳои хафтод барои пай-
доиши чунин қаҳрамон беш аз пеш шароит муҳайё кард.
Омадан ё наомадан ва ба чӣ ранг омадани ин қахрамон
вобаста ба он хоҳад буд, ки чустучӯҳои эчодии ҳозираи
нависандагони мо минбаъд чӣ мазмуне ба худ хохад
гирифт ва то чй андоза амиқ хоҳад рафт.
Ба чӣ ранг, ки бошад, ин қаҳрамон бояд ҳатман дар
майдони наср пайдо шавад!
1977
САДОҚАТ БА ИДЕАЛХ.ОИ ОЛЙ
1
Шоири маъруфи советй Евгений Винокуров дар як
сӯҳбат гуфта буд:
«Машҳур аст, ки шоир гирифтори як фикри сахтчас-
пи доимии худ ба дуньё меояд. Ин фикр як умр бо ӯ
хоҳад буд ва ӯ ҳамеша кӯшиш хоҳад кард, ки онро бо
образҳо баён намояд. Ҳамин фикр ба ҳама шеърҳои як
шоир ягонагии ботинй мебахшад. Шоир аз миёни рӯй-
додҳои бениҳояти дуньё фақат он чизеро, ки ба навъе
бо он фикр алокамандй дорад, интихоб менамояд: он
фикр риштаест, ки шоирро дар байни факту ҳодисаҳо
роҳ гум кардан намемонад».1
Ин ran на фақат дар бораи шоирон, балки дар Дак-
ки бисьёр носирон, драматургҳо ва дигар эҷодкорон низ
дуруст аст. Нависандаи ҳақиқӣ ба мардум ҳатман фик-
ри муҳиме мегуяд. Мумкин аст, ки ин фикри вай дар
як ё ду-се асараш барчастатар, дар дйгар асарҳояш
нисбатан ноаён ифода шуда бошад, лекин хама тако-
пуҳои вай дар атрофи ҳамон фикри асосй чараён меё-
бад. У мехохад, ки онро барои худ ҳамаҷониба равшан
кунад, паҳлуҳои нав ба нав, тобишҳои тоза ба тозаи он-
1 Евг. Винокуров. «Подайте мне смысл!», «Лит. Росс» 29
июня 1979 г., с. 11.
29
ро ошкор созад ва мардумонро — хонандагони худро
низ ба ин процесси мураккабу пурмашаккати ҷустуҷӯ-
ҳои маънавй шарик намояд. Бино бар ин, аз чунин асар-
ҳо олами фикру эҳсосоти хонанда ғанитар, чашми вай
бинотар, ақли ӯ расотар мешавад.
Тамоми насри бадеии устод Айнй ба таҳқиқи як мав-
зуъ бахшида шудааст. Мавзӯи асосии ӯ сарнавишти таъ-
рихии халқи тоҷик, роҳи точикон ба сӯи Октябрь, ба
суи эҳьёи миллй мебошад. Устод ҳамин мавзӯъро аз
ҷиҳатҳои гуногунаш тадқиқ кард, таҳкикро торафт
амиқтар бурд ва ҳакикати таърихиро торафт мукаммал-
тар падидор овард. Ҳатто як ҳодисаи конкретро чанд
бор ба таҳқиқ гирифтани Айнй ба назар мерасад: хам
дар «Одина» ва ҳам дар «Дохунда» аз тӯю сур ва азо-
ву мотами заҳматкашон истифода карданн истисморга-
рон ва бенавоёни софдилро бо фиребу найранги «ғам-
хори» ба доми худ гирифтор кардани онҳо тасвир ёф-
тааст. Вале чунон ки дар зиндагӣ ҳар воқиа чанд бор
такрор шавад, ҳар дафъа кам ё беш ба тарзи дигаре
руй медиҳад ва маънои наве мегирад, он лаҳзаҳои мо-
нанди якдигар да'р асарҳои Айнй ҳам такрори махз нес-
танд, балки дар рохи кашфи асрори зиндагии халк то-
рафт дм и қ шудани фикри чӯяндаи ӯро нишон медиханд.
Ягонагии мавзуи масъала дар эчодиёти баъзе аз
дигар нависандагони ҳозираи тоҷик ҳам дида мешавад.
Ин ягонаги гоҳ тамоман ошкоро ба назар мерасад, ам-
мо дар баъзе мавридҳо зоҳиран чандон равшану возех
ифода нашудааст ва нишонахои зоҳирии чашмрас кам
дорад. Дар ин сурат, чунин ягонагиро муайян кардан
душвортар аст ва аз мунаққидон дар таҳлилу чамъбаст
нозукбинии бештаре талаб мекунад.
Мавзӯу масъалаи асосии эчодиёти баъзе нависанда-
гон хеле барвақт муайян шудааст. Яке аз чунин наср-
нависони мо Урун Кӯҳзод мебошад. Аз аввал тамоман
равщан аст, ки у фикру андешаҳои мухимме дорад ва
хамаи онҳо дар гирди як масъалаи муайян чарх ме-
зананд. Хусусан ҳангоме ки маҷмӯаи ӯ «Кини Хумор»
чоп шуд (1978), он ҳодисаҳое, ки диккати ӯро ба худ
бештар кашида истодаанд, он андешаву мулохизахое,
ки ӯро хамеша побанди худ медоранд, равшантар на-
моён гардид.
Пас, он ҷиҳатҳои зиндагй, ки мавриди омӯзиш ва ан-
дешаҳои Урун Кӯҳзод қарор ёфтаанд, кадоманд?
Куҳзод он ҳодисаҳоеро, ки ба инкишофи фардияти
■г -
30
инсон, ба тарақкии ҳамаҷонибаи шахе мамониат меку-
нанд, чунин хислатҳоеро, ки инсони имрӯз дар натичаи
озод'шудан аз қайди онҳо шахсияти худро устувор ме-
намояд, бештар ба муҳокима гирифтаает.
Вай муборизаи сахти навию кӯҳнагй, то чи андоза
ҷонсахт будани ҷаҳонбинии куҳна, тасаввуроти ноду-
руст ва ПИНДОШТҚОИ нораво, бо чи азобхо ташаккул еф-
тани шуури тозаи замониро таъкид кардан мехоҳад.
Ҳоло аз тадқикоти илмии социологҳои совети ви баъ-
зе кишвархои социалистй торафт равшантар_ маълум
шуда истодааст, ки ташаккули шуури нав, меъёрҳои на-
ви зиндагиро дар амалиёти ҳаррузаи худ устувор кар-
дани шахе процесси басо мураккаб ва сермашаккат бу-
да, баъзан хеле дуру дароз давом ёфтанаш мумкин аст.
Ғайр аз ин, дигар шудани чаҳонбинии инсон, бо таъси-
ри омилхои муайяне аз баъзе тасаввуроти устувор дил
канда ба фахмиши наве майл пайдо кардани шахе як
процесси механики нест, ки худ ба худ ва беозор су-
рат тирад, балки гоҳ бағоят кори душвор буда, шидда-
ти азими кувваи ҷисмониву маънавиро ба миёц меорад,
сабабгори драмаҳо ва фоҷиаҳое мегардад. Куҳзод хам
дар ин рох фочиахоеро дидааст ва дар сари мохияти
онҳо бо ҳаяҷон андеша рондааст. Аз ин фоҷиаҳо инчу-
нин маълум мешавад, ки зиштиву бадкорн дорой кув-
ваи дахшатангезе мебошад ва дар дами март, хангоми
талвосаи чонканй мумкин аст. ки кувваи он яке бар
чанд афзояд.
Лекин дар асарҳои Куҳзод фақат гохе шиддати вазъ-
ият то дараҷаи фоҷиа расидааст (чунончи дар ҳикояҳои
«Пули ларзон» ва «Достони муаллим»). Дар дигар мав-
ридҳо бештар як навъ драматизми холати рухи, дра-
матизми фикр ба назар мераеад.
Насри Кӯхзод насри психологи, насри андешаҳост.
Нависанда ва қаҳрамонори ӯ рӯйдодҳои зиндагиро бо
ҳиссиёт ба андеша гирифта, маъною мазмуни онро ҳар-
тарафа санҷидан мехоҳанд ва хонандаро маҷбур меку-
нанд, ки низ баробари онҳо фикр кунад, барои фаҳми-
дани мохиятИ он ҳодисаҳо кушиш намояд.
Ҳамин андешаву ҳиссиёти пуршиддати кахрамоно-
ни Кӯҳзод бисьёр мухим аст. Аз он сабаб муҳим аст, ки
кувваи фаъол мебошад, ба дили хонанда, ба шуури вай
таъсири пурзӯре мерасонад, олами фикру ҳиссиёти уро
фаъол мекунад. Ба назар мераеад, ки Кухзод дар назди
худ чунин вазифа гузоштааст: мехоҳад бо кувваи суха-
31
ни бадеии публициста, бо таъсири шиддати фикру хис-
сиёти қаҳрамононаш маънои ҳодисаҳон зиндагиро ба хо-
нанда фаҳмонад, то ки хонанда моҳияти руйдодхои ат-
роф, моҳияти ҳастии худро амик фаҳмад ва аз руи ин
фахм тарзи зиндагии худро дигар кунад.
Албатта, дарки амики моҳияти руйдодҳои зиндаги
вазифаи ҳар як нависа,нда дар хар як асари бадей ме-
бошад. Лекин Кӯхзод ин вазифаро хеле ошкоро ва бо
мулоҳизарониҳои ҳаяҷономези публициста ичро кардан
мехоҳад. Аз ин сабаб, дар насри бадеии Кӯхзод чихати
маърифатомӯзӣ хеле қувват гирифта, то андозае хусу-
сияти маорифпарварй пайдо’кардааст. Гох асарҳои Кӯҳ-
зод он танқиди сахти урфу одатхои зарарнок, он танки-
ди бераҳмона, вале маърифатомӯзона ва маорифпарва-
ронаро, ки дар эчодиёти нависандагони ибтидои асри
XX, на фақат нависандагони онвактаи точик, балки дар
маҷаллаи озарии «Мулло Насриддин», дар эчодиёти
ҳачданависи озарӣ Ҷалил Муҳаммадқулизода ва дигар-
ҳо дида мешавад, андаке ба хотир меоранд. Тасаввуро-
те пайдо мешавад, ки _ҳамон равия бо мазмуну шакли
наве дар навиштаҳои Ӯрун Кӯхзод давом ёфта истода-
аст. Албатта, шояд асарҳои Кӯхзод бо «Мулло Насрид-
дин» ва ё дигарон заррае алокаи бевосита надошта бо-
шад, вале ба ҳар ҳол вазифае, ки ӯ дар назди эчодиёти
худ гузоштааст, гоҳ-гоҳ андаке унсурҳои маорифпарва-
риро ба миён меорад.
Ба фикри мо, дар асарҳои Кӯҳзод кувват гирифтани
ҷанбаи маърифатомӯзй ва пайдо шудани баъзе нишо-
наҳои оҳанги маорифпарварй ҳодисаи мухиммест. Инро
ба ҳец ваҷҳ анахронизм ё ҳодисаи тасодуфй донистан
лозим нест. Ин аз зарурати иҷтимой, аз вазифаҳои, тар-
биявии адабиёт, аз он шаклҳои хоси зуҳуроти вазифаи
тарбиявии адабиёт, ки аз шароити ҳаёти халқи точик
пайдо шудаанд, cap задааст.
Маорифпарварии ҳозира аз маорифпарварии пешта-
ра, чунончи аз давраи ибтидои асри XX, ба куллй фарк
мекунад. Акнун асоси ичтимоии он дигар шудааст. Ҳо-
ло маърифатпарварй ба вокеияти нави замони мо такья
дорад ва равшангари афкори мардуми замони инкило-
би илмию техникй мебошад.
Муборизаи зидди боқимондаҳои зарарноки замонхои
гузашта ҳоло дар республикам мо аҳамияти махсус до-
рад ва рӯз то рӯз тезу тунд шуда истодааст. Ин ҳолат
водошт ки ҳам кори тарбиявӣ ҳам кори ходимони ада-
32
биёту санъат, аз чумла тадкики бадей шаклхои хос
дошта бошад. Андак ранги маорифпарварн паидо кар-
дани тадкики нависанда яке аз ҳамин хосиятҳост ва аз
хосияти миллии зиндагй пайдо шудааст. Ин чо бо хаети
вокеии халк, бо ичрои мухимтарин вазифаҳои ичтимоии
Гсахт алокаманд будани адабиёти тоники, инчунин
насри Ӯрун Кӯҳзод ба хубй намоён мегардад.
Ин хусусиятҳои эчодиёти Кухзод аввал дар дувву-
мин повести ӯ «Писанддара» (1974) барчаста падид
омад. Зухуроти гуногуни зиндагии бемаънавият, танг-
назарп ва кӯтоҳбинӣ, бехабари аз дуньё ва аз худ, ки
ба шаъни инсон, хусусан ба шаъни мардумони замони
мо хеч муносиб нест, дар ин повесть хеле муфассал, аз
чанд чониб бо тобишҳову чилваҳои мухталифаш аз на-
зар гузаронида шуд. Аз ҳамон вакт тасвирҳои Кухзод
тасвирхои бетарафона ва беҳиссиёт набуданд, балки
ҳар як лавҳа бо ҳаяҷони баланд ба калам омада буд.
Нависанда аз дилу чон хостааст, ки кабоҳати зиндагии
махрум аз идеалхои олии инсониро ба худи онҳое, ки
чуиин зиндагй ба cap мебаранд, намоён кунад, ба худи
онҳо фаҳмонад, ки онхо бо чунин зиндаги моҳияти ин-
сонии худро аз даст медиханд.
Ин тасвирхои муфассал ахамияти калон доранд. Яке
аз қахрамонони Кӯҳзод дар повести «Кини Хумор» он
ҳақиқатеро, ки кайҳо боз маълум аст, боз як бор бо
ин савол ба миён гузошт: «Магар он одатҳое, ки замо-
ни нав ба мукобилаш киём кард, ба катори душманҳо
намедароянд?» Албатта, дар повесть ба ин савол чаво-
би- мусбат дода шудааст. Дар хақикат, он бокимонда-
ҳои зарарноки гузаштаи дур дар шароити имруз, дар
замони инкилоби илмиву техникй барои халки мо аз
сахттарин душманҳо мебошанд. Пас душманро бояд
донист. Мо ин душманро бояд ҳар чй мукаммалтар до-
нем, шаклҳои нав, шаклхои имрӯзаи зоҳир шудани мо-
ҳияти тағйирнопазири онро бояд нағз шиносем, то ки бо
вай мубориза бурда тавонем. Он тасвирхои муфассали
Кӯҳзод дар рохи ҳамин максад хизмат мекунанд. Таҳ-
қику таҳлилхои доманадоре, ки аз онҳо зиндагиро нагз
донистани нависанда маълум мегардад, нишопаҳои кон-
крети он ҳодисаҳоеро, ки мавриди тадкик карор ёфта-
анд, намудор мекунанд, моҳияти онҳоро амиқ мекушо-
янд.
3—277
33
2
Аҳамияти ҷанбаи публицистии тадқиқи Қӯхзодро
алоҳида кайд кардан лозим аст. Оханги публициста, он
мулоҳизарониҳои публицистнн ҳаяҷономез, ки гох аз
забони муаллйф ва гоҳ аз забони қаҳрамонон омада-
анд, на факат барои амиқтар намудор кардани моҳия-
ти руйдодҳо ёрмандӣ мекунанд, балки мабдаи фаъоло-
наи тадкики нависанда ва рӯҳи гражданин асарро қув-
ват медиҳанд. Мабдаи фаъолонап публицистй як кисми
тасвири психологӣ мебошад, зеро мулохизарониҳое дар
атрофи масъалаҳои ҷамъиятӣ (дар бораи масъулият-
шиносии иҷтимоиву гражданин шахс ва монанди инҳо) ба
олами маънавии қаҳрамон фаровон роҳ ёфта, дар анде-
шаҳои у, инчунин дар таҳлили психологии нависанда
мавкеи калон ишғол менамоянд. Ин ҷанбаи публицистй
РӮхи граждани ва таъсири эмоционалию ғоявии тасвири
психологиро ба маротиб меафзояд.
Аз ин ҷост, ки дар ҳикэяхои психологии Кӯхзод ҳам
порчаҳоп очерки дида мешаванд ва баъзе порчахо хат-
то ба мақолаи публицистй наздик шудаанд.
Ҳикояи «Достони муаллим» cap то по аз андешаҳои
қаҳрамони беном — як муаллим ва фидоии матини роҳи
маорифи халқ иборат аст, аз он фикру хаёлҳое иборат
аст, ки у дар дами март, дар остонаи ба ҳалокат раси-
данаш аз дасти босмачиён дошт. Нависанда образи яке
аз он босмачиён — Табари кулдурро, ки «марди содда
ва чаш ми дилаш кур» буда, аз ӯ «хӯса сохтаанду ху-
даш бехабар аст», ба вуҷуд овардааст. Вақте ки муал-
лими каҳрамон рафтору кирдори Табар, мутеиву фар-
монбардори, беандешагиву бетамизиҳои ӯро фикр ме-
кард, «Табар ба назараш рамзи ҷаҳолату торикй намуд,
ки дар сурати одами» намудор аст. Табар аз намоянда-
гони синфҳои истисморгар нест, аз мардуми оддист, ле-
кин бозичаи дасти босмачиён мебошад. Муаллим саба-
би ин холатро аз тарзи зиндагии аҳли деҳаи Хунукчаш-
ма чуста, он муносибатҳоеро, ки дар байни мардуми деҳа
ҳукмрон буд, сабаби асосй донистааст. Муаллиф ба чу-
нин андешахо рафтааст: «Шахс дар ин деха озодии кэ-
мили рафтор надошт, кори дилхохи худро озодаву дил-
пурона ба амал бароварда наметавонист: ҳамеша дар
зери тазъиқи бори назорату надомату1 таънаи атрофи-
1 Калимаи «надомат», ки маънон он пушаймонист, ин чо мав-
рнд надорад ва зиёдати омадааст.
34
ён меистод — мулоҳиза домангираш буд, ки кунам чи
шаваду накунам чӣ шавад? Ҳар як фард худро хакдор
мешуморид ба кори шахси дигаре дахолат кунад ва дар
хар кор бартарй доштани худро таъкид карда истад.
Дар айни ҳол ҳамаи ин «даъвоҳо» аз доираи одоби му-
теона берун намебаромад. Хулоса, расму одатҳои мар-
думи Хунукчашма монанди ҳотаҳои назди ҳавлиашон,
монанди заминхои корами порча-порчаи адирҳо ва ни-
хоят монанди косагии байни кӯҳҳо, ки деха (он ҷо)
воқеъ гардидааст, доираи махдуде дошт».
Ин андешаҳои кахрамон дароз аст. Мо ин чо факат
як кием и онҳоро зикр кардем. Махз хамин мулоҳизаро-
ниҳо дар сари масъалаи ичтимой, дар бораи чигунагии
муносибатҳои ҷамъиятии мардум ва накши онҳо дар
хислатҳои инсон — мулоҳизарониҳое, ки ошкоро тамо-
юли публицистй доранд, яке аз мухимтарин воситахои
кушодани характер — ҳам характера кахрамони асосй
ва хам Табар мебошад.
Аз порчае, ки дар боло овардем, харчанд ки дар баъ-
зе мавридхо матлаб чандон равшану возех ифода нашу-
дааст, чй чизҳоро бокимондаи зарарноки чамъияти кӯҳ-
на ҳисоб кардани нависанда ва онҳоро аз чй сабаб за-
рарнок донистани ӯ равшан аст.
Нависанда масъалаи шахе ва чамъиятро пеш ғузош-
та, бештар он чизҳоеро, ки дар чамъияти гузашта ба ин-
кишофи озодонаи шахсияти инсон халал мерасонид ва
бокимондаҳои он имрӯз хам халал мерасонад ба тах-
кик гирифтааст ва дар рохи решакан кардани таъсири
онхо чидду чаҳд дорад. Дар ҳикояи боло ва хикояхои ди-
гари Кӯхзод падидахои гуногуни чунин маҳдудияти на-
зар, чунин бебасоратй, ки боиси поймол шудани хукуки
инсон, сабабгори тахкир дидани ҳиссиёти инсонии вай
гардида, дар зандагӣ бемақсадй, беиродагй ва нотавони-
ву оҷизиро ба миён меорад, бо диққат аз назари таҳ-
қиқ гузарондааст.
Нависанда аз и.н дидгоҳ ба тақдири занони точик
бештар назар афкандааст. Дар хикояхои ӯ исьёни занон,
cap бардоштани онхо бар зидди махдудиятҳои бешумо-
ре, ки урфу одат дар роҳи бахту саодати инсонии за-
нон мегузорад, тасвир ёфтааст. Боз ҳам падидаҳои гу-
ногуни ин ҳодиса ба таҳкиқ омадааст. Исьёни занон
шаклан ва моҳиятан гуногун аст.
Қаҳрамони ҳикояи «Пули ларзон» Нурбибй охир худ-
35
ро ба дарьё партофт ва аз зиндагии чуривор, аз азэб-
ҳои тоқатфарсои хонадоне, ки он чо занро канизаки зар-
харид медонанд, халос шуд. Ҳудкушии Нурбибй нишо-
наи ноилочй, аломатп очиз омадани у аз мубориза буд.
Лекин ба -ҳар хол ин ҳам исьён.аст, ин хам як навъе
овози эътироз баланд кардан, сахт маҳкум намуданн
расму таомули дур аз инсоният мебошад.
Нависанда сабабхои аеосии чунин ранг гирифтани
еарнавишти қаҳрамонашро боз дар ҳамон кӯшпшҳон
маҳдуд кардани хукуки инсон дидааст. Падару мода-
ри меҳрубон фарзанди кобнл, баодоб ва боиффат тар-
бия кардан мехостанд, лекин қобиливу одобро чунин
мефахмиданд, ки агар фарзанд андак истиқлол зоҳир
кунад, дарди дил гуфтанй ва ё норозпги кардани ша-
вад, мегуфтанд: «Ба рӯи падару модар надав, онхо бах-
ти туро мехоханд». Тамоми «муҳнт талкин мекард, ки
шарти фарзанди дар итоат» аст. «Дилбастагии ғулэмо-
на ба хешу табор, тарси соддалавҳона аз ғайбату таъ-
наи мардум» дасту пои занро баста медорад ва имкон
■намедиҳад, ки ӯ кадаме ба хоҳиши дил пеш гузорад.
Нурбибй ба чунин муносибати ноинсофона, ба чунин
муомилаи хориовар ва пуртаҳқир дигар токат карда на-
тавонист.
Боз як навъи исьёни зан дар асарҳои Кухзод тас-
вир шудааст. Ин бо сарбаландй намоён кардани хисси-
ёти дили мехрпарвари худ, бо ифтихор устувор наму-
дани ҳуқуқи инсонии худ мебошад. Санавбар дар хи-
кояи «Никоҳ бо корд» (ки соли 1974 бо номи «Ишки
нотамом» чоп шуда буд) ба ҳамин роҳ кадам гузошт.
Вай рӯзе, ки маҳбубаш Умар ба майдони ҷанги зиддп
фашистон мерафт, ҳиссиёти пурчӯши худро пинҳон Ри-
карда, дар пеши чашми тамоми аҳли деҳа «ба гардани
Умар даст ҳалка кард ва тез-тез се бор бӯсид». Албат-
та, дар шароити хукмронии тасаввуроти кӯҳна ин кори
Санавбар як навь қаҳрамонй буд. Ҳамаи онҳое, ки на-
мудор шудани ҳисспёти зебо ва мукаддаси инсонро айб
медонистанд, Санавбарро маҳкум карданд. Ин аст, ки
«дар як деха дар байни одамони бисьёре Санавбар тан-
ҳо буд». Вале ӯ қагъан бовар дошт, ки «аз хамаи гир-
ду пеш будагон як сару гардан баландтар меистад»,
зеро «муҳаббати худро ҳимоя карда тавонист».
Мо аз «Ёддоштҳо»-и устод Айнй Ҳабибаи сохибча-
мол, нозук ва шеъриятпарварро дар хотир дорем, ки ба
сарзаниши мардум эътибор надода, дар роҳи ишқ ус-
36
tvbod кадам гузошт ва аз дасти маҳбубаш гирифта ба
козихона бурду аз қозӣ талаб кард, ки онҳоро никоҳ
кунад СанЖари хикояи Кухзод низ аз хамин гуна
ҷасорату қатъият баҳраманд аст. Снавбар ҳам тачас
cyMif кувваи ишқ ва азму иродаи қави, вафо ва усту-
ВОРИЧуМнобн°ТиДдидеМ, дар хикояи «Достони муаллим»
тазъиқи бори «назорату таънаи атрофией» яке аз cap
чашмахои тангназарй дониста шуда буд. Дар хикояи
«Пули ларзон» ҳам «тарси соддалавҳона аз ғ^ату
таънаи мардум» маҳкум шудааст. Дар хикояи «Никох
бо корд» боз ба ин мавзӯъ дучор меоем. Ии чо хам аз
хусуси «рохи халосй аз таънаву маломати мардум» су-
хан рафтааст. Нависанда гаштаву баргашта ба ин
масъала рӯ оварда, чи онҳоеро, ки зиндагиашон бо ғаи-
бату сарзаниши дигарон мегузарад ва ба қавли халка-
мон «кури худу бинои мардум» ҳастанд, чи онхоеро ки
аз гап-гапи бефаросатхо, аз миш-миши ҳангоматалабҳо,
аз айбчӯиву айбшумории нотавонбинон андеша карда,
падидахои эҳсосоти начиби инсони ва рафтори прин-
ципиалии мустакилонаи худро махдуд менамоянд е ис-
тиқлоли фикрро аз даст медиханд, баробар мазаммат
кардааст.
Дар ҳақикат, аз руи гапи мардум зиндаги кардан
мумкин нест. Мардумон гуногунанд ва ҳар кас ба таври
худ фикр мекунад. Ба гуфти Ҳофиз, фикри хар кас ба
қадри ҳиммати ӯст. Аммо онхое, ки фикри худро ба гар-
дани дигарон бор кардан, фикри дигаронро ба тобеияти
худ даровардан мехоханд, аксаран аз химмат бегона-
анд. Ҳар кас худаш бояд як фикру акидаи муайян, як
максаду мароми начиб, як эътикоди кави дошта бошад
ва аз рӯи он дар зиндагй амал кунад, аз чумла фикри
дигаронро кабул ё рад намояд.
Санавбари хикояи «Никох бо корд» бо хама чавони
дар дил чунин куввае дошт, ки ба мукобили фикри но-
равои мардум, бар зидди махдудкорни соҳибони тасав-
вуроти пӯсидаи урфӣ бо камоли ҷасорат исьён кунад
ва дар рохи устувор намудани шахсияти зӯрмайди худ
кадами катъй бардорад. На факат ин кахрамонии.^у
маҳсули замони мо, махсули таълиму тарбияи мактаби
советист, балки бечазо мондани ҷасорати вай хам факат
дар замони мо имконпазир шуд. Аз ин рӯ, падараш бо
ҳасрат мегуфт: «Замона намебардорад, набошад, ин
сиёҳмиларо бо дасти худам хафа карда мекуштам». Оре,
37
замена дигар шудааст ва акнун дасти чунин «ғайрат-
маддон»-и беандеша кӯтоҳ аст.
Дигар шудани замона барои зоҳир шудани шахеи-
яти Санавбар, барои ҳаёти пурмазмуни <;арбаландона
cap кардани ӯ заминай мустаҳкам ба вучуд оварда бо-
шад, чунон ки дидем, ба баъзеҳо маъкул нест. Дар ди-
гар мавридҳо хам муносибати қаҳрамонон ба тагайюро-
ти зиндаги гуногун аст. Қаҳрамони хикояи «Арафаи
навруз» Миробид низ дар охири умр фаҳмид, ки «за-
мона дигар шудааст, одамон ҳам дигар шудаанд». Вай
дар назари аввал ҳануз намедонад, ки замона «хуб шу-
дааст ё бад», лекин тағьир ёфтани онро ба якин ди-
дааст. Боз муҳим ин аст, ки Миробид аз зиндагии пеш-
тараи худ, аз зиндагии он вактҳо, ки дигар шудани
дуньёро ҳануз нафаҳмида буд, сахт пушаймон аст. Ин
қаҳрамони Куҳзод монанди каҳрамони хикояи Саттор
Турсун «Ситораи корвонкуш» дар дами марг рохи ҳаё-
тии худро ба ҳасрату надомат аз пеши назар гузаро-
нидааст.
Миробид дар дами вопасип аз кадом кирдорҳои худ
пушаймон аст? Ин чо боз дар андешаҳои кахрамон
масъалаи муомила ба зан ба мавқеи аввал меистад.
Миробид акнун фаҳмидааст, ки дар давоми чил соли
ҳамхонаги бо зани марҳумаш «ҳамеша ҳамроҳ ва хаме-
ша бегона будаанд». Вай акнун ба рӯҳи покн завчааш
мурочиаткунон иқрор мекунад, ки ин шавҳари ношуд
(яъне худи Миробид) як умр «аз паи таъмини рӯзго-
рат буд. Балла меовард, латта меовард, молу ҳол ғун
мекард» вале «туро ҳам қатори молаш мешуморид. Ро-
зи дил намегуфт, баробари худ намедонист. Орзуву ха-
васатро намепурсид. Кудак гирья кунад, ба сари ту
мушт мебардошт; нон сӯзад, туро мезад: таом дер тай-
ер шавад, туро дашно_м медод. Ва ту лом намегуфтй».
Нишонаҳои курдили, ки дар муносибати ба зан зо-
ҳир мешавад, дар ин андешаҳои Миробид муфассалан
омадаанд. Миробид ҳамаи онҳоро фикран аз назар гу-
заронида, он хислатҳоро ҳам ва худро ҳам махкум
кард. Худи қаҳрамон дар ҳаққи худ хукм бароьард.
Албатта, чунин ҳукме, ки кас дар ҳаққи худ барорад,
аз ҳукми дигарон зуртар аст.
Лекин нависанда на фақат ба ин тарик кахрамони
худро сахт маҳкум менамояд, балки ин ҳама худбаҳои-
ҳои бераҳмона ва андешамандонаи пирамардро низ як
нишонаи дигар шудани замон ва ҳодисаи бисьёр муҳим
38
медонад. Ин аз он чихат бағоят муҳим аст, ки акнун
барон ин марди солхурда хам замони нав, ҷаҳони юза
оғоз ёфта истодааст. Аз ин ру, ном# ҳикоя маънои рам-
зй дорад: охири умри Миробид барои вай «арафаи нав-
рӯз», арафаи зиндагии тоза гардид. Фаҳмиши нави Ми-
робид бо ӯ ба гӯр нахоҳад рафт, балки барои пешбур-
ди ҷамъияти мо хизмат хоҳад кард. Дигаргуниҳои
шуури Миробид дар натиҷаи фаҳмиши_ моҳияти хаёти
пурмазмуни фарзандонаш, машраби оли ва чашмандо-
зи васеи онҳо, дар натиҷаи нагз эҳсос шудани барта-
риҳои зиндагии мардумони нави замон сурат гирифт.
Нависанда гаштаву баргашта дахднатҳои зиндагии
кӯрдилона, бемақсаду беандеша, рафтори бетамизона-
ро нишон додааст. Дар ҳикояи «Шаби чордаҳ» кирдо-
ри чанд нафаре, ки як чэвони ҳамсоядеҳаро бе ягон са-
баб мурданивор заданд, дар ҳақиқат ваҳшате дорад.
Факат саигдилони дур аз одамият дар ҳақки бегуноҳе
чунин ваҳшониятро раво мебинанд.
«Шаби чордах» низ хикояи психологи мебошад. Am-
mo психологизми он асосан ба нишон додани холати
бемор, алоигӯӣ ва хобҳои пурдахшати ӯ нигаронида шу-
да, тахлили ичтимоии психологй, муайян кардани мо-
ҳият ва еабабҳои рӯйдод ба вазифаи он надаромадааст.
Ба ин маънй, ба назари мо, психологизми хикояи «Шаби
чордах» бештар псиҳологизми маҳз аст, як воситаи тад-
қиқи бадеии бамуддао нест ва асар бештар аз баёни
фактхо, аз тасвирҳое, ки чандон мақсади муайян надо-
ранд, иборат мебошад. Аз ин сабаб, чунин хулосаи му-
ҳимми каҳрамон, ки гуфт: «Табиби ҳар кас гайратн
ӯст», ва ин гӯё хулосаи тамоми ҳикоя аст, низ асос на-
дорад ва номафҳум мемонад. Ҳоло аз ин асар чунин
хулоса баровардан мумкин нест.
Ин гуна камбудихо дар дигар асархои Кӯҳзод хам
ба назар мерасанд: Чунончи дар хикояи «Каси якка
дар кӯҳ» тасвири табиати кӯҳистон ва хунари ваззака-
шй нагз ва фикри бадеии нависанда мухим аст. Нави-
санда чунин ҳақиқатро ифода кардан мехохад, ки кас
бо ҳама тавоноиву ҷасорат ба танҳоӣ оҷиз аст. Ин фикр
нагз ифода шудааст. Бо вучуди инҳо, дар ин асар, ба
назари мо, мантиқи ҳикояпардозӣ сует аст: Ғафур як-
ка ба кӯҳ рафт ва ба танҳоӣ халок шуд. Касе набуд,
ки чигунагии марги ӯро дида бошад. Пас ҳикояпардоз
(таҳкиягар) он ҳама тафеилоти ваззакашй ва ҳалокати
39
Ғафурро аз куҷо донист ва ба чи асос ба мо хикоя кар-
да истодааст?
Лекин камбудии асоси, ба акидаи мо, дар тахлилҳои
бадеии ичтимой, дар маънидоди сабабҳои ичтимоии руй-
додҳо рох ёфтааст. Кӯҳзод падидахои гуногуни бемаъ-
навиятй, маҳдудназарӣ ва кӯрдили, зиндагии пучи бе-
1мақсад ва окибатҳои даҳшатангези онро аз назар гу-
заронида, мутаасеифона, дар баъзе мавридҳо решах.он
ичтимоии онро начустааст. Дар он мавридхое, ки чус-
тучӯи сабабҳои иҷтимоиву таърихии ҳодисаҳо дида ме-
шавад, дар баробари андешаҳои ҷиддии амик баъзан
эзоҳоти оддии рӯякӣ (чунончи дар ҳикояи «Пули лар-
зон») ё тасаввуроти нодуруст ҳам ба назар мерасад.
Мо дар боло як порча аз хикояи «Достони муаллим»
оварда будем, ки дар монологи ботинии каҳрамон са-
бабҳои пайдоиши расму одатҳои бад ва психологияи
мутеъиву беиродагӣ мавкеи калон ишғол кардааст. Дар
ҳамон мулоҳизарониҳои муаллим чунин фикре ҳам хаст:
«Муаллим пас аз мушоҳидаву андешаҳо хулоса баро-
варда буд, ки ҳамаи ин маҳдудиҳо натиҷаи бесаводй ва
ғафл^т аз илм асг. Торикӣ онҳоро сехр кардааст, ки аз
равнаку ривочи илму ирфони ватанӣ бехабар монда-
анд». Аз ин андешаҳо акси садои акидаҳои маорифпар-
варон ба гӯш мерасад. Маорифпарварон бесаводиву бе-
илмиро сабаби асосии ҳама иллатҳои иҷтимой медонис-
танд ва аз ин рӯ, саводнок шудани мардум, аз мада-
нияти нави замонй баҳраманд гардидани онҳоро шарти
аввал дар озодиву хушбахтй мешумориданд. Қаҳрамони
ҳикояи Кӯҳзод, ки муаллими солҳои бист ё сӣ мебошад
(афсӯе ки аз таовирҳои нависанда замони воқиаро
конкреттар муайян кардан мумкин нест), ҳатто шояд аз
шогирдони маорифпарварони дирӯза бошад, дар баёни
сабабҳои нодониву ҷаҳолати мардуми меҳнатй таъли-
моти маорифпарваронаро пайравӣ намудааст. Лекин
дар ҳикоя ин фикри каҳрамон назари муаллифро ҳам
ифода мекунад, яъне нависанда хам шарики он фикр
аст. Ва ҳол он ки дар ин масъала маорифпарварони мо
саҳв карда буданд: чигунагии заминаи иҷтимоии ҳаёт-
ро ба назар намегирифтанд. Пае чун фикри нависандаи
имруза намоён шудани он ақида нуқсоне дар таҳлили
ичтимоист.
Албатта, бесаводиву беилМ11 дар чамъият сабабгори
бисьёр ҳодисаҳои ногувор шуда метавонад. Лекин аслан
бесаводиву беилми дар ин маврид сабаб нест, натиҷа
40
аст. Вай натиҷаи конунманди сохти феодали мебошад.
Маҳз табиати истисмории созмони феодали дар тамоми
ҷамъият, аз як тараф, мутеиву итоаткории бефикру ан-
деша, сархамй ва «хоксори»-и ғуломона ва аз чониби
дигар, худсарии ҷоҳилона, калонгириву насабтарошй ва
монанди инҳоро ривоҷ дода буд. Ин омил дар давоми
чандин асри ҳукмронии феодализми бадмур муносибати
байни аъзоёни ҷамъиятро муайян мекард. Аз ин рӯ, аср
то аср он расму одатҳои зарарноке, ки Кӯҳзод ба тад-
кик гирифта, аз ҷумла дар хикояи «Достоин муаллим»
дар тарзи зиндагии мардумони деҳаи Хунукчашма ва .
дар характери Табари кулдур нақши онҳоро дидааст,
муетаҳкам мешуд.
Бесабаб нест, ки ин ҳодисаҳо солҳои бхир дар ада-
биёти тоҷикй торафт бештар мавқеъ шпгол карда исто-
даанд. Ҷалол Икромй дар романи «Зоғҳои бадмур», Му-
ҳиддин Хоҷаев бо образи Бобо Қарои романи «Об —
рӯшноӣ» таъсири залолатовари муносибатҳои феодаливу
боёнаро тадкиқ намуданд ва чунон ки таъкид шуд, Кӯх-
зод тамоми эчодиёташро ба ин маеъала бдхшидааст.
Лекин бо таассуф бояд гуфт,' ки нависандагони мо ак-
саран худи ҳодиса ва оқибатҳои онро ба тадкик меги-
ранд, аммо решаҳои иҷтимоиву таърихии онро чуқур на-
мекованд. Барой ин ки моҳияти ғайриинсонии бокимон-
даҳои муносибати феодаливу боёна ва урфу одатҳои аг-
рарной пурра намоён шавад, бояд сарғаҳу сарманшаъ,
замина ва сабабҳои иҷтимоиву таърихии ҳодиса амиқу
ҳартарафа ба доираи тадқиқи бадей дарояд. Назари
амиқрави т.аърихй лозим аст, ки моҳияти аслии ин гуна
ҳодисаҳои иҷтимой ошкор шавад.
Аз ин ran,и мо набояд чунин хулоса баровард, ки гӯё
мохияти иҷтимоии расму одатҳои кӯҳнаро фақат дар
жанри таърихи, фақат дар асарҳое, ки ба вокеияти фео-
дали бахшида шудаанд, амиқан падид овардан мумкин
будааст. Не, мо ин ҷо асосан асарҳои ҳозирамавзӯъро
дар назар дорем. Дуруст муайян кардани решаҳои таъ-
рихии ходиса, ба ин воснта мукаммалтар ошкор наму-
дани моҳияти он умуман яке аз муҳимтарин талаботи
таърихияти бадеист. Ин ба жанри таърихй ва асари ҳо-
зирамавзуъ баробар тааллуқ дорад. Дарки иҷтимоиву
таърихи дар тадкиқи'баден чи қадар амик рафта бо-
шад, буньёди фалсафии асар ва аҳамияти иҷтимоии он
ба хамон дараҷа чиддитар хохад буд.
3
Нахустин кадамҳои эчодии Урун Кӯхзод аз ҳачв cap
шуда буд ва аввалхо мо ӯро асосан ба сифати хачвна-
вис мешинохтем Дар мачмӯаи «Кини Хумор» хам чанд
ҳикояи ҳаҷвин солҳои гуногун мавчуд аст. Дар байни
ин ҳикояҳо асарҳои хоми шогирдона хам хает. Чунончи
ба фикри мо, хикояи «Такмили нхтисос» нотамом ва аз
чиҳати бадеият сует буда, лоики чунин мачмуа нест
ва хусусан ҳусни хотимаи он шуда наметавонад. ё ки
Хикояи «Хеши дур» бисьёр нағз оғоз ёфта, ба таври
одди анчом пазируфтааст. Ленин аксари онхо дорой
хачви намакин ва мазмунан баланд мебошанд ё аз ягон
ҷиҳат чолиби диккатанд. Дар хачвиёти Кӯҳзод хам мо-
нанди ҳикояхо.и ғайрихачвиаш чанбаи психологи ва таҳ-
лилй пуркувват аст. Дурусттар ин ки ҳамон андешаҳои
ӯ дар бораи бемаънавиятй ва кӯтохназарӣ, чахолату
ҳаромкорӣ ва ғайра, ки дар боло дидем, аввал аз хико-
яхои хаҷвй cap шуда буданд ва баъд кам-кам доман
паҳн карда, дар доираи ҳачв нағунҷиданд ва шаклу во-
ситаҳои дигареро низ талаб карданд. Дар натича, як
идда ҳикояҳои психологии публицистии ӯ ба миён ома-
дан гирифтанд.
Ҳоло доираи назари нависанда торафт васеъ, анде-
шаву мулоҳизаҳои вай ҷиДдй, ҳиссу ҳаячони гражда-
нин ӯ баландтар шуда истодааст. Ҷиҳатхои нав ба нави
воқеияти хозира ба чашмандози ӯ даромада, мавриди
та^кики таҳлилй ва мухокимаи ҳарчонибаи публицистии
пурҳиюсиёти вай карор меёбанд ва пафоси фаъолонаи
грахеданиву ватандӯстонаи асарҳои вай меафзояд.
Инро аз повести ӯ «Кини Хумор» дидан мумкин аст.
Кӯҳзод аз чумлаи он нависандагон аст, ки дар насри то-
чикй як равняй нав, равияеро, ки «насри тахлилй» ва
«насри андешаҳо» номидаем, давом медиханд. Хусуси-
яти асосии чунин асарҳои адабиёти ҳозираи точикй аз
дидгохи идеалҳои олӣ бо диққати тамом ба андеша ги-
рифтани рӯйдодҳои мухнмми зиндагй ва харчониба аз
назари тахлил гузаронидани онҳо мебошад.
Қаҳрамон дар «насри андеша» одатан дар ҳолате
тасвир мешавад, ки оқибати ягон вокиаи калон ё як
марҳилаи зиндагии худ ва ё тамоми роҳи ҳаёташро
чамъбаст кардан мехоҳад, онро гаштаву баргашта фикр
карда ва тахлил намуда, аз нав баҳо доданй ва моҳи-
яти онро амиктар муайян карданист. Гох ин кахрамон
42
баъди воқиаҳои пуршӯре ба бистари беморӣ меафтад
ва он ҷо ба андеша меравад, Чунончи қаҳрамонони ро-
мани Фазлиддин Муҳаммадиев «Палатам кунҷакӣ»
(1974), қаҳрамони романи нависандаи номии эстон
Пауль Куасберг «Як чакра борон» («Капля дождя»,
1977) Андреас Яллак, қаҳрамони романи нависандаи
машхури гурчй Нодар Думбадзе «Қонуни абадият»
(1978) Бачана Рамишвили ва ғайра пас аз бемории ин-
фаркт дар бемористон дар сари андешаҳо тасвир шу-
даанд. Гоҳ қаҳрамони чунин асарҳо дар охири умр,
пеш аз март тасвир мешавад ва бо қаноатмандӣ ё бо
ҳасрату афсӯс зиндагии худро аз пеши назар мегуза-
ронад. Қаҳрамонони ҳикояҳои Кӯҳзод «Достони муал-
лим», «Арафаи наврӯз», «Ҳосили умр», чунон ки дидем,
дар чунин ҳолат нишон дода шудаанд. Гоҳо ба сари
қаҳрамон вокиаи ногаҳоние меояд ва ӯро ба андешаҳои
ҳаяҷономез водор менамояд. Қаҳрамони романи Алек-
сандр Крон «Бехобй» («Бессоница», 1977), Исфандиёр
дар повести Кӯҳзод «Кини Хумор» ва устод Айнй дар
дигар повести ӯ «Як рӯзи дароз, рӯзй бисьёр дароз»
(1977) дар чунин ҳолат тасвир ёфтаанд.
Дар ин сурат нависанда имкон дорад, ки ба олами
фикру андешахои қахрамон бештар рох ёбад, чунин ҳис-
су ҳаяҷони ниҳонии ӯро, ки дар назди мардум шояд хеч
гоҳ ба забои наоварда буд ва нахохад овард, намудор
созад, шавқу завқи ӯ, марому мақсад, орзую идеалҳо,
ғаму шодиҳоеро, ки ҳастии ӯро фаро гирифтаанд, nvp-
ратар аз назари озмоиш гузаронад.
Андешаҳои як ҷавони кушодафикри замони мо — му-
аллими навкоре ки як сол пеш институтро тамом кар-
да, дар мактаби як деҳаи дурдаст ба таълиму тарбияи
наели наврас машғул аст, дар повести «Кини Хумор»
мавриди барраси қарор гирифтааст. Одатан ҷавонон ба
кори солхурдагон бо чашми танқид менигаранд, аз он
кор нуксони бисьёре ёфта иелоҳ кадан мехоханд, лекин
пас аз андак муддат маълум мегардад, ки он чй онхо
камбуди гумон карда буданд, дар бисьёр мавридхо но-
Расон набудааст, балки ҳикмате доштааст. Дар «Кнни
Хумор» ин тавр неСт. Андешаҳои Исфандиёр ҳама хеле
чидди буда, буньёдашон мустахкам аст. Дар бисьёр
мавридҳо дилтанг шудани у, бо бетоқатй андеша рон-
данаш, роҳҳои нав чуетанаш, ислоҳи вазъиятро талаб
карданаш асос дорад. Яъне боз ҳам баъзе ҳодисахои но-
гувори вокеияти иҷтимоии имрӯз ба муҳокима омадааст.
43
Яке аз масъалаҳои, асоси дар «Кини Хумор» боз да-
мой масъалаи муносибат ба зан, масъалаи шаъни ода-
мии вай, худогохии инсонй ва ичуимоии уст. Ин масъ-
ала бо сарнавпшти Хумор, ки чавонзани сохибчамол ва
ҳушзеҳне буда, холо дар хонаи шавхари пулёбч х\ш-
даромад ғайр аз хурсандии либосхои киматбаҳои ранг
ба ранг ягон шодмонии дигар надорад, ба миен гузошта
шудааст. Аҳволи Хумор дар андешаҳои Исфандиер, ин-
чунин дар мулохизахои Вера, ки низ муаллими чавони
хушфикр аст, мавкеи калон ишгол мена-мояд. Афсус
ки Хумор на бевосита бо рафтору кирдор ва фикру ан-
дешахои худи у, балки аз назари дигарон - аз диди
Исфандиёру Вера нишон дода шудааст. Ин чо яке аз
душворихои умумии «насри андеша» намудор омада-
аст: наеисанда аксаран мачбур аст, ки хама персонаж-
хоро аз биниши кахрамони асосй тасвир кунад ва дар
ин сурат хавфе ба миён меояд, ки характеристикаи баъ-
зе персонажхо яктарафа монад ё хукми кахрамон хук-
ми худи наеисанда пиндошта шавад. Во вучуди ин, аз-
баскй Исфандиёр ва украиндухтар Вера аз чавонони
пешқядаму тозафикри замони мо мебошанд, метавон
гуфт, ки психологияи Хумор, мазмуни характер ва мо-
хияти исьёни ӯ аз чанд чихат ва асосан дуруст муаиян
гардидааст. ,
Боз хам бемаксади, беиродаги, фармонбардори му-
ҳимтарин хислатҳои Хумор буда, аз тарбияи анъанавии
хонавода ҳосил гардидааст. Хумор бо_«сари хаму дили
пуралам» зиндагӣ мекунад, тақдири ӯро^ дигарон — па-
даращ, шавҳараш, хешу наздиконаш муайян менамоянд,
раъи онхо, ки аксаран барои Хумор норавост, расму
таомули умумй, ки асрхо боз баркарор буда, на факат
талаботи замони нав, балки хохиши дили шахси алохи-
да ва нозукихои фардияти инсонро катъан ба назар на-
мегирад, раҳбару рахнамои вай дар зиндаги мебошад.
Хумор «ҳамчун фард, хамчун шахе хеч курбе надорад»
ва «бозичаи дасти дигарон» аст. Ин холи вай Исфан-
диёру Вераро ба як силсила андешахои м^раккаб ва
пуршӯре водоштааст.
Қаҳрамонони андешаманди Кӯҳзод —хам Исфанди-
ёр, хам Вера на факат ба мулохизарони қобиланд, бал-
ки то андозае дар амал хам фаъоланд. Идеалхои за-
мони мо на факат дар фикру андешаҳои онҳо, балки
дар фаъолияти мехнативу чамъиятй, дар хар як када-
машон низ ифода шуда, кувваи а.мали пайдо кардааст.
44
Бечиз нест, ки фикри исьён дар дили Хумор бо таъсири
бевоситаи онхо—- бо таъсири Вера ва Исфандиёр то-
рафт кувват шрифта, охир бо як катънят амали шуд.
Агарчи зиндагии оилавии Хумор аз руи тартибу ко-
идаҳои чандинасра cap шуд ва мувофнки онҳо давом ме-
кард, ба ҳар хол ӯ одами имруз аст: воқеняти замони
мо, мактаби советй, мардумони тозафикри атроф, аф-
зоиши сифатхои байналмилалин зиндаги доимо ба шу-
ури Хумор таъсир мерасониданд. Дар шуури Хумор
таъсири тасаввуроти кӯхнаву пӯсида бисьёр аст, вале
охируламр ба фишори воқеияти замони мо тоб оварда
натавонист. Ба ин муносибат бояд таъкид кард, ки Ху-
мор аз Нурбибй ва Санавбар, ки-дар хикояхои Кухзод
тасвир шудаанд ва чунонки дидем, низ исьёнгарони зид-
ди тартиботи кӯхнаи зиндагй мебошанд, фарки чидди
дорад. Вай аз онхо ба маротиб зиёдтар кобил аст, ки
фикр кунад, андеша ронад, рӯйдодҳои атрофро ба mv-
лохиза тирад, байни холи худ ва ахволи дигарон, ма-
салан, байни тарзи зиндагии худ ва Вера киёсу муко-
билахо ба миён орад ва хулосахо чуяд. Заминай ин ко-
билияти андешапарварпи чиддӣ вокеияти рӯз мебошад.
Замони мо замони афзоиши фаъолиятмандии фикрй ва
савияи ннтеллектуалй, замони инкилоби илмиву техники
ва чустуҷӯхои ҷасуронаи маънавию ахлокй буда, шах-
сияти ин-сон ва маънавияти ӯ дар чамъият беш аз пеш
ахамият пайдо кард. Тадқиқи ичтимоиву психологии
Кӯхзод ба хубй нишон дод, ки хатто дар як гӯшаи дур-
дасти республика таркиби шуури Хумор барин зане ҳам,
ки оғуштаи кӯхнагихост, дигар аст, дар ин таркиб ун-
сурҳое, ки бар зидди он кӯҳнагихо амал мекунанд, хеле
зиёд ва пурзӯранд, барон охируламр ғалаба кардами
онҳо имкон бештар аст.
Аз ин ҷиҳат, боби ҳаждаҳи повестРхеле ҷолиби диққат
аст. Ин чо моҳияти зиндагии Хумор ва пояҳои гуногуни
иннишофи шуури вай баён шудааст. Аввал бояд гӯем,
ки таркиби ин баён бисьёр аҷиб буда, аз се қабат ибо-
рат аст: он чй Хумор дар зарфи чанд вақт ба Вера хи-
коя карда ва баъд Вера ба Исфандиёр нақл карда
буд, дар ин боб аз забони Исфандиёр омадаает. Ин нак-
ли секабата якбора фахмиши се нафарро ифода меку-
над. Албатта, савияи биниши онхо аз якдигар фарк до-
рад, вале ин фарқҳо мазмуну моҳияти аслии саргузаш-
ти ибратомӯзи Хуморро дигар накарда, баръакс нати-
ҷаи андешаҳои дуру дарози ҳар се ва хулосаи умумии
45
онҳо ба тарзи ҷамъбаст омадааст. Дар ин сурат аввал
муайян кардан душвор аст, ки кадоми ин гапҳо ба худи
Хумор тааллуқ дорад ва кадоми онҳо аз андешаҳои Ве-
ра ё Исфандиёр омадааст, худи Хумор маънои сарна-
вишти худро бо кадом суханҳо, бо чӣ таъбироте баён
карда буд. Ва ҳол он ки чигунагии шакли баён барон
фаҳмидани савияи фикр, маънавият ва ахлоқи гӯянда
аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, дар аввалҳои боб тар-
киби сеқабатаи ҳикояпардозӣ таъкид шуда бошад ҳам,
баъдтар оҳанги эмоционалй торафт кувват гирифта ва
дигар шуда, мо ҳам ҳар чӣ бештар хис кардан меги-
рем, ки ин шӯру ҳаяҷон ғалаёни дили Хумор аст, ба ху-
ди ӯ тааллук дорад. Рафта-рафта эҳсоси таркиби сеқа-
бата кам шуда, оҳанги сухани Хумор ба гӯши мо беш-
тар расидан мегирад. Ин ҷо душвории асосии «насри
андешаҳо»-ро бо муваффақият бартараф кардани Кӯх,-
зод дида мешавад.
Вера ба таври худ инкишофи Хуморро ба се давра
таксим карда буд: давраи беғамӣ ва бемақсадй, давраи
эътироз ва давраи исьён. Хусусан дар давраи саввум
тарзи тафаккури Хумор бештар ранги имрӯза гирифта,
вай бо категорияҳои ҳозира фикр кардааст, мафҳумҳое
аз кабили «фард» ва «шахс», «озодии шахс», «иззати
нафси инсон» ва ғайра, ки аз мактаби миёна медонист,
аз гӯшаҳои дурдасти ҳофизааш берун шуда, дар анде-
шаҳои у фаъол гардидаанд. Инак, намунае аз андеша-
ҳои пуртуғьёни ӯ: «Хумор фаҳмид, ки озодиро гум кар-
да будааст. Вай мустакил нест, озод нест. Мутеъ аст.
Ҳамчун сурат зиндагй мекунад. Ҳатто дар хонаи худаш
мақоме надорад. Мақоми ӯ аз паси меҳнати худаш
нест1, обрӯяшро худаш барпо накардааст. Ба тайёраш
омадааст, ба мақому обрӯи дигарон шарик шудааст.
Нишастанаш, хестанаш, ran заданаш, хамааш ба ихти-
ёри худаш нест, ба ихтиёри дигарон аст».
Барой чунин ранг гирифтани андешаҳои Хумор таъ-
сири Вера калон аст. Ибрати шахсии Вера, тар-
зи тафаккури ӯ, сӯҳбатхои вай дар бораи шаъни инсо-
нии зан, дар бораи мақсади зиндагй ва маънои бахт,
аз чумла фидокории занҳои декабристҳоро мисол овар-
1 Ин чо дар мантики сухан нуқсон хает ва матлабро ба шак-
ли дигаре, масалан, ин тавр ифода кардан даркор буд: «...дар хо-
наи худаш макоме надорад. Дошта бошад хам, аз паси мехнати
худаш нест». Мутаассифона, чунин нуқсонҳои забои дар «Кини
Хумор» гоҳ-гоҳ дучор меояд ва ин мавзӯн гуфтугӯи махсус аст.
46
дани вай барон кушода шудани чашми Хумор роли му-
хим доштанд. Таъсири Вера яке аз мухимтарин омилҳо
дар ташаккули шахсйяти Хумор, дар инкишофи маъ-
навияти вай, дар фаро расидани исьёни и чтим они у ме-
бошад. Муносибати байни образи Вера ва Хумор мо-
хияти баъзе процессҳои мухимми ичтимой, чунончи ин-
тернационалй шудани хаёти халки точик ва ахамияти
инкилобкоронаи онро намудор мекунад.
Процееси байналмилалй шудани зиндагии чамъияти
хар лаҳза дар фикрҳо инкилоб ангехта, гоҳ боиси худ-
шиносии ичтимоии шахе мегардад ё худогохии маъна-
вию ахлокии ӯро ба пояхои баландтар мебардорад, ха-
ёти маънавии мардумонро ба дарачаи хозира мерасо-
над. Ин ҳақикат дар романи Муҳиддин Хочаев «Об —
рӯшноӣ» бо образи Гулбегим, дар романи Юсуфчон Ако-
биров «Норак» бо образи Антон Карпов ба хубй зохир
гардид. Образи Вера дар повести Ӯрун Кӯҳзод «Кини
Хумор» ҳам ба он сабаб чолиби диккат аст, ки як чи-
ҳати муҳимми зиндагии ҳозираи ҳалқи моро равшан ме-
кунад.
4
Дар бадбахтиҳои Хумор падари ӯ—Рачаби сарой-
камарй роли калон бозидааст. Мутаассифона, Урун Кӯҳ-
зод дар образи Рачаб аз принципи асосии худ — аз таҳ-
кику таҳлил даст кашидааст. Рачаб яке аз инкилобко-
рони собик аст, ки дар вакташ дар рохи устувор кар-
дани Ҳокихмияти Советӣ ҷонбозиҳо карда буд ва холо
бо ифтихор ба хотир меорад, ки «бо худи рафик Кали-
нин рӯ ба рӯ истода сӯҳбат кардааст, аз дасти худи
Фрунзе шамшер мукофот гирифтааст». Ҳамин сарбози
фидокори инкилоб омада-омада як рӯз «фарзандашро
чун мол ба фурӯш монд». Пас чаро ин тавр шуд? Чй
шуд, ки он кас, ки дирӯз хаёти кӯхнаро зеру забар кар-
да буд, имрӯз худаш саропо ба кайду банди кӯҳнагихо
ва тасаввуроту таомулоти пӯсидаи докиёнусй афтод?
Дар повесть ба ин савол чавоб нест. Нависанда дар
тасвири Рачаб факат бо кайди фактҳо, танҳо бо баёни
хол махдуд шудааст ва диалектикаи тагайюроти харак-
терро начустааст. Ва хол он ки то сабаби ин дигаргу-
ниҳо муайян нашавад, моҳияти образро фахмидан мум-
кин нест.
Ба фикри мо, сабаби чунин тагьир ёфтаии симои
47
маънавии ин гуна шахсхо — сабаби асоси, ки дар сар-
гузашти хар кас ба тарзи дигаре зохир шуданаш мум-
кин аст, ин аст: ин сарбозони фидокор дар вақташ оо
душманони инкилоб, бо душманони синфи мубориза ме-
карданд. Ин мубориза ба дараҷаи муайян бедории шу-
ури синфиро талаб дошт ва худаш низ инкишофи шу-
ури идти мойр о таъмин менамуд. Ленин шуури синфи,
ҳатто васеътар гирем — шуури ичтимоӣ хам факат як
ҷузъи маънавияти и неон аст. Дигар соҳаҳои маънави-
ят дар шароити дигаре, бо дигар муборизаҳо бештар
инкишоф меёбад. Рачаб зохиран дар зиндагии нав аз
нахустин муваффакиятҳои худ саргаранг шуд ё ба са-
бабхои дигаре дар шароити тозаи баъдина дигар соха-
ҳои маънавияти худро инкишоф дода натавонист. Ба-
рой ин ки Рачаб шахсияти духтари худро хурмат кар-
да ё маънои нав ва аслии бахти духтару занро фаҳмида
тавонад, лозим буд, ки ба дарачахои баландтари маъ-
навият расад ва тамоми хаетии худро дигар кунад. Ва
хол он ки аксаран душман шикастан осон, худ шикас-
тан душвор аст. Худро тамоман дигар кардан, мувофи-
ки талаботи нав ба нави замок акидаву тасаввуроти
худро тагйир ва такмил додан, маданияти нави ботини
ва шуури тозаи ахлоқиро сохиб шудан осон мест ва хар
кас ба ин муваффақ намегардад. Ин ба Рачаб ҳам му-
яосар нашуд.
Ин ходиса, ки рабабхо ва падидахои гуногун дорад,
бағоят ҷолиби диккат буда, сазовори тадқики махсуси
таҳлилӣ мебошад. Чунин тадқики бадеии хамачониба
барон ташаккули маънавияти наслҳои наврас ва таъ-
мини инкишофи гармоники» шахе зиёда зарур аст.
Ба назари мо, повести Урун Кӯхзод «Кини Хумор»
дар адабиёти хозираи точикй аз он сабаб аҳамияти чу-
догона дорад, ки баъзе масъалахои мухимми ҳастии ин-
сони имрӯзро ба миён гузошт. Нависанда умдатарин
масъалахои доимии ҳаётро аз қабили ин, ки «неон бояд
чй гуна бошад, мақсад аз знндагй чист, чй чизеро бахт
номидан мумкин аст ва ҳоказо дар асоси талаботи за-
мони мо муҳокима кардааст. Ин саволҳо на факат дар
андешаҳои бепоёни Исфандиёр, Вера ва Хумор мавқеи
асосй доранд, балки падари Хумор — Раҷаб, дӯсти у
Ҷӯра Тӯрабоевичи ҳаромкору ҳаромхур, муаллимони бе-
салоҳият Талбонову Талбаков ва дигарон ҳам, харчанд
ба муҳокимаи чунин масъалаҳо кобил нестанд, дар ха-
қикат бо хама рафтору кирдорашон ба таври худ ба
48
ГоНГаСГдаГсТиСа^- —
мезанад ва мороР хам ба акдешахои кахрамоионаш ша-
P%Taa^OH°aaU гуфд. кв ,уни„ саволхо дар ада-
биёти хозйраи тоники ками дар кам ба муҳокима у
зошта мешаванд. Аз ин сабаб ҳам ҷасорати ин нависа -
Д3 БоЗести%ГунИКӯХзод дар адабиёти тоники як си-
Фати нави чанбаи публициста— мулохизарони дар оо
рай зивдагй андешахои пурхиссвёти махрамона ва роз-
гуёна ни дар бобати мақсадҳои олии хает ва ни дар ху
суси рӯйдодҳои муқаррарии ҳаррӯза хеле устувор шуд.
У Ҳамаи он саволҳо, ҳамаи андешаву мулоҳизаҳои Ис-
фандиёр ва Вера моро боз ба сари ҳамон ^асъалаи бу-
?Урги шахс ва ҷамъият меоранд. Фикри нависанда ва
қаҳрамонони ӯ моҳиятан, чунонки дар романи Фазл д
дин Мухаммадиев «Палатаи кунҷаки» дида будем, дар
гирди масъалаи масъулиятшиносии маънави — ҷавоб-
гарип шахс дар назди ҷамъият ва ҷавобгарии ҷамъият
барон шахс чарх мезанад.
Исфандиёр ва Вера аз чунин ҷавонони замони мо
мебошанд, ки эҳсоси гражданӣ ва ҳисси масъулияти1и-
носиашон хеле тараққӣ кардааст ва тамоми хатти- ҳа-
ракати онҳо, хар як кадамашонро дар зиндагии шахси
ва чамъиятӣ ҳамеша фаҳмиши^ амики ҷавобгари барои
имрӯзу фардои ҷамъият муайян мекунад.
Ба ин муносибат дар повести «Кини Хумор» якумин
бор дар адабнёти ҳозираи точики баъзе чихатхои ҳае-
ти мактабу маориф, усули таълим, роҳхои тароияи ку-
дакон пеш гузошта шудааст. Нависанда инхоро ба си-
фати як чузъи муҳимми тарбияи шахсияти пнсон ва
гражданин гирифтааст. Тақдири ибратомузи Хумор, тар-
бияи доқиёнусй, дар масъалаи мақсадҳои зиндагии зан
назари кӯтоҳбин ва тасаввуроти ботиле зохир кардани
падару модари Хумор, ки боиси бадбахтии у гардид,
факат як ҷиҳати он масъалаи калон буда, нависанда
дар ин бобат чашмандозро васеъ гирифтааст.
Бинобар ин маълум нест, ки чаро нами повесть фа-
кат аз сарнавишти Хумор гирифта шудааст. Исьёни зан
факат як чузъи масъалаи гуногунҷиҳати повесть буда,
номи он бояд ҳамаи ҷиҳатҳоро ифода мекард. Аз ин рӯ
49
4-277
ба_ назари мо, номи пештара, яъне «Андешахои тан-
ҳоӣ», ки холо номи дуввум аст, ба ин асар бештар му-
вофиқ меояд.
Ҷавхари андешаҳои пурҳиосиёти Исфандиёр нн аст,
ки хам Рачаб, ки аз фарзанди худ монанди занони чанд'
асри пеш зиндаги карданро талаб менамояд, ҳа.м му-
аллим Талбонов, ки дар сари деги палав монанди паҳ-
лавонест, аммо дар навиштани як чумла чанд хато ме-
кунад (ва аз забони чунин бехунарон гуфта шуда буд:
1 ‘анам пахлавони сари деги ош, Кунам лашкари паш-
шаро пош-пош), ҳам онҳое, ки барои иҷрои шартҳои му-
сооиқа ё ба сабаби дигаре ба талаба ба ҷои ду бахои
се мегузоранд, ҳам касоне, ки маҷлиси муаллимони рай-
онро фақат барои- расмият, бо суханҳои умумӣ, бидуни
таҳлилу муҳокимаи конкрет мегузаронанд, ӯ ҳама масъ-
уляяти худро дар назди чамъият фаромӯш кардаанд
тамо.ман е як лаҳза вазифашиноеиро аз ёд бароварда-
анд эхсоси карзи гражданиро аз даст додаанд.
Ҳар яки инҳо шахсан дар назди чамъият, дар пеши
халқу мамлакат ҷавобгар ҳастанд, дар назди Хумор
дар назди ҳар як талабае, ки курсавод монд ё мустақи-
лона фикр карданро ёд нагирифт ё ки дар бораи зин-
даги ва ҷамъият аз аввал таеаввуроти нодуруст пайдо
кард гунаҳкор мебошанд. Ҷамъият бояд аз онҳо чавоб
талаб кунад.
Дар айни замон агар духтаре монанди Хумор бад-
бахт шуда бошад е дар мактабе як муаллими бесавод
упиятС°г 603 К°Р мекаРда бошад ё ки роҳбари бемасъ-
1Тип1иба Р°-“ ҳаРомхӮРи Даромада бошад — барои хар
кпбгяп Н РУИД0ДХ0П ногу вор тамоми чамъият хам ча-
гаоанл ва,чамъият даР назди якдигар чавоб-
гаранд. Ҳар яки мо барои чамъият хизмат мекунем ва
моядИЯТ Дар ҲаКҚИ Хар кадоми мо бояд ғамхорй на-
Вера боре вокиахои атрофро фикр карда андеша-
мандона гуфг «Муаллим хунп чнгар хӯрда дах сол
таълим диҳад, ки одами нав ба воя мерасонам ва дао
нихояти кор онхо ба Тӯрабоевичу Раҷабу Хумор мо
нанд шаванд, хуб нест». У у ор мо
Баъзе чихатҳои кори мактабу маориф, ки масъалаи
бузурги чамъиятист ва такдири Хумор ки дар назаои
““а дГаЪ;Х*?РД”. «аТ« caS
алока дорад. Исфандиер аз он тарзҳои таълими адаби-
ет, ки холо дар мактабҳо раем ш^дааст, норозис" Вай
50
мехохад, ки талабагон дар мактаб на фақат чои ва со-
ли таваллуду вафоти нависанда ё сафардои ваи, на тан-
до вокиаҳои ҳаёти у, номи асардову қахрамонони ваи
ва монанди инҳоро аз ёд кунанд, балки кам-кам ба мо-
дияти ақидаҳои ичтимоиву ахлоқии нависанда амиқ cap
фурӯ бурданро ёд гиранд, ба таҷрибаи _маънавии чак-
дин наели мардум, ки дар адабиёт акс ёфтаает, шарик
шуданро омӯзанд. Рафики Исфандиёр — Зокир боре ба
ӯ ҳазломез гуфт, ки «адабиёт туро вайрон кардааст».
Не, ин ҷо ақидаи кӯтоҳбинони замони мо ифода шуда-
аст. Адабиёти ҳақикй касро вайрон намекунад, балки
виҷдони шахсро ба чунбиш меорад, вичдони граждани-
ро фаъол месозад. Аз ин рӯ, Исфандиёр дар дарсҳои
адабиёт ва маҳфили адабӣ кӯшнш дорад, ки талабагон
мустақилона фикр кардан, андеша рондан, фаҳмидаву
доннста хулоса бароварданро ёд гиранд, яъне монанди
Хумори онвакта не, балки мустақил ва сароаланд, аъзои
баробарҳуқуқи чамъият бошанд, ҳар кадоме як зарра
бори чамъиятро ба китф гиранд ва ба манзили максуд
расонанд. Адабиёт як омили пуртаъсир дар чунин худ-
ҷӯиву худрасии шахе, дар пешрафти ҷамъият аст.
Дар назди муаллим вазифаҳои душворе истодааст.
Иҷрои ин вазифаҳо дар сурате имконпазир аст, ки ха ■
як шахе ва тамоми чамъият дар ин роҳ ҷандала кунанд.
Моҳпяти андешаҳои қаҳрамони марказии повести «Кини
Хумор» ҳамин аст. Андешахои ӯ диалектикаи алоқаи
шахе ва чамъиятро мекушояд. Вай дар сари худшино-
сии ҷамъиятии шахс ва худогоҳии маънавии ҷамъият
андеша рондааст. Аз ин адешаҳо худогоҳии баркамоли
гражданин Исфандиёр намоён аст.
Дар маънавияти Исфандиёр ва Вера савияи нави шу-
ури ҷамъиятии ҷавонон — савияи имрузаи он ифода шу-
дааст. Муҳимтарин хусусияти симои маънавии онҳо
ин аст, ки вазъиятро ҳамаҷониба таҳлил карда, хулоса-
ҳои чиддй бароварда, бо масъулиятшиносии тамом дар
назди худ ва чамъият вазифаҳои нав гузошта метаво-
нанд. Ҷамъияте, ки чунин чавонони дилсуз, дорой акли
расо ва шуури баланди гражданиро тарбия кардааст,
қодир аст, ки хар вазифаеро бомуваффакият ичро на-
мояд. Аз ин ҷост, ки Исфандиёр «ба тадбири одам, ба
қувваи худ бовар дошт. Бед шуд, боз бедтар мекунем —
мегуфт».
Мутаассифона, чунонки дар танкиди адабӣ кайд шу-
да буд, фаъолияти амалии қадрамони аеосии повести
51
«Кини Хумор» ханӯз кам тасвир гардидааст. Мо ӯро
асосан дар сари фикру андеша мебинем ва аз фаъолия-
ти амалиаш кам хабар доре.м, он ҳама принципхои хаё-
тнашро дар амал чй тавр чорӣ карданн ӯ асосан номаъ-
лум мемонад. Аз ин чо чунин тасаввур пайдо шуданаш
мумкин аст, ки мавқеи ҳаётии фаъолонаи кахрамон ха-
нӯз мука мм ал нест.
Ин чнхати масъалаи кахрамон на фақат дар повес-
ти Кӯхзод «Кини Хумор», балки дар эчодиёти аксари
насрнависон кариб дар тамоми адабиёти советии сер-
миллати мо хозир ба катори мухимтарин маеъалахо гу-
заштааст. Соли 1978 дар як шумораи «Роман-газета»
чанд хикояву повести навиеандагони чавон, аз чумла
хикояи Саттор Турсун «Аз субх то шом» чол шуд. Ко-
тиби Правленияи Иттифоки навиеандагони СССР Ф.
Кузнецов дар сарсухани он гуфтааст: «Фаъолиятмандии
мавқеи ахлокии кахрамон дар хаёт ва адабиёт масъ-
алаи асосй ва ҳоло то охир халношудаи насри чавонон
аст».1
Чунонки аз ин таъкиди мунаққид мебинем, масъ-
алаи фаъолиятгарии амалии шахе на танҳо дар адаби-
ёт, балки дар зиндагонй хам холо хал нашудааст ва
ҳалли он дар адаблёт, пеш аз хама, ба халли хаётии он
вобаста аст.
Ефтани роҳҳои гуногуни халли бадеии ин масъала
яке аз вазифахои муҳим дар ҷуетучӯҳои эчодии минбаъ-
даи чавонон хоҳад буд. Минбаъд дар асарҳои Кӯхзод
хоҳ қаҳрамони андешапарвар бештар мавкеъ ишғол ку-
над, хоҳ кахрамони амалкунанда ва ё кахрамоне, ки йн
ДУ сифатро ба ҳам як кардаает,— дар хар сурат умед
кардан мумкин аст, ки на факат чашмандози ӯ торафт
васеъ хоҳад шуд, балки назараш амиктар рафта, дарки
ичтимоиву фалсафи-и вокеият дар андешаҳову амалиёти
у пухтатар ва мукаммалтар зохир хоҳад гардид ва чои
мулоҳизарониҳову маънидоди публицистиро, ки оханги
маорифпарвари ҳам дорад, ҷамъбастҳои ваееътари фал-
сафи хохад гирифт.
Повести «Кини Хумор» гувохй .медиҳад, ки фаъоли-
ятмандии ичтимоии адабиёти тоҷикй, кӯшиши он дар
роҳи дахолати часурона ба процессҳои муҳими иҷтнмоӣ
Ф. Кузнецов. Путь к зрелости.— Поиск. Повести и рассказы
молодых писателей. Роман-газета, 1978, № 24, с. 5.
52
хеле куЕват гирифта истодааст. Ин имрӯз мухимтарин
хусусияти тамоми адабиёти советии сермиллати мо ме- _
бошад.
1980
✓
ЗАРРАХОИ ОДАМИЯТ
1
дар зиндагй факат to
тиет будаыи мо знвда зару| еща огох бошем, бал-
аҳволи наздикон ва а р ф Y дучоо меояд, бо
тмшш'тт
лосае барорем. Мо »У"Г„Ро»Ида буд. -•
чи устод Рӯдаки «тачрЕi6a РУ ^ ши хулосабарори
ран аз хамин мушохидакори ва кушиши мо
оғоз меёбад. Ин мушоқид У У як МуШКили мо-
хар лахза даркор мешаванд, ҳар лахза як у
ро осон мекунанд. птппЛмён бепарво хастанд,
Онхое. ки аз »а™“^рДРЙТокеахо Рруй дода „с-
парвое надоранд, ки дар РФ меояд ва хоказо,
Е™ ■ SSiwi -«
окиба? дар’зиндагй танхо монад, радди"№ “а:"RJ;
Ammo танхой радди маърака шудан рузи сахт аст. j\a
се радди маИрД?м мешавад, ки сифатхои инсонии худро
камРТбеш аз даст додааст ва мардум ба у эътибор на-
МеДҲолоДадабиёти мо масъалаи одамиятро, масъалаи
инро ки пнсон чн гуна бошад ва муомплаи баини мар
дум бояд ба чй принципҳое асос ебад, хамачониба му-
ҲОКБаҳромКфНирДӯз яке аз хамон нависандагонест, ки дар
53
сари ин масъала бисьёр фикр мекунанд. Асарҳои Баҳ-
ром Фируз пур аз фикру мулоҳизаҳост ва моро, хонан-
дагонро низ водор месозад, ки баробари ӯ фикр кунем,
масъалаҳои муҳиммеро аз кабили ин, ки одам кист ва
одамгари чист, ҳаматарафа ба мулоҳиза гирем.
Лекин Баҳром Фирӯз мулоҳизаҳои худро батафсил
баен намекунад. Дар асарҳои ӯ андешаву мулоҳизаҳои
ДУРУ дароз ба назар намерасанд. Вай мақсади худро бо
кувваи тасвир ба даст меорад: дидаву шунидаҳояшро
як-як нишон медиҳад ва мо аз ин тасвирҳои ӯ ба фикр
меравем, хулосаҳое мебарорем.
Ҳар як аеари бадей, хусусан асарҳоеро аз кабили
ҳикояҳои Бахром Фируз хеле бодиққат хондан лозим
аст. Назари ӯ дар мушохидакорй баъзан нозук меравад
ва хислатҳои инсонии кахрамон ё ноодамии уро нозук
ба мушоҳида гирифта, ба назари мо намоён мекунад.
Инак, ҳикояи «Омаду рафт», («Усто Равшан», 1979).
Дар ин ҳикоя, чунон ки холо дар бисьёр асарҳои нави-
сандагони^совета мебинем,- қаҳрамон дар дами маог
тасвир меебад. Усто Равшан дар бистари март баъзе
лаҳзаҳои зиндагии худро аз назар мегузаронад, феълу
атвори баъзе касонро фикр мекунад. Аз ин мулоҳизаҳо
мебинем, ки тамоми зиндагии ӯ бо мехнати ҳалол бо
™КоРИ гУзаштаа'ст- лекин барон фаҳмидани ин,’ ки
усто Равшан чи касест, чанд гуфтаи вай, хусусан охи-
рин сухани у муҳим аст. Охирин сухани ӯ ин буд ки
канда-канда гуфт: «Хоб, дидам... асп маро гирифта
1ST- и3 ҚИСМат ҷ°и гуРез нест- Афсӯс, ҳаво носоз
омад...» Чунонки мебинем, каҳрамони нависанда дар
дами вопасин афсӯс мехӯрад, ки «ҳаво носоз омад»
Ваи аз поен ефтани умри худ афсӯс намехӯрад, аз ин
ки умраш бо меҳнат гузашт ва чунонки занаш гуфт ҳа-
нуз аз фарзандон роҳат надидааст, аз ин дар хасрат
;“Г’ бал,ки Дар ташвиш аст, ки «хаво носоз омад»РВа
Равшан г,яп0И„ Гурониданн у аз°б х°ҳанд кашид. Усто
Равшан дар дами марг ҳам ғами дигаронро мехӯрад.
• Чунин аст услуби Баҳром Фирӯз. Вай ба чузъиётн
ми?Дликк аадидадои ноаёни фикру ҳисси қаҳрамон чаш-
“Ип диққат меДУзад, гоҳ нозуктарин нишонахо феълу
атвори инсонро аз назар мегузаронад, аз хар кадоми
онхо як маънй мекашад. Мо хам аз асарҳои ӯ бехдао
?иоХемИДБяИп-ЪНОИ рафт°Ру гуфтори одамонро ёд меР
гирем. Ба руидодҳои оддй, ба чузъиёти хурд ба пати
даХои ноаени феълу атвори „неон бод„кк1т ™Гох «ар-
дани нависанда боне мегардад, ки мо, хонандагон, низ
ба муҳит, ба мардумони атрофи худ бодиққат нигоҳ ме-
кардагй мешавем, хангоми дидани маънои зиндаги ва
одамию ноодамй чашми мо бинотар, акли мо гиротар
мешавад.
Бахром Фируз аввалҳо шеър мегуфт_ ва факат аз
оғози солҳои ҳафтод ба наср гузашт. Уро ба сифа-
ти насрнавис аз хикояи «Бобо», ки соли 1970 навишта
ва соли 1972 чоп шуда буд, мешиносем. Ин хикоя зуд
диққати хонандагон ва нависандагону мунаккидонро ба
худ кашид. Мушохидакорй ва нозукбинии у аз ҳамин
хикоя маълум буд.
Нависанда дар ин чо як кудак .ва бобои пиронсоли
ӯро тасвир кардааст, ки хар ду ба деха равонанд. Сух-
бати бобову наюера дар рох, манзарахои кухсор ва гай-
ра, ки дар ин хикоя тасвир шудааст, аксаран гӯё чизи
оддист: гуфтугузори одатй ва манзарахои мукаррари
мебошад. Лекин дар хакикат як порча аз зиндагии бись-
ёр аҷиби мардуми мо дар ин хикоят тасвир шудааст.
Кӯдак дар хар кадам чизе аз ачоиботи зиндагип ода-
мон ва .хайвонот мебинад ё мешунавад. Гох медид, ки
«куллаҳо чун сутун ба китфи худ осмонро бардошта
истодаанд» ва «дилашро вахм зер мекард», гох аз бобо
хикоятҳои ачибе дар бораи гургон мешунавид. Кудак
бо ҳайрату тааччуб барои худ ачоиботи табиатро кашф
мекунад ва мо ба кунчковй, хайрату тааччуб ва хисси-
ёти баланди ин к'удаки хурдсол мафтун мешавем. На-
висанда процесси мураккабе,— процесси аз тарафи як
кӯдаки зираку хассос кам-кам кашф шудани асрори
зиндагиро ба тадқиқ гирифтааст ва бо чузъиёти ачиби
психологиаш ба мо нишон додааст._ Образи бобо — ин
пиракии пурдидаву пурдон за коркӯфта низ хар лахза
дар пеши чашми мо намоён мегардад.
Бахром Фирӯзро нависандаи маишатнигор ва услу-
би ӯро услуби маишатнигории иҷтимоӣ гӯем, шояд саҳв
нашавад. Диккати ӯ ба зисту маишати. мардум равона
гардидааст ва гоҳ онро бо майдатарин падидаҳояш ме-
бинад, бо дакикназарй ба мулохиза мегирад. Аз хон-
дани ҳикояҳои ӯ чашми мо ҳам ба хурдабинй одат ме-
кунад, фикри мо ҳам дар сари мохияти он чузъиёти ма-
ишат ба чавлон меояд ва дар рохи дарки маънои ходи-
саҳои зиндагй фаъол мешавад. Майдатасвирй дар ак-
сари ҳикояхои маҷмӯан «Ҳақикати талх» (1981) шакли
асосии ифода шудани нозукбинии хассосонаи Бахром
55
Фирӯз буда, барои инкишофи қобилияти мӯшикофии хо-
нанда, барои такой додан ба фаъолиятмандии иҷтимоии
вай иқтидор дорад.
Тасвирҳои Баҳром Фирӯз дар ҳикоя аксаран вусъ-
ат надоранд. Вай бештар воқиаҳои хурдеро мегирад,
ки аз талотум маҳрум буда, як гӯшаи зиндагиро андак
равшан мекунанду бас. Вале ин ran чунин маънӣ на-
дорад, ки ҳикояҳои ӯ каммазмун мебошанд. Қалами ӯ
ҳоло чунин иқтидор пайдо карда истодааст, ки аз реза-
пораҳои зиндагй маънои муҳимме бароварда, пеш аз
ҳама, одамиятро уетувор мекунад. Ҳам пирамарди но-
тавони ҳикояи «Бобо» ва уето Равшане, ки дар бистари
марг аст, ҳам Комил-полвони ҳикояи «Гӯштигирӣ»
(1974), ки номардйю нотандеҳии шогирдаш Сангин-пол-
вонро боиси сархамии худ донист, ҳам сарнавишти пур-
алами Сабои ҳикояи «Оғоз» (1979), ки бо вуҷуди но-
муродиҳо ҳиссиёти олии инсониро аз дает надодааст ва
дигарҳо аз худ сифатҳои баланди инсонй зоҳир намуда,
моро водор маеозанд, ки дар сари баъзе масъалаҳои
зиндагй, дар хусуси одаму одамият ба андеша равем.
Қахрамонн хурдсоли ҳикояи «Ҳақиқати талх» (1976)
сагчаи дустдори худро ба чӯпоне фурӯхт, то ки саги
калони чупонӣ шавад, аммо чун падар ӯро сахт кохиш
кард, ки фақат «нокас дӯсташро мефурӯшад», ин хас-
рат як умр дар дилаш моад ва ин сухан дар гӯши хо-
нанда ҳам садо дода сахт менишинад.
Ҳамин тариқ, нависанда одамияти баланди қахра-
монон, адлу инсоф ва виҷдони поки онҳоро на бо тас-
вирҳои пурвусъат ва лавҳаҳои бузург, балки гӯё чузъ-
иёти 'алоҳидаи зисту маишатро реза-реза гирд оварда,
як манзараи мукаммалро пеши чашми мо ҷилва ме-
диҳад. Ҳар қадар ки нависанда воқиаҳои зиндагиро но-
зуктар ба мушоҳида гирифта, моро бештар ба андеша
мебарад, ба ҳамон дараҷа хислатҳои неки инсониро ус*1
тувор менамояд.
Оре, одамият зарра-зарра гирд меояд. Ҳар ннсони
асил бо ягон хислати мардумии худ, ҳатто бо хислатҳои
хурду ноаён сифатҳои одамии дигаронро заррае зиёд
мекунад. Ҳар кадоми мо бояд кобилияте дошта бошем,
ки ин зарраҳои инсониятро дида тавонем, ҳарисона аз
худ намоем, аз онҳо дар зиндагй дастури амал чӯем.
Нависандагон бо нигохи заррабини худ ин кобилняти
моро равнақ медиҳанд. Нигоҳи нависандагон ҳар чй
нозукбинтар бошад, биноии мо ҳам тезтар хоҳад буд.
56
Адабиёти советам тоники аввал хислатҳои намоени
халк ва бузургии вай, кахрамони ва рустамсифатии он-
ро дид. На фақат дар асарҳои устод Айни, балки дар
жанри таърихӣ ва таърихии инкилобии ҳозира, ҳатто
дар баъзе асарҳои ҳозирамавзуи имруза хам халк ва
намояндагони вай бо хама бузургиву иктидорманди, бо
ҳашамати эпики, бо кахрамонию фидокори е худ_ бо
таъкиди махсуси кувваи зоҳирию ботинии онҳо тасвир
ёфтаанд. Ин равняй мухимме дар концепциям халк ва
каҳрамон буда, барои такомули худшиносии меҳнатка-
шон ва худогоҳии милли аҳамияти калон дорад.
Дар айни замон дар тасвири бузургии халк як ра-
вняй дигаре ривон ёфта истодааст. Ин хам бошад, ба
сифатҳои хурду ноаёни симои шахе бодиққат чашм дух-
тан ва ба ин восита нишон додани бузургии халк аст.
Ба назари мо, Бахром Фирӯз хамин равияро пеш ги-
рифтааст. Ин хам барои худшиносии маънавию ахло-
кии шахе ва халк дорош аҳамияти бузургест. Дар ин
сурат шахе вазифаи инсонии худро боз хам нозуктар
дарк мееозад, зеро рӯхи поки инсони, хулки неки мар-
думй, дили софи беолонш ва монанди инхо зарра-зарра
дар назари ӯ намоён шуда, бо падидаҳои хурде аҳа-
мияти калони худро намудор меоранд.
Дар баъзе ҳикояҳои Бахром Фируз инсон дар огу-
ши табиат нишон дода шудааст, инсон ва ҳайвоноти
гуногуни дастию ёбой як но амал кардаанд («Бобо»,
«Бузғола ва писарак», «Бераҳм» ва гайра). Чунин хи-
кояҳо монанди бисьёр ҳикояҳои дигари у асосан барои
кӯдакон ва чавонон навишта шудаанд, вале муаллиф
дар ин асарҳояш хонандаи калрнсолро низ Дар назар
дорад. Ҳар кадоми ин ҳикояҳо як ҳикмати ҳаётро ифода
менамоянд ва ин ҳикмат чунон ифода шудааст, ки ба-
рои хурду Калон баробар аҳамият пайдо кардааст.
Пайванди ногусистании инсон ва табиат, бо чашми
ҳайрат ва мафтунй ба сирру асрори табиат, ачоибот ва
ҳусни беолоиши он нигаристани инсон, хусусан хурдсо-
лон дар ин ҳикояҳо на бо калимаҳои зебо ва суханороии
зохирй, балки-бо сухани оддй, бо кувваи тасвири кон-
крет нишон дода шудааст. Б. Фирӯз аз рангу равғани
романтикй худдорй мекунад. Шавки пурзӯри инсон, ки
аз мушоҳидаи манзараҳои табиат ва ё рафтори ҳайво-
57
ноти гуногун бедор шудааст, дилбастагй ва меҳри са-
мимии одам нисбат ба боғу роғ, кӯху дара, чашмзсо-
рону об шор он ё ки нисбат ба ҷонварони дӯстрӯи содиқ
ва монанди инҳо дар асарҳои Б. Фирӯз бо падидаҳои
конкреташон намудор мегарданд.
.Чунин манзараҳои зебои кӯҳистон, ки бо ҳусну худ-
хоссагй моро ба ҳайрат меоранд, хам дар ҳикояҳои мач-
муаи «Ҳақиқати талх» ва ҳам дар повести «Ту танҳо
не» (1979) гоҳ-гоҳ ба назар мерасанд.
Чашми хонанда, хусусан хонандаи чавонро ба зебо-
иҳои зиндаги, ба хусни табиат ва дуньё кушодан, дик-
қати хонандаро ба дидани начобати дили инсон ва хул-
қи неки у равона кардан, ба ин восита барон устувор
шудани пояҳои инсоният дар ҷамъият кӯшидан як шак-
ли ифодаи гуманизми ҳақиқӣ дар асарҳои Б. Фнрӯз
аст. Ин гуманизми олй масъулиятшиносии шахсро низ
дар бар дорад. Нависанда на фақат меҳри зиндагӣ ва
инсонро дар дили шахе мустахкам мекунад, балки зим-
нан чунин фикреро хам талкин менамояд, ки шахе дар
назди чунин инсони оличаноб, дар назди чунин зиндагй
ва сарзамин чавобгар буда, бояд хулқашро ба онхо
мувофиқ гардонад, баром муҳофизати онхо тайёр бо-
шад, нагузорад, ки ба ин хама хусну зебой ва назокату
наҷобат осебе расад. Б. Фирӯз ба тарзи хосе ҳисси
масъулияти шахсро дар назди чамъият кувват меди-
Хад.
Ғояи масъулиятшиносӣ аксаран аз маънои таҳтул-
лафзи матн ҳосил шуда, гоҳ дар мулоҳизарониҳо ан-
даке бевосита ифода меёбад. Чунончи, Комил-полвон
(хикояи «Гуштигири») рафтори норавои шогирдаш Сан-
гинро дида буд, ки аз дилаш чунин фикрхо гузашт-
«Усули гуштиро ёд додан кам аст, одамию одамгарй
чавонмардию тандехиро хам ёд додан даркор...»
Дар айбҳову гуноҳҳои каси дигаре худро низ айбдор
донистан, аз ин бобат вичдонан азоб кашидан, дар ро-
хи тақвияти одамият ва пешгирии ноодамй чидду чахд
кардан, ки дар зиндагии баъзе кахрамонони Баҳром Фи-
руз мебинем, падидаҳои гуногуни масъулиятшиносии
шахе дар назди чамъият аст.
_ Хислатҳои бади инсон хам дар ҳикояҳои Баҳром Фи-
руз бо диққаткорию резабинй нишон дода шудаанд. Вай
ба хар яке аз падидахои ноодамию ноинсофй, беаклию
Оетамизи, ки муносиби шаъни инсон нёст, низ боднққат
нигариста, сабабҳои онро мечуяд ва мардумро аз сабук-
58
сарию беандешагй бар ҳазар медорад. Ҳикояҳои «Чи-
нор-кампир» (1977), «Як шаби танҳоӣ», «Товуси мает»,
(1977), «Камгап» (1979) ва ғайра аз хамин чумлаанд.
Агарчи дар хйкояҳои Бахром Фируз тасвири кон-
крет, мӯҷаз ва оромона мавкеи асосй дошта, мулохиза-
ронихои доманадору пурхиссиёти муаллиф ё персонаж-
хо ба назар намерасад, дар баъзе мавридҳо, хусусан он
гоҳ ки аз хулқи нораво ва гумроҳии инеон сухан мера-
вад, фикру ҳисси тахкиягар ногоҳ ба чуш омада, овози
ӯ баланд шунида мешавад. Аз чумла дар ҳикояи «Муал-
лими сахтгир» (1981) аз сабаби раҳмдилии модар ва
саҳлгириҳои ӯ аз кӯдакӣ кам-кам аз роҳи дуруст ба-
ромадани чавоне тасвир ёфта, яке аз переонажхо саба-
би ин ҳодисаро чунин эзоҳ додааст, ки «агар худи кас
одам шудан нахоҳад, ҳеҷ кае уро одам карда намета-
вонад». Ҳикояпардоз ба ҳаққонияти ин сухан шубҳа на-
дорад. Бо вучуди ин, аз забони у чунин андешаҳо хам
омадааст: «Ҳар ду дакикае чанд хомӯш мондем. Ман
ботинан ин гуфтугӯро давом медодам: — Ба фикри ман,
дар ин бадбахтй танҳо худи Шодй гунахкор не,— ме-
гуфтам худ ба худ.— Факат як худи модараш гунахкор
не. Ҳамаи аҳли деха гунаҳкорем. Бале, хурду калон —
ҳама. Дар пеши назарамон (як) дузду авбош, кохилу
кӯрнамак ба воя расид, ҳеҷ кас ба таври катъй ба вай
монеъ нашуд».
Ин чо, чунонки дар эҷодиёти бисьёр нависандагон
мебинем, як чихати дигари проблемаи «шахе ва чамъ-
ият» дахл шудааст: нависанда андаке ба масъалаи
масъулияти чамъият дар назди шахе наздик омадааст.
Чунонки шахе дар назди ҷамъият ҷавобгар аст, чамъ-
ият ҳам барои хар як фард ва сарнавишти ӯ масъулият
дорад. Чигунагии ташаккули шахсияти инеон, чй хусу-
сиятҳо пайдо кардани роҳи ҳаётии одам на факат ба
худи ӯ, балки ба муҳити иҷтимоӣ ҳам вобаста ает ва
агар инеон ба роҳи бад дарояд, як кисми гуноҳ ба гар-
дани чамъият ҳам мефарояд, ҳатто гоҳе мумкин аст, ки
гуноҳ' тамоман ба гардани чамъият бошад. Ин пробле-
маи бузургу мураккаб паҳлуҳои бисьёре дошта, Бахром
Фирӯз дар ҳикояи «Муаллими сахтгир» фақат як ҷиҳати
онро аз назар гузаронидааст, ки муносибати мардуми
атроф ба неку бади зиндагй мебошад. Мардум ба рӯй-
додҳои атрофи худ бояд муносибати фаъолона дошта
бошанд. Муносибати бетарафона ва гайрифаъолона, бе-
парвой, бедахолатӣ, оромонаю хунеардона нигоҳ кар-
59
4
дани баъзеҳо ба рӯйдодҳои нохуш, ба ғами дигарон,
ба нокасП ё каҷрафтории атрофиён боиси вусъат ёфта-
ни бадиҳо мешавад. Як кас аз рохи рост барояд, чанд
кас гунахкор аст. Нависанда хамин ҳақиқатро хотир-
расон намудааст.
Духтури чавон Даврон—каҳрамони асосии повести
Баҳром Фирӯз «Тору пуд» (1983) ба хилаву найранги
бадкирдорон гирифтор шуда ва рафторп онҳоро хеле аз
назар гузаронида, охир чанд хулосаи муҳим баровард, ки
яке аз онҳо ин аст: «Ба ҳамаи ин пасту баландиҳо ху-
дамон гунахкор... Нуқсонро, чиноятро мебинему «ба ман
чй» гуфта чашм пӯшида мегузарем».
Ин ҷо қаҳрамон «худамон» гуфта худро ва касонеро,
ки монанди ӯ ҳалолкору ростқавл мебошанд, дар на-
зар дорад. Яъне ҳам шахси алоҳида ва ҳам мардуми
бисьёреро баробар ба назар гирифтааст. Маълум нест,
ки сухан аз масъулиятшиносии шахсони алохида мера-
вад ё тамоми чамъият. Ин номуайянй чунин маънй до-
рад, ки нависанда барои ҳодисаҳои манфие, ки дар зин-
дагии мо ҳастанд, барои бемамониат амал кардани
«мардуми ба ҳарому ҳалол бефарк» ҳам шахсҳои алохи-
да ва ҳам тамоми чамъиятро баробар чавобгар медонад.
Ҷавобгарии гражданин шахе ва вазифашиносии гума-
нистии чамъият сахт ба хам марбутанд. На факат шахе
дар назди чамъият ва чамъият нисбат ба шахе чавоб-
гар аст, балки ҳам шахси чудогона, хам коллективҳои
хурду калон ва ҳа-м тамоми чамъият вазифадоранд, ки
ба муқобили бадихои ичтимой муттаҳид бошанд, аз як
гиребон cap бароранд. Модо.мки зиштихои .ичтимой кув-
ват гирифтаанд, бояд ҳамаи қувваҳои зидди онҳо ба
дараҷаи баробар фаъолияти қатъии якчоя дошта бо-
шанл.
Чунин ҷамъбастҳои вусъатноки бадей дар ҳикояҳои
Б. Фируз каманд. Вай дар ҳикояҳо хислатҳои қахра-
мон ва симои инсонии ӯро бо нишонаҳои хурд ва па-
дидаҳои конкрет нишон дода, аз чамъбастҳои вусъат-
нок худдори мекунад. Инро норасоии биниши бадеии ӯ
донистан лозим нест. Он ҳама майдатасвириҳои конкре-
ти у барои васеътар шудани дуньёфаҳ.мию зиндагидо-
нии мо хизмат карда, бо таъсири эмоционалии худ моро
водор месозад, ки худ хулосаҳои муҳим барорем.^
Факат баъзан худи нависанда аз тасвирҳои на чан-
дон калон, аз ҳодисаҳои маҳдуд, ки зоҳиран ночиз ме-
намоянд, баъзе хулосаҳои муҳимми умумй мебарорад.
60
Дар як маврид чунин хулосаи у хеле вусъат ёфта,^ ба
ҳодисаҳои умумии ҷаҳон дахл намудааст. Дар охир
ҳикояи «Кабкчанг» (1976) таассуроти таҳкиягар чунин
баён шудааст:
«Агар аз кабкчанги аввал дилтанг будам, аз ин чан-
ГИ нобаробар нафратам ва ғазабам чушид. Умуман, ду
ҷонвари бегунохро ба ин тарик чанг андохта, парка-
нию чашмкании онҳоро тамошо кардан ва гарав оас-
тан — бераҳмӣ, беақли. Аз дилам гузашт, ки башари-
ятро хам ана ҳамин хелҳо ба чанги бародаркуши меан-
дохтагистанд». _ л
Ин тарз аз тасвири як воқиаи хурди мукаррари^оа
ҳодисаҳои калони чаҳонӣ гузаштани нависанда гайри
чашмдошт аст. Вале шояд маҳз ҳамин гардиши гаири
чашмдошт бо таъсири пурзӯри эмоционалӣ моҳияти
даҳшатангези ҷангҳоеро, ки сангдилони одамоезор ва
дуньёхӯр cap мекунанд, равшан менамояд.
Ҷамъбастҳои калонтари бадей дар повести Баҳром
Фирӯз «Ту танҳо не», хусу-сан дар «Тору пуд» бешта-
ранд.
3
Повести «Ту танҳо не» бо баррасии проблемаҳои му-
қиммн ахлоку одоб ва ташаккули шахсияти қаҳрамони
ҷавон чолиб аст. Дар повести «Тору пуд» бошад, масъ-
алаи одамият ва муҳофизати он аз тааррузи ноодамон
хеле тезу тунд мавриди тадкикн бадей карор ёфтааст.
Нависандае, ки то ҳол ҳатталимкон аз ошкор шудани
ҳиссиёти субъектпвй худдори мекард, дар повести «То-
ру пуд» гоҳе ӯро ончунон ҳаяҷон фаро гирифтааст, ки
суханаш ба фарьёд монанд аст. Инак, порае аз моноло-
ги ботинии қаҳрамони асар, ки садои муаллифро хам
аз он мешунавем:
«Духтур бисьёр шуду беморӣ ҳам афзуд — мегуянд,
гӯё сабабгори беморӣ духтурҳо бошанд. Ан-а, ин хел
маразҳо бисьёранд, инхо одамонро касал мекунанд.
Стресс. Стрессн рӯху эҳсос... Талати, чаро барои дуру-
ягй, тӯрачигӣ ҳеҷ касро ҷазо намедиҳанд?.. Аслан ин
ҳам мараз, торафт меафзояд. Яъне марази хамагир аст.
Кай пеши роҳаш мегирем, хой мардум?! Ин хам грипп
барин, дарди зарпарвин барин, балки аз ин маразҳо ба-
тар аст...»
Нависанда дар повести «Тору пуд» ноодамии ҳаром-
61
хурону пулмастони бетамиз ва ҳомиёни маснаднишини
онҳоро бо хашми тамом тасвир кардааст. Баъзан сухани
у тири заҳролудест, ки бехато ба ҳадаф, ба чигаргохи
курдилони вахшксимо мерасад. Сӯзи дили нависанда
бисьёр баланд буда, вичдонн гражданин хонандаро ба
чуш меорад, ҳиссиёти масъулиятшиносии гражданй ва
фаъолиятгарии ичтимоии ӯро сахт такой медиҳад. Бар
хилофи аксари ҳикояҳои Б. Фирӯз дар ин повесть охан-
ги публициста кувват гирифта, боиси ин шуд, ки мав-
кеи чамъиятии фаъолонаи у буррову гӯё ифода гардид.
Сухани бадеии Бахром Фирӯз дар «Тору пуд» сухани
асили гуманиети мебошад ва бо чидду ҷаҳди бештаре
пояҳои одамиятро устувор ва ноодамиро махкум ме-
намояд.
• Масъалаи масъулиятшиносии шахе ва чамъият дар*
«Тору пуд» андак ранги дигар гирифт ва такмил ёфт
Нависанда акнун барон хар чӣ ҳодисаи баде, ки дар
атрофи мо руй медиҳад, барон падидаҳои ҳаромкорӣ,
бетамизи, худсари, бемаънавияти на фақат худи онҳо-
еро, ки ин хислатҳо аз онҳо cap задааст, на танҳо хар
шахеи чудогона ё як гурӯҳ мардумеро, ки расвоихоро
дида чашм пӯшидаанд, гунаҳкор медонад, балки масъ-
алаи чавобгарии махсуси масъулони расмиро пеш гу-
зоштааст. Кормандони масъули идораҳо, намояндагони
хокимияти ичрокор вазифадоранд, ки барон пешгирии
ноинсофиҳо, барои аз роҳи хато нигоҳ доштани шахсо-
ни алоҳида мубориза кунанд ва дар ин род дама xvkvkv
имкониятҳои худро пурра истифода баранд. Саргузаш-
ти қаҳрамони повесть нишон дод, ки вазифаи худро фа-
ромуш кардани кормандони масъул, ба роҳи беинсофй
даромадани ондо ба сари мардумони покв^чдони чй даҳ
шатдое метавонад орад. Д Л
Фикри бадеии нависанда дар повести «Тору пуд» бо
ин баити олиҷаноби Фирдавсй хулоса шудаасг:
Нигар, то чй кори, ҳамон бидравй,
Сухан хар чй гӯи, ҳамон бишнавй.
Ин гуё хулосаи бадеии ҳамаи вокиаҳои повесть ва
тамоми саргузашти қаҳрамонон, хулосаи тадкиқи гуно-
й4?-™ масъалаи масъулиятшиносии шахе ва чамъ-
ият мебошад, хулосаи амикест, ки мохияти масъаларо
ба хуби равшан мекунад. Нависанда бо мантики хамаи
оқиаҳо ва сарнавишти кахрамонон, аз забони шоири
62
бузурги моҳиятбин моро огоҳ месозад^ ки ҷавобгарию
вазифашиносиро бояд як лаҳза фаромӯш накунем. Ин-
сон баром ҳар қадам ва ҳар суханаш дарпеши дигарон
ҷавобгар аст ва ягон кору ягон гуфтори у беокиоат на-
мемонад. Аз ҳамаи ин рафтору гуфтори шахсони ало-
ҳида симои умумии чамъият ҳосил мегардад ва ин чамъ-
ият хам дар пеши хар як узви худ, дар пеши мардумо-
ни имрӯз ва фардо, дар пеши таърих маеъулият дорад.
Шахе аз ҷамъият чудо нест ва чамъият аз шахсони чу-
догона. Муносибати шахе ва чамъият, маеъулияти шахе
ва чамъият дар назди якдигар робитаи диалектики до-
рад ва хар чй неку баде, кн дар ин миён хает, инчунин
окибатҳои он ба дарачаи баробар чй сарнавишти шах,с
ва чй вазъи ҷамъиятро муайян мекунад.
Даврон — қаҳрамони «Тору пуд» дар беморхопа сар-
гузашти даҳшатноки худ ва беинсофию ноодамиҳоеро,
ки дар андак муддат дид, фикр карда, дар охир чунии
хулоса баровард: «Зиндагй худаш ислох мекунад, гу-
зашти замон мусаҳҳеҳи забардаст аст. Ҷамъият агар
солим аст, монанди об и бахр худашро аз хар олоише
покиза месозад».
Аз ин андешаҳои Даврон ва аз ҳама муборизаҳои у
дида мешавад, ки моҳияти замони худро дуруст фах-
мидаает, ва дар зиндагй бо дилпурӣ қадам мезанад.
Ҷамъияти мо баҳри пурмавҷест, ки ҳамеша худро «аз
ҳар олоише покиза месозад». Ҳоло афкори чамъиятй
барои ба сохили нестй бароварда партофтани бетарти-
бию бенизомй, худсарию худбинй, бюрократизм ва ди-
гар рӯйдодҳои манфй роли калон бозида истодааст.
Ин аст, ки Баҳром Фирӯз, ки хикоянависиро аз чузъ-
иёти хурди зисту маишат, аз таҳкияи батааннии оромо-
на огоз карда буд, имрӯз дар асарҳои калонаш ба нақ-
ли ҳаяҷономез бештар майл намуда, ба ҷамъбастҳои
бадеии пургунҷоиш муваффақ шудааст. 4
4
Дар баъзе ҳикояҳои Баҳром Фирӯз диққат додан
ба чузъиёти зисту маишат ахамияти мутлак пайдо кар-
да, асар аз фикри амиқи бадей маҳрум мондааст. На-
висанда гоҳ фақат бо кайди факт маҳдуд шуда, аз ифо-
даи назари хос, аз маънидоди амики оригииалй худдо-
рй мекунад.
Ҳикояи «Шикает» (1977) аз ҳамин ҷумла аст. На-
63
висанда ин ҷо як талабаи худписанди густохро тасвир
кардааст, ки аз хар кучо як шингил донише. дошт ва
хар дафъа ки ба синфашон муаллими наве м'еомад, аз
он шингилхо як-ду савол ба муаллим медод ва муал-
лими бетачриба дасту по гум карда «мағлуб мешуд».
Нихоят, як муаллим аз он саволҳо нотарсида, ҷавобхои
босавод гуфт ва он талабаи хавобаланд шикает ёфт.
Мазмуни умумии хикоя ичмолан ҳамин аст.
Ба назари мо, дар ин ҳикоя маънои махсус ва фикри
хикматомӯзе нест. Он чй нависанда гуфтааст, мо
медонистем: барон мағлуб кардани он ҳавобаланди бе-
нӯхта каее лозим аст, ки худро аз даст надиҳад ва бо
катъият рафтор кунад. Агар рафти вокиа ва инкишофи
характер чунин гардише медошт, ки ин ҳакиқатро ба
мо аз ягон паҳлуи наваш нишон медод, моро водор ме-
кард, ки хақикати маълумро аз як чиҳати тозаи номаъ-
луму ноаёнаш бубинем ва бовари мо устувор гардад, он
гоҳ ҳикоя маъно пайдо мекард ва вазифаи ғоявию ба-
деии худро ичро менамуд.
Фақат кашфи ҳакикат ё намудор кардани пахлуҳои
тозаи он ба асари санъат кувваи ғоявию бадей мебах-
шад.
Чунин менамояд, ки ҳикояи «Камгап» (1979) низ
факат аз кайди факт иборат буда, маънои хикматоме-
зе надорад. Ҳикояи «Ганҷи шойгон» (1977) гӯё нотамом
аст, ба ҳар ҳол фикри бадеии нависанда барчаста ифо-
да нашудааст. Дар ин асар фидокориҳои як зани соҳиб-
чамоли хуштадбир ва меҳнатдӯст, ки шавҳари ношу-
дашро ИСЛОҲ кардан ва ба сӯи одамият раҳнамун шудан
хост, тасвир ёфтаает. Асоси нияти бадеии нависандаро
як байти машхури Саъдй ташкил кардааст, ки туфта
буд:
Зани хубу фармонбару порсо
Кунад марди дарвешро подшо.
Аммо воқиаҳои ҳикояи Б. Фирӯз бар хилофи маз-
муни ин байт анҷом ёфтаанд: Толиб одам нашуд, кӯ-
шишҳои Назокат бар абас рафтанд. Чаро ин тавр шуд?
Он шароити конкрет, ки барои ба роҳи рост даромадан
Толиб имкон надод, аз чй иборат буд? Тадкики бадег-
нависанда, ба фикри мо, бояд ба ин саволҳо ҷавоб м
ёфт'ва решаҳои ҳодисаро чуқуртар мекофт.
Ба ақидаи мо, ҳикояи нағзи «Бобо» ҳам як нуқс
дорад: хусусан дар аввал баъзе гапҳои қаҳрамони хурд-
6^
соли ин асар сухани кӯдакона нестанд ва агар онхоро
аз бобо мешунидем, гуё муносио меафтод. ^ Mq7fi4 яч
Ҳикояи повестьмонанди «Ситораи думд р (
чихати материали ҳаётӣ ва нияти эчодии нависанда чо-
либи диккат бошад хам, ба эътибори халли о ад ей сует
менамояд Феълу атвори персонажхо Дар 'баъзе мавр Д-
хо ҳануз муайян нест ва характеристикаи онхо аз заб
ни худи муаллиф омадааст ва хол он ки дар дигар асар-
хои нависанда, чунонки мебояд, инсон асосан ба воси-
S" рафтору кирдораш ва фикру исс.еташ нцшон дода
ШУ Займи асархои Бахром Фирӯз хам баъзе "«'асопхо
дорад Чунончи калимахои «асрорангез» ба ҷои
«в» («Хажафаров»), «маъруфй» ба чои «У»РР»Ф"’
(«Шикает»), «хонаи панчхучрадор» ба чои «панчхуч-
рагй» ё «панчхучра» («Буду шуд 38 тин!»), ибораи «аз
хама зуртарин» ба чои «аз хама зур» («Бузғола ва пи
йрак») омадааст ва хоказо. Ии нависанда хам монан-
диРбисьёр каламкашхои имрӯза баъзе шаклҳои прими
тиви ибораи сифати феълиро ба кор мебарад. Чунончи
ибораи «рохи ба тор мебурда», ки «мебурда» монавди
сифати феълии «мегуфта», «мерафта» ва т. тамоман
шакли нодуруст буда, на дар забони гуфтугуи ва на
дар забони адабии пеш аз инкилоб хеч дида
вад. Ба фикри ман, он иборахои сифати феъли, ки ба
ин колиб вокеъ шудаанд: .«китъаи замини дар тар афт
рости рох вокеъбуда» «заХми дар таҳи манаҳи ман бу-
да» ва хоказо, ки дар навиштахои Б. Фируз хамi гох
ба чашм мехӯранд, низ аз шаклҳои примитиви иб°Ра
бандй буда ба чумла вазнини меоранд ва хусни онро
аз байн мебаранд. Ба назари камина,дар ин мавридҳо
матлабро на бо ибораи сифати феълии пешоянддор, бал-
ки бо пайванди мукаррарии изофи ифода кардан беҳ-
тар ва дурусттар аст: «рохи тор», «китъаи замини та-
рафи рости рох», «захми тахи манаҳи ман».
Аксари чунин норасоиҳо хоси Бахром Фируз нестанд,
-балки ба он сабаб рӯй додаанд, ки ба услуби аҳли мат-
'буот кам бо назари танкид нигоҳ мекунад. Дар аини
нзамон таъкид кардан даркор . аст, ки забони у
оза ва ба дарачаи муайян тани буда, танои он бештар
з хисоби забони зиндаи мардум аст. Дар навиштахои
Бахром Фирӯз бисьёр калимаю ибораҳои хоси урфият,
ташбехот ва маҷозҳои халқиро дидан мумкин аст ва ак-
сари онҳо бамаврид кор фармуда шудаанд. Иборахои
65
5—277
халқии «дар дарунаш гов мепазад» («Падар ва писар»),
«ишкдм танбур навохт» («Гӯштигирй»), «бо нозаш ос-
мона сӯз медиҳад» («Як шаби тан.ҳоӣ»), «нағз-нағз гуф-
танду нағзак баровард», «на дар дег мепояду на дар
кафлес», «дилаш таҳ кашид», «ресмони адолат дароз
аст», «санг ба дари шикастагй мезанад» («Тору пуд»)
ва монанди инхо аз ҳамин қабил буда, гувоҳи онанд,
ки Бахром Фирӯз аз гуфтори халқ ва тасаввуроти вай
нағз огоҳи дорад.
Ба загони халк бо эҳтиёткории тамом наздик шудан
ва аз ин ганҷина дурдонаҳо ҷустан аз давраҳои аввали
таърихи адабиёти советии тоҷикӣ, хусусан бо ҷаҳду па-
дали устод Айнӣ бисьёр ривоҷ ёфта буд. Имрӯз ин кор-
ро навнсандагони миёнсол ва ҷавон давом дода исто-
даанд. Хусусан Урун Кӯҳзод, Саттор Турсун, Абдулха-
мид Самадов, Ҷонибек Акобиров ва боз чанд нафари
дигар имрӯз дар ин роҳ баъзан хеле эҳтиёткор буда,
анъанаҳои Айнӣ, Икромӣ, Улуғзодаро аксаран ба тарзи
дигаре ва ҳар кадоме ба таври худ инкишоф медиҳанд.
Бахром Фируз ҳам дар ҳамин қатор аст.
5
Насри Баҳром Фирӯз аз дигар ҷиҳатҳо ҳам як ҳис-
са аз он ҷараёнест, ки бо номи Ф. Муҳаммадиев, С. Тур-
СУН> Куҳзод, А. Самадов, А. Рабиев ва монанди инҳо
вобастаги дорад. Бо диққати тамом нигаристан ба си-
мои ҳамзамонон, аз феълу атвори онҳо зарра-зарра ҷамъ
овардани нишонаҳои одамият ва кӯшиши ҷиддй дар ро-
ди устувор кардани пояҳои он ҳоло моҳияти эҷодиёти
бисьёр нависандагони тоҷикро ташкил мекунад ва Б.
Фируз яке аз онҳост.
Ғайр аз ин, Баҳром Фирӯз чун дар повести «Тору
пуд» ба масъалаҳои чиддии ахлоқи иҷтимой, ба масъ-
алаи инсону инсоният нисбатан пурвусъат ва амиқтар
назар кардан хост, низ монанди баъзе аз нависандаго-
ни номбурда, чунончи мисли Ф. Муҳаммадиев ва С. Тур-
сун ба таҷрибаи чандин наели мардум, ба тасаввуроту
эътиқодот ва ҳикмати халқ, ба адабиёти классикй ва
таърих руй овард. Аз боби якуми ин асар дар фикру
андешаҳои қаҳрамон гоҳ ёде аз гузашта — аз солхои
наврасию навҷавонии худ, гоҳ шеъри Фирдавсй, Саъ-
ди, Ҳофиз, Ҷоми ё ривояте аз ҳаёти онҳо, гоҳ латифае
ё гуфтаҳои ҳикматомези падару бобо ва ғайра бисьёр
66
ба назар мерасад. Инҳо як чузъи муҳимми шуури маъ-
навии Даврон — духтури ҷавони хушмулоҳизае мебо-
шанд ва ҳар замон барон ҳалли масъалае даркор ме-
шаванд.
Ҳоло аҳамияти бузурги ҳамаи навъҳои тачрибаи таъ-
рихии дуру наздик ҳар чй бештар маълум мешавад. Им-
рӯз тамоми инсонияти тараққихоҳ сабакхои таърих, тач-
рибаи рӯзгори мардум, падидаҳои маънавияти халк— -
мифҳо, афсонаҳо, ривояту латифаҳо ва монанди инҳоро
ба андеша гирифтааст. Гузашта дар тафаккури хамза-
монони мо бештар роҳ меёбад ва мавқеъ мегирад. А31
ин рӯ, дар адабиёт хам муроҷиат ба дирӯз, ба андухта-
ҳои маънавии гузаштагон яке аз омилҳои асосии ташак-
кули шахсияти қаҳрамони ҳамзамони мо, шарти муҳим-
ме дар тадкики масъалаҳои ахлоки ичтимоии имруз ва
назар андохтан ба фардо мебошад. Тачрибаи таърихи
санги м.ахак карор ёфтааст ва инсони замони мо, ин-
чунин қаҳрамони адабиёти ҳозира барои ин, ки мохияти
ҳастии худро дурует фаҳмад, хатти ҳаракати худро дар
шароити мураккабу тундпечи дуньёи имрузи бо санчиш-
корй муайян созад, дар ҳалли муаммоҳои конкрети во-
кеияти ичтимой ва ахлоку одоби худ саҳв накунад,
вазъияти худ ва рӯйдодҳои атрофро кам ё беш алоқа-
мандона бо гузашта аз назар мегузаронад. Вай дар роҳи
ҷӯяндагиҳо, дар роҳи сарфаҳм рафтан ба маънои рӯй-
додҳои имрӯзй машъали таърих ба даст гирифтааст.
Албатта, таърих ягона воситаи равшан кардани рохи
ба сӯи оянда нест. Воситаи асосӣ таҳлили ҳамачонибаи
вазъияти воқеӣ ва рӯйдодҳои имрӯзист. Таърих як чузъи
муҳимми ин таҳлил мебошад.
Ҳангоме ки каҳрамони Бахром Фирӯз дар повести
«Тору пуд» порчаеро аз «Шоҳнома», ривоятеро аз зин-
дагии Ҷомӣ, байтеро аз Саъдй ё Ҳофиз, латифаеро ё
ягон гуфтаи ҳикматомези падарашро ба хотир меорад,
дар олами маънавияти ӯ ҷилое пайдо мешавад. Ҳофи-
заи таърихй чавлони фикру хисро кувват дода, инсон-
ро ба дарки маънои рӯйдодҳои конкрети атроф, моҳияти
ҳастии худ ва ҳакиқати замони хеш наздик меорад. Дав-
рон дар сари андешаҳои мураккаби худ бештар ҷозиба
дорад, фикри чӯянда ва назари моҳиятчӯи вай, ки имрӯз
ва дирӯзро баробар фаро гирифтан мехоҳад, ба ӯ як
навъ ҳусни ботинй мебахшад. Фикру ҳисси вай болу
паре дорад ва гоҳ суханаш шоирона аст. Чун мошин
ронда ба сари ағба расид, ба ин тарз аз мушоҳидаи
67
баландии кӯҳ табъаш болид ва ба кавли занаш, ба «ха-
ёлтарошй» cap кард: «Вақте ки кас ба ин хел баландй
мебарояд, вусъати нигоҳаш ҳам, парвози хаёлаш ҳам,
уфқи пеши назараш ҳам доманадор мегардад».
Яке аз ҷузъҳои гуногуни таҷрибаи асрҳо, ки Баҳ-
ром Фирӯз дар ин повесташ дахл намудааст, масъалаи
шукр аст. Чунонки медонем, шукр дар асарҳои ада-
биёти дидактикию фалсафии асрҳои гузашта яке аз му-
ҳимтарин принципҳои ахлоқ буд. Тасаввури халк хам
ҳамин буд, ки файзу баракат аз шукрона аст ва аз но-
шукрй файзу баракат мепарад. Дар ин маврид маънои
шукру шукрона асосан донистани кадри неъмат аст.
Донистани кадри неъмат — кадри нон ва фаровонӣ, рӯ-
зи хуш ва бахту саодат, кадри андак чиз ва ё камтар
шодие, ки муяссар шудааст, зарур аст. Агар кадри он-
ро надонем, онро пешпо занем, аз ин нодонй рӯзҳои но-
хуш ба сарамон хоҳад омад. Ин яке аз тасаввуроти халқ
аст, ки аз тачрибаи рӯзгораш ҳосил шудааст.
Баҳром Фирӯз аз байни нависандагони ҳозираи то-
ҷик ҳоло қариб ягона касест, ки қаҳрамонони ӯ гоҳ-гоҳ
ин принципи муҳимми ахлоки халқ ва дидактикаи клас-
сикиро ба ёд меоранд.
Дар дами марги кахрамони ҳикояи «Омаду рафт»
(«Усто Равшан») байни ӯ ва занаш аз чумла чунин гуф-
тугузоре ба вукуъ пайваст:
«— Парво накун, оча,— гуфт усто. бо нимтабассум
ва лаҳзае ба руи хамсараш зеҳн монда, дуру дароз ни-
гарист.— Ман умрамро дидам, ҳар чй насибам буд, ги-
рифтам...
— Э, ин кадар... чй дидед? — даст афшонд пиразан.—
Меҳнати дуньё катй гузаштагӣ умр ҳам умр аст чй?
Хуни ҷигар катй фарзанд калон кардед, акнун роҳата-
шонро бинед-дия...
— Шукр кун, оча, шукр гӯй!
Ин чо гуфтугӯи онҳо катъ шуд ва ҳар ду ба анде-
ша рафтанд. Ҳам хасрати ин пиразан, ки дар зиндагй
роҳате надида имрӯз аз дуньё чашм пӯшида истодани
шавҳараш дили уро фишор медиҳад, ҳам шукри окило-
наи пирамард, ки бо вучуди меҳнату машаккат ва но-
муродиҳо дар зиндагй дарнамонданаш, фарзандҳо ка-
лон карданаш, андаке бошад ҳам, ба хизмати мардум
расиданашро даелати бузург медонад, маънои амике
дорад. Агарчи фикри пиразан ва пирамард ду фикри зид-
ди якдигар менамояд, ҳар ду ҳам идеалҳои мардуми
68
меҳнати, максаду мэром в а фалсафаи зиндагии онхо-
ро ифод’а мекунад. Ин фалсафаи ҳаёт бо сухани муқар-
рарии мардуми оддй ба забои омадааст.
Масъалаи шукр дар ҳикояи «Усто Равшан» айда,к
дахл шудааст, аммо дар повести «Гору пуд» нисбатан
тафсил дорад. Дар «Тору пуд» аввал дар андешаҳои
кахрамони асосй Даврон аз зарурати шукрона андак
ёдоварй шудааст. Вай боре бо ҳамсараш Азиза чунин
гуфтугӯ дошт*. «Падару бобоёнамон сари ҳар ran «шукр
кун» мегуфтанд,— гуфт Даврон окибат аз дур сухан
cap карда.— Ту ҳам ярой бор шукр гуй, аз ин фалокат
саломат мондем». Баъд Даврон ба андеша гуфт: «Аз
дили Даврон гузашт, ки ибораи «шукр кун» ба Азиза
ҳамеша сехру чоду барин асар мекунад... Ҳоло фикр
мекард, ки чаро ин сухан ба ҳамсараш чунин таъсир
дорад. Аз хурдй дар хонавода падару модар ҳамаи мо-
ро ба шукр гуфтан водор мекунанд. Худашон ҳам^ дар
сари ҳар кор — хоҳӣ бад ояд, хоҳӣ нек, шукр мегуянд.
Падари Азиза ҳатто ҳангоми ҳалокати писари ягона-
ашон хам «шукр» мегуфтаанд. Ҳамаи ин беасар наме-
гузарад. Аз як тараф, барои таскини дили одам, барои
тасаллй шукр кардан хуб аст, вале, аз тарафи дигар,
касро ба каноатмандй талкин мекунад. Фалсафаи хоси
мардуми мусулмон... Ҳатто агар нобарорие пеш ояд, баъ-
зан сабаби онро ба ношукрӣ ҳамл мекунанд».
Ин чо аз забони каҳрамон шукру қаноатро фақат
ба «мардуми мусулмон», факат ба ислом нисбат додани
қаҳрамон эҳтимол чандон дуруст набошад. Шукр ва
каноат дар байни принципҳои ахлоқи динӣ ҳам мавқеи
калон до.шт, вале решаҳои онро аз таҷрибаи зиндаги ва
фаҳмишу дониши халқ, аз идеалҳои иҷтимоиву эстети-
кӣ ва принципҳои ахлоқии вай, аз ҷустуҷуйҳои маънавии
фарзандони бузурги ӯ чӯем, шояд ба ҳақиқат наздик
омадан осонтар шавад.
Чунонки мебинем, андешаҳои Даврон хеле доманадор
буда, тасаввуроти ҳаётии мардум, таҷрибаи халкро ҳа-
маҷониба фикр мекунад ва маънои ҳикматҳои халқро
фаҳмидан, ба таҷрибаи чандин наели мардум шарик
шудан мехоҳад. Даврон, ки зиёии ҷавон ва духтури ҷу-
янда ает, худро як чузъи халқаш медонад ва ҳар чиро,
ки хоеи ин халқ аст, аз чумла маънои он хулосаҳои аҷи-
бу ғарибро, ки халқ аз рӯйдодҳои зиндагй мебарорад,
пай бурдан яке аз мақсадҳои ӯст. Дар ин маврид ҳам
ҳофизаи таърихӣ қувваи фаъол буда, барои ҳалли масъ-
69
алаҳои имрӯзии ахлоқи иҷтимой, барои муайян шудани
хатти ҳаракати ҳозираи инсон хизмат мекунад. Ҳофи-
заи таърихй, пайванди наслҳо ва меросбарии маънавй
аз муҳимтарин омилҳое мебошанд, ки дар чустучӯйҳои
маънавиюахлокии ин кахрамонп чавон, дар ташаккули
шахсияти у роли калон доранд.
6
Нависанда бо рафти вокиаҳо ва бо мантики инкишо-
фи характери каҳрамонхо таъкид кардааст, ки пайван-
ди наслҳо ва меросбарии маънавй, фаъол шудани ҳофи-
заи таърихй дар ҷиддитарин лаҳзаҳои зиндагии инсон
-бештар натиҷа медиҳад, халли масъалаҳои мураккаб
ва куллй, кӯшиши бартараф кардани душворихо, чунин
лаҳзаҳое, ки инсон дар назди худ вазифаҳои чиддй гу-
зошт ё чунин вазифаҳо пеш омад, ҳофизаи таърихй беш-
тар фаъол мешазад, ба маънои амики тачрибаи ҳаётию
маънавии наелҳои гузашта даст ёфтани инсон бештар
муяссар мегардад. Ҳеч чиз бе чидду чаҳди махсус ба
даст намеояд. Фақат чахду чадали ҷиддй дар роҳи хал-
ли умдатарин масъалахои ҳаёт боиси рушду камоли
маънавй мешавад. Аз ҷумла ба чустучӯйҳои маънавии
гузаштагон ҳамроҳ шудан, ба кадри тачрибаи онхо ра-
сидан ва онро давом додан хам дар айни фаъолӣ, дар
айни шиддати қувваҳои рӯҳии шахс бештар рӯй меди-
хад.
Инро дар повести «Тору пуд» аз саргузашти Давро-
ну Азиза ба хуби дидан мумкин аст. Чунонки умуман
дар душвортарин лаҳзаҳо фаъолияти фикрии инсон кув-
ват мегирад, каҳрамонони ин повесть низ чун ба сара-
шон фалокате оадад, бошиддаг фикр кардан гирифтанд
ва таҳлилу худтаҳлилӣ дар фикри онҳо зиёд шуд. Му-
хим ин аст, ки фикру андешаҳои онҳо дар ин лахзахо
бештар мазмуни маънавй мегирад ва хулосаҳояшон аз
афзудани ганои маънавии шахсияташон гувоҳй меди-
ҳад. Дар ин маврид боз ҳам масъалаи шукру қаноат
пеш омадааст. Инак, як кисми андешаҳои Азиза:
«Ман мает будам, ҳушьёр шудам,— мегуфт ҳоло Ази-
за бо дард.— Хаб будам, бедор шудам. Як бор сэрам
ба обу поям ба гирдоб афтоду сонй маънии бисьёр гапу
корро фаҳмидам. Даврон ҳамеша як байт шеъри Хоча
Ҳофизро такрор мекард: «Замони хушдилй дарьёб, дарь-
ёб, ки доим дар садаф гавҳар набошад». Вай понздаҳ
70
сол боз ин байтро гуфта мегашт, вале ман маънии онро
дуруст наандешидаам ё худ барон андешаи чукур фур-
сат надоштам. Акнун фаҳмидам... Одамизод чи махлуки
ношукр будааст! Ана, расо се моҳ боз шабу рузамон бо
парешонӣ мегузарад. Се моҳ боз ба лабам табассум на-
давидааст. Дар ҳақиқат, ба монанди садафе, ки гавҳар
надорад, хаёту зиндагӣ холӣ, пуч, бекора шуд. Се моҳ
боз акрабакҳои ин соати ба ман харида додагиаш бе-
ҳуда мегарданд, рӯзу шабҳои ба ман нодаркорро ҳисоб
мекунанд... Даврон доим мегуфт: «Ман на аз он кано-
атмандам, ки хушбахтам, балки хушбахтиам аз он, ки
ҳамеша каноатмандам ва шукр мекунам». Маънии ин
суханбозиашро намефаҳмидам, ақаллан бифаҳмам гуён
ақламро намедавондам. Баръакс, аз ин хел суханон
дилтанг будам. Ӯ ба рӯи ман маҳзун менигаристу хо-
мӯш механдид. Ҳа, Даврон аз кору бори худ, аз хона-
вода, умуман, аз ҳаёт қаноатманд буд. Кудак барин
баъзан ягон ҳодисаи оддй ва ё муколимаи лутфомезро
гуфта, соат-еоат механдид. Боре як воқеаро гуфта, Ис-
панд катй ҳар ду кариб то ними шаб хандиданд. Дар
саҳни хона гел зада, шикамашонро дошта механдиданд.
Ана, акнун ба лабони писарам табассум намедавад».
Мо аз андешаҳои ин каҳрамон ба он сабаб чунин
порчаи калон мисол овардем, ки то чй андоза гуногун
ва ғанӣ будани олами фикру ҳисси ӯро таъкид кунем.
Ҳам воқиаҳои ҷории рӯзмарра, ҳам хулосах,ои ҷиддие
аз онҳо, ҳам байти Ҳофиз, ҳам суханбозии ҳикматоме-
зе дар бораи шукру қаноат ва бахту саодат як ҷо шуда,
ҳама ҳастии онлаҳзаинаи каҳрамонро 1маълум карда-
анд. Ин ҳастии ӯ мазмуни баланди маънавй дорад. Вай
дар айни шиддати фикру ҳиссааш рафти воқиаҳои зин-
дагии худ ва хонаводаашро, зоҳнри воқеаҳоро не, бал-
ки моҳияти онҳоро аз назар гузаронидан мехоҳад. Мақ-
сади ӯ ба маънои ботинии рӯйдодҳо сарфаҳм рафтан,
аз онҳо сабақ омӯхтан, барои оянда хулосаи ҷидди ба-
ровардан аст. Қаҳрамон дар ин лахза дар сари чусту-
чӯйҳои маънавй.дар сари худшиносӣ мебошад, мақса-
ди вай зиндагӣ ва маънои ҳаёти худро ба андеша ги-
рифтан аст.
Ҳамин тавр, инеон дар муҳимтарин лаҳзаҳои ҳаё-
таш маънои зиндагӣ ва одаму одамиятро_ беҳтар мефаҳ-
мад, ба қадри тачрибаи рӯзгор ва андухтаҳои маъна-
вии дигарон беҳтар мерасад. Пайванди наслҳо ва ме-
росбарии маънавй бештар махнули он лаҳзахоест, ки
71
инсон фаъол аст ва фикру хисси ӯ ба шиддат омадааст.
Идомакории маънавии наслҳои гуногун, мувофики ша-
роити замони нав санҷидану ғанй гардондани таҷрибаи
маънавии гузаштагону ҳамзамонон кори фаъолон аст,
натиҷаи ҷустуҷӯйҳои фаъолонаю шиддатнок мебошад,
факат ба онхое муяссар мегардад, ки барон бо шидда-
ти тамом фикр кардан кобилият доранд. Ҳоло чунин
кахрамоне, ки фикран ва ҳиссан фаъол буда, бо чусту-
чӯйҳои шадиди маънавию ахлоқӣ фаъолияти ичтимой
зоҳир мекунад, дар адабиёт мавкеи асосй ишғол карда
истода аст.
Ба тачрибаи маънавии наслҳои гузашта, хатто бо ка-
тегорияҳои ахлокие аз қабили шукру каноат рӯй овар-
дани қаҳрамонони тааммукписанди адабиёти ҳозира чу-
нин маънй дорад, ки процессхои чиддие дар хаёти маъ-
навии халк чараён доранд ва дар адабиёт акс андохта
истбдаанд. Мо арзишхои маънавии кӯхнаи чандин асрро
дар партави таҷрибаи иҷтимоиву таърихии тозаи имрӯ-
заи худ аз нав санчида, аз санги махак гузаронида ис-
тодаем, то муайян кунем, ки кадоме аз онхоро бо худ
ба оянда бурдан мумкин аст ва аз бахри кадоме гузаш-
тан беҳтар аст. Солҳои бисту ей ва чил аҳамияти бись-
ёре аз андухтаҳои маънавии наслҳои гузаштаро инкор
мекардем, хусусан мафҳумҳоеро монанди шукру кано-
ат комилан боқимондаҳои тафаккури асримиёнагии фео-
даливу динй ба шумор меовардем. Ин нигилизми маъ-
навии таърихи кам-кам бартараф шуда истодааст. Ҳо-
ло як навъ бо назари тозае нигох кардан ба андӯхтахои
маънавии гузаштагон оғоз ёфтааст, ки хеле муҳим буда,
намунае аз инкишофи нави камолоти маънавии миллат
мебошад.
Пояи нави камолоти маънавй имкон медиҳад, ки дар
ин роҳ боэҳтиёт кадам гузорем, арзишҳои ҳакикиро аз
пули пучак^ фарк кунем, хасҳои бодоварди таърихро аз
роҳамон руфта партоем, сангу сафолпораро баробарн
ДУРРУ гавҳар ба борхалтаи сафари оянда наандозем.
Адабиёт барои анҷом додани чунин интихобкории бо-
эҳтиёти маънавии таърихй ёрии чиддй метавонад ра-
сонад. Барои ин лозим аст, ки тадқики бадей ҳамачони-
ба анҷом ёбад ва решаҳои ичтимоиву таърихии хар хо-
дисаро бо чашми амиқбини нависандаи замоншинос ош-
кор созад.
Масъалаи шукру каноат дар повести Бахром Фирӯз
«Тору пуд», ба назарам, ҳанӯз ҳартарафа таҳқик на-
72
шудааст, хусусан барон муайян намудани мазмуни им-
рӯзаи ин мафҳумҳои қадим нависанда кам имкон ёф-
тааст ва ҳол он ки ҳангоми тадқики ҳамаи масъалаҳои
маънавию ахлокии умумиинсонй ва кадими масъалаи
мазмуни иҷтимоии имрӯзаи онҳо аҳамияти калон дорад.
Мо бояд саргаҳу сарчашмаи онҳоро муайян кунем ва
бинем, ки дар гузашта чй мазмун доштанду чи натича-
ҳо медоданд ва имрӯз мохияташон аз чй иборат аст.
Ар'зишхои маънавии човид буньёди одамиятро таш-
кил менамоянд. Онҳоро бодиққат омӯхтан, дар рафти
дигаргуниҳои пурсуръати замони туфонии мо муҳимта-
рин падидаҳои онҳоро аз даст надода, бо худ эҳтиёт-
корона ба оянда бурдан ва барои фардои башарият
махфуз доштан вазифаи бузурги гуманиста мебошад.
Адабиёт ҳам дар ин роҳ хизмат карда истодааст. Ақа-
мияти аксари асарҳои Баҳром Фирӯз низ дар ҳамин аст.
193Л
ТАДҚИҚИ БАДЕЙ ВА ҶАНБАИ ПУБЛИЦИСТЙ
1
Ҷанбаи публидистй дар насри нави реалистии тоник
аз аввали пайдоиши он роли калон ва ба худ хосе бо-
зидааст. Ин роли он дар давраҳои гуногуни сайри таъ-
рихии насри советии точикй як хел намондааст ва дар
эҷодиёти насрнависони барҷаста мувофиқи майлу раг-
батҳои фардй ва сабку услуби ҳар кадоми онҳо ҳам ху-
сусиятҳо пайдо кардааст. Дар чустучӯҳои эҷодии имрӯ-
заи нависандагон низ оҳанги публициста мавқеи муайян
дорад ва гоҳо роли он ба гоят меафзояд.
Дар ташаккули насри реалистии тоники нақши мах-
сус гузоштани мабдаи публициста ҳодисаи тасодуфй
нест ва сабабҳои ҷиддӣ дорад. Ба гумони қави, яке аз
ин сабабҳо ҳамоно аз реализми маорифпарварй бево-
сита ба реализми социалиста гузаштани адабиёти то-
ник мебошад. Рационализм, дидактика ва тамоюли пуб-
лициста аз муҳимтарин хусусиятҳои реализми маориф-
парварй буд. Тамоюли публициста хусусан дар насри
ибтидои асри XX, аз чумла дар сафарномаи Мирзо Си-
рочи Ҳаким «Туҳфаи аҳли Бухоро» /1911/, повестьҳои
Абдурауфи Фитрат «Мунозира» /1909/ ва «Баёноти сайё-
ҳи Ҳинд» /1912/, ки низ ба сафарнома наздик буда, му-
73
боҳисаи тезу тундеро дар бораи баъзе масъалаҳои ич-
тимоии воқеияти Бухоро дар бар гирифтаанд1, инчунин
дар баъзе асарҳои дигар бағоят қувват ёфт. Бисьёре
аз хусусиятҳои реализми маорифпарварии тоҷик, аз чум-
ла рӯҳи пурқуввати публицистии он дар давраҳои ав-
вали сайри таърихии насри советӣ тағйири шакл дода
ва моҳиятан дигар шуда, алалхусус дар эҷодиёти Сад-
риддин Айнӣ барин носирон, ки худ чанде пеш намоян-
дагони реализми маорифпарварӣ буданд, нақши муайян
гузоштааст.
Таъсири эстетикаи реализми маорифпарвариро, чу-
нончи дар нахустин романи адабиёти тоҷик — асари ус-
тод Айнй «Дохунда» /1930/ баъзан то андозае мушо-
ҳида кардан мумкин аст. «Дохунда» қадами ҷиддй дар
роҳи аз худ кардани сирру асрори санъати нави тас-
виркории реалистй, қадами муҳимме дар роҳи реализ-
ми социалиста буд, вале ҳамин чиз ҷолиби диққат аст,
ки дар охирин қисмҳои ин роман, дар он^бобҳое, ки во-
қеияти нав, давраи советии зиндагии қаҳрамонон ва
чанги зидди босмачиён тасвир ёфтааст, нависанда ка-
риб тамоман аз тадқиқи бадей ба нақли пурхарорати
публициста гузаштааст. Фарогирии эстетикии вокеия-
ти нави революционй, замони ҳозира ба устод Айнй
ҳатто дар жанри роман аввалин дафъа бештар на аз
роҳи тадқиқи батааннии ҳамаҷонибаи бадей, балки аз
роҳи тадқиқи ҳиссиётомези публицистӣ, ки рангу накш-
ҳои романтикй дорад, муяссар гардидааст.
Ин ҳодиса дар таърихи насри нави реалистии тоҷи-
кӣ то чӣ андоза роли калон доштани мабдаи публи-
ци,старо нишон медиқад. Мабдаи публицистӣ дар ин-
кишофи реализми Айнй зинаи муҳимме барои дарки
амиқи иҷтимоию фалсафии воқеияти нав буд. Чунин
фарогирии воқеияти нав дар романи дуввумаш — эпо-
пеяи «Ғуломон» /1934-1935/ амиқтар шуд.
Ҳангоме ки сабабқои гуногуни дар насри реалистии
тоҷикй роли махсус бозидани ҷанбаи публицистиро ме-
ҷӯем, бояд таъкид кард, ки сабаби асосӣ талаби ҳаёт ва
тақозои замон буд. Дар хусусиятҳои рӯҳи публицистии
насри советии тоҷик яке аз муҳимтарин конуниятҳои
инкишофи чунин насри реалистй, ки ташаккули он ба
1 Дар бораи хусусиятхои маорифпарварии Абдурауфи Фитрат
дар давраи пеш аз революция ниг.: Э. Каримов. Развитие реализ-
ма в узбекской литературе, «Фан»,— Ташкент, 1975, с. 9' —126.
74
давраи инқилоби иҷтимоӣ ва муборизаҳои сахти синфи
рост омадааст, ифода меёбад. Замони революция ва му-
боризаҳои шадид аз санъаткорон талаб мекард, ки на-
зари худро равшану возеҳ баён намоянд. Шароити иҷ-
тимоию сиёсии замон санъаткорро водор мекард, ки му-
носибати худро ба воқиаҳо, ба қаҳрамон ва фикру ҳис-
сиёти ӯ ошкоро ва бо эҳтиросн сиёси зоҳир кунад. Аз
ин ҷост, ки рӯҳи романтики ва тезию тундии публицис-
тонаи адабиёт қувват гирифт. Рӯҳи публициста яке аз
шаклҳои асосии зоҳир шудани манфиатмандии шахсии
нависандаи мубориз, дахолати фаъолонаи у ба процес-
ҳои зиндагӣ, иштироки бевоситаи вай дар муборизв буд
ва ҳаст.
Ҳаким Карим солҳои ей дар як суҳбати хусуси гуф-
тааст : «Ҳикояе, ки ҷӯши ҳаёт дар он набошад, ба нуҳ
пул намеарзад»1. Нависандагон дар деги ҳаёту мубори-
заи қаҳрамонон меҷӯшиданд ва рӯхи романтикию эҳтиро-
соти публициста аз муҳимтарин воситаҳои намудор кар-
дани мазмуни амики иҷтимоии ҳамин «ҷӯши ҳаёт» буд.
Рӯҳи қаҳрамононаи замони инқилоб ва сохтмони
чамъияти нав анъанаҳои романтикии адабиёти класси-
кии форсу тоҷикро ба кувваи нав ба ҷунбиш
овард ва хеле фаъол кард. Қувват гирифтани
тамоюлоти публицистй низ ба ҳамин процесс сахт
алоқаманд мебошад. Байни ҳарорати романтики ва
рӯҳӣ публицистии адабиёти советии тоҷикӣ ҳамбас-
тагие ҳаст. Тасодуф нест, ки на фақат солҳои
бисту ей, балки дар давраҳои баъдина ҳам тамоюло-
ти публицистии насри тоҷикӣ аз рангҳои баланд, аз
нақшҳои дурахшнок, аз ҳиссиётангезй ва илҳомомезии
анъанаҳои романтикии классикӣ хеле баҳра бурдааст.
Сарманшаи хусусиятҳои мабдаи публицистии насри то-
ҷикӣ аз бисьёр ҷиҳатҳо ба ҳамон анъанаҳои романтн-
кй вабастагй дорад.
Аз ин ҷиҳат, насри бадеии Садриддин Айнӣ бағоят
ҷолиби диққат аст. Оҳанги публицистй кам ё беш ка-
риб дар ҳамаи асарҳои асосии Айнй — аз нахустин по-
вести ӯ «Ҷаллодони Бухоро» /1922/ то охирин асаращ
«Еддоштҳо» /1948-1954/ иштирок дошта, вазифаи ғоя-
вию бадеии он гуногун аст ва муҳимтар аз хама ин аст,
ки ин вазифа торафт аниктар ва конкреттар шуда, ба
тадқиқи гуногунҷиҳат бештар тобеъ гардидааст. Мо хо-
1 Ниг.: 3. Раҷабов. Дӯсти ман, «Ҳакчқати Ленцнобод», 24 июни,
с. 1975.
75
ло ба шаклҳои гуногуни сухани публицистии Айни, ва-
зифаҳои гуногун ва таҳаввулу такомули тадриҷии он
дар асарҳои бадеии ӯ дахл накарда, факат ба обу ран-
ги романтикии мабдаи публицистии эҷодиёти вай дик-
қат ҷалб карданӣ ҳастем.
Ии хусусияти сухани публицистии Айнӣ бештар аз
ҳама дар тасвири образҳои пурҳарорати романтики на-
моён мегардад. Агар дар тасвири эҳсосоти пуртуғьён
ва назокат-у дилкашии Ҳабиба /«ёддоштҳо»,к. 1/ ва
духтари ноком /«ёддоштҳо», қ. П/ лирикаи романти-
кӣ мавқеи асосӣ дошта бошад, барои ифодаи руҳияи
муборизони ҷаррор унсурҳои публицистикаи романти-
кӣ фаровон истифода шудааст. Дар очерки таърихии
«Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» /1944/ нақли
пурэҳтироси нависанда дар бисьёр мавридҳо аз чузъиё-
ти конкрет маҳрум шуда, ба публицистика ва патети-
каи рангини романтикӣ мегузарад ва ин яке аз воси-
тақои муҳимми ба вучуд овардани образи муборизи
шӯълавари зидди истилогарони муғул мебошад. Дар
«Ёддоштҳо» /қ. IV/ образи илҳомомезу бузургворонаи
мулло Амон, ки «хуруҷи умуми»-и зидди тартиботи фео-
далиро орзу мекард, бештар ба воситаи монологҳои
муфассал тасвир ёфтааст ва ин монологҳои у бағоят
ҳаяҷонангез, публицистию экспрессивӣ ва пур аз пате-
тикаи рангомезу дурахшон аст.
Ин рангҳои романтикии ҷанбаи публицистии асар-
ҳои Айнӣ аз муҳимтарин хусусиятҳои фардияти эчодии
ӯ буда, аз худи ҳаёти вокеӣ ва диди эстетикин халқ
cap задааст.
Таркиби бадеии «ёддоштҳо»-и Айни хеле мураккаб
ва оҳанги услубии он гуногун аст. Қикояҳое, ки дар
онҳо оҳанги орому ботамкини эпикӣ бештар аст, ҳи-
кояҳои лирикӣ ва лирикии романтикӣ, ҳикояҳои ҳаҷви
ва мутоибаомез паҳлу ба паҳлу ҷо гирифтаанд. Дар
баъзе бобҳо маълумоти умумии таърихй ё портрети
намояндагони намоёни адабиёту санъати вақт омадааст.
Дар ин бобҳо оҳанги публицистй ва илмии публицисти
бештар аст. Бояд гуфт, ки дар баъзе бобҳои маълумо-
ти умумии таърихӣ оҳанги сухани нависанда ба сабки
Абдурауфи Фитрат то андозае наздик мешавад. Маса-
лан, бобҳои аввали қиси П, ки аз тартиботи Мадраса
ва программен машғулоти муллобачагон сухан раф-
тааст, гоҳ то андозае баъзе қисмҳои «Мунозира»-и Фит-
ратро ба хотир меорад.
76
Умуман эҷодиёти Айнй аз ягонагии табиии шакл-
ҳои гуногуни жанрию услубй ва эмоционалию эстети-
кй фароҳам омадааст ва дар ин байн оҳанги публицис-
та ҳам мавқеи муайян дорад. Ҳамаи ин шаклҳои гуно-
гун дар якҷоягӣ аз тарафи нависанда ба таври ба худ
хос ва нотакрор дарк шудани воқеиятро дар худ инъи-
кос додаанд ва аз анъанаҳои гуногуни адаби бадра-
манд шудани ӯро нишон медиҳанд.
2
Дарки публицистии вокеият дар солҳои ей ба мус-
таҳкам шудани асосҳои реалистии наср мусоидат наму-
да, барои қувват гирифтани дидн тадқиқию тахлилии
нависандагон замина тайёр кард. Инро хусусан аз ав-
валин қадамҳои эҷодии наели дуввуми нависандагони
тоҷик дидан мумкин аст.
Барои насрнависони ҷавони солҳои си нахустин шак-
ли аз худ кардани материали ҳаёт очерку ҳикоя буд
ва ин ду жанр барои аз сирру аерори санъати реалис-
та пай бурдани онҳо роли калон бозид. Мухаккнки нас-
ри солҳои ей Л.Н. Демидчик қайд намудааст, ки д^ч
чатписандӣ ва оҳанги публицистӣ аз муҳимтарин си-
фатҳои ҳикояи точикй дар солҳои си буд. Л.Н. Демид-
чик масъалае дар бораи синкретизми жанрҳои хурд пеш
гузошт: «Ягонагии материали даёт, умумияти принцип-
хои дарки бадеии он як навъ синкретизмуба худ хоси
жанрҳои хурди наерро ба миён овард. Қайди ҳуччатин
он чи нависаида дидааст, нишонаҳои хоси жанрро аз
байн бурда, вазифаҳои очерк ва ҳикояро ба ҳам баро-
бар кардааст»1.
Дар ин маврид чанбаи бадей ва чанбаи публнцис-
тй сахт ба ҳам алоқаманд шуда ва баробар аҳамият
пайдо карда, баъзан дигар шудани таносубн ондо ба-
рои муайян кардани жанр, барои таъин кардани ин,
ки ин асар очерк аст ё дикоя, имкон медидад, лекин
баъзан мо аз имкон мадрумем, яъне муайян кардан
душвор аст, ки ин асар дикоя аст ё очерк. -
Чунонки маълум аст, дар тамоми адабиёти советии
сермиллат «дикоя... дар ибтидои солдои 30-ум дар
бисьёр мавриддо бо очерк тамоман падлу ба падлу ме-
1 Л. И. Демидчик. Реалистическое обновление таджикской про-
заической традиции, автореф. докт. дмсс,—Душ., 1973 с. 34. Ин-
чунин ниг.: Таърихи адабиёти советии тоник, н. 11, с. 170 177.
77
рафт»1. Аз ин чиҳат инкишофи ҳикояи тоҷикӣ дар ҷа-
раёни процесси адабии умумииттифок сурат мегирифт,
вале ба ҳар ҳол ин процесс дар адабиёти тоҷикӣ ба
шаклҳои хосе ба зуҳур омадааст.
Пеш аз ҳама, ягонагии ду мабдаъ—аксаран аз тад-
қиқн публициста ҳанӯз чудо нашудани тадкики бадей
яке аз қонуниятҳои объектавии инкишофи ҳикоя дар
давраҳои аввали ташаккули санъати тасвири реалис-
тии насри советии тоҷикӣ буд. Дар ташаккули ин қо-
нуният, аз як ҷониб, хусусиятҳои тараққии таърихии
наср, ки аз чавонии реализм, аз махсусияти анъанаҳои
миллй ва ғайра ба таври объективй cap зада буданд,
инъикос карда бошад, аз чониби дигар, роли ангеза-
ҳои субъективй низ кам нест.
Ин омилҳои субъективй иборат аз он буд, ки нави-
сандагон ҳар кадоме ба таври худ, вале қама дидаву
дониста ва ба таври даркшудае ба оҳанги публицистй
майлу рағбати махсус зоҳир мекарданд. Ин майлу рағ-
бат аз вазифаҳои ҷанговаронаи адабиёт, аз вазифаҳои
тарбиявию маърифатомӯзии он cap зада буд. Рӯҳи чан-
говаронаи адабиёт хусусан аз нимаи солҳои ей ба са-
баби афзудани хавфи ҳучуми фашизми Германия ба-
ғоят қувват гирифт. Ин хам хоси тамоми адабиёти со-
ветии умумииттифоқӣ буда, аз чумла барои нависанда-
гони тоҷик низ ходисаи комилан даркшудае буд. Ха-
ким Карим дар бораи оҳанги ошкорои публицистам ҳи-
кояи худ «Писар» гуфта буд: «Ба фикри ман, ҳозир ҳа-
мин зарур аст. Зеро халқро тарбия кардан, вайро ба
ҳимояи мамлакат омода кардан, сафарбар намудан за-
рур мебошад. Аз ин нуқтаи назар шояд ман кори ду-
руст карда бошам»2.
Ин аст, кинависандагон дидаву дониста роҳхои ба
эчодиёти бадей, хусусан ба ҳикоя барин жанри хурди
фаври дохил намудани унсурҳои публицистикаи сиёсн-
ро чустучу мекарданд. Ин тамоюл солҳои Ҷанги Вата-
ни зӯртар шуд.
Аммо ин ҷустучӯҳо ҳамеша муваффақиятомез ан-
ҷом намеёфтанд. Ба анҷоми муваффақиятомези онҳо
бисьёр омилҳо халал мерасонид ва дар ин қатор чаво-
нии реализм, муносибати ғайриэҷодй ба баъзе анъана-
1 История советской многонациональной литературы, т. 2, кн.
1, М„ 1971, г. 117.
2 Ниг.: Ҷ. Икроми. Мактубҳои Ҳаким Карим, «Садои Шарқ»,
1969, № 1, с. 111.
78
ҳои гузашта ва мисли инҳоро номбар кардан мумкин
аст. Дар бисьёр мавридҳо, хусусан интищори чунин та-
саввуроти оддии нодуруст, ки гӯё вазифаи адабиёт бо
як мисол исбот кардани ҳақиқатҳои маълум мебошад,
бисьёр зарар овард. Ин тасаввурот боиси пайдо шуда-
ни як навъ оҳанги публицистии руяки ва оддӣ гардид,
ки нависандаро аз имкони тадқиқ маҳрум мекард. На-
тиҷаи ин дар солҳои чил ва то нимаи солҳои панчох,
аз ҷумла дар қисми дуввуми романи Ҷалол Икроми
«Шодй» /1949/ ва ҳикояҳои ӯ, дар аксари ҳикояҳои Ра-
хим Ҷалил ва қисми дуввуми романи вай «Одамони
ҷовид» /1949/ ҳис мешавад. Ҳикояҳое пайдо шуданд,
ки ба маколаҳои нимбадеӣ монанд мебошанд ва нави-
санда аз ҳалли бадеии мавзӯъ даст кашида, ба мулоҳи-
зарониҳои рӯякӣ, ба дидактизми маҳз, ба пандомузии
ошкоро ва оддӣ гузаштааст. Дар бисьёрии ҳикояҳое, ки
ба шакли мақола нестанд, низ мақсади оддин публи-
циста асоси тадқиқии ҳикояро ба ҳеҷ овард. Дар ҳи-
кояҳои «Пахтакорон» /1946/, «Номус» /1948/ «Дилсуз»,
«Ҳарифон» ва ғайра, ки ба мавзуи меҳнат бахшида шу-
даанд, Раҳим Ҷалил мехоҳад бо як сужети схемави
нишон диҳад, ки чӣ тавр кор кардан лозим аст ва дар
мавридҳои муайян чй тавр рафтор бояд кард. Тасви-
ри нависанда, сухани қаҳрамонон дар бораи кор ва тач-
рибаи меҳнатии худ мисли дастуруламале дар бораи
пахтакорй намудор мегардад.
Ин ҳам «оҳанги публициста» буд, вале ин оханг хи-
лофи вазифаҳои тадқиқии адабиёт, хилофи табиати ба-
деии он буд.
Ин аст, ки дар солҳои чил ва то нимаи солҳои пан-
чох муносибати нависандагон ба мабдаи публициста
гуногун ва заддиятнок буд. Аз як ҷиҳат, ҷустучуҳои
пурсамаре /масалан, дар «ёддоштҳо»-и Айни/ давом
карда, натиҷаҳои ҷиддии ғоявию эстетикй дода бошад,
аз ҷиҳати дигар, нодуруст фаҳмидани муносибати ба-
деият ва чанбаи пулицистй ба назар мерасад.
3
Солҳои шаст дар адабиёти точик давраи кувват ги-
рифтани назари тадқиқӣ ба воқеият, давраи пайдоиши
шаклҳои нави тасвиркории реалистй буд. Насрнависон,
хусусан ҷавонон ба симои маънавии ҳамзамонони худ
бештар чашми диққат дӯхтанд. Адабиёт ба чустучӯхои
маънавии ҳамзамонони ҷавон, ба масъалаҳои муҳим-
79
ми ахлоқи иҷтимоӣ бештар аҳамият дод. Дар натиҷа
асосҳои таҳлилии наср зӯртар гардид. Тасодуфӣ нест,
ки дар яке аз аввалин асарҳои давраи ҳозираи инкишо-
фи адабиёти тоҷик —романи Ҷалол Икромӣ «Ман гу-
наҳгорам» /1957/ таҳлили психологӣ ва монологи боти-
нии батафсил мавқеи калон ишғол намуд.
Ҷ- Икромӣ дар романи «Ман гунаҳгорам» сужети
бошиддатро бо фикру андешаҳои доманадоре дар бо-
раи зиндаги ва одамон, бо характеристикаи психологии
батафсил як карда, масъалаи муносибати ҷнддӣ ба хаёт,
масъалаи масъулиятшиносии маънавии шахсро пеш гу-
зошт. Ин масъала дар баъзе асарҳои баъдинаи нави-
сандагони тоҷик мавқеи калон ишғол карда, аз ҷиҳат-
ҳои гуногун муҳокима шуда, дар ҳалли хамаи масъа-
лаҳои ахлоқи иҷтимоии замони ҳозира гӯё санги маҳак
қарор ёфт. Пурратар фаро гирифтани оламн эҳсосоти
ҳамзамонон, ҷиддитар ба тадқиқ омадани муносибати
шахс ва ҷамъият муҳимтарин дастоварди повести сол-
ҳои шаст буд.
Оҳанги публицистй рӯҳи ҷанговаронаи гражданин
бисьёре аз ин асарҳоро қувват додааст.
Аз нимаи солҳои панҷоҳ зухуроти наве дар муно-
сибати байни жанрҳои бадей ва публицистӣ ба назар
расидан гирифт. Очерк дар сурати аз даст надодани те-
зию тундии публицистй торафт бештар бадеияти ҳаки-
Кӣ пайдо мекард, ки ин ҳусусан аз очеркҳои Фазлид-
дин Муҳаммадиев «Раиси нав» /1955/, «Фаттоҳ ва Му-
заффар» /1958/, асари Ғаффор Мирзо «Сафари диёри
дустон» /1957/, асари Ҷ. Икромӣ ва А. Одинцов «Ачои-
боти сафар» /1961-1962/ ба хубӣ ба мушоҳида меояд.
Дар айни замон, шаклҳои нави ба якдигар роҳ ёфтани
хусусиятҳои жанрии очерк ва ҳикоя, очерк ва повесть
ба миён омад. Аз ин ҷиҳат, асарҳои Ю. Акобиров, М.
Хоҷаев ва дигарон, хусусан повестьҳои Ф. Муҳамма-
диев «Одамони кӯҳна» /1962/ ва «Дар он дуньё» /1965/
ҷолиби диққат аст.
Дигаргуниҳои ҷиддие, ки аз охири солҳои панҷоҳ ва
дар давоми солҳои шаст дар наср рӯй доданд, хусусан
дар маркази_диққат карор гирифтани масъалаҳои ах-
лоқи иҷтимоӣ ва ба ин муносибат, ба симои ҳамзамо-
нонн худ бештар чашми диққат дӯхтани нависандагон
боиси ин шуд, ки мавқеи мабдаи публицистй дар аса-
ри бадей низ то андозае тагьир ёфт, муайянтар ва конк-
реттар ифода гардид.
80
Акнун роли ҷанбаи публицисти дар асари бадей ба
сифати як ҷузъи табиии тасвири психологи торафт
муайянтар ва равшантар намудор шудан гирифт, руҳи
публицистӣ воситаи муҳимме дар зоҳир намудани ола-
ми ботинии инсон ва мазмуни ичтимоии фикру ҳиссиё-
ти ӯгардид.
Аз ин ҷиҳат эҷодиёти Фазлиддин Муҳаммадиев, ху-
сусан повестьҳои ӯ ҷолиби диққат аст.
Ф. Муҳаммадиев аз хизмати матбуот ба адабиёт ома-
дааст ва нахустин қадамҳои эчодии у бо очеркҳои тезу
тунди рӯзмарраи проблемӣ cap шудааст. Тезию тундии
публицисти ба муҳимтарин хусусиятҳои эчодии ӯ таб-
днл ёфта, дар баъзе ҳикояҳо ва хусусан дар повесть-
ҳои ӯ барҷаста намоён шудааст.
Шахсияти фаъол ва мубориз, ки ҷамъияти моро пеш
мебарад, қаҳрамони асоеии повестьҳои Ф. Муҳамма-
диев қарор ёфт. Нависанда масъалаҳои муҳимми
ҷамъиятро ба воситаи тадқиқи характер, фаъолият ва
андешаҳои шиддатноки чунин қаҳрамон пеш мегузо-
рад. Тадқиқи ӯ тадқиқи фаъолонаи бамуддаоест, ки ба
зоҳир кардани акидаву афкор ва руҳи гражданин шахс
равона гардидааст. Ин тамоюл роли мабдаи публицис-
тиро дар тадқиқи иҷтимоии психологӣ бағоят қувват
дод.
Хусусиятҳои публицисти ва унсурҳои очерки бо нак-
ли пурҳаяҷон як шуда, ба нависанда имкон додаанд, ки
рафтору кирдор, фикру андешаҳо ва ҳиссиёти мардум-
ро ҷиддан ба муҳокима гирад, моҳияти иҷтимоии онҳо-
ро муайян кунад ва дар партави идеалҳои оли бисан-
ҷад. Дар повести «Одамони кӯҳна» унсури публицисти
як чузъи табиии юмори лирики буда, нависанда бо як
мафтунию дилхушӣ рӯҳи гражданин қаҳрамонони худ-
ро намудор кардааст. Дар масъалаи муайян кардани
хусусиятҳои жанрии дуввумин повести Ф. Муҳамма-
диев «Дар он дуньё» дар байни мунаққидон ихтилофи
назар рӯй дода буд. Ин асарро баъзеҳо повесть, баъ-
зехо очерк гуфтанд ва маҳрум В. Дорофеев роман но-
мида буд1. Ба ақидаи мо, хусусиятп жанри ин асарро
М. Турсунзода дуруст муайян кардааст. Вай «Дар он
дуньё»-ро «жанри дар насри тоҷик нав — жанри повес-
ти публицисти» 2 хисоб карда буд.
' Ниг.: «Садом Шарк», 1967, № 8, с. 136, 140, 144 146 -147.
2 М. Турсунзода. Ҳаёт устоди бехтарин аст, «Садом Шарк»,
1965, № 11, с. 4.
6—277
81
Бисьёр ҷолиби диққат аст, ки «Дар он дуньё» ба
эътибори зоҳир очерки сафарнома буда, моҳиятан по-
вести публициста мебошад, яъне чунин повеете мебо-
шад, ки бисьёр хусусиятҳои очеркӣ ҳам дорад.
Зотан повести публициста дар насри тоҷикӣ дар на-
тачай тараққии тадриҷии очерк /хусусан очерки проб-
лемы/, дар натиҷаи торафт зиёдтар хусусияти бадей
пайдо кардани он ба миён омад. Тағайюроти чиддии
сифати, ки дар очерк рӯй медод, боиси ба вучуд ома-
дани ташаккулоти нави жанрй гардид. Табиати эстети-
кии^ин шаклҳои нави жанрй ҳанӯз дар илм дуруст
муайян нашудааст ва худи нависандагон ҳам баъзан
дар таъин кардани жанрй асарашон душворй мекашанд.
Аз ҳамин сабаб аст, ки асари А. Сидқй «Ҷӯраи дери-
наи ман», асари А. Шукӯҳӣ ва Ҳ. Аскар «Ймзои шах-
сй», асари Р. Ҳодизода «Аҳмади Дониш» ва ғайра, ки
ҳамаги маҳсули солҳои шаст мебошанд, аз муаллифон
ва мунаққидон гоҳ очерк ва гоҳ повесть ном гириф-
таанд.
Ба фикри мо, меъёри асосии таъин кардани жанрй
чунин асарҳо дараҷаи иштироки мабдаи бадей, таносу-
би мабдаи бадей ва публициста мебошад. Аксари нн
асарҳоро, ки дар онҳо чанбаи публнцистй ва бадей ба-
робар аҳамият пайдо кардааст, очерки бадей номидан
беҳтар аст. Фақат дар баъзеи чунин асарҳо асоси ба-
дей хеле кувват гирифта, хусусиятхои очеркиро ба худ
тобеъ менамояд ва чунин асарҳоро повести публицис-
та номидан мумкин аст.
Асараи Ф. Муҳаммадиев «Дар он дуньё», ба назари
мо, аз чумлаи ҳамин гуна повестьҳои публицистй ме-
бошад. Дар ин асар_ тадқиқи бадей мавқеи асосй до-
рад. Унсурҳои очерки ва ҳаҷв дар ин асар ба тарзхон
типсози махсусиятҳое бахшидааст, вале вазифаи асо-
сии он ҳамоно тақвияти тадқиқи чиддии иҷтимойю пси-
хологист. Ҳақ ба ҷониби Л. Якименко мебошад, ки дар
бораи «Дар он дуньё» гуфта буд: «Шакли мавзуни «по-
вести новеллаҳо» ба муаллиф имкон додааст, ки инки-
шофи тезу тунди воқеаро бо характеристикаҳои психо-
логи пайвандад»1.
Бояд гуфт, ки ҳаҷв, аз як тараф, бадеияти «Дар он
дуньё»-ро кувват дода бошад, аз ҷониби дигар, дар ро-
ди тақвияти оҳанги публицистии он хизмат кардааст.
1 Л. Якименко. На дорогах века. М., 1973, с. 140.
82
Аксари мулоҳизарониҳои пурҳиссиёти публицистии каҳ-
рамони асосии ин повесть пур аз ҳаҷву тамасхур ва
кинояву таъриз мебошанд ва ин ҳаҷв ба андешаҳои
публицистӣ тезию тундии махсус бахшидааст. Зотан
ҳаҷв ҳам мисли публицистика яке аз зуҳуроти ҷанбаи
еубъективӣ ва дахолати фаъолона ба воқеият аст. А.
Бочаров дар вақташ ҳатто гуфта буд, ки «жанрҳои ҳаҷ-
вй бо бисьёр сифатҳои худ як қисми публицистика, яке
аз шаклҳои асосии онро ташкил медиҳанд»* 1. Мумкин
аст, ки дар ин сухани муҳаққиқ муболиға рафта бо-
шад. Ба ҳар ҳол шубҳае нест, ки ҳаҷву публицистика
ба якдигар хеле наздиканд ва публицистикаро бе ҳаҷв
тасаввур кардан мумкин бошад ҳам, ҳачвро бе оҳанги
публицистӣ тасаввур наметавон кард. Мисоли барҷас-
таи ин ҳақиқат повести ҳаҷвии устод Айнӣ «Марги суд-
хӯр» мебошад.
Хангоме ки аз қувват ёфтани рӯҳи публицистии нас-
ри ҳозираи тоҷик сухан меронем, бояд таъкид кард, ки
адабиёти тоҷикӣ аз ин чиҳат дар байни адабиёти халк-
ҳои мамлакати мо мустасно нест. Ин процес дар адабиё-
ти ҳамаи халқҳои СССР давом дорад ва ҳамаи жанр-
ҳои насрро фаро гирифтааст. Дар насри руси оҳанги
публицистй хусусан дар солҳои панҷоҳ то нимаи сол-
ҳои шаст пурқувват буд. Ҳатто насри лирикии адабиё-
ти рус дар солҳои шаст аз омезишп табиии лиризмн
амик ва ҳуҷҷатписандию хусусиятҳои очерки ҳосил ту-
да буд. Инро аз повестьҳои гуногун, масалан, аз асзр-
ҳои Владимир Солоухин «Як катра шабнам» /1960/,
Василий Фёдоров «Халтае пур аз дил» /1961/, Михаил
Алексеев «Нон исм аст» /1964/, Сергей Крутилин «Ли-
пягй» /1964/ ва ғайра дидан мумкин аст. В. Фёдоров
гуфта буд: «Ба назар чунин мерасад, ки суханҳое, ки
аз лиризм ва ҳуҷҷатписандй зиёдтар зидди якдигар бо-
шанд, мавҷуд нестанд. Ин ҳар ду гуё оташу ях мебо-
шанд. Бо вучуди ин, ба фикри ман, дар насри бадеии
айёми мо ба хам наздик шудани лиризм ва ҳуҷҷатпи-
сандии таърихӣ ба хубй ҳис мешавад»2.
Дар ин асарҳо тасвири лирикии воқеият асоси мус-
таҳками ҳуччатию фактологй дорад, баъзан муалли-
фон аз овардани ракамҳо ва муқоисаи онҳо ҳам худдо-
1 Иктибос аз: Современная русская советская повесть. Л.,
1975, с. 163.
1 А. Бочаров. Существует такое качество — публицистичность...
«Вопросы литературы». 1958, № 10, с. 103.
83
рӣ намекунанд, гоҳе характеристикам социологии ҳоди-
саҳои зиндаги ошкоро ранги очерки мегирад. Андеша-
рониҳои публицистй як қисми муҳим ва табиии тарки-
би лирикии асарро ташкил мекунанд.
Зуҳуроти гуногуни ин ҳодисаро на фақат дар насри
лирикии руси, балки дар «насри деҳот» /асарҳое, ки ба
зиндагии қишлоқ бахшида шудаанд/ ва ғайра низ му-
шоҳида мекунем. Аз ҳамин сабаб, муҳаққики повесть-
ҳ'ои адабиёти ҳозираи русӣ чунин хулосаи умумӣ баро-
вардаает: «Повести ин солҳо /солҳои шаст—М.Ш./ бо
очерк сахт алоқаманд аст. Вай дар бисьёр мавридҳо
асоси ҳуҷҷати дорад. Муаллиф бо тамоми асараш та-
саввуре ба вучуд меорад, ки гӯё рӯйдодҳои тасвиршуда
комилан воқеи мебошанд ва шахсони тасвиргардида
воқеан вуҷуд доранд»1.
Ҳоло дар насри Литва ва Эстония буньёди таҳли-
лию психологи багоят кувват гирифта, аз чумла моно-
логи ботини, худтаҳлилӣ ва усули «чараёни фикр» то-
рафт вусъат ёфта ва амик шуда, дар таҳлили ҳарчони-
баи психологи имконоти нав ба нав зоҳир карда исто-
дааст. Лекин дар адабиёти ин халқҳои бародар хам
мустаҳкам шудани асоси таҳлилӣ боиси сует шудани чан-
баи публицистй нагардид, балки баръакс, дар баробари
бо кувваи нав ва шаклҳои тоза зоҳир шудани ондавом
дорад. Зиёда аз ин, ҳатто махсусан таъкид шуда буд,
ки «дар солҳои охир ганитар шудани насри эстонӣ маҳз
ба таваҷҷуҳи нисбат ба факти буррову гӯё, ба ҳуччат-.
писандй ва публицистика алоқа дорад /«Як шаб>>-и П.
Куасберг, «Аз паи осори чанг»-и Юло Туулик, «Дар
таги дарвозаи фачри шимолӣ»-и Л. Мери ва дигархо/»2.
Рӯҳи публицистй яке аз нишонаҳои асосии баланд
шудани ҳиссиёти иҷтимоии нависанда аст. Ҳар гоҳ, ки
нависанда дар атрофи муҳимтарин масъалаҳои ичти-
моии замон ва инкишофи таърнхии ҷамъият бо шидда-
ти тамом фикр карда, ба рафти зиндагонй бо қатъият
дахолат кардани шуд, дар асари ӯ рӯҳи публицистй бо-
ло мегирад. Боло гирифтани оҳанги публицистй алома-
ти ин аст, ки «адабиёт ба иҷрои вазифаҳои ҷиддии
ҷамъияти камар бастааст. «Адабиёти ҳар як мамлакат
1 Современная русская повесть, с. 182.
2 К. Кург. Поиски и процесс, «Дружба народов»: 1974, № 11,
84
ба андозаи дарк кардани аҳамияти ҷамъиятии худ то-
рафт васеътар публицистикаро дар бар мегирад»1.
Хусусан дар муҳимтарин давраҳои тараққии ҷамъият
роли публицистика дар адабиёт зиёдтар мешавад. Аз
ҳамин сабаб, публицистика дар адабиёти советии ҳамаи
халқҳои мамлакати мо аз аввал ҷойгоҳи басазо дошт
ва имрӯз ҳам аҳамияти он афзуда истодааст.
Ба асари бадей роҳ ёфтани чанбаи публициста ҳо-
ло ба шаклу намудқои гуногун сурат мегирад. Баъзе
шаклҳои зуҳуроти ин ҳодиса хеле пурсамар буда^ дар
ҷустучӯҳои эҷодии нависандагон натиҷаҳои чидди до-
да истодааст, аммо аз баъзеи ин шаклҳо, ба фикри мо,
натиҷаҳои номатлуб ҳам ҳосил шуда истодааст.
Натичаи муҳим асосан дар он сурат ба даст меояд,
ки унсури публицисти як чузъи таркиби бофти бадени
асар буда, дар баробари дигар ҷузъҳои он ба сифати
як воситаи муҳимми амиқбурди тадқиқи бадей хизмат
кардааст. Аммо гоҳ чанбаи публициста аз асоси ба-
деии асар чудо шуда меистад ва кам ё беш истиклоли
эстетики пайдо мекунад. Дар ин сурат чанбаи публи-
циста гоҳ дорой иқтидоре мегардад, ки буньёди бадеии
асарро вайрон мекунад.
Мо ҳоло ба ин масъала махсусан диккат чалб на-
муда, таъкид карданӣ ҳастем, ки чи дар роман ва чи
дар повесть аз ҳад зиёд кувват гирифтани чанбаи пуб-
лициста дар бисьёр мавридҳо ба вазифаҳои тадқиқии
адабиёт халал оварда истодааст. Инак, чанд миеол.
Романи Раҳим Ҷалил «Шуроб» /1956-1967/ асари
таърихии инқилобӣ мебошад. Вале қисми охир кисми
саввуми он аз ҳаёти ибтидои солҳои шаст, аз такдири
имрӯзаи қаҳрамонони инқилоб ва ҷангҳои граждани,
аз зиндагй ва муборизаи наели нави мардуми совети
ва ангиштканҳои кони Шӯроб ҳикоя мекунад.
Чандин боби кисми Ш-ро тасвири очеркй ва баени
соф публициста фаро гирифтааст. Нависанда ва қахра-
монони ӯ масъалаҳои гуногуни истеҳсолот, сиёсат ва
вокиаҳои байналхалқиро хеле муфассал муҳокима кар-
даанд. Мо ин чо фақат ба тарзи муҳокимаи публицис-
тй пеш гузошта шудани чанд масъалаи истеҳсолот, як-
як номбар гардидани онҳо ва муфассалан баён ёфта-
ни моҳияташонро мебинем, аммо тасвири ҳақцқии ба-
деии ин, ки он масъалаҳо дар рафти ҳаёт чй тавр ҳал
1 А. Бочаров. Асари мазкур, сах. 81.
85
шуда истодаанд, дида намешавад. Шарҳу баён ба ҷои
бадеият омадааст, публицистика ҷои тасвири бадеии
манзараҳои конкрети зиндагиро гирифтааст, ба нишон
додани шароиту вазъияти конкрети муборизаи чамъия-
ти ва зуҳуроти фардию хусусии он монеъ шудааст ва
аз ин сабаб, ба масъалаҳои муҳимми ҷамъиятй як ан-
доза ранги мавҳуми ва муҷаррадӣ додааст.
Ин мавҳумию муҷаррадӣ таъсири чамъиятии асар-
ро кам мекунад, имконоти нависандаро барон сафар-
бар кардани ҷамъият ба ҳалли масъалаҳои муҳим маҳ-
дуд менамояд. Ва ҳол он ки вазифаи асосии ҷанбаи
публициста, баръакс, тақвияи рӯҳи чанговарона ва таъ-
сирн ҷамъиятии асар аст.
Дар қисми саввуми «Шӯроб» унсурҳои очерк ва ре-
портаж аҳамияти мутлақ пайдо кардааст. Порчаҳои
очеркй, репортажи ва лекциямонанд дар ин қием хеле
бисьеранд ва рафта-рафта буньёди тасвири бадеиро
ваирон кардаанд. Тасвири бадей аксаран пора-пора ома-
да,^ ин пораҳо аз якдигар чудоанд ва агар пайвастагие
баини онҳо ҳаст, ҳамоно унсури публицистй вазифаи
«паивандкориро» иҷро намудааст. Аслан ин ҳаргиз пай-
вандкори нест, балки, баръакс, ба фикри мо, нуфузи
номаҳдуди публицистика ба сифати қувваи вайронкор,
ба сифати куввае, ки комилан бар зарари бадеият амал
мекунад, намоён шудааст.
Ҳоло нақши манфии воситаҳои публицистй дар нас-
ри тоҷики ба шаклҳои гуногун намудор шуда исто-
дааст. ~
Дар баъзе асарҳо аз ду хатти сужет яке бештар хо-
сияти публицисти дорад. Гоҳе агар мувофиқати услу-
бии байни ин ду хатти сужет вайрон шавад, асоси тад-
қиқии асар зиён мебинад, имконоти нависанда дар тад-
қиқн бадеии воқеият ва характер маҳдуд мегардад.
Дар романи Ф. Муҳаммадиев «Палатаи кунҷакй»,
ба ақидаи мо, то андозае ҳамин ҳолат рӯй додааст.
Афсӯс, ки дар хатти дуввуми сужет — дар он чи ба
Носир Аббос ва Ивон-амак дахл дорад, назари нави-
санда ба инсон чандон ҳамаҷониба нест. Чунон ки дар
мавриде зикраш гузашта буд, ба фикри мо, сабаби асо-
сии яктрафа мондани характери Носир Аббос ва Ивон-
амак ҳамоно бағоят қувват шрифтами рӯҳи публицис-
ти Дар хатти дуввуми сужет аст. Оҳанги пуркуввати
публицистй, ки ҳатто баъзе бобҳо ё як қисми онҳо ба
мақолаи публицистй монанд шудааст, доирап назари
86
нависандаро танг кардааст, ба ӯ имкон надодааст, ки
ба инсон аз ҳар ҷониб нигарад, тамоми ҳастии уро на-
мудор кунад, ҳарактери мукаммали гуногунҷиҳат офа-
рад.
Албатта, ин чо айб дар худи воситаҳои публицисти
нест. Медонем, ки дар романи Л. Леонов «Бешазори
рус» /1953/ ҳам суханҳои қаҳрамони асоси Иван Вих-
ров дар бораи ҷангалзор дар як маврид ба лекция, ба
мақолаи калони публициста монанд шуда буд. Дар пн
«лекциям илмии» Вихров аз аҳамияти чамъиятии беша
сухан меравад ва таҳлили амиқи масъалаи аҳамияти
чангал ва зарурати зиёдтар кардани ҷангалзорҳо ома-
дааст. Сухани қаҳрамон образнок ва пур аз эҳтиросо-
ти публицисти мебошад. Вале ин фақат як воситаи ха-
рактеристикаи Вихров дар романи Леонов аст.
ё ки романи Ю. Бондарев «Соҳил»-ро /1975/ гирем.
Дар ин асар буньёди тақлилии эҷодиёти муаллйф боз
ҳам камол ёфта, санъати тасвири амиқи психологи но-
зуктар ва мукаммалтар шудааст. Аммо ин роман дар
бисьёр мавридҳо оҳанги публицисти дорад. Метавон
гуфт, ки қисми 1ва III аз қисми II то андозае услубан
фарк мекунад. Ин фарқ аз ҳамапеш пуркувват будани ру-
хи публицистй дар қ. I ва III мебошад. Дад индукисм'
сафари Никитин ба Германияи Ғарбӣ, ба Ҳамбург тас-
вир шудааст. Дар ин тасвир хусусиятҳои очерки сафар-
нома, диққат ба чиҳатҳои хоси зиндагии ғарбиён, ки
баъзе аз он хусусиятҳо ба назари мо ҳайратангез ме-
намоянд, бисьёр аст. Нуктаи олии рухи публицистй
дар он лавҳа дида мешавад, ки нависанда баҳси сиё-
сии байни Никитин ва Дицманро ба тарзи репортажи
муфассал, ба шакли протоколи мачлис баён намудааст.
Ин баёни публицистй ба сабки уму мни қ. I ва Ш-н ин
романи таҳлилӣ мувофиқ аст ва буньёди романро вай-
рон накардааст, балки ба ичрои вазифаи асосии асар
ва такмили образи қаҳрамони асосй ёрманди кардааст.
Дар романи Юсуф Акобиров «Замини падарон» до-
хил шудани интервью ва конференциям матбуот бо нш-
тироки рӯзноманигорони америкой низ чуниц як воси-
таи публицистй мебошад, ки ба ичрои вазифаҳои асосии
гоявию бадеии асар хизмат мекунад.
Аммо дар романи Ф. Муҳаммадиев, дар образй Но-
сир Аббос ва Ивон-амак, мутаассифона, характеристи-
каи публицистй ва тасвири очерки аҳамияти асосй пай-
до кардааст. Носир Аббос ва Ивон-амак дар системам
87
ғоявию эстетикии роман мавқеи калон доранд ва дил
мехоҳад, кн низ ҳамаҷониба ва бо зоҳир кардани фар-
дияти нотакрори характерашон тасвир шуда бошанд.
Аммо онҳо асосан аз як ҷиҳат —аз ҷиҳати муносибата-
ташон ба баъзе масъалаҳои ҷамъиятй нишон дода шу-
Даанд, фақат. як паҳлуи психологии характер дар мад-
ди назари нависанда аст ва ин ду персонаж аз якди-
гар фарқи казой надоранд.
Бешубҳа, дар ин сурат ҷанбаи публицистӣ як воси-
таи муҳимми тадқиқи фаъолонаи бамуддао нест, мо-
неи он аст.
Ин ҳақиқатро аз баъзе асарҳои дигари насри ҳози-
раи тоҷики ҳам дидан мумкин аст, вале, ба назари мо,
барҷастатар аз ҳама дар повести М. Наҷмиддинов
«Ширмоҳ»» /1974/ зоҳир шудааст.
Повести Мутеулло Наҷмиддинов «Ширмоҳ» низ ду
хатти сужет дорад: яке — зиндагии вазнини Ширмоҳи
ҷавон дар ҳавлии шавҳари гӯлу ҷоҳил ва номаҳбуб,
муносибати Ширмоҳ ва духтури ҷавони шақрӣ Мирзо,
дигаре — ҳаёти чупонон, шароити зиндагӣ ва кори он-
ҳо. Муаллиф дар хатти якуми сужет, дар тасвири об-
рази Ширмоҳ в а Мирзо то андозае бо роҳи тадқиқи ба-
дей рафта^ бошад, дар тасвири зисту зиндагии чӯпонон
асосан баёни публицистию очеркиро пеш гирифтааст.
Дар хатти дуввуми сужет мулоҳнзарониҳои публицис-
тии муаллиф ба ҷои тафсилоту ҷузъиёти конкрети ҳаётӣ
омадааст. Дар натиҷа, баъзе бобҳои он ба очерк мо-
нанд шудааст. Байни ин ду равняй жанрию услубии
повесть алоқаи мустаҳками ботинй нест ва асар аз яго-
нагию яклухтии эстетикӣ маҳрум аст.
Хуручи ботинии Ширмоҳ, исьёни ӯ ба мукобили зин-
дагии дилфишори канизона, ҷидду ҷаҳди вай ба сӯи
олами равшану фараҳбахш, ба сӯи ҳаёти маънавӣ, бе-
шубҳа, мавзуи ҷидди ва бузург, мавзӯи психологии пур
аз драматизм мебошад. Бо чиддияти тамом психологиз-
ми амиқ ва драматизми пуршиддати мавзӯъро зоҳир
кардан муҳимтар ва заруртар буд. Аммо саргармй бо
хатти публицистии сужет яке аз он омилҳоест, ки диқ-
қати нависандаро аз ин вазифаи ҷиддӣ дур карда, ӯро
ба ҳалли руякии мавзӯъ овардааст. Нависанда аз ҳал-
ли амиқи^ психологӣ гурехта, худро ба шарҳу баёни
публицисти задааст.
88
4
Чунон ки мебинем, роли ҷанбаи публициста дар ин-
кишофи насри ҳозираи тоҷикӣ аз зиддиятҳои ҷиддп хо-
ли нест. Дар баъзе мавридҳо оҳанги публицисти як
ҷузъи табиии тадқиқи бадей ва тасвири психологи бо-
шад, дар мавридҳои дигар монеи он аст, ба он зарар
оварда истодааст.
Мо ақида дорем, ки ин масъала ҳоло яке аз муҳим-
тарин масъалаҳои тараққии насри тоҷикист. Ҳоло дар
мавриди фарогирии эстетикии воқеияти ҳознра муайян
кардани мавқеи мабдаи публициста, таносуби публи-
цистика ва бадеият, дарки амиқи табиати эстетикии
амали мутақобили ин ду мабдаъ бояд ҷузъи_муҳимми
ҷустучӯҳои ғоявию бадей бошад. Ин ҷо меъёри асоси
он аст, ки мабдаи публициста бояд буньёди бадеии
асарро вайрон накунад, балки як чузъи табии он бо-
шад, ба тадқиқи таҳлили, ба дарки фалсафии вокепят
халал наорад, балки мусоидат кунад. Дар акси ҳол,
публицистика додари психологизм ё лиризм нахоҳад буд,
балки душмани он хоҳад буд, чаро ки ҳарорати ҳақи-
қии инсониро аз дили каҳрамон берун меронад, уро ба
ифодагари хушки фикрҳои маълум табдил медиҳад.
Чунон ки Л. Якименко ҳаққони таъкид карда буд,
«адабиёт ҳақ надорад, ки ба публицистика ва ё очерки
таърихй табдил ёбад»1.
Зотан боло гирифтани руҳи публицисти натичап
фаъолиятмандии иҷтимоии нависанда, натичаи манфи-
атмандии шахсй ва гражданин нависанда дар ҳалли чид-
дитарин масъалаҳои ҷамъиятист. Лекин дар айни за-
мой мумкин аст, ки оҳанги публициста аз назари рӯя-
кии нависанда, аз рафтори ғайриҷиддии у ҳосил шуда
бошад, нишонаи оҷиз омадани ӯ аз тасвиркории ҳа-
қиқии бадей, аз ҳалли амиқу ҳамаҷонибаи масъала-
лаҳои иҷтимой, аз дахолати ҷасуронаву донишмандо-
на ба процессҳои зиндагй бошад.
Мунаққид Феликс Кузнецов боре дар бораи таносу-
би мабдаъҳои бадей ва публициста бо зарофат ran за-
да буд: «Қувваи тасвиркори суханро бо назари кам ди-
дан хавф дорад — нависандагоне, ки кушиш доранд
дар адабиёт ба таври публицистй урьён «фикр кунанд»,
мисли касеанд, ки маълумоти оли дорад, аммо маълу-
1 Л. Якименко. Художественная летопись бессмертного подви-
га, «Лит. обзор», 1975, 5, с. 21.
89
моти миёна нагирифтааст. Ленин ифроти дигар ҳам бед-
тар нест: сухандони ва тасвиркорй дар сурати инфан-
тилизм ва оҷизии фикр монанди он а,ст, ни нас дорой
маълумоти миёнаи адабист, лекин маълумоти олй на-
до рад»1.
Оре, адабиёт аз як шудани чанд қувва, аз чумла
қувваи тасвири дақиқ ва қуввваи тафаккуру тааммуқ
фароҳам меояд, санъати тасвиркорй бо фикру ҳиссиё-
ти олии гуманиста як шуда, ҷамъбастҳои вусъатноки
таърихй ба миён меорад.
Албатта, жанрҳои публициста, аз ҷумла шаклҳои
гуногуни очерк барои адабиёт бисьёр заруранд ва та-
раққии адабиётро аз ғайри тараққии онҳо тасаввур кар-
дан мумкин нест. Дар айни замон, ҳаминро хам дар
хотир бояд дошт, ки публицистика адабиёт аст, вале
адабиёт публицистика нест. Байни ин ду ҳоло фарқи
ҷиддй бояд гузошт. Ҳозир, ки давраи чавонии реализ-
ми адабиёти тоҷики тай шуда, давраи камоли он раси-
дааст, таносуби публицистика ва бадеият низ бояд ба
тарзи дигаре муайян шавад.
Адабиёт бо бадеияти олй, тадқиқи таҳлилию фал-
сафии зиндаги ва характерҳои барҷастае, ки мантиқи
инкишофи онҳо моҳияти замонро амиқ мекушояд, арзиш
дорад. Агар адабиёт ба дараҷаи публицистика расад,
моҳияти эстетикии худро аз даст дода, вазифаҳои мах-
суси худро дар роҳи санъати инсоншиносию замонасан-
чи иҷро карда наметавонад.
Публицистика фақат ба дараҷае, ки ба мақсади
муайяне равона гардидани тадқиқи бадей ва рӯҳи ҷан-
говаронаи онро ифода менамояд, фақат дар сурате ки
тадқиқи психологй ва лиризми асарро қувват дода, ба-
рон зоҳир шудани мазмуни иҷтимоии он ёрмандй ме-
кунад, ҳодисаи мусбат аст.
Аз он чи гуфта шуд, чунин хулоса баровардан ло-
зим нест, ки дар насри ҳозираи тоҷикӣ мақоми маб-
даи публициста дар тадқиқи бадей ҳанӯз муайян нашу-
дааства ё воситаҳои публицистию очеркӣ фақат роли
манфй бозида истодаанд. Не, мо фақат ба ҳамин мат-
лаб диққат ҷалб карданӣ ҳастем, ки дар ин соҳа масъа-
лаҳои эҷодии ҳалталаб, ки ҷустуҷӯҳои ҷиддии ғоявию
эстетикиро тақозо доранд, ҳанӯз бисьёранд. * 5
1 Ф. Кузнецов. Литература зрелого социализма. «Лит. газ.».
5 ноября 1975, № 45, с. 4.
90
Ин чустуҷӯҳо аксаран бо ҷиддйяти тамом давом кар-
да истодаанд ва дрр фарогирии воқеияти ҳозира, ху-
сусан дар эҷодиёти Фазлиддин Муҳаммадиев натиҷаҳои
ҷолиби диққат доданд. Ғайр аз ин, ҳамин гуна чӯянда-
гнҳо дар жанри таърихӣ ва таърихии инқилобӣ хам ди-
да мешаванд. Дар ин соҳа дастовардҳои Сотим Улуғ-
зода, Ҷалол Икромй ва Раҳим Ҷалил кам нест.
Чи дар жанри таърихй ва чи дар ҳалли мавзӯъхои
замони ҳозира, чи дар ҳикояву повесть ва чи дар ро-
ман зуҳуроти гуногуни ҷанбаи публицистӣ, вазифаҳои
гуногуни ғоявию эстетики иҷро кардани он ба муоина
мерасад, ки мо дар ин мақола ҳамаи онҳоро аз назар
гузаронида натавонистем. Мо ин чо назди худ вазифа
нагузоштем, ки ҳамаи жанрҳои наср, ҳамаи шаклҳои
зоҳир шудани ҷанбаи публициста ва ҳамаи вазйфаҳои
ғоявию эстетикии онро фаро гирем. Дарки назарин ин
ҳама гуногунию рангорангӣ, муайян кардани моҳияти
бадеии ин ҳама шаклу вазифаҳои ҷанбаи публициста
тадқиқоти махсуси илмию танқидй мехоҳад.
1Ч?6
ДАР САРИ РОХЛОИ НАВ
Абдулҳамид Самадов бо номи «Майдон» ҳикоячае
дорад. Дар ин ҳикояи миниатурй тасвир шудааст, ки
фасли баҳорон «майдони канори деҳа боз мисли тӯйхо-
на пури одам шуд... Калонсолон ҷо-ҷо рӯи сабзаҳо ни-
шаста, аз ҳарорати офтоби баҳорон ҳаловат бурда сӯҳ-
бат доштанд. Духтаракон дар шохи бед арғунчак овех-
та, бо навбат ба он савор шуда алпонҷ мерафтанд ва
сурудеро замзама мекарданд». Нависанда як лавҳаи
лирикии дилнишине ба вуҷуд оварда, аз файзи бахор
ҳаловат бурдани мардумро тасвир намудааст. Бай чон
гирифтани табиат ва ба чӯш омадани зиндагиро нишон
медиҳад. Ҳама дар ҳаракатанд, ҳама дар чунбиш ва
таку дав мебошанд. Як кӯдак, ки нав пой бароварда-
аст, «хандону парпанакзанон рӯй-рӯи сабзаҳо пой мон-
дан гирифт». Вақте, ки ӯ ба санге пешпо хӯрду афтид,
«банди дили модар ларзид». Модар он сангро «бо наф-
рат аз майдон берун партофт». Пирамарде ба модар
гуфт: «Бача аз қадами аввал пешпо хӯрда, афтидаву
хеста, пухта шуда, ба воя расад, нағз. Аз мани пира-
кӣ ба ту насиҳат: ба кӯдакат аз ҳозир ёд бидеҳ, ки
91
санги сари роҳаша худаш гирифта партояд. О, ту то
кай аз пеши роҳаш сайга гирифта мепартой?» Аз ин
гапҳои мӯйсафед модари ҷавон ба андеша рафт. Пира-
мард ҳам ба андеша рафта буд ва боз гуфт: «Лекин
дар пиронсолй пешпо хӯрдан аламовар аст». Ин пира-
ки аз воқиаҳо румузи ҳаёт меҷӯяд ва дар ҳақиқат, он
лавҳаи лирикии ҳаяҷонангези Абдулҳамид Самадов як
навъ маънои рамзи пайдо кардааст.
Нависанда дар як лаҳзаи баҳорони майдони деҳа
рамзи ҷавонӣ, рамзи чӯшу хурӯши ҳаёт, гуногуниву
рангорангиҳо, пастиву баландиҳо ва афтухезҳои онро
дидааст. Оре, зиндаги бо ғавғоҳою рангиниҳо, бо ду-
шу хурӯш ва афтухезҳояш ширин аст. Нависанда бо
андак қаламрони меҳри зиндагиро дар дили мо афзун
мекунад, на фақат ба ҷону тани мо роҳату ҳаловат ва
қуввату мадор мебахшад, балки фикри моро ҳам рав-
шан мекунад.
Ин миниатураи А. Самадов аз он чиҳат ҳам ҷолиби
даққат аст, ки барои фаҳмидани самти асосии инкишо-
фи ҳикояи имрӯзаи тоҷикӣ ёрмандӣ мекунад. Ҳикоя
ҳоло барои ифодаи кайфияту рӯҳияи инсон, фикру ҳис-
сиёт ва ҳолати у бештар имкон дорад. Чашми диққат
духтан ба маънову мундариҷаи аслии ҳодисаҳои зин-
даги дар ҳикоянависӣ, аз ҷумла дар ҳикояҳои ҷавонон
торафт бештар натиҷа дода истодааст. Ҷустуҷӯйҳои
эҷодии ҷавонон дар жанри ҳикоя ба падид овардани
ҳодисаҳо равона гардидааст ва бояд бо хурсандӣ қайд
кунем, ки дар ин роҳи душвор комёбии онҳо кам нест.
Қувваи азими меҳри зиндагӣ, қувваи беназири ин-
сон аз ҳикояи Абдурофеъ Рабиев «Талош» намоён ме-
гардад. Нависанда таъкид кардааст, ки ин ҳикояи ӯ во-
қеист ва «дар асоси саргузашти Қосим Зиё, сокини де-
ҳаи Шитхарви райони Ишкошим навишта шудааст».
Зиё ба ҳезум рафту ба ҷар афтод ва дар девори кӯҳ
ба буттае часпида овезон монд. Вай як рӯзу як шаби
дароз дар ин ҳолат дар болои вартаи ҳалокат овезон
буд, вале дасти пурқувваташ ба буттаи кӯҳӣ чунон сахт
часпида буд, ки баъди аз ҳуш рафтанаш ҳам буттаро
cap надод. Нависанда муборизаи инсонро бо марг тас-
вир кардааст, бо аҷал даст ба гиребон шудани одам ва
охируламр ғалаба кардани ӯро бисьёр мӯҷаз, бо сухан-
ҳои оддии бедабдаба нишон додааст. Муаллиф мафту-
ни қаҳрамони худ аст, вале эҳсосоташро намудор на-
мекунад, балки фақат ҳолату вазъиятро тасвир кардан
92
мехоҳад, сухани дақиқ меҷӯяд, тасвири қобили биниш
ба вучуд оварданист, манзараро равшану возеҳ пеши
чашми мо ҷилва доданист. Бояд гӯем, ки навнсанда ин
нияти худро ба хубй амалй кардааст. Ба ӯ муяссар.шу-
дааст, ки қувваи бозу ва қувваи рӯҳи инсонро зоҳир
кунад.
Диққати Абдурофеъ Рабиевро қувваи тан ва кув-
ваи иродаю матонати одамй ба худ кашида бошад, диқ-
қати Муаззама дар ҳикояи «Истгоҳи шинос» ба қув-
ваи меҳри падарӣ равона шудааст. Муаззама як мӯй-
сафедро дар ҳолате тасвир кардааст, ки бо автобуси
пассажирй ба дидани писараш рафта истода буд ва ҳа-
зору як фикру андеша аз дилаш мегузашт. Дар наза-
ри аввал чунин менамояд, ки қаҳрамони ин ҳикоя як
пири фартут аст ва дар танаш мадоре намондааст. Ва-
ле муаллиф фикру андешаҳо ва ҳиссу ҳаяҷони қаҳра-
монашро бо тасвирҳои нозуки психологй нишон дода,
қадам ба қадам моро ба чунин худоса меорад, ки кув-
ваи дили ин пирамард поён надорад, дили ӯ бо меҳри
фарзанд ва набераҳо дорои қувваи бузурги ҳаётй бу-
да, кобили некӣ ва буньёдкорист.
Кӯшише дар роҳи намоён кардани моҳияти фикру
ҳиссиёти амиқи инсон ва ҳусни одамии ҳамзамонони
мо, он кӯшиши ҷиддие, ки дар ҳикояҳои ҷавонону нав-
қаламон мебинем, бо ҷидду ҷаҳди, нависандагони тач-
рибакор ҳамсадост. Аз ин ҷиҳат, мо ба як ҳикояи Ра-
ҷаб Амонов, ки «Дарси забони русй» ном дорад, диқ-
қат ҷалб карданӣ ҳастем.
Раҷаб Амонов дар ин ҳикояи ёддоштӣ як мактаби
тоҷикии солҳои сй ва якумин дарсҳои забони русиро
тасвир кардааст. Вай дар назди худ як вазифаи душ-
вори психологй гузоштааст. Мақсади ӯ тасвири ҳола-
ти кӯдакон дар лаҳзаҳои қадам гузоштани онҳо ба ола-
ми нави шавқангезе мебошад. Муаллимаи рус бо ҳама
ҳастиаш — бо либосҳо, бо рафтору гуфтор, ҳатто бо но-
маш — Александра Дмитриевна Дьякова, ки аз се ном
иборат будани он барои точикбачагони он солҳо ҳай-
ратангез буд, зуд диққати кӯдаконро ба худ кашид.
Калимаҳои аҷиби русй, ки оҳангу садои дигаре доранд,
гоҳ ба калимаҳои тоҷикй монанд мебошанд ва гоҳ аз
онҳо тамоман фарк мекунанд, шавки бачагонро бедор
кардан гирифт. Нависанда процесси бедор шӯдани шав-
ку завқи кӯдаконро тасвир карда, ҳолатҳои нозуки эмо-
ционалиро ба тадқиқ гирифтааст. Ба чунбиш омадани
93
ҳисси кунчкови ва ҳирсн навҷуии кудакон, бо ҳайрату
тааҷҷуб ва ҷӯшу хурӯше дида ба як олами нав дӯхта-
ни онҳо хеле табиӣ воқеъ гаштааст. Мо ифодаи эмо-
ционалии фаъол шудани фикрн чӯяндаро мебинем. Па-
дидаҳои аҷиби ҳиссу ҳаяҷон, шавқу завқ ва ҳайрату
тааҷҷуби кудакон моро аз дили ҳассос ва фнкри дар-
роки онҳо огоҳ месозад.
Чунон к и дида мешавад, тадқики ҳастии мардумони
замони мо, фикру эҳсосоти онҳо дар доираи ҳикоя да-
вом дораД. Ҳикоя ҳам монанди дигар жанрҳои наср
ҷиҳатҳои нав ба нави воқеияти имрӯзаро фаро шриф-
та истодааст. Азбаски нависандагон, ҳатто насрнави-
сони ҷавон ҳам ба олами дили ҳамзамонони худ чаш-
ми диққат духтаанд ва онро ҳамаҷониба санчидан ме-
хоҳанд, он чо на фақат ҳиссиёти олӣ ва наҷобат, балки
дар бисьёр мавридҳо фикру эҳсосоти норавое ҳам ме-
бинанд. Ҳоло хислатҳои манфии мардум, баъзе ходи-
саҳои манфии ҳаёти мо диққати нависандагонро бо ка-
моли ҷиддият ба худ кашидааст.
Дар мавриди ба андеша гирифтани воқиаҳои ногу-
вори зиндагӣ муносибати фаъолонаи нависандагон ба
воқеият бештар дида мешавад. Ленин камбудӣ ва на-
зари руякии онҳо ҳам маҳз дар ҳамин маврид бештар
ба мушоҳида меояд. Бинобар ин, ба ин масъала муфас-
салтар таваққуф кардан даркор аст.
Психологиям худхоҳиву худкомй нависандагони мо-
ро бисьёр вақтҳо ба андешаҳои доманадор мебарад.
Нависандагон падидаҳои чашмгуруснагӣ ва ҳирси молу
пул, хоҳиши беҳадду канори дороӣ афзудан ва бо ин
мақсад ба роҳҳои пастиву разолат қадам гузоштанро
маҳкум кардаанд, дар бораи чунин одамон бо хашму
ғазаб сухан рондаанд.
Дар ҳикояҳои Сорбон «Баҳона» ва «Парвози каб-
ки қафас», дар ҳикояҳои Абдумалик Баҳорй «Хати
беимзо», «Маслиҳатоши» ва «Қарз», дар ҳикояи Абдул-
ҳамид Самадов «Ҳазл», Эҳсон Субҳонов «Чор чашм»,
Неъматулло Худойбахш «Дар бозор» ва гайра бисьёр
хислатҳои манфии инсон, ки ӯро ба пастӣ мекашад ва
аз симои ҳақиқии инсонӣ маҳрум месозад, мазаммат
шудааст. Ин нависандагон вазъиятҳои гуногуни ҳаётиро
аз назар гузаронида, то чӣ андоза нафратовар будани
хислатҳои бадро нишон додаанд ва мехоҳанд, ки хо-
нандаро ҳам ба ин ҳиссиёти худ шарик кунанд, нафра-
ти хонандаро ба вуҷуд оранд, то ки ӯ аз он хислатхо
94
дур бошад. Баъзан чунин ба назар мерасад, ки ҳоди-
саи манфй фақат тасвир шудаасту бас ва гӯё тасвири
нависанда бетарафона мебошад. Вале дар асл чунин
нест. Он нафрате, ки дар дили хонанда нисбат ба мар-
думони бадкирдор, бетамиз, каммулоҳиза, ҳарису дуньё-
хӯр ва ғайра пайдо мешавад, худ як навъ ҳисси фаъол
аст ва аз муносибати фаъолонаи муаллиф ҳосил ме-
гардад.
Дар баъзе ҳикояҳо фаъол будани мавқеи гражда-
нин нависанда падидаҳои барҷаста дорад ва ба струк-
тураи бадеии асар нақши амиқ гузоштааст. Ҳикояи Аб-
дулҳамид Самадов «Ҳазл» чунин аст. Қаҳрамони ин
ҳикоя Азиз, ки ӯро Азизи майлис мегуфтанд, як мар-
ди худписанди бадкирдор аст, ки мансаб ва фармон-
фармоиро дӯст медорад ва ба сари ҳама чормағз ши-
кастан мехоҳад. Тасвири нависанда чунон аст, ки хама
вакт фикри мардум дар бораи он бетамиз, аз тарафи
меҳнаткашони колхоз маҳкум шудани ӯ равшану возеҳ
маълум шуда меистад. Дар охир муносибати мардуми
заҳматкаш ниҳоят тезу тунд ва ба шакли халқии му-
тоибаомез зоҳир шуд: онҳо Азизро сахт масхара кар-
данд ва бо ин кор муносибати худро ба маҷлисбозиву
гапфурӯшй, дағдағаю даҳонкалонӣ ва фармонфармои-
ҳо ошкоро баён намуданд.
Ҳамин тавр, муносибати худро ба ҳодисаи манфй
ошкоро зоҳир кардани қаҳрамон дар ҳикояи Баҳром
Фирӯз «Кӯҳна ва нав» низ дида мешавад. Дар ин ҳи-
коя як раиси колхоз тасвир шудааст, ки марди бадчаҳ-
ли худраъю худписанде буда, мардумро бо доду фарёд
ва дашному ҳақорат кор мефармояд. У ақида дорад, ки
«халқ зулмпарвар аст». Ин аст, ки қаҳрамон зулмро аз
зердастон дареғ намедорад. Аз тасвири нависанда то
чӣ дараҷа даҳшатангез будани рафтору кирдори худ-
коми бетамизе равшан аст. Лекин хулосае, ки нависан-
да аз ин тасвирҳо баровардааст, моро қаноат кунонида
наметавонад. Охирин хулосаи ӯ ин аст, ки «усули ко-
ри» ин раис «хеле кӯҳна шудааст» ва аз он даст каши-
дан лозим аст. Ба факри мо, он ҳама худсарию таад-
диҳои он раиси зобитро фақат усули кӯҳнаи кордорй
номидан кам аст, балки нодуруст мебошад. Чунин раф-
тору кирдор, ки он раис дорад, дирӯз ҳам ба чамъия-
ти мо, ба принципҳои инсоният бегона буд ва имрӯз хам
бетона аст. Мо онро на ба сифати чизе, ки дирӯз ҷоиз
буду имрӯз ҷоиз нест, балки чун чизе, ки умуман ре-.
95
шакан кардан лозим аст, бо қатъияти тамом бояд рад
кунем. Сарлавҳаи ин ҳикоя — «Нав ва кӯҳна», инчунин
хулосаи мазкури муаллиф аҳамияти иҷтимони ҳодиса-
ро кам карда, барон барҷаста зоҳир шудани он халал
мерасонад ва ҷиддияти онро аз назари мо мепӯшад.
Ва ҳол он ки тадқиқи бадей бояд чашМи моро бинотгр,
зеҳни моро тезтар, қобилияти муборизии моро афзун-
тар кунад.
Ҷонибек Акобиров дар ҳикояи «Посбони сабзазор»
як гуруҳ ҳаннотону ҳаромхуронро тасвир кардааст, ки
ба хонаи як ҳаромхури дигар меҳмон шудаанд ва бо ӯ
нақшаеро амали кардан мехоҳанд. Лекин чанд мӯйса-
фед ба болои маслиҳати онҳо омаданд ва бобои Сафол
ҳатто воқиаи бо ғул гуштй гирифтани худ ва ба он ғо-
либ омаданашро бо бароварду фуровард ҳикоя кард.
Дар дили меҳмонон воҳимае афтод ва онҳо аз баҳри
маслиҳат гузашта, роҳи гурез пеш гирифтанд.
Чунин ба назар мерасад, ки дар ин ҳикоя фикри
бадеии нависанда равшан нест, мақсади ӯ номаълум
аст. Ба ҳар ҳол, агар фиребгарону беинсофон ин кадар
тарсончак мебуданд ва онҳоро ба ин осонй гурезонидан
мумкин мегардид, боке намедоштем. Гап дар он аст, ки
ин мардум чандон содда нестанд ва онҳоро ба чашми
кам дидан ҳаргиз нашояд. Ин ҷо ба саҳлангорӣ роҳ
додан мумкин нест. Тадқиқи бадей бояд тамоми чид-
дияти масъаларо ошкор намояд ва бо кувваи тасвир
ҷамъиятро ба муборизаи зидди ҳодисаҳои манфй са-
фарбар кунад.
Нависандагон роҳҳои гуногуни нишон додани таъ-
сири эмоционалии ҳикоя ва ба ин воснта зоҳир наму-
дани чиддияти масъалаҳои ҷамъиятиро чуста истодаанд.
Баъзеи онҳо дар ин роҳ аз истифодаи шаклҳои шартй ҳам
дуддори накардаанд ва ин кор натиҷаҳои муҳим дода-
аст. Чунончи дар ҳикояи Абдумалик Баҳорй «Роҳи
сеюм» Насриддин Афанди баробари як ҳамзамони мо
амал кардааст, худ як ҳамзамони зираку мушоҳида-
кори мост. Гуфтугӯи қаҳрамони ин ҳикоя бо Насрид-
дин Афанди зарофате дорад. Ин зарофатгӯӣ ба шакл-
ҳои халки ифода шудааст ва ба асар як навъ оҳанги
хандаи дардомезро додааст.
Бисьёр ҳикояҳои Абдумалик Баҳорй ҳикояҳои хурд
мебошанд. Нависанда воқиаи хурдеро, масалан, як гуф-
тугузори кутоҳ,_ як лаҳзаи вохӯрди ду нафар, як кори
касеро бо камгуй ва мухтасарбаёнӣ ҳикоя мекуиад, ва-
96
ле аз ин воқиаи хурд маънои калони як ҳодисаи зин-
дагиро ошкор кардан мехоҳад. Ин кушиши у бисьер
муҳим буда, ба афзудани гунчоиши фикрию эмоциона-
лии ҳикоя нигаронида шудааст. Лекин, мутаассифона,
дар баъзе мавридҳо фикри муаллиф урьён аст. зунон-
чи дар ҳикояи «Афсӯс намех'урам» накли хушк, фик-
ри урьён, ки ошкоро ва луччаку пустканда баён шуд-
аст, андешаи амиқ ва таъсири эмоционали кам дорад.
Аз ин гуна ҳикояҳо тасаввуре пайдо мешавад, кн мак-
сади нависанда гӯё бевосита ифода кардани мохияти
иҷтимоӣ буда, аз дарки эстетикии ҳамачониба даст ка-
шидааст.
Қувваи азими тасвири барчастаи бадеиро ба назар
нагирифтан аз ҳикояти Рачаб Амонов «Духтар чи ме-
гуяд?» низ дида мешавад. Ин асар бештар ба як ма-
қолаи публицистй монанд аст, зеро накли вокиа бо
шарҳу эзоҳи муфассал омадааст. Унсури бадей ва тас-
вир мавқеи ночизе дошта, ба мулоҳизарониҳои публи-
цистй тобеъ аст. Албатта, дар бораи масъулияти пада-
ру модар дар назди фарзанд, дар бораи ин ки падаро-
ну модарон барон хушбахтии духтарони худ бояд со-
биткадамона мубориза кунанд, маколаи публицистки
пуршӯре хам навистан мумкин аст. Вале ҳокояи Ғ.
Амонов «Духтар чй мегӯяд?», ба назари ман, ҳоло дар
байни маколаи публицистй ва асари бадей карор ёфта-
аст ва аз таъсири эстетикии пуркуввати матлуб махрум
мондааст.
Нависандагон солҳои охир ахлоқу одоби ҳамзамо-
нонп моро амиктар санчида истодаанд. Инро ҳатто аз
ҳикояхои насрнависони чавон дидан мумкин аст. Дар
натиҷаи ҳамин амикрафти назари таҳкикии навнсан-
дагон аст, ки чанд год боз, хусусан дар ҳикояҳо масъа-
лаи мехри фарзандй, дурусттар ин ки масъалаи кам
шудани мехри фарзандон бештар аҳамият паи-
до карда истода аст. Дар ҳикояҳои нависандагонн ча-
вон кам шудани меҳри фарзандон аксаран бо афзои-
ши шаҳрнишинӣ вобастагй дорад. То рафт ривоч ефта-
ни шахрнншинй, бештар ба гирдоби ташвишҳо ва шуру
ғавғои шаҳр афтодани кишлокиёни дируза,афзоиши дои-
мии суръату шиддати зиндагонии шаҳриён дар ҳикояҳои
чавонони мо боиси ин мегардад, ки инсон ба панчаи ҳоди-
са, ба чараёни пуртуғьёни зиндагии шахр гирифтор шуда,
ка'м-кам баъзе эх,сосоти нозук ва меҳру дилбастаги-
ҳояшро аз даст меднҳад, аз онқо кам ё беш маҳрум
7—277
97
мегардад. Сабаби бемеҳрии фарзандон дар бисьёр ҳи-
кояҳои мо ҳамин ает. Инро аз ҳикояҳои Муаззама «Ист-
гоҳи шинос», Ҷонибек Акобиров «Азоби хотир», Каро-
матулло Мирзоев «Хонаи бобо», Муҳиб Қурбон «Душ-
мани ширин» ва ғайра ба хубй дидан мумкин аст.
Дар аксари ин ҳикояҳо каҳрамони асосӣ падарону
модарон ва гоҳ бобоҳову бибиҳо буда, фикру андешаи
ҷонкоҳи онҳо, аз бепарвоию каммеҳрии фарзандон азо-
би руҳӣ кашиданашон тасвир шудааст. Оғози ин тас-
вирҳо аз ҳикояи Саттор Турсун «Падар» /1972/ ва баъ-
зе дигар ҳикояҳои ибтидои солҳои ҳафтод аст. Ленин
дар ҳикояҳои охири солҳои ҳафтод ва ибтидои солҳои
ҳаштод тадқиқи ин ҳодисаҳои ҳаёт хеле доман паҳн кар-
да, аз ҷиҳати психологӣ мураккабтар шуд/
Ба ақидаи мо, аз ин ҷиҳат яке аз ҷолибтарин ҳикоя-
ҳо асари Ҷонибек Акобиров «Азоби хотир» мебошад.
Қаҳрамони ин ҳикоя як ҷавони сивудусола аст, ки
чанд гоҳ боз дар шақр зиндагӣ мекунад ва зану фар-
занд ҳам Дорад. У дар шароити шаҳр асабони шудааст
ва бехоби мекашад. Андешаҳое, ки як шаби бехобӣ аз
сари вай гузаштанд, заддиятҳои аҷибе доранд. Гоҳ ӯро
масъалаи бехонагй ба ташвиш гузошта, сарзанишҳои
занаш азоб медиҳад, ки мегуфт: Юсуфи магазинчӣ дар
пеши чашмат ба духтару писараш хонаи нав гирифта
дод... Ту бошӣ навбат мепой. Ҳунар доштан даркор,
қишлоқй!» Оре, ӯ кайҳо боз шаҳрист, вале ҳанӯз таъ-
на мекунанд, ки деҳотӣ мебошад.
Дар айни замон, ин қаҳрамонро фильме, ки имшаб
аз телевизион дида буд, сахт мутаассир кардааст. Так-
дири пиразане, ки чор фарзандаш ӯро дар деҳа гузош-
та ба шаҳрҳо рафтаанд ва акнун ба дидорн онҳо зор
аст, сарнавишти ин кампири бадбахт, ки аз телевизион
нишон доданд, боиси фикру андешаҳои пуразоби каҳ-
рамони ҳикоя гардид. Дили қаҳрамон ба он кампир ме-
сухт вале ҳеҷ ба хотираш намеомад, ки худаш ҳам бо-
бояшро дар деҳа гузоштааст, худаш ҳам аз аҳволи он
пиракӣ хабар намегирад ва мӯйсафед ҳамеша чашм дар
роҳи набераву абера дорад. Фақат дар охир чавон бо-
боро ба хотир оварду ба ӯ мактубе навишт, вале онро
ҳам саҳарӣ даронда партофт, ба деҳа нафиристод.
Қаҳрамони ин ҳикояи Ҷонибек аз дидани фильми
телевизион мутаассир шуда бошад ҳам, ин ҳассосияташ
руякӣ, балки қалбакй ва ноасил аст. Дар ҳақиқат, ка-
се, ки аз аҳволи бобои худ бепарвост, магар аз азоби бе-
98
гонае, аз аҳволи як кампири фильме ҳақиқатан мутаас-
сир шуда метавонад? Ҳиссу ҳаяҷон, раҳму дилсузиҳои
ӯ аз табиият ва аз сифатҳои аслӣ маҳрум шудаанд, сох-
таю сунъӣ ва яклаҳзагӣ мебошанд, ҳиссиёти амиқе нес-
танд, ки тамоми ҳастии ӯро фаро гирифта тавонанд.
Асабоният ва бехобӣ, бемеҳрӣ ва курдилӣ ҳама нати-
ҷаи ташвишҳои беохири зиндагй мебошанд, аз бесару
сомониҳои рӯзгору маишат, аз маҷлисҳои сершумори
бесамару вақтхӯр, аз даводави доимӣ, шиддати рузаф-
зун ва ғайра ҳосил шудаанд. Ин аст, ки он шаби бе-
хобӣ дар сари ӯ чунин фикре ҳам пайдо шуд: «Шӯру
ғавғои шаҳр гӯё ки ӯро дар банди ҷоду бастааст. Ак-
нун аз ин банд раҳой ёфтанаш амри маҳол».
Инро фикри асосии ҳикояи Ҷонибек «Азоби хотир»
донистан мумкин аст.
. Ба нависанда муяссар шудааст, ки кайфияту ру-
ҳияи касеро, ки дирӯз қишлоқӣ буду пмрӯз шаҳри шу-
да, бо шиканҷаи фишорафзои шароити мураккаби ҳаё-
ти шаҳр тамоми ҳастиаш дигар шуда истодааст, ҳола-
ти ноилоҷӣ ва психологиям зиддиятноки ӯро бо нозуки-
ҳояш ба тадқиқ гирад. .
Барои дидани чунин процесҳои иҷтимоии психологи
ва чунин ҳолату вазъияти инсон дидаи борикбин дар-
кор аст. На фақат аз ин ҳикояи Ҷонибек, балки аз баъ-
зе асарҳои дигар ҳам нишонаҳои нозукнигоҳӣ дида ме-
шавад. Як намунаи он, ба назарам, ҳикояи Муаззама
«Соҳиби аспи сафед» мебошад.
«Соҳиби аспи сафед» ҳикояест, ки аз оғоз то анчом
ба тасвирҳои нозуки психологӣ буньёд ёфтааст. Қаҳ-
рамони он як духтараки қишлоқист, ки ба шахр барои
хондан омадааст ва ошиқ шудааст. Ишқи ногаҳонӣ ди-
ли ҳассоси ӯро сахт ба туғьён овардааст ва калами но-
зукрави нависандаи ҷавон қадам ба қадам андешаҳои
пурпечу тоби қаҳрамон, тобишҳои ноаёни ҳиссу ҳая-
ҷони ӯ, бетоқатӣ ва тапиданҳо, шакку шубҳаҳо, орзу-
ҳои ширин ва ноумедиҳо — ҳама ҳастии он духтараки
баландҳиссиётро ба мо як-як нишон медиҳад. Муаллиф
бисьёр мушоҳидакор буда, падидаҳои аҷиби ҳолати қаҳ-
рамон, дар панҷаи ишқ ба ночориву ноилоҷи афтодани
ӯро дидааст. Нозукии ҳолати психологии каҳрамон дар
ин аст, ки агарчи дар шаҳр зиндагй мекунад, дар шаҳр
ошиқ шуд ва маъшуқаш ҳам аз шаҳр аст, тамоми ҳас-
тии ин духтар, хусусан орзуву умедҳои ӯ, ҳар чй ба
дили ӯ тасаллие мебахшад, ба деҳа вобастаги дорад.
99
Деҳа ҳамеша дар андешаҳои ӯ ҳозир аст. Вай медонист,
ки рӯзе «аз ин шаҳри пурғавғо гурехта деҳа меравад»
ва дар оғӯши «ҳамон деҳаи майдаҳаки доманакӯҳ» ором
меёбад. Лекин деҳа ҳам дигар шуда истодааст, бисьёре
аз он чизҳое, ки аз кӯдакӣ ба дшш духтарак азиз бу-
данд, кам-кам нест мешаванд. Бонд гуфт, ки дар ин
масъала ҳам нигоҳи нависанда диалектикаи зиндагиро
ҷустааст. Аз деҳа баъзе чизҳое, ки аз чумлаи асосҳои
моддии ҳаёт мебошанд, нест шудаанд, чунончи сафе-
дори пире, ки онро духтар бисьёр дӯст медошт ва сол-
ҳои кӯдакӣ аз он «фол мекушод», акнун нест. Духтар
дигар наметавонад, ки дар «вартаи номуайянй» аз он
дарахт ва аз лаклакҳои он фол кушояд. Ҳикоя дар ҳа-
мин ҳолати ноумедии духтар ба охир расидааст.
Вале гумон кардан лозим нест, ки ҳикоя ҳам бо рӯ-
ҳияи ноумедй поён ёфтааст. Диалектикаи зиндагй дар
ин зоҳир мешавад, ки баъзе нишонаҳои буньёди мод-
дии ҳаёти деҳот /масалан, ҳамон сафедори пир/ нест
шуда истода бошад ҳам, асосҳои маънавии он ҳанӯз
ҳамчунон боқист ва ба дилҳо парвоз мебахшад. Аспи
сафеди афсонаи бибикалон, ки ёронро ба ёрон мераео-
над, маънои рамзӣ дорад. Қаҳрамони ҳикоя акнун со-
ҳиби ин аспи сафед аст ва мо ӯро монанди қаҳрамони
афсонаҳо шаҳсавори аспи орзуву умедҳои чавонӣ ме-
бинем. Аз ин ҷо ин ҳикояи Муаззама гоҳ оҳанги лири-
киву романтики мегирад, аммо буньёди он комилан реа-
листист.
Чунон ки дар ин ҳикояи Муаззама мебинем, дар ҳо-
лати бӯҳронӣ, дар айни ҳараҷиву ҳайронӣ ва парешон-
ҳолӣ ба дили қаҳрамон чашм дӯхтани нависандагон
ҳоло дар ҳикояҳои тоҷикӣ зуд-зуд ба назар мерасад.
Ин гувоҳӣ медиҳад, ки нависандагон инсонро дар ҳо-
латҳои гуногун санҷидан мехоҳанд. Хусусан дар ин
мавридҳо фаъолиятмандии мавқеи чамъиятии адабнёт
аҳамияти калон пайдо мекунад. Вале дар баъзе асарҳо
ин фаъолиятгарӣ ҳанӯз пурқувват ва ба дараҷаи мат-
луб нест.
Ҷонибек шояд ҳақ дошт, ки дар «Азоби хотир» каҳ-
рамонашро сарзаниш кунад ва маҳкум намояд. Вале
чунин қаҳрамон, чунин касе, ки рӯ ба рӯи харчу мар-
ҷи зиндагй сари калоба гум кардааст, факат сазовори
сарзаниш нест, балки дар баъзе мавридҳо ба ҳоли ӯ
бо харчхоҳй ва хамдардн нигоҳ кардан лозим меояд.
Мумкин аст, ки чунин шахе чандон гуноҳ надорад, ма-
100
салан, айбаш ин аст, ки худро_ ба дасти ҷараёни зин-
дагй супурдааст ва он ҷараён уро ба кадом тараф ба-
рад, рафта истодааст. Пас, коре кардан лозим аст, ки
ӯ аҳволи худро фаҳмад ва худро аз он ҷараён берун
кашад, бо қатъияту матонат дар зиндаги мавқеи худ-
ро муайян кунад.
Албатта, адабиёт бояд ҳолатҳои гуногуни инсонро
ба тадқиқ орад, аз ҷумла ҳақ дорад, ки ба гирдоби но-
чориву ноилоҷӣ ва маъюсй афтодани уро низ бо диккат
аз назар гузаронад, сабабҳои онро муайян кунад ва ба
ин восита чашми моро ба ҳакиқати зиндагони кушояд.
Аммо беҳтар он аст, ки адабиёт инсонро дар вазъия-
ти ноилоҷиву ноумедй ба доли худ тандо нагузорад, ба
ӯ дасти ёрй дароз кунад, баробари ӯ роҳи халоси чуяд.
Ҳолатн инсонро ход долати гуворо бошад, ход ногувор,
бо дама гуногуниву рангорангй ва нозукидояш зодир
намудан ба ғоят душвор вале бо ин тасвир ба дили ода-
мй қувват бахшидан боз дам душвортар аст. Ва х,ол он
ки мақсади асосй дамин аст. Инсон бояд дар дараҷиву
дайронй намонад, ногод дар шаби торик дар кучаву
паскӯчадои зиндагй рад гум накунад. Адабиёт машъа-
ли роди ӯст. Нависанда бо андешапарварии чиддия-
томез ва дақиқатҷӯии суботкорона машъалдори роди
мардум аст.
Масъаладои мураккаби воқеияти имрузй дар дикояи
тоҷикӣ, датто дар дикоядои хурде ба доираи мудокима
даромада истодаанд. Ин дар тадқиқи бадеии додиса-
дои нави зиндагй нисбат ба дигар жанрдо то андозае
фаъол ва ташаббускор будани дикояро нишон медидад.
Дил меходад, ки дикоянависдо дар ин род устувор бо-
шанд ва ҷустучӯйдои гоявию бадеии худро амиқтар ба-
ранд.
Бисьёре аз он масъаладое, ки доло дар дикоя ба ан-
дешаву мулодиза омада истодаанд, дар повесту роман
данӯз мавриди баррасй қарор наёфтаанд. Ва дол он ки
тадқиқи даматарафаи иҷтимоиву психологии мудимта-
рин процесдои вокеият мукаммалтар аз дама дар повес-
ту роман муяссар мегардад ва дар ин род фаъол шу-
дани жанрдои калонро тақозо дорад.
Ҳикоя дар назди повесту роман вазифадои нав гу-
зошта истодааст. Умед аст, ки повесту роман дар вак-
таш навбатро қабул ходад кард.
1082
101
Ч
ЯК НАЗАР БА БУРДУ БОХТИ ҚИКОЯ
Ду-се сол аст, ки дар сафҳаи насри тоҷикӣ номҳои
нав бештар пайдо шуда истодаанд. Ин, албатта, ҳоди-
саи хурсандибахшест. Мутаассифона, баъзеи ин ном-
ҳо як-ду бор намудор шуда, зуд аз назарҳо ғоиб гар-
диданд. Бешак, хусусан дар чавонй шитобкорӣ нағз на-
хоҳад буд. Беҳтар он ки ҳар асари ҷавонон дер ояду
дуруст ояд. Бинобар ин номи баъзе ҷавонони калам-
каш /ва на фақат чавонон/ чанд гоҳ ба назарҳо на
намояд, яъне онҳо як муддат асар ба чоп надиҳанд, бо
ке нест. Вале одатан дар синни чавониву. наврасй дар
дили бисьёр касон ҳаваси ҷизе навиштан, шеър гуфтан
ё ҳикояҳое тартиб додан пайдо мешавад. Баъдтар маъ-
лум мегардад, ки ин як ҳавову ҳавас, як хоҳиши бебақо
будааст ва кам-кам аз байн меравад ё дер давом кунад
ҳам, боиси ба миён омадани асари ҷиддие намегардад.
Баъзеҳо пас аз чоп шудани ду-се асар аз душворнҳои
кори эҷодӣ пай бурда, зуд дилашон хунук мешавад ва
худро канор мекашанд. Яъне дар ин маврид хам ка-
лам ба даст гирифтани онҳо на ба сабаби такозои нс-
теъдод ва хоҳиши пурзӯри чизе ба мардумон гуфтан,
балки аз рӯи булҳавасӣ будааст. Ва ҳол он ки нахус-
тин асарҳои худро ба чоп додани чавонон бояд на аз
руи ҳавову ҳавас вокеъ шавад, балки ҳар дафъа нати-
ҷаи ҷустучӯҳо ва меҳнати пурмашаккате бошад. Он
гоҳ умед кардан мумкин аст, ки ин чавонон дар роҳи
адабиёт собитқадам хоҳанд буд. Ҷавононе, ки ба душ-
вори ба роҳи адабиёт кадам гузоштаанд, ба осонй аз
ин роҳ нахоҳанд гашт.
Чизе, ки моро водор месозад дар ҳакки баъзеи ин
чавонон некбин бошем, он аст, ки дар ҳикояҳои онҳо
баъзе заруриёти ибтидоии ҳунари нависандагӣ мавчуд
аст. Ба назарам, аз баъзе ҳикояҳои навқаламон нишо-
наҳои ду чизи асосй, ки оғози санъати нависандагй аз
он аст, дида мешавад: яке — мушоҳидакорӣ ва дига-
ре — кӯшише дар роҳи ифодаи тобишҳои нозуки хис-
сиёти инсон. Ин ду сифат пояҳои ҳаётии ҳикояҳоро кам
ё беш устувор кардааст ва имкон додааст, ки муалли-
фон дар сари масъалаҳои муҳимми зиндагии муосирон
андеша ронанд.
Чунончи ҳикояи Айюб Кенҷа «Ҷони ҳавоӣ» /1978/
на фақат дорой конкретияти дақиқ аст, балки чамъбас-
ти рамзӣ ҳам дорад, яъне ду ҷанбае, ки дар ндзари
102
аввал гӯё зидди якдигаранд, дар ин ҳикоя ба хам ома-
даанд ва як воҳиди кулро ба вучуд овардаанд. Дар ҳи-
кояи Маҳбуба Турсунова «Субҳи козиб» /1978/ чузъиё-
ти психологи бисьёр чолиби диққат буда, гӯё таваҷҷӯҳи
ин ҳаваскор ба баёни ҳолати инсон бештар аст. Ҳикояи
Мушаррафа Шарифова «Ҷамбия» /1980/ дар мавзӯи хо-
риҷй навишта шудааст, ки ин мавзӯъ дар насри мо
/гайр аз адабиёти бачагона/, мутаассифона, кариб та-
моман инкишоф наёфта истодааст.
Дар ҳикояҳои Ҷонибек Акобиров ҷузъиёту тафсило-
ти муҳим, ки нишонаҳои хоси зиндагии имрӯзи мо ме-
бошанд, ба назар мерасад. Вай дар ҳикояи «Дуньё ба
умед» /1978/ назари диалектикӣ зоҳир карда, ҳам чи-
ҳатҳои ногувори шаҳрнишинй ва ҳам зарурати таърих
будани онро шинон додааст. ё дар ҳикояи «Одами
содда» (1979) фикру андешаҳои як деҳқони оддиро
дар бораи фарзанд, дар бораи дигар шудани назари
мардум бисьёр нозук ба мушоҳида гирифтааст.
Қаҳрамони ин ҳикоя боре ба бозори шаҳр омада,
бо хайрату тааччуб дид, ки нархи як кило себ ва ан-
гур 2 сӯм, нок 3 сӯм, аммо гандум 30 тин аст. Инро
дида дар дили ӯ ташвише пайдо шуд: «Қадри нон аз
қадри мева паст шудааст... Сериву пурй мардума мает
кардагй. Илоҳи ношукрй нашавад»,— гуфт ӯ худ ба
худ. Инҳо андешаи як деҳқони асил ва меҳнаткаши на-
ҷиб аст, ки кадри нонро медонад. Ин чо на факат аз
зарурати қадрдониву мартабашиноей сухан рафтааст,
балки масъалае пеш гузошта шудааст, ки хор шудани
арзишҳои асосии моддиву маънавии ҷамъият беоқибат
нахоҳад буд ва дар хулки мардум нақши норавое ме-
тонад гузорад. Қаҳрамон аз аҳволу атвори он ҳамде-
ҳонаш, ки чанд гоҳ боз дар шаҳр зист доранд ва боре
ӯ мачбуран меҳмони онҳо шуд, ин ҳақиқатро ба муои-
на дид. Дар ин хонадон аз ҳама пеш одамият кам мон:
дааст. Кам шудани кадри нон аз кам шудани кадри
инсон дур нест. Нависандаи ҷавон баробари қаҳрамо-
ни андешаманди худ кӯтоҳбинии мешчанҳои тангназар-
ро маҳкум кардааст.
Афсӯс ки тартиботи хонаи он тангназарон ва муо-
милаву муносибати онҳо на ба тарзи хос, балки ба як
шакли забонзад, ки дар адабиёт бисьёр дидаем, тасвир
шудааст. Дар ин қисми ҳикоя биниши хоси нависанда
кам ба назар мерасад.
Навкаламон кӯшиш доранд, ки хислатҳои неку ба-
103
ди одамӣ ва падидаҳои гуногуни онҳоро бо диққат ба
мушоҳида гиранд, аз назари таҳқиқ гузаронанд, то ки
барои дидани онҳо чашми хонанда ҳам бинотар бошад.
Баъзан ин нависандагон бо вучуди чавонй ва нав-
корию бетачрибагӣ баъзе тапишҳои нозуки дили неки-
парвари инсонро дида ва зоҳир карда тавонистаанд.
Қаҳрамони ҳикояи Карим Давлат «Бача ки калон шуд»
/1980/ бобои Ҳалим як рӯз хабари нохуше шунида, дар
айни хунуки зимистон бо азоби бисьёре ба як дехаи
дурдасти кӯҳсор рафт ва дид, ки фарзандаш—.муал-
лими ҷавон Раҳимҷон он ҷо дар бистари нотобист. Бо
вучуди ин, мӯйсафед бо дили пур ва хотири чамъ ба
деҳаи худ баргашт. Вай дар ҳолате ба хона баргашт,
ки аз фарзандаш мамнун буд. Фарзандаш барои халос
кардани пирамарде ҷони худро зери хавф гузошта бу-
дааст. Бобои Ҳалим ин воқиаро шунида ба писараш
гуфт: «Хуб кардй, ки ҷони мӯйсафеда харидӣ... Дард
мегузараду хубӣ мемонад». Падар аз ҳамин хубии фар-
занд, аз ҳамон фидокории Раҳимҷонаш хурсанд аст.
Вай хурсанд аст, ки фарзандаш одам шудааст, худро
ба хизмати мардум супурдааст. Ба ақидаи ӯ «бача
ки калон шуд, аз они хама мешавад».
Агарчи қалами ин ҳаваскор ҳануз ноустувор аст, ба
ӯ муяссар шудааст, ки ҳолатҳои гуногуни бобо Ха-
лим— ҳам хотирпарешонй ва изтироби дйли вай, ки аз
шунидани хабари сармозадагии писараш ҳосил шуда
буд, ҳам мамнунияту хотирчамъй ва ифтихормандию
сарбаландии ӯро, ки дар охири воқиа рӯй дод, ифода
намояд.
Дар ҳикояи Бароталй Абдураҳмонов «Барфи ав-
вал» /1979/, Эҳсон Субҳонов «Бадандеш» /1980/ ва гай-
ра хислатҳои бади инсон, падидаҳои худхоҳиву бета-
мизй ва бадкирдориву бадкинагй дар маркази диккат
аст. Ин чо ва дар баъзе ҳикояҳои дигар неку бад бо
муқоиса омада, дили сиёҳи бадкирдорон ва дили софи
росткорон рӯ ба рӯ гузошта шудааст. Вале ин мукобил
гузорни умумӣ ва муҷаррад набуда, аксаран шаклҳои
конкрету фардии зоҳир шудани хислатҳои умумии ин-
сон, падидаҳои гуногуну рангоранги муборизаи доимии
некиву бадиро мебинем.
То чй андоза дар назди худ вазифаҳои чиддии эчо-
дй гузоштани нависандагони ҷавон аз ҳамин хам маъ-
лум мешавад, ки баъзеи онҳо чуръат карда ба дили ку-
дак назар андохтан хостаанд. Инро аз ҳикояи Мушар-
104
рафа Шарифова «Вичдон» /1980/ ва Луқмон Қурбонов
«Афсонаи Сабоҳат» /1980/ дидан мумкин аст. Ҳар ду
ҷавони навқалам ҳам таъсири кирдори бади калонсо-
лонро ба дили ҳассосу нозуки кӯдак нишон додан хос-
таанд. Нависандаи тачрибакори мо Акобир Шарифи
ҳам ба наздикй дар ҳикояи «Ин амак кй буд?» /1980/
ҳамин гуна вазифае дар назди худ гузошта, онро бо му-
шоҳидакориву дақиқасанҷӣ ба тарзи воқианйгории пси-
хологй ичро кард. Чанде пеш аз ин Абдумалик Баҳо-
рй низ дар повести «Қаймоқи гирди коса» /1975/ аз
рафтори калонсолони наздики худ то чи андоза мутаяс-
сир шудани кӯдакро нағз нишон дода буд. Дар по-
вестьҳои А. Баҳорй «Гирдоб» /1977/ ва «Ду моҳи пур-
мағал» /1980/ бачагони калонтар— мактабхонҳо тасвир
шудаанд, вале ин чо ҳам мақсад бо ҳукми дили софи
наврасон муайян кардани моҳияти вокиаҳост.
Ин аст, ки ҳам нависандагони тачрибакор, ҳам ча-
вонони навқалам ба як нуқта, ба дили кудакону нав-
расон чашм дӯхтаанд. Ин албагга, бесабаб нест. Чигу-
нагии он таассуроте, ки дили кӯдаконро ба ҳаяҷон мео-
рад ва ба инкишофи эмоционаливу рӯҳии онҳо накшҳои
намоён мегузорад, ҳоло ба қатори муҳимтарин масъа-
лаҳо даромадааст ва диққати аҳли ҷамъиятро чиддан
ба сӯи худ кишидааст. Ба чунин масъалаҳое руй овар-
дани чавонони навкор ба чиҳатҳои муҳиммй зиндаги
равона шудани назари онҳоро нишон медиҳад.
Аз рӯи ҳикояи «Вичдон» ҳукм кунем, ба фикрам,
гуфтан мумкин аст, ки қалами М. Шарифова кобилия-
ти ифодакорй дорад. Аз бепринципии падар, аз танба-
ливу беэътиноиҳои ӯ сахт азоб кашидани кудак, чунин
ҳолати Парвез, ки «вучуди кӯчаки уро вичдони бузур-
ге азият медод», дар ин ҳи!соят ба хуби ифода гарди-
дааст. Дар ҳикояи Л. Қурбонов «Афсонаи Сабоҳат»
тарзи гуфтори кӯдак бештар аҳамият пайдо кардааст.
Қаҳрамони хурдсоли вай дар хона танҳо монда_, бо зо-
ча ran мезанад, дурусттар ин ки дарди дил мегуяд. Су-
хани ӯ сухани табии кӯдакона аст ва инро муваффа-
қияти муҳимми муаллиф донистая мумкин аст. Лекин,
ба назари ман фаҳмиши Сабоҳат аз синни у зиёдтар
аст. Вай маънои рафтору гуфтори модари бадфеъли
дилозораш ба падари ҷафокаши некукорашро гоҳ аз
ҳад зйёд дуруст фаҳмидааст, фаҳмишу баҳо доданҳон
ӯ пурраву мукаммал ва ҳамаҷониба менамояд, ки ин-
ро аз кӯдаки синфи як чашм доштан душвор аст.
105
Кароматулло Мирзоев дар ҳикояи «Хонаи бобо»
/1981/ шаммае аз шароити душвори зиндагии шаҳриё-
не нақл кардааст, ки аз серкориву серташвишй кӯдак-
ро ба ҳоли худ гузоштаанд, ба фарзанди хурдсол ҳат-
то модаронаву падарона муомила карда наметавонанд,
бача ба дидори падар ва навозиши модар зор аст ва
дар ҳолати дилшикастагӣ калон мешавад. Афсӯс ки ка-
ламронии ин нависандаи чавон андак шитоб дорад, баъ-
зан ба манзараҳои зиндагй батааннй нигаристан, ба
ҷузъиёти алоҳида, ба нишонаҳои ба худ хоси мухит бо
диққат чашм духтани у кам мушоҳида мешавад. Ва ҳол
он ки ҳодисаҳое, ки ӯро ба андеша бурдаанд, бешуб-
ҳа, ҳама муҳимманд ва сазовори тадқиқи амиқи ичти-
моии фалсафи мебошанд.
Оре, нависандагони чавон дар сари он зиддиятхои
зиндаги, он рӯйдодҳои ногувор, ки ба ташаккули шах-
сияти кудак, ба тарбияи наслҳои наврас таъсири ман-
фи мерасонад, ба андеша рафтаанд ва ин аз чиддия-
ти назари онҳо дарак медиҳад. Бо вучуди ин, дар
бисьёр мавридҳо як навъ саҳлангорӣ, биниши рӯякӣ ва
яктарафа, як андоза назари соддалавҳона, ки аз нав-
кори cap задааст, барои ҳалли амиқи масъала халал
мерасонад. Гоҳ ба таври оддӣ ба ҳам зид гузоштани
шаҳру деҳа низ ба назар мерасад. Лекин бо як меҳру
муҳаббат•тасвир шудани манзараҳои табиат, кп дар
ҳикояҳои баъзе ҷавонон мебинем, хеле муҳим аст.
Мёҳри деҳот, манзараҳои кӯҳистон, боғу роғ ва
киштзор, ки баъзан бо ҳиссиёти баланде ифода меша-
вад, ҳоло дар адабиёт мазмуни нав пайдо кардааст.
Тасвири табиат акнун фақат як воситаи зоҳир кардани
ҳолати руҳии қаҳрамон нест, балки аз ҳама пеш дар
роҳи ҷустани ороми дили инсон, ки гирифтори сарпан-
ҷаи суръату шиддати замони пешрафти илмиву техникӣ
буда, дар қайди афзоиши мураккабияти зиндагӣ ва
бесару сомониҳои он афтодааст, хизмат мекунад. Ада-
биёт ба муҳофизати табиат камари ҳиммат бастааст ва
ҳатто қаҳрамони баъзе нависандагони чавон ҳам худ-
ро як ҷузъи табиат дида, ҳастии худро ба ҳузуру хало-
вати руҳбахши он сахт вобаста медонад. Ин аст, ки дар
ҳикояи шогирдонаи Баҳманёр «Зови Карафса» /1980/
Бобо Кучак, ки ба табиати атроф, хусусан ба як да-
рахти бурси куҳансол меҳри махсус дорад, мегӯяд: «Го-
ҳо ба ман чунин менамояд, ки риштаи ҷони ман боҳа-
мин бурей пир як аст». Дар ҳақиқат, он шаб, ки бурс-
106
ро барқ зад, риштаи умри Бобо Кӯчак ҳам канда шуд.
Дар масъалаи «табиат ва инсон» ҳикояи Муаззама
Аҳмадова «Бозгашти Бодом» /1980/ низ ҷолиби ^диққат
аст. Ин муаллиф нишон додааст, ки инсон ва ҳайвон ба
ҳам мехр доранд, мӯҳтоҷи ёрии якдигаранд ва чун саг-
чае аз сарпарастии инсон маҳрум гардид, ба тарбияи
гург афтоду қариб ваҳшй шуда буд. Ҷанбаи психоло-
гй дар ин асари Муаззама пурқувват буда, гоҳ ҳайвон
ҳам монанди инсон ба фикру андеша меравад ва ҳис-
сиёте зоҳир мекунад.
Албатта, дар навиштаҳои чавонону навқаламон.нук-
сон бисьёр аст: камбудиҳое дар техникаи тасвир, дар
забону тарзи баён ва ғайра ба назар мерасанд. Вале
зикри онҳо ин чо гунҷоиш надорад. Инҳо норасоиҳое
мебошанд, ки агар ҷустуҷӯйҳои эчодии муаллифон мин-
баъд ҷиддитар шудан гирад, кам-кам аз байн хоҳанд
рафт.
Ҳоло ҳаминро таъкид кардан мехоҳем, ки баланд
шудани савияи бадеии насри точики, ҷиддитар гарди-
дани назари адибон ба инсон ва зиндаги аз асарҳои
чавонону навкаламон хам маълум аст. Наели навраси
насри мо кӯшиш дорад, ки дар сафи пеши зиндаги ва
муборизаи халқ бошад. Ин гарави муваффақнятҳои
минбаъдаи он хоҳад буд.
2
Боз як гурӯҳ насрнависоне дорем, ки низ ҷавонанд,
вале нисбатан таҷриба андӯхтаанд, нахустин мачмуаи
ҳикояҳо ва аввалин повеете ба майдон гузоштаанд. Дар
байни инҳо хусусан Абдулҳамид Самадов ва Абду-
рофеъ Рабиев бисьёр ҷолиби диккатанд. Повести А.
Самадов «Баъд аз сари падар» /1979/ ва китобчаи ҳи-
кояҳои ӯ «Шохи чанор» /1981/, повести А. Рабиев «Дар
канори шаҳр» /1979/ ва маҷмӯаи вай «Обхез» /1978/ аз
ҷиҳати ҷиддияти назар дар сафи пеши ҷустучуйҳои
эчодии адабиёти ҳозираи точики қарор ёфтаанд.
Ба симои ҳамзамонони худ то чй дараҷа бо диккат
чашм дӯхтани ин ҷавононро аз хикояи Абдурофеъ Ра-
биев «Деҳаи роҳиён» /1980/ фаҳмидан мумкин аст. Дар
ин ҳикоя аз зиндагии сокинони як деҳача, ки дар сари
роҳи кӯҳсори осмонхарош вокеъ гардидааст, вокиае
накл шуда аст. А. Рабиев бештар ба воқианигори майл
дорад, вале воқианигории ӯ ба нигоҳи ботинбин асос
107
ёфтааст. Қаҳрамонони вай дар ин ҳикоя бисьёр кам-
гапанд, вале аз кору амали онҳо ҳама ҳастиашон наму-
дор аст. Баъзеи онҳо роҳдор мебошанд ва нигохубини
роҳи кӯҳсор ба зиммаи онҳост. Кори онҳо, инчунин ко-
ри ронандагоне, ки дар айни қаҳратуни зимистон аз ин
роҳи пурхатар мошин ронда, ба мардуми зилзилазадаи
як деҳаи кӯҳсор мол мебаранд, кор нест, балки кахра-
монист ва дар ҳар кадам фидокориву азхудгузашта-
гй талаб менамояд. Ин қаҳрамонон гӯё ном надоранд
ва номи онҳоро зикр накардани нависанда шояд аз он
сабаб бошад, ки сифати умумии он мардумони оддй
будани қаҳрамониро таъкид кардан мехоҳад. Дар ха-
қиқат, роҳдори мӯйеафед дар одамият ҳам каҳрамонӣ
нишон дод: вай дар айни мусибат, он вақт ки фарзанди
ӯ — ронандаи ҷавон дар сари қаҳрамонӣ ҳалок шуд, низ
аҳволи духтари ҳамсояро фикр мекард, барои ин ки
ояндаи ин духтари ҳассос таъмин шавад ва бахту сао- >
дати вай барбод наравд, тадбир меандешид. Тасви-
ри ин духтар бисьёр аҷиб аст. Ҳар дафъа ки ронандаи
ҷавон ба деҳа меомад, ин духтар хам аз дур, аз паси
тиреза ё дар, аз пушти деворе андак намоён мегар-
дид. Ишқи он духтар фақат бо андак нигоҳи раманда
изҳор туда, бо ин дуздида нигаристанҳои вай, бо хир-
си дидори маҳбуб қувваи ишқашро намудор мекунад.
Мо дигар ягон кори ӯро намебинем ва боре ҳам овози
ӯро намешунавем. Бо вучуди ин, ҳиссиёти баланди вай,
дили ҳассосу нозук ва қувваи азими ишқаш маълум
аст.
Охири ин ҳикоя ба назари мо ғайритабии намуд.
Пас аз ҳалокати ҷавони ронанда духтар сахт азобн рӯ-
ҳӣ мекашид.Мӯйсафед дид, ки дарду ҳасрат минбаъд
«ба духтар имкон намедиҳад, ки аз дигаре бахти худ-
ро чӯяд». Он гоҳ пирамард ҳилае андешнд. Вай бо азо-
бе худро мачбур карда ба духтар гуфт, ки писараш
ӯро дӯст намедошт: «Вай туро хоҳараш барин медо-
нист... Мегуфт, ки ту духтари нағзӣ, бо ягон кас хуш-
бахт мешавй...»
Нависанда таъкид кардааст, ки ин сухани муйсафед
бисьёр содда буд ва аз ҳамин сабаб духтар бовар кард.
Лекин, ба назари мо, он ҳама ҳиссиёти пурзӯри дух-
тарро ба ин осонй нест кардан эҳтимол мумкин набо-
шад. Модомки ишқи духтар бо хама кувваташ нишон
дода шудааст, сухане аз он пурзӯртар ёфтан даркор
буд, ки таъсири матлуб ба даст ояд.
108
Ин дурӯғи маслиҳатомез, ки муйсафед пеш гирпфт,
инчунин ишқи пурзӯре, ки монанди оташи ппнҳони амал
мекунад, ҳатто баъзе шаклҳои зоҳир шудани он, ки
дар ҳикояи «Деҳаи роҳиён» мебинем, дар адабиёт чизи
нав нест. Нависандаи ҷавон дар баъзе асарҳои дигар
ҳам то як андоза ба мусобиқа қадам гузоштааст. Ал-
батта, тамоми кори нависандагӣ як дарача мусобпқа
мебошад. Хусусан дар ин роҳ ошкоро амал кардани ча-
воне хеле ҷуръат металабад. Бо вучуди ин, монандии
ошкоро дар асари бадей фақат дар баъзе мавридхо,
фақат бо мақсади муайяни эҷодӣ вазифаи муҳимми эс-
тетикӣ ичро карда метавонад. Дар днгар мавридҳо, бе-
шак, аз он худдорӣ кардан беҳТар аст.
Ғайр аз ин, таъкид кардан даркор аст, ки А. Ра-
биев дар масъалаи забон гоҳ камэҳтиёт аст.
Кӯшиши ҷиддие дар роқи аз ботин нишон додани
инсон, дар роҳи зоҳир кардани нишонаҳои конкрети
зиндагии ҳамзамонони мо, мазмуни асосии фикру хис-
сиёт ва рӯҳи онҳо арзиши ҳикояи «Деҳаи роҳиён»-ро
муайян мекунад. Ин кӯшиш аз баъзе асархои дпгари
А. Рабиев, аз ҳикояҳои маҷмӯаи А. Самадов «Шохи
чанор» низ дида мешавад. Дар нн роҳ бардам-бардам
қадам задани ин нависандагон ҳодисан тасодуфи нест,
балки метавон гуфт, ки равняй умумии инкишофи- хо-
зираи насри тоҷикй, хусусан жанри ҳикояро ифода ме-
намояд.
Ҷиддияти назари- навқаламон ва ҷавонон дар ҳикоя
ба он сабаб бештар зоҳир шуда истодааст, ки ҳоло
амиқрафти тадқиқи бадей дар ҳикояи тоҷнки бештар
дида мешавад. „
Албатта, ҳикоя хеле кам чоп мешавад ва дар баи-
ни ҳамин ҳикояҳои камшумори мо ҳам ҳикояҳои суст
ҳастанд. Вале ба ҳар ҳол тамоюли асосй дар инкишо-
фи ҳикоя ин аст, ки диққати нависандагон ба дуньёи
ботинии инсон, ба падидаҳои нозуки характери кахра-
мон, ба ташаккули маънавияти шахс марказият ефта-
аст.
Ин тамоюли умуми мувофиқи услуби хоси ҳар на-
висанда ва нияти эҷодии ӯ ҳар дафъа ба тарзн дига-
ре падид меояд. Ҳикояҳои Фазлиддин Мухаммадиев,
Саттор Турсун, Баҳром Фирӯз, инчунин Абдулҳамид Са-
мадов ва Абдурофеъ Рабиев аз афзоиши доимии гуно-
гуниву рангорангии ҳикояи тоҷикӣ гувоҳи медиҳанд.
Нозук шудани тасвир, аҳамияти калон пайдо карда-
109
ни тобишҳои ноаёни ҳиссу ҳаяҷон аз ду ҳикояи нави
Саттор Турсун — аз «Барф ҳам мегузарад ба «Мӯйсафе-
дон» ва хуби намоён аст.
Саттор Турсун кӯшиш дорад.ки ба моҳияти ҳас-
тии инсон амиқ cap фуру барад. У бо андешамандӣ ва
марказият додани диққат қаҳрамонро қадам ба қадам
таъқиб менамояд, ҳар сухан ва ҳар як ҳаракати намоё-
ни уро аз назар мегузаронад. Сужете, ки дар ниҳояти
оҳистарави сурат гирифта, замону макони он хеле мах-
дуд аст, аз муҳимтарин хусусиятҳои ҳикояқои Саттор
Турсун гардидааст. Чунин сужет барои амик бурдани
биниши тадқиқи бештар имкон фарох^м меорад.
Қаҳрамони ҳикояи «Барф ҳам мегузарад» Сангин
Рамазони нафақахӯр пагоҳӣ, баъди таҳтӯл ба кӯча ба-
ромад, ба магазини қишлоқаш даромад, то ки ба на-
берааш ботинкае харад, вале нахарид. Вай дао рохи
магазин ва дар бозгашт чанд ҳамдеқаашро дид, андак-
андак бо онҳо ran зад ва қариби вакти хӯроки пешин
ба хона баргашт. Дар ин муддати ним рӯз на дар зин-
дагии Сангин Рамазон, на дар ҳаёти ҳамдеҳон вокиае
руй надод. Буньёди воқианигории асар ба ҳадди акал
расидааст. Ҳама диккати нависанда ба «сӯхбатҳо»-н
Сангин_ мутамаркиз аст, он як-ду сухан, ки дар хона
байни ӯ ва занашу наберааш радду бадал шуд. он гап-
ҳое, ки ба мӯйсафедон ва чавонони қишлоқ гуфт ва аз
онхо шунид, дар маркази_ диққат аст. Ягон гапи ӯ ба
гуфтугуи муқаррари, ба суҳбати одатӣ монанд нест. Аз
ҳар сухани у як норозигӣ, як бадгумонӣ, хоҳиши тунду
талхгуфтан намоён аст. Мо андаке аз зиндагии гузаш-
таи ӯ шинос мешавем ва огоҳ мегардем, ки тамоми ум-
ри ӯ ҳамин тавр гузаштааст, ҳама умр аз сухани нек,
аз хайрхоҳӣ ва хушгумонӣ дур буд, ҳамеша мисли каж-
дум неш задан мехост. Дурӣ аз некиву хайр, ки дар ти-
нати Сангин мебинем, як навъ бадхоҳии кӯрдилона ва
худғаразии ӯ даҳшатангез аст.
Калами Саттор Турсун ончунон иқтидор пайдо кар-
да истодааст, ки на фақат кувваи некии дили инсон,
балки инчунин қувваи даҳшатангези бадиро, ки низ
дар қаъри дили одам ниқон аст, намудор мекунад. Ин
ҳолат ба диди андешамандонаи вай як навъ фаъолият-
мандии гуманистии махсус мебахшад, ки ба устувор
кардани некӣ ва решакан намудани бадй нигаронида
шудааст.
Хислатҳои қаҳра.монони Ҷумъа Одинаев дар ҳнкояи
110
«Ошиқии Болтақул-ако» /1980/ то ин дараҷа равшану
возеҳ нест, балки дар охири умр, дар овони нафақаху-
рӣ ва тинҷиву осудагӣ сусттар зоҳир шудааст. Мир Ка-
лонович ва Болтақул-ако ҳоло ба сабаби синну сол аз
корҳо бар канор шудаанд, истироҳат доранд, дар чой-
хона ҷамъ туда ҳарифона мехуранд ва ҳазлу шухи ме-
кунанд. Онҳо садрнишини сӯҳбати чавононанд ва гуё
ба касе зарарашон намерасад. Лекнн чун ҳазлу шухи-
ҳо ва нақли воқиаҳои овони чавониву кордории онхо-
ро мебинему мешунавем. кам-кам бовар ҳосил меку-
нем, ки ҳар ду ҷӯра марди фач ва безавқанд, шодиву
хурсандӣ ва ишқбозиашон ҳам ба тарзи зишту қабех,
зоҳир мешуд ва ба гумон аст, ки бо ин ҳама бетами-
зӣ дар умрашон мушкили ягон эҳтиёҷмандро осон ва
ягон дили ношодро шод карда бошанд.
Дар ҳикояи С. Турсун «Барф ҳам мегузарад» муно-
сибати муаллиф ба қаҳрамон, муносибати дигар пер-
сонажҳо ба ӯ кам ё беш ҳамеша маълум аст. Ин пер-
сонажҳо гоҳ бо андак ишора ва гоҳ ошкоро аз феълу
атвори Сангин Рамазон ба худи ӯ кароҳату нафрат ё
норозигӣ баён кардаанд. Қаҳрамони С. Турсун дар му-
ҳити норозигии ҳамагонй зиндагӣ дорад ва нависанда
аз тарафи ҷамъият қатъиян рад шудани бадфеъливу
зӯъмӣ ва худкомии ӯро таъкид’намудааст.
Ammo дар асари Ҷ. Одинаев муносибати персонаж-
но ба Мир Калоновичу Болтакул-ако, хусусан муноси-
бати манфии онҳо маълум нест. Қаҳрамонони Ҷ. Оди-
наев дар байни ҳамтабақҳову ҳамтинатонашон тасвир
шудаанд. Онҳо, ки ҳамзоту ҳамхӯ ҳастанд, бетамизи-
ҳои Мир Калонович ва Болтакул-ако дар назарашон
чизи муқаррарӣ менамояд. Нависанда кам-кам маънои
аслии ҳамин ҳодисаҳоеро, ки дар назари аввал ё ба
баъзеҳо ҳодисаи муқаррарӣ ва ҳазлу шухии беозор ме-
намояд, ошкор кардааст, ҳодисаи номуқаррарӣ, ногу-
вор, сазовори сарзаниш будани онро нишон додааст.
Нависанда бидуни таъкиди махсус кӯрдиливу пастти-
натии қаҳрамононашро фош намудааст. ,
Биниши диалектикии зиндагй, ки аз повестьҳои С.
Турсун «Пайванд» /1976/ ва «Обдорй» /1978/ зоҳир шу-
да буд, дар ҳикояи «Мӯйсафедон» рангҳои нав пайдо
кард. Қаҳрамони ин ҳикоя ду пирамарди дуньёдидаву
кОрозмуда мебошанд, ки ҳама умри худро дар хизма-
ти ҷамъият сарф кардаанд ва сазовори эҳтироми мар-
дум гардидаанд. Нависанда ба симби инсонии онҳо бо ill
ill
диққат чашм духта, дилу нияти покашонро падид овар-
дааст. Умри дароз, сервоқиа ва пурмазмуни онҳо му-
раккабият ва зиддиятҳои зиндагиро, печу тоб ва пас-
тию баландиҳои онро бештар дар худ акс додааст Чаш-
ми нависанда низ ҳамин мураккабиро мечӯяд. Карим —
яке аз ин мӯйсафедон дар охири асар, ҳангоме ки зин-
дагии худро фикр мекард, ин манзара дар пеши на-
зараш буд: «Дарьёчаи кӯҳӣ аз санг ба санг ҷаҳида,
соҳилҳояшро бусакунон ба саҳроҳои ташна меравад.
Ин роҳи ноҳамвори зинда ҳам мардумро аз манзил ба
манзил мерасонад». Оре, зиндагии худи ӯ низ чунин
буд, монанди ин дарьёчаи кӯҳӣ буд, «роҳи ноҳамвори
зинда» буд. Дар ин роҳ на фақат азобу укубат бисьёр
буд, балки саҳву хато ҳам рӯй дод, сабукфикрӣ ҳам
содир шуд. Шояд кайҳост, ки вай бо арақи ҷабин ва
обруи ҳаққони гуноҳҳояшро шустааст ва тоза шудааст.
Вале бо вуҷуди ин ӯ боз бо изтироб ба азизонаш, нн-
чунин ба хонандагони асар рӯй овардааст, ки аз гуно-
ҳи у гузаранд, «уро омурзанд».
Муйсафедони Саттор Турсун «фалсафа»-и Муҳам-
мадсаиди бадкирдорро, ки мегуфт: «Дуньё — дуньёи
қасос!», яъне бояд ҳар кас аз дигаре интиқом ситонад,
рад кардаанд. Онҳо дар охири умр, дар асоси тачри-
баи умри дарози ибратомӯзи худ ақида пайдо кардаанд,
ки дуньё—дуньёи некист ва фақат меҳру шафқат
ҷовидон хоҳад буд, инсон бояд бо дили софу меҳри
саршор ба пешвози мардум оғӯш кушояд, барон гуноҳ-
ҳои кардаву нокарда узр пеш оварад, омурзиш пурсад.
Некӣ, некии бетамаъ шиори ин мӯйсафедон аст ва ба
ин сабаб, алҳақ машрабашон олист.
Мардони меХнатӣ ва фидокорони роҳи ҷамъият, ки
ҳама ҳастии худро ба хизмати мардум бахшидаанд, ҳо-
ло дар маркази диққати нависандагони тоҷик қарор
ёфтаанд. Инро дар боло аз ҳикояҳои навқаламон ди-
дем. Баъзе қаҳрамонони дигар ҷавонон, ннчунин баъ-
зе қаҳрамонони С. Турсун, аз ҷумла Собир Мухтори
ҳикояи «Мӯйсафедон» низ чунин шахсонанд. Сорбон,
ки кайҳо боз ҳикоя чоп намекард, соли 1980 ду ҳикояи
ӯ баромад, ки_ қаҳрамони ҳар ду ҳам мардони ҷаррор,
шахсиятҳои зӯрманд, муборизони суботкор мебошанд.
Қаҳрамони ҳикояи «Раис» Мустафо Ҳасанов, ки ба
колхози ақибмондаи «Чорбоғ» ба кор гузашт, инчунин
қаҳрамони «Чашмҳои фурӯзони шаб» котиби райком
Муҳаммадзариф касонеанд, ки қувваи азими ботинӣ до^
112
ранд, бемуболиға шабу рӯз аз паи хизмати халқанд,
дар ин роҳ монда шуданро намедонанд, заррае шикоят
ё миннат дар сухани онҳо роҳ намеёбад. Мавқеи фаъо-
лонаи ҳаётӣ, муносибати бошуурона ба вазифаи чамъия-
тй, ки дар ин сурат ягонагии қавлу амал нормаи ҳар-
рӯзаи рафтор мегардад ва аз шартҳои асосии баланд
шудани кадру қимати шихсаст, дар зиндагии ин қаҳра-
монҳо бо эътиқодмандии амике ифода шудааст.
Солҳои шасту ҳафтод насри тоҷики дар тасвири ҳам-
замонони мо собитқадамона ба суи чунин, қаҳрамон, ба
сӯи шахсияти зӯрманд ва фаъоли мубориз меомад. Ни-
хоят, на факат дар публициетикаи бадей, чунончи дар
китоби очеркҳои ёддоштии Раҳим Чалил «Маъвои дил»
/к. I — 1969, к. п — 1979/, асари Радий Фиш ва Рахим
Ҳошим «Бо амри вичдон» /1978/, романи публицистии
Аминҷон Шукуҳӣ ва Ҳилолиён Аскар «Печу тоби рох-
ҳо» /1979/, қиссаи ҳуҷҷатии Шоди Ҳаниф «Ҷон гарав»
/1980/ ва ғайра, балки дар насри бадей низ чунин қаҳ-
рамон торафт мавқеи калон ишғол намуда, хислатҳои
худро пурратар намудор кардан гирифт /чунончи Но-
сир Аббос ва Ивой- амак дар романи Ф. Муҳаммадиев
«Палатаи кунҷакӣ»/. Ниҳоят, ин қаҳрамон дар романи
ҳозирамавзӯъ ба дараҷаи қаҳрамони асоси расид /Ан-
тон Карпов дар «Норак»и Ю. Акобиров/ ё ба қатори
яке аз қаҳрамонони марказй гузашт /Гулбегим ва Мнр-
зо Мурод дар «Об — рӯшноӣ»-и М. Хочаев, Бобо Деҳ-
қон ва Пиназаров дар «Водии муҳаббат»-и Ю. Акоби-
ров/.
Дар муайян кардани қаҳрамони асосии наср ҳоло
навқаламон ва тачрибакорон аз як гиребон cap баро-
вардаанд ва ҷидду чахди худро ба як сӯ равона кар-
даанд. Ҳамаи онҳо қаҳрамони иқтидорманд ва ҷоннисо-
ри роҳи ҷамъиятро аз байни ҳамзамонон чуста, хислат-
ҳои онро бодиққат омӯхта, қувваи азими маънавият ва
эътиқодмандии ғоявии ӯро аз ҷиҳатҳои гуногун намоён
кардан мехоҳанд. Шубҳае нест, ки ин тадкик, ки дар
насри ҳар кадоми ин нависандагон ба тарзи дигаре су-
рат мегирад, боиси беҳтар намоён шудани моҳияти за-
мой ва ҳастии ҳамзамонони мо хоҳад гардид.
Афсӯс ки чанд гоҳ боз ҳикоя асосан дар эчодиётп
навқаламону ҷавонон инкишоф ёфта истодааст ва ак-
сари нависандагон ҳамин ки дар жанрҳои калон андак
таҷриба ҳосил карданд, аз ҳикоя кариб тамоман даст
мекашанд. Ин ran чунин маънй дорад, ки хнкоянависи
8—277
113
бештар аз коромузии шогирдона ва таҷрибаоварию
табъозмои иборат шуда мондааст. Албатта, ҳикоя ба-
рон табъозмои ва коромузи имконоти фаровон дорад
ва инро ҳамаҷониба истифода кардан даркор аст. Ва-
ле ин фақат яке аз инконоти ғайри асосии он аст. Бар-
тариҳои асосии ин жанри хурди пургунҷоиш дар ада-
биёти мо истифода нашуда истодааст. Шояд сабаби ин
ҳолат он аст, ки зотан ҳикоя яке аз душвортарин жанр-
хост? Пас, маҳз ба ҳамин ваҷҳ ҳикоя бояд як умр ҳам-
роҳи нависанда бошад, то ки ҳамеша калами ӯро тез
карда, истеъдодашро сайқал диҳад. Нависандае, ки аз
душвориҳои ҳикоя метарсад ва мегурезад, чанд дари
мактаби маҳоратро ба рӯи худ мебандад.
Ҳар як ҳикояи нағз манзарае аз зиндагии вокеист,
лавҳаи хурдест, вале моро аз сирру асрори дили инсон
огоҳ мекунад. Хусусияти ҳикоя ин аст, ки моҳияти рӯй-
додҳои замонро ба воситаи як-ду лаҳзаи алоҳида па-
дид меорад, зиндагиро бо пораҳои ибратомӯзе аз пе-
ши чашми мо мегузаронад. Имконоти эстетикие, ки ҳи-
коя барои бо андак вокиаи маҳдуд барчаста намоён
кардани ҳақиқати ҳаёт дорад, дар ягон жанри дигар
ба назар намерасад.
Чингиз Айтматов гуфта буд: «Санъати ҳикоянависӣ
ба кандакори монанд аст ва меҳнати нависанда ин ҷо
ба санъати кандакорон баробар аст — ба ҳамон дара-
ҷа пурзаҳмат аст, ба ҳамон дараҷа дар воситаҳои тас-
вир сарфакори талаб менамояд, чузъиёти дақик мехо-
ҳад. Ин як кори нозуку зариф аст».
Шубҳае нест, ки чунин нозуктасвирй, чунин тасвир-
кории заргарона, ки ҳангоми навиштани ҳикоя ба даст
меояд, дар вакти таълифи повесту роман ҳар лаҳза дар-
кор мешавад. Нависандае, ки истеъдоди ҳикоянависии
худро ҳамеша инкишоф медиҳад, бештар имкон дорад,
ки дар дигар жанрҳо ҳам санъати мӯҷазбаёниро пай-
васта такмил диҳад.
Дар бисьёр мавридҳо аз ҳикоянависӣ даст кашида,
ба повесту роман гузаштани нависандагон ҳодисаи та-
биист, зеро инкишофи истеъдодашон ҳаминро такозо
мекунад. Лекин наход ки такозои табиати эҷодии ҳамаи
нависандагони тоҷик як бошад? Албатта, чунин набу-
дагист. Қатъи назар аз ин ки сабаби аслй чист, асо-
сан ба уҳдаи ҷавонону навқаламон вогузор шудани хи-
коя барин жанри муҳимме боиси кам шудани имконо-
ти адабиёт хоҳад гардид.
Аз ин ҷиҳат эчодиёти Фазлиддин Муҳаммадиев ва Сат-
тор Турсун барон адабиёти тоҷикӣ аҳамияти махсус
пайдо кард. Онҳо баъди ба жанри калон гузаштан ҳам
на фақат ҳикояро тарк накарданд, балки ҷустучуйҳоя-
шон дар ҳикоя амиқтар рафт.
Баъзе ҳикояҳои онҳо аз ҷиҳати гунчоиши ҳаёти ва
мазмуни ғоявию фалсафй аз як повеет кам нестанд.
Аз ин рӯ, роли чунин ҳикояҳо барои боло бурдани са-
вияи умумии адабиёти точикй калон аст. Дил мехоҳад,
ки нависандагоне аз қабили Саттор Турсун, Сорбон,
Кӯҳзод, Баҳром Фирӯз ва монанди инҳо, инчунин Абдул-
ҳамид Самадов йа Абдурофеъ Рабиев ҳеҷ гоҳ аз ҳикоя
рӯй нагардонанд ва зуд-зуд коми хонандагони хушзавқ-
ро бо ҳикояҳои намакин ширин намоянд.
1982
ТАФАККУРИ ТАХ.ЛИЛ Й ВА АМИҚРАФТИ РЕАЛИЗМ
Солҳои шасту ҳафтод дар инкишофи назми точикй
давраи нави тахаввулн тафаккури бадей буд.
Дигаргунии диди эстетики дар адабиёти точикй аз
худуди асрҳои XIX ва XX сғоз ёфта, пас аз Инқилоби
Октябрь якбора суръат шрифт. Ин аввал дар наср
бештар зохир шуда, дар андаю муддат дар эчодиёти
устод Айнй боиси ба куллӣ тағйир ёфтани структураи
тахкия гардид ва насре ба миён омад, ки комилан реа-
листй мебошад. Дар назми солҳои бисту ей ва чил низ
назари нависандагон ба зиндагн дигар мешуд, вале
суръату миқьёси ин дигаргуни нисбат ба наср камтар
буда, агарчӣ доираи мавзӯу масъалаҳо, фикру ғояҳо
дар шеър тамоман нав шуд, дар тарзи ифодаи онҳо
шаклу тарзҳои анъанави бештар нуфуз дошт.
Тағайюроте, ки аз солҳои бист дар структураи тафак-
кури шеърй рӯй медод, маҳз солҳои шасту ҳафтод аз
ҳама бештар натиҷаи сифатй хосил овард.
Моҳияти инкишофи биниши шоиронаро аз солҳои
бист то имрӯз майле аз таваччӯхоти романтики ба суи
тасвиркории реалистй ташкил менамояд. Он дигаргунии
сифатй, ки солҳои шасту ҳафтод рӯй дод, аз ҳама пеш
иборат аз он буд, ки амикрафти реалистии шеър ба-
ғоят афзуда, шеър дар тачаддуди жанриву услуби ча-
дами щалоне пеш гузошт.
115
Шеъри форсиву тоҷикӣ дар давоми зиёда аз ҳазор
соли тараккнёт ба типи романтикии эҷоди бадей таал-
луқ дошт. Эстетикаи романтикии он асосанба прин-
ципи ситоишу накӯҳиш — мадҳу замм такя мекард. Ин
ran чунин маънй дорад, ки чи дар лирика ва чи дар
достой нозуктарин тасвир хам асосан ба таърифу тав-
сиф ва тараннум ё ба сарзанишу мазаммат бунёд ёф-
та буд. Диккати шоир ба тасвири конкрети объективй
Мутамаркиз набуд, балки тасвири субъективй, тасвире,
ки мақсади он ифодаи таассурот ва баҳои муаллиф аст,
бештар аҳамият дошт. Бузургони адабиёти мо дар тас-
вири ҳиссиётомез, дар ситоиши ҳаяҷонангез, дар баёни
таассуроти пурзӯре, ки аз мушоҳидаи рӯйдодҳои зин-
даги гирифтаанд, доди сухан дода, ба ҳамин тарз мо-
ҳияти он руйдодҳоро мек(ушоданд ва ба масъалаҳои
бузурги ҳастии инсон дахл менамуданд.
Ситоишу накӯҳиш дар назми дигар халқхои чахон
ҳам то ташаккули биниши объективии реалистй прин-
ципи асосй буд.1
Азбаски фикрн шоирона дар шеър ба тарзи баҳо
додан ба ҳодисаҳо инкишоф меёфт, зиндагй, ҳолат ва
фикру ҳиссиёт ба шакли қайди алоҳида-алоҳидаи лаҳ-
заҳои ҷудогона сабт шуда, таассурот ба тарзи хулоса,
натиҷа, ҳукми қатъй баён мегардид. Инро чунончи, аз
ин ғазали машхури устод Лохутӣ ба хубӣ дидан мум-
кин аст (1925):
Тоҷикистон шуд мунаввар, то ту гашт'й беникоб,
Оламс равшан шавад, чун маҳ барояд аз сзхоо.
Офарин бар қуввае, к-аз парда озодат намуд,
Ҳааф буд ин ҳусни оламгир монад дар ҳнчоб.
Аз барон мает кардан як -нигоҳат бас бувад,
Ошики рӯи туро ҳоҷат набошад бо шароб.
Аз барои рӯи_ту кӯтоҳии мӯ айб нест,
Ҳусни ту дилро ба сӯи худ ка.шонад бе таноб,
Кудрати сарпанҷаи Октябрро ^ингар, ки чун
Чодир аз рӯят шрифту дод бар дастат китоб.
Дар замени бо'ю мулло банда будй, пае бикуш,
То ба шӯроҳо нагардад бою мулло интихоб.
Дар ин бора ннг. В. Қожинов. Художественная речь как фоп-
ма искусства слова. В кн.: Теория литературы. Основные пробле-
мы в историческом освещении. Стиль. Произведение. Литературное
развитие.—М., Наука, 1965, с. 234—316
116
Бандаи дирӯза акнун хокнмият мекунад,
Ҳечро ҳар чиз кардй, зинда бош. эй инкнлоб!'
Ин ҷо ҳарчанд ки тамоми шеърро як мавзӯу маз-
мун — озодии замони тоник фаро гирифтааст ва аз ин
ҷиҳат ин ғазал як асари мукаммали яклухт аст, ба
ҳар ҳол созмони дохилии он ба қайдн лаҳзаҳои ало-
ҳида асос ёфтааст. Чунон ки медонем, дар ғазали^ илас-
сикии форсиву тоҷикӣ баитҳо аз робитаи зохири маҳ-
рум буда, ҳар кадоме як андоза истнклоли мазмуни
доштанд ва аз хамин сабаб чои байтҳоро дигар кар-
дан мумкин буд. Чунин қонуни жанрро аз ин ғазали
Лоҳутй ҳам мебинем. Ин гуна композиция аз як чи-
ҳат дар натичаи он ба миён омада буд, ки фикру ҳис-
сиёт дар лирика чун қайдҳои алоҳида-алоҳида, чун
хукмҳои чудо-чудо ифода мешуд. Чунин структура дар
дигар жанрҳои лирикаи классики низ кам ё беш ба на-
зар мерасад.
Инаи, як рубоии устод Лохути (1917):
Барк аст худову илм пайғамбари ӯ,
Заҳмат дин асту коргах дафтари ӯ.
Ғафлат ачал, инкилоб хам махшари ӯ,
Бошад паси ҳашр чаннату кавсари ӯ.1 2
Аз ин рубоӣ қонуни мазкур боз равшантар наму-
дор аст. Ин рубой як асари фалсафии ҳикматомез аст
ва дар чунин асарҳо фикр бештар ба шакли натичаву
ҳукм ифода мешавад. Дар ҳақикат, тамоми ин рубои
иборат аз хулосаҳоеет, ки шояд дар натичаи андеша-
хои дуру дароз ҳосил шудаанд. Шубҳае нест, ки ҳар
ҳукму хулоса баъди андешаҳои бисьёре ба даст мео-
яд, вале процесси давомдори андешарониҳо дар ада-
биёти классикй одатан аз доираи асари лирики бе-
рун мемонд.
Бо вучуди ин, дар дигар рубоии Лоҳути, ки аз па-
си рубоии боло омадааст, андаке рафти фикр дида
мешавад:
Ҳарчанд ки баркро худо гуфтам ман,
Чун нек бидидам, на бачо гуфтам ман.
1 Лоҳутӣ. Кулл., ч. 1,— Сталинобод, Нашрдавточ, 1960, с. 200.
2 Хамон асар. с. 39.
117
Он низ зи ранҷи коргар пайдо шуд,
Пас фаъла худо бувад, хато гуфтам ман!
Чунин тамоюли муҳимми падид овардани процесси
инкишофи фикру ҳиссиёт дар лирикаи шассикй сует
буда, гоҳ-гоҳе дида мешуд, аммо баробари cap шуда-
ни инкишофи реалистии адабиёт кам-кам кувват ги-
рифта, солҳои шасту ҳафтод принципи асосй гардид.
Муъмин Қаноат дар як сӯҳбати хусусй таъкид кар-
да буд, ки бисёре аз он дигаргуниҳои куллй, ки дар
шеъри ГОҶИКИИ солҳои шасту ҳафтод ба назар мера-
санд, аз шеъри Пайрав оғоз ёфтаанд. Дар ҳақиқат, мар-
ҳилаҳои асосии нав шудани структураи жанриву услу-
бии шеърро дар адабиёти тоҷикй аз эҷодиёти Айнй, Ло-
ҳугй, Пайрав, Юсуфй ва дигарон метавон дид. Ҳоло ба-
рон ин ки мавзуи баҳси ҳозираи мо равшантар шавад,
ба як шеъри устод Лоҳутӣ, ки «Хабар» ном дорад
(1933), диққат ҷалб мекунем.
«Хабар» иборат_ аз мулоҳизарониҳои озоде мебошад.
Шоир дар сари руйдодҳои оддии зиндагии муқаррарӣ
андеша ронда, фикру мулоҳиза баён мекунад, гоҳ во-
қиаеро ба ёд меорад, гоҳ аз он хулосае мебарорад ва
ҳоказо. Ин мулохизаҳо, ин силсилаи афкор ба шакли
муроҷиати мухбире ба идораи газетаи «Правда» баён
шудааст:
Москва.
«Правда»
Культотдел.
Копия ЦК,
Шӯъбаи матбуот.
Рафикон,
диккат
диккати комил!
Мухбир мекунад
арзи маълумот.
Рафиқ Правда,
фахми ленинизм
Дар Точикистон бештар шудааег.
Ео сохтмони бикои социализм
Ин но
Одам хам дигар и.удааст.
118
Ҳамон одамҳо, ки пиру ҷавон
Асиру
беилму
ситамкаш буданд,_
Акнун, дар сояи инкилобамон.
Озоданд,
олиманд,
хеле хушнуданд.
Дигар Ҳэлима
он Халима пест,
Ки вақте чахмок дар ҳаво медид,
Чашмони худро мебаст, мегирист,
Меларзид аз таре
мисли барги бед.
Акнун Халима худро шинохта,
Ӯ табиатро мутеъ кардааст,
Бо дасти худаш
радио <охта,
Донищ,
фахмашро васеъ кардааст.1
Тамоми ин шеъри калони лирики ба ҳамин тарз —
ба тарзи баёноти озод ва накли пайдарҳаме! гуфта шу-
дааст, шоир озодона аз як мушоҳида ба мушоҳидаи
дигар, аз як фикр ба дигаре мегузарад. Шеър ҳам хи-
тобу мурочиати шӯълавар ва пурсишҳои нотиқона, ҳам
андешаронӣ ва нақли ором, ҳа>м хулосаҳои хиссиёто-
мезро дар бар мегирад. Ҳатто оҳанги муроҷиати тан-
танадори суханварона бо гуфтугуи мукаррари, ки ху-
сусиятҳои лаҳҷаи тоҷикони кӯҳистонро низ ифода ме-
кунад, пахлу ба паҳлу омадааст:
Нишон медодй
хувв он заминро,
Мегуфтй;
он чб пахтаро бикор...
Замнни ноён пурсанга,
сахта,
Ин ҳосил он ҷо камтар мерӯяд.
1 Лоҳутӣ. Кулл., ч. III,— Сталинобод: Нашрдавточ, 1961, с.
89—90.
119
На фақат мулоҳизаронии озод ва мусалсал, балки
ин тарз ҳар лаҳза дигар шудани рӯҳияи қаҳрамон ва
оханги шеър ҳам дар назми тоҷиюй ҳодисаи нав буда,
солҳои сиву чил кам-кам ривоҷ ёфта истода буд. Му-
ҳаққйқон падидаҳои гуногуни онро аз шеъри дигарон
хам мушоҳида карданд. Адабиётшинос Худой тари-
фов аз шеъри Мирзо Турсунзода, хусусан аз силсила-
шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947—1948) сухан рон-
Да ва шеъри «Боғи муаллақ»-ро таҳлил намуда, гуфта
буд, ки ни шеър «дар рӯҳия ва завқи солҳо парвардаи
шеъру адаби тоҷикӣ офарида шуда бошад ҳам, тарзи
ифода дар он тамоман нав аст».1
Муҳаққиқ ин навиро аз ҳамин иборат дониста буд,
ки «дар шеъри Мирзо Турсунзода тобишҳои рӯҳй дар
як шеър аз ибтидо то интиҳо якрангу якнавохт набу-
да^ кайфиятҳои мухталиф, мисли каноатмандй, нори-
зои, қаҳру ғазаб ва ғайра пайваста дар шеър тасвир
шудаанд».2
X. Шарифов илова кардааст: «Ин гуна тарзи тас-
вир бо баъзе истисноҳо, бешубҳа, барои шеъри клас-
сики хос нёст. Асосп он бо решаҳои усули тафаккури
бадеии реалистона дар шеъри замони нав вобастагй
дорад. Аз шоирони советии тоҷик пеш аз Мирзо Тур-
сунзода аз ҳама афзунтар Отаҷон Пайрав Сулаймонй
ба ин равиш шеър гуфтааст».3
Ҳамин дигаргунии структураи тафаккури бадей дар
шеър кам-кам доман паҳн карда, солқои шасту ҳаф-
тод боиси руй додани тағайюроти амиқи сифатй гардид.
Дар лирикаи солҳои шасту ҳафтод процессҳои бо-
тинй мавкен асоси пайдо кард. Ҳоло Дар шеъри лири-
ки^ ҳаракати фикру эҳсос ва пену тоби гуногуни он, та-
ғаиюроти ҳолат ва ҷилваҳои зиддиятноки вай, яъне mv-
раккабиҳои олами маънавию эмоционалии инсони муо-
сири мо, «диалектикаи рӯҳи» ӯ диққати шоиронро ба
худ кашидааст.
Ин хусусиятро, масалан, аз шеъри Гулрухсор «Боз
афтодам, ки бархезам» (1981) як андоза дидан мум-
К(ин аст:
Сахтчонии маро санги сари рах дидааст,
_______ДаР сабурй наштари гулҳор миннатдори ман.
1 X. Шарифов. Анъана ва сабки сухани шоир — Мачм : Махо-
рати зчодии Мирзо Турсунзода,—Душ.: Универе, дав. Точ. ба коми
В. И. Ленин, 1981, с. 82.
2 Хамон асар, с. 83.
3 Дар ҳамон чо.
120
Тифл аз афтодану бархостан гардад буэург,
Санг захмй гашт аз афтодани бисёри ман.
Боз афтодам...
Миённ рох, назди сад гувох,
Сангн раҳ аммо набуд огох аз зарби хаз.
Чор сӯ кардам нигох,
Чун пургунохи бегунох,
На касе дзетам шрифту
на касе кардам нигох.
Сад ризо аз мардуми пуркор барчастам зи чо,
Аз фитоданхои беҳадду ҳисобам оташин.
То ба кай меафтаму меафтам андар роҳи рост,
Як баландие накарда забт дар рӯи замин?
Сахт меафтам хамеша,
Сует бархезам зи чо,
Гох ба уммеди ёрон,
Гах зи чахди хештан.
Баъди дар як захми тоза дил тасаллоям диҳад,
Ки бияфтодй паи таъзим дар пои Батан.1
Чунбн ки мебинем, фикру ҳисиёт дар ин шеър пай
дар хам чорй гардидааст ва гуё дар ягон чой риштаи
он накандааст. Аз банди дуввум нақли воқиае шуруъ
ёфтааст (»Боз афтодам...»), вале ин нақл ҳам дар бай-
ти охири банди саввум ба баёни андешаҳо гузашта, ин
вокиаи хурд чун як чузъи табиии андешаҳои домана-
дор намоён мешавад. Дар охирин миераи ин шеър як
хулосаи ғайри чашмдошт омадааст, ки қаҳрамон аф-
тоданҳояшро «таъзим дар пои Ватан» донистааст. Де-
ли мақсади шоира ҳам ҳамин аст.
Дар лирикаи Бозор Собир, Лоиқ ва Камол Насрул-
ло, инчунин дар бисёр шеърҳои Гулназар, Шоҳмузаф-
фар Ёдгорӣ, Ҳабибулло Файзулло, Ғоиб Сафарзода,
Зулфия ва дигарон гоҳ андешаҳо ва силсилаи афкор
мураккаб туда, аксаран бо талотуму туғён паи хам
ва пайваста, монанди оби равон чори мегарданд. Дар
ин сурат шеър хусусияти таҳлилй пайдо мекунад. Шоир
фикру ҳисси қаҳрамон ва ҳолату ҳаяҷони уро бо таф-
силоту чузъиёте пеши чашми мо ҷилва дода, мазмуну
1 ГулрухсЗр. Оташи Сугд,—Душ.: Ирфон, 1981, с. 31.
121
мундариҷаи онҳоро ҳамаҷониба муайян кардан мехо-
ҳад. Дар бисёр мавридҳо печу тоби фикру андеша ва
хиссу хаяҷони пурзӯр ба ассоциацияҳои гуногуне асос
ёфтааст, ки гоҳ ногаҳонӣ ва ғайри чашмдошт ба миён
меоянд.
Хусусияти таҳлиливу ассоциативӣ пайдо кардани
щеър, яъне ҳангоми инкишофу тағайюроти фикру ҳис
руйдодҳои гуногуни дур аз якдигарро ҳар лаҳза ба хо-
тир овардани қаҳрамон барон адабиёт имконоти нави
бағоят 'Муҳим пеш овард. Ассоциацияҳои ғайри чашм-
дошт, ки омили асосин инкишофи андешаву эҳсос ме-
бошанд, шеъри лирикиро ба паҳнои зиндагӣ баровар-
да, ба руйдодҳои мураккаби он, ба конкретияти ҷузъи-
ёту тафсилоти рангин, ба ҳусну малоҳат, шодмониву
ғамҳо ва роҳату дардҳои вай шарик сохтанд. Шеър
барои пурратар фаро гирифтани душвориҳою тундпе-
чиҳои зиндаги, падидаҳои нозук ва рангоранги олами
ботинии инсон бештар имкон ёфт.
Дар натиҷа, шеър бештар хусусияти тасвирӣ ги-
рифт. Ҳоло ^на ситоишу накӯҳиш, баҳои қатъӣ, қайду
номбари руйдоде ё ҳолате, балки тасвиру таҳлил бу-
нёди шеърро ташкил мекунад. Таҳлили фикру ҳиссиёт
худ тасвир аст, тасвири як| процесс, печу тоб ва гар-
дишҳои он мебошад. Дуруст аст, ки бо дақиқбинӣ зо-
ҳир кардани ҳаракати ноаёни олами дили инсон ва но-
зуктарин тобишҳои он дар лирикаи ҳозираи тоҷикӣ на
хамеша муяссар мегардад, лекин пайдоиш ва инкишо-
фи фикру ҳксси инсонро чун як процесси мураккаби
гуногунпаҳлу аз тадқиқу таҳлил гузаронидан, ки то-
рафт қувват мегирад, бешубҳа, реализми назмро ба
пояҳои нав баровард.
Бунёди шеърро ташкил кардани процесси психоло-
ги чунин маъни надорад, ки ба шакли лаҳзаҳои ало-
ҳида, чун хулоса, натиҷа, ҳукмҳои ҷудогона сабт кар-
данн руйдодҳои зиндаги ва фикру ҳис тамоман аз байн
рафт. Не, ин принципи дарки бадеии воқеият низ дар
лирикаи тоҷики давом ёфта истодааст. Онро бештар
дар жанрҳои анъанави, чунончӣ ғазал, хусусан рубоӣ
■аз чумла рубоиёти А. Шукӯҳӣ, Лоиқ, Гулназар ва ди-
гарон мебинем.
Зиёда аз ин, дар байни шоироне, ки солҳои шасту
ҳафтод ба майдони адабиёт омаданд, касоне ҳам ҳас-
танд, ки принципи қайди алоҳида-алоҳида дар шеъри
онҳо нуфуз дорад. Саидали Маъмур аз* онҳост. Дар
122
шеъри вай принципа мазкур гоҳ шакли хеле одди ме-
гирад. Хусусияти асосии тафаккури бадеии Саидали
Маъмур дар мисраъхои зерин равшантар ифода шу-
дааст:
Зиндагй нсст арсаи шӯхрат,
Зиндагй сахни имтихон бошад.
Ҳар кй шӯхратталош мегардад,
Зиндагй бахри ӯ гарон бошад...
Зиндагй нест сохили заррин,
Зиндагй бахри бскарон бошад.
Ҳар кй дарси шино наомӯзад,
Зиндагонӣ азоби ҷон бошад.1
Тамоми ин шеър, ки аз чор банд иборат аст, аз чу-
нин мушохидаҳои алоҳида, ки гуё паи хам чудо-чудо
катор шудаанд, фароҳам омадааст. Онҳо ба алоҳидаги
бо хам робита пайдо карда, як асари яклухт ба вучуд
овардаанд, вале гӯё яке аз дигаре cap назадааст, яке
давоми дигаре нест, балки ҳар кадоме ба сари^ худ
вучуд дошта, мазмуни умумии шеър аз ҳамҷавори, аз
робитаи оддии онҳо ҳосил мегардад. Байни онҳо гуё
ҳамбастагии мураккаби гуногунҷиҳат мавчуд нест.
Дар шеъри гаҳлилии ассоциативи чунин мушоҳида-
ҳо кам ё беш тафсил ёфта, ба тарзи мураккабе бо ҳам
алоқаманд шуда, мағз то мағзи якдигар cap даровар-
да, як чараёни пуркувватеро ба миён меоранд, ки мав-
ҷу туғёнаш шиддати фикру ҳисро бо бисёр ҷилваҳои
хоси он фаро мегирад. Дар ин сурат, шеър имкон до-
рад, ки воқеиятро бо тафсилоту чузъиёт, бо муракиа-
биву зиддиятҳо ва робитаҳои ниҳонияш мукаммалтар
jap бар орад, пургунчоиштар бошад.
Дар лирика устувор шудани тадқиқи таҳлили яке
аз падидаҳои процесси умумие буд, ки солҳои шасту
ҳафтод тамоми адабиёти тоҷикиро фаро шрифт. Аз
чумла дар наср ҳам ҷанбаи таҳлили доман паҳн кар-
да, психологизми тасвирро кувват дод ва аз романи
Ҷалол Икромӣ «Ман гунаҳгорам» (1957) то романи
Фазлиддин Муҳаммадиев «Палатаи кунҷаки» (1974)
ва повестьҳои Ӯрун Кӯхзод як силсила асарҳое ба ву-
чуд омаданд, ки ба «насри андешаҳо», тааллуқ доранд.
Дар маркази диққат қарор ёфтани процеЬҳои ботинии
психологй ва маънавияти инсон дар назму наср баро-
1 С. Маъмур. Меҳвар.— Душ. Ирфон, 1980, с. 11—12.
123
бар cap шуда, бо вуҷуди ин ки дар ҳар кадомй аз онҳо
аз бисёр ҷиҳатҳо ба тарзи дигаре падидор омад, ба
як дарада боиси амикрафти биниши реалистй гар’дид.
2
Диди таҳлилй, падид овардани процесси муравда-
би инкишофу тағайюроти фикру ҳиссиёт дар шеъри
ҳар яке аз иноирони! намоён ба тарзи дигаре сурат ме-
гирад. Қувват гирифтани пояи реалистии шеър боиси
барҷастатар зуҳур кардани фардияти эҷодии санъат-
корон гардида, сабаби афзуданн гуногунию рангоран-
гии услубҳои фардй шуд. Биниши ба худ хоси шоиро-
ни гуногун пурқувваттар зоҳир шуда, барои аз паҳлу-
дои гуногун намудор кардани -ҳама ғаною мураккаби-
хои олами ҳастӣ бештар замина тайёр кард, барои ни-
шон додани нозуктарин падидаҳои ҳиссу ҳаяҷон имко-
ноти зиёдтаре иеш овард.
Бесабаб нест, ки танқиди адабии солҳои ҳафтод аз
фардияти эҷодкорони алоҳида сухан cap карда, барои
муайян намудани баъзе хусусиятҳои услуби хоси чан-
де аз шоирон кӯшишҳо иеш гирифт. Ин кӯшишҳо на-
хустин натиҷаҳои муҳим доданд.
Мунаққидон дар бораи хусусиятҳои лиризми шеъри •
М. Турсунзода, ҷанбаи эпикии назми М. Миршацар
ва охан-ги публицистии он, дар бораи санъати тасвир-
кории М. Қаноат ва психологизму драматизми шеъри
- вай баъзе мулоҳизаҳо баён карда буданд ва мо ҳам
дар поёнтар аз ин бобат сухан хоҳем кард. Дар танқид
инчунин аз хусуси худхосагии симои эҷодии Аминчон
Шукӯхй сухан рафта буд. Қайд шуда буд, ки «услуби
фольклори»-и А. Шукухи ба фаҳмиши тасаввуроти хал-
кн, ба таъбироти оддии гуфтугӯӣ, ба санъати парал-
лелизм (мувозинат)-и эҷодиёти даҳанакии халқ такя
дорад. Дар бисёр мавридҳо шеъри ӯро як навъ сами-
мияти табии, ки аз оҳанги гуфтугӯи муқаррарй ҳосил
мегардад, фаро гирифтааст.
Ифодаи ҳиссу ҳаяҷон бо бисёр ҷузъиёту тафсилот
ва печу тоби тағйироташ, инчунин ба гуфтугӯи оддй
наздик шудани забони шеърн лирикй аз ин мисраъҳои
шеъри А. Шукухй «Барои дидаи дил роҳ наздик»
(1954) ба хубй ба назар мерасад:
124
Шунидам ин, ки ту ранҷидй аз ман,
Ачаб не ғоибона, гӯй акнун;
Чй кардам ин, ки ту дил кандй аз ман
Зи роҳи ваъдаи худ рафта берун?
Маранч аз ман, агар кардам гуноҳе,
Бидех, ҷоио, ба харфи ман каме гуш.
Туро ман ҳеч гоҳе, хеч гоҳе
Намесозам, намесозам фаромӯш...
Лабат аз рӯи себи тоза бинам,
Қадатро аз нихоли сабзу зебо.
Барой зеби дастат лола чинам,
Аз он рӯи туро созам тамошо...1
Аскар Ҳак|имов қайд карда буд, ки дар лирикаи
А. Шукӯҳй «ҷои арзи бевоситаи ҳиссиётро тасвири ама-
лиёт, харакат ва ҷузъиёте гирифтаанд (гирифтааст —
М. LLL), ки ба ҷуз маънии аслии худ барои ифодаи
ҳиссиёте, ки дар дилн шоир забона мезанад, хизмат
мекунанд».2 Дар ин сурат, ҳар як рӯйдоди хурд, ҳар
яке аз ашёи атроф ва андаке чунбиши он метавонад
ҳиссиёти амиқи қаҳрамони лирикиро ифода кунад. Чу-
нончи шеъри «Гирифтам як шабе дасташ ба дастам»
(1964):
Баҳор омад, зи кӯҳсор об омад.
Ба болои сэрам' махтоб омад.
Ситора мезанад чашмак ба сӯям,
Ки рав бар хона, вақти хоб омад.
Маро аммо нигоре об кардаст,
Рухамро зард чун махтоб кардаст.
Чаро дар гирди кӯи ӯ нагардам?
Маро ишқаш чунин бехоб кардаст.
Гирифтам як шабе дасташ ба дастам,
Сари сарчашмае рафтам, нишастам,
Зи бӯи хулбаи кӯҳй насиме
Намуд имшаб аҷаб масти аластам.3
1 А. Шукӯҳи. Асарҳои мунтахаб, ч. 1.— Душ.: Ирфон, 1977, с.
150—151.
2 А. Ҳакимов. Шеър ва замой.— Душ.: Ирфон, 1978, с. 109.
3 А. Шукдҳӣ. Асарҳои мунтахаб, ч. 1, с. 176.
125
Ҳам моҳияти фольклории шеър, ки ҳодисахои та-
биат воситаи муҳимми зоҳир кардани ҳолати дили ин-
сон аст, ҳам ба динамика, ба ҳаракати ҳиссу ҳаяҷон
ва ашьё асос ёфтани шеър, бо нишонаҳои зоҳирии му-
гаҳаррин падид овардани ҳиссиёти ботинии амик («ги-
рифтам як шабе дасташ ба дастам, сари сарчашмае
рафтам, нишастам...») аз ин мисраъҳо намоён аст.
Олами мутаҳаррик бо ҷилваҳои нозукаш ва пай-
вастагиҳои аҷибу ғайри чашмдошташ ба лирика дохил
гардида, барои ба таври конкрет ва қобили дид на-
мудор шудани ҳиссу ҳаяҷон ва чигунагии он замина
хозир кард. Он чи Ал. А^ихайлов «дарки эстетикии ни-
шонаҳои моддии ҳастӣ» номидааст,1 дар шеър бештар
аҳамият пайдо кард ва конкретияти'асосҳои ҳаётии
ҳиссу ҳаяҷон зиёдтар шуд. Дар ин сурат, ҳиссу ҳаяҷон
факат номбар намешавад, танҳо кайд ва як-як баён
намегардад, балки бо падидаҳои конкреташ нишон до-
да моҳияташ кушода мешавад.
Бунёди шеърро ташкил кардани динамикам рӯйдод-
ҳои зиндаги, ки дар лирикаи А. Шукӯҳӣ мавқеи калон
пайдо намуд, дар эҷодиёти баъзе шоирони дигар боз
хам бештар вусъат ёфта, ба шаклҳои тозае зоҳир шуд.
Дар шеъри А. Шукӯҳӣ ва баъзе шоирони дигар бештар
ҷузъиёти хурди амалиёт аҳамият пайдо кардааст, ам-
мо, масалан, дар эҷодиёти Қутбӣ Киром як қисми ка-
лони он ҳаракату амалиёти давомдоре воситаи ифо-
дан фикру андеша ва ҳнссу ҳаяҷон гардид.
Аз солҳои сӣ, к|и кӯшише ба сӯи аз худ кардани
принципҳои тасвири реалистй хеле қувват гирифт, дар
байни ахли адаб майлу рағбате ба шеъри хурдй су-
жетнок пайдо шуда буд. Ҳамин майлу рағбат солҳои
шасту ҳафтод афзоиш ёфта ва аз чумла дар назми ли-
Рикии Қутби Қиром сужет аҳамияти калон пайдо кард.
Дар шеърҳои «Сӯҳбати фар^андон» (1969), «ёд» (1972),
«Шеъри аввалин» (1968), «Холиқи гулбур» (1976) ва
ғайра воқиае, эпизоде, ҳатто як қисми калони зинда-
гии шахсе асоси ифодаи лирикиро ташкил намудааст.
Аз ин ҷост, ки аҳли танқид аз сифати объективй пай-
до кардани лирика, аз шакли лирикй гирифтани мун-
дариҷаи эпики дар назми Қутбӣ Киром сухан карда
буданд ва Аскар Ҳакимов моҳияти онро чунин эзоҳ
дода буд: «Ин тамоюл дар натиҷаи олами фардии каҳ-
1982 с1И245 АЛ' Михайлов- АзбУ<а стиха,-М.: Молодая гвардия,
126
рамонро бо олами муращкаби пурҳодиса ру ба ру сох-
та, ангезиш додан, ки дар натиҷаи он олами кахрамо-
ни лирики фарохтар, пургунчоиштар, пурҳодисатар ме-
шавад, ба вуқӯъ пайвастааст».1
Ин ҳам муҳим аст, ки аксари ин воқиаҳо, ки ба
,шеъри лирики рох ёфтаанд, рӯйдодҳои воқеии ҳаётанд,
ки бевосита аз зиндагии хамзамонони мо гирифта шу-
даанд ва гоҳ номи прототип дар шеър айнан зик| ме-
шавад. Сифати объективии лирика аксаран асоси хуч-
чати дорад ва Гулназар дар шеъри Қутби Киром «мав-
қеи аввалиндарача доштани тасвири лаҳзаҳои гиро ва
муассир», тасвири «манзараҳоеро, ки аслаш бонд мо-
ли наср бошанд», таъкид намуда, гуфта буд, ки «да-
лелу санади таърихй дар эҷодиёти у рангу бори шеъ-
рият касб мекунад».2 Дар ҳақиқат, шоир руйдодҳои
рӯзмарраро ба дараҷаи шеърият бардоштан мехоҳад,
шеърият маънои баланди инсонии воқиаҳои зиндагиро
мекушояд. Мазмуни гражданин лирикаи Қутби Киром
ба дарюи амиқи конкретияти воқеии зиндагй асос ёфта-
аст. Инро дар ҳаққи баъзе шоирони дигар ҳам гуфтан
мумкин аст.
Лирикаи «босужет», аз чумла шеърҳое, ки бунёди
онхо бар андешапарварй буда, фақат аз мулоҳизаро-
нихо иборатанд, дар эҷодиёти Қутби Киром низ ҳас-
танд. Чунин ба назар мерасад, ки муҳимтарин хусу-
сияти услуби Қутбӣ Киром ба ҳам омадани унсурҳои
тасвири таҳлилй ва принципи анъанавии ситоишу на-
кӯҳиш аст. Ба қавли мунаққид, «тарафи шоёни дик-
қати шеъри Қутбӣ он аст, ки асосу ҷанбаи тасвир ва
васфро доро мебошад... Маҳаки шоирӣ баёни вукуъ бо
ҳунарн комили суханварй мебошад... Дарёфти маъни
дар абёти шеъри Қутбӣ Киром аз роҳи ҳунару сухан-
варист, на бо сӯзу соз ва бо хама алангаю дурахши
назарбанд ин оташро андаке /арми намерасад».3 Гу_-
мон меравад, ки бо ин андешаҳо моҳияти сабки Қутби
Киром асосан дуруст маънидод шудааст. Дар ҳақиқат,
шеъри ӯ гоҳ аз андешаву дард бегона ва бештар ибо-
рат аз ситоишу накӯҳиши маҳз аст.
Шеъри лирикие, ки унсурҳои сужет дар он пурзӯр
1 А. Ҳакимов. Дар қаламрави сухан,—Душ.: Ирфок, 1982, с.
36.
2 Гулназар. Фарзанди рӯдқои шух. Мад. Точ., 14 дек. 1982.
3 X. Шарипов. Ташаккули услуб ва камолот. Садои Шарқ,
1984, № 8, с. 100.
127
аст, дар наэми дигар шоирон ҳам ба назар мерасад.
Аз чумла, М. Қаноат гуфта буд ки шеърҳои ӯ «Ма-
ну шабҳои бехобй» (1966), «Қатли Восеъ» (19661, «Да-
воми нек роҳатро» (1966) «микросужети мустахкам до-
ранд ва дар шакши бисер хурд як воқиаи комилро бо
фоҷиаю хушиҳояш фаро гирифтаанд», яъне ба лирика
«дар тасвири воқеият ва вусъатн манзара унсурҳои эпи-
ки Фрид» гардидааст.1 Н
Унсурхои эпики ба лирика cap дароварда, ба фик-
бах;шНадеШаҲ° M ХИССУ ҲаЯҶОН Вусъат ва шиддат ме-
Шеъри медитативй, андешапарварии шоирона дав
эчодиети Лоиқ мавқеи асосй дорад. Лоик лирики та?
аммуқписанд буда, шеъраш асосан аз фикру андеша-
нн" и!УпРаККаб ВЭ. пУРшиддат фарохам омадааст ва дар
н чараен на фақат олами маънавию ахлокии хам-
замонони мо, балки мохияти иҷтимоӣ ва эҳсосотщ граж-
данин онҳо низ ифода мешавад. Андешапарварй Лайк-
ру ба хикматомези ва пандомӯзии классики бештап
наздик овардааст ва таъсири шеъри фалсафии гузаиь
тагон дар „азми ӯ „исбат ба дигар шоирон,, „Е”
Гйт?Т»яР ZT МрДааст' Аз "" ™ рубоиюТу-
и ва ғазал дар назми у на фақат торафт мавкеи
зиедтаре ишгол менамояд, балки маҳз дар эчодиёти
клаСси0кииЧх?лИ ХЗГ Хусусиятхои ИМРӮЗӢ шавдли асили
классикии худро бештар на моей карда истодааст.
Лнрикаи Лоик аксаран оҳанги драмавй дорад ва
шиддатн пурзури фикру хиссиётро барҷаста ифода ме-
намояд. Шоир тазодҳои зиндагиро ба андеша мегирад
Д,ар_ бораи зиддиятҳои табиати инсон, дар боран зин-
даги ва марг, меҳру муҳаббат ва кинаву адоват шо-
да2аХ>?еСпоНнаяВакҒаМ^ ЗНДӮҲ’ одамият ва ноодамй ан-
деша меронад. Бархурди ни хама мабдаъҳои зидди
Ҳам драматизми лирикдн Лоиқро қувват медиҳад.
Афзонши драматизм дар лирикаи баъзе шоирони
Дигар ҳам (чунончи Қутбӣ Киром, Гулрухсор, Камол
&йЛйГ"* меояд'вале
Фикру ҳисси каҳрамони лирикй дар шеъпи Лоик
ҳасти, замини буда, аз конкретияти воқеии зиндагй ғи-
зо мегирад. Аскар Ҳакимов инро қайд карда, д^р айни
ат, Са1Гшарк;а2“а»ТР="8Г53' МуС°”6' б° Му“” К™'
128
замон туфта буд, ки баъзан «тасвири ҳолати рӯҳия ва
андешаю муҳокимаҳои лирики аз вокеият як Дарач
ТОО монда мухокимахои зехнй бар вокеияти тасвир
аФзалият пайдб мекунад» ва он гоҳ «шоир ба мучар
радбаёнй мегузарад».1 Мунаккид иичунин таъквд кар-
-1я буд ки мучаррадбаёни дар шеъри Лоик тораф
маҳдуд'туда исходааст ва метавон гуфт, ки медитация
бештар ба «мушоҳидаҳои зинда», «чузъиети воке
ва обпазҳои махсус» такя мекунад.
Вокиахои конкрети зиндагй шоирро ба андеша ме-
баранд ва аксаран андеша бо сарманшаи ҳав™аш б
шеър дохил мегардад. Қахрамони лирикии Лоиқ ончу-
Гн андешапаовар аст, ки боре хатто ракси_ духтари
зебои санъаткор хам дар дили ӯ шоди ва_ шуру шавк
бедор накардааст, балки ӯро дар сарнруидодхоизин-
дагй ба фикру мулоҳиза бурдааст («Раккоса», 1979).
Мсситезй,
Мегурези,
Менавозй,
Мегудозй,
Панҷаҳоят мешуморад рӯзхои рафтаро,
Мекунад ошуфтадилтар шоири ошуфтаро.
Бо парешонбозиҳои кокулони тобдор
Едам орӣ аз парешонбозиҳои рӯзгор.
Ончунон фаттону гиро,
Ончунон ларзону печон,
Ончунон зебою шево,
Ончунон ча.мъу парешон,
К-аз фиребой кушой укдаи рози диламро,
Ёдам орй киштаамро, хосиламро...2
Тамоми ин шеъри калон ба хамин тарз давом кар-
дааст: мушоҳида ва андеша якчо омадааст, сарманшаи
андеша ва худи андеша дар шуури каҳрамон зоҳир_
паси хам, вале моҳиятан омехтаи якдигаРйвуҷудл^
ранд Мулоҳизаронии ғайри конкрет дар баъзе мав
ридқо шояд аз он чо cap мезанад, ки шеъри фалсафи-
мазмуни Лоик гоҳ то андозае оханги публициста до-
рад. Баъзан бо шиддат ефтани андешаи шоирона ха
рорати гражданй боло гирифта, фикру ҳиссиет ба тар-
1 А Ҳакимов. Дар каламрави сухан,
2 Лоик,. Бараки санг—Душ.: Ирфон,
с. 155.
1980, с. 141.
9—277
129
Зи публициста ифода мешавад. Ин публицистикаи ош-
короро дар шеъри фалсафӣ ҳодисаи манфй ба шумор
овардан нашояд, зеро аз фаъолиятмандии гражданин
,шоир ҳосид шудааст ва як воситаи дахолати ӯ ба рӯй-
додҳои ҳаёт мебошад. Дар ҳаққи ин ки мулоҳизаронии
публициста ва оҳанги патетикй аз нишонаҳои конкре-
ти воқеияти реалй канда нашавад, гамхории доимй ло-
зим аст ва ин гамхорй пояи реалистии шеъри фалса-
фиро бештар устувор хоҳад кард.
Чунон щи дар насри солҳои шасту ҳафтод (аз ҷум-
ла романи Ҷ. Икромй «Май гунаҳгорам», романи Ф.
Муҳаммадиев «Палатаи кунҷакй», повести ӯ «Шоҳии
япон», 1982 ва ғайра) ҷанбаи публициста қувват ги-
рифта буд, ин ҳодиеаро дар назм ҳам, на фақат дар
шеъри Лоиқ, балки дар эҷодиёти дигарон низ дидан
мумкин аст. Устувор шудани чанбаи публициста хусу-
сияти умумии тамоми адабиёт, ҳамаи жанрҳои он аст.
Вале ҷанбаи публицистии шеъри Лоиқ аз хусусияти
публицистии шеъри тоҷикии солҳои бисту сй фарқ до-
рад. Шеъри солҳои бисту сй аксаран соф публициста
буда, мазмуни ицтимоию сиёсии он бевосита ва ошко-
ро баён мешуд, хусусияти тарғибию ташвиқии шеър
рӯйрост ифода меёфт. Имрӯз дар шеъри Лоиқ ҷанбаи
публицистӣ ин дараҷа истиқлоли эстетикӣ надорад,
балки ҳамроҳ бо андешаву мулоҳиза, бо таҳлилу тас-
вир аст, як ҷузъи муҳимми структураи мураккаби гу-
ногунрангест.
Имрӯз шоироне ҳам ҳастанд, ки ҷанбаи публицис-
та дар шеърашон нисбатан суст аст. Аз ҷумла Бозор
Собир аксаран аз ҳаяҷономезии публициста худдорй
мекунад. Вай аз ҳама нишонаҳои сухани урён худро
дур медорад ва кӯшиш мекунад, ки ба воситаи ҷузъ-
иёти бадеии конкрет ва манзара фикр ронад. Ҳатто
дар шеърҳое, ки Бозор Собир ба мавзӯъҳои бузург на-
вишта, ғояҳои олиеро • ифода кардааст, чунончи дар
шеърҳои оид ба сарнавишти таърихии халқ — «Бухо-
ро», «Забони Ватан», «Муҷассамаи Айнй», «Теғи Си-
но» ва ғайра, ки дар онҳо масъалаҳои асосии мавриди
андеша қувват гирифтани эҳсосоти гражданиро тақо-
зо доранд, низ оҳанги публициста баланд садо наме-
диҳад. Аксари чунин шеърҳои Бозор Собирро як навъ
оҳанги ҳасрат ва маҳзунӣ фаро гирифтааст ва ин оҳанг
аз нокомию номуродии таърихии халқи тоҷик ҳосил
шудааст.
130
Дар шеъри «Тоҷикистон» (1977) ифтихори ватан-
дӯстонаи шоир на чун мафтунӣ ва саногӯӣ, балки чун
ғамхорию дилсӯзии махсусе дар ҳаққи Ватан, чун ку-
ши,ше дар роҳи зарра-зарра зиёд кардани дороиҳои
моддию маънавии вай намоён ,мегардад. Ин ҳиссиети
ӯ нисбат ба Тоҷикистони серкуҳи камзамин, масалан,
чунин ифода шудааст:
Точикистон, Точикистон,
Х,ар кучое рафтам аз оғӯши ту,
Доманамро май такидам рах ба рах дар хар кадам,
Пои худро рах ба рах то сархадат
Бар замин афшонда рафтам,
Аз паям то кам нагардад заррае хоки камат...1
Ҳар кучо будам, набудам,
Ман ҳамон фарзанди деҳқони туям.
Дар хаёли рези кӯҳсори ту ман ғам мехӯрам,
Аз барон сабзаю хотири ту ман ғам мехӯрам.
Аз гулуям нагзарад нони ту бе ғамҳои ту,,
Бе вами ту ман ианӯшам об аз дарён ту.2
Ин «ғам», ки дар бисёр шеърҳои Б. Собир ба назар
мерасад, нишонаи як навъ некхоҳӣ ва ғамхорию дил-
сузиест, ки дар табиати инсонии ӯ мавқеи алоҳида до-
рад. У 'ба ягон чиз ва рӯйдоде _бо чашми бетафовути,
беғамй нигариста наметавонад. Уро дили нарм ва ҳас-
сосияти махсусе ҳаст, ки ба ҳар як рӯйдоди зиндаги
бо ҳиссиёти нафис ва ҳаяҷони баланд чашми диққат
медӯзад ва аз он чунин ҷиҳатҳое, чунин эҳтиёҷоту
дардҳое меҷӯяд, ки онҳоро илоҷ кардан лозим аст. Му-
носибати ӯ ба зиндагӣ ва падидаҳои гуногуни он_ ҳа-
меша муносибати дардошноист, бо назари дардҷуй ва
шифокорй нигаристан аст.
Дардошной имрӯз қариб дар шеъри ҳамаи шоиро-
1 Мазмуни ин банди шеър шояд аз китоби Расул Ҳамзатоз
«Доғистони ман» илҳом шуда бошад. Чунонки Р. Ҳамзатоз \и-
коя кардааст, мардуми Доғистони камзамин аз меҳмонон илтимос
менамоянд, ки вақти бозгашт чанги кафшу мӯзаашонро афшонанд,
то ки заррае аз хоки Доғистон бо худ набаранд. Дар То-
чикистон азиз будани хоку замин асоси мулоҳизаҳои шоиронаи
Лоикро дар шеъри «Хоки Ватан» ҳам ташкил кардааст ва чунон-
ки танкид қайд карда буд (ниг.: А. Сатторов. Нуқтаи пайванд.—
Душ.: Ирфон, 1982, с. 81), шояд низ аз нақли Р. Ҳамзатов илҳом
шуда бошад.
2 Бозор Собир. Мижгони шаб.—Душ.: Ирфон, 1981, с. 5—6.
131
ни тоҷик дида мешавад ва решаҳои он ба адабиёти
классикии форсиву тоҷикй амиқ рафта, аз он тарзи
махсуси тафаккуру маънавият ва дарки эмоционалии
воқеият ғизо мегирад, ки иборат аз хоҳиши шарищ шу-
дан ба ҳама дардҳои дунё, ҳама ғамҳоро ғами шахсии
худ донистан, кушиши аз онҳо дур намондан, ба онҳо
фаъолона дахолат кардан аст. Ленин сарчашмаи он
фақат анъана нест, пеш _аз ҳама, ҳассосияти иҷтимоии
нависанда аст. Аз ин рӯ, «дарди иҷтимоӣ» — ғамхорӣ
дар ҳаққи муҳимтарин масъалаҳои ҷамъият солҳои
шасту ҳафтод дар тамоми адабиёти советии сермил-
лати мо, хусусан дар адабиёти халқҳои Шарқи Сове-
ти қувват гирифт. Мунаққид Яшар Қараев ҳангоми
муайян кардани моҳияти адабиёти озарии солҳои шаст
таъкид карда буд: «Умдатарин ғояи он (адабиёти оза-
рии солҳои шаст — М. Ш.) ин аст, ки ҳаёти бемаъна-
вият бебунёду бепоя аст: мавҷудияти биологист, маҳ-
румият аз дарди гражданй ва ташвишҳои иҷтимоӣ ме-
бошад».1 Бо дард тапидани дил яке аз нишонаҳои
одамият шуд. Ҳамин ҳассосияти гражданин дардош-
нои дар шеъри ҳозираи тоҷикй аз ҳама пурзӯртар аз
тарафи Б. Собир зоҳир шуда истодааст. Баъзан дар-
ДУ ҳасрат дар лирикаи ӯ аҳамияти мутлақ пайдо ме-
кунад ва он гоҳ, чунон _ки дар танқиди адабй қайд
туда буд, аз шеър «ба руҳӣ кас гаронй мерасад».2 Ва-
ле умуман нигоҳи дардчӯи Б. Собир дар бисёр мав-
ридҳо як шакли худхоссаи Зоҳир шудани рӯҳи граж-
дани мебошад, аз фаъолиятмандии иҷтимоӣ, аз хоҳи-
ши кам кардани дардҳо cap задааст.
Дар лирик|аи Бозор Собир шеърҳое ҳам ҳастанд,
ки пур аз шодмонӣ ва намунаи ҳаловат бурдан аз зин-
Дагони мебошанд. Чунончи шеъри «Суруди шабхан-
гом» (1979):
Дар кадомин лона имшаб
Қумрие хоб асту бедор,
Ҷӯҷаҳояш зери болаш,
Лонааш муште хасу хор.
Хурраму осуда бод ин хоби ҳушёр.
1 Единая, многонациональная—опыт, задачи, критерии Всесо-
юзная анкета критиков. Дружба народов, 1982, № 12, с. 257.
2 А. Ҳакимов. Дар қаламрави сухан, с. 205.
132
Дар кадомин кӯча чӯс
Мекунад сӯхбат ба чуе,
Мераванд аз кӯ ба кӯе
Ҷӯ ба чӯ бо гуфтугуе.
Хурраму осуда
бод ин хамравонн,
Хурраму поянда бод
ин хамзабонй.
Дар кадомин барзан имшаб
Роҳе дар паҳлӯи рохе хуфтааст.
Дар кадомин чогах имшаб
Шохе дар паҳлӯи мохе хуфтааст.
Дасти рах дар гардани рох,
Дасти шах дар гардани мох,
Мохи шабрав дар тамошо
Хурраму осуда бод ин хоби зебо...'
Ин шеър ҳама ба ҳамин минвол бо як оҳанги шӯх,
дар ҳолати фараҳмандӣ, мамнуният ва навозишкори
гуфта шуда, гӯё қаҳрамон аз нашъаи зиндаги мает
аст. Дар айни замон, нишонаҳои^ мушоҳидакории мах-
суси Б. Собир ва биниши хоси Ӯ аз ин шеър намоён
аст. Ӯ на фақат ҳолатеро мебинад, ки байни хоб ва
бедорист («кумрие хоб асту бедор») ва онро «хоби
хушёр» номидааст, балки қобилияте дорад, ки чуй ва
роҳро монанди инсон, мисли махлуки зинда дар ама-
лиёт дида, сӯҳбати ду чӯйро мешунавад ва чунон ки
Хайём дастаи кӯзаро дасти ёре бар гардани ёре тасав-
вур карда буд, ба назари ӯҳам ду рох даст ба гардани
якдигар доранд. Борикбинй ва нозукшунави, тахайюли
рангини баландпарвоз ва рамзҷӯй, ки аз муҳимтарин
аломатҳои тафаккури бадеии Бозор Собир мебошад,
аз ин мушоҳидаҳо намудор аст.
Шеърҳои «Ғазали аруси» (1979), «Ҳар саҳар аз
хандаи хуршеди ховар» (1979), «Ошиқон» (1979), «Иш-
қи тиллой» (1979) ва ғайра ҳамчунин аз шодию шавки
зиндагй саршоранд. Дар ҳаққи шеъри Бозор Собир
тамоман дуруст таъқид шуда буд, ки «назми у асо-
сан назми муҳаббат аст нисбат ба ҳаёт ва хушиҳои
зиндагй. Батан ва аҳли он».1 2
Ҳама чизро зинда тасаввур кардан, монанди инсон
1 Б. Собир. Мижгонн шаб, с. 104.
2 А. Сайфуллоев. Дунёи шеър. Садои Шарк. 1980, № 9, с. 135.
133
дар такудав, дар сари фикру ҳис дидан аз муҳимтарин
хусусиятҳои биниши Б. Собир аст. Қаҳрамони лирикии
ӯ бо табиат як шудааст, аз он ҷудой надорад, худро
як чузъи табиат ва ҳар як унсури табиатро монанди
худ мебинад. Аз байни шоирони хозираи тоҷик, ки ак-
сарашон аз деҳот, аз оғӯши табиат берун шуда, ба
шаҳр омадаанд, аз ҳама бештрр Бозор Собир байни
худ ва табиат як пайванди ногусистанй эҳсос менамояд.
Эҳсоси шоиронаи табиат, як навъ эҳсоси нозук ва пур-
меҳр мағз андар мағзи шеъри ӯ роҳ ёфта, ассоциацияҳои
аҷибе ба миён овардааст. Табиати шоиронаи Бозор
Собир, биниши эстетикии худхоссаи вай дар тасвири
манзараҳои табиат аз ҳама мукаммалтар намудор шу-
дааст.
Вай ҳар чизро ба таври худ мебинад ва чунон ме-
бинад, ки шояд ягон каси дигар ба ин тарз нахоҳад
дид. Дар шеъри «Дар миёни бистари оҳарие» (1979)
ҳама шаб ва ҳама чиз дар зери ширмаҳтоб сафеду
широлуд намуда, дар шуури шоир тасаввуроти ачиби
ғайри чашмдошт ва ассодиацияҳои ҳайратангезе ба
вучуд овардааст:
Гӯиё аз шеъри широлуди ман
СояҳО чун коғазе нам мекашанд.
Ишқи маҳтобии Ширйни маро
Кӯчаҳо бо шири маҳ дам мекашанд.
Агарчи ин бинишу тасаввурот ғайриоддӣ мебошанд,
аз он сабаб мафҳуманд, ки аз дарки пурҳиссиёте ко-
сил гардидаанд ва ба як тарзи махсус ба хаёлоти ран-
гини шоири ҳассос таъсир кардани рӯйдодҳову муҳит-
ро нишон медиҳанд. Таассуроте, ки дар шеъри «Ишки
тиллои» тасвир ёфтааст, боз бештар номуқаррарй ба
назар мерасад. Инак, чанд банди он:
Дар гулӯи ҷӯйборон об кул-кул мекунад,
Гӯёи чун кӯдаке дар хоб механдад замин.
Кӯчаҳо дар рӯ ба рӯи мо кушод афтодааст,
Шаҳр аз пешона бикшодаст чин...
Эй чавонй, эй чавонй,
Садқаи ин зиндагонй.
Метавонад зарҳали маҳтоб аз рӯяш.
Аз баёзи гарданаш,
Аз дасту бозуяш.
134
Бӯсаҳои ошикй дар оби зар тар мешаванд,
Бӯсаҳои ошиқй зар мешаванд...
Баргҳоро аз сари роҳ
Мезанад шаббода ҷорӯб.
Меваи заррини маҳ дар шоҳи абр
Мерасад то рӯи девори ғуруб.
Ман намедонам дар ин маҳтобшаб
Мисли ман имшаб кн зар бардошта.
Моҳи тиллой намепояд агар,
Ери тиллой ба ман бигзошта.1
Ин ҷо таассуроти шоир аз маҳтобшабе, ки моҳ ан-
дак зард метобад, ифода шудааст. Бо вуҷуди ин, дар
шаби маҳтоб оламро зарду заррин дидан, аз «зарҳа-
ли маҳтоб», «моҳи тиллои», «меваи заррини моҳ» ran
задан, «дар оби зар тар» шудани бӯса ва ҳоказо ҳама-
гӣ аҷиб ва ғайриоддӣ мебошад. Ин тасаввурот эҳсосо-
ти ҷавонеро, ки аз нашъаи ишқ сархуш аст ва ҳама
чиз ба назараш заррин менамояд, бисёр хуб ифода
намудааст.
Ба ин муносибат, ба байти якуми порчаҳои боло
низ диққат ҷалб кардан мехоҳем. Садои оби ҷуйро чу-
ни тасвир кардан, хусусан чунин ташбеҳи он, юи гуе
замин дар хоб монанди кӯдаке механдад, аз дили нар-
му навозишкори деҳқонзодае, ки ба обу замин меҳри
дилнавозе дорад, аз тахайюли қасе, ки дорои шуна-
воии махсусест, cap зада метавонист.
Нишонаҳои биниши хоси Бозор Собир аз ҳамаи
шеърҳои ӯ ба мушоҳида меояд.
Аз он чй гуфта шуд, ба назари мо, чунин хулоса
баровардан мумкин аст, ки биниши таҳлили ва тафак-
кури ассоциативӣ дар шеъри Бозор Собир бештар ху-
сусияти тасвирй дорад ва шеъри тоҷикиро бо мушо-
ҳидаҳои нозуки хосса, бо манзараҳои рангини ғайри
чашмдошт ғанй карда истодааст.
Услуби хоси Бозор Собир яке аз ҷолибтарин х,оди-
саҳое дар назми ҳозираи тоҷикй буда, дар баробари
дигар сабкҳои фардй, ки шоирони намоёни мо доранд,
барои таъмин кардани гуногунию рангорангии адабие-
ти точик роли муайян мебозад. Мо дар боло ҳамин
тавр барҷаста ифода шудани шахсияти эчодии Лоик
ва Қутбй Киромро мухтасаран дидем. Бешубҳа, аз на-
1 Б. Собир. Офтобниҳол.— Душ.: Ирфон, 1982, с. 39—41.
135
зар гузаронидани хусусиятҳои диди эстетикии дигар
шоирон боз чанд ҷиҳати муҳимми ғанои рузафзуни
шеъри имрӯзаи моро нишон хоҳад дод.
Муҳимтар он аст, ки шумораи шоироне, ки фар-
дияти эҷодиашон бо кувваи азиме ифода шуда бошад,
дар адабиёти точикӣ торафт меафзояд. Аз ҷумла ли-
ризми нарми пурҳарорат ва чашмандози фарохи олам-
бини М. Турсунзода, сухани эпикии публицистии М.
Миршак'ар, ки ба тасвири фаъолияти амалии инсон
бештар аҳамият медиҳад,1 дар назми мо мавқеи му-
ҳим дорад. Ҳоло лиризми пуршиддати драмавии фал-
сафимазмуни М. Қаноат ва паҳнои эпикии баъзе асар-
ҳои вай барои муайян шудани симои хоси шеъри ҳо-
зираи тоҷикӣ роли калон бозида истодааст.
Дар шеъри Гулназар ва Гулрухсор ҳам нишонаҳои
худхоссагй қавист. Аз ҷавонон Қамол Насрулло ва
Зулфия хам баъзе аломатҳои махсусият зоҳир карда
истодаанд.
Ҳарчанд ки ифода шудани фардияти эҷоди дар
шеъри ҳамаи шоирон ба як дарача нест (дар эчодиё-
ти баъзеҳо бештар ва дар эҷодиёти баъзеҳо камтар
ифода мешавад), метавон гуфт, ки шеъри ҳозираи то-
чикй аз ҷиҳати гуногунии диди эстетикӣ ва услубҳои
фардй аз ҳамаи давраҳои пештараи инкишофи ада-
биёти советй ғанитар аст. Ин ҳамоно натиҷаи устувор
шудани пояҳои реалистии назм мебошад. Агарчи назм
рангҳои романтикии худро аз даст надод, диди реа-
листа мунтазаман қувват гирифта, падидаҳо ва шак-
лу воситаҳои ифодаи он гуногунтар шуда истодааст.
Афзоиши гуногунию рангорангии услубхои фардй, ди-
ди реалиста ва шаклу воситаҳои бадей имконоти шеър-
ро дар фарогирии эстетикии воқеияти реалй зиёдтар
кард. Назари воқеъбини шоирон ва эҳсоси шоиронаи
онҳо нозуктар шуда, ҳа^ андак дигаргунии ноаёни ҳо-
лати рӯҳияи инсон, хам тағайюроти куллии психологияи
ичтимоии мардум мавриди мушоҳида қарор ёфтааст.
Дар айни замон, масъалаҳои фалсафии ҳастии одами-
зод, моҳияти таърихи халқ ва проблемаҳои бузурги ола-
ми имрӯза ба доираи андешаи шоирона даромадааст.
Ғанову гуногунии рӯзафзун, ки дар фарогирии мав-
зӯоту масъалаҳо, дар шаклу тафаккури лирикй дида
мешавад, аз камолоти эстетикии шеър гувоҳй медиҳад.
1984
1 Дар ин бора ниг. Л. Хакимов. Шеър ва замон, с. 45—52.
136
АДАБИЁТ ВА ФАЛСАФАИ Х.АСТЙ
(Ҷавоби саволҳои сСадои Шарқ»)
Савол. Вазъи умумии инкишофи адабиёт дар зинаи
имрӯза чй гуна аст, назари Шумо ба равишҳои тоза ва
равия.ҳои диққатангезй насри солҳои охир аз чи ибо-
*-) Q'p ЗСТ^
Ҷавоб. Агар нимаи аввали солҳои ҳаштодро ба на-
зар гирем, ба фикри камина, дар ин муддат адабиети
тоҷик бисёре аз муҳимтарин равияҳоеро, ки солҳои пеш
ҳам дида мешуданд, давом дод. Чи дар шеър, чи дар
наср ва драматургия барои афзоиш додани ғаномандии
анъанаҳои пурсамари адабиёти совета, барои фаро ги-
рифтани мураккабиҳои воқеияти иҷтимои ҷустучуиҳои
эҷодй идома доштанд. Гаи дар адади асарҳои нав нест,
дар ин нест, юи чанд романи нав, чи миқдор асарҳои
манзуми тоза ё чӣ қадар драмаҳои ҷолиби диққат а
вуҷуд омаданд. Гап.пеш аз ҳама дар он аст, ки адабиет
ва жанрҳои алоҳидаи он дар фарогирии эстетикии во-
қеият, дар кашфи моҳияти руйдодҳои зиндаги ба чи му-
ваффакиятхо ноил гашт. Аз ин ҷиҳат, инкишофи жанр-
ҳои гуногуни адабиёти точики ба як поя нест ва ба
даи мо, наср бештар ва драматургия камтар комеби
дорад. Драматургия қафомондагии пештараи худро ҳа-
нӯз бартараф накардааст, ҷустуҷӯйҳои гоявию бадеии
драматургҳои мо ҳануз аз амиқрафти ҷиддии назари
ичтимоиву фалсафй бенасиб ё камнасиб аст. Бешубҳа,
драматургия ҳам дар солҳои ҳаштод бо дастовардхое
кадам ба пеш гузошта истодааст. Асарҳои Меҳмон Ьах-
тй Абдусалом Атобоев, Фазлиддин Муҳаммадиев, Нур
Тарабов ва дигарон, дар нашриётҳои маркази чоп шу-
дани драмаҳои баъзеи онҳо ва марҳум Ғани Абдулло,
бешац, аз комёбиҳои мост. Лекин барои аз ақибмонда-
гй баровардани драматургия ҷидду ҷаҳди бештаре ло-
зим меояд. Драматургия ҳоло бештар пойбанди санад-
ҳои ҷудогонаи зисту маишат аст. Шубҳае нест, ки ҳа-
маи фактҳои зиндагӣ муҳимманд ва дарки ғоявиву эс-
тетикии онхо зарур аст. Вале асар дар доираи барра-
сии рӯйдодҳои зиндагонӣ маҳдуд набояд монад. Чаш-
мандози фарох, ҷамъбастҳои вусъатноии иҷтимоиву
фалсафӣ асарро ба шохроҳи адабиёти бузурге хоҳад
баровард.
Чун аз муваффақиятҳои наср ran мезанем, маҳз ҳа-
137
минро дар назар дорем, ки дар баъзе асарҳо материали
муҳимми ҳаётиро бо биниши амикраве аз худ кардан
ва тасаввури моро дар бораи моҳияти як давраи конк-
рети таърих, дар бораи дирӯзу парирӯз ё имрӯз тако-
мул додан муяссар шуд. Арзиши асарҳои асосии насри
ланч соли охир дар он аст, ки катъи назар аз ин ки
дар асоси материали нави ҳаётй- ба вуҷуд омадаанд ё
не, дорой концепцияи муҳимми замон мебошанд, мазму-
ин иҷтимоиву таърихии ҳодисаҳоеро аз ягон ҷиҳат
амиқан падид меоранд ва аз ин рӯ, барои дарки таъри-
хиву фалсафии зиндагии халк замина тайёр мекунанд.
Аз ин чиҳат, хусусан романи Ҷалол Икромй «Са-
фар-махсум дар Бухоро» (1982) ҷолиб аст. Чунон, ки
танқиди адабӣ қайд карда буд, Ҷ. Икромй дар ин ро-
мани на чандон калон ҷустуҷӯиҳои иҷтимоиву таъри-
хй ва маънавиву ахлоқиеро, ки дар сегонаи «Дувоз-
даҳ дарвозаи Бухоро» пеш гирифта буд, давом дода
ва амиқтар бурда, боз як парда аз рӯи ҳақиқати таъ-
рих бардошт: дар шароити авҷ гирифтани ҳаракати
озодихоҳй шаклу мазмун дигар кардани «олами хан-
да», ба шаклҳои нави мубориза (муборизаи маориф-
парварон) мувофик шудан ва дар тайёр кардани за-
минай инқилоби иҷтимоӣ фаъолона иштирок намуда-
ни онро нишон дод. Ин дар адабиёти мо сухани наве
буд ва тадқиқи бадеии даврони инқилоб, балки ара-
фаи он бо ин асари Ҷ. Икромй такмил ёфт.
Ин аст, ки амиқрафти тадқиқи бадеии воқеияти
конкрети иҷтимоиву таърихй дар насри мо идома до-
рад ва инро яке аз равияҳои пурсамари ояндадор ме-
тавон донист. Амиқбурди минбаъдаи ин тадқиқ имкон
хоҳад дод,_ки фарогирии эстетикй ва дарки фалсафии
таърихи тулонй ва шарофатмандонаи халк, пайваста
такомул бинад.
Чанд асари қдлони дигар—романи Расул Ҳодизо-
да «Ситорае дар тирашаб» (1982) ва повести ӯ «Иш-
ки духтари Рум» (1985), романи Юсуф Акобиров «Ду-
нё ба умед» (1984), ҳикояҳои таърихии Абдурофеъ
Рабиев, Адаш Истад, Муҳаммадзамони Солеҳ ва ди-
гардо низ дар ҳамин роҳ ба вучуд омадаанд. Баъзеи
ин асарҳо дар мавзӯу масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи
худ устуворона содиқ будани муаллифон (масалан, Р.
Ҳодизода)-ро нишон медиҳад, аммо баъзеи дигар аз
оғоз ёфтани таваҷҷӯҳоти тозае дар эчодиёти нависан-
дае (чунончи Адаш Истад) мужда мерасонад. Дар
138
хар ду сурат ҳам, қатъи назар аз он ки равняй жан-
риву услубии муаллифон гуногун буда, бадеияти асар-
ҳо низ ҳамсанг нест, торафт вусъат ефтани тадқиқғ
воқеияти таърихиро мебинем. Таърихи дуру наздик ҳар
чй бештар диқкати нависандагонро ба худ мекашад.
Ҳофизаи таърихи сол то сол фаъолтар шуда истодааст.
Дар адабиёти советии сермиллати мо фаъол шуда-
ни ҳофизаи таърихӣ ҳоло бештар бо дарки моҳияти
чустуҷуҳои маънавию аҳлоқии аҷдодон вобастаги дош-
та маҳз аз ҳамин ҷиҳат мазмуни фалсафи мегирад
ва ба масъалаҳои замони ҳозира алоқаи ногусистани
пайдо мекунад: воқиаҳои хурду калони таърих барон
амиқтар сарфаҳм рафтан ба моҳняти аслии ҳастии ин-
сон ва фаъолияти иҷтимоии шахс мавриди андешаҳои
доманадоре мегарданд, то ки барои фаҳмиши имрузаи
ин масъалаҳои адабии зиндаги замина тайёр шавад.
Савол. Ба таъбири Пушнин гӯем, «иззату икроми
гузаштаро ба ҷо овардан с-ирату сомонест, ки фази-
латро аз ҷақолат фарқ мекунад». Мавлонои Руми низ
дар ин боб фармудааст, ки ҳар қиссаро луғзест, қис-
саро ҷиҳати он луғз оваранд, на аз баҳри дафъи ма-
лолат, яъне тааммуқи фалсафи сари воқеоти таърихи
куҳану нав зиёда муҳим а,ст.
Ҷавоб. Воқеан дар насри ҳозираи тоҷищ, мутаасси-
фона, ҷанбаи фалсафии биниши таърихи ҳануз чан-
дон пурзӯр нест. Диққати нависандагони тоҷик беш-
тар ба зоҳири рӯйдодҳои таърих нигаронида шудааст
ва ин ҳолат барои ҷамъбастҳои ҷиддии иҷтимоиву фал-
сафӣ кам имкон медиҳад.
Ҳатто дар романи Р. Ҳодизода «Ситорае дар ти-
рашаб», ки Аҳмадн Дониш барин як марди бузурги
таърих, як шахсияти барҷастаи интеллектуали қаҳ-
рамони асоси карор ёфтааст, ҷанбаи интеллектуали
суст аст. Дуруст аст, ки ҳоло фақат қисми якуми ин
роман чоп шудааст ва дар ин қиом жамолоти маъна-
вии Дониш не, балки оғози фаъолияти ӯ, давраи та-
шаккули ақидаҳои иҷтимоиву сиёси, фалсафи ва ада-.
биву эстетикии вай тасвир ёфтаасту бас. Лекин медо-
нем; ки ташаккули афкори иҷтимоиву фалсафи ва эс-
тетикии Дониш аз аввал, аз солҳои ҷавони баробари
фарогирии куллии андӯхтаҳои маънавии гузаштагон
ҷараён меёфт, натиҷаи дарки маънову мундариҷаи руй-
додҳои конкрети замона дар партави сабақҳои таърих,
дар партави чустучӯҳои маънавии гузаштаву муосири
139
халқҳову кишварҳои гуногун бу%. Ин продесои ботинии
iMypaKKa6, пурпеч, зиддиятнок, ин бунёди интеллектуа-
лии ҳастии Дониш, ба андӯхтаҳои фалсафиву маъна-
вии гузаштагон сахт алоқаманд будани он аз доираи
сужети романи «Ситорае дар тирашаб» қариб тамоман
берун мондааст ва фақат баъзе нишонаҳои он гоҳ-гоҳе
андак ба чашм мерасаду бас. Ташаккули шахсияти
Дониш дар роман ҳоло аз процесҳои амику пуртало-
туми ботинӣ маҳрум аст. У дар ин асар қавиирода,
донову бино, дурандеш ва сиёсатмадори чораҷӯю чо-
расоз аст, вале шахсияти барҷастаи интеллектуалӣ
нест. Мо ҳастии Аҳмади Донишро аз ғайри умдатарин
масъалаҳои моҳияти маънавни зиндагии инсон ва фаъо-
лияти ҷамъиятиву таърихии вай тараввур карда на-
метавонем ва аз ин рӯ, образи ӯ дар роман то андо-
зае дур аз ғаномандию мурак>кабии воқеӣ ба назар
мерасад.
Дар романи Юсуф Акрбиров «Дунё ба умед» бо-
шад, ба фикри мо, ягон концепщияи муайяни фалсафй,
фаҳмиши ба худ хоси замон ва мардони таърих ифода
нашудааст. Шояд дар натиҷаи ҳамин аст, ки нависан-
да дар бисёр мавридҳо навиштаҳои устод Айниро ай-
нан такрор мекунад.
Ин аст, ки дар баробари вусъат ёфтани тадқиқи ба-
деии таърих ва фаъол шудани ҳофизаи таърихй, ки
ҳодисаи муҳиммест, сует шудани ҷанбаи фалсафии ди-
ди нависандагон мушоҳида мегардад ва ин ҳам шояд
равияе дар насри ҳозира бошад, ба ҳар ҳол аз тамою-
лотест, ки ба амиқ рафтани чустуҷӯйҳои эҷодӣ монеъ
меоянд.
Савол. Оё мумкин аст, ки масъалаи ҳофизаро ан-
даке муфассалтар эзоҳ диҳем?
Ҷавоб. Масъалаи ҳофиза аз умдатарин кисмҳои х/д-
шиносии иҷтимоиву таърихии шахс ва ҷамъият, худо-
гоҳии маънавию ахлокй ва инкишофи ҳозираи он бу-
да, комилан фалсафист. Чунин масъалаҳоро дар ада-
биёт фақат бо ҷамъбастҳои пурдоманаи иҷтимоиву фал-
сафй ҳал кардан мумкин аст. Таърих танҳо. як воситаи
афзоиши шавқангезии адабиёт нест. Биниши моҳият-
ҷӯи амиқрав даркор аст, ки сабақҳои ибратомӯзи ди-
рузу парирӯзро ба хидмати имрӯзиён гузошта, дар чус-
туҷӯйҳои маънавию ахлоқй ба ҳамзамонони худ дасти
ёрй дароз кунем ва дар мавриди дарки амики сириш-
ти инсонии одамизод ба онҳо ёвар бошем. Аз ин рӯ,
но
бо масъалахои рузгорони мо сахт робита доштани масъ-
алаҳое, ки нависандаи таърихнигор мебардорад, хе-
ле муҳим аст. Баррасии таърих ва давраҳои чудого-
наи он ба эътибори дархостҳои имрӯз ва фардо арзи-
ше дорад, вагарна бидуни матлабе ба гузашта нига-
ристан асту бас. Масъалаҳои муҳимми зиндагонии ди-
руз барои бо хама .конкретият равшан гардидани чид-
дияти масъалахои имрӯз зарина ҳозир менамоянд ва
баръакс, бинишгоҳи кунуни барои падид) овардани чи-
хатхои нав ба нави хақиқати таърих имкон фарохам
меорад. Ба ин маънӣ хам таърих ва замони ҳозира
аз якдигар чудой надорад. Аммо, ба назари мо,^ масъа-
лаҳои асосии маънавию ахлоқии насри таърихи ба он
масъалаҳое, ки имрӯз ҷамъияти мо дар сари ҳалли он-
ҳо ҷидду ҷаҳд ба харч медиҳад, ҳанӯз кам робитаман-
дй пайдо кардаанд, ба ҳар ҳол, дар ин миён алокаи
бевосита ва батаъкиД ҳануз кам дида мешавад.
Ин норасоии насри таърихиро насри ҳозирамавзуъ
ҷиддан ислоҳ карда истодааст. Х,оло яка аз мухимта-
рин равияҳо дар тадқики бадеии масъалахои замони
хозира ҷустанц решаҳои нҷтимоиву таърихии онхо ме-
бошад. Ин равия дар романи Фазлиддин Мухаммадиев
«Палатаи кунҷакй» (1974) хеле барҷаста ифода шуда
буд, имрӯз дар эчодиёти Саттор Турсун, Хрун Кухзод,
Сорбон ва дигарон давом царда истодааст. Дар повес-
ти Саттор Турсун «Зиндаги дар домани талхои сурх»
(1982), романи Ӯрун Кӯхзод «Ҳам кухи баланду хам
шаҳри азим» (1983), романи Сорбон «Актёр» (1983),
повести Баҳром Фирӯз «Тору пуд» (1983) ва ғайра
қаҳрамони ҳамзамони мо кам ё беш бо робитаҳои гу-
ногунзш, зз ҷумлз бо пзивзндҳои тзърихизш 33 нззз-
ри таҳқиқ гузаштааст. Дар |ПОвести С. Турсун таърихи
дур — вокиаҳои давраи истилои муғул, дар романи
Кӯҳзод гузаштаи наздик — овони инқилоб, солҳои бис-
ту ей, дар романи Сорбон ва повести Баҳром Фируз
«ҳофизаи маданй» — шеъри устод Рудаки ва дигар клас-
сикой як чузъи муҳимми андешаҳои қаҳрамони ҳам-
замони мо мебошад ва ташаккули худшиносии ичти-
моиву маънавии каҳрамон аз ягон ҷиҳат ё аз бисёр
ҷиҳатҳо ҳамбаста бо сабакхои таърих аст.^ Руйдодҳои
таърихии гузаштаи наздик дар романи Кухзод «Ҳам
кӯҳи баланду ҳам шаҳри азим» ончунон мавқеъ иш-
ғол кардаанд, ки мунаккиди ҷавон М. Рачабов ба наз-
дикй онро ҳатто «асари ҳозирамавзуи таърихи» но-
141
мид. Ба масъалаи то чӣ андоза қобили қабул будани
ин истилох, дахл накарда, ҳаминро гӯшзад менамоем,
ки ҷустуҷӯи истилоҳоти нав худ як нишонаи дигаргу-
нии ҷидди дар созмони наср аст. Дар струютураи та-
факкури бадеии нависандагон дигаргуние рӯй дода,
дар хусусиятҳои жанриву услубии асарҳои онҳо акс
ёфта истодааст ва аз ҳамин сабаб, зарурати ҷустани
истйлоҳоти нав пеш омадааст.
Оре, дар замони ҳозира созмони тафаккури шахе
Чиддан дигар шудааст. Ин дигаргунй афзоиши доимии
робитаҳои ҳаётии шахе, алоқаҳои замониву маконии
вай, инчунин торафт мураккаб шудани ин алоқаву
робитаҳоро дар худ инъкос додааст. Таърих дар ин
пайвандҳои ногусистанӣ мавқеи махсус дорад. Шуури
ҳамзамонони мо ҳар чй бештар хусусияти таърихй
пайдо мёкунад. Тафаккури таърихии шахе дар айёми
мо пайванди замонҳову халқҳо, робитаи нозуки насл-
хои гуногун ва дирӯзу имрӯзро торафт мукаммалтар
фаро мегирад., Ҳамин ҷараёни муҳим дар адабиёт ҳам
акс ёфта истодааст. Ҳоло баъзе нависандагони намоё-
ни мо, чунончи Чингиз Айтматов, моҳияти ҳастии ин-
сонро дар ҳофиза мебинанд, дар ин мебинанд, ки инсон
асли моҳияти инсонии худро то чй андоза падидор мео-
рад, оғозгоҳҳо, саргаҳу сарчашмаҳои онро ба чй да-
раҷа дар ёд дорад ва азиз медорад. Дар ҳакиқат, фа-
ромуш кардани моҳияти инсонии худ махрум шудан
аз он аст, ҳатман ба чунин; маҳрумият меорад, аз ода-
мизод манкурте месозад, ки онро Ч. Айтматов дар ро-
мани «Дуроҳаи Бӯронӣ» тасвир намудааст. Аз ин рӯ,
моҳияти одамизод дар ҳофиза, дар махфуз доштани
асли инсонии худ, ҳама негаию хайр, ки дар зоти инсон
ҳаст, ҳама сифатҳои оли, ки дар тӯли асрҳо гирд ома-
дааст, ифода меёбад. Академик Д. С. Лихачёв гуфта
буд: «Ҳофиза ба кувваи нобудиовари замон зид меис-
тад ва он чиро, ки маданият ном дорад, ҷамъ меорад».
Ин олими намоёни совета боз таъкид намудааст: «Рӯ
овардан ба кӯҳнагиҳо, аз нав зинда^ кардани кӯҳнагиҳо,
нигоҳ доштани онҳо ҳаргиз даст кашидан аз навиҳо
нест, балки фаҳмиши нави кӯҳнагиҳо ва решаҳои худ
мебошад, худро дар таърих эҳсос кардан аст». Алҳақ,
фаромуш кардани гузаштаҳо теша ба решай худ задан
аст ва баръакс, худро дар таърих эҳсос намудан чунин
маъни дорад, ки ҳар фард худро як ҷузъи башарият
мебинад, ба ҳар некй ва чизи олй, ки таърихи баша-
142
рият ва маданият эҷод кардааст, шарик медонад. Гу-
заштаро баргардонидан мумкин нест ва зарурат надо-
рад, вале таърих дар ҳастии маънавии мо ҳамеша маҳ-
фуз ва омили фаъоле бояд бошад. _
Аз ин ҷост, ки ҳофиза, аз ҷумла он чи «ҳофизаи ма-
данй» ном гирифтааст, ҳоло аз ^муҳимтарин масъала-
ҳои ҳастии маънавии инсони имруза аст. Дар адабиети
хозираи тоҷикӣ, дар асарҳои Ф. Муҳаммадиев, Сорбон,
Кӯҳзод, Саттор Турсун, Баҳром Фирӯз ва дигарон тад-
қиқ цнудани падидаҳои гуногуни ҳофизаи таърихии
шахе нишонаи он аст, ки адабиёт ба масъалаҳои асо-
сии олами маънавию ахлоқии мардумц имруз дахл кар-
да истодааст. Ҳофизаи қаҳрамони чунин асарҳо торафт
пургунҷоиш шуда, таърих ба чашмандози вай фарохие
бахшида истодааст. Қаҳрамон бисёре аэ неку бад ва
талху ширини таърихро ба андеша гирифта, меъери
баҳои рӯйдодҳои хурду калони ҳаёти ҳозира ва марля-
ми атроф қарор медиҳад. Дар ин сурат, идеали чамъия-
тии қаҳрамон ба ғояҳои олии инсонпарварие, ки дар
тӯли асрҳо аз таҷрибаи таърихӣ, аз ҷумла таҷрибаи
иҷтимоии даврони инқилобу озоди ҳосил шудаанд,
такья мекунад. Васеъ шудани заминай таърихии идеали
иҷтимоии каҳрамон, бисёр ғояҳои олии гуманистии гу-
заштаву ҳозираро фаро гирифтани он ҳамоно пояҳои
халқии насрро бештар устувор кард, боиси ин шуд, ки
биниши халқ ва фарзандони бузурги он, таҷрибаи иҷ-
тнмоии чандин аср, К|И дар акидаҳои мардуми меҳнати
ва ҷамъбастҳои фалсафии бузургони соҳибназар ифо-
да шудааст, ба адабиёт бештар роҳ ёфт. Ба тачрибаи
таърйхии халқ асос ёфтани идеалҳои ҷамъиятии каҳ-
рамон ҷанбан фалсафии ҷамъбастҳои бадеии нависан-
дагонро қувват дод.
Фаъол шудани ҳофизаро яке аз муҳимтарин ходи-
садо бояд донист, ки мумкин аст минбаъд натиҷаҳои
ҷиддӣ дода, адабиётро ба шоҳроҳи чустучӯйҳои пурса-
мари ғоявию эстетикй ва ҷамъбастҳои вусъатноки иҷ-
тимоиву фалсафй барорад.
Савол. Ифодаи хофнза дар адабиёти имрузаи мо,
ба назари, шумо, чӣ шаклҳое дорад?
Ҷавоб. Ин ҳам бағоят мухим аст, ки шаклҳои фаъ-
ол шудани ҳофиза гуногунанд. Адабиёт падидаҳои гу-
ногуни ҳофизаро тадқик карда, дар муайян кардани
моҳияти масъалаҳои ахлоки ичтимоии ҳозира санги
маҳак қарор дода истодааст. Доираи назари нависан-
143
дагон дар тадқиқи ҳофиза ва олами маънавии ҳамза-
монони мо торафт васеъ мешавад.
Яке аз падидаҳои ин ҷараён бо диққат ба андеша
гирифтани бинишу фахмнш, ақидаҳо ва тасаввуроти
халқ аст. Нависандагон ба психологияи мардумони
асили меҳнатй чашми диккат дӯхтаанд. Дар бисёр асар-
хои Саттор Турсун, Бобо Насриддинов, Баҳром Фирӯз,
Абдулҳамид Самадов, Ҷонибек Акобиров, Абдурофеъ
Рабиев, Кароматулло Мирзоев ва дигарон (бо вучуди
он ки баъзеи инҳо бештар ва баъзеашон камтар, таҷри-
баи эчодй ё комёбй доранд) аксаран ё гоҳ-гоҳ шахсо-
не амал мекунанд, ки ҷаҳонфаҳмии халк, меъёрҳои
халқии одамият ва ахлоқу одоб дар рафтору гуфтори
онҳо равшану возеҳ ифода шудааст. Барҷастатарии на-
мунаи ифодаи фаҳмиши халқии одамиятро аз насри
солҳои охир дар повести Фазлиддин Муҳаммадиев
«Варта» (1983) мебинем. Д1ахсияти иқтидорманди Сан-
гинбеки мӯйсафед дар -ин асар таҷассуми аклу хирад
ва адлу инсоф, намунаи росткориву ҳалолзистй буда,
ин хислатҳои ӯ бо кувваи азиме ифода гардидааст ва
нависанда барои санҷидани сифатҳои қаҳрамони асосй
ва дигар персонажҳо маҳз чунин характера барҷастаи
халкиро асос қарор додааст. В ки повести нави Абдул-
ҳамид Самадов «Косаи давр»-ро (1985) гирем. Бунёди
ин асар ҳам бар характерҳои халқӣ мебошад. Абдул-
ҳамид Самадов ҳанӯз чавон аст, вале аз «Косаи да-вр»
тасаввуре пайдо мешавад, ки муаллифи он хеле зинда-
ги дидааст ва мардумро санҷидааст. Асари. ӯ пур аз
хусусиятҳои муҳимми ҳаёти халк, чузъиёти характер-
ноки зисту маишат, тасаввуроти мардуми покдили меҳ-
нати дар бораи зиндагй ва одамият, дар бораи чамъия-
ту табнат мебоШад. Нависанда нишонахои ноа-ёни зин-
дагии мардуми оддиро андак-андак гирд оварда ва ба
мо нишон дода, моро водор месозад, ки асосҳои инсо-
нии хастии халкро ба андеша гирем, дар муомила, дар
ахлоку одоб дастури амал қарор диҳем.
Аз-ин рӯ, ба баъзе калимаву) ибораҳои маҳаллӣ, ки
дар ин повесть дида мешаванд, эрод гирифтан чоиз
нест. Инҳо ҳам як чузъи муҳимми ҳамон зиндагонии
аҷиби рангомези ибратомӯзе мебошанд ва махсусият-
ҳои зиндагии халкро бидуни онҳо тасаввур кардан им-
конпазир нахоҳад буд. Калимасозӣ, ибораорой ва чум-
лабандиҳои вайрон, ки аз асосй халқӣ дур шудаанд ва
дар эҷодиёти баъзе нависандагон (чунончи Юсуф Аюо-
144
биров, Абдурофеъ Рабиев, Ҷоннбек Акобиров ва дига-
рон) дучор меоянд, бояд боиси эрод гарданд, аммо ба
таъбирҳои асили халки, ки бо худи ҳаёт ба адабиёт
дохил шуда, ғаномандии забонқ адабиро афзун месо-
занд, агарчи гоҳ ба баъзеҳо ноошно ё номафҳум мена-
моянд, бояд эрод нагирем.
Аз ҷиҳати ба мушохида гирифтани принципхои ҳае-
тии намояндагсни асили халки меҳнатӣ, бд фикри мо,
эҷодиёти Саттор Турсун, Абдулҳамид Самадов,- Абду-
рофеъ Рабиев, Баҳром .Фирӯз, Ҷонибек Акобиров ва
Баҳманёр махсусан ҷолиби диқкат аст.
Аз он чй гуфта шуд, чунин хулосд баровардан ло-
зим пест, ки тадкики зиндагонии халк, зисту маишат
ва назариёти ӯ дар насри точикй хеле( мукаммал ва ба
v дараҷаи баланди бадей анҷом ёфта истодааст. Не, дар
ин роҳ ҳоло ҷидду ҷаҳди бисёре даркор аст. Гарчанде
ки дар масъалагузорӣ бунёди фалсафии наср қувват
шрифта истодааст, ҷамъбастҳои бадеии он дар бисёр
мавридҳо ҳанӯз мукаммал ва баланд нестанд. Дар
асархои насрнависони тоҷик ҳануз ҳикмати ҳаёт ва
фикри барҷаставу фушурдаи фалсафй ками мек|унад.
Зиндагонии халқ бояд на танҳо , мавриди мушоҳидаи
дақик ва тасвпри позук қарор тирад, балки барои ан-
дешаҳои ҷиддии фалсафй замина фароҳам орад. Фал-
сафаи таърих (таърихи гузашта ҳам, таърихи ҳозира
ҳам) аз ҳаёти халқ ҳосил мешавад. Пас, бо хурдабини
ва андешапарварй падид овардани моҳияти фалсафии
он вазифаи асосист. Қаҳрамон хоҳ қаҳрамони интел-
лектуалй бошад, хоҳ не, дар пояи устувори интеллек-
туалӣ комат рост кардани ҳама рукнҳои бадеии асар
зарур аст. Дар айёми мо тасвири маҳз, агарчи тасви-
ри нозук аст, кифоя нест. Дар замони мо, ки даврони
инкишофи фаъолияти фикрии инсон аст, тадқиқи таҳ-
лилӣ ва ҷамъбасти фалсафй бештар лозим аст, то ки
ба моҳияти ҳастии худ cap фурӯ бурдани шахс амиқ-
тар равад. Тадқиқи мукаммали иҷтимоиву фалсафи ва
маҳорати баланди бадей имкон хоҳад дод, ки насри
тоҷик'1 дар майдони умумииттифоқии адабиёти советии
сермиллат ҷойгоҳе басазо ёбад.
Гоҳ нависандае баъзе масъалаҳои фалсафаи ҳасти-
ро мавзӯн асосй қарор диҳад ҳам, аз ҳалли он оҷиз
меояд. Ин ҳолатро дар «Актёр»-и Сорбо^ мебинем.
Масъалаи асосии ин роман худшиносии интеллектуалии
шахс аст. Аз ин сабаб, қисми якуми он «Дар ҷустучуи
10—277
145
худ» ва К'Исми дуввум «Дарёфтани худ» номида шу-
дааст. Вале андешаҳо ва ҷаҳду ҷадали қаҳрамон аз
асоси фалсафй маҳрум аст. Худҷӯии Ромиз асосан аз
он иборат аст, ки барон халосӣ аз вазъиятҳои ногувор
ва душвориҳои зиндагӣ илоҷе ёфтан даркор аст, аммо
дарёфти худ чунин маъно гирифтааст, ки илоҷи воқеа
ёфт шуд. Чунин эзоҳ ин мафҳумҳоро аз маэмуни фал-
сафй маҳрум кардааст, ба онҳо маънои дигаре, ки хо-
си онҳо нест, додааст. Андешаҳои Ромиз аксаран ночиз
буда, аз сари маънои один майда-ҷуйдаҳои зисту маи-
шат болотар нарафтааст. Ҷустани маънои амиқи фал-
сафии ҳодисаҳо, кӯшише дар роҳи хулосаҳои ҷамъбас-
тии пурвусъат-ба қаҳрамо» хос нест. Ромиэ ҳатто шӯҳ-
ратҷӯиро мақсади худҷӯй мешуморад. Нависанда гуф-
тааст: «Ромиз киностудияро яке аз ҷойҳое медонад, ки
дар он ҷо худро чустан мумкин аст. Ӯ 'медонад, ки агар
кас дар театр шӯҳрати республикавӣ ёбад, дар кино
шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтанаш аз эҳтимол дур нест». Чунон
ки мебинем, «худро ҷустан» ва «шӯҳрат ёфтан» ба як
маънй омадааст. Ин, бешубҳа, аз масъалаи ҷиддии худ-
шиносӣ фарсахҳо дур рафтан аст. Аз ин рӯ ва бо би-
сёр сабабҳои дигар мо ақида дорем, ки падид_оварда-
ни маънои амиқи мафҳуми пургунҷоиши худшиносии
шахсияти?интеллектуалӣ ба нависанда муяссар нашу-
дааст.
Газетаи «Правда» пас аз Анҷумани XXVII-и КПСС
дар як сармақола талаботеро, ки ин Анчуман дар наз-
ди кормандони адабиёту санъат гузашт, ҷамъбаст на-
муда, аз чумла навишта буд: Пурнависии тантанаомез
ва саргармӣ бо майда-чуйдаҳои зисту маишат, замона-
созй ва кӯтоҳбинӣ ҳеҷ гоҳ дар назари партия ва халқ
эътибор надошт ва" нахоҳад дошт. Устодони санъат
бояд аз вазифаҳои эҷодии ҷиддию пурвуеъат илҳом
тирад, шаъни касби худро балад доранд.»1
Ин вазифаро он гоҳ ичро кардан мумкин аст, ки
санъаткор дар зиндагӣ чашмандози вусъатноки амиқ-
рав дошта бошад ва дар асоси тадқиқи бадеии муҳим-
тарин тамоюлоти замон ҷамъбастҳои ҷиддии иҷтимо-
иву фалсафй ба даст орад.
Савол. Ба фикри шумо, дар ин роҳ боз чй норасои-
ҳое дар насри тоҷищ ба назар мерасад?
1 Место художника — на переднем крае. «Правда», 16 марга
1986 г.
146
Ҷавоб. Ба иешрафти наср баъзе чизҳои дигар, аз
■ҷумла сустии чустучӯйҳои эстетики ва жанриву услу-
бӣ ҳам халал расонида истодааст. Ҳоло якранги дар
инкишофи жанриву услубии наср меафзояд. Асарҳои
«насри андешапарварӣ»шаклан ҳар чӣ бештар ба як-
дигар монандӣ пайдо мекунанд. Нависандагон шакли
оригиналӣ кам мечӯянд, имкониятҳои бепоёни анъана-
ҳои миллй дар соҳаи ғаномандӣ ва гуногунию ранго-
рангии шаклу воситаҳои бадей бо камҷуръати истифо-
да мешавад. Ғайр аз ин, насрнависони тоҷик ба бисе-
ре аз он ҷустуҷӯйҳои ҷасуронаи ғоявшб бадей, ки дар
адабиётн халқҳои бародар ба мушоҳида меоянд, ҳа-
нӯз шарик нашудаанд.
Шояд дар натиҷаи ҳамин бошад, ки гоҳ ҷолибтарин
ҷустучӯйҳои эҷодии насрнависҳои тоҷик ба ҳадди ка-
мол нарасида мемонад ва солҳои охир тарҷумаи русии
чанд асари онҳо дар нашриётҳои марказӣ чоп шуда
бошад ҳам, дар арсаи умуми Иттифоқ диққати аҳли
ҷомеаи адабиро кам ба худ кашид.
Дар Маърӯзаи сиёсии КМ барои Анҷумани XXVII-и
КПСС чунин таъкиде ҳаст: «Ҷамъият аз нависанда
кашфиёти бадей, ҳақиқати зиндагиро умедвор аст, ки
ин ҳамеша моҳияти санъати ҳақиқй буд». Кашфиёти
бадей ва пурра зоҳир кардани ҳақиқати зиндагӣ биду-
ни навназарӣ имконпазир нест. Ба зиндагонӣ ҳар дафъа
бо диди тозаи замонӣ, аз дидгоҳе, ки талаботи нави
замой таъин кардааст, нигаристан лозим меояд, то ки
ҷиҳатҳои нави ҳақиқати ҳаёт кашф шавад. Ҳамин би-
ниши нав заминай аслии ҷустучӯйҳои тозаи эстетики
мебошад. Навҷӯии ҳамешагии ғоявию эстетикӣ нави-
сандаро ба кашфиёти бадей меорад ва имкон медиҳад,
ки дар асарҳои ӯ ҳақиқати зиндагонӣ ба дараҷаи ҳа-
қиқати бадей расад.
Ин аст, ки юашфи бадей ва ифодаи амиқи ҳақиқа-
ти зиндагиро як чизи дастнорасе, ки танҳо ба нависан-
дагони бузурғ муяссар хоҳад шуд, набояд донист. Мум-
кин аст, ки ин давлат кам ё беш ба ҳар нависанда pyx
намояд. Тозаназарии ҳамешагӣ, чустуҷӯи доимии пади-
даҳои нав ба нави моҳияти аслии рӯйдодҳои зиндагӣ ва
мазмуни асосии замон, навҷӯӣ дар шакл ва жанру ус-
луб, таҷрибаоварии ҷасурона аз чумлаи умдатарин шарт-
ҳоест, ки дар ин кор комгорй хоҳанд овард.
Савол. Адабиёти мо дар тасвири инсони фаъол, му-
бориз, ҳамиятхоҳ ва муҳити ахлоқии вай анъанаҳои
147
дерин дорад. Вобаста ба тағироте, ки дар рӯзгорн мо
воқеъ шуда истодааст, масъулияти адибон дар офари-
дани образи ҳамзамонон, қаҳрамонони фаъол меаф-
зояд. Насри солҳои охир дар ин равиш чй дастовард-
ҳое дорад?
Ҷавоб. Ҳоло ки халку мамлакати мо ба сӯи дигар-
гуниҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ рафта истодааст,
амалй кардани ин дигаргуниҳо устувор шудани омили
шахсй ва афзоиши фаъолиятмандии иҷтимоии ҳар фар-
ди ҷамъиятро такозо менамояд. Аз ин рӯ, ҷамъияти
совета ба шахсияти фаъол бештар эҳтиёҷ дорад. Ин
аз ҳамаи материалҳои Анҷумдни XXVII-и КПСС ҳу-
вайдост, шахсияти ҳимматбаланди серғайрат, азму иро-
да ва эътиқоди ӯ ҳамеша дар маркази диққати ада-
биёт буд. Ҳоло ҳам адабиёти тоҷикӣ ин анъанаи худ-
ро инкщшоф медиҳад.
Романи Ҷалол Икромй «Хатлон» (1984) дар ната-
чай 'Мушоҳидаҳои шахски чандинсола ва дар асоси ма-
териали вокей ба вучуд омад. На фақат қаҳрамони асо-
сй, балки баъзе персонажҳои дигари ин асар фаъолони
чамъият мебошанд, касонеанд, ки чамъияти моро бо
арақи ҷабин сохтаанд ва пешрафти онро таъмин кар-
да истодаанд. ё ин ки асари нави дигар нависандаи
куҳансоли мо Фотеҳ Ниёзиро гирем. Дар романи ӯ
«Сарбозони бесилоҳ» (1984) шахсоне тасвир шудаанд,
ки дар сахттарин солҳои' Ҷанги Бузурги Ватанй ба зи-
мистони қаҳратуни Урал тоб оварда, галабаи сипоҳи
советиро аз ақибгоҳ таъмин менамуданд. Инҳо ҳама
қаҳрамони фаъоли фидокор мебошанд. Чунин фидоко-
рони роҳи озодии Ватан дар романи Мухиддин Хочаев
«Нанг ва номус» (1981) ҳам ба сифати кахрамони асо-
сй амал кардаанд.
Фаъолиятмандии иҷтимоии шахе дар айёми мо шакл-
ҳои нав пайдо карда истодааст. Яке аз онҳо кувват
гирифтани фаъолияти фикрӣ мебошад, ки ин ҳам дар
адабиёт акс меёбад. Қаҳрамонони «насри андешаҳо»
бештарин фикран фаъоланд. Хусусиятҳои фаъолиятга-
рии фикрии қаҳрамони андешапарвари тааммукписанд-
ро аз асарҳои Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод, Баҳром
Фируз ва дигарон мебинем. Гоҳ фаъолияти амалии чу-
нин қаҳрамон диққати нависандагонро камтар ба худ
мекашад ва инро дар бисёр мавридҳо норасой шумо-
ридан лозим нест. Ин чо фаъолиятмандии мавқеи ич-
тимоии нависанда бештар аҳамият пайдо мекунад, фик-
148
ри фаъоли нависанда ва қаҳрамони ӯ ба кувваи таъ-
сирбахшое табдил меёбад.
Ин ҳам муҳим аст, ки ҳоло қаҳрамонп андашапар-
вар ҳам беш аз пеш фаъолияти амали пайдо кардааст.
Мо, масалан, қаҳрамони романи Сорбон «Актёр»-ро
дар назар дорем. Ромиз агарчандв ки ба дарки фал-
сафии ҳастии худ қобилнест, дар зиндагй, дар мубо-
риза бо сахтиву душвори ва ноинсофиҳо собитқадами
зоҳир кард. Вай барои ба мурод расидан, баром амали-
шудани мақсадҳои неки худ чй қадар куввату тавон,
ки лозим буд, аз худ ёфт, дар дил он кадар бардошту
мадор ёфт, ки на фака^ монеаҳои беруни, балки афто-
дарӯҳиву маъюсии худро ҳам бартараф намуд ва ба
сарманзили максуд расид. Ин хислатҳои қаҳрамони
Сорбон хеле мухимманд. Дар характер» Ромиз итмом-
нопазирии мабдаи эҷодӣ, кувваи бунёдкори мағлубият-
нопазири он, ки бо иродаи қавӣ, катъият ва чуяндагии
доимӣ ба мақсади наҷибе нигаронда шудааст, таъкид
мегардад.
Ин аст, ки насри ҳозираи тоҷики шаклҳои гуногу-
ни фаъолиятмандии иҷтнмоӣ ва маънавию ахлоки»
қаҳрамони муборизу фидокорро тадқиқ карда истода-
аст. Ин тадқиқ рӯҳияи гражданй ва таъсири эмоцио-
наливу иҷтимоии насрро қувват медиҳад.
Савол. Насри истеҳсоли дар адабиёти мо чандон му-
ваффақият пайдо накард. Чаро?
Ҷавоб. Солҳои ҳафтод «насри истеҳсолии» тоник»
ба комёбиҳои муҳим ноил онуда буд. Намунаи асосии
он романҳои Юсуф Акобиров «Норак» (1978) ва Му-
ҳиддин Хонаев «Об — рӯшноӣ» (1977) буд. Сабаби му~
ваффақияти ин ромаиҳо он буд, ки нависандагон на
худи процессҳои истеҳсолӣ, балки инсонро дар марказит
диққат гузошта, ба воситаи сарнавишти аҷиби кахра-
монон масъалаҳои муҳимми замонро ба миён гузош-
танд. Лекин дар асарҳои баъдина, аз нумла дар рома-
ни Юсуф Акобиров «Водии муҳаббат» (1980) ин прим-
ципи асосй суботкорона инкишоф дода нашуд. Сабаби
асосии бемуваффақиятиҳо бояд ҳамин бошад.
Савол. Давраҳое буд, ки жанри ҳикоя дар насри мо
нуфузи калон дошй ва аз жанрҳои пешсафу фаъол буд.
Ҷустуҷӯйҳои ахлоқию маънавиеро, ки солҳои 60—70 дар
наср таквият ёфт, дар бештарини ҳолатҳо аз ҳикояҳо>
пай бурдан мумкин аст. Ф. Муҳаммадиев, Сорбон, Сат-
тор Турсун ва монанди инҳо беҳтарин намунаҳои ҳи-
14»5
кояро ба миен оварданд. Ҳоло дар назари аввал ҳи-
кояи зиеде ба чоп мерасад, вале дар ин ҳикояҳо тас-
виркориву лавҳанигориҳои бебор зиёд буда, фикри ами-
кн иҷтимои ба назар намерасад. Имконият ва иешо-
мадҳои ин жанр аз назари шумо чист?
Ҷавоб. Ба назари камина чунин мерасад, ки ҳоло
ҳам ҳикоя фаъолиятмандии худро аз даст надодааст.
I ап факат дар ин нест, ки ҳикоя торафт бештар ба
маидон омада истодааст. Муҳимтар он аст, ки ҳикоя
дар фарогирии масъалаҳои асосии ахлоқи иҷтимоӣ иш-
тирок дорад. Хусусан ҳикояҳои Саттор Турсун ва Аб-
дулҳамнд Самадов, инчунин бисьёр асарҳои Баҳром
Фируз, Ҷонибек Акобиров, Саиф Раҳимов, Баҳманёр
ва дигарон ба назари ман ба дараҷаи кофй чиддй ме-
намоянд. Нишонаҳои ҷиддият аз баъзе ҳикояҳои ҷа-
вонтарин насрнависон, чунончи Муаззама, Муҳаммад-
замони Солеҳ, Мушаррафа Шарифова ва дигарон низ
ба чашм мерасад. Ҷустучӯйҳои ин нависандагонро дар
дикоя ба чашми кам набояд дид. Маҷмӯаҳои якуми
ҳикоянависҳои ҷавонро аз назар гузаронем, бовар ко-
сил мекунед, ки онҳо ба мавзӯу масъалаҳои муҳимми
ҳает ва адабиёт даст мезананд. Ғайр аз ин, гуногунии
услуб дар ҳикоя афзуда истодааст ва ин ҳам хеле му-
ҳим аст.
Ба ин муносибат, боз ҳамон масъалаеро, ки пештар
гушзад шуда буд, ба ёд овардан аз фонда холй нахо-
ҲЗД бУД- Бисьёр нависандагони мо ҳамин ки ба жанр-
ҳои калон, ба повесту роман гузаштанд, ҳикояро тарк
мекунанд. Ин ба инкишофи табиии ҳикож халал мео-
рад. Ҳикояро ба майдони машқҳои навкорй табдил до-
дан аз дарки имкониятҳои фаровони ин жанри пургун-
ҷоиш худдорн кардан аст. Бисьёр нависандаҳои намо-
ён нмкониятҳои камназири ҳикояро тамоми умр кам-
кам дарк ва юашф кардаанд. Аз ҷумла чунин фикри
Нодар Думбадзе ҷолиби диққат аст, ки аз таҷрибаи
худ гуфтааст: «Ҳикоя қаламчаест, бехҷасти роман аст,
iHiapxy эзоҳи он чизест, ки дар роман бетафсил ва ба
ним сухан гуфта шуда буд». Ин аст, ки гоҳ аз ҳар по-
весту роман як ё якчанд ҳикоя баровардан мумкир аст
(чунонки баъзан аз як ҳикоя баъдтар повесть ё рома-
не меруяд). Дил мехоҳад, ки нависандагони тачриба-
кори мо ҳам ҳар чи бештар дар назди худ ин гуна ва-
зифаҳои эҷоди гузоранд.
Аз ин ҷиҳат, садоқате, ки нависандаи куҳансоли мо
150
Раҳим Ҷалил нисбат ба ҳикоя дорад, намунаи ибраг
аст. Таҷрибаи Сорбон, ни пас аз гузаштан ба жанрҳои.
калон ҳикояро тарк накард, низ сазовори тақдир аст.
Боз ҳам бояд махсусан таъкид шавад, ки агарчи
ҳикоя аз жанрҳои хурд аст, кашфи ҳақиқат, биниши
моҳиятҷӯи иҷтимоиву фалеафӣ ин ҷо ҳама аз шартҳои
асосист.
Савол. Вазъи аиеър чй гуна аст? Мегӯянд, ки шеъри
мо дар ин солҳо чандон пешрафт надошт...
Ҷавоб. Камина бо омӯхтани роҳҳои инкишофи шеъ-
ри имрӯза махсусан машғул нашудаам ва ҷуръат на-
дорам, ки ба ин суол муфассалтар ва конкреттар ҷа-
воб гуям. Тасаввуроти умумии ман ин аст, ки солҳои
охир дар ҳақиқат дар ҷавлонгоҳи шеър як навъ кам-
ҳавсалагӣ дида мешавад. Шеър бисёр ба чоп мерасад,
вале шеъри нағз кам аст^ Маданияти шеър, щ солҳои
шасту ҳафтод андак баланд шуда буд, ҳоло боз паст
шуда истодааст: шеъри хушк, шеъри оддӣ, каммазмун,
маҳрум аз туғёни дил, аз фикру ҳиссиёти олӣ ва анде-
шаҳои ҷиддӣ бештар ба чашм мехӯрад. Ҳиссиёти нозу-
ки инсон, масъалаҳои бузурги ҷаҳони имрӯза ба шеър
кам раҳ ёфта истодааст.
Медонем, ки Лоиқ дар ғазал ҷустуҷӯйҳои ҷиддии
эҷодкорй дорад. Чунин ба назар мерасад, ки ӯ баъд
аз устод Лоҳутй ба ғазал рӯҳи нав дамидан мехоҳад,
ба ин жанри куҳан умри дубора ато карданист. Ин
кӯшиши ӯ дар бисёр мавридҳо муваффақиятомез ан-
ҷом ёфта истодааст. Чунин ҷидду ҷаҳд дар эҷодиёти
баъзе шоирони дигар низ андак-андак натиҷаи мусбат'
дода истодааст. Дар айни замон, садҳо ғазал чоп ме-
шавад, ки бештар аз суханбозй ва фазилатфурӯшй ибо-
рат буда, аз фикру ҳисси асил ориву барист. Набояд фа-
ромӯш кунем, ки навъҳое аз қабили рубоию ғазал аз
ҷумлаи олитарин падидаҳои табъӣ шоирона ва фикри
олии мардуми мост. Агар имрӯз рубоиву ғазалро хор
кунем, фарзанди нохалаф хоҳем буд.
Албатта, дар эҷодиёти шоирони намоёни мо, ҳатто
баъзе аз ҷавонҳо ҷустуҷӯйҳои ҷиддии ғоявию бадей да-
вом доранд. Дар шеъри онҳо чи ҳиссиётпарварии ҳик-
матомез ва чи тасвиркории нозукро дидан мумкин аст.
Ҳам дар лирика; ва ҳам дар достон асарҳое ба вуҷуд
омадаанд, ки сазовори гуфтугӯи ҷиддӣ мебошанд. Am-
mo шеърҳое ҳам бисёранд, ки! дар бораи онҳо чизе гуф-
тан душвор аст, аз онҳо масъалаи ҷиддие баровардан,
151
дар асоси онҳо дар сари ягон масъалаи чамъиятиву
•сиёсп ё маънавиву ахлокй андвша рондан имкон надо-
р'ад. Онҳо шеърҳои умумӣ, шеърҳой урёнанд, ки фикру
ҳиссеро ба ҷунбиш намеоранд.
'Шеър маҳсули ҳавову ҳавас наметавонад буд, бал-
ки зодаи ҳиссиёти баланд ва хаёлоти рангин аст, юи
аз маърифати пуршиддати олами ҳастии маънавиқ ин-
сон ва сарнавишти ҷаҳон ба ҳосил меояд.
Савол. Агар воқеъбин бошем, рӯйрост бояд гуфт,
к и вазъи танқид дар журнали «Садои Шарк» (ва на
факат ин нашрия!) чандо^ хуб нест. Баъзе проблема-
ми асосии адабиёти имрӯз ҳанӯз мӯҳтоҷи таҳқиқи ҷид-
дист. Мақолаҳои танқидй дар охири маҷалла бо ҳарфи
хурд чо,п мешаванд. Ин ҳолат дар байни хонандагон
андешаҳои гуногуне ба миён меорад. Гурӯҳе ба хусу-
сияти оммавй надоштани танқид ишора кунанд, баъзе-
хо худи мунаққидонро гунаҳкор медонанд. Ҳатто му-
наққидонро гоҳ ба нафаҳмидани ҳодисаҳои чараёни
адабй айбдор мекунанд. Оё дар ин фикрҳо ҳақиқате
ҳаст?
Ҷавоб. Дуруст аст, ки танкиди адабии точик кам-
будихои бисёре дорад. Дар ин бора дар сессияи чору-
ми Совета координацияи танқиди адабию бадеии АФ
РСС Тоҷикистон, ки ба наздикӣ баргузор шуд, ҳама-
ҷониба сухан рафт. Умедворем, ки ин мушовира ба ин-
кишофй ;минбаъдаи танқид нақше хоҳад гузошт. Лекин,
имони камина комил аст, қй ҳоло норасоиҳои танкид
аз норасоиҳои ягон жанри дигари адабиёт’ зиёдтар нест.
Ҳоло наметавонем гуем, ки савияи танқид аз савияи
умумии адабиёт пасттар аст. Ба фикри май, дар ша-
ропти имруза метавон гуфт, ки савияи илмию назарии
танқид ба савияи ғоявию бадеии адабиёт баробарӣ до-
рад. Акнун шароите фароҳам омадааст, ки пешрафти
танқид ба пешрафти адабиёт сахт алоқаманд аст. Ада-
биёт дар пешрафти .муттасили худ ҳар чй бештар му-
ваффақият ба даст орад, афкори танқидӣ низ ба ҳамон
дараҷа ба ҷавлон хоҳад омад.
Дар панҷ соли охир бисту се китоби мунаққидону
адабиётшиносон аз чоп баромад. Пештар ягон бор дар
чунин муддат ин миқдор асари танқид ҷоп нашуда буд.
Ин холат гувоҳӣ медиҳад, ки танқид нисбатан хеле
фаъол шудааст. Аз афзоиши фаъолиятгарии танқид
ҳамин чиз ҳам гувоҳ аст, ки дар| арафаи Анҷумани
XXVII-и КПСС ва анҷумани навбатии нависандагон
152
дар «Садои Шарқ» ва «Адабиёт ва санъат» чандин ма-
қолап проблема чоп шуд. Дар ин мақолаҳо инкишофи
адабиёти тоҷикии солҳои ҳаштод аз чанд ҷиҳат муваф-
фақиятомез ҷамъбаст; гардид.
Солҳои охир дар танқид чанд номи нав пайдо шуд,
ки Маъруф Раҷабов, Азии Аминов, Абдувалй Давронов
аз ҳамин ҷумлаанд. Мо аз онҳо умедҳои калон дорем.
Яке аз камбудиҳои танқид он аст, щ фаврияти он
ҳанӯз ба дарачаи кофӣ* нест: масъалаҳои муҳимми ада-
биёт, ҳусну кубҳи асарҳои нави он аз тарафи танқид
сари вақт ва бо фаврияткорй барраси намешаванд.
Моҳияти рӯйдодҳоеро, ки аз> процесси ҷорӣ cap меза-
нанд, зуд ва хусусан ҳамаҷониба муайян кардан душ-
вор аст. Ин кор фурсат металабад ва ҷидду ҷаҳди даст-
ҷамъиро мехоҳад. Муҳимтарин ҳодисаҳои нави процес-
си адабиро бо кӯшиши дастҷамъи ва) кам-кам, бо му-
рури замон муайян кардан мумкин аст. Якбора хама
чизро фаҳмидан ва гуфтан имкон надорад. Аз ҳамин
сабаб, чи хонандагон ва чи нависандагон ҳамеша аз
танқид кам ё беш гиламанд мемонанд.| Гилаи онҳо аз
ин ҷиҳат ҳаққонист. Танқидгарон бояд ҳамеша дар паи
он бошанд, ки гапп даркориро дар вақташ гӯянд. Фик-
ри аҳли танқид бояд ҳамеша сафйрбар бошад, доимо
бо шиддат крр кунад, то ки мохияти ҳодисаҳои нави
адабиро ҳар чй зудтар ва мукаммалтар падид овардан
мумкин шавад. Аз эҳтимол дур нест, ки ҳангоми кори
фаврй ва таъҷилн моҳияти баъзе ҳодисаҳо дуруст фаҳ-
мида нашавад, нодуруст ё рӯякӣ эзоҳ ёбад. Лекин
агар фикри ҳама мунаққидон баробар ва фаъолона ҳа-
меша дар амал бошад, ин фаҳмиши нодуруст ё руяки
ба кӯшиши умум, бо баҳсу мунозираҳо ислоҳ хоҳад
шуд. Афсӯс ки ҳамин фаъолиятмандии ҳамешагӣ ва
ҳамагонӣ дар танкид даст надода истодааст. Танқидга-
рон на фақат бо.танқид, балки ҳар кадоме бо чандин
кори дигар овораанд ва имкон надоранд, ки доимо дар
майдони танкид ҳозир бсшанд.! Моҳиятан мо мунаққи-
ди касбӣ, касоне, щ фақат бо танқид машғул бошанд,
кам дорем.
Қисман, аз ҳамин сабаб аст, ки гоҳ барои нағз фикр
кардани шакли маколаи танқидй имкон кам мемонад:
мақола гоҳ аз ҳад зиёд шакли илмй мегирад ва хусу-
сияти оммавии худро аз даст медиҳад. Ин, албатта,
камбудии ҷиддист. Илова ба ин, азбаски мақолаи тан-
қидй дар охири журнал бо хурдтарин ҳарфҳо чоп ме-
153
шавад ва онро бо пурбин хондам лозим меояд, таби-
иет, ки гоҳ мутолиаи мақолаи танқидй басо душвор
аст. Ьисере аз хонандагон ба ин азоб тоб меоранд ва
а ҳар ҳол, асарҳои танқидро мутолиа 'менамоянд Ле-
нин мо бояд аз бардошти хонандагоц суиистифода на-
кунем._ Ьа назар гирифтани манфиати оммаи хонанда-
гон, кушиши ҷиддй дар роҳи равшану возеҳ, ба шакли
публицистки сабук ва шавқангез баён К|ардани мурак-
каотарин масъалаҳо низ ба қатори вазифаҳои якуМда-
раҷаи ҳар мунаққид медарояд. Дар айни ҳол, хонанда
хам оояд савияи мадани ва илмии худро мунтазаман
баландтар кунад ва ба фаҳмидани баъзе масъалаҳои
мураккаб, ки хоҳу нохоҳ баёни илмии сахттар) ва таъ-
бирҳои печидатарро тақозо доранд, тайёр шавад.
Дар ин бобат мо аз нависандагон ҳам гила дорем.
Ьаъзеи онхо ба дарки баъзе масъалаҳои илмии ҷиддй,
ки ба муносибати як асарй нави бадей ё ягон ҷиҳати
процесси адаби пеш гузошта мешаванд, тайёр настанд.
оа ҳол он ки танқид ҳам илм аст, як шохаи адабиёт-
шиносист. Нависанда бояд ба фаҳмидани забони тан-
қид тайер бошад, 1матлаби; мунаққидро дуруст на бо
каҷфаҳми е фаҳмиши тахминй ба мулоҳиза гирифта
тавонад. Вагарна муомилаи байнц нависанда ва му-
наққид, к(и бе ин ҳам гоҳ хеле тезу тунд аст, ба душ-
вориҳо дуҷор хоҳад омад. Таъсири танқид ба процесси
адаби ва дарки иҷтимоиву фалсафии воқеият он гох
пурсамар хоҳад буд, ки аз як сӯ, бунёди илмиву наза-
ри ва таҳлиливу объективии танқид пайваста устувоо
гардида, имконияти танқид болотар( равад, аз суй ди-
гар, қобилияти танқидфаҳми ва маданияти танқидбар-
Дории нависандагон низ доимо афзоиш ёбад.
шл,7е’ бисёре аз проблемаҳои процесси ҷории адабй
игарони баррасии танқидй мебошад. Аз ин ҷиҳат тан-
^1а3д а,Дабиет> мУнакк'Идон аз нависандагон қарздо-
ранд. Азбаски процесси зиндаи адаби ҳамеша дар до-
ли тагиирпазири ва пешрафт аст, хавфе пеш меояд, ки
^ем М/"аққидон’ ҳеҷ Г°Ҳ ин карзи худро канда натаво-
нем Гоҳ ҳатто чунин вонамуд мешавад, ки цоиз аст аз
,ик1арЗД°РИ хУРсанд бошем. Дигаргуниҳои муҳимми
адаб-иет босуръат рӯй дода, масъалаҳои
мураккаби назари яке аз паси дигар пеш омадан ги-
?ямД’г--НлИА б3 ИН сУРъат Расидагй карда натавонад
ml; и б°Ке нест- 33 пешрафти адабиёт хурсанд бояд
шуд. Инро мо, албатта, барон тасаллои дил мегӯем.
154
Ammo вақеият иҷозат намедиҳад,, ки худро тасаллӣ ди-
ҳем. Воқеият тақозо дорад, ки танқид лахзае аз про-
цессы адабӣ қафо намонад ва ҳар чӣ зудтар ҳама қарз-
ҳояшро адо кунад.
Як вазифаи муҳимми танқид ҳоло шояд ин бошад,
ки ҳар чӣ бештар мазмуни фалсафй гирифтани тадқи-
қи ичтимоиву психологии адабиётро ҳамаҷониба омӯ-
зад, доираи масъалаҳоеро, ки ба ин муносибат, аҳа-
мияти чудогона пайдо кардаанд, муайян намояд ва ба-
рон ҳалли амалии онҳо ёрй диҳад. Аз ин равняй ада-
биёт дар оянда натиҷаҳои ҷиддии эҷодй умед кардан
мумкин аст ва аз ин рӯ, бояд дар маркази диққати
танқид қарор гирад.
Адабиёт аз олитарин цадидаҳои ақлу заковат ва
дили шоиронаи халқ, таҷассуми виҷдони вай мебошад.
Ақлу заковати халқи мо ва дили шоиронаи ӯ маҳсули
тараққиёти ичтимоиву маънавии чандин аср аст, бо
мурури замон нумӯ карда ва такмил ёфта, маънои олии
моҳияти даврони моро ифода мекунад. Адабиёт факат
аз тасвири манзараҳои алоҳидаи зиндагӣ, ҳатто пано-
рамаи вусъатноки он иборат нест, балки бояд моҳияти
аслии замой, мазмуни амиқи иҷтимоиву фалсафии онро
ифода намояд. Танқид бояд аз ҳамин бинишгоҳ ада-
биётро ба таҳқцқ гирад. Ба лавҳаю манзараҳое, ки
ҳаққонняти зоҳирӣ доранд, ба зоҳири лавҳаю манза-
раҳо, ки монанд ба ҳақиқат ҳастанд, фирефта набояд
шуд. Мо аз адабиёт бояд фикри амиқ ва ҳиссиётн ба-
ланд, умдатарин ҳикмати ҳаёт ва маънои аслии сарна-
,вишти ҳамзамонони худро ҷӯем ва талаб кунем. Танҳо
торафт баланд бурдани меъёрҳои ғоявию эстетикии
танқид, пайваста корбаст овардани меъёри халқият ба
амиқ рафтани тадқиқи бадеии иҷтимоиву фалсафӣ му-
соидат хоҳад кард.
В. Г. Белинский дар мақолаи «Сухан аз танқид»
гуфта буд: «Танқид инуури фалсафй, аммо санъат шу-
ури бевосита аст». Вазифаи танқид фақат дар чорчӯ-
би танги шарҳу эзоҳи оддии асарҳои бадей маҳдуд
нест. Танқид як чузъи бозҷустҳои ичтимоиву фалсафй
ва маънавиву ахлоқии ҷамъият аст. Танҳо дар сурате
ки ба танқид бо чунин назари ҷиддиятомез менигарем,
аз он дар пешрафти ҷамъият ва адабиёту санъат чизе
умед кардан мумкин аст.
Савол. Журнали «Садои Шарқ»-ро оинаи адабиёти
тоҷик мегуянд. Вай бояд вазъи адабиётро инъикос кар-
155
да, аз ягон ҷиҳат ба зиндагии мардум! кӯмак кунад,
муҳимтарин масъалаҳои замонро инъикос намояд. Дар
ин ҷабҳа оё таҷрибаи устод Айнӣ, Лоҳуггӣ ва Турсун-
зода қобили омӯзиш нест?
Ҷавоб. Дар ин ки «Садои Шарк» оинаи адабиёти
тодикист, касе; шубҳа надорад. Ҳар чизи муҳим, ки дар
адабиёти тоҷикӣ пайдо мешавад, аввало асосан ба во-
ситаи ин маҷалла ба, дастраси хонанда қарор мегирад.
Ин яке аз сабабҳоест, ки эътибори «Садои Шарқ»-ро
дар назари аҳли адаб ва хонандагон баланд кардааст.
Он ҳам муҳим аст, ки «Садои Шарқ» барои беҳтар шу-
дани сифати, асарҳои нави нависандагон мубориза ме-
барад, пеш аз чопи асар муҳокима ташкил намуда ва
бо муаллиф кор карда, хусусан ба муаллифони чавон
ёрӣ дода, метавон гуфт, ки гоҳ роли як мацтаби ада-
биро иҷро мекунад. Бо вучуди он ки ин вазифа на ҳа-
меша ба дараҷае ки бояд ва шояд, ичро мегардад,
«Садои Шарқ» дар'пешрафти адабиёт, дар баландтар
тудани савияи ғоявию бадеии асарҳои нав ҳиссаи му-
Ҳим дорад. Бешубҳа, «Садои Шарк»: дар ин ҷабҳа пай-
рави анъанаҳоест, ки аз устод Айнй ва устод Лоҳутӣ
cap шуда, ба фаъолияти М. Турсунзода инкишоф ёф-
та буд.
Ин ҳам сазовори таъкиди) ^laxcyc аст, ки чанд на;ш-
рияи мо дар масъалаи тозагии забони адабй диққати
махсус медиҳанд. Инҳо асосан моҳномаи «Садои Шарк»,
ҳафтаномаи «Адабиёт ва еанъат», рӯзномаи «Газетаи
муаллимон» мебошанд ва дар ин миён, хизмати маҷал-
лаи «Садои Шарк» бояд алохида кайд шавад. Мехоҳем,
ки ин нашрияҳо дар ин роҳ сахтгирй ва диққаткориро
зиёдтар кунанд, бештар собитқадам бошанд. Дар ин
кор ҳам ба анъанаҳои бузургони мо, ки устод Айнй ва
устод Лоҳутӣ, инчунин Пайрав, А. Деҳотӣ, Толис ва
дигарон давом додаанд, садокати комил лозим аст.
Забони, адабии тоҷикӣ дар роҳи инкишофи худ аз «Са-
дои Шарк» бисёр умедвориҳо дорад.
Солҳои охир «Садои Шарк» маколаву очеркҳои
проблемй бисёртар чоп мекунад, ва масъалаҳои ҳалта-
лаби тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии республика, масъ-
алаҳои саноату сохтмон, хоҷагии қишлоқ, экология
в а ғайраро ба миён мегузорад. Пеш гузоштани чунин
масъалаҳо барои марҳилаи ҳозираи инкишофи иҷти-
моиву иқтисодии мамлакати мо аҳамияти махсус до-
рад. Маҷалла бо чунин мақолаву очеркҳо ба ҳалли
156
масъалаҳои душвор ва бартараф кардани камбудиҳо
ёрй мерасонад; Вале чунин мақолаву очеркҳо чоп кар-
дан кам аст. Барои амали шудани таклифҳо, ҷомаи
амал пӯшидани андешаҳо .мубориза бурдан зарур аст,
лозим аст, ки материала мақолаву очеркҳои проблеми
ва андешаи мутахасеисон аз тарафи органҳои дахлдор
дар кори амалӣ, дар тартиб додани нақшаҳо ва исло-
ҳи саҳву камбудиҳо ба назар шрифта шавад. Идораи
журнал ба назар шрифта шудан ва дар органҳои дахл-
дор баррасй гардидани онҳоро талаб намояд, нагузо-
рад, ки андешаҳо, пцшниҳоду таюлифҳояш; беҷавоб мо-
нанд. Агар чунин исроркорӣ накунем, дар бисёр мав-
ридҳо аз чоп шудани мақолаву очеркҳои проблеми фои-
дае нахоҳад омад.
Дар газетаву журналҳои мо мақолаҳои публицис-
тие, ки аз гапҳои умумӣ ва фикрҳои маълум иборатанд,
бисёр чоп мешаванд. Аксаран суханронии нависандагон
аз радиову телевизион низ. умумӣ ва берангу бетаъсир
аст. Ин камбудии ҷиддист, ки боиси шаст шудани қадри
сухан мегардад. Мубориза дар роҳи афзоиши ҷиддияти
публицистика, дар роҳи ривоҷу равнақи публицистикаи
хирадмандона, фалсафимазмун ва образнок аз муҳимта-
рин вазифаҳост. «Садои Шарк» дар иҷрои ин вазифа ҳам
бояд дар сафи пеш кадам занад.
Аз чӣ сабаб бошад, ки дар «Садои Шарқ» дар бораи
ахлоқу одоб, ҳусни муошираву муомила мақола чсш на-
мешавад. Масъалаи ахлоқ, хусусан ахлоқи ҷавонон ҳоло
ба, ғоят аҳамият пайдо кардааст. Муборизаи зидди бад-
хулқию беодобӣ, зидди бемаънавиятӣ ҳамеша вазифаи
муқаддаси адабиёт ва нашрияҳои адабй буд ва минбаъд
бояд бештар ривоҷ ёбад. Мақолаҳое, ки дар онҳо бунёди
маънавию фалсафии ҳастии инсон, масъалаҳои асосии
ахлоқи коммуниста, акидаҳои бузургони гузаштаву
ҳозира, нависандагону олимони барҷастаи халқҳову за-
•монҳои гуногун аз назар гузаронида шуда бошад, дар
ҳамаи нашрияҳо, хусусан дар «Садои Шарқ бояд беш-
тар чоп шаванд. Чунин мақолаҳо ҳам барои аз тара-
фи мардуми мо амиқан дарю шудани моҳияти мавҷу-
дияти инсон кӯмак хоҳанд кард.
1986
157
ҚУВВАИ ҶАМЪИЯТИИ АДА БИНТ
Баъзе нависандагону мунаққидон чи дар мамлака*
ти мо ва чи дар хориҷ кайҳо боз ақидае изҳор меку-
нанд, ки адабиёт дар пеши масъалаҳои тезу тунди ич-
тимоиву иқтисодй ва маънавию ахлоқие к|и дар ҷамъ-
ияти ҳозира нав-нав пайдо шудан мегиранд, оҷиз.
аст, ин масъалаҳоро бо ҷиддияти тамом ба андеша1 ти-
рад ҳам, барои дар ҷамъият ҳал шудани онҳо ёрман-
ди карда наметавонад, ҳаётро дигар кардан, воқеият-
ро тағйир додан аз дасти адабиёт намеояд. Онҳо вақт-
ҳои охир ба далели ин фикр мегӯянд, ки, масалан, дар
адабкёти русӣ солҳои шасту ҳафтод «насри деҳот» хе-
ле тараққи карда, аз қабили Василий Белов, Виктор
Астафьев, Василий Шукшин, Валентин Распутин Фё-
дор Абрамов нависандаҳои барчастае дод ва ин нави-
сандагон муҳимтарин масъалаҳои деҳро хеле тунду
тез ба _миён гузоштанд, вале аҳволи деҳа бех нашуд.
Яъне гуё адабиёт аз кувваи ҷамъиятй маҳрум аст, дар
ислоҳи корҳои чамъият аз адабиёт чнзе ухмед кардан
чоиз нест.
Дар назари аввал ин фикр гоҳ дуруст менамояд.
Ба «дурусти»-и он гӯё ҳамин ҳам гувоҳӣ медиҳад, kjii
адабиёти ҳикматшиносу пандомӯзи форсиву тоҷикй аз
Давраи Рудакӣ то имрӯз бо кӯшиши бузургони бнсёре
барои ислоҳи ахлоқу одоби мардум чаҳду ҷадал кард,
амм° хислатҳои бади инсон ҳанӯз нест нашудааст,
бадкирдориву беинсофй, ҳаромкориву ҳаромхӯрӣ, но-
тавонбиниву ҳасад, мансабдӯстиву фармонфармой ва
таира ҳануз давом дорад. Дар ҳакиқат, асарҳои Ибни
Синоро, ки ба муноснбати ҳазораи ӯ чоп шуданд ва
чоп туда истодаанд, як аз назар гузаронем, мебинем
к и Ba!I Қариб ҳазор сол пеш аз ин биеёр нуқсонҳои
сиришти инсонро гуфтааст ва роҳи ислоҳи онҳоро' ни-
шон додааст, аммо ҳамаи он нуқсонҳоро имрӯз ҳам
дар ҲаР қадам аз мардуми атрофи худ мушоҳида ме-
кунем. Чунин асарҳоро мехонему гоҳ ба андеша мера-
вем, ки алҳақ, зоти инсон тағирнопазир аст ва сифат-
ҳои бади он ҳаргиз барҳам нахоҳад ҳӯрд.
Оре, гуногунии табиатц инсон, ҳар чӣ неку бад, ки
дар сиришти одамизод ҳаст, муборизаи некиву бадй,
ки оо пайдоиши башарият, cap шуда буд, имрӯз ҳам-
чунон боқист ва минбаъд ҳам давом хоҳад кард. Вале
ин ҳақиқатро ба он маънӣ набояд фаҳмид, к/и гӯё фик-
158
ри ҷӯяндаи инсон, ҷаҳду ҷадали мутафаккирон, суха-
ни олии адибон, ҳама инкишофи илми ахлоқ ва ада-
биёту санъат фоидаи амалӣ надорад ё натиҷаи ночи-
зе медиҳад, аз устувор кардани некӣ ва гирифтаНи пе-
ши бадй оҷиз аст, аз дасташ коре намеояд. Не, ҳар-
гиз чунин нест. Адабиёти классикии форсиву тоҷикӣ
дар тӯли асрҳо барои ташаккули маънавияти мардум,
барои муайян шудани сифатҳои баланди ахлоқи насл-
ҳои наврас роли бузурге бозидааст ва дар замони мо
низ чунин роли он кам нашудааст. Албатта, гапи нага
ба гӯши ҳар кас намедарояд, вале ҳамеша касоне ҳас-
танд, ки сухани оқилонаи наҷобатафзо дар замини
дили онҳо тухми некй мекорад.
Халки мо асрҳо боз «тафащури китобй» дошт, су-
хани навишта, «гапи китобй» дар назари мардуми бе-
савод хам эътибори баланд пайдо карда буд. Китоб
ҳикмати асрҳоро дар бар гирифта, дар ҷамъият чун
кувваи фаъоле амал мекард ва пояҳои ҳастии маъна-
вии халқро устувор менамуд, мардумро зиндагй мео-
мӯхт, ба сӯи некиву одамият раҳнамун 1мегардид. Даст-
нависҳои форсй, ки дар тӯлц асрҳои миёна ба вучуд
омадаанд, имрӯз дар бузургтарин ганҷинаҳои дунё аз
Тошканд то Лондон сершумортарин шӯъбаҳоро таш-
кил медиҳанд: талабгори китоб бисёр буд, бинобар ин
китоб бисёр навишта. мешуд.
Таъсири сухани бадей, амали сухани нависанДаи
дилшиноси нозукбин ҳадду андоза надорад. Дар бораи
ин ки романи Н. Островский «Обу тоб? ёфтани пӯлод»
ё асарҳои Ҷек Лондон барои тарбияи ҷавонони қави-
ирода чй роле бозидааст, фактҳои аҷибе мавҷуданд.
Роли насри устод Айнй дар ташаккули х'удшиносии
идтимойву таърихии точикон, роли шеъри устод Лоҳу-
тй дар тараққии шуури ҷамъиятии онҳо низ ба хама
маълум аст.
«Насри деҳот»-и адабиёти советии сермиллати сол-
ҳои шасту ҳафтод низ қувваи азими ҷамъиятиро доро
буда, барои фаҳмидани моҳияти иҷтимоиву психологии
процесҳое, щ дар ҷамъият ҷараён ёфтанд, барои ҷалб
кардани диққати аҳли ҷамъият ба ҷиҳатҳои иқтисодӣ,
хусусан ҷиҳатҳои маънавию ахлоқии он процесҳо ба-
ғоят аҳамияти калон дошт ва имрӯз ҳам' фаъолона роль
бозида истодааст. Ин шохаи адабиёт ҳатто яке аз
омилҳое буд, ки барои қарори партия ва хукумат дар
159
бораи инкишофи вилоятҳои марказию шимолии Рос-
сия замина тайёр карданд.
Анҷумани XXVI 1-и КПСС роли афкори ҷамъиятиро
дар ҳалли масъалаҳои умдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хал-
ку мамлакат бениҳоят баланд бардошт. Партия вази-
фа гузоштааст, ки дар ҳамаи соҳаҳои зиндагй роҳу ра-
вищи нав пеш гирифта, тартибу низом ҷорй карда ва
адолати иҷтимоиро устувор намуда, суръати инкишо-
фи иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро афзудан лозим
аст. Партия аз мо ҳақгӯию ошкорбаёнӣ, чораҷуиву
корсозй талаб мекунад, то ки ҳамаи қувваҳои модди-
ву маънавй ба иҷрои вазифаҳои нав сафарбар шавад.*
Дар ин шароит кувваи ҷамъиятии адабиёт, таъсири
амалии сухани буррои адибон я«е бар чанд меафзояд.
Қувваи ҷамъиятии асари бадей, пеш аз ҳама, дар
симои қаҳрамони фаъол ифода меёбад. Қаҳрамони фаъ-
оли мубориз, ки талаби замонро амиқ дарк намуда,
дар роҳи пешбурди ҷамъият фидокорона ҷаҳду ҷадал
мекунад ва дар ҳалли амалии масъалаҳои ҳастии инсон
намунаи ибрат шуда метавонад, чунин иқтидори эмоци-
оналӣ хоҳад дошт, ки қувва ба қувваи хонанда зам карда,
ӯро дар ҳаракат, дар фаъолият ва талошҳо илҳом бахшад
Ҳоло адабиёти тоҷикй бештар аз пештар ба чунин каҳ-
рамони ҳамзамон эҳтиёҷ дорад, ки сафарбарии ҷисмо-
ниву маънавй, қатъияту часорат ва фаъолиятгарии иҷ-
тимоии ӯ бо қувваи азими бадей ифода шуда бошад.
Ин қаҳрамон қаҳрамони наве бояд бошад, ки хислат-
ҳои ӯро шароити тозаи имрӯза, шароити дигарсозию
суръатафзой муайян кардааст ва тасвири вай ба чусту-
ҷӯҳои эстетикии навҷӯёна асос ёфтааст.
Дар Маърӯзаи сиёсии КМ КПСС барои Анҷумани
XXVII гуфта шудааст: «Вақте ки зарурати ҷамъиятии
дарки замон ва алалхусус даврони дигарсозиҳо ба миён
меояд, замон ҳамеша одамонеро ба майдон меорад, ки
ин барояшон эҳтиёҷоти ботинӣ гардидааст. Мо ҳоло дар
чунин замоне зиндагй мекунем».
Чунин шахсон қаҳрамони даврони мо хоҳанд буд
ва аз ҳаёт ба адабиёт хоҳанд омад.! Аз аввал бо чашми
борикбин ба мушоҳида гирифтани тавлиди чунин каҳра-
мон, чигунагии фаъолияти амалӣ ва олами ботинии ӯ,
ҳама ҳастии иҷтимоиву маънавди вай ба нависанда
имкон хоҳад дод, ки ҷустуҷӯҳои эстетикиро мувофиқи
замони мо навангезона амиқ барад. Ҳар нависанда, ки
дар ин мушоҳидакорӣ ва ҷустучӯҳои эстетики ба комё-
160
бии ҳақиқй ноил мегардад, ба куваи таъсири чамъия-
ТИИ адабиёти тоҷикӣ кувваи нав илова хоҳад кард,
шояд тамоми адабиётро як қадам пеш хоҳад бури.
Шубҳае нест, ки даврони беҳсозиву навсозиҳои иҷ-
тимоиву иқтисодии ҷамъият барои адабиет хам давро-
ни шиддатафзоии чустуҷӯҳои ғоявию эстетики хоҳад
гардид. Албатта, ин ҷищду чаҳди эчоди зуд натиҷа на-
медихад. Лекин барои ин ки фардо ё пасфардо натиҷаи
чашмгиреба дастояд, лозим аст, ки нависанда аз ҳоло
ботинан тайёрӣ cap кунад, аз хама пеш назари худ ва
психологияи худро мувофиқи рафти замон дигар созад,
барои фаҳмидани психологияи қахрамони замон таи-
ёр бошад, то ки ҷузъиёту тафсилоти ташаккули шахси-
яти ӯро бо бинишу фаҳмиши амик, ҳар чи мукаммал-
тару конкреттар ба чашмандоз орад.
Солҳои ҳафтоду ҳаштод дар насри ҳозирамавзуи
тоҷикӣ диққати нависандагонро қаҳрамоне бештар оа
худ ҷалб кард, ки фикран хеле фаъол, аммо амалан
камфаъолият ё нофаъол аст. Танқид ин хусусияти қахра-
мон—дар амал камфаъолият ё нофаъол будани уро ба
назар гирифта, гоҳ ақидае изҳор карда буд, ки назари
гражданин нависанда дар чунин асарҳо нофаъол аст,
нависанда нисбат ба рӯйдадҳои вокеияти ичтимои ва
масъалаҳои муҳими он фаъолона мавқеъ ишғол накарда-
аст, фаъолиятмандии иҷтимоӣ надорад. Чунончи дар
бораи повести Саттор Турсун «Зиндаги дар домани тал-
ҳои сурх» («Мегӯянд, ки модарам...») гуфта шуда буд:
«Қаҳрамони ин повесть фақат бо андешапарвари ва
шикоятҳои ғамангезе аз қаллобони соҳаи санъат маҳдуд
аст» ва «нависанда каҳрамонро бо муҳити кӯҳнапараст-
он ба задухӯрд наовар(дааст ва бефаъолиятии уро маҳ-
кум накардааст». Гоҳ дар ҳаққи повестьҳои Урун Куҳзод
низ чунин эродҳо ба гӯш мерасанд.
Ба фаҳми мо, ба чунин эродҳо розй шудан мумкин
нест. Ҳангоме ки чунин эрод мегирем, танҳо камфаъо-
лиятии зоҳириро мебинем, фақат ба зоҳир эътибор меди-
ҳем, аммо кувваи ботинй, кувваи фаъолиятмандии фик-
рии қаҳрамонро аз эътибор сокит мекунем. Ва ҳол он
ки гох кувваи фикр аз кувваи амал бештар аст ва беш-
тар аҳамият дора!д. Агар қаҳрамон бо кувваи фикри
ҷӯянда ва ҳиссиёти баланд баъзе паҳлуҳои ҳақикати
хаётро пеши чашми мо намудор созад ва ба ин восита,
барои дарки моҳияти муҳимтарин масъалаҳои зиндаги
замина ҳозир намояд, инро нишонаи фаъолияттарии
161
11—277
гражданин у бонд донист ва назари нависавдаро наза-
ри фаъол бонд ба шумор овард. Қаҳрамон зоҳиран но-
фаъол бошад ҳам, мумкин аст, ни мавқеи иҷтимоии
нависанда хеле ва хеле мавқеи фаъолона бошад Саттор
1урсун дар «Мегӯянд, ки модарам...», Урун Кӯҳзод дар
«лини Хумор», «Писанддара» ва «Ҳам кӯҳи баланд, ҳам
шаҳри азим» масъалаҳои муҳимми зиндагиро хеле тун-
*ЦУ тез ба миён гузоштаанд, андешапарварӣ ва эътиқоди
устувор, эҳтиросот, ҳиссу ҳаяҷони баланд дар ин асар-
тӣ дорВдЗИ ^аЪ0ЛИ иҷтимоист. таъсири пурзӯри ҷамъия-
Бояд фаромӯш накунем, ки гоҳ ин қувваи фикр на-
тиҷаҳои амали ҳам дорад. Маҳз андешаҳои пуршидда-
ти Исфандиер ва Вера дар повести «Кини Хумор»
{«Андешаҳои танҳои») чашми Хумори нофаъол ва тан
оа такдир додаро кушоданд, ӯро ба он водоштанд, ки
дар зиндаги қадами қатъи пеш гузорад. Яъне фикри
фаъол чун қувваи пуртаъсире ба амали фаъолона гу-
зашт, амали фаъолона ба миён овард. Пас, чй тавр ме-
тавонем гуем, ки назари нависанда аз фаъолиятгарй
дур аст? ' ғ
Табиби ҷавон Даврон дар повести Баҳром Фирӯз
«юру пуд» бо мардуми бадкирдор мубориза cap кард
вале ин мардум чунон пурзур баромаданд ва забои як
карда, аз як гиребон cap бароварданд, ки муборизаи Дав-
рон натиҷае наовард, баръакс, ӯ худ аз по афтод, бис-
ари шуд. Ин чо ҳам аз муборизаву талоши ошкоро
оҷиз омадани қаҳрамон аломати сустии мавқеи иҷтимоии
нависанда нест. Бадкирдорон зӯровар ва таҷовузкоранд.
Хусусан агар лаҷоми онҳоро сует гузошта бошем, вазъ-
ияте ба миён меояд, ки қаҳрамони повести Валентин
Распутин «Сӯхтор» онро чунин эзоҳ додааст: «Некий
софдилона ба сустиву нотавонй табдил ёфту бадй кув-
ват гирифт». Оре бадиву бадкирдории таҷовузкор кув-
ат гирифтааст. Ин ҳам ҳақиқати зиндагист, ки бояд
дар адабиет инъикос меёфт ва инъикос ёфта истодааст.
Шояд маҳз ба ҳукми ҳамин ҳақиқат каҳрамони баъзе
асарҳо гоҳ ба задухӯрди ошкоро қадам намегузорад
ва 33 ин сабаб, охируламр ба лаби партгоҳи маънавӣ
мерасад. Ба қаҳрамони повести Ф.Муҳаммадиев «Вар-
та» ҳамин ҳолат руй дод. Инчунин маҳз аз ҳамин сабаб
ооад бошад, ки дар адабиёт қаҳрамони дуҷанба қаҳра-
моне, ки ӯро зиддиятҳои ботинӣ ба гирдоби худ гириф-
таанд ва у аз он наҷот ёфта наметавонад, пайдо шуд.
165
Дадочон дар романи Ҷ.Икромӣ «Зоғҳои бадмур» чу-
нин қаҳрамон аст.
Ҳеҷ яке аз ин асарҳо ва қаҳрамони онҳо хилофи
ҳақиқати ҳаёт нестанд. Ҳамаи онҳо падидаҳои т^ногуни
шароити мураккаб ва зиддиятҳои вокеи зиндагиро дар
худ акс додаанд. Дуруст аст, ки баъзан биниши иҷ-
тимоиву фалсафии нависандагон чандон амиқ нарафта-
аст, лекин ба ҳар ҳол, ҳақгӯии нависандагон, дар сари
зиддиятҳои вокеияти иҷтимои бо шиддат андеша ронда,
нисбат ба ҳодисаҳон манфӣ нафрат бедор кардани онҳо
гувоҳи он аст, ки мавқеи иҷтимоип фаъолона доранд.
Қатъи назар аз он ки фаъолияти қаҳрамон ба чи тарз-
ҳо зоҳир шудааст, чашми мардумро дар дидани ҳақи-
қат бинотар кардани нависанда айни фаъолиятмандии
иҷтимоист.
Дар Анҷумани УШ-и нависандагони СССР таъкид
шуд, ки асарҳои машҳури бисёре аз нависандагони мо,
хусусан Ф.Абрамов, Ч.Айтматов, В.Белов, В.Астафьев,
В.Распутин, С.Залыгин ва монанди инҳо аз чумлаи
омилҳое буданд, ки барон ба роҳи имрӯза, ба навсозии
иҷтимой ва дигаргуниҳои кулли даромадани чамъияти
советй замина тайёр кардаанд. Бояд гуем, ки баъзе
асарҳои нависандагони точик ҳам бо ошкор кардани
зиддиятҳо ва муҳокимаи тезу тунди масъалаҳои вокеия-
ти иҷтимоӣ моро ба дигаргуниҳои имруза аз ҷиҳати пси-
хологй то андозае омоца сохтанд. Хусусан қаҳрамони
андешапарвари насри тоҷикй дар ин роҳ чун кувваи
фаъоли ҷамъиятӣ амал намуд. Ин қаҳрамон дар оянда
ҳам барон ба чунбиш овардани фикр ва қувваҳои боти-
нии мардуми мо чун як омили фаъолиятафзо хизмат
хоҳад кард.
Ғайр аз ин, қаҳрамони мазкур бо андешаҳои эҳтиро-
сомези оид ба дардҳои ҷамъият то андозае ба паидо-
иши қаҳрамони фаъоли мубориз замина ҳозир намуда-
аст. Анчумани XXVII-и КПСС барои авч гирифтани фаъ-
олияти мардони фндокор, барои дар муборизаи зидди
кӯҳнапарастиву карахтй, зидди поймолкунандагони
принципҳои адолати иҷтимой галаба кардани онҳо беш
аз пеш шароит ба вучуд овард.* Вақте ки ин қаҳрамони
ҳаёт ба адабиёт меояд, ба гумони кавй, бисёр хис-
латҳои ҳамин қахрамони андешапарвари солҳои ҳафтод
ва ибтидои солҳои ҳаштод дар шахе у ҳам мавқеи муҳим
хоҳанд дошт. Ба ҳар ҳол, ин қаҳрамони нав шахсе хо-
163
Хад буд, ки на танхо амалан, балки инчунин фикран ва
ҳиссан фаъол аст. Дар айёми мо баром пурра ифода шу-
дани шахсияти инсони мубориз ва рӯҳи замон танҳо фаъ-
олияти амалии қаҳрамон басанда нест, балки мураккаби-
ҳои олами ботинии у низ бояд дар маркази диққат бо-
шад ва амиқрафти санъати рӯҳшиносии нависанда аз
шартҳои асоси хоҳад буд.
Фақат фаъолияти амалии шахсро дидан кам аст ва
моро ба сарманзили максуд намерасонад. Сергей Залы-
гин боре дар Таллин гуфта буд, ки Наполеон ҳам фаъоли-
ятмандии иҷтимоӣ дошт. Оре, мазмуни фаъолияти ин-
сонро дар асоси меъёрҳои олии маънавиву ахлоқӣ, дар
асоси арзишҳои ҷовиди башарӣ санҷидан лозим меояд.
Қаҳрамони даврон бо он ки фаъолияти амалй, ташвиш-
Ҳои муқаррари ва фикру зикри вай ба масъалаҳои бузур-
ги умумиинсонии ҳамаи замонҳо, ба масъалаҳои асосии
иҷтимоиву фалсафии ҳастии инсон вобастагии амиқ
дорад, моҳияти таърихии худро ифода менамояд. Ӯ дар
ин сурат ба қувваи ҷамъиятии маънавӣ табдил меёбад
ва пояҳои ҳастии маънавии мардуми имрӯзу фардопо
устувори мебахшад.
Дар давраи ^ҳозираи инкишофи чамъияти советӣ дао
даврони навсозӣ ва дигаргуниҳои калони иҷтимой масъ-
алаи каҳрамони фаъоли мубориз аҳамияти махсус
паидо кардааст ва чи дар чустуҷӯҳои ғоявию эстетикии
нависандагон, чи дар муҳокимарониҳои танқидй ҷойга-
хи зсоси бояд дошта бошад. Лекин ҳоло масъалаи қаҳра-
мони манфӣ ҳам беш аз пеш диққат мехоҳад. Дар айни
шиддати мубориза вазъияти ҳар ду тарафи майдони та-
лошро ба хуби донистан лозим аст. Мубс»ризони чар-
рорн пешсаф, ки барои талош камар мебанданд, на
танҳо бори гарони куҳнагиҳоро аз1 китфи худ боя1д андо-
занд, балки дар бораи қувваи воқеии он ҳама бадию
зишти, ки онро нест кардан даркор аст, тасаввури ду-
руст бояд дошта бошанд. Дар ин кор ҳам а;дабиёт ба
онҳо, ба ҷамъият бояд бо қувваи сухани бадей ёрӣ диҳад.
Анҷумани УШ-и нависандагони СССР ба масъалаи
каҳрамони манфй махсусан диққат ҷалб кард. Чунон-
нависандаи номдори мо Даниил Гранин гуфт:
«Адабиети ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти русӣ як силсила
қаҳрамонони бадкирдори ва айбу нуқсонро ба вуҷуд
овардааст: Растиньяк ва Смердяков, Иудушка Головлёв
ва Иго, Клим Самгин ва Тартюф. Хилофқаҳрамонони
164
(антигерои) мо дар пеши ин каҳрамонони буэург сует,
безарар ва аҳмақнамо мебошанд. Ва ход он ки мубори-
зае ки имрӯз вусъат меёбаа, ҳам ҳиссиет ва хам харак-
тер’ро пурзӯр кардааст. Бадию бадкирдори дар ин
мубориза нисбат ба он ки мо гумон доштем, хеле пур-
кувваттар, зарарноктар ва сершумортар баромад».
Аз ин рӯ, намудор кардани ҳама кувваи даҳшат-
омезп зиштию зиштхӯӣ аз муҳимтарин вазифаҳо дар
рохи устувор намудани пояҳои гуманистки „хастии ин-
сон ва тамоми чамъият мебошад. Аз адабиети хозира
тоҷикӣ танхо як образи барчастаи манфи-Мулло
Ҳокироҳи романи Ҷ.Икроми «Зоғҳои бадмур»-ро ном
бурдан мумкин асту бас. Давом додани ин тачриба,
амиқтар бурдани ҷустучӯҳои эҷоди барон «aP™ ҳама-
чонибаи даҳшату қабоҳатҳои ноодами, бадтинати, худ
бинивч хчдкомӣ ва ошкор кардани моҳияти ғаириинсо-
иию зиддиҷамъиятии онҳо кувваи таъсири адабиетро яке
бар чанд хоҳад афзуд.
Бо диққат ба мушоҳида гирифтани ҳар он чи хило-
фи моҳияти инсонии одамизод аства шахсияти инсон-
ро хароб мекунад, муборизаи зидди рӯидодҳои манфии
зиндагонии мо низ як навъи ҷаҳду ҷадали пурсамаре
Дар роҳи устувор намудани пояҳои одамият мебошад,
Аз ин чиҳат, хусусан повести В.Рпспутин «Сухтор» »а
романи В.Астафьев «Детективи ғамгин» ҷолиб аст.
Баъзе мунаққидон романи Виктор Астафьевро «муро-
чиат ба тамоми халқ, худтанқидии милли» номиданд.
Нависанда бо халқ ошкоро ва пурсӯз сухан кардан-
чашми халкро кушодан, вичдони халқро ба ҷунбиш
овардан мехоҳад, то ки худи халк чамъиятро аз РУИДВД-
ҳои нанговар тоза кунад. Адабиет вичдони халқ, вич-
дони чамъият аст. Нависавда чун ифодагари ҳамабини
вичдони чамъият бо сухани буррои ҳикматомез раги
ҳамияти халкро ба ҳаракат оварда, ф,или некхоҳу аД°ла^'
парвари ӯро ба софкории ахлок, ба даво кар(дани дард-
ҳои ичтимоӣ сафарбар менамояд.
Вақти он расидааст, ки адабиёт хдқиқатро ба ниҳоя-
ти даоача пурраву мукаммал намоён кунад. Мегуянд,
ки нимҳакикат аз дурӯғ бадтар аст. Мо. ҳаки^тР°’~
гуворост ё ногувор, талх аст е ширин—бояд пурраву
хамаҷониба донем, чунон ки дар Маърузаи сиесии Ан-
чумани ХХУП гуфта шуд, бо ҳама «драматизм ва бузур-
гиаш» дарк намоем. Намоёнтарин нависандагон ҳамеша
165
дар ин роҳ мекӯшиданд ва агар аз рӯи асарҳои ном-
бурдаи В.Распутин ва В.Астафьев, романи нави Ч Айт
матов «Таҳкунда» ҳукм кунем, адабиёт ҳоло бо ҷиддия-
ти бештаре ҳақҷӯӣ ва ошкоргӯӣ пеш гирифтааст, аз
ҷумла масъалаҳои асосии чамъиятро ба халқ равшану
гуё нишон додан мехоҳад, Инчунин мегӯянд, ки адабиёт
судья нест, адвокат аст. Ин ran бояд дуруст бошад.
Адабиёт ҳамеша дар роҳи ҳимояи инсон ҷадал дошт,
инсонро аз ҳар балову фалокат, аз офатҳои иҷтимоӣ
ва маънавию ахлоқи ҳимоя менамуд, ҳатто аз худи у,
аз нуфузи сифатҳои бади сиришташ муҳофизат мекард.
Иҷрои ин вазифа дар замони мо зарурати махсусе пай-
до кардааст. Ҳоло бештар аз ҳар вақт дар дили одами-
3°Д °Дамиятро бедор кардан ва бедор доштан даркор
аст. Маҳз бо ҳамин мақсад ноодамиро дар дили инсон
куштан лозим меояд. Зиёда аз ин, ноодамй, качдиливу
каҷфаҳми, курдилии иҷтимоиву маънавиро бо ҳама
нафратангезиҳояш, бо кувваи тамом нишон додан
зарур аст, ки одамият устувор шавад.
Камина аз ин ҷиҳат гоҳ аз асарҳои бадей ва акса-
ран аз баромадҳои публицистии нависандагони тоҷик
ноқонеъ мемонам. Такроран таъкид кардан мехоҳам,
ки суханронии нависандагон ҳангоми вохӯрӣ бо хонан-
дагон, баромади онҳо аз радиову телевизион, ҳатто баъзе
мақолаҳои онҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо аксаран аз
гапҳои умумии одди ва сабукбор иборат аст, сухани
пурмағзи ҳикматомез ва пандомӯз нест, ба мушоҳида-
ҳои ҷиддии ҳаётӣ асос наёфтааст, барои андеша, барои
кушода шудани роҳи фикри шунавандаю хонанда гизо
намедиҳад е бисёр кам медиҳад. Нависандагон зуд-зуд
аз телевизон. суханронй мекунанду аз чй сабаб бошад,
ки аз дахолати ҷидди ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимой
ва маънавияту ахлок; худдорй меварзанд, аз ин масъа-
лаҳо сар-сарй мегузаранд. Ин кори онҳоро худдорй
аз ичрои вазифаи асосии худ бояд шуморем. Ба фаҳми
ман, суханронии нависанда дар пеши халқ аз баъзе
чиҳатҳо бояд монанди ваъзҳои Саъдй бошад, чунон ки
аз «Гулистон»-у «Бустон» мебинем, магз то мағз ҳаё-
ти, саропо конкрет, хирадмандона, пурмазмун ва ҳикмлт-
омез бошад, панд омузад. Албатта, ҳар нависанда Саъ-
ди шуда наметавонад,_ вале аз паи ин муаллими бузур-
ги ахлок рафтан, аз ӯ санъати суханронй ва мантиқи
сухан касб кардан, лоақал дар ин роҳ кӯшидан имрӯз
166
вазифаи ҳар адиб аст. Ин вазифа имруз, ба қавли
устод Айнӣ, «фармудаи таърих» аст, ки бояд иҷро ку-
нем. Мардуми мо чандин аср пеш бовар ҳосил карда
буданд, ки «сурмаву тӯтиёи чашми хирад ҳикмат аст».
Ҳикмати хаёти имрӯза, хикмати асрҳоро ба туши ҳар
кас, ба гӯши ҳамаи раҳҷуёни водии маънавият ва
ахлоку одоб расонидан зарур аст. Ҳоло Саъдии замон
лозим аст, то ки чашми хиради моро нур бахшад.
Дар омади гаи гуфтан лозим аст, ки, ба фикри мо,
дар шароити ҳозира аз маънавият ва ахлоку одоб
сухан кардан на танҳо яке аз вазифаҳои ҳар нависан-
да (чй дар асари бадей ва чй дар баромади публицис-
тй) мебошад, балки дар фаъолияти ҳамаи агитаторону
пропагандистон бояд мавқеи муайян ишғол намояд. Аз-
баски маънавияти олй ва хулки нек пояи асосии тар-
бияи коммунистй мебошад, лозим меояд, ки ҳамаи навъ-
ҳои таблиғот муҳимтарин унсурҳои онро дар бар тирад.
Ҳар мавзӯъе, ки агитаторону пропагандистон дар суҳбат-
ҳои худ пеш мегузоранд, кам ё беш, лоақал аз ягон ҷи-
ҳат ба масъалаҳое аз қабили ин, ки инсони ҳақиқи
кист, мақсад аз зиндагй чист, одоби муоширати шахе,
муомилаи ӯ ба дигарон, ба аҳли оила, ба раҳгузарони
кӯча, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд чй гуна бошад ва
ҳоказо, вобастагие дорад. Ин вобастаги, ин имконият
бояд ҳар дафъа пурра истифода шавад. Дар баъзе район-
ҳои республикаи мо расме ҳаст, ки панду_ ҳикматҳои
классикони илму адабиёти тоҷик ва бисьёр халқҳои
дигарро монанди шиор навишта, дар биноҳои ҷамъиятӣ
ва кӯчаҳо меовезанд. Ба фикрам, ин тачрибаи хубест
ва онро дар ҳамаи районҳо ҷорӣ кардан беҳтар аст.
Панди зубда ва ҳикмати шомил бояд аз қатори шиор-
ҳои асосии замони мо берун намонад, дар ҳар кадам
чун кувваи фаъоли дамъиятй амал кунад.
Вазифаҳои бузурге, ки ҷамъият ба иҷрои онҳо шу-
рӯъ намуд, дар адабиёт ҳам дигаргуниҳои ҷидди талаб
мекунад. Лекин суръатафзой дар адабиёт аз зиёд кар-
дани адади асарҳои бадей иборат нахоҳад буд, балки^
беш. аз пеш фаъол шудани ҷустучӯҳои эҷодй ва таъси-
ри ҷамъиятии адабиёт, ривочу равнак ва афзоиши кад-
ри сухани асил ва роли иҷтимоии онро такозо дорад.
Адабиёт бо нозукбинй ва амиқ, cap фурӯ бурдан ба масъ-
алаҳое, ки бояд ҷамъият ҳал кунад, омодагии психоло-
гию эмоционалй ва эътиқодмандии сиёсиву иҷтимоии
167
муборизонро таъмин менамояд. Чунон ки навиеандаи
маъруфи мо Георгий Семёнов дар мақолаи газетам «Со-
ветская культура» (31 июли 1986) гуфт, вазифаи нави-
санда «ба вуҷуд овардани афкори ҷамъиятӣ, қувват до-
дани ҳушериву тезбинии иҷтимоии ҷамъият аст то ки
нокасу нобакореро, ки ниқоби ҳақиқатҷӯӣ ба рӯй каши-
Дааст, шинохта тавонем».
Оре, намоявдаи виадони халқ бояд ҳамеша ҳушёп
бошад ва-асли ҳақиқатро ба чашми халқ дида, барои
устувор шудани он ба чамъият кумак расонад, ба кавли
•Астафьев, «дар дили мардум ҳиссиёти нек ба вуҷуд
орад, инсонро, пеш аз ҳама, гражданин, ватандӯст
шахсияти маънан гармоник тарбия намояД».
1986
ИСТИҚЛОЛИ ФИКР ВА КОНЦЕПЦИЯ ДАРҚОР ACT
Л озим аст, ки танвдд ҳамеша аз паи баррасии ин-
кишофи тамоюлоти асосии адабиёт ва ҳаттохурдтарин
дигаргуниҳои ҷараени адаби бошад, мазмуну мундари-
чаи онро сари вақт таъин кунад, то ки барои қувват
гирифтани ҷанбаҳои пурсамар ва бартараф и^удани
монеаҳои ин роҳ ба дараҷаи кофй саҳм гузошта "таво-
над. Чунин баррасии ҳамешагӣ аз тарафи ҳар як нави-
санда ҳам зарур аст. Ҳар як нависанда ҳам доимо бояд
донад, ки дар адабиети халқи ӯ ва дигар халқҳо, дар
адабиети чақон чй чустучӯҳои эчодй давом Ирана ё
ОРОЗ ефтаанд ва ин бозчустхо адабиётро ба кааом сӯ
мебаранд ва эҳтимоли чи пайомадҳое ҳаст.
хяпряпГ ИН’ Л03ИМ' аст’ Р°ҳеР°' ки адабиёт тай кард,
Р ЧЗНД В1ҚТ 33 Н33ар гУзаР0Нем ва чамъбаст
„ аазиФаҳ°и имРӮза ва минбаъда равшантар
падид ояд. Чунин баррасии ҷамъбастй хусусан дао
давраҳои гардиши таърих ва дигаргуниҳои бузурги
чамъият зиеда зарур аст. Чун ҷамъияти совета паГаз
•™,УГД" ХХУП'“ КПСС ба б03с°зиву навсозии куд?
лии иҷтимоиву иқтисодӣ ва маданиву маънавӣ, ба дпгар-
ом*7Ф„ИН„“ЛОбӢ КадаЛ гузошт, зарурати махсусе пеш
д’КИ пР0Цесси адаби ва тамоюлҳои умдаи адабиёт
увофики талаботи рӯз бо назари тозаи амиқраве чид-
«Сш^^ПьЗ ЗРЭСӢ ШЗвад' Чззобҳои саволномаи
«Садои Шарқ» дар мавзуи «Масъалаҳои насри муосир»
168
ва чанд мақолае, ки дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва
санъат» чоп шуд, нишон медиҳад, ки нависандагону
мунаккидони точик бо ин ният ба андеша рафтаанд ва
мулоҳизаҳои худро ба муҳокимаи умум гузоштан ме-
хоҳанд. Зеро муҳокимаи ҳамаҷониба ва мубодилаи аф-
кор аз муҳимтарин шартҳои пешрафти минбаъда ва қа-
дам задан баробари замон аст.
Дар давраҳои дигаргунии куллии ҷамъият одатан
ба гузаштаи дуру наздик бо диди танкиди нигоҳ кар-
дан кувват меёбад, ҳатто рӯҳияи инкор ва нигилизми
таърихй ба миён меояд. Дар чунин марҳилаҳои инки-
шофи ҷамъият ҳатто баъзе аз бузургтарин адибону
мутафаккирон аз падидаҳои 'нигилизми таърихи ва ин-
кори куллӣ ё чузъй дар канор намондаанд. Ба ёд орем,
ки устод Айнй бо ҳама табъи салим ва заковате, ки
дошт, соли 1913 дар шеъри «Мозӣ ва ҳол» бисьёре аз
намунаҳои муҳимми насри омиёна (насри ривояти),
хусусан «Абӯмуслимнома», «Замчинома» ва монанди
инҳоро китобҳои нодаркор ба шумор оварда буд ва аз
хондани онҳо пушаймон шуда, ҳатто гуфта буд, ки «чун
ба худ дидам, зи доли худ хиҷолат доштам». Ин акидаи
устод ба эҷодиёти баъдинаи ӯ таъсири чиддии манфи
нагузошт, вале нигилизми таърихии эстетикй дар давра-
ҳои баъдтар аз бисёр касон зоҳир шуда, ба инкишофи
адабиёти тоҷикӣ зарар овард. Ин сабақи таърихро им-
рӯз бояд фаромӯш накунем.
Бо назари танқидӣ равшан кардани моҳияти тамоюл-
ҳои асосии насри ҳозираи точикй ҳоло кӯшиши ҳама-
гонист, ки ҳам аз нависандагон, ҳам аз мунаққидон,
ҳам аз хонацдагон ба мушоҳида меояд. Ин кушишҳо
рӯҳи замонро ифода менамоянд. Аммо дар ин роҳ муно-
сибати нигилистона хам зоҳир шуда истодааст. Дар баъзе
чавобҳои саволномаи «Садои Шарқ», баъзе маҷлисҳои
машварату муҳокима ва сӯҳбатҳо, аз чумла сӯҳбатҳои
телевизионӣ, ақидае изҳор шуд, ки гӯё дар солҳои шасту
ҳафтод ва ҳаштод дар насри точикй тақлидкори ва
тасвирҳои қолабй ҳукмрон буд, дар насри таърихии
инқилобӣ воқеияти замони дигарсозиҳои ичтимои руяки,
яктарафа ва фақат бо мақсади нишон додани рухбалан-
дии муборизон тасвир ёфтааст, дар насри ҳозирамавзуъ
муҳимтарин масъалаҳои ичтимоӣ ба миён гузошта на-
шудааст ва ҳоказо. Бо фаҳми мо, чунин ақидаҳо чан-
дон б а ҳақиқат рост намеоянд.
169
Gpe, тақлид ва тасвирҳои қолаби дар адабиёти мо
мавҷуданд. Хусусан насри таърихии инқилобиро гирем,
метавон гуфт, ки дар адабиёти халқҳои Осиёи Миёнаву
Қазоқистон баъзе қолабҳои муайяни ин жанр пайдо шу-
даанд ва гоҳ асарҳое, ки ба қалами адибони гуногун
тааллуқ дорақд, аз баъзе ҷиҳатҳо ба х,ам монандӣ пай-
до кардаанд. Ин монандиро, масалан, дар рушду намо-
ли қаҳрамонҳо мебинем. Аз исьёнкории стихиявии хал-
қи ба муборизаи огоҳонаву муташаккилонаи инқилобӣ
гузаштани қаҳрамон, чунончи Ҳайдарқул дар романҳои
сегонаи Ҷалол Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»
ба роҳи ҳаётии қаҳрамони баъзе романҳои дигар, ки
пештар ё баъд аз навишта шудани ин асар ба майдон
омадаанд ва ба адабиёти халқҳои бародар тааллук до-
ранд, гоҳ хеле монанд аст. Чунин монандиҳо аз он
чо cap заданд, ки адабиёти бисьёр халқҳои бародар,
пеш аз ҳама, минтақаи мо—Осиёи Миёнаву Қазокистон
дар як давраи муайяни инкишофи худ бештар як навъи
қаҳрамони муборизи инқилобкор ва омилҳои милливу
баиналмилалии ташаккулу. такомули ӯро бештар ба
тадқиқ гирифт. Ин дар адабиёти халқҳои мо як ҳодисаи
умумии типологи буда, дар айни замон бисьёр падида-
ҳои он ҳамоно натиҷаи таъсири байни якдигар аст. Дар
як давраи муайян ба як ё якчанд навъи қаҳрамон, ба
™чанД масъалаи муҳим бештар диққат додани ада-
биете ё адабиётҳое ҳодисаи қонунмандест ва дар таърих
бисер дида шудаасъ А_з ин рӯ, худи ин ҳо|Диса бояд
Ооиси эътирози имрузиён нагардад. Ленин азбаски дар
ин ҷараён қолабҳо ҳам пайдо шуданд, муборизаи мо
бояд маҳз бо муқобили ҳамин якрангиҳо равона гар-
дад, бартараф кардани онҳоро дар назар дошта бошад,
дар адабиёт навназариро устувор кунад, адабиётро ба
суи кашфиёти нав раҳнамун бошад.
Ба таъкид бояд гӯем, ки тамоюли мазкур—дар ада-
биёти Осиёи Миёнаву Қазоқистон, инчунин Озарбойчон
аз тарафи чандин нависанда ба риштаи тадқиқи бадей
шрифта шудани процесҳои инқилобй, типи нави қаҳ-
рамон қаҳрамони халқии озодиҷӯю давронсоз ва о^ил-
ҳои ташаккулу инкишофи шуури иҷтимоии вай самара-
ҳои олиҷанобе дод. Маҳз ҳамин тамоюл дар адабиёти
тоники барои офарида шудани боз як асари классики —
романи Ҷалол Икромй «Духтари оташ»— сабаб гар-
дид. Дар романҳои сегонаи ӯ «Дувоздаҳ дарвозаи
170
Бухоро» як силсила характерҳои пурзӯри халқи офари-
да шуданд, ки баъзеи онҳо дар адабиёти мо кашфи
бадей мебошанд: Дилором-каниз, Оймуллои танбур,
Ҳамроҳхони Оими шоҳ ва монанди инҳо аз ҳамин чумла-
анд. Ҳатто қаҳрамони манфӣ — Асад-махсум бо ҳама
иқтидори шахсияташ намудор_ шудааст. Равняй асоси
он аст, ки мураккабии ҳақиқй ва зиддиятҳои замони
инқилоб ва арафаи он ба воситаи ихтилофоти сиришти
инсон ба тадқиқ омад, насри таърихии инқилобӣ ҷид-
дан ба роҳи шахсиятҷӯӣ даромад, моҳияти масъалаҳои
замони инқилобро бо мураккабӣ ва печу тоби сарнавиш-
ти инсон намудор кард ва якумин бор дар адабиёти мо
образҳои барҷастаи дучанба^, образҳои пурихтилофи
драмавию фоҷиавӣ аз) қабили Муҳаррами ғарч ва Бақо-
ҷони мӯзадӯз пай|до шуданд. Ин ҳам дар адабиёти мо
ҳодисаи нав буд.
Ҳоло масъалаи чадидизм ва паднд овардани моҳия-
ти аслии он, бартараф кардани назари сатҳи ва якта-
рафа ба намояндагони алоҳидаи он| да;р маркази диққа-
ти аҳли ҷамъият қарор ёфтааст ва дар ин бора бисьёр
ran мезанем. Дар ҳақиқат, ҳеҷ мумкин нест, ки ҷараён-
ҳои калони таърихии аз қабили ҷадидизм якранг ва
маҳрум аз равияҳои мухталиф бошанд. Тадқиқи илми
ва бадей бояд мазмуни онҳоро объективона ва ҳама-
ҷиҳата падид оварад. Бояд дар ёд дорем, ки насри таъ-
рихии инқилобии тоҷикй (да;р адабиёти халқҳои мин-
такаи мо якумин шуда, дар ин роҳ ҳам қадами ҷидди
пеш гузоштааст: дар «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»
ҳаракати ҷадидҳо чун як ҷараёни яклухт ва якмаслаку
якмаром не, балки чун ҳодисаи зиддиятноки гуногун-
равия тасвир шудааст, ки бисьёр муҳим аст. Ин дар
шароити солҳои шасту ҳафтод аз нависанда ҷасорати
иҷтимоӣ талаб мекард.
Аз «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» боз як лаҳзаро ёд-
рас меорем. Дар романи сеюм—«Тахти вожгун» образи
Латиф Қутил тасвир шудааст, ки солҳои сӣ қаҳрамони
як ҳикояи Ҳаким Карим қарор ёфта буд. Дар тасвири
Ҷалол Икромӣ Латиф-Қутил образест, ки аз воқиа-
ҳои хонабарандози ҷанги гражданӣ ба дод омадани
меҳнаткашонро ифода менамояд: гоҳ босмачиён ба де-
да меоянду хун мерезанд ва ҳамаро ба ғорат мебаранд,
гоҳ аскарони сурх ва калтакдорон меоянду низ хурок
ва алафу беда талаб мекунанд, ба ҳар кас бо назари
шубҳа менигаранд ва ҳоказо—халқи меҳнаткаш дар
171
байни обу оташ аст. Ин ҳам заррае аз ҳақиқати талхи
даврони ҷанги гражданӣ мебошад ва зиддиятҳои замон-
ро ошкор мекунанд. Барой гуфтани ин як зарра ҳақиқат
ҳам дар шароити солҳои шасту ҳафтод ҷасорати санъат-
корй лозим буд. Бинобар ин, ба чунин фикр, ки гӯё
насри таърихии инқилобӣ дар адабиёти тоҷикй насри
тақлидиву қолабист, розй шудан мумкин нест. Ин наср
камбудиҳои ҷиддӣ ҳам дорад, вале муҳимтар он аст,
ки дар адабиёти миллй санъати ношиносй ва дунё-
фаҳмиро такомул дод. Ба назарам, ин ҳақиқат дар
танқиди тоҷикй дуруст муайян шудааст.
Баъзеҳо исрор доранд, ки нависандагони точик то
ҳол дар тасвири инсон ва^рӯйдодҳои зиндагй фақат ран-
ги сиёҳ ва сафедро ба кор меоранд, ҳар шахсу ҳар воқиа
дар тасвири онҳо фақат мусбат ё фақат манфист. Ин
эрод дар ҳаққи баъзе асарҳоҷоиз аст, чунончи, ба роман-
Ҳои Юсуф Акобиров «Замини падарон», «Норак», «Бо-
дни муҳаббат», «Дуньё ба у мед» бештар нисбат дорад.
Лекин умуман сафедкориву сиёҳкорй ҳоло дар насри мо
торафт кам мешавад. Инро аз тамоюлҳои муҳим бояд
донист.
Тамоюли асосй, ки дар насри ҳозираи тоҷикй аз сол-
Ҳои шасту ҳафтод давом карда ва амиқтар шуда истода-
аст, ба фикри ман, ин аст, ки нависандагон ба мурак-
кабиву ихтилофҳои зиндагй, ба ҳолатҳои драмавию
фоҷиави, ба шиддати фикру ҳаяҷони инсони замони мо
бештар диққат медиҳанд, маҳз моҳияти чунин ҳодиса-
Ҳоро кушодан мехоҳанд. Насри мо дар навиштаҳои Со
тим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев,
Саттор Турсун, Куҳзод, Сарбон, Баҳром' Фирӯз аз бисьёр
ҷиҳатҳо ва гоҳ комилан хусусияти таҳлилй пайдо карда,
ба суи психологизми амиқ меравад. Инро кам ё беш,
ба тарзҳои гуногун аз офаридаҳои ҷавонон, чунончи
Абдулҳамид Самадов, Муаззама, Сайф Раҳимов, Ҷони-
бек Акобиров, Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, гоҳ
аз навиштаҳои Кароматулло Мирзоев ҳам дидан мум-
кин аст
Маҳз қувват гирифтани тадқиқи таҳлилӣ қаҳрамони
андешапарварро ба пешсафи наср гузаронд. Қаҳрамони
андешапарвар маҳсули моҳиятҷӯӣ ва ҳақиқатхоҳй буд.
Агар савол гузорем, ки заминаи иҷтимоии пайдоиши
қаҳрамони андешапарвар чӣ буд, бояд гӯем, ки пеш
аз ҳама, давраи касодӣ, давраи харчу марч чунин
қаҳрамонро пеш ронд. Он ҳама бесару сомонӣ ва дӯл-
172
обиву бенизомй, ки дар ҷамъият ривоҷ меёфт, он ҳама
ноинсофӣ ва беадолати, фасоди ахлоқ ва равнақи бе-
маънавиятй, ки дар ҳар қадам ба назар мерасад, марду
ми равшанфикрро ба он водошт, ки бо шиддат андеша-
ронанд, сабабҳои вусъат ёфтани ин аҳволи ногувор ва
шароити носолимро чустуҷу намоянд. Чунин андеша-
парварҳо дар чамъият бисьёр буданд ва аз ҳамин са-
баб, дар адабиёти точикй, балки дар тамоми адабиети
советии сермиллати мо ҳар_ чи бештар ҷойгоҳ ефтанд.
Аз ин рӯ, дар насри точикй афзудани шумораи чунин
қаҳрамонро натиҷаи тақлид ба дигар адабиётҳо донис-
тан мумкин нест. Вокеияти иҷтимоӣ мавқеи ин қаҳра-
М'онро дар ҳамаи адабиётҳои миллии >мо, аз чумла дар
насри точикй устувор кард.
Поймол шудани идеалҳои олии гуманисти шахсиятро
ба дилмондагиву маъюсй овард, аз андешаҳои пуртуғье-
ни ӯ фарьёду фиғон ва исьёни дил садо медод. Лекин
идеологияву психологияи касоди монеъ меомад, ки ин
фарьёду фиғон бо садои баланд ба гуши хонанда расад.
Рӯзномаву мачаллаҳо ва нашриётҳо кушиш доштанд,
ки асарҳои бадеиро аз хурдтарин падидаҳои норозиги,
аз сӯзу гудоз тоза кунанд. Аз солҳои си ин чониб, чунон
ки ба наздикй дар мақолаи идораи журнали «Комму-
нист» (1987, № 15) кайд гардид, «иқтидори Давлати
Советй ҳар чй бештар афзоиш ёбад, идораҳову орган-
ҳои он, ки маданиятро идора мекарданд, ба зиёиёни ба-
деакор ва эҷодиёти онҳо бештар бо биму ҳарос, бо нобо
варӣ, баъзан ҳатто бо бадгумони менигаристанд». Ме-
донем, ки дар ин шароит ҳақгӯй гуноҳ ба шумор мео-
мад ва бисьёр хавф дошт. Бо вучуди ин, ба нависан-
дагони мо, хусусан ба Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор
Турсун, Ӯрун Кӯҳзод, Бахром Фируз ва баъзе дигарон
муяссар шуд, ки лоақал як қисми ҳақпқатро ошкоро
бигӯянд. Алҳақ, ба гуфти Бедил:
Лаби аҳли забои натвон ба мӯҳри хомӯшӣ бастан,
Калам аз сурма хӯрдан кам насозад нолаи дилро.
Ҳамин ҳақиқатчӯиву ҳақгӯй ва моҳияткушоӣ аз му-
ҳимтарин тамоюлотест, ки дар айёми мо— дар даврони
ошкоргӯиву кушодадилй бояд дар асоси халқияти асил
хеле амик равад ва ба савияи баландтар расида, барон
бозҷустҳои часоратмандонаи ғоявию эстетики, барои
кашфиёти нави бадей роҳ кушояд.
173
Ope, қаҳрамони андешапарвар фикран фаъолу ама-
лан нофаъол буд, ё кам фаъолият дошт. Ҳоло сабабҳои
иҷтимоии ин ҳам маълум аст. Академик Т.И.Заславская
Дар маҷаллаи «Коммунист» (1986, №13) навишта буд:
«Бархурдҳои муттасил бо падвдаҳои гуногуни беадола-
тии иҷтимои, барбод рафтани кӯшишҳои муборизаи
фардӣ бо он падидаҳои ноинсофӣ яке аз сабабҳои асосӣ
буд, ки як қисми меҳнаткашон аз мақсадҳо ва арзиш-
ҳои ҷамъияти дур шуданд». Бешубҳа, дар чунин шаро-
ит фаъолияти амалии қаҳрамони адабиёт ҳам имкон-
нопазир буд, ё кам зоҳир мешуд.
Қаҳрамони «насри истеҳсолй» бештар фаъолияти ама-
ли дошт ва_ гоҳ аз ҳад зиёд фаъолияттар буд. Лекин
фаъолияти ӯ аксаран аз зоҳир тасвир мешуд, бо боз-
ҷустҳои ҷиддии маънавию психологӣ ҳамбаста наме-
омад. Аз ин сабаб, метавон гуфт, ки «насри истеҳсолӣ»
ва баъзе асарҳои оид ба ахлоқи иҷтимоии ҳозира рафта-
рафта эътибори худро аз даст дод. Ин ҳодисаро дар
тамоми адабиёти совета мебинем. Романҳои Юсуф Ако-
биров «Замини падарон» ва «Водии муҳаббат» дар ада-
биёти тоҷикӣ аз ҳамин ҳақиқат дарак медиҳанд. Бисёр
нишонаҳои онро аз «Норак»-и ӯ ҳам метавон дид. Дар
ин қатор романҳои Муҳиддин Хоҷаев «Об—рӯшноӣ»,
хус^сан «Ростиро завол нест» низ бояд номбар шаванд.
Фақат таҳлили амиқи ҳаматарафа имконе фароҳам
меорад, ки ҷамбастҳои вусъатноки моҳиятнамо ба даст
0ЯД- Таърихи қадим ва асрҳои миёна, давраҳои гуногу-
ни таърихи ҷамъияти совета, процесҳои иҷтимоиву маъ-
навии ҳозира бояд бо бинишу фаҳмиши нави имрӯзӣ
аз нав бадеан дарк шавад, Воқеняти таърихӣ, аз ҷумла
таърлхи инқилоб ва ҷанги граЖ|Данӣ, сохтмони колхоз-
ҳо ва инкишофи онҳо дар давраи пас аз ҷанг ё солҳои
шасту ҳафтод, бисёр масъалаҳои замони ҳозира дар
насри мо ҳанӯз бо ҳама мураккабиву ихтилофоташ тад-
қиқ нашудааст. Таърих ҳеҷ гоҳ аз инкишофи якнавохт
иборат набуд ва нахоҳад буд. Ҳамаи давраҳои таърихи
гузашта ва замони совета—ҳар кадоме ба таври худ ба
ниҳояти дараҷа мураккаб буда, рӯйдодҳои гуногунмаз-
мун, зиддиятҳои пурпечи ошкору ниҳон, процесҳои мух-
талифсамт, равияҳои пешбару ақибкаш, инсонсозу
инсонсуз ва драматизму фоҷеаҳое доштанд. Ин ҳамаро
бо решаҳои иҷтимоиву мазмуни психологии онҳо ба
риштаи тадқиқи таҳлилӣ кашидан, сарнавишти инсон-
ро Дар арсаи гуногунтаъсири муҳимтарин давраҳои таъ-
174
рихи гузашта ва ҳозира аз назар гузаронида, ҷамъбас-
ҳои амиқи бадеиву фалсафй ба даст овардан вазифаи
душворест, ки насри тоҷикӣ дар роҳи иҷрои- он холо
танҳо нахустин қадамҳо гузоштааач Насри точикй аз
ин ҷиҳат аз ҷустучӯҳои эҷодии адабиёти умуми Иттифок
ақиб монда истодааст.
Дарки бадеиву фалсафии чанги гражданй дар нас-
ри ҳозираи рус ва баъзе халқҳои бародар хеле амиқ
рафта, тамоман мазмуни нав пайдо карда истодааст.
Аммо насрнависони точик ҳанӯз ба ин чуяндагиҳои
тозамазмун ҳамроҳ нашудаанд. Е ки дарки бадеиву
психологии замони коллективонидани ҳоҷагии қишлоқ-
ро гирем. Ҳоло адабиёти мо дар ин роҳ аз асари клас-
сикии адабиёти советй ва М.Шолохов «Замини корам-
шуда» хеле пеш рафтааст. Солҳои ҳафтод дар асархои
С. Залыгин «Дар лаби Иртиш», (На Иртыше»), И. Ме-
леж «Воқеаномаи П-олесье» (Полесская хроника») вамо-
нанди инҳо ҳаёти иҷтимой ва маънавию психологии де-
ҳоти солҳои колхозсозй бо бисьёре аз 5иддиятҳову
фоҷиаҳояш ба тасвир омад. Аммо дар се қисми романи
В. Белов «Арафа» (1986—1987), дар романи Б.Можаев
«Мужикҳову муштипарҳо» («Мужики и бабы», 1986
1987) таҳлили вазъияти иҷтимоиву иқтисодии давраи
колхозсозй, драматизми ҳолати инсоне, ки ба гирдоби
тундпечи воқиаҳои зиддиятноки ҷонкоҳ иучор омадааст,
боз ҳам амиқтар ва пурзӯртар аст. Соли 1987 повести
аҷибу гайриодатии А.Платонов «Кандабуни таҳкурси»
(«Котлован») пас аз 57 соли таълифаш чоп шуд ва му-
аллиф аз воқеияти охири солҳои бист чунин чиҳатҳое-
ро дарёфтааст, ки то ҳол ҳеҷ нависанда ба ин тарзу ба
ин дарача надида ё ба калам наоварда; буд.
Ҳамаи инҳо дар роҳи дарки нави лаҳзаҳои чудого-
наи таърихи наздику дур барои бозчустҳои ғоявию ба-
дей имкониятҳои бисьёр фароҳам меорад. Аммо нависан-
дагони тоҷик ҳанӯз аз паи истифодаи чунин имкониятҳо
наафтодаанд.
Қисми якуми романи Ҷалол Икроми «Шоди» дар
солҳои ей аз чумлаи муҳимтарин комёбиҳои адабиёти
тоҷик буд. Ин дастоварди нависанда дар романи нави
ӯ «Хатлон» (1984) ба сатҳи баландтари бадеият расид_:
фарогирии вокеият ва сарнавишти инсон вусъати эпики
пайдо кард, чанд характери барчаста офариниш ёфт,
вале бо ҳар ҳол, роҳу равиши нависанда асосан ҳамон
аст, ки дар «Шодй» буд. Ҳатто баъзе норасоиҳои кисми
175
дуввуми «Шцди», масалан, публицистикаи берӯҳ дар
«Хатлон» ҳам ба мушоҳида меояд. Дар «Хатлон» факат
гоҳ-гоҳе, чунончи дар образи эшони Санги ҳамвор, ки
типи рухонии имрузист, биниши нави воқеият ба назар
мерасаду бас. Дар тасвири солҳои колхозсозй ва замин-
кушои, инкишофи баъдинаи деҳот, процесҳои иҷтимоиву
иқтисоди ва дигаргуниҳои психологияи инсон, дар тас-
вири шахсияти яке аз сарварону ташкилгарони ҳаёти
колхоз бинишу фаҳмиши нависанда нав нест. Дар роман
концепцияи нави замон вуҷуд надора|д.
Ба пиндошти камина, яке аз камбудиҳои асосии нас-
ри ҳозираи тоҷикӣ, камбудие, ки онро як тамоюли му-
аиян ҳисобидан шояд мумкин бошад, аз концепцияи
хоси иҷтимоиву фалсафӣ маҳрум будани бисьёр асар-
ҳои калон аст. Асаре, ки аз концепцияи хос, аз бинншу
фаҳмиши шахсии амиқрави муаллиф маҳрум аст, им-
кон надорад, кн тасаввуроти моро дар бораи ?амоне ё
масъалае, дар бораи зиндагӣ такмил диҳад. Чунин
асарҳо на танҳо адабиётро пеш намебаранду фақат миқ-
доран афзоиш медиҳанд, балки барои пешбурди замон
ва ҷаҳонфаҳмии ҳамзамонони мо ҳам хизмат карда
наметавонанд. ^
Романи Юсуф Акобиров «Дуньё ба умед» дар санъа-
ти нигарондаги аз дигар асарҳои вай фарк мекунад ва
гувоҳи медиҳад, ки қалами у қувват шрифта истодааст.
анқиди адаби камбудиҳои ин романро муфассалан ва
дуруст нишон дод. Бо вучуди ин, мо онро аз ҷиҳати
маҳорати эҷодкори, чунончи аз лиҳози воқиабавдй ва
шавқангези, дар насри Юсуф Акобиров як рӯйдоди
чашмрас мешуморем. Вале асари калонҳаҷме фақат бо
шавқангези роман намешавад. Модомки нависанда пас
аз устод Айни, бар замми ин, дар асоси асарҳои устод
дар бораи Бухорои ибтидои асри XX ва арафаи инки-
лоб романе навишт, чашми умад доштем, ки аз романи
\ Фа^миши нави он замонро хоҳем дид, нависандаи нис-
оатан цавон бо биниши нави иҷтимоиву фалсафй дар
Оораи моҳияти яке аз муҳимтарин лаҳзаҳои таърих
донишу биниши моро ғаное хоҳад афзуд. Дар солҳои
шасту ҳафтод Ҷалол Икроми дар ин роҳ як қадами
чидди пеш гузошта, бо «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»
сухани тозае гуфта буд. Пас аз ин факат асаре, ки дар-
ки иҷтимоиву фалсафии Айнй ва Икромиро такмил
медиҳад ва паҳлуҳои нави ҳақиқати таърихро пеши на-
зари мо падид меорад, арзиши ғоявию эстетикӣ хоҳад
176
дошт. Афсус, ки «Дуньё ба умед» ба ин дараҷа на-
расид.
Як аҳамияти романи Сотим Улуғзода «Восеъ» (1967)
он аст, ки на танҳо дар масъалаи шӯриши халқ ва
ташаккули шахсияти сарвари он як концепцияи муайян
дорад, балки зиёда аз ин, умуман концепцияи таърих-
ро нисбат ба он ки дар асарҳои устод Айнй мебинем,
аз чанд ҷиҳат амиқ бура. Устод Айнй чун ааҳшатҳои
зулми феодалиро фош мекард, асосан зулми ичтимой,
беадолатиҳои иқтисодӣ, зӯроварии моддиву ҷисмониро
дар назар дошт, бераҳмӣ, ваҳшонияти азобу шиканча
ва талаву толонро нишон медод. Аммо дар романи
«Восеъ» ғайр аз ҳамаи инҳо, боз як ҷиҳати дигари зул-
ми феодалй ба доираи таҳқиқ даромад. Улуғзода на
танҳо моҳияти иҷтимоӣ, балки ҷанбаи маънавии зулми
феодалиро низ ба таҳқиқ гирифт: зулми феодалй дар
«Восеъ» на танҳо ваҳшонияти моддиву ҷисмонист, бал-
ки зуроварии маънавӣ буца, ба таҳқири моҳияти инсо-
нии инсон, ба маҳви он равона гардидааст. Восеъ на
танҳо ба муқобили зулму шиканҷа, балки барон аз
хори раҳоӣ додани инсон, барои бузургдошти одами-
зод мубориза кардааст. Вай мегӯяд: «Одамизод фақат
як бор ба дуньё меояду як бор меравад... Худо туро
одам офаридааст, агар туро хар карда савор шаванду
ту ба ин тан диҳӣ, токат кунй, одам| нестй. Офарандаат-
ро муттаҳам кардай. Туро ба! ноҳақ хор кунанд, зери по
кунанду ту хап истй,—номардй, ору номус надорй».
Дуруст аст, ки шиканҷаи .маънавй, бар зидди моҳия-
ти инсонии заҳматкашон равона шудани зулми феодалй
дар романи «Восеъ» ҳанӯз бо тадқиқи ҳамаҷониба бар-
расн нашудааст, вале барои фаҳмидани мундаричаи
асосии замон, барои ҷамъбастҳои васеътари бадеии
фалсафи имконоти нав пеш меорад. Аз ин ҷиҳат, ҳамин
чиз ҳам муҳим аст, ки шӯриши номуташаккили заҳмат-
кашони оддй, ҷунбиши мардуми авом, чаҳду ҷадал ва
эътирози ичтимоии онҳо, ки комилан як рӯйдоди син-
фист, дар «Восеъ» бо таҷрибаи иҷтимоиву ахлоқии таъ-
рих, бо ҷустуҷуҳои маънавию фалсафии замонҳои
гузашта (масалан, Абдураҳмони Ҷомӣ) ва таълимоти
маорифпарварии Аҳмади Дониш сахт алоқамандй пай-
до кардааст. Ин ҳам ҷанбаи иҷтимоиву синфии ҷунбиши
халқро бо ҷанбаи маънавй мепайвандад ва концепцияи
хоси Улуғзодаро қувват дода, асоси фалсафии дарки
замон ва воқиаҳои муҳимми онро амиқ мебарад.
12—277
177
Ҳамин навназарӣ, концепциям хоссаи иҷтимоиву
фалсафии нависанда ва бо чй қувваи бадей зоҳир шу-
дани он арзиши асари бадеиро дар таърихи адабиёт
муайян мекунад. Албатта, мавзӯу масъалаҳои нав ва
материали тоза, ки буньёди бадеии асареро ташкил
кардааст, низ аҳамияти калон дорад, лекин дар ин сурат
ҳам, меъёри асосии баҳои асар ҳамоно на мавзӯу мате-
риал, балки бинишу фаҳмиши нав, концепциям замон
ва қаҳрамон хоҳад буд. Ба назар чунин мерасад, ки
аксари асарҳои калони насри тоҷикии солҳои ҳаштод аз
ин ҷиҳ_ат дар роҳи ғаноафзоии адабиёт кам хизмат кар-
данд, ё хизмате ба ҷо наоварданд.
Барой ин ки масъала равшан шавад, боз як мисол
меорем v
Кайҳост, ки аз илми таърих, аз таҷрибаи ичтимоиву
таърихии халқамон аҳамияти бузурги ба Россия хамроҳ
шудани Осиёи Миёнаро медонем. Романи Расул Ҳоди-
зода «Ситорае дар тирашаб» дар бораи ҳамин вокиа,
дар бораи Аҳмади Дониш аст ва материали нав хам
бисьёр дорад. Ин роман ба биниши таърихии мо, ки дар
бораи он замон ва шахсияти бузургворонаи Дониш дош-
тем, чиҳо илова намуд? Бешак, фаҳми таърихии моро
бо тасвирц чолиби манзараҳои зиндагй, бо бисьёр чузъ-
иёти фаромӯшношуданӣ, бо баъзе образҳо, хусусан об-
рази барҷастаи амир Насруллоҳ ва монанди инҳо кон-
кретияте бахшид ва он чиро, ки медонистем, дар баъ-
зе мавридҳо гуё бо чашми худ дидем. Аз ин хусус дар
бораи таъсири эстетикии ин роман, ба назари камина,
Чои шубҳа нест. Бо вучуди ин, чунин менамояд, ки му-
аллиф концепцияи хос надорад. Дар романи «Ситорае
дар тирашаб» чунин концепцияи замон, ки ба биниши
таърихии мо ғаное меафзӯда бошад, чунин махлухои ҳа-
қиқати таърихро, ки ҳануз дарк нашуда буд, намоён ме-
карда бошад, мавчуд нест. Бо навназарии хоссаи шахсй
амик бурдани тафаккуритаърихии ҳамзамонони мо ба
доираи вазифаҳои эчодии нависанда надаромадааст. Шо-
ядманхато кунам, шояд концепцияи таърихии нависан-
даро ҳануз пай набурда бошам ва пас аз хондани кисми
Дуввуми роман, ки ҳоло дар арафаи чоп аст, мохияти
маълуми замон ва шахсияти қаҳрамон ба сатҳи наве
фаҳмида шавад. Лекин ҳоло аз романи «Ситорае дар
тирашаб» таассуроти беконцепциягй устувор аст.
Чунон ки мебинем, на як-ду нависанда, балки бись-
ёре аз онҳо дар роҳи ба вучуд овардани концепцияи му-
178
.айяни замон ё шахе кӯшиш надоранд ва ин имкон наме-
диҳад, ки ҷамъбастҳои амиқи иҷтимоиву фалсафй ва
кашфиёти бадей ба ҳосил ояд.
Кашфи бадеии ҳақиқат бидуни кондепцияи хос, би-
дуни бинишу фаҳмиши махсуси худи нависанда, ки
барҷаста ифода шуда, фаҳмиши умумиву муқаррарии
ҷамъиятиро такмил медиҳад, имконпазир нест. Кай-
ҳост, ки на танҳо мунаққидону адабиётшиносон, балки
бисьёре аз нависандагон низ ин ҳақиқатро амиқан дарк
кардаанд. Чунончи, нависанда Руслан Киреев мегӯяд:
«Нависанда ба ҳар ҳол ба дастраси умум оварандаи
ғояҳои рӯзмарра нест, балки ифодагари муносибати
шахсии худ ба ҷаҳон аст. Гувоҳии ӯ танҳо дар ҳамин
сурат арзише дорад, вагарна чй қадар ниятҳои нек
дошта бошад ҳам, гувоҳии бардурӯғ хоҳад буд, Аз ин
рӯ, дар назари ман як фикри ноҳаққи санъаткоре, ки
бо ранҷу азоб шахсан ба даст овардааст, гоҳ қиматтар
аз он ҳақиқати баҳсноталаб аст, ки ба кироя, ба орият
гирифтааст».
Оре, ҳақиқати оддии маълум, ҳаққонияти баҳсно-
талабе, ки андаке парда аз рӯи асрори инсону замон
намебардорад, ҷиҳатҳои нави кашфношудаи онро на-
моён намесозад, ақлу фаҳми моро бо фикри дарроки
дақиқашинос ба нозукбиниву навназарй раҳнамун на-
мегардад, сазовори асари бадей нест. Диди шахсии
амиқрав, кашфи ба худ хоси ҳақиқат ва муҳимтарин
паҳлуҳои он асари ҳақиқии бадей ба миён меорад.
Аз мубоҳисае, ки аз саволномаи «Садои Шарк»
(1987—1988) оғоз ёфт, маълум шуд, ки баъзе нависан-
дагони мо на танҳо зарурати концепцияи ҷиддй, балки
ҳатто чй буданн онро ҳанӯз фикр накардаанд ё нафаҳ-
мидаанд. Чунин муносибати дур аз ҷиддият моро ба
ҳайрат меоварад. Ҳангоме ки мақолаи Сорбон «ё ҳу,
ё манҳул»-ро (1987, №7) хондам, ҳуш аз сэрам парид.
Ҳеҷ гумон надоштам, ки тангназарй, фаҳми рӯякй, бе-
мантиқй ва бенизомии фикри ӯ то ҳадди охир расида-
аст. Аз ин мақолаи вай чунин бовар ҳосил шуд. Ҳама
«андешаҳо»-и ӯ ба фаҳми тахминӣ ва зҳтимолӣ асос
ёфтаанд ва ба асарҳои ҳамқаламонаш, чунончи Саттор
Турсун бо беэътиноӣ ва назари сатҳй нигаристааст, ки
аз кӯшиши фаҳмидани асли моҳияти онҳо дур аст. Кат-
то номи мақолааш ғалат аст. Вай ибораи «ё ҳу, ё ман-
ҳул»—ро солҳои кӯдакиву навҷавонй аз қаландарон ё
аҳли деҳа ғалат шунида, нодуруст фаҳмида будааст ва
179
имруз ҳам аз руи ҳамон шуниду фаҳмиши чандинсола
нодуруст навиштааст ва эзод-додааст. Ба маълумоти
Сорбон мерасонем, ки асли ин ибора «Е ҳу, ё ман ҳу!»
буда, дар тарҷумаи таҳтуллафз «ё»—нидои «эй», «ду»-
вай (яъне худо), «ё ман ҳу»—эй он, ки ӯй, яъне худо-
ванд ҳасти!—гуфтан аст. Шакли пурраи ин формулаи
дини чунин аст:«Е ҳу! Е ман ҳу! Ло илоҳа илло ху!—
Худовандо! Эй он, ки худованд аст! Нест худое ба чуз
ӯ». Аммо Сорбон дар ин формула ду «ё»-ро дида, он-
ро нишонаи тахмин гумон кардааст ва маънои онро дар
ҳаққи мунаққидон чунин эзоҳ додааст: «яъне ё рост
шамшер мезанед ва ё дурӯғ мегӯед».
Ба сари танқид оташи ғазаб рехтани Сарбонро ҳоло
як су мегузорем, фақат дар бораи даъвои ӯ, ки гӯё асар-
ҳояш монанди шеъри Бедил панҷ-шаш қабат маъни-
ҳои амиқи дарун ба дарун доранду мунаққидон аз но-
фаҳми ҳеҷ яке аз онҳоро пай набурдаанд, ҳамин кадар
мегуем, ки ин ҳавобаландӣ, ба назари мо, нишони худ-
ношиносист, нишони ноогоҳӣ аз масъалаҳои эҷодист. Ин
ҳақиқат cap то сари мақолаи ӯ ҳувайдост, вале мо тан-
до як масъаларо гӯшгузор меорем.
Сорбон аз масъалаи концепцияи асари бадей ran
кушодааст. Лекин бинед, ки ба чй андоза содалавҳона
сухан меронад. Фарзанди қаҳрамони асосии повести
Сорбон «Шинель» гуфта буд: «Оча, шинеьлро кӯтоҳ
накун, ман калон мешавам!» Нависанда дар мақола ин
гуфтан қаҳрамони хурдсолро чунин шарҳ додааст: «яъне
дар ҷанг мо зафар меёбем, фарзандони дар чанг азоб-
кашида калон мешавад, шинели ■ падарон мецӯшанд.
Магар кам аст барои як повесть чунин концепция?»—
гуфтааст Сорбон. Лекин, охир, ин сухани персонаж тан-
до аз некбини, эътиқодмандй ва қавииродагии вай ба
хуби гуводй медидад, ки бисьёр мудим аст, вале ин дар
замони ҷанг додисаи умумй буд. Мо ин дақиқати умуми-
ро концепцияи хоссаи повести «Шинель» ба шумор ги-
рифта наметавонем. 'Ганқиди адабй чанд бор таъкид
карда буд, ки характери Шайдо—қадрамони асосии
«Шинель»-ро номуайяну номафдум аст. Асосан, аз дамин
сабаб аст, ки дар ин повесть як концепцияи муайяни
шахе ва замон ифода наёфтааст, мавқеи хоси нависан-
да ба назар намеояд.
Сорбон як ҷузъи муқаррарии характери персонажи
дуввумдараҷаро баёнгари матлаби ба худ хосе медонад.
180
Вале маҳз дар чунин маврвдҳо одатан мегуянд: «Деҳ
кучову дарахтон куҷо!»
Тасаввури Сорбон дар бо|раи концепцияи ғоявию
бадеии асар, тасаввури сатҳиву нодурусти вай аз ин
ҳам маълум мешавад, ки дар бобати повести машҳури
Виктор Астафьев «Детективи ғамгин» (на «ғамангез» ё
«ҳузнангез»!) гуфтааст: «Магар бузургии «Детективи
ҳузнангез» дар ошкор кардани норасоиҳо нест?» Сор-
бон ҳамин «ошкор кардани норасоиҳо»-ро мақсади
аслии нависанда ва аломати бузургии асар дониста,
концепцияи романи худ «Актёр»-ро низ олй ба калам
овардааст ва гуфтааст: «Дар роман (яъне дар «Актёр»-
МЛЛ.) мушкилаи манзилу манзилгоҳ ва образи раиси
комиҷроия ҳаст, ки касе (аз мунаққидон—М.Ш.) дар
ин хусус лаб намекушояд». Бинед, ки чун нависанда аз
бетартибии тақсими хонаҳо сухан кушод, аз мунакки-
дон лозим будааст, ки ӯро ба осмони ҳафтум бардо-
ранд. Ба гумони май, боз чои он аст, ки гуем: не, нави-
сандаи мӯҳтарам, ин хобатонро ба об гӯед! Асаре факат
бо ин ки норасоиҳову мушкилаҳоеро нишон додааст,
ба пояи баланди бадеият, ба пояи бузургй намерасад
ва «Актёр»-и Шумо ҳам аз ин поя ҳануз дур аст. «Ак-
тёр» асосан аз резапораҳои парокандаи зиндаги иборат
аст, ки як кулли воҳидро ташкил накарда, барои чавоб
гуфтан ба умдатарин масъалаҳои фалсафаи ҳастии
шахе ва моҳияти замон замина фароҳам наовардаанд.
Аммо муаллифи повести «Детективи ғамгин» барои му-
айян намудани мазмуни аслии замони мо ва аҳволи
умумии ҷамъият як силсила ақидаҳои муҳимми ба худ
хос пеш гузоштааст. Аз ин рӯ, байни «Актёр» ва «Де-
тективи ғамгин» фарқ аз замин то осмон аст.
Давраи касодии иҷтимоиву иқтисодй, системаи фар-
монфармоии маъмурй ва паст шудани кадри инсон дар
адабиёт ҷанбаи танқидиро кувват дод. Давраи бозеозии
инқилобии ҷамъият ва дигаргуниҳои куллй, ки аз Плену-
ми апрели соли 1985 оғоз ёфта, дар Анчумани ХХУП-и
КПСС пояҳои назарии он муайян гардид, дар шароити
демократия ва кушодагӯӣ буньёди танқидии адабиётро
боз бештар устувор кард ва худтанқидии миллй вусъат
ёфт. Лекин ин процесс ҷиҳати дигаре ҳам дорад. Ҳоло
хама забои ба нуксонгӯй кушодаанд ва беҳудаву баҳу-
да норасоӣ меҷӯянд. Дар чунин вазъият арзиши ғоявию
бадеии асари санъатро на ин чиз муайян мекунад,
ки нависанда бозовардҳову пешрафти ҷамъиятро тас-
181
вир кардааст ё нуқсонҳои онро гуфтааст. Дар ин шаро-
ит ҳам меъёри бадеият ҳамон аст, ки буд. Арзиши асар-
ро қувваи бадеияти он, дараҷаи амиқрафти назари
моҳиятбини нависанда, кашфиёти ӯ дар мавриди дарки
иҷтимоиву фалсафии воқеият муайян мекунад.
Ба фаҳми мо, аз ин ҷиҳат повести нави Кӯҳзод
«ТақЪими раҳгум» (1987) ҷолиби диққат аст. Кӯҳзод
падидаҳои гуногуни бемаънавиятӣ, ниҳояти беандеша-
гиву бетамизи, манфиатҷӯиву фиреб ва ғайраро бераҳ-
мона фош кардааст. Вале чунин фошгӯӣ дар баъзе
асарҳои дигари насри тоҷикӣ ҳам дида мешавад. «Тақ-
вими раҳгум», ба фаҳми мо, муҳимтар он аст, ки нависан-
да маънои аслии замони ҳукмронии идеологияву психо-
логияи касодиро ба таври худ шарҳ додан мехоҳад.
I асвирҳои у ба ифодаи як фикри асоси тобеанд, ки бе-
эҳтироми нисбат ба инсон ва меҳнаткаш ҷамъияту
табиатро ба саргуми овардааст, муҳитро як ҳарҷу марҷ
фаро гирифтааст, меъёрҳои одамият бар боди фано
рафтаанд. Мақсади нависанда ҳар чӣ бештар дар асар
гирд овардани фактҳои ногувор нест, балки ба воситаи
онҳо ифода кардани як системаи ақи|даҳо, як фикри
муҳим, як марому биниши хос мебошад. Вай конкретия-
ти воқеии иҷтимоии таърихӣ, ҳамбастагии диалектикии
руидодҳои гуногунро зоҳир карда, сифати асосии замон-
Р° муайян кардан мехоҳад, решаҳои иҷтимоии рӯйдод-
ҳоро меҷуяд.
Дар_ повестьҳои пештараи Кӯҳзод рӯҳи публицистӣ
бартари дошт. Дар «Тақвими раҳгум» руҳи публицистй
кам нашуда, тасвири бадеии манзараҳои ҳаёт, ҳаққо-
нияти воқеи ва маънои рамзии онҳо қувват ёфтааст.
Инро муваффақияте дар пешрафти эҷодии ӯ донистан
мумкин аст. Маҳз қувваи бадеии тасвир ҳамбаста бо
руҳияи публицистй барои ҷамъбастҳои иҷтимоии вай
заминай муътамаде тайёр кардааст.
Дар асари бадей чунин гузориши проблемаҳо лозим
аст, ки ҳаётро аз ягон соҳаи нав равшан менамояд,
фикр^ ҳисси моро ангезе медиҳад ва моро ба андеша
бурда, ба он вомедорад, ки ягон паҳлуи зиндагиро аз
нав дарк намоем, вазифаи инсонии худро беҳтар шино-
сем. Асари бадей кашфи ҳаёт ё ягон чузъи муҳимми
он, кашфи ҳақиқат аст, ки хонандаро низ ба кашфиёт,
ба худшиносиву дуньёфаҳми водор мекунад. Фақат
воқиаҳои аҷиб, сужети шавқангез, саргузаштҳои ибрат-
омуз барои асари ҳақиқӣ кам аст. Дар сурате ки ин
182
ҳама як кулли воҳидро ташкил карда, фикри муҳимми
наверо дар бораи инсон ва замон чун системам муайяне-
илқо кунанд, барои кашфи ҳақиқати ҳаёт замина ҳозир
мегардад.
Аз он чи дидем, ба ақидаи мо, чунин хулоса баровар-
дан мумкин аст, ки тамоюлоти инкишофи насри ҳозираи
тоҷикӣ бисьёр зиддият дорад ва ин зиддиятҳо масъала-
ҳои асосии эҷоди бадей, роҳу равиши асосии насрро
фаро гирифтаанд.
Қисме аз ин ихтилофот дар мақолаи Маъруф Рач;а-
бов /«Садои Шарқ», 1987, №2/ муфассалан ва ба муъ-
тамадй нишон дода шудааст. Дар ин мақола аз барра-
сии масъалаи афзоиши шаҳрнишинӣ дар асарҳои нави-
сандагони ҷавони тоҷик сухан меравад. Лекин аз баъ-
зе ҷиҳатҳо, ба пиндошти мо, масъалаи шаҳрнишинй ва
таъсири муҳити шаҳрҳои калон ба маънавияту психо-
логияи мардум, масъалаи муносибати шаҳру кишлоқ
дар ин мақола яктарафа азоҳ ёфтааст.
Дар ҳақиқат, ҳоло аҳамияти ин масъалаҳо дар зин-
дагии халқи тоҷик торафт меафзояд ва аз ҳудуди сол-
ҳои ҳафтоду ҳаштод дар адабиёт бештар мавқеъ иш-
ғол кардани онҳо тасодуф нест. Афзоиши босуръати
аҳолии шаҳр /хусусан Душанбе/ дар соҳаи маънавия-
ту ахлоқ бисьёр масъалаҳои душвор пеш меорад. Он-
ҳое, ки дирӯз деҳотӣ, саҳроӣ, кӯҳистонй буданд, акнун
бояд ба шароити шаҳр, ба дӯлобиву бесарусомониҳо, ба
шиддату суръати он одат кунанд, вале ин кор осон
нест ва бисьёр оқибатҳои ҷиддии ахлоқиву психологӣ
пеш меорад. Адабиёт ҳолати чунин шахсеро, ки дирӯз
саҳроӣ буду имрӯз шаҳрй шуд ва аз ҷиҳати маънавню
психологӣ ҳанӯз як пой дар деҳаву як пой дар шаҳр
дорад, яъне ҳоло на шаҳристу на қишлоқи^—чунин
психологияи дуҷанба, чунин ҳолати душвори руҳиро ба
тадқиқ гирифта истодааст. Маънавияту ахлок ва тар-
зи тафаккури қишлоқиёни дирӯза дар шаҳр ба таъси-
роти тамоман дигаре дучор меояд: шаҳри серодаму
серғавғо, фишори тоқатнопазири шиддату суръат, мар-
думи гуногун, ки ба шаҳр омада, ба гирдоби пурпече
гирифтор гардида, дар назарашон меъёрҳои ахлоқу
одоби одатӣ дарҳаму барҳам шудааст, сари ҳар касро
ҳам гарант мекунад. Ин ҳолати дуҷанбаи мардуми
шаҳрнишинро бо ҳама ҷузъиёт ва падидаҳои гуногу-
наш тадқик кардан дорои аҳамияти махсусест. Адабиёт
ҳолати маънавию ахлоқй ва психологии инсонро ба ху-
18$
ди ӯ нишон медиҳад, ёрмандӣ мекунад, ки инсон ҳола-
тн худро фаҳмад ва мувофиқи ин фаҳмиш амал кунад.
Асари бадей як воситаи худшиносй, ба гуфти Маркс
нахустин нишонаи хирадмандист. ’
. Дар шаҳрҳои калони замони мо пояҳои анъанавии
ахлоқу одоб аз уетувори маҳрум шуда истодааст. Дар
вақташ барои ин ки кудаку навҷавоне одобу услуб ёд
гирад ва маданияти маънавӣ пайдо кунад, ӯро ба шаҳр
мефиристоданд: ҷавонон на танҳо аз як ё чанд дониш-
кадаи марказҳои маданият илму дониш меомӯхтанд
балки аз ахлоқу одоб ва рафтору гуфтори шаҳриён’
ки нисоат ба деҳот маданияти баландтару нозуктар
дошт, баҳра мебардоштанд. Имрӯз аҳвол дигар аст. Им-
руз агар хоҳем, ки фарзандон ахлоқу одоб ва забономӯ-
занд, онҳоро лоақал ҳар тобистон ба қишлоқ мефирис-
тем. Идеали эстетикии маънавии халқ, таҷрибаи чан-
динасраи ахлоқии вай имруз дар деҳот бештар боқӣ
мондааст.
Аз ин ҷост, ки куҳансолони деҳа дар асарҳои нави-
сандагони ҷавон аксаран чун таҷассуми ақлу заковати
халқ тасвир мешаванд, он тасаввуроти ахлоқии халқро
ки чандин аср боз аз санҷиши замон гузашта, сайқал
дида ва такомул ёфта, буньёди одамиятро устувор ме-
дорад ифода мекунанд. Дар насри Саттор Турсун,
-урун Қуҳзод, Баҳром Фируз,- нависандагони чавон Ҷо-
нибек Акобиров, Абдулҳамид Самадов, Муаззама, Ка-
роматулло Мирзоев ва дигарон ҷустуҷӯи идеали эсте-
тикни халқ, идеали иҷтимоиву ахлоқии ӯ аз тамоюло-
ти муҳиммест, ки пояҳои гуманистии ҳаёти мо, асола-
ти табиии инсонро мустаҳкам мекунад.
Инсоне, ки маҳрум аз ҳаёти маънавист, инсони но-
кнс аст. Тадқиқи маънавияти инсон, хусусан ҳамзамо-
нонй мо, амиқбурди асосҳои маънавии тадқиқп бадей
дар замони бозсози аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Маънавият бояд асоси бозсозии инқилобии ҷамъиятро
ташкил намояд. Агар дигаргуниҳову беҳсознҳо факат
бо ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, танҳо бо истеҳсолоту
тарзи идора ва раҳбари маҳдуд шавад, навсозии рӯякӣ
хоҳад буд, ки буньёди ҳастии ҷамъиятию маънавии ин-
сонро фаро нахоҳад гирифт. Фақат дар сурате ки поя-
ҳои ҳастии маънавии инсон устувор шуд ва мувофиқи
замон тағъир пазируфт, аз дигаргунии куллии ҷамъият
умед кардан мумкин аст. Афсус, ки мо ин ҷиҳати масъа-
ларо ҳануз дар маркази диққат нагузоштаем.
184
Маълум аст. ки масъалаи маънавияти инсон сол-
ҳои бисту сӣ ва чилу панҷоҳ аз доираи диққати мах-
eye берун монда буд. Баръакс каҷравию нофаҳмиҳо,
социологизми вулгар ва сиетемаи фармонфармоии маъ-
мурй пояҳои маънавии ҷамъиятро ба харобй овард>
Дуньёи навро ба олами кӯҳна комилан муқобил гузош-
та, аз бисьёр андӯхтаҳои маънавии тачрибаи чандинас-
раи мардум даст кашидем, китобҳои қадимиро асарҳои
динии зарарнок пиндошта, ҳазор-ҳазор нобуд кардем,
ки дар байни онҳо шояд садҳо дастнависи нодир ҳам
буд, пул ва кувваи бисьёре сарф карда, осори аълои
меъморй, обидаҳо, мадрасаҳо, тимҳо ва ғайраро вай-
рон кардем. Расул Ҳамзатов ба наздикй бисьёр ду-
руст гуфт, ки «чун дар вақташ масҷидҳоро вайрон ме-
кардем, таърих, ҳам санъати меъморй, ҳам мадания-
ти халқро ба нобудй медодем» /«Огонёк», 1987, №41,.
саҳ. 6/. Дар натиҷаи чунин вайронкориҳо, еитезапеша-
гй ва инкорҳо ҷамъият аз таҷрибаи маънавии чандин
наели гузашта дур шуд, ҳаёти маънавй сахт зарар дид.
Аз даст рафтани Бухорову Самарканд — ин марказҳои
қадимии маданияти олй барои халқи тоҷик ба ғоят та-
рой омад: халқ аз муҳимтарин қисми анъанаҳои маъ-
навию ахлоқии маданияти бостонии шаҳр маҳрум шуд
ва ин ҳолат ба инкишофи гармоникии шахе, ба тарак-
қиёти иҷтимоиву таърихии миллат нақши амиқе гузошт.
Аз ин рӯ, масъалаи маънавият имрӯз барои халки
точик зиёда аҳамият дорад. Насри тоҷикй, хусусан эҷо-
диёти Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Кӯҳ*
зод, Баҳром Фирӯз, аз ҷавонон Абдулҳамид Самадов,
Сайф Рахимов, Ҷонибек, Абдурофеъ Рабиев. ва монан-
ди инҳо бо чузъиётбандии психологи падидаҳои маъна-
вияти халқро зарра-зарра гирд оварда, анъанаҳои ас-
лии маънавию ахлоқии халқиро устувор мекунанд. Он-
ҳо моро меомӯзанд, ки қадри арзишҳои асили маъна-
вияти халқро донем. Адабиёт дар роҳи нигахдошти
буньёди халқии ҳастии инсон мубориза карда истодааст.
Тасодуф нест, ки ин муборизаи адабиёт дар давраи
касодии пеш аз бӯҳрон қувват ёфт. Зеро қабоҳати бе-
маънавиятй ва фасоди ахлоқ маҳз дар понздаҳ-бист
соли охир бештар аён шуд. Акнун дар замони бозеозй
баланд бурдани сатҳи маънавии ҷамъият аз вазифа-
ҳои асосист. Беҳуда нест, ки «софкории ахлок ва нав-
созии социализм» чун муҳимтарин максадҳои ҳамбас-
таи якдигар пеш гузошта шудааст. М.С. Горбачёв дар
185-
ҷашни солгашти 70-ми Октябрь гуфт: «Маданияти маъ-
нави на ин ки зебу зинати чамъият, балки як соҳаи
таъмини фаъолиятгарии ҳаётии он, имконоти интеллек-
туаливу мадании ҷамъият аст. Маданияти маъиавӣ гӯё
филиззи ҳафтчӯшест, ки пойдории иҷтимоии ҷамъиятро
устувор мекунад, омили суръатафзои инкишофи он ме-
бошад».
Маданияти шахс як чузъи маънавияти ӯст. Мада-
нияти олии ботини, маданияти маънавй нишонаи асо-
сии одамият мебошад. Адабиёт амиқбурди маданияти
баланди маънавии шахсро дар ӯҳда дорад. Вай бо таъ-
сири сухани оли ва тасвири бадей фикру ҳисси инсон-
ро ташаккул медиҳад ва ба сӯи дарки фалсафаи ҳас-
тни одамизоду ҷамъият раҳнамун мегардад. Аз ин ҷост,
ки концепцияи иҷтимоиву фалсафии асари бадей дорои
аҳамияти махсусест. Аҳамияти он дар давраи мубори-
заи зидди руйдодҳои ҳЗстисӯз, дар давраи навсозии
ҷамъияту инсон ва устувор кардани пояҳои гуманис-
тии маънавият яке бар чанд афзудааст.
Адабиёт одатан вазифаҳои навбатии рӯзмарраи
чамъиятро ҳам ба дараҷаи масъалаҳои бузургу ҷовидонии
ҳастии инсон мебардорад. Агар чунин ҷамъбасту уму-
миятдиҳии куллӣ ба даст ояд, ҷамъият масъалаҳои нав-
батии рузмарраи худро ҳал кунад ҳам, аҳамияти аса-
ри бадей аз миён намеравад. Аз ин ҷост, ки Лев Толс-
той аз асари бадей «манфиатҳои ҷовиди умумибашарӣ,
азизтарин ва самимитарин эҳсосоти халқ»-ро меҷуст.
А. П. Чехов гуфта буд: «Илму санъат, — агар илму
санъати ҳақиқи бошад, ба сӯи мақсадҳои муваққатӣ
ва ҷузъи не, балки ба сӯи моҳияти ҷовидоиӣ ва уму-
ми ҷаҳду ҷадал дорад, — ҳақиқат ва маънои зиндагиро
меҷуяд».
Хусусан дар айёми мо — дар даврони бозсозии кул-
лии ҷамъият саргармӣ бо вазифаҳои муваққатй ва май-
да-чуйдаву резапораҳои зиндагӣ, аз паи ҳақиқатҳои од-
дии маълум рафтан ва монанди инҳо асарро аз яклух-
ти ва концепцияи ҷиддии ҳаётй маҳрум месозад. Дар
замони мо моҳияти рӯйдодҳоро дар партави масъалаҳои
бузургу ҷовиди ҳастии инсон ва арзишҳои фанонопазир
маънавию ахлоқи равшан кардан, ҷамъбастҳои пур-
вусъату амиқи иҷтимоиву фалсафӣ ба миён овардан
аҳамияти махсус пайдо кардааст.
Дар чунин шароит қадри анъанаҳои олии адабиёти
классикии форсиву тоҷикӣ бештар аён мегардад. Зубдаи
186
ҳақиқати ҳастй, ҷавҳари фикри ҷӯяндаи чандин наели
мардумон, андӯхтаҳои маънЯвияти олй дар гузаштаи
мо гирд омадааст. Ин ҳамаро аз он адабиётн бузург
бо нигоҳи кунунӣ аз бинишгоҳи халқият ба андеша
гирифтан ва дар даврони бозсозӣ ба хизмати мардуми
имрӯзӣ гузоштан зарур аст.
Бинобар ин ба чунин фикри Расул Ҳодизода розй
шудан мумкин нест, ки гуфтааст: «Аз ҷиҳати идеявй ва
мазмуни ғоявй бошад, гумон аст, ки адабиёти гузаш-
таи мо ба тасвири воқиаҳои имрӯза ва маънии бузур-.
ги идеявии онҳо таъсири бевосита дошта бошад» /«Са-
дои Шарқ»,1987, №6, саҳ. 112/. Расул Ҳодизода охири
солҳои шаст ҳам меросбарии ғоявии адабиёти советии
тоҷикро аз адабиёти классикй инкор намуда, фикре баён
карда буд, ки «анъанаҳои адабиёти классикй /дар ҳар
ҳол, адабиёти классикии тоҷик/ пеш аз ҳама, на дар
мавзуъ,^ балки дар шакли адабӣ зоҳир мегардад». Ин
фикри ӯ он вақтҳо ба эроди ҷиддй дучор шуда буд. Аб-
дунабӣ Сатторов таъкид карда буд, ки чунин ақида
«аз вайрон кардани як қонунияти маълуми бадей — та-
носуби ҳақиқии шаклу мундариҷа ба вучуд омадааст».
Абдунабй Сатторов гуфта буд: «Мантиқан ҳам агар
дар байни адабиёту санъати гузаштаву имрӯза алоқаи
маънавӣ набошаду танҳо таҳаввулу таҷаддуди шаклҳои
бадей мушоҳида шавад, прогресси адабиёту санъат чй
тавр сурат мегирад?» /А. Сатторов. Нуқтаи пайванд,
1982, саҳ. 236/. Ин як саволи ҳаққонӣ буд, лекин афсӯс,
ки Расул Ҳодизода ақидаи устувори худро имрӯз—
пас аз қариби бист сол такроран таъкид намуда, боз
ба тарзи ҳукми қатъӣ сухан рондааст ва ягон далелу
бурҳон наовардааст, то ки мо чй андоза ҳақиқат дош-
тани онро дурусттар санҷем.
Дар ин маврид ба чунин таълимоти Ф. Энгельс
такья кардан зарур аст, ки гуфта буд: «Илм мутано-
ноеибан ба маҷмӯи донишҳое, ки аз наели гузашта ме-
рос гирифтааст, пеш меравад» /К. Маркс, Ф. Энгельс,
Соч., т. 1, с. 568/. Таърихи адабиёт ҳам аз ин ҳақиқат
гувоҳи медиҳад. Аксари мо солҳои бисту ей гумон дош-
тем, ки адабиёти совета комилан хилофи адабиёти пеш-
тара аст ва агар ба он робитае хам дошта бошад, ин
робита фақат бо шакл, воситаҳои тасвиру ифода ва
каломи бадеъ маҳдуд аст. Пас аз чанде маълум шуд,
ки ин гумон галат будааст. Ҳоло тамоман равшан аст,
ки дар масъалаи меросбариву идомакории эҷодӣ ҳам
187
ҳақ ба ҷониби бузургони гузашта будааст, ҳақиқат он
будааст, ки, масалан, Бедил гуфта буд:
Сайкалгари оинаи таҷдид кадим аст,
Натвон ба навӣ ғофил аз ин сози кухан рафт.
Оре, таҷдид, навсозиву навпардозй аз «сози куҳан»
дудой надорад ва фақат идомаву такомули он метаво-
над буд. Дар ҳақиқат, маънавият чист ва инсони ҳақи-
қӣ кист, одамизод чаро ба дунё меояд ва чӣ тавр бояд
аз дуньё равад, мақсад аз зиндагӣ кадом аст ва неки-
ву бадӣ чӣ маънӣ дорад — ин ҳама саволҳоеанд, ки ба
онҳо танҳо аз таҷрибаи маҳдуди шахсй ҷавоби боса-
воб ёфтан душвор аст. Барои ба ин саволҳо ҷавоб ёф-
тан бояд ба андӯхтаҳои маънавию ахлоқй ва фалса-
фии замонҳои гузаштаи дуру наздик рӯ орем, таҷри-
баи иҷтимоиву таърихии халқи худ ва халқҳои дигар-
ро бо мақсадҳои олии имрӯзӣ ба андеша гирем. Ин аз
муҳимтарин вазифаҳои ҳар як шахс, тамоми ҷамъият,
аз ҷумла адабиёту санъат аст.
Валентин Распутин гуфта буд: «Аз рӯи виҷдон зин-
дагй кардан шахсияти маънавй ёфтан аст, ки рафтору
кирдори шахс бо тасаввуроти ҷовидоние дар бораи ва-
зифаи инсон, бо тасаввуроте, ки аз наел ба наел ома-
дааст, нисбат дошта бошад» /В. Распутин. Если по со-
вести, «Лит. газ.», 1 янв. 1988, №1, саҳ. 10/. Чунон ки
мебинем, маънавияту ахлоқ, фалсафаи ҳастии инсон
бидуни арзишҳои ҷовид, бидуни анъанаҳои устувори
наслҳои гузашта муяссар нахоҳад шуд. Инро Чингиз
Айтматов ҳам чандин бор таъкид карда буд. Чунончи,
у гуфтааст: «Бадӣ ҳамеша силоҳе монанди ниқор до-
рад. Ammo некӣ, азбаски некист, бесилоҳ аст. Бо вучу-
ди ин некӣ муҳаррике дорад, ки барои дар ин чанги тан-
батани чандин ҳазор сол ба ӯ ёрмандй мекунад, то ки
зафар наёбад ҳам, истодагй карда тавонад. Ин муҳар-
рик анъанаҳое мебошанд, ки ахлокро ташаккул меди-
ҳанд, онро дастгирй мекунанд. Дар ҳар чамъият кам-
кам иқтидори таҷовузқор ҷамъ меояд. Вале ҳамин ки
анъанаҳо сует шуданд, ҳам дар ҷамъият, ҳам дар шах-
сияти алоҳидае ин иқтидор ба ҳаракат медарояд». /Ч.
Айтматов. «Надеюсь — жизнь рассудит», «Лит. обозр.»,
1987, №11, с. 42/.
Аз ин чост, ки имрӯз анъанаҳои маънавияту ахлоқи
188
халқ, анъанаҳои олии адабиёти классикии форсиву то-
чикй, муҳимтарин анъанаҳои гуманистии башарият ба-
рон чамъияти мо андӯхтаи бебаҳоест, ки бояд пурра
аз худ шавад. Аҳамияти анъанаҳои адабиёти класси-
киро барон адабиёти муосир фақат бо доираи шакл
маҳдуд донистан хусусан имрӯз бештар зарар хоҳад
овард. Баръакс, мақз имрӯ$ арзишҳои ҷовиди инсони-
ро дар зиндагии худ бояд бештар устувор кунем.
Маънавият ва фалсафаи ҳастӣ, ҳамаи масъалаҳое,
ки аз ин ҷо cap мезананд, моҳияти умумиинсонн доранд,.
моҳиятан човиданд, дар ягон замон ва ягон кишвар
аҳамияти худро аз даст надодаанд ва нахоҳанд дод.
Онҳо ҳамеша мувофиқи шароити замону макон такмил
меёбанд, амиқ мераванд, мазмуну мундариҷаи нав ме-
гиранд ё худ ягон ҷиҳати онҳо дар марҳилаи муайяне
бештар аҳамият пайдо мекунад. Аксари онҳо дар айё-
ми мо ба аҳамияти дараҷаи якум моликанд. Бечиз
нест, ки М. С. Горбачёв ҳангоми пазироии аҳли фору-
ми Иссиққӯл гуфт: «В.И.Ленин дар аввали асри мо
фикри басо амиқе баён карда буд, ки арзишҳои уму-
миинсонӣ бар вазифаҳои синфе бартарӣ доранд. Аҳа-
мияти ин фикр хусусан имрӯз ба шиддат эҳсос меша-
вад» /«Правда», 22 окт. 1986/.
Мавқеи синфиро аз арзишҳои ҷовиди умумибашарй
чудо кардан, хусусан ба онҳо зид гузоштан норавост,
зеро манфиати синфҳои меҳнаткаш ва идеалҳои олии
онҳо чизе берун аз арзишҳои умумиинсонй нест, балки ко-
милан мутобиқи онҳо, ифодаи имрӯзй ва ба худ хоси
онҳост. Гуманизми социалиста умдатарин андухтаҳои
инкишофи таърихии маънавию ахлоқӣ ва ичтимоиву
фалсафии инсонияти тараққихоҳро дар бар гирифтааст.
Аз ин рӯ, мо бояд худро ба гузашта муқобил нагу-
зорем, балки аз неку бади он сабақ омӯзем. Дар акси
ҳол, аз меъёрҳои олии одамият маҳрум хоҳем монд.
Вазифаҳои тарбиявии адабиёт ҳоло тақозо дорад, ки
маънавияту ахлоқи мардумони имрӯза, худшиносии ин-
сонй ва ичтимоиву фалсафии онҳо ба дараҷаи балан-
ди меъёрҳои умумибашарй бардошта шавад. Имрӯз ба
масъалаҳои маънавият ва фалсафаи ҳастии инсон ами-
қан cap фурӯ бурдани адабиёт беш аз ҳар вақт зару:
рат пайдо намудааст.
Мо аз адабиёт маънавият ва фалсафа талаб меку-
нем. Асари асили бадей он аст, ки ҷавқари фикри на-
189
висанда, ки натиҷаи ҷустуҷӯҳои ҷиддии бардавоми иҷ-
тимоиву фалсафии уст, бар маънавияти олӣ поя дорад.
Дар ин маврид мавқеи гражданӣ ва ғоявию бадешт
иависанда, назари хоси имрӯзии вай, ҷиддияти концеп-
цияи у, ки ба идеалҳои олии даврони мо такья дорад,
аҳамияти, махсус касб менамояд, то ки мазмуни замо-
нии арзишҳои ҷовиди маънЪвй бо ҳама бузургиву шу-
кӯҳи инсонӣ падид ояд ва чун меъёри баҳо хизмат ку-
над. Имруз, ки дар мамлакати мо қудратафзоии омили
инсонй ва софкории ахлоқи ҷамъият аз вазифаҳои асо-
сист, ба фикри ман, гражданият ва муосирияти ада-
биёт, пеш аз ҳама, дар корбасти олитарин меъёрҳои
одамият зоҳир мешавад, аз ҳамин бинишгоҳ баҳо до-
дан ба шахс ва ҳар рӯйдоди .зиндагй мебошад, ба ба-
ландтарин пояҳои идеали эстетикии халқ бардоштани
ҳастии маънавии ҷамъият аст. Муайян кардани моҳия-
ти ҳаетии маънавии шахс, ҷамъият ва замон дар нас-
ри ҳозираи тоҷикӣ ҳоло ба чунин пояи баланди меъёр-
ҳои умумибашарӣ нарасидааст. Як сабабн ин ҳамоно
беэътиноӣ нисбат ба анъанаҳои бузурги адабиёти клас-
сикии форсиву тоҷикӣ, ба дастовардҳои маънавию эсте-
тикии халқҳои дигар аст.
Беэътиной нисбат ба мероси оламшумули маданнву
маънавии худ дар шакли наср ҳам ба назар мерасад.
Нависандагони тоҷик солҳои ҳафтоду ҳаштод барои та-
комули шакли миллии романи тоҷикй кӯшиши ҷиддйе
зоҳир накарданд. Чингиз Айтматов, баъзе нависандаго-
ни гурҷӣ, украинӣ, озарй, республикаҳои Соҳили Бал-
тика ва ғайра, устодони насри Америкаи Лотинӣ, Авру-
пои Ғарбй, Ҳиндустон, Япония мувофиқи тафаккури
халқи худ, мувофиқи дигаргуниҳои имрӯзии психологияи
миллй пайваста барои роман шаклҳои нав меҷӯянд. Ин
ҷӯяндагӣ натиҷаҳое дода истодааст, ки адабиёти мил-
лиро гоҳ якбора ба арсаи ҷаҳон мебарорад. Бешак, дар
ин маврид ran фақат дар шакли нав пест, балки боз ҳам
дар концепция, дар фаҳмиши амиқи замон ва чашман-
дози пурвусъати иҷтимоии фалсафй, дар ҳамбастагии
диалектикии ғояҳои олии нав ва шакли тоза мебошад.
Афсус, ки аз барои маҳдуде берун нашудани андеша-
ҳои нависандагони тоҷик, дар фазой бепоёни дуньёи им-
рӯзй ба парвоз наомадани фикри бадеии онҳо роҳи
навангезии ҳақиқии гоявию бадеиро бастааст. Гумон
меравад, ки ба пояи баланди гояҳои умумиинсонии
адабиёти классикии форсиву тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ бардош-
190
тани масъалаҳои муҳимми имрӯзй барои кашфиёти ба-
дей, барои муайян шудани мундариҷаву шакли рома-
мани тоҷикӣ имконоти беназире фароҳам хоҳад овард.
Фикри амиқи замонй, чашмандози пурвусъати маъ-
навию фалсафӣ, робитаҳои рӯзафзуни интернационалӣ
шакли адабиётро тағйир медиҳад ва бадеияти нав ба
он фикри муҳим, ба.он ҷустуҷӯҳои маънавию фалсафӣ
қувваи азиме ато карда, барои таъсири амалии эсте-
тикй замина тайёр менамояд.
1988
1П. ҶӮСТУҶӮИ ҲАҚИҚАТ ВА ДӮСТӢ
МАҚТАБИ ОДАМИЯТ
Яке аз намояндагони барчастаи адабиёти совчтии
сермиллати мо, нависандаи маъруфи литвонй Микилас
Слуцкие бо номи «Истироҳат» /«Отдых»/ повеете до-
рад. Қаҳрамони ин повесть Антанина Граяускене за-
неет, ки ба гирдоби зиндаги гирифтор шудааст. Ик за-
ни серғайрат аз пагоҳ то бегоҳ дар тараддуду ташвиш
буда, дар корхона аз болои столп бухгалтерй cap бар-
дошта наметавонад .ва ҳамин ки аз корхона баромад,
ба магазинҳо медавад, дар ҳар магазин чанд бор ба'
навбат истода, кам-кам хурокворй мехарад ва бо сум-
каҳои пур тозон-тозон ба сӯи хона роҳ пеш мегирад.
Дар хона шавҳар ва се фарзанд мунтазири ӯ мебошанд.
Тамоми кори хона ҳам ба сари Антанина мондааст. Ӯ
барои аҳли хонавода зуд хӯроке бояд тайёр намояд,
зуд хонаро андак ғундорад ва тоза кунад. Ҳама корро
зуд ва бо саросемаги ичро кардан даркор аст, вагарна
вақт намерасад.
Ҳар рӯзи Антанина ҳамин тавр мегузарад: саҳар бо
даводав cap шуда, ташвиши рӯзгор то бевақтии шаб,
то вакти хоб давом мекунад. Ин зиндагии якранги пур-
ташвиш Антанинаро батамом ба коми худ кашидааст:
ғайр аз ғами рӯзгор фикре ба сари ӯ роҳ намеёбад, аз
ҳама ёру дустони солҳои чавони дур шудааст, ба чуз
192
хонаи худ, корхонаи бухгалтерй ва чанд магазини ат-
роф чизеро намебинад. Ҳатто аз доли фарзандон, аз
дилу нияти онҳо хабар гирифта наметавонад, имкон на-
дорад, ки аз фарзандон аҳвол пурсад.
Антанина ғуломи рӯзгору знндагй шудааст, дзету
пои худро баста ба дасти ташвиши рӯзгор супурдааст
ва кам-кам аз ҳаёти маънавй маҳрум гардида, ба як
мошини автомат табдил ёфта истодааст. Инро гоҳ ху-
ди ӯ ҳис мекунад, вале илоҷе надорад, аз гирдоби зин-
дагй халоей нест.
Ниҳоят, рӯзе аз корхона ба Антанина як путёвка
доданд ва ӯ барон истироҳат ба курорт рафт. Шароити
курорт, оромию хомӯшй, оҳистагию беташвишӣ ба ӯ
бетона буд, вай ба ин шароит одат карда наметаво-
нист. Лекин ба ҳар ҳол фурсате даст дод, ки Антани-
на фикр кунад, зиндагии худро бй андеша тирад, аҳво-
ли худро худ фаҳмад. Вай дар ин чо имкон ёфт, ки ба
рафтору кирдори мардуми атроф бо чашми. диккат ни-
гоҳ кунад, аз аҳволи онҳо хабар тирад, кам-кам ба та-
му шодии онҳо шарик шавад. Хусусан занаки хамхо-
наи вай Констанция бемории вазнине ва саргузашти
пурдарде дошт. Оҳиста-оҳиста тақдири Констанция фик-
ри Антанинаро бакуллй ба худ банд кард. Дарди ин
занаки бетона дарди худи Антанина шуд. Ин ҳамдар-
дй ба бегонае дар дили Антанина боз ҳиссиёти нозуку
наҷиби инсониро бедор кард.
Нависандаи рӯҳшинос Миколас Слуцкие нишон до-
дааст, ки чун дар дили Антанина хоҳиши фаҳмидани
дарди днгарон пайдо шуд, бегонагй ва одамгурезии ӯ
кам шудан гирифт, байнп Антанина ва дигарон тадри-
ҷан муносибатҳои хушки расмй барҳам хӯрда, муноси-
батҳои ҳақиқии инсонй оғоз ёфт. Ба ин тариқ, қаҳрамо-
ни нависанда боз хислатҳЪи асили одами пайдо кард,
боз ба роҳи одамгарий одамият даромад.
Миколас Слуцкие шароити зиндагии як шаҳри ка-
лони Литва, шаҳри аврупоии серодам ва зиндагии пур:
шиддати онро тасвир кардааст ва инсон бо таъсири чу-
нин шиддату суръат бештар ба бегонагй, мардумгуре-
зй, танҳоии ботинӣ хӯ мегирад. Дар Точикистони мо ша-
роити зиндагӣ андак дигар аст ва ҳанӯз кор ба он да-
раҷа нарасидааст. Бо вуҷуди ин, мушоҳидаҳои он на-
висандаи зиндагидону дилшинос барои мо ҳам басо иб-
ратомӯз мебошанд, зеро ташвиши рӯзгор дар зиндагии
13—277
193
мо низ кам нест ва ҳар лаҳза мумкин ает, ки баъзе аз
моёнро ба коми худ фурӯ барад.
Ии ҷо барои мо фикри асосии Миколас Слуцкие
бисьёр муҳим аст. Вай бо повести «Истироҳат» гуфтан
мехоҳад, ки инсон бонд монанди ғуломе худро ба дас-
ти ташвиши зисту зиндагй насупорад, балки баръакс
ҷараёни ин ташвишҳоро ба иродаи худ итоат кунонад,
бо иродаи худ онро идора намояд. Инсон бояд ба ҷа-
раёни худрави зиндагй ҳамроҳ шуда наравад, балки
аз байни ҳама ҳарҷу марчи зиндагй худро чӯяду ёбад,
худро шиносад, шаъни одамии худро фаҳмад, мавқеи
инсонии худро устувор кунад. Аммо ин худҷӯиву худ-
шиноей дар танҳоӣ ва бо бегонахӯӣ ба даст намеояд.
Одамизод фақат дар натиҷаи ба андеша гирифтани
аҳволи худ ва аҳволи дигарон, фақат дар натичаи хам-
дардию ҳамдастии бо мардуми атроф сифатҳон инсо-
нии худро устувор карда метавонад. Одам бояд бози-
чаи дасти зиндагй набошад, балки соҳибкори огоҳу
фаъоли ҳаёт буда, дар даруни ҳама ғаму шодии дига-
рон умр ба cap барад, то ки арзиши умри худи ӯ маъ-
лум шавад.
Одам кист ва одамият чист? Асрҳост, ки ин савол
дар сари мутафаккирони дуньё чарх мезанад, Олимо-
ну нависандагони ҳамаи халқҳо замони худро санчида,
феълу атвори мардуми атрофи худро бодиққат омӯхта,
ба он савол ҷавоб чустаанд. Фикри ҷӯяндаи инсон ба
ин савол ҷавобҳои пухтае гуфтааст. Аз шеъри Рӯдакй
ва рисолаҳои Ибни Сино то замони мо асарҳои сершу-
море ба майдон омадаанд, ки дар онҳо маънои одаму
одамият кашф шудааст, ба кадом тарзу тарик ба дара-
ҷаи инсонияти ҳақиқй расидани инсон баён гардидааст.
Худшиносии инсон, моҳияти ҳастии инсонии худро фаҳ-
мидани ӯ чандин аср боз давом дорад ва пояҳои гуно-
гуни он дар илму адабиёт акс ёфтааст.
Асирии Хуҷандй — шоири ибтидои асри XX гӯё на-
тичаи он ҳама ҷустуҷӯйҳои маънавии гузаштагони худ-
ро хулоса карда, дар як шеъри машҳураш, гуфтааст:
Одамийят чист? — Худро дур аз ша,р доштан,
Хайрхохи халк будан, нафъи безар доштан.
Чунон ки мебинем, фикри шоири точик аз фикре,
ки нависандаи литвонй Миколас Слуцкие баён кардааст
ва дар боло дидем, чандон дур нест. Асирӣ «хайрхоҳи
халқ будан» ва ба дигарон нафъ расониданро одамият до-'
нистааст. Ғами дигаронро хӯрдан ва бо атрофиён хайр-
хоҳона зиндагй кардан аз муҳимтарин шартҳои одамият
аст ва ин шартро ҳамаи халқҳо ва мардумони ҳамаи
замонҳо бисьёр муҳим донистаанд. Аз ҳамин сабаб, он-
ро на фақат Асирӣ таъкид кардааст, балки як нави-
сандаи имрӯзаи советӣ ҳам зарур донистааст, ҳатто бои-
си наҷоти инсон, боиси аз чанголи худбинию худхоҳӣ,
аз азобҳои танҳоиву кӯрдилй халос шудани одам шу-
моридааст.
Саъдӣ ҳам чандин аср пештар аз замони мо ин маъ-
ниро таъкид карда буд. Вай гуфта буд: «Агар хештан-
ро хайр хоҳй, хайрхоҳи халқ бош!» Яъне Саъдии бузург
ҳам хайрхоҳӣ ва некукориро боиси наҷоти инсон донис-
тааст. Дар ҳақиқат, одамият аз инсоф, аз хайрхоҳиву
некукорй cap мешавад. Агар аз касе дигарон хайре на-
бинанд, некие умед надошта бошанд, пас, ба чй асос
ӯро инсон номидан мумкин аст? Дарачаи инсонияти ҳар
як шахе аз он маълум мегардад, ки ӯ то чй андоза ди-
ли неқхоҳ дорад, то чӣ андоза тайёр аст ба дигарон
дасти ёрӣ дароз кунад.
Касе, ки фақат бо ғами худ зиндагӣ мекунад ва аз
дигарон парвое надорад, ба пои худ теша мезанад. Ин-
ро М. Слуцкие бо саргузашти Антанина бисьёр нағз
таъкид кардааст. Антанина он вақтҳо ки ба ғами худ
ғӯтида буд ва оламу одамро намедид, кариб буд, ки
инсонияти худро аз даст диҳад, ба сифати инсон, ба
сифати як зоти маънавӣ маҳв шавад. Вале ин масъала
ҷиҳати дигар ҳам дорад. Факат бо вами худ зиндаги
кардан чунин маънӣ ҳам дорад, ки баъзеҳо фақат худро
одам медонанд, факат манфиати худро мебинанд ва
мумкин аст, ки барои манфиати худ ба дигарон хеле
зарар оваранд. Ин ҳам, албатта, аз одамият дур аст.
Ҳоло баъзе нависандагони тоник ва қаҳрамони онҳо дар
сари ин ходиса бисьёр фикр мекунанд. Хусусан романи
Фазлиддин Муҳаммадиев «Палатаи кунчакй» ва повес-
ти Саттор Турсун «Зиндагй дар домани талҳои сурх»
аз ин гуна андешаҳо пур аст. Қаҳрамони асосии рома-
ни Ф. Муҳаммадиев баъди андешаҳои бисьёре чунин
хулоса баровард: «Инсон ҳамон аст, ки на факат ғами
хеш, балки дигаронро низ хӯрад». Қаҳрамони повести
мазкури Саттор Турсун гуфтааст: «Одам аввало бо рост-
кориву хулки хуш ва лафзи ҳалолаш одам астЬ>
Ф. Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Сорбон, У рун Кук-
195
зод, Баҳром Фируз, Меҳмон Бахтй ва дигарон дар асар-
Ҳои худ чунин шахсонеро тасвир карда истодаанд, ки
бо ҳалолкориву поквиҷдонӣ, бо андешаи нек, бо ҳиссу
ҳаяҷони софи одамӣ сифатҳои инсонии инсонро усту-
вор мекунанд, пастию ноодамиро маҳкум менамоянд,
ба мо имкон медиҳанд, ки мо ҳам одамию ноодамиро
беҳтар бинем, фарқ карда тавонем.
Боре дар «Литературная газета» /1983, 4 май, №18/
суҳбати муфассали нависандаи гурчй Чабуа Амираҷн-
би ва як мухбир чоп шуда буд. Дар ин сӯҳбати пур-
мазмун баъЗе ҷиҳатҳои чустуҷӯйҳои имрӯзаи маънавию
ахлоқии нависандагони совети хеле барҷаста ифода шу-
дааст. Ч. Амираҷиби бовари қатъӣ дорад, ки одамизод
зотан неку некхоҳ аст ва коре бояд кард, ки чароғи не-
ки дар дили у ҳамеша фурӯзон бошад. Ч. Амираҷнби
гуфтааст: «Ҳар кас мефаҳмад, ки барон некй ба дуньё
омадааст, на барои бадӣ. Лекин барон некй ҷидду ҷаҳ-
де лозим аст, аммо бадй номаълум содир мешавад, кас
бади мекунаду нафаҳмида мемонад». Ба ақидаи Ч. Ами-
рачиби, инсон бояд чунон бошад, ки на фақат дидаву
дониста, балки ҳатто надониста бадй накунад. «Аз ха-
ма пеш ннсбат ба худ сахтгир будан даркор аст,— ме-
гуяд Ч. Амираҷиби—фақат ба ин тарз дигаронро ҳам
дигар кардан мумкин аст, шароитро, шароити ахлоки-
ро, ки ҳама чиз вобаста ба он аст, тағьир додан мум-
кин аст».
Дар ҳақиқат, қаҳрамони романи Ч. Амираҷиби «Да-
та Туташҳия» чандин бор худро дигар кард, хулқу ат-
вори худро тагйир дод, то ки дар ҳар шароит нек бо-
шад, дар ҳар вазъият некию инсофро аз даст надиҳад
ва шароиту вазъияти зиндагиро чунон дигар кунад, ки
барои бо дили нек ба воя расидани инсон имконият бо
шад.
Бешубҳа, инсони ҳақиқй шудан осон нест ва барои
ин ки шахе ба камолоти инсонй расад, ннсбат ба худ
ба ниҳояти дараҷа серталаб будани ӯ зарур аст. Дар
табиати инсонии қаҳрамони баъзе асарҳои адабиёти хо-
зираи тоҷикй худназоратй хеле инкишоф ёфтааст ва ин-
ро хусусан дар насри Ҷ. Икромй, Ф. Муҳаммадиев,
С. Турсун, Кухзод, дар шеъри Лоиқ, Бозор Собир, Сан-
дали Маъмур, Гулрухсор бештар мебинем. Анвар —
қаҳрамони романи Ҷ. Икромй «Ман гунаҳгорам», Иб-
роҳимҷон — қаҳрамони романи Ф. Муҳаммадиев «Па-
латаи кунҷакӣ» ва дигарҳо лаҳзаҳои алоҳидаи зинда-
196
гии худро ҳамаҷониба фикр мекунанд, кушиш мена-
моянд, ки аз худ бехабар намонанд, ҳар қадами худро
дониста гузоранд. Ин худназорати, кӯшиши амиқ сар-
фаҳм рафтан ба маънои ҳар кор ва фикру ҳисси худ
аз он ҷиҳат хеле муҳим аст, ки одам бояд огоҳона раф-
тор кунад, аз ҳар қадаму ҳар нафаси худ бояд
ба худ ҳисоб диҳад, бояд донад, ки кори дуруст
карда истодааст ё не, аз ин кор, аз ин фикру ҳисси у
на факат ба худаш, балки ба дигарон ҳам фоидае ҳаст
ё не ва агар ба дигарон фоидае набошад, лоақал зара-
ре нарасад.
Тошхоҷаи Асири дар байти боло ҳангоме ки ба са-
воли «одамият чист?» ҷавоб додан мехост, аввало гуф-
тааст, ки «худро дур аз шар доштан» шарти одамият
аст. Ҳақиқатан дар баъзе мавридҳо аз шуру шар, аз
бадй ва бадон дур истодан айни одамият аст, ҳатто
қаҳрамонист. Дар баъзе мавридҳо аз бади дур исто-
дан кам аст, барои нест кардани бади ва бадкирдорон
коре кардан зарур аст, вагарна шарти одамй ба ҷо на-
меояд. Лекин мавридҳое ҳам ҳастанд, ки агар одам ба
дигарон некй карда натавонад, неки аз дасташ наояд
ва имкон надошта бошад, айб нест, аммо аз бади худ-
дорй кардан, аз бадй дур истодан шарт аст.
Одамию бадй ба ҳам омада наметавоцанд. Он ки
бадй кард, одамиятрб аз даст медиҳад ва боз ба номи
бузурги инсон сазовор шудани у бо душвориҳои сахте
муяссар мегардад.
М. Горький аз адабиёт санъати инсоншиносиро та-
лаб мекард. Имрӯз адабаёти мо ҳар қадар ки бештар
ба ниҳонгоҳҳои дили ҳамзамонон роҳ ёфта, маънои ҳас-
тии инсони замони моро амиқтар ошкор месозад _аҳа-
мияти он ба сифати як мактаби ҳаёт афзоиш меёбад.
Мо аз ин мактаб дарси зиндаги меомузем, фарқ кар-
дани некию бадй ва одамию ноодамиро ёд мегирем.
Адабиёти советӣ, аз чумла адабиёти тоҷики ҳоло чунин
дарсхонаест, ки барои андешаҳои ҷидди ғизои фаро-
вон медиҳад.
1983
ҶУСТУҶӮИ РОҲИ БУЗУРГИ НЕКЙ
Дар замони мо таърих ва ривоятҳои таърихй, асо-
тир, афсона ва умуман фолклор хар чй бештар ба ада-
биёти бадей роҳ ёфта истодааст, Ба ин восита нависан-
197
дагони гуногун ҳар кадоме мувофиқи чаҳонбинӣ ва май-
лу рағбати эҷодии худ ҷустуҷӯҳои маънавии наслҳои
у штаро аз дидгоҳи имрузй ба андеша гирифта, ба-
рон муҳокимаи масъалаҳои муҳимми ҳастии инсони хо-
зира мавриди мулоҳиза қарор медиҳанд ва пояҳои иҷ-
тимоиву фалсафии асарро устувор менамоянд.
Ин ҳолат имрӯз дар тамоми адабиёти ҷаҳон дида
мешавад. Адабиёти советии сермиллати мо ҳам аз ин
нест' а£аРи бадей cap даровардани фольк-
лор дар адабиети бисьер халқҳои советй дар шаклҳои
гуногун ба назар меояд. Дар эҷодиёти баъзе нависан-
дагон^ чунончи Владимир Санги, то ҳадди имкон унсур-
ДИ ф°льклорро дар шакли аслй нигоҳ доштан'прин-
ципи асосист. Дар эҷодиёти Ҷингиз Айтматов бошад
масъалаи истифодаи асотир, чунон ки У. Ю. Далгат ме-
гуяд, «бо дарки нави ахлокиву психологии миф ва аф-
сона, бо такья кардан ба робитае, ки миф ба вокеият
дорад, бо роҳ cap кардан аз миф ҳал мегардад»1. Аммо
Баграт Шинкуба дар «Суруди харсанг» /«Песня о
скале»/ ва романи «Охирини рафтагон» /«Последний
из ушедших»/ асотирро «бо мақсади тафсири ҳолати
ботинии қаҳрамонони худ, ифодаи этнопсихологияи он-
ҳо, ҷаҳонбини, чигунагии биниши муҳити таърихй ва
ҳаетиашон» истифода мекунад. Нависандагон асотпоу
афсонаҳо ва ривояту қиссаҳоро, ки дар онҳо инкишо-
фи маънавии халқҳои гуногун ифода шудааст, бадеан
аз нав дарк мекунанд.
Афзоиши кӯшише барои ҷамъбастҳои вусъатноки
фалсафи боиси қувват гирифтани шавқу ҳавас нисбат
оа ҳикмати асрҳо гардидааст.
Ба ин ваҷҳ, ба майдон омадани асарҳои нависан-
даи русинависи точик Темур Зулфиқоров низ тасодуф
набуд. Унсурҳои асотир, фольклор, ривояту афсонахо
андухтаҳои маънавию ахлоқии фарзандони бузурги
халқҳои гуногун ва замонҳои гузашта асоси чустуҷӯ-
ҳои иҷтмоиву фалсафии ӯро ташкил менамояд
Повестьҳои шоиронаи Темур Зулфикоров дар чанд
мачмуа гирд омадаанд: «Ду қиссаи ишқ» /«Две леген-
ды о любви», Душ., 1980/, «Достонҳои мусофират»
/«Поэмы странствий», М„ 1980/, «Амирону шоирону до-
нишмандон» /«Эмиры, поэты, мудрецы», Душ 1983/
«Таттабубу» /М„ 1984/, «Шикери шоҳ Баҳроми Гӯри
1 У. Ю. Далгат, Литература и фольклор.: Наука, 1981, с. 301.
198
Сосони» /«Охота царя Бахрам-Гура Сасанида», Душ.,
1986/.
Дар ин маҷмуаҳо повестьҳои таърихии зерин ҳас-
танд: «Достоин бачагии Мушфиқй» /«Книга детства
Мушфики», 1975/, «Нахустин ишқи Хоча Насриддин»
/«Первая любовь Ходжи Насриддина», 1979/, «Досто-
ин розгӯиҳои Умари Хайём» /«Книга откровений Ома-
ра Хайяма», 1977/, «Достоин марги амир Темур» /«Кни-
га смерти Амира Тимура», 1983/. Нависанда ҳамаи ин-
ҳо ва баъзе асарҳои дигарашро якҷоя «Достонҳои шар-
қӣ» /«Восточные поэмы»/ номидааст.
Вай аз таърихи Россия ҳам чанд асар эҷод кар-
дааст, ки «Достони князь Михаили Чернигови» /Поэма
о князе Михаиле Черниговском», 1982/, «Қиссаи Иван
Грозный» /«Легенда об Иване 1 розном», 1983/, «Розгуи-
ҳои Сергийи Радонежй» /«Откровения Сергия Радо-
нежского», 1984/ аз ҳамин чумлаанд. Ин гуна асарҳои
ӯ ҳама якчоя «Достонҳои русй» /«Русские поэмы»/ ном
гирифтаанд.
Қаҳрамонони Темур Зулфиқоров гоҳ шахсиятҳои аф-
сонавй — Хоча Насриддин мебошанд, яъне аз як су,
шоирону мутафаккирони бузурге, аз дигар ҷониб, каҳ-
рамонони ҳаҷву мутоибаи халкй, намояндагони «олами
ханда» қаҳрамони Темур Зулфиқоров гардидаанд. Баъ-
зе аз инҳо, аз чумла қаҳрамонони «олами ханда» аз
ин пеш диққати бисьёр нависандагонро ба худ кашида
буданд. Хайём, амир Темур низ дар чандин асари ба-
деии нависандагони гуногун тасвир ёфтаанд. Латифа-
ҳои Афандй асоси романи Леонид Соловьёв «Қиссаи
Хоча Насриддин» /«Повесть о Ходже Насреддине»/-ро
ташкил намудааст. Лекин Темур Зулфиқоров олами
бадеии чолиб ва махсусе офаридааст, ки аз он чи то ин
вахт медонистем, ба кулли фарқ дорад.
Якумин чизе, ки аз асарҳои Темур Зулфиқоров ба
чашм мехӯрад, комилан шакли шарти доштани онҳост,
ки хусусяти ҳамаи сатҳҳои структурах бадеиро муайян
кардааст.
Гап фақат дар ин нест, ки, масалан, Мушфикии таъ-
рихй дар Бухоро таваллуд ёфта умр ба cap бурда буд,
аммо дар повести Темур Зулфиқоров ватани у деҳаи
дурдасти Чиптӯра аст. Ба ҷузъиёти воқеи чандон аҳамият
надодани нависанда ва озод рафтор кардани ӯ он гоҳ
ҳам маълум мешавад, ки чунончи, падару модар солҳои
кӯдакии фарзандашон ҳам ӯро Мушфиқи меноманд
199
ва ҳол он Мушфиқи тахаллус буда, на солҳои кӯдакӣ,
балки баъдтар номи шоирии ӯ қарор ёфт, вале он вақт
ҳам ба гумон аст, ки падару модар ӯро чунин ном ме-
гирифта бошанд.
•Дар охири «Достоин бачагии Мушфиқӣ», кн вокиа-
ҳои он аз руи таърих бояд дар асри XVI чараён дош-
та бошанд, Хоҷа Насриддин пайдо шуда, давом дода-
ни муборизаи роҳи адолатро ба Мушфиқии чавон су-
пурдааст. Аммо дар «Бозгашти Хоча Насриддин» ин
қаҳрамон дар асри XIV, дар замони амир Темур амал
кардааст. Яъне замони зиндагии як қаҳрамон — Хоча
Насриддин дар ду асар аз якдигар қариб дусад сол
фарқ дорад.. Хода Зулфиқори дарвеш ҳам дар «Дос-
тоин розгуиҳои Умари Хайём» ва ҳам дар «Бозгашти
Хода Насриддин» гоҳ-гоҳе пайдо мешавад, яъне гоҳ
дар асри XII ва гоҳ дар асри XIV айал кардааст, аммо
дар «Маеалҳои дарвеш Хода Зулфиқори девона» /1986/
нависанда таъкид кардааст, ки ин шахе дар замони
амир Олимхон, яъне дар арафаи Октябрь дар Бухоро
мезист.
Хоча Зулфиқор шахеи таърихй нест, шахсп таърихй
будани Хоча Насрнддинра ҳам нлм ҳанӯз исбот накар-
дааст. Хоча Насриддину Хоча Зулфиқор дар асархои Те-
мур Зулфиқоров баёнгарони бозчустҳои маънавии мар-
думони замонҳои гуногун мебошанд ва аз ҳамин сабаб,
нависанда озод рафтор карда, ҳаёти онҳоро ҳар дафъа
ба замони дигаре нисбат додааст, аз забони онҳо ҳақи-
катҳоеро баён намудааст, ки фикри ҷӯяндаи мардум
дар давраҳои гуногуни таърих ҳосил карда буд ва "он
ҳақиқатҳо дар ҳамаи давраҳо ба як дарача арзиш хо-
ҳанд дошт. Умдатарин андӯхтаҳои фикри инсон дикка-
ти Темур Зулфиқоровро ба худ кашидааст ва қаҳрамо-
нони у азоби дуньёро кашида, бо андешапарварии чон-
коҳе арзишҳои маънавии фанонопазирро устувор наму-
даанд.
Ба ҳам мувофиқат накардани замони вокиаҳо ва за-
мони ҳаёти қаҳрамонон, пеш аз ҳама, ба шакли шар-
тии асарҳо алоқаманд аст.
Як нишонаи шартияти шакл ин аст, ки масалан,
«Достони бачагии Мушфиқӣ» аз нишонаҳои таърихии
конкрети давр, аз реалияҳои муайяни зисту маишати
асри XVI қариб тамоман маҳрум мебошад. Он вокеия-
ти таърихй, он нишонаҳои конкрети ҳаёт, ки дар ин по-
весть тасвир ёфтааст, бештар ба охирин давраҳои таъ-
200
рихи пеш аз Октябрь, чунончи тахминан ба қарни XIX
монанд аст, аммо ба асри XVI, ба он замоне, ки дар
Осиёи Миёна ҳучуми нави қабилаҳои турк cap туда
буд ва зисту маишатро ҳамин воқиа муайян мекард,
монандӣ надорад. Ҳамин ҳолатро дар «Нахустин ишки
Хоча Насриддин» ҳам мебинем. Ин ҷо ҳам гуфтан душ-
вор аст, ки воқиаҳо дар кадом замон, дар кадом давран
муайяни таърих рӯй додаанд. Аз рӯи баъзе чузъиёти
конкрети зисту маишат, ки хеле каманд,_ метавон тах-
мин кард, ки ин чо ҳам замони таърихи ба давраҳои
охири пеш аз Октябр наздик оварда шудааст.
Дар бисьёр мавридҳо ба Темур Зулфиқоров эрод
гирифтан мумкин аст, ки дар асарҳои ӯ баъзе нишона-
ҳои замонҳои гуногун ва дур аз якдигар ҳампаҳлу ома-
даанд, ба ҳам омехтаанд. Чунин эрод ба ҳамин қариби-
ҳо бо ибораҳои сахте баён шуд. Расул Ҳодизода дар
бораи достони Темур Зулфиқоров «Шикори шоҳ Баҳ-
роми Гӯри Сосонӣ» /1985/ гуфт, ки ҳангоми хондани
ин асар «беихтиёр саволе пеш меояд: ин асар, ки чу-
нин номи пурсадои таърихй дорад, барои чй ва барои
кй навишта шуда бошад? Паи ҳам омадани номҳову
мафҳумҳои таърихй ва асотирй,— мегӯяд Расул Ҳоди-
зода,— номҳову мафҳумҳои динии қадимӣ ва мусулмо-
нй, ки аксаран ба ҳам алоқае надоранд, гоҳ ба тасви-
ри воқиаҳои таърихй ва афсонавӣ ҳамроҳ шудани ун-
сурҳои даҳшатангезӣ хонандаро ба ҳайрат меорад ва
саросема мекунад. Аммо назари худи нависанда дар па-
си пардаи ин ҳама воқиаҳо пинҳон аст»1.
Ба ин муносибат, таъкид бояд кард, ки зотан бини-
ши махсуси эстетикӣ, ба марзҳои гуногун ба хам наз-
дик овардани воқеияту афсона, замонҳои таърихи ва
мафҳумҳои мухталиф ба сари худ ҳеҷ гоҳ айб нахо-
ҳад буд ва агар натмҷаи муҳимми гоявию бадей дода
бошад, бояд гӯем, ки нависанда ба ин кор ҳақ дошт.
Бинобар ин, барои розй шудан ба эроди Расул Ҳоди-
зода бояд шитоб накунем. Бехтар аст, ки боз баъзе па-
дидахои худхоссаи он диди таърихиро, ки дар асарҳои
Темур Зулфиқоров ҳаст, аз назар гузаронем. Он год
шояд масъала равшан шавад.
Хонанда Н. Карпенко дар бораи баъзе асарҳои на-
висандагони хозира, аз чумла насри Темур Зулфиқо-
1 Р. Хади-заде. Жизнь, литература, критика. «Коммунист Тад-
жикистана», 19 марта 1986 г.
201
ров ба идораи «Литературная газета» мактубе навиш-
та /13-П-1980/, бо ҳайрат гуфта буд, ки «Насриддин
дар ин ҷо /дар асарҳои Т. Зулфиқоров — М.Ш./ на чу-
нон аст, ки мо аз ривояту латифаҳои Шарк медонем».
Инро баъзе мунаққидон ҳам таъкид карда буданд. Чу-
нончи Валентин Оскоцкий моро огоҳ карда' буд, ки «аз
китоби ӯ тасвири муфассали сарнавишти душвори онҳо
/қаҳрамонон — М.Ш./ ва печу тоби роҳҳои ҳаёти онҳо-
ро начӯед»1.
Дар ҳақиқат, мо Мушфиқию Хоҷа Насриддинро аз
фольклор чун зарофатгӯён ва қаҳрамонони латифаҳон
фараҳбахшу нешдоре медонем, аммо дар асарҳои Темур
Зулфиқоров, ки ба онҳо бахшида шудаанд, ҳачву му-
тоиба қариб нест.
Нависандй ин қаҳрамонони худро аз баъзе хислат-
ҳои маълум, ки мо онҳоро бидуни ин хислатҳо тасаввур
карда наметавонем, маҳрум кардааст. У бо ин кораш
хилофи тасаввуроти умумӣ рафтор намудааст. Бешуб-
- ҳа, ин тарз — ба донисти умум муқобил рафтан бисьёр
хавф дошт ва бояд эътироф кунем, ки аз нависанда хе-
ле ҷуръату ҷасорати эҷодӣ талаб менамуд.
Чунин ба ҳам мувофиқат накардани аломатҳои кон-
крети воқеият дар «Достони розгӯиҳои Умарн Хайём»,
яке аз баркамолтарин асарҳои ӯ «Бозгашти Хоҷа Нас-
риддин» камтар аст, вале ин ҷо низ хеле ба назар ме-
расад.
Ин «носозворй» ва «бемувофиқатиҳо», ин тарз риоя
нашудани воқеияти таърихй, ин ҳама «озодандешиҳо»-и
навйсанда ба чй сабабе рӯй додаанд? Ба фаҳми мо,
ин чо сабабҳои ҷиддй дар миён аст. Ҳоло баъзеи он
сабабҳову натиҷаҳои онҳоро аз назар гузаронидан ме-
хоҳем.
Темур Зулфиқоров ба таърих ба тарзи махсусе наз-
дик мешавад. Ҷустуҷӯйҳои эҷодии ӯ дар мавриди дар-
ки иҷтимоиву фалсафии моҳияти замонҳои гузаштаи
дур махсусиятҳое дорад.
Лев Озеров дар сарсухани яке аз маҷмӯаҳои ин на-
висанда таъкид карда буд, ки «достонҳои Т. Зулфико-
ров амиқан иҷтимой ва таърихй мебошанд».2 Вале таъ-
1 В. Оскоцкий. В багрянце осени. О прозе Темура Зулфика-
рова. «Коммунист Тадж.», 30 окт., 1981.
2 Л. Озеров. Проза поэта.— В кн.: Т. Зулфнкаров. Поэмы
странствий. М., «Молодая гвардия», 1980, с. 10.
202
рихияти асарҳои Темур Зулфиқоров дорон ҷанбаи худ-
хосаест. Таърихияти амиқи ӯ, агар ин таъбир ҷоиз бо-
шад, бештар таърихияти моҳиятист.
Асарҳои вай на аз ҷиҳати конкретияти воқеӣ ва
ҷузъиёти моддй, балки моҳиятан таърихиянд. Симои
муайяну мушаххаси як давраи таърих, падидаҳои кон-
крет, реалияҳои зисту маишат, тафсилоту чузъиёти мод-
Дии он давра диққати ӯро ба худ намекашанд. Обра-
зи умумиятёфтаи замон, падидаҳои моҳияти он ба на-
зари у муҳимтар аст. Дар асарҳои вай дуньёро бо зу-
ҳуроти чузъиву хусусии конкреташ не, балки бо уму-
мияту ҷомеият ва универсалияташ мебинем, оламеро
мебинем, ки хосиятҳои умуми, моҳияти амиқи куллии
он дар назар аст.
Таҳкия ба ҷойгардони қабатҳои гуногунзамони таъ-
рих, ба омезиши йн қабатҳо асос ёфта, ин ҷойгардону
омезиш қабули яклухти маънои сужетро ба миён мео-
рад. Дарки шартию номуайяни замон ба таҳкия маъ-
нои мутлақ, маънои безамонй медиҳад. Бо ҷойгардо-
ни пораҳои вақт замони сужет сербортару сергунчоиш-
тар мешавад ва ин имконе фароҳам меорад, ки моҳия-
ти асосии давраҳои гуногуни таърих як ҷо ҷамъоварй
гардад. Нависанда чунин хосиятҳоеро падйД меорад,
ки моҳияти давраҳои гуногуни таърих, балки тамоми
инкишофи таърихиро кам ё беш ба яклухтй ифода ме-
кунанд.
Мунаққидон кайд карда буданд, ки рафтори инеон
ва руйдодҳои воқеияти таърихи дар насри Темур Зул-
фиқоров маънои рамзи дорад. Рафаэль Мустафин дар
бораи повести «Бозгашти Хода Насриддин» навишта
буд: «Дар пеши чашми мо на амир Темури таърих, на
он шахсияти воқеӣ, ки дар асарҳои таърихй ва бадей
чандин бор тасвир шудааст, балки як навъ рамзи бе-
раҳми ва истибдод намоён мешавад»* 1.
Образи Мущфиқиву мулло Насриддин низ дорой
маънои рамзи мебошад. Темур Зулфиқоров ҳаҷву му-
тоиба ва латифаро гӯё падидаи зоҳирии моҳияти ҳас-
тии онҳо медонад. Аз ин рӯ, онҳоро ошкорову таъки-
дан аз ин нишонаҳои зоҳирӣ озод кардааст, то ки ба-
рон марказият додани диққат ба моҳияти амиқи ҷус-
1 Р. Мустафин. Путями нехоженными. «Лит. газ.», 13 фев
I г1 т •*
203
туҷӯҳои маънавии онҳо, ба ифодаи таъмимию рамзии
мазмуни рӯйдодҳои воқеият имкон ёбад.
Маҳз чустучӯҳои маънавии чандин наели мардум
ва фарзандони бузурги халқ дар бисьёр асарҳои Темур
Зулфиқоров масъалаи асосист. Йнсон дар асарқои ӯ ба
шоҳроҳи таърих баромадааст ва хақиқат меҷӯяд. «Му-
софират»-и қаҳрамонони Темур Зулфиқоров ба шохро-
ҳи зиндагӣ баромадани онҳост, ба чустучӯи чавоби
масъалаҳои човидонии ҳастии инсон, масъалаҳои ҳақи-
қатан умумиинсонй ва умумидунёвӣ роҳ пеш гирифтан
аст.
Якумин повести Темур Зулфиқоров «Достоин бача-
гии Мушфиқӣ» чунин ба охир расида буд, ки «аз пои-
зи деҳи дурдасти Чиптӯра баромад ■ бачае бо бодомӣ
асову кӯҳна кӯлвори меросӣ ва зад саргум, шуд ғарқ ба
ғубори ғализи роҳ», зеро, чунон ки муаллиф аз кавли
Хоҷа Самандари Тирмизӣ гуфтааст, «дар он шабонгоҳ
киштии туфуллияти ӯ ба тақвияти бодбони табиат ба
соҳили камолот расид» /тарҷумаи Муҳаммадзамони Со-
леҳ/.
Қаҳрамони повести «Нахустин ишқи Хоча Насршд-
дин» низ ба ҷустуҷӯйҳои баркамоли маънавӣ раҳсипор
шуд. Ин чо моҳияти ҷустучӯҳо равшану возеҳ баён гар-
дидааст. Як дарвеши нобинои дуньёгард ба мулло Нас-
риддин гуфт: «Бирав, ба Роҳи Бузурги Абрешим!..
Ба роҳи Бузурги мубориза бо бадй!.. Пайраҳаҳову кӯр-
раҳаҳоро бигузор ва ба Роҳи Бузург баро!..» Ва Хоча
Насриддин ба ҳамин роҳ рафт.
Қаҳрамонони Темур Зулфиқоров ба Роҳи Бузурги
Абрешим гоҳе баромадаанд, ки ин роҳ чун вокеияти
конкрети таърихй кайҳо боз вучуд надошт. Вале Роҳи
Бузурги Ҳақиқат ҳамоно вуҷуд дошт ва халқҳои дур аз
якдигарро ба ҳам мепайваст, халқҳову маданиятҳои
Шарқу Ғарбро ба ҳам наздик меовард.
Натиҷаи ин раҳпӯиҳои бениҳоят, ин сафари «Рохи
Бузурги Некй» /то ки онро «алаф ва шутурхор кӯр на-
кунад»/ дар андешаҳои пурэҳтироси «Достони розгуи-
ҳои Умари Хайём» ва «Бозгашти Хоҷа Насриддин», дар
он андешаҳои шиддатнок, ки гоҳ қувваи азими драма-
вӣ доранд, омадааст. Ин андешаҳои каҳрамонон масъа-
лаҳои гуногуни ҳастии иисон, инкишофи ҷамъияти ба-
шарй ва таърихро дар бар гирифтаанд. Дар саҳифа-
ҳои повестьҳои Темур Зулфиқоров, хусусан дар «Дос-
тони розгӯиҳои Умари Хайём» ва «Бозгашти Хоча Нас-
204
рнддин» дар байни Хиради Олӣ ва Аҳмақии Олй му-
боризаи сахте давом дорад. Чунон ки аз эпиграфи ки-
тоби «Нахустин ишқи Насриддин» — як гуфтаи дониш-
манди хитой Конфуций маълум мешавад, Хиради Олй
ва Аҳмақии Олй «тағьирнопазиранд», муборизаи онҳо
ҳамеша давом хоҳад кард.
Қаҳрамонони Темур Зулфиқоров /инчунин худи муал-
лиф/ гӯё кӯшиш доранд, ки муҳимтарин қисми таҷри-
баи таърихии наслҳои гузашта, хулосаи ҷустуҷӯҳои ха-
мешагии хирадмандони халқҳову замонҳои гуногунро ба
доираи андешаҳои худ оранд. На танҳо мутафаккиро-
ни бузурги форсу точик Ибни Сино, Саъдӣ, Ҷалолид-
дини Румй, Саной ва дигарон, балки алломаҳои Шар-
ки исломй, инчунин Хитой, Ҳинд, Ғарбп•насронй дар
саҳифаҳои достонҳои Темур Зулфиқоров бо ҳам сӯҳ-
бате оростаанд. Нақлу ривоятҳо, қнссаҳо, ҳикматҳо —
ақлу хиради халқҳои гуногун дар ин саҳифаҳо гунҷи-
даанд. Андешаҳои муаллиф ва қаҳрамонони ӯ дар «Дос-
тонҳои шарқӣ» аз чандин силсила аесоциацияҳои бени-
ҳоят фароҳам омадаанд ва бисьёре аз ин ассоциацияҳо
ба тасаввуроти асримиёнагии таърихию чуғрофии точи-
кон асос ёфта, номи кишварҳо, вилоятҳо, шаҳру деҳа-
ҳои сершумори Шарқро фаро гирифтаанд. Гоҳ масофа-
ҳои бузурги чуғрофӣ ба тарзи аҷибй ҳайратафзое ба
ҳам пайванд ёфтаанд. Чунончи яке аз тарзҳои ин пай-
ванд: «Аввал як маҳсии кемухтии сурхи накшнни яма-
нй бидидам. Сонӣ як чакмани дарозу танги сафеди гав-
ҳаркории уйғурӣ ба назарам расид.. Баъд ду чашм ди-
дам... ду олуи дудхӯрдаи саёҳи ҷозибадори калони бу-
хороӣ... олу, олу, олу...» Ин ҷо қаҳрамон гӯё дар як
лаҳза дар тасаввури худ масофаҳои тӯлонии Шарқи аср-
ҳои миёнаро ба ҳам пайвастааст. Ин тарз бо ҷузъиёти
конкрети ҳаёти маишӣ /маҳсии яманӣ, чакмани қгшқа-
рӣ, олуи бухороӣ ва ғайра/ дар як чашмандоз ба ҳам
пайвастани маҳалҳои дур аз якдигар низ як навъи нфо-
даи ҷаҳонбинии мардумони асрҳои гузашта мебошад.
Нависанда алоқаҳои пурвусъатн мардумони давро-
ни пештараро ба тарзҳОИ гуногун чи дар соҳаи модди-
ву маишии ҳаёт ва чи дар маънавиёт падпд овардааст.
Қаҳрамонони Т. Зулфиқоров на чисман, балки фикран
дар кншварҳову замонҳои гуногуни дуру наздик сайр
доранд, саъяшон бар ин аст, ки ба Хирадномаи халқ-
ҳои гуногун, ба моҳияти бузургтарин масъалаҳои уму-
мибашарй роҳ ёбанд.
205
На танҳо замони бадей, балки фазой бадей низ пур-
гунчоиш аст. Нисбати худхоссаи фазову замон дар нас-
ри Т. Зулфиқоров имкон медиҳад, ки хонанда дар бо-
раи Дунё тасаввури ба худ хосе пайдо кунад. Ҳудуд-
ҳои замониву фазоии Қайҳон ба ҳам наздик омада, гӯё
тамоми дунё ба чашмандози қаҳрамон медарояд. Ҳа-
магирии муносибатҳои фазоиву замонии таҳкия, муно-
сибатҳои гуногуни фазоиву замониро якҷоя фаро гириф-
тани он барои ҷамъбастҳои вусъатноки иҷтимоиву фал-
сафи ва ахлоқи замина тайёр менамояд.
Чунон ки медонем, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳо-
физ, Ҳилоли, Бедил ва дигар классикони бузурги ада-
биёти форсиву тоҷикӣ дар шуури қаҳрамонони бисёр
нависандагони ҳозираи тоҷик ҳамеша ҳозиранд. Шеъри
оли, ки гоҳ лирикии нозук, гоҳ хирадмандонаи ҳик-
матомез, гоҳе фалсафист, дар шуури қаҳрамон замон-
ҳои мухталифи таърихиро ба ҳам пайванд дода, ро-
битаи сахти ҷустуҷӯҳои маънавии давраҳои гуногун,
меросбарию ягонагии тараққиёти маънавип ҳамаи’
наслҳоро ифода менамояч.
Ин равия дар насри Темур Зулфиқоров инкишоф
ва такмил ёфт. Дар асарҳои ӯ на танҳо лирикаи ишқии
фалсафи ва дидактики, балки инчунин баъзе лаҳзаҳои
инкишофи афкори фалсафии мардуми эронӣ ва бпсёр
халқҳои дигар барои ташаккули шуури қаҳрамон роли
калон бозидааст. Ҳудуди олами маънавии инсон дар
насри Т. Зулфиқоров хеле васеъ шуда, на фақат масъа-
лаҳои фалсафии ҳастии инсон, балки инчунин инкишо-
фи афкори фалсафиро ба миқёси дунё дар бар ги-
рифт. Қаҳрамон бо чустуҷӯҳои иҷтимоиву ахлокй ва
маънавии худ гуё хама олами башариятро фаро гириф-
тан мехоҳад. На фақат қаҳрамони «Достони розгӯиҳои
Умари Хайём», ки шоиру мутафаккир аст, балки каҳра-
мони «Бозгашти Хода Насриддин» хам шахсияти ин-
теллектуали мебошад ва олами маънавии ӯ монанди
олами фикри инсон васеу беҳудуд аст.
Васеъ шудани уфуқи олами интеллектуалин инсон-
ро дар эчодиёти баъзе аз дигар нависандагони точик
ҳам дида метавонем. Лекин дар асарҳои Т. Зулфико-
ров олами маънавии инсон боз хусусияти фалсафй ги-
рифта, асосан дар гирди масъалаҳои ҷовиде, азқаби-
ли муборизаи Некиву Бади, моҳияти ишқу марг, ҷангу
сулҳ, маънои зиндагии инсон инкишоф меёбад. Андеша-
хои шиддатноке дар сари мураккабтарин масъалаҳои
20S
фалсафаи ҳастии инсон, фалсафаи таърих ба карамони
насри шоиронаи Темур Зулфиқоров, ба «Достонҳои
шаркӣ»-и ӯ хос аст.
Мавзӯи аслии андешарониҳои фалсафии «Достонҳои
шарқӣ»—муборизаи Некиву Бадй дар дунёфаҳмии
халқҳои эронӣ решаҳои таърихии қадимӣ дорад. Ман-
зараҳои ҳаракати доимӣ ва муборизаи ҳамзидҳо, ки дар
воқеияти реалӣ ҳаст, аз замонҳои қадим дар мифхо,
дар тасаввуроти идеологии овони «Авасто» акс ёфтааст.
Дар «Готҳо»-и Зардушт /ибтидои ҳазораи якуми то
милод/, ки қисми асосии шеърии «Авасто» мебошад,
«системаи образҳо ба қутбнишонии ҳамагонӣ /тазод/,
ки бархӯрди воқеии ҳамзидҳои табиату ҷамъиятро дар
худ акс медиҳад, асос ёфтааст»'. Муборизаи доимии ху-
цои некӣ Аҳуро-Маздо ва худой бадӣ Ангро-Маню, ки
баъдтар, дар адабиёти классикӣ бо номи Хурмуз ва
Аҳриман омадаанд, аз ҳамин ҷо cap зада буд.
Ин мубориза дар бунёди фалсафии ҷустучӯҳои маъ-
навию ахлоқии қаҳрамонони .«Достонҳои шарқи»-и Те-
мур Зулфиқоров акс андохтааст.
Ин хусусан дар «Бозгашти Хоҷа Насриддин» бо кув-
ваи азиме ифода ёфтааст. Дар ин асар Хирадманд ва
Мустабид бо таъмими ниҳоӣ сахт ба ҳам мукобил гу-
зошта шудаанд. Инҳо Хоҷа Насриддини некукор, дунё-
дида, ҳикмати асрҳо андӯхта ва амир Темури чаҳон-
гири хунхор мебошанд. Ин ҳам муҳим аст, ки Неки ва
Бадӣ як оғоз дорад: Хоҷа Насриддин ва амир Темур на
танҳо аз як кишваранд ва ҳатто дар як деҳа ба воя
расидаанд, балки як зан онҳоро шир додааст. Пиразан
Мамлакати Кубаро бо ҳасрат хитоб мекунад: «Оре!...
Манам, ки аз як пистон Мустабидро шир додам!.. Аз
пистони дигар Хирадмандро!..»
Ба ин тариқ, оғозгоҳҳои Нек ва Бад, Ҳурмуз ва Аҳ-
риман дар дили инсон, дар дили мардумон аст. Он гуф-
таи Ҷалолиддини Румй, ки дар дунё чизе нест, ки аз
ту берун бошад ва ҳар чӣ чуи, аз худ хоҳи ёфт /ва Т.
Зулфиқоров ин гуфтаро дар достони «Нахустнн ишки
Хоча Насриддин» зикр кардааст/, низ шояд ба ҳамин
маънй фаҳмида шавад, ки оғози Некиву Бади дар ди-
ли инсон аст. Азизи Насафй, ки аз ҳамзамонони Ч,ало- 1
1 И. С. Брагинский. От Авесты до Айни, Душ.: «Ирфон», 1981,
с. 23.
207
лиддини Румист, низ гуфтааст: «Ҳар чӣ мехоҳӣ, дар
худ талаб кун, аз беруни худ чй металабй?1
Ленин диққати Темур Зулфиқоровро на танҳо ин
ҷиҳати масъалаи худшиносии шахе, на фақат мубори-
заи қувваҳои зидди якдигар дар дили ҳар нас ба худ
кашидааст, балки нависанда диққаташро бештар дар
шахеи амир Темур таҷассум ёфтааст, чамъ овардан ме-
хоҳад.
Заруратн муборизаи қатъӣ бо Бадӣ аҳамияти мах-
сус пайдо кардааст. Қаҳрамони «Достони розгӯиҳои
Умари Хайём» аламомез фикр мекунад, ки «дар импе-
риям салчуқиёни омада...» «халқҳо аз ҳам чудо мурда-
вор хомушанд». Дарди дили қаҳрамон ва азоби анде-
шаҳои у нағз ифода шудааст: «Оре!.. Империя шабест
торик курдил гуногунзабон ва безабон... Шабест торик
кӯрдил... Фақат корде корди бурроне корди шаб факат
Корд биност чило дорад рост ба нишон мерасад».
Дар «Бозгашти Хоча Насриддин» пн масъала боз
ҳам тундтар ба миён гизошта шудааст. Насриддин деҳ-
қонеро дид, ки руи роҳе дароз кашидааст ва мунтазир
аст, ки «савораи чиғатой» — «нӯкари амир» ояду ӯро
кушад. Дар ин лаҳза андешаҳои Хоҷа Насриддин омех-
таи дарду алам аст: «Дигар куввате надорам, ки буби-
нам, тоқат бикунам!.. Оре! дигар наметавонам дар ин
роҳ дар ин роҳи хоболудон бошам!.. Дар сарзамини
хоболуд'он мурдагон наметавонам хобид!» Ва инак, Хо-
да Насриддин хитоб кардааст: «Эй мардум, мардуми
муъмин! Чи хомӯшед?.. Чӣ пинҳон доред?.. Чй комат
хамида медоред?.. Магар дар ягон замон ягон кас зин
дар пушт ба дуньё омада буд?... Аз таре чашм пӯши-
даед, вале дилро магар метавон пӯшида дошт».
Дар ин гуна мавридҳо асарҳои таърихии Темур Зул-
фиқоров бо замони мо ошкоро ҳамсадо мешаванд. Инак,
андешаҳои «амир Темур — ин қассоби халқҳо», ки низ
кушиш дорад, ки ба ранги ҳикмати халқ ran занад:
«Боғбонҳо баҳорон ва тирамоҳон дарахтонро шох меза-
нанд... Ва дарахтон тоза шуда бо саховат шира меги-
ранд!... Ман ҳам аз шохи дарахти халкҳо навдаҳои зиё-
датибуридам!..»
Ин суханони Темури ҷаҳонгир ба назарияҳои на- 1
1 Азизи Насафи. Зубдат-ул-хақоик.— Дар кит.: Пять, философ-
ских трактатов на тему офоқ ва анфус, критический текст А. Е.
Бертельса, М., 1970, с. 204.
208
жодпарастони гитлерй, ки аз дасташон миллионҳо на-
фар ба кӯи нести рафт, бисёр монанд аст. ё магар
Сталинро ба ёд намеорад?
Хода Зулфиқори дарвеш — яке аз персонажҳои чанд
асари Темур Зулфиқоров боре гуфтааст: «Чунин а,ст...
Чунин буд... Чунин хоҳад буд... Замон фақат дар наза-
ри аҳмақон дар ҳаракат аст, чараён дорад... Дар наза-
ри хирадмандон замон беҳаракат аст, чараён дорад...
Дар назари хирадмандон замон беҳаракат аст...» Ин
чо баз хам му бор из а« доимии Неку Бад дар назар аст.
Ва фнкри нависачдаю персонажи ӯро ба замони мо мео-
рад, ба замоне меорад, ки муборизаи халқҳо бо хама
гуна диктатураҳои хунхор, хунтаҳои ҳарби, режимҳои
апартеид, ниятҳои ҷаҳонгирӣ, гегемонизм ва ғайра соа-
те қатъ намегардад.
Буньёди аслии кушишҳои Темур Зулфиқоровро дар
роҳи аз нав дарк кардани ҷустуҷӯҳои маънавню фал-
сафии асрқои миёна ҳамеша максади имрузие ташкил
мекунад ва ин мақсад даъват ба фаъолият, ба муборп-
за мебошад. Нависанда дар асоси сабақҳои рузгорони
гузашта моро дар шароити пмруз ба мубориза даъват
менамояд, дар шароите, ки, аз як тараф, инқилоби ил-
мию техникӣ музаффарона ба пеш қадам зада, дари
олами кайҳонро ба рӯи инсоният калонтар мекушояд,
аз сӯи дигар, аз дару даричаҳои кайҳон ба сари ахлн
башар доруи март пошидан мехоҳанд.
Дарьё, ки ҳамеша чорист, зан, ки дар ҳар шароит
ҳам бача калон мекунад, кори ҳамешагии фикри инсон,
ки ба асрори ниҳонии табиату чамъият роҳ меёбад, чаҳ-
ду ҷадали мардум ба сӯи некиву озоди, ки ҳеҷ гоҳ қатъ
намешавад—ин ҳама дар китобҳои Темур Зулфиқоров
рамзи ҳаёти бардавом мебошанд. Нависанда чунин
фикрро устувор менамояд, ки Мустабид ба боди фано
хоҳад рафт, «аммо хирадманд хоҳад монд...», «Халк хо-
ҳад монд...»
Мунаққидон аз муҳимтарин худхоссагиҳои насри
шоиронаи Темур Зулфикоров — «таъмими лирикиву фзл-
сафӣ, шартияти тамсилӣ, рангомезиҳои романтикнн он»
бисьёр сухан ронда буданд. Нависанда фақат асосҳои
ҳаётӣ, танҳо баъзе вазъиятҳои хоси замонеро, ки ба-
рон оғоз ёфтани ҷустучӯҳои ичтимоиву маънави чун
таконе хизмат кардаанд, таъкид менамояду бас. Анде-
шаи каҳрамонон мавҳуму муҷаррад нестанд, балки аз
шароити ба тарзи хеле умуми тарҳкаши шудаи воқеия-
209
14—277
ти объективи бисьёр табии cap задаанд ва бо васеъ
шудани чашмандози қаҳрамон ва таҷрибаи ҳаётии ӯ
кам-кам амиқ мераванд.
Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки ба Темур Зулфикоров
худхоссагии ҷустуҷуҳои шахсияти Шарқи асрҳои миё-
наро бо баъзе ҷузъиёти хурд ва тобишҳои нозукаш ни-
шон додан муяссар гардидааст. Вай махсусиятҳои тар-
зи тафаккури гузаштагон, он шаклҳои худзоҳирии шахс-
ро, ки ба ҷаҳонбинӣ ва рӯҳиёти дар давоми асрҳо та-
шаккулёфтаи вай мувофиқ аст, ифода намудааст.
Албатта, ба баъзе чузъиёти зисту маишат ва фик-
ру андешаи қаҳрамонони Т. Зулфикоров эрод шриф-
та» мумкин аст. Чунин чузъиёти нодакик ба эътимод-
бахшоии таърихии асарҳои у халал меоранд. Чунон-
чи, Хоҷа Насриддин боре Иброҳим, Буддо, Исон Масеҳ
ва Муҳаммадро худо ба шумор овардааст. Ва ҳол он
ки ин фикр комилан хилофи ҷаҳонбинии мусулмонест:
мусулмонон фақат Аллоҳро худо медонанду бас.
Хусусан озодрафторие дар тасвири муомилан маҳ-
рамонаи Хоча Насриддин бо Қутлук ва Ҳанифа, ки ба
беибоиҳои замони ҳозира монанд буда, аз одоби муо-
ширати пештараи Шарқ дур аст, боиси эътироз мегар-
дад.
Ба назар мерасад, ки ба андешаи он мунаккидоне,
ки аз баъзе сустиҳои тарзи таҳкия ва ҳикоянардозии
Темур Зулфикоров сухан ронда буданд, шарик шудан
мумкин аст. Мунаккидон, масалан, туфта буданд, ки
дар_ насри у гоҳ «андешапарварии озод дар бораи зин-
даги ба фикррониҳои мавхуми сунъй мегузарад, чои
оҳанги табиии номаҳдудро сохтакории касдй ва такли-
ди услуб мегирад»1. Ба акидаи мо, ҳак ба чониби С.
Бобоева аст, ки туфта буд: «Шакли пурмачози насри
Т. Зулфикоров гоҳ аҳамияти мутлаку мустакил пайдо
мекунад, ба якрангй табдил меёбад. Паи ҳам омада-
ни хитобҳои бениҳоят ва такрорҳои сершумор боиси он
мегардад, ки образ дар байни ҳиссиёти фаровон гум
мешавад, маънои таҳкия номуайяну норавшан мемо-
над»2.
Ба фаҳми мо, ба он акидаи Казбек Султонов розй
шудан мумкин нест, ки «анафораҳои лексикиву банд-
1 В. Оскоцкий. В багрянце осени. «Коммунист Тадж.» 30 окт.
1981.
2 С. Бабаева. «Я бегу по берегу половодья...», «Памир» 1981
№ 4, с. 96.
210
банд, параллелизмҳои фаровон..., паи ҳам омадани тав-
сифҳо, хитобҳои бешумор, фишори мусикавии речита-
тив, мавҷҳои оҳанги шеъри мансур, қобилияти печонии
намоишкоронаи созмони бадей» ва монанди инҳоро дар
насри Темур Зулфиқоров «тақлиди ниҳонии ҳаҷвоме-
зи ба ном услуби шарқӣ ва пурмаҷозии он» дониста
буд1. Мо бар инем, ки дар «Достонҳои шарқӣ» «тақли-
ди ҳаҷвомез» нест. Лекин пайдо шудани чунин таасурот
ки гӯё дар асарҳои Т. Зулфиқоров «тақлиди ниҳонии
ҳаҷвомези услуби шарқӣ» ҳаст, ба хар хол сабаб до-
рад. Ин таассурот, ба пиндошти мо, аз он ҷо cap за-
дааст, ки дар насри Т. Зулфиқоров воситаҳои ҳикоя-
пардозии шартиву тамсилӣ аз ҳад зиёд омада, нави-
санда баъзан ҳадду андозаро риоя намекуиад ва худ-
ро бо шавқу завқ ба оғӯши мавҷҳои пурталотуми ҳис-
снёту ҳаяҷон мезанад. Бо баъзе падидаҳои зоҳирии
ҳикояпардозии ҳиссиётомезу ҳаяҷонангези адабиёти
'классикии форсиву тоҷикй саргарм шудани нависанда
хавфе дорад: еуиистифода натичаҳои акс ва номатлу-
бе метавонад диҳад. Шояд ба ҳамин сабаб мунақ-қид
сабки Темур Зулфиқоровро ҳатто «тақлиди ҳаҷвомез»
гумон кардааст.
Мураккабиҳои услубии сохтакорона ва барқасд дар
насри Т. Зулфиқоров чизи асосӣ нест. Муҳим он аст,
ки «Достонҳои шарқӣ» ҳодисаи нав ва чашмрабое дар
адабиёт буда, на танҳо бо махсусияти Даркй амики иҷ-
тимопву фалсафии таърих ва масъалаҳои ҷовидонни
умумиинсонӣ, балки инчунин бо рангомезии нақшҳо ва
мураттабии хушоҳанги сухани шоирона касро ба ҳай-
рат меорад. Аз баъзе саҳифаҳои достонҳои Темур Зул-
фиқоров ба муоина мебинем, ки сухани шоирона, кн
дар ниҳояти дараҷа ҳаяҷономез аст, дар наср чй кув-
ваи азиме метавонад пайдо кунад.
Анатолий Ким гуфта буд: «Ҳар сатри Зулфиқоров
як мисраъ шеъри хушсадоест, ки тамомияти оҳанги до-
рад. Ҳар ҷумлаи ӯ ба як пораи мусиқи монанд аст, ки
дорой тору пуди зудавҷи зиндае мебошад»2. Чунин таас-
суроте, ки Анатолий Ким аз насри Темур Зулфикоров
ҳосил кардааст, шояд тасодуф набошад. Тафаккури
! К. Султанов. Сложность и многообразие связей.
1978. № 11, с. 117.
2 А. Ким. Пора мудрости—пора редкая. «Лит.
№ 11, с. 49.
«Вопр. лит.»,
обозр.». 1979,
211
шоиронаи ин ду нависанда ба ҳам каробате дорад. Вла-
димир Лакшин дар бораи «Нилуфар» /«Лотос»/-и Ана-
толий Ким гуфта буд, ки «дар беҳтарин саҳифаҳоп ин
повесть сухан монанди сангҳои пурбаҳою пурҷилои
шарқ аз даруй нур медиҳад ва барои ифодаи орзупар-
вариҳо, зҳсосоти маънави ва кушода шудани чашмп
ақл, ки ба таҷрибаи маишии маҳдуд фарохие мебах-
шад, хеле мувофиқ аст»1. Маҳз ҳамин рангомезпҳои
шарқии сухан ва мусиқавияти он Анатолий Ким ва Те-
мур Зулфиқоровро ба ҳам наздик меорад ва агарчи ин
сифатҳо дар асарҳои ҳар кадоми онҳо ба тарзи днгаре
зоҳир мегардад, ин ҳар ду аз якдигар дур нестанд.
Оҳанги сухани Темур Зулфиқоров аксаран ғамгини-
ву маҳзуние, дарди дилфишоре дошта, гоҳ фиғони дил
аз он шунида мешавад. Мусиқии насри ӯ пуршиддату
пурфишоир буда, 1мазмуни фоҷиавии вазъият, фочиаи
инсонро дар арсаи олам ифода менамояд.
Сохти шоиронаи ғайриоддии суханпардозии Т. Зул-
фиқоров, рангомезиҳои дурахшнок ва мусиқавпяти нас-
ри у, ки ба ин эътибор худи ӯ асарҳояшро достон /поэ-
ма/ номидааст, решаҳои чуқури милли дорад. Решаҳои
он ба замини адабиёти классикии форсиву точикй, нас-
ри мусаҷҷаъ ва мураккабтарин навъҳои он, нақшхои
серрангу бор ва мусиқии серсадои он чукур рафтааст.
Насри классикии мо ҳам дар бисёр мавридхо нас-
ри шоирона буд ва год аз шеър кам фарк дошт. Ин
наср пораҳои шеъри аълои ншқиву фалсафй, дидакти-
ки ва ҳикматомезро фаровон дар бар гирифта буд ва
дар изтиробомезии эмоционалй кувваи махсус дошт.
Бисёр хусусиятҳои поэтикаи «Достонҳои шарқӣ»-и Те-
мур Зулфикоров аз ҳама пештар маҳз бо ҳамин анъа-
наҳои классикии адабиёти форсиву тоҷикй алоқаманд
аст.
На танҳо рангинӣ ва мусиқавияти насри Т. Зулфи-
қоров, балки ҳатто истифодаи аломатҳои китобат, ма-
салан, аксаран аз вергул даст кашидани ӯ шояд бо
анъанаҳои классикии миллӣ алоқае дорад. Маълум аст,
ки сифатчинй — истифодаи силсилатавсифҳо дар насри
классики ҳодисаи маъмулй буд. Инро аз насри реалис-
тии устод Айнй ҳам муҳим аст, ки устод Айнй дар ин
мавридҳо байни ин тавсифҳо вергул намегузорад ё пай-
вандаки «ва», «-у» /ки одатан ба ҷои вергул ҳам исти-
1 В. Лакшин. О доме и мире. «Лит. обозр.», 1981, Л? 10, с. 40.
212
фода мешавад/ намеорад, балки онҳоро бо изофат ба
хам мепайвандад. Изофат дар навиштаҳои Аини гох
S” варту" «а» «.у»-ро мегнрад. Бо ™о|ат паси хам
омадани чандин тавсиф дар навиштаҳои у чунин маъ
ни дорад ки ин сифатҳо сахт ҳамбастаи якдигаранд,
наздикии'махсусе байни онҳо ҳаст. Ба дарефтп камина,
вергул нагузоштани Темур Зулфиқоров хам мах,з чу-
нин ^ҳамбастагию ҳамназдикии махсус ва алоқамандии
сахти изофиро ифода менамояд.
' Дар айни замен, тамоман равшан аст, ки робита-
ҳои эчодии Темур Зулфиқоровро факат бо чорчуби мил-
лй маҳдуд набояд донист. Насри у ҳодисаест, ки дои-
раи васеътар дошта, тамоюли гуногуни ннкишофп ада-
бии замонҳои гузаштаю ҳозира ва ШаркуFaP6P° W
худ инъикос додаст. Шояд хак ба чониби Лев Озе-
пов бошад ки ҳам достонҳои қадимии pycii, хам шеъ
ри Велемир Хлебников ва насри А.н Д Р ей Бел ни р о дг^р
катори саргаҳу сарчашмаҳои эҷодиети Темур Зулфико
ров ном бурдааст" Казбек Султонов бошад дар «у-
ханбозихои нозук-и» вай накше аз «мовизм»-1Г В. Ка
таев, ки «усули тасвирро тезию тундие мебахшад», ди-
^Тзулфикоров дар сарсухани китоби «Амирону шои-
рону х/радмандон» гуфта буд: «Падар‘
папам DVC аст Аз ин ру, ДУ маданият, ду тамаддун
даГиmil ба худ мекашад, ба хаячон меорад, азият
медиҳад, ки яке — Осиё ва дигаре - Русь аст».
Бешак ин чо факат аз материал, мавзуот ва масъа-
лаҳо сТхан нараф'ааст, балки услуб хам дар назар аст
Ду оғозгоҳ дар поэтикаи Т. Зулфикоров ба таври табии
ба хам як шуда, як омезаи худхоссаи эчодии фардиа-
сос ба миён овардааст. Яке аз онҳо бо анъанахои ро-
мантикии адабиёти классикии форсу точик ва дигаре
адабиёти рус вобастагй дорад. Ин омеза, ин синтез дар
Хстонхои шаркй» хам, дар «Достонҳои руси» хам,
дар «Қиссаи абхазй» хам, дар силсилашеърҳои «Кис-
саи мачорй» хам асоси поэтикаро ташкил додааст.
Павел Нерлер дар бораи достонҳои Темур 3У^Ф”^'
dob бисьёр мушоҳидаҳои муҳим баен намуда, аз чум
ГаtS карда буд, КИ «поэтикаи у махз нвебат 6
матеоиали Шарқ тамоман ҳодисаи табии ва синтетики
Гммояд аммо яисбат ба материал., дигар /чунончи.
материали Мачорястон ё Руси Кадим/ хамоханги ха-
213
лал мебинад ва баъзе сохтакориҳои ин системал опп-
гниалн ва комилан ташаккулёфта маълум мегардад»1
Ба фаҳми мо, дар «Достонҳои русй»-и Темур Зул-
фиқоров «халал дидани ҳамоҳангӣ»-и услуб ба назап
намерасад. Поэтикам «Достонҳои русӣ»' аз «Достонҳои
шарК„» Хеле фарқ дорад. Дар «Достонҳои русйДнсур
ҲОИ Шарки нисбатан кам аст. Услуби нависа нда л-mi
^иСаСдаб1ГВаНрГр03кЫЙ;> 33 бИСЬёр ҷиҳатҳо ба поэта
каи адабиети Руси Кадим такья кардааст ва ин коми-
лан мувофиқи материали таърихй ва замони воқиаҳост
Дар аини замон, ин ҷо ҳам хусусиятҳои асосии суха"-
пардозии нависанда нигоҳ дошта шудааст. Ин чо низ
баъзе унсурҳои услуби «Достонҳои шарқй» боқй мон-
да бошад ҳам, боке нест: адабиёти русй аз кадим а3
«унсурҳои шарқй» бетона набуд.
Бесабаб нест, ки эҷодиёти Темур* Зулфиқоров на
факат дар республикаҳои Шарки Совета ҷолиби диккат
омадааст, балки шавқу ҳавас нисбат ба он ҳама?онист
ПОВестьҳои Т- Зулфиқоров дар ҳама ҷо бои-
Л \ мУнозиРа мегардад ва баъзеҳо ҳавохоҳи услу-
ГЯПЛНЛ2 бГЗНД’ 3еҲ° бЭ 0Н 60 чашми ИНК°Р мени-
вяГ!10"'йВаЛе солҳои охир оҳанги эътироф торафт қув-
ва нависандаг°ну мунаккидони мухталнф-
пиЖтяЯб03ЧллСТҲ0Ия,ЭҶ0ДИИ ^р0 бо диккат зери назар ги-
р фтаанд. Мо гуфтаҳои бисьёре аз онҳоро дар боло ба
ҳар муносибат зикр кардем. Ҳоло ба фикри нависан-
Даа™?атан ҷавон Пет7 Краснов диққат чалб кардан
мехоҳем, ки гуфтааст:«Кори Темур Зулфиқоров дар су-
хаиофар'ши ва баррапт таъри.хи рӯ*„
X аи замонҳо ташнаи илҳому баландпарвози буд ба-
рон ман бисьер ҷолиб аст, зеро аз он ҷиҳат, ки мате-
риали таърих дар дасти эдодкор то чй андоза мазмуни
ҳэзира метавонад бигирад ибратомӯз аст»3 * *
пЯн50араИ хонандагони ДОСТОНҲОИ Т. Зулфикоров то
р ф асеъ мешавад ва инро аз афзонщи тиражи ки-
тобҳои ваи фаҳмидан мумкин аст. Асарҳои ӯ ба забо-
2 П- НеРлеР- Странствия души. «Памир», 1983 № 6 с 85
3 маота^Годэ’ г"гп П' Ульяшов- Словесное марево? ’ «Лит. газ.»,
3 марта ^ЬС)^ г0Женкина иРа:10СТЬ чистых красок. «Лит. газ.»,
№ о.Р л I®2’ Ю' СмиРн0Л■ Два берега Сиемы. «Памир», 1982
№ • К' ГРп^РеиКии’ 0тк"да приводит свет. «Памир», 198з'
№ 0 ДВ Ри™ ДРевш.х караванов. «Лит. обозр.», 1985!
№ 10 ’ ' Коркин' * -Это трудная книга». «Лит. обозр.», 1985,
3 «Лит. газ.», 18 июня, 1986.
214
ни полякӣ, маҷорӣ, немисй ва ғайра тарҷумаву чоп шу-
даанд. Рассом Лариса Даватц дар асоси «Достоин роз-
гӯиҳои Умари Хайём» як силсила асарҳои графикӣ офа-
ридааст. 0
Ин ҳама гувоҳй медиҳад, ки эҷодиети 1емур -эул-
фиқоров боиси андешаҳои ҷидди ва ҳатто эчоди бадей
гардидааст.
Насри шоиронаи Темур Зулфиқоров, достонҳои ман-
суру манзуми ӯ баъзе бозчустҳои ғоявию эстетикиеро,
ки ҳоло дар адабиёти совета дида мешаванд, он гуно-
гуниву рангорангии шаклу воситаҳоро, ки солҳои ҳаф-
тоду ҳаштод ривоҷ ёфт, аз баъзе ҷиҳатҳо ғаномандие
мебахшанд. Ҷустучӯҳои эҷодии ин нависанда дар ча-
раёни мураккаби дарки ғоявию бадеии масъалаҳои ҷо-
види ҳастӣ ва он арзишҳои маънави, ки бо тачрибаи
чандин асри инкишофи таърихии халқҳо гирд омадааст,
сурат мегирад ва маҳз аз ҳамин ҷиҳат бисер муҳим
аст.
1982
IV. О И Н А И ТАНҚИД
ОН НА ВА ОИ НАДОРОН
Соли 1979 журнали «Литературное обозрение» бя
баъзе мунаққидон анкетае фиристод. Дар ин анкета
ттп4ум-а Гу<^та Шуда буд’ ки ба гувоҳии тадқиқоти со-
каГГлоиз^ ШЗҲРИ 0стР°гожски вилояти Воронеж фа-
қат 1 фоизи хонандагон аз рӯи «тавсия»-и мунаккилпн
дар°он АнкетаТуши "„™и°сае“да^ “ ""
сТлТра;урГЛбШ’ ЭКраЮ 2 м»лл„ҲоТ„уас™И«ваГрРоИ
рениеУзсГҳазор мебошад "УИа “ o6L
«■*» »» “■<
терагУр„У„НеаК0Гзреа„“ГчН;вК0И6 “з tl
кид намудаанд, ки он 1 фоиз ва ин тиражҳои нам хап-
из аломати камэътибории танқиди адабй ё сустиву
гуфтМ0«ШубИхае0Нн НеСТ’ А3 ЧУМЛЗ Анатолий Бочаров
^ Ҳ36 нест, ки танқидра аз беллбтпиотикя
камтар мехонанд. Чй ҷои баҳс? Нисбат ба он ки теле
фильм мебинанд, адабиётро камтар мехонанд нависан-
Дагонро камтар аз актёрони кино ва ё дикторони теле-
визион мешиносанд». Аммо дар ин асос магар ҳукм кар-
д н_м>мкин аст, ки адабиёти ҳозираи мо ақиб мондааст
КидехаКмМгХяИнР ЗСТ? ҲарГИЗ Н6! ИнР° даР ^КиТан-
қид ҳам гуфтан мумкин нест.
216
Дар ин масъала бояд саргарми ракамбозй нашавем.
Фаромӯш набояд кард, ки чунин рақаму фоизҳо ҳар
дафъа аз якдигар хеле фарқ карданашон мумкин аст.
Чунончи андак пештар аз он ки «Литературное обоз-
рение» анкетаашро фиристод, дар Тоҷнкистон ҳам на-
тиҷаҳои як анкетаро чамъбаст карданд. Ин анкетаро идо-
раи маҷаллаи «Помир» интишор дода буд ва натича-
ҳои он чунин аст: «Дар интихоби китобхонхои Норак
фоизи таъсири танкид ба 13 баробар аст дар заводи
алюминии Точикистон аз ин хам кам — 10, дар интихоби
китобхонҳои районҳои Ленину Орчоникидзеобод 9 фоиз
ва ҳоказо. Мақоми танкид дар интихоби китобҳон ади-
бони чавон дар байни китобхонхои института лоиҳака-
шй андак баландтар (то 17 фоиз)».
Аммо котиби Иттифоки нависандагони Точикистон
Масъуд Муллоҷонов аз ин ракам чунин хулосаҳо баро-
вардааст: «Таҳлили чавобҳо (чавоби саволҳои анкетаи
«Помир» — М. Ш.) нишон дод, ки дар интихоби хонан-
дагон танқиди адабии мо чандон таъсире надоштааст...,
мақолаҳои танқидй ва таклифҳои мунаккидони моро
кам мехондаанд ё агар хонанд хам, ба он аҳамият на-
медодаанд». .
Инак, мунаккидони номдори мо Т. Мотылева, А. Ми-
хайлов, И. Золотусский, А. Бочаров ва дигарҳо он 1
фоизи шаҳри Острогожскро аломати сустии танкид на-
дониста некбинона гаи зада бошанд, чои тааччуб аст,
ки М. Муллочонов 9— 17 фоизи Точикисто.нро нишо-
наи бетаъсирии танкид ҳисоб кард ва аз минбари пле-
нуми Иттифоки нависандагони республика мунаққидон-
ро хеле коҳиш намуд.
Мо, мунаккидон, аз ин муомила бояд наранчем, оал-
ки он рақамҳо, он 9-17 фоизро мояи ифтихори худ до-
нем ва ба он хонандагоне, ки ба фикри баъзе мунак-
кидон каму беш эътибор медодаанд, аз дилу чон та-
шаккур гӯем. о
Аз он ракамҳо диққати маро 9 фоизр раионн Ленин
ва Орчоникидзеобод бештар ба худ^мекашад. Мо ме-
донем, ки дар байни аҳолии ин районҳо хонандагони
тоҷик бисьёртаранд. Бинобар он метавон гуфт, ки онхо
асарҳои мунаккидони точикро хам бештар мехонданд.
Камина акида дорам, ки ракамҳои мазкур аз ди-
гаргуниҳои ҷиддие, ки дар шуури оммаи хонандагони
точик рӯй дода истодаанд, гувоҳӣ медиҳанд. Нисбат Оа
адабиёт ва адабиётшиноси мехрн махсус доштани мар-
217
думони точик кайҳо _боз маълум буд. Имрӯз онҳо нис-
?ат ба танқиди адабй низ меҳр пайдо кардаанд. Аз ҳа-
мин сабаб, китоби мунаққидон 3-5 ҳизор нусха чоп ме-
шавад ва зуд ба фурӯш меравад. Ленин агар адади
нашри китоби мунаққид як ё ду ҳазор нусхабошад
ончунон зуд аз дуконҳо ғайб мезанад, ки гоҳ хатто
муаллиф китоби худро ёфта наметавонад. Бо ҷуръат
метавон гуфт, ки мардуми адабиётдусти тоҷик имрӯз
тп^икДИуиД«бИР° ҲЭМ ДӮСТ медорад- Мо- мунаккидони
дорем! у 6 хтем’ ки ЧУНИН хонандагони қадршинос
Чунон ки 1 фоизи Острогожск нишонаи ақибмон-
Д гии танқид нест, ин 9-10 фоизи Тоҷикистон хам бояд
Ва Чашм пӯшидан 33 нуксонҳои тан-
ҚИД нашавад, балки масъулиятшиносии мунаққидони
тоҷикро афзунтар кунад.
?Ре’ ИМРӮ3 ,_савияи ғоявию назарии танқиди тоҷик
нисбат ба 20-25 соли пеш ба маротиб баландтар аст.
а дараҷаи муайяни камолоти илмию иҷтимоӣ раси-
дани танқиди тоҷикӣ аз ҳамин ҳам маълум мегардад
ки моҳияти баъзе процессҳои адабии имрӯзаро дуруст
муайян карда, бо андак дер мондан бошад ҳам ба
лаасГинпо1',,3^?511” ТЛ°ҶИК баҳои дуруст дода ЗСТ0-
дааст. Инро аз он китобҳое, ки мунаққидон дар сол-
ҳои охир чоп кардаанд, дидан мумкин аст. Дар ин ки-
тобҳо, ки ба қалами А. Сайфуллоев, Л. Демидчик, Ю.
Ьобоев, А. Ҳакимов, Ю. Акбаров тааллуқ доранд, ум-
датарин масъалаҳои адабиёти муосир ва муҳимтарин
асарҳои он тадкик шудаанд. Дуруст муайян кардани
муҳимтарин масъалаҳо ва ҳодисаҳои адабӣ солҳои охир
ба танқид бештар муяссар шуда истодааст ва инро
яке аз нишонаҳои амиқрафти назари мунаққидон до-
нистан лозим аст. Фақат дуруст муайян кардани ходи-
саҳои асосии адабй ва дар роҳи дарки моҳияти онҳо
ҷидду ҷаҳд намудан ба танкид имкон медиҳад, ки ба
пешрафти адабиёт ёрмандӣ кунад. Аз ҳамин сабаб аст
ки баъзе асарҳо, эҷодиёти баъзе нависандагон бештар
ба доираи диққати танқид дохил мешаванд, аммо баъ-
зеи дигар камтар диққати танқидро ба худ мекашанд
е тамоман намекашанд, ин ҳодисаи табиист. Як вакт-
ҳо, 20-25 сол пештар мунаққидон кушиш мекарданд,
ки дар бораи ҳамаи нависандагон ва асарҳои калон-
тар баробар ran зананд, арзиши ғоявию бадеии ҳамаи
онҳоро баробар муайян кунанд, ягон фактро фаромӯш
218
накунанд, гӯё «ҳамаро бо як чашм бинанд». Ин, ба
фикрам, як аломати сустии танкид буд ва дар муайян
кардани тамоюлрти асосии инкишофи адабиёт, дар диқ-
қат ҷалб кардан ба ин тамоюлот имкони танқидро маҳ-
дуд мекард. Албатта, танқид бояд тамоми адабиётро
фаро гирад, лекин ҳамаро баробар не, балки ҳар руй-
додро мувофиқи мақому мартабааш аз назар гузаро-
над.
Баъзе боқимондаҳои он гуна «баробарбини», му-
таассифона, ҳоло ҳам дар танқиди мо ҳаст. А. Сайфул-
лоев, ба назарам, дуруст қайд кардааст, ки гоҳ дар
навиштаҳои мо байни Ҷалол Икроми, Сотим Улуғзо-
да ва Раҳим Ҷалил фарке намемонад. Албатта харсеи
инҳо дар жанри таърихӣ ва таърихии инқилоби асар
менависанд, вале ҳар кадомашон услуби хос доранд.
Муайян кардани симои эҷодии ҳар кадоми онҳо, фази-
латҳо ва баъзе ҷиҳатҳои сусти шеваи хосашон дар ба-
робаир таъин намудани умумияти эҷодии харсеяшон
аҳамият дорад. Ҳоло ин гуна тадқиқи танқиди ҳам cap
шудааст. Абдухолиқ Набиев, Худой Шарифов ва дигар
мунаққидон дар тадқиқи поэтикаи насрнависони намоё-
ни тоҷик ба комёбй наздик омада истодаанд.
Дар байни баъзеҳо фикре ҳам ҳаст, ки вазифаи тан-
қиди адабию бадей асосан аз ошкор кардани камбу-
диҳои санъаткорон иборат мебошад. Гуё танқид асосан
бояд айбу нуқсон ҷӯяд ва дардҳои адабиёту санъатро
гӯяд. Мунаққиди ҷавон Валентин Курбатов дар «Ли-
тературное обозрение» гуфтааст, ки танкид «Дар ада-
биёт монанди беморинома /больничная карта/ мебо-
шад ва аз вазъи саломатии ин организми бузург хабар
медиҳад». Ба назарам, дар ин ташбеҳ ҳамон акида ифо-
да ёфтааст, ки диққати танкид бештар бояд ба ҳоди-
саҳои манфӣ равона шавад. Таъсири ҳамин ақида дар
Точикистон хам дида мешавад. А. Сайфуллоев бо ми-
соли як мақолаи Ю. Бобоев таъкид карда буд ки агар
мунаккид ба камбудиҳои нависанда махсусан диккат
чалб накунад, «чунин танкид на ба оммаи хонандаҳо
ва на ба нависанда ҳеч гуна кумаке расонида намета-
вонад». Ин но эҳтимол назари яктарафа зоҳир шуда
бошад. Агар аз танкид ба хонандаю адабиёт кумак ра-
сидан ё нарасиданро вобаста ба д'арачаи ошкор шуда-
ни норасоиҳо донем, мумкин аст, ки рафта-рафта тан-
кид ба айбҷӯиву айбшуморй табдил ёбад.
Ал. Михайлов ба қарибй чунин гуфтаҳои Лев Толе-
219
тойро таъкидан гушрас кард: «Аҳамияти танқид дар он
хоҳад буд, ки ҳар чизи нағзеро, ки дар як асари санъат
ҳаст, қайд кунад ва бо ин кор раҳнамуни фикри чомеа
гардад». Ин талаби нависандаи бузург ба назари ман
бисьёр муҳим менамояд. Ба фикри камина, якумин ва-
зифаи танқид ин аст, ки снфатҳои мусбати асари ба-
дей, он чизи муҳиммеро, ки дар асар ҳаст ва барои
чамъият, такомули шахе, барои пешбурди адабиёт эр-
зи1116 доранд, муайян ва нишон диҳад. Вазифаи асосии
танқид таъин кардани процесҳо ва моҳияти онҳо,
муайян намудани ин аст, ки дигаргуниҳои ҷиддии ҳаё-
ти ҷамъият дар адабиёт чй тавр акс андохта, чй ди-
гаргуниҳое ба вучуд оварда истодаанд.
Ичрои ҳамин вазифаи асосй ба танқиди точикй ха-
меша даст намедиҳад ё аксаран дертар муяссар меша-
вад. Мунаққидони мо ҳанӯз ошкор кардани процесҳо ва
муайян намудани моҳияти онҳоро дуруст ёд нагириф-
таанд ва бештар дар ҳамин кор азоб мекашанд. Дар
ин роҳ чи муваффақиятҳо ба даст овардани танқиди
тоҷики ва чи камбудиҳо доштани онро аз маҷмӯаи кол-
лективии «Ҳаёт, қаҳрамон ва адабиёт» /1977/ дидан
мумкин аст. Дар ин маҷмӯа мақолаҳое ҳастанд, ки
муаллифашон инкишофи таърихии адабиёти точикиро
дар як давраи муайян /асосан дар давраи ҳозира —
солҳои шасту ҳафтод/ хеле бо амиқназарй барраей кар-
даанд.^Аз ҷумла, мақолаҳои Л. Демидчик, Ю. Бобоев,
А. Сайфуллоев мушоҳидаву хулосаҳои чолиб доранд
ва барои фаҳмидани ин ки ҳоло дар адабиёти точик чй
ҳодисаҳо руй дода истодаанд, чй барои хонандаҳо, чи
барои худи нависандаҳо ва чи барои муҳаққиқон шав-
қангез хоҳанд буд. Аммо дар паҳлуи ин асархо мако-
лаҳои А. Афсаҳзод ва Б. Худойдодов ҳам чоп шудааст,
ки асосан аз баёни умумии ғайри конкрет ва номбари
фактҳо иборат буда, фикри муҳим ва таҳлилу чамъбас-
теро дар бар намегиранд. Аз ин мақолаҳо тасаввуре
пайдо мешавад, ки гӯё инкишофи адабиёт факат аз
пайдоиши асарҳои нав ба нав иборат асту бас.
Мақолаҳои хуби ин маҷмӯа ҳам, ба фикри мо, аз
норасой холй нестанд. Чунончи, дар мақолаи А. Сай-
фуллоев гоҳ осори назари сатҳи, дар навиштаи Ю. Бо-
боев муғлақбаёнй ва беэътиной ба тарзи баён ба назар
мерасад. Лекин муҳим он аст, ки онҳо назари мохият-
чӯй доранд ва бо муқоисаву муқобила инкишофи ҳоди-
саҳоро падидор кардан мехоҳанд.
2 20
Албатта, процесҳои адабӣ гуногунанд ва дар байни
онҳо рӯйдодҳои манфӣ ҳам ҳастанд. Бешубҳа, ин руй-
додҳои номатлуб ё зарарнок ҳам бояд дар маркази
диққати танқид бошанд. Манфиати ҷамъият ва санъа-
^у адабиёт аз мо талаб мекунад, ки нисбат ба камбуди-
ҳо, хусусан нисбат ба нуқсонҳои ғоявӣ, ки ба инкишо-
фи маънавию ахлоқии мардумони советӣ халал мера-
сонанд, бемуросо бошем ва бо қатъият рафтор кунем.
Дар мавридҳои зарурй бояд рӯҳи ҷанговаронаи тан-
қид ба дараҷаи кофӣ баланд бошад, тезию тундии пуб-
лицистии он бояд нам нашавад. Ин ҳам яке аз шарт-
ҳои асоей дар дахолати танкид ба процессҳои адабн, як
шарти иҷро шудани роли ташаккулдиҳандагии танкид
ва таъсир расонидани он ба инкишофи адабиёт мебо-
шад.
Танқид бояд кувваи фаъол бошад. Танкид факат
дар он сурате ки ба ҷустуҷӯҳои эҷодии нависандагон
шарик шавад ва ёрмандй кунад, ба инкишофи процес-
ҳои муҳими пешбар мусоидат намуда, барон бартараф
шудани монеаи роҳи онҳо таъсири кофи расонад, вазн-
фаи худро ба сифати як кувваи бонуфузи ҷамъняти ва
илмию адабй ичро карда метавонад. ..
Ба маънои муайяне танқидро оинаи адабиет номи-
мидан мумкин будагист. Танкид қама ҳастии адабиёт,
тамоми неку бади онро бояд оинавор дар худ инъи-
кос кунад. Дар ин сурат, мо, мунаққидон, оинадори
адабиёт ҳастем. Оина вазъиятро айнан ва бетарафона
акс медиҳад, вале мо, оинадорон, бояд беҳис ва бета-
раф набошем. Мо бояд дӯсти ғамхору дилсӯзи адабиет
ва ҳаками баинсофу нозукбини он бошем.
1979
БАРОН ТАНҚИДИ ТАҚЛИЛИИ ОБЪЕКТИВЙ
1
Анчумани XXVII-и КПСС дар шароити нав, дар дав-
рони навсозӣ ва дигаргуниҳои куллии ичтимоиву пк-
тисодй аз ходимони адабиёту санъат масъулиятшино-
сии амиқи гражданӣ, фаъолиятмандии ичтимоии дил-
сӯзона, ҷустучӯйҳои ғоявию бадеии ҷасурона талаб на-
муд. Анчумани партия хусусан ба роли ҷамъиятии тан-
қиди адабию бадей аҳамияти калон дод. Ҳам дар таҳ-
рири нави Программаи партия, ҳам дар Маърузаи сиё-
221
сии Комитета Марказй ва ҳам дар Резолюция» оид ба
нинй3?/33 вазиФаҳои муҳимми танқиди марксистй-ле-
баён’шудааанд!аЛ ^ ЗЗМ°НИ М° Сар мезананд-
Ҳоло мунаққидони тоҷик натиҷаи муҳокимаҳои до-
маниДХХУП°лИ ХУДР° ДЗР паРтави материалҳои Анчу-
"аВВ ба андеша гирифтаанд. Ин материалҳо дар
зиЛахои хбЗЗДДГЗҲ0И ҶИДДИ В0Д°Р месозад> то ки ва-
зифаҳои худро боз ҳам дақиқтар муайян кунем.
1анқиди адабии тоҷик солҳои шасту ҳафтод дпққа-
худро дар сари процесҳои асосие, ки дар адабиёт
ҷараен доранд, марказият дод. Имрӯз —дар солҳои
ҳаштод ҳам танқид ба тамоюлоте, ки адабиётро пеш
мебарад, ба чунин ҷустуҷӯҳои эҷодӣ, ки дар аРдабиёт
зиедтар самара меоранд, ба асарҳое, ки аз чанд ҷиҳат
ня^Рййтт33 ЯГ0Н ЧИ^ЗТ ҷолибанд- бештар диққат меку-
над. Руидодҳои мусбат ва оянданоки адабиёт бештар
мавриди баррасии танқиди тоҷики қарор ёфтаанд. Ба
ин тарз интихоб шудани бинишгоҳи танқид имкон ме-
диҳад, ки роҳҳои инкишофи адабиётро дуруст муайян
кунем, он чиро, ки пешрафти адабиётро таъмин карда
истодааст ва таъмин хоҳад кард, ба мулоҳиза гирем
Ленин дар ин муддат як ҷиҳати дигари танқид, ди-
гар як вазифаи муҳимми он, ки мубориза бо камбуди-
т!1аСТ’/ам,тар дар маркази диққати мо ҷой
ирифт. Танқид ба баъзе тамоюлоти носолим, ки ба
пешрафти адабиёт халал мерасонанд, аз ҷумла ба му-
боризаи зидди падидаҳои пасттабъию камзавқӣ дап
мазмуну шакли баъзе аеарҳои бадей камтар аҳамият
дод Дар натиҷа рӯҳияи чанговаронаи танқид суст шуд.
Анҷумани XXVII-и КПСС водор месозад, ки ин та-
рафи масъала низ ҳамеша дар маркази диққати мо бо-
шад. Дар Резолюцияе, ки Анҷумани XXVII аз рӯи Маъ-
рузаи сиесии Комитета Марказии КПСС қабул кард
гуфта шудааст: ғ
«Ба танқиди адабию бадей лозим аст, ки нармдн-
ли ва риояи мансабро тарк карда, ҳангоми баҳо додан
а асарҳо меъёрҳои дақиқи эстетики ва синфиро ба
асос гирад, ба муқобили беғоягй пурнависии тантана-
омез, саргарми бо майда-ҷуйдаҳои зисту маишат, бар
зидди замснасози ва кутоҳназари фаъолонатар мубо-
риза барад». 1
Чунон к и мебинем, партия кувват додани рӯҳияи
размҷуенаи танқидро талаб мекунад, то ки пеши роҳи
222
зуҳуроти беғоягию бемаслаки баста шавад, назари но-
раво ё рӯякӣ ба масъалаҳои чиддии иҷтимоиву сиёсӣ
ва манъавию ахлокӣ пешгирӣ гардад, асарҳои каммаз-
муну пастсифат, асарҳое, ки аз фикри амиқ ва ҳиссиё-
ти баланд, аз биниши гражданин баркамоле мақру-
манд, сари вақт баҳое сазовори худ бигиранд. Ин аз
муҳимтарин вазифаҳои танқид аст, ки то ҳол, мутаас-
сифона, ғайри қаноатбахш ичро мешуд.
2
Дар андак муддати пас аз Пленуми апрели /с.
1985-и/ КМ КПСС ва Анчумани XXVII-и партия дар
танқиди адабии тоҷик баъзе дигаргуниҳои умедбахш
рӯй доданд. Рӯҳияи навсозиву бозсози, суръатафзои
ва дигаргуниҳои кулли, рӯҳияе, ки Анчумани XXV11
дар ҷамъият устувор намуд, боиси афзоиши фаъолият-
мандии иҷтимоиву гражданин мунаққидони адабиет
гардид. Ҳоло баъзе мунаққидони мо на танҳо масъа-
лаҳои адабиётро бо ҷасорати бештаре пеш мегузоранд,
балки ба дигар соҳаҳои маданияту санъат ҳам бо наза-
ри фаъолтаре менигаранд, ҳатто ба масъалаҳои иқти-
сод, тартиби хоҷагидорӣ ва ғайра дахл карда истодаанд.
Дахолати онҳо ба муҳокимаи инкишофи санъати му-
сиқй ва театр /масалан, баромадҳои С. Табаров/, мак-
табу маориф ва кӯдакистонҳо, забон, маданияти сухан
ва монанди инҳо дар ин муддат беш аз пеш кувват ефт,
ҳатто масъалаҳои бинокори, ободии шаҳру қишлоқҳо
боғдопй.нонвоиву нонфурӯширо фаро гирифт /баромад-
ҳои Ю. Акбаров, А. Абдуманнонов ва дигарон/. Ин гу-
воҳй медиҳад, ки мунаққидони адабиёт аз қарорҳои
Анчумани XXVII рӯҳбаландие касб кардаанд ва ба
ҷӯш омадаанд. Замон аз мо фаъолиятгарии иҷтимоиву
гражданин қатъиву фаврй талаб дорад. Аз ин дидгоҳ
вусъати рӯзафзуни доираи амали мунаққидони аДа'
биёт сазовори дастгирист. Лозим ает, ки чунин фаъо-
лияти онҳо минбаъд боз васеътар шавад.
Соли 1986 дар танқиди адабии точик навъҳову
шаклҳои тоза пайдо шуд: ду фикр дар бораи як асар
ё дар сари як масъала фикри мунакқид дар бораи Ф™'
ри хонанда, муҳокимаи дастчамъии як асар аз тарафи
хонандагон ва нашри мазмуни мухтасари он, ин ҳама
дар матбуоти мо чизи навъ аст. Афзоиши гуногуни «авъ-
ҳову шаклҳои жанри танқид аз ҳодисаҳои муҳиммест.
223
Ин навъҳои тоза руҳияи мубоҳисаву мунозира ва
андешапарвариро дар танқид кувват доданд ва чӣ ба-
рон хонандагон, чи барои равшан кардани баъзе мгсъа-
лаҳон процесси ҷории адаби босамар омаданд. Дар ин
кор ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ташаббус нишон
дод. Ин ҳам муҳим аст, ки ба ин кор аз аввал на тан-
до мунаққидони таҷрибадор, масалан, профессор Р Ҳо-
дизода, балки чавонон, чунончи М. Раҷабов низ
чалб шуданд. Ҳа-фтаномаи «Адабиёт ва санъат»
Оо вуҷуди бисьер камбудиҳояш кам-кам, дар ҳақиқат
ба маркази танқиди ҷории фаври табдил ёфта исто-
дааст. Умедворем, ки ташаббускорӣ ва роли ташкил-
гарии он дар соҳаи танқид минбаъд зиёдтар аз^хозип
вусъат хоҳад ёфт. < ғ
р гумони камина, баҳсе, ки аз мактуби кушодаи
аффор Мнрзо дар бораи ғазал оғоз шуда буд*, хеле
пурсамара давом кард. Ҳам мунаққидону адабиётши-
носон ва ҳам худи шоирон дар ин мубоҳиса фаъолона
иштнрок намуданд.
Аз ин миён мақолаи Аҳмад Абдуллоев «Гуноҳи жанр
чист?» /«Адабиёт ва санъат», 10 июли с. 1986/, Гулна-
зар «Ғазал хуб аст, аммо...» /11 дек. с. 1986/ Аълохон
Афсаҳзод «Ғазал умри дароз дорад» /4 дек. с. 1986/
бояд алоҳида қайд шавад. Бо чунин мақолаҳо, хусусан
бо мақолаи А. Афсаҳзод имконе ба миён омад, кн ба
инкишофи яке аз жанрҳои асосии назм бо назари таъ-
рихи, бо диди таҳлилии диалектикаҷӯй нигоҳ андохта
ниҳоят мӯйро аз хамир чудо кунем. Дар ҳақнкат, ға-
зал, рубои, дубайти ва монанди инҳо ҳамеша аз фаъол-
тарин жанрҳои шеъри тоҷикй буданд, ки пояҳои хал-
қият, мазмуни ҳаётй ва маънавию фалсафии онро усту-
вор медоштанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки онҳо им-
руз низ чунин қобилият доранд. Муҳимтар он аст, ки
имруз ба ин навъҳои қадими монанди Лоҳутӣ, Иқбол
ва дигарон руҳи нав, рӯҳи замонӣ дамидан лозим аст.
Ба^ҳол он ки бисьёр шоирони мо аз роҳи тақлиди маҳз
пой кашида наметавонанд. Аксарияти ғазал, рубой ва
дубайтиҳои имруза як воситаи ифодаи фикру ҳисси олӣ
нестанд, дар онҳо, ба қавли Гулназар, «қолиб ҳасту
руҳ нест».
Афсӯс, ки баъзе рафиқоне, ки дар баҳс иштирок
доштанд, байни ғазали асил ва тақлиди бемуваффа-
қият ё каммуваффақият фарқ нагузоштанд. Ман, 'аз
чумла ба чунин фикри А. Абдуллоев розӣ шуда наме-
224
тавонам, ки гуфтааст: «Б. Раҳимзода, А. Шукӯҳӣ, М.
Фарҳат, Ф. Ансорй, А. Баҳорй, Бурҳон Фаррух, Ашур
Сафар анъанаҳои Айниву Лоҳутиро давом дода, дар
қатори шеъри нав жанрҳои қасидаю ғазалу рубоиро
низ васеъ ба кор бурда, асарҳои олиҷаноби лоиқи за-
мон офариданд». Албатта, аксари шоирони номбурда
асарҳои хубе доранд, вале ман дар байни ғазалиёту
рубоиёти онҳо «асарҳои олиҷаноби лоиқи замон»-ро ҳа-
нӯз надидаам. А. Абдуллоев дар он хулосаи умӯмии
худ ҳамин чизро ба назар нагирифтааст, ки фаъолия-
ти ҳар нависанда на аз рӯи жанр ё мавзӯу масъалаҳои
эҷодиёти ӯ, балки ба эътибори савияи ғоявию бадеии
асарҳои вай бояд арзиш ёбад.
Танқид дар мавриди баррасии процесҳои ҷории ада-
бй ба инкишофи жанрҳои алоҳида бештар диққат дода
исгодааст. Ба муносибати Анҷумани IX нависандагони
тоҷик дар «Садои Шарқ» ва «Адабиёт ва санъат»'чанд
мақола чоп шуд, ки дар онҳо муҳимтарин масъалаҳои
насри таърихӣ ва ҳозирамавзӯъ, повесть, ҳикоя, очерк,
лирика ва достон, адабиёти бачагон, танқид, инчунин
эҷодиёти насрнависону шоирони ҷавон ба муҳокима
омадааст. Ин мақолаҳо ба калами А. Сайфуллоев, С.
Табаров, Ю. Акбаров, А. Набиев, А. Абдуманнонов, М.
Раҷабов, ё. Содиқов, И. Усмонов ва дигарон тааллук
доранд. Таъкидан гӯшрас кардан мехоҳем, ки бо баъ-
зеи ин мақолаҳо инкишофи адабиёти ибтидои солҳои
ҳаштод нисбат ба пештара ба савияи баландтаре бар-
расй ва ҷамъбаст гардид. Аз ин навиштаҳо дида ме-
шавад, ки дар таҳлили конкрет ва фарогирии умумй, *
дар муайян кардани моҳияти рӯйдодҳои ҷудогонаи ада-
бй ҳоло маҳорати чанде аз мунаққидони мо баландтар
меравад.
Афзудани сахтгирию серталабии танқид низ аз баъ-
зе мақолаҳо ба назар мерасад. Ба ин муносибат, ма-
колаи мазкури Аълохон Афсаҳзод, мақолаи Аҳмад Аб-
дуллоев «Барой шеъри хушсифат» /«Адабиёт ва санъат»,
13 ноябри с. 1986/, Юсуф Акбаров ва Азим Аминов
«Соҳилҳову уфукҳои назм» /«Коммунист Таджикиста-
на», 26 марта с. 1986/ ва баъзе асарҳои дигар ҷоли-
банд. Хусусан мақолаҳоеро, ки Атахон Сайфуллоев уму-
ман дар бораи роману повесть, инчунин дар бораи
«Сарбозони бесилоҳ»-и Ф. Ниёзӣ ва «Хатлон»-и Ҷ. Ик-
ромй навишт, махсусан қайд кардан лозим аст. Як аса-
ри А. Сайфуллоев дар бораи повести ҳозираи тоҷикӣ
15—277
225
бо номи «Сояравшанҳо» /«Свет и тени»/ дар маҷаллаи
«Литературное обозрение» /1986, №12/ чоп шуд, ки на-
хустин мақолаи проблемии як мунаққиди тоҷик дар ин
журнал аст.
Аз ин мақолаҳо бовар ҳосил мешавад, ки танқиди
тоҷики барои дамовозӣ ба рӯҳи замон, барон ошкор
кардани норасоиҳо ва монеаҳои роҳи ҷӯяндагии эҷодӣ,
барои беибо гуфтани ҳақиқати ҳол қобилияти басан’
да дорад.
3
Вобаста ба фаъол шудани рӯҳияи размҷӯёнаи тан-
қид, сахтгири ва ошкоргӯии он баъзе масъалаҳои му-
ҳим пеш меояд, ки онҳоро ҳамаҷониба муҳокима кар-
дан лозим аст. Мо, мунаққидон дар ин роҳ вазифаҳои
худро амиқан ва ҳамаҷониба бояд дарк намоем ва бо
эҳтиёт-кории тамом анҷом диҳем. Дар ин маврид, дар
мавриди ошкор кардани камбудиҳои ғоявию бадей эҳ-
тиети махсус зарур аст, то ки ба субъективизм, ба ба-
ҳои дур аз ҳаққоният роҳ надиҳем. Чӣ қадар ки таъ-
рифу тавсифи маҳз, ситоиши муболиғаноку хушомадо-
мез ва болобардору кафгирзаниҳо ба адабиёт ва эчо-
диёти ҳар нависанда зарар дорад, зарари нуқсончӯии
маҳз ва баҳои манфии беасос аз он камтар нест. Агар
мунаққид фақат норасоӣ чӯяд ва хурдагирӣ кунад,
мумкин аст, ки ҳар чиз ба назари ӯ айбу нуқсон наму-
Дан гирад. Он гоҳ барон нигоҳи объективӣ замина кам
мемонад.
Агар хато накунам, нишонаҳои ҳукми яктарафа аз
мақолаҳои ёдшудаи А. Сайфуллоев, ки ҳар кадоме аз
онҳо баъзе мушоҳидаву мулоҳизаҳои чиддӣ доранд,
низ ба назар мерасанд. Чунончи, қаҳрамони повести Б.’
Фируз «Тору пуд» дар бораи чанд ронанда гуфтааст,
ки ий мардум «коҳиланд. Аз коҳилӣ на ақлашонро кор
мефармоянду на ҳунарашонро». А. Сайфуллоев дар ма-
қолаи «Тадқики бадеии ахлоқи ҳамзамонон» /«Садои
Шарқ», 1986, №2/ аз ин гапи қаҳрамон хулоса баро-
вардааст, ки «нависанда ронандаҳо барин вакилони
сершумори синфи коргарро ба коҳилӣ гунаҳкор кард».
Ва ҳол он ки, ба фикри мо, дар ин ҷо гунаҳкор донис-
тани як синфи ҷамъият ё як қисми он дида намешавад,
балки сухан аз он касоне меравад, ки ҳоло дар пеши
чашм ҳастанд ва барои илоҷи воқиаи ногуворе' чора
андешидан намехоҳанд. Аз матн маълум аст, ки суха-
226
не, ки дар бораи чанд нафар гуфта шудааст, ба тамо-
ми як синф нисбат надорад.
А. Сайфуллоев дар мақолаи «Бурду бохти санъат-
кор» /«Садои Шарк», 1986, №11/ ба Ҷалол Икромй
маслиҳат додааст, ки дар романи «Хатлон» эшони Сан-
ги Ҳамворро бо ягон персонажи мусбат ба мубоҳиса
даровардан даркор аст, то ин ки эътиқодоти илмии
персонажи мусбат ва бебуньёд будани марому масла-
ки муллое бештар маълум гардад /чунон ки дар рома-
ни Нодар Думбадзе «Қонуни абадият» як руҳонӣ ва
қаҳрамони асосй байни худ баҳси аҷибе ороста буданд/.
Ҷ. Икромй дар ин бора фикри худро аз ҳафтаномаи
«Адабиёт ва санъат» /5 марти с. 1987/ баён намуд. Ба
ин муносибат, таъкид кардан мехоҳем, ,ки мо, мунаққи-
дон аз тавсия додан ба нависанда бояд ҳуддорй кунем.
Тавсияи бевоситаи мунаққид, ба ҳар ҳол, ба одоби тан-
қид мувофиқ намеояд. Агар мунаққид дар асар но-
расоие бинад вазиафи ӯ ин аст, ки он норасоиро хар-
чй мӯътамадтар намоён кунад, аммо роҳи ислоҳи он-
ро худи нависанда хоҳад ёфт ва шояд хеле беҳтар аз
чашмдошти мунаккид масъаларо ҳал хоҳад кард.
Боз ба баъзе эродҳои А. Сайфуллоев, ки дар мако-
лаҳои мазкур ва дигар навиштаҳои ӯ бисьёранд, эрод
гирифтан мумкин аст. Аз асарҳои дигар мунаққидон
ҳам зродҳои беасос ё камасос метавон дарёфт кард.
Вале ҳоло аз инҳо ran накушода, ба як масъала, ки ба
пиндошти мо, хеле муҳим аст.андаке тавақкуф кардан
мехоҳем, то ки дар ин бора фикри дигарҳоро хам фах-
мидан мумкин шавад.
Чанд гоҳ аст, ки Соҳиб Табаров дар мақолаҳояш
ба он шеърҳои шоирони тоҷик, ки ба «ватани хурд»
бахшидаанд, эрод мегирад. Агарчи ӯ нагуфтааст, ки
конкретан кадом шеърҳоро дар назар дорад, ба кала-
ми Лоиқ, Бозор Собир, Камол Насрулло ва Гулрухсор
тааллуқ доштани онҳоро таъкид намудааст, мисраъҳое-
ро аз қабили «Ман Ватан меёбам аз ҳар резасанги кух-
сор», «...Ватану масоҳати он аз хоки вучуди ман шавад
сар» зикр намудааст. У ақида дорад, ки дар чунин об-
разҳо ва «дар ашъори ин кабил шоирон «ватани хурд»
бештар бе алоқамандӣ бо Ватани калон /бо таъбпрп
Миршакар «Ватанам СССР»/ меояд». /С. Табаров. За-
мой ва танқиди адабй, «Адабиёт ва санъат», 20 марти
с. 1986, саҳ. 4/. Мунаккид ба исрор чунин андешае
баён карда истодааст ,ки «дар ин гуна шеърхо мафху-
227
ми «Ватан» ва «дӯстии интернационал» бо мафҳуми
«ватани хурд» ва дилбастагӣ ба кӯҳсори тоҷик иваз
карда мешавад» /С. Табаров. Сарвати бебаҳои маъна-
ви, «Тоҷикистони Советй», 12 дек. с. 1986/.
Моро ҳамин чиз ба ташвиш овардааст, ки ин хуло-
саҳо, ин айбҳои ҷиддии иҷтимоиву сиёсй, ки мунаққид
ба шоирон нисбат медиҳад, натиҷаи таҳлили шеърҳои
конкрет нестанд ва маънои умумиву мутлақ доранд.
Агар масъалэро ба таври умумӣ ва мутлақ гирем, бояд
гӯем, ки барои чунин хулосаҳо ва ҳукми катън асос
надорем. Проблемаи «ватани кӯчак» аз солҳои шаст дар
шеъри советй, дар назми ҳамаи халқҳои мамлакати мо
мавриди андешапарвариҳои шоирона қарор ёфтааст ва
онро ба «Ватани бузург» муқобил гузоштан ва ё хнло-
фи ҳамбастагиҳои интернационалӣ донистан ҳаргиз ҷоиз
нест. Яке аз муҳимтарин натиҷаҳои иҷтимоиву фалса-
фии бозҷуетҳои фикри шоирона дар ин муддат — аз
солҳои шаст то имрӯз маҳз ҳамин аст, ки моҳияти «ва-
тани кӯчак» амикан дарк шуд ва он ҳақиқат дар шу-
ури мо устувор гардид, ки овози «Ватани бузург»
аз «ватани хурд» аст. Ин ду мафҳум — мафҳуми «Ва-
тани бузург» ва «ватани кӯчак» зотан ҳаргиз хи-
лофи якдигар нестанд, балки сахт ҳамбастаи якди-
гаранд. «Ватани хурд» як чузъи Ватани бузург аст.
Он кас, ки кадри «ватани хурд», яъне, масалан
қадри зодгоҳи худро намедонад, б а гумон аст, ки кад-
ри Ватани бузургро фаҳмида тавонад ё меҳри Ватани
бузург дар дили ӯ як ҳисси пурзӯр ва пурраву мукам-
мал бошад. Ба ин андеша мо акида дорем, ки агар
шоир «Ман Ватан меёбам аз ҳар резасанги кӯҳсор»
гуфта бошад, ин гапи ӯ чунин маънй дорад, ки ба кӯҳ-
сор ва резасанги он бо чашми ҳавобаландиву нописан-
дй наменигарад, онро азиз медорад, оғозгоҳи Ватани
бузург мешуморад, Ватани бузургро бе он тасаввур
карда наметавонад. Ин, бегумон, як ҳисси табиии хи-
радмандона аст.
Барои ин ки масъала равшан шавад, боз ба баъзе
паҳлуҳои он мухтасаран диккат чалб кардан мехохем.
Чанде пеш /14-ХП-1986/ дар «Правда» маколаи
Леонард Лавлинский «Дар паси мисраи лирикй» чоп
шуд, ки дар бораи китоби шеърҳои чанд шоири ҳози-
раи рус мебошад. Л. Лавлинский дар ин макола, аз
ҷумла дар бораи баъзе шеърҳои маҷмӯаи Ю. Беличен-
ко «Шукуфти явшон» /«Полынь зацвела», 1986/ чунин
228
таъкиде дорад: «Ин шеърҳо моҳиятан дар бораи онҳое
гуфта шудаанд, ки шоир нахустин тасаввуроти худро
оид ба некиву меҳнатдӯстӣ, шаъну шараф ва мардй аз
онҳо ҳосил кардааст, яъне ин шеърҳо инчунин дар ҳақ-
ки. сарзамини падарии ӯ—сарзамини Кубань аст, дар
ҳаққи он ватани хурд аст, ки мо ҳар чй шудем, аз он
шудем. Ю. Беличенко инро равшану возеҳ дарк наму-
дааст ва бечиз нест, ки навиштааст: «Шояд /ниҳоят/
бифаҳмем, ки иваз кардани чой аз иваз кардани хун
хам хавфноктар ва дардноктар аст».
„ Аз ин андешаҳои шоир ва мунаққид мебинем, ки
масъалаи «ватани кучак» масъалаи ҷиддии иҷтимоиву
маънави буда, ба буньёди ҳастии ҷамъиятиву ахлокии
инсони имруз дахл дорад. Аз ин андешаҳо равшан ме-
гардад, ки шеърҳое, ки ба «ватани хурд» бахшида шу-
даанд, дар айёми мо махсусан аҳамияти калони та'р-
бияви пайдо кардаанд. Ҳоло дар тамоми Ватани паҳ-
новари мо, аз чумла дар Тоҷикистон чунин вазифаи му-
ҳимме пеш омадааст ки дар дили мардум меҳри зодгоҳ,
меҳри оғозгоҳҳои маънавиро кувват додан лозим аст.
Бо қувваи сухани бадей меҳри «ватани хурд» — бомгӯ-
шаи падар, шаҳру деҳ ва маҳаллаву гузари худ, дарьё-
чаи шӯхи кӯҳсорон, сангу шахи кӯҳиетон ва монанди
инхоро дар дили мардум устувор кӯчокӯчи бисьёр, кӯч-
бардориҳои заруру нозарур ва гоҳ булқавасона хона-
бардушиҳо боиси кам шудани меҳри ёру диёр дар ди-
ли мардум гардид. Акнун коре бояд кард, ки дар дили
мардум меҳри ёру диёр, азиздошти замин ва обу хок,
шавқи кору меҳнат, эҳсоси инсофу одамият кувват ти-
рад.
Мардумони тоҷик асрҳо боз ба кушодани заминхои
нав ва обод кардани гӯшаҳои нообод майли тамом дош-
та, ҳар чо хористоне буд, гулистон мекарданд. Ин
фаъолияти онҳо хусусан дар замони мо авҷ гирифт ва
имруз ҳам вусъат меёбад. Замон талаб мекунад, ки мо
бештар қобили ҷунбишу ҳаракат ва кӯчбардорӣ бошем.
Лекин инсон аз оғозгоҳҳои аввала ҷисман-дур равад
хам, руҳан бо он бояд пайванди қавӣ дошта бошад, рӯ-
ҳан аз он бояд канда нашавад. Ин пайванди пурзӯри
руҳи дар ҷои нав пояҳои ҳастии маънавии ӯро устувор
мекунад, маънавияти ӯро аз оғозгоҳҳои тозае қувват
мебахшад. Агар инсон аз оғозгоҳҳои аввалаи одамии худ
руҳан канда шавад, дар баъзе мавридҳо камтар, дар
баъзе мавридҳо бештар ва гоҳ ба куллӣ аз моҳияти ин-
229
сонии худ маҳрум мегардад. Пояҳои пайванди маънавии
инсон ва оғозгоҳҳои одамии ӯро устуворй бахшидан
даркор аст, то ки моҳияти одамии ӯ устувор бошад.
Ин яке аз бузургтарин вазифаҳои иҷтимоии замой,
вазифаи инсондӯстона ва гражданин ҳар яки мост. Ада-
биёти ҳозираи русй дар роҳи иҷрои ин вазифа кӯшиш-
ҳои қаҳрамонона ба харҷ дода истодааст. Нависан-
, дагони дигар республикаҳо, аз ҷумла шоирони тоҷик
ҳам дар ҳамин роҲ мекӯшанд. Мутаассифона, на ҳамаи
шеърҳое, ки шоирони тоҷик ба «ватани хурд» бахши-
даанд, мазмуни амиқи гуманистй ва иҷтимоиву фалса-
фй дорад, на ҳамаи шоирон масъаларо бо тамоми ами-
қияташ дарк кардаанд, на ҳамаи онҳо моҳияти маъна-
вию ахлоқии масъаларо бо фикри расой шоирона па-
дид меоранд. Диди рӯякӣ, васфи маҳз ва бемақсад тас-
вири урьёни дур аз ^иссиёти олй ва маҳрум аз ан-
дешаҳои ҷиддӣ дар шеъри онҳо бисьёр аст. Чунин но-
расоиҳо имкон намедиҳад, ки парвози фикру ҳисси
шоир аз заминай ватани хурд ба фазой Ватани бузург
расад, ба паҳнои олам барояд, ба сари масъалаҳои
умдаи ҳастии инсон ва камолоти шахс равад. Ватандӯс-
тӣ танҳо ситоиши Ватан нест. Шеъри ватандӯстӣ бояд
мазмуни амиқи иҷтимоиву фалсафӣ дошта бошад.
Аз мо, мунаққидон, лозим аст, ки норасоиҳо ва
шаклҳои конкрети зоҳир шудани онҳоро нишон дода,
дар роҳи баланд бурдани мазмуни иҷтимоиву фалса-
фии шеъри ватандӯстй мубориза кунем. Аммо ҳамаи
шеърҳои оид ба ватани хурдро яклухт бадном кардан
мумкин нест. Зеро он маҳдудияту камбудиҳо ба ҳамаи
шеърҳои тоҷикии оид ба «ватани хурд» хос нестанд.
Баъзе шоирони мо дар ин ҳусус фикру андеша ва ҳис-
су ҳаяҷони баркамол доранд. Дар ҳаққи чунин шеърҳо
қадршинбсӣ зарур аст. Маънидоди амиқи иҷтимойву
фалсафӣ ва ташвиқу таблиғи чунин шеърҳоро аз вази-
фаҳои муҳимми танқид бояд донем.
4
Оре, рӯҳияи сахтгириву серталабӣ ва кушодагӯй,
тезу тунд ба миён гузоштани масъалаҳои кулливу
ҷузъии ҳаёту адабиёт ҳоло дар танқиди тоҷик кам-кам
кувват ёфта истодааст ва умед аст, ки дар оянда сама-
раҳои матлуб бештар хоҳад дод. Ин рӯҳия бояд 6а
принцигги объективияти илмӣ такья намояд. Агар дар
230
ин роҳ принципҳои асосии танқиди объективй аз ягон
ҷихат халал бинад ва риоя нашавад, ҳам ба танқид
ва ҳам ба санъат зарар мерасад.
Ин матлабро аз он сабаб такроран таъкид кардан
мехоҳем, ки ҳоло дар танқиди тоҷикӣ баъзе тамоюло-
ти нави носолим ҳам оғоз ёфтааст. Аз ҷумла ҳаминро
дар назар дорем, ки Юсуф Акбаров чанд гоҳ — дар чан-
дин навиштаи худ ба Аскар Ҳаким бо кинавариву ни-
корчӯй муомила карда, ба гиребони ӯ сахт часпид ва
ҳоло ҳам намедонем, ки онро cap додааст ё не. Мо ин
тарз истифода шудани сухани танқидиро ҳаргиз нишо-
наи ҷиддияту принципдорй ба шумор гирифта намета-
вонем. Кинавариву ниқорҷӯӣ ба танқиди асил алоқа-
мандие надорад.
Адабиёту санъат ва танқид аз биеьёр ҷиҳатҳо ба
илми табобат монанд, аст, зеро мардумро давову дармо-
ни маънавӣ медиҳад, дардҳои ахлоқи иҷтимоиро муо-
лича мекунад, дар роҳи сиҳҳати маънавию ахлоқии
ҷамъият мубориза мебарад. Медонем, ки табиби асил
ба ҳамаи табобатхоҳон ба як чашм менигарад ва ҳатто
ба душманаш бояд душманӣ зоҳир накунад. Мунаққиди
ҳақиқӣ низ чунин аст. Дар танқид низ аз рӯи муноси-
бати шахсй, аз рӯи таваҷҷӯҳу бетаваҷҷӯҳй, ошноиву бе-
гонагй ва ғайра рафтор кардан манъ аст. Албатта, тан-
кид аз жанрҳоест, ки ҷанбаи субъектавӣ дар онҳо беш-
тар амал мекунад, вале ин ҷанба ҳатман бояд бо на-
зари объёктивӣ созвор омада бошад. Ҷанбаи субъекти-
вй шахсияти мунаққид ва муносибати хосиӯро ба масъа-
лаҳои ҳаёту адабиёт пурзӯртар намоён карда, барои ҳар
чй амиқтар ошкор гардидани ҳақиқати объективӣ за-
мина тайёр менамояд. Лекин боло гирифтани ҳиссиёти
субъективӣ, хусусан бо хашму ғазаб сухан рондани му-
нақкид моро аз сари ҳакиқати вокеӣ дур мебарад, миёни
танқиду адабиёт чудоӣ меандозад, мумкин аст, ки ба
пайдоишу ривоҷи гурӯҳбозй сабаб шавад. Аз ин рӯ,
нисбат ба навйсандае кина парваридани мунаққидро
бояд сахт маҳкум кунем.
Яке аз камбудиҳои калони танқиди тоҷикӣ ҳукми
беасос аст. Ин камбудй кайҳо .боз давом дорад, вале
ҳоло қувват гирифта, ба тамоюли муайяне табдил ёфта
истодааст. Яке аз зуҳуроти он ҳамин аст, ки, масалан,
мунаққиде ба нависандае эродҳои еахт мегирад, вале
фикраш ба ранги ҳукми қатъии бедалел ифода ёфтааст.
Он гоҳ фаҳмида наметавонем, ки мунаққид чаро чунин
231
хулосаҳо баровардааст. Мисоли инро аз навиштаҳои С.
Табаров, Ю. Акбаров ва дигарон бисьёр мебинем ва
шояд дар навиштаҳои камина ҳам роҳ ёфта бошад.
Расул Ҳодизода дар бораи достоин Темур Зулфиқо-
ров «Шикори шоҳ Баҳроми Гӯри Сосонӣ» /«Охота ца-
ря Бахрама-Гура Сасанида», 1985/ дар як маколаи га-
зета ҳамагй чор чумла сухан рондаасТ, ва бо ҳамин чоо
чумла арзиши як асарро тамоман ба ҳеч баровардааст.
Ба фикри Р. Ҳодизода, ҳангоме ки ин асари Т. Зулфи-
қоровро мехонем, гӯё «беихтиёр саволе ба миён меояд
ин асаре, ки чунин номи пурсадои таърихӣ дбрад, ба-
рон чӣ ва барон кй навишта шуда бошад? Паи хам омя-
дани номҳову мафҳумқои таърихй, мифологй, динии ка-
димй ва исломй, ки аксаран ба ҳам алокае надоранд,
тасвири вокиаҳои таърихӣ ва афсонавӣ, ки гох ба онхо
унсурхои даҳшатангезӣ илова гардидааст, хонандаи ҳай-
ратзадаро гарант мекунад. Аммо назари худи нависан-
да дар паси пардаи ин ҳама вокиаҳо пинҳон мондааст»
/Р. Ҳодизода. Ҳаёт, адабиёт, танқид, «Коммунист Тад-
жикистана», 19 марти с. 1986/.
Дар назари аввал гӯё ин ҷо мунаккид дар баёни
фикр далелу бурҳон дорад. Вале дар ҳакикат чунин
нест. Мо на паи ҳам ва омехтаи якдигар омадани ном-
хои таъпихй ва мифологию афсонавӣ ё динГг, на ба аса-
ри бадей дохил шудани унсурҳои даҳшатангезиро ба
сари худ айб шуморида наметавонем. Дар таърихи ада-
биёт, аз чумла дар адабиёти айёми мо асарҳое ҳастанл,
ки дар онҳо қаҳрамонҳои афсонавй, шахсиятҳои таъ-
рихии замонҳои гуногун, гоҳ ҳатто персонажхои навн-
сандагони чандин аср паҳлуи ҳам омадаанд. Баъзе чил-
ваҳои аҷиби ин ҳодисаро дар асари Ҳерман Ҳессе «Зпё-
рати кишвари Шарк» мебинем. Вале хонандагон ва "mv-
наққидон ба чунин хусусияти он асарҳо эрод нагириф-
таанд, балки, баръакс, аз нимкосаи таги ин коса тавач-
чӯҳоти ғоявию фалсафй чустаанд, зеро рӯ овардян ба
таърих ва асотиру афсона аксаран нишонаи бозчуст-
ҳои иҷтимоиву фалсафист. Аз ин ҳакиқат катъи назар
карда, дар бораи асархои Т. Зулфикоров хукм баоовар-
тан мумкич нест. Ба чунин эрод, ки фикри асосии Т. Зул-
фикоров дар паси пардаи воқиаҳо панҳон мондааст, низ
розй шуда наметавонем, зеро, ба назари мо, фикри ӯ
муайян аст ва ба хубй ифода шудааст. Ба ин сабаб, дар
сурате ки мунаккид аз далелу бурхони чиддй, аз муло-
ҳизарониҳои доманадор худдорй кардааст, бо катъия-
232
SSSEsrftewa
Гнф«"Vap“ иин »ебу», шояд мо ба хукмхо,, каты.»
иуи™7иркулл”еиш^"ш« »к асар ё «»
— “1ж? гк=г ^yss™
наД. Буньёди Ф»™ ™-« '“ “Д! S-
“"дй°Г™Гк“Га кушоигӯӣ када! гузошд, дар
Ча"Б\МпГдДош;иИГмТя?оГГр,^тДа.. ф.ромуш rap-
~=i5SSS
£®SSS2SS«
:ssissfSisi
E5?S£-i
барои равшан кардан,, мохияти ояхо кушяша пеш г.,-
РИФБТааЯфГриММ“о°бясьёре аз ии акидахои Кутбя Кпром
Н°РКутбй ^Кгфсш. Хмасалан, дар бора,, «исра„, Лоик
ва сабабашро чунин эз0Ҳля^еХ^'/бояд гуфт. кп
хусусияти борон ва на дар ше р /
х^сиТи^ку^ ба
НИН суолу хитобҳо пеш овардааст «Аз кай ш^пГо ЧУ'
илм як шамшеп ягт» и„ д’ шеъР *ам монанди
«они Ча„„ТеаРсрГ„Г>„ф”НаГЙуй,ГТ„маГДа" "арД)-
/«шеърбоТоюТсмима? ШУДаНИ Ка"шаи *боров’ *а“
фақаг зоҳири SZpo ба „aLf1’ Набураааст- Хатто
set --- "-»ро сздге “Л0;;
Даси Zo^ZTeZ^pj^ZaZa"*3"413" МуК№
Sri-
кардани\амасрон ас». “аРДНЮ ЧОНСупорГг РаДНамун
тав!:п"а74Л^*КуТб" Киром факат кисман дуруст аст
ас/ набоя//а*" зГад" ЬГдар"е“ ъ„М"*аакГ "УМЮ"
ва зебоии ҳаёт»-ро васф карда^ лоз^мбудааёп^бГ
Агар чунин фаҳмиши Қ. Киромро қабул кунем тасяв
дуд хоҳ°ада£удОРаИ ВаЗИфаҳои адабиёт xej?e ва хеле маҲ-
мони3 лири"^3сРухЯаКн t ф^ п1*Т- НОҳамвоР»- *ахР-
р у н рафта, дар баитҳои дигап бетолрй
Р рии кори қаҳрамон зикр шудааст, Қ. Киром
234
дар бораи ғазалҳои Лоиқ мегӯяд, ки едар ҳамаи ин ра-
за кариб ангезаи шоири имрӯз — суханвари сове
?й дида намешавад». Ин ran чй маънй дорад? Маъной
он хамин аст, ки нависандаи имруза боз хам бояд
«бахти ноҳамвор»-и касе сухан нагӯяд, танҳо аз хуш-
бахтиву шодкомиҳо ran занад, зиндагиро факат чун як
ид ва тантана тасвир намояд. Ба фаҳми К. Киром, су
J гудози ошикона ҳам «ангезаи суханвари совети» на-
будааст Охир шоирон хамеша хассостарини ошикон
ба шумор меомаданд. Пас, чй шуд,_ки имруэ Қутби Ки-
ром «суханварони совети»-ро аз сузу гудози ишк ДУР
ТаРАлбатта, “тамошт хакконисг, к,. Кутбй Киром аз
хамкасбонаш шеъри ичтимоимазмун ва граждани талаб
мекунад, тасвири «муборизаи тезу тунди имрузи чаҳон
мағлубиятнопазирии рухи инсони иав.-ро мехохад. Ии
тядаб талаби чамъият аз шеъру шоир аст. Лекин К>т
бй Киром аз сӯзу гудоз ва оху нолаи кахрамони лири-
к-ии шеъои ишкй мазмуни иҷтимоиву сиеси кашидан
хостаастДунин вонамуд кардааст, ки шикоятҳои оши-
ин кахоамон шикоят аз замон аст.
Вай дар бораи мисраи Лоик «Тирборон кардани мо
куш®шиДбеРхудаР дет, чунин суолхои хашмомез оварда-
аст- «Оё дар ҷамъияти мо чунин гуфтани шоир д>р>
аСТ£Г^Р”к-ар Кутбй Киром барин
нависандае ин қадар худро ба нофахми зада бо чун
даъвохои калони беасос ба сари як *а^касби худ муш
ти сиёси бардорад, бешубҳа, ин худ к Р Р
Азбаски чунин тирборон хеле пештар аз имру Р У
да буд, Лоик ҳак дошт, ки бигӯяд:
Тирборон кардани мо кӯшиши бехуда аст,
Ҳдр кй моро мекушад бо шеърборон, зинда бод.
Висьёое аз фикрҳои Кутбй Киром дар ин макола
чун як ҳукми кат-йй, ҳукми бетаҳлил ва бедалелу бур-
хон баё5шудаанд. Ва ҳол он ки хукми бенсбот эъти-
боп надорад Ҳангоме ки у дар ҳакки эдодиети Лоик ва
Бо?ор Собир, дар хаки баъзе зсархо ва.образхои шеъ-
пип онхо хукмхои катъи мебарорад, вакте ки аз \у~у
S баке образхои шоиронаи Бозор сухан меронад, та-
саввда паВдо мешавад, ки муалляфи макола мохия-
тн образи шоиронаро хеч фахмидан намехохад,
235
ҲайратаДфз^° як навь" вазшнгДи ^стети k!T 6 * ТарЗИ
мудааст. у ии эстетики зоҳир на-
Бисьёр образҳои ассоциативии бя тол
шеърҳои Бозор Собир ҳастанд hvhorL У дар
ра бастани маҳтоб» <<назме J fi ™ Р бадан ши'
са^Гр^Г^ГГки^^\<<ЧУ ШИР Да«аМкаши0дНани
»«Жу/рГ;, аай-:
Кут^н Киром Гардидаанд"валеЛбаХлТОб-и?И хашмомези
Ӯ аксаран ба зох%“Г«„с 4;ааастДаРефТ"
ман,КазМ,Ку„Ина^ав^о"И3а™ ДаР М'т°б" ‘Д°™<™ю,
«и мардуми к,Шиар„ УкР“хс„р™ИкамзД „Ҳ™°оТ КарДа ‘Г*
м»Гто‘™?°" Д"ГаР б°ЯД чанг" мӯзаашонра3 афи^
хок„Д'„;0р0К:аЭ„аР„РакеунаандГОй7а™^,?°ат"ГГРаНД “а
oZ ТаТГиа"
Собир «ТочиРкистон» бо бя^рЧУ«Ла Дар шеъри Бозор
ёфт. Аммо Кутбй Кип™ Ъ«6 тобишҳои наве инкишоф
бар акся“ой,чЙ»оЛТ^™ГИ "" ше'ьрр»
ровардааст, ки гӯё Бозоп Vn/tfn т Х маъниҳое ба-
ру беняип ия 030р Собир Тоҷикистонро «ҳэкн-
SIct УҲТ0ҶИ Чанги домане» ба калам до^а-
sSSss
Зи дунё бехабархо, нохалафхое
Туро камхок мегӯянд,
Typo ғамнок мегӯянд,
Ҳамехоҳанд бо доманфишонӣ хокат афзояндЭ!
Чи номардй?! ^
Чӣ бедардй?!
маҳруманд3аНе касГки'^ М"СраЪЮ ,3 »™
&3$2*Я&~53$
TOH»3™nKLoaP б0раи Шеъри Боз°Р Собир «Точикис-
Д р мавриди дигаре муфассалтар сухан рондаем
236
ҳоло аз овардани он шеър худдори карда, фақат ҳа-
минро таъкид мекунем, ки дар ин шеъри у як меҳру
муҳаббати самимии ғамхоронаю дилсузона нисбат ба
Ватан ифода шуда, эҳсосоти ватандустонаи комилан
халқиву деҳқонӣ ва назари интернационалистки замо-
монй зоҳир гардидааст.
Мо ба он гуфтаи Қ. Киром ҳам рози шуда намета-
вонем, ки гӯё аз шеърҳои Бозор Собир «буи мағоки ки-
тобҳои чангзадаи таърих бармеояд, ки имруз касеро ба
кор намеравад, махсусан шеъри «Теғи Сино». Маълум
нест, ки Қ. Киром ин ҷо калимаи «мағок»-ро ба кадом
маънӣ ба кор овардааст. Онро ба кадом маънӣ ки фаҳ-
мида бошад, ҳамин чиз равшан аст, ки нисбат ба таъ-
рих ачаб назари соддалавҳонае дорад. Не, шоири муҳ-
тарам, таърих «китобҳои ҷангзадае» нест, балки capo-
cap сабақҳои ибратомӯзест, ки ҳар кас ва тамоми
ҷамъият ҳар лаҳза бояд ба андеша тирад, то ки вази-
фаҳои бузурги иҷтимоиву таърихии худро барои имруз
ва фардо дуруст таъин карда тавонад. Он кас, ки аз
имрӯзу фардо парво надорад, аз дирузу пареруз чашм
мепӯшад. Афсӯс, ки ин ҳакиқатро баъзеҳо ҳануз нафаҳ-
мидаанд.
Бегумон, гоҳ-гоҳ ба таърих ру овардани баъзе аз
шоирони мо, аз чумла Лоиқ ва Бозор Собир як зару-
рати таърихист, ин худ як ҳукми таърих аст, ки бояд
иҷро кӯнем. Мутаассифона, дар ин кор гоҳ назари бар-
камоли таърихӣ кам зоҳир мешавад. Дар мавриди дар-
ки бадеии баъзе рӯйдодҳои таърих бо нозукбини кор-
баст наомадани меъёрҳои иҷтимои аз Бозор Собир со-
дир шуда буд. Аз ин бобат дар Иттифоки нависанда-
гон ва матбуот сухан рафт. Баъзе камбудиҳои шеър-
ҳои мавзӯи таърихро танқид ҳануз нагуфтааст. Бо ву-
ҷуди ин, аксари чунин шеърҳо, аз чумла шеъри Бозор
Собир «Теғи Сино»-ро чизе, ки «имруз касеро ба кор
намеояд» донистан мумкин нест. Онҳо як қисми муҳим-
ми шеъри ҳозираи мо мебошанд ва мазмуни имрузаи
хофизаи таърихии чамъяти мо дар онхо акс ёфтааст.
Дар ин бора дар чилди V-и «Таърихи адабиёти сове-
тии тоҷик» муфассалан сухан рафтааст.
5
Мутаассифона, инкори куллӣ, инкори бетаҳлилу беа-
сос на танҳо дар ин мақолаи Қутбӣ Киром дида меша-
вад, балки гоҳ-гоҳ, чунонки зикраш гузашт, аз навишта-
237
ҳои баъзе мунаққидон ҳам ба назар мерасад. Шояд дар
4vme„ "*ШТ‘И ИН айб “ ма" ҳам гузашта боша/
fivn „ рзфтори нораво аз мо, мунаққидон, cap шуда'
буд ва Қутби Киром онро ба ниҳояти ифрот расонид
Ман ин равияро на дар мақолаи Қутбӣ Киром, на уму-
ман дар танқид равняй солим ба шумор оварда наме-
тавонам. Бозсозиро аз инкори дастовардҳои муҳим аз
саркубии намояндагони барҷастаи адабиёту санъат’ аз
аибҷуиҳои маҳзи сиёсимазмун cap кардан хамоно’ни-
шонаи нафаҳмидани моҳияти давраи нави таърихи мост
Ьа ин муносибат як ба таърих назар андохтан ло-
зим меояд.
Медонем, ки солҳои сиву чил дар танқиду адабиёт-
шиносии мо социологизми вулгар хел^ нуфуз дошт Со-
циологҳои вулгар аз таги нохуни нависандагони советӣ
рк мекофтанд, ба ҳар калимаю ибораи нависанда бо
назари шубҳа нигоҳ мекарданд ва ҳамин ки шубҳае
паидо шуд, ба сари нависанда мушти саркӯбй мебао-
доштанд. r J ғ
Бояд нагузорем, ки имрӯз танқиди тоҷикй боз ба
солҳои сиву чил, боз ба социологизми вулгар баргар-
дад. Баъзе мақолаҳои имруза, ки ба калами мунаққи-
дони гуногун тааллуқ доранд,— албатта, баъзе макола-
ҳо на хамаи онҳо,—дар ҳақиқат рӯҳан кам ё беш ба
мақолаҳои солҳои сиву чил монанди пайдо карда исто-
даанд. Чунин мақолаҳо одатан оҳанги сахти танқидй
доранд, вале асоси таҳлили ва назари таърихй дар онхо
суст аст ё тамоман дида намешавад. Ин ҳолат моро ба
ташвиш меорад, зеро хеле хавф дорад: агар фақат кам-
Оуди ҷуем, рафта-рафта танқид аз айбҷӯии маҳз иборат
хоҳад шуд. А м
Албатта, зарур аст, ки танқид ба муқобили камбу-
диҳо, каҷравиҳо, беғоягиву бемаслакй, асарҳои паст-
сифат ва ҳоказо сахт мубориза кунад, ҳамеша сертала-
бу сахтгир бошад. Ин яке аз вазифаҳои асосии танқид
аст, ки ичрои онҳоро ҳамаи ҳуҷҷатҳои партиявй, хусу-
сан материалҳои Анҷумани XXVII аз мунаққидон та-
лаб менамояд. Лекин дар ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо як нук-
¥ушМ/ХИМ НИЗ таъкид шудааст, ик пас аз Анҷумани
ЛХУП-и партия дар як сармаколаи «Правда» чунин
баен шуд: «Принципдории гоявй ва серталабию сахтги-
ри, эҳтиром нисбат ба истеъдод, одоби муомила нор-
маи кори ташкилотҳои партияви бо зиёиёни бадеакор
мебошад» /«Правда». 16 марти 1986/. Бешак, нормаи
238
кори мо мунақққидон, низ ҳамин аст: принципдории
ғоявӣ ва серталабию сахтгирӣ ҳатман бояд ҳамбаста
бо эҳтироми тамом ва одоби муомила бошад. Ва хол
он ки ба моҳияти ҷустуҷӯҳои ғоявию бадеии нависанда
диқкат надодан, мазмуни аслии ин ҷуяндагиҳоро муаи-
ян накарда ҳукми катъй баровардани мунаккид низ
як нишонан дурӣ аз эҳтирому одоб аст.
Ба ин муносибат, ҳаминро хотиррасон мекунем, ки
пас аз Анҷумани XXVII-и КПСС якумин маколаи тан-
қиди адабй, ки дар «Правда» чоп шуд, маколаи Евге-
ний Сидоров буда, «Дар бораи лирика ва мунаккидони
он» ном дорад /«Правда», 13 марти с. 1986/. Мунакки-
ди намоёни мо Е. Сидоров дар ин макола аз он хусус
сухан меронад, ки ҳоло дар инкишофи лирика як навъ
бӯҳроне рӯй д од а аст. Мо ба ҳамин чиз махсусан дик-
қат намуданй ҳастем, ки мунаккид аз бӯхрону кризис
гаи зада, дар ягон ҷои макола сухани сахт нагуфтааст
ва заррае хашму ғазаб зоҳир накардааст. Ҳарчи гуф-
тааст, ҳама аз андешаву мулоҳизаҳои ҷиддии эчодиву
илмй иборат аст. Алҳақ, маданияти танқид, танқиди
ҳақиқии илмй бояд чунин бошад! Факат чунин танкид
кобил аст, ки ба халли масъалаҳои чиддии эчоди ёри
диҳад.
Аз ин маколаи Е. Сидоров як лаҳзаро зикр кардан
мехоҳем. Вай гуфтааст: «Дар чунин вазъияте, ки ҳоло
дар назм рӯй до'дааст, танкид бояд чй кор кунад? Пеш
аз хама, дар назди танкид вазифае истодаает, ки ҳар
чиро, ки эҷод шудааст, ҷиддан дарк намояд, роҳхои
оянданоки инкишофи назми советиро таъин ва дастги-
рй кунад. Эмпиризм бояд ҷои худро ба назари таҳли-
лй диҳад». . _
Ин аст, ки эмпиризм ва ҳиссиётпарвари не, балки
назари таҳлилӣ ва мулоҳизаҳои ҷиддӣ лозим аст. На-
зари таҳлилии объективй яке аз принципҳои асосии ме-
тодологияи танкид мебошад. Ин принципро бо нуксон-
ҷӯии маҳз амалй карда наметавонем. Серталабию сахт-
гирии танкид он гоҳ самара хоҳад дод, ки ҷиҳатҳои со-
лиму пуркуввати процесси адабй ё эчодиёти як нави-
санда ва ё як асари ӯро муайян намоем ва дар парта-
ви ҳамин ҷиҳатҳои солиму пурқувват ҷиҳатҳои суету
норасоиҳоро нишон диҳем. Ҳатто аз асари каммазмуни
пастсифат, аз нуқсонҳои ҷиддӣ сухан равад хам, бояд
асоси таҳлилии хулосаҳо пуркувват бошад. Он гоҳ ху-
лосаву ҳукмҳо аҳамияти объективи пайдо мекунад.
239
Ҳиссиётпарварии субъективӣ, эмпиризм яке аз ҷид-
дитарин монеаҳои роҳи инкишофи танқид мебошад.
Ақидаи камина ин аст, ки агар мунаккиде як нависанда-
ро бад бинад, ҳақ надорад, ки дар бораи ӯ чизе нави-
сад, зеро дар ин сурат бетарафона, объективона калам
ронда наметавонад. Солҳои охир чанд бор ба ин ҳақи-
қат бовар ҳосил кардем.
Маълум аст, ки Саъдй гуфта буд:
Ку душмани шӯхчашми бебок,
То айби маро ба ман намояд?
Оре, душман айбу нуксонро ошкортар ва сахттар
мегӯяд. Аз ин рӯ, гоҳ ба гапи душман бо диққат гӯш
кардан лозим меояд. Ин яке аз омилҳои худшиносйст.
Вале танқид душмани адабиёт нест. Агар мунаккиде
нависандаеро бад бинад, фақат дар сурате ки ҳиссиё-
ти шахсӣ ва қаҳру ғазаби худро фурӯ нишонда таво-
нист, ҳак пайдо мекунад, ки дар бораи он нависанда
мулоҳизаи танқидӣ ронад. Хайрхоҳӣ аз шартҳои асосии
танқид аст. Ҳама серталабиву сахтгирии мунаққид бояд
аз рӯи хайрандешй сурат бандад. Агар хайрандешй бо
назари таҳлилии объективй як шавад, ҳам роҳи ситои-
шу саногӯӣ, ҳам роҳи айбҷӯӣ ва дашному носазо баста
мешавад.
Адабиёт ва танқиди он на ситоишу накӯҳиши махз,
балки тадқиқи амиқи таҳлилӣ, як навъи андешаронии
ҷиддй ва моҳиятҷӯии иҷтимоиву фалсафист, ки буньёди
он бар некназариву дилсӯзӣ, бар гуманизми олии фаъо-
лу сахтгир аст.
Ба фикри мо, фақат ба ҳамин асос дар танкид нав-
созиву бозсозй ба амал овардан мумкин аст. Ҳоло дар
газетаи «Правда» ва дигар рӯзномаву моҳномаҳои Мас-
кав мақолаҳое чоп шуда истодаанд, ки муаллифони он-
ҳо вазъияти адабиётро бо назарии серталабй баррасй
намуда, дар бораи масъалаҳои муҳимми ҳаёт ва санъат
андешаҳои ҷолиб баён мекунанд. Вале бисьёр мунак-
қидони тоҷик ҳанӯз чунин навназарии чиддиятомез зо-
ҳир накардаанд. Фаъолиятафзоии танқидни ҷасурона
дар адабиёти тоҷикй ҳамагонй нест. Бисьёре аз мунак-
қидони мо ҳоло ҳам нофаъоланд ва корашонро дигар
накардаанд. Ва ҳол он ки шароити нави чамъият, ди-
гаргуниҳои куллии иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию
маданй, ки дар мамлакат рӯй дода истодааст, аз му-
240
наққидон ҳам дигарсозии кори худ ва суръатафзоӣ хо-
ҳон аст. Мо дар ин роҳ аз мунаққидоне монанди Ху-
дой Шарифов, Абдураҳмон Абдуманнонов, Аҳмад Аб-
дуллоев, Абдухолиқ Набиев, Маъруф Раҷабов, Азим
Аминов ва дигарон 'бештар умедворй дорем.
Дар маърӯзаи Пленуми январи /с. 1987/-И КМ
КПСС гуфта шудааст: «Идеология ва психологияи ка-
содӣ ба ҳолати соҳаи маданият, адабиёт ва санъат низ
таъсир расонд. Меъёрҳои баҳои эҷодиёти бадей паст
шуд». Ин аст, ки вазъият баланд кардани меъёри сан-
ҷиш, ба кор гирифтани меъёрҳои бадеияти ҳақикиро
тақозо дорад. Чун вазъияти ҳозираи адабиёти тоҷики-
ро аз назар мегузаронем, ба таъкид бояд гӯшрас кунем,
ки меъёри бадеият хусусан дар шеър паст рафтааст.
Онро чй шоирон ва чй мунаққидон паст гирифтаанд.
Пае, барои мунаққидони шеър масъулияти махсус пеш
меояд. Зарур аст, ки биниши сахтгирона дар танқиди
шеър бештар амиқ равад, вазъият умуман ва бо пади-
даҳои конкреташ муайян гардад, ҳарчӣ фикру ҳисси
шоиронаро аз парвози баланд бозмедорад, як-як нишон
дода шавад,- Вақти он аст, ки танқид барон тараққиё-
ти нави шеъри тоҷикй роҳ тоза кунад.
Ин вазифаро бо нақли мазмун иҷро кардан имкон-
пазир нахоҳад буд. Нақли маҳз, бозгӯи оддии мунда-
риҷаи асари бадей аз камбудиҳои ҷиддии танқиди то-
ҷикист, ки солҳои сол аз он халос шуда наметавонем.
Баъзе рафиқон дар мақолаи танқидӣ ҳатто мазмуни
шеъри лирикиро баён кардан мехоҳанд ва ҳол он ки
аксарияти кулли шеъри лирикй сужет надорад ва маз-
муни он қобили нақл нест. Нақли мундариҷа хусусан
дар танқиди наср ва достон бисьёр аст. Мақолаву ки-
тобҳои танқидии басьёре навишта шудаанд, ки пас аз
хондани онҳо ба хондани худи асарҳои бадей эҳтиёҷ
намемонад, зеро мунаққид сужет ва сарнавишти қаҳ-
рамони онҳоро баён намудаает. Чунин танқидро тан-
қиди натуралистӣ номем, шояд аз ҳақиқат дур нара-
вем. Албатта, дар танқиди наср гоҳ аз ёдоварии баъзе
лаҳзаҳои сужети асар гузир нест, вале ин ёдоварӣ бояд
як ҷузъи таҳлил ва асоси андешаҳои моҳиятҷӯӣ бошад,
хонандаро ба фаҳмидани масъалаҳои асар ва концеп-
цияи бадеии нависанда тайёр кунад. Хонанда на барои
фаҳмидани мундариҷаи асарҳои бадей, балки барои
беҳтар пай бурдан ба моҳияти ғоявию эстетикии онҳо,
барон ҷавоб ҷустан ба саволҳое, ки ҳангоми хондани
16—277
241
шудан бо мақол^ГамунаққидаякР асТриТадеи™ ҷолибе'
ро ҳаиуз нахонда бошад, ба кофтуков дарояд ёбад ва
амикт'ар б"радУСТУ,УХ0Я маънавии -W» Д-вом д.вдд,
УП,Л!^ИД 33 мУҳимтаР‘,н омилҳои амиқбурди бозҷуст-
ҲОИ матрнавиву ахлоқии шахе ва ҷамъият аст, ки фикр.
^озад ЧунУиНнИ1Г°РаД В3 63 СЗМТҲ0И Нав Равона ме-
созад. чунин қувваи азими танқид хусусан дар лявпя
Дар ово„; Ргард1„
таърихн ва дигаргуниҳои куллй аҳамияти махсус до
рад. Аз ҳамин сабаб, дар айёми мо, дар даврони няв-
танкилиДялябС03Ил0И ИҶТИМ0ИВУ иқтисодӣ масъалаҳои
НК"Д" адабию бадеии марксистй-ленинй дар марка-
ЗИ диққат қарор ефт. Танқид дар ин шароит баоои
решакан шудани «идеологияву психологияи касолй»
бояд баробари адабиёту санъа? роль бозад ба амик
шумниУКТаф30ИИ фнкри ҷӯяндаи санъаткорон, ба нав
мавдй Куна^ККУРИ ИЧТИМ0ИВУ маънавии чамъият ёр-
гра£Г„„Г^Хн;1ЭлТ"бе“^
навназари, мувофиқи талаботу вазифаҳои тоз!и чамъият
баасВтРовардааРним^аРОР Д°ДаШ РуЙДОДХОИ адабй ва кор-
оаст овардани -меъерҳои олии бадеият зиёда зарур аст
V. ОДАМИЯТ ВА МАЪНАВИЯТ
ХИКМАТИ АСРХ.0
Пеш аз инқилоб дар мактаби кӯҳнаи тоҷикӣ «Гулнс-
тон»-и Саъдй, девони Ҳофиз ва мухтасари девони Ье-
дил аз ҷумлаи китобҳои дарсй буданд. Дар охирҳои таъ-
лим девони Навоиву Фузули ҳам ба қатори китобҳои
даре медаромад. Инро хам бояд таъкид кунем, ки на
ин ки девони форсиву тоҷикии Навоиву Фузули, балки
маҳз девони ӯзбекиву озарии онҳо китоби даре инти-
хоб туда буданд. , ..
Талабагон ба воситаи ин шоҳасарҳои адабиети ча-
ҳон, ба воситаи намунаҳои оличаноби лирикаи фалса-
фй ва жанри дидактикии ахлокомузи, ки дар Шарк хе-
ле инкишоф ёфта буд, ба дороиҳои баланди инсони ва
таҷрибаи маънавии замонҳову халқҳои гуногун ошно
мешуданд. Усули таълими мактаби куҳна аз бисьёр чи-
ҳатҳо схоластикӣ буд: кӯдаконро мачбур мекарданд,
ки он девонҳоро пурра ё қисман аз ёд кунанд. Вале ин
схоластика баъзе бартариҳо ҳам доштааст: одам аз
кӯдакй асарҳои бузургони сухани бадеъро аз бар кар-
да ва ба як умр дар ёд ниго.ҳ дошта, хама умр кам-кам
ба моҳияти он пай мебурд, бо афзоиши тачрибаи хаети
худ мазмуни фалсафй ва арзиши эстетикии онро амик,
тар мефаҳмид. Инсон аз аввал, аз кӯдакй имконе паи-
до мекард, ки ҳофизаи худро бо суръат инкишоф ди-
кал, онро аз дороиҳои нав ба нави маънавию эстетики
ғаномандй афзояд. Ин холат, бегумон, барон даркп
243
зиндагии ҳуд ва атрофиён, барон тарбияи худ ва инки-
шофи доими замина тайёр менамуд.
бя I"6™’ Н3 ҲЗР KfC метав°нист, ки ни имкониятро
ба кор андозад ва афзун созад. Ғайр аз ин, худи он
таълими миенаву оли, мактабу Мадраса ҳам ба дониш-
чуенбисьер чизҳо дода наметавонист ва норасоихои
™Д»„допТ' к"ба ин сабаб’ ДаР асР" Х1Х *> ™?афй
Ахмади Дониш, дар оғози садаи XX аз чониби пайра-
шуд х^с^сан даР замони мо ба танқиди сахт дучор
Вале имрӯз, ки ҳофизаи таърихии мо тезиву шиддат
меебад ва дарки таҷрибаи таърихии халқҳо аҳамияти
калон паидо мекунад, ба фаҳми камина, ин чиз бисьёр
муҳим аст, ки таълими кӯҳнаи пеш аз инқилоб, ба ҳар
ҳол, ба устувор кардани пояҳои маънавии ҳастии ин-
сон, устувор кардани парастиши сухан, ҳикматпарва-
ри ва ақлу хирад равона туда буд. Ин маънавият ба
фарогирии натиҷаҳои ҷустуҷӯи фалсафиву ахлоқии бар-
ҷастатарин намояндагони бисьёр наслҳои гузашта ва
халқҳои гуногун такья дошт.
Инро хулосаи якум аз таҷрибаи таълими кӯҳна ме-
тавон донист. Хулосаи дуввум бояд ин бошад, ки маъ-
навият дониши аълои забони модарй, чунин дониши
онро, ки ба олитарин падидаҳои тараққии забои —ба
навиштаҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Аттор ва монанди
них0 асос ефтааст, дар назар дошт. Хулосаи сеюм ин
метавонад буд, ки чандзабони—донистани забони ара-
ои, узбеки ва озари аз муҳимтарин шартҳои маънавият
дониста шуда буд ва ин чандзабонӣ ҳам дар асосй бар-
частатарин осори адабиёти бадей — асарҳои Навой Фу-
зули ва дигарон ба даст меомад.
Ба ин тарз, дар гузашта зарур буд, ки маънавият,
донистани забони модарй ва адабиёти худ, чандзабонй
ва фарогирии адабиёти дигар халқҳо, яъне дарки ан-
духтаҳои таърихии иҷтимоиву ахлоқии башарият ба
структураи шахсияти инсон аз аввал, бо шири модар
дохил шавад ва хама умр давом ёбад. Ин ният чандин
қарн амали шуда, шак нест, ки натиҷаҳои чиддй ме-
ДОД.
Чанд гоҳ пеш аз ин мо имкон доштем, ки бо касо-
не, ки дар вақташ маълумоти кӯҳна гирифтаанд ё кис-
ман аз он баҳра бардоштаанд, ҳамсӯҳбат шавем.Дар
ин суҳбатҳо аксаран маро ҳамин чиз ба ҳайрат мео-
вард, ки сухани онҳо зебову рангин буд, нисбат ба шеър
244
ва.каломи шоирона меҳри махсус доштанд, ҳар лаҳза
байте аз классикой мегуфтанд, сухани ҳикматомез ва
маколу зарбулмасалҳои аҷибе, ки аз онҳо мешунидам,
маънои гапи оддӣ ва ё рӯйдодҳои муқаррарии зинда-
гиро амиқан ва ғайри чашмдошт равшан мекард: Ак-
сари онҳо аз саросемагй бетона буданд, ба зиндаги му-
носибати чиддй доштанд, ба андешапарвари ва чамъ-
басту хулоса майле зоҳир менамуданд. Баъзеи онҳо, кй
таҷрибаи рӯзгор андӯхтаанд, тачассуми хйрадмандии
Шарқ буданд. • .
Ope, мо ҳамсолону қарибсолон, ки бахшй огоҳонай
зиндагиамон солҳои панҷоҳу шаст фаро расид, ба мар.-
думоне, ки тафаккур ва маданияти эстетикии куҳна
доштанд, бо ҳайрату тааҷҷуб менигаристем. Онхо чи
ба эътибори мазмуни маънавияти худ в а чи аз чиҳати
шаклҳои зоҳир шудани он дар чамъияти мо як андоза
бетона, кӯҳнамаром, номафҳум ва асроромез менаму-
данд. Замони мо аз ҷиҳати шароити ичтимоиву таърй-
хии ташаккули шахе, ба эътибори тамоюли асосии таъ-
лиму тарбия тамоман дигар буд ва моро ба роҳй тозае,
ба сӯи оянда района мекард, донишҳои нави замони,
илму техникаи хозира, ба тарзи худ сохтану дигар кар-
дани дуньё моро ба худ мекашид. Аммо он мардуми
кӯҳна бештар бо гузашта пайванд доштанд, ба хама
чиз бо назардошти замонҳои сипаришуда ва меъёрҳои
устувори пештара нигоҳ мекарданд ва ин ҳолат гоҳ
имкон намедод, ки навиро дуруст фаҳм кунанд. Му-
таассифона, мо натавонистем, ки имконоти интеллек-
туалии ҳамаи онҳоро пурра истифода намоем, аклу хи-
рад ва равшанбинии онҳоро ба суи замони нави хози-
ра ва оянда гардонем.
Сохтмони дуньёи нав душвориҳо, мураккабиҳо ва
зиддияту ихтилофҳое дошт, ки бисьёре аз онҳоро то
хол нодида метирифтем ва факат ҳоло ба андеша овар-
даем. Ва хол он ки барои тоза кардани роҳи суи оянда
ҳамаи онҳоро бояд донем, моҳият ва сабабҳои пайдои-
ши онҳоро муайян намоем.
Ҳоло ҳар чй бештар бовар ҳосил мешавад, ки тала-
фоти асосии инсон дар замони туфонии мо ҳамоно хе-
ле сует шудани пояҳои маънавии ҳастии уст. Аз ҳамин
ҷост, ки тасаввуроти рӯякиву нодурусте дар бораи ин,
ки мақсад аз ҳаёти инсон чист, пайдо шуданд, баъзе
мафҳумҳои асосии ҳастӣ аз кабили одамият, адлу ин-
соф, некӣ, раҳмдиливу меҳрубонӣ хеле арзиш гум кар-
245
данд. Ин мафҳумҳо қадамҳои амалии мардумро ҳар
чи камтар муайян намуда, ба андеша гирифтани вази-
фаи инсон дар зиндаги кам шуд. Гоҳ чунон ба дид
меояд, ки гуё ҳама сиришти инсон дигар шудааст ва
одамизод хислатҳои аслии худро аз даст додааст.
Инсон аз кадим ҳастии худро бе мехнату кор та-
саввур карда наметавонист. Маълум аст, ки меҳнат ин-
сонро инсон кард, сифатҳои инсонии ӯро ба вучуд овард
асоси ҳастии чисмониву маънавии ӯст. Вале дар замо-
ин касодиву карахти шоҳиди чунин ҳодисаҳои ҳайра-
тангез гаштем, ки хоҳиши кор, хоҳиши меҳнат Кардан
дар дили мардум то рафт кам мешуд, намехостанд, ки
бо меҳнати ҳалол ва поквиҷдонона мавҷудияти худ ва
чамъиятро устувор доранд. Мардумоне пайдо шуданд,
ки кадом вақт хоҳанд, ба кор меомаданд, кадом вакт
хоҳанд, аз кор мерафтанд, вазифаашонро бо дили ноҳо-
ҳам, ба нуги даст иҷро мекарданд. Ягой навъи ташви- .
қу таблиғ, ягон чорабинии тарбияви дар дили онҳо меҳ-
ри корро ба чунбиш оварда наметавонист. Аз хохиши
кору меҳнат маҳрум шудани инсон чй маънй дорад?
Ьегумон, ин ҳолат чунин маънй дорад, ки инсон аз мо-
ҳияти инсонии худ маҳрум гардидааст, он асосеро, ки
дар дили у сифатҳои одамиро пайдор медорад, аз даст
додааст. Яъне мо ба сӯи фоҷиаи мавҷудияти одамизод,
ба суи фоҷиаи маънавии моҳиятсӯзе рафта истода бу-
дем. Ин ҳама дар натиҷаи он рӯй дод, ки одамизод аз
замин, аз ҳар чизе, ки асоси меҳнат буд, чудо шуд, ба
самараи меҳнати фидокорона манфиатмандии ӯ намонд,
дид, ки меҳнат маънои аслии худро дигар соҳиб нест
Ҳоло ҷамъияти мо омилҳоеро, ки ба амиқрафти бе-
маънавияти сабаб мешуданд, кадам ба қадам ошкор
карда, бодиқкат омӯхта истодааст, то ки хангоми боз-
созии инқилоби он омилҳоро решакан кунад, барон соф-
кории маънавияту ахлоқ шароити зарурй ба вучуд орад.
Мо он омилҳоро бояд донем, моҳияти онҳоро амикан
фаҳмем, то ки илоҷи воқиаро беҳтар ёбем.
Ин омилҳо бисьёр буданд. Баъзеи онҳо хусусан дар
баъзе минтақаҳои мамлакат бештар зиён оварданд.
В.И. Ленин аз нахустин солҳои инқилоб ба пролет-
культ зарбаи сахт дод. Вале нигилизми таърихй басо
ҷонсахт омад. Худро ба гузашта муқобил гузоштан, ха-
ма падидаҳои онҳоро кабул надоштан, нисбат ба тасав-
вуроту эътикодот ва анъанаҳое, ки асрҳо боз такомул
меёфтанд, бадгумонӣ "зоҳир намудан, фаромӯш карда-
246
ни аҳамияти бузурги таҷрибаи таърихии маънавӣ ва
арзишҳои ҷовиди умумиинсонӣ хусусан дар республика-
ҳои Осиёи Миёна чуқур реша давонд. Баъдтар гузаш-
та бо агару магар ва қайду шартҳои бисьёре қисман
эътироф шуда бошад ҳам, вазъият моҳиятан дигар на-
шуд. Инкори гузашта, чунин муносибате ба таърих, ки
ба ҳама ҳодисаҳо, пеш аз ҳама, чун ба чизи манфие,
зарарноке ва ғайри кобили кабуле нигоҳ мекунанд,
боис шуд, ки мо дар бисьёр соҳаҳои ҳаёт аз таҷрибаи
наслҳои гузашта тамоман даст кашидем, чунин самтна-
моҳои маънавию ахлоқии устувореро, ки чандин бор аз
санчиши замон гузаштаанд, гум кардем.
Китоби дастнавис дар Шарқ хеле маҳбубият дошт,
боиси инкишофи санъати олии хушнависи ва ороиши
бадей гардида буд, дар давоми чанд сад сол бағоят
интишор ёфта, даст ба даст ва хона ба хона рафта,
шояд на дар ҳама ҷо, лекин хусусан дар шаҳрҳои ка-
лон, дар марказҳои қадимии маданият ба дараҷаи ко-
били мулоҳиза ба ҳаёти рӯзмарра, ба маишат дохил
шуда буд. Тасодуфи нест, ки, масалан, тафаккури ки-
тобии халки тоҷик тараққи карда буд, парастиши су-
хани навишта, ки ҳикмати асрҳоро фаро гирифтааст,
тачрибаи маънавии чандин наслро ҷамъбаст намудааст
ва роҳи шахсро дар ҳаёт равшан карда метавонад, ри-
воҷ ёфта буд. Ва ҳамин китоб, ки мукаддас ба шумор
мерафт, якбора чизи зарарноке каламдод шуд, чун су-
зишворӣ истифода гардид, онро ба дарьёву наҳрҳо пар-
тофтанд, ба деворҳо лой карданд, дар қабристонҳо гур
карданд. Солҳои ей ба таври умуми нобуд шудани ки-
тобҳои дастхату чопи сангй маънавияти инсонро хароб
кард. Фақат як қисми китобҳо аз нобудӣ начот дода
ва дар ганҷинаҳои Бухорову Самарканд ва Тошканду
Душанбе гирдоварй шуданд.
Хароб шудани осори меъмори низ боиси харобкори
дар маънавият гардид. Аз Бухорои солҳои кӯдакии ман
ҳоло ниме боқӣ намондааст. Самарканд ва ноҳияҳои
дигар ҳам хеле талаф доданд. Маблағу қувваи бисьёре
сарф намуда, бо ҳар баҳона мадрасаҳо, масҷидҳо, тим-
ҳо, мазорҳо, ҳаммомҳо, корвонсаройҳо ва ғайраро нест
кардем. Ва ҳол он ки аксари онҳо асари санъат ва да-
ман онҳо якчоя таърихи мо буданд. Самарканду Бухо-
ро аз садаи X то замони мо ба илм ва адабиёту санъа-
ти форсу тоҷик бисьёр намояндангони барҷастае дода-
анд, вале ҳоло оромгоҳи аксари онҳоро чустан суд на-
247
дорад. Ҳатто кабри Аҳмади Дониш, ки соли 1897 аз
дуньё чашм пушид ва аҳамияти прогрессивии эҷодиёти
у ҳеҷ гоҳ шубҳае ба миён наоварда буд, имрӯз мавҷуд
нест.
Чунин муборизаи зидди дин, ки аз асоси илмй маҳ-
рум ва аз сабаби нодуруст фаҳмида шудани моҳияташ
нодуруст ташкил шуда буд, таърих, маданият ва маъ-
навиятро дар назари мардум беарзиш кард. Азбаски
маънавиятро танҳо як мафҳуми динй медонистем, аҳа-
мияти муҳимтарин дороиҳое, ки асосҳои ҳастии инсон-
ро ба тарзи анъана устувор медоштанд, ба ҳеҷ расид.
Ҳақ ба ҷониби Расул Ҳамзатов а,ст, ки гуфта буд: «Он
гоҳ ки масҷидҳоро вайрон мекардем, ҳам таърих, хам
меъмори, ҳам маданияти халқро ба харобй медодам:
/«Огонёк», 1987, №41, саҳ. 6./.
Набояд гумон кард, ки хароб намудани гузашта ва
решакани он ҳолд паси cap шудааст. Навъҳои гуногу-
ни он имрӯз ҳам давом дорад. Х,ар сол дар бисьёр но-
ҳияҳои Осиёи Миёна як қисми он қабатҳои замин, ки
аз назари археологҳо арзише дорад, аз даст меррвад ва
ин ҳам аз бемаънавиятии одамон—заминкушоён, роҳ~
барони колхозҳову совхозҳо, ташкилотҳои бинокорӣ ва
ғайра руй медиҳад.
Ба ин маънй ҳам, профессорон Г. Герасименко, О.
Обичкин ва Б. Попов ҳақ доштанд, ки дар «Правда»
/15 февр. 1988/ аз «вакууми маънавй, ки дар шуури
таърихии халқ ба вуҷуд омадааст», сухан ронанд.
Нигилизми таърихӣ, аз ҷумла нигилизми миллӣ, ба
зиндагии муқаррарии ҷорӣ назари вусъатноки маънавӣ
андохта натавонистан,_ масъалаҳои онро ҳамбаста ба
қонунҳои умумии ҳастй дарк накардан аз мактаб оғоз
меёбад. Мактаб аз тайёр кардани инсон барои ҳаёти
ҳақиқии маънавй дур аст. Соли 1987 анҷумани навба-
тии муаллимони Тоҷикистон баргузор гардид. Бо ма-
териалҳои он, ки дар рӯзномаҳо бисьёр чоп шуданд,
шинос шавем, мебинем, ки чи дар маърӯзаи асосй, чй
дар баромадҳо дар бораи мазмунп таълиму тарбия чизи
муҳимме гуфта нашудаст ва калимаи «маънавият» бо-
ре ба чашм намехӯрад. Ин калимаро аз дарс аз шӯ-
рои педагогхо, аз Вазорати маориф ҳам намешунавем.
Метавон гуфт, ки ин калима дар Тоҷикистон ба осто-
наи мактаб кадам нагузоштааст.
_ Мутахассисон муайян кардаанд, ки ба боди фаро-
мушӣ рафтани маънавият дар мактаби мо аз соли 1928
248
cap шуда буд: он гоҳ барномаи инкишофи умумии ча-
вонон, ки А. Луначарский пеш ниҳода буд рад шуд. Аз
ҳамон вақт мактаб аз маънавият ҳар чй дуртар мера-
вад. Боре директори як мактаби Москва дар рузномаи
«Известия» /27 янв. 1988/ шикоят карда буд, ки так-
сими соатҳо дар мактаб таносуб надорад: барои навъ-
ҳои гуногуни меҳнат 1.024 соат чудо кардаанд, 958
соат ба силсилаи илмҳои физикаву математика ва 947
соат ба ҳамаи илмҳои дигар дода шудааст. Яъне, зиёда
аз сеяки соатҳо барои меҳнат аст ва хол он ки бун-
гоҳи моддй дар мактабҳо ночиз буда, масалан, чунон-
ки дар Пленуми IX-и КМ ПК Тоҷикистон ,/марти 1988л
қайд шуд, то соли 1988 дар республикаи мо 72 фоизи
мактабҳои миёнаву ҳаштсола устохона надоштанд, яъ-
не соатҳои дарси меҳнат қамсамар ё бесамар сарф ме-
шуданд. Ба илмҳои дакик низ вақт аз ҳад зиёд раси-
дааст. Албатта, чунин тақсими соатҳо маҳсули давро-
ни инқилоби илмиву техникист, ки донишу ихтисосро
шиори худ медонад.
Лекин ҳатто ҳамон вақтҳо ки ин тақсими соатҳо
тасдиқ шуда буд, дар ҳар қадам бовар ҳосил мекар-
дем, ки факат донишу малакаи меҳнати ба сари худ
инсонро инсон карда наметавонад, барои одамизод, пеш
аз хама, маънавият даркор аст.
Тоҷикон, ки дар умри дарози худ одаму ноодам ва
олиму ноолимро бисьёр дидаанд, ачаб зарбулмасали
ҳаққонӣ баровардаанд: «Олим шудан чи осон, одам
шудан чй душвор!» Ин ҳикмат чойгоҳи маънавиятро
дар ҳастии инсон таъкид мекунад. Аммо системаи мао-
риф ва таълиму тарбияи имрӯза ба фаҳмиши хилофи
ин зарбулмасал асос ёфтааст. Буньёди он бар чунин
фаҳмиш аст, ки чун одамизод ба дуньё омад, зотан ин-
сон аст ва акнун аз ӯ мутахассисе, кордоне, ватандус-
те, интернационалисте ва ғайра сохтан даркор аст. Мо
би’нои ҳастии инсонро бе таҳкурсӣ сохтан мехоҳем.
Сифати асосй дар ҳастии одами одамият аст. Ва ҳол
он ки одамият бидуни рӯху дил, бидуни маънавият та-
саввур намешавад. Комилан ба зуҳур овардани моҳия-
ти инсонии инсон, фаъол кардани моҳияти аслии ӯ
бояд максади асосии таълиму тарбия, коллективи меҳ-
натй, кори идеологӣ, ҳар як чорабинй, тамоми чамъият
бошад. Одамй, пеш аз хама, бояд одам бошад, баъд
мутахассисе — олим, табиб, инженер, юрист, геолог ва
гайра, на баръакс. Танҳо дар ҳамин сурат одам мета-
249
вонад мутахассис, ватандӯст ва интернационалиста ҳа-
қиқи шавад. Дар акси ҳол, ихтисос, дониши фаровон,
назари пурвусъат, кордӯстиву маҳорат ва дигарҳо, и-н-
чунин ватандустиву интернационализм ва ғайра мум-
кин аст, ки аз маънои аслии худ, аз асоси гуманиста
маҳрум монанд. Маъмурони бюрократ, судьяхои беин-
соф, технократҳое, ки илму техникаро нағз медонанд,
вале ба зарари халқу мамлакат ба кор меоранд (дарь-
ёҳоро гардондан, дар Зидцй обанбор сохтан мехоҳанд),.
ҳама ба ҳамон дарди бемаънавиятй гирифторанд. Он
шиорҳо, ки дар рӯзномаҳо зуд-зуд ба чашм мерасанд:
«Ташаббускорон тарбия намоем!», «Ватандӯстони ҳа-
қиқӣ тарбия мекунем!», «Интернационалистҳо ба воя
мерасонем!» ва монанди инҳо он гоҳ дуруст фаҳмида ва
амали хоҳанд шуд, ки як чузъи шиори асосии чомеъе
қарор тирад ва он шиор ин бошад: «Инсонн ҳакиқии
асил тарбия бояд кард!» Ҳама сифатҳои инсон бояд аз
одамият cap занад.
Ҳам мутахассис шудан ва ҳам одам шудан мохия-
тан як умр давом мекунад. Вале ба ҳар ҳол чунон ки
аз ҳикмати боло дидем, барои одам шудан бештар чаҳ-
ду ҷадал лозим аст, ҳам худи инсон, ҳам атрофиённ ӯ,
чамъият бояд хеле қувваю кӯшиш ба харч диханд. Ба
ин маънй, на танҳо ҳар кас худ чавобгар аст ва бояд
масъулиятшинос бошад, балки тамоми ҷомеа, ҳама му-
ҳити иҷтимой бояд то ҳадди имкон шароит хозир на-
мояд, ки одам одам шавад. Ин аз чумла вазифаи мак-
таб, чи мактаби миёна ё касбомӯзӣ ва чи мактаби олист.
Он талаботи рӯзафзун он умеде, ки аз мактаб, аз
бозсозии он дорем, моҳиятан маҳз аз хамин максад cap
мезанад. Ҳоло аҳли ҷомеа беш аз пеш зарурате эхсос
мекунанд, ки дар процесси таълим чунин илмҳое, ки ба
инсон барои шинохти моҳияти инсонии худ ёрмандй кар-
да метавонанд, ҷойгоҳе босазо дошта бошанд, чунин
илмҳо дар мактаб бештар таълим дода шаванд, ки та-
шаккули шахсияти одамро ба чараёни зарурй дохил на-
муда, худшиносии маънавию ахлокй, ичтимоиву таъри-
хй Ва миллии ӯро суръате мебахшанд, дили ӯро наҷо-
бате ато мекунанд, ҳиссиёт, тахайюл, мабдаъхои эчод-
кории ӯро инкишоф медиҳанд, маданияти ботинии уро
таъмин менамоянд. Чунин илмҳо чй дар мактаби миё-
наву олй, чй дар таълими умумиву махсус ва техники-
ву касбй бояд баробар мавқеъ ишғол намоянд. Тамо-
ми таълим аз нахустин кадамҳо мунтазаман буньёди
250
инсониро дар вучуди инсон бояд устуворй бахшад, та-
саввуроти оид ба вазифаи одамй ва мадсади ҳаёти ӯро
то рафт амид барад, барон маданияти маънавй зер-
пояи мутаҳкаме ба вуҷуд орад.
Аз ин рӯ, ҳоло бисьёр мутахассисон бар инанд, ки
фикри гуманитарй дардани маориф ва таълиму тарбия
пурсамар аст. Амалй шудани ин фикр дар баъзе ҷой-
ҳо,— чй дар мамлакати мо, чй дар хорич натиҷаҳои
муҳим дода истодааст. Месазад, ди онро ҳамачониба
ба муҳокима гирем. Гуманитарикунонии амидрави таъ-
лим дар даврони навсозй ва демократй кардани чамъ-
ият, ҳангоми устувор намудани пояҳои гуманистии он
як ҳодисаи табий хоҳад буд. Яке аз мадсаддои бозсо-
зй софкории ахлод, солим гардонидан ва гуманистй
кардани ҷамъият аст. Бозсозӣ бо соҳаи идтисод, план-
кашй, идора, хоҷагидорй бояд маҳдуд нашавад, балки
амидан ба маънавият такья орад. Зеро он навсозй бед-
созии ҳадидӣ хоҳад буд, ки пояҳои устуворй маънавию
ахлодиро соҳиб аст.
Адабиёт, таърих, забони модарӣ, асосҳои санъати
мусидй, рассомй, меъморй ва театру кино бештар им-
кон доранд, ки мабдаъҳои маънавию инсонй, тахайюл
ва эҷодро тараддй диҳанд. Инҳо бояд унсури асосии
структура ва мазмуни таълим дар мактаби маълумоти
умумй ва касбҳои техникй, дар мактаби олй бошанд
ва баробари илмҳои ихтисосӣ мавдеъ ишғол намоянд.
Дар ҳеҷ соҳаи таълим барои онҳо бояд мавдеи дуввум-
дарача, фадат мавдеи ёварй таъин накунем. Маъна-
вияту ахлод, инкишофи қамаҷонибаву гармоники шахе
дар ягон соҳаи зиндагй, дар ягон пояи ташаккули ин-
сон наметавонад аҳамияти дуввум пайдо кунад. Бай
дама чо ва дамеша чизи асосист. Мадз як барномаи
пурвусъати инкишофи манъавию эстетикй лозим аст, ки
хамачониба санчида шуда бошад, дамаро дар бар гирад
ва дамеша такмил пазирад.
Аммо мазмуни барномаи умумии гуманитари ва
шаклдои иҷрои он аз рӯи ихтисоси талабагону студен-
тон, синну сол, майлу рагбат ва добилияти ондо бояд
дар дафъа ба тарзи дигаре таъин гардад.
Ин барнома инчунин дар масъалаи тайёр кардани
кадрдои педагоги — муаллимони забони модарй, ада-
биёт ва санъат барои мактаби миёна ва мактабдои олии
гуманитарию ғайригуманитарӣ, омӯзишгоддои касби тех-
никй чорабинидои конкрете дар бар гирад.
251
Ҳоло зарурати афзудани роли адабиёту санъат дар
таълим, зарурати баланд кардани савияи маданияти
умумӣ ва тарбияи инсони дорои маълумоти ҳамаҷони-
ба ҳар чӣ бештар эҳсос мешавад. Мақсади барномаи А.
Луначарский низ ҳамин буд. Барномаи А. Луначарс-
кий солҳои дар ҳаёт будани В.И. Ленин амал мекард,
ба он фикри В. И. Ленин, ки мегуфт: «донистани ма-
данияте, ки ҳама инкишофи башарият ба вучуд овар-
дааст», зарур аст, такья мекард. Имрӯз аз зарурати
ҳатмии чунин як барномаи умумй ки мувофики замони
мо бошад, олимон, методистон, ходимони адабиёту
санъат, ҳатто иктисодшиносон сухан меронанд. Хусусан
он муҳокимаи масъаларо, ки дар чамъомади Клуби ко-
рни рӯзномаи «Советская культура» /7 янв. 1988/ сурат
гирифт, йнчунин маколаи Михаил Антонов «Пас чй хо-
дисае ба сари мо омадааст?»-ро /«Так что же с нами
происходит?», «Октябрь», 1987, № 8/ кайд кардан ло-
зим аст. Мубоҳисаҳои солҳои охир имкон доданд, ки
бисьёр паҳлуҳои масъала чунончи масъалаи чойгохи
адабиёту санъат, забони модари ва таърих дар мактаб
равшан шуд дар боран ба куллй дигар кардани мазму-
ну усули таълими забони модарй ва адабиёт дар мак-
таби русии маълумоти умумй таклифҳои конкрет пеш-
ниҳод гардидаанд. Ин таклифҳо барои ҳалли масъала
дар мактаби миллй низ ёрмандӣ хоҳанд кард.
Лекин масъалаҳои гуманитарй кардани факультет-
ҳои ғайрифилологӣ, мактаби олии техникй, кишовар-
зй, тиббӣ, политехникӣ ва ғайра, системаи маълумо-
ти касбҳои техникй, яъне душвортарину мураккабта-
рин қисми масъала ҳанӯз мавриди гуфтугузори чиддй
ва конкрет қарор наёфтаанд.
Дуруст аст, ки баъзе мактабҳои олй аз паи чуста-
ни роҳҳои ҳалли амалии масъала кадамхое бардош-
таанд. Чунончи, дар Омӯзишгоҳи олии техникии ба
номи Н.Э. Бауманн Москва кафедраи социология ва
маълумоти гуманитарй кушода шудааст. Он чо карор
додаанд, ки барои барномаи гуманитарй илова бар дарс-
ҳои ихтисосй ҳафтае ду соат вакт диҳанд, аз чумла аз
адабиёти хориҷӣ /шояд фақат адабиёти Аврупои Ғар-
бй дар назар бошад/ шаш соат лекция хонда шавад.
Дар Точикистон барои гурӯҳҳои точикии факультетхои
гайрифилологй 10 соат дарси забони модарй чорй кар-
даанд.
Мо ақида дорем, ки инро роҳи ҳалли масъала на-
252
метавон донист. Дар ин соатҳои каме дар бораи забои
ва адабиёту санъат тасаввуроти умумие ба вунуд овар-
дан инконпазир нест. Аз ин ҷиҳат таҷрибаи Эстонияи
бародар чолиби диккат аст. Дар мактабҳои Эстония
адади соатҳои математикаро нам карда, ба дарси
санъат илова намудаанд. Дар натича, чунонки дар мат-
буот таъкид гардида буд, дониши математика беҳтар
шудааст. Ба назари мо, ин тачриба сазовори омузиш
ва пайравист.
Ҳақ ба чониби он рафиқонест /аз қабили профессор
М.Б. Бобохонов, номзади илми таърих А. Мирбобоев
ва дигарон/, ки микдори соатҳои таърихи халки точик-
ро дар мактабҳои республикаи мо тамоман ғайри қа-
ноатбахш донистаанд. Барой таърихи халқи точик дар
мактаби точикии маълумоти умумй 39 соат, дар факуль-
тетҳои ғайри таърих 36 соат вақт чудо шудааст. Бинед,
ки барои таърихи панҷҳазорсола, ки руйдодхои пур-
шӯри он аз ҷиҳати мазмуни ичтимоиву сиёси ва маъ-
навию маданй басо ибратомӯзанд, ҳамаги кариби чил
соат вақт додаанд! Ин ҳам ачиб аст, ки дар китоби
дарсии мактаби миёна барои таърихи қадим ва асрҳои
миёна ҳамагӣ нимаи ҳачмро чудо кардаанд. ё ки дар
программаи нави адабиёт барои синфҳои V-VII факат
чоряки соатҳо ба адабиёти классикии форсиву .точики
/барои адабиёти ҳазорсола!/ тахсис шудааст.
Аҳволи дарси мусикӣ аз ин ҳам бадтар аст. Мета-
вон гуфт, ки мусикй дар мактаби маълумоти умуми
тамоман нест. Хатмкардагони мактаби миёна моҳия-
тан аз мусикй бесаводанд. Хатто дар мактабу омузиш-
гоҳҳои мусиқии Точикистон факат мусикии руси ва ав-
рупоиро меомӯзанд ва аз Шашмаком ё танбур ва ё
танбӯриёни машҳур Ф. Шаҳобов ва Ш. Соҳибов, аз
бисьёр чизҳои дигар хабаре намеёбанд. Инро тамоман
ҳолати нораво донистан лозим аст. Асосҳои мусики, на
танҳо таъриху назарияи мусиқии русию аврупои,^ бал-
ки инчунин мусикии Шарк — араби, ҳинди, хитон, му-
сикии ҳозира, масалан, рок-мусикй, илова бар ин дар
Точикистон эстетикаи Шашмаком бояд ҳам дар макта-
би маълумоти умумй, ҳам дар мактабу омузишгоҳҳои
махсуси мусикй, хам дар мактабхои олии ихтисоси гу-
ногун мақоми муайян дошта бошад. Албатта, дар хар
кадоми ин кисматҳои таълим микдори соат, ҳаҷму маз-
муни дониш бояд дигар бошад, вале, ба ҳар ҳол, бояд
он кадар соат чудо шавад, ки барои фароҳам оварда-
253
ни таҳкурсии шахсияти дорой инкишофи ҳарҷониба ба-
санда аст.
Ба пиндошти мо, ҳақ на ба чониби онҳоест, ки ме-
гӯянд: ran дар миқдори соат ва хачми материал нест.
Дар баъзе мавридҳо, бешубҳа, чунин аст. Вале принци-
пан миқдору ҳачм аз муҳимтарин нишонаҳоест, ки чой-
гоҳу аҳамияти илмеро дар структураи умумии таълим
муайян мекунад. Миқдори соатҳое, ки барои як илм ё
ки як қисми он чудо кардаем, ҳаҷми материали прог-
раммен таълим, мазмун, хусусияти умумй ва методи-
каи онро таъин менамояд. Инро бояд фаромӯш наку-
нем ва миқдори соатро аз рӯи зарурати ҳатмӣ муайян
созем.
Барномаи гуманитарй кардани таълим агар кабул
шавад, бояд планҳои таълим ва тақсими соатҳоро хеле
тағйир диҳад. Ин барнома набояд, ки иловаи андаке ба
системаи мавҷуда бошад, Барномаи гуманитарй он гоҳ
маъние хоҳад дошт, ки чун яке аз принципҳои умдаи
тамоми таълим эътироф мегардад, ҳангоми муайян кар-
дани концепцияи илмии мактаби миёнаву олй, ҳангоми
таъин намудани ҳаҷми асосии дониши талабагону до-
нишҷӯён роли ҳалкунанда мебозад.
Муваффакияти амалй кардани барномаи гуманита-
рй он гоҳ муяссар хоҳад шуд, ки аз маълумотдиҳй ва
шарҳу эзоҳи маҳз, аз фаҳмиши социологии вулгари
адабиёту санъат, аз қориёна ёд кардани қоидаҳои грам-
матикаву имло қатъиян даст кашем. Ин барнома вази-
фае ба ӯҳда мегирад, ки фаҳми санъат ва ҳама ҳусну
наҷобати онро ёд диҳад, маданияти тафаккуру тахайюл
ва мабдаи эҷодиро тараккй кунонад, барои аз худ кар-
дани системаи забони модарй ва маданияти сухан за-
мина фароҳам орад, ба сӯи арзишҳои ҷовиди умуми-
башарии маънавию ахлоқй- роҳ кушояд. Бидуни инҳо
соҳибмаълумотии замонй ва фаъолияти амалии пурса-
мари инсонро ба тасаввур овардан мумкин нест.
Роҳи бемаънавиятии инсон, аз ҳама пеш, роҳи таъ-
лимии бемаънавиятро бастан муҳимтарини вазифаҳои
айёми мост. Вакти он расидааст, ки маҷмӯи масъала-
ҳои ҷиддиеро, ки ба ин вазифаи замон /вазифаи мухим-
ми тамоми ҷаҳон, на фақат мамлакати мо/ дахл до-
ранд, васеъ ва ҳамаҷониба орем, концепцияи умумии
комилан илмие ба вучуд оварда ва барои амалй гарди-
дани он заминай устуворе ҳозир намоем.
1988
254
ДАРСИ АДАБИЁТ ОДАМИЯТ МЕОМӮЗАД
i
Ба муносибати суръат гирифтани муҳокимаи Лоихаи
КМ КПСС «Роҳҳои асосии навсозии маълумоти оли ва
•миёнаи махсуси мамлакат» масъалаҳои таълими ада-
биёти тоҷик дар мактаби миёна ва факултети филоло-
гияи мактаби олӣ, масъалаҳои усули таълими он низ
баррасй шуд. Кормандони маори,фу маданият дар ин бо-
ра фикру таклифхои худро дар саҳифаҳои матбуот баен
карданд ва аксари ин мулохизаҳо хеле ҷолиб буда, са-
зовори омӯзиши махсусанд.
Пеш аз ин дар сахифаҳои «Литературная газета»
дар бораи программа!! адабиёти мактаби миёна мубоҳи-
саи аҷибе ба миёц омад. Ҳамаи олимону нависандагоне,
ки дар ин бахс иштирок намуданд, аз программаи ада-
биёт норозигй из хор карданд, ҳаҷми программа ва ма-
териала он, шарху эзоҳи эҷодиёти нависандагон ва асар-
ҳои бадей, талаботеро, ки программа дар назди даре ва
муаллим 'мегузорад, аз биеьёр ҷиҳатҳо ғайри каноат-
бах,ш донистанд. Аз ин мухокима1 маълум шуд, ки дар
шаронте ки масъалаи маънавияту ахлок дар ҷамъияг
ҳар чй бештар аҳамият пайдо кардааст, аҳли илму адаб
ба дарси адабиёт зиёдтар диккат карданро талаб ме-
намоянд.
Албатта, дар мактаби маълумоти умуми асосҳои ҳа-
маи илмҳои замонро аз худ кардани талабагон зарур
аст. Лекин набояд фаромӯш кунем, ки дарси физикаю
химия, чуғрофия, ҷабр ва моЙанди инҳо асосан дониш
медиҳад, аммо барои ташаккули симоЙ! маънавию ахло-
кии донишҷӯён маҳз дарси адабиёту санъат роли асосй
мебозад. Дарси адабиёт дарси маънавият] аст, одамият
меомӯзад. Муайян шудани симон инсонии шахе ва уму-
ман ташаккули шахсият, идеали эстетикй ва масъулият-
шиносии чамъиятии вай аз хама бештар ба дарси ада-
биёт вобастагй дорад, вобаста ба он аст, ки дарси ада-
биёт чй тарз ташкил шудааст, дили инсоният ва мада-
нияти муаллими адабиёт ба чй поя аст. Агар шахсе аз
илмхои бнсёре дониши фаровон ба даст орад, вале
пояи маънавияту одамияти ӯ сует бошад, ӯро инсони ха-
киқй ба шумор овардан мумкин нест. Модомки одам
шудан душвортар аз фаро гирифтани илму дониш аст,
лозим аст, ки дар тарбияи наврасону ҷавонон ба дарси
255
адабиёт бештар аз дигар дарсҳо аҳамият диҳем. Бояд
дзр ед_дорем, ки манъавияту одамият ва ахлоқу одоб
дар аиеми мо ҳар чи бештар аҳамият пайдо карда ис-
то да аст. у
Инак, андешаҳои нависандан номдори мо Сергей За-
лыгин, ки дар газетаи «Правда» (29 сент. 1986) чоп шу-
да буд: «Башарият ҳамеша) мекӯшид ки байни некиву
ади ҳудуди халалнопазире гузорад, •муайян кунад, ки
хар кас чи касест: дар и,и дуньё некукор кисту бадкир-
дор кист. Лекин «а назария, на амалия, на фалсафа, на
илоҳиет, на илми мантиқ, на социология, ҳатто эстетика
ки гӯе махз барон иҷрои ҳамин вазифаи комилан кон-
крет ба вуҷуд омада буд, ин вазифаро ичро карда ната-
вонист. Он гох, иҷрои он ба зим май адабиёт гузошта
шуд. Адабиёт ин вазифаро қабул карда, ба гардани на
чандон пурзури худ гирифт».
Аз ин чост, ки ҳангоми ислоҳи маютаби таълими уму-
ми ва навсозии мактаби олй ба роли адабиёт бояд дик-
Қати махсус дода шавад.
Аз ҳамин сабаб буд, ки ҳангоми мубоҳисаи «Литера-
турная газета» хеле кам шудани соати дарсҳои адабиёт
боиси эътирози аҳли ҷамоа гардид. Ба хурсандй бояд
қайд кукем, «и ҳоло дар плани таълими мактаби миёна
соати адабиёт зиёдтар шудааст: барои дарси адабиёт
дар мактаби руси 25 фоиз ва дар мактаби тоҷикй 15
фоиз вақт илова кардаапд. Ин ҷо саволе ба миён меояд,
ки чаро дар мактаби руси зиёдтар ва дар мактаби то-
чики камтар илова кардаанд? Магар ба хонандагони то-
чик маънавияту ахлоқ кдмтар даркор аст?
Сй-чил сол боз дар Тс&икистон одате ҷорист, щ дар
мактаби миёна ва олй барои ҳар дарси дигаре соат ло-
зим шавад, асосан аз соатхои забону адабиёти точикй
мегиранд. Ба фаҳми мо, инро одати нораво бояд шу-
мурд. Адабиёти ҳазорсолаи форсиву тоҷикй як|е аз бу-
зургтарин адабиётҳои дунёст ва барои тарбия имко
ниятҳои камназир дорад. Агар ин имкрниятҳоро кам
ё бад истифода кунем, дар пеши таърих ҷавобгар хо-
ҳем буд. Мо ақида дорем, ки соати дарсҳои адабиёти
точикиро пайваста зиёд кардан даркор аст, вале кам
кардан ҳаргиз мумкин нест. Дарси адабиёт чй дар
мактаби миёна ва чй дар мактаби олй бояд зиёдтар
шавад, торафт такмил ёбад, бештар самара диҳад. Та-
қозои вазифаҳои тарбиявии мактаби миёна ва олй ка-
мин аст.
2Е6
2
Соли 1986 лоиҳаи программам нави адабиёти тоҷик
барон синфхои V—XI чоп шуд. Ба фикри мо бояд ҳа-
минро ба назар гарем, ки ин лоиҳд ҳам монанди прог-
раммаҳои пештара аз чанд чиҳат нуқсон дорад. Камбу-
дии асосй ба назари мо он аст, ки моҳияти асарҳои ба-
дей, он чй аз ҳар асари бадеии мавриди омузиш бояд
дар маркази диккати муаллим карор гирад ва максади
аслии даре бошад, дар бисьёр мавридҳо равшан ва бур-
рову гӯё ифода нашудааст, талабИ программа норавша-
ну номуайян аст. Аз рӯи чунин программа нуқтаи асо-
сии ҳар дарсро муайян кардани муаллим, сифати балан-
ди ҳар дарсро таъмин намудани ӯ душвор аст.
Муаллифони лоиҳаи программа вазифаи худро ба
муносибати ба таълими ёздаҳсола гузаштани мактаб ба
тарзи механики ҳал кардаанд: пештара материалҳои
синфи IV-po ба синфи V, материалҳои синфи V-po ба
синфи VI гузаронидаанд ва ҳоказо. Он чиро, ки тала-
ба пештар дар синфи IV мехонд, акнун бояд дар син-
фи V хонад, материали синфи V-и пештараро дар син-
фи VI хонад ва то охир ба ҳамин минвол. Яъне инки-
шофи талабаро як сол-як сол акиб партофтан лозим
меояд. Ва ҳол он ки мақсад аз таълими ёздаҳсола ин
нест. Ба андешаи мо, модомки ба таҳсили талабагон
як сол зам мешавад, ба программа материали нав, ило-
ва кардан даркор аст ва ин материал дар синфи VIII
асосан аз адабиёти классикии точик ва адабиёти ҷаҳон
бояд гирифта шавад.
Чунон ки дар программам пештара буд, дар лоиҳаи
нав ҳам, яке аз принципҳои асосй ин аст, к/и мехоҳанд
дар китоби хониши синфҳои V—VIII номи нависандаго-
ни гузаштаву имрӯза, ҳар чй бештар дохил гардад. Дар
натича мавзӯъҳои хурде, ки барои онхо як ё ду соат
вақт додан лозим меояд, бисёр шудааст. Дар синфи
V мувофиқи синну соли бачагон зиёд шудан адади
мавзӯъҳои хурди 1—2-соатй .шояд дуруст бошад. Ле-
нин аз синфи VI cap карда, мавзуъҳоро калонтар ги-
рифтан даркор будагист. Агар дар программа мавзуъ-
хои хурд ва порчаҳои майдаи асарҳои калони класси-
ки бисьёр бошад, талаба аз адабиёт ва асарҳои асосии
он таассуроти канда-канда ҳосил мекунад, тасаввуроти
нисбатан пурраи яқлухт ҳосил карда наметавонад. Ва
257
17-277
хол он ки асари бадеиро фақат аз рун порчаҳои| чудо-
гона омухтан мумкин нест.
VI VaiI°LvnPT4aX°H <<ГуЛИСТОН"-и СаъДй Дар синфҳои
VI VII aaVIII чорсоати, ҳамагӣ 12 соат вакт додаанд
Дар ин 12 соат, ки се сол кашол меёбад, оё талаба аз
«Гулистон» таассуроти яклухти то андозае мукаммал
хосил хоҳад кард? Иц аз эҳтимол дур аст. Ва ҳол он
ки улистон» яке аз бузургтарин шоҳасарҳои адабиё-
ти ҷаҳон аст ва чанд сад сол дар мактаби ибтидой ки-
' и ДаРс_ УД- куда кон онро дурра аз ёд 'Мед01нистанд.
пас, имруз дар программаи мактаби ҳаштсола ин ка-
дар мавқеи ночиз доштани онро нишони кадрношино-
си метавон донист.
. Мақсади асосй ҳамаи нависандагони гузаштаву им-
рузаро ҳатман ба программаи синфҳои V—VIII дохил
кардан набояд бошад. Мақсади асосй бо муҳимтарин
ва мувофиқтарин асарҳои адабиёт ба талабагон таъси-
Ри эмоДионалии мукаммалу амнк, расонидан, дар бо-
раи инсон, ҳаёт ва чамъият, дар бораи масъалаҳои му-
ҳимми ҳастии иҷтимоию 'маънавии шахе тасаввуроти
амику ҳамаҷониба ба вучуд овардан аст. Ин мақсад
оо асарҳои калонтари яклухт ба дает меояд. Аз ин пу
ба пиндошти мо, дар программаи синфҳои VI—VIII дос-
тонҳои алохидаи «Шоҳнома», «Гулистон»-у «Бустон»-и
Саъди, масалҳои Ҷалолиддини Румӣ, хикояҳои хикма-
томези Авфию Убайд, «Баҳористою-,, Ҷомй. аКалида-
ву Димна» ва монанди инҳо бояд мавкеи зиёдтао дош-
та бошад. Инҳо барон иҷрои вазифаи тарбиявии дарси
адабиет бештар имкон фароҳам меоранд.
Тавсияи программаҳои пештара ва лоиҳаи нав ба-
рон аз бар щрдани порчаҳои бадей низ ба назари мо
ғаири қаноатбахш менамояд. Лоиҳаи нав дар синфи V
аз ед донистани 9 порча,и хурд, дар синфи VI — ҳамагй
И порча, дар синфи VII-фақат 13 порча, дар синфи
V II аз ин ҳам камтар—5 порчаро тавсия намудааст.
о ақидд дорем, ки ин миқдор барои мактаби точикй
кам аст. Бачагони мо бояд шеърро биеёр донанд, ғайр
аз порчаҳои калон/дар ҳар даре як-ду байт аз бар
кунанд. Ба ин кор бояд мактаби ибтидой замина тайёр
намояд: дар мактаби ибтидой шеър аз ёд кунонидан
бояд яке аз вазифаҳои асосй бошад, то ки меҳри суха-
ни бадеъ дар дили кӯдак бештар чой гирад кӯдак беш-
тар малаш хосил кунад, ҳофизаи ӯ пурзӯр шавад. Он
258
гоҳ дар мактаби ҳаштсола шеър аз бар кардаш душвор
намеояд ва камтар вақт мегирад.
Аҳли адабро ҳамин чиз хеле ба| ташвиш овардааст,
ки ба программах) китобҳои хониши мактаби ибтцдоӣ
шеъри суст бисьёр дохил шудааст. Бисьёр шеърҳои ин
китобҳо аз шеърияти асил дуранд, ба ташаккули табъи
баланди кӯдакон мусоидат карда наметавонанд, баръ-
акс, зарар меоранд. Барон китоби хониш ва хрестома-
тияҳои мактаби ибтидоию миёна аз шоирони ҳозира
фақат шеъреро, ки ба сифати асари бадей олист, ги-
рифтан мумкин аст. Медонем, қи мактаби куҳнаи то-
ҷикӣ, мактаби ибтидоии пеш аз инкилоб бо вуҷуди
бисьёр камбудиҳояш, ки устод Айни нағз тасвир кар-
дааст, дорои як хусуеияти! ибратомӯз буд: китоби Ат-
тор, мунтахаби девони Ҳофизу Бедил дар он мактаб
китоби даре буд.: Завқи эстетикии талабагон аз аввал
бо шеъри олии Ҳофизу Бедил тарбия меёфт. Агарчи
қӯдакон аксаран маънои ин шеърхоро намефаҳмиданд,
азбаски ҳамаи онҳоро ҳифз мек|арданд, ба як умр дар
ёдашон ;мемонд ва як умр кам-кам аз онҳо маънии оли
кашф менамуданд, аз санъати баланди онҳо ҳаловат
мебурданд. Ин яке аз сабабҳоест, ки мардуми мо дар
шеър табъи баланд доштанд. Ин анъанаро имруз ҳам
давом додан зарур аст. Албатта, мо намегуем, ки им-
рӯз ҳам ба программаи мактаби ибтидои шеъри до-
фнзу Бедилро даровардан лозим аст. Фақат ҳаминро
таъкид кардан мехоҳем, ки дар интихоби шеър барон
мактаби ибтидой хеле эҳтиёт шудан, бо табъи баланд
шеър интихоб кардан даркор аст.
j 3
Яке аз камбудиҳои программаи пештара, лоиҳаи
нав, умуман дарси адабиёт дар мактаби миёна ин аст,
ки ба адабиёт, хусусан ба адабиёти классикии тоҷикӣ
бештар аз дпдгоҳи социологизми вулгар нигоҳ меку-
канд: аз ҳар асар, аз ҳар порча ва байт асосан маънои
иҷтимоии сиёсӣ, фикрҳои зидди замони феодали ва
зидди ҷавру зулм мечӯянд, аҳамияти тарбиявии ада-
биётро бештар дар ҳамин мебинанд. Бешубҳа адабиё-
ти классикии мо ҳамеша фикрҳои олии ичтимоиву
сиёсй дошт ва; бо ноинсофию беадолатии иҷтимои фаъо-
лона мубориза мекард. Бинобар ин, чи дар мактаби
миёна, чи дар мактаби олй, чи дар тадқиқоти илми
259
афкори ичтимоиву сиёсии гузаштагон бонд қисми му-
ҳими омузиши адабиётро ташкил «амояд. Лекин ада-
биёт танҳо аз ин иборат набуд ва зӯр зада аз ҳар байт
чунин маъниҳо машидан хилофи ҳақиқати воқеист.
Адабиёти классикии мо асосҳои маънавии ҳастии
инсонро хеле хаматарафа ва амиқ ба андеша гириф-
тааст. Масъалаҳои ҷовиди умумиинсонӣ, муҳимтарин
масъалаҳои сиришти инсон ва тобишҳои нозуки неки-
ВУ бади, симои инсонии одамизод ва пояҳои маънавию
ахлоқии ҳастии вай ҳамеша диққати нависандагони му-
тафаккири замонҳои гузаштаро ба худ мекашиданд.
Аҳамияти ин масъалаҳо имруз торафт меафзояд. Пае,
мактаби миёна ҳам бояд ба қадри ҳол аз ин масъала-’
ҳои адабиёт дур намонад, талабагонро мувофики син-
ну сол ва фахмй онҳо аз масъалаҳои ҷиддии фалсафаи
ҳаёт ва арзиши умри инсон огоҳ кунад. Инсон аз ав-
вал, аз овони наврасӣ дар сари ин масъалаҳо фикр
карданро кам-кам бояд ёд гирад. Дарки нещиву бадӣ,
одамиву ноодами, наҷобату разолат, мақсади зиндагии
инсон, худшиносии иҷтимоиву маънавии шахс—ҳама аз
аввал, аз овони наврасӣ оғоз ёфта, дар муддати умр
амиқ меравад ва мактаб, хусусан дарси адабиёт дар
ин продес роли бузург мебозад.
Даст кашидан аз социологизми вулгар ва эзохоти
оддии примитив, бештар диққат кардан ба асоси маъ-
навии ҷамъбастҳои бадей, ба маркази диқкат гириф-
тани моҳияти эстетикии адабиёт (адабиёт ба сифати
санъати сухан, ба сифати бадеияти олӣ), ба назари мо,
ҳоло вазифаи асосист, ки дар назди программаи ада-
биёт, китоби дарси ва худи дарс истодааст.
» 4
Аз ин ҷо, як масъалаи дигар пеш меояд. Ин ҳам
бошад, масъалаи усули таълими адабиёти классикии
тоҷики дар мактаби миёна аст.
Тарзҳои таълими адабиёти к|лассикии тоҷикӣ барои
мактабҳои миёна хануз муайян нашудааст. Он чй му-
айян шудааст, бештар ба материали адабиёти сове4ии
топик ва адабиёти рус, ба материали адабиёти реалис-
та мувофик меояд, аммо барои адабиёти классикии
тоники, ки асарҳои он ҳазор сол ё чорсад-панҷсад сол
пеш аз ин навишта шудаанд, дигар тарзҳои таълим
даркор аст. Афсус ки бо ин кор ҳанӯз ҷиддан машғул
260
нашудаем ва муаллимони пешкадам_ ҳам дар таълими
адабиёти классикии тоҷикй душворй 'Мекашанд. _
Ҳоло дар таълими адабиёти классикии тоҷики д р
синфҳои V—VIII асосан як роху равиш ба назар мера-
сад;беш{гар муаллим мазмуни асари класоищиро ба
талабагон накл мекунад, аммо дар синф худи м Р
упнлани талабагон кам вокеъ мешавад. Талабагон
матни асари бадеиро асосан дар хона мехонанд. Ленин
азбаски асари бадей ба асрҳои гузашта тааллУ* Д°Р £
ва аз фаҳми талабагони имруза нисбатан дуР ■аст\ ° £
лап хона мустакилона хондани талабагон кам фонда
м pod ап ё фоидао намеорад: фаҳмида наметавонанд
принципхон асосии педагогика мебошад. Инт.рзи таъ
к Ъг=
чунин амал мекарда бошанд, вале ак р
ТаРВаДкатРи оМнДрИаҲсидДааст, ки барон даст кашидан аз ин
тарзи таълим замина тайёр кунем. Чунин заминае таи-
ёр намудан душвор аст ва ба зудӣ муяссар нахоҳад
шуд Бииобар пн, Тар чй зудтар бояд чорачуи cap
кунем.
Бо ин максад аввал тачрибаи муаллимони пешка-
дамро омӯхта, ба дастраси хамаи муаллимон гузоштан
лозим меояд. Ғайр аз ин, баъзе чораҳои дигар дидан
зарур аст. Ба ин муносибат юамина мехоҳам ба муҳо-
кимаи аҳли кор як таклиф гузорам. Ин таклиф кариб
20 сол пештар дар як маколаи камина баен шуда буд,
вале чолиби диккат наомад. Аз ин ру, холо такроран
гӯшгузор кардан мехоҳам.
Талаба моҳияти асари бадеиро он гоҳ ба хуби ме-
фаҳмад ки матни онро худаш бо диккат хонда бошад.
Муаллим бе он ки зарурати махсусе дар миен бошад,
мазмуни асарро набояд гӯяд, балки ба хониши диккат-
коронаи талаба ёрй дихад, онро ташкил намояд, ба ча-
раёни дуруст равона созад. Ин ерии муаллим ҳангоми
хондани матни классики бештар ах&мият паидо меку-
над Дар мактаби ҳаштсола кисми зиеди матни клас
спкй бонд дар свнф (на дар хона) бо рохбарип муал-
ЛИМ хонда шавад. Талабагон банд асосан дар| синф оо
261
роҳбарии муаллим ба хондану фаҳмидани матни клас-
11КЙ^аШЛЛ шаванд- ВагаРна фаҳмидани асарҳоеро,
ки 600 600 сол П0ш аз ин навишта шудаанд ҳеч гох
ед нахоҳанд гирифт. '
Махсусияти адабиёти классикии тоҷикиро бояд фа-
ромуш накунем. Ба ин адабиёт даст ёфтани наврасону
ҷавонон душвориҳо дорад. Ин душвориҳо бояд асосан
дар синҳои V—VIII бартараф шаванд. Ба ганҷинаи
адабиети классики тоҷики роҳ ёфтани наврасону ҷаво-
нок асосан аз синфхои V—VIII cap мешавад. Барои ин
кор дар мактаби ибтидой (синфҳои I—IV) имконият
кам аст: синну соли талабагон монеъ меояд. Инкишо-
фи талабагон имкон медиҳад, ки маҳз дар синфҳои
* VIII таҳкурсии шеърфаҳмии онҳоро мустаҳюам ку-
нем. Талабагон маҳз дар ҳамин синну сол бештар қув-
ваи дарёфт доранд, маҳз дар ҳамин синфҳо барои фаҳ-
мидани сухани олии классикой барои роҳ ёфтан ба
андухтаҳои маънавии чандин аср нахустин малакахои
устувор пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, синфҳои V—VIII
Дар системаи таълими адабиёти классикии тоҷикй му-
ҳимтарин марҳилаест, пурмасъулияттарин давраест,
ки ба чи тарз тай шудани он дар инк)ишофи маънавии
талабагон ба як| умр таъсир мегузорад^ Агар талабагон
дар синфхои V VIII хондану фаҳмидани матни клас-
сикиро ба кадри ҳол ёд нагиранд, ин камбудиро дар
синфҳои IX X ислоҳ кардан душвор аст. Зеро чунон ки
маълум аст, дар курси системавии таърихи адабиёт
(дар синфҳои IX—XI) барои таҳлили конкрети порча-
хои чудогонаи адаби имкон кам аст.
Ин аст, ки дар синф байт ба байт ва сатр ба сатр
хондани матни классикӣ, фаҳмидани маънои он пай
бУРдан ба сирру асрори вай, яъне ба адабиётфаҳмй
таиер шудани талабагон асосан дар синфҳои V—VIII
сурат мегирад. Бинобар ин, ба ин синфҳо аҳамияти
ахсус додан ва усулҳои таълимро >мувофики махсу-
сиятҳои материал муайян кардан лозим меояд.
Мо дар чунин ақидаем, ки ҳамаи ин махсусиятҳои
мактаби точикиро ба назар гирифта, аввало дар синф-
хои V VIII барои адабиёти классикии тоҷикӣ бештар
вақт чудо кардан даркор аст. Х,оло дар ин синфҳо ба-
рои адабиети классикии тоҷикӣ соат бисьёр кам аст.
Дар лоиҳаи программаи нав чунин манзараеро меби-
нем. синфи V 105 соат, адабиёти классикии тоҷикӣ — 16
соат, синфи VI—105 соат, адабиёта классикй—21 соат,
262
синфи VII—70 соат, адабиёти классики —25 соат, син_-
фи VIII—70 соат, адабиёти классики — 22 соат. Ҳамаги
дар ин синфҳо аз 350 соати адабиёт факат 84 соат, яъне
танҳо камтар аз чоряки соатҳо ба адабиёти классикии
тоҷикӣ дода шудаасту бас. о
Ба акидаи мо, ин микдор тамоман ғаирикофист. ьа-
рои бартараф кардани он душвориҳое, ки аз махсусият-
ҳои таълими адабиёти классикии тоҷики cap мезананд,
миқдори соатҳоро барон ин мақсад камаш ду баробар
зиёд кардан лозим меряд.
5
Ин як тарафи масъала аст. Масъалаи махсусиятҳои
таълими адабиёти классикии тоҷики дар синфҳои V
VIII тарафи динаре ҳам дорад, ки низ ба ғоят мухим
аст.
Барой таълими адабиёти классикии тоҷики дар синф-
ҳои V—VIII нисбат ба ҳозира ду баробар вакт чудо ку-
нанд. хам ин кор он гоҳ фоидае хоҳад овард, ки муал-
лимон барой пурмаҳсул истифода кардани ин вақт им-
KIOH дошта бошад. Ба фикри мо, ҳоло аксари муаллимо-
нИ адабиёт ба ин кор тайёр нестанд, онҳо иктидор на-
доранд, ки матни мураккаби классикиро ба талабагон
сатр ба сатр ва байт ба, байт хононда, ҳамроҳи онҳо
таҳлил кунанд, барон нозукиҳои матнро амиқ фаҳми-
дани талаба ёрӣ диҳанд. Ҳоло худи муаллимон акса-
ран аз фаҳмиши шеъри олии кшассикӣ оҷизанд.
Пас, лозим аст, ки аввал муаллимонра ба ин кори
душвор тайёр кунем. Аммо тайёрии муаллими мактаои
миёна ба кори мактаби олй, ба кори факультета фило^
логияи университет ва институтҳои педагогй вобастаги
дорад. Зарур аст, ки тарзи таълими адабиёти класси-
кии тоҷикй аввал дар мактаби олй андак ё хеле дигар
шавад. •
Ҳоло донишҷӯёни мактаби оли адабиёти классикии
тоҷикиро бештар монанди таърих меомузанд: асосан
левдияи муаллимонро гӯш мекунанд, аммо бо худи
матни конкрет камтар сэру кор доранд. Медонем, ки
савияи илмии лекцияи муаллимони мактаби оли сол то
сол баланд шуда истодааст. Лекин лекция чиро дар
бар мегирад? Бештар аз таърихчаи замон, тарчумаи
холи нависандагон, характеристики умумии эчодиёт
ва асарҳои алоҳидаи онҳо иборат аст. Вале дарси ама-
263
ЛИ дар мактаби олй кам аст. Студентон' кам имкон до-
ранд, ки бо роҳбарии профессорону доцентҳои таҷри-
оакор бевосита матни классиадро омӯзанд, хондану
фаҳмидани онро ед гиранд. Онҳо дар баъзе мавридҳо
чунин имкон тамоман надоранд. Аз ик рӯ, муаллимони
мактаби миёна ҳам аз таҳлили матни классики оҷи-
занд. Аз ҳамин сабаб, дар мактаби миёна ҳам дарси
адабиет бештар аз гуфтани тарҷумаи ҳоли нависанда
ва мазмуни асарҳои у иборат аст.
Таклифи мо ин аст, ки барон ин вазъият дао cba-
^аомнТИлоФИЛОЛОГИм МаКТаби олй даРси амалироРз1!ёд
кардан лозим аст. Мо комилан тарафдори фикри Абду-
адиНолйНчпп-ДДИН0В ҲЗСТеМ’ КН гуФтааст: «ДарРмактаб-
тимми\ * Р* кардани машғулияти таҷриба-вии (прак-
тикуми) адабиет ва дар он ақаллан як асари класси-
; г° ҷузъиеташ омӯхтан аз талаботи ҳатмии рӯз
аст» («1азетаи муаллимон», 26 авг. 1986). Таклифи ка-
бина низ 20 сол пеш ҳамин буд, имрӯз ҳам ҳамин аст.
Чунин ба назар мерасад, кн хеле зиёд карда!ни дарси
амали дар мактаби оли дар шароити ҳозира яке * аз
муҳимтарин чораҳое барои ба дараҷаи лозима боло
оурдани, маданияти адабиётфаҳмии студентон аст, му-
бошадРИН ШЗРТИ мУаллими тайёр кардани онҳо ме-
Ба ақидаи мо, дарси амалй бояд на аз курсҳои бо-
ло балки аз курен якуми маютаби олй cap шуда то
бошал 0ХИР давол) кунад ва тартиби он тахминан чунин
бошад. донишҷуен бо раҳнамунии муаллим (на Уҳао
муаллим, балки муаллими таҷрибакоре) на як асари
астТСИбКаТ°и (ЧУН0НКИ А- НасРиддинов таклиф карда-
аст); балк|и чанд асарро, камаш як достони «Шоҳно-
1а пяВа ЛОадал НИСФИ «Гулистон»-ро дар синф хонанд,
миераъ ба миераъ ва сатр ба сатр таҳлил кунанд ку-
шиш намоянд, ки ба мазмуни ҳар байту ҳар ҷумла ба
сирру асрори санъати олии он амиқан cap фурӯ ба-
ранд, маънои таҳтонии ҳама ташбеҳу .истиораҳо тал-
^еҳҳо, таносуби сухан ва Faflpapq фаҳманд, фикри асо-
сии ҳар бобу фаслу қисм ва тамоми асарро муайян
кунанд.
Ҳангоми ин машғулият онҳо бояд луғатҳои гуногун
ва баъзе шарҳу эзоҳномаҳои заруриро дар даст дошта
бошанд ва истифода намоянд. Ғайр аз ин, барои маш-
ғулиятҳои амалии студентон ва ба ёрии муаллимони
мактабҳои миёна дар асоси таҷрибаи муаллимони мак-
264
табҳои олӣ луғатҳои махсус тартиб додан лозим аст„
масалан, эзоҳномаи таъбироти сабку равияҳои алоҳи-
даи адабӣ, разму маҷозҳо, талмеҳҳо ва ғайраро чоп
кардан зарур аст.
Мо бовар дорем, ки агар дар чунин машғулиятҳои
амалии мунтазам лоақал як достони «Шоҳнома» ва «Гу-
листон» хонда ииавад, муетақилона, ба ёрии муаллим ё
бо андак ёрии ӯ хондани дигар асарҳои классикӣ ба
донишҷӯён чандон ду.шворӣ нахохад овард.
Ҳоло муаллимони мактабҳои олӣ дар таълими ада-
биёти классикии форсиву тоҷикӣ таҷрибаи фаровон ан-
дӯхтаанд. Онҳо имкон доранд, ки дарсҳои амалиро низ
ба савияи зарурӣ анчом диҳанд. Ба фикри мо, вакти
он расидааст, ни онҳо дар асоси ин тачрибаи худ масъ-
алаи ҷорӣ намудани дарси амалӣ, муайян намудани
шаклҳои гуногун ва методикам онро ҳамаҷониба муҳо-
кима кунанд ва таклифҳои конкрет пеш гузоранд.
Агар аз ҳоло корро чунон ташкил намоем, ки таъли-
ми студентом дар мактаби олӣ на танҳо таълими на- '
зарй, балки инчунин таълими амалӣ бошад, имкон
хоҳем ёфт, ки пас аз даҳ-понздаҳ сол яъне то охири
асри ҷорӣ як идда муаллимҳои навназару покизакор
тайёр карда, дар мактаби миёна, дар синфҳои V—VIII
дар омӯзиши адабиёти классикии точик як андоза ди-
гаргунии матлуб ба миён орем. Дар ин муддат ба муал-
лимони ҳозираи мактаби миёна ба воситаи курсҳои да-
розмуддати такмили ихтисос усулхои нави таълими
адабиёти классикии тоҷикро омӯхтан имюонпазир хо-
ҳад буд.
Мо ақида дорем, ки дар шароити Точикистон яке
аз муҳимтарин масъалаҳои ислоҳоти мактаби миёна ва
навсозии мактаби олй ҳамоно ба дарачаи зарурй боло
бурдани савияи таълими адабиёти классикии тоҷикй
мебошад. Ба дарачаи талаботи имрӯза расонидани
таълими адабиёти классики,и точикй аз заруртарин ва-
зифаҳост. Ин масъаларо фақат дар доираи мактаби
миёна ҳал кардан мумкин нест. Ҳалли он ба тарзхои
таълими адабиёт дар мактаби олй сахт вобаста аст.
Масъаларо факат бо назардошти алокамандии сахти
мактаби миёнаю олй бояд ҳал кунем.
265
6
Ба^ муиосибати ислоҳи мактаби миёна ва таълими
умуми боз як масъалаи муҳим пеш меояд. Лозим аст,
ки дар макгабҳои русиву ӯзбекии Тоҷикистон ҳам аз
синфи V то XI дарси адабиёти тоҷикӣ ҷорӣ шавад. Ҳеҷ
мумкин нест, щ талабагони синфҳои русиву ӯзбекии
республика аз адэбиёти тоҷикӣ огоҳии мунтазами сис-
теманок надошта бошанд. Чунин огоқии талабагон на
танҳо барон тарбияи интернационалӣ аҳамият дошта,
дар роҳи мустаҳкам кардани дӯстии халқҳо роли му-
Хим мебозад, балки дар зиндагии ҳар яке аз хатмкар-
дагони мактаби миёна, барон инкишофи маънавии онхо
солҳои сол хизмат хоҳад кард.
Ғайр аз ин, бояд фаромӯш накунем, ки дар ҳамаи
синфҳои русин мактабхои республика як миқдор фар-
зандони аҳолии тахҷои, аз ҷумла тоҷикбачагон ҳам
таълим мегиранд. Талабагони тоҷик чанд фоизи ҳайа-
ти ҳар синфи русиро ташкил мекунанд. Ҳоло вазъият
ч) нон аст, ки и.нҳо таҳсили миёнаро бо охир мерасо-
нанду аз адабиёти халқи худ бехабаранд. Ин ran чу-
нин маъни дорад, ки таълими умумии онҳо ноқис. аст.
Зотан дар мамлакати мо халқи «худ» ва халқи «ди-
гар» нест. Мо ҳама як халқем. Ҳама бояд таърихи хам-
дигар, маданият, адабиёт ва санъати якдигарро донем.
Ин огоҳии мо бояд аз мактаби ибтидоӣ, ҳатто аз бог-
чаи кудакон ^сар шавад, мунтазаман давом; юунад, то
рафт такмил ёбад ва амиқ гардад.
Устувор намудани пояҳои маънавии таълиму тар-
бия яке аз мақсадҳои асоси аз ислоҳи кори мактаби
миена ва олист. Барой ин ки кӯдакон, наврасон ва ҷа-
вонон аз аввал қадам ба қадам арзишҳои бузурги
маънавиеро, ки башарият дар тӯли асрҳо гирд оварда-
аст, аз худ кунанд, барон ин ки онҳо аз огоз мунтаза-
ман ба сӯи ҳаёти ҳақиқии маънавӣ раҳсипор гарданд,
таълими адабиёти гузаштаку имрузаи тоҷикӣ аҳамияги
махсус дорад. Месазад, ки дар яке аз муҳимтарин дав-
раҳои инкишофи чамъияти мо — давраи навсозию ди-
гаргуниҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ ва ислоҳоти
маютаби миёнаю_ оли масъалаҳои таълими адабиёти
классикии тоҷики ба савияи баландтаре хал гардад.
Он гоҳ бештар имко.н хоҳем ^.ошт, ки ҷавонону нав-
расон аз мактаби миёнаву оли на танҳо илму дониш
266
ба даст оранд ва ихтисос омӯзанд, балки одамият низ
ёд гиранд, асосҳаи маънавии ҳастии онҳо устувор гар-
дад. Асоси шахсияти инсон на фақат илму дониш ва
ихтисосу касб, балки, пеш аз хама, маънавият аст.
1986
МУН ДАРИ ҶА
I. Еде аз гузаштагон............................. 3
«Ба асобағал одат накунед» .............. ..........
Устодй чунин бояд! .............................. у
Мавзӯи шарқи хориҷӣ дар шеъри М. Турсунзода . .11
П. Бозҷустҳои маънавию ахлоқӣ...................jg
Андешапарварй — фаъолиятмандии ичтимой . . . . —
Садоқат ба идеалҳои олй........................29
Зарраҳои одамият . :............................53
Тадқиқи бадей ва чанбаи публицистй ............ 73
Дар сари роҳҳои нав..............................91
Як назар ба бурду бохти қикоя ...... 101
Тафаккури тахлилй ва амиқрафти реализм . .115
Адабиёт ва фалсафаи ҳастй......................137
Кувваи чамъиятии адабиёт ~ . 158
Истиқлоли фикр ва концепция даркор аст . . . .168
III. Ҷӯстуҷӯи ҳақиқат ва дӯстй................... _
Мактаби одамият................................ jg2
Ҷустучӯи рохи бузурги некй . ...................197
IV. Оинаи танқид...............
Оина ва оинадорон.............................. 216
Барой танқиди таҳлилии объективй .............. 221
268
V. Одамият ва маънавият..........................243
Ҳикмати асрҳо.......................................—
Дарси адабиёт одамият меомӯзад....................255
; ijii „
... .. . пйг)' ,;iA
a.. ...
' V. - ■ .-'i... ■ / ; a
. '
в?«os 'b
• . ■ •• .. ■ ••
- .• • •: .... , rf ■'
Шукуров Муҳаммадҷон
Ш 95 Мактаби одамият: Баъзе масъалаҳои адабиёт
ва маънавият. Душанбе: Адиб, 1991, 272 саҳ.
ISBN 5—8362—0277—X
Масъалаҳои маънавият ва ахлоқи иҷтимой дар адабиёти ҳозираи
тоҷикй, роли адабиёт барои ташаккули шахсияти инсони дорой
маънавияти олй дар мақолаҳои ин маҷмӯа мавриди баррасй қарор
ёфтаанд. Мақолаҳо дар солҳон гуногун навишта шудаанд, вале ак-
саран аз ягой ҷиҳат ба вазъи имрӯзаи адабиёт вобастагие доранд.
Муаллиф ба масъалаҳои фалсафаи ҳастй амиқан cap фурӯ бурда-
ни адибонро талаб мекунад, ки чунин дархост ҳоло бештар аҳамият
пайдо намудааст.
Шукуров Мухаммаджан
Школа человечности. Некоторые проблемы ли-
тературы и духовности.
В статьях сборника рассмотрены решение проблем духовности
и социальной нравственности в современной таджикской литературе,
роль литературы в формировании личности человека высокой духов-
ности. Статьи написаны в разные годы, но часто какой-либо своей
гранью обнаруживают непосредственную связь с сегодняшними за-
дачами литературы. Автор требует глубокого проникновения в про-
блемы философии бытия, а это ныне приобретает особое значение.
4803000000—563—233
М 512(13)—91
ББК 83.3 Тоник
87—91
t
Мухаммаджан Шукуров
ШКОЛА ЧЕЛОВЕЧНОСТИ
(на таджикском языке)
Ороиши Л. Шаропова
Муҳаррири ороиш А. Боймуродов
Муҳаррири техникй Я. Бекназарова
Мусаҳҳеҳ Р. Атоева
I
ИБ № 563
Ба матбаа 04.06.90 супурда шуд. Ба чопаш 23. 08. 9!
имзо шуд. Формати 84Х1081/32. Коғази типогдрафии
.№ 2. Гарнитураи адабй. Чопи барҷаста. Ҷузъи чопии
шартй 14,385. Чузъи ра 'гаи шарти 14,49. Чузъи нат-
рию хисоби 14,732. Адад.1 нашр 4000. Супориши № 277.
Н?--'аш 2 сум.
Нашриёти «Адиб», 734003, Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ, 33.
Комбинати полиграфии Комитети давлатии РСС То-
ҷикистон ой, ба матбуот.
734063, Душанбе, кӯчаи Айнй, 126.