Сарнавишт Fate

Transcription

Translation

Қудратуллоҳи ИСКИДАРҒЙ

Душанбе-20014
Қудратуллохи ИСКИДАРҒЙ

Сарнавишт,
Душанбе,Кайҳон-2014

Муҳаррир:

Ваҳҳоби Латиф
Ҳуруфчини компютерй:

Гулзодаи Бойназар

Қудратуллоҳи Искидаргй дар иигоштаҳояш бо номи
«Сарнавишт» аз дидаву шунидаҳояш бозгӯ шудааст, ки
паҳлӯуои норӯшани ҳаёти солиёни гузаштаи рӯзгорашро
рушанй меандозанд.

Муҳаррири техникй:

Даврон ҷони Маҳкам

Ороишгар:

Зумради Мирзо
Душанбе, Кайхон-2014

© Қудратуллоҳи Искидарги
Ба ҷои сарсухан

Тамоми умр дар ҷустуҷӯи хешем. Ҳама ҷо хештанро
мекобем, то пайдо намоем. Солҳо сари андеша меравем.
Ҳазорон тахмину гумонҳо мекунем. Ба ҳамаи бурду бохти
зиндагй сабур буданро пеша менамоем. Дар тамоми гирудори
зиндагй дард мекашем, месӯзем, мегудозем. Дар гирдобҳои
зиндагй дав бар он мегирем, ки дар он ғарқида нагардем. Аз он
ҳама раҳои ҷустанро хоҳон мешавем. Ба амвоҷи пурталотуми
дарёҳо дида равон карда мебинем, ки бо он ҳама сархӯрияшон
дарёҳо равонанду равон... Зиндагй низ чунин будааст. Гарчанде
дар роҳи пурпечутоби ҳаёт ҳазорон дарду догро фурӯ мебарему
хештанро мегудозем, вале, боз мебинем, ки маҷрои зиндагй чун
ҳамешагй равон аст.

Ин чарх хамаро яксон наофаирида. Ба яке диди зебо,
сухани дилписанд, ҳунари воло, истеъдоди нотакрор, чехраи
дилкаш ва симои писандида ато карда.

Мо, ҳар кадом дунёро бо тарзи хеш дар дидагонамон чо
дода аз дидгоҳи худ баҳо дода, ходисаву воқаҳоро дар мизони
хирадамон бармекашем. Он ҳамаро дар галбери тамизамон
бехга дурдонаашро бо худ мегирем.

Аз ин рӯ хами он дидаву шунидаҳое, ки Қудратуллоҳи
Искидаргй дар ин нигоштаҳояш, ки сарнавишти
хонаводагияшро фаро мегирад, гирд овардааст, паҳлӯҳои
норӯшани ҳаёти солиёни сипаригаштаи рӯзгорашро рӯшанй
меандозад. Қудратуллоҳ ки худ марди табиатан шӯх ва беозору
бухлу кин аст, он чиро дар замираш будааст, бо як тарзи баёни
дилнишин, бо ҳамон тарзи гӯйиши мардуми шарифи Дарг, бо
як лахни шево рӯи когаз афшонидааст.

Ин марди ҳунар, ки даҳҳо нақшро рӯи саҳнаи театру
кино офарида, дар рушди санъату фарҳанги кишвар саҳме
гузоштааст, кунун давлати пирй ронда, дар гузашти умр назаре
афканда, хотироти гузаштаашро аз паси чандин гулафшониву
хазонрезихо пеши назар оварда, аз он рӯзҳо чанд лахзаеро ба
хонандаи азиз пешкаш менамояд.

Дар ин нигоштаҳо дарду доге баён гашта, ки то ба
имрӯз хунарманд онҳоро ба хотири он ки ба иззату нафси
дигарон нарасад, дар хештан фурӯ бурдаву дамбастааст.Он
нуктаҳое, ки дар ин ёдцоштҳо такорӯ мешаванд, бояд малоли
хотири касе нагарданд ва дар тафаккури дигарон качфаҳмиро
бедор насозанд, балки ба ҳар як нигошта аз диди солим бахо
дода, андешаи подоши он ҳамаро кард...

3'" 1
Ҳамзамон нигоранда кӯшидааст, ки он муҳаббати
беандозаи худро, бо як ҷаҳон орзуву омол аз айёми бачагй
ёдовар шавад, ки он рӯзҳоро чигуна дар мавзеъи Искидарғ бо
накҳаги ҷонбахши насими фораму дилосо паси саркардаву
кунун он ҳамаро дар соҳили рудаки ин мавзеъ болои харсанге
нишаста бо нӯги асои пирияш аз зери хазонрезаҳои дарахтони
инҷо ҷӯё мешавад. Ҷӯёи бачагии беғашу беолоиш. Ҷӯёи
гумкардаҳои айёми ҷавонӣ...

Вале, аз он рӯзҳо танҳо ёд мондаву қиссаҳои маҳзун. Он
қиссаҳое, ки тамоми умр Қудратуллоҳ онҳоро дар хотироти худ
борҳор такорӯ кардаву дар он ҷо аз хештан нишон ҷӯста.
Нишони рӯзҳои кайҳо тир гаштаро. Дар рӯзгори ҳар як инсон
ҳодисаву воқеаҳои басо мухталиф ба вукуъ меоянд, ки ҳар
кадом дар зиндагй як дарси ҳаёт аст. Ба ин хотир он
галбербехтаҳои Қудратуллоҳро чун варақгардон менаоед,
хоҳед дар ёфт, ки рӯзгор ҳамеша дар гирдоби худ инсонҳоро
гоҳ менавозад ва гоҳо мегудозад. Ва аз ин гирудорҳои зиндагй
ҳамоне пой ба берун мениҳад, ки дар кураи зиндагй обутоб
ёфтаасг. Нигоштаҳои муаллиф, ки ҳамагй саропо аз рӯзгори
сипаригашта розгӯянд, далолат бар он доранд, ки ҳар фард, дар
пайроҳаи қисмат, бо номи неку кирдори нек пойбарҷо хоҳад
монд.

Нигоштаҳои муаллиф, ки бозгӯи як гӯшаи таърихи
диёранд, дар онҳо ҳаёти мардумон солҳои 20-50-уми асри XX
таҷассум гардидааст. Раванди ҳодисаҳо гарчанде гоҳ тезу тунд
ва гоҳе нармтар сурат мегиранд, далолат аз он менамоянд, ки
муаллиф вобаста ба вазъи он рӯзаи ҳаводис онҳоро ба қалам
кашидааст. Ин хама як шингиле аз таърихи куҳандиёри Дарг ва
мардуми он аст. Аз ин хотир таърихро таҳриф набояд. Дар он
гирудорҳои огози барқарорсозии Шӯравӣ бо кину адовату
хусумати шахсй бисёр шахсони баору номус, донишмандону
ҳунармандони чирадаст қурбони ҷаҳолати давр гашта, тарки
дару бум карда, дар мусофират ба cap бурдаанд, ки бо дарду
доги чудой аз диёр дар синаи хоки сард бо ҳазорон ҳасрат
манзил ихтиёр намуда. Садҳо нафарро метавон ном гирифт, ки
қурбони чунин як ҷаҳолат гардидаанд, ки хонаводаи
Қудратулло яке аз эшон аст.

Бо умди тамоми саодати рӯзгор ба онҳое, ки ин китобро
хоҳанд хонд, диди солим ва заковати волоро таманно намуда,
гуфтанием, ки хештанро бишноседу бо хештан бифахред...

Бо у меди тавфиқ ба шумоён Соҳибихтиёр.

4
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

Як ду сухан дар бораи худам

Аслан ман Қудрати Шарифи Ҷамилам, ки бо ифтихори
беандоза ба зодгоҳам хешро Қудратуллои Искидарги
гуфтаам. Банда дар баҳори соли 1927 дар деҳаи Дарги
колони билоди Фалгар таваллуд шудаам.

Замоне таваллуд ва тарбия ёфтаам, ки дар деҳа давраи
ҷӯшу хӯруши барпосозии комсомол, ташкилёбии колхоз,
муборизаи камбагалон бо заминдорон ва солҳои пурошӯб
буд.Дар он солу замон ҳар кас медонисту дави аспаш.

Муаллимаи аввалини ман Шарифамоҳ Авазова буд, ки то
ҷон дар рамақ дорам ӯро фаромӯш нахоҳам кард.Муаллима
моро се соли пурра дарс доданд. Маҳз тавассути хизмати
бошарафонаи он кас буд, ки мо хонандагони синфи сеюм дар
Боми Тошӣ барои мардуми чаласаводи калонсол, рӯзномҳоро
хонда онҳоро аз навигарщои дар кишвари шӯроҳо рух дода
огоҳ менамудем. Аълохонҳои синфи мо Мирзофузайл
Еров.Мирзои Холназар, банда ва боз ду се нафари дигар
буданд.

Дар ёдам ҳаст, ки ман аз рӯзномаи «Тоҷикистони сурх»
мақолаеи дар об гарқ шудани Ҷумъаи Холро хонда будам.
Ин ҳамаро аз хизмати пуршарафи муаллимаи мактабамон
мешуморам. Ёдаш ба хайр!

Соли 1937 моҳи ноябр, мо аз Дарг кӯчида ба Сталинобод
омадем... ва бо ҳамин рӯзҳою солҳои сарсонию саргардонӣ
cap шуд...

Оқибат ман аз оила гурехта ба мактаб-интернати
Давлатии ноҳияи Ҳисор рафта, даромадам ва соли 1949 онро
томом карда ба ҳайси омӯзгор ифои вазифа кардам.

Соли 1953-1958 дар Москва таҳсили илм карда касб
омӯхтам ва натиҷаи он ҳама аст, ки тамошобини тоҷик
нақшҳои дар кино офаридаи маро имрӯз ҳам тамошо
мекунад.

Солҳои 1958-1963 дар театри ба номи Абулқосим
Лоҳутӣ кор кардам.

Аз соли 1963 то соли 1992 корманди Комитети
телевизион ва радио буда ва аз ҳаминҷо ба нафақа
баромадам.

5
*Ғубори хотирот

* Қудритуллои Искидарги

Дар ин миён борҳо ҳамкорӣ доштам бо киностудияи
«Тоҷикфилм». Чандин нақшҳо офаридам, ки он ҳама самарии
он ҳамкориҳост.

Кунун бо он ҳама буду набуд, аз гӯшае истода назар
меафканам ва мебинам, ки умрам барабас нарафта
будааст...

6
* Ғубори хотирот

> Қудратуллои Искидарги

Ман кистам?

Искидарғ номи мавзеъ асг. Ё бо ибораи дигар ин номи
айлок ва ё овулҷоест, ки мардум барои молчарони ва
‘ИСТу зиндагииУмавсимй ба он ҷо куч мебанданд. Искидарғ
барои бархе айлок буд, вале барс ман ва хамсину
кЛар ин мавзеь ба воя расидаем бо тамоми
■пнзаоаву боду хавояш биҳишт аст. Биҳиште, ки давра
: ;вонГмУда°рДУон но гузаштаас, Дар миёни к^рон
соҳили Оби мусаффои рӯдчаи шухи оинасон пок бо
гирудорхои зиндаги андармон, аз пас у J Ур санг
сарсону саргардон бачагиям ноаен гузашт. Чунбаҳар санг
менигарам, ба шиппаи бурсе дида медузам, ба хоРУ *а^>
буттаиРин мавзеъ назар меафканам, дар он чавониамро
мебинам. Ҷавонии бебозгаштамро. Ш куххои <>™он У^
ин манзараи дилрабо, ин насими чонфизо маро замоне^ар
канор парвардаву дар роҳи таинамудаи имрузаиL*
бисер панду ҳикмате бароям додаанд, ки самараи умри

бобаракотам аз он аст. _ , м

Дар дехаи Дарғ моро искидарги мегуфтанд. Мо

искидарғиҳо нӯҳ моҳи солро дар ин мавзеи хушбоду х
ва махмалин мегузарондему танҳо се «солро
Дарг. Сабаб он буд, ки дар зимистон барфи зиеде борид
аз сойю дараҳо ва кӯҳҳо тарма меомад. Р

беамон - кӯдакон ва занонро ба дехаи Дарг
Бисер вақт шоҳиди он ҳодисаҳое мешудем ки аа Шшкух
ки «Тармаи рост» ном дорад, аз сабаби боришота зиеди
барф тарма мефаромад, ки хонаву огил ва каҳдонҳоро

ВаЙТиноебКаТон мардуми Искидарги поён баров^ш*
нигох доштани фарзандон кӯчида ба Дарг мефаРОмада ;т
Дар Искидарги поён асосан мардуми молдор истиқомат

МеКаАадодони мо аз молдорону заминдорони
калонтарини Искидарғ ба ҳисоб мерафтанд BaWOHJ
манзилҳои зиёде доштанд, панч огил барои харуговумол
майда, ки ҳар кадомаш алоҳида буданд. ^Р™ барр^у
бузголахо ду чала доштем. Худамон дар се
и£иКоматй ки хар кадомаш аз ду хонаву пешаивон

иборат буд, зиндаги мекардем.

7
*Ғубори хотирот

* Қудратумои Искадаргӣ

Дар деҳаи Дарг низ ду хонаи истиқоматй ва се огилу
як коадони калон доштем. Хонаҳо дар деҳаи Дарғ то ба
имрӯз пойбарҷоянд, ки имрӯз сабаби афсусу дареғи
дӯстони қадрдон ва роҳгузарон гаштаанд.

Ҳар нафари ошное, ки аз назди ин хонаҳо мегузарад,
афсуси онро мехӯрад, ки фарзандони Шарифи Ҷамил
ноқобил баромаданд ва Ватани падариро тарк гуфтаву ба
водии Ҳисор кӯчидаанд.

Шояд дуруст гӯянд.

Вале, ба ҳамаи он афсӯсхӯрон имкон нест, ки дар
алоҳидагӣ бо ҳар кадомаш нишаста сӯҳбат намуда, сабаби
ин ҳамаро фаҳмонд, ки чаро Шарифи Ҷамили номдор, ҷою
ҷавордор, молдору заминдор тарки ватан кардаву азобу
уқубатеро паси cap кардааст. Чӣ боне ба он гашта, ки ӯ
замин, хонаву дар, молу ҳолашро партофта ғарибиро
ихтиёр кард? Дар ғарибиҳо чӣ ӯро пешорӯ омаду он
ҳамаро чигуна паси cap намуду бо кадом азобҳо ҷони
ширини худро ба ҷонофарин арзонй дошту манзилаш
куҷост? Ба сари фарзандонаш чӣ омад?..

Банда кӯшиш менамоям, ки ба ҳамаи ин пурсишҳо то
ҳадди имкон посухе бигӯям.

Медонам, ки ҳақиқат талху риққатовар аст. Медонам,
ки бо ин чанд сатре, ки рӯи қоғаз меорам хотири баъзеҳо
озурда мегардад.

Вале, бояд пардаи чангхӯрдаи болои он ҳама
дасисабозиҳои замони нооромро ба як бор бардошт...

Ман аслан нависанда нестам, танҳо ва танҳо он
навиштаи нависандагонро ҷон мебахшаму ба мардум
пешкаш менамоям. Ва ё бо ибораи дигар агар гӯем ман
иҷрокунандаи навиштаҳои нависандагонам. Яъне актёр!
Ва бо камоли майл мегӯям, ки дар ин навиштаҳоям
кӯшиши актёрӣ нест, балки он нақши зиндагиофари худро
ба шумоён дар саҳна бозй карда наметавонам, балки онро
болои авроқи испед мерезам, то онҳоро хонда аз ҳақиқати
ҳол огоҳӣ ёбед.

Қисмати Шарифи Ҷамил

Оре, ин сархати сиёҳ бисёр чизҳоро пинҳон медорад,
ки бояд он ҳамаро чун оина рӯшной бахшид. Хонандаи

8
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

арҷманд дар ҳайрат мемонад, ки чаро Шарифи Ҷамил аз
дасти мардуми ҳавлии миёна ба бало панҷа зад? Ин ҳамаро
боиси чист? Марҳамат, хонандаи ҳушманду закӣ, бароят
кӯшиш ба харҷ медиҳам, то ин ҳамаро муфассалтар қисса
кунам.

Искидарғ - номи мавзеест, ки дар забони суғдӣ
маънои дарғоти боло, сароби боло ва варғи болоро дорад.
Иски-боло, дарғ-дарғот, яъне Дарғоти боло.

Ана ҳамин Искидарғ ба ду гузар тақсим мешуд.
Искидарғи поён ва боло. Дар Искидарғи боло як оилаи
молдор Абдукаримбой буд, ки зиёда аз ҳазор cap гӯсфанд
дошт. Абдукаримбой марди доро ва назаркардае буд. Ба
қавле ӯ ягона шахсе дар ин мавзеъ ба шумор мерафт, ки
табиат барои вай кутан ато карда буд. Он хаволи сангй
буд. Дар қисмати соярӯи Искидарғ тори сангин ва ё
камари сангине буд, ки як кутан молро бо тамоми
шароиташ ба худ меғунҷонид. Ин ҷо мол аз барфу борон
ва тармаю сел эмин мемонд. Дар он ҷо яксода хӯроки
чорво низ захира мешуд. Ин камари санг ба пуррагй аз они
ӯбуд.

Искидарги боло назар ба Искидарги поён калонтар
буд, ки дар он ҷо қариб 30 оила тобистонро мегузаронд.
Миёни онҳо Абдукаримбой ягона шахси бадавлат
башумор мерафт. Баъзеҳояшон як гову хар дошта, қисми
зиёдашон бегову мол ҳамин тавр барои гузаронидани
тобистон ба ин ҷо меомаданд, ки аз ҳавои фораму табиати
дилосояш ҳаловат баранд. Онҳое, ки бе гову мол ба ин ҷо
меомаданд, аслан барои заминдорону молдорон хошок
ҷамъоварӣ менамуданд ва чоряккорию панҷяккорй
мекарданд. Чунин оилаҳо асосан баҳор-баъди дамидани
сабзаву алаф аз Дарғ ба Искидарғ кӯч мебастанду тирамоҳ
аз мардуми гову молдор барвақт аз Искидарг ба Дарг
мекӯчиданд.

Искидарги поён ҷои пурхавфу хатар буд, ки он ҷо даҳ
оила зист доштанд. Ду-се оила дар зимистон ва тобистон
дар Искидарғ зиндагй мекарданд, ки онҳо оилаи Шарифи
Ҷамил ва оилаҳои Надирбоқию Ниёзбоқй буданд.
Хоҷагии мо Шарифи Ҷамил, Ниёзбоқй, Надирбоқй,
Қодирбердиҳо, Муллосангин, Одинаю Ниёз, Холи Раҳим,

9
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

Муллошодию Кӯчакиҳо дар Навушкано хонаву ҷой
доштанд ва дар ҳамон ҷо низ зиндагӣ мекарданд.

Падарам ҷоҳу ҷавори зиёд дошт ва яке аз сарварони
Искидарғ падари ман Шарифи Ҷамил буд, ки ба дигарон
барои баргузории маросимҳо ва тӯйю маъракаҳо сарварй
мекард. То ҳол мегӯянд: Искидарғи Шарифи Ҷамил,
Нармкаши Шарифи Ҷамил, Фарзоти Шарифи Ҷамил,
Ашипасти Шарифи Ҷамил. Дар ҳақиқат ҳамаи ҳамин
мавзеъҳо дар ихтиёри Шарифи Ҷамил буд ва ӯ дар ин
ҷойҳо манзйлу қутан барои моли майда дошт. Ғайр аз
Ашипаст, ки чарогоҳи махсусе барои моли майда буд.

То давраи ташкилшавии колхоз дар Фарзот кутани
калоне доштем, ки ҳамаи ақрабои мо ба монанди
Ҳақназар, Сафари Булбул, Қодирбердй, Муҳаммадҷамили
писари амакам, Мулломӯъмин, яъне писараммаам ва
ҳамсояҳои атрофи хонаи фарзотиямон аз он истифода
мебурданд.

Ашипаст, ки чарогоҳи моли майда буд, мо фарзотиён
асосан дар он ҷб молчаронй мекардем. Дар ин мавзеъ
Санги баррашӯяки Шарифи Ҷамил то ба имрӯз шоҳиди
безабон ва гувоҳи ин гуфтаҳои ман аст. Дар ду соҳили рӯди
Фарзот, аз атрофи Санги баррашӯяк, то пули молгузари
фарзотиён шибари маргзоре буд, ки ҳар сол падарам аз он
зиёда аз дусад банд алаф медаравид. Чунин намуди алафи
маҳини мулоим дар дигар мавзеъҳои овулҷои Дарт
намерӯяд. Ин алаф барои зимистонгузаронии моли майда
бисёр муфид буд. Зеро дар зимистон онро бо як иштиҳо
моли майда ба замин чошу пош надодаву нарезонда ба
тамом мехӯрд. Падарам ба парвариши мол бисёр аҳамият
медод. Тамоми молҳои ӯ фарбеҳ ва наели солим медоданд.
Ба қавле бадани молҳои ӯ ҷило медод. Дар зимистон, ки
дар кӯҳистон, кору бори хоҷагидорӣ ғайр аз хӯрдану хоб
рафтан ва ба ғайбати мардум машғул шудан дигар
машғулияте нест, бинобар он аксарияти мардум барои кор
ба шаҳрҳои калони гирду атроф - асосан ба Бухорову
Самарканд ва тарафҳои Фаргонаву Тошканд мерафтанд.
Яъне мардикорй карда бо он аҳли байташонро
мехӯронданд. Азбаски падари ман дар Бухоро хешу табор
дошт, барои кор пайдо кардан он қадар азият намекашид.

10
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

У баъди ҷамъоварии ғалладона, хошоки мол, тайёр
кардани ҳезум барои зимистонгузоронии аҳли оила, аз
дигарон дертар ба Бухоро мерафт. Ба нигоҳубини молҳо
писарашон Муллоаббосу Маҳмадлатифу Маҳмадзариф
мутасаддй буданд. Маҳмадҷамилро падарам ба
духтараммаам Шарифа хонадор карда, замину молу
ашёашро чудо карда буд. Акнун Маҳмадҷамил ҳамчун
сардори оила мустақил буд. Заминҳои Маҳмадҷамил бо
заминҳои мо якҷоя буд. Ҷуфту шудгорро Муллоаббос
мекарду баъзан аз тухмии худамон мепошид - инро
падарам донад ҳам, ran намезад ва хомӯшона розӣ буд, -
чунки модари Маҳмадҷамил гарчи бо писараш зиндагй
мекард, зани падари ман ба ҳисоб мерафт ва то мурдан
таъминоташ ба дӯши падари ман буд.

Аз ин сабаб молҳои Маҳмадҷамил бо молҳои мо
якҷоя парвариш меёфтанд. Ва Маҳмадҷамил аз
тагобравию аз нигоҳубини молҳо озод буд. Вай
метавонист мустақилона бо ҳамшину ҳамхези худаш ба
мардикорӣ равад. Лекин дар интихоби ҳамроҳи сафар ба
маслиҳати падарам гӯш мекард.

Ин буд, ки Маҳмадҷамил дар оилаи мо ҳамчун
фарзанди калонй ҳуқуқу ҷойи худашро дошт ва аз чашми
бародарй кам набуд. Вале, занаш хоҳарзодаи падарам
бошад ҳам дар назари падарам он қадар қадру қимат
надошт - чй қадаре, ки Мулломуъмину Мирзо доштанд.

Падарам дар Бухоро ошнои қадрдоне доштааст, ки
соҳиби ҳаммом ва дӯкони саррофй ё худ пулмайдакунй
буда, номаш Мирзокалон. Ҳар сол се чор моҳ дар ҳаммоми
ҳамин шахс вазифаи аловмонро иҷро мекардааст, ки
ҳамқишлоқиҳо инро медонистанд ва мудом баъди соатҳои
8-9-и шаб омада, дар он ҷо шустушӯ мекарданд ва дар
бораи кору зиндагии мусофирату мусофирҳои дар Бухоро
буда, ба ҳамдигар маълумот медоданд. Як сол падарам ба
воситаи баъзе дӯстон ба хона таъин мекунанд, ки ба ӯ
нигоҳ накарда, агар баҳор хуб ва хавфи тарма камтар
бошад, аҳли оиларо тезтар ба Искидарғ кӯчонанд. Чунки,
тӯл наздик аст ва барраву бузғолаҳои навзод бенигоҳубину
ғамхории занҳо намонанд. Тахминаи солҳои сиюм
падарам дар Бухоро дар ҳамин ҳаммоми Мирзокалон

11
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргй

вазифаи аловмониро ба нархи як шабонарӯз як тангаи
амирӣ ба уҳда дошт. Ҳамдиёриҳо хабари ба қишлоқ дертар
омадани ӯро меоранд. Аз набудани Шарифи Ҷамил
истифода бурда ҳавлиимиёнагиҳо ва ҳамнишинони атрофи
Осаққол ба вай маслиҳат медиҳанд, ки агар дар Искидарғ
як хона созад барои чаронидани моли майда, ки дар онҷо
кӯҳҳои сералафу васеъ бисёр аст, нағз мешуд ва дигарҳо
ҳам аз ҳамон ҷо заминдор мешуданд.

Осаққол гайр аз маслиҳати атрофиён дар Искидарғ як
дилкашолии дигаре ҳам дошт... Давлатмоҳ...

Шарифи Арбоб - осақол ба ин маслиҳат зуд cap
медарорад ва дар Искидарг як порча заминро аз як
камбағал ба нархи арзон харида, як хонаи бо пешайвон
мепӯшад, лекин барои пӯшидани огил фурсат намеёбад,
чунки падари ман аз Бухоро меояд ва ба хонаи Дарғаш
нафуромада рост ба Искидарғ меравад. (Сабаб ин ки баҳор
шуда буду вақти киштукори лалмиҳо даргузар буд).
Касоне, ки дар роҳ ӯро вомехӯранд зуд ба осаққол хабар
медиҳанд, ки Шариф омад. Осаққол ба тахдука афтода зуд
аз паси Шарифи Ҷамил аспашро савор шуда, роҳи
Искидарғро пеш мегирад. Барои Осаққол замини
Искидарғро аз даст додан баробари ҷон баромадан буд,
чунки чарогоҳҳои Искидарг чӣ хосияте доштанд, ки молу
говро зуд мерасонд ва фарбеҳу сершир мекард. Ин
масъларо ҳал карда, дар он ҷо реша давондан лозим буд.
Аз миён ақли Шарифи Ҷамилро дуздида бо маслиҳати
худи вай ягон замини камхирадро харида гирифтан лозим
буд... Ҳамаи ин масъалаҳо водор мекард, ки Арбобзода
зудтар Шарифи Ҷамилро бинад.

Осаққол аслан аз хона сохтан дар Искидарғ дар
тахдука буд... Чунки беваи Давлатмоҳ ҳарчанд дилкашу
дилгармкунанда бошад ҳам, хеши на он қадар наздики
Шарифи Ҷамил буд ва писари Давлатмоҳ домоди Шариф
буд. Рӯзе мерасаду алоқаи осаққол бо Давлатмоҳ ошкор
ва ба гӯши Шарифи Ҷамил мерасад. Он вақт дер
мешавад...

Шарифи Ҷамил шӯхибардор нест ва ҳабби ҳеҷ касро
нахӯрда дар байни мардум шармандаву шармсор
карданаш мумкин. Бинобар ҳамин Осаққол илоҷи воқеаро

12
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

пеш аз вуқуъ дониста, хост, ки барвақттар бо вай вохӯрад.
Шояд ҳалли масъала осон шавад...

Дидани Шариф аз он сабаб зарур буд, ки бе маслиҳату
иҷозати вай хона пӯшидани осаққол аз рӯи одоб набуд.
Осаққол дар ҳамон вақт ду зан дошт.

Падари ман, ки аз Бухоро омад, табиист, ки хешу
табору ҳамсояҳо ба дидорбинй ҷамъ омада буданд ва аз
хусуси шароити боду ҳаво, киштукори баҳорй ва аз кадом
лалм cap кардани кишту кор ва ҳоказо сӯҳбатҳо
мекарданд.

Табиист, ки дар чунин сӯҳбатҳо занҳо иштирок
мекарданд ва дар ҳузури онҳо ҳама гапро гуфта намешуд.
Оқибат баъди гуселонидани хешу табор ва ҳамсояҳо
меҳмон аз Надирбоқй мепурсад, ки он хонаи нав азони
кист, ки дар байни заминҳои корам андохта шудааст?
Надирбоқй як марди оқилу донои Искидарғ ба ҳисоб
мерафт. Марди боҳунаре буд, ки касби шикастабандй
дошт.

Молҳои шикастабандй кардан вай дар як ҳафта сиҳат
мешуд. Марди боэътимоде буд. Хусусан - дар бораи
ҳамсоягй аз Надирбоқй дида одами беҳтаре набуд.
Падарам аз ҳамон кас мепурсанд, ки бо иҷозати ки осаққол
дар байни заминҳои корам манзил пӯшидааст?

Пушти манзил замини Надирбокй-пеши манзил
замини Мирзоюнус, тарафи роста манзил заминҳои Холи
Раҳим тарафи чапи манзил роҳи ҷамъиятӣ, ки ба тарафи
Фарзоту Ягноб мерафт ва дар асл подараҳаи Искидарғи
поён буд. Надирбоқй нигоҳи маънидоронае мекунаду
мегӯяд, ки Осаққол аз ҳеҷ кас напурсидааст ва пурсидани
ҳам нест, чунки вай осаққол аст, хуҷаини ҳамаи Дарғ бо
айлоқу киштзорҳояш... Бо қамин ҳарду табассуми
маънидоронае мекунанду аз ҳам чудо мешаванд ва ҳар
кадом бо фикру зикри худ ба хонаҳояшон медароянд. Ҳар
кас ба ташвиши зиндагию оқибати кор...

Муқовимат бо осаққол

Осаққол як хурҷин аз меваҳои хушк ғӯлингу аштақ,
мағзи донаву мағзи чормағз, бардошта, ба асп савор
мешаваду роҳи Искидаргро пеш мегирад... Аҷиб, ки аспи

13
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

осаққол баъди cap кардани барози калон аз болои қарғу
санглохҳо гузашта дар гардиши охирини роҳи ҳамвор ба
мазор нарасида, ду маротиба пешпо мехӯрад. Осаққол
инро натиҷаи бад доштани сафарашро ба дил қайд
мекунад ва як тарафи дил сиёҳ аз асп мефарояду нухтаи асп
дар даст пиёда аз мазор ва қабристони он ҷо гузашта ба
хонаи Искидарғаш меояд. Як гӯсфандро кушта, мардуми
Искидарғи боло, Искидарғи поён ва хаволиҳоро бегоҳии
ҳамон рӯз ба меҳмонӣ таклиф мекунад.

Табиист, ки зиёфат бо хурсандию хушгӯӣ ва
боодобона ба поён мерасад. Сӯҳбат гарчй бо хушгӯию
боодобона бошад ҳам, иштирокчиёни зиёфат гӯё дар
болои хор нишаста бошанд, худро нороҳат ҳис мекарданд
ва интизори воқеаҳои нохуш буданд.

Калонсолон умуман сукутро ихтиёр карда, зери чашм
пинҳонй нигоҳашонро дуздонда ба тарафи Шарифи Ҷамил
ва Осаққол менигаристанду интизории ягон таркиши
мудҳише буданд.

Ва охири зиёфат заҳри қотил аст. Заҳрашро
бетоқагона мунтазир буданд...

Ниҳоят хӯрдану нӯшиданҳо ба поён мерасаду баъди
дуою дуруд, Мулловалй, ки калонсолтари ҳама буд, ба
осаққол муроҷиаткунон мепурсад, ки марҳамат карда
сабаби зиёфатро ба онҳо кушоду равшан фаҳмонад. Шаби
тобистон кӯтоҳ аст ва мардум корҳои зиёде доранду ҳар
кас аз паси кору зиндагии худаш шавад. Худатон нағз
медонед, ки халқи кӯҳистон дар шабҳои тобистон хоб
надорад. Яке уғану рова мечинад, яке ҳезуми зимистон
тайёр мекунад, дигаре заминашро шабоба мемонад,
умуман зиндагии кӯҳистонй ҳамин аст. Марҳамат, сухан ба
даҳони ширини Шумо! Шариф Осаққол бо табассуми
сохта мегӯяд: Ин зиёфат ҳамту ба муносибати кӯчидан ба
айлоқ дӯстон ва ҳамсояҳоро даъват карда роҳи хонаро
нишон додем, ки дар оянда агар роҳатон ба ҳамин тарафҳо
афтад каҷ шаведу як пиёла чой нӯшида пойҳоро дам дода
гузоред.

Ғайр аз ин ба шуниди ман шумоён се ҷамоа шуда
намоз мегузоред. Бинобар он ман дар мобайни Искидарғу
Хавол хона пӯшидам, ки ҳар бегоҳ ҷамъ шаведу намозҳои

14
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

шому хуфтанро дар ҳамин боми мо хонед. Ҷамоатамон
ҳарчй калонтар бошад, савобаш ҳам зиёдтар мешавад. У
ба тарафи Шарифи Ҷамил менигарад (ман тирамро раҳо
кардам навбати ту).

Айлоқи падарию бобоии Осаққол Муртуну Мунҷг буд,
ки аввали баҳор ба Муртун, тобистон ба Мунҷг ва
гирамоҳ боз ба Муртун бармегашт. Дар Искидарғу Ҳавол
асосан болунгиҳо ва пордариҳо мезистанд. Искидарғиҳо
бошанд як-ду моҳи баҳор дар ин ҷо, баъд ба Нармкаш
мекӯчиданд ва баъди як-якумин моҳ тобистонрр дар
Фарзот мегузарониданд.

Осаққол бошад, молу гови зиёде дошт ва ғайр аз ин
нияти заминҳои худро аз ҳисоби камбағалони Искидарғ
васеъ кардан дошт, ки ин бемуҳобот ба мардум маълум
буд.

Бикобар он ҷамъомадагон, ба тарафи Шарифи Ҷамил
менигаранд, ки канӣ Маҳмадшариф чй мегӯед? Падари
ман, ки гапашро пардаиӯш накарда луччаку пӯстқанда
мегуфт аз нигоҳи ҳамсояҳо пай мебараду ба Осаққол
мегуяд:

- Осаққол! Мо бо шумо на хешему на табор, на
ҳамгузарему на ҳамқабила ва на нияти хешигарй дорем, на
дар айлоқамон роҳ медиҳем!

Айлоқи гузаштагони Шумо Мунҷг! Ҳамон Мунҷгатон
ба Шумо насиб кунад! Чӣ хеле ки мегӯянд, «ду калла дар
як дег намепазад», ману шумо дар як айлоқ гунҷоиш
надорем.

Шумо - Осаққол, аз ҳозир тайёриатонро бинеду
чашми рӯз накафида Искидарға тарк кунед. Марҳамат
карда аз моён хафа нашаведу аз ман ба ивази моли
куштаатон интихобан як мол гиред. Ба умеди Искидарги
мо аз хешу ақрабои худатон ҷудо нашавед. Ҳамин гапи
ман маъқул бародарон, искидаргиҳо?

Агар маъқул набошаду ягонтаи шумо бо осакқол
хешу табор шуданро орзу кунад марҳамат ran занед!

Шахсан ман бо осаққол хешию таборӣ ва ҳамнишинй
карданӣ нестам.

15
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

Хдмаи иштирокчиёни зиёфат бо сарҳояшон маъқул
будани суханони Маҳмадшарифи Маҳмадҷамилро тасдиқ
менамоянд ва мегӯянд, ки «ҳамтуш беҳтар»...

Саҳари рӯзи дигар ҳамин ки бонги аввали хурусҳо
баланд мешавад, падари ман осаққолро то таги барози
калон фуромада гусел мекунад.

Субҳ надамида гашта ба Искидарғ мебиёяд ва
мебинад, ки ҳамаи мардум хурду калон дар кӯчаҳо шодию
хурсандй мекунанд. Бо шавқу завқ гуфтаҳои ӯро дар ҳаққи
осаққол такрор мекунанд ва то омадани Шарифи Ҷамил
механданд. Ва ӯро бо қаҳ-қаҳаи ханда пешвоз мегиранд.
Шодию хурсандии мардум ҳадду канор надошт... Падари
ман ҳамон саҳар ҳамсояҳои Искидарғи поёнро барои
ношто ба хона даъват мекунаду маслиҳати пӯшидани
хонаи навро ба миён мегузорад. Баъди ношто ҷои хонаи
навро нишон медиҳад ва ба тариқи ҳашар дар байни 2-3
рӯз пайҷои хонаро бо чоку бел ҳамвор намуда, мардҳои
Искидарғи поён, Искидарги болою Хаволро барои фотиҳа
гирифтан ба хона даъват мекунад. Ҳаминаш дар ёдам ҳаст,
ки дар пайҷои барои хона ҳамворкардагй мардуми бисёре
ҷамъ шуда буд: Ҳамсояҳо Надирбоқию Ниёзбоқй,

Муллокенҷа, Қаландарбобою Ҳусейни Сафар ҳама
машғули сӯҳбат. Аз куҷо мори тахмин 1,5-2 метр пайдо
шуд ва ба зери як санг хазида нопадид шуд. Ҳарчанд
сангҳоро канда чор тараф нигаристанд ягон шикофие, ки
мор дарояд пайдо нашуд. Маълум, ки ҳар қадар одам зиёд
бошад, ҳамон қадар фикру андешаҳо зиёд мешавад. Ҳар
кас ҳар хел ran мезад ва фикри худашро гузарониданй
мешуд... Оқибат раҳматии Мулловалй ҳамаро ба хомӯшӣ
даъват карду гуфт:

- Ҷура Маҳмадшариф, ҳамин хонаи меандохтагии
Шумо хосият надорад. Ин мор набуд, ин огоҳии
Парвардигор буд, Шумо аз баҳри ҳамин хона гузаред, ё ин
ки дар ҷои дигар пӯшед. Аз ин ҷою аз ин хона Шумо
барака намеёбед. Оқибаташ вайронист.

Падарам дар ҷавоб ба Мулловалй гуфт:

- Агар то пагоҳ оилаам вайрон шавад ҳам, дар ҳамин
ҷо хона мепӯшам! Аз шумоён илтимоси ман ҳамин ки як
дуои хайр диҳед. Баъди чунин илтимоси қатъӣ

16
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

Муллошодӣ аз Қуръони азимушшаън як сураро қироат
карданду дуо карданд ва ҳамаи боқимондаҳо даст
бардошта ба дуо омин гуфтанду даст ба рӯй молиданд.
Баъди дуо ҷамъомадагонро ба зиёфат таклиф карданд.
Ҳамаи меҳмонон нишаста дуою дуруд карданду ба
хӯрдани кабоби барра машғул шуданд.

Ташкили сохти колхозӣ

Ҳукумати Совета водии Фалғарро забт карду
камбағалонро аз асорати бойҳо ва заминдорҳо озод
намуд...

Як гурӯҳ аскарони Сурх, ки ҳақиқатан тару туфанг
доштанд аз ин қишлоқ ба он қишлоқ мегаштанд, ба
воеитаи «Тилмоч» - тарҷумон ташвиқот мебурданд,
камбағалро - муқобили бойҳову заминдорон «ҳушёру»
«бедор» мекарданд. Баъди мақсади худашонро
фаҳмонидан дар ҳамон қишлоқ якчанд взқт мейстоданду
боз ба ҷои дигар мерафтанд. Камбағалони ришлоқҳо ба
атрофи аскарон ҷамъ мешуданду ба аскарон нону хӯрок
медоданд баъди сӯҳбат баъзе аз онҳоро ҳамчун роҳбалад
истифода мебурданд. Бойҳо бошанд аз аскарони
ташвиқотчӣ рӯ паноҳ мекарданду то аз қишлоқ рафтани
онҳо дар ягон ҷои боэътимод руст мешуданд. Ва он
камбағалоне, ки аз сӯҳбати аскарон баҳравар шуда буданд,
дигаронро ба атрофи худ ҷамъ мекарданду ҳамин тариқ
ташвиқот мебурданд ва ин камбағалон оҳиста «ҳушёр»
мешуданд - муқобили бойҳо ва заминдорон муборизонро
ташкил мекарданд. Дар қишлоқи Дарғ ва Каздон
камбағалон кам набуданд. Асосан аксарияти сокинони
қишлоқ камбағал буданд ва дар ҳақиқат хизматгории
гурӯҳи боёнро ба тариқи чоряккору панҷаяккор иҷро
намуда, зиндагй мекарданд. Ҳар сол баъди ҷамъоварии
ғалладона онҳо аввалин шуда ба шаҳрҳои Қуқанд ва
Самарканду Бухоро ба мардикорй мерафтанд. Ин гурӯҳ
доимо аз хусуси хӯрокворй танқисй мекашиданд, ба
мусофират баромада дар шаҳрҳои дуру наздик ба
мардикорӣ машғул мешуданд. Мардикорон ба умеди
даромад то шаҳрҳои калон расида, аз қишлоқ ба қишлоқ
ва аз шаҳр ба шаҳр гашту гузор карда кор мекофтанд. Ҳар

17
* Қудратуллои Искидаргӣ

*Ғубори хотирот

коре ёфт шавад ва соҳибкор фармояд ба монанди тайёр
карданй ҳезум, побел кардани заминҳои наздиҳавлигй,
девор кардан, андова кардани бомҳо ва умуман корҳои
шикасту рехте, ки дар хонаҳои худашон мекарданду аз
дасташон меомад ҳамонро иҷро мекарданд. Ҳамин тавр як
гурӯҳ аз ҳамин мардикорон солҳои 1918 - 1920 то 1924, ки
дар Бухорову Когон ва дигар шаҳрҳои атроф мардикорӣ
карда, бо коргарони роҳи оҳан вохӯрда ҳамкори мекунанд
ва аз воқеаҳои инқилоб, сарнагуншавии Амир ва ҳоказо
бохабар шуда ба сафи партиям (болшевикй) дохил
мешаванд. Онҳо калимаҳои нави балчабек (болшевик)
Лелин (Ленин) Ревалуса (Революция) ва монанди инҳоро
дар қишлоқи Дарғ тарғиб ва гурӯҳи камбагалонро дар
атрофи' худ ҷамъ карда, барои ташкил намудани колхоз
мададгори ҳокимияти советй мешаванд.

Шаҳрҳои Осиёи миёна он вақтҳо заводу фабрика
надоштанд. Фақат пунктҳои пахтақабулкуни ва
пахтатозакунӣ ташкил шуда буд, ки аз ҳисоби
камбағалони гирду атроф қувваи коргаронро ҷамъ карда
буданд. Хизмати борбардорию борфарорӣ, той кардани
пахта ба ӯхдаи ҳамонҳо буд.

Он ташкилотҳо ба мардикорони аз куҳистон омада
эҳтиёҷ надошт. Баъди солҳои 1920 амири Бухоро ба
Афғонисгон фирор кард, дар шаҳрҳо бесарусомонй авч
гирифт. Гурӯҳҳои авбошон, ғоратгарон, роҳзанон ва
монанди инҳо бисёр шуданд. Бойҳои калонтарин ва
савдогароне, ки сарвати зиёд доштанд аз тарси ҳамин
ғоратгарон ва ҳукумати нав аз паси амири ноқобилу
ноӯҳдабарои Бухоро ба мамлакатҳои ҳамсоя —
Афғонистону Эрону Покистон рафта, ҳамон ҷо аз Ватан
дур монданду бе ному нишон ва хоку туроб шуда рафтанд.

Имрӯзҳо ҳоҷиёне, ки ба зиёрати хонаи Худо ба
Маккавӯ Мадина сафар мекунанд бо фарзандони онҳо
вомехӯранду сӯҳбатҳо мекунанд. Он бечораҳо орзуи ба
Ватан баргаштану ба дидори ёру дусту хешу табор
мушарраф шуданро талош мекунанд.

Ва он гурӯҳи мардикороне, ки зикр кардем дар қишлоқ
на замйни кирой доштанду на молу гов^ Дар ҳақиқат
забони ширин доштанду қувваю бозӯи корӣ. Бо ҳамаи ин

18
*Ғу6ори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

азобу машаққат на шикамашон нони сериро медиду на
танашон либоси тозаро. Ба ин нигоҳ накарда ҳаққи
хизмати дар 4-5 моҳаро ҷамъ мекарданду барои аҳли оила
либосворӣ харида, роҳи хонаро пеш мегирифтанд. Қисми
зиёди захиракардаашонро барои хӯрокворӣ ба қишлок
оварда боз ба бойҳову хешу ақрабояшон, ки дар набудани
онҳо ба зану фарзандонашон хӯрокворӣ дода буданд,
медоданд ва қарзҳояшонро баробар мекарданд. Боз аз
сари нав cap хам карда ба хизмати дигарон қувваи бозӯи
худро мефурӯхтанд. Яъне, баъзеашон барои заминдорон
ҷуфт мекарданду баъзеи дигарашон чӯпонию подабонии
қишлоқро ба ӯхда гирифта ба ҳамин тариқ хаёт ба cap
мебурданд.

Солҳои 1929-1930 баъди ташкил шудани Республикаи
Советии Сотсиалистии Тоҷикистон масъалаи ташкил
намудани хоҷагиҳои коллективй - яъне колхозй ба миён
омад. Акнун камбағалони 4 гузари Дарғ сарҷамъ шуда
масъалаи коллективонидани қишлоқро ҳал мекарданд.
Барои колхоз шудан, роҳбарӣ кардан ба дигарон, одамони
бофаросате лозим буд, ки тавонанд мардуми Дарғро, ки
хело саркашу якраванд, зери дасти худ гиранду кор
фармуда тавонанд.

Раис хам ёфт шуд... Муллобадал - яке аз мардони
ботамизу бофаросати гузари ҳавлии миёна ба райей
пешниҳод гардид ва интихоб шуд. Колхоз шуд, раис
интихоб шуд! Чй намерасад? Барои колхоз фақаг раис не,
бисёр чизҳо намерасанд. Аввалан идораи колхоз, баъд
котиб ва дар ҳар гузар яктои бригадир дутой звено,
ҳисобчӣ хуб инҳо ҳам оҳиста - оҳиста ёфт шуданд, акнун
чй? Ҳамаи инҳо бесавод. Акнун як одами босаводе даркор
буд, ки ба ҳамаи инҳо роҳбарй кунад. Мактаб - муаллим -
лозим, умуман кадом тарафе, ки рӯ нагардонй проблема!
Албатта ҳамаи ин номбаршудагон бе роҳбарияти
бевоситаи Райкому Исполком намешуд. Ҳар ҳафта аз
район ягон намояндаи партиявй ё хоҷагӣ омаду рафт
мекард, маҷлисҳо мегузаронд. Дар бораи фоидаи колхоз ба
камбағалон ваъдаҳои болобаланд медод... Дар натиҷа
колхоз ташкил шуд, лекин чй хел колхоз? Дар колхоз на
замин буду на гови ҷуфтию на олоти он, ва на гухмию на

19
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

тухмипош. Замин аз заминдор, тухмию барзагови ҷуфтию
оҳани ҷуфту юғу умоч низ аз онҳо гирифта шуд.
Камбагалон чӣ доштанд? Фақат қувваи бозӯи коргарӣ.

Бо ҳамин колхози онҳо ба ном буд. Заминдорон ба
ҳоли аъзои колхоз механдиданду колхозчиёнро ҳамчун
қувваи истеҳсолӣ дар заминҳои худ кор мефармуданд.
Умуман халқи Дарғ серталху пичинганд. Колхозчиёни
бечора аз талху пичингҳои атрофиён cap хам мекарданду
гапҳои шунидаашонро ба ҳисоб мегирифтанд, ки чӣ
мегӯянд. Албатта ин талху пичингҳоро дар ҷамъомаду
маҷлисҳои худашон муҳокима мекарданду рӯз

мепоиданд...

Оқибат қарори комитета партиявии райони

«Заҳматобод» дар бораи кушодани мактабҳою идорахои
колхозу гашкилотҳои дигар баромаду бо қарордори
колхоз аз хоҷагиҳое, ки ҷуфти гов доштанд яктояшро
байниколхозӣ карданд. Аз баъзеҳо ихтиёрӣ ва аз баъзеҳо
ба зӯрй юғу омоч, оҳани ҷуфт гирифтанд. Ана акнун гов
ҳаст, олоти ҷуфткунӣ ҳаст - лекин тухмӣ нест. Тухмиро боз
аз ҳамон заминдорҳо гирифтан лозим буд. Ба баъзе
колхозҳои наздики район ҳукумати навташкили райони
Заҳматобод, ки дар қишлоқи Варз буд, ба тариқи ёрдам
тухмй медод. Онро аз район ба қишлоқи мо, ки зиёда аз 60
- километр дур буд, кашондан лозим омад. Колхоз хар
надошт. Боз ба назди хардорон рафта таъзим кардан
лозим буд. Роҳҳои пиёдагарди кӯҳӣ, ки баъзан лаб-лаби
дарёи Зарафшон мерафту баъзан ба болои кӯҳҳо
мебаромад, хатарнок буд. Соҳибони хар табиӣ, ки
харашонро дасти кас намедоданд. Баъзе заминдорон розӣ
буданд ба ҷои хар, ки зиндаю саломат омаданашро Худо
медонист 5-6 пуд галлаи тухмӣ диҳанд - то, ки харашон
дар назди худашон монад. Баъзеашон ба ҷои хар худашон
пиёда рафта пуштора барои колхоз тухмй биёранд.
Одамоне ҳам ёфт мешуд, ки харашонро дасти кас надода
худаш бо хараш мерафт. Чунин қувваи боркашониро дасти
кас дода, аз вай ҷудо шудан ба ҳеҷ кас намефорид.
Бинобар он колхоз қарор қабул кард, ки ғаллаи тухмиро аз
заминдорон тирад. Аз баъзеҳо бо зӯрӣ... Ҳамин тавр аз
заминдорон аввал заминҳои лалмиашонро байни колхозй

20
* Ғубори хотирот

* Кудратуллои Искидаргй

эълон карданд, заминҳои обй муваққатан ба дасти
соҳибонашон монд. Падари ман, ки заминҳои обии бисёре
дошт ба ин қарордодҳо бепарвоёна амал мекард. Чунки
зироати аз заминҳои обй чамъ меовардагӣ баҳузур солро
басар мекард ва ба тухмии баҳорию тирамоҳии соли оянда
мерасид. Ҳа... колхоз қувваи бузург аст - гуфтааст Ленин
аз ҳисоби халқ қариб, ки ҳамаи камбудиашро буд кард,
лекин барои колхози ҳақиқӣ шудан ҳоло барвақт буд...

Ҳамин тавр колхоз барои барзаговҳои аз мардум
ҷамъкардааш бояд, ки говхона, барои зироати коридашуда
анбор, барои хонандагони соли оянда мактаб -
синфхонаҳо ва барои худи колхоз идораю кабинетҳои
зиёде месохт. Маблағ набуд. Бинобар ин барои ҳамаи ин
манзилҳои тайёр лозим буд. Ба ин хотир хонаҳои Шарифи
Арбобосаққолро байниколхозй карда ба ивазаш
осаққолро бадарға накарданд. Акнун ба қавле як навъ
нафас рост кардан мумкин буд, лекин ҳаёт рӯз ба рӯз
тараққӣ мекард ва мардум мувофиқи тараққиёти он бояд
қадам занад...

Мардикорӣ

Падарам дар умри худ панҷ зани баникоҳ гирифта аст.
Занҳо ӯро қавле тоҷ бар cap ҳам карданду, хок бар cap ҳам
карданд.

Дар табиат ҳар як чиз аввал дораду авҷ дораду охир
ҳам дорад. Бинобар он мардум ба навоиладорон дуо
мекунанд, ки Худоё ба ҳамин мушти аввал то ба охир
расонӣ. Ин дуо орзӯи хубест дар ҳаққи шахсоне, ки нав
оиладор мешаванд.

Аз аввали кор cap кунем. Падарам дар овони ҷавонӣ аз
падару модар бебаҳра мондааст. Онҳо ду бародар ва як
хоҳар 3-нафар ба дунё омадаанду тез аз падару модар ҷудо
шудаанд.

1. Амакам, бародари калонӣ - Муллоаббос.

2. Падарам Муҳаммадшариф.

3. Аммаам Шарифамоҳ.

Баъди аз cap рафтани падару модар бародарон ва
хоҳар дар як хона зиндагӣ мекардаанд. Аз сабаби он, ки
авлоди падарию бобогии ман одамони ҳалолу меҳнагдӯсту

21
беозор дар Искидарғу гузари Болои қишлоқи Дарғ ба
ҳисоб мерафтааст, хоҳарашон Шарифамоҳ зуд харидор
пайдо карда дар синни 14-солагй ба шавҳар мебарояд.
Язнаи падарам Наврӯзи Мӯмин одами бадавлати молдор
ва заминдор будааст. Дар ҳақиқат одами хуб тез харидор
пайдо мекунад. Акнун ҳарду бародар дар хона бо ду гову
як хар мемонанд, ки ин масъала ҳам ҳалли худашро
меёбад. Амакам Муллоаббос дар сини 20-солагй, духтари
ҳамсояи Искидаргияшон Холмаҳмад - Эвазбикаро фотиҳа
карда, харду гову харро ба нигоҳбонии хоҳараш
месупораду бародарон тайёрии Бухороро мебинанд. Он
вақт мардум бо ҳезум пухтупаз мекарданд, бинобар он
мардикори тарошакафон кор ҳам меёфту ҳар рӯз нагз пул
ҳам кор мекард.

Рузе харду додарон дар дасташон як арраю як табар аз
кӯчае мегузаштанд, ки як одам аз пешашон баромада
ҳардуро ба тарошакафонй даъват мекунад, ва ба як саҳни
хавлии калон мебарад. Дар як тарафи ҳавлй кундахо ва
дарахтхои 3-4 метраи ғафюро нишон дода мегӯяд, ки дар
ин ҷо як моҳа кор ҳаст, агар ҳунари кундакафонй дошта
бошед - марҳамат.

Додарон ба кундаҳо наздик шуда мебинанд, ки кундаи
«гуҷум» - дар Бухоро дарахти қайрагочро «гуҷум» -
мегӯянд. Дарахти қайрагоч баъди шамол хурда обаш
паридан бисёр сахт мешавад ва пора кардани он аз ҳад
мушкил аст. Худи соҳибкор ки доим ба тарошакафонҳо
сару кор дорад инро нагз медонистааст. Кафонда майда
кардани чунин ҳезум бисёр мушкил аст, лекин мегӯяд, ки
ҳаққи як мохаи кори ҳардуятон 15-тилло, агар ба хамик
розй бошед, метавонед баъди хӯрок корро cap кунед.

Амакам ба кундаҳо имо карда мегӯяд, ки ин кори ду
мохаи 2 кас, лекин шумо ба 30 тилло ҳақ метиеду мо корро
cap мекунем. Соҳибкор ба амакам як нигоҳи айёронаи
пуртаббасум карда мегӯяд, ки фикри ҳардуямон як хел
баромад. Ман якчанд тарошакафон оварда нишон додам -
ба ман гуфтанд, ки ин кори 4-моҳаи 2 тарошакафон
мебошад. Худам нагз медонам, ки 2 кас дар 2- мох агар кор
кунаду рӯдагафсй накунад инро мешиканад. Лекин барои
санҷиши шумоён як моҳ гуфтам. Ин ҳезумро аввал

22
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои 0скш)арги

яколчинӣ мебурреду баъд мекафонед, аз як олчин зиёд не.
Оташдони мо гарчанде калон аст, лекин барои аловмон
ноқулай. Бинобар фармоиши ман ҳамин. Як олчқни шавад
барои аловмон осон мешавад.

Падарам ба ran ҳамроҳ шуда, аввал барои ин кораш
бахшиш мепурсаду баъд мегӯяд: Агар мумкин бршад, ман
ҷои аловмонии шуморо бинам, баъд ба Шумо ҷавоби
ченаки дилхостатонро мегӯям. Барои гапи калонҳоя
буриданаш аз тарафи соҳибкор падарам як сарзаниш
мегирад, лекин амакам додарашро тарафдорй карда,
фикри ӯро тасдиқ мекунад.

Соҳибкор норозиёна ҳардуро ба тарафи ҳаммом
мебарад ва оташдонро нишон медиҳад. Акадодарон ҷои
аловмониро дида ҳайрон мешаванд ва ба интарафу он
тараф нигоҳ карда мепурсанд, ки ин чӣ хел ҷой аст, мӯрии
дудбароӣ дорад ё не?

Соҳибкор мегӯяд, ки мӯрӣ дорад лекин дурудароз аст
ва аз дигар тарафи бино мебарояд ӯро бо чашм дидан амри
маҳол аст. Ин ҷо ҳаммом. Дари даромаду баромадаш аз
тарафи кӯча. Ин ҷо фақат як аловмон меистад. Марҳамат
карда шумоён кундаҳоро майда карда диҳед, ба он
тарафаш коратон набошад. Бо ҳамин акадодарон бо
соҳибкор ба меҳмонхона даромада хӯрок мехӯранду
давоми маслиҳати музди корро ҳал мекунанд.

Амакам такроран мегӯяд, ки мо ҳардуямон ҳам аз кор
наметарсем, бинобар он ман муҳобот накардаму рости
гапро гуфтам. Агар ба гуфтаи ман розй бошед, имрӯз мо
авзоли кориамонро ба тартиб оварда, баъд ба кор cap
мекунем. Аз шумо илтимос ҳамин ки 2-дона сӯяни нав ёфта
диҳед, сӯянҳои худамон аз кор баромадагй. Арраю
табарамон ҳоло ба кор меравад, лекин кундаҳои шумо
бисёр хушк шуда сахт, шудагӣ, авзолро зуд аз кор
мебарорад. Соҳибкор мегӯяд: Номи ман Мирзокалон. Ман
дар ин маҳалла одами обрӯмандам ва калони маҳалла,
назди ман бо ҳар хел масъала одамҳои бисёре меоянду
мераванд, агар дар вақти кори шумо назди ман касе омада
монад, шумоён шӯхию найрангҳои кӯҳистониро накунед.
Ба гапу кори ман ҳамроҳ нашавед, ба иззати цафси ман
нарасед ва шумо аз ин кор бурд намекунед. Чун фикри

23
*Ғу5ори хотирот_____________* Қудратуллои Искидарги

дуямон як хел баромад, ман шароити корро ба шумо
муҳайё мекунам, лекин шумоён рӯдағафсй накарда корро
аз сидқи дил мекунед. Ман ба гуфтаи шумо розӣ 30-тилло
медиҳам. Агар аз 2 моҳи гуфтагиамон барвақттар тамом
шавад боз 10-тиллои дигар илова ҳамчун мукофст
медиҳам. Ин қавли ман. Ҷойхоб доретон? Ё ин ки...

-Ҷойхоб дорем, мегӯяд амакам-лекин аз ин ҷо дургар,
агар ин мушкиламон осон шавад, кор тамоман ранги дигар
мегирад. Думоха ҳаёти мо дар пеши назари Шумо
мегузараду бар болои он ба Шумо 60 кундае ки мо барои
аловӣ мебарем изофа мемонад ва худатон боварй ҳосил
мекунед, ки мо чӣ хел касем, ҳам дар кору хам дар ҳаёт. Бо
ҳамин маслиҳаташон мепазаду Мирзокалон ба
хизматгорбачча мефармояд, ки рафта аз хонаи фалон кас 4
- дона сӯяни нағз биёрад. Баъди рафтани хизматгор ба
амакаму додом дар як гӯшаи ҳамон ҳавлй як хоначаи
таҳмин 4 кас мегунҷидагиро нишон медиҳад, амакам
мегӯяд: Барои раҳмхӯриатон раҳмат, мо барои кор кардан
омадагй, барои истироҳат кардан не. Мо ба ҳамин қарор
омадем, ки ҳамон 10 тиллои ваъдагиро аз Шумо ба сабаби
меҳнати ҳалол канонем. Ин шӯхй Шумо хафа нашавед,
лекин ба хонангиҳо фармоед, ки ба мо ягон хӯроки ба
шикам меистодагиро тайёр кунанд. Ширчой нағз албатта
то ду табар задана, табари сеюмро бо шиками холӣ
бардошта намешавад. Ҳарсеяшон механданду ҳар кас ба
кори худ машгул мешавад.

Қисса кӯтоҳ, дар байни 40 рӯз хезумро шикаста тамом
мекунанду ба худашон 3 рӯз истироҳат эълон мекунанд, ба
умеди он ки дар ин мӯҳлат боз ягон кори дигари яклухт
ёбанд. Саҳари рӯзи сеюм, баъди намози бомдод
Мирзокалон ба наздашон омада мегӯяд, ки маро
бахшетон, аз шумоён напурсида ман шумоёнро фурӯхтам.
Амакам ба ҳамон табассуми ширини ба худаш зебанда
мегӯяд: Мирзоҷон мо розӣ ба шарте ки баҳои арзанда
бошад, ба нимбаҳо мо розӣ намешавем. Мирзокалон
ҷавобан мегӯяд:

- Марҳамат карда ба меҳмонхона гузаред, ман
харидори шумоёнро ба ширчой таклиф кардагй, дар назди
меҳмон ман шумоёнро ҷавоб медиҳам. Ин кор нархи

24
* Қудратуляои Искидаргӣ

*Ғубори хотирот

Шумоёнро дар чашми харидор мебардорад. Хӯш ки бошад
ман рафта бачаро ба таклифи шумоён мефиристам,
илтимос таъхир накарда биёетон. Бо ҳамин масьалаи кор
то вақти ба хона баргаштан таъмин шуда мемонад. Пеш аз
ба хона баргаштан акадодарон барои хайрухуш ба назди
Мирзокалон меоянд ва шабро дар ҳамон ҷо мегузаронанд.
Дар рафти сӯҳбат амакам мегӯяд, ки Мирзоҷон Шумо ҳам
калони ҳақиқию ҳам Мирзои ҳақиқӣ! Дастатон х,ам сабук,
мо ба сабаби Шумо имсол соҳиби даромади арзанда
шудем, албатта ба сабаби меҳнати ҳалол! Мо ҳам аз Шумо,
ҳам аз дӯстони шумо розӣ ҳаегем! Чунки мо ба нияти хайр
аз хона баромада будем. Ба даргоҳи Худованд шукр, агар
сиҳагу саломат ба хона расем, ба розигии парвардигор,
зимистони оянда туй!

Ман оиладор мешавам. Агар илоҷи рафтанро ёбед. ба
тӯйи домодшавии май, ба кишлоқи мо марҳамат! Қишлоқи
мо Дарги шариф ном дорад. Агар шумо ба ин тӯй меҳмон
шуда равед сари мо — додарон ба осмон мерасад. Мо ин
таклифамонро рафта дар назди хешу табор такрор
мекунем, ки мо ба тӯямон Бухорои Шарифро таклиф
кзрдагй! Я к худи Шумо дар назди қишлоқиёни мо таклифи
Бухоро мешавсд. Ин коратон шохи баъзе бойбачагонро
мешнканац. Ман махсус додарамро барои Шумо
мефиристонам. ки ба Шумо рохбалади кунад. Худам ду
чашм дар роки Шумо, то расида наравед, ман тӯй cap
намскунам.

Мирзокалон миннатдории зиёде изҳор мекунаду
мегӯчд. ки Шарифчонро шумо бехуда саргардон накунед,
аввалаш ин ки мана корам аз ҳад зиёд, худатон дидед, дар
оила чеҷ кас кори маро карда наметавонад. Бовучуди он
агар илоҷашро ёбаму нону намаки қишлоқи шумо насиб
карда бошад. худам роҳбалад меёбам.

Сахар баьди ширчой, Мирзокалон мехмононро
гуселкунон барои арӯси амакам як фаранчй бо
руйпушонакаш сӯхфа мекунад. Ҳамон сол додарон қариб,
ки аз \амаи бухороравҳо дер омаданд ва миёнро маҳкам
баста ба коридани лалмҳо машгул шуданд. Аз як лаб
хама и заминхои лалмии Дарту Искидаргу Нармкашро
кори дан д. Мсбинанд, ки як хар барои кашондани бандҳо

25
* Fyбори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

камӣ мекунад, амакам Уротеппа рафта боз як хари
бақувати дигар харида меорад.

Назар ба дарғиҳо яғнобиҳо сермол буданд. Тобистони
ҳамон сол вақги барратарош аз Яғноб а макам 40 барра
харида мебиёраду ба моли кишлоқ, ки дар Шунҷивара
барои тарошидан хобонда И1уда будаст Ҳамроҳ мекунад ва
тароши аввалро дар ҳамон ҷо мегузаронад.

Тобистону тирамоҳи ҳамон сол ҳамаи зироати
заминҳои обию лалмиро сари вақт чамъоварӣ карда
мегиранду ба тайёрии тӯй машғул мешаванд. Одатан пеш
аз ба чӯл ҳай кардани мол дарғиҳо гӯсфандро боз як
марогиба метарошанд. Бинобар он амакаму додом неш аз
дигарон гӯсфанду барраҳояшро, ки дар Ашипаст
хобондагӣ буд, чудо карда мешӯянд - аз як тараф пашми
гӯсфанд тоза шавад аз тарафи дигар гӯсфанди шустагӣ
бардаму бақувват мешавад ва хунукии чӯлро on қадар ҳис
намекунад. Ғайр аз ин барратарошй дар мо як анъанае
ҳаст, ки мардуми бисёре ба он ҷамъ шуда мусобиқакунон
барраҳоро метарошанд, кӣ тез метарошад, кй тоза
метарошад ва умуман ин маърака ба хушгӯиву хурсандй
мегузарад. Дар ин маъракаи барратарошӣ касе ки молаш
кам аст як барра, касе ки молаш зиёд аст ду ва аз ин
зиёдтар барра мекушад. Мардуми тамошобин асоеан
барои гӯштхӯрй меоянд. Он касе ки аз ду барра зиёдтар
куштааст, гӯшти боқимондаашро шикамба карда ба хона
меорад, ин як фахр барои он кас мешавад. Донед. ки мо ин
қадар барра куштем, ки ба қишлоқ овардем.

Акадодарон 3 барра кушта, яктоашро шикамба карда,
ба хона меоранд. Тирамоҳи ҳамон сол амакам оиладор
мешавад. Баъди кӯтоҳ шудани пои равандаю ояндаҳо як
шаб падарам ба акааш маслиҳати Бухороравиро
пешниход карда мегӯяд, ки: Ако акнун ташвигаи Даргу
Искидарғ ба гардани Шумо, маро ҷавоб диҳед Бухоро
равам. Агар худатон барин ягон шарики меҳнатдӯст ёбам,
то вақти тамом шудани чуфту тухм кор мекунам ва
наздикии пухтани зироат бармегардам, лекин шарики нағз
наёбам, барвақттар меоям. Шумо бошад ба лозимдиди
худатон аз ҳамин хешу табори янгамон ягонта қобилашро
ёфта ба ман фотиҳа кунед. Касе, ки набошад ман розй,

26
фақат қобилакаш на меҳнатдусг бошад, ки оилаҳоямон
обод шавад. Амакам одами бисёр ботамкин_ оудаасту
•ухаихои беҳуда намегуфтааст. Ба падарам мегуяд, ки ин
тавр не. Ташвиши Дарғ ба гардани ман, ташвиши
Искидар! ба гардани ту. Имсол акнун дер шуд Ьухоро
пафтанат катй ҷои кори нагз ёфтанат мушкил. Имсолашба
юқат кун. Тирамох баъди ҷамъоварии галладона яюнта
6а х.удат маъқулаша ёфта фотиҳа мекунем. Баъд ягон
яамроҳи меҳнатдӯсти нагзро худам ёфта ба ту ҳамрох
мекунам, ки ҳам кор кунаду хам аз аҳволи якдигар бохабар
бошетон, то ки дар мусофират азоб накашед, ҳам худам ин
но хотирчамъ бошам. Дар сафар одами ноқобил дарди cap
мешавад ва одамро дар азоб мсмононад. Ин маслиҳат ба
хардуяшон мат.қул мешаваду падарам дар Искидар!
мутасаддии гову мол мешавад. Амакам бо арусаш дар таи
деҳ 6с» молҳон калол машғул мешавад, лекин ҳар ҳафтд
яони гарму мағзу чагз барои додараш бурда, аҳволпурси
мекунаду ягон камбудӣ агар бошад ислоҳ карда шаб,
апбатга, Дарғ меравад. Падарам дар^ хонаю cam
дӯстдоштааш дар лаби боми қутаи шабро рӯз мекунанд ва
бо ҳамии ахвол зимистонро ба баҳор мерасонанд.

Зимистон дар Искидарг

Хамон сол зимистон дар Искидарг назар ба дигар
соиҳо сахттар мешаваду бомҳои хонаю огалҳоро якчаид
маротиба рӯфтан лозим мешавад.... Як шаб аёси хунук
мекунаду сагаш дар болои бом бетоқатй мекунад ва ғур-
гуркунон болои бом бисёр чарх мезанад. Баъзан омада бо
нохунҳояш дарро мехарошад. Падарам аз бетоқатии сагаш
пай мебарад, ки вай яг он сиёҳиеро дидааст.

Болои адов се-чор парогаи ҳезуми сахтро мемонаду
асояшро ба даст шрифта берун мебарояд, ки car охиста
омада доманашро мекашад ва ба тарафи каҳдон равон
мешавад. Падарам асояшро сари китф тайер карда аз паси
га. тарафи кахдон мераваду мебинад, ки як сиеҳии калон
ба девор чафс шуда рост истодааст. Падарам гумон
мекунад, ки одам аст. Овоз те - мегуяд - ту кисти. Дар ин
бевактии шаб чй кор карда истодаи? Саг ба сиеҳи хучум
намекунад, факат атрофи соҳибаш чарх мезанаду хатто

27
*Ғубори хопшрот

* Қудратуллои Искидаргй

овоз баланд намекунад - яъне аккос намезаиад. Падарам а з
калон будани сиёҳй дилаш ҳарос мекунаду қафо i ашта аз
болои алов як чӯби нимсӯхтаи аловдорро гирифта ба
тарафи сиёҳй меравад... То аз хона баромадани надарим
сиёҳй ба тарафи Искидарғи боло меравад. Саг аз пасаш
оҳиста-оҳиста қадамашро мешумурдагй барин дуртар аз
сиёҳй қадам мезанад. Падарам бетоқатона сагашро ба
назди худаш ҷеғ мезанад, car бо дшш нохоҳам қафо
мегардад. Бо ҳамин хобаш мепарраду то саҳар бо дӯстн
вафодораш гох ба хона медарояду гоҳ болои бомн қутан
шабзиндадорӣ мекунад.

Саҳар ҳаросида-ҳаросида ба қаҳдон мераваду барон
молу говон хӯрока мебиёрад. Албатта, ки сагаш аз пасаш
монанди посбон мераваду меояд. Баъди хӯрок до дани, моду
говон, чойҷӯшро назди алов мемонаду аловро тоза карда,
дар болояш якчанд параха чӯб мемонад, ҳамнн вақч
амакам аз дар медарояд... Мебинад, ки падарам дар назди
алов... рангаш паридагй, дар зсри чашмонаш сиёҳй пайдо
шудагй... ҳолаташ беҷо... Дарро аз пасаш напушида зуд
омада додарашро ба канор мегираду аз сару рӯяш бӯсида,
баъд пешонияшро даст даст мекунаду мебинад, ки ҳарораз
надораду арақи хунук пахш кардагй...

- Чй ran шуд? - мегуяд - тинҷи-мй?

Падарам мегуяд, ки тинҷй, ҳеҷ ran нест, хама дар
ҷояши.ҳарҷо, ки парист дев бюо ӯсг!

То ин вакгг рӯз сафед мешаваду амакам берун
мебарояд ва мебинад, ки саг дар ҷои доимин худаш ҳалқа
зада сарашро байни дастонаш наноҳ карда хоб рафтаасз,
лекин мӯи баданаш хестагй... гоҳ-гоҳ бадана ш чу г
табларза кардагй барин меларзад. Назди саг мсбиёяду
танаи сагро дастмол мекунад ва мӯи баданашро
мехобонад. Дасту пои сагро даст-даст мекунад, лекия саг
сарашро намебарорад, баъд ба атроф назар мекунаду
мебинад, ки рӯи бом - паи пойи сагу одам шаб то саҳар
гаштагй барин...

Дари кутанро мекугиояду огали говону молонро
мебинад, ки говон каҳ ва молон алаф дар пеш оромона
хӯрда исгодаанд, як даме дилаш гаскин меёбаду назди
додараш меравад, мебинад ки уро хоб бурдааету об

28
*Ғубори хотирот_______________* Қудратушои Искидаргӣ

чӯшида истодаасг, чойника аз тоқча шрифта бо оби чӯш
мечайқонаду чой дам карда назди алов мемонад ва дегро
ба с гашдон савор карда ба дарунаш як-ду устухон
меандозаду бокимондаи оби ҷӯшро ба дег холи карда аз

болояш боз об меандозаду аловро баланд мекунад ва берун
мебарояд, car ҷои хобашро иваз карда ду чашмаш тарафи
кахдои дӯпий ва зери лаб ғур-ғур мекунад аз ии мефаҳмад,
ки ҳарчй ҳаст дар ҳамон каҳдон хаст, сагро аз па^аш баҳ-
бахкуиоп Ы гарафи каадон меравад. Саг бо дили нохоҳам
43 идеи а макам равон мешавад ва боз муи баданаш
мехезад...

Аз ҳолати саг пай мебарад, ки ҳақиқатан ҳамкаҳдон
ҷойи хатарнок аст, палҷшохаи оҳаняро аз зери болори бом
каши да метираду ба тарафи каҳдон раҳсипор мешавад...
назди кахдон расида дарро кушода ба атроф назар
мекунад, паи пойҳои калон калон дар болои барфу ҳсҷ кас
не. Баьд ба ти пои рафтагй дикқат дода мебинад^ ки паи
пои хирси калон ба гарафи Искидарғи боло рафгаги.

Медоиад, ки дар Искидарги боло одам нест. Бинобар
он аз паси хирс таъқиб намекунаду баргашта назди
додараш меояд ва мебниад, ки холо хам иояшро дароз ва
коматашро рост карда дар болои пӯстак хобидаасг. Бо
ҳамиг. рафгу омаду чархзаниҳо вақти об додани молҳо
шудааст. coryvi обро назди молҳои майда мемонаду говҳоя
cap .мода назди ҷӯй ҳай мекунад. 1 овҳо ҳамчун одати
ҳйррӯза худашон лаби чуй рафта об мехӯранду гашта
оҳио"! J -охистл ба огил даромада назди охурҳои худ
мераванд. Алафгз беда аллакай партофтази оа алафхури
шуруп мекунанд.

Амакам ба назди додараш меояд ва мебинад, ки вай
бедой шудаасту дастархон пахн карда нонҳои обпаридаи
худро болои дастархон монда, мушазири акааш асг.

Баробдри омадани акааш шӯрборо ба габақ
меба рдораду (at боқимондааш якто нонро реза карда
сарпучш опро пӯшонда акаашро оолои пӯстак
мешинонаду худаш болои пал оси кӯҳна нишасга, бе гапу
калоча ба хӯрокхӯрй шуруъ меку на ид. Баьди хӯрок бо оби
нимгарм части акаашро мешӯёнаду бо хамин об табакро
шуста ба дег мерезад ва дегро бардошт а ба берун мебараду

29
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарм)

он чизе, ки дар дег буд ба чукурии сагаш мерезад. Ва дегу
габақро аз сари нав шуста латта мезанаду дегро болои
табақ чаппа карда барои чойнӯшй назди акааш шишта а.з
хонаю дар, аз саломатии янгаашу навигариҳои қишлоқ
мепурсад. Баъди як-ду гшёла чой гирифтан мегӯяд, ки
вақти хӯроки шаби молҳо шудагй. Шумо баҳузур чой
нӯшида шинед, ман рафта хӯроки молҳоро тайёр кунам.
Амакам мегӯяд, ки не ту шину сабзию пиёз чану як оши
кори калон тайёр кун, ман худам рафта молхоя хӯрок
медиҳам ва атрофро як тамошо карда мебароям. Имша(5
ман хамин чо мемонам.

Бо ҳамин акаю додар хар кадом ба кори худ
андармон рӯзи зимистон хам ба охир мерасад. Оқибат
баъди хӯрдани оши палов амакам мегӯяд, ки ман ҳамаро
фаҳмидам. аҷоибаш ин ки ҳоло вакти аз хоб хеетат?
хирсҳо нашудааст, ин хирсро чй вокеае аз хоб иедор
кардааст. Ва вай гаранг-гаранг аз ҷангал баромада ин
тараф омадааст. Агар вай ҳушёр мебуду ба шумоҳо ҳуҷум
мекард, аз шумоён ягон ному нишоне боқй намемонд
Пекин ба забони худат на юг кун, ки чй воқеа рӯй дод9

- Ягон воқеаи дақшатовар не, шаб саг намеаккиду
бисёр беқарорй мекард. Асоя гирифга баромада бинам, ки
саг тарафи кахдон меравад, аз ггасагн рафтам. дар
равшании барф нигох кунам, дар танаи девори кахдон як
сиёҳии калони бадвоҳима рост истодааету овоз ҳам
наметияд. Давида омадаму як нимсӯхтаро гирифта ракам,
хаёлам аз равшании адов тарсида ба тарафи Искидарги
боло рафт... Мо аз пасаш нарафтем. Хайр ҳар чй бошад,
ин бегоҳ меомадагист. Имшаб ҳардуямон тамошо мекунем.

- Ту алов нею табара тайёр кун, ман панҷиюхаи
оҳания мегирам, мо ду кас бо ин филпайкари ту се кас
мешавем. Х,ар чи ки набошад, ба се кас ҳуҷум намекунад.

- Ман аз дигар чиз тарсидам, агар гург ё хук мешуд
саг меаккид, шаб саг намеаккиду факаг typ-iyp кунон аз
атрофи ман дур намешуд, лекин шаб ҳарчй буд, гузаигт.
Агар имшаб биёяд мебинем.

- ГТарво накун. Хаволба одам ҳаст, ё ки ҳеҷ хае нест?

- Ман гузаштани ҳеҷ касро надидаям. хаёлам худам
танҳо.

30
* Fyбори хотчрот__________ * Қудратуллои Искидаргӣ

Дар зимистон қишлоқи беодам бадвоҳима мешудааст,
аз ин ҳамсояҳо ҳам ҳеҷ кас нест.

Ана мана нагуфта тул ҳам медарояд, ман янгата
гирифта мебиёям. Се кас мешем. Он вақт қишлоқамон пур
мешавад. Пагоҳ ман то Искидарғи боло меравам, кани
бинем-чӣ.

Бо ҳамин баъди ош то бевақтии шаб акаю додар
сӯҳбат мекунанду нисфи шаб баромада атрофи хонаро
чарх мезананд, лекин саг овоз надода дар ҳамон ҷои
иш ихобкардаи худаш мехобид.

Онҳо даромада дар ҷойхоби худ дароз мекашанду аз
ёру ошноҳои бухорӣ ёдовар мешаванд.

Дар охири сӯҳбат амакам мегӯяд:

- Агар ту муқобил набошй, - ман ҳамон духтари
Муллосафара хуш кардагй, - як пучуқакак дорад-ку. Ба
ман рафтораш бисёр маъқул, ҳам қобилакак, ҳам боодоб,
доим саракаш хам, як оилаи нағза саришта мекардагй
барин. Ман ба янгаат мефармоям аз пасаш назорат кунаду
санҷад.

- Ако, ман Шумоба гуфтам, касе, ки набошад,
хизматгору беозор бошад, ки хизмати Шумо калонҳоя
кунаду ману Шумоя аз ҳам ҷудо накунад. Агар ману
Шумоя ҷанг меандохтагй бошад, ман аз ҳафт махаллааш
безор. Мо чанд касем, ки байни мо алов мемонад. Хоҳар
бо зиндагии худаш... Бо оилаю оиладории ману Шумо вай
кордор нест ва кордор ҳам шуда наметавонад.

- Ин гапат ба ман маъқул. Ба ман ҳамин хелаш
мефорад, ки аҳлакаки камгап бошад.

- Хайр, майлатон ако, ба Шумо маъқул бошаду ба
янгаам рафтору кирдораш форад, ман муқобил не.

Саҳар амакам барвақттар бедор мешаваду берун
баромада мебинад, ки ҳаво мулоиму барфи майда борида
истодааст. Ҳа... Худо хоҳад, барфи нағз, як ду руз
меборидагй барин гӯён қарор медиҳад, ки имшаб ҳам
истаду барои тоза кардани бомҳо ба додараш ёрй расонад.

Додарашро бедор намекунаду аловро даргиронда
чойҷӯшро назди алов монда ба молҳо хӯрокдиҳй меравад.

Падарам ҳам бедор мешаваду мебинад, ки об чӯшида
истодааст, даррав ба офтобаи таҳораткунӣ оби ширгарм

31
*Ғубори хотирот

* Kydpuw^wouJftcKuOapai

гирифта берун мебарояд, ки амакам молҳоя хӯрок дода
бармегардад. Оби таҳората ба амакам дода ба кори хона
машғул мешавад.

То баргаштани акааш хонаро рӯбучин мекунаду
ҷойнамозро партофта ба худаш оби таҳорат тайёр карда
рафта таҳорат мекунад.

Баъда намозу наҳорй ҳарду берун мёбароянд, барф
якзайл меборид... Амакам мсхӯяд, ки Худо хохад, имсол
киштукор нагз мешавад. То тармаҳо фуромадана лалмҳои
Сурхия коридан даркор, онҷо дили офтоб, баъд лалмҳои
Нармкаша мекорем, гармсели окҷо рутубата тез
мехушконад. Баъди вай дар хар куҷое, ки ҳамсояҳо ҷуфт
бароранд, аз паи онҳо намонда мо ҳам коридан мегирсм.

Бо ҳамин ин шаб ҳам тинчакак мегузарад. Саҳар
мехезанд, ки барф дар болои бомҳо аз ҳад зиёд задан/, як
кас аз ӯҳдаи рӯфтани ин қадар бомҳо намебарояд. Бслҳои
чӯбин ки аз шаб равған молида тайёр карда туда буданд.
акнун ба кор омаданд. Амакам ба додараш рӯфтани
бомхоро мефармояду худаш ба хурок додани молҳо
меравад. Ва ба умеди он ки шурбои нисфирузи аз гӯшти
кабк шавад дари кахдонро кушода мемонад. Баъди кӯрок
додани молҳо бели дуюмро ба даст мегирад яа ба назди
додараш мешитобад. Дере нагузашта баъзе ҳамсояҳо аз
деҳа ба бомрубй меоянд. Бо ҳамин гаппартоию шухию лак-
чакхо cap мешаваду то бегоҳ бомхои бесоҳибро ҳам тоза
мекунанд. Дар ҳакиқат ҳамон сол барфи зиёде мезакаду
тармаи зиёде фаромада бисёре аз огилу ках,донҳои наздики
тармафуроиро пахш карда, вайрон мекунад.

Амакам пеш аз даромадани тӯли молҳо оилаа|Про
кӯчонида ба Искидарғ мебиёраду ба корубори додараш
ёрмандӣ карда бе зарар тӯлро мегирад. Баҳори ҳамон сол
додарон ҳамаи лалмиқояшонро мекоранд. Гирамоҳ галлаи

фаровон ҷамъоварӣ мекунанд.

Ҳамсояҳо касе, ки гови ҷуфтй дошт ва ҳамаи
лалмиҳояшонро корида буд ҳосилй ҷаву гандуми фаровон
ба даст меоранд.

Додарон баъди ҷамъоварии ғалладона ба_ хулосае
меоянд, ки ғаллаи ҷамъоварикардаашон барои хӯрокаи 2-

32
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

сола мерасад. Бинобар он амакам ба додараш маслиҳат
чунин медиҳад: : ■

- Имсол мо бо янгаат ба қишлоқ намеравему ҳамин ҷо
мемонем. Янгаат бо маслиҳати баъзе хешонамон ҳамон
духтари Мулосафар - Оғобегимро интихоб кардааст. Ман
ҳамон духтарро фотиҳа ва ноншиканон карда мемонам.
Агар ту ягон кори сердар омад ёбию корат барор гирад
баҳор дергар биёӣ ҳам мешавад. Боварӣ дорам, ки ба
киштукори баҳории ман амаки Одина ва язнаамон ёрй
мерасонанд. Лекин ҳаракат кун, ки пеш аз дарав биёй, Дар
вақти ҷамъоварии ғалладона бе ту ман танҳогй мекашам.
Падарамро ба Бухоро гуселонида аз меваҳои Фалғар ба
Мирзокалон як дастовези зебанда харид карда
мефиристонад. Падарам бо ҳамин ба Бухоро сафар
мекунад. Мирзокалон ба омадани падарам хурсанд
мешавад ва 2-моҳа кори тарошакафониашро таъмин
мекунаду боги дар беруни шаҳрдоштаи худро ба ихтиёри
падарам барои то баҳор истиқомат кардан метияд.
Зимистони Бухоро ҳам сахт мешавад. Хусусан агар барфу
борон набошад, «қарасаввуқ» мегӯянд, бухориҳо чунон
хунук мешавад, ки баъзан шохҳои дарахтони мевадиҳанда
аз хунукй рангашро дигар карда сап-сафед мешаванд, - гӯё
ки дар шохи дарахтон барф борида бошад. Ҳамин хунукй
шохҳои дарахтона мехушконад ва ҳамаи ҳамон шоху
шохчаҳо дар вақти шамол калапар шуда мешикананд.
Падарам бо се каси дигар аз ҳамқишлоқҳои беҷой дар боғи
Мирзокалон хуфту хоб мекунанд.

Баъзе рӯзҳои бекорй хасу хошок ва хазони рехтаи
богро ҷамъ карда, дар ҳамон ҷояш месӯзонанд. Ин
корашон дарахтҳоро аз сармои зимистон эмин нигоҳ
медорад.

Тарошакафонҳо одате доранд, ки ҳар куҷое ки
тарошакафонӣ нараванд, яктогй кунда барои алови
худашон ба. ҷойхобашон меоранд, ки ин ҳам ба худашон,
ҳам ба соҳибхона барои аловй мерасад. Ва баъзан зиёдатӣ
ҳам мекунад, ки ин ба фоидаи соҳибхона мешавад.
Бинобар он мардикорони тарошакафон барои ҷойхоб
ташвиш намекашанд.

33
*Ғубори хотирот

* Кудратуллои Искидарги

Ҳоло баҳор нашуда, як рӯз Мирзокалон ба воситаи
хизматгорбачае, ки номаш Ҳамроҳқул будааст, таин
мекунад, ки имшаб Маҳмадшариф ба ҳавлӣ биёянд, кор
баромада монд. Дар хонаи Мирзокалон баъди хӯроки шом
намози хуфтанро мехонанду хӯҷаин мегӯяд:

- Шарифҷон, гулахии мо касал шудаасту дар хонааш
бистарй. То вақти ба Ватан баргаштани Шумо 2 моҳ
зиёдтар ҳаст, чй мешавад, ки ҳамин аловмонии ҳаммомро
ба ӯхда гиред. Шумо ҳоло ҷавон, қувваи ҷисмония Худо
додагӣ, баъзан агар ҳезум камӣ кунад, кунда доим захира,
худатон мешиканеду мӯҳтоҷ ба тарошакафон намешавем.
Мо ҳамаи корҳоятонро ба ҳисоб мегирем. Ба ҳар кадомаш
пули алоҳида. Вақти рафтанатон ки расид пулро яклухт
ҳисоб карда ба дасти шумо медиҳам. Дар ин хусус
метавонед ташвиш накашед. Агар Шумо ин кора ба уҳда
гиред, худи ман аз ташвиши оила хотирчамъ, чунки ба
Шумо бовариам ҳаст, ки кору зиндагии ҳалол мекунед.

Ба ҳамин падарам «гулахй» мешавад. Дар бораи
музди кор якбора гапзанон мекунанд, ҳам тарошакафон,
ҳам аловмон. Баъди якчанд рӯз кадом як ҳамқишлоқӣ, ки
аз ҳама дертар ба Бухоро омадааст, хабари ба падарам
фотиҳатӯй додани амакамро мебиёраду мегӯяд, ки акатон
тайн кард, ки агар ягон кори сердаромадтар ёбад,
метавонад то соли оянда хизмат кунаду хароҷоти тӯйро
тайёр карда биёяд. У он ҷо ҷамъоварии обу алаф ва
ғалладонаро бо ёрдами баъзе хешу табор ба ӯхда мегирад.
Баъди чунин таин, як бегоҳӣ назди хӯҷаин даромада
мегӯяд:

- Акаам ба Шумо салом мефиристанд, ва таин
кардааст, ки як солу ду моҳи дигар хизмат кунам, чунки
тӯйҳои моён харочоти зиёдеро талаб мекунад.

Мирзокалон аз ин хабар хурсанд мешавад ва мегӯяд:

- Акаатон бисёр одами тоза, ман ба ин боварии кул
ҳосил кардам. Гӯё ки ташвиши дили маро дар ҳамон
кӯҳистон ҳис карда бошанд. Ман ба акаатон қоил! «Як пуд
сангро аз болои дили ман гирифта партофт».
Гузаштагонашро Худо раҳмат кунад.

34
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

Бо ҳамин падарам хизмати яксоларо ба ӯхда мегираду
ба болои ин баъзе шабҳо ба меҳмонҳои хӯҷаин хизмати
дастархончигиро мекунад.

Баҳори ҳамон сол як кисми либосвории ба тӯй лозим
мешудагиро харид карда, бо дасти якчанд ёру рафиқони
ҳамқишлоқ ба диёр мефиристад. Ва солро ба cap карда
боқимондаашро харид карда ба диёр бармегардад.
Мирзокалон ба падарам хам туйёна як фаранҷии
қиматбаҳо тӯҳфа мекунад.

Ман он фаранҷиро ба чашми худ дидагй. Сабаб ин ки
модарам бо ҳамон фаранҷй ду духтар ба шавҳар бароварда
ҳамчун мерос аз модар ба духтар ба аппаи калониам
Ниёзбибй бахшида аст.

Ниёзбибй бошад он фаранҷиро ба духтари калониаш
Нурбибй шаби тӯйи арӯсй - моҳи ноябри соли 1952
пӯшонида буд. Баъди тӯйи Нурбибй ман он фаранҷиро
дигар надидам ва аз он пурсон ҳам нашудам. Шояд, ки он
фаранҷӣ ҳоло хам дар сандуқи ягон хоҳарзодаҳо ёдгорй аз
гузаштагон хоб бошад. Сабаби ёдовар шудани фаранҷӣ он
буд, ки то ҳамон соле, ки ёдовар шудем (1952) бисёрии
ҳамдиёриён бо ҳамон фаранҷй тӯйи арӯсияшонро
гузаронида ба шавҳар баромадаанд ва шояд, ки
ҳамдиёрон, хусусан занҳо он фаранҷиро ёд дошта бошанд.

Падарам баъди ба модари ман оиладор шудан пули
аз тӯй боқимондаро ба амакам медиҳаду илтимос мекунад,
ки ба ин пул тобистон боз камтар моли майда харад. Пули
бо хизмати ҳалолу бо машаккати зиёд ёфтаамон беҳуда дар
сандуқ нахобаду фоида биёрад мегӯяд, ӯ.

Амакам Муллоаббос аз ин фикри додараш хурсанд
шуда, ҳамон сол аз Яғноб 30-гӯсфанди ба барра ва 10-бузи
ҷӯшоӣ мехарад. Пеш аз ба чӯл фиристодан, баъди ҳамаи
шакасту рехт моли майдаи чӯлрав зиёда аз 150 cap
мешавад, ки ин қадар мол фақат бой дошта метавонист.

Занҳои тифоқ

Ҳарду марозинҳо чунон тифоқ будаанд, ки гӯё аз як
гиребон cap мебароварданд. Ҳамаи зиндагию ҳаёти
додарон дар дасти зани Муллоаббос яъне калиду маданг
дар дасти Эвазбикаю модари ман ҳамчун келин ё ин ки

35
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

хоҳарон зиндагӣ мекарданд. Занҳо дар ҳамаи корҳои
хоҷагӣ ва хоҷагидорӣ баробари мардҳо хизмат мекарданд.
Ҳатто агар мардҳо ба ҷуфти лалмҳо раванд ҳам яке занҳо
хӯроки гарм бардошта мебурдаасту буттаҳои аз пеши оҳан
буромадаро аз замин чида ба води замин бароварда чамъ
мекардааст. Ва албатта аз сари замин як сарворй ба сараш
бардошта ба хона меовардааст. Гарчй мардон ба харҳо
бор карда биёранд ҳам занҳо холӣ намеомаданд. Акнун
дар хоҷагй гайри барзаговҳо чор модагову даҳ-понздаҳ
бузи чӯшоӣ доштаанд. Ширу ҷурғот фаровон, соғуву
соғучаҳо пур, ҳар рӯз куппӣ задан лозим, равғани зарду
маска доим тайёр, бар болои ин ҳар сол яке аз заминҳоро
зағир мекоридаанд, агар ба худашон равғани зағир лозим
нашавад ҳам, туйдорҳо бисёр ба тариқи қарз ё ки ба
равғани зард баробарвазн иваз мекардаанд.

Ғайри гову бузҳо 10-15 гӯсфанди ҷӯшоӣ, ки ширу
ҷурғоташ махсус барои мардҳо сарф мешавад яъне
зиндагиашон ба тариқи хубу аъло мегузарад. Умуман
ғайри кори бозор занҳо ба дигар корҳои хоҷагидорӣ
ёрдамчии аввалиндараҷаи мардҳо будаанд. Дар вақти
шудгор кардан ё коридани заминҳои обӣ занҳо тифоқан
ҳардуяшон аз паси ҷуфтгар рафта сангҳои аз пеши оҳан
мебаромадагиро мечидаанд. Заминҳои майсаро хишова
карда аз алафи бетона тоза мекардаанд. Ва умуман чунон
тифоқ будаанд, ки доим мардуми атроф қам ҳамсояю ҳам
дуру наздик ба ин оила ҳасад мебурдагӣ мешавад. Кори
зимистонгузаронӣ ба гардани яке аз бародарон бор
мешавад. Акнун як хона дар Искидарғ тангй мекард.
Додарон бо маслиҳат як хонаи дигар дар паҳлӯи хонаи
Ниёз меандозанд. Хонаи кӯҳнаи болои қутан барои додару
наваш барои ако, чӯби манзилпӯшӣ аз они худашон
фаровон. Дарахтҳои арараю беду рем дар лаби ҷӯи
худашон доим мунтазири чӯббур, умуман ҳарду занҳо дар
оила ба паю қадам баромадаанд. Агар занҳо дар оила
тифоқ ва бомаслиҳат бошанд, мардхо забони якдигарро бо
як имою ишора мефаҳманд ва дар он оила зиндагии
хӯшбахтона ҳукмфармост. Он оила дар деҳа ангуштнамо
ва намуна мешавад. Ана ҳамин хел оилаи тифоқ ва бо хам
дӯст ҳамин оилаи додарон мешавад. Замини корам, ҷуфти

36
*Ғубори хотирот

* Кудратуллои Искидаргӣ

гов - барои коридани заминҳо, молҳои ҷушоӣ ҳама чиз
мерасад. Акнун ба ҳамаи ин шукр кардаю зиндаги кардан
даркор, чашм сер не, боз ба болои ин мардикори ҳам
кардан даркор. Агар аз бародарон яке ба мардикори
равад, дигараш дар қишлоқи Искидарғ мемондааст, ки ба
ҳамаи корҳои мардак ёрдамчй бошад. Акнун аз бозор
фақат биринҷ, намак, керосин, оҳани ҷуфт, лампами фонус
бо шишаҳояш харидан лозим буд, дигар ҳамаи хурока аз
деҳқонии худашон мебаромад. Акадодарон боғ
накардаанд, ки замин аз ҳосил намонад.

Дар ёдам ҳаст, дар Искидарғ назди хирман якто
дарахти зардолу доштем. Ин дарахт якчанд вазифаро иҷро
мекард: Аввал вазифаи бог, вазифаи соябон дар вақти
хирман, вазифаи сарҳади замини мо аз замини ҳамсоя.
Зардолӯи пайвандй буд. Гӯё амакам дар вақти бозгашт аз
бозори Уротеппа бо ағбаи Устунак, мебинад ки кадом як
шамтучӣ ниҳол мешинонад, аз ҳамон кас якто ниҳол
гирифта оварда назди хирману кахдон барои сояаш
мешинонад. Лекин дарахтҳои арараю беду рем бисёр
доштем, ки сабаби аввалиндараҷаи аз Ватан фирор
кардани падарам — х,ам ҳамин дарахтҳо ба ҳисоб мераванд.
Лекин ҳаёт он вақт дар ин оила бо ҷӯшу хурӯш оудааст.
Дар ҳақиқат агар кас хизмат карда, азоб кашида боигари
ҷамъ карда бошад, ба қадри чизи чамъкардааш мерасад ва
онро беҳудаю баҳуда хароҷот намекунад. Вале он касе ки
соҳиби давлати бемеҳнат шуда бошад, ба қадри он чиз
намерасад ва ба чор тараф мепошад. Яъне хароҷотҳои
нодаркор мекунад ва аз он боигарии бемеҳнату мдшаққат
ба дастомада тез ҷудо мешавад. Ин ҳақикдтест ба ҳама
маълум. Дар хдқиқат занҳои ҳарду бародарон ҷамъу ҷумла
кардаанд. Ба умеди он ки ба фарзандонашон мемонад.
Акнун шавҳарҳояшон метавонанд бо қоматҳои рост ва
сари баланд дар ҷамъомадҳою сӯҳбатҳои мардум ҳабби
ҳеҷ касро нахӯранд, рӯйрост ва беибо ба мардуми гаппарто
ҷавобашро гӯянд, шахсан падари ман, ки ҳар як суханаш
баробари тир мерасид, мардум аз вай ибо мекарданд.
Дороӣ одамро ҳам зӯр мекунад, ҳам гапдон мекунад, ҳам
нотарс.

37
*Ғубори хотирот_______________* Кудратуллои Искидаргӣ

Дар байни мардуми ӯзбак зарбулмасале ҳаст, ки
мегӯяд: «Огзи қийшиқ булсаҳам бойуғли гапирсун» -
«Даҳонаш каҷ бошад ҳам бойбачча ran занад». Хизмати
ҳалолу заҳмати зиёди занҳою худашон, акадодаронро
бойбача карда буд. Акнун ҳам гапдон шуда буданду ҳам
кордон. Баъзан бойҳову заминдорони калон, мардумк
обрӯманди қишлоқ аз онҳо маслиҳатҳо мепурсидагй шуда
буданд, ки ин ҳолат албатта бетағйир намемонад.
Нафасашон чунон тез буд, ки гуё дар «Дамашон шуьла
мепухт».

Марги фоҷиавӣ

Амакам соҳиби ду фарзанд шуда буд, лекин падари ман
ҳоло ҳам фарзанд надошт. Аниқтараш падар шуда буд,
лекин фарзандҳояш 2-3 сола мешуданду мемурданд. Дар
ёдам ҳаст, падарам мегуфт, ки ман падари 21 фарзанд
шудагӣ - пеш аз таваллуди ту ман 15 фарзанд гӯронидагӣ,
ту охирин, бистуякумин фарзанди манй! Фарзандони
амакам Маҳмадҷамилу Бибираҷаб, кӯдакони дӯстрӯяк ва
хӯшрӯй будаанд, бинобар он амакам ҳар вақте аз ҷой хезад
писараш дар бағалаш аз хона мебаромадааст. (Амакам
писарашро номи падар ва духтарашро номи модар
мондагӣ). Худи амакам, ки аз падару модар дар ҷавонӣ
сатира мондааст меҳри падару модарро ба фарзандон
гузаронидааст. Аз ин сабаб фарзандон аз ҳад зиёд эрка
шудагй. Падар аз ҷой хезад, «Додо ман ҳам меравам»-гӯён
ғаш мекунад ва гирякунон аз паси падар равон мешудааст.
Мардум ҳарчанд гапҳои талху пичинг гӯянд ҳам, амакам
аҳамият намедодааст. Ин эркагии писар оқибат падарро ба
марги фоҷиавӣ мерасонад. Амакам дар синни 25-26 солагй
бандагй мекунад.

Тобистони ҳамон сол зироати деҳқониашон бисёр ҳам
нағз мешавад. Амакам ба хулосае меояд, ки барои
ҷамъоварӣ кардани ғалладона зӯри ҳардуяшон намерасад,
бояд ки мардикор гӯянду даравгар ҷеғ заданд. Амакам ба
додараш мегӯяд, ки 10 барра ва серкаи 5-соларо ба бозор
барад. Табиист, ки дар чунин ҳолат як кас аз кӯҳистон бо
моли бисёр ба бозор намеравад. Бозорравони қишлоқ
ҷамъ мешаванду 4-5 кас шуда, молҳояшонро пешандоз
карда ба бозор ҳай мекунанд. Онҳо бо ағбаи Устунак

38
* Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

мераванд. Дар дамгаҳи cap кардани ағба корвонсарое
будаст, ки молҳояшонро дар ҳамон ҷо хобонда дам
медодаанд ва шабро он ҷо мегузаронидаанд.

Бозоракихо серкаи падарамро ба ду барраи ширбоз
савдо мекунанду мекушанд. Серка чунон фарбеҳ будааст,
ки аз равғани дарунаш деги корвонсарои пур мешавад.
Бинобар он равғани доғшударо бо дегаш даруни об монда
ях мекунонанд ва баъд дилу ҷигарашро бирен карда
тановул мекунанд. Гӯшти боқимондаро обҷӯш мекунанл
ки ин ба онҳо то бозор ва баргашта то хона омадан

МеРКори падарам омад мекунад, молашро дар роҳ то
расидани бозор фурӯхта тамом мекунад ва ба ҳамРоҳо™
нигоҳ накарда, ҳарду харро харбуза бор карда
бармегардад. Ба барор гирифтани кораш ниго*« накарда
як тарафи дил сиёҳ ва дар тахлука - худи дил гувоҳи
медихад ки хара тезтар ҳай кун, гӯёдар роҳ оояд ягон
воқеае рӯй диҳад. Баъди аз пули Зарафшон гузаштан каме
тахлукаи дилаш таскин меёбад, ки акнун ба қишлоқ наздик
шудам. Дар ҳамвории дашт ба рафтори харҳо ахам
медиҳад, мебинад ки харҳо ба обу арақ ғутидаанд. Бори
харҳоро мефурорад ва худаш якто харбуза кушта ноништа
мекунад. Ҳамин аакт аз тарафи Дарг як пиедагардеро
мебинад, ки ҷома сари китф саросема °мада истодааст^
Нигоҳ мекунад, ки як хешбачаи худаш, боз дипаш[ W
таҳлука меафтад, ки ин бача чаро саросема ба атроф
аҳамият надода омада истодааст... Уро овоз д<№ аз^роҳ
медорад ва мепурсад, ки чӣ ran, чи ҳодиса руи додаст^
Хешаш ҷавоби муайян надода мегӯяд, ки харҳоро бор
кунад. Ҳарҳоро бор мекунанду мегуяд, ки шумо пештар
равед ман хархоро ҳай карда Искидарғ мебарам...

Амакам баъди додарашро ба бозор гуселондан боз як
бор ҳамаи заминҳои Дарғу Искидарғро аз назар
мегузаронад, ки дарави гандумро аз куҷо cap кунад ва баъд
ба кадом заминҳо дарояд.

Пешакй якчанд кас аз хешу таборон ва якчанд каси
дигарро барои ёрдам хабар мекунад, ки досҳояшонро чарх
дошта тайёр мешаванд, ҳамин ки Маҳмадшариф аз бозор
баргашт даравро cap мекунем.

39
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

Аҷоибии кор дар он ки аз заминҳои Дарғ, ки назар ба
Искидарғ гармтар аст, даравро cap накарда аз заминҳои
Искидарғ cap мекунад. Ҳол он ки зироати Дарғ аз
Искидарғ 10-15 рӯз фарқ мекунаду зироаташ тезтар пухта,
хушк мешавад. Инро чй гӯем? Сабаби аҷал? Ё ин ки чизи
дигар?!

Худи амакам бетоқатӣ зоҳир мекунаду дарави
гандумро аз Искидарғ cap мекунад. Ҳамон саҳар намози
бомдодро барвақттар мехонаду досашро ба даст гирифта
ба сари замин меравад ва... То баромадани офтоб қариб
нисфи заминро медаравад, ки аз хона барои ноништа ҷеғ
мезананд. Ва писараш Маҳмадҷамил ки 4-5 сола будааст
давида омада мегӯяд, ки модарам чанголӣ карду мана
фиристонд, ки шумоя барам. Табиист ки падар писарро бо
меҳрубонии зиёде дар оғӯш кашида як мебӯсаду ба
гарданаш' савор карда ба хона бармегардад. Хурокаша тез
мехураду мехезад, ки ба салқинӣ боқимондаи заминро
даравад. Писараш Маҳмадҷамил ҳам мехезаду ба падар
мечаспад, ки додо маро ҳам баред. Амакам писарашро
пуштора карда ба сари замин меравад ва писарашро аз
пушташ нафуроварда досро ба даст мегирад ва даравро
давом Медиҳад. Дар ҳамин холат як мори сиёҳи калон аз
пеши досаш мебарояду хез зада аз болои сараш
парвозкунон мегузарад. Амакам аз таре гурдакаф шуда дар
ҳамон ҷояш меғалтад ва ...

Баъди гузаштани якчанд дақиқа янғаам Эвазбико
чойнику пиёла дар даст меояд, ки шавҳараш дароз
кашидааст. -Додоҷонаш хезед як пиёла чой гиред, даматон
меояд мегӯяду ба пиёла чой рехта дароз мекунад, лекин
амакам аз ҷояш намеҷунбад.

Ин ҳолат янгаамро маҷбур мекунад, ки хам шуда аз
китфаш ҷунбонад, лекин писараш мегӯяд, ки аз болои сари
мо як ресмон гузашт, баъд додом ғалтиду нахест... Янгаам
шавҳарашро ба рӯ мегардонаду мебинад, ки нафас
намекашад, гулӯяшро даст мекунад, ки тапиши дил нест.

Янгаам рӯйканону мӯйканон ба тарафи хона давида
модари маро ҷеғ мезанаду мегӯяд, ки додош ғалтидаасту
нафас намекашад, ту рафта хабар гир. Модарам давида
мераваду хабар мегирад, мебинад, ки кор тамом... Кайҳо

40
* Ғубори хотирот _____* Қудратуллои Искидаргӣ

ҷонаш баромадагӣ. Бо ҳамин додгӯён рафта
ҳамсояҳояшонро хабар карда меояд ва ҷасади беҷони
амакамро бардошта ба хона меоранд. Он шаб дар
Искидарғ ба гиряю нола мегузарад ва рӯзи дигар аз бедҳои
худаш бурида, шота баста, ба қишлоқи калон барои ба хок
супоридан мебаанд. Ҳамин қадараш ки падарам акаи
меҳрубонашро пеш аз ҷаноза кардан дар «аспи чӯбин
савор» мебинад.

Баъди гӯру чӯб як-ду ҳафта мегузараду хешу ақрабо
ҷам ь шуда падарамро тасаллӣ медиҳанду ба кору ташвиши
рӯзгор дуо медиҳанд.

Гарчӣ мурдани падару модар ба ҳама мерос аст, лекин
мурдани фарзанди падар тири алмос аст, мегӯянд дар
урфият. Аммо дар ин синну сол...?!

Ба ҳар кадоми мо чизе ки пешгӯй шуда бошад ва дар
насибамон навишта шуда бошад, бояд ки ҳамонро чашем
илоҷи дигаре нест.

Тақдирро тадбир нест

Мана акнун на эрка монду на эркатулфор. Аз амакам
то ин рӯзҳои даҳшатноки мо ягон фарзанди мардина нест,
намонд. Пекин аз Бибираҷаби духтарамакам ва бо
тадбирҳои сохтаи инсонӣ аппаам, шукри Худо фарзандони
қобилу доно бисёранд. Х,ар кадом бо роҳи худ.

Х,оло он дилсӯзию дӯстдории ақрабо дар байни мо
кам аст ва ҳатто нест гӯем ҳам, хато намекунем. Аммо
решай давондаи акадодарон то имрӯз шикастаю боз бо
рутубати худ қомат рост карда бо ҳаёт муборизаҳо бурда,
аз он насибаи худро канда боз ба дигар тарафҳо реша
сабзонда меоянд.

Аз байн 4-5 сол мегузарад... Маҳмадҷамил -
писарамакам ҷавони қобилакак мешаваду ба корҳои
хоҷагӣ ёрдам мекардагй мешавад. Лекин эркагиаш акнун
камтар бошад ҳам ҳоло давом мекунад. Писари ягона дар
ду оила. Аз модари ман бошад ҳоло хам фарзанд набуд,
мешаванду мемиранд, мешаванду мемиранд... Баҳори соли
1950 - давраи муаллимии ман падарам саҳлакак касал
шуданду гуфтанд, ки медонй ман ба 87 - қадам моНдам.
Ҳаминаш дар хотират бошад, ки ман падари 21 - фарзанд

41
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

шудаам. Пеш аз таваллуди Муллоаббос 15 - фарзанд аз
модари тую модари Маҳмадҷамил гурондам. Ту фарзанди
21-ум, баъди ту аз ҳеҷ кадом занҳои ман фарзанд
нашудааст. Ту охирон фарзанди ман.

...Аз мурдани амакам 4-5 сол мегузараду рӯзе калонони
Искидарғ назди падарам омада маслиҳат медиҳанд, ки
акнун аз зани ту фарзанд намешавад, ту бояд зан гирӣ.

Тарбия карда ба воя расонидани фарзандони акаат ба
гардани туст. Беҳтар мешавад, ки зани акаатро ба никоҳи
худ дароварда бо вай зиндагй кунӣ, шояд ки фарзандони аз
вай таваллуд мешудагӣ зинда монанд.Аагр фарзанд
набошад, ту падари бедум ё ки думбурида шуда мемони!
Бо ҳамин зани акаашро ба вай никоҳ карда медиҳанд, ки
баъди як сол апаи Ҳурбибӣ таваллуд мешавад. Аз модари
ман боз 2-3 той дигар таваллуд шуда мемуранду баъди
Ҳурбибӣ 5-сола шудан акаам Муллоаббос ба олами ҳасти
чашм мекушояд...

Падарам ба ин писараш номи акаашро мемонад. Ин
ном яке аз номҳои кӯҳнатарини авлодии мо мебошад. Агар
дӯстони дарғӣ фаромӯш накарда бошанд, дар болои кӯҳи
Ғиреканда горе ҳаст, ки гори Муллоаббос мегӯянд. Вай
ҳам таърихи худашро дорад... Яке аз бобокалонҳои мо ки
Муллоаббос ном доштааст бо язнаи худаш дар вақти
ҷуфти заминҳои Ғиреканда ҷанг мекунаду бо говрони дар
даст доштааш сари язнаашро зада мекафонад. Язнааш аз
ҳуш рафта меафтад, дигар ҷуфтгарон омада ӯро халос
мекунанд. Болои зада маиб кардан, язнаи худаша заната...
гӯён дашном медиҳад. Ин ran ба гӯши осаққоли қишлоқ
мерасад, осаққол фармоиш мекунад, ки ӯро наздаш оранд.
Дар он вақт гунаҳкорро назди амири Бухоро бурда ҷазо
медодаанд. Ҳамаи хароҷоти калони диёр, аз қишлоқ то
Бухоро, амиру вазиру дабир ба гардани гунаҳкор бор
мешудааст. Бинобар ин аз тарси ҳамаи ин хароҷотҳо ва аз
ғазаби хешовандони язнаашу худию бегона гурехта ду-се
моҳ дар ҳамон гор паноҳ мебарад. Дар ин мобайн уғани
кӯҳи Ғиреканда пухта мерасад. Аз бекорӣ зиқ мешаваду
шабҳо ҳамон уғани кӯҳро медаравад. Аз ин сабаб одамон
баромада аз ҳамон гор ӯро дошта назди осаққол

42
Ғубори хотирот

* Кудратуллои Искидарги

мебаранду месупоранду ва аз худашон як касро вакил
карда бо ивази 40-гӯсфанд аз гуноҳаш мегузаранд.

Гарчи язнааш дузана бошад ҳам ӯро «хоҳари худатро
ҳақорат додй»-гӯён гунаҳкор мекунанд ва чунин ҷазо таин
мекунанд.

Аз ин сабаб ин ғорро ғори Муллоаббос мегӯянд.
Бинобар он ин ном ғайри номи амакам ва бобокалонам
номи таърихию авлодии мо мебошад.

То таваллудшавии акаам Муллоаббос, ҳамаи оилаи
мо яъне амакаму падарам дар як хона зиндагй мекардаанд.
Баьди 4-5 сола шудани Муллоаббос ва таваллуди
Ниёзбибй як хона тангӣ мекунаду падарам пайҷои хонаи
паси Масҷидбударо ба ивази 80-гӯсфанд аз Одина ном як
хеши худаш - бобои модарии ҳамин Маҳмадназари
домодиамон мехарад.

Маҳмадназар ғайри домодиаш ба мо хеши ба хун
наздик аст, яъне бо хун пайвастаем.

Ва сабаби ба Ҳақназар ба занӣ додани Бибяраҷаб ҳам
модари Маҳмадназар - Бибишарифамоҳ, ки падарамро
тағо мегуфт, шудааст.

Модари Шарифамоҳ Норбибии калонй бо падарам
писараммаю духтартағо будааст, яъне мо ба Маҳмадназар
хеши пуштгашта вале хуншарик мебошем. Аз ин сабаб
Муломумини язнаам ва писараммаам Маҳмадназарро ба
хонадомодӣ қабул кардааст. Ва ҳоло замине, ки
Маҳмадназар ба ду писараш хона андохтааст, замини
наздиҳавлигии Мулломумин мебошад, ки колхоз ба ивази
богу роги гирифтааш додаст.

Дар пушти масҷиди боло падарам хонаи
болохонадор бино мекунад. Таҳхона барои аҳли оила ва
болохона барои меҳмонҳо ва барои истироҳати мардҳо.

Бибии модарам аслан аз Қуқанд будааст. Яке аз
хешони каздонӣ ба Қуқанд барои мардикорй меравад ва
дар хонаи шахсе ҳамчун хизматгор 4-5 сол хизмат мекунад
ва ба духтари сохибкор оиладор мешавад. Баъди аз cap
гузаштани падарарӯс оилаашро гирифта ба Ватани худаш
кӯчонда меорад.

Аз ҳамин сабаб номи духтарашро Оғобегим-туркй
мемонад. Бибии модариам писар надоштааст, бинобар он

43
*Ғубори хотирот__________ * Қудратуллои Искидаргӣ

пеш аз мурдан заминҳояшро ба духтарҳо ба тариқи мерос
тақсим мекунад.

Ана ҳамин хел шуда замини Таги сас, аз хонаи табиби
Каздонӣ то қариб «пули Мулло», дар Қарғоб аз пули
Мирзобобо то пули Мунҷг ҳарду замин ҳам ба раҳматии
Ниёзи пордарӣ шарикй - тақсими баробар, замини
Навушкано аз поён то себи туруш аз модараму аз себ то
болояш азони Кӯчак мебошад.

Ҳамин хел замини бисёре, моли бисёре, айлоқҷойҳои
бисёре ҳамаи ин азони Шарифи Ҷамил. Ҳамаи ин бетаъсир
намемонад. Дар хона занҳо сариштакор, ки захира ба
чандин сол мерасад...

Агар барои пайҷои як хона мувофиқи гуфтаи худи
падарам 80-гӯсфанд до да бошад, молаш ҳам зиёд будааст,
ки бебаркаш хароҷот кунад. Бар болои ин хароҷоти
андохти хона ҳам ба як ҷой мерасидагист?

Оқибат хона ҳам дар байни 2-сол пӯшонида
мешаваду модарам аз хешовандони каздонии худ ба акаам
Муллоаббос зан фотиҳа мекунад.

Писари аввалини худро дар сини 14-15 солаги
хонадор мекунад. Янгаам Бибимастура ҳам арвоҳаш шод
бод аз занҳои хоксор ва коркуну беозор будаасг. Дар хона
акнун се зани кордӯст ва захиракунанда.

Падарам акнун ба он дараҷае расида буд, ки уро
баъзеҳо Шарифбой, баъзеҳо Маҳмадшариф гӯён номбар
мекарданд. Дар гузари Боло ҳар касе ягон корро cap
карданӣ бошад, аввал ҳамин касро даъват карда бо
маслиҳати вай корашро мегузарондааст. Чунки падарам
х.ам молдору ҳам заминдор буд. Аз ин сабаб гапаш
мегузашт. Акнун дар қишлоқ яке аз одамони обрӯманде ба
ҳисоб мерафт.

Албатта ин ба табъи калонони диёр намефорад,
хусусан мардуми гузари Ҳавлии миёна, ки аз мардуми
«Омад»-ба вуҷуд омада буд. Ғайр аз ин калон ҳам аз
ҳавлии миёнагиҳо ки буд, бояд коре карда ягон камбудии
Шарифи Ҷамилро ёфта «фукашро ба замин молондан
лозим буд», яъне «бисёр ҳам аз худ наравад». Бинобар он
гапе мебароранд, ки гӯё Шарифи Чдмил гуфта бошад, ки
«Ҳайфи ман не ки дар хамин Искидарғ зиндагй мекунам»

44
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

ин гапест, ки ҳар хел одамро аз зин зада меғалтонад,
хусусан одами душмандорро. Ин ran дар асл дурӯғ бошад
ҳам, дар байни мардуми қишлоқ миш-миш пайдо мекунад.

Ҳавлии миёнагиҳо ки ба тӯҳмат Осакқоли қишлоқро
аз гузаштагони Шарифи Ҷамил гирифта буданд, аз он таре
доштанд, ки боз осаққолй аз даст нараваду Шарифи
Ҷамил осаққол нашавад. Бинобар он ин тӯҳматро ба
падари ман мебанданд.

Умуман дар кадом давру замоне, ки набошад калон
будану ба дигарон роҳбарӣ кардан ба ҳар кас мефорад. Ин
мубориза барои ҳаёт мебошад. Дар ин дунё ҳар як шахс
барои зиндагии беҳтар мубориза мебарад. Шояд, ки
падари ман ҳам нияти осаққол шавӣ дошт - кй медонад?

Занҳои Шарифи Ҷамил коргар буданд, меҳнатӣ
буданд, захиракунандаи моликияти шавҳар буданд,
тарбиякунандаи фарзандони худ буданд, лекин кайвонии
номӣ набуданд. Он чӣ аз дасташон меомад барои оилаи
худ мекарданд, афсӯс, ки кайвонии номй набуданд. Агар
дар хона ягон маъракае гузаронидан лозим бошад, барои
кайвонй занҳои маҳалларо даъват мекарданд. Ин анъанае
ба сари ҳамаи занҳои қишлоқ буд ва имрӯз ҳам дазом
дорад.

Афсӯс ки халки мо таъна заданро дуст медоранду
ислоҳ карданашро не!

Зиндагй дивом дошт...

Акнун модари ман бо сари баланд, дар байни занҳои
қишлоқ метавонист гӯяд, ки ман ҳам фарзанд зоидаю
калон карда метавонам.

Баъди мурдани 12 фарзанд дигарҳояш зинда мемонад,
лекин пеш аз ман, баъди Маҳмадзариф - Ҷумъабой ном
писараш дар сини 3-солагй мемурад. Ва ман охирин.

Мо гуфтем, ки ман фарзанди охирини падару модар.
Дар гаваллуд кардани ман, модар бисёр азоб мекашад ва
касалрӯзӣ мешавад.

Ва ин касалии бардавоми охирин ӯро оқибат ба дунёи
дигар мебарад.

Ман мурдани модарамро дар хотир дорам. Баҳор буд,
акай калониам Муллоаббос дар соярӯ лалм мекорид. Рӯзи
офтобй буд. Намедонем аз чй сабаб бошад, ки модари

45
* Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

касалиамро дар хонаи Абдуқодир хобонида буданд, холаи
Болтуҷунам омада модарамро шустушӯ мекард. Ман дар
болои боми хонаи худамон ғеҷак мегаштам ва
гапҳояШонро мешунидам. Аппаҳоям Ҳурбибӣ ва Ниёзбибй
модарамро дар болои новача медоштанду холаам мешӯст.
Модарам мӯйҳои дарози ғафс дошт. Холаам як тарафи
мӯяшро бофта тамом карду гуфт: «Кафан монанд ин қадар
дароз? Сухани охирини модарам дар хотирам нақш
бастаасг, ки гуфт: Миннат накун хоҳарак ин шустушӯи
охирин, ман сафар дорам ва ба Ниёзбибӣ рӯ оварду гуфт:

- Раву додота ёфта биёр. Ниёзбибӣ хуб гуфту баромад,
Мӯи тарафи чапашро нобофта модарам меафтад ва
падарамро надида ҷон ба ҳақ таслим мекунад. Холаам
гуфт:

- Anna, аппа, чй кор кардй? Чашмата кушо, аппа
чашмата кушо! Лекин модарам чашмашро абадӣ пӯшида
буд. Ниёзбибй зуд гашта омада гуфт, ки додом ҳозир
мебиёянд. Лекин дер шуда буд... Модаркалонам Эвазбико
дар хонаи писараш Маҳмадҷамил буд, ӯро ҷеғ заданд.
Эвазбико омадан замон гуфт:

-Агобегй, чи кор кардй, аппаат мурад, чй шуд ба ту, о
манам калун, ту чиба ин дунёя тарк кардй? Ин як гала
сагирая ба ман партофтй. Бе ту ман чй кор мекунам?...

Янгаам Бибимастура миён баста, асо дар даст гиряю
фигон мекард. Баъди якчанд соат мардҳои Искидарғу
Хаволи Ғудиф ҷамъ шуда падарамро тасаллй медоданду аз
бедҳои худамон шохҳо бурида шота бастанду
модарамонро дар болояш бор карда бурданд.

Ҳамаи занҳо: Хурбибй, Бибираҷаб, Ниёзбибй,

Норбибй (вай ҳамон сол ба шавхар баромада буду ҳоло
арӯс буд) ва янгаам Бибимастура гирёну нолон аз паси
мардҳо рафтанд. Эвазбико дар хонаю ман дар лаби бом
мондем. Баъди рафтани ҳама холаам Болтуҷун маро дар
лаби бом диду гуфт:

- Ту чиба нарафтй? Очата бурданд, вай дигар гашта
намебиёяд, вай мурд. Баъди ҳамин гапи холаам ман
фаҳмидам, ки очаам мурда будаасту дигар намеомадааст.
Баъд ман ҳам дар ҳамон лаби бом фигон бардоштам. Ман
роҳ гашта наметавонистам, бинобар он дар лаби бом бо

46
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

тамоми овоз фарёд мекардаму модарамро ҷег мезадам,
лекин ҳеҷ кас ба додам намерасид. Дар ёдам нест, ки
кадоме аз занҳои Искидарғ гуфт: «Давлати Шарифи
Ҷамила Ағобегй бурд. Вай акнун ба худ намебиёяд».

Шояд гапи ҳамон занак рост буд? Баъди мурдани
модарам, давлати падарам ба шикает афтода буд? Акнун
он ҳаррасту таррасти пештара набуд. Дами падарам анча
паст шуда буд, доим сараш хам бо фикру андешаҳои худаш
андармон.

Дигар ба корҳои хоҷагидорӣ аҳамият намедод. Якчанд
ҷӯяк тамоку шинонда буд, ки ҳар рӯз аз саҳар то бегоҳ бо
ҳамон тамокуҳо андармон буд ва дар вақти кор бисёр
мегирист. Инро фақат ман медидам ва медонистам, чунки
аз дастам кор набиёяд ҳам падарам маро бардошта ба лаби
замини тамоку мебурд ва чаппонашро партофта маро
болои он мешинонду худаш ба тамоку машғул мешуд ва
маро ҳам бо хамин фаромӯш мекард. Ҳаракат мекард бо
ҳеҷ кас ran назанад. Агар ягон кас ran қуш кунад бо
ҷавобҳои кӯтоҳ ӯро гусел мекард. Ягона гапаш ҳамин буд,
ки илтимос, маро ба ҳоли худ монед, азоби маро фақат
худам медонаму боло парвардигор - мегуфт, ran тамом. Ба
зани калонй нигоҳу бин намекард - чунки вай аз ҷогаҳ
баромадагй буд. Ҳама корҳои хоҷагидорӣ ба гардани
Муллоаббос фуромадагй буд. Гарчй Муллоаббос одами
бақуввати коркун буд, лекин он часпоние ки падар дошт ӯ
надошт. Умуман қувваи зиёди корӣ дошту фаросати
хоҷагидорй не. Ба вай одами корфармо лозим буд, ки ӯро
хӯронаду кор фармояд. Бо ҳамин аз байн ду ё зиёдтар сол
гузашту зани акаам баъди таваллуди як духтар - Сафиямо
- ба касалии бистарӣ гирифтор шуд. Дар хона одами нон
мепухтагй набуд. Рӯздармиён Ниёзбибӣ ё ки Норбибй
омада хамир карда нон мепухтанду ба хонаҳои худашон
мерафтанд. Падарам гӯё аз баҳри зиндагӣ гузашта буд.

Дар пушти хонаи Холи Раҳим - ҳамсояи наздики
дарғамон дарахти садаи калон буд, ки мардҳои гузари
боло дар зерин он нишаста чақ-чақ мекарданд. Падарам
дар ин ҷой ҳам намешишт, масҷид мерафту аз масҷид роҳи
рост ба болохона баромада лаби оташдони беалав як

47
*Ғу6ори хотирот______________* Қудратуллои Искидарги

чӯбак дар даст - гӯё алов мекофта бошад, хокистарҳои
хунукро титу ҷамъ мекард.

Ягона рафиқи ҷудонашавандааш нос буд. Ана ҳамон
носро худаш мекарду ба дигар кас бовар намекард - гӯё ки
ғайр аз худаш ҳеҷ кас карда наметавониста бошад.

Нос кардан ҳам ҳунар аст, мегуфт падарам. Носро
ҳарчанд ба дилгармию дилсӯзӣ кунӣ - ҳамон қадар носи
баланди ба табъи дил мешавад - мегуфт. Аввали баҳор
тириппаи носиро худаш аз кӯҳ интихобан якчанд хар бор
карда меоварду дар пушти хонаи Искидаргамон
мехушконид ва баъд онро сӯзонида хокистари тозаи онро
дар як халта ҷо мекард, ки он барон нос ба як сол мерасид.
Тамокуҳою хокистар як ҷои алоҳида дошт, ки ҳеҷ кас ба
он намерасид.

Там окуй мегирифтааш 3 халта буд.

Баргҳо - нос барон худаш.

Думчаи баргҳо - барон носталабҳо.

Почаи гафси тамоку куфта аз злак гузаронида мешуд ва он
барон тамокуталабҳо.

Носкадуаш ҳам дуто буд. Дар кисаи росташ барон
худаш ва дар кисаи чаппаш барон носталабҳо.

Бисёр касон тамоку металабиданд - медод - фақат аз
ҳамон халтаи сеюм.

Як носкадуи дарози дигар ҳам дошт, ки агар ба сафар
барояд дар ҳамон носкаду нос пур мекард, ки ба ду моҳ ва
зиёдтар аз он мерасид. Ҳар вақт, ки носи бисёр дар ҳамон
носкаду кунад, аҳли оила мефахмиданд, ки ба сафар
мебарояд, ҳеҷ кас аз тарси он ки сарзаниш нагирад -
намепурсид, ки кай ва ба куҷо рафтанист. Умуман дар
сафар ҳамчун одат ду носкаду дошт... Ин одаташро
бисёриҳо медонистанд...

Агар ягон носкаши нозбардор во мехӯрду нос
мепурсид, аз кисаи чап нос мебаровард, шӯхиомез
мегуфтанд, ки як ба кисаи рост ҳам назар кунед! Носкаши
ба худаш маъқул бошад як табассум мекарду бароварда
медод, агар аз носкашҳои ёбакаш бошад мегуфт, ки нос
мекашед, носи худатона кашед ҳатто носи кисаи чаппа
намедод.

48
* Fyбори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

Баъзан ҳамин хел ҳам мешуд, ки аз кисаи чап нос
бароварда тияду носкаш - ноз карда аз кисаи рост талаб
кунад, ҳамон носи аз кисаи чап баровардаро худаш
мечокиду ба носталаб аҳамият надода ба роҳаш рафтан
мегирифт.

Носкаш агар хирагй кунаду боз нос пурсад ба ҷои нос
як танбеҳи фаромӯшнашавандае мешуниду аз носпурси
пушаймон шуда Са роҳаш мерафт. Оқибат баьди 3-4 соли
мурдани модарам хешу ақрабо як беваи аз 4 шавҳар
мондагиро ёфта никоҳ карда доданд.

Занак Солиҳа ном дошт аз қишлоқи Рунҷи ноҳияи
Мастчоҳ буд. Зохиран занаки хушруй, хандонруй ва
ҳозирҷавоб ва бо шавҳар часпон буд. Бисёр ҳам занаки
дилёб, гӯё ягон камбудӣ надошт. Пекин...

Аз Муллоҳоҷӣ якто писар зоида буд - Абдураҳмон ном
дошт.

Аз Шарифи Сафари Аваз 2 фарзанд дошт: Сафару
Бибираҷаб.

Падари ман ба вай шавҳари панҷум ба ҳисоб мерафт.
Абдураҳмон гарчӣ дар хонаи падараш зиндаги мекард,
хурду хӯрокаш аз хонаи мо буд. Модар гоҳ рустию гоҳ
рӯшод мекашонд. Фақат падарам намедонист. Ғайри
Абдураҳмон Бибираҷаб ҳам тез-тез дар оғал, дар кахдон
пайдо мешуд — гӯё бозикунй меомаду тасодуф ба оғал ё
кахдон медаромад...

Зани акаам Бибимастура аз дунё гузашт...

Акнун ҳаёти ояндаи Шарифи Ҷамил аз ҳамин зани
сеюм вобаста буд. Ва ин бемуҳобот расвокунандаи
Шарифи Ҷамил дар байни ҷамъият ва хешу табор ба ҳисоб

мерафт ва ҳамин тавр ҳам шуд...

Агар ғалладонаи дар як сол ҷамъовардаи падарам
пештар ба 2 сол мерасид ва ба тухмии аввали сол мемонд,

акнун ба як сол намерасид.

Ғайри хароҷоти хона мушҳо ду тараф мекашонданд.

Маҳмадзарифи акаам аз Искандарғ намеомад, ҳамон
чо гоҳ фатиру гоҳ худуркй карда молҳоро нигоҳубин
мекард. Қариб 10 сол чупонии молҳои майдаро Ҳакназар
ба ӯҳда дошт. Баъди як ду фарзанд таваллуд шудан
чупониро партофт. Акнун Ниёз чупонии молҳои

49
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

падарамро мекард. Агар пештар молҳо яктогию дутогй
мезоид, акнун ними зиёдаш намезоидагй шуд. Умуман ба
ҷои зиёд шудан молҳо торафт кам мешуд.

Падарам ба хулосае меояд, ки ба мол одами худӣ
даркор. Акаам Маҳмадлатифро ба Ниёз ҳамроҳ кард,
афсус ки боз як гурги дигар ҳамроҳ шуд ... акаамро Ниёз
тез-тез пеши нисбаташ ҷавоб медод, ҳар дафъаи ба назди
нисбат рафтан, албатта дасти холӣ намерафт, ягонта
баррая шикамба карда бурдан лозим буд. Агар як барра
шикамба шавад баъди гашта ба сари мол омадан медид, ки
ду барраи дигар по бароварда ягон оғали соҳибдорба ғайб
задаст.

Пекин худи акаам, ки гунаҳкор буд ба чӯпон чизе
намегуфт, ба падарам ҳам намегуфт.

Ҳамин тавр давлат торафт ҳаматарафа хароб шудан
шрифт.

Бар болои ин Муллоаббоса зан додан лозим буд. Аз
бева ба хона овардан, падарам ба ҷон расида буд, аз ин
сабаб хост, ки ба писари дӯстдоштааш боз духтар тияд.
Духтари Мирзои Ҷунбикаро, ки дар синфи 6 - ум мехонд,
туи дабдабанок карда, ба хона оварданд.

... Холо заминҳои обй дар дасти соҳибонаш буд.
Падарам заминҳои аз падару бобояш мондаро ду тақсим
кард. Замини калони бо ҳамсоягии Надирбоқй бударо ду
тақсим кард. Аз боло то дарахти кот аз мо, аз дарахти кот
то шибар аз Маҳмадҷамил. Алафи шибар баъди
даравидану банд бастан ду тақсими баробар. Замини
байни ду обфуро бо хирманаш азони Маҳмадҷамил,
замини обии Искидарг аз мо. Заминҳои меросии
модарамро мо киштукор мекардем. Акнун заминхои
лалмия колхоз киштукор мекард: Лалмҳои Сурхй,

Сангичағва, Кафшиғут, Соярӯ, Ғиреканда, Нармкаш -
ҳамааш дар ихтиёри колхоз буд, лекин ӯғану роваашро
соҳибони лалмҳо мечинд. Коҳу хошоки ҳар сол ҷамъоварӣ
шуда, ба молу гов мерасид, хайрият ки ҳаминаш ба ягмо
намерафт. Лекин ҷаву гандуми захирашуда зиёдаш насиби
мушҳои дупо мешуд.

Ҳар сол баъди ҷамъоварии галладона як осиё як ҳафта
- баъзе сол 10 рӯз дар ихтиёри мо буд. Ба ҳар як хамба аз 4

50
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

то 5 ҷувол орд захира мекарданд, лекин ордро чашм
медиду дил не. Тирамоҳ аз орди осиё як ҷувол орди гандум
ва як ҷувол орди ҷав ба модари Маҳмадҷамил
мефиристонд. Агар ба мардикорӣ мерафтанд пеш аз
баргаштан либосворй барои зани калонӣ мегирифтанд.
Яъне кампири модаркалон то рӯзи мурданаш таъминоташ
ва ҳаққаш албатта буд.

Маҳмадҷамил, ки аз кӯдакӣ эрка буд, ҳоло ҳам нағз
хӯрдану нагз пӯшиданро дӯст медошт. Дар вақти
тақсимоти молҳои майда ва шохдор падарам бисёр
оқилона рафтор карда, чизе ки буд, баробар тақсим карда
буд. Ҳатто худи Маҳмадҷамил чашмдошт набуд, ки вай ин
қадар гӯсфанддор мешавад. Як ҷуфт барзагов аз мо буду
як ҷуфт аз Маҳмадҷамил, лекин колхоз яктогӣ
барзаговҳоро гирифт, яктогии мондааш ҳам алғов буд, ки
аввал заминҳои Маҳмадҷамилро мекориданду баъд
заминҳои моро. Зиндагӣ ба роҳи худаш мерафт.

Акнун Шарифи Ҷамил сару калобаашро гум кардагӣ
буд. Одаме ки роҳбарии Искидарғу Нармкашу Фарзодро
ба ӯхда дошт, акнун ба як оилаи худаш роҳбарӣ карда
наметавонист.

Ин ба назари ҳама аён буд.

Дар вақти маслиҳати тӯйи Муллоаббос ҳамин қадар
харид карда буд, ки ба ду тӯй бемалол мерасид. Ба худаш
боварии калон дошт, ки гапашро бо ҳарду қудоҳо
мепазонад, лекин тираш хок хӯрд.

Додарзодааш Бибираҷаб муқобил баромада гуфт, ки
духтари манба алоҳида тӯй мекунй. Духтари ману духтари
Мирзои Ҷунбика баробар не. Духтари ман гаҳворабахш
аст ин орзуро 15 сол боз интизор аст. Агар зӯрат нарасад,
шарм надор биё қарси маро басарат парто, ман салааи
туро ба сарам мемонаму тӯйи духтарамро худам ба калла
мегирам. Ин сухане буд, ки миёни Шарифи Ҷамилро аз
ҳафт ҷояш шикает ва баъди ҳамин ran то рӯзи мурдан ба
худ наомад. Тасаввур кунед: он касе ки ҳамин қадар замин
дошт, мол дошт, тӯй карда натавонад, он касе ки умуман
замини корам надорад, зимистону тобистон рӯзашон ба
мардикорию чоряккорӣ гузарад, даъвои тӯй кардану ба

51
*Ғубори хотирот_____________* Қудратуллои Искидарги

қишлоқи Дарғ бо ҳамаи урфу одаташ нону ош доданро ба
ӯҳда гирад - чӣ гуфта метавонед?

Аҷоибии кор дар он буд, ки Бибираҷаб умуман ба
домодшаванда рӯи хуш намедод. Маҳмадлатифро бад
медид. Аммо Маҳмадзарифро ҳурмат мекард, чунки акаам
ҳамсинну соли Холиқназар буд ва ҳардуяшон бисёр дӯсти
наздик буданд.

Бо ҳамин аҳвол Маҳмадлатиф 20-сол интизории арӯс
кардани Сафияро кашида оқибат ба духтари
Маҳмадҷамил (нисбати Маҳмадзариф) Бибинигор оиладор
шуд.

Як қадам ба пеш

Падарам дар ҷавонӣ тасодуф бо Хӯҷаи Ниёз ҳамроҳ
мардикорй мекардаанд. Хуҷа аз ҷавонй ҳавсалаи кор
кардан надоштааст. Ин ба баъзе рафиқон намефорад, ки
яке кор кунаду дигаре музд гирад, бинобар он баъди музди
корни якҳафтаинаро гирифта таксим кардан падари ман
мегӯяд, Муллохӯҷамурод, ҳамин як ҳафтаи кориатон ба
назарам аз як сол дарозтар намуд. Шумоён бо ҳам кор
кунетону маро аз ҳамсӯҳбатии худатону аз кори
мекардагиатон озод кунед. Ератон Худо!

Ин ran ба Хӯҷамурод намефорад ва баҳсашон бо
мушту лагад меанҷомад.

Ин воқеаи фаромӯшнашаванда Хӯҷаро азоб медод, то
ҳамин дараҷа, ки дар кӯчаҳои қишлоқ ҳам, бо ҳам салому
алек набуданд.

Акнун Хӯҷа раиси совета қишлоқи Рарз шуда буд.
Яъне ки аз худи Рарз то Дарға раисй мекард. Ҳамон баҳор
барои пушидани биноҳо - молхона барои барзаговҳои
колхоз фармон медиҳад, ки чӯби онро аз дарахтони
Шарифи Ҷамил ғалтонанд. Дарахтҳои Шариф ба чандин
биноҳо мерасад. Раиси колхоз Муллобадал мегӯяд, ки
ҳарчй осаққол гӯяд ҳамон тавр мекунем. Пекин нозукии
кор дар он аст, ки дарахтони Шарифро ғалтонда
наметавонем. Агар боло гирем рӯи манзилҳояш меафтад,
дар поён бошад, гандуми тирамоҳӣ нав гул кардааст.

Ҳамаамон фарзанди деҳқонем, мефаҳмем, ки ба мардак
зарари калон мерасад. Камтар таваққуф кардан даркор, ки
заминаша даравида гирад. Худи Шариф одами бомуомила,

52
Ғубори xomupont

* Қудратуллои Искидарги

мефаҳмад, ки бино бе чуб пушида намешавад. Камтар сабр
кардан лозим. Осаққол ба гапи худаш истодагари карда
мегӯяд, ки не раис, дарахта ҳозир мебурред, ки ю тирамоҳ
хушк шавад, дар акси ҳол дарахти тари вазнинро аз
Искидарғ овардан мушкил... Фармоиши ман ҳамин ки

ҳарчӣ тезтар, ҳамон қадар беҳтар.

Байни раиси колхозу раиси ҷамоа ran кашол мешавад.
Оқибат раиси Совет мегӯяд, ки шумо чӯббурҳоро тайёр
кунед, ман худам роҳбарӣ мекунам, медонам ки шумоҳо
ҳама тарсончак, аз оқибаташ метарсед ran ҳамия! Аз баин
2-3 рӯз мегузараду якчанд колхозчиён бо сардории раиси
Совет ба Искидарғ омада дарахтони моро мегардонанд.

Мо аллакай ба Фарзот кӯчида будем.

Тобистон дарахтҳо ба болои гандуми 17л карда
мегалтанд. Онҳоро дар ҳамон ҷой аз шоху шипа гоза карда
аз чанд ҷояш мебуранд. Аз ин сабаб гандум тамоман
поймол шуда, ҳатто ба даравидан имкон надод. Ин як
тарафи масъала, ҳоло тарафи дигараш бисёр буд... Мақсад
аз ин кор чист? Мақсад Шарифи Ҷамилро аз Искидарг
нест кардан буд.

Шарифи Ҷамил гарчи он Шарифи ҷавон наоошад ҳам,
ба ӯ рӯирост ҳуҷум карда намешуд. Чунсч корсозие
кардан лозим буд, ки вай монанди кирми пила худ
худашро гӯронад ва ин корро бе дахолати органҳои
давлатӣ ва районӣ анҷом додан лозим буд.

...Духтари Мирзои Ҷунбика вақти ба шавҳар

баромадан дар синф 6-ум мехонд.

Ана, ҳамин масъалае буд, ки сари Шарифро бе чуну
чаро мехӯрад ва касе гумонбар хам намешавад. Пекин ин
масъаларо дурудароз ва ҳаматарафа фикр кардан лозим
буд. Аз омадани Хукумати Советй то тӯй кардани Шариф
панҷ сол гузашта бошад, ҳам ҳоло ягон кас хаз и ЗАГС
нагирифта буд. Гарчанде ки ҳар сол даҳҳо кас туй мекарду
зану шавҳар мешуд. Хукуматдориро аз Шарифи Ҷамил cap
кардан лозим буд, ки ба дигар гардангавсҳо панд шавад.
Ва дигарон ҳушёр шаванду уро ҳамчун осаққол
шиносанд... Ҳамон сол ман дар синни 9-солаги ба мактаб
рафтам. Бачаҳое ки бо ман мехонданд аз ман 2-3 сол хурд
буданд, лекин ба кад аз ман баланд ва бакувват буданд.

53
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

Муаллими аввалини ман Шарифамоҳи Авази Абдураззоқ
буд. Худо раҳматаш кунад. Баъди зани дуюм гирифтан
акаам Муллоаббос дигар ба Бухоро сафар накард. Рӯзҳо
ба Искидарғ рафта ба молҳо нигоҳубин мекард ва шаб
гашта меомад. Many Маҳмадзариф ва янгаам мехендем.
Шабҳо алифборо ба ман Маҳмадзариф ёд медод. Ман
синфи «Лулабойро» бо баҳои хубу аъло тамом кардам.
Ҳамон сол падарам аз ҳамаи ҳамдиёриён дертар аз Бухопо
омад. Мо аллакай ба Искидарғ кӯчида будем. Баъди 2-3
рӯзи аз Бухоро омадан падарамро ба идораи колхоз даъват
карданд. Дар идора намедонам, ки чӣ гапҳо гузашта
бошад, ки падарам серташвиш баргашт. Мирзоюнуси
ҳамсояамон ҳамон бегоҳ ба дидорбинии модараш омада
буд. Вай дар идораи колхоз кор мекард ва гоҳо ба овул
меомад. Падарам ӯро ба хона даъват карду бо
Муллоаббосу Маҳмадҷамил то бевақтии шаб чақ-чақ
карданд.

Рӯзи дигар акаам як коғазча (повестка) дар даст бо
ҳамроҳии занашу Ҳақназар ба район рафтанд. Аз ҳамон
рӯз cap карда сарсонию саргардонии акааму занаш ва хешу
табор cap шуд. Ин ҳолат ду сол давом кард.

Ба район мераванду меоянду ба Ленинобод мераванд,
меоянду ба Марказ - Сталинобод мераванд.

Боз аз сари нав ба район мераванд онҳо ба Сталинобод
ҳавола мекунанд. Ленинобод мераванд онҳо ба
Сталинобод ҳавола мекунанд. Сталинобод ба район
ҳавола мекунанд. Ягон одами мефаҳмидагй нест, ки роҳи
кор нишон диҳад. Худи Муллоаббос одами тарсончак
буда, ҷуръати ба назди калон даромадан надошт. Раиси
Совет медонист, ки ба назди ҳукумати район даромада,
шикоят карда наметавонад.

Аз ин истифода карда, Хуҷаи Ниёз бо раиси ЗАГСи
район гапро пазонда якчанд хабарномаи холи гирифта
буд.

Ҳар вақт мешунид, ки Муллоаббос аз район омад,
хабарномаи навбатиро нависонда тайёр мекарду ба облает
ё марказ мефиристод. Коре карда маҷбур мекард, ки
нормативй рӯзи меҳнати колхозро иҷро накунад. Барой аз
қишлок бароварда ҳай кардани аҳли оилаи Шарифи

54
Ғубори хотирот

* Кудратуллои Искидарги

Ҷамил, ё ин ки бадарға кардан баҳонаи тайёр буд. Пекин
дар мобайн шахси сеюм даромада монд...

Маслиҳати туй

Падарам баъди фотиҳа кардани духтари Мирзои
Ҷунбика, ки ҳоло дар синфи 5 - ум мехонад, сари мол
рафта 15-сар кучқор чудо карда ба Искидарғ меораду дар
оғал алоҳида мебандад ва аз як сол зиёдтар ба ҳамон
молҳо фақат худаш нигоҳубин мекунад. Ба дигархо
иҷозати ба он оғал даромаданро намедиҳад. Ҳамон сол як
заминро зағер кишта аз он ҳосили дилхоҳ мебардорад.
Зағерро ҷувоз кашида кунҷораашро ба ҷав якҷоя ба ҳамон
гӯсфандон медиҳад.

Дар байни як сол қучқорҳо чунон фарбеҳ шуданд, ки
баъзеяш ҳатто аз вазнинии дунба роҳ гашта
наметавонистанд.

Тирамоҳ дар бозори Уротеппа молҳоро бо баҳои
тамом мефурӯшанду барои тӯй баъзе чизҳоро харида
меоянд. Ба Ниёзи чӯпон мефармояд, ки молашро дур
набурда дар гирду атрофи Ашипаст чаронда гардад.

Аз гӯсфандони зоти «ҳисорӣ» 40 сарро чудо карда боз
ба Уротеппа мебарад. Онҳоро ба бозор нарасонда дар роҳ
бо баҳои тамом мефурӯшад.

Ба қишлоқ баргашта 10 хар аз хешу табор ҷамъ карда
ба Панҷакент барои харидани биринҷ меравад. Биринҷро
на аз бозор, балки аз як заминдори калон аз обҷувозаш
харида бармегардад. Дар ёдам ҳаст, ки як мох зиёдтар
занону духтарони хешу ақрабо аз саҳар то шом биринҷро
тоза карда санг чиданд. Барои ин тӯй 10-то моли майда ва
ду ҷувонаи махсус боникардаро тайёр карданд. Пеш аз cap
кардани тӯй ҳамаи ақрабои дурру наздикро аз ду қишлоқ
ҷамъ карда, баъди зиёфат маслиҳати тӯйро пазондани
мешавад. Афсус, ки тири аввалаш дар ҳамин маслиҳаг
хок мехӯрад. Масъалаи асосӣ - ду тӯйро ягона
гузаронидан буд. Ғайр аз додарзодааш Бибираҷаб, ки
худаш тарбия карда, ба воя расонда ба шавҳар дода буд,
ҳама маъқул медонанд ва розӣ мешаванд. Бибираҷаб
мегӯяд:

55
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

— Амак, ман ва духтари ман, ки қариб 17-сол ин рӯзи
некро интизорй кашидем, ба ин маслиҳати шумо розӣ
нестем ва розй шуда ҳам наметавонем. Духтари ман 17-сол
интизор аст. Духтари Мирзо 1-сол. Духтари ману духтари
Мирзои Ҷунбика баробар не... Духтари ман гарчи дар
хонаи худам аст - аслан 17 сол боз фарзанди шумост ва дар
тарбияи шумост. Барой духтари ман боз ҳамин қадар ва
зиёдтар аз ин хароҷот мекунеду баъд ба хонаатон меоред.
Мо ба гапҳои Шумо гӯш карда ба маслиҳати Шумо кор
мекунем, ин маънои онро надорад, ки мо зери пои ҳама
шуда бошем, мо ҳам муносиби худамон дар байни
мардуми диёр обрӯю эътибор дорем ва мардуми диёр моро
ҳамчун инсон ва фарзанди инсон қадр мекунанд.

Ё ба ҳамин тайёрии дидаатон аввал духтари маро
алоҳида тӯй дода, баъди арусбинон тӯйи духтари Мирзоро
мекунед, ё ин ки баръакс. Ба ҳар ҳол ба ҳар кадомаш тӯйи
алоҳида ва мустақил мекунед. Гап ҳамин. Баъди ин ran
дами Шарифи Ҷамил ба дарун мезанад ва ба фикру хаёлот
фурӯ меравад...

Ин тири аввалине буд, ки ба ҷигари Шарифи Ҷамил -
фурӯ рафт. Ва заҳри қогили худашро чаконд - ин заҳр
бепозаҳр буд - даво надошт...

Баъди ин ran Бибираҷаб мехезаду меравад... Шавҳару
фарзандонаш ки ҳамон ҷо буданд аз паси модар баромада
мераванд. Дар ҳақиқат коре ки дӯст мекунад - душман
намекунад. Баъди баромада рафтани Бибираҷаб падарам
ба фикр фурӯ рафт. Дигарон ҳам оҳиста-оҳиста бо имою
ишора яктогию дутогй хонаро тарк карданд. Аз ҳама охир
Наврӯзи Мумин ва писаронаш Муломумин ва Мирзо
мемонад. (Наврӯз зани дигар гирифта буд. Амман ман
кайҳо бандагй карда буд). Наврӯз оҳиста дасташро ба
китфи падарам гузошта мегӯяд:

- Маҳмадшариф, аз ҳамаи хешонат, ба фикрам ман
ягона каси аз ту дуру ба ту наздик будаам, ки ин вазнинии
бори туро хис мекунам. Ба сари ҳамин фарзандонам қасам
(Муломумину Мирзо дар қабати падарашон истодагй
буданд) нисфи тӯйи додарзодаат ба гардани ман. Ба ин
қасами ман ҳарду фарзандонам шоҳид бошанд. Гарчи
хешу ақрабои ман назар ба ин хешону авлоди ту

56
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

зиёдтаранд, ман аз ту беҳтар ва азизтар ақрабо надорам.
Хамту тасаввур кун, ки ман доим дар пушти ту рост
нстодаам - ва меистам.

Ин туйро cap куну ба хурсандй гузарон. Агар аҷал
дмон диҳаду ин тӯй ба хурсандй ба анҷом расад маслиҳати
тӯи набераат ё додарзодаатро бо ҳам мекунем. Як туйи
бодабдаба карда мегузаронем, ки чашми ҳама дӯсту
душман «мош барин» кушода шавад. Акнун бевақт аст...
пагоҳ насиб бошад фаьолони колхозро бо сардории
осаққол даъват куну маслиҳати тӯйи Муллоаббоса ҳал
намо. Дигар илоҷ надорӣ. Шаб ба охир расида истодааст.
Ба ту барори кор орзу мекунам.

Дуои «актив»

Шаб паси cap шуд... Пагоҳаш Сафари язнаамро
мефармояд, ки якто гӯсфанд кушаду бегоҳй мувофиқи
табъи ин балохӯрҳо хӯрок тайёр кунад. Дастурхонро
пешакӣ оро дода, болояшро пӯшонида монад.

Ҳамин ки ҷамъ шуда омаданд, болои дастархонро
кушода нони гармро гузорад. Чойдамкун ягон ҷавони
чаққон ва беқошу қавоқ бошад. Ҳамаи кор мувофиқи
табъи дил бошад, ки ин нозуктабъони гушнасер эрод
нагиранду лабашон каҷҷу бурма нашавад. Ман як сари
қадам идора рафта калонҳоро худам таклиф мекунам. Дар
набудани ман чашму гӯши ман тӯй. Ҳар чизе, ки лозим
бошаду наёбй, аз аммаат пурс. Вай гарчанде пир шуда
бошад ҳам аз ҳама чиз бохабар ва пуштибони манаст. Бо
умеди дигарон нашав, бачем.

Баъди ин супориш оҳиста-оҳиста ба идораи колхоз
меравад... Осаққолро дар идораи раис мебинад ва таклифи
хона мекунад. Хуҷи Ниёз бо мамнунияти ба худаш хост
ваъда медиҳад, ки бегоҳӣ баъди кор бо раис якҷоя ташриф
меорад.

Аз мо ташвиш нашавад - мегӯяд.

Ва баъди пешин ба гӯши Муллобадал мегӯяд, ки ӯро
Шамтуч ҷег задаанд. Намедонам, ки чй кори зарур бошад.

- Таклифи Шарифи Ҷамил чӣ мешавад?

Мардак тайёрй дида мол мекушад, шаб албатга гашта
биёед, ё ки ягон бачая аз қафотон фиристам.

57
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

-Лозим не,- мегӯяд Хуҷа ва аз идора баромада аспашро
савор мешаваду як табассуми ба худаш хос ва матлум
карда сари аспро мегардонад. Оқибат ҳамаи ҳамин
таклифшудагон то намози шом Осаққолро мунтазир
мешаванд.

Раис Муллобадал мегӯяд:

- Бародарон Осаққола дарак не, ба Шарифи Ҷамил ҳам
айб шуд, чӣ маслиҳат медиҳед, чӣ кор кунем?

Дигаре мегӯяд, ки як нафарро дар идора таин кунед,
мунтазири Осаққол шавад, ҳамин ки он кас омаданд
ҳамроҳ равад.

Муллобадал мегӯяд, ки бисёр маслиҳати олиҷаноб. Ана
худи Шумо мешинед! Боқимондаҳо 25-30 нафар шуда ба
хонаи Шарифи Ҷамил мераванд.

Падарам аз бетоқатӣ ин тарафу он тараф қадам зада
боз роҳи идораро пеш мегирад ва дар нисфи роҳ
меҳмонҳоро пешвоз гирифта, ба хона бармегардад. Дар
байни таклифшудагон набудани осаққолро дида, ба
ташвиш меафтад ва бетоқатона мепурсад, ки осаққол
наомаданд? Муллобадал мегӯяд:

- Маҳмадшариф ташвиш накашед, бегоҳирӯзӣ аз
Шамтуч одам омада, он касро таъҷилӣ гирифта бурд. Мо
дар идора одам мондем, ҳамин ки аз Шамтуч баргаштанд,
ҳамроқ мебиёянд. Ҳама ба болохона баромада атрофи
дастархон менишинанду даст ба дуо бардошга, ба рӯяшон
мемоланд ва мунтазири нон мешаванд.

Сафари язнаам 10-15 нони гарм оварда болои
дастархон ҷо-ҷо мепартояду онҳоро муроот мекунад.

Баъди зиёфати кабобу оши палови хуҷандӣ меҳмонон
соҳибхонаро даъват карда мепурсанд:

- Канй Маҳмадшариф, ин зиёфат ба чй муносибат.
Падарам хоксорона мегӯяд, ки ҳамин Муллоаббосе, ки ду
сол пеш хонавайрон шуда буд, хостем ободаш кунем. Ба
ҳамин муносибат шумоёнро даъват кардем, ки дуои хайр
диҳед, то хонааш обод шавад.

Муллобадал мегӯяд:

- Мо доим тарафдори ободй ва ободшавии раияти
Дарғ, илоҳй ҳар касе ки набошад обод бошад, хусусан
Муллоаббос, ки ҳамаи мо ҳамчун одами хоксору

58
*Ғубори xomupont

* Кудратуллои Искидарги

меҳнатдӯст ҳурматаш мекунем. Фақат чигилии кор дар он
аст, ки осаққол иштирок карда натавонистанд, хизмати
давлату ҷамъият ҳамин хел... Ба ҳама расидан мушкил...
Ҳамаи мо тарафдор, лекин шумо як-ду рӯз сабр мекардед
аз осаккол иҷозат гирифта баъд тӯйя cap мекардед бисёр
ҳам бамаврид ва ҳам биной мешуд.

Падарам мегӯяд:

- Раис худам ҳам тарафдори гапи Шумо, лекин молҳо
куштагй, ҳама шароит муҳайё, ба кори давлат мо сарфаҳм
намеравем, равад ки ин кас 2 ҳафта аз Фалғар набиёянд, мо

нигоҳ карда шинем?

Ман ба инаш боварии қатъй дорам, ки ин кас Шамтуч
рафтагй ва бо ҳамин Рарзу район мераванд, чӣ кор кунем?
Падарам то ин гапа худро дошта астағфуруллоҳ-
астағфуруллоҳ гуфта канда-канда ва ҳар суханашро
баркашида ran мезанад.

Муллобадал оромона мегӯяд:

- Мо тарафи беҳбудии кори шумоя ба назар гирифта
гуфтем. Худоро шукр, Шумо як одами бафаҳму
бофаросати гузари боло, 2 рӯз сабр кунед, агар он кас
омада натавонанд, ман худам сардории туйи шумоя ба
ӯхда мегирам.

Падарам, ки аз шаб боз асабӣ буд, худашро дошта
натавониста мегӯяд:

- Раис аллакай ду қишлоқ хешу - табор ва одамони ба
иззату ҳурмати Дарғу - Каздона хабар кардагӣ, хароҷотро
на Хуҷамурод, балки ман мекунам. Шумоён як дуои хайр
диҳед, ман он касро розй мекунонам! Муллобадал ҳам аз
сабаби нагузаштани гапаш ва худтаърифкунии падарам ба
зачд омада мегӯяд:

- Он чӣ мо лозим донистем - гуфтем, ин тарафашро
Шумо медонед, ихтиёр доред! Майлаш раис бо иҷозати
Шумоён, ки ин ҷо қариб ей нафар иштирок мекунед, туйя
пагоҳ cap мекунам.

Боқимондааш: «Ҳарҷй аз осмон ояд, замин

мебардорад» Бо ҳамин меҳмонҳо ба дастурхон як дуои
нимғурма карда - иҷозати туйро номбар накарда аз
атрофи дастархон мехезанд.

59
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

Кадоме аз ҳамон давра хестагиҳо ба хонаи худаш
нарафта, рост роҳи Шамтучро пеш мегирад. Ва ҳамаи
воқеаи шудагиро як ба як ба осаққол накл карда, аз худаш
як ду ҷумлаи дигарро ҳамроҳ карда мегӯяд:

- Шариф гуфт, ки «Хуҷа бошад ба офтобрӯи корам,
набошад ба соярӯи корам, хароҷота ман мекунам на ӯ

Баъди ин хел хабари «дӯстоная» шунидан осаққол
хабарчиро ба Дарғ бармегардонаду мегӯяд:^

- Омадани туя ҳеч кас надид? Не - мегӯяд хабарчи. Ин
тавр бошад бисёр нағз мегӯяд осаққол - ҳамту ба хонаат
меравӣ, ки ҳеҷ кас туро набинад ва бӯй набарорад.

Ман саҳар қишлоқ меравам.

Пекин саҳар аспашро савор шуда як сари қадам Рарз
рафта биём гӯён, тарафи идорааш, ки дар Шаватки боло
буд - медарояд.

Дар ҳақиқат аз район кадом як намоянда омада
будаасту ба райком рафтани раиси советро ҳатмӣ гуфта
тайн карда будааст.

Бо ҳамин ба район мераваду як ҳафта маътал мешавад.
Вақте ба қишлоқ мебиёяд аллакай дегҳои ошпазиро аз
ҳавлии Шарифи Ҷамил канда ба Масҷид бурда монда
буданд.

Арӯс ҳам як ҳафта арусй карда, аллакай мактаб мерафт
ва ба дарсҳояш иштирок мекард. Табиист, ки баъди
гузаштани тӯй осаққол хонаи Шарифи Ҷамил намеравад.

Шарифи Ҷамил ҳам ба ақидаи худ истодагарӣ карда
«Осаққол махсус ба Шамтуч рафт, ки ба маслиҳати туйи
ман иштирок накунад» ҳамин масъала ба болои маслиҳати
оилавӣ зам ва «болои сӯхта намакоб» мешавад.

Ин дар дили дуяшон ҳамчун касалии давонаёбанда
реша медавонад ва рӯз то рӯз нашъунамо меёбад. Ҳар
кадомашон ин фикрро ҳамчун кӯдаки азизи эрка дар синаи
худ мепарвараду рӯз аз рӯз калон мекард. Падарам баъди
гузаштани тӯй Бухорорав мешавад. Ин на аз сабаби
камбағалӣ - ҳоло ҳама шароиташ муҳайё буд, - балки аз
сабаби он фикр ки «рӯзе мерасаду ман ба осаққол ру ба ру
мезанам, ва зардоби дилам лаб заданаш мумкин» беҳтараш
ки аз диёр дуртар бошам, шояд ки дилам таскин ёбад?

60
*Ғубори хотирот_______________* Қудратулчои Искидаргӣ

Лекин ҳарчанд, ки худашро ба дигар корҳо андармон
мекард - ин дард калонтар мешуд.

Осаққолро дар тамоми қишлоқҳои ҷамоати Рарз иззату
ҳурмат мекунанд. Харчанд дар дигар ҷой ҳурмати зиёд
бинад, ин дард ҳамон қадар зиёдтар реша медавонд. Ин
буд, ки дар назди кадом як намояда ҳамин ran аз даҳонаш
мебарояду... Нақли ҳамон тӯйро бо нозукиҳояш мегӯяд.
Намоянда мепурсад, ки шаҳу арӯс загс кардагианд? Раис
мегӯяд, ки не. Ана ҳамин баҳонаи хуб мегӯяд. Шумо аввал
маслиҳата ба раиси ЗАГС пазонеду баъд аз ҳамон
повесткаҳо якчандто дар киса гардонед. Ҳар ҳафта Шумо
онҳоро мефиристед, дар район ЗАГС намекунанд. Маҷбур
мешаванд, ки пеши поятон ба зону зананд.

Барой одами баҳонаҷӯ ин дастаки калоне буд... Ин буд
ки рӯзе ба район рафта назди раиси ЗАГС медарояд
маслиҳатро пазонда - аз ҳамон формаи повестка як
қабзаашро бо мӯхру имзои раис дар киса карда, роҳи
омадани Шарифи Ҷамилро мепояд. Арӯс баъди тӯй ягон
дарсашро тарк накарда мехонд.

Зангир ҳамаи корҳои бригадири колхоз
мефармудагиро иҷро мекард... Осаққол ба онҳо кор
надошт. Ба роҳбараш кор дошт. Шарифи Ҷамил омада дар
пеши пояш ба зону шинад, зорию тавалло кунад, баъд
мебинад.

Пекин Шарифи Ҷамил ҳам он қадар бефаросат набуд
ва ин тарафи корро нағз мефаҳмид. Бинобарон якравй
карда назди осаққол намерафт... Ин якравии онҳо ба ҷое
расид, ки Шарифи Ҷамил Ватанро тарк карда бо кучу
бандаш ба водии Ҳисор омад ва дар ғарибй ҷон ба ҳақ
таслим карду ба осаққоли худписанд cap хам накард.

Осаққол бошад то рӯзи охир чандин борҳо аз вазифа
холӣ мешуду боз интихоб мешуд, лекин номи осаққолро
ҳамчун номи падарниҳод бузург нигоҳ медошт.

Баъди Хуҷаи Ниёз - номи осаққолро дигар ҳеҷ кас
намегирифтагӣ шуд.

Ман ба дунё омадам

Падарам табиатан одами олуфта буда дар
либоспӯшӣ ва ҳам дар хонадорӣ доим ба тозаги риоя

61
*Ғу6ори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

мекард. Олуфтагиаш дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ намоён
буд. Аввалан ин ки либоси мепӯшидагиаш кӯҳна бошад
ҳам тоза буд. Либоси ямоқин намепӯшид.

Тозагии либос, мегуфт ӯ, кадри инсонро дар назди
атрофиён баланд мекунад. Ҳаракат мекард дар ҷое шинад,
ки чангу хокаш камтар бошад. Ҳатто рӯймолаш дуто буд.
Рӯймоли миён, гарчй вазифаи ҷамъ нигоҳ доштани
либосро иҷро кунад ҳам, боз вазифаҳои зеринро дорад:
Масалан дар сафар вазифаи сачоқ, ҷойнамоз, дар вақти
зарурӣ палос ва ҳам дастархонро ичро мекунад.
Бинобарон яктоаш камй мекунад. Дар миёнбандаш поку,
корд, қайчӣ бо ғилофаш кашол буд. Маҳсии пояш ямоқро
намедид. Болопӯши тукуми хараш доим тозаю ҳамвор буд.
Норман ҷави хараш дар хона 2 мушт бошад, дар роҳи
сафар 3 мушт мешуд.

Ҳатто барон барзаговҳояш шонаи махсуси чӯбин дошт.
Баданн говонро хорумол ва бо латтаи махсус, ки доим дар
сари сутун меистод, тоза мекард.

Бо ҳар хел одам сафар намекард. Дар сафар одами
ҳушёр ва бо худ боваринокро интихоб мекард. Пои
бетаҳорат аз хона намебаромад. Ин хосият надорад,
мегуфт.

Агар ба сафари якҳафтаина барояд ҳам ду қабат либос
мегирифт, ки мабодо яктоаш бенамоз шавад ҳам, дигараш
дар борхалта тайёр буд.

Саллаи сарашро ҳар саҳар мечинд ва баъд ба сараш
мебаст. гӯё ки ҳамин шаб шустагй бошад. Ҳар кас ба худ
як хислате дорад. Баъзе камгап, дамдӯзд ва мӯҳри хомӯшӣ
дар даҳон зада, лекин ба кори худ ҳушёр, баъзеи дигар ran
заданро дӯст медорад ва ҳама чизро аз нӯқтаи назари худ
баҳо медиҳад, лекин гуфтаҳояш беаввалу беохир ва
бемаънй. Падарам бо ин хел одамон сафар карданро бад
медид ва ҳаракат мекард, ки бо онҳо ҳатто ҳамсӯҳбат
нашавад, чунки ин хел одамон на моҳияти гапро
мефаҳманду на мемонад, ки дигарон ягон сухани дуруст
гӯянд. Дар байни сӯҳбат қайчй мешаванд ва табъи
ҳамраҳонро хира мекунанд.

Падарам доим гапро аз он cap мекард, ки шахси
сафаракй бояд ки ба атроф назар кунад, худашро ба табиат

62
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

мутобиқ гардонад, табиатро дӯст дорад ва аз он ибрат
гирад ва ҳар гапи мегуфтагиаш бояд, ки бомаврид бошад.
Мардуми дамдӯзд одамро зиқ мекунад. Масалан табиат
хомӯш нест, дар як шабонарӯзе ки ба 24 соат тақсим
шудааст, 24 хел иваз шудани онро ҳис мекунӣ.

Афсус ки падарам одами бесавод буд. Лекин китобро
дӯст медошт ва ҳурмат мекард. Аз ин сабаб наклу
ривоятҳои бисёре медонист. Чунки дар ҷавонй ҳини
мардикорӣ агар рӯзона хизмати асосии худро иҷро кунад,
шабҳо баъзан дар сӯҳбатҳои мардони оқил ҳамчун
хизматгор - иҷрокунандаи вазифаи дастархондор ба
меҳмонҳои соҳибхона хизмат мекардааст.

Аз ин сабаб дар сафар нақлҳо ва дар вақти кор
хушгӯиҳо мекардааст. Ҳаракат мекард, ки рафиқони
ҳамсафар ё ҳамкоронаш зиқ нашаванд.

Он рафиқоне ки аз қишлоқ бо ӯ мебаромаданд, ҳаракат
мекарданд, ки то охир ҳамроҳи ӯ бошанд.

Агар баъзан рӯзона ҳар кадом алоҳида кор кунанд ҳам,
шабро дар як ҷо дар қӯшхона мегузаронидаанд ва аз бурду
бохти он рӯза ба ҳам хабарҳо дода, нақшаи пагоҳ чи тавр
ва дар куҷо кор карданро бо ҳам муайян мекардаанд.

Соҳибхона падарамро ҳамчун одами бофаросат ва дар
шинухез чаққон дарёфта ӯро ба хизмати дастархондории
меҳмононаш мефармудааст. Сӯҳбати меҳмонон асосан аз
китобхонию шеърхонӣ ва баъзан аз рақсу суруд ва шӯхиҳо
иборат будааст.

Дар чавонӣ овози хуби фораме ҳам доштааст.
Сурудҳои туркию тоҷикии бисёре медонистааст. Дар вақти
дамгирӣ ба рафиқон сурудҳо мехондааст. Аз ин сабаб
бисёр дустону рафиқон орзу мекардаанд, ки дар сафар
ҳамроҳашон Шарифи Ҷамил бошад.

Ман хотирнишон кардам, ки падарам савод надошт,
чунки то соли 1950 моҳи август фавтиданд, ман надидаам,
ки ягон маротиба дар дастонаш китоб бошад. Гарчй дар
хонаамон як дона китоби муқаддас буд, ки дар як халтаи
махсус печонда ва доим дар сари мех кашол буд.

Ман, албатта, дар ҷои дигар дар бораи он китоб нақл
хоҳам кард.

63
*Ғубори хотирот

* Кудратуллои Искидарги

Ҳзмон соле, ки мо дар борааш нақл кардани ҳастем, як
бегоҳ ба писари дуюмаш Маҳмадлатифи 15-сола ҳамаи
корҳои хоҷагидориро ба гарданаш гузошта, ӯ гуфт, ки
ғайр аз нон дигар ҳама хӯрокиҳо ҳаст ва ту метавонй
барои нон ҳар ҳафта як бор ба қишлоқи калон назди
модарат рафта, нони мехӯрдагиатро биёрӣ. Молҳо ва
хонаю ҷавори Искидарғ беодам намонад.

Худат медонӣ, ки асоси зиндагии мо дар Искидарғ -
ҳам молу гову ҳам хамбаю чағораҳо, ҳам тухмии баҳору
тирамоҳӣ - ҳамааш дар ҳамон ҷо.

Қарибии баҳор вақти даромадани тӯли молҳо агар
худат танҳогӣ кунӣ, Маҳмадзарифро ҳамроҳат бар. У
дастёр шудагӣ, бигузор ба корҳои хоҷагӣ омӯхта шавад.
Агар ягон камбудие шавад, Қурбони холабачаат ва боз аз
шумоён калонтар Ҷумъа - писари Надирбоқй ҳаст. Ба
ҳамдигар ёрдам карда истед.

Май акота имсол ба Бухоро мебарам, Худо хоҳад
барои хонадор кардани ту тайёрӣ мебинем. Нисбатат ҳам
қариб ба воя расидааст. Май имсол бинам, ки ту чи хел
хочагидорӣ мекунӣ ва қабалиҳоро аз зимистон чӣ тавр
мебарорӣ.

Бо ҳамин хайрухуш ба охир расид.

Падар калони ҳамаи авлод ва аз тавваллуд кардани
ҳамаи ақрабо бохабар буд, пешакӣ такдири он кӯдакони
навзодро муайян мекард. Бинобар он «девор афтад, дарун
афтад» - гӯён духтари додарзодааш Бибираҷаб -
Сафиямоҳро ба акаам Маҳмадлатиф фотиҳа карда буд.
Чунин номзадкуниҳо дар тамоми Осиёна Миёна расм буд
(лекин боз Худо чизе хоҳад ҳамон мешавад).

Ин як ҷиҳати хубе дорад, ки духтари номзадшуда дар
хонаи падару модараш бошад ҳам тарбияташ - яъне
хӯрондану пӯшонданаш ба зиммаи оилаи номзадаш буд.
Ин, албатта, як сабукй ба падару модари духтар, лекин
номзадшудагон аз ақрабои худӣ мешавад. Чунки аз давраи
кӯдакй аллакай медонанд, ки онҳо зану шавҳар мешаванд.
Метавонанд то давраи ба балоғат расидан ҳамроҳ бозӣ
кунанд ва тарбият ёбанд. Шояд ки аз давраи кӯдакӣ ба ҳам
меҳр банданд. Ва он оилае, ки аз номзадшудагон ба вуҷуд
омадааст, якумрист ва мустақил аст. Зану шавҳар ба ҳам

64
*Ғубпри хотирот

* Қудратуллои Искидарги

содиқанд. Дар байни ин хел оилаҳо «хиёнат» - кам
вомехӯрад. Албатта акси ин кор ҳам мешавад, лекин ками
- андар кам.

Дар бисёр мавридҳо шахсони аз бегона оиладор ба
ҳамдигар дилпур нестанд ва шавҳар метавонад ба гуноҳи
ночизе занро бароварда аз хона пеш кунад. Бинобар он як
тарафи дили зан доим дар таҳлука аст. Ва ин пӯшида нест.

Дар ҳаёт мо бисёре аз ин оилаҳоро дидем ва мушоҳида
кардем, ки ин расм - расми хубест.

Он гаҳворабахшшудагон назар ба бегона
бомеҳртаранд.

Дар оиладорӣ на ҳамеша қанду қандалот балки заҳр
ҳам мехӯранд ва хаёт бе камбудӣ нест. Дар ҳама оилаҳо
камбудй ҳам ҳасту муваффақият ҳам. Ва он
гаҳворабахшшудагон сирри оиладориашон доим
пӯшидааст ва берун намёбарояд. Ва сабаби шармандагии
оила намешавад. Чи хеле ки гуфтем, ин оила ба ҳам содиқ
буда, зан ба шавҳар ё шавхар ба зан хиёнат намекунад.

Пекин баъзан ин оилаҳо гарчӣ ба ҳам содиқ бошанд
ҳам, зиндагиашон бадбахтона мегузарад. Ин ҳам сабаби
гаҳворабахшии онҳост. Баъзе занҳои оқил ба мардҳои
беидрок меафтанд - ва ё баръакс баъзе мардҳои оқилу
баобрӯй ба дасти занҳои бефаросат меафтанд, ки ҳаёташон
бадбахтона мегузарад.

Агар аз хам чудо шаванд, дар байни хешу ақрабо,
дӯстон- дӯшманӣ ба амал меояд ва гайр аз ин мушкилии
кор дар он аст, ки ба ҳурмати падару модар, ки чунин
«бахтро лоиқ дидаанд - тоқат мекунанд».

Бар болои ҳамаи ин бадбахтиҳо фарзандон таваллуд
шудаанду онҳоро ба тарбияти каси бегона гузоштан
номумкин аст. Агар одами хуб бошад, хушбахтии оила,
агар одами «ношуд» бошад чй? Фарзандон дар дасти
бегона бетарбият мемонанд ва азоб мекашанд. Чй илоч
«cap кафад, таги тоқӣ» гӯён ҳаёти худро дар азоб
мемонанд, ба умеди он ки фарзандон ба воя расанду хорию
зориро набинанд, ҳаёту зиндагии худро То охир ба хам
мебинанд. Баъзан мешавад, ки падару модар агар дар
бисоташон захирае дошта бошанд, духтару писари ҳоло ба

65
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

балоғат нарасидаро тӯй карда, якҷоя мекунанд. Ба умеди
он ки тезтар ба ҳам одат намоянд.

Агар духтари бокира чашм кушода ҳамин шавҳарро
дида бошад, то охир ҳамзистӣ мекунад, лекин агар духтар
ба балоғат расида, хушомадзании ҷавононро шунида ва
қабул карда бошад, он оила бақо надорад. Дер ё зуд аз ҳам
ҷудо мешаванд.

Саҳзрии барвақт, пеш аз дамидани субҳ, додою бача ва
якчанд ҳамдиёрони дигар сафари Бухороро пеш мегиранд.
Падарам аз сабаби он ки ҳар сол муддати 3-4 моҳ ба
Бухоро мерафт, ёру шинос ва қадрдони зиёде доштааст.

Баробари ба шаҳр расидан падарам ба хонаи тағоям
Шарифи Мулорофеъ мераваду дар он ҷо 2-3 рӯз дам
мегирад ва дар давоми ин дамгирй дар шаҳр ҳам сайру
гашт карда, ёру шиносҳои худро дида сӯҳбатҳо
мекардаасту ҳам аз шароиту зиндагии мардуми шаҳр ва
атрофи он воқиф шуда, баъд ба кору бор машғул
мешудааст.

Баъзан дӯстон пеш аз ба шаҳр омадани падарам баъзе
корқои қулайро гапзанон карда мемондаанд, ки ин
хизмати онҳо мушкилоти кор ёфтанро осон мекардааст.

Аз ҳамин хел корҳо падарам интихобан ба акаам
фармоиш медиҳаду баъд худаш ба назди ҳамон қадрдони
кӯҳнааш - соҳиби ҳаммом меравад ва бо ӯ маслиҳатро
пазонда вазифаи аловмонии ҳаммомро қабул мекунад.

Кори падарам мекардагӣ назар ба кори дигар
мардикорон вазнин буд, қувваю маҳорати зиёдеро талао
мекард. Лекин ҳаққи хизмат ҳам бад набуд. Ғайри алов
мондан, ҳарзамон онро бо оташков тагурӯ ва тит кардан
зарур буд, ки алов якхел гармй диҳад, об доим дар ҷӯш
бошад ва ҳарорати гармии даруни ҳаммом хам як хел
бошад. Шустушӯйкунандагон шикоят накунанд ва ба пули
додаашон розй бошанд. Аз ин кор ҳаммомдор хам аз
хизмати ҳалоли аловмон рози шуда, ҳаққи хизматро
зиёдтар ва беминнат медиҳад.

Вақте ки бо нияти пулкоркунӣ аз баҳри багали гарми
занак баромадй, ва фарзандони ширини худро бесаробон
мондй, ба мусофират розй шудй, бояд ки шабро шаб -
рӯзро руз нагуфта хизмат кунй.

66
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

Барои 10-15 танга хизмати зиёдеро иҷро кунй, набошад
бо ду дасти холӣ ба хона бармегардӣ. Пуле, ки бо мехДати
ҳалол ба даст меояд бобаракат мешавад ва дар хоҷаги
фоидаи зиёд меорад.

Одами мусофир ҳар қадар ҷойхоби баҳузур,
хурдухӯроки фаровон дошта бошад ҳам, мусофир аст ва ба
ҳазор фикру хаёл хобухез ва зиндагӣ мекунад. Падарам дар
яке аз чунин шабҳо - гарчи меҳнати вазнин карда бошад
ҳам аввали шаб хобаш намебарад. Якчанд маротиба ин
тарафу он тараф аз паҳлу ба паҳлу мегардаду нимхобу
нимбедор хоб мебинад, ки гӯё дар боми қутани молҳояш
дар Искидарғ бо кадом дӯсташ сӯҳбат мекардаасту
баногоҳ, аз осмон як чӯҷа парвозкунон ба болои сараш
нишеб мешавад ва ба замин нарасида падарам онро дошта
мегирад...! Дурусттар нигоҳ мекунад, ки чӯҷаи доштааш -
чӯҷаи мурғ будаасту луччак, парубол надорад. Чуҷаро аз
ин даст ба ин даст якчанд маротиба гардонида хуб тамошо
мекунаду баъд ба бағалаш меандозад ва аз хоб бедор
мешавад...

Мебинад, ки қарибиҳои субҳидам ва вақти аловмони
шудааст. Мехезаду ба сари таҳорату намоз мешавад, лекин
хоби дидааш доим дар пеши назар...

Ба худ андешаҳо мекунад, ки ин чӣ хобе буд, ки дид ва
таъбирашро аз кӣ пурсад. Баъди намозҳои пагоҳирӯзй ба
хулоса меояд, ки хобашро ба хеҷ кас нагӯяд. Албатта дер ё
зуд натиҷаи хобаш маълум мешавад ва ба кори ҳаррӯзаи
худ машғул мешавад.

Акаам Муллоаббос бо як гурӯҳ ҳамдиёриён дар саҳро
(Бухориён истиқоматкунандагони берун аз шаҳрро саҳрой
мегӯянд) тарошакафонӣ мекардааст. Аз байн якчанд рӯз
мегузараду ба назди падарам омада мегӯяд, ки як гурӯх
одамон корашонро тамом карда, нияти ба хона баргаштан
доранд. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед, ман бо онҳо равам ё
шуморо интизор шавам?

Додом ки чунин хоби ғайриоддӣ дида буд, ба саволи
акаам ҷавоб мегӯяд, ки пагоҳ бо хӯҷаин маслиҳат мекунад.

Агар маро ҷавоб диҳад, метавонем ҳамроҳ баргардем.

Акаам пулҳои коркардаашро ба падарам медиҳад.

67
*Ғубори хотирот

* Қудратулпои Искидарги

Баъди ҳисобу китоб падару писар ба хулосае меоянд,
ки имсол назар ба соли гузашта даромадашон бад не. Агар
пули коркардаи акаам ба либосворӣ ва тӯҳфаҳо харҷ
шавад, пули коркардаи падарам, ки якчанд маротиба аз
пули акаам зиёд мешавад, яклухт мемонад.

Худо агар барори кора диҳад, тобистон ба ин пул
якчанд моли майда мехаранд. Баъди 2-3 рӯз рӯзи аз саҳро
баргаштани акаам ба сафари бозгашт тайёрӣ мебинанду
тахмин 5-6 кас бо ҳамдиёриён бозориашонро карда,
Бухороро падруд мегӯянд. Оқибат бе ягон мамоният ва
воқеаҳои ғайричашмдошт ба кишлоқ омада мерасанд.

Тахминан шаб аз нисф гузашта буд, ки акаам дари
хонаро мекӯбад. Янгаам аз пушти дар мепурсад, ки дар ин
нимишабӣ ки дарро мекӯбад?

Янгаам Бибимастура чароғро аз тоқча бардошта
пилтаашро рост мекунаду хонаро равшан карда, дари
хонаро мекушояд. Баробари ба хона дохил шудани додом
янгаам севанчӣ талаб мекунад.

- Амакҷон себинчима диҳед, аммам писар таваллуд
карданд!

- Ҳамаи чизе, ки бозёфт бошад аз они шумо дия бачем!
- мегӯяд падарам борхалтаро аз кифт фуроварда, ба дасти
янгаам медиҳад ва аз пешониаш бӯсида, ба тарафи
модарам меравад.

Модарам бошад дар сари гавҳора бо сари хам аз ҷой
нахеста монанди гунаҳкор шавҳарро пешвоз мегирад.
Ҳамон замон падарам мефаҳмад, ки ягон гапе ҳаст. Чаро
занак аз ҷой намехезад? Сараш хам монанди гуноҳ содир
карда? Модарамро аз ҷои нишастааш мебардораду ба
канор мекашад ва ба чашмаш менигарад. Ва ҳамин вақт аз
чашмони модарам ба рухсораҳояш қатраҳои ашк монанди
қатраи борон паси ҳам мерезад.

Хоби дидааш ба хотираш мерасад. «Ҳарчӣ бошад, доди
Худо»-гӯён модарамро ба канор гирифта тасаллӣ медиҳаду
шонаҳояшро дастмол мекунад.

Модарам сарашро ба синаи падарам монда, гиря
мекунад.

«Додош мана бинед... Худо ба мо чй меҳрубонй
кардааст»-гӯён рӯи гаҳвораро мекушояд...

68
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

Ман чашмамро дар равшании чароғ кушода гӯё
падарро пешвоз мегирифта бошам, сарамро ба ин тарафу
он тараф меҷунбонам. Падарам ки одами ҳозирҷавоб буд
ва дар ҳар ҳолат худашро бой намедодааст мегӯяд:

«Ҳарчӣ дилам хост, на он мешавад,

Ҳарчӣ Худо хост, ҳамон мешавад»!

Парво накун занак, ба доди Худо шукр кун! Бандаи
Худо ба ғайр аз шукр кардан дигар илоҷе надорад. Чӣ
щудааст?

Маро Худо писар додаст, ризкаш равон аст занак,
иншооллоҳ бандаи бадавлат мешавад. Ту бошӣ ба ҷои
шукронаи худоро ба ҷо овардан, оби дида мекунй. Ин
корат нагз не, очаҷонаш, бояд ба хости Худо итоат ва
шукр кард. Янгаам Бибимастура ба гапи онҳо гӯш накарда
тозон алови оташдонро тоза карда, ба болои алов якчанд
параха чӯб мемонаду чойҷушро назди алов гузошта ба
хонаи боло мебарояд. Аввал чароғи дар тоқ бударо
даргиронда ҷои нишаст мепартояд ва оташдонро, ки доим
ҳезум барои алов чинда мондагй буд, дар гиронда ба поён
мефурояду меҳмонони азизро ба меҳмонхона таклиф
мекунад.

Додому акаам пеш-пеш, янгаам аз қафо дастархон дар
даст ба меҳмонхона мебароянд. Дар сари зина додом
мепурсад, ки Маҳмадлатифу Маҳмадзариф чӣ аҳвол
доранд?

Янгаам ҷавоб медиҳад, ки тули молҳо даромадаасту
ҳарду дар назди молҳоянд. Мумкин пагоҳ Маҳмадзариф
биёяд. Молҳо ҳама тинҷанд, баъзе аз гӯсфандону бузҳо
дугоник зоидаанд. Имсол барф кам аст. Тарма ҳам
нафуромадааст. Маҳмадзариф гуфт, ки ҳамон охири
тирамоҳ як-ду барф шуду - зимистон гарм омад. Бисёр
ҷойҳои соярӯ қашқа шудааст. Ҳатто кабкҳо
намефуроянд...

Таърихи ЗАГС

Тирамоҳ вақи серкории мардуми кӯҳистон... Аз як
тараф зироати даравидашуда, ки дар хирманҷойҳо ҷамъ
оварда, хирманкӯбҳо дар ташвиши зудтар кӯфтану ба
анбор ҷой кардани зироат, аз дигар тараф дар кӯҳу
пуштаҳо обу алафи даравида, ки барои хушконидан паҳну

69
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

парешон партофтаанд. Онро ҷамъ кардан зарур аст, дар
акси ҳол зимистон молҳо бе обу алаф монда талаф
меёбанд. Аз тарафи дигар ана мана нагуфта зимистон
медароид, ҳезум захира кардан лозим...

Умуман фасли тобистону тирамоҳ барои мардуми
кӯҳистон фаслест, ки мардум аз хоб маҳруманд. Вақти
баҳузур шишта хӯрокхӯрӣ надоранд.

Бисёр ҳолатҳое мешавад, ки ҷавонҳо ё умуман мардон
якто нонро дар бағал андохта ба хар савор мешаванду -
нонро газида-газида саросемавор нимхоида фурӯ
мебаранд. Ҳаракат мекунанд, ки ҳарчй зудтар як чиз-ним
чизи дар саҳро мондаро ҷамъоварӣ намоянд...

Ҳатто бачаҳои 8-10 соларо, ки аз қафои хар рафта
тавонад, дар қишлоқҷойҳо ё айлоқҷойҳо кам вомехӯрӣ.

Аз қувваи ночизи онҳо хам истифода мебаранд ва
харҳорб бор карда пеш-пеши ҳамон бачаҳо карда, худашон
барои ҷамъоварии боқимондаи зироат ё обу алаф дар
кӯҳҳо мемонанд. Дар чунин ҳолати серташвиши марди
деҳқон, рузе яке аз тагобравҳо (айлоқ), ки аз назди идораи
колхоз гузаро мешавад, котиби колхоз мефармояд, ки аз
назди хирманҳои Искидарғ мегузарӣ, агар Муллоаббоса ё
ягон хешашро бинӣ таин кун, ки Муллоаббос албатта ба
идораи колхоз биёяд. Кори зарур будааст. Осаққол аз
район омадаанд ба Муллоаббос кор доштаанд, он касро
бисёр мунтазир накунад. Гуй, ки худи Осаққол мунтазир...

Дар чунин ҳолати серташвиш фақат душмани қаттол
метавонад деҳқонро аз кору бори ҷамъоварии ҳамаи он
чизҳое, ки номбар кардем боздорад. Агар ягон одами
бофаросате аз дӯстони Муллоаббос ҳамаи ин
бадкирдориҳоро ба ҳисоб гирифта хушрӯякак ва ботартиб
нависонда ба яке аз идораҳои дахлдор медод, мумкин буд,
ки ду пои Осаққол ва комунисти «матин» - ро аз осмон
меовард. Лекин афсӯс, ки дар шароити ҳамонвақтаи
ҳокимияти Совета дар пушта Шарифи Ҷамил одами рост
меистодагй набудааст.

1936-1937 шароите буд, ки ҳама аз сояи худаш
метарсид... Ҳар кас донаду гуру аъмолаш. Ҳамаи ёру
дӯстон дасташро соябон карда аз дур тамошо мекарданд...
Ба ягон кас, ҳатто аз маслиҳат додан меҳаросиданд.

70
*Ғубори хотирот

* Қудратулпои Искидарги

Осаққол ки аз ин шароит нағз хабар дошт ва медоғист,
ки ҳеҷ кас пуштибонии Шарифи Ҷамилро намекунад, ба
чунин бедодгариҳо машғул буд ва аз коргг кардааш завқ
мебурд. Баъди ҳар як сафари бебарори Муллоаббос зери
лаб табассум мекарду «давоят ҳамин» - гуён қабат - қабат
гӯшт мегирифт. Пекин ба касе аз дустони Дарғ «лом
намекафонд».

Гарчи мардум ин бадкирдориҳои Осаққолро медиду
мефаҳмид «забони сурх сари сабзро диҳад бар бод»-гуён
худро қафо мекашид. Ҳамаи халқ ба ҳамон гапи дуруғи
бофтаи хабарчии Осаққол бовар мекард. Гуё Шарифи
Ҷамил дар ғайри Хӯҷамурод гуфта бошад, ки Хуҷа ба
хонаи ман биёяд ба соярӯи ... набиёянд ба офтобрӯи ... аз
ҳамин сабаб Осаққол ин қасдгириро ташкил кардааст...

... Хайрият Маҳмадҷамил дар хирман будааст, он
шахси хабарбиёр таиноти котибро мерасонаду гузашта
меравад.

Маҳмадҷамил ин хабарро ба хона оварда таин
мекунад, ки додома гӯед, ки худи Осаққол мунтазир
будааст. Муллоаббос баъди намози шом хдрду хараш пеш
— пеш аз кӯҳ хошок мебиёрад. Ин хабарро шунида харҳоро
ба ихтиёри занҳо партофта саросема ба идора
мешитобад...

Аз Искидарг то Дарг меравад, ки бевақт мешавад. Ьа
бевақтии шаб нигоҳ накарда, ба идора меравад. Ба идора
меравад, ки чароғ даргирону котиб дар паси стол, сарашро
болои дастонаш монда хобаш бурдааст.

Муллоаббос котибро бедор мекунаду барои дер
карданаш маъзарат мепурсад ва мегӯяд:

— Канӣ, ҷони ака,Осаққол ба ман чи ran доштиян, ки
дар ҳамин вақти серташвишӣ омадани маро таин кардиян?
Он каса бедор кардан аз одоб берун будагист? Худатон чи
маслихдт медиҳед.

Котиб мегӯяд ки маро хона рафтан намонданд, маҷбур
карданд ки дар идора мешинию Муллоаббосро интизор
мешавӣ.

Ҳамаи мардуми хонадор як бор аз хоб сер шуд, ман
бошам монанди хизматгор шумо баринҳоро интизор?

— Бахшиш укоҷон, ман ҳолати шуморо мефаҳмам.

71
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

Лекин...

- Лекин, лекин не... Осаққол мана ин қоғаза (аз
ғалладони стол коғазро - повесткаро бароварда медиҳад)
аз район овардиян, гуфтанд ки агар дар байни се рӯз ба
Сталинобад рафта хати ЗАГС-ашро гиркфта набиёяд
кораш чатоқ... Дар район суду пиркулол ба ин кор машғул
шудиян. Мана ман ба шумо ҳамааша гуфтам. Ин гапҳои
охирина гуфтан лозим набуд... Сабил монад, яке аз
даҳонам зада баромад...

Маслиҳати бародарӣ ҳамин, ки ин гапҳои мана ба ҳеҷ
кас нагӯеду тезтар арӯсатона ҳамроҳ шрифта, саҳари
барвакт ба Сталинобод ҳаракат кунед! Бо ҳамин чароғи
болои столро пуф мекунаду аз идора мебарояд...

Котиб ба хонааш мераваду Муллоаббос ба Искидарғ...

Қариби субҳидам бо ҳамроҳии арӯсашу Маҳмадҷамил
роҳи Сталинободро пеш гирифта ба ағба мечаспанд.
Ҳамин қадар тез мераванд, ки шаб ба қишлоқи Марғеб
расида харро дар як алафзор cap медиҳанду худашон ҳам
камтар тановул карда ба роҳ медароянд ва ба ағбаи Анзоб
мечаспанд. Ин роҳи дар як рӯз тай кардаи онҳо аз 70 - км.
зиёдтар аст, агар роҳи ағбаю каҷу килебу бурою фароро
ба назар гирем, аз 80 - км. зиёд мешавад.

Ин масофаро фақат марди кӯҳистон ва ҷабрдида тай
мекунад.

Акои урус

Мулоаббос пеш-пеш, арӯс дар болои хар ва
Маҳмадҷамил асо дар даст аз паси хар ағбаи Анзобро cap
мекунанду ба гардиши аввали ағба нишеб мешаванд, ки як
«урус» борхалтааш дар пушт аз тарафи Зиддй баромада
ағбаро cap мекунад ва ба ҳам сарбасар вомехӯранд.
«Урус» ба онҳо «Здравствуйте» - гуфта салом медиҳад.
Онҳо дар ҷояшон шах туда, аз таре ба дасту пояшон ларза
меафтад. Хар гӯё фаҳмидагй барин дар паси Мулоаббос
гӯшҳояшро сих карда ба тарафи марди бетона менигарад...

«Урус» - табассумкунон ба Мулоаббос даст дароз
мекунад... Арӯс аз болои хар худашро партофта «Акоҷун»

- гӯён гардани урусро ба оғӯш гирифта, аз сару гарданаш
мебӯсад. Бародарон ҳайрон монда ба худ меандешанд, ки
ин кай акои «урус»-дор шуд. Ин уруса аз кучо мешиносад?

72
* Гу бори хотирот____________* Қудратуллои Искидаргй

Арӯс нимгирёну нимхандон ба шавҳараш рӯ оварда
мегӯяд: - Нашинохтед, ин кас акаам Нурмаҳмад. Баъд онҳо
хам ба худ омада ба диққат ба рӯи «урус» - менигарад, ки
дар ҳақиқат он Нурмаҳмад будааст.

Дар ҳақиқат ин ҳамон Нурмаҳмади писари Мирзои
Ҷунбика буд. Ба пойҳояшон ҷон медарояд бо табассум бо
Нурмаҳмад вохӯрӣ мекунанд.

' Маҳмадҷамил баъди бо Нурмаҳмад вохӯри кардан
мефаҳмад, ки ran кашол мешавад, сари харро гардонида
аз роҳи омадагиашон онтарафтар ба тори теппачае кашола
карда мебараду бори харро фуроварда, палосу курпачаро
болои сабзазор мепартояд ва харро онтарафтар дар як
алафзоре, ки ғудирми баланд дошт, бо як ресмони дароз
мебандад. То ин корҳоро иҷро кардани Маҳмадҷамил,
Нурмаҳмаду Муллоаббосу арӯс аз ҳамдигар чашм наканда
пурсупоскунон ба дил ба ҳамдигар «баҳо» медоданд, ки кй
чй қадар «вазн» дорад. Ҳар кадомашон худро ба назар
нагирифта ба дигарон «баҳо» медоданд: Нурмаҳмад, ки
дар тан формаи коркунй Н.К.В.Д. ё инки ба қавли халқй —
формаи Сталинй дошт ба назари хоҳараш - Ҷунбика гӯё
будааш, ки 5 — сол пеш дида буд, қариб як метр баландтар
туда бошад. Сару либоси пӯшидагиаш чунон зебидааст,
ки ба таъриф рост намеояд. Ба шавҳари худаш нигох
мекунаду муқоиса мекунад:

- Худоё, акаам назар ба шавҳарам чи хел қаду қомати
зебо дорад, либосҳои шинам ва хусусан гапзаниаш ҳар як
калимае ки аз даҳонаш мебарояд, ҳазору як маъно дорад,
гӯё ки фақат барои гапзаданй офарида бошад, шавҳари
ман бошад, о... бахти баргашта, Худоё чи хел дар назди
акаам ҳақир аст. На гапзании дурусту на қаду қомати
зебандаву на гапҳои боварибахш... Бо ҳамин хел
ҳайвонбашара ман хобу хез мекунам... о ... Худо...
Нурмаҳмад бошад ба ин ҷуфти арӯсу домод нигох карда аз
дил мегузаронад, ки хоҳари ман... чи қадар зебо, сару
болои базеб. Хусусан агар табассум карда ran занад, мегӯй
ки фақат ба даҳонаш нигоҳ карда афту андомашро
тамошо кунам. Дандонҳои зебо ва ба ҳусну ҷамолаш
зебанда, лабу даҳони нозуки хушрӯ, бинии рости на он

73
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

қадар баланд, хусусан чашму қошу абрӯяш ҳақиқатан
рассом кашидагӣ барин... Хоҳараш арӯси базеб шудааст.

Дар ҳусну ҷамол назар ба шавҳараш як сару гардан
боло меистад. Ҳайф, ки хоҳараш ба Муллоаббос барин як
хирси натарошидаю ноҳамвор расидааст, монанди он ки
дастаи гулро назди барзагов монӣ. Барзагов ба гул чи хел
баҳо диҳад? Вай фақат хӯрданашро медонад. Хоҳари ман
зеби маърака аст, ин барзаговро фақат ба гарданаш юг
монию ҷуфт кунй. Худоё чи хел гулро ба барзагов лоиқ
дидаӣ?... Маҳмадҷамил ки ба харбандӣ рафта буд аз ин
баҳодиҳӣ дар канор монда буд. Байни вай аз ҳама муҳим
яқ алафзоре лозим буд, ки хар хӯрда сер шаваду барои ин
«бори» зинда - лухтаки бефаросат - тайёр бошад.

Муллоаббос, ки ин саргардонию хароҷотҳои зиёдатй
ба дилаш зада буд, ба афту андоми додарарӯсаш нигоҳ
карда, аз дил мегузаронад, ки ҳамон Нури дуздаки
кӯчагарде, ки шабҳоро ба умеди шикамсеркунй дар богу
полезҳои мардум рӯз мекард, наход ки ҳамин бошад...?
Хдқиқатан ҳам йигити базеб шудааст! Лекин аз дасташ
ягон кор меомада бошад? Ё ин ки ҳамту сурати бесират?

Хайр... ягон соат шишта ба ҳам сӯҳбат кунем, пойхои
мондашударо дам диҳем, аз бори ҳамдигар бохабар шавем,
баъд мебинем...

Акаам Маҳмадҷамил биёяду ба шиштан таклиф кунад,
маълум мешавад... Дар ҳамин вақт овози хиррии
Маҳмадҷамил ба гӯш расид, ки таклифи шиштан мекард ва
чойҷӯши даруни хурчинро гирифта барои кофтани оби
нӯшокӣ тарафи дигари роҳ, ки як ҳамвории калоне буд
равона шуд. Арӯсак аз таклифи Маҳмадҷамил ба худ
омада аз рӯи акааш нигохдшро канда тозон ба тарафи
палосҳо рафт. Ба палоспартоии Махмадчамил аз назари
занона баҳое дода, ҳарду ҷомаҳои ба ду тараф партофтаро
гирифта печонда як болиште сохта таги акааш рост карда,
таклифи шиштан кард. Язнаву додарарӯс рӯ ба рӯи
ҳамдигар нишастанду баъд ба атроф назар афканданд, ки
Махмадчамил ҳақиқатан як чои хушманзараи
тамошозебро интихоб карда будааст, ки ба ҳарду маъқул
шуд. Ҳар кадомашон ҷои интихобкардаи Маҳмадчамилро

74
*Ғубори xomupont______________* Қудратуллои Искидарги

хуб пазируфтанд. Гапҳои ногуфтаю мегуфтагӣ бисёр буд.
Ба баҳодиҳии манзара вақт набуд.

Арӯсак аз даруни хурҷин дастархончаи қуроғинро
бароварда болои палос паҳн карда дар болояш нону гушти
пӯхтаи хунукро, ки як пои гусфанд буд, партофта
меҳмонро таклифи ноншиканй кард. Муллоаббос аз
миёнаш корди уротеппагиро бароварда гуштро боэҳтиёт
дар болои нон реза мекард. Ҳамин вақт Маҳмадҷамил
ҳам бо оби хунуки зеритармагй расида омад.

Афсӯс ки дар ин болои ағбаи Анзоб дарахт
камерӯидааст, набошад як чои кабуди талх дам карда
меҳмонро зиёфат мекардем, - гуфт.

-Ҳа, ҳақиқатан ҳам шумо дар интихоб кардани ҷой
баҳо надоштаед. Дар ин хел ҷои хушманзара як чойхона
бошаду бо ёру дустон ду пиёлагӣ чои кабуди талхро кайф
карда, аз тамошои ин манзараҳои дилчасп лаззат барй -
гуфт Нурмаҳмад.

- Ҳа язна, шумо чи гуфтед?!

- Ҳақиқатан акаи ман, ки худашон йигити базеби
чоркас медидагй мебошанд, завқи баланд доранд! Дар
қишлоқҷойҳои мо ба одам фақат аз рӯи кору бораш баҳо
медиҳанд, ба шавқи ҳеч кас аҳамият намедиҳанд!

-Афсӯс, гуфт Нурмаҳмад - ҳамин хел шумоён дар зери
кору бор пир мешаведу вақти зиндагӣ ва кайфу сафоро
намедонед! Ана, нигоҳ кунед! Ҳама ҷо каб-кабуд, моли
бисёре дошта бошию дар ин ҷо ба чаро cap диҳй аз ин
баландӣ чор тарафро тамошо кунй!

Ба он кӯҳи рӯбарӯямон, он тарафи дарёи Зиддӣ нигоҳ
кунед. Ҳамин зидечиҳо мегӯянд, ки барфу тармаи ҳамон
куҳ ҳеҷ вақт об намешавад. Қабати пиряхи он ҷо аз 50 метр
зиёдтар аст. Ба поён, ба қишлоқҳои ҳамсоя аҳамият диҳед,
хама ҷо... заминҳои гандумпаяю ҷавпая, алафи табиӣ
атрофи заминҳо, дар ин баландие, ки мо шиштаем аз
таъсири ҳамон пирях каб-кабуд аст. Моли майда
хӯрокашро меёбаду ин алафро бо шавқи тамом хӯрда кайф
мекунад.

Ҷунбика аз даруни хурҷин аввал ду пиёла бароварда аз
оби хунук пур карда якто ба акааш ва якто ба шавҳараш

75
* Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

дароз кард. Ва аз хурҷин як халтачаи мағзу тутро
бароварда болои дастархон мерезад.

- Марҳамат, аз мевагиҳо гиретон. Ҳама як ба
дастархону як ба арус нигоҳ карда бо имои cap ташаккур
баён мекунанд.

Нурмаҳмад ба язнааш рӯ оварда мегӯяд. - Хайр ҳамаи
ин нағз, хайр, аз худатон, ran занед. Канӣ сафарҳо ба хайр?
Шумоён секаса куҷо рафта истодаед?

- Э... напурс укоҷон, ки .... Ҳамин вақт ҷигарам хун
гашта аз даҳонам омадагӣ. Туй дуюним сол шуд. Дар
қишлоқамон ягон кас ҳоло хати ЗАГС надорад. Фақат ба
ман часпидиян, ки раву ЗАГС кун ва қоғази ЗАГС биёр.
Дар ин ду сол қариб сад маротиба ба район рафтам, панч
маротиба ба Ленинобод рафтам, ЗАГС накард ду
маротиба ба Сталинобод рафтам ЗАГС накард, ана ин
дафъаи сеюм мешавад, ки Сталинобод рафта истодаем.
Мани каллаварам ҳеҷ чизро намефаҳмам, фақат
саргардонии зиёде! Аз мо чӣ гуноҳ гузашта бошад, чй ran
шуда бошад, ки ҳама якгапа. Заҳматобод ба Ленинобод
мефиристад. Ленинобод ба Сталинобод мефиристад.
Сталинобод ба Заҳмадобод мефиристад. Ана ҳамин хел
якуним-ду сол шуд, ки моку барин байни ҳаминҳо
меравему мебиёем. Ин хари бечора балоба мондагй,
хоҳаратон савораю ману як ҳамроҳ пиёда меравему
мебиёем. Аз ин тараф колхоз гарант кардагй, хез қишлоқа
холй кун мегӯяд. Ба як балое печидаем, ки сару сомон
надорад. Ҳама хешу табор аз пушти мо сарсону саргардон.
Додом қариб девона шаванд, худам ба додом аз
рӯбарӯшавӣ метарсам. Мана ҳамин акаам 15 - маротиба
бо мо ба район рафтанд, 5 - маротиба Хуҷанд рафтанд,
мана ин дафъаи дуюм аст, ки ба Сталинобод рафта
истодаем. Боз ин дафъа ба куҷо мефиристонида бошанд,
намедонам...

- Хайр... қариб сад маротиба район рафтед, ягон
маротиба ба Исполком - назди Раис даромадед?

- Не. Он ҷо барои чй дароем?

- Ана, ҳама ran дар ҳамин ҷо! Ҳама идораҳои
районатон ба исполком итоат мекунанд, исполком ба

76
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

Райком! Фаҳмидед? Исполком аз ин саргардонии шумо
ҳатто хабар надорад!

- Ҳаа... Инаша намедонистаму... охир исполком

равем, қапида қабамо накунад?

- Ана аз ҳамин бефаҳмии шумо колхозу ҷамоат
истифода мебаранду росту дурӯг шуморо саргардон
мекунанду ба ҳоли шумо нодонҳо механданд.

- Хайр, ба соаташ нигоҳ карда, - оҳо, қариб ду соат
саргузашти шуморо шунидам. Ман пеш мешаваму Анзоб
меравам, шумоҳо харатона бор кунеду аз қафои ман Анзоб
равед, то соатҳои 9-10 мерасед. Ман дар хонаи раис
мешавам, шумоён ҳам суроғ карда ҳамон ҷо равед, шабро
ҳамон ҷо мегузаронему саҳар барвақттар мехезему шабро
дар наздикиҳои район рӯз мекунем. Фардо рузи ҷумъа
насиб бошад, коратона тахт карда ба тарафи қишлоқ
бармегардем.

Ман то ҳамин кори шумоҳоро тахт накунам, ҳатто ба
дидани додою очам, ба қишлоқ намеравам. Маслиҳати
кӯтоҳу рехтааш ҳамин, дигар дер накунему харатонро бор
кунед, мана ин борхалтаи маро ҳам ба хурҷин андозед. Ҳар
чорашон мехезанду дуои сафари роҳро хонда, раҳаки
мешаванд.

Шабро дар Анзоб гузаронида, пагоҳии барвақг тарафи
район раҳсипор мегарданд. Саҳарии рӯзи дигар баробари
ба район расидан, харашонро дар боғи Мирзобурҳони
варзӣ баста, дар чойхонаи байни район чой нушида ба
тарафи идораи ЗАГС раҳакй шуданд.

Маҳмадҷамилро назди хараш фиристониданд. Дар роҳ
Нурмаҳмад гуфт:

- Язна ҳуҷҷатҳоро ба ман диҳед.

Муллоаббос ҳамон повесткаро бароварда медиҳад.

— Язна ин ҳуҷҷат не, ин повестка яъне даъватномаи

идораи ЗАГС, паспорт доред?

- Паспорташ чй? Мо бо ҳамин қоғаз меравему мебиёем.

— Хайр ҳеҷ набошад, справкаи колхоз ҳаст? Х,о... як
коғази дигар котиб дода буд. Хдмаашро аз кисабағал
бароварда варақеро медиҳад.

Нурмаҳмад коғазро аз назар мегузаронад.

77
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

- Ин справкаро порсол ба шумо додаанд, ин справка аз
эътибор соқит шудагӣ, наваш ҳаминсолааш даркор.

Муллоаббос гуфт:

- Ман пеш аз сафар назди котиб даромада будам, гуфт
ки ҳамин мешавад.

- Хайр... Майлаш. Акнун шумоҳо ҳамин ҷо шинетон.
Вақте ки лозим шудед, ман ҷеғ мезанам. Нурмаҳмад ба
идораи ЗАГС даромада мебинад, ки як кас дар паси мизи
корӣ нишасга пашшаҳои куштагиашро мешуморад
Дарро аз пасаш пушида, ӯ иазди мизи кории раис меояд ва
бо забони русй мегӯяд:

- «Здрасти товарищ председатель» - раис аз ҷояш
мехезаду ҷавоби саломи «урусро» дода ҳайрон мешавад, ки
ин «урус» ба идораи мо чй кор дошта бошад?

Нурмаҳмад аз кисаи чапи сарисинагии куртааш
ҳуҷҷаташро, ки дар болояш ситораи сурхи панҷгӯша дошт,
бароварда аз дур нишон медиҳаду мегӯяд:

- Ман аз Сталинобод Н.К.В.Д. - фаҳмо?

Мана ин ҳуҷҷати дигар аз истиқоматкунандаи қишлоқи
Дарғ Шарифов Аббос ва арӯсаш Мирзоева Ҷунбика ана
инаш повесткаи Шумо!

Дар ҳамин коғаз ҳам мӯҳр, ҳам штамп, ҳам имзо.
Имзояш аз шумо? Мудир повесткаро дурру дароз азназар
мегузаронаду ҳайрон - ҳайрон ба рӯи «урус» нигоҳ
мекунад? Нурмаҳмад фармон медиҳад:

- Встать! Мудир аз ҷояш мехезад... Баробари аз ҷояш
хестан Нурмаҳмад як торсакии обдор ба гарданаш
мезанад, ки мудир калавида ба девор бармехӯрад.
Нурмахмад мегӯяд:

- Гуфтам, ки ман аз Сталинобод. Коркуни НКВД -
нафаҳмидй?

Ман аз идора бо ҳамин мақсад фиристода шудаам, ки
аз болои шумо - бюрократҳо арзу шикоятҳои бисёре ҷамъ
шудааст, ман аввал туро ривизия карда ба мухлати 10-сол
барои ин кашолкориат ва барои колхозчиёни пешқадами
колхозро саргардон карданат ҳукми қатл бароварда дар
байни мардуми район мепарронам, ки ба дигарон намунаи
ибрат шавад. У аз кисаи шимаш як тапончаи ялаққосиро

78
* Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

бароварда бо ҳамон яктои дигар ба сараш мефарорад ва
фармон медиҳад:

- «Садис».

Раис аз таре ба тамоми вуҷудаш ларза мефтад.
Ҳайбати таппонча аз зарбаи шалок зиёдтар буд.

- Акнун дафтари ақди никоҳро кушо,-мегӯяд
Нурмаҳмад. Аризаи инҳоро ёфта ба ман нишон деҳ!

Мудир ҳарчанд ин тарафу он тараф қоғазҳояшро тагу
рӯ мекунад, ин хел ариза намеёбад. Аризаи ин одамро нест
кардй, ба чӣ мақсад?

Ду сол боз инҳоро дар тамоми республика ба як имзои
ҳароми худат сарсону саргардон мекунй ба чи мақсад? Гап
зан! Гумон мекунй дар паси ин стол барои ҳамин туро
шинонда моҳона метиҳанд? Ҷавоб те! Барои чи нафасат
дарун зад, хӯчаини мамлакат! Маро аз марказ
фристонданд, ки ин найрангбозиҳои туро дар назди
ҳукумати район фош кунам! Ба чи мақсад инҳоро ин қадар
саргардон кардй?

Дар назди прокурор чи чавоб мегуи?

Навис!

- ман чи нависам? - Дар охир садои
нимгурма баровард - мудир.

- Дар ҳамин тараф чй менавией? Ҳамонро навис.
Фамилия, ном ва номи падари шаҳу арусро ки 2-сол боз
саргардон мекунй! Навис! Ва хати акди никоҳашонро пур
карда ба дасташон дода аз онҳо бахшиш пурс ва ҳамаи
хароҷоте, ки дар байни ду сол саргардонй кардаанд,
бозгардон. Шояд аз гуноҳат гузаранд.

-Боз чиро интизорӣ, Ё милисияро даъват кунонда дар
ҳузури милисия нависонам?

- Ҳо...ҳо...Ҳозир менависам мудир ручкаро аз болои
стол ба даст гирифта ба сиёҳидон тар мекунад...

Авал ба дафтараш ному насаби шаҳу арусро
менависад. Баъд аз галладони стол як қоғази
дафтармонандро бароварда дар он ҷо ҳама ному насаби
шаҳу арусро навишта имзо мекунад ва болои имзояш
мухри дар як гушаи галладон бударо мебардораду ба руи
муҳр ду-се маротиба ҳавли даҳон мекунад ва ба болои
имзои худ пахш карда, ба Нурмаҳмад дароз мекунад.

79
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

Нурмаҳмад қоғазро шрифта дар кисаааш ҷо мекунад.

- Хуб, ин тарафи корро кардӣ, акнун ҳисоби хароҷоти
дусолаи инҳоро чй тавр мекунӣ?

Нурмаҳмад рафта даро мекушояду шаҳу арусро даъват
мекунад. Шаҳу арӯс даромада дарро аз пасашон
мепӯшанд ва назди мудир омада салом медиҳанд.
Нурмаҳмад аз язнааш пурсид:

Ҳамон одамони гуфтагиатон ҳамин? Муллоаббос ба
руи мудир нигоҳ карда мегӯяд:

- Ман қариб сад бор ҳамин ҷо назди ҳамин кас омадам,
лекин ин кас ҳатто ба рӯи мо нигоҳ накарда, аз нисфи роҳ
бармегардонду боз ду се ҳақорати дигар ҳам мекард. Мо
чи гуноҳ доштанамонро надониста, сарамонро хорида-
хорида баромада мерафтем.

- Рафик Шарифов - мегӯяд Нурмаҳмад - мана ин
қоғази ЗАГС-атон! Акнун ба қишлоқатон раведу як ду рӯз
дам гиреду ҳамаи саргардониҳоятонро аз авал то ба охир
нависед. Менависед, ки чанд маротиба назди ҳамин кас
омадед, кӣ ба шумо ҳамроҳ буд ва шоҳидй дода метавонад.
Чанд маротиба ба Ленинобод ва Сталинобод рафтед,
ҳамаашро пурра ва равшан нависед. Дар байни ду соли
саргардонӣ чӣ қадар хароҷотҳои кардагиатонро пурра ва
бе каму кост нависед. Ва ҳамаи навиштаҷотатонро ба ман
мерасонед. Ман ин корро то ба охир нарасонам, аз ҳамин
район намеравам. Гапи маро пурра фаҳмидед?

- Ҳа. Ҳамаашро фаҳмидам - мегӯяд Муллоаббос
(гарчанде ки ҳеҷ чизро намефаҳмид).

- Ана акнун ба қишлоқатон раведу гуфтаҳои маро иҷро
кунед.

Ман дар ҳамин район холо кори бисёре дорам. Ба
шумо ҷавоб.

Муллоаббосу арӯсаш аз дар мебароянд. Нурмаҳмад аз
пасашон баромада оқиста мегӯяд, ки маро мунтазир
нашаведу шумоҳо оҳиста - охиста харатона ҳай карда ба
роҳ бароед. Ман шумоёнро медарёбам. Шаҳу арус
мераванд. Нурмаҳмад гашта ба идора медарояд...

Ин буд ҳақиқати ҳол ва сарсонию саргардонии шаҳу
арӯси нодон, ки ба фарҷом пазируфт.

80
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги
Тарки диёр

Як рӯз ман халтачаи латтагӣ дар даст сари теғаҳои
болои хонаамон порӯби кафтар меғундоштам. Акаам бо
ҳамроҳии Маҳмадҷамилу янгаам омаданд. Падарам дар
назди тамокуҳояш ҷунбуҷул дошт. Акаам харро лаби ҷуйи
хирман фуроварду ба додом салому алайк карда, ба хона
даромаданд. Ман бо халтачаи порубдор фуромадам, ки
дар атрофи дастархон додому Маҳмадҷамил ва акаам чой
нӯшида чақ - чақ доштанд. Тааҷҷубовараш он буд ки дар
лабони падарам табассумро дидам. Ин ҳолатро аз мурдани
модарам то ҳол надида будам. Ҳамин вақт хаёлам, агар
касе ба тариқи шӯхй мегуфт ки нисфи баданата бурида те -
падарам бе муҳобот не нагуфта - медод. Ин ҳолате буд
такрорнашаванда. Пиёлаи чей дар даст, падарам ба
Муллоаббос фармуд, ки бо Маҳмадҷамил ба чӯпонҳо, ки
дар Сари оби Фарзот буданд, орд баранд. Аз он ҷо ба
хархо ҳезум бор карда оранд.

Баъд ба Ниёз фармо: 5 барраи башуд ҷудо кунад ва ту
онҳоро ба Искидарғ биёр. Якто барраро кушта ишкамчок
куну болои ҳезумҳо партофта Дарг бар. Ҳезума дар хона
холй карда, баррата ба боғи Мирзои падарарӯсат бар.

Ман бо ин когази овардагиатон идораи колхоз
мераваму баъд пеши Мирзо меравам ва туро ҳамон ҷо
мунтазир мешавам. Падарам баъди рафтани Муллоаббос
аз ман пурсид, ки:

- Пагоҳ мактаб меравӣ? Ман ҷавоби тасдиқ додам.

- Набошад хез ҳозир меравем. Ман аз паси падарам
лангон - то аз Искидарғ паноҳ шудана рафтаму баъд ӯ
маро пу штора гирифта роҳи рост то боги амаки Мирзо
бурд. Аз лаби замини худамон амаки Мирзоро ҷег зада
гуфт:

- Мана, ба шумо ҳамсӯҳбат овардам. Ман идораи
колхоз меравам, хаёлам имшаб меҳмони шумоем. Агар
Нурмаҳмад дар қишлоқ бошад, тайн кунед ҳамин ҷо биёяд.
Мо ҳамроҳ як сӯҳбат кунем. - Баъди намози шом падарам
омад. Аз хурҷин ким-чиро бароварда ба амаки Мирзо доду
гуфт, ки ин як «барги сабз» - ва ба Нурмаҳмад салому алек
карданд ва ба ҷои нишондодаи Пурмаҳмад гузашта
нишаст.

81
*Ғубори хотирот

* Қудратуллоу Искчдаргй

Акай Мирзо пай бурд, ки Шарифи Ҷамил беҳуда барои
дидани бачаи ман намеояд, вай ягон коре дорад. Ман
болои бом мондаму онҳо дар поён чароғро даргиронда
баҳузур сӯҳбат мекарданд. То як чойник чой нӯшидани
онҳо акаам ҳам расида омад. Аз кифташ як чизи вазникро
пеши чароғ партофт. Бинам ки маслуқи гӯсфанд. Баъди 15
- 20 дақиқа гӯштро майда карда назди амаки Мирзо
партофт. Дилу чигари гӯсфандро бо як ду пора гӯшт
бирён карда, боқмондаи гӯштро намак карда болои бом
назди ман монданд, ки шамол занад. Ман тахмин як моҳ ё
зиёдтар ҳамон ҷо мондам. Амаки Мирзо аз таърихи дину
оин бохабар буд, бисёр нақлу ривоятҳои аҷоиб медонист.
Хаёлам ба он кас ман барин одам лозим буд, ки ran
назанаду гӯш кунад. Лекин таъкид мекард, ки хонам,
албатта хонам. Заминҳои обии қишлоқ аз банду бор холй
шуда буду акаам Маҳмадзариф бо Рачаби Мулосангин
қучқорҳоямонро дар гандумпаяҳо бонй мекарданд.

Як рӯз, баъди 2 - моҳи дар синфи чорум хондани ман
акаам омада ба ман гуфт, ки пагоҳ баъди мактаб
китобҳоямро гирифта, Исқидарғ равам ва илова кард:

- Додо тайн кардиян. Он рӯз ман ҳамаи китобҳо дар
бағал бо амаки Мирзо хайрухуш карда гуфтам, ки
Искидарғ меравам, додом тайн кардиян, амаки Мирзо ба
ман дуо дода гуфтанд, ки илоҳо сафаратона бехатар
кунад, паноҳатон бо Худо. Ман мактаб рафтаму баъди
мактаб оҳиста-оҳиста, лангон-лангон рохи Искидаргро
пеш гирифтам. Аз қафоям ҳамсинфам Мирзофузайл
харакй омаду маро ба пушташ савор карда, то
заминҳояшон бурда ба ман аз зардолуҳояшон такида доду
тайн кард, ки ҳар рӯз маро ҳамон ҷо мунтазир шав, ман
харакй то ҳамин ҷо мебиёрам ва худаш ба хараш савор
шуда он тарафи дарё гузашт. Ман дар доманам зардолу,
дар бағалам китобҳо раҳакӣ шудам, ки аз қафо
Маҳмадзарифу Махмадчамил харсавор омаданд. Акаам аз
хар фуромаду маро савор кард. То Искидарғ сӯҳбаткунон
рафтем. Раҷаб аз воқеаҳои саргузашташ нақл мекарду мо
механдидем. Накл кардан хам ҳунарест, ки ҳар кас карда
наметавонад, хусусан наклхои хандовар.

82
* Ғубори хотирот

* Кудратупкои Искидаргӣ

Ба Искидарғ расидему бинам, ки хонаамон аз хешу
табор пур. Даву тозашон бисёр... Ман ҳеҷ чизро
намефаҳмидам.

Апаам Норбибӣ омада маро оғуш кашиду аз ҳарду
рӯям бӯсида гуфт, ки моро фаромуш накун, боз омада

хабар гир. . - •.

Ман намефаҳмидам ки ин гапҳо чи маъни доранд.
Ниёзи чӯпон ҳам дар хона буд... Муллоаббос серташвиш
буд, даву ғеҷаш бисёр. Падарам Муллоаббосро ба шиштан
даъват карду ба Ниёз рӯ оварда гуфт:

- Ниёз ту донию Худой болои cap! Дар назди тую
Маҳмадлатиф чандто кучқору чандто барра ва гӯсфанди
зо ям мондааст?

Ниёз гуфт:

- Даҳто қучкори калон, панҷто қучқори дусол чилто
тухлию барра ва панҷоҳта гусфанди зоям ҳаст, ки бо ду
серкаи 5 - сол ба чӯл ҳай мекунем. Гусфандҳои пира ҷудо
карда овардам. Дар қутанатон бисто гӯсфанд андохтам.
Агар инҳоя ҳисоб накунем андар якдигар садто ё зиёдтар
гӯсфанд мешаванд. Дар роҳ ҳар хел воқеъаҳо шуданаш
мумкин, ман намедонам, чандто ба чул сиҳату саломат
мерасад. Падарам ба Муллоаббос рӯ оварда гуфт.

- Шунидй, мана ғайри гусфандҳои фурухтагиву
хурдагӣ ва русткардагӣ Ниёз мегӯяд, ки садто мондааст. Ту
ҳамон молҳои худамонро мешиносй. Ҳамааш дурӯш дорад.
Боз рафта ҳамаашро аз назар гузарон. Ман ду ҷувол орду
як ҷувол гандум чудо кардам. Имшаб Ниёз гандумро ба
хонааш барад. Ордро Ҳақназар пеши мол бурда метияд. Аз
гӯсфандҳо даҳто ҳаққи Ниёзро худат ҷудо карда деҳ. Агар
чӯпони дилпур ёбй гӯсфандҳои ҳамаи авлода чудо карда
супор, агар наёбй, майлаш имсол ҳам Ниёз бонй кунад. Аз
додарат Латиф бӯи умед нест. Агар намураму зинда
баргардам худам ҳисобро баробар мекунам.

Хайрият, ки байни шумо Сафар ҳаст (язнаи калони —
шуи Ҳурбибӣ). Вай молҳои ҳамаи авлодро мешиносад.

Сафар молҳоямонро то чӯл бурда мерасонад, ман ба
вай як қучқор ваъда кардам худаш интихобан чудо карда
мегирад. Аз ман дигар умед накун. Дар ин чо худату занат
ва духтарат Сафия мемонад. Хамбаҳоят пур. Ғалладонаи

83
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

ҷамъоварӣ шуда ба ду дуюним солатон мерасад. Ман
Зарифу Қудрата бо занаму сағирааш Бибираҷаб мебарам.
Ҳушата ба ҷой биёр. Акнун чашму гуши ман дар ин ҷо тӯӣ.
Ба мо роҳи сафед. Ҳамаҳотон даст бардоред, амакатон
Надирбоқй дуо мекунад.

Дӯстон ва хешу таборе ки ҷамъ омадаед, моҳоя биҳил
кунед, ман одами тез, мумкин ки шумоҳоя хафа карда
бошам, боз дидор мебинем ё не, Худо медонад. Ман одами
маибй будам, ҳоло ҳам он қадар роҳ гашта
наметавонистам. Бинобарон апаҳоям як-як меомаданду
маро бӯсида худоҳофизӣ мекарданд ва мегиристанд. Дар
ин хайрухушу худоҳофизӣ Бибираҷаб набуд. Маро ба хар
савор карданду очакалонам - модари Ҳурбибию
Маҳмадҷамил - бо қомати хамзада назди ман омаду гуфт:

- О, сағираяки оча, хам шав, як мусат кунам, ту дигар
мана намебинӣ, маро бӯсиду гуфт:

- О додош, ҳаминака эҳтиёт кун. Ҳаминак Худо хоҳад
як рӯз одам мешавад. Аз ҳамаи дигарош дилам пур...
фақат ҳаминакба нисфи дилам кашол... Паноҳи ҳамаҳотун
ба Худо. Овозаш ларзид ва бо сари остинаш чашмонашро
пок кард. Маълум буд, ки ҳоло ҳам падарамро дӯст
медорад. Падарам гӯё ки зани калониашро нав дида
бошад, ба назди мо омаду гуфт:

- Очаҷонаш дар ҳаққи ҳамаҳошун дуо кун, маро бахшу
биҳил кун, ман ба қадри ту нарасидам, ки ба ҳамин балоҳо
гирифтор шудам. Дуо кун... Акнун дер шуд ва ишора кард,
ки ҳай кунед.

Сталинобод

ҚисСа кӯтоҳ, баъди 3-4 шабонарӯз ба заводи
сементбарории Душанбе расидем. Роҳи монишгард
сангфарш буд. Онро роҳи оҳан бурида мегузашт.
Мошинҳою одамон рафтуомад мекарданд. Ба ҳамин роҳи
оҳан расидан замон харҳоро даст гирифтанду аз роҳ
дуртар дошта истоданд, ки мабодо харҳо бетоқатӣ кунанду
аз роҳ нагузаранд. Маро аз болои хар фароварданд.
Хаёлам як ду соат интизорй кашида истод ем...

Тахминан 150-200 метр дуртар аз роҳи мошингард 4
вагони поезд истода буд. Мо вагонҳоро мунтазир -

84
* Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргй

вагокҳо моро... Оқибат аз он тарафи вагонҳо як одам
омада пурсид, ки оё касеро интизорем.

Падарам гуфт, ки ин поезди Сталинобод гузарад гуфта
интизорӣ мекашем. Он одам қоҳ-қоҳ занон хандиду гуфг,
ки ин вагонҳо поезд надорад. Агар боз 10 рӯз ҳамин ҷо
истед ҳам, ин вагонҳо бе поезд намегузаранд. У
гарданбанди харро гирифта аз роҳи оҳан гузарониду ба
шумо роҳи сафед гуфта, хандида-хандида назди ҳамон
вагонҳо рафт. Аз сементзавод то кучаи Сариосиё
гандумпая буд. Мо харҳоро ба ҳамон гандумпая ҳай карда
то кӯчаи «Третый нагорный» омадему назди хонаи рақами
40, ки дараш қулф буд, бори харҳоро фароварда ва
соҳибхонаро интизор шудем. Тахмин баъди намози шом
соҳибхона омад. Бинем вай ҳамон Нурмаҳмади писари
Мирзои Ҷунбика.

Дар ҳамон хона то баҳор зиндаги кардем. Акнун ин
зиндагӣ назар ба зиндагии дар деҳа доштаамон аз замин то
осмон фарқ дошт.

Нурмаҳмад - Давлат ном бародар дошт, ки ваи ҳам
дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекард. Давлат бо Маҳмадзариф ҳар
саҳар барвақт хеста мерафтанду назди магазин навбат
гирифта, то кушодашавии магазин интизори мекашиданд.
Баъд ягстояшон омада, маро мебурд. Магазин ба ҳар кас 2
кг орд медод. Ман назди орд меистодаму онҳо боз якбору
дуборй орд гирифта, ҳамааша якҷоя карда ба бозор бурда
мефурӯхтанду ба фоидаи аз орд мондагй зиндаги
мекарданд.

Чорбог

Ҳамин ҳолат то баҳор давом кард. Баҳор мо аз шаҳр
кӯчида ба қишлоқи Чорбог рафтем ва ду соли дигар дар
хонаи раҳматии Усмонхӯҷа зиндагонӣ кардем. Зани
падарам Солиҳа дар ҳамин ҷой ҳам дуздиащро давом
медод ... Баҳори соли дуюм ман касал шуда, гули сурхакон
баровардам чил рӯз хоб рафтам. Иштиҳо набуд, фақат оби
ҷуш, дигар чиз аз гулӯям намегузашт. Танаам суп-сурх,
фақат пусту устуғон монда. Ҳама мунтазир, ки имруз ё
пагоҳ мемурад. Пекин умр дароз будааст, ҳоло бо 80 зану
фурор дорам.

85
*Ғубори хотирот

* Қудратулпои Искидарги

Як рӯз падарам ба акаам пул доду гуфт, ки суф харида
биёрад. Модари Усмонхӯҷа омада ба ман нигоҳи дуру
дарозе кард... Ман гумон кардам, ки модари худам бошад,
гуфтам:

- Оча, очаҷун, кай омадӣ, аз куҷо омадй, роҳа кӣ
нишон дод Мана хонаи худамо мебарй?

Очаам ran намезаду ба ман нигоҳ мекард - падарам
ҳамон вақт хаёлам намози пешин мехонд, ки овози модари
Усмонхӯҷа ба гӯшам расид, ки гуфт:

- Бобо биёед як - ду даҳан куффу суфаш кунед, очаша
ҷеғ зада истодааст. Падарам намозаша бурида омаду
«Ёсин»-хониро cap кард. Ман арақ карда будам, ки курная
аз болоям партофтам. Танам луч шуду падарам ёсинхонон
ба баданам даст расонда биниашро бо остини ҷомааш
пӯшонда акаамро ҷеғ зада сарзаниш карда, гуфт:

- Аз он кӯрпаҳои тоза як дута берунба партою
додарата бурор.

Ин курпачаҳоро ба даруни бог бурда офтоб кун. Маро
берун бароварданд, кӯрпаҳои маро акаам печонда даруни
бог бурду падарам модари Усмонхӯҷаро ҷеғ зад.
Ҳарсеяшон ба курпаҳо нигоҳ мекарданд. Маро хоб
бурдааст, як вақт ба худ омада акаамро ҷеғ задам, вай дар
наздикии ман даре тайёр мекардааст, ки овоз доду гуфт:

- Ман ҳамин ҷо - чӣ мегӯӣ?

- Аз додом пул гиру ба ман қанд биёр, дилам қанд
мекашад.

- Аз пулой худат гирам чй?

Ман гумон кардам ки ба холи ман механдад. Гуфтам:

- Ман пул надорам. Агар медоштам медодам.

- Пулҳои таги курпаат азони кй?

- Курпачаи ман шояд ҷондор дошта бошад, лекин пул
надорад. Ин қадар ба холи ман наханд...

Падарам наздам шишту дастамро гирифта пурсид:

- Чизат биёрам бачам? Ман гуфтам ки қанд, дигар ҳеҷ
чиз намехоҳам. Ҳамон замон модари Усмонхӯҷа як лунда
қанд овард, лекин саросема гуфт, ки қанд ба касалй зарар
дорад. Падарам гуфт:

- Акнун ба вай хама чиз мумкин, парҳез лозим не, ҳар
чи ки дилаш кашад диҳед. Падарам боварй ҳосил кард, ки

86
* Ғубори xomupotn

: Қудратуллои Искидарги

ман мемурам... Баъд ба ман ҳамон қандро доданд, ман
дудаста онро ба даҳанам тиқондам ва гумон кардам, ки 6а
қанд қаланфур пошида бошанд, қандро партофтам.

- Қанд мегӯию намехӯрӣ - гуфт акаам.

- Ин қанд тунд, рав аз магазин биёр, гуфтам ва руямро
гардонида чашмонамро пӯшидам... дигар маҷоли гапзани
надоштам.

Хаёлам рӯзи дигар буд ё ҳамон руз, ки ба худ омада
чашмонамро кушодам. Акаам аҳвол пурсид.

- Қанд овардӣ? - пурсидам аз ӯ.

- Хр таги саратба. Даст карда бинам, ки дар як қоғаз
канд печондагӣ. Гирифтаму ба даҳонам бурдам, қанд
ширин буд.

- Ин қадар ширин, - гуфтам

Акаам базавқ хандиду гуфт:

- Ин ҳамон қанди партофтагиат, қандҳои ман овардаги
дар ин ҷо!

Акнун дилам қанд ҳам намекашад.

- Ако пештар биё гапат дорам. Медони очам акаамро
фиристод, ки мана Искидарғ барад... худаш гуфт ба Худо
ки Пагоҳ ё фар до Муллоаббос мебиёяду мана мебарад,
хайр хафа нашав, туя ҳам мебарем. Падарам хаелам
бомдод мехонд, ки гапи маро шунида, «салом» доду пешам
омаду дасташро ба сарам монда гуфт:

- Тамоман ҳарорат надорад. Боз «Ъсин» хонд. Ин
дафъа акаам гирён шуд. Ин гапҳои маро шунида ба
хулосае омаданд, ки акнун тамом - мемурад.

Пекин қаволаи умри ман дароз будааст.

Модарандарам дигар ба ман наздик намешуд. Ман ҳам

орзӯи диданашро надоштам.

Аз байн ду рӯз гузашт. Ман хурок талаб кардам. Акаам
ба кампир гуфт, ки додарам хӯрок талаб мекунад. Дар
хона хама чиз ҳасту хӯроки гарм нест. Кампир ним коса
ширравғана овард. Онро харисона хурдаму ба акаам

гуфтам: ___0

- Чиба шумохо ба гапи ман бовар намекунед.

Мана хамин шаб ако мебиёяд. Дар ҳақиқат ҳамон
бегох карибии намози шом Муллоаббос, Маҳмадҷамил,
Хакназар ва Холи Рахим омаданд. Падарам дар хона буд,

87
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

чӣ гуфтанаша намедонист... Гоҳ ба ман нигоҳ мекарду гоҳ
ба меҳмонҳо... намедонист, ки шодй кунад, ё гиря? Онҳо
гуфтанд:

- Мақсад аз омадан ин буд, ки се сол ин ҷо истодед,
қасамҳои хӯрдагӣ иҷро шуд. Акнун бас аст. Ҳамаи хешу
ақрабо илтимос карданд, ки шумоҳоя гирифта барем.

Марҳамат тайёриятона бинед. Кӯчатона бор карда
мебарем. Ва баъди се рӯз мо роҳи зодгоҳам - Искидарғи
азизро пеш гирифтем.

Лекин азоб ҳоло дар пеш буд...

Бозгашт

Дар маслиҳати бозгашт ба қишлоқ - соҳиби хонаро
даъват карданд, то дар сӯҳбати меҳмонон иштирок кунад.

Ҳаво гарм буд, ман илтимос намудам, ки ҷойхоби маро
берун бароранд. Маро дар пешайвон ҷой карданду
меҳмонҳо дар суфаи даруни боғ нишаста сӯҳбат
мекарданд. Ман гапҳояшонро мешунавидам. Гапҳо бисёр
буду мақсади мо он гапҳоро айнан такрор намудан не,
балки рафти воқеа ва натиҷаи онро фаҳмондан аст.

Падарам қишлоқ рафтан намехост, ӯро ба ran
даровардан лозим буд.

- Додо - гуфт Муллоаббос - мо шуморо маҷбуран
бурданй нестем, агар ғарибмарг шуданй бошед, марҳамат,
лекин дар маслиҳати ба қишлоқ бурдани Шумо тамоми
Искидарғ ҷамъ шуда буд. Ҳамаи халқ илтимос кард, ки
рафта падаратонро биёред, набошад хоҷагиатон тамоман
вайрон мешавад.

- Бобо ман ку ба ran ҳамроҳ шуданӣ набудам, - гуфт
соҳиби хона шодравон Усмонхӯҷа, агар ба ватан рафтан
нахоҳед, боз 100 - соли дигар ҳамин хона дар ихтиёри
Шумо, аз ин ҷиҳат бемалол, лекин хамаи ҳамин омадагиҳо
илтимос карда истодаанд, рафтан даркор... Бобо, то рӯзе,
ки ман зиндаю саломатам ҳамин ҷо як гӯшаи ҳавлй азони
Шумо. Баъди ман ихтиёр доред!

Хаёлам ҳамин сухани Усмонхӯҷа таъсир кард, ки
падарам гуфтанд:

- Муллоусмонхӯҷа, илоҳо Шумо ва шумо барин
ҷавонмардони водии Ҳисорро Худо дар паноҳаш нигоҳ

88
*Ғубори хотирот_____________* Кудратуллои Искидаргӣ

дорад, ман ба қувваю мадади шумоён зиндаю саломат
мондам. Хайр, гуфтаи Шумо шавад.

Бо ҳамин маслиҳатҳояшон пухту падарам ба
Маҳмадзариф гуфтанд, ки қаламу қоғаз биёр! Акаам як
дафтару сиёҳидон овард. Падарам ҳамаи он хешоне, ки
умедвори дастовез буданд номбар кард, ки як варақи
дафтар пур шуд. Баъд ҳамёнашро кушода як қавзи пул
бароварда гуфт:

- Мана ин хизмати сесолаи мо. Пагоҳ бо акаат бозор
раведу ба ҳар кадоми онҳо чизе лоиқ харид кунед. Барои
омадагоне, ки ба дидан меоянд, ширинию мағзу чағз ва ду
кило чойи кабуди нағз харед.

Бо ҳамин баъди як рӯзи дигар ба чор хари овардагй
гандум ва ҳамаи бисоти рӯзгорро бор карданду ба хари
худамон хурокворӣ барои роҳ ва мани касалӣ дар болояш
роҳи Ватанро пеш гирифтем.

Фасли баҳор. Бор вазнин, харҳоя тез-тез дам додан
даркор. Гоҳ ба роҳу гоҳ ба бероҳа баъди 6 рӯз ағбаи
Мунҷгро фуромада, як шаб дар Мунҷг меҳмон шудем ва
пагоҳаш то Қарғоб фаромадему харҳои гандум бо
Муллоаббосу Маҳмадзариф осиё рафтанд мо, мазорашба
мурам - Искидарғ.

Мо ҳоло дар Чорбоғ будем, ки ҷанги Финляндия бо
СССР cap шуда буду додари Усмонхӯҷа - Сулаймонхӯҷа
ҳамчун комсомоли пешқадам ва матин ихтиёрӣ ба
комиссариата ҳарбии ноҳияи Варзоб ариза дода ба сафи
қувваҳои мусаллаҳи Ватан рафта буд.

Аз ҳамон ҷо мактубҳои аҷоибу - ғароиб менавишт ва
чавонҳои ҳамсинну сол ва дӯстони ҳамқишлоқиашро
даъват ба сафи Армия мекард...

Ҳамин шароити саршавии ҷанг дар кишлоқи худамон
ҳам аксариятро ба ташвиш андохта буд, ки хешу ақрабои
мо ба Муллоабос маслиҳати кучонда ба қишлоқ овардани
моро додаанд.

Вақто ки мо аз Чорбоғ ба қишлоқ омада расидем,
ҷанги Финляндия аллакай тамом шуда буд, лекин
ҷавонмардони бақуввату комсомолони калонсоли
қишлоқро машқи ҳарбй медоданд. Як гурӯҳ ҷавонони
пешқадам ва ба Ҳукумати Совета содиқ бо сардории

89
*Ғубори хотирот

* Кудратуплои Искидарги

Мирзоюнус ихтиёрй ба Армия рафта буданд ва
аксарияташон дар ҳамон ҷанг қаҳрамонона ҳалок шуда
буд. Ҳамин шароит одами бофаросатро водор мекард, ки
ҳар қадамашро шумурда ва ба ҳисоб гирифта монад, лекин
ба акай май Муллоабос ин панд нашуд.

Дар урфият мегӯнд, ки бисёр одамон ба муҷари
солашон мекашад ё ин ки монанд мешавад, акаи ман ҳам
Муллоабос, ки дар соли «хук» таваллуд шуда будааст, ба
ҳамон солаш мувофиқ қувваю бозӯи бақувват дошту ақли
расой солим барои фикр кардану муҳити зиндагиро дарк
кардан не. Бинобарон ба ҳамин муҳит аҳамият надода, аз
падар иҷозати ба Бухоро рафтану мардикорӣ карданро
мегирад ва Маҳмадлатифро ҳамроҳ мебарад. Акнун мо, аз
Сталинобод омадагиҳо дар қишлоқ монда ба гову мол
нигоҳу бин мекардему дарғиҳоямон ба Бухоро рафтанд...

Сафари Бухоро

Дар 3 моҳи мардикорй акоюдодар фақат дар
шикамашон кор кардаанду халос. Пасандоз 00. Он ҷо ба
саҳро корковӣ рафта, ба дасти як бригадири корчаллон
афтида, ба ваъдаҳои дурӯғи вай бовар карда ба колхоз
медароянд ва ба ҳамдиёриён таъин мекунанд, тирамоҳ
рафта кӯчашонро бор карда ҳамин ҷо меоранд... Соли
1941 Германия бе эълон ба сарҳадҳои ҳукумати Советӣ
зада даромад. Дар ҳама ҷо мардум дар ташвиш, ин
масъалае ки ба ҳама маълум. Дар аксари деҳаҳо
намояндагони военком баъди кори колхоз ҷавонҳоро
ҷамъ карда машқи ҳарбй мегузаронанд. Муллоюнусу чанд
ҷавонҳои дигар ихтиёрй ба аскарй рафта, аз рафти ҷанг
мактубҳо менавиштанд.

Муллоаббос аз кору бори дунё бехабар - ба колхоз
даромада ҳам худаш ва ҳам Маҳмадлатифро ба бало
гирифтор кард. Ҳамаи хешу табор дар ташвиш буданд.

Падарам ба хулосае меояд, ки онҳоро аз Бухоро
биёрад.

Як бегоҳ падарам ба ман гуфтанд, ки чоруқатро пуш ба
Бухоро меравем. Ман одами маъюб роҳи дур рафта
наметавонам. Ҳарчӣ гӯяд, хуб... Аз дастам хам кор

90
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

намеояд, як хурандаи зиёдати. Дар ҳама ҷой ва ба ҳама
дардисар...

Дар пеш боз сафар, бечораи хар аз дасти ман дар бало
лондагй. Боз мо се нафар ба сафари Бухоро баромадем.
Падар пеш - пеш, ман дар болои хар, Маҳмадзариф аз пае
аз қишлоқ баромадему то ба маркази район расидан дар
чанд ҷой дам гирифтем.

Яке аз шиносони падарам маслиҳат дод, ки агар ба
агбаи Қизилмазор гузарем, роҳ зиёда аз як ҳафта кӯтоҳ
мешавад. Бо ҳамин азобу уқубат мо қариб як моҳ роҳ
паймудем ва ба райони Вобканди Бухоро дохил шудем.

Хайрият тобистон буд, ҳаво гарм ҳар куҷо ки алафзор
бошад, шабро рӯзу рӯзро шаб карда мерафтем... Як пагоҳӣ
падарам гуфт, ки имшаб Худо хохад, дар хонаи
ҳамқишлоқиҳоямон Эшони Қорй меҳмон мещавем. Мо
албатта хурсанд шудем, ки як шаб бошад ҳам дар болои
палос баҳузур дароз кашида шабро рӯз мекунем. Ва ҳамин
хел ҳам шуд. Эшони Қорӣ дар як ҳавлии кушоди серобу
дарахт зиндагӣ мекардаанд. Мо даромадан замон бори
харро фуровардему дар болои як суфаи шамолрави сояи
дарахтон, ки дар болояш палосҳои кӯҳна партофта шуда
буд, дароз кашида, истироҳат кардем.

Баъди он қадар азоби роҳ, ин як давлати подшоҳй буд.
Аз хар беташвиш... Болои суфаи шамолрав дароз
кашидан замон маро хоб бурдааст.

Худи Эшони Қориро баъди ба ҳавлӣ даромадан як
маротиба бо салому алайк дидему он кас ҳамон замон
падарамро бо худ ба хонаи дарун таклиф карда бурданд.
Ману аком дар болои суфа мондем. Намедонам ман чи
кадар хоб рафта бошам, ки акаам маро бедор карда гуфт:

- Хез, дасту рӯятро шӯй хӯрок хунук мешавад. Падарам
ҳоло ҳам бо ҳазрати эшон дар хона буданд. Вақти
дастурӯйшӯӣ ман дидам, ки аз ҳавлӣ як ҷӯи об мегузарад.
Аз акаам пурсидам, ки дар хамин ҷӯй оббозӣ кардан
мумкин бошад. Акаам бо сарҷунбонӣ аломати тасдиқро
доду афсӯс хӯрд, ки собун надорем...

Падарам то бевақтии шаб бо ҳазрати Эшон сӯҳбат
мекард. Ману акаам баъди торик шудани шаб дар ҷӯй
оббозӣ кардем. Саҳар баъди намози бомдод, мо роҳи

91
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

қишлоқи Муллоаббосро пеш гирифтем. Афсӯс ки, турқи
рӯи амаки Қорӣ дар ёдам намондааст, ҷоиз суд ки он
вохӯриро батафсилтар нақл кунем.

Ҳамон рӯз дар ҳеҷ ҷой наистода роҳ рафтем ва
бегоҳирӯзй баъди намози шом ба хонаи акаам расидем.
Албатта, ин вохӯрй хурсандиовар набуд. Падарам бисёр
асабӣ буд ва тамоми шаб акаҳоямро сарзаниш мекард.
Падарам як ҳафга дар ҳамон ҷо монданду маслиҳат шуд,
ки падарам бо Маҳмадзариф ба хона бармегарданд, мо се
нафар ҳамин ҷо мондем.

Онҳо то зимистон дар колхоз кор мекунанду баъди
соли нав аз колхоз ҳаққашона рӯёнда ба қишлоқ
бармегарданд. Пекин тақдир воқеаҳои ғайричашмдоштро
ба мо насиб карда будааст. Баъди рафтани па да раму
Маҳмадзариф хабарномаҳои аввали (повестка) ба акоҳои
ман омаданд. Шабакй ҳамаи бисотамонро ҷамъ карда
роҳакй шудем. Ва саҳари рӯз ба як ҷангалзор расидем, ки 6
- нафар шаваткиҳо ҷангал мебуриданд ва кӯб карда ба
давлат месупориданд. Мо ҳам ба онҳо ҳамроҳ шуда, чӯб
мебуридагй шудем. Ман ба онҳо чойдамкун будам. Лекин
баъди ду моҳ маълум шуд, ки онҳо моро фиреб медиҳанд.

Хазиначӣ маслиҳат дод, ки бригадаи алоҳида ташкил
намоем ва худаш, ё ягон каси дигар омада чӯбҳои
буридагиро қабул мекунанд ва кубашро дуруст навиеад,
Ин кор дар моҳи аввал натичаашро нишон дод. Ҳаққи мо
аз онҳо ду маротиба зиёд буд. Ва ду моҳи дигар 3 -
маротибагй зиёд гирифтанд. Оқибат ин кор ба он оварда
расонд, ки шаваткиҳо милитсия оварда Маҳмадлатифро аз
армия гурехтагӣ гуфта, ҳабс кунонданд. Муллоаббос
шабона аз он ҷо ҳам гурехта маро хонаи тағоям Шарифи
Мулорофеъ бурда партофту худаш ба қишлоқ рафт. Ман
дар Бухоро дар колхози ба номи Сталин қишлоқи
Қайрағоч мондам. Қишлоқ ғайр аз тағоям ҳама ӯзбак
буданд. Ман дар байни ду сол забони даҳанакии ӯзбакиро
аз худ кардам. Баъди ду сол Маҳмадлатиф аз маҳбас озод
шуда хонаи тагом омад. Ҳуҷҷатҳояш тахт, билети сафед
дошт, яъне аз хизмати ҳарбӣ озод буд. Баъди як ду моҳ дам
гирифтан, худашро беҳтар ҳис кардан, аз тағоям иҷозати
ба диёри худ баргаштанро пурсида, маро ҳамчун тарчумон

92
- * Гу бари хотирот__________ * Қубратуллои Искидаргй

ҳамроҳ гирифт. Ва мо аз Бухоро то Варзи Манор дар
давоми чил рӯз омадем.

Дар хаймаи ҷӯгӣ - табиб

Аз тарафи Миёнколи Самарканд ба шаҳр наздикии
бегоҳ даромадем (узбекҳои байни Бухорову Самарқандро
Миёнколи Самарканд - мегӯянд). Зиёда аз 100 дарвозаро
задему илтимоси ҷойхоб кардем, ҳеҷ кас ҷойхоб надод.

Ҳаво абр кащиду тарбарф борид, роҳравону
илтимоскунон аз ин тарафи шаҳр даромада аз он тарафаш,
ки Сариосиё ном дорад баромадем. Либосҳо тамоман тар
шуда буд, ҷойхоб наёфтем. Акаам гуфт:

- Акнун тамоми қувваи ҷавониатро ҷамъ карда, роҳ
рав. Ҳамин шаб ё ба ягон ободие мерасем, ё дар таги
тарбарфи Самарканд аз хунукию шамол мемурем.

Аз шахр баромада будем, дигар умеди чойхоб ёфтан
намонда буд. Мо оҳиста - оҳиста ҳаракат карда пеш
мерафтем. Нохост аз дур як чарогеро дидем, ки милт -
милт мекард. Акаам гуфт:

- Ба ҳамон чарог нигоҳ карда роҳ гард. Агар соҳиби ҳамин
чарог чойхоб надиҳад, дари хонаашро чойхоб мекунем.
Дигар илоҷ нест.

Ба ҳамин чарог нигох карда рафтем... Ҳама ҷоро барф
пӯшонда буд. Ҳамон чароғ нишона. Баъзан ба заминҳои
шудгоршуда, баъзан лаб - лаби ҷӯй, бо азобу уқубат ба
чарог наздик шудем. Он умеди ягонаи мо буд.

Тахминан соатҳои 12-и шаб ба чарог наздик шуда
будем, ки сагҳои бисёре ба сӯямон тохтанд ва моро дар
байн гирифта аккос мезананд, лекин ҷуръати ҳуҷум кардан
надоштанд.

Аз хона овози мӯйсафеде шунида шуд, ки гуфт:

- Кампир хез, алов кун, ба хонаат меҳмон омада истодааст.
То моён ба хона наздик шудана, мӯйсафед аз хона
баромада, бе салому калом гуфт:

- Марҳамат меҳмонҳо биёетон, ва дари каппаро кушод,
мо дохили каппа шудем ва фаҳмидем, ки онҳо ҷӯгиҳо

будаанд.

93
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

- Даррав либосҳоятонро кашед - гуфт у, - каппаи мо гарм
аст. Дар ҳақиқат каппа гарм буд ва худи мӯйсафед заргар
будааст, ки дар шаб кор мекардааст.

Мо либосҳои болоиямонро кашидем, ки кампираш аз
дастамон либосҳои тару лойолудро гирифта дар як ресмон,
ки аз байни каппа кашида шуда буд, кашол кард.
Мӯйсафед ба ман гуфт:

- Мӯзаҳоятро каш. Ман итоаткорона ҳаракати
мӯзакашӣ кардам. Лекин ҳарчанд, ки зур мезадам мӯзаҳо
намебаромаданд. Акаам муқобили ман шишта ҳарчанд зур
зад, мӯзаҳоро бароварда натавонист. Муйсафед пурсид ки
мӯзапӯшиатонро чанд вақт шуд? Як моҳ зиёдтар — гуфтам
ман.

- Аз куҷо омада истодаед?

- Аз Бухоро.

-Пиёда?

-Ҳа...пиёда.

-Аз Бухоро то Самаркднд омадана муза накашидӣ?

-Имконият набуд - гуфт аком.

Мӯйсафед аз ҷояш хесту рафта аз ҷои кораш корд
овард ва аз қафои музаи ман бо корд чок карда музаро
бурид. Баъд дукаса шуда мӯзаро аз пои ман кашида
бароварданд. Ҳарду пой чунон варам карда буданд, ки
тасвираш аз имкон берун...

Кампираш дар болои сари ман истода нигоҳ мекард.

Мӯйсафед аз кампир пурсид:

- Кампир равғани зард дорй?

-Ҳа ,15сола.

-Биёр!

Кампир равғани гуфтагиашро овард. Ҳамин вақт оби
лаби аловмондаи кампир чӯшид. Мӯйсафед гуфт:

- Кампирҷон, як гӯри Ҳотамро дастмол кун, шояд
ягон лунда набот диҳад?

Кампири бечора аз куҷое як лунда набот ҳам ёфта
оварду дастурхон кушода як турба нон рехт. Муйсафед
наботро ба чойҷӯш партофту ду пиёла ё ин ки нимкоса
оварда ба ҳардуямон наботчой рехт. Мо бо чашмҳои
ҳарис гоҳ ба пиёла гоҳ ба нони болои дастархон
менигаристем. Муйсафед таклиф кард, ки вақти нигоҳ

94
*Ғубори хотирот

* Қудратуллоы Искидаргӣ

кардан нест, марҳамат, сарҳоя хам кунеду ба атроф ин
қадар нигоҳ накарда шикамҳоя даво кунед! Мо ҳам
мунтазири имо будем... То ду-се бурдагӣ нон гирифтем, ки
чойҷӯши дуюм ҳам ҷӯшид. Аз ҷойҷӯши якум ба мо
наботчой мерехту болояшро аз оби ҷӯши чойҷӯши дуюм
пур мекард. Тахмин ду чойҷӯшро холӣ кардем. Мӯйсафед
фармуд, ки акнун ягонта намад ёфта биёр. Кампир аз таги
курпаҳояш як намади наверо бароварда овард. Намадро
лаби алов паҳн карду ба ман фармуд, ки боқимондаи
либосҳоятро каш, ман ҳамаи либосҳоямро кашида танаи
луч болои намад дароз кашидам ва кампир аз ҳамон
равғани овардааш аз пойҳо cap карда то фарқи cap ҳамаи
баданамро молид ва ҳар замон аз ин паҳлӯ ба пахдӯи дигар
мегардонд ва ҷойҳои дар алов гармшударо мемолид. Ҳар
он чизе ки мӯйсафед фармояд, кампираш ҳамчун шогирд
иҷро мекард. Як маротиба молиданашро ёд дорам. Баъд
хобам бурдааст. Гармии алову молидани кампир ба тани
лоғари ман форам додаст. Кампир боз ду маротибаи дигар
молидаасту баъд маро дар ҳамон намад печида лаби алов
хобондааст ва худаш қаровулӣ карда то субҳ нишастааст.
Ҳамон шаб чунон хоби бароҳат рафтам, ки рӯзаш ҳам
бедор нашуда то бевақтии шаб хобидаам. Вақти берунравй
бедор шудаам. Берун рафта омадам, ки акаам гуфт:

- Одам ҳам ҳамин қадар хоб мекунад, мӣ? Ҳозир ҳамон
вақти омадагиамон шуд. Як шабонарӯз хоб рафтй. Кампир
маро дар як тағора шинонду бо оби гарм тамоми
баданамро шуст.

Либосҳои маро оварда дод. Ҳамааш шуштагй буд, ман
пӯшидам ва гумон кардам, ки танам дигар ҳеҷ вазн
надорад. Худро сабук ҳис кардам. Баъди пӯшидани либос
назди дастархон нишастам. Дастархон аз нони ҳархела пур
буд. Нонҳои бозориву хлебу фатиру булкаю... Яъне он
ноне ки аз хонаҳо ҷамъоварй карда буданд. Ба ҳамаамон
як косагӣ шӯрбои сергӯшту равған монданд. Баъди ба
дастархон дуо кардан маро боз лучак карданду болои
ҳамон намад хобонданд. Кампири бечора боз
молиданашро давом дод ва болои ҳамин намад печонда
хобонд. Ҳамин аҳвол се рӯз давом кард. Рӯзи чорум акаам
пурсид, худатро чй тавр хис мекунй? Ман гуфтам, ки
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

хаёлам аз модар ҳамин рӯз таваллуд шуда бошам. Ана,
гуфт аком ба мӯйсафед, вай худашро нағз ҳис мекунад.

Муйсафед гуфт:

— Вай худаш ҳоло ин чизро намефаҳмад. Боз се рузи
дигар кампир молад, бо ҳамин як умр аз подард халос
мешавад, набошад агар ягон чақрим роҳ пиёда гардад он
вақт ҳис мекунад.

Аз чӣ сабаб бошад, ки акаам бетоқатӣ зохир мекард, ва
нияти тезтар ба қишлоқ расиданро дошт. Ноилоҷ
муйсафед моро ҷавоб дода маслиҳати кам гаштан ва тез-
тез дам додани пойро дод. Мӯзаҳоямро оварданд, мӯзахо
дӯхтагӣ буд. Гӯё ки ба онҳо корд нарасида бошад...

Имрӯз ҳам, ман аз он оилаи хурдакаки инсондуст ва
бемислу монанд миннатдорам, ки дар ҳамон рӯзҳои сахти
соли 1943 ба мо ин қадар хизмати бебаҳо карда, моро
қариб як ҳафта хӯронданду табобат карданд. Худо худаш
беҳтар медонад, ки дар ин рӯзҳои мо чунин мардуми
беминнат ва бемислу монанд ёфт шавад? Ёдашон ба хайр
ва арвоҳашон шод бод, Омин!

Баррадуздӣ

Оқибат ба қишлоқ расидем. Худоё, мо чиро дидем? Дар
қишлоқ зани акааму духтараш раҳматии Сафия ва
Маҳмадзариф монда буданд. Падарам бо занашу
Бибираҷаби духтари занаш ва акои калонам Муллоаббос
ба Сталинобод рафтаанд. Сабабашро пурсон шудем,
Маҳмадзариф ин тавр маънидод кард:

- Ҳамон соле, ки мо чор бародарон ва падарам дар Бухоро
будем, як бегоҳ барраи амаки Надирбоқӣ бо барраҳои мо
ҳамроҳ шуда ба қутани мо медарояд. Модарандарам онро
дошта дар қазноқ маҳкам мекунад ва то се рӯз cap
намедиҳад. Баъди се рӯзи кофтуков карда наёфтани барра
амаки Надирбоқӣ ба хулосае меояд, ки барраро гург
хӯрдааст ва хотирҷамъ мешавад. Модарандарам баъди се
рӯз мебинад, ки ҳама хотирҷамъ шуд ва гап-гапи барра
дигар аз даҳон монд, барраро мекушаду кала-поча ва пусту
шикамбаашро фуроварда ба дарё мепартояд. Рӯзона ҳамаи
қувваи қобили меҳнат ба дарави лалмиҳо мераванд. Вай
касалиро баҳона карда дар хона мемонад. Чун бовари

96
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искиоарги

ҳосил мекунад, ки дар қишлоқ аз калонсолон касе нест,
гӯштро мепазад. Язнаам Ҷумъа ба хар банди ҷав бор
кардагӣ аз сари дарав меояд, ки қишлоқ бӯи гӯшт карда
истодааст.

Харашро даст мегираду аз як баландӣ қишлоқро аз
назар мегузаронад. Мебинад, ки аз мурии мо дуд
мебарояд, бори харро наканда рост хонаи мо меояд ва
мебинад, ки дег пури гӯшт, ҳоло напухтаасту
модарандарам алов монда истодааст. Мефаҳмад, ки
барраи гумшуда ҳамин аст.

Бо ҳамон халаи харҳайкунӣ, ки дар дасташ будааст ба
сару каллаи занак мефурорад.

Ҳамаи гӯштро ба як сатил мебардораду шӯрбояшро
рӯи хона чаппа карда мепартояд, ки ҳатто оби гӯшт насиби
ин аблаҳи баррадузд нашавад. Гӯштро бурда хонаи
Надирбоқй мемонад ва бори харашро дар хирман холӣ
карда назди даравгарҳо меравад ва воқеаро ба ҳамаи
даравгарон нақл мекунад,

Амаки Надирбоқй бандбанди даравгарон будаанд,
баъди шунидани нақли Ҷумъа ба наздаш меоянду мегӯянд:

- Барраи ман гум шуд. Баъди кофтуков ман хотирҷамъ
шудам ва аз баҳраш гузаштам.

Хайр ин ҳам як гурги модаи қишлоқи худамон - ку!
Насиби ҳаром будааст. Лекин ту кори нағз накардӣ. Ҳамон
занак - зани падарарӯси ту, акои Маҳмадшариф мешавад.
Занаки беақл оқибати кори худашро фикр накард. Ба ту
чӣ бало расид, ки ин воқеаро ба ҳама ошкор кардӣ? Худат
аз оқибати ин кори кардаат ягон натиҷа мебарорй?

Пагоҳ - фардо мардаки Маҳмадшариф ҳамин қишлоқ
меояд, вай шунавад чӣ мегӯяд, худи ту ба рӯи вай чи хел
нигоҳ мекунӣ? Ҳамон гӯшт барои ахди оилаи ман ҳаром!

Харата бор куну бурда холӣ карда, гӯшта аз ҷои
мондагиат гирифта бару ба ҳамон занак деҳ!

Ё ин ки ба хонаи худат бару хӯр. Агар ман хона раваму
гӯштро ёбам, онро пеши сагҳо мепартоям ва бо ҳамон
халаи дастат ба сару каллаи бемағзат мезанам, ки ақлат ба
ҷояш биёяд. Акнун дафъ шав, ки афти хунуката чашмам
набинад.

97
*Ғубори хотирот

* Кудратуллои Искидаргӣ

Баъд аз чанд рӯзи ин воқеа Ҷумъа мешунавад, ки
падарам аз Бухоро омадааст. Зуд назди падарам
мешитобад ва дар назди мазори Сари бароз ба ҳам
вомехӯранд. Ч,умъа ин воқеаи мудҳишро бо ҳамаи
нозукихояш нақл мекунад. Падарам ба Маҳмадзариф
мефармояд, ки ту хара ҳай карда ба хона раву ҳамин шаб
холата бо як - ду курпа ба хар бор куну роҳи ағбая пеш
гир. Ман ба қишлоқ надаромада рост таги ағбаи Фарзод
рафта, Шумоёнро мунтазир мешавам. Ман ин
шармандагиро тоқати дидану шунидан надорам. Беҳтараш
ҳамин ки ягон кас маро ва ман ягон касро набинам. Ҳай
кун бачем, ман ҳамин ҷо дуою фотиҳаи охирин мекунаму
бо ин Азизон хайрухуш мекунам ва рост ҳамон ҷо рафта
шумоёнро мунтазир мешавам.

Паноҳи Искидарғ ва искидарғиҳо ба Худо! Баъди
фотиҳа муйсафед бо сари хам аз Искидарг гузашта
меравад. Искидарги Шарифи Ҷамил, соҳибашро бо сари
хам мегуселонад.

Маҳмадзариф ба хона меояд, ки Сафияю Бибираҷаб
дар хонаю дигарҳо ба дарави зироати колхозӣ Ғиреканда
рафтагӣ. Ба Бибираҷаб роҳи наздиктарини Ғирекандаро
нишон дода, мефармояд, ки сари дарав раву ба ҳеҷ кас хеҷ
чиз нагуфта модаратро гирифта биё.

Бибираҷаб рафта модарашро аз дур ҷеғ мезанад ва ба
қишлоқ омадан замон як-дута курпаша гирифта ба хар бор
мекунанду оча духтарро пешандоз карда аз паси падарам
баромада мераванд. Шабро дар сари оби Фарзод
мегузаронанду саҳари барвақт он ҷойро низ тарк
мекунанд.

Аҷоибии гапу кор дар он аст, ки падарам занашро бо
ҳамин қадар дуздӣ кардану худшармандагиаш нигоҳ
накарда бо худ ба Сталинобод мебарад. Ва ин шаби дар
таги ағба гузарондагиаш шаби охирини вай дар Ватани
дӯстдоштааш буд...

Дигар дилкашолй намонд...

Акнун Искидарг ба касоне насиб кунад, ки дар он кор
ва зиндагй мекунанд. Орзуи Шарифи Арбоб ҷомаи амал
пӯшид. Ҳамаи заминҳои Шарифи Ҷамил ба ҳавлии
миюнгиҳо ва ғазагиҳою безаминҳо тақсим шуду монд.

98
Ғубори хотирот

* Қудратулпои Искидарги

Дар Чорбог

Бечораи бахтбаргашта падарам бо дили пур, рост ба
хонаи Усмонхӯҷа меравад. Зану духтарро тарафи занҳо
мефиристаду бори харро фуроварда дар ҳамон хонаи
худашон истиқомат мекардагӣ медарорад. Баъди ин худаш
ба тахорату тайёрии намоз болои ҳамон сӯфа меравад.
Харро табиист, ки аз худашон дуртар, дар дарунтари боғ
мебандад. Баъди намози шом модари Усмонхӯҷа бо
дастархону хӯроки гарм назди сӯфа омада хабари ба
«фронт» рафтани писараш ва аз Муҳидцини ҳамсояааш
ҳам омадани хати сиёхро нақл мекунад. Занаш ҳавлиро
партофта ба хонаи падараш рафт. Падараш дар фалон
қишлоқ зиндагӣ мекунад. Медонам, ки шумо аз ҳад зиёд
монда шудагӣ, дам гирифтанатон лозим. Агар назди ҳамон
занак рафта мепурсидеду ба ҳавлии Муҳидцин мегузаштед
- бисёр нағз мешуд.

Келинам ҷавон... Соҳибхона дар фронт, даҳону забони
мардумро баста намешавад. Майлаш, як-ду рӯз то хона
ёфтана дам гиреду... Аз мо хафа нашавед, шароит вазнин.
Ба ҳар ҳол соҳибхона мебуд...

Лекин сабаби асосӣ дасти қалби модарандари мо буд.
Онҳо аз он метарсиданд, ки ин занак ягон рӯз хонасалот
накунад.

Оқибат падарам он занакро ёфта, иҷозати дар ҳавлиаш
зиндагй карданро мегирад.

Муллоаббос аз Бухоро гуреза ба қишлоқ меояду ду се
шаб занашро дида, ҳарчи оварда бошад ба вай медиҳаду
ин ҳам ба Сталинобод ба назди падар меравад. ^

Дар хонаи Муҳиддин зиёда аз се сол зиндагӣ мекунанд.
Ману Маҳмадлатиф аз Бухоро омадему дар Искидарг
Маҳмадзарифу Сафияро дидем. Баҳор шуда буд.
Маҳмадзариф барзаговҳои колхозро дар қутани худамон
бо коҳу алафи худамон нигоҳубин мекард.

Барзагову модагови худамон аллакай набуданд. Фақат
як хару 10 гӯсфанд монда буду хал ос. Янгаам зани
Муллоаббос, ки сабаби асосии хонавайронии мо шуда буд,
ба хонаи падараш рафта буд. Маҳмадлатиф ҳам аз паси
Муллоаббос назди падарам рафт. Мо се нафар мондем...
Як рӯз ману Сафия барои пӯдинаю толмуси лаби дарё

99
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргй

рафтем дидем, ки дар замине, ки порсол картошка корида
буданд, картошкаҳо сабзида баромадааст. Аз ҳамон қариб
10-15 кило картошка чида, ба хона овардем. Маҳмадзариф
фармуд, ҳоло ки ҳамсояҳо хабар нашудаанд, рафта боз
чинетон. Як халтаи кӯҳнаро гирифта рафтему боз аз хамон
ҷо картошка чидем. Бегоҳирӯзӣ акаам рафта бардошта
овард. Ин картошка ба мо қариб ду моҳ хӯрокӣ шуд.
Охирҳои моҳи марта соли 1943 Маҳмадзарифро ба аскарй
бурданд. Ману Сафия мондем. Бригадири колхоз ба ман
фармуд, ки ба ҷои акаам барзаговҳоро нигоҳубин кунам.
Ин вазифаро ман ба қадри ҳол ба гардан гирифтам. Акнун
Сафия ҳам ба ман ёрдам мекард, албатта бе музд не.
Бригадир аз тухмиҳои колхоз ҳар руз ба ман ду мушт ҷав ё
гандум медод, мо гоҳ ярма карда мехӯрдему гоҳ бирён.
Рӯзе Маҳмадлатиф омада, маро назди падар бурданй
шуд... Раҳматии апаам Ниёзбибӣ таги сурфаашро таконда,
ба мо рохкиро як пиёла ҳалво карда дод. Мо ҳалворо
хӯрдем, ки ба қувваи ҳамон ҳалво агбаро cap кунем. Ва
хости Худо будааст дар сари ағба бо Нарзиқул вохӯрдем.

Мардигарӣ

Ману Маҳмадлатиф бе тӯшаи роҳ ба умеди Худо аз
Искидарғ саҳари барвақт хеста ба ағбаи Фарзод часпидем,
офтоб акнун дар қуллаҳои кӯҳ зардӣ мекард, ки мо агбаро
cap кардем. Хостем дар сари агба каме дам гирем...

Бинем ки аз тарафи Яғноб як каси дигар баромада
ағбаро cap кард ва дар пушташ бор дошт. Ба назди мо
расида омад. Мо аз ҷоямон баробар хеста ба он кас салом
додем, он кас алек гирифтанду борашонро аз пӯшташон ба
замин монданд ва ба мо таклифи нишастан карданд
Сеямон дар як ҷои хушманзара нишастем, ки он тарафаш
кӯҳҳои Ғудифу Фарзод то сурхии Дарг намоён буду ин
тарафаш кӯххои Яғноб... Дар он ҳолат ба ин манзараҳо кй
аҳамият медод!

Ин кас Нарзиқули Назари Маҳмадзамон буданд. Хайр
моён ҳам камтар дами пойҳо барояд гуфта нишастем. Акои
Нарзикул аз бағали чаппонашон нимта фатир
бароварданду се булак карда мо ва худашон як булакй
гирифтем. Аҷоиб фатири болаззат буд. Пурсиданд, ки

100
* Гу бори хотирот

* Қудратуллои Искш аргй

сафари куҷо доред? Маҳмадлатиф гуфт, ки додарама назди
додому Муллоаббос мебараму Худо хоҳад худам гашта
мебиёям. Ленин... Ду кас сафар кардем «ду даст почак
бинй» ба умеди Худо рафта истодаем.

Сталинобод куҷою ran куҷо?

Нарзиқул гуфтанд ки, ман ба ивази як гусфанди
бабарра як пуд ҷави луч - аз як яғнобӣ гирифтам, рӯймол
дорй ки камтар тиямат? - роҳкиро кунед. (Нарзиқул бо
Муллоаббос ҷӯраҳои наздик ва қадрдон буданд) Аз ин
сабаб ба мо раҳмхӯрӣ ва ҷӯрагӣ карданду чор тоқи ҷав
доданд. Ин кори он кас на раҳмхӯри буду на ҷӯрагию
ҷӯрабозӣ. Ин як мардигарие буд, ки дар он солҳо - хусусан
дар сари кӯх, ҳатто подшоҳ карда наметавонист.

Ин гамхории парвардигор буд, ки ба дили акай
Нарзиқул раҳмро ҷой кард. Илоҳо! Гӯрашро пурнур ва
ҷояшро ҷаннат кун, гамхории ту дар ҳаққи бандаҳои некат
ҳадду канор надорад.

Бадй кардан аз дасти ҳар кас меояд, лекин некий
холисанлиллоҳ ва бе тамаъ кардан бисер мушкил. Ризқи
маро худованд дар сари кӯҳ дод, ба сабаби Нарзикул.
Шукр ба даргоҳи ИлохД, ки ризқдиҳандаи ҳама инсоният
ҳаст. Оллоҳ таоло ҳамин хел кудратҳо дорад...

Мо ҳардуямон ба Нарзиқул аз сидқи дил миннатдори
баён кардему бо хурсандӣ хайрухуш намуда, ба ду тарафи
ағбаи рост нишеб шудем! мо тарафи Лғноб он кас тарафи
Дарғ...

Баъди 10-15 қадам мондан акаам гуфт:

— Акнун чунон роҳ мегардй, ки ман надарёбам — ин

гапашро шӯхй гумон кардам.

Ман пеш шудаму тарафи поён нишеб, ки буд тохта-
тохта фуромадам, балки 15-20 дақиқа пештар ва дар
ҳамвории роҳ — тарафи Хишортоб дам гирифта нишастам.
Акаам расида омаду хез - гуфт - вақти шиштан нест. Мо
бояд ҳамин шаб ба Марғеб расем. Боз ба роҳ
баромадем.. .Тахдиди кардааш хаёлам фаромуш шудаст, ки
ба ногоҳ аз пушт ба ронам зарби асоро ҳис кардам. Бе
ҳазлу шӯхй, балки ҷиддӣ боз яктои дигар фаровард. Ин
дафъа сахттар буд, ки обҳои дидаам рез-резон ман ба
давидан даромадам ва то худи қишлоқи Хишортоб аз

101
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

акаам гахмин 40-50 метр пештар мерафтам ва дар дил
акаамро дашном медодам. Баробари ба қишлоқ расидан
ҳар дуямон гӯшнагиро ҳис кардем. Акаам назди як кампир
рафту илтимос кард, ки аз ҷавҳои худамон як мушт бирён
карда диҳад, ки мо то фаро расидани торикӣ ба Марғеб
расем. Ин роҳ хатарнок аст - бачем гуфт кампир, баҳор
ҳама сангҳо ҷунбонак ва аз бунёд бо таъсири барфи
имсола мулоим шудагй. Баъди 2 соат торикӣ роҳро зер
мекунад ва пеши пойро дидан мушкил. Боз ягон фалокате
рӯй надиҳад? Имшаб ҳамин ҷо хоб кунед - пагоҳ
барвақттар бедор мекунам. Дар салқинии шаб сангҳо ях
карда мустаҳкам мешаванд, беҳтараш пагоҳ раветон.
Акаам пурсид, ки қишлоқатон осиё дорад? Кампир не
гуфт, қишлоқи мо ин камбудиро дорад, об надорем. Акаам
гуфт, ки ба мо осиё даркор, ки ҳамин ҷавҳоя орд кунем.
Бинобарон мо бояд, ки ҳамин шаб ба осиёи Маргеб расем.
Он чи ки лоиқи меҳмон ва меҳмоннавозй буд гуфтам, он
тарафаш ихтиёр ба худатон. Ва ба ҷавҳо як сиқим per қуш
карда бирён карда дод. Мо ҷавро ду тақсим карда ба
тоқиҳоямон гирифтему хӯрда-хӯрда ба роҳ даромадем.
Роҳ... ҳақиқати ҳолро кампир рост гуфта буд. Дар баъзе
ҷояш шохҳои дарахтро аввал ба ҳам баста мехҳои оҳанй-
монанди «арматура» дар дили санг кӯфта дар болои он
ҳамон шохҳои бофташударо партофта буданд, ки пои
харро дораду ба даруни шиғҳои баста фурӯ наравад.

Одами пиёда баъзан сангҳоро дошта мегузашт. Хар бо
бораш намегузашт, албатта бори харро фуроварда
пуштора мегузарониданду баъд хара холӣ ҳай мекарданд.
Дар акси кор хар ба бораш аз баландии 100-150 метр
галтад, рост ба қаъри дарё - одамеро, ки пояш хато хӯрад,
ҳамин аҳвол - рост ба «Асфаласофилин» мерафт. Бо ҳамин
аҳвол халқ мегузаштааст...

Мо ҳам, ки ҳаракати раҳонидани ҷони худ доштем аз
ин имтиҳон гузаштем. Бо ҳамин аҳвол мо баъди намози
шом ба осиёи Марғеб расидем. Дар осиё якчанд занаку
духтарон навбати худашонро риоя карда менишастанд, ки
борашонро орд карда гиранд. Навбати мо баъди ҳама
буд...Ман ки одами мондашуда будам, дар як гӯша дароз
кашидам ва ҳамон замон хобам бурдааст.

102
*Ғубори хотирот

* Қудратуллоы Искидарги

Тоқиам аз сарам ғалтидааст, кы*ар Кй<?аз духтарон
борашро орд карда як каф-орди чӯкрЯ 6а ҳамон тоқи

мепартофтааст.

Дар натиҷа мо соҳиби боз як тоқи орди чӯкри ҳам
шуда будем.

Ризки ҳаррӯза мерасад аз ҳак,

Ғами беҳуда мехӯрад аҳмақ.

Баъди орд кардани бораш Маҳмадлатиф дар ҳамон
осиё нон ҳам пӯхта, баъд маро бедор мекунад. Ман хеста
будам, ки ба дастам як бурида нонро дод, аз ҳамон ҷо
шабакӣ равона шудем. Офтоб дар нуги кӯҳи Анзоб зарди
карда буд, ки мо ба чашмаобҳои қариб саркардани ағба
расидем. Дар лаби ҳамон чашма расидему орди чукриро бо
нон наҳорӣ кардем. Таърифи болобаланди орди чукри он
аст, ки дар як тоқӣ орд 5 мушт об рехта бо ангушт
мекофтем, об куҷо мерафту орди он қоқ мемонд. Ба
монанди «Алибастр»-даррав қоқ мешуд. Мо баъди ҳамин
қадар об андохтан, боз як сари ангушт ба даҳон андохта бо
як каф об фурӯ мебурдем. Бе об дар гулӯ дар мемонд ва
фурӯ бурданаш амри маҳол буд.

Ин азоб буд бар сари халқ, ки мо хам бе бахра намонда
«лаззаташро» чашидаем. Бо ҳамин азобу уқубат агбаи
Анзобро cap кардем ва ба тарафи Зиддй нишеб шуда, бо
пиёдарох ба поёни агба фуромадем.

Ҳарду таги мӯзаҳои ман дарида буданд. Ман дар
гармии офтобак дароз кашидам ва акаам мӯзаҳои маро ба
ҳар ҳол таъмир кард. Оқибат акаам маро бедор карду
гуфт:

- Марҳамат хӯҷаин пойафзолатон тайёр, пушед. Баъди
пӯшидани мӯзаҳо боқимондаи нонро хурдему ба роҳ
даромадем. Акнун роҳ ҳамвор буд. Мо кариб ба Хушёрй
расида аз чормагзҳои сари роҳ «хушкй» ҷамъ карда як
пуштора ҳезум хам бо худ гирифтем. Баъди хуфтан ба
Хушёрй расидем ва боқимондаи ордро хамир карда нон
пухтему - нони гармро хӯрда ба роҳ даромадем ва ин
шабаш то равшаншавии рӯз роҳ гаштем. Баробари
баромадани офтоб ба Чорбоғ расидем. Акаам аз сари пул —
ана хонаи додом - гӯён, хонаро ба ман нишон доду худаш

103
__*Ғубори хотирот_____________* Қудратуллои Искидаргӣ

пеш шуд ва ман акнун қадам зада наметавонистам ва дар
ҳамон сари пул ғалтида ҳамон замон хобам бурдааст.

Баъди якчанд соати интизорӣ падарам ба Муллоаббос
мефармояд, ки рав додаратро ёфта бкёр. Маро пуштора
бардошта ба хона бурданд. Пойҳоям чунон зарам карда
буданд, ки ҳамон ҳолати Самарканд такрор шуда буд.

Акнун канӣ табиби ҷӯгӣ... Дар хона на равған балки
хӯрданӣ набуд...

Умуман кайфи роҳ ва роҳгардиро ман аз cap
гузаронидам, ки парвардигор ин «кайф»-ро ба дигарон
насибу рӯзӣ накунад. Дар ду шабу ду рӯз ин қадар роҳро
пиёда тай кардан... ин серӯза роҳ барои асп, лекин пиёда
ва бо пойҳои маъюби ман? Ин аз ҳама чорчӯбаҳо берун !...

Акнун гайри Сафия дигар ҳамаи аҳли оила ҷамъ шуда
буд. Акаи Маҳмадзариф соли 1944 дар Армия
қаҳрамонона ҳалок шуд.

Муллоаббосу Маҳмадлатиф дар колхоз кор мекарданд.
Ман баъди касалии пойҳо аз нав роҳгардиро меомӯхтам.
Ҳамон сол «холаам» дар Чорбоғ ин дунёро падруд гуфт.

Духтараш бо мо буд...

Акнун зиндагӣ мушкил шуда монд. Як рӯз як муаллими
кӯҳансол аз конференсияи августии муаллимон омад,
тасодуф дар кӯча во хӯрдем. Лангон-лангон гаштани маро
дида гуфт, ки Қудрат ба ту як маслиҳат...

- Марҳамат гуфтам, агар аз дастам ояд. Гуфт:

- Дар райони Ҳисор мактаб-интернат кушода шудааст,
бачаҳоро аз синфи 5-боло қабул мекардааст. Ҳам
мехӯронаду ҳам мепӯшонад. Ман аз хурсандй дар курта
намегунҷидам. Тариқи ба даст овардани ҳуҷҷатҳоро ба
ман нақл кард ва справкаи аввалинро бо аризааш худаш
навишта дод...

Давомашро худам дар байни як ҳафта тахт карда
августа соли 1945 ба интернати Давлатии райони Ҳисор
дохил шуда баъди ҳаммом либосҳои тоза гирифта
пӯшонидан ман боварй ҳосил кардам, ки акнун ман ҳамчун
фарзанди Содиқи Ватан хонда илм омӯхта ба Вай то ҷон
дар рамак дорам хизмат мекунам!

Тобистони соли 1949 ман интернатро хатм карда
маълумоти умумии миёна гирифтам. Алоқаам бо хона

104
* Ғубори xvmupom

* Кудратуллои Искидарги

доимй набошад ҳам, буд... Дар 2-3 моҳ як маротиба омада
хонаро хабар гирифта аз воқеаҳои байниоилавй хабардор
шуда мерафтам.

Меҳмони нохонда

Баъди ба мактаб дохил шуданам дар оилаамон боз
навигариҳои зиёде рӯй дод.

Зани Муллоаббос - духтари Мирзои Ҷунбика - ки дар
борааш нақли батафсил кардем, духтари «холаи» маро ба
ran дароварда — аз ин ҷо «Чоркитоби» падарамро ба умеди
дар роҳ фурӯхта харҷипулй кардан дуздида мераванд.

Падараму Муллоаббос Маҳмадлатифро ба Дарғ бурда
нисбати Мамадзариф - Бибинигорро туй карда ба
никоҳаш медароранд.

Нисбати худаш - Сафияро, ки 20-сол зиёдтар нигарон
буд, модараш Бибираҷаб ба Устораҳим писарамаки Сафия
ба шавҳар медиҳад. Мо дар бораи гаҳворабахш нақли
батафсил карда будем. Лекин на ҳамаи гаҳворабахшҳо ба
мурод мерасанд.

«Такдирро тадбир нест» ё ин ки ба таври зарбулмасали
тоҷики «ҳарчӣ дилам хост на он мешавад, ҳарчӣ худо хост
ҳамон мешавад».

Падарам дар вақти боигариаш чи орзуву ниятҳо дошт
ва чй мақсаду маромҳо дошт. Ҳамаи орзӯҳояш барбод
рафт. Муллоаббос аз қишлоқи Сайёди райони Варзоб
хонадор шудааст. Яъне ҳамаи ин барои ман навигари оуд.
Акнун Маҳмадлатиф ҳам занашро гирифта кӯчонда
оварда буд.

Ман соли 1949 - мактаб-интернатро хатм кардаму ба
райони Варзоб омада ба хизмати Ватан миён бастам. Маро
дар қишлоқи Сарикутал ба вазифаи муаллимӣ таин
карданд. Тарбияи наели наврас вазифаи мушкилтаринест
барои инсоне, ки мақсад ва мароми муаллимиро аз cap
гузаронидаает. Лекин дар назари мардум вазифаи
назарногирест. Сабаби дар Сарикутал муаллимшавии ман
он буд, ки падарам дар синни 85-солагй аз ҳамон қишлоқ
оиладор шуда буд. Акаам Муллоаббос дар ҳамон қишлоқ
вазифаи боғбонии колхозро иҷро мекард. Табиист, ки ман
хам ба назди онҳо барои кор омадам.

105
*Ғу6ори хотирот____________* Қудратуллои Искидарги

Тақцирро бинед, ки ҳамон соли 1949 ду шахси рӯғардон
ба ҳам во хӯрданд.

Хӯҷаи Ниёз-сабабгори аз Ватан беватан шудани
падарам ба хонаи мо барок мададпурсй омад... Колхози
Дарғ се касро бо сардории Хӯҷа барои ба колхоз харидани
асп-командировка мекунад. Онҳо омада аз бозор якчанд
асп мехаранду баъд мефаҳманд, ки бурдани моли зинда аз
ҳудуди Сталинобод ба районҳои тобеи Ленинобод о о
қарори Хукумат тамоман макъ карда шудааст. Дар райоки
Варзоб рохи ягонаи Сталинобод-Ленинобод махсус
милитсия меистод ва роҳро посбонӣ мекард.

Хӯҷа ба ҳамроҳонаш маслиҳат медиҳад, ки агар
Муллоаббосро ёфта ӯро камтар таъриф кунем, худаш роҳи
аз милитсия гузаронидани аспҳоро меёбад. Ҳамон сол
Муллоаббос боғбони колхоз буду боғ дар сари роҳи
мошингард.

Як рӯз падарам ба акаам гуфт, ки дар хонаат ягон
зиндагӣ дорй? Чашмам аз саҳар боз роҳ дида исгода аст,
тайёрита бин. Ҳамин шаб хонаат меҳмон мебиёяд. Ман
дар боғ шишта дарс тайёр мекардам. Пештар аз намозй
шом 3-аспакй бо 6-асп омада Муллоаббосро су рог
карданд. Аз ҷоям хеста пурсидам:

- Шумо кистед? Муллоаббос барои чй ба шумоён
лозим шуд? Овозе омад:

- Ҳамин Қудрат додари хӯрдии Муллоаббос аст.
Пурсандаи аввал гуфт:

- Ту Қудратй? Ман ҷавоби тасдиқ додам.

- Ман Хӯҷи Ниёз, мана шинохтӣ? Ман албатта ӯро аз
сухани аввалинаш шинохта будам, гуфтам:

- Марҳамат, меҳмонҳо фуроетон. Пурсанда аз асп
фуромада нухтаи аспро ба дасти дигараш дода монд ва
назди ман омад.

Мо вохӯрӣ кардему ман он касро болои кӯрпача
таклиф карда гуфтам:

- Марҳамат карда ин ҷо шишта камтар дам гиред, ман
ҳозир Муллоаббосро аз қишлоқ ҷеғ зада меорам. Ба сару
либосаш аҳамият додам, ки дар танаш як ҷомае, ки
ямоқҳои ҳарранга дошт ва худи ҷомаро намефаҳмй ки аз

106
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

кадом материал бошад. Курта надошт. Дар сараш як тоқии
кӯҳна, миёнаш бо ресмонча бастагй буд...

Тозон ба қишлоқ рафтаму ба акаам гуфтам, ки дар боғ
якчандта дарғиҳо шуморо интизоранд. Акаам ба занаш
ким-чӣ гуфту тозон рафт. Падарам пурсид, ки онҳо
кистанд?

- Агар Шумо ҳам равед мебинед - гуфтам,-даргиҳо.

Агар мегуфтам, ки Хуҷи Ниёз - мумкин намерафт.
Одамон метавонанд бовар накунанд, лекин вазъияту
шароит ҳамин хел буд. Ба назди мехмонҳо рафтани ман
шарт набуд, ман ки ҷавон будам, бояд ки хизмат мекардам.
Падарам ҳам асо дар даст хеста назди меҳмонҳо рафтанд.
Ман аз хона 3-4 кӯрпачаи дигар бардошта аз паси
падарам ба боғ бурдам. То баргаштанам чой ҷӯшида буд,
дастархон ва чою нонро бардошта бурдам. Аз падарам
пу рейдам:

- Ман ба шумо даркор? Падарам гуфтанд:

- Не бачем, рафта коратро кун. Бо ҳамин ман ба
сӯҳбати онҳо халал нарасонда баргашта ба қишлоқ
рафтам. Ба онҳо шароите муҳайё кардан лозим буд, ки ба
ҳамдигар гуфтушунид кунанд.

Барой шахеи 40-50 сол боз ҷангию ногап аз ин шаби
муносибтаре набуд, ҷояш ҳам мувофиқ. На хонаи касу на
бетона...

Ин шаб - шаби вохӯрии онҳо буд. То нону ангуру чой
хӯрдани меҳмонҳо муаллима Майрам Ёрова - хоҳарарӯси
аком ва ҳамкори ман як оши кори калон пухта дод, ки ман
ба меҳмонҳо бурда додаму баргаштам. Дар хона маро
Қучқорбой Ҳайитов мунтазир буд. Падарам бо Худа дар
таги дарахтони себ оҳиста-оҳиста гардиш мекарданд...

Ин сӯҳбатро Хӯҷи Ниёз албатта чандин маротиба ба
калонсолони Дарт, бо атрофиёнашу наздиконаш бо обу
рангҳои тоза ба тоза нақл кардагист.

Баъди хӯрдани ошу ҷамъ кардани дастархон Хӯҷа
гуфт:

- Маҳмадшариф, мо хонаи Шумо ошхӯрй наомадем,
мо ба коре омадаем.

107
*Ғубори хотирот

* Кудратуллои Искидарги

- Ман гумон кардам, ки барои хӯрдани маслиҳатошии
Муллоаббос, ки 15-сол пеш буд, акнун вақт ёфта омадед,
падарам хандиданд.

Дигарон аз таги ran бехабар ба ҳамдигар нигоҳ
мекунанд...

- Ин гапҳои гузаштаро шумоён намедонед, гуфт Хуҷи
Ниёз.

- Хайр, шукуфед, раис, шунавем, гарчи аз дасти мо
дигар кор намеояд, ба ҳар ҳол шуниданаш ҳам хуб аст.

- Мо шунидем, ки додарарӯси Муллоаббос калони
ҳамин ҷоҳо будааст, ҳамин аспҳоя барои колхоз харидам,
аз райони Варзоб моли зиндая гузаронидан намемондиянд.

Нагиранд ҳам 2-3 рӯз ташвиш медиҳанд. Омадем, ки
Муллоаббос бо ёрдами ҳамон додарарӯсаш, аспҳои моро
гузаронад.

Ана, Муллоаббос, худаш ҳамин ҷо, агар аз дасташ

ояд... _ ..

Ман маслиҳат медиҳам, ки ба ҳамдиёриен хизмат
кардан кори савоб ва вазифаи ҳар як ҷавонмард асг.

- Ман тайёр, гуфт Муллоаббос, - ин кора бе
Боймуҳаммад ҳам карда метавонам. Кай ба роҳ мебароед.

• - Худи ҳозир, гуфт Хӯҷа, - то рӯз шудана аз дарбанди
милисаи район гузарем, шумо гашта мебиёед.

Бо ҳамин аз мӯйсафед як дуо гирифта, ба роҳ
баромаданд. Ҳама аспсавор, Муллоаббос пеш-пеш
дигарон аз қафо бо роҳи Широтола то Хӯҷа оби гарм,
баъд ба Хушёрӣ фуромада то сари ағбаи Анзоб мераванду
Муллоаббос мегӯяд:

- Осаққол, аз ин сари ағба он тарафаш райони худатон.
Акнун ба ман рухсат бошад, қафо гардам. Худо Ҳофиз.

Бо ҳамин хайрухуш карданд.

«Очат ирӯи дарё, додот урӯи дарё, nappy бурав!»-
Мегӯяд Хӯҷа. Барои Шарифи Ҷамил он шаб - шаби
фаромӯшнашаванда буд. Шабе буд, ки душмани 50-60 сол
ногап худаш назди вай омада аз касоне, ки ба ин қадар
азобу уқубат гирифтор карда буд, узр пурсид ва мадад
талабид...

Ин галабаи Шарифи Ҷамил буд! Акнун мурад -
беормон!

108
*Ғу6ори хотирот

* Кудратулпои Искидаргӣ

Фавти Шарифи Ҷамил

Баъди сӯҳбати якчандсоата бо Хӯҷаи Ниёз мӯйсафед 2-
рӯз аз ҷой нахеста худашро камтар вазнин ҳис мекард.
Хайр, боз оби таҳорат пурсид. Дар он рӯзҳо гайр аз падари
ман дар қишлоқ одами рӯйирост намозхон набуд.
Бисёриҳо мехонданд, лекин дар хода ва ҳатто аз
фарзандони худ пинҳонӣ. Аз сабаби пирию мусофирӣ ба
падари ман ҳеҷ кас аҳамият намедод. Оби нимгарма карда
додаму гуфтам:

- До до Дарғ равем? Дар қишлоқ ба ҳар ҳол апаҳом
ҷиянотон ҳастанд, хешу ақрабоямон бисёр... Синну соли
Шумо ба як ҷо расидагй...

- Ту акнун корба даромадию даррав хеста равем -мӣ?
Гуфта як табассум карданд. Ин ҷавоб маро қонеъ кунонд.

Мувофиқи фармони маориф ба ман 480 сӯм моҳона
медод, ки 300 сӯм ба дастам мерасид. Бо 300 сӯм зиндагӣ
кардан бисёр мушкил буд... Хайр чй илоҷ, бисёриҳо
ҳамонро ҳам надоштанд.

- Як ду моҳ моҳона гир лаззати моҳонаи туро чашем,
баъд мебинем,- гуфт падарам.

Ин ran тамоман маро ором кард, ки додом ҳоло
бақувват. Дар ин хусус беташвиш шуда ба идораи колхоз,
ки мактаб ҳам ҳамон ҷо буд, рафтам. Аз мактаб дарсамро
тамом кардаму омадам, ки акаам Маҳмадлатиф бо занаш
Бибинигор кӯчашона бардошта омадаанд. Мана акнун дар
оила мо 4 мард шудем. Ба ман дар хона ҷойхоб нарасид.
Муллоаббос як хонаи муваққатии лойй пӯшида буд, ки дар
яктааш хохарарӯсаш бо оилааш, дар дигараш худаш бо
оплааш, хонаи кампири модарандарам ҳам ду то буд, дар
яктоаш Маҳмадлатиф ҷойгир шуду дар дигараш худашон,
ба ман ҷой намонда буд. Ман маҷбурй идораи колхоз
рафтам. Дар он ҷо се курпачаю палое буд. Ҷойхоби ман
ҳамон ҷо шуд. Вазъияти хона хам ҳаминро талаб мекард...

Баъди хисобу китоби солона, раиси колхоз дигар кас
интихоб шуд. Раиси мо Нуралӣ Ғуломов ба қишлоқи
Лучоб тайн гардид. Шодравон Ғуломов ба оилаи мо бисёр
ёрдами холисона карда буд, ва акаам Муллоаббос доим
ӯро ба некй ёд мекард.

109
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

Мо чор мард дар як оила - ба чашми бисёриҳо хор
халид. Муллоаббосро баҳори соли 1950 ба Сибир чӯббурӣ
фиристоданд. Маҳмадлатиф бо падарам маслиҳат карда
ҷои кори пештарааш - комбината Анзоб рафт - ба умеди
он ки ҳар моҳ як маротиба омада аз аҳволи хона
хабардорӣ мекунад.

Гарчи ман муаллим, лекин дар майна шамоли бисёре
буду - мағз камтар...

Ману мӯйсафед мондему занҳо. Як саҳар тахмин моҳи
июни соли 1950 маро падарам назди худ ҷеғ заданду
гуфтанд:

- Бачем як дам пешам шин, ran ҳаст... Винам ки
мӯйсафед серташвиш...

-Додо ягон хизмат буд ? -Гуфтам.

- Ҳа, бо ҳамин холаат як илоҷ карда гапро пазону якта
аз бузҳош гирифта куш.

Модарандарам қариб даҳто бузу бузғола дошт. Ман
назди кампир даромада як такачаи яксолаша бо 100 сӯм
савдо карда харидам. Як ҳамсояро ҷеғ задам, бузро кушта,
каллапоча карда дод.

Аз дилу ҷигари буз як кабобча карда оварданд мо бо
падарам хӯрдем. Баъди як пиёла чой нӯшидан падарам
фармӯцанд, ки гӯштро ду булак куну як булакашро ба дег
андоз. Як шӯрбои бузй куну ҳамаи мӯйсафедони қишлоқро
даъват намо. Ҳар кас пурсад, ҳамту падарам касал, як сари
қадам ба хонаи мо марҳамат гӯй.

Ман ин корро ҳам иҷро кардам, ҳамагӣ 8 кас шуд.
Баъди шӯрборо хӯрдани одамон, додом худашона чилёсин
фармуданд. Мӯйсафедон гуфтанд:

- Бобо, мо савод надорем ва Ёсинро намедонем. Додом
гуфтанд, ки ин кор осон, шумоҳон таҳорат карда биёетон
шуд, боқимондаашро ман ёд медиҳам. Мӯйсафедон ба
таҳорат кардан рафтанду нисфаш барнагашт. Се нафар
омаданд бо падарам 4 нафар шуданд. Падарам гуфтанд, ки
ман чени зуррасам ёсинро мехонам, шумоён фақат ба ман
куф кунетон кифоя... ҳамин тавр падарам мехонданду
дигаров донам надонам куф мекарданд.

110
*Ғубори - - .шрот

* Қудратуллои Искидаргӣ

Оқибат падарам монда шуданду дуо карданд, дигарон
даст бардошта омин гуфтанду даст ба рӯйҳояшон
молиданд ва рафтанд.

Баъди рафтани мӯйсафедон падарам гуфтанд, ки ин ҷо
шин. Ман итоат кардам.

Имшаб ба хобам аён дидам, Маҳмадлатифа куштанд.
Акнун тую Муллоаббос мондед...

Ман албатта ба ик пешгӯии падар бовар накардам.
Афсӯс ки ҳамин хел будааст... Махмадлатифро дар сари
агбаи Қарагоғу - Саратоғ барои пулаш куштаанд. Рӯзҳо
паи ҳам мегузаштанд. Аҳволи падарам то рафт вазнин
мегауд. Бар болои ин дар Қиблаӣ мактаби миёна гашкил
шуду маориф маро он ҷо гузаронд.

Пеш аз саршавии мактаб падарам рузи 30 - августа
соли 1950 бандагиро ба ҷо овард...

Барои он кас акнун на Дарғ лозим буду на Искидарғ ва

на дарғиҳо... _ -

2 метр замин аз қишлоқи Сарикутали раиони Варзоо
хонаи шахсии он кас шуд... манзили доимии худашона

ёфтанд. ...

Дар ин ҷо овардани ин масъала на барои дустию

душмании ду ҳамдиёр, балки барои он аст, ки ҳеҷ кас ва
ҳеҷ чиз поянда намемонад. На шох мемонаду на гадо,
оқибат ҳар кадом дар навбати худ мирандааст.

Пайгамбарҳо, ки дӯстони худо буданд, канй?

Бузургон, ки аз як нигоҳашон сад кас аз ҷой парида
мехесту ҳазорҳо кас ба хизмат тайёр буд, кучо шуданд?
Инҳо ҳама рафтанд...

Мо хам албатта дар навбати худ меравем! Ва ин косаи
давр ба хама кас насиб мекунад, хеч кас бенасиб

намемонад... ..

Мана, баъди осакколию - раисии Хучаи Ииез чанд
раису осаққол иваз шуд? Лекин Дарғ ҳамон аст, ки
ҳамон... Дарт дар ҷояш. Дарғ чандин маротиба аз дасти
баднафсони калону хурди қишлоқ вайрон шуду боз обод
шуд? Аз саргаҳи оби Зарафшон то Бухорои Шариф ягон
қйшлоқе, ҳаст, ки имрӯз баробари Дарғ Ҳоҷи дошта
бошад? Нест! Ин хам мегузарад...

111
*Ғубори хотирот

* Кудратуллои Искидарги

Домоди Муҳаммад, ки Алӣ шери Худо буд!

У Сайқали дилҳои ҳама аҳли сафо буд!

У шавҳари Фотимаву ҳам кони сахо буд!

Ин исми Бузургӣ зи Замин то ба само буд!

Пайғамбари мо, ҷумла имомон ҳама рафтанд...

Арвоҳашон шод бод.

Аз таърихи овули Ғудиф

Мо ба хонандагони азиз едрас кардем, ки халқи
кӯҳисшн дар фасли тирамоҳу зимистон ба шаҳрҳои гирду
атроф барои мардикорӣ аз қадимулайём азоби мусофират
мекашид. Аҷоиби кор дар он буд, ки молдор ҳам мерафту
ҳолдор ҳам.

Яке аз чунин ҳолдорон Содиқчаи миёнаҳол ба суроғи
кор ё гардиши фалак ба Бойсун меафтаду дар чойхонае бо
Бойқузй во мехӯрад. Бойқӯзӣ як одами миёнқади чорпаҳлӯ
тахминан 50 - 55 сола дар чойхона нишаста буд. Чойники
қирмизию пиёлаи ҷигдагулӣ дар наздаш ба фикр рафта...
Дар болои дастурхонча ҳаргуна шириниҳо ва нон. Дар
таги паҳлӯяш як хурҷини ироқии ҳарду паллааш пурбор
вазифаи болиштро иҷро мекард. Қӯзибой дар болои
хурҷин каҷпахдӯ ба тарафи дари чойхона нигоҳашро дӯхта
менишаст... ҳамин вақт як занбур ғунгосзанон омада дар
пеши чашми бой як чарх заду ба болои шириниҳои
дастурхон нишаст ва диққати ӯро ба худ ҷалб кард. Он
тарафтар аз ӯ шахсе, ки дар наздаш табар, ва як лаълича
нон буд, нигоҳашро ба тарафи Қӯзибой дӯхта чой
менӯшид. Қӯзибой занбурро аз болои шириниҳо ҳай
карданй шуда, дасташро афшонд ва пиёларо чаппа кард.
Ин ҳолатро дида марди ношинос қоҳ - қоҳ занон хандид ва
диққати Қӯзибойро ба худ ҷалб кард. Қӯзибой дарк кард,
ки марди хандонрӯи табардор мусофир аст. Уро барои
чойнӯшӣ ба назди худ даъват кард.

- Меҳмон келин билла чой ичайлик.

У Гӯё ки ҳамин ишораро мунтазир буд, лаъличаю
чойники худро бардошта ба назди Қӯзибой омад ва баъди
вохӯрию пурсупос сӯҳбаташон бо туркию тоҷикӣ қур
гирифт. Қӯзибой меқмонро ба хона таклиф карда худ
нӯхтаи асп ва меҳмон табар дар китф раҳсипор гардиданд.

112
* Гу бори хотирот

* Қудратулгои Искидарги

Дар хонаи Қӯзибой меҳмон камтар ҳезум шикаста бо
ҳамин шабро дар ҳамон ҷо гузаронд.

Баъди хӯроки бегоҳирӯзӣ меҳмон, ки Содиқча ном
дошт намози хуфтанро хонд ва бо ин меҳри бойро афзуд.
Онҳо сӯҳбатро то бевақтии шаб давом доданд. Маълум
шуд, ки Қӯзибой молдор будаасту тобистонҳо айлоқи
молчаронй надорад. Дар ҳавои гарми чул алафи баҳорӣ
хушк туда мерезад ва молҳо ҳам азоби беобӣ, ҳам азоби
бехӯрокӣ мекашанд.

Содиқча гуфт:

- Э... бойбобо, дар ҷойҳои мо кӯҳҳои салқину
ҷангалзорҳои серобу алаф бисёранд. Агар молҳоятонро ба
хӯҳҳои мо баред, ҳам худатон истироҳат мекунед, ҳам
молҳоятон нағз фарбеҳ мешаванд.

У ба Қӯзибой нишон додани ҷойҳои серобу алафро
ваъда дод. Қӯзибой аз ин ваъдаи «биҳишти рӯи замин» - и
Содиқча ба ваҷд омада, гуфт: Ҳарчи зудтар маро ба он ҷо
баред, ҳамон қадар беҳтар, то ки бо чашми худам он ҷоро
бинам. Содиқча гуфт, ки агар ҳаққи семоҳаи хизмати
мардикориашро диҳад тайёр аст, пагоҳ ба роҳ бароянд.
Қӯзибой каме фикр карда, розигии худро изҳор кард ва бо
ҳамин маслиҳаташон пухт. Дар ҳақиқат рӯзи дигар
ақрабояшро даъват карду писари калониро сарвари оила
таин намуд, ва тайёрии сафарро дид. Ба Содиқча ҳаққи
семоҳаи мардикорӣ ва роҳбаладиро 100 тангаи зарди
Бухоро дод. Бо ҳамин ҳарду ба бозор рафта, ҳар кадом
мувофиқи завқашон: Содиқча барои аҳли оилаи худ
либосворӣ ва ба баъзе аз хешу таборон як чиз ним чиз
тӯҳфа, Қӯзибой барои Осаққол хизматона як офтобаю
дастшӯяки мисини нақшу нигордор харид карданду роҳи
Дарғро пеш гирифтанд.

Баъди чанд рӯз ҳарду аспсавор ба Дарғ омаданд ва
баъди 2-3 рӯзи меҳмондорй ва сӯҳбатҳо бо калони диёр,
ҳар кадом ба вазифа ва мақсади ба пешгузоштаи худ
машғул мешаванд. Осаққол вазифаи нишон додани кӯҳҳо
ва интихоб кардани ҷои молчарониро ба худи Содиқча
месупорад. Ба бой ҳамагӣ кӯҳҳои деҳаҳои Каздону Дарғ,
ки барои молчаронй қулай ва мувофиқанд, маъқул
мешавад, ва ӯ Ғудифро интихоб мекунад. Ғудиф ҳамон

113
*Ғубори хотирот

* Кудратуллои Искидарги

вакт (ҳоло ҳам) ҳақиқатан ҷои тамошозеб, хушбоду ҳаво ва
кӯҳҳояш барои чарогоҳ мувофиқ буд. Баъди интихоби чою
меҳмондориҳо Содиқча бойро то Панҷакент бурда
мегуселонад.

Баҳори ҳамон сол бой рама ва якчанд ғуломону
хизматгорони худро бо зани ҷавон гирифта ба Ғудиф омад.
Табиатан ҳамаи молдорон аз паси молаш баробар ё
зиёдтар аз чӯпон хизмат мекунанд, ва дар вақти аз ҷое ба
ҷои дигар ҳай кардани молҳо, худ шоҳиди воқеа ё горат
кардан аз тарафи гургони чорпою дупо мегарданд.
Бинобар Қӯзибой гоҳ аспсавору гоҳ пиёда аз паси рама то
ба Ғудиф мерасаду ба хизматгорон ҷои қӯшро нишон дода
баъд ба тарафи қишлоқ назди калони диёр рафта аз
омадани худ ва дар куҷо ҷойгир шудани молу ашёи худ
хабар медиҳад. Барои он ки молаш бемалол дар кӯҳҳо
чарад, бой ба сардори деҳа тӯҳфаҳо пешкаш мекунад. У ба
хотири ҷамъ ба назди зани ҷавон баргашта, ба сохтани
қутан машғул мешавад. Табиист, ки ҷои истироҳати бой
назди зани ҷавон буд. Лекин занро дар назди кутани рама
ҷой додан мумкин нест. Зеро занҳо на ҳамеша пок ва тоза
мегарданд, касалиҳои занона доранд, бо шавҳар хуфту хоб
мекунанд. Онҳо аз назди рама на камтар аз 500 - 600 метр
дуртар ё ин ки ба қавли кӯҳнаҳо ним чақрим дуртар
ҷойгир шаванд. Бинобар он қароргоҳи бой аз назди рама
хело дур ҷойгир шуда буд ва ин ба табъи худи бой ҳам
мефорид. Бой баъзан ба нияти саёҳат аспсавор ё пиёда аз
паси рама бо чӯпонон сӯҳбаткунон атрофро чарх мезад ва
аз боду ҳавои тозаи арчазор баҳравар мешуд ва ин сайру
гашт ба табъаш мефорид. Ғайр аз ин бой гоҳо ба қишлоқ
мерафт ё танҳо саёхат мекард. Дар яке аз чунин рӯзҳо
Қӯзибой дар болои як шахи калоне нишаста буд ва
атрофро тамошо мекард ва зани ҷавонашро дид, ки бо яке
аз ғуломон бо шавқу завқ ва нозу ишва гуфтугӯ мекард ин
вокеа ба дили бой гумони бад - яъне хиёнати зан ба
шавҳарро ҷой кард. Бой бояд ки ин бадгумониро ё исбот
кунад ё ин ки рад намояд. Вай он рӯз ва чанд рӯзи дигар аз
дуру наздик алоқаю кирдукори гуломро бо зани ҷавон
санҷид ва рӯзе ба хиргоҳ даромаду «корд дар гилоф»
дид...

114
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

Дигар ҷои гумон намонда буд хиёнати зани ҷавонро бо
гулом бо чашми худаш дид. Сари қаҳр ду се қамчин ҳарду
гунаҳкорро заду ба аспаш савор шуда, роҳи қишлоқро пеш
гирифт...

Табиист, ки гунаҳкорон аз пайт истифода бурда,
гурехта ба ҷангалзор даромада аз назарҳо пинҳон шуданд.
Он ғуломоне, ки ба ин гунаҳкор наздикй доштанд ва
гумонбар буданд, аз тарой он ки бой ба қишлоқ рафта,
албатта одам оварда инҳоро ҷазо медиҳад - гурехта ба
ҷангалзор даромаданд. Гумони онҳо аз ҳақиқат дур набуд,
ғайр аз ин ғуломдор ҳуқуқи онро дошт, ки ғуломи
гунаҳкорро ба қатл расонад. Лекин барои ҳақиқатро исбот
кардан ва ҷазо додан одамони бегона ва холис ҳамчун
шоҳид лозим буд. Бой дар ҳақиқат ба қишлоқ рафта
калони он ҷо осаққолро бо якчанд ҷавонон ҳамроҳ ба
Ғудиф овард.

Лекин дер шуда буд...

Он касоне, ки ба ин ҳодисаи мудҳишу нанговар
гунаҳкор буданд пинҳон шуданд ва он касоне, ки ба бой
содиқона хизмат мекарданд ва ба кори фармудаи бой
машгул буданд - оқибати ин расвоиро интизор дар ҷояшон
мондаанд. Бой баъд аз қишлоқ баргаштан ҳарчанд чор
тарафро бо одамони овардааш 2 шабу 3 рӯз кофтанд аз
гурехтагон дараке наёфтанд. Ҷангалзор бисёр руст буд, ва
ёфтани гурезагон мушкил. Ва барои равшан кардани
торикии шаб як бурсро алов мондаанд. Шоҳиди он
ҳодисаи мудҳиш ҳамон «Бурей сӯхта» то солҳои 1970 -
1985 дар болои ҷӯи Ғудиф буд ва ман худам он бурсро бо
чашми худ дидаам. Дуюм: Шоҳиди он ҳодиса «Чашмаи
торик» - мебошад, ки имрӯз вуҷуд дорад. Чашма албатта
ки торику равшан намешавад, оби чашма, ки аз қаъри
замин мебарояд, доим тозаю шаффоф мебошад. Ва аз он
чашма гудифиҳо то имрӯз истифода мебаранд. Обашро
таъриф мекунанд - ки оби болаззат аст. Оби он чашма
барои обёрӣ намудани заминҳои Ғудиф кифоягӣ мекунад.
Чашмаро аз он сабаб чашмаи торик ном ниҳодаанд, ки
ҳамон вакте ки ин воқеа рӯй дода буд, одамони ба
кофтуков мутасаддй аз лаби дарёи Неҳун қад - қади ҳамин
оби равон то анча баландии ҷангал мебароянд ва аз сабаби

115
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

руст будани ҷангал саргаҳи обро наёфта бар мегарданд ва
чашма ин номро ба худ мегирад. Баъди кофтукови серӯза,
ки натиҷае надод бой молашро ҳай карда рафт.

Шояд аз ҳамин сабабу воқеаҳои нохуше, ки ин аз
забони Муломирзои Мастура накл кардем, масалан: Ғудиф
- ғулом - ғуломон, Неҳун - ниҳон - пинҳон, Бурси сӯхта
(арчаи сӯхта) чашмаи торик моро водор месозад, ки ба хар
як воқеаю нишонаҳои гузаштагон бо ақли хирад назар
кунем. Масалан дар Искидарг ду мазор: Хоҷа

Абдураҳмони Ғозй ва Хӯҷаи Ғор, дар Ғудиф. Хоҷа
Мӯзлим. дар болои қабристони Дарг Хоҷаи дигаре низ
маҳфузанд. Таърихи онҳоро, кӣ барқарор мекунад ва ба ин
масъала рӯшноӣ меандозад?! Шояд ояндагон ба ин кор
камари ҳиммат банданд.

Дар қишлоқи Дарғу Каздон ҷавонони болаёкат ва
олимони шинохта бисёранд ин тарафашро ба онҳо ҳавола
мекунем...

Таърихи номҳои авлодии мо:

«Ҳавлии калон»

Ин се гузар сардоре дошт, ки он ҳам аз авлоди мо
будааст. Бинобарон гузари мо бо номи «Хдвлии калон» -
машҳур аст ва онро хурду калони қишлоқ нағз медонанд.

«Ҳавлии калон» - на аз он сабаб овозадор аст, ки
ҳавлии хонааш калон бошад, балки аз он сабаб ки ҳавлии
калони Дарг - ё инки ҳавлии осаққоли Дарғ будааст ва он
«калон» ҳамчун мерос аз падар ба фарзанд мегузаштаасту
баъди аз cap рафтани падар яке аз фарзандонаш вазифаи
калонигарии қишлоқро ба ӯхда мегирифтааст.

Хонаи бобои падарии ман ҳам дар ҳамин ҳавлии калон
буд, лекин авлоди модариам аз қишлоқи Каздон будааст.
Имрӯз ҳам мо бо авлоди модариам дӯстиву хешутаборй
дорем ва то ҷон дар рамақ ҳаст хешу табории мо канда
намешавад. Зани якӯми акаам Муллоаббос Биби Мастура
ҳам аз ҳамон Каздон буд.

Худо раҳмат кунад барвакт ва дар сини 25 - солагй
бандагй к фд. Мо дар таги «Саст» - замине дорем, ки аз
замини боэои модариам ба мо ҳамчун мерос расидааст. Ин
замин аз таги хонаи табиб cap шуда то «пули Мулло»
якчанд ге стар аст, ки се тақсим шудагй аз нисф зиёди

116
*Ғубори хотирот

* Кудратуллои Искидарги

замин аз Гули Шодӣ - писархолаи модарам ва қисми ками
он ду тақсим ба модари ману апаи калониаш модаркалони
Бобои Ниёз тақсим шудагй. Ва замини «Қарғоб» - аз пули
Мирзобобо то пули Мунҷг ҳам ҳамин хел ду тақсим аз
мову Бобои Ниёз меросй аст.

Ҳоло дар «Ҳавлии калон» - ду оила ё ин ки хоҷагӣ арзи
вуҷуд дорад. Гарчи хонаи бобои падариам дар ҳамон ҷост,
лекин мо дар онҷо зиндагй намекунем. Фақат Ҳоҷй
Шамсиддину Мирзоҳасан мондаанд.

Дигар хешу ақрабо дар натиҷаи тараққӣ кардану васеъ
шудани қишлоқ аз ҳам ҷудо шуда бо мурури замон риштаи
хешу ақрабоиро ҳам кандаанд. Имрӯзҳо аҳён одаме ёфт
мешавад, ки ҳавлии калонро номбар кунад, ё ин ки ёд
дошта бошад... Дар асри 7 - 8 - и мелодии вақте, ки
Қугайба сарлашкари Ислом Самарқандро забт карда
гирифт, қисме аз аскаронашро ба водии Фалғар ва
болооби Зарафшон барои забт кардану мусулмон
кунонидан фиристод. Калони Дарғ аз ҳамин гузаштагони
мо буд ва бо дилпурии том гуфтан мумкин, ки давраи
Аббосиён будааст.

Дини исломро дар қишлоқи Дарғи кӯҳан сараввал
ҳамон калони диёр қабул мекунад ва фарзанди навзодашро
Муллоаббос ном мемонад. Аз ҳамон давр - яъне солҳои
ҳаштсадуми милодй, ин ҷониб ин ном дар оилаи мо ҳамчун
номи бузургӣ авлодӣ арзи вуҷуд дорад.

Ин ном то имрӯз ғайр аз авлоди мо дар дигар
қишлоқҳои дуру наздики Дарғ во намехӯрад. Умуман номи
Аббос дар Тоҷикистон аҳён - аҳён во мехӯрад ва ин қадар
ҳам машҳур нест. Лекин номи Шариф дар ҳар қишлоқи
Тоҷикистон 10 - 15 то во мехӯрад. Номҳои Шарифу Зариф,
Ҳасану Хусейну Муҳаммад бисёранд. Ва ин номҳо -
номҳои бузургтарин ва азизтарин дар Осиёи миёнаву хурд
ба ҳисоб мераванд. Мехостам ҳикояеро пешниҳод кунам,
ки аз сари яке аз ҳамин Аббосҳои авлоди мо гузаштааст.

Дар Искидарги мо Ғиреканда ном мавзеъе ҳаст, ки
сокинони Искидаргу Хавол он ҷойро киштукор мекунанд
ва уғану роваашро барои замистонгузаронии моли майда
медараванд. Лалмҳои корами авлодии мо ҳам хдмин кӯҳ -

117
*Ғубори хотирот * Қудратуллои Искидаргӣ

ба ҳисоб меравад ва гузаштагони мо аз он мавзеъ хар сол
зиёда аз 1000 банд угону рова медаравиданд.

Дар гузашта яке аз ҳамин Аббосҳо бо язнаи худаш
лалм мекоридаасту дар кадом масъалае язнаю додарарус
баҳс карда оқибат чанг мекунанд. Муллоаббос бо говрони
дар даст доштааш язнаашро хуб шаллок мекунад. Дигархо
омада онҳоро аз ҳам чудо мекуианд ва язнаашро ба хгп
бор карда ба хонааш мебаранд. Дар роҳ як гуселкунанда
маслиҳат медиҳад, ки ту шаллоқи зиёд хӯрдию якчанд вақт
табобат карданат даркор, беҳтар мешавад, ки ҳозир рост
назди калон равию арз кунй ва аз калон талаб кунй, ки
ҷазои он авбошро диҳад.

Язнааш ҳам сари қаҳр назди Калон рафта арзу додаша
мекунаду барои пурқувваттар нишон додани арзаш ба
Калон мегӯяд, ки Муллоаббос зани маро номбар карда
дашном дод. Аз шумо талаб мекунам, ки ба вай ҳукми
сангсор бароред. Вай кофири муртад шуд ва ҳаққаш
сангсор аст, ки ба дигарон ибрат шавад.

Табиист, ки осаққол фавран ҷазо таин накарда ба
мулозимаш мефармояд, ки худи гунаҳкорро назди ман
биёр, аз худаш пурсем, ки чаро бо язна ҷанг карда хоҳари
худашро дашном додаст. Язнааш сари қаҳр метавонад
гапҳои дурӯғи зиёдеро гӯяд, аввал худашро пурсидан
лозим. Кори саросемагӣ оқибати бад дорад.

Ин гапу корҳоро кадоме аз дӯстони Муллоаббос
мефаҳмаду ба вай маслиҳат медиҳад, ки дар ягон ҷой
пинҳон шавад. Бо гузаштани вақт шояд фаромӯш кунанд.

Мулоаббос ба маслиҳати дӯсташ розӣ шуда бевақтии
шаб аз хона баромада аз тарси осаққол ва қасди
хешовандони язнааш дар баландии ҳамон кӯҳи Ғиреканда
дар қабати санге, ки як кас сарпаноҳ мебарад пинҳон шуда
оҳиста - оҳиста ҳамон ҷойро бо неши корд канда калон
мекунад, ки ҷои се чор кас меғунҷидагӣ мешавад. Дар
ҳамон ҷой се чор моҳ сарпаноҳ мебарад. Одами меҳнатӣ ки
буд, бекор шишта наметавонад ва аз хона як дос оварда
шабҳои моҳтобии тобистон утони сари кӯҳи Ғирекандаро
то охири кӯҳи нармкаш барои хӯрокаи зимистонии молҳои
майда медаравад. Бо ҳамин кӯҳи Ғиреканда уғончини
Муллоаббос шуда мемонад.

118
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргй

То солҳои наздик, баъди колхозй шудани заминҳои
лалмӣ ҳам уғани ҳамин кӯҳро падарам Шарифи Ҷамил
медаравид.

Хайр... оқибат рӯзе дар вақти хобаш Муллоаббоси
ҷоҳилро дастгир мекунанд ва ба назди осаққол мебаранд...

Осаққол баъди тафтишу пурсупос . масъаларо ҳал
намуда ҷазояшро тайн карда бо хешу табор ошти

мекунонад.

Бо ҳамин камари санги кандааш бо номи «Ғори
Муллоаббос» ва як кӯҳи яклухтӣ уғанчини Муллоаббос
шуда мемонад.

Номи худам, ки Қудратулло аст бо сабаби аз модар бо
як пои маибӣ таваллуд шуданам «қудрати худо» - гӯён
мондаанд мумкин бо худам равад. Баъд аз сари ман агар
ягонта аз фарзандонам ё набераҳо номи маро зинда
карданӣ бошаду номи фарзандашро Қудрат монад, шояд,
ки номи ман ҳам авлодӣ шуда монад. Лекин ба ин он қадар
боварии комил надорам.

Ояндаро пешгӯӣ карда намешавад, боз ки медонад?
Давр даври демократа шуд...

Вале банда ин ҷо мақсад дорам, ки дар бораи як оила -
оилаи Шарифи Искидарғӣ чизе бигӯям.

Дар ҳақиқат Искидарғ аз Дарғи калон дар баландие
меистод, ки дорой боду ҳавои софу дилкаш буда, зиндагии
мардумаш низ фарқ дошт.

Аслан деҳаи Дарг аз ду гузар иборат буд:

Гузари боло ваГузари пордар (поён)

Ва дар дурии тақрибан як километр деҳаи Каздон
воқеъ гардида буд. Айни ҳол бо афзоиш ва нуфузи аҳолй
ин ду деҳа марзи ҳамдигарро як кардаанд. Мардуми ин ду
деҳа тамоми маросимхои зиндагиро дар якҷоягй паси cap
мекарданд ва аз қадим то имрӯз бо ҳам риштапайвандҳои
зиёде доранд...

Орзӯи барбодрафта

Ман дар института педагогии ба номи Т. Шевченко
дар курси дуюм — гоибона мехондам. Аъзаму Султонқул
дар интерната «Шолккомбинат» - мехонданд, ман бо онҳо
шиносой пайдо кардам ва баъзан агар корам ба шаҳр
афгаду бозор биёям аз онҳо хабар мегирифтам. Ҳамин

119
*Ғубори хотирот

* Қудпяту.шюи Искидаргӣ

тавр як рӯз бо Аъзам дар назди чойхонаи «Ҷамшед» во
хӯрдему сӯҳбатамон қур гирифт. Атрофи чойхона
буттаҳои сояафкан шинонда шуда буд. Мо оҳиста - оҳиета
ҳамон тараф сӯҳбаткунон мерафтем, ки ба Нури Гул
вохӯрдем. Вай маро нашинохт. Аз Аъзам илтимос кард, ки
як ариза навишта дихад. Аъзам розй шуд. Дар агроф
харакҳои мешиштагй бисёр буд. Ҳар сеямоя дар яке аз
онҳо нишастем.

Аъзам як дафтару ручка харкда омаду аз ман илтимос
намуд, ки аризаро навишта диҳам. Нур гуфт, ки «ман туя
фармудам, ту вая мефармоӣ». Ман гуфтам, ки мо ҳарду
якҷо мехонем.

Хати ман хушрӯйтар. Шумо мақсадатона гӯед, аризаро
менависам - ман аризаро навишта ба дасташ додам. Ман
савод надорам гуфт, ӯ - худат хон ки ман фаҳмам, ки чй
навиштай. Ман аризаро хонда додам - мазмунаш ба Нур
хело маъқул шуд, ки гуфт: - Мана ин одам - раҳмат писар -
медонй, мо дар ҳамин ҷо як ҳамқишлоқӣ дорем, номаш
Кудрат - дар ҳамин кӯчаҳо сар-сарй дар як даст оинаю дар
дигараш шона, мӯи cap чаппа кардагй - мӯи cap шона
мекунаду — аз саҳар то шом — кӯчагардй — падарлаънати
бадзот - то ҳамин ҳел сар-сарй гаштана карзи Даргия
карда те... Ман ба вай ҷавоби ин гапашро нагардондам.
Ҷавоби ин гапро дар назди ҷамъият гардондан лозим буд.
Он рӯз гузашту рӯзи дигар баъди даре ман чойхона
омадам, ки аксарияти мардикорон ҳамон ҷо. Аъзам ҳам
буд. Ин воқеаро ба ҳамаи ҷамъомад нақл кардам.
Бародарони дарғиҳо, Шарифи Ҷамил аз дарғиҳо чанд ош
қарздор аст, ва шахсан аз кй? Баъди мурдан ҳам аз дасти
шумо барин «дӯстон» дар қабр азоб мекашад? Роҳат
надорад?

Ҳамаи ҷамъомад ин гапро шунида дар тааҷҷуб
монданд ва ҳеҷ кас ба гапи ман бовар накард. Ман гуфтам,
ки шоҳиди ин гапҳои ман дар назди шумоён шиштааст.
Аъзамҷон худат накд кун - гуфтам. Баъди ин ran баъзеҳо
боварӣ ҳосил карданд. Лекин ҳама баробар - аз ҳеҷ кас
қарздор набудани падарамро таъкид карданд. Ба ҳар ҳол
баъзеҳо гуфтанд, ки худат Нурро намешиносию ба вай

120
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Цскидаргӣ

тӯҳмат мекунй. Ҳамин вақт худи «якдаста» пайдо шуд.

Ман гуфтам:

— Мана худашон, ман ин саволамро дар хузури
Шумоён такрор мекунам — бигзор ба ҳама^фаҳмонад, ки
падари ман баъди мурдан аз кй оши гоиб хурда бошад? -
ва ба ки ош қарздор бошад? Ҳамаи нишастагон гуфтанд —
не! Ва ҳамаи дар чойхона нишастагон ҷавоби оши
«яхдастаро» доданд...

Баъди ин воқеа ман ба худ қарор додам, ки Дарғ рафта
ҳеҷ набошад як сол хизмати ҳамдиёриёнро карда ба
фарзандонашон дарс гӯям.

Рафта ҳуҷҷатҳоямро аз маорифи райони Варзоо
гирифта рост ба райони Заҳматобод рафтам ва аз маориф
фармони муаллимӣ дар қишлоқи Дарғро гирифта ба киса
андохтаму баъд роҳи қишлоқро пеш гирифтам. Бегоҳирузи
аз хонаи Мулломумини язнаам тарафи магазин мерафтам.
Дар боми Тошй мардуми зиёдеро дидаму барои салом
кардан аз рохам гаштам. Ба ҳама як-як салому алеку
пурсонӣ кардаму бинам, ки дар болои як санги сиёҳ Хуҷа
Осаққол шишга аст... вохӯрӣ кардем... Пурсид ки аҷаб
шавад, Дарғба? Ман дар ҳамин мактаб муалдим таин

шуданамро гуфтам.

- Хайр... Ин нағз... бисёр нағз гуфт.

Ман аз паси кори худам магазин рафтам. Бо ҳамин як
ҳафта дар қишлоқ будам. Ду маротиба ба мактаб равам
директор набуд. Дар кӯча бо муаллими Ҳайдарқул
Шарифов вохӯрдему салому алеки гарм кардем. Он кас
гуфтанд, ки директор дина район рафт, Фардо
конференсияи ҳамаи муаллимон иштироки ҳамаи
муаллимон шарт. Ман гуфтам, ки инро медонам, пагоҳ
саҳар баромада меравам. Лекин сабаби 3 рӯз пеш ба район
рафтани директорро баъдтар фаҳмидам...

Саҳари барвақт ба роҳ баромадам. Аз қишлоқ
баромада роҳи районро пеш гирифтам.

Аз Шаватки поён гузашта дашти Похутба раридам, ки
аз қафо Қудрати Мирзошариф бо як хари асп барин калон
аз пасам расиду аз хар фаромада маро савор кард. Раҳма ги
бисёр одами чақ-чақй буд. Бисёр ҳодисаҳои аҷоибро аз cap
гузаронидагй. Аз ҳама беҳтар ҳунари нақл кардан дошт.

121
* Гу бори хотирот____________* Қудратулюи Искидаргб

Суханро чунон обу ранг медод, ки аз ханда рӯдакан
мешудй. Ман харакию он кас пиёда нақлкунон Рарз
рафтем. Ман таклиф кардам, ки як пиёлагй чой нӯшем.
Ман пул доштам, лекин хароҷот кардан намонду гуфт:

- Ту одами мусофир, ҳушёр шуда хароҷот кун. Беяул
монй ҳеҷ кас пул намедиҳад. Аз хурчин нон ва гӯшти пух га
бароварду ду чойник чой фармуд. Шикамҳоро сер кардему
боз ман харакй он кас пиёда қариби бсгоҳ ба район
расидем, маро дар чойхона монда харашона савор шуда
рафтанд. Ҳамон шаб ман дар чойхона мондам.

Саҳар баъди чой нӯшидан ба идораи маориф равам,
аллакай одам пур. Ҳамаи муаллимҳо назди тахтаи
фармонҳо ҷамъ шуда буданд. Ман ҳам рафта коми
худамро бинам, ки ман муаллими мактаби Шамтуч?!!!

Назди мудири маориф даромадам, баъди салом он кас
даррав гуфтанд, ки сабаби омаданатро фаҳмидам, ҳозир
вақт танг аст... худат баъдтар мефаҳмй. Дар ин хусус ба
ҳеҷ кас саволу ҷавоб накун. Шамтуч аз Дарг дур не, ҳар
ҳафта меравӣ. Марҳамат, Шамтуч рафта кор кун. Гап
тамом! Ман фаҳмидам, ки дар зери ин коса нимкосае ҳаст.
Сабаби аз хама пеш ба район рафтани директор маълум.

Лекин ки ӯро ба ин кор далолат кард?

Дар мактаби қишлоқамон муаллимҳои маҳаллӣ
намерасад. Масалан аз Похут муаллим буд, аз Шаватк
муаллим буд, аз Шамтуч муаллим буд, лекин ман аз ҳамон
қишлоқ, ҷой наёфтам? Бо ҳамин ман дар Шамтуч як мох
кор кардаму як бегоҳи шанбе аз Шамтуч ба Искидарг
рафтам. Ҳоло ҳамаи манзилҳоямон обод буданд. Баъзан
хешу табор, хамсояҳои наздик ба манзилҳо нигоҳубин
карда барои савоб барфашро тоза мекарданд. Дар лаби
боми қутан нишаста ба арвоҳи гузаштагон фотеҳа хондам
ва ба фикр фурӯ рафтам... Як вақт cap бардошта ба атроф
назар кунам, ки рӯз торик шудааст аз ҷои нишастагиам
хеста роҳи қишлоқро пеш гирифтам.

Баъди аз мазор гузашта нишеб шудан муаммо кушода
шуд... Ба каллаам худи як мушт хурдагй барин шудам, ки
то ҳол чаро ҳамин фикр ба сарам наомад? Гуноҳи ман дар
чист? Ин кор на кори муаллимону Сафари Рачаб, ин кори
осаққол - бобо буд! Ман ҳоло дар назари вай Шарифи

122
*Ғубори хотирот_______________* Қудратуллои Искидаргй

Ҷамил будам. Маро аз қишлоқ рондан лозим буд. Чашми
вай ба ман наафтад. Лекин афтод...

Баъди аз боми Тошй рафтани ман осаққол ҳам хеста ба
хонаи директоры мактаб Сафари Раҷаб меравад. Сафар
дар хона будааст. Осаққол мегӯяд:

- Кани рафиқ директор ин навигариҳо муборак! Сафар
ыегӯяд, ки равшантар ran занед. Чӣ навигарӣ будааст, ман
ҳоло бехабар? Ҳамун Қудратаки Шарифи Ҷамил мактаби
шумоба муаллим шуда омадааст.

Мая ҳоло надидиям. Назди ман надаромадааст.

- Диди? 3 рӯз шудааст омаданашба, ҳоло назди ту
надаромадааст, назараш намегирад. Ҳоло сабр кун як ду
моҳ кор кунад, вазифаро кашида мегирад!

- Хайр мебинем, биёяд - канй!

- Хайр не, ҳоло ки вай назди ту наомадааст,
фармонаша дастадба нақапондааст, район раву фармона
бекор кун. Даҳта Фалғарӣ биёяду якта зоти Шарифи
Ҷамил не! Вай дар байни як сол ҳамаҳотона шарманда
карда - обрӯятона мерезад. Ман ба гапзаниаш аҳамият
додам, худе ки Дарғӣ набошад - вая саводаш аз хдмаи
шумоҳо баланд. Бинобар он пагоҳ район раву фармони
маорифро бекор кун. «Илоҷи воқеа пеш аз вукуаш» -
ҳамин.

Сафар ҳам гапи раис - осаққола нагардонда 3 руз
пештар аз конференсияи муаллимон ба район мераваду
фармони май овардагиро бекор кунонида маро ба
қишлоқи Шамтуч мегузаронад. Роҳбарияти колхоз аз ин
ran бохабар, фақат ман бехабар.

Бо ҳамин ман дар қишлоқи Шамтуч муаллим шудаму
як сол кор кардам. Ман аз мардуми Шамтуч бисёр
миннатдорам.

Ба муносибати иди 7 - уми ноябр ман қишлоқ омадам
ва ба митинги мактаббачаҳо иштирок кардан лозим буд.
Мактаб баромадам - ҳама муаллимҳою тадабаҳо бо
либосҳои идона дар саҳни мактаб ҷамъ шуда буданд. Ман
ба рафти суханронии муаллимҳо мафтун шудам. Митинг
мувофиқ ба шароиташ бисёр нағз гузащт. Маро
муаллимҳо таклифи чой карданд. Ба кабинеты директор
Сафар Раҷабов даромадем: он тарафаш маълум, рӯзи ид...

123
*Ғубори хотирот_____________* Қудратуллои Искидарги

Баъди чои талхи хунук моро ба шабнишинии
муаллимҳо таклиф карданд:

Дар он шабнишинӣ Хӯҷа осаққол ҳамчун намояндак
партия иштирок мекард. Ғайр аз Хӯҷа муовини раиси
колхоз Кучак Раҷабов, бо бригадирҳояш, комунистони
активи колхоз - умуман ҳама дӯстдорони машрубот, ки
дар он шаб ҳаваси бепул нӯшидан дошт иштирок мекард
Муаллимҳои беруна ба кишлоқҳояпюн рафта буданд
фақат муаллимҳои дарғй буд. Баъди cap шудани нӯшиш
сухандонҳою сухангӯйҳо бисёр буд. Аҷоибии ин
шабнишинй дар он буд, ки ҳамаи иштирокчиён ҳатман ба
саломатии ман менӯшиданд ва ба қишлоқ баргаштани
маро орзӯ мекарданд. Ин суханҳо ҳама фармуда будааст.
Гарчи раис - осаққол наменӯшид лекин шабнишинӣ таҳти
назорату имою ишорати он кас мегузашт. Кӣ ran занад ва
чй мегӯяд - ҳама ба ҳисоб гирифта мешуд. Ман гӯё моҳие
будам дар даҳани баҳр - як ҳиссиёте, ки тасвир кардандш
амри маҳол. Лекин чӣ қадар ки нанӯшида бошам ба ман
таъсир намекард, гӯё ки об бошад - на арақ. Мо ҳама
саргарми сӯҳбату арақнӯшй - Устораҳим, ки дар қабати
ман шиштагй буд, яке худро болои дастархон дароз
партофту гуфт:

- Тухмота хӯрам бачи хола - Хокироев ва ба хамин
амвол гапҳои зиёде... Хокироев коммунист иштирокчии
ҶБВ - маҷрӯҳи дараҷаи якум, бар болои ин бригадири як
гузари қишлоқ. Маро дар қабати Устораҳим шинонда
буданд. Ин беҳуда набудааст - махсус заказ будааст. Ман
устоя аз болои таомҳо бардоштаму гуфтам:

- Язна ҳарчӣ гӯед майлатон лекин худро болои таом
партофтан шарт нест, - аз ин таом одамҳо мехӯранд. Ва ин
аҳвол на як бору ду бор, якчанд маротиба такрор шуд, ман
маҷбур шудам, огоҳ карда гуфтам, язна - агар боз такрор
шавад - гила накунед... чунон мефурорам, ки аракхурия
якумр фаромӯш мекунед. Боз такрор шуд, ман хам як
мушти обдор ба пешонии усто фуровардам. Ҳардафъа, ки
ман ҷавоби нӯшбодро гардонданӣ шавам - дар вақти
суханронии ман усто беҳузур мешавад ва худро болои
таомҳо мепартояд? Ин мушт на мушти ҷангҷӯ буд - ин

124
*Ғубори хотчрот

* Қудратуллои Искидаргӣ

мушти одобнигохдорӣ дар маърака буд. Пешонии усто дар
якчанд сония варам карда хесгу сиёҳ гашт. Усто гуфт:

- О!! ин мезадасо, ман гумон кардам, ки шӯхӣ мекунад.

Ин ran албатта сигнал буд...

Муллосултон гуфт:

- Мо дар Самарканд 3-шабонарӯзу 4-шабонарӯз
менишастему менӯшидем, лекин ҳеҷ кас ин хел беодобӣ
намекард. Сафар Раҷаб, ки дар қабати осаққолбобо
шиштагй буд, аз ҷояш парида хесту ба сари ман мушт
бардошта дар болои дастархон нонҳоя зер карда омад, ки
ба сари ман занад. Ман мушташро аз ҳаво доштаму
гуфтам:

- Раҷабов, Сафарака - худатона нигоҳ доред, агар ман
занам як ду ҳафта атола мехӯред. Вай се-чорта дашномҳои
кабеҳ дод, ман маҷбур шудам, ки ӯро дар ҷояш шинонам.
Милиса ҳам пешакй тайёр карда будаанд. Баногоҳ аз пушт
маро як кас маҳкам қучоқ карда аз болои дастонам
қапид... Ва ман дигар ҷунбида натавонистам. Табиист, ки
се - чор мушти гиреҳкардаи обдор ба сари ман фуромад. Ва
қаҳрамонҳои муштзан бисёр шуд. Гарчанде дастҳоям
маҳкам буд, лекин пойҳоям ба кор даромад. Як ду кас ки
лагати обдор хӯрд, дигарҳо аз орзӯи ба сари ман мушт
фуровардан худцорӣ карда қафо гаштанд.

Раиси калон ба орзӯи оншабааш расида буд. Тираша
ки аз тобистон боз тайёр карда монда буду имшаб cap дод
ҳадафи худашро ёфта буд. Аз ҷояш хесту гуфт:

- Ҳушёр шудед ҷунимаргҳо - дарғиҳоя шарманда
накунед гуфту баромада рафт. Аҷоибии ин шабнишинӣ
дар он, ки ҳамаи хароҷоти оншаба аз ҳисоби ман будааст.

Мудири магазин - Шомаҳмади каздонӣ - баъди ба
ҳавои тоза баромадан ба ман хабар расонд, ки аввал пули
арақа тиеду баъд баромада дар кӯча ҷанг кунед.

Ман гуфтам:

- Акай мудир, мебахшед ман аз шумо арак нахаридаам
ва фармоишй хам накардаам, касе ки фармоиш карда
бошад аз вай гиред.

Гуфт:

- Ҳамаи суханҳои гуфташуда ва нӯшбодҳо ба ту дахл
дошг. Хароҷоти арак аз хисоби ҳамон кас мешавад, ки

125
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

гунаҳкори шабнишинӣ бошад, қариб 20 кас ran зад 20
шиша чанд пул мешавад? Назар ба инҳо ту баақлтар будаӣ
ҳисоб кун. Ман гуфтам:

- Кӯтоҳаш чанд пул шуд? - 360 сум гуфт ӯ.

- Пагоҳ аз ман пула гир - гуфтам. Пагоҳаш пули
магазина оварда супоридам. Шомаҳмад гуфт:

- Ҳамаи он гапҳое, ки дар бораи ту шунидам хақ ва
рост будааст. Бачаи нагз будию лекин душмандор...
Ҳушёр шуда гард, ки сарата бой надиҳй.

Баъди як рӯзаш ба кор, Шамтуч рафтам, ки ин хабар аз
ман пештар рафта будааст.

Ҳарчанд ки шамтучиҳо аз ман сабаби шаллоқхӯриро
пурсиданд, ман ба ҳеҷ кас дар ин хусус чизе нагуфтам.

- Одамй - дия баъзан мешавад, гӯён ба шӯхӣ гапро ба
дигар тараф мегардонидам. Лекин ин овоза ба район хам
рафта будааст. Ман ба дигар чиз қоил шудам: як зарби дар
ҷавонй задай Шарифи Ҷамил 50 - 60 сол дард мекард ва
шаллокхӯрда ҳеҷ давои худашро намеёфт...

Tax, сил дар Маскав

Дар Шамтуч бо коркунони мактаб - яъне муаллимон
алоқаам мустаҳкам буд. Ҳатто дар сарам нияти дар
Шамтуч хонадоршавй пайдо шуду бо падари духтар як
маротиба ҳамсӯҳбат шудем. Ба ман лозим буд, ки бо
язнаам Мулломумин ва апаам Ниёзбибй маслиҳатро
пазонам. Авало насиб набудааст, сониян аз дӯстам Султон
Сафаров, ки дар Сталинобод монда буду дар институт
гоибона мехонд, мактуб гирифтам. Ин мактуб маро ба
вачд овард. Султон навишта буд, ки Москва барои
Тоҷикиетон кадр тайёр мекардааст. Агар нияти рафтан
дошта бошй ман туро ба рӯйхат дохил кунам? Ман ҳамон
шаб ҷавоби мактубро гардондаму навиштам, ки ин орзӯро
дар дилам аз кӯдакӣ мепарварам. Охирҳои моҳи май ман
бо Бадалов Мирзобадал, Шарифов Ҳайдарқул ва се каси
дигар аз Вешабу Шаватк тавассути Уштургардан то
Майхура ном мавзеъ рафтему аз он ҷо бо мошин то шаҳри
Сталинобод, ки имрӯз номи аслии худаш - Душанберо
гирифтааст, расидем. Дар Сталинобод хар кас аз паси кори
худаш рафт. Ҷои ҷамъомад чойхонаи «Ҷамшед» муқаррар

126
* Ғубори хотирот

* Қудратуплои Искидарги

шуд. Ҳар рӯз барои шунидани ахбори нав дар чойхона як
маротиба ҷамъ мешудем. Ман ба сӯроғи Султон
баромадам. Хушбахтона, зуд ёфтаму ҳамроҳ ба Вазорати
маданият, назди сардори управлениям Санъат - рафиқ
Пушкар даромадем, ки рӯйхати довталабон дар дасти ӯ
буд. Ман дар он рӯйхат номнавис шуда будам. Табиист, ки
саволҳои аввалини ман аз ӯ дар бораи супоридани
имтиҳоноти қабул ва аз кадом фанҳо буд.

Пушкар гуфт, ки имтиҳон дар ҳамин ҷо дар бинои
Университета ба номи Ленин аз фаннҳои забон ва адабиёт
- русию тоҷикӣ, таърих ва ҳунари актёрӣ гузаронида
мешавад. Лекин аллакай дар як ҷой 15 кас довталаб
номнавис шудааст. Бинобар ҳамин бояд хуб тайёрӣ бинем.

- Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ дар ҳамин кӯчаи
худамон наздик, метавонед дар ҳамон ҷо маводҳоро
дастрас кунед, - гуфт ӯ. Ман аз забону адабиёт
наметарсидам, ҳамин ҳунари актёрй - чӣ маъно дорад? Ин
саволро аз Султон пурсон шудам. Вай ҳам ман барин
ҳунари актёрй чист, намедонист. Пушкар маслиҳат дод, ки
вақтро аз даст надода тайёриамонро бинем, ки ҳафтаи
оянда аз рӯзи сешанбе имтиҳонҳо cap мешавад. Дар
ихтиёри шумоён шаш рӯз ҳаст, ҳаракат кунед ман боварӣ
дорам шумоён аз имтиҳон мегузаред, гуфт Пушкар дар
охир. Мо ба китобхонаи ба номи Лоҳутй, ки дар ҳамон
кӯчаи Орджиникидзе буд, рафтем ва дар он чо як занаки
хушрӯю хушмуомила дар ёфтани адабиётҳо ба мо кӯмак
расонд. Имтиҳонҳо cap шуданд...Рӯзи аввал аз мо
«диктант» гирифтанд. Ману Султон дар як стол нишаста
будем... Аз диктант хардуямон ҳам баҳои чор гирифтем.
Аз ҳамин имтиҳон 25 кас афтод. Пагоҳаш омадем, одами
хеле ҳам бисёр буд ва ба даромадан пойҳояшон пеш
намерафт ва ҷуръати ба дарун даромадан надоштанд. Ман
Султонқулро кашола кардам.

- Мо серка шавем, бузҳо аз қафо мебиёянд - гуфтам.
Байни бачаҳо миш-миш cap шуд. Ман ба ин миш-миш
аҳамият надода, бо Султон пасу пеш ба дарун даромадем
ва баробар салом додему ба тарафи билетҳои имтиҳон
нигоҳ кардем. Яке пурсид, ки рақами билетатон чанд?

127
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

Ман номбар кардам. Дигаре гуфт ба шумоён 15 дақиқа
вақт дода мешавад, шинеду ба саволҳо тайёриатонро
бинед. Ман гуфтам, ки агар иҷозат бошад ҷавоб доданро
cap кунам. Ҳайати комиссия калон буд - қариб 15 нафар...
Ба ду столи дароз шишта буданд. Яке аз онҳо гуфт:

- Ба шумо бо забони модариатон гуфтанд, ки 15 дақиқа
тайёрй дода мешавад, марҳамат шинеду фикратонро ба як
ҷо ҷамъ карда баъд... Ман ҳам аз узангӣ нафуромада
гуфтам:

- Агар мо 15 дақиқа шинем, шумоён зиқ мешавед. Ман
аввал 15 дақиқа ҷавоб диҳам, баъд ба ҳавои тоза баромада
то бегоҳ фикр мекунам. Баъзеҳо ба ин ҷавоби ман
хандиданду баъзеашон аз калонгапии ман ба ғазаб
омадаНд, ки яктоаш гуфт:

- Марҳамат стулро гиреду ин ҷо шинед! Ман
итоаткорона стулро гирифтаму назди ӯ нишастам. Ман
ҷавобашро аз он cap кардам, ки Садриддин Айнй одами
бисёр ҳам хушбахт буд, ки бо В. И. Ленин дар як даҳсола
таваллуд шудаанд. Даврае, ки онҳо таваллуд шудаанд,
капитализм дар стадияи аввал қадам ниҳода буду Осиёи
миёна давраи тараққиёти феодализмро аз cap мегузаронид.
Аз ҳам фақат сад солакак фарк мекард, ки ин барои таърих
баробари 100 қадам ба ҳисоб меравад. - Аз матлаб дур
наравед, - гуфт он шахсе ки ба ман ҷой нишон дода буд.
Ман ба саволи аввал расо 12 дақика ҷавоб додам. Он шахе
гуфт.

- Маълум мешавад, ки шумо эҷодиёти Айниро
омӯхтаед. Марҳамат ба саволи дуюм гузаред. Ман ин
дафъа аз М. Горькию Ленин ҷавоб гуфтанро cap кардам,
ки камтар асабй шуду мехост гапи маро буррад, як кас
хандиду гуфт:

- Аз Ленин нею аз ҳамзамонони худамон ran занед. -
Ҳамзамонони мо бе вобастагй бо Ленин вуҷуд надоштанд
ва дошта ҳам наметавонистанд. Бинобарон...
Варақатонро ба ман диҳед гуфт ӯ омирона. Марҳамат. -
Он шахе варақи маро гирифту як нигох карду пурсид:

- Шумо кадом мактабро хатм кардаед?

- Интернати давлатии райони Ҳисорро - гуфтам ман.

128
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргй

- Ана акнун маълум, ки шумо бачаи Ҳукумати Совета
будаед - гуфту баҳои панҷ монда имзо кард. Ман ба соати
дастиям нигоҳ карда гуфтам.

- Расо 15 дақиқа, ҳамон гуфтаи худам шуд. Ич дафъа
ҳама хандиданд.

- Марҳамат таклиф кунед дигарҳо дароянд, - гуфт
муаллим. Бачаҳо атрофамро иҳота карда мепурсиданд.
Қоғази ман аз даст ба даст мегашт. Ман дигаронро ба
даромадан таклиф карда, ба як гӯша рафта яоскадуро
бароварда якто дуди тоҷикй кардам ва баромадани
Султонкулро мунтазир шудам. Баъди имтиҳони аввал бо
Султонқул ба чойхонаи «Ҷамшед» рафтем ва омадани
баъзе рафиқонро интизор шудем. Султонқул ҳам баҳои
панҷ гирифта буд. Дар дигар имтиҳонҳо ҳайата комиссия
ва сафи довталабон кам мешуд. Оқибат аз ҳаштоду чор
довталаб мо даҳ кас имтиҳонҳоро супорида роҳхат
гирифтем... Мехостам чи тавр супоридани имтиҳони
охиронро тасвир намоям. Имтаҳони охирон аз ҳунари
актёри буд. Он дар бинои театри ба номи Маяковский
гузаронида мешуд. Мо дар чойхонаи «Ҷамшед» бо артиста
хизматнишондодаи рееспублика Бурҳон Тӯраев шинос
шуда будем. Он кас гуфтанд, ки ин имтиҳон аз ҳама
осонтар - ҳар кадоматон яктогӣ этюд нишон медиҳед. Ман
аз ӯ этюд чй маъно дорад, гуфта пурсидам. Он кас ҳанӯз
чавоб надода дар назди чойхона ду бача ба ҳам дарафтода
диқати ҳамаро ба худ ҷалб намуданд. Бурҳонака гуфтанд.

— Ана ҳамин этюд, фаҳмидӣ, этюд — ин як лаҳзаи ҳаётест,
ки аз як дақиқа то ба... беохир давом мекунад. Мана ба
ҳам дарафтодани бачаҳо ҳатто як дақиқа давом накард.
Ана ҳамин як лаҳзаи ҳаётро этюд мегӯянд, акнун фаҳмидй?

- Фаҳмидам! Ҳамин тавр бо якто чору панҷто панҷ
ман имтиҳони қабулро ҷамъбаст намудам.

Вазорати маданият билета поездро харида ба
роҳбалади мо Тоҳир Собиров дод. Рӯзи рафтан ҳам фаро
расид. Аксарияти бачаҳое, ки ҳамроҳи мо ба Москва
мерафтанд, хурсанду - хандон бо якчанд гуселкунандаҳо
ба вокзал омада буданд. Ману Султонқул каси гусел
мекардаги надоштем. Ба вагонамон даромадему ҷои
таиншудаи худро ёфта аз тирезаи вагон ба рафиқони

129
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

ҳамроҳи мо мерафтагй ва гуселкунандагони онҳо нигоҳ
мекардем. Моро роҳбари курс Г.А. Димитриев пешвоз
гирифт. Ғайри вай боз бачаҳои аз мо як сол пеш
дохилшуда, ки курси якумро хамом карда буданд, ба
пешвоз омаданд. Аз поезд фуромада ба трамвай
нишастему рост ба хобгоҳ рафтем. Дар хобгоҳ ба моён як
хонаро ҷудо карда доданду гуфтанд, ки ба ҳама хобгоҳ
намерасад, ҳаракат карда худатон хобгоқи иҷорагй ёбетон.
Рӯзи дуюми ба Москва омаданамок моро назди директор
ҷеғ зада ҳуҷҷатҳоямонро, ки дар дасти роҳбалад - ё ин ки
роҳбар Тоҳир Собиров буд, гирифта аз назар гузарононд
ва пурсқц:

- Кадоме аз шумоён Қудрат Шарифов. Ман аз ҷой
хестам. Гуфт, ки шумо барои ба института мо дохил шудан
имтиҳон супоридед?

- Ҳа - гуфтам ман.

- Дар ин ҷо варақаи имтиҳонот нест?

- Ман ҳамаи имтиҳонҳоро якум шуда супоридам.
Тоҳир Собиров, ки дар ҳамаи имтиҳонот иштирок мекард
ин гапи маро тасдиқ кард. Ҳамаи хамроҳонам низ гапи
маро тасдиқ карданд. Лекин варақа набуд... Ман бояд, ки
ҳамаи варақаҳоро аз назар гузаронам гуфтам . Гапи маро
тамоман баръакс тарҷума карданд. Гуё ки ман гуфта
бошам, ки метавонам дар ин ҷо ҳам имтиҳонро аз сари нав
супорам. Маро таъриф карда розигй доданд. Лекин шумо
аввал шарҳи ҳолатонро баён кунед. Ман гуфтам, ки «Ман
фарзанди Ҳукумати Совета. Дар интернат тарбия ёфтаам».
Ба роҳбарият, ки дар он ҷо иштирок доштанд ин гапи ман
писанд омад ва гуфтанд, ки барои шумо аз пагоҳ cap карда
мо муаллимонро тайн менамоем, аз ин рӯ омодагй гиред.
Соаташро ҳам тайн карданд.

Пагоҳаш ман омада аввал «диктант» супоридам.

Муаллима диктанта маро гирифта гуфт, ки ҳамин ҷо
интизор шав - ва баромада рафт. Диктантро назди
директор бурд...

Баъди 10-15 дақиқа омад - хандону бо чеҳраи кушод,
маро бо имтиҳони аввал табрик карду якчанд саволи дигар
аз адабиёти рус пурсид. Ман мувофиқи донишам чавоб

130
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

гардонидам. Ба ҷавобҳои ман қаноатмандона cap
ҷунбонду гуфт:

- Мана ин баҳои шумо. Дар варақа дуто 5 навишта
имзо карду дод. Боқимондаи имтиҳонҳоро бо тарҷумон
супорида, оқибат имтиҳони актёриро дар назди якчанд
профессорхо, ки махсус даъват шуда буданд супоридам.
Боз ҳамон натиҷаи аввал шуда монд. Фақат ҳаминаш дар
дил нақши беҳурматӣ доир ба роҳбалад ва рафтори вай
монд... ин албатта то охири умр. Оянда... ман дар якчанд
филмҳои ба навор гирифтаи Тоҳир Собиров иштирок
кардам, лекин аз он воқеа ёдовар нашудам. Гӯё ҳамин тавр
шуданаш лозим буд... Баъди супоридани имтиҳони қабул,
маро назди парторг даъват карданд. Сӯҳбати мо 15-20
дақиқа давом кард. Аз ман пурсиданд, ки. фикри шумо дар
бораи варақаатон, ки аз Тоҷикистон то Москва гум
шудааст - чист? Сӯҳбат албатта бо гарҷумон мегузашт,
бинобар он ман «намедонам», «намефаҳмам» - ро якчанд
маротиба такрор кардам. Шахси сеюм, ки тарҷумон буд,
метавонист сирри роҳбаладро ошкор кунад, аз ин сабаб
«намедонам», «намефаҳмам» суханҳои беҳтарин буданд.
Дар давоми хондану супоридани имтиҳонҳои институт -
худи роҳбарият нағз фаҳмид, ки шамол аз кадом тараф
мевазад. Ва худ аз худ натиҷаи варақаи ман ва гум шудани
он ба роҳбарият маълум шуда монду - роҳбаладро, ки ба
мо ҳамчун консултант кор мекард аз вазифа сабукдӯш
карданд. Ҳамаи моро ки соли дуюми хониш рафта будем,
ба курси дуюм қабул карданд, ба он шарте, ки программаи
дусоларо дар як сол гузарем. Мо чй хам мегуфтем, розӣ
шудем.

Соли аввал қабулшудагон баъзан се ҷуфт баъзак чор
ҷуфт даре мехонданд. Мо дар курси дуюм қабулшудагон
ҳафт чуфт, ҳашт ҷуфт - мехондем, ки ин аз хад зиёд буд. Ба
ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда мо соли дуюм
қабулшудагон имтиҳонҳоро бо баҳои 4-5 супоридем, ки
ин қадри моро ва дониши моро дар назари роҳбарият
баланд мекард. 14-16 соат даре хонию боз вақт ёфта
вазифаи хонагиро тайёр карда боз хобу истироҳат ҳам
кунӣ! Аз даҳони муаллим дар вақти даре на ба ҳамаи
хонанда муяссар мешавад, ки гуфтаҳои ӯро ба дафтар

131
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

навишта гирад. Аз кониспектҳои мо, ки бевосита дар
рафти дарс мекардем, дигарҳо истифода мебурданд.
Кониспекти дар дарс навишташуда бароӣ донишҷӯ бисёр
ёрдам мекунад. Қариб ҳамаи адабиёти лозима ба таври
кӯтоҳ бошад ҳам, дастрас мегардад. Дар курси сеюм ва
чорум барои ман ҳамин қадар осон шуд, ки ҳатто шабҳои
баҳору тирамоҳ дар вокзали боркашонӣ, ки дар наздикии
хобгоҳ воқеъ буд, баромада вагонҳои сабзавотро холй
мекардам. Ба сабаби ин кор ба бисёр рафиқон ёрии хӯрока
мерасид. Ман ҳам пул мегирифтаму ҳам ҳар шаб як
сумкагй сабзавот меовардам.

Театр

Бо ҳамин мо як гурӯҳ ҷавонони аз гирду атрофи деҳоту
шаҳри Душанбе (Сталинобод) ҷамъшуда, курси чоруми
институтро хатм карда бо муносибати даҳаи Адабиёту
Санъати Тоҷикистон дар Москва ва ҳам таҷрибаомӯзй ба
театри Академиявии ба номи А. Лоҳутӣ омадем ва як сол
хизмат кардем. Театр ба мо бисёр чизҳоро омӯзонд. Мо
бевосита аз ҳаёти театр ва актёрҳо аз наздик шиносой
пайдо кардем. Ин практика ба бисёриҳо зарари худашро
расонд. Мо 2 - нафар курси чорумро хатм кардему 20 -
нафар институтро. Азиз Каримов яке аз беҳтарин актёри
оянда - тирамоҳи соли 1955 - ба касалие гирифтор шуда,
бандагй кард. Ман бо фахр он солҳоро ёдоварй мекунам.
Апрели соли 1956 - иштирокчии даҳаи Адабиёту Санъати
Тоҷикистон дар Москва, июни соли 1956 - иштирокчии
фестивали умумиҷаҳонӣ дар Москва. Моҳи октябри соли
1956 - иштирокчии 40-солагии ғалабаи Кабири

Сотсиалистии Октябр дар стадиони «Лужникии» Москва
будам. Афсӯс, суратҳои бисёре, ки аз он рӯзҳо буд, боки
намондааст. Баъзе дӯстон ба тариқи «ёдгорӣ» аз албомҳо
канда бурдаанд. Шояд барои он рафиқон ин суратҳо
ҳақиқатан ҳам ёдгорй монда бошад, лекин барои худи ман
фақат дар хотир мондаасту халос...

Ҳамаи ин воқеаҳо ба тақдири кишвари азизамон
алокаи ногусастанй дорад. Соли 1958 мо институтро хатм
карда, ба Ватан баргаштем. Мо 20-нафар хатмкунандагони
донишкадаи ба номи Щепкин, барои ба тамошобинони

132
Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

республика нишон додани ҳунару санъати худ
намоишнома (спектакль) тайёр карда оварда будем:

1. «3ангирии Фигаро», Бомарже,ҳаёти асри 18,

Франсия.

2. «Норасида», Фонвизин, асри 18, Русия.

3. «3анаки Панҷобӣ» - аз ҳаёти мардуми Ҳиндустон.

4. «Заминҳои нав», Тошмуҳаммадов, аз ҳаёти имрӯзаи
ҷавонони Тоҷикистон.

Баъди тамошо кардани ин намоишномаҳо роҳбарияти
Республика ва вазорати маданият бо умеду орзуҳои нек
Театри ҷавононро дар назди Театри академиявии ба номи
А. Лоҳутй эълон карданд.

Дар бисёр рӯзномаву маҷаллаҳо бо карнаю сурнай ин
навигарй эълон ва намоиш дода шуд. Мо ҷавонҳо аз
хурсандй дар куртаҳои худ намеғунҷидем. Меҳнати 5-
солаи мо ҷомаи амал пӯшид ва бо дили гарм ба кор
часпидем... Аз хама пеш муовини аввали Вазорати
маданияти республика шодравон Меҳрубон Назаров бо
боварии пурра ба қувваи ҷавонон, худаш инисиатива
нишон дода, намоишномаи «Тошбек ва Гулкурбон» -
асари Миршакарро ба саҳна гузошт. Режисёри асосии
ҷавонҳо, ки драматург Шамсй Қиёмов таин шуда буд, ба
театр наздикӣ намекард. Шайтон ҳам дар камин буд ва
пайт мепоид. Ин шайтон дар республика обрӯю эътибори
худашро дошт ва роҳбари асосии театр ҳамон буд.
Директори театр артисти халқии СССР Муҳаммадҷон
Қосимов - таҷрибаи кории маъмурӣ надошт, бинобар он
ба устоз ва саррежисёри худи театр бовар карда - тамоми
нӯхтаю лаҷоми театрро бо боварии комил ба дасти ӯ дода
монд. Баъзан худаш ҳафтаҳо ва моҳҳо дар театр пайдо
намешуд. Шайтон акнун яккамехи театр буд, ҳамаи
коркунони театр дар атрофи ӯ чарх мезаданд. Ин шайтон
яккамехи театр - Мительман буд...

... Мительман бо роҳбари курси мо Григорий
Николаевич Дмитриев ҳамкурс будаанд. Ҳарду дар
института Г.И.Т.И.С. шӯъбаи режисёриро тамом карда,
дар тақсимот ҳардуяшон бо роҳхат ба Малый театр
мераванд. Роҳбарияти Малый театр Дмитриевро ба кор
гирифту ба Мительман рухсати «ом» дод. Акнун гурӯҳи

133
*1Ғубори хотирот

* Кудратуллои Искидиргӣ

тайёр кардан Дмитриев ба дасти Мительман афтод, ки
қасди чандинсолаи худро на аз Дмитриев балки аз
ҷавонони тайёркардаи вай гирифтан мехост. Гурӯҳи мо
асосан бо методи «Малый театр» кор карданро омӯхта буд
ва намоишҳои овардагӣ низ бо ик метод таҳия шуда
буданд, ва тамошобини марказӣ ин намоишномаҳоро нағз
қабул кард. Мительман ба хулосае меояд, ки театри
Академиявӣ он чӣ дорад бо ҳамон монад ва Худо накарда
методи театри ҷавононро қабул накунад. Бинобарон худро
ғамхори ҷавонон нишон дода, ҷавононро аз театру -
театрро аз чавонон ҷудо бояд кард. Дотатсияи роҳбарияти
республика, ки ба ҷавонҳо барои 5-сол чудо кардааст,
барои моҳона ба ҳамаи коллектив мерасад. Ғами финанс
нест...

Ғами тамошобинро бояд ҷавонон хӯранд. Лекин
ҷавонон таҷрибаи кофӣ надоштанд, ва аз ӯхдаи ин кор
намебаромаданд, ки ин сари онҳоро бечуну чаро мехӯрд.
Бар болои ин бехонагию иҷорашинӣ. Мительман аз соли
1936 режисёри театри Лоҳутӣ буд ва мо ҷавонҳо бо
намоишҳои худ ба унвони баланди вай - (артисти халқии
республика) - иснод мерасондем. Вай «ҷуҳудбозй»-ро cap
кард. Ба мӯйсафедону коркунони собиқадор якуним сол
зиёдтар отпуски дарозмуддати кӯмакӣ дод. Яъне моҳона
мегирифтанду кор намекарданд. Репетитсия - машқ нест,
намоишномаҳои нав нест - кор ҳам нест. Актёрҳо ҳар рӯз
ба кор меоянду плани кориро дида баромада мерафтанд.
Ҳамин минвол қариб ду сол давом кард. Мо ҷавонҳо бо
муовини вазири маданияти республика Меҳрубон Назаров
- асари Миршакар «Тошбек ва Гулқурбонро» - ба саҳна
баровардем. Ман дар он намоишнома роли «Дев»-ро иҷро
мекардам. Ин намоишнома рӯзҳои иду арафа ду - се
маротибагй нишон дода мешуд. Театр бо тамошобин
зиндааст. Бе тамошобин театр вуҷуд надорад. Ҳамин тавр
ҳамаи намоишномаҳои моро тамошобин то 10-15
маротиба тамошо кардааст. Ҳатто як мактаббача барои
ҳамон «дев» - и ман чил маротиба ба тамошои «Тошбек ва
Гулқурбон» билет харида даромадааст, ки рӯи девро
бинад... Бо ҳамин дили чавонон аз театру дили театр аз
ҷавонҳо монанди яхи зимистон хунук шуд.

134
Ғубори xomupont

* Қудратуллои Искидарги

Акнун он часпоние, ки дар рузҳои аввали ба кор
омадан буд, - абадӣ ба хок яксон шуд.

Худатон қазоват кунед: Барои як спектаклро нишон
додан як ҳафта эълону рекламаҳо аз тариқи радио ва
телевизион нишон дода мешуд. Дар ҳаёти мо ҷавонон чи?
Шаб намоиш дода мерафтем, ба умеде ки пагоҳ машқ
мекунему истироҳат. Сахар ба кор меоем, машқ мекунему
меравем, соати шаши бегоҳ ба кор меоем, ки дар назди
театр як тахта — шит мондагию дигар дар шаҳр ягон эълон
ё реклама нес г. Тамошобини шаҳр намедонад, ки дар театр
кадом намоиш нишон дода мешавад. Агар бегоҳирӯзӣ ягон
кас тасодуфан аз назди театр гузарад ҳамон тахтаро
мебинад, ки масалан «Норасида» ва ё «Занаки панҷобӣ» ва
ё «Ба пеш холаҳо» дар театр намоишномаҳое нишон дода
мешаванд, ки кариб тамоми мавсим дар он тахта сабт
шудаанд ва дигар чизи дигаре нест, гашта мераванд. Дар
ин намоишнома 10-15 кас медарояд. Барои даҳ тамошобин
20 кас намоиш нишон медиҳад.

Пагоҳаш Мительман дар ҷамъомади пагоҳирузй — мо
ҷавононро гунаҳгор мекунад, ки шумоён аллакай ба дали
тамошобин задаед - тамошобинҳоро гурезондаед,
шумоёнро аз театр пеш кардан даркор! Ва ҳар руз ҳамин
таънаю таънабозй. Ин таънабозиҳо ба дили хама санги
хоро бает. Намоишномаи нави ба саҳна гузошта рузҳои
аввали намоиш диққати тамошобинони зиёдеро чалб кард.
Ин намоишнома ба чашми шайтон хор барин мехалид.
Барвақттар онро ва номи онро аз театр нест кардан даркор
буд. Тамошобинро аз театр рондан лозим буд.
Намоишномаи «Тошбек ва Гулқурбон» аз иди Рамазон то
иди Қурбон - дар 2-мох 50 - маротиба нишон дода шуд.
Ин дар ягон чорчӯбаи театр намеғунҷид. Мухлиси ашадди
хам бошад, ки 50 маротиба як чизро тамошо намекунад.
Ин буд, ки баъзе ҷавонҳо ихтиёрй баъзеашон мачбури аз
кор рафтанд. Акнун навбат ба «Старики» омад. Бечора
«старики» баъди отпуски дарозмуддати маҷбурй ба қавле
«бодашон» баромадаву корношоям шуда монданд.
Баъзеяшонро ба нафақа гуселониданд...

Баъди кори дусолаи мо номи «ҷавонй» - гум шуду ба
ҷиғилдони театри Академиявӣ ҳазм шуда рафт... Дар театр

135
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

як директори кордон, ки ба нағмаю фиреби Мительман
сарфаҳм рафта тавонад набуд. Ҳатто Вазорати маданияти
Республика ба кори ин театр сарсону саргардону ҳайрон
буд. Оқибат мо ҳама чошу парешон шудем: ман, Валй
Ҷураев, Неъмат Ноёбов, Раҳимҷон Раҳматов, Соро
Гурсунова, Анвар Тураев, ба киностудия, Сайфй
Мерганов, Рахмон Раҳимов, Саодат Ҷӯраева ба
телестудия, Султон Сафаров, Абдуҷаббор Ваҳобов, ба
радио ба кор рафтанд. Оиша Турсунова - корхонаи
дузандагй, Мая Муродова - муаллима, Дилором
Ҷурабоева ва Салимҷон ба Москва рафтанд. Қурбон
Ғарибшоев ба Помир рафт. Аз ҳамин 21 нафари курси мо
имрӯз 9 нафар дар ҳаёт мондаанд - боқимонда 12 нафари
дигар ин дунёро падруд гуфта рафтаанд...

Фаъолият дар кино

Бо кино ман дар давраи донишҷӯиям шиносой пайдо
карда будам. Тирамоҳи соли 1955 мо дар курси чорум
таҳсил мекардем. Рӯзе маро дар назди либосовезак як
духтараки ношинос ҷеғ зад ва пурсид, ки миллати шумо
чист? Ман бо шӯхӣ гуфтам, ки одатан номи одамро
мепурсанд. Шумо аз миллат cap кардед! Вай бо як
табассуми ширини духтарона номи худашро гуфт ва бо
ҳамроҳаш шинос карду гуфт.

— Мо аз «Мосфильм». Мосфильм дар бораи
сарнагуншавии аморати Бухоро филм мегирад, ба мо
тоҷикҳо даркоранд. Ман гуфтам, ки дар ин ҷо 22 тоҷик
мехонад, агар лозим бошад ҳозир ҳамаашонро ҷеғ
мезанаму ба Шумо шинос мекунам. Ба ман миннатдорӣ
изҳор карду гуфт, ки алҳол ба ман як нафар лозим, агар
худи шумо розӣ бошед, пагоҳ ба Мосфильм марҳамат. Ва
нақшаи роҳ; метро, троллейбусу автобусро ба ман
нависонда доду гуфт, ки бо кадом нақлиётҳо рафтан
мумкин. Агар тавонед соати 8-и саҳар ҳамон ҷо ҳозир
шавед, худам пешвоз мегирам. Шуморо маътал накарда
дар байни 5-рӯз ҷавоб медиҳем. Ман гуфтам, ки ихтиёри
мо дар дасти худамон нест, роҳбарияти институт мумкин
иҷозат надиҳад. Ман худсарона ин корро намекунам.

136
“ Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидаргӣ

- Шумо розӣ шавед, он тарафи корро ба ман ҳавола
кунед — гуфт. Охир шумоён актёри театру кино мешаветон
- ку! Агар дар ин ҷо малака пайдо кунед, дар оянда ба
худатон осон мешавад. Ғайр аз ин мана... зимистон ҳам
ограда истодааст, ба худатон ягон либоси зимистона
мехаред. Ман нимшӯхиву нимҷидцй пурсидам, ки Шумо
дар 5-рӯза кори ман чӣ қадар пул медиҳед, ки либоси
зимистона шавад? Гуфт, ки ба шумо ҳар рӯзе 130 сум пул
мсдиҳанд. Агар 5-рӯз иштирок кунед, пули як палто
мешавад. Ман ҷидцй гуфтам, ки агар Шумо суроғаи чунин
магазини арзонфурӯшро донеду барои харидани палто ёрй
расонед, ман розиам, ки аз ҳозир ҳамроҳи Шумо ба
Мосфильм равам. Қатъй нею ҳамту гуфт:

- Шумо ба ман ёрӣ диҳед, - ман ҳам фарзанди одам -
метавонам ба шумо ёрй диҳам. Бо ҳамин мо розигии
ҳамдигарро ҳосил кардему - Валя гуфт:

- Қудрат Шарифович шумоён камтар чақ-чақ карда
шинетон, ман ба назди директоратон даромада масъаларо
пазонда мебароям ва ба шумо натиҷаашро мегӯям. Ман
розй шудам ва бо ҳамроҳии он кас, ки аз бекорӣ зиқ шуда
нишаста буд, аз ҳар хусус сӯҳбат карда нишастем ва
гузаштани вақтро ҳис накардем. Баъди чанд вақт Валя
пайдо шуду гуфт:

- Ҳама корҳо тахт, назди директоратон надароед ҳам
мешавад. Ман аз духтарҳо бахшиш пурсида назди котиба
даромадам ва пурсидам, ки ба ман иҷозати рафтан
шудааст, ё ки ин духтар маро фиреб медиҳад? Котиба
китобҳои қайдҳояшро бароварда ба ман нишон дода гуфт,
ки - ба шумо 5-рӯза иҷозат доданд. Ман баромада, ба Валя
барои хизматаш изҳори миннатдорй баён кардаму баъди
хайрухуш илтимос намудам, ки пагоҳ соати 8 маро дар
назди даромадгоҳи «Мосфильм» пешвоз гирад. Ҳамон шаб
ман беқарор хоб карда, пагоҳии барвақт бедор шудам ва
роҳи киностудияро пеш гирифтам. Расо соати 8 ба дарвоза
наздик шуда будам, ки Валентина хандон аз он ҷо
баромада маро пешвоз гирифта аввал роҳи буфетро нишон
доду гуфт:

- Шумо аввал шикамро даво кунед, ин кори муҳимро
фаромуш накунед. Ҳама корҳо бо шикам барпост. Дар

137
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

байни ним соат як наҳории сабук кардему аз ҷоям хестн
будам, ки духтарак маро ба ҷои либоспӯшӣ бурд. Ба ман
либоси коргари депо - (таъмирчии поездҳо) - пӯшониданд.
Аз он ҷо назди гримёр бурд. Дар он ҷо ба ман як бурути
ғафси дароз часпониданду рӯйҳоямро бо ранг ороиш
доданд, ки гӯё навакак аз таъмири оташароба баромада
бошам. Баъд ба як хонаи калоне рафтем, ки дарозиаш 50 -
метр зиёдтар ва бараш ҳам аз 40 - метр зиёдтарро '1 ашкил
медод. Харакҳои зиёди пасту баланд монда шуда буд, ки
одамони бисёр дар он харакҳо нишаста бо ҳам сӯҳбат
мекарданд. Электрикҳо чарогҳояшонро (прожекторҳо)
даргиронда равшаниашро ба рӯӣ мо рост ва равон
мекарданд. Ҳар тараферо ки электрикҳо равшан кунанд,
суратгирҳои ҳаваскор ҳамон тараф давида рафта одамонро
сурат мегирифтанд. Ин рӯзи кори нахустин дар фильм
барои ман хело аҷоиб буд. Ва ман ҳарисона ба хар тараф,
ки равшанӣ медоданд менигаристам. Маро бурда назди як
гурӯҳ одамоне, ки ман барин либос пӯшида буданд
шинонда гуфт:

- Шумо бо ҳам шинос шавед то вақти кор як - якуним
соат вақт ҳаст, ман дертар наздатон меоям. Ҳамон бурути
ба ман часпондагй синни маро тахмин 40 - сола нишон
медод. Ҳамаи одамони дар он ҷо нишастагӣ ман барин
ҷавонҳо ва аз ман калонтар ё хурдтар, рӯйҳояшон грим
дошт, ки кас синну солашонро муайян карда
наметавонист. Духтарак рафт. Яке аз ҳамон ҷавонҳо ном -
номи падар ва аз куҷо буданамро пурсид. Ман ҷавоб
додам ва ба ман дар наздашон як ҷои холигиро нишон
доданд. Ман ба ҷои нишондодаашон нишастам, байни мо
пурсупосу шиносоӣ cap шуд. Ҳар кас худашро муаррифи
мекард ва аз куҷою кадом театр ё ташкилот буданашро
мегуфтанд. Ҳамаи онро дар хотир нигоҳ доштан амри
махол буд. Ин гурӯҳе, ки моро иҳота мекард, аз руи либоси
пӯшидаашон ҳама «роҳиҳанчиҳо» - буданд. Ҳамин хел
одамҳои зиёде бо либосҳои деҳқонию коргарӣ, султонию
камбағалй, умуман аз ҳар табақа буданашонро нишон
медоданд. Саргарми сӯҳбат вақт ноаён мегузашт. Папирос
кашидан дар он ҷо манъ буд. Ҳар кас, ки папирос кашидан
мехост, ба берун баромада мекашид. Ҳамин тавр як - ду

138
*Ғубори хотирот

. * Қудратуллои Искидаргй

соат гузашт. Баъд маълум шуд, ки ҳама омадани Евгений
Самойловро интизор будаанд. Вай бояд дар нақши Фрунзе
мебозид, лекин ба касалии омос - гирифтор шудааст, ки
ran задан тамоман мумкин набуд. Духтурҳо манъ
кардаанд. Валентина омада аз мо хабар гирифту
. ■'.волпурей кард ва рафт. Маълум шуд, ки ин гурӯҳе, ки
ман дар байнашон будам, одамони ҷамъкардаи Валя
будаанд. Ҳар як гурӯҳ сардори худашро дошт. Хуҷҷатҳои
ҳамаи гурӯҳи мо дар дасти ҳамин духтар буд.

Он рӯз рӯзе буд, ки тақцири маро ба кино мепайваст ва
барои ман рӯзи фаромӯшнашаванда буд. Баъд операторон
омаданду дар ним соат бо ёрии коргарон ва ёрдамчиён
роҳи оҳан сохта, ба болояш таҷҳизоти ба наворгириро
гузошта одамҳои ҷамъшударо аз тариқи камера нигоҳ
кардаю санҷида омода буданашонро ба дигар кас
фаҳмонид. Дар навбати худ он одам рафта, режиссёр -
таҳиягари ин фильмро овард. Режиссёр баробари омадан
нишасти одамон ва равшании электрикиро санҷида ҷои
баъзе одамонро иваз карду қаноатманд шуда гуфт:

- Ба ҳама ду соат ҷавоб, рафта хӯрок хӯреду омада
ҷойҳои худро иваз накарда, ҳамин тариқе, ки ман
шинондам . нишаста тайёр шавед. Баъди ду соат
наворбардориро cap мекунем. Мо ҳама рафта хӯрок хӯрда
омадем ва дар вақти гуфташуда худи режиссёр ҳам омад.
Ба мо эълон карданд, ки режиссёри фильмбардор - Ром
аст. Ҳамаи ҷамъомадагон як қарсаки бардавом зада бо
ҳамин ба кор тайёр будани худро нишон доданд. Ром
тахмин 5 - дақиқа аз тариқи микрофон ба ҳама номи кино
ва мундариҷаи онро фаҳмонду вазифаи ҷамъомадагонро
муайян кард. Бо ҳамин қадами аввалро ман ба кино ва
санъати кино мондам ва то соли 1990 бо кино сару кор
доштам ва нону намаки онро бисёр хӯрдам. Он фильмҳое,
ки имрӯзҳо баъзан бо воситаи телевизион намоиш
медиҳанд, ҳосили заҳмати мо актёрҳо мебошад, ки то
солҳои 1990 ба навор гирифта шудаанд. Киноҳои баъди
соли 1990 - шахсй мебошад. Кино санъатест, ки таърихро
ба мардум бе каму кост ва табий нишон медиҳад ва
санъатест, ки тамошобинҳои зиёдеро ба худ ҷалб мекунад.
Дар байни як - якуним соат таърихи як мамлакатро ва

139
*Ғубори хотирот_____________* Қудратуллои Искидарги

ҳаёти онрӯзаи онро ба тарики мухтасар ба тамошобин
нишон медиҳад ва шинос мекунад.

Ин ҷо мехоҳам якчанд сухан дар бораи ҳамкориам бо
кино ва кинорежиссёрҳо нақл кунам.

Чӣ тавре, ки дар боло ишора шуд, мо ҷавонҳо бо
театри академиявӣ якҷоя кор кардем. Тирамоҳи соли 958
марҳум Кимёгаров фильми «Қисмати шоир» - ро аз рӯи
асари Сотим Улуғзода ба навор мегирифт. Накши се моҳи
теагрро ба ҳисоб гирифта аз ҳисоби киностудия пул
гузаронда ҳамаи - қувваи корни театрро ба фильм даъват
кард (занҳо лозим набуданд). Ба ин ҳисоб ҳам театр кор
мекарду нақшаи худро иҷро менамуд, хам кори киностудия
пеш мерафт. Гӯё театр ҳам ба давлат даромади пулӣ медод.
Фақат шумораи тамошобинон нишон дода намешуд, ки 5а
ин ҳеҷ кас аҳамият намедод. Аз ҳисоби даромад хама
моҳона мегирифт. Ба актёрҳо мувофиқи «ставка» -
нормативи нишондоди ҳар актёр мувофиқи категориям он
ҳақ медоданд.

Мо ҷавонҳо дар саҳнаи умумй, «массовка» иштирок
мекардем. Ғайр аз мо дар он саҳнаҳо аз мактабу
институтҳо ва хоҳишмандони зиёде даъват шуда буданд.
Ба режиссёр як ёрдамчие лозим буд, ки баъзе корҳоро ба
ӯхда гирад, ки диққати таҳиягар фақат ба кори асосии
худаш равона карда шавад.

Ана, дар ҳамин ҷо малакаи дар «Мосфильм» -
ҳосилкардаи ман лозим шуда монд. Мақсади таҳиягарро
мувофиқи фаҳмишу дониши худ ба онҳо мефаҳмондам.
Кор дар ҳақиқат пеш мерафт ва аз ин кори ихтиёрй ба ӯхда
гирифтаи ман режиссёр - таҳиягар - қаноатмандй ҳосил
карда, аз ҳунари ташкилотчигии ман хело хурсанд буд.
Бинобар ҳамин Кимёгаров дар фильмҳои минбаъдааш
(агар сахдаҳои умумй дошта бошад) ҳатман маро даъват
мекард.

Ҳамчун ёрдамчӣ даъват кунад ҳам, ҳамчун актёр ҳақ
медод, ки ин маро ҳамчун актёр ва ӯро ҳамчун таҳиягар
қаноатманд мекард. Ман ҳам ҳаракат мекардам, ки дар
рӯзҳои холигиам аз кори театр ба киностудия равам. Дар
киностудия ғайр аз наворбардории фильмҳои бадей боз
«дубляж» - вуҷуд дошт, ки дар ин дубляжҳо нақшҳои

140
Ғубори хотирот

* Қудратуллои ИскиОарги

зиёдеро овоз дода, аз дигар забонҳо: ӯзбекй, русӣ, ҳиндӣ,
инглисӣ, олмонй, франсавӣ, хитоӣ, ҷопонй ба тоҷикӣ
тарҷума карда ба тамошобини тоҷик пешниҳод кардам.
Режиссёрони кинодубляж ҳам маро вақтҳои набудани
навор ҳамчун актёр ва ёрдамчии режиссёр даъват
мекарданд. Ман бо режиссёрон: Қутбидцин Олимов,
Абдулло Ҷӯраев, Дилбар Қосимова, Абдуҳамид Нурматов,
Хадича Маҳмудова ва Соро Турсунова ҳамкорй кардам,
ки дар байни онҳо Қутбиддин Олимов мавқеи махсусро
ишғол мекард. Қутбиддин Олимов забони даҳанакӣ ва
адабии тоҷикро бисёр нағз медонист ва тахдил мекард.
Пекин бадбахтии бисёр актёрҳо дар он аст, ки забони
модарии худро хуб намедонистанд ва барои донистан
кӯшиш намекарданд. Ин аст, ки дар вақти талафӯзи баъзе
калимаҳо ё ҷумлаҳо суханашон бемантиқ садо медод ва
гӯшхарош мебаромад. Шунаванда аз рӯи талаффӯзи ин ё
он калимаи актёр ҳис мекунад, ки он актёр бо адабиёт сару
кор дорад, ё не. Афсус ки баъзе актёрҳо инро ҳис
намекунанд, аҳамият ҳам намедиҳанд ва барои бартараф
кардани хатогии хеш кӯшиш ҳам намекунанд. Барои
исботи ин гуфтаҳои ман як маротиба ба театр рафта якто
намоиши театрро тамошо кунед кифоя аст.

Ман ҳам доим ҳаракат мекардам, ки бо Олимов
хамкорй кунам. Он кас дар ҳангоми овоз додани актёр ба
нақшҳо бисёр вақт кӯшиш ба харҷ медоданд, ки актёр
порчаи овоз медодагиашро якчанд маротиба хонда, задай
асосии ҷумларо ёфта, калимаҳоро пурра ва оммафаҳм
талаффӯз кунад. Ин кор барои он актёроне, ки ба адабиёт
сарукор надоштанд бисёр мушкил буд. Пекин Олимов
ҳамчун муаллими босабру тоқат, асабй нашуда, актёрро
саросема накарда, мақсаду мароми ҷумларо фаҳмонда,
баъд сабт мекарданд. Ба асаби мустаҳкаму пуртоқатии он
кас ҳамаи актёрон аз хурд то калон қоил буданд. Ин кори ӯ
ба бисёр актёрҳо намефорид. Пекин он кас ба ин ягон
зарра аҳамият надода, кори худашонро ҳалолу покиза
иҷро карда, дар охир ба комиссияи қабул пешниҳод
мекарданд ва бо бахои баланд месупориданд.

Дубляж кардан ҳам маҳорати баланди актёру
режиссёро талаб мекунад. Режиссёри дубляж бояд, ки

141
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

худаш забони модариашро хуб бо нозукиҳояш донад.
Имрӯзҳо ҳам мо фильмҳои зиёди дубляжшударо аз тариқи
телевизион тамошо мекунем. Аз надонистани қонуну
қоидаи забон ва талаффӯзи нодурусти баъзе ҷумлаю
калимаҳо, ки актёрҳо овоз додаанд, асаби тамошобинро
хароб мекунад ва хории касро меорад, ки то кадом дараҷа
кори дубляж ба «халтура» иваз шудааст. Телевизион барои
пур кардани программаи худ, маҷбур аст чунин
халтураҳоро қабул кунад. Ҳар чӣ бошад ҳам вақти
ҷудокардашуда холӣ намонад. Ғайр аз ин телевизион дар
программаи худаш ягон намоише, ки завқи тамошобинро
биёрад ва бо ҳузури дил тамошо кунад, надорад. Ба ғайр аз
ду се масхарабозе, ки ин ё он лаҳзаи ҳаётро зери танқид
мегиранд, дигар чизи диққатҷалбкунандае намондааст. Аз
пагоҳий барвақт то шом консерт. Барномаи консертй
чунон хароб ва дилгиркунанда, ки ҳатто ба хароҷоти свет
намеарзад.

Мо аз мақсади асосй дур наравем... Ман соли 1965 ба
киностудия ба сифати ассисенти режиссёр - яъне ёрдамчии
авали режиссёр ба кор даромадам. Бо режиссёр таҳиягар
Тоҳир Собиров (такдирро бинед!) аз филми «Марги
судхӯр» - и С. Айнй корро оғоз намудам. Тоҳир Собиров,
ки ба фаҳмишу дониши ман дилпур буд, маро мустақилона
ба мӯҳлати 3 - моҳ ба шаҳри Бухоро командировка
фиристод. Ман бояд, ки асбобу анҷом ва либосҳои
таърихйи давраи амирро аз Бухоро ёфта, барои кино тайёр
мекардам.

Асари безаволи С. Айнй, - «Марги судхӯр», ки дар ин
шаҳр навишта шуда, воқеан дар ин ҷо ба вуҷуд омадааст,
бояд дар ҳамин ҷойҳои таърихиаш ба навор гирифта
мешуд. Дар ин кино қариб, ки ҳаёти ҳамаи табақаи халқи
Бухорои ҳамонвақта нишон дода шудааст: Ҳам бою ҳам
камбағал, ҳам амлокдору ҳам фиребгар, ҳам косибу ҳам
савдогар, ҳам бангию ҳам роҳзану қаландар...

Дар ин кино гарчи роли як ҷомафурӯши оддиро иҷро
карда бошам ҳам, оид ба тарзи либоспӯшию бозоргардии
Қориишкамба кори зиёдеро анҷом додаам. Он ҷиҳозе, ки
дар хонаи Қориишкамба, Мирзо Абдулло, амлокдор,

142
*Ғубори хотирот_____________* Қудратуллои Искидарги

бозор ва дигарон наворбардорӣ шудаанд, хизмати камина
аст, ки дар вақти командировка дастрас ва тайёр кардам.

Ҳамон сол дар Бухоро «вабо» омад. Бисёр одамон
фавтиданд. Тамоми роҳҳои даромаду баромади шаҳр ба
муддати се моҳ баста шуд.

Ин воқеа моро маҷбур сохт, ки бисёр саҳнаҳои дар
музофоти Бухоро ба навор мегирифтагиро дар назди
«Масҷиди калон»-и шаҳр бозори ҳамонвақтаро сохта
киноро анҷом диҳем. Дар ин фильм актёрҳои
шӯҳрандманди мо ва Узбекистан нақшҳои ҷолиби диққаг
офаридаанд: Ба монанди Зоҳир Дӯстматов -

Қориишкамба, Абдураззоқов - Бадриддин, Олимхӯҷаев -
ширинифурӯш, Завқибеков - Аброр, Ғозӣ Ниёзов - бангй,
кӯкнорй, Нугзар Шария - қаландар ва сардори роҳзанҳои
Бухоро ва монанди инҳо. Чунин саҳнаҳо ба якбор дидан ба
хотири кас нақш мебанданд.

Мехоҳам нақшҳо ва порчаҳои дар кинофильмҳо
офаридаи худро номбар кунам:

1. «Крушение эмирата» - Мосфильм - РООМ. 2. «Қисмати
Шоир» - бозори китобфурӯшон - Кимёгар. 3. Коваи
оҳангар - Кимёгар. 4. «Рустаму Сӯҳроб» - Кимёгар 5.
«Ҳасани аробакаш» — Кимёгар. 6. «Найрангҳои
Насриддин» - М. Ориф 7. «Як тиру ду нишон» - М. Ориф.
8. «Дӯсти ман Наврӯзов» - Ш. Қиём. 9. «Марги судхӯр» -
Т. Собир - ҷомафурӯш. 10. «Хиёнат» - Т. Собир -
аскарбачаи посбон 11. «Шоҳсанам ва Ғариб» - Т. Собир
Туркманфильм - пешхизмат. 12. «Восеъ» - Т. Собир -
Мулло Сафар 13. «Ҳаёти ман дар саҳна» - М. Қосимова -
чармгар 14. «Тӯҳмат» - А. Тӯраев Бобокамол 15. «Вохӯрй
дар масҷиди кӯҳна» - А. Тураев Босмачй 16. «Раиси чӯлоқ»
- А. Тураев - Бобокамол 17. «Миссия в Кабуле» -
Ленфильм - Главар банды 18. «Шағол дар қапқон» - М.
Махмуд - ҳамсоя 19. «Рояли сафед» - М. Махмуд -
Мӯйсафед 20. «Одам пӯсташро иваз мекунад» -
Перльштейн - рабочий 21. «Ман бо духтаре во хӯрдам» -
Перльштейн - Т. Собир 22. «Духтаре бо пироҳани сафед» -
Телевизион - Падар 23. «Камоли Хуҷандӣ» - Т. Собир -
Мударриси калони Мадраса.

143
*Ғубори хотирот

* Қудратуллои Искидарги

Ин номгӯи ками он филмҳое мебошад, ки ман дар онҳо
нақш офаридаам ва порчаҳо бозидаам ва хизмати ночизи
худро адо кардаам. Ва дар охир Камоли Хуҷандӣ. Камоли
Хуҷандӣ дар мобайни солҳои 90 — уми асри гузашта ба
навор гирифта шуд. Ин фильм ба ҳамаи қонуну қоидаҳои
кино риоя карда ба навор гирифта шудааст, лекин рӯи
тамошобинро надид ва акнун асло намебинад! Мехостам
ин сухани худро шарҳ диҳам, ки чаро рӯи тамошобинро
надид ва намебинад:

Рӯзе ба ман бо воситаи телефон занг зада, гуфтанд, ки
агар вақт дошта бошед - шуморо Тоҳирака дар
Конибодом мунтазир аст. Камоли Хуҷандиро ба навор
мегирад. Иштироки шумо зарур будааст. Ман розигй
додам. Ба ман билети поездро гирифтанду тайн карданд,
ки соати 6 - и бегоҳ дар истгоҳи Роҳи оҳан биёед ва бо
воситаи поезд ба Конибодом меравед. Ман бо камоли
хурсандй ин таклифро қабул кардам ва дар вақти
муайяншуда ба вокзали Роҳи оҳан расида омадам.

Ман, ки нафақахӯр ва бекор будам, даъвати онҳо маро
ҳамчун оҳанрабо ба тарафи худ ҷалб кард.

Дар ин фильм хизмати Тоҳир Собиров бисер кал он аст
ва ин хизмати охирини Тоҳир ва ман дар кино ба ҳисоб
меравад. Дар ин фильм ман роли мударриси калони
мадрасаро бозидаам. Хдвлию даромадгоқи Мадраса ва яке
аз ҳуҷраҳои Мадраса дар масҷиди ҷомеаи наздикии
Қайроқум ба навор гирифта шудааст. Монологи ман, ки
қариб 5 - дақиқа бояд садо диҳад бо забони фасехи хуб
навишта шуда буд. Лекин ҳарчанд ки ман зӯр задам, шабҳо
бедорхобй кашида, рӯзҳо танҳо дар хобгоҳ ҷон мекандам
ҳеҷ аз ёд намешуд ва ба майна ҷо намешуд. Худам асабй,
Тоҳир асабй - боқимондаи иштирокчиёни ин саҳна қайрон
буданд. Рӯзи ба наворгирӣ — рӯзи ҷумъа буд. Якта — якта
намозхонҳо ва тамошобинҳои зиёде ҷамъ шуданд. Имом -
хатиб ҳам моро саросема карда корро қатъ кунонда ба
рӯзи дигар гузаронданро талаб мекард. Як вазъияти
ногувор шуда монд. Масҷидро холй кардан даркор буд.
Оқибат Тоҳир ҳамчун одати кӯҳна ба ман часпид ва
суханҳои аз қоида берун хуфт. Ман то метавонистам
худдорй кардам, лекин нашуд... Ман ҳам кафидам ва

144
Ғубори хотирот

* Кудратуллои Искидаргӣ

ҳамаи заҳри дар 40 - 45 сол ҷамъшударо ба рӯяш пошидам.
Баъди дилсиёҳиҳои бисёри дутарафа саҳнаро ба навор
гирифтанд... Мувофиқи гуфтаи оператор Зоҳир Дахте -
саҳначаи бисёр таъсирбахше баромадааст. Мо кори
киноро тамом кардем. Масчидро дар вақташ ба
намозхонҳо холӣ карда додем. Ман барои гузаронидани
намози ҷумъа дар масҷид мондам, дигарон ба хӯрокхӯрӣ
рафтанд. Он чӣ шуданӣ буд шуд.

Ман ки аз гурӯҳ ҷудо.шуда, танҳо мондам, ду ракат
намози таҳияти масҷидро хонда дуо кардам, ки «Илоҳо!
хамин кино рӯи тамошобинро набинад».

Ҳоло ҳам асаб паст нашуда буд. Ҳоло хам шайтон дар
гардан савор буд ва ба каллаи азобкашидаи ман ҳар хел
нақшаҳои қасдгириро талқин мекард.

Баъди намоз Имом - хатиб маро ба чойхӯрӣ даъват
кард ва анча насиҳатҳо кард. Ба ӯ гуфтам: «Тақсир! Кори
мешудагӣ шуд, акнун оби рехтаро ҷамъ карда намешавад,
маро тахкир карданд ва он суханҳое, ки вай ба ман гуфт,
лоиқи ман набуданд... Бинобар он аз вай бахшиш
намепурсам, Шумо на ӯро ва на моро мешиносед, дар
байни мо надароед ва иззату ҳурмати маро нисбати
худатон ботил накунед - байни мо дар давоми 40 - 45 соли
шиносоӣ ва хамкорӣ воқеаҳои зиёде гузаштааст. Ва ман бо
Имом - хатиб худоҳофизии дӯстона кардем. Илоҳо
саломат бошед». Ҳамин фильм рӯи тамошобинро надид.
Ҳамин тавр шуд. Ман бо ин гурӯҳ як мох ҳамроҳ будам.
Ғайр аз хӯроки хӯрдаам ва ҷойхоб боз 80000 сум ҳаққи
хизмат г и рифтам. То кадом дараҷа ин пул ҳалол буд ё
ҳаром, Худо беҳтар медонад. Ба ҳар ҳол ман он пулро ба
аҳли оила сарф кардам, сабаби зиндагй шуду рафт...

Аз он рӯзе ки ман бо кино сару кор дорам 1955 - 1990
актёрон факат аз рӯи шартнома ҳақ мегирифтанду халос,
лекин дар ин филми охирине, ки бо Тоҳир Собиров мо
ҳамкорӣ кардем ташкилотчигии худашро ба дараҷаи олй
нишон дод. Ташкилотчигй ва тавонистану бо одамон ran
ёфта, ё ин ки забои як карда мардумро кор фармоию кор
иҷро кунй - санъати басо вазнин ва бузургест. Ҳамон вақт
мардум бисёр рӯзҳои сахтро аз cap гузаронидаанд. Дар
чунин шароит Тоҳир тавонист бо ҳукумати вилояти

145
*Ғубори хотирот

* Қудрапгуллои Искидарги

Ленинобод (Суғд) ва ноҳияҳои он гапро пазонда аз ҳисоби
давлат иштирокчиёни киноро се маҳал бо хӯроки гарм ва
ҷойхоб таъмин кунонад.

Ҳамаи мо, иштироккунандагони ин гуруҳ аз ин кори
неки Тоҳир хурсанд ва миннатдор будем.

Таҳиягари ин фильм Тоҳир дар байни режиссёрони
точикфильм - мантажчии беҳтарин ба ҳисоб мерафт, он чӣ
ба навор гирифта шуда буд, қариб даҳ маротиба кадр ба
кадр тагу рӯ карда монтажу перемонтаж кард, аммо
роҳбарияти республика ва вилояти Ленинобод (Сугд)
киноро медиданду кабул намекарданд... Бо камин амвол 5
-10 сол гузашт...

Оқибат комиссияи кабул ба ҳамин хулоса омад, ки
фильм аз сари нав ва бо иштирокчиёни нав ба навор
гирифта шавад. Ин буд, ки таҳиягар Тоҳир Собиров ба
ҳасрати рӯи тамошобинро надидани ин кино чони худро
ба чонофарин супорид... Тамошобинон ҳоло ^хам
интизории онро мекашанд, ки кай ин фильми гушти
шутурхӯрда дар экранҳои телевизион пайдо мешавад!
Лекин ҳайҳот!!!

Оинаи Ҷаҳоннамо - Телевизиони тоҷик

Дар бораи оинаи Ҷаҳоннамо мо аз овони кӯдаки аз
падару модарон наклу ривоятҳо ва афсонаҳои зиёде
шунидаем.

Халки эчодкори мо он афсонаҳоро бофта бо ҳамон
бофтаи худ орзӯю умед ва мақсади худро дойр ба дидану
тамошо кардани Ҷаҳон ва воқеаҳои руйдиҳанда ба амал
меовард.

Мо, халқи Совета ва давраи сотсиалисти ин орзую
умеди халки куҳансоламонро дар амал ва ба вучуд
овардем. Ва имрӯз тамоми халқ аз он истифода мебарад.
Акнун дар хар оила на яктову дуто, балки зиёдтар аз он
Оинаи Ҷаҳоннамо вучуд дорад, ки дар вакти дамгири хар
як аъзои оила мувофиқи табъи худ онро ба қувваи барк
пайваст намуда аз воқеаҳои ҳамарӯзае, ки ба вукуъ
мепайвандад хабардор шавад.

Ман баъди он дасисаҳои «Шайтон»-и театр катори
дигар ёру дӯстоне, ки аз ояндаи театр ва хаёти он, ки дасту

146
*Ғубори хопшрот

* Қудратуллои Искидаргӣ

дияашон хунук шуда буд ва умеду орзӯҳояшон барбод
рафта буд, дасту диламро шуста барои ташкил намудани
ҳаёт ва зиндагӣ аз он даргоҳ рафтам.

Баъди рафтани гурӯҳи калони Шепкинчиён, оқибат
Вазорати Маданият ва роҳбарияти театр аз асли воқеа
бохабар шуда буд. Пекин дер шуда буд...

«Шайтон» ба мақсади худ расида буд.

Корхонаи охирин

Ман ҳоло нафақахӯр. 27 сомон ҳаққи хизмати 50-
солаам дар санъату киною телевизион. Ба ҳамин ҳам шукр.
Ҳар чи насиби мо бошад, ҳамон мешавад.

Барои он ки ҳаёт беҳтар гузарад, дар як корхонаи
муштарак ба вазифаи хучаини шаб кор мекунам. Дар
коллективи корхонаи имрӯзаи мо чунин ҷавононе ҷамъ
омадаанд, ки об аз байнашон намегузарад. Ана ҳамин хел
коллективи мустаҳками ба ҳам дӯстро ман дар охири умр
ёфтам ва ҳамкорй мекунам. Роҳбари коллектив ҳоҷизода,
ба сол ҷавону ба акл синнашро гирифта. Бофаросату
бомаданият, ки дар коллектив хиёнат, дуздй, фиребгарй,
дуруғгӯй нисбат ба ҳамдигар нест.

Ик коллективест, ки гӯё аз пӯлод рехта шудааст. Ман
ягона одами солхӯрда мебошам, ки бо ин ҷавонони
панҷвақта намозгузор ва Худотарс кор ва зиндагй
мекунам. Мувофики синну соли худ дар байни ҷавонон
иззату ҳурмат дорам. Боварии комил дорам, ки ин
корхонаи охиринест барои ман. Ман, ки ин коллективи
дар охири умр ёфтаамро аз даст доданй нестам ва ба таври
худ бо онҳо дил бастаам ва дуст медорам бо дили пур
туфта метавонам, ки онҳо маро ҳамчун фапзандони қобилу
худотарс ба дунёи ОРОМ мегуселонанд ва баъди «Ҳазрати
Габорак»-ро хондан даст ба дуо мебардоранд. Худо осон
кунад. Онҳоро ба худо месупорем ва ин дунёи бевафоро мо
ҳам падруд мегӯем.

Ёрон ҳама рафтанд, кунун навбати мо шуд\

147
*Муште аз хирвор____________*Қудратуллои Искидаргн

Акки чулок

Ман аз модар бо тамғаи ягонагии Офаридгор ба
дунё омадаам. Бо ин тамға аз дигар хамсину солон
фарқ мекардам. Ҳамин боне мегардиду атрофиёнам
маро бо номи падару модар мондагй, ки Қудратулло
аст ном намегирифтанду бо номи кадом як ахмақи
гузаро мондагй Аккаи чулок мегуфтанд.

Қисмат будааст, ки ман бо чунуин нуқсе ба думё
омадаву аз кудакй бо як пой рох мегаштам. Бо сад
азоби алим.

Роҳгардон шудани кӯдак барои падару модар як
хушбахтй, давлату саодат будааст. Лек ман танҳо бо
пойи чап рост меистодаму роҳгаштан бароям басо
душворй меовард.Зеро пойи ростам хам бо бару хам
бо кад аз пойи чапам кӯтоҳтар буд, ки қуввати
бардоштани вазни танамро надошт. Ман бо азобе ба
пойи чаи рост мешудаму аз сабаби номувозинатй боз
менишастам. Агар го хонаи ягонто аз акаҳоям рафтан
лозим мешуд, мазбур будам, ки гоҳе чорпоя юҳи
дигар ба тарики «кунғеҷак» худро ба хонаашон гирам.
Ин ҳолати ман падару модарро мушавваш гардонида
буд. Онҳо даруннокй месӯхтанд.

Бароям аз хама, аламовар он буд, ки
намставонистам ҳамроҳи бачаҳои хамсину солам бозй
кунам, дар кӯчаҳо шавқункунон аз паси бузу бузгола
давам ҳамроҳи онҳо қоҳ-қоҳ зада хандам. Худро аз
хамаи ин дилхушиҳо маҳрумшуда мехисобидам.
Зимистон доим дар айвони болохонаамон, дар
бфтббак болои як пӯстаки даридагй, ки дигарон аз
нишастан дар болои он ор мекарданду ба гоза
буданаш гумоп доштанд, менишастаму ба андешахои
худ фурӯ мерафтам. Бо он андешаҳо фурӯ рафта
рӯзонахо болои пусгак гелида хоб мекардам. Гохо дар хоб
медидам, ки ҳамроҳи бачахо Давида гаштаам. Бедор
мешудаму боз хешро болои он пустаки даридагй медидам.
Бо ҳамон пойи дардманд. Даст ба поям мебурдаму боз
диламро сиёҳй пахш мекарду бо ҳазор умеду хавас

148
*Муште u t хирвор_____________*Қудратуллои Искидаргй

кигохамро ба сӯйи бачаҳои дар кӯча оозй дошта равен
месунам. Дилам таҳ мекашад. Кушиши аз ҷой бархостан
мекунам. Бармехезам, вале...

Ба ҳамин минвол аз рафиқолу ҳамсину сол қафо монда
дар сини қафт-ҳаштсолагй роҳгардон шуда, аз 9 со лаги ба
мактаб, синфи якум рафтам. Аз ин рӯ хамаи ҳамсинфонам аз
ман ду ё се сол хурд буданду вале дар каду бает аз май
баланд. Ман байнашон ҳамчун кӯдак менамудам, онхо ба
суйи ман бо тааҷуб менигаристанд, ки чаро дар сину сол
ман аз онҳо калону лек дар каду бает аз онҳо хурдтарам.

Соли аввали ба мактаб рафтан ман бо хдмрохии
Мирзофузайл дар як парта менишастем. Мирзофузайл
хислати аҷибе дошт, ки аз гулу ran мезнд, гумон мекардй,
ки.дар вақти ran задан гиря мекунад. Вай ба қад аз ман
баландтар буд. Ҳардуямон дар партии якум менишастем.
Шояд аз хдмин сабаб буд, ки мо хуб доимо ба даҳони
муаллима менигаристему гуфтахояшро чида мегирифтем.
Диккатамон доимо ба муаллима чалб буд. Дар мактаб
ману Мирзофузайл боинтизом будем. Ба ин хотир муаллима
байни 30-32 нафар хамсинфонамон моро таъриф мекард, ки
ин ба табьи базехо намефориду онҳо ба мо каҷ-каҷ
менигаристанд.

Дар кӯча ман аз дигарон дида зиёдтар шаллок
мехурдам. Ягона каее, ки аз ман шаллоқ мехӯрд Сафари
Боймахмад буд. Ба вай зурам мерасид. Пекин ӯ Раҷаб ном
ако дошт, ки касди додарашро аз ман мегирифт. Ҳангоме аз
кучаи назди хавлияшон мегузаштам, маро дошта се-чор
шапалок мезад ё ин ки дар оби чуйи назди хонаашон ба об
мехобонид. Маро хуб дар об тар карда, cap медод. Баъзан
чунон қаҳраш меомад, ки хатто дафтару китобҳоямро ҳам
дар об тар мекард.

Шодравон муаллима Шарифамоҳ Авазова, вақге маро
назди тахтаи синф мехонд, кадам чунон паст буд, ки ба
тахта намерасидам. Ин ҳолат боиси хандай хамсинфонам
мегашт. Аз ин сабаб муаллима маро чун кудак ба бағал
мебардошту ба дастам бур медоду менависонд. Ё муаллима
мисолу масъалахоро мехонд ва ё мегуфт ман онҳоро дар
тахта нависта хал мекардам. Ин рафтори гамхоронаи

149
*Муште ui хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

муаллима нисбати ман бахилию ҳасудхӯрии базаҳоро
дучанд меафзуд. Он вақт муаллима ҳанӯз фаразанд надошт.
Ҳамсинфонам ҳасудхӯрона маро «бачи муаллима»
меномиданд.

Баҳору тобисгону гирамоҳ пойлуч мегаштам. Не,
пойафзол доштам, аммо пушида намета вон истам.
Пойафзол дар пойи ростам намеистод, зеро поям чунон бо
сабаби дардмандияш рост буд, ки чоруқ аз поям баромада
меафтод. Ягон илоҷи пӯшидани онро намеёфтам. Бинобар
ин чоруки пойи ростро ё дар даст гирифта хез зада-хез зада
як поя роҳ мерафтам, ё ин ки чоруқи аз пой баромадаро
гаштаю баргашта меӯушидаму мебастам, вале ҳанӯз ду се
кадам нагузошта боз натиҷа хамон пешин буд.

Агар зарурате мешуду ман аз Дарғ ба Искидарг
мерафтам, ин роҳе ки дигарон дар як соат тай мекарданд
ман онро бо ҳазору як азоб, кашолаву ваза дар 4-5 соат тай
менамудам. Аз ин сабаб ҳар як каҷию роста, ҳар як
баландию пастӣ, ҳар як санги пншипохӯрдаам, ки
пойҳоямро хуншор кардааст, фаромӯш нагашта меҳри он
мавзеъро дар дилам зиёдтар мекунад.Ин аст, ки ман хамеша
дар нишасту сӯхбатҳое, ки бо мардуми аз деҳа омада
баргузор мегардад, риштаи сухбатро ҳатмаи ба тарафи деҳ,
мекашам, аз боду хавояш, мавзею овулчойхояш
мардумонашу кй ба чикору бор маппул аст пурсон
мешавам.

Ин ҷо зарур медонам, ки воқеаеро псши назар оварам,
Махсум Одинаев писари сарнахусташро тӯй дода оиладор
карду мо -дупшнбегихоро ба тӯяш даъват намуд. Ана аз
ҳамон тӯй як лаҳзаашро, аз он хама дидаву шунидахо
хотиррасон мекунам, ки он хам ба муносибат ба диёру
мехри вай дахл дорад.

Дар он тӯй мо чор кас дар паси як миз нишаста будем:
Хайдарқул-ака Холиқназари ҷнян, Маҳмадшарифи муаллим
ва каминам камтарин. Дастурхони мо нисбати дастурхони
дигарон аз ҷиҳати нуқлу наво фарқ мекард. Тамоми нозу
неъмат ва бозёфти раис дар дастурхони мо ҳамчун
намиоишгоҳ аён буд. Садри маҷлис ва нафароне, ки ба
сухан мебаромаданд, ба арӯсу домод орзую умед,

150
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

хушбахтию меҳру мухаббатро аз даргоҳи Он зоти пок
барояшон тамано мекарданду суханҳои ширин мегуфтанд.
Лек дар ин лахза ёди май на ба дастурхону шаху арӯс, изба
хурсандию хушбахтии сохибтуй, балки ба чор атрофии
Дарғу Искидаргу Нармкашу Фарзот банд буд. Ман
хомӯшоиа ба чор акноф менигаристаму дилам бухс мекард.
Хомӯтнии ман ба дигарон низ асар карда буд, ки мисли
касони ба дах'он об гирифта хамрохони ман низ хомуш
буданд. Нихоят, аз ин хомушии дилгиркунанда
Маҳмадшариф хешро канора гирифта, махинона ба сухан
огоз кард:- Медонед, ако ман як чанд маротиба ба
Холиқназар таклиф кардам, кй хар дуямон дар Искидарги
боло яктои хонаи мувакдатй дар болои заминхои мо, аз ҷуй
болотар, дар хамвории зери шахҳои Ғреканда, пушему
тобистонро дар ҳамон ҷо гузаронем . Ин кас ба гуфтаи ман
cap нафуроварданд. Худам танхо... он қадар маза надорад...
ва оилаам хам розигй намедихад.Даханаи Нармкаш бошад
ба ман маъкул не. Обаш тоза нест. Даре дур, обкашонй
мушкил ин Чӯйи калонро як маротиба тоза кунй то гирамох

оби равони тозаю халол мехурй.

-Э...Шарифҷон, агар паҳлӯхои дигари суханатонро фикр
кунед. нағзакак дарк мекунед, ки асл чист? О, Холикназар
дар Искидарғи шумо чй дилгармй до рад? Чй дилбастаги
дорад? Барой Холикназар Нармкаш хам нагзу Рунишку
Карантинова хам. Замин дили касро гарм мекунад.
Холикназар дар ягон гӯшаи Дарту атрофии он ягон порча
замини падарию бобой надорад. Аз ин рӯ бокадом
дилгармй ба шумою Искидарг хамсоягию хамдардй
мекунад?

Акои Ҳайдарқул индам аз таги миз поямро зер карданду

давоми сӯхбатро бурида гуфтанд:

-Арӯса бинед, дар назарам нозанин. Худи шаҳ ҳаминро
дарк мекарда бошад ё не? Шумоҳоям, хаёлам ба ҳамин
аҳамият намедихед...а? Ғайр аз Қудратулло боз кист

меҳмонй аз рохи дур омада?...

Холикназар умуман ба суҳбат хамроҳ намешуд, танҳо
ҳангоми сухбат хандида меистод. Ба назар чунин менамуд,
ки ҳатто аз сӯхбати мо дарак надошт, ки мо дар кадом
'Муште as хирвор

'Қудратуллои Искидирги

хусус харф мезансм?! Ва ё шояд худро ба нодонй зада,
намехост, ки ба ришгаи сӯхбат лагад занад?

Ин ҷо сухани акои Ҳайдарқул моро ба олами ҳастй, ба
туй ва меҳмонону мизбонон баргардонид.

Ба тарфи Холиқназар охиста менигарам, гумонам ӯ аз
ман малол шуда бошад хам, вале инро изхор накарда бо
хамон табассуми хамешагияш ҳамаро андова карда буд.
Ман хеч касро намехостам тахккир кунам. Хусусан чияни
худамро. Сухан бегаразона ва айни замой табии буд.
Заамин, манзил, молу гов одамро дилбастаи инсон
гардонида мехраш ба дил ҷой мешавад. Дар хақиқат
ҳарчанд Тошканд, Самарканду Бухороро таъриф накунй,
ҳатто зиндагият дар кадом бурчаки замин набошад ҳамон
аз хама бехтару хубтару ширинтар аст.

Яъне ҳамон як бурда фатири қоки хонаат аз тамоми
дороии рӯи дунё бех. Ин ҳамаро он кас мефахмаду бахо
медиҳад, ки дорогию камбагалиро аз cap гузаронидааст...

Агар овул мерафтам харсавор ё ин ки яке аз акохоям
маро пуштора гирифта мебурд.Охир ман бо чунин холи
зорам дар хона бересмон бастагй будам. Баъзан холатҳое
руй медод, ки агар харсавсор манзараҳои атрофро тамошо
карда мерафтам, ногаҳон чоруқ аз поям баромада меафтод.
Агар ягон ҳамроҳ хуб мебуд, ба қафо гашта қад-қади рох ба
кофтан чоруқи ман мерафт, агар худам танхо мсбудам.
харро ба кафо гардонида худам ба ҷустуҷӯи чоруқи
сабилмонда мебаромадам. Чоруқро ёфтан он кадар
мушкилй надошт, лек аз хар фаромадану гашта ба он савор
шудан бароям як азоби алиме буд. Чоруқро меёфтаму бо
хазор азобу машақат ба хар савор мешудаму рохамро давом
медодам.

Бачаҳою духтархои хамсину сол маро акки чулок гуён
мазоқ мекарданд.Ман ки илоҷи онҳоро намеёфтам аз хамон
ҷои шиштагиам онхоро бо алфози кабеҳ дашном дода ба
ҳамин худамро тасалло медодам. Бачахо аз дашном ман
наранҷида бараке завқ бурда механдиданду лангон-лангон
маро мазок карда гурехта мерафтанд.

Бо хамин азобу укубат ба мактаб мерафтам бузголапойй
мекардам...то он дамеки ба Душанбе омадем.

Дар хона ман боз як рафиқи хамдард хам доштам-

152
*Муште as хириор

*Қудратуллои Искидиргй

додарзодаам Сафия. Вай нисбат ба ман солимтар буд, лек
чашмонаш давр мезаданд, хар бинанда гум он мекард, ки
сараш якҷоя бо чашмонаш давр мезанад. Уро низ ба
монанди ман дугонаҳояш мазоқ мекарданд. Бинобар он дар
хона нишастанро авлотар медонист.Вай аз ман 3-4 сол
хурдтар буд. Мо- амаку додарзода ҳамсӯҳбатҳои хонагӣ
будем. Ыазди он Зоти мок чй гуноҳе содир карда будем,
намедонем. Лек бароямон ҳаминаш маълум буд, ки
хонашинию таҳқир ва гиряву яьсу ноумедӣ насиби мо
бегунохони гунаҳкор гардида буд...

Соли 1944 мо дар деҳаи Чагатой зиндагй мекардем.
Маҳмадлатиф дар корхонаи сементбарорй аробакаш буд.
Чагатай дар рӯ ба рӯи шаҳраки корхонаи еементбарории
поён ҷойгир шуда буд. Дар ду тарафаи дарёи Варзоб. Он
вақт дарё пуле надошт, ки аз болои он гузарй. Ман ҳаррӯз
вазифадор будам, ки аз шаҳраки корхонаи сементбарории
поён хлеб (нон) гирифта биёрам.

Он вақт ҳамаи истикомаакунандагони шахру шахракҳо
нонро аз муассисаҳои нонфурӯшии давлатй бепул ба ивази
«заборник» мегирифтанд. Ҳар кас аз рӯи меъёри муайян
гардида ҳақи худашро мегирифт. Масалан Маҳмадлатиф
ҳамчун аробакаш 700 гр.ва боқимондаи ахли оила 400гр
нон мегирифтем. Ба ҳар кас мувофики меҳнат ва
қобилияташ, нон медод, ки рӯзашро гузаронад. Нонро
албата баркашида медоданд, ки ҳар як граммаш ба хисоб
буд. Ҳаррӯз ба мо 2 бухонка нон медоданд. Баъзе рӯзхо аз ду
бухонка каме зиётар,ки зиётиаш то хона омадан насиби мо
мешуд. Дар зимисгон ва рӯзҳои барфу борон аз Чагатой ба
воситаи пули Чорбог рафтан лозим меомад, ки даврзада
рафтан зиёда аз ду соат вактро мегирифт. Бинобар ин ман
рохи наздиктареро аз тариқи дарё ҷустуҷӯ карда ёфта
будам, ки танхо худам аз он но мегузаштам.

Гузаргохи ёфтагиям он кадар чуқур ва тезоб набу ки
ман бо он пойи маъюбам аз дарё ин тьарафу он тараф
мегузаштам.

Хамин тавр ман зиёда аз як сол дарёгузарй мекардам.
Оқибат рӯзе расид, ки Махмадлатиф моро аз дехаи Чагатой
кӯчонида ба шахраки Корхонаи сементии поён бурд. Хона

153
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

равшани калон, ҳаҷмаш ба 4 м2 буд ва аз ҳарду тараф
тиреза дошту пешдолон васеъи дароз. Акнкн қувваи барк
доимй ва барон мо бепул буд. Дар як бурҷи тиреза
радиочае шабу рӯз воқеаву ҳодисаҳои ҷаҳон хабар медод.
Ҳамин тавр май аз азоби дарёгузариву нонкашонй рахо
ёфтам.

Баҳори соли 1945 ману до дом дар лаби дарё Варзоб як
порча заминро аз сангҳо тоза карда, атрофашро бо симхои
партовии аз кӯчаҳо ҷамъ кард маҳкам кардем, ки гову
молҳои кӯча ба он надароян, Заминрро тахту ҳамвор карда
ба он картошка шинонидем, ки ин як машгулияти
ҳамарӯзаи мо гардид, ки бо падар аз субҳ то бегоҳ онҷо
машгул мешудем. Баъди шинонидани картошка хамсояҳо
моро огоҳ карданд, ки дар ин ҷо меҳнати беҳуда накунед,
ҳосилаш насиби дигарон мешавад. Аммо мо ба гуфтаҳои
ҳамсояҳо аҳамият надода корамонр идома медодем. Ҳатто
атрофи заминро сангдевор карда, ҷӯйи калон канда
заминро обёрй намудем. Картошкаи шинонидаамон
сабзида баланд шуд, гул кард. Агар ягон бутта алаф пайдо
шавад, харрӯз мечидем. Мо ба ҳосили картошка умеди
калон баста будем. Дар ин миён акои Мулоаббосам аз
деҳаи Сайёд оилаашро кӯчонида овард ва худаш дар «Кули
шурак» ҷойи кор ёфта оилаашро ба хамонҷо бурд.

Дар он сол ханӯз канали оби Варзобгес, ки то махаллаи
«Воданасос» меомад ба охир нарасида буд, каналковон
мардуми Қаротигену Мачоу Фалгар ва дигар мардуми
ноҳияҳои кӯҳсори Тоҷикистон будан,

Қувваи асосии коргаронро дар хамин «Кули Шурак» чамъ
оварда буданд, то нови обгузарро харчй зудтар ба сомон
расонанд. Акаам Муллоаббос дар ана хамин ҷо ба хайси
каровул ба кор даромада буд...

Ташвиши ман дучанд шуда буд. Хдрруз гайр аз кори
обчакорй боз ба хонаи акай калонй-Муллоаббос рафта
бачаашро, ки акнун дусола шуда буду ханӯз ran намезад,
бозй доронда меомадам. Роҳ аз ҷойи истикоматии мо то
Кӯли Шӯрак кариб 3 км буд, ки ман ин масофаро пиёда тай
карда рафта меомадам.Пойафзол надоштам.Пойи луч.

Лаб-лаби замини гандум рох мерафтам. Хайрият, ки
рохи мерафтаам, сангу хасу хор надошту хокй буд. Бари

154
*Муште as хирвар_____________*Қудратуллои Искидарги

рох тахмин 40 см меомад. Баъзе ҷош тангтару баъзеи дигар
васетар буд. Ин роҳ назар ба роҳи Хуҷамбиёи болою
Хуҷамбиёи поён ҳамвору бесанг буд, ки барон мани пойчул
хеле қулай буд. Ғайр аз ин хоки тасфон барои пойҳои ман
гуё малҳам-дору буд, ки ин роҳро ба ман тавсия карда
буданд. Танҳо як чиз каме хавфноктар буд, ки хазандаву
газандаҳояш аз қабили мор, калтакалос, каждум, ишкамбар
бисер буд, ки онқо дар тасфи офтоб аз роҳ гузашта ба
гандумзор медаромаданд ва боз аз гандумзор ба зери сангу
хорҳои ду тарафаи роҳ паноҳ мсшуданд. Роҳ ки хокй буд
изи рафту омади хазандаҳо дар болои хок маълум буд. Ман
ба онҳо аҳамият ҳам намедодам. Як чуби як метраи
асомонанд дар дастам, сари хорҳои атрофи роҳро зада-зада
мерафтаму меомадам. Ин бароям як машғулияте буд, ки
шавқи маро меовард. Ба ман ин машгулиятро додом
омӯхта буданд. Барои ман ин як бозии бачагона буд, лек
падарам ин машгулиятро аз ғамхории беандоза ба ман
омӯхта буданд, ки ба асоча хорҳоро заданам маро аз неши
ҳамон хашаротхо мудофиа мекардааст. Ҳамоно, ки шарфаи
чӯб баланд мешуд, ҳашаротҳо аз тарси чӯб гурехта ба зери
хорҳо пинҳон мешудаанд ва ман беягон монеае ба хонаи
акаам рафта меомадам. Хоки роҳ чунон сида ва маҳин буд,
ки то бучулаки пой мебаромад ва дар гармии офтоб чунон
метавсид, ки пойро месӯзонд. Ин барои ман як тариқи
табобат буд.

Ҳамин тавр рӯзхо паси cap мешуд. Як руз... қарибихои
нисфи руз, ки ҳаво нагз тасфида буд, акаам Муллоаббос
омада маро коҳиш кард, чаро инқадар дер кардию назди
додарзодаат нарафтй, падарам хам ишора кардаанд, ки (хез
рав, гаи нагардон.Ман асочаамро гирифта рахакй шудам.
Бо одати харрӯза хорҳоро зада-зада мерафтам, роҳ хокй,
зери по мулоим, хоки тасфон то буҷӯлак, ба зери по ахамият
надода қадам мезадам, ногах зери пои маибам як сангчаеро
хис кардам ва ӯро зер карда гузашгам. Аз куҷо санг пайдо
шуд? Аҷиб, харрӯз аз ин рох мерафтам санг набуд...
Баргашгаму хостам, ки сангро бардошта аз роҳ дуртар
партоям. .. хам шудаму бинам, ки бачаи сангпушт будааст.
Ба вай раҳмам омад.сангпуштчаи бечора дар зери хоки

155
*Муште as хирвор

*Кудршпуллии Иски At/гг Й

тасфон азоб кашида меравад, хоки руяшро пуф кардаму
онро зери як барги нарми хор мондам! Сангпуштча
қадамҳояшро тез-тез монда аз назарам ғайб зад. Ман ба
раҳмхурии худам бисер хурсанд шудам, ҳатто фахр
мекардам, ки азоби сангпуштча ба охир расид. Акнун дар
зери сояи хорҳои хар роҳат мекунад. Бехабар аз ин ки азоби
сангпуштча ба охир расида бошад, азоби худам акнун cap
мешуд.

Ва ман хурсандона рохамро давом дода хонаи акаам
рафтам. Аз дур овози гиряи кӯдак ба гушам расид ва ман
ҳам қадамониамро тезонда рафтам. ки янгаам Ҷунбика
писарйшро ором кунонда наметавонисг.

Баробари аз дари қаровунхона намоёншавии ман.
янгаам гуфт, ки ана амакат омад, туро пеши бобот мебарад,
писарчааш ҳам аз багали очаш фуромада суй ман давид...
модараш як охи сабуке кашида гуфт, ки дар хона об нест,
шумоҳо бозй карда истед, ман зуд об гирифта меоям.

Обро аз поён, аз канал гирифта омадан лозим буд.
Канал тахминан 100 ё 150метр аз қаравулхона ҷорй
буд, ки дар ду тарафи канали об палаткахои
каналковон ҷойгир буд.

Янгаам баъди чанд муддат обро ба сараш
бардошта омад ва моён ҳарсеямон омадани акоямро
интизор шудем.Баъди омадани акоям ман хеста назди
падарам равон шудам.

Додарзодаам ба ман сахт часпида аз гарданам
намефаромад. Бо исрор талаб мекард, ки ман хам
назди бобоям меравам- ва фиқ-фиқ кунон гиряро cap
кард.

-Хайр, майлаш, имшаб бару лекин пагох барвактар
биёру то омадани ман ба баъзе корҳои янгаат ёрй
расой.Ман шахр рафта ба худам ягон кори муносиб
ёбам,-гуфт акаам.

Ман ночор додарзодаамро сари гардан бардошта
назди падарам равон шудем.

Падарам сабаби дер омаданамро пурсида маро
сахт сарзаниш карданд, вақта дар хонаи акаат бехуда
мегузаронй. Ман картошкаро бенигоҳубин монда
наметавонам. Атрофи замин пур аз ҳаргуна гову моли

156
*Mywme at хирвар___________*Қудратуляои ИскиОаргй

бесоҳиб.Аз ҳама муҳимаш аср казо шуд-гуён падар бо
ситеза ба хона даромаданд.

Ману Бибираҷаб аз чарх задани гирди замини
картошка хаста шудем.

Мо ҳамон шабро бо додарзодааму Бибираҷаб дар
сари замини картошка рӯз кардем. Картошка ҳанӯз аз
гул нафаромада буд. Дар баъзе буттаҳо ба андозаи
тухми мург ва аз он калонтар картошка намудор буд.
Мо умед ба ҳосили фаровон доштем.

Рӯзи дигар ман аз магазин рафта нон овардаму дар
сари дастурхон воқеаи сангпуштро нақл кардам.
Падарам фармуданд, ки нақламро такрор кунам. Баъди
онро ба пуррагй шунидан гуфтанд, ки:- кори хуб
нашудааст, акнун дар кафи поят яра мебарояд, ки туро
дурудароз азоб медихад. Лангиданат кам буд, ки боз
яра ҳам мешавад.

Ман ба ин гапи падарам бовар накарда, гуфтам ки-
хар чй шавад аз ин бадтар намешавад.

Падарам ба сӯм нигарисга як заҳрханд карданду
афзуданд, ки:- дар давраи ҷавониям айнан чунин
воқеаро дар Бухоро дида будам, ки бечора бачаяк шаш
моҳ аз ҳамон дарди по азоб кашида буд... Инро
гуфтанду ба дастархон дуо карда, аз ҷо бархестанд.

Ман бо додарзодаам боз бо ҳамон роҳ ба
қаровулхона назди янгаам рафтем.

Аҳволи ман ҳамин хел, моку барин рафтану омадан
буд.Рӯзе дер омадам, ки падарам асабонию Бибираҷаб
игаора кард, ки ran нагардон ки шаллоқ мехӯрй. Вале
сад афсус, ки шаллоқи ваъдагй ба ман насиб гардид...
як ду асои обдор ба миёни ман ҳам фаромаду маро 3-4
руз бистарй кард. Рӯзи чорум хезам, ки роҳ рафтан
нчметавонам, дар кафи пои маъюбам сурхие пайдо
шудаасту поямро ба замин монда наметавонам. Ман аз
ин ҳол ба падарам накл кардам. Он кас гуфтанд,
ки.Охир ман ба ту гуфтам, ки азоб мекашй, бовар
накардй. Акнун метарсам, ки ин дард бистарият
накунад.

Баъи ин ran Бибираҷабро маҷбур карданд, ки

157
*Муште из хирвор __________*Қудратулюи Искидаргй_

пояшро бишуй ман бинам. Баъди поямро шустани
Бибирачаб додом поямро бардошта диданд, ки кафи
поям мисли танга барин сурх шудааст:

Аъузу биллоҳ ва бисмиллох гуфтанду пас дам
андохтанд ва маро тасаллй дода, иншооллох сиҳат
мешавад гуфтанд.

Пекин афсус...баъди ду руз тамоман поямро оа
замин мондан наметавонистам. Чунон ҳарораташ
баланд шуда буд,ки ба куҷое, ки даст нарасонй дард
мекард. Бо маслиҳати ёру Дӯст ман ба пойи
дардмандам барои он ки шифо ёбад аз саргини асп то
саргини одамию сагу хар бастам. Дар муддати як моҳ
ярай поям ду маротиба cap оварду кафида сихат шуд,
лекин аз сари наву навтарин яра cap мебаровард.
Ҳамин тавр ин яраи сабил монад хафт маротиоа cap
оварду кафид, ки номашро хафтпуст мегуфтаанд. Дар
тулии 4-5 моҳи беморй асои падар аз они ман шуд, ки
танҳо тавассути ҳамон асо мехестаму такякунон
мегаштам.

Ачибаш дар он буд, ки парраи пой-аслан кафи пои
акнун рост шуда ба пойи ҳақиқй монанд шуда буд.
Гарчанде кафи пой ҷой худашро гирифта буд, лекин
лангидаи холо хам давом мекард... Дар давоми ҳамин
касалй Бибираҷаб духтари модарандарам, ки баъди аз
дунёгузаштани он кас бо мо буд, мувофиқи маслихати
ҳамсояхо аз 7 кӯча ҳафт хел латапораҳою пахтаҳои
партофташудаю боз чанд намуд хасу хошоки дигарро
чамъ карда, хамаи онҳоро титу пора карда месӯзонду
дар кафи поям мебаст, ки поям озор наёбад.

Дафъаи хафтум яра cap мебарорад, харорати
баданам баланд мешавад. Бибирачаб гох лаби замини
картошка мераваду гох Давида сари болини ман меояд.
Бо латтае арақи сару рӯямро тоза намуда, сичаки
чойнакро ба лабам мегузорад, ки як ду қатро об
нӯшам.Ва боз тортанак барин Давида лаби замини
картошка меравад.

Як бегох дар хамон вакти авчи касалии ман
Муллоаббос бо Махмадлатифу додом дар кадом хусусе
маслиҳат кардаанду то бевақти шаб шистаанд.

158
*Муште аз хирвор

*Кудратуллои Искидаргй

Пагоҳаш аз хоб хестам, ки Маҳмадлатифу Бибираҷаб
нестанд.

Аз падарам Бибираҷабро пурсидам. гуфтаид. ки як
илоҷе карда хез бачем. Рафта аз магазин нон биёр, акнун
ману ту танҳо ду кас мондем. Дигарҳо моро партофта
рафтанд.

-Ду кас мондем...? Охир онхо ба кучо рафтанд?

- Ба тарафи Регар. Мардикорй, гандумдаравй рафтанд.
Пекин ту аз ин-хусус ба ҳеч кас нагу.Касе пурсад намедонам
туй. Фахмидй?!

-Ҳа. фахмидам...

Ман дар ин асно ба худ меандешидам, ки охир
Маҳмадлатифу Муллоаббос хардуяшон коркунони давлатй,
аз ҷойи кор напурсида бо ягон хамкор маслиҳат накарда,
хестаанду ба куҷое мардикорй рафтаанд?Аҷабо?!

Пагохии хамон рӯз, яке аз ҳамкорони Маҳмадлатиф
омада пурсид, ки:- Чаро ин аробакаши мо ба кор
набаромад?

Ман кигф дар хам кашидаму гуфтам.ки :-Дар хона хам
нест,намедонам куҷое рафта бошад?

Имрӯз вақто ки ман воқеаҳои ҳамонсоларо ба хотир
меорам тасаввур карда наметавонам, ки акаҳои ман то чй
андоза одамони бефаросат будаанд, ки кори давлатиро
партофта , худсарона ба куҷое ба мардикорй рафтаанд?
Охир ин акою додар як маротиба аз Дарг ба Бухоро
мардикорй рафта ба колхоз даромаданду... оқубаташ
Маҳмадлатиф ба мақкама афтода 2 сол зиёдтар азоб каишд,
ки ин хам ба онхо панд нашуд?

Боз кори давлатиро партофта бе иҷозати роҳбарйяти
корхона, худсарона хеста рафтаанд. Ба умеди кй шуда?

Муйсафеди падар ягон рӯз, дар ягон корхонаи давлатй
кор накардааст, хатто дар колхоз хамчун колхозчии қаторй
кор накардааст, намедонад ва намефаҳмад...

Ба инҳо чи бало расидаасту кадом пашша онҳоро
газидааст. ки девонавор дар як шаб хеста гайб заданд?

Хаёлам бефаросатй аз ин зиёд намешавад.

Дар он шабу рӯз авзои ҳамонзамонро ба инобат
нагирифтан-ин худ як ҷинояти калон буд! Магар аз ёди
Махмадлаиф рафтааст, ки маҳз аз бефикрию беаҳамиятияш

159
*Муиппе аз хирвор

*Кудршпуллон Искчдпрги

2 сол дар маҳбас нишаста, тани дардманд аз он чо омада ду
мол дар хонаи та го ям Шарифи Муллорофеъ табобат карда
хобид? Аз лама мулимаш ду аспи давдатй. ки дар дасташ
буд онхоро ба хеч кас насупорида, ба охтахонаи давлати
дароварда мебандаду хеста меравад.

Ва ин хунукназарияш боне мегардад, к и корчаллонҳо-
рафикони аробакашаш аз беахамиятии ӯ истифода карда,
аспҳои давлатиро ба чугихо фурӯхта бори сари вай
мекунанду бо ин чурм окибат уро дастгир намуда, боз ба
махкама ду соли дигар махбаей мекунавд.

Баъди рафтани акоҳоям ман аз магазин нон меовардаму
сари замини картошка қаровулй мерафтам.

Як рӯз дар ҳамон лаби картошка табам баланд
мешаваду аз хуш рафта, галтидаам. Падарам ба умеди он ки
ман картошкаро посбонй мекунам аз хона ба берун
набаромада истирохат мекунад. Дар ин миён бачахо вазъи
маро дида ҷамъ мешаванду аз вазьият истифода карда хар
кас мувофиқи кудрагу тавоноияш аввал картошкаро горат
мекунанду баъд рафта ба падарам хабар медиханд, ки
писаратон касалу катошкаатонро ба ягмо бурдаанд, Падар
асо дар даст Давида меояд, ки ман дар хакиқат дароз
галтидагию арак аз сару руям мешорад, вале дар cap хуш
нест. Ба картошказор як назар меафканад, ки мисли хукхои
ёбои чанд чойи заминро бетартибона шудгор карда
картошкахоро рабудаанд.

Пас аз он бо ёрдами худи горатгарон маро бардошта ба
хона мебаранд...

... Ман баъди як хафта ба хуш омада мебинам. ки дар
кӯча хобидаам... Додо... додочон...ман...ин чо
галтидиям...Шумо маро кофтед? Ана ман... ҳаминчо хоб
рафтиям. Шумо дар кучоед?! Ман Шуморо намебинам,
маро хона баред...

Дар ин миён коркунони семзавод омада, палосхои моро
дар кӯча партофтаанду яке аз коркунони худашонро бо

оилааш дар хонаи мо чо кардаанд.

Дар хамон вакти касалии ман янгаам-Ҷунбика бо
ҳамрохии Бибирачаб омада як шаб хамроҳи мо хоб
кардиянду сахари барвакт пеш аз падар хеста

160
*Муште аз хирвор_____________*Кудратуллои ИскидаргЙ_

чоркитобашонро бардошта мераванд. Акнун мо бе
заборники нонгирию бе картошкаю бе макон монда оудем
Дар куча, ба ёди Худо, дар зери осмони кушоди У
исгиқомат доштем. Кадом раҳмдиле аз рафиқҳои
Маҳмадлатиф ин аҳволи моро фаҳмида вақти нонгирии
одамон буридаҳои болои нони одамонро чамъ карда оварда
ба муйсафед медодааст. Дар чунин ҳол акди касе далолат
намекунад, ки маро бардошта ба касалихона бурда
хобонанд. Бо хазор азобу уқубат мани бистарию надари
нотавонам ба ёди Худо... дар кӯча боз як моҳи дароз

зиндагй мекунем.

Як шаб Муллоаббос омад. Аҳволпурси кард. Ман акнун
сари по шуда будам, лекин ҳанӯз ҳам қуввати гаштан
надоштам. Яраи пой руй гирифта маҳкам шуда буд. Аммо
пусти нав бисёр нозук буд, ки агар ба ягон чизе расад озор
медод. Азоб диҳад ҳам бо қувааи асо хеста мегаштам ва
такякунон панҷоҳ сад метр гаштанро машқ мекардам.

Либосҳои танам аз араки бадану тел задана, тамоман

фарсуда шуда буд.

Хайрият акаам. Муллоаббос акдаш далолал кардааст,
ки ба ман як куртаи кӯҳнаи аскарй (гимнастёрка) ва як
буруки нимдошт харида овардаст.

Ҳамон шаб бо падар чй гуфтушуниде карданду
субҳидам маро пуштора ба саристгоҳи роҳи оҳан бурд ва
мо ба поезд савор шуда ба шаҳри Регар рафтем. Баъди
расидан аз истгоҳ маро пушт карда ба кадом як деҳае
бурда, он чо маро дар хонаи як шиносаш монду худаш
назди Маҳмадлатиф рафт. Баъди як ҳафта омада туро
мебарам гуфт. Рӯзи дигар ман аз соҳибхонаҳо фахмидам, ки
онхо фарзанд надоштаанду акоям маро ба онҳо барои

фарзандй ваъда карда будааст.

Табист, ки мои аслан дар куча партофта шуда , шаоу
руз зери назорати милиса будаему лек худамон аз ин
бехабар. Ҳангоме, ки маро акоям ба ин ҷо меовард аз паси
мо то ҷои кори акоҳоям кормандони милиса мераванду
Маҳмадлатифро дастгир карда ба милисахонаи Регар
месупоранд. Аз дунё бино шудан то рузхои мо ягон касе
набуд ва вучуд надорад, ки бе камбуд бошад. Хусусан дар

161
*Муште аз хирвор

*Кудратуллои Искидаргй

он рӯзҲои баъди Ҷанги дуюми Ҷаҳонй. Дар он солу замон
ҳар як инсон дар ҳар қадам рӯ ба рӯи худ камбудро медид.
Ҳисоби зиндагй на ба рӯз, балки ба соату дақиқаҳо
мерафт.

Аксарияти мардум дар орзуи «як бор шикамсерй
хӯрдани нон» фикру зиндагй мекарданд. Ана ҳамин нафси
зормонда ва шикам одамонро ба кадом роҳу корҳое
намебурд. Ҳамин нафсу шикам буд, ки янгаам Ҷунбикаю
Бибираҷабро бероҳа мекунаду сабаби хонавайронй
мешавад. Янгам фарзандй дилбанди худро партофта ,
Бибираҷаби бегуноҳро бероҳа карда аз Регар мегурезанд ва
пиёда назди мо меоянд ва аҳволи вазнини моро дида аз
баҳри Сталинободу сталинободихо низ мегузаранд...

Маслихати Шарифи Муллорофеь

Ба маврид аст, ки дар дар ин ҷо як сӯҳбатеро, ки бо
тагоям Шарифи Муллорофеь гузашта буд, ёдовар шавам.

Ману Султокулу Ҷурақул дар ҳавлии як камиир иҷора
менишастем. Ман бо тагоям, ки дар Бухоро зиндагй мекард,
алоқаи хаттй барқарор кардем. Тагоям ба нияти саёҳати
Тоҷикистон ва дидорбинии ҷиян ба Душанбе омад. Дар ин
бора суратҳои бо хам гирифтаи мо гувоҳи ҳоланд. Mo
ҷиянҳои дарғии ҳамонвакта то метавонистем, ҳурмати
онхоро медоштем ва иззату эҳтиромашон мекардем. Баъди
се рӯзи меҳмоншавӣ бо ҷавонон, тагоям орзуи дидани ҷияни
калонӣ ва ҷойи истиқоматшро карданд.

Ман тағоямро бевосита тавассути роҳи Лучоб нею бо
роҳи Хуҷаоби гарм роҳбаладй намудам. Муйсафед аз
баландию пастиҳои роҳи Хуҷаоби гарм хеле азоб кашид.

Мо дар деҳаи Мугайтуи шӯрои деҳоти Ширатола як шаб
меҳмон шуда, ман пагохаш ба кор баргаштам ва тагоро дар
ихтиёри ака супоридам.

Ҳамон шаб баъди меҳмондорию зиёфату зарофатгуйиҳо,
тағо аз акоям мепурсанд, ки:

-Муллоаббос, Шум о аз куҷо?

-Аз куҷо мешуд тағоҷон аз Дарг-дия.

-Дарғаш куҷо?

Дарғ,о ҳамон Дарғе, ки худатон медонед...

-Не, бачем. Шумо дурустараш ба ман фаҳмонед, ки

162
*Муште аз хирвор

•Қудратуллои Искидаргй

Даргаш куҷою ва чигуна ҷой?

-Даргаш як деҳа дар кӯҳистони Фалғар.

-Хуб инаша акнун фаҳмидам, Дарғаш куҳистон будааст.
Бигуед, ки ин чое. ки Шумо зиндагй мекунёд куҷост ва чи

ном дорад? ..

-Ин чо х,ам кӯҳистон. Саргаҳи дарен Лучоб, номаш

Ширатола.

-Бале, бачем, қариб ба худ омадед. Шумо Дар! а
кӯҳистон гуфга партофтеду ба нияти зиндагии осоишта ба
Сталинобод омадед. Акнун Сталинобод куҷою Шумо

кучо? _

-Э... тағоҷон, насиб будааст, ба ҳамин занак побаста

шудему боз кӯҳистонй шудем.

-Мана, мо бо хамин додаратон дина саҳар аз
Сталинобод ба суроги Шумо баромада, имрузаш баъди 30
соат роҳ гаштан Шуморо ёфтем. Ҳар дафъа ки додар
акаяю-ака додара пазмон шавад, ҳамин хел 30 соат
кӯхгардию дарёгузарй карда якдигарро мебинед, магар?
-Қариб ҳамин хел.

-Акнун ин кас кӯҳистони Шумоба омада наметавонад,
кораш хамин хел, соат қатй! Шумо бошед подай колхоза
партофта ба назди ин кас рафта наметавонед, ки мабодо
пода дар набудани Шумо талаф нашавад. Пас

дидорбиниатон чихел мешавад?

-Насиби дидор будааст, Шумо аз Бухоро омадед. Мо

ҳам як илоҷ меёбем тағоҷон.

-Гап илоҷашба не бачем, чихеле ки ман медонистам
шумоён 4 акадодар будетон, ду додари мобайниатон нобуд
шуданд. Аввалию охири мондетон. Боз ин хам аз ҳамдигар
дур- 30 соата роҳ. Пиёда, дар ин рох азоб... теппаи кух
! мебароию ба таги кӯҳ мефарой, 4-5 маротиба дарёгузарй

мекунй, ташвиши яху тарма...

Шумо хуб медонед, ки осоиштагй дар сарчамъисп
Агар як ҷо бошед, шумоён дар осойишед. Дар парокандаги
ташвишҳои барзиёдати хар замон азобатон медиҳанд...

Муллоаббос аз он вокеаи мудҳиш пештар писарашро,
ки акнун бе модар монда буду инчиқй намуда ороми
надошт ва дигаронро низ ором намегузошт, бо маслиҳати

163
*Муште аз хирвор

*Кудратулпои Искидаргй

падарам ба детдом месупоранд. Дар вақги дастгир куник
додараш Маҳмадлатиф ҳуҷҷатҳои кӯдакро гум мекунад.
Кӯдак дар детдом беному нишон, Маҳмадлатиф дар
милиса. Муллоаббос аз Регар гурехта ҷони худро халос
мекунаду боз баргашта назди ошнояш Боймаҳмади Сайёдй
меравад. Падарам монанди ман бесаробон боқимондаи
либосу палосҳои хобу хезашро дар ҷойи хобаш мемонаду
хеста сарашро гирифта меравад...

Агар мо ҳамаи он беаклию бефаросатиро хулоса кунем
он чунин натиҷа ба бор овардааст:

-Хонавайроншавии Муллоаббос.

-Ба маҳбас афтодани Маҳмадлатиф.

-Ба хизматгорй бо ду дасти адаб бурда супоридани ман.

-Сарсону саргардоншавии падар.

Ҳамаи ин ҳодисаҳои ба сари мо омада ба кас бе таъсир
намемонад.

Ман дар хонаи узбак ҳамчун хизматгор пойбанд будам.
Яраи поям ҳоло тамоман сиҳат наёфта буд. Роҳи дур рафтан
наметавонистам. Як модгову як тайлоки як солаву як гӯсола
дар ихтиёри ман буд.. Рӯзҳо баъди ҷӯшидани гов ва
нонуштаи пагохпрузй соҳйбхона бо занаш ба кори колхоз
мерафтанд. Ман лангон-лангон гову гӯсолаҳояшро
кашолакунон сари замини соҳйбхона мебурдам ва ҳар
кадомашро алоҳида-алоҳида бо ресмон дар води замин
мебастаму бо ҳамон аҳвол як пуштора алаф мечидам.

Нисфирӯзи говҳоро оварда об медодаму алафи
даравидаамро хона бурда барой хушконидан дар офтоб
тунук мекардам. Хуроки нисфирузиамро хурда боз назди
говон мерафтам, ки то бегоҳ боз ягон пуштора алаф чинам.
Ҳамин тариқ зиёда аз як моҳ гузашт. Акаҳоям гум. Ҷойи
корашонро намедонам, ки наздашон равам. Аз тамоми
воқеаҳо бехабар будам.

Вақти молбонй ва ҳангоми рафту омади саҳро бо
бачаҳои ҳамсину соли худам ошной пайдо кардам,зеро
забони узбакиро каму беш медонистам.

Хаёлам моҳи августа соли 1945 буд... Як рӯз баъди аз
саҳро омадан ва ҷобаҷо кардани говҳо як бачаи ҳамсину
соли худам. ки баъзан ҳангоми ба саҳро рафтан ва аз он ҷо
баргаштан ӯро медидаму сӯҳбат мекардем, маро ба кӯча чег

164
*Муште аз хирвор

*Кудратуллои Искидаргй

Ман асо дар даст ба куча баромадам. У аз ман пурсид,
ки то кай дар хонаи ин мардак хизматгори мскуни?

-Намедонам. Ба фикрам то омадани акоям. Агар у омада
маро набарад...

- Мехоҳй ки ба ягон мактаб рафта хонй?

- Мехоҳам, лекин мактабе бошад, ки маро ҳам хуронаду

хдм иӯшонад.

- Ҳамин хел мактаб будааст.Ҳозир ман муаллими
мактабамонро дидам вай ҳамин гапро гуфт. Мо чор кас аз
ҳамин деҳа меравем, агар ту хам равй...?

-Ман, бо ҷону дил меравам!

-Пагоҳ соати 12 рӯз аз маорифи район одам меомадааст,
агар рафтанй бошй 5-кас мешавем.

-Гуфтам, ки ман тайёр.

-Ҳоло дар ин бора ба соҳибхона нагуи. Пагоҳ аз
саҳро барвақтар биёю хамин чо маро мунтазир шав.

Бо ҳамин маслиҳати мо пухту ман гашта хона
даромадаму хӯроки шомро хӯрда, рафта хоб кардам.

Пагоҳй ман говҳоро бурда дар саҳро ҷо ба ҷо кардаму
аз даруни замини ҷуворимаккаҳо ду пуштора алафи печак
дара вида баровардаму як пуштораашро бурда ба хона
партофта омадам. Говхоро об додаму хона бурда ҳар
кадомашро дар ҷойи худаш бастаму пуштораи дуюмро
тақсим карда наздашон партофтам.

Дастурхонро бинам. ки нимта фатиру як коса дуг
мондаанд. Фатирро дар косаи дуг реза карда хурдам. ^

Сагро аз занҷир кушодаму cap додам. Ба косаи ваи хам
дуг рехтаму зиёфат кардаму ба кӯча баромада рафикамро
интизор шудам.

Одами гуфтагияш дар вақти муайяншуда омада бачаҳои
мактабравро дар бинои идораи бригадаи колхоз ҷамъ карда^
маро интизорй мекашиданд.Аз ҳамин деҳа мо панҷ нафар
шудему ба идораи раиси савети деҳот рафтем. Муаллими
мактаб ба ҳамаи бачаҳо справка навишта бо мӯҳри савети
деҳот тасдик кунонид. Ман ҳам илтимос кардам, ки оарои
ман хам справка диҳанд. Одами нагз будааст.Не нагуфта
справка нависта дод.

165
*Муште аз хирвор

Кудратуллои Искидапгй

Ҳамин тавр мо 5 кас аз як деҳа ва 5 каси дитар аз дигар
деҳаҳо ба идораи маориф рафтем. Аз он до ҳам справка
гирифтему ба як автобуси як дара савор туда якҷоя ба
Сталинобод-ба идораи ОБЛОНО рафтем ва аз он ҷо роҳхат
гирифта ба истгоҳи роҳи охан рафтем. Он одаме, ки аз
Регар моро ба ОБЛОНО овард, хизматаш дар ҳамонҷо ба
охир расида будааст, ки аз ОБЛОНО як занак моро то
истгоҳи роҳи оҳан бурд ва аз касса ба мо билета поезд
харида доду ба мо роҳи сафеду наку, хушбахтй орзу карда,
худоҳофизй намуд. Мо бо когазҳои зиёде бе роҳбалад
мондем.

Ҳамаи бачахо ба поезди мусофиркашон дар як вагон
савор шудем. Акнун гуё бачаҳо ҳар кадом худаш шоҳу
таъбаш вазир буд. Ҳамаи он шоҳҳо ба ҳам маслиҳат
карданд, ки имшаб ба хонаҳояшон мераванду ба кадом
мактаб 'рафтанашонро ба падару модар мегӯянд ва пагоҳ ба
ҳамин поезд ба Ҳисор меоянд.

Ман ки маслиҳатгар надоштам ва ба ҳеч кас хайрухуш
намекардам дар истгоҳй Хонақо аз поезд фаромадам.
Бачаҳо тамоми ҳуҷҷатҳояшонро ҷамъ карда ба ман доданд,
ки ба Интернат барам. Ман хоҳиши онҳоро қабул карда бо
як даста коғаз роҳи интернатро пеша кардам.

Дигарон бо ҳамон поезд ба хонаҳояшон рафтанд. Аз
зери қаноти падару модар барояшон ҷойи беҳтаре набуд...

Интернат маро зери қанот карда, пагоҳаш маро ба
хамом бурда шустушуй кунониданду либосҳои маро
пратофта ва ба пойи маъюби ман пойафзоли нав -патинка
пушониданд. Ҳамин тавр боқимондаи пойи аккаи чулоқро
патинкаҳои сахт рост карданд.

Аз ҳамон рӯз ман фарзанди ҳукумат шуда мондам.

Ва ман поси он намаки Хукумаги Саветиро то вопасин
нафас ба ҷо оварда ҳамеша аз он минатдорам.

МОР ДАР ДАРУНИ ИЗОР (Зиёрати Хочамастон)

Абдуллой Одинаи «вроқ» дурустараш Абдуллой Врот
ном ҳамдеҳаамон, ки иштирокчии ҷанги дуюми ҷаҳон буд
ва баъди ҷанг ҳам дар шаҳрҳои Руссия андар кариб 12-14
сол зист кардааст, бо забони русй хеле хуб харф мезад.
Азбаски ӯ дар суҳбатҳояш бо одамон сари ҳар ran барои

166
*Қудратуллои Искидаргӣ

*Муште аз хирвор ______

часпоиши суханаш калима намеёфт, тасодуфан калимаи
оусии «врот»-ро зуд-зуд истифода мебурд, ки мардуми
зарифтабиати деҳа ба ӯ лақаби «врот»ро дода буданд, Аз ин
хошр буд. ки Акои Абдуллоро мардум Абдуллой Вироқ
(тарзи вайрон шудаи калима) мегуфтанд.

Ана ҳамин шерамарди майдони набард, ба
ҳамсухбатонаш нақл кардааст, ки дар ^нги

Бузурги Ватанй хизмати пуршарафи Модар -Ватанро бо
акои ман- Маҳмадзариф дар як ҷо адо кардааст.
ҳамчунин шоҳиди воқеаи ба ҳалокат расидани
Маҳмадзариф шудааст.

Ба қавли акай Абдулло тахминаи соатҳои П-12-и руз а^
болои заминкани онҳо чандин самолиетҳои фашист и
парвозкунон гузашта заминкани онҳоро бомбаборон
кардаанд. Ва ин сабаби шаҳодати Маҳмадзариф ва якчанд
аскарони дигар гардидааст. Ин воқеа аввалҳои тобистони
соли 1944 руй дода буд. Ман ин ҳикояи худро ба ҳамон рузи
мудҳиш ба нақли акои Абдулло пайваста гумон мекунам, ки
рӯзи ба шаҳодат расидани Маҳмадзарифи аком ва воқеаи
ба сари ману раҳматии падарам рухдода ба ҳам паивасти
ногусастанй доштанд ва сабаби зиерати ҳазрат

Хоҷамастон гардида буд. _

Дар ҳамаи фронтҳои Армияи Шурави зафарҳои паи д р
пай ба назар мерасид. Давра давраи ҳалкунанда ^буд.
Радиоҳои кӯчагй пайваста аз диловарию мардонаги ва
матонати аскарони шуравй гузоришҳо медод. Тамоми
кучаҳои Сталинободро садои мутантани хабарҳои хуши
руқафзо фаро гирифта, аз дидагони мардум ашки шодиро
ҷорй менамуд. Субҳ то бегоҳ хабарҳои дилхушкунандаи
Аскарони Сурхи Советй руз го руз ва соат ба соат
душманони гаддори фашистиро таъқибкунон ба тарафи
Германия пеш мераванд... Имруз то пагоҳ ин ҷанги
хонумонсӯз ба охир расвда, додару бародар падару
хоҳарони мо бо сари баланд ба диёри худ бар мегарданд...ва
ғайраро пахш намуда шодии мардумро дучанд меафзуданд.

Халқи советй-он касоне, ки дар ақибгоҳ монда буданд-
муйсафедону ҷавонони наврас ва кувваи асосии колхоз-
занҳо дар ин шабу рӯз дахчанд заҳмат мекашиданд.
Меҳнати басо сангине душборашон буд. Дар он солҳои

167
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

вазнини ҷанг ба сари мардуми дар акибгоҳ буда чи
мушкилоте бор нагашта буд.

Масалан, агар колхоз то давраи ҷанг ба рӯзи меҳнати
колхозчиён аз ҳиссаи ғундоштаи байниколхозй ягон чизе
тақсим мекард, акнун колхоз кор мефармуду ҳақ намедод.
Ҳақ диҳад ҳам он қадар ночиз буд, ки ба кути лоямути
мардум намерасид. Колхозчиён ба қавле «бо нами рӯда»
кор мекарданду рӯз мегузарониданд.Аз ин рӯ барои
тамоми ҷабҳаҳо чи майдони чанг ва чи ақибгоҳ давраи
ҳалкунанда фаро расида буд. Ҳам ба ҳарбиёну ҳам ба
коргарони заводу фабрик ҳам ба истеҳсолкунандагони
НОН-деҳқони хокпош!

Ҳукумаги Совета маҷбур шуд, ки ба халқи вафодори худ
шиоре пешниҳод намояд, ки халкро ба кор кардану
маҳсулоти зиёд исгеҳсол кардан ва аскаронро бо руҳбаландй
ба пеш рафтан даъват намояд. Аз ин боис шиори «Ҳама ба
фронт ва ҳама чиз барои фронт» ба миён омад.

Дар ёдам ҳаст, ки мо ҷавонони 10-12 сола аз Сайёд-
колхози ба номи Сталин-раисаш Наврузов таллаи
куфташударо муйсафедон бевосита ба харҳо бор карда
медоданду моён аз паси хар , пойлуч ба анбори галлаи
район-заготзерно, ки дар Варзоб буд бурда месупоридем. Аз
ҳар хирмани куфта шуда 10-15 харй гандум ё ҷав
мегирифтанд.

Дар бозгашт харҳоро тез ронда меомадем,ки агар илоҷе
ёбем, шабона аз хирман ягон ҷувол коҳ дуздида ба бозор
барем, ки сабаби ризқу рӯзй шавад. Лекин, агар илочаш
набошаду ба дасти бригадир афтем шаб то рӯз чапар ҳай
мекардему хирман мекуфтем, ки чазо барои кохдузди буд.

Баъзан ҳамин хел мешуд. Аз пагоҳии барвақт аз паси
харҳо то заготзерно пиёда афтону хезон мерафтему баъди аз
район омадан боз дар атрофии хирман -шаб то саҳар чапар
ҳай карда хирман мекуфтем.

Баъди 25-30 маротиба давр задан дар болои юғи чапар
хоб галаба мекарду аз болои он галтида дар зери чапар
мемондем.

Барзаговҳо гаштани худро давом дода аз болои мо
чапарро кашолакунон мебурданд. Чапар тахминан 100-150

168
*Муште аз хирвор______________*Қудратуллои Искидаргй

кило вазн дошт, ки ҳангоми аз болоямон зер карда гузаштан
доду воямон ба фалак мепечид. Ҳар ҷои баданро ки нӯги
химчаи чаиар харошида гузарад,пустро даронида хуншор

мекард.

Хуни баданро мешустему бо оби дидаи рез-резону бо
таърифи муйсафедон боз ба чапар савор мешудем.
Муйсафедон баъзяшон мегуфтанд, ки шарм намедорй ки
гиря мекунй? Охир ин қаду баста бин. Вақти зангирият
шудаасту ту холо хам гиря мекунй?

Пагоҳ агар туро зан тиянд ба багали занак гирякунон
медаройй? Бас, шери тагош, гиря накун. Айбаст...

Бо чунин тарзи дилбардории муйсафедон, каме тасалло
меёфтему боз ба чапар савор шуда, нимгурумма суруди
«майдаё-майда»-ро замзама мекардем.

Дар он солҳо мо наврасон низ дар таьмин намудани
Армияи Сурхи Советй бо хӯрок низ саҳми худро
гузоштаем. Он бори гаронЙ саҳрову заводу фабрик ба
души мо наврасон низ бор буд.

Азбаски одамони бисере ба ҷанг рафта буданду танҳо
муйсафедону занон ва наврасон монда буданд ва замонаи
басо вазнин буд раис аз ин истифода карда, бо кару фар
дар миёни мардум мегашту ҳукм меронд. Вайҳ Шоҳ буду
хам қозй. Якеро бе ҳечкору боре ба осмони ҳафтум
мебароварду дигареро, ки бечора аз субх то шом заҳмат
мекашид ба хоки сияҳ яксон мекард. Бригадир бощад аз
номи вай фармон мекарду тамоми мардуми деҳаро кор
мефармуд.

Э...ҳе гапи онҳоро гардону қандата хур! Ба баъзе
колхочиён дафтарчаи меҳнатй медоду баъзеи дигарро
«фаромӯш» мекард.

-Парво накун ман ҳатман ба ту менависам,-гуён
одамонро дилиур мекарду кор мефармуд. Ба мо- наврасон
на рӯзи меҳнат буду на ҳаққи кор. Аз ҳамин хотир бачаҳо
гоҳо аз хирман барои ризқу рӯзии хеш чав ё гандум ва
барои харуэяшон ягоц ҷу^воли коҳ медӯзиданд. Ин амал
низ на ҳамаро даст медод.

Рӯзҳо яке паси дигаре бо ҳазору як ҳодисаву воқеа
мегузаштанд. Моҳ паси мох сипарй мешуд. Ва сол ба охир

169
*Муште аз хирвор

*Кудратуллои Искидаргк

мерасид. Дар охири сол баъзеҳо аз амбори колоз каму беш
ягон чиз гиранду ба хона биёянд, днгарон аз колхоз бо
хдмон қадар мехнатй тоқатфарсояшон қарздор мешуданду
бо лаби кашолу абрӯи овезон ба хона бармегаштанд. Ана,
баьд дар хона қиёмат барпо мешуд. Зану мард ҳарду ба хдм
дар меафтоданду ҷанҷолу хархаша ба осмон дака мезад. Дар
чунин ҳол кас ҳайрон мемонд. ки охир мардуми бечора
қариб, ки ҳама баробар заҳмат мскашанду чаро яке ба ивази
меҳнаташ аз аз амбори колхоз орду ҷаву гандум ё ягсн
маҳсулоги дигар мегираду якеи дигар ду даст почаки бинй
ба хона меояд? Ҳақи мо наврасонро чаро ақалан ба онҳо
намедиҳанд? Чунин беадолативу бедиёнатй боиси
хонавайронии коргарону колхозчиён мешуд. Дар он солу
замон бедодгарию бераҳмй дар авҷи аъло буд. Агар касе аз
колхозчиён зани барнову зебои дилкаше дошта бошад, ҷойи
он ки фахр кунаду шукргузорй намояд, ки қисмат чунин
фариштаро насибаш гардонидаасг, бори гарони занбокй
(қаровулй) бар душаш бор буд. Зеро аз дасти он бригадиру
таъбелчиву раисҳои фосиқ чй номаъқулиҳое намеомад. Ғайр
аз ин солу замонаи вазнин. Хурока намерасид. Мардум ба
як бурда нон муҳтоҷ. Нафси Зормонда низ он
зебосанамонро ба кадом роҳое намебурд.

Мардум бо дидани чунин беадолатиҳо ва фосиқиву
нокасй аз колхоз ва роҳбарони он дилхунук мешуданд. Дар
дил ба онҳо нафрат мепарвариданд.

Махсусан агар он коргар ва ё колхозчй одами аз ягон
ҶОЙ оМада бошад-яъне аз аҳли он маҳал набошаду аз кадом
як ноҳияи кӯҳистон ба ин ҷо омада бошад, бечора маҷбур
буд, ки ба ҷойи ҳақ гирифтан аз колхоз, сэру садо баланд
кардан барои ҳақу ҳуқуқҳояш дам фурӯ мебаст. Ба касе
дарди Дил намегуфт. Зеро ӯ ҳамдарде надошт. Маҷбур
мешуд, ки аз як ҷо ба ҷои дигар кӯч бандад. Дар ин кӯчо-
кӯчй на дами хуш мезаду на рӯзи хуш медид. Чунки
зормондаи хурус дар ҳама ҷо як хел ҷег мезад...

Дар чунин шароите, ки дар суфра мушҳо сайр
мекарданду дар хамбаи ордгирй тортанакҳо тор кашида
буданду таги хамбаро дидан амри муҳол буд, муйсафсди
падарам рӯзе маро ба наздашон хонда гуфтанд:

-Медонй, ҷони додо ҳозир мох,и авали тобистон ба охир

170
*Муште аз хирвор_____________*Қудратуллои Искидаргй

расида иетодааст^ дар чулҳои ноҳияи Ёвон мавсими
давдаравй ва хирманкубй дар авҷ як ҳаракат карда чарх

зада биёем чй мешавад?

-Ихгиёр ба Шумо. Агар маро ҳамрох баред ман тайёр.

Бо ҳамин мо рӯзи дигар бо ду хар савор гаштаву ба роҳ
баромадем.Сафари мо бо роҳи ағбаи Чормағзак буд. Вақте,
ки аз ағба бо роҳи пиёдагард нишёб шудем, чуди Ёвон як
манзараи аҷибе дошт. Дашг кушод,беохир менамуд...

Дар як тараф хирманҳо сафедй мекунанд, дар тарафи
дигар деҳаҳои аз 20-25 буна ба назар мерасиданд. Деҳаҳои
беобу бедарахт. Ба мисли овулчойҳои муваққатй. Мо
харҳоро ҳай карда оҳиста- оҳиста ба поён нишеб щудем.
Дар ҳамворй харҳоро ба ходи худ гузоштем. Акнун онҳо
озодона аз ду тарафаи роҳ алафҳоро канд-канда роҳ
мерафтанд. Ману падарам бо ҳам чақ-чақ кунон рох
мепаймудем. Бехабар аз он ки чй ҳодисаи мудҳише моро
интизор аст.

Баъди роҳравии зиёде мо ба деҳаи Ширинбулоқ
расидем ва шабро дар ҳавлии як муйсафеди хушчақ- чак
рӯз кардем.

Пагоҳии рӯзи дигар -рӯзи ҷумъа бозори ҳамон маҳал
будааст. Аз деҳаи Ширинбулоқ то бозор як соата роҳ
будааст. Мо ин масофаро тай намуда, падарам дар нзди як
ҳавлй аз хар пиёда гашта гуфтанд:

-Ту бачем дар ҳамин ҷо бори харҳоро фурору маро
мунтазир шав ман як бозори ин ҷоро тамошо карда ба
наздат меоям. Ҳар чизе ки ба даст орам гирифта наздат
меорам, хӯроки нисфирӯзиро дар ҳаминҷо бо ҳам мехӯрем.

Ман ҳам аз хар фуромадаму хурҷини болои харҳоро
гирифта, дар сояи девор паҳн кардаму ду сари як ресмонро
ба пойи ҳарду хар бастам ва мобайни ресмонро ба пойи
худам баста дар сояи девор дароз кашидам.

Ҷонварон решаҳои аҷириқро чида мехӯрданд. Ман ба
ҳодисаҳои гирду атроф чашмдузон хобам бурдааст.
Намедонам чанд соат хоб рафтаам. Як вак;т бедор щавам,
ки офтоб рост ба болоям омадасту аз сару рӯям арақ
мешорад. Ман худамро ба девор ҷафс кардаму ба харҳо
нигоҳ кунам, онҳо низ дар назди ман саркалапо хобидаанд.

171
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидарги

Як хамёза кашидаму ба тарафи китфи рост гашта боз
ганабам бурдааст. Дар ҳамин асно нимхобу нимбедор ҳис
кардам, ки даруни шалворам чизе ҷунбид. Хобам парид.Бо
талвоса бедор гаштаву аз ҷоям наҷунбидам. Ин дам он чизе
ки даруни шалворам ҳис карда будам аз нав ҷунбид. Оҳиста
нимхез шуда сарамро бардошта ба тарафи пойҳоям назар
кардам...Мор...

Я к мори сиёҳи дароз... Думаш аз пойҳоям тахминан як
метр дарозтар. Сараш даруни шалворам...дар худи нифагш.
Аз баски ба китифи рост хобида будам,дасти ростам дар
таги биқинаму дасти чанам дар болоям буд. Аз ин хотир бо
дасти чапам оҳиста аз болои шалворам сари морро маҳкам
қапидам. Баробари сари морро қапиданам мор ба поям
печид. Ман аз таре бо тамоми овозам дод задам, ки:- Ёрй
диҳед! Ба даруни шалворам мор даромадааст.. .мор!

Дар як лаҳза издиҳоми одамон маро печониданд.
Додзадани маро дар бозор, ки ҷойи хоби ман наздики он
буд одамон шунида тозон-тозон меомаданд.

Хдмаашон болои сарам рост истода ба сӯям менигаристанд.

Яке дар ин миён мегуфт,ки:-Х,а ҷиян мӯрча газид?!
Дигаре мегуфт:-Чй магар каждум газид, сеюми механдиду
ба дасташ маро нишон дода-вай шухй мекунад,-мегуфт.

Умуман дар ин издиҳом ҳар кас чизе ба даҳонаш меомад
мегуфт. Хдмдигарро гӯш намекарданд.

Ман бошам дод мезадам, ки даруни шалворам мор
даромадааст, агар бовар намекунед, ана, сараш дар дасгам.
Боз ба ҳолам механдиданду ҳеч кас ба ман бовар намекард.

Ин дам як ҷавони чорпаҳлуе аз болои асп фаромада
лаҷоми аспро ба дасти як бача доду дигаронро тела дода
наздам омада, бо турки пурсид, ки:- чи ran шуд, чаро дод
мезанй'?

Ман гуфтам, ки ба даруни шалворам мор даромадааст
ва ба дасти ростам ишора кардаму нишон додам.

Дар яки он аз соқи музааш кордро бароварду почаи
шалворамро аз нифа то поёнаш бурид ва индам мардум
диданд, ки дар поям мор печидааст. Онҳо якбора «воҳ»-гуён
худро ба қафо кашиданд.

Он чавонмард гуфт:-Сар надех сарашро мебурам.

Аз баски як почаи шалвор аз боло бурида шуда буд.

172
*Муште ai хирвор

*К\ дратуллои Искидарги

шалвор афтод ва ман аз шарм саросема шуда морро cap
додам. Мор ба ман ягон зараре нарасонида тирвор ба як
тараф парида худро халос кард. Тахминан 5 метр паррида
дар зери як янтоқи бебарг худашро пинҳон кард. Мардум
диданд, ки мор ба зери ҳамон янтоки хушк саршро халонд.
Дигар дар ҳайрат будавд, Ки он куҷо ғайб зад. Ҳеч кас
надид.

Субҳи дигар падарам бо ҳамроҳии сооҳибхона ба ҳамон
ҷойи хоб дирӯзаи ман омада^он ҷоро аз назар мегузаронанд,
мебинанд, ки дар таги девори похсагй як сурохии майдаи
хунолуд ва аз ин ба хулосае меоянд, ки хонаи мор дар таги
хамин девор будааст ва шояд, ки барон об нӯшидан
баромада бошаду баргашта биёд, ки дари хонааш банд.
Гармки ҳаво морро маҷбур мекунад, ки ягон ҷойи салқин
ёбад. Бинобар ин оҳиста ба почаи шалвори ман даромада
қароргир мешавад.

Дигар ҳеч кас морро надид. Дар атрофи ман
тамошобинон торафт зиёд мешуданд. Аз ман беист
пурсишҳо мекарданд, вале посухе намешуниданд. Падарам
мебинад, ки бозор оҳиста-оҳиста холй гаштаву мардум ба
тарафи ман меоянд, дар тахлука монда он кас низ ба тарафи
ман мешитобанд.

Аранг-аранг аз байни издиҳом медидам, ки саллаи
сафеди падарам суям меояд. Пас аз он ман беҳуш мешаваму
ба замин меафтам. Падарам расида меоянду холи маро дида
аз мардуми он ҷо буда мепурсад, ки чй воқеа pyx дод? Аз
ягон кас ҷавоби дуруст нагирифта ба суйи ман менигаранд,
ки ман куни беизор... бехушу беёд...дароз галтидагй. Ин
холатро дида ба изтроб омада боз мепурсад. ки:

-Бародарон чй воқеа руй дод. Чаро фарзанди ман ба ин
ҳол гирифтор шудаааст? Касе ҳаст, ки ҳолатро ба ман
фахмонад?

Мардуми бисёре. Ҳар кас чизе ки дар хаёлаш меояд ба
падарам мегуянд. Падар наметавонад, ки посухи дурустеро
барои худ бигирад...

Охируламр ҳамон лақай пеш меояду мепурсад:

-Бобо ин бача ба Шумо кй мешавад?

-Писарам мешавад.-мегӯяд падар ва меафзояд,-чй воқеа

173
*Муште аз хирвор______________*Қудратулпои Искидаргй

руй дод? Чаро вай беизор? Магар ягон бетартибй кард?

-Не, бобоҷон, ӯ ягон айбу гуноҳе накардааст. Бачаи
бечора дар сояи девор хоб будааст, ки ба почаи шалвораш
мор даромадааст. Шалвори вайро ман худам бо корд
даронидам ва морро ман худам бо чашмонам дидам, ки дар
пояш печида буду сари мор дар дасташ буд, ба ӯ гуфтам, ки
сари морро раҳо накун ман сарашро мебурам. Лек бача
сари морро аз дасташ раҳонид. Мор ба ҳо ана, он тараф
худашро партофту ғайб зад. Ман намедонам, ки мор ӯро
газидааст ё не? Ба ҳар ҳол ӯро хонондан лозим аст. Он
тарафаш ба дасти Воҷибтаъоло... ҳар чй шавад аз бахти худ
донед.

Ҷавоимарди лақай аз ҷояш баланд мешаваду аз
багалкисааш як кдбза пул бароварда ба дасти падарам
медиҳаду аспашро савор шуда роҳи хонаашро пеш
мегирад.

Аз байни издиҳом нафаре рафта соҳиби ҳавлиро ёфта;
ба назди мо меорад, ки мо дар таги дарвозааш хобида
будем.

Соҳибхона як муйсафеди тахминан ҳамсину соли
падарам буд, ки хам шуда пойҳои маро аз назар
гузаронида мегӯяд, ки: -бачаро мор нагазидааст. Зеро ман
дар бадани ӯ осореро аз ин намебинам. Шояд бача тарсида
бошад.

-Хезед. ба хона рафтем, то бегоҳ маЪлум мешавад. Бо
ёрии чавонон маро бардошта ба хонаи хамон муйсафед
медароранд ва маслиҳати «чилёсин»-ро карда, мардуми
тамошобинро ҷавоб медиҳанду- соҳибхона барои ёфтани
ягон ёсинхон меравад.

Кампираш то омадани муйсафед шалвори даридагии
маро медӯзаду аз паси пухту паз мешавад. Падар» ббшад
боз ба бозор рафта ба ҳамон пули додай ҷавонмариди
лақай як чапушак (буз) харида оварда, маро худи ҳамон
шаб чилёсин мекунанд...

То сӯбҳидам ман беҳушу беёд ба ҳарзагуйи даромада
беқарорй мекунам.

Пас аз намози бомдод падарам наздам омада,
мебинанд, ки ман чашм кушода об мепурсам. Ва боз

174
*Муште аз хирвор______________*Кудратуллои Искидарги

чашмонамро пушида мегӯям, ки:-Акаам Маҳмадзариф
маро аз дур ҷег мезанаду наздам намеояд.Намедонам аз кй
метарсад? Додоҷон шояд Шумо ҷег занед акоям ояд.

Падарам бо як даст сарамро бардошта бо дасти дигар
пиёлаи чойи хунукро ба лабонам расонида гуфтанд:

- Ин чойи хунуки шабмондааст, нӯш шояд каме
ҳароратат пасг шавад, имшаб маро хоб рафтан намондй,
худат низ то саҳар ҳарзагуйи карда, беқарор будй.

-Медонед,додо, мана кариб ду соат зиёдтар щуд, ки
акаам Маҳмадзариф баъзан аз дур баъзан аз наздик фарёд
мекунаду май бошам аз ҷоям хеста наметавонам.Ғӯё, ки дар
пойҳоям сангҳои калони вазнин кашол карда бошанд. Ман
акнун хезам мешавад,додо? Ё ки ҳоло ҳам барвақт аст.?

-Не, бачем, якдам чашмонатро пӯш, шояд каме хобат
барад. Ҳоло соҳибони хона нахестаанд. Бечора муйсафед то
нисфи шаб болои сарат нишаста буд. Ба хаёлам ин сахар
хобба монд, ки ба намози бомдод наомад. Ин бечораҳо низ
ду писар доштаанд, ки ҳардуяш дар ин фронти сабил монда.
Худоё фарзандони ин камбағалонро сиҳату саломат
баргардон, омин ё раббулоламин. Бисёр одами раҳмдил
будааст, ба ту бисёр гамхорй кард...

Маслиҳат дод, ки бо ту ба зиёрати ҳазрати Хоҷамастон
равем, шояд сиҳат шавй?! Худоё Худовандо раҳми ин
муйсафедро худат хӯрй! Дар пиронсарй бесаробонаш
нагардонй!

Падрам боз нимгурумма чизе мегуфтанд, ки овозашон
гоҳ пасту гоҳ баланд ба гӯшам мерасид. Сарфаҳми гапашон
намерафтам. Хаёлам маро хоб галаба карда буд.

Вақте, ки бедор шудам худамро каме сабук ҳис кардаму
каме нимхез шуда дидам, ки додом харҳоро туқум карда
истодаанд.

Соҳибхона ба кори колхоз рафтаасту кампираш
чунбучули маро дида наздам омаду гуфт, ки ягон чиз
биёрам мехурй?

-Агар дуг дошта бошед, каме дуг биёред,-гуфтам.

Кампир ба ман як коса дугу ду бурида нон овард. Ман
аз дугаш каме нӯшидаму. гуфтам:- Раҳмат холаҷон,
боқимондаашро бо ин нон ба акаам бурда тиед, вай дар

175
*Муште аз хирвор___________ *Қудратуллои Искидаргй

беруни дарвоза.

Бечора кампир ба гапам бовар карда тозон назди
дарвоза рафт, ки акаамро чег занад, лекин дар беруни
дарвоза касеро надида ҳайрон монда, ба тарафи падарам
руй гардонида чизе гуфт.

Падарам ба вай як ишора карданду назди ман омаданду
кампир ба хона даромада рафт.

Ману падарам ба харҳо савор шуда ба доманаи кӯҳи
Ёвон, ба тарафи ноҳияи Арал, ки ҳазрати Хоҷамастон дар
он ҷо будааст, раҳсипор шудем.

Дар хотирам нест, ки аз Ёвон то доманакӯҳи Ҳазрати
Хоҷамастон дар чанд рӯз рафта бошем. Ҳаминашро
медонам, ки аз хонаи муйсафед, ки раҳакй шудем, акаам
Маҳмадзариф доимо ҳамроҳи мо буд. Ин албата дар
назари ман. Падарам ӯро намедиданду аз гапҳои сафсатаам
асабй мешуданд.

Ман дар болои хар дасту поям бастагй. Дар вақти
ҳаракати хар дасту поям худ аз худ кушода мешуду ман аз
болои хар худамро партофта аз паси акаам медавидам.
Аҷибаш он буд, ки акаам маро гоҳ аз зери як бута гоҳе аз
зери буттаи дигаре чеғ мезаду худаш паздик намеомад,
барьакс дуртар мегурехг...

Падарам маҷбур мешуд, ки харҳоро партофта аз паси
май равад. Маро қапида меоварду дасту поямро баста боз
аз нав ба хар бор мекард...

Имрӯз, ки ҳамон воқеаро ба хотир меоварам дар тааҷҷуб
мемонам, ки падарам, ки ҳамон вақт 79-80 сола буданд чй
қадар азоб накашида бошанд?

Албатта баъзан роҳгузарҳо ба падарам ёрй мекардаанд.
Дар чунин ҳолат аҳволи муйсафедро дида рахмашон
меомадаасту аз паси ман давила маро дошта дасту поямро
басга ба падарам месупоридаанд. Баъзеи ҷавонони
тануманд дасту поямро чунон сахт мебастаанд, ки доду
воям мебаромад.

Боиси тавбаву гиребонгирии мардум он буд, ки дасту
поямро ҳар чй қадар тарант набанданд, ҳамоно ресмон тез
кушода мешуду ман аз нав бо ҳарзагуйии хеш рӯ ба фирор
меовардам.

Ба хаёлам барои дасту поямро кушодан акаам сахм

176
*Қ\дратуллои Искидарвӣ

*Муште аз хирвор

мегирифт.

Дигарон ки ҳеч чизро намедиданд, дар ҳайрат буданд, ки
чигуна гиреҳҳо кушода мешуданд.

Чун падарам ба ман сӯҳбат мекарданд, ман ҳамаи
гапҳояшонро мешунидам, ба он кас розй мешудам, ба он
кас ваъда медодам, ки дигар бетартибй намекунам, он касро
азоб намедиҳам. Лек чун дасту поям кушода мешуд ва акаам
мар о ҷеғ мезад, беихтиёр тарафи акаам мерафтам ва боз
даводавию дору бигир cap мешуд.

Намедонам, ки ин аҳвол чанд маротиба такрор шуда
бошаду аз паси ман муйсафеди падарам чи қадар давидаву
сарсон шуда бошад? Ин танҳо ба он Зоти пок маълум аст.

Мо бо як пайроҳаи качу килеб ба боло мебаромадем.
Баъзан ман пеш- пеш мебаромадаму баъзан хар пеш-пеш
мешуд ва ман думи харро қапида мебаромадам. Падарам аз
паси мо харсавор. Он руз муйсафед хурсанд буд, ки ман
ҳамчун одами солим ва писари боодоб роҳ мегаштаму ба
гапи падарам гӯш мекардам. Акаам он пагоҳи ҳамагӣ ду
маротиба намоён шуду тамом...

Ман ба падарам гуфтам, ки :-додо, ана акаам омад чикор

кунам?

Падарам гуфтанд:-дар ҷоят шин ман ҳам акаатрб бинам.

Ман дар ҷоям шистам.Падарам ба назди ман расиданду
гуфтанд:-Ана, дидй, бачем, ту дамгирифта шистй ман ҳам
дам мегирам ва нафасамро рост мекунам. Як нос мекашаму
ҳардуямон ба акаат сӯҳбат мекунем. Ман ҳам орзуи дидани
писари дӯстдоштаамро дорам.

Мо дар болои як тобасанге нишаста будем ва ба атроф
назора мекардем. Дар гирду атроф рова мерӯидааст, ки ҳар
як буттааш як дарза мешуд. Дар ҳар як бутташа як кумот
буд, ки аз кадди одами муқаррарй хеле баланд буд. Чунин
кумотро ман дар дигар ҷой надида будам. Тахмин
дарозияшон 2-2,5 метр ва гафсияшон ба монади беду арари
4-5 сола.

Каме болотар аз ҳамон ҷойи нишастамон овулҷои кадом
деҳае намудор буд. Харҳо низ фурсати муносибро ганимат
дониста аз алафҳои гирду атроф баҳузур шикам сер
мекарданд.

177
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

Падарам нияти зиёрати Хоҷамастон доштанд, бинобар
ин ба атроф як назар карданду носа партофта гуфтанд.

-Бачаҷон, хез ҳоло ки офтоб гарм нашудааст, харҳоя
биёр савор шуда ба мазор бароем. Ақалан то бевақт шудана
ба ягон ободие расида гарем, набошад дар ин биёбони
нообод шабро гузаронидан лозим меояд.

Ман харҳоро овардам ва мо савор шуда сафари худро
давом додем. Баъди як чанд дақиқа ба як овули холии
беодам расидем. ки дар он ҷо нияти ҷой нушй доштем.
Хонаҳо аз кумот бунёд шуда буданд. Сутун ҳам аз кумоту
болор ҳам. Овули мувақати барои ду-се моҳ. Аз баски дар
овул касе набуд мо аз харҳо нафаромада сафари худро
давом додем ва ба манзилгоҳи авалини ҳазрат расидем.

Мо харсавор ба як ҳамворие баромадем. ки тахминан як
гектар замини кушоди сералаф ва баландие буд. Ҷойи
нишасту тамошобоб. Тамошо кардани дашт дар гӯшаи
хаёламон набуд.Имрӯз он чойҳоро ба хотир оварда мегуям:

- Аз куҷо вақту хотири чамь меёбй ки ин хел ҷойҳои
зебоманзарро тамошо кунию лаззат барй!

Ба он манзарахо нигариста кас ба хулосае меомад. ки
ин ҷойро махсусан барои дамгирию истироҳат интихоб
кардаанд. Дар гӯшае барои зиёраткунандагони Ҳазрат 4-5
оташдонҳои хурду калоне сохта шуда буд, ки мушкил осон
менамуданд. Охир ҳар касе ки барои зиёрат меомад, дасти
холй намеомад. Ҳамроҳашон ягон моли майда оварда дар
ин ҷо қурбонй мекарданду худашон мехӯрданд ва
боқимондаашро ҳамчун тӯша ва мазоргузашта ба хешу
табор мебурданд.

Каме дуртар аз мо чашмае ҷорй буд, ки оби он ба
хаёлам як осиёбро гардон мекард. Кадом як савобталабе аз
дарахте нове тарошида оварда як шарраи калоне сохтааст.
ки дар зери он баҳузур даромада шиста оббозй карда худро
барои зиёрат тайёр мекунанд. Дар миёнаҷои ин ҳамворӣ
тахминан 50 метр дарозию 20 метр бараш санҷидҳои зиёде
руйидааст, ки атрофи он тахмин ба баландии 1 метр
сангдевор бардоштагй буд. Ба назар чунин мерасид, ки мо
ба теғаи куҳ баромада бошем.

Мо харҳоро пушти луч карда ба холи худ гузоштем.
Алаф чунон фаровон буд, ки хар дар ҷои истодагияш

178
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

метавонист соатҳо алаф хураду чарад. Он тарафи куҳ
ҷангали пистазор, поёнии куҳ дарён Вахш.

Чашма маро аҷаб омада буд. Обаш сарди болаззат.
Хуштаъм, ки кас аз нушиданаш серй надошт. То чушидани
оби чойҷӯш падарам сэру либосҳои маро кашиданду маро
оббозй дароварданд.

Оби сарди чашма аз мо куфти рохро мегирифт. Май аз
оббозй карданам чунон сабук гаштам, ки гуё худи ҳозир
қанот бароварда парвоз мекарда бошам.

Пас аз оббозй мо аз хурҷин нон бароварда чоиу нон
хӯрдем. Ин дар байни 4-5 рӯз аввалин маротиба ба фол
хӯрок хӯрдани ман буд. Чунон боиштиҳо нонро газида
мехӯрдам, ки падарам ҳолати маро дида, завқ бурда

гуфтанд: _ _

-Ман акнун ба боло ба зиёрати хазрати Хода мебароям,
ана хурчини нон дар пешат ҳар чй қадаре ки дилат кашад,
хуру ба хархо нигоҳ кун, ин чо ҷакгал наздик ҳар чиз
шуданаш мумкин. Ана ин санчитзорро дидй? То ман гашта
фаромаданама ҳамин сангдевори атрофи онро сачда кун.
Зиёрати гу ҳамин мешавад. Агар рафту хаво гарми кунаду
хушат ояд боз як бори дигар зери шара даромада оббозй
кун. Албатта аввал Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим, ба нияти
шифо-гӯй.

-Ҳоло бошад саросема нашуда чойятро хур, агар
иштиҳоят кушода шавад боз аз чашма об оварда як бори
дигар обҷӯшон. Хушёр бош, боз то омадани ман хобат
бурда намонад.?!Ман ба зиёрати Ҳазрат рафтам. Панохат

ба Худо! ..

Падар бо ман худохофизй намуда, ба зиератгох рафтанд.
Зиёратгох аз чойи нишасти мо тахминан 250- 300 метр
баландтар ҷойгир буд, ки ман он чойро намедидам.

Ман аз поён ба қадам монии падарам назора мскардам.
Муйсафед ботамкинона ва солор кддам мезад. Харчанд, ки
хешро бардам мегирифт, вале пирй дар вучудашон асаре
гузошта буд. Муйсафед боло мерафту домани андешаҳои
ман низ гӯё дунболи ӯ ба болотар пар мегирифт. Ман танҳо
ин чо дарёфтам, ки падарам. бо як гароние аз пайрохае
чисми худро боло мебарад. Ин буд, ки дар ин масофаи роҳ
муйсафед ду маротиба дам гирифта роҳашро боз давом дод.

179
*Муште аз хирвор ____ *Қудритуллои Искидаргй

Аз дур падарам ба кадом як пирамарди баруманди афс-
онавие монадй пайдо намуд. Сояаш, ки то кунун
думболагираш буд, бо қиёми офтоб самташро гоҳ аз чапу
гоҳ аз пеш тагйир мекард...

Ба худ меандешидам, ки меҳри ин бузургвор чунон дар
дили падарам маскан кардааст, ки дар ин сину сол чандин
масофаи тӯлониеро пиёдаву савора тай намуда, ба
зиёраташон омадаанд...

Мани ба ихтиёри худ вогузошта шуда, баъди чойнушй
хестаму аз рӯи фармудаи падарам аввал сангҳои атрофии
санҷидзорро бӯсазанон давр зада баромадам. Дар ҳамин
асно чашмам ба як мокиёни сафеде афтод, ки бо чӯҷашхояш
дона мечид. Гумон кардам, ки шояд ин мокиён аз одамони
дар қамон овули дидагиямон зиндагй мекардагй бошад, ки
гурехта ба ин ҷо омадаасту ҷойи барои худ мувофиқеро
ёфта тухм гузошта чӯҷа баровардааст. Ба ӯ кордор нашуда,
аз паи сомони корҳои падарам фармуда шудаму мургу
чӯҷаҳояш фаромӯш шуданд. Баъди як-ду соат падарам
фаромада омаданду як ниёла оби ҷӯши хунук хурданду
нафасашонро рост карда як сураи дурудароз хонда дуову
фотеҳа карда ба руҳу арвоҳи аввалу охир ва Ҳазрати Хода
бахшиданду ба ман фармуданд, ки харҳоро оварда туқум
зан. Бо ҳамин зиёрати мо ба охир расид. Мо акнун
бармегардем.

Харҳоя савор шуда бо як паҳноӣ борике, ки
алафзор онро қариб ба тамом пӯшонида буд ба тарафи
Ёвон баргаштем.

Харҳо баъди фаротати чандинсоата акнун хеле чаққон
роҳ мерафтанд. Пайроҳаи борик моро ба як овуле овард,
ки тахмин 15 буна дошт. Дар овул як муйсафед бо
кампираш буду дигарон барои дарави заминхои колхоз
рафта буданд. Баробари ба овул расидан муйсафед моро
пешвоз гирифт. Муйсафед Холбобо ном дошт, ки синнаш
аз 80 ба боло дакка хӯрда буд. У моро ба каппаи худаш
даъват намуд, ки дар як тарафаш чоруқу музаю калуш ва
ботинкаҳои кухна тарам буд.Гуфт: акнун дараву даравгарй
аз дастам намеояду бо фармони бригадир ҳамин
пойафзолҳои колхозчиёнро таъмир мекунам.

-Ман -гуфт, дастурхонро пахн намуда,-шумоёнро дидан

180
*Муште аз хирвор________ . *Аудратуллои Искидаргй

замом фаҳмидам, ки аз зиёрати ҳазрати Хоҷа
омадаистодаед.

У инро гуфта чойнаку пиёларо назди ман гузошту ду
дона фатири гармро рӯи дастурхон монд.

-Кампирамро гуфтам, ки шумоёнро як зиёфати ҳоҷиёна
кунад. Ана, то расидани шумоён нонаш хам тайёр шудааст.
Камиира Худо умраша дихаду тану ҷонаш сиҳат бошад.
бисёр занаки бадаступост. Чашм нарасад холо ҳам аз бисёр
ҷавонзанҳо чаққонтар.

-Хайр, • очаҷонаш, авкотат тайёр бошад биёр, ки
меҳмонҳо аз рохи дур омадагй!

Гӯё кампир мунтазири хамин гуфтаи муйсафед буд, ки
табак дар даст аз дар даромад.

Падарам як лахза гапи Холбоборо бурида гуфтанд:

-Ҳамин писаракам ба як касалие дучор шуду насибамон
будааст, ба зиёрати Ҳазрат овардам.

Холбобо афсӯс хурда гуфт, ки авқоти фармудаам-
чанголй-ба ин писар намешавад. Равгани зард боз зарар
накунад?

Ман бошам, якравй карда гуфтам.ки:- Додо, чанголи,
ки бошад мурам ҳам мехӯрам.

Падарам, хам розигй доданду гуфтанд:

-Аз рӯи нақлу ривоятҳои шунидаам, ман ба ҳазрати Хода
эътиқоди комил дорам, майлаш хур бачем.

Мо се каса чанголиро бо иштиҳои том тановул кардем.
Баъди аз Искидарг кӯчиданамон. ин аввалин чанголие буд,
ки бо шарофатии хазрати Хода ба мо насиб шудааст...

Баъди дуою фогеҳа дар ҳақки таому дастархон ман хоб
кардаму падарам бо ҳамрохии Холбобо ба сари таҳорату
саноъи пешин шуданд.

Пас аз чанд вакт маро бедор карданду ба хар савор
карданд ва Холбобо як дуои хайр карда моро гуселонид.

Бегохии хамон рӯз тахмин вақти намози аср ба як
хирмане расидем, ки давро куфта аз бод бароварда буданд.

Мо аз харҳо фаромада, онҳоро дар як гушаи хирман
бастему наздашон як-ду мушти дав андохтем.

Падарам як бели чӯбиро аз дасти дехкон гирифтанду бо
нӯги бел атрофии чоши давро як накша кашида белро болои
чоши дав рост халониданду аз Қуръони мадид як сура хонда

181
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидарги

дуъо карданд. Баъдан як офтоба об гирифта ба нияти
таҳорату намози аср шуданд.

Як хирманкӯб аз ман пурсид, ки: «Бу киши мулло- мй?».
Май ишораи тасдиқро ба ҷо овардам. Падарам пас аз адои
намоз бо ҳамроҳии хирманкӯбҳо суҳбат мекарданду ман
болои як палоси кӯҳнаи хирманкӯбҳо хоб рафтам.

Қарибиҳои намози шом як аспакӣ омада ба суҳбати онҳо
шарик шуд. Пас аз чанде маро аз хоб бедор карда болои хар
савор карданд ва мо роҳи хонаро пеш гирифтем.

Дар рафти суҳбат маълум мешавад, ки аспакии омада
ҳамон ҷавонмарди лақайе, ки шалвори маро бурида ба ман
кумак карда, будааст. Вай дар ҳамни колхоз вазифаи раиси
колхозро ба ухда доштааст.

Аҷабо, дар он солу замона, ки як идда раисон на раҳму
шафқат доштанду на имон, ин раис-илоҳо гузаштагонашро
Худо магфират кунад,ба ҳар ду хари мо бор додаасту худаш
ҳамроҳи мо то деҳаи Даҳана омада, моро то нисфи агба
бароварда гусел кард...

Рӯзи дигар мо дар хона будем.

Забони сурх сари сабз медихад барбод!!!

Метарсам аз он, ки сабаби титу парешоншавии аҳли
оилаи мо- Шарифи Ҷамилиҳо дар Сарикутал- худи ман
нашуда бошам'?!!

Мо даргиҳо аввал мегӯем баъд фикр мекунем. Ин одати
ҳозирҷавобй дар хуни мо ба монанди обу ҳаво ҷорист.

Дар кадом ҷою давраю, хамнишинию сӯҳбатҳо, ки мо
иштирок накунем, атрофиён-он касонс ки ба даргй будани
мо боварии комил доранд, кӯшиш мекунанд, ки ба қитиқи
мо расанд-яъне забони моро хоронанд. Медонанд, ки мо ба
баландию пастй ба вазифаю унвон, ба обрумандию
беобрумандии кас кор надорем, аҳамият ҳам намедиҳем ва
гапи ба забои омадаро нагардонда фавран беягон ибо онро
мегӯем.

Ин хислати бади мост, чунки сухан, ки аз даҳон баромад
онро баргардонидан намешавад ба монанди тири аз камон
часта ва ё паррандаи аз даст рахо карда.

Дар ин ҳолатҳо пушаймонй суд надораду-узрхоҳй бадтар

182
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

аз гуноҳ мебошад, ки шунавандаро водор мекунад бори
дигар он суханро ба ёд орад ва таъсири он зиёдтар мешавад.

Аз дигар чабха хуб асг. Хубиаш дар он аст, ки аз саргаҳи
Мачо то шаҳри бостонии Бухоро, моро бо чунин хислати
хозирчавобию шӯхиҳоямон мешиносанд ва ҳурмат
мекунанд.

Х,озирҷавобй ин сипари мост, ки бисёриҳо аз он ҳазар
мекунанд. Шахсоне ҳам хастанд, ки шӯхию ҳозирҷавобиро
намефаҳманд инхелш аз мо ҳамчун аз хазандаю газанда
метарсанд ва мегурезанд.

Лекин одамоне ҳам хдстанд, ки ин хислати моро
меписаиданду моро ба ин водор мекунанд. Ба ҳозирҷавобии
мо завқ мебаранду хурсанд мешаванду механданд. Як
сабаби дарозумрии мо - шояд ҳамин ҳозирҷавобию ҳазлу
шухиҳо бошад? Духтурону табибон мегӯянд, ки ханда умри
одамро дароз мекунад.

Чунки ханда - як лаҳза бошад ҳам. ғаму кулфатро дур
мекунад.

Лекин дар ҳаёт бисёр хандонруйҳоро ҳам вомехӯрем, ки
даҳон барои ханда кушода, дандонҳои биринҷии can сафед
намоён. вале чашмон...

0!о!о!!!... Аз ин хел одамон, як пой дорй ҳам гурезу, ду
пой дорӣ ҳам!

Чунки ин хандаю равшании лабу даҳону дандон фақат
дар зоҳири онҳост. Дилашон чун шаб барин сип-сиёҳ.-- ва
монанди саги хапгир доим пайт мегиранду тайёранд. ки
нисфи баданатро канда партоянд.

Ана ҳамон раиси дӯстдоштаамон, ки дар поёнтар
сифаташ меравад аз ҳамин хел одамон буд.

Хайрият раисиаш як сол намонда аз вазифа сабукдӯш
гардид... охирҳои соли 1950 мувофиқи қарори КМПК
Тоҷикистон, бисёр колхозҳои майдаро ба ҳам якҷоя карда,
хоҷагии калонҳаҷм ташкил намуданд.

Ба ин муносибат Собирбой ҳамчун раиси ноухдабаро
сабуқдуш карда шуд.

Гарчй деҳаро аз мо, омадаҳо тоза кард, лекин аз ин
хизмати «хирсона» - худаш халоват набурд .

Балки деҳа ҳам баъди «омадаҳо» аз байн чукида ба каъра
дарёи Лучоб-рафт. Собирбой баъди аз раиси ғалтидан

183
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

монанди каҷдуме ки худашро заҳрзада мекушад зуд ба
ватани нави падари ман маскан гирифт; яъне «бо омад» -
ҳамсояи доими то қиёмат шуду монд.

Ҷанозаи Шарифи Ҷамил

Бо фармони мудири маорифи райони Варзоб, ман аз
мактаби ибтидоии деҳаи Сарикутал, ҳамчун муаллими
бетаҷриба ба мактаби 7-солаи навташкили деҳаи Қиблай ба
умеди таҷрибаомӯзй гузаронида шудам.

Падарам касали вазнин буданд ва рӯзи маргашон ҳам
наздик буд. Ин ба назари худи ман ки дар ҳаёт ҳам
таҷрибаи кофй надоштам маълум бул. Лекин ман ба он
мактаб нарафта наметавонистам, чунки саршавии дарсҳо
наздик буд, бо коллективи муаллимон шинос шудан лозим
буд ва тақсимоти синфҳою соатҳои дарсй...умуман рӯзҳои
ҳалкунандаи ризқу рузии яксола дар миён буд.

Ғайр аз он рафтанам сабиби дигар ҳам дошт: ман бо
раиси колхоз - Собирбой як ду маротиба баҳсу бараки
даҳонакӣ карда будем. Баҳси аввалини таърифиамон рӯзҳои
аввали ба ин вазифа таъин шудани Собир руй дода буд.
Албатта бе маслиҳати муфиди парторг не...мақсади баҳсҳои
раис бо ман, дар он ифода меёфт, ки бояд ӯ маро аз ин деҳа
бароварда пеш кунад. Ин корро аз калонҳо нею аз ман cap
кардан лозим буд.

Чунки ман ҳам чавону ҳам камфаросату бетаҷриба
будам, лекин такдирнавис насибаамонро дигар хел навишта
будааст.

Мо одамони аз дигар ҷой омада. тах,чой не...гайр аз ин
оилаи диндорон. Ба колхоз ва колхозчиён таъсири бади
динй расонидан мумкин. Муқобили идеяҳо ва сиёсати
Партияи Коммунистй ва Хукумати Совета гӯё ба ҳисоб
мерафт.

Маҳалчигй дар хуни ин мардум ҷойгир шуда буду ошкор
карданаш амри маҳол буд, хусусан ба ман, ки
тарбятгирандаи детдом-итернати давлатй будаму ин
чизҳоро намефаҳмидам. Аз баски дар мактабҳои советй
миллатчигй ва маҳалчигиро намеомӯхтанду он до
баробарҳуқукӣ, дӯстию бародариро меомӯхатад, рафтори
аҳли деҳ барои ман бегона буд.

Сабаби баҳси аввал худи Собир шуда буд: Баъди тамом

184
*Муште аз хирвор

'Қудратуллои Искидарғй

кардани дарси охирин ман талабаҳоя ҷавоб додаму
кигобҳоям дар даст ба саҳни ҳавлии мактаб, ки идораи
колхоз ҳам дар ҳамон ҷо буд, баромадам. Намедонам
тасодуф бошад ё махсус. раис (шояд раис аз синфхона
баромадани маро интизор буд) аз идорааш бо як мардаки
иапкадор баромаданду маро назди худаш чег зад:

-Муаллим, як ин ҷо биё!

Ман ки зи шавкуни талабагон ҳоло онқадар ба худ
наомада будам,хоху нохоҳ наздашон рафтам. Раис одате
дошт. ки бо ҳар касе ки гаи мезад, бо даҳони пур аз ханда
гаи мезад.(гапаш наонқадар лекин хандааш одамро асабй
мекард) даҳон хандонрую чашмон беҳаракати заҳрпошанда,
сухбаткунанда зуд пай мебурд, ки сухан дигар асту мақсад
дигар...

Мақсад руйпуш ва маънои дигарро дорад.Ман аз салому
алейкаш зуд пай бурдам ки бо меҳмон дар бораи ман ягон
ran гуфтагй буданд. Акнун мехохад ки маро бо ягон гапи
хунук назди меҳмон сарпаст кунад.

Ман фалғарй, раис таҳҷой мо беватану вай соҳиби
Ватан!

-Муаллим, шумо ин касро мешиносед?

Не.

-Шумо чихел муаллим, ки коркунони давлатии
районамонро намешиносед?

-Муаллим вазифадор нест, ки ҳамаи каркунони районро
шиносад. Ҳар кадоми мо ба кору бори худамон андармон.
Ғайр аз ин ман соли аввал аст, ки кор мекунам ва гайр аз
идораи маориф вақти бо дигар идораҳо даромадану
баромадан надорам хамон хам агар маориф бо ягон сабабе
даъват кунад...

- Ин кас аз идораи суғурта

- Ба ман чи дахл дорад?

-Бевосита дахли калон дорад! Гуфтагй барин қиблагоҳ ба
чанд даромаданд?

- Мувофиқи гуфтаи худашон 87 сола.

- Ана дидед 87 ! Гуфтаи худам қариб ҳамин қадар. 87- ин
умри кам не! Дар деҳаи мо дар ин сину сол ягон кас неет.
Умри дарози бобаракат!

-Мана, бо ин кас нағзакак сӯҳбат кунеду муйсафедро

185
*Муште аз хирвор

*Кудратуллои Иекидиргн

еуғурта кунед. Баъди вафоти муйсафед, метонед аз давлат
пули калон гиред! Ҳамин хел қонун аст!

-Раисака, мо мардуми обрави Заравшон
мурдаҳоямонро намефурӯшем, то хадци имкон оҳоро зудтар
ба хок месупорем. Агар ба шумоён мурдафурушй раем шуда
бошад, Шумо худатонро сугурта кунед. Зеро шумо маҷрӯҳи
ҶБВ ҳастед нархатон дучанд қиматар мешавад. Ҳам аз
давлат ҳам аз колхоз ҳаққатонро мегиред.

Аз ин ҷавоби ман меҳмон ба завқ хандид. Ин ханда ба
таъби раис нафорид, ки гуфт: - Сиёҳиятро аз пещк ман гум
кун, ки дар назарам нанамой.

Ман ҳам орзуи дидани шуморо надоштам, худатон чег
задед!- гуфтаму китобҳоям зери баг ал раҳакй шудам.

Аз пасам боз як хандаи базавқи меҳмон шунида шуд,
лекин ман ба қафо нигоҳ накарда роҳамро давом додам.

Aiap ман тарбияи детдомй нею тарбияи деҳотӣ
медоштам, шояд ба раис дигар хелтар ҷавоб медодам. Яъне
шояд уро паст намезадам.

Дар он айём шояд назар ба ақл, гурури ҷавониям
баландтар буд!

Ҳамон вақт -солли 1950, мо дар оила 4 мард будем:

1) Падарам ба оилааш (зани охирине, ки падарамро ба

манзили охирин фирисгод - кампири Давлатҷун.

2) Муллоаббос бо оилааш Ҳанифа, зани сеюми никоҳй,

хоҳари Боймаҳмад Ёрови Сайёдй.

3) Маҳмадлатиф бо занаш Бибинигори набераи

амакам.

4) Ман муаллими деҳаи Сарикутал чор мард аз як
дарвоза мебаромадем, ки ба чашми раис ва сарикуталиҳо.
ҳамчун хор мехалид...(дар баъзе оилаҳо ҳатто як мард ҳам
набуд)

Аз байни чор нафар мард коркун танҳо ман...

Баҳор акнун ҳукмфармо буд.

Дар урфият мегӯянд, ки «як рӯзи баҳор пур кунад а.мбор»-
лекин Собирбой - раиси нав худаш ки одами сояхобрави
ноуҳдабаро бавоя расида буд, тарзи хоҷагидорй ва
корфармоии колхозчиёнро,намедонист. Бинобарон мардон
ва ҷавонони зиёде дар деҳа бекор мегаштанду занҳо побел

186
*Муште аз хирвор

'Қудратуллои Искидарги

карда донагй мекоштанд.

Деҳаи Сарикутал аз кадимулайём мардуми богдору
токпарвар буд.Дар қамаи хоҷагиҳои ин диёр 10-15 сотихй
боги ангур мавҷуд буд.

Аксарияти мардон дар богҳои худ побелу токбурй ва
ба решакан кардани токҳои куҳнаву нав машғул буданд.

Раисбобо агар ба шӯрои деҳот ё ин ки ба район паи
ягон масъалае даъват накунанд, дар идора бо бухгалтер
- ҳисобчйи колхоз нишаста чақ-чақу чои кабуд нӯши чон
мекарданд.

Ҳоло ҳам қувваи асосии қобили меҳнат дар колхоз
занҳо буданд. Як марди солхурда тухмй мепошиду занхо
побед мекарданд.

Ҳамон сол хукумати Иттифоки Советй ба Респубдикаи
Точикистои аз вилояти Новосибирск якчанд ҳазор
километри квадрата барои сохтмон ҷангал чудо кард,
ҷангалро бурида ба Тоҷикистон овардан лозим буд.
Бинобарон хукумати ресапублика қароре баровард, ки
ҷангалбурҳо аз худи Тоҷикистон бошанд.

Ин қарор барои раиси маҳалчй як дастурамале буд, ки аз
он истифода набурдан баробари хиёнат ба зодгоҳ ва
сокинони диёр буд. Аз ҳар як колхоз барои чуббурй як
нафар мардикор фиристонидан лозим буд.

Табиист, ки раисони колхозхо бо «активи» коллективони
худ машваротҳо карда ягон «сояхобрав»-ё рудагафсе ки дар
колхоз фоидааш намерасиду кор намекард, ба ин мардикорй
сафарбар мекарданд.

Дар ҳамон компания - қарордод аз деҳаи Яккаҷугуз
(колхози хамсоя ) як девонаи корношоямро ва аз деҳаи
Сарикутал акои ман - Муллоаббосро пешниход карданд.

Акаамро бо ҳамроҳии боқимонда мардикорони чуббурй
то поезд худам гусел кардам. Аз республика барои бурдани
ин мардикорон як поезди махсус бо вагонҳои боркашонй
чудо карда буданд, ки мардикоронро ба ҳамон бор карда
фиристонида нд.

Баъди он ки ман бо акаам Муллоаббос аз падар дуои
сафар гирифта аз хона баромадем ва ба ҷои ҷамъомади
мардикорони чуббур тарафи Варзоб раҳсипар шудем.
падарам Маҳмадлатифро наздашон чег зада мегӯянд:

187
*Муште аз хирвор_____________*Кудратулпои Искидаргй

- Ман ин масъалаи акаатро бо косаю нимкосааш
фаҳмидам мардуми ин деҳот дигарон барин не...

Инҳо мӯи сарро қоқ; метаршанду ба ҷои ҷабрида
худашон оби дидаю фиси бинй мекунанд.

Мӯи сарат расидаасту акли тозакардан надорй, - мо
набошем чй кор мекардй? Хез раву мӯи саратро бо оби тоза
шуста даво кун! Дар оянда ба сари азизи худ беаҳмияти
накун! Акнун пусткандаи ran: кӯчида омданатро 7 мох, шуд.
Бекорхобй ба дилат назад? Мунтазирӣ ки туро хам бо ягон
бахонае бадарга кунанд? Ман бистарй, хестанамро Худо
медонад моҳонаи додарат казои не... илоҷи пулкоркарданро
ёфтан лозим.

Баъди ин гапи додо масъалаи «АНЗОБ» ба миён меояд,
ки гуё (ба қавли Махмадлатиф) дар дасти яке аз ҳамкорони
анзобиаш пул доштаасту он пулро пеш аз кӯчида омадан
руёнида натавонистааст.

Бинобарон, агар Махмадлатиф рафта он пулро руёнад.
зуд баргашта меояд.

Фаразан, агар руёнида натавонад, дар ҳамон ҷо ба кор
даромада ягон мох кор мекунаду моҳонаашро гирифта
меояд. Бо хамин масьаларо ҳалшуда меҳисобанду
мунтазири ман мешаванд.

Ҳамон бегохй баьди гуселонидани Муллоаббос хона
биёям, ки акаам Махмадлатиф чингу-линг чоруқу пайтоба
кардагй ба сафари Анзоб тайёр.

- Биё тезтар, ман туро мунтазир - гуфт.

- Ягон кори зарур баромад,- гӯён пурсон шудам.

- Ҳа, зарурияш хамин ки ман ҷои кори кухнаам
мераваму роҳпулӣ надорам. Агар дошта бошй камтар
роҳпулӣ те.

- Будагиашро ман хароҷот кардам, бовар кунед, ки:
агар даст ба киса занам дастам ба латта бармехӯрад, агар
бовар накунед, мана ҳамаи кисахои маро худатон кобед-
гуфтам.

Дар ҳакиқат ман пул надоштам. Ака, додо касал,
хестанашон багумон, Худо накарда ягон воқеаи гайриоддй
руй диҳад ман дар байни ин мардуми бегона чй кор карда
метавонам?

188
*Муште аз хирвор____________*Қудратуллои Искидаргй—

-Шояд, илоҷе карда додоя Дарг барем мурдая бурданаш
мушкилтар мегалтад.

-Ту ташвиш накаш, ҳамаи лозимиамон гайёр, мо дар ин
хусус бо додо гапзанон кардем, ғайр аз ин, май агар
пуламро рӯёнам, зуд бармегардам.

Бо ҳамин хайрохуши кутохакак асои додоя гирифту аз
додо дуои сафар талабида бо роҳи Ширатола пиёда
рахсипор шуд. Бо ин роҳ рафтан наздиктар буд.

Ман ин акаамро то дараи Огулак гуселонидам.

Дар як рӯз харду акаро: якеро ба Русия-дигареро ба
тарафи Анзоб!

Чй рӯзи нохуше буд, он рӯз!!!

Ин дидорбинй ва хайрохуши охирин буд бо аҳли оила.
Мо дигар ӯро надидем.

Баъди ин кадар сарсонию саргардонии аҳли оилаи
Шарифи Ҷамил дар хоҷагии Искидарг фақат огилу кохдон
ва хонаҳои куҳнаю нимвайрон боқӣ монда буду халос.

Ҳамаи гову мол ба ягмо рафта буд... Агар он решаҳои
куҳнаю нав аз назди ин манзилҳои бесоҳибмондаи Шарифи
Ҷамил мегузашт, гиребонашро бо даст мегирифту тавбаю
надомаг мекарду мегуфт «Худоё худовандо аз ин руз худат
нигаҳбон бошй».

Дар ҳақиқат илоҳо рӯзи ба сари оилаи мо омадаро дигар
ба ҳеч кас нишон надиҳй, хатто агар душманат каттол
бошадҳам.

Он рӯзест, ки аз ҳеч кас домангир шуда наметавони!
Агар боягон дилкаше дарди дил карданй бошй-мегуфт:
«Худкардаро даво пест». Бинобарин ҳар кадоме аз ахди
оилаи мо «ба дил хун мехӯрам, аммо ба дӯстон хандае
дорам»-гӯён як оҳе аз ҷигари сӯхта мебаровардему
мегаштем. Лекин баъди сину сол ба чое расидан инсон
фикру зикри дигареро мекардааст. Ин фикрҳои мухталиф
шабҳо то рӯз хоби сарро мебурдаасту инсонро ба азоби
руҳию ҷисмонй гирифтор мекардааст.Инро метавонам бо як
суҳбате бо Бобои Муллокарим баён намоям:

Язнагиамон Рахматшои Каримзода дар Душанбе аз
чои кор соҳибй 5 хонагй шуд. Ба ин муносибат ният дошт,
ки ҳамаи аъзоёни оилаашро дар ҳамин панд хонагй чой
кунад. Меҳнати вазнини кӯҳистон акааш Боборо касалманд

189
*Муште аз хирвор

*Кудратулпои Искидаргй

кард ва оқибат бистарӣ шуд. Хоҷагии Даргу хоҷагии
Душанберо якҷо кардан лозим буд,чунки ҳарсол 10-15
маротиба рафтану омадани деҳа ки вақти зиёд ва хароҷоти
зиёд талаб мекард ба дилаш зада буд. Оқибат масъалае ба
миён омад, ки ё кӯчида ба деҳа равад ё деҳабудагонро инҷо-
биёрад.

Дар ин ҷо духтур табибони кордида, роҳи табобати
касалро мефаҳмидагй зиёдтар табобат карданй акааш осон
менамуд. Оқибат варианти дуюмро афзалтар донисту ҳамаи
хешу табори деҳро дида, маслиҳатҳо карда, розй намуд, ки
акаашро ба шаҳр биёрад.

Рӯзе маро аз тариқи телефон ба хонааш даъват кард.
Ман рафтам. ки дар хона манбарин таклифиҳои бисёр
нишаста буданду Бобо болои диван каҷпахдӯ карда бо
дустонӣ Душанбегӣ сӯҳбат мекарданд.

Сӯҳбатамон то бевақтии шаб давом кард. Ҳаракати
автобусу тралейбус ҳам қатъ тардид. Маслихати дар
ҳамонҷо хоб рафтанро кабул кардам. Баъди пароканда
шудани дигар ёру дӯстон ва меҳмонони даъватшуда акои
Бобо ба ман гуфт:

- Қудратулло ман шуморо махсус даъват кардаги
марҳамат карда ба мо акадодарон маслиҳат медодед!

-Акай Бобо, шумо маро мазок мекунед? Ман худамро чи
кардам, ки ба Шумо Каримзодахо маслиҳат дода тавонам?
Ман худам яке аз ноқобилони Дарг дар Душанбе ба шумор
меравам.

Ҳамаи даргиҳо бе маслихати ман зиндагй доранд. Ман
яке аз камбагалони даргии Душанбегй, ки дар назари ҳамаи
атрофиён хор ва ҳақирам... ба ҳар ҳол агар аз дастам ояд,
ҳеч маслихати одамгариро аз Шумо дарег намедорам.

-Марҳамат шунавем!

- Аз он рӯзе ки Рахмат маълумоти олй гирифт кариб 40 сол
пур мешавад, ки дар гирду атрофи Душанбе кор мекунаду
дар вакти зарурй Дарг мераваду меояд. Ин рафтуой ба
дилаш задаст, мана ҳам кашола карда оварданй. Ҳамаи
хешои Дарта розй кунондаст, ман қабул намекунам. Ҳамаи
гову моламро қариб фурӯхта тамом кард.Шумо ба ин чй
мегӯед?

Ин саволро ё монанди ин дигар саволеро дар бораи

190
• Муште аз хирвор___________*Қудратуллои Искидаргй

Шарифи Ҷамил ман зиёда аз 60 сол боз мунтазир будам, ки
ки ба, яке аз мо метияд, фақат инро аз Бобо умед надоштам!
Барой ин савол ман тайёр будам пойҳои Боборо бӯсам
лекин акнун ин саволи деромада буд! Ин савол тамоми
вуҷудамро ба ларза овард ва ман табиист, ки ҳайёти худам
ва аҳли оилаи Шарифи Ҷамил ки дар ғарибй ҷон ба
ҷонофарин бо ҳазору як хорию зори супорид ва рӯзи
ҷанозаи падарро ки дар як лаҳза дар пеши назарам ҷилвагар
шуда монанди лентаи кино гузашт, айнан дидам...он рӯзро
парвардигори оламиён ба сари ягон муъмин набиёрад ва
нишон надихад.

Ман саволи Боборо баргардонида бу худаш додам, ки
падари маро мешинохтед, дар хотиратон хает ё не?

- Ҳо !...не агане! Аз ҳамсину соли мо ки Шарифи
Ҷамилро намешиносад?! Да'р деҳа хама ҳурматаш мекард.
Канй акнун инхел одамо.

- Вақто ки шумо Шарифи Чдмилро мешинохтаед ва
ҳурмат мекардаед-зиндагии Шарифи Ҷамил ба Шумо панд
нашуд?

Ин саволе ки ба акай Бобо баргардонидам ба худам
чунон таъсир кард, ки оби чашмонам беихтёр монанди оби
борон шорида равон шуд, ки акнун худдорй карда
наметавонистам ва ба тасаллдиҳанда зор будаму эҳтиёҷ
доштам.

Одамон ба ҷанозаи дӯст рафта барои рӯзи худашон
мегирянд. Ин шаб, барои ман ҷанозаи ҳамаи мурдагони
зоти Шарифи Ҷамил шуд. Ҳатго Бобо ба гиряҳоми ман
тоқат накарда гирён шуд ман намедонам раҳми он кас ба
ману ба оби дидаи ман омада буд ё ба ягон воқеаи аз cap
гузаронидаи худашон. Ба ҳар ҳол ҳолати он кас, гуфтугуи
он кас маро тасаллй дод, лекин ба дили сахти Раҳмат асар
накард.Раҳмат акай Боборо кӯчонида ба Душанбе овард.
Он тарафаш ба хама маълум ва давоми он суҳбати
бенатиҷамонда шарт нест.

Натиҷиаи он сӯҳбат ин аст, ки ман дар тули 70-солаи
мусофирй, одамеро пайдо кардам, ки маро, дили маро,
хайёти маро фаҳмид. Чунки он рӯзи мо ба сари худаш
омада буд . Ба ҳамон сӯҳбат ва натиҷаи он ман -шукри
белоён мегӯям!

191
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

Маро бегонаҳо мефаҳманду худиҳо не !?

Такдир чунин будааст!!! Акай Боборо худо рахмат
кунад!

Падарам болои суфа мехобиданду ман болои боми
оғали бузҳо. Баьзан хобашон ки намебурд маро оҳиста ҷеғ
мезаданд. ки биё пешам шин...Ба хотир овардани
гузаштаҳоро дӯст медоштанд, баъзан аз ҳаёти Искидарг
кутоҳ-кутоҳ нақл мекрданд.

Дар яке аз чунон шабҳои маҳтобй бе сарсухан
пурсиданд, ки ту Мулломаҷида мешиносй?

- Не додо, кй будаст, вай

- Мулломаҷид аз ҳамин деҳаи ҳамсоя,-Яккаҷугуз.
Бисёр одами хуб, босавод, шахси боодоб. Дар ин замона
инхел одамони босавод кам, вомехӯранд... Дар хотират
ҳаст акаат Муллоаббос дар Яккачугуз подабони деҳа буд?

-Ҳа албатта... ман синфи 9-ро тамом карда омадаму
либосҳои интерната дар ёрдами подабонии акаам
дарронда, қариб тани луч ба интернат рафтам. Ҳамон сол
тирамоҳаш раҳматии Сафия бандигй карда буд.

- Ҳа,бале, нагз дар хотират будааст. Ҳамон вақт, пештар
аз ту омадан, қарибиҳои тобистон буд. Як рӯз аз шаҳр
омада истода будам, ҳаво бисёр гарм буд лаби чашмай гаги
чормағзҳо фаромадаму таҳорат кардам, ният доштам, ки
дар ҳамвории лаби чашма намози пешинро хонам...
Руймолама партофтаму... ҳамин вақт худамбарин як
муйсафед омаду салом дод. Бо хам пурсу пос кардему шинос
шудем. Ман гуфтам ки падари подабонатон-Муллоаббос
мешавам.

- Ин хел ки бошад, хамдеҳа будаем-ку,- гуфту хандид.
Пурсид, ки нияти намозхонй доштед? Ман бо имои cap
тасдиқ кардам

- Интавр бошад, рафтем, хонаи ман наздиқ ҳамонҷо
ҷамоат мекунем. Умуман, дар оянда , дар байни деҳа, пеши
назари мардум намоз нахонед.

Таклифи муйсафедро рад карда натавонистам. Баъди
намоз кампираш дастархон партофта обу зиёфат кард.

Чойи хуби қадима доштааст. Лаззати ҳамон чой то
ҳанӯз гӯё аз даҳонам нарафтааст. Муйсафед таъкид кард,ки
номи ман Мулломаҷид. Дар ин атроф намозхонҳо нестанд.

192
*Муште аз хирвор_____________* Қудратуллои Искидаргй—

Агар ба шумо вазнинӣ накунад, ҳар рӯз биёед дар ха мин до
намозамонро мегузорем.

Кампири ман духтару набераи Мулло, бисер хурсанд
мешавад. Муллоаббос ба шумо дар бораи ман хеч чиз
нагуфт? Баъзан, баъди «оши халолашро» ҷамъ кардан
медарояд, хамрох шому хуфтанро мехонем. Баъд «оши
халол»-ашро аз кампир мегираду меравад.

•Баъзан агар дар хона зиқ шавам пеши мулло Маҷид
мерафтам. Баъди намозхо аз «чоркитоб» нақлу ривоятҳои
бисёре мехонд. Дукаса рохат мекардем. Агар насиб карда
бошад дар чанозаи ман хамон касро мебиёрй!!!

Муаллима Майрам - апаи Ёрова - хоҳари янгаам ба
шавҳараш ва духтарчааш дар суфаи дигарй мехобиданд, аз
ин сабаб мо наст-паст гаи мезадем, ки муаллима норохат
нашавад. Шавҳари муаллима Қучқорбой Хаитов

чангалбони ду деҳшуро- Чорбоғ ва Лучоб буд.

Дар деҳа вақти хавозасозии пилладорхо расида буд. Ман
бо падарам дар сояи тути холо калнакарда, болои суфа
нишаста будем...

Як уруси папкакашол омада Ҳаиговро пурсид. Ман
гуфтам, ки хонааш ҳаминчо, лекин худаш нест. Вай худашро
шиносониду гуфт, ки аз Варзоб коркуни лесхоз- ҷангал аст.

Ман Майрам-апаро ҷег задаму бо урус шиносоиидам.
Муаллима меҳмонро гаклифи чой карду омадани
Қучқорбойро мунтазир шуда нишастем. Хамин вақт як
колхозчй бо ду хар ходаи тари навбурида аз назди хавли
гузаро шуд.

Коркуни Лесхоз аз болои дастархон парида хесту рафта
пеши хархои колхозчиро дошта ходаҳоро фароварду хнсоб
карп Ходахо 16 дона буданд. Дар ҳамон ҷойи бори хархо аз
папкааш каламу дафтар бароварда акт кардани шуд.

Актро худаш нанависту маро илтимос карда гуфт, ки
дасташ меларзад. Харфхо кач килеб мешаванд. Биё писар ту
навис ман розй шудаму вай дикта кард. Албатта ки вай
маро фиреб дод. Худаш навишга мегонисг-лекин
навиш гааш бенатича мемонд. Ғайр аз ин ман муаллими деҳа
-чашми давлат дар колхоз, аъзои комсомол, шоҳиди ин
вайронкорию чинояти колхозй шуда бояд ба акт имзо

193
*Муште аз хирвор_____________*Қудратуллои Искидаргй

гузорам. Мани бехирад оқибати имзоро фикр накардау
имзоро гузоштам.

Он рӯз урус то бегоҳ Ҳаитовро интизорй кашиду аз он
дараке надида аз ҷояш хеста хайрухуш карда рафт.

Вай баробари ба район расиданаш дела пур карда бо
акти ман имзо кардагй ба суди халқии район месупорад.

Суди район ҳам ходисаро диру дароз накашида раиси
колхозро ба район ва маро ҳамчун шоҳид ба суд ҳозир шав
гуён тариқи даъватнома даъват намудаанд. Чй илоҷ ман ба
район ба идораи суд рафта даромадам. ки раис Собир дар
онҷо алакай бо супоршни райком корҳоро тахт кардаасту
маро мунтазир.

Ман аз дар даромада ба хама як саломи умумй додаму
повесткаро дароз кардам.

Маро кӯтоҳакак аз рафти ходиса пурсиданду гуфтанд, ки
раҳмат барои ёриатон. Ҳоло бошад ба Шумо ҷавоб.

Ман аз дари суд баромадам, ки раис хам аз паси ман
баромада бо писханд- ха, нависанда, чуту Шумо...хати
хушру доштаӣ! Боз ...ба забони урусй хам менавистайй.
Нагз...офарин... имсол ҳам бо ҳамин хати хушруят дар
ҳамин деҳаи мо муаллим мешудагистй? Ман мақсади расиро
ба хубӣ ҳис кардаму мувофики гапаш ба ӯ ҷавоби муносиб
додам.

-Раисака, ман шумо не, ки одамон даст бардоранду
интихоб кунад ва даст фуроранду бекор кунанд.-гуфта
афзудам, ки - маро маорифи район куҷое таъин кунад
содиқона барои давлати Совета кор мекунам ва чй
супорише ки аз тарафи коркунони районй ва фармоиши
Партия бошад бодилу ҷон ичро мекунам.

Баъди чунин суҳбатӣ «дӯстона» бо раис ман дигар дар
дехаи Сарикутал кор карда наметавонистам. Аз ин рӯ рост
ба назди мудири маориф рафтаму илтимос кардам, ки маро
ба дигар мактаб гузаронад. Бо ҳамин масъалаи кори он сола
ҳал шуду ман бегамакак деха рафтам ва ин воқеаи
гузаштаро ба ҳеч кас нагуфтам. Намехосгам, ки бо ин
рафторам барои муйсафед як ташвиши зиёдатиеро ба миён
оварам.

Рӯзе Қучқорбой аз район, ки ба кори худаш рафта буд,
хабар овард, ки фалон рӯз конфронси муаллимон

194
*Муште аз хирвор

'Кудратуллои Искидаргй

мешудааст.

Ману Майрам-апа ба конфронси муаллимон рафтему
фармони ҷойи кори нави маро гирифта ба деҳа баргаштем.

Майрам -апа ҳомиладор буд ва тахмин баъди ду моҳ
таваллуд мекард. Мактаб ду смена вай таваллуд кунад
дарсҳоро кй мегузаронад? Таърихи порсола боз такрор
мешавад. Порсол ду моҳ-моҳҳои октябр ва ноябр ба ҷои
муаллим ва парторги колхоз Ахмадов ду сменагй даре дода
хаққи хизматро ба ҷаббор супоридем.

Рафик Ахмадов -парторги колхоз ба ҷои ман пурра
моҳонаро гирифта ҳавло барин ҳазм кард ва ба ҷои
«раҳмат» роҳбару роҳнишондиҳандаи раис шуд. Ҳамаи ин
заҳматҳои кашидаи мо бо роҳбарии ғамхоронаи вай буд.

Ин сол ҳам воқеаи порсола дар пеш буд, аз ин сабаб
«итоҷи воқеа пеш аз вуқуъ-гӯён ман ҷони худро халос
кардам. Аз Чорбог ба Сарикуттал пиёда мерафтем, дар роҳ
Майрамапа маро сарзаниши зиёде кард. Ба тавре гӯё
насиҳат кард.

-Чаро бе маслиҳати ман ин корро кардй? Барои чй ба
мактаби дигар гузаштй-гуфт.

Вай ки дар ин деҳа реша давониданй буд, ба ин насиҳатҳо
ҳуқуқи комил дошт. Ман хамаи воқеаҳои гузаштаро ба вай
нагуфтаму фақат ҳамон масъаларо накд кардам, ки шоҳиди
он кор буд ва барои кори шавҳари вай мо бо раис дар
идораи суд-чй «суҳбат»-ҳо кардем.Ва таҳдиди раиеро ба
вай нақл кардам. Майрамапа баъди шунидани ин воқеа
каме паст шуду «кори ношуданй шуд»-гуфт-ҳарчй шавад аз
насиби худат дон. Охир ту кию-раис кй? Ман дигар ба
га.пҳои вай аҳамият ва чавоб намедодам.

Гарқи сӯҳбатҳои дӯстона ба хона расидем. Дар ҳавлй-
лаби харду суфаҳо ду тути солхӯрда буд, тахминан 30-40
сола, ки акнун барои кирмак барг намедоданд, лекин
сермева буданд.

Ҳатто бачахои қишлоқ тути ин дарахтҳоро аз тарси он ки
кампир дуои бад накунад, намехӯрданд. Суфаҳо барои
хобравй нею барои чамъоварии тутҳои мерехтагй сохта
буданд. Кампир пеш аз омадани моён гӯё ки 2-3 пуд тути
хушк ҷамъоварй мекардааст. Он соле ки мо дар ин ҳавлй

195
*Муште аз хирвор

Қудратуллои Искидаргй

зиндагй мекардагй шудем, раиси нав Собирбой (ба тариқи
дӯстона ) фармон медиҳад, ки шохҳои тутҳои пирро буред,
соли оянда барои кирмак навдаҳои сербарг мебарояд.
Раисони пештараи ин деҳа гами кампирро хурда тутҳояшро
кал намекарданд. ки сабаби ризқу рӯзии кампир шаваду
бечораи кампир аз гуруснагй ранч накашад, Собирбой
фикри навоварона пешниҳод карда тутҳоро кал кунонд.
Акнун кундаи бе шоху барг соя надошт.Дар як чамъомади
активони колхоз мегӯяд, ки акнун ғами кампирро
фалғариҳо хуранд?

Барои буриданй тутҳо мо ҳам муқобилият нишон
надодем. Бигзор гуфтаи раис шаваду ба гамхории он кас
плани пиласупорй барзиёд иҷро шавад.

Як шаб ... баъди кал карданй тутҳо падарам маро назди худ
ҷеғ -заданд...

-Биё як дам чақ-чақ кунем,- гуфтанд суҳбатамон, ки дар
бораи Искидаргу хешу табор буд, маҷрои худашро гум
карду ба тарафи кампири холаам тоб хурд.

-Ман-ку аз ин касал намехезам лекин ба ҳар хол кампирро
ягонтаатон даккаю тела накунед, ки арвохам меранҷад,-
гуфтанд.

-Ин чй хаёлотест дар сари шумо. Наход мо кампирро
ранҷонем!- гуфтам.

-Ту ҳоло мактабро тамом накарда будй...рузе аз ҳамин
роҳ мегузаштам. Ҳамин кампири холаатро дидам ки дар руи
ҳавлй ҷумбу -ҷул дошт...Вақти пешин наздик буд. Як афтоба
оби таҳорат пурсидаму пешинро дар ҳамин но хондам. Бо
ҳамин шиносой пайдо кардему насиб будааст гапзанони
хонадорй хам кардам. Ман хаёл кардам, ки агар ба ягон
тагҷои хонадор шавам, шояд ки зиндагиамон беҳтар шаваду
ба мардумаш обгалт шавем. Ман хато кардам каллаи мо бо
каллаи инҳо дар як дег намепухтааст... Афсус... «Ман дар чй
хаёлу фалак дар чй хаёл ман дар гами ободй, фалак
вайронкор !» Инхо мардуми бахили аз ислом чудо... ман
хаёлам аз ин касал намехезам.... Метарсам. ки агар ман рузе
андагиро баҷо орам, мурдаи ман бе ҷаноза мемонад...

Ба ту таинотам ҳамин...он рӯз дур нест... ба ҷанозаи ман
аз деҳаи Яккачугуз Мулломаҷидро мебиёрй... Вай
пешгузашта чанозаамро хонад. Хаёлам насиби хокам хамин

196
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

Сарсонкутал будааст. Мардум як умр ҷону ҷафо мекананду
дар суроги хонаи охират мегарданд. Хонаи ман охируламр
ҳамин ҷо будааст.

-Ба хотират хает, ки ба ту гуфта будам, ки фарзанди 21-
уми ман ҳастй? Баъди ту дигар аз ман фарзанд нашудааст.
Акнун худат ҳисоб кун-тую акоят Муллоаобос мондеду
ҳарсеи апахоят-Хурбибию Ниёзбибию Норбибй. Панч каси
аз хам парешон. Ман тамоми умедамро ба ту бастаам.
Акнун ту хам маро партофта меравй ба умеди кй?

-Додо, ман гуфтам, ку ҳар рӯзи шанбе омада хабар
мегирам. Наход ман шуморо абадй партофта равам?!

-Хайр бандаи Худо... ба Худо месупорамат. Окибати
кората худо ба хайр кунад. Бокй фи амонулло.

Ҳардуямон чунон ба суҳбат дода шудем, ки дамидани
субхро нафаҳмида мондем.

Акнун вақти хайрухуш бо падар расида буд. Ман сачоку
собунро гирифта ҷониби чашмаи таги хонаамон фуромада
сару танамро шустаму барои ба Қиблай рафтан тайёрй
медидам.

Падарам, ки акнун намозашонро бо таяммум ва бо
имову ишора дар болои курпа мехонданд. Даву геҷи маро
дида, ба наздашон имо карданд.

-Канй писари охирин, ин сахар ташвишат зиёд, чй
инқадар даву геч дорй?

Ман маҷбур шудам, ки хамаи воқеаи дар Сарикутал, ки
дар тули як сол аз сэрам гузашта буд, ба падар накл кунам.
Падарам дурудароз фикр карданду оқибат гуфтанд. ки:

-Афсус.-.хайфи умри барбод рафтаю азобҳои кашидаам.
Ман ҳамаи шумоёнро ва худамро дар азоб монда, ба мисли
гурба ки бачаҳои худашро аз чойи зиндагияш-аз гарибй
сагҳо ки бачаҳоямро нахурад-чор- панҷ маротиба аз ҷое ба
чое мекучонидаму чой иваз мекардам. Барои шумоён шуда
чандин деҳаву шаҳру шаҳрчаву гузарҳоро барои зиндагй
интихоб кардаму вале бо шумоён дар ягон ҷое нағунҷидам.

Ба умеди ВАТАНДОР шудан аз ин деҳа хам тааллукдор
шудам. Дар ин ҷой хам нагунҷидем. Акнун вақти он
расидааст, ки оромгаҳамро ёбам. Дигар қувату қудрати аз
ҷое ба ҷое рафтан намонд. Дар гаму кулфати шумоён ҷон
ба чонофарин месупорам.Ҳатто дар хамин лаҳзахо хам

197
*Қудратуллои Искидаргй

*Муште аз хирвор

қароргир нестам. Ин чӣ такдир аст? Чй сарнавиштест?
Акнун қувати гапзанй ҳам надорам... Ба ту чй гӯям? Чӣ ҷои
ran? Вақти ran намондааст!

-Додо,як каф дуо!

-Ба ҳамон дуо кардан ҳам ҳолатам нест!

"Шояд.. .мо дар оянда ватацдор шавем?

-Инаш ба Худо маълум! Боз кй медонад шояд аз худи
шумоён ҳам вобаста бошад. Худо худаш роҳнамоӣ кунад...

-Додо вақт дер шудаистодааст...ман... ба ҷои кори на в
рнфтанам даркор...Ба ман ягон чиз намегуед? Ҳеч набошад
як дуо диҳед!

-Дар охири умр ҳамаатонро чошу пош мебинам. Ду акот
мурданд... Аввалу охир мондед. Шумоён ҳам парешон...
мани шурбахт синаи модарро сахт газида будаам... ҳамаи
орзую умедамро ба хок мебарам...мебинам, ки ту вақти ин
гапҳоро шунидан надорй...Такдир...ай такдири шум...

-Хайр бачем! Паноҳат ба Худо!!! Хезу пуштатро нигоҳ
накарда бирав. Ин сухани охирини аз падар шунидаам буд...

Ман бо сари хам аз назди болини падар дур шудам.
Хаёлам то сари пули Чорбоғ падарам аз қафоям
меомаданд...

Дар мактаби нави деҳаи Қиблай ҳоло ҳафта ба охир
нарасида, маро ба идораи савети деҳот, ки болотар аз
мактаб ҷойгир буд, ҷеғ заданд.

Соат кариб 10-и рӯз шуда буд. Ба идора даромадаму
салом додам. Котиб фамилиямро пурсид. Ман Шарифов
Қудрат-муаляими ҳамин мактаб туфтам.

Котиб гуфт, ки зуд ба хонаатон рав. Падарат бандагй
кардааст...

Ман дар ҳамон ҷойи истодагиям шиста мондам. Гапи
атрофиён дигар ба гӯшам намедаромад. Хдрду гушам
ҷарангос мезад. Гапзадани мардум ба назарам ғурунгоси
хонаи вайроншудаи занбӯрро мемонд.

Индам касе дасташро ба гарданам монда маро ҷунбонида
такон дод: Х,ой мардак худатро нигоҳ дор...ман ба вай нигоҳ
кардам-вақти мардигарй расидааст, хез аз ҷоят, раву
падаратро ба манзил расон, гуфт.

Ман каме ба худ омадаму ба атроф нигоҳ кардам. Ғайри
ҳамин одам дигарон ба кори худ андармон. Ҳеч кас ба ман

198
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

аҳамият намедод.

Дар миёни мардуми бегонаю ношинос ягон каси
мушкилосонкукро ёфтан амри маҳол буд.

Ман аз ҷоям хестаму каме ба худ омада ва роҳи мактабро
пеш гирифтам. Дар роҳ ба Хуҷаев Абдушукур- муаллими
Шаваткй вохӯрдаму ба ӯ масъаларо фахмонидам.

-Падарам бандагиро ба ҷо овардаанд, ман хона рафтам-
гуён ба мактаб надаромада ба қафо гаштам ва нимдавон
роҳи хонаро пеш гирифтам.

Аз Қиблай бо роҳи умумй нею бо рохи талу теппахо
пиёда ба Сарикутал раҳсипор туда, дар як соат шояд
зиёдтар ба Яккачуғз расида хонаи Мулломаҷидро сурог
кардам.

Хайрият он кас дар хона будиянд. Ман аз дар даромадаму
ба он кас рӯ оварда бо оби дида гуфтам, ки: -амак , падарам
бандагиро ба ҷо овардаанду орзуяшон ин буд, ки Шумо
ҷанозаашонро хонед. Инро гуфтаму аз дар баромада роҳи
Сарикуталро пеша кардам. Акнун ман медавидам. Дар ин
ҳолат мондагиятро хам хис намекардай.

Ба хона даромадам, ки падарам дар болои курпача «рост»
кардагй. Бибинигор бобом-бобом гӯён гиря мекард...

Дастмаро болои дастонашон мондам, дастҳояшон хунук
буд. Ба тахмини худам саҳари барвақт ё дами субх нафаси
охирин кашидагй...

Ман аз чй бошад, ки аз ҷоям хестаму кисаҳоямро кофтам,
ки аз таги кисаам як тангаи як сума ёфтам.

Хамон яксумаро гирифта ба кафи дасташон мондаму
панҷаҳояшонро пушонидам. Каме истодаму панҷаҳояшонро
боз карда тангаро гирифтаму ин баракати дасти додом
гуфта ба кисаам андохтам.. Баъд ба атроф назар кунам, ки
фақат Бибинигор миёнашро бо руймол бастасту Вой
бобом...вой бобом мегуфту мегирист.

Дигарон: моиндарам, янгаам-зани Муллоаббос,

муаллимаи Майрам ва боз 2-3 занаки дигар руймолчаҳои
бинитозакунй дар дастҳояшон ба кору рафтори ман назорат
мекарданд.

Ман оҳиста назди моиндарам омада пурсидам:

-Оча, додом чиҳо доранд?

-Мана, ҳамин кафанй-дигар ҳеч чиз надоранд,-гуфт.

199
*Mv,ume азхиувор _________'Қудратуллои Искида£.?ӣ_

-Оча, ман медонистам, ба ман гуфта буданд, ки дар
даруни кафанй пул ҳам доштаанд?

-Не бачем, ҳамин... тамом... вақти аз сандуқ
бароварданам Бибинигор буд. Сонро дар пеши назари вай
афшонпдам, аз дарунаш ягон чиз наафтидааст.

-Хайр майлаш, ба ҳаминаш ҳам шукр очаҷон- гуфтаму
назди мардҳо баромаданӣ шудам. Ҳамаи занҳо ба ман
нигарон буданд, ки кадоме аз занҳо пурсид, ки акнун чи кор
мекунй?

-Шумоён ташвиши зиёдатй накашед, ҳарчи тағдирамон
бошад ҳамон мешавад. Ин дам касе маро ба назди мардҳо
фарёд кард. Дар рӯи ҳавли Муллоабдураҳмон бо ду - се
муйсафед рост меистоданд. Муллоабдураҳмон гуфт:-
Муаллим, хеч ягон тайёрие дорй?

-Амак кутоҳакак ба ман фахмонед, ки чи даркор, баъд
маълум мекунаму мегӯям.

-Аввал, кафанй дорад ё не?

-Кафанй ҳаст.

-Барон имрӯз 300 суми накд даркор, барон ҷанозахонҳо
ва дигар шикасту рехташ. Бокнмондаашро баъди гуру чуб
мегӯям,-гуфт.

-Пули накд надорам, факат ҳамин хари ҳанги, ки дар
лаби хирман барон хизамти хирманкӯбҳо бастагй. Ин харро
зимистон аз Бобича ба нархи 600-сум харида будем. Дигар
ҳеч... Агар аз дастатон ояд ҳамин харро ба ҳамон нархи
худаш ба ягон кас фурушед. То ҷаноза холо вакт хаст...

Акнун ҷанозахонҳо ҳам яктогию дутогй аз ҳар деҳа, ки
хабар карда буданд меомаданд. Ба ҷанозаи муйсафед аз
деҳаҳои Ебизаку Шодикунгурот хабар кардагй будааст.

Амаки Мулломаҷидро худам хабар кардам иншооллох
ҳамрохашон ягон каси ҷанозамехондагиро i ирифта
мебиёранд. Акай Бобича харро бо хамон нарх харидор
мешавад. Бо ин як тарафи масъала х&л шуда монд.

Дигар камбудй дар он рӯз набуд. Аз гурковон як кас
омаду гуфт, ки манзил тайёр.Майитро ба об дароварданду
либоси охират пушониданд. Амаки Мулломаҷид омаданду
болои су фа нишаста даст бардошта «Ино лилоҳи роҷиъун»-
гуфтанд.

Амаки Мулло Абдурахмон «салоти чаноза»-гуфта

200
*Муште аз хирвор ____________*Қудратуллои Искидаргй

мардумро ба чаноза даъват кард. Ҳама саф гирифта буданд,
ки раис пайдо шуду гуфт:

-Муаллим, канй.кй пеш мегузарад? (вай албатта умедвор
буд, ки ман ихтиёрн пешгузарандаро ба вай вомегузорам).

-Амаки Мулломачид аз Яккачугз. Падарам ба
Мулломаҷид ошноҳои кухна буданд. Бинобарин дар вақти
касалияшон «Ба ҷанозаи ман Мулломачид пеш гузарад»-
гуфта васият карда буданд. Ман он касро даъват кардагй.

Раис ба ман наздик шуду дар гӯшам гуфт. -Ман аз худи
дехаи...номи деха дар хотирам намондааст, мулло овардагй.
Муллой номбаркардаашро на ман ва на ҳамдехдгонаш
намешинохтанд.

Дар он солу замон муллоҳо ё подабонй мекарданд е
посбону каровул буданд. Онхо хам аз ҳукумат мета реи данду
хам аз халк ва намозхонияшонро пинҳон медоштанд. Ҳамаи
масчидҳо ё дараш кулф буд ё анбори колхоз шуда буданд.
Мардуми намозхон асосан баъди хоб рафтани аҳли деҳа
намозашонро казо мегузоштанд.

Ман инҷо овозамро касдан баланд кардам, то хама
бифаҳманд.-Амаки Мулломачид хамин чо хастанд. Падарам
маҳз он касро тавсия кардаанд.

Раис каме барошуфта гуфт:- Ихтиёр дорй, мархамат
мурдаатро бардору Яккачугз мебарй ё ҷои дигар худат
медонй! -Вай хам ин ҳарфҳоро бо овози баланд гуфт.

Табист, ки амаки Мулломачид Худо рахмат кунаду
арвоҳашон наранҷад-аз ҷояшон парида хестанду гуфтанд: -
муаллим, ман розй, ҳар касеро ки раис гӯянд.

Шумо якравй накунеду майитро интизорй манзил накунед.
Розй шавед писар! Якравй накунед.

Ман дигар илоҷ надоштам.

—Хайр ихтиёратон.-гуфтам.

Он муллой раис овардагй пеш гузашту ҷанозаро хонд. Ба
манзили охират хам бурда супорид. Бо фармони раис як
поя и тобутро ман аз хона то сари манзил бардошта бурдам.
Аз сари манзил гашта омаданду як дуою фотеҳа карда хама
ба хонахояшон рафтанд.

-Бо хамин рӯзи дигар , сахарин барвақт Бибинигор маро
бедор карду гуфт:

201
*Муште аз хирвор

'Кудратуллои Искидаргй

-Хез, доде, лаби чашма фарою дасту рӯятро бо ин собун
ҳалолу покиза шую сари манзил рав, ҳар чй медонй хону
дуою фотеҳа кун.

Ман сари чашма рафта сару танамро собуншу кардаму
сари манзил рафтам.

Атрофи манзили падарро як давр задаму дар гушае
нишаста ҳар он чй медонистам хондаму гуфтаму дуои
дурударозе кардам. Дар ҳамонҷо- сари гур вокеаи шаби
гузаштаро ба хотир овардаму хориям омаду бе садо оби
дида рухсораамро шуст. Бо фикру андеша гутида чи қадар
дар сари манзил шистанамро намедонам. Як вакт ба гушам
овозе расид, ки номамро гирфта ҷеғ мезад. Офтоб кайҳо
баромада буд. Атрофии қабристонро як аз назар
гузаронидаму дидам, ки аз деҳа интарафтар аз наздикии
кабристон янгаам Бибинигор маро ҷег мезанад. Ман боз як
бори дигар ҳамон чизи медонистагиямро хондаму бо додо
хайрухуш карда хона равам, ки як ду кас фотеҳахонй
омадаанду рафтаанд.

Кадоме аз ҳамсояҳо авқот овардаст. Иштиҳо набуд. Дил
майли ягон чизро надошт. Ман бо сари хам, хонаро бори
дигар аз назар гузаронидаму дар дидагонам ашк чарх заду
тоқат карда натавониста, аз дар баромада роҳи Қиблаиро
пеш гирифтам. Хайрухушро насия гузоштам.

Аз ҳамон соату дақиқа орзуи Сарикуталро аз дил шуста
партофтам.

Ман ҳар боре, ки бо ҳамон роҳ Сайёд рафта бошам дар
гардиши саркунии кутали дараи Огулак нишаста ба арвоҳи
падар дуою фотеҳа карда, мебахшидаму лек ба деха
намедаромадам. Мадорои онро надоштам. Ин ҷое ки
ҳамавакт дуову фотеҳа мекардам аз ҳамин ҷо ба акаам
Маҳмаддатиф худо ҳофзй карда будам.

Ҷанозаи Шарифи Ҷамил ба санаи 30 августа соли 1950
рост омад. Аз он рӯз то ба хол 58 сол сипарй гаштасту шояд
аз он ҳаводис ҷузъиёте аз ёд рафта бошад. Аз ин хотир аз ту
хонандаи азиз узр мепурсам.

Ин буд қиссаи сарсонию сукунати падари бузургворам,
ки дар гӯшае зери анбори хок манзили осудае ихтиёр
кардаву бо ёди ҷигаргӯшаҳояш як ҷаҳон армонро дар худ
фурӯ бурда...

202
*Муште аз хирвор

*Кудратуллои Искидиргй

ОБИ ЗУЛОЛИ ДУШАНБЕ
ВА ЗЕБОСАНАМИ БУХОРО

Солҳои авали ба кор cap карданам, мо се нафар дарғи
дар як ҳавлӣ иҷора менишастем. Ҷурақулу Султонқул-
xoj [абачаҳо дар як хонаю ман дар хонаи алоҳида. Ҳарду
дар як хона ба нияти он ки дар онҷо иҷоранишинонро
шинонида ҳисоби рӯзгорашонро баранд, пушида шуда
буданд. Соҳибхона як кампири оламу одамдидае буд, ки
ҳаёти бешавҳариро аз cap мегузаронид. Асли кампир аз
мардуми води Фаргона буд. Тамоми кору бори кампир аз
рӯи ҳисобу китоб ба роҳ монда шуда, қоидавй буд.
Гарчанде ҳеч оила бе камбудй намешавад, лек кампир
чунон рузгордорй мекард, ки чашми бегона камбудияшро
пайхас намекард. Кампир табиатан занаки вақтхуш ва
хушмӯомила буд. Дар пухту паз ин занаки солхурда чунон
моҳир ва озода буд, ки рафтораш боиси ҳайрати мо
иҷоранишинон гардида, болаззатии хӯрокҳояш акду
ҳушамон рабуда. Чунин санъати хурокпазй на ба ҳамаи
занҳо муяссар мешавад. Пухтани хӯрок як тарафу вайро ба
меҳмон ва ё нафари дигар хурондан низ санъати дигаре
будаст, ки ин кампир бо як лутф ва иззату икромаш
дастурхондорй намуда, таомро ба шумо пешкаш менамуд.
Чеҳраи нуронй ва мудом моломоли табассумаш дар дилҳо
ба зуди хона мекард. Ин буд, ки мо сенафарон кампирро
чун модар иззату эхтиром мекардему аз рафтору кирдори
ин зани муштипар беандоза хурсанд будем. Ману
Султонқул ҳар бегоҳ аз кори театр , баъди намоиш бевақт
ва мондашуда ба хона меомадему ба хуроки гарм эхтиёч
доштем. Дар магозаҳои давлатй ба туфте гайр аз шири
мургу ҷони одам» ҳама чиз ёфт мешуд, фақат мулоҷирингро
дареғ надошта, калон-калон партоед ҳаррӯз хӯроки
болаззат тайёр. Марҳамат аз ин тараф ба боло гузаред!
Хушбахтона мо ҳар сеямон кор мекардему ба тарзи кифоя
хурду хоб доштем.

Ҳангоме, ки ман ба ин ҳавлӣ омадам Ҷурақулу
Султонқул дар як хонааш қариб як сол боз зиндагй
доштанд. Ман баъдтар фаҳмидам, ки як хонааи кампир
холй будасату каси бегонаро онқадар хуш надоштааст. Аз
ин сабаб Ҷурақул дар ин хусуе ба ман ran кушода, маро ки

203
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

дар наздикии театер, дар хонаи як рус зиндагй мекардам,
таклифи банд карданӣ ҳамон хонаро пешниҳод кард.

Ман баъди тановули лағмони чойхонаи «Роҳат» барон
дидани ҳамон ҳавлй рафтам. Роҳбалад Ҷурақул буд.
Хушбахтона соҳибхона дар ҳавлй будааст.. Кампир моро
бо чеҳраи кушод қабул кард. Мо пас аз ба чо овардани
одоби муошират сари мақсад омада, кампирро
фаҳмонидем, ки барон ман хонаи иҷора даркор аст.
Кампир ба ман нигаристу хонаро бароям нишон дод. Хона
бароям писанд омад. Бо кампир зуд гапзанон кардему
розигиашро гирифта, рӯзи дигар ман тамоми чизу чораи
муҷаррадиямро гирифта, ба хонаи кампир омадам. Пас аз
сипарии се-чор ҳафта ман таклиф пешниҳод кардам, ки:-чй
мешуд, ки дар ҳамин ҳавлй шабҳои шанбе донишҷӯёни
ҳамдеҳаамонро ҷамъ кунему ҳар ҳафта як шаб бо ҳам
сӯҳбат ороем. Таклиф қабул шуд. Ҷурақул ин вазифаро
ихтиёрй ба ухдаи худ гирифт. Ҳаминтавр ҳар бегоҳи шанбе
донишҷӯён ҷамъ мешуданду мо бозёфтамонро бо ҳам
медидему аз воқеаҳои деҳа огоҳй меёфтем.

Рӯзҳо паси ҳам мегузаштанд...

Рӯзе дар вакти машқи (репетиция) пагоҳирузӣ ба ман
хабар оварданд,ки дар ҷойхонаи Роҳат як муйсафед туро
мунтазир. Ман ин хабарро шӯхии навбатии ҷӯраҳо
пиндошта, ба ин гуфта он қадар аҳамият надода ба суҳбати
режисиёр, ки дар бораи асари хонда саҳнае тайёр
мекардем-нақл мекард гӯш мекардам. Лек оварандаи ахбор
боз такрор кард, ки туро мунтазиранд, хез назди
чойхонаро давр зада биё. Ман аз барандаи машқ иҷозати
берун рафтан пурсидаму ба чойхона равам, тағоям-
Шарифи Муллорофеъ, ки дар Бухоро зиндагй мекард, дар
болои як кати чойхона нишаста чой менӯшид. Ман
сараввал бо чашмонам бовар накардам. Гумон кардам, ки
ягон одамеро ба он кас монанд кардам. Бори дигар
бодиққат назар кардам, дар ҳақиқат тағоям. Огӯш кушода
бо ҳам вохӯрдӣ карда, ҳолу аҳвол пурсидем. Ман ба он кас
чою нони гарм ва шириниҳо ташкил карда, наздашон
мондему барои ҷавоб гирифтан ба ҷойи кор шитофтам.
Тахмин баъди даҳ дақиқа баргаштаму он касро ба хонаи
иҷоравиамон бурдам. Мо он рӯз кӯчаҳои зебои шахри

204
*Муште аз хирвор

’Қудратуллои Искидаргй

Душанбеи ҷавонро давр задему аз ҳар хусус гуфтугӯ
кардем. Бегоҳирӯзй ҳамаи бачаҳои дар Душанбе буда ҷамъ
шуда назди меҳмон омаданд. Он шаб бо меҳмон суҳбати
ширине карда, то бевакти шаб нишастем.

Имрӯз аз он ҷавонони хушсухбату хушчақ-чақу
давразеби он шаба чандтояшон ин дунёи пурармонро
падруд туфтаанд. Афсӯс...Сад афсӯе, ки дар ин дунёи бебақо
одамони хубро умр вафое надоштааст. Ҷурақул, Султон
Сафар, Давронкули Давлат, Муллосафари Мулломирзо...

Кампири соҳибхона ба мо ва меҳмонони мо аз сидки дил
хизмат кард. Баъди се рӯзи меҳмондорӣ тағоям орзуи
дидани ҷияни калонй- акоям Муллоаббосро кард.

Ман баҳона пеш овардам, ки он кас дар куху подай
колхозро бонй мекунад. Ба он ҷо рафтан айни хол
мушкил...

Лек муйсафед, ки аз Бухоро махз ба нияти дидорбини
омада буд, истодагарй намуд, ки бояд ӯро бинад.Чи илоҷ
ман ночор розй шудам ва ба таго гуфтам, ки меравем. Ва мо
саҳарии барвақт ба рох баромадем.

Аз махаллаи Водонасосная ба автобус савор шуда
роҳи Хоҷа-Оби гармро пеш гирифтем. Баъди чанде ба
дарвозаи даромадгоҳи курорт расидему ронандаи автобус
зълон кард, ки мо ба чойи лозимй расидему он тарафаш
пиёда меравед. Тахминан баъди 2-3 соат ба манзил мерасед.
Мабодо агар гаштатон сует бошаду атрофро тамошо карда
равед баъди 4-5 соат мерасед.

-Ана ҳамин роҳ шумоёнро ба манзил мебарад,- гуфту
роҳи пиёдагардеро ба мо нишон дода, ба мо роҳи сафед
орзу намуд.

Аз хамон дари дарвоза мо ба тарафи чап гаштему бо
рохи пиёдагард ба кӯҳ часпидем. Акнун мо аз Худованд
имдод металабидем, ки ба мо мадад кунад то сихату
саломат ба манзил бирасем. Борамон як ҷомадони як метра,
ки дарунаш пур аз ҳаргуна тӯшаҳо буд. Дарвозабон
хангоми ба кӯҳ часпиданамон гуфт, ки ана хамин кухро ки
cap кардед он тарафаш похез аст. Фақат ба чор тараф назар
накарда ба пеши пойи худ нигаред, тез меравед, агар
тамошокунон равед бепойафзол мемонед ва пойлуч ба
манзил раеидан амри маҳол. Мо гапхои ӯро сарофаҳм

205
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

нарафтем.

Хайр ҳарчи дидем гузашт ва ҳар чй пеш ояд мебинем,
гуфтему роҳамонро давом додем.

Мо ҳаракат карда ба боло мебаромадему пойҳоямон
лагжида боз ба поён мефаровард. Дар пойи ман ботинкам
зимистона буду тагоям махсӣ дошт. Ҳамин тавр мо як
қадам ба пеш мемондему се қадам ба қафо мелағжидем. Ин
ҳолати моро дида дарвозабони курорт ба кӯҳбароии мо
завкбурда механдид. Бо азобу машақати зиёд тахминан мо
куҳи нишондодаи дарвозабонро тай кардему ба атроф
нигарем роҳ дар ҳақиқат ҳамвор...

Азбаски ният кардем роҳро дуру наздиқ пасту баланд
нагуфта пеш рафтан даркор аст. Мо ба ин хотир
қадамҳоямонро калон-калон гузошга роҳамонро давом
додем. Ҳанӯз ним сота роҳ нагашта будем,ки як гурӯх
занонеро дучор омадем. ки бо худ бор доштанд. Мо аз рӯи
одоб ба онҳо роҳ додем ва худро яктарафа гирифтем. Лекин
онҳо баробари мо омада борашонро ба замин партофта
нияти сӯҳбат кардан доштанд. Ҳамаашон занҳои ҷавони
пухта расида ва барои ҳамагуна сӯҳбат омода. Агар ҳай-ҳай
накунй беягон пошт-пошт худашонро ба болоят партофта
маҷаку паҷакатро мебароранд. Ман ба он аҳамият додам,
ки дар пуштораи ҳамаашон ҳезуму дар фарқи сарашон як
лингчагӣ чукрй. Дастҳо ҳамоили серҳаракат.Дастандозон
ба пеш ҳаракат мекарданду ҳатто ба зери пояшон назар
намекарданд. На сарашон мекаловиду на пояшон мелагжид.
Гӯё, ки дар болои роҳи мумфарш роҳ мерафта бошанд. Дар
пой ботинка ё калуш пӯшида буданд.

Онҳо чунон самимона ва беягон шарму ҳаё бо ыо
сӯҳбат мекарданд, ки гӯё шиноси чандинсола бошанд.
Тағоям ҳам аз онҳо паст наомада ба ҷӯяшон об мерехту
сӯҳбати онҳоро метасфонд. Мани артист аз ин сӯҳбати
рушодгуии онҳо лол монда будам. Занҳо борҳояшонрс
болои роҳ партофта майли дамгирй ва бо одамони «шаҳрй»
ҳаваси сӯҳбат доштанд. Мехостанд бо ҳар восита бо
сӯҳбатхои бешармонаи худ нишон диҳанд, ки мо
«шаҳриҳоро» мазоқ ва маглуб кардем.

Тагоям, ки нисбати онҳо гурги борон дида буд, зуд аз

206
*Муште аз хирвор_____________*Қудратуллои Искидаргй_

нияти онхо пай бурда сӯҳбатро чунон чапаю роста
мегардонд, ки онҳо аз ин тавр ранг гирифгани сухбат дар
ҳайрат буданд. Тагом, ки худаш як мардаки базеб ва хуш
чак-чақ буд бе муҳобот ба хамаи он занҳо маъқул шуда,
ҳамаашон мафтуни чунин муйсафеди зиндадилу хандонруй
шуда буданд. Ман ба рафти сӯхбати онхо гуш медодаму
ростй ба тагоям ҳасад мебурдам. Занҳо аз лингчахояшон
чукриҳои тагисангиро бароварда пӯст канда ба тагоям
да роз мекарданду шухикунон бо завқ механдиданд. Ба мани
узбакшакли тунгу карахт ҳеч кас ахамият намедод. Гуё ман
хам кар будаму хам тунг ва ё умуман дар он чо вучуд
надоштам, ки касеро парво аз ман набуд. Тагоям аз ин
фурсат истифода бурда ба гапҳои занон ҷавобҳои муноси
дода ҳамзамон ба холи ман механдид. Дар ҳақиқат аз
сӯҳбати кушоду равшани онхо мани ҷавон дасту по хурда
худамро дар назди тагом ноҳинҷор хис карда, аз хаячони
ботинй наметавонистам чизеро ба забои ораму ба гуфтаҳои
он занҳо ҷавоби муносибе диҳам. Ман мафтуни суҳбати
онҳо шуда будам.Ба онҳо менигарам. Гуё ҳамаашон аз як
модар таваллуд шуда бошанд, ки каду комати расо, руйхои
лоларанг, дандонҳои сапсафеди лоҷуварди,_ чашмони
шахлову абрувони камон, зулфакони то баногуш парешу
ҳамоил лабу даҳонашонро намегӯед, ба мисоли миму барги
бед. Гумон мекунам, ки агар суратгари Монй инчо мебуд у
низ дар офариниши ин чехраҳои дилосо ангушти ҳайрат
мегазид...

Оре, он ҳусну ҷамол, он лутфи латиф ва он қаду
қомат парвардаи боду хавои тозаву рӯҳнавози куҳистон
буд. Охир чунин занони кушодачехраву зиндадил танҳо
хоси кӯҳистон аст. Занҳои шаҳр бошад чунон худро бо ҳар
гуна модахои ороиши орову торо мсдиҳанд, ки гоҳо аз
истифодаи аз ҳад зиёд онхо ба арвох монанд мешаванд.
Сапсафеди бенур. Рангу бори ноҷо ва надониста истифода
барии ороишот онхоро зиштру намуда боиси маломат
мегардонад. Гохо кас чехраи зебои бо харгуна ранг ороиш
ёфтаро дида худ бахуд савол медиҳад, ки чи ҳоҷат руии
зебо бар сафеда?

Гумонам он буд, ки чунин занҳои шӯху ҳозирҷавоб
танхо дар деҳаи ман Дарги Шариф мешаванду ба воя

207
Муште аз хирвор

'Қудратуллои Искидаргй

мерасанд. Лек банда сахт хато кардабудаам. Чунин занони
чеҳракушоду хандонрӯву хушмуомила дар тамоми кӯҳистон
зист доштаанд.

Баъди тахминан як соати дамгирию сӯхбату чақ-чақ
бо париҳои кӯҳӣ мо сафари худро давом додем.

Акнун рохи мо мушкилтар мешуд. Роҳ гоҳ ба қуллаи
теппаҳо мебаромаду гоҳо ба лаби дарёча мефаромад ва лаб-
лаби дарё аз об ин тарафу он тараф гузашта ба тарафи агба
мебурд.

Ҳар гоҳ ки ба теппаи навбати рӯболо мешудем
тагоям мегуфт: -Бачем похезаш ҳамин аст?

Ман ба ин пурсиши тагом, ки ҷомадони пурбори
вазин дар сари китфам буд танҳо табассуми ҷонбаромад
мекардаму халос.

Як чанд маротиба ман маҷбур шудам тагоямро
пуштора карда аз дарё ин тараф ё он тараф гузаронам.
Дафъаи охир ки аз дарё гузаштем ва ба агба бароба шудем,
ман банди ботинкаамро мустаҳкам бастам. Акнун рох моро
рӯ рӯи тарма мебурд. Тахминан пас аз ним соат аз болои
тарма роҳ рафтанамон аз пеш кӯхе баромад, ки зимистон
шамол барфи атрофро рӯфта дар хамгашти кӯҳ бодкӯб
карда буду холо монанди шиша каб-кабуд ях баста буд.
Боло-болои ҳамин яхи шишагй зиёда аз 100 метр ҷойро тай
карда ба куллаи кӯх баромадан лозим буд. Боз кӯхбаройии
пагоқирӯзи такрор шуд. Фақат фаркаш дар он буд, ки
пагоҳӣ агар по мелагжид ягон чизро бо даст капида худро
даст мегирифтем, қоло бошад ҳеч чпзи меқапидагӣ набуд.

Мо як ду кадам мегушзотему аз сабаби лайс будани бол'ли
ях геҷида боз пас мерафтем.

Ҳарчанд, ки зӯр задем, бо ях голиб о» лада
натавонистем. Хдрдуямон хеле сахт монда туда мадори
дигарбора ба ях часпиданамон намонда буд. Ин дам '.агоям
як таклифи олиҷаноб кард. Пойафзолҳоро кашида б.о чуроб
бароем. Таклиф қабул шуд. Ҷуробхои ман ду қаблл буду аз
тагоям як кабат, вале пашмин.

Ман ҷавонтар пеш-пеш, богинкаҳо бо ресмонашон
ба қамдигар баста дар гардан кашол, чомадок дар як даст
ва бо дасти дигар яхро ханчолкашон мебаромадам, тагоям

208
’Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

ҳаракат мекард, ки аз ман қафо намонад. Ҳамин тариқ
қариб кӯҳро баромада будем, ки ҷомадон аз дасти аз хунуки
шахшудаи ман раҳо шуда ба қафо ғелид ва ман онро дошта
натавонистам. Ҷомадони вазнин гелидаравон ба тағоям
бархурду онҳо тагу рӯ ба поин бод гирифтанд. Ман ҳам аз
паси онҳо гелида ба поён фаромадам. Хайрият ҳеч
кадомамон маъюб нашудем.

Хайрият, ки ҳамон духтархову занкаҳо набуданд,
набошад ба ҳоли мо хуб завқкунон механдиданд.

Ман ба тагоям рӯ оварда гуфгам:-Таго ҷои похезаш
ана, ҳамин будааст.

Ҳардуямон як хандаи ҷонбаромад кардем.

Мо ба хулосае омадем, ки бе поймонак боло
баромадан амри муҳол аст.Аммо дар дастамон на корд
дорему на ягон оҳан ва ҳатто дар атроф ягон сангеро иайдо
намекардӣ, ки бо он яхро шикаста поймонак карда боло
бароӣ. Дигар роҳи баромад набуд. Ягона роҳ ҳамин болои
яхи шишагин.

Ман тагоямро дар ҳамонҷо мондаму ба қафо лаби
дарё рафтам, ки шояд ягон тобаи тез ёбам, лек ҳар чанд бо
диққат нигоҳ кардам дар лаби дарё ягон тобасангеро пайдо
накардам.

Охируламр як санги қайроқмонадро ёфтаму ба назди
тагоям баргаштам, ки соат панҷ шуда буд... Ман бе ҷомадон
ба ях часпидаму бо ҳамон санги овардаам яхро зада-зада
поймонак сохта боло баромадам ва ҳангоми баргаштан ба
поён поймонакҳои на он қадар чуқурро аз сари нав зада-
зада чуқуртар кардаму ба назди тгоям расидам. Саллаи сари
тагоямро гирифта ба як нӯгаш дастаи ҷомадонро баста
салларо аз миёни пойҳоям гузаронида, онро бо дандонҳоям
қапида ба боло ҳаракат кардам. Акнун ба осонй бо дасту
пойҳоям поймонакҳоро капидаю зер карда, боло
мебаромадам ва бо дандонҳоям ҷомадонро кашола
мекардам. Тагоям аз поён истода кори маро назорат мекард.
Ман боло баромада ҷомадонро мондаму ба назди тагоям
баргашта, гуфтам:- Канй, тагоҷон аз куҷоятон бандам?

Тагоям нимтабассум карданду гуфтанд:

-Бо ту хамсафар шудан мумкин, ба шарте, ки

209
*Муште аз хирвор

*Кудратуллои Искидаргй

гапзаданро, сӯҳбаткарданро ёд гирй. Дар сафар , бачем, бо
ҳамроҳ ran задан бори хамдигарро сабук мекунад. Охир
ман ин но аз ran задан хаста шудаму ту аз дамфурубастан.

Тагоямро низ бо як нӯгй салла аз миёнашон бастаму
боз нӯги дигари салларо бо дандонҳоям қапида, он касро
кашолакунон ба боло баромадем. Тагоям холи маро дида
гуфтанд, ки:-худатро бисёр азоб надех ман ҳоло бо ин
поймонакхоят худамро ба боло мекашам.

Бо ҳазору як азобе мо кӯҳи яхро маглуб кардему ба
боло баромадем. Ва ин ҷо хис кардем, ки шикамҳо
нақоранавохта хаққи худро интизори доранд. Дар
ҳамвории болои кӯҳ аз ҳарорати офтоб барфхо об туда
ҷорй мешуд. Мо аз ҷомадон нон бароварда дар оби барф
тар карда бо иштиҳо хӯрдем. Нонро агар бо оби барф тар
карда хурӣ аҷоиб лаззате доштааст.

Баъди нонхурй мо боз роҳамонро давом додем.
Акнун рох аз баландй ба нишеб мерафт. Тагом ин рохро
дида ба суйи ман нигариста гуфтанд, кн : Бачем, дар лаҳчаи
мо бухороиҳо похезаш ана, ҳаминро мегуянд, гуфтанду ба
сӯи нишеб шпора карданд,-яъне пойро набардори хам
худаш бевосита барои нигох доштани мувозинати бадан,
тез-тез аз замин мехезад ва ба пеш ҳаракат мекунад.

Баъди 15-20 дакиқа рохгаштан рох ба ду ратаф
тақсим шуд. Мо каме сари дуроҳа истода ба ба чапу рост
нигаристем. Рохи тарафи рост пайроҳаи камомаду рафтро
мемонд, ки дар он изи пойи тоза дида намешуд. Вале дар
роҳи тарафи чап пайи пойи тозаи одам ва молу гову хар
дида мешуд. Мо тахмин кардем, ки роҳи рафту омад хамин
аст ва бо он рохамонро давом додем. Баътар фаҳмем, ки мо
рохи наздикро монда ба роҳи дур равона шудаем. Агар
тавассути рохи рост мерафтем пас аз 10-15 дақиқа ба деҳа,
ки дар хамгашти теппа будааст мерасидаем. Рохи интихоб
кардан мо рохи хамвор ва похез буд. Мо пас аз чанде рох
рафтан табиист, ки роҳро гум кардем. Аз пеш як сурук
гӯсфанд баромад. Аз дур чӯпон моро дида Давида омад. Ба
чӯпон назар кардам, ки шинос ҳангоми муаллимиям дар
дехаи Сарикутал ҷувозкаш буд. Номаш дар ёдам мондааст
Абдучаббор...

210
*Муште аз хирвор

’Қудратуллои Искидаргй

Ӯ бо мо гарму ҷӯшон вохурй карду ҳамзамон пурсид,
ки нос доред. Тагоям носкадуро аз киса бароварда ба ӯ
дароз карданд. Абдуҷаббор як нос кашиду дар ҷояш
нишаст. Тахмин баъд аз 3 дақиқа даҳонашро аз нос холй
карду афзуд, ки се рӯз боз рафикдмро барои нос
фиристондаму то ход аз ӯ дараке нест.

Ман дар рафти сӯҳбат аз акаам пурсидам. У ба ман
рӯ оварда гуфт, ки:-деҳаи акаатон зиндагй мекардагй қариб
5 километр боло монд. Шумоён роҳгум задаед.

Ба қафо гаштани мо дар он торикй маъное надошт.
Абдуҷаббор гӯё аз мақсади мо пайбурда буд, ки таклиф
кард, ки:- Як шаб ҳамроҳи мо монед, ҳеч ran не? Пагоҳ
харҳоро медиҳам савор шуда ба деҳа меравед.

Худи мо низ интизори ҳамин як ишора будем. Қуши
чӯпонияш он қадар дур набудааст. Мо зуд ба он ҷо
расидем. Абдуҷаббор даррав дегро гирифта болои алов
гузошту нос пурсид. Гӯшаи чашмам ба ӯ афтод, ки кафи
дасташро пур карда ба даҳонаш андохту банди
шалворашро дошта ба поён давид. Ман ҳайрат зада ба
тагоям нигаристам. Тағоям, ки аз одати одамони
беносмонда огоҳй доштааст ба ман ишора кард, ки хомӯш
бош. Ман баргашта дегро аз болои алов гирифтаму
чойҷӯшро ба алов наздиктар мондам. Фурсате нагузашта
оби чойҷӯш ҷӯшид. Ман ҳарчанд чойнаку пиёла кофтам ҳеч
чиз ба назар нарасид. Танҳо болои колаҳо як куружкаи
солдата ғелида мехобид. Ҳамонро бардошта бо оби
ҷӯшомада шустаму ба тагоям оби ҷӯш рехта додам.
Ҳардуямон то омадани Абдуҷаббор нимкуружкагй обиҷӯш
омада нӯшидем. Абдуҷаббор аз паси буттаҳо пайдо гашту
дасту панҷаашро шуста дегро аз сари нав болои алов
гузошт. Ман болопӯши туқумро паҳн кардаму туқумро
тагсарй карда дароз кашидам. Дигар аз дунё чи гузашт
хабар надорам. Пагохй аз хоб хезам, ки на Абдуҷаббор
хасту на хару на гӯсфандон. Ману тагоям танҳо.

Дар лаби чашма дасту рӯй шустему роҳи Муғайту -
деҳаи акаам ро пеш гирифтем.

211
*Муште аз хирвор __________*Қудратудлои Искидаргй_

ДАР МЕҲМОНИИ МУЛЛОАБОС

Тахминан соати 8 пагоҳирӯзй ба деҳаи акаам
расидем. Ӯ бо нияти шинонидани картошка^ дар замини
назди ҳавлияш ҷуфт меронд. Кадоме аз кӯдаконаш ба
наздаш рафта мегӯянд, ки:-додо, дар ин сахари барвақт ду
кас ба хона омадаанд. Акаам ба суй мо нигариста моро
мешиносад ва ҷуфти говаро монда ба пешвозй мо меояд.

ӯ аввал бо тагоям ва баъдан бо мая вохурй карда
ҷомадонро аз дастам гирифт. Мо роҳравон аз хамдигар
пурсупос мекардему аз саломатй ва ахволи хамдигар хабар
мешудем. Ба хона омада расидем, ки ҳамсояҳо низ ҷамъ
шуда омаданду моро ҳалқавор печонида ахвол пурсида аз
мо харгуна чизро пурсон мешуданд. Мо низ кӯшиш
мекардем, ки ба кадри тавоноамон ба пурсишҳояшон
посухе дихем. Акаам ҳамаи ҷамъшудагонро як ҷоя бо мо ба
хона даъват намуд. Баъди шиносои бо мо банда аз мадди
назари онҷо будагон берун мондаму тагоям, ки мехмони
оликадр ба ҳисоб мерафту аз Бухоро омада буд, мавриди
тавачҷӯҳ ва пурсишхои гуногун қарор гирифт.Акаам ба
ташвиши рӯзгордории худаш дарою баро мекард. Янгаам
аз хама серкортар менамуд. У мисли тортанак барин даву
тоз карда чи карданашро намедонист. Г ох як зарф ва гохе
зарфи дигареро ба даст мегирифту боз гашта дар ҷояш
гузошта ба хонаи дигар медаромад. Аз осемасарй
намедонист чй кор кунад. Зеро мо ки ногахон аз дар
даромада омадем барои хонадони акаам як ташвиши
гайриоддие ба миён оварда будем. Дар чунин ҳолатҳо
албаттара аксар одамон даступо гум карда, онҳоро ҳаяҷоне
фаро мегирад.

Кадоме аз ҳамсояҳо дар назди оташдоне, ки моро он
ҷо шинонда буданд дастурхон густурда, дуто фатири гарм
гузошта, чой дам карда оварду ҳамаро даъват ба дастурхон
намуд.

Фурсати як пиёла чойнӯши нагузашта буд, ки як
табақи калон моҳибирёнро оварда назди мо гузоштанд.
Моҳии бирён шуда гулмоҳй буд. Гулмоҳӣ устухони кам
дошта, таъми лазизе дорад .

212
*.Vlyiume аз хирвор___________*Қудрату.глои Искидаргй—

Дар рубарӯи ман муйсафеде нишаста буд, ӯ ба
моҳихӯрии мо нигариста табассуми маънидоронае мекард.
Ҳар чанд ману тағоям таклиф мекардем, ки марҳамат моҳи
хӯред ӯ бо табассум мегӯфт, ки -ҳоло шумоён гиред, ман
баъд.

Ману тағоям моҳиро аз пӯсташ ҷудо мекардему
танхо гӯшгашро мехӯрдем. Баъзеҳо якто нимто
мегирифтандӯ барои зебаш дасту даҳонашонро
меҷунбониданд. Эҳсос мешуд, ки чашмҳо хурдани моро бо
завқ тамошо доранд. Ҳангоме, ки дар табак моҳӣ намонду
мо даст аз хӯрдан боз доштем, муйсафед гуфт,-акнун
навбати мак.

Мо ба сӯи ӯ нигаристем. У аррапушти моҳӣ ва сари
қоқи онро аз думаш бардошта сарозер ба даҳонаш мебурду
бо як завқе онро нахойида фурӯ мебурд.

Ману тағоям аз ҳаяҷон чашмонамонро калон
кушода ба сӯи ӯ менигаристем. Муйсафед ба мо ва
агрофиёнаш аҳамияте намедод. У устухонҳоро яке паси
дигаре фурӯ мебурд.

Тагоям ба гӯши ман пичирос занон гуфт:- Хезед,
бачем аз инҷо меравем, хозир вай гулӯгир шуда мемурад,
мо ҷавобгар мешавем.

Ман оҳиста ба мардуми онҷо буда назар афкандам,
ки онхо ба сӯи муйсафед нигариста завқ мебаранд.

Аз ин хулоса карда ба тагом гуфтам, ки ташвиш
набошед, ӯро ҳеч балое намезанад...

Рӯзона бо тағо лаб-лаби дарёчаи хунуку шӯхи кӯҳй,
ки аз таги тарма ҷорй шуда меомад то пешин тамошо ва
сайр кардему моҳигирии мардуми кӯҳистонро, ки барои мо
мохй шикор мекарданд тамошо намудем. Акаам як
гӯсфанди қадбаланди фарбехи хисориро кушта майда карда
то вақти xv рок и нисфирузй як кабоби чӯпонӣ тайёр намуд.
Тариқи пухтани кабобро хамон чӯпоне, ки гӯсфандро ба
ивази гӯсфаде оварда буд нақл кард:

Баъ ;и гӯсфандро аз пӯст баровардан гӯшташро бо
табарчаи тезй касобй майда карда бо равғани доғ накардаи
худаш омехта карда намаку мурчу қаламфур ва гашничу

213
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидарги

пиёзи кабуду шибити реза кардаро бо гӯшти хом омехта ба
ҳамон шикамбаи тоза кардан худаш ҷой карда барон тоза
нигох доштан ба ягон латтаи дар об таркарда шуда
печонида (агар танӯри заминӣ бошад беҳтар) ба танӯр алов
монда, онро тасфонида гӯшти шикамбаро ба ҳамон алов
гӯронида аз болояш боз ҳезум монда, қурро зиёд намуда
баъдан даҳони танӯрро бо ягон српӯш ё зарфи дигаре
пӯшонида маҳкам мекунанд. Гӯшт тахминан дар ҳамон
равгану шарбаги худаш якуним соат ҷӯшида ба кавле
мумиё мешавад Дар чунин ҳолат гӯшт чунон мулоиму
болаззат мешавад, ки аз хӯрданаш як ҷаҳон ҳаловаз
мебаред. Чунин таоми лазизро дар боду ҳавои тозаи
доманаи кӯҳ бо як кайфияте истеъмол менамоед. Бай, бай
он кабоб дар як даҳон ҳазор лаззат дошт.

Шикам ки сер шуд, дар ин боду хавои тоза касро зуд
хоб ғалаба мекунад. Мо одамони шаҳр, ки бо ҳамон шуру
шавқи шаҳр одат кардаем, дар ин гӯшаи орому хуш ооду
ҳаво ва тананинандозии овози мургакон асаби худро
оромиш дода, чанд соатро ба дасти хоб додем. Ман аз
таъсири хунукй бедор шудам. Пои майибам дард мекард.
Аз ин ҳол ба тагоям чизе нагуфтаму аз хамсояи акаам
оҳистаяк пурсидам, ки сандали дорй?

Вай бо тааҷҷӯб ба ман нигариста гуфт:-Инҷо хама

сандали доранд.

-Ба ман сандалии хама даркор не, худат сандалй

дорй?

Дорам...

Ин тавр бошад, сандалиро аз кури алов пур намуда
гарм кун. Пойҳои ман, яъне Қудрат маъюб. Аз рӯзи
таваллуд то ба ҳол. Дирӯз се-чор маротиба пойи луч аз об
гузаштам ва шабона дар бошишгоҳи Абдуҷаббор пойхо
хунук хӯрда, акнун дард карда истодаанд. Ман бояд ин
ходаҳоро гарм кунам, набошад пагох ба ҷои кор расида
наметавонам. То ҷои кор расидана с и хат бошанд, баъд чи
қадаре, ки дилашон хоҳад дард кардан гиранд. Дар
Душанбе духтурҳо хоҳу нохох табобат мекунанд. Х,еч
набошад барои кор набаромадан варакаи беморй

214
*Муште аз х up вор

*Қудратуллои Искидаргй

медиҳанд. Инҷо чй медиҳанд? Азоби бепул?! Не, асло
даркор не!...

Ҳамсоя аз ин гуфтаҳои ман хандиду ҳозир гӯён ба
сандалияш ду бели калон қури алови арча рехта маро дар
сандалй ҷой кард. Аз ӯ илтимос кардам, ки ҷойи хоби маро
ба ҳеҷ кас нагӯй. Худо хоҳад то бегоҳ пойҳоямро табобат
ва чашмонамро аз хоб сер мекунам...

Аҷоиботи он рӯз

Бегохй Муллоаббос ҳамаи мардҳои деҳа ва баъзе
ошноҳояшро аз дигар ҷо назди мехмонон хабар карда буд.
Подабонону чӯпонон низ даъват шуда буданд. Хона аз одам
лаболаб буд. Ману тағоям аз ҳама боло менишастем.
Муйсафеде, ки дар борааш мехоҳам ҳарф бизанам Набй ном
дошт. Амаки Набй дар ҷойи дӯстдоштааш-лаби оташдон
нишаста буд.

Дар назди амаки Набй як карсонтабақи калон
меистод. Аз ҳамсояҳо касе, ки меомад, албатта як табак
хӯрок ва дуто нон меовард.Табақи хӯрок аз назди меҳмонон
cap карда то охири маърака давр мезад. Қар кас аз табак
насиба гӯён як чиз ним чиз мехӯрд. Аввали табақ насиби
ману тагоям буд. Дар қатори табақи таомҳои омада ош,
шӯъла, ширбиринҷ, шӯрбо буд, ки онҳо хӯроки бо даст
мехӯрдагй буданд. Хӯроки дигаре амсоли ярма, гандумкӯча,
туппа, умоч, ва ғайра ки бо чумча мехурдй. Он шаб ҳамагй
18 табақ хӯроки гуногун омад, ки ҳар кас мувофиқи таъбаш
аз он хӯрданд. Боқимондаи таомро дар ҳамон карсон
табақи калон мерехтанд. Тахминан ду сатил хӯрок ҷамъ
шуд. Ман гумон кардам, ки янгаам ин хӯрокро ҷамъ карда
ба говҳояш медиҳад. Гумонам хато баромад.

Фазой хонаро сӯҳбати гуногун пур карда буд. Он ҷо
будагон байни худ мегуфганду механдиданд.

Баъди ҳамаи ин акоям тахминан панҷ кило биринҷро
ош карда будааст, ошро дар табақҳо кашида оварданд. Даҳ
табақи дигар ош омад. Мардум ду, се, чор, панҷ нафарй ба
табақҳо дарафтода ба қадри иштиҳояшон ош хурданд. Ману
тагоям як ду маротиба ба табақ даст бурдему халос. Қариб
дар ҳамаи табақҳо ош зиёдатй кард. Онро низ болои хӯроки

215
*Мушпге аз хирвор

*Кудратуллои Искидаргй

дар карсонтабақ; буда рехтанд. Он пур шуд. Акнун ин
карсонро ду кас бардошта наметавонист. Се каса
карсонтабақро бардошта оварданду назди Набй монданд.
Набй аз ҷояш хесту ҷомаашро кашида остинхои куртаашро
то оринҷ бар зада, баъд дузону назди табак нишаста гуфт:
-Шумо хурда сер кардетон? Як кием бале мо сер кардем
гуфтанду қисми дигар бо ишорати cap тасдик карданд.

-Ба ман хеч кас шарик намешавад?

-Ош шавад, Шумо акнун бозавқ бошед,-гуфтанд.

-Хайр майлаш боз пушаймон нашавед?!

-Асло, шумо бахузур бошед.

Набй бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим, ба нияти шифо, ба ин
шикам даво-гуфту дигарон хандиданд.

-Иби, бачем! Вай чикор карданй?

-Вай нияти ҳамин тагораро хӯрдан дорад.

-Рост? Ҳазл мекунед? Ин қадар хӯрокро читур мехӯрад?
Охир вай ҳайвон не-ку?

-Ман хам дар ҳайрат. Биёед тамошо мекунем.

Набй ба дигарон фармуд, ки нонпораҳои болои
дастурхонро чамъ карда назди ӯ гузоранд вай нонпорахоро
дар ҷой-ҷойи тағора зер карду гуфт, ки акнун ягон нафар
рафта аз даре як сатил оби хунук биёрад. Ҳамаи фармудаҳо
иҷро шуд. Набй ба хӯрдан cap кард. Мардуми дар хона буда
аз ҷой нимхез шуда ин ҳолатро тамошо мекарданд. У бо
завқ мехӯрд. Фурсати хоидани хӯрокро надошт. Дасташ ба
монанди тири обҷувоз мебаромаду медаромад. \ар чй аз
лабхо ба дарун дарояд, нохоида фурӯ мебурд.Набй-амак ба
хоидани таом вакт надошт. У лукмаро фурӯ мебурду сари
хар 6-7 дақиқа об мехост. Ҷавоне, ки ин хизматро ба душ
гирифта буд, ба ӯ аз сатил бо косае об медод. Косаи об гуё
ба зарфе мерехта бошад, ки бо як дамкашидан холй мешуду
ҷавон боз косаи об дар даст назди Набй амак рост меистод.
Тайи 40-50 дақиқа Набй мехӯрду менӯшид. Мардум ба ӯ
тааҷҷӯбзада менигаристанд. Баъзехо аз ин тарзи хӯрокхӯрй
РӮ туруш карда танхо бо гӯшаи чашм ба ӯ менигаристанд.
Тагоям, ки бори аввал ин холатро тамошо мекард ду даста
гиребонашро дошта тавба мекард. Ҷавон сатили дуюми

216
*Кудрдтуллои Искидаргй

*Му ште a t х up вор_____

Обро овард. Карсон охиста-охиста холй мешуд. Косаи об аз
белой лукма ба ҷиғилдони Набй мерехт. Ҳамин тавр карсон
холй шуду мардум охи сабуке кашида W
нишастанд. Набй карсонро рӯи даст гирифта онро поки
лесида баъдан панҷахояшро лесида тоза намуда, худоро
шукр намуд, ки имрӯз як каме сер шуд ва аз ҷояш боло шуд
ҷомаашро ба тднаш гирифту аз дар берун шуд•

Ҷамъомадагон низ гӯё интизори хамин буданд, ки я
паси дигаре бо мо худо хофизй кардаву моро ба мехмони

даъват намуда ба хонаҳояшон мерафтанд. м м

Тагоям гох ба ман менигаристу гох ба акаам. Маълу
буд ки чизеро пурсидан мехохаду лек фурсати муносиб
барояш даст намекал. Акаам „нро низ
тагоям табассумкунон интизори мекашид.
тагоямро дида, токат карда натавониста аз он кас Доит
- Taro, хаёлам кадом масъалае шуморо азоб дода

истодааст? Мархамат карда, тап занед! оасЬт^

-Бачем, ахволи ин одам чи мешуд. Ваи уҷ Р Ф
Шояд ба вай ягон ердам ловим бошад? Ҳамсар iюрад? VI*
кадар хӯроки хӯрдагии ии одам куҷо мешавад? Боз кафида

ҳаром намурад? ,

Акоям аз ин ташвиши тагоям хандида гуфт.

-Тагоҷон, шумо ташвиш нашавед. Ваи намемурад. У
қоло ба лаби даре рафт. Либосхояшро кашида т^»би
хунуки дарё оббозй карда, хонааш рафта то сахар гелид
Гбмеравад. Дар хонааш хел кас „адорад.Бечо? хамса^ш
соли гузашта бандагй кард.Ин бенасибро ягон бева ба кала

намегирад.Ҳозир он кас якка йгит...

Дар бораи хаёту зиндагии ин одам нақлу ҳикояҳо
зиёде хает. Пагох сахар хангоми чойи субхона чак-чақ
мекунем худаш саргузашташро нақл кунад бехтар.

У Акаам барон мо ҷойхоб тахт мекард. Ман ба тагоям
гуфтам ки:-Аз хамин соат Шуморо ба акаам месупораму
сахар барвактар бармегардам. Кайфияти ин рохро худагон
дадед Бояд соати 7 бегох дар ҶОЙи корам шавам. Шумо
ягон хафта аз боду ҳавои тозаи кӯҳистон халоват бурда каме
дГгиред-Боз, ба ин ҷойхо омадани Шуморо Худо медонад.

217
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

Ҷойхоб омода шуд. Мо бояд истироҳат намоем.

Лек,рӯзона дарк карда будам, ки имшаб-шаби
«Лайлатурқадр» мешавад. Мо шабзиндадорй мекардем. Аз
рӯзҳои гузашта, авлоду аҷдодро ёд карда бо ҳам чақ-чақ;
карда торикии шабро ба дасти субҳидам додем. Тагояму
акоям ба нияти таҳорату намози бомдод аз ҷой
бархостанду ман сарро ба болишт часпонидам...

Садои Муллоаббос маро аз хоб бедор кард.Зеро
ҳамсояҳош ки ба дидорбинии мехмонон омада буданд
беруни дар истода аҳволпурсӣ мекарданду ӯ онқоро
таклифи хона менамуд.

Ман зуд аз ҷойи хоб хеста, сачоқ дар гардан лаби
даре рафтам.

Ба оби даре назар кардам дарёчаи шух аз санге ба
санг сарашро зада ҷорист. Ин дам дар назарам тофт, ки
касе дар он тарафи дарё мехезаду мешинад. Аҷабо ин кй
бошад? Дурустар нигарам амаки Набй...

Пойафзолро кашида, аз об гузаштам. Винам як
лингча дар даруни обу даҳонаш бастагй ва дарунаш
меҷунбад.

-Амаки дар ин саҳарин барвақт инҷо чикор мекунед?

-А-ааа. Муаллим ин шумо? Ҳамту... як давраи
ҷавониро ба хотир овардам... Оби ҳамин шохаи дарёро банд
кардаму аз зери ҳамин санги дуқӯша камтар моҳй доштам.
Гуфтам меҳмони бухорогй як бор аз гулмоҳии Ширатола
сер шавад.Ин гулмоҳиҳои мо бисёр ботаъму болаззатанд.
Чунин моҳй дар оби гарми шаҳрҳо намешавад. Ин зор
монда аз оби гарм кимоб

Ман амаки Набиро ба чой таклиф кардам.Ҳамрох ба
хона рафтем.Тагоям ману Набиро дида ба пешвозамон
баромаду бо амаки Набй бисёр гарму ҷӯшон вохурй
карданд.

Баъди чойи пагоҳирузй акаам харашро туқум зада ба
ман дод, ки то Сайёд савор шуда равам. Ман ҳам нозу нуз
накарда харро савор шуда то Сайёд рафтам ва дар хонаи
Қучқорбой як чой нӯшида харро ҳамонҷо мондаму роҳи
Душанберо пеш гирифтам. Баъди як ҳафта тағоям назди ман

218
*Муште аз хирвор

' Қудратуллои Искидаргй

омад ва ду рӯзакаки дигар меҳмон туда роҳи ватанашон-
Бухорои Шарифро пеш гирифтанд. Аз он рӯзҳо то оа имруз
як чанд суратҳои бо хам гирифтаамон ёдгор мондаанд.

Тобистони ҳамон сол мо дар шаҳри Тошкент гастрол
доштем. Баъди тамом шудани гастроли театрй ман аз хамон
ҷо отпуск гирифта назди тагом Бухоро рафтам. Дар Бухоро
ҳама гизо нағз амвои хӯрданияш ҳазор-ҳазор. Мардумонаш
меҳмоннавоз. Хешу табор часпону кадрдон... Лек камбуди
он ки оби нушокй надошт.

Оби Бухоро бӯи нохуше дорад, ки онро ҳеч як чизи
дигаре пест карда наметавонад. Як рӯзи аз кор озод
буданаш тагоям гуфт, ки ман як ҷураи чойхоначи дорам,
туро назди хамон мебараму бо чойи талхи Бухоро як зиефат

медикам. Ман розй шудам.

Дуямон оҳиста-оҳиста сӯҳбаткунон аз чанд кучаю
пасткӯча гузашта оқибат ба як чойхона даромадем.
Чойхона аз дур дар назарам ҷои шинос барин менамуд.
Чойхоначй ҷавони зебо. Моро пешвоз гирифту дар ҷоии
намоёни чойхона бурда чой кард. Баъди шиносоию колу
ахдод пурсй чойхоначи хамрохи мо як пиёла чои гирифту
ба назди самовораш рафт. Пас аз рафтани чойхоначй
тагоям аз ман пурсид,ки:-кане, ҷиян таъми чои чихел. Ба
шумо маъқул шуд?

Намедонам маро кадом паша газида буд, ки ин
таърифи тагом бароям писанд наомаду бо як сарди гуфтам:
-Чой хамон чой ба таьриф намеарзад. Бухоротон об
надорад! Танҳо ҳамин як камбудй.

Аз шунидани ин гапҳо тагоям тағйир ёфтани ҳолати маро

фахмида гуфт:

-Майлаш, бачем, бемалол. Агар ин чойи овардагии
чойхоназй маъқул набошад дигарашро мефармоем. -Агар
бемалол бошед, ман худам рафта биёрам.

-Ҳеч ҷойи малолшавй нест. Мархамат!

Ман чойнакро гирифта назди самоворчй рафтаму
илтимос кардам, ки ин чойро партояду чойнакро бо оби
ҷӯш шуста чойи тоза дам кунад ва хоҳиш кардам, ки
чояшро бисёртар партояд, Чойхоначй фармоиши маро

219
*Муште аз хup вор

*Қудратул.1ои Искидаргй

бекаму кост иҷро намуд. Пекин чойи ман ҳам таъми обро
нагирифт Ҳамоно об буй мекард.

Ман ба тарафи тагоям нигариста гуфтам. ки :
-Тағоҷон бӯи ин обро ҳеч чиз нест карда наметавонад.

Агар ҳамин вакт ягон касе пайдо мегашту мегуфт, ки
марҳамат як пиёла оби Душанбе нӯши ҷон кунед 25 сум
медодамаш.

Тагом аз ин гуфтаҳои ман сахт малол шуду ба сӯи
ман дурудароз нигариста, бо як ноумедии дилрешкунанда
бароям гуфт:

-Бачем, савдои ману Шумо напухт...

Ин гапи тагом чй маънй дошт, баъдтар фаҳмидам. Яъне
тагоям дар бисот як духтар дошту ҳамонро ба ман побаст
карданй будааст, ки хун бетона нашавад. Лек насиб
набудааст.

Чи тавре ки мегуянд тақдирро тадбир нест.

Бо ҳамин ман оби зулолу хуштаъми Душанберо ба духтари
бокираи Бухоро иваз накардам. Яъне оби тозаю ширини
Душанбе бароям аз духтари Бухоро беҳ намуд...

ЗИЁРАТИ ҲАЗРАТИ БАҲОВУДДИН

Акаам Муллоаббос одате дошт, ки рӯзҳои ҷумъа
намозашро дар масчиди Хоҷа Яъқуб мегузошту баъди
пешин ба хонаи ман меомад. Ин кораш бисёр писандам буд.
Зеро мо бо ин васила ҳар ҳафта бо ҳамдигар вомехӯрдему аз
аҳволи якдигар пурсон мешудем.Ман ба ин одат карда
будам. Агар мабодо Муллоаббос ба ягон коре андармон
мешуду омадан наметавонист, ман хавотир кашида бегоҳ ба
хонааш мерафтам.

Фирдавс, ки қариб як сода шуда буду ҳоло pox
намегашт ва давраи ширинии кӯдакияш буд, бисёр дустрӯяк
буд ва сабаби ҳар ҳафта ба хонаи ман омадани акоям шуда
буд.

Ман аз дастчаҳои хурдакаку нозуки ӯ дошта барояш
роҳравиро меомӯзондам. Ин вақт акаам даромада омаду
Фирдавсро ба бағалаш гирифта дӯстдорй намуд.

220
*Муште аз хирвор

'Қудратуллои Искидарги

Ман зуд чой мондаму назди акаам дастурхон
густурдам. Акаам гуфт, ки:- ман ба назди ту ба коре
омадаам. Як дам шин бо ҳам маслиҳат кунем.

-Шумо чоя гардонида баҳузур ва саросема нашуда
гапатонро гуфтан гиред, ман мешунавам,-гуфтаму
чойникро бароварда бо оби ҷӯш шуста чой дам карда ба
назди акоям монда дар тараддути хӯрокпазй будам, ки аоям
гуфт:

- Гапи ман мегуфтагй -гапи кучагй нест. Онро бояд баҳузур
нишаста туш кунию хулоса барорию ҷавоби муносиб диҳӣ.
-Хуб, шудааст акаҷон, набошад ман мешунавам. Ҳоло
Ҳуқуки гапи Шуморо буридан надорам.-- гуфтаму пиёзу
сабзй гирифта барои тозакунй наздашон омадам.

-Марҳамат, гӯшу ҳушам ба Шумо!

-Ман Бухороро ёд кардам.

-Ҳамааш ҳамин? Ё ягон гапи дигар хам доред- Як бори
дигар тагоро бинам...ҳазрати Баҳовадинро зиёрат намоям,
баъд тавакал ба Худо...

Аз ин гапи акаам дилам тах кашид.Инро ба акаам
изҳор накарда гапро ба шухй гардонидам.

-Хайр. ин орзуи кам не! Боз давом дорад?

-Кайҳо боз ин орзу дар дилам ҷой шудааст.

-Қариб нисфи умратон дар Бухоро гузашт, магар ҳазратро
зиёрат накарда будед?

-Имконияти зиёрат набуд. Мо онҷо мардикорй мекардем.
Фикру зикрамон кофтукови кор буду сарфаю сариштакорй,
ки ду танга пасандоз шаваду ба диёр дасти холй
барнагардем, то боиси хандахариши мардуми бегонаву ёру
дӯст шавем.

-Қадри ҳазрат акнун пайдо шуд, гӯед? Е ки инҷо ягон
сабаби дигаре хает?

-Ҳеч сабаби дигаре нест. Танҳо дар охири умр
мехохам ҳазрати пирро зиёрат кунам.Дилам танхо ҳаминро
мехохад. Як сол зиёд шуд, ки ин фикр маро ором
намегузорад. Ин фикрро кайҳо мехостам ба ту фахмонам,
аммо намедонистам, бо кадом роҳу восита. Имрӯз бошад аз
сахар қасд кардам, ки ҳатман ин сирро ба туи махмаддоно

221
‘Қудратуллои Искидаргй

*Муште аз хирвор

ифшо намоям. Худо ба шукр, ки онро ҳоло ба ту гуфтам.
-Фаромӯш карда будед, ки ман додари Шумо мешавам? Ва
барои ҳамин ҳам ду калима гапро то ба имрӯз дар дил
гирифта гаштед?!

-Охир рафтану омадан ва хароҷоти роҳ маро гарант
карда буд, намедонистам чигуна рафтор намоям.

-Ман имрӯз рафта, чипта мехирам, шумо як карсон кулча
мефармоед, боқимонда хароҷоти роҳ ба гардани ман, боз
чи? -Ҳамааш ҳамин.

-Ин тавр ки бошад, аввал накдашро мебинем.

-Нақдаш боз чй?

-Накдаш ҳамин ки аввал якто палови дастии кори калон
мепазему ҳардуямон то омадани очаи Фирдавс тановул
мекунему Шумо ако ба арвоҳи гузаштагон дуою фотеҳа
мебахшед. Баъди омадани янгаатон, хонаро ба вай
месупорему ҳардуямон ба стансияи поезд меравем, чипта
ки гирифтем, рӯзи рафтан муайян мешаваду ман Шуморо
ба автобус ва ё тролейбус савор мекунаму ба хона бар
мегардам. Нақдаш ана ҳамин акоҷон...

-Ин гапи тамоман дигар. Ман розй.

Акаам чунон хурсанд шуд, ки гуё худи ҳозир қанот
бароварда парвоз мекунаду Бухоро меравад. Ман назди
дегу коса рафтаму акаам бо додарзодааш рахти хобро пеша
карданд.

Мо ҳарду акадодарон ошро хурдему ба дастархон
дуо карда будем, ки очааи Фирдавс аз дар даромада омад.
Вай аз кор баргашта буд. Ӯ бо меҳмон вохурй карда бисёр
хурсанд шуд, ки имшаб ташвиши зиёдатй намекашад.

Ману акаам ба стансияи поезд рафтем. Чиптаи поезд
дар даст ба хонааш рафту ба ман таъкид кард, ки дигар
ташвиши зиёдатй накунам. Дар пеш ҳоло ду рӯзи дигар
буд. Рӯзи дигар ман барои тагоям як саллавории ба худам
маъкулро харидам.Ин савготи охирини ман ба тагоям буд.

Аз он рӯзе ки тагоя омада Тоҷикистонро тамошо
карда буд расо даҳ сол сипарй туда буд... Оҳ ин зиндагй
намедонй ба куҷо нигарй. Мебинй, ки рӯзҳо паси ҳамдигар
даводав мегузаранд.

222
*М\ ште аз хирвор

'Кудратуллои Искидаргй

Баъди он воқеаи чойхона ман ба Душанбе
баргаштаму ба кору бори худам ғутида, рафам. Воқеаи
духтари Бухоро гох-гохе дар хотиротам такору мешуд.
Тахминан тағоям соли 1962 духтарашро ба шавхар дод.
Дар ин миён киностудияи Тоҷикистон дар Бухоро чандин
филмҳо ба навор гирифг. Аз он ҷумла бо иштироки ман
«Марги судхур» ва «Хиёнат» наворбардорй шуданду дар
давоми ҳамин солҳо ман як чанд маротиба ба Бухоро, ки ба
кори кино мерафтам, ҳатман тагоямро хабар мегирифтаму
аз шаройтй зиндагию ҳолу ахволаш огох мешудам. Лекин
кайхо байни мо он часпоишу хушгуйиҳо набуд. -Ҳа...
Мулло омадед? Тоҷикистон дар ҷояш?- Ва монади ин
шӯхиҳои ночаспо мекардем. Аз ин хотир ман суҳбатро ба
дароз намекашидам. Як ду пиёла чой мегирифтаму бо таго
хайру хуш мекардам.

Ҷойи хоб бо якҷогяи ҳамкорон дар мехмонхонаи
давлатй буд.Дар ин миён тагоям як ду маротиба таклифи
хона намуд, лекин аз рӯи дил. Шароити шину хез ва дарою
баро худаш мефахмонд, ки акнун «поятонро кашед». Аз ин
хусус ман ба акаам ягон маротиба ran накушодаам. Рафтй ?
Ҳо рафтам! Чихел буданд? Нагз! Вобаста ба пурсишхо
посухи кутоҳакак медодам. Дар хамин вохӯриҳои кутох
баъзан бо духтартаго-Мукаррама дар ҳамон хонаи
падарияш вомехӯрдем. У кайхо ба шахвар баромада буду
соҳиби ду фарзанд буд. Ин табиист, ки мо хамчун хешу
табор вохурй мекардему вай бо ташвишу такопуйи худ ва
ман бо ҳаёту зиндагии худам банд будем.

Ба поезд савор шудему як шабро дар поезд бо
ёдоварни дӯстони гузашта рӯз кардем. Ҳамон рӯзҳоро ба
хотир оварда бисёр афсӯс мехӯрам, ки ба қадри вақту қадри
ёру дӯст нарасидем. Акнун, ки он рӯзхои нек гузаштанд ва
дӯстони бехтарин ин дунёро тарк карданд, кадрашон дучанд
пайдо гашт. Рӯзи дигар пагоҳии барвақт аз поезд
фуромадему бо як мошинчаи кирокаш рохи шаҳри куҳнаро
пеш гирифтем. Ҳанӯз соат нух нашуда назди дарвозаи таго
расидем. Ҳаво сим-симак меборид. Ман занҷири дарвозаи
тағоро ҷунбонида садо додам. Шарфаи пой шунида

223
*Mvtume аз хирвор________*Қудратуяяои Искида£гй__

намешуд ва ҳеч кас дарвозаро ба рӯямон боз намекард. Мо
ба хулоса омадем, ки тағоям дар ҷойи кору мо беҳуда дар
таги борон тар мешавем. Мо ба хонаи дигар ҳамдиёронамон
нарафта ба «пожарка» ки дар наздикии хонаи тагоям буд
рафтем. Аз дари чойхона даромадан замоно, самоворчй
давида наздамон омаду хамчун қадрдони куҳна вохурй кард.
Мо бо ҳамдигар пурсу поси кӯтоҳ кардем. Ман ба ӯ гуфтам,
ки навакак аз поезд фаромадему рост ба хамин ҷо омадем.
Шумо ҳоло мехмонро ҷо кунед, ман зуд бармегардам,-

гуфтаму аз дар берун шудам.

Ин чойхона дар сари роҳи меҳмонхона меистод ва
аксар вақт ману ҳамкоронам барон кур кардани вақт ба ин
ҷо омада сӯҳбатҳо мекардем. Аз ин рӯ чойхоначй хамчун
рафику ҳамсӯхбати мо доим тайёр буд, ки фармоишхои
маро иҷро кунад. Номаш хам ба худаш мвофиқ-Фозилҷон!
Бисёр йигити ба файз буд. Аз хама асосйяш он буд, ки у
мушкилкушои мо мусофирон буд. Дар рӯ ба рӯи чойхона
бозорчаи «Пожарка» арзи вуҷуд мекард. Ман ба бозорча
рафтаму ду коса қаймоки Бухоро ва як фатири гарм харида
омадам. Фозилҷон акаамро хамчун мехмони азиз дар як
ҷойи намоёни чойхона ҷой карда буд, ки хар чор рохи
гузари атроф зери назорат буд. Мо фатири гармро бо
қаймоқ бо як иштиҳои том тановул кардем. Кайхо буд, ки
таъми қаймоки Бухороро фаромӯш карда будем. Бинобар
ин фатири гарму қаймоқ ба ҷисми мо халовате бахшид.
Фозилҷон хар замон ба назди мо омада аз ин он сӯҳбат
ороста боз ба назди мизоҷонаш мерафт. Саргарми сӯҳбати
ширину гуворои Фозилҷон туда гузаштани вақдро
надонистем. Кайҳо ду соат ноаён сипарй шуда буд. Борон
хам аз боридан боз монда офтоб ба атроф нурпошй мекард.
Ману акаам хуб дам гирифта куфти рохро баровардем. Ман
ба акаам гуфтам, ки як рафта хабар гирам. ки таго аз кор
баргаштааст ё не?

Ману таго дар назди дарвоза сарба cap задем. Он кас
дам аз куҷое дар дасташон як сумкаи латагини бордор
пайдо шуданд. Ба хам вохурй кардему ман гуфтам, ки
акаам дар чойхона- ман рафта он касро гирифта биёрам. Бо

224
*Муште аз хирвор

*К,удратуллои Искидаргй

ҳамин мо тағову ҷиянҳо бо хдм вохӯрда то бегоҳ бо ҳам
сӯҳбат кардем.

Бегоҳитар янгаам низ омад. Вай наберахояшро
хабаргирй рафта будааст. Хабари хуш овард. Ҳамаашон
сиҳату саломат будаанд. Шаб дар хонаи тағо аз шароиту
рафтори мардум дойр ба ҷойҳои таърихй пурсон шудем.
Тағоям хабари нохуше гуфт. У афзуд, ки дар ин шабу рӯз
тамоми ёдгориҳои таърихй ва зиёратҷойҳо кушодаву танҳо
ҳазрати Баҳоваддин бастагй. У афсӯс хурд, ки бехуда овора
шудед. Май ба таго ва акаам рӯ оварда гуфтам, ки ҳоло
пагоҳ рӯз шавад ягон илоҷе меёбем. Охир мо ба зиёрати
ҳазрат аз Душанбе ба ин ҷо сафар кардем. Парвардигор
моро бенасиб намекардагист?

Саҳар баъди нонушта мо ба стансияи мошинҳои
мусофиркаш рафтем. Таксиҳои бисёре истода буду ба
хазраги Баҳоваддин ягонтоашон майли рафтанро
надоштанд. Ба хар касе ки муроҷиат мекардем мегуфтанд,
ки аз бахри зиёрати хазрат гузаред, на худатонрову на моро
таги ran намонед.Мо харду акадодарон дар як ҳараки зери
соябон сархо хам, кайфҳо паридагй, дилҳо хиҷил бо ҳазор
як кӯчаи сарбаста бо хаёлоти гуногун равон будем. Лек
ноумед набудем. Тавккал ба Зоти пок мекардем.

Ҳамин вакт як мардаки асобаталдор ба наздамон омаду бо
лаҳни ширини бухорихо пурсид,ки мехмонон аз куҷо
омадаанду азми куҷо доранд. Мо аз мақсади худ ба ӯ
фахмонидем. Угуфт, ки ин кори осон. Ягон мушкилие
надорад. Аз паси ман нигох карда баъди чанде аз пасам оед.
Ҳамон ҷо бо хам маслихат мекунем.

Мо дар ҷойи нишастаамон як нафас рост кардему
охлста аз ҷоямон хеста сӯҳбаткунон аз паси он мард равон
шудем. Он мард ба тарафи як тангкуча равона гашту аз
назар пинхон шуд. Мо оҳиста-охиста аз паси он мард ба
хамон тангкуча даромадем. Бинем ки он мард дар як
газики кӯҳна нишаста моро интизорй дорад. Баробари
моро дидан ӯ ишорати савор шавй кард Мо зуд ба мошин
савор шудему ӯ газро пахш карда ба тарафи муқобили рохи
лозимй ки ман оро хуб медонистам равона шуд. Ман ин

225
*Муште аз хирвор

:Қудратуллои Иекидаргн

ҳолатро дида пурсидам, ки чаро мо ба самти дигар
равонаем. Ронанда ба сӯи ман нимнигоҳе карда афзуд, ки
он роҳе ки шумо медонед аз ҷониби кормандони ГАИ ва
милиса посбонй карда мешавадуҳ мошинҳои ба он тараф
мерафтагиро дошта тафтиш мекунанд. Барой ҳамин «аз
бало ҳазар» гӯён ман ин роҳро интихоб кардам.

Ман чун дидам, ки он мард самимист ба ӯ рӯ оварда
гуфтам, ки ихтиёри сафари мо ба дасти шумост, бинобар
ин то охир роҳбаладй кунед. Мо роҳравон қариб нисфи
шахрро давр зада пасу пешро назорат карда хотирҷамона
ба сӯи мақсад равон шудем.

Тариқи ба ҷо овардани зиёратро роҳбалад ба мо
фаҳмонид. Мо саравваал ба зиёрати модари ҳазрат рафтем.
Зеро ҳазарат чунин таъкид ва таьлим дода будаанд, ки ҳар
касе ки агар ба зиёрати ман ояд аввало модари маро зиёраг
намояд.

Мақбараи модари ҳазрат дар баромади деҳа ҷойгир
аст, аз макбараи модарашон то мақбараи худашон
тахминан 500 метр рох аст.

Мувофиқи ривоятхои рохбалад турбати модарашон дар
вақти ҷаноза кардан дар ҳамон пайҷои мақбара монда шуда
будааст.

Ҳазратам дар вақти ҷанозаи модарашон таъкид
кардаанд, ки -Турбати ман дар он ҷое монда шавад, ки сафи
охири ҷанозаи модарам тамом мешавад.

Аз ин рӯ мо аввал модари ҳазрат ва баъдан худи
хазратро зиёрат кардем.

Баъди зиёратиҳ дигар кори заруре дар Бухоро;
надоштем. бинобар ин ман ба ронанда фармудам, ки агар
илоҷаш бошаду бензини мошинаш камй накунад моро то
стансияи поезд барад, ки мо чипта барои поезд харем.
Баъдан ба хотири ҷамъ ба шаҳр баргашта баъзе ҷойҳоро
тамошо карданамон мумкин. Ронанда бисёр марди
ҳоҷатбарору хушмуомила будааст. Ӯ гапи моро ду накарда
рост ба стансия ҳай кард. Хушбахтона барои пагох чипта
будааст. Ман ду чипта гирифтаму ба ронанда гуфтам, ки:-
Акамулло шумо барои хизмати имрӯзаатон ҳақагонро ran

226
*Муште аз хирвор

*Kvdpamyjviou Искидаргй

занед, ки ман хам барон ба хона расидан ягон харҷипули

Дошта Баъди чипта гирифтан боқимондаи бойигариро
ҳисоб кардам, ки 105 сум мондаасг. Ман бе дудилаги 75 сум
ба ронанда дароз карда:- акамулло ин хакки халоли шумо ва
ана ин боқимондааш то расидани хона аз они мо,-гуфтам,.

-Ба хизмататон розй шавед,-акамулло. Акнун плохо
барака ёбед моро то хонаи тағоямон бурда мемонед. Акаам
хам далолат карданду дар хакки ронанда як дуои хаир
карданд. Ронанда аз дасти ман бе ягон нозу нуз пулро
гирифту аз он 25 сумашро ба акаам баргардонида барои
дуои кардааш дод. Акаам ҳар чанд нею нестон карданд
нашуд. Окибат он пулро гирифта боз дар хаки ронанда дуои
хайре карданд. Ронанда пас аз дуо афзуд, ки аслан ман бояд
тамоми пулатонро бар мегардонидам, зеро шумоен одамони
ба инсофу адл будаетон, лек зор монад ин зиндаги

бокимонда сарфи бензину рӯзгор. лмптп/

Ронанда моро то назди дари дарвозаи тағоямон оварду

ба хона надаромада ба мо роҳи сафед орзу намуда рафт.

Мо аз дарвоза даромадем, ки хушбахтона тагоям д р
рӯи хавлй ба коре андармону ба хеч куҷое нарафтааст. Г о
пас аз салому алейк ва табрикоти зиёрат ба тагом гуфтем,
ки мо барои пагох чипта харидаем, агар нияти ягон
нафарро назди мо даъват кардан доред , имшаб мо дар
ихтиёри шумо, (ман домодашро дар назар доштам) пагох
бояд дар хамин вакту соат ба стансия равем. Ин хабарро
шунида тагоям бисёр афӯс хурд, ки ханӯз аз дар
надаромада, кайхо азми рафтан доретон.

-Тагоҷон мо ба нияти зиёрат ва дидори Шумо омада будем.
Шукри Худо ки ба хардуяш ҳам мувафақ шудем. Ғаир аз
ин тагоҷон ман бе иҷозати хуҷаин омадаги... акнун

окибати корро ба хайр кунад.

Пас аз ин гуфтахои ман акаам ба тараддути
тахорату намозхояш шуду ман ба хона даромада дафъаи
охир дар хонаи таго дам шрифтам. Тагом ба янгаам
супориши охиринро карду аз паси меҳмонҳои меомадаги
рафт. Ман интизори онро доштам, ки тагоям духтарашро

227
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

бо якҷоягии домодаш дар ин шаб назди меҳмонон таклиф
мекунад. Лекин ин тавр нашуд. Танҳо Сафару Ёрмахмад
омаданд.

...Хайр дили ҳар касро худо медонад. Ман инҷо
дарёфтам, ки тағоям сахт ранҷидаасту дили онкасро ба
даст овардан амри муҳол аст.

Баъди намози шом Тагоям дастурхонро калолн
кушода дар ду тарафи он дутоги нон монд. Ба ин ман
аҳамият додам, зеро одатан нонро дар байн мемонанд.
Тагоям бошад ҳоло онро ҷудо кард.

Баьди як чанд сония ду табак ош ва аз паси ош ду шиша
арак низ cap халонида вориди дастурхон шуданд.

Шишаҳои арак назди ман гузошта шуд. Ин бароям
чунин намуд, ки ма гир ба ту на хешу табор, на духтар, на
бойигарй мерасад-фақат ҳамин арақ.

Акаам ин нозукиҳоро ҳанӯз намефаҳмид, ки бо ҳамин
хешу таборй байни мо бурида шуд...

Ман инро дарк кардаму он ҳабби калонро илоҷе карда
ФУРӮ бурдам. Дигар на ҷойи ran, на пайти ran намонда буд.
Тамом.

Акаам аз ҷояш нимхез шуду ними дастурхонро,
тарафи худашро пушонида аз ҷояш хестанй буд, ки тагоям
гуфт:

- Мехдоон шинед! (Ин ҷо ҳатто тагоям номи акаамро
нагирифт, ҷиян ҳам нагуфт, бачем нагуфт...меҳмон гуфт).
Меҳмон шинед! Ин дастархони ман, ин хонаи ман,
дастурхони маро напушонед, Щумо хам меҳмони ман инҳо
низ меҳмонони мананд. Барой ҳамин ҳам ҳуқуқи қамаи
меҳмонон баробар аст, онҳо ба ваяш хурсанд, шумо ба
инаш, хурофотпарастиро аз ҳад нагузаронед. Шинеду бо
ман ош хуред! Инҳо ихтиёрашон, табақашон алоҳида...

Акам як-ду маротиба астагфириллоҳ- астағфириллоҳ
гуфту шист. Табақҳо ки алоҳида буд ҳар кас ба болои табаки
худ сарҳояшонро хам карда ба хурдан даромаданду ба
нушидани мо аҳамияте ҳам намедоданд.

Дар рафти сӯҳбат тагоям гуфтанд, ки:- Бачем, агар
шунидед, ки тагоятон бандагиро ба ҷо оварда аст саргардон

228
*Муште аз хирвор

’Қудратуллои Искидаргй

туда набиёед аз хдмон ҷоятон як «аъузу биллоҳ...ва
бисмиллоҳ»-гӯед , мо аз як тарафаш кашола карда мегирем.

Тагоям ҳеч наметавонист, ки гуфтаи маро фаромӯш
кунад. Оқибат кафид ва боқимондаи заҳрашро пошид. Ва ин
кафиданҳоро танҳо ман дарк мекардаму халос...

Акаам боз ran андохтани шуда аз ҷояш ҷунбид.
Пекин тагоям боз ишораи шистан карда гуфт:-Шумо
ҷиянҳои ман ба кадри шумоён ман мерасам. Инхо ба кадри
шумо намерасанд. Аз ин сабаб мегӯям, ки саргардон
нашавед...

Захре, ки тағо пошид ҷамъоварияш барои мо
бехурматй буд.

Ман сэрам хам ба ҳеч кас нигох хам наме кардаму
аҳамият хам намедодам, ки ҳамтабакҳои ман чй
мефаҳманду чй андеша мекунанд.

Хайр ... Онҳо табаку давраи худашон, мо табаку
давраи худамон. Ҳар кас ба холи худ.

Ёрмахмад кадаххои охиринро пур карду гуфт: - Сафарака
Шумо ошхӯр-ку гиред, ки хунук нашавад-мо се каса завқида
даст ба табак бурдем.

Пагоҳирӯзи мо тайёрии сафари худамонро дида се
соат пеш аз омадани поезд якто такси гирифта бо тағо
хайрухуши охиринро кардему дидорхо ба қиёмат гуфтем...

Аз ҳамон давраю шабнишиниҳои ғайриоддй ки дар
мохи марти соли 1970 барпо шуда буд, фақат ману
ёддоштҳои талхам, ки шабҳо аз дидагонам хоби ширинро
дуздида дар торикии ваҳмангез ба дуродур мебаранд, каси
дигаре бокй намонд.

Имрӯз худ низ косаи давр дар даст интизорй
мекашам...

Июни соли 2008.

229
*Муште аз х up в op

’Қудратуллои Искидаргӣ

САРНАВИШТ

Дар сарчашмаҳои таърихй омадааст, ки гӯё яке аз
маконҳои нахустпайгамбари рӯйн Замин-Зардушт деҳаи
Дарг буда, бошад. Дар нигоштаи як олими франсавй (на
даргй, на дарвозй ва мачой) дар рӯзномаи «Адабиёт ва
санъат» омадааст, ки Зардушт дар як горе зиста аз он чо
ногтя чип гаштааст. Чунин гор дар мавзеи Искидарг воқеъ
аст, ки ба гуфтаи олим асос шуда метавонад. Зеро дар
ривояти мардуми деҳаи Дарг ҳамчунин ёд мешавад, ки дар
ин гор як авлиё зиста аз ин ҷо ба осмон рафтааст. Ва
мардуми ин деҳа ин горро ҳамчун як ҷойгоҳи муқаддаст
меҳисобанд. Ва банда низ дар андешаи он ҳастам, ки Даргй
тариф гуфтан шояд ба ҳамин шарофатии макони зисти
пайгамбар Зардушт будани ин деҳа бошад. Яъне агар
макони зисти Зардушт ин чо бошад, пас тариф будани Дарг
марбут ба ёздаҳ ҳазор соли пеш аст. Ва ин далолат ба он
мекунад, ки гуфтаҳои иддае аз мардум, ки тариф будани
Даргро марбут ба осакколи деҳа Шарифи Арбоб медонанд,
ягон эътимоде надорад. Яъне Даргро ба хотири макони
зисти Зардушт буданаш Даргй тариф номидаанд.

Ва деҳаи Дарг дар навбати худ аз чанди мавзеъҳои
хурраму ободу зебое иборат аст, ки ҳар кадоме аз ин мавзеҳо
ба худ як табиати нодиру нотакори худро доранд. Шояд
ҳамин табиати дилосову оби ширину хуштаъми муссафои ин
диёр сабаби маскан ихтиёркардани Зардушт пайгамбар ин
диёрро бошад. Мо ҳамин як баҳси таърихиро канора
гузошта меоем сари он гузару мавзеъ ва овулчойҳои деҳаи
Дарг. Ва инак...

...Мо қаблан ёдовар шудем, ки «Искидарги Шарифи
Ҷамил, Нармкаши Шарифи Ҷамил ва Фарзоди Шарифи
Ҷамил»- мегуфтанд...

Номи мавзеъ ва тагобҳое, ки дар зер меоварем, хдр
кадом бозгӯи таърихеанд, ки ин чойҳо барои мардуми
Гузарҳои боло ва Пордари деха басо азизанд. Азбаски ин
мавзеъхо сердолу дарахт ва алафзор буданд, мардуми
гузарҳои Ҳавлии миёна ва Седодарй низ мехостанд, ки дар
ин мавзеъ барои худ чарогоҳ ва замин дошта бошанд. Аз ин
хотир иддае аз ин мардум барон кӯшиш мекарданд, ки бо
кадом роҳе набошад дар ин чо мавқе дошта бошанд.

230
*Мхште аз хирвор______________*Кудратуллои Искидаргй—

Ин номҳо ва тагобҷойҳо (айлоқҷойҳо) баъзе мардуми
гузари «Ҳавлии миёна»-ро назар оа ҳамаи
истиқоматкунандагони гузари боло хушназар набуданд,
ором намегузошт. Бахили дилу ҷигари онҳоро озурда,
хунашонро вайрон мекард. Пекин илоҷи онро намеёфтанд,
ки чй тавр ба Искидарғу Фарзод роҳи шарикшави ефта, ин
тагобҳои серобу алафро аз дасти болунгихо ва пордариҳо
кашвда гиранду соҳиби заминҳои обию обшори он мавзеъҳо

гарданд....

Гузарҳои Дарг

Мо ёдрас шудем, ки деҳаи Дарг аслан аз ду гузар
иборат буд. Гузари Боло ва гузари Пордар. Байни хар ду
гузархо замини васеъ ва ҷои ҷамъомади мардуми ҳар ду
гузар ба хисоб мерафт, ки дар он ҷо тую идхои расмии
мардум, гуштину бузкаши мегузаронидаанд.

Дар назар ба дигар дехаҳои водии Фалгар дар ҷои
хамвор ва аз селу тарма бехавф ҷойгир буд. Ин ду гузар
ҳаёти осоиштаро аз cap мегузаронидаанд. Хар ду ryjap дар
як вақт ба айлоку аз айлок ба деҳа мекӯчиданд. Заминҳои
обию лалмиашон хам дар хамсоягй буд. Дар Искидарг
болунгиҳою иордариҳо, дар Фарзод хам болунгиҳою
пордариҳо мезистанд.

Аз хисоби мардуми «омад» як гузари дигар тавлид
мешавад. Ин гузар дар байни хар ду гузар, ки ҷои
ҷамъомади мардум буд, арзи вуҷуд кард ва аз сабаби дар
байни гузархо буданаш онро «Ҳавлии миёна»- номгузорй
карданд.

Ободкунандагони «Ҳавлии миёна» мардуми водии
Қаротегин будаанд. Сабаби аз Қаротегин омадану дар дехаи
Дарг чойгиршавии он мардумро намедонем, лекин тахмин
кардан мумкин, ки дар шаҳрхои ободи Фаргона, Қуканду
Тошканд ягон даргии мехмоннавоз ягон Қаротегинии
мардикорро ба ватани худ ба мехмонй таклиф намуда
овардаасту он инҷоро баъдан маскан ихтиёр намуда.

Даргиҳои шуху хушчақчақ ва қишлоқи хушобу ҳаво ба
мехмон маъкул мешавад мехмон дар ҳамон пайҷои холии
байни ду гузар ба худаш як хавлии чор кас медидагй
меандозад ва ба як беваи Дарги хонадор мешавад. Дои

231
*Қудратуллои Искидаргй

*Муште аз хирвор

истиқомат, ки ба вай маъқул мешавад, аз Мачо бародари
хурдашро кӯчонда мераду аз худаш тахминан, ки як-ду
чақрим поёнтар манзил пӯшонда медиҳад.

Ғайр аз гузари ҳавлии миёна аз тарафи Уротеппа
савдогаре ба Дарғ меояд ва боду ҳавои тоза ва мардуми
соддаю хушзавқу беозори Даргро меписандиду як ҳавлиҷои
харида, ҳавлие бино мекунад ва заминеро аз кадом
камбағали бенаво харида, ду бардарашро кӯчонда
мебиёрад. Онҳо, ки се бародар будаанд, номи гузарашонро
«Седодарон» меноманд.

Гузари дигаре бо номи гузари Сарибаландй мавҷуд буд,
ки он дар натиҷаи бо гузари «Седодарон» пайвастан оҳиста-
оҳиста аз забонҳо зудуда шуд ва кам касоне то ҳол аз мавҷуд
будани ин гузар огоҳй доранд.

Дар натиҷа қишлоқи Дарғ дар водии Фаглар бо масоҳат
ва аҳоли баъди Урметану Рарз ҷои сеюмро ишгол мекунад
баъди барқароршавии Ҳукумати Шӯро барои игвогарон
шароити дилхоҳ муҳайё гашт. Онҳо дар деҳа аввалин шуда
ба хоҷагй аъзо гаштанду таҳкурсии онро ташкил карданд.

Акнун чархи роҳбарии хоҷаги насиби онҳо шуд . Ин
лаҳзаро онҳо солҳо интизор буданд. Ин шоҳини
бадастомадаро бо ду дасту ду пой ва бо сию ду дандон
дошта чун ҷони ширини худ аз он чудо шудани набуданд.
Дар хоҷагй, ки худро рост мекард, аксарияти фаъолон
раёсат аз ҳавлии миёнагиҳо буд. Ҳар як масъалае, ки
ҳалталаб бошад, аввал байни худ камбудию беҳбудиашро
дида баромада, баъд ба ҷамъомади раёсати хоҷаги
пешниҳод мекарданд. Ҳар кадомаш вазифаи худро дошт.
Яке аз онҳо масъалаеро пешниҳод мекард ва дигараш пеш аз
ҳама хеста ин пешниҳодро дастгирй мекарду дигаронро ба
ҳимояи ин пешниҳод даъват менамуд ва ба овоз мемонд.
Баъди овоздиҳи худаш овозҳоро ба ҳисоб гирифта, аксарият
гуён тасдиқ мекард. Гарчи овоздиҳандагон аз ҳамон гуруҳ ва
аз ҳамон гузар бошанд ҳам. Бо ҳамин қарор қабул мешуд.

Акнун онҳо метавонистанд аз номи Ҳукумати Совета
ҳар хел қарору қарордодҳои дилхоҳ бароварда, худашон
соҳиби обу замини фаровон гарданд.

Пекин он обу замин ва айлоқҷойҳои хушбоду ҳаво ва

232
*Муште аз хирвор

'Кудратуллои Искидаргй

чарогоҳҳои беканор дар ихтиёри Шарифи Ҷамил буд. Худи
ӯ аъзои хоҷаги набошад ҳам (сини муборакаш аз 65 гузашта
бошад ҳам суханаш буро ва таъсирбахш буд) писаронаш дар
хочагй кор мекарданд.

Шарифи Ҷаъмил дар назари мардуми деҳа хело
бақувват менамуду ба кори хоҷагй ва аъзоёнаш назорат
мекард. Ҳоло ки ӯ дар байни болунгиҳо ва умуман
Искидарғиҳо обрую эътиборе дошт, ба мақсад расидани он
нотавонбинон амри маҳол буд, бинобарон аввал ягон
камбудӣ ё хатогии назарраси ӯро ёфта, баъд ӯро аз миён
бардоштан лозим буд.

Оқибат пои Шарифи Ҷаъмил сахт лагжид. Вай духтари
«Ҳавлимиёнагӣ»- ро, ки 14-солаи мувофиқи қонунҳои
Ҳукумати Советй ба балогат нарасидаро ба писари калони
зандидаи худ - Муллоаббос фотеҳа кард.

Акнун ин дастаки (бахонаи) калонеро ки сари вайро
бояд бечуну чаро мехурд ё ҳамон хаси болои обро ба назари
мардуми Дарг- болор карда нишон додан даркор буд...

Арӯси нав духтари Мирзои Ҷунбика толибаи
пешқадам набошад хам, духтари хушруй ва назаррасе буд.
Ҷавонон ва ҳамсинфон орзуи онро ба дил мепарвариданд, ки
«зани мал бошад» зеро ӯ бо хусну чамол на танҳо дар дехаи
Дарғ, ба хаёлам дар обрави Зарафшон ҳамто надошт.
Хокирои Шер, ки хамсинфи ин аруси ояндаи Шарифи
Ҷаъмил буд, бехуда чунин нагуфтааст:

Партаи ману партаии чурамо пушти мапушт
Ҳар лаҳза нигоҳи зори чашмаш мана кушт.

Ин байти акон Хокирох аз гуфтаҳои мо зиёдтар ва беҳтар
онро тасдиқ мекунад, ки янгаи мо чих ел одам буд ва чи хел
зани бовафо шуда метавонист.

Душманони Шарифи Ҷамил ҷосусии худро бо умеди
он, ки барвақтар арӯсшаванда мактабашро тамом кунаду
туй шавад ва Шарифи Ҷаъмил боз як бор ба мардуми Дарг
дорандагии худро нишон дода, туйи бодабда кунад сабаби
сархуриаш шавад, давом медоданд.

Ба ин муносибат, акнун одамони «худй»-ро далертар ба

233
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

назди Шариф фиристода, ran кофтаю ran гирифта, халтаи
гапҷамъкунии худро пур карда, бо он ба мукобили худаш
истифода баранд. Ҳамин тариқ акнун баъзе аз одамони хуш
чақ-чақ, баъзе худию баъзе бегона ба акои Маҳмадшариф
тез-тез мегуфтанд: «арӯси нав муборак, тӯй кай? Дандонҳоя
бо чи тез кунем?»...

«Шариф ака, шукри худо, ҳоло худатон бардаму
бақувват, барвақтар тӯйи домодии Муллоаббоса кунед,
баъди он кас боз се писари дигар навбат мепоянд, ба онхо
ҳам каму беш аз давлати падариатон расад. Онҳо ҳам аз
давлати падар бенасиб намонанд»- барин «маслиҳатҳои
муфид»-и «дӯстон» ҳақнкатан ҳам маслихати туйро
метезониданду наздикшавии фочеаро мепазонданд.

Оқибат Шарифи Ҷамил ба хулосае меояд, ки
тезонидани туй обруи ӯро дар назди ақрабо ва ҳамдиёрон ба
пояи баланд мебарорад. Бо ин хулосаи хоми каснодид ва
касношуниди «дӯстон» фоҷеаи худро бо дасти худ метезонад
ва наздик мекунад.

Ин воқеа гули алови дилгармкунандае буд, ки худи
Шариф аз оқибаташ бо ду дасти адаб ба дасти пайгирон ва
пайтпоён медиҳад. Акнун аз ин гули алов алангаеро
офаридан лозим буд, ки ришу бурути Шариф сӯзад ва сари
хамнашавандаи ӯро барбод диҳад.

Онҳо ҷои дидбониро, ки чандин сол боз гарм карда
буданд тарку хунук насохта, кушодтар карда, дидбононро
афзуда, бо дурбин мусаллаҳ намуданд, ки сайд ба пои худ
омада ихтиёрӣ ба капқонашон афтад.

Акнун ӯро наҳаросондаю натарсонида водор кунонидан
лозим, ки бе гумон ва гумонбари худакаш ихтиёри ба дом
дарояд ва дасту пои худро худаш баста диҳад. Ин кор факат
аз дасти сайёд ва сайдкунандаи моҳире ба монанди
Хуҷамурод - Оқсаққол меомад, чунки на ҳамаи сайёдон
пуртоқатанд. Хучамурод аз чунин сайёдон буд. Вай
хокистари сӯзонро бо дасти кас мебардошт.

Бардорандаи хокистар ҳеҷ вақт намефахмид ва
гумонбар хам намешуд, ки аз чи сабаб ба хокистари сӯзон
даст задаасту дастони меҳнатию таъминкунандаи рӯзгори
худро сӯзондааст.

234
*Муште аз хирвор

Кудрату.злои Искидаргй

Хуҷа-Оқсаққол чунон моҳирона байни мардум ran
мепартофт, ки шунаванда дар иҷрои ин ё он амали
пурдахшат аз ҳеҷ кас бадгумон ва домангир нашуда, факат
худашро гунаҳкор ҳисобад. Ин ҳунарест нотакрор! Ба вай
коил шудан даркор! Офарин ба таълимдиҳандааш!

Қапқони аввал

Моҳи сентябр омад.

Хдмаи халки деҳа дар айлоқҷойҳо.

Наздиктарин айлоқи Дарғ аз деҳа 6 км дур.

- Мавзеи «База», Искидарг 6 км, Хавол 7 км, Ғудиф 8-9 км,
Фарзод 10-11 км, Ғурчун 9 км, Мунҷг 8 км.

Аз ин айлоқчойҳо талабагони синфи 1 - ум ва 7-ум ба
мактаб меоянд.

Ман аз хеч кас напурсидаам, ки онҳоро чи ба мактаб
ҳамчун оҳанрабо мекашид: ишқу ҳаваси хондан, олим
шудан, ё шӯхиҳо бо ёру дӯсту ҳамнишину ҳамхез.

Мактаб - ин ҳамаи тарафҳои нобиноканори зиндагй.
Албатта, то тамом кардани синфи 4 талаба ягон таассуроте ё
тасаввуре надорад, ки кию чӣ мешавад. Фақат хаваси хондан
ва омӯхтани он чики муаллим гӯяд, дорад. Аз синфи панҷ,
баъзеи онҳо ояндаи худро муайян мекунанд. Пекин баъзе
талабахо синфи 11-ро тамом кунанд хам, ягон чизи
муайянеро пайхас намекунанд, ба мактаб мераванду меоянд.

Пекин нагз дар хотир нақш бастааст, ки мо кӯдакони
хурдсол бо чи завқу шавқ ҳамин қадар роҳро тай карда ба
мактаб меомадем. Хусусан мани чулок (ланг) дарди cap ба
ёрии хама эхтиёчманд будам.

Аз Фарзод то Дарг, ки роҳи дуртарини айлоқҳо буд,
ман ба қадами бачаҳо ҳамқадам шуда наметавонистам, гох
лангон-лангон медавидаму гоҳ қадамҳоямонро калон-калон
партофта харакат мекардам, ки аз рафиқон қафо намонам...
Пекин баъди 10-15 қадам мондан чоруқ (мӯза) поям
баромада мегалтиду ман китобхо дар багал, як чоруқ дар
даст рох мепаймудам, ки хандаю шӯхиҳои бачаҳоро зиёд
мекард ва онҳо хандону шӯхикунон китобҳою чоруқамро
мегирифтанду аз ду дастам гирифта, кашолакунон то
хуншоршавии пои чулоқам аз ҳар сангу сангреза ё хору хас

235
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

мебурданд. Бачаҳои шух қасдан маро бо хамин хел роху
бероҳа кашола мекарданд, ки дигарон ханданд. Ва баъди
қаторшавии оби дида яке аз калонсолон аз тариқи раҳмдили
агар акаам Маҳмадзариф набошад маро пуштора мекард...

Бо ҳамин ахвол мо 10-15 рӯз ба мактаб мерафтем,
баъзе сол як мох. Баъзан аз соати якуми даре кафо
мемондему аз тарафи муаллимҳо танбеҳу хақоратҳои
болохонадор мешунидем.

Ман, ки дар синф аз ҳамаи хонандагон ба сол калону ба
қад пасттарин будам, дар партаи аввал бо Мирзофузайли
ҷураам менишастам, ки барои ман муттакои бебаҳо буд. Аз
соати аввал агар кафо монда бошам, дар вақти танаффус аз
дафтари вай чизҳои навиштагиро руйбардор мекардам.
Вактҳое хам мешуд, ки гушаки карда мегуфт: «Дафтарата ба
ман тею худат ба гапи муаллим гуш кун, ман худам
руйбардор мекунам».

Мирзофузайли чӯраам хушхат буд ва аз дафтари худаш
бо ҳамон хати хушруй ба дафтари ман мекӯчонид.

Муаллима Шарифамох Авазова ин кори ҷӯраам
Мирзофузайлро бинад ҳам ҳеч чиз намегуфт, факат бо
ангушти ишорати (табассуми ширинии дилчаспе дошт, Худо
раҳматаш кунад) таҳдид мекарду дарсашро давом медод...

Роҳбарияти мактаб аз колхоз талаб мекард, ки мардумро
аз айлокчойхои дур кӯчонида ба мактаб наздиктар биёранд,
то ки талабаҳои хурдсол дар вакташ ба даре расида биёянд.

Баъзе мардуми фармонбардор мекӯчид, баъзеҳо
фарзандони хурдсолашонро таи дех, дар хонаи ягон хеши
наздик ё дар хонаҳои худ бесаробон мемонданд, лекин
баъзеи дигар, ки молу говашон зиёдтар буд, аз айлок
намекӯчиданд ва ба ҳамон ахвол, ки накл кардем, 10-12 км
роҳро тай карда, мерафтанду меомаданд...

Барои Оксаккол - бобо, ки марди бесавод буду чандин
сол боз роҳбарияти гоҳ як чанд колхозро (раиси совети
кишлок) иҷро мекард ва сайёдии худашро фаромӯш накарда,
пайт мепоид ки харчи тезтар ягон бахонае ёфт шаваду
Фарзодро аз дасти Шарифи Ҷамил кашида гирад, ин як
баҳонаи назаррасе буд. Вай ба дигар фарзодиёну
фарзодравҳо кор надошт, хадаф Шарифи Ҷамил буд.

Ғайр аз ин ҳукумат қарори маҷбурй хондани талабаҳоро

236
*Муште аз хирвор

’Кудратуллои Искидаргй

барвард. Хоҳад ҳам мехонад, нахоҳад ҳам. Барой ин вай
азоб мекашад ё роҳат мебинад, дур ё наздик аст, биёяду
хонад! Дар айни ҷавонии мо ин гапу корҳо набуд. Акнун
ҳукумат маҷбур мекунад, бояд итоат кунанд, дигар роҳи
гурехтану халосй нест! Вай фақат бо худаш қиёс мекард, ки
босаводу бесавод фарқ надорад. Баъзан бесаводи беакл ва
аксаш босаводи беакл коргар ҳам мешаваду роҳбар низ.

Ба ман Фарзод лозим!

Бинобарон, Оқсаққол-бобо ба раёсати хоҷагӣ масъала
мегузорад, ки хоҷагй замини обй надорад, агар Фарзод ва
Ашипастро, ки чандин аср боз ҷои молчаронии Фарзодиён
аст, шиканем, соҳиби 100-150 гектар замини оби мешавем.
Як тиру чанд нишон.

Марҳамат, замини обй барои хоҷагӣ ҳисобот ба
роҳбарияти ноҳия ҳосили фаровон барои аъзоён. Ҳам
...Шарифи Ҷамил аз айлоқу молҳои зиёд маҳрум мешавад,
ҳам мо ба мурод мерасем.

Он даврае, ки мо дар борааш накл карда истодаем,
хоҷагӣ ҳоло қомати худашро ба кадри бояду шояд рост
накарда буд. Фақат заминҳои лалмии деҳаро байни хоҷагӣ
эълон карда буданд. Заминҳои обӣ ба ихтиёри соҳибонаш
буд. Бинобар он Шарифи Ҷамил ки заминҳои обии зиёде
дошт, ба кору бори хоҷаг й бепарво буд. Чунки аз заминҳои
обӣ ҳосиле, ки мерӯёнид, ба хӯрокаи якуним-дусолааш
мерасид ва ба тухмии бахораш зиёдатӣ мекард. Аз ин сабаб
хотираш ҷамь буд.

Мувофиқи қарордоди хоҷагй хоҳишмандон югу омоч
бо ду оҳани ҷуфт, якто барзагов аз худаш ва яктои дигар аз
додарзодааш Махмадҷамил дод.

Хоҷагӣ талаб намуд, ки молдорон 10 - тоги гӯсфанд
диҳанд, хайр вакто, ки лозим бошад, не нагуфта мрли майда
ва баъд як гуноҷини бордор дод, акнун метавонист
хотирҷамъона ба кору бори деҳқонии худаш машгул шавад.

Аз хоҷагй қарздор набуд. Чй ҷои баҳсу мунозира, ки
баъзе аъзоён ба ин ҷамъияти ба ном колхоз «ду даст почаки
бинӣ» дохил шуда буданд ва чизе ҳам надодаанд, ки
дилашон тобаи болои алов барин сӯзад. Аз каси надошта чй
ҳам мегирй? Ҳеч чиз! Лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар

237
*Муште аз хирвор

*Қ\'дратуллои Искидаргй

ҳамаи маҷлису машваратҳо номи ӯро на як бору ду бор тагу
рӯ мекарданд. Баъзе машваратчиёни маҷлис хабари тагу рӯ
намудани номашро омада мерасонанд. Ҳамаи ин хабархои
росту дурӯг ӯро бесаранҷом мекарданду ороми ва
хотирашро парешон менамуданд. Намедонист, ки ба кадоми
он хабарбиёрон бовар кунад, чунки хабархо мухталиф
буданд. Баьзан зери лаб захрхандае мекарду мегуфт:

- Хайр чй? Гӯянд, гуфтан гиранд! Аз паси подшоҳон ҳам
мегӯянд, ман кй? Як деҳқони бесаводи оддй, ба касе кор
надорам.

Лек хабарбиёрон баргашта, ба роҳбар акси гуфтахои
ӯро мерасонданд.

Худи Шарифи Ҷамил бовар дошт, ки ин хабарбиёрон
барои гапгирй ва суханчинй махсус фиристода мешуданд!
Аксарияти хабарбиёрон «носкаш»-ҳо буданд. Гуё шуморо
дидаму ба хотирам расид. Дар маҷлиси ҷамъбаст фаъолони
хоҷагӣ шуморо ёдовар шуданд.

- Носа гиред! Баъди чокидани нос,--хайр ба ин гапхо
аҳамият надиҳед - гӯён хайру хуш мекарданд.

Баьзан сари гапро бароварда, охирашро ба итмом
нарасонида, хайрухуш мекарданд, ки ин зиёдтар ба асаб
расида, касро ба фикру хаёл водор мекард...

Шарифи Ҷамил дар ин мавридхо нагз дарк мекард, ки
он кас барои нос кашидан не, барои расонидани хабари
муҳим ё нохуш омада буд, чаро гапро нотамом монду рафт.’
Ё сиёҳии ягон касро, ки ба назари ман наменамояд диду
лаҷоми гапро кашида рафт?

Оқубати хизмати ин «носкаш»-ҳо ба он оварда расонд,
ки Шарифи Ҷамил эҳтиёткор гашта, ҳар қадамашро
мешуморидагй ва ҳар сухаиашро бармекашидаги шуда. аз
ҳар як «носкаш»-и худию бегона меҳаросидагй шуд. Ин
ҳолати номуайян ва бадгумонй дар ҳаққи худию бегона уро
аз хад зиёд азоб медод... Бинобарон, вай тез-тез ба сафар
баромада, дар деҳа сиёҳиашро кам нишон медод. Ҷои
зиндагии доимиаш Искидарг буд... Дур аз «дустон»-и
пазмоннашаванда. Лекин дар хамон чой хам уро ором
намегузоштанд. Хонааш, ки дар сари роҳ буд, хар як
гудифрав ё хаволрав як cap халонда ягон чизе мегуфт.

238
*Муштс аз хирвор__________*Кудратуллои Искидаргй

Заминро об вайрон мекунад
одамро одам

Дар дунё одамони хубу ростқавл, ростгӯю қавииродаи
амонатдор аксариятанд. Лекин дар байни ин инсонҳои
наҷиб шахсони бадбин кам нестанд.

Одами хуби қавиирода мегуфтагиашро гуфта гузашта
меравад, лекин одами бадхӯю кинадор ҳар гапро дар дил
ҳамчун санги хоро, ки ҳеч вақт об намешавад, бардошта
мегардад ва ба ҳар каси вохӯранда наклу ривоят карда,
бофтахои худро болояш зам мекунаду боз ба шахси сеюму
чорӯм мерасонад. Дар натиҷа ин овозаҳои бардурӯгу бофта
бйни мардум адоватро ба вуҷуд меорад ва бадбинию
бадкешии якеро муқобили дигаре бедору зиёд мекунад.

Ин буд, ки баъзе «дӯстон»- и Шарифи Ҷамил ин гапу
гапчаҳои баъзе аъзоёни правленияи колхоз «бегаразона»
гуфта шударо як проблемам каснодиду касношунид карда,
оварда мерасониданд...

Шояд адовати Шарифи Ҷамил бо раиси ҷамоати Рарз
Хӯҷамурод Ниёзов на ба он дараҷае буд,ки мо тасаввур ва
тасвир мекунем, шояд ин натиҷаи тахаюлот бошад, лекин
натиҷаи кори он «дӯстони «беғараз» ба он оварда расонд, ки
хардуи ин ҳамдиёрй дар дил аз парвардигори ягона илтиҷою
илтимос менамуданд, ки дар кӯчаҳои деҳа cap ба cap
назананду бо хам вонахӯранд...

...Рӯзе директори мактаб бо Оқсақкол вохӯрда, ба мактаб
дер омадани талабахоро арз мекунад ва ташвиши худро
нисбати талабагони аз айлоқҷойҳои дур меомадагию бадхон
изхор менамояд.

Оқсақколбобо директори мактабро барои тамхориаш
як таъриф мекунаду баъд ваъда медихад, ки ин масъалаи
мухими мактабро албатта, хал мекунанд. Аммо дар дил хело
хурсанд мешавад, ки риштаи мушкилоти ӯро директор ёфта

дод.

Ин дастаке калоне буд барои нияту орзуҳои дурбинонаю
дурандешаи вай. Бо таърифу тавсифҳои зиёде директорро
гуселонида назди раиси колхоз даромада, ин масъалаи
муфидро бо обу ранги зиёд ба ӯ мекушояд. Ва ба аспаш
савор шуда, ба идораи худаш, ки дар Шавагки боло буд,
рохсипор мешавад. Дар рох танҳо...Ин мавзӯъро бо

239
*Муште аз хup вор

*Кудратуллои Искидаргй

тафсилтар андешида, аз ҷиҳати сиёсӣ ва проблемаҳои
колхозй ба райкому исполком пешниҳод ва тасдиқ
кунондаро лозим мешуморад. Шикастани Фарзод дарди
дилашро таскин дод:-«Ана ҳамин Фарзодро шиканем,
масъалаи муаллимону талабахо хал мешавад».

Гургу гӯсфанд аз ҳамдигар наҳаросида, аз як ҷӯй об
мехӯранд. Ии фикру хаёл фақат дар дилу каллаи Оқсаққол
бо пахлӯҳои зиёдаш давр мезад. Оқубат рӯзе масъаларо
кӯндаланг ба назди раис мемонаду шарҳ медиҳад:Баҳори
соли оянда ҳамаи қувваи қобили меҳнатии колхозро
сафарбар карда, Фарзоду Ашипастро бо пешниҳоди худ
шиканед.

Аз тарафи роҳбарияти партиявию советии район
масъалаи «кушодани заминҳои нав» дастгирй карда
мешавад. «Шумо дар водии Зарафшон якумин шуда
масъалаи «заминкушоиро» ба миён овардед. Барои
колхозҳои бе замин ин масъалаи аввалиндараҷа! Ин
навоварие ҳаст, ки бечуну чаро дастгирй мешавад. Обрӯятон
на танҳо дар водии Зарафшон баланд мешавад. Балки дар
вилоят хам. Чунки ҳар коре, ки ба фоидаи колхоз ҳал карда
шавад, худи калони республика дастгирй мекунад.

Шумо ин масъаларо бо директори мактаб ҳам пазонед.
Вай ин масъаларо аз шумоён беҳтар мефаҳмад ва ба кори
шумо ёрии бебаҳои худашро мерасонад. Агар тавонаду ягон
хабар ба газетаи районй навишта фиристад, «боз нуран
алонур мешавад»- мегуфтанд.

Дар ҳақиқат, баҳорон ҳамаи қувваи қобили меҳнатии
хоҷагиро ҷамъ карда дар идораи колхоз аввал замини
Фарзоду Ашипастро чунин тақсим намуда, ба заминкашй
cap карданд:

1. )Бригадаи «Ҳавлии миёна» аз бинии Фарзод то пули
молгузори фарзодиён, ба Ашипаст.

2. ) Бригадаи «Пордар» аз чашмаи «Шабхуфт» то лаб лаби
дарёчаи «Такапар» бо ҳамаи ҳамвориҳояш.

3. ) Бригадаи «Седодарию» «Боло»- Ашипаст.

Ин тақсимоти хоҷагй албатта тахминӣ набуда аз моҳи
сентябр, ки саршавии соли хониш аст, то баҳор (8-9 моҳ)
«пухту паз» шуда буд. Бинобар он, ҳеҷ кас ёрои тагйир
додани онро надошт.

240
*Муштс аз хирвор

*Қудратуллоп Искидаргй

Ин ташаббус - шикастани Фарзоду Ашипаст нақшаи
дурнамои хоҷагӣ шуд. Оқсаққол чй дахл дорад? Бори дигар
ёдовар мешавем, ки Искидарғу Хаволу Фарзод айлоқҷойҳои
гузарҳои Боло ва Пордар буд. «Седодарию» «Ҳавлии
миёна»-гиҳо ки одамони «омад»-буданду, заминҳои обии
Искидарг кайҳо соҳибдор шуда буд, ба онҳо ҷои хонасозӣ ва
замини корам намерасид. Айлоқшинӣ форад, марҳамат ҷои
холӣ. Мунҷг онро обод созу молу говатро баҳузур хӯрону
бонӣ куну истироҳат намо! Ширу қаймоқат фаровон!

Хонандаи закӣ метавонад саволе диҳад, ки Холи Раҳиму
Наврузи Мӯъмин, ки «ҳавлии миёнагй» буданд, дар
Искидарғу Фарзод чи хел ҷойгир шуданд? Саволи бамаврид!

Холи Рахим, домоди Дурбико буду Дурбико дар
маслиҳати тӯи арӯсии духтараш Бибифотима шарте гузошт,
ки вай дар хонааш мардина надорад, агар Холмаҳмад
хонадомодиро ба калла гирад, духтарамро медиҳам, агар не
гӯяд бахташро аз дигар ҷой пайдо кунад. Холмаҳмад ин
шартро бо чону дил ба калла гирифту соҳиби арӯсу
заминҳои обшору айлоқи васеъ гашт.

Наврӯзи Мӯмин бошад дар пайҷои духтурхонаю магазину
чойхона ва идораи хоҷагй замини васеъ ва боғи зардолузор
дошт, ғайр аз ин молдор, ки буд, дар Рунишк ҳамин хел
замину богу огилу каҳдон ва айлоқҷои васеъ дошт, лекин аз
об танқисй мекашид. Бинобар он баъди оиладоршавй ба
хоҳари Шарифи Ҷамил бо ҳамгузарҳояш ба Мунҷг, ба ҷои
салқин ва обшору айлоқи хамгузарҳояш меравад, лекин
ҳамсояҳо, ки дар он айлоқҷой ватандори кӯҳна буданд,
аммаи маро таъна мекунанд, ки ватани падарат Искидарг ба
он ҷо рав! Аммаам ҳам шабро рӯз накарда, шабакй аз Мунҷг
ба Искидарг назди акаҳояш мераваду арз мекунад, ки ба ман
чунин гапхои ношоиста заданд.

Падарам бо маслиҳати акааш Муллоаббос аз замини
падарии худ ҳаққи хоҳарашро ҷудо карда, аз обфурои
хирмани худаш то хирмани акаи Маҳмадҷамил замин ва
кахдони калони худро, ки дар рӯбарӯи қутани моландозию
огилҳо вуҷуд дошт, холӣ ва барои зиндагй омода кард.
Худаш бо хоҳараш баргашта ба Мунҷг мераваду молу гови
хоҳарашро ҷамъ карда, кӯчу борашро ба хар бор кунонда,
қабириҳои рӯз ба Искидарғ мерасонад. Аз ҳамон рӯз cap

241
*Муште аз хирвор

' Қудратуллои Искидарғӣ

карда Наврӯзи Мӯъмин ба айлоқҳои Искидарғу Фарзод
шарик мешавад. Ин буд таърихи кӯтоҳи дар Искидарг
«решадавонидан»-и миёнагиҳо. Аз гузари Седодарон

Ҳам бо хешию табории вобаста ба заношӯй ба Хаволу
Ғудиф шарик ва айлокдор мешаванд. Лекин на Холи Раҳиму
на Наврӯзи Мӯъмин дар заминҳои лалмии Санги Чагва,
Кафшигут ва Ғиренкандаю Нармкаш замини лалмкорӣ
надоштанд. Фақат дар Искидарг заминҳои обй доштанд.

Оқсаққолӣ ҳакиқии Дарг Маҳмадшарифи Арбоб аз
гузари «Ҳавлии миёна» хамон ҳамгузарҳояшро дидаю
пуштибони карда орзуи Искидаргнишинӣ кардааст, ки аз
тарафи Шарифи Ҷамил аз Искидарг ронда мешавад...

Зеро халқ беҳуда нагуфтааст: «Аввал бубин ҷои худ, баъд
бимон пои худ»

Замоне, ки мо дар борааш нақл карда истодаем «дег»-и
Фарзод барои Хӯҷа-Оқсаққол намеҷӯшид. Вай ин муродро
орзӯ мекарду ба мақсад намерасид, бинобар он, хост, ки ба
ҳеҷ кас нарасад! Ҳамаи Искидарғихо ва Фарзодиён аз
айлоқашон кӯчонда шавад. Вай на ин ки худаш, балки 50-60
хоҷагии Искидаргу Фарзодро аз айлоқҷою боду ҳавои
тозаю дилкаши ин мавзеъхо махрум сохт.

Фарзод айлоқҷо тасдиқ шуда буд ва хеч кас ҳакди
шикаста ҳамчун замини корам истифода бурдани онро
надошт.

Хӯҷа - Оқсаққол, ки дар ягон чои Дарг замини лалми
надошт ва миёни лалмишиканияш сует буд, ба ҳамгузарҳояш
мефармояд, ки баъди шикастани замини Фарзод маро
фаромӯш насозеду ба ягон чои Фарзод шарик ва заминдор
кунед. Ин ташвишу даву гечи ман барабас наравад. Ин
орзуи деринаи Оқсаққолро ҳамгузариҳо рӯзи охири кори
заминшиканй ба амал оварда, аз ҳисоби тухмии колхоз
заминеро кориданд.

Замини Оқсаккол махсус дар пайҷои подараҳа
шикаста шуда барои гузаштани пода мушкилии зиёдеро ба
амал оварда буд. Ин аҳвол чанд сол давом кард. Ҳар ҳафта
яке аз хамгузарон омада, замини Оқсакколро хабар гирифта
мерафт...Ин хабаргириҳо барои ran гирифтану ran бурдан
ба назди Оқсаққол-бобо буду халос.

242
*Қудратуллои Искидаргӣ

*Муште аз хирвор

Намедонам аз он замини лалмӣ Оқсаққол-бобо чанд
тоннаю чанд сентнер ҳосил рӯёнида бошанд, ҳаминаш
маълум буд, ки замини ӯрс ҳамгузариҳо баробари замини
хоҷагй даравида ба хирманҷои дарғ бурда куфтанд.

Ба гумонам «хизмат»-и он кас барабас нарафт чн қадар,
ки як хирман кӯфташуда хосил диҳад, ҳамон ҳаққи Оқсаққол
мешуд.

Раису назорати ҳизбй ва раиси ҳосилот ҳуқуқи ба ҳосили
он хирмани кӯфташуда чашм давондан надошт.

Вохӯрй бо «қадрдон»

Соли 1953 мо донишҷуёни оянда имтиҳонҳои
қабулро дар Сталинобод, дар бинои Университета давлатии
ба номи Ленин супурда ба Москва, ба хондан рафтем^

Соли авали хониш ба мо камтар вазнини кард.
Султонқул ба касалие гирифтор шуд. Уро аз тарафи
донишгоҳ барои дамгирӣ ва истироҳат ба фароғатгоҳи Қрим
фиристоданд.

Ману Султонкул аз ҳеҷ кас ёрдампули намегирифтем ва
шахси ёридиҳанда ҳам надоштем. Мо фақат метавонистем
ба қувваи бозӯи хеш худамонро хӯронему пӯшонем. Ман
стипендияи охирини худро гирифта, ба Султонқул роҳпули
дода бо ду даст почаки бинй мондам. Ғайр аз ин,
Султонқул баъди истироҳат боз ба Москва бармегашт ва мо
ду кас то гирифтани стипендияи моҳи сентябр бояд хурему
пӯшем. Барои ин пул лозим буд. Ман барои кор кардан ба
колхози ба номи «Илич» рафтам. Дар байни якуним моҳ
соҳиби 600 сӯм пул шудаму ба Москва баргаштам ва рӯзи
дигараш Султонқул ҳам расида омад. Ва мо ба ҳаёти
студента гӯтида рафтем. Соли 1955 ман имтиҳонҳои
солонаро бо иҷозати директори институт «досрочно»
(пешакй) супорида 20 рӯз пеш аз тамомшавии имтиҳонот ба
Сталинобод баргаштам. Акаам Муллоаббос фармуд, ки ба
деҳа раваму аппаҳоямро дида, аз ҳоли манзилҳои Искидарғ
ба вай хабаре биёрам. Ба ҳамин ният ман ба Дарги Шариф
рафтам. Кош ягон коре мебаромаду ман Дарғ намерафтам...

Акнун ки насиби дидор ва дидорбинй бошад, чй илоҷ...
деҳа аст. Деҳа шаҳр не, ки бо автобусу троллейбус гардиш
кунию якдигарро набинй.

243
*Муште аз хирвор

*Кудратуллои Искидаргй

Ҳамин ки як касро дидию аҳволпурсӣ кардй, баъди ним
соат тамоми деҳ медонад, ки кӣ омадаасту аз куҷо омадааст.

Дар деҳа дараву даравгарй дар авҷ...

Ҳамаи ҷавонҳою солхӯрдаҳои аъзои хоҷагӣ шуда, шаббош
дар кӯху пушта даравгарй мекарданд. Дар деҳа баъзе
талабаҳои аз мактабҳои гирду атроф барои банд бандӣ
омада буданд.

Он касоне, ки ба ман лозим буданд ба ёрдами хоҷагию
акрабояшон дар кӯҳҳо буданд. Табиист ки ман шабро дар
хонаи писараммааму язнаам Мулломуъмин рӯз карда, ба
Искидарг рохсипор гаштам. Дар роҳ қариб, ки ҳеҷ касро во
нахӯрда, чор гарафро тамошокунон ба фикру хаёли худам
андармон мерафтам...

Рости ran ба ман на ҳамроҳ лозим буду на ҳамсӯҳбат...
Фақат худам будаму фикру хаёли кӯдакӣ... Ҳамон рӯз дар
ихтиёри ман буду ман дар ихтиёри саргузаштҳои кӯдакию
наврасӣ ва он азобу уқубати кашидаам...

Дар мавзеи Таги бароз, дар сояи беда калон тахмин ним
соат дам гирифтаму як хомтаҳорат карда, ба бароз часпидам

- на бо роҳи ҳамвори лаб-лаби дарё, балки бо пиёдароҳа
рӯболо шудам...

«Дар пот патинкаю дар сарат согуи шир»- гуфтани
ҳамдиёронам ба хотирам расиду бар холи худ хуб хандидам

- пиёдароҳа аз тобиши офтоби тобистон чунон хушк туда
буд, ки бо як кадам ба пеш партофтан се қадам ба қафо
мерафтй. Сангрезаҳо пойафзолро монанди ях
мепартофтанд. Бо ҳамин азобу уқубат барозро cap кардаму
назди мазор (ҷонам садқаи арвоҳҳои бобою бибй) нишаста,
донам - надонам як «арвоҳи гузаштагон» гуфтам. Аз назди
мазор гузашта, назди санги «фотиҳабахшак»- боз нишастаму
(қабристони Искандаргиҳо ва авлодони гузаштаи мо) боз як
даст ба рӯ кашида, ба тарафи хона, хонаи падарию
гузаштагон рафтам. Табиист, ки дар тобистон он ҷо х,еҷ кас
набуд, чуз ману ёддоштҳоям...

Ман ҳамаи манзилҳоро аз назар гузаронида, на ба
хонаи нав, балки, ба хонаи кӯхнае ки рӯзҳои охирашро
модарам он ҷо гузаронида буд, дармада, хело вақт ба рӯи
замини чанг зеркардаи он нигоҳ карда, як санги сиёҳи
зӯррасамро аз пушти хона бардошта, дарвардаму дар

244
*Муште аз хирвор

*Кудратуллои Искидарг Й

болояш нишастам.Солҳои охир дар ин хона аппаа.

Ниёзбибй бо оилааш мезист...

Дар бораи Искидарг ман метавонам соатхо ran

занам, зеро он тамомй надорад. Аз максад дур рафтем...

Мо вайронию ободии Дарғи шарифро ба шахсияти Хуҷа-
Оқсакқолу Шарифи Ҷамил вобаста кардани нсстем. лекин
воқеаҳои дар ҳамон давр руйдода ва давомдор, ки мо аз сад
якеро ба рӯи қогаз овардем, худаш рохнамо мешавад.

...Хуб, Шарифи Ҷамил дар мусофират гарибмарг шуд,
акнун’ Оқсакқол ба мурод расидагистанд? Не. iepo
фарзандони Шарифи Ҷамил метавонанд баргардан^ Ба
монанди «Акияки чулок», ки соли хониш 19j^'53 ба ^ар ’
ба вазифаи муаллимй ва умеди зиндаги омада буду нохурда
пушаймон шуду рафт, дигараш хам буд.Дар ин чо решай
уро бо алови хомӯшнашавандаи бурс сузондан лозим, кг
дигар ёди Дарғу Искидаргашро накунанд.

Ва Искидарг низ дигар ному нишони Шарифи Ҷамил ва

ахлу байташро нашунаваду набинад.

Ин андешаҳои Оқсаккол-бобо чунон дилу чигарашро оо
медод, ки ӯ par ба par тугён мекарду умедеро дар дилаш
шуълавар мегардонид...

Шахсони алохидаро нест кардан осон. Вале, таърихр
нест карда намешавад. Таърих вокеаҳо ва ҳаводиси
гузаштаро ба халқ вогузор мекунад. Халк онҳоро асрхо аз
дахон ба даҳон нақлу ривоят мекунад.

Ман бо Муллониёзу Махмадеқуб дар боги
Муллониёзи «боги», ки акнун зардолухояш ранг гирифтаву
ба кавле «бачадав»-шуда буданд, хеле сайру гашт кардем...

Муллониёз хар як дарахти зардолуро ба мо нишон
медоду аз таърихаш ва таъмаш накл мекард. Муллониез
табиатан одами камгап буд. Он руз инқадар бо шавку завк
зардолухояшро таърифу тавсиф мекард, ки ман тамоман
мафтуни суханронию сухандонии вай шуда будам... Хаелам
панҷ ё шаш хел мевагиҳоро ба мо нишон дода гуфт, ки
кадоме аз ин дарахтхо кай мепазаду таъму лаззаташ паидову
дилкаш мешавад—

Бо ҳамин ногумон мо ба зери як дарахти сершоху барг
расида бинем, ки сояи гафс хам дошту чор атрофии бог
намоён буд. Манзараи тамошозеб. Дар он чо якчандго

245
"Қудратуллои Искидарғӣ

*Муште аз хирвор

курпачаҳои нимдошт ва ду болишти «лула» партофтагӣ
буд.... Муллониёз моро болои курпачаҳо таклиф карда, аз
зери як санг дастархони нону як чойники шикамкалони ба як
руймол печондашуда бардошта овард...

- Маъзур, чӯраҳо, чой нимгарм,то як пиёлагй мегиретон, ки
наваш меҷӯшад.

Мо ба ҳамон будааш шукр кардему худашро ташвиш
накашонда, ҳамроҳи худамон шинонда, чойкаш кунондем.
Бо ҳамин мо сӯҳбати секаса ташкил карда, аз ҳар ҷиҳат чак-
чақ мекардем... Дар деҳа аз чи хусус ҳам ran мезанӣ? Давраи
мактабхониро ёдоварӣ мекардем...Масалан ман дар синфи
чорум ду моҳ хондаму кӯчида Сталинобод рафтем. Он вақт
мактаби деҳаамон хафтсола буд, акнун даҳсола шудааст.

Аз ҳамон ҳамсинфон пурсуҷӯ мекардем. Кадомаш ба
кадом мактабҳо рафт, кадом духтарони ҳамсинф ба кӣ ба
шавҳар баромад. Кй дар колхоз кор мекунаду алоқааш бо
ҳамсинфон чихел аст.

...Дар рафти сӯҳбат назарам ба тобосангҳои болои боғ
ғалтиду «Санги ҷирингак» ба ёдам омад.

- Муллониёз, ҳамон «Санги ҷирингак» ҳоли ҳам ҳаст,ё ки аз
сабаби бисёр партофтани санги бачаҳои «садошунав» пур
шудагй?

- Не, вай ҳаст, лекин пур намешавад, чунки чуқуриаш аз
ҳамин ҷои шиштагиамон тахмин то лаби дарёст, шояд 500
метр бошад, вая нур кардан амри маҳол. Санги партофтагй
ба як ҷо не, ба чор тараф ғелида, паҳну парешон мешавад.
Ман-ку даруни вай надаромадиям.... Даҳони гор танг асту
даромадан амри маҳол, лекин аз сабаби садоҳое, ки аз
сангчаи партофтагй мебарояд,тахмин кардан мушкил не, ки
чаро тобаҳо садо медиҳанд. Тобаҳое, ки санг ба вай
бармехӯраду садо мебарорад, тобасанги мукарарй набуда,
шояд ҳосили маҳсулоти аз сӯзиш обшуда ва хунукшуда
бошад, ки паррахояш тунуку тез буда, даррондани либосҳою
пусти бадан мушкил нест. Мо дар давраи мактабхониамон
(синфи ду-се мехондем) ба инҷо баъди даре бисьёр
меомадему аз пушти боги Муллониёз ба баландии ҳамин
тепа мебаромадем... Албатта бачаҳо ба ман ёрй медоданд,
набошад мустақилона баромадану фуромадани ман мушкил

246
*Муште ai хирвор

*Кудратуллои Искидаргӣ

буд...

Ҳар кас агар киса дошта бошад дар кисааш, агар киса
надошта бошад, дар тоқиаш ё домани куртааш аз пушти бог,
ки сангрезаҳои зиёдеро шамол аз ҳамон тепа фароварда уд,
чинда мегирефтему ба ҳамон тепа мебаровардем—

Баъд ба атрофии шикофии гор давра меистодем ва хдр
кас ба навбат сангча мепартофт....ҳамаамон сарҳоямонро
хам карда садои гелида ба поён фуромадани сангчахоро гуш
мекардем. Гумон мекардем, ки сангчаи партофтаи ҳар
кадоми мо садои алохдае ё махсусе дорад.Шояд ҳашш тавр
ҳам буд,... лекин дар асл ин тавр не-боз ки медонад: Қувваи
биноию шунавонии бачаҳо назар ба калонсолон якчанд
маротиба... Баъзан садои сангчаи партофтаи баъзеямон
дурру дароз садо медоду азони дигарон садои кутоҳ....Мо
гӯё бо ҳамон сангчаҳои партофтаи худ умри худамонро
муайян мекардем, гумон мекардем, ки санги партофтаи касе,
ки садои кутох дорад, вай умри кутох мебинад ва бараке.
Баъзан хамин хел мешуд, ки сангчаи партофта ба болои ягон
тобаи ҳамвор галтида намегечҷиду намегелид ва садо зуд
хомуш мешуд, мо бошем, инро ба таври акди норасои
бачагонаи худ, маънидод мекардем. «Эхтиёт нисфи хает»
гуфта, ба онҷо дигар кас ҳам ғайрат^ карда намедарояд.
Хайр... агар ягон экспедитсияи давлати барои санчиш ва
муайян кардани он садоҳо ва умуман фахмидан дарояд, он
вақт даҳони горро бо асбобҳои махсус васеъ карда, о
тачхизоти зарурй ва либосхои махсус даромадан мумкин.
Хаёлам рохи даромад хело серпечу тоб ва качу килеби
морпеч аст. Хамту тассавур кунед, баромаду фаромади
агбахо ё умуман кӯҳй баландро: гох рост мебарои, гох ба
тарафи рост мегардй, то ки баромадани кух ё агба осонтар

шавад. _ _

Вақто ки санг мепартои, санг ба тобасанге бар

мехӯраду парида ба тобасанги дигар мезанад ва садоҳои
хархела гох аз чапу гоҳ аз рост шунида мешавад. Гумон
мекунй, ки як оркестри калоне бо хамон тунукаҳою
табакчаҳои болои накора, ки доранд, хархела нагмасарои
мекунанд. Ин нагмаю садоҳоро фақат одаме пайхас ва
мушоҳида карда метавонад, ки мусиқишинос бошад.

Садои санги партофташуда торафт пастмешаваду гуё аз

247
*Муште аз хирвор

’Қудратуллои Искидаргй

роҳи дурр садо медиҳад ва бо ҳамин хомӯш мешавад, лекин
акси садояш ба гӯш давомнок аст.... Ин аҷоиботи табиатро
фақат худи табиат метавонад ба вуҷуд орад... одамизод ба
сохтани чунин муъҷиза очизй мехашад.

Мо бандагонн хокӣ метавонем ик аҷоиботро фақат
тамошо кунем, ё гӯш кунему ба дасти муъҷизаофари табиат
қоил шавем.

- Чаро атроф хокаш ранги табии дораду кӯҳи санги
«ҷирингак» сурхчатоби дилкаш? Медонед чӯра, ҳар дафъа,
ки ман ба деҳа биёяму Искидарг равам, баъди баргаштан,
агар рӯз бошаду атроф баръало намоён, болои Миёнтуда
баромада мешинаму манзараҳои хамин кӯҳ ва деҳаро
тамошо мекунам.

Ба назарам аҷоиб менамояд, ки ҳамин санг аз кӯҳй
«Сурхй» cap туда то ҳамин санги «Ҷирингаки» шумо тӯл
мекашад.

- Шумо фақат аз кӯҳи Сурхи то ҳамин ҷоя дидед?

- Бале...Охир ман дар бачагй ҳаваси кӯҳгардй доштаму...
пои кӯҳгардй не!

Якпоя кӯҳ баромадаю фаромада намешавад-ку!?
Хаёлам ин орзуро ман дар дил ба гӯр мебараму ин кӯҳҳои
дилкаши атрофии деҳаро тамошо намекунам... Афсус...

- Аз ин ҷиҳат гамгин шудан шарт не, ҳеч ҷои аҷоибй ва
дилкашй надорад, фақат як хати хоки сухтаи беҳосил.

- Не ҷӯра, шумо хато мекунед, атрофии деҳаро, хусусан
Ватани азизи худро дар як суҳбат Муллоаббоси акаам гуфта
буд, ки «Агар лалмихои «Сурхия» худам ҷуфт мекардам,
дурӯза ҷуфт буд, агар акай Маҳмадҷамил чуфт мекарданд,
серӯза чуфт буд, ҳосили ҷаваш бисёр нағз мешуду ҳатто
кохаш харҳою говҳои деҳнишини Дарғро то баҳор меовард.
Мо аз Искандарғ коҳ намекашидем » Шумо бошад мегӯед,
ки замини беҳосил?!...»

-Ба гапи ман бовар накунед, мана худатон тамошо кунед!
Ягон бута ё дарахтро дар болои ин сангҳо мебинед?

- Шояд ин ҷо ки фақат санг дорад, дарахт намерӯяд. Охир
ман гуфтам-ку, аз тангиҳои болои қабристон баландтараша
надидаам, фақат аз даҳани Кабра тамошо кардияму халос.
-Ин Сурхия давомаш хело дароз аст... Ин тарафаш аз ҳамин

248
*Муште аз хирвор_______________*Л'удратуллои Искидарги

дарё гузашта ба Рунишк мебурояду то худи саргаҳи Мачоя
мерасад, ин тарафаш хамин кӯҳ ба кӯҳ то Такфуна меравад.
-Ҳамин қадар дароз?

- Ҳа мегӯянд, ки ду-се ҳазор сол пеш... кӯҳи Такфун оташ

мегирад___Ана ҳамок хате ки шумо мегӯед, аз ҳамон Такфон

то саргаҳи Мачо аланга мегирад. Хаёлам, ки монанди
бензину керосин ё ки газ дармегирад. Ҳамин хоки сурх
пайҷои ҳамон сӯхтор аст, ки ҳам сангу ҳам хокаш сӯхта аз
ҳосил мондааст. Кӯҳи Такфун ҳоло хам сӯхта истодааст, ки
дар торикии шаб аён асту рӯзона фақат дудашро мушоҳида
кардан мумкин.

Чи хеле ки шумо гуфтед дутарафаи ҳамин хокро агар
корй ҳосили нагз медиҳад, фақат ҳамон ҷои сӯхтагиаш
беҳосил.... Бо ҳамин баъзе он рафиқонеро ки ҳамсинф
будему ҳамроҳ мехондем, ёдовар шудем ки дар куҷо мехонад
ё кор мекунад.Ду се соат ногумон гузашту рафт... Ба ман, ки
вақт хело ғанимат буду нияти тезтар ба Сталинобод назди
акаам Муллоаббос баргаштан доштам, вале баъзе аз хешу
таборро надида будам, аз ҷой хестаму бо Муллониёз хайру
хуш кардам.

-Шумо табиист, ки ҳамчун боғбон инҷо мемонед ба ман
ҷавоб. Пеш аз ба деҳа баргаштан, ба Маҳмадёкуб дафъаи
охир ба санги «ҷирингак» баромада яктоги санг партофта,
садои аз санг ба санг бархӯрда то ба поён расидани онро гӯш
кардему ҳамроҳ деҳа баргаштем...

Дар деҳа ба ман хабар доданд, ки «муовини раиси
колхоз шуморо суроғ карданд, кадом як кори заруре
доштаянд... Ба идораи колхоз назди пул фуроед -
будааст»...

Ман аъзои колхоз набошам, истиқоматкунандаи деха
нестам барои чи ба идора даъват мекунад? Хайр вақте, ки
даъват мекунанд, рафган даркор...

Идораи муовини раис дар чойхона ҷойгир будааст. Як
тараф чойхонаю тарафи дигараш идораи муовин...Дар
ҳақиқат ман аъзои колхоз набошам, сабаби сурог кардани
муовини раис чи бошад? Албатта ин бефаросатии ман буд ва
шаллоқи соли 1952 хурдагй аз хотираҳо кайхо фаромӯш
шуда буд.

Дар ин рӯзҳо, ки ин сатрҳо болои когаз оварда

249
*Муште аз хирвор

'Кудратуллои Искидаргй

мешавад, аз он шаби «таърихй», ки дар китоби аввал
навишта шудааст, Раҷабов Кучак ягона шоҳиди зинда аст.
Агар бақияи умр дарози кунаду бо он кас вохӯрем, аз
худашон он таърихро пурсидан даркор... Он кас хамчун
одами бекина боварам хает, ки ботафеил ва пурра накл
мекунанд.

Албатта ба идораи колхоз рафтаниам зарур будагист.
Шояд аз Сталинобод маро сурог карда бошанд ё телефон
шудааст? Мумкин бо акаам Муллоаббос ягон воқеаи
гайриодци руй дода бошад? Ҳазору як фикру хаёл. Ман
бехабар аз он ки ҳоло хам шайтон дар замин асту пайт
мепояд! Дар паси ҳар буттаю харсангҳо қапқонаш
гузоштагй, ки моро дастшикастаю пошикаста кунад.

Оҳ, ҷавонии бехабар аз шайтону шайтончаҳои ҳаёти
бебозгашт...дар ҳақиқат...вақге ки раиси деҳа ба идорааш
даъват мекунад, рафтан даркор!

Дарро бе тақ-тақу тук-тук кушода даромадаму салом
додам. Муовини раис акай Кучак аз ҷояш хесту маро пешвоз
гирифт, назди мизи худаш таклифи нишастан карда як пиёла
чой дароз кард. Ман хам хамчун расми точикй аз таклифи
вай руй нагардонда, чойро гирифтам. Аҳволпурсии акай
Кучак ба назарам хело самимонаю табии буду диламро хеле
таскин дод...

Бовучуди ин ман бетоқатона пурсишро cap кардам,
ки ин аз тарафи ман беодоби дар назди калонсолон ба ҳисоб
мерафт. ..хушбахтона акай Кучак ба ин ахамият хам
надоданд... Шояд ин ба назари ман метофт? —Акои раис,
маро сурог кардед? Тинҷи-мй?

-Ҳа, тинҷй, шукри худо. Шунидам ки ҳоло шумо дар Москва
мехондаед? Як аз хонишу, шароити боду хавои Москва
пурсам гуфтам-дия...ха-ха-ха...хонишхо қариб тамом шуд, ё
ҳоло ҳам давом дорад?

-Ҳоло ду соли дигар, акнун курси сеюмро тамом кардем.
-Хонишҳо чи тавр? Он ҷо забони руси вазнинй намекунад?
-Вазнини хам кунад, чи илоҷ, мо ихтиёрй ба хондан рафтем-
ку! Ҳаракат мекунем аз дигарон қафо намонем. Раҳмат, ака,
барои пурсишу кушиши гамхоронатон! Мо харакат мекунем,
ки номи деҳамон ва районамонро дар назди дигарон паст

250
'Қудратуллои Искидаргӣ

*Муште аз хирвор

назанем. Ману Султонкул ҳоло аз пешсафон. Баъзе
шаҳриҳою русидонҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мо расида
гиранд. Ин таърифам бе муҳобот.

- Офарин, дар ин ҷо мо бо шумоёи фахр мекунем, ки
ҳамдеҳаҳои мо дар Москва мехонанд.

- Шумоён ҳам саломат бошетон, хаёлам ба фахр карданатон
меарзад! Мо нони Дарга хӯрдагй. Нони Дарга хурдагиҳо
номй Дарга паст намезананд!

- Бовар дорам, ки ин гапатон сидқи! Ҳаракат кунеду нагз
хонед, обрӯятон.Омадагитонба чанд рӯз шуд?

- Се рӯз шуд.

-Искандарг ҳам рафта омадед?

- Ҳа, наход Дарг биёяму Искидарғ наравам?! Искидарг
ватани тамоми гузаштагони мо! Дина рафта будам...
Манзилҳо ҳамааш дар ҷояш, як табаки дарвозаи кутан соҳиб
пайдо кардааст.

- Аз он табақи дарвозаи кутан ман бохабар... очакалонатон
дар Искидарг бандагй карда будаанд...он касро дар сари
бароз гуронда буданд, ҳамон як табақи дарвозая ба ҷои
тахтаи гӯр истифода кардиянд.

- Ин хел бошад, табаки дарвоза соҳиби ҳақиқии худаша
ёфтааст.

Ман сад ҷон розй!

- Ман шумоя барои ҳамин даъват кардам...Ман ҳам он
манзилҳоя якчанд бор аз назар гузаронидагӣ, манзилҳо
ҳамааш фарсуда шуда, кӯҳна шудаги... Ягонтаи шумоҳо
омада зиндагӣ намекунед... каси нигоҳ мекардаги нест.
Афсӯс... Худатон нагз медонед, ки одамони беинсоф
бисёр...хусусан говбонҳои колхоз, ки зимистонро дар
манзилҳои шумо мегузаронанд.Як тарафашба гов андозанд,
тарафи нодаркорашро канда месӯзанд.

- Худобехабарҳо ягонтааш фикр намекунад, ки ягон кас агар
манзилҳои моро канда ҳаминхел сӯзад, чӣ мешавад? Охир
барои манзилҳои худаш дилаш месӯзад-ку? Баногоҳ
нугчӯбаи огилаш ё кохдонаш ба бори хар дакка хурад дилаш
сӯхта ҷонаш тангй мекунад-ку!? Уфф...ана ҳамин масъала
маро азоб медихад...Шумоён Сталинобода Ватан
гирифтетону ягонтаатон ин тараф намебиёед, ҳайфи ҳамин

251
'Қудратуллои Искидаргй

*Муште аз хирвор

қадар меҳнатҳои чандинасраи бобою бобокалонҳо! Дар
вақти инҷо будани худораҳматии додотун, ягон кас ҳад
дошт, ки ба он манзилҳо каҷ нигоҳ кунад?!

- Хайр , шумо чи маслиҳат медиҳед?

- Маслиҳати ман ҳамин... Ҳамаи манзилҳои Искаидарға ба
колхоз фурӯшед. Хаёлам аз ина ба шумо маслиҳати беҳтар
нест. Ҳамин қадар, ки фикр кардам, беҳтарашро наёфтам.
Ҳамон меҳнату машаққатҳои гузаштагон бехуда насиби
чойҷӯшонии кадом як подабони беномус нашавад.

-Ман ин маслиҳати шуморо ба язнаам Мулломумин як бори
дигар дида мебароем. Агар он кас ин маслиҳати шуморо
маъқул шуморанд...

-Ба манзилҳои шумо Мулломумин чй дахл дорад?
-Мулломумин ғайри язнагиаш ба ман писарамам мешавад.
Мо хеши дутарафа - ҳам хуншарику ҳам хокшарик. Аз ин
сабаб хеши наздиктарини мо Мулломумин аст.

- Мирзои Маҳмадчалил-чй?

- Ба қавле, Мирзои Махмадҷалил ба ман хам додарзодаю
ҳам набераи амак. Лекин вай ба ҳақ расидагй. Ба он
манзилҳо ҳаққаш намондааст.

-Шумо медонед, ки хамон манзилҳо аз кадом чуб бино
шудагй.

- Ғайр аз хонаи нави боло... ҳамааш аз чӯби бурс. Агар
одами зиндаи нигоҳубин мекардагй бошад, ин манзилхо боз
ҳазор сол хизмат мекунанд.

- Барои подабон чи фарк дорад, чӯби бурс ё чуби бед?
Авқоташ пазаду ҷояш чӯшад шуд ин беинсофҳо манзилхоя
беҳуда нобуд мекунанд. Хайр, боз маслиҳат карда бинед,
хаёлам язнаатон ҳам ба маслиҳати ман розй мешавад. Хайр,
дар деҳа нағз сайру гашг кунеду бо ёру чӯраҳо нагз дам
гиред. Аз боду ҳавои кӯҳистони мо истифода баред...Худо
медонад ин тарафҳо боз кай саргашта мешавед.

Афсӯс вақти шиштану чак-чақ кардан ҳам нест... Акнун
назди ман бригадирҳо ҷамь мешаванд. Насиб бошад, мову
шумо боз вомехӯрему сӯҳбат мекунем...

Мо бо акаи Кӯчак хайру хуши дӯстона кардему бо
ҳазору як фикру мулоҳизаҳои мухталиф ба хона
баргаштам... Хоҳарзодаам Нурбибй аз бригадир ҷавоб

252
*Қудратуляои Искидаргӣ

*Муште аз хирвор__________

гирифта, тагобинй омадааст...

Дар се рӯзи дар хона буданам ӯ набуд, дарави
зироати хоҷагй шабхобрав рафта будааст.

Язнаам Мулломумин бевақтии шаб аз кори хоҷагй
баргашт... ҳолаташ маълум...ягон гапу калоча намефорад.
Бовуҷуди ин ман ба аппааму язнаам масъаларо кӯтох
фаҳмондам ва тақсимоти манзилҳои Дарга кардам:

1. Таҳхонаю болохона-аз худам, алҳол язнаам Мулломӯмин
истифода барад.

2. Ду оғили рӯи сой - ба Мирзои Маҳмадҷамил.

3. Манзилхои рӯи сой - ба Мирзои Маҳмадҷамил.

4. Оғилхонаи пушт - (пушти хонаҳои Мирзо), ки Аслан
хонаи истиқоматист- дар ихтиёри Муллоаббос, ҳар чӣ, ки
гӯяду ба ҳар кассе, ки такдим кунад, ман муқобил не...

Сабаби ин - тақсимот дар он буд, ки акаам Муллоаббос
аз Сайёди ноҳияи Варзоб хонадор шуда буду аллакай падари
се фарзанд буд, оилааш ба Дарг намеомад, худаш, ки синнаш
ба ҷое расида буд, аз фарзандҳояш ҷудо шудани набуд. Ман
бошам баъди тамом кардани донишгоҳ дар шаҳр мемонам.
Ба касби интихоб кардан ман дар деҳа на ҷои кор ҳасту на
шароити зиндагй.

Бинобарон, бо дасти худам хешу ақрабои меросхӯрро
хурсанд кунонам беҳтар. Ба ин тақсимоти ман язнаам хело
хурсанд шуда гуфт: Хело оқилона.Хаёлам Муллоаббос ҳам
агар биёяду шунавад, бояд ба ҳамин тақсимоти ту кардагй
розй шавад.

- Акнун масъалаи Искидарг: Раҷабов маслиҳат дод, ки
манзилҳои Искидарга ба колхоз фурӯшем. Шумо чй мегӯед?

- Қудратулло, ман як худам мондагй, ба гардани ман ин
таҳхонаю болохона, манзилҳои додагии худам, ба болои ин
манзилҳои Рунишк, ба манзилҳои Искидарғ зӯрам
намерасад. Вақт ҳам намеёбам.

Мирзо парвои ҳеҷ чиз надорад, дигар хеши наздику
қобил надорӣ.

Кадомаш, ки бошад, теша тарафи худаш мезанад,
тавонаду канад, дигар меҳри хешу таборй намондааст,
мурдагӣ, меҳри нафс чор вазни худаш...

Аз надоштани писар ҳамин Маҳмадназара ба фарзандӣ
қабул кардему хонадомод кардем, ки аҷал расад, гӯронадмо.

253
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

Мана ин аппаат бошад, ҳамаи меҳри модариша ба хавай
вобаста кардааст. Вай ба манзилҳои Искидарг хучаини
карда намета вонад!

Мардуми Дарга медонй-ку!

Ҳозир дар колхоз кор то хекиртаку тақсимот нест. Хдр чи
ки мо колхозчиён корему ҷамъовари кунем, ба давлат
месупоранд ва боқимондаашро идорашинҳо байни худ
тақсим мекунанд.

Кохозчиён ҳаққи меҳнаташона аз дари мардум ҷамъ
карда, бо кӯдаку чӯдак рӯз мегузаронанд.

Ана аҳволи мо, зиндагии мо, ҳаётимо ҳамин. Ба фикрам
ба ту, ки боақлтарин тагоимй аз ин зиёд гуфтану фаҳмондан
ҳоҷат не.

- Язна, ман аз манзилҳои Искидарг хонаи шумою хонаи
кӯҳнаяба шумо мемонам, боқимондааш ҳарчи шавад...

- Бин ки фиребат накунанд, аз дасти инҳо мебиёд.

- Э... Язна, аҷаб шумоед. Аз ин бадаша аз cap гузаронидем,
акнун ҳар чй шавад, аз тақдирамон медонем!

Ҳарчй дилам хост на он мешавад,

Қарчӣ худо хост, ҳамон мешавад.

Хаёлам хости худо ба вайронии аҳли оилаю манзилҳои
Шарифи.Ҷамил будааст! Ба ростии Худо тан додан
даркор!...Ба хости Худо, ҳаракати ҳамдиёрон ҳам ёрдамчи!

Рӯзи дигар як ҷавон омада, маро аз поён ҷсғ зад. Аз
торавзин нигох кунам, гуфт шуморо муовини раис дар сари
пул мунтазир! Ман як пиёла чойро росто нӯшидаму нишеб
шудам.

Язнаму Норбибии хоҳарзодаам, саҳари барвакт ба кори
хочагй рафтаанд, аппаам Ниёзбибй бо наберааш Бойназар
андармон...

Ман ба идора дармадани будам, ки шахсе аз паси идора
маро чет зад ва ба назди худ ишораи омадан кард. Ба наздаш
равам нухтаи як аспи сиёҳро ба ман доду худаш боз ба
саисхона даромада як аспи дигарро бароварда гуфт:

- Шумо савор шавед, ҳозир раис мебуроян. Баробари ба асп
савор шудани ман акай Кӯчак хам пайдо шуданду лаҷоми
аспро аз дасти саис гирифтанду савор шуданд.

Мо ба тарафи Искидарг роҳсипор шудем...Гуё

254
*Муиипе аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

дӯстони қадрдони кӯхан, дар болои асп, чақ-чақкунон,
салона-саллона гоҳ ба чапу гоҳ ба рост, киштзорҳою
водиҳои қади обаро тамошокунон мерафтем.

Кӯчак - ака дар роҳ аз саргузаштҳои фронтию
оқибгоҳии худ нақл мекарду дар байни нақл хандаю шӯхиҳо
мекард... Иҷро кардани супориши роҳбарияти колхоз барои
вай як завқу шавқеро ба вуҷуд оварда буд. Вай гӯё кори
ҳаррӯзаашро иҷро мекард. Кореро ба ӯҳдаи вай бор карда
буданд, ки натиҷаашро худаш намефаҳмид... Пекин бо
майли том иҷрояшро ба ӯхда гирифта буд...

Ин ҳамон хокистари сӯзоне буд, ки бардорандааш дасту
панчаи худро месӯзонад...Пекин шод буд, ки ин корро
мекунад...

Пекин ман дар болои асп, гӯё гунаҳкоре будам, ки маро
ба махкама мебурда бошанд, худамро ноҳинҷор ҳис
мекардам. Дар ҳақиқат ҳамин тавр хам буд... Охир ман на
манзилхои падарию бобой, балки Ватанро мефурӯхтам.
Наход, ҳамин хел одам Ватанро ба савдо гузораду боз
хандаю хурсандӣ ҳам кунад?

Хандаю шӯхиҳои акай Кӯчак на ба табъам мефориду на
ба дилам мегунҷид. Худаш агар инро ҳис карда бошад хам,
на ба ман, на ба холати ман аҳамият намедод. Вай бояд
супориши раису парткомро ҳамчун коммунист бе каму кост
иҷро кунад! Ҳам раиси шӯрои кишлоқ, ҳам раиси хоҷагй
синну солашон аз нафақахӯрй кайҳо гузашта буд. Вай агар
ҳамаи супоришоти парткомро иҷро кунад, шояд... то
мачлиси хисоботии колхоз, ягонтаи онҳоро холй карда,
вайро интихоб кунанд! Аз ин сабаб дилпури вазифаи
оянда... Ба ҳеч касу ҳеҷ чиз ахамият намедод. Худаш
медонисту дави аспаш...

Ҳиссиёти худам гунаҳгорона буд...

Мо ба Искидарғ расида, аспҳоро дар қутани худамон
дароварда бастем.

- Раис - ака аз чй cap мекунем?

- Аз ҳамин огилҳо

- Ихтиёр ба шумо - марҳамат...

Акнун ман аз қафо, он кас пеш-пеш, ҳамаи болорҳои
огилҳою кахдону хонаҳои кӯҳнаро ҳисоб карда баромаду 60
болор гуфт.

255
*Муште аз хирвор_____________*Қудратуллои Искидаргй

Боз дафъаи дуюм такрор кард: 60 болор... ҳамааш чӯби бурс
будааст, нагз, бисёр нагз!

- Шумо фақат болорашро ҳисоб кардед?

- Ҳа, фақат болорҳояшро.

-Шӯхи мекунед?

- Чаро шӯхӣ будааст? Ба мо ҳамин болорҳояш лозим!

- Не, ака, савдои мо намепазад.Ман манзил мефурӯшам, на
болор!

Агар ба шумо болор лозим бошад, бошад, ба амбори
чӯбу тахтаи Сталинобод равед, он ҷо таъби дилатон, ҷудо
карда мегиред ва бо нархи давлатӣ. Ман ин ҷо манзилҳои
обода канда, чӯбашро намефурӯшам.

- Мо ҳолиям манзилҳоя канда болораша те намегӯем-
ку, кананда ёфт мешавад!

-Ин манзилҳо нафақат болор доранд - таксинҷу
болосинҷ, дару паландарӣ ва сутунҳо доранд. Ман ин
манзилҳоя ба он сабаб мефурӯшам, ки колхоз аз ин манзилҳо
истифода бараду обод нигоҳ дорад.Шумо бошед...

Агар фақат сутунҳояшро ҳисоб кунам, аз 200 дона
зиёд мешавад. Хонаҳои бологӣ, ки барои истиқомат андохта
шудаанд, диламба фурӯхтан не. Кй медонад?...

- Ун хонахое, ки шумо мегӯед, ба мо лозим ҳам
нестанд, чунки ягонта чӯби бурс надоранд. Вайҳо ба
худатону подабонҳо насиб кунад. Ҳамаи такпӯшу болопӯши
онҳо аз дарахти ар-ар. Ба мо фақат чӯби бурс лозим!

- Ҳа.. .Хайр? Ҳоло ҳамту гӯед?

Ман медонам, ки на Ватанфурӯш, на хокфурӯш ба
мақсад намерасад. Пулро чашм мебинаду дил не, чунки пули
бо ин роҳ ба даст омада барака надорад. Ва ба ҷое харҷот
мешавад, ки фақат боиси надомат мегардад.

Аз ин савдо мо ба чунин хулоса омадем!

Оҳангарй

Мардуми кӯҳан пеш аз он, ки дар деҳа ягон навигарие
ҷорй кунанд, аввал ҳамаи тарафхои масъаларо фикр
мекарданду месанҷиданд ва бо ягон одами аз худашон бо
акду фаросатдор маслиҳат мекардан. Ба Хӯҷа Оқсаққол ин
лозим набуд - вай ақлу ҳӯши води Зарафшон.

Дар води Зарафшон, аз қишлоқи калонтарини он -

256
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

Урметан cap карда, то саргаҳи Мачо дар ягон давру замон
дӯкони оҳангарй ё ин ки оҳанрезй вуҷуд надошт ва шуданаш
ҳам амри маҳол буд. Ба он аҳамият диҳед, ҳамаи он деҳаҳоро
мардуми мо,- хусусан Оқсаққол бобо ҳамчун панҷ панҷаи
худ медонистанд.. .Дар ягонтаи ин деҳаҳо дукони оҳанрези ё
ин ки охднгарӣ надида буданд. Фақат орзу мекарданд, ки
дар обрави Зарафшон як навигарие чорй кунанд ва бо ин дар
назди роҳбарияти ноҳия худашонро ҳамчун «навовар»
нишон диҳанд. Ба «Санги ман як ман» гуфтан, ягон масъала
хдлли худро намеёбад, балки Зулм ба халку Золимй ба Ватан
меорад. Зулму Золимй на ободй, балки вайрони ва
бесарусомониро меорад. Он ҷо ки ҳуқуқи инсони поймол
мешавад, шахсони алоҳида ва атрофиёнашон ба азобу
уқубат гирифтор мешаванд.

- Он зиндон аст, на Ватан!

Ҳаёти шахе бо ҷамъият барпост ва ҷамъият аз шахсони
алоҳида барпо мешавад..

Баъди бо ман мулоқот кардани Оқсаққолбобо ба хулосае
меояд, ки «манзилҳои кӯҳнаи Шарифи Ҷамил ки дар Даргу
Искидарг бисёранд, фарзандони ӯро ҳар сол ба умеди
Ватандорй — ба Дарг мисли оҳанрабо ҷалб мекунанд.

Ҳар сол, ки онҳо яктогию дутогӣ ба Дарғ меоянд, гӯё ки
бо худ пуштораи хор меоранд, ки ба чашмони мо халанд. То
чи андоза ин зот ба ақрабояшон ба меҳру муҳаббат ва
вафодоранд»

Аз қадимулаён охани чуфтро аз Уротеппа (имруза
Истаравшан) ба хар бор карда мекашониданд. Ба дехкони
хокпош вазнинӣ намекард. Акнун ҳокимияти совета дар
ҳамаи деҳачойҳо роҳи мошингарди васеъ сохта дод, ба ҳар
хоҷагӣ даҳҳо мошини сабукраву боркашро таъмин кард,
лекин ин ба чашми нотавонбини Оқсаққолбобо ками кард.
Колхоз гайр аз оҳани ҷуфт ба хама чиз таъмин...

Ӯротеппа харида, бор карда биёр!...

Не!... Мошину ронандаро саргардон кардан чи лозим? -
Агар ҳамин манзилҳои кӯхнаи Шарифи Ҷамил-ро канда,
чӯбашро, ки аз дарахти бурс аст, сӯзонему лахча кунем, ба
рехтани чандинсола оҳани ҷуфт мерасад ва эҳтиёҷоти
колхозро ба даҳҳо сол таъмин мекунад.

Оқсаққолбобо, ки аз дарвозаи ҳавлии идора дохил шуд,

257
*Муште аз хирвор

'Қудратуллои Искидаргй

овози нагмасароияш баланд гашт, одамони ташнаи
хабарҳои обнорасиди Оқсакқолбобо аз ҳад зиёд буд. Пекин
он кас кори таъҷилй дорам гӯён, ҳамчун коммунисти
кӯҳансол бе навбат ба идораи раиси шӯрой дехот
даромаданд.

Барбари дидани Оқсаққолбобо, раиси шӯро аз ҷояш
хесту ба шахси дар наздаш буда «ин масъалаи шумоя пагох ё
фардо» гӯён гуселонид ва ба пешвози Оқсаққол шитобон
рафта, огӯш кушода салом кард. Мехмони азизро бо дасти
адаб ба болои курсии муллоим шинонда, аз чойники дар
болои миз буда як пиёла чои нимгарм рехта, дароз мекунаду
худаш як курси гирифта, наздашон мешинад... Баъди
нӯшидани чой Оқсакқол мепурсанд, ки раиси хурди ҳамин
чо бошад ё ба ягон коре рафта аст?

- Не холо ҳамин чо буданд.

- Набошад, агар малол нарасад, чег занонед, як масъалаи
муҳим ҳаст...

Баъди бо харду раис аҳволпурсӣ кардан саволе садо дод, ки
Оқсаққолбобо интизор набуд. Зеро он кас доим худашон бе
муқаддима масъаларо кӯтоҳ, равшан ва шунавою фахмо
мекушоданд.

- Дар ин гармии ҳаво ягон масъалаи муҳим шуморо ба
Шамтуч овард ё аз ягон чои дигар омада истодаед? Шумо
бехуда хар чо намегардед!?

- Вақте ки лозим шуд, золим шуд мегун даргихои мо! Он
қадар таъчилй набошад хам, шумоёнро диданам лозим
буд...эсотунба ҳай... Кудрати Шарифи Ҷалила... Шамтучба
муаллим буд-ку? Акнун вай Московба хонда истодааст!

-Х,а , ба хотирамон ҳаст. Бачи бад не, ба хеч кас корашам
не...Мо инҷаба ҳар моҳ мактуб мегирем, Муллоабду-
ҷалилба менависад, моҳоя ҳам фаромӯш намекунад, ҳар
мактубашба салом мефиристад.

-Ана хавай деҳаба пайдо шудааст... моҳоям фаромуш
намекунад, ёд мекунад, «ба мехр», 1иояд ин ҷо ҳам
дидорбинӣ биёяд!

- Намакхӯрда, ки ҳаст, меомадагист?

Бовар дорам, ки мебиёд! Хайр ran вайба не, як фикри дигар
сарамба пайдо шудааст. Хдр сол колхоз аз Уротеппа
чандсадта оҳани ҷуфт мехарад. Чӣ мешавад, ки ҳамун оҳани

258
*Муште аз хирвор______________*Қудратуллои Искидаргй

ҷуфта рехтанаша дар ҳамин ҷо ташкил кунем? Ғайри
колхози худамон- мехаридагиҳо ёфт мешавад. Наздикишба,
ки тайёр шавад, мардум саргардони Уротеппа намешавад.
Аз Мачо мебиёнду...худи обрави Фалғара намегӯед?!

- Ин фикри аҷоибу... Лекин оҳангара аз куҷо меёбед?
Устоҳои Уротеппа розй мешавад, ки ин кӯҳистонба омада,
худаша мусофир кунаду мою шумоба оҳан резад?

Ин тарафаш осонтар, ягонта бачая барои хондан
мефиристем,.. се-чор моҳ шогирд меистаду баъд оҳиста-
охиста коре, ки ёд гирифт, дар ҳамин ҷо якта дӯкон соз
мекунем... Марҳамат устои худӣ. Ҳар чи қадар, ки лозим
бошад, рехтан мегирад!

- Ин хел одами базеҳни тайёра аз куҷо мегиред? Дарггунба
ҳаминхелиҳо ёфт мешавад?

- Раис, худо гӯед нон бошад, хӯранда ёфт мешавад. Мсан як
ирӯ-урӯя бинам...

- Ё ягонта аз бачаҳои худатон шавқу ҳаваси оҳангарй дорад?
Шумо бари каси бегона худатуна дар ин гармиҳо азоб дода
саргардун намекунед?

- Не, бачаҳои ман ин ҳунара надоранду... Лекин қишлоқамо
бе ин не... Ҷавонҳо ёфт мешаванд... Болаёқаташ ҳам бисёр,
дарғиҳоя ба назари паст набинед!

- Не... Худатон баринаш нест! Шумоя лоятун дигар, ягон
дарғй ба шумо баробар шуда намета вонад. Раис аз тиреза ба
ҳавлй менигараду як ҷавонро ҷеғ зада гуфт: - хонаи моба
рафта гӯед, Оқсаққол омадагй, баъди ягон соат мо меравем.

- Ҳа... буз агар хирман кӯбад, - ҳоҷати барзагов набувад.

- Ана, дидед, аз шумо ҷавон бошем ҳам, камутум мефаҳмем!

- Ҳа, раис, шумо одами тезфаҳм, ҳоло фикр дар сари ману
шумо мақсада зуд пай бурдед, ман шумоба қоил!

- Мо ҳам аз шогирдони шумо-дия! Дар кори роҳбарй
тезфаҳм набошй, кор кардан мушкил! - фақат ҳамин
масъалаи оҳангар шумоя дар ин гармӣ ба ин ҷо овард ё ягон
масъалаи дигар ҳам хает?

- Х,аст, албатта, лекин вобаста ба ҳамин дӯкони оҳангрезй.

- Хуб, бисёр хуб, шунавем. Санги шумоба посанг шудан
мушкил.

- Асли масъала ҳамин, ки муборизаи мо бо падари ҳамин
муаллим пеш аз ҳукумати шӯро cap шуда буд. Дар хотир

259
*Қудратуллои Искидаргй

*Муште аз хирвор

доред, ки соли 1952 илоҷе кардему вая аз деҳа рондем? Ленин
аз падараш манзилҳои бисёре мондааст. Ин муаллим, ки
ҳоло дар Маскав мехонад, барои ҳамон манзилҳо кашола
шуда мебиёяду меравад. Пагоҳ-фардо худо накарда, мактаба
тамом карда ҳамаи қонуну қоидахоя ёд гирифта биёяд, он
вақт ӯро аз деҳа рондан мушкилтар мешавад. Ин аблаҳ
дигар набиёд гуфта пеши шумоҳо омадам....

- Ин масъалаи шумо анча чигил, ба шинами холӣ ҳал кардан
мушкилтар, - ҳозир рафта як пиёлагй чой гирем, ҳамон ҷо
ҳалашро меёбем.

Бо ҳамин се раис аз идораи шӯрои қишлоқ баромада,
ба нияти хал кардани тақцири манзилҳои Шарифи Ҷамил
тарафи хонаи раиси колхоз раҳсипор мешаванд...

Албатта, он чо, ки дастархони васеъ паҳн мешавад,
чи хел масъалаи чигиле, ки набошад, ҳалли худро меёбад.
Халқ мақоле дорад, ки «Аз ҳазор ману шумо гуфтан, як ҷизу
биззи дег беҳтар».

Пеш аз намози аср Оқсаққолбоборо ба як аспи явош,
ки он касро азоб надихад, болои хӯрҷини ду почааш бордор
савор карда худохофизӣ карданд. Он сол ҳоло деҳаи Дарг
роҳи мошингард надошт ва Устунак мардум пиёда ба деҳа
мерафт.

Ин ҷо лозим донистам як қиссаи кӯҳани тоҷикиро, ки
қадру манзалати тарбиявии худро то ҳол гум накардааст,
ҳамчун мисоли таъсирбахш бар акси амали Оқсаққол
оварам.

Кӯдак подшохро аз тахт фаровардааст

Рӯзе подшоҳи Бухоро баъди намози пешин бо вазиру
атрофиёнаш нияти саёҳату дамгирӣ аспҳояшонро савор
шуда, рафтанӣ мешаванд, ки як кӯдаки тахмин ҳафтсола як
шохчаи дарахти тутро ҳамчун асп савор аз пешашон гузаро
шуда мегӯяд: «Ҳой подшоҳ, якташ дарун, дуташ берун» ва
аспакашро «чу ҷонвар» гӯён аз наздашон гузашта, дар
тангкӯчае даромада аз назар гайб мезанад.

Подшоҳ дар тааҷҷуб монда, ба атрофиён нигариста мегӯяд:

- Ин бача чӣ гуфт?

Атрофиён хандида мегӯянд, ки якташ дарун, дуташ берун
гуфт.

- Ин чй маъно дошт?

260
*Муште аз хирвор

’Қудратуллои Искидаргй

Маънои якташ дарун дуташ берун ҳамон олоти табии аст, ки
аз натиҷааш ҳамаи мо ба вучуд омадем.

- Не! Ин тавр набудагист, гуфтаи вай маънои дигар дошт.
Вай гуфт, ки ҳой подшох, якташ дарун дуташ берун.

- Хайр, шоҳам, ин гапи кӯдак ташвиши шуморо зиёд
накунад, бачаи беақл ҳамту як чизе туфту гузашта рафт.
Шумо худатонро ба гапи кӯдак азоб надиҳед. Бо хамин ran
аспҳои худро ронданду лаҷоми гапро ба дигар тараф
гардониданд дарбориён. То бегоҳ сайру гашт карданд...
Пекин ин ran ҳамаи хушу хаёли шохро банд карда буд ва
ҳазлу шӯхии атрофиён ба дилу майнааш намегунчид. Вай
маънои ҳамин суханро мекофт. Рӯз бегоҳ мешуд. Аз саҳро ба
қаср баргаштанд ва подшох пеш аз асп фуромадан гуфт: -
Имрӯз ҷумъа буд. Ба ҳамаи шумоён фармон ҳамин. Рӯзи
ҷумъаи пешоянд дар шоҳсаломи пагоҳӣ ҷавобашро
мунтазирам. Агар ҷавоби хамин сухан ёфта биёед,
ҳамаҳоятон ҷон ба саломат мебаред. Агар не, тайёр бошед,
пеш аз пешини ҷумъа ҳамаатон ба дор кашида мешавед.
Шабатон ба хайр. Ҷавобашро мунтазирам...

Вазири подшох як духтар доштааст, ки кариб дар
синну соли ҳамон писарбача будааст... Табиист, ки вазир
ҳамаи меҳру муҳаббати падариашро ба ҳамон духтар баста,
ӯро аз хад зиёд эрка ва дуст медоштааст. Духтар хам падари
худро дӯст медошт ва хизмати фарзандонаи худро дарег
намедошт. Вақти аз боргоҳ баргаштани падарро медонист ва
ҳар рӯз ҳамон мӯхлат офтобаи оби гарм ва дастшӯякро тайёр
карда падарро, интизор мешуд.

Вазир он рӯз аз боргоҳ омада, ҳамчун рӯзҳои
муқаррарӣ якчанд рӯзро гузаронду ба ахди оила чизе
нагуфт... Пекин дар ин мӯхдат ҳар рӯз бо олимону
донишмандон сӯҳбатҳо гузаронида, ҷавоби сухани
писарбачаро намеёфт. Ҳарчанд рӯзи ҷумъа наздик мешуд,
ташвиши вазир зиёдтар мегардид.

Оқибат рӯзи панҷшанбе аз кор баргашта омад,
авзояш беҷо, дар рӯяш хун нею серташвиш... Духтарро бо
обдасту дастшӯяк як тараф тела дода, бе гапу калоча ба хона
даромад ва дарро аз паси худ сахт пӯшонида ба болои
кӯриачахо дароз кашид... Духтар аз кори падар гирёну
нолон назди модар рафту холати падарро арз кард. Модар

261
*Муште аз хирвор

*Кудратуллои Искидаргй

то метавонист духтарро тасаллй дода, ором карду ба сари
дегу косааш рафт. Як хӯроки болаззаге тайёр карда ба
духтар мефармояд, ки дастархонро назди падар барад.
Духтар бо нону дастархон назди падар меравад, лекин падар
ӯро ронда, боз дарро аз дарун мепӯшад.

Духтар боз гирёну нолон назди модар омада, воқеаро
баён мекунад...

Оқибат модару духтар назди падар медароянду аз он кас
баён кардани ин вазъиятро талаб мекунанд:

- Дадаҷонаш, моро аз ин зиёд дар ташвиш наандозеду асли
воқеаро баён кунед, ки моён ҳам чй буданашро фаҳмему ба
ҳар ҳол тайёр бошем.

- Шумоён ояндаашро фаҳмиданй? Марҳамат фаҳмед ва огоҳ
бошед, пагоҳ пеш аз пешин маро ба дор мекашанд ва
шумоён ҳамин вақт дар ташвиши мусибат ва гӯру чӯби мо
мешавед? Ман ин хабари нохушро ба шумоён нагуфтанй
будам. Мана акнун ҳамаашро медонед... Тайёриатонро
бинед!

- Дадаҷон, шумо асли воқеаро нақл кунед, шояд илоҷаш ёфт
шаваду пагоҳ ин вақт ба ҷои мусибату мотами шумо
ваъдакарда шодию хурсандй кунем?!

- Кошкй ҳамту мешуд, духтарам, лекин...

- Бе лекину пекин асли воқеаро фаҳмонед!

- Хайр, ихтиёр ба шумо. Вазир асли воқеаро аз аввал то ба
охир накд мекунад...

- Ман ҳамчун вазир, бо бисёр донишмандон вохӯрда, аз хама
тафсири ин воқеаро пурсидам, лекин ҷавоби муайянро
наёфтам.

... Оқибат дори подшоҳй!!!

Баъди шунидани асли воқеа духтар бо овози баланд
ва аз таҳти дил бозавқ механдад ва ҳам падар ва ҳам модар
дар тааҷҷуб мемонанду метарсанд, ки духтари ягона бо
таъсири суханони падар девона нашуда бошад. Баъд
мепурсанд, ки сабаби хандаи беҷойро ба онҳо фаҳмонад.

Духтар боз каме механдаду очачон авқоти
пухтагиатонро бардошта биёред, ҳеҷ гапи гайритабий
набудааст, - мегӯяд. Пагоҳ ман мераваму ба подшоҳ ва
дарбориёнаш ҷавобашро мегӯям. Ин ran - гапи бад не, як
масъалаи муҳими рӯз аст, ки одамон дар бораи вай ҳеҷ вақт

262
* Мучите at хирнор

’Қудратуллои Искидаргй

фикр намекунанд.

- Ҷони падар, шумо ин масъаларо ба ман фаҳмонед, ман
ҳамчун вазир рафта гӯям (дар Бухорою Самарканд
кӯдаконро шумо-шумо мегӯянд, ки фарзандони боадаб
тарбия ёбанд. Ин хислати хубест, афсӯс, ки дар хама ҷой ин
расми хубро риоя намекунанд) мегӯяд.

- Не, дадаҷон, - мегӯяд духтар, - ман худам ҳамчун духтари
вазир ин масъаларо мефаҳмонам. Бигзор чашми ҳамаи
дарбориён кушода шавад! Донанд, ки фарзандони вазир
хама доно мешаванд.

Шабро бо шӯхию хурсандӣ рӯз мекунанду пагохаш
вазир бо хотири ҷамъ ба шохсалом меравад. Мебинад, ки
хамаи ба шохсалом омадагон бо навмедӣ ҷамъ шудаанд, ки
бори охир бо ҳамкорону дӯстон хайру хуш намоянд. Баъди
ҷамъ шудани хамаи дарбориён подшоҳ назди онҳо баромада
ҷамъомадагонро аз назар гузаронда мегӯяд: Канй, дӯстони
қадрдон ва дарбориён, ҷавоби масъаларо тайёр карда
омадед?

Ҳама дастҳо пеши бар, cap хам... Ҳеҷ кас cap
бардошта ҷавоб намедиҳад... Хомӯшй хукмфармо...
Подшоҳ ноумедона ба вазир рӯ оварда мегӯяд:

- Ҷаноби вазир! Ҳамаи ин ҷамъомадагон ба умеди шумоянд.
Шумо, ки дарбории кӯҳнатарин ва кордони беҳтарини ин
даргоҳ мебошед, ягон ҷавоби мувофик ёфтед ё не?!

Таксир! Ман ҷавоби мувофиқ наёфтаам, лекин
канизакатон, ки холо 10-сола мебошад, ҷавоби мувофиқ
тайёр кардааст, фақат орзӯ кард, ки худаш омада гӯяд.

- Ин тавр, ки бошад, чаро уро наовардед? Зуд раведу
гирифта биёред!

Вазир барои овардани духтар мераваду
ҷамъомадагон як оҳи сабуке баромада, як соат бошад хам ба
умри боқимонда «шукр» гӯён вазиру духтарро интизор
мешаванд.

Баъди чанде духтар бо падар омада, аз дари боргох
дохил мешавад ва ба подшоҳу аҳли дарбор таъзим мекунад.
Подшох омадагонро таклиф мекунад, ки назди тахт оянд.
Вазир бо духтар назди тахти подшох омада мунтазири
саволҳои подшох мешаванд.

- Ба даргоҳи подшохй омаданатон муборак бошад!

263
*Муште аз хирвор______________*Қудратуллои Искидаргй

Акнун ба ҳамон саволе, ки шояд падаратон ба шумоён гуфта
бошад, ҷавоб диҳед!

Духтар мегӯяд:

- Фаҳмидам, ки ин муроҷиати шумо ба ман дахл
дорад?! Ман ин тавр ҷавоб дода наметавонам, - мегӯяд
духтарча. - Марҳамат карда, - шумо ҷаноби Шоҳам, аз тахт
фуромада, дар ҷои ман истед, баъд саволатонро диҳед, ман
дар чои шумо баромада мешинаму ба саволҳои шумо ҷавоб
медиҳам. Қоидаи саволу ҷавоб ҳамин хел мешавад. Подшоҳ
ночор аз тахт мефурояд ва интизори чавобаш мешавад.
Лекин духтар боз меафзояд:

- Шоҳам, саволатонро пурра ва оммафаҳм диҳед!

- Бӯтам! Ман гуфтаи он бачаро ба шумо такрор карда
наметавонам, аз ҳад зиёд беодобона!

- Шоҳам, ҳарчй гуфта бошад, такрор кунед, ки ин ҷо будагон
шунаванд!

- Бача гуфт, ки «Ҳой подшоҳ, якташ дарун дуташ берун».

- Шоҳам, ана ин саволи оммафаҳм, - офарин ба он бача, -
ман ба шумо як-ду саволи муайянкунанда медиҳам,
мархамат пурра ва ба ҷамъомадагон фаҳмо чавоб диҳед.
Шоҳи олимақом, шумо падару модар доштед?

- Албатта!

- Канӣ онҳо?

- Мурданд.

- Мурдаи онҳоро чӣ кор кардед?

- Саволи аҷоиб, гӯрондем, боз чӣ кор мекардем?

Аз саволҳои гӯё бемаънии духтарча хотири ҳумоюнии он кас
малул шуд.

- Шоҳам! Шумо бояд пуртокат бошед!^ Ба ҳар гапи
шунидаатон асабй нашавед. - Падаратон кй буд ва чи хел
одам буд?

- Бӯтам! (Дар Бухоро ба кӯдакон - бачем ё бутам - гуён
муомила мекарданд). Падари ман подшоҳ буданд, дар ҳамин
ҷои шумо нишастагй менишстанду ҳукмронй мекарданд.
Бисёр одами ҳалими хуб ва подшоҳи боадолат буданд.
Ҳозирин падарамро хуб медонистанд ва хизматашонро бо
ҷону дил адо мекарданд.

- Маълум, - мегӯяд духтар, - акнун як ба руи ин
хизматгорони дарбори шоҳам бо диққат нигаред!

264
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

Подшоҳ ҳамаи ҷамъомадагонро як-як аз назар
мегузаронаду мебинад, ки... ҳамаи сарҳо ба поён
менигаранду ҳеҷ кас ёрои cap бардоштан надорад. Духтар
ҳам ҳамаро аз назар мегузаронаду ба ахди дарбор муроҷиат
карда мегӯяд:

- Подшоҳи гузашта чи хел одам буд/

Боз хомӯшӣ, ҳеҷ кас ҷавоб намедиҳад. Подшоҳ аз ин ба

газаб омада мегӯяд: _

- Падари ман ба гуфтаҳои он бача чи муносибат

дорад? Ба саволи ман ҷавоб медихед ё шумо ҳам бо
хамроҳии падаратон ба дор ҳукм кунам?!

- Бахшиш, ҷаноби олимаком! Аз хурдон хато аз
бузургон ато! Камтари дигар тоқат кунед, ба матлаб наздик
шудем! Ман мебинам, ки падаратонро фақат худатон таъриф
ва пуштибонй кардед, дигарон хомӯшанд. Маълум мешавад,
ки падари шумо золим будааст, бинобарон ягон кас cap
бардошта, ба мудофиаи шоҳи гузашта чизе нагуфт. Ин
маълум. Дар ин ҷо сиёсати шумо хам ҳаст! Оқибат
падаратон бандагиро ба ҷо овард, яъне мурд. Баъди мурдан

падаратонро чй кор кардед?

- Чй кор мебоист кардан?! Албатта гуронидем!

- Худашро танҳо ё бо ягон кас?

- Мурдаро танҳо мегӯронанд!

- Подшоҳам, ана ҳамин гапатон ҷавоб ба гуфтаи ҳамон бача.
Мо хама дар навбати худ мемурем. Моро бурда дар лаҳад
танҳо мегӯронанд, ин ҳамон «якташ дарун» мешавад.
«Дутояш берун» - чй? мепурсад шох-

«Дутой берунаш» ҳамон хубию бадии кардагиамон аст, ки
халқ дар шаъни мо мегӯянд:

- Худо раҳматаш кунад, одами хуб буд! Е ин ки бараке аст.
Лаънатҳо мефиристанд.

Шумо, ҷаноби олимақом, ба ҷавоби ман қаноатманд шудед.

Агар боз саволҳо бошад, мархамат, ман тайёр ба
саволҳоятон ҷавоби муносиб гӯям. Баъди ин сухан байни
мардуми дарбор миш-миш cap мешаваду подшоҳ ба ваҷҳ
омада мегӯяд:

- Ман ба ҷавоби шумо қаноатманд, ташаккур оа
падару модаратон, ки чунин фарзанд таваллуд ва тарбия
кардаанд!

265
*Муште аз хирвор_______________*Кудратуллои Искидаргй

Ҷангалзори бе дарахт

Дар саҳифаҳои аввали ин китоб ёдовар шуда будем,
ки хонандагони синфҳои поёнй аз Фарзод ба мактаб
мерафтанд...

Он солҳои бебозгашги давраи наврасй ва ҷавонй буд.
Аз он рӯзхо кариб як аср гузаштааст. Он вақте буд, ки
Фарзодиён ҷангалҳои худро аз ҷангалбурон мудофиаю
мухофизат мекарданд.

... Он солҳо ҳамин пайҷои айлоқи фарзодиёни кухан,
ки дар даҳанаи Нармкаш ҷойгир аст, замин корам буд.

Он заминро Одина шавҳари Наврӯзмо, Ниёз - шавҳари
Одинабикаю домоди Наврӯзмо ва шодравон Мулошодй
мекориданд... Баъзе сол аз Нармкаш тарма меомаду баъзан
сол сел. Ҳар сол ин замин аз тармаю санг тоза ва ба киштзор
омода карда мешуд, лекин ин ҷавонмардони меҳнатдӯст ба
мушкилиҳо нигоҳ накарда он заминро такрор ба такрор тоза
мекарданду мекориданд. Баъзе сол гандуми баҳорй
мекориданду баъзан ҷав. Аз косили ин замин розй буданд ва
шукронаи Худовандро ба ҷо оварда қаноат мекарданд. Роҳи
Нармкашравҳо аз тарафи рости ҳамин замин мегузашт.
Атрофии ин замини корам қариб 1 метр сангдевор карда
шуда буд, ки аз подай искидаргию нармкашиҳо эмин
медошт. Сангдевор диққати мо кӯдаконро ба он ҷалб
мекард, ки сангҳо ранга буданд. Ман дар дигар ҷой ин хел
деворро надидаам. Сангҳои сиёҳчатоб, санги сафед, сангҳои
сурхчатоб ва баъзан сангҳои кабудчатоб ҳам вомехӯрданд.
Қатори сангҳои чидашуда ё болои хам гузошташудаи девор
гӯё махсус буд: як ё ду санги сафед, баъд сиёҳ, баъд сурхча ё
кабудчатоб. Ба ин девор калонсолон аҳамият намедоданд,
лекин кӯдакон, ки ба ҳар чиз ба назари кунҷковона
менигаранд, ин деворро гамошо карда завқ мебурданд. Дари
даромад бо шохҳои хушки бебарги болои хам чида шуда
заминро аз бузголаю гӯсолаи роҳгузар муҳофизат мекард.

Акнун пайҷои ин замини корам, ки дехқон ҳосили
фаровон мерӯёнид, ҷои подахобравии нармкашиҳо шудааст.
Ҳоло хонаҳои айлоқнишинхо аз бари болои хамон роҳи
нармкашравхо дар якбарагии офтобрӯяи кӯҳ қарор
гирифтаст. Аз пайҷои ҳамин айлоқи навбунёди фарзодиён
дар масофаи 400 ё 500 метр баландтар чашмае буд, ки аз зери

266
*Муште аз хирвор_____________*Қудратуллои Искидаргй

шахи калон мебаромад. Онро дар ҳамон замони кӯдакии мо
ҳар сол пеш аз ба айлоқ кӯчида баромадан, Муллоаббоси
акай ман тоза карда, болояшро бо тобасанг мепӯшидааст ва
поёнтар аз ҷои обгирии айлоқиён барои молҳои ташналаб
ҳавзчае тайёр мекардааст.

Он чашма доим амалкунанда набуда, то миёнаи
тобистон ба мардум об мсдодаасту баъд хушк мешудааст.
Ин нишонаи ҷойиваз кардани айлоқиён мешудааст. Мардум
бо ин нишонаи чашма амал карда, аз Нармкаш ба Фарзод
мекӯчидаанд. Аз ҳамин чашма тахмин 15-20 метр болотар
хонаҳои мо - Нармкашиҳо cap мешуд. Аз хонаҳо болотар
дар масофаи 50-60 метр заминҳои лалмикорй ва уганчинии
Шарифи Ҷамил буд. Гӯё падарам ҳар сол 500-600 - воп
(дарза банд) ӯган мечидааст.

Ачоибии масъала дар он, ки ӯганчини ҳам ба ҳамон
дарозумрии чашма вобаста будааст... Уганчинй хам, дар
ҳамон моҳи байни тобистон cap мешудааст. Падараму
бобою бобокалонаш баъди чидани ӯғани кӯҳӣ нармкашу
гиреканда аз тори Муллоаббоси калон то охири Нармкаш
кӯчида ба Фарзод мерафтаанд.

Мардум бояд донанд ва тасаввур кунанд, ки сабаби
аз Дарти Шариф бадарта шудани Шарифи Ҷамил он
заминҳои корами обй ва ин лалмҳои бешумори кӯҳӣ, ки аз
Сурхй cap шуда, то Санти Чагва, Кафшиғӯт, Соярӯ,
Искидарт, Ғирекандаю Нармкаш паҳну парешонанд
сабабгор шуда метавонист. Пекин дар байн келинфарории
Шарифи Ҷамил аз гузари Ҳавлии миёна нақшаҳои дӯсти
ҷониро барбод доду масъала ранги дитар гирифт.

«Душман хас аст, ки бас аст».

Барои душман ва душмандорй ин як баҳонаи калон ба
ҳисоб мерафт...

... Аҷаб солхоеро аз cap гузаронидем...

Мардум аз худию бетона ҳазар мекард. Ҳатто аз сояи худ
меҳаросид...

...Оҳ... ин дунёи пурталотӯм. Киҳоро ва чиҳоро аз
cap нагузарониду чи қадар сирру асрорхоро ба сари мардуми
«хокпош» наовард. Бо вучуди ин хаёт давом дорад!
«Рафтанду равему боз оянду раванд!»

267
*Муштс аз хирвор

’Қудратуллои Искидаргй

Дар тарафи чапи роҳи Нармкаш, ки регзор буд, гушу
зағоса ва гулхорхои ҳархелаи пасту баланд мерӯид, ки
мардум ҳезуми ҳаррӯзаю зимистон гузарониашонро аз
ҳисоби ҳамин дарахтони худрӯ захира мекарданд. Аммо
тарафи роста он, ки соярӯ ба ҳисоб мерафт, тахмин 10-15
метр болотар аз киштзор воқеъ гашта, бурсҳои баланд-
баланди ғуппа ва сершоху барг вуҷуд дошт. Аз ҳамин ҷой
тарафи рости ҷангали Фарзод гӯё аз даҳанаи Нармкаш cap
мешуд... Роҳи рафту омади нармкашиён аз бари замини
Одинию Ниёзу Муллошодй, ки офтобрӯя буд, гузашта дар
гармии рӯз тафти замини киштзор, хавли баланди регзор,
тафси сангҳо ва тобиши офтоби тобистон чунон баланд буд,
ки ба равандаю оянда ҳавои нафасгирй намерасид.
Равандаю омадагон ҳаракат мекарданд, ки саҳари рӯз пеш аз
баромадани офтоб ё бегоҳ вақте ки тасфи ҳаво паст мешуд
ва шаббода аз тарафи дарё мевазид, ба рох бароянд.

Уганчинон бошад, Худо мегуфтанд, ки шаби махтобй
бошад, дар салқинии шаб даравидани ӯған осонтар буд.
Баъди баромадани офтоб ӯганчинӣ бисёр мушкил буда, ба
расидани гармии офтоб бӯи ӯган баланд мешуд ва чинандаи
он аз бӯи нофорами ӯған касал мегашт.

Ба ӯганчинон албатта хӯроки серравган - чанголй ё
ҳалвои бирён, ки аз равгани зард тайёр карда медоданд.
Хӯроки серравган таъсири ӯганро дар бадан паст мекунад
мегуфтанд.

Тарафи чапи сои Нармкаш гӯё биҳиште буд, ки
роҳати баданро меафзӯд. Бурсҳои баланди 8-10 метраи
сершоху барг, бӯи форами онхо, ки аз тасфи ҳаво баланд
мешуд, ҳаловати касро дучанд мекард!

Бинобарон, мардуми айлоқнишини Нармкашу
Фарзод ба касалихои диққи нафас ва касалии сил гирифтор
намешуданд.

Ба ин касалиҳо шахсоне гирифтор мешуданд, ки
солиёни дароз дар зери деҳ ё дар деҳа мешишту айлоқ
намерафт. Агар аҳамият дода бошед, айлоқнишинони
Фарзоду Неҳун аз ин касалиҳо эминанд. Ана аз ҳамин
соярӯи Нармкаш ҷангали Фарзод cap мешуд. Ва то баландии
кӯҳ мебаромад ва чихеле, ки гуфтем, то паси «Дусанга»
доман паҳн карда буд.

268
*Муште аз хирвор

Кудратуллои Искидаргй

Мардуми Ғудифрав аз ҳамин пӯли Ғози калон

гузашта ба манзилҳои худ мерафтанд.

Хам гудифҳою хам фарзодиён шоххои бурсро, ки
болою поёни роҳ рӯида ба гузаранда халал мерасонд, бо
дастхо тела дода мегузаштанд. Ин холати раванда в
оянданро аз он сабаб ёдовар шудем, ки хонандаи заки
фахмаду донад, ки ҷангал хамин хел зич меру ид.

* Ленин равандаю ояндагон ба ин мушкилиҳо тоб
оварда, он шохҳоро намебуриданд. Балки он шоххоро ба
якдигараш мебастанд, ки ба рохгузар ва барои хар халал
нарасонад. Саёхатчие, ки Ғудиф мерафту ба куххои
Нармкашу Фарзод назар меандохт, дар хаелаш мавч мезад.
Дар «г ин манзарае буд дилкаш, дагар=
дилфиреб ва тамошозебу нотакрор, ки табиат бо кудрати
худ офарида буд. Ин манэараи худоофарид муъчизае буд, к

аз тамошояш чашм канда наметавонисти.

Рохгузари ба ин зебогй мафтуншуда 10 маротиба
пешпо хӯрда ба дахан афтад хам, боз хеста, либосхояшро
афшонда, такрор ба такрор ҷангалзорро тамошо мекард_. -
Ф Ғудифиён аз Искандарги поёну Искандарги боло
гузашта, бо пули «Ғози калон», ки дар ҷои танпш даре сохта
шуда буд, мегузаштанду ба тарафи чап гашта, кад-кад
дарёи Искидаргу поёнкухи Ғудиф ба аилоқҳои худаш

Р Ф Поёни ҷангали Фарзод аз ҳамин дутарафаи пули

«Ғози калон» cap мешуд... .и5и ки

Хотиррасон карданиам, ки хамон рохи гудифиен, ки
дар тарафи офтобрӯяи дарё буд, он ҳам давоми ҷангали
Фарзод буд. Баъди аз пул гузаштан дуроха cap мешуд, ки
рохи тарафи росташ ба тарафи сояруи Искидарғ, ки

лалмихои моён дар он ҷо буд, мебурд. _

Саршавии рох аз назди Хаволи сояру мегузашт, ки
гирду атрофии он камари санги худоофариду хам чангали
зич Убуд. Қад-қади дарё, гайр аз бурс, дарахтони
мевадиҳандаи зирк, қот ва гулхорҳои ҳархела меРУ[^
Истиқоматкунандагони Искидаргу Ғудиф аз ин мевахои
худоофариди табобатй истифода мебурданд ва бисер
касалихои худро табобат мекарданд... Ин чангали сояру то
ба заминхои гудифиён баромада мерасид... Яъне домани

269
*Муште аз хирвор_____________*Кудратуллои Искидарги

ҷангали Фарзод то Искидарғу Ғуднф паҳн мешуд. Ҳамин
ҷангали дутарафаи дарёҳои Фарзоду Кеҳун то ба баландии
куҳ баромада мерасид.

f удифиён барои обёрй кардани замипҳояшон
бурсҳои бобои «Санкиротро» буркда, решакан карданду аз
«Чашмаи торик» обро тариқи ҷӯй ба Ғудиф бурдаанд ва
табиист, ки дар ҷое кн одам истиқомат кунад, як тарафро
обод карда, тарафи дигарро вайрок менамуд. Ин хизмати
хирсонаи Ғудифиён буд, ки ҷангали зичи атрофи чашмаи
«торик»-ро тоза карда ба чашма равшанӣ бахшиданд. Оё
чашма аз равшанӣ хурсанд шуд? Охир вай аз он сабаб номи
«торик»-ро гирифта буд, ки ҷангал ӯро иӯшонида, аз
назарҳо пинҳон карда, дар торикй шориданро илқо мекард!
Акнун чашма «озод» шуда, дар атрофаш ягонта ниҳол нест,
ки роҳгузар дар сояаш харашро об дода истироҳат кунад.
Акнун дар атрофи чашма на бурсу на беду на дарахти рему
ар-ара чун сари кал тоза, чи хел нагз!

Дар вақти шодравон Одинаи Шариф дар ҳаёт будан
ва хусусан дар деҳа будан, ягон кас ҳатто ҳезуми зағосагӣ
намеовард, ки табиат вайрон нашавад. Акнун хона
бесоҳиб... Деҳа бе сардор... Сари асни ҳама cap додагй...
Ҳар кас медонаду дави аспаш...

Мо ҳеҷ касро гунахкор карданй нестем.

Манзил пӯшидан даркор, бе чӯб намешавад. Барфу
борон одамонро маҷбур мекунад, ки манзили гарм дошта
бошанд, шикам маҷбур мекунад, ки хӯроку нон пазй.
Саршумори инсон маҷбур мекунад, ки хонаю дари алоҳида
дошта бошй - ба ҳамаи ин чӯб лозим.

Манзилҳои Шарифи Ҷамил ки ба умеди он
оҳангархона сохтанд, ба лахча нарасид, оҳангархона
хароҷоти зиёдеро талаб кард.

Ҳар ду раиси шамтучй инро нағз мефаҳмиданд, лекин
шайтони одам, ки одам аст, қонуну қоидаҳои худашро
дорад. Вай дар даруни дилу ҷигар, дар ҳар як рагу пай ҷой
шудаасту одамро ҳар сонияю ҳар дақиқа ба роҳҳое тела
мекунад, ки одам одамгариро фаромӯш мекунад.

Ба ҷангалу ҷангалзори Дарг ҳамчунон рафтор
карданд, ки фарзанди бефаросат ба моли ба мерос расидаи
падар... Оқибати корро андеша накардан, ба ҳамин

270
'Муште as хирвор

’Кудратуллои Искидаргй

бадбахтию вайронй оварда мерасонад. Акнун вақте ки аз
Ғудиф ба Фарзод менигари, гиряи кас меояд. Хусусан
вақтхои охир: раису раисчаҳои зиёди балохӯр паидо шуду
ҳамаи ободиҳои пешинаҳоро талаю тороҷ, туъмаи нафси
шайтонӣ карда барбод доданд. Шайтони ваиронкор ин
кадар ҷангалу ҷангалзори аз сари бароз боло, табиати
нотакрори Искандаргу Фарзодро ба баҳонаи оҳани ҷуфтии

арзон горату барбод кунонд. тталг,,йм

Аз он оҳангархона фоидаи ба даст овардаи Дарғ
қамин шуд, ки биҳишти табиат офаридаро ба дузах иваз

карданд. Анна ин фоидаи соф!

Канӣ акнун он дустдорони оҳани ҷуфт? Кани он

оҳангару оҳанрез, ки ҷангали Фарзодро барқарор кунад. _
Як дарахти бурс дар сад сол ба воя мерасаду чуои манзили
медиҳад. Ягонтаи он шайтону шайтончаҳо сад сол умр дид.
Баръакс, бисёрашон ба ҳар хел касалию вокеаҳои
гайритабиӣ гирифтор гашта, несту нобуд шуданд. Аз ин

ягон кас панд гирифт? Ба худо маълум!..

Канй он доное, ки оташро бо дасти кас мебардошт.
Ку оне, ки ду метр заминро манзил карда дунёро гирди
ангушташ тобонда ба як тараф ҳавола мекарду ках-каха
назада, зери лаб табассум мекарду монанди муши мурда

худро ба нодонй мезад? ..

Акнун аз он хабарбару хабарбиерҳо ва е ҳеч
набошад. ҳамдиёриён ба сари турбаташ рафта
«Оқсаққолбобо! Худо раҳмат кунад» мегуянд?

Ба худо маълум!..

Х,а Пеш аз ба лаҳад хобондан, ба ҳамаи бандагони
худо ва умматони он ҳазрат чор такбири салавоти ҷанозаро
мехонанд ва дуои хайр мекунанд, лекин ин дуоро

қабулкунанда қабул карда бошад?

Ба харобшавии он табиати биҳиштосо мо худ
гунаҳкорем. Он чи ки ба мо, бандагони гунаҳкор, аён аст,
имрӯз деҳаи ҷангалзор бедарахт аст! Заминҳои обшори
бӯзгашта! Дар он ҷангалзор ҳамон вакт гург, хук, хирсу
паланг ва даҳҳо намуди дигшари ҳайвоноту парандагони
хушовоз бисёр буд. Чй хеле шоир гуфтааст:

Ҳар беша гумон мабар, ки холист,

Шояд, ки паланг хуфта бошад!

271
*Муште аз хирвор_____________ *Кудратуллои Искидарги

Аз ин сабаб истиқоматкунандагони Искидарғу
Хаволу Ғудиф ҳар сол аввали баҳор, хукгурезон ташкил
мекарданд. Дар он маърака ягон нафар мерганро даъват
мекарданд, ки ду-се маротиба садои тири силоҳро баланд
кунад, то ки хукҳои ваҳшй аз ҷангали наздики деҳоту
киштзорҳо гурехта, ба баландии кӯҳҳо раванду меҳнати
деҳқонро харобу нобуд накунанд. Дар ин шикори ҷамъиятӣ
ҳамаи мардони қобилу ноқобилеро, ки ба даст чоку табару
асо дошта тавонад ва ё ҳеҷ набошад овози баланд дошта
бошаду аз паси ҷавонҳои пешсаф гашта тавонад, даъват
мекарданд. Як шикори охирини ташкилкардаи ҳамдиёрон ба
хотирам мондааст: бисёри шикорчиён ба ҷои камон белу
панҷшохаҳои оҳанин, табару чок, пораи деги шикастаи
чӯянй ва сатилу дегчаҳои мисин доштанд ва монанди накора
онҳоро «навохта» ба чангал даромаданд... Як хукро
паронданд, ки дар як лалми ҷавкорида галтида мурд,
дигарашро таъкибкунон ба тарафи ҷангали дусанга
ронданд. Ҳамон хуки таъқибшуда ба зери як бурей калон
даромада пинҳон мешавад. Язнаи ман Ҷумъаи Кӯчак онро
мебинаду аз пасаш ба зери бурс медарояд... Хуки аз таре ба
ҷон омада, язнаи маро аз байни ду пояш бардошта ҳаво
медиҳад... Дигарон аз пас мебинанд, ки аз болои як бурей
сершоху барги баланд як ҷасади одам парида ба болои реги
пушти бурс галтида гелида ба поён мефарояд. Хуки
таъқибшаванда аз ҷониби дигари бурс баромада, тарафи
дусанга мегурезад ва аз назарҳо ғоиб мешавад.
Таъқибкунандагон хукро ба ихтиёри худаш монда, аз паси
ҷасад медаванд ва ӯро бардошта мебинанд, ки Ҷумъаи
Кӯчак... Хушбахтона хук ягон ҷояшро надарондааст. Лекин
аз болои арча ба замин зада, бо вазни танаи худаш 3-4
қабургаи росташро шикастааст. Дар шикори хуку хирс ин
хел воқеаҳои аҷоибу гароиб ҳам рӯй медиҳад...Ҷумъа қариб
6 моҳ бистарй шуда, дорую даво карда ба пой хест ва то соли
1964 ризқу рӯзиашро дид ва ин дунёро падруд гуфт.

Бо ҳамин он хукгурезон ба охир мерасаду мардум ҷасади
Ҷумъаро бардошта ба хонааш мебаранд.

Лекин хук баъди тир хӯрдан, то ҷон дар бадан дошт,
гурехта оқибат ба як лалми ҷавкорида мегалтад ва мемурад.
Мардуми лалмикори Искандарғ ба чунин қарор омаданд, ки

272
*Л'удратуллои Искидаргй

*Муште аз хирвор

он замин ҳаром шуд, лекин соҳиби замин набояд зарар
бинад. Искидарғиҳо байни худ маслиҳат карда, аз ҳисоби
хирманҳои худ як пудй ҷав ба соҳиби замин дода шавад
гуфтанд.

Баъди чунин қарордод, ҳамон хукро дар ҳамон замин
гӯронданд, ки замин «гӯри хук» ном гирифт ва абадӣ ҳаром
ҳисобида шуд. Он замин аз оби даҳанаи Фарзод тақрибан
100* метр дуртар дар таги роҳи фарзодравон, рӯ ба рӯи
мазори «Хоҷамузлим» воқеъ аст.

Акнун такдири ҳамаи лалмиҳои Дарг чу ни наст.
Имсолҳо мавзеъҳои Сугдиному Сурхию Рунишк,
Сангчичагваю Кафшигӯт, Ғирекандаю Нармкаш ва Фарзоду
Ашипаст корида намешаванд.

Гарчанде дар натиҷаи тараққиёт ва зиёдшавии аҳоли
деҳаи Дарг 5 маротиба васеъ ва сераҳолӣ туда бошад хам,
кишоварзй рӯ ба таназзул ниҳодааст.

Аксарияти халқ аз деҳқонӣ ба мардикорй ру оварда,
заминро ба чарогоҳҳо табдил додаанд.

Аҳолии қишлоқи Дарги Шариф чунин парешон шуд:

1. Душанбе - 150 хоҷагй

2. Зафаробод - 60-70 хочагй

3. Хуросон-Ғозималик - 30 хоҷагӣ

Лекин қаҳрамонҳое, ки дар бораашон сухан меравад,
аз ёди мардуми бошарафи парешони Дарги Шараф фаромуш
намешаванд.

Умедворам, ки номи онҳо ба некй ё ба бади дар
хотири мардуми шарафманди Дарг солиёни дароз
мемонад...

Ҷангалзори Фарзод аз даҳанаи Нармкаш ва куҳҳои
соярӯи Нармкаш cap шуда идомаи он ба кӯҳҳои Нармкашу
Фарзоди тагу Фарзоди боло мерасид.

Тарафи поёнаш аз кӯпруки Ғози калони Искидарги
боло бо ду тарафаи дарёҳои Фарзоду Неҳун то саршавии
«Агбаи рост», ки «Шунҷивара» ном дошт, давом мекард...
Охири Фарзод аз «чашмаи Шабхуфт»-у сиракзор баромада
то «Молгй» давом мекард.

Аз бахилию бадбинии як гурӯҳе манзилҳои Шарифи
Ҷамил барои оҳангархонаи навбунёд сӯзонда лахча кард.
Албатта ин оҳангархона ба бисёр беманзилу дарҳо ёрии

273
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

бемисли худашро расонд. Одамоне, ки барои
лахчатайёркунй чудо карда туда буданд, бурсҳои калон-
калонро интихоб карда, мебуриданду шоху решаашонро
сӯзонида, «лахча» карда, ба оҳангархона мебурданд,
танаашро «барои рӯзи мабодо» ба зери хок мегӯрониданду
шабҳо ба хона меоварданд, оқибат соҳиби хонаю дар ва
хоҷагии алоҳида мешуданд.

Ин албатта барои онҳо нагз буд. Вале, чангалҳои асрҳо бонӣ
кардаю ба воя расонида валангор ва нобуд шуда рафт...

Агар пештар аз қадафрохтани арчазор ва бурсҳои
сари Фарзодрав офтобро намедид... акнун аз Искидарғ то
сари агбаи рост сояро намебинад.

Ин амал чун киссаи «якташ дарун - дутош берун»
шуду монд. Каси дар дасисабозиҳо иштироккарда зери лаб
хандиду лекин панд нагирифт...

МЕРОСХӮРИ ФАРЗОД

Ман ҳамчун коркуни кино доим дар хоб лаҳзаҳои
банаворгириро мебинам. Мебинам, ки режиссёр-таҳиягар
фармон медиҳад.

Хдма тайёр?!Ҳама дар чойҳои таъиншуда?! Овоз... камера...
cap кардем!

Гӯё пешакӣ ҳамаи корҳо, вазифаҳо фаҳмонида шуда
бошад... Ана дар ҳамин як лаҳзаи банаворгирии кино лаҳзаи
иштироки худам ва ҳамсӯҳбатонеро, ки дар он порча ё
эпизод иштирок мекунанд, мебинам ва иҷрои вазифаи
худамро аз рӯи гуфтаҳои таҳиягар иҷро мекунам: номи асар
чист, банаворгиранда кист - ҳамаи инҳо дар он як лаҳзаи хоб
намегунҷад ва лозим ҳам нест. Мебинам, ки ҳамаи
иштирокунандагон серташғишему ин тарафу он тараф дар
давутоз: гӯё ба ҳамаи моён фармон шудааст ва ҳамаи ин
қисмҳо ба ҳаракатанд. Ман албатта худро фақат иштирокчй,
балки иҷрокунандаи ягон нақши асосӣ мебинам. Ба мардум
фармонфармоӣ мекунам. Якеро ба ин тараф, дигареро ба
дигар тараф мефиристонаму ба касе дӯғу пӯписа мезанам,
дигареро илтимос мекунам, сеюминро ташаккуру таҳният
мегӯям...

Дар яке аз чунин хобҳо Фарзоди кӯҳани падариро

дидам.

274
*Муштс аз хирвор

'Кудратуллои Искидаргй

Худро дар овули Фарзоде, ҳамон овуле ки дар давраи
кӯдакию наврасии моён аз ду гузар иборат, байни ҳамин ду
гузар мебинам... Гӯё ҳамон ҷанги хонумонсӯз дар ҳамин
Фарзоди мо гузашта бошад...

Тӯпу силоҳҳо аз чор тараф мепаронданд, бомбаҳо аз
ҳаво галтида, таркида истодаанд, мардуми зиёде дар атрофи
ман дар даву ғеҷанд ... касе додоҷону очаҷонашонро
имдодталабона ёд мекунаду... ҷони ширини худро ба
Ҷаббор супорида мефавтад, дигаре барои халос кардани
ҷони худ кӯр-кӯрона ба ҳар тараф медавад... сеюмй
гаваккашон мехазад... чорумй меноладу бо илтимосу илтиҷо
мадад металабад...

Самолётҳо даҳтогию понздаҳтогӣ аз болои сари ман
парвозкунон мегузаранду бомбаҳои худро мепартоянд.

Ман дар байни ду гузар рост истодааму
фармонфармой мекунам... Гуфтаҳои ман касеро мадад
мекунад, касеро ба газаб меорад... касеро...

Дар ин лаҳзаҳое, ки ҳама ҷон ба каф доранду
муҳофизати ҷони худро мебинанд, ман иштирокчии ин
даҳшат, аз баҳри ҷони худ гузашта, иҷрои вазифаи ба ман
супоридаро меҷӯям ва бо муваффақият анҷом додани онро
мехоҳам... ва мекӯшам дигарон ҳам ба вай муваффақ
шаванд.

Дар ин ҳолати тараққо-туруққу даву геҷ фақат ман
ҷангалзорро мебинам, ки дарахти бурс аз зарби тиру туфанг
баъзе каллапар гашта, баъзеяш бо решаҳояш чапаю роста
мешавад... Х,еҷ кас ба доди касе намерасад... Ин ҳолат маро
ба газаб меорад...

Ҳама барои халос кардани ҷони худ дар ташвишанду
ба чангале, ки дар хатари нобудшавист ҳеҷ кас аҳамият
намедиҳад. Ман ба чор тараф медавам, лекин пойҳоям гӯё
бастагй бошанд, ба ман итоат намекунанд.... Худоё!.. Ба ин
Фарзодиён чй бало расида бошад? Чаро гами нобудшавии
ҷангалзорро фақат ман мехӯраму месӯзам?

Оқибат фармони оташбас садо медиҳаду тарақо-
туруқу ғиззосзании тирҳои самолёту вертолёту пулемёт
хомӯш мешавад...

Дар назар Фарзоди валангор бо деворҳои бе бому
дар, чордеворҳои ваҳмангез менамояд... Гӯё ҳамаи ҳамон

275
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

кӯҳҳои сарбаланд бо путкҳои вазнину оҳанин зада ҳамвор
карда шуда бошад. Аз як тараф дуди гализу сиёҳ баромада,
ба осмон мерасаду бо сиёҳии худ офтобро мепӯшонад, аз
дигар тараф буги оби ҷӯшидаистода нафаси касро бо ҳавлу
бадбӯии худ мегардонад... аз тарафи сеюм танку трактору
булдозер ҳамаи чуқуропастиҳоро ҳамворкунон дар
ҳаракатанд... Ҳамаи мардуми зиндамонда, ки аз
пинҳонгоҳҳою чуқуропастиҳо хестаанд, ба чор тараф дар
даву ғеҷ ... хеҷ кас ба якдигар аҳамият надода, дар ҳаракату
даводав...

Гӯё ҳамаи кӯҳҳои атрофи Фарзоду Ғудифу Искидарг
то кӯҳҳои Утогар ҳамвор шуда, як дашти калони беохири
серодам ба вуҷуд омадааст. Ҳама дар такопу, ҳеҷ кас ба касе
аҳамият надода, ба сӯи мақсади худ равон аст...! Ман ба
атроф менигараму замини ҳамвореро мебинам. На
Искидаргу Ғудиф, на Хаволи офтобрӯю соярӯ ба назар
наменамоянд. Фақат замини хамвори серобу алаф... ман
поёнтар аз «Себурса»-и (хаммоми занҳо, ки дар байни се
бурс буд. Кадом вақте ки дарой, аз берун дида намешавад.
Занҳои Фарзод рӯзона хам сару тан мешустанд. Аз ин сабаб
онро хаммоми занҳо мегуфтанд), аз сари шарра болотар ба
чор атроф менигараму... агбаи ростро намебинам... Ба ҷои
агба як дарёи калони бадвоҳима ҷорӣ шуда, ба тарафи
Фарзод мавчзанон меояд... Мавҷҳои дарё ҳарчанд баланду
бадвоҳима бошанд ҳам, шарфаи об шунида намешавад...
Пекин воҳиммаи об чунон баланд, ки аз таре дар чоям шах
шуда мондам...

Гумон мекунам, ки ҳозир Фарзоду Ғудифу
Искидаргро шуста ба замин ҳамвор карда мебарад...
Хайрият... об аз миён гузашта, ба Ғудиф бархӯрду бо
мавчхои баланди бадвоҳима аз болои Ғудиф ба тарафи
Искидарг нишеб шуд... О!., агар ин дарё хамин хел чару
ҷӯйро кандаю вайрон карда равад, вой бар холи Каздону
Дарг... агар ҳамин хел Ғудифро канда ба Искидарг якҷоя
ҳамрох ва шуста нишеб кунад, пас Каздону Дарг таги об
мемонад.

Афсӯс мехӯрам, ки чи қадар халқи мо даргиёну
каздониҳо зарар мебинанд... Ғами онҳоро кй мехӯрад?..
Дарё ба кӯҳи Ғудиф дакка хӯрда мавчхои калон-калони

276
*Муште аз хирвор

*Қудратуллои Искидаргй

баланду паст ба вуҷуд меояду... Лекин он мавҷхо аз Ғудиф
баланд бошад ҳам, ба қишлоқчааш зарари калон нарасонда,
ба тарафи поён - Искидарғу Дарг чори мешаванд. Аз чои
истодаам каме поёнтар фаромада, нигоҳ кунам... rye ин даре
барон раҳсозии Искидаргу Дарғ хизмат мекарда бошад...
паршахҳои калон-калонро гелонда мебараду чукуро
пастиҳои роҳро бо кундаҳою шоху шиппаҳои дарахтони
рйнакандашудаю каллапаргашта пур мекунад ва рохро
хамвор намуда, ба айлоқравҳо рохи хамвор омода мекунад.
Аммо дехи Дарг... Аз назарҳо пинҳон, наменамояд...
Наход... дехаҳои Даргу Каздонро хам хамин хел хамвор
карда бошад?.. Афсӯс... сад афсус... Ҳайфи деҳот. Ин оби
бало оварда хама ҷойро вайрон карда меравад... Акнун чи

мешавад? _ , .

Бо хамин фикру хаёлу тахлука бедор мешавам, уфф,

хайрият, хайрият, ки ҳамаи инро дар хоб дидаам... тамоми
аъзои баданам ба обу арак гутида аст... Дилу гурдаам
меларзад... Оббо... Ин чӣ хобе буд? Эҳ... Мурад ин киною
кинобозию кинодӯстдории ман... Ин кинобозиҳо маро ба
кадом фикру хаёле намебарад... Ҳатто дар хоб ором

падииаш... _0 v

Агар дар ҳақиқат хамин хел бошад чи. да... ДаР

хақиқат ҳамин хел ... хатто бадтар...

Дар хотирам нест, кадом сол буд... хан додан
даркор пир шудаам... Ҳамин хел далелу рақамҳои муҳим
аз хотир баромадаст... майна «галбер» шудааст. Акнун хама
чизхои мухим аз хотирҳо фаромуш мешавад... Монанди обе,
ки дар галбер намедорад, умуман баъди бархам хурдани
сохти колхозй ва барпошавии давраи Демократи.

Ман аз Душанбе махсус барои тамошои аилоқи
падарй - Фарзоди азиз ба Дарг рафтам. Мехостам на дар
хобу хаёлот, дар бедорй - айнан Фарзоди давраи наврасии
худро сайру гашт карда, чойхои бозикунии давраи
кӯдакиамро бори дигар дида, дустони ёрҷангу меҳрубонро

ёдоварй кунам... ..

Ман дар ин хел сафар хамроҳи зиедро (хусусан
одамони сергапро) дӯст намедорам. Дар ин холатҳо ман
мехохам ҳамрохе дошта бошам, ки ба фикр кардану едовар
шудани он лаҳзаю манзараҳо ба ман ёри расонда тавонад...

277
*Муште аз хирвор______________*Қудратуллои Искидаргй

ҳеҷ набошад ба саволҳои ман пурра ҷавоб диҳад.

Ин буд, ки ман бо ҳамроҳии хоҳарзодаам Нарзуллои
«электрик» саҳари барвақт аз Дарг пиёда баромадем, ки ҳеҷ
кас аз еру шиносҳои кадрдон маро набинад... Гузаштагон
беҳуда нагуфтаанд, ки «аз рафиқи номуносиб як кашиданй
нос беҳтар аст!» Дар сӯҳбати саёҳатии онрӯзаи ман
Нарзулло аз ман фарсангҳо дур буд... Маро намедиду
намефаҳмид.

Баъзан андешаҳои маро бурида низе мегуфт, ман
асабй мешудам ва меранҷидам... Ман мехостам Фарзодро,
он Фарзоде, ки ман дар давраи ҷавонӣ дидаю ҳаёти
хушбахтонаи кӯдакиамро гузаронидам, тамошо кунам...

Нарзулло роҳравон ким-чиҳо мегуфту бо завқ
механдид ва саргарми нақлҳои худаш маро... ҳамсафарашро
намедид... Ҳолати маро ҳис намекард... ин рафтори вай
маро ба ҷои хурсанд кардан асабй мекард.

Мо бо роҳи пиёдагарди Нармкашу Фарзод, гӯё роҳро
кутоҳ карда қад-қади дарёча ба Фарзод баромадем. Ана
ҳамон вақт ман аз коркуни кино будану дар кино кор
карданам пушаймон шудам. Зеро манзараҳо, лаҳзаҳои
такрорнашаванда, он аҷоиботро бе камераи кино мебинаму
баъдтар бо гузашти рӯзу моҳу солҳо дидаю шунидаҳо
обуранги худро гум мекунаду бисёр чизҳои аҷоибу гароиб аз
хотирҳо фаромӯш мешавад ва аз назарҳо гайб мезанад.

Бо ҳамин аҳвол мо хоҳарзодаю таго ба чашмаи
«Булуқак» расидем...

Ман пурсидам: Нарзулло, ба чашмаи «Булуқак»
тахмин кай мерасем?

- Ман ин хел чашмая надидааму намедонам.

■ Дар ҳамин умри 50-солагиат ба Фарзод чанд
маротиба буромадай?

- Дар хотирам нест, хаёлам дафъаи сеюм.

- Ҳақ ба ҷониби ту, бачем. Ба сею чор маротиба
омадан, ин хел ҷойҳоро дар хотир нигоҳ дошта намешавад.
Ин чизҳо он вақт дар хотир мемонад, ки корат галтад...

Ман фаҳмидам, ки ту аз чашмаи «Булуқак» об
нахӯрдай ва лаззати онро начашидай. Ману ту дар лаби
чашма истодаем. Ана ҳамин алафзоре, ки мебинй, чашма
аст. Ҳар касе, ки ману ту барин пиёда ба Фарзод биёяд, он

278
*Муште аз хирвор

*Қудратухчои Иск