Курбонии дузахма
Victim of the Double Blow
Transcription
Translation
• Истеъфо! Истеъфо!Истеъфо! ...
•Қурбониёни гарки хун...
• Пленум! Пленум! Пленум!..
• Гунахкори бегунод...
• Ба варта мекашанд
• Симову сират
• Шоҳ агар одил набошад...
• Боэгашт
«К.УРБОНИИ ДУЗАХМА»
Ба онҳое ки дар му-
раттаб ва ба нашр тайёр
намудани китоб кӯмак
расонидаанд изхори ми-
натдорй менамоям.
\аққи қалами ин
маҷмӯаро пурра барон
абадй гардонидани хоти-
раи қурбониёни баҳ-
манмоҳи хунини соли
1990 мебахшам.
ББК
Муҳаррири масъул Ҷонибеи Акобир
Дар китоб расмхои Муҳиддин Олимпур ва муаллифони номаъ-
лум истифода шудааст.
К 32 Қурбонии дузахма: Андешаву хулосаҳо аз
воқеияти ҳодисаҳои фочиавии бахманмоҳи со-
ли 1990.— Душанбе: «Ориёно», 1992.—320 сах,.
Бӯрӣ Каримови на факат дар Точикистон, балки
дар собиқ Иттиҳоди Шӯравй машҳур дар ин китоб
дойр ба сабабу окибатқои ҳодисаҳои баҳманмоқ, да-
сисабозию нотавонбинии баъзе аз хукуматдорон, чй ту-
на сурат гирифтанн се пленуми хизби коммунист дар
он рӯзҳо бо дарду алам ва дар айни замон бо мухо-
кимаронии мантикан солим кисса пардохтааст.
Балки ин китоб сарнавишти пурмочарои худи ӯ ва
халқи ӯст.
К
022(01) — 92
бе эълон
ISBN 5-7012-0282-8
(6) Нашриёти «Ориёно» с. 1992
Каримов Бӯрй
ҚУРБОНИИ ДУЗАХМА
БИ № 1
Ба матбаа 13.04.92 супурда шуд. Ба чопаш 7.06.92 имзо шуд.
Андоза 60x90'/ie- Ҳуруф типогр. № 2. Чопи офсетй. Нузъи ко-
пии шартй 20,0. Чузъи нашрию хисобй 20,0. Адади нашр 20000.
Супориши № 780. Нархаш шартномавй.
Нашриёти «Ориёно» Душанбе, кӯчаи Айнй, 126.
Матбааи авваличи Вазорати матбуот ва ахбори чумҳурии То-
чикистон, хиёбони Рӯдакй, 37.
ЭИ ЛОЛАХ.О, ЭИ ЛОЛАҚО,
Эй лоладо, эй лоладо, эй лоладои аргувон,
Гулдои хунини Ватан, ёдовари қурбониён,
Рӯнда андар рӯн барф аз хуни покн навхатон,
Рамзе ба рагмн золимон аз рафтагон бар човндок.
Эй лолахо, эй лолахо, эй лолахои аргувон,
Аз догатон дилмурдаам, хунинкафанхон ҷавон.
Моро гамм кишвар кушад ё Захми тири беамон,
Эй точики сохибмакон, дар ошёнат бемакон.
Эй лолахо, эй лолахо, эй лолахои аргувон,
Чун лола месӯзад маро, сад дог магзу устухон.
Дод аз шумо, эй золимон, вой аз шумо, эй золимон,
Тире задед аз тарси ҷон бар чон чони точнкон.
Эй лолахо, эй лолахо, эй лолахои аргувон,
Фарёду мотам бо май аст, аз гуррамаргонн чавон.
Бо дар чавон сад орзу дар хоки зулмат шуд нидон,
Ман то қиё^ат рӯзу шаб гаштам дарегогӯяшон.
Эй лоладо, эй лоладо, эй лоладэи аргувон,
Чун хунн даждадсоладо, чун догдои модарон,
Қар кас дар он рӯэи сиёд бар остонн родбарон.
Омад ба умеду вале шуд ноумед дар остон.
Эй лоладо, эй лоладо, эй лолахои аргувон,
Фарқе надорад ин эамон аз чомадои хунчакон.
Гар халди точик псш аз ин бишнида буд чанги чадон,
Онро ба чашмн худ бидид акнун дар ин давру замен.
Эй додарон, эй додарон, эй додарони медрубон,
Дар давлати дарбй бувад қонуки дарбй беамон,
Мардум агар зад шишае, аскар биэад тир аз камон,
Адли дукуматро бубик, бар шишае бкстонд чон!
с. 1990
БА ХОНАНДА
Таснифи хотираву ҳаводиси дардолуду
қисматшикан кори ниҳоят сангину аламовар аст, зеро
муаллиф бо тақозои дилу вичдон худро аз нав ба
чархоби азобу озор меафканад, пасон мекоҳад,
месӯзад, ранҷ мекашад ва ноаён руҳфарсо ҳам ме-
шавад. Буданд адибони забардасте, ки ҳангоми марги
ногаҳонии қаҳрамони варзидаи асари худ зор-зор
мегиристанд ва моҳҳо оа сари миз намеомаданд.
Буданд ҳунармандони асиле, ки дар саҳна нақши
' фоҷиавиро адо карда, баробари ӯ пеши назари ода-
мон ҷон ба ҳақ месупурданд. Бале, инсонҳои асил,
некмазҳар ва ҷавҳарашон покиза дар ҳама замон
новобаста аз муаммову мураккабии рузгор ҳалол
зиндагй мекарданд: ору номус, шукру силос, оини
ҷавонмардй, саховату хайрандешй, инсофу адолатро
мояи ифтихор ва пояи шаъну эътибор медонистанд.
Дунё дигар чизе надорад, фиребанда саробест.
Балки худи зистан азобест алим.
Бо инфтихор метавон гуфт, ки муаллифи китоби
«Қурбонии дузахма» Бурй Каримовро дар Тоҷикис-
тон хуб мешиносанд ва агар баъди феврали хунин як
идда заҳҳоксифатон бо ҳазор ҳиллаву найранг ба
симову сурати ин деҳқонписар, баъд ҷавонтарин Рай-
ей кумитаи банақшагирй, ҷавонтарин ҷонишини Раиси
Шурой Вазирон дар мамлакат доги лакнат зада бо-
шанд ҳам, гармии меҳру садоқат ва каломи уро аз
дилу хотири халқи оддй зудуда натавонистанд. Зеро
сифатҳои инсонии Бурй Каримов ва баъдҳо нишо-
наҳои роҳбарии у соф халқианд. Аниқтараш, ӯ
пайкарест, ки маҳсули хаёли на як рассом ё худ
муҷассамасоз аст, балки ӯро халқ аз хуну ҳиссу
орзӯҳои азизи худ офаридааст. Агар ҳамин тавр на-
мешу д, на халқ фиреб мехӯрду на қаҳрамони вай ба
доми тазвир меафтид. Барҳак, метавон гуфт, ки му-
аллифи ин китоб худ тимсоли барчастаи «Қурбонии
дузахма» аст. Макру ҳилла ва оуҳтону фиреб си-
фатҳои аҳриманианд ва мутаассуф, ки дар рузгори
мо барои расидан ба мақсадҳои нопок хеле оозорги-
ранд.
Аммо чои чон дигару ҷои ҷисм дигар аст. Ҷисм, ки
парастишгари аҳриман аст, оқибат тӯъмаи кирм
4
хоҳад шуд. Руҳ — ҷавҳари волои покиза, мояи ноби
олами малакутист. Агар азоб накашад, ба худ напе-
чад, камол намеёбад, бешак, бандам Аҳриман
мешавад.
Буря Каримов пора-пора аз ёдбудҳо ва тика-тика
аз фоҷиаи рӯзҳои феврали хунин, сарнавишти ҷавону
пурмоҷарои хеш, самимияти халқи заҳматкаш,
муҳаббат ва хиёнати ёру дӯстон, махлуқи мураккаб
будани ҳазрати Инсон, аз мушкилоти иқтисодй,
фарҳангии ҷумҳурй қалам ронда, ин китобро мурат-
таб сохтааст.
Аз матлаъ то мақтаи китоб ҳақталошй мекунад.
Мехоҳад сабабҳои мушаххаси рӯх додани воқеаҳои
баҳманмоҳи хунин, гунаҳкорони аслии ғарқи хун шу-
дани ҷавонон ва тӯъмаи бӯҳтону дасисаҳои сиёсй
гаштани худро дарёбад. Ба ҳамин ният хома ба даст
мегирад, он лаҳзаҳоро як-як пеши хотир меорад,
азобаш хурӯҷ мекунад, аз давот даво, аз қудрати
набуда мадзд меҷӯяд.
Лек ҳайҳот! Гирду атроф торик, пардаи зулмоти
сиёсй ғафс ва ноаён аст. Далелҳо дастнорас, ёрон
номувофиқ, бархе шоқидон риёкор ва ташаббуско-
рони саҳнаи хунин айёру дурӯяанд. Ҳамаи ин
дилашро реш, қалбашро озурда месозад. Аз шидда-
ти ноумедЯ ва маъюсии рӯҳ азият мекашад. Аз
ноилоҷию танҳой худро ба гирдоби андешаҳои сар-
шори ихтилоф зада, бо худ моҷарою ҳақҷӯй
мекунад. Гоҳҳо аз худ, лаҳзае аз тақдир ва пайваста
аз пастфитратии бархе одамон домангир аст.
Чун нек назар мекунад, дар роҳи мақсуд худро
танҳо, дилшикастаю озурдахотир ва паршикаста ме-
бинад. Маҷоли парвози баланд, аз боло дақиқ назора
кардани ин воқеотро надорад. Ноилоҷ мемонад,
қасди ситондани алам аз қалам мекунад. Муаллиф ва
андешаю тахминҳо, муаллиф ва виҷдони оинасифат
чунинанд қаҳрамонони асосии китоб. Гуфтугуи ҷиддй
байни муаллиф ва виҷдон хеле риққатовар аст. Зеро
виҷдон ҳал^даму ҳамнафаси доимй, ҳаками ягона,
сахтгиру бемурувват ва дар айни ҳол ҳақҷӯй аст. Он
аз шоҳид танҳо ҷавобҳои саҳеҳ ва донистани ҳақро
талаб дорад. Гуфтугузор бо роҳи саволу ҷавоб су-
рат мегирад.
5
Ин аст, ки дар китоб саволу ҷавоб, масъалагузо-
рию ҳаллу фасли он, тахмину фарзияҳо хеле
зиёданд: Барой чй? Чй сабаб? Чаро? Во дархости кй?
Чй зарурат? Подошаш чй? ва ғайраҳо... Дар ҳама
ҳолат ҷавобу андешаҳои муаллиф як мақсадро пай-
гиранд — ба хотири нарехтани хуни ноҳак, ва баҳри ба
эътидол овардани вазъи мавҷуда.
Маҳз ҳамин нукта риштаи ногусастаниест, ки ҳоди-
саю рӯйдодҳо, фаслу бобҳои китобро бо ҳам
мепайвандад, мазмуну мундариҷаашро муайян ме-
кунад. Сарфи назар аз тобиши сиёсии воқеот
ҷавобҳояш дилсофона ва боварибахшанд. Аз ин
муҳокимаҳои қатъй, мавқеи беғаразонаи муаллиф ва
далелҳои мавҷуда далолат мекунанд. Хонандан
арҷманд худ дурустии ин нуктаро баъди шиносой бо
китоб тасдиқ хоҳад кард.
Аксаран маҷрои фикру андешаҳо аз ин доира
берун меояд. Дар ин асно Бурй Каримов тақдири худ
ва масъалаҳои мубрами ҳаёти иҷтимоию сиёсй ва
маънавии ҷомеаро мавриди баррасй ва ҳаллу фасли
дақиқ қарор медиҳад.
Аз зиндагии коҳида, муфлисии моддии заҳматка-
шон, фавти гӯшношуниди кӯдакон, хурӯҷи бемориҳои
зиёд ва харобии маънавии мардуми сарсахт синааш
моломоли дард аст. Сари муҳокимаи ин паҳлӯҳои
дардноку чигил ноаён вориди олами мавҳум, ниҳон
аз назари аҳли меҳнат мегардад, ки қонуну қоида,
расму русуми хосаи худро дорад. Вазъи ҳузнангези
адлу инсоф, раҳму шафқатро дар ин сатҳ фошофош
мегӯяд. Муътақид аст, ки «хоҷагон» баҳри ҷоҳу
ҷалол, ҳифзи курсй, дифои хешу ақрабо, наздикону
ҳамтабакдояшон аз ҳама гуна чорчӯбаҳои мавҷудаи
^онун сарфи назар мекунанд ва ба ҳама гуна иқдоми
зишт қодиранд. Алалхусус дар лаҳзаҳои талвосаи
ҷон, хавфи рафтан аз сари қудрат, ки ба рӯзҳои наҳси
баҳманмоҳ рост омада буд, мо инро равшану возеҳ
дарк намудем.
«Чй ҷои тааҷҷуб?» гуфтани муаллиф шоистаи
таҳсин ва ҳақиқати бебаҳс аст. Зеро ин кор барои
онҳо шуғли дустдошта, бештар аз ин муқаррарй,
санҷида ва аз ҷониби дастгоҳҳои хоса маъқулёфта
аст. Таи солиёни дароз ба ҳамин минвол роҳбарй ва
6
ҳукм рондаанд. Дигар хел шуданаш ҳам мумкин
нест. Зиндагии шоҳона, ишрати дунявй, обуруй, сало-
бату салтанат пуштбонй мехоҳад. Истифодаи зӯрй,
таре, ҷазо, туҳмат, сафедро сиёҳ гуфтан, ба ивази
некй бадй кардан ва ғайра дар ин роҳ василаҳои
муқаррарианд. Чй илоҷ, аз сохте, ки тарҳаш аз чунин
хишт рехта шудааст, чизи аз ин беҳтарро чашмдор
шудан амри мӯҳол аст.
Муаммою сарбастагиҳои зиндагй тобиши иҷти-
моии андешаҳои муаллифро қувват медиҳад. Дар
натиҷа аз муҳокимаи мақсади асосй берун рафта, ба
паҳлӯҳои дардманди рӯзгори ҷомеа нохун мезанад.
Ба қадри имкон изҳори нуқтаи назар карда, дастур
медиҳад ва аз имконпазирии ҳалли онҳо умедворй
мекунад. Дар ин асно низ садои афсусу надомати
муаллиф аз гардуни сифлапараст, каҷравиҳои зин-
дагй, аз чоплӯсии бархе масъулон, аз қалби озурдаву
дардноки аҳли заҳмат, волидайни ғӯрамаргоне, ки
орзӯю умеди худро абадулабад аз дунёи фано ба
олами бақо бурдаанд, хеле равшан садо медиҳад.
Бурй Каримов боз аз сари нав ба тавсифу таснифу
сабаоҳои баҳманмоҳи хунин, савобу гуноҳаш дар
рафъи балоҳо, ором кардани мардум, пешгирии
нохӯшиҳои нав ва бетансаҳои сардорон мепардозад.
Андешаҳои вайро нисбати худаш, роҳу рафтораш
дар он рузҳои наҳс худсафедкунй ё шиква аз тақдир
донистан хатост. Ӯ дар ин қаъри андешаҳои бетаг
худро меҷӯяд, некӯ бади амволашро таҳлил меку-
над ва симои ҳақиқии худро дарёфт карданй
мешавад. Аз саволу ҷавобҳои печ дар пече, ки байни
ваю виҷдон рӯх додааст, хулосаҳои асоснок ва
муйшикофона мекунад.
Пайдост, ки шиддати дардаш зӯр аст. Ӯро бе-
раҳмона истинтоқ мекунад. Худро аз шиддати дард,
беадолатии замон ва айёрии «хоҷагон» ба деворҳои
сангини хаёлот ва пайраҳаи сарбастаи андешаҳо ме-
занад. Лек роҳи халоей, ҳақталошй ва нангу номус
хеле миёншикану ноаён аст. Ҳамаи ин аламашро ду-
чанд мекунад, уро побанди хаёлоташ, тахмину
фарзияҳо мегардонад.
Аз ноилоҷй даст ба осмонҳо бардошта, ёрй мета-
лабад. Имдод на аз он тоифае, ки ӯро ба ин чоҳи
7
бетаг тела дода буданд. Мадад на аз ашхосе, ки дар
пленумҳои «таърихии» ҳизби коммунист ташнаи ху-
наш шуданд. Дастгирй на аз фардҳое, ки ба хотири
вазифа, илтифоту фоидае гирдаш парвонавор гашта,
ширинзабонй мекарданд.
Нигоҳаш ба уфуқҳои дигар, ба суй он мардумони
тарифе равона шудааст, ки дар бораи камбизоатию
хориаш, беқадрию таҳқиршавиаш аз минбарҳои ба-
ланд хунсардона ва бебокона ҳарф мезад. Ба вай
умед мебандад, ба қудрати тавоноии бозуяш боварй
дорад. Онро дуст медораду қадр мекунад.
Гохдо ғайри чашмдошт, ба сарзанишу маломати
мардуми тариф мегузарад, аз эшон гиламанд буда-
ни худро изҳор мекунад. Дар ин боб ҳукмаш қатъй
ва сард аст. «Ҷомеа барон фаъолона дастгирй карда-
ни ашхоси ошкорбаёну ростгӯй тайёр нест». Лаҳзае
баъд аз таскин ёфтани сузиши қалб, оҳанги ҳукмаш
нарм мешавад. Аз хулосаи қатъй ва дар айни ҳол
одилонаи худ дурй меҷӯяд. Дурй баҳри озурда на-
гардондани хотири эшон. Некхоҳие, ки дар ни^одаш
устувор маскан дорад, аз дардаш боло мегирад.
Мекӯшад, ки аз «густохии» худ дар ҳаққи аҳли
меҳнат узр пурсад: «Ин гуноҳи онҳо не, мусибаташон
аст. Онҳоро системаи мавҷуда ба ин руз расонида-
аст».
Аз мундариҷаи китоб бармеояд, ки дар он рӯзҳои
шум вай маҳз ба хотири ҳ,амин мардум, нарехтани
хуни у ва мавриди таҳқир қарор нагирифтанаш
меҳнати зиёде ба харҷ додааст. Ҳамин мақсад дар
он рӯзҳ,о вайро роҳбаланд буд, илҳому қудрати хоса
мебахшид. Инро мардуми дар майдон буда, иддае
аз равшанфикрони миллат хуб мадонанд. Инро худи
саркардагон, ки дар он рӯзҳои пурдаҳшат аз мӯр
мадад меҷустанд, равшан х^с мекарданд. Лек баъд-
тар самимй набуданд. Уро бо ҳар роҳ сиёҳ
мекарданд. Бештар аз ин вайро чун «душмани халқ»
муаррифй намуданд, ба пешонааш тамгаи «ташнаи
ҳокимият» часпонданд.
Бурй Каримов дар гирдоби андешаҳояш бо заҳма-
ти зиёд мехоҳад сабабу далелҳои шайъии «ташнаи
ҳокимият» буданашро дарёфт кунад. Вале мантиқи
солим, равиши воқеаҳои наҳси баҳманмоҳ ва макру
8
қ,иллаи мансабдорон, беихтиёр маҷрои андешаҳояш-
ро дигар мекунад. Ноаён дар теғаи мавҷи
андешаҳояш маънии дигар, симоҳои манфуру зишт,
сояи ташнагони ҳақиқии ҳокимият ва заҳҳокзодаҳо
аён мешавад. Пайдост, ки эшон ҳамон тоифаеанд, ки
аз ғаму андӯҳи халқи худ, тангдастию бенавоии аҳли
заҳмат, вазъи ҳузновари иқтисодиёту иҷтимоиёти
ҷумҳурЯ, фарҳангу забони вай орианд. Онҳо ҳамон
воизоне буданд, ки пайваста мансабдори ҷавонро
насиҳат мекарданд: «Ба масъалаҳо хурдагирии зиёд
накунед... Ба забони тоҷикЯ ran назанед, шеър нахо-
нед...!» Вайҳо ҳамон гуруҳҳое буданд, ки содиқона
пойдории сохти тоталитарию империявЯ ва халалнопа-
зирии сиёсати нангини мустамликавиро ҳифз
мекарданд, аз насими форами бозсозЯ, ривоҷи де-
мократия ва ошкорбаёнЯ ҳарос доштан, бо ҳар ба-
ҳона дар роҳаш монеаҳои сунъЯ мегузоштанд. Шояд
ҷамъи ҳамин ашхос муаллифону ташкилкунандагони
ҳақиқии саҳнаи хунини баҳманмоҳ бошанд?
Алҳол ҳама ин фарзия, тахмин ва муҳокимаҳои
муҷарради муаллифанд. Барои ҳукми қатъя асос
надорад. Дастнорасии далелҳои шайъЯ уро чун зиқи
нафас бӯгЯ мекунад. Бо вуҷуди ин равиши фикраш,
тахмину фарзияҳояш нишонрасанд. Гарчанде
қотилон, гунаҳкорони асосии баҳманмоҳи хунинро
аниқ номбар накунад ҳам, самти ҷустуҷую дарёф-
таш возеҳ аст.
Пайхас кардан душвор нест, ки чунин сурат гириф-
тани кор худи муаллифро қаноатманд намеку над.
Бинобар ин аз нав бо худ талош меварзад. Ба хотири
пайдо кардани ҳақиқат, бо умеди шустани номи худ
аз догҳои нафрини тӯҳмат, баҳри ба ҳақдор расида-
ни ҳақ ва ба соҳили мурод шино кардан.
Соҳили муродро равшан мебинад ва дилпурона ба
суи он даст мекашад. Ин мардумест, ки ҳамаи ҳоди-
саю воқеаҳои таърих аз назари муйшикофонаю
дақиқи вай ҳаллу фасл шуда, баҳои ҳаққонЯ меги-
ранд. Аз ҳамин лиҳоз, муаллиф маҳз онро ҳаками
тақдири худ интихоб мекунад.
Бӯря Каримов ҷавон буд, вале пӯхтаю дилсоф. Аз
кибру ғурур ва макру фиреби дарбор оря. Вазъи
имрӯзаи ҷомеаро хуб медонист ва ба фардои неки
9
он дилпур буд. Имони КОМИЛ ДОШТ, КИ ҲОЛИ сомон
яксон нахоҳад монд. Вале мехост ба фардо бо пай-
раҳаи худ биравад. Аз шоҳроҳи фарсуда, ки дар ҳар
қадам буи макру фиреб, беаҳдию беинсофй, зиштию
сифлагй меомад, ҳазар дошт. Бештар аз ин баъзан
азми валангор карданаш мекард. Вале афсус, ки аз-
маш бузург, танҳоияш сангин ва роҳи ният хатарнок
буд. Мах,з ҳамин иқдомаш хори чашми дигарон шуд.
Дар паи номурод кардани ӯ шуданд. Дар роҳи акнун
қадам гузоштаи вай чоҳ мекофтанду хаспуш мекар-
данд. Пайк меҷустанд, барои тела доданаш. Онҳо
хуб медонистанд, ки ин қабил гаюрон дар сатҳи боло
ангуштшуморанд. Бинобар ин ба чоҳ афкандани эшон
заҳмати зиёдро талаб намекунад.
Қамин хел ҳам шуд. Ба мақсади нопоки худ раси-
данд. Ба он чоҳ сарозер фитод. Ҳол он ки адлу
инсоф ва ҳақиқат акси онро тақозо дорад. Ва ҳамин
хел ҳам бояд шавад. Зеро ҳамеша чоҳкан зери чоҳ
мешавад...
Оҳанги андешаҳояш далолати он аст, ки дигар
умри Аҳриман кутоҳ асту боз баҳор меояд, худо-
ванд захмҳои дили ӯ ва падару модари он ҷавонони
ноҳак, қурбоншударо шифо мебахшад, танҳо хоти-
раҳои сангин ба ёдгор мемонанд ва мисли
нахустмаҷмуа аз баҳманмоҳи соли 1990 ба таърих ва
наслҳои оянда қисса мебаранд — қиссаи талху дар-
долу д...
Саидамир Ҷононов,
Ҷонибек Акобиров.
10
огоз
Нввмвд набояд шудан аз гардиши айём
Х,ар том, ки о яд, зп паи он свҳаре ҳаст...
Махфй
Пастиву баландиҳои зиндагй на танҳо мушкилгу-
зар, балки ҳайратоваранд. Хусусан мушкилих,ои
сохта, дар айёме, ки ҳавои бозсозй нафаси тозаро
тақозо мекунад.
Мутаассифона бо сабаби каҷдилй, нотавонбинй ва
мансабхоҳии гурӯҳе дар диёри мо пеши роҳи парво-
зи бозсозй садду монеаҳои зиёде сохтаанд.То ба кай
сарон мекӯшанд, ки беадолатиҳои иҷтимоии дар
ҳаққи мардуми заҳматкаш раво дидаи худро зери
чодар махфй нигоҳ доранд? Ин зумра мардумро ба
худию бегона, дусту душман, кӯҳистониву аҳли
водй... ҷудо мекунанд, ки ин на танҳо шармандагй,
балки хилофи ахлоқи ҳамидаву а к, ли солим аст! Авло-
тарин ва оддитарин қонуни инсон он аст, ки ҳар як
фард мебояд, пеш аз ҳама, фарзанди миллат ва
айёми худ бошад. Васф кардани беҳу бади зиндагй ва
дарки қашшок,она зиндагй ба cap бурдан маънои аз
ҳаёти воқей дур нарафтанро дорад. Зиндагии
имрӯзаи моро шоҳона ба қалам додан барои бархе
аз рӯзноманигорону рушанфикрон созишкорй бо
замонадорҳо ва тамаллуқкории маҳз аст. Чунин раф-
тор гунаҳкоронро аз ҷавобгарй дур сохта, имкон
намедиҳад, ки мо аз буҳрони маънавй раҳо ёбем.
Авзои имрузаи ҷомеаи мо дар ҳақиқат
инқилобист. Ин хуб аст ё бад? Бояд мавқеи таъриху
фарх,анг, бурду бохти он дуруст дарк шавад, баҳри
беҳбудии ҷомеа хидмат кунад, то ба куй мурод
бирасем. Аз ин рӯ чи хурд ва чи бузург бояд ҳеҷ гох
аз чорчубаи қонуниятҳои одамй ва раҳи рости зин-
дагй набароем. Ба қонуншиканй роҳ надиҳем. Танҳо
дар ин сурат авзо ва муҳити зист ба мизон медарояд.
Марди асил нозуку х,ассос аст. Дилаш аз ноко-
миҳои рузгор афгор мешавад. Маънавиёташ уро
азоб медих,ад. Дар ин вақт ҳар сухани тоза руҳу
тавонаш мебахшад.
11
У
Имрӯзҳо номи ҳазорҳо одамони бегуноҳе, ки дар
замони Сталин сиёҳ шуда буданд, сафед мешавад.
Халк, аз ин шод аст. Дер бошад ҳам, ин марҳила
олами маънавиёти моро рӯшан месозад.
Аз тарафи дигар ҳайронам: магар замони
қурбониҳои бешумори Сталин, авомфиребиҳои атро-
фиёни ӯ пандашон нашуд, ки имрӯз боз тавқи
гуноҳро ба гёрдани бегуноҳон меовезанд.Ин корро
баъд аз фаро расидани чунин айём, чашм кушодани
мардум мекунанд. Гумонамон, ки мардум намеби-
над. Не! Хато мекунем! Чашми халк, некбину дурбин
аст. Вай мебинад, дарк мекунад, хулоса мебарорад.
Чархи таърихро ақиб гардонидан мумкин нест.
Ҳама аз дори дунё мегузарем. Базмест ҷаҳон, зин-
дагй, вале оқибаташ сард аст. Роҳбарони олимартаба
низ рӯзе бо курсиҳои худ, бале, бо курсиҳои «аз ҷон
ҳам азизашон»
хайрухуш менамо-
янд. Ин қонуни
зиндагист. Вале на-
ход боре виҷдона-
шон онҳоро азоб
надиҳад, ки худ ди-
даю дониста
адолатро поймол
карданд ва дар
оянда номашонро
касе ба некй на-
хоҳад ёд кард.
Наход дарси ҳазор-
солаҳои золимону
курдилон барои
онҳо сабақ нашу да
бошад? Балки сиф-
лагй касро бевиҷдон
мекардааст...
Мард бояд аз
бадномй ҳаросад,
дигар аз ҳеҷ.
Вой оне, ки дар
хотираи мардум
ва таърих сияҳному
12
сияҳрӯй боқй бимонад. Фақат ном мемонад. Ва ном
бояд пок бошад, боқй ҳама мушкияот ҳалле дорад.
Мард бояд.кн ҳаросон нашввад,
Мушкилв нест, ки осон нашавад.
Ман ба ақлу хирад, заковату фаросати халқ
эътиқоди комил дорам. Муаммое, ки аз рӯзи аввал
сахт ба ташвишам овардааст он аст, ки оё мардум
ҳак,ик,ати ҳолро ба тезй мефаҳмида бошад? Ва ин
мушкилоти сангинтарини ман буд.
Дар ибтидои воқеаҳои феврал афкори ғаразноки
як идда мансабдорон андешаҳои мардумро ба ихти-
лоф оварда буд. Ба гумонам, ин ҷо фақат вақт
нақши ҳалкунандаи худро мебозад.Вақт оериётарин
доварест. Ман тӯҳматзаниҳои ҳаммаслаконро дида,
қудрати ба ҳамаи онҳо ҷавоб доданро надоштам.
Чунки сухан гуфтан дар он рӯзҳо маънй надошт.
Ҳама воситаҳои афкори умум бах,ри бегуноҳ вона-
муд сохтани роҳбарон дар хизмат буданд. Ҳамагон
гунаҳкор буданд, вале Ьа ҷуз онҳо. Аз ин нуқтаи
назар ман барои онҳо бисёр шахси қулай ва бозёфти
хуб ба ҳисоб мерафтам. Ин буд, ки борони туҳмат ба
сарам рехт. Ба маврид аст бигӯям, ки онҳо аз ӯҳдаи
кор бисёр ҳам аёронаю устокорона баромаданд.
Дар аввал ман хомӯш мегаштам, ҳаросонии худро
вонамуд намекардам ва амин будам.ки баъд аз ман-
де худи роҳбарон ба хулосае меоянд, ки ман гуноҳе
надорам ва аз ин хусус ба мардум дарак медиҳанд.
Чаро ман мубталои чунин андешаҳо будам? Барои
он ки ман ба онҳо бовар доштам. Бовар доштам, ки
эшон дар он рӯзҳо «дасту по» гум карда буданд.
Барои ҳамин ҳам ба дурӯғу тахмини баъзеҳо бовар
кардаанд. Чун фурсат ояд, муйро аз хамир ҷудо
мекунанду ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид. Вале ҳайҳот...
Барои онҳо қурбонии бепушту паноҳ даркор бу-
дааст. Дигар ин ки банда гурги борондида набудам.
Метавонистанд бо дили пур хомталош кунанд. Ҳамин
тавр ҳам шуд. Онҳо дидаю дониста маро сиёх, ме-
карданд ва аз ин роҳ баргаштанй ҳам набуданд. Ҳар
руз «ихтирооти» нав ба нав, тахмину фарзияҳои тоза
пешкаш мекарданд. Тафтишоти онҳоро аввалу охир,
оғозу анҷом набуд. '
13
Дар ҳама давру замон сухан силоҳи зӯртарин
буд. Ана ҳамин силоҳ имрӯз моро бояд ҳамсафар
бошад. Хуш, буд замоне, ки одамон бо амру фар-
мон, дугу даранг ҳаётро, истеҳсолотро идора ва
умуман ҳукмронй мекарданд. Гузаштанд он рӯзҳо...
Дар давраи карахтй, барҷомондагй бо суханҳои по-
барҳаво ва дугу пӯписа то ба «имрузи мусаффо»
омада раси- дем.
Акнун аз санъати сухан бояд истифода кард. Дар
урфият мегӯянд: сухани нагз морро аз хонааш ме-
барорад. Роҳбарон низ бояд имрӯз бо зӯрй не, ба
зорй ҳам не, балки бо силоҳи сухан халқро ба худ
моил сохта, ба роҳи рост ва дуруст ҳидоят кунанд.
Беҳбудии кор ба фаъолияти кадрҳои идеологй
мансубанд. Ба ин мазмун фаъолияти идеологҳои мо
таи солҳои охир ба ҳар гуна танқиди сахттарин ар-
занда аст. Суҳбатҳои онҳо оиди моҳияти асили
зиндагй, адлу инсоф.ҳақгӯй, фарҳангу маданият, за-
бои, озодии виҷдон ва ҳақталошй бениҳоят луч ва
бемазмун мебаромад. Дар оилае, ки шафқату со-
зиш нест, осудагиву осоиш ҳэм нест. Аз дарду
нокомй, аз умедҳои зиндагй идеологҳо бояд хуб
бурхурдор бошанд. Сад афсус, ки дар ин боб ба ҳар
ду пой меланганд. Аз гузаштаи бузурги худ маҳру-
манд. Мо дар замонаш халқе будем, ки фарҳанги
бузургамон мавриди омузиш, баҳс ва талоши олами-
ён оуд. Адабиёти ганй, забони равонамон буду лек
халқи худро саросар бесавод эълон намудем. Ин
иддаои хушомадгӯёна, ки асоси кофй надошт, боиси
каҷфаҳмиҳо шуда, ба бефар^ангии имруза овард.
Зимнан мардуми мутамаддини ҷаҳон аз мо дида
таъриху маданияти моро беҳтар меомузад.
Сиёсат палид аст мегӯянд. Ва ба ҳак, будани ин
суханон имрӯз дар ҷомеаи мо ҳамагон бовар ҳосил
намуданд. Ба ростй худи ман ҳам то рузҳои ба тури
туҳмат афтондан фикри дигаре надоштам. Имруз
замона чашми маро кушод. Ман шоҳиди бевоситаи
сиёсати бехирадона, номардона, бешармона ва
нангину золимона шудам.
Аламовар аст: ҳизбе, ки худро ақлу хирад ва
виҷдони даврон мешуморад, намояндагонаш дидаву
дониста, баҳри курсии мансаб волотарин сифатҳои
инсониро зери по мекунанд. Як сол гузашт,
14
рӯзномае ёфт нашуд, ки то аз ҳақиқати воқеаҳои
феврали нависад.
Виҷдонам маро он рӯзҳо ва баъдан ҳам ором
намегузошт, амр мекард: он ҳақиқатеро, ки аз гуф-
танаш ҳама парҳез мекунанд ва меҳаросанд, руи
коғаз биёрам. Фошофош гӯяму дил холй кунам.
Моҷарои зиндагии пурталотум бе осор намемо-
над. Неши озор ҳам ҳар хел мешавад. Маҷрои
пурпечутоби зиндагй маро ба соҳил партофт. Дар
тӯли моҳҳои охир воқеаҳои пурғавғову фоҷианоке
ба вуқуъ омаданд, ки он ягон фарди бедорфикрро
бетараф намегузорад.
Ба хулосае омадам, ки хотираҳои ман ба бисёр
муаммоҳои сарбаста рӯшанй андохта метавонад. Аз
ин ру, қалам ба даст гирифтам. Ва боз саволе пайдо
шуд? Аз чй cap кунам? Аз оғоз ё анҷом? Ва нохост
,чеҳраи зане пеши назарам омад. Нигоҳаш бемеҳр,
гуфтораш талху заҳрогин буд. Ин зани ба ҳама шинос
Энаҷон Бойматова буд, ки дар Пленуми ХУШ агар
табар дар даст медошт, ба хаёлам маро тикаву пора
мекард. То ҳанӯз ҳайронам, ки наход зан-модар ба
чунин суханроние қодир буд? То чй андоза суханони
ӯ ҳалокатовар буданд, худи хонанда қазоват намояд:
«Э.Бойматова • аъзои КМ: Писарам, ба саратон
шамшер ояд ҳам, агар айбдор бошед, ҳақиқатро
гуеду ба ҳамааш иқрор шавед. Гумон мекунед, ки
ҳамаи ин ҷо нишастагон бефаҳманд? Оё онҳо наме-
фаҳманд, ки шумо муғамбирй мекунед? Ҳайфам
меояд, ки дар вақташ «падаронат» - роҳбарон
Маҳкамов, Паллаев ва Ҳаёёв пешбарй карда, дар
ғафлат мондаанд. Онҳо кй буданатро дар вақташ
нафаҳмидаанд, пай набурдаанд, таъин карданду на-
зорат накарданд, ақлашон нагирифт, ки газида
метавонй. Шумо бошед, писарам, газидед! Шумо чй
тавр ҷуръат кар дед? Шумо Тоҷикистонро шарман-
да кардед! Шумо Тоҷикистони шукуфонро поймол
намудед!
Чй тавр ту писарону духтарони Тоҷикистонро шар-
манда кардй.
Сари онҳоро хам кардй! Шумо ҳанӯз 32-сола
ҳастед, агар софдилона кор мекардед, ба мартабаи
котиби КМ мерасидед. Наход намак хурда, ба намак-
дон туф кунанд. Акнун, писарам, ба кирдорат иқрор
15
шав. Агар худатон розй намешудед, бо халк, ran
намезадед, ба дилаш роҳ намеёфтед, нй тавр шумо-
ро бардор-бардор мекард? Масалан, агар ман ба
ягон кас чизе ваъда накунам, ба наздам намеоянд.
Талаб мекунам, ки ин кор ҳамаҷониба тафтиш
карда шавад. Каримов барин инсонҳо ҳанӯз бисё-
ранд, дар КМ ҳам ҳастанд, онҳо мансабпарастанд!
Онҳо фақат гами мансабу мартаба, пули калон,
рӯзгори боҳаловатро доранду халос.
Аз мақомоти Кумитаи бехатарии давлатй хоҳиш-
мандам, ки воқеаро ҳамаҷониба тафтиш карда,
ҳамаро ба рӯи об бароранд.
Наход кас ба ҳамин дараҷа расад, ки ба роҳбари-
яти республика, канй мансабро монда равед, гуяд! Чй
шармандагӣ! Канй виҷдонатон? Ҳеҷ кас тамоми умр
ба курсии мансаб часпида намондааст. Ҳар кор вақт
дорад.
Хоҳишмандам, ки ҳама чизро нақл кунед, ба ҳама-
аш иқрор шавед. Ҳамаи хушомадгӯйҳо,
созишкорҳоро ба рӯи об бароваред».
Б.Б.Каримов:«Модар, бовар кунед, ки виҷдонам
пок аст. Ман бо издиҳом, бо касоне, ки дар митинг
иштирок доштанд, хун рехтанду бетартибй карданд,
ягон муносибат надоштам...»
Мутаассифона, сабти пурраи овози ЭЬойматоваро
дар даст надорам, лек хуб дар ёдам ҳаст.ки гузори-
ши ӯ кӯтоҳ ва «мулоим» карда шудааст.
16
Дар он рӯзи мудҳиш ӯ ғаразнок ҳарф мезад, аз
чашмонаш оташи бадбинии гайрихоса аланга меги-
рифт. Оё садои ӯ садои дили зан, модар, роҳбари
солхӯрда ва ниҳоят шахси одилу ҳақиқатгуй буд? Ё
худ ӯ ҳам фирефтаи дурӯғу буҳтони мансабдорон
шуда буд?
Агар ин тавр намебуд, пас бо кадом дилу дида ва
худ фарсахҳо дур аз ҷои ҳодиса, ин к,адар боваринок
маро ба чох афканданЯ мешуд? Чя муаммое?
Мутаассифона, ӯ танҳо набуд. Бо хақиқат рӯ ба рӯ
истода, мехоҳам нисбати ин берахмон раҳмдил бо-
шам, ба даъвохои беасосашон асоснок ҷавоб бигӯям.
Ҳамин тариқ мекӯшам, ки «писарону духтарони
Тоҷикистон рафтори маро шармандагЯ», чЯ хеле Бой-
матова мегӯяд, нашуморида, онҳое, ки маро бадном
месохтанд, шармандаи халқи хеш шаванд, виҷдон
агар бошад, азобашон бидихад, ки он руз ба амри
мансабдорон виҷдону имони худро фурӯхта, ҷаво-
неро қурбони ғадру хиёнат намуданд...
То даме ки зиндагии занони тоҷик бех нагардад,
ҷамъияти мо ба таври дилхох тараққЯ намекунад.
Ахволи иҷтимоЯ ва маърифатнокии занони махал-
лии мо бисёр хузнангез аст. Махз хамин масъала
бояд моро ба ташвиш оварад, чунки ба ин сабаб
рӯзгори мо рангу рахмати арзанда надорад. Баъзан
аз минбархои баланд намояндагони мардум ва
рохбарон аз бехтар кардани вазъи сангини кори зан
ва некӯахволии онон сухан меронанд, вале пешрафти
назаррасе дар ин рох дида намешавад. Яке аз вази-
фаҳои муқаддаси занон - тарбияи дурусти наели
наврас ба хисоб меравад. Барой иҷрои он ба занон
шароит додан лозим аст.
Дили духтарон ва занон бисёр хам нозук мебо-
шад. Имом ТирмизЯ фармуда: «Занро шахсе
метавонад эхтиром кунад, ки бокарам аст». Оре,
имрӯз мардони бокараму гамхор ва рохбарони со-
лимфикру мададгор лозиманд.
Бузургтарин, шарифтарин ва пурифтихортарин ко-
ри зан ба дунё овардани фарзанд ва тарбияи он
мебошад. Худо занро барои кори сабуку осон офа-
ридааст. Кадбонуву ғамхори оила будани онҳо хам
17
кори бузургест. Зан аз меҳнати номуносиб бояд
озод бошад.
Пайғамбари мо ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу
алайҳи вассалам дар ҳадисашон фармудаанд:
«Ҷаннат зери қадами модарон аст».
Фақат ҳамин ҳадис кофист, ки мову шумо назари
хешро ба Модар - Зан куллан дигар кунему аз паи
ҳалли муаммоҳои зиндагонии ин олиҳа бошем.
Вале мо ба кӯрсаводиаш нигоҳ, накарда, аз вай
қаҳрамони қалбакии меҳнат ё худ «намояндаи ар-
зандаи халқ» сохтем ва ӯ батадриҷ ба ин тазоҳуроти
номатлуб хӯ гирифт ва нун Э.Бойматоваи мӯҳтарам
волотарин вазифаи олиҳаи муқаддас - зан - модарро
фаромӯш кард. Чунон ки мегӯянд: худкардаро даво
нест...
...Модарам ҳамеша аз ману писаронаш хоҳиш ме-
кунад.ки як бор ба ӯ билет гирайд, ки ба Конибодом
назди Энаҷон Бойматова биравад ва ба чашмони ӯ
нигарад...Дигар ҳеҷ чиз...
Модари пирам гаштаю баргашта мегӯяд:
-Гапҳое, ки ӯ дар ҳаққи ту гуфт,фак,ат дар гушам
садо медиҳанд.
Дар кашидадӯзй модарам дар деҳа ҳамто
надорад. Беҳуда нест, ки бо ташаббуси Гулрухсор
дар Душанбе намоиши офаридаҳои ӯро ташкил кар-
да буданд. Пеш модарам вақташро бо кашидадӯзй
мегузаронд. Акнун чашмҳояш хира гаштаанд, мӯяш
сафед гаштаву рухсорааш оҷинг зада, касалй шуда-
аст.
Айёми сари вазифа будан доимо мекӯшидам ба
онҳое, ки назди ман барои ҳалли ягон масъала мео-
янд, ҳаддалимкон кумак кунам. Агар заррае имкон
ҳаст, муаммоҳояшонро ҳал мекардам, агар не, бо
тамкин мефаҳмондам, ки бо кадом сабаб ин ё он
масъала ҳоли ҳозир ҳалнашаванда аст. Масъалаҳои
марбут ба Модар-Зан, кудак ва маданият диққати
маро сахт ба худ мекашид. Мехостам тамоми ҳасти-
ямро бидиҳаму онҳоро ҳал намоям. Аз ҷумла, вақте
ки намояндагони Хазинаи кӯдакони Тоҷикистон му-
роҷиат менамуданд.
Мактубҳои онҳоро бе сузи дил хондан душвор
буд. Барои мисол якчанд ҷумларо аз мактубҳои онҳо
18
пешкаш менамоям:«...Хазинаи кудакони Тоҷикистон
аз Шумо хоҳиши зиёде дорад, то ки ба ин масъала
бо дилгармй ва дилсузй нисбати кудакони маъюб, ки
табиат онҳоро ранҷонидааст, рӯй оред ва дар ин
иқдоми хайр саҳми арзанда гузоред. Мо боварии
комил дорем, ки ин масъалаи мушкил, ҳалталао ва
пурсавоб Шуморо бетараф намегузорад.Бо эҳтиром
рафиқа Афизова».
Ё ҷои дигар нисбати арзи роҳбарияти мактаб-ин-
тернати махсус барои кудакони аз ҷиҳати фикрй ва
ҷисмонй ноқиси ноҳияи Кӯлоб, ки синфҳои фарсуда
дораду дар ҳолати футурравй аст, навиштаанд:
«Ҳодисаҳои мудҳиши Арманистону ноҳияи Ҳисор ба-
рои ҳар кадоми мо сабак, мебошад. Ба фикри мо,
агар илоҷи ҳал кардани масъалаҳои дар боло ном-
баршуда набошад, беҳтараш мактаб-интернатро
бандед, кудакони як бор аз табиат ранҷидаро бори
дигар ранҷонидан ҷиноят аст. То ба кай кудакони
иллатманд зимистон (аз ноябр то апрел) яъне, чо-
рякҳои дуюму сеюми хониш, ба ҷои солимгардонию
касбу дониш омузондан, аз хунукй меларзанду буи
гази губорро нафас мекашанд?» Ин ҷо сухан дар
бораи мактаб-интернате, ки воқеъ дар колхози Шата-
лови ноҳияи Кӯлоб аст меравад. Вақте ман чунин
мактубҳоро мехондам, ҷои нишаст намеёфтам. Дар
19
Be млтн~
ҳаёт борҳо ба чашми худ
дидам, ки дар деҳот чй
тавр мактаббачагон азоб
мекашанд.
Бо ин мисолҳо қайд
карданиам, ки аз як та-
раф ин ҳолатҳо ва аз
тарафи дигар, роҳҳои но-
дурусти ҳалли ин
масъалаҳоро дида, зиёд-
тар азоб мекашам. Вақте
ки роҳбаронро назди худ
мехондам ва бо сӯзу гу-
доз бо онҳо сухан гуфта,
роҳҳои тезонидани ҳалли
масъалаҳои ҳалталабро
нишон медодам, шоҳиди
он мешудам, ки дар ва-
зифаҳои масъул шахсоне
________________________ курсиҳоро банд карда-
анд, ки аз ӯҳдаи ҳалли хурдтарин мушкилот барома-
да наметавонанд. Ва ин чиз маро боз зиёдтар азоб
медод. Гоҳҳо шукри даврон намуда, фикр мекар-
дам, ки кунун ҷамъият дигар шудааст, бозсозй
мустаҳкам қадам мезанад, акнун номзадҳои халқ
дар Шурои Олй шахсони арзандаро ба корҳои
роҳбарЯ пешкаш мекунанд.
Боре дар бинои Институти ^тисодж Госплани ҷум-
ҳурЯ доир ба шароити вазнини зист ҷамъомади бону-
фузе баргузор гардид. Лозим донистам, ки барон
гузаронидани он ёря ва дар кори он иштирок намоям.
Бо амри виҷдон он рӯз сухан гуфтам. Ба саволҳои
сершумори иштирокчиён, ки баъзан аз мавзуи ҷамъ-
омад дур буд, ҷавоб гардонидам. Он рӯз аз
саволҳои духтурон, ки аз ноҳияҳо омада буданд,
равшан мешуд, ки чй қадар масъалаҳои ҳалталаб дар
боби муҳофизати кӯдакон ҷой дорад.
Ду нафар шахси масъуле, ки аз «марказ» баҳри
ёрдам фиристода шудаанд, сухан ронда рақамҳои
зиёдеро ба самъи иштирокчиён расонданд, ки гуё пае
аз кӯмаки онҳо муриши кӯдак дар ҷумҳурй кам
шудааст. Ман, ки аз асли воқеа бохабар будам,
20
муқобили далелҳои бардурӯғи онҳо ҳарф задам.
Мудири онвақтаи шӯъбаи идеологии КМ ҳизби кому-
нистии ҷумҳурй Даврон Ашӯров онҳоро дастгирй
намуд, вале ин кор ба иштирокчиён нафорид.
Ҳақиқатро гуфтан ба он кас маъқул нашуд...
Ба замми ин матни суханронии маро баъзе маҷал-
лаву рӯзномаҳо чоп намуданд. Баъди ҳодисаҳои
феврал роҳбари олимартаоае он суханрониро ба ёд
оварда, ба ман таъна ҳам зад. Он гуфтаҳо чунинанд:
«Вақте ман дар бораи Зан - Модар ва кӯдак ҳарф
мезанам, пеши назарам офтоби сӯзони диёр, зани
сӯхтаи тоҷик, кӯдаки пойлучи деҳа намудор меша-
ванд ва онҳоро бо занону кӯдакони дигар кишварҳо
муқоиса мекунаму забонам дар комам месӯзад,
дилам ба тарзи дигар метапад. Аз қаъри дилу ҷонам,
ҳастиям ин суханон ба забон меоянд.
Куҷой фарзанди бедорфикру сазовори диёр,
куҷой роҳбари арзандаи миллат, ки модар ва фар-
зандат, модару фарзанди миллат ба ин аҳвол
гирифтор шудаанд? Ба ин маънй х,амаи мо, мутасад-
диён, — аз поён то боло дар назди модар ва кӯдак
қарздорем».
Ба ҳар ҳол он вақт ҳам, имруз ҳам гумон меку-
нам, ки бо амри виҷдон дуруст рафтор кардааму
ҳақиқатро гуфтаам.
РУҶӮЪ
Рузҳоро осонтар кур мекунам. Вале шабҳо баро-
ям оисёр тулонй менамоянд.
Шабонгаҳ мурге гуё дар дилам лона мемонад ва
то бомдод суруди андуҳ месарояд.
Дар хомушии шабистонҳо ва аз хотираи он рӯзҳои
даҳшатбор бедор мешавам. Паҳлӯ мегардам, ба худ
мепечам, фишорам баланд, торҳои асабам таранг
мешаванд ва гумон мекунам, ки боз лаҳзае, боз
ларзае ва онҳо мекананд.
Завҷаам илтиҷо мекард, ки ором шавам, фикр
накунам, осуда бошам. Ҳайҳот! Ӯ ғами маро хӯрад,
ман бошам, гами уро мехурдам. Ӯ аз касании зиққи
нафас азоб мекашид. Баъди ба ин балоҳо гирифтор
шудани ман касалиаш авҷ кард. Ӯ аз паҳлу ба паҳлу
21
мегашт, ба хонаи дигар гузашта хоб мекард, ба уме-
де, ки маро ганаб бараду даме осуда бошам. Ман
медонистам: авҷи касалии у аз гам аст ва ин ба вазъи
ман вобастагй дорад. Ҳароратам баланд мешуд, аз
баланд шудани фишори хун ва таранг шудани риш-
таҳои асаб. Ин ҳама маҷбурам месохт аз ҷой
хезам, рун хона қадам занам, оҳҳои дилсузу ота-
шин кашам.
Хоҳу нохоҳ қалам ба даст гираму дарди дил нави-
сам ... Баъди ҳодисаҳо роҳбарон чандин бор, аз
ҷумла Маҳкамов, аз ман пурсиданд.ки рӯзҳои 10 ва
11-уми феврал, яъне рӯзҳои пеш аз ин воқеаҳои
нохуш дар куҷо будам. Ҳақиқати томро, тавре ки
дар ҳамон рӯзҳо буд, кушиш мекунам, ки ба ёд
овараму ба қалам диҳам.
ОРОМИИ ПЕШ АЗ ТӮФОН
10 ФЕВРАЛ рузи шанбе буд. Одатан, мо роҳбарон,
рӯзҳои шанбе низ кор мекардем. Он руз истисно
набуд. Дар якҷоягЯ хӯроки нисфирузй мехурдем.
Яке сухан гуфт, ки лагоҳ рӯзи фотеҳаи шоири халқЯ
— марҳум Қикмат Ризо ва падари ҳунарвари шо-
истаи Иттиҳоди Шуравй Ҷӯрабек Муродов аст.
Ҳозирон ба хулосае омадем, ки пагоҳ ба ин маъ-
ракаҳо равем.
Қарор кардем, ки ба кор меоему соати 11-и руз
назди бинои ҳукумат дар даромадгоҳи Шурой ОлЯ
вомехӯрем. Кошлаков аз ман хоҳиш кард, ки таъзияи
он касро ба Ҷ.Муродов расонам ва ба гӯшам бо
садои нисбатан паст гуфтанд:
—Пешакй сафари ноҳияи Шаҳритус — «Бешаи Па-
лангон» карда будам. Ба дамгирЯ меравам. Бо ин
сабаб рафта наметавонам. Илтимос, хоҳиши маро
иҷро кунед.
Ман «хуб шудааст» гуён бо он кас хайрухӯш наму-
дам. Сипае ҳама ба берун баромада ба утоқҳои
корни худ рафтем. Қарибии бегоҳ ба хона рафтам.
Шаб дар хона будам. Чун ҳарвақта рӯзномаву
маҷаллаҳоеро, ки саҳаргоҳон ба хонданашон дастам
22
нарасида буд, варақ задам. «Оинаи нилгун»-ро тамо-
шо кардам. Чанде бо фарзандон банд шудам.
Шаҳр осуда буд. Ягон хел гапу калоча ё хабари
шуме нашунида будам.
ГИРДИҚАМОИИ АВВАЛИН
11 феврал. Пагоҳй ман ба кор омадам ва то соати
11—и руз он ҷо банд будам. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе
дар қабулгоҳ навбатдорй мекунанд. Онҳое, ки аз
ибтидо ҳар қадами маро зери шубҳа мегирифтанд,
метавонистанд ба чй кор банд буданамро ба воситаи
навбатдорон муайян кунанд. Соати расо 11 назди да-
ромадгоҳи Шурой Олй омадам. Усмонов ва Латифй
дар якҷоягй баромаданд. Мо салому алейк намуда,
дар мошини хизматии ман бо нишондоди Латифй ба
хонаи марҳум Ҳикмат Ризо равона гаштем. Марду-
ми зиёде дар ин ҷамъомад иштирок доштанд.
Қисмеро гусел мекарданду дигаронро қабул. Моро
истиқбол карданд. Баъди дуову фотиҳаи
мӯйсафедон хайрухуш ва ҳамдардй ба наздикон
гуфта, беруни хона шудем. Сипае маълум шуд, ки
касе аз ҳар сеи моён хонаи Ҷ.Муродовро намедо-
над. Мо дар ҷустуҷӯи хонаи ӯ тақрибан ним соат вакд
сарф карда, бо ёрдами ҷавоне, ки моро шинохт ва
майли кумак дошт, он хонаро ёфтем.
Назди хонаи он кас аз кӯчаи калони ба номи Хайём
cap карда то ҳавлиашон аз ду тараф одамон истода,
бо эҳтиром ва муҳаббати хоса меҳмононро қабул
мекарданд.
Сари дастархони он кас бо номзад ба депутатии
ҷумҳур рафик, Рустамов дучор омадем, ки аз намо-
ишҳои телевизион ба ман шинос буданд. Ӯ бо як
ҳаяҷони хоса дар бораи «касали»-и депутатй нақл
мекард. Он кас ҳамроҳи чанд кас моро гуселони-
данд. Ҳамроҳ ба назди бинои ҳукумат омадем,
Латифй ва Усмонов бо ман хайрухуш карданд. Ман
ба хона омадам. Он вақт тақрибан соати якуним-дуи
руз буд. Тамоми руз ва бегоҳ дар хона дам меги-
рифтам.
23
ҚУРБОНИЁНИ ГАРҚИ ХУН
Рӯзи 12 феврали соли 1990. Чун ҳарвақта саҳар ба
кор омадам. Ба Президиуми Шӯрои Вазирон омо-
дагй дида, баъди хӯроки нисфирӯзй ба маҷлис
рафтам. Оғозаш тақрибан соати дуюним буд.
Маҷлис дар зали хурд гузашт. Чанд масъаларо бар-
расй намудем. Аз қабулгоҳ котибаи раис ба
маҷлисгоҳ даромада хоҳиш намуд, ки рафик, Кошла-
ков гӯшаки телефонро гирад, Маҳкамов ӯро интизор
аст.
Баъд аз чанде ӯ баргашта омада чунин гуфт:
—Рафиқон, аъзоёни бюро.ҳама ба тезй бояд ба
Кумитаи Марказй равем. Бо ҳамин маҷлис қатъ гар-
дид ва ҳама пароканда шудем.
Ман ба ҷои кори худ ба Госплан рафтам, тақрибан
соати се буд. Саргарми кор будам. Котибаам даро-
мада гуфт, ки барои чй бошад, ки ҳама дар куча ба
суй Кумитаи Марказй мераванд ва овоза аст, ки
назди бинои Кумитаи Марказй одамони бениҳоят
зиёд ҷамъ омадаанд ва бетартибй доранд.
Баъди шунидани ин суханҳо ман ба изтироб афто-
дам. Ба Латифй, ки аъзои бюро набуд, занг задам,
ҷавоб надод, ба хулосае омадам, ки ӯ низ ба КМ
рафтааст. Борони барфолуд меборид. Аз касе чатр
гирифта, бо кӯчаи Ленин пиёда ба суи КМ равон
шудам. Вақте ки ба майдони КМ наздик шудам, аз
24
назди магазини «ЦУМ» менамуд, ки майдон пур аз
одам буд ва мардум пешу ақиб дар якҷоягй раф-
туо доштанд. Ман ба КМ гузашта рафтанй будам,
вале натавонистам. Барой чи бошад, дари калони Ва-
зорати хоҷагии обро тела додам. Афсӯс, ки маҳкам
буд. Аз паси бинои вазорат гузаштанй шудам. Он ҳам
маҳкам буд. Чанде аз пушти дар маро шинохта,
дарро кушоданд. Ба ман фаҳмонданд, ки аз ин ҷо
ҳам ба КМ гузаштанатон душвор. Вориди бино шу-
дам. Дуввумин фаҳмонд, ки аз ин ҷо ба КМ тамоман
роҳ нест. Вақте ки ба ошёнаи дуюм баромадам,
қабулгоҳи вазирро дида вориди он шудам. Зани
солхурдае ҷавоб дод, ки вазир ҳамин ҷост. Мавриди
вохӯрй бо вазир аллакай сангҳо ба тиреза заданд ва
аз ин ҷо ман шоҳиди бевоситаи ин воқеаҳои даҳша-
тангез гардидам.
Пас аз чанде сангҳои дигар низ даруни кабинети
вазир партофта шуданд... Ҳама тирезаҳо шикастанд.
Пушти девор истода, баъди чанде ба берун барома-
дам. Ин маврид шоҳиди воқеаҳо ҷонишини вазир
Неъматов ва зане дар қабулгоҳ буда низ шуданд.
Дар ёд надорам ё он зан ё худи Неъматов хабар
дод, ки ба сари зане дар ошёнаи сеюм тир задааст.
Мо ба ошёнаи сеюм баромада он ҷо шоҳиди пай ё
худ изи тир шудем, ки тирезаро сурох карда буд.
Изи дар девор ва тиреза бударо ба ҳисоб гирифта,
муайян намудани самти тир осон буд. Садои тирпар-
ронй ба гӯш мерасид. Ба тиреза наздик шуда ба
майдон нигаристам. Дар ҳақиқат ин ҳама як даҳшат-
ро мемонд. Коркунони Вазорати хоҷагии об дар
таҳлука афтода буданд. Тарсу ҳаросамон зиёд шуд,
вақте ки дуди сиёҳе баланд намоён шуд ва гуфтанд,
ки ҷавонон кадомяк мошина ва уток,и вазоратро, ки
ксерикс (мошинаи нусхабардорй) он ҷост, оташ зада-
анд. Мехостам тезтар баромада равам, вале
гуфтанд, ки ба куча баромадан мумкин нест. Барой
ҳамин ҳам якчанд қуттй ва зинаро истифода карда,
барои занҳоро гузаронидан шароит фароҳам кар-
дем. Азбаски занҳо навбат истода оуданд, мо
интизор шудем, ки кай ҳамаи онҳо гузаранд ва баъд
мо равем. Борон меборид. Чанде зери борон, каме
даруни вагончае, ки пеши девор буд, интизор шуда,
баъд ман ҳам охирон аз сари девор гузашта рафтам.
25
Сарбозон 6а гирдицамомадагон ммконнят мамедмҳанд, ни 6а бмнои
КМ назлин шатан л-13. 02.1990.
Ҳангоми гузаштан дасти ҷавонеро, ки дар сари де-
вор истода ёрдами гузаштан мекард, нохост зер
кардам. Аз он ҷавон узр пурсидам ва гузашта раф-
там. Ин маврид ҷонишини вазири хоҷагии об Гавриков
ва чанде^игарон он ҷо буданд. Худи вазир бошад, аз
паи хомӯш кардани оташ будааст. Аз баромадгоҳи
пушти театри Маяковский гузашта ба ҷои кор раф-
там. Пеш аз ҳама ба рақами 04 ба оташхомуш-
кунандагон занг зада худро шиносонидам, ҳодисаи
оташ задани бинои Вазорати хоҷагии обро ба онхо
фаҳмондам, то ба тезй ерй расонанд. Дар ҷавоб ба
ман гуфтанд, ки мошинҳоро ҳозиракак ба он ҷо
равон карданд. Баъди ин ба коргарони худ дар бораи
он ҳодисаҳое, ки дидам, нақл кардам. Ман дар
бинои Вазорати хоҷагии об камтар аз як соат будам.
Ҳеҷ гоҳ ақидае надоштам, ки дар ҷумҳурии мо
чунин ҳодисаҳо ва бетартибиҳо рӯй доданашон
мумкин аст. То ҳамин маврид гумон мекардам, ки
ҷавонони мо ҳеҷ гоҳ ба ташкил кардани чунин бетар-
тибиҳо қодир нестанд. Ба мо чй чин зада бошад, гуён,
азоб доштам. Вакде ки маро бегоҳ барои навиштани
муроҷиатнома ба КМ таклиф намуданд, ҳама чизи
дидаамро ба роҳбарон, аз ҷумла ба Қ.Маҳкамов
нақл кардам.
26
Дар бораи он ки зане
дар Вазорати хоҷагии об
аз сараш тир хӯрдааст, ба
он кас ман гуфтам. Баъд
ба дигар рорбарон, аз
ҷумла Ҳаёев, Кошлаков,
Ваҳидов ва дигарон. Як
чизи дигаре ҷолиби
диққат буд, ки ду занро
бо кӯдакҳояшон пеш гу-
заронида буданд. Ин чиз
нагз ба хотирам нақш бас-
тааст. Роҳбарон мегуф-
танд, ки наход ин занро
ихтиёрй он ҷо рафтанд. Ин
рама дидаамро ман ба
роҳбарон нақл кардам,
онҳо дар ҷавоб гуфтанд,
ки ин ҳамаро онҳо низ
мушоҳида кардаанд.
Бегоҳии он руз маро
Латифй аз номи Маркэ-
мов ба КМ даъват намуд.
Ман омадам. Супориш доданд, ки ба халк, муроҷиат-
,.|ц/ нома тайёр намоем ва онро ба се забон тарҷума
кунем. Мо онро дар якҷоягй бо Латифй, Табаров,
Насриддинов ва ду нафар рамкори Насриддинов аз
ТоҷикТА тайёр намудем. Нусхаи «сигналии» му-
роҷиатномаро, ки аз мошина гузаронида буданд,
хонда ислор намудем. Бори дигар ба назди рорбарон
даромада, дар рузури Маркамов муроҷиатномаро
ба халқ бо номи «Тоҷикистонро аз офат эмин до-
рем» хондем. Маркамов иловарои худро гуфт,
рамоно ислор кардем. Соат сеи шаб буд. Бо Асло-
нов ва Воридов кӯшиш кардем, ки ҷое ёфта, як дам
хоб кунем. Дар ошёнаи сеюми КМ қабулгори Додо-
боевро барои хоб интихоб намудем. Мутаассифона,
аз садои хуроккашии Воридов хобам набурд. Ман
хестам, Аслонов низ хеста ба берун баромад. Боз ба
к,абулгори Маркамов фаромадем. Баъд аз чанде
гуфтанд, ки мо метавоне^ ба хокароямон равем.
27
Беруни бино шудем. ХомушЯ ҳукмфармо .буд.
Маро Икромов дар мошини худ бурданй шуду лекин
баъд гуфт, ки ба «Горком» мераваду набурд. Ҳарби-
ён ману Латифиро ба мошини «Волга» савор
намуданд. Дар пеш ҳарбие менишаст, дар сари рул
бошад, ронандаи оддя бо либосҳои гражданЯ. Ман
хонаи Латифиро надида будам. Ба кӯчаи Киров ра-
сидем. Маро ғанаб мебурд, вале аз садои дар бе-jj
дор шудам. Аз ронанда пурсидам, ки чЯ ran? У ҷавоб:
дод:
—Ҳеҷ ran не. Латифиро гусел кардан даркор.
Он ҳарбя Латифиро то дари хонааш гусел намуд.
Сипае мо боз равона шудем. Ман самти роҳро.
фаҳмондаму боз хоб рафтам. Аллакай соат чори
шаб буд. Пас аз расидан ва арзи силос пурсони он
шудам, ки пагоҳ чЯ хел ба кор мерафта бошам.
Ронанда ҷавоб дод, ки омада саҳар мебарам. Баъди
як ҳафта он рузу соатҳоро кушиш мекардам ба ёд
орам, дар бораи аз КМ ба хона рафтан дар шаби аз
12 ба 13 феврал аз ЛатифЯ пурсон шудам. Он кас ба
ман гуфт, ки ана ҳамон ҳарбя, ки он шаб моро хона
ба хона бурд, Ҳабибов буд. Аз ин ҷо хулосае бар-
меояд, ки ман уро шаби 12 феврал низ дидаам,
азбаски пеш аз ин бо ӯ вонахурдаам, уро баъди рузи
14 феврал нашинохтам. Фақат баъди Пленум аз ӯ
пурсидам, ки Шумо дар куҷо ва чЯ кор мекунед.
Аз хулосаи комиссияи Шурой Оля: «Муқаррар
щуд, ки шаҳрванд Н. Неъматулина рузи 12. 02. 1990
пеши модараш омад, ки нишонии у — кӯчаи Ленин,
бинои 91-ум, хонаи 23-юм аст. Тақрибан соати 15-у 40
дақиқа, ҳине ки ӯ дар ошхона (дар ошёнаи дуввум)
буд, тир хӯрд ва ҳамоно ҳалок шуд. (Масофаи балан-
дии ҳаракати тири автомат 5 метру 94 см аст).
Ҳангоми муоинаи макони ҳодиса муқаррар шуд,
ки тир тавассути тирезаи дуқабата гузашта шишаро
фақат аз як ҷо сӯрох кардааст. Самти ҳаракати тир
аз боло рост ба поин аст. Хонаи модари Неъматули-
на дар ру ба рӯи қаноти рости бинои КМ воқеъ аст.
Мақолаҳое навишта шуда, ки Неъматулина ва Матро-
совро «ифротиён» паррондаанд, ба воқеият рост
намеояд, чаро ки аз яроқи оташкушо аз куча истода
ба ошёнаи дуввум паррондан номумкин аст.
28
Шаҳрванд В.Я.Матросов ҳам дар ҳамин гуна вазъ-
ият аз автомати АКМ-74 парронда шуд. Магар ба
ҷуз аз кормандони милиса ва аскарон касе ҳаққи
истифодаи ин гуна аслиҳаро дошт?»
Ҳамчунин ҷои дигар қайд карда мешавад:
«Бояд тазаккур дод, ки аз онҳое, ки аз тири яроқи
оташфишон кушта шуданд, дар ҳолати мастй ё нашъ-
амандй набуданд, онҳо ба гирдиҳамоиҳо тасодуфан
омада буданд, ҳамаашон кор мекарданд ва характе-
ристикаи мусбй доранд».
ТӮПУ ТУФАНГ Ё СЕХ,РИ СУХАН
13 феврали соли 1990. Саҳари барвақт ба кор
омадам. Қариб тамоми шаб хоб нарафта будам.
Маҷлиси Шурои Вазирон саҳарй баргузор гардид. Он
ба ҳодисаҳои рузи 12 феврал бахшида шуда буд ва
интизоми баланди идораву корхонаҳоро талаб дошт.
Ҳамчунин мақсад ба аъзоёни ҳукумат фаҳмондани
вазъият буд.
Ба ростй, ҳеҷ кас вазъият ва сабаби cap задани
воқеаҳоро ба таври бояду шояд дарк нанамуда буд.
Аз ин ру фаҳмонда додани он ба аъзоёни ҳукумат
низ душворй дошт. Ҳаёев кӯтоҳ баромад карду ба
чанд савол ҷавоб дод. Бо ҳамин маҷлис ба поён
расид. Мувофиқи супориши Ҳаёев ва Кошлаков ҳама
мебоист дар ҷои кораш интизори супориш бошанд.
Ҳамин тариқ рӯзи дароз ман дар коргоҳи худ будам.
Ҷангро агарчи надидаам, филмҳои ҷангиро дида-
ам. Одамони дар таҳлука афтода дар кӯчаҳо рафтуо
менамуданд. Вазъи онрузаи шаҳри Душанбе вазъи
шаҳрҳои дар муҳосира афтодаро мемонд. Гоҳҳо
дар кӯчаҳо одамон пур, баъзан ягон-ягон, гоҳҳо
садоҳои бадҳайбат, гоҳҳо садоҳои тирпарронй...
Ҳамаи ин ваҳми одамонро даҳчанд менамуд. Онҳо
хох,иш мекарданд, ки ҳамагонро аз кор ҷавоб диҳем.
Ба хулосае омадем фақат занҳоро ҷавоб диҳему
мардон дар коргоҳ монанд. Он вақт масъалаи дифои
корхона, аз ҷумла Хонаи Ҳукумат, ба миён омада
буд. Ба занҳо автобус ҷудо намудем, вале аллакай
қисми зиёди онҳо ба самтҳои гуногун рафтанд. Ха-
барҳои шум одатан тез паҳн мешаванд. Онҳо ин
29
хабарҳоро шунида, бо хотиру хаёли мушавваш кор-
гоҳро тарк мекарданд.
Торафт кӯчаҳо аз одам холитар мешуд. Ман инро
баръало аз тирезаи кабинетам, ки ба кӯчаи Ленин ва
майдон мебаромад, мушоҳида мекардам. Дастам ба
кор намерафт. Дар он лаҳзаҳо кор ҳам мазмуни
дигар дошт. Баъзан ҷонишинон, баъзан сардорони
шуъба ё раиси иттифоқи касабаву котиби ҳизбй назди
ман даромада аз вазъияти ба вуҷудомада мувофиқи
фаҳмиши хеш нақл мекарданд.
Ҳамагон ҳайрон будем, ки чй тавр дар ҷумҳурии
мо нохушй ба амал омад. Охир ҳеҷ кас фикру хаёл
ҳам намекард, ки чунин вазъият яку якбора cap
заданаш мумкин аст. Ҳаракати нақлиёти мусофирка-
шон кайҳо қатъ гардида буд. Гоҳе мошинаҳои
коркунони Вазорати корҳои дохилй ва гоҳе мо-
шинҳои ёрии таъҷилй мегузаштанду халос. Акнун
раҳи нақлиёти мусофиркашонро пиёдагардон пур
карда буданд. Онҳо аз роҳҳои одамгузар не, балки
бо роҳи калон пароканда ба сӯи майдони Кумитаи
Марказй мерафтанд.
Ғавғои мардум ва садои тирпаррониҳо аз сӯи Ку-
митаи Марказй ба гӯш мерасид. Қалбам аз тахминҳо
ва андешаҳо пайваста фишор мехурд.
Наход одамонро парронда истода бошанд! На-
ход! Ба ин мбнанд саволу гуфторҳо хеле зиёд
мешуданд. Ман, ки дирӯз бегоҳй то нисфи шаб дар
КМ будам, медонистам, ки аллакай қурбониён ҳас-
танд.
Аз тир хӯрдани шаҳрванд Фанфедоро, ки коркуни
Вазорати хоҷагии об буд, рӯзи 12 феврал дар худи
вазорат аз забони коркунони ҳамон коргоҳ шунида
будам.
Ин ҳама тарсу ҳароси маро нисбати пайдо шудани
қурбониёни нав зиёд менамуд. Ва чи хел ки баъд
маълум мешавад, гумонам рост баромад. Посбоно-
ну сарбозони тартибот саргарми ҳифзи роҳбарон
буданду халк,и бечора бо хаёлҳои ботипу содда-
лавҳона рӯ ба руи март истода, аз роҳбарони худ
имдод металабид. Дар ин рӯз чу дирӯза ёа хатогиҳои
зиёд роҳ дода шуда буд. Мардуми бечораро бо
калтаки резинй мезаданд, ҷавонони бегуноҳро ба
хоку хун оғӯшта месохтанд. Аз болои одамон ҳай
30
Pj> 6a қмбла— Нам/дм ум/ммм май донн «Озодя» 13. 02.1990.
кардани танкро низ баъзеҳо нақл мекунанд. Чй бе-
раҳмиҳое он руз ба чашм намерасид! Наход
роҳбарон намедиданд, ки хуни ноҳақ рехта истода-
аст! Медиданд, вале ...
Маркази асосии воқеъаҳои мудҳиш низ майдони
назди КМ буд.
Дар асл ҳам дар назди ҳар тирезаи ошёнаҳо
харбиён ва посбонони тартибот, инчунин коркунони
Кумитаи бехатарйи давлатй дар даст силох меисто-
данд.
Оё пеши ин хама дахшатро бо роҳи дигар гириф-
тан мумкин набуд? Оё ба таври бояду шояд чорахои
асосй дида шуда буд? Е худ хама аз тарсу хароси
ҷони хеш ва падруд гуфтан бо курсии мансаб чашм-
хира шуда буданд?
Акнун аз хар тараф садохои «рохбарони ҷаллод,
нест бод!», «Онҳо душмани халқи худ хастанд!» —
баланд мегардид. Қақорат, дашном чун борон мебо-
рид. «Ҳамаи онхоеро, ки мардумро ба ин ахвол
овардаанд, хонабардӯш бинем», гӯён одамон дасти
дуо мебардоштанд.
Хоҳу нохох мисрахои зер иншо шуданд:
Роҳбвр, ки б в назди ха лц паб накшояд,
Аз хулқи бадаш ба халқ бад меояд.
Ҳаргиз накунад ҷамоат истиқболаш,
Аз будани у набуданаш бах, о яд! (
31
Кас ҳайрони зиндагй мешавад... Оташкушоиҳои пай
дар пай, калтаккӯбиҳои сангдилона, танку зи-
реҳпушҳо омодаи муҳофизат, баъзан омодаи пахш
кардани халқ ёуданд, вале одамон натарсида боз
ҷамъ меомаданд. Аламҳои мардум гуё тоза мешу-
да бошад, вагарна аз танку тир наҳаросида боз роҳи
КМ-ро гирифтан чй маънй дорад? Албатта онҳо ба
ҷон расида буданд.
Дар ҳама давру замон буздилҳо, дуруяҳо буданд
ва мемонанд.
Ба ҳар ҳол одамоне, ки нангу номуси халқашонро
аз ҳама авло медонистанд, дар рагу пайвандашон
хуни ҳалоли инсонй ҷорй буд, он руз бо мардум
буданд ва аз бешафқатони болонишини худ имдод
мехостанд.
Чех,раи одамони ошуфтаю воҳимазада хиёбонро
пур мекарданд. Шумораи қурбониён ва захмиён зи-
ёд мешуд. Ба ин нигоҳ- накарда, дар кучаҳо сели
пурталотуми одамй боз суй майдони КМ равона
буд. Агар баъзеҳо намедонистанд, ки онҳоро дар
майдон чй балое интизор аст, қисмати дигар аз он
хуб воқиф буданд. Медонистанд, ки дар пеш онҳоро
марг интизор аст, вале мерафтанд.
Вазъиятро ба назар гирифта, мактабу боғчаҳо кор
намекарданд. Ҳама интизорй мекашид. Интизорй.
32
Интизори ором шудани мардум, вазъияти ба вуҷуд
омада. Ин ҳама боиси он мегардид, ки дар шаҳр ба
замми тарсу воҳима овозаҳои бардурӯғ паҳн мегар-
дид. Одамон баъзан ба якдигар бо шубҳа
менигаристанд. Фирефтаи овозаҳои бардурӯғ мешу-
данд. Роҳбарон ба халқ муроҷиат мекарданд.
Ҳайҳот! Дер шуда буд. Хуни ноҳақ рехта шуда буд.
Ин буд, ки издиҳом ба суханони роҳбарон гуш наме-
андохтанд. Бе ин ҳам таи солҳои охир дили мардум
аз ин «падарони миллат» хунук шуда буд. Дар ин
лаҳзаҳо дар дили мардум оташи кину адоват нисбати
қотилон аланга мегирифт. Паи ҳам даъвоҳову та-
лабҳо шунида мешуд. /
Талабу даъвоҳои асосй ба 15-20 бахш расид.
Роҳбарон ба воситаи телевизиону радио низ сухан
мекарданд. Вале ■ он суханрониҳо хушку бемантиқ
буданд.
Издиҳоми назди КМ ҷӯш мезад. Ҷамъомадагон ба
сухани ҳеҷ кас гуш намедоданд. Ором кардани онҳо
бисёр душвор шуд. Вазъият мураккаб мегардид. Ба
мақсад ноил шудан бениҳоят гарон буд. Ни хеле
мегӯянд: аллакай корд ба устухон расида.
Вазъияти фавқулоддаи эълоншуда боз душво-
риҳои зиёде ба миён овард. Ба шаҳр даровардани
қӯшун норозигии мардумро дучанд намуд. Дар
ниҳояти кор, ҳамагон ба хулосае омадем, ки дар
шаҳр эълон кардани соати комендантй лозим аст.
Зеро ин ягона роҳи ором намудани ба шӯромадагон
буд. Роҳи осон ва бе хунрезй, вале ... Саволе ба миён
меояд, ки чаро ҳама назди КМ ҷамъ меомаданд?
Яке аз котибон гулу даронда мегуфт: «Охир, ҳуку-
мат ин ҷо нест, ин ҷо ҳизб аст.Ҳукумат-Шурои
Вазирон, Ҳокимият-Шӯрои Олй, он ҷо муроҷиат кар-
дан лозим». Худоё, тавба накунеду бинед. Имруз, ки
зӯрашон омадааст, суроғаи Ҳокимияту Ҳукуматро
ба забон мегиранд. Ба ҷои роҳи ҳалли масъаларо
ёфтан онро ба гардани якдигар бор мекунанд. Ана
адлу мана инсоф!
Ҳол он ки таи чандин даҳсолаҳо дар ҷомеаи мо
идораи аз ҳама болою бонуфуз ва ҳукмфармо ҳизби
коммунистй буд. Имруз ҳам ҳокимияту ҳам ҳукумат
худи ӯст, зери таъсиру назорати доимиву тафтишна-
шавандаи уст.
33
Ин буд, ки мардум бо як овоз пеш аз ҳама истеъ-
фои шахси Якумро талаб мекард. Номи роҳбарон
гирифта шуда, ба онҳо нафрину ҳақоратҳо дода
мешуд. Дар бисёр ҳолат фарёдҳо аз қаъри дил садо
медод.
аИстеъфо[»,«Истеъфо!»,«Истеъфо!» Сари ҳарчанд
дақиқа ин нидоҳо ба гӯш мерасид.
Ғалат мебуд агар гуем, ки он ҷо фақат ҷавонон
буданд. Ope, ҷавонон буданд, лек одамони дигар
синну сол, кору касби гуногун, аз ҷумла пирон низ
кам набуданд. Занони маҳаллй низ иштирок мекар-
данд.Вале баъди он воқеҳо шахсони масъулу
курсинишин ба ин зуҳуроти нангин j-амғаҳои нав дар-
бел намуда, ҳақиқатро намегуфтанд,
намешунавониданд, нишон намедоданд. Вале офтоб-
ро бо домон пӯшида намешавад. Сабту наворҳо
боқй мондаанд. Шоҳидони зинда бисёранд ва, албат-
та, ҳақиқат рӯзе гуфта мешавад. Ман ҳам баъди ба
даст овардани баъзе сабту наворҳо ва маводи
ҳуҷҷатй қалам ба даст гирифтаам, то он ки ба қадри
қудрат ва тавоноиям барои инъикоси ҳақиқат кӯшише
ба харҷ бидиҳам.
Поёнтар аз сабти он овозҳо маводҳои ҳуҷҷатиро
пешкаш хоҳам намуд...
Худоё бигузор он рӯзҳо ҳеҷ вақт дигар такрор
нашаванд, он рузҳои пур аз даҳшат ва гаму андӯҳ!
Рӯз аз нисф гузашта буд. Баъди хуроки ни- •
сфирузй, ки чанде аз роҳбарон ҳузур доштанду
дигарон аз ҷумла Ҳаёев, Воҳидов ва Кошлаков дар
КМ буданд, ба ҳуҷраи кории худ баргаштам. Аз
зоҳири ҳамкоронам бармеомад, ки тарсу ваҳм,
таҳлукаву нобовариашон зиёд шуда истодааст.
Онҳоро ором мекардаму худ ором шуда наметаво-
нистам. Ҳиссиёти ғайримуқаррарй, номафҳум ва
пуризтиробе вуҷудамро фаро гирифта буд. Дар он
рузҳо дар майдон садои бечораву бенаво, бехонаву
бедар, талабаву муаллим ба фалак мепечид.
Ед дорам ду нафар ба ман занг заданд: Якумй Т.
Каримов, ҷонишини мудири шуъбаи ташкилии Куми-
таи Марказй, ки табрикомез ба ман хабар мерасонд:
дар майдон номи маро ба забон гирифта талаб до-
ранд,ки:«Бурй Каримов баромад кунанд!», «Мо ба ӯ
бовар дорем», «У фарзанди деҳқон аст» ва ғайраҳо.
34
Дуйум—Ҳ. Насриддинов — вазири хоҷагии об занг
зада тақрибан фикри болоро такрор кард. Хотирам
мушавваш шуд. Фикрҳои ҳархела азобам медоданд.
Чаро номи маро мегирифта бошанд? Дар банди ши-
гифт ва изтироб афтодам. Охир, ман корманди
масъули КМ нестам-ку? Вазифаи ман комилан дигар
аст. Наход, ҳамин таклифҳо ақидаи шахсии худи
башуромадагон бошад? Шояд таги ин коса нимкосае
бошад? Ба замми ин ман нозукии «калонҳоро» медо-
нистам ва боварй доштам, ки бо ин корашон,
бешубҳа, ба иззати нафси эшон мерасанд.
Чанде баъдтар хабар шунидам, ки баъзеҳо бо
шиорҳое, ки дар он номи ман навишта шудааст, дар
майдон пайдо шудаанд.
Ин ҳама изтиробамро дучанд кард. Наздик ра-
сидани ким-чи хел нохушиеро ҳис мекардам. Кӯшиш
мекардам, машгули коре бошам. Вале, ҳайҳот!
Фикрҳои ҳархела маро ба кӯчаи сарбаста мебур-
данд. Ҳамзамон андешаамро ковиш медодам, ки
исми ман бо ташаббуси кй сабти шиоре шуда, миёни
ҷамъомадагон садо медиҳад? Боз рӯзи 12-ми фев-
ралро ба ёд оварда, ба Қ.Насриддинов занг задам.
Азбаски утоқи корни вай ба майдон ҳампаҳлӯ буд,
боз садоҳои валвалаю ҳайёҳуй шунида мешуд. (Баъд-
тар Ма^камов ва баъзе лагандбардорони у аз ҳамин
занги ман ҳам гапу калочаи зиёд мебофанд).
Ҳ.Насриддинов боз такрор кард, ки дар ҳақиқат
дар майдон маро рӯи саҳна мехонанд.
Ҳатто аз гӯшаки телефон низ шунидани он садох,о
даҳшатовар буд. Садоҳоро мешунидаму бетарти-
биҳои дируза пеши назарам намоён мешуд. Гӯшаки
35
•..Cu
36
телефонро гузоштам. Дилам таҳ кашид. Оқибати ин
кор нек нахоҳад шуд — меандешидам ман.
Тахминан баъди ним соат аз КМ занг заданд. Шу-
моро худи Ма^камов даъват мекунад. Илтимос, тез
расида оед. Гӯшаки телефонро мондам. Лаҳзае бе-
ихтиёр ба андеша рафтам. Дилам пешомади сиёҳеро
пешгуй мекард. Худамро ба даст гирифтам. Баъди
ҳодисаҳо бисёриҳо мегуфтанд, ки ҳамон вақт бояд
ба КМ намерафтам! Агар оқибати корро медони-
стам, шояд намерафтам. Не! Не! Ба ҳар ҳол
мерафтам! Яке аз ҳадисҳои шарифи Муҳаммади Му-
стафо салаллоҳу алайҳи ва саллам чунин аст:
«Ба ҳар ҷое, ки даъват кардаанд, биравед ва ба
даъват иҷобат намоед». Аз ин ҳадис бармеояд, ки
инсони ҳақиқй бояд ба ҷои даъватшуда биравад.
Якум ин, ки ин нишонаи асосии бародарй ва яке аз
арзишҳои волои инсонй аст.
Дуввум, ки ман Маҳ,камовро ба сифати роҳбар
ҳурмат мекардам. Ҳам аз рун мансаб, ҳам бо синну
сол вазифадор будам амри ӯро иҷро намоям.
Саввум, ин ки аз ҳама асосй: магар ман метавонистам
ба таври дигар рафтор кунам! Не! Ҳеҷ гоҳ! Виҷдонам
чунин пастфитратии маро намебахшид. Охир, ман
дирӯз шоҳиди он воқеаи даҳшатовар дар майдон
будам. Ҳамаро бо чашми худ дидам. Ҳам онҳоеро,
ки бахри адолат худро ба вартаи марг ҳавола мекар-
данд ва ҳам он буздилону кӯрнамакҳоеро, ки то
кунун соҳибмансаб буданду нони халк, мехӯрданд ва
имрӯз аз пушти тиреза, аз тариқи оинаи нилгун ман-
зараи даҳшатоварро тамошо мекарданд. Онҳо
хиёнаткор буданд. Он руз аз мардуми худ дур ё
бетараф будан номардй буд. Онҳое, ки дур буданд,
бо чашми cap чизеро надиданд, вале боз монда
нашуда номардй мекарданд. Асли воқеаро ба фои-
даи худ дурӯғбофй мекарданд. Бо забонҳои
беустухони худ қаҳрамонй нишон дода, устухон ме-
шикастанд. Шубҳае нест, ки таърих бо мурури замон
парда аз рӯи он сиёҳдилон хоҳад бардошт. Симои
ҳақиқиашонро ба наслҳо нишон хоҳад дод.
Сари мавзӯъ бармегардем. Ҳамин тариқ, мошинаи
хизматиро даъват намудам. Болопуш ва кулоҳамро
гирифтаму ба котиба гуфтам: *
37
—Маро Якум ба КМ ҷеғ задааст.
Ӯ бо хотири ошуфта гуфт:
—Худро эҳтиёт кунед, мегӯянд одамон бисёр ҳам
бетартибй доранд.
Имои миннатдорй кардаму аз дари ақиби бинои
ҳукумат ба мошинаи хизматй савор туда аз кӯчаи
Орҷоникидзе ба КМ равон шудам. Дар ин куча раф-
туои одамон нам буд, аммо садову нидоҳо то ба ин
ҷойҳо низ ба гуш мерасид. Аз дари пушт ба ҳавлии
КМ дохил туда, суи бинои асосй рафтам.
Метавонистам аз байни издиҳом ба бино бароям,
лек ба тарафи дасти рост ба сӯи ҳуҷраи корни
Маҳкамов рафтам. Дар он ҷо одамони дар пушти
дари оҳанин буда омадани маро диданд. Чанде аз
ҷамъомадагон маро пешвоз гирифта, ба ҷониби из-
диҳом кашиданд: «Чаро дер кардед?», «Куҷо
будед!»,«Аҳволро бубинед»,Овозҳои «Каримов,Ка-
римов омад!!!» ба гӯшам расид.
«Аз Шумо хоқиш, як дам тоқат кунед»- гуён
базур аз одамон ҷудо шуда, аз ошёнаи якум гузашта
рост ба боло ба ошёнаи дуюм баромадам. Мехо-
стам Маҳкамовро, ки маро даъват карда буд,
бубинам ва матлабашро бидонам.
Аз пешам Ҳаёев баромад.
— Занг заданд, аз номи Якум, ки ин ҷо оям.
— Мардум талаб доранд, ки Шумо ба наздашон
бароед..,- хотирпарешон гуфт Ҳаёев. Ошуфтахо^р
буд. Дам ба дам тамоку мекашид. Рӯяш варамида
буд ё ба назарам чунин намуд, ё шояд аз бехобиву
серкорй...
Маҳкамовро паршикаста, бечораю ҳазин дидам.
Аз салобати пешина, устуворй ва гуфтору рафтори
боваринокаш осоре намонда. Парешонхотиру чеҳра-
коҳида, бо чашмони ноумед ба ман менигарист.
—Мардум талаб доранд, ки Шумо бароед,- гуфт
у. -Илтимос, коре карда мардумро ором кунед,
хоҳиш мекунам... >
Аз назди Якум берун шудам. Рангу руи Якумро
дида, ростй ҳаросон шудам. Раҳораҳ аз худ мепур-
сидам: Аз чй cap кунам, чй гӯям, ки издиҳом маро
гуш кунаду хомӯш шавад?
38
Варко as пакшну нон догони намоиши морду мя. 14. 02.1990.
Аз дари бинои КМ берун шудан замой боз нидоҳо
ба гуш мерасид:«Каримов омад!»,«Тезтар биё!» Чан-
де аз дастам гирифта рост ба сӯи мошини зиреҳпӯш
бурданд. Мадад карданд, ки болои мошини зи-
реҳпуш бароям.
Баландгуякро ба дастам доданд. Ба халқ нигари-
стам. Изтиробам дучанд шуд. Эҳсосот гулӯгирам
кард. Якумин маротиба чунин даҳшатро медидам.
Издиҳом майдони КМ, бозори Баракат, магозаи Мар-
казй, чойхонаи Роҳатро печонида буд. Тасаввур
намекардам, ки ин қадар одами бисёр ҷамъ ома-
дааст. Издих,ом ҷӯш мезад. Ҳар хел нидоҳо садо
медод. Худро ба даст гирифтам. Сухан огоз наму-
дам. Мавриди аз сабти овоз истифода кардан
расида:
Гарчанд ки бозуи ҷавонй зур аст,
Магрур мешав, чашми гуруря кур аст.
Во ман-манй тар мех занЯ ноҷоя,
Фардо сари вай дар даҳани анбур аст...
Ман он руз^ои бароям наҳс бисёр мехостам ба
меҳнаткашон ҳзқиқат рӯшан карда шавад. Бисёр ме-
хостам баромади якуми маро дар рӯзи 13 феврали
соли 1990-ум ба воситаи телевизион пурра шунаво-
нанд. Сад афсӯс, ки ба ҷои ҳақиқати ҳол маро тӯҳмат
39
карданд. Баъдан борҳо барои гуноҳи содиркардаи
худро шустан мегуфтанд, ки наворҳои телевизионй
мавҷуданд, лозим шавад нишон медиҳем. Вале... то
ҳол аз он наворҳо дараке нест. Чунин буд рафтори
намояндагони кумитаи марказй. Худи онҳо хоҳиши
якдигарро ба инобат намегирифтанд ва илова бар он
ман низ чунин хоҳиш карда оудам , ки наворхоро ба
мардум нишон диҳанд, «Хоҷа» худаш муйро аз ха-
мир ҷудо мекунад. Ҳайҳот! Ба гуши касе илтимоси
ман намерасид. Чунки ин ҳама ба фоидаи роҳбарон
набуд. Агар ин тавр рафтор мекарданд, ҳақиқат
руи об мебаромад.
Ман он дақиқаҳои мудҳишро, ки болои мошини
зиреҳпӯш гузарондам, ба ёд оварда, имрӯзҳо хам
азоб мекашам, зеро ба шарху тафсирашон оҷизам.
Он лахзахоро ба қалам додан хеле душвор аст. Ман
мехостам ин ҷо матни пурраи ҳамон баромади худ-
ро пешниход кунам, то хонандаи мӯҳтарам хулоса
барорад...
Баъзехо телаам медоданд. Ба дастам ба-
ландгу(микрофонро) медиҳанд. Нафас гулӯгирам
мекунад. Бо як азоб ва масъулияти хос сухан огоз
мекунам. Сухан мегуяму тамоми вуҷудам мелар-
зад. Ман рубой мехондаму овозҳои хушнудй
шунида мешуд: «Забоната садқа», «Забои—булбул»,
«Бошй». Ман фахмидам, ки ҷамъомадагон на маету
авбошон, балки ташнагони адлу инсоф, каромату
шафқати «хоҷа»-гони худ ҳастанд. Ҳар як сухани
ман хзмдилй пайдо мекард.
Вале баъзе роҳбарон на фақат ба мохияти он
суханхо сарфаҳм намерафтанд, балки боиерор ҷаво-
нонро нашъаманду майзада эълон мекарданд. Боре
дар як бахс рохбаре маро мулзам карданй шуд.
Ман чунин ҷавобаш гуфтам:
—Пас, Шумо қоил шавед, ки ман бо сухан ба дили
нашъаманду майзада низ рох ёфтам...
Магар чунин одамон метавонистанд ба қадри су-
хан расанд. Не! Харгиз!
Умри ту танҳо ҷавонии ту буд.
Март ҳам ин сон ҷавонат мондааст.
40
Марг он руз ҷавононро аз байни ҳамсолон чудо
кард. Онҳо бисёр ҷавон буданд, ба умед дар талаби
нур омада, куштаи Аҳриман гаштанд. Беҳуда он руз
баёнияи худро аз чунин суханон огоз нанамуда бу-
дем: «Пеш аз ҳама ба додарони аз худ хурд, баъд ба
бародарон...» Медидам, ки ҷавонони 16-25 сола ба
эҳсосот дода шуда, беоромй менамуданд. Бо онҳо
ба таври хоса, бо забони гуворо, дили кушоду пур
сухан гуфтан лозим буд. Сад афсӯс, ки роҳбарони
чумҳурй чунин рафтор карда натавонистанд ва пас
аз он ки дигарон шиддати вазъиятро паст намуда,
тавонистанд, дили мардумро ба даст оранд, онҳо ба
тӯҳмат даст заданд.
Вақте ки дили инсон бузург нест, эҳсосоти
муқаддас низ надорад. Ба шавқату раҳм, муҳаббату
башардӯстй ва дарки дарди дили ҷавонон ҳам қодир
нест. Дар зиндагй ин ришта он қадар нозук аст, ки
барои ба қалам додани он нобиға бояд буд.
Муҳимтарин сифати инсонй ин аст, ки қалбаш ҳаме-
ша саршори эҳсоси некию накӯкорй ва одаму
одамгарй бошад. Вагарна бо ин синаҳои холй мо
наметавонем ба соҳили мурод бирасем. Агар мо бо
ахлоқи ҳамидаи худ, бо маънои томи ин сухан, кору
зиндагй карда натавонем, пас ба ҷавонон, наели на-
врас — ояндаи худ чй сабақи неке боқй хоҳем
гузошт? Чаро ин тавр? Чаро ин қадар бепарвоем?
Бепарвои худу ояндаи худ.
Нозукиҳои зиндагй ва пасту баландиҳои он моро
ба хулосаҳои ҷиддй меорад, ки ба мӯъҷизаи
муқаддастарин-инсон, омӯзиши таърихи инсон бе-
парво набошем. Худогоҳ бошему эҷодкор, ба қадри
одаму олами Ватани худ, ҷумҳурии худ бирасем.
Пеш аз ҳама инсонро бевосита азизу мӯҳтарам до-
нем.
Дёр омади сухан қайд менамоям, ки ашъору ка-
ломи гузаштагони мо лабрези дуру гуҳари ахлоқу
таърихи миллати мост. Аз ин ганҷи бепоён ва сербори
зиндагй бебаҳра мондаем ва ҳатто парвои он на-
дерем. Ин аст хатой бузургу авфнопазири мо, ки
хешро аз илму фарҳанги бузургу овозадораш чудо
намудем. Вақти дар Амрико буданам бо духтари
чеҳрахандону гандумру аз ашъори Абу Алй ибни
41
Сино cap кадра, то У мари Хайём шеърхонй кардем.
Қобилияту шеърдонии у маро ба ҳайрат мемонд.
Шоҳиди ин воқеа Ш.Султонов буд ва ба чашми худ
бовар намекард, бале, бале, бовар намекард. Аз ин
хотир ба халқи фарҳангдӯсти амрикой ва заковати ин
духтари гандумрӯ меҳрам дучанд шуд. Ҳамчун ба
хоҳари худ ба духтар менигаристаму аз хонишу
дониш ва муҳаббати ӯ ба каломи форсй як ҷаҳон
ғизо мегирифтам. Хушҳол будам, шаби дароз фикр
мекардам. Диёри хеш пеши назарам буду а^воли
зору ҳоли табоҳи маданияти миллатам. Ба шарофати
бозсозй тавассути оинаи нилгуну дигар воситаҳои ах-
бор бо чунин духтарон, аз ҷумла, Қабриелла аз
Ҳоланд ва Марина аз Минск шинос шудаму аз ягон-
ягон не, балки зиёд будани онҳое, ки ба гузашта ва
илму фарҳанги мо таваҷҷӯх, доранд, ӯро меомӯзанд
огоҳ шудем. Ин ҳама боиси исботи фикрҳои боло
хоҳад буд. Аминам, рузе мерасад, ки ба таври бояду
шояд пеш аз ҳама мо худ ба қадри хештан мерасем.
Худогоҳиву хештаншиносй моро ба ҷаҳон ва марду-
ми ҷаҳонро бо мо қарибтар хоҳад кард.
Аз хулосаи комиссияи Шӯрои Олй:«Ҳангоми
сӯҳбат Аскар Ҳаким, Сафар Мастонзод, Олим Зара-
беков, Ҳамидулло Ҳабибуллоев ва дигарон тасдиқ
намуданд, ки дар ҳақиқат 13.02.С.1990 митингчиён ба
воситаи кумитаи халқй аз роҳбарони ҳизбу ҳукумати
ҷумҳурй талаб кардаанд, ки онҳо барои озод наму-
дани шахсони бегоҳирӯзии 12.02.90 с. ғайриқонунй
дастгиршуда мусоидат кунанд. Ин талаботро раиси
кумитаи муваққатй Каримов Б.Б. ба рафик, Маҳкамов
Қ.М. расонд, ки ӯ дар навбати худ барои озод наму-
дани онҳое, ки ҷиноят содир накардаанд, розигй
дод. Баъди он Каримов Б.Б. ҳамроҳи О.Латифй, кор-
манди масъули КМ ҲК Тоҷикистон Пулодов ва дигар
рафиқони масъул ва коменданти шаҳри Душанбе
рафик, Навҷувонов рафтанд, ки дар штаби додситони
(прокурори) ҷумҳурй Михайлин Г.С. ва муовини Раи-
си Шурои Олии ҷумҳурй рафиқ Усмонов Ғ.У. ҳузур
доштанд. Баъд Каримов талаби митингчиён ва хоҳиши
Маҳкамов Қ.М.-ро дар бобати дастгиршудагони
ҷиноят содир накарда супурд. Бо фармони корман-
дони масъули органҳои ҳифзи ҳуқуқ Михайлин Г.С. ва
42
Навҷувонов М. аз шуъбаҳои умури дохилаи
ноҳияҳои шаҳри Душанбе 60 тан дастгиршудагон
озод карда шуданд».
ИСТЕЪФО!.. ИСТЕЪФО!..
14 феврал. Соати ҳаштуними пагоҳй аз хона ба КМ
ҳизби коммунист омадам. Хабар дода буданд, ки
Пленуми КМ баргузор хоҳад шуд.
Пеши бинои КМ маро коркуни масъули КМ ҲКИШ
Долгушкин Николай ва Ғоибназар Паллаев дучор
омаданд. Баъдтар Отахон Латифй ба ман вохурдй
намуд. Ҳамагон иброз доштанд, ки маро интизор
буданд...
Ба ман фаҳмонданд, ки ба Кумитаи телевизион ва
радио рафта, сухан кунам.
—Пленум чй? - пурсидам ман.
—Ҳоло вақт ҳаст ва Пленум ҳам дертар огоз ме-
шавад.-гуфтанд дар ҷавоб.
Ман мошинаи хизматии худро ҷавоб дода будам.
ҒЛаллаев ронандаеро хоҳиш намуд, ки маро ба сту-
дияи телевизион барад. Азбаски ҳамагон аз садои
тиру туфанг тарсон буданд, ронанда бо ҳарос
хоҳиши уро рад намуд. Фақат дар якҷоягй ризояш
намудему ба хонаи телевизион омадем.
43
Моро он ҷо касс интизор набуд. Раиси Кумитаи
телевизион ва радио А.Ҷӯраверо аз куҷое ёфта
оварданд. Пасу пеш чанде даву тоз намуд, лек бе-
фоида... оғози кори телевизион соати 10-и пагоҳй
будааст. Коргаронаш ҷамъ набуданд. Боз асбобҳоро
гарм кардан лозим буд. Ман таъҷилан матни сухан-
ронии худро омода мекардам. Хеле вақт гузашт. Ба
хулоса омаданд, ки ба Хонаи радио равем. Роҳи
Хонаи радиоро пеш гирифтем. Долгушкин ва мо се
нафар вориди хонаи калон шудем. Долгушкин аз
хонаи сабти овод бо муҳаррирон ва режиссёр ба мо
назора мекард.
Дар он ҷо моро паҳлу ба паҳлу шинонданд, ав-
вал—Паллаев, дуввум—Латифй ва саввум — ман
будам. Аз паҳлуи рости ман ду зани чеҳракушоди
дигар. Онҳо ба такрор суханони зеринро мехонданд:
«Диққат! Диққат! Диққат!^Дар назди микрофонҳо
роҳбарони ҷумҳурй».
Ман он дақиқаҳо сахт дар изтироб будам. Тамоми
лутфу назокати суханро кӯшиш менамудам истифо-
да намоям, то ба маънавиёти шунаванда таъсир
расонам. Баъди тамом шудани гузориш ба ман ру
оварда гуфтанд: «Бӯрй Бачабекович, душвор буд су-
ханронии Шуморо гӯш кардан, мӯи баданамон хест.
Фарқ аз замин то осмон байни хондану сухан рон-
дан». Латифй ва Паллаев дасти маро фишурда
миннатдории худро баён намуданд. Латифй гуфт:
«Баромадатон олиҷаноб». Намояндаи Кумитаи Мар-
казии ҲКИШ Долгушкин ва Раиси телевизион ва радио
Ҷӯраев аз хонаи рӯ ба ру, ки пешаш шишакорй буд,
бо ҳамроҳии таҳиягарон моро гӯш мекарданд. Онҳо
низ дар бораи суханронии ман мусбй ran ме.за-
данд.
Ду нафар корманди радио низ назди ман омада
изҳори миннатдорй намуданд. Афсӯс, ки ҳамаро дар
Пленум аллакай фаромӯш карданд. Ё маро ба Хонаи
радио махсус бурданд, то ин ки ин корро низ
богаразона 6а сэрам бор кунанд. Намедонам. Ҳар чй
набошад, ман аминам, ки он рӯз роҳнамои ман имо-
ну виҷдон, ақлу инсоф буд ва ҳарчи дилам мехост,
ҳамон тавр бо амри дил рафтор кардаам ва аз ама-
лам пушаймон нестам...
44
Беҳтараш гӯям, ки сухан не, нола мекардам. Ин
нолаи саҳарии ман буд. Агар роҳбарони телевизио-
ну радио каме имону инсоф дошта бошанд, чунин
навору сабтҳоро ба хотири миллати худ бояд нигоҳ
бидоранд. Касе шунида бошад хуб, дигарон хоҳанд
шунид...
Ин аст, ки сухангӯй дар он лаҳзаҳои вазнину
тоқатфарсо такрорнашавандаанд. Он лаҳзаҳо таъ-
рихи зиндаанд, ки бе шарҳ ҳам дарк карда мешаванд.
Он рӯз сухангӯии маро борҳо аз тариқи радио
пахш карданд, чунки он лозим буд. Мардумро ором
кардан ва вазъи шаҳрро ба эътидол овардан зарур
буд.
...Пеши роҳи намоишчиёнро гирифтан душвор буд.
Одамон ҷамъ мешуданд, асосан дар ду майдони
асосии шаҳр: назди KMiea бинои Ҳукумат. Ҷойҳои
дигар низ намоишҳо баргузор мегардиданд. Ми-
тингҳои нисбатан хурд дар дигар ноҳияҳову шаҳрҳо...
дар ин гирдиҳамоиҳо сухан аз сангдилию бе-
шафқатии роҳбарон, сатҳи пасти зиндагй,
авомфиребй, ҷӯрабозй дар корҳои роҳбарй ва
догҳои нангини рӯзгори хеш мерафт. Дарду алами
мардумро ибтидову интиҳо набуд...
45
Хушбахтона, аллакай шахсоне пайдо шуданд, ки
намоишчиёнро ором менамуданд, то бори дигар
фирефтаи фитнаву найранги мансабдорон наша-
ванд.Мефаҳмонданд, ки акнун бо «давлати ҳарбй»
сару кор доранд ва дар чунин ҳолат «бо оташ» бозй
намекунанд...
Агар касе банохост ҳарфи ноҷо ё рафтори ноҷое
бикунад, ҳамзамон варо худи ҳамшафатонаш тан-
бех медоданд.
Едам ҳаст, ки чй тавр бедорфикрон аз ин су ба он
суй куча Давида, ҷавононро илтиҷо мекарданд, вай-
ронкорй накунанд, ба намояндагони халкдои дигар
кордор нашаванд. Гоҳ то истгоҳ гусел мекарданду
гоҳ шахси дигареро то хонааш мебурданд...
Онҳое, ки бо амри дил барои ба эътидол оварда-
ни вазъият мекӯшиданд, бисёр буданд.
Қариб ҳзмагон ба якдигар аз даҳшати дидаашон
нақл мекарданд. Гоҳ аз он ки танк аз болои мошин
гузаштаву гоҳ аз хунрезиҳову тирпаррониҳо. Хуллас,
сухан аз даҳшат, аз воҳима мерафт...Бесариҳои сар-
варону сарбозонро дида, ангушти ҳайрат
мегазидам. Сардори қӯшунҳои шаҳр Сеньшов вазъ-
иятро чунон воҳиманок ба Маҳкамов арз мекард, ки
ҳайрон мемондам. Гӯё одамоне ҳастанд, ки дар
даст рация ва аслиҳа доранд. Ба виҷдону имонам
қасам, чунин одамоне, ки аз будаш ҳазорҳо бор
зиёд воҳима карда, сару калобаи бе ин ҳам гумкар-
даи роҳбаронро гиҷ мекарданд, бениҳоят зиёд
буданд. Шояд барои нишон додани самимияти худ
кушиш мекарданд? Ёд меояд маро: дар Пленум аз
Сеньшов хоҳиш намудам, ки аз ҳад зиёд воҳима
накунад.
Ба ҳар ҳол аскарон фармонро иҷро мекарданд.
Аз ин ру, барҳақ саволе ба миён меояд: фармон—
фармони кист? Ин ҷавобро бояд роҳбарон
медоданд, вале хомӯш буданд. Қаҳру ғазаби намо-
ишчиён ва мардум боз боло мегирифт.
Ин мардумро водор месохт, ки оҳанги истеъфои
роҳбаронро баландтар намоянд. Акнун дар радифи
номи Маҳкамов, номи Паллаеву Ҳаёев низ садо ме-
дод. Шиорҳо ба ин мазмун бешумор буданд. Наход
ин шиорҳо аз лавҳи хотирашон дур шуда бошад?..
46
Пленум дертар бошад ҳам, корашро огоз намуд.
Роҳбарони пару бол шикаста ҷойҳои муқимии худро
дар минбар ишғол намуданд. Барой ҳақиқати ҳолро
фаҳмидан ва ба асли масъала сарфаҳм рафтан бояд
оммаро аз мақсади пинҳонии Пленуми XVI
ғайринавбатй воқиф намуд. Мутаассифона, матери-
алҳои ин Пленум на чоп, на шунавонида шудаанд.
Чаро ба ман сухан доданд? Мдн чиҳо гуфтам? Анде-
шаву фикрҳои ман он маврид дар чй буданд?..
Саҳари рузи 14.02.90 дар лавҳи хотирам сахт нақш
бастааст. Аз ҷумла аз баромади Насриддинов С.К.
пай бурдам, ки ягон сухани беҷо бояд нагуям, то ки
хотири нозуки эшонтӯраҳоро наранҷонам. Гузориши
кутоҳакаки худро гаштаю баргашта мехондам. Балки
матни онро ба рафиқон Савченков Г. ва Грищенко
А.И., ки ҳарду аъзои КМ буда, яке солиёни дароз дар
Шурой Вазирон ба сифати ҷонишин, дуввумин сар-
дори шӯъбаи КМ шуда кор мекард, нишон додам.
Ҳар ду бодиққат хонданд. Сабабашро ба онҳо
фаҳмондам:-«Мехоҳам, хотири касеро озурда наку-
нам». Онҳо хонда иловаеро лозим надонистанд.
Чаро? Чунки он лаҳза тангии вақт, самти ҳодисаҳои
бавуқӯъпайваста инро талаб менамуд. Аз ин рӯ, гуф-
танд, ки фикрҳо ҳамвор ва дуруст ба қалам дода
шудаанд. ,
Пеш аз суханронй аниқтараш дар вақти танаффус
бисёриҳо бо ман мусоҳиба оростанд. Ед дорам, он
ҷо ҳам намояндагони телевизиону Тоҷикфилм, ҳам
нашрияҳою радио буданд. Хуб дар ёд дорам, ки
намояндагони КМ аз Маскав саволҳои зиёдам медо-
данд, ба ман боварй доштанд.
Дар пленуми якум нутқи кӯтоҳе кардам. Ҳайрон
будам, ки чаро Насриддинов С.Қ. суханҳои по-
дарҳаво гуфтанд? Намедонам чй он касро маҷбур
месохт, ки муқобили ман сухан кунад? Е супориши
роҳбаронро иҷро мекард? Вагарна ӯ аз Маскав ис-
тода аз куҷо медонист, ки чй ҳодисаҳое ба вуқӯь
пайвастанд ва саҳми ман дар рафъи ҳодисаҳо чй
гуна аст?
Ман ҳангоми вазир, баъдҳо ҷонишини Раиси
Шурой Вазирон, раиси Госплан буданам тез-тез ба
Маскав сафарй мешудам. Қариб ҳар дафъа корам
47
бо намояндагони Шурой Вазирон дар Маскав меаф-
тид. Ман бисёр вақт автомашинаҳои хизматии
намояндагиро истифода мекардам. Борҳо бо корку-
нони «намояндагй» вохӯрда, ба суолҳои онҳо посух
додаам. Аз ҷумла боре бо худи раис ва дафъаи
дигар бо котиби дуюми онвақтаи КМ ПК Тоҷикистон
Веселков Г.Г. Боре ҳангоми вазириам дар бораи
вазъи роҳҳои ҷумҳурй ва нақшаҳои дар пеш истода
сухан карда будам. Бо баъзе аз намояндагони онҳо
аз солҳои ҷавонй василаи корҳои комсомол шинос
будам. Ин шиносой ва вохӯриҳо қариб бо ҳамаи
кормандону мутахассисони «намояндагй» ба ман им-
коният медод аз вазъи кори онҳо бохабар бошам. Аз
тарафи дигар, кори Госплани ҷумҳуря бояд бо намо-
яндагии Шурой Вазирон дар Маскав бевосита робита
медошт. Барой чЯ? Барой он ки Госплан он вақт ягона
ташкилоти иқтисодие буд, ки ба воситааш мақсаду
мароми мардуми мо дар нақша^ои он ҷои худро
ёфта, тавассути он ҷомаи амал мепӯшид. Кас ҳайрон
мешуд, ки барон чЯ мактубҳо, хоҳишҳо ва нақшаҳое,
ки аз Госплан бармеояд, аз тарафи «намояндагЯ»
иҷрояшон таҳти назорат гирифта намешуд. Ин
ҳақиқати талхест, ки бояд ҷомеаи мо онро донад.
Яъне агар мактубу дархостҳои Шурой Вазирон ва
Комитети Марказии ҳизб то иҷрояшон зери назорат
гирифта шавад ҳам, мактубҳои Госплан зери назо-
рат набуданд. Аз ин рӯ, маҷбур будам, нисбати ин
масъала гиреҳкушо бошам ва коре кунам, ки макту-
бу дархостҳои Г осплани ҷумҳурЯ он ҷо қайд шу даву
коргарони «намояндагЯ» иҷрои онҳоро зери назорат
бигиранд. Ин корро аз руи ҳолати гузаштаву
онрӯзаву имруза таҳқиқ намуда, хулоса баровардан
мумкин мебошад.
Ин ҷиҳати кори ман мумкин, ки ба раиси муҳтарам,
намояндаи мардуми тоҷик дар Маскав нафорида бо-
шад? Ё ин ва ё он фикре, ки дар боло баён доштам
ва ё ҳарду? Инро худи Насриддинов медонаду ха-
лос! Вагарна чй тавр ба рафтори у дар пленум бояд
баҳо дод? Мумкин фирефтаи дурӯги роҳбарон шуда
ё худ хато карда! Ин ҳама ба виҷдони вай ҳавола.
Ин буд, ки он руз дар Пленум Назриев аз ҷой
хеста хитоб кард:
— Бигузор аз Каримов узр бипурсад!
48
Ғайр аз ин ман чандин маротиба бо ҷавонони тоҷик
дар Маскав, аз ҷумлаи донишҷӯён ва олимони ҷавон,
бо хоҳиши худи раис Насриддинов ва аъзои ҷамъияти
«Суғдиён»-и Маскав вохурдам. Бояд бигуям, ки ин
вохӯриҳо бароям осон набуданд. Ман таҷрибаи кам
доштам, онҳо дар дили Ватан аз бисёр «пастию
баландиҳо», «сирру асрор» хабардор буданд, байни
онҳо олимони ҷавони умедбахш оисёранд. Ин буд, ки
баъзан саволҳои кунҷковона дода, маро мулзам кар-
данй мешуданд. Ман кӯшиш менамудам ботамкин
бошам, ба эҳсосот дода нашавам ва истодагарЯ кар-
да, ба суолҳо посухҳои даркорй бидиҳам. Гумон
мекардам каму беш аз ӯҳдаи ин кор мебаромадам.
Ба ман яке аз роҳбарони ҷамъият арз намуд, ки
«рафик, Каримов, бовар кунед, ки вохӯря бо Шумо
нисоатан оеҳтар гузашт. Агар шумо дар вохурии
роҳбарон Маҳкамов, Лучинский, Ҳаёев ва дигарон
медидед, ки чй аҳвол буд».
Яъне он ҷавон тасаллЯ додан мехост, ки ба дуруш-
тиву ноҳамвориҳои мулоқот чандон диққат надиҳам.
Зеро ин ҳама оғози кор буд.
Дар бисёре аз вохӯриҳо ё раис ва ё ҷонишини
ӯ—собиқ вазири масолеҳи сохтмони ҷумҳурй Шев-
ченко иштирок мекард. Дар омади сухан бояд
бигӯям, ки уро чанд маротиба барои сусткорй ва
ноуҳдабароияш сарзаниш карда будам. Аз ин ҳам
раис Насриддинов албатта хабардор буд. Вақтҳои
охир аъзои ҷамъияти «Суғдиён» ба кори «намоян-
дагЯ» баҳоя ғайриқаноатбахш медоданд. Аз ин рӯ,
муроҷиатҳои онҳо, суолҳои онҳо беҷавоб мемон-
данд.
Хушбахтона, онҳо дар «марказ», «дили Ватан» ди-
гаргуниҳои ба амал омадаистодаро пештар ҳис
намуда, барои рафъи камбудиҳо дар ҷумҳурй ма-
роқзоҳир мекарданд. Ягона роҳи ҳалли мушкилЬтҳо
масъалагузорЯ назди роҳбарон буд. Онҳо дар навба-
ти худ на ҳамавақт чунин шароит дошта буданд ё
агар сабуктар нависем, ба хоҳиши ҷамъият на бо
дидаи кушод ва дили гарм менигаристанд. Хуллас,
онҳо ва аз ҷумла олимони ҷавон задани набзи дили
Ватанро хуб ҳис мекарданд.
Дар Академияи фанҳои ҷамъиятЯ таҳсил мекар-
дам. Ба ман занг зада илтимрс намуданд, ки дар
49
ҷашни 60-солагии Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи ба
номи Ломоносови шаҳри Маскав баргузор мегардад,
иштирок намоям. Рӯзҳои наздик имтиҳонот оғоз ме-
ёфт. Хоҳиши иштирок надоштам, чунки ҷадвали
таҳсил бисёр маҳдуд ва вақти тайёрй кам буд. Боз
занг заданд. Хоҳиш намудам маро ором гузоранд.
Мутаассифона, пеш аз оғози ҷашн боз занг зада
хоҳиш намуданд, ки дар ин базм иштирок намоям. Ин
даъфа ба ман фаҳмонданд, ки роҳбарон барои чй
бошад иштирок наменамоянд ва мо аз Шумо хоҳиш
дорем, не нагӯед. Маҷбур будам розй шавам. Дар
академия кушиш цамудам гузориши кӯтоҳе нависам.
Мухтасар бошад ҳам аз таърихи таъсис ва тараққии
ҷумҳурй таи солҳои Ҳокимияти Шӯравй нақл намоям.
Дар як шаб тезисмонанд ин корро ба ҷо овардам.
Ҳамагй 10-12 саҳифа. Бегоҳии рӯзи дигар пас аз дарс
сӯи Донишгоҳ раҳсипор шудам. Пеш аз ин борҳо ба
Академия занг заданд, ҷустуҷӯям намудаанд. Хул-
лас, халосй набуд ва ман аллакай розигии худро, ки
дода будам, омодаи вохурй шудам. Ҷонишини сар-
дори шӯъбаи корҳои ташкилии Кумитаи Марказй
Каримов Т.Б. ва қотиби якуми ноҳияи Ховалинг дар ин
ҷашн иштирок доштанд. Дар воқеъ тантана бисёр хуб
сурат гирифт. Худи ман аз муваффақият хеле хур-
санд будам. Танҳо аз рӯи сифати зотй ва азалии аҳли
заҳмат буданам намедонистам, ки намояндагони
«бонуфузамон» дар Маскав ба ин ҳама аз назару
ҳадафи дигар мушоҳида мебурданд...
Пленуми гайринавбатй истеъфои роҳбаронро
қабул накард. Аз ин Пленум чизи дигареро интизор
шудан мумкин набуд. Ба ҳамагон равшан аст, ки
истеъфои роҳбарони асосй истеъфои роҳбарони зи-
наҳои пастареро, яъне хешу табор^ёру ошноҳоро
тақозо мекард. Иштирокчиёни Пленум ин нуктаро
хуб дарк карда, то бепуштибон намонанд
мекушиданд, ки дигаргунй нашавад.
Ҳамин тариқ, хабари ба истеъфо нарафтани
роҳбарон тез паҳн шуд. Вазъият дар байни намоиш-
чиён ва умуман шаҳр боз тезу тунд гардид. Дар
куча нидоҳои «Ис-теъ-фо!, Ис-теъ-фо!, Ис-теъ-фо!»
ба гӯш мерасид. Дар ин садоҳо ҳам хашму ғазаб ва
ҳам нобоварй ба роҳбарон садо медод. Зорию та-
50
I
валло бо хашму ғазаб омехта шуда буд. Талаби
асосй акнун якта буд: роҳбароне, ки бо халқи хеш бо
силоҳ гуфтугӯ мекунанд, ба мо лозим нестанд. Бигу-
зор онҳо ба истеъфо раванд, барои мо онҳо
бегонаанд. Акнун ба гуши мардум овози роҳбарон
намефорид, ҳатто онҳоро шунидан ҳам намехостанд.
Даъвату талаб, илтимосу таваллоҳои роҳбарон
барабас буданд. Хатар боз наздик мешуд. Ҳар лаҳза
хунрезй такрор шуданаш мумкин буд. Аллакай тиру
туфанг дар шаҳр хеле зиёд буд. Дар ҳақиқат баъд
аз фармоне боз бедодгарй такрор шуда метавонист.
Дар асл масофаи маргу зиндагй кам шудан меги-
рифт... Дар ҳамин соатҳо, пас аз «Пленуми
бенатиҷа» гуфтушуниди роҳбарони ҷумҳурй бо
аъзоёни кумитаи муваққатии халқй огоз гардид. Ман
бошам аз огози он дарак ҳам надорам. Сабаб он ки
баъди Пленум бо хотири ошуфта ба ҷои кор омадам.
Дастам дар кор пеш намерафт. Бори гароне ба сэ-
рам гашта, ки як лаҳза ҳам осудаам намегузошт. Паи
ҳам фикр мекардам: чй бояд кард?
Вазнинии кор боз дар он буд, ки вазъият баъд аз
Пленум вазнинтар гардид. Кӯчаву майдонҳо пур аз
одам мегашт. Боз аз истеъфои онҳо сухан мерафт.
Аъзоёни комитети муваққатии халқй ба роҳбарон
мефаҳмонданд, ки то роҳбарон истеъфо нараванд,
вазъият хуб намешавад, халқ ором намегардад. Ин
фикри онх,о набуда, хоҳишу талаби намоишчиён аст.
Акнун дар кӯчаву бозор, ноҳияву деҳот сухан аз
боби истеъфои роҳбарон мерафт.
Навбатдор ба наздам медарояд. Хабар медиҳад,
ки Г.Кошлаков маро дар назди даромадгоҳи Шурой
Вазирон интизор аст.
Баромада ба он суй рафтам. Дар майдон одами
зиёд ҷамъ омада буд. Дилам боз таҳ кашид.
Муқобилияти дутарафаро дида, метарсидам. Ман аз
забони роҳбарон бо гӯши худам «оаъзе чизҳоро»
шунида будам ва аз оқибати гуфтори онҳо метарси-
дам. Худ ба худ гуфтугӯ мекардам. Худоё, наход
боз ҳамон тавр рафтор кунанд... w
Ба Кошлаков наздик шудам. У аз мак хоҳиш на-
муд, ки лозим шавад сухан кунам. Дар ин вак,т
баландгӯякро меовехтанд. Мардум ҷамъ шудан ме-
гирифт, аллакай майдон пур аз одам шуда оуд.
51
Бамаврид аст гуям, ки
акнун бисёриҳо ба ман ба
таври хоса менигари-
станд. Яке 0о боварй,
дигаре норозиёна, сею-
мин маҷбурй. Он вақт
Кошлаков ба ман хайр-
хоҳона менигарист.
Умедҳояии калон буд ва
пинҳон намедошт. Маро
қадр мекард. Ба назди
издиҳом хондани ман низ
ҳамин мазмунро дошт.
Мо ва чанде дигарон
дар пеши даромадгоҳи
бино рост истода инти-
зорй мекашидем. Дар
ҳамон маврид баъзе аз
коркунони ҳукумат ва
Шурой Олй ба берун ба-
ромадан метарсиданд...
Навбатдори Госплан
омад:
—Бурй Бачабекович, Шуморо ба КМ ба таври
таъҷилй даъват мекунанд. Шахсан худи Маҳкамов...
Кошлаков суханони навбатдорро шунид. Аз ман
хоҳиш кард, ки боз панҷ дақиқаи дигар интизор
шавам. Ӯ бисёр мехост, ки ман дар назди.намоишчи-
ён баромад кунам. Бояд гӯям, ки баъзеҳо бисёр
мехостанду дигарон бошанд, аз чашми мардум дур
нигоҳ доштанй мешуданд...
—Бурй, бирав, гумонам он ҷо ҳам ҳамин аҳвол -
гуфт Кошлаков. —Мошинаи УАЗ дар пушти Хонаи
Ҳукумат туро интизор,—илова кард ӯ.
Ҳамон шабу рӯз бисёре аз роҳбарон дар моши-
наҳои ГАЗ-31 (Волга) намегаштанд, то зери фишору
таҳқири намоишчиёни хашмолуд намонанд.
Ман боз бо сад фикру хаёл ба КМ ҳаракат кар-
дам. Дар майдони дохили бинои КМ низомиён ва
ҳарбиён, инчунин шумораи техникаи ҳарбй хело зиёд
ба чашм мерасид. Хавф боз ҳам калонтар шуда буд.
52
Ба боло ба ҳуҷраи кории Якум баромадам. Дар
қабулгоҳ ба ман фаҳмонданд, ки маро дар зали
ошёнаи якум интизоранд.
Вориди зал шудам. Он ҷо пур аз одам. Курсии
холие пеши дар меистод. Нишаста бо диққат гуш
кардам.
Қисмате дар изтироб, баъзеҳо бо ҳаяҷон сухан
мегуфтанд... Дар қатори аъзоёни кумитаи му-
ваққатии халқй роҳбарон Маҳкамов ва Паллаев
нишаста гуфтушунид менамуданд. Дар байн Ҳаёев
набуд. Аз рафти сӯҳбат дарёфтам, ки роҳбарон ба-
рон истеъфо розигй додаанду сухан аз боби
протоколи истеъфо меравад.
Маълум буд, ки гуфтушунид бисёр тезу тунд гу-
заштааст. Ба баъзе саволҳо ҷавоб додан душвор
буд. Дар наворе, ки ҳукумат ба воситаи телевизион
намоиш дод, лаҳзаи аҷоиб аст. Ҳаёев мегӯяд: дидед
чй хел намоишчиён бо тасмае аз пои солдат каши-
данд? Ҷавоне, ки паҳлуи у буд, ҷавоб мегӯяд:
Солдатро афтонданд, дидед, панҷ касро паррон-
данд, намебинед?.. Чунин ҳолатҳои вазнин дар
мавриди гуфтушунид зиёд буданд. Ана фишурдаи
баъзе баромадҳо: Чи хеле дар боло қайд намудем,
Ҳаёев сараввал дар гуфтушунидҳо ҳузур надошт.
Барои чй бошад БЛуго аз ман хоҳиш намуд, ки
Ҳаёевро телефон кунам, то биёяд... Мақсади чунин
хоҳиш то ҳол бароям равшан нест. Ман дар ҳузури
шоҳидон ба он кас гуфтам:
—Чй хел ман раиси бевоситаи худамро ҷеғ меза-
нам, то омада ба протоколи истеъфо имзо гузорад.
Ин корро ман намекунам.
Оё ман он вақт медонистам, ки баъдтар Ҳаёев ба
ман тамғаи мансабталошро мезанад. Бо тамоми ҳас-
тиям мегуям: агар ба ман вазифаи раисй лозим
мебуд, ман дигар хел рафтор мекардам... Дар он
лаҳзаҳо, ки ҷони садҳо ҷавонон зери хавф буд, дар
бораи мансаб фикр кардан ин пасттарин хислати
одамй мебуд... Худи Ҳаёев ба такрор мегуфт, ки ман
медонам, ки Шумо гуноҳ надоред... Маҳкамов бо-
шад - ман шубҳа дорам, ки Шумо вазифахоҳ
бошед... Пае саволе оа миён меояд; бо кадом
мақсад онҳо маро тӯъмаи тӯҳмати ноҳақ карданд?
53
Ҳоҷат ба ҷавоб гуфтан ҳам нест... Хонандаи оқил худ
мефаҳмад.
Чаро ман Ҳаёевро бо супориши Пуго \ам ҷеғ
назадам? Дар чунин маврид даъват кардани Ҳаёев, ки
ба ҷои ӯ аллакай дигарон барои ба истеъфо рафта-
наш розигй дода буданд, густохй ва гузашта аз ин
беҳурматии маҳз буд.
Протоколы аввалинро худи роҳбарон бо масъуло-
ни КМ таӣёр карда буданд. Борҳо тағироташ
дароварданд. Пас аз розигии тарафҳо супориш до-
данд, ки аз нав чоп кунанд.
Протоколро ба зали гуфтушунид оварданд. Дар
ин маврид гуё танаффус эълон шуда бошад, роҳба-
рон ба кабинеты Якум даромада сигор мекашиданд,
муҳокимаву мубоҳиса мекарданд. Магар онҳо
кӯшиш мекарданд, ки вақт зиёдтар гузарад?... Дар
асл ҳам ҳамин тавр буд. Акнун, ки қувваи .туфангу
силоҳ зиёд шуда буд, дасташон барон имзо кардан
пеш намерафт. Раиси Кумитаи бехатарии ҷумҳурй
Петкель низ қувват гирифта, чунин рафтор менамуд
ё...
Дар асл бо гузаштани вақт оташи қаҳру ғазаби
мардум зиёд мёшуд. Маро ин ҷиҳати масъала аз
ҳама зиёдтар дар изтироб мемонд, ки худо наку-
над.ки хунрезй боз такрор шавад...
Матни чопшудаи лоиҳаи протоколи истеъфоро ба
дасти аъзоёни комитети муваққатй доданд. Боз ило-
ваҳо намуданд. То чоп шудани он роҳбарон ба утоқи
кории Маҳкамов даромада буданд, ман ҳам чанде
назди онҳо будам. Ба ман Маҳкамов гуфтанд, буби-
нед лоиҳа тайёр аст ё не? Ман гуфтам, ки варианти
Шумо ислоҳ кардаро чоп карда истодаанд ва ба поён
фаромадам. Аъзои комитет аз ман хоҳиш карданд,
ки роҳбаронро таклиф намоям. Боз ба назди
Маҳкамов баромадам. Бояд гуям, ки ин корҳоро он
дам тез ба ҷо меовардам, чунки ҳар як дақиқа
ганимат буд. Вориди утоқи корй шуда роҳбаронро
огоҳ намудам, ки Шуморо аъзои комитет интизо-
ранд.
Дар ҳамин ҳолат Маҳкамов гуфтанд, ки бигузор
протоколро биёранд, ҳамин ҷо имзо мекунем. Пет-
кель бошад, ба ман ва роҳбарон фаҳмонданй мешуд,
54
Ч
ки ин корро наку-
нанд, яъне 6а
протокол имзо нагу-
зоранд. Фикрашро
асоснок карда ме-
гу'фт, ки мардум
аллакай пароканда
шудаанд, акнун мо
метавонем шаҳрро
ба дасти худ гирем,
қувва мерасад, назо-
ратро мустаҳкамтар
менамоем.
Аммо Пуго гуфт,
ки не, ба назди аъзои
комитет фаромада,
он ҷо протоколро
имзо кардан лозим
ва илова кард: «Худ-
ро ҳурмат кардан
лозим». Дар асл дар
ҳамон ҳолат ин ҳама
нақши ҳалкунанда
мебозид, ҳар як
дақиқа ғанимат буд. Ҳамаро воҳима фаро гирифта
буд. Ман аз вазъияти ногувори ба миён омада тарсон
шуда будам. Хабарҳои нохуш ба гуш мерасиданд,
ки ҳар дафъа гумон мекардам, ки ин хабарҳо торҳои
асабамро як-як канда мепартоянд. Ба ошёнаи якум
одамон тез-тез медаромаданд. Ҳама дасту по
хӯрда буд. Он вақт касе ба фикрам намепурсид, ки
охир мумкин ин хабари шумо мегуфтагй дурӯғ
бошад? Вазъият тавре буд, ки ба ҳама хабарҳо бовар
мекардем, диламон реш-реш мешуд.
Маҳкамов, Паллаев,Ҳаёев барои истеъфои худро
имзо кардан аз кабинет баромаданд. Пуго, Петкель,
Весельков дар кабинет монданд... Намояндагони
Марказ намедонам боз чй корро ба нақша гирифта
буданд?.. Ман ҳам аз ақиби роҳбарон баромадам ва
гуё онҳоро барои имзои протоколи истеъфо шарикй
менамудам.
55
Протокола
машваратнн байннтарафайни роқбарвятв чумхурй ва соэмонв
мардумй и 14. 02.1990 ш. Душанбе
ИШТИРОК МЕКУНАНД:
рафиқон Маҳкамов Қ. М„
Ҳаёев И. Ҳ.
ва Паллаев Ғ. П.
ва ҳамаи аъзоёни созмони мардумй:
1. Меҳмон Бахтй
2. Ҳомидов Халифабобо
3. Мадалиев Аҳмад
4. Имомназаров Мирзоназар
5. Муҳаммад Абдулҳай
6. Ҳабибуллоев Ҳамидулло
7. Заробеков Олим
8. Саидов Боир
9. Холиков Абдуқодир
10. Назари Мӯсозода
11. Бозор Собир
12. Мирбобо Мирраҳим
13. Тоҳири Абдуҷаббор
14. Бобоев Қосим
15. Боев Азаматулло
16. Мастонзод Сафар
17. Аскар Ҳаким
18. Ибодуллоева Мавҷигул
19. Файзуллоев Ҳидоятулло
20. Каримов Бачабек - раис
Қарор қабул шуд:
1. Вазъиёяти ниҳоят шадид ва тезутунди дар шақри
Душанбе ба миёнОмадаро ба назар гирифта, барои
пешгирй кардани хунрезиҳо ва ҳолати фавқуллодда
мо ба хулосае омадем, ки аз рӯи қонуни конституци-
онй истиъфо диҳем:
1. Маҳкамов Қ. М.
2. Паллаев Ғ. П.
3. Ҳаёев И. Ҳ.
56
2. Рӯзҳои 15,16 ва 17 феврали соли 1990 дар тамоми
ҷумҳурй мотам эълон карда шавад.
3. Гуруҳи мах,дуди Армияи Советй ва Вазорати
корҳои дохилй барои ҳифзу амнияти ҷоЯҳои муҳим-
ми давлатЯ ва хоҷагЯ истифода бурда шавад.
I ' . -
4. Намояндагони созмони мардумЯ аз ҷониби худ
барои бас шудани роҳпаЯмоЯ, ҷамъомад ва та-
зоҳурот ёря мерасонанд ва ҳамаи қувваро барои
бартараф кардани ҳама гуна бетартибиҳо дар ҳуду-
ди шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурЯ
сарф мекунанд.
ИМЗОҲОИ ТАРАФАЙН:
Маҳкамов Қ. М. Меҳмон БахтЯ
Паллаев Ғ. П. Ҳомидов Халифабобо
Ҳаёев И. Ҳ. Мадалиев Аҳмад
Имомназаров Мирзоназар
Муҳаммад Абдулҳая
Ҳабибуллоев Ҳамидулло
Заробеков Олим
Саидов Боир
Холиқов Аодуқодир
Назари Мусозода
Бозор Собир
Мирбобо Мирраҳим
Тоҳири Абдуҷаббор
Бобоев Қосим
Боев Азаматулло
Мастонзод Сафар
Аскар Ҳаким
Ибодуллоева Мавҷигул
ФаЯзуллоев Ҳидоятулло
Каримов БӯрЯ.
57
Ҳамин тариқ, сари миз нишаста, роҳбарон қалам
ба даст гирифтанд, вале дасташон пеш намерафт, ки
истеъфои худро ба дасти худ имзо кунанд. Новобаста
аз он ки матни протоколро ба таври «муаммо» ва ба
хости дили худ дигаргун сохта буданд.
Ин замон бетартибиҳо дар кучаҳо идома меёф-
танд. Мӯътадил намудани вазъият торафт душвор
мегардид. Роҳбарон гаштаю баргашта қайд менаму-
данд, ки онҳо муқобили хунрезианд, лозим бошад,
барои хуни кампире, мӯйсафеде тайёранд ба истеъ-
фо раванд,-мегуфтанду аз чй бошад имзои
протоколро таъхир медоданд. Рости ran, ман ҳайрон
будам. Ҳайрони он, ки бо ҳамин ба бетартибиҳо
хотима дода мешаванд ё не? Ба ростй, бовариам
қатъй набуд, ки бо ҳамин ба хунрезиву бетартибиву
роҳзаниҳо нуқта гузошта шавад. Чунки кӯчаҳои ва-
лангор, автомашинаҳои сухта, магозаҳои
тороҷгардида кори дасти онҳое буд, ки на аз сатҳи
пасти зиндагии хеш гила доштанд, балки фарзандони
халқ бошанд ҳам, дилу дидаи сиёҳ доштанд. Ба қавле
«буз дар ғами ҷону қассоб дар гами чарбу». Аён
буд, ки ин кори қувваҳои сиёҳест, ки ба захми миллат
захми нави ҷонгудозро илова кардаанд. Охир, май-
дон куҷову мағозаи ҷавоҳирот куҷо? Дарди дили
мардуми оддию бечора куҷову ғорати мағозаҳо
куҷо? Бешаку шубҳа қувваи сиёҳ он рузҳо кори
дилхоҳи худро карданд. Гумон меравад, ки санг пар-
тофтану бетартибй кардан ба дилй онҳо буд, ҳол он
ки аз нигоҳи ман сангпарронию бетартибиҳо са-
бабҳои дигаре низ дорад, вале дар ин бора ҷои
дигар...
Ин аст он чанд фикру хаёле, ки ман он лаҳзаҳо аз
cap мегузаронидам.
Аъзои кумита пай дар пай роҳбаронро хоҳишу
илтиҷо менамуданд, ки ба протоколи истеъфо имзо
гузоранд. Баъзеҳо агар барои нарехтани хуни ноҳақ
ин корро кунед гуянд, дигарон мегуфтанд, ки Шумо
аллакай ҳуқуқи роҳбарй намудан надоред, чунки ху-
ни ноҳақ аллакай бо гуноҳи Шумо рехта. Аз
ноуҳдбароии онҳо ҳарф мезаданд. Ин суханон ва ба
58
ин мазмун суханон ба онҳо намефорид. Баҳсу му-
нозира давом мекард...
Мехоҳам ин ҷо нуқтае гузорем. Аз он гуям, ки
қабл аз омадани ман байни аъзои кумита чй гуфту-
шуниде шуда? Аз сабти овоз истифода намуда нақли
худро пурра месозам. Ҳамин тариқ, ба такрор қайд
менамоям, ки дар гуфтушунид ман аз аввал иштирок
надоштам. Баъди хотимаи Пленум ба ҷои корам
рафтам. Аъзои кумита бе ман тамоми руз бо
роҳбарон гуфтушунид кардаанд. Баъд аз суханронии
ман дар рузи 13 феврал роҳбарон маро ба гуфтушу-
нид даъват накарданд... Ана, чанде аз баҳсу
мунозираи онон:
Ҳаёевро кй ҷеғ зад, намедонам. Ӯ омад. Прото-
коли истеъфоро хонда аз даст мондана^и
худдорйнамуд: —Гӯед, ки баъд аз ин вазъиятро кй
идора мекунад? Ман рӯирост мегӯям: баъд аз имзО
тамоми масъулият ва ҷавобгариро аз гардани худ
соқит мекунам.(Ин аст суханони ба таври мушаххас
гуфтаи у, ки аз сабти овоз гирифта шудааст).
Қаламро руи когаз партофт. Тамоку мекашид...
Маҳкамов ва Паллаев имзо гузошта буданд, бо
вуҷуди ин аъзои кумита аз боби хунрезиву бетарти-
биҳо ҳарф мезаданд. Ҳаёев боз қалам ба даст
гирифту такрор намуд, ки аз ин пас ӯ дигар ҷавобгар
нест... Вазифаҳои маро ба зиммаи ягон кас гузоред.
Баъзе аз аъзои кумита гуфтанд, ки Шумо якчанд
ҷонишинҳо доред...
—Бигузор Каримов гирад, — гуфт дигаре.
—Шумо чй мегуед? — ба ман нигаристанд роҳба-
рон.
—Не, — ҷавоб додам ман.
Такрор ба такрор аъзои кумитаи мувакдатй номи
маро ба забон меоварданд... Ман ба чеҳраи роҳба-
рон менигаристаму мулоҳиза менамудам...Дар
чеҳраи Маҳкамов тамоман сурхй намонда буд. Ла-
бонаш мепариданд. Ӯ аз ҳама зиёд норозй буд. Дар
он ҳолат ягон кас аз боби он сухан намекард, ки ҳоло
то истеъфои конститусионй вак,т ҳаст.
Гумон мекунам, худи роҳбарон ҳам агарчи норизо
буданд, вале ноилоҷ ба тақдир тан додаву протоколи
истеъфоро ба имзо расонида аз ҷой хестанд.
59
Паллаев зиқии худро вонамуд намекард.^ Балки
Бозор Собирро табрик гуфту даст фишурд. Ӯ гуфт:
«Бозорҷон ҳамааш хуб мешавад».
Ҳаёев асабонй шуда буд. Баъд «Мансаб ҳамин хел
чиз...» гӯён бо хотири озурда баромада рафт...
г Маҳкамов бошад, канда-канда ва ларзон гуфт:
—«Як сол боз барои рафтани ман шумоён мубориза
бур^ед. Акнун ба мақсадатон расидед...»
У ҳам берун шуд.
Имрӯз маро ана ҳамин лаҳзаҳо ором намегузо-
рад. Ку ҳақиқат, ку самимияти Шумо? Охир, маҳз
ҳамин тавр, ноилоҷ ба истеъфо баромадеду баъди
ба мазмуни протоколи истеъфо сарфаҳм рафтан аз
паи нигоҳ доштани киштии гарқшудаи худ шудед. Ва
дар ин ҷода чй қадар арзишҳои волои умумиинсони-
ро поймол намудед...Як набудани қавлу амалатонро,
ки хоси роҳбарони солҳои рукуд аст, бори дигар ба
халк, нишон додед.
Ҳамон ҷо, ҳамон замой бо иштироки Пуго ба
хулосае омадем, ки соати 10-и шаб—баъд аз барно-
маи «Вақт» протокли истеъфоро аз тариқи
телевизион мехонанд. Дар ҳузури худи роҳбарон ва
Пуго. Қарор намуданд, ки чор нафар аз «Кумитаи
халқй» низ иштирок намояд. Аҳли Кумита лозим до-
нистанд, ки ману Бозор ва Мирраҳимову Бобоев дар
намоиш иштирок намоем.
60
Боз бо таклифи худи роҳбарон ба қароре ома-
дем, ки баҳри ором намудани вазъият матни
протоколро зиёд намуда, ба намоишчиён расонем.
Ба воситаи радио фавран матнашро пахш кунанд. Ин
корро Додобоев ба ӯҳда гирифта буд. Ӯ хоҳиш
намуд аз автомашинае, ки баландгӯяк дораду назди
КМ истодааст, истифода кунем.
Вай ҳамон-замон гоҳ ба мо гӯш меандохту гоҳ ба
роҳбарони худ...
Вай зуд автомашинаи баландгӯякдорро супориш
дод бо ҳамроҳии аъзоёни кумита аз паи нусхаҳои
протоколи истеъфо ва паҳн кардани матни он ша-
ванд. Дар ин лаҳза у худро бисёр кордону
ташаббускор нишон медод.
Ман аз даромадгоҳ ба Госплан занг зада хоҳиш
намудам хоҷагидор маро интизор шавад, то шумо-
раи нусхаҳои протоколро зиёд намоем.
Ҳамин тавр бо ду нусхаи проткол (матни тоҷикй ва
русй) ба коргоҳи худ - Госплан баргаштам.
Шом мешуд. Ёдам нест, ки аник, соати ҳашт буд ё
не. Нур Табаров омад.
Ман уро даъват накарда будам. Имрӯз вақте ба
машварати роҳбарон ба созмон рафта будам, дидам
ки ӯ ҳамон ҷо буд. Кй уро ба он ҷо хостааст, наме-
донам.
Як чизро бояд туям, ки даробуро зиёд буд. Каби-
нети худи Маҳкамов ҳам ҳамин ҳолро дошт.
Қонунҳои расмиятбозй он рӯзҳо қурби худро аз
даст дода буданд.
Табаров дар хусуси воқеаҳо, аз он боис, ки чй
шуд, кор ба ин дараҷа расид, дар хусуси он ки боз чй
меояд, то вазъият ором шавад, ran зад.
Маслиҳат дод ба Навҷувонов занг занам, агар дар
шаҳр ҳодисае шавад, хабар диҳанд, то аъзои соз-
монро ба он ҷо фиристода ёрй расонем...
Пазируфтам.
Табаров баъд изҳор кард, ки мехоҳад ба ҳайси
шахси бегараз ба ман ёрй расонад. Чй хел ёрй ?
Ёриро дар он вақт ҳама дар як чиз медидгмуътадил
гардонидани вазъият.
61
Нусхаҳои протоколи истеъфо аллакай болои ми-
зам хобида буданд.
Сарам дард мекард. Худамро сахт ноҷур ҳис
мекардам. Маро махсус ин андеша безобита ме-
дошт: акнун ки роҳбарон ба истеъфо ризоят доданд,
вазъият дар шаҳр чй хел мешу да бошад? Аслан аз ин
пас ҳама масъулият ба души созмони халқй меафто-
ду оё он метавонад вазъиятро дар шаҳр дар
тасарруфи худ нигоҳ дорад, дигар бетартибию хун-
резй нашавад...
Дар ҳамин андешаҳо будам ва дигар, ки Табаров
аз телефони назди ман неву аз телефоне, ки дуртар
аз ман аст, занг мезад. Ба куҷо, ба кй? Намедони-
стам...
Дар х,амин асно ду нафар рузноманигорон ома-
данд. Баъд (дар давраи тафтишот) фаҳмидам, ки
онҳо мудирони шуъбаи «Тоҷикистони Советй» Имом-
назар Холназаров ва Шамсиддин Насриддинов
будаанд. Онҳоро бори аввал медидам.
Дертар Мақсуд Икромов даромад.
—Бисёр хаста шудам, Мақсуд Мусоқулович, Шу-
моро гуш мекунам. Хуш хизмат...
—Шумо-ку маро ҷег задед...
—Кай?-ҳайрон шудам.
—Аз номи Шумо Табаров телефон кард...
Ман ва Икромов аз ҷой хестем. Хайрухӯш карданй
будем, ки Табаров даромад (берун рафтани уро
пайхас накарда будам). Онҳо баъди салому алейк ба
канортар рафта, бо ҳам ким-чй гуфтанду Икромов
боз нишаст. Дар ҳамин вақт мусоҳибаи маро аз теле-
визион нишон медоданд. Ҳушам ба он банд буд...
Баъдтар ба кабинети ман Муҳаббатшоев ва Хаби-
бов даромаданд.
Мувофиқи маслиҳат соати 10-и шаб ман бояд ба
телевизион равам, соат аллакай байни ҳашту
нӯҳ буд.
Баъдтар Ҳувайдуллоев даромад. Ростй, ҳайрон
ҳам шудам. Чунки на ӯ ва на дигаронро таклиф
накарда будам. Ҳамчунин аз Табаров низ хоҳиш на-
карда будам, ки онқоро даъват кунад. Баъдан,
62
Қувайдуллоевро дар ҳуҷраи кории худ якум бор
медидам.
Барои чй бошад Ҳувайдуллоеву Табаров дар
кунҷи кабинет сӯҳбат карданду баъд ба назди ман
омаданд.
—Бӯрй Бачабекович, Усмоновро ҷеғ задан дар-
кор.
Ман бошам бе ягон фикру андеша ӯро назди худ
хондам. Хоҳиш кардам агар шароит дошта бошанд,
як ба назди мо дароянд.
Ӯ протоколи истеъфоро хонду ба суханронии
Ҳувайдуллоев ва Табаров гӯш андохт. Афсус, ки
онҳо баъд ба ман тӯҳмат заданд. Тӯҳмате, ки бароям
гарон афтод. Тӯҳмате, ки сахт ноҷавонмардона ва
сияҳкорона буд.
Одамизод шири хом хӯрда... Баъдан борҳо ба ман
гуфтанд, чаро онҳоро аз дафтари худ берун нахон-
дед?
Таҷрибаи кӯчаки ман пеши сиёсатбозҳои ботаҷри-
ба оҷизй кард. Акнун дар қатори роҳбарон ин чанд
нафар ҳам муқобили ҳақиқат, муқобили ман ҳарф
мезаданд. Афсӯс, аз онҳое, ки он рӯз дар дафтари
ман ҳузур доштанд, набуд касе, ки дар асл
ғамхорам бошад. Онҳо дар ғами ҷоҳу мансаби худ
буданд...
Вақте ки сухан аз боби тайёр кардани лоиҳаи Указ
мерафт, гуфтам, ки раис ду ҷонишини якум дорад.
Ҳушу хаёлам равонаи он буд, ки чй маро интизор
асту чй бояд кунам. Дар намоиши телевизионй аз
кадом боб сухан кунам.
Усмонову Ҳувайдуллоев «мо рафта маслиҳат ме-
кунем»,-гуён баромаданд ва дигарон низ аз паси
онҳо рафтанд.
Рафтани Икромов ҳеҷ гоҳ, фаромӯш нахоҳад шуд.
—Ман доимо барои хизмат тайёрам,—дуқад шуд
Икромов,—хизматҳои маро ба инобат гиред. Паснокй
ва дуқад, чи хеле ки ба ӯ хос аст, баромада рафт.
...Ҳайрон будам аз боби кадом хизматҳояш сухан
мегуфта бошад?...
63
Ба телевизион рафтам.Дар кӯчаҳо ба гайр аз мо-
шинаҳои ҳарбя ва ҳарбиёну низомиён дигарон
набуданд.
Пеши телевизион дарро руи мо боз намуданд,
агарчи автомашинаи ман тамгаи «Нива» буд. Маро
шинохтанд. Кадоме боз ба тахтапуштам даст гузош-
та таманное кард.
Вориди бинои телевизион шудам. Маро ба кабине-
ти роҳбарон хонданд. Ҷонишини раис маро ба таври
хоса қабул намуда, зеҳн монда имтиҳон мекард...
Аз дигарон пурсон шудам. Гуфтанд, ки Бозор
Собир ва Мирраҳимов интизори омадани ману
роҳбарон дар ҳуҷраи дигаранд.
Ман ба сӯи онҳо равон шудам. Онҳо назди садри
идораи барномаҳои телевизион Саёҳат Неъматова
нишаста буданд. Мо аз якдигар мепурсидем, ки ча-
ро роҳбарон дер карданд, наомаданд? Касе ҷавоби
саҳеҳ дода наметавонист.
Барномаи «Вақт» аллакай тамом шуда буд. Соат.
ёздаҳ, дувоздаҳ шуд, аз онҳо дарак набуд. Аз Раиси
Кумитаи телевизион хоҳиш намудем, ки иҷозат
диҳанд мо баромад карда, мардумро ба тамкину
оромЯ даъват кунем, вале ҳайҳот! Ҳамон вақт хуб
дарк намудам, ки агар садҳо хуни ноҳак, резад ҳам,
роҳбарони телевизион бе амру фармони парасторо-
ни худ кореро ба анҷом намерасонанд. Ба саволе, ки
охир чй ҳодиса руй додааст, оромЯ бошад ё боз ягон
низое бархост, касе ҷавоб намегуфт.
Ҷураев метавонад рафта аз роҳбарон пурсад, ки
чЯ тавр рафтор кунад, ҳол он ки тез-тез аз кабинет
баромада гуфтугуй мекарду «ҳар қадамашро
санҷида» роҳ мерафт...
Маълум мешавад, ки дар шаҳр маҷлиси фаъолон
ва ҳизбиён меравад. Лек Ҷӯраев аз ин хабардор
буда, ба мо чизе намегӯяд.
Ҳамаи мансабдорон ба таҳлука афтода боз дар
бораи аз вазифа нарафтани роҳбарон ҳарф меза-
нанд. Онҳоро намояндагон ва мӯнисони арзандаи
мардумЯ номида, ҷамъомадагонро «бадмасту нашъ-
манд»,«ифротизу миллат’-й» ҳукм мекар дан д.«Со диқтарин
фарзандони роҳбарон» дар ин мусобиқа ба таври
64
ғаӣри чашмдошт ва фавқулодда ҷамъ омада, қувва
меозмоянд. Ин тайёрй ва машқи олиҷаноб минбаъд
барои свайрон» намудани фикри намояндагбни
«Марказ» ва мардуми русзабон нақши ҳалкунанда
мебозад. Онҳо барои аз даст надодани мансаб гулу
дарронда сухан мегуфтанд, воҳима мекарданд. Баъд
маълум мешавад, ки ин ҳама «ҷонбозиҳои» вафодо-
рони «падарони миллат» барабас набудааст. Онҳое,
ки дар ин мусобиқа соҳиби холҳои зиёд шуда бу-
данд, минбаъд хеле хуб қадр карда шуданд.
Маҷлиси фаъолон бо ҷӯшу хуруш тамом шуд.
Роҳбарон дар он иштирок намуда, дилашон қувват
гирифт ва аз хурсандй лозим надонистанд хабар
диҳанд, ки ба намоиш дер меоянд. Ҳамчунин роҳба-
рон маро «ғайрифаъол» шуморида, ба маҷлиси
ҳизбиёни шаҳр даъват накарданд. Роҳбарони шаҳр
агар аз ин пеш ба ҷамъомадҳои кӯчаки шаҳр маро
ҷег мезаданд, ҳоло бошад фаромӯш шуда будам...
Дар шигифт будам: чаро маро, ки яке аз роҳбаро-
ни ҷумҳӯрию ҳам раиси кумитаи муваққатии
халқиям, хабар надоданд? Оё ман ба он «ҳодисаҳои
рӯх дода баҳои нодуруст медодам?». Магар ин чу-
нин маънй надорад, ки аллакай аз ман душман
«сохтан» мехоҳанд. Магар ин исботи он набуд, ки
барон онҳо ман одами ноқулай шуда мондааму бояд
ҷазоям бидиҳанд. Ғарқшудагон аз муру хаси болои
об низ мадад мехоҳанд. Маҷлиси фаъолон то соати
яки шаб давом кард.
Роҳбарони телеаизион моро меҳмони худ дида,
ба воситаи оинаи нилгун ба мардум хабар расони-
данд, ки баъдтар хабарҳои навин хоҳанд шунид, лек
то ин дам аллакай ба мардум «хоби хуш» орзу карда
буданд.
—Роҳбарон меоянд, - дарро зада даромад
Ҷӯраев.
Моро ба ошёнаи якум хонданд.
Либоси болоии худро кашида назди камераҳо ни-
шастем. Пуго ва Маҳкамов дар мобайн, дигарон аз
ду тарафи онҳо, ҳамагй ҳашт нафар. Ман аз тарафи
дасти рости онҳо якум ё худ аз паҳлӯ менишастам.
65
Ду нафар барандагонро дар ду тараф шинон-
данд. Назди ман барандаи русзабон, аз он тараф
тоҷикзабонро. Бо ду забон аввалан протоколи истеъ-
фои роҳбарон хонда шуд.
Баъд гоҳ намояндагони кумитаи муваққатии мар-
думй, гоҳ роҳбарон сухан мегуфтанд. Гурӯҳе агар
дар бораи вазъият сухан кунанд, роҳбарон худро
сафед карда, аз боби ба таври конститусионя ба
истеъфо рафтан ҳарф мезаданд. Аллакай нақшаи
амали онҳо кашида шудаву тасдиқ гардида буд...
Бо сабабҳои бисер монда ва асабонЯ буданам
сухан карданро он дам ба худ раво надидам ва он
лаҳзаҳоро хуб дар ёд надорам. Лек аминам, ки рузе
онҳоро тамошО мекунем. Оё ин навор боқй монда
бошад? Охир, баъзе наворҳои февралиро гаштаю
баргашта нишон доданд, онҳоро низ рузе нишон
хоҳанд дод. Бисёр мехоҳам баёнияи таърихии роҳба-
ронро халқ бубинад. Баъдан Султонов борҳо тамошо
кардаву мақолаҳо навишт. Охир халқ як худи Султ-
нов набудагист?
Агар мабодо ин наворҳо нест шаванд, номи
роҳбарони телевизион аз ҷумла Ҷураев ба ёд
хоҳад монд...
Намоиш анҷом ёфт. Роҳбарон ба як су, намоянда-
гони кумитаи муваққатии халқя ба суй дигар парешон
шуданд. Роҳбарон дар иҳотаи ҳарбиёну низомиён,
намояндагони кумита дар иҳотаи як гурух ба ном
«интернационалистон» мондаанд.
Ман боз танҳо мондам... Роҳбарон аллакай аз ман
рӯй гардонда буданду аъзои кумитаро хуб намеши-
нохтам. Худоё, нигаҳбонам бошя!
Баъди шаби 14. 02. 90 бозиҳои сиёсии роҳбарони
олиқадр оғоз мегардад ва агар пеш хоҳиш мекар-
данд, ки сухан кунам, холо ба суханонам муқобилият
нишон медоданд. Ана он суханроние, ки ба самъи •
мардум нарасид:
«Ман бо сабаби баъзе каҷфахмихо нисбати Куми-
таи муваққатии халқй ба хамаи меҳнаткашони
ҷумҳурй муроҷиат менамоям. Ин кумита бегохии
рузи 13-уми феврал аз тарафи намоишчиён дар май-
дони назди оинои Кумитаи МарказЯ интихоб шуда
буд. Бояд сараввал оигӯям, ки ман дар намоиш ишти-
66
рок надоштам, борҳо занг заданд, ки издиҳом Шу-
моро мепурсад.
Ман барои дар назди намоишчиён баромад ва дар
кори Кумитаи муваққатй иштирок кардан аз Қ.Маҳка-
мов дар ҳузури онҳо, ки дар утоқи кориаш буданд,
иҷозат пурсидам. Худи ӯ аз ман хоҳиш намуд, ки ба
назди издиҳом равам ва мардумро ором намоям.
Он бегоҳ баъди суханронии ман ба* назардошти он, ки
масъалаҳои гузоштаи вайҳо ба маълумоти роҳбарон
расонида мешавад, мардум проканда шуд. Ман он
вақт вазъияти ногувори дар майдон ба вуҷуд омада-
ро бартараф намудам.
Фақат аЪ рӯзи 14 феврал cap карда ман бо он
намояндагоне, ки дар намоиш интихоб туда буданд,
шинос шудам ва бо роҳбарони ҷумҳурй ва меҳмоно-
ни масквагй вохӯрдам, то он ки ду талаби асосии
намоишчиёнро иҷро намоям:
1. Истеъфо додани роҳбарон;
2. Озод намудани онҳое, ки аз байни намоишчиён
ба ҳабс гирифта шудаанд.
Дар вазъияти душвор ва вазнин, ки ҳар гуна ха-
барҳои нохуш меоварданд, хоҳиши аъзои Кумитаи
муваққатиро роҳбарон нисбати талаби дуюм иҷро
карданд. Барой иҷрои ин талаб ман бо роҳбарон
вохӯрдам ва баъд ба Вазорати корҳои дохилию Ку-
митаи бехатарй рафта илтимос кардам, ки на
ҷинояткорони ашадй,балки шахсоне, ки танҳо дар
қатори намоишгарон буданду ҳабс шудаанд, озод
гарданд ва ин амал тавассути телевизион
нишон до да шавад. То ки мардум таскин ёбад. Дар ин
кор рафиқон Усмонов, Навҷувонов ва Михайлин, ки
дар утоқи корни комендант буданд, ёрй расони-
данд. Ба КБД бо Латифй якҷоя даромадем.
Убайдуллоев дар ҷавоб гуфтанд, ки касеро дастгир
накардаанд...
Ҳамин тарик,, ду масъалаи асосие, ки халқ онҳоро
талаб доштанд гӯё иҷро гардид ва мардум қариб, ки
осуда шуд. Аъзоёни Кумитаи муваққатй дар ҳалли
масъалаҳо иштирок доштанд ва ин корро барои бар-
тараф кардани хунрезию вазъияти ногувор ба ҷо
оварданд.Вақтҳои охир баъзе одамон иштироки
дурӯзаи маро дар кори Кумитаи халқй ба ҳисоб
гирифта, гумон бурдаанд, ки ман ташкилотчии ҳамин
67
Худоб мм нм шӯр«ст?„
Чуммм лет окмблтм
недоннстан
ал маёфтлнм ллбонм
хлпцм хул-14.02.1990.
бетаритибиҳо бошам. Ҳол он ки ман дар кори Куми-
таи муваққатй бо розигии роҳбарон фақат ба хотири
бартараф кардани фалокат ва бародаркушй иштирок
кардам. Виҷдонам қабул намекард, ки он рӯзҳо
кори ин кумитаро ба тартиб наорам ва то тамоман
ором шудани вазъияти шаҳру ҷумҳурй дар кори он
иштирок нанамоям. Ман дар суханрониҳоям ба воси-
таи телевизион, то Пленум ва дар Пленум таъкид
намудам, ки имрӯз ва ҳ,еҷ гоҳ мақсади соҳиб шудан
ба вазифаҳои калонро нанамудаам. Имрӯз ҳам аз ин
фикрам барнамегардам ва нахоҳам гашт, лек баҳри
оромй, бори дигар илтиҷо дорам, ки роҳбарон талаби
мардум ва аъзоёни Кумитаи муваққатиро ба хотири
беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимой иҷро
намоянд.
Аз тамоми меҳнаткашон хоҳиш менамоям, ки ба
бесарусомонию бетартибй роҳ надиҳанд. Вайронку-
нандагони тартиботи ҷамъиятиро дошта ба мақомоти
дахлдор супоранд. Кори дурусти тамоми корхо-
наҳоро ба роҳ монанд. Ҷамъомадҳо бояд дар
ҷойҳои махсус бо назардошти иҷозати кумитаҳои
иҷроия амалй гарданд, то ба одамон ва моликияти
ҷамъиятй ягон зараре нарасад. Фикрҳои худро оро-
мона бо маданияти баланд изҳор намоянд. Охир,
бетартибию ҷиноят, хунрезию бародаркушй барои
халқи мо бегонааст. Инро ба мо таъриху миллат на-
мебахшад.»
68
Шаблон бехобию розгӯиҳои худ ба худ маро но-
гоҳ сари муаммоҳои феврал меораду боз
меандешам, ки нақши ҷавонон чй гуна буд. Даруни
синаи тангам гӯё ҷароҳате сиҳатнашаванда ласт.
Он гцэдиламоии ҷавонон, намоишҳои расмию
ғайрирасмй ба онҳо чй лозим буданд? Оё онҳо наме-
донистанд, ки ин системаи мавҷуда ва саркардаву
ҳомиёни он ҳеҷ гоҳ дар ғами халқи заҳматкаш набу-
данду нахоҳанд шуд. Онҳо медонистанд,.. Лек
сЬардои бозсозй онҳоро каме махмур карда буду
фирефтаи шиорҳои авомфиребонаи саркардаҳо оид
ба ошкорбаёнй ва демократия шуда буданд. Онҳо ба
умед ба остони ҳукумат омада буданд.
Дуруст аст, ки баини онҳо чунон ки панҷ ангушт ба
ҳам баробар нест, одамони нохалаф ҳам cap даро-
варда буданд. Вале магар аз рӯи виҷдон аст, ки мо
ҳамай онҳоро ифротию авбошу нашъаманд ном би-
гирем. Магар то ҳол мо ба он суоли асосй ҷавоб
додаем, ки чаро ҷавонон он рӯзҳо руи ҳавлии луку-
мат, Шӯрои Олй ва Кумитаи Марказй ҷамъ
меомаданд?
Агар он рӯзҳо хуни ҷавонони бегуноҳ намерехту
ба саволҳои худ ҷавоб мегирифтанд, нуран ало нур
мешу д. Сад acpcycl Он рузҳо ҳар касу нокас ба таври
худ баъзеҳо дониста, баъзеҳо маҷбуран, баъзеҳо
гаразнок мегуфтанд: Бубинед, барои мансаб, вазифа,
курсив чй корҳо накардаанд. Девонагй, харобкорй,
тороҷгарй...Онҳо ҷавон буданд? Ope, вале магар ба
туфайли чанд хабис лама гуналкор буданд? Ҳаргиз!
Он руз нидои дили ҷавонон шунида нашуд. Касе
шунидан лам намехост. Аз сари таре голе мешуни-
данд, вале аз шуниданлои лаққонй дараке набуд.
Бо тӯпу танк, дугу даранг оё бо ҷавонони хун дар
ҷӯш ва хона бар душ сухан кардан мумкин буд?! Не!
Вале баъзело ин корро авлотар шумориданд.
Имрузло лам ҷавонон дар изтиробанд. Мутаасси-
фона, лукуматдорон боз чашм мепӯшанд. Наход
назди худ лисобот намедилем, ки лабрез кардани
косаи сабри ҷавонони ба изтироб омада, гунолест
а зим, ки онро на имрӯзу на фардо ба мо касе
намебахшад.
Ошной, дидорбинй, огалй аз дарди дили ҷавонон
фарз, иҷрои ладдалимконаш қарз аст. Ролу равиши
зиндагй аз купбаи дилҳо оғози худро меёбад.
69
Дил метапад, исён мекунад, ба ҳаяҷон меояд, ба
эҳсосот дода мешавад, вале боз даст медиҳад, ки
чанде ором шавй. Боз он рӯзҳои сиёҳро пеши имону
виҷдони худ як-як рақам мекунам, гуноҳҳоямро дар
тарозу бармекашам. Чизе намеёбам, ба гайр аз узри
бегуноҳй, узре, ки сангинтарин хато буду пурсида-
маш. Оҳҳои чуқуре аз алам, аз ҷигарам мегиранд,
мекашандам дар гирдоби хаёлу фикрҳои сиёҳи он
рӯзҳо.
Боз зарбае, зарбаи талхи қисмат домангирам ме-
кунад. Аммо дар ҳамин гуна лаҳзаҳои шадид каломи
равшанбахши бузургон ба имдодам мерасад:
Г ар фишори рузгор обат кунад, мнскнн мешав,
Мард бош, эй хастаднл, шармандагй даркор наст.
Ман дар дасти сиёсатбозон қартае будам, ки онро
бозй доронда, диққати авомро ба он ҷалб мекар-
данд.
Маро гунаҳкор нишон дода, онҳо дастони хунолу-
ди қотилони ҳақиқиро шустанй мешуданд, онҳоро
дар минбарҳои баланд, президиуми маҷлисҳо тараф-
гирй мекарданд. Мактубҳои дурӯғин сохта,
кӯрдилиашонро пинҳон медоштанд.
ХУНРЕЗИ ПУШТИБОНИ МЕШАВАД
15 феврал. Ба хона баргаштам. Тамоми шаб хобам
набурд.Руз бисёр вазнин гузашт. Аз нигоҳу муомила
ва гуфтори роҳбарон ҳис менамудам, ки нисбатам
хайрхоҳ нестанд. Худро ором мекардам. «Охир,
рафтору гуфторам нек аст. Пас бояд аз ҳеҷ чиз
наҳаросам...»
Саҳаргоҳон ба кор омадам. Телефонҳоям беист
садо медоданд.Телефонҳои Кумитаи муваққатии
халқй низ. Дишаб рақами онро бо воситаи телевизион
эълон карда буданд. Аз ҳама бештар ҳамон ду теле-
фон занг мезаданд. Азбаски то огози кор ҳануз
барвақт буд, хоҳиш намудам дари он ҳуҷраро кушо-
янд. Чанде ба телефонҳо ҷавоб додам. Яке аз
дарду алами хеш месухт, дигаре роҳбаронро
ҳақорату дашном мехонд. Саввумин маро таорик
70
мегуфт. Чаҳорумин аз истеъфои роҳбарон хурсандй
мекард... Ман фурсат наёфтам, ки ба харду телефон
ҷавоб туям. Аз ин ру, ҷонишинам А.Самадовро даъ-
ват кардам, ки то омадани аъзои кумита ба яке аз
рақамҳо ҷавоб гуяд, чунки он вақт шунидану таҳлил
кардани ҳар хабар хеле муҳим буд.
Хоҳиш намудам хабарҳои таъҷилй ва масъалаҳои
асосиро рун коғаз бинависанд. Ҳамин тариқ, ҳар ду
шоҳиди бевоситаи зангҳои аввалин, хабарҳои нахустин
ва қаҳру ғазаби мардуми оддй мешудем.
Мутаассифона, у боре аз ин зангҳо, аз лаҳзаҳои
вазнин, инчунин вазъияти ногувори ман лаб накушод...
Ва ӯ танҳо набуд...
Телефонҳои ман низ занг мезаданд. Ман он вақт
намедонистам, ки телефонҳои кумита гуш карда ме-
шаванду барои ман бонги хатар хоҳанд буд. Оре,
намедонистам. Ин гуна найрангҳоро дар гӯшаи хотир
намеовардам ва тамоми фикру зикрам ба он банд
буд, ки роҳи бо мардум ҳамдил шуданро ёбам.
Телефонҳо занг мезаданд: «Ба Шумо бовар до-
рем, ҳамчунин ба кумитаи халқя», «Мо Шуморо
дастгирй мекунем», «Ба роҳбарон истеъфо!», «Им-
дод даркор?». Бисёриҳо изҳор мекарданд, ки
омодаи ёрии мо мебошанд. Ин ҳама ба роҳбарон
хавф дошт...
Инчунин садохои пуртаҳлукаи «дар фалон ҷо за-
нозанЯ», «дар ҷои дигар, одамеро куштаанд», «мо
намедонем фарзандамон куҷост?...» ба гуш мерасид.
Аз дидаву шунида ran мезаданд ва он вақт ин ҳама
барои сари вақт ёря расонидан бисёр муҳим буд.
Мактубу телеграммаҳои зиёд ба унвони кумитаи
халқя мерасид...
Баъдан он руз чанд нафар аз аъзои кумитаи халқя
навбатдоря карданд. Пас аз шунидани хабаре аъзое-
ро ба ҷои воқеа равон мекарданд. Бале... Инак
садову сурати воқеоти он рӯзҳо ба ёдам меоянду
мегӯям:«Охир инсофат куҷо шуд, роҳбарам?...» Ба
замми чунин рафтор кумита ҳам зери тозиёнаи
танқид буд.
БЛуго ба ман ру оварда гуфта буд:
—Чаро Шумо ҳизбиёнро ба маҷлисҳоятон даъват
намекунед? Онҳо арз доранд...
71
—Борис Карлович! Шумо чиҳо мегӯед, дари мо ба
рӯи ҳамаи хайрхоҳон боз аст. Аз ягон кас гапу кори
пинҳоние надорем. Бигузор аз мо душман насозанд...
Он руз дар утоқи корни ман қариб ҳама аъзоёни
кумитаи муваққатй ҷамъ шуданд. Мутаассифона,
дар куча вазъият боз тезу тунд мешуд. Фақат хабари
зълон шудани рӯзҳои мотам - 15 , 16, 17 феврал
мардумро аз ҷамъ омадану намоиш ташкил кардан
боздошта буд.
Сад шукр, ки қистмати зиёди мардуми мо ба дину
оин ва арзишҳои волои инсонй бовар доранд. Ҳурмат
мекунанду муқаддасаш мешуморанд. Иддаи дигар
бошад, онро барои мақсадҳои гаразноки худ исти-
фода мекунад.
Намояндагони созмони «Ваҳдат», ки дирӯз баъд
аз ба миён ома дани «Кумитаи-17» ташкил шуда буд,
низ ҷамъ омаданд. Аз роҳбарони ҳизби ҷумҳуриву
шаҳр: Ш.Шабдолов, Р.Олимов, ёрдамчии Маҳкамов —
Шералиев М. ва чанде дигар масъулони ҳизбй ишти-
рок доштанд. Гуфтугӯи тезутунд оғоз гардид. Аз
кӯча хабарҳои ҷамъ шудани намоишчиён мерасид.
Боз хавф таҳдид мекард. Чанд нафаре боз ба он
ҷойҳо мерафтанд. Бо навбат гоҳ аъзоёни «Кумитаи-
17»ва «Ваҳдат», гоҳе роҳбарони ҳизбй сухан
мегуфтанд.
Шабдолов таҳқиромез гуфт, ки баъзе аз аъзои
кумита ба ғайр аз чор мисраъ шеър дигар чизеро
намедонад. Ҳаволаи ӯ ба худо, зеро маълум набуд
киро дар назар дорад. Олимов, Шабдолов ва чанде
аз ҳозирон М.Мирраҳимов ва Бозор Собирро барои
гирифтани сари роҳи митинги навбатй ташаккур гуф-
танд. Бале, бале, он вақт ҳамин тавр боадаб оуданд
ва баъдҳо аз гуфтани ҳақиқат худдорй мекаданд ё
дурӯг мегуфтанду туҳмат мезаданд. Наход виҷдо-
нашон азобашон намедиҳад? Наход ба ҷои некӣ
бадй?
Дар охир аъзоёни «Ваҳдат» зиёдтар сухан кар-
данд. Марому мақсади худро гуфтанд. Ман ба онҳо
якчанд савол додам. Баъди фаҳмидани маромашон
хоҳиш кардам бо мо якҷоя шуда амал кунанд. Розй
шуданд. Ҷой ба ҳама намерасид. Курсиҳои иловагй
оварданд. Зиёдтар аз 50 нафар дар утоқи кории ман
72
ҷамъ буданд. Кадом масъалаҳое, ки ҳаллу фасл на-
мешуданд. Ҳамааш барои беҳкардани вазъият
равона буданд. Рӯзноманигорон бо магнитофонҳои
сабти овоз менишастанд. Дигарҳо расм мегириф-
танд. Наход ин одамон ҳақиқатро нагӯянд, рӯзе
ҳақиқат болои об набарояд-.
Йн чамъомад бо муайян кардани марому мақсад,
якҷоя шудани ду кумита, инчунин бо хулосаи
вохӯрдан бо Б.Пуго анҷомид. Ӯ низ чунин хоҳиш
дошт. Ҳол он ки аллакай тағир ёфта буд. Беҳтараш
гӯем: ӯро «дигар сохта буданд...»
Иштирокчиёни ин ҷамъомад бо роҳбарони ҳизбии
ҷумҳурй ва шаҳр пиёда ба сӯи КМ раҳсипор шуданд.
Худи аъзоён роҳ ба роҳ пистони тирҳои паррондашу-'
даро «чида-чида» мерафтанд. Назди бином КМ аз
болои хуни ноҳақ рехта қадам мезаданд. Ба машо-
машон бӯи хун мезад.
...Ба умед, барон вохӯрй бо намояндаи «Марказ»
Б.Пуго мерафтанд...
Пуго ба вохӯрй аз соати 16-00-и муайяншуда дер
монда омад. Ба қавле, бо шаҳрвандоне, ки рОҳбаро-
ни мо хоса интихобан ҷамъ карда буданд,
вомехӯрдааст.
Хама ба ошёнаи якуми бинои КМ даромадем. Дер
бошад ҳам омад, вохӯрй оғоз гардид. Аз ду тараф
аъзои «Кумитаи-17» ва «Ваҳдат», ки якҷоя шуда бу-
данд, нишастем.
Мехостем вохӯрй фақат бо намояндаи «Марказ»
Б.Пуго бошад, лек уро роҳбарон ҳеҷ гоҳ танҳо наме-
гузоштанд. Агарчи баъзеҳо борҳо таъкиду илтимос
карда бошанд ҳам, Додобоев ва дигар масъулон дар
он ҷамъомад иштирок намуданд.
Ҳамаи рӯзноманигороне, ки ҳангоми ҷамъомад
дар утоқи корни ман буданд, низ ба ин вохӯрй ома-
данд. Роҳбарон хайрхоҳи иштироки онҳо набуданд.
Бо ҳамин сабаб баъзеҳоро дохили бинои КМ шудан
намемонданд ва дигаронро аз зал берун карданд.
Аз ҷумла Додобоев рузноманигори «хиратаре-
ро», ки раем мегирифт, аз дасташ дошта ба берун
тела зада баровард. Худашон бе таклиф дар вохӯрй
иштирок намуданд, вале ҳамаи онҳоеро, ки метаво-
нистанд ҳақиқатро нависанд, аз зал берун
намуданд.»
73
чанде аз масъулони ҳизбй ва БЛуго бодиққат
моро гӯш меандохтанд. Қариб ҳамаро як-як шуни-
данд. Гумон доштам, ки БЛуго фикри худро ба мо
мегӯяд, вале у худдорй мекард... Суханронии Мир-
раҳимов уро ба изтироб овард. У ба Пуго муроҷиат
намуда, гуфта буд:
—Ҳайрон нашавед, дар ҷумҳурии мо барвақт би-
сёрҳизбй ҷорист: пеш аз ҳама ҳизби Маҳкамов,
ҳизби Паллаев, ҳамчунин Додобоеву Ҳаёев. Бубинед,
Додобоев худаш ин ҷост. Дар мо ӯро руирост«Чау-
чешскии тоҷик» меноманд... Мебинед, ки вай гоҳ
сарвари сохтмону саноат, гоҳ идеологияву гоҳ итти-
фоқҳои касаба аст...
Додобоев бе тоқат шуда ҷаҳида аз ҷой хест. Агар
дигарон бонавбат, боиҷозат сухан гӯянд, ӯ беихтиёр
даъво мекард:
—Хоҳиш мекунам рафиқон, монед ман ками дигар
кор кунам, охир то нафақаам ҳамагй ду-се сол мон-
дааст... Ман чй гуноҳ дорам? - Ӯ ин суханҳоро бо
забони русй мегуфт. Пуго ва ^амагон гӯш меандох-
танд.
Ман бошам лаби ҳайрат мегазидам: наход Додо-
боев то ҳамин дараҷа паст рафтор кунад?.. Чй, ӯ
аллакай ҳокимиятро дар дасти «Кумитаи-17» медид?...
Пае чаро илтимос мекард... Оре, оре, маҳз ҳамин
тавр. Бо ҳамин сабаб ҳам ӯ ба муқобили мо монда
нашу да «дело» со? менамуд. Дар ин корҳо у таҷри-
баи беҳамто дошта будааст...
Дар дохили КМ боз маҷлис, дар куча бошад, боз
хун мерехт. Даҳҳо хонаҳо ғамхона гашта буданд.
Ягона суруди он рӯз навҳаи ҷонсӯзи модарон дар
ҳасрати фарзанди ҷавонмаргашон буд.
Халк, боз дар майдони Шаҳидон, (акнун мардум
майдони рӯбарӯи КМ-ро ҳамин тавр ном мегириф-
танд) ҷамъ меомаданд...ҳама аз КМ ва роҳбарон
имдод металабид. Вохурй ба охир расид. Аъзоёни
«Кумитаи-17», ки дарду алами мардуми оддиро иф-
шо карданд, интизори натиҷаи нек набуданд. Онҳое,
ки аз тарафи роҳбарон иштирок доштанд, аз ин
вохурй розй набуданд.
Баъди вохурй оюрои КМ ҲК Тоҷикистон баргузор
гашта, қариб се соат тул кашид. Онҳо, ки дар рагу
74
пайвандашон хун ҳаракат мекард, суй КМ раҳ меги-
рифтанд, ки акнун аз дару девори ин бинои
муҳташам нигоҳҳои фиребанда ва кушанда ба
сӯяшон равона шудааст, ҳақиқат лаҳза ба лаҳза хор
мешавад. Медонистанд, ки мумкин аст, ҳадафи тири
аскаре шаванд, бо ҳаёт падруд гуянд, вале меома-
данд. Барой додхоҳй ба Майдони Шаҳидон...
Буданд ба ном бедорфикрону адибоне, ки ба
умеди ояндаи дурахшони худ қиссаҳои фиребу
дуруғин иншо менамуданд...
Буданд ашхосе, ки аз кор накардани корхонаҳо,
оғоз нашудани дарсҳо хурсанд буданд... Буданд
онҳое, ки аз ин лаҳзаҳо истифода намуда, ба
мақсадҳои нопоки худ мерасиданд: қасос мегириф-
танд, сиёҳ мекарданд, баёноти бардӯрӯғ
менавиштанд, дуздй мекарданду оташ мезаданд.
Буданду ҳастанду хоҳанд буд. Баъзеҳо худро бо
ёрии воситаҳои ахбороти омма имрӯз қаҳрамон ҳам
нишон медиҳанд.
Хабарҳо меомад, ки на танҳо дар Майдони
Шаҳидон, балки дар дигар гӯшаву канори шаҳр низ
одамон фавтидаанд... Дигар ҷойҳо низомиён кам бу-
данд. Онҳо асосан дар ҳифзи ҷони роҳбарон рост
меистоданд. Дусафа атрофи бинои КМ ва Ҳукуматро
посдорй мекарданд...
Дар утоқи кориам менишастам. Хабар расони-
данд, ки Пленуми XVII гайринавбатй баргузор
мешудааст.. Ҳайрон шудам. Касе ба ман низе на-
гуфт. Ҳоло-ку дар КМ будем...
Аъзоёни «Кумитаи-17» як-як ҷамъ омаданд. Ал-
батта, на ҳама.
Акнун он^о итминон доштанд, ки ҳукуматдорон
қонунан дар ҳамин Пленум ба истеъфо мераванд. Аз
паси тайёр намудани рӯйхати аъзоёни бюрои му-
ваққатй шуданд.
Бояд рӯирост бигӯям, дар ҳамон лаҳзаҳо онҳо ин
масъалаҳоро аз ман сад бор хубтар медонистанд.
Дар тайёр намудани ин рӯихат заҳмати зиёде каши-
данд. Аз ман рӯйхати аъзоёни Ҳукуматро пурсиданд.
Ман ба онҳо китоби руйхати телефонҳоро додам, он
ҷо ному насаб ва вазифаи онҳо дарҷ гардида буд.
Руйхати тайёрро дар ҳузури ман хонданд. Ман
нисоати чанд нафаре асосан фикрҳои мусбй гуфтам.
75
Он вақт ман гумон ҳам надоштам, ки ин руйхат дар
Пленум хонда мешавад. Ҳангоми номи маро илова
кардан гаштаю баргашта ба онҳо гуфтам, ки номи
маро навишта накунанд.
Имрӯз як чиз маро ба ҳайрат меорад: аз ҳамон
руйхат ғайр аз Табарову ман дигарон ҳама соҳиби
вазифаҳои баланд шуданд.
Хулосаи аввалине бармеояд; аъзоёни «Кумитаи-
17» дар воқеъ беҳтаринҳоро пешниҳод карда
будаанд, яъне дар интихобашон хато накардаанд...
Онҳоро маҳалчй номидан ноинсофй аст.
Дуюм: агар ин тавр набошад, пас барои рафтори
моро зери шубҳа гирифтан онҳо ба вазифаҳои ба-
ланд қадр карда намешудаанд...
Сеюм: онҳоро барои талоши мансаб гунаҳкор
кардан мумкин нест, чунки худро ба ин руйхат на-
даровар даанд.
Ҳамин тариқ, бегоҳирузи 15 феврал Пленуми XVII
гайринавбатй агоз гардид. Дар дарун маҷлис, дар
берун одамон хун мегиристанд. Дар берун агар ис-
теъфо талабанд, дар дарун қарсакҳои пурмавҷи
дурудароз мезаданд.
Дар берун хавфи марг, дар дарун бими аз ман-
сабҳо рафтан... Як майдон, ду ҷараён, ду бим...
Агар беруниён ба мансабдорон бо сухан зарба
мезаданд, онҳо аз қудрати тиру камон истифода
мебурданд. Вале дарди сахт дар қалби оне буд, ки
ба сарнавишти халқаш бетараф набуду ором нишаста
наметавонист. Тарсу ҳарос гум шуда буд.
Дар дарун кам одаме ёфт мешуд бипурсад: кист
он аҳримане, ки иҷозати паррондан дод? Вале дар
берун ин саволи асосй буд.
Роҳбарон, ки ин дам онҳо ва аҳли оилаашонро
«муҳофизон» посбонй мекарданд, дар биное, ки аз
чор сӯяш танкҳову сарбозон меистоданд, маҷлис
мекарданд.
Дар Пленум нахустин шуда Мирхолиқов сухан
гирифт: Коммунистон, меҳнаткашони вилоят қарори
Пленуми дирӯзаи КМ Компартияи Тоҷикистонро дар
бораи монондани ҳайати ҳозираи бюрои Комитети
Марказй дастгирй мекунанд.
Дина Пленум шуд. Имрӯз сарвари ҳизбиёни Лени-
нообод аз номи на танҳо коммунистони як вилоят,
76
)
%
балки меҳнаткашонаш ҳам«дастгирй» мекунад. Ас-
тағфируллоҳ, наход сарвари коммунистони
абарқудрат дар чанд соат тамоми вилоятро хона ба
хона гашта, раъйпурсй гузаронида бошад?
Аз номи тамоми коргарони Ленинобод (бофанда
У.Абдуқаҳҳорова), аз номи тамоми меҳнаткашони
ноҳияи Қубодиен (раиси колхоз П. Бозоров), аз номи
тамоми меҳнаткашони шаҳри Чкаловск (котиби аввали
ҳизб С.Маркевич), аз номи занону модарон (иҷора-
кор Г.Ҷумъаназарова) ҳам роҳбаронро дастгирй
карданд.
Беш аз ҳафтод сол «аз номи меҳнаткашон» гуфта
хонаи мардумро сӯхтем, боз дар забонамон номи
«меҳнаткашон»...
Баӣтори хуҷандй С.Иброҳимов ба ваҷд омада,
Якумро «падари ҳама» эълон намуд.
Ҳаёҳуй, қарсакзанй, додгӯй, гапи ҳамдигарро бу-
ридан ба арши аъло расид.
Дараҷаи маданият ва заковати соҳибони мулкро
дида, беихтиёр ин фикр ба сэрам меомад: бо ин
саводу бо ин маърифат чунин ашхосеро дар бозор
даллол ё ба ҷӯгй харҳайгу мондан ҷурм нест?
Масъалаи Пленум «Дар бораи вазъияти сиёсии ре-
спублика», онҳо бошанд, танҳо бо тамаллуқ аз
ҷонибдор буданашон ба ҳокимон ҳарф мезаданд.
Эй нотиқон, эй хонашерони майдонғариб, агар
сухандонед, чаро бо мардум ran намезанед, агар
мардед, чаро маҷоли бо мардум рӯ ба рӯ шудан
надоред, аз майдон мегурезед?
Халқе, ки чанд рӯз боз ҷамъ омада, ҷон ба гарав
монда, додхоҳй мекард, дар ин Пленум ҳам ҳақорат
мешунид.
Чаро Қ.Маҳкамов халқро иштирокчиёни бетарти-
биҳо(«участники беспорядков»), Мирхолиқов -
гурӯҳи ифротиён («Группа экстремистов»), В.Нович-
ков ғоратгарон («бандиты»), М.Маҳмадалиев - дастаи
авбошон («кучка хулиганов»), Ҷамшед Каримов - па-
лидҳои гузарои ғаддор («проженные, матерье и
сволочи») меномиданд.
Танҳо се нафар - Ҳ.Насриддинов - вазири хоҷагии
об, С.Тағоев - узви комиссиям тафтишотии КМ ҲК ,
А.Очилов - ҷонишини мудири шуъбаи Шӯрои вази-
77
рони ҷумҳури истеъфо додани роҳбаронро дастгирй
карданд. Аз ҷумла, Очилов гуфт—Панҷ рӯз боз на-
мочило сурат мегиранд. Бисёрии онҳо, ки дар ин ҷо
ran мезананд, дар ягон намоиш набуданд. Ба инҳо
(аъзои кумитаи ха лк, А дар назар аст) ташаккур гуфтан
даркор, ки пеши роҳи издиҳомро дар назди Шурой
вазирон гирифтанд, ҷамъомадагонро ором карданд
ва гуфтанд, ки рафиқон миллатгарой накунед, ба
разилон рох, надиҳед, ки ба русҳо ва дигарон даст
бардоранд.
Чаро имрӯз кормандони ҳизбй бисёр хушру ran
задан доранд, куҷо буданд дина? Дар куҷо, дар
кадом кунҷанд, мебахшед маро?!!
Ҳақро мегуфт Очилов.
Аммо гуши ҳақшунав набуд... ҳақгӯй кам буд.
...Пленум корашро ба рузи дигар гузаронд.
БА ВАРТА МЕКАШАНД
16 ФЕВРАЛ. Саҳари рӯзи 16 феврал Пленум кори
худро давом дод. Якум боз худро сафед мекард.
Далел меовард, ки чаро истеъфо додааст. Аз инсоф
фаромӯш карда буд. Гоҳе дар бораи «виҷдон» ҳарф
мезад, гоҳе худро инсони мӯъҷиби бадбахтиҳои нав
набудан... Оре, ҳамин тавр. Вале мебинем баъдан
хел худро таъқибшуда ва ҷабридида аз дасти аъзоёни
«Кумитаи-17» гуфта, раҳму шафқати ҳозиронро бе-
дор карданй мешуд.
Ҳайронам, ки ӯ кай самимитар рафтор мекард?
Вақте ки дасту по «хурда» буд? Вакде ки «бечора-
ву бенаво» шуда буд? Дирӯз, имруз... Кай? Ё вақте ба
протоколи истеъфо имзо мегузошт?
Роҳбаре, ки боре ҷазо дидааст, ба ман гуфта буд:
«Худоё, пеш аз он ки мансабамро гирй, аввал ҷонам-
ро бигир». Ин суханони у он вақтҳо дар гушам садо
медоданд. Ва аниқ намуда будам, ки зумрае аз
роҳбарони мо ҷон медиҳанду вазифа не. Ҳама су-
ханҳои гуфтааш сафсаттаву мардумфиребй буду
бас...
Касе намегирист, баръакс, имрӯз 'ҳам варо сано
мехонданд, «якдилона»,«аз ном... ва бо супориши...»
дастгирй мекарданд, гарчанде ягона муҳаррире, ки
78
ба болонишинон хушомад
намезад—Теша Раҷабов
гуфт: «аллакай тамоми
дунё медонад, ки роҳба-
рони Тоҷикистон истеъфо
додаанд...»
Баъди ӯ муҳаррири ди-
гар баромад: Аскар
Ҳаким («Адабиёт ва санъ-
ат») ва хабар дод, ки зери
протокол дар бораи ис-
теъфо имзои ӯ нест. Ӯ
сафед аст...
Дар бораи кумитаи
халқЯ ҳам ба ҷуз А.Очи-
лов касе чизе нагуфт. Ин
кумита дар воқеъ барои
ба эътидол овардани
вазъият нақши асосиро
бозид. .
Имрӯз май ягона ода-
ме будем, ки истеъфои
роҳбаронро тарафдоря мекардам.
«Хоҳиш намекунам, Пленумро илтиҷо менамоям,
ки хоҳиши роҳбаронро дар бораи истеъфо дастгирй
кунад. Май ба хотири салтанат, мансаб не, ба хотири
оромии на танҳо халқи тоҷик, балки ба хотири намо-
яндагони ҳамаи миллатҳое, ки дар ҷумҳурЯ зиндагЯ
доранд, илтиҷо мекунам».
—Ҳайфи гапҳоят,— гуфтанд ду нафар зане баъд-
тар аз ҳозирони маҷлис. Ин гапи ту ба гуши санг азон
гуфтан аст...
Дирӯз агар донишомӯз Раҳимшо Ғарибшоевро
гапзанЯ намонда бошанд, имруз ба ҷои у Мирбобо
Мирраҳимов қарор дошт.
«Бас!», «Даркор не!», «Музокираҳо тамом!» фа-
рёд мекарданд аъзоёни ҳизбе, ки «ақл, шараф ва
виҷдони даврони мост».
Дар Пленум «бомбае» ниҳон буд. «Бомбае», ки
дар асл таркишаш ба бомбаи ҳақонй монанд аст.
Ҳаёев сухан пурсид. БЛуго аз дасташ дошт: «Мо
гапзанон карда будем-ку». Азбаски ҳар ду назди
баландгӯ буданд, ин суханҳо зуд шунида шуданд.
79
Сарвазир ба гапи Пуго гуш наандохта минбарро аз
худ кард:
«Баъзе рафиқон самимона сухан накарданд. Ра-
фиқоне, ки дар ин бора медонистанд, ҷасорат
накарданд, ки гӯянд. Аз ин рӯ, хостам худам ҳамааш-
ро гуям».
Ва у ба ҳозирон дар бораи гӯрӯҳе, ки лоиҳаи
Укази Шурой Опии ҷумҳуриро дар бораи ба ҷои вай
тайн кардани Б.Каримов омода сохтанй шудаанд,
нақл кард.
Толор ба ору хона табдил ёфт. Ғалоғула, гапзанй,
дастафшонй, пойкубй... Нигоҳҳои номафҳум сӯи ман.
КҲувайдуллоев, М.Икромов, Н.Табаров, У.Усмонов,
ки ба ин «гурӯҳ» гуё дохиланд, як-як хеста ҳисобот
до дан д. Танҳо М.Муҳаббатшоевро имкон над о дан д,
ки ҳарф занад. Ӯро ҳам аллакай душман меҳисоби-
данд. У сахт асабонй шуд.
—Номи ман ҳам ёдовар шуд. Ман ҳам баъди теле-
фон омадам...
Коммунистон уро гуш намекарданд. Роҳбари га-
зетаи коммунистон тамоман бадқаҳр шуд.
«Прекратите в конце концов хулиганство. Это пленум
или что?..»
Ҳамин тариқ, дар ин лаҳза иштирокчиён худрову
шоҳидонро фаромуш карда буданд. Мусобжди навбатй
барои сиёҳ кардани ман огоз гардид...
Вақти гапзании ман ҳар кас мехост ба қадри имко-
наш маро сахттар «газад».
—Агар ман гунаҳкор бошам, аз рӯи қонун ҷазоям-
ро мебинам. Хоҳиш мекунам, пеш аз вақт хулоса
накунед. Охир, ман ҳамон Каримовам, агар дар 3-4
руз 180 дараҷа тағир наёфта бошам...
Маро гуш намекарданд. Ба онҳо тӯъмаи хуберо
худо дода буд. Акнун ran ёфт шуд, гунаҳкор ёфт
шуд. Он тараф усул дар дасти нагорачй...Дар ин
сабқат инспектори КМ М.Пулодов бо як ту^мат
голиб омад. М.Пулодов гуфт, ки «вақте рӯйхати со-
змони мардумиро мехонданд, у (Б.Каримов)
гуфт—маро низ дохил кунед. Вақте туда фаҳмид, ки
ӯ Каримов аст, ҳама «ҳа» гуфтанд. Ман инро шуни-
| дам».
Оре, ӯ шуниду ҳазорон нафар не...
80
#
Кй ва чЯ Пулодовро маҷбур месохт, ки ӯ дурӯғ
гуяд? Оё дар оянда виҷдонаш ӯро азоб намедода
бошад? Чя илоҷ, беҳуда нагуфтаанд, ки «гур сузаду
дег чушад»...
Пулодов дуруг мегуфт ва медонист, ки май дар
лаби варта истодаам ва мехост зудтар тела би-
диҳанд.
Пулодов дурӯг мегуфт ва медонист, ки касе
имруз дар ҳаққи ман як сухани бад гуяд, фардо ба
болонишинон рӯгармтар мешавад. Ин чанд суханони
уро аз стенограммаи баромадаш дар Пленум гириф-
там. Лек дар сабти овоз суханони у давом доранд...
Вай суханашро ин тавр хотима медиҳад: «Гӯед
ҳақиқатро, агар Шумо фарзанди ин заминед» (если
Вы сын этой земли) ва қариб, ки гиря мекард. Бо ин
«фарзанди вафодори миллат» буданашро нишон ме-
дод. Ин ҳақиқат аст.
Ана ҳамин тавр гапи ҳазорҳо нашунидаву гапи як
нафар мегузашт. Мумкин «аз ҳад гузаштааст»—гуён
давоми суханашро чоп накардаанд ва ин хел ҳолатҳо
борҳо дар Пленум вомехӯрданд...
Дар асоси баёноти роҳбари клуби сиёсии «Ру ба
ру» мехостам ба Пулодов ва ба ӯ монандҳо ҷавоб
гуям.
Қисми охири ин баёнотро барои рушанЯ андохтан
ба баъзе масъалаҳо, ки он кас шоҳид буданд, пеш-
каш менамоям. Ин баёнот дар органҳои дахлдор
маҳфуз аст:
«Рӯзи 13-ум. Ман бо даъвати КМ ИЛКҶ Тоҷикистон
ба бинои КМ омадам. (Ба хонаам занг заданд аз
шӯъбаи идеологии КМ). Омадам ва рост ба назди
котиби 1-уми КМ ИЛКҶ Тоҷикистон Ёқубов дарома-
дам. Ӯ гуфт, ки ҳозир ба утоқи махсус даромада ба
ҳамаи аъзоёни «Рӯ ба рӯ» телефон карда, хабар деҳ,
ки бегоҳ вохурЯ соати 6-30 барпо. нагардад. Ман ин
корро пурра ба ҷо овардам.
Баъд ба назди мардум баромадем (ман баромад
карданамро лозим нашуморидам), аз назди тире-
заҳои бинои КМ ҲК Тоҷикистон мардумро мушоҳида
карда истодам. ҲамагЯ ду шиори калон дар рӯ ба
рӯи бинои КМ овезон карда шуда буданд ва дар
81
онҳо ягон сухан бар зидди давлат набуд. Дигар ягон
хел шиоре набуд. Шиори гӯё, ки республикам исломй
месозем, тамоман набуд. Ин дӯрӯғ аст. Мо ҳатто
дурбин талаб карда овардем ва мардумро бо дур-
бин низ мушоҳида кардем. Ба фикрам, шиорҳо чунин
буданд: «Маҳкамов ба истеъфо, Б.Каримов котиби
1-уми КМ Тоҷикистон шавад» ва «Тоҷикистон ба
тоҷикон тааллуқ дорад», ки он ба забони русй навиш-
та шуда буд:« Таджикистан для таджиков».
Баъд оид ба кумитаи -17: онро бо талаби ҷамъома-
дагон рӯзи 13-уми феврал ташкил намуданд. Ҳар
касеро, ки мардум мехост, номи ӯро менавиштанд.
Ҳатто баъзеҳо хостанд номи маро дар он ҷо дохил
кунанд, аммо ҷамъомадагон талаб карданд, ки «гум
кунед ӯро, дилаш ба арманҳо месӯхтааст» ва бино-
бар ин номи маро дар «Кумитаи-17» нанавиштанд.
Аскар Ҳаким номи худро худаш дохил кард, ба «Ко-
митет-17» боз як-ду шахсро (ношиносро барои
мардуми ҷамъомада) пешбарй карданд.Мардуми
дар он ҷо ҷамъомада ҳама якдилона талаб карданд,
ки роҳбари «Комитет-17» Каримов Б.Б. шавад. Ва дар
ҳақиқат яг она шахсе, ки мардумро ором карда таво-
нист, Каримов Бӯрй буд. Ӯ чандин бор байни мардум
баромад кард, мардумро ба оромй таклиф намуд ва
гуфт, ки ҳоло ҷавон аст ва ба вазифаи котиби аввали
КМ ҲК Тоҷикистон лоик, нест. «Комитет-17» рӯзҳои
13-14 феврал амал карду халос. Онро барҳам до-
данд...
Баёнотро худам бо дастаи худ навиштам, дуруст
аст.
Исоев Чумъахон Неъматович (имзо)»
08.08.1990.
...Духтараке мисли лухтаки ородода гоҳ аз пасу
гоҳ аз пешам. гоҳ дар паҳлӯям нишаста, намоишко-
рона маро қин мекард:
—Бурй Бачабекович, наход рост аст? Наход ҳамин
хел^бошад? Не- е! Чй кор кардед-а! Ҳай-ҳай!
Ӯ рафиқа Мусоева буд. Бале, ҳамоне, ки дар ҳар
маҷлис то ran нагӯяд, дилаш қарор намегирад.
. 82
Воҳима мекунанд: «Мо киро тарбия мекунем?»
(А.Қосимов). Хоҳиш кардан даркор, ки аз Маскав
комиссия бифиристанд... Мо бояд масъалаи партия-
вии Каримовро бо сабаби ба фронти халқй (?) ...
гузаштанаш бинем. Вай набояд, ки ягон соат дар
вазифааш монад!»
Вой ба ҳолам, гуфтам худ ба худ. Инро Қосимови
таҷрибадор мегӯяд... Қосимов бениҳоят бадқаҳрона
ва боғаразонарафтору г у фтор мекард ...
Кошлаков кушиш менам уд, ҳақиқатро гӯяд: «Агар
мо коммунистон, ки ташкилоти партиявии республи-
каро сарварй мекунем, қарорро яку якбора қабул
карданй шавем, он гоҳ дар асл ҳам моро ба истеъфо
фиристодан даркор ».
Боз аз толор садоҳо шунида мешуд: «Аз боиси он
ки ин рафиқон фалокатанд, ман пешниҳод мекунам,
ки аз кор гирифта шаванд».
Рифъат Ҳоҷиев, Низорамоҳ Зарифова, Ибодат
Раҳимова, Каҳҳор Ҳасанов - нафақахурони номй бе-
раҳмона (аз рӯи одати боқимондаи роҳбарй),
баҳудаю беҳуда бармехостанд, саволҳо медоданд.
Ҳамон шаб ман, Н/Габаров, М.Икромов, Н.Ҳувай-
дуллоев, М.Муҳаббатшоев, А.Ҳабибов, У.Усмоновро
рост аз пленум ба биноии асосии КМ бурда, ҳар
кадомамонро алоҳида-алоҳида ба кабинетҳо даро-
' варданд ва пурсиш гузарониданд.
Телефони мани «маҳбаси муваққатй»-ро бури-
данд. Ба яке аз кормандони КМ, шиноси академиам,
номзади илм хоҳишмандона гуфтам: ба хонаи ман
занг занед, то онҳо хавотир нашаванд, вале ҳайҳот!
Рафиқи ҳизбиям дар шахси ман аллакай «душман»-ро
медид.
...Ман кайҳо баёнотро навишта тамом карда бу-
дам.Интизорй ба дилам зада буд ва ҳар гоҳ дарро
кушода ба берун баромаданй мешудам, кормандо-
ни КМ, ки дар долон посбонй мекарданд, нашармида
фармон медоданд:
—Мумкин не, аз ҷоятон наҷунбед!
Ана ҳамин аст арзиши инсон дар дастгоҳи комму-
нист.
17 ФЕВРАЛ. Ман ба кор омадам.
Парешон будам., вале дар ниҳонхонаи қалбам
шамъе дурахш дошт, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад...
83
Боз мардум ба ман занг мезаданд, дилбардорй
мекарданд, ки мо ба ту бовар дорем, ҳамааш мегу-
зарад, худатро бой наден!
Телефонной ҳукуматй нам занг мезаданд. Вале
вақте ки ман гӯшакро мебардоштам, касе нарф на-
мегуфт.
Ин тафтиш буд: дар ҷояш ё аллакай бурда бо-
шанд?..
Баъди Пленуми XVII-и гайринавбатй тамоми занҳои
Госплан мактуберо ба унвони роҳбарони ҷумнурй
тайёр мекунанд. Ман аз ин кор хабар надоштам. Ба
наздам котиби ташкилоти ҳизбй даромад. Огон шу-
дам, ки котиб хоҳиши ин мактубро ба КМ равон
кардан надорад. Он кас аз рун ин масъала бо баъзе
аз ҷонишинони ман ва дар «боло» бо касе маслинат
намудааст.
—Ман гумон мекунам, аз расондани ин мактуб
худдорй кардан даркор, — мегуфт котиб. Ман, ки ба
касе чунин супориш надодам ва аз касе нам хониш
накардаам, ки мактубе ба дастгирии ман тайёр ку-
нанд, гуфтам:
—Зарурат ба мактуби Шумо нест, онно акнун неҷ
чизро ба назар намегиранд. Намебинед, ки дидаву
дониста тӯнмат мезананд. Агар лозим донанд, омада
коллективро ҷамъ карда мепурсанд. Мутаассифона,
онно чунт рафтор намекарданд, барои он ки алла-
кай медонистанд: дар ин ҷо чй гапно мешавад.
Ҷараёни мунокимаронй ва хулосано ба фоидаи онно
намешавад.
Баъди чанд руз гуруни занно хониш карданд, ки
онноро қабул намоям. Онно якдилона изнор кар-
данд, ки ман гуё худ муқобили мактуби онно
баромада бошам. Чаро чунин мегуфтанд. Дар паси
ин суханно чй сирре ниҳон аст? Маълум мешавад, ки
аллакай ба онно аз номи ман гуфтаанд, ки ман
муқобили рафтори онноям. Аз сабабе, ки Госплан ба
КМ ба воситаи баъзе коркунонаш бо риштанои ноаён
робита дорад, бо ин банона садди роҳи ин мактуб
шуданд. Онноро ором карданй шудам, вале яке аз
онно дар нузури намагон ба танбени сахти ронбарон
гузашт: «ёфтанд онно одами мулоиму мулонизакор
ва бекасу беозорро! Чй коре хонанд карда истода-
84
анд. Магар ин ҳама аз рӯи инсоф &ст, ё кй будани
Каримовро намедонанд?...»
Онҳо илова карданд: тайёр ҳастанд, дар куҷое, ки
бошад фикри худашонро бигуянд, вале чй хеле худи
онҳо медонистанд, ки ин ба касе лозим набуд. Ҳамин
тариқдо қабули қарор касе аз роҳбарон лозим над-
онист фикри' коллективро шунавад. Баръакс, дар
байни онҳо шахсоне ёфт шуданд, ки садди роҳи
мактуби ҳамкорони ман шуданд...
ШОХ, АГАР ОДИЛ НАБОШАД...
18 ФЕВРАЛ. Дами сафари рӯзи якшанбе модарам-
ро хабар гирифта ба ҷои кор омадам. Дар кӯчаву
дожили бинои ҳукумат низомиён чунон зиёд буданд,
ки Душанбе шаҳри муҳосирашударо мемонд. Ҷои
корни ман ҳам... Дар қабулгоҳ қариб бист нафар
низомиён меистоданд. Аҳволам бад буд. Ку о даме,
ки маро таскин диҳад, маро дар муҳити сарду сангин
танҳо нагузорад? Ку одаме, ки лоақал маро бишна-
вад...
Бародарон? Онҳо одат накардаанд, ки коргоҳам
биёянд...
Падар? Не, не, ӯ нест ва ин рӯзҳоро намебинаду
намесузад.
...Кӯчаю хиёбон ва майдонҳои маркази шаҳр пу-
ропур аз одамон буд. Онҳо намояндагони кумитаи
халқй ва ҳамаи онҳое буданд, ки баҳри рафъи хунре-
зии ноҳақ, дар байни халқу низомиён кӯшиш
мекарданд. Ҷавононро таваллою зорй мекарданд, ки
худро эҳтиёт кунанд, ором бошанд.
Овози баъзеҳо аз гапзании бисёр гирифта буд. Бо
вуҷуди ин бечораҳо бо як азоби алиме мардумро ба
таҳаммул мехонданд.
Вале одамоне, ки дар назди майдони Ленин ҷамъ
омада буданд, ба ҳеҷ куҷо рафтан намехостанд,
ҳарфи касеро намешуниданд. Низомиён дучанд
роҳҳоро симпеч мекарданд. Танку силоҳ мегузош-
танд. Аскарон ду-се саф меистоданд. Дар назди
Госплан дар кӯчаи Ленин ба гайр аз бо сими махсус
маҳкам намудани куча, ҳам аскарон ва ҳам назорат-
85
ЯГч.
i m
Я» ,;’**i«Safc:'V_
■^■:Щ-‘.:;-Ш&> 4-.-
~«m ЙЁ:
It Щ.ги..^^ .
1$ЙЛи»1к
•■'iSvaiii
ЯГ i-T3*
*f iK' .fc,
J *
Мамаарам маадм бином Ky мигам
даллатмм план каши (Г осп лам) 18.02.1990.
чиёни тартиботи ҷамъиятй ва кормандони бехатарии
давлатй меистоданд. Дар ру ба рӯи онҳо ҳазорон
одамон бо шиору лавҳаҳо. Лек оромона, ботамкин.
Интизори онанд, ки бо иҷозат ба майдон гузаранд.
Вале ба майдон гузаштан иҷозат набуд. Гулрухсору
Давлат ва дигар бедорфикрону адибон дар давуто-
занд. Дар ғами онанд, ки чЯ коре кунанд, то хуни
ноҳақ нарезад. Роҳбарон бо одамон ру ба рӯ истода
гуфтугу карда натавонистанд. Бисёре аз онҳо забони
модарии худро фаромуш намуда,... Аз ин ру, зуд-
зуд ба Қозии мусулмонон Ҳо^й Акбар Тӯраҷонзода
муроҷиат мекарданд. Ҳама рузҳои намоиш уро да-
рефт карда, хоҳиш менамуданд, ки бо мардум
гуфтугу намоянд.
Рузи 18 феврал Ҷ.Каримов - олим, роҳбари «яку-
ми> шаҳр ба ҷои назди халқ баромадан Қозикалонро
хоҳиш менамояд, ки одамонро сари созиш биёрад.
Охир, худро роҳбари халқ хонда, аз ӯ гурезон будан
чЯ маънЯ драд?...
ҲоҷЯ Акбар Тӯраҷонзодаро оварданд. Роҳбарон
уро фақат дар соатҳои вазнин ба ёд меоварданд.
Сураеро аз Қуръон мехонад ва бо мардум гуфтугу
мекунад.Ҳама дар ҷои худ нишаста ӯро гӯш меку-
нанд ва чунон бодиққат ва чунон бо меҳр, ки одамон
86
Г ирдиҳлмоно,
ни 6л длстгирии
ши тлшнил
ёфтлбуд.
Назди Кохи
шБорблд»
18.02.1990.
танҳо ба ҳарфи азизтарин ҳамин тавр гӯш ме-
диҳанд. Оромие, ки дар ин рӯзҳо хеле ва хеле кам ба
амал меомад. Оромиро танҳо садои танкҳо халал-
дор мекард.
Қозикалон ҳамаро розй мекунад, ки ба назди Кохи
Борбад бираванд.
Садҳо одамоне, ки касеро шунидан намехостанд,
бе гапу гузор розй мешаванд, фақат шахсе садо
мекунад: «Ҳоҷй Акбар Тӯраҷонзода фотиҳа диҳад».
Қариб 35-40 ҳазор одам дар назди Кохи Борбад
ҷамъ омада буданд. Имруз низ мардум истеъфо
металабиданд. Рӯҳияву ҳолати ҷамъомадагонро ши-
ору лавҳаю овезаҳо аён мекарданд.
«Халқи русу тоҷик бародаранд!», «Бозсозиро дас-
тгирй мекунем!», «Котиби якум —Б.Каримов», «Зинда
бод Горбачев», «Аз Каримов даст кашед!»...
Инчунин дар бисёр шиорҳо номи Маҳкамов, Пал-
лаев ва Ҳаёев навишта аз болояш хати батлон кашида
шуда буд. Шиори аз хама аҷоиб ин байт буд:
Абр агар аз қибла хвзад, сахт борон мвшааад,
Шоҳ агар одил набошад, му лк вайрон мвшааад.
Садоҳо: «Бӯрй куҷост?», «Мо ба Каримов боварй
дорем!», «Каримовро биёред, то бинем, ки у зинда
аст».
Халқ бо исрор талаб мекард, ки маро биёранд.
87
Д. Худонагаро»: «Мам ба пиридин ҳациқату
адолат боваря лорам». 18. 02.1990.
Телефони махсус,
ки танҳо ман ва
Маҳкамовро мепай-
вандад, занг зад.
—Бояд ба митинг
биёед. Ин овози Дав-
лат Худоназаров буд.
—Ман намеравам.
Охир, аз ин пеш рафта
ошамро хурдам-ку.
—Мардум шуморо
даъват доранд..—Мар-
дум шуморо даъват
доранд...
То худи Пуго ё
Маҳкамов нагӯянд...
—Мардум ба ми-
тинг талао кардаанд.
Равам ё наравам?-
пурсидам баъдан аз
М аҳкамов.
— Ихтиёратон; —
гуфт Якум.
—Ҳа, ё не?
—Ихтиёратон.
—Набошад, бигузор Пуго гуяд...
—Вай нест. Дурба...
«Ихтиёратон» гуфтани Якум «ҳа буд ё не» ба ҷуз
худаш дигар ҳеҷ кас фаҳмида наметавонист.
Касе аз роҳбарон ба мардум дуруг гуфтааст, ки
гӯё ман ҳамроҳи модари беморам дар деҳа бошам.
Вале халқ бо исрор талаб менамуд, ки ман ба
наздашон биёям.
—Буря, илтимос, биё, агар наоЯ, ягон нохушй меша-
вад. Агар туро ҳабс кунанд, қасам мехӯрам, ки дар
паҳлуят хоб мекунам.
Ин Кошлаков буд.
Шабдолов низ занг зада илтимос кард, ки биёям.
Хама ба «штаб», ба кабинети Ҳаёев, ки он ҷо Латифй,
Зацариний, Маҳкамбоев навбатдорй мекарданду ман
дар назди онҳо будам, занг мезаданд.
...Оқибат ба митинг равон шудам.
Хануз сели одамй ба сӯи Қарияи Боло ҷорй буд ва
ин сел дар назди Кохи Борбад ба ҳам омехта, қарор
мегирифт.
88
Маро дидан замом одамон ба ду тараф ҷудо
шуданд.
Дар мобайни издиҳом долоне пайдо шуд, ки аз он
ба суи минбар рафтам.
Суратгирҳоро одамон болои cap бардошта расми
маро мегирифтанд. Барон хотира...
Шоҳидон қисса мекунанд, ки зумрае низ сурати
маро мегирифтанду дастгоҳро зуд таги бағал ме-
карданд. Инро худам ҳам мушоҳида намуда будам.
Онҳо «шербачаҳо» буданд...
«Ӯро оардор-бардор карда то минбар баред!»,
«Чаро дер кардй!», «Мо бо туем!», «Зинда бод Кари-
мов!». Ин садоҳоро шунида, вазъиятро дида аламам
боло мегирифт. Каме ба эҳсосот дода мешавам:
Куҷоед М.Пулодов, Р.Олимов, Р.Мӯсоева, Ш.Султо-
нов ва ҳаммаслакону ҳамкосаҳои шумо, ки ин
манзараро бинед?...
Куҷоед эй НОТИК.ОНИ пленумҳо, ки даст ба сина
мезадеду аррос мекардед?
Куҷоед, эй ҳама онҳое, ки худро фарзанди халқ
мехонед, вале забони уро намедонед?
Оё маро пешпо додани шумо халосии нотавонон
аз тавоно нест? Ё хато мекунам?! Кошки...
Шумо ҳоло куҷоед? Паси аскарон, даруни
утоқҳои коря ё дар вертолётҳое, ки аз саҳар болои
сари намоишчиён парвоз мекардед?
Танҳо баъди ба руҳу арвоҳи шаҳидони роҳи озодй
дуо хондан ва баъди даъвати ман одамон парешон
шуданд...
Чанд нафаре, ки аз номи роҳбарон сухан карданд,
ба онҳо гуш намедоданд. Онҳо ҳоло ба мардуми
оддй сухан гуфтанро ёд нагирифта буданд.
Афсӯс, дар ин намоиши осоишта ягон нафар аз
роҳбарони дараҷаи аввал ширкат наварзид...
Рузҳои дигар капушпартой ва сангзаниро баҳона
оварда буданд.
Ин даъфа чй?...
ГУЗОРИШИ ВДУХТАСАР АЗ МИТИНГИ
18.02.1990.НАЗДИ КОХИ БОРБАД
Садоҳои мардум:«Бигузор Бурй Бачабекович биё-
янд» Г.Кошлаков: Бурй Бачабековичро мехоҳед!?
89
...Садои марде:
«Халқ талаб карда истодааст, ки рафиқ Каримов
Бури Бачабекович дар ҳамин намоиши имруза ишти-
рок кунанд!».
(Ура-аа-а-а-а-а, қарсакзанй).
Гулрухсор: Хешу табор» қавму ақрабо!
Таъзияи маро ҳамчун модар, ҳамчун хоҳар барои
шаҳидони худ қабул кунед. Шумо бо вуҷуди он ки аз
ҳама ҷиҳат бисёр гам дидаед, зиндагй мекунем, та-
лаботи зиндагии мо зиёд, аммо сатҳи зиндагии мо аз
сатҳи баҳр ҳам паст аст. Як чизро бояд ба Шумо
гуем, ки сатҳи зиндагии моро ҷуз худи мо касе
баланд карда наметавонад. Рафтани ду роҳбар аз ин
республика ба хунрезй намеарзад. Онҳо ба як қатра
ашки модарон намеарзанд. Хоҳарон, падарон ва ба-
родарон! Ман ба Шумо ҳаминро туям, ки минбаъд
дар вақти интихоботи Шурой Олии республика намо-
яндаҳои арзандаро интихоб кунед, ҳукумати худро
ташкил кунед, минбаъд ба умеди ҳеҷ кас нашавед!
Садоҳо: истеъфо, истеъфо, ис-теъ-фо! ис-теъ-
фоШ...
Ҷавонмарде баландгӯякро ба даст мегирад:
Бисёр нобаробариҳо хает! Мо ки чизеро наме-
фаҳмидем, ҳатто фаҳмидем, ки дар байни
роҳбарони мо ин қадар нобаробарй, ин қадар беадо-
латй оошад! Пас аз ин фарзандон, аз ин ҷавонон чй
мебарояд? Ин одамҳое, ки горат кардаанд, ки
одамҳое, ин вайрон кардаанд, ин одамон фарзандони
ин халқ набуданд.
Бӯриниссо Бердиева: - Вахтхушбачаҳои калон, сар-
дорон чаппак мезананд, мо гиря мекардем. Аз
Шумо илтимос, гӯш кунетон. Наход вазифаи котиби
ЦК, махал намегӯям, авлодй бошад! Наход дар муд-
дати 70 сол ... (садои мардум): «истеъфо! истеъфо!
истеъфо»..
Таъкид мекунам, ки Пленум пароканда карда ша-
вад! (Истеъфо!)... Одамоне, ки мо пешниход
мекунем, инхоро таъқиб мекунанд, ба воситаи КГБ ва
ба воситаи бюро тафтишотро cap карданд. Мо рох
наметием, ки тафтиш кунанд (садои мардум: Истеъ-
фо!...)
Ва илтимос мекунам, ки тамоми халк, бояд хамон
ҷаллоде, ки ҷавонони моя кушта, халқа ба ин ахвол
90
овардаанд, бароварда дар назди халқ парронда ша-
вад! (садом мардум: Истеъфо!!!...)
Бояд Каримовро ба ин ҷо биёранд (нидои ода-
мон:)Ура-а-а-ааа. Садом нафаре баланд мешавад:
Мо бояд ӯро муҳофизат кунем. (садоҳо: Ка-ри-
мов1... Бояд Каримов ба митинги мо биёянд!). Боз
садоҳо: Ка-ри-мов!... Маҳкамов, Ҳаёев ва Паллаев
низ бояд биёянд!
Садом зане: Ман 4 фарзанд дорум, ҳолиям хона
надорум, дар надорум. Аз ҳарҷо одам оварда ҷой
доданд, мо бехонаву дар!...
Суханронии мудири шуъбаи муносибатҳои милли
дар КМ ҲКИШ: В.К.Фвдин:
Товарищи! Друзья мои! Братья! Мы были с Вами в
трудную минуту. Я читаю у Вас прекрасный лозунг:
«Русские и таджики братья» (садоҳо: Ура-а-а). Я по-
нимаю вашу боль... Я приношу самые искренние
слова своего горького сожаления, в эту минуту...
Меня не покидает боль Ваших погибших, наших
товарищей. (Шум вертолета). Никогда не должна
пролиться не одна капля крови, ради того чтобы мы
жили вместе, и жили счастливо. Пусть будет наказан
тот, кто пролил эту кровь...
Садом марде: Бачаҳо! Бародарон, ин рафиқи Фе-
дин корманди масъули ЦК КПСС аз Маскав омадагя.
(Қарсакзанй...). Братья мои! Я вижу какой здесь муд-
рый народ в Таджикистане, какой прекрасный,
активный, энергичный молодой народ, значит и через
20, через 100 лет мы будем идти по такому пути, в
котором будут завидовать наши народы! (Ура-а-а).
Да здравствует наш Великий Союз Советских Со-
циалистических республик! (Ура-а-а-а)...
Садом марде: Мана ба ин ҷо ба Маҳкамов истеъ-
фо дода шудааст, ба рафиқ Федин месупорам.
(Садоҳо: ба руся, ба забони русй гуфта шавад, ба
русЯ хонда шавад!)
Дорогие! Я вчера был на заседании «Растохеза» на
встрече с замечательными ребятами, которые дума-
ют о том, чтобы молодежь была занята, чтобы была
жизнь полна так, как мы о ней мечтаем. .
Я слушал их подумал: Разве можем мы хоть на
минуту усомнится в правильности настроения людей,
91
Мл рдум клрорм Плену мм XVII КМ ҳмабм коммунист они Т ОНИ к и стонро
макнум менамоннд. IS. 02.1990, Кохи аВорблдв
которые бы хотели жить и которые не хотели бы
отстать от других народов.
Я полностью разделяю такое мнение и хону Вам
сказать: «Я против того, что здесь в городе Душанбе
были танки, чтобы здесь было чрезвычайное поло-
жение, и я верю в Вашу мудрость, что вы меня
поймёте, как человека. Я думаю, вы мне поверите,
если Вам скажу: Я за то чтобы не было танков!...
Г.Кошлаков: Ман ба забони точикй холо баромад
карда наметавонам! Ба ичозати Шумо ба забони русй
ran мезанам.
Йорогие мои друзья!
эатья мои!
От имени русского народа, от имени таджикского
народа! Я таджик! Я 32 года работаю в Таджикистане.
Я вас очень прошу соблюдать спокойствие! Говорите
все, что вы думаете! Выступите! (садоҳо): Каримовро
биёред!
А.Турсун: Ҳозир ҳукумат рафик Каримовро нус-
туну карда истодаанд, мебиёянд. Ҳукумат ҳам ҳозир
меоянд! Ҳамон 3 нафар ҳозир бояд биёянд. (Садоҳо;
Бигузор биёянд!)
Хабар шудагй, хабар аст, бояд ҳозир биёянд. Мана
ҳамин хел қарори митингро бароятон мехонам:
Он рӯаҳом наҳс маме аблором нм млцсшлро нун кӯшишм 6л длст оларданм
ҳокчммят цвламдод карл» будамд.
_______....... ................ ------------------------------
1. Қарордоди Пленуми XVII-уми ғайринавбатии КМ
ПК Тоҷикистон ғайриқаноатбахш ҳисоб карда шавад.
2. Иловаҳои худам: он касе, ки барон хунрезй дар
пойтахти мо аввалин фармон дод, бояд ҷазо бигирад.
(садоҳо: бигузор бигирадШ).
3. Аз ҳисоби одамони холиси Маскав, Прибалтика,
Грузия ва онҳое, ки ба ин хоҳиш ҳастанд, комиссияи
алоҳида ташкил карда шавад. (Садоҳо: Дуруст...)
Чунки онҳо таҷриба доранд, дар маҳалчигй ва
гуруҳбозиҳо, ки иштирок надоранд, гапи ҳақро
мегуянд (Садов: Дуруст!).
4. Бо қарори ҳамин митинг қувваҳои мусаллаҳ аз
Душанбе бароварда шавад.
Сухан ба котиби КМ Шабдолов дода мешавад.
«Дӯстони арҷманд! Мо албатта, ин ҷо ҷамъомада-
гон, ҳақиқатан ҳам як рӯзи... ҳақиқатан ҳам имруз
(сухани ӯро гӯш кардан намехо^анд), рӯзи фа-
ромӯшнашаванда аст дар таърихи чандинасраи
тоҷикон. Мо бори аввал ба ин ҷо ҷамъ наомадаем.
Лекин бори аввал мо ин тавр боадаб, аз рӯи ҳақиқат,
аз рӯи хислатҳои неке, ки тоҷикон доранд, ин ҷо ҷамъ
омадем. Ман ҳама вақт аз номи шумоён, аз номи он
касоне, ки ба даст шамшер не, ба р,аст қалам доранд,
ҳама дар фикру иҳотаи шумоён ҳастем. шоирон,
93
нависандагон, олимоне, ки ин ҷо ҷамъ омадаанд,
барои он ҷамъ омадаанд, ки шуморо гуш кунанд, мо
ҳамагон он чизе, ки шумо мегуед, медонем. Мо
ҳамагон ба он чизҳое, ки имрӯз гуфта истодаед,
чандин бор мегӯем ва такроран инро ба гуши тамоми
миллат мерасонем.. Лекин мо як чизро аз Шумо
илтимос дорем! Вақте ки мо ин ҷо ҷамъ омадем аз
рӯи суннатҳои бостонй, аз рӯи суннатҳои бостонй,
одоби қадимаи тоҷикиро пос дорем. Мана ҳозир
баъд аз як ҳафта интихобот мешавад, мана ҳозир
мардум арз доранд, ки ба сафи интихобшавандаҳо
бисёр одамоне, ки сазовор нестанд, пешниҳод шуда-
анд.
Мо талаб мекунем, ки мӯҳлати интихобот дер
гузошта шавад. То ки мардум имкон пайдо кунад,
фарзандони арзандаи худро пешниҳод кунад. Вақте
ки Шумо тагири ҳукумат мегуед, пеш аз ҳама тағири
ҳукуматҳои маҳаллй, Шурой Олй бояд бошад, агар
фақат мо як-ду нафара аз сари мансаб дур кунем,
масъалаҳои бузурги миллат ҳал намешавад. Ҳокими-
ят дар Шурои Олй, бинобар ин мо кӯшиш
карданамон даркор, ки пеш аз ҳама фарзандони
арзандаи халк, оа шуроҳои маҳаллй ва ҷумҳурй ин-
тихоб шаванд. Тамоми қувва ба ҳамин равон карда
шудаанд. Ана он вақт ҳокимият ҳақиқатан ба дасти
халқ мегузарад.
Не рафиқ Маҳкамов, не рафиқи Ҳаёев ва не ра-
фики Паллаев ҳеҷ (гӯш намекунанд) даъво надоранд
ва ё худашон 3-4 бор талаб карданд, ки ба истеъфо
бароянд. Пекин истеъфои онҳо бародарон ба таври
қонунй сурат гирад, на ба таври фишор. Истеъфои
онҳоро бояд давлат ва намояндагоне, ки шумо ху-
датон интихоб кардед, инҳо бояд истеъфои ваё
кунад.
Дар охир имруз дар Душанбе чандин ҳазор аска-
ри Армияи Советй дохил шудааст. Ман медонам, ки
Шумо ҳама талабгори он ҳастанд, ки аскарҳо аз ин
ҷо берун шаванд. Ман медонам ва тарафдори шумо
ҳастам. Пекин барои аскаро аз ин ҷо берун шавад,
барои фурӯди ҳарбй ин ҷо қатъ шавад, мо бояд
низому интизома дар ҷумҳурии худамон дар марка-
зи ҳудамон таъмин кунем!
94
Зинда бод дӯстии халқҳо!
Г.Кошлаков: Рафиқон!. Вчера, мы вместе с Бури
Бачабековичом работали до половины второго ночи
(голоса народа: Почему его сейчас нету??!) Честное
партийное слово, клянусь хлебом, клянусь матерью,
клянусь своими детьми, что никто не собирался и не
собирается на него налагать никакие аресты! Он ра-
ботает на том же месте, Председателем Госплана.
Як дакика!
Сегодня мы позвонили домой, его не было. У него
же мама живёт в Ленинском районе. Скорее всего он
там. Товарищи, когда мы туда шли, мы всем говори-
ли, что мы не врём. Я никогда никого не обманывал.
И против Каримова никакого уголовного дела по
линии прокуратуры нет, не велось и не ведется. На
Пленуме высказано, была критика — это дело самих
коммунистов, также как и в «Растохезе» и комитета.
Это, это их дело, но против него никакого уголовного
дела нет...
Ребятки, вот пришел! (Голоса народа...)
Б.Б.Квримов: Ҳамватанони азиз!
Ҳамдарди Шумо будам, имрӯз ҳам ба Шумо, ба
тамоми мардуми сарзамини тоҷик ҳамдардй баён
мекунам. Ман қурбони гадру хиёнат шудан наме-
95
ЛоҷЯ Аибшр
Тураҷомзодл — Қозмм
мусулмононм
Гоҷикмстон
6» сабру ТёҲЛММуЛ
дпя»т манёмояА-
14.02.90.
хоҳам, такяи ман Шумо - бедорфикрони ҷумҳурии
ҷоноҷон ҳастед. Магар дар синни 29-солагй вазифаи
вазирй ва дар синни 31 солагй вазифаи ҷонишини
Раиси Шӯрои Вазирон ва Раиси Госплани ҷумҳуриро
ман ба воситаи митингу хунрезй соҳиб шудам? (Hell! -
садоҳои мардум).
Не! Пас чаро имрӯз ба гардани мани бегуноҳ
занҷири хунин меандозанд! Пас чаро аз минбар
дуруғ мегӯянд! Барои чй баҳри хомуш кардани из-
диҳом маро рӯи ҳавлй мехонанд, раиси куАлитаи
муваққатии халқй интихоб мекунанд, розигй ме-
§иҳанд, ки ба аъзои кумита баҳри хотима додани
ародаркушй кор барам ва оқибат шахси нодаркор
карда, ба оташдон ҳаволаам медиҳанд?
Дар ҳама давру замонҳо ҳақиқат ғалаба кардааст,
чоҳкан зери чоҳ шудааст.
Магар дар назди халқи худ хиёнаткор нестем, ки
забони ӯро зинда ба зинда қариб гурондем, фарҳанг,
маданият, таърихи гузашта ва адабиёти ғании ӯро хор
намудем.
Магар хиёнат нест, ки мо роҳбарон беҳтару мар-
думи мо рӯз то руз зортар, бечоратар зиндагй
мекунанд?
Чаро мавзеҳои дамгирй, касалхонаҳо, мағозаҳо,
мағозаҳои махсус барои мову дили гурусна, пои
бараҳна, муриши зиёди кудак барои дигарон. Чаро?
Чаро? Чаро?!
Орзу дорам гунаҳкоронро - рӯи ҷазо, номардон-
ро азоби виҷдон. Аз хоби гарон хестанатон муборак,
ҳамдиёрони азиз!
96
Забони модариам, фарҳангам, дину оинам, таъри-
хам, туро сарсабзиҳо бодо! Дӯстию бародариро
байни ҳамаи халқу миллатҳо абадзинда бодо! Халқ,
ҳизб, бародариро - роҳи сафед! Роҳбарони кӯрдилро
- истеъфо! Агар шумо бедор шудаед, илтиҷо дорам
тавре кунед, ки ба пои касс хор нахалад. Барои ҳур-
мати халқи худ, бовар ба якдигар ва бовар ба ман
дошта бошед, илтиҷо бори дигар, илтиҷо дорам, бо-
тартибона пароканда шавед, гунаҳкорону
вайронкоронро дастгир карда ба органҳои дахлдор
супоред. Ҳисси интернационалии ман аз ҳиссии мил-
лиям баландтар аст. Ва ҳама амин бошед, ки ман
вазифаталаб нестам ва вазифаи аз ин баландтаре
намехоҳам! Чашми маҳалчиён кур бод!
Г.Кошлаков: Я встал на Пленуме сказал: Товарищи!
Нельзя сходу решать вопросы, нужна комиссия, нуж-
но тшательно разобраться во всем. А если мы так с
голосованием будем решать, мы невинных людей
тоже подсуд отдадим.
А этого делать нельзя! Поэтому из Москвы и
других городов приедут прокуроры разберутся,
только так.
Я отдаю Вам слово, что все это я передам им в
руки. Вот здесь всё написано. Теперь сегодня вече-
ром в 19-00 часов товарищ Пуго выступит по
, телевизору.
Қозикалон Ҳоҷй Акбар Тураҷонзода:
Бародарони аҳли ислом!
Рӯзи 18-ум рӯзест, ки мо рузи панҷшанбе таъин
намуда будем. Хабару дархостҳои Шуморо, ки рузи
панҷшанбе ба ман дода будед, бо ҳамроҳии дигар
имому хатибҳо ба намояндаи Маскав, ба намоян-
даҳои ҷумҳурии мо супоридам. Агарчанде аз /он
суҳбат ниҳоят қисми кутоҳаша телевизиони ҳукумати
Тоҷикистон нишон дод. Ман барои он мегуям, «Те-
левизиони ҳукуматй», чунки телевизион телевизиони'
мардуми Тоҷикистон нест.
Ва ҳатто Раиси телевизион ба 'ман гуфт, ки Қозй-
Домулло мо Шуморо ба мардум шӯҳратманд
намудем.
Ва Лоиқ Шералию дигарон аз туфайли телевизион
ба мардум машҳур шуданд.
97
Ва мо ҳам ҷавоб додем, ки дигар ҳаргиз аз теле-
визион истифода намебарем. Аммо ҳамон рӯз моро
маҷбур карданд, ки сухан-гуед. Пеш аз он ки ман ба
забони рус0 сухан туям, чанд сухан бо забони тоҷикй
гуфтам ва узри худа баён кардам, ки барои изҳори
фикр дар он ҷо тарҷумонҳо набуданд, ба ҳамон
роҳбари аз Маскав омадагй фикрамонро фаҳмон-
дем. Аз 2 соат суҳбат ҳамагй 1-2-3 дақиқа нишон
доданд.
Акнун бародарони аҳли ислом!
Ин ҷо бисёр бародарон бо хашму газаб фикр
мекунанд, ки чаро дар Пленум шахсоне, ки аз дили
мардум бехабар ҳастанд, аз дарди мардум бехабар,
ҳастанд, аз мусулмонони миллати худашон бехабар
ҳастанд, зидди ислом, зидди мусулмонҳо суханҳо
гуфтанд.
Ҳатто гуфтанд, ки ба ҷои 60 масҷиди сохташуда
чаро 30 театр насозем. (Садоҳо: Майрам Исоева
гуфта буд) Қол он ки ҳамин се театре, ки ҳаст бе
ҳамин ҳам аз сабаби бемазмун будани барномаҳои
театрй тамошобин надорад!
Бародарони аҳли ислом! Ҷавонони мо! Мардуми
шаҳри мо! Ҳамон вақт боз сарбаланд мешавед,
ҳамон вақт боз тоҷдор мешавед, ки ба маънои
ҳақиқиаш, агар бо забони худ, бо хати форсй-арабии
худ боз гардед. Ва баъд аз одобу таълиму тарбияи
масҷидҳо бурхурдо'р бошед. Онҳо, ки ба халқи бе-
яроқи худ тир кушоданд, аз тарбияи масҷид маҳрум
буданд, ки ин буд натиҷааш...
(Садоҳо: Дуруст аст!) .
Бинобар ин, бародарони аҳли ислом, он замоне, ки
аз телевизион муллоҳову мусулмонҳоро танқид на-"
муданд, таъна намуданд, мардуми мо, мардуми
тоҷдор, мардуми босабри мо аз газаб ба куча баро-
маданд, аз рӯи қашшоқй, аз рӯи беадолатй, аз рӯи
бехонагй!
Ана имрӯз, ҳатто мегуянд, ки дар Маскав бояд
қарорҳоро ба таври умумй қабул накунанд.
Он чй ки дар Прибалтикаву Маскав .мумкин аст, ба
мо мумкин нест. Яъне мардуми мо муносиби онҳо
нест мегуянд. Шумо шунидед, ин аст ҳақиқати он
касоне, ки имруз дар ҳақиқат аз бозсозй ақиб мон-
98
даанд! Ва имрӯз худашон акнун ҳис карда истодаанд,
ки дигар ҳамқадами замону ҳамқадами мардум нес-
танд.
Аммо, бародарони аҳли ислом! Азизон! Ман на-
мехостам ба сиёсат даст занам. Сиёсат ин ифлосист,
сиёсат дурӯягист! Ҳазрати Умар гуфтанд, ки сиёсат
ин ифлосист. Ин калимаи таърихй аст. Ба мо ҳокимия-
ти зоҳидй даркор нест, мо мефахрем, ки ба
маънавиёти Шумо таъсир дорем. Ҳокимията ба си-
ёсатдорон. Ман бисёр хурсанд ҳастам, ҳозирам...
Бояд ҳукумати Тоҷикистон хурсанд шавад, ки мар-
дум аз оайни ҷонишинони Раиси Шурой Вазирон
Каримовро ба роҳбарй пешбарй намудааст...
Бинобар ин талабҳо бисёр омада истодааст, ман
инҳоро хубаш ба роҳбарон мерасонам. Ҳамаи та-
лабҳо, суханҳе, ки гуфтам ҳамин аст.
Бинобар ин бародарони аҳли ислом, суханамона
гуфтем, албатта гумон доштанд, ки тамоми марду-
ми ҷумҳурият дастгирй намекунанд, аммо имрӯз
бинед, чй қадар мардум аст. Ҳамин худаш кифояи он
аст аст, ки намояндагони масъул боз як бори дигар
фикр кунанд. Ҳоло акнун намози аср шуда истода-
аст. Аз ҳама муҳим мо намехоҳем, ки боз барои
кори дунё шуда, аз ҳисоби кори охират маҳрум
шавем.
Боз ҳамин куча ҳаст, боз мо ҳастем, бо Шумо
ҳастем. Имруз акнун оромона, чуноне ки он руз
пароканда шудем, агар пароканда шавем, дар он
сурат ба ин бародарамон Бӯрй Бачабек ҳам ва моҳо
ҳам то чй андоза дар Шумо таъсир доштанамон ба
тамоми мардум маълум мешавад.
Бинобар ин ба диққататон раҳмат! Ҳоло барои
арвоҳи гузаштагон як ояти қуръон ме^онем, баъд
дуо мекунем (сураи Қуръон хонда ва савоби фотиҳа
карда мешавад)...»
Ҳамон вақте ки Шабдолов ва Кошлаков ба ман
занг заданд, Олимов ба котиби 1-уми шаҳр Каримов
занг зада мегӯяд: «Ягон чорае дидан лозим, ҳоло
ҳозир аз 50 ҳазор одам зиёд ҷамъ шудаанд, медо-
нед, агар онҳо ба тарафи КМ раванд чй мешавад?...
Аз шаҳодати онҳое, ки ин суханҳоро шуниданд, са-
раввал Каримов розй шудааст, ки барои
ҷамъомадагон хуроки умумй таҳия кунанд. Ин тад-
1
99
бирро ба хотири паст кардани шиддати вазъият амалй
карданй шуда, баъд аз фикрашон баргаштаанд.
Ҳамчунин Кошлаков оа КМ занг зада мефаҳмо-
над, ки коре карда пеши роҳи одамонро гирифтан
даркор, инчунин Бурй Каримовро ёфтан лозим. Халк,
уро мепурсад. Агар у наояд, эҳтимол аст, ки боз
нохушие cap занад.
Ду руз баъд аз митинги 18 феврали назди Кохи
Борбад ман пеш аз пленуми охирин дар назди
Маҳкамов будам.
—Ин чй кори кардаатон буд?
Ӯ маро таскин медод: ҳамааш нагз мешавад.
Ҳозир халқро якҷоя ором кардан даркор...
—Ман ҳар чй аз дастам омад кардам. Боз меку-
нам...
—Аз шумо як хоҳиш: ба тоҷикй ran назанед, шеър
нахонед. Ҳайрон мондам. Баъд гуфт:
—Мегуянд, ки Бӯриниссо Бердиева пеш аз митинги
охирин дар кабинетатон будааст?
-Ин дурӯги маҳз аст.
Аз савол бештар дар тааҷҷуб шудам, наход коти-
би якум дигар кор наёфта бошад? Кй ин хабарҳои
дуруғро ба калон мерасонда бошад? Тоқатам ток,
шуд, — Қаҳҳор Маҳкамович, шуморо баъзе ифлосон
иҳота кардаанд!, гуфтам.
...МАЙДОНГАРИБ
Саҳаргоҳон барвақт ба кор омадам. Баъди чанде
телефонограммаеро рӯи мизи ман ниҳоданд. Дар он
навишта шуда буд: «Дар бинои Институти Госплан
пресс-конференция баргузор мегардад. Аз Шумо
хоҳиш карда мешавад, ки маҷлисгоҳро барои гуза-
ронидани конференция омода созед». Ман чунин'
супоришро ба ҳамкоронам додам. Пеш аз вақти му-
айяншуда андак барвақтар аз ҳуҷраи кориам
фуромада ба бинои маҷлисгоҳ рафта, омадани
меҳмонҳоро интизор шудам. Маҳкамов ва чанде ди-
гарон дохили бино шуданд. Баъди салому алейк ба
зали маҷлисгоҳ даромадем. Дар зал
рузноманигорон ва дар минбар панҷ-шаш нафар, аз
он ҷумла, ман дар паҳлӯи онҳо менишастам. Савол-
100
диҳии эшон оғоз гардид. Ба Маҳкамов савол медо-
данду ӯ ҷавоб мегуфт. Баъд ба ман савол доданро
оғоз намуданд. Як ду нафар аз Хонаи радио кино-
яомез сухан карда, дар бораи он ки бо нусхаи
протокол ду корманди радио шодикунон ба бинои
радио рафтааст, ҳарф мезад (баъдтар онҳоро аз кор
ронданд) ва аз ман мепурсид, ки ба рафтору кирдо-
ри ӯ чй хел баҳо медиҳам?
Хуллас, ҳар хел саволҳо медоданд. Саволу
ҷавобҳо ба навор гирифта мешуд. Ман ба саволҳо
мушаххас ҷавоб мегуфтам. Ба баъзе шубҳаву но-
фаҳмиҳояшон рӯшанй меандохтам. Бо хоҳиши
баъзеҳо муфассалтар ба саволҳо посух медодам.
Ва ҳамон лаҳзаҳо пай мебурдам, ки ҷавобҳои ман ба
баъзеҳо маъқул нест. Сабаб он буд, ки то ҳанӯз
ҳақиқати ҳ,ол аз халк, пинҳон мешуд. Фурсати хубе
муяссар шуда буд, ки ба воситаи ахбори умум
ҳақиқатро ба мардум расонанд. Рӯзноманигорон зи-
ёд буданд, саволҳо низ. Ба ҷавобҳо бо диққат гуш
меандохтанд.
Ҳамин тариқ, брифинг тамом шуд. Мардум аз ҷой
бархоста буданд. Аз зал чанде давида назди ман
омаданд, ташриф оварданамро зери танқид гириф-
танд. Чаро шумо иштирок кардед? Кй Шуморо
даъват намуд? Балки таъқиб огоз шуд. Ин корро
Ашӯров - мудири шуъбаи идеологии КМ ҷумҳурй ва
намояндаи «марказ» аз КМ ҲКИШ.ки миллаташ гурҷй
буд, мекарданд. Ҳайрон будам, ки чаро онҳо ин тавр
рафтор мекунанд? Чаро иштироки ман ба онҳо
маъқул набудааст? Чаро қаблан нагуфтанд, ки ман
ба зал надароям! Гап дар сари он буд, ки ман бо
баромади муфассали худ, бо шарҳи баъзе муам-
моҳо даст зада, онҳоро ноҷур намуда будам. Бе
ягон муболиға бояд қайд кард, ки бо рафторашон ин
ду нафар ба ман «ҳамла» оварданд. Тафтиши
гайрирасмии худро огоз намуданд. Давутози
Ашӯровро дида ҳайрон будам. Аз куҷое сардори
пресс-клубро ёфта, ба назди ҳозирон, ки аз ҷумла
Маҳкамов он ҷо буд, оварданд. Уро имтиҳон кар-
данд. Чаро ба Раиси Госплан телефонограмма
додед? Бечора у ҷавоб мегуфт, ки ман ба сардори
101
шӯъба ё худ хоҷагидори Госплан занг зада илтимос
намудам, ки толорро тайёр кунанд.
Хайр, чй шудааст, он кас ҳамаро ба коғаз навишта
карда, ба роҳбарашон додаанд. Ана зал тайёру ҳама
хуб гузашт-ку. Вале ӯ аз асли воқеа воқиф набуд.
Намедонист, ки иштироки ман онҳоро ба изтироб
оварда буд. Ва изтироби онҳ,о саоаб дошт. Онҳо
мехостанд, ки аз матбуот дур бошаму мардум дар
бораи ман кам шунавад ва ҳақиқат зери парда мо-
над. Ростй ман аз Ашӯров чунин рафторро интизор
набудам...
Бо ин сабабҳо онҳо тавонистанд тавре рафтор
кунанд, ки ҳамагй як-ду дақиқа дар бораи ҷавобҳои
ман , ҷойҳои ба худашон маъқул аз телевизион
намоиш дода шаваду дигар воситаҳои ахбори умум
ба лаб мӯҳр зананд. Охир, он вақт ин корро иҷро
кардан душвор набуд. Чунки пресс-клубро дар наз-
ди ҳизб бо мақсади аз ғалбер гузаронидани хурд-
тарин хабарҳо ташкил карда буданд. Танҳо хабару
мақолаҳое ба дасти чоп мерасид, ки ба рӯҳияву
мақсади онҳо ҳамоҳанг бошанд.
Ба гумонашон, ки мардум асли воқеаҳоро пай
намебарад, вале баръакс, фардҳои бедорфикр инро
хуб ҳис мекарданд. Балки хулоса мебароварданд,
мутаассифона, илоҷе надоштанд. Аз оҳанги намо-
ишҳо ва гуфторҳои телевизиону радио, мақолаҳои
маҷаллаву рузномаҳо ин хел хулосаҳо бармеояд. Он
рӯзҳо дар асл ошкорбаёнй ба таври расмй «бугй»
шуда буд. Гоҳ-гоҳ баромаду барномаҳое пешкаш
мешуданд, вале мақсаду маром пардапӯшона ва
маҷозан гуфта мешуд, ки алоатта, на ҳама ба сирру
асрори «боло» ва ҳақиқати ҳол сарфаҳм мерафт. Ин
ҳама на фақат барои ман, балки барои халқи бечора
низ даҳшат буд. Сиёҳро сафед карда нишон медо-
данд. Бадбахтй боз дар он буд, ки баъзеҳо ин корро
чунон беруёна ба ҷо меоварданд, ки кас намедонист
худро ба кадом девор занад. Чанд рӯзномае кӯшиши
зиёд ба харҷ дода, ҳақиқатро руи об баровардан
мехостанд. Йн аз онҳо қуввату қудрат, матонат, но-
тарсй, баъзан қаҳрамониро талаб мекард.
Муаллифоне буданд, ки он рӯзҳо дар асл тараф-
дори халқ, миллат буданашонро исбот менамуданд.
102
Онҳо дар саҳифаҳои нави таърих ҷой хоҳанд гирифт.
Ман бо онҳое, ки воқеиятро бе риёкориву тамаллуқ,
тибқи арзишҳои умумиинсонй таҳлил намуда, ба
ҳақиқати ҳол рӯшанй меандохтанд, аҳсан хонда, аз
мавҷудияти чунин ашхоси бовиҷдон фахр мекардам.
кй ДУРӮЯ?
1 МАРТ. Пеш аз бюро байни ману Н.Табаров як
муколамаи нохуше сурат гирифт. Вақте Табаров ба
кабинети маномад, дар дилаш чй буду набуд, на-
медонам, вале ман ба ӯ бовар кардам. Бовар
кардам, ки ӯ мехоҳад, чй хеле худаш гуфт,
беғаразона ва аз дили соф ба ман ёрдам кунад.
Оҳиста-оҳиста баъди ин ҳодисаҳо гапҳояш, маълу-
мотҳояш ба ташкилотҳои дахлдор тагйир ёфтанд.
Ба ӯ ҳамон шабу рӯз гуфтам:
—Бародари азиз! Шумо назди ман омадед, Шумо
онҳоеро, ки ҳамсабақатон ё ҳамкорони собиқатон
будаанд, бовар карда ҷег задед ва онҳо ҳамакаса,
ҳам ман ва ҳам шуморо боб карданд. Хоҳиш меку-
нам, ки кори кардаатонро ба гардани худ гиреду
ҳақиқати ҳолро, чй хеле буд, гуед. Ҳамин ёрдами
шумо ба ман мешавад.
Ба ин аҳвол маро кй гирифтор кард? О, агар шумо
намешудед, ин балои ногаҳонй ба сари ман намео-
мад...
Табаров дар мусоҳибааш дар рӯзномаи «Комсо-
молец Таджикистана» маро наҳ задааст. Вале забони
ман намегардад, ки ӯро сиёҳ кунам. Ҳар кас худаш
аз рӯи мантиқ хулоса мебарорад ва мефаҳмад, кй
ҳақ аст, кй ноҳақ. Ана навиштаҷоте, ки худи ӯ рузи
Пленум ба ман додааст:
«Мӯҳтарам Бурй Бачабекович, бешарафии раиси
моро гаравгон карданист.
Сабаби ҷамъ омадан: Қарори даҳанакии тарафҳо
ҳангоми гуфтушунид оиди супурдани (додани) вако-
латҳои Раиси Совети Вазирон (баъди масъалаи Ҳаёев)
ва маъқул кардани масъала ба воситаи фармон. Ким-
кй таклиф кард, ки вазифаҳои вай бо роҳи қонунй
муваққатан ба зиммаи Кумитаи халқй гузошта ша-
вад.
103
Ин сабаби асосие буд, ки моро ба назди худат
таклиф кардед.
Сониян: Ман дарҳол таклиф кардам, ки намоянда-
гони КМ, Шурой Вазирон ва Президиуми Шурой Олй
даъват карда шаванд. Ҳамин хел не?
Аҳамият надорад, онҳо кистанд ва акнун чй хел
рафтор мекунанд. Муҳимаш он аст, ки эшон намоян-
дагони муассисаҳоеанд, ки Кумитаи муваққатй
онҳоро қадр мекард. Ин далели чист? Аз он далолат
мекунад, ки дар мо ягон хел мақсади мустақилона
ба ким-кадом қувваҳои номаълум умед баста ҳал
кардани ин масъала тамоман вуҷуд надошт.
Дар бораи то андозае масхараомезона сурат ги-
рифтани ҳамаи ин ҳоҷати ran ҳам нест. Мову Шумо
ва роҳбарияте, ки бароямон дарёфти роҳҳои пеш-
гирЯ кардани фалокат дар ҷумҳ,урЯ ва аз алангаи
сухтор эмин доштани он масъалаи асосЯ буд, аз
бӯҳрони амиқи рӯҳЯ бер’ун баромадем. Бояд паста-
рин шахсе буд, ки дар чунин вазъият дар бораи
роҳҳои ба сари ҳокимият омадан фикр мекард.
Май боварй дорам, ки ин мақсад дар фикри
Шумо ҳам набуд. Алҳол муҳимаш он аст, ки афкори
ҷамъиятиро ба самимиятамон бовар кунонем. Дар
бобати таклисЬҳои аъзоёни Кумитаи муваққатй
(М.Мирраҳимов) бошад, кори худашон.
Дар ёд доред, ман қатъиян муқобили ба рӯйхат
дохил кардани номи худ будам?
Худи лоиҳа низ набуд, ба фикрам, тайёр кардани
онро раф.Ҳувайдуллоев ва У.Т.Усмонов ваъда карда
буданд.
Вазъиятро, вазъиятро ба хотир биёред! Мо дар
ҳолати вазнин будем ва ногаҳон сабукя ҳис кардем.
Пас маълум шуд, ки пеш рафтан лозим меояд, то
ки ҳама, ҳама, худро сабук ҳис кунанд.
Агар рафту онҳо бовар накунанд, ба кадоме на-
бошад аз собиқ аъзои Кумитаи муваққатЯ додан
лозим аст, зеро ман намехоҳам, ки барои чунин як
кори ношуд Шумо ҷазо бинед.
Ман мехоҳам ба хирадмандии Шумо ҳам таассуф
ва ҳам боварй изҳор намоям. Н.Табаров».
Рафтору гуфтори инсон бояд мардона бошад. На
танҳо вақте ки қисматаш ҳал мешавад, балки вақти
ҳалли қисмати дигарон ҳам...
104
Бюрои КМ ҲК Тоҷикистон ба кори худ cap кард.
Бюро тезу тунд гузашт.
Шӯҳрат Султонов дар ҷӯшу хурӯш буд. Вай баро-
мади маро дар митинги 18-уми феврал дар тарҷумаи
дағали русй ба ҳозирон мехонду савол медод:
—Чаро шумо худатонро ба дигар роҳбарон
муқобил мегузоред?
—Магар то имрӯз ман худро ба роҳбарон
муқобил мегузоштам? Барой чй шумоён худро ба
ман дар пленум муқобил гузоштед?
— Чаро гуфтед, ки ба роҳбарони курдил истеъфо!
Киро дар назар доштед?
—Ҳамаи роҳбарони бюрократро - аз болоҳо то
поён.
Ин саволу ҷавоб на ба ҳама мефорид. Баъзеҳо аз
шунидани «истеъфо» қимоб туда оуданд. Якум авва-
лин туда таркид:
—Шумо одами дурӯя будаед...
Бале, бале, маҳз худи Якум ана ҳамин тавр хоса
ва бераҳмона ҳукм баровард. Аз дигарон чЯ умед?
ХӮСАБ030Р
3 МАРТ. Пленуми XVIII ғаӣринавбатии КМ ҳизби
Коммунисти Тоҷикистон ба кори худ cap кард.
Тақрибан ҳамон чеҳраҳои шиносу номҳои шинос
омодаи сухан гуфтану «диле»-ро дарёфтанианд...
Агарчи масъалаи асосЯ рафъи бӯҳрони сиёсиву
иқтисодЯ ва иҷтимоя бошад ҳам, риштаи сухан-
ро ҷабран ҷониби дигар мекашанд. Ҷараёни Пленум
нишон дод, ки барои роҳбарон ва иштирокдорони он
дар асл натиҷаи тафтишот масъалаи асосЯ мебошад.
Ҳамин тариқ, барои ман торафт аён мешуд, ки тайё-
рии ҳозирони Пленум мислаш дида нашудааст. Баъд
фаҳмидам, ки онҳо «махсус огоҳонида шудаанд»,
вале аз вазъи асосии масъала бархурдор нестанд.
Онҳо ба дурӯғу дасисаҳои бофта бовар карда, ба
ман муқобилият нишон медиҳанд. Дар ҳақиқат ҳам,
' чу ноне, ки баъдтар маълум мегардад, ин тахмину
гумонҳо рост баромаданд. Зарбазаниҳои онҳо хеле
устокорона ба нақша гирифта шуда буд. Гӯё роботҳо
ҳарф мезаданд.
105
Баъзеҳо ба эҳсосот дода шуда, дар мусобиқаи
«кй аз кй мегузарад» гоҳо андешаву тахмини якди-
гарро инкор карда, саволҳои ба ҳам мухолиф ва
кӯдакона ҳам медоданд.
Ба ҳар ҳол дар роҳи ба даст овардани мақсади
хеш мондашавй надоштанд. Аз якдигар «қуввату
ғизои маънавй» мегирифтанд. Бисёриҳо фақат ба
муқобил овоз додану бетараф будан қудрат дош-
танду халос! Худоё, саломат бошанду умри дароз
бинанд. Агар онҳо ҳам намебуданд, чй?
Шукри ҳақ, ки чанд нафаре чун гулҳои баҳорй
пайдо шуданд. Аз ин майдони сӯзони тобистон
сӯхтаву зимистони қаҳратун гузаштан кори осон на-
буд. Агар онҳо намебуданд, аз «карахтии давраи
карахтй» ҳам мегузашт.
Имрӯзҳо ба ёд овардани он соатҳо бароям кори
осон не^т. Ба ёд меораму дилам фишурда мешавад.
Гумон меравад зери фишори санги чандманаи тӯҳма-
ту риёкорй.
Дар қатори дуюм ё сеюм менишастам, гоҳе беих-
тиёр бо тараҳҳум ба иштирокчиён нигоҳ мекардам ва
медидам; симоҳои пурхавотир, сарду бераҳм... Аз
чашмони зумрае, ки аланга мепарид, ҳамчун душман
ба ман менигаристанд. Аммо ман нигоҳи хайрхоҳона
ва дилсӯзонаи онҳоро интизор будам. Ёд дорам,
ҳангоми танаффус ду зани маҳаллй аз иштирокдоро-
ни пленум, ки онҳоро нашинохтам ва аз сару
либосашон маълум буд, ки аз водии Қӯрғонтеппаанд,
аз пешам гузашта қариб бо як овоз гуфтанд «Ҳайф
шудй, ҷавонмард, бин чй хел бузат мекашанд?» Бо
сарҷунбонй фикрашонро тақвият додам. Онҳо гу-
зашта рафтанд. Дилам оташ гирифт...
Ҳалқа тадриҷан танг мешуд. Ҳис мекардам, ки
чизи ноаён гулӯгирам мекунад. Шояд он ресмони
ноодамй, беадолатй, кӯрнамакй буд? Кй медонад! Ба
ҳар ҳол азобам зӯр буд. Яккаву танҳо дар иҳотаи
интиқомгирандагон будам.
Аз рӯи барномаи махсус нақш бозидани онон аз
он дарак медод, ки эшон ба ман раҳме нахоҳанд
кард. Ба ҳар ҳол сабр мебояд, то бубинам, чй ran
мешавад? Чй хел натиҷа? Баъд хулоса мекунам... Вале
дар дил як умед доштам, ки не, набояд ҳама
106
муқобили ман бошанд. Одамони боинсофу пур-
таҷриба бисёранд. Онҳо бояд аз ҳақиқат ҳарф
зананд ва ҷараёни пленум дигар хоҳад шуд...
Вале боз шайтон мегуфт, ки не, Бӯрй, нав туро
ёфтанд. Акнун ба осонй аз дасти онҳо халосй наме-
ёбй! Акнун ҳама гуноҳро ба гардани ту мезананду
гунаҳкорони асосй мусичаи бегуноҳ мешаванд.
Як цадам роҳ аст, Бвдип, аз ту то домони март,
‘ . Дар сари мижгон чу ашк ист о дай, ҳушвр бош!
Пеш аз ҳама котиби Кумитаи Марказй Додобоев
сухан кард. Вай хабари бюроро дар бораи тафтиши
ҳизбй хонда, аз ҷумла гуфт:
«Бояд қайд кард, ки ин гурӯҳи одамон, ки худро
«Кумитаи халқии аз тарафи халқи дар митинг ҷамъ-
шуда интихобгардида» номида аст, бе асоси қонунй,
мақомоти конститусионй надошта, аз тарафи ҳеҷ кас
интихоб нашуда, балки бо роҳи аз байни издиҳоми
иштироккунандагони ҷудогонаи митинги ғайриқонунй
пешбаришуда таъсис ёфтааст, ба худ ваколатҳои
ҳокимиятро гирифта, аз номи ха лк, сухан ронда, 6а
назди ҳукуматдорони маҳаллй талабҳои қатъй аз
ҷумла талабҳои сиёсй гузошт».
Ана ҳамин тавр Додобоев сараввал арзи вуҷуд
намудани «Кумитаи-17»-ро зери шубҳа гирифта,
ғайриқонунй номид. Аллакай худи ӯ, ки иштирокчии
бевоситаи ҳодисаҳои феврал ва гуфтушунидҳо буд,
аз ҳамин кумита имдод металабид, ба «лой кардани
об» cap кард. Хизматгорони «асил» ҳатман бояд чизе
бигӯянд: А.Қосимов, А.Рашидов, С.Насриддинов,
Р.Олимов, А.Костыря, Р.Мусоева, В.Высочин... ба
«ҳуҷум»гузаштанд.
Дигарон бошанд ё дар хамёзакашй ё худашон дар
толору фикрашон дар бозор...
Чун дар Пленуми гузашта мисли Мункару Накир
маро бояд аз ғалбер гузаронанд. Ана он саволҳое,
ки хоса ба Додобоев доданд:
А. Қосимов: — сардори «Главтоҷикводстрой»: Дар
бораи Икромов чизе гуфта нашуд, роли вай дар
воқеаи мазкур чй гуна аст? Дуюм, ман донистан
мехостам, ки барои дар газетаи «Тоҷикистони Co-
107
ветй» чоп шудани протоколи истеъфои роҳбарияти
ҷумҳурй ва аъзоёни кумита имзо карда кй иҷозат
додааст?
А.Рашидов: — аъзои КМ, ҷонишини вазири маори-
фи халқ: Абдураҳмон Додобоевич, шояд ба масъала
дахл надошта бошад, вале ман донистан мехоҳам, ки
мусоҳибаи Б.Б.Каримовро, ки 14-уми феврал агар
хато накунам, соати 8-20 дақиқаи бегоҳй ба воситаи
радио шунавонида шуд, кй ташкил карда буд? Ва
ташаббускори ин барнома кй буд? Ва бо кадом
мақсад омода карда шудааст?
Ба ин саволҳо албатта ҷавоб ҳаст, поёнтар дарме-
ёбед, лек наход хабари протоколи истеъфо бо таври
конститусионй ин гуноҳ бошад? Ё худ наход Рашидов
намедонад, ки дар ҳамон шабу руз бе иҷозати
роҳбарон касе на бо ман ва на бо дигарон мусоҳиба
ташкил намекунанд?
Дар хотимаи баромадаш Додобоев гуфт: «Ба
замми ин, гуфтан лозим аст, ки ба Комитети Марказй,
Шурой Олй аз районной Комсомолобод, Ҳисор, Ле-
нин, Ғарм, аз шаҳри Душанбе бисёр мактубҳо
омаданд, аз Қалъаи Хум, Маскав, ҷамъияти
«Суғдиён» телеграммаҳо омада расиданд. Дар як
қатори онҳо Б.Б.Каримовро дастгирй намуда талаб
мекунанд, ки мо уро ҷазо надиҳем, қисми дигари
мактубу телеграммаҳо мазмуни хилофи аввалро до- '
ранд ва ниҳоят ҷиддианд (Таъкиди мо - Б.К.).
Роҳбарони ҷумҳурй, органҳои ҳизбй ва шӯравй
дар рафти тайёрй ба Пленум бо коллективной
меҳнатй, муҳофизатгарони ихтиёрй як қатор му-
лоқоту вохуриҳо гузаронида, дар ҳама ҷо чунин
саволро ба миён мегузоштанд: масъалаи роҷеъ оа ин
рафиқон чй тавр ҳал карда мешавад? Мо мегуфтем,
ки Пленум ба ин баҳои сазовор медиҳад (Таъкиди
мо — Б.К.).
Имрӯз Қаҳҳор Маҳкамович дар суханрониаш қайд
намуд: ҳар як аъзои бюро бояд муносибати худро ба
ин масъала баён кунанд. Воқеаҳои дар Душанбе ба-
амаломада барои ташкилоти ҳизбии мо озмоиши
ҷиддй гардиданд. Ман ҳам мисли рафиқони дигар
тарафдори онам, ки рафиқоне ба қазои қатьй каши-
да шаванд, ки ба воқеаи дар боло зикргардида
алоқаманданд» (Таъкиди мо-Б.К.).
108
Ҳамин тариқ, Додобоев аллакай фикри худро ме-
гузаронид, ҳол он ки ба Маҳкамов такя карда,
мегуфт: «ҳар як аъзои бюро бояд муносибати худ-
ро ба ин масъала баён кунад». Диққат бидиҳед ба
ибораҳои «ниҳоят ҷиддианд», «баҳои сазовор»,
«ҷазои қатъй» ва ғайра.
Ҳол он ки медонаду вале дониста ва ба мақсади
сиёҳ кардани ман чунин рафтор мекунад. Бояд
бигӯям, ки чандин баромадҳои ман то ҳодисаҳои
февраля дар телевизиону рӯзномаҳо маҳфузанд.
Онҳо махсус бо амри роҳбарон рӯи обро надидаанд.
Барон мисол: мусоҳибаи солинавии 1990, мақолаҳо
дар рӯзномаву маҷаллаи ҳизбй ...
Саволи навбатй аз С.Қ.Насриддинов — намояндаи
доимии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар назди
Шурой Вазирони ИҶШС дар Маскав: Шумо гуфтед,
ки аз Маскав аз ҷамъияти «Суғдиён» ба тарафдории
Б.Б.Каримов телеграмма гирифта шудааст. Оё дар он
фамилияи шахсоне ҳаст, ки телеграммаро фиристо-
даанд? Гап дар он аст, ки ман ду рӯз қабл аз Маскав
парвоз карда омадам ва бовар кунонда метавонам,
ки роҷеъ ба ин масъала ҷамъомад гузаронида нашу-
дааст. Ҳоло дар паноҳи ин ҷамъият ҳар касе хоҳад
кор кардан мегирад.
А.Д.Додобоев—Ному фамилия нест.
С.Қ.Насриддинов-Пас ин дурӯг аст (Таъкиди мо-
Б.К.). Боз як савол:
— Абдураҳмон Додобоевич, ба ҳар ҳбл имрӯз мо
доираи масъаларо танг гирифтем. Дар Пленуми XVI
ба сухан баромада ман гуфта будам, ки ҳоло мубо-
риза барои мансаб меравад. Шумо дар бораи бо
роҳи гайриконститусионй аз мансаб гирифтани Раиси
Шурой Вазирон ва ба мансаб таъин намудани Б.Б.Ка-
римов маълумот додед. Вале шумо, масъалаи
мазкурро бо қурбониёни задухӯрд ва сухтор,
одамкушиқо ва гайраҳо алоқаманд накардед. Ба
фикри ман бюро бояд ҳамаи инро дар якқоягй
дида барояд (Таъкиди мо—Б.К.).
Барои он ки маълум шавад, чаро Насриддинов «ин
дуруғ аст» мегӯяд, нусхаи он телеграммаро, ки ба
ман ҳам аз ҷамъияти москвагии «Суғдиён» расида
буд, пешкаш менамоям:
109
«Ба иштирокчиёни Пленуми 18 КМ Ҳизби Комму-
нистии Тоҷикистон.
Пленуми КМ ҲК Тоҷикистон дар доирае мегуза-
рад, ки дар Душанбе вазъи фавқуллодда амал
карда, шиддати вазъият паст нагаштааст, мардум аз
ҳодисаҳои фоҷиавии февраля ба худ наомадаанд.
Дар Пленум натиҷаи тафтиши ҳизбй нисбати рафик,
Каримов Б.Б. — Раиси Кумитаи давлатии планкашии
ҶШС Тоҷикистон баррасй мегардад.
Мо Каримовро хуб мешиносем. Соли гузашта
аъзоёни ҷамъияти «Сугдиён» ду бор бо ӯ вохурданд.
Дар ин мулоқотҳо мо уро ҳамчун роҳбари бойстеъ-
дод, тозаандеш, аз қолибҳои давраи карахтй дур
шинохтем. Ӯ аз сидқи дил дар ҷустуҷӯи рохдои наву
ғайримуқаррарии ҳалли он мушкилотест, ки дар на-
зди ҷумхурй истодаанд ва ба ақидаи мо сабаби
асосии ошуби мардум гаштаанд. Мо бовар карда
наметавонем, ки Каримов барин шахе барои бо роҳи
ғайриқонунй Раиси Шурой Вазирон шудан кӯшиш кар-
да бошад, ҳол он ки вэзифаи ҳозирааш ба вай имкон
медиҳад, ки ниятҳояшро аз хусуси комилан беҳтару
хубтар намудани планкашии инкишофи иҷтимоиву
иқтисодии ҷумҳурй пурра амалй гардонад.
Боиси тааҷҷуб аст, ки Каримговро барои он ки розй
шуд сарвари кумитаи мардумии намоишгарон тар-
дад, дар матбуот танқид карданд. Дар чунин вазъи
басо душвору хатарнок, ки 13 феврал ба амал омада
буд, у ягона қарори барои ҳамон маврид дуруст
қабул карда, бо иродаи матин ва ҳисси баланди
масъулият ба назди митингчиёни феълан идоранаша-
ванда баромад ва ваколати бурдани гуфтушуниди
байни онҳову роҳбарони ҷумҳурро, ки ду рӯзи аввал
моту маҳбут монда, вазъиятро идора карда намета-
вонистанд, ба уҳда гирифт.
Алҳол дар ҷумҳурй масъалаи мутобиқи қонун
будан ё набудани иштироки коммунистони ман-
сабҳои масъулро ишголкарда дар ҷунбишҳову
созмонҳои гуногуни гайрирасмй ба миён гузошта ме-
шавад. Аммо аввалан то ҷое, ки мо огоҳем, Каримов
узви ягон ҷзмъияти гайрирасмй набуд. Сониян,
воқеаҳои 12-13 феврал дар Душанбе баамаломада бо
ҷамъиятҳои демократии гайрирасмй ҳеҷ гуна умуми-
110
ят надорад. Мо итминони комил дорем, ки агар онҳо
аз ибтидо ба ин ҳодисаҳо алоқаманд мебуданд, дар
он сурат ҳодисоти мазкур чунин ранги фоҷиавй наме-
гирифт. Барой дар қайди баҳодиҳии сатҳй намондан
бояд ба хотир оварД, ки изтироби иҷтимой раванди
стихиявй, «туфоне дар уқёнуси мардум» аст, ки
танҳо дар шароити муайяни «иқлим»-и муҳит ба
вуҷуд омада, онро ягон қувваи муташаккил ангехта
наметавонад. Муҳити сиёсие, ки солҳои охир дар
ҷумҳурият ташаккул ёфт, ба рушди қувваҳои демок-
ратй мусоидат накард. Ин боне гардид, ки онҳо
насабзиданд ва дар канораи дурдасти ҳодисот мон-
данд, ҷӯшу хуруши норизой хислати стихиявй,
идоранашаванда қабул кард. Онҳо танҳо дар рафти
ҳодисот муттаҳид гаштанд. Далели ин чунин факт
аст, ки митинги ғайрирасмии 18 феврал барпогаштаро
зиёиёни пешқадам, депутатҳои халқи ИҶШС ва
қувваҳои демократй идора мекарданд ва дар он ягон
бетартибй ба амал наомад.
Мо аз тамоюли пайдошудаи дар ҳама ҳодисот
гунаҳкор кардани иттиҳодҳои демократии
ғайрирасмй дар ташвишем. Ба ақидаи мо агар алҳол
онҳоро зуран фурӯ нишонанд, оқибаташ нек наме-
гардад. Савияи инкишофу нуфузи созмонҳои
ҷамъиятии демократй аз савияи демократонй дар
саросари ҷумҳурият шаҳодат медиҳад. Алҳол
Тоҷикистон на танҳо аз руи нишондиҳандаҳои иҷти-
моиву иқтисодй, балки аз руи дараҷаи демократонии
ҷамъият низ дар яке аз ҷойҳои аз ҳама охир қарор
дорад. Бесабаб нест, ки дар Пленуми февралии КМ
ҲКИШ аз хусуси бисёрҳизбй дар мамлакатамон су-
хан рафт, зимнан на танҳо касрати ақоид, балки
касрати сиёсй низ мавриди гуфтугузор қарор гирифт.
Ҳамчунин дар матбуот хабаре дарҷ гардид, ки
рафиқ Каримов дар масъалаи кадрҳо ба баъзе
камбудиҳо роҳ дод. Мо чунин мешуморем, ки агар
ба фаъолияти ҳар гуна роҳбар, сарфи назар аз мар-
табааш, бо назари интиқод бингарем, пас дар кори
ҳар кадоми онҳо метавон ягон камбудй пайдо кард.
Ҳамон кас хатой надорад, ки кор намекунад. Мо
мефаҳмем, ки масъалаи кадрҳо дар ҷумҳурии мо
ниҳоят масъалаи душвор аст ва ҳамон вак,т дуруст
ҳал мегардад, ки равандҳои демократии апрели соли
111
1985 муайянкардаи ҳизб амал намоянд, вақте ки
ҷамъияти ҳуқуқбунёди инсондӯст сохта шавад. Вале
то он дам фурсати дурударозе лозим аст ва ҳеҷ кас
аз хатой дар амон нест.
Аз хусуси иштироки коммунистом дар ҷамъи-
ятҳову иттиҳодҳои гайрирасмй бошад, ба шумо
маълум бод, ки бисёрии аъзоёни ҷамъияти мо ком-
му нистанд'. Танҳо дар Шурой ҷамоъат 5 нафар узви
ҲКИШ мебошанд, яке аз онҳо намояндаи доимии
Тоҷикистон дар Маскав Насриддинов аст. Маҳз бо
иштироки худ дар ҳаёти ҷамъиятй, раванди демокра-
тонии ҷамъият коммунистом обруву эътибори
резондаи ҳизбро бардошта метавонанд.
Ҳодисаҳои февралй ба андозае ҷиддианд, ки ҳоло
на як бору ду бор ба онҳо баҳо додан лозим меояд.
Аз ин рӯ, боисрор хоҳиш дорем, ки телеграммаи мо
дар Пленум хонда шавад, то ақидаи мо ба самъи ҳар
як узви КМ бирасад. Мо дар қабули қарор ба
ниҳояти санҷидагй даъват менамоем. Аз ин оромй
дар Душанбе ва дар саросари ҷумҳурият вобастагии
зиёд дорад. Ҳар гуна қадами бемулоҳиза боиси
тезутундшавии вазъият ва боздории ташаккули
қувваҳои демократй дар Тоҷикистон гашта метаво-
над. Мо итминон дорем, ки хирад бар зимоми умур
соҳиб мегардад.
Агар номаи мо дар Пленум қироат нагардад, пас
ин ҳамчун вуҷуд надоштани ошкорбаёнй ва демок-
ратия дар КМ дониста мешавад.
Нома дар матбуот чоп мешавад.
Шурой чамъияти москвагии фарҳанги тоҷик
«Сугдиён».
Гумон мекунем, ин ҷо иловае лозим нест. Даъ-
вои дигари Насриддинов «боз ҷиддитар аст
масъалаи мазкурро бо қурбониёни задухӯрд ва
сӯхтор, одамкушҳо ва ғайраҳо алоқаманд накардед.
Ба фикри ман бюро бояд ҳамаи инро дар якҷоягй
дида барояд» На каму на зиёд, ана ҳамин тавр...
Наход, шумо аз кӯчаи инсоф нагузашта бошед!
Чаро дар оғози Пленум чунин рафтор карданро ба
худ раво дидед? Ё худ аз Марказ, аз Маскав ва аз
баландиҳои курсии мансаби шумо ҳама чиз намудо-
ру аён буд?
112
Дар гирдоби мавҳумот ғуттахӯрдагон саволҳое
медоданд, ки аз шунидани онҳо ҳазар мебояд:
Д.Қосимов — аъзои комитети ҳизбии шаҳри Ду-
шанбе: ман ду савол дорам. Оё рузи 14-ум ҳайати
нави ҳукумат баррасй карда шудааст? Саволи дуюм
ба прокурор. Оё кирдори Б.Б.Каримов ва Н.Табаров
аз рӯи қонун лоиқи ҷазо нест?
А.А.Костыря — номзад ба аъзогии кумитаи ҳизбии
шаҳри Душанбе котиби дуюми кумитаи ҳизбии
ноҳияи Октябрь: Абдура^мон Додобоевич, ҳозир
дар бораи кумитаи муваққатй ва фактҳое сухан
эафт, ки дар аризаи рафиқ Ҳаёев ифода ёфтаанд.
Зале дар Пленуми гузашта дар бораи ҳайати бюрои
муваққатии КМ низ сухан рафта буд. Оё комиссия ин
масъаларо баррасй накард?
Ю.Ф.Поносов — ҷонишини раиси комиҷроияи
шаҳри Душанбе: Ба Каримов ҳангоми ба мақоми
раиси Госплан тасдиқ кардани вай кй тавсия дода
буд? Бюро ба ин масъала чй тавр муносибат меку-
над?
А.Д.Додобоев: Рафиқон, ҳоло чунин супориш
ҳаст. Вале он вақти зиёде талаб мекунад, мо ба ин
кор ҳанӯз шуруъ накардаем. Мо, албатта, ба ин
масъала рӯшанй меандозем.
Чунон бо иштиёқ ҷавоб гуфт, ки гӯё ин ҷо ягон
сирри махфй бошад: Ман поёнтар ба ин савол ҳам
ҷавоб хоҳам гуфт.
Савол аз зал: Вазифаҳо дар байни аъзоёни бюрои
муваққатии КМ чй тавр тақсим шуда буданд?
Савол аз зал: Ба мақоми котиби якуми КМ киро
дар назар доштанд?
Аз саволҳои беҷову бемантиқ аллакай тоқати
Маҳкамов низ ток, шуд. Ӯ гуфт: «Рафиқон, биёед ин
қадар тагкобй накунем».
Чи хеле ки дар амал буд, маро баъди назди
минбар хондан гапамро ду маротиба буриданд. —
Дар он рӯзҳо аз ҳама душвортрин чиз бароям —
фишори иштирокдорони Пленум даме, ки ба забони
модариам ҳарф задан намонданд... Ба асабам зарба
за дан д.
Баъзеҳо девонавор овоз мебароварданд.
Пой мекӯфтанд, қарсак мезаданд.
113
Кош онҳо дар роҳи аз бӯҳрони сиёсй, иқтисодй ва
иҷтимой раҳо намудани Тоҷикистон ва баланд бар-
доштани сатҳи зиндагии мардуми мо, ки аз ҳама
бисёр медаваду месӯзаду кор мекунад, вале аз
файзу ҳосили заҳматаш бебаҳра аст, кори шоистаеро
ба сомон мерасониданд. Онҳо азобам медоданду
худ ба такрор мегуфтам:
Буря, задан гурбату ру сӯи вафоя,
Беаҳдии ёрон ба назар гнру аафо кунI
Шароит надоданд, ки баёнияи тайёркардаи худро
охир пешниҳоди иштирокчиёни Пленум намоям. Аз ин
рӯ, лозим медонам ин ҷо он баёнияро ҷой бидиҳам,
то хонанда аз фикру андешаи ман дар он вақт воқиф
шуда, худ хулоса барорад:
«Пеш аз ҳама мехостам қайд намоям, ки ман ягон
хел робита бо таимилотҳои ғайрирасмй, аз ҷумла
«Растохез», «Рӯ ба рӯ» ва аъзоёни онҳо надоштам.
Фақат бегоҳии рӯзи 13 феврали соли 1990 (Дар
стенограммаи Пленум 12.02.90 с. қайд шудааст, мум-
кин махсус бошад — муал. Б.К.) баъди таклифҳои
зиёд ба КМ ПК Тоҷикистон рафтам ва танҳо бо
иҷозати роҳбарон, аз ҷумла рафиқон Маҳкамов,
Ҳаёев ва Паллаев ба майдон баромадам. Ёд дорам,
ки баҳри паст кардани ғурури ҷавонон ва пешгирии
тамоми бедодгариҳо ду рубоиро қироат кардам, ки
мазмунашон чунин буд: гиреҳи муаммоҳоро бо дан-
дон нею бо даст кушодан лозим аст. Ҷамъомадагон
танҳо баъди интихоби Кумитаи муваққатии халқй ва
илтиҷои зиёде пароканда шуданд. Баъд аз интихоби
аъзои кумитаи муваққатй ман боз ба назди роҳба-
рон даромада, рӯйхати онҳоро як ба як хонда додам
ва Маҳкамов ба китобчаи кории худ навишта гириф-
танд. Он кас пурсиданд, ки аъзои комитет ҳамагй 17
касанд, ман ҷавоб додам, ки 16 кас. Қ арор додем, ки!
руйхатро аз нав хонда тафтиш кунем. Он кас якум
номи маро хонданд.
Ман гуфтам, ки ҳоло ман худро ба ин рӯйхат
нанавиштаам ва фикри шумо дар бораи кор кардану
накардани ман бо онҳо чй гуна аст? Маҳкамов гуф-
танд, ки албатта кор кардан даркор. Он ҷо рафиқ
114
Латифй ва дигарон низ буданд. Наход, ки ман ҳоло
ҳақиқатро нагуфта истодаам, наход онҳое, ки
шоҳиди ин воқеаҳо буданд, ин ҳамаро инкор кунанд.
Агар инкор накунанд, пас чаро пеши роҳи онҳоеро, ки
аз минбари Пленум ба ман тӯҳмат мезаданд, намеги-
ранд?
Пӯлодов — корманди Кумитаи Марказй маро пеши
назари меҳнаткашони ҷумҳурй айбдор намуд, ки гуё
худам номзадиамро ба узвият ва раиси кумитаи маз-
кур пешниҳод карда бошам. Ӯ фикрашро бо
наворҳои телевизонй асоснок карданй мешуд. Ман
ҳам дар навбати худ, аз роҳбарони ҷумҳурй хоҳиш
мекардам, ки ин наворҳо ба тамоми меҳнаткашон
нишон дода шаванд ва ҳақиқат руи об барояд, то ки
суханони игвогаронаи баъзе рафиқон баҳои сазовор
гиранд. Касе дар намоиш номи маро ба забон гириф-
тааст ва ё шиореро бо номам дар даст доштааст.
Наход, ки ин боиси шубҳанок гардидани шахсияти ман
гардад? Масалан, рузи 14 феврал намоишгарон дар
назди бинои ҳукумат пешниҳод намуданд, ки Кари-
мов котиби якум шаванд. Наход, ки чунин суханон
ба номи ман доге гузоранд. Набояд ин тавр шавад.
Зеро ақли солим бояд ҳукмрон бошад.
Дар ин рӯзҳо ягон суханронии ман дар намоиши
телевизион, радио, аз ҷумла дар вақти фаъолиятам
дар кумитаи муваққатии халқй, бе иҷозату маслиҳати
роҳбарон ба вуқӯъ напайвастааст. Рӯзи 18-уми фев-
рал ман дар кабинети кориам будам ва нияти дар
намоиш иштирок карданро надоштам, гарчанде ки
рафиқон хоҳиш мекарданд. Аз ҷумла депутати
халқии ИҶШС Худоназаров илтимос карданд, ки ман
дар намоиш иштирок кунам. Бо ҳамин хоҳиш ба ман
Шабдолов ва Кошлаков якчанд маротиба низ му-
роҷиат карда буданд. Кошлаков бародарвор
илтимос намуд, ки биёям ва ваъда дод, ки барон ин
кор масъулияту ҷавобгариро ба гардан мегирад ва
агар лозим шавад, дар курсии гунаҳкорй бо ман
ҳамроҳ менишинад. Магар фаромуш кардем, ки мо
ҳама дар кадом ҳолат будем ва бақри пешгирии
хунрезию бедодгариҳо ба ҳама кор омода будем.
Магар фақат бо ин мақсад ба хулосае наомадем,
ки ҳеҷ набошад 4-5 касро аз ҷумлаи намоишгарон аз
115
»
ҳабсхона озод карда, тавассути оинаи нилгун нишон
диҳем, то мардум ором шавад? Оё дар ин кор барои
ба хунрезй хотима додан, Усмонов, Навҷувонов, Ми-
хайлин, Латифй дасти ёрй дароз накардаанд? Оё онҳо
гунаҳкоранд? Ҳаргиз! Онҳо ва ман низ он вақт бо
амри виҷдон бо як мақсад саъю кӯшиш доштем, ки
ҳар чй бештар сари роҳи бетартибиҳоро бигирем.
Дар он вақт дар дасти мо ягон рӯйхати ҳабсшудагон,
шумораву шахситяи онҳо набуд ва сухан дар бораи
он мерафт, ки чанде аз онҳоро озод намуда, аз
тариқи оинаи нилгун нишон диҳем, то мардуми ҷамъ-
омада пароканда шавад.
Чаро мо акнун тамоми он даҳшату бесарусомони-
ро фаромӯш мекунем? Магар ин аз рӯи инсоф аст?
Ман боварии қатъй дорам, ки ҳақиқат тантана
хоҳ&д кард. Таваҷҷӯҳ фармоед, ки баъди таъсиси
Кумитаи муваққатии халқй на танҳо хунрезй, балки
ягон бетартибие рӯх надодааст. Зеро аъзоёни он ба
вазъияти душвор нигоҳ накарда, дар байни мардум
кор бурданд, онҳоро ором намуданд. Ба фикри ман,
ба имзо расидани шартномаи байни аъзоёни Кумита
ва роҳбарияти ҷумҳурй ба оромию саранҷомии мар-
дум мусоидат намуд. Дар вақти кори дурӯзаи
кумита тамоми маҷлисҳои он кушоду ошкоро, дар
рӯҳияи демократй гузаштанд. Дар маҷлисҳой он ра-
фиқон Шабдолов, Олимов, баъзе мудирони шуъбаҳо
ва секторҳои КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон
иштирок доштанд. Пуго низ бо аъзоёни кумита
вохӯрд.
Мо дар ин рӯзҳо барои бартараф кардани хун-
резй танҳо набудем. Бидуни кумитаи мо боз
Кумитаи «Ваҳдат» таъсис ёфт. Бо сабаби як будани
мақсаду маром онҳо бо кумитаи муваққатии халқй
муттаҳид шуда, амал карданд.
Ман боз такроран ҳаминро қайд карданиам, ки
қаблан бо ҳеҷ як созмонҳои ғайрирасмй алоқае на-
доштам. Барномаву оинномаи «Растохез» ва «Ру ба
рӯ»—ро нахондаам ва бо баъзе намояндагони онҳо
танҳо баъди таъсиси кумитаи муваққатии халқй дар
қатори аъзоёни он шинос шудам. Бо аъзоёни кумита
низ пеш аз 13-уми феврал шиносой надоштам ва
баъзеи онҳоро то ҳол намешиносам.
116
Дар он рӯзҳои мудҳиш чй тамоми роҳбарият ва
чй аъзоёни кумита дар изтироб буданд.
Намоишгарон ҳам ба роҳбарияту ҳам ба кумитаи
муваққатй фишор меоварданд.
Ба фикри ман, вақти он ҳам мерасад, ки саркарда-
гону гунаҳкорони оташфишонй ба ҷавобгарй кашида
мешаванд, зеро одамони тамоман бегуноҳ қурбон
шуданд. Едашон бахайр, рӯҳашон шод бод!
Акнун бубинед, баъди Пленум кори телефонҳои
кумитаи муваққатй ва телефонной хонаи ман (ҳуку-
матиаш) низ қатъ гардид. Бештар аз ин пас аз
Пленуми КМ ҲКТ ҳатто намонданд, ки дар бевақтии
шаб ба хонаам занг занам. То соати 3-и шаб маро
дар бинои КМ доштанд, вале ман аз ин кори номуво-
фиқи баъзеҳо руҳафтода нашудам. То ҳол
нафаҳмидаам, ки ин қонуншиканиҳо ба кй лозим бу-
данд?
Он суханоне, ки дар атрофи шахсияти ман ва
фармон гуфта шуданд, магар зарур буд, ки маҳз
дар Пленум гуфта шаванд? Магар мумкин набуд, ки
одамонро пешакй даъват кунанд, тамоми ҷузъиёти
корро санҷида бароянд ва муйро аз хамир чудо
созанд? Вале ин тавр накарданд. Шояд мақсад тамо-
ман дигар бошад? Шояд ба ин кор маҳз барон ба
иштибоҳ, андохтани иштирокчиёни Пленум даст зада
бошанд? Ё худ рафтори ман дар он рӯзҳо шояд
боиси озурдагии роҳбарият шуда бошад? Ба ҳар ҳол
аз руи инсоф нест, ки ба муносибатҳои шахсй тобиши
сиёсй медиҳанд, манфиатҳои як гурух,и хурди ман-
сабдоронро ба сифати манфиати халқу ҷамъият
қаламдод мекунанд!
Бо роҳбарони ҷумҳурй муносибати хуб доштам ва
дорам. Суханоне, ки ман он рузҳои мудҳиш ва дар
Пленум ба онно гуфтам, талаби намоишчиён буданд.
Ва ман низ вазъи иҷтимоию иқтисодй ва фарҳангии
ҷумҳуриамонро ба назар гирифта, талаби халқро
дастгирй кардам. Шояд ҳалли ин масъалаҳо танҳо ба
иваз кардани роҳбарон вобаста набошад, лекин вазъ-
ияти кунунй ҳаминро талаб мекард. Шахсан ман низ
чунин талабро пас аз хунрезй ва баҳри баъдан пеш-
гирии хунрезию бедодгарй пешниҳод карда будам.
Ба ин моддаи аввали протоколи имзошудаи таърихй
далолат медиҳад.
117
ғч 1 УЯНЦг Jjife
Косаҳон сабри мо пур гашта
бо хуни ҷигар,
Санг бисьвр аст андар мушти
мо, эй морсар.
Ғайри ту аз баъди ин моро
нишонв нест, нвст,
Сояатро мвтарошад халц аз
дввору дар.
Рафиқ Ҳаёев ва дигарон дар Пленум изҳор кар-
§анд, ки ман гуё кӯшиши тағйири ҳукуматро карда
ошам ва таҳияи ким-кадом матни фармонро низ 6а
гардани ман бор карданд. Ҳол он ки баъзе рафиқон
дар Пленум ин ақидаро комилан рад карданд.
Ҳақиқати ҳол низ ҳамин тавр аст. Ягон лоиҳаи фар-
мон тартиб дода нашудааст.
Қайд кардан зарур аст, ки халқ қувваест азим.
Роҳбарон бояд ҳамдарду ҳаммароми халқашон бо-
шанд. Ба ҳар як норозигию дархости он ҷавоби сах,еҳ
гардонанд. Вале таҷрибаи моҳҳои охир беэътиноии
роҳбарони ҷумҳуриро нисбати дарду ғами меҳнат-
кашон нишон дод. Ҳатто рӯзномаи «Ҷавонони
Тоҷикистон» дар бораи намоиши ҷавонон, ки қариб
118
cap то сари кӯчаи Ленинро фаро гирифта буд,
мақолае чоп кард, ки дар охири он дар оораи ба
назди намоишгарон набаромадани роҳбарон қайд
шудааст. Наход ки шунидани дарди дили мардум он
қадар кори душвор оошад? Шояд чунин падидаҳову
муносибатҳо косаи сабри мардумро лабрез кар-
данд?
Ман итминони комил дорам, ки пеши роҳи тамоми
бетартибиҳоро бо суханони нарм„ вохурию суҳбат,
мақолаву баромадҳо гирифтан мумкин буд. Вале
афсус, ки аз уҳдаи ин кор набаромаданд. Шахсан ман
тайёрам, ки барои ин ё он камбудиям сазовори сар-
заниши халқ бошам ва худи ин халк, қазоват намояд,
ки дар ин рӯзҳои мудҳиш ман чй гуноҳе содир кар-
дам. Барои ин зарур медонам халқро бо протоколе,
ки аз тарафи Кумитаи муваққатию роҳбарияти
ҷумҳурй ба имзо расида буд, шинос намоед. Баъди
ин боварии комил дорам, ки худи халқ ба асли воқеа
сарфаҳм меравад ва ҳак, ба ҳақдор мерасад. Вале то
ҳол гунаҳкорон дарёфт карда нашудаанд ва имрӯз
ҳам пурсиданиам, ки чаро сабабх,ои асосии ин
рӯйдодҳои нанговар аз тарафи органҳои дахлдор, ба
монанди КБД ва ВКД ҳаллу фасл нашудаанд? Як моҳ
қабл дар Шурой Олй комиссияи давлатии муборизаи
зидди ҷинояткорй кор мекард, ман аз кори
ғайриқаноатбахши органҳои ҳифзи тартибот бо дар-
ду алам ва сузу гудоз гуфта будам. Аз ҷумла
чунин мисол овардам, ки дар бинои муҳофизатша-
ванда (бинои ҳукумат) таппончаи коркуни милиция,
компютер ва аз сейф ҳақк,и узвияти коммунистони
Госпланро дуздидаанд, вале гунаҳкорон то ҳол ёфт
нашудаанд. Такрор мекунам, ин дар бинои Ҳукумат!
Агар мардуми оддй ба ин аҳвол гирифтор шавад-чй?
Магар халк, ба зидди сохти шуравй ва падидаҳои
бозсозй баромада буд? Албатта не!
Ҳоло чунин суханон низ аз минбарҳои баланд садо
медиҳанд, ки гӯё саркардаи ин бетартибиҳо диндо-
рони мутаассиб бошанд ва мақсади барпо кардани
давлати исломй доштанд. Ноӯҳдабарой, аз халк, та-
моман дур будан, бо мардум кор карда
натавонистан, ба фармонфармой, қувваи зӯрй ва
таҳдиду тарсонидан одат кардани роҳбарони ҳизбй
119
чунин буд сабабҳои асосии cap задачи он бетартибию
хунрезиҳо. Дар ин бора ман бо як масъулияти том
мегӯям. Аз саркардагони сохти тоталитарй, системаи
зуроварй чизи дигареро чашмдор шудан амри муҳол
буд.
Аҳли дин бозсозиро бо як рӯҳбаландии бузург
истиқбол кард, зеро солиёни зиёд дину диёнат ба
сифати душмани сохти мо қаламдод мешуд. Бозсозй
ба он болу пари тозае бахшид ва мо ҳақ надорем, ки
дину диндоронро дар кӯрнамакй айбдор кунем. Ин
рафиқон шояд аз мақсаду мароми аҳли дин тамоман
бехабаранд, ки ибрози чунин суханонро раво бинанд.
/Аз тарафи сарвари идораи Қозиёти Тоҷикистон
Ҳоҷй Акбар Тӯраҷонзода ба воситаи телевизион ба
чунин тӯҳматҳо ҷавоб гардонда шуд. Ӯ изҳор кард,
ки аҳли дин ягон мақсади хилофи сохти мавҷуда
надорад ва ҷонибдори бозсозию демократия мебо-
шад.
Дар ҳар як оила ҳам фарзанди хуб ҳасту ҳам бад.
Дар байни ҳар як халқ низ. Аз ин рӯ, дар бедодга-
риҳо тамоми халқро айбдор кардан аз рӯи инсоф
нест. Зеро авбошу ҷинояткор дар шаҳри mq ва уму-
ман дар ҷумҳурй кам нестанд. Маҳз ҳамин гурӯҳи
одамон аз вазъият истифода бурда, ба бедодгариҳо
роҳ доданд ва номи миллати тоҷикро бадном кар-
данд. Шаъну шарафи баъзе рафиқони тоҷику
ғайритоҷикро паст намудаанд, ки аз ин афсӯс
мехӯрем. Чунин авбошию ҷинояткориро ҳеҷ кас на-
мебахшад. Халқи тоҷик меҳмоннавозу инсондӯст
аст. Таърихи тӯлониаш аз ин шаҳодат медиҳад».
Пленум... Ҳангоми суханронии ман дар зал
хомушй ҳукмфармо буд. Ҳамагон бо диққат гуш
мекарданд. Гумон мекардам, ки бисёриҳо хомӯшона
бо ман ва ақидаҳоям розй буданд. Фақат курсию
вазифа онҳоро водор месохт, ки хомуш бошанд, аз
гуфтани ҳақиқати талх худдорй намоянд, аммо
виҷдон онҳоро азоб медод. Гоҳ-гоҳ оҳи дарднок
мекашиданд. Ман инро баръало мешунидам, дар
чеҳраи гуруҳе баръало ҳис мекардам.
Ҳангоми савол додан иштирокчиён аз чорчӯбаи
боби саволу ҷавоб, доираи мавзӯъ ва ахлоқи ҳами-
даи инсонй берун мебаромаданд, дар чунин ҳолатҳо
120
аз байни онҳое, ки дар Президиум буданд, фақат
Кошлаков Г.В. нисбати нодуруст сухан кардани онҳо
эътироз баён мекарду халос. Баъзеҳо
ғаӣричашмдошт аз шуду буд ё он чизе, ки роҳбарон
интизораш буданд, зиёдтар фаъол буданд. Роҳбарон
баъзан аз бехирадй ва бераҳмона сухан кардани
онҳо лаби ҳайрат мегазиданд ва ҳамоно хомуш бу-
данд. Ба ҳар ҳол рафти кор ба фоидаи онҳо буд.
Бинобар он босаброна ва ботамкин гӯш карда,
маҷрои суханро ба фоидаи худ ва муқобили ман
равона месохтанд.
Мутаассифона, дар байни иштирокчиёни Пленум
ҷавонон қариб, ки набуданд. Одамони мустақил ва
ҳақгуй кам буданд. Ҳама хомуширо афзалтар медо-
нистанд. Интизорй мекашиданд. Мегуфтанд, канй
бубинем, охири кор ба чй оварда мерасонад. Аз
минбар ба онҳо менигаристаму вуҷудамро ваҳми
ноаён фаро мегирифт. Гоҳҳо аҳли зал гуррй карда аз
ҷой бармехест ва хашмолудона эътироз мекард. Ин
қабил одамон қариб 75 фоизи ҳозиронро ташкил
медод. Баръало маълум буд, ки аз онҳо адлу
инсофро чашмдор шудан номумкин аст. Ҳеҷ касро.
Зеро ҳамаи он соҳиби ҷою ҷалол, соҳиби хешу
ақрабои мансабдор буданд. Онҳо пеш аз ҳама ба
хотири осудагии худ чунин рафтор мекарданд.
Масъалаи рехтани хуни ноҳақ, сабабҳои ошӯби
мардум диққати онҳоро ҷалб намекард. Масъалаи
асосй ба сари ман бор кардани гуноҳҳои нокарда
буд.
Бо саволҳои худ ба ҳуҷум мегузаранд. Аввалин
шуда Ситников бармехезад:
— Додобоев ба Пленум дар бораи ин кор аз номи
бюро ахбор дод. Оё шумо ба хулосаҳое, ки котиби
КМ баён кард, розй ҳастед?
Б.Б.Каримов: Не.
А.И.Ситников: Пас маълум мешавад, ки нодуруст
тафтиш кардаанд?
Б.Б.Каримов: Ман на ба ҳамаи хулосаҳо розиам.
Ман гуфта метавонам, ки бо чй розй нестам.
А.И.Ситников: Марҳамат.
Б.Б.Каримов: Дар он ҷо гуфта шудааст, ки гуё
ман худамро барои ба ҳайати кумита дохил намудан
121
пешбарй карда бошам. Вале худи ҳозир Маҳкамов
гуфт, ки ба ин масъала хотима гузошта мешавад...
(Дар зал садоҳои эътироз).
А.И.Ситников: Ин масъала аз байн бардошта наме-
шавад. Супориши расмии бюрои Комитети Марказй
дар бораи тафтиши он мавҷуд аст.
Бубинем, ки дар ин бора дар гузориши комиссияи
Президиуми Шурой Олии ҶШС Тоҷикистон оид ба
тафтиши воқеаҳои 12-14 феврали 1990 дар Душанбе
чй навишта шудааст: «Дар натиҷаи тафтиш ва таҳлил
муқаррар гардид, ки 13 феврал дар митинги
ғайрирасмии майдони назди бинои КМ ҲК Тоҷикистон
бо талаби митингчиён бо иҷозати рафиқ Маҳкамов
Қ.М. муовини Раиси Шурои Вазирони ҶШС Тоҷики-
стон, раиси Госплани ҷумҳурй Каримов Б.Б. дар назди
митингчиён сухан ронд».
Вале мутаассифона ҳақро Ситников шунидан на-
мехост. (Адолат, нашри махсус, ноябри соли 1990).
Дуюм. Чунонки рафти воқеаҳо нишон дод ва ин
дар справка навишта шудааст, Б.Б.Каримов ин прото-
коли гайриқонуниро ҳамчун истеъфои амалии
роҳбарияти ҷумҳурй қабул кардааст. Ман ин прото-
колро ин тавр қабул накардаам. Зеро ман шоҳиди он
будам, ки роҳбарон ду ибораи нав: «дар асоси
қонуният», «дар асоси конститусия»—ро илова наму-
данд.
Дар бораи имконияти муттаҳид намудани ду вази-
фа — вазифаи раиси Шурои Вазирон ва Раиси Шурои
Олй — чунин ran вуҷуд надошт. Дар ин ҷо чизи дигар,
Ҳувайдуллоев мегуяд, ки вазифаи раиси кумитаи
муваққатй, дар ин ҳуҷҷат бошад, аллакай дар бораи
вазифаи Шӯрои Олй навишта шудааст. Ман бо ин
ҳам розй шуда наметавонам.
А.И.Ситников: Бубахшед, ки ман суханатонро ме-
бурам. Ман мебинам, ки шумо бо ягон чиз розй
нестед ва ҳамаи далелҳоро инкор мекунед...
— Бале, розй нестам, чунки гунаҳ надорам... Ва
инак шароит дорам ба шумо ва шумо баринҳо бо
воситаи ҳуҷҷат ran занам. Марҳамат, пешкашатон
бод мактуби Прокуратура:
122
/
ПРОКУРАТУРАИ РСС ТОҶИКИСТОН
ПРОКУРАТУРА ТАДЖИКСКОЙ ССР
734622, ш.Душанбе, «.«Правда» 4
734622, г.Душанбе, пр.«Правды» 4
26.02.1991 ҷ 18/100 уд-90
ш.Душанбе, кучам А.Навой, х.17/5 ҳ.42
ба гр. Каримов Буря Бачабекович.
«Ба Шумо хабар медиҳам, км дар рафти тафтиши
кори ҷиноятии оиди бетартибиҳои оммавй ва
воқеаҳои марбути онҳо дар амалу кирдори Шумо
унсурҳои таркибии ягон хел ҷиноят муқаррар карда
нашудаанд.
Бо ин сабаб қисми материалҳои кори ҷиноятии
мазкурро дар асоси моддаи 5 п.2 Кодекси Муро-
фиаи Ҷиноии ҶШС Тоҷикистон аз набудани унсурҳои
таркибии ҷиноят дар амалу кирдори Шумо қатъ кар-
дам.»
Ҷонишини сардори управлениям тафтишотии Про-
куратурам ҶШС Тоҷикистон мушовири калони
адлия:—
/Ҷураев С.Р./
Ш.М.Мустафоқулов — ҷонишини мудири шӯъбаи
аграрии КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон: Ман се
савол дорам. Буря Бачабекович, чаро аз байни ҳамаи
ҷонишинони Раиси Шурой Вазирон дар байни ишти-
роккунандагони намоиш маҳз шумо шуҳратмандед?
Чаро шуморо аз аввалинҳо донистанд? Саволи ду-
юм. Шумо ҳам вақти аз тариқи телевизион нутқ
карданатон ва холо низ айёрЯ мекунед. Магар шумо
нагуфтед, ки агар халк, маро дастгиря кунад, роҳбар
мешавам.
Б.Б.Каримов: Ҷавоби саволи аввалро ба фикрам,
аз ман нею аз издиҳом гӯям ё халк, гӯям , бояд
пурсид, ки чаро маро пешбарЯ кардааст. Аз онҳо
пурсидан лозим.
Ба ростЯ, аз ин саволҳр ман дар азобам. Чунин
одамон одат кардаанд, ки ба онҳо халк, неву роҳба-
рон баҳо диҳанд....
А.Рашидов — ҷонишини вазири маорифи халк,:
123
— Мусоҳибаи Б.Каримов, ки онро 14 феврал, агар
хато накунам, соати 20-и бегоҳ шунавониданд, аз
ҷониби кй ташкил шудааст?
С.Ғаниев — директори заводи нуриҳои минералии
Вахш:
— Дар Пленуми гузашта Шумо иброз доштед, ман
на танҳо илтимос, балки илтиҷо мекунам, ки шумоён
— Маҳкамов, Ҳаёев, Паллаев истеъфо бидиҳед. Ин
суханони шумо, рад намекунед?
М.Ҳусейнов — аъзои КМ:
— Ман ба Б.Б.Каримов савол дорам. Ба ман маъ-
лум аст, ки вай дар кабинети худ гузориш (интервью)
дод. Мухбирон бо нишондоди кй ба кабинети вай
ҳозир шуданд ва у ба онҳо гузориш дод. Чаро
махсус ба назди вай?
Ин ҳамаро дида, баъзеҳо ба танг меомаданд,
шарм мекарданд. — Имрӯз бубахшед, саволҳое ме-
диҳед, ки барои боғчаи бачагон аст, — гуфт дар
баромадаш Г.МДурбонова — сардори идораи банки
тоҷикистонии «Промстройбанк»-и СССР.
Рафиқа Мусоева — котиби якуми комитети ҳизби
коммунисти ноҳияи Марказй боз мехезад, боз
хомӯш буда наметавонад ва ба ман ҳукм мекунад:
«Шумо дӯрӯғ мегӯед!»
Одил Бердиев — котиби якуми Ғарм сирри даси-
саҳои дарбориро рӯйпӯш мекунад. — Ин ҷо гусЬтанд,
ки аз Ғарм 1200 кас (ба тарафдории Б.Каримов) мак-
туб навиштааст. Ман дина тафтишот гузаронидам,
дар совхози ба номи Горький ва ПМК-16 одамон
баёнот навиштанд, ки касе ба КМ муроҷиат накарда-
аст.
Дилам таҳ кашид. Он чизе, ки дар бораи солҳои
сиюҳафтум медонистам, ба ёдам расид:
— Шояд инҳо маро аз ҳамин ҷо баранд...
Давлат Худоназаров, ки дар паҳлуям буд, ҳар
замон оромам мекард, ҳабби таскинбахшам медод.
Ба саволҳои Д.Ашуров диққат бидиҳед. Ҳеҷ гу-
мон надоштам, ки ин кас низ нисбати ман чунин
бераҳмона, ноҷавонмардона рафтор мекунад.
Д.А.Ашуров — мудири шӯъбаи идеологии КМ: Ме-
хоҳам ҷавоби саволи Мустафоқуловро бишнавам. Бо
' 4
124
шумо рафиқон пеш аз муҳокима кардани имзои указ
ё худ баъди он мусоҳиб ш'уданд?
Б.Б.Карнмов: Рӯзона пеш аз муҳокима сӯҳбат кар-
дем.
Д.А.Ашуров: Пас чунин гуфтаҳои шумо, ки «агар
халқи азизам маро сазовор донад, сазовори эътимо-
даш хоҳам шуд». Ин ҳама суханон бо чй алоқаманд
буд?
Б.Б.Карнмов: Дар ҳаққи худ бар он вазъ чунин
гуфтам, ки номамро ба руйхати ин Кумитаи му-
ваққатй сабт карда буданд. Шумо нодуруст
маънидод мекунед. Инро тафтиш кардан душвор
нест, дар телевизион матни ин суханон сабт шуда-,
аст. Ман гуфтам: агар халқ маро раиси Кумитаи
муваққатй интихоб кунад, ихтиёраш, дигар чизе на-
гуфтаам (Дар толор нидоҳои пурхашму газаб).
Баъди Пленум. Чанд рузе сипарй шуд, дар ҷои
ҷамъиятй ва маросимҳо бо ин кас ва дигарон во-
мехӯрдам. Онҳо хушҳол салому алейк карда пурсу
пос менамуданд. Ҳайрони зандагй мегаштам, ки на-
ход виҷдонашон онҳоро азоб намедиҳад, ки боз
тавре рафтор мекунанд, ки гӯё гапе аз байн нагузаш-
та бошад. Охир, инсон ин қадар мӯъҷизаи беҳаё ва
мутобиқшавандае будааст. Камоли таассуф меку-
нам, ки иддае барои шуҳрату эътибор пайдо кардан
назди роҳбарон чй кӯшишҳое ба харҷ надодаанд.
Гурӯҳҳои мазкур ба чашми мардуми оддй хуб маъ-
луманд. Ҳимоятгари манфиати худ ва роҳбарони
хосаи худ будани онҳо мӯҳтоҷи ҳеҷ гуна исботе
'нест. Магар ин бехирадй нест ва наход номус над-
орем? Наход масъулиятро ҳис намекунем, ки моро
тамоми халқи ҷумҳурй гӯш мекунаду хулоса меба-
рорад. Дарди ҳамагонро надида, нашунида дар гами
ҷоҳу мансаби хеш гаҳ бо зуру гоҳ ба дуруғ, тӯҳмату
буҳтон барои аз даст нарафтани курсии мансаб ҷон
меканем. Барҳақ фармудааст Хисрави Деҳлавй:
Лаьл, ки он рост кунанд аз дуруг.
Кадр надорад,ки надорад фурӯг.
Илтимоси ман, ки саросемавор хулоса накунанд,
ба гуши кар азон гуфтанро мемонд. Наандешида
125
ҳарф.мезаданд. Озорам медоданду аз раҳмдилиа-
шон дараке набуд. Афсӯс, ки одамро ба як дидан
шинохтан душвор будааст. Сухани хуб аз мағзи дил
cap зада ба дилҳо ҷой мегирад. Лек баъзеҳо бо
лафзи баду ҳарфи бадашон чун тири заҳролуд ин-
сонро маҳв менамоянд... Вале ман худро' ҳар замон
таскин медодам:
Аз бвди бадгуфт нврвнҷвд ҳаким.
Вех чу сахт аст, зи саросар чЯ бинI
(Хисрави Деҳлавй)
Дар зиндагй вазн, мавқеъ ва ҷой доштан лозим
аст. Вазнин чун санг, вале садди роҳ не, мақоми
арзандаву воло ва ҷои муайян. Зебодилу боимон
бояд буд. Мутаассифона, дар бораи мардона, шаро-
фатмандона ва одилона кору зиндагй намудан
медонанду ба таври дигар рафтор мекунанд. Рӯҳи
шахси бузург, пеш аз хама, руҳи халқаш бояд бо-
шад. Дар ин асно муборизу бедор буда, самти хосаи
беҳтар намудани зиндагии халқи хешро дошта бо-
шад. Чунки инсон ба ин қудрат дорад, аммо чй
бошад, ки гуфторамон дигар асту рафторамон ди-
гар.
Ҳамагон мекушанд сӯи ман санге ҳаво диҳанд.
Хурсанд буданд, ки паи ҳам аз ҷой бармехестанд.
Мардум хун гиряд, онҳо кафкӯбй менамуданд. Ба-
рой чй? Намедонам.
Вале як чиз маълум буд, онҳо одат карда буданд,
ки баъд аз имову ишораи садрнишинон ҳамовоз, як-
тан аз як гиребон cap бароварда рафтор кунанд.
Дигар аз чигунагии сарнавишти инсоне парво надош-
танд.
К.Баҳодуров — котиби якуми кумитаи ҳизби шаҳри
Ӯротеппа: — Шумо, Каримов, асли воқеаро на-
мегӯед. Дар Пленуми гузашта гуфтед, ки ҳайати
Кумитаи муваққатиро бо Қаҳҳор Маҳкамович мас-
лиҳат кардед. Аммо, чунон ки аз нутқи корманди
масъули КМ Пӯлодов маълум шуд, шумо худатонро
пешбарй кардед. Бигӯед, ки иусхаи протоколи истеъ-
фои роҳбарияти ҷумҳуриро зиёд карда чй мақсад
доштед ва онҳоро ба киҳо расондед?
126
Қамчунин як чизи дигарро равшан карданиам.
Даъфаи гузашта дар Пленум дар ҳайти бюрои таш-
килии КМ номи мо — Қурбон Тӯраевич, Баҳодуров
садо доданд. Хоҳишмандам бо диққат тафтиш карда
шавад, ки ин рӯйхатро кй, бо маслиҳати кй тартиб
додааст? Ин мардумро ба шубҳа мегузорад.
Б.Б.Каримов: Вақте ки Пӯлодов маро айбдор кард,
ба фикри у ризо нашудам, Ҳозир ҳам мегӯям , ки
худамро пешбарй накардаам, сабти намоиши телеви-
зион ҳаст, чй хел буданашро аз он дидан лозим. Ғайр
аз ин садҳо одамон буданд, ки инро собит мекунанд.
Фаҳмидан мехоҳед, ки нусхаи протоколро чаро зиёд
кардем? Барон он ки зудтар ба иштироккунандагони
намоиш хонда диҳем. То ки онҳо пароканда шаванд.
Мақсад ҳамин буд (Дар толор галоғула).
Тавба, барои баъзеҳо номи касеро ба некй ёд
кардан ҳам намефорад...
Оре, онҳо ба х,ар касе, ки муқобили ман сухан
мегуфт, бовар мекарданду қарсак мезаданд. Лек
касе ёфт намешуд гӯяд, ки дар асл ҳам биёед ҳамон
наворҳоро ба ҳамагон нишон диҳем, ба ҳама саволҳо
ҷавоб меёбем.
«...Филми ваъдагие, ки кормандони КБД ба навор
гирифтаанд, намоиш дода нашуд» (аз гузориши ко-
миссияи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон
оид ба воқеаҳои 12-14 феврали соли 1990 дар Душан-
бе, Адолат, нашри махсус, ноябри соли 1990).
Мумкин аст намоиши ин навор сирри дастгоҳи
Ҳукуматиро фош месохт?
С.Хайруллоев, раиси комиҷроияи вилояти
Қӯрғонтеппа: дар ҳайати бюрои муваққатй насаби
маро низ хотиррасон карданд. Ман дар он Пленуми
КМ набудам. Рафик, Каримов, аз чй сабаб насаби ман
ба руйхат сабт гардидааст. Саволи дуюм. Бигӯед , ки
шумо вазир будед, қариб ду сол инҷониб ҷонишини
раиси Шӯрои Вазирон ҳастед, оё ман ягон маротиба
дари кабинетатонро кушодам? Магар ягон бор занг
задам? Чаро Шумо дар байни мардуми Ленинобод
ва аҳолии дигари чумҳурй тухми низоъ мекоред!
(Таъкиди мо-Б.К.). Мо бояд осоиштаю дӯстона зин-
дагй кунем. Агар дилатон ба ягон мансаб кашол
бошад, софдилона кор мекардед.
127
Ҳозир Қаҳҳор Маҳкамович, дар вилояти
Қӯргонтеппа сарамро боло бардошта наметавонам,
маро ифроткор мехонанд. Аз ҳамин сабаб дар инти-
хоооти депутатҳои халқ номзадии ман нагузашт. Ин
корро махсус карданд. Хоҳишмандам, аризаамро
санҷед. Агар бо аъзоёни «Растохез» алоқа дошта
бошам, гуноҳамро ба гардан мегирам.
Б.Б.Каримов: Рафиқи азиз, намедонам, ки ба
рӯйхат насаби шуморо кй навиштааст. Инро аз Мир-
■ раҳимов бояд пурсид, ки рӯйхатро ӯ мехонд.
Намедонам, бо чй мулоҳиза шуморо ба ҳайат ҳам-
роҳ кардаанд. Дар ҳақиқат шумо ягон бор ҳам
остонаи кабинети маро зер накардаед. Бо вуҷуди ин
ба чунин хулосаи шумо муқобилам, ки дустиро зид-
дам. Ҳамаи мо бояд аҳлона зиндагонй кунем. То ки
байни вилоятҳову ноҳияҳо ҷудоие роҳ наёбад.
Ин лаҳзаҳо бароям вазнинтарин буданд. Охир, на-
медонистам, ки дар кадом вазъият ё сари минбаре
ман маҳалчигй карда бошам. Эй бераҳмон, каме ин-
соф. Охир, чй бадие ба Шумо кардаам? Ба саволи
таҳқиромезу гаразнокатон як бори дигар диққат
диҳед. Боз дар охири суханашон Хайруллоев хитоб
намуданд: «Шуморо кӯҳсориҳо ҳеҷ гоҳ дастгирй на-
мекунанд» (барои чй бошад ин суханон дар
стенограмма ҷой наёфтаанд...).
Ҳамон рӯзҳо ин миллати бечораро боз ба гуруҳҳо
ҷудо намуда буданд. Мехостанд ба чашми аҳли
олам аз ман ва инчунин баъзе дигар бедорфикрон
маҳалчиён ва миллатгароёнро нишон диҳанд. Бо чаш-
ми интизору дили беқарор рӯ ба руяшон истода
интизор будам, ки фардоне бояд ҳақиқатро гуянд.
Наход дар ин зали пур аз одам, ки худро «хирад,
шараф ва виҷдони даврони мо» медонанд, ягон касе
ёфт нашавад? Наход?!
Дар дунё гумон мекунам ягон миллат чун тоҷик
пора-пора нест. Дар ҳама ҳолатҳо, чунки роҳбарони
мо ҳамту рафтор мекунанд, одамони оддй аз онҳо
«дарси ибрат» мегиранд. Барои ба мақсаду мароми
худ расидан ба ҷудоандозиву гурӯҳбозй банд меша-
ванд. Ин ҷудоамдозиҳо ноаён ба миллати мо чунон
зарар мерасонад, ки аз нигоҳи хирад ва мизони ақли
инсон хиёнаткорист. Чунин роҳбаронро таърих на-
128
хоҳад бахшид. Онҳоро ҳеҷ гоҳ мардум ба некй ёд
намекунанд. Имрӯз, ки сари курсии мансаб меши-
нанд, чунин фикр мумкин аст, ба сарашон назанад,
вале аз курсии мансаб фароянд, пушаймониашон су-
де нахоҳад кард. Дер мешавад ва ба ғайр аз афсус
хӯрдан чорае дар даст нахоҳанд дошт...
Бамаврид аст ба ин гунаҳборкуниҳо бо мисраҳои
шеъри Саидалй Маъмур ҷавоб гӯям.
...Чя мвпурсй маро:*Ту аз куҷоя!»
(Ба если ман таачҷуб мвнамоя).
ШимолЯ ё ҷанубиям, ҷЯ фврц аст,
Ки андозя миёни мо ҷудоя?
...Намвпурся чЯ мвояд зи дастам?
Фақат пурсЯ куҷоиям, кя цветам1 I
Надода даст бар су ям ба имдод
Ба қалбат санг мвдоря ба қасдам.
НадорЯ чун ба душат бори миллат,
Дили ту пур шуда аз дарду иллат.
Бимиря, бо магалбозЯ б и миря,
Бимиря бо мацалбозя ба зиллат.
Душмани ашаддии мо баҳри пешравй маҳалгарой
мебошад. Онҳое, ки ба ин кор даст задаанд, худ
бехираданд. Тамоми қувва, ақлу и дрок, фаҳмиши
худро мо бояд бар зидди маҳалгарой равона кунем|.
Бо масъулияти том мехоҳам гуям, ки мах,з бо касо-
фати ҳамин маҳалгарой мо ба тараққии соҳаҳои
гуногуни хоҷагии халқ зарба задем. Яке аз сабабҳои
ноҳамвор ва ҳархела тараққй кардани иқтисодиёту
иҷтимоиёти ноҳияҳои гуногуни ҷум^уриямон дар
ҳамин аст. Маҳалгарой яке аз сабабҳои аввалинда-
раҷаи сатҳи пасти зиндагонии мо, заҳролуд
гардидани тафаккури ҷавонони мост.
Охир роҳбарони олимақоми мо кай ба қадри аш-
хоси фарзонаю ба шарафи миллат мерасида
бошанд? Онҳо, ашхосе ки мо мегӯем чанданд? Як,
даҳ, сад, ҳазор. Мардони соҳибиродаи тоҷик мояи
ифтихору хушнудии мо бояд бошанд, на мавриди
таъқибу бадгӯй ва тӯҳмату бӯҳтонҳо.
Аҷаб тазоде... Дар мулки мо ҳар он ашхосе, ки
соҳибҳунару фозил аст, ғами фардои миллат
мехӯрад, ҳамеша мавриди таҳқир, маломату сангза-
129
/
ниҳои бехирадон буда, бо ин ё он баҳона ҳамеша
таҳқир шудаанд ва мешаванд. Нусратулло Махсум,
Раҳимбоев, Шоҳтемур, Чинор Имомов ва дигарон.
Охир онҳое, ки аз паи қонеъ гардонидани ҳирси
худанд, то ба кай аз паи нафс бо қаллобиву фиреб-
гарй даст мезананд, боло менишинанду
бедорфикрони мо қатъи назар аз меҳнати ҳалоли
худ ба нафъи мардуми хеш, пуштибонй аз ҳақиқату
ростй азобу уқуоат мекашанд? То ба кай?
Имрӯз қвдри нуқтаи мавзун намондааст,
Инсоф дар қаламрави гардун намондааст.
Ҳар лаҳза мвтавон сухан аз зулфн ёр гуфт,
Дар байнн ин мабош, кн мазмун намондааст,
Сонб, пиала гнр, ки то кардай нигоҳ.
Як хишт аз нморати гардун намондааст.
Д.Обидов - аъзои КМ: Оё шумо худро гунаҳкор
меҳисобед, агар айбдор наҳисобед...
Б.Б.Каримов: Барои зиёни калон ва рехтани хун
худро гунаҳкор намешуморам. Бори дигар такрор
мекунам, ки бо ин намоишҳо, бо ин одамон ягон
алоқа надорам. Баръакс, ҳамаи чораҳоро дидам, ки
хунрезй нашавад. Пешакй хулоса баровардан лозим
нест...
Чашми ҳасудону ҷоҳталабон доим сих мезад. Но-
розигии худро рӯирост изҳор карда натавонанд ҳам,
гоҳе дар оҳанги гуфтугуи онҳо ин мавзуъ беихтиёр
аз худ дарак медод. Тири онҳо ҳамеша тайёр буд.
Кай ӯро cap диҳанд, то мароми худро ҷомаи амал
пӯшонанд, маълум набуд.
Агар дар гузашта шоҳони одил дар атрофи худ
шахсони донишманду бамаърифатро ҷамъ оварда
бошанд, роҳбарони имрӯза роҳи дигарро пеша ги-
рифтаанд. Халосй набуд ва ҳоло ҳам то андозае
нест. Чунки онҳо мубталои тартиботи мавҷудаанд.
Тартиботе, ки ба онҳо ҳама хушиҳои ин дунявиро
фароҳам овардааст. Сохте, ки аз ғаму ғуссаи мар-
думй дур аст. Онҳо акнун худро бе ин ҷамоа
тасаввур карда наметавонистанд. Ҳалокати сохтори
мавҷуда ҳалокати худи онҳо хоҳад шуд.
Соҳиби вазифа шудани ман аз ибтидо барои онҳо
ноқулай буд. Инро худи ман ҳис мекардам ва аз
забони дигарон мешунидам. Ҷавон, фикрҳояш дигар,
130
лаззати зиндагй надида ва мутаносибатан моро на-
хоҳад фаҳмид. Баҳонае лозим буд, ки рузе аз
дарбор дурам созанд.
Ростй, дар бораи системам мо мисолҳои зиёде
маълуманд, ки дар нобуд сохтани беҳтарин арбобо-
ни давлатя ва одамони пешқадами давру замой
ҳамто надорад. Меъёрҳои чунин ҳунари «нодир»
ҳануз баъди инқилоб ва ё худ аниқтараш солҳои
30-50-уми асри мо бофта ва сайқал дода шудаанд.
Шояд таъсири ҳамин наҳсист, ки имрӯз ҳам роҳба-
рони моро шахсони фозилу донишманд ҳамрайя ва
мададгорЯ намекунанд. Онҳоро одамони «худй» ва
балегуй гирд кардаанд. Аз ин ру, дар кору бори
давлатдории онҳо камбудЯ ва ноқисиҳои зиёд ба
назар мерасанд.
Ғояҳои таърихии адлу адолат, поквиҷдону порсо
будани арбобони давлат, ҷорй намудани тарзи
оқилонаи роҳбарй, паи ободонию пешрафти ҷумҳурй
шудан барои аксари роҳбарони олимартабаи мо
масъалаи дуюмдараҷа аст. Онҳо, ки худ зодаи
ҳамМн сохтанд, пеш аз ҳама, гами худ ва ғами пойдор
мондани ҳамин тартиботро доранду халос!
Дар ин дунё касе абадуддаҳр нахоҳад монд. Баз-
мест ҷаҳон, вале оқибаташ нестй. Ба умеди сапедй
зиндагЯ кардан, муроде ҷустан ва баҳри ҳалли чи-
гилҳои ҳаёт умр ба cap бурдан маънои зиндагист.
Онҳое, ки маънии ҳаёти худро намедонанд, некй ба
касе нахо^анд кард, пас ба кадом мэром гами мил-
лат ба ӯҳда мегиранд? Бояд фаромӯш накард, ки
бохт бебурд нест, чуноне ки бурд бе бохт. Аз ин ру,
кушишу ғайрат, ҳунару истеъдоди худро на барои
нигоҳ доштани курсии мансаб, балки барои тантанаи
ҳақиқату адолат, обод кардани маконею манзиле, ба
даст овардани диле бояд ба харҷ дод. Баландтарин
мансаб аз кӯчактарин зарраи адолату ҳақиқат поён
ва ночиз аст.
Дил занаду чашм бубинад, вале сангеро аз сари
роҳи пурпечутоби зиндагй берун йасозад, чй дилу чй
чашмест? Надоштанаш беҳтар бувад.
Бо сулҳу садоқат дар роҳи ободонй устувор
қадам задан, аз мушкилиҳои ин роҳ огоҳ будану
фирефтаи осонии ҷафо нашудан аз суннатҳои мар-
дист. Дар ин дунёи дайн ҳама чи^ куҳна хоҳад шуд.
131
Хотирот низ, вале муҳаббату некй аз хиёнаткориҳо
умри дароз дида, вирди забонҳо хоҳад монд.
Мутаассифона, талоши зиндагй баъзан моро аз
мазмуну моқияти ҳақиқии марг дур мекунад.
Ин аст, ки баъди маҳв гаштан яку якбора аз зин-
даҳо ҷудо ва бисёр ҳам дур мешавем. Бояд
фаромуш накунем, ки дар ҳама замонҳо айёме фа-
ро хоҳад расид, ки аз ҳар як фард инсонию некий ӯ
боқй мемонд. Ба ин хотир чун инсон зиндагй кардан
ченаки бебаҳси дарозии умру бақои номи мо ва ба
некй ёд кардани ҳар як ашхос аст.
Аз нигоҳи ман дар зиндагй бояд бо гами миллат,
диёр зист. Даме бе гам ба cap бурдан нишони зинда-
гии марди ОК.ИЛ нест. Бори ғами халқ, ободию
ободонии кишвар басо вазнин, лек дар айни ҳол басо
гуворову рӯҳафзост. Охир миёни дарёи зиндагй
моро ваҳми ташнагй нест, вале мавриди марг
накӯкориву ростии мо дар роҳи ҳақ дастёр хоҳад
буд. Ба маънии фикри хайр, афсусу надомати аҳли
ҷамъият, пайравии тоифае оа кору кирдори ту, ошён
гузоштан ба дили нафаре. Магар аз ин шарафе бу-
зургтар вуҷуд дорад. Ин насаби на ҳар ашхос аст.
Мисли Инсон мурдан иқболи баландест.
Мавлонои Румй чанд мисрае дар бораи бехудй ва
бохуд будан дорад. Инсонро қуввах,ои махсус мета-
вонанд аз роҳ бероҳа кунанд. Ҳамчунин метавонанд
фикру зикрашро азият диҳанд, бо тӯҳмату буҳтон
уро мулзам созанд. Чунин рафтор, бешубҳа, фикрро
тира ва иродаро коҳиш медиҳад.
Дар ҳақиқат маро тавонистанд аз худ бехуд на-
моянд. Имруз он ҳолатро ман пеши назар меораму
хуб дарк мекунам, ки беҳад ноинсофона рафтор
карданд. Ин ақидаи шахсии на ман, балки қисми зиёди
равшанфикрону ростҷӯён аст.
Ба қадри суханоне, ки байни халк, хеле мақбуланд,
мерасидагй шудам: «Худоё, аз тӯҳмати ногаҳон ва
балоҳои охири замон нигаҳбон бошй».
Аз саволҳои иштирокчиёни Пленум буи кинаву
адоват меомад, аз одоби муошират нишоне набуд.
М.Сервантес гуфта буд: «Хушмуомилагй чизи аз
ҳама арзон асту аз ҳама баланд қадр карда меша-
вад». Охир Рузе мерасад, ки бо ман чашм ба чашм
мешаванд. Он вақт оё метавонанд бо нигоҳи бегубор
ба чашмони ман нигаранд? Наход дар умрашон
132
лаҳзае, шояд лаҳзае пеш аз марг, фаро нарасад, ки
кору кирдорашонро рӯбарӯи виҷдонашон гузоранд?
Шояд инҳо аз тоифае ҳастанд, ки ҳаргиз аз саҳву
иштибоҳ, ё гуноҳу ҷинояти худ пушаймон намеша-
ванд? Худоё, аз ҳамин тоифа нигоҳ дор! Алҳазар!
Алҳазар!
Ҳамин тариқ, Пленум бисёр пурмоҷаро ва бе
мӯҳтаво буд. Баъди ман онҳое, ки шаби 14 феврал ба
дафтарам омада буданд, ба минбар даъват мешу-
данд.
Аҳволи доштаи ман акнун ба сари Табаров омада
буд. Суханҳои у дар Пленуми XVII аз боби он ки гӯё
«гап сари ҳокимият меравад» маро дар тааҷҷуб гу-
зоштанд...
Дар Пленуми XVIII ҳам рӯи баъзе масъалаҳо
рушанй андохта, онҳоро ба ман мансуб медонист.
Акнун фаҳмидам, ки вай х,ам нисбати ман самимй
нест.
Табаров ҳангоми шарҳи масъалаи асосй дар Пле-
нуми XVII сирри Маҳкамовро фош намуда буд.
Албатта, дар ин бора ҳама медонистанд, ҳеҷ набо-
шад гумон мебурданд, вале худро нодидаву
ношунида меангоштанд. Ба қавле «даҳони баста сад
тилло»-гӯён бар лаб муҳри хомӯшй зада буданд.
«Ман фишореро, ки ҳам издиҳом ба роҳбарони
мо ва ҳам он рафиқоне, ки роҳбарон дар иҳотаашон
буданд, меоварданд, дидам... Дидам. Ва охирин ода-
ме, ки ба даровардани қушун розигй дод, Маҳкамов
буд... Ва ин хатой аввалин буд», гуфт Табаров.
Ин даъфа Маҳкамов бо қӯшун ба истиқболи халқ
баромада бурд кард; Ва тавонист, ки бо тиру туфанг
бо халқ «ҳамгап» шавад.
Чунин рафтор чй мусибате овард, имруз ба ҳама-
гон аён аст. Он вақт дар бораи гунаҳкори асосй ҳарф
задан фаромӯш шуда буд. Гумон мерафт, ки халқ
вуҷуд надорад. Танҳо ҳокимтият асту роҳбар... Дар
рӯзҳои мотам ҳам (охир он ба таври расмй дар
саросари ҷумҳурй эълон.шуда буд) Пленум мегу-
зашт.
Агар аз рӯи қонун ва адолати инсонй дар ин рӯзҳо
мардуми мо аз гузаронидани ҷамъомадҳо ба хотири
рӯҳи шаҳидон даст кашида бошанд ҳам, сарварони
мо аз ин шароити барояшон ниҳоят мусоид истифода
намуда, маҷлис мегузарониданд, каф мезаданд,
133
аҳриманро ҳимоят мекарданд. Маҳз дар рӯзҳои мо-
там гузаронидани Пленум ва ҳар гуна машваратҳои
пушти пардаи дарборй мақомашонро то андозае
мустаҳкам кард.
Ин ба хайр...
Ба сари қабри шаҳидон нарафтан низ ба хаӣр... Ба
ҷои наздикони онҳоро дилбардорй кардан, ба ҷои аз
халқи худ омӯрзиш пурсидан, каф мекӯфтанд,
бадгуй мекарданд, пой мезаданд, ҳаёҳӯй меоардош-
танд.
...Танаффус эълон шуд. Ҳамагй 30 дақиқа. Ҳама аз
толор берун шуданд. Бюро корашро оҷилона дар
минбари толор оғоз намуд. Дар бюро фақат аз боби
он сухан мерафт, ки чаро гуноҳамро оа гардан на-
мегирам, чаро бо оташ бозй мекунам, ба болои
қарта ҳаётам монда шудааст...
Ман бо исрор мефаҳмондам, ки гуноҳ надорам,
саросема нашаванд, пеш аз хулоса баровардан боз
фикр кунанд.
Не, якравй мекарданд ба ман фишори руҳй ва
маънавй меоварданд, маҷбур шудам, ки ба узр хос-
тан розй шавам. Оре, узр оихоҳам, вале узр аз руи
одоби одамй, узр баҳри оромй, узр аз ноилоҷй, узр
аз танҳой, узр пеши бадҳайбатоне, ки инсон бароя-
шон қадре надорад ва барои мансаб шуда, аз ҳеҷ
коре ҳазар надоранд.
Баъди танаффус Якум хулосаҳои бюроро ба
самъи ҳозирон расонид:
—Дар бораи рафиқ Каримов дар бюро фикрҳо
ҳархела шуданд ва мо баъди мубоҳисаҳои тулонй
қарори Якумро, ки ин хёл буд, қабул кардем: бо
назардошти он ки у ҳоло ҷавон, (ғалоғула дар то-
лор)- гӯш кунед то охир, - у ҳоло ҷавон аст, оарои
ӯ ҳама чиз дар пеш аст ва яқин дар тӯли шаб фикр
мекунад ва дар Пленум қамаашро чи хеле буд,
сидқан мегӯяд, аз аъзои Пленуми КМ узр мепурсад
ва он гоҳ қарор ин хел мемонад: (Таъкиди мо-
Б.Б.Каримов) «Узви КПСС Каримов Б.Б. рақами
билети ҳизбй фалон, барои аз сафҳои ҲКИШ холй
кардан сазовор аст, вале бо назардошти он ки ӯ
рафтори нодурусти худро барои кӯшиши бо роҳи
гайриконститусионй аз вазифа холй кардани раиси
Шӯрои вазиронй РСС Тоҷикистон, худро ба ин вазифа
тасдиқ намудан ва самимият зоҳир накарданаш ба у
134
выговори қатъй бо қайд дар дафтарчаи узвияташ
эълон карда шавад».
Ин дируз буд. Вале азбаски рафик, Каримов аз
бюрои дирӯза барои худ хулосаи даркорй набаро-
вард, ба гуноҳаш иқрор нашуд, ҳамаашро чй хел
буд, нақл накард, бюро қарори худро тағир дод.
Узви ҲКИШ, рақами билеташ фалон, барои зуҳур
кардани майли мансабталошй ва дағалона вайрон
кардани меъёрҳои ахлоқи ҳизбй, ки дар иштирок
барои маъзулкунии вазифаи раиси Шурой вазирони
Тоҷикистон инъикос ёфтааст, аз сафҳои ҲКИШ берун
карда шавад». Бадхоҳон шодона қарсак мезаданд.
Яке дигареро бо имои чашм ва табассумҳои сидқй
табрик мегуфт, имову ишораҳои беҷо мекарданд. Аз
он шод буданд, ки тирашон ба ҳадаф расидааст.
Аҷабо, ин чй хел принсипнокй бошад, ки дируз
аъзоёни бюро «выговори қатъй» медиҳанду имрӯз
аз ҳизб хориҷ мекунанд?
Шояд А.Махсумов ҳам чунин шубҳа кард, ки пур-
сид:
— Қарор якдилона қабул шудааст?
— Якдилона, — ҷавоб дод Якум.
Ман намедонам, чй кор кунам, вале медонам,
дигар онҳо тараҳҳум надоранд. Суханони чанде пеш
гуфтаи роҳбарон ба ёдам меояд: «ҳаёти ту дар тори
мӯй аст, дар руи қарта монда шудааст... Ҳамааш аз
худат вобаста».
Баъд ду қарори дар бюро нишон додаашон пеши
чашмам омад.
—Дар яктоаш — выговор, дар дигараш — хориҷ.
Интихоб намо_Ва узр бипурс...
Ман намедонистам, агар аз сафи ҳизб холй ку-
нанд, маънои тарки вазифа, қатъ гардидани таҳсил
дар Академиям илмҳои ҷамъиятии назди КМ ҲКИШ-
ро дорад.
Хуб мефаҳмидам, ки ҳамаи орзуҳои ман дар бо-
раи аз вартаи қашшоқй баровардани аҳолии ҷумҳурй,
тағири куллии таркиби хоҷагии халқи он ва бунёди
бисёр ноҳияву деҳаҳои кӯҳан барбод мераванд. Ба
ҳамин хотир сухан гирифтаму узр пурсидам...
Бадхоҳон боз ба ҷунбиш омада, ба ҳаёҳуй cap
карданд.
Бандаи ҷавон ва содда кай медонистам, ки зери
пои номардон биафтй, онҳо турог' ҳеҷ ҳолат раҳо
135
намекунанд ва аз афтидаеро шаттае задан, таҳқир
кардан лаззат мебаранд. Он чуноне ки сайд дар дом
мегиряду сайёд аз камоли ғолибият тафохур дорад.
Вале дар ин топор дар сафи сайёдони бешафқат
одамоне низ буданд, ки қиммати хато кардану авф
хостан, раҳгум задану боз ба роҳи рост роҳй шудан,
тафовути боре саҳв кардану тамоми умр саҳвкор
буданро медонистанд.
Ва афсӯс, ки шумораи зумраи бешармон ниҳоят
зиёд буд.
Ва ҳоло онҳое, ки инсоф доштанд, чун диданд, ки
қисмати ҷавонмарде ҳал мешуд, сарнавиштм ӯ аз
имрӯз вобастагии сахт дошт ва ин ҷо истиҳола ҷурм
буд ва ин ҷо хомушй виҷдонро ба доду сузиш мео-
варад, бархестанд;
Илҳом Сафаров - депутати1 халқии СССР пеш-
ниҳод кард, ки маро дар сафҳои ҳизб монанд.
Боз ғалоғула шуд.
Ғ.Ҷумъаев — узви комиссияи тафтишотии ҲК сухан
гирифт. Ба у низ «шайка»-и кафкубон халал мера-
сонд. Вай базур чанд сухан гуфт:
—Дар зиндагй ҳар кас хато мекунад, ҳама хатой
доранд. Фармон набаромадааст, яъне факт амалй
нашудааст... Дар ҳизб то даме, ки тафтишот итмом
наёоад, монда шавад.
Нафақахӯр Т.Рустамова, депутати халқии СССР
Давлат Худоназаров ҳам маро ҷонибдорй карданд.
А.Ситников бархост:
—Роҳбари ҷумҳурй хост «табаддулот» кунад, ба у
выговор тавсия мекунед?
Вале касе аз ин бригадири хуҷандй, ки ҳар гапи ба
даҳонаш омадаро мегуфт, напурсид: Кадом «табад-
дулот»? Ё ин тӯҳмати навбатй нест?
Ва умуман, кай коргару деҳқон аз бозиҳои сиёсй
дур мешавад? То кай онҳоро ба ҳайси калтак барои
ҷомаи амал пӯшондани марому мақсади мансйби
худ, гурӯҳбозию маҳалгарой истифода мебаранд.
Мо хуб медонем, ки аксари купли номаъқулиҳое, ки
таи 70 сол дар кишвари мо содир карда шудаанд,
ҳамеша аз номи коргару деҳқон буд.
Бояд гуфт, ки маро дар он соатҳо тарафдорй
кардан маънои ба зидди маҷро рафтанро дошт ва
касе ҷонибдорй мекард, медонист, ки оқибати ин
ҳамин хел намемонад. Бо вуҷуди ин А.Борзенко раи-
136
си комиссиям тафтишотии Ҳизби Коммунисти Тоҷики-
стон, ҷонишини раиси Госплани Тоҷикистон ҷасурона
бар зидди маҷро рафт.
—Рафиқон! Ман бояд гӯям, ки ҳақиқатан ба Кари-
мов бисёр чизҳое мечаспонанд, чуноне ки ҳозир
Ситников гуфт, ки у накардааст. Имрӯз ташкили ин
бетартибиҳо, ғоратгариҳо ва сӯхторҳоро ба ӯ мечас-
понанд.
Ман ба шумо мегуям, ки чун муовини у ба ҷуз
сифатҳои бисёр баланди инсонияш дигар чизеро қайд
карда наметавонам.
Ҳангоми танқиди ман, толор хомӯш мешуд, вақте
сухани неке мегуфтанд, авбошона ҳаёҳуй мебар-
доштанд, халал мерасонданд, тазъйик, меоварданд.
Ин даста аз ҳама бисёр буд. Ва онҳоро ба адаб, ба
интизом хондан, филро ба говрона аз райъаш гардо-
нидан буду бас.
Яке аз онҳо ҷонишини вазири маориф А.Рашидов
буд, ки суханронии Борзенко хотима наёфта, онро
ба таври худаш («Дар деҳа ҳеҷ одам намонд, буз
худро Абдукарим ном кард») шарҳ медоду истин-
тоқкорона мегуфт: «мехостам фикри коммунистии
(фикр феодалию қапиталистию социалистй ҳам ме-
шудааст...) шуморо фаҳмам».
Ин қадар доно бошед, мӯҳтарзм муовини вазир,
дорандаи сифати булъаҷаб «фикри коммунистй» ча-
ро пеши донишомузонро нагирифтед, то ки ба
майдон надароянд? Магар бештари гирдиҳамомада-
гон донишомӯзон набуданд?
А.Борзенко суханашро идома медиҳад:
—Дар ин рӯзҳо ман чиро мушоҳида кардам? (Ба ин
савол ман ба комиссия ҳам баёноти хаттй додаам).
То нимаи дуюми 13-ум рафик, Каримов дар Госп-
лан буд, ва то 13-ум ягон касро аз ҳайати комитети
халқй, ягон касро аз он ҳафт нафаре, ки имрӯз ном
бурданд (Н.Т.,Н.Х.,А.Ҳ.,М.М.,М.И.,У.У. дар назаранд -
Б.К.) ман шахсан дар Госплан, дар назди Каримов ҳеҷ
гоҳ надидаам, на дар кабинеташ, на дар қабулгоҳаш
ва уму ман дар дохили Госплан.
Зиёда аз ин 13-ум саҳарй, мо — ҳамаи муо-
винҳояшро ҷамъ карда, дар бораи воқеаҳои рӯзи
12-ум нақл кард. Вакди гапзанй ошуфта мешуд, аз
ҳаяҷон гулӯгир мешуд...
137
Ташнагони интиқом боз ба ҳаёҳуй пардохтанд, са-
дом маҷлису луқмапартоиҳои онҳо баланд мешуд.
—Худатон савол додед, ки чиро дидам, агар
хоҳед, тайёрам нақл кунам, — оромона гуфт Борзен-
ко.
Вале боз «дастаи кафкубон» овоз дод: «Даркор
не!»
Оё ба ҷуз одаме, ки фикраш коммунистЯ аст,
дигар кй ба ин қабоҳатҳо қодир бошад? Бо чунин
коммунистон ояндаи мо чя мешуда бошад? Магар
ҳамин тоифа набуд, ки номи ҳизбро ҳам бад карда-
анд?
«Фикри коммунистЯ» агар ҳамин хел бошад,
алҳазар аз чунин фикр!
—Баъд ӯ, — суханашро идома дод Борзенко, — дар
назди мо вазифа гузошт, ки навбатдории шабурузЯ
ташкил кунем! Ман рузи дигараш ба навбатдоря cap
кардам ва баъзе чизҳоро мушоҳида кардам. Маса-
лан, вақте ки бори сеюм баромади Қаҳҳор
Маҳкамович, Иззатулло Ҳаёевич ва Ғоибназар Палла-
евичро аз телевизион намоиш медоданд ва вақте
Қаҳҳор Маҳкамович ибораеро гуфт, ки ба халк, му-
роҷиат карда, мусаллаҳ шавад «(вооружаться)», он
вақт ҳамаи мо, 15 нафар аз Госплан, дар кабинети
раисамон менишастем. Каримов рост аз қабулгоҳ
гӯшаки телефонро гирифту ба Геннадий Гаврилович,
мана ҳозир аз телевизион Қаҳҳор Маҳкамович ҳамин
хел ибораро гуфт, мо инро чЯ хел фаҳмем? Фармони
коменданти шаҳр дар бораи супурдани яроқу аслиҳа
буд...
Боз гапи Борзенкоро мебуранд. Ва аксари ба Пле-
нум ҷамъовардашудагон (!) намехостанд, ки сухани
ҳақ ва суханеро , ки аз ягон ҷониб дар сифати Кари-
мов аст, бишунаванд.
Тасаввур мекунам, чЯ хел дар он лаҳзаҳо эшон
Борзенкоро медиданд...
Борзенко медонист, ки сухани ӯ ба гуши бисёриҳо
намефорад, вале аз минбар нафаромад:
— Ман намедонам , ки Геннадий Гаврилович ба вай
чЯ гуфт, аммо баъди ман у низ либос пушиду рафт.
Ман ӯро бегоҳЯ, дар ҳамин ҷо дар КМ вақти
бақайдгирии иштирокчиёни Пленуми эълоншуда, ки
баъд ба саҳарии рӯзи дигар вогузор шуда буд, соати
138
11 дидам. Ҳамон вақт, азбаски ман навбатдор будам,
маро савор карда то Госплан бурд. Вақти комен-
дантй амал мекард, мошин набуд. Вай ҳамон вак,т ба
ман гуфт, ки имрӯз уро раиси кумита интихоб кар-
данд. Ман, — гуфт ӯ, — тамоман одамонеро, ки ба ин
кумита дохиланд, намедонам, лек медонам, ки бисё-
риҳо ин кори маро нодуруст мефаҳманд. Вале
имрӯз аз ҳама асосй он чиз аст, ки ман метавонам
тавассути ин кумита ақаллан ягон-чй кунам, ки мин-
баъд хунрезй нашавад.
«Баргузидагон» боз ғалоғула мебардоранд.
Охирин ҷумлаи Борзенко:
«Биёед, он чй рафиқон гуфтанд, ба инобат меги-
рем: Ҷавонии у, парвози бисёр босуръаташ ва он
чизро, ки вай умуман одами ғайримуқаррарист...»
Дар қатори пеш дар паҳлуи ман котиби якуми
ҳизбии вилояти Кӯлоб Мирзошоев С. менишаст. Ба
ман менигаристу чизе намегуфт. Раискунанда пур-
сид; ки оё чизе гуфтан мехоҳед?
Мирзошоев аз ҷой хест ва таклиф кард: сахт ҷазо
дода шавад!
Якум боз пурсид: ҷазоҳо ҳар хел мешаванд, му-
шаххастар сухан гӯед, гӯё Якум аз забони у
калимаҳоро як-як мекашид.
— Аз ҳизб ронда шавад, — гуфт Мирзошоев.
Моҳҳо сипарй шуданд. Ман ин китоби ба ҳоди-
саҳои феврал бахшидашударо навишта тамом
кардам. Мирзошоев дар мақолаи худ зери сар-
лавҳаи «Ҳақиқат бояд зери парда намонад»
менависад: «Бисёриҳо дар ин бора ҳақиқатро наме-
донанд ва беҳтарин фарзандони миллатро, ҳам тавре
ки ҳамон рӯзҳо ҳукм карда буданд, ҷинояткору
дурӯя меҳисобанд». Ба ростй, ин сатр маро маҷбур
сохт қалам ба даст гираму ин мақоларо мутолиа
намоям. Пеш аз он ки давомашро хонам, хеле ба
фикр фурӯ рафтам. Наход ин одам тағир ёфта бо-
шад? Ба ҳар ҳол мехонам:
«...Бузургии инсони асил дар он аст, ки ҳама мав-
рид некро аз бад, ҳалолро аз ҳаром, асилро аз ботил
фарқ карда тавонад ва ба ҳодисоти атроф аз руи
хирад баҳо диҳад, пеши роҳи бадкирдориро биги-
рад».
139
Ope, ҳак, бар ҷониби эшон аст ва ба ин фикр розй
нашудан мумкин нест. «Аммо дар зиндагй ақси ҳол
рӯй медодааст, ки ҳатто гурӯҳе наметавонистааст
садди роҳи ноадолатй шавад» — давом медиҳад
Мирзошоев.
Азбаски сухан дар бораи ҷазо додани роҳбарон
меравад ва ман ҳам ба қавле роҳбар будам, ҳайрон
мешудам, ки муаллиф чй мехоста бошад? Мақсади
интишори ин мақола чист ва изҳори ақидаи муаллиф
ба чй хотир аст?
«...Парда аз рӯи асрор набардошта, хомӯш ниша-
стан гуноҳ аст. Илова бар ин ман, ки иштирокчии
бевоситаи воқеаҳо будам, к,арзи худ медонам
ҳақиқати ҳолро тавре ки буд, нақл намоям ва вази-
фаи худро назди руҳи гузаштагони ҷафокашида то
ҷое иҷро намоям».
Худоё! Ин ҳама худнишондиҳии муаллиф бошад ё
худ дар ҳақиқат азоби виҷдон кашидааст, зеро тавре
ки ӯ қайд мекунад, «иштирокчии бевоситаи воқеаҳо»
будаасту саҳми кӯчаки худро гузоштааст? Намедо-
нам. Ин суханқо то чй андоза самимианд, то чй
андоза барои дифои ҳақиқат гуфта шудаанд? Фол
ҳам намезанам, танҳо суханони баландпарвози у ха-
ёлан, гайриихтиёр маро ба маҷлисгоҳи Пленуми
февралй мебарад.
Наход Мирзошоев қалам ба даст гирифта,
ҳақиқатро менависад, ба ҳар ҳол симову сирати ӯ
пеши чашмонам ҷилвагаранд...
...Балки ӯ фақат баъди аз дори дунё рафтани
роҳбарон қалам ба даст мегирад? Ба ҳар ҳол, меан-
дешам худ ба худ, давоми мақоларо хон, баъд
хулоса мекунй, мехонам: «Таърих шахсиятҳоеро ёд
дорад, ки кору амали онҳо, ёдгориҳои барои наслҳои
оянда гузоштаашон эшонро ба дилу дидаи авлодони
сонй бештар қарин мегардонанд. Вале сад афсӯс, ки
чунин шахсиятҳои бузург на ҳама вақт имконият меё-
банд кори саркардаашонро то охир бурда расонанд.
Ба ин баъзан механизми давлатдорй ва дастуру фар-
мони «тақдирҳалкунандагон» ё курсинишинони аз
дарди дили умум оехабар монеъ мешаванд». Сухан
аслан аз роҳбарон Т.Ӯлҷабоев, Н.Додхудоев ва
П.С.Обносов меравад. Дар бораи шахсиятҳои бузург.
Бешубҳа. Пеш аз ҳама бояд гӯям, ки ман аз он
140
4
шахсиятҳои бузург нестам. Барой бузург будан им-
коният ва хизмати беандоза ба халқ зарур аст. Лекин
маро порчаи ҷумлаи ӯ — «ба ин баъзан механизми
давлатдорй ва дастури фармони «тақдирҳалкунанда-
гон», ё «курсинишинони аз дарди дили умум
бехабар...» моту маҳбут сохт. Мӯҳтарам Мирзошоев,
акнун шояд худро аз онҳо ҷудо карданй мешавед?
Магар шумо он рӯзҳо, дастуру фармон иҷро наме-
кардед? Магар шумо он лаҳзаҳо ба хотири пойдории
мансабатон, ки эшонҳо это карда буданд, худнамой
намекардед?
Вагарна сабаби бераҳмиатон нисбати ман дар чй
буд?
Бепарда мегӯям, ки купли гуфтаҳоятон ба худи
Шумо дахл доранд ва барои рушанй андохтан ба
сирати Шумову саҳми бузурги Шумо дар ҳалли
тақдири банда далели боэътимоде меорам.
Он руз дар назди ман менишастед. Вақте ки раи-
сикунанда мехост барои ман ҷазое интихоб кунад,
ман ба Шумо гуфтам: «Гунҷишкро қассоб кушад»,
илтимос, хеста ба ман ҷазое хоҳон шавед». Ба уме-
де, ки маро медонистеду раҳму шафқат мекунед ва
чи хеле навиштаед «некро аз бад, ҳалолро аз ҳаром,
асилро аз ботил» фарқ карда, аз руи хираду инсоф
ҷазо пешниҳод мекунед. Оре, фақат бо ин умед аз
Шумо хоҳиш кардам. Хоҳишамро иҷро намудед. Бе
ягон истиҳола «Аз ҳизб ронда шавад!» — гуфтеду
мижжаатон хам нахӯрд.
Вақте ки ҳамагонро хурсанд намудед, аз таҳти
дили Якум ҳарф задед, ҳамагон таклифи ҷанобро бо
қарсакҳои бардавом истиқбол гирифтанд.
Ман ба Шумо ру оварда гуфтам: ҳазор раҳмат!
Ҳоло ҳам хурсандам, ки ба қассоб буданатон ишти-
боҳ накардаам. Дар ҳақиқат қасоби кӯҳна ва варзида
будаед. Ин рафтори Шумо на фақат ман, балки
Д.Худоназаров ва дигаронро низ моту маҳбут сохт.
Рафторатон «қаҳрамонона», «тақдирҳалкунанда» ва
аз рӯи дастур буд. Аз дарди дили умум бехабар
буданатон ё шояд азоби виҷдон буд, ки аз шарм аз
пеши мо ғайб задед. Ман аминам, ки таърих ба зин-
дагиномаи роҳбарон ва шахсиятҳо бештар аз рӯи
рафтору гуфтор ва ана ҳамин хел ҷузъиётҳои
ҳаёташон баҳо медиҳад.
141
Вазнинтарин суханҳоятонро низ фаромӯш накар-
даам. Он суханҳо як соли дароз хаёлу хотирамро
азоб медоданд.
— Худо гӯед, ки ба ҳабсатон нагирифтаанд...
Хамин тариқ, «баргузидагон» боз мешуранд. Ва
вақте бо аксари овозҳо (онҳо ҳамеша аксариятанд ва
ин бадбахтии мост) ман аз сафи ҳизб хориҷ мешавам,
ҳаёҳӯйкунон каф мекубанд.
—Дар чунин маврид каф кӯфтан разилй ном до-
рад ё «ҳамрайъии ҳизбй»? Ба ҳар ҳол бори дигар
онҳо симои ҳақиқии худро ба мардуме, ки тӯли
ҳафтод сол тақдирашро ба дасти эшон дода будан-
ду хомушона бо арақи ҷабин онҳоро мехӯронданд,
нишон доданд.
Дар Пленум хабисию касифй ба ҷое расид, ки
генерал-майёр А.КМартовицкий — ҷонишини якуми
сардори урдуҳои ҳавзаи Байрақи сурхдори
сарҳадии Осиёи Миёнагии Комитети бехатарии СССР
- ^уфт: «Вақте ин иқдом (ба протоколи истеъфо имзо
гузоштани роҳбарон) ба поён расид, рафиқ Б.Кари-
мов шодона аз ин кабинет баромад ва гуфт: «Ман
саршори ҳукумат!» ва милиционереро бӯсид».
Ё наъузамбиллоҳи миназзолимин! Гап намеёбанд,
чй тӯҳматҳое мебофанд! Бори дигар фаҳмидам, ки
маро «ноаён» ба дом андохтаанд. Дилам таҳ кашид
ва хостам «дод аз дасти сайёд» гуям, вале аз чашмо-
ни пурмакру пуршодии ҳозирон дарёфтам, ки дигар
ҳоҷат ба оаҳсу мунозира нест...
Фалакро матарсон зи оҳи дурӯгв,
Ки аз тири каҷ мест перво нишонро.
/Соиб/
Саволу гузоришҳо мувофиқи «сценария» сурат
гирифтэнд. Чашмони баъзеҳо ниқорталабона оуд.
Онҳо ҳама чизро фаромӯш карда буданд. Оҳанги
суханронй, чапакзанию пойкӯбй, ғиреви аҳлонаашон
бар зидди ман аз он далолат мекард, ки дар Пленум
будани худ ва суханҳои онҳоро гӯш кардани халқ аз
хотирашон фаромуш шудааст. Онҳое, ки дирӯз
дуққат шуда ба ман салом медоданд, эҳтиромам
мекарданд, акнун сафедамро рӯирост сиёҳ мегуф-
танд. Бе фикру андеша, бе факту далел. Ҳама
баробар ба туҳмату бӯҳтон такя намуда, тахмин
142
мекарданду онро чун ҳақиқат ба гӯши иштирокчиёни
Пленум мерасониданд ва бо ин гуё халқро бовар
кунониданЯ мешуданд, ки гунаҳкори асосЯ маҳз ма-
нам, на касони дигар.
Гумонашон чун солҳои рукуд аввал тахмин мео-
ранд, баъд гунох, бор мекунанд, сипас ноаён ба
варта меафкананд. Хушбахтона, маҷрои зиндагЯ
тагир ёфта, ошкорбаёнЯ қувват гирифта истодааст.
Гузоришҳо аз сафсатта иборат буданду халос. Паи
ҳам саволҳои кӯдакона медоданд. Пекин саволҳо як
паҳлу доштанд — ғаразнок ва бо мақсади муайян
садо медсшанд: ба ҳар роҳе, ки бошад, маро сиёҳ
кунанд ва ба ҷазо кашанд. Аз ин рӯ, ҳама ба равиши
об бел мезад.
Он лаҳзаҳо ҳама дар ин фикр буданд, ки ба чЯ
васила худро дар чашми роҳбарон вафодор нишон
диҳанд. Яъне онҳо барои оянда «капитал»-и махсус
ҷамъ менамуданд. Пас ба хонанда душвор нест би~
фаҳмад: чаро зумрае, ки бояд ҷазо медиданд, аз об
соф баромацанд ва ё зиёда аз ин ба вазифаҳои
баланд соҳиб шуданд?..
Он рӯзҳоро зуд-зуд ба хотир меорам. Лаҳзаҳои
хассостарин пеши чашмонам ҷилвагаранд. Ҳарчанд
ба номаи аъмоли худ хурдагирЯ мекунам, гуноҳамро
намебинам.
143
Суханронии бемантиқу бедалел, ғаразноку чоплу-
сонаи онҳо маро водор месохт бештару амиқтар ба
таҳлил пардозам. Наход маро аз ҳизб хориҷ меку-
нанд? Наход чунин мақсадро пешаи худ кардаанд?
Боварам намеомад, охир онҳо ҳаммаслакони ма-
нанд-ку!
Ед дорам лаҳзаҳои охирини Пленумро. Мудири
шуъбаи ташкилии КМ Ш.Султонов бисёр бетоқатй
мекард. Мехост, ки хизмати ночизашро раёсат ва
раис қадр кунад. Охиру охирон бетоқатона аз ҷой
хест: «Қаҳҳор Маҳкамович, Қаҳҳор Маҳкамович! Дар
«формулировка дар бораи дуруягй ҳеҷ чиз нест. Ин
иловаро фаромуш накунед» У ба мақсадаш расид.
Ҷанобашон аз «дуруягй»-и май аз ҳама зиёд медони-
стааст?...
Худоё! Пастфитратию сифлагй аз ин ҳам зиёд ме-
шудааст? Одаме, ки маро каму беш медонист,
ҳамроҳ дар Амрико будем, якҷоя дар Академияи
илмҳои ҷамъиятй мехондем, ба ҷои ба сифати рафик,
дасти ёрй дароз кардан ба рӯям лагад мезад. Сад
афсӯс! Чй ва кй уро ба ин кор ҳидоят мекард? Виҷдо-
наш, имонаш, мансабаш, ҳокимаш? Агар
саркардагони мо чунин одобу ахлок, дошта бошанд,
пас бо кадом руй онҳо моро таълиму роқ нишон
медиҳанд? Мо оо онҳо то куҷо рафта мерасида
бошем?
Ӯ ба мақсадаш расид. Иловаҳои у хулосаро боз
ҳам «шинам» намуд.
Овози Якум, ки акнун рӯҳ гирифта буд, бурротар
шуд.
—Рафиқ Каримов, хоҳиш мекунам, билетро супо-
ред...
Ҳамин тавр онҳо шодй мекарданд. Ҳарчанд ме-
хостам бо сари баланд билетро ба руяшон ҳавола
диҳам, вале боз аз дуруғу бӯҳтону дасисаҳояшон
фикр кардам. Зеро ин тоифа ба ҳар як кор қодир аст.
Шахси дигаре, ки ҳамроҳ мехондем, Т.Каримов буд.
Пеш аз воқеаҳои «феврал» муносибати дӯстона
доштем. Рафту омади оилавй доштем. Умуман
дӯстиамон бад набуд ва гумон мекардам, ки дилсо-
фона буд.
Вале, мутаассифона, дар он рӯзҳои сахт худро аз
ман дар канор гирифт. Шарафи мансабро аз шарафи
144
дӯстй боло гузошт. Ёд дорам, боре баъди суханро-
ниам дар академия назди ман омада гуфт:
—«Бӯриҷон, Шумо «личность», дастамро фишурд.
Агар ҳар як шахс чун намояндаи ҷумҳурии Тоҷики-
стон ин ҷо чунин сухан кунад, чй хел хуб мешавад!»
Вале вақте ки тақдири ман ҳал мешуд, хомуш
буд. Ман поёнтар чанде аз он суханрони^оямро
дар Академия гирди мизи мудаввар ва назди роҳба-
рон оварданиям. Вале ин ҷо бояд бигӯям, ки чаро
чунин шахсе, ки бо ман мехонд, маро хуб медонист,
мояи ифтихор мегуфт, беаҳдЯ кард? Чаро маро боре
дастгирЯ нанамуд? Охир, ӯ суханрониҳои маро на як
бору ду бор дар Академия шунида буд, дар лек-
цияҳо дар КМ ва дигар ҷойҳо низ. Ман бори дигар
дар назди пайғамбарии шайх Муслиҳиддин Саъдии
ШерозЯ cap фуруд меоварам, ки фармудааст:
Дило, ёрон се қисманд, ар бидонЯ , ,
Забонианду нонивнду нон Я,
Ба нонЯ нон бидвҳ аз дар бнронаш
Навозит кун ба брони забонЯ,
Валекин ери ҷониро ба даст ор,
Ба чонаш ҷон бидеҳ, ар метавонЯ.
Баъди он рӯзҳои сахт рӯҳан азоб мекашидам.
Зеро симои онҳоеро, ки як андоза ба ман наздик
буданд, пеши назар меовардам. Мегуфтам: Худоё,
акнун ба ғайр аз худат мададгоре надорам!
Аз ҳама зиёдтар аз он рӯҳафтода мешудам, ки
мақсадҳои хешро ҷомаи амал пушонда натавони-
стам. Дар оғози роҳ номардона пешпоям доданд. Ин
ҳама бароям бисёр дардовар буд. Фақат ҷавониам
мӯҷиби тасаллои ман буд, вале таърихи дар ҳалли
масоили доги рӯз ва беҳтар кардани ҳаёти халқ,
сиёҳ кардани номам беист азобам медод. Дар ин
рӯзҳои вазнин муҳаббати ман нисбати аҳли меҳнат
беҳад афзуд. Зеро мардуми оддЯ занг мезаданду
аз аҳволам хабардор мешуданд. Роҳбарони звенои
миёна ва болой низ камтар занг мезаданд, назар ба
мардуми оддЯ камгап буданд, аз аҳволам пурсон
ҳам намешуданд...
Занг зада шояд фаҳмиданй мешуданд, ки маро
бурда бошанд ё не?
145
Ман эҳсос мекардам, ки бисёриҳо шодй меку-
нанд. Махсусан онҳоеро, ки ман дигар кардани усули
корашонро бо ҷиддият талаб мекардаму саркашй
мекарданд, чунки талаби ман ба фоидаи шахсии онҳо
набуд. Албатта, ҳамин тоифа зиёдтар хурсандй ме-
кард. Барой онҳо аз ҳама авлотар манфиатҳои шахсй,
ғами киса ва ҳимояи оромии худу хешу ақрабо буд.
Ҳамон рузҳо сими телефони давлатии (сотка) хо-
наамро буридаанд. Хӯш, сими телефони хонагиамро
ба чй хотир буридаанд?.. Ҳол он ки ҳамон шабу руз
соҳибмансабон ба ман занг не «санг» мезаданд.
Ба хоҷагидор гуфтам:
—Станислав Алексеевич! Телефони хонаам занг на-
мезанад, як тафтиш карда бинед!
— Раис, санҷида дидам, дар ҳак,иқат кор намекар-
дааст, сабабашро пурсон шудам, гуфтанд:
«Намебинед дар шаҳр чй гапҳо? Танкҳо рафтуо до-
ранд, кабелашро кафондаанд?» Сабабаш ҳамин,
раис.
Ана ёбеду гиред...
Он замон дар қабулгоҳ нишаста будам. Ба ғайр аз
ман 6-7 нафари дигар, аз ҷумла навбатдорони Госп-
лан ва ҳарбиён ҳузур доштанд.
Аз хоҷагидор хоҳиш кардам бо фалон телефон ба
хонаи Воҳидов ва Шабдолов занг занад. Дар ҳузури
ҳамагон занг зада аз дуруст будани телефонаш ва
ҷавоби он тарафи сим бовар ҳосил кард, ки кор
мекардаанд.
Тоқат накарда гуфтам: «Онҳо аллакай маро бето-
на, балки душман ҳисобиданд, барои ҳамин ҳам
чунин рафтор карданд». Суханони маро хоҷагидор
баъди як рӯз ба онҳо мерасонад ва телефони ман
боз занг мезадагй шуд. Г ап сари телефон нест, балки
як бори дигар одам мебинад, ки дар иҳотаи кист, бо
кй кор мекунад ва система чй қудратҳое дорад.
Охир, ман алқол аз кор озод нашудаам, вале аллакай
масъуле боз як «қаҳрамонй» нишон ва мумкин аз ин
кораш ба боло ҳисобот дода бошад.
Ба худоии марҳум Анвари Қаландар даъват шуда
будам.
Ҳангоми хуроки нисфирузй аз Раис пурсидам, ки
чун ҳарвақта ҳама якҷоя меравем ё...?
146
—Не, ман худам меравам, Шумо бо Латифй ва
дигарон оед.
Дар вақти муайяншуда ба мошинаи хизматии ху-
дам равона шудам. Назди чорраҳа, ки дигар илоҷи
пеш рафтан набуд, мошинро нигох, дошта берун ба-
ромадам. Ин замон аз куҷое Ҳаёев ҳам пайдо шуд.
Одамони дар ду тарафи роҳ истода ба таври хоса бо
ман салому алейк мекарданд.
Аз ҳама аҷоибаш ду зан рост ба суи ман омада,
маро нигоҳ доштанд, саломи гарму ҷӯшон намуданд,
тасаллй доданд ва бо овози баланд: «Мо бо шумо-
ем», - гуфтанд. Дар баробари дигарон Ҳаёев низ
шоҳид буд. Ин суханон дар лаҳазаҳои душвор тасал-
лиам медоданд. Аз касе пурсон шудам, ки онҳо
киҳоянд:
— Яке доктор, зани Қандил Ҷураев, дигаре низ
ходими илмй, номзади илм аз Кумитаи агросаноатй.
Ҳамин тариқ, то ба ҳавлй даромадан одамон ман-
ро гарму ҷушон пазирой менамуданд. Мо нишастем.
Муйсафеде омада бо ман «Шумо Бӯрй Каримов», —
гуён салом карду бо Ҳаёев не. Ману Ҳаёев рӯ ба рӯ
менишастем. Бо қавле «ду раис». Мо Буриҷон, Шу-
моро интизор мешавем, мо ба Шумо ran дорем, мо
бисёрем». Ин суханон, албатта, ба Ҳаёев намефорид,
вале ӯ кӯшиш мекард, симояш тагйир наёбад.
Баъди фотиҳа пасупеш аз ҳавлй берун шудем. Боз
мардум маро ни хеле пешвоз гирифта буд, ҳамон
тавр гусел намуд. Қаёев баъди ин ба ман боз ҳам бо
мулоҳиза ва боэҳтиёт рафтор мекард. Мегуфт:«Ман
аз Шумо хафа нестам, аз Табаров низ».
Ин суханонро аз забони ӯ пеш аз кор холй шуда-
нам на як бору дубор шунидаам, вале баъд аз
қабули қарори Пленум дигар нашунидам. Ин Су-
ханов ба бозиҳои сиёсй монанд буданд.
Вай шояд аз хондани ҳамон аризааш дар Пленум
шарм медошт. Мумкин заррае бошад ҳам, виҷдон
азобаш медод? Балки ^амон вақт у ин корро бар
асари хурӯҷи эҳсосот карда буд? Ҳа рчи буду набуд,
инро худаш медонад, вале аз қиёфааш маълум буд,
ки вай аз чизе пушаймонй дорад. Аз чй намедонам.
Ба ҳар ҳол курсиашро нигоҳ доштааст ва қаноатманд
аст. Вале таҷрибаи зиндагй борҳо собит кардааст, ки
147
Амрико. Фору ми ҷлвомони умвлбахши СССР » ШМА
дар бадбахтии каси дигар хушбахт шудан оқибати
неку надорад. Гарчи Пленумҳои «таърихй» кайҳо
пушти cap шуда бошанд ҳам, таҳқиру бадномкунии
ман давом дошт, бо воситаи занги телефон (хомушй),
маҷаллаву рузномаҳои ҷумҳурй ва мамлакат.
Валентина - котибаам ҳар замон болои мизи корк-
ам чойники чойро иваз мекард, аз аҳволам мепурсид.
Ӯ ва ёрдамчиам аз тез-тез доруҳои гуногун истеъ-
мол карданам огоҳ буданд. Ҳар замон тасаллй
медоданд. Гоҳо 10-15 дақиқа ба ҳуҷраи дамгирй ме-
гузаштам. Дилам сих мезад, кушиш мекардам
лаҳзае ғанабам барад, чунки шабҳоро баъзан бо
148
фикру хаёл рӯз мекардам. Зангҳои телефон оромам
намегузоштанд. Боре қариб ним соат хоб рафтам,
вале ёрдамчиам мушаввашхотир маро бедор кард.
—Раис, бовар кукед, хавотир шудам...
Хавотир нашавед, гуён аз ҷой хестам, дасту руй
шуста ба кор шурӯъ намудам. Он лаҳзаҳо, он рӯзҳо
наздиконам, ёрдамчй, котиба ва мушовиронам хеле
қарин буданд. Занҳои корхона низ интизори барома-
данам мешуданд, ё саҳар барвақт ба кор омада,
афсӯсхурон чанд сухане мегуфтанду тассаллоам
медоданд.
Ман аз онҳо беҳад миннатдорам. Коркунони дар
нафақа буда низ маро хуб мепазируфтанд. Шояд ин
ҷавобе ба хубиҳои кардан ман буд, ки дар ҳаққашон
раво дида будам? Боре коркунони масъули иттифоқи
касаба ва ташкилоти ҳизбиро ба назди худ таклиф
карда, аз онҳо пурсон шудам, чаро ҳангоми иду
айём табрик намудани нафақахӯронро фаромӯш ме-
кунед?
—Э, раис, онҳо ниҳоят зиёданд, — норозиёна ҷавоб
дод раиси иттифоқи касаба.
—Одамони зиндаро фаромуш кардан хуб нест.
Сониян, мақсади худро фаҳмондам.
—Биёед ба муносибати ид онҳоро табрик намуда,
хона ба хона рафта, ба ҳар кадоме анкета медиҳем.
Бигузор пур карда ба суроғаи мо бифиристанд. Дар
он анкета чунин саволҳо ҷой дода шуда буданд:
«Саломатиатон чй хел, оё кор кардан мехоҳед, ба чй
мӯҳтоҷед» ва ғайра. Чунин ҳам кардам. Ман интизор
набудам, ки ин қадар ҷавобҳои мусбй ва пур аз
миннатдорй мегирем. Онҳоро хонда гоҳ дилам реш
мешуду гоҳо рӯҳ гирифта, хурсанд мешудам. «17
сол шуд дар нафақаам, касе боре табрикам накарда-
ву хабарам нагирифта, ҳол он ки хубиҳои умрамро
ба кори Госплан бахшидаам», — чунин буд ҷавоби яке
аз нафақахӯрон. Бо ин мазмун бисёр мактуб ва таб-
рикномаҳои идй мегирифтем. Бисёриҳо дар кумитаи
ҳизбй ва иттифоқи касаба аз ин пешниҳоди ман хур-
санд буданд. Раиси иттифоқи касаба боз норозигй
мекард: «Гуфтам-ку, раис, ана бубинед, дар 10-12
анкета мошини сабукрав пурсидаанд. Аз куҷо меё-
бем, худатон ва маро дар азоб монондед».
149
—Не, — гуфтам дар ҷавоб. — Шумо ба мошинҳояш
диққат надиҳед, ин нишонаи он аст, ки зиндагии онҳо
бад нест. Беҳтараш бубинед, ки ба таъмири хона
эҳтиёҷ доранд ё не? Канн кй нафақаи ночиз мегирад,
кй бе касу кӯй аст, фаҳмидед? Ана барон ба онҳо ёрй
додан камари ҳиммат бубандед. Ин аст мақсади
пешниҳоди ман, на тақсими мошинаҳои сабукрав.
Умуман ба масъалаҳои зист, иҷтимоиёт аз ҳама
беш диққат медодам. Ин пеш аз ҳама тақозои одам-
гарй буд. Дуввум ин, ки бе ҳалли ин масъалаҳо дар
корхона шароити маънавии корй фароҳам овардан
душвор аст, чунончи, дар миқёси ноҳияву
ҷумҳӯриву мамлакат.
Он вақт хонаи истиқоматиеро ба истифода дода,
ба эҳтиёҷмандон тақсим намудем, боз сохтмони хо-
наи навро ба поя гузоштем, ба бунёди меҳмонхона
шурӯъ ва лоиҳаи ҷои дамгириро тайёр кардем. На-
медонам, паи ҳаллу фасли он нақшаҳо имруз чй
рафтор бошад, кош амалй мегаштанд. Инро бисёр
ҳам хоҳонам...
Одамонро чй маҷбур мекард, ки муқобили амри
виҷдонашон рафтор кунанд? Во як имои роҳбар тай-
ёр буданд дар ин Р9Ҳ «қурбон» шаванд.
Халқ ин ҳамаро аз радио гуш медод, «Хоҷа»
мехост, ки рафти Пленум ҳатман аз тариқи радио
шунавонида шавад. Халқ баромади иштирокчиёнро
мешуниду баҳо медод, фикр мекарду хулоса меба-
ровард ва имрӯз ҳам хулоса бароварда истодааст.
Баъзеҳо бо як сухане, ҳарфе, иборае ҳам бошад^
қасд мегирифтанд. Мисол, Маҳкамбоев мегӯяд: «У
худ чй шахсиятест?» Ана, тарошаи аз бом афтида.
Дар вақташ, ки сахтгир буд, биё имрӯз ҷазояш би-
диҳем. Мана мазмуну мантиқи муҳокимаронии яке
аз«сутунҳои» ҳукумат!
Дар урфият мегуянд: «шунидан кай бувад монан-
ди дидан». Афсус, ки ин ҳамаро мардум надид,
намоиш надоданд, зеро ин кор ба фоидаи аксари
иштирокчиёни Пленум набуд. Мутаассифона, бисё-
риҳо ҳатто нашуниданд. Дар вақти натри
материалҳои Пленум қисме аз дурӯғу буҳтонҳои
дар ҳаққи ман гуфташуда ва танқиди роҳбарон
суфта шудаанд, албатта бо мақсаде... Барой мисол
тӯҳмати нестандарҷаҳони МЛулодов ё худ танқиди
150
зидди А.Додобоев. Ин ҳама боз мақоли халқии «аз
мост ки бар мост»-ро ба ёд меоварад.
Ин майда-чуйдаҳо барон ман хеле гарон буд. Бе-
дорфикрон ҳайф мехонанд, вале ба гуши мақомоти
боло ин садоҳо намерасид.
Аҳволи ман боз ҳам вазнинтар мегашт. Як хастагии
ноаён вуҷудамро фаро гирифта буд. Духтурони ши-
нос ва дӯстони наздикам маслиҳат медоданд, ки ба
касалхона равам, табобат кунам.
Базӯр худдорй мекардам. Азобам сахт буд, вале
гумон мекардам, ки агар бистарй шавам, рӯҳан ши-
кает хоҳам хӯрд.Ин буд, ки розй намешудам. Дарди
гурда азобам медод. Ба қавли баъзе роҳбарони
ҳозираам, «акнун бояд барои ба дамгирй ва муолиҷа
равам» самимият нишон медодам, ки дард дарди
ман буд...
Азоби сахти маро ба назар гирифта, дӯстонам
хоҳиш мекарданд, ки ман кор накунам. Дар хона
нишаста дам гирам. Онҳо пушту паноҳ ва нигаҳбонам
хоҳанд буд. Вале, ман ки одати бекорй надорам,
р.озй шуда наметавонистам.
Ба ман корхона, одамон, муомила лозим буд. Ман
худро ҳар чи тезтар ба иҳотаи одамон ҳавола доданй
будам. Баъди он дасисаҳо ҳамагй ду рӯз «кунҷи
узлат» нишастаму ба кор баромадам.
Кор мекардаму дар изтиробу хавотир будам, чй
мақсади дигаре дошта бошанд? Мумкин онҳо маро
дар асл нест карданианд ва худ аз қасди ҷонам даст
кашидаанд? Не, ба фикрам... Назорати доимии «шер-
бачаҳо» дар атрофи хонаам, ҳангоми ба ягон ҷой
сафар кардану меҳмонй рафтанам, бо телефон ran
заданам аз ин гувоҳй медод.
Ба қишлоқ ба хабаргирии модарам тез-тез ме-
рафтам ва ҳар бор хабари наве мешунидам. Кор ба
ҷое расидааст, ки аз сокинони деҳа пурсидаанд, ки оё
Каримов ҳангоми усто шуда кор карданаш ба касе
асфал ё бетон фурӯхтааст? Кӯчаҳои деҳаро ҳангоми
сардори корхона ва вазир буданаш асфалт кардааст?
Мӯйсафеде ба он тафтишгарон посухи хубе дода-
аст: «Оё шумо аз деҳа гузашта, мумфарш набудани
кучаҳои моро надидед? Оё мошини Шумо чанги
кӯчаро ба осмон набардошт? Охир, ӯ на ба касе
151
асфалт додаасту на роҳи деҳаашро мумфарш кар-
дааст. Як 6а як пурсон шаведу тафтиш кунед. Сад
ҳайф, ки нисбати у чунин рафтор мекунед. Ӯ аз
Шумо мегуфтагиҳо нест».
Бадии кор боз дар он буд, ки аз ин гуфтаҳо модар
огаҳ мешуд, дил об мекард, дар байни ним сол
қариб тамоми мӯи сараш сафед шуд. Азоби мода-
рам ғаму аламамро дучанд мекард. Ӯ чй гуноҳ
дорад? Чаро ба у ин азобро раво мебинанд. Илоҷи
дигаре доштам ё не? Боз фикрй мешудам. Модарро
дида, сир бой намедодам. Ӯ ҳам чунин рафтор кар-
да, азоби худро аз ман пинҳон доштанй мешуд. Ҳар
ду, аҳли оилаи худам, бародарону хоҳаронам, хешу
табору дустонам ҳама дарунакй месӯхтем.
Месухтем аз ноодамиву сангдилии гурӯҳе...
Дард асорат дорад, даво меҷуяд, мекушам даво-
яшро тезтар ёбам, вале илоҷаш дар дасти
баргузидагон, хуҷаинҳои ҷоҳу ҷалол, бедорфикрон
аст. Онҳо хомушанд...
...Ҳеҷ набошад, фикр мекардам худ ба худ, он
суханронии маро дар назди ҷамъомадагон рӯзи
13.02.90 ба мардум нишон медоданд. Лоақал... Чаро
бетартибиҳоро паи ҳам нишон доданд? Чаро бетарти-
биҳоро ба навор гирифта тавонистанд ва баромади
маро не. Чаро? Ё шояд ин чиз ба сиёҳ кардани ман
халал мерасонд? Гумон мекунам, ҳамин тавр буд. Оё
он руз нисбати роҳбаре гапи ноҷо гуфтам ё худ
мансабпарастй кардам? Оё ман дар талоши вазифа
будам ё хун мегиристам? Худоё, ба ин саволҳо кй
ҷавоб мегуфта бошад?
Он рӯзҳо қувваҳои демократй самти муайян на-
доштанд. Баъзеҳо кӯшиш менамуданд худро ба
таври барҷаста ягона хайрхох, ва ифодагари розу
ниёзи мардум нишон бидиҳанд. Байни онҳо шахсони
мансабталаб низ буданд. Аммо дар он рӯзҳои дог ба
ин кам аҳамият медодем. Ба ҳамаи камбудиҳо нигоҳ
накарда, бояд тамоми қувва ба он сафарбар карда
мешуд, ки онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем ва
барои осудагии мардум чора андешем. Касе, ки он
рӯз ҷону дилаш ба миллат, ба халқаш месӯхт, байни
издиҳом буду кори аз дасташ меомадаро ба ҷо
меовард. Фақат гуруҳи мансабдорон ва ғаддорон
152
гами дигар доштанд, тавре рафтор мекарданд, ки
касеро тезтар гунаҳкор намоянд ва ба ин васила ба
рӯи камбудиҳои содиркардаи худ боз пардаи ранго-
ранг пушонанд. Он рӯзҳо ҳар сухан, ҳар рафтор
диққати мардумро ҷалб менамуд. Ҳар сухани ба-
маврид, ботамкин ва пурмазмун метавонист нақши
ҳалкунанда бозад.
Вале ман кай медонистам, ки суханҳои барои ба
эътидол овардани вазъият гуфташуда, дар охири кор
балои сари худам мешавад? Алалхусус ибораи
«халқи азизам, ба ман бовар кунад» ҷони онҳоро ба
танг оварда буд... Алҳазар аз гумонҳои бад. Он
рӯзҳо махсусан рузи 14-ум ҳангоми кори Пленум
сардорони шӯъба ва ҷонишинони сардори шуъбаҳо
ба ман бо сухан ва рафтори бачагонаи худ ҳуҷум
мекарданд. Нафаре аз онхо «Каримов ронда шавад,
Каримов ин кори кардан Шумо айб аст!», гуён хомуш
истода наметавонист. Тайёр буд, ки гапҳои дигаре
бигӯяд, вале хушбахтона атрофиёнаш уро ором ме-
карданд. Ман ҳайрон будам, ки ин шахси дар зиндагй
кору мансаб дида, синну солаш ба ҷое расида чаро
чунин рафтор мекунад? Ангушти ҳайрат мегазидаму
хомуш будам.
Ин ҳолатҳоро аз cap нагузаронида нақл кардан
душвор аст, ба қалам додан боз душвортар...
Каси дигаре суол мекунад: чаро намояндаи теле-
визион бо Каримов мусоҳиба ташкил намуд? Албатта,
чунин саволҳои бемазмуну подарҳаво кам набуданд,
вале пай бурдан душвор набуд, ки чаро онҳо ин тавр
Савол медиҳанд. Бе исбот маълум буд, ки саволҳои
боғаразона дода, мақсаду мароми худро амалй ме-
сохтанд. Охир метавонистанд ин саволҳоро ба худи
рӯзноманигорон ё роҳбарони телевизион бидиҳанд.
Лек он вақт ин ба фоидаи кор намебуд. Баъзеҳо
кӯшиш мекарданд, ки нишон диҳанд, ки гуё Каримов
онҳоро барои мусоҳиба маҷбур сохта бошад. Сад
афсӯс, ки аллакай хуни ноҳақ рехтаи худро фаромӯш
карда буданд. Фаромӯш мекарданд, ки онҳо фар-
зандони нохалафанд. Нони халк, хӯрда, фарзандони
онҳоро ғарқи хун кардан, магар ҷиноят нест?..
Баъдан бароям маълум шуд, ки Раиси Кумитаи
радио ва телевизион А.Ҷӯраев низ ба ман дар баё-
153
•
нотҳои худ тӯҳмат задааст, ки гуё ӯро ба воситаи
телефон маҷбур сохта бошам, ки матни протоколи
истеъфоро ба воситаи телевизион ва радио хонанд.
Пеш аз ҳама ин ҷо дурӯг гуфта шудааст. Ман занг
зада хабар додам, ки роҳбарон ба телевизион омада,
бо намояндагони кумитаи муваққатии халқй дар соа-
ти 10-и бегоҳ, баъд аз оарномаи «Вақт» сухан
мекунанд. Инчунин пурсидам, ки чаро матни хабари
истеъфои роҳбаронро барои хондан манъ кардаанд?
Барой ҳамин ҳам ман ба Ҷӯраев гуфтам: ин супо-
риши Додобоев аст, ба он кас занг зада аз ӯ пурсед,
чй тавр фармоянд ҳамон тавр рафтор намоед. Ди-
гар ягон гапи зиёдатй набуд. Андактар маълум
мегардад, ки шаби он руз 14-ум ба 15-уми феврал
Ҷураев ба маҷлисгоҳи фаъолони шаҳри Душанбе да-
ромада мегӯяд, ки қариб ки телевизионро забт
кардаанду мехоҳанд, ки маҷбуран баромад кунанд.
Дуруг торикии имон аст. Охир, магар баъди тамом
шудани маҷлиси дилхоҳон ба телевизион омадани
роҳбарон бо сардории Пуго Б.К. аз он гувоҳй наме-
диҳад, ки ин тавр рафтор кардани раиси телевизион
пасфитратист? Агар чунин мебуд, оё онҳо ба телеви-
зион меомаданд? Чаро ӯ маро назди ҷамъомадагони
шаҳр бадном сохт? Ҳол он ки он вақт ҳамаро то
огози сохтакориву нағмабозиҳо ҳамфикр медидем.
Додобоев гирди ману аъзоёни кумитаи муваққатии
халқй парвонавор мегашт. Мехост самимй бошад?
Шояд фикраш ба макру фиреб банд буд, ё худ маро
ба доми бало гирифтор кардан мехосту мо онро аз
чеҳрааш пайхас намекардем? Ё сабаби дигаре, ё тар-
су ҳарос? Ба ҳар ҳол хоҳишу илтимос ва илтиҷоҳои
гадоёнаашро фаромуш накардаем. Шарҳи ҳолати
имзо шудани протоколи истеъфо далел аст.
ДУР АЗ БАЛО
Роҳбарон ба «Марказ» рафтанд, сессияи Шурой
Олии ИҶШС кори худро огоз намуда буд.
Ман саргарми кор будам, баъзан меандешидам,
ки акнун бо ман чй кор мекарда бошанд? Дар пеш
сессияи навбатии Шурой Олии ҷумҳурй. Дар ҳамин
сессия дар қатори дигар роҳбарон масъалаи интихоб
154
\
шудани ман ба вазифаам дида мешавад. Намоянда-
гони халқ баъд аз Пленум хулосаҳои худро
бароварда, бо назардошти барномаи амали ман ва
саволу ҷавоб ба хулосае меоянд. Тақдири маро ҳал
мекунанд. Аз ин ру, ба ин маърака ҳаматарафа
тайёрй медидам. Барномаи амали ман, ки аз барно-
маҳои пешина ба куллй фарқ мекард, ду моҳ пеш аз
ин ба забони тоҷикй ва русй тарҷума шуда буд. Онро
барои мутолиа ба сардорони шуъбаҳо дода будем,
то онҳо фикру мулоҳизаҳои худро нисбати барнома
изҳор кунанд.
Ҳамин тариқ, вазъияти тезу тунди дар пешистода-
ро ба ҳисоб гирифта, тамоми қудратамро баҳри
сарфаҳм рафтан ба мушкилоту муаммоҳои зиндагй
равона кардам. Мекӯшидам, ки дар сессия бори ди-
гар тасдик, намоям, ки ман асосан ба ҳаллу фасли
масоили мубрами ҷумҳурй саргарм буда, аз сиёсат-
бозиҳо дурам. Аз рафтори ман, тайёрии ман ба
роҳбарон хабар расида буд. Онҳо барномаи амали
Госплани ҷумҳуриро ба таври мушаххас дар даст
доштанд. Дар он масоили баҳсталаб бисёр буд. Нис-
бати ҳар яки он фикрҳои мухталиф ҷой доштанд. Аз
тарафи дигар, кайҳо ҳис мекардам, ки роҳбарон
кӯшиш доранд, ки маро то сессия аз кор озод намо-
янд.
Ин нияташонро мехостанд ба таври хоса иҷро на-
моянд... Чаро? Зеро муайян намуда буданд, ки ман
гуноҳе надорам, вале аллакай қарори Пленум қабул
шуда буд. Роҳи бозгашт нест. Аз тарафи дигар, дар
ҳолати наёфтани гунаҳкор касеро бояд айбдор на-
муд, чунки халқ талаб дорад, ки гунаҳкорон ба
ҷавобгарй кашида шаванд. Ҳамчунин роҳбарон хуб
дарк мекарданд, ки қисми мардум ба қарорҳои
қабул кардан Плену мҳо бовар на доранд ва маро
дастгирй хоҳанд кард.
Барои ҳамин мекӯшиданд маро ба таври хоса аз
кор холя кунанд.
Чй тавр? Маро Латифй ба назди худ хонда, сало-
матиамро пурсид. Баъд гуфт, ки ман чй нақшаҳое
дорам. Дар ҷавобгуфтам: нақшаҳоям кор кардан, аз
ин дасисаҳо рӯҳафтода нашудаам. Бисёр хуб, гӯён он
кас чизе гуфтанй шуда, боз худдорй кард. Барои чй
155
бошад, якбора лаҷоми суханро ба суи дигар каши-
данд. Ҳамин сохтмони роҳи оҳани Душанбе—Кулоб
кай cap мешавад? Дирекциям сохтмон ташкил карда-
анд ё не? Ва ҷавоби маро интизор нашу да илова кард:
сохтмони боҳашамате дар пеш аст. Касе, ки он ҷо аз
оғози сохтмон кор карда, худро нишон диҳад, сазо-
вори обру мегардад.
Акнун сарфаҳм мерафтам, ки чаро Латифй маро
назди худ хондаву ба ин мазмун суханронй меку-
над... Ӯро бо диққат гуш мекардам. «Хайр, чй фикр
дорй, Бурй?»
—Бародар, аз ҳама кори бад ҳар замон дигар
шудани инсон аст. Шумо бо ман бояд «шафтолуи»
гапро гӯед. Ман Шуморо ҳамчун марди ҳақиқатгӯй
мешинохтам ва мешиносам, вале ҳоло рафтори Шу-
мо тамоман дигар аст. Чаро бо ман, бо ҳамкори худ
ин қадар пардапушона сухан мекунед? Модоме, ки
ин корро ба ӯҳдаи худ гирифтаед, бояд кушоду
равшан гуфт. Илова намудам: «Сад афсӯс! Сад
афсӯс, ки Шумо бо ман чунин рафтор карда истода-
ед».
Латифй аз ҷой бархост. —Бӯрй, беҳуда аз ман
ранҷида истодай. Ман ягон чизро ба Шумо вобаста
накардаам. Наход хафа шавй. Беҳуда!
Оқибат ба такрор гуфтам: ман хуб пай бурдам, ки
Шумо чй мехо^ед.
Ман медонам, ки роҳ^рони дигар бо ман рӯ ба
ру ва ба ин мазмун гуфтугу карданро раво намедо-
нанд. Ин барои онҳо аллакай пастй ҳисоб мешавад. Ё
худ шарм медоранд?
Чй тавре, ки набошад, ин вазифа ба уҳдаи Латифй
гузошта шуда буд. Мумкин аз руи қарин буданамон,
гаразнок ё ҳамту...
—Отахон! Ариза нависам гӯед!
Дидам, ки пати руи он кас тамоман дигар шуд.
—Не, Бӯриҷон, ин кори худи Шумо, фикр кунед,
ман ба Шумо бовар дорам, вале онҳо...
Аз ифшои пурраи муносибати «онҳо» худдорй
мекард. Каме димогам гирифт, авзоям беҷо шуд. Аз
ҷой бархостам, барои ғамхорй ба Латифй раҳмат
гуфтам. Ва илова кардам:
—Бисёр мехостам, ки дигар нашавед, чунки вазифа
одамонро дигар мекунад.
156
Хаёлам аз ин суханон хафа шуданд, вале аз наму-
дашон ҳеҷ чиз ҳувайдо набуд. Аз кабинеташон
баромада рафтам. Дар утоқи корй ғарқи фикру хаёл
будам. Чаро чунин рафтор мекунанд? Чанд руз си-
парй шуд. Ҳар рӯз ду-се маротиба ҳангоми сарфи
таъом ва ё маҷлисҳо бо «сарон» вомехӯрдем. Ота-
хон пай бурда буд, ки аз ин рафтори у ранҷидаам.
Ope, ранҷида будам. Барой чй шахсе, ки ҳурматаш
мекунй, сазовори бовариат мебошад, чунин рафтор
мекунад?
Рузи дигар бо мақсади ҳалли масъалаи ҳалталабе
коғаз ба даст вориди кабинети Латифй шудам. У
хушҳол маро истиқбол гирифту гуфт:
—Аризаро овардед?
Оре, оре, аризаро овардам ва ба ӯ пешниҳод
намудам. Он ариза ба унвони комиссияи тафтишоти
Шурой Олй буд. Ана он ариза:
«Ба комиссияи оид ба
таҳқиқи вазъияти вобаста ба
воқеаҳои 12,13,14 феврали соли
1990 дар шаҳри Душанбе
Афкори умуми ба вуҷудомада ва баромади
туҳматангези баъзе рафиқон дар Пленуми КМ Пар-
тияи Коммунистии РСС Тоҷикистон маро водор
сохтанд, ки ба Шумо муроҷиат кунам. Гуё ташкилот-
чии тамоми бетартибиҳои ба амаломада ман бошам
ва инро ба он вобаста мекунанд, ки касе номи маро
дар намоиш ба забон гирифтаасту маро талаб карда-
аст ё дар даст бо номи ман шиоре доштааст. Бо
ҳамин дар байни аҳолй афкори умумро ба вуҷуд
оварданд.
Наход шоҳидони он воқеаҳои мудҳиш фаромӯш
кардаанд, ки ҳамаи мо дар кадом ҳолат будем ва
мақоми ман дар паст намудани шиддати вазъият чй
гуна буд. Баъзеҳо фаромуш карданд, ки ман дар он
рузҳо дар кадом ҳолат оуда/^ ва тамоми қудрату
тавоноиямро ба чй равона мекардам. Иддае аз ишти-
рокчиёни Пленуми охирин (Э.Бойматова дар назар
аст) чунин ақидаро иброз кардаанд, ки гуё ман ба
намоишчиён чизеро ваъда дода бошам ва аз ин рӯ
онҳо маро талаб кардаанд ва ниҳоят танҳо гапи ма-
/
157
ро гуш карда пароканда шудаанд. Ҳар як сухани дар
радио, телевизион ва митингҳо иброз кардан маро ба
хости худашон таҳриф намуда, гаразнок ба
муқобили ман истифода бурданд. Бар замми ин дар
байни мардум ҳар хел дурӯғҳоро паҳн карда истода-
анд. Алҳазар аз бӯҳтону дурӯғ.
Дӯстони арҷманд, бовар кунед, аз туҳмат дида
чизи даҳшатноктаре нест. Аз ҳар яки Шумо илтиҷо
дорам, ки ба тамоми ҷузъиёти ин воқеаҳо диққати
махсус диҳед. Тамоми наворҳои телевизиониро пур-
ра таҳқиқ намоед, то ки ҳақиқат дастболо шавад.
Наход офтобро бо доман бипушонем.
Намехоҳам, ки дар бораи ман дар байни мардум
ақидаи нодурусте роиҷ гардад. Ман ба Шумо Ьо-
варй дорам ва умедам аз Шумо хеле калон аст. Аз
Шумо бори дигар хоҳиш мекунам, ки гунаҳкорони
асосиро ҳар чӣ зудтар ёбед, то ки ман дар назари
мардум ҳамчун гунаҳкор вонамуд нашавам ва
рӯҳан азоб накашам.
Ҳақиқатгуию росткорй заволнаёбандаанд, аз
қабили наҷибтарин сифатҳои ҳамидаи инсонианд. Чй
хеле, ки халқ мегӯяд, ҳак, рузе ба ҳақдор мерасад. *
Ман ба ин боварии комил дорам.
Раиси Госплани РСС Точикистон
Б.Б.Каримов».
Ӯ аризаро хонду гуфт: ин хуб, вале гумон кардам,
аризаи ба кори дигар гузаштанатонро овардед. Ана
ҳайрон нашаведу бубинед. Ана инаш рӯирост. Ин тавр
рафтор кардани ин кас беҳтар буд. Хеле ҷиддй аз он
кас пурсидам.
— Тамоми даҳшатро дар рӯзҳои хунини феврал ва
ҳам дар Пленум ба чашми худ дида, боз Шумо чунин
рафтор мекунед? Сабаб чист? Ин ҳам боз ягон бозии
сиёсист?..
— Ман гумон мекунам, ки агар худатон ариза
нависед беҳтар мешавад. Ин одамҳоро медонед-ку?
Боз ба фикр фурӯ рафтам. Аз таҳти дили Латифй
огаҳ набудам. Мумкин роҳбарон мехостанд, ки маро
бо Латифй муқобил гузоранд. Ва ё худ гумон мекар-
данд, ки ману Латифй ягон фикри гаразнок доштем?
158
\
Саволҳо, саволҳо, саволҳо... Саволҳои беҷавоб - худ
ба худ фикр мекардам...
— Медонед чЯ, — гуфтам ба Латифй, — Шумо
мехоҳед бо дасти худ ариза навишта равам, то аз ин
истифода бурда ба халқ бори дигар гӯед, ки дидед,
гунаҳ ки дошт, худаш ба дасти худ ариза навишта
баромада рафт. Ин корро, бародар, ман намекунам
ва росташро гӯям, чунин рафтор кардани Шуморо
намефаҳмам. Шумо беҳтараш гуед, ки чй ва кй ин
вазифаро ба души Шумо гузоштааст? Кй? Бисёр ме-
хоҳам Шумо ба ман оигӯед.
Вале дар ҷавоб он кас фикрй шуда гуфтанд:
/ — Худам, Буриҷон. Ин фикри ман ва гумон меку-
нам, ки ин тавр хубтар мешавад.
Ман норозигии қатъии худро ба он кас изҳор не-
му да, баромада рафтам.
Он дақиқаҳо назари ман нисбати Латифй дигар
шуд. Ман байни Латифии рӯзноманигор ва Латифии
ҷонишини Раиси Шурои Вазирон — ҳамкори худ тафо-
вути дилхароше медидам. Чашмдошти чунин
рафтораш набудам. Худро тасаллй медодам: ором
шав, ба эҳсосот дода нашав, ran сари чист? Бияндеш!
Чаро худи роҳбарон нею махсус Латифй бо ман
чунин рафтор мекарда бошад? Ҳа, ёд дорам, боз ба
он кас он дам гуфтам: «Латифй, дунё гузарон аст,
нисбати касе ва хусусан миллат беэътиной намуда,
ҳақиқати ҳолро нагуфтан хуб нест. Мову Шумо боз
вомехӯрем, дунё ба умед аст, зиндагй хоҳем кард...»
Ин тахминҳоям рост баромаданд. Баъди чанде
роҳбарон аз Маскав баргаштанд. Маро Ҳаёев назди
худ хонда, аз вохурй бо Латифй пурсон шуд.
— Чаро ба фикри Латифй розй нашудед?
— Охир, маро Латифй ба кор қабул накардааст-ку?
Чаро ҳеҷ набошад, Шумо ё Маҳкамов ба ман ин
пешниқодро накардед?
— Ман шахсан худам аз Маскав -ба Латифй занг
зада хоҳиш кардам, ки бо Шумо гуфтугӯ кунад. Ин
супориши ман ва хоҳиши Маҳкамов буд
— Якум ин, ки Латифй аз ман супориши Шумо
буданашро пинҳон дошт.
Дуввум, чаро ин корро худи Шумо накардед.
Саввум, наход тоқати то сессия интизор шудан
нест.
159
Чаҳорум, Шумо борҳо гуфтед, ки ман ба Шумо
ягон эътироз надорам ва Шуморо гунаҳкор ҳам на-
мешуморам. Пас чунин рафтор кардан чй маънй
дорад.
«Ман гапҳоямро гуфтам» — фаҳмонд Ҳаёев.
Гуфтам: бе ин ҳам маро ба доми макр кашидед,
маро сиёҳ кардеду худро сафед ва дар ҳақам ҳарчй
раво дидед, пиёда сохтед, вале ман ариза наменави-
сам. Баъди ин баромада ба ҷои корам рафтам.
Боз рӯзҳо сипарй мешуданд, кор мекардем, дар
чанд маҷлис иштирок намудам, гӯё гапе нагузашта
бошад. Гоҳо ба хулосае меомадам, ки роҳбарон ба
фикрам розианд, ки то сессия интизор шаванд, вале
афсӯс, хато кардаам... Ҳарчанд, ки рӯзи шанбе ва
якшанбе дар кор будам, паҳлу ба паҳлу бо Ҳаёеву
Кошлаков ва дигарон хӯрок мехӯрдам, касе ба ман
чизе намегуфт. Дар мавзуъҳои умумй сухан мерафт.
Кошлаков гоҳҳо кунҷковона аз ман баъзе чизҳоро
мепурсид. Воҳидов «ҳамааш хуб мешавад», — гӯён
тасаллй медод...
5уруст аст, ки Латифй сонитар аз рафтори ноду-
аш нисбати ман дар мусоҳиоа бо рӯзноманигори
«Сухан» Темур Варки арз мекунад:
Т.В. «Собиқ раиси Кумитаи планкашй Бӯрй Каримов
ва собиқ вазири маданият Нур Табаров, ки баъди
воқеаҳои февралй ба кӯшиши табадуллот гунаҳкор
дониста, аз сафҳои КПСС хориҷ ва аз кор озод шуда
буданд, ба қарибй аз додситони ҷумҳурй оиди дар
амалашон набудани унсурҳои ҷиноят мактуб гириф-
танд. Шумо инро чй гуна шарҳ медиҳед?
О.Л. «Ҳамин хел сурат гирифтани оқибати корро
чашмдор шудан низ даркор буд. Дар вазъияте, ки
роҳбарият барои истеъфо имзо гузоштанду бесару-
сомонй фаро расид, кӯшиши онҳо ба хотири
барқарор кардани вазифаҳои ҳокимияти давлатй
қонунй буданд. Амали онҳо ба тартиби конститусио-
нии тайёр намудани чунин ҳуҷҷатҳо мувофиқ буд.4
Билохир худи фармон рӯи дунёро надид. Дар шакли
сиёҳнавис тартиб, лоиҳаашро нишон додан, танқид
кардан ва имзо накарда ба қуттии ахлотпартой ҳаво
доданд. Ҳамаи ин ҳаёҳуй дар атрофи ин фармон ба
як пули пучак ҳам арзиш надорад. Ин боз як далели
160
сатҳи саводи ҳуқуқии ҷамъият аст. Эҳтимолияти бе-
гуноҳй ба инобат гирифта намешавад. Мо дарҳол ба
ҷои салла калларо меорам. Мо акнун ба аэхуд кар-
дани алифбои ҳуқуқ, cap кардем...
_Шуури мо побанди догма ва қоидаҳои фарсуда
буд. Аэ ҷумла, дар масъалаи ба фаъолияти Буря
Каримов ва Hyp Таоаров ҳангоми воқеаҳои февраля _
баҳо додан ҳамаи мо, аз ҷумла худи ман низ мубта-
лои шуури кӯҳнаи классикии идеологЯ ва синфя
будем. Дар натиҷаи тафтиш маълум шуд, ки ин шах-
сон комилан мувофиқи талаби Конститусия ва
тартиби мавҷудаи қонунгузорЯ амал кардаанд».
25-уми март ман ба кор омадам ва пас аз чанде
ёрдамчиам ба наздам даромад.
— Рӯзномаро хрндед?
— Не, чЯ буд?
— Дар бораи Шумо...
Аз афташ ёрдамчиро забон нагашт, ки ин хабари
нохушро расонад, барои ҳамин рӯзномаро ба сӯям
дароз кард.
Он ҷо дар чанд сатр хабар дода мешуд: «Б.Кари-
мов аэ вазифаи ҷонишини Раиси Шӯрои Вазирон,
раиси Госплани Тоҷикистон озод карда шуд».
Дар ҷоям нишастам. Гӯё маҷоли хестан надоштам.
Чанде мадорам аз ман рафт...
Аҷоиб, пеш аз маро вазиру Раиси Госплан таъин
кардан намояндаҳои Комитети МарказЯ ба ҷойҳои
кори собиқи ман рафта, фикри даҳҳо одамонро пур-
сида буданд, даҳҳо когазҳо навишта карданд. Чаро
вақти аз кор озод намудан бо касе маслиҳат наме-
кунанд?
Гап сари мансаб не. Гап дар мардию номардй,
одамиву ноодамя меравад. Охир, як руз пеш — рӯзи
шанбе оо Қаёеву Кошлаков хӯрок хурдем. Наход
онҳо аз ин бехабар буданд? Наход қадри одам ҳамин
бошад? Наход як даҳан Маҳкамов ё Паллаев намета-
вонистанд, инро ба ман гӯянд?
Магар ин рафтори онҳо пинҳонЯ ва заифона аз
тахтапӯшт корд задан нест?
Касе набуд, ки ба ин саволҳои ман ҷавоб диҳад.
Ба ин саволҳо чун саволҳои бисёри дигаре, ки то
ҳанӯз касе аз «падаронн миллат» хоҳиши ҷавобгӯя
надорад.„
161
Лек ин саволҳо набояд бе ҷавоб монанд.
Ҳамзамон бо ин саволҳо бо нанд саволи дигар:
Якум: магар аз вазифа гирифтан ва мондани ҷони-
ишини раиси Шурой Вазирон, раиси Госплан дар
салоҳияти Шурой Олй нест?
Дуввум: оё бехабар аз худи шахе, қисмати ӯро
дар доираи хурди одамони худй ҳал кардан аз он
қоидаҳое нест, ки кайҳо маҳкум шудааст.
Саввум: маро гӯё барои мансабхоҳй ва нияти ама-
линашуда (лоиҳаи Укази набуда) аз сафи ҳизб холя
карданд. Оё ба як гуноҳ ду ҷазо аз рун инсоф аст?
Чаҳорум: интихоботи нав аллакай сурат гирифта
буд. Рузҳои наздик бояд сессия барпо мегардид.
Магар таъҷилЯ, пеш аз мӯҳлат аз кор холя кардани
ман аз хавфи он набуд, ки мабодо вакилони халқ аз
сари нав маро ба вазифаам интихоб кунанд?
Ё завқу васвасаи курсии баландро муқимЯ ишгол
кардан барои баъзеҳо аз эҳтироми қонун ҳам зӯрЯ
• каРА? „ „ ^ ..
Ранг аз руи ёрдамчиам парида буд, худро бисер
бад ҳис карда, асабонй шуд. Наход Шуморо пешакя
хабар накардаанд?..
Ин ҳақиқати талхе ҳаст, ки дар доираи ягон
қонунҳои навиштаю нонавишта намеғунҷад. Бале, ба-
ле... Шарҳ додани он дақиқаҳо кори осон нест. Чанде
ба фикр фурӯ рафта, худро ба даст гирифтам, болои
миз баъзе дафтарҳои зарурЯ ва якчанд китобро
ғундошта, аз ёрдамчЯ хоҳиш кардам, ки
боқимондаро ҷамъ намуда пае биёрад. БаромаданЯ
шуда, боз ба фикр рафтам. Ба коллектив кай хайру-
хуш кунам? Ҳоло ё баъдтар? Ба ҳар ҳол
ҷонишинонро назди худ хонда, аз онҳо маслиҳат ги-
рифтам. Гуфтанд, ки баъдтар беҳтар мешавад. Хуб
гӯён, бо онҳо хайрухуш намудам. Агарчи изтироби
онҳоро хуб мушоҳида накарда бошам, Борзенко
тоқат накарда якчанд суханони пурэҳсосу пурмазму-
нам гуфт. Дар вақти хайрхуш гирди чашмони
ёрдамчиам Давлатқадам, котиба ва Борзенко об
давр мезад. Онҳо хоҳиш мекарданд, ки худро ба
даст гирам ва гусса нахӯрам...
...Лаҳзае бо худ мондам. Баъд аз кабинет ягона
сарвати худро, ки дар ҳар ҷое кор мекардам, бо худ
мебурдам, гирифтаму баромадам.
162
— Хайр, Ҳукумат!
Ба хона омадам ва сарвати худро, эҳтиёткорока
ба болои ҷевон гузоштам ва боз як бор ба он нйгари-
стам: •
•Ҳар шаб зи худ бипурс агар ту мер да
Н-имруз чй хидматв ба мардум кардй!»
Маро бо се банд ба дом афтонданд.
Аввал: ҳамроҳ шудани ман ба созмони мардумй.
Дуввум: детективҳои сохта.
Саввум: Лоиҳаи Указе, ки вуҷуд надорад...
Дар оғоз бояд ба инобат гирифт, ки ин ҳама дар
кадом давра, лаҳзаи ҷорй ва вазъияти сиёсй мегу-
зашт. Ва ба ҳамагон ҳувайдост, ки ҳар чй бо ман
сурат гирифт, бо он воқеаҳо марбут буд ва дар он
лаҳзаҳое, ки касе қудрати соати баъдинаро пешгуй
кардан надошту ҳама дар ҳолати шадиди рӯҳй бу-
данд, ҷараён дошт.
Биёед, дар тарозуи хирад гуноҳу савоби кори
кардан маро, ки ғайри хизмат ба халк, дигар таманное
надорам, бармекашем. Содиқона, холисона ва бе
гиром.
Як чиз аён аст. Ба созмони мардумй ман бо дар-
хости ҷамъомадагон ва розигии роҳбарони ҷумҳурй
дохил шудам. Аз ҳама асосй нақши ин созмони мар-
думй дар пешгирии хунрезй ва бенизомиҳо бисёр
бузург аст. Дар лаҳзаҳои душвортарин бе ягон ас-
боби дифоъ онҳо ба назди халқ баромада, ба
маҳаллаву микрорайонҳо рафта мардумро ба оромй
талқин мекарданд, дар вақте ки бисёр роҳбарони
«ман-мангу» танҳо дар ғами ҷони худ оуданд.
Афсус, ки баъди харашон аз об гузаштан на танҳо
маро ба дом андохтанд, балки бисёр аъзои Кумита-
ро ба ҷои миннатдорй истинтоқ намуданд, гирифтори
шиканҷа сохтанд, ба ҳабс гирифтанд.
Мегузарам, ба детективҳои сохта.
Дар айбномаҳое, ки ба сари ман бор мекунанд,
чунин ҷумлаҳо вомехуранд: «Дар кабинети у шахсо-
ни номаълум менишастанд». «Ношиносеро аз
Хабибов хоҳиш мекунам, ки ба куҷое барад...»
Ҳар қадар пурпечутобтар, ҳар қадар ноаёнтар,
ҳар қадар воҳиманрктар ҳарф зананд, ҳамон қадар
одамон ба шавқ меоянд: ношинос - кй бошад (Ҷосус?
163
Фиристодаи ягон мамлакат?). Шахсони номаълум-чй?
Дастаи балвогарон, гуруҳи дастгиркунй, мафия ё ёву
йув? Ё гурӯҳи махсусе, ки ҳокимиятро чаппа кардан
мехост?
Ва ҳар қадар одам бошад, ҳамон қадар тафсир ва
таъбири детективй пайдо мешавад, ки Агата Кристи
ҳам шояд ба он ҳасад бубарад...
Акнун фурсат аст, ки Шуморо бо қаҳрамонони
детектив ошно кунам: Онҳо рӯзноманигорони
«Тоҷикистони Советй» Имомназар Холназаров ва
Шамсиддин Насриддинов буданд, ки барои мусоҳиба
назди раиси кумитаи муваққатии мардумй омада бу-
данд.
Баъде, ки М.Муҳаббатшоев ҳам ба ин ҷо меояд,
онҳо якҷоя ба идораи рузнома бармегарданд ва
таҳти сарлавҳаи «Ба истеъфо рафтани роҳбарон»
ҳисобот менависанд.
— Он рӯз, — нақл мекунанд шоҳидон, — Михаил
Матвеевич ( тахаллуси Муҳаббатшоев дар байни наз-
диконашон) шод буд. Ҳисоботро худаш хонда, баъзе
ислоҳҳо дароварда, амр кард, ки дар саҳифаи якум
бо ҳуруфи калон ҷои кунанд.
— Крупно надо давать — ба русй мегуфт ӯ, — ЖР
10 строчный черный...
— Пагоҳ чоп кунем-чй? — гуфт навбатдори шумора
Ғ.Муродалиев - Дер шуд.
Ғазаби муҳаррир омад.
Баъд у ҳар замон ба иззати нафси рӯзноманигорони
«Совет Тожикистонй» мерасад: «тарсончакҳо» ва
онҳоро масхара мекунад. Мазмун, бинед мо чи хел
чиз чоп мекунем: ҳангома!
Шояд ин ба онҳо таъсир кард, ки ҳамкасбони
узбек низ хостанд, мақоларо тарҷума карда чоп
кунанд...
Ва эътироф бояд кард: шояд он руз аввалин рузе
буд, ки М.Муҳаббатшоев гапи кормандони КМ-ро
гуш накарда ин ҳисоботро чоп кард.
Пагоҳаш бо ҳуруфи калонтарин (ягон мақола то
ҳануз бо ин хел ҳарфҳои калон дарҷ нагардида буд)
«Ба истеъфо рафтани роҳбарон» саҳифаро чй хеле
журналистон мегӯянд: «гул кунонд»
164
Ва баъдатр муаллифони мақола Имомназар Хол-
назар ва Шамсиддин Насриддин бо фишори КМ ва
муҳаррири ҷасури худ «истеъфо» доданд...
«НОМАЪЛУМ»-И МАЪЛУМ...
Дар ҳисоботҳо ва пленумҳо такрор ба такрор
гуфта мешуд, ки Қабибов шахсеро бо хоҳиши Кари-
мов то хонааш бурдааст.
Ин суханҳоро шунида он шахе ба номи роҳбарони
КМ ПК Тоҷикистон нома менависад.
Маълум мешавад, ки «номаълум»- духтури ду-
шанбегй Саид Саидов буда, дар шифохонаи «Ёрии
таъҷилй» кор мекардааст ва ҳангоми гуфтушунидҳо
дар бинои КМ дар паҳлуи Маҳкамов нишаста будааст.
... Ҳамчунин азоб доданд, то гуяд: Каримовро пеш аз
ин мешинохтам. Агар ин муяссарашон шавад, боз
ҳангома намоянд, ки ана дидед чй хел вобастагй...
Барой ҳамин ҳам духтурро аввал 3 руз, баъд 25
рӯз ҳабс мекунанд.
Феврал шадидтарин ва сангинтарин воқеаи
ғаӣричашмдошт дар ҷумҳурй буд. Ва ин ҷо зарур
медонам он фикри маъмулро боз як бор хотирни-
шон созам: ҳодисаҳои фавқуодда соярушанҳоро
муайян ва кию чй будани ҳар шахсро возеҳ ва амиқ
нишон медиҳанд.
Феврал нишон дод, ки мо кистем, роҳнамоёни мо
чй касонанд?
Рушод бояд гуфт, ки ҳар оқибат сабаб дорад. Ва
сабаби шикастани тирезаҳо, сӯхтани мошин ё магоза
ин ҷавоб ба тирпаррониҳо, хунрезиҳо буд. Ва одамон
алами худро гӯё бо ҳамин мегирифтанд. Охир, агар
назди ту, ҳамкори ту, ҳамсоя ё ҳамсолат тапад,
печад ва ҷон диҳад, оё метавон ором буд? Хатто гов
мурдаи говро бинад, фигон мекунад, пою сари худ-
ро ба чор су мезанад...
Гирдиҳамомадагон низ ба хатоиҳо роҳ доданд.
Хар нафаре, ки аз нодонй ё иғвои дигарон вайроние
карда, дили намояндаи халқи дигареро озурд,
горатгарй ё зуроварй кард, пеш аз ҳама ба худ, баъд
ба миллати худ хиёнат кард ва чунин ашхос арзандаи
ҷазост.
165
Намедонам, вале аминам хатоиҳое, ки аз паси худ
хатоиҳои дигарро оварданд, мнсли сайге буданд, ки
баъди ҷар шудан сад санги дигарро бе ҷо мекунад ва
ба варта меоарад.
Хатой аввалин ва авфнолазир ин белаёқатии роҳба-
рон, ба назди халк, наоаромеданашон буд.
Хатой дуввумин, даровардани қӯшун, тарсондани
чашми мардум бо қувваи зӯря буд.
Ниҳоят таҳияи фермой дар бораи вазъияти
фавқулодда ва ҷорй нему дани вақти комендантй.
Ғаӣриқонуня будани ин фармонро комиссияи мах-
суси Шурой ОлЯ низ тасдиқ кард, вале касе барои ин
ҷазо нагирифт, зеро дар мамлакати мо ба гурӯҳе
қонуншиканЯ низ иҷозат аст. Ва қонунҳои ин мамлака-
те, ки дар он ҳама баробаранд, танҳо ба онҳое дахл
.доранд, ки ё маснадшин нестанд ё пушту паноҳ на-
доранд.
Бале, ба як кас бо фармони гайриқонунй садҳо
одамонро хонавайрон карда, давру даврон рондан ва
беҷазо мондан мумкин, вале ба дигаре барои тайёр
намудани фармоне, ки ба маънои томаш вуҷуд над-
ошт, «одоб» нишон додан равост.
Дар ин ҷамоаи «боадолати» мо ҳақ ба ҷониби он
касест, ки ҳокимият ва пуштибонҳо дорад.
Митингчиёнро боэ айбдор мекунанд, онҳо ба ҷуз
бадмасту нашъаманд, гуё миллатгаро низ буданд.
Иқрор мебояд, ки дар он рӯзҳо чунин зуҳурот
низ, мутаассифона, ҷой дошт. Вале онро низ сабабе
буд.
Сабаби аввал он буд, ки соҳибони силох аксаран
рус буданд,. Вале сарбоз сарбоз аст. Ӯ ба амр мутеъ
аст. Аммо инро на хама дарк мекарданд, вале мар-
думи аламдида ин тавр меандешид: русхо
мепарронданд.
Ва албатта, ин чиз ҳисси бадбиниро ба амал мео-
вард. Ва табиист, ки ин кор муҷиби низоъ мешуд.
Сабаби дигар таъсири отрядхои худмухофизат
буд, ки қисмати асосии онхоро ахолии гайритахҷоЯ
ташкил медод. Касе, ки онро асос гузошта бошад,
медонист, ки ин як навъ зиддихамгузории миллатхо
хохад шуд. Аз муқобилгузории намояндагони мил-
лату халқиятхои гуногун истифода кардан, ба
166
мусаллаҳшавии аҳолй (аҷабо, ба муқобили кй?) даъ-
ват намудан далели «пухташавии» сиёсй ва
интернационалистии роҳбарияти имрӯзаи мо мебо-
шад.
Матбуот, ки дар ҷамъияти мо минбари газзоф ва
«аслиҳаи тавонои партия» аст, он рузҳо пур аз дуруғ
буд.
Ва аз ҳама аҷибаш он, ки аксар рузноманигорони
тоҷик чун бархи дигари эҷодкоронаш илми гапдаро-
иро хуб аз бар кардаанд, ахбори бофтаю сохтаи
маркази матбуоти назди КМ ҲКТ-ро обу ранг медо-
данд.
Акнун дар КМ ахбору гузоришҳоро «омода» ме-
сохтанду рузномаҳои дарборй онҳоро нашр
мекарданд.
Ва мардум ин ахбори ғализу ғаразнокро хонда,
раҳгум мезаданд ва гоҳ ба «Растохез», гоҳ ба аҳли
ислом мечаспиданд. Ва хушбахтона, имрӯз комиссиям
Шурой Олй исбот кард, ки на «Растохез» ва на аҳли
дин ба бетартибиҳо дахле надоштаанд, роҳнамоёни
«Растохез»-у идораҳои динй дар Кори ба эътидол
овардани вазъи пойтахти ҷумҳурй корҳои муборакро
анҷом додаанд. Кофист, ки ин ҷо аз ҲоҷЯ Акбар
Тураҷонзода, Бозор Собир, Мирбобо Мирраҳим
ёдовар бишавем... Ба ин хизматҳои номбурдагон тан
надодан ҷуз нотавонбинй дигар чизе нест.
То ҳанӯз рӯзномаҳои дарборй аз нигоҳи КМ.КБД
ба ҳодисаҳои февраля баҳо медиҳанд. То имрӯз дар
саҳифаҳои онҳо нукоти ҳаққоние оиди пастию балан-
диҳои он рузҳо нахондаем.
Kfp бод чашме, ки чашм аз дидаи ҳақ мвканадI
Бишканад дасте, ки хома бо дили каҷ мвкашадI
Дар митингҳо, сонй дар маҷлису анҷуманҳо
роҳбарон, махсусан Маҳкамов ваъда дода буд, ки
органзой тафтишот ва комиссиям раёсати Шурой
Олии ҶШС Тоҷикистон воқеаҳои февралиро омӯхта,
гунаҳкорони онро муайян мекунанд ва он гоҳ «халқ»
бо гузашти вақт ҳамаашро дониста мегирад,
ҳақиқатро мефаҳмад ва баҳо медиҳад: кй — кй аст?
Ду феврал гузашт, наваш меояд. Вале ҳанӯз халқ
ташнаи донистани ҳақиқат аст. Натиҷаи кори комис-
167
сияи Шӯрои Олии
ҷумҳуриро на танҳо аз
халқ, балки аз вакилони
халқ ниҳон доштанд.
Муаммои асосй — кй
ба суи одамон тирпа-
ронй карда, кй хуни
ноҳақ рехта, ҳануз
беҷавоб аст.
Раиси Комитети бе-
хатарй Петкель, вазири
умури дохилй Навҷуво-
нов, командирони
қисмҳои ҳарбии 5453
ва 6593 ба аъзои ко-
миссия баёнот доданд,
ки коркунони онҳо ба
суи тазоҳургарон тир
наандохтаанд ва ас-
лиҳаи ҷангй надоштанд.
Пас автоматҳои Ка-
лашников, танку ту-
фангҳои калибраш 5-45
ба кй тааллуқ дошта-
анд? пас он тирпаррон
иҳое, ки садояшон
ҳанӯз дар гӯши мардум аст, аз ҷониби кй ба суи кй
буданд?
Чаро КБД, ВКД ва прокуратура ба комиссияи са-
лоҳиятдор на ҳама маълумоту маводҳои заруриро
пешниҳод кардаанд?
Чаро Маҳкамов ба арзи комиссия гуш надода,
мактуби комиссияро дар бораи муносибати бепарво-
ёнаи роҳбарони ташкилотҳои ҳифзи қонун беҷавоб
мондааст? Оё ин ҷо зери коса нимкоса нест?
Мутаассифона, комиссия кори савоберо ба ҷо
оварда, косаро аз рӯи нимкоса тамоман гирифта
натавонист. Ин ҷо сабабҳо зиёданд... Ҳамин тарик,,
комиссия кори худро қатъ кард, вале накидани хуни
дилҳои реши волидайн, хешу ақрабои ғуррамаргон
беохир аст. Раҳматулло Саидовро низомиён дошта,
маҷбур сохтанд бо дастони боло назди девор истад.
Онҳо аввал ба ҳаво баъд ба замин тирандозй меку-
нанд, ки тире ба пои Раҳматулло мерасад. Ва у
168
Гур¥*и гафгмшотнм додситони ҷумҳуря
собхг нлмуд, кн ин тмрҳо 41 гуфенгҳои
калнбрашон 5*45 парронда шудаанд. нм
омҳоро фақаг гуррҳҳои махсусн (аАлфаа
аа аЗа) КБД нстнфода мвбаранд.
фарёди ҷонкоҳе карда, ба замин нишастанй мешавад,
вале рухсат надода ба таҳхонаи батальон мепарто-
янд...
Кй номи ин Заҳҳокро ба наздикони Рах,матулло
мегӯяд? Кя қотили Тӯймаҳмад Наҷотов, Файз Азиз-
беков, УмаралЯ Гадоев, Саймиддин Маҷнунов, Саид
Умаров, ШералЯ Бобоев ва ҳамаи шахид они дигар
аст? Билохир, инҳо кя буданд? Фарзандн нохалафи
инсон, вахшЯ, иблис ё деву аждаҳо?!
Кай мо ба ин саволҳо ҷавоб мегирем. Кай дилҳои
мо таскин ва хотирамон ҷамъ мешавад?
Ба хотири шаҳидон. Шақидони роҳи озодЯ бояд аз
ҳисоби депутатҳои халқя бо иштироки намояндагони
ҷумхуриҳои дигар комиссияе созмон ёбад, ки муйро
аз хамир чудо кунад. То даме, ки қотилон ном ба
ном маълум нашаванд, то даме, ки бо амри кй ин
разолат рӯх дод, аён нагардад, рӯҳи шаҳидон ором
намеёбад.
Дар бораи қурбониён ҳарф зада, ҳаминро низ
гуфтан ба мавқеъ аст, ки майдони назди КМ чуноне
ха лк, талаб мекард, бояд номи «Майдони шақидон»-
ро гирад.
Ва инчунин қар сол 12-уми феврал дар тамоми
ҷумҳурЯ Рӯзи хотираи шахид он эълон шавад.
Рӯ-рӯи баргхои хазон қадам мезанаму хомӯшам.
Гирифтори андешахои худам...
Ҳазорон бор хурсандам, ки дар рӯзҳои вазнин
тақдир насибам гардонд, ки аз руи виҷдону имонам
рафтор карда сахми худро бахри хотима додани
хунрезя гузорам.
Боз аз он шод мешавам, ки бисёр одамони ноши-
нос аз ноҳияхои гуногуни Тоҷикистон, аз Маскав,
Ленинград, Кишинёву Бишкек, Гурҷистон, Армани-
стон, ҷумҳуриҳои назди Балтика нома менависанд,
маслихат медиханд, андарзе мегуянд...
Баъзан дар танҳоиҳо хонда дилам аз гусса пур
мешавад...
Ана чанд ҷумлае аз мактуби шахрванди москвагЯ
КНиёзов:
«Ба ақидаи ман, дар Пленуми XVII Шуморо ода-
моне гунаҳкор кардаанд, ки бехунаранд, вале
169
аӣёранд. Халқ дар кадом сатҳи маданият набошад,
дар ниҳояти кор мефаҳмад, ки экстремизм дар
куҷост_.
Ин Пленуми ғайринавбатии КМ ҳам, ба ақидаи ман,
аз ин воқеаҳо дарси ибрат нагирифта, дар лаҳзаи
душвортарин гунаҳкоронро дарёфт карданй нашуд.
Оё онҳо шарм намедоранд, ки худро ифодаку-
нандагони манфиати халқ меноманд. Мехоҳам
пурсам, ки лоақал ягон нафар аз аъзоёни КМ дар
дастаҳои худмуҳофизат иштирок карда буд?
Бақои ман ба Пленум: ин илоҷи аз вазъи бӯҳронй
берун рафтан нест, чунки бо ёрии танку қӯшунҳо
масъаларо ҳал кардан номумкин аст. Аъзоёни Пле-
нум бошад, танҳо дар бораи мансаби худ, як бало
карда курсиро нигоҳ доштан ва ҳимояи ҷои гарму
равганини худ фикр мекарданд. Ба ҷои муҳокимаю
дарёфти роҳҳои дурусти аз ин вазъи ногувор баро-
вардани ҷумҳурй, «боми паст»-ро ҷустуҷун
мекарданд то ба он санг партоянд...»
БОЗГАШТ
Ба ман гуфтанд, ки дар куҷо кор кардан ме-
хоҳам.
— Ман аз рун ихтисосам кор мекунам, — гуфтам
дар ҷавоб. Қаёев ба ман ваъда дод, ки ба вазири
сохтмон ва истифодабарии роҳҳо супориш ме-
диҳанд, то ки ба ман ҷои кор ёбанд.
Ва илова кард, ки дар ин ҳолат аз ҷонишини вазир
ё худ вазир шуданатон сухан намеравад, лек сардо-
ри трест - мумкин...
Ман, ки мутахассиси ин соҳа будем, бароям
фарқе надошт дар кадом ташкилот ва ба кадом
мансаб ба кор меравам. Муҳимаш он буд, ки
нақшаҳои деринаамро ҳеҷ набошад амалй месозам.
Дар ҷодаи илми роҳсозии ҷумурй кореро ба анҷом
хоҳам расонд.
Афсӯс, ки гурӯҳбозии роҳбарон дар ҳама ҳолат
равшан ба чашм намудор мешуд, Ҳаёев тарафдори
сардори трест шуданам бошад ҳам, бо фишори дас-
ти дигаре ман ба вазифаи ҷонишини сардори трест ба
170
кор гирифта шудам. Ин ҷо низ бисёр чизҳо сарфи
назар буд...
На ихтисос, на номзади илм буданам, на дип-
ломҳои зиёд ва дигар сифатҳои ман ба инобат
гирифта нашуданд, ба касе лозим ҳам набуданд. Чун
дар дигар ҷойҳо мутахассисонро аз худ дур медош-
танд. Онҳоро аз кор меронданд, ҳоло он ки дар
солҳои вазириам онҳоро гирди худ ҷамъ намуда
будам ва яке аз шартҳои асосии ба кор гирифтани
онҳо аз руи ихтисос доштани маълумоти олй ва
қобилияти ташкилотчигй буд.
Дар корхонае, ки ман ба кор омадам, вазъият
тамоман вазнин буд.
Роҳбар мутахассиси соҳа набуд. Гирди худ лаган-
бардору хушомадгӯйҳоро ҷамъ намуда, ба ном кор
мекард. Ҳаҷми иҷрои корҳо кам, сифат паст ва
корҳои нотамом зиёд шудан мегирифт.
Дар рузи дуввуми ба кори нав шуруъ карданам,
бо намояндаи ҳарбиён, ки аз шаҳри Алма-Ато омада
буд ва рутбаи подполковникй дошт, шинос шудам.
Пас аз як соати сӯҳбат ба ман ру оварда гуфт:
— Ман акнун дар бораи кй будани Каримов мета-
вонам ба ҳамкасбон ва рафиқонам нақл намоям.
Кунҷковй накардам. Он кас ноилоҷ шуда дар охир
ба ман гуфт:
— Ман намехоҳам он чизе, ки ҳозир дар дил до-
рам ва ба забон омада истодааст, ҳамроҳи худ ба
Қазоқистон бубарам. Иҷозат деҳ ҷавони мӯҳтарам,
ду сухане бигӯям.
— Бифармоед, — гуфтам дар ҷавоб.
— Бовар кунед, бе муболиға мегӯям, ман дар
бораи воқеаҳои рузи 12-14 феврали шаҳри Душанбе
бисёр хондаву имрӯзҳо бисёр шунидаам. Баъди
вохурй бо Шумо ба суханҳои халк, бовариам дучанд
шуд ва бигузор назари аввали ман бошад ҳам,
бигуям, ки заррае бовар надорам, ки Шумо гуноҳе
дошта бошед.
Дар он рузҳо таскиндиҳиҳо зиёд буданд, вале
онҳоро аз забони бегонагон шунидан бароям маънии
хосае медоданд.
...Мехоҳам аз мавзӯи аламангез боз дур шавам.
Ҳамон руз ба назди ман набераи Юлдош-командир
171
омад. Ӯ хабар ёфтааст, ки ман ба ин ташкилот ба кор
омадаам. Таскинам доду гуфт, ки он кас ҳама низро
нисбати воқеаҳои февраля хуб мефаҳмад... Омада-
аст, ки маро аз наздик бубинад ва сониян аҳли
хонавода низ Каримовро дидан мехоҳанд. Ҳарчанд
Шуморо аз наздик надонанд ҳам. Хоҳиш дорам,
имруз ҳангоми хуроки нисфирӯзй ба хонаи мо
меҳмон шавед. Ин хоҳиш аз номи аҳли оилаамон
мебошад.
Во сабабе, ки таклиф самими буд ва ман музеи
Юлдош-командирро то он руз надида будам, розй
шудам. Пеш аз он ки сари дастархон шинем, хоҳиши
маро набераи командир қабул намуд ва маро бо
иштиёқи том ба экспонату расмҳо, ҳаёт ва фаъолия-ги
бобои худ шинос намуд.
Сари ҳар як раем ба фикр фуру мерафтам. Аз
мағзи он меандешидам, ки одамон ба ҳаёт омадаву
мераванд, вале умри гузарон бояд ба хизмати халқу
миллати худ сарф шавад...
Роҳбарони «дилсуз» маро тасаллй дода мегуф-
танд, ки ҳарчй тезтар ба кор шурӯъ намуда,
ҳаматарафа нишон диҳам... Ҳайрони ин суханҳо ме-
шудам, агар ин «насиҳатро» бегонагон, онҳе, ки маро
аз наздик ва ё худ тамоман намешинохтанд, медо-
данд, ran дигар буд... Лек чунин суханонро онҳое
мегуфтанд, ки кору бори маро хуб медонистанд, ба
ман бовар доштанд ва аз ҳама аламовараш ин аст, ки
ҳануз бовар доранд.Аз ин рӯ, сахттар аламам мео-
мад. Наход, ки дар солҳои бозеозй, демократия,
ошкорбаёнй чунин рафтор кардан ҷоиз бошад? Ба
ақидаи онҳо, ман дар ин рӯзҳои мудҳиш худро
чунон «хуб» нишон додаам, ки онҳо хоҳони кори неки
ман дар оянда ҳастанд.
Суханони Маҳкамов дар гушам садо медоданд,
ки чунин мазмун доштанд:
— Каримов ҷавон аст, оянда дорад, ояндаи у аз
худи ӯ вобаста аст.
Агар ин суханҳо самимй бошанд, пас оё нисбати
ҷавони ояндадор чунин рафтор кардан мумкин аст?
Он вақт раҳу рафтори роҳбаронро дида кас
ҳайрон мешуд. Сараввал маълум набуд, ки оё онҳо
метавонанд нисбати ман ин қадар беадолатона раф-
тор кунанд? Ин чунин беинсофие буд, ки заҳрашро
172
ба қалам дода наметавонам. Чй кори ношоистае он
рузҳо кардаам?
Ҳама кор он рузҳо бо амри виҷдон, холисона ва
боварии комил мекардам, то ки зудтар ба бетарти-
биҳо хотима дода шавад. Баъдҳо ҳар даъфа
мекушидам, он лаҳзақо пеши чашмонам набошанд,
он суханҳо дар гӯшам садо надиҳанд ва ҳаддалим-
кон аз сиёсат дур бошам. Вале табиист, ки ин ҳама
бо сухан гуфтан осон будаасту дар асл бисёр ҳам
кори душвор ва к,ариб, ки имконнопазир. Дили софи
инсон, имони комилаш уро ҳамеша ба роҳи ҳак, во-
дор месозад. Вале нотавонбинии бархе касро
маҷбур мекунад, ки нисбати нобаробарию беадолатй
ва ифлосиҳо оштинопазир бошад. Балки ҳар киро
сарнавишт бо амри азалии хеш меозмояд ва аз
маҳаки одамшиносй мегузаронад.
Инсон бояд зиндагй кунад. Ба умеди фардо, пешо-
мади худ, зану фарзанд, хешу ақрабо ва аз ҳама
муҳимтараш осудагии ёру диёр. Аз дигар тараф,
инсони зинда ба хӯрдан, пушидан, манзил ва гизои
маънавй мӯҳтоҷ аст. Ин буд, ки ба кор шуруъ наму-
дам. Машгули кор шудан маро то андозае аз гаму
гусса, аз фикрҳои пасту баланди зиндагй дур сохт.
Сафарҳои истеҳсолй ба шаҳру районҳо давою таски-
ни хотирам гардид.
Таи чанд рӯз роҳбари трест ба ман дар ин мавзуъ
аз нигоҳи гаму гусса нахурдан, обу адо нашудан ran
мезад. Ҳар вақт худро ба даст мегирифтам, чунон
вонамуд мекардам, ки ман кайҳо аз ин фикрҳо дур
гаштаам. Вале ҳайҳот! Онҳо мегуфтанд, ки ин ҳама
намудор аст ва мо онро нагз ҳис мекунем. Роҳбар
бошад мегуфт, ки чанд лаҳзаҳои ҳаёти у низ ҷараёни
вазнин доштанд ва ин ропати ман ба он кас шинос аст.
— Бародар, лозим аст, ки Шумо дар ин бора
камтар фикр кунед. Барой ҳамин ҳам ман таклиф
дорам, ки ба сафари шаҳри Кулобу ноҳияҳои Совету
Дангара бароем. Он ҷо объектҳои сохтмонии трест-
ро аз назар газаронида, бо коргарон шинос шавем ва
бо сабабе, ки ба талу тепла, куҳҳо бароем, аз таро-
вату буи нозуки гиёҳҳои баҳорй ва зебоиҳои табиат
ҳаловат бубарем.
173
Чй гуфтед, Бӯриҷон?!
Ман розй, давом додам ман.
— Ин тавр бошад, пагоҳ ба роҳ мебароем. Шашу-
ми апрели соли 1990.
Саҳар дар ҷои корамон, ки лаби дарёи Кофар-
ниҳон ҷойгир буд, вохурдем ва баъди чанде ба
сафар баромадем.
Борон майда-маӣда меборид. Маҷрои Кофар-
ниҳон пуртуғёнтар мешуд. Мо нисбати дамбаи лаби
дарё фикру андешаҳои худро ба якдигар гуфтем. Он
заминҳои бекори лаби дарёро, ки ноҳия барои пар-
тофтани ахлотҳо истифода мекард, ҳамвор карда, он
ҷо хоҷагии ёрирасон сохтанро огоз намуда будем.
Метарсидем, ки ҳоло лаби дарё мустаҳкам нашуда-
аст ва мумкин аст, ки об корҳои кардаро шуста
барад... Ба ҳамин фикру андеша ба роҳи калони Ду-
шанбе - Қӯрғонтеппа баромадем. Руи роҳи
мумфарш борон беист ва сахт меборид. Пайдо буд,
ки дар агбаи Чормағзак ва Шар-Шар ҳаракати
нақлиёт душвор аст. Бо ҳамин сабаб қарор додем, ки
бо роҳи Душанбе-Қурғонтеппа ба Данғараву баъд
ба ноҳияи Совет ва сониян ба ша^ри Кулоб меравем.
Гарм сӯҳбат мекардем, дақиқаҳо мегузаштанду
қишлоқҷойҳо паси cap мешуданд. Баъди чанде ба
шаҳри Қӯргонтеппа расида, самти ҳаракатро ба чап,
ба сӯи Дангара тоб додем.
Ҳамин тавр, ман боз ба сафар баромадам ва роҳи
пуразобреро, ки айёме бо орзуву талошҳои зиёд
сипарй намуда будам, инак аз сари хат ва ба умеди
шифоёбии захмҳои дил огоз мекардем.
Рӯзҳо сипарй мегаштанд. Саҳаргоҳон ба кор ома-
да, дар давоми рӯз ба ягон объекти сохтмон омада,
сифату самараи кори пулсозонро ё роҳсозонро аз
назар мегузаронидам. Дар ҳама ҷо коргарон маро
нағз истиқбол мекарданд. Онҳо аз ин пеш бо ман
шинос буданд. Борҳо вохӯрда будем, ҳамроҳ кор
мекардем. Хотираи нек аз лаҳзаҳои хуб ва хизмати
пок аҷаб давлате будааст... Азбаски дар истеҳсолот
кор кардаам, ташкилотчй будан бароям душвор на-
буд. Ҷое бо сухани нарм, ҷое бо фикри нав ё худ
пешниҳоде суръати корро тезонида, худро хушҳол
174
ҳис мекардам. Гузаштани вақтро низ пай намебур-
дам. Дар ҳама ноҳияҳое, ки меомадам, мардум
маро ба меҳмонй мебурд. Суҳбатҳо меоростанд.
Қариб ҳамаи суҳбатҳо шавқовар мегузаштанд. Ода-
мони зиёде ҷамъ меомаданд. Баъзеҳо ҳамту-ку
бубинем Каримов чй хел одам будааст?..
Бисёр саволҳо медоданд. Кӯшиш менамудам
ҳақиқати ҳолро ба онҳо фаҳмонам, вале ҳеҷ гоҳ ба
сафедкунии худ даст намезадам. М^рдум худ нағз
медонистанд, ки асли воқеахо дар чист ва гунаҳкорон
киҳоянд. Ин буд, ки барои худсафедкунй ҳоҷат ҳам
набуд.
Чй бошад, рӯзе сардори корхонаи пулсозии
рақами 6-ум аз ман пурсид: Оё Шумо ба вазифаи
нав гузаштаед? Ҳайрон шуда, дар ҷавоб не гуфтам.
Сабаби тааҷҷубам ин буд, ки мо як ҷо кор мекунему
чй хел ба кори нав гузаштанамро худ намедонам. Аз
гапҳои он кас ҳамин хел мазмун мебаромад, ки «та-
ги коса нимкосае ҳаст». Ҳангоми дар сафар будани
ман сардори трест бо ҷонишини нави худ ба хулосае
омадаанд, ки маро аз вазифаи ҷонишини сардори
трест оид ба истеҳсолот озод намуда, ба вазифаи
ҷонишини сардори трест оид ба иқтисодиёт гузаро-
нанд. Розигии маро касе напурсидааст. Ин корро
бояд худи вазорат мекард, вале бо сабабе, ки сар-
дори мо мақоли халқии «худам шоҳу табъам
вазир»-ро зиёда дуст медошт, ба розигии вазорат
ҳам эҳтиёҷ надошт. Сардор бо вазир дустони дерина
буданд. Аз ин ру, ҳатто фаъолияти трест вайрон
шуда истода бошад ҳам, вазир гӯё чизеро намедид.
Дар омади ran бояд қайд намуд, ки ин трест маҳз
ба хотири соҳиби вазифа шудани ин шахе ташкил
шуда буд. То ин дам низ дар ҷумҳурии мо барои
шахеи дилхоҳ ё ақрабоеро ба кор таъмин кардан
вазифа ва корхонаҳои нав таъсис мешуданд. Роҳба-
рон имрӯзҳо дар сатхи баланд низ ин корро
мекунанд. Ба ростй, дар ин 1рест кор карданро ба
худам раво дониста будам, барои он ки навташкил
ва ақибмонда буд, мехостам тамоми махорати худ-
ро истифода карда, трестро «ба по» монам. Аз
тарафи дигар, бадбахтй дар он буд, ки хаҷми корхои
сохтмонй кам мешуд, аз ҷумла нисбати солҳои пе-
175
шин, вале баръакс музди кори мо, роҳбарон ва кор-
гарон зиёд. Ин буд, ки ба ивази кори каммаҳсул пули
зиёди роҷеъулнақд мегирифтем. Ин маро водор ме-
сохт, ба чунин кор, тайёрхурй дар корхона хотима
диҳам. Бинобар ин барои зиёд кардани ҳаҷми корҳои
сохтмонй, ба даст овардани фонда аз ҳисоби сарфа-
ву сариштакорй ва интизоми муташаккилонаю
таҷрибаи пешқадам кӯшидам. Тез-тез сафар карда
ба ин корҳо банд мешудам. Мақсадам, аз яқ сӯ,
тезтар фаромӯш намудани хотироти он рӯзҳои баро-
ям вазнин ва аз дигар су, дар мисоли ин корхонаи
ақибмонда «гуноҳи» худро шустан буд. Исбот наму-
дани он, ки ман дар ҳама гуна ҷои вазнин низ қодир
ҳастам бо меҳнати ҳалоли худ кори хайру савоберо
ба ҷо оварам. >
...Вале, мутаассифона, бо сабабҳои номаълум
борҳо паи ҳам рухсатномаҳои сафарии маро сардо-
ри корхона имзо намекард. Ё худ имзо мекарду ба
сафарй шуданам монеъ мешуд.
Аз у пурсон мешудам, сабаб чист?
— Бе ҳамин рухсатномаҳо ҳам рафтан гиред. Онҳо
ба Шумо чЯ лозиманд?
— Охир, пеш аз ҳама он рухсатномаи сафарист, —
мегуфтам дар ҷавоб, — баъд ба ивази он пул ме-
диҳанд, баъзе хароҷотҳо ҳангоми сафар лозим шуда
мемонад, ба монанди ҷои хоб ва ғайра, аз ҳама
муҳимаш рафту ба ман ягон «балое»занад, ҳеҷ набо-
шад фарзандонам ёрдампулЯ мегиранд. Далели
охирон бисёр ҳам муҳим аст, чунки кори мо хатар-
нок, балки мо аксар вақт аз болои талу теппаҳо ва
агбаҳою роҳҳои нообод рафтуо мекунем.
Ин ҳамаро шунида сардорам табассуме мекарду
аз имзои рухсатномаҳои сафарй бо ҳар баҳона сар-
печй мекард. Ба Кулобу Совет, Айниву Ғарм ое
рухсатномаҳо ба муддати аз ду то ҳафт рӯз рафтуо
мекардам. Сабаб он буд, ки роҳбарон аз ҳар сафари
ман хавотир мешуданд. Мабодо бо мардум
вохӯраду онҳо аз «калонҳо» ran шунаванд.
Аз мавзуъ дуртар рафтам. Ҳамин тариқ, ман аз
дигарон хабар ёфтам, ки акнун ҷонишини сардор оид
ба корҳои иқтисодй мебошам. Ман аз ин ҳама дар
ҳайрат набудам. Барои чй? Охир, агар дар сатҳи ба-
ландтар — Президиуми Шурой Олй ҳини аз кор озод
176
шуданам аз ман калимае напурсида бошанд, пас аз
зинаҳои поёнй чй ҳоҷати ҳайрон шудан?..
Ҳамин тариқ, ба масъалаҳои иқтисодй банд шу-
дам. Акнун ба ман лозим омад кӯшишу ғайратамро
барои он равона кунам, ки пеш аз ҳама роҳбарони
корхонаҳо ба моҳияту ҷараёни имрӯзаи иқтисодиёт
сарфаҳм раванд. Ҳар як сумро ҳисоб кунанд. Бо
филиали институти тадқиқотй-илмии Кумитаи сохтмон
шартнома баста, аз паи ба ҳисоби хоҷагй гузаронида-
ни трест шудам.
Бояд қайд намоям, ки кори иқтисодй барои ман
ҳеҷ душворие надошт, вале дар истехсолот ман за-
руртар будани худро ҳис мекардам. Ед дорам дар
дарёи Симиганҷ сохтмони пули начандон калонеро
таи чанд сол кашол доданд. Лозим донистам, ду моҳ
сохтмони онро зери назорат гираму ёрии амалй ра-
сонам. Ин буд, ки дар ин муддат он пулро ба исти-
фода додем. Мардуми ду қишлоқ ва колхоз ба ин
муносибат тантана ҳам ташкил карданд. Боз
рӯзноманигорон пайдо шуданду муроҷиат намудан-
ду хоҳиш карданд, ки бо онҳо мусоҳиба кунам.
Шӯхиомез ба онҳо гуфтам, ки наметарсед? Гуфтанд
чаро? Ҷавоб додам, ки онҳое, ки бо ман мусоҳиба
ташкил намуда буданд, ҷазо гирифтанд, баъзеҳоро
аз кор пеш намуданд.
— Бӯрй Бачабекович, охир мана худи мардум
шоҳиди зинда ва мегӯянд, ки агар Каримов намебуд,
сохтмон боз як соли дигар давом мекард.
Ман ба онҳо гуфтам: — Ин тавр бошад, рафта бо
худи мардум мусоҳиба намоед. Бо ҳамин онҳоро
розй кунондам. Пае онҳо хоҳиш намуданд, ки
рӯзномаашонро хонам. Мумкин ҳамин майда-чуй-
даҳо ба роҳбарони ман маъқул набуданд, ки мабодо
боз Каримов худашро «нишон медиҳад» ё худ шубҳа
доштанд, ки ман бо мардум вохӯрда , онҳоро ба
роҳи «бад» ҳидоят мекунам ва ё супорише до-
штанд...Инаш ба ман маълум набуд. Баъд аз чанд
рӯзе мошинаи хизматиамро низ гирифтанд. Акнун бо
он автомашинаи хизматии ман ҷонишини сардори нав
мегашт. Аҷоиботи кор ин буд, ки ҳангоми ба дам-
гирй рафтани сардор низ автомашина ба ман вобаста
карда нашуд. Зиёда аз ин агар ман пеш онҳоро гоҳ
177
аз кор ё баъд аз кор ба ин автомашинам хизматй
савора мебурдам, онҳо бошанд инро ба худ раво
намедиданд.Гумон мекардам, вақте ки ман ба авто-
вбуси ҷамъиятй савор шуда ё аз автовбус
мефаромадам, онҳо ҳаловат мебурданд. Бале, ҳало-
ват мебурданд, чунин одамон ҳам дар зиндагй
будаанд. Тамоми коллектив рафтори онҳоро дида,
ба ҳайрат меафтод, вале гумон мерафт, ки онҳо
супориши касеро иҷро мекарданд, вагарна дар
чашми одамон нисбати ман чунин рафторро раво
намедиданд? Ба назар чунин менамуд, ки ин ҳама
огози кор аст. Ман дар байни роҳбарон ягона мута-
хассиси соҳа будам. Одатан, роҳбарони ноӯҳдабаро
ва курдил мехоҳанд, ки онҳоро одамони донишманд
ва босавод иҳота накарда бошанд. Навбати дуюми
таъқибкунй огоз хоҳад шуд. Ҳар рӯз тақрибан cap- '
дори корхона ба ман маърӯза мехонд. Ман он касро
хомушона ва бо мулоҳиза гуш менамудам. Гоҳе агар
гапе гуям, дар мегирифт. Ягон сухани маро аслй ва
бегаразона қабул намекард. Ин рафтори у ба ҳама-
гон намефорид. Ҳамкорони ман ба пуртоқатиам
қоил шуда оуданд. Яке аз онҳо маро рузе тараф-
дорй карда, ба^сардор чизе гуфт. Сардор боз
оташинтар шуд. Ӯ ягон хел ошкорбаёнй, бозсозиро
писанд намекард ва хоҳиш ҳам надошт. Маҷлис 5-7
соат давом кунад ҳам, гапҳои у тамом намешуданд.
Фикри дигаронро тамоман гуш намекард. Агар касе
фикри худро гуфтанй шавад, шароит намедод. Ягон
бор ба забони тоҷикй сухан ҳам намекард. Касе агар
дар ғазаб шаваду нисбати рафори ӯ норозигии худро
баён кунад, ҷавоби ягонаи ӯ тайёр буд: «ман худам-
ро дигар карда наметавонам». Ана, халос, яъне ягона
илоҷ «дидй ки намешавад, монаш равад». Ин буд, ки
ба ҷои 53 нафар ҳамагй 12-17 нафар кор мекарданду
халос. Мо кушиш мекардем, ки мутахассисонро ба
кор даъват намоем. Онҳо омада ин аҳволро дида ё
рад мекарданд ё худ баъди чанд руз корро пар-
тофта мерафтанд. Дар ҳар шӯъба як ва зиёдаш ду
нафар кор мекарду халос. Ба маънои томаш кор пеш
намерафт. Бо хӯи бади ин роҳбар тоб овардан муш-
кил буд. Намунаи беҳтарини бюрократи давраи
сталинй ба шумор мерафт. Аз кучам одамгарй гуё
боре ҳам нагузаштааст. Ба замми ин вазир ҳам ӯро
178
дастгирй мекард. Шояд барои он ки аз ӯҳдаи лаганд-
бардорй ва хушомадгуии хеш мебаромад. Ё худ ба
ивази рафтори «шоистааш» нисбати ман... Номи ин
роҳбари олимақом Юсупов аст.
Ман, ки аллакай талхиҳои зиндагиро чашида бу-
дам, ба ин ҳама ҳолатҳои тоқатнофарсо сабр пеша
намудани баъзеҳоро дида қоил мешудам. Чанде аз
сардорони шӯъбаҳои трест ва корхонаҳои поёниро
дар як муддати кутоҳ иваз намуд. Гуноҳи авфнопази-
ри онҳо ба руи сардори олимақом гуфтани ҳақиқату
адолат буду халос! Оре, фақат ана ҳамин, лек чунин
ашхос тоқати шунидани ҳақиқат надорад.
Мумкин барои ҳамин хиспатҳои наҷибаш маро ва-
зорат ба назди ин кас ба кор равона сохта буд. Чанд
моҳе паси cap шуд. Дарди гурда маро бисёр азоб
медод. Ба хулосае омадам, ки мисли ҳарсола ба
дамгирй равам. Пешакй бо сардор чунин маслиҳат
кардем. У розигй дод, ман аз иттифоқи касаба хоҳиш
намудам. Роҳбари иттифоқи касабаи соҳавй Ҳ.Ҳам-
роқулов ба ман занг зада, гуфтанд, ки роҳхат тайёр
аст. Вале аз чй бошад, ки роҳбар аз аҳдашон гаштанд.
Гуфтанд, ки гӯё вазорат розй нест. Он ҷо омадам, ки
гуфтанд: — Ин кори худи трест мебошад. Қайрон
шудам, ки таги косае ооз чй нимкосае бошад. Бори
дигар муроҷиат намудам, ваъда доданд, ки аввал
сардор ва баъд ман ба дамгирй мерафтаам. Афсус,
ки ин тавр ҳам нашуд. Нохуоии кор дар он буд, ки
Ҳамроқулов ду маротиба ба ман роҳхат дарёфт
карданд. Ин кор маро маҷбур сохт, ки назди он кас
рафта узр хоҳам, ки бо сабабҳои ба ман номаълум
боз ба дамгирй рафта наметавонам, ба онҳо ташак-
кур мегӯяму бигузор роҳхатро ба дигар кас диҳанд,
то дер нашавад. Ин ҳама маро водор месохт фикр
кунам, ки чунин рафтор ба манфиати кй бошад? Сар-
фаҳм рафтани ин ҳилаву найрангҳо бисёр душвор
буд. Ҳама бо риштаҳои ноаён бо якдигар печида
буданд. Ба чашмони оддй дид'ани он бисёр душвор
буд. Боре пастфитратии сардор ба ҷое расид, ки дар
назди одамон ба ман гуфт:
— Метавонед ариза нависед. Ман Шуморо ду руз
ҳам нигоҳ намедорам.
Мумкин гумон дошт, ки ман ариза наменависам ё
тоба мекунам, ки ҷанобашон ба камина мурувват
179
карда аз кор наронаид: хестй, ки хобй. Ман бошам,
ариза навишта, рӯи мизи эшон монда, хоҳиш кардам
имзои тарифу нотакрори худро гузоранд, то ман
бори дигар чеҳраи хашмолуду симои дилбеҳузурку-
нандаи он касро аз наздик набинам.
Ғайричашмдошти ман ин тавр нашуд. Аризаро им-
зо накард. Дар пеши чашми коркунони идора бори
дигар нишон дод, ки гапу кораш аз замин то осмон
фарк, мекунад. Оре, дар асл ҳамин тавр ҳам буд.
Ғами худ мехӯрду парвои фалак надошт. Вале доимо
вонамуд карда меистод, ки саропо додай хайр ас-
ту аз у дида мутахассиси барҷаста ва сардори
ӯҳдабаро нест. Гоҳҳо медалҳояшро пеши бар иваз-
кунон ба кор меомад. Ин рафтори онро ҷавонон
дида дар ҳайрат мешуданд. Худи ӯ «вазир маро
дастгирй мекунад» гуён чи коре, ки аз дасташ мео-
мад, мекард. Ба корҳои звеноҳои поёнй
дахолаткунон оби софро лой менамуд. Руз то руз
худро пеши коргарон паст мезад. Муҳимаш сазово-
ри тахаллусҳои навбатй мегашт: «бетоносмешалка»,
«квадратный», «Пиночет», «Карлсон без вентилятора»
ва ғайра. Ҳамаи ин номҳо бе сабаб набуданд. Аз
нигоҳи онҳое, ки чунин лақаб монда буданд,
фикрҳои асоснок гуфта мешуданд. Ман бошам, ҳар
ооре, ки уро бинам, Қорй-ишкамбаи «Марги
судхур»-и С.Айнй ба хотирам меомад. Ӯ барои ман
«Марги судхӯри охири асри XX» буд.
Корҳои сохтмонй дар пули ноҳияи Совет хуб ме-
рафт, вале аз чй бошад сардор дигар намехост, ки
ман рафта «штаб» гузаронам. Мақсад доштем дар
моҳи сентябр сохтмонй пулро тамом намоем.
Вақтҳои охир худаш ва баъд^о ҷонишини дигарашро
ба ин кор вобаста карда буд. Пул дар моҳи сентябр
ҳам ба истофода дода нашуд. Хостанд, дар октябр,
вале ин дафъа ҳам кӯшишашон барабас рафт. Ман оа
онҳо ваъда додам, ки агар то соли нав онҳо со-
хтмонро тамом карда, пулро ба истифода диҳанд,
ман гӯсфандеро қурбонй карда ба онҳо туй ме-
дикам. Бо ин мисол ман қайд карданиам, ки дар ҳама
соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурй одамони
ғайримутахассис ба воситаи ёру ошнобозй соҳиби
вазифаанду иқтисодиёти моро зарару зарба меза-
нанд. Охир, агар роҳбар мутахассис набошад, пеш аз
180
ҳама ӯ пеши коргар қадр надорад, ташкилотчй шуда
наметавонад, ҳеҷ гоҳ дар раҳи эҷодкорй рӯ намео-
рад.
Сардори мо Юсупов дар ҳеҷ куҷо аз як-якуним-
сол зиёд кор накардааст. Ёбеду гиред.
Бори дигар ин роҳбар иваз кардани сардори як
заводи мутаалик, ба трести мо мақсад қарор ме-
диҳад. Сардори навро пешниҳод мекунанд.
Коргарон ӯро намепазиранд. Мегӯянд вақтҳои охир
чанд роҳбар иваз кардед, ваъдаҳои бешумор до-
дед, вале аз паи иҷрояш нашудед. Ин буд, ки завод
дар шароити сангини икдисодй базур ба по рост
истода, балки барои музди кор додан ҳам қувват
надорад.
Баъзеҳо ба эътироз мегуянд, ки чаро касеро аз
байни худи мо роҳбар таъин намекунеддо ки ба
ҳама нозукиҳои кор хуб сарфаҳм равад! Биёед Ка-
римовро ба корхонаи мо роҳбар таъин кунем. Агар
ӯ садди роҳи роҳбарон шуда бошад, ба табъи онҳо
нафорад, бигузор бо мо кор кунад. Ана мо корро
нишон медиҳем. Ҳама бо як овоз маро талаб меку-
нанд.
Ман аз ин кор хабар ҳам надорам. Сардор бошад,
масъалаҳои ҷобаҷогузории кадрҳоро танҳо ва ба
таври хоса ҳал мекард. Ман бошам, нияти сардори
завод шудан надоштам. Ба ин нигоҳ накарда, сардор
дар ғазаб шуда бо коргарон мегӯяд: ҳоло кори
Каримовро прокуратура тафтиш мекунад. Кй медо-
над ин кор чй хел анҷом меёбад. Таҳқиромез ба
каси дигаре бо сухан ҳамла меорад. Ба сеюмин «Ка-
римови дуюм», чаҳорумиро «Растохез» гуфта
таъна мезанад. Кор ба ҷое мерасад, ки маҷлис қатъ
гашта, сардор таъин нашуда, худи ӯ шармандавор
баромада меравад. Якчанд руз ба худ ҳам намеояд
— касал мешавад. Оқибати бо коргарон муомилаи
хуш накардан чунин аст. Ба қавли коргарон, сардор аз
онҳо мегурехтааст, аз вохӯрй даст мекашидааст,
рафта кори онҳоро намесанҷидааст ва назорат ҳам
намекардааст.
...Баъд аз чанд руз яке аз намояндагони комитети
ҳизбиро, ки имрӯзҳо қисме аз онҳо дар даву този
корҷӯиянд, ба таври аз ин ҳам хосатар ба кор таъин
менамояд. Ин даъфа маҷлис гузаронида аз корга-
181
рон пурсиданро раво намебинад. Фармонро дар бо-
раи бо вазифаи сардор таъин шудан ба дасти
ҷонишин медиҳаду мегуяд:
— Рафта сардорро шинос кунед. То ба кай онҳо бо
ман шӯхЯ мекунанд.
Ана ҳамин тавр кадрҳо ба таври «альтернатив»,
«интихоб» ва ба тақозои замон ҷо ба ҷо гузошта
мешуданд. Ин аҳвол дар дигар вазорату идораҳо ба
чашм мерасид.
... Аз ин бадтарашро ҳам дидам. Сардори ПМК
ҳанӯз кор мекард, саринженер ҳам. Аммо сардори
нааро ба мардум ба озод кардани якеву ба кор
таъин кардани дигаре бе коргарон муаррифя намуд.
Ҳама ангушти ҳайрат мегазиданд. Сардори пешина аз
«ҳушёр» ё «девона» будани сардори трест пурсон
мешуд. Дар ҳақиқат ин ҳама ба ақли солим рост
намеомад. Аҷоибии кор дар он буд, ки ба сардори
шӯъбаи кадрҳо супориш додааст, ки бигузор Кари-
мов ин фармонро имзо кунад. Ман бошам аз
сардори шӯъба пурсидам, ки ба ман аввал фармони
аз кор озод шудани сардори пешинаро нишон
диҳед. HecTj — мегуяд дар ҷавоб ва ларзида илова
мекунад: «У медонад ҳамаро, маро ҳам маҷбур
сохт фармон тайёр кунам, ман фаҳмондам, ки ин
кор ғайриқонунист, вале гуш кардан намехоҳад».
Ман гуфтам ҳеҷ ran не, бигузор худаш имзо кунад,
ин вазифаи асосии уст, вале Шумо кӯшиш намоед аз
чорчубаи қонун берун набароед. Хонандаи азиз, чЯ
гумон мекунед? Ҳамин тариқ дар як корхона, дар як
ҳуҷра ду сардор чанд вақте кор карданд. Сардори
пешина вазъияти ба вуҷуд омадаро ба ҳисоб гириф-
та, оромона баромада рафт. Иловае кард: «ҳафт
пушти одамизод чунин роҳбар надида...»
Бо ҳамин усул дар се корхонаи ноҳияи Ленин, ки
ба трести мо тааллуқ дошт, ҳамаи роҳбарон, яъне
сардорҳо, ҷонишинони онҳо ва сармуҳандисон дар як
муддати кӯтоҳ, якчанд бор иваз карда шуданд. Бовар
кунед, ин корро на ҳар корчаллон карда метавонад.
Дар ин кор Хам «таҷрибаи мукаммал» доштан лозим
аст. Бадбахтии асося дар он буд, ки ҳар се корхона
ру ба таназзул ниҳода, аз соли гузашта бадтар кор
мекарданд,барои маош додан дар давутоз мешу-
данд.
182
Ман аз мавзӯи ариза навиштанам дур рафтам.
Беҳтараш сари ин масъала бармегардем. Маҷбур
будам назди вазир оям, чунки вазир маро ба кор
қабул намудааст. Арзи ҳол кардам. Сабаб пурси-
данд. Фақат дар бораи ду чиз ran задам: Якум —
сабаби асосй, ки маро назди ӯ оварда буд, аз нуқтаи
назари инсонгарй бо он сардор кор кардан бароям
азоб буд ва «ариза навис» гуфтанашро таҳқир медо-
нистам. Дуввум — дар бораи нодуруст аз кор
гирифтани кадрҳо ва ҷо ба ҷо гузоштани онҳо.
Вазир ваъда доданд, ки дар байни ду нафта ин
муамморо нал мекунанд, яъне асли хоҳиши ман
чунин буд: «Бароям фарк, надорад: ё ба кори ҳатто
паст ҳам бошад гузаронанд ё худ агар илоҷе на-
доранд, бо хоҳиши худ аз кор озод намоянд». Чаро
чунин арз доштам? Чунки пеш аз ҳама мутахассиси ин
сона будам, кори номзадиам низ ба ҳамин бахшида
шуда буд ва муҳимаш барои кори илмии худро да-
вом додан дар соҳаи худ кор карданам авлотар буд.
Фақат бо ин сабабҳо.
Бисёриҳо аз ман хоҳиш мекарданд, ки ба назди
онҳо ба кор оям, музди кори калон ваъда мекар-
данд. Намояндаи кооперативно мегуфт:
— Фақат барои фикрҳои тоза музд медиҳем ва
ғайра. Дигаре мегуфт, ки Каримов ба мо кор меку-
над, барои мо бас аст. Оре, намин тавр таклифҳо
зиёд буданд. Ман ба онҳо арзи миннатдорй мекар-
дам. Зиёда аз ин ноли зори роннои автомобилгарди
ҷумнурй маро ба ташвиш оварда буд... Ба намагон
маълум аст, ки нар сол мувофиқи маълумотнои
расмй 200 назор одам дар мамлакат бо сабабнои
нохуши садамаи нақлиёти автомобилй маҷрӯну мас-
луқ мешаванд. Маблағгузории нарсолаи мо дар
хоҷагии роннои автомобилгард бошад, ноқис аст.
Масалан, нар сол агар тақрибан 100 млн.сӯм дар
ҷумнурй барои ин сона чудо карда шавад, зараре, ки
ба сабаби ба талабот ҷавоб надодани ронн° дар
хоҷагии халқи ҷумнурй мерасад, аз ин маолағи ну до-
туда зиёдтар мебошад. Ҳол он ки ин сона маопаги
чудошударо ба хубй аз худ карда, тез фонда овар-
да метавонад. Мумкин аст, хонандаи мӯнтарам
гумон кунад, роннои налли ин масъала хеле вазнин
аст? Дар мамолики сармоя ин масъала бисёр оддй
183
ҳалли худро ёфтааст. Агар хоҳй, ки бо роҳи ҳозира-
замон рафтуо кунй ё худ фоида ба даст оварй, бояд
дар маблағгузорй саҳмгузорй кунй. Ин аст, ки
хоҷагиҳои нақлиёти автомобили, коммуналй ва роҳҳо
зараровар нестанд. Барой мисол, дар мамлакат ва
ҷумҳуриҳои мо ба ивази 5 тин пештар, имрузҳо 15 тин
дар метро ё нақлиёти мусофиркашонй нй қадар
дуру дароз хоҳед савора мегардед. Гӯё ин бисёр
хуб аст, вале ин ҳама аз ҳисоби маблағи давлатист.
Дар Амрико бошад, ҳангоми ба метро савор шудан
билети шумро дар нуқтаи аввал бо «автомат» ба
қайд гирифта, пас аз фуромад низ ^амчунин ва барои
давом додани роҳ боз пул месупоред. Ин албатта,
аз ҳисоби худи шахе аст, вале охири охирон ҳам ба
одамон ва ҳам ба соҳа фонда меоварад.
Қонуниятҳои оддии иқтисодй ба эътибор гирифта ме-
шаванд.
Ҳамин тарик,, ман чун мутахассиси ин соҳа дар
роҳи ҳалли муаммоҳо назари худро доштам. Мута-
ассифона, ба ман барои амалй кардани нақшаҳо
шароит намедоданд... Вақте ки корд ба устухон ра-
сид, дигар илоҷи кор кардан намонд. Маҷбур будам,
ки ариза нависам. Ана нусхаи он ариза:
«Бо сабабҳои қасдан аз рӯи ихтисос кор надодан
ба ман, маҳдуд намудани доираи фаъолияти ташки-
лотчигиам, сиёсати нодурусти ҷо ба ҷо гузории
кадрҳо ва надодани шароит (борҳо вазъият инро
талаб мекард) барои аз вазъи ногувори иқтисодй
баровардани соҳа, хоҳишмандам маро бо воситаи
мактуб барои гузаштан ба корхонаи дигар аз корам
озод кунед».
Баъд бароям маълум гашт, ки онҳо на танҳо нис-
бати ман чунин рафтор менамуданд. Бубинем,
яке аз мутахассисони куҳансоли соҳа бо чй хел ариза
аз кор меравад:
«Хоҳишмандам маро аз кор бо хоҳиши худам
озод намоед.Сабаби аз кор рафтанам зуҳуроти
маҳалчигй дар фаъолияти роҳбарони вазорат ва
хоҳиши иштирок накардан дар вайрон шудани вазо-
рат аст, ки бо чунин роҳбарон ногузир мешавад». 10
августи с. 1990 Абдураҳмонов.
Ро$бари вазорат ҳам вақтҳои охир ҷои кор наме-
ёфт. Уро аз вазифаи котиби якуми шаҳр ҷавоб дода,
184
ба КМ ба кор гирифтанд. Дар ин бора рӯзномаҳо
камбудиҳои ӯро навишта буданд. Акнун уро баъди
чанде вазир таъин намуданд. Ба қавле аз як курсии
мансаб ба дигараш гузарониданд...
Зӯри алам баъзан ба сари инсон голиб баромада
метавонад, касро маҷрӯҳу нотавон созад. Мумкин ба
ин монанд сӯзу гудозҳои зиндагй, номардии шахсо-
ни ҷудогона ва беақливу беадолатии роҳбарон
бошад, ки беҳтарин ашхоси ҷамъияти мо ба монанди
Бозор Собир, Одина Ҳошим, Шодмон Юсуф ба-
ринҳо тарки Ватан карданй шуданд. Хушбахтона
одамоне ёфт шуданд, ки онҳоро аз ин роҳ боз до-
штанд, агарчанде шоир мегӯяд:
•Сухандониву хушхонй намеварзанд дар Шероз,
Биё Ҳофиз, ки мо худро ба мулки дигар
андозем»
Дар ҳақиқат, на танҳо сухандонон, нависандагон,
олимон, балки зиёиён қариб сад дар сад хору зо-
ранд. Дарди онҳо ба дарди халк, хурад ҳам, онҳо
аслан аз тарафи роҳбарон ва баъзан аз тарафи халқ
дастгирй карда намешаванд.
Боре, баъди шуниди он ки Бозор Собир ба Ирон
ҳиҷрат карданист, ҳангоми вохурй ба ӯ гуфтам: агар
ҳамаи онҳое, ки ҷабре мебинанд рӯ ба ҳиҷрат биё-
ранд ё худ аз майдони ҳарбу зарби адолату ҳақиқат
дур шаванд, пас пурсида мешавад, ки ҳоли халқи
бечораи мо дар оянда чй мешуда бошад?..
...Дам ғанимат, дӯстон, одам ғанимат, дӯстон...
Одам бо одам зиндааст. Пеш'аз ҳама бо одаме, ки
ному шарафу номуси миллат барояш аз ҳама авлост.
Дами худро бо ғами халқи худ бояд вобаста кард.
Хизмат ба миллат, вазъи халқи худ водор месозад,
ки шахе ба эҳсосот дода нашу да, қарзи фарзандиаш-
ро иҷро намояд. Таърих гувоҳ аст, ки бисёриҳо
тарки диёр кардаанд, вале ин на ҳамеша ба фоидаи
кор буд...
Баъди рӯзҳои мудҳиш маро ба Марказ ба Маскав
ба Институти умумииттифоқии «СоюздорНИИ» ба си-
фати роҳбар ва баъзеҳо ба ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз
ҷумла шаҳри Самарканд ба кор таклиф намуданд.
185
|
Дар ҳар ду ҳолат ҳам миннатдорй намуда, дар
диёри хеш мондам. Дар ҳама ҳолатҳо новобаста аз
базмҳои пай дар паи зиндагй оқибат он сард аст. Яқин
медонам, фарде ки пеш аз ҳама ба миллату халқи
худ хизл\ат намекунад, ба қадраш дигарон ҳам наме-
расанд. Аз дигар нигоҳ, ба миллати хеш хизмат
кардан мазмуни оа қадри миллатҳои дигар расидан-
ро дорад. Имони комил дорам, ки ҳамин тавр аст. Ин
аст фалсафаи зиндагй, мазмуну мундариҷаи рӯзгори
ман. Шахсе, ки падару модар, зодгоҳу диёр, забону
маданият, расму оини халқи худро дӯст надорад, вай
ҳеҷ гоҳ ба қадри ин сарватҳои волои дигар миллату
халқиятҳо расида наметавонад.
ИНТИХОБОТ
\ Айёми гузаронидани маъракаҳои интихобот нй бе-
тартибиҳое, ки дида намешуд. Агарчи баъди
беадолатии пай дар пай ва найрангҳои мақомоти бо-
ло дигар ҷазман намехостам номзадиам дар ҳавзае
пешниҳод шавад, аммо ҳис мекардам, киҳо депутат
шуданианд. Гапу талошҳои ҳамарузаи аппаратро ди-
да вафунида ангушти ҳайрат мегазидам. Медидам,
ки худи маъмурони ҳукумат бо чй хел фиребҳо
депутат мешаванд. Лагандбардорон доимо дар та-
копу ҳастан^ ва ба одамони дилхоҳ ёрй медиҳанд, то
номи бедорфикрон аз ҳар ҷиҳат дар миёни халқ
доғдор карда шавад.
Ман хуб медонистам, ки дар пеш раванди
иқтисоди бозор аст ва моро чй душвориҳо интизор.
Мо бояд қонунҳои нави ба тақозои замон созгор ва
шароити зист ҷавоб медодагй қабул намоем. Ин кор-
ро бе депутатҳои арзанда, ки аз дониш дар соҳаҳои
гуногуни хоҷагии халк, бурхӯрдоранд, ба сомон рас-
онидан номумкин аст. Мисли солҳои пешин рафтор
кунем, пае зоҳиран сабки қонунҳои дар марказ
қабул шударо такрор мекунему бас. Алҳол вазъият
ҳамин аст. Аксари қонунҳо нусхаи каму беш таҳрир-
шудаи қонунҳои дигар ҷумҳуриҳо буда, хусусияти
ноҳияи моро пурра инъикос намекунанд ва ба дарди
мардуми азияткашидаи мо даво шуда наметавонад.
Барои ин кор шумораи зиёди ба ном депутатҳои
186
халқй чй лозим. Мо маҳз ҳамин корро ба роҳ мон-
дем. Бояд қайд кард, ки ин суханон ба аксари
депутатҳо дахл дорад. Ба ҳар ҳол ҳолдонҳо аз
чорчӯбаи ақли солим доимо берун мемонанд. Мо
онҳоеро, ки аз дарди мардуми бечора хуб огоҳ
нестанд, бо роҳи ҷурабозй ба номзадии арзандаи
халқ ва баъд намояндаи арзандаи халқ дар Шӯрои
Олии ҷумҳурй муаррифй кардем ва аз ҳама таассу-
фоварашон он, ки оо дасти худи халқ ба сари мақом
овардем. Дар ин кор фақат аппарати маъмуриву
фармондиҳй дастболо буд. Кор то ба ҷое расид, ки
раҳу рафтори ҳар як ҳавза, ҳар як номзад зери
назорати аппарат қарор гирифт. Барои мисол банда-
ро барои ёрдам ва дастгирй кардани номзад ба
депутатии халқи ҷумҳурй Я. Мирзоев ба ноҳияи Ком-
сомолобод равон карданд. Расидан замон донистем,
ки директори мактаои миёнаи он диёр низ номзад ба
депутат аст. Чун марди ҳақгуй назди ҳамдиёронаш
ном баровардааст. Бо ин сабаб мардум хайрхоҳи
депутат шудани директори мактаб мебошад. Вале
аппарат аз Мирзоев хоҳиш намудааст, ки номзадии
худро аз дигар ҳавзаҳо тираду мухсус он ҷо гузо-
рад. Барои асоснок намудани чунин ақида онҳо
мегуфтанд, ки муҳимаш Шумо зодаи он ноҳия, вазир
ҳастед ва имкониятҳои фаровон доред.
Шуморо мардуми ин ноҳия мешиносанд, вақтҳои
охир корҳои зиёдреро ба анҷом расонидаед, алалху-
сус солҳои охир пас аз оғози сохтмони ГЭС-и Рогун.
Бешубҳа, ин гапҳо ҷон дорад. ^ирзоев ҳамчун
мутахассиси кордон ва ташкилотчй дар ин ноҳияи
бепушту паноҳ ва дар чашми оламиён хору зор ва
зотан барои ҳукумат сарборй як чанд нуқтаҳои сав-
дои нав кушод, умуман ба ҷумҳурй хизматҳояш
арзандааст ва зодаи он диёр аст. Воқеан маро низ аз
ин нигоҳ ба вохӯриҳои ин қавза равон сохтанд (лада-
рам зодаи ин ноҳия аст). Аммо ин кор пеш аз ҳама ба
ин мақсад буд, ки директори мактаб ба қавле, аъзои
«Растохез» аст ва ^аргиз депутат нашавад. Ин буд
ҳадафи асосии аппарат. Мирзоев бошад, барои депу-
тат шудан мӯҳтоҷи он ноҳия набуд. Ӯро дар дигар
ноҳияҳо низ мешиносанду ҳурмат мекарданд.
Медидам, ки ба бедорфикрон роҳ намедоданд.
Дар ҳаёти шахсии худ дидам. Дилу дидаи хеш сӯхтам
187
ва имрӯзқо низ сӯзу гудозамро котима мест. Чунки
ин сузу гудозам қабл аз ҳама дарду алами ногуфтаи
мардуми камгуфтору серкори диёрам аст.
Дар омади ran бояд гуфт, ки мавриди саволу
ҷавоб саҳми муаллим Қурбоналй дар мавзӯи сохт-
мони сарбанди ГЭС-и Рогун зиед буд. У ин масъала-
ро бо тамоми ҷузъиёташ омӯхтаву бебунёдии онро
бо далелҳо собит мекард.
Солҳои дар маснади вазирй будан ҳам дар
штабҳо иштирок намуда, аз вазъи ногувори ин ноҳия
бохабар будем. Вазъи сиёсй, иқтисодй ва иҷтимоии
ноҳияи Комсомолобод бадтарин аст. Фақат мисоле-
ро меорам, ки дар лавҳи хотирам сахт нақш
баста аст...
Аз сафари ноҳияҳои курсор баргаштам. Роҳи Хо-
pyr-Комсомолобод паси cap шуду ба деҳаи Чорсада
расидам. Манъ шудам, берун оаромадам ва дар
чорсӯи фикру хаёл банд будам. Кудаке мегирист.
Модар аз дасти ӯ кашида илтиҷо мекард, ба кабинаи
автомошина нишинад. У дод мезад, ба ақиб менига-
рист. Ба ақиб - ба хонае, ки дунёи кӯдакиаш буду
аллакай аз он на шифт мондаву на дару тиреза, на
низу чора. Ин ҳама болои мошин шуда. Ба ҳар ҳол
кӯдак бо қалби пурсӯзу гудоз ақиб мекашад. Ақиб
ба хонаи қариб валангору деворҳои гашта... Дар
чашмони падару модар ашк ҳалқа мезад. Оби дидаи
он марду зан чй? Худоё чй даҳшате! Ба гуфтан осон.
Албатта, дар ин боб метавон муфассал истода, аз
* масоилу мушкилоти он мардум бо алам ҳарф зад,
аммо ба гуши кй мегӯи? Дарду алами мардуми ин
диёри хешро он омӯзгор аз ҳамаи мо хуб медонист.
Вай дардро аз дили пурдард бо сӯзу гудоз ба забон
оварда, ба ҳамдиёронаш арз мекард:
Дар мнёни чор дарё тахтабандам кардай,
Боэ магуй, км доман тар макун, ҳушёр бош.
Оё хуб нест, ки маҳ,з чунин одамони огоҳ аз дили
халқи хеш намояндаи «хоҷа» бошанд? На танҳо хуб
аст, балки амри воҷиб, ҳам фарзу суннат аст. Лек ин
фарзу суннат «тӯраҳои воломақомро» хуш намеояд.
Имрӯз ҷои оқилу фарзона дар остона аст.
188
Дар ҳавзаҳое, ки номзадҳо аксарияти овозҳоро
нагирифта буданд, бақайдгирии номзадҳо оғоз rap-
дид. Сокинони ноҳияи Ленин дар баробари дигарон
номзадии маро пешбарй намуданд. Мувофиқи
қоида, дар нанд қишлоқ маҷлисҳо гузаронида, ба
хулоса ва аризаи хаттй ба ҳавзаи интихоботЯ пеш-
ниҳод намуданд. Он тарафаш ҳал мешавад, гӯён,
интизорЯ кашидаанд ва то ҳол интизоранд...
Бо сабабҳои номаълум номзадии маро ба қайд
нагирифтанд. Аз хулосаи худ ҳамагЯ як рӯз пеш
хабар доданду халос, то он ки интихобкунандагон ин
дафъа фурсати пешбарии маро наёбанд. Аллакай
номзадҳоро ба қайд гирифтанд. Дар ин ҳавза баъди
даври аввали интихобот аз байни чанд нафар ду кас
пеш баромаданд. Яке аз онх^о котиби аввали комсо-
моли ҷумҳурЯ Еқубов буд. У низ аз номзадҳе буд,
ки кораш пеш аз ин дар ҷоддаи депутатЯ омад
накарда буд. Бори дигар қувваОзмоЯ мекард. Бояд
гуфт, ки тамоми масъулони комсомол сафарбар шу-
данд, корҳои ташвиқотЯ мебурданд: шабу рӯз, дар
масҷиду чойхона, дар ҳама ҷо...
Рақиби ӯ сардори шӯъбаи инспекцияи нақлиёти
автомобилии ноҳия ба таври худ кор мебурд. Ронан-
дагон, баъзеи онҳо аз таре, ope аз таре, ӯро дастгирЯ
мекарданд. Бе ягон муболиға худ мешунидам, ки яке
роҳро мумфарш мекунам, гуён ваъда медоду авто-
машинаҳои боркашро маҷбур месохт санг оварда
резанд, дигаре калуш ваъда медод ва ғайра.
Умуман, ҳар кас усул ба дасти нақоранавоз гуфта
бо тарзи худ сазовори боварии халқ шудан мехост...
Дар ҳамин ҳол ҳам сарварони ҷавонҳо дидаю дони-
ста, ки ман ҳам аз тарафи интихобкунандагон
пешниҳод шуда будам, аз ман дасти ёрЯ талаб наму-
данд. Аз тарафи дигар, онҳо пай мебурданд:
модоме, ки уро (Каримовро) аҳолЯ пешбарЯ карда
буд, пас ба гапи ӯ гуш меандозанд.
Ҳамин тариқ, ду нафар масъулин, ки яке аз онҳо
котиби якуми комсомол буд, ба назди ман омада
хоҳиш карданд, ки дар вохӯриҳо иштирок намоям ва
сарвари онҳоро дастгирЯ намоям. Вазъияти маро
ҳама ҳис мекарданд. Онҳо низ афсӯс мехӯрданду
илтимос мекарданд, то кӯмакамро дарег надорам.
189
Мувофиқи маслиҳат дар соати муайян бегоҳй ба
ҷои кори ман омаданд. Маро ба вохӯрй бурданд.
Худи котиб — номзад наомад. Ташвиқгаронаш гуф-
танд, ки дар дигар деҳах,о вохурй дорад, вале ман
медонистам, ки ӯ чаро ба вохурй наомад...
Инро худи Шумо поёнтар ҳис мекунед. Вориди
масҷиди калон шудем. Моро мӯйсафедон истиқбол
намуданд. Бисёриҳо номи маро шунида худамро на-
мешинохтанд. Яъне бори нахуст вохӯрй мекардем.
Суҳбат оғоз гардид. Ҳозирон ва гурӯҳи таш-
виқотгарони номзад интизори он буданд, ки ман чй
мегӯям.
Баромади кӯтоҳ кардам, миннатдории худро дар
бораи он, ки маро низ чун номзад пазируфтаанд,
баён намудам ва гуфтам, ки ба тарафдории Ёқубов
овоз диҳанд. Ин вохӯрй ба охир расид. Маро аҳли
ҷамъомадагон хушҳолона гусел карданд. Дар деҳаи
дигар низ чунин як вохурй баргузор гардид. Мисли
вохӯрии пештара ҳамагон қариб бо як овоз мегуф-
танд: Чи хел шуд, ки Каримов назди мо омадааст.
Баъди ҳодисаҳои февралй чй қадар ғами уро
хурдем. Имрӯз худи ӯ хоҳиш мекунад ба тарафдо-
рии Ёқубов овоз диҳем. Овоз медиҳем!
...Вале як нафаре барои суол додан аз ҷой бар-
хост. Мана Шумо рафиқ Каримов хайрхоҳи депутат
Ёқубов. Мо Шуморо тарафдорй мекунем. Ба фик-
рам, ҳама тарафдорй мекунанд, лек ба як саволи мо
ҷавоб диҳед. Гуед, ки куҷо буд ҳамон Ёқубов, вақте
ки Шуморо «мекуфтанд». Ҳамин тавр, Шумо бегу-
нов, мо ҳамаашро медонем, чаро ӯ овоз
набаровард? Чаро сухане ба ҷонибдориатон ва ҳеҷ
набошад, аз боби ҳақиқат нагуфт? Намедонам, Шу-
мо ҷавоб гуфта метавонед ё не?
Ба ростЯ савол бисёр ғайричашмдошт, вале ба-
маврид буд, алангаи аламамро барафрӯхт. Вале
худро ба даст гирифта кушидам чанд сухани неке
дар ҳаққи номзад гуям... Ман бори дигар нисбати
номзад хайрхоҳона сухан гуфтам.
Ба ҳар ҳол ман қарзи худро пеши виҷдонам бори
дигар иҷро намудам. Агарчи дар рӯзҳои сахтам аз
ҷониби сарвари комсомолону ҳаммаслаконаш ёрие
надидам. Баръакс, чанд нафар аз масъулони аппарат
190
/
зидди ман шуда, шири сафедро сиёх, гуён 6а роҳба-
рон пешкаш менамуданд. Дар он рӯзҳо ғайр аз
ташкилоти сиёсии «Рӯ ба рӯ» ва комсомолони оддй
саҳми роҳбарони ҷавон дар паст намудани шиддати
вазъ чашмрас набуд. Умуман барои ман то ҳол са-
воли беҷавобе вуҷуд дорад. Агар ҷавонон он рӯзҳо
ба гуфти бархе аз саркардагон гуноҳи азим карда ба
намоиш баромада бошанд, пас сарварони он ҷавонон
дар шаҳру ҷумҳурй, инчунин мудирону масъулони
маориф аз мактабҳои миёна то мактабҳои оливу
вазорат гунаҳкоранд ё не? Касе ба ҷавобгарй кашида
шуд ё не? Баъзе ҳолдонҳо нақл мекунанд, ки ин кор
бефоида буд, аз ин рӯ, бисёриҳоро ба вазифаҳои
баланд бардоштанду якдилу яктан аз паи сиёҳ карда-
ни дигарон шуданд. Ин якдилй барои нигоҳ доштан ва
мустаҳкам кардани курсиҳои мансаб лозим шуда
буд. Ояндааш чй мешавад? — номаълум...
Чаро ман пеш аз ҳодисаҳои февралй депутат на-
шудам? Сараввал, албатта ман чунин хоҳиш ҳам
надоштам. Барои чй? Аз рӯи қоидаи наве, ки Шурой
Олии ҷумҳурй қабул карда буд, роҳбароне, ки аъзои
ҳукумат буданд, яъне ҷонишинони Раиси Шурой ва-
зирон, инчунин вазирон номзадии худро пешбарй
карда наметавонистанд. Дар сурати детутат шудан
мебоист бо вазифаи худ падруд гӯянд.
Ман бо дилу дидаи равшан саргарми кори хеш
будам ва депутат шудан бароям зарур набуд. Ман
ботинан худро аз рӯзе, ки мешиносам хизматгори
халқи хеш мешуморидам ва дар ҳама ҳолат
қувваамро дареғ надошта, кори аз дастам омадаро
мекардам.
Лек дар ин вазифа ман имкон доштам барои депу-
татии халқии СССР шудан кушиш намоям. Аз рӯи
қонун мумкин буд. Дар вақти пешбарии номзадҳо
ман дар Маскав дар Академияи фанҳои ҷамъиятии
назди КМ ҲКИШ таҳсиламро давом медодам.
Аз номи интихобкунандагон мактубу телеграмма
гирифтам, то розигии худро барои номзад ба депу-
татй бидиҳам. Маро якчанд корхонаҳои шаҳри
Душанбе ҳамчун номзад пешбарй намуданд. Дар
ҳавзае, ки маро пешбарй намуда буданд, ягон ном-
зад аз ин пеш шумораи лозимии овозҳоро нагирифта
191
буд. Интихоботи такрорй бо пешбарии номзадҳои
дигар аз нав бояд баргузор мегардид.
Ман розигии худро бо телеграмма тасдиқ наму-
дам. Баъд хабар расид, ки бо ^якчанд нафар
қувваозмой хоҳам кард. Рақиби ман Ӯзбекова — кор-
гарзани пешқадами корхонаи бофандагии шаҳри
Душанбе мебошад. Бо коргари оддй қувва озмудан-
ро бароям раво надонистам. Не, ин коро намекунам.
Ин хама аз рун одоб нест. Ба собик, сардори шуъбаи
ташкилии қизби коммунистии Тоҷикистон_ занг зада
пурсидам: оё рост аст, ки рақиби ман Ӯзбекова -
коргарзани оддй мебошад? У дар ҷавоб тасдиқ кард,
ки бале, ҳамин хел, рақиби Шумо коргарзани оддй.
Ман ба он кас фаҳмондам, бо сабаби зан будан ва
коргари оддй будан, ба замми он намояндаи занону
коргарон дар Шурой Олй ангуштшуморанд, ман ном-
задии худро мегирам.
Он кас хабари маро хушҳолона қабул намуда,
изҳори қаноатмандй ва хурсандй кард. Мутаассифо-
на, ин ҷо бозиҳои сиёсй ва ноадолатии бюрократон
ҷой дошт. Из хори ҳамфикрй ва розй будани онҳо
сабаби дигар доштааст... Ин хурсандй ба хотири
амалй гардонидани мақсадҳояшон будааст. Вақте
фаҳмидам, ки котиби аввали кумитаи ҳизбии ш.Ду-
шанбе Ҷ.Каримов баъди бебарории даври якум боз
номзадии худро дар ин ҳавза пешниҳод кардааст,
басо мутаассир шудам. Охир, ӯ як бор аз интихобот
нагузашт-ку? Дар ҳамин шаҳр, ҳамин ҳавза. Пас бо
кадом роҳ вай дафъаи дуюм номзадиашро пешбарй
мекунад, депутат мешавад? Дар ин бора бисёриҳо
мегуфтанд. Ҳама мефаҳмиданд, ки ин бозиҳо чй
гуна бозиҳоянд... Оре, ман ҳам мефаҳмидаму дилам
ба тёлеграммаам месухт. Гуфтугӯям бо сардори
шӯъба, рафторам нисбати коргарзани оддиву ба
ҳамин монанд фикрҳо пеши назар буданд. Саволҳои
зиёд буданду ҷавобҳо муғлақ.
Баъдҳо рӯзноманигоре дар барномаи мустақими
телевизионй аз ман пурсон шуд: Сабаб чй буд, ки аз
номзадиатон ба депутати халқи СССР даст кашидед?
Гуфтаниҳои зиёд доштам, вале чунин ҷавоб дода
будам: Ман номзадиамро ба хотири коргарзани
оддй гирифтам. Аз депутат шудани он зан дараке
набуд. Дастгоҳ бехато кор мекард...
192
Дар ҷумҳурии мо барои ду-се бор номзаду депу-
тати Шурой ОлЯ шудан ба аҳли ҷоҳу маҳал мумкин
аст. Ба «пудрати оилавЯ» кушодан низ шароити фа-
роҳам оварда шудааст. Мутаассифона, на барои
ҳама... Коргари оддй хоксорона ва бо сари хам боз
аз паси кору луқмаи нон овора аст.
...Баъди ҳодисаҳои нохуши феврал, рехтани боро-
ни тӯҳмат ба сари ман одамоне ёфт шуданд, ки
мехостанд ман депутат шавам.Онҳо инро бисёр са-
мимона ва аз таҳти дил мехостанд. Мегуфтанд ҳеҷ
набошад ҳамчун номзади халк, дарди дили моро ҳис
карда сухане мегӯед, пешниҳоде менамоед, кореро
ба ҷо меоред.
Бисёр мехостам ба роҳбарон бовар кунам, вале
сад афсӯс, ки рузҳо, моҳҳо сипарй мешуданду ман
ҳамоно бо хаёли худ мемондаму халос.
Баъзеҳо ба ман мегуфтанд: одаме, ки каме худро
ҳурмат мекунад, бояд ин тавр рафтор накунад, му-
бориз бошад. Вале ни хеле дар урфият мегуянд,
сморгазида аз ресмони ало метарсад». Ман на аз
ниятҳои зишти онҳо, балки аз нав сиёҳ кардани номам
метарсидам. Онҳо ба ҳама чиз ва ба ҳама кор
қодиранд. Худатон қазоват кунед. Дар якчанд
ноҳияҳо номзадии маро ба депутатии халқи ҷумҳурй
пешбарй карданд.
Он рузҳо тамоми қувваи коркунони ҳизбй, умури
дохила, кумитаи бехатарии ноҳияи Қалъаи Хумб ба-
рои ба қайд нагирифтани номзадии ман сафарбар
шуда буд. Дуругу бӯҳтонҳо нисбати ман паҳн карда
мешуданд. Мардуми оддиро метарсонданд. Ба ин
хотир, ки бо ҳар гуна роҳу васила ман набояд намо-
яндаи халк, бошам.
Агар ба тарафдории Каримов овоз диҳед, за-
минҳои наздиҳавлигиатонро ҳисоб мекунем, чорари
аз меъёр зиёдашро мегирем...
Ҳамин тавр, ба ман муяссар нашуд, ки намояндаи
онҳо шавам. Мардуми мо ба рафти сессияҳоо аз
оинаи нилгун менигаранду афсӯс мехӯранд, худро
маломат мекунанд. наход тақдири мо дар дасти
ҳаминҳо бошад? Купли намояндагони халк, дар
Шурой ОлЯ симои аслЯ ва ҳақиқии худро нишон
193
доданд. Он рӯзҳо нисбати масъалаҳои муҳими руз
сухан мерафт, қонунҳои асосии ҳаёти мо қабул ме-
шуданд. Мутаассифона, ба хатогиҳои паи ҳам роҳ
дода мешуд. Ин аз бепарво будани қисми зиёде ба
тақдири халқи хеш, бемасъулияту фориғбол будани
эшон гувоҳй медод. Фаъолии онҳо ҳамеша дар як
кор — тақсими мансабу курсиҳо хеле равшан зоҳир
мешуд. Акнун «хоҷа» хуб бо чашмаш медид, ки бо
роҳи «ғайриконститусионй» ба даст овардани мансаб
чй тавр асту ба таври парламентй чй тавр. Боз медид,
ки сиёҳ куҷову сафед куҷост. Агар ҳангоми ҳаллу
фасли масъалаҳои рӯзмарра намояндагони мардумй
якхела фаъол бошанд, кор ранги дигар мегирифт.
Вале ҳайҳот...
Ман баъзан ба хулосае меомадам; агар рафту
дар байни намояндаҳои халк, ҳамон 10-15 нафаре, ки
ҳақиқатан арзандаанд, намебуданд пас мо чй ҳоле
медоштем? Чй манзараи даҳшатоваре мешуд!
Агар ҷиноятҳои мудҳиши зидди халқ содиркарда-
ро ҷасурона ва сари вақт ошкор нанамоем, аз ӯҳдаи
муҳокимаю қабуЛи барномаҳои муҳим набароем,
ҳоламон табоҳ мондан мегирад. Дар рузгори мо
бӯҳрони шадиди иқтисодию иҷтимой ва сиёсй ҳукм-
фармост. Кору зиндагии мо ба умеди фардо бояд
моломоли барҳам задани ин буҳрон бошад. На
ҳамаи депутатҳо аз иҷрои ин вазифаи масъул баро-
мада истодаанд. Табиист, ки дар Шӯрои Олии ҶШТ
чанд нафар бо ин сабаб ва сабаби пиронсолию бе-
морй аз депутатй даст кашидаанд. Ба хотири он ки
дигарон омада баҳри халқ хизмат кунанд. Ин рафто-
ри онҳо мардона аст. Бисёре аз роҳбарон дар
вилоятҳои гуногуни Руссия вазъиятро ба инобат ги-
рифта, бо курсии вазифаи худ падруд гуфтаанд.
Чаро ин корро онҳое, ки намояндаи мо дар
ҷумҳуриву иттифоқанд, ба худ раво намедонанд.
Мумкин талаби мардумро хоҳонанд. Мардум чунин
талабро доранд. Дар саҳифаҳои рӯзномаҳо доимо
аз ин боб сухан меравад. Шахсони бообрӯю бедор-
фикр аз ин хусус ran мезананд, вале баъзе
намояндагони мо то ҳол интизорй мекашанд, назди
худ ҳисобот намедиҳанд, ки бо ин рафторашон оян-
даи моро талхтар хоҳанд сохт.
194
БАЙНИ МАРДУМ...
Роҳбари корхона аз ман талаб кард, ки ҳамроҳи
нанд нафар ба Панҷакенту Айнй биравам, то масоили
ҳалталаби пулҳои ин ду ноҳияро бисанҷем ва ҳалли
онро ёбем. Мо чаҳор нафар мутахассисон омодаи
сафар шудем ва пагоҳии 25 апрел дар майдони
хавоии Душанбе вохӯрдем. Мардум, мусофирон ба
ман нигоҳи кунҷковона мекарданд. Аз нигоҳи онҳо
пай бурдан мумкин буд, ки дар дил чй мароме до-
ранд, аммо изҳори фикру андеша пеши одаме, ки
камсӯҳбаташ набуд, аз рӯи одоб нест, гӯён хомӯш
менишастанд. Бисёриҳо наздам омада ҳамсӯҳбат
мешуданд ва ба дилсӯзй аз он чи ба сари ман омад,
самимона изҳори таассуф мекарданд. Ин бор ҳам
ҷавонон гирдам ҳалқа заданд ва пурсони ба куҷо
равона буданам шуданд.
— Ба Самарканд, Панҷакент ва ноҳияи Айнй мера-
вам, — гуфтам дар ҷавоб.
Гуфтугӯи дустона ва беғаразона дойр шуд. Ҳар-
фу ҳиҷояшон аз дили соф ва дидаи некбини онҳо
дарак медод.
Дар фурудгоҳҳи Самарканд маро ҷавони паҳла-
вонсурати кушодачеҳрае ба лаби пурханда — Бурй
Бачабекович, гӯён истиқбол кард. Ҳамагон савора
шудем ва мошин роҳи Панҷакентро пеш гирифт. Ро-
нанда бо ману ҳамроҳонам сӯҳбати гарм мекард, у
дар бораи ман бисёр шунида ва аслан худ
панҷакентй будааст. Сари ёдгориҳои таърихии Са-
марканду Панҷакент баҳсу мунозираи гарму ҷӯшоне
кардем. Ҳама дар як масъала ҳамфикр будем: чаро
то имрӯз мутахассисон таркиби ранг ва хишти ин
биноҳоро намеёбанд? Нисбати ин муаммо борҳо
баҳсҳои домандор шунидаам, хондаам, вале...
Ман назди худ максад гузошта будам, пулеро, ки
ҳангоми вазири сохтмони рсҳ буданам бунёдаш оғоз
гашта буд, дида баъд гузашта равам. Ҳамин тавр
ҳам кардем. Ба пул наздик шудем. Ба назарам у ба
ин мавзеъ ҳусни тоза илова намуда буд, хушқол
шудам ва лаззат бурдам. Чй хеле ки шоир фармуда-
аст:
195
Ҳарчанд, км май аз срҳбатм аҳбоб хурЯ,
Шарбат зи лабм согари маҳтоб хурЯ.
Лаэзвт набувад, беҳтар аз он дар о лам.
Аз ҷри худат кофта гар об хурЯ.
Ин иншоот ду соҳили дарёи Зарафшонро ба ҳам
пайваста рафтуои мардуми ин ноҳияро хеле осон
намуда буд.
Ҳамсафаронам — Алексей, Иван ва Евгений аз ман
хоҳиш карданд, ки назди пул барои хотира сурат
бигирем. Ин фикр ба ҳама маъқул шуд ва роҳсозон-
ро, ки дуртар саргарми кор буданд, назди худ хонда,
якҷоя сурат гирифтем. Миёни мо ва коргарон оиди
масоили кору оори онҳо як суҳбати мухтасари ҷоли-
бе баргузор гардид. Мо аз онҳо хоҳиш намудем, то
ки камбудиҳоро бартараф намоянд. Хайрухӯш наму-
да боз ба роҳ баромадем. Роҳи Самарканд —
Панҷакент нисбати роҳи Панҷакент — Айнй сифатан
беҳтар сохта шуда буд. Афсӯс, ки сохтмони роҳи ба
Панҷруд то ба мақбараи бузургвор Абӯабдуллои
Рудакй мебурдагй ба охир нарасида буд. Ин на
фақат аз бепарвоии роҳсозон, балки аз холабегамии
роҳбарони зинаҳои гуногун гувоҳй медод.
На фақат сайёҳони хориҷй, балки ҷавонону калон-
солон аз сабабҳои набудани роҳ имконияти зиёрати
ин мақбараро надоранд. Ин ҷои муқаддас то ҳол ба
гамхорию дастгирй муҳтоҷ аст. Мо бояд фахр ку-
нем, ки чунин бузургон буданд ва ҳамаи чораҳоро
бубинем, то чунин мавзеъҳо серодам ва зеботар
гарданд. Ба ин мазмун сӯҳбат карда, назди пули
ояндаи «Дупули» бозистодем, бо лоиҳакашон ва
сохтмончиёни он суҳбат карда ба роҳ баромадем.
Дар сарҳади ноҳияи Панҷакент ва Айнй моро
роҳбарони ноҳияи Айнй истиқбол намуданд. Ҳамроҳи
раиси комиҷроияи ноҳия Ҷунайдов, сарвари ҳизбиёни
ноҳия Қурбоналиев, сарвари хоҷагиҳо ва чанде дига-
рон низ буданд.
—Ҳайронам ба Шумо, кй хабар дод, ки ман ба
ноҳия меоям?
— Ана ҳамин тавр, — ҷавоб дод Қурбоналиев, —
Шумо гумон мекунед, ки мо дар ин куҳсор чизеро
намебинему намедонем, — баланд қоҳ-қоҳ хандид.
Якдигарро гарму ҷӯшон пурсупос кардем. Тасалло-
196
ям доданд. Тоқат-тоқат ва фақат вақт ҳама чизро
дар ҷояш дуруст ҷо ба ҷо хоҳад гузошт, гуфта имои
ба мошинҳо савор шуданро карданд. Ин лаҳзаҳо он
шахсонеро, ки аз ман рӯй гардонда буданду худро
дур мегирифтанд, пеши назарам меовардам. Хоҳу
нохоҳ мегусртам, дар ҳама давру замонҳо аз одам-
гарй дида чизи баландтаре нест. Шукрона мекардам.
Дар ҷамъияте зиндагй дорам, ки бедорфикрон ба
муаммоҳои ҳаёт дуруст баҳо медиҳанд. Мантиқан
худ хулоса мебароранду фирефтаи хабарҳои бар-
дурӯғ намешаванд.
То ба маркази ноҳияи Айнй боз се маротибаи
дигар.маън шудем. Аввалан, сохтмони пули қишлоқи
Мадм, сониян сохтмони пули колхози ба номи Сверд-
лов ва баъдан, пули деҳаи Хушекатро, бинокорон то
рӯзи 1-уми Май ба истифода доданй буданд, тамошо
кардем. Аз ҷушу хурӯши корашон маълум буд, ки
онҳо ба аҳдашон вафо мекунанд. Сохтмончиён ма-
ро ин ҷо нағз истиқбол карданд, ба онҳо гарму
ҷӯшон ҳамсӯҳбат шудем. Сифати кори онҳорро
санҷида, баҳо додем. Ба воситаи автокрани 28 тон-
нагй иқтидори пулро санҷида, хамшавии миёни пулро
ба воситаи асбобҳои дақик, муайян намудем. Ба онҳо
барори кор хостем ва боз роҳи худро давом додем.
Қарибии соати 8-и бегоҳ ба меҳмонхонаи ноҳия рас-
идем. Сари миз нақши кори рӯзи ояндаро кашидем.
Соати қариб нӯҳ буд, ки касе дари ҳуҷраро куфт.
Аслам ном шиноси ман ворид шуд. Аз шодй дар
курта намеғунҷид. Шиносоии мо ду сол аз ин пеш
рӯй дода буд. Бо мақсади сохтмони роҳ, ва кашидани
лоиҳаи он ҳамроҳ бо ҳунарпешаи мардумии Ит-
тиҳоди Шуравй Ҷурабек Муродов ба назди ман
омада буданд. Мо бо якдигар шинос шуда, унс
гирифтем. Акнун лоиҳа тайёру кор оғоз ёфтааст.
— Ба назди Шумо омаданам бесабаб нест. Марду-
ми деҳаи баландкуҳи Куруд Шуморо ба меҳмонй
даъват мекунанд ва бисёр хоҳиш дорам, ки даъвати
онҳоро рад накунед.
— Чаро Шумо гумон мекунед, ки хоҳишатонро
рад карданам мумкин?
— Кй медонад? — гуфта маънидорона табассум
карда, суханашро идома дод.
197
Дар СО XT моим роҳм
Душанбе - Айн Я 6о
вариант *У штурм. Агбан
Анзоб. Во олимони соҳаи
роҳсозя
— Умедворам, ки розй мешавед, ман дар таре
ҳастам, ки мабодо? Ман ба мардум нй мегуям? Онҳо
чашм ба роҳанд, ки ҳамроҳи Шумо бармегардам.
— Охир ҳоло дер шуд-ку?
— Дар ин сурат Шумо бояд бигуед, ки кай? Мо
ҳамон дам расида меоем.
— Хӯш ки бошад, мо саҳар бо сохтмони пул ва
роҳҳои Айнй—Мастчоҳи кӯҳна шинос шуда, бегоҳй
баъд аз кор меҳмони Шумо мешавем. Ба ин баҳона
рафти сохтмони роҳи Курудро ҳам мебинем.
Аслам ва рафиқони уро маслиҳат хуш омад, онҳо
хурсандона хайрухуш карда баромада рафтанд. Баъ-
ди чанде боз дарро ангушт заданд.
— Ассалому алайкум, — гуфта рафик, Қурбоналиев
ва Ҷунайдов дорамаданд. Ақрабаки соат аллакай аз
нӯҳ гузашта буд. Мо дар атрофи масъалаҳои сохт-
мони роҳ ва пулҳои ноҳияи Айнй суҳбат кардем.
Баъзе масъала ва проблемаҳои ҳалталаби онро мав-
риди баҳс қарор додем. Пас чанд латифаҳои
намакине, ки аз забони меҳмонон шунидем, моро
хушҳол кард. Қарор додем, то огози кор ба
мақбараи Муҳаммад Туғрал рафта, он бузургворро
зиёрат кунем.
Субҳи барвақт суи мақбараи Муҳаммад
Нақибхони Туграл раҳсипор шудем. Ба он ҷои мубо-
рак расидем. Саное ба арвоҳи он шоири шаҳид, ки
гирифтори туҳмат гашта буд, фиристодем. Навиш-
таҷоти рӯи сангро, ки бо хатти форсй ва кирилй
ҳаккокй шудааст, хондем. Дар лавҳа чор-панҷ хато
мушоҳида шуд. Имсол бояд ҷашни ин бузургвор
198
таҷлил шавад. Ин таскинам медод, ки бо ин минвол
ҳам хатоҳои рӯи санг ва ҳам худи мақбараву гирди
атрофи он аз нав обод хоҳад гашт. Дигаргуниҳо ба
чашм мерасиданд. Аллакай дар назди мақбара чой-
хонаи миллй месохтанд. Марде ба назди мо омад,
баъди салому алейк ва аҳволпурсй ҷои дар оянда
гузоштани пайкараи Туғралро нишон дод. Ман дар
навбати худ, аз сардори корхонаи роҳсозй рафиқи
хеле хоксор Арбобов хоҳиш кардам, ки корҳои аз
дасташ меомадагиро нисбати ин ҷои муқаддас ба
сомон расонад. Туғрал бо ҳаёти фақиронаву хоксо-
рона умр ба cap бурдааст. Ҳатто аз кӯмаки моддие,
ки бародаронаш мекардаанд, даст кашидааст. Дар
миёни мардум, чи хеле ки аз нақли чанд нафар
бармеояд, ки ҳамчун одами некхоҳ ном бароварда,
нисбати ӯ одамон хеле зиёд нақлу ривоятҳои ҳузнан-
гезе карданд. Шоири ҳамзамонаш Ҷавдад дар бораи
ӯ чунин менависад:
Яктои асри мо буд он шоири ягона,
Бишкуфта буд аз у ҳар сӯҳбату маҷолис,..
Мо дар сохтмони роҳи Айнй — Мастчоҳи кӯҳна
шиноси зиёде пайдо кардем. Ду сол пеш аз ин ду
маротиба ба ин ҷойҳо омада будам. Бисёриҳо маро
шинохта гарму ҷушон истиқбол мекарданд, ки ин ба
ман қувват мебахшид. Дар зиндагй воқеаҳои
ғайричашмдошт зиёд мешудаанд. Чй илоҷ? Ба сарна-
вишт ҳам бовар бояд кард. Ин ягона мояи тасалло
аст. Лек макру ҳила ва кӯрнамакию носипосгузории
бархеро бахшидан ҳаргиз нашояд. Чунки боз чандин
одамон чун ман қурбони макру ҳилаи онҳо хоҳад
шуд.
Саволҳо... саволҳо... саволҳо...! Чаро ман шароит
додам, ки ба чунин аҳвол гирифтор шавам? Чаро
имрӯз муҳтоҷи тасаллй шудаам? Фақат барои он ки
бо дили соф ҳар он чизи аз дастам меомадаро барои
як мақсад — нарехтани хуни ноҳақ кардам? Магар
подоши хубй ҳамин аст? Оре, чунин будааст «расми
сарои дурушт»... Шахсони дар он соатҳои барои
ҷумҳурй вазнин шояд «ба хоби ноз» рафта таҳқирам
мекарданд. Онҳое, ки шоҳиди он ҳодисаҳои мудҳиш
199
буданд, беруни маҷлисгоҳҳо монданд, баъзеҳое, ки
дохили он буданд, ба лаб кӯлух молидаву ба даҳон
об гирифта худро ба нодонй заданд. Чунон ки бузург-
вор фармондааст:
Замона каҷравиашон ба бар кашад Бедил,
Каев, ки рост бувад, хори чашми афлок ест,
Ба ивази ростй тӯҳмат. Ба ивази некй бадй! Хори
чашми кй будани ман оё маълум нест? Офтобро ба
домон пӯшондан хостанд... Зери пои номардон пой-
мол карданй буданд... Ба ивази кадом гуноҳ? Оё он
ҷазоеро, ки нисбати ман раво диданд, аз руи инсоф
буд? Не, ҳаргиз! Он зарбаи ҳалокатоваре буд, ки
амсолаш кам мешавад. Чунин зарбаро танҳо касе
мезанад, ки дили сиёҳ дораду пастфитрат аст.
Беҳбудй, дар амон будани худро аз ҳама чиз авло
медонад. Он ки дар роҳи рост аст, бешубҳа, хорию
зорй мебинад. Вале ҳақ ба ҳақдор мерасад. Ба ин
шубҳа надорам:
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
(Сайидо)
Роҳ моро ба деҳаи Куруд мебурд. Сари дуроҳае
одамони зиёде ҷамъ омада буданд.
Мардумони дигар низ моро хушҳолона хайра-
мақдам гуфтанд. Бо роҳи пурпечу тоб ба сӯи деҳаи
Куруд ҳаракат намудем. Аз баландй маркази ноҳияи
Айнй хуб намудор буд. Якчанд хонаи навбунёд дар
аввалҳои роҳ ба чашм мерасид. Ба воситаи қубур аз
зери лозур ва тармаҳо об овардаанд. Фақат ба ша-
рофати ин неъмати бузурги дунё пеши ҳар хонае
якчанд дарахт ва сабзазорҳои хурд—хурд ба чашм
мерасид.
Кӯҳҳои ноҳияи Айнй аслан сангистон аст. Руста-
ниҳою гиёҳҳо ва дарахт нисбатан кам ба чашм
мехӯрад. Аз ин рӯ, дар он ҷое, ки дарахтон ба чашм
мерасанд, хело дилрабоянд. Дар моҳи апрел зардо-
лу дар ин манзилҳо гул мекунад. Гулҳои зардолу ҳар
хел мешаванд. Сурх, сафед, сурхчатоб, нофармон.
200
Ин ҳама дар якҷоягй 6а кӯҳҳое, ки нисбатан камда-
рахтанд, ҳусн меафзояд.
Хавой тозаи ин диёр, бӯи гулҳои навшукуфта,
алалхусус гулҳои зардолу бо боди форами кӯҳй
димоғҳоро чоқ мегардонад.
Роҳсозон ба сохтмони роҳи ин деҳа огоз карда
буданд. Аз ин рӯ.ҳангоми наздик шудан ба қитъае, ки
роҳсозон кор мекарданд, моро водор сохт, пиёда
шавем.
Мо аз баландие, ки ҳам маркази ноҳия ва ҳам
сохтмони роҳ хуб намудор буд, ба поён назар кар-
да, сари масъалаи тезонидани суръати сохтмони роҳ
ба роҳбарони корхонаи сохтмонй маслиҳатҳо наму-
дем. Дар сари роҳи деҳа ва роҳе, ки ба «Ҳазрати
Хоҷаи Муродбахш» мебарад, ҷонишини раиси ко-
миҷроияи ноҳия Мерганов моро истиқбол кард.
Баъд аз салому алейк, — идатон муборак шавад, —
гуфт ҷонишини раис. Бинед, ки дар як рузи хуби ид ба
ин диёр ташриф овардед.
— Идгардак омадем, — гуфтам дар ҷавоб. Уму-
ман дар рӯзи ид ба «дуову фотиҳа» омадан кори
хайр аст. Ман ба ин деҳа бори аввал биёям ҳам,
ғоибона шиносой доштам. Аслан ман ҳар диёреро,
ки бузургонро ба дунё овардааст, меҳри хоса до-
рам. Ман пеши падарону модароне, ки фарзандони
арзандаро ба дунё меоваранд, сари таъзим хам ме-
кунам. Чунин диёр — диёри шумост. Онҳо чун
намояндаи мардумй дар рушди ояндаи ҷумҳурй ва
роҳҳои тарақиёти маданй, фарҳангй, иҷтимою
иқтисодии он саҳмгузорй мекунанд. Мутаассифона,
дар маросими дафни падари Муродов иштирок
карда натавонистам. Қарор додам, ки имрӯз ба хонаи
падарашон биравем, ба хотири неки он кас дуои
хайре бикунам.
— Бисёр кори хуб мешавад, — ҷонибдорй намуд
Мерганов. — Аз омадани Шумо Ҷӯрабек хабар до-
рад? /
— Ман ба он кас чизе нагуфтаам.
Пеш аз деҳа ворид шудан ба зиёрати «ҳазрати
Ҳоҷа Мурод» рафтем. Оромгоҳи «Хоҷа Мурод» дар
баландй аз паҳлӯи чапи чашмасорон ҷойгир буд. Дар
рӯзҳои ид намуди ин мақбара идона аст.
201
Он ҷой се хонаи хурде воқеъ аст, ки аз якдигар
ҳаҷман фарқ мекунанд. Девори ин кулбаҳо аз похса
буда, биное, ки мақбараи Хоҷа Мурод он ҷост, нис-
батан зеботар аст.
Мутаассифона, дар бораи таърихи ин мавзеъ
ҷавоби рушане ёфта натавонистем. Ҳол он ки ба гайр
аз Мерганов бо мо боз се нафар аз ҳамин деҳа
ҳамроҳ буданд. Онҳо гуфтанд, ки касе таърихи ин
мақбараро хуб намедонад. Бо афсус зикр бояд
кард, ки чунин ҳолат борҳо ба чашм мерасад. Дар
Хоҷаобигарм низ ба ман ин ҳодиса pyx дода буд.Ин
ду мисол боз як нишонаи хурдакаки беэътинсии мо
нисбат ба таъриху гузаштаи худ мебошад... Ба гу-
заштаи пурғановату маданияти бузурге, ки назир
надорад.
Курпачаҳои ду ҳуҷра ва айвони яке аз хонаҳо аз он
гувоҳй медод, ки ба зиёрат бисёр меоянд.
Мо низ руи курпачаҳои айвон нишастем. Аслам
сураеро аз Қуръони Шариф хонд, ҳамагон омин ги-
рифтем. Ёдашон ба хайр гуён, аз ҷой бархостем. Ду
зани дигар, ки зиёрат омада буданд, ба мо якчанд
кулчаи ширмол пешкаш карданд. Кулчаҳоро бо оби
чашмасор тар намуда, хурдем.Сипас чанде ғарқи
тамошои ин манзараҳо, ки аз диданаш дил гум ме-
зад, шуда аз қудрати тафаккури дурпарвози инсон,
ки ба ҳеҷ як душворй нигоҳ накарда, дар чунин ба-
ландиҳо маскан гирифта, умр ба cap бурдаву эҷод
мекунад, қоил мешудам.
Ру ба деҳаи Куруд дорем, болотар деҳаи Зосун,
аз он боло деҳаи дигаре нест. Агар аз боло ба самти
ҷараёни рӯди кӯҳй ба Куруд бинигаред, қисми чапи
он чунон зебогиҳои зиёде дорад, ки аз тамошояш
сер намешавед. Аз рӯди шухи куҳй гузашта рӯ ба
боло, ба сӯи деҳаи Куруд равон шудем. Пеши деҳа
гуруҳи калони одамон ҷамъ омада буданд.
Сабаби ин ҷамъомадро пурсон шудем. Шуморо
интизоранд, гуфтанд дар ҷавоб. Пас хуб нашуд, ки
мо даставвал бо онҳо вонахурда, ба боло рафтем.
Шояд, — оромона ҷавоб дод Аслам. Г ап сари он аст,
ки мардум Шуморо ба осонй ҷавоб доданй нестанд.
Аз ин нуқтаи назар кори кардан мо хато нест.
202
Ба мардум наздик шудем. Бо х,ама як ба як сало-
му алейк намудем. Аз чашмон, чеҳраи хандони онҳо
меҳри беандоза намудор буд. Бо як муҳаббат, бо
як ҳиссиёти хосае вохӯрй намуда, хайрхоҳона таски-
нам ме доданд. Г у фторашон му хтасар, вале як ҷаҳон
маънй дошт ва саршори меҳру муҳаббат буд. Барой
мисол: «Аз беадолатиҳои замон рӯҳафтода наша-
вед», «Мард бояд пуртоқат бошад», «Вақт ҳақро ба
ҳақдор мерасонад», «Бақувват бошед», «Бо сари ба-
ланд гардед», «Мардум ҳама чизро дуруст
мефаҳманд» ва ғайра. Болотар мактаббачагон hhthj
зорй мекашиданд. Аслам беихтиёр ашк мерехт. У
алами худро ба ман гуфта буд. Ҳеҷ гумон надо-
штам, ки дили ӯ низ аз ин дасисаҳо ин қадар зиёд
озурда шудааст.
Мо ба мактаббачагон наздик шудем. Ин дам раф-
тори Аслам магар асар кард, ки ман низ тоқат карда
натавонистам, беихтиёр об дар чашмонам ҳалқа зад.
Ба зӯр худдорй кардам.
Ба хонандагон як-як салом кардам. Чанд кудак
дуртар истода ботааҷҷуб менигаристанд. Назди
онҳо рафта салом кардам. Ба ҳозирон ру оварда, аз
самими қалб миннатдорй изҳор кардам. Ин меҳру-
бониву самимият дар роҳи ҳақ буданро ҳидоятам
мекарданд. Худ ба худ мегуфтам:
«Дар як муддати кутох, бо кадом сабаб ба дили ин
мардум роҳ ёфта бошам? Охир, чаро мардуми сар-
замини ман ин қадар ташнаи роҳбарони некхоҳ
ҳастанд? Дар ҳақиқат ҳам зиндагй нобаробариҳо до-
рад, вале акнун одамон ҳамаро ба мизони ақл
монда, баркашида метавонанд ва аз он хулоса меба-
роранд».
Воқеаҳои моҳи феврал мардуми ҷумҳуриро аз
хоби гарон бедор карда буд. Мардум ба воқеаҳо
ҳар хел баҳо медоданд. Вале қисми зиёди халқ ду-
руст ба*о дода, ба оянда бо назари тоза ва як умед
менигаристанд. Умеди онҳо моро ба ташвиш мео-
вард. Бисёр х,ам мехостем, ки орзуҳои хайрхоҳонаи
онҳо амалй шаванд. Аз байни деҳа, назди мактаб
гузашта ба хонаи Аслам ворид шудем. Аз рӯи одати
волои одамгарй ва меҳмондустй даромадан замон
203
гӯсфандеро cap заданд. Агарчй ин кор мазмуну
маънои хос дорад, ба ман хункунй (cap буридани
ҳайвон, парранда ва гайра) бисёр таъсири бад мера-
сонад. Ин буд, ки илтиҷо кардам то ин корро
накунанд. Вале ҳайҳот! Маро даруни хона хонданд ва
илова карданд: дар ин деҳа ҳар кас тайёр аст, ки
чунин рафтор намояд. Муаллимон сӯҳбатро ба
масъалаи роҳ кашиданд ва қиссаи гуфтугузори намо-
яндаи деҳаро бо ману Ҷӯрабек ҳангоми аъзои
ҳукумат буданам ёдовар шуданд. Махсус он
вохӯриеро, ки маро беихтиёр ба назди ҷонишини
раиси Совети Вазирон Воҳидов бурда буд.
Онҳо ба ман шухиомез арз карданд, ки як масъа-
ла солҳо боз ҳал нашуда меояд. Ин ҳам бошад,
масъалаи сохтмони роҳ. Баъди омӯзишу хулосаҳои
даркорй ба қароре омадам, ки барои сохтани он
маблағро кумитаи агросаноатй бояд ҷудо кунад. Ба
ин мақсад ҳамроҳи онҳо назди Воҳидов рафтанй
шудам. Онҳо маро боздошта гуфтанд, ки ин бео-
добй мешавад, ки Шуморо он ҷо барем. Ман бе ягон
дудилагй равона шудам.
Аз дари Воҳ,идов дарун туда, он касро ҳайрон
дидам. — Тинҷй-ми? — Ҳа, бале, хавотир нашавед. Ба-
рои ҳалли як масъала, ки чандин сол боз санги сари
роҳ туда мондааст, назди Шумо омадам, то ки онро
дар якҷоягй ҳал кунем.
Дар ҳақиқат ҳам роҳи ҳалли онро ёфтем. Сипас,
аз кумита баромадем. Хостам бо Муродов ва Аслам
хайрухуш кунам, лек...
— Шумо ҳурмати моро ба ҷо овардед, назди
Воҳидов рафтед, корамонро иҷро кардед, акнун ме-
хоҳед, ки... Мо низ Шуморо то утоқи кориатон бурда
мемонем. Ана баъд хайрухуш мекунем.
Ана ҳамин лаҳзаҳоро бо таври хоса нақл мекар-
данд. Гарму ҷушон дар бораи сохтмони аэропорт, ки
ҳиссаи худро гузошта будам, ёдовар мешуданд. Аз
он розй буданд, ки дар вақти вазирй дар ноҳияашон
корхонаи сохтмонй ва ду заводи истеҳсоли мумро ба
истифода дода будам.
— Писарам, ҳамаи ин корҳои кардаатон ба номи
Шумо мемонад. Ман шахсан ғоибона Шуморо барои
204
некиятон ҳурмат мекунам. Ба ман дар ин бора писа-
рам нақл карданд. Боз дар маҷаллаҳо дар бораи
пешрафти иқтисодиёт, иҷтимоиёт, махсусан дар бо-
раи роҳ^ои тараққиёти ояндаи ҷумҳурй,
«Модар-кӯдак» ном мақолаҳоятон бисёр маъқул
шуданд.
— Дар рӯзҳои вазнини моҳи феврал овози Шумо-
ро аз радио шунида, қариб гиря карда будам.
Илтиҷои Шумо бисёр дилхарош буд. Вале,
сад афсӯс...
Ҳар қадар илтимос мекардам, муваққатан аз сиё-
сат сухан накунанд, то даме аз он ифлосиҳо дар
канор бошам, вале боз лаҷоми сухан хоҳу нохоҳ ба
ҳамон тараф кашида мешуд. Ин лаҳзаҳо баъзан ба
ҷараёни сӯҳбати мо душворих,о медаровард. Чй
илоҷ, мардум ҳама чизро фаҳмидан мехоҳад.
Мӯйсафеди синну солаш ба ҷое расида, ки дар
роҳи пурпечу тоби зиндагй бисёр талхию шири-
ниҳоро чашидааст, балки ҳама нишастагон бо як овоз
мегуфтанд, ки мо нагз медонем. ки он дам ба таври
дигар рафтор кардан мумкин набуд. Ҳайрон будам.
Охир дар ин деҳаи дурдаст ин қадар ба рафти
воқеаҳои февралй баҳои мӯйшикофона медиҳанд.
Вале онҳое, ки ҳама чизро бо чашми худ дидаанд,
баръакс маънидод намуда, афкори умуми ба худа-
шон дилхоҳро ташкил доданд. Дар ҳақиқат низ ҳамин
тавр. Аз уҳдаи ин кор хело хуб ва моҳирона барома-
данд. Баҳри чй?..
— Акои Каримов, хуб мешуд, дар охир Шумо аз
ҳозирон дар Пленум узр намехостед ва гуноҳеро ба
гардани худ намегирифтед — гуфт ҷавони хандонруе.
Ман вақтҳои охир дар ин бора фикр кардам.
Беҳтар буд узр намехостам. Акнун маълум гашт, ки
корро дигар хел кардан даркор будааст. Барой чй?
Аввал, ин ки, узр хостанро мардум нодуруст фаҳми-
данд. Баъд, ин ҳама ба мазмуни дигар ва аз ҳама
муҳимаш барои паст намудани шиддати вазъият буд.
Боз аз сари нав ба дарёи макру андешаҳо ғарқ
шудам...
Коре карда мардумро ором кардан даркор буд.
Аз ҳама муҳимаш инро аз ман роҳбарон илтимос
205
карданд. Ман ба онҳо бори дигар бовар кардам.
Агар лозим шавад, ҷони худро дарег нахоҳам дошт,
то дигар қатраи хуни ноҳақ нарезад. Ин буд сабаби
якумин ва асосии узрхоҳии ман. Чунки дар соати
комендантй ҷамъшавии мардум боз сабаби cap за-
дани фалокати дигаре шуда метавонист...
Албатта, ин масъаларо на ҳама дуруст дарк карда
метавонистанд, чунки асли воқеаро намедонистанд.
Дигар ҷиҳати муҳим ин буд, ки ман дар асл гуё аз
тарафи роҳбарон — аъзоёни бюро бо як сабаб айб-
дор карда мешудам. Ин ҳам бошад, чаро маҳз он 5
нафар дар утоқи корни ман ҷамъ омада буданд.
Асли воқеаро дидаву дониста, хоҳу нохоҳ ба «тоза»
будани ман шубҳа мекарданд. Мегуфтанд: чаро
он\оро аз онҷо дур накардед. Ҳамаи онҳо ба ман
мақсади ёрдам карданро доштанд. Ман аз фикри
онҳо огоҳ набудам. Онҳо фақат пеш аз баромада
рафтанашон дар бораи лоиҳаи Фармон ran кушо-
данд, ки ҳамоно ба онҳо ҷавоби қатъй дода будам.
Афсӯс, ки туҳматчиён афкори умумро вайрон карда
буданд. Дар охир ба назарам аз ҳама ҷиддитар он
фазой Пленум буд, ки касро ба даҳшат меовард,
шароит намедод, ки кас фикрашро саҳеҳ, баён кунад.
Ин қадар сангдилу беинсоф будани одамонро дар
ҳамон ҷо ҳис кардам.
Дар зал нишаста ба суханронй, рафтори одамон
диққат медодам, вале на ҳамаро дуруст дарк ме-
кардам. Дуруғ гуфтан, ran бофтанҳо диламро
реш-реш мекард. Одамон ба ман бо чашмони
пурҳарос менигаристанд. Аллакай бегона гаштани
баъзеҳо ба чашм мерасид. Чунин фазой «беҳамтои»
гузаронидани Пленум ва «одобу услуби муайяни»
иштирокчиён таъсири сахтам расонида буд. Ин буд,
ки дар зал нишаста гуё муаллак, дар ҳаво овезон
будам.
Дигар хел шуданаш ҳам мумкин набуд. Зеро ин
маърака на барои ҷазо додани танҳо Каримов ташкил
шуда буд.
Ин огоҳие буд ба ҳама қувваҳои озодандеш. Ин
зарбае буд ба ҳамаи онҳое, ки «биҳишти рӯи зами-
нии» онҳоро халалдор кардан мехостанд. Ин азме
206
буд барои боз ҳам мустаҳкам намудани риштаҳои
вазифагй, ошнобозй ва хешу таборие, ки тамоми
системаи органҳои идоракуниро чун торҳои анкабут
печонда гирифтааст. Ин ду Плену ми «таърихии» моҳи
феврал бори дигар собит намуд, ки КМ ҳизби ком-
мунисте) аз методу усулҳои Зодааш, ки моҳиятан
тарсондану пахш кардан аст, даст кашиданй нест.
Чунин сурат гирифтани кор дар айни ҳол аз он дало-
лат мекард, ки мансабдорону ҳаммаслакони онҳо
сиёсати ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, вусъатиде-
мократияву ошкорбаёниро пазируфтанй нестанд.
Хуб шуд, ки риштаи сӯҳбатро Аслам ба даст ги-
рифт, ба латифагӯй оғоз намуд. Мирнӯъмон
Шарофов онҳоро намакин мекард. Ба ҳар як муам-
мо бамаврид, ботамкин ва хеле озод ҷавоб
мегуфтанд, шеър мехонд. Аслан аҳли адаб бисёр
хоксор мешавад. Сабаб он аст, ки аз гузаштаи худ
бохабар аст ва ҷаҳони бои маънавй дорад.
Шаб аз нисф гузашта буд. Хама ботамкин буданд.
Касе хаёли хестан ҳам надошт. Меҳмонони нав ба нав
ба-ҳавлй меомаданд. Мутаассифона, дар ҳуҷрае, ки
мо нишаста будем, ҳамаро ғунҷонидан душвор буд.
Лек дар дили кучаки Аслам ҳамаи онҳо худро ёфта
буданд. Аз к,удуми дӯстон хона мунаввар буду гарм
суҳбат мекардем. Мирнуъмон мехонд:
— Аз дӯсти нодон душ мани доно бед,
— ДӯстЯ бо морду ми доно непуст,
— Душ мен и доно беҳ аз но донн Д?ст,
Душмани доно боландот мекунад,
Бар заминат мвзанад но донн дуст.
Ин порчаҳои шеър аз сари нав маро ба уқёнуси
беканори фикру хаёлҳо ҳидоят кард. Лаҳзае сукут
кардам. Симои дустони рӯзҳои хуш дар паҳлуям
бударо як—як ба хотир овардам. Мутаассир гаштам,
гоҳе аламам дучанд мегашт...
Баъзеҳоро ба дуст гуфтан ҳам забои намегар-
дад.Аслан дуст неъмати ноёб аст. Вале, афсӯс,
гурӯҳе дӯстй карда наметавонанд. Ин бисёр
ғамангез аст. Худро дуст вонамуд карда, хизмати
207
хирсона кардан ин «6а заминат мезанад нодони
дуст» аст. Бале, арзандатарин дуст он аст, ки ба
қадри дӯстй мерасад ва рафтор мекунад.
Бисёриҳо боз аз воқеахои моҳи феврал пурсон
мешуданд. Ман худдорй мекардам. Бародари Ҷ.
Муродов, ки дар деҳа зиндагй мекунад, аз чй бошад,
ба ман саволе нисбати мавқеи Литва дод. Ин савол аз
он шаҳодат медод, ки мардум маро ҳамчун шахси
сиёсатмадор қабул мекарданд. Гарчанде дар асл то
он рӯзҳо ман аз сиёсат дур будам, аз дасисаҳои
сиёсатмадорон кам огоҳ будам. Яке аз сабабҳои
асосии ба ин аҳвол афтиданам низ ҳамин буд. Агар аз
ғаразҳои сиёсат ва хусусан сиёсатмадорон бохабар
мебудам, ҳеҷ гоҳ ба чунин аҳвол гирифторам наме-
карданд. Мумкин ҳар як қадамамро «ҳисобй»
мемондам., аз соддагй, ростқавлй ва бекасии ман
истифода карданд...
Маро аз сидқ сурудхонии ҳамдеҳагони Ҷурабек
мутаассир карда буд. Ронандаи мошини «Волга», ки
ним руз боз ба мо хизмат мекард, тор ба даст
гирифт. Табассуме намуда ба нохун кардан cap кард.
Садои хело форам танинандоз шуд. Он кас овози
бисёр ҳам фораму дилчасп доранд. Алалхусус су-
рудҳои классикиро бисёр хуб иҷро намуданд.
Шаб қариб саҳар мешуд. Новобаста аз он, ки
хоҳиши мизбонон бароям маълум буд, дигар илоҷи
шабнишиниро давом додан надоштам. Балки боз як
хотироти пур аз эҳсосоту аҷоиботи имрӯзаро ҳеҷ
набошад як соат вақт ёфта ба қалам додан лозим
буд.
Инро ҳам амри виҷдон медонистам. Агар нону
намак хурда боз ба таври бояду шояд ба қадри он
бирасй, он гоҳ дили инсоният таскин хоҳад гирифт.
Фаромӯш накардани ҳамаи он ҳалимиву гармй, наво-
зишу меҳмондории мардуми деҳаро нарезонда ба
дафтар сабт кардан лозим буд. Ин буд, ки одамон
ноилоҷ як ба як паси ҳам ба ман шаби бофарогат
хоста, ба берун баромаданд.
Борони майда, маҳин борида, дар берун хомӯшй
ҳукмфармо буд. Ҳавои тозаи ин диёри осмонбӯс ба
димог зада, ба таври хосае мефорид. Баъди борон
208
заминҳо тар, дарахтон боз ҳам тозатар шуда буданд.
Абр пароканда шуда, моҳтоби дурахшон нурпошЯ
мекард ва кӯҳсорон ва дарахзорони тора-тора аз
равшании моҳтоб хуб намоён буданд. Пеши дари
хонаи Аслам чароғи барқ равшанй мекард. Он шаб
ба ин чарог эҳтиёҷе ҳам набуд.
Ин буд, ки мо се нафар: ман, Мирнӯъмон ва Ас-
лам рӯи курсии дарози аз тахта сохташуда пеши дари
хона нишастему сӯҳбатро давом додем.
Аллакай хоб ҳам парида буд...
Саҳарии рӯзи дигар шиносҳо, ҳамкорҳоям, аз
ҷумла бисёриҳо аз деҳаи Куруд барои гусели ман
омада буданд. Баъди чанде тайёра омад. СаворшавЯ
оғоз шуд. Бо ҳамагон хайрухӯш намудам. Дар байни
онон шахсе буд, ки он касро ҳеҷ гоҳ фаромуш на-
хоҳам кард. У маро гусел мекарду мегирист. Ӯ то
рӯзҳои феврал маро медонист, пас аз он *ам. Ба
хабаргирЯ меомад.
Ғайр аз мусофирон назди тайёра одамони зиёди
дигар ҳам омаданд. Ҳамроҳонам гуфтанд, ки дар
аэропорт ҳеҷ вақт ин қадар одами зиёд ҷамъ нашу-
да буд.
Қамин тариқ, тайёраи мо бо самти Душанбе дар
парвоз шуд. Баъд яке аэ лочинҳо ба ман як даста
рӯзнома оварда дод: муаллим, марҳамат,
рузномаҳои нав. Ман чанде аз онҳоро варақ зада
будам, ки он лочин боз ба наздам омаду гуфт: Буря
Бачабекович, агар хоҳиш дошта бошед, марҳамат ба
ҷои ман нишаста бо сохтмони туннели роҳ, назар
кунед. Корҳои худатон оғоз кардаро бубинед...
Ман розя шудам. Дар ҳақиқат аз боло ҳам роҳ ва
ҳам майдончаи назди туннел хело хуб менамуд. Аз
ҳама муҳимаш ин зебоя аз боло хуб мушоҳида ме-
шавад. Тайёраи АН-28 хеле паст ва бо суръати
нисбатан сусттар парвоз мекунад. Шароит пайдо ме-
шавад, ки ин зебоиро бе каму кост тамошо кунед.
Азбаски парвоз чандон тулонЯ набуд, баъди чанд
дақиқае ба Душанбе расйдем. Ҳамон лочин маро то
беруни майдончаи ҳавоЯ гусел кард. Ҷомадони ман
дар дасти ӯ буд. Худро маъруфя кард, ном ва номи
падар, инчунин суроғаи хонаи худро ба ман дода, аз
209
1
он ҷо ба суи хонаи баландошёна ишора карда, ҷои
истиқоматашро нишон дод. Ҳангоми хайрухӯш гуфт:
«Ман хуҷандиам, ман бо Шумо фахр мекунам. Ин
парвоз барон ман парвози таърихист. Аз он ки баъзе
ҳамшаҳриҳои ман нисбати Шумо чунин рафтор кар-
даанд, узр мехоҳам. Панҷ ангушт баробар
намешавад...»
Рости ran, аз меҳрубонй ва суханҳои ин ҷавон
бисер ба ҳаяҷон омадам. Кадом ҳамшаҳриашро дар
назар дошта бошад намедонам, вале медонистам,
ки ҳақиқатро мегуяд. Арзи сипосгузорй ва хурсандй
намуда, ба истгоҳ рафтам. Ин лаҳза бароям ҳеҷ гоҳ
фаромӯш нахоҳад шуд. Он ҷавон, суханони ӯ дар он
маврид бароям доруи дарду армонам буданд.
Аз ҷовидонии ҳақиқат ва рӯзе арзи вуҷуд кардани
он боварам ҳаст ва бо умед он рӯзро нигарон суи
пайраҳаи пурпечутоби зиндагй меравам. Ҳар куҷое,
ки маро мехонданд, мерафтам. Дӯстон аз ман
хоҳиш мекарданд, ки каме истиҳола кунам... Чй илоҷ,
онҳоро мефаҳмидаму лек дигар хел рафтор карда
наметавонистам. Бароям илтимосу хоҳиши касеро
рад намудан бисёр душвор буд. мехостам бо ҷамъ-
ият, бо одамон бошам. Фақат дузд, тарсончак ва
гунаҳкор аз мардум дурй меҷуяд. Бе одам, бе ёру
дӯст ва рафиқон худро тасаввур карда наметавонам.
Зиндагиам бо онҳо мазмуну рангу буй дошт. Барои
худ зиндагй кардан бароям хос нест. Аз овоне, ки
худро мешиносам, ин мақсад маро пеша буд. Як рӯз
ҳам зинда бошам, бояд баҳри беҳбудии атрофиён
бикӯшам.
Дар ҷойҳои ҷамъиятй маро ҳар хел истиқбол
мекарданд. Аз суханпардозиҳои баъзе хиҷил мегаш-
там. Вале бо ин роҳ бори дигар хулоса
мебаровардам, ки чй тавре, ки ҳастем, ин моем.
Мову сатҳи фарҳанги мо, муомилаи мо бо ҳамин
сатҳ расида. Ин сатҳ, сатҳи ҳамаи мо, талхии рӯзгори
мо буда, моро водор месозад баҳри дафъи ма-
разҳои зиндагй меҳнати зиёд ба харҷ бидиҳем.
Одамонро роҳбаладй намоем, тавре рафтор ку-
нем, ки дигар шавем, дунёбохабару худогоҳ бошем
210
ва самти амали мо раҳнамои рузи дурахшони умеду
орзуи мо гардад.
Чун баъди рӯзҳои «сиёҳи» феврал ба худ омада,
ҳис менамудам, ки аз корам қаноатманд нестам.
Таи се - чор соли охир дар сатҳи ҷумҳурй ба
масъалаҳои иқтисодиву иҷтимой банд будам ва ак-
нун аз фаъолияти пурсамар дар ин соҳа маъзул
мондам.
Ба ин сабаб азият мекашидам. Медонистам, ки
акнун чигуна ашхосе ба ҳаллу фасли ин муаммоҳо
банд ҳастанд. Бешубҳа, ҷои исбот кардан нест, ки дар
кушодани гиреҳи риштаҳои иқтисодиву иҷтимой бо-
яд шахсони кордон, пеш аз ҳама ҳолдонҳои кори
истеҳсолот банд бошанд. Вале медидам онҳоро, ки
махсусан аз истеҳсолот ва нозукиҳои он дур будан-
ду дар амал бо дастону чашмони худ насохтаву
надида, фақат аз назарияи беамал бурхурдоранд,
банд буданд. Ин сахт зараровар аст. Баъзан ба сарам
фикре мезад, ки кош намедонистаму намесухтам...
Месухтам, чунки инак дасткутоҳ шуда мондам. Аз
дигар тараф, шукрона мекардам, ки зиндаам. Охир,
солҳои пеш агар танҳо ба гуноҳе гумонбар мешу-
данд, нест менамуданд. Ҳоло ҳам ҳаваси он солҳо
дар хуни тоифае галаён дорад, вагарна котиби якуми
ҳизбии вилояти Кӯлоб чунин намегуфт: «Худо гуӣ, ки
аз ин бад накунанд, ба суд накашанд». Вақте сухан
дар бораи аппарати бюрократии ҳизбй мерафт, ман
то охир намедонистам, ки у ба чй қодир аст, ҳарчанд
фаҳмиши шахсии худро доштам. Аммо чун бо онҳо
даст ба гиребон шудам, чй қадар қувваи бузург
будани оҳоро на танҳо ҳамон вақт дарк намудам,
балки бо тамоми ҷузъиёташ дар ҳаёти шахсии худ
бидидам.
Бидидаму хулоса намудам, ки чаро имрӯз дёпу-
татҳои халқ дар ҳар сатҳ аз доираи гуфтори аппарат
берун намебароянд. Кадом қувва, чй хел риштаҳои
ноаёни вуҷуддоштаро низ дарёфт намудам.
Акнун бароям саволи асосй чунин буд:
— Худоё, дар кадом формацияи ҷамъиятию
иқтисодй зиндагй дорем?
211
Дигаргуниҳои дар марказ ба амал омадаро ба
воситаи матбуот ва телевизион ошно месохтанд. На-
вигариҳоро дар масъалаи интихоботу ҷобаҷогузории
кадрҳо, агар ноқис ҳам бошанд, бисёр хуб қабул
мекарданд. Дар бораи ба корҳои роҳбарй ҷалб кар-
дами ҷавонон, қувваҳои нав, аз зинаҳои поёнй,
қобилиятнок сухан мерафт.
Дар ҷумҳурии мо низ ба ин мазмун кӯшишҳо
карда мешуданд. Ба вазифаи вазирию баъд ҷонишини
раиси Шӯрои Вазирон расидани ман тақозои замон
буд. Маро аз қаъри истеҳсолот кашида бароварда
буданд. Ана ба чунин навигариҳо мардум ба чашми
умед менигаристанд. Аз дигар тараф, ин корҳои
роҳбарон аз бисёр ҷиҳат рӯякй ва аз ноилоҷй буд.
Дар ин роҳ агар кӯшише ба харҷ медоданд, онро сад
карда тарғиб мекарданд.
Ҳамчун Раиси Госплан дар кори бюроҳои КМ ҳиз-
би ҷумҳурй иштирок менамудам. Бо чашми худ
медидам, ки қарорҳо чй хел қабул мешаванд. Дар
Президиуми Шурой Вазирон гоҳ-гоҳ Кошлаков
муқобили ҷараён рафта, ба қабули қарорҳо дигаргу-
ние ворид мекард. Дигарон қариб, ки аз ӯҳдаи кор
намебаромаданд. Қарорҳо дар Шурой Вазирон
қариб, ки ҳеҷ гоҳ сари вақт тайёр намешуданд. Аз
ноилоҷй Раис сардори корҳои мухториятро паи ҳам
танбеҳ медод. Мутаассифона, дигаргунй набуд.
Аъзоёни ҳукумат ё ҳамон руз ва ҳатто баъзан чанд
соат пеш аз маҷлис ба лоиҳаи қарорҳо ошно мешу-
данд. Аллакай барои бо тайёрии пурра омадан
фурсат намеёфтанд. Қариб ҳама ҷо як—ду нафар
«тан» медоду халос. Ин ҳама ба ман таъсири манфй
мерасонд. Гоҳ-гоҳ оромона, хоксорона ё ба пешгуф-
торе, ки ман аз ҳама ҷавонам, хоҳиш дорам маро
дуруст фаҳмед, ба раис ва ҷонишинонаш муроҷиат
намуда, арзи дил мекардам ва гоҳо беихтиёр тоқат
накарда «метаркидам...»
Ёд дорам, як масъалаи ба кумитаи агросаноатй
вобаста буда хеле сует ва бе тайёрй ба рӯзнома
дохил шуда, ҳалли худро сари вақт наёфт. Ҳамагон
медонистанд, ки роҳбарони кумита ба тақозои замон
212
ҷавоб намедиҳанд, вале коре карда наметавони-
станд.
Барой мисол масъалаи арз (валюта)...
Бисёр мехостам, ки ҳамаи аъзоёни раёсат пеш аз
маҷлис ба масъалаҳо шинос бошанд, ҳеҷ набошад
боре пеш аз огози он бо аъзоёни ҳукумат нисбати
қарор хулоса бароранд, вале мутаассифона, ин тавр
намешуд. Ҳар бор нарасидани вақтро баҳона ме-
карданд. Чунин рафтор ба раис маъқул буд. Охир,
худи У ба масъалаҳо хуб тайёрй медид, мо бошем
дар давоми маҷлис. Аламовар он чиз буд, ки масъа-
лаҳои ҳаётан муҳим низ бе тайёрй қабул мешуд.
Боре барои хубтару аёнтар гузориш додани масъ-
ала хулосаҳои кумитаи баплангузориро дар ҷадвалҳо
тасвир намудам. Пушти сари раёсат нақшаҳо, ҷад-
валҳоро овезон намуда, аз иҷрои плани нимсола
ҳисобот додам.
Ба ростй, бар замми он аз нукдаи танқидй баро-
мад карда, асоснок будани танқиди худро гаштаву
баргашта пешакй санҷида будам. Ба ин оҳанг сухан
гуфтан дар ҳукумати республика одат нашуда буд.
Аз ин ру, баъзе вазирон паи ҳам боғаразона баро-
мад кардан гирифтанд. Ин ҷо гумонам Раис бояд
маро ҳимоя мекард, чунки рафтори ман ба фоидаи
кор буд, вале у хомуширо ихтиёр кард...
Вазирону раисони кумитаҳое, ки имону виҷдона-
шон буд, он руз барои чунин як баромади
ғайричашмдоштам, ки пур аз хулосаҳои иқтисодй
буд, табрик гуфтанд. Ҳоло хуб медонам, ки он
рӯзҳо ман санги садди роҳашон шуда будам, аз он
ки ман акнун дар ин аҳвол афтидаам, хурсандй ме-
кунанду бас...
Баъд бароям бисёр чизҳо маълум гардид, аз ҷум-
ла чй хел он «дустони» ман тайёрй дида, қасди
хешро дар Пленум ситониданд. Ба гуфтае ман ҳам-
соли фарзандони онҳо будаам. Виҷдону
имонашонро ба фурӯш монда , ҳарф мезаданд.
Онҳое, ки интизори тарафдориашон будам, сари ха-
ми худро боло намекарданд, шарми занонаашон
боло гирифта буд. Баъзеҳо ғайричашмдошти ман бо
суханҳои худ ба суям лагад мезаданд. Дар чунин
лаҳзаҳо мехостам бо тамоми овозам ба онҳо туям:
213
МардЯ шараф ест, мврд мебояд буд,
Аз пастЯ канорагард мебояд буд.
Хурсанд мешав ба догу дардн дигарон,
Марҳамбари догу дард мебояд буд.
Ҳама беадолатиҳоро интизор будам. Ифлосиҳои
одамон руи об баромад. Мардуми оддй ба баро-
мадҳо аз мизони ақл баҳои дуруст медоданд. Аз
бегонагон чй менолй? Ки бо ман ҳарчи кард, он ошно
кард. Яке аз тарси он ки мабодо ба ӯ нагӯянд, ана
ҳамшаҳриат чй хел одам аст, ба дигаре ба ҳамкорат
бинигар, ба сеюмин боз баҳонае...
Ин буд, ки бегонагон не, «ошноён» хоса рафтору
гуфтор мекарданд. Дар омади ran бояд қайд намо-
ям, ки модари ман зодаи Шаҳрисабзи Ӯзбекистон,
падарам аз кӯҳистони Қаротегин, худам дар Ҳисор
ба дунё омадаву дар ноҳияи Ленин таҳсил карда-
ам. Баъд дар Душанбеву Тошканд, Киеву Минск ва
Маскав маърифат омухтаам.
Охир дар кадом чорроҳа даъво карда бошам, ки
ман аз фалон маҳал, диёр ё ноҳияам? Забони он
марде бурида бод, ки маро маҳалчй номид. Ман
тоҷикам! Аз нохун то муи cap дар рагу пайвандам
хуни тоҷик ҷорист. Онҳое, ки маро ё дигареро чунин
номидаанд, ё худ кӯҳсорй ё ҳамворй мегӯянд,
маҳалгароёнанд. Ман бо гузаштаву имрӯзаи шимолу
ҷануби ҷумҳурй, намояндагони асилу маърифатпар-
вараш мефахрам...
Аминам, ки мақомоти боло аз ин хислати ман хуб
хабардор буданд, вале бо ҳар pox, мекӯшиданд ма-
ро дар канори роҳ нигоҳ доранд. Дар бораи ман
намехостанд, ки ran бошад. Мақолае, баромаде ҷой
надиҳанд. Душмани асоситарини роҳбарон ман ҳисоб
мешудам. Дар рӯзҳои 13-14-ӯми феврал борҳо номи
маро ҳамчун фарзанди деҳқон ба забои оварда-
анд. Барҳо ба такрор гуфтаанд, ки аз байни мардуми
оддй сабзида баромадаст.
Ин суханонро аз сабти овозҳо дар митингҳо, ки
рузноманигорон сабт кардаанд, шунидам. Ин аз та-
ваҷҷуҳи зиёди мардум ба роҳбароне, ки аз нозу
ниёзи мардум бохабаранд, гувоҳй медод.
214
ТАКПУРСИҚОИ БЕБУНЁД
Дустон таъкид менамуданд, ки беадолатии
роҳбарон ҳамто надорад. Рӯзе мерасад, Шуморо
ба органҳои тафтишотй ҷеғ мезананд. Ман бошам, ба
ростй, ба ин нандин бовар надоштам. Чунин меҳисо-
бидам, чизе, ки мехостанд бо ман бераҳмона раво
диданд. Аз ин зиёд чй ҳам мекунанд?
Не, хато кардаам, дӯстонам ҳак, буданд. Одамони
рӯзгордида низ мегуфтанд, ҳоло азобдиҳЯ ҳама дар
пеш. Оре, онҳо ҳам ҳақ буданд.
Бегоҳируз буд. Дар ин вақт дар занг мезанад.
Оилаам дарро мекушояд.
— Хонаи Каримов?
Бале, — ҷавоб медиҳад занам.
— Ӯ куҷост?
— Ҳоло меоянд.
— Мо аз прокуратура, хоҳиш ин ҷо даст монед, он
кас пагоҳ албатта ҳозир шаванд.
...Ҳамин тарик, пагоҳаш ба додситон омадам. Дар
пеши дар ба ҷонишини додситон Р. Почомуллоев
вохӯрдам. Салому алейк кардем, аҳволам пурсид.
— Маро то ба ин ҳол расониданд, — гуфтам.
— Як дида бароем, — ҷавоб дод у.
Дар даромадгох, навбатчиён ба ҷои рухсатнома
пурсидан ба ман саломи низомЯ дода, боэҳтиром
рафтор мекарданд. Хушбахтона, чунин рафторро
дар ҳамаҷо аз тарафи низомиён нисбати худ ҳис
менамудам.
Ба боло ба утоқи таъиншуда даромадам.
— Марҳамат, рафик, Каримов, — ҷиддЯ сухан гуф-
та, маро қабул намуд шахсе.
Ин шахс додситони калон оид ба корҳои Махсуси
додситонЯ С. Ҷураев буд.
Пурсиш оғоз ёфт. Дар огоҳнома дарҷ нашуда
буд, ки ман ба сифати кЯ даъват шудаам. Пеш аз
пурсиш хоҳиш намудам, ки агар лозим шавам, бео-
гоҳнома, ҳамту бо телефон ҷағ зананд, чунки ин
рафторашон аҳли оилаи маро безобита мекунанд.Ӯ
хоҳиши маро қонеъ гардонид. Ман изҳори миннат-
дорЯ намудам. Ҳамин тариқ , тамоми суолҳои бо
гумонҳо асосёфтаи худро муфаттиш паи ҳам медод.
215
Чор нафар маро пурсиданд: Ҷураев, Иброҳимов, На-
биев, Қодиров (КБД).
Хуллас, он ҷо дафтари аъмоли ман варак, зада
шуд. Ва он як китоб мешавад. Китобе пур аз заҳрхан-
даву гиря, оҳу дард, шакку шубҳа...
Нуқтаи аз ҳама аламовараш он аст, ки муфаттиш
Ҷураев сари ҳар якчанд вақт мегуфт:
— Ман бояд ба Шумо айбнома эълон намоям...
Ман ба сифати кй меҳмони онҳо шудам? Оё ме-
донистам? Ҳаргиз! Охир, дар огоҳнома шоҳид ё худ
ба сифати кй даъват шудани ман дарҷ нашу да буд. Ба
болои ин паи ҳам, барои чй бошад, ки дар вақти
пурсиш илова менамуд:
— Ман муфаттиш, ба ман равост ҳар гуна саволҳо
диҳам.
Ҳол он ки ба ҳамаи саволҳои у ман равшану возеҳ
ҷавоб медодам. Ин хел рафтор кардани у сабаб
дошт. Аз куҷое, ки мехост мепурсид.
Ҳар дафъа пуртоқат бе эҳсосот, босаброна ва
ботамкин ҷавоб мегуфтам.
Боре ӯ маро сахт мутаассир кард. Рости ran,
интизор набудам, ки ӯ то ин аҳвол мерасонад.
Муфаттиш савол кард:
— Гӯед, ки чанд пул дода Раиси Госплан шудед?
Ба ӯ нигаристам. Тамоми аъзои баданам ларзид,
зарба сахт буд. Аз ҷой хестам, рӯи ҳуҷра беихтиёр
қадам мезадам. Назди тиреза омадам. Дар чашмо-
нам ашк ҳалқа зад. Рӯймолча аз киса бароварда, оби
дидагонамро пок кардам. Ӯ ба ман халал нарасонида
хомӯш ва ҷиддй менишаст. Ба вай наздик шудаму
гуфтам:
— Ба саволи ғайричашмдоштатон ҷавоб ин аст. Пеш
аз ҳама афсӯс мехӯрам, ки Шумо додани чунин
саволро ба ман раво дидед. Баъдан, Шумо аллакай
тамоми тарҷумаи ҳоли маро медонед. Ба Шумо
мактаб, донишкада, донишгоҳро бо баҳои аъло та-
мом намудани ман, дар Академия аъло хонданам,
номзади илм буданам кам аст, ки шӯбҳа мекунед,
чунин савол медиҳед. Сад афсӯс...
— Ором шавед — мегуфт муфаттиш.
Ман зоҳиран ором мешу дам, вале даруни синаам
худо медонад чй месӯхт — ҳезуми тар, ё ҳамон як
лахт гӯшт, ки дил ном дорад...
216
Мехостам чанд мулоҳизаи худро нисбати пурсиши
ру ба руи шоҳидон — худам ва Табаровро ёдовар
шавам. Аз тарсу ваҳм бошад ё сабаби дигар, ки
Табаров кӯшиш менамуд ҳангоми пурсиш гуноҳи на-
бударо ба сари ман бор кунад. Вақте ки навори
пурсиши ру ба руро тамошо карда, қарори пурсиш-
ро хондам, ба чунин хулоса омадам.
Аз чй сабаб бошад, ки зур мезад исбот кунад, ки
гӯё ман он касро ба назди худ хонда бошам, тахми-
нан баъд аз як соат ба назди ман оед. Ҷои дигар
мегуяд, ки Фармони ваъдагиро ба у нишон дода, «ну,
вот обещанный Указ», гуфта бошам ва ҳам гӯё таъ-
кид карда бошам, ки роҳбарон розигй доданд.
Ба гуфтаи Табаров дар вақти имзои протоколи
истеъфои роҳбарон ба саволҳои Ҳаёев, ки ман
роҳбариро ба гардан мегирам ё не, аввал «не» ва
баъ'ди чанде фикр карда «ҳа» гуфтаам. Ман ба саво-
ли Ҳаёев ба ғайр аз «не» дигар ҷавобе надодаам. Он
чй Табаров мегуфт, ҳама бофта буд. Дар Пленум
Табаров гуфта буд, ки ҳамчун мушовир ба ман
роҳбарй мекард, вале дар протоколи пурсиши ру ба
ру гапаш тамоман дигар аст. Ҳеҷ намефаҳмидам, ки
чаро он кас чунин рафтор мекард, кй он касро
маҷбур месохт. Ё худ Табаров ба Ҳувайдуллоев
мегуяд, ки «ҳама калонҳо розианд». Саволе ба миён
меояд, ки чаро ин суханонро он вақт дар ҳузури ман
нагуфтаанд? Чй сире ин ҷо ниҳон аст? То ҳол сарфаҳм
намеравам. Дурусттараш сарфаҳм меравам, лекин
бо амри кй чунин рафтор мекунанд, кй ин нақши
асосиро мебозад, намефаҳмам. Охир чаро Табаров
дар мактуби ба унвони ман навиштааш як ran, дар
додситон бошад, чун дар Пленум тамоман дигар хел
рафтор мекард? Аминам, агар Табаров ва Ҳувайдул-
лоев таклиф намекарданд, ки Усмоновро даъват
намоям, ман ин корро намекардам. Дар он дам ман
тамоман дар фикри ин масъала набудам. Дар ҳамин
протоколи пурсиши ру ба ру аз забони Табаров овар-
да шудааст: «Помогите мне, Вы здесь единственный
человек кого я знаю, помогите мне». Аламовар аст,
ки аз ин ran бӯи дурӯг меояд. Чаро? Он кас қайд
мекунанд, ки ин гапро ҳангоми танаффусҳои гуфту-
шунид гуфта бошам. Охир, кас ҳайрон мешавад, ки
217
маро дар охир барои ба протокол имзо намудан ҷеғ
зада буданд, ман дар охир омада будам, то ин дам
дар ҷои кори худ дар Госплан будам, чй хел мешу-
дааст, ки дар вак,ти танаффус чунин суханҳоро
гуфта бошам (саҳ.6, сархати охирини протоколи пур-
сиши ру ба ру).
Боз як чизи дигарро дар рафтори ҳамагон, аз
ҷумла Табаров мушоҳида кардан мумкин буд, ки
онҳо ба ман фишор меоварданд, ки гуё ман рост
намегуям. Ман бошам, дар ҷавоб бо онҳо оромона
сухан ронда, қайд мекардам, ки аз онҳо ҳеҷ гоҳ
хафа намешавам, чунки онҳо аллакай кори кардагиа-
шонро дар ҳаққи ман карданд ва ман аз будаш зиёд
ҷазо гирифта наметавонам.
Дар ин протокол боз як фикрронии Табаров
диққати маро ҷалб намуд. Гуё ман аз телефони
нуқтадор истифода карда наметавонистаам (не смог
набрать кнопочный телефон) ва ман аз он кас хоҳиш
карда бошам, ки телефон кунанд. Он рӯзҳо
қабулгоҳи ман пур аз одам буд. Бо сабаби эълон
шудани соати комендантй мо навбатдории ша-
бонрузиро ташкил намуда будем. Навбатдорон аз
худи Госплан буда, яке аз роҳбаронашон, аз ҷумла
ҷонишинони ман буданд. Наход, агар ба ман лозим
мебуд аз онҳо нею аз Табаров хоҳиш мекардам, ки
ба ман ёрй диҳанд? Сахт ҳайрони суханҳои бар-
дурӯғу мантиқан нодуруст мешудам. Он ҳама ба
ақл рост намеомад.
Ба саволи иловагии муфаттиш ҷавоб дода (саҳ. 7,
протоколи пурсиш) боз Табаров тасдиқ мекунад, ки
бо супориши ман Ҳувайдуллоевро ҷеғ задааст, ки
дурӯғи маҳз аст. Давоми суханронии (саҳ. 9, прото-
коли пурсиши ру ба ру) Табаров низ касро ҳайрон
менамояд. Сониян, он кас қайд мекунад, ки ман ба
Кошлаков занг зада бошаму он кас бо ман ran задан
нахоста бошад. Ин ҳам дурӯғи маҳз аст. Ягон бор,
умуман ин ҳолат ҷой надошт, ки бо ман Кошлаков
чунин рафтор карда бошад. Он вақт ман ба Кошла-
ков телефон ҳам накарда будам. Ба фикрам ба
Табаров ин ҳама барои он лозим буд, ки исбот намо-
яд, ки аз ин рафтори ӯ ҳама бохабар буданд. Аз
тарафи дигар, гуё Каримов аз у хоҳиш кардаст, ки
218
онҳоро назди ман хонанд. Ба ҷои ин ҳама дуруғ гапи
ростро гуфтан лозим буд. Ҳол он ки баъди ба утоқи
корни ман омадани Усмонов дар бораи лоиҳаи Фар-
мон дар охир ran рафт. Ман фикри худамро
мушаххас ба онҳо гуфтам. Онҳо бошанд, баромада
рафтанд, ки маслиҳат мекунанд, ки чй хел рафтор
кунанд. Касеро илтимос ва маҷбур накардаам, ки
лоиҳаи Фармон таӣёр кунанду онро ба воситаи теле-
визион пешкаши мардум созанд. Агар ин тавр
намебуд, пае чаро касе садди роҳу рафтори нодуру-
сти ман нашуд? Касе чизе нагуфт? Барон он ки касеро
илтимос ва маҷбур накарда будам ва бовар ҳам
надоштам, ки лоиҳаи Фармон тайёр мекунанд, чунки
чй тавр тайёр кардани ин ҳуҷҷатро хуб медонам.
Муваққатан то сессия бошад ҳам розигии аъзоёни
Президиуми Шурой Олй ва маслиҳат бо КМ лозим
буд. Ин масъаларо дар «марказ» ҳал бояд мекар-
данд. Вале акнун равшан аст, ки ин ҷо мақсаду
мэром дигар будааст ва шахсони гаразнок тавонис-
танд, ки аз ӯҳдаи ин кор устокорона бароянд.
25 сентябри соли 1990 маро бо Ҳувайдуллоев ва
Усмонов дар додситони ҷумҳурй барои пурсиши рӯ
ба ру даъват намуданд. Мувофиқи ин протокол
Ҳувайдуллоев боз исбот кардан мехоҳад, ки гӯё ман
ба гайр аз Шабдолов дар ҳузури онҳо боз ба дига-
рон занг задаам.
Аз ҷумла, гуё ба Паллаев телефон намудам, дар
бораи якҷоя кардани ду вазифа аз онҳо пурсон шуда
будам. Ин туҳматҳо он қадар дилозурдаам карда-
аст, ки ҳатто ёд оварданаш ҳам оароям гаронй
мекунад.
Ба ёдам ҳикояти дуруғгӯ ва дуругросткун меояд.
Яке дурӯғ мегӯяду дигаре онро рост мекунад.
Дуруггу мегуяд: дируз дидам, ки саге ванг—вангку-
нон дар осмон парвоз мекард. Дуругросткун аз
дурӯги осмонй гуфтани рафиқаш хиҷил шуда, дар
тааҷҷуб мешавад, хеле фикр карда базӯр ҷавоб ёф-
та мегуяд: - Ope, саг дар чанголи уқоои калонҷусса
дар ҳаво буд. Дуруғгӯй аз дуруг рост кардани ра-
фиқаш хурсанд шуда, ба ӯ аҳсан мегуяд.
Дуругросткун бошад, ба дуруггуй мегуяд: «хоҳиш
дорам, агар дуруг гуй, — дуруги заминй гуй!»
219
Ҳамин тариқ, ман пеши дурӯғи онҳо оҷиз будам.
Масалан, аз протоколи пурсиши рӯ ба ру аз 25 сен-
тябри 1990 Усмонов тасдиқ мекунад, ки ман занг зада
гуфта бошам, ки «нам надо посоветоваться по очень
важному вопросу». Ҷои дигар аз ҳамин протоколи
пурсиш гуё гуфта бошам: «Надо подготовить Указ»
ва он кас гуфта бошанд, ки «Это незаконно» ва боз
гуё ба Паллаев занг задаму уро наёфтам. Боз гуё
Табаров ба он кас гуфта бошад, ки Каримов худаш
бояд аз телевизион баромад карда ин Фармонро
хонад. Ё худ гуё гуфтаам, ки Усмонов бояд Фар-
монро имзо мекардааст. Ин ҳама гуфтаҳои
«бачагона»-ро мемонаду халос. Дар чор — панҷ
дақиқае, ки наздам буданд, гуё ман як ҷаҳон сухан
кардаам, онҳо аз ман хоҳишу илтимос ва амру фар-
мони зиёде шунидаанд.
Аз тарафи дигар, гуфтори онон рӯз то рӯз борҳо
тағйир меёфт. Ҳаҷман калон мешуд. Дигар ба онҳо
бовариам намеомад, чаро ки дар ҳар суханашон
ғараз дида мешуд. Беҳтараш агар хонандаи мӯҳта-
рам лозим донад, худаш материалҳои Пленумҳоро
муқоиса карда, ба ин хулоса омаданаш мумкин аст.
Ҳар дафъае, ки ба додситонй ҷег зананд, мегуф-
танд, ки охирон бор Шуморо ташвиш медиҳем,
корамонро тамом кардем. Вале боз ҷеғ мезаданд.
Рузи 17-уми ноябри соли 1990 маро боз ба додси-
тон хонда пурсиш гузарониданд. Аз чй бошад, гоҳҳо
дар як моҳ як бор даъват мекарданд. Хулоса меба-
ровардам, ки махсус чунин рафтор мекунанд.
Тафтишро дуру дароз ба таъхир меандохтанд. Дар
айни ҳол ҳам дар деҳаамон, ҳам дар ҷои корҳои
собиқам тафтиш мебурдаанд. Бояд гуфт, ки ғарази
онҳоро фаҳмидан душвор буд.
Дар корхонаи сайёри роҳсозии Ҳисор ҳамроҳи
намояндагони Вазоратҳои молияи Қазоқистон ва
СССР тафтишро оғоз намуданд. Ин тафтишро баъдан
чанде маълумот хоҳем дод.
Бояд гуям аз мақсади онҳо оҳиста—оҳиста огоҳ
шудам. Ба ман хабари дар ин ё он ҷо гузаронидани
маҷлис ва тафтишро мерасониданд...
Рӯзи дигар маро муфаттиши чеҳрахандоне пешвоз
гирифт. Он кас Набиҷон Набиев ном дошт.
220
Сараввал, муфатиши калон саволҳои зиёда ба ман
дод, лек протоколи тафтишро наменавишт. Сониян,
ба Набиев супориш дод, ки он кас протоколи пурсиш-
ро тайёр намуда, гуфтаҳои (ҷавобҳои) маро навишта
кунад. У суолҳои худро ба мошинка чоп менамуду
баъд ба ман дароз мекард. Ман бошам, бо дасти худ
ҷавоб менавиштам.
Он руз ба ман нусхаи се варақчаеро нишон дод.
Дар ҳар ду варақча бо ҳусни хатти ман навиштаҷот
вуҷуд дорад. Дар яке аз онҳо номи се чор нафар
навишта шудааст. Ҷои дигар ҳарфҳо калон ва каҷу
килеб навишта шудаанд. Тахмин намудам, ки ин на-
виштаҷотро мумкин аст куҷое рост истода аз забони
митингчиён навишта бошам. Дар ёд надорам, ки он
номаҳоро ба кй дода бошам. Онҳоеро, ки номашон
он ҷо навишта шудааст, тамоман намешиносам. Ин
коғазча ба онҳо шароит додааст, ки аз ман гумонбар
шаванд, ки гӯё онҳоро мешинохта бошам.
Дар баёнот ба саволҳо ҷавоби муфассал навиш-
там, ки онҳоро намешиносам. Он вақт ба ҳама
дастгиршудагон як хел нигоҳ мекардам. Ният ин буд,
ки чанде аз онҳоро озод намоям. Ба воситаи телеви-
зион намоиш диҳанд, то мардум инро дида ором
шаванду хунрезй хотима ёбад. Он рӯзҳо ягон роҳбар
ба ин фикр муқобил набуду ёрй медод, ки тезтар ба
бетартибиҳо хотима дода шавад, сад афсӯс, ки
мақомоти боло он рузҳоро зуд фаромуш намуда-
анду имруз аз паи онанд, ки ҳамаи гуноҳҳоро ба
гардани ман бор кунанд, ба мақсади ғаразноки худ
бирасанд.
Шукрона, ки замона дигар буду муфаттиш На-
биҷон низ қувваи худро ба он равона месохт, ки ба
хатой роҳ надиҳад. Ин, албатта, тахминҳои ман бу-
данд.
Дар қатори дигар суолҳо Набиев дар вакди пур-
сиш ба ман чунин савол дод: «Шоҳид Маҳкамов
Қаҳҳор Маҳкамович дар вақти пурсида шуданаш ни-
шон дод, ки дар масъалаи озод намудани шахсони
Еузи 13 феврали 1990 дар вақти митинг дастгир шуда,
]умо уро фиреб дода гуфтед, ки «дастгиршудагони
рузи 12 феврал то ҳол озод карда нашудаанд» ва вай
ба Шумо гуфт, ки рафта дар ҳалли ин масъала чора
андешед. Аммо Шумо аз фурсат истифода бурда,
221
дастгиршудагони рузи 13-уми февралро низ озод
намудед, яъне дар масъалаи озод намудани онҳо
кӯшиш кардед. Ба ин савол ҷавоб гӯед» (саҳ.5-уми
протоколи пурсиши шоҳид Б.Каримов аз 17.11. 90 сол).
Кас ҳайрони зиндагй мешавад. Охир агар роҳбар
ҳар замон гапҳои «тоза ба тоза» ва «нав ба нав» гуяд,
аз дигарон чй бӯи умед. Вақте ки ба ҳоли зори
Маҳкамов дили ман месӯхту у илтиҷо мекард, ки
коре кунем издиҳом ором шавад, у иҷозат дода буд,
ки барои озод намудани дастгиршудагон ба вазорати
корҳои дохилй муроҷиат намоем. Акнун, ки харашон
аз лой гузашт, мегӯянд, ки гуё сухан дар бораи
дастгиршудагони рузи 12 феврал мерафту халос... Ин
ҳамаи ҳилаву найранг чй лозим? Охир агар ин тавр
бошад, аз нигоҳи мантик, бармеояд, ки Маҳкамов
худ хайрхоҳи ором намудани издиҳом ва хотима
додани хунрезй набудааст. У он рӯзҳо мегуфт, ки ба
хотири хотимаи бетартибиҳо тайёр аст аз вазифа даст
кашад, аммо имруз ба ин гуфтаҳои он кас чй баҳо
додан мумкин аст? Чй илоҷ акнун ҳар чй гуфтанашон
мумкин. Афсӯс, ки он рӯзҳоро фаромуш намудаанд.
Шахсан у медонист, ки ман дар он рӯзҳои наҳс
баҳри ором кардани издиҳом, чй қадар ҷон конои-
дам. Дидаву дониста ба сари мани бегунон туҳмат
бор мекард. Баъзеҳо, ки Шумо аз ӯ беҳуда некй
интизорй мешавед, гуфтанд ҳаққанд. Аз он рӯзҳо 7
моҳ паси cap шуда бошад ҳам, то ҳол Маҳкамов
нияти хатогии хешро ислоҳ кардан ва ба ман ёрй
додан надорад. Ин тӯҳмати навоатии ӯ далели бебаҳс
аст. Ӯ акнун 33 пешина дида нисбати ман беадолаттар
рафтор мекард.
Рости ran, маро ин савол ва тӯҳмати Маҳкамов
дилгир намуд. Ҷавоби суолро навишта дар охираш
илова намудам: тайёрам ба Маҳкамов ру ба рӯ ин
суханонро такрор намоям, ки ба чй хотир он рӯзҳоро
фаромуш карда, беинсофона ба ман тӯҳмат меза-
над. Умри туҳмату буҳтон ва дурӯғ бисёр ҳам кутоҳ
аст. Афсӯс, ки вай бори дигар, ба такрор дурӯг
гуфтааст...
Як чизи дигар касро ба ҳайрат меорад. Он ва-
рақчаҳоеро, ки дар якеаш фикрҳои шахсии ман
навишта шуда буданд, дар делои ман буд. Маълум,
ки он варақчаҳоро аз рӯи мизи кории ман «шерба-
222
чаҳо» дар вақташ гирифтаанд... Ин аст қудрати даст-
гоҳ.
Он рӯзҳо касалии ҳамсарам боз ҳам боло меги-
рифт. У доим хотирпарешон ва асабй буд. Аз як сӯ,
касалиаш азоб медод, аз дигар сӯ, ғами маро
мехӯрд. Пас аз такроран ҷеғ задани ман ба додситон
аз ҳуш меравад. Баъди ба худ омадан ёрии таъҷилй
даъват мекунад. Духтурони навбатчй сари вақт рас-
ида омада, оа ӯ ёрй мерасонанд. Албатта, ин ҳамаро
ман медонаму оилаи ман ва наздиконам. Оё ин
азобҳоро ба тарозу монда, баркашида мешавад? Не,
ҳаргиз! Лек мизони тарозуи ак,л самти беадолатиро
нишон медиҳад. Аз ин рӯ, аз муфаттишҳо хоҳиш
намудам, оа воситаи телефон ба ман занг зананд,
ман дар вақти муайяншуда расида меоям. Агар аз
ман «душмани халқ» сохта бошанд ҳам, ин ҳама
исботро талаб мекунад. Ба ҳар ҳол ба ҳеҷ куҷое
гурехта рафтанй нестам... Ва аз он ки муфаттишон ин
хоҳиши маро пазируфтанд, хушҳол будам.
Агар не, чй илоҷ ҳам доштам?
СИМОВУ СИРАТ
Баъди ба вазифаи вазирй ва баъ^ ҷонишини Раиси
Шӯрои Вазнрон таъин шуданам дустони нав пайдо
кардам. Табиист, ки одамизод пас аз пайдо намудани
223
ҳар дӯсти нав шор, мешавад. Дар ҳақиқат, зиндагй бе
дуст дарахти бебарг аст.
Манвм, ни дидв бо дидори дуст кврдам боз,
Чй шукр гӯямат эй норсози банданавоз7
Ба ин монанд ҳикматҳоро сармашқи кори худ кар-
да, аз зиёд шудани сафи онон шод мегаштам.
Сониян, худораҳматии падарам доим мегуфтанд:
«нимта нони доштаатро, албатта бо дуст тақсим кун».
Ёд дорам, падар ҳеҷ гоҳ нисфирӯз ва бегоҳ танҳо
хурок намехӯрданд. Албатта, касеро ҳамроҳ мео-
варданд, баъзан аз кӯча ҷег мезаданд. Хуб ба ёдам
ҳаст кати лаби роҳро, ки модарам ба болои он дас-
тархон, ду нон, мағзу мавиз ва зуд-зуд чой
мемонданд.
Аз пеши хона он вақтҳо роҳ ба деҳаи ҳамсоя
мегузашт. Ин ҳама ба хотири он буд, ки мабодо
роҳгузаре гурусна ё ташта набошад, савоби ин кори
хайр ба мо мерасад. Роҳгузарон аз ин воқиф буда,
бисёр вақт он ҷо
лаҳзае дам мегириф-
танд.
Ростй, аз баъзе
хислатҳои инсонии па-
дар мо фарзандонаш
хуб баҳра набардош-
таем. Рӯзе набуд, ки
ба хонаамон меҳмон
наояд. Меҳмон даро-
яд, худро хушҳол ҳис
намуда, гарм ис-
тиқбол гирифта, дар
давутоз мешуданд.
Ин хислатҳои пада-
рам ба ман дарси
ҳаёт буданд. Имруз
ҳо, вақте ки дар деҳа
ва берун аз он кору
номи некашро ба за-
бои мегиранд, ман
бори дигар то чй ан-
доза ба дурандешй
ва инсондӯст буда-
наш қоил мешавам.
.224
Аз ин рӯ, дари кулбаи ман низ ба руи дӯстон
доимо боз аст. Меҳмонон — дӯстонро интизор ҳас-
там. Дар ибтидо ба хонаамон ҳар хел одамон
медаромаданд. Яке барои дидорбинй, дигаре ҳамту,
сеюмин бо илтимоси «заминакЯ», чаҳорумин
ғаразнок ва ғайра. Лек муҳимаш хешу табор ва
наздиконам дар вақти вазифадор буданам аз ман
дур мегаштанд. Зеро ҳама хешу таборам одамони
оддианд. Бобоям муаллим буданду халос.
...Андешаҳои зиёд мекунам. Қариб сари ҳар як
дусте, ки имруз интизори омаданаш ҳастаму намео-
яд. Намеояд, нахоҳад омад, чунки ба у ман не,
мансаби ман лозим будааст. Мутаассифона, дар он
рӯзҳои пурдаҳшат баъзеҳо аз ба хонаи ман омадан
ва занг зада аҳвол пурсидан метарсиданд.
Аз як тараф, агар сиёсати системаи маъмурию
фармондиҳй онҳоро ба ин ҳол гирифтор карда бо-
шад, аз тарафи дигар, худи онҳо дустони хасакй
будаанд, вагарна рафторашон бояд дигар намешуд.
Хушбахтона, дар ин рӯзҳои сахту ғамбор маро як
тазоҳури фавқулодда тоза ва барозандае ба имдод
расид, ки чун оои чашмаи Хизр ба руҳу равони хаста-
ам шифо бахшид. Он ҳам бошад зиёд шудани сафи
ғамхорону хайрхоҳонам буд, ки мардуми оддиро
ташкил медоданду ягон гаразе надоштанд. Баъзе
рузҳо чунон зиёд меомаданд, ки ин ҳамаро роҳбари
бюрократамон дар трест дида ба «болоҳо» мегуф-
тааст: «Доимо назди вай аз «Растохез» одамон
меоянд». Ба пурсишҳои чй хел онҳо аз «Растохез»-
анд вай чунин шарх, медоДааст: «Фақат ришдорон
наздаш меоянд». Ана ёбу гир ... Охир, у фикр ҳам
намекунад, ки мардуми водии Қаротегину Вахш,
умуман тоҷикон қариб ки ҳама ришдоранд. Ҷавонон
ва ҷавонмардон низ риш доранд... Бо ин рафтораш ӯ
боз ба номи тоҷик сазовор аст?
Дар омади ran,боз як лаҳзаеро мехоҳам қайд
намоям.
Як рафиқам хонаи нав сохт. Аз руи одат, пеш аз ба
манзили нав даромадан чор муйсафед, хешу табор
ва дӯстонро ҷеғ зада, дуо гирифт. Маро он руз
даъват намуда буданд. Бо чанде дигарон дар хонаи
дарун менишастем. Боз меҳмонон омаданд; ҳизбиён
аз комитети ноҳиявЯ, дигар коркунони масъул...
225
Саргарми суҳбат будам. Овози форами мӯйсафед
аз берун ба гуш мерасид. Он кас аз Қуръон сурае
қироат мекард. Ҳамин лаҳза коркунони масъули
кумитаи ҳизбии ноҳия (мудири шӯъба) гуфт: «Оббо!
Боз як «Растохез»-и дигар ин ҷо будааст...»
Он вақтҳо кор ба ҷое расида буд, ки маҳз бо
шарофати чунин одамон ва бисёре аз ҳизбиёни масъ-
ул ба сари ин «ҷамъият» борони туҳмату бӯҳтон
рехтанд. Ва худ барои худ душман сохтанд.
Ин дар омади ran...
Ҳамин тариқ, онҳое, ки дилсӯз буданд, маро ха-
бар мегирифтанд. Корхонаам дар ноҳия, дур аз
шаҳр, автовбуси ҷамъиятй намегардад, вале сарсону
саргардон туда ба наздам меомаданд. Ин кори онҳо
ба ман ғизои рӯҳй ва маънавй мебахшид. Аз танҳо
набуданам дарак медод. Дилам ба маънои томаш
меболид.
Онҳое, ки дар собиқ чун шира ба ман часпида
буданд, акнун боре ба суроғам намеомаданд. Зум-
раи масъулин ҳангоми вохурй чашм мегурезонданд.
Яке аз тарсу ҳарос, дигаре аз «мардигариаш». Ман ин
сатрҳоро ба хотири он менависам, ки дустони
«ҷони»-и ман як замоне хонанд, хулоса бароранд...
Баъзе дӯстоне, ки супориши органҳои махсусро
иҷро мекарданд, низ пайдо кардам. Кас аз рафтори
онх,о дар ҳайрат мешуд. Тоифае худро бо ман
дилсӯзу ватанпарвар, хайрхоҳу ҳақҷӯй вонамуд ме-
карданд. Дар асл қариб, ки дар пешонаи ҳар яки онҳо
навишта шуда буд, ки чй мақсад доранд... Аз «ӯҳда-
баро»-ии онҳо кас моту маҳбут мешуд. Супориши
махсусро иҷро карданй шуда, аз ӯҳдааш намебаро-
маданд. Ман худам ба онҳо ёрй мерасонидам. Охир,
дилам ки соф аст, гуноҳеро содир накардаам, чаро
ман азоб кашам? Қамаашро як ба як ба онҳо мегуф-
там. Аз паи ба даст овардани «досье» онҳо байни
мардум мегаштанд. Лек гайр аз амали нек, сухани
баде нисбати ман намешуниданд. Ин буд, ки дар он
рӯзҳо аз тарафи кумитаи бехатарй ба ҷуз аз
мақолаи «Зангӯлаҳои умед»-и газетаи «Правда»
(агар он ҷо саҳм гирифта бошанд) чизи дигари манфй
нисбати ман ба табъ нарасид ё намоишу барнома
шунавонида намешуд.
226
Бояд таъкид намуд, ки чунин «дӯстони маҷбурй»
як-ду не 4-5 нафар буданд. Ман фикр мекардам, ки
такпурсиҳои эшон ҳатто хуб аст ва амин будам, ки
имруз ё пагоҳ «аз пушти ман» мефароянд.
Он ранҷу озори ба гунаҳкори бегуноҳ бор карда
шуда аз як тараф, беаҳдии дӯстони нодон ва бепар-
воии мардуми бенаво, аз дигар тараф, маро торафт
ба фикр ғӯттавар мекарданд. Одатан дар ин лаҳзаҳо
бисёриҳо ба нӯшокй дил мебанданд. Мисолҳои зиё-
деро медонам. Баъзеҳо ҳатто тоб наоварда худкушй
мекунанд. Вале ман ба умеди «субҳи босафо» зин-
даам...
Хоҳу нохоҳ қалам ба даст мегирам, рӯ ба ашъори
шоирон ва навиштаҷоти бузургон меорам.
Акнун ба дӯстон назари ман дигар мешуд. Чунки
гоҳо то саҳаргоҳон ман ба онҳо аз нигоҳи ақл баҳо
дода, ба қавли шайх Саъдй, онҳоро ба дӯстони забо-
ниву нонй ва ҷонй чудо менамудам.
Дигар ба фикрам, ба зумраи забониву нонй ман
имруз ва дар оянда ҳам бовар надорам. Ба назари
танқидй нигариста, хулоса мебаровардам.
Табиатан бисёр сод да ва дилкушод тарибияам на-
муд аанд. Қариб, ки аз касе чизи пинҳоние
надорам.Оддй ва содда будан на ҳама вақт ба фои-
даи кор будааст. Аз ин хислатҳои ман низ одамоне
ёфт шуданд, ки аёрона истифода намуданд.
Мутаассифона, баъзе арзишҳои волои инсонй пе-
ши пои номардон хор шуданд.
Ин ҳама ба шайтон шароит медод, ки васвасаи
худро дар дилам аланга диҳад. Лек медонистам, ки
227
ин муҳорибаи ман худ бо худ аст ва лозим меояд, ки
дар ин «задухӯрд» ғолиб бароям. Шикает хурдан дар
ин муҳориба маънии беиродагй ва камхирадиро до-
рад. Ин буд, ки cap хам намекардам, бақувват
будам.
Агар рафту ин тавр намешуд, аллакай маглубияти
ман то охири умр ба зиндагиам суҳон мезад.
Гарчанде зарбаҳо азобам медиҳанд, дардам зур •
аст, вале малҳамаш фақат вақт асту халос. Танҳо
вақт ва косаи давр метавонад ҳама чизро ҷой ба ҷой
гузорад. Бале, танҳо вақт.
Баъзан ба зурии дардам тоқат намеовардам. Дар
вақти навиштани беадолатиҳо қаламро рӯи когаз ме-
партофтам, рафта дароз мекашидам. Боз мехестам,
руи хона қадам мезадам, боз менишастам...
Борҳо қаҳрам, хашму газабамро пинҳон дошта
натавониста, чандеашро хоҳу нохоҳ ба оила ва фар-
зандонам ва баъзан дар хонаи модар бо
бародаронам тақсим менамудам. Ҳар бор чунин
ҳодиса агар ба вуқӯъ пайвандад, чанде маъюс ме-
гаштам. Ин гувоҳЯ медод, ки асабҳоям то ҳадди охир
таранг шудаанд.
Бисёр ҷӯрабоз будам. Ба ин кор аз хурдй ху
гирифта будам. Дар огози мактабхонй низ қариб ҳар
рӯз бо рафиқонам ба хона бармегаштам, якҷоя
даре тайёр мекардем. Солҳои донишҷӯя низ ҳамин
тавр. Дар як хона бо фарзандони ноҳияҳои Ғончй,
Мастчоҳ ва Ғарм зиндагЯ мекардам. Бояд қайд ку-
нам, ки бо онҳо бародар шуда будам. Дар он рӯзҳои
вазнин махсусан Самеъ ва Нусратулло доим аз ҳолу
аҳволам хабардор буданд.
Дустони ҳаммактабам фарзандони мардуми од-
дии диёр буданд. Ҳар боре, ки дар деҳа меҳмон
шавам, ҷамъ шудаву сӯҳбатҳо меоростанд. Яке нак,л
менамуд, ки уро сахт задаам, дигаре мегуфт, ки дар
вақташ Буря аз ман «шаттаи» сахт хурдааст ва ҳока-
зо. Вале ҳазломез нақл мекарданд, ки дар хурдЯ
ман аз ҳама зиёд «шаллоқ» ва «шаттаа бардоштаам.
Боре бачаҳо дар куча, ба фикри худам, маро
бегуноҳ хуб «лат» карданд. Даҳону биниам хунолуд
ба хона омадам. Гиряи зор мекардам. Модарам ма-
ро дида қариб бехуд мешавад. Аммо падарам боз
228
Айёми махтабхонй
чанд «шаппотй»-и ди-
гар илова мекунанд.
Модарам ба ғазаб ме-
ояд. Ман баландтар
гиря мекардам, аммо
падар бо зарба ме-
фаҳмонд:
— Барой он ки наза-
нанд, камтар к унагардй
кун, беҳтараш дарсат-
ро хон, ба модарат
ёрй деҳ.
Ҳа, чунон заданд, ки
дандонам шикаста
буд. «Акнун олим ме-
шавад!»- мегуфт
падарам. Дафъаи ди-
гар зананд ҳам,
гирякунон намедаро-
яд ё худ беҳудагардй
намекунад. Ин лаҳзаҳо
бисёр вақт пеши чаш-
монам меоянд. Ба ҳар
ҳол бароям дарси ка-
лон ба ҳисоб
мерафтанд. Аз ин
баъд агар «шаллоқ»
хурам ҳам, аз падар
пинҳон медоштам.
Ва инак ҳамсинфо-
нам хабарам ме-
гирифтанд. Модарам
нақл мекарданд, ки ба
пурсупосат духтарони
ҳамдарсат омаданд.
Онҳо ҳам дар
ҷойҳои дур ба шавҳар
баромада, аз паси ко-
ру бори худ буданд,
вале арзи ҳастиву дил-
бардориашон бисёр хушам омада буд.
Яке аз онҳо, ки аз хурдй бисёр шух аст, мегуфт:
«Бӯриҷон, ҳамин беадолатиҳоро холаи Ҳафизаву
Бо ҳамнурсам Змёдулло
229
мӯйсафеди Маҷид ҳам дидаанд, барои ҳамин ҳам
парво накарда бо сари бапанд гардед».
Ҳамкурсонам аз донишгоҳ нисбатан зиёдтар занг
мезаданду хабар мегирифтанд. Ҷавони зебо, ки ҷони
одам аст, Сабзалй яке аз онҳост. Ҳар боре, ки гузо-
раш афтад, албатта, медарояд.
Рафиқи дигарам Салоҳиддин, ки зебост, чолок,
вале андак оддй ва содда. У бисёр дилёб аст. Дар
лаҳзае дили касро меёбад. тез-тез ранҷонад ҳам, ба
зудй аз дил мебарорад. Тарҷумаи ҳоли у ба одамон
дарси ҳаёт шуда метавонад. Дар пайроҳаҳои пурпе-
чутоби зиндагЯ азобҳои аз cap гузарондааш ҳам
ғайричашмдоштанд.
Ана дар бораи ҳамин шахе, ки директори «Кохи
Борбад» аст, рузноманигори рӯзномаи «Правда» дар
мақолаи таърихии туҳматангези «Зангулаҳои умед»
номи уро ба қалам додааст. Пеш аз ин мақола агар
у гоҳ-гоҳ медаромаду ҳолпурсиам мекард, баъди
он мақола ӯро ба идораҳои махсус, аз ҷумла ба КМ
ҷеғ зада «дарси одоб» омӯзонидаанд.
Кор ба ҷое мерасад, ки рӯзе аз сари таре ё эҳтиёт
автомашинаро аз хонаи ман дуртар дошта, ба ронан-
дааш мегӯяд:
— Илтимос, рафта аз Бурй пурс, ба хонааш ома-
дан мумкин аст ё не, хатарнок аст ё не?
Дари хонаам бегоҳируз занг мезанад. Меҳмони
ношиноси пушти дарро мироати хона мекунам.
Меҳмон даромад, вохӯрй намудем.
— Мебахшед, акои БурЯ ман бо Салоҳиддин ҳам-
роҳ омадаам.
— Канй вай, биёяд... Чаро? Ку вай?
' — Гап дар сари он ки ӯ дар мошин нишаставу
мепурсад, ки ба ин ҷо омаданаш мумкин аст, оё ин
хатарнок нест?
— Ҳеҷ чизро намефаҳмам, дӯстам. Шумо мумкин
хато кардед, сухан дар бораи Салоҳиддин Азизов
меравад? Ё мумкин ба Шумо шахси дигар лозим?
— Не, Шумо, акаи Бӯрй, дар мошин Азизов...
— Як дам истед, дӯстам, — гуфта ба хона дарома-
дам. Аз альбом «винетка»-ро (расми хотиравии
донишгоҳро ёфтам). •*
— Ин расмро доред, — гуфтам ва риштаеро низ ба
ронанда дода фаҳмондам: — Акнун ин раем ва риш-
230
таро ба ӯ бидиҳенд. Бигузор ба гарданаш расмро
овехта омадан гирад.
— Нафаҳмидам, — тааҷҷубомез ба ман нигариста
Мегуфт ронанда.
Бори дигар суханро такрор намудам ва илова
кардам:
— Ба онҳое, ки пеши роҳаш мебароянд ба расми
ман ва худаш нишон диҳад ва фаҳмонад, ки мо як ҷо
хонда будем, то ки уро «гумонбар» нашаванд ва ба
хонаи ман омадан тирад.
Ин замон ҳарчанд худдорй кардам, вале дар ла-
бонам табассум ҳувайдо шуд. Ронанда ҳис намуд, ки
ман шӯхиомез сухан туфта истодаам, табассум кар-
ду ҳар ду дар якҷоягй қоҳ-к.°Ҳ хандидем.
— Хуб, — гуён ронанда берун шуд. Ман дандон ба
дандон монда рӯи хона к,адам мезадам. Тавба ме-
кардам. Худоё, ин чй тал, чаро ман то ин вақт аз ин
ҳама нозукиҳои ҳаёт бехабар будам? Чаро бо ҳама
аз дили кӯшод, бо боварии комил, беғаразона ҳарф
задаву шишту хез мекардам.
Худро бисёр ҷиддй вонамуд мекардам. Салоҳид-
дин хандакунон даромад. Ман ҷиддй ба у нигаристам
ва ҳарф мезанам:
— Марҳамат бинишинед, ман Шуморо туш меку-
нам, хизмат.
У механдад ва хиҷолатомез мегӯяд:
— Қоил кардй, бародар, шарманда шудам, ба ху-
до, қоил кардй! Ман гунаҳкор.
Ин дафъа ман ҳам худдорй карда натавониста, як
байти бузургвореро қироат кардам:
Не тори умр маҳкаму не тори дустЯ,
Афсус аз ин ду ришта, ки бисёр нозук аст.
Акнун дар боби рафиқоне, ки дар Академияи
фанҳои ҷамъиятии назди КМ ҲКИШ ҳамроҳ мехон-
дам. Ману Т.Каримов — ҷонишини мудири шуъба, ки
дар фавқ аз у сухан рафта буд ва котиби якуми
ҳизбии ноҳияи Ховалинг С. Тағоев ҳамроҳ таҳсил ме-
кардем.
Ба ростй, Татоевро барои одамчасп буданаш би-
сёр дуст медоштам. Дар вақти хондан қариб доим
231
якҷоя мегаштем. Хислаташ ба ман маъқул буд. Тез-
тез ба хона, ба ҷои кор занг зада, масъала мегузошт.
Аз аҳволи ману оилаам пурсон мешуд, баъзан ба
хонаам медаромад, меҳмон мешуд. Вале ин ҳама то
воқеаҳои февраля буд. Баъди воқеаҳо акнун ман дар
асл мӯҳтоҷи рафтуомад, ба хусус онҳое, ки ҳурма-
ташон мекардам будем. Лек на аз занг дарак буду
на аз онҳо. Агар аз ин пеш тез-тез таклифи ба ноҳия
рафтан мекард ва боре бо ҳамон ҳамкурсу ҳамфа-
милияам Т.Каримов меҳмон ҳам шуда будем, акнун
фаромӯш шудаам.
Боре аз сафари Кӯлоб бармегаштам. Ҳамроҳи
сардори трест. Ба ноҳияи Совет омада, аз рафти
сохтмони купрук хабардор шуда, бо роҳи Кангурт-
Даргара суи Душанбе меомадем.
УАЗ-469, ки дар пеш котиб С.Тагоев нишаста буд,
бо суръати тез моро гузашта рафт.
Дилам реш шуд. Медонистам, ки пагоҳ, дар Ака-
демия дарсҳо огоз мегардад, сессия cap мешавад.
Аз ронанда хоҳиш кардам ба ин мошин расида ти-
рад. Бо азобе садобаророн, чароггирён бо суръати
дучанд ба у расида, мошинашро боз доштем. У аз
мошин намефуромад.
Ҳис кардам, ки котиб — котиб аст ва аллакай
«маъни»-и роҳбариро ёд гирифтааст, вале у намедо-
нист, ки ман ӯро нигоҳ доштаам.
Мумкин ин дам мегуфт: «Ин беодоб, ки бошад».
Ман берун баромадам. Ӯ маро дида ҷаҳида фа-
ромад. Оғӯш кушода суям давид. Мебахшед,
Бӯриҷон, надидам, бубахшед. Дар ин дара, дар ин
роҳ ҳеҷ интизор набудам, ки вомехурем.
— Хайр, ҳеҷ ran не, - гуфтам озурдахотир.
— Ман борҳо занг задам, телефонатон вайрон
барин, - гуфт Саидмурод, вале аз чеҳрааш маълум
буд, ки дурӯг мегуяд.
То хотири уро озурда насозам, гуфтам:
— Бале, аз ҳамон рузҳои февраля телефон кор
намекунад. Ноомади кор кЯ шуд, отала дандон ме-
шиканад.
— Ман ҳам ҳайрон, ки чаро ин қадар занг задаму
боре касе ҷавоб на до д, — гуфт у. Ин дафъа худам
ҳам зиқ шудам, вале худдорЯ карда чизе нагуфтам...
232
— Ман бисёр хоҳиш дорам. Ба ҳамкурсонам ҳоди-
саи бо ман рух додаро аниқ ва асоснок фаҳмонда
диҳед. Охир, онҳо чй мегуянд. Онҳо бо ман як меҳри
хоса ва бовар доштанд. Гун, ки ту худат моҳияти ин
воқеаро хуб дарк кардй? Ана ҳамин буд илтимоси
ман, хаӣр, роҳат сафед, ба шумоён муваффақият ва
албатта ба бачахр салом гуй. Оши қарзиамро албатта
омада пухта медиҳам. Дар ин сессия ман бояд ду
бор ош мепухтам. Онҳо оши маро хосса шуморида,
қар сессия илтимос мекарданд.
УАЗ ба пеш ҳаракат мекард, аз ақиб мо, баъди
чанде уро намедидам. Ба фикру хаёл ва як ҳолати
вазнину гамангезе дучор шудам. Он рафиқоне, ки
дар вазифаҳои масъул кор мекарданд, онҳое, ки
ҳамроҳ мехондем, аз пеши назарам мегузаштанд.
Махсусан ду нафаре, ки шӯхиомез маро баъзан таъ-
на мезаданд; «Хайр, зиндагй дар ноҳияи аз
феодализм яку якбора ба социализм гузашта» чй
тавр аст? Ё худ «мегуянд, ки дар Тоҷикистон ҳоло
ҳам боқимондаҳои ҷамъияти феодалй ҳукмронанд»
дар гушам садо доданд. Азоб мекашидам.
«Зангулаҳои умед» бошад, ба гарданам ҳалқаи дор
буданд. Онро рафиқонам хонда, чй мегуфта бо-
шанд? Махсусан он ҷое, ки гӯё аз хурсандй
милисаеро ба огӯш гирифта бусидаам. Ҳуш аз сари
рафиқонам мепаридагист!? ,
Баъд ба ман расониданд, ки онҳо ба ҷои корам
занг зада аллакай маро наёфтаанд. Ҳамагй 10 нафар
мехондем, яке мактуб навишт, дигаре ба хонаам занг
зад. Муаллимон чанд нафар низ занг заданд. Ба ҳар
ҳол ором шуда наметавонистам. Ҳам то Душанбе
расидан ва ҳам то саҳар аз паҳлӯ ба паҳлӯ гашта
дар чашмонам хоб ҳам намеомад. Боз хома ба даст
менавиштам. Аламам ҷоншикан буд... Бале, бад-
хоҳон маро аз Академия ҳам маҳрум сохтанд. Ин
буд, ки аз ин кор афсӯс мехӯрдам... Нақшаҳоям
нотамом монданд.
Баъд аз гузаштани як сол ва беҳ шудани вазъи
азобҳои рӯҳиям аз паи хотима додани кори илмй
шудам. Бо ин мақсад ба Маскав барои ба докторан-
тура дохил шудан омадам. Аз конкурс гузаштам.
233
Бегоҳ дар хонаи рафиқам Аъзамҷон, ки дар Маскав
кору зиндагй мекард, истироҳат мекардам. Дар ин
якчанд рӯз у хонаро ба ман монда, бо зану
кӯдаконаш ба Душанбе рафта буд.
Занги телефон садо дод. Гӯшаки онро бардоштам.
Нафаре бо рӯҳи болида, хурсандона бо ман гуф-
тугӯро оғоз намуд.
Он кас ҳамкурси академиягии ман Саидмурод
Тағоев буд. Ман босаброна уро гӯш мекардам. Ҳолу
аҳволам пурсид, ба маъракаи «шустани» диплом так-
лиф намуд, вале то ҳол пай набурд, ки бо Аъзамҷон
неву бо ман гуфтугу дорад. Ман низ хушҳолона ӯро
табрик гуфтаму илова намудам:
— Саидмурод, ман Бурй Каримов, Аъзамҷон ба Ду-
шанбе парвоз карданд...
— Э, э, эҳа Буриҷон, мебахшед, ман нашинохтам.
Кадом шамолҳо парронд? Гуфтагй барин, доимо те-
лефон мекунам, вале телефонат ҷавоб намедиҳад. Ё
рақаМи телефонат дигар шудааст.
Ман чунин суханонро бори якум 7-8 моҳ пеш
шунида будам ва хуб медонистам, ки аз шарм гуф-
та шудаанд. Барои ҳамин ҳам босаброна гӯш карда,
чинда-чинда ҷавоб гуфтам:
— Дӯстам, Саидмурод Тағоевич, на танҳо рақами
телефонам, балки худам ҳам дигар нашудаам, ҳеҷ
дигар нашудаам...
Чй бошад, ки Саидмурод аз ман узр пурсиду
гӯшаки телефонро гузошт. Шояд ман каме нодуруст
рафтор карда бошам, вале ба ин асос доштам. Ӯ
борҳо занг мезаду ба хонаам меомад ва бояд беша-
ку шубҳа гуфт, ки он дӯстй ба қавли шайх Саъдй,
дӯстии ҷонй набудааст.
Ин гуфтугу бо телефон хотири маро каме озурда
сохт. Боз афсус мехӯрдам, ки чаро ба ӯ чунин ҷавоб
гуфтам. Лек зиндагй маро дигар сохта буд. Акнун
нисбати ҳамаи онҳое, ки худро дусти ман мехон-
данд, сахтгир будам. Ба қадри бузургворон
мерасидагиву онҳоро боз хубтар сарфаҳм мераф-
тагй шудаам. Мурғи хаёлам дар фазой
дилгиркунандаи дарду аламҳо бол мезад.
Занги телефон боз садо дод.
234
— Ман шуморо гуш мекунам.
Боз садом шиносе ба гӯш мерасид. Хушҳолона
маро соати панҷ ба маъракаи «шустани» диплом даъ-
ват мекарданд. Он рафиқ ҳам гумон намекард, ки бо
ман ran мезанад. Худро муаррифй кардам. Гумон
кардам, ки дар ин ҳолат у аз ҷой як қад парида буд.
Чунки аввал суханони «чй хел? Чй, шумо Аъзамҷон
не-мй?» ба гӯшам расиданд ва дар айни замон он кас
аллакай пайхас карданд, ки бо Бурй ҳамсуҳбат шуда-
анд. Аз овозам шояд шинохта бошанд. Нашинохта
сухан карданашон ҳам шояд аз он буд, ки аллакай як
сол бо ман ба воситаи телефон сӯҳбат накардаанд,
ба хонаам низ надаромадаанду аз аҳволам напурси-
даанд. Ин шахе рафиқи дуюм, ҳамкурси дуюми ман
дар Академия Тӯйғун Каримов буд.
Худро ба даст гирифта гуфт:
— Як таклиф дорам, не нагӯед майлаш-мй?
— Кай ба Шумо не гуфта будам, канй шунавем.
— Ман Шуморо соати панҷ интизорам.
— Раҳмат! Ҷашнатаон дар куҷо баргузор мегар-
дад?
— Дар Академия.
— Мутаассифона, ба Академия омадан барои ман
душвор аст, охир ман бо ёрдами баъзе дустону
роҳбарони олимартаба аз он ҷо ронда шудаам-ку.
— Э, Буриҷон, биёед монед ин гапҳоро, ман Шу-
моро интизорам.
Каме ба фикр фуру рафтам, чунки чй кор карда-
намро намедонистам. Ҳайрон будам, ки чаро
Саидмурод маро ба ҷашн таклиф накард ва ба
Тӯйгун аз гуфтугӯи ҳардуямон чизе нагуфтааст.
Вагарна Тӯйгун хабардор мешуд, ки Аъзамҷон ба
Душанбе рафтаву дар хона Бӯрй...
Мумкин аз гуфтугӯ шарм дошта бошад... Ҳамин
тарик,, ман ба Тӯйгун табрику таҳният ва муваф-
фақиятҳо хоста таклифашонро қабул накардам. Аз
рӯи оини одамгарй ин кори хато буд. Лек ман рад
кардани таклифро асоснок намудам. Баъд барои ман
азоби рӯҳй буд дар бинои Академия «ҷашни бе
ҷашн»-ро ҷашн намоям.
Бубинед, ки ман дар ҳамин ҳолат боз дар Маскав,
боз бо дустони пешина бо амри тасодуф ҳамсӯҳбат
235
шудам. Ин ҳама торҳои асабро хароб мекунанд, азо-
би рӯҳй медиҳанд...
Рузе рафик, ва дусти беҳтаринам аз Маскав ба
меҳмонй омад. Барой шод гардонидани у ба мас-
лиҳате омадем, ки истироҳатгоҳи Хоҷа Оби Гарм
равем. Ҳамин тавр ҳам кардем. Мақсади асосии май
он буд, ки дустам бӯғи шифоии онро қабул намуда,
чанде дар ин баландкӯҳ, ки боду ҳавои форам дошт,
истироҳат намояд. Ба гайр аз ин бо ин баҳона худам
низ каме бошад ҳам, истироҳат карданй будам. Паи
ин мақсад суи Хоҷа Оби Грам раҳсипор. шудем.
Мошини сабукрави мо назди дарвозаи Ошанин маън
шуд. Дар пушида буд. Муйсафеди дарбон иҷозат
надод, ки мошини мо дохили истироҳатгоҳ, шавад.
Чунин тартиб мавҷуд аст. Мо аз мошина берун баро-
мадем, ронанда майли яктарафа гузоштани мошини
худ дошт. Ин замон он мӯйсафед хеле хушҳолона
ба ман наздик шуда салому алейк намуд, ва узр хост,
ки маро нашинохтааст. Ман хурсандам, ки Шумо
омадед, илтимос бо ■ автомашина даромада равед.
Ман Шуморо, рафик, Каримов, хуб дар ёд дорам, аз
ёриатон низ хурсандам. Охир, каме бошад ҳам паси
ободонии истироҳатгоҳ ёриатонро расонидед. Арзи
миннатдорй намуда, равона гаштем. Агарчи то мар-
кази истироҳатгоҳ ҳамагй 1-2 км роҳ бошад *ам,
савора рафтем, чунки ба баландй баромадан даркор
буд. Аз ронанда хо^иш намудам, назди буғхона мо-
шинро нигоҳ дорад. Берун баромада ба богчаи
хурдакаке, ки дар қисми поёни бугхона воқеъ аст,
даромадем. Ҳамроҳи ман ду рафиқам низ вориди он
ҷо шуданд. Ман саргарми тамошои манзараҳои но-
такрори богча шуда, кӯшиш намудам он рузҳоеро,
ки он ҷо дам гирифта будам ёд оварам. Дӯстонам
дар канораи богча бо мӯйсафед Саидов ҳамсӯҳбат
буданд. Ба онҳо наздик шуда, шоҳиди суҳбат ва
шӯхиҳои онҳо гардидам.
Синну соли мӯйсафед ба ҷое расида буд, чашмо-
наш хира шуда буданд, дар бораи пирй дарди дил
мегуфт. Ман бошам, аз забони он кас дар ин бора ва
умуман боз нақлҳои зиёди дигари аҷоибу гароибро
шунидаам.
Қарор дода будам худро ба мӯйсафед муаррифй
накунам/ то он даме, ки худаш маро нашиносад. Яке
236
аз дустонам, ки духтур шуда кор мекард, аз ӯ дар
бораи ман пурсид.
— Муйсафед, Каримовро-ку фаромуш накардаед?
— Бӯриҷонро мегӯед? - дар ҷавоб гуфт муйсафед.
— Бале, Бӯриҷонро!
— Ҳеҷ гоҳ! Оҳ чй бало ба сари он мард оварданд,
рӯзашон сиёх, бодо!
Дӯстам бетоқатй намуда гуфт:
— Охир, пеши Шумо Бӯриҷон истодаанд.
Асо аз дасти муйсафед афтид. Маро ба оғуш
кашид. Оби дидагойаш қатор шуд. Баланд—баланд
садокунон мегирист. Оби чашмони дустам низ ин
ҳолатро дида ҷорй гашт. Худ тоқат карда натавони-
стам. «Эй номардон, номардон», — гӯён мегирист.
Яке аз дӯстонам худро ба канор кашид. Гуфт,
дигар тоқат надорам. Наметавонам ин ҳамаро шуна-
вам ва бубинам. Ба ростй, як вазъи ҳузнангез
ҳукмрон буд. Ман муйсафедро тасаллй медодам.
Духтур бошад бо руймолчаи худ оби дида пок ме-
кард, ба ором намудани муйсафед мекӯшид.
Ҳамроҳ бо як илоҷе муйсафед Саидовро ором
кунонидем. Хайр, бубахшед, узр хост муйсафед,
тоқатам тоқ шуд, гуфта буд, ки боз гиряро оғоз
намуд. Ин дафъа ашк гирди чашмонам ҳалқа заду
худ ҳам тоқат карда натавониста аз пеши муйсафед
ва дустонам дур шудам. Дар ҳамин ҳолат ба ростй
нангу номусам боло гирифт, гуё он ҳама ранҷҳое, ки
маро доданд, пеши назарам падидор гардид. Чанде
рӯи ҳавлй қадам зада, худро ором намудам.
— Буриҷон, назди мо оед, писарам, — овози
муйсафед баланд шуд. Худро ба даст гирифта ба
онҳо наздик шудам.
— Ман медонам, ки Шумо дар зиндагй ба ҷаҳанна-
ми азобу уқубат ва иблис дучор шудед. Медонед,
чандин маротиба «шербачаҳояшон»-ро ин ҷо равон
карда, аз Шумо пурсон шуданд. Ман мехоҳам аз он
суҳбатҳои дилгиркунанда чанде ба Шумо нақл намо-
ям.
Агар ман бо мақсади аҳволпурсй сари қадаме он
ҷо даромада бошам, акнун мебинам, ки саросема
шудан лозим нест. Аз нақли муйсафеди некӯкор
Саидов:
237
«Чанд нафаре аз Душанбе омада маро пурсон
шуданд. Ба хонаам низ омаданд. Дар бораи дамгирии
Шумо муфассал пурсиданд. Шумо бо кй дам меги-
рифтед, кй наздатон меомад, хабаргирон киҳо
буданд, Шумо чй кор мекардед ва ғайра. Онҳо са-
вол медоданду ман ҷавоб, лек аз саволҳои додай
онҳо хиҷил меШудам, чунки онҳо баъзан нисбати
Шумо беадолатона ҳарф мезаданд, чунки ман Шу-
моро дар вақти дамгириатон нағз омӯхта будам.
Барой мисол мегуфтанд чй хел Шумо дам мегириф-
тед. Вақте дар ҷавоб мегуфтам, ки ин хел роҳбарро
якумин бор мебинам, ҳайрон мешуданд. Мисол
овардам, ки агар аз ин пеш ин ҷо фақат дуди шашли-
ку овози ханда ва ҷарангоси қадаҳҳо баромада
бошад, ҳангоми истироҳати Каримов кор дигар буд.
Кай наоям, саҳаргоҳон барвақт ё нисфирӯзй ва ё
бегоҳ ӯ саргарми кори навис-навис буд. Х,ам дар
даруни хона ва ҳам дар беруни он мизи корй дошт.
Болои он коғазу китобҳои зиёд.
Баъзан бо зан ва кӯдаконаш вақти гапзанй надошт.
Оилааш гоҳо ба ман арз мекард, ки мана дар дам-
гирй ҳам кори ӯ ҳамин аст. Ду-се маротиба бо
хоҳиши роҳбарон ба маҷлис ба марказ рафта буд.
Наздашон хешу табор, модар, хоҳарон, додарон ва
бародарону хоҳарони занаш ба хабаргирй меома-
данд.
Чанд маротиба баҳри ободонии ин мавзеъ маҷлис
ташкил намуда, ба роҳбарон супориш дода буд.
Бисёр дилсӯзона ва ғамхорона рафтор мекард.
Ҳалиму хоксор буд. Бисёр мехостам бо ӯ тез-тез
ҳамсӯҳбат шавам, вале ин танҳо гоҳ-гоҳ муяссарам
мешуд. Дигар вақтҳо он кас саргарми навиштани
китоб буданд. Дар мавриди дамгирй як мақолаашон
баромад, ки ба ман дигарон хонда дода буданд...»
Ин ҷо нақли мӯйсафедро қатъ намуда, мехостам
чанд фикру андешаи худро баён кунам.
Онҳое, ки аз ман гунаҳкор метарошиданд, лозим
донистанд ҳамаи қувваи худро сарф намоянд, то дар
ҳаққи ман чизеро сабаб карда гуноҳ ёбанд.
Ҳатто муйсафеди синну солаш ба ҷое расида ин
ҳамаро дарк кардааст. 9 ба илова мегуфт, ки дилаш
ба писараш ин қадар насухтааст, чи қадаре, ки ба
ман.
238
Наход решай аҳриман то ба ҳамин дараҷа чуқур
рафта бошад? Агар онҳо дар асл намедонистанд, ки
ман чй гуна шахсият ластам, дигар ran, вале медони-
станду паи ҳам комиссия ташкил намуда, дар
ҷустуҷӯи ёфтани гуноҳҳои ман мешуданд. Охир,
куҷо шуд инсофи роҳбарони ман? Наход ин дасиса-
бозиҳои луч ин қадар лозим буданд?
Пири рузгордида инро пай бурда, ашки ҳасрат
мерехт. У бошад, маро ҳамагй 20 рӯз дидаву гоҳе
ним соат ё як соате ҳамроҳ нишаста, аммо роҳбарон
чй? Охир, онҳо маро соате не, рузе не, моҳе, солҳо
медонистанд-ку? Он рӯз бо мӯйсафед, ки маро ме-
хост дар хонаи худ меҳмон кунад, хайрухуш кардан
бисёр душвор буд. Ман аз меҳрубонй ва қадрдонии
мӯйсафед хушҳол будам. Албатта, хотирам каме
ноҷур шуда монд. Ба дамгирй омадему боз он
рӯзҳои вазнин пеши хотир...
Бо роҳе, ки маро суи бинои асосй мебурд,
қадамзанон гарми сӯҳбат мерафтем. Автомашинае
назди мо қарор дод. Аз он сардухтур берун баро-
мад. Маро хайра мақдам гуфта изгори хурсандй
намуд. Ман бошам, баъди ҳолу аҳволпурсй сари
масъалаҳое омадам, ки ҳангоми дамгирй дар
маҷлисҳо бардошта будам, аз мақолаи «Шарм аз
Хоҷа Оби Гарм»— ёдовар шудам.
Як-як аз ҳамаи он қарорҳое, ки он вақт қабул
карда будем, ёд овардаву ҷавоб дархостам. Чун
фаҳмидам, ки қисми зиёди корҳо ва супоришу дар-
хостҳо ба сомон наомадаанд, дилтанг шуда, ба
сардухтур бо афсӯс гуфтам: наход луқмаи тайёрро
фуру бурдан душвор бошад? Онҳоеро, ки ваъда
додаву имруз ба ваъдаи хеш вафо накардаанд,
«гулугир» карда ба мак,сад расидан лозим аст. Дар
акси х,ол ин мавзеъ рафта-рафта ба таври бояду
шояд ба тақозои замон ҷавоб нахоҳад дод. Ба фик-
рам сардухтур низ роЗй шуд. Мо ба у хайрхоҳона
муваффақият гуфта рафтем. Ин ҷо лозим медонам
барои пурра намудани фикру орзуҳои хеш аз ҳамон
мақола қисми кучакеро пешкаш намоям:
«Шунидан кай бувад монанди дидан, — мегӯяд
халқ. Вале аз дидан то шинохтан тафовут вуҷуд до-
рад. Барои он ки тафовут калон набошад, чашми
ботин лозим аст.
239
4
Ман қарор додам, ки имсол каме бошад ҳам,
беҳтараш дар истироҳатгоҳи Хоҷа Оби Гарм дам
гирам. Борҳо дар борааш шунидаам, вале муяссарам
нашуд, ки аз наздик шинос шавам. Ин мақсад маро
ба ин ҷо овард.
Ба назар мерасид, ки маъмурияти истироҳатгоҳ аз
омадани ман хурсанд набуд, гарчанде маро хуб ис-
тиқбол кардану ва шароити хуби истироҳат фароҳам
оварданд. Сабаб он ки истироҳатгоҳро камбудиҳои
зиёд гулӯгир карда, роҳбарони он, аз ҷумла сардух-
тур, ҷонишинони он нисбатан одамони нав буданду
ҳоло барои бартараф кардани камбудиҳо шароити
ҳаддалимкон надоранд.
Ман аз вохӯрии аввал cap карда, ба онҳо руирост,
ҳамчун одамони масъули ҳамин манзил, дар бораи
сарнавишт ва ояндаи осоишгоҳ дар бораи он ки чй
бояд кард, то аз камбудиҳо истироҳатгоҳро наҷот
дод, гуфтугӯ кардам. Онҳоро дар хиҷолат медидам,
гумон мекардам, ки чизҳои мегуфтагй доранд, вале
кадом як қувваи ниҳонй онҳоро боз медорад, то
ҳама ҳақиқатро аз cap задани ин камбудиҳо баррасй
кунанд.
...Масъалаи ҳалталаби дигар истифодаи роҳи мо-
шингард аз роҳи калон то истироҳатгоҳ дар фаслҳои
баҳору зимистон мебошад.
...Дар истироҳатгоҳ гову харони сарҳӯй, бераҳмо-
на нобуд шудани дарахтҳоро дар ҷангалзори гирду
атросЬ дидан мумкин аст.
...На фақат корҳои сохтмону ташкилй, балки масъ-
алаи кадрҳо ва рушду камоли онҳо беҳбудй
мехоҳад.
240
Ҳалли масъалаҳои зиёде ба зиммаи иттифоқҳои
касабаи ҷумҳурй, комитети иҷроияи ноҳияи Октябри
Душанбе ва идораи истироҳатгоҳ супорида шуд.
Ҳама як тан ва якфикр буданд, ки ба маъмурияти
истироҳатгоҳ дар ҳалли ин масъалаҳо бояд ёрй
Диҳанд.
Сабаби қалам ба даст гирифта, ин ҳолатро арз
карданам он аст, ки ободшавии ин нуқтаи мӯъҷиза-
нокро хонандаи мӯҳтарам ва истироҳаткунандагон
низ зери назорат бигиранд ва дар бораи қавлу амали
мо, роҳбарон, дар ҳолатҳои даркорй хулоса баро-
ранд.
Сониян, хуб мешуд, ки роҳбарони ҷумҳурй бо
чорабиниҳои андешида қаноат накарда, илоҷи бо
маблаг ва қувваи корию таҷҳизоти зарурй таъмин
кардани ин гушаи зеборо дарёфт кунанд.
Дар вақти маҷлис гузаронидан сардухтур ба сарэ-
нергетик имою ишора мекард^ ки чаро хомӯшй,
суолу дархостҳоятро намегӯй? У аз ҷой бархоста,
чунин гуфт:
— Чи ҳосил аз он ки мегӯям, борҳо омаданду
ҳамин хел вазирон ваъда доданду рафтанд. Ҳеҷ су-
де надидем.
Ҳама дар изтироб афтоданд, барои аз вазъияти ба
миён омада халос шудан иловае кардам.
— Оё аз он ваъдабозҳо касе имрӯз ҳозир аст?
— Не, — ҷавоб дод сарэнергетик, — Рафик, Раис
онҳоро ҳар руз иваз мекунанд.
Оре, ба монанди сардухтурони осоишгоҳ. Ин иваз-
куниҳо, албатта, ба пешрафти кор таъсир мерасонад.
Мехостам, ба фикри сарэнергетик розй шавам, чунки
гуфторамон аз корамон боло мегирад. Як «кул» ran
мезанему ба миқдори «оби дидаи мурча» кор меку-
нем. Мардуми истироҳат мекардагй қатори зиёди
одамонро, ки камбудиҳоро ба чашми худ дида, оиди
онҳо баҳсу мунозира мекарданд, медонанд. «Бояд
дигаргуние шавад»,-мегуфтанд.
Марди масъуле аз Кӯлоб наздам омада гуфт, ки
аз гаштани бисёр оё монда нашудед? Савол каме
тамасхуромез буд. Аз ҷавобаш базӯр худдорй кар-
дам. Баъди чанде боз он мард ва чанде дигарон
саволи руирост доданд: «Ин ҳама ҷамъшавиҳо хуб,
оё дар вақтҳои наздик ягон беҳбудие мешавад?» Ин
241
дафъа ҳам, рости ran, хомӯш будам. Саволро боз
такрор карданд. Бори дигар дар ҷавоб хомӯш будам.
Хомӯшам то он даме, ки одамони масъули ҷумҳурй
мувофиқи қарори маҷлис аз 19 сентябри соли 1989
рафиқон Т.А.Абдуллоев, Ю.Б.Костарев, А.Ҳ.Ҳалимов,
В.Д.Аблогин, Ғ.Д.Фозилов, О.Н.Қобилов, Л.И. Конова-
лова, А.М. Мамасобиров, Е.Н. Шнитман,
ЛА.Печажский, Д.В.Вайдуллоев ваъдаҳои додай худ-
ро иҷро накунанд».
Бале, хомӯшем, имрузҳо ҳам. Боз меҳмон шуда-
му навигарии назаррасе надидам. Ҳол он ки ду сол
гузаштааст. Балки роҳбаре аз истироҳатгоҳ гуфт: би-
сёриҳо хурсанд шуданд, ки Шумо ба ин аҳвол
афтидеду онҳо аз назорати Шумо халос шуданд...
Дар шабу рӯзҳои баҳманмоҳи хунин
рӯзноманигорон аз ман гурезон буданд, ҳоло он ки
бисёрии онҳо пеш гирди ман ҳалқа мезаданд. Барои
эҳтироми рӯзноманигор Жуков мехоҳам мубоҳисаи
аввалини худро, ки баъд аз рузҳои хунини баҳманмоҳ
дар ҳафтавори «Парастор» чоп шуда буд пешкаш
намоям:
ШИКАСТ ДАР ПАРВОЗ, Ё ШАРҚИ
ҶАБРДИДА БӮРЙ КАРИМОВ
Парвози босуръат аз шикасти нобаҳангом, мисли
хуршеде пеш аз вақт ғуруб кардан, зарбаи миёнши-
кани рӯзгор, аз лавҳи хотири мо фаромуш шудани
гулҳои сари сабади ҷомеа, уфтодан, пешпо хӯрдан...
Ин қабил одамон магар каманд? Дар хотирам ҳаст,
ки ду сол қабл аз ин дар яке аз маҷлисҳои
рӯзноманигорон дар Маскав нотиқи навбатдорро ба
мо муаррифй карданд: «шинос шавед, Шепилев».
Аҳли толор беихтиёр «воҳ» гуфт:
— Наход у бошад?
Маълум шуд, ки худаш будааст... «ҳамон Шепиле-
ве, ки ҳаммаслаки онҳо буд». Пас ӯ зиндаю салрмат
будааст, мо чунин сурат гирифтани корро чашмдор
набудем. Ростй ин воқеа аҷоиботе ҳам надорад. Зе-
ро ки қоидаи бозиҳои дарбориёну дарбор чунин аст,
бо замона насохтй, кафшатро пеши по мегузоранд. ■
242
Он ҳодисае, ки бо Буря Бачабекович Каримов руй
дод, ҳатто онҳоеро, ки ба ҳукми қазову қадар ва
қисмат эътиқоди комил доштанд, моту маҳбут сохт:
дар 29 солагЯ - вазири аз ҳама ҷавони мамлакат, дар
31 солагй - ҷонишини Раиси Шӯрои вазирони
ҷумҳурй, дар 33 солагй — ҷонишини сардори трест.
Аз ин ошён ба авҷи баландиҳо парвоз карда буд ва
боз ба он ҷо сарнагун фитод.
Шикасти Бӯрй Каримов дарҳол баъд аз ҳодисаҳои
маълуму ҳузнангези февраля ба амал омад. Ин
лаҳза ӯ ба ситорае шабоҳат дошт, ки бо шӯълапошии
охиринаш бо осмони хидматй падруд мегуфт. Ин
лаҳзаи шӯҳрати бемисл ва фоҷиаи ногаҳонии у буд:
дар мавҷи қатлу куштор, ғорату зӯрй ва сухтор
шуҳрати бемисле пайдо кард. Рости ran, шуҳрату
комёбиҳои у дар он рӯзҳо маро асабонй мекар-
данд: дар як паллаи тарозу «Ваҳдат», «Растохез»,
Бӯрй Каримов ва шербачаҳои аз кайфи нашъа бад-
кирдору беҳаё гардида, вале аниқ бо амри касе cap
бардошта...
Инак он рӯзҳо ҳам сипарй шуданд. Вале аз чй
бошад, ки фишори руҳии он давраи шумро аз байн
набурданд. Баръакс, бо мурури вақт саволҳои
беҷавоби нав пайдо шуданд. Баёноти номафҳуми
Каримовро дар Пленуми КМ ҳизби коммунистии
Тоҷикистон, ҷавобҳои пурихтилофи пресс — конфе*-
ренцияро хонда, ба саволҳои барои чй то имрӯз
гунаҳкорони асосии бетартибиҳои куча маълум карда
нашуданд, ҷавоб меҷӯем. Дар асл Бӯрй Каримов кй
буд{ Созмондеҳи исён ё худ қурбонии сиёсати сиё-
сатмадорон? Беори бераҳм, ки ташнаи ҳокимият буд
ё аз ӯ ин хел шахсро сохтанд, маккор буд ё содда-
диле, ки бӯҳтону зӯриро тобу тоқат надошт? Ҷавоб
меҷӯию намеёбй. Ҳол он ки чунин саволҳо одамони
ба асли воқеа сарфаҳм нарафтаро ором намегузо-
ранд. Ба шахсияти' «президенти як шабонарӯза»
сарфаҳм нарафта, тан ба тақдир медиҳем ва дар
бораи фишангҳои ниҳонии исёни февраля ҳеҷ вақт
чизеро фаҳмида наметавонем. Дуруст аст, ки сиёсат-
мадор аҳён-аҳён ошкорбаён мешавад. Ба ҳар ҳол,
дар ҷустуҷуи ин саволҳои бесарунӯг, беҳтараш худ-
ро гарант накарда, бевосита ба он шахсе муроҷиат
243
\
мекунем, ки кй буданашро донистан мехоҳам.Ин ан-
дешаҳо маро ба назди Бурй Бачабекович оварданд.
Бовар надорам, ки баъди шиносой бо матни сӯҳба-
ти мо ҳама чиз барои хонанда возеҳу равшан
мешавад. Умед дорам, ки ҳама ба самимияти
ҷавобҳои мусоҳиби май боварй ҳосил мекунанд.
Вале фикру ақидаи яке аз иштирокчиёни асосии
воқеаҳои февралиро ба маълумоти аҳли ҷомеа ра-
сонидан муҳим аст. Бигузор одамон худашон ҳукм
бароранд, ки ҳақиқат куҷосту ботил куҷо ва ба чй
бовар кунанду ба чй не?
Инак мусоҳибаи мо пешкаши шумо мегардад.
МУХБИР: - Ман мақолаҳои нашрияҳои рӯзро гаш-
таю баргашта мехонам. Мухбири махсуси «Известия»
В.Кулешов дар рузномаи «Союз» чунин менависад:
«Саволи қонуние ба миён меояд: шояд аъзоёни «Ко-
митёт-17» ин бетартибиҳоро ташкил карда бошанд,
чунки дарҳол баъди дар Душанбе муълум шудани
натиҷаи Пленуми КМ ҳизби коммунистии ҷумҳурй, ки
ба аъзоёни Бюрои КМ изҳори боварй кард, бо қувваи
нав ба ҷунбиш омаданд?...» Дар ин ҷо ишора
фаҳмост, яъне маҳз онҳо ташкилотчй мебошанд.
Р.Раҳимов бошад, дар рузномаи «Единство» ақидаи
дигарро биён кардааст: «Тасодуфй нест, ки дар
лаҳзаи ҳалкунанда ба сӯи халқ Б.Каримови ҷанубиро
тела доданд». Диққат диҳед, «тела доданд». Аз ин
мебарояд, ки шумо беихтиёр қурбон гаштаед.
Ба ҳар ҳол кй ҳақ аст? Оё Шуморо ташкилотчии
исёни февралй ҳисобидан мумкин аст?
Б.К.: — На, ва ҳаргиз на. Дар чашми аҳли ҷомеа бо
тинати аслй нею дар нақши шахси сохта намудор
шудан шарафи нанговар аст, вале чй илоҷ, *ар чй
гузашт, гузашт. Биёед, ҳақгӯй бошем. Маро барои
дифоъ намудани мавҷи изтиробу ҳаяҷони издиҳоми
ба шӯр омада, бетартибиву хунрезй хеле моҳирона
истифода бурданд: он руз ба КМ бо даъвати роҳба-
рон омадам ва бо хоҳиши онҳо ба назди издиҳом
баромадам. Ман бе ҳеҷ гуна гараз аз паи иҷрои
супориш шудам ва тамоми маҳорати худро барои
ором кардани издиҳом истифода оурдам. Гумон до-
штам, ки барои ин кор ба ман раҳмат мегӯянд. Лекин
акси он шуд...
244
Бештар аз ин, маро бо мадади матбуоте,ки
ғуломвор фармонбардори хоҷагон аст ва махсусан
бо ёрии иштирокчиёни фаъоли Пленум дар он рузҳо
ба мардуме, ки рафти воқеаро аз оинаи нилгун тамо-
шо мекарданд, чун ташкилотчии воқеаҳои февралй
муаррифй карданд.
Ин бӯҳтон аст. Боварй надорам, ки умри буҳтон
дароз бошад. Халк, дер ё зуд ба моҳияти ҳақиқии
масъала сарфаҳм хоҳад рафт.
МУХБИР: — Агар ин хел бошад, пас Шумо чй тавр
сарвари «Кумитаи-17» ва «Ваҳдат» шудед? Барой чй
маҷлисҳои он маҳз дар кабинети Шумо баргузор
шуданд? Умедворам, ки Шумо аз ин саволҳои ман
намеранҷед, зеро дар сӯҳбатҳо бештар ҳамин масъ-
алаҳо муҳокима мешаванд. Масалан, одамон нақл
мекунанд, ки дар майдон, ҳангоми садо додани
номҳои аъзоёни Комитети оянда, Шумо номи худро
ба ин рӯйхат дохил кардед. Агар ҳамин хел бошад,
пас бо кадом мақсад ин корро кардед? Охир шубҳае
ба миён меояд, ки Шумо ин корро шояд ба гарази
мансабпарастй карда бошед?
Б.К.: - Дидед, чй хел ҳақиқат бо дурӯғ махлут
шудааст. Биёед, ба хотир орем... То ташкили «Коми-
тети муваққатии халқй» (мо онро айнан ҳамин тавр
номидем ва он бо «Комитети миллй», ки маҳсули
хаёли рӯзноманигори «Правда» аст ва ғараз аз он ба
фаъолияти мо тобиши миллаттарой додан аст, ҳеҷ
умумияте надорад) «Ваҳдат» вуҷуд дошт. Онро 14-
уми феврал намоишчиён дар майдони ба номи
Ленин таъсис карда буданд. Ман бошам аъзои
«Ваҳдат» набудам. Ва бештар аз ин фаъолияташро
роҳбарй накардаам. Тафтиши ин гуфтаҳои ман муш-
килие надорад. Гуфтушуниди аъзоёни «Ваҳдат» бо
роҳбарияти ҷумҳурй аз тариқи оинаи нилгун намоиш
дода шудааст. Ман дар он иштирок накардаам.
Ман баъди ба назди издиҳом баромаданам, ишти-
рокчии воқеаҳо шудам. Боз таъкид мекунам, ки маҳз
бо супориши роҳбарияти ҷумҳурй ба назди онҳо
баромадам. Ва ман не, балки таклиф пешниҳод кар-
данд, ки номи маро ба рӯйхат дохил кунанд.
Аксарият инро мехостанд. Бо кадом мақсад, ин то
ҳол муаммо аст. Шояд ба ин паҳлуи масъала фикри
муаллифи «Зангулаҳои умед»: «мо акнун медонем,
245
ки дар бораи пешбарй кардани Б.Каримов кй мас-
лиҳат додааст» рӯшанй андозад. Дар рафти
минбаъдаи ҳодисаҳо «Ваҳдат» бо комитет як шуд,
чунки марому мақсадашон як буд.
Ва ниҳоят, аъзоёни Комитет низ таклифи раис инти-
хоб шудани маро дастгирй карданд. Дар масъалаи
маҳз дар утоқи корни ман гузаронидани маҷлисҳо
ҳаминро гуфтаниам, ки агар дар ҷои дигар ҳам-ҷамъ
меомадем, ягон тағйироти ҷиддие ба амал намео-
мад. Ғараз аз ҷои гузаронидани маҷлисҳоро дастак
кардани баъзеҳо, маҳз ҳамчун ташкилотчй ба қалам
додани Б.Каримов аст. Вале мақсади асосии мо
кӯшиши мӯътадил гардидани вазъият буд. Мо аз
атрофиён гапу кори пинҳоние надоштем, дари
маҷлисгоҳи мо ба руи ҳама кушода буд. Дар айни
ҳол ҳар кадоми мо хуб медонистем, ки бо мӯътадил
шудани вазъият фаъолияти худро қатъ мегардонем.
МУХБИР: — Яъне Шумо барои ҳокимияти шахсй
накӯшидаед?
Б.К.: — Охир бовар кунед, ки мақсади ин ҳама
ғавғои дар атрофи номи ман ташкил шуда тамоман
дигар буд. Аниқтараш онҳо ба ҳар роҳ (фарк, над-
орад, хоҳ бо роҳи туҳмат ё бо роҳи таҳрифи
воқеият) халқро бовар кунонданй мешуданд, ки гуё
як гурӯҳ сиёсатмадорони беору беномус исёне таш-
кил кардаанд, ки мақсад аз он ташкили кадом — як
ҷумҳурии исломист. Аламовараш он аст, ки одамон
ба чунин сафсатаҳо бовар мекунанд.
Сабаби воқеаҳои февралй ғун шудану ҳал нагар-
дидани масъалаҳои ҳаётан муҳими иқтисодй,
иҷтимой, маданй ва шиддат гирифтани муносибатҳои
ҳалталаби миллй, дур шудани роҳбарият аз ғаму
гуссаи халқи оддй мебошад. Иштирокчиёни Пле-
нумҳою ҷаласаҳои зиёде, ки ҳамеша баргузор
мегардиданд, бояд маҳз ҳамин камбудиҳоро
муҳокима карда, роҳҳои ҳаллу фасли онҳоро да-
рёфт мекарданд. Бори дигар таъкид карданиам, ки
решай ин бадбахтиҳои ба сари мардуми ҷумҳурй
омада ба шахсияту кори ман иртиботе надоранд. Ба
гуфти халқ «он чй аён аст, ҳоҷат ба баён нест».
Магар дар бисёр випоятҳои Россия одамон барои
гирифтани ҳокимият ба куча мебароянду корпартой
246
мекунанд? Равшан аст, ки онҳоро ба намоишу низоъ
эҳтиёҷоту норасоиҳои зиндагй ҳидоят мекунад. Дш-
хосе, ки онҳоро мансабпарасту ҳокимиятхоҳ гуфта
айбдор мекунанд, худ ташнаи ҳокимиятанд. Онҳо ба
ҳар восита мекӯшанд, ки аз ҷавобгарй дур бошанд.
Чунки руз аз руз бад зиндагй кардан, қашшоқ шуда-
ни халк, ҷинояти авфнопазир аст. Онҳо зур мезананд
гуноҳро ба души касоне бор кунанд, ки фасодҳои
ҷамъияти моро ошкор сохта, тагйирот металабанд.
Охир гуноҳи зиёиён — адабиётшиносон, му-
сиқанавозон, духтурон, муҳандисон дар чист, вақте
ки дигарон моро ба ин варта, ба ин қашшоқй расони-
даанд? Гунаҳкор онҳоеанд, ки дирӯз худам шоҳу
табъам вазир гуфта ҳукмронй мекарданд ва имрӯз
ҳам ҳукм дар дасти онҳосту ҳокимияти мутлақу на-
зоратнашавандаро мехоҳанд.
МУХБИР: — Ба ҳар ҳол, ман имони комил дорам,
ки ҳама гуна кӯшиши бо роҳи гайрипарламентй таш-
кил кардани кабинети вазирон гайриконститусионй ва
бештар аз ин хилофи ахлоқ аст. Кӯшиши дар арафаи
интихобот ҳокимиятро ба ҳукумати нав додан, яъне
шаҳрвандони ҷумҳуриро дар вазъияти ноқулай мон-
дан дучанд бадахлоқист. Ба ҳар ҳол тасаввур
мекунам, ки баъди табаддулоти маҷбурй маъракаи
пешазинтихоботй дар Тоҷикистон чй тавр сурат меги-
рифт.
Б.К.: - Ман ҳам бо шумо баҳс карданй нестам.
Ҳама гуна табаддулот бадкирдорист. Вале аз ҷониби
мо барои ташкили ҳукумати нав кӯшише нашудааст.
Боз ҳам такрор мекунам: мо комитети муваққатие
ташкил кардем, ки барои мӯътадил гардонидани
вазъият ва дар ин асос барои фароҳам овардани
шароит барои худидоракунии ҳақиқатан озоди халк,
кор мебурд.
Бо мақсади таҳрифи моҳияти масъала, бадном
кардани мо, чунин вонамуд кардани воқеа, ки гуё мо
ҳокимиятро маҳз барои худамон гирифтанй будем,
афсонаеро бофта бароварданд, ки ман аз хурсандии
«президент» интихоб шуданам, аввалин милисаи бо
ман ру ба рӯ шударо ба огуш гирифта бусидаам.
Дар он лаҳза ҳамроҳи ман бештар аз бист одам аз
бинои КМ баромада буд, вале касе аз онҳо бӯсу
247
канори маро бо милиса надид. Аммо генерал Марто-
вицкий, аз Тошканд инро дид. Мар дум бошад, ба ӯ
бовар кард, зеро дурӯғро аз ҷиҳати психологй
моҳирона бофта буданд.
Чй хеле ки мебинед, бо тӯҳматгарони ботаҷриба
сэру кор доштем. Шахсан барон ман ин хабар
ғайричашмдошт буд. Ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки
дар табақаи болоии ҳокимият чунин ахлоқ ҳукмфар-
мост.
МУХБИР: — Аз ин бармеояд, ки баъди воқеаҳои
февралй нуқтаи назар ва муносибататон тагйир кар-
дааст. Шояд нуқтаи назари Шумо ба худи воқеаҳои
февралй тагйир ёфтааст?
Б.К. — Дар баъзе масъалаҳо — ҳа, дар баъзеаш —
не.
Дар масъалаи сифатҳои ахлоқии саркардагони си-
стемаи фармондиҳию маъмурй ман дигар фиреб
намехурам. Дар вазъияти муқаррарй ин одамон ба
гурӯҳҳое ЧУДО мешаванд, ки пайваста байни худ му-
бориза мебаранд. Агар рафту бар зидди онҳ,о
душмани умумие пайдо шавад, эшон дар як мижа
задан ба ҳам муттаҳид мешаванд ва барои ба даст
овардани фондам шахсй аз хеҷ чиз ҳазар намекунанд,
ҳамагуна рукнҳои ахлоқро зери по мекунанд. Ҷаҳони
ботинию зоҳирии онҳоро Сайидои Насафй дар
«Баҳориёт»-аш хеле возеҳ тавсиф кардааст.
Дар Пленум борони саволҳои оеинсофонаашон
чунон майнаамро гиҷ кард,ки ҳатто ба онҳо ҷавобҳои
фаҳмо дода натавонистам. Барои густохй ман аз
хонандаи гиромй маъзарат мехоҳам, вале гуфтанам
бамаврид аст, ки ин Пленум не, балки ҷамъомади
бюрократией ашаддие буд, ки ҳар як сухани хилофи
манфиаташонро бо ғиреву пойкубй, кафкӯбию ни-
доҳои хилофи одоб маҳкум мекарданд.
Бинобар ҳамин дар ин масъала дар афкори ман
барин шахсе, ки дар давраи ҳукмронии системаи
маъмурию фармондеҳй соҳиби мансаби баланд гар-
дидааст, тагйироти ҷйддй ба амал омад. Нуқтаи
назари ман нисбати сарватҳои умумиинсонй бе-
тагйиранд ва онҳоро азиз медонам. Бинобар ин ба
воқеаҳои февралй чун пештара аз мавқеи зиёии ин-
сондуст муносибат мекунам. Чун пештара имони
248
комил дорам, ки зӯрй шакли ғайри қобили қабули ба
низом овардани муносибатҳои иҷтимоист. Ва агар
рафту халқ ба намоиш баромад, дар ин ҳол на
халқро, балки онҳоеро гунаҳкор донистан зарур аст,
ки мардумро ба ин ҳол расонидаанд. Мутаассифона,
ин паҳлӯи масъаларо матбуот қариб, ки мавриди
муҳокима қарор намедиҳад. Воқеаҳои Душанбе ак-
сар вақт гаразнок таъбир карда мешаванд.
Чй илоҷ, халқ дар бораи сабабҳои ҳақиқии
фоҷиаҳои феврали маълумоти кофй надорад ва ба-
рон ин ӯро гунаҳкор донистан нашояд. Боварй
дорам, ки мо дер ё зуд ҳақиқати ҳолро фаҳмида
мегирем. Аз ҷумла хоҳем донист, ки тезутунд кар-
дани вазъият дар он рӯзҳо ва дар вазъияти
фавқулодда гузаронидани интихобот ба манфиати
киҳо буд?
МУХБИР: — Яъне Шумо дигар ҳавасе ба сиёсат
надоред?
Б.К.: — Дар ҷамъият зиндагй карда аз сиёсат берун
будан имконнопазир аст. Вале то воқеаҳои феврали
ба сиёсат ба таври ҷиддй машгул нашу да будам. Аз
рӯи ихтисос ман сохтмончии роҳ ва иқтисодшиносам.
Феврал маро ба тегаи мавҷи сиёсй баровард. Дар ин
муддати нисбатан кӯтоҳи вақт бисёр чизҳоро фаҳми-
дам. Акнун фаҳмидам, ки бо сиёсат машгул шуданам
зарур будааст. Вале аз рӯи одоб ва адлу инсоф дар
ин муддат боз як ҳақиқати талхро фаҳмидам: ҷомеа
барои фаъолона дастгирй кардани ашхоси ошкорбаё-
ну ростгуй тайёр нест.
Бароятон як мисол меорам. Дар ду ҳавзаи интихо-
ботии ҷумҳурй интихобкунандагон барои пешбарй
кардани номзадии ман ният карданд. Лекин бо фишо-
ри саркардаҳои маҳаллй аз райъи худ баргаштанд. Ба
ва^м афтоданд. Дар ҷумҳурии мо ин қабил мисолҳо
чй қадар бисёранд.
МУХБИР: — Бурй Бачабекович, агар аз фарозиҳои
фалсафа ба ҳаёти ҳаррӯзаи муқарарй баргардем,
ҳис мекунем, ки баъди воқеаҳои февраль Шумо,
Отахон Латифй ва Нур Табаров дар байни табақаҳои
миёнаи аҳолй, махсусан аҳолии русзабони он шӯҳра-
ти бад пайдо кардед. Ин табъи Шуморо хира
чамесозад?
249
Б.К. — Ҳа, Шумо то андозае ҳақ ҳастед. Ҳоло
бархе аз ашхоси масъул, агар шоирона ифодае ку-
нем, мекушанд, ки ба сари ман «саллаи миллатгарой»
пушонанд. Вале миллатгароии маҳдуд барои аз бай-
ни табақаҳои васеи аҳолй пайдо кардани тарафдорон
имкон намедиҳад ва чандон сифати хуб нест. Аммо
ман барои шӯҳрат пайдо кардан намекӯшам. Панди
хирадмандонаи Горькийро фаромуш кардан нашояд:
«Ҳеҷ низ руҳро ба ин зудй маҳкуми марг намесозад,
ба ҷуз кӯшиши беандозаи ба одамон хуш омадан».
Дар айни ҳол Шумо ба тамом ҳақ нестед. Шахсан
ман медонам, на ҳамаи русзабонон бо ман муноси-
бати бад доранд. Дар байни онҳо шиносҳои хуби
бисёр дорам, ки то имрӯз тагйир наёфтаанд. Маса-
лйн, аз Георгий Вадимович Кошлаков басе
миннатдорам. Дар вақташ зидди таъин шудани ман
ба вазифаи раиси Госплан буд. Вале дар лаҳзаҳой
бароям вазнин бе тарсу ваҳм маро аз ҷиҳати маънавй
дастгирй кард. Ҷонишини раиси Госплани ҷумҳурй
А.В.Борзенко барои барқарор кардани адолат кӯшид,
вале, мутаассифона, дар Пленум ба вай имконияти
ҳарф задан надоданд. Бо ин гуфтаниам, ки дар замо-
ни мо мансаби маъмуриро аз даст додан,
хушбахтона, маънои дар ҷомеа аз даст додани
обуруро надорад. Обурӯ бошад, машҳур шудан
осон аст. Фақат иродаю матонат зарур аст, вале
маҳз ҳамин чиз ҳоло дар вуҷуди ман каме костааст.
МУХБИР: — Одам бо машгулияте, бо умеде зин-
дагй мекунад. Баъд аз ин бо чй шугл хоҳед варзид?
Б.К.: — Ҳоло ман дар трести «Мостострой» -и
Вазорати сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингард
ҷонишини сардор шуда кор мекунам. Аз солҳои до-
нишҷуй одате дорам, ки ҳар рӯз бегоҳй ду-се соат
машгули кори эҷодй мешавам. Махсусан имрӯзҳо
ин одат ба ман кор дод. Навиштани ду китобро ба
охир мерасонам. Яке дар бораи вохӯрии ҷавонони
ИҶШС ва ШМА дар Амрико нақл мекунад, дигараш
андешаҳои шахсии ман нисбати воқеаҳои февралй
дар Душанбе ва таҳлили онҳост.
Дар як вак,т бо масъалаҳои иқтисодии сохтмони
роҳ ва кӯпрукҳо машғулам. Як сол қабл дар Акаде-
мияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ
250
назарияи рисолаамро барои дифои унвони доктори
илмҳои иқтисодй баён карда будам ва ният доштам,
ки ба ҷои кори дипломя рисолаеро оиди инкишофи
иқтисодиёти ҷумҳурй пешниҳод созам...
Чй сон ки мебинед, кор бисёр аст.
Табиист, ки вазъи рӯҳиам ба таъриф намеарзад.
Аммо ман мекушам, ки гуфтаҳои Ҷомии бузургро
фаромуш накунам. Мавлоно фармудааст:
Боядат мансвби баланд,
бикуш,
То ба фазпу ҳунар кунй
пайванд.
На ба мансаб бувад
баланднн мард.
Балки мансаб шавад ба
мард баланд.
МУХБИР: — Лутфан ба саволи охирини мо ҷавоб
бигуед. Шумо дар чй гуна оила тарбия ёфтаед?
Б.К.: — Ман дар оилаи деҳқони серфарзанд тарбия
ёфтаам. Мо 10 нафарем. Модарам «.аҳрамонмодар
аст. Аз ин рӯ, ба ман вазъи оилаҳои серфарзанд чун
оина равшан аст. Масъалаҳои ҳалталаб дар ин оилаҳо
басе зиёд аст. Сари яке аз онҳо андешаҳои хешро
баён мекунам. Кудакони деҳот қариб, ки аз
кӯдакистонҳо маҳруманд, дар шаҳрҳои ҷумҳурй ҳам
вазъият хуб нест. Пешниҳоде дорам. Агар
кудакистонҳои оилавй таъсис мекарданд, хеле хуб
мешуд. Дар он сурат модари тоҷик бо кор, тифлон
бо мураббй таъмин мешуданд. Ҳоло ба ҳар шаш
нафар тифл дар кӯдакистон як мураббй рост меояд.
Давлат имруз қудрати сохтани кӯдакистонҳоро на-
дорад. Дар сурати таъсиси кудакистонҳои оилавй
давлат фақат барои хӯрок, асбобу анҷом ва музди
кор маблағ сарф мекарду халос. Мувофиқи ҳисобу
китоб мо 30 ҳазор нафар занонро бо ин роҳ ба кор
таъмин карда метавонистем.
Ана суҳбатамон ҳам анҷом ёфт. Намедонам хо-
нандагон ба он чй гуна муносибат хоҳанд кард. Шояд
саволҳои нав пайдо шаванд?
Масалан:
— Барои чй маҳз Бурй Бачабековичро ба КМ ҷеғ
заданд, то ба назди издиҳом фиристанд?
251
— Агар ҷеғ намезаданд, воқеаҳо чй гуна сурат
мегирифт?
— Агар «Комитети-17» хӯҷаини ҳақиқии вазъият
намебуд, пас барои чй роҳ,барият барон ба истеъфо
рафтан тайёр будани худро изх,ор кард? Дар хиёбони
ба ҷунбиш омада ва валангори Ленин нидоҳои «Мо
ғалаба кардем!» — баланд шуд. «Мо» — яъне «онҳо»
кистад? Оё онҳо фақат гами осудагию оромии моро
мехӯрданд?
Хонандагони гиромй! Ҳамаи саволҳои пайдошуда-
ро пешниҳод бикунед. Бурй Каримов барои ба онҳо
ҷавоб додан омода аст.
Мусоҳиб В. ЖУКОВ
Оре, ман барои саволҳо ҷавоб додан омода бу-
дам, вале мутаассифона ҳафтаворро бастанд. Сабаб
маълум...
Аз ин ру, лозим донистам чанде аз он саволу
ҷавобҳоро ин ҷо ҷой бидиҳам:
САВОЛҚОИ МАРДУМ
— Кай колхозу колхозчиён, худи пахтакорон
соҳиби валюта (арз) мешаванд? Чаро дар вакдаш ин
масъаларо ҳал накардед? «Таётав»-у компютор ло-
зим ё таҷҳизот?
Салимов,
ноҳияи Колхозобод.
— Чаро замин дар як ноҳия меҷунбад ё сел меби-
ёяд, вале «стихия» гуфта ба дигар ноҳияҳо маблаг
ҷудо мекунанд?
Аҳмадбеков, ноҳияи Ишкошим.
— Дар бораи худ маълумот бидиҳед.
Рофиев, Самадов,
ноҳияи Ишкошим.
252
Шуморо дар Пленум ба забони тоҷикй ran задан
намонданд, худро чи хел ҳис кардед? Бояд якравй
карда фақат тоҷикй сухан мегуфтед. Умуман
мақсади Шумо дар бораи забону фарҳанг?
Гафуров, Душанбе
— Оё ҳис намекунед, ки дар солҳои бозсозй ҳам
роҳбарон нисбати дину оин хайрхоҳ нестанд. Аз зиёд
шудани қатори масҷидҳо дар ҳаросанд? Дар бораи
гушаҳои ноободу муқаддас чй фикр доред?
— Фикри Шумо нисбати лагандбардорон, таъқиби
кадрҳои ҷавон ва роҳбарон чист? Оё бе тарбияи
кадрҳои ҷавон кор ба чое мерасад?
— Чаро Шабдолов ба Шумо ёрй нарасонид, охир
уро одами замони нав мегуфтанд?
Ва ғайраҳо.
Душанбе,
гурӯҳи донишҷуён
ҶАВОБХ,ОИ MAH
Пахта аслан ҷои ҳама гуна зироатро гирифтааст,
вале мутаассифона, ин ганҷи гаронбаҳо ба ниҳояти
кор ба фоидаи мо нест. Қисми зиёди он берун аз
ҷумҳурй меравад. Қисмати ками нахи пахта дар хо-
Йиҷа фурӯхта мешавад. Заводҳо валюта мегиранд.
н моли худи у мешавад. Деҳқон, ки корандаи асосй
аст, аз натиҷаи меҳнати худ бебаҳра мемонад. Замо-
не заҳматкашон аз ин гуна рафтори роҳбарон
бехабар буданд, кор ба хайр Ьуд, лек акнун каму
беш ки огоҳанд ҳануз ҳам тақдири худро ба дасти
онҳо супоридаанд.
Агар қисми асосии ин даромад ба колхозу сов-
хозҳо гашта меомад, вазъи йқтисодиву иҷтимоии
деҳот кайҳо беҳ мешуд. Дар он сурат ҳар як хоҷагй
соҳиби пулу маблағи худ мегашт ва дар айни ҳол
адолати иҷтимой барқарор мешуд.
Акнун равшан аст, ки роҳбарони заводҳои пахта
маблағҳоеро, ки аз ҳисоби фурӯши нахи пахта ба
253
ч
даст меоранд, ба чй кор сарф мекунанд? Ҳар хел
автомашинаҳои сабукрави хориҷй ва дигар молҳои
истеъмоли дуюмдараҷа мехаранд, ки ба ҷомеа кам
нафъ дорад.Инҳоро роҳбарони мақомоти олй, ки аз
ин бозй суди зиёд мегиранд, хуб медонанд.
Лоиҳаи қарори Шурой Вазиронро, ки Муаллифи
асосии он Во^идов, собик, раиси кумитаи агросаноа-
тии ҷумҳурй буд, ба ҳамин мақсад таҳия'карда
буданд. Мувофиқи он к,ариб ҳамаи маблағ мебоист
дар дасти кумитаи агросаноатй ё Шурой Вазирон
қарор медошт.
Ман ба ин лоиқа мухолиф будам. Борҳо фикри
худро хаттй ба Шурой Вазирон фиристодам. Дар
Президиуми Шурой Вазирон норозигиямро изҳор на-
мудам. Бо ин сабаб ба ҳукми қонун даромадани
лоиҳа ба таъхир афтод. Вале баъдтар ин масъала
ҳалли худро ёфт. Албатта, на ба манфиати марди
деҳқон, балки ба нафъи «бакавулон».
Кас ҳайрон мешуд, ки наход ҳоли зори мардумро
дидаву дониста боз қарорҳое қабул менамоем, ки
ба дарди мардум намехӯранд.
Хуллас, шикастани қолабҳои кӯҳнаи давраҳои ка-
рахтй бас душвор будааст. Каси танҳо дар
мубориза миёни худро мешикастаасту халос. Мута-
ассифона, гирди ин мавзӯъ ran бисёру аз кори амалй
дараке нест. Агар ба ҷои беҳуда сарф намудани
маблағ таҷҳизоти лозимй харида мешуд, он гох, кор-
карди нахи пахта зиёд мегардиду фоидаи дилхоҳ ба
даст меомад. Х,ам ёр намеранҷиду ҳам лаъл ба даст
меомад.
Вақте ки сухан дар бораи масъалаи тақсиму исти-
фодаи нодурусти валюта меравад, маро хоҳиши
хаттии Госплан ба унвони Воҳидов ба ёд меояд. Мо
муроҷиат намуда илтимос кардем чанд компютерро
барои Институти тадқиқотии иҷтисодии назди Коми-
тети баплангирй ҷудо кунанд. Мӯҳтарам Воҳидов ин
хоҳиши моро баъд аз муроҷиатҳои зиёд қисман
иҷро карданду халос. Он вақт ҳайрон мешудам, ки
агар он компютерҳоро барои Институти Госплан ра-
во надонанд, пас кй ва кадом корхонаҳои ҷумҳурй
аз Госплану институташ дида бештар эҳтиёҷ доранд?
Имруз мефаҳмем, ки онҳо чун «Экспонат» дар бисёр
254
ҷойҳо хобидаанд. То ҳоло саҳми роҳбарони оли-
мақом дар кушодани гиреҳҳои ин калобаи саргум
муайян нест... Гирди ин масъалаҳо ҳаёҳуи зиёд буду
натиҷа *еҷ... Акнун бубинед, ки ҳамон деҳқонон дар
ноҳияи Восеъ чй ҳоле доранд?.. «Қариб 85 фоизи
мардуми ин ноҳия (Восеъ) дар сатҳи қашшоқй умр
ба cap мебаранд, деҳ-деҳ мардум аз заҳри ҳавою
замини пахта касал шудаанд, минбаъд чй хел зиндагй
хоҳанд кард? Аз ҳисоби кадом хазина ва захира?!» —
менависад С.Мирзошоев.
Касалии сил дар ҳудуди чор колхози ноҳияи Восеъ
на танҳо роҳбарони вилояту ноҳия, балки ҷумҳуриро
бояд ба ташвиш оварад. Гузаранда будани ин касалро
набояд фаромӯш кард. Барои аҳолии ҷабрдидаи ин
хоҷагиҳо бояд шароитҳои мусоиди кору зиндагй фа-
роҳам овард. Қарорҳои дахлдор қабул кардаи
Шурои Вазирон нисбати ин ноҳия иҷро нашуда мон-
данд.
Барои ҳалли ин масъала аз ҷои дигару каси дигар
хазинаву маблағ пурсидан айб аст. Ҷумҳурй ва вилоят
қодир аст ба ин кор кӯмаки амалй расонад. Агар 80
фоизи валюта ба дасти деҳқон мебуд, магар ин
маразро даво ёфтан душворие дошт?..
Яке аз масъалаҳои асосие, ки таи солҳои охир ба
суръату сифати сохтмони асосй зарба мезад ва роҳи
«ҷурабозй»-ро дар ин соҳа васеъ кушода буд, ин ба
ном «ҳодисаҳои нохуши табиат» аст.
Марказ баъд аз ҳодисаҳои нохуш, ба монанди
заминларза, лағжиши замин, омадани сел ва ғайраҳо
ба миқдори муайян, баъзан тамоман ночиз ьМабпаг
ҷудо менамуд. Роҳбарон ва масъулон аз ин истифо-
да бурда, шумораи иншоотҳои сохтмонро зиёд
нишон медоданд. Маблағ ночиз бошад ҳам муҳим
буд, ки номи иншоот дар нақшаҳо пайдо шавад,
соли оянда бошад, аллакай бо ин сабабҳо барои
нақша гирифтан маҷбур менамуданд, сохтмонашро
cap мекарданд. Баъзан иҷозат дода мешуд, ки аз
ҳисоби сохтмони умумй, бе дигар намудани нақшаҳо
сохтмони иншоотҳо оғоз карда шавад. Вале ба ҳар як
фард маълум аст, ки ин тавр ҳ,ал кардани масъа-
лаҳо нодуруст ва то чй андоза зарарнок мебошад.
Ҳамин тариқ, сафи иншоотҳои сохтмонй меаф-
зуд, корҳои нотамом зиёд мешуданд, лек аз ин
255
ҳисоб «иншоотхои хоса», аз ҷумла бо хоҳиши ёру
рафиқ ба нақшагирифта сохта мешуданд.
Чун ба вазифаи раиси Госплан таъин шудам, ба
хотима гузоштани ин харҷу марҷ даст задам. Дар
вақти вазир буданам ин масъаларо хуб дарк карда
будам. Ин буд, ки чанд маротиба дар маҷлисҳои
гуногун, аз ҷумла дар сессиям Шурои Олии ҷумҳурй
дар ин бора сухан кардам. Алоатта чунин рафтор
кардани май на ба ҳама мефорид. Махсусан ба
роҳбарон. Боре сари ин мавзӯъ бо раис Ҳаёев ва
ҷонишини якумаш Кошлаков баҳсу мунозираи ҷиддие
барпо шуд. Сабаби ин мунозира мактуби расмие буд,
ки ба унвони Шурой Вазирон дар ин бора навишта
будам. Мазмуни ин мактуб ба онҳо маъқул нашуда
буд. Сониян, ман қарори ҳукуматро дар бораи ба
таври иловагй дохил кардани иншоотҳои нав, ки ба
ҳодисаҳои нохуш ягон робитае надоштанд, имзо на-
кардам. Ин рафтори ман қаҳру ғазаби онҳоро
оварда буд. Онҳо о дат карда буданд, ки супориши
қарорҳо бе гуфтугӯ имзо шаванд. Рафти бартараф
кардани ҳодисаҳои нохуш ҳақ будани манро исбот
карданд.
На имрӯз, балки дирӯз забони модарии мо аз
раёсату сиёсат берун карда шуда буд. Аз нигоҳи ман
ва барои ман ин аламовартарин чиз аст. Модом, ки
забони модарии мо аз раёсату сиёсат дур аст, на
ҳукумат ва на вазоратҳо, инчунин роҳбарон худро
ҳомии асосии халқ номиданашон раво нест. Баъдан
онх,о лозим намедонанд ва ҳавасманд ҳам нестанд,
ки баҳри таъмиру таҷдиди забони тоҷикй чорае буби-
нанд. Аллакай ин забон барои онҳо забони модарй
нест...
Ба ривоҷу равнақ ва эҳёи мартабаи аслии забон
фақат соҳибзабонон рафтор мекунад. Чй илоҷ, ки
вақтҳои охир соҳибзабони дилсӯз кам шудаву забони
шарифи мо хор...Агар як сари қадам ба Институти
таърих, археология ва этнографиям ба номи Аҳмади
Дониш, ба Институти забон ва адабиёти ба номи Абу-
абдуллои Рудакй дароем, мебинему дарк мекунем,
ки мо то чи андоза «ғамхори забони миллату таърихи
волои» уем. Оре, паи ҳам аз сатҳи пасти
фарҳанг садову валвала мебардорем, гоҳо ба сан-
256
дуқи сина мушт зада, худро намояндаи миллати
бузурги хеш муаррифя менамоем.
Нисбати фарҳанги ниёгон бепарво будан маънои
аз имрузу фардои худ бенасиб монондани худу
фарзандони хешро дорад...
Вақте ки косахонаҳои сари бесоҳиби гузаштагон-
ро мебинам, азият гулӯгирам мекунад. Он миллат
қадреву поддоше пайдо мекунад, ки агар ғами гу-
заштаву имрӯза ва ояндаи фарзандони худро хӯрад.
Дилам ба ҳамон дилсӯзони таъриху забон, мада-
ният месӯзад, ки аз гуфтани зиёд дилсард шудаанд.
Месӯзад дилам ба мазмуни гуфтори онҳо, дасти
умед дароз кардани эшон. Ҳар дам ба худ, ба онҳое,
ки мутасаддияшон мегӯянд, муроҷиат менамоям, оё
сабаби ҳамин хел рафтор нест, ки дар ин ҳолем?
Роҳи халосЯ меҷӯем. Ва боз ҳам кури худем... Наме-
бинем, ки раҳнамову чигилкушои гиреҳҳои зиндагии
хеш худи моем...
Одам бо одам зинда аст, байни онон зиндагй ме-
кунад. Поктинату боидроку боинсоф будан, на
фақат барои худ, балки барои дигарон зистан ба
маънои том зиндагЯ ном дорад. Бо одамон, атрофи-
ён забон ёфтаву онҳоро бо худ ба пеш ба роҳи
дуруст ҳидоят намудан, худ зиндагЯ аст. На ҳамту
руз г у зарони дан...
Бо сабабҳои беэътиноЯ ба забону фарҳанг ва ме-
роси гузашта зарбаи сахт зада шуд. Мероси
фарҳангие, ки аз ниёгони мо бароямон боқя монда-
аст, ҳамто надорад. Ба ҳамаи ин таърих гувоҳ аст.
Бисёр хуб мешуд, тамоми омузгорон аз богча то ба
мактабу донишкадаҳои олЯ новобаста аз он ки ба
омӯзиши фанни ҷуғрофия, математика ё худ физика
банд мебошанд, аз мероси гузаштаи хеш, дар бораи
хислатҳои волои инсонЯ 4-5 дақиқа сухан кунанд.
Бойтарин меросро истифода карда, бузургтарин
корро бо ин роҳ, иҷро менамудем. Вале мо аз ин
замин канда шудем ва минбаъд агар бо ин роҳ дар
якҷоягЯ амал накунем, дар солҳои наздик кори шо-
истае ба сомон намерасад. Вазъи забони миллЯ баъд
аз қабули қарорҳои дахлдор ҳам маро ба ташвишу
изтироб меоварад. Мо то дируз пеши деҳқонони
пахтакор бо забони онҳо сӯҳбат намекардем. Охир,
257
бечора деҳқон аз кадом боб сухан рафтанашро на-
мефаҳмид. Иқтидори забонро агар ба таври бояду
шояд истифода накунем, ба ҳадаф намерасем. Ин-
сон фақат бо забони модарии худ фикри хешро
баръало ва гуворо пешкаши шунаванда намуда ва
баръакс, бо забони модарй сухан шунавида, уро хуб
дарк мекунад. Санъату ҳусни сухан аз забони мо-
дарй бояд огоз шавад. Агар ҳатман ру ба содда
кардани мафҳумҳои техникиву илмЯ наорем, ис-
лоҳоти мукаммали забони илмЯ надошта бошем,
савияи дониши мардумро баланд бардошта намета-
вонем. Барой он ки эҷодкорона кор кунем, бояд
забони модариро сайқал диҳем, дарвозаҳоро барои
истифодаи он дар ҳама соҳаҳо васеъ кушоем. Мута-
ассифона, имрӯз акси ҳол дида мешавад. То он замон
ки ин беэътиноЯ вуҷуд дорад, забони миллЯ костааст,
ба инкишофи фарҳанги мардум кумак карда намета-
вонад ва ақибмонЯ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ
афзудан мегирад. Таассуф, ки барои фаъолияти
эҷодкорона шароит фароҳам оварда намешавад. Ин
иллат бисёр хафвнок аст.
Аз нигоҳи илм, мантиқ, ақоид, имрӯз бо меҳнатка-
шони оддЯ ба забони соддаву фаҳмо ва гуворо
гуфтугӯ кардан мувофиқи мақсад аст. Мо бояд ба ин
роҳ аз нигоҳи илм бо истифодаи забони миллЯ ба у
таъсир расонида, дониши мардумро ба савияи зару-
рии инкишоф расонем. Мақсад аз ҳар гуна чорабинЯ
ин ошкор сохтан ва фаҳмондани моҳияти он аст. Ин
вазифаро танҳо бо забони худи халқ ба сомон рас-
онидан мумкин аст. Танҳо бо ин роҳ мо имкон пайдо
мекунем, дар ҷумҳурЯ забони миллЯ вазифаи худро
ҳамаҷониба иҷро намояд. Ин масъала дар айни замон
диқк,ати махсуси ҳамагонро талаб мекунад. Имрӯз
ба он зарурати ҳатмЯ дорем, ин талаботест, ки онро
ба назар нагирифтан ё сарфи назар кардан гуноҳ аст.
СусткорЯ дар ин ҷода ба ақибравЯ бурда мерасонад.
Касе, ки дар ин ҷода халал мерасонад, онҳое, ки ин
корро ночиз меҳисобанд, дар назди мардуми тоҷик
ҷавобгаранд. Забони модарии худро ҳурмат накар-
да, ба ҳурмати забони дигар миллатҳо расидан амри
муҳол аст. Аз ин нигоҳ, нисбати забону фарҳанги
миллЯ мусбя рафтор кардан то дараҷае қарзи интер-
258
насионалистии худро ба ҷо овардан аст. Касе, ки
зодгоҳу диёри худ, Ватанашро, фарҳангу забони
миллати худро дуст намедорад, аз вай рафтори ин-
тернасионалию ватандустй умедвор шудан хатост.
Сад афсӯс мехурам, ҳизбе, ки худро ақл, шараф
ва виҷдони даврони мо номидааст, рӯирост нисбати
забои беҳурматй мекунад. Ба тоҷик аз минбари
анҷумани тоҷикон иҷозаи сухан надодан ба ягон
чорчӯбаи инсоф, ақлу шараф ва виҷдон намеғунҷад!
Оё тоҷикон иштирокчиёни Пленум буданд? Оё сарфи
назар кардан аз ҳуқуқи инсон ва мань кардани су-
хангӯй ба забони модарй магар қонуншиканй нест?
Ҳарчанд ки қонуншиканй дар ташкилотҳои ҳизби ком-
мунистй ба ҳукми Қонун даромадаст.
Мо баъзан худро «аз як тараф ба тарафи дигар»
мезанем. Солҳои пешин муносибати мо ба дину оин
назари курона буд. Во дилу дидаи танг ба дин назар
меафкандем. Ҳол он ки мақсаду мароми дин ҳам
бештар ҳақиқатпарастй, адлу инсоф, инсондустй, ба
роҳи рост ҳидоят кардани одамон аст.
Хислатҳои волои инсониро дин тараннум карда,
одамонро дар руҳи ботамкину батадбир будан,
виҷдони пок доштан, ба моли мардум ва ҷамъият бо
чашми нек нигоҳ кардану аз гайбату дуруягй дур
будан тарбия мекунад.
Ҳамчунин ғамхору дилсӯз будан, ба бечорагон
дасти ёрй расонидан, ҳамнафаси халқу Ватан будан-
ро ҳидоят мекунад. Акнун хулоса мебарорем ва ба
худ суол медиҳем, ки таи солҳои зиёд оё рафтори
мо нисбати дину оин дуруст буд?
Ҳама айбе, ки мо ба дину оин бор менамудем, ин
айби худи мо буд, чунки мо ҳамагон аз нилоҳи дин
бесаводу чаласавод будем. Мо бояд хатогии худро
бо шарофати фаро расидани бозсозй ислоҳ намоем.
Тамоми неруҳои солимфикрро баҳри беҳбудии кор
дуруст ҳидоят намоем. Он вақт гумон мекунам,
меҳру муҳаббат, нисбати якдигар боло мегирад, ма-
данияту маънавиёти мо ғанитар мегардад. Бисёр вақт
аз забони роҳбарон дар хусуси воситаҳои тарбияи
ахлоқй басо суханҳои подарҳаво дар мақомоти бо-
ло мешунидам. Бар хилофи фикру ақидаҳои худ
259
дидам, ки онон чй хел якдилу яктан бо тамоми ҳасти-
яшон ба хислатҳои ҳамидаи инсонй иснод меоваранд.
Бале, иснод меоваранду мардум ин рафтор, гуфтор-
ро медиду мешунавид. Медиданду лаби ҳайрат
газида, чашм мепӯшиданд...
Баъзеҳо ба воситаи «гуфтори зебо», гуё дурри
маънй месуфтанд. Одамони нуқтасанҷ, маънисанҷ
фоидаву зиёни гуфтори ононро баркашида хулоса
мекарданд... Афсӯс, ки на ҳама аз сирру асрори онҳо
воқифанд.
Гумон мекунам, дар ҳама ҳолатҳои вазнину душ-
вори зиндагй набояд имконият диҳем, ки ҳуқуқҳои
оддии инсон поймол карда шаванд. Медидем, ки ба
касе беасос ҳамла меоранду хомӯшем.
Чунки ахлоқи ҳамидаи мо, тарбияи гирифтаи мо
яктарафа буда, моро аз бедор будан то андозае
дур медорад. Хулқу атвор, одаму одамгарй, покиву
покдоманй, ҳалимиву меҳрубонй дар навбати худ,
мардонагй, қадршиносй ва вафодориро тақозо ме-
кунад. Афсӯс, ки аз ин талаби вақту замон хеле
дурем. Мо на муборизи раҳи адлу ҳақиқат, балки
муборизи курсии мансаб, тақсими ҷоҳу ҷалол туда
мондаем... Аз ин рӯ хорем.
Бо чашми худ дидам, ки мурдаро дар қуттй бо
банд аз тирезаи хонаи баландошёна мефуровар-
данд. Сабаб? Танг будани зинаи баромаду фаромад.
Сониян, намуди зоҳирии бинову иншоотҳои мо аз
гузаштаву имрӯза ва хусусиятҳои хоси миллии мо
тиҳианд. Наход, илоҷе наёбем, ки барои гузаронида-
ни маросимҳои миллй байни чанд хонаҳои
баландошёна ҷойҳои ҷамъиятй дошта бошем. Охир,
то ба кай ба анъанаҳои волои бобои худ аз пушти
панҷа менигарем? Чаро новобаста аз ҳизбиятамон
баъзан пинҳонй урфу одатҳои аҷдодиро ба ҷо мео-
рему боз нисбати миллати худ беэътиной мекунем.
Киро фиреб медиҳем? Худро? Халқро? Худоро?
Барои мисол агар марҳумро садои ҷонгудози найи
миллй, дутор ё ғижжак гусел кунад ва ё худ мурда
болои тобути миллй ба роҳи охирон гуселонида ша-
вад, магар дунё фурӯ меравад? Албатта, ин \ама
кори шахсии худи одамон мебошад, вале дар ин
корҳо чаро дуруягй, ғиромбозй?! Роҳбароне ҳастанд,
260
ки муқобили дину оинанд, вале ҳама наздикони худ-
ро ҷанозаю худой мекунанд. Магар ин ҳама аз руи
виҷдон аст? Умуман бо хусусиятҳои хоси миллй
гӯронидани мурда аз нуқтаи назари гузашта, маъна-
виёт ва икдисодиёт дуруст ва каммасраф аст. Агар
рӯзи видоъ фақирона, бо кафан, бе костюму галстук
ин дунёро тарк мекардаму расму русуми дину оини
бобой истифода мешуд, беормон мебудам. Зикри
хайр аз ҳама болост, агар насибат гаштааст...
Вуд айёме, ки ба дину оини худ зарба мезадем.
Муллоҳоро душмани халк, меномидем. На фақат ба
ном муллоҳоро, балки дар асл муллоХ|Оро. Ҳоло
бошад, рӯзамон ба нимчамуллоҳо мондаву бо онҳо
сэру кор дорем. Китобсӯзиҳои мо то ҳол аз хотири
халк, дур нашудааст. Чй к,адар бо ин роҳ ба ҷаҳони
маънавй, рушду камоли худ зарба зада будем.
Аз рӯи нақлҳои шунидаам даҳшат будааст. Ки-
тобҳоро то ки эмин монанд, зери хок менамуданд.
Аз ин ру, қисмати камтари адабиёти гузаштаи мо то
ба.имруз омада расидаасту халос. Магар ин ба ада-
биёти имрӯзаи мо, забони адабии мо, маънавиёти мо
таъсир нарасонид? Оё ин ваҳшоният набуд?
Обод кардани гӯристон , сари қабри падару мода-
рон гулдаста мондан, дарахте шинондан, дуову
фотиҳа кардан ин ҳама шаҳодати барозандагии ма-
даният аст. Вале сад афсӯс, ноободу харобем. Сад
афсӯс! Фарзандоне ҳастанд, ки қабри падарони худ-
ро намеёбанд, барои хотираи неки онҳо моҳе, соле
боре вақт ҷудо намекунанд. Ин аст, ки дур аз имон,
дур аз инсоф мешавем. Пас барои мо
муқаддастарин, волотарин корҳо кадомҳоянд? Харо-
бии маънавии мо имрӯзҳо ҳамаро ба ташвиш
овардааст. Ин ҳақиқати талхест, ки мо илоҷи пинҳон
карданро надорем.
Истифодаи дуруст ва бамавриди дин ва қонунҳои
ислом, ки аз кори ба низом овардани арзишҳои волои
инсонй шах,одат медиҳанд, лозим мебошад. Истифо-
даи дурусти он аз роҳҳои нодуруст ва беодобй
ҳамагонро боздошта, ҷаҳони ботинии инсонро бой
мегардонад. Анъанаҳои неки гузаштаи халқи худро
зинда карда, ба ин восита ахлоқи халқи худро сайқал
додан вазифаи басо муҳим аст.
261
Баланд бардоштани фаросати маънавию иҷтимой
ба маҳалпарастй зарба мезанад. Аз рӯи ин муаммо
ниқобро бардоштан лозим аст. Ҷой доштан, реша
давондани ин дард дар зинаҳои гуногуни роҳбарй
нақши бештаре дорад. Роҳи ягонаи ҳалли он баланд
бардоштани маданияти омма, фаросати иҷтимой, ит-
тиҳоду ҳамдилию ваҳдат ва муборизаи беамон
зидди маҳалгарой.гурӯҳбозй ва мардумфиребй ме-
бошад. Ҳавои касифи ахлоқи ношоиста моро бӯгй
кардааст ва барои аз он берун шудан заҳмати зиё-
де лозим аст. Барои рӯ ба тараққй ниҳодан
саҳмгузору худогоҳ будан лозим аст.
Дар ҳама давру замон гирди роҳбарон шахсони
ҳасадбару бадтинат низ тор метаниданд. Онҳо дар
ҳаққи шахсони поку соф аз бадгӯй рӯй намегардо-
нанд. Баъзеҳо аз пушти парда кор мебаранд.
Сураташон диданй, вале ботинашон нопоку сиёҳ аст.
Пеши мардум ҳарфи дигар доранд, аз пушти он
бадгӯй менамоянд. Чанде аз онҳо то рузҳои феврал
сари ҳокимият буда, ба роҳбарони олимартаба
«луқма» медоданд. Нисбати бедорфикрони ҷумҳурй
«досье» мегундоштанд. Барои баъзе роҳбарон онон
«қаҳрамон» ҳисоб мешуданд. Аз тарафи дигар,
таҷрибаи зиндагй худ далолат мекунад, ки «аҷали»
роҳбаронро чунин дарбориён наздик менамоянд. Ин
ба он оварда мерасонад, ки роҳбарон бо фикру
ақидаи худ кам кор карда, фирефтаи онҳо шуда, ба
хатогиҳои авфнопазир рох, медиҳанд.
Ин ҳолат касро мабур месозад, дар андешаи
муҳофизати халқ азоб кашад, лозим бошад, хешро
ба нокомиву қурбонй омода созад. Инро имону
виҷдони кас талаб мекунад. Агар роҳбарони мо
соҳиби хислатҳои хосу барҷастаи роҳбарикунанда
мебуданд, бо забони соддаву оммафаҳми худ дили
халқро ба даст меоварданд, ё хоҳиши «хоҷа»-ро
амалй месохтанд, ҳеҷ гох, роҳ намедоданд, ки кор то
ба ин дараҷа расад.
Он рӯзҳо мардум барои арзи ҳоли хеш омаданд,
вале атрофиёни роҳбарони олимартаба, маккорони
дарбор онҳоро фиреб доданд. Ҳам худрову ҳам
халқи бечораро гирифтори бадбахтй гардониданд.
Макри дарбориён хело решадор ва гаразнок аст.
262
Рузе мардум ба дод омада, баҳри дифои ҳаққу
ҳуқуқи инсонии хеш камари ҳиммат хоҳад бает. Зул-
му ситам, дурӯғу буҳтонро умр кӯтоҳ, аст. Теша ба
реша ва пешаи худ задан оқибат надорад. Фарзандо-
ни сазовори миллат арзи ҳастй хоҳанд кард. Онҳое,
ки дар синаи мардуму миллат дог гузоштаанд, ҷавоб
хоҳанд дод. Фиребгару чоплус, авбошу ифротиён
дастгир хоҳанд шуд. Ба фаъолияти ғайриинсонии баъ-
зеҳо хотима хоҳанд дод.
Ба раги нангу номуси миллат сузан заданд. Рузе
он тор садо хоҳад дод, адолату накукорй, покию
вафодорЯ, хислатҳои наҷиби инсонЯ ва ба ин монанд
рафтору гуфтор боло хоҳад гирифт. Дар корҳои
роҳбарЯ пояи давлатдорЯ аз адл бояд барпо кард,
на аз зулму ҷабр, вагарна хавф доимо чун шамшери
тез тори сари мо хоҳад истод:
Ҳар кЯ бо душ мании халқ равон аст,
чу баҳр
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб
хурад.
(Сайидо)
Адл на танҳо ба маънои гӯш кардан ба нолишу
дарди сахти мардуми бечора, балки кушодану
ворастани уқдаҳои мураккаби зиндагЯ, мададгори
заифон, бечорагон, камбагалону бепарасторон.
Афсӯс, ки худи онҳо имруз аз ҳаққу ҳуқуқи худ
кам огоҳанд, ба ин сабао аз ҳукумат ва роҳбарон
луқмаи ҳалолй худро хоста наметавонанд. Роҳбаро-
ну вузаро бояд ҳамеша дар банди андешаи беҳбудии
рузгори халк, бошанд. Оқиливу хислатҳои наҷиби
онҳо аз ин майлу рағбати нек хуб ҳис карда хоҳад
шуд. Дар масъалаи дуруст идора кардани ин ё он
соҳаи хоҷагии халқ маҳз фаъолияти шахсии ҳар як
роҳбар бояд баръало намоён бошад.
Агар зулму ситамро пешаи худ кунем, ру ба та-
наззул мениҳем, ин ба тороҷи моликияти халқ
оварда мерасонад. Фақат тадбирҳои одилонаи мар-
думро ба ҳисоб гирифта, такя ба онон намуда, аз
ҳоли табоҳе, ки дорем, наҷот хоҳем ёфт. Аз рӯи
инсоф кор кардани роҳбар яке аз роҳҳои халосист.
263
✓
Роҳбари бо адлу инсофро низ бояд дарёфт кард.
Онҳо дар сатҳи миёнаи роҳбарй хело зиёданд.
Мутаассифона, системам маъмурию фармондиҳии
имрӯза онҳоро аз ин сатҳ боло баромадан намемо-
над. Ин ба фоидаи система нахоҳад буд. Система
одамони лаганбардор, фармонраво ва дастёри худ-
ро дарёфт намуда, ҷо ба ҷо мегузорад. Дар ин роҳ
система меҳнати зиёдро ба харҷ медиҳад...
Дар «Сиёсатнома»-и Низомулмулук омада: «Ин
замон рӯзгоре пайдо шудааст, ки агар хуни сад му-
сулмон бирезанду а до хоҳанд, аз касе ба як ҷав
барнадоранд, то зар дарнаёранд. Чун зар бигиранд,
низ кор барнаёранд, аҷабо, баъд аз ин чй гуна хоҳад
буд?!».
Дар ин Сиёсатномаи худ бузургвори гузаштаи мо
тарафдори роҳбарони донишманду кордон, бо-
маҳорату хушрафтор, содиқу вафодор аст. Ва ноҳақ
озурдани шахсро гуноҳи азим шуморидааст. Ҳама-
гон донанд чунин қазияро:
Мвшвврат и дроку ҳушёрй диҳад,
Ацлцоро вқлҳо 6рЯ днҳад.
...лек, чи бошад, ки аз машваратҳои ҳаққонй гуре-
зонем, чашм мепушем.
Роҳбарон худро хушҳол ҳис намекунанд, вақте ки
сухан дар бораи сатҳи зиндагй меравад. Мо бояд
қиёсҳои соддалавҳонаро истифода набарем. То ба
кай рузгорамонро бо кишвари ҳамсояи Афғонистон
ва нишондиҳандаҳои соли 1913 қиёс кунем?!
Аминам, баръакс, аз гаштаю баргашта шунидани
ин даъвоҳо мо бояд хулосаи даркорй барорем ва
тамоми қуввату қудрати худро оа он равона созем,
то ба дараҷае сатҳи зиндагии мардумро баланд бар-
дорем.
Бисёриҳо даъво ҳам мекунанд, ки 12,16,18 соат ва
қариб, ки шабу рӯз кор мекунанд. Ope, чунин роҳба-
рон ҳастанд, ки аз руи кор карда натавонистан,
дуруст ба нақша нагирифтани рӯзи корй ҳам худ ва
ҳам дигаронро дар азоб мемонанд. Лек имрӯз ин
меъёр — меъёри замони карахтист. Меҳнати ҳалол
маҳсули бобарор бояд дошта бошад ва зиёдкунан-
264
дай фоидаву даромад бошад. Чунин меҳнат, дар
навбати худ, шарти зарурии баланд бардоштани сатҳи
зиндагии мардум мебошад. Бисёр мутаассир шудам,
вақте ки меҳмони заҳматкашони колхози овозадори
Ленини ноҳияи Восеъ шудам, бо чашми худ дидам ва
дарк намудам, ки маблагҳои ин хоҷагй баҳри беҳбу-
дии мардуми он оқилона истифода намешавад.
Мардуми ин хоҷагй аз маъмурияту сатҳи зиндагии
худ норозй буданд.
Агар ҳар як мутахассис, роҳбар дар ҷои кори худ
худогоҳ ва эҷодкор набошад, ба таври амалЯ, кам
бошад ҳам, дар ҷамъият, ба маънои томаш мавқеи
муайяне ёфта, фонда наорад, ҷомеаи мо ру ба та-
раққя намениҳад. Ба ин мазмун дар роҳи
пурпечутоби зиндагЯ мо пеш аз ҳама нисбати худ ва
дигарон бояд ҳам боадолату ҳам сахтгир бошем.
Роҳбарон дар аппарат дигаргуниҳои куллии ҳаёти
ҷамъиятиро раво надонистанд, на барон он ки наме-
тавонанд, балки намехоҳанд. Баҳри беҳбудии худ
назар ба некӯаҳволии ҷомеаю аъзоёни он бештар
мекӯшанд. Ин ҳолатҳо моро ба он оварда мерасо-
над, ки гами муаммоҳоро намехӯрем, нисбати онҳо
бепарвоию беэътиноЯ мекунем.
Ҷавонон бошанд кушиши ҳалли масоилу муам-
моҳоро доранд, мутаассифона, донишу малакаашон
камЯ мекунад. Онҳо бетараф нестанд, ки ҷомеа чЯ
хел тараққй мекунад. Вале ба онҳо роҳ намедиҳанд.
Ин хеле ҳам муҳим аст.
Бисёр чизҳоро ба сари аҳолЯ ҳисоб карда ба
нақша мегирем. Масалан, ба сари чанд нафар талаба
мактаби нархаш «н» сум ва оа он вобаста шароит.
Муаммоҳои мактабҳои деҳот нодуруст ҳал меша-
ванд. Хонандагон каманд ё зиёданд, бояд шароити
хуби хондан дошта бошад, яъне меъёрҳое, ки аз руи
онҳо ин масъалаҳо ҳал мешаванд, бояд дигар бо-
шанд. Дар ин масъалаҳо тафовути байни шаҳру
деҳот бояд кам карда шавад, чунки ояндаи мо ҷаво-
нонанд ва фақат бо роҳи фароҳам овардани
шароити хуб ва тарбияи дуруст ба муваффақ,иятҳо
ноил шудан мумкин аст.
Дар гуфтугуйҳо байни мардум борҳо қайд меша-
вад, ки роҳбарон имтиёзҳои зиёд доранд ва баъзан
ин ҳама аз будаш зиёд нишон дода мешавад. Моде-
ме, ки дар ин бора гапу калоча бисёр ҳаст, лозим
аст, ки ҳамаи аъзоёни ҳукумат ва дигарони имтиёз-
дошта дар баробари мағозаҳо аз бӯстонсароҳои
давлатй, табобатгоҳҳо ва бемористонҳои махсус
даст кашанд. Охир, вақте ки ба бозор меравем, дар
бемористонҳои умумй хоб мекунем, бо нақлиёти
ҷамъиятй ба кор меоем ва дар истироҳатгоҳҳои
ҷумҳурй дам мегирем, ба мардум наздиктар меша-
вем ва муҳимаш гапҳои зиёдатй аз байн мераванду
паи ҳалпи масъалаҳои асосй мешавем.
Имрӯзҳо дар бораи навигариҳое, ки моро
иқтисодиёт интизор аст, бисёр сухан меравад. Мо
иқтисодиёти бозорй мегуем, умуман иқтисодиёт
мегӯем, бигу^ор маро иқтисодчиён бубахшанд, май
як иловае аз худ — «иқтисодиёти амалй» мекунам.
Албатта иқтисодиёти бозорй лозим аст, дигар роҳе
нест. Ба мардум ҳақиқатро гуфтан айни муддаост.
Бозор муддате моро озор медиҳад, махсус марду-
ми меҳнаткаши оддиро. Ин ҳолат ба назар мерасад.
Лек дар ҳама ҳолат ба мардум фақат ҳақиқатро
гуфтан лозим аст. Бе овардани факту рақамҳо маъ-
лум аст, ки баъди ба тарзҳои нави хоҷагидорй
гузаштан қисме аз мардум (ба туфайли қобилияту
истеъдод) ва роҳбарон( бо роҳи зиёд кардани музди
корашон) тавонистанд сатҳи зиндагии худро беҳтар
кунанд. Ҳамин тариқ, қисми зиёди аҳолй нисбатан
музди ночиз доранд ва ин ҳолат дар оянда боз ҳам
шиддат мегирад. Дар ҳолати озод шудани нарх мо
бояд пеш аз ҳама дар бораи онҳо фикр намоем. Таи
солҳои дароз мо онҳоро аз фикр кардан маҳрум
сохтем. Солҳои охир ва соли равон барои ҷумҳурй аз
иттифоқ кӯмакпулии бомаром (субвенция) пешбинй
шудааст. Ин вазъро дар оянда ба роҳи амалй гардо-
нидани тадбирҳои ба эътидол овардани нархҳои
хариди захираҳои ашёи хом ва андешидани чораҳои
яклухт оиди солимгардонии вазъи молиявй барҳам
додан мумкин аст.
Сари ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимой аз
ҳаёти воқей дур шудан лозим нест. Ба саҳлангорй
роҳ надода, имкониятҳои худро бо назардошти исти-
фодаи васеи ҳуқуқҳои ҷумқурй ва Шӯроҳои
266
маҳаллЯ, инкишофи мустақилияти корхонаҳо, хусу-
сан дар шароити бозор ҳамаҷониба истифода бурдан
лозим аст.
Аз сабаби зуран ба водиҳо кӯчондани аҳолии
кӯҳсор навъҳои зироатҳои муайян ва боғҳои кӯҳсор
қариб, ки аз баӣн рафтанд. Мардуми водя он солҳо
гирифтори касалиҳои зиёд гаштанд. Богу токпарварй,
зироаткорЯ то ба дараҷае маҳдуд шуд, ки аз байн
рафт ва имрӯз ривоҷу равнак, додани ин соҳаҳо чан-
дон осон нест. Ҷумҳурии мо нисбати дигар ноҳияҳо
аз руи нишонди\андаҳои зиёди зарурЯ тақрибан ду
ва аз он зиёда ақиб мемонад. Вазъи зиндагии мар-
думи мо бағоят ҳузновар аст. Басанда аст агар ба
деҳоти районной Данғараву Совет ё Восеъ боре
меҳмон шавед. Ҳолатҳои ногувори сатҳи зиндагии
мардуми ноҳияҳои гирду атрофи шаҳр ва худи Ду-
шанберо дидан мумкин аст. Ба ҳамагон маълум аст,
ки дар ҷумҳурй бӯҳрони иқтисодй омирона ҳукм-
фармоЯ мекунад ва аз овардани мисолҳои зиёде
нисбати вазъи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва маънавиёт
худдорЯ менамоям. Ҳама ran сари дарк кардани
муаммоҳо ва роҳи дурусти ҳалли онҳост.
Дар х,алли масъалаҳои имрӯза, дилпурона пеш
рафтан ба сӯи оянда ҷавонон нақши асосиро бояд
бозанд. Мутаассифона, таи солҳои охир аз ҳисоби
ҷавонони маҳаллЯ кадрҳо дар соҳаҳои гуногуни
хоҷагии халқ, пеш аз ҳама илму техника кам тайёр
карда шудаанд. Дар ҳолатҳои ногувор чунин кадрҳо
аз берун даъват мешуданд. Вазъи имрӯза боз ҳам
аламовар аст. Мардуми ғайритаҳҷоЯ бо сабаби ба мо
маълум, ки дар иттифоқ ва ҷумҳурЯ ҷой доранд,
яъне торафт паст.шудани сатҳи зиндагЯ аз ҷумҳурй
рафта истодаанд. Ин «зуҳурот» ба иқтисодиёти мо ва
аз ҳама ҷиддияш ба ҳаёти иҷтимоии мо зарба меза-
нанд. Оё мо дар тарбияи мутахассисони маҳаллй
ҳама корҳоро ба ҷо оварда истодаем? Агар мо тар-
бияи кадрҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро аз
ҳисоби ҷавонони маҳаллЯ ба таври бояду шояд ба
роҳ намонем, душвориҳои мавҷуда боз ҳам шиддат
мегиранд.
Ҳоли табоҳи театру қасрҳои маданият ва китобхо-
наю мактабҳои ҷумҳурЯ касро бетараф гузошта
267
наметавонад. Дар фикри он будам, ки чЯ тавр ба
онҳо ёрии амалии худро расонам. Вақте ки Фаррух
Қосимовро овораву бо ҳоли хаста медидам, гам
мехӯрдам. Худи ӯ ва меҳнаташ қадр карда наме-
шуд, ҳол он ки ба ҳама маълум буд, ки вай шоистаи
касби худ буда, дар роҳи ривоҷу равнақи театри
касбию миллй меҳнати зиёд ба харҷ медиҳад.
Ҳама аз ҳоли табоҳу вазъи ногувори маданият
сухан кунанд ҳам, баҳри ҳалли масоили оддитарини
театрҳо, аз ҷумла театрҳои навбунёди ҷумҳуря
дилсӯзии ҳақиқЯ зоҳир намекунанд. Ҳукумат, вазо-
рат ва комиҷроияи шаҳри Душанбе ҳалли ин кори
хайрро ба сари якдигар бор карда, дӯлобкорЯ мена-
муданд.
Боз мушкилоте медонам, ки барои баланд бар-
доштани маданияти халқамон, ривоҷи фазой
эҷодкоронаи театрҳои ҷумҳуря пеш омада буд. Аз
он ҷумла ҳайати эҷодии театри ҷавонон ба ду гурӯҳ
ҷудо шуданд. Агар яз як тараф, ин ба рак,ооати
солими эҷодии онҳо оварда расонида бошад, душво-
риҳо низ садди роҳашон буд. Барои онҳо маблағ,
масолеҳ, бино, таҷҳизот лозим буд. Сари ин масъа-
лаҳо онҳо сарсон шуда, аз тарафи ҳукумат ва
шаҳриён дастгирие наёфтанд. Ин ҳолат алами онҳоро
меовард. БеэътиноЯ рӯирост буд. Ин беэътиноЯ аз
сатҳи фарҳангу маданияти сарони ҷумҳурЯ гувоҳЯ
медод. Роҳбарони театр даргоҳи ҳукуматро охурча
карда буданд.
Дигар театри навташкил, ки номи зебои «Гавҳора»-
ро дошт, аҳволаш аз ин бадтар буд. Ба қадри имкон
ба онҳо ёрии худро мерасондам, вале барои ёрии
амалии ҳаққу ҳалол, аз ҷумла дарёфт кардани бино
ва маблаг ҳукумат бояд қарор мебаровард. Дар
бораи паст будани сатҳи маданият аз минбарҳо
борҳо ҳарф зада, аз дарёфт кардани решай ин касо-
лат дур мешудем. Душвор буд бифаҳмем, ки
вазифаи муқаддастарин ба эҷодкорон ёрЯ расони-
дан аст, то онҳо нақшаҳои худро амаля созанду дар
ташаккули маънавии ҷавонони мо нақш гузоранд.
Дар бораи сарфа кардани маблағ фикр мекардему
баланд бардоштани маданияти халқи хеш не. Ин буд,
ки азоби коркунони ин соҳа вазнин аст. Маъмурияти
268
театр — студиям «Гаҳвора» — меҳнати зиёдеро ба
харҷ дода, яку мин намоишномаи худро тайёр намуд.
Ба нақша гирифта шуда буд, ки ин нахустнамоиш дар
«Кохи Борбад» баргузор мегардад. Ман ба роҳбари
театр — студия М. Ҷурабекова ваъда дода будам, ки
дар нахустнамоиши театр албатта иштирок хоҳам
кард. Инро ба назар гирифта ба ман таклифнома
равон карданд. Мутаассифона, ман ин вақт дар дам-
гирй будам. Лозим донистам мувофиқи ваъда аз
дамгирй омада, ин намоишномаро бубинам. Дар ба-
робари баъзе камбудиҳо шоҳиди кори бузурги аҳли
театр гаштам. Дар ҳолате ки душвориҳои зиёд ҷой
дошт. Ба замми он намоишнома аз таърихи волои
гузаштаи мо ҳикоят мекард. Муфассал дар ин бора
нақл намекунам, фақат қайд менамоям, ки бо гулда-
стае роҳбари коллективро табрик гуфтаму арзи
миннатдорй намудам. Аз тамошои намоишнома
ҳаловат бурда, бо як ҷа\он таассурот боз ба дамгирй
баргаштам.
Ҳар вақте, ки гушаи муқаддасеро нообод бинам,
ғамгин мешавам. Дар ҳақиқат ҳам зиндагии мо ваз-
нин асту масоилҳои ҳалталаб зиёд.
Ба ҳар ҳол ҷойҳои хушманзараву муқаддаси мо
бояд обод бошанд, ҳол он ки кори мазкур маблағи
зиёдро талаб намекунад. Яке аз чунин ҷойҳои
воқиан таърихй ва муқаддас «Чилучорчашма» дар
ноҳияи Шаҳритус мебошад.
Вориди «Чилучорчашма» гаштем, касе аз таҳҷоиҳо
наменамояд. Моҳи декабр мумкин барои зиёрати он
ҷо рафтан чандон қулай набошад, вале ба ҳар ҳол
иқлими он ҷо гарм будаву шоистаи он аст, ки тамоми
сол обод бошад. Аз коргарон низ касе набуд. Пеш он
ҷо шайхе менишасту одамон хайр мекарданд. Аз ӯ
бо некй ҳикоятҳо мекунанд. Он кас аз таърихи ин
мавзеъ нақл менамудааст. Ҳоло аз ин ҳам маҳру-,
манд.
Гирду атроф пур аз ифлосй. Дар паҳлӯ қабристони
куҳан ҷой дорад. Барои ободй на роҳбарон, на намо*
яндагони мардумй кореро ба сомон нарасонидаанд,
баръакс, роҳбарони пешина аз ҷое, ки оби зулол
фаввора зада мебарояд, ҳавзи оббозй сохтаанд.
Ҳол он ки аз нигоҳи ақл ба ҳама маълум аст, ки дар
269
болооб бояд тозагй бошад, он ҷо муқаддас нигоҳ
дошта шавад. Ҷойҳои дамгирй, тайёр кардани хуроки
умумй, қурбонй намудани ҳайвонот бояд поинтар
бошад.
Ба шахси ӯҳдабарое, ки таърихи гузаштаро мепа-
зирад, ба ^ҷора додани ин мавзеъ айни муддаост,
модоме ки корхонаҳои ҳукуматй аз ӯҳдаи ин кори
хайру савоб баромада наметавонанд.
Ба тартиб даровардани ро\, кабудизор гардонида-
ни мавзеъ, ки қад-қади pox, ҷӯи об равон аст,
маблаги зиёдро талаб намекунад. Шайх —
Қутбиддин, ки соли 1932 падару модари ӯро аз рӯи
нақли одамон куштаанд, ин мавзеъро баъзан саро-
бонй мекардааст, вале мутаассифона, ҳоло ин
мавзеъ ҳоли табоҳ дорад.
Дар гузашта ва имрӯз ҳам бисёре аз меҳмонон аз
рӯи одоби зиёрат ин касро ҳамроҳ мегиран^. Ҳол он
ки дар маркази ноҳия зиндагй мекардааст. Уро таш-
килотҳои дахлдор барои ин кораш зери тозиёнаи
танқид гирифтаанд. Худоё, кай ба ин ҳама бераҳмиҳо
хотима медиҳем. Наход содиқ будан ба расму русу-
ми бобой гуноҳ бошад? Солҳои пеш он ҷо дарахтзор
буд, имрӯз аз ҳоли табоҳи ин мавзеъ касеро парвое
нест. Чаро имруз мо наметавонем ба ободонии чу-
нин ҷойҳо банд бошем? Магар ин аз беҳурматй ба
гузаштагони худ ва бепарвой ба оянда нест?
Худи ҳамин далел, ки таърихи Қубодиён аз Са-
марканд низ куҳантар аст, бояд водор созад, ки дар
ободонии чунин ҷойҳо саҳми худро дарег надорем.
Шаҳри қадимаи Ҳулбук низ дар чунин ҳолати ногу-
вор мебошад...
Ёд дорам, котиби КМ Шабдолов хоҳиш намуд
ҷавоби асосноке ба мақолаҳои сершуморе, ки
вактҳои оҳир нисбати Бадахшони Кӯҳй ба табъ рас-
идаанд, тайёр намоям. Ин силсила баҳсу талошҳоро
ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» огоз намуда буд.
Бояд сараввал қайд намоям, ки дар ҳақиқат ҳам
масъалаҳои рузмарра ба миён гузошта мешуданд.
Ҳамроҳи ёрдамчиён ҷавоби муфассап тайёр наму-
дем. Балки ба корхонаи «Помиркварцсамоцветы»
(роҳбараш Ёров) рафта баъзе масъалаҳоро равшан
намудем.
270
Ҷавоби маро бояд рӯзномаҳо чоп менамуданд.
Шабдолов ба ман фаҳмонд, ки онро мутолиа карда
ба чоп медиҳад. Пеш аз ин гуфта буд, ки ҷавоб бояд
бетараф бошад. Мумкин бо ин сабаб бошад, ки
мақола ба он кас маъқул нашуд. Ба ростЯ, дар бисёр
масъалаҳо ман муаллифонро дастгирЯ карда будам,
на роҳбаронро. Ҳамин тарик,, мақолае (ҷавобе), ки аз
рӯи фармоиш ман бо заҳмати зиёд тайёр намудам,
рӯи чопро надид. Ин аст қудрати дастгоҳ. Ин аст
тафовут байни ҳақиқату акси ҳол...
Шояд Шумо аз ман сабаби кунҷков ва нисбати
беҳурматию қадршиносии бархе аз роҳбарон ошти-
нопазир буданамро пурсон шавед. Гап дар сари он
аст, ки худам қариб ҳамаи пастию баландиҳои зинда-
гиро аз cap гузаронидаам. Бар хилофи аксари
мутлақи «баргӯзидагон» аз кори кабинетЯ зиндагиро
cap карда ба воя нарасидаам. Мактаби бузурги тар-
биявии ман кори рӯзғор, истеҳсолот ва таҳсилгоҳҳо
буд.
ПАЙРОХ,АИ ЗИНДАГЙ
Дар мактубу вохуриҳо аз овони мактабя ва до-
нишҷӯиям пурсон мешуданд. Аз ин ру, кутоҳ
менависам: зодаи оилаи деҳқони оддЯ мебошам. 9
декабри соли 1957 дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Ҳисор
ба дунё омадаам.
Фарзандони пеш аз ман таваллудшуда аз олам
чашм пушидаанд. Мувофиқи ривоятҳои халқЯ маро
аз даҳони гург мегузаронанд (албатта, гурги мурда),
ба у меди сиҳату саломат мон данам. Бо ин сабабҳо
маро БӯрЯ ном ниҳодаанд. БурЯ калимаи ӯзбекЯ бу-
да, тарҷумааш гург аст.
Баъзе рафиқон, дӯстон нисбати номи ман норо-
зигЯ карда, ҳам ба ману ҳам ба падару модарам
мегуфтанд, ки наход номи дигар ёфт нашуд?
Ба гӯфтаи падару модарам, пеш аз даҳони гург
гузаронидани ман номам Мухаммад будааст, вале
дар ҳуҷҷатҳо БӯрЯ қайд шудааст. Ман бошам, аз
чунин ном доштан, баръакс, хурсанд будам. Барой он
ки номи ман кутоҳ, рамзЯ, ҳамту Бура.. Пас аз чанде
271
кӯчида ба ноҳияи Ленин ба деҳаи Учқул меоем.
Фарзанди нозпарварду дӯстдоштаи падару модар
будаам, серҳаракату шух калон шудаам. Дар синни
4-5-солагй хату саводомӯзиро cap кардаам. Ба мак-
таб меравам гуфта, соатҳои дароз гиря мекардам.
Падару модарам ноилоҷ аз муаллимон хоҳиш ме-
кунанд, ки ба тариқи истисно ба ман иҷозат диҳанд
ба дарсҳо равам. Ва кор ба ҷое мерасад, ки муалли-
мон кӯшишу гайрат ва саводи маро ба ҳисоб гирифта,
ба мактаб қабулам кардаанд ва ман чун дигарон
синфи якумро бо баҳои аъло тамом мекунам.
Мактаби ибтидоиро дар синни 15-солагй бо баҳои
аъло тамом карда, ба мактаби миёнаи рақами 67 ба
номи Д.И.Менделееви ноҳияи Ленин гузаштам. Пада-
рам, ҷояшон ҷаннат шавад, мегуфтанд: писарам, агар
баҳои аъло нагирй, ба хона набиё. Худ агарчи саводи
кофй надоштанд, нисбати ман бисёр сахтгир буданд,
доимо афсӯс мехурданд, ки дар вақташ шароити
хондан надоштанд.
Дар маҳфилҳо иштирок менамудам. Ёд дорам,
баъзан модарам аз ҳамсояҳо пул қарз мегирифту ба
ман барои хӯроки нисфирӯзй медод.
Рӯзам то бегоҳ дар мактаб кӯр мешуд. Муалли-
мони шодравон Меҳдиев, Шукуров ва зумрае, ки
имрӯзҳо ба тарбияи наели наврас банд ҳастанд —
Асроров, Раҳимов, Баракаев, Воситов барои ман
меҳнати зиёдеро ба харҷ медоданд, соатҳо дарси
иловагй мехонданд. Аз ҳама бештар Асроров ва
Баракаев — муаллимони забони модарй ва физика.
Ҳамчунин роҳбари радиоузели «Ханда ва истеҳзо»-и
мактаб маро ба кори он аз нуқтаи назари адабиёт ва
санъат, ҳамчунин илми физика ва техника даре ме-
омӯхтанд. Ҳама корҳои назариявй дар амал татбик,
мешуданд.
Модарам аз дер омадани ман доимо дар изтироб
буданду падар боз ҳам сахтгиртар.
Падарам он чизеро, ки аз «Ислом» медонистанд
ба ман ёд медоданд. Он кас канда-канда китобҳои
қадимаро мехонданд. Насиҳату нақлу ривоятҳои зи-
ёд медонистанд. Доимо аз боби одобу услуб, адлу
инсоф, одаму одамгарй сухан мегуфтанд. Ягон ма-
272
ротиба нашунида будам, ки суханҳои беасос гуфта
бошанд, албатта далел меоварданд. Мардуми деҳа
аз сахтгириҳои падарам баъзан менолиданд. Ӯ нис-
бати ободонии деҳа, роҳҳо, кабудизор кардани он
заҳмати зиёде мекашиданд ва ба иваз тамае на-
доштанд. Баъзе сахтсарҳо ӯро дида мегурехтанд, ки
аз амали бадашон танбеҳ нашунаванд. Гуфтаҳои бу-
зургвореро пайваста такрор мекарданд:
Агар бинй, к и нобинову чох, ест,
Агар хомӯш бинишинй, гуноҳ аст.
Он кас ба се кори хайр — хонасозя, ниҳолшинонй
ва дар хайру худоиву тую маросимҳо ҳамеша
саҳмгузорЯ мекарданд.
Мактаби миёнаи похсадевор дар деҳаи Чорякко-
рон ҷойгир шуда буд. Синфхонаҳо фарш надоштанд.
Синфхонаҳо бо ангишт гарм карда мешуданд. Бо-
ре дар вақти дарси муаллими сахтгире бачаҳои назди
печка нишаста, аз ҷумла ман аз буи гализи ангишт
бехуд шудем. Шароити таҳсил бад буд, аммо умеду
орзуҳо рӯҳ мебахшид.
Аҷоибаш ин ки фасли баҳорон, ҳангоми боронга-
риҳо дарсхонй қатъ мегашт. Ҳамагон хабар доштем,
ки ана баъди лаҳзае, соате мактабамонро сел шуста
мебарад. Бинои мактаб дар дами селроҳа ҷойгир
буд.
Ҳамин тавр ҳам шуд: рӯзе борони сел нисфи мак-
табро шуста бурд. Оби «шурак» бераҳмона корашро
кард. Бо ин сабаб мо то барқарор кардани синфхо-
наҳо зери офтоби сӯзон дар майдончаи варзиш даре
мехондем. Агарчй шароити дарсхонЯ баъзан
ток,атнофарсо буд, ба ҳар ҳол ба ёриву дилдории
муаллимони ботаҷриба ҳар кадоме барои камолоти
маънавии худ роҳ мекушодем.
Хуб дар ёд дорам, муаллими тарбияи ҷисмониро:
он кас ба ғайр аз дарси асосЯ ба хонандагон нисбати
адабиёту фарҳанг меҳри беандозаро бедор мена-
му д. Он вақтҳо муаллимон сахтгир буданд, ҳамроҳи
роҳбарони синф ба деҳаҳо рафта, бо падару мода-
рон вохурй ва сӯҳбатҳо мегузарониданд. Аз ҳаёти
273
шахсии худ медонам, ки фаъолияти мактаб ва пеш аз
ҳама шахсияти муаллими асил дар ҳаёти бача нақши
босазо мебозад ва ин аст, ки қаққи муаллим ба
ҳаққи падар баробар аст.
Сохтмони мактаби нав дар ҷои бехатар чанд сол
тӯл кашид ва ок,ибат ба итмом расид. Ба ман насиб
гардид, ду соли охири хонишро дар синфхонаҳои
барҳавою нисбатан беҳтар таҷҳизонидашуда ва бе
дуди ғализи ангишт гузаронам.
Падари деҳқонам низ аз хурсандии ман шод буд.
Ӯ ҳам ҳар чй аз дасташ меомад, барои ободонии
мактаб мекард. Аз дасти ӯ чй кор меомад? Албатта,
деҳқонй!
На танҳо дар мактаби деҳаи Учқул, ки он ҷо сарав-
вал мехондам, балки дар мактаби деҳаи Чоряккорон
ҳам баҳри кабудизор гардонидани гирду атрофи он
меҳнат мекард. Ҳоло ҳам дарахтони дастниҳоли у —
себу ангур, олучаю арча ва ғайраро як ба як медо-
нам ва ҳар замон, ки мех,мон шавам, хоҳу нохох,
чашму дилам аз тамошояшон гарм мешавад. Аз
падари деҳқонам, оддиву меҳнатдӯстам, ки умре аз
ҳисоби обилаи кафи дасти худ зиндагй мекарданду
ҳақгу буданд, ёд мекунаму симои пурҷозибаашон
пеши назарам ҷилвагар мешавад... Мефахрам, ки дар
чунин оила тарбия ва дар сояи чунин падар ба воя
расидаам. Каломи аз ҳама бузург бароям каломи у
буд ва то охири ҳаёт ба ман чароги раҳнамо хоҳад
монд.
Рӯзҳо, моҳҳо паси cap шуданд. Занги охирин на-
здик мешуд. Ба қалам додани он ҳаяҷону ҳиссиёте,
ки он рузҳо хатмкунандагонро фаро мегирад, кори
осон нест. Он рӯзҳо китобест, қиссаест, ки бояд
хонда бошанд... Минбаъд дар чорраҳаи зиндагй бо
кадом самт қадам бояд ниҳод? Ошиқиҳои нахӯстин
ва шояд то охир таркнашуда, вале бисёр ҳам ҳузнан-
гез ва ширин... Рӯӣмолчаи гулдузие, ки ҳамсинфам ба
ман тӯҳфа карда буд, буи хуши муаттар мекард...
Оё он ла^заҳо аз хотир фаромӯш мегарданд?..
Дар занги ’охирин порчаи шеъри хому хаталаи
худро, ки ба омузгорону мактабам бахшида будам,
қироат кардам. Хурсандй, ҳаяҷон, ашкрезй... ҳама
чиз он руз мерасид. Дил кандан душвор буд... Беҳта-
274
рин хонандагони мактаб, аълочиён, ки бо онҳо доимо
фахр доштам — Мавлонова, Холова ва Норов буданд.
Кушиш менамудам, ки аз онҳо ақиб намонам. Вақте
ки Мавлонова аз повести «Одина»-и С.Айнй қисса
мепардохт, Холова муодилаҳои душвори математи-
киро ҳал мекарду Норов достони «Ҷони ширин»-и
Мирзо Турсунзодаро аз ёд қироат мекард, бароба-
ри муаллим ба ҳаяҷон меомадам, завқ мебурдам.
Ва шояд худам бехабар, маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо
тадриҷан ба камол мерасидам...
Барой дохил шудан ба факултети шарқшиносй тай-
ёрй медидам. Ба гумонам барои ин кор таҳкурсй низ
доштам. Аммо муаллимаи забони русй чун медо-
нист, ки ман аз фанҳои физика ва математика бештар
бархӯрдорам, раҳи дигар тавсия дод. Мегуфт, ки-
Шумо бояд дар соҳаи техника қувваозмой кунед.
Охир, ҳама муаллимон ба ин хайрхоҳанд... Падарам
деҳқонвор ва оддиёна мегуфтанд: «Писарам, касбу
корат бояд ба халк. наздик бошад, ба фикрам, бино-
кор ё роҳсоз буданат хубтар аст».
Барои ман ҳамин суханони ҳикматомези падар ва
як нақли мухтасарашон кифоя буд, ки таваҷҷӯҳ зоҳир
намояму барои'худ хулоса барорам. Он кас чунин
гуфтанд: «Ривоят мекунанд, ки раҳгузаре ба
мехчӯбе пешпо мехурад. Ӯ мехчубро аз пайроҳа
канда ба канор ҳавола медиҳад. Роҳгузари дигаре он
мехчубро меёбаду лаби пайроҳа мезанад. Савол ба
миён меояд, ки кадоме аз роҳгузарон дуруст раф-
тор кардааст? Ҷавоби марди оқил чунин аст: ҳар ду
савоб гирифта. Он касе, ки мехчубро аз рӯи роҳ
бардоштааст, савоби зиёдтар соҳиб шудааст, чунки ӯ
хоста, ки ин ҷо пайроҳа бошад у касе озор наёбад.
Дуввумин низ бо нияти нек ин корро карда, ки касе
мумкин аст мехчубро баҳри ҳоҷате истифода меку-
над...»
Аз нигоҳи дигар аз қадимулайём омада, ки касе
сангеро аз сари роҳ мегирад ё ба умеди роҳ сохтан
коре ба ҷо меорад, савоб мегирад...
Дар халк, ҳам гӯянд: «Он ҷо ки роҳ омад, яклухт
ҳаёт омад». Оре, роҳҳо мардумонро ба куй муроду
мақсадашон мерасонад.
275
Суханони падар ва муаллимаи мӯҳтарам \идоят
карданд, ки дар муддати кӯтоҳ самти тайёриро
дигар намуда, барои ба шуъбаи роҳсозии Донишка-
даи политехники дохил шудан омодагй бинам.
Саҳари барвақт аз хоб бедор шуда саросемавор
дасту рӯй шустам. Дари кулбаи падарро во намуда '
хоҳиш кардам:
— Падарҷон, як дуо медодед. Имрӯз имтиҳони
якумро аз фанни математика супориданам лозим.
Падарам рӯй ба қибла оварда гуфтанд: — Илоҳо,
ба орзуят бирасй! Пеши роҳат кушода ва сафед
бодо!
Агарчи тайёрии хуб дида будам, ба фикр фуру
мерафтам:« Чя хел имтиҳон месупорида бошам?».
Муаллими калонҷуссаи сартос маро назди худ
хонд, ҳол он ки се нафари дигарро имтиҳон дошт. Ба
ин нигоҳ накарда, муодилаи квадратии нисбатан од-
диро ба когази сафед навишта ва гуфт:
— Ку, писар, бубинем, ки тайёриат чй тавр?
— Хуб, — гуён омодаи ҳалли муодила шудам.
Ҳоло дар ёд надорам, ки мумкин дар ҳалли муоди-
ла ба кашолкорй рох, дода бошам.
Муаллим бесаброна ва ба ох,анги дурушт берунам
хонд. Ҳайрон будам. Илтиҷо мекардам, ки маро то
охир гуш кунанд. Охир, ҳоло ҷавобам нотамом аст ва
арз дорам, ки маро дурусттар пурсанд, то он ки
басавод будани худро собит кунам.
Ҳайҳот !!! На муаллими имтиҳонгиранда ва на му-
аллимони дигар ба имдодам нарасиданд. Ба маънои
том гуё аз дар ронданам.
Оби дида гирди чашмонам ва бо дасту пои ларзон
боз дари хонаи имтиҳонро кушодам ва рӯ ба муал-
лим Зоҳидов овардам:
— Муаллимҷон! Аз Шумо хоҳиш дорам маро бори
дигар пурсон шавед. Охир, ман қодирам, ки баҳое
бигирам. — Муаллим сахт дар ғазаб шуда, маро
қариб тела дода берун хонд. Шушҳоям варамиданд,
дар ҳақиқат ғам гулугирам кард ва беихтиёр ашк
рехтам.
— Зик, нашав, бародар, соли дигар меой, ту танҳо
нестй, бехдараш худро азоб надеҳ! - гуфта навбатчй
тасаллиам медод. Ҳамаи ин суханон бароям ба бо-
276
лои сӯхта намакоб буд. Чй гуноҳе кардам? Чй илоҷе
ёбам? — Худ ба худ фикр мекардам. Дар гушаи
хаёлам он замон суханҳои муаллим Асроров садо
медоданд: ҳақ ба ҳақдор мерасад, ҳақиқат доимо
ғалаба мекунад, банаи боқувват бо зӯри дониши худ
албата дохил мешавад. Фақат хондан лозим.
Канй, он дониши мукамал, худ ба худ фикр мекар-
дам ман... Беихтиёр якбора аз навбатчй пурсидам. —
Дустам! Бигӯед, ки директор куҷост?
— Чй хел директор? Директор дар мактаби деҳаат,
бачаи қишлоқй. — Ба суханони таънаомези навбатчй
сарфаҳм намерафтам. Дасташро ба болои китфам
монда илова намуд:
— Дар институт ректор роҳбар аст, на директор,
фаҳмидй?
— Илтимос, дустам гӯед чй тавр он касро дидан
мумкин.
— Ий кор мумкин нест, ту баринҳо имруз
садҳоянд. Ҳар яки шуморо он кас қабул карда на-
метавонад. Хубтараш баромада равед, соли дигар
меоед. Ростй, навбатчиро ба ҳолаш намонда, аз он
ҳарфу сухан мезадам, ки ба донишам боварй дорам
ва ҳеҷ набошад бах,ои «3»-ро сазоворам. Дид, ки
намешавад, дари гузаргоҳро, ки ба суи кабинети рек-
тор мебурд, кушод ва кинояомез гуфт, бирав, то худ
бовар намой, ки ба касе лозим нестй ва касе туро
қабул ҳам нахоҳад кард, лекин аз ҳамон дари дар
паҳлӯ буда баромада рав! Каллаи маро боз гарант
накун!
Дари ректорро кушода даромадам. Бо. чашмони
ашколуд асли воқеаро нақл намудам. Он вақт
ҳамагй 15 сол доштам. Ректор аз ман пурсон шуд:
— Агар ба донишат бовар дошта бошй, имтиҳонро
ба комиссия месупорй?! Розй?
— Бале — ҷавоб додам ман.
Комиссия бо сардории профессор Цой ба ман
баҳои мусбй гузоштанд... Имтиҳоноти дигарро низ
бомуваффаққият супоридам. Солҳо сипарй шуданд.
Аъло мехондам, суратам рӯи тахтаи фахрии дониш-
када буд. Кор ба ҷое расид, ки ба ман дипломи
сурхи аъло доданд. t
Ҳангоми таҳ,сил дар донишкада вақти худро ба
корҳои дигар сарф намекардам. Ба спорт ҳам кам
277
диққат медодам, ҳоло мефаҳмам, ки ин камбудии
ҷиддй аст. Бале, ҳамин тавр тарбия ёфтаам. Дар
вакти хондан - хондан, кор бошад кор.
Ед дорам, зери таъсири рафиқам Нусратулло
шоҳмотбозиро омӯхтам.У ҳаводори шоҳмот буд.
Майли ман бошад бисёр кам, маро маҷбур месохт
бозй'кунам. Ман тез бозиро бой диҳам, меранҷид, ки
бозй кардан намехоҳам, ба зиёдаш қувватам наме-
расид.
Боре чунон шароит вазнин шуд, ки қудрати ҳара-
кати дурусти донаҳоро дарёфт кардан н§доштам,
мехостам бой диҳам, вале ӯ розй набуд. Ӯ мехост
ман сахт муқобилият нишон диҳам. Аз ӯҳдааш наме-
баромадам. Як ба берун бароям гуфта, баҳона
карда аз хобгоҳ ба институт омадам. Ӯ сари шоҳмот
интизори ман буд. Чун пай бурд, ки ман ба дарс
рафтаам, шоҳмотро руи ҷевон гузошта, у ҳам ба
дарс меравад.
Аз дарс баргардам, аплакай нишаста маро инти-
зор аст. Ман гӯё надониста китобҳоямро болои
ҷевон ҳавола додам. Донаҳои шоҳмот пароканда
шуданд. Ӯ бо эътироз ба ман нигариста, ҳар як
донаро аз нав ҷо ба ҷо гузошт. Аз ёд медонист, ки
дар кадом ҳолат бозй нотамом монда буд.
Азбаски ин бозй вақти зиёдро мегирад, баъдҳо
умуман аз баҳраш баромадам.
Ҳамин тариқ, тамоман ба хондан ва таҷрибаомузй
дода шуда будам. Якчанд маротиба дар конфе-
ронсҳои илмй баромад карда, соҳиби тӯҳфаҳо
шудам.
Аъзои ҳизб шудам. Баъдҳо бо чашми худ дидам
ва мушоҳида кардам, ки чи тавр дигарон бо ҳар роҳ
ба ин ҳизб медароянд. Бояд бо тамоми ҳастй ва
самимй қайд намоям, ки аксарият ба сафи ҳизб бо
роҳи қалобй, мардумфиребй қабул мешуданд. Ба-
рон шахсе, ки ӯро нағз мешинохтам, ногаҳон дар
ҷустуҷуи роҳбаре шуд, ки барон ба ҳизб дохил
шуданаш кӯмак намояд. Чунин шахе ёфт, вале ба вай
таъкид намудааст, ки барон ба мақсад расидан вай
бояд вазифаашро дигар намояд. Ҳамон шахс ба зудй
аз вазифаи баланд даст кашида, коргари оддй меша-
вад. Баъди як сол ба у характеристикаҳои «по бар
ҳаво» навишта доданд. Дохил шуд. Пас аз чанд рӯзе
278
6а вазифаи пештарааш баргашт. Акнун барои оянда-
аш роҳ кушода шуд... Расмият иҷро шуд, вале дар
ас л...
Чунин мисолҳо бениҳоят зиёданд. Ба ҳизб ҳар гуна
одамон cap медароварданд. Мансабталабон зиёд-
тар буданд. Оре, онҳое аз сари сидк, ба ҳизб дохил
мешуданд, ангуштшумор буданд. Ин ҳама исботеро
талаб намекунад. Вагарна дар бисёр шаҳру ноҳияҳо
ҳизбро аз тозиёнаи танқид ва ҳоли табоҳ мераҳони-
данд. Аъзоёни содиқ ва тоза кам буданд ва ҳастанд.
Камқувватй карданд, ин буд, ки аҳволи ҳизб руз то
рӯз вазнин шудан гирифт...
Баъди рузҳои вазнини феврал тез-тез ба назди
модари касалам омада, аз ҳолу аҳволаш хабар меги-
рифтам. Хонаи модарам назди мактабе, ки ман он ҷо
синфи якум то чаҳорум таҳсил мекардам, воқеъ аст.
Бо ин сабаб дар куча тез-тез бо муаллимони худ
вомехӯрдам. Ду муаллиме, ки айёми дар синфи 8-10
таҳсил намуданам аз фанни физика ва математика
дарсам мегуфтанд, тез-тез ба хона даромада аз
ҳоли модарам пурсон мешуданд. Махсусан муалли-
ми фанни физика С.Раҳимов қариб ҳар рӯз
медаромадааст.
Саҳаргоҳон ҳангоми ба мактаб рафтан ва бе-
гоҳируз пас аз баргаштан.
Дили устодам бисёр ба ман месухт. Ман инро
хело хуб дарк мекардам. Боре устодам, директори
мактаб гуфт:
;— Бӯриҷон, ҳоло мактаббачагон тамоман дига-
ранд, бо онҳо дарс гуфтан ҳам бисёр душвор
шудааст.
— Чаро? — пурсидам ман.
— Гап дар сари он ки ман ва дигар омӯзгорон дар
маҷлису ҷамьомадҳои мактаббачагон борҳо худат-
ро мисол оварда мегуфтем, ки ана бубинед,
фарзанди деҳқон дар ҷавонй ба кадом вазифа ноил
шуд. Ҳама аз худи шумо вобаста аст, чй қадаре хубу
аъло таҳсил намоед, ҳамон қадар ба мақсаду маром
расиданатон наздик мешавад.
Медонед, акнун дар ҷавоб онҳо чй мегуянд? —
Мо дидем, хондагиҳо чй шуданд? Ҳар руз Каримов-
ро мисол меовардед, ана имрӯз ӯ ба замми ҳамаи
гуфтаҳои шумо гунаҳкор ҳисобида мешавад.
279
Ҳақиқат нест мегӯянд. Бовар кунед, ба чашмонам
дидаам, ки сумкаро туби футбол барин шатта меза-
нанд ва нисбати Шумо ин гапҳоро мегӯянд.
— Чй илоҷ, устоди муҳтарам, лозим меояд, ба
онҳо фаҳмонда диҳед, то чунин рафтор накунанд.
— Бале, албатта, мо инро медонем, вале таъсираш-
ро мегӯям.
Ин суханони он вақтаи устод маро водор сохт
мактубе, ки аҳли деҳа, аз ҷумла хонандагон ва усто-
дон ба унвони ман равон карда буданд, матнашро
биёрам. Аз матни ин мактуб баръало маълум мегар-
дад, ки гуфтаҳои устоди мӯҳтарам ҷон доранд. Ана
он мактуб:
«Ба ҷонишини Раиси Совети Вазирони РСС
Тоҷикистон, Раиси Госплани РСС
Тоҷикистон
рафик, Каримов Б.Б.
МАКТУБИ КУШОДА
Фарзанди азиз, шогирди фархундаи эҷодкор, ба-
родари намунаи ибрати моён! Мо падару модарон,
муаллимон ва хонандагони мактаби миёнаи рақами
71 қишлоқи Учқули райони Ленин Шуморо ба муно-
сибати Раиси Госплани РСС Тоҷикистон интиҳоб
шуданатон табрику муборакбод менамоем, ба Шу-
мо саломатй, хушбахтй, дар роҳи хизмат ба халқу
Ватан боз ҳам муваффак,иятҳои беназир
орзӯмандем. Ба вазифаи масъули давлатй пешбарй
намудани фарзанди оддии деҳқон ин ғамхории ҳизб
ва сиёсати нави бозсозии ҷамъият мебошад, ки мо
онро дар кору амал дастгирй менамоем.
Мо аҳли деҳа, колхоз, ноҳия бо Шумо фахр меку-
нем. Дар роҳи ободонии деҳа кӯшиш намуда, бо
роҳи ҳашар китобхона сохтем, сохтани клубро бо ин
тарз ба нақша гирифтем.
Мактабе, ки дар он худи Шумо таҳсил намудаед,
хеле кӯҳна аст, он ҳам бо тарзи ҳашар солҳои
280
¥
50-ум аз похса сохта шуда буд, ки ҳоло ҳам дар он
даре мехонем. Идораи колхоз соли гузашта сохтмо-
ни мактаби типи навро ба нақша гирифт ва ба
институти «Таджикколхозпроект» супориш дод, вале
то ҳоло ҳуҷҷатҳои сметавии он тайёр нашудааст,
якнанд маротиба мо ба он ҷо рафта муроҷиат кар-
дем, аммо муҳандисаш В.М.Краснолюбов сохтани
ҳуҷҷатҳои сохтмонро ба январ-феврали 1990-ум ваъ-
да медиҳад. Қитъаи замине, ки барои сохтмони
мактаб пешбинй шудааст, боз ҳам кишт карда меша-
ваду дар он коркой геологй дер мондан мегирад. Аз
Шумо хоҳиш мекардем барои cap кардани сохтмони
мактаб ва богча, инчунин ҳалли дигар масъалаҳои
маданию иҷтимоя ёрй расонед. Мактуб дар иштиро-
ки аҳли деҳа навишта шудааст.
Ба Шумо барори кор, саломатй ва бурдбориҳо
орзу менамоем. Аз коми устодонатон, аз номи аҳли
деҳа.
Раиси маҳалла (Ҷобиров И.)
Раиси комитети хонандагон ( Бобочонов)
Дар масъалаи лоиҳа ва огози сохтмони мактаб ба
онҳо ёрй расонида будам, вале ин ҷо ran дар сари
боварии онҳо нисбати ман меравад. Мутаассифона,
беадолатие, ки нисбати ман раво дида шуд, на танҳо
ба ҳамдиёрони ман ва хонандагони мактаб, балки ба
дигарон низ зарбаи сахте зад. Пеш аз ҳама ба ҷаво-
нон. Онҳо баъзан руирост мегуфтанд: мо чунин
рафторро ба ҳеҷ кас намебахшем...
Имруз дар пеши ҷомеа масъалаи муҳимтарин —
чй тавр инсони поксиришту покдилу покдоманро тар-
бия намудан истодааст. Инсони ҷуянда ва эҷодкор,
инсоне, ки дорой маданияти баланд аст, дар ғами
ояндаи миллату халқи хеш худро дарег намедорад.
Дар роҳи пурпечу тоб ва пастиву баландиҳои зиндагй
ин кор аз ҳама зарур ва савобрас аст. Чунки моро бе
ҳалли ин масъалаи муҳимтарин роҳи халоей нест.
Гиреҳкушои муаммоҳои зиндагии мо ҳалли ин масъ-
ала хоҳад шуд.
281
Сари ин масъала фикр ронда, пеши руи ман гоҳҳо
майдони ғарқи хун, гоҳо мактабу муаллимонам ва
падару модарам меоянд. Чя қадар меҳнати зиёди
хешро дарег надониста ба харҷ медоданд. Муалли-
мон Асроров, Раҳимов, Баракаев ҳеҷ гоҳ аз лавҳи
хотирам дур нестанд. Номи бошарафи муаллимро ин
қадар имрӯз паст задаанд. Омузгор чун пешина
қадр надорад. Як рафтори ноҷову бемаҳали
омузгор метавонад дилҳои хонандагонро озурда
сохта, ба тарбияи маънавии онон зарба занад. Ахлоқи
ҳамида, истеъдоди баланди муаллим рафтори бача-
гонро дигар, дониши онҳоро мукаммал месозад.
Беҳтаринҳо бояд ба ин кор банд бошанд. Меҳнати
пурмаҳсули онҳо бояд қадр карда шавад. Сарчаш-
маи ривоҷу равнақи кор ва фараҳмандии ҷомеа маҳз
аз мактабу муаллим огоз меёбад.
«МЕХ,М0ННАВ03И»-И POXJBAPOH
Даъватномаи расмии Ҳизби Демократии Тоҷикис-
тонро ба ман расониданд. Мебоист ҳамчун меҳмон
дар сӯҳбату мулоқотҳои намояндагони демократи
ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаву Қазоқистон,
Россияву Булоруссия ва дигар ҷумҳуриҳо ширкат
варзам. Чун фаҳмидам, ки касе аз роҳбарони
ҷумҳурии мо онҳоро пешвоз нагирифтааст, сахт
хиҷил шудам. Ҳол он ки Раиси Ҳизби Демократии
Тоҷикистон Шодмон Юсуф ба Шурой Олй дойр ба
ташрифи меҳмонон муроҷат намуда будааст. Аммо
чй мегуед, ки Раиси Шурой Олй Аслонов масъалаи
пешвоз гирифтан ё нагирифтани меҳмононро ба овоз
мондааст ва бо ин эмали худ меҳмоннааозии тоҷикро
ба ^укми қонун дароварданй шудааст. Бо аксари
овозҳо таклифи пешвоз гирифтани меҳмонон рад
карда мешавад.
Худоё, ин чй каҷфаҳмист? Наход ба Президент ва
Раиси Шӯро чунин рафтор лоиқ бошад? Оё Прези-
дент қасами ботантана додай худро фаромуш
кардааст?
282
Намедонам, онҳо бо кадом виҷдон чунин рафтор
карданд, вале ман ба маргам розй судам... Дар
вохурй ба рӯзноманигорон депутати халқии СССР п.
Травкин аз он нақл мекард, ки чй хел уро «хуб»
истиқбол карданду барон билети бозгашт харидан аз
вай «брони» КМ талао намуданд. Ҳозирон механди-
данд, ман азоб мекашидам.
Аз ин пеш дар куҷое, ки вохурй бошад, он ҷо
қосидон — нозирони тартибот таиёр мешаванд. Am-
mo ба меҳмонони ҳизби Демократи Тоҷикистон ҳатто
меҳмоннавозии оддиро раво надиданд.
Гӯё қиёмат қоим мешу да бошад. оа хотири ёдбу-
ди шаҳидони моҳи феврал гулчанбарҳо гузоштанро
раво надонистанд. Инашро чй хел фаҳмемг Меҳмони
Қирғизистон арз намуд, ки ба вай гушрас карданд, ки
ҳаргиз нияти гулгузорй накунад. Магар мо ҳуқуқи
маънавй дорем, ки чунин рафтор намоем? Оё ин
шармандагй нест?
Ба меҳмонон муяссар гардид, ки навори истеҳсоли
Тоҷикфилмро бахшида ба рузҳои хунини февраля
тамошо кунанд. Ман аз тамошои он наворҳо бори
дигар маҳзуну озурда шудам. Ҳамаро ҳиссиёти ваз-
нини гаму андуҳ фаро гирифта буд, агарчи навор
камбудиҳои зиёд дорад... Баъд аз тамошои навор
меҳмонон як ба як эътирози худро баён намуда,
изҳор намуданд, ки ин филм аз тариқи телевизиони
марказй ё ҳеҷ набошад, бо воситаи телевизиони Рос-
сия ва дигар ҷумҳуриҳо намоиш дода шавад,
рафиқон В.Н.Лысенко (Россия) ва Ҷончубек
(Қирғизистон) ваъда доданд, ки албатта ин наворро
дар рӯзҳои наздик пешкаши тамошобинон хоҳанд
кард.
Бисёриҳо роҳбарони моро рӯирост мазаммат
карданд. Қаҳру газаби онх,о баъди дидани ин наворҳо
ҳадду канор надошт.
Аз ҳама аламовараш он буд, ки дар сари ҳар
қадам нозирони роҳ ва коркунони вазорати корҳои
дохилй моро дунболгир буданд.
Ин \ама ба хотири чй буд? Намедонистем. Аз
киностудия бароем гурӯҳ-гурӯҳ мепоянд, ба
Қозиёти ҷумҳурй оем, даста-даста «дастҳо пеши
бар» дар хизматанд. Балки роҳбарони воломақоми
мо тарзи нави расму русум ва одоби меҳмондории
тоҷиконро ихтироъ карда буданд? Охир замони боз-
созй-ку? Гузашта аз ин эшон дар «ихтироъкорй»
таҷриба ҳосил кардаанд.
283
Вагарна ҳамин 20-30 нафар меҳмоне, ки одамони
шинохтаи мамлакатанд, барои тезу тунд ё худ вай-
рон кардани вазъият наомада буданд. Магар ин
меҳмонони бо афкори пешқадамашон дар саросари
мамлакат машҳур ба хотири бадхоҳие ба халқи мо
омада буданд? Ҳайҳот, ки нафаҳмидем!
Вақте меҳмон, аз ҷумла худи Николай Травкин дар
хусуси рафтори ношоями ҳизоиён ҳангоми гузарони-
дани вохӯрй дар заводи оҳану бетон нак,л карданд,
хотирам даҳчанд озурда шуд.
— Мо аллакай он ҷо будем, занги телефон беист
садо медиҳад: аз вазорат , аз комитёти ҳизбии шаҳр,
ноҳия... Як бесаранҷомй! Худи мо ҳам шоҳиди ин
такопӯю зангзаниҳо...
Онҳо нақл мекунанду ба чашмони ман менига-
ранд. Ман ба худ ҷой намеёбам, ба чашмонашон
нигариста наметавонистам. Ана инро меҳмоннавозии
тоҷикона мегуянд! Ана инро муттаҳид сохтани
қувваҳои солим меноманд. Магар айб нест, ки ба
депутати халқии СССР, меҳмон барои гузаронидани
вохурй толори заводро дарег донистем?
Ба фикри банда, ин вохурй дар асл таърихй буд ва
мебоиет бо ҳама тамоюлҳои манфиву мусбиаш ба
воситаи ахбороти умум ба қайд гирифта мешуд, ба-
рои таърих...
Чй кунем, ки роҳбарони мо аз ин пештар нисбати
Борис Ельцин низ чунин рафторро раво дида бу-
данд...
ҳокимияти ЧАҚОРУМ
Қариб тамоми рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриро
варақ мезадам. Ҳар рӯз як бор сари он фикр ме-
кардам, наход аз чорчубаи фаҳмиши сардорон ҳеҷ
илоҷи баромадан нест? Наход ҳамин тавр дер давом
мекарда бошад? Охир дар байни халк, гапу кор тамо-
ман дигар аст. Наход ҳеҷ кас намехоҳад аз дили халк,
огоҳ шавад. Мақолаҳои беобу ранг, қолабию анъа-
навй кайҳо ба дили мардум задааст. Дар байни
рӯзномаҳо «Ҷавонони Тоҷикистон», «Комсомолец
Таджикистана» ва гоҳо «Паёми Душанбе» аз кӯчаи
ростй гузашта, ҳак,иқати ҳолро ба қалам медоданд.
«Сухан» баъзан бо зӯрй сухан ва баъзан бо исти-
фодаи оҳангу садои худ ба гуши кару дидаи нобинои
роҳёарон бонги бедорй мезад. Вақтҳои охир моҳно-
маҳои «Растохез» ва «Адолат» ба хирагиҳ,о рушной
284
меандохтанд. Дигар рузномаву маҷаллаҳо «мобайни
тиллои»-ро интихоб карда, баъзеҳо ба даҳон об ги-
рифта аз гуфтани ^ақиқат ба мардуми хеш руй
гардонда, амри гуруҳеро иҷро менамоянд. Ба ин
нигоҳ накарда, ин ходимони рузномаву маҷаллаҳо аз
ҳоли табоҳи мардуми хеш нисбатан беҳтар хабардо-
ранд, қудрати равшан навишта кардани дарди халқро
доранд. Агар дошта бошанд ҳам, зери борони
танқиду таъқиб монда, балки аз корашон «бо хоҳиши
худ» падруд мегӯянд. Ба ин нигоҳ накарда, гоҳе
пардапӯшона, баъзан рӯирост фошо-фош сухан ме-
гуфтанду аз ин рафтори худ ифтихор мекарданд.
Бояд бигуям, ки нунин рузномаву маҷаллаҳо ва му-
аллифон ангуштшумор буданд. Ин фикрро нисбати
шоирону нависандагон ва олимону зиеиён гуфтан
мумкин аст.
Баъзан аз мутолиаи рӯзномаҳое, ки дар ҳалли
масоили рӯзмарраи замон кӯшиш ба харҷ медо-
данд, хурсандй мекардам. Зери сарлавҳаи «Гар ба
зоҳир аз ту дурам, дӯр фаҳмидан хатост», «Об агар
сад пора гардад, боз бо ҳам ошност»-ро аз 23 октяб-
ри 1990 дар рузномаи «Паёми Душанбе» мутолиа
карда, ба фикру андешаи чук,ур фуру рафтам. Он ҷо
зери сарлавҳа^ои «Душанбею Самарканд бародар-
шаҳр мешаванд^», «Ду дил агар як ҷо шавад»,
«Рӯзгори васли худро ҷӯем...», «Робита мустаҳкам
мегардад»,«Маркази маданй зарур аст», «Муроҷиат-
номаи дустон» ба табъ расида буд. Худшиносии
миллии мардум баъди мутолиаи чунин мақолаҳо ди-
гар хоҳад шуд. Мо ҳам дар тарбия намудани
ҷавонон бояд саъю кӯшиши худро дарег надорем.
Охир тоҷикон дар куҷое, ки набошанд, бояд аз ҳолу
аҳволи якдигар бодарак бошанд.
Ояндаву имрӯз ва гузаштаи мо узви ҷудонашаван-
да ва дар навбати худ якдигарро пурра карда, дар
тақдири ояндаи халқу ватан нақши муҳим мебозад.
Вале ин ҳама маҷбур месозад сари ҳар як навиштаи
ин саҳифа фикр намой!
Баъзан виҷдон азоб медиҳад. Такрор мекунам,
номи яке аз мақолаҳо «Душанбею Самарканд баро-
даршаҳр мешаванд» буд, ҳол он ки ягон хел исбот
лозим нест! Аз кадимулайём пойтахти иктисодй,
иҷтимоию фарҳангиии тоҷикон шаҳри Самарканд
буд.
Дар шеъри «Ғам махӯр» Ҳаёт Неъмати Са-
маркандй дар ҳакки роҳбарони мо хеле хуб
гуфтааст:
285
I
Г ар бипурсЯ: ней замони эолими хунхор бур,t
Ҳокимаш бадцаҳри қотил,ноқис-ул-аёр буд!
Он замом, ки шоираш чун Лоиқи асрор буд.
Як суханаар — соҳираш Собнрн Бозор буд,
Ҳам Ҳаёт аз хокн пои Хоҷаи Аҳрор будI
Қариб ҳама рӯз хабарҳои шум паҳн менамуданд.
Боре, гуё маро ҳабс намудаанд ё ба Маскав бурда-
анд, аз болоям автомашинам «КАМАЗ» гузаштааст,
шабона дар куҷое дасту поямро шикастаанд..
Кор ба ҷое мерасад, ки гуё худамро овехта бо-
шам. Ҳар дафъа хешу табор, наздиконам овора
шуда хабаргириам меомаданд. Боре соати 5-и саҳар
падарарусам ба хона омад. Маро соқу саломат дида
аз хурсандй чй гуфтанашро намедонист. Охир лаъна-
тиҳо чй мехоста бошанд, ки чунин овозаҳо паҳн
мекунанд, гуфта баромада рафт.
Ин хама маро доимо дилгир ва хавотир мекард.
Аз шуниди яке аз чунин хаоарҳои шум модарам
беҳуш шуда, баъди соатҳо ба худ меояд. Чй кор
карданамро намедонистам. Ягона роҳи халосии ман
тез-тез аз аҳволи модарам хабар гирифтан ва шабо-
на дар деҳа назди ӯ мондан буд, то ки хабари
нохуше боз аҳволи уро вазнин накунад. Ин хабарҳои
нохуш дустони ҷонии маро низ ба ташвиш мегузошт.
Дар кӯча одамони ношинос аз ман аҳволпурсй
менамуданд, узр хоста барои ҳар гуна овоза албат-
та пурсон мешуданд. •
Мехостам ягон рузноманигоре ёфт шавад, ки аз
аҳволи ман як хабари хурд бошад ҳам, чоп кунад.
Мутаассифона, ёфт намешуд. Хайрият, ки рӯзе «Су-
хан» ба саволи хонанда дар бораи ҷои корам ва
сиҳату саломат буданам хабар чоп кард.
Ҳамин тариқ, ҳис намудам, ки беҳуда интизорй
мекашам. Дар бораи ман манфй ё мусбй, маҷал-
лаҳои марказй чанд мақола чоп карданд, аммо
рузномаҳои худамон ба даҳон об гирифта буданд.
Фақат рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» мақолаеро
пае азрузи 18 феврал, ки гирдиҳамой баргузор гар-
дида буд, пешкаши хонандагон намуда буд. Он
мақола кутоҳ ҳам бошад, аз рафти он гирдиҳамой
хабар медод, чунки аз мазмуну рафтори митингчиён
огоҳ месозад. Лозим медонам, хабари
рузноманигори ҳафтаномаи «Московские новости»
(павигариҳои Москва)-ро низ ин ҷо оварем.
286
ДУШАНБЕ: роҳи раҳой аз буҳрон куҷост?
«22 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмй гаштанд —
чунин аст оқибати эътирози умум, ки 11-14 феврал дар
Душанбе ба вуқуъ паиваст.
Дар Тоҷикистон қарори Пленуми ғайринавбатии
КМ Ҳизби коммунистии ҷумҳурро бо изтироб инти-
зорй мекашиданд ва шиддати изтироб баъди анҷом
ёфтани он паст нашуд: 16 феврал бегоҳии бевақт
маълум гашт, ки Пленум ба истеъфои котиби аввали
КМ, Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Ғ. Паллаев
ва ҳам Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурй И. Ҳаёев розй
нашуданд. Агарчи 14 феврал протоколи ҷаласаи муш-
таракро бо «кумитаи мардумй»-и рӯзи қабл дар
митинги Душанбе интихобгардида имзо карданд.
«Кумита»-ро Бӯрй Каримови 33 сола — ҷонишини Раи-
си Шурой вазирон ва раиси Кумитаи давлатии
планкашии ҶШС Тоҷикистон сарварй мекунад.
Имрузҳо дар Тоҷикистон ҳама эътироф мекунанд,
ки талаоҳои оворагони Арманистонро ба ҷумҳурият
роҳ надодан танҳо ангеза буданд барои cap задани
хунрезй. Сабаби аслй шароити вазнини иҷтмоиву
иқтисодии ҷумхурист. 117 ҳазор нафар бекорон,
маҳаллаҳои нообод дар шаҳрҳо, аз замин маҳрум
будани деҳотиён дар баробари дараҷаи баландтари-
ни тавлиди атфол дар ИҶШС — чунин аст танҳо баъзе
нишонаҳои носозгориҳои Тоҷикистони имрӯза. Нори-
зой даҳсолаҳо ғун шуда, дар як соат таркид.
Ҳоло бисёриҳо дар ҷустуҷӯи онанд, ки кй ба
ҳодисаҳои фоҷей роҳбарй мекард. Яке дар шахси
«аносири ришвахӯр» чунин касро мебинанд, дигаре
дар шахси мусулмонони мутаассиби гӯё бо ҳам-
мазҳабони эрониву афгон зич иртиботдошта, саввумй
дар шахси роҳбарони имрӯзаи ҷумҳурй, ки гӯё ворид
кардани сипоҳиёнро ангехта бошанд ва бидуни си-
поҳиён умеди дар сари ҳокимият монданро
надоштанд. Одамон ҳануз аз изтироби мудҳиш ба
худ наомада, руйдодҳоро тавассути нақшаи соддае,
ки минбаъд чй кор карданро аник, муайян мекарда
бошад, шарҳ доданианд. Алҳол дар шаҳр вазъи
фавқулодда ва вақти комендантй амал мекунад, зин-
дагй бо танкҳо дар кӯчаҳо ҷорист.
Аммо барномаи сиёсй лозим аст, ки дар он роҳу
усулҳои раҳой аз бӯҳрон аниқ пешбинй шуда бошад.
Дар Пленуми ҳизби як қисми нотиқон ба муттаҳид-
шавй дар атрофи роҳбарони имрӯзаи ҷумҳурй ва
зарба задан ба «Ифротиёни ҷоҳталаб» даъват мена-
муданд, қисми дигар талаб мекарданд, ки ин ё он
287
/
роҳбар аз сари мансаби ишғолкарааш дур карда
шавад ва ё барои хатоҳои содиркарда, ҳатто аъмоли
душманонааш ба ҷавобгарй кашида шавад. Вале
кушишҳои бо тааммул баҳо додан ба вазъи сиёсии
дар шаҳр ва ҷумҳурият баамаломада, гӯш андохтан
ба андешаҳое, ки дар байни мусулмонон ва со-
змонҳои гайрирасмй баён мешуданд, низ буданд.
Ин мавқеъ якшанбеи 18 феврал қисман ба таҳқиқ
пайваст, вақте ки баъди борх,о иваз кардани ҷой ва
вақти нахустин митинги баъди Плену ми гузашта ба он
иҷозат дода шуд. Дар байни шиорҳо ду шиор:
«Русҳову тоҷикон ёародаранд» ва фамилияҳои хат-
задаи Қ.Маҳкамов, т.Паллаев ва И.Х,аёев бартарй
дошт. Дар митинг депутатҳои халқии ИҶШС Гулрух-
сор Сафиева ва Давлат Худоназаров сухан ронда,
даъват намуданд, ки вазъи баамаломада бо роҳи
осоишта бартараф карда шавад. Ҷамъомадагон бо
як рух§аландии хоса Бурй Каримовро пешвоз гириф-
танд. У айбҳои дар Пленуми XVII ба гарданаш
боркардаро оиди кушиши'ба даст овардани ҳокимият
дар ҷумҳурй рад кард.
Б.Каримов зимни сӯҳбате, ки мустақиман баъди
митинг бо ман дошт, таъкид кард, ки барои мӯътадил
гардидани вазъият дар Тоҷикистон дар арафаи инти-
хоботи Шӯроҳои маҳаллй мебояд бюрои муваққатии
КМ интихоб кард, ки дар ҳайати он се шахси аввали
ҷумҳурият нахоҳанд буд.
Дар охири митинг сарвари динии мусулмонони
Тоҷикистон қозикалон Акбар Тӯраҷонзода дуову
фотиҳа кард.
Б,егоҳй 18 феврал номзад ба узвияти Бюрои Сиёсии
КМ ҚКИШ Борис Пуго, ки бисёриҳо умеду орзӯи
беҳтаршавии вазъиятро бо омадани у ба ҷумҳурият
алоқаманд мекунанд, ба воситаи телевизиони
маҳаллй суханронй намуд.» Алекасандр Минаев.
(Москва).
Дар рӯзҳову моҳҳои аввали баъди ҳодисахои
tieepan қариб, ки ягон мақолае, ки ба ҳодисаҳо
аҳои ҳақиқй диҳад, навишта нашуд.
Ин буд, ки кӯшиш кардам чанд мақолаи иншо
кардан худамро дар ягон нашрия чоп кунам.
Мақсад доштам, одамон бохабар шаванд, ки ман
сиҳату саломатаму паи хизмати халқи хеш. Аз ин ру,
ҳаддалимкон кушиш намудам, ки дар мақолаҳоям ба
масъалаҳои феврал ва сиёсат дахл накунам, то
288
Шомран муборнзу
адолагхоҳн тоник —
Гулрухсор
аа Қозмн му су л моном и
ҷумҳурЯ.
баҳонаҷӯя накунанд. Во вуҷуди ин мақолаҳоям руи
чопро надиданд...
Мақолае бо номи «Худогоҳ, дурандеш ва эҷод-
кор бошем» ба унвони муҳаррири «Тоҷикистони
советЯ» низ равон кардам. Рузҳою моҳҳо сипарЯ
шу панду он низ руи чопро надид.
Дар фотиҳае вохӯрдем. Ин вохуря гайричашмдошт
буд, сармуҳаррир гуфтанд:
— Буриҷон, мақола аз хад калон, сабаби чоп накар-
данамон ҳамин аст. Ман бошам интизор набудам, ки
сармуҳаррир аз ин хусус ran мезанад.
— Х,еҷ ran не, гуфтам, агар мақсади чоп кардан
дошта бошед, метавонед якчанд маротиба кӯтоҳ ку-
нед ё худ ба қисмҳо ҷудо намоед.
— Кӯшиш менамоям, гуфт мармуҳаррир ва бо ман
хайрухуш кард. Вале ман хуб медонистам, ки
мақолаи маро бо сабаби бароям маълум чоп наме-
кунанд. Ман барои он кас рондаи дарбор ҳисоб
мешудам... Дар ёд дорам, вақте ки дар дарбор
вазифаи мусъулро соҳиб будам, мақолаҳои навиш-
таамро ягон ҳарфу нуқтаашро нарезондаву
начаконда чоп менамуданду саҳари рузи ба табъ
расиданаш занг зада мепурсиданд:
— Муаллим, мақолаатон бисёр олиҷаноб барома-
даст, ое хондед?
Бояд гӯям, онҳое, ки ба даст қалам мегиранду чя
будани заҳматро хуб медонанд, сари ҳар ҳарф, ка-
лима, ибора, ҷумлэ майна об мекунанд. Медонанд,
ки навиштаи онҳо ба табақаҳ,ои мухталифи меҳнатка-
шон пешкаш мешавад. То он ки мақбули хонайда
шавад, кӯшишу сайъи зиёд ба харҷ медиҳанд. Ед
порам, аз он ки ман чун шахси масъули ^арборя
баъзан қалам ба даст мегирифтам, ин ба рузнома-
нигорон мақбул меомад, чунки гуруҳи калони дар-
289
бориён ин корро барои худ раво намедонистанд,
баъзеҳо аз ӯҳдааш низ намебаромаданд.
Бисёриҳо русй навишта мекарданд,
рӯзноманигорон онро ба тоҷикй тарҷума мекарданд.
Тарҷума дагал ва нохонданбоб мебаромад.
Имруз ҳам агар сари масоиле вақти зиёд сарф
карда, чизе навишта кунам, пеши худам мемонд.
Ман дигар илоҷе надоштам ва ба ҳар ҳол хурсанд
будам, ки хома ҳамрози ман аст.
Фақат баъдтар шахсоне ёфт шуданд (ин ҷо
рӯзноманигорон Д.Атовуллоев ва Х.Имомназар дар
назар аст), ки оҳи диги маро шунида, ҷавобам гуфта-
анд.
Дар он рӯзҳо ягона ва асоситарин такягоҳи ман
зиёиён буданд. Оре, танҳо онҳо. Бақте ки сели
тӯҳмат бар сари ман рехт, рузи 18. 02. 90 феврал
«такяи ман Шумо бедорфикрон ҳастед» гуфтаам
маҳз ба онҳо дахл дошт. Ьовар доштам, ки аз он
азияте, ки ман мекашидам, онҳо огоҳанд. Бале, пеш
аз ҳама бояд пайхас мекарданд, ки маро қурбони
ғадру хи^нат карданй ҳастанд. Фақат онҳо метавони-
станд мардуми оддиро фаҳмонанд, ки мақсаду
мароми дароориён чисту аз ман чй?
Ман медонистам, ки агар қисме аз онҳо маро
дастгирй кунад, аллакай ин барои ман умед аст. Хато
карда будам... дастгириам накарданд, интизор бу-
данд, ки оқибат ба ман чй хоҳад шуд. Одамоне ҳам
пайдо шуданд, ки ёрй доданро ёаҳона карда, аз ман
хабареро ба ҷои даркорй мерасониданд. Баъзеҳо
маро имтиҳон мекарданд...
18 марти соли 1990 В.Захватов дар рӯзномаи
«Труд» мақолаеро бо номи «Ин худ чй будг» ба табъ
мерасонад. Он ҷо омада: «Котиби якуми КМ ҳизби
коммунистии Тоҷикистон Қ.Маҳкамов руйдодҳои он
айёмро ба хотир оварда, дар конфронси матбуот
мегӯяд:
«Агар шумо медонистед, ки «кумитаи мардумй»
дар намоишҳои иҷозатнашуда бо мо чй гуна фишори
сахт меовард. Талабҳои асосй: протоколи истеъфо-
ро фавран имзо намудани се роҳбари ҷумҳурй, озод
намудани 41 нафаре, ки милиция барои иштирок дар
бетартибй, горат ва бедодгариҳо дастгир кардааст.
Намояндагони «Кумитаи 1/» дам ба дам дар бораи
вазъи шаҳр маълумоти нав меоварданд. Ниҳоят, ба
мо талаби таҳдидомез (ультиматум) аз байни туда
супурда шуд: агар баъди понздаҳ дақиқа протокол
ба имзо нарасад ва «гаравгонон» озод нагарданд,
290
пас золи кинову консерт, кинотеатри ба номи Ҷомй
оташ зада шуда, қарио тамоми маркази шаҳр аланга
мегирад. Дар муқобили қонеъ гардонидани талаботи
мазкур ғайрирасмиҳо вазифаи ором гардондани
тӯдаҳои бахашмомадаро ба уҳда мегирифтанд. Ва
мо ба протокол имзо гузоштем, дастур додем, то
дастгиршудагонро раҳо кунанд, тавассути телевизи-
он изҳор кардем, ки омодаем аз руи меъёрхои
Оинномаи ҲКИШ ва қонунҳои советй истеъфо би-
диҳем ... Танҳо дигар хун нарезад».
Як ҷузъиёти муҳим — онҳое, ки дар паси қисми аз
ҳама ифротии туда (аксар аз нашъамандону нушокии
спиртй мадҳӯшгашта) қарор доштанд, набояд на-
медонистанд, ки дар шаҳр якшанбеи 11 феврал танҳо
наздики 350 нафар кормандони милиция буданд ва
ягон аскари қӯшуни дохилй набуд. Охир баъди намо-
иши 26 январ дар КМ оқибати онро таъмин карда
метавонистанд. Ана тамоми фаъолони идеологй дар
куҷо лозим буданд — онҳ,о дарҳол ба қишлоқҳои
атроф, гӯшаву канорҳои шаҳр мерафтанд, бо омма
кушоду равшан, гаирирасмй кор мебурданд... Вале
бо одамон дигарон кори идеологй мебурданд...
Дар байни издиҳоми намоишгарон шиорҳои: «Ко-
тиби аввали КМ ҳ,изб Бӯрй Каримовро мехоҳем!»
буданд. Ин ҷонишини ҷавони сивусесолаи Раиси
Шурой Вазирон, раиси Кумитаи давлатии планкашии
ҷумҳурй, номзади илмро, ки тайи чанд соли охир аз
дараҷаи сардори Калоннаи сайёри механиконидашу-
да ба мартабаи вазири хоҷагии роҳҳои мошингард ва
чонишини раиси Шурой вазирон расид, намоишгарон
бо розигии худаш ба «Кумитаи 17» пешбарй кар дан д
ва у раиси он гашт. Маҳз протоколи истеъфоро аз
дасти роҳбарони ҳизб ва ҳукумат ӯ гирифт. У нотиҷи
забардаст, шахсе, ки барояш ояндаи дурахшон
пешгуй мекарданд, аз ин чй гуна таассурот бардошт?
Аз суханронии ҷонишини фармондеҳи округи
сарҳаддии Осиёи Миёна генерал-майёр А.Н.Марто-
вицкий дар Пленуми КМ ҳизби коммунисти
Тоҷикистон дар таърихи 3 март:
— Сарҳадчиёне, ки 14 феврал ҳамроҳи милицио-
нерон даромадгоҳи бинои КМ ҳизбро посбонй
карданд, чй гуна аз он ҷо баромадани Бурй Каримов-
ро диданд. Табъаш болида буд. У милиционери дар
пост истодаро ба огӯш кашид ва бибусид, бо овози
баланд нидо кард: «Табрик кунед! Ман — сарвари
ҳукумат!...»
291
Аз суханронии раиси Шӯрои Вазирони ҶШС
Тоҷикистон И.Ҳаёев дар кофронси матбуотии охир:
— Проблемам оворагон, аз ҷумла аҳолии русзабон
вуҷуд надорад, онро бофтаанд. Ба Намояндагии до-
имии ҶШС. Тоҷикистон дар Маскав 157 нафар
муроҷиат карданд, вале чунон ки маълум гардид,
танҳо 4 нафари онҳо баъди воқеаҳои 12 феврал ба-
ромада рафтаанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар айни
замон масъалаи оворагонро ҳал намекунад...»
Ана ҳамин тариқ, фарзанди Захватове, ки солҳои
дароз дар ҷумҳурй зиндагй мекард, бо интишори ин
мақолаҳояш ба намакдони тоҷикон туф кард. Ала-
мовар аст ин гуна рафтор, вале чй илоҷ... Ба тавассути
Захватов ва Пономарёвҳо ҷумҳуриву миллати мо
бадном карда мешуд.
Маро ҳам бадном менамуданд.
Маҷбур ба идораи рузнома ва Шурой Олии
ҷумҳурй муроҷиат намудам:
— Розй ҳастам хонаи дуошёнаамро ба Пономарё-
ву бӯстонсароямро ба дуруғгуёну хабаркашҳо
туҳфа кунам, ҳ,ол он ки чизй набударо туҳфа кардан
гайриимкон аст.
Хушбахтона, буданд муаллифоне, ки берун аз
марзи ҷумҳурй мезистанд, вале гуфтани ҳақиқатро
волотар медонистанд.
Мяло ва Гончаров дар мақолаи худ дар маҷаллаи
«Новое время» рақами 9, соли 1990: «Аланга дар
кӯҳ». Ҳодисаҳои Душанбе. Қаринаи ҷуғрофй—сиёсй»-
менависанд:
«Бори чандум аст, ки ба такрор мегӯем, лаб фуру
бастан аз хусуси ҳодисаҳо, маълумоти ба таъхир
расида ва ноаник, дар бораи онҳо феълан гражда-
нинҳои ИҶШС-ро беш аз пеш дар муқобили
зӯроварй беҳимоят месозанд.
Аммо ҳеҷ гоҳ чунин лабфурӯбандй, ҳатто агар
оғози равандро ба ёд орем (Сумгаит ва пеш кардани
оворагон), ба ин дараҷа аён метавон гуфт қасдан
набуд, чунон ки алҳол дар рафти ҳодисаҳои
Тоҷикистон аст. Рӯзномаҳо феълан ба ҷуз ахбори
мухтасари ТАСС чизи дигаре чоп намекунанд, ҳисоои
осебдидагон ниҳоят маҷҳул аст. Аммо тартиби
қолабии «вазъият муътадил мегардад» аллакаи дар
саҳифаҳои матбуот пайдо шуд.
Агар ин ҳамин тавр аст, пас хабари мухтасари
<Правда»-ро дар бораи ба минтақаи задухурд фи-
ристодани қисмхои округи ҳарбии Туркистон чй гуна
бояд фаҳмид? Чунин қарор дар кадом сатҳ қабул
292
шудааст ва дар мавриди вусъати нохуши ҳодисаҳо
барои ин кй ҷавоб медиҳад, модом, ки ҳоло ҳам
меъёрҳои аниқи ҳуқуқии мазкур вуҷуд надоранд?
Аҳолиеро, ки чй тавре «исёни беваҳо» дар мин-
тақаҳои ҷануби РСФСР нишон дод, аз иштироки
қувваҳои мусаллаҳ дар низоъҳои байналмилалй сахт
захмй гаштааст, кй таскин мебахшад? Ва магар
ҷомеа ҳуқук, надорад ба куҷо фиристода шудани
курсантҳои акнун соли авввали хониш — мактаоиёни
дирӯзаро, ки бо шишаи кислотаи сулфат пешвоз ме-
гиранд, бидонад?
Чунин ба назар мерасад, ки касеро қонеъ гардо-
нидани таъбирҳои қолабии «аносири авбош» ва
«гурӯҳҳои моҷароҷу» дар гумон аст. Таъбирҳои маз-
кур на ба миқёси амалиёте, ки гузаронида мешаванд,
на ба хислати ҳодисаҳои вусъатебанда мутобиқат
надоранд. Ва ҳар кадаре, ки ин зудтар фаҳмида
шавад, ҳамон қадар хубтар аст.
Мо дар яке аз мақолаҳои худ сохти давлатию
маъмурии даҳсолаҳои пешин дар ҷумҳуриятҳои Оси-
ти Миёна ташаккулёфтаро ҳамчун сохти феодалй
арзёбй карда будем (вале ин албатта дар сохти
мазкур амал намудани афроди шахсан бовиҷдон ва
соҳиби мақоми муайяни иҷтимоиро истисно наме-
кард). Одатан ин қабил сохтҳо ба усули қабоилии
муносибатҳои мансабй асос ёфтаанд ва муборизаи
сиёсй низ ба ҳамон андозае, ки то алҳол сурат меги-
рифт, қариб сирф дар шакли муборизаи қабоил ба
амал меомад...
Бо вуҷуди ин зимнан сабаби мастури на миллй,
балки иҷтоимоиву сиёсии низоъ низ яку якбора ош-
кор карда шуд. Бале, яку якбора, чунки .агар дар
минтақаҳои дигар ба раванди мазкур ҷунбишҳои гу-
ногун барои дастгирии бозсозй, баҳри эҳёи милливу
фарҳангй ҳамроҳ шуда, вазъиятро мураккаб карда,
бӯҳрони сохтро (яъне бӯҳрони баъзе зинаву да-
раҷаҳои идораро) гирифта бошанд, дар Тоҷикистон
тамоми марҳалаҳои мутавассит ҳазф гардиданд ва
бӯҳрони дафъатан аз хусуси бӯҳрони низом, бӯҳрони
системаи том буданаш дарак дод.
Раванд бошад, якбора бе ҳеҷ гуна ниқоби идео-
логи ҳамчун раванди сиёсй ошкоро зуҳур кард. Ин
дар муҳити умумии психологй низ инъикос ёфт, ки
меъёри асосии он овозаҳо мебошад: аз рӯзи аввал
дар Душанбе миш-миш буд.ки «аз Афгонистон диви-
зияҳои муҷоҳидон омада, Шӯроҳоро несту нобуд
мекунанд».
293
Бо шакли пардапуш гирифтаки бӯҳрон, зимни ни-
гоҳдошти феълии сохти гуруҳҳои террористу ки дар
кӯҳистон нопадид шуданд, фаъолияти намояндаҳои
махфй аз Тоҷикистону Озарбойҷон ба шаҳракҳои
Ӯзбекистон, хусусан дар атрофи Тошканд, қувват
гирифт.
Вазъияти атрофи Фрунзе ноором аст, аз.ин ру, бо
э^тимоли қавй ҳалқаи нави террору зуровариро дар
ин чо низ интизор шудан мумкин аст».
Ҷои дигар Млечин дар ҳамин маҷалла зери сар-
лавҳаи «Маълумот нест» ё «Чаро органҳои
муҳофизати ҳуқуқ аз хусуси қатлу горат қаблан
хабар дода наметавонандТ» менависад:
...Албатта, ривояти коркунони масъули КБД-ро
қабул кардан мумкин аст. Ьа пиндошти онҳо, ба ин
ҳама маҳз лақнкунандагони овозаҳо гунаҳкоранд:
доду фарёд кардан ва ана оқибати шумнафасиашон.
Аз ин ру, хулосаи асосие, ки КБД дар атрофи ҳоди-
саҳои Душанбе баровард, ба «интишор надодани
маълумоти носанҷида» даъват намудани матбуот
буд.
Ин мантик,и мувофиқест: он масъулиятро аз души
касоне, ки қарзи хидматиашон бақои ҳаёти инсон
мебошад, дафъатан соқит мекунад...
Аммо хабарнигорони «ТАСС» баръакс паи ҳам
хабарҳои номафҳум медоданд. Бо воҳимаю валва-
ла аз дарёфт кардани «гунаҳкорони бегуноҳ»
хабарҳо мерасониданд. Ана хушае аз хирвори эшон:
«ТОҶИКИСТОН: — ТАФТИШ ДАВОМ ДОРАД»
Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷони-
шини Раиси Шурои Вазирони ҷумҳурии Тоҷикистон,
раиси Кумитаи давлатии планкашии ҷумҳурй Б.Кари-
мов ва вазири фарҳанг Н.Табаровро барои Дар
воқеаҳои маълуми февралии Душанбе худро бад-
ном кардан аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод
намуд. Чанде қабл ба ҳар ду роҳбар коммунистони
ҷумҳурй бахои сиёсй доданд— дар Пленуми баргу-
зоргаштаи кМ ҳизби коммунистии Тоҷикистон бо
аксарияти овозҳо ҳар ду аз сафи ҲКИШ хориҷ карда
шуданд. Дараҷаи гуноҳашонро тафтиш муқаррар
мекунад.
Тавре ки маълум аст, Б.Каримов, Н.Табаров ва боз
як қатор ашхосе, ки дар дастгоҳи ҳизбиву ҳукуматии
ҷумҳурй мақомоти масъулро ишғол мекунанд, аз
вазъи ноороми ҷамъиятиву сиёсии Душанбе истифо-
294
да бурда, ба хусус бо роҳи ғайриконститусионй Рай-
ей Шурой Вазиронро маъзул карданй буданд. Алҳол
дар Душанбе гуруҳи тафтишоти оперативй барон ош-
кор карданй ҳам иштирокчиёни бетартибиҳои оммавй
ва ҳам ташкилотниёни бевоситаи онҳо амал менамо-
янд. Беш аз 50 гражданин дар қатлу горат, оташзанй,
сӯиқасд ба ҳаёти инсон айбдор дониста шудаанд.
— Ҳарчанд ҳолати ҷамъиятиву сиёсй рӯ ба
беҳбудй оварда истодааст, бо вуҷуди ин дар ҳудуди
Душанбе вазъи фавқулодда ва вақти комендантй да-
вом дорад, — таъкид кард комендантй ҳарбии шаҳр,
вазири корҳои дохилии ҷумҳурй М.Навҷувонов. —
Тамоми корхонаву муассисаҳои саноатй, нақлиёти
ҷамъятй кор мекунад. Дар ду бозии футбол дар яке.
аз стадионҳои Душанбе бетартибие ба амал наомад.
Раёсати Шурой Олин ҷумҳурй ба таври истисно барои
21 март дар Душанбе гузаронидани тадбирҳои омма-
вии марбут ба иди анъанавии эътидоли баҳории шабу
руз — Навруз иҷозат дод.
Вале на ҳамаи навигариҳо касро хурсанд мегардо-
нанд. Ба органҳои ҷумҳурии муҳофизати ҳуқуқ аз
хусуси кушишҳои ба гузаронидани митингҳои нави
иҷозатнашуда, ташкили имзоҳо барои ҳимояи роҳба-
ри собиқИ кумитаи мардумии муваққатй (он бо
қарори махсуси Раёсати Шурои Олии ҷумҳурй паро-
канда шуд) Ь.Каримов барангехтани ҷавонон хабар
мерасад. Дар бораи кӯшишҳои фишороварй ба
аъзоёни комиссияи ҷумҳурии тафтиши ҳодисаҳои 12-
14 феврал, ки дар назди Шӯрои Олии ҶШС
Тоҷикистон ташкил ёсртааст, хабарҳо расидаанд. Та-
моми фактҳои мазкурро органҳои салоҳиятдори
ҷумҳурй бодиққат тафтиш менамоянд».
Вале ҳамон «ТАСС»-е ки шабу руз аз ҳодисаҳои
Душанбе хабар мерасонид, имруз ба чй сабабе ба
лаб муҳри хомуши задааст. Ва умуман «ТАСС» он
шабу руз хизматгори «хоҷа» буд ё сарвари он ба
мо маълум нест.
Дар моҳномаи «Адолат» номаи саркушода ба
муншии аввали Кумитаи Марказии Коммунистии
Тоҷикистон, узви Бюрои Сиёсии КМ ҲКИШ, Раиси
Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон вакили мардумии
ҶШС Қаҳҳор Маҳкамов аз тарафи муаллиф До-
доҷон Атовулло навишта шудааст:
«... Суоле пеш меояд, ки оё дар Тоҷикистон
одамҳои шоиста ва шахсиятҳои барҷастае вуҷуд над-
орад, ки ба зиндагии ҷомеа, ик,тисод ва сиёсат нигоҳе
тоза дошта бошад? Ҳастанд ва кам нестанд. Афсус,
\
295
ки Шумо гавҳаршинос нестед ва ба қадри зар наме-
расед. Ва агар нарму мулоим бигуем, яке аз
бохтаҳои бузурги Шумо дар қимори сиёсиатон дар
он аст, ки чунин шахсиятҳоро ба рақибони худ табдил
додед. Чунон ки мегуянд: «худкардаро даво нест...»
Ҳамаи он ҳодисаҳои моҳҳои охирро ба таҳлил
гирифта, аз нигоҳи ақл ба навиштаҷоти муаллиф сер-
талабона ва ҳаматарафа баҳо додам. Ба хулоса
омадам, ки зери ин нома ман низ тайёрам имзо
гузорам.
Ман ин ҷо мехостам фақат сари ақидаи «одамҳои
шоиста ва шахсиятҳҳои дигаре, ки аз дарди дили
халқи хеш огоҳанду кореро ба сомон расонида ме-
тавонанд» истода гузарам.
Онҳоеро, ки ман шоиста медонам, мутаассифона
дар қабатҳои миёна кор мекунанд. То сат*и олй зур
зада баромадану аз он ҷо гузаштанашон муаммоест
басо мушкил. Аз ин баъд,.ба таври «хоста» гирифтан,
ҷо ба ҷо монии кадрҳо cap мешавад. Акнун механиз-
ми лаганбардору хушомадгуй, дилёбу фармон-
равоён ба кор медарояд. Хешу таборчигй, по-
рахӯриву ҷӯрабозй оғоз мегардад. Агар ин тавр
намебуд, он ҳоле ки имруз мо дорем, ҳеҷ гоҳ ба
сарамон намеомад.
Роҳбарон «парвариш» карда мешаванд. Ба онхо
қариб, ки аз рузи таваллудашон гаҳвораи мансабй
фароҳам мешавад. Дар кадом мактаб, бо кадом
забон хондан, пешоҳанг, ҳизб, кадом мактаби олй,
дар чй хел вазифа кор кардан муайян мегардад.
Кош ҳамин рафторҳои онҳоро намедонистаму на-
месухтам. Вақте ки ба донишкада дохил шудам,
маълумам гашт, ки аз як мактаб фақат ба як гуруҳи
мо, такрор мекунам, фақат ба гурӯҳи мо 5-6 насрар
аз як мактаб, дар як вақт дохил шуданд. Е тавба, ин
қадар муаллимони зур бо он^о даре медодааст?..
Аз як падару модар дар як парломуни кучак ду
нафар намоянда, аз аҳолии зиёда аз панҷ миллион...
Чй қадар зиёданд чунин мисолҳо. Бо як назар «бубин
тафовут аз куҷост то ба куҷо...»
Дар рӯзҳои фоҷиавии моҳи феврал мо имкон пай-
до кардем, ки симои ҳақиқии бисёр шоиру
нависандагонро ба хубй дониста гирем. Манзарае
буд басо риққатовар! Чаро шахсони соҳибмаърифат
чунин рафтор менамуданд, охир мардумро ба роҳи
дуруст ^идоят намудан вазифаи онҳост. Чаро худ ба
даҳон муҳри хомушй зада мегарданд? Ба ростй ҳеҷ
сарфаҳм намерафтам, ки кадом қуввае онҳоро аз ин
296
роҳи рост бозмедошт. Наход маънавиёташон 'зӯрй
накунад, аланга назанад? Баъд аз чанде, 13.09.90 дар
«Адабаётт ва санъат» мақолаи Баҳром Фирӯз «Ме-
хоҳам бидонам»-ро мутолиа намудам. Он ҷо чунин
суханон сабт шуда буданд: «Вақте ки қариб аксари
роҳбарони мо китоб намехонанд ва ба забони
тоҷикй саҳеҳ сухан кардан наметавонанд, мо ҳақ
надорем, ки аз ваҷҳи гул-гулшукуфии маданият
мадҳияхонй кунем. Баъзан нутқи бемағзу беранг ва
мантиқи холии онон магар далели аз китоб ва дигар
масоили маърифат дур будани онон нест?! Агар ваки-
ли Шӯрои Олй тасдиқ гаштани қонуни забонро аз
варақ хонда эълон кунад, ман сарамро ба кадом санг
занам?!»
Ба гуфтаҳои нависанда боз як чизи дигарро ҳам
илова бояд кард. Қонуни забонро садри раёсати
Шурой ОлЯ канда ва зуракй хонд. Аз ҷои худ бархо-
ста чапакзанон шодй мекардам. Бигузор хонандаи
мӯҳтарам маро дуруст фаҳмад, баъди ин кор чанд
нафари дигар ба якдигар нигаристанду сониян аҳли
зал аз ҷой бархостанд.
Чй хеле ки нависандаи мӯҳтарам ёдовар мешавад,
ҳамон дам ман ҳам намедонистам чй кор кунам,
сарамро ба кадом санг занам. Наход ин қадар маъ-
навиёти мо коста шуда бошад ё худ фак,ат роҳбарон
аз он маънавиёт орианд ва дарк намекунанд, ки
масъалаи таърихие, ки ҳалли худро солҳои дароз
наёфт, *ал гардид. Оре, бори дигар қоил шудан
лозим аст, ки он намояндагони халк,, ки он руз ҳузур
доштанд, сатҳи маданияташон болотар будй. Қаоули
қонуни забони тоҷикй ҳамчун забони давлатй бечу-
нучаро ба шарофати бозсозй ва зери таъсири
баромадҳои оташини бедорфикрони мо ҷомаи амал
пӯшид. Ин ҷо бе ягон муболиға мақоми роҳбарон ва
нақши депутатҳои халқй ниҳоят кам буд. Саҳми асо-
сиро нависандагон, шоирон, олимон ва умуман
зиёиёни бедорфикру диндорон бозиданд. То он рӯз
воизон аз минбарҳои баланд овораи мадҳи гул-гул-
шукуфии ҷумҳуриамон буданд. Агар меҳмони
олимақоме аз марказ меомад, албатта «бузургтарин
иншоотҳо»-ро намоиш медодем. Беҳтарин дошта-
ниҳоямонро пешкаш менамудем, то нисбати
роҳбарии мо, кору бори мо фикрҳои мусбй пайдо
шавад. Ва сад ҳаиср, ки чунин рафтор мекардем. Аз
Душанбе ба вилоят ё худ аз вилоят ба ноҳия меҳмон
меомад, аҳвол ҳамин хел буд. Касе масалан, меҳмо-
нонро ба ноҳияи Восеъ, ки хуруҷи касалии сил дар
якчанд хоҷагиҳояш ҳоли мардумро табох, кардааст,
297
намебурд. Ё худ ба ноҳияҳое, ки ба ҷои об заҳр
менӯшиданд ва ё обро аз масофа дур бо хорию
зорй меоранд ва ғайраҳо. Ин аст, ки мо дар якҷоягй
ҷумҳурии ақибмондатарини худро ҳамчун кишвари
гул-гулшукуфон ва ба роҳи ояндаи дурахшон равон-
ро пешкаши меҳмонони олимартаба мекардему