Субҳи ситоракуш The Dawn That Puts Out the Stars

Transcription

АСЛИДЛИНИ СОҲИБНАЗАР



СУБҲИ СИТОРАКУШ

0

КИТОБИ АВВЛЛ

0

Назаре ба рӯйдодҳои охири
Тоҷикистон

Интишороти «Аониш»
Душанбе - 1997
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

субҳи ситоракуш

пурҳаводис хабар медиҳанд Андрей то охир шахеияти но-
шинохта мемонад, вале аз оҳанги гуфтораш бармеояд, ки ӯ
корманди ташкилоти бонуфузу пурқудратеет, ки тақдири
Тоҷикиетонро ҳал мекунад ва ҳадафҳои манфиатҷӯёна дорад
Бо вуҷуди ин меҳри кишвари тоҷик ва мардуми он Андрейро
маҷбур мееозад, ки муаллифи китобро аз бисёр сирру асрор
ва нақшаҳои дасиеакоронаи Марказ ва ҳизби коммунист огоҳ
еозад.

Аммо мутаассифона, як худи муаллиф ва чанд тан ҳам-
маслаконаш пеши роҳи фоҷиаи Ватанро шрифта намета-
вонанд.

Муҳимтарин арзиши китоби Аслиддини Соҳибназар дар
ин ает, ки вай аз Ватан ва миллати шарифи худ ҳаққонй
ифтихор мекунад. Ба назарам, мақсади асосии таълифи ин
китоб ҳам дар он ает, ки симои Ватани зебо ва чеҳраи халқи
бегуноҳашро барои оламиён сафед бикунад. Бо дарду алам
ва исботу далел бифаҳмонад, ки Ватани мо бо даети аҷнабиён
ва фарзандони ноқобил ба чархоби фоҷиа афтид, халқи
заҳматкаш, меҳмоннавоз, софдил ва нотакрори ӯ гуноҳе
надорад. «Айб»-и асосии халқи ӯ ҳамин ает, ки инсониятро
дар зиндагии зебо, осуда ва беолоиш дӯет медорад ва навозиш
мекунад.

Ope, муаллифи «Субҳи ситоракуш>\ чун дигар қалам-
кашони халқ, Ватан ва урфу анъанаҳои миллим худро дар
ҷое таҳқир ва еарзаниш накардааст. Балки бузургӣ ва
назаркардагии Аслиддини Соҳибназар дар ҳамин таҷассум
меёбад.

Ман ҳақиқатан аз ҳастии ӯ ифтихор мекунам. Ва бовар
дорам, ки ҳаёти зебо ва рангине боз ба истиқболи Ватани мо
оғӯш мекушояд.

Заршиное
АСЛИДДИНИ СОҲИБПАЗАР

СуКҲИ ОИТОРАКУШ

ФИШѴРААИ ОҒОЗИ СУБХ

Рӯйдодҳои чанд соли охири Тоҷикистонро таҳлил карда,
ба саволҳои беҷавоб посух меҷӯям. Аммо мушкил аст ҷавоби
ин саволҳо. Баъзеҳо сабаби рух додани ин ҳодисаҳоро ба
баланд шудани таъсири нерӯҳои исломй ва ақидаҳои
демократа марбут медонанду иддаи дигар аз барҳам хӯрдани
Иттиҳоди Шӯравй. Аммо, ба андешаи ман, ин нерӯҳои номбар
шуда омилҳое ҳастанд, ки ҳамчун механизм метавонанд
вазифаи худро дар мӯҳлата муайян иҷро кунанд, рафти
ҳодисаҳоро тезонанд ё баръакс, қафо партоянд, лекин
сабабгори асосии рӯй додани ин ҳаводис туда наметавонанд.
Тахмин дорам тақдири тоҷикон ва харитаи сиёсии кишвар,
бо кадом роҳ тараққй кардан ва пеш рафтани диёри мо ва
ҳамаи давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравй охири солҳои 70
ва аввали солҳои 80-ум муайян шуда, бештар ба шикасти
идеологияи коммуниста, вайроншавии таносуби иқтисодии
социализм ва эътабори ин ҷамъият берун аз сарҳадҳояш
пайваст аст.

Вақте қувваҳои мусаллаҳи СССР зери ниқоби ёрии
башардӯстона ба Афғонистон ворид шуд, бисёриҳо мулохмза
доштанд, ки ин давлат дар мӯҳлати кӯтоҳ пурра аз ҷониби
ҳукумати абарқудрати шӯравй тасарруф гашта ба ҷумҳурии
навбатии бародарии социалиста мубаддал мегардад, сохтмони
социализм дар ин кишвари «бенавою қашшоқ» огоз меёбад.
Дар ибтидо амалан ҳамин тавр шуд. Пас аз дохил шудани
қувваҳои мусаллаҳи шӯравй дар Афғонистон сохтмони
социализм oraf ёфт. Тамоми идораҳои давлатй аз котиби
Ҳизбии ноҳияву вилоят cap карда, то «поссовет»-у «женсовет»,
созмонҳои комсомолу пионерй ба тарзи ҳукумати шӯравй,
алалхусус, ба усули дар ҷумҳуриҳои Осиёи миёнагии Итти-
Ҳоди Шӯравй роиҷ, таъсис мешуд. Ба ибораи дигар гӯем,
'АСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗАР

СУБҲИ СИТОРАКѴМІ

тарҳи идоракунии сохтори шӯрави пурра ба Афгонистон
кӯчид. Ҳатто мансаби шоҳӣ, ки тарзи давлатдории миллим
мардуми афгон буд, пештар аз ин ҳодисаҳо аз байн бурда
туда, ин мансабро, котиби аввали ҳизб ва Раиси ҷумҳурй
дар симои як шахе аз худ намуд.

Мушовирони бешумори шӯравӣ алифбои социализмро ба
афғонҳо меомӯзониданд, нақшаҳои ба мардум додани замин,
давлатй гардонидани нақлиёт ва савдо амалй мегашт. Қисми
аҳли Тоҷикистон аз кори дар сарҳадҳои ҷанубии ӯ шуда-
истода шод буд ва кулли бародарони афгонро мехост мисли
худ «озоду хуррам» бинад. Баробари ин бародарони афгон
дар макотиби шӯравй таҳеил намуда, назария ва амалияи
социализмро аз бар мекарданд. Қариб тамоми хароҷоти омаду
рафти роҳ, таҳсил ва таъмини онҳо ба'зиммаи ҳукумати
шӯравй буд. Бечуну чаро, чунин хароҷотҳои «беминнат»
таваҷҷӯҳи иддае аз мардуми афғонро ба социализм ҷалб
мекард. Аммо қисми дигари мардуми афғон ба ҳамаи
имтиёзҳо нигоҳ накарда, аз гирифтани замин даст мека-
шиданд, ба миллй кунонидани заводҳо бовар намекарданд
Мушовирони мо бошанд, чунин муносибати мардуми афгонро
нафаҳмида, онҳоро «гул»-у гумроҳ мегуфтанд. Гурӯҳе аз
сармоядорон ва заминдорони афгон аллакай, мисли солҳои
1917-1918 дар Росия, душмани халқ эълон шуда, молу мул-
кашон тороҷ ва худй онҳоро қатл менамуданд. Сонитар
" муайян мегардад, ки озодй ва миллигардонии моликияте, ки
мо ба мардуми афгон ваъда карда будем, ба тафаккури
мардуми ин кишвар бегона будааст. Бе розигии соҳибаш
мусодира кардани замин, молу мулк барои мардуми мусал-
мон гуноҳ буд. Сохтори коллективй, ки моҳиятан ба зӯри
кашида гирифтани замин асос ёфта буд ва онро мушовирони
шӯравй тавсия медоданд, сохтори дар амал чандон озод набуд
Моликияти давлатй дар соҳаҳои саноату савдо ва хизмат-
расонию нақлиёт низ озодии одамонро маҳдуд мекард
Мардуми афгон гарчанде нисбат ба мардуми кишвари мо
бенавою қашшоқ бошад ҳам, ба фарқияти моликияти
Умумиҳалқй ва моликияти сармоядорону савдои озод хуб
АСЛИДДИНИ СФҲИБНДЗАР

сувҳи СИТФРАКуШ

мерасид. Қисми зиёди мардуми афгон аллакай аз ҷамъияти
феодалй ба зинаи баландтарини иқтисодиёт ворид гашта,
табиатан социализми мутараққиро намепазируфтанд ва
қашшоқию бенавоии худро аксарияти онҳо ба социализми
ояндааш торику ноаён иваз кардан намехостанд. Мардуми
афгон, ки дар ҷаҳон тоҷирони кам надоранд, медиданд,
муқоиса мекарданд, хулоса мебароварданд, ки агар социализм
сохти ҷамъиятии беҳтарин бошад, пас чаро Югославия,
Полша ва дигар-дигар давлатҳо аз он рӯ метобанд? Чину
Ветнам бошанд, госхозҳоро барҳам зада, заминро ба мардум
бармегардонанд. Покиетону Ҳиндустон — ҳамсояҳои наздики
Афғонистон — беҷамъияти баробарии «шоҳу гадо»-социализм
ба суръати баланди истеҳсолй ва технологи тараққӣ карда,
ба дастовардҳои муайян ноил мегаштанд. Муқоисаву мавқеи
иқтисодии давлатҳои дуру наздик, ки дар роҳи гайри-
социализм бо суръати баланд пеш мерафтанд, бори дигар
қисми мардуми афгонро аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати
нави коммунистии Афгонистон дур мекард. Умуман, экспорта
социализм ба Афгонистон, ҳараката ба тарзи маҷбурй ҷорй
кардани идеологияи марксистии барои мардуми ин кишвар
бегона, ки хилофи идеологияи исломй аст, мардуми афгонро
ба ҷанги зидди нерӯҳои шӯравй ва ҳукумати коммунистии
Афғонйстон барангехт, сабабгори cap задани ҷанги бисёр-
солаи шаҳрвандй гашт. Оқибатҳои ёрии «башардӯстона»-и
ҳукумата Шӯравй барои барпо кардани социализм ва алангаи
ҷанги шаҳрвандӣ дар Афгонистон имрӯз ба мо маълум аст.
Зарари иқтисодии ба ин кишвар расида ба садҳо миллиард
доллар ргст меояд, кариб ду миллион одам қурбон шуда,
^еяки мардуми афгон ба гуреза табдил ёфтаанд. Ҳукумати
Нӯравй низ дар ин ҷанги эълоннашуда талафоти зиёд дод.
Ҳазорҳо шаҳрвандонаш дар ҷанг нобуд туда, на камтар аз
300 миллиард доллар маблаге, ки ба мардуми шӯравй
иҳоят зарур буд, дар ин чанг барбод дода шуд. Империям
рқудрати шӯравй ин кишварро шармандавор тарк намуд.
Аммо низои миллие', ки дар Афгонистон барангехтанд, то
Ҳол идома дорад.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сукҳи сито, лкуш

Сиёсати дар Афғонистон пешгирифтаи ҳукумати Шӯравӣ
ва ба ягон натиҷаи дилхоҳ муваффақ нашудани он дар ин
ҷанг аз рӯзи cap заданаш чашми идеологҳои коммунистиро
дар марказ кушод. Аён гашт, ки дар ҳолати бӯҳрони дохили
хоҳ иқтисодӣ ва хоҳ сиёсй, фартутии лидерҳои сиёсии
онвақта, ба мисоли Брежнев, Андропов, Черненко ва қариб
ҳамаи аъзои Бюрои сиёсии ҲК шикасти сохторро наздик
мекунад. Хурдтарин хатои лидери навбатй, билхусус, шахси
аввали ҳизб басанда аст, ки давлати азими Шӯравй, аз
давлати умумихалқй, аз давлате, ки дар он ҳуқуқи шоҳу
гадо гӯё баробар аст, ба ғайр аз суробҳо чизе боқй намонад,
низоъҳои миллим солҳо пардапӯш буда рӯи об бароянд, кӯч
бастани мардуми русзабон аз «протекторатҳо» ба марказ авҷ
гирад, мустақилияти хешро талаб кардани ҷумҳуриҳои
шӯравй масъалаи мухами ҳаётй гардад. Дар васоити ахбори
Шарқу Ғарб низ шикасти наздики сохти шӯравиро баръало
пешбинй мекарданд, ҳатто ҷаноби Солженущин, нависандаи
рус, ки берун аз хоки шӯравй зиста барои муборизаи зидди
сохтори коммунистй сазовори ҷоизаи Нобелй гардида буд,
борҳо андешаҳояшро нисбат ба таъсиси давлати славянй ва
сохтори он баён карда буд. Чунин ақидаҳоро ҷаноби Бзе-
жинский, яке аз сиёсатшиносони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
низ борҳо иброз доштааст. Дар дохили шӯравй низ касоне
кам набуданд, ки ояндаи нобасомони давлати шӯравиро
пешбинй накарда бошанд.

Феълан ояндаи давлати Шӯравиро пешгӯй намудану
шикасти онро дарк кардан хеле осон буд. Таҳлили иқтисо-
диёти шӯравй ва буҷаи он нишон медод, ки сеяки ин буҷа аз
Хисоби фурӯши маҳсулоти хом ва ҳамин қадар аз фурӯши
май пур шуда ва қисми зиёди он барои хариди хӯроку либос
масраф мешуд. Ба мардум маълум набуд, ки зиёда аз 30
фоизи нон, либос, қанд, чой ва дигар маҳсулот бар ивази
нафту газ ва пахтаю чӯб аз хориҷа ворид мегашт ва нозу
неъмате, ки бештар ба савдо мерафт, аз деҳқон бо нархи
арзон харида мешуд ва мардум бовар мекард чунин давлате
мавҷуд аст, ки дар он кор накарда, зистан имкон дорад. Аммо
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОНАКѴШ

чамъияте ки иқтисодиёти он ба идеологияаш сахт вобаста
аст ва тамоми сарвату қувва баҳри ҳифзи ин идеология сарф
карда мешавад, низ моликияти хусусй асоси иқтиеодиёти
давлат нест, оянда надорад. Чунин давлат имрӯз ё фардо, бе
пешгӯии касе, бе зӯроварии дигаре, худ ба худ ҳамчун
иморате, ки еутунҳояш бо мурури замон пӯсидаанд, меафтад,
аз байн меравад. Бояд тазаккур дод, ки ин шикастро
идеологҳои дохилй нагз дарк карда буданд, аммо тамоми
қудраташонро сарф карда, халқро аз фаҳмидани ин фоҷиа
дур нигоҳ медоштанд. Ва дар ҳолати шикасти социализм ва
ба рои безарар ба қафо гаштан дар собиқ протекторатҳо,
хусусан Осиёи Миёна, Қазоқистону Қафқоз замина омода
мекарданд. Тайёрй тез авҷ шрифта, дар давраи роҳбарии
Андропов-муншии аввали Кумитаи Марказии ҲК бисёр
мавқеи мустаҳкам пайдо кард. Пеш аз ҳама ва ба тарзи
таъҷилй лидерҳои баобрӯю боэътибор ва ҷавонони
лаёқатманди ин кишварҳо аз сари қудрат дур карда шуданд.
Баъзе амалҳои лидерҳои «хизматнишондода»-ро ошкоро
маҳкум карданд, ки мақсад таваҷҷӯх?! мардумро ба «тозагй»-
и ахлоқи сарварони коммунист ҷалб намудан буд. Баъд
парлумоне, ки бояд дар оянда ба ҷои идораи ҳизбй интихоб
мегардиду мансабҳоро тақсим мекард, қарорҳо мебаровард,
ҳомии иқтисодцёт мегардид, мебоист ҳайати он асосан аз
«худи»-ҳо иборат бошад. Ба ин мақсад дар ҳар гӯшаи
Иттиҳоди Шӯравй парвандаҳои ҷиноятй пайдо мешуд ва
сарҳади он аввалҳои солҳои 80-ум Қазоқистону Қиргизистон,
Гӯрҷистону Озорбойҷон, шаҳру ноҳияҳои бешуморро фаро
гирифт. «Делои пахта» аввалҳои солҳои 80-ум дар Узбекистан
огоз ёфт. Бояд гуфт ин парванда аз рӯи нақшае, ки солҳои
1961 дар Тоҷикистон амалӣ гашта буду беҳтарин лидерҳои
Ҷавони тоҷикро бо сарварии муншии ҲК Турсунбой Улҷабоев
саркӯб намуда буд, дар Узбекистан дар амал татбиқ мегашт.
Аммо марги бемаҳали сарвари коммунистон ва лидери
мардуми ӯзбек Шароф Рашидов ин миллатро аз «торумори»
оян^а нигоҳ дошт. Биеёр лидерони ҷавони ин миллат аз
еаркӯбшавй эмин монданд.
АОЛИДДИНИ СОҲИВНАЛАР

сувҳи СИТОРАКуШ

(±й

Шахсияти Ҷаббор Расулов, муншии аввали КМ ҲК Тони-
ки стон ба дӯсту душман маълум буд ва кӯчидани делои пахта
ба Тоҷикистон мисли Узбекистон аз амал дур набуд, аммо
марги бемаҳали ӯ низ ин мақсадро ба вақти номаълуме дур
партофт ва огози «делои» навбатй дар Тоҷикистон аз муно-
сибати лидери навбатй бо марка з алоқамандӣ дошт. Баробари
ин бояд тазаккур дод, ки делоҳои ҷиноятй ба кишварқои
шӯравй таъсири худро расоТГд. Бисёр лидерҳои баобрӯи
миллй ва ҷавонони лаёқатмандро дар ҷумҳуриҳои бародарй
аз идораи давлат дур сохт, гуноҳи касодии иқтисодиро ба
сари онҳо бор карда, боварии мардуми таҳҷоиро нисбат ба
идеологияи харобшудаи давлати тоталитарй баланд гардонда,
протекторатҳоро ба марказ нисбатан наздику мустаҳкам кард.
Аз ин рӯ ба сари қудрат ба ҳайси муншии аввали КМ ҲК
омадани Раҳмон Набиев тасодуфй набуд. У чун дастпарвари
ин ҳизб ба роҳбарияти Марказ начандон маълум бошад ҳам,
аммо ҳизб ӯро такягоҳ буд. Вале Марказ ба ѣудй дарк намуд,
ки Раҳмон Набиев дар ҳолати имрӯзаи касодии идеологй ва
ҷанги дар Афгонистон давом карда истода, шахси хатарнок
аст. Набиев-роҳбари саркашу якрав, қасосгир, аммо нисбатан
мустақиландеш буд. Марказ мавқеи ӯро ба осонй муайян
кард ва барояш аз мансаби ҳизбй дур кардан ва ба ҷояш
каси дигари гапдароро овардан мушкил набуд. Қ.Маҳкамов,
ки пеш намояндаи идораи ҳизби коммунист набуд,
гайричашмдошт ба ҷои Набиеви аз вазифа дуршуда ба сари
роҳбарии мансаби олй омад. Роҳбари ҷумҳурй таъин шудани
К Маҳкамов аз он шаҳодат медод, ки назар ба гузашта барои
Марказ роҳбароне заруранд, ки дар идоракунии дaвлaf ҳар
қадами худро бо маслиҳат мегузоранд, бисёр азизу
мӯътабаранд ва агар чунин роҳбар ҳаракати мустақилона
кунад ҳам, ҳамаи чораҳоро дидан лозим аст, ки сари қудрат
монад. Қ.Маҳкамов боре ҳатто чунин ҳаракат намуд, бо
супориши Москва барои мақоми давлатӣ гирифтани забони
тоҷикй талош варзид. Аввалин бор дар Иттиҳоди Шӯравй
соли 1989 «беиҷозати МаркгГз», аммо амалан бо тавсияи
Марказ қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон дар бораи мақоми
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуіІІ

ап

давлатй гирифтани забони тоҷикй қабул гардид. Ин кори аз
ҳад зиёд муетақилона буд ва манфиати тоҷиконеро, ки
зоҳиран тоҷик ном доштанду забонро намедонистанд,
мекоҳонд ва онҳоро якҷоя бо русҳо аз идораи давлат дур
мекард. Зиёда аз ин, қонун табиатан мустақилияти мардуми
русзабонро танг карда, онҳоро аз Тоҷикистон берун мекард.
Марказ якҷоя бо интелегенцияи русзабон ва русҳо фурсат
меҷустанд, ки ӯро барои ин рафтори ноҷо танбеҳ диҳанд,
сахт огоҳонанд ва умрбод дар панҷаи сиёсат ва доираи назари
худ нигоҳ доранд. Вақте ки девори азими социализм бо як
сухани гӯё «ноҷо»-и Горбачёв — бозсозй ба шикастан cap
кард, платформаи «ба қафо баргаштан»-и протекторатҳо низ
амалй гардид. Дар қисме аз ҷумҳуриҳои Назди Балтик,
Қавқоз, Осиёи Миёна, Қазоқистон низоҳои миллй cap заданд.
Қисми мардуми русзабони ин кишварҳо ба кӯчбандй оғоз
намуданд ва ба деҳаҳои ноободи Русия бармегаштанд. Лекин
лидерҳои ин кишварҳо, сарварони ҳизбҳои сиёсй, алалхусус
сарварони қизби Коммунист хатари ҷанги шаҳрвандӣ ва
ҷудошавии миллатҳоро ҳис карда, ба тарзи таъҷилй пеши
pox# ин низоъҳоро гирифтанд: гуноҳро ба сари ягон роҳбар
ё ҳизбе назаданд, мавқеи муайяни миллиро пеш дароварданд.
Ин амалашон анҳоро аз талабу мавқеи Марказ хеле дур
карда, эътибори дохилй ва таваҷҷӯх# мардумро нисбат ба
сарварони худ, алалхусус ба сарварони ҳизби Коммунист
баланд кард. Дар айни замон мавқеи дигар ҳизбҳо мустаҳкам
гашта, ба касодии идеологи хотима дода шуд. Хатари cap
задани фоҷиаи миллиро аз ин кишварҳо қисмгф дур карданд.
Аммо тоҷикон, ки дар ин давра мардуми «тинҷу осуда»,
сулҳдӯсту меҳнатдӯст, меҳмоннавозу интернационалист,
хуллас, «тихий народ»* ҳисоб мешуданд, дарк ҳам накарданд,
ки чй балое ба сари онҳо ома да истодааст. Надиданд ва таҳлил
накарданд, ки чаро дар мамолики дуру наздик низоҳои миллй
ба тезй, бе ёрии артиши Марказ фурӯ нишонда мешаванд,
°нҳо на ҳамеша бо Марказ маслиҳат мекунанд. Нафаҳмиданд,
ки ҷанги Афгонистон асосан дар сарҳади ҷануби Тоҷикистон
идома дорад ва тиру силоҳ оҳиста-оҳиста ба ин кишвар
Мекӯчад...
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ОИТОРАКУШ

Зулму шиканҷае, ки мардуми афғон, аз ҷумла, тоҷикони
Афгонистон мекашад, ба мо, мардуми Тоҷикиетони осоишта
нофаҳмо буд. Қамин тинҷиюосоиштагии зоҳирӣ бас буд, ки
идеологиям коммуниста, ки дар Марқаз аллакай ба таназзул
дучор гашт, ба ақлу дили мо боз ҳам сахттар кора кунад ва
мардуми тоҷикро аз ақидаҳои миллй ва динй, аз пешбинии
тақдири худ ва дигарон басо дур нигаҳ дорад. Андак калавиш
аз идеологиям давлатй ё ба майдон омадани ақидаҳои нав
бас буд, ки моро аз ҳамдигарфаҳмй маҳрум намояд, то ки
дар ҳалли проблемаҳои дохилй боз рӯ ба Марказ биёрем.

Таассуф, ки айнан ҳамин тавр ҳам шуд. Моҳи феврали
соли 1990, вақте ки дар давлатй «тинҷу осоиштаи» тоҷикон
ногаҳон аланга бархост, бисёриҳо онро игвои дохилй дониста,
рафтори гайриоддй хуісоб карданд. Наход тоҷикон хуни
ҳамдигарро бирезанд, наход дар Тоҷикистон ин ҳодисаи
гӯшношунид содир туда бошад? Бисёриҳо пурсон туда,
тавба мегуфтанд, ангушти ҳайрат мегазиданд. Ниҳоят ба
савол посух пайдо шуд: не, тоҷикон ин корро накардаанд,
игвогар rypyxji ифротиёни дин, ҷавонони нашъаманд ва рэкет
ҳастанд. Аз ҷавоб чунин хулоса бармеояд, ки ифротиёни дин,
ҷавонони нашъаманд ва рэкет мардуми Тоҷикистон нестанд
Агар шаҳрванди Тоҷикистон мебуданд, пас ин игворо барна-
меангехтанд. Аммо мутаваҷҷеҳ бошед: ин ҷавоб дар асл ба
як тир ду нишон задан буд Акнун дар дин ифротиён пайдо
шуданд ва алайҳи дин мубориза бурдан осон гардид. Пӯ-
шида нест, ки коммунизм ва дин ҳарду табиатан хилофи
якдигаранд, вале дар муттаҳид кардани мардуми қаипдақ
ҳар ду як хел рафтор мекунанд. Коммунизм — ҷамъияти
баробари иҷтамой, дин бошад, эътирофи қашшоқу бой ва
баробарии ҳарду дар пеши худой муттаол. Аммо коммунизм
баробарии піахсро дар ҷамъият эътироф карда, моликияти
шахсии ӯро эътироф намекунад. Дин бошад ин чизҳоро
эътироф мекунад, аммо моликияти шоҳу гадоро баробар
намеҳисобад. Сипае, агар дили мардумро аз дин дур кунем,
тарсонем, рӯ ба коммунизм меоранд. Мубориза бар муқобили
рэкет ва нашъамандй бошад, талаботи ҳамагуна ҷомеан
инсонист.
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНДЗЛР

сувҳи СИТОРАКѴШ

Умуман, иғвое, ки бо дасти сарварони Кумитаи бехатарию
ҳизбй давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва бо шарофати
дастпарварони дар Тоҷикиетон маскандоштаи онҳо ба нақша
шрифта шуда буд, зарбаи ҷонкоҳе ба тоҷикон, ба ояндаи
давлати тоҷикон буд. Ба фикрам, пас аз табаддулоти соли
1917 дар Петербург ва аз байн бурдани алифбои ниёгони мо
ин калонтарин игво зидди миллати тоҷик буд ва дар таърихи
сиёсии кишвари тоҷикон саҳфаҳои пурдогц, наве пайдо
гардид. Ба хотир оред, ки пленуми ҳизби коммунист, ки мохи
феврали соли 1990 гузашт, чй тавр анҷом ёфт, киҳоро ҷазо
дод, гуноҳро ба дӯши кй бор кард? Бе шо^иду мурофиаи
судӣ гуноҳ ба сари «ифротиёни» дин, «ҷавонони нашъаманди
рэкет» бор карда шуд. Имрӯз, ки дар Тоҷикистон ҷанги
бародаркушй рафта истодааст, боз ҳамон игвои феврали соли
1990 давом дорад ва гӯё ҷангро намояндагони «фундамен-
талистов»! исломй ва мухолифони демократй cap карданд».
Мулоҳиза кунед: ифодаҳои ифротиёни дйнро ба фундамен-
тализм иваз карда, ислом бе тагйир мондааст, нашъаманду
рэкет бошанд аз байн бардошта шудаанд. Аммо маълум аст,
ки таркибҳои ҷавонони нашъаманду рэкет ба «вовчику»
«юрчик», ғармию кӯлобӣ, х^іеорию бадахшй иваз шуданд ва
ҳамдигарро саркӯб мекунанд.

Умуман ҳодисаҳои феврали соли 1990 ба фавти як гурӯҳ
ҷавонон сабаб шуд. Обрӯ ва эътибори сарварони Тоҷикистон
— Раиси Шӯрои Олӣ Ғ.Палаев, раиси Шӯрои Вазирон
И.Қаёев ва котиби аввали КМ ҳизби Коммунист ҚМаҲкамов
Дар байни омма паст гашта, ба як пули пучак баробар іпуд.
Тоҷикон дар муддати кӯтоҳ бе пешво монданд. Аз се нафар
ягонтои онҳо дигар дар оянда мардумро муттаҳид карда,
пеши роҳи бенизомиҳоро гирифта наметавонистанд. Балки
Дигар ба ин ҳуқуқи инсонӣ ҳам надоштанд. Баробари ин
Роҳбарон ва ҷавонони болаёқат, ки дар оянда метавонистанд
Дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон дар идораи давлат,
Муттаҳидии миллат саҳм гузоранд ё лидери навбатй шаванд,
ба монанди Нур Табаров, Бӯрӣ Каримов ва дигарон аз мансаб
ДУР карда ва ба ҷазо кашида шуданд. Рӯзномаҳои марказй
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуШ

(7£)

иғвоангез менавиштанд, ки ифротиёни исломй намояндагони
рус ва дигар миллату халқиятҳои ғайритоҷикро аз баландиҳо
партофта, шиками занони ҳомиларо медаранд, ба номуси
онҳо таҷовуз мекунанд. Ба сабаби ин тӯҳматҳо мо аз гурӯҳи
мардуми «тихий» дар забони дигар миллатҳо ба ҷумлаи
«ваҳшиҳо», «звери» мансуб шудем. Тарк кардани ҷумҳурй
аз тарафи русзабонон, ки пештар cap зада буд ва бештар ба
воқеаҳои Афғонистон ва қабули қонуни забон марбут буд,
авҷ гирифт. Баробари ин ҳазорон деҳаҳои Русия, ки бар асари
сиёсати нодуруети аграрй-империявии Шӯравй аз мардум
холй буданд, акнун аз гурезаҳое, ки акеарият беҳтарин
мутахассисони русзабон буданд, пур мешуд.

Дини мубици ислом, ки баъди соли 1985 дар байни омма
эътибори зиёде пайдо карда ва ягона воситае буд, ки
метавонист тоҷиконро муттаҳид кунад, бори дигар беэътибор
гашт. Лидерони дин, ки муттах,идиро метавонистанд таъмин
кунанд (А.Қаҳҳоров, Ҳ.Шарифов ва дигарон) муайян гаштанд.
Дар байни онҳо иғво андохтан, рақиби якдигар сохтан, ҷудоии
аҳли динро таъмин кардан (ифротиён, ваҳҳобиён, фунда-
менталистов) ва дар ин замина аз арсаи сиёсй дур андохтани
ҳар яке аз онҳо кори муҳими сиёсат ва идеология қарор
гирифт.

Ҳодисаҳои февраля оғози фоҷиаҳои баъдина будаас-т.

Интихоботе ки дар вазъияти фавқулодда пае аз 12 рӯзи
ҳодисаҳои февралй гузашт, галаба ва тантанаи саркардаҳои
ҳизби Коммунистро ба намояндагӣ ва ба тарзи «демократа»
пурра таъмин намуд. Аз 230 намояндаи мардум 223 нафари
он косалеси ҳизби Коммунист буд, ки 220 нафари онҳо аз
мансабҳои баланд ошу нон мехӯрданд. Ба намояндагони дин
се ҷой ва ба ашхосе, ки ақидаҳои демократй доштанд, чор
ҷой расид. Демократия пайдо нашуда, бугй гардид, дин аз
муттаҳидй вомонд. Қисми аввали нақшаҳои Марказ чун дар
саҳнаи театр амалй шуд. Парлумони пуриқтадор ва тавонои
коммунистй, ки дар «базаи демократй» интихоб шуда буд,
акнун аз идораи ҳизби давлатии коммунист эътибори баланд
касб кард. Ҳар вақте, ки мехост метавонист сардори ҷумҳурй
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сунҳи ситорлкуш

££

ё лидери навбатиро, агар ӯ манфиати коммунистонро ҳимоя
ва ифода накунад, саркӯб намояд, ӯро аз идораи давлат дур
созад. Дар чунин вазъи мураккаби сиёсй ҷилави идораи
парлумони ҷумҳурй ба дасти муншии аввали Кумитаи
Марказии Ҳизби коммунист Қ.Маҳкамов супорида шуд.

Ман чунин ҳисоб мекунам, ки идораи марказии ҳизби
коммунисти ҷумҳурй дар ин вазъияти нобасомони сиёсй
хатой нобахшиданй содир кард ва ба боварии мардум хиёнат
намуд. Дар ҳолате ки парлумон дар дасти ҳизби давлатй —
коммуниста буд, ба ивази 'Қ.Маҳкамов, ки дар байни мардум
обрӯяшро рехта буд, ба ҳайси раиси парлумон шахсияти
сазовор, донишманд ва ниҳоят баҷуръатро пайдо кардан кори
осон набуд. Ин рафтор рох,и cap задани нобоварй нисбати
коммунистонро мегирифт. Обрӯи аҳли дин паст гашта буд
ва диққати мардумро ҷалб намекард. Демократҳо бошанд,
дар байни ин ду ҷараён акнун мавқеи худро муайян карданй
буданд. Чунин муносибат мардумро бо ҳукумат ва ҳизбҳои
сиёсй сахттар пайваста, вакууми идеологиро аз байн мебурд.
Ин вазъият амалан мавқеи ҳизби коммунистро мустаҳкам
мекард. Аммо сарварони коммунист аз ғалабаи фиребои худ
саргарм шуда, нерӯҳои мухолифро эътироф накарданд
(Имрӯз сарварони коммунистмаоби тоҷик айнан чунин амал
карда истодаанд). Онҳо равандҳои сиёсиро ба назар
нагирифта, ба ҷудо шудани ақидаҳои мардум дар сохтори
давлатдории оянда мусоидат^ карданд. Қ.Маҳкамов, ба
хислатҳои неку одоби ҳамидааш нигоҳ накарда, дар назди
парлумон ба ҳайси нафари аввал аз беҷуръатии худ аллакай
Машҳур буд ва ӯ наметавонист лидер шавад. Аз ин лиҳоз
Дар назди парлумон сархаму беқудрат ва ботинан гунаҳкор
буд. Парлумон ӯро метавонист ҳар дақиқа аз ,сари минбари
ХУД дур созад ва ё мавқеашро мустаҳкам кунад.

Балвои коммунистй (ГКЧП) дар Маскав бори дигар
^еНУръатии Қ.Маҳкамовро собит намуд. У балворо расман
тарафдорй накарда бошад ҳам, вале маҳкӯм нанамуд. Аммо
каме баъдтар аз ин қодиса «қаҳрамонй» нишон дод.
Коммунистонро аз худ ДУР карда, ба хатои сахттарини
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКѴШ

(™1

тактикй роҳ кушод. Дар як давраи кӯтоҳ якбора ҳам бе-
ҷуръатӣ зоҳир кардану ҳам қаҳрамонй нишон додан мумкин
набуд. Пардумони коммунистй боз ҳам метавонист хатряшро
бубахшад, аммо ба муқаддасоти ҳизб — ба моликияти он
даст даров кардану онро зери тасарруфи давлат гирифтани
Қ.Маҳкамов хатой афвнопазир буд. Пн амали нобахшиданй
кадом қаҳрамонеро, ки хоҳед ба чархоби бало мекашад. Ҳама
чизро коммунистон мебахшиданд, лекин ба моликияти онҳо,
ба муқаддасоташон даст расониданро авф намекарданд.
Мақсади аслии коммунистон ҳам нигоҳ доштани базаи
иқтисодй буд. Ва табйист, ки ба ин васила мавқеи роҳбарии
идеологи худ ба худ нигоҳ дошта мешуд. Дидаю дониста аз
номи давлат моликияти х^ізбро махдуд кардан, маънии зинда
ба зинда гуронидани коммунизмро дошт.

Ин қадами кӯркӯронаи Қ.Маҳкамов тақдири ӯро чун
роҳбари давлат то ҷаласаи Шӯрои Олй ва гирдиҳамоии
майдони «Озодӣ», ки мохуі сентябри соли 1991 барпо шуд,
ҳал кард. Баъди аз сари мансаб
рафтани Қ.Маҳкамов ҷои лидери
сиёсй холӣ монд ва ин омил сабаб-
гор шуд, ки таваҷҷӯх^! мардум ва
қисме аз аъзои парлумон ба Раҳмон
Набиев равона гардад. Аммо як чиз
муайян буд: қисми зиёди аъзои
парлумон аз Р.Набиев ҳазар допгг.

Мавқеи ӯ ба коммунистони депутат
номуайян буд. Уро бепггар дар иҳо-
таи матбуоти демократӣ медиданд.

Агар номзалии ӯро ба вазифаи
Раиси ҷумҳурй дар парлумон бори
дигар мегузоштанд, мағлуб мегашт.

Аммо пас аз щикасти Қ.Маҳкамов
галабаи ӯ дар интихоботи умуми- ҚМахкамов

халқӣ аз ҳақиқат дур набуд. Аз ин лиҳоз интихоои уму-
михалқии Р.Набиед парлумони коммунистиро беқудрат карда,
ақидаҳои демократиро дар байни омма баланд мегардонид
АСЛИДДИНИ ООҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуШ

Р.Набиев ин имконияти таърихиро бо амали кӯтоҳандешонаи
худ аз даст дод. У, ки як бор аз дасти х^ізби Коммунист
саркӯб шуда буд, дар давраи ниҳоят ҳассос дарк ҳам накард,
ки дар анҷумани коммунистов ширкат ҷуста ва узви раёсати
ин ҳизб интихоб шуданаш оянда ба ғалабаи демократии ӯ
теша мезанад. Демократияи навбунёду беқудратро бесарпаноҳ
мекунад. Аммо ба сӯи коммунистон майл оварданаш мавқеи
ҳизби Коммунистро муваққатан дар ҷомеа мустаҳкам
мегардонад. «Бало аз таги no cap мезанад», — мегӯяд халқ.
Касе гумон надошт, аммо пеш аз огози анҷумани х^ізби
Коммунист ба сардорони ҳизби Коммунист маълум буд, ки
пайкараи Ленинро аз ҷояш мегиранд.

Дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ то он давра алла-
кай 250 пайкараи Ленин, аз он ҷумла дар шаҳри Санкт-
Петербург ҳам канда шуда буд ва касе ба ин эътироз накард.
Аммо бо баҳонаи кандани пайкараи Ленин коммунистони
тоҷик чунон игвое барпо намуданд, ки тамоми мардумро ба
по хезонд. Вазъи сиёсии Тоҷикистонро зиёдтар номӯътадил
кард. Ин бузургтарин нақшаи зидди ақидаҳои озодихоҳии
мардуми Тоҷикистон буд ва он минбаъд дар ҷисми миллат
ҷароҳатҳои корие боқӣ гузошт. Оқибати гӯё бо дасти намоян-
дагони дин сарнагун кардани пайкара ва ба воситаи телеви-
зион пайваста намоиш додани он маълум буд. Мардуми мо,
«и нисбат ба ҳаёту фаъолияти «доҳии пролетарҳои ҷаҳон»
ахбори пурра ва ҳаққонй надошт, хурду бузург ӯро «покта-
рину гамхортарин» инсони рӯи замин меҳисобиданд. Вале
табиатан Ленин ин хел шахе набуд. Сарнагун намудани
пайкараи Ленин қувваҳои зидди коммунистиро дар пеши
МаРДум беобрӯ карда, мавқеи ҳанӯз сусташонро дар арсаи
сиёсй боз ҳам беқувват мекард. Аз ин нуқтаи назар минбаъд
Ҳалли проблемаҳои идеологи, мавҷудияти дигар идеологияҳо
ба ҷу3 идеологияи коммуниста фақат дар майдонҳои ҷанг
Ҳалли худро ёфта метавонистанд. Ҳамин хел ҳам піуд.

Обрӯи намояндагони дин дар ин иғво сахт коҳида, мавқеи
°нҳо дар ҷамъият нисбат ба мақоми коммунистон дигар шӯд.
^идери навбатии Тоҷикистон Р.Набиев дар ин игво мета-
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

вонист мавқеи худро дуруст муайян кунад, вале ӯ боз ҳам
дурбинии еиёсӣ зоҳир накарда, пурра ба ҷониби иғвогарон
калавид. Розигии ӯ ба мансаби Раиси Шӯрои Олй ба ҷои
Қ.Аслонови ба истеъфо рафта кирдори ноҷавонмардона буд
ва аз сиёсат дур будани ӯро нишон дода, ба ҷудоиандозии
ҳизбҳои сиёсй ва ақидаҳои мардум ва минтақаҳои алоҳида
муеоидат кард. То интихоботи умумихалқии Раиси ҷумҳурй
аз рафти иғвоҳои марбут ба кандани пайкара, гирдиҳамоии
тӯлонии дар ин замина сарзада пайдо буд, ки Р.Набиев галаба
мекунад. Аммо дигар чиз ҳам маълум буд, ки РЛабиев акнун
лидери миллат нест. У ба идораи Раис ворид нашуда, бебоз-
гашт аз он бурун мондааст. Тақдири ояндаи Тоҷикистон дар
арафаи интихобот аллакай ба дасти гурӯҳҳои мухталиф дода •
шуда буд. Он, ки галабаи Р.Набиев Тоҷикистонро ба низоъ
ва парокандагӣ меорад ва ҳам ба огози ҷанги шаҳрвандй дар
Тоҷикистон мусоидат мекунад, ҳанӯз дар арафаи интихобот
сад дар сад муайян гашта буд. Албатта, инҳо таҳлилу
тахминҳои сиёсй буданд. Агар Р.Набиев баъди ғалаба пеши
роҳи онро ба тарзи таъҷилй аз реконструкцияи сохтори
давлатй, ба тасарруфи давлат даровардани артиши собиқ
Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар қаламрави ҷумҳурй буд, cap
мекард, бечунучаро таъсири игвоҳои мох» феврали соли 1990, 1
сентябри соли 1991, ки ба ҷудоии мардум оварда расонда
буд, кам мешуд ва фалаҷшавии иқтисодиёт барои давлатй
тоҷикон ҷонкоҳ намебуд. Хатари cap задани ҷанг низ кам
мегашт. Аммо барномаи иқтисодию сиёсии Р.Набиев муайян
набуд ва баъди бозсозиро «бозй-бозй» гуфтанаш бо кадом 1
роҳ пеш рафтани ҷумхуриро муайян накард (бо рох» комму- I
нистй, демократ» ё исломй). Агар роҳи коммунист» бошад, 1
бояд кушоду равшан гуфт, ки сохтори социализм бо даст- J
овардҳои демократ» ва такя ба анъанаҳои мардум» (роҳи t
Чину Ветнаму қисман Узбекистон). Сиёсат байни замину
осмон муаллақ монда, марзҳои идеолог» холй буд .
Коммунистов бошанд мавқеъҳои сиёсиро аз даст дода, б о
лидери навбатии худ, ба рафторҳои номуайяни ӯ бо ҳайрат
менигаристанд, вале аллакай дар даву тоз туда, фурсатИ I
АСЛИДДИНИ СОҲИБПЛЗЛР

СуБҲИ СИТОРАКуШ

қулай меҷустанд. Намояндагони дин шикасти худро дар
гузашта ба назар гирифта, барои таъмини муттаҳидии мин-
баъдаи аҳли дин ва аз худ дур кардани бӯҳтонҳои рӯирост
(аз қабили таъеиси давлати исломй) мехостанд ба Раиси
ҷумҳурй Р.Набиев наздик шаванд. Демократҳо, ки камқудрат
буданд, аллакай аз низоъи дар байни сафҳояшон андох-
ташуда сари калобаашонро гум карда буданд. Р.Набиев бошад,
на ба коммунистон диққати ҷиддӣ медоду на аз намояндагони
дин ёрй меҷуст ва на аз демократҳо меҳаросид. У бештар аз
рафиқони дирӯза, вале рақибони зиндаи сиёсии онрӯза
хавотир дошт. У хуб дарк карда буд, ки иқтисодиёти Тоҷи-
кистон, то ба дасти ӯ расидани зимоми роҳбарӣ аллакай фа-
лаҷ гаштааст ва ба наздикӣ онро ба по монда наметавонад.
Гарави сари қудрат мондани ӯ дар давраи ниҳоят ҳассос
дар муддати кӯтоҳ аз байн бурдани рақибони сиёсй ва
парлумони сархӯр мебошад. Рақибони сиёсии ӯ дар ин давра,
ба андешаи ман, С.Кенҷаев бо блоки Акбари Тураҷонзода
ва Давлат Худоназаров бо блоки Маҳмадаёз Навҷувонов шуда
метавонист. Дигар рақибони ӯ С.Тӯраев, М.Икромов,
Қ.Аслонов, Н.Ҳувайдуллоев қудрати хатарнок надоштанд ва
онҳоро аз сари роҳ дур кардан осон буд. У хост, ки бо як тир
ду нишон занад: аввал бо дасти -С.Кенҷаев М.Навҷувоновро
аз сари қудрат дур андохта, сигіас худи С.Кенҷаевро қурбон
созад. М.Навҷувоновро бо дасти С.Кенҷаев беҷо кардан-
маънои дар байни омма беобрӯ сохтани худи Кенҷаевро дошт.
Баробари зарба ба М.Навҷувонов ҳау лагери бадахшиҳо ва
ҳам Акбар Қаҳҳоровро камқувват мекард. Бе ин ҳам бохти
Д.Худоназаров дар интихобот мавқеи ӯ ва М.Навҷувоновро
паст зада буд. Аммо С.Кенҷаеви дар сиёсат ҷавон баъзе
рафторҳои Р.Набиевро намеписандид, баробари ин ҳамагон
медонистанд, ки С.Кенҷаев бо А.Қаҳҳоров наздикй доранд
ва ҳар лаҳза метавонанд ба як блок ҳамроҳ шаванд. Дар
интихоботи Раиси ҷумҳурй бошад, Акбар Қаҳҳоров зоҳиран
Давлат Худоназаровро дастгирй менамуд, аммо ба хотири
С.Кенҷаев ба лагери Р.Набиев бештар таваҷҷӯҳ дошт. Р.На-
биев бошад аз авва'л ба доираи худ қабул кардани С.Кен-
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуШ

ҷаевро намехост. Аммо баъди шикастани пайка рай Ленин ва
гирдиҳамоии тӯлонй, С.Кенҷаеви «содиқ» ба гурӯҳи «муҷо-
ҳидин»-и Р.Набиев ворид гардид. Ба хотир меорем он иҷло-
еияи Шӯрои Олиро, ки С.Кенҷаев раис шуд, аммо Раиси
ҷумҳурӣ Р.Набиев ширкат наварзид ва дар расонаҳои хабарӣ
табрикоти ӯро ба С.Кенҷаев низ касе надид. Ин лаҳзаҳои
муборизаи сиёсии паси пардагиро бисёриҳо пай набурданд,
аммо Раиси ҷумҳурй сад дар сад медонист, ки ғалабаи оянда
дар дасти С.Кенҷаев мебошад ва роҳи аз вай халос шудану
аз сари қудрат дур карданашро меҷуст. Раиси ҷумҳурй
Р.Набиев бо фармони худ метавонист М.Навҷувоновро аз сари
мансаб дур кунад ва бе дағдағаю гавғо ин фармонро ба
тасдиқи маҷлиси Шӯрои Олӣ гузорад. Аммо ин тарзи аз
мансаб дур кардани вазири корҳои дохилй ба фоидаи Раиси
ҷумҳурй набуд ва аз ин хотир ӯ тақдири М.Навҷувоновро ба
дасти С.Кенҷаев супорид.

Раиси Шӯрои Олй чунин муносибати Раиси ҷумҳуриро
ба худ боз як изҳори боварӣ ҳисобида, игвои дар мағз
нуҳуфтаро пай набурд. Мутаассифона, С.Кенҷаев ва як гурӯҳ
муаллифони «муаррих» ин игворо то ҳоло аз дигарон меби-
нанд ва фаҳмидан ҳам намехоҳанд, ки агар Р.Набиев мехоет,
дар рӯзи ееюм майдони «Шаҳидон» аз бадахшиҳо холй гашта,
«гургу» «гӯсфанд» дӯст мешуданд. Оқибати ин нақшаи иғво-
ангези Раиси ҷумҳурй дар рӯзҳои 10-11 - уми гирдиҳамоии
майдони «Шаҳидон» баръало намоён шуда буд. Мувофиқи
ин нақша аз мансаби Раиси Шӯрои Олй рафтани С.Кенҷаев
ва ба ҷои ӯ омадани зодаи Бадахшон проблемаи баланси
минтақаҳоро дар сафҳои роҳбарият ҳал мекард. Тахмин
мерафт, ки вазифаи Қозии ҷумҳурӣ ба дасти намояндаи
Қаротегин мегузарад. Мувофиқи нақша беқудрат мондани
М.Навҷувонов ва А.Қаҳҳоров коре буд, ки эътибори пар-
лумонро паст намуда, интихоботи пешазмӯҳлатии онро но-
гузир мегардонд. Чунин натиҷа мавқеи Р.Набиевро мустаҳкам
менамуд. Чунон ки мебинем, нақша басо соддаю оддист.

Мутобиқи пешбинии Раиси ҷумҳурй С.Кенҷаев баъди исто-
дагарии тӯлонй аз мансаб рафт. Парлумон барои ҳифзи ӯ
ДСЛИДДИНИ СОҚИБНАЗЛР

СуБҲИ СИТОРАКУШ

(El

коре карда наметавонист. Дар ин маҷлис низ Р.Набиев
иштирок накард, хабар доданд, ки ӯ «бемор>' шудааст. Талаби
гирдиҳамомадагони майдони «Шаҳидон» оид ба биеёр
масъалаҳо, аз он ҷумла, вобаета ба интихоботи пешазмӯҳ-
латии парлумон пурра қабул гардид. Р.Набиев дар мубо-
риза бо С.Кенҷаев ва парлумон даетболо шуда бошад ҳам,
онро ба ҳисоб намегирифт, ки дар ҳар мағлубият ҳиссае аз
галаба ва дар ҳар галаба ҳиссае аз маглубият пинҳон ает.

Дар. майдони «Шахддон» истеъфои парлумон, истеъфои
С.Кенҷаев, Н.Дӯетов, Н.Қувайдуллоев ва А.Сайфуллоев еадо
медод, аммо касе ба Р.Набиев кордор набуд. Чунин ранг ги-
рифтани вазъият, сарони ҳизби Коммунист ва қисме аз
депутатҳоро водор намуд, ки ба лагери С.Кенҷаев пайван-
данд ва агар имконият даст диҳад, дар оянда худи Р.На-
биевро беқудрат ва маҷбур созанд, ки аз роҳи пешгирифта-
аш гардад. Илова бар ин истодагарии тӯлонй дар майдони
«Шаҳидон» тоҷиконро ба ҷаҳониён шиносонид. Аз майдони
«Шаҳидон»-и Душанбе дар Лондону Порис, Вашингтону
Москва, Тошканду Алмаато телевизион лаҳзаҳоеро ба на-
моиш мерасонид, ки муттаҳидй, ҳамраъй, якақидагй, ҳатто
лаҳзаҳои намозгузории мардуми мусулмонро фаро мегирифт.
Ин намоишҳои телевизионӣ, бештар мардуми ғайри му-
сулмони ‘ҷаҳонро, хусусан оммаи васеи синфи «коргару
дехдон», «интелегенсия»-и «пешқадами» собиқ шӯравиитаҳ-
ти тассаруфи коммуниста бударо ба мусулмонони майдони
«Шаҳидон» зоҳиран бадбин мекард. Зиёда аз ин, онҳоро дар
мубориза алайҳи «фундаментализма исломй омода месохт.
Дар ноҳияҳои алоҳида эмиеарони коммуниста ба ҷудои-
андозии мардуми мусулмон cap карда буданд. Бадбахтй дар
он буд, ки касе мулоҳиза намекард, ки дар Тоҷикистон зами-
най пайдоиш ва ба қудрат раеидани давлати исломй бо роҳ-
^арии HcnoMH6(f ҳатто дар 30-40 соли наздик вуҷуд надорад.
Чн саҳнаҳое буданд, ки таҳиягаронашон уетокорона зидди
Дйни мубини Ислом бо дасти худи диндорони ғофил омода
сохтанд ва зарбаи ҷонкох зада, онро аз майдони сиёсат ва аз
Дили мардум дур карданд. Масҷидҳои солхои 1987-1990
АСЛИДДИМИ СОҲИБНЛЗАР

сувҳи СИТОРАКуііІ

<s>

ҷаевро намехост. Аммо баъди шикастани пайкараи Ленин ва
гирдиҳамоии тӯлонй, С.Кенҷаеви «содиқ» ба гурӯҳи «муҷо-
ҳидин»-и Р.Набиев ворид гардид. Ба хотир меорем он иҷло-
сияи Шӯрои Олиро, ки С.Кенҷаев раис шуд, аммо Раиси
ҷумҳурй Р.Набиев ширкат наварзид ва дар расонаҳои хабарй
табрикоти ӯро ба С.Кенҷаев низ касе надид. Ин лаҳзаҳои
муборизаи сиёсии паси пардагиро биеёриҳо пай набурданд,
аммо Раиси ҷумхурй сад дар сад медонист, ки ғалабаи оянда
дар дасти С.Кенҷаев мебошад ва роҳи аз вай халос шудану
аз сари қудрат дур карданашро меҷуст. Раиси ҷумҳурй
Р.Набиев бо фармони худ метавонист М.Навҷувоновро аз сари
мансаб дур кунад ва бе дағдагаю ғавғо ин фармонро ба
тасдиқи маҷлиси Шӯрои Олй гузорад. Аммо ин тарзи аз
мансаб дур кардани вазири корҳои дохилй ба фоидаи Раиси
ҷумҳурй набуд ва аз ин хотир ӯ тақдири М.Навҷувоновро ба
дасти С.Кенҷаев супорид.

Раиси Шӯрои Олй чунин муносибати Раиси ҷумҳуриро
ба худ боз як изҳори боварй ҳисобида, иғвои дар мағз
нуҳуфтаро пай набурд. Мутаассифона, С.Кенҷаев ва як гурӯҳ
муаллифони «муаррих» ин игворо то ҳоло аз дигарон меби-
нанд ва фахдоидан ҳам намехоҳанд, ки агар Р.Набиев мехост,
дар рӯзи сеюм майдони «Шаҳидон» аз бадахшиҳо холй гашта,
«гургу» «гӯсфанд» дӯст мешуданд. Оқибати ин нақшаи иғво-
ангези Раиси ҷумҳурй дар рӯзҳои 10-11 - уми гирдиҳамоии
майдони «Шаҳидон» баръало намоён шуда буд. Мувофиқи
ин нақша аз мансаби Раиси Шӯрои Олй рафтани С.Кенҷаев
ва ба ҷои ӯ омадани зодаи Бадахшон проблемаи баланси
минтақаҳоро дар сафҳои роҳбарият ҳал мекард. Тахмин
мерафт, ки вазифаи Қозии ҷумҳурӣ ба дасти намояндаи
Қаротегин мегузарад. Мувофиқи нақша беқудрат мондани
М.Навҷувонов ва А.Қаҳҳоров коре буд, ки эътибори пар-
лумонро паст намуда, интихоботи пешазмӯҳлатии онро но-
гузир мегардонд. Чунин натиҷа мавқеи Р.Набиевро мустахдам
менамуд. Чунон ки мебинем, нақша басо соддаю оддист.

Мутобиқи пешбинии Раиси ҷумҳурй С.Кенҷаев баъди исто-
дагарии тӯлонй аз мансаб рафт. Парлумон барои ҳифзи ӯ
ЛСЛИДДИНИ СФҲИКНАЗЛР

сувҳи СИТОРДКѴШ

(Ml

коре карда наметавонист. Дар ин маҷлис низ Р.Набиев
иштирок накард, хабар доданд, ки ӯ «бемор>' шудааст. Талаби
гирдиҳамомадагони майдони «Шаҳидон» оид ба бисёр
масъалаҳо, аз он ҷумла, вобаста ба интихоботи пешазмӯҳ-
латии парлумон пурра қабул гардид. Р.Набиев дар мубо-
риза бо С.Кенҷаев ва парлумон дастболо туда бошад ҳам,
онро ба ҳисоб намегирифт, ки дар ҳар мағлубият ҳиссае аз
гадаба ва дар ҳар галаба ҳиссае аз мағлубият пинҳон аст.

Дар. майдони «Шаходон» истеъфои парлумон, истеъфои
С.Кенҷаев, Н.Дӯстов, Н.Ҳувайдуллоев ва А.Сайфуллоев садо
медод, аммо касе ба Р.Набиев кордор набуд. Чунин ранг ги-
рифтани вазъият, сарони ҳизби Коммунист ва қисме аз
депутатҳоро водор намуд, ки ба лагери С.Кенҷаев пайван-
данд ва агар имконият даст диҳад, дар оянда худи Р.На-
биевро беқудрат ва маҷбур созанд, ки аз роҳи пешгирифта-
аш гардад. Илова бар ин истодагарии тӯлонй дар майдони
«Шаҳидон» тоҷиконро ба ҷаҳониён шиносонид. Аз майдони
«Шаҳидон»-и Душанбе дар Лондону Порис, Вашингтону
Москва, Тошканду Алмаато телевизион лаҳзаҳоеро ба на-
моиш мерасонид, ки муттаҳидй, ҳамраъй, якақидагӣ, ҳатто
лаҳзаҳои намозгузории мардуми мусулмонро фаро мегирифт.
Ин намоишҳои телевизионӣ, бештар мардуми ғайри му-
сулмони‘ҷахрнро, хусусан оммаи васеи синфи «коргару
деҳқон», «интелегенсия»-и «пешқадами»' собиқ шӯравиитаҳ-
ти тассаруфи коммуниста бударо ба мусулмонони майдони
«Шаҳидон» зоҳиран бадбин мекард. Зиёда аз ин, онҳоро дар
мубориза алайҳи «фундаментализми» исломӣ омода месохт.
Дар ноҳияҳои алоҳида эмисарони коммунистй ба ҷудои-
андозии мардуми мусулмон cap карда буданд. Бадбахтй дар
он буд, ки касе мулоҳиза намекард, ки дар Тоҷикистон зами-
най пайдоиш ва ба қудрат расидани давлати исломй бо роҳ-
барии иcлoмиё^f ҳатто дар 30-40 соли наздик вуҷуд надорад.
Ин саҳнаҳое буданд, ки таҳиягаронашон устокорона зидди
Дини мубини Ислом бо дасти худи диндорони ғофил омода
°охтанд ва зарбаи ҷонкох зада, онро аз майдони сиёсат ва аз
Дили мардум дур карданд. Масҷидҳои солхои 1987-1990
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАДАР

сувҳи СИТОРАКУШ

(Ж>

сохташуда боз холӣ монда, идеологиям коммунистй дар
мубориза бар зидди дин сарбаланд мегардид. Дар чунин вазъи
еиёсй як занги телефонии Н.Дӯстов ва С.КенҷДев ба Кӯлобу
Ҳисору Ёвон бас буд, ки ҷавобан ба майдони «Шаҳидон» дар
Душанбе боз як майдони нави намоишгарон пайдо шавад.

Р.Набиев, ки хилофи майдони дуввум буд, пеши роҳи онро
дигар шрифта наметавонист ва бо талаби майдони нав —
«Озодй» аз мансаб рафтани ӯ ва баргаштани С.Кенҷаев ба
сари қудрат пешакй муайян гашта буд. Аммо дубора ба ҷои
худ баргаштани намоишчиёни майдони «Шаҳидон» нақшаи
аз сари қудрат рафтани Р.Набиев ва мувофиқи «Консти-
тутсия» ба ҷои ӯ омадани НДӯстов, раиси Шӯрои Олӣ шудаі
Н.Ҳувайдуллоев, таъмини ғалабаи С.Кенҷаевро дар инти-
хоботи оянда ба Вазифаи Раиси ҷумҳурй барбод дод. Р.Набиев
ба ҳар ду майдон бетараф буд ва бо як нутқаш дар майдони
«Озодй» якшавии онҳоро аз имкон дур кард. Ин баромади ӯ
дар майдон мантиқан бозии сиёсй буд. Р.Набиев бештар
ғалабаи пурраи майдони «Шаҳидон»-ро орзу мекард. Ин
андешаро на вақти дар қайди ҳаёт будани Р.Набиев ва на
имрӯз касе намепазирад. Агар асли ran ҳамин тавр набошад,
чаро Р.Набиев ягон маротцба нисбат ба С.Кенҷаев на ҳарфи
неке гуфт, на бад, ӯро дар лаҳзаҳои мушкил ҳимоя ҳам
накард ва рӯирост танқид ҳам нанамуд. Оё Рах^ион Набиев
мехост, ки С.Кенҷаев дар сафи шахсиятҳои аввал бошад? Ба
фикри ман Р.Набиев ҳеҷ гоҳ тарафдори С.Кенҷаев набуд ва
ӯро сиёсатмадори пуриқтидор ҳам дидан намехост.

Маҳз дар чунин рӯзҳои барои ҳаёти ҷумҳурй мураккаб
ва номуайянии муносибати сарварони ҷумҳурй гирдиҳам-
омадагони майдонҳои пойтахт соҳиби сидоҳ шуданд, вазъият
аз эътидол берун монд. Мардумро ин ду омили дар амал ба
якдигар вобаста аз ҳам дур еохт, ақидаҳои сиёсии ҷомеа ба
ДУ гурӯҳи мухолиф ҷудо шуданд.

Мнённ ду кас ҷанг чу оташ аст,

Суханчинн бадбахт ҳезумкаш аст.

Саъдӣ.
ЛСЛИДДИНИ СОҲИКНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуш

<2±

Ва чунин «ҳезумкаш» ҳам пайдо шуд, баъд оташафрӯз
ҳам. Азбаски имконияти дубора оштй намудани тарафҳо аз
байн рафта буд, яке намояндаи дигареро гаравгон гирифта,
саркӯб мекард (ҳар ду майдон соҳиби таҳхонаҳо шуданд,
ҳар ду асирони якдигарро шиканҷа медоданд). Аз ҳар ду
тараф ҳам «қаҳрамонон» кам набуданд. ҳарду ҷониб якди-
гарро душман эълон карда, лаҳзаи ҳамлаоварӣ меҷустанд.
Гурӯҳи сеюм бошад, махфӣ силоҳу маслиҳатфурӯшӣ намуда,
ҷонибҳои мухолифро тарафдорй мекард. Мавҷуд будан ё
набудани Раиси ҷумҳур, ҳукумат ё Шӯрои Олй барои онҳо
дигар аҳамият надошт. Тоҷи Давлату давлатдории тоҷикон
дар байни дӯ майдон пойандоз афтода буд. Акнун агар касе
аз пешвоёни ин майдонҳо ғалаба намояд, муддате роҳбарй
мекард, аммо пешомади Тоҷикистон акнун ба набзи ноба-
сомони майдонҳо низ пайванд гашт. Ҳар ду майдон ҳам баъди
галабаи навбатй дар муҳорибаҳо мӯҳлате сарварии давлатро
ба дасти худ гирифта метавонист. аммо чунин ҳолат то замоне
давом хоҳад кард, ки агар майдонҳо якдигарро нафаҳманд
ва гуноҳи якдигарро набахшанд ё ба тарзи зӯрй яке дигареро
пурра нобуд насозанд. Ҳодисаҳои моҳи май соли 1992 cap
зада, ки то имрӯз идома дорад, аз ин дарак медиҳанд. Содир
шудан ё нашудани ин ё он ҷиноятро ба ҳамон механизме
вобаста медонам, ки ҳанӯз моҳи май (эҳтимол, барвақттар)
ба кор даромда буд. Гуноҳро мисли баъзе ҷанобони ҳарзагӯ
ба сари гурӯхдои сиёсй намезанам ва мепурсам: бо кадом
андеша раиси ояндаи ҷумҳур барои галабаи эҳтимолии
ояндаи худ ду минтақаи Тоҷикистон — Кӯлобу Хуҷандро
бародар эълон карда, қисми дигари ҷумҳуриро чун бачаҳои
ӯтай истисно мекунад ва бо ин амали ноҷо ва кӯтоҳандешона
пойдевори ҷудоии навбатии тоҷиконро мегузорад, лекин
баъди галабаи худ дар интихобот мехоҳад, ки ин миллат як
бошад? Дар таҷрибаи сиёсатмадории дунё кам воқеъ шудааст,
ки Раиси ҷумҳурй ба тақдири раиси парлумон аз рӯзи
интихоб шудан, то аз сари мансаб рафтанаш боре мароқ зоҳир
накарда, дар ғалаба ва шикасти ӯ бетараф монда бошад.
Инчунин кадом Раиси ҷумҳурй мегузорад, ки дар остонаи
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАДАР

сувҳи СИТОРАКУШ

(si

дари коргоҳаш ҳазорон «мансабталошон» як моҳи дароз ҷор
зананду ӯ чун кафили осудагии мардум бароҳат бихобад?
Ин чигуна Раиси ҷумҳурй аст, ки аз тақдири миллаташ
сарони дигар давлатҳо гапфурӯшй мекунанду барои ҷанги
байни қувваҳои мухолифи дохили кишвар ёрии низомй
мерасонанду ӯ бетараф меистад? Ниҳоят, Раиси ҷумҳурй
чй фардест, ки ба фарзандони дар майдонҳо будаи худ силоҳ
медиҳад, то якдигарро қатл кунанду худ тамошобин шавад?
Чунин саволҳое , ки аз бефаросатй, бесалоҳиятии раис ба
вуқӯъ омадаанд, ниҳоят бисёранд. Оё ин қабил сарварони
бесарро наметавон сабабгори ҷанги ҳамватанй номид? Ин
қабил Руасои ҷамоҳир дар аёми фарорасии истиқлолияти
миллй гузаштаи начандон дурро аз ёдҳо бароварда, имрӯзро
нафаҳмида, ояндаи мо, роҳи дурусти пешгирифтаи халқро
надида, худ ва миллатро ба вартаи ҳалокат расонида, Тоҷи-
кистонро ба майдони тохтутози империяҳои муқтадир табдил
доданд.

Бо роҳи зӯрй ва ғайри иродаи миллат, ба Афғонистон
кӯчонидани социализм ва дар ин кишвар ҷорй намудани
идеологияи коммунистй онро ба ҷанги эълоннашудаи дуру-
дарози шаҳрвацдй овард. Дар Тоҷикистон бошад, бо вуҷуди
шикасти сохти социалиста, идеологияи коммуниста боқй монд
ва ин идеология оқибат диёри тоҷиконро ба ҳалокат расонид.
Иттаҳоди Шӯравй, ки 70-сол пеш ба дунё омада буд, баҳри
бақодории идеологияи «баробарии шоҳу гадо» таи солҳои
1918-1921, дар рафта ҷанги шаҳрвандй, 13.5 миллион нафарро
қурбон кард, 4.5 миллион нафар ба кишварҳои бегона фирорй
шуданд.

Болшевикон дар давраи давлатдории тӯлонии худ ната-
вонистанд, ки баробарии шоҳу гадоро таъмин созанд, аммо
муваффақ гаштанд, ки коргару коргурез нозу неъматҳои
моддиро ноодилона истеъмол намоянд ва з<амчунин шоҳу
гадо бимонанд. Ҳизб беҳудоиро аз худотарсй-афзалтар ва
фарҳанги бегонаро аз худй волотар медонад. Таърихи
бунёди давлата Шӯравй дар То*?икистон имрӯз такрор шуда
истодааст. Ддр мубориза бар зидди нерӯҳои «фундамен-
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ОИТОРАКуш

тализми исломй» ва барои нигоҳ доштани бехудой ва
эътирофй давлати «баробарии шоҳу гадо» зиёда аз даҳҳо
ҳазор мардум нобуд ва беному нишон гаштанд. Қариб як
миллион нафар одами бегуноҳ гайри хоҳиши худ гуреза шуд.
Даҳҳо ҳазор « фундаменталистов »-и Вахшонзамин ба ҷум-
ҳуриҳои Руссия, Белорусу Украин фирор намуда, ба деҳқонй
машгул гаштанд ва бо захвати худ иқтисодиёти ин давлат-
ҳоро бой ва зиндагии худро таъмин месозанд. Колонаҳои
тоҷикон, аз ҷумлаи гурезаҳо, дар давлатҳои Қирғизистон,
Туркманистон, Қазоқистону Русия таъсис ёфтааст. Ҳазорҳо
модарони тоҷик дар Афғонистон аз фироқи ватан ва ҷудой
аз ёру диёр нолону саргардонанд. Тахмин мекунам, ки ин
ҷанг нав cap задааст ва агар муносибати сарони давлат чунин
боқӣ монад ва мисли имрӯза боз мӯҳтоҷи «ёрии башар-
дӯстона»-и давлатҳои чапу рост гардад ва қувваҳои мухо-
лифини дохилиро ба назар нагирад, ҷанг тӯлонй ва гарон
мегардад. Қисме аз минтақаҳои тоҷикон мумкин зери
тасарруфи мардуми аҷнабӣ монанд.

Мардуми Тоҷикистон, ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳонй,
муборизаҳои халқро дар барқарор кардани иқтисодиёт баҳри
беҳбудии зиндагии одамон, содиқона хизмат кардани қисми
зиёди аъзои ҳизбро хуб медонанд. Инкор кардани ҳақиқати
таърихй нодуруст аст. Аммо чизи дигарро низ инкор карда
намещавад, ки 20-25 соли охир қисми зиёди мардум
меҳнати ҳалолро эътироф намекарданд, дар кори ҷамъиятӣ
ихтиёран мутт&ҳид намеіііуданд, ба кисаи давлат чашм дӯхта,
тайёрхӯрй мекарданд. Шахси кордону корчаллонро, ки
метавонад зиндагиаш аз дигарон беҳ бошаду сармоя гирд
орад, душмани худ мешуморанд. Нисбати моликияти
Ҷамъиятй бетараф Ьа дуздидани онро афзалтар медонанд.
Касоне, ки дуздидани моликияти давлатиро меъёри зиндагии
худ қарор дода буданд, қариб аксариятро ташкил медоданд
Касоне дуздй намекунанд, ки ҷои дуздй, ё чизи медуздидагй
надоранд. Ба ибораи дигар, агар социализмро ба дарахт шабех
созем, ки тамоми кишварро зери сояи худ паноҳ медорад, аз
сабаби дар тӯли даҳсолаҳои охир об нахӯрдану бо меҳнати
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКУШ

(Ё1

ҳалол нигоҳубин нашудан решааш хушк шуда, мева
намедиҳад, Дигар ин дарахти азимҷуса ҳамагонро хӯронидаю
пӯшонида наметавонад ва барои аз сари нав сабзонидани ин
дарахт 70 сол ночизу ду аср кам аст. Барои тасдиқи ин
мулоҳиза чунин мисол кофист: аз соли 1989 то имрӯз аз
ҷумҳурии мо, аз иншооте, ки зери таеарруфи ҳукумати
марказии пештара ва қисмҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравй
буданду бояд моликияти мардуми мо мешуданд, қариб бо
маблағи 10 миллиард доллар таҷҳизоту мошинолоти
нодиртарини геологй, сохтмонй, гидрологӣ ба дигар
ҷумҳуриҳо дуздй бароварда шуд. Ин амали носавоб имрӯз
идома дорад. Чаро мардуме, ки худро соҳиби мулк
мегуфтанду ба баробарии иқтисодй даъват мекарданд, пеши
роҳи ин ғорату ягморо нагирифт ё чаро «назорати сахти
давлатй» садди роҳи тороҷи моликияти умумихалқй нашуд?
Балки шуда ҳам наметавонист. Худи «назоратчиён» барвақт
бо дуздон шарик шуда буданд. Мардум бошад, моликият
надошт. Моликияти умумихалқй бошад, мантиқан моликияти
бесоҳиб аст. Азони ҳама мансуб мешавад, вале аз касе нест.
Чунин ғоратгарй маҳз имрӯз cap назадааст. Он хеле пеш, аз
рӯзе, ки моликияти шахсеро бе иҷозати ӯ ба моликияти
умумихалқӣ табдил доданд, cap зада буд. Дар тӯли чор соли
охир ягон кори наҷибе баҳри пеши роҳи ин горатгариро
гирифтан анҷом дода нашудааст. Аз давраи ҳукумати
Қ.Маҳкамов то замони салтанати Р.Набиеву А.Искандаров
ва ҳам ҳукумати кунунии’«конститутсионй» фақат баҳри
мустаҳкамии мавқеи сиёсию иқтисодии сарварону сардорон
кор карда, ба пурзӯр кардани «назорат» аз болои моликияти
ҷамъиятӣ таваҷҷӯҳ мекунанд. Зеро чунин «назорат» ба ғанй
гаштани кисаи эшон мусоидат намуда, пеши роҳи соҳиби
мулк шудани мардумро мегирад. Охир, мардуми соҳиби мулк
метавонад садди роҳи дуздй гардад. Пӯшида нест, ки каси
бемолу мулк мӯҳтоҷи давлат аст ва ӯ эҳтимол шаҳрванди
комилҳуқуқ ҳам шуда наметавонад. Вале агар ин шаҳрванд
соҳиби мулк гардад, ақидаи ҷамъиятии умумихалқиро паси
по мезанад, ки дар натиҷа сохтор аз байн меравад. Ҷомеъа
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗЛР

сувҳи ситордкуш

Ей

рӯ ба капитализм ва ҷамъияти нобаробар дар тақсимоти
моликият меорад. Мо мебинем, ки дар ҷамъияти сармоядорон
аксарияти мардум соҳиби молу мулканд, хонаву ҷой доранд
ва ягон шаҳрванд пеши мансабдоре рафта, барои харидани
мошин ё хона cap хам намекунад. Албатта, дар ин ҷамъият
қашшоқон низ кам нестанд, лекин аксари онҳо аз ҷумлаи
майзадагон ва коргурезон мебошанд. Истисно ҳам вуҷуд
дорад, иқтисодиёти озод, ба танбал, коргурез, майзадаву дузд
раҳм намекунад.

Натиҷаи фаъолияти ҷамъиятй, баробарии иқтисоди соци-
ализм чунин аст ҳазорон одамони пурҳунар, ки солҳои тӯ-
лонй меҳнати ҳалол кардаю дар ҷангҳои шадид иштирок
намудаанд, охири охирон дар ҳалли масъалаҳои гирифтани
хонаву ҷой ва дигар неъматҳои зиндагй ба ҷуз мӯҳтоҷи
давлат шудан чорае надоранд ва имрӯз пеши мансабдоре,
ки бо зӯри силоҳ ба сари қудрат омадааст, сархаму дастни-
гаранд. Баръакс, аксар бекорхӯҷаҳо, танбалу дуздон соҳиби
неъматҳо шудаанд. Иқтисодиёти умумихалқӣ давлатро бой
гардонид, аммо қисми зиёди мардум қашшоқу бенаво монд.
Мардуми бенаво бошад ба ҷониби мансабдоре, ки ваъда
медиҳаду неъматҳои моддиро тақсим мекунад, тез мекалавад
ва аз дунболаш меравад. Аммо сармоядор дар ин ҳолат
мулоҳиза мекунад. Умуман шиори бисёр давлатҳои ҷаҳон
аввало бой гардонидани мардум аст. Зеро агар мардум бой
боітд, давлат низ бой мешавад. Аз ин рӯ агар қисми мардуми
Тоҷикистон сармоядор мешуд, намегузошт, ки гурӯҳе аз чап
ё рост барои мақсади худ онҳоро ба майдонҳо кашанд,
Муддати тӯлонй бекор нигоҳ доранд ва дар охир онҳоро ҷанг
эндозанд. Баръакс, сармоядорону мардуми осудаҳол барои
нигоҳ доштани сармоя ва осудагии зиндагй дар пеши ин
Ф°Чиа монеъ мешуд. Пуриқтидории давлати Амрикоро маҳз
^рмоядорон таъмин мекунанд ва ҷои тааҷҷуб нест, ки сарони
Ин кишвар борҳо иброз доштаанд, ки ба давлати ҳоло
пУриқтидори Рус мехоҳанд ёрии иқтисодй расонанд. Магар
^Фикоиҳо барои эҳтиром ба русҳо дасти ёрй доданианд? Ба
Фикрам, не! Онҳо русҳо ва давлати Русро мисли пештара
НаЧандон дуст медоранд, аммо давлати Амрико, пеш аз ҳама
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКуШ

<2&

сармоядоронаш, хуб медонанд, ки кишвари Рус пуриқтидору
бой ва соҳиби силоҳи атомй аст, вале дар айни замон қисми
зиёди мардумаш қашшоқона умр ба cap мебаранд ва агар
вазъ чунин боқй монад, хатари cap задани ҷанг ва нооромиҳои
дохилии кишвари Рус аз миён намеравад. Он гоҳ сарҳади ин
ҷанг метавонад ба дигар давлатҳои ҷаҳон гузашта, боиси
харобиҳои бешумор гардад. Пайдост, ки бо кӯмаки осуд
кишварҳои сармоядор мехоҳанд давлати Рус рӯ ба мардум
ва ақидаҳои демократй орад, иқтисодиёти сармоядорон
пойдор гардад. Ниҳоят, аз иқтисодиёти умумихалқии дар
асоси идеологиям коммунистй сабзида расида, пурра даст
кашад. Ба гуфти ходими сиёсии Амрико Маршал «қашшоқй
мардумро бештар ба идеологиям марксистй меорад».
Амрикоиён аз соли 1947 cap карда, аз рӯи нақшаи Маршал
ба ҳамаи давлатҳои қафомондаи Аврупои Ғарбй дар такмили
истеҳсолот ва ҷорй намулани технологиям нав ёрии иқтисодй
расонданд ва ба натиҷаи дилхоҳ ноил гаштанд. Дар кишвари
мо бошад имрӯз қисми зиёди мардум ва бештар мансабдорони
идораҳои сершумори давлатӣ, роҳбарони хоҷагиву
муассисаҳо ба муносибатҳои иқтисодиёти бозаргонй душма-
нона нигариста, ба мех^ати коллективона такя мекунанд ва
ба ояндаи дурахшон умед мебанданд. Аз эҳтимол дур нест,
ки чунин ақидаи соддалавҳона ҳамагонро (аксарият имрӯз
бенавотар шуданд) дар атрофи ҳукумати «қонунии демокра-
тиву дунявй» муттаҳид намуда, ба ёрии артиши нав таъсис-
ёфтаи болшевикон «коммунизми ҳарбиро» сари қудрат ме-
орад, бозору демократияро гайри хоҳиши мо аз давлатдории
тоҷикон, Тоҷикистонро аз иқтисодиёти ҷаҳон ба фосилаи
даҳсолаҳо дур партофта, боз бародарро душмани бародар
месозанд. Чунин давлат аз галабаи худ мағрур туда, калиди
дарвозаи сарҳадро ба аҷнабиён супорида, ҳамдигарфах^шр0
боз аз байн мебарад, гардани ҳар ҷунбиши тозаи сиёсии
миллатро, ки аз ақидаҳои болшевикон болотар меистанД.
метавонад бишкананд. Лоиқ дуруст гуфтаасг

ЗнндагП гар довари якрӯ бошад, пае чаро,

Аблаҳе аз бом афтад, гардани мо бишканад?
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКѴШ

(Е)

Ба ивази як гардиши нав ҷомиаи умраш беш аз ҳафтодсола
аз мо бирафт. Дар фавти он тоҷикон саҳм нагирифтаанд.
Миели тифл дар ин дунё бегуноҳанд ва бояд бар асари
каҷфаҳмй ва камбинии душманон гардани худро нашикананд.
Ба ҳақиқат ва тазодҳои ҳаёт бо чашми дилу маърифат назар
кунанд. Ҳаёт баробари нишоту зебоӣ доштан, бераҳм аст —
мисли худи инсон...

Ман итминон доштам бо ҳамин чанд андеша дар мақолаи
худ, ки аз тариқи яке аз маҷаллаҳои хориҷи кишвар мох^
августа соли І993 инташор шуда буд, нуқта гузорам. Ва
нисбат ба таҳлилу таҳқиқи ҳодисаҳои дар ҷумҳурӣ рух дода
як навъ бетарафй ихтаёр кунам.

Ammo тавре, ки хонандагони ҳушманд огоҳанд, пас аз
ҳодисаҳои маълум дар ин чанд соли охир як идда муаллифон
ҷилд-ҷилд асарҳое навишта пешкаши хонандагон гардонданд.
Аз мутолиаи онҳо сахт дар шигифт мондам ва муҳимаш
дарёфтам, ки гаразҳои шахсӣ ҳанӯз ақлу ҳисси онҳоро тарк
нагуфтааст. Ҳар кадоме аз ин муаллифон аз диду дарк, фаҳ-
мишу ҷаҳонбинй, дараҷаи маърифату ақидаҳои сиёсй, мавқеи
шахсии худ ба рафта ҳодисаву фоҷиаҳои дар қаламрави
ҷумҳурй ба вуқӯъ пайваста баҳо додаанд. Ва бояд арз кунам,
ки дар аксарияти чакидақои ҳамаи ин муаллифон номи
камина ҳамчун намояндаи мухолифин ва яке аз «гунаҳго-
рони> асосии нооромиҳои Тоҷикистон ба қалам дода шудааст.
Инчунин хулосабарориҳо маро дар ҳар қадам азоби рӯх#
медиҳад ва билохир бетараф гузошта наметавондд. Аз ин
хотар азм намудам, қалам ба даст шрифта, ҳақиқата ҳолро,
агарчи душвор аст, рӯи коғаз биёрам ва ба ин васила ба
онҳое, ки нисбата ман ақидаи муайян изҳор доштанд, ҷавоб
гардонам.

Ҳамаи он чизро, ки бо чашми cap дидаам, ба гӯш шунидаам
ва ё мутолиа намудаам, ба қадри имкон рӯм дафтар биёрам.
Вале аз ибтидо чунин арз медорам: Ман дар назди худ мақсад
нагузоштаам ки бигӯям, ин муаллифон аз рӯи диду ақидаи
ман комилан ҳақ ҳастанд ва ё нисбати банда ноҳақй кардаанд.
Дуруст гуфтаанд ё иғво меангезанд? Инро камоли бемаъри-
ЛСЛИДЛИНИ СОҲИБНЛЗЛР

сувҳи СИТОРАКУШ

(El

фати медонам. Он чиро, ки дар рафтору гуфтору кирдори
онҳо дида ва мушоҳида кардаам, иброз медорам. Бигзор ҳақ
ба ҷониби кист — хонандаи закй қазоват кунад. Санги дарёро
бо ангушт ва реги саҳроро бо дандон касе ҳисоб накардааст.

Дар дунё миллионҳо одам умр ба cap мебарад ва ҳар яке
ақидаи худро дорад. Аз ин лиҳоз либоси ақидаҳоямро ба
қади касе пӯшониданй нестам... Бошад, ки зиндагй, раванди
таърихй довари ин навиштаҳо гардад.

Худой мутаол худаш шоҳид аст, ки дар ин роҳ, кй ҳақ
асту кй ноҳақ. Ва танҳо ӯ метавонад, ки ин айбномаро ба
бандагонаш эълон дорад. Як рӯзе...

Барои ман як чиз мусаллам аст, ки роҳи ҳақиқат як роҳи
рост аст ва онро касе каҷ карда наметавонад. Танҳо метавонад
моҳияти ин роҳро дар олами имону ақидаҳояш барои
мақсадҳои худ таҳриф созад — муваққатан ва барои ояндаи
азобҳои рӯҳии худ. Ростӣ бузургтарин дастовард асту ки
донишу идрок ва маърифатро меафзояд. Ҳамин нуқтаро дар
зиндагй сармашқ интихоб намуда, дар роҳи ҳақиқат ба ростй
такя кардам, рост рафтам, рост гуфтам. Дар лаҳзаҳои барои
ҷонам пурхатар ҳам аз ин роҳ нагаштам. Касеро санги
маломат назадаам. Имрӯз ҳам ба мардуми азйяткашида,
мардуме, ки қисме як бурда нонро бо азоб ҷустуҷӯ дораду
баробари ин иддае дар муқобили ҳамдигар сангар гирифтааст,
сухани марди бузургеро ба ёд меоварем, ки шаш сол пеш аз
ин навиштаҳо дар вохӯрй бо интихобкунандагон иброз дошта
будам. «Ба/юпари хуб аст, вале пзодӣ ҳамто надорад

ОҒОЗИ ОҒОЗИ СУБҲ

Соли 1985 буд. Бо ҳукми тақдир ман ба идораи Комплекси
агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омадам Ман дар
ин идораи бонуфуз сарвари Сарраёсати планкашии иқти-
содиро ба ӯхда гирифтам. Чунон, ки маълум аст, дар ин
идора кор аз мӯи cap ҳам зиёд буд. Пас аз оғози фаъолиятам
дар ин вазифа ва шиносой бо масоили мавриди ҳаллу фасл
ДСЛИДЛИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКуШ

Ей

қарор гирифта, як поям дар Душанбе буду пои дигарам дар
Кӯлобу Ленинобод, водии зарнисори Вахту Қаротегин. Дар
тамоми соҳаҳо мушкилотҳои ҳалталаб хеле зиёд буд ва
мебоист шабу рӯз аз паи иҷрои онҳо бошем.

Дар тирамоҳи еоли 1988, аниқтараш нимаҳои моҳи сентябр
маро сафари хизматй ба шаҳри Москва иттифоқ афтод. Дар
он рӯзҳо дар саросари ҷумҳурии офтобиамон фасли хирман-
бардорй буд. Мавсими аз об бардоштани галбер, ҷамоварии
ҳосили бо ранҷ рӯёнда хурду калонро ба саҳро мекашид.
Дар тамоми соҳаҳои Комплекси агросаноатии Ҷумҳурй баҳри
иҷрои нақшаҳо кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешуд. Чи тавре,
ки дар он давра мегуфтанд, ҳама баҳри як мақсад, баҳри
амалӣ шудани нақшаҳо «мубориза» мебурданд. Бахуеус мав-
сими ҷамъоварии пахта, ки чанде пеш огоз гардида буд, рӯз
то рӯз суръат мегирифт. Шиорҳои маъмули ба тозагй на-
вишта туда, ки чун ҳамеша мардумро ба меҳнати садоқат-
мандона даъват мекарданд, дар сари ҷару обканда ва қитъа-
ҳои замини пахта ҷилвагар буданд. Ҳаёти «пурҷӯшу хурӯш»,
агар баъзе падидаҳоро ба назар нагирем, чун дар солҳои
пешин бо як мэром ва дар маҷрои худ равон буд.

Дар сафари хизматй маро корманди идораамон Татяна
Ивановна ҳамроҳй мекард. Ба мо дар меҳмонхонаи зебову
барҳавои «Росия», ки дар шафати Кремл, дар соҳили рӯди
Москва қомат афрохта буд, ҷой доданд.

Пагоҳирӯзи дигар мо сӯи бинои Госплани СССР, ки дар
он ҷо бояд маҷлиси машваратй оиди интенсификацияи
Комплекси агросаноатии мамлакат баргузор мегашт,
Раҳсипор гардидем.

Маҷлис мувофиқи нақшаи пешакй соати дахй пагоҳй огоз
офт. Онро аз рӯи анъанаи дар Иттиҳоди Шӯравй ҷорй буда,
Раиси Шӯрои Вазирони СССР ифтитоҳ бахшид ва баъди
ахбороти мухтасар риштаи суханро ба Раиси Госплани СССР
Дод.

Раиси Госплан сухани худро аз натиҷаҳои панҷсолаи ёзда-
ҲУм оғоз намуда, иброз дошт, ки дастовардҳои меҳнатй дар
Мамлакат чандон судбахш нестанд. Бо вуҷуди чораҳои зиёди
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

андешидашуда иҷрои қисми зиёди нақшаҳо дар зери хатар
аст ва аз эҳтимол дур нест, ки ҳатто қисме аз онҳо иҷро
нашавад. Аз ин рӯ солҳои 1989-90 дар мамлакат бояд солҳои
ҳалкунанда гардад. Илова бар ин Раис афзуд, ки мо дигар
имконият надорем ба Ҷумҳуриҳои Иттифоқй баҳри иҷрои
бомуваффақияти панҷсола захираҳои иловагӣ муҳайё созем.
Алалхусус ёрӣ ба соҳаи кишоварзй кам шудааст. Аз ин рӯ
ҷумҳуриҳо бояд аз захираҳои мавҷудаи дохилй оқилона
истифода бурда, ба умеди хариди маҳсулот аз хориҷи СССР
нашаванд. Ба диққати шумо бояд арз кунам, ки дар айни
замон СССР аз хориҷи кишвар ба ивази газу нафт, пахта ва
ғайра ба маблаги зиёда аз 60 миллиард доллари америкой
маҳсулоти хӯрокворй меха рад. 30 фоизи галлаи истеъмолй,
40 фоизи қанд, 50 фоизи чой, 20 фоизи ширу гӯшт. Ва агар
онро бо галла муқоиса кунем, тақрибан 70 миллион тоннаро
ташкил медиҳад. Мо инчунин аз хориҷи кишвар либосворй
ва дигар маводи мавриди ниёзи мрадум ворид месозем. Пас
ҳар кадоми шумо бояд хулоса бароред ва роҳи аз ин, вартаи
ногувор раҳой ёфтанро ёбед. Роҳи дигар нест. Бояд тазаккур
дод, ки даромади буҶаи СССР низ хеле паст рафта ва соле
қариб 70-80 миллиард рублро аз фурӯши машрубот гум
карда, манбаи пӯшонидани ин даромадро надорем.

Дар ин маҷлиси бонуфуз нотиқон кам набуданд. Бисёриҳо
тарафдори хариди маҳсулоти кишоварзй буданд. Алалхусус
ҷумҳуриҳои Осиёи Марказй, ки захираи дохилй ҳам Надо-
ранд, бояд илоҷе ёфта, бе кам кардани кишти пахта воридоти
галларо аз хориҷ кам кунанд.

Дар маҷлис раиси Госплани Украина ба минбар баромада
гуфт:

— Ман дигар таклиф дорам. Хуб мешавад, ки маблағи аз
хориҷа бо арз харидани галларо ба ихтиёри ҷумҳуриҳо диҳем.
Он гоҳ имконият пайдо мегардад, ки истеҳсоли галларо зиёд
кунем.

— Таклиф кардан осон, вале маблагро аз куҷо пайдо
кунем? — Зуд эрод гирифт Раис.

— Бастани якчанд сохтмонҳои азим дар Ғарбу Шарки
ДОЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуШ

<2)

щамлакат, ки зарурият ба онҳо намондааст, имконият медиҳад
мамлакат маблағи зарурй ёбад ва тараққй кунад. Зарурияти
харидани хӯроквориро аз хориҷи кишвар пайдо созад.
Бародарони тоҷик маро бубахшед, — идома намуд нотиқ, —
барқи истеҳсолкардаи худро наметавонанд ба куҷо интиқол
кунанд. Аммо боз истгоҳи барқии калонтарин - Рогунро сохта
истодаанд. Вай ҳам мисли БАМ ва даҳҳо дигар сохтмонҳо
дар. солҳои наздик нодаркор аст. Умуман агар то охир ҳақ
бошем, чи тарзе ки имрӯз ҳаёт тақозо дорад, хароҷоти
бемантиқ дар Афғонистон, дар дигар ҷойҳо чй қадар мабла-
ғро фурӯ мебарад ва чӣ зарурият дорад? Биёед ба соҳаи
иқтисоду кишоварзӣ аз назари оянда баҳо диҳем. Бо ин аҳвол
соҳа метавонад, ки манфиати иқтисодии СССР-ро таъмин
созад?

Ин гузориш ба иззати нафси Раис чунон расид, ки сухани
нотиқро бурида гуфт.

— Шумо иштибоҳ мекунед. Ба фикри Шумо дар Москва
ягон кас дар ин бора фикр намекунад? Шумо бояд дар бораи
захираҳои худатон ҳарф занед. Мо чӣ кор карданамонро
медонем. Хароҷоти Афгонистон зарур аст ё не, Ҳизб ҳал
мекунад, на ману шумо.

Дар ин маҷлис аз рӯи рӯзнома ман ҳам бояд баромад
мекардам. Вале пас аз чунин сурат гирифтани рафти маҷлис
ба котибот хатча ирсол карда, аз суханронй даст кашидам

Баъди нисфирӯз ба ман гуфтанд, ки ба назди котиботи
маҷлис равам. Ҳангоме, ки вориди утоқи котибот шудам, зани
27-30 солаи қоматбаланд, ситорагарме, ки сэру либоси басо
озода дошт, ба ман рӯ оварда гуфт

— Шумо аз Тоҷикистон, Сохзібназаров нестед?

— Бале! — гуфтам.

— Номи ман Ирина Василевна, — табассумкунон гуфт он
Зани зебо ва илова намуд. — Ман бояд Шуморо ба назди
Муовини раиси Госплани СССР Бортов бибарам. Вай сӯҳбати
Хоса оро доданй.

Дар омади ran Ирина Василевна арз намуд, ки маро қаблан
Ҳам мешинохтааст.
АОЛИДДИНИ СОҲИЕНАЗАР С30______________СуЕҲИ ОИТОРЛКуЩ

— Хеши ман, дурустараш ҷияни шавҳарам Татяна кор-
манди идораи шумо нест магар? — пурсид ӯ.

— Бисёр хуб. Ман инро намедонистам. Аз шиносой бо
шумо шодам, — гуфтам дар ҷавоб. Илова бар ин Ирина арз
кард, ки нисбати ҳар кадоми мо ахбори пурра дорад.

— Дар воқеъ, бегоҳӣ Татяна ва Шуморо дар хона интизор
мешавем. Дигар хел карда гӯям, ин бегоҳ, Шумо меҳмони мо
мешавед.

— Ба илтифотатон ташаккур. Ман муқобил нестам. Агар
Татяна он ҷо бошад, дигар чй ҷои ran?

— Албатта, пас аз мулоқот бо Боршов.

Мо сӯҳбаткунон ба ошёнае, ки дар он утоқи кории Боршов
воқеъ буд, баромадем Ба дари қабулгоҳ наздик нашуда, худи
Боршов аз куҷое пайд<> шуд Вай ба Ирина эътиборе надода,
ба сӯи ман бо як ҷиддияти хос нигаристу каме таваққуф |
намуда, пас гуфт

— Ту Соҳибназаров нестй?

— Бале. Ман Соҳибназаров, — гуфтам дар ҷавоб.

Пас аз вориди утоқи корй шудан ӯ ба Ирина рӯ оварда,

— Шумо метавонед равед! — гуфту ба паси мизи корй
гузашт.

Ирина ҳарфе назада аз утоқи корй берун шуд. Боршов
маро таклифи нишастан накарда, аз рӯи миз якчанд варақ
когазро ба даст гирифта, бо овози баланд суол кард:

— Ту бо ин коғазҳо шинос ҳастӣ?

Ман бе ягон дудилагй, — «не», — гуфтам.

— Нагзтар нигоҳ кун. — гӯён когазҳоро ба рӯи миз
партофт.

Ман он коғазҳоро гирифта дар ҳайрат мондам. Нусхаи
баромади ман дар маҷлиси феълй буд. Аҷоиб, нусхаи баро-
мади ман чй хел ба дасти муовини раиси Госплани СССР ;
афтидааст? Дар ин баромад ягон гапи гайриоддй ё сиррИ
давлатй нест-ку? Ин марди девсурат, ки забонаш лакнат
дошат, чй мехоста бошад? — мегуфтам худ ба худ.

Боршов тоқат накарда, боз ба ҳуҷум гузашт.

— Ту коммунист ҳастй? — гӯён пурсид аз ман.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗАР

сувҳи ситорлкуш

ЕЕ

— Бале, коммунист.

— Коммунист бошй, чаро дар баромад ба чунин лаққигарй
роҳ медиҳӣ? Оё ту ҳақ дорй, ки ҳар сафсатаи маъқулатро
аз номи ҳизб арз кунй?

Ман аз суханҳои қабеҳи ӯ худро дошта натавонистам.

— Охир, ман ҳоло чизе нагуфтаам-ку. Дар маҷлис баромад
накардаам, рафиқ Боршев, — шӯрида рафтам дар ҷавоб.

— Ман рафиқи ту не! Рафиқони ту дар Лубянка (маҳбас-
хона) ба ҳузур нишастаанд. Сад афсӯс, ки дар мо лаққиҳо
бисёр шудаанд ва дар Лубянка барои ҳамаи онҳо ҷои холй
намондаает. Лекин ту фаромӯш накун, ки бароят ҷой меёбем.
Албатта, меёбем! — илова намуд Боршов. — Марҳамат. Гӯш
кун, ту чй сафсата мегӯӣ: «СССР калонтарин давлати дунёет
ва сабаб дар чист, ки иқтисодиёти кишоварзии он пеш
намеравад? Зиёда аз дусад миллион гектар замини корам
дорем. Аз он -10 миллион гектар замини обй ба шумор меравад.
Вале имрӯз нон мекобему бо ивази арз аз хориҷи кишвар
маҳсулоти кишоварзй мехарем. Аз ин рӯ ман таклиф дорам,
ки арзҳои аз ҳисоби кам кардани хариди маҳсулоти кишо-
варзй сарфа шуда дар ихтиёри ҷумҳуриҳои иттифоқй монда
шавад ва онҳо ин маблагро барои тараққиёти соҳаи кишоварзй
истифода кунанд. Илова бар ин пешниҳод дорем, ки қисми
заминҳоро ба мардум дода, бо ин роҳ хоҷагиҳои деҳқонй
ташкил карда, колхозу совхозҳо, алалхусус дар ноҳияҳои
кӯҳистон, ки зараровар мебошанд, бе истиҳола бояд барҳам
Дода шаванд».

Пас аз хондани ин сатрҳо ӯ ба ман рӯ оварда, бо алфози
Дурушт дашном дод ва боз кинояомез илова намуд:

— Ту дигар чизе намехоҳй? Бояд ин баромади туро дар
КМ Тоҷикистон таҳлил намуда, баҳои сиёсй медоданд, ки ту
сафсатта нагӯй. Бас аблаҳй! Ман аз ин рафтори ту ба Ду-
шанбе, ба Комитети Марказй, ба рафиқ Қ.Маҳкамов ва ПЛу-
чинский занг мезанам. Ту бо ин рафтору ақида барои роҳбарй
кардани идораи планкашии Комплекси агросаноатии ҷумҳурй
КУҚуқи маънавй надорй. Вале ҳоло ҳам дер нашудааст.
Қудрати ҳизб барои буридани забонҳои дароз мерасад. Ман
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

гапи дигар надорам. Ту озод. Бирав!

Нисбати рафтори Боршов ман худдорй кардам. У ҳарф
мезаду дар хаёли ман гуфтаи халқ — «Ҷавоби аҳмақ сукут>'
давр мезад. Дуруст ҳам кардам.

Аз утоқи кории ӯ баромада, роҳи маҷлисгоҳро пеш
гирифтам. Маҷлис аллакай cap шуда буд ва нотиқе аз Ҷум-
ҳурии Молдова арзи сухан дошт. Баъди ба ҷои худ нишастан
аз Татяна Ивановна пурсидам, ки оё ӯ Ирина ном занро
мешиносад. У дар ҷавоб гуфт, ки онҳо хешу таборанд.

Пае гуфтугӯи бо Боршов ба вуқӯъ пайвастаро ба Татяна
Ивановна қисса кардам. У аз гуфтаҳои ман дар ҳайрат монд:

— Наход ҳоло ҳам чунин аблаҳон бошанд? Охир, Михаил
Сергеевич дигар чиз мегӯяд. Магар барои ақидаи худро иброз
намудан Тахдид мекунанд? Вой бар ҳоли мо!

— Ман дар ҳайратам, ки баромади ман чй тавр ба дасти
Боршов расида бошад?

— Аслиддин Соҳибназарович, мумкин дилатон аз ман дур
рафтагист. Гумон накунед, ки нусхаи баромади шуморо ман
ба ӯ бурда дода бошам. Асло ин тавр нест. Шумо нусхаи
баромадро пешакй равона карда будед?

— Ҳа, равона карда будам. Аммо ба Госагропроми СССР,
на ба Госплани СССР.

— Пас ин чй ҷои нофаҳмй дорад? Вой бар ҳоли бозеозй,
ки дар магзи он ба мисли Боршов барин фардҳо истодаанд.
Оқибаташ ба хайр шавад, — гуфт Татяна Ивановна ва боз
илова намуд. — Илоҷи дигар нест. Мо бояд ба назди Боршов
равем. Илтиҷо кунем, ки ба Душанбе занг назанад. Дар акси
ҳол кор ранги дигар хоҳад гирифт ва ба некй анҷом нахоҳад
ёфт.

— Агар маро ба Лубянка не, ҳатто ба сари дор баранд
ҳам, шахсан ба назди ӯ намеравам.

— Ман намегӯям, ки шумо равед. Ман ҳамроҳи Ирина
меравам. Ирина бо он девсурат муносибати хуб дорад. Га-
пашро мегузаронад. Илова ба ин Боршов нӯшокиро нагз
мебинад. Ду шиша метавонад ҳама корро ҳал кунад.

Масъала ҳамин тавр роҳи ҳалли худро ёфт. Албатта, ба
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

(Zl>

Душанбе занг шуд, вале басо нарму муқаррарй.

Пас аз Москва баргаштан муовини раиси Кумитаи агро-
саноатии Ҷумҳурй Истомин В.М. дар сӯҳбати хосса гуфт, ки
«ту ин хел барамадҳо накун. Ту медонй, ки дасти ҳизб ҳоло
дароз аст. Метавонад миёни ту ва ту баринҳоро дар як мижа
задан шиканад. Сари Горбачеву думравони ба ӯ монанд
навоваронро хӯрда метавонад. — Аз гапҳои гуфтааш худаш
дар ҳарос афтод. — Ин гапҳо албатта, дар ҳамин ҷо монанд,
бародар», — илова намуд Истомин В.М.

Аз сӯх;бат бо Истомин В.М. ба хубй пай бурдам, ки аз
Москва Боршов занг задааст. Мумкин Боршов ба Истомин
Борис ва ӯ ба додараш Валентин сим зада бошад. Ман ҳарду
Истоминҳоро мешинохтам. Яке Валентин Михайлович, дигаре
Борис Михайлович. Борис Михайловичро ман дар вақти адои
вазифа ба ҳайси сардори Сарраёсати вазорати кишоарзй оид
ба кори колхозҳо солҳои 1973-84 ҳамчун инспектори КМ
Иттиҳоди Шӯравӣ мешинохтам. Бо ӯ борҳо аз рӯи адои
вазифа сӯҳбатҳо доштам... Дар хонааш меҳмон ҳам будам.
Муносибаташ бо ман бад набуд. У соли 1980 мудири сектори
КМ Иттиҳоди Шӯравй таъин шуд ва мо боз борҳо дар
Душанбе ва Москва вохӯриҳо доштем.

Додари ӯ Валентин Михайлович дар идораи мо ҳамчун
муовини вазирй кишоварзй соли 1980 пайдо шуд. Ин барои
ҳама ғайри чашмдошт буд. Муносибати ӯ бо ман самими
набуд. Вай умуман мардуми таҳҷоиро эҳтиром намекард.

Нисбати ман хусумат ва ҳатто рашк дошт ва борҳо рӯирост
мегуфт. «Вазифаи муовини аввали Вазири кишоварзиро
Марказ ба тоҷикон намедиҳад. Ман медонам, ки ин вазифа
Ҳеҷ гоҳ ба ту намерасад». Вай ин гапҳоро дар ҳолати мастй
борҳо такрор мекард.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Истомин В.М. муносибати ману
бародарашро ба назар гирифта, занги Боршов ба Лучинский,
ки алангаи оташи 5фо албатта баланд ва дандонҳои Воҳидовро
мекард., гирифт. Агар Боршов ба Душанбе шахсан ба
П.Лучинский ё Воҳидов телефон мекард, боварии комил
Доцггам, ки тақдири ман ҳал мешуд ва албатта аз мансаб
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуШ

ронда мешудам. Аз эҳтимол дур набуд, ки ягон парвандаи
ҷиноятӣ ҳам мекушоданд. Ин, албатта, сабабҳои зиёд дошт.

Дар яке аз маҷлисҳои машваратӣ ман баромад карда,
нисбати як масъалаи муҳим ақидаамро изҳор доштам. Қайд
карда будам, ки дар тӯли 70 сол Ҳукумати Шӯравй барои
мустақилияти пахта ва мустаҳкам намудани сарҳадоти
Тоҷикистон қариб се ҳазор деҳаро вайрон сохта, қариб 1.2
миллион одамро аз кӯҳистон муҳоҷир кардааст. Имрӯз вақти
он расидааст, ки ин деҳеҳои чанде пеш вайрон шуда аз нав
обод карда шавад. Аз ин рӯ таклиф дорам, ки барои сохтани
роҳ, хатти интиқоли барқ, барои обод кардани деҳаҳо маблаги
махсус ҷудо карда шавад. Барои ба ин деҳаҳо баргаштани
одамон садде пеш монда нашавад.

ПЛучинский, ки дар ин маҷлис ширкат дошт, аз ин так-
лифу пешниҳодоти ман худдорй карда натавонист

— Таклифи пайгамбарона! Ту мехоҳй, ки боз ҳамон деҳа-
ҳои пурлою чиркин ва беоянда обод карда шавад? Ту ба
феодализм рӯ меорй? Бинед, рафиқон, ин кас чй мехЬстааст!

Рӯзи якум мутаассифона воӯрии мо баргузор нашуд ва
рӯзи дуюми маҷлис ману Татяна ва Ирина дар ресторани
«Армения» вохӯрда, нисбати бисёр масъалаҳо баҳс кардем.
Дар охири сӯҳбат Ирина ба ман рӯ оварда гуфт:

— Аслиддин, ман мехоҳам, ки бо шумо дар ягон ҷо
вохӯрем. Ба он шарте, ки касе ба мо халал нарасонад. Агар
шумо муқобил набошед, якҷоя ба яке аз боғҳои зеботарини
Москва — боги Ботаникй меравем ва дар он ҷо нисбати бисёр
масъалаҳо, ки барои шумо зарур аст, гуфтутӯ мекунем.

Ман ба таклифи Ирина розй шуда, аз Татяна пурсидам,
ки ӯ розй ҳаст ё не?

У дар ҷавоб гуфт, ки сад дар сад розй ҳаст. Ба замми ин
Татяна тирамоҳи Москваро ниҳоят дӯст медорад. Бахусус
барояш дар гулгашту боғҳои Москва сайру гашт кардан
писанд аст.

Рӯзи дигар ману Татяна Ивановна дар даромадгоҳи
меҳмонхона Ирина Василевнаро интизор шудем. Ӯ дар вақти
ваъдагй ҳозир шуда, пурсид.-ки чй тавр ба сайр мебароем
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗЛР

сувҳи ОИТОРАКѴШ

(jH

Бо автобус, таксй ё метро. Ман гуфтам, ки мо имконият дорем
бо автомашинам сабукрави хизматй ба сайр бароем. Ба фикри
ман розй шуданд. Мо ҳамроҳ ба кӯча баромада, ба мошин
нишастем.

— Ба боги Ботаникй, — гуфт Ирина ба ронанда рӯ оварда.

Ронанда cap ҷунбонду моторро дар гиронд ва ба роҳ

баромад. Фурсате нагузашта, мо дар даромадгоҳи боғ аз
мошин берун шудем. Мошинро ҷавоб додам.

— Ба кадом тарзе, ки Ирина хоҳад, пас мегардем ва
албатта, бегоҳй дар хонааш мутобиқи ваъдаи рӯзи аввал
меҳмон мешавем, — гуфтам ман шӯхиомез.

Ирина аз ин гапи ман ба завқ омад.

— Аслиддин, шумо одами пешбин. Аз нақшаи ман аллакай
бохабар, — гуфту қоҳ-қоҳ хандид.

Мо дар бог сайру гашт карда, аз ҳавои тозаи фасли
тирамоҳи Москва ҳаловати беандоза мебурдем. Фориг аз
ташвишҳои хизматй сӯҳбат мекардем ва касе ба мо халал
намерасонд. Оҳиета-оҳиста ҷараёни сӯҳбати мо ба суханони
пасту баланди як рӯз пеш иброздоштаи Боршов бархӯрд ва
Ирина ба ман рӯ оварда гуфт:

— Мо якдигарро начандон хуб медонем. Ман шахсан дар
бораи Шумо бисёр гапҳо шунидаам ва ҳатто ғоибона нисбати
шумо як меҳру муҳаббати хоҳарона пайдо кардаам. Ва аз ин
рӯ мехоҳам, ки ҳақ бошам, мақсадамро дуруст баён кунам.
Шумо аз Боршов наҳаросед. Мо илоҷи ӯро меёбем. Шумо аз
дигар чиз дар ташвиш бошед. Ояндаи худро фикр кунед, ки
чй мешавад.

Ин суханони Ирина дар аввал маро музтар кард. «Ин зан
чиро дар назар дошта бошад? Чаро ин тавр мегӯяд? Ё худ
дар зери ин суханон асроре асту ман онро намедонам». Бо-
вУҶУДи он худро аз даст надода, шӯхиомез гуфтам:

— Ояндаи мо ҳамин СССР ва умуман тақдири мардуми
Шӯравй аст. Дигар чй шуданаш мумкин?

Ирина аз суханони ман маънӣ гирифт, ки хомӯш монд.

Сӯҳбат ниҳоят самими буд ва бисёр мехостам аз сирру
асрори ниҳони Ирина ва Татяна, ки ҳар замон ба ҳамдигар
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

(2)

нигоҳи маънидоронае мекарданд, вале қудрати баён кардани
мақсадашонро надоштанд, огоҳ гардам. Ниҳоят косаи сабрам
лабреш шуд, ки худро дошта натавонистам:

— Аз авзоятон пай мебарам, ки гуфтании муҳиме доред,
вале аз чй бошад, иетиҳола мекунед. Биёед, хонумҳо, гапро
рӯирост мегӯем. Охир, мо ба якдигар боварй дорем-ку! —
Ин суханЛш ман онҳоро ба худ овард.

— Шумо медонед, Аслиддин, — гуфт Ирина гӯё аз ин
эроди ман чизе пай бурда. — Ба наздикӣ қувваҳои мусаллаҳи
Шӯравй аз қаламрави Афгонистон бароварда мешавад.
Мумкин ним сол баъд, шояд аз ин ҳам дертар. Қоло моҳи
сентябр. Шумо худатон ҳисоб кунед, барои амалй гаштани
ин гуфтаҳои ман чй қадар вақт зарур аст?

Ман асли мақсадро нафаҳмида, гуфтам:

— Хуб. Баровардани Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравй аз
қаламрави Афгонистон ба тоҷикон ва тоҷикистониён чй
муносибате дорад?

Ирина баъди шунидани ин суханон ба ман нигоҳи
маънидоронае карда, илова намуд:

— Магар онҳо, яъне аскарони шӯравй, дар даст таёқ
доранд? Онҳо хоки ин сарзаминро тарк карда, қисми зиёди
он силоҳи дар даст доштаашонро ба Москва ё Ленинград
намеоранд-ку. Онҳо он силоҳро дар он ҷо мемонанд. Қисме
аз он ба мардуми маҳаллй бо нархи басо арзон фурӯхта
мешавад. Магар ин хатар нест? Магар ин мавриди андешаи
басо чуқур нест? Шумо худатон мулоҳиза кунед. Наход ҳамин
чизро нафаҳмед?

Ин андешаҳои Иринаро бо диққат шунида, моту мабҳут
шудам. Гӯё ба сэрам оби хунук рехта бошад, вуҷудамро як
ҳиссиёти нохуш фаро гирифт. «Ана гапу мана гап», гӯён аз
дил гузарондам.

Дар ҳақиқат ҳам ман то ҳол ҳис намекардам, ки ҷанги
Афғониетон, ки қариб даҳ сол боз давом допгг, бечуну чаро
метавонад Тоҷикистонро ноором созад. То ин дам ин фикр
ҳатто ба гӯшаи хотирам намеомад.

Баъди ба худ омадан аз Ирина пурсидам:
лслиддиии соҳибназар Q45 j____________сукҳи ситордкущ

— Магар Ҳукумати Шӯравй беқудрат шудааст, ки
аслиҳааш ба дасти дигарон меафтад?

— Афсӯс! Сад афсӯс, — гуфт Ирина. — Ҳукумати Шӯравй
беқудрат шудааст. Тахмин мекунам, ки Ҳукумати Шӯравй
аллакай аз байн рафтааст. Шумо таҳлил кунед ва бинед, ки
сарварони ин ҳукумат баъди бозсозии саркардаашон чораҳои
дигари азимро фикр мекунанд. Мехоҳанд социализмро ба
тарзи худ тағйир диҳанд. Вале ҷамъияти еоциалистиро
таъмир кардан ба ақидаи бисёр каеон аз имкон берун аст.
Ашхосе, ки чунин кӯшиширо кардаанд, кам набуданд. Ин
ҷамъият ё ба тавре ки муаллифони он ихтироъ кардаанд,
ҳамон хел мемонад ё дар задухӯрди имрӯзаи идеологй мум-
кин аст ба тамом аз байн равад. — Ба суханони Ирина гӯш
дода, ақидаи яке аз пешвоёни давлати шӯравй, ки дар куҷое
хонда будам, ба хотирам омад.

«Давлати Шӯравиро ягон давлати рӯи замин шикает дода
наметавонад. Вай аз иғвоҳои дохилӣ аз байн меравад». Инро
аз лавҳи хотир гузаронида, чизе нагуфтам. Фақат фикр ме-
кардам, ки чаро ин зани зебо ҳамаи ин гапҳоро ба ман мегӯяд.
Чй мехоста бошад? Чй асроре аст, ки ман онро ҳоло дарк
накардаам.

Ин хомӯширо Татяна, ки аз мо дуртар меистод, халалдор
намуд.

— Ирина, — гуфт Татяна, — чаро ӯро ин қадар азоб
медиҳй? Мақсади асосиро кушоду равшан ва бе ягон парда
баён кун. Агар бовар кунад, хуб, бовар накунад, ихтиёраш.

Пас аз ин суханҳо Ирина шерак шуд, ки гуфг

— Шумо, Аслиддин, агар тавонед, хуб мешуд, ки Татянаро
аз Душанбе ҷавоб диҳед. У бояд ба Москва ояд. Агар худатон
Ҳам тавонед, илоҷе ёфта, аз Душанбе ба ин тарафҳо биёед.

— Чаро? — гуфта пурсидам, ҳайрон шуда.

— Он рӯз дур нест, ки дар Тоҷикиетон нооромиҳои калон
СаР мезанад ва ин нооромиҳо тӯлонй хоҳад шуд.

— Ин нооромиҳоро кӣ мехоҳад ва кй ташкил мекунад? —
Нохост пурсидам аз Ирина.

— Касоне, ки нооромиҳоро мехоҳанд, кам нестанд. Бештари
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКУШ

О*)

нооромиҳо дар ҷумҳурии шумо дар натиҷаи аз Афгонистон
берун овардани нерӯҳои ҳарбии шӯравй cap заданаш мумкин.
Сониян ин нооромиҳо ба худи қувваҳои Марказ зарурияти
хос дорад. Русия давлати азим аст, аммо мардуми ин давлат
бадбахтона, имрӯз ҳаёти қашшоқона аз cap мегузаронанд.
Алалхуеус деҳоти ин кишвар ҳоли табоҳ дорад. Даҳҳо ҳазор
деҳот аз мардум холӣ буда, ба ҳоли вайрона мондааст.
Мардуме, ки деҳотро тарк кардаанд, аксарияти онҳо дар
шаҳрҳои Осиёи Марказй, Қафқоз рӯз ба cap бурда, муқимй
шуда, беҳтарин муттахассисон мебошанд. Агар дар сарзамини
шумо ягон нооромй сурат гирад, худо нигаҳ дорад, — илова
кард Ирина. — Пас он селаи мардуми гуреза ба куҷо меравад?
Дар Москва, Ленинград ва дигар шаҳрҳои марказии Русия
барои онҳо ҷой пайдо кардан аз имкон берун аст. Чунки ин
шаҳрҳо на ҳамаи мардуми таҳҷоиро имрӯз бо манзил ва ҷои
кор таъмин карда метавонад. Ва ягона роҳ дар чунин ҳолат
ба ҳамон деҳоти пеш холй шудаи Русия баргардонидани ин
мардум асту халос. Ин роҳи ниҳоят осон ва бехароҷот аст.
Русия мардуми гурезаро дар деҳот ҷой дода, бо ин роҳ
метавонад проблемаи деҳоти холишуда ва ноободро ҳал кунад.
Ин деҳотро обод гардонад. Илова ба ин нооромиҳо имконияти
пурра медиҳад, ки аскарҳои рус дар он ҷойҳо монанд. Аз ин
рӯ мехоҳам пеш аз об мӯза кашида, Татяна ва Шуморо ҳеҷ
набошад пешакй аз Душанбе гурезонам. Барои ӯ агар илоҷ
бошад, дар Москва, натавонам дар шаҳрҳои назди Москва
ҷои кор ва манзил пайдо кунам. Шумо маро бубахшед. Агар
хоҳед, барои шумо ва аҳли оилаатон ҳам дар ягон деҳоти
атрофи Москва манзил ва ҷои кор пайдо мекунам. Чи тавре
ки гуфтам, барои шуморо дар шаҳри Москва ҷо кардан зӯрам
намерасад. Маро дуруст фаҳмед.

Таҳлил дуруст буд ва бо вуҷуди ин пурсидам:

— Ман чй тавр метавонам ин гуфтаҳои шуморо бисанҷам
ва ё худ бовар кунам?

У дар ҷавоб арз намуд, ки ин гуфтаҳоро тафтиш кардану
санҷидан аз имкон берун аст.

— Наметавонед. Беҳтараш ҳаракат накунед. Бовар
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗАР

сувҳи ситорлкуш

Csl

надошта бошед, ихтиёратон. Вале пас аз шаш-ҳафт моҳ
мебинед чй мешавад, — гуфт бо як қатъияти том аз ман
чашм наканда...

Ин пешгӯиҳои Ирина маро ҳар рӯз ба андешаҳои дардноке
мебурд. Худ ба худ фикр карда, саволе ба сэрам меомад:
«Наход ин ҳама рост бошад? Наход дар тақдири халқи ман
мусибате навишта шуда бошад, ки роҳи пешгирии он нест?
Чаро мо то кунун аз имрӯзу ояндаи сарнавишти ватанамон
амиқан ба андеша нарафтаем? Агар ин тахмину пешгӯиҳо
воқеан рост бароянд, пае халқи маро чй рӯзҳои сангине дар
пеш аст. Худоё, инро худат медонй. Нигаҳбон бош. Ин ба
ақлу хиради ман рост намеояд.

***

Баъди ба Душанбе баргаштан вақти зиёде нагузашта, дар
рӯи мизи кориам аризаи Татяна пайдо шуд. Дар ариза хоқиш
мекард, ки ӯро аз вазифа озод кунам.

Дар аризаи Татяна имзо гузошта, пурсидам, ки ягон гапи
нав медонад.

— Бовар кунед, Аслиддин, ба худо қасам, аз чизе хабар
надорам. Аммо Ирина ва шавҳараш аз қама сирру асрор
бохабаранд. Онҳо борҳо таъкид карданд, ки ман ба зудй аз
ин диёр кӯч бандам. Гумон мекунам, ки насибаи обу дони
ман аз ин диёр канда шудааст. Афсӯс, ки дигар илоҷ надорам.
Аз эҳтимол дур нест, ки шумо албатта, шоҳиди ҳодисаву
нооромиҳои дар пеш истода мегардед. Ба гуфти онҳо, дар
Узбеки стон низ ба қарибй бояд ягон ҷунбише пайдо шавад.
Илтимос, аз ман хафа нашавед.

Татяна инро туфту худро дошта натавониста, гирён шуд.

— Ҳукми тақдир пешгӯй надорад. Чизе ки дар насибамон
бошад, ҳамонро мебинем. Кй медонад? Мумкин пас аз чанд
М°Ҳ нохушиҳо cap занад. Дар он сурат барои ман душвортар
МеШавад. Шумо маро дуруст фаҳмед. Мазаммат накунед.

Худро ба даст гиред, Татяна Ивановна. Гапатон ҳақ.

Мо

аз ҳукми тақдир роҳи гурез надорем. Вале ҳеҷ бовар
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуіІІ

(«L>

намекунам, ки тақдир ба сари миллати мо чунин бадбахтй
меоварда бошад.

— Бовар кунед, Аслиддин, сарчашмаҳои ахбории онҳо
ниҳоят боэътимоданд. Дар акси ҳол чунин истодагарй
намекарданд, — гуфт Татяна бо овози пасти гиряолуд.

Ҳамин тавр Татяна Ивановна Душанберо тарк кард. Пеш
аз рафтанаш телефони ҷои кори навашро, ки дар наздикии
шаҳри Москва буд, ба ман дода, бори дигар узрхоҳӣ кард.

Аз байн қариб ним сол сапарй шуд. Фасли баҳор. Ҳамон
рӯз ғайричашмдошт ҳаво хеле гарм буд. Аз чй бошад, ки аз
саҳар худро ноҷӯр ҳис мекардам. Чанд кори ҳалталаб иҷро
нашуда монд. Ин албатта, фоли нек набуд.

Қарибиҳои чошт бо чй kbpe аз идора баромада, сӯи Шӯрои
Вазирони Ҷумҳурй равон шудам. Нохост' ба чашмам гурӯҳи
одамон афтид, ки дар назди Шӯрои Олй дар даст ҳар гуна
шиору плакатҳо истода буданд. Дар аксари шиорҳо «Ба
забони тоҷикй мақоми давлатй до да шавад», — навишта шуда
буд. Инро дида аввал дар ҳайрат мондам. «Ана он чи ки касе
интизор набуд, акнун мебинем. Ин аз эҳтимол дур нест, ки
оғозаш бошад» — гӯён аз дил гузарондам. Ман оҳиста қадам
монда, ба худ суол медодам, ки оё забони тоҷикй имрӯз мақом
надорад? Дуруст аст, ки зиёда аз нисфи кормандони идораҳои
давлатй, корхонаҳо ба забони давлатии Иттиҳоди Шӯравй
дафтардорй мекунанд. Магар чунин талаб манфиати онҳоро
намекоҳонад? Ба иззати нафсашон намерасад? Гузашта аз
ин мардуми таҳҷой низ дар идораҳои давлатй, корхонаву
муассисаҳо ба забони давлатии Иттиҳоди Шӯравй, бо забони
русй коргузорй мекунанд. Хулоса, қариб аксарияти зиёй, чи
таҳҷой ва чи намояндагони миллату қавмҳои дигар ба чунин
талаб муқобил баромаданашон мумкин.

Бо ин андеша ман дар даромадгоҳи идораи Ҳукумат бо
яке аз намояндагони издиҳоми дар майдон ҷамъ омада рӯ ба
рӯ шудам. Ӯ М.Бердиева, корманди идораи маъориф буд. Ба
ӯ салом дода, хостам ба идораи ҳукумат дароям. Вале дар
ин ҷо М.Бердиева маро аз даромадан боз дошт. Ҳис намудаМ,
ки авзояш беҷо аст. Ҳиссиёт қалбашро ба шӯр оварда буд
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

— Аслиддин! Ту магар «патриот» нести, ки моро ҳамроҳй
намекунй? Дар ҳар ҷо худро ватандӯст нишон медиҳй-ку. —
Ман чун ҳарвақта ором ва бо тамкин ба ӯ рӯ оварда гуфтам:

— Апа, имрӯз барои чунин талабҳо шояд фурсат нарасида
бошад.

— Чаро? Барои мо боз чй хел фурсат лозим? — гуфт
апаи М.Бердиева.

— Шумо имрӯз дар ин ҷо талаб мекунед, ки ба забони
тоҷикӣ мақоми давлатй дода шавад. Ба тоҷикон шароит
фароҳам оваранд, ки бо забони модарии хеш дафтардорй
кунанд. Вале даҳҳо ҳазор одамони миллату қавмҳои гуногун
тавассути забони русй қути лоямут ба даст оварда ва
зиндагиашонро саришта мекунанд ва табиист, ки ин ҷумла
одамон ошкору ниҳон муқобили ин роҳи пешгирифтаи шумо
мешаванд. Ин кори ташкилкардаи шумо оқибати хуб надорад.
Бо ин масъала ҳал намегардад. Ба ин роҳ шуморо албатта
дигарон тела додаанд, — илова намудам. Ин суханони маро
ӯ чй тавр қабул кард, намедонам. Вале дидам, ки М.Бердиева
дигар ҳарфе ба забон наовард ва сӯи мардуми башӯр омада
равон шуд.

Оиди масъалаи ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатй
дербоз фикру андешаҳои мухталиф арзёбй мегашт. Дар ин
бобат ҳама, дониставу надониста, изҳори ақида мекард.

Пӯшида нест, ки тарафдорони қабули чунин қонун кам
набуданд. Муқобилон ҳам. Онҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуда,
муттаҳидӣ ва ягонагии дар давлати Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд
доштаро дар Тоҷикистон аллакай аз байн бурда буданд.
Тарафдорони мустақилияти забони тоҷикй бешак умед
Доштанд, ки дар ин ҷода барор насибашон мегардад. Қабули
Қонун дар бораи ба забони тоҷикй додани мақоми давлатй ба
тоҷикон имконият медиҳад, ки мустақилияти иқтисодй ва
сиёсиро дар сарзамини тоҷикон пурзӯр кунанд. Идора
кардани иқтисодиётро ба дасти мутахассисони маҳаллй дода,
МаРДумро ба суннатҳои миллиашон аз нав наздик созанд.
гУрӯҳи дуюм ба хубӣ дарк мекарданд, ки қабули чунин қонун
ҚУДрати иттиҳодро суст мекунад. Пеш аз ҳама марксизмро
ЛУЛИДДИНИ УОҲИВНАЗАР

УуБҲИ СИТОРАКУШ

<S>

сахт такон медиҳад. Дар сурати ба ҳукми амал даромадани
ин қонун аксарияти роҳбарони олимартаба ва муттахасси-
сонеро, ки дар вуҷуди онҳо аз забони тоҷикй осоре намон-
дааст, бешак аз сари қудрат дур мекунад. Дар баробари ин
мардуми тоҷикро бечуну чаро ба анъанаҳои миллй ва дин
наздик мегардонад. Ва табиист, ки манфиати миллии дигар
миллату қавмҳо то андозае мумкин бикоҳад.

Хуллас, ба чунин гуногунии ақидаҳо, норасогиҳо ва
каҷравиҳои тарафайн нигоҳ накарда, Қонуни забои дар моҳи
июли соли 1989 дар парлумон мавриди қабул қарор гирифт
Ба забони тоҷикй мақоми давлатй дода шуд. Қабули ин Қонун
пеш аз ҳама бисёр «дастовардҳои» социализмро ба рӯи об
баровард. Истилоҳҳои бародарию баробарй, дӯстии халқҳо
ва амсоли ин, ки талаботҳои Кодекси ахлоқии бинокори
ҷамъияти коммунист ба шумор мерафт ва дар тӯли 70 сол
вирди забонҳо буд, дар муддати кӯтоҳ чаппаю роста гашт
Тақдири ҳазорон мардуме, ки тавассути донистани забони
давлатии Иттиҳоди Шӯравй нон мехӯрданд ва он афроде,
ки забони тоҷикиро намедонистанд, аллакай муайян шуда
буд. Дар як фосилаи басо кӯтоҳ даҳҳо ҳазор муттахассис ба
сабаби надонистани забони давлатй аллакай нодаркор
мешуданд ва ноилоҷ кӯч баста, тарки Тоҷикистон мекарданд

***

Пас аз қабули Қонуни забон мудом дар қайди андеша
будам. Хусусан оиди амалй шудани Қонун дар сарзамини
тоҷик&н, бурду бохтҳо фикрҳои магшуш маро азоб медод.
Тақдири он ҳазорҳо мутахассис маро бетараф гузошта
наметавонист. Гоҳо нохост пешгӯиҳои Иринаро ба хотир
оварда, хоҳу нохоқ мулоҳиза карда, худ ба худ мегуфтам:
«Аз эҳтимол дур нест, ки оғози он ҳама асроргӯии Ирина
ҳамин бошад. Он нооромиҳое, ки гӯё саросари Тоҷикистонро
фаро мегарад, инак cap мешавад. Худо аз ин бадтарашро
нишон надиҳад! Мардуми бе ин ҳам азияткашидаи моро чй
рӯзҳои сахту чй балое дар пеш аст». Аммо ҳар қадаре, ки
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуш

<Е2

таҳлил мекардам, ба як хулосаи сояравшан намеомадам.
фикрҳои гуногуну печ дар печ маро шабу рӯз азоб медод.
Аз Тоҷикистон баромада равам ва ё ягон чораи дигар ҷӯям?
Ва ё худ рафта ин тахминҳоро ба Кумитаи бехатарй расонам.
Вале боз муаммое садди роҳам мегашт? Магар Кумитаи
абарқудрати бехатарӣ аз ин тахмину гумонзаниҳо бехабар
аст? Ман ба ин ҳеҷ бовар надорам, мегуфтам худ ба худ.
Кумита аз ин бояд бохабар бошад. Агар ин тавр бошад, пае
чаро имконият дод, ки парлумон Қонуни забонро қабул
кунад? Магар бе ин идораи бонуфуз, бе иҷозати Марказ,
ҳизби Коммунист дар Москва парлумоне, ки аксарият аз
коммуниетон буданд ва тақдири он дар дасти Марказ буд,
чй кор карда метавонист? Не. Мумкин дар ин ҷо сирри дигар
аст. Вобаста ба ин як чиз ҳар гоҳ майнаамро азият медод ва
хоҳу нохоҳ ба хулоеае мёомадам: «Аз эҳтимол дур нест, ки
барои Москва нооромии Тоҷикистон аз оромиаш заруртар
бошад». Ана гуфтем, ки ин ақида ва таҳлил нодуруст аст. Ва
агар ҳукумати Шӯравй пуриқтидор бошад, пас чаро онҳо
иҷозат доданд, ки дар СССР аввалин шуда забони тоҷикй
мақоми давлатй гирад? Оё онҳо наметавонистанд, ки бо як
сухан даҳони муншии аввали ҳизби Коммуниста Тоҷикиетон,
Қ.Маҳкамов ва парлумонро бубанданд ва қабули Қонунро ба
таъхир андозанд? Магар онҳо намедонанд, ки қабули ин
Қонун зиёда аз 400 ҳазор русҳо ва дигар халқҳои ғайри
таҳҷоиро аз идораи давлат дур месозад? Магар онҳо дарк
намекунанд, ки дар идоракунии давлати Тоҷикистон аз
забони тоҷикй ном мондаасту нишон не. Тамоми ҳуҷҷатҳои
Марка з ба забони русй ба Тоҷикистон интақол мешаванд.
Тамоми идораҳои чй болой ва чй поёнй, ҳатто ба деҳоте, ки
°окинони он саросар тоҷиконанд, бо забони русй мактуб ирсол
Мекунанду супоришҳо медиҳанд. Пас ба таври таъҷилй, бе
таҳлили ҳаматарафа қабули ин Қонун имрӯз мантақан ба
МаРДуми мо чй медиҳад? Саволҳо бисёр ва беҷавоб буданд.

***
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

еувҳи СИТОРАКУШ

Аввали моҳи октябри соли 1989, яъне муддате пас аз
қабули Қонуни забои ман боз ба Москва сафари хизматй
кардам. Дар Русия, алахусус дар пойтахт - Москва, мардум
нисбатан зиндагии оромона дошт. Дар Тоҷикистони мо чй0
Дар саросари ҷумҳурии мо мардумро як ҳиесиёти гайриоддй
фаро гирифта, дар ҳар кӯчаву бозор, дар ҳар сӯҳбату
ҷамъомад мардум аз сиёсат ҳарф мезаданд. Ҳар кас чизи
Дониставу надониста, шунидаву дидаи худро ба дигарон арз
мекард. Дар ҳар ҷо мардумро як ташвиши номуаяне фаро
гирифта буд.

Касе аз боби меҳнати ҳалолу комёбиҳо ба нафъи халқу
ватани ҷоноҷон, барои ояндаи дурахшон ҳарфе ба забон
намеовард. Ҷои ин суханони суфтаву равон шударо батамом
афкори сиёсй фаро гирифта буд. Ҳамаи ин аз назари ман
дур намемонд ва хоҳу нохоҳ ҳар замон гуфтаҳои Ирина ба
хотирам меомад. Ин ташвишу нооромиҳо аз пешомади
нохушиҳои ноаён гӯё дарак медод ва он рӯз то рӯз ба қалбу
ҳисси ман тазйиқ меовард.

Дар Москва, ки муддате аз азобҳои рӯҳй фориг монда
будам, худро як андоза орому осуда ҳис мекардам. Ба назарам
чунин менамуд, ки нафаси озод мекашам.

Пас аз анҷоми кор дар Вазорати кишоварзии СССР ба
хонаи Ирина занг задам. Мутаассифона, ӯ дар хона набуд.
Аз телефон марде аз ман пурсид, ки ба Ирина чй расонам?
Ман дар аввал бахшиш пурсида, сониян пурсон шудам, ки
худи ӯ кист. Мард дар ҷавоб гуфт, ки шавҳари Ирина
мешавад. Баъд ман худро муаррифӣ кардам.

Шавҳари Ирина арз намуд, ки маро гоибона мешинохтааст.

«Хуб мешуд шумо рақами телефонатонро монед. Ман ба
завҷаам мерасонам. У ҳатман ба шумо занг мезанад». — Илова
кард шавҳари Ирина.

Ман рақами телефони ҳуҷраамро аз меҳмонхонаи Москва
расондам.

Тахминан соатҳои сеи рӯз Ирина телефон кард. Пас аз
ПУРСУ пос бо як самимияти гарм ӯ маро ба меҳмонй даъват
намуд.
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКУШ

(2>

— Ману Татяна шуморо соати шаши бегоҳ дар хона
интизор мешавем.

Ман дар вақти таъин туда ба он ҷо ҳозир шудам. Татяна
Ивановна ҳамроҳи шавҳараш, ки бо ӯ қаблан шиносой
доштам, аз ман пештар ба ин ҷо омада будаанд. Пас аз салому
алейк Ирина маро ба шавҳараш Андрей, ки ҷавони тахминан
29-30 солаи қоматбаланду газгӯшт буд ва ба ким-кадом
ҳунарманди кино хеле монандӣ дошт, шиносонд.

Ман ба чеҳраи ӯ бодиққат нигоҳ карда, гуфтам:

— Ман шуморо дар куҷое дидаам.

Андрей хандида, шарҳ дод:

— Шумо мисли дигарон маро шояд ба Янковский монанд
кардед. Вале ман Янковский нестам. Ман Андрей Харитоно-
вич ном дорам. — Ва илова кард, ки мисли Татяна дар Душан-
бе таваллуд шудааст. Даҳ сол боз дар шаҳри Москва иқомат
мекунад.

— Шуморо, Аслиддин Соҳибназарович, хуб медонам. Охир
Татяна ҷияни камина аст ва ин зани зебо, — ба ҳамсараш
ишора кард ӯ, — дугонаи ҷонии ҷияни ман, собиқ корманди
идораи шумо мебошад.

Бо ҳамин шиносоии мо огоз ёфта, ҳамагон ба сари
дастархон даъват шудем.

Ман мушоҳида кардам, ки хона аз се ҳуҷра иборат буда,
хеле баланду барҳавост. Вале дар ин хонадон ҳоло кӯдаке
набуд.

Шавҳари Ирина чизеро пай бурда, сӯи ман назар карда,
гуфт

— Биёед, қадаҳи аввалинро барои он мебардорем, ки хонаи
Мо Ҳам мисли хонаҳои шумо, тоҷикон, серфарзанд шавад.

Мо ба тасдиқи ин нияти неки вай қадаҳ бардоштем. Аз ин
Гапи шавҳари Ирина, Татяна ба илҳом омада, гуфт:

— Иринаҷон, ту гам нахӯр. Мо дуо мекунем, ки ту якбора
дУгоник таваллуд кунй. Фақат зиёфатро фаромӯш накун. —
Ҳама баробар хандидем.

Меҳмоннавозии соҳибхона хеле самимй буд ва мо ҳатто
накардем, ки соат аллакай аз даҳ гузаштааст. Ман ба
АОЛИДДИНИ СФҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

соат нигариста, ба соҳибхона узр баён карда, хоҳиши ба
меҳмонхона баргаштан кардам.

Ирина ин хоҳиши маро қатъиян рад карда, гуфт

— Ба ҳеҷ куҷо намеравед. Дар хонаи мо ба ҳамаи шумо
ҷой мерасад. Ҳоло аз Душанбе чизе нагуфта, аллакай
рафтанӣ шудед-а? Бигӯед, ки дар Душанбе чй ran ҳает?
Мардум чӣ ҳол дорад? Охир, мо дербоз дар ин бора ягон
маълумоте надорем, — баъд ба Татяна ва Андрей нигоҳ
карда, боз илова намуд:

— Инҳо ҳатто Душанбею Тоҷикистонро дар хобашон
мебинанд.

— Ин табиист, — изҳор кардам ман. — Охир, онҳо обу
нони Тоҷикистонро кам нахӯрдаанд.

Аз ин гуфтаҳои ман чизе ба хотири Татяна омад, ки гуфт

— Медрнед, Аслиддин, ман кадом рӯз хоб дидам, ки дар
Душанбе чунон барфи калон боридааст, ки ҳатто болои хонаҳо
хам задаанд. Мардуми зиёд аз ноилоҷй Душанберо тарк
карда, ба тарафи Ромиту Қаротегин рафтаанд. Мегӯянд, ки
дар он ҷоҳо низ барф меборад.

— Хоби хуб, — ба ran ҳамроҳ шуд Ирина ва боз илова
намуд: — Барф сафедй аст, мегӯяд халқ.

Баъд барои тасдиқи фикраш ба сӯи ман нигариет.

Ман дар ҷавоб изҳор кардам, ки таъбиршинос неетам ва
агар имкон шавад, ба хобнома назар хоҳам кард.

Хандаю шӯхй, баҳсу мунозира оҳиста-оҳиста маҷрои
худро дигар карда, ба масоили зиндагии имрӯза ва оянда
дакка хӯрд ва ниҳоят ба сиёсат омада расид. Ва қариб хдмагон
аз ман пурсон шуданд, ки мақоми давлатӣ гирифтани забони
тоҷикӣ оё кори хуб аст ё бад. Магар ин кори давлати Эрон ё
худ амали муллоҳои навбаромади шумост? Шумо тарафдори
Горбачёв ҳастед ё на? Ва оянда ба порлумони нав дохил
мешавед?

Чунин саволҳо кам набуданд. Ман ба қадри фахдоиши худ
ба ҳар саволи онҳо ҷавоб дода, дар баробари ин ба хубй дарк
намудам, ки нисбати Тоҷикистон дар Марказ иғвои наве тайёр
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситордкуш

(El

мешавад ва онро бе чуну чаро ба муллоҳо марбут месозанд.
Ин албатта барои ман чизи нав буд.

Пагоҳй, пеш аз он ки аз хонаи Ирина баромада ба
меҳмонхона равам, Андрей ба ман рӯ оварда, гуфт

— Ба наздикӣ аз эҳтимол дур нест, ки ба Душанбе оям.
Афсӯс, ки бо шумо имкони вохӯрдан надорам. Вале Мӯсо
ном шахс ба шумо аз ман пайғом мерасонад. Ин пайғом,
албатта, пайгоми даҳонист, на аз ин зиёда ва он аз номи
Армен расонда мешавад.

— Мӯео, Мӯсо, — гуфтам ва дар ёдам омад ки ...

— Андрей, — гуфтам ман. — Охир, вай ба шумо чй
муносибат дорад?

— Аслиддин Соҳибназарович, магар шумо аз осмон
афтидаед, ки оддитарин чизро дарк намекунед. Ман ба шумо
ва мардуми шумо ягон хусумат надорам. Чӣ илоҷ? Тақдир
чунин аст. Ман фақат вазифаи худро иҷро карданй. Вале
мехоҳам, ки пеш аз фуромадани селоб ҳеҷ набошад, ба як-
ду кас ёрӣ диҳам, то ки онҳо дар байни он намонанд.
Алалхусус одамони худиро. Ман лаққигй кардам. Ҳақ надо-
рам. Ба занҳо чизе гуфтан даркор набуд. Шумо инро дар
назар доред.

Ин тахдиди рӯирост буд. Ба назарам чунин намуд, ки
замин дар зери поям ба тамом фурӯ мёравад.

— Фаҳмо, фаҳмо. Ташаккур, — гӯён бархеста, бо онҳо
хайру хуш намуда, аз дар берун баромадам.

Пас аз анҷому сариштаи корҳои хизматй аз Москва ба
Душанбе баргаштам. Дар саросари Тоҷикистон аллакай ба
интихоботи парлумон тайёрй мерафт. Дар рӯзномаҳо лоиҳаи
Қонун дарҷ шуда буд. Ва аллакай ба аксарияти ҳавзаҳои
интихоботй намояндгони ҳизби Коммунист, аз ҷумла аз
муншии аввали х^ізби ҷумҳурй, вилоятҳо, нох?гяҳо cap карда,
То раисони комиҷроияҳо, роҳбарони колхозу совхозҳо,
прокурору судяҳо тақсим шуда буданд. Дигар намояндагон,
Ки хУДро ба ҳизбу ҳаракатҳои ҳоло вуҷуд надошта мансуб
МеДонистанд, кӯшиши пешбарй шудан мекарданд. Вале
аксарияти онҳо пас аз қабули қонун номзадии худро пешбарй
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКУШ

карда натавонистанд. Ман, ки дар ин давра намояндаи ҳизби
Коммунист буда, вале аз он аллакай дилсардй доштам, худро
дар канор шрифта, намедонистам чӣ кор кунаму ба кадом
роҳ равам? Ҳамроҳй бо демократҳо мумкин чизе намедод,
зеро ин ҳизб дар Тоҷикистон ҳоло нуфуз пайдо накарда,
ҳатто таъсис наёфта буд. Ва шояд дар солҳои наздик ба
арсаи сиёсй омаданаш имкон надошт. Мардуме, ки солҳои
тӯлонӣ дар зери фишору ақидаи як ҳизб тарбия ёфтаанд,
чунин ҳисоб мекарданд, ки дар дунё ба ҷуз ҳизби Коммунист
дигар такягоҳи бонуфузе вуҷуд надорад, ки халқро ба роҳи
дуруст ҳидоят карда тавонад. Он чизе ки Марксу Ленин ва
шогирдони онҳо гуфтаанд ва ҳанӯз тӯтивор такрор мекар-
данд, баҳснопазир аст, безавлоу бебозгашт аст. Мутаассифона,
аксарият дар чунин ақида буданд. Дар баробри ин равшан
буд, ки ин ҳизб бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд ба мардум роҳи
дурустро пешниҳод карда натавонист. Худи ҳизб аллакай
ба мори пире монанд буд, ки ҳикояти онро ман борҳо аз
раиси колхози «Роҳатй», шодравон Нарзуллоҳ Рахимов, ки
ба ин ҳизб эътиқоди сахт дошт, шунида будам ва дар ин ҷо
овардани онро басо ба маврид медонам.

Шодравон қисса мекард: «Дар як ҳавзи калон море хурсан-
дона то айёми пирй зиндагй мекард. Минбаъд пирй ба ӯ
имкон намедод, ки шикор кунад. Ягона роҳи барои зиндагй
луқма ба даст овардан — фиребу найранг монда буду халос.

Мор рӯзе дар канори ҳавз зери анвори офтоб ғелида
афсӯсомез навҳа мекашид: Қурбоққаҳои азиз маро бубах-
шанд. Чунки ман ҷиноят кардам. Имрӯз маро дуои падару
модарони ҷамъи қурбоққаҳоое, ки зинда ба зинда фурӯ
Зурдаам, ба ҳоли зор гирифтор кардааст. Он бераҳмиҳое, ки
нисбати ин қурбоққаҳо карда будам, акнун маро дар ду дунё
азоб медиҳад. Акнун мехоҳам, дар сари пирй ҳеҷ набошад,
ба шоҳи қурбоққаҳо хизмат карда, гуноҳҳоямро сабук созам

Вақте ки ин хабар ба шоҳи қурбоққаҳо расид, ӯ гуфт

— Мор ба ман чй хидмат карда метавонад, ки гуноҳи ӯро
бахшам?

Мори пир дар ҷавоб гуфт
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

еувҳи СИТОРАКуш

<£l

— Орзу дорам ҳар рӯз аз субҳ то шом шоҳи қурбоққаҳоро
болои худ савор карда, дар рӯи ҳавз саёҳат диҳам.

Ин орзуи мор ба шоҳ-қурбоққа маъқул афтод.

Пас аз як-ду рӯз, вақте ки шоҳ дар болои мор савор шуда,
сайру гашт мекард, мор ба ӯ муроҷиаткунон арз намуд:

— Шоҳи бузургвор, садқаи забони ширинат шавам. Ман
ниҳоят гурусна мондаам. Агар имкон бошад, ба чокаронат
фармо, ки чанд қурбоққаи ношудро оваранд, то ки тановул
кунам ва доимо дар хизмати шумо бошам.

Шоҳ ба чокаронаш фармон дод. Ин кор то рӯзе давом
кард, ки дар ҳавз тухми қурбоққа ба тамом нест шуд.

Сипае мори пир аввал шоҳ ва баъд боқимонда ёронашро
ҳам фурӯ бурд...»

Ин ҳикоят инак маро ба андешае меоварад, ки оё инчунин
сарнавишти ногувору фоҷианок ба сари мо омада намета-
вонад? Коммунистом имрӯз чунин имкониятро аз даст наме-
диҳанд. Онҳо таҷрибаи бои зиндагӣ доранд. Аз фиребу най-
ранг рӯ намегардонанд. Ҳаракат мекунанд, ки таҳти шиори
«демократия» дар сари қудрат монанд. сохтору ташвиқоти
демократй гуфта, чор-панҷ тани дар парлумон роҳ ёфтаро
ба ҳар васила беобурӯ карда, таваҷҷӯҳи мардумро ба тарафи
давлати бебунёд бармегардонанд. Ҳикояи «Шоҳ - қурбоққа
ва мори пир»-ро бо таҳлилаш рӯзе дар меҳмонии шодравон
Қандил Ҷӯраев қисса кардам. Ӯ маро бо диққат гӯш карду
сипас гуфт

— Додарам, хато мекунед. Имрӯз вақте расидааст, ки бояд
мардуми Тоҷикистон нобаробариҳои мавҷударо дида, ба
хатоҳои Навбатӣ роҳ надиҳанд. Аз чапу рост мардумро боз
ба қафо, ба солҳои пас аз инқилоб, соли даҳшатноки 1937
барнагардонанд. Мо бояд рӯ ба демократияи Марказ, ба Русия
°рем. Бинед, ки онҳо чӣ талабу дархостҳо пеш мекашанд. Ду
Рӯз пеш дар Москва анҷумани демократҳо шуда гузашт, —
^ханашро давом дода гуфт акои Қандил, — онҳо талаб карда
йстодаанд, ки Қонуни асосии Иттиҳоди Шӯравй —
Конституция дигар карда шавад. Аз конституция мафҳуми
*Роли роҳбарикунандаи хуізби давлатй — Коммунист» ’бояд
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуШ

истисно карда шавад. Ин талабҳо таъсири худро хоҳу нохоҳ
ба диёри мо низ мера сона д. «Озодй» сухани маъмулй хоҳад
гардид. Албатта худи ту танҳо аз ӯхдаи ин кор намебарой.
Бояд гурӯҳҳо таъсис дода шавад, то ки онҳо тавонанд дар
роҳи амалй гардондан ва бедор кардани тафаккури демок-
ратии мардум дар Тоҷикистон мақоми устувор пайдо кунанд.
Агар чунин қудрат даст надиҳад, ояндаи мо, ба фикри ман,
хеле гарон хоҳад гашт. Онгоҳ ҳикояти ту дар боби шоҳ-
қурбоққа ва мори пир ба воқеият табдил меёбад.

Ман ҳам, албатта, номзадиамро ба ҳайси намояндаи
мардумй дар парлумони оянда аз ягон ноҳия ё шаҳри
Душанбе пешниҳод хоҳам кард. Мо бояд якҷоя ва дар раванди
демократа кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки мафкура ва ҳисси
карахту хоби мардум ба тадриҷ бедор шавад. Ҳар чанд огоҳем,
ки ин кори ниҳоят мураккаб ва ҳатто хатарнок аст.

* * *

Лоиҳаи Қонун оиди интиҳоби парлумон дар матбуот чоп
шуда бошад ҳам, ба назари ман аз камбудиҳо холй набуд.
Пеш аз ҳама дар лоиҳаи Қонун гуфта мешуд, ки ҳар номзад
бояд истақоматкунандаи ҳавзаи интахоботй бошад. Илова
ба ин парлумони оянда аз диди ман касбӣ нахоҳад буд.

Ин парлумон, ки куллан аз ҷумлаи мансабдорон таъсис
меёфт, худ қарор мебароварданд ва худ иҷро мекарданд. Ин
фикрро низ ба акаи Қандил иброз кардам. Шодравон пешгӯй
карда гуфта буд:

— Ту доири ин масъала фикр ҳам накун. Он нуқтае, ки
гӯё ҳар номзад бояд аз ҳавзаи маҳалли истақомати худ
пешбари шавад, ба тахмини ман амалй намешавад. Зеро
аксари довталабон ба ҳайси номзад мансабдорони идораҳои
шаҳрй, роҳбарони ҳизбӣ ва ғайра дар марказ иқомат
мекунанд. Онҳо, алалхусус идораи ҳизби Коммунист, комилан
бовар дорам, намегузоранд, ки чунин имкониятро аз даст
до да, яку якбора чор ё панҷ котаби ҳизб аз як шаҳр ё ноҳия
аз ин падида бенасиб монад. Барой ин, домулло, вақт сарф
накун, гам ҳам нахӯр. Вале нисбата парулумони касбй умед
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуШ

<S>

набанд. Имрӯз ҳам дастгоҳи ҳизб намегузорад, ки парлумон
касбӣ шавад ва мақоми яккароҳбариро аз даст диҳад, шаъну
шарафаш коста гардад. Ту метавонй инро аз ҒЛаллаев пурсй.
Вай чи гуна парлумон шуданашро бояд донад.

Аз ин мулоқот дере нагузашта, Паллаев худ ба ман занг
зад.

Ман Ғоибназар Паллаевро солҳои тӯлонй мешинохтам.
Муносибат ва шиносоиамон хуб буд. Ин муносибатҳо дар
рафти адои вазифа дар вазорати кишоварзй огоз ёфта буданд.

Ғ.Паллаев аввалин касе буд, ки нисбати қарори КМ ҳизби
Коммунист оиди махсусгардонии истеҳсолоти кишоварзӣ
кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод. Солҳои дар вилояти Қӯрғонтеппа
дар мансаби муншии аввали ҳизби вилоят буданаш
мутахассиси зиёдро дар атрофаш ҷамъ кард.

Ғ.Паллаев ҳамчун муншии аввали ҳизби Коммунисти
вилоят албатта хоҷагидор буд ва имконият дод, ки иқтисо-
диёти ин водй хеле пеш равад. Вале кору кирдор ва рафтор-
ҳои мустақилонаи ӯ ба роҳбарони ҷумҳурй ва ҳатто Иттифоқ
хуш намеомад. Мустақилона ҳаллу фасли бисёр масоили
ҳаёти хоҷагй, иҷтимой ва фарҳангй, инчунин дар бисёр корҳо
ба ҷавонон такя карданаш Ғ.Паллаевро машҳур карда буд.
Ана қамин хислат бисёр камбудиҳои ин роҳбари ҳизбии
вилоятро рӯпӯш мекард. Баробари ин Ғ.Паллаев медонист,
ки аз ин мансаби баланд сабукдӯш шуданаш ғайри имкон
аст. Ба ин боварии комил допгг ва ба ҳеҷ ваҷҳ намехост, ки
ин мустақилиятро аз даст диҳад.

Шодравон Ҷаббор Расулов, муншии аввали ҳизби Ком-
мунисти Тоҷикистон, аз кору бор, рафтору кирдорҳои
Ғ.Паллаев хуб бохабар буд, вале ҳаргиз пеши роҳи ӯро наме-
гирифт ва имконият медод, ки дар ин вилоят баъзе «Экс-
Периментҳо/ гузаронад. Худи Ҷ.Расулов мехост, ки дар ҳамаи
вилоятҳо ^унин роҳбарон бошанд ва онҳоро ҳамаҷониба
Дастгирй кунад. Вале аз Марказ сахт дар ҳарос буд. Зеро
Марказ мустақилиятро ба ҳеҷ ваҷҳ намеписандид.

Пас аз фавти бемаҳали Ҷаббор Расулов тақдири Ғ.Паллаев
вллакай ҳал шуда буд! Дере нагузашта гайри чашмдошт
ДОЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗАР

сувҳи ситордкуш

(™)

Ғ.Паллаев ба вазифаи нисбатан «Калон» — Раиси Прези-
диуми Шӯрои Олӣ таъин гардид.

Ҳангоми дар ин мансаб адои вазифа карданаш ман бо ӯ
борҳо дар сафарҳои хизматй будам. У ба ҳама имконият
медод ва ҳаракат мекард, ки мо фикрамонро мустақилона
изҳор намоем. Гарчанде худи вай дар баъзе ҳолатдқо ин
мустақилиятро эҳтиром ва эътироф намекард.

Баъди занги телефон ман роҳи идораашро пеш гирифтам.
У ба ман гуфт, ки зуд ба ноҳияи Колхозобод рафтан зарур
аст. Чунки вазъият дар колхози «40 солагии Октябр» боз
бад шудааст.

— Ман як ду рӯз баъд меравам, — гуфта илова кард.

У дар рӯзи чорум ба назди мо омад. Дар аввал нисбати
ҳодисаву воқеаҳо дар Москва ва умуман Ҷамоҳири Шӯравй
бисёр ба тафсил ахборот дод. Аз мардуми ба шӯр омада
илтиҷо кард, ки барои даҳ-бист гектар замин худро ба тоҷику
ӯзбек ҷудо накунанд. Тинҷу ором бошанд. Масъалаҳои
баҳсталаб ва ҷанҷолиро ба кадом роҳе ки набошад, ба таври
мусбат ҳаллу фасл мекунем.

Ин хархаша, ки қариб як соли дароз идома ёфта, то
роҳбарони вилояту ноҳияро дар як ҳолати ногувор монда
буд, бо ҳамин хотима ёфт ва мо боз ба Душанбе баргаштем

Дар бозгашт ман аз фурсат истифода бурда, аз ӯ нисбати
Қонун оидн интихоботи намояндагони мардумй, марбути
баъзе бандҳои он пуреон шудам. У дар ҷавоб чунин иброз
дошт:

— Фикру эродҳои шумо нисбати пешниҳоди номзадхо аз
маҳалҳои зист ислоҳ меёбад, вале парлумон касбй нахоҳад
буд. Мо дирӯз дар Кумитаи Марказй масъалаи парлумонро
ҳал кардем. Бюро қарори худро баровард.

Ман дар омади ran фаҳмондам:

— Акаи Қандил ин чизро пешгӯй карда буд.

Ғ.Паллаев дар ин гапи ман хандида, гуфт.

— Қандил Ҷӯраев авлиё. Аммо бе ин ҳам маълум аст, ки
ҳизби мо ҳеҷ гоҳ фишангро аз даст нахоҳад дод.

Ман худдорй накарда, гуфтам:
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситордкуш

— Ғоибназар Паллаевич. Оё фишанг ба дасти шумо
мерасад? Ҳизби шумо ба ин роҳ медиҳад? Ба ин боварй доред?

Ғ.Паллаев ин гапи маро ба оҳанги дигар фаҳмида, мало-
матомез гуфт:

— Аввал ин, ки ҳизби шумо не, ҳизби мо гуфтан лозим.
Ту, Аслиддин, ҳизби Коммунистро ба чашми кам ва саҳл
набин. Моро ҳамин ҳизб одам кардааст. Дигар ин, ки ҳизб
худ медонад лаҷоми давлатро ба дасти кӣ диҳад.

Пас аз ин гуфтутӯ ман идома додани баҳсро зарур надо-
нистам.

Ғоибназар Паллаев низ дигар чизе нагуфт.

* * *

Қонуни интихобот чунон, ки Қандил*Ҷӯраев пешгӯй карда
буд ва Ғ.Паллаев иброз доигг, ҳамон тавр ислоҳ гардид. Дигар
хел шуданаш ҳам эҳтимол надошт. Охир, оиди ин Қонун
Бюрои КМ ҳизби Коммунистии Тоҷикистон қарори махсус
қабул карда буд!

I

Аз назари шахсии ман Қонуни қабулшуда ниебати
интихоботи он давра, бемуболиға беҳтарин қонун буд. Он
қариб ҳама ҷузъҳои адолати демократиро дар худ инъикос
мекард.

Қонун асосан ба фаҳмишу хиради мардуми оддй, ба
сокинони шаҳру деҳот такя мекард. Ин қонун мардумро ба
сиёсат наздик сохт. Ҳатто ҳар деҳаи хурд агар мехост,
метавонист номзади дилхоҳи худро ба намояндагй пешниҳод
кунад. Ва албатта, ин зафар ва дастоварди калони демократй
метавонист дар Парлумон, агар он касбй мешуд, беҳтаринҳоро
гирд оварад, симоҳои барҷаетаи сиёсатро пайдо кунад
Пешвоёни ҷонсӯзи миллатро ба сари қудрат биёрад. Бадбах-
тона, Қонун ин парулумони касбиро мақбул надонист ва боз
Мардумро ба иттиҳоди ягонаи миллатҳо ва коллективҳои
Меҳнатӣ, раису директорон ва дигар мансабдорон рӯ ба рӯ
°вард ва побанд намуд.

Аз қабули Қонун муддате нагузашта, номзадии маро аз
Деҳщӯрои «Роҳатй»-и ноҳияи Ленин пешниҳод карданд.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

Ҳарифони ман нависандаи боистеъдоди Тоҷикистон, шахси
бисёр наҷиб Кароматуллоҳ Мирзоев ва сардори бригадаи
сайёри сохтмони комплекси кофтукови ҷанубии нефту газ,
ки дар шаҳраки «Нефтянник» иқомат дошт, буданд. Ба ҳайси
номзад ба намояндагии мардум дар парлумон аз деҳшӯрои
«Роҳатӣ»-и ноҳияи Ленин деҳаи калонтарин — Роҳатй
тақдири интихоботро дар ин ҳавза ҳал мекард. Илова ба ин
агар идораҳои ҳукуматию ҳизбӣ дахолат накунанд, медо-
нистам, ки ҳарифони ман дар интихобот аз 10-15 фоиз зиёд
овоз намегиранд. Ин албатта, сабаб дошт. Аввалан, аз рӯи
анъана ва муттаассифона, имрӯз ҳам қисми зиёди мардум
дар симои намояндаи худ дар Шӯрои Олӣ пеш аз ҳама касеро
мехоҳанд бинанд, ки ӯ ҳамчун намоянда мушкилотҳои акту-
алиро, ба мисли сохтани роҳ, гузаронидани хатти об, газ,
харидани мошин, ҷудо кардани замини наздиҳавлигй,
таъмини маводди хӯрок ва ғайраро ҳал карда тавонад. Аз-
баски ин мушкилотҳо дар кулли деҳоти ноҳияҳои Тоҷикистон
вуҷуд дошт ва ҳоло бештар шудаанд, барои намояндаи
мардум шудан дар Шӯрои Олӣ кори саҳл набуд. Ба ин
мартаба ашхоси соҳибмансаб, ки дар даст қудрати тақсимоти
захираҳоро доштанд ё худ доранд, расида метавонистанд.

Ман аз рӯи мансаби дар он давра ишгол кардаам метаво-
нистам, ки на танҳо дар зодгохй худ, балки дар аксар ноҳия-
ҳои ҷумҳурй намояндаи мардум интихоб шавам. Ва ана аз
ҳамин лиҳоз он ду нафаре ки ҳамроҳи ман номздиашонро
дар он ҳавзаи интихоботй гузошта буданд, аллакай маглуб
ҳисоб мешуданд. Вале парлумон бояд на ба кофтукови калуш
ё сохтани роҳу хати об ва амсоли ин машгул гардад, балки
дар қабули чунин қонунҳое саҳм бигирад, ки барои иҷрои
талаботҳо мусоидат кунанд. Ба ибораи дигар гӯем, мансаб
набояд аз болои Қонун ҳукмфармоӣ кунад, баръакс, Қонун
бояд ҳукмфармои асосй бошад. Ва инсон худро мӯҳтоҷу мутей
ҳар мансабдор нах^ісобад. Афсӯс ва сад афсӯс мехӯрам, ки
ин мақсадро ба сабаби бисёр тӯлонй будани умри системаи
тақсимоти нозу неъматҳо ба воситааи мансаб натавонистам
ба мардум расонам. Фаҳмонам, ки аксарияти мардуми дунё
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

нони худро аз дасти аъзои парлумони мансабдор намехӯранд.
Онҳо ризқу рӯзии худро аз меҳнати ҳалол дастрас мекунанд.
Намояндагони мардуми чунин кишварҳо дар парлумон ҳатто
фикр намекунанд, ки интихобкунандагонашон нони хӯрдан
доранд ё не ва ё худ калуш меёбанд ё не. Балки ба масъалҳои
беҳбуди ҳамарӯзаи рӯзгори мардум, пешрафти навбанави
ватанашон майна об мекунанд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ман ба вохӯриҳои мардум
мерафтам ва ба онҳо мисли дигар номзадҳо ваъдаҳо медодам,
ки роҳ месозам, обу газ меорам ва ғайра. Пӯшида нест, ки
ман бе намояндагии мардумй ҳам ба иҷрои ин корҳо cap
карда будам. Қисми роҳу хати обро сохта будам. Лоиҳаҳои
хати газ ҳам тайёр мешуд. Довталабони дигар низ чунин
ваъдаҳо медоданд, вале маълум буд, ки ин ваъдаҳо асоси
воқей надоштанд. Мардум хуб дарк мекард ва медонист, ки
танҳо мансаб ва на чизи дигар ин ваъдаҳоро амалй мекунад.

Дар баробари ин ман дар аксар мулоқотҳои пешазинти-
хоботй оиди вазъи сиёсй ва иқтисодии СССР, ояндаи ҳизби
Коммунист ибрози ақида мекардам. Дар вохӯриҳо баъзан
ақидаи шахсии худро баён карда мегуфтам, ки СССР ба ин
тарзи давлатдориаш бе шаку шубҳа бақо надорад, аз байн
меравад.

Ҳизби Коммунист мақсади худро тагйир надиҳад ва дар
СССР бисёрҳизбиро эътироф накунад, аз эҳтимол дур нест,
ки сабабгори хеле нооромиҳо гардад. Ба мардум ваъда
медодам, ки аввалин талаботи сиёсии ман аз Қонуни асосй
— Конститутсия — соқит кардани моддаи шашум — роли
роҳбарикунандаи ҳизби Коммунист хоҳад буд. Ва маълум,
ки ин ақидаҳои изҳор кардаи ман ба ҳар восита ба гӯши
сарварони ҳизби ноҳия, ҷумҳурй ва Кумитаи бехтарй
мерасид.

Ин ақидаҳои ман ташвиши онҳоро зиёд мекард. Онҳо барои
ЛаҶоми маро кашидан омодагй медиданд, фурсат меҷустанд,
Ки маро ба «чистка» даъват кунанд.

Боре ман дар яке аз деҳаҳои деҳшӯрои Роҳатӣ ҳангоми
в°хӯрй изҳор кардам, ки ҳизби Коммунист соли 1937 имко-
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуіИ

См)

ният дод, ки дар мамлакат, аз ҷумла дар Тоҷикистон, даҳҳо
ҳазор одамони бегуноҳро ба ҳар баҳона ба қатл расонанд.
Агар дар интихобот ғалаба насибам гардад, ҳатман талаб
мекунам, ки рӯйхати ашхоси ҳамчун мулло, «босмачй», бойҳо,
ки номи «душмани» миллатро гирифта буданд аз' ҳамин
ҳавзаи интихоботй ҳисоб мешуданд ва ба қатл расидаанд,
дар матбуот дарҷ карда шавад. Ин гуфтаҳо дар даврае сурат
мегирифт, ки ҳоло пешниҳоди номзадҳо ба намояндагй идома
дошт ва ба ҳар ваҷҳ хилофи қонуни қабулшуда буд. Ин
рафторҳои ман дар маъракаи ташвиқотй як навъ
қонуншиканй буданд. Ман инро дарк мекардам. Баъзеҳо пеши
роҳамро гирифта ё дӯстона ва ё ба тариқи ғараз изҳори
ташвиш мекарданд. Вале ман ба онҳо ҳамфикр туда намета -
вонистам.

Баҳсу мунозираҳо тӯлонй буд ва дар баъзе ҳолатҳо таҳ-
дидҳо изҳор мешуд, вале дар ҳар ҳолат ман одоби муоши-
ратро мепазируфтам ва ба эҳсосот дода намешудам.

* * *

Рӯзе ба идораи ман муншии аввали ҳизби Коммуниста
ноҳияи Ленин Азизбек Шарифов омада, пас аз салому алейк
ва аҳволпурсии кӯтоҳ ба изҳори мақсад гузашт.

— Чй тавре ки аз як нуқтаи боэътимод маълумам гашт,
хуб мешуд, ки шумо номзадиатонро аз ин ҳавза мегирифтед.
Агар шумо аз Роҳатй пешниҳод шавед, ман ба куҷо меравам ?
Бовар кунед, Аслиддин Сох^ібназарович, ба ман хеле вазнин
мешавад, — гуфт имдодталабона.

Ба ин сухани ӯ чй баҳо доданамро надониста, бо хайрхоҳй
гуфтам:

— Шумо ин тавр нагӯед. Охир осмон омада ба замин
начаспидааст-ку. Шумо номзадиатонро метавонед аз Шӯрои
деҳаи «Гулистон» пешниҳод кунед.

— Дар он деҳшӯро Акбари Тӯраҷонзода номзадиашро
пешниҳод мекунад. Шумо медонед, ки бо вай касе аз мо ҳариф
туда наметавонад.

— Ин ахборот нодурует аст, Азизбек Шарифович. Ман
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

суъҳи СИТОРАКуШ

фУРУ рафтани идеологиям коммунистӣ метавонад мардумро
бо роҳи демократа, дар заминаи анъанаҳои миллӣ ва динӣ
луттаҳид созад. Мутаассифона мардуми дар тӯли 70 сол
дар рӯҳияи коммунистѣ тарбия ёфта, аз анъанаҳои миллим
ХУД ДУР рафта, то имрӯз ҳам қисми зиёди онҳо метарсанд,
ки гӯё қабул ва эҳтароми анъанаҳои миллй моро ба идораи
давлатаи сохта исломӣ мебарад. Барой ман то ҳол равшан
нест ва намефаҳмам, ки чй тавр фардё худро мусулмон хонда,
вале аз ақоидҳои исломй меҳаросад. Чаро? Дар ин ҷо сирре
ниҳон аст. Ман ба ин савол ҳаддалимкон ҷавоб додам. Ба
қисми дигараш дар мавриди мувофиқ ҷавоб хоҳам гуфт. Аммо
як чизро ман бояд рӯирост иброз дорам, ки ислом дар дунё
ягона дини барҳақ ва аз ҳама комилтарин баҳисоб рафта,
дар он майпарастй, зинокорй, мардумозорй, ғоратгарй,
рехтани хуни ноҳақ ва дигар амалҳои зиигги инсонй, ҷиноят
ва ҳаром аст. Ва фарде, ки ин амалҳоро раво медонад, бояд
худро мусулмон нашуморад. Аммо имрӯз мардуми шӯравӣ,
ки қисми он худро мусулмон мешуморанд, аз ин амалҳои
зишт парҳез намекунанд ва карда ҳам наметавонанд.
Майпарастй, фоҳишагарй, ғоратгарй ва амсоли ин дар зери
ҳимояи қонунҳои давлат аст. Охир чй тавр май нанӯшад, ки
садҳо заводҳои майкашй омодаи истеҳсол аст? Чй тавр
зинокорй накунад, ки садҳо ва ҳазорҳо зан ҳаёта муҷар-
радонаро авло мешуморанд. Бисёр мардҳои оиладор, занми-
Ҷ°з гаштаанд. Чй тавр надузданд, ки тамоми сарвата давлат
бесоҳиб аст. Пас шумо фурсате тасаввур кунед, ки агар ин
индустрия баста шавад, калонтарин даромад аз май, фо-
ҲИШагӣ ва ба инҳо монанд аз байн меравад. Бастани ин соҳаҳо,
Риоя намудани ахлоқи исломй метавонад то 30-40 фоиз
Да рома ди калонтарин сармоядоронро аз фурӯши май ва
с°Ҳаҳои ба он алоқаманд кам кунад. Ин рафтор, яъне эъта-
Р°фи қонунҳои исломй бисёр гарон меафтад. Аз ин рӯ барои
°НҲо роҳи осон ин аст, ки қисми ками сармояи худро сарф
^РДа, зидди Ислом мубориза баранд ва пайравони онро ба
Ҳар гуна айбҳо монанди ' бунёдгарон», «ифротаёни динй» ва
бадном карда, мардумро аз давлати исломй битар-
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУЪҲИ GHTOPAKYUi

сонанд. Онҳоро аз анъанаҳои миллим худ даҳсолаҳо қафо
партоянд. Муллоҳоро «душман »-и халқ эълон кунанд.

Ин мулоҳизаҳоро ман борҳо тахдил кардаам. Бо бовариц
том метавон гуфт, ки ягона «айб»-и Ислом дар он аст, ки
бояд ба решай майпараастй ва ҳаромкорӣ теша занад. Пае
маълум аст, ки ин мубориза танҳо имрӯз cap назадааст ва
бе шакку шубҳа фардо ба итмом нахоҳад расид. А.Тӯра-
ҷонзода низ сарвари аввалин ва охирин нест, ки бо номи ӯ
аз гайрисломиён cap карда, то мардуме, ки худро мусулмон
мешуморанд, ба Ислом ва роҳбарони он санг назананд ва ё
аз паяшон гуноҳ наҷӯянд. Аз ин лиҳоз касоне, ки имрӯз
нисбати намояндагони Ислом дар навиштаҳои -худ оиди
рӯйдодҳои солҳои охир дар Тоҷикистон ақида изҳор
кардаанд, гуноҳро ба дин ва сарварони дин бор мекунанд,
иброз медоранд, ки «водии Вахшро аз ваҳҳобиён озод кардем,
навбати вйдиии Ҳисор аст». Бо ин амали худ онҳо дар назди
худой мутаол ва бандагони ӯ гунаҳкоранд. Худованди карим
ва пайғамбари ӯ Расули акрам (с) мусулмононро ба ғармию
кӯлобӣ ҷудо накардааст. Ва бешак бузургии Ислом ҳам дар
ҳамин аст, ки шоху гадо дар назди худованд баробаранд.

Ислом аввалин динест, ки заминаи иқтисодии ҷамъияти
ғуломдориро тадриҷан аз байн бурд. Инсонро сарфи назар
аз мавқеъи ҷамъиятй ва намуди зоҳириаш ба ҳамдигар
баробар донист.

Болшевикон пас аз инқилоби октябри соли 1917 мардумро
ба гурӯҳҳо ҷудо карда, асоси иқтисодии ҷамъият — моли-
киятро барҳам заданд. Шоҳро гадо карданд, гадоро шоҳ ва
дар тӯли 70 сол ҳама гуна динро «афюн» ҳисобиданд. Ва
оқибати ин табаддулотро мо имрӯз равшану возеҳ дида
истодаем. Собиқ мансабдорони болшевикй бо роҳи дуздий
моликияти ҷамъиятй бой гаштанд, вале гадоҳо ҳамчунон гадо
монданд. Ҳамин тавр онҳо баробару бародар нашуда, аз ин
дунё ҳама бо як кафан мераванд ва ҳамон муллоҳо —'
«душманони халқ» онҳоро шуста, ба қадашон кафан пора
карда ва ҳатто фотиҳа хонда, ба хок месупоранд.








ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗЛР

СуБҲИ СИТОРАКУШ

Баъди ғалаба дар интихобот ва гирифтани ваколатномаи
намояндаи мардумӣ қадами аввалини ман ба остонаи Кумитаи
бехатарӣ буд. Ман ба ҷаноби Петкел сим зада, аз ӯ хоҳиш
кардам, ки барои вохӯрӣ бо ман вақт ҷудо кунад. У хоҳиши
маро рад накард.

Рӯзи 21 март, дар рӯзи иди суннатии мардумамон —
Наврӯз, соати 10 пагоҳй дар утоқи кории Петкел ҳозир
щудам.

Пеш аз салому алйек ӯро ба иди Наврӯз, яъне Соли нав
табрик гуфтам. У изҳори ташаккур намуда, кинояомез гуфт

— Шумо бори дуюм аст, ки маро бо Соли нав табрик
мекунед. Ман миннатдорам. Агар дар ёдатон бошад, дар охири
моҳи декабр ва ана, имрӯз.

Ман ба хубй дарк кардам, ки ҷаноби ПетКел то ҳол иди
Наврӯзро ҷашн ҳисоб намекунад.

У боз ба чеҳраи дар ҳайратмондаи ман нигоҳ карда, илова
намуд:

— Не, ман хато кардам. Ба фикрам имрӯз Соли нав
набошад ҳам, вале иди Наврӯз аст.

Ба ин ришханди ӯ чизе нагуфта, аз дил гузарондам:
«Сардори чунин идорае, ки дар ҳассостарин лаҳзаҳо тақдири
миллатро ҳал мекунад, чй гуна касест. Аз анъанаҳой миллии
халқ хабар дорад ё не! Ва ӯ бо кадом роҳ метавонад бехатарии
миллатро ба маънои пуррааш таъмин созад?»

— Марҳамат, Аслиддин. Гӯшам ба шумо. Кумитаи мо ба
шумо чй хизмат карда метавонад?

— Ҷаноби Петкел, — гуфта будам, ки гапамро бурид:

— Илтимос. Биёед алфози буржуазиро партоем. Агар маро
Рафиқ нашуморед, ҷаноб ҳам нагӯед. Хубаш, ки ному
насабамро гиред. Ман фарзанди як коргари оддй. Ягон авлоди
ман еарватманд набуд ва ман ҳамчун коммунист ба номи
Ленин содиқ мемонам. Танҳо Ленин авлоди маро сохуіби як
бурда нон кард. Ба тухми бою амалдорон қирон овард. Бовар
Дорам, ки мо ба ҷамъияти онҳо ҳаргиз бар намегардем.
Бахшиш, гапатонро буридам. Метавонед суханатонро идома
Диҳед.
АСЛЙДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуШ

(£)

Ман ҳам бахшиш пурсидам, агарчй ба гуфтаҳои ӯ тараф-
дор туда наметавонистам ва нисбати Ленин ақидаи ман дигар
буд. Аммо ба хотири он мақсаде. ки ман ба ин дар омада
будам, баҳс карданро хуб надониста, гуфтам:

— Аз ман як гурӯҳ интихобкунандагон илтимос карданд,
ки бо рӯйхати ашхосе, ки 6а истилоҳ душманони халқ дар
солҳои 1929 - 1949 ба ҳабс шрифта туда ва баъд аз тарафи
НКВД парронда шудаанд, шинос шавам. Ва рӯйхатеро, ки
дар он зиёда аз 60 нафар ном бурда мешуд, нишон додам.

Петкел рӯйхатро бо диққат аз назар гузаронда, сипас ба
ман нигоҳ карду гуфт

— Ин корро мо ҳал карда наметавонем. Мумкин нест. Шумо
медонед, ки ҳоло дар ҷумҳурй вазъияти фавқулодда ҷорй
аст. Мо ягон ҳуҷҷатро ба касе шинос карда ё дода намета-
вонем. Мо худамон ин рӯйхатро тайёр намуда, дар рӯзномаҳо
чоп хоҳем кард. Шумо онро монда равед.

Бо ҳамин талаби аввалини ман бенатиҷа монд ва он
рӯйхатро дигар надидам. Ва афсӯс мехӯрам, ки он ҳуҷҷати
муҳим бебозгашт аз дасти ман рафт.

Ноилоҷ бо ӯ хайрухуш намуда, ноумед ба кӯча баромадам

Ҳаво софу беғубор буд. Фасли баҳор, беҳтарин рӯзҳои
сол. Айёми бедоршавии табиат, айёми пошидани донаи умед.
Аҷаб афсунгар, дилрабо ва тантананоку нотакрор аст
баҳорони диёри мо.

Идораи мо аз Кумитаи бехатарй чандон дур набуд ва ман
пеш аз он, ки ба он ҷо равам, ба котибаам Антонина Борисовна
гуфта будам, ки ба Кумитаи бехатарй меравам. Ӯ дар ҳайрат
монда, саволомез ба ман нигоҳ кард. Вақте ки ман ба идора
дохи л шудам, ин зани ҳалим, бисёр наҷибу оқила аз хурсандй
гуфт

— Сад шукри худо, ки омадед. Худи ҳозир аз қабулгоҳи
Ғ. Паллаев телефон карданд Шуморо ба наздаш даъват
кардааст. Ман кай баргаштани шуморо намедонистам, бинобар
ин гуфтам, ки ӯро дар КГБ ҷустуҷӯ кунед.

Ман ба Антонина Борисовна ташаккур гуфта, ба илова
фаҳмон^ам:
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуЩ

(*El

— Шумо хавотир нашавед. Ман худам ба идораи онҳо
рафтам, ки ба баъзе нофахдоиҳо равшанӣ андозам.

— Ба ҳар ҳол, аз бало ҳазар гуфтаанд. Асло ба ин даргоҳ
наравед. Ба хайрхоҳияшон ҳаргиз умед набандед. Ва умуман
ҳаққи насиҳат кардан надорам. Аммо хуб мешуд, ки аз девори
каҷ дуртар бошед. Ин идораро ман медонам. Беҳтараш модари
ман медонад. Даҳсолаҳост, ки қабри хешу табори бадарға
шудаамонро меҷӯяду намеёбад.

Ман ба ҷои кор даромадам. Ба Ғоибназар Паллаев.занг
задам. Гӯшаки телефонро худи раис бардошт. Пас аз салому
алейки кӯтоҳ гуфт:

— Аслиддин, агар метавонистӣ, як ба назди ман меомадй.

— Хуб шудааст, Ғоибназар Паллаевич, — гуфтам дар
ҷавоб. Пае хеста ба тарафи Шӯрои Олй, ки тахминан сад
қадам дуртар аз идораи Комплекси агроеаноатй дар тарафи
роста майдони Ленин воқеъ буд, равон шудам.

Ғоибназар Паллаевро баъди ҳодисаҳои феврал надида
будам. Мардум истеъфои ӯро талаб карда буданд. Вай ҳатто
ариза навишта розй туда буд, вале баъди ёфта шудани
«гунаҳкорони сиёсй» боз дар мансабаш монд. Инак бори аввал
вомехӯрдем. Табъаш хуш буд, ҳамон Ғ. Паллаеви пештара.
Гӯё воқеае нашуда бошад. У аз ину он пурсон шуд. Баъд аз
мавзӯи нтихобот сухан оғоз намуд:

— Ба рӯйхати депутатҳо шинос шудай ё не?

— Бале, шинос шудам.

— Нафароне, ки ба дигаргунеозиҳои сиёсату иқтисодиёт
майл доранд, шахсан ҳисоб мекунам, дар парлумон 20 кас
ҳам нест.

— Агар ҳодисаҳои феврали намешуд, шумораи онҳо
бегуфтугӯ ба 40-50 нафар мерасид, — гуфтам ман.

— Чй илоҷ. Муллоҳо корро расво карданд. Онҳо хостанд,
ки бо зӯрй моро аз курей фуроранду худ соҳибмансаб шаванд.
Бе ҳамин хунрезй ҳам мо метавонистем мансабро ба
хостгоронаш диҳем.

Ман аз ин беҳудагӯй худро дошта натавониста, пуреидам:

— Шумо бовар доред, ки ин ҳама кори дасти муллоҳост?
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКуШ

— Албатта кори онҳост. Ахбороти пурраи КГБ-ро ҳам
дар даст дорем. Акнун дақиқ медонем, ки ин бетартибиҳо бо
хости кй cap задаанд.

Ман дигар ҳарфе нагуфтам. Бароям равшан гашт, ки
мӯҳтарам Раис ҳам ахбороти тозаи Кумитаи бехатариро
дастак мекунаду халос. Бинобар ин аз маълумоте, ки нисбати
ин фоҷиаи миллй доштам, ба ҒЛаллаев низе нагуфтам. Фикр
мекунам дуруст буд, ки ин сирро накушодам ва ҳоло ҳам
мӯҳтарам собиқ раиси Шӯрои Олии Республикаи Советии
Социалистии Тоҷикистон мумкин дар ҳамон ақида бошад,
ки гунаҳкор халқи тоҷик аст. Тақдири ҳазорон одам дар ин
ҳаводис зарба хӯрд, аммо Ғ.Паллаев, И.Ҳаёев, Қ.Мах,камов
ба ивази рехтани хуни шаҳидон дар мансаб монданд. Гӯр
сӯзаду дег ҷӯшад! Ғ.Паллаев акнун ба дигар оҳанг сухан
огоз кард:

— Кумита туро барои чй даъват кардааст?

Ман гуфтам, ки худам рафта будам.

— Барои чй?

— Барои муайян кардани шумораи қурбониҳои солҳои 30
- 40.

— Ту соддагй накун, Аслиддин. Ҳоло давраи ин корҳо
нест. Зӯрат намерасад. Дар ҳақиқат рафтори нодуруст кардй.

— Гапатон дуруст. Аммо ваъдаҳои ба мардум додаам чй
мешавад?

— Ту ҳоло ҳам намефаҳмй? Ваъдаҳо ҳамин тавр ваъда
мемонанд. Ягон фурсати қулай ёфта ба мардум мегӯй, ки ба
ҳамаи ин норасогиҳо якбора хотима дода намешавад.

Пас аз ин Ғ.Паллаев рафти суханро боз бо ҳодисаҳои
феврал гардонд:

— Мувофиқи қарори Пленуми ҳизби Коммуниста Тоҷи-
кистон, Шӯрои Олй, барои омӯхтани ҳодисаҳои феврал аз
ҷумлаи намояндагони мардумии ба қарибӣ интахобшуда,
кормандони прокуратура ва амният комиссияи махсус таъсис
дода мешавад, то ки ҳақиқатро рӯи об бароранд. Номзадҳо
барои ин комиссия зарур аст.

— Ман аз ҷумлаи намояндагони мардумии ҷараёни
дСДИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКУШ

демократй як-ду нафарро тавсия мекунам. Хуб мешуд, ки
Сафаралй Кенҷаев аз гурӯҳи мо ба ин комиссия шомил шавад.

— Ту С.Кенҷаевро хуб медонй?— пурсид Ғоибназар
Паллаевич.

-— Начандон, — гуфтам, — вале аз шиносии шумо хабар
дорам. Ҳатто аз барои ӯ шуда ба Азизбек Шарифов ба ноҳия
телефон карда будед.

— Дуруст. Ман дар хотир дорам. Лекин агар ту кафил
щавй, ман ӯро ба комиссия дохил мекунам.

— Хуб мешуд. Уро ОЛатифй медонад, — и лова намудам.
Ammo Раис даст афшонду «хорошо» гуфта ба ман иҷозати
рафтан дод.

* * *

Мох,и декабри соли 1989, вақтё ки ман ба акай Қандил
дар боби таъсиси гурӯҳи депутатҳо дар парлумони оянда
гуфтугӯ карда будам, хонандагони азиз дар ин бора каму
беш маълумот доранд, тавонистем зиёда аз чил кас аз ҷумлаи
олимону нависандагону зиёиён, ҳуқуқшиносон гурӯҳе таъсис
диҳем. Дар сафи онҳо Сафаралй Кенҷаев низ буд. Шахсан ӯ
аз ин кор хабар надошт. Гарчи ба рӯйхат дохил шуда буд.
Аввалин вохӯрй бо Сафаралй дар хонаи Давлат Ёқубов, дар
шаҳри Душанбе бо ҳамроҳии Амирқул Азимов ва Шарифбек
Еқубов барпо гашта буд. Ман нисбати пешниҳоди номзадии
Ӯ ба хдйси намояндаи мардумй дар парлумони ҷумҳурй
изҳори ақида карда будам.

— Вале ман аз ягон ҳавза имконияти ба намояндаи мар-
ДУМй пешниҳод шудан надорам,— гуфт Сафаралй ва боз
илова намуд: — Маро дар деҳот мумкин касе дастгирй
накунад. Дар шаҳри Душанбе бошад аллакай дар ҳар ҳавза
панҷ-шаш нафар номнавис шудаанд.

Ман дар ҷавоб ӯро тасаллй додам:

-— Дар ноҳияи Ленин аз ҳар кадом ҳавзае, ки номнавис
^вед, албатта дастгирии мардумро хоҳед ёфт. Охир шумо
3°Даи ин диёр ҳастед. — Ва маслиҳат додам, ки номзадиашро
аз Ҳавзаи интихоботии Ҷӯйбодом пешниҳод кунад. Нуран
алонур хоҳад шуд.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКущ

СИ

Ду-се рӯз пас аз ин вохӯрй С. Кенҷаев дар ин ҳавзац
интихоботӣ дар қатори шаш нафари дигар пешниҳод шуд.

Бори дигар такрор мекунам, ки қонун дар бораи интихобот
ҳамон давра беҳтарин омилҳои демократиро дар худ таҷассум
мекард. Ҳар деҳае, ки аз 500 ва аз ин зиёдтар интихобкунанда
дошт, метавонист номзадашро пешниҳод кунад. Баракси ин
дар интихоботи нави соли 1994 баргузор шуда ин даст-
овардҳои демократа бекор шуда, хоҳишу талабҳои мардуми
деҳот боз ба идораи колхозу еовхозҳо мутеъ шуд.

Қобили қайд аст, ки аксарията роҳбарони он давраи ноҳияи
Ленин, алалхусус Азизбек Шарифов тарафдори номнавие
шудани Сафаралй Кенҷаев набуданд ва ман шахсан ба назди
Азизбек Шарифов рафтам, то ки ба ин масъала равшанӣ
андозам.

— Акай Аслиддин, шумо ин одамро хуб намедонед. Пае
барои чй тарафдорй мекунед? Дар ин ҳавза ягона каси
сазовор Махсатуллоҳ Расулов аст, — гуфт ӯ ба ман рӯ оварда.

— Махсатуллоҳро хуб медонам, беҳтарин деҳқон, хубтарин
раис. Ҳатто ба ман хешу табор мешавад. Аммо манфиати
миллй, манфиата Тоҷикистон, ояндаи он талаб мекунад, ки
парлумон бояд аз ҳуқуқшиносон, иқтасоддонҳо ва зиёиён
таъсис ёбад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Азизбек намехост маро тараф-
дорй кунад. Сипае ман гуфтам, ки бо Махсатуллоҳ худам
вохӯрда, аз ӯ хоҳиш мекунам, ки номзадиашро гирад. Дуюм,
агар кори ҳизб бошад, ба яке аз аъзои бюрои ҳизб телефон
карда хоҳиш мекунам ба ту фаҳмонанд, ки бояд номзадии С.
Кенҷаев гузарад. Ман боварии комил дорам, ки агар Мах-
сатуллоҳ номзадиашро нагирад, Сафаралй дар давраи якуми
интихобот шикает мехӯрад. Бинобарин мо ҳама бояд дар ин
ҷода корҳои амиқ мебурдем. Хулоса, пас аз вохӯрии дуюМ
ва занг задани Ғ.Паллааев, инчунин Отахон Латафй, Азизбек
Шарифов розй шуд, ки ба Кенҷаев ёрй расонад.

Махсатуллоҳ бошад, бе ягон дудилагй арз кард:

— Агар шумо ҳаминро хоҳед, ман ба С.Кенҷаев ёрй хоҳаМ
расонд. Вале номзадиамро намегирам. Ба тарафдоронаМ
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

89

сувҳи ситорлкуш

мегӯям, ки Сафаралиро дастгирӣ кунанд.

Ин марди наҷибу оқил, деҳқони ҳақиқй дар амал чунин
рафтор кард. Вале ман афсӯс мехӯрам, ки дар ҳамон шабу
рӯз Махсатуллоҳ Расулов ба ман фақат як сухан гуфта буд,
ки он баъди «хатоҳои»бешумори С.Кенҷаев дар арсаи еиёсй
ҳар дам ба хотирам меомад.

«Шумо агар Кенҷаевро ба осмони ҳафтум ҳам бароред ӯ
ягон иғвое меайдозад, ки - ба осмони ҳаштум барояд.»

Суханони Махсатуллоҳ дар ҳақиқат пайғамбарона буд.
Шикастҳои бешумори миллати тоҷик дар роҳи худшиноей,
озодй, баргаштан ба рукнҳои суннатй, тамаддуни қадимаи
худ, рехтани хуни ҳазорон ҳазор мардум ба пастии маъри-
фати сиёсии Сафаралй ва худхоҳию бузургманишии ӯ
алоқаманданд. Ва инак ҳар гоҳ худ ба худ мегӯям: «Ман дар
тавсия нисбати ин шахс хато кардаам. Хатои ҷиддй. Чй илоҷ.
«Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонй» - гуфтааст халқ».

Дар дунё кам андар кам фарди мусулмоне пайдо мешавад,
ки барои як пайкараи шахси бехудо аз ақидаи 1400 солаи
миллиаш даст кашида, тоҷикро ба сурхҳо ва сафедҳо ҷудо
намуда, имрӯз онҳоро ба «вовчик»-у «юрчик» тақсим карда
ва қасам мехӯрад, ки дар майдон танҳо муллоҳо ва ғармиҳо
ҳастанд. Ва ба назарам, дар таърихи давлатдории тоҷикон
чунин воқеаи. нанговар рӯй надодааст, ки фарзанди тоҷик
бг рои ҳадафҳои даргузари сиёсй ва шахсй, аз ҷумлаи аҷна-
биён сипоҳе фароҳам оварда, ба пойтахти кишвараш шабихун
зада бошад.

Худо худаш шоҳиди яккаву ягона аст, ман дигар шоҳид
надорам ва ба далел оварданҳоям зарурат нест. Зиёда аз ин
ба фаҳми он ҳама мунофиқиҳо ва хиёнатҳо нарасида, ҳоло
Ҳам дарк накардааст, ки ӯ дар ин ҷабҳа аз Ленин бештар ба
халқи азияткашидаи худ «хизмат» кардааст. Барои хизматҳои
хирсонаи ин марди «сиёсатмадор» ва имони «комил» дошта
худо худаш ва ояндаю таърихи миллат баҳои сазовор хоҳад
Дод.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуШ

(90)

Тафтишу таҳқиқи сабабҳои рух додани воқеаҳои феврали
ба чй анҷом пазируфт, маълум аст. Гунаҳкорони асосй муайян
нагардиданд. Зиёда аз ин, ҳайати комиесиюн имконият пайдо
карданд, ки мардумро ба иғвоҳои навбатй бикашанд, ба худй
ва бегона ҷудо кунанд. Як шаҳри тоҷикро ба дигараш
бародаршаҳр эълон намоянд. Тоҷикистонро ба пора-пора
маҳалҳо тақсим кунанд. (

Аз боби воқеаҳои феврали дар мавриди дигар гуфтугӯ
хоҳем кард. Аммо қаблан ба як масъала равшанӣ меандозем.

Ҳодисаҳои февралй бисёр тарафдорони моро, ки роҳи
демократиро пеш гирифта буданд ва метавонистанд ба
парлумон ворид шаванд, аз галаба маҳрум кард. Рох^ ояндаи
парлумонро ба дигар тараф гардонд.

Интихобот дар давраи дуюм дар ҳавзаи Ҷӯйбодом бо
галабаи С.Кенҷаев хотима ёфт. Дар баробари ин ӯ ба ҳайати
комиссия перомуни тафтиши ҳодисаҳои феврали дохил шуд.
Ва мо аз ин галаба ниҳоят рӯхфаланд будем ва комилан боварӣ
доштем, ки дар симои С.Кенҷаев як нафар муборизу ҳақи-
қатҷӯ ва дар соқаи ҳуқуқшинрсй шахсияти поку босаводро
дарёфт кардаем. Вале фурсати зиеде нагузапгга, ба хубй
дарк намудем, ки Сафаралй дар ҳақиқат ҳуқуқро хуб
медонад, аммо тамоми сирру асроре, ки мо нисбати програм-
маи оянда дар Парлумон доштем, онро дар мафкурааш ҷо
карда наметавонад. Вай шикасти ҷамъияти Коммунистиро
комилан хуіс намекард, ояндаро намедид. Бовар допгг, ки
сохти тоталитариро эҳё кардан мумкин. Моликияти ҷамъи-
ятиро бо роҳи назорати қатъй метавон нигоҳ допгг. Бадбахтона
ӯ намехост, ки аз ҳудуди фаҳмиши додситони ноҳия берун
барояд. Як ҳақиқатро дарк кардан намехост, ки асоси ин
норавшаниҳо дар ҷамъият, солҳои тӯлонӣ худи коммунистов
буданд.

Дар яке аз вохӯриҳо С.Кенҷаев, НДӯстов, Ш.Ёқубов, А.А6-
дураззоқов, О.Мавлонов ва як гурӯҳи дигар иштирок дош-
танд, нисбати раиси ояндаи Шӯрои Олй гуфтугузор барпо
гашт. Таклифи аввалро нисбати ин раис Нарзуллоҳ Дӯстов
кард. У гуфт, ки ба номзадии Раиси Шӯрои Олй Сафаралй


ДОЛИДДИНИ ООҲИБНАЗАР ________СуБҲИ СИТОРАКущ

пешниҳод гардад. Аммо ин таклифро худи С.Кенҷаев рад
намуда, номзадии Қ.Маҳкамовро пешниҳод кард. Баробари
ин асоснок карда гуфт, ки то имрӯз Шӯрои Олй бояд аз
Ленинобод бошад. Таклиф қисман дастгирй ёфт, аммо шахсан
ман муқобил баромадам ва онро ба сабабҳои зерин шарҳ
додам.

Аввало Қ.Маҳкамов дар ҳодисаҳои хунини феврали шарик
мебошад. Агар шарик набошад ҳам, ӯ хуқуқи маънавии ишғол
кардани ин вазифаро надорад. Дар ҳолати зарурй ӯ тарсид,
пеши poxji хунрезиро нагирифт. Бо ин рафтораш ӯ обрӯи
ҳизби Коммунистро паст зада, ин х^ізбро бе мадор кард.
Фаҳмондам, ки ҳизби Коммунист барои таҳти назорат
гирифтани парлумон бигузор аз ҷумлаи сарварони ҳизб ном-
зади худро ба раиси Парлумон пешниҳод кунад. Аммо на-
фари бедог ва хушбинро. Онгоҳ ин раис дар оянда метаво-
над озодона ва боҷуръатона ба парлумон роҳбарй кунад ва
ӯро дигар аз чапу рост касе таъна зада наметавонад.

Ман шахсан то рӯй додани ҳодисаҳои феврал тарафдори
Қ Маҳкамов будам, аммо пас аз он фоҷиаи хунин ин номзадро
чандон ҷонибдор набудам. Ман ба чунин ақида розй будам,
номзад бигузор аз Хӯҷанд бошад, вале дар ин ҷо Қ.Мах^<амов
истиеност. Ин таклиф ба аксарият маъқул шуд ва мо ба
чунин қарор омадем, ки Сафаралй дар хусуси интихоби ном-
зад ба мақоми Раиси нав ҳатман бо намояндгони мардумии
вилояти Ленинобод вохӯрад ва фикри онҳоро бифаҳмад. Дар
вохӯрии навбатй Сафаралӣ изҳор кард, ки Ленинободиҳо
Дигар лидер надоранд. Барои онҳо Қ.Маҳкамов ягона лидер
ҲИсоб мешавад, ҷуз ӯ касеро пешниҳод намекунанд. Агар
Р-Набиев дар интихобот галаба мекард, он гоҳ масъала ранги
Дигар мегирифт.

Аз ин рӯ мо ба хулосае омадем, ки номзади барои ҷомиа
83 худамон арзандаро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ пеш-
НиҲод мекунем.

Ба таклифи навбтии Н.Дӯстов ҳамовоз шуда номзадии
^ Паллаевро дастгрй кардем.
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкущ

<&.

Ғ.Паллаев аллакай аз'ин иқдоми мо огоҳй ёфта, дар
вохӯрии хоса миннатдорй изҳор кард.

Ду рӯз пеш аз ҷаласаи аввали Шӯрои Олй, даъвати ду-
воздаҳум- ман, Сафаралй Кенҷаев, Нарзуллоҳ Дӯстов, Ша-
рифбек Ёқубов, Ҷӯрабек Муродов, Сайдуллоҳ Хайруллоев,
Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев, Одил Бердиев дар идораи Ғ.Пал-
лаев ҷамъ омадем. Аксари онҳое, ки зимнан худро тарафдори
Ғ.Паллаев вонамуд мекарданд, аз рӯи тахмини ман ботинан.
таваҷҷӯҳ ба Қ.Махдсамов доштанд. Зеро ҳанӯз аз нуфузи
хдізби мансабдеҳ, ки роҳбараш буд, метарсиданд. Намедо-
нистанд, ки акнун тақсимоти мансабро х^зб не, балки парлу-
мони оянда саришта мекунад. Дар ин боб ташвиш аз ин ҳизб
зарурат надорад.

Аз намояндагони мардумии вилояти Кӯлоб ба истиснои
ду-се нафар, аксарият ба номзадии F-Палліаев муқобил
буданд.

Зиддияти ҷавонони Бадахшону Кӯлобро, ки даҳсолаҳо дар
пойтахт идома дошт ва касе то ҳол сабабашро намедонад,
Қ.Маҳкамов метавонист ба манфиати худ истифода барад
ва ҳамин тавр ҳам кард. Гарчанде намояндагони мард$мии
вилояти Кӯлоб аслан ба Қ.Маҳкамов ҳусни таваҷҷӯҳ надош-
танд, вале ӯ ҳисоби тарафдорони Ғ.Паллаевро медонист. Вай
бояд 132 тарафдор медошт. Вале аз рӯи тахмини ману
Сафаралй Кенҷаев Ғ.Паллаев агар бисёр ҷидду ҷаҳд кунад,
аз 70-75 зиёд овоз намегирифт. Аз ин рӯ кӯшишҳои мо аз
ваҷх?! ин, ки Ғ.Паллаев ғалаба намекунад, мо бояд каси дига-
реро пешниҳод кунем, натиҷае набахшид.

Дурнамои фикри мо чунин буд, ки номзади нав ғалаба
накунад ҳам, ӯ метавонад дар сафи лидерони собиқе, ки ал-
лакай эътиборашон дар натиҷаи ҳодисаҳои февралй хеле
паст шуда буд, пайдо шавад ва оянда ба қатори лидерони
нав ворид гардад. Инчунин лидер ба фаҳмиши некбинонай
мо бояд аз ноҳияҳои водии Қаротегин ё Бадахшон бошаД-
Дар ин сурат баланси мансабҳо дуруст меафтид ва тахминай
чунин мешуд: Вилояти Ленинобод ба ҳизби яккатоз сарварй
дСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

Si

мекунад. Дар натиҷаи паст гаштани рейтинги ҳизб ҳам, оянда
метавонад ҳамчун қувваи асосй ва лидери асосй нуфуз дошта
бошад.

Шӯрои Олй ба ғармиҳо, Ҳукумат ба кӯлобиҳо, лидери
дин ба водии Ҳисор, Вазорати умури дохила ба Бадахшон
мераеид. Нуфузи аҳолиро ба инобат шрифта, Душанбе ва
Кумитаи амният низ бояд ба интихоби ленинободиҳо ҳавола
мешуд. Сокинони водии Вахш, ки аксаран аз муҳоҷирони
гармй ва қисман ленинободию кӯлобй иборат буданд, мебоист
ба намояндагии зодгоҳи бобоияшон қаноат ҳосил мекарданд.
Дар ин ҳолат ҳизби коммунист дар интихоботи оянда бе ягон
шайтонӣ аз вилояти Ленинобод Раиси ҷумҳурй пешбарй
мекард.

Албатта чунин ақидаҳо ва ҷобаҷогузориҳо хато буданд.
Хусусан барои мо, намояндагони мардумй. Аммо, аз афташ,
мо на таҷрибаи казой доштем ва худамон ҳам ботинан аз
ҳисси маҳалчйгй раҳо нашуда будем. Вагарна сари вақт
метавонистем ба poxji хато наравем. Мутаассифона, сохтори
тотолитарй дар муддати хеле тӯлонй тавонист ба воситаи
директиваҳо ҳатто як дасти тоҷикро ба дигараш муқобил
гузорад, онҳоро дар рӯҳияи зидди якдигар тарбият кунад.
Акнун ман тарафдори хӯрдагириҳое нестам, ки гӯё замони
салтанати давлати Шӯравй чархи хукуматдории Тоҷикистон
Дар дасти хуҷандиҳо буд ва аз ин рӯ тавонистанд, ки фақат
барои ободонии ватани худ ҷаҳд варзанд ва барои шукуфоии
Дигар манотиқ эътиборе надоданд. Воқеан сулолаи хуҷанди-
Ҳои роҳбар (агар онро чунин арзёбӣ кунем ва барои ин исти-
не^ маъзарат мехоҳам) ба сари чархи давлатдории Тоҷи-
кистон соли 1947 омаданд. Қаблан аз соли 1924 то соли 1947
кУлли муншиҳои аввали Ҳизб, дурустараш Шоҳони тоҷик,
Намояндагони миллатҳои ғайри тоҷик буданд. Аз соли 1937
70 соли 1947, солҳое, ки маъракаи «маҳви бесаводии тоҷик»
Дар авҷ буд, муншии аввали ҳизби Коммунистии Тоҷикистон
■ «Шоҳи» тоҷикон Протопопов Дмитрий Захарович салтанат
МеРонд. Ба тоҷик алифбои русй ёд медод.

Дар тӯли бештар аз дувоздаҳ сол аз 67 ноҳияи ҷумҳурй
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуЩ

(£)

(байни солҳои 1935-1947) дар 51 ноҳия русҳо ва ё дигар мил-
латҳои ғайри тоҷик мансаби муншии аввали ҳизбро ба ӯҳда
доштанд.

Танҳо пас аз соли 1947, баъди муншии аввали ҳизби Ком-
муниста Тоҷикистон — шоҳи тоҷикон интихоб шудани шод-
равон Бобоҷон Ғафуров мавқеи тоҷикон дар ҷумҳурй устувор
гардид ва таваҷҷӯҳ ба мардуми таҳҷой дигар шуд. Ин шахси
бузург, олими шинохта ва хушбахтона (арвоҳаш шод бод)
нахустан миллатгарой тоҷик дар як муддата ниҳоят кӯтоҳ
ба он муваффақ гашт, ки зимоми идораи аксарията ноҳияҳоро
ба даста тоҷикон диҳад. Баробари ин тоҷикон дар он солҳо
дар мавқеи миллии худ — Кӯлобу Ҳисор, Ғарму Бадахшон
қариб мутахассис надоштанд. Мутахассисони ин диёрҳо то
ба даста Шоҳи нав расидани идораи давлат аксарият ҳамчун
«душманони халқ» парронда ва ё бадарға карда шуда буданд
Иддаи дигар дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳодат расиданд
Ягона роҳи ин диёрҳоро аз ҷумлаи тоҷикони мутахассис
пурзур намудан — муҳоҷир кардани мардуми кӯҳистон,
инчунин фириетодани мутахассисон аз шимоли ҷумҳурӣ
монда буд. Ин корро шодравон Бобоҷон Ғафуров — Шоҳи
аслии тоҷикон ба иҷро расонд. Тавонист, ки кам ҳам бошад,
муваффақ ба он гашт, ки қисми мутахассисони вилояти
шимоли Тоҷикистон ва тоҷикони дар қаламрави ҷумҳурии
Узбекистон буда ва аз сӯиқаеди соли 1937 эмин мондаро ба
шаҳру навоҳии ҷануб равон кунад. Ин тадбир, ки пас аз
«Инқилоб»-и Ленин дар Тоҷикистон академик Б.Ғафуров
амалӣ кард, хато набуд. Мансабҳоро ба даста соҳибватанон
дод. Хато ҳам набуд, ки тоҷикони Хуҷанд ҷои русҳоро ба
даст оварданд.

Мо, мардум, инак сабаби ноободии диёри худро бештар
аз сулолаи мансабдорони хуҷандй (ҳоло бошад аз сулолаи
кӯлобй) мебинем. Вале амиқ дарк накардаем, ки нобасомонии
ватани мо бештар ба истилои бераҳмонаи болшевикону ба
сари қудрат омадани намояндагони онон ва надонистани
таърихи воқеии ин истало, сарнавишта хешу табори истало-
гарон ва табиатан миллатгаро набудани тоҷикон алоқаи
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКуШ

<В1

ногусастани дошт ва дорад. Аз ин лиҳоз, аз сулолаҳои роҳ-
барони яккатоз домангир шудан андешаи номақбул ва то
андозае беасос аст. Агар кушоду равшан матлабамро арз
кунам, на дирӯз ва на имрӯз чархи давлатдории ватани мо
дар дасти тоҷик набуду неет.

Аслан, ҳам тақдири ватан ва ҳам сарнавишти худи мо бо
боди бурути хоҷаҳои Кремл вобаста буд ва ҳаст. Ҳоло сарони
давлати мо, ҳамон хӯсаҳоеро мемонанд, ки бо хоҳиши
хоҷагони Қасри Кремл дар ҳаётаи тоҷикон рост карда
шудаанд. Балки онҳо сарварони рамзй буда, бо дасти
саркардагони Кремл нагора мезананд.

Солҳои тӯлонй ҳамон тоҷике, ки ситорааш ба Кремл
маъқул мегашт, ӯ сарварй мекард. Истисно академик Б.Ға-
фуров ва Т.Улҷабоев. Кремл онҳоро дарк накард, дарк кард,
аммо дер шуда буд. Одатан тоҷики баргузидаи Кремл ҳатман
камхирад, беҷуръат, як навъ тареу, шояд худхоҳ ва ҳатман,
ки орй аз ифтихори миллй мебаромад. Дар сурате, ки чунин
шахсият соҳибмансаб мешуд, барои муҳофизаи курсй,
эътибори шахсй даррав хешу ақрабо ва рафта-рафта ҳам-
диёронашро дар атрофаш гирд меовард. Ин ҷо дигар асроре
ниҳон нест. Баъдҳо ҳамон анъанаи сохтаву зиёновар, тад-
риҷан ба ҳутсми қонуни нонавиштаи давлатдории тоҷикон
даромад ва ба беморй табдил ёфт.

Инсоният панҷ сохти ҷамъиятиро аз cap гузаронидааст.
Аммо он ҷамъияте, ки пас аз шикасти як сохт ба миён меояд,
наметавонад дар муддати 50-100 сол ҷомиаи инсоние ба камол
расонад, ки аз нуқсонҳои ҷамъияти сипарӣ шуда, орй бошад.
Аз ин рӯ мо социализм гуфта, дар ҷамъияти капиталистӣ ё
феодалй, ҳатто ибтидоию ғуломдорй қарор доштем. Охир,
офтобро ба доман пӯшида намешавад. Дар муддати кӯтоҳи
таърихӣ мо ин марҳиларо наметавониетем тай кунем.

Чаро сабабҳои аеосии бадбахтии тоҷиконро намебинем?
Намехоҳем бифаҳмем, ки мо миллатгаро нестем. Маҳалгароии
мо камбудии ҳар яки мо мебошад. Социализм онро баръакс,
йнкишоф дод. Ба воситаи Номенклатура назорат бурд.
Бинобар ин мо мақсад доштем, ки дар парлумони аввалин
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

ҳеҷ набошад, заминаи маҳалгароиро вайрон карда, онро ба
талаботи нави ҷамъияти демократй бипайвандем. Ин талабот
ҳамдигарфаҳмй, ваҳдат ва ифтихори миллй мебуд. Аммо
дар сурати галабаи Раиси Шӯрои Олй аз Ленинобод, дар
шахси ҳам роҳбарони ҳизб, ҳам Раиси парлумон, чи тавре
дар боло иброз доштем, метавонист мардуми Ғарму Кӯлобро
боз ба ҳамон ақидаи кӯҳна биёрад: «Ленинободиҳо ҳамаи
мансабҳоро гирифтанд».

* * *

Асоси омодагии гурӯх^ мо дар ҷаласаи аввали Шӯрои
Олӣ даъвати дувоздахум маҳз ба ҳамин мақсад равона мешуд.
Дар ин ҷаласа фақат ба эътибор гирифтани маҳалҳо, вобаста
ба ин тақсим кардани мансабу вазифаҳо як навъ махдудияти
гафаккур ва доираи назар буд. Дар парлумони коммуниста
ҷонибдори ақидаи мо шудани намояндагон гумони хато буд.
Парлумоне, ки аксарията вай аллакай «бародару баробар»
буданд, моҳиятро дарк намекарданд. Намефаҳмиданд, ки
галабаи яктарафаи як ҳизбу як маҳал пас аз ҳодисаҳои
феврал шикаста ногузири мардуми Тоҷикистон, алалхусус
мардуми тоҷик мегардад. «Бародарию баробарй» воқеиятро
аз мо фарсахҳо дур месозад. Намояндагони мардумиро дар
ибтадо ба гурӯҳи ленинободию кӯлобй, ғармию ҳисорй ва
баъд ленинободиҳоро ба доираи хуҷандию конибодомй ва
ғайра ҷудо мекунад.

Пеш аз оғози ҷаласа, рӯзе, ки бояд аввалин бор интахоби
Раиси он cap мешуд, ман соатҳои ҳашта саҳар ба идораи
Ғ.Паллаев даромадам. У дар утоқи корй танҳо нишаста,
интазори омадани Қ.Маҳкамов буд. Ғ.Паллаев аз ман пурсид,
ки тайёрй ба интахоб чй тавр аст?

Ман дар ҷавоб кушоду равшан арз кардам:

— Раис, ба фикрам шумо 70-80 овоз мегиред. Биёед
номзадиатонро нагузоред. Ин хубтар аст. Ягон каси дигарро
пешбарй кунед.

Ғ.Паллаев ба сухани ман гӯш дода, зери лаб чизе гуфту
пас овоз баровард:
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКУШ

(£)

— Киро пешбарӣ кунем?

— Ба фикрам одамеро пешниҳод кунед, ки номзадии ӯро
мардум чашмдор набошад. Баробари ин талаб кунед, ки
Қаҳҳор Маҳкамов ҳам номзадиашро нагузорад. Барои ин
шумо ҳуқуқ доред. Ҳодисаҳои феврал далел аст, аз Қаҳҳор
Маҳкамов талаб кунед, ки мисли шумо мардона рафтор кунад.
Бохти шумо дар интихоботи Раиси Шӯрои Олй бисёр хуб
нест. Аз ин тараф ғалабаи Қ. Мах^самов ҳам нафъе надорад.
Пас чаро шумо чунин имкониятро истифода намебаред?

— Ту хато мекунй, Аслиддин. Ман аз 125 нафар зиёдтар
тарафдор дорам, — гуфт Паллаев ба сухани ман ва боз илова
намуд: — Агар махфӣ набошад, киро ба ҷои ман пешниҳод
мекунед?

— Ман шахсан Ҳувайдуллоевро дар назар дорам.

— Ҳувайдуллоевро?

— Бале.

— Ту медонй, ки Ҳувайдуллоевро даҳ нафар ҳам
тарафдорй намекунанд?

— Бигузор як кас ҳам тарафдорй накунад. Вале имрӯз
шумо ба хотири оромии ояндаи ҷумҳурй хуб мешуд, ки ҳам-
роҳи Маҳкамов номзадиатонро намегузоштед. Биёед ин гапро
ман худам рӯйрост ба Қ.Маҳкамов бигӯям. Агар вай ба ин ҷо
ҳозир шавад, — гуфтам фикри ӯро фаҳмиданй шуда.

Одатан Ғ.Паллаев зуд асабӣ шавад ё дар чунин лаҳзаҳо
худдорӣ накунад ҳам, лаҳзае нагузашта, гӯё ягон гапе нашуда
бошад, худро ба даст гирифта, басо орому осуда нигоҳ медошт.
Ин хислати беҳтарини ӯст. Вале ҳоло тез шуда, зери лаб
Дашноме ҳам дод ва баъд ба ҳолати пештара баргашта, чунин
иброз допгг

— Агар гурӯҳи шумо хоҳад, маро дастгирй кунад, нахоҳад
Ҳам, ихтиёрашон, аммо ба хотири Маҳкамов туда ман ном-
задиамро намегирам.

Дар хотимаи ин сухан шодравон Н.Ҳувайдуллоев ва С.Кен-
Ҷаев ба идораи Ғ.Паллаев ворид шуданд. Ҳанӯз ҳолпурсй
чакарда будем, ки ҚМаҳкамов ҳамроҳи Веселков дарро
кУшода даромаданд.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ѲИТОРАКуШ

Суҳбати мо бо ҳамин хотима ёфт. Ман ҳамроҳи шодравон
Н.Ҳувайдуллоев берун баромадам. У ба ман рӯ оварда гуфт:

— Ин Паллаев галаба намекунад. Аммо ғалабаи Қ.Маҳ-
камов ба Тоҷикистон оромию осудагй намеорад. Қ.Маҳкамов
'албатта, кӯшиш мекунад ҳодисаҳои февралиро ба сари
дигарон бор кунад, худро мӯсичаи бегуноҳ нишон диҳад. Аммо
ба фикри ман, ба ин ҳодисаҳо худи Қ.Маҳкамов ва Ғ.Паллаев
сардорй кардаанд.

Ман аз маврид истифода бурда гуфтам:

— Акаи Нуруллоҳ, ман номзадйи шуморо пешниҳод ме-
кунам.

У дар синну сол аз ман калон буд, бинобар ин ман ӯро бо
эҳтиром «акаи Нуруллоҳ» мегуфтам.

— Не, додарам Аслиддин. Ин корро накунед. Онҳо якҷоя
сари маро мехӯранд. Аз шуморо ҳам. Зӯри ману шумо ба
гурӯҳи Қ.Маҳкамову Марказ намерасад. Монед, тинҷ гардам.

Ман дар ҷавоб аз шодравон пурсидам:

— Дар ҳолати галабаи Қ.Маҳкамов шумо тинҷ гашта
метавонед?

— Албатта то андозае мегардам. Ба он шарте, ки ба ягон
коре дахолат накунам, — гуфт бо як ноумедӣ.

Дар навбати худ ман бо Сафаралй, Нарзуллоҳ ва Бозор
Собир ва гурӯҳи дигари рафиқон, ки тарафдорони ҷараёни
демократа буданд, вохӯрдам. Платформаи пеш аз интахо-
ботии Раиси Шӯрои Олиро муҳокима кардем. Аксарият
гуфтанд, ки аз ноилоҷӣ ва набудани лидери навбатй Ғ.Пал-
лаевро дастгирй мекунем. Гарчанде хуб медонистам, ки
лидери мо галаба намекунад. Ва ғалабаи Қ.Махдсамов ҳам
ғалабаи тоҷикон ва тоҷикистониён нахоҳад буд.

* * *

Толори маҷлиегохй Шӯрои Олй, ҷое, ки дар айёми ҳу-
кумати тоталитарй даҳҳо сол ҷаласаҳои намояндагони
мардумй дар Шӯрои Олй баргузор мегардид, инак симои
худро ба куллй дигар карда буд. Дар он аллакай таҷҳизотҳои
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗЛР

СуБҲИ СИТОРАКуШ

<3.И

навтарини ҳозиразамон барои гузарондани овоздиҳи ба тарзи
дӯщида гузошта шуда буд. Худи намояндагони нави инти-
хобшудаи мардумй, ки қисми зиёди он дар ин қаср даҳҳо
бор даст бардошта овоз медоданд ва қариб сад дар сад бе
таҳлилу шарҳ қарорҳои Маркази «ҷоноҷонро» тарафдор
буданд, имрӯз худро ба тамом дигар хел тасаввур мекарданд.
Онҳо кам-кам сарфаҳм мерафтанд, ки озодии маънавй чизи
тамоман дигар аст. Онҳо медиданд, ки акнун муншии аввали
ҳизби ноҳия метавонад баромади муншии аввали ҳизби ви-
лоят, ҳатто ҷумҳуриро зери танқид қарор диҳад ва ё худ
лозим бошад, санги маломат занад. Баробари ин аз ашхоси
наве, ки ба парлумон дохил шуда буданд ва метавонистанд
силсилаҳои занҷири ҳизбро бипошанд ва ягонагии аъзои онро
халалдор кунанд, ботинан меҳаросиданд. Зоҳиран онҳо ифта-
хор донгганд, ки ба кадом озодие шарафёб шудаанд, аммо
ботинан ҳеҷ намехостанд, ки зердастонашон ин неъматро
бичашанд. Дар тасаввури қисми бештари онҳо намеғунҷид,
ки ҳоло дар толори Шӯрои Олй шахсони саллабарсаре низ
ҳузур доранд ва қабл аз ворид шудан ба ин даргоҳ ва ё
ҳангоми суханронӣ ба овози баланд «Бисмиллоҳир-раҳмонир-
раҳим> гуфта сухан оғоз мекарданд. Ба қавли халқ «гургу
гӯсфанд акнун дар як ҳел ҷо шуда» буданд.

Кй кадомеро мехӯрда бошад? Зӯр чй кор мекунаду безӯр
чй? Дар ин вазъият силоҳи озмудашудаи айём — фиребу
найранг, иғвою дасиса ҳатман, ки ба кор медарояд. Онгоҳ
соҳиби ҳелро ба ҷазо мекашанд.

Шахси мушохуідакор зуд пай мебурд, ки ҳанӯз то сар-
Щавии ҷаласаи аввали Шӯрои Олй лагери коммуниста тад-
РйҶан муттаҳид мешуд. Дар чунин ҳолатҳо муттаҳид шу-
Дани онҳо осон буд. Дарҳол ҳама муқаддасотро сарфи назар
Мекарданд, ҳам озодй, ҳам ифтихори миллӣ ва ҳам ин демок-
Ратияи навбаромадро. Дарди сарро! Роҳи худашон хуб аст:
Ҳамвор, озмуда, бехатар ва ғайра.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкущ

Тамоми умр ва фаъолияти меҳнатии ман ба соҳац
кишоварзй, ба деҳот пайванд буд ва дар ин парлумон бештари
намояндагони мардумӣ аз деҳот буданд. Ман аксарияти онҳо-
ро мешинохтам, аз зиндагй, кору кирдори онҳо хабардор
будам. Вале дар мулоқотҳо ҳис мекардам ва мефаҳмидам,
ки роҳбарони колхозу совхозҳо сахт дар ҳарос буданд, ки
мабодо аз мансаб дур карда мешаванд ва ё мавқеи ҷамъи-
ятиашонро бой медиҳанд. «Вақте ки заминро ба мардум тақ-
сим карда медиҳанд, мо чӣ кор мекунем? Аз куҷо нон мехӯ-
рем?» — арзи дил мекарданд бо ҳасрат. Вале онҳо намефаҳ-
миданд, ки ин тарзи мавҷудаи хоҷагидорӣ заминаи худро,
кайҳо бой додааст. Онҳо шикасти сохтори коммунистиро
намедиданд. Сипае намояндаи мардум шудани мо ҳам,
мегуфтанд аксарияти онҳо, нигоҳ доштани мақоми худ ва
ягонагии ҳизб мебошаду бас. Яке аз онҳо, ки раиси хоҷагй
буд, дар рафти сӯҳбат чунин қисса кард:

Як гурӯҳ мӯйсафедони деҳаҳои наздишаҳрии ноҳияи
Ленин ба назди сардори хоҷагии нақлиётии шаҳри Душанбе
меоянд ва аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки ба онҳо ягон мошин диҳад,
то ки ба маросими дафни муллое ба нохдіяи Ҳисор раванд

Сардори корхона ба онҳо мегӯяд, ки имрӯз шанбегии
коммунистй аст ва ҳамаи ронандагон ба кор мебароянд. Шумо
ҳам бояд дар маросими дафни мулло нею дар байни
коммунистон бошед, дар шанбегй ииггирок кунед.

Ин гуфтаи сардорро шунида яке аз мӯйсафедон мегӯяд:

— Писарам, то замоне, ки мо муллоҳо, дар қайди ҳаётем,
шумо коммунизм сохта наметавонед.

Ин қиссаро ба ман нақл карда, боз илова намуд:

— Акай Аслиддин, то он рӯз§, ки мо раисону роҳбарони
хоҷагиҳо ҳастем, шумо демократҳои озодандеш, замина пайдо
нахоҳед кард. Демократия ҳам сохта наметавонед. Наме-
гузорем, ки шумо демократия гуфта, ҳамаи моро аз ҳузурУ
ҳаловати мансаб бенасиб гардонед. Одам махлуқи мураккаб
аст.

• * * *


дСЛИДДИНИ ООҲИБНЛЗЛР Cl" V_________ сувҳи СИТОРАКуш

Ниҳоят ҷаласаи Шӯрои Олй даъвати дувоздаҳумро раиси
^омиссияи интихоботй, вазири адлия Шароф Маҳмудов
ифтитоҳ кард. Оиди ваколати намояндагони мардумй ахборот
доД- Ҳайати намояндагони мардумро пешниҳод ва ба ҳозирон
щинос намуд.

Дар рӯзномаи Шӯрои Олй масъалаи асосй — интихоби
Раис ва муовинони он, интихоби раисони Кумитаҳои Шӯрои
Олй, Президиуми Шӯрои Олӣ ва нигоҳ доштани вазъияти
фавқулодда дар Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он буд.

Хотиррасон кардан ба маврид аст, ки бегоҳирӯзи 12 феврал
қувваҳои мусаллаҳи давлати Русия вориди Душанбе шуда

буд-

Қабл аз интихоби Раиси Шӯрои Олй пешниҳоду гузоришот
cap шуд. Ба зудй маълум гашт, ки рӯйхати баромадкунан-
дагон пештар омода шудааст. Ҳамаи онҳо муншиҳои аввали
ноҳияҳову шаҳрҳо ва мудирони шӯъбаҳои КМ ҳизби Ком-
мунист буданд. Ҳамагон аз таърифу тавсифи номзади ягонаи
худ сухан оғоз намуданд.

Номзади онҳо Қахдор Маҳкамов буд. Рафти ҷаласа аз рӯи
нақшаи пешакй кашида шуда сурат мегирифт.

Ман Қаҳҳор Маҳкамовро медонистам, вале на ба он
андозае, ки дигар роҳбаронро мешинохтам.

Аксарияти ашхосе, ки бо ӯ сару кор доштанд ё бо ӯ воме-
хӯрданд, камбудии асосии ӯро ҳатман мегуфтанд. «Босавод,
ба тамкин, аммо беҷуръат. Ҳисси миллиаш ниҳоят паст,
гаправ аст. Дар баробари ин маҳалгароӣ мекунад».

Дар мулоқотҳое, ки дар рафти кор бо ӯ доштам, ин хис-
-Чатҳои ӯро борҳо эҳсос мекардам. Равшанам гашт, ки савод-
нокии ӯ аз хуб донистани забони русй ва надонистани забони
^Ҷикй иборат аст. Барои маҳалгарой будан бояд миллатгарой
^°Шй. ӯ бошад ҳаргиз миллатгарой шудан наметавонист.
ҷУнки барои ӯ «интернационализми оилавй» аз ифтихори
МНлЛй муқаддамтар буд.

Умуман ин шахсиятро таҳлил кардан чандон душвор нест.
аҲкамов фарди беҷуръатест, ки зеҳнаш қобилияти
^Д^Ндешй ва таҳлилҳои пухтаи сиёсй надорад. Аммо басанда
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАДАР



сувҳи GHTOPAKVHj

аст он андешаҳо, ни ман дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ дойр 5а
пешбарии номзадии Қ.Маҳкамов ба ҳайси Раиси Шӯрои Оля
иброз дошта будам. Танҳо лозим ба ёдоварист, ки ман дар од
ҷаласа сухан гуфтанй набудам. Бонд Бозор Собир баромад
мекард. Пас аз он, ки қариб ҳамагон таърифу тавсифгӯёц
ӯро ба осмони ҳафтум бароварданд, ман натавонистам ва
наметавонистам хомӯш нишинам ва нагӯям, ки «Арӯси
таърифӣ кайҳо бева шудааст».

Вақте ки ба устод Бозор Собир
сухан доданд, баробари ин раё-
сати маҷлис эълон кард, ки су-
хани навбатй ба кй дода мешавад.

Ман дигар тоқат накарда, ба
дасти ӯ хатча додам, то ки онро
ба котиботи маҷлис супорад.

Бозор Собир хатчаи маро ги-
•рифта ба тарафи минбар равон
шуд. У ҳоло ба минбар наздик на-
шуда ғавғо ба вуқӯъ пайваст.

Бисёриҳо мегуфтанд, ки чаро ба
ӯ сухан доданд? Устод ба ин нигоҳ
накарда ба минбар баромад ва
сухани худро аз ноӯҳдабароии
номзад оғоз намуд. Нисбати идеологияи ҳизб гапҳои обдор
ҳам гуфт. Ва ҳангоме, ки аз воқеаҳои феврал изҳори акида
намуд ва беҷуръатиро гуноҳи Кумитаи Марказии ҳизби
Коммунист ва ҳукумат шуморид, як қисм намояндагон аз
ҷой бархеста, бо як овоз гуфтанд: «У дигар сухан накунад!!» I

Бозор бо тамкин намояндагонро ба хомӯшӣ даъват карА
Маҷлисгоҳ лаҳзае хомӯш шуд ва ӯ боз ба суханаш давоМ
дод:

— Шумо агар қудрати ҳақиқатро шунидан надошта бошеА
пас бо кадом таманно даъвои намояндаи мардумй мекунеД
Агар шумо маро, депутати парламент, шоирро қудраТ*1
шунидан надошта бошед, пас шумо чй тавр коргару деҳқонр0
мешунавед? Бо онҳо чй гуна рафтор мекунед? Шумо ҳамчУ11'

Бозор Собир
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуш

щогирдони Ленин, ленинвор рафтор карда, Қ.Маҳкамовро,
ки сабабгори асосии воқеаҳои феврал ает, ҳимоя карданӣ
ҳаетед, на ҳақиқатро.

Вақте ки уетод номи Ленинро ба забон гирифт, депутатҳои
коммунист — шогирдони Ленин ба доду фарёд cap карданд.

Устод бори дигар ба онҳо муроҷиат кард, илтимос намуд,
ки агар суханашро хоҳиши шунидан надошта бошанд, пае
ба онҳо ду мисраъ шеърашро хонда диҳад. Аммо бефоида.

Шогирдони ба шӯромадаи Ленин ба ӯ дигар имконият
надоданд, ки ҳарфе ба забон орад.

Аз толор кафкӯбй, суханҳои қабеҳ ба гӯш мерасид. Ҳатто
баъзеҳо мегуфтанд, ки ӯ дигар дар ин қаср наистад.

Коммунистон дар умри худ ин қадар ҳақиқати рӯйроетро
нисбати муншии ҳизб ва ҳизбашон нашунида буданд, вагарна
ба шоири халқашон имконият медоданд сқрри фоҷиаеро гӯяд
ва ҳеҷ набошад шеъраш дар толор садо диҳад. Афсӯс. Қисме
аз намояндагони мансабдор ҳамчун шабчароғ аз шамъ, аз
суханони Бозор метарсиданд.

Илоҷи дигар набуд, ба ҷуз минбарро тарк кардан. Устод
аз минбар фуромада, сӯи Раёсати иҷлоеия равон шуда
хатчаро дароз кард, пас ба ҷояш баргашт. Дар ҳамин
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

асно ғайри чашмдошт Раёсат дар зери шӯру ғавғо шах шуда,
иштибоҳан хатчаро аз боло гузошта ва нохост аз микрофон
садо баромад: сухани навбатй ба намояндаи мардумӣ аз
ҳавзаи интихоботии Роҳатӣ рақами 69, ноҳияи Ленин, Ас-
лиддин Соҳибназаров дода мешавад.

Ман, ки инро чашмдор набудам, дар аввал худро гум
кардам. Намедонистам, ки ба минбар бароям ё не. Дар даст
навиштаҷоте ҳам надоштам. Вале илоҷи дигар набуд. Кӯза
шикаста ва об аз он рехта буд. Ман бояд ба минбар бароям.
Лаҳзае дар фикри он будам, ки устод Бозор Собир кадом
шеърашро мехоет ба депутатҳо хонад. Агар медонистам, онро
аз минбар мехондаму гашта омада дар ҷоям менишастам.
Афсӯс, ки мақсади ӯро намедонистам. Пас ман аз чй cap
кунам ва чй гӯям, ки толор ба сухани ман лоақал лаҳзае
гӯш диҳад.

Кадом як файласуфе гуфтааст, агар туро гӯш надоранд,
пас барои хомӯшии онҳо ту ҳам хомӯш исто ва ё бо забони
дигар ҳарф зан. То онҳо мефаҳманд, ки ту чй мегӯй ё гуфта
истодай, таваҷҷӯҳи мардумро ба худ ҷалб менамой. Ман ҳам
ҳамин тавр рафтор кардам.

Ба минбар баромада ба мардуми толор назар андохта, хеле
тӯлонй хомӯш истодам. Толор ҳам аз ман чизеро умедвор
шуда, гӯшу ҳуш ба ман менигаристанд. Қисми онҳо аллакай
мумкин ҳис мекард, ки ин «гунг» гапашро фаромӯш кардааст.
Ман аз ин оромй истифода карда, сухани худро оғоз намудам.

— Намояндагони мӯҳтарам. Устод Бозор мехост ба шумо
бигӯяд, ки:

Чунин гуфтааст дар ҳикмат Аристотолиси юнонП,

Сухан пайдо кун аз дониш, ба доно гӯй агар донй.

Сухан дурр асту пинҳонй, сухан шер асту зиндонй.

Замоне дар тафаккур баҳсу умре дар пушаймонй.

Пас сатрҳои зайлро, ки дар навори телевизион сабт шУ'
даанд, иброз доштам:

«Мӯҳтарам депутатҳо! Мардуми мо панду ҳикматҳой
ДСЛИДДИНИ СФҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

бисёре дорад ва шояд имрӯз зарурияти овардани яке аз онҳо
бошад. Мегӯянд, завҷаи Сулаймон пайгамбар кӯдаки зиштрӯе
таваллуд кард, ҳазратро дар ҳайрат гузошт. У, ки дӯсти
худо буд, рӯй ба сӯи худованд овард ва зорй кард: «Чй бояд
кард?». Худов^нди яккаву ягона ҷавоб дод: «Маслиҳате орой
ва аз ҳар яке боз пурс. Агар ҳамагон гапи рост гуфтанд, пае
зиштии кӯдак ҳамоно бигузарад».

Агар мо хоҳем, ки зиштй дар ҷамъияти мо набошад, худа-
мон бояд ростқавлу рострафтор бошем. Рост аст, ки мо на
танҳо иқтисодиёти фурӯрафта дорем, балки дар байни ноҳия-
ҳои калону хурд ва ҳатто деҳаҳо низ ихтилофҳо мавҷуданд.
Рост аст, ки байни Ленинободу Кӯлоб, Кӯлобу Ғарм, Ғарму
Помир, Помиру Ҳисор ва ҳатто байни деҳаҳо масъалаҳо
ҳастанд. Ин гапро фақат байни худ мегӯем. Дар сӯҳбати му-
қаррарӣ бошад Мепурсиданд: «Шумо аз куҷо?» ва бо тавозӯъ
шаҳру ноҳияи худро ном мебурданд. Ҳатто мегӯем, ки вақти
пешбарии кадрҳо «Ҳамаи ноҳияҳо» ба эътибор гирифта
шавад Ин проблема нест — ин фоҷиаи миллат аст. Низоҳои
миллй низ кам нестанд. Моро маҳалпараст ва миллатпарастҳо
яктан намегардонад, балки ақлу заковат ва хиради фарзан-
дони миллату халқҳои ҳамаи ноҳияҳо муттаҳид бояд намояд.
Бояд иқрор шавем, ки системаи мавҷудаи пешбарии кадрҳо
ва муносибату мусоидати роҳбарони ҳизб боиси чунин фоҷиа
гардидааст.

Имрӯз аз ёдҳо нарафтааст, ки иштироккунандагони маҷ-
лисҳо, сарфи назар аз футурравии иқтисодиёт, урфу одат
ва асосҳои маънавй, ғуломвор мутей кори ҳизб буданд ва бо
як ҳарорат мегуфтанд, ки хдізб ақлу хирад ва шарафи даврон
аст. Гапашон дигар буду корашон дигар. Дар натиҷа мо дар
еухан хирадманд, вале аз кадом сабаб бошад, ки мамлакати
Мо ақибмонда шуда монд. Агар мо бошараф мешудем, бешар-
мона ба дигар мамлакатҳо зер карда намедаромадем. Агар
мо виҷдон медоштем, дар мамлакат ин қадар бенавоён, проб-
лемаҳои бисёре пайдо намешуданд. Ҳамаи ин аз он cap ме-
'занад, ки фақат хешовандони роҳбарон сари мансаб меоянд.
Ҳоло ҳам дар роҳбарият фақат одамони худиро кашола
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКѴІЛ

мекунанд. Дар ин бора мисолҳо бисёранд. Аз ин рӯ вақти он
расидааст, ки ақли солимро ба кор барем. «Сулаймонҳои худ»-
ро ёбем. Ин роҳест басо душвор. Онро тай кардан даркор.

Мо табиатан мардуми соддалавҳу курсипарастем, ба курсй
овоз медиҳем, на ба шахс. Курсй бесаводҳоро саводнок,
нодонҳоро доно мекунад. Гӯё миллат дигар касе надошта
бошад, ки ба ӯ роҳбар шавад. Ин рафтор нодуруст аст. Ин
низои миллӣ, ин гуноҳ аст. Хубтар мешуд, ки панҷ-даҳ номзад
пешбарй шавад, аз байни онҳо, мувофиқи барномаи хубу
матлубашон якеро интихоб кунем. Шояд онгоҳ дар интихоби
Раиси ҷумҳурй, вазир ва дигар мансабдорон камтар хато
cap занад. Аз ин беҳтар дигар роҳе нест.

Акнун дар бораи номзаде, ки Кумитаи Марказии ҳизби
Ҷумҳурй ба мансаби Раиси Шӯрои Олй пешбарӣ кардааст.
Росташро мегӯям, Қаҳҳор Маҳкамов на «Сулаймону на
Ҷамшед»-и миллат аст. У баръакс, сабабгори асосии фоҷиаи
миллат, на танҳо аз ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 сар-
карда, балки аз ин пештар мебошад. Имрӯз зиёда аз 58 фоизи
миллат дар ҳолати қашшоқй зиндагй карда истодааст. Ба ин
кй айбдор аст? Магар собиқ раиси госплани ҷумҳурй, собиқ
раиси Шӯрои Вазирон ва ҳоло муншии аввали Кумитаи
Марказии ҳизби Ҷумҳурй айбдор тгеет?

Дар муддати 20 сол ба ҷумҳурй зиёда аз 64 ҳазор кас аз
дигар ҷумҳуриҳо мутахассис-коргар даъват шуда, ба
сохтмонҳои азим омаданд. Ба аксари онҳо хонаю ҷой доданд
Ҳоло бошад зиёда аз 200 хдзор кас, ки бисёрии онҳо мардуми
муқимианд, бекоранд.

Ба таъсиси муассисаҳои калони иқтисодй, ки аксарияти
он ба иқлими ин диёр, урфу одати миллат мувофиқ нагаш-
таанд, кй айбдрр аст?

Мо аз сохтмонҳои калони иқтисодй, ки солҳои 30-50-ум
бунёд шуда буд, мефахридем. Аммо чаро имрӯз аз сохт-
монҳои солҳои охир нолонем? Чаро онҳоро имрӯз бо дили
нохоҳам қабул менамоем? Ба ин кй ҷавоб медода бошад?

Магар мо аз Росия, аз СССР ҷавоби ин саволҳоро пурсем?
Не, асло не. Росия ёрии худро пурра иҷро кард. Дар муддати
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуШ

20 сол ба ҷумҳурии мо аз Марказ миллиардҳо сӯм маблағи
марказонидашуда ҷудо карда шуд, аммо чӣ тавр онро мо
истифода бурда тавонистем? Он ба миллат чӣ дод? Магар
деҳаҳои беобу кӯчаҳои каҷу килеби лойолуд, мактабу биноҳои
нимвайрон гуноҳи мост? Магар ин шахсан гуноҳи кумитаи
Планкашии Шӯрои Вазирон, ки солҳои дароз роҳбари он
Шумо, Қаҳҳор Маҳкамов будед, нест?

Кй будани Шуморо мо гурӯҳи депутатҳо рӯзҳои 11-12
феврал донистем. Шахсе, ки ду-се ҳазор касро бо бузургии
сухан мутеъ карда натавонист, миллати худро бо тир пешвоз
шрифта, бадноми ҷаҳон кард, гуноҳи шахсиро ба дигарон
пайваст ва имрӯз ӯ даъвои сарварии миллати 5 миллиона
мекунад?.

Ба дӯши худ бори дигар гуноҳ нагиред. Касоне, ки Шуморо
дар пленуми Кумитаи Марказӣ тарафдорӣ ва номзадии Шу-
моро пешниҳод карданд.ва онҳо дар ин ҷо низ кам нестанд,
намефаҳманд ё намехоҳанд фаҳманд, ки хотимаи низои
миллии тоҷикон фақат ба истеъфо рафтани шумо вобста
аст. Ҳама Шуморо мумкин бахшанд. Ҳиссаи Шумо дар иқти-
содиёти ҷумҳурй тарафи мусбй ҳам дорад, лекин шаҳидони
майдони шахуідон Шуморо намебахшанд.

Имрӯз мусаллам аст, ки манфиати маҳал то андозае ба-
ланд гаштааст. Ин манфиати миллиро аз байн бурда истода-
аст. Ба хубй дарк мекунам ва ҳис менамоям, ки агар барои
шумо намояндаи як маҳал сарвар шавад, вай ҳатман бояд аз
маҳали шоҳи пештара бошад. Ман ҳам тарафдор, аммо афсӯс
аз он мехӯрам, ки чунин шахси варзидаро тоҷикон аз даст
додаанд.

Шахсан ман даъвои мансабе наборам ва тараф-
дори ба тарзи сунъӣ шоҳи бузург карданы Маҳкамов
пестам. Ба шири модарам қасам мехӯрам, ки ӯ аз
Ӯҳдаи шоҳӣ намебарояд. Таваллуди ин шоҳ наҳс астп*.

Сипас ба ҳозирон ташаккур гуфта, хостам аз минбар
фароям, аммо раиси маҷлис аз ман пурсид:

— Нисбати номзад чй таклиф доред?

Албатта ӯ бисёр мехост, ки каси дигаре пешниҳод нашавад.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуШ

Зеро ҳанӯз то баромади ман номзади дигареро пешниҳод
накарда буданд. Ҳа, устод Бозор ду-се маротиба номи Ғ.Пал-
лаевро ба забои гирифт, вале ғалоғула чунон баланд буд, ки
раиси маҷлис ба он эътибор ҳам надод. Ва чи тавре шумо
медонед, бе навбат сухан гирифтани ман ҳам иштибоҳи Раис
буд.

Ман ба саволи Раиси маҷлис чунин ҷавоб додам:

— Аз сабаби он ки ба курсии раиси Шӯрои Олй ба ғайри
Қ.Маҳкамов номзаде пешниҳод нашуд ва мардум нагӯянд,
ки раисро интихоб нею таъин кардаанд, номзадии Ғ.Пал-
лаевро пешбарй мекунам. Ҳарчанд онҳо аз якдигар фарқ
надоранд ва дар ҳодисаҳои баҳманмоҳ баробар ноҷавон-
мардона рафтор кардаанд. Бигузор имрӯз ҳеҷ набошад ду
нафар ҳамчун рақиб бо ҳам мубориза баранд...

Натиҷаи овоздиҳии пинҳонй ба фоидаи Қ.Маҳкамов анҷом
ёфт. Ғ.Паллаев ҳамагй 73 овоз гирифт. Касоне ки барои даст-
гирии Ғ.Паллаев бо нону намак қасам ёд карда, садоқати
худро иброз медоштанд, дар асл нисбати ӯ хиёнат карданд.
Ба тарфдории вай овоз надоданд. Барои ман басо равшан
буд, ки ғалабаи Ғ.Паллаев ҳам ба пешрафти диёри мо,
мустаҳкам гардидани демократия чизе намедод. Вай ҳам
намояндаи хуізби абарқудрат буд ва чун ленинчии содиқ
заррае тағйир наёфта буд. Вале аз ҷониби дигар ғалабаи
Ғ.Паллаев таносуби роҳбарони маҳал ва афкори умумро хеле
дигар мекард. Тафаккури мардумеро, ки солҳои тӯлонй ва
ба сабаби надонистани ҳақиқати ҳол иллати таназзули
иқтисодиро аз сохтори коммуниста не, балки аз яккароҳбарии
«Хуҷандиҳо» медиданд, ғалабаи Ғ.Паллаев ақаллан имкон
медод, ки маҳалҳои Тоҷикистон яке ба дигар барои нигоҳ
доштани афкори сиёсата иқтисодии худ «бародардеҳаҳо,
бародарноҳияҳову бародаршаҳр ва бародарвилоят» нашаванд.
Гузашта аз ин, Ғ.Паллаев дар қисми Ҷануби Тоҷикистон,
алалхусус дар байни мардуми ноҳияҳои водии Вахту Қаро-
тегин, ки қариб сеяки аҳолии Тоҷикистонро дарбар мегирифт,
инчунин дар байни қавмҳои ӯзбекзабон: лақайҳо, қатағанҳо,
қунғуротҳо эътибори калон дошт. Онҳо Паллаевро эътироф
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗЛР

еувҳи СИТОРАКУШ

мекарданд. Бисёр хархашаҳои миллию марзиро ӯ тез дарк
карда, ором мегардонд, ҳал мекард. Илова ба ин Ғ. Паллаев
бештар ба ҷавонон такя менамуд. Онҳоро тарафдорй мекард
ва дар роҳи камолоти онҳо саҳмгузор буд. Қисми зиёди кор-
мандони хуізбии водии Вахш, муншиҳои аввали ҳизб гуфтан
зарур аст, ки шогирдони ӯ ҳисоб мешуданд, дастпарварони
Ғ.Паллаев буданд. Ман комилан бовар доштам ва имрӯз ҳам
бар онам, ки пеши низои миллиро гирифта метавонист. Таҳ-
лил нишон медиҳад, ки ин се роҳбари дар ҳодисаҳои февралй
беобурӯ шуда, се диёри Тоҷикистонро дарбар мегирифтанд.
Ленинобод ва шаҳри Душанбе аз Қ.Маҳкамов сарпарастй
медиданд. Ноҳияҳои гурӯҳи Ғарму водии Вахш ва Бадахшон
аз Ғ.Паллаев ва Кӯлоб каму беш аз И.Ҳаёев.

Умуман кӯлобиҳо на Ғ.Паллаевро мехостанду на Қ.Маҳ-
камовро. Қ.Маҳкамов бошад вилояти онҳоро барҳам дода буд.
Ғ.Паллаев ва аслу наеабаш ба кӯлобиҳо маъқул набуд ва
ҳоло чи тавре иброз доштем касе гуфта наметавонад, ки чаро
даҳсолаҳо ҷавонони кӯлобию бадахшонй ба ҳам рақобат
доштанд. Худи кӯлобиҳо лидери намоён надоштанд ва имрӯз
ҳам чунин ҳолат идома дорад. Аммо солҳое, ки бори аввал
Шӯрои Вазирон ба дасти кӯлобиҳо расид, раиси он ИҲаёев
буд. Пае идораи ҳизби вилоятй, ки бори аввал аз кӯлобиҳо
ба И.Ҳаёев тааллуқ дошт, аллакай таваҷҷӯҳи мардумро ба
худ ҷалб мекард.

Хонандагони гиромй худ метавонанд қазоват кунанд,
таҳлил намоянд ва бо дараҷаи донишу ҷаҳонбинии хеш
хулоса бароранд, ки дар он айём кори аз ҳама сангину душвор
ба миён омада буд: ин ее нафарро ё тамоман аз арсаи сиёсат
ДУр кардан зарур меомад ё мавқеи сиёсиашонро нигоҳ дошта,
Дар баробари ин лидерони навро низ ба сари қудрат овардан
лозим буд. Зеро ин кор метавонист пеши низоҳои миллиро
пае аз ҳодисаҳои феврал бигирад ва таъсири маҳалгароиро
70 андозае сует кунад.

Гуфтан ба маврид ает, ки Қаҳҳор Маҳкамов чунин ҳара-
Катро кард. Ғайри чашмдошт Қадриддин Аслоновро муовини
ХУД пешбарй намуд.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

ПО

сувҳи СИТОРАКѴШ

Шодравон Қадриддин Аслонов дар ҷумҳурй шахсияти
чандон шинохта набуд. Баробари ин дар байни мардум ва
гурӯҳи намояндагони мардуми Кӯлобу Бадахшон, Ленинободу
водии Ҳисор машҳур набуд. Аз тарафи дигар Қ. Аслонов
дастпарвари Ғ. Паллаев буд ва ба кори партиявй ворид шу-
дани ӯ низ ба дасти ҳамин шахе сурат гирифта буд. Аз рӯи
муносибате, ки Ғ. Паллаев бо И. Ҳаёев доштанд Аслонов ба
«Лидер»-и кӯлобиҳо наздик туда, имконияти эҷоди «маз-
ҳака»-и ҷануб — Кӯлобу Ғармро надошт. Сипас эҷоди «маз-
ҳака»-и сегона Ғарму Бадахшон, Кӯлобу Ленинобод, ки барои
ҷумҳурй зарурат дошт ба дасти намояндагони ду диёр —
Ленинободу Кӯлоб гузашт. Ғарм, Вахш ва Бадахшон дар он
ворид нашуданд. Чунин ранг гирифтани кор оянда заминай
дар интихобот галаба кардан ва лидер сохтани «ҷануб»-ро
аз байн мебурд. Акнун лидер ҳамон кас мешуд, ки намояндаи
яке аз ин ду диёрро ба тарафи худ ҷалб карда тавонад.
Ғалабаи Қ.Маҳкамов пас аз ҳодисаҳои феврал, шахсе, ки
аллакай эътибор надошт, қадами аввалин дар гузоштани
таҳкурсии бинои «бародаршаҳр» буд. Ба ивази номенклатураи
партия калонтарин «дастоварди коммунистон» номен-
клатураи маҳал дар парлумон ба таври демократа интихоб
карда, қонунй гашт. Ин маънои фиреб додани як маҳал ма-
ҳалли дигарро дошт. Ҷалб кардани ҳамдигар дар «муҳори-
баҳо»-и оянда амри воқей шуда монд.

Мусаллам он буд, ки дар ҳолата тамоман шикает хӯр-
дани эътибори х^зби давлатй ва ивази курсии ҳизб ба курсии
Раиси Шӯрои Олй ва ё Раиси ҷумҳурӣ, идоракунии давлат
аз дасти собиқ болшевикон дур рафта наметавонад. Агар
роҳбар ҳаракати дур рафтан кунад, намегузоранд. Ба ҳамин
васила мансабдории онҳо тӯлонй мегардад. Ин нақша то
имрӯз чун ақрабаки соат кор карда истодааст. Танҳо мавқеъ
дигар аст. Ба ҷои ҳизби болшевикони Хуҷанд, ҳизби
болшевикони Кӯлоб, ба ҷои ҳизби Қ.Маҳкамов ҳизби Э.Раҳ-
монов пайдо шудааст. Муҳаррики соатро гоҳ-гоҳ тоб меди-
ҳанд, собиқ дӯстон бо чашми гурусна аз як водй ба водии
дигар назар медӯзанд, ҳасад мебаранд. Мардуми оддй бошад
дСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуШ

аз гузашта афсӯс мехӯрад. Фақат муаллифи ин сатрҳо афсӯс
намехӯрад ва мегӯяд, ки нақша дар ин диёр манфиати сисёии
гурӯҳҳо ва мансабдоронро ифода мекунад.

Муттахассисони бешумори аз дуру наздик дар тӯли
даҳсолаҳо империям худию бегона — ақрабаки ин соатро
сохтаанд ва ба дасти худй дода, онро ба кор дароварданд.
Соат ба таври доимӣ дар ҳаракат аст ва ҳар лаҳзае, ки зарур
щавад, ба фоидаи мансабдорон ва бар зарари мансабдори
саркаш, миллати бе сарвар тоб дода метавонистанд.

Ҷаласаи аввали Шӯрои Олй, ки ба пуррагй ба воеитаи
радио ва телевизион пахш мегардид, мардумро як андоза
бедор карда, аллакай «қаҳрамонон»-и мусбй ва манфиро
муайян карда буд. Мардум лаззати озодй, сухани ҳақро ҳис
карда, боварй дошт, ки ҳақиқатро ба даст овардан беҳтарин
ғалаба аст.

Ман шоҳиди садҳо номаву барқияҳо ҳастам, ки дар
аксарияти онҳо аз кору бори нодурусти идораҳо, аз фаъо-
лияти номатлуби намояндагону сарварони идораҳои давлатӣ,
ҳизби Коммунист арзу шикоят мекарданд. Бисёриҳо талаб
менамуданд, ки идораҳои ҳизби Коммунистро бубандед.
Ҳолати фавқулодда дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи
он бекор карда шавад. Гунаҳкорони асоеии рӯйдодҳои
февралиро муайян карда, ба онҳо ҷазои сазовор дода шавад.
Ҳатто одамоне ёфт мешуданд ва онҳо кам набуданд,
мехостанд аз ҳизби Коммунист барои ҷиноятҳои дар тӯли
70 сол содир кардааш рӯйрост қасос гиранд. Мехостанд он
°Дамони бегуноҳро, ки «душмани халқ» ном гирифта буданд,
Сафед карда шаванд ва ҳоказо.

Дар яке аз барқияҳо, ки аз шаҳраки Навободи ноҳияи
ғарм> аз номи шаҳрванд Ҷаббор Қуддус ирсол шуда буд,
^лаб карда мешуд, ки Фузайл Махсум бояд сафед карда
^вад. Вай барои муттаҳидии миллӣ ва ҳимояи хоки ватан
^Убориза бурда буд.

Чаро комбриг Фединро дӯсти мо, озодибахши тоҷикон ном
Мебаранд, Фузайл Махсумро душмани халқи худ, душмани

’'“Никон?
ЛОЛИДДИНИ 00ҲИБНАЗЛР ________СуБҲИ СИТОРАКуіП

Федин Тоҷикистонро аз тоҷикон озод карда, қаҳрамон ном
гирифтааст. Фузайл, ки тоҷиконро дифо кардааст, чаро ӯро
душман меҳисобанд? Ё дар барқияи аз Кӯлоб омада аз номи
Иброҳим Рустам иброз мешуд, ки чаро'К Маҳкамов даъват
кард, ки «вооружайтесь, зашишайте себя» имрӯз боз Раиси
Шӯрои Олй интихоб шуд, инчунин дар мансаби муншии
аввали ҳизби Коммунист монд. Як шахе чй тавр ду мансаби
калонро ӯҳда мекунад? Магар демократияаш ҳамшаҳрибозй
аст?.

Хулоса, мардум бедор шуда буд. Тарсу ҳарос аз вуҷудащ
берун рафта, мехост ҳарчи тезтар пеш равад. Ҳақиқатро
донад, шаҳди озодиро чашад ва бифаҳмад, ки чаро имрӯз
зиндагиаш хуб нест. Алалхусус мардуми деҳот, ки зиндагиаш
нисбати шаҳриҳо бад буд, ки хуб не, ба по хеста буд. Аксари
онҳо мехостанд бидонанд, ки чаро дар Тоҷикистон техноло-
гияи пешқадам дар истеҳсолот вуҷуд надорад? Деҳаҳо
саросар ноободу аз хизматрасонии маданй-маишй бенасибанд,
Мутаассифона, мардум дарк карда наметавонист, ки таназ-
зули империя ба дигар кардани сардорону сарварон вобста
нест. Он бештар ба дигар кардани сохтор алоқаманд аст.
Дар заминай нмрузаи сохторн давлатй, заминай таназзулн
иқтисодн зиёд мегардад. Мардум дар оянда боз ҳам қашшоку
бенаво мешавад. Баробари пн мар думе, ки дар муддати
тӯлонн аз дасти идораи давлат нон меҷуст, дар тафаккурн
худ наметавонист ҷой диҳад, ки ба ғайр аз ҳукумати Шӯравй
дигар ҷамъияте вучуд надорад, кн ӯро тавонад нон дихаД-
Агар сардор дигар шавад, знндагП низ днгар хоҳад шуд.
Мафхуми днгар шудани сохтор ба тафаккурн онҳо ба маънои
пуррааш ҷо нашуда буд ва ҳамагон аз ин фарсаххо дур
буданд.

Сарварони ҳизби Коммунист инро басо хуб дарк мекарданД-
Аммо қудрати ба мардум оиди дигаргуниҳои сохтор ҳарФ
заданро надоштанд. Таваҷҷӯҳи мардумро, ки дар зери ақидаИ
озодфикрй тайёр шуда буд, ба тарафи худ наздиктар ме-
карданд. Ҳамин тавр беҳтарин лаҳзаи бедории мардУ1**
бебозгашту ройгон мерафт. Вале коммунистон аз хусусЯ
ДОЛИДДИИИ 00ҲИБНАЗАР (ТіЗ)________ОУБҲИ ОИТОРАКущ

капитализм ҳамчун сохтори пӯсидаистода, ки баҳри нигоҳ
доштани мавқеъ ва мансабҳои худ арзи вуҷуд дошт, кару
гунг буданд. Аз фурӯравии ҷамъияти коммунистӣ калимае
ба забон намеоварданд.

Вақте ки Тоҳири Абдуҷаббор дар ҷаласа оиди дигар
кардани иқтисодиёт ақидаашро иброз намуд, қариб ҳамагон
ӯро девона хонданд. Ягон на фаре аз коммуни стони «матин»
дарк ҳам накард, ки қабул шудани таклифи ин марди
хирадманд ба манфиати омма, аз ҷумла сарварони ҳизби
давлатӣ буду бас.

Ман ҳам хостам чунин рафтор кунам, аммо дар ҷаласа
чунон иғво бардоштанд, ки худам аз фикри кардаам пу-
шаймон шудам.

Пас аз он ки дар ҷаласа нисбати Қ.Маҳкамов фикру
мулоҳизаҳоямро баён кардам, ҳис намудам ва он то ба имрӯз
барои ман равшану возеҳ аст, ки аксарияти аъзои парлумон
ба ман «душман» шуданд, Вале ман ба ин нигоҳ накарда,
хостам, ки бори дигар мулох^ізае пеш кашам, ки он ба рей-
тинги раиси нав интихобшудаю намояндагони мардумии ком-
мунистии ба тарзи демократа интахоб гашта таъсири мусбат
расонад.

Ба ҳамагон маълум буд, ки ҷаласаи Шӯрои Олй даъвати
дувоздаҳум дар шароити ҷорй будани ҳолати фавқулодда
мегузашт ва ин албатта, ба рафти кори парлумоне, ки дар
он аз демократия сухан мерафт, таъсир накарда наметаво-
ниет. Бекор кардани вазъи фавқулодда эътабори парлумон
ва раиси онро дар назди мардум баланд мекард. Раис, ки аз
ин парлумон сахт дар ҳарос буд, имконияти мустақилона
Ҳаллу фасл кардани ин масъаларо надошт. Мантақан бекор
иордани вазъи фавқулодда ба нафъи Раиси Шурой Олй буд.

* * *

Шахсан Қ.Маҳкамов ба рух додани ҳодисаҳои феврал ягон
ал°Қа надошт, аммо аз беҷуръатии худ, надоштани ахбороти
'Иӯътамад ва надонистани таҳлили сиёсй ба сипоҳигарии
АСЛИДАИНИ СОҲИБНЛЗАР

сувҳи СИТОРЛКущ

Марказ бовар кард, дар чанголи парлумон монд ва аз он дур
туда натавонист.

Агар ӯ дар ҷаласаи аввал ҳолати фавқулоддаро бекор
мекард, яъне асли мақсадро дарк менамуд, рейтинги ӯ баланд
мегардид ва ин бегуноҳии ӯро сад дар сад тасдиқ мекард.
Дар ояй^а ба ҳалли дигар мушкилотҳо, нооромиҳо мусоидат
карда, мумкин пеши роҳи воқеаҳои ояндаро мегирифт. Вале
афсӯс, ки таклиф дастгирй наёфт. Бисёрии намояндагони
мардумй талаб карданд, ки маро аз толор берун кунанд, аз
имконияти сухан гуфтан маҳрум созанд. Лекин ман
ақидаамро дигар накарда, талабамро қотеъона асоснок намуда
гуфтам:

— Агар дар Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он ҳолати
фавқулодда бекор карда шавад, ин ба озодии ояндаи мардум
мусоидат мекунад. Дар баробари ин ман шахсан кафил туда
метавонистам, ки бекор кардани ҳолати фавқулодда ба ягон
иғвои нав оварда намерасонад. Дар Душанбе ва гирду атрофи
он касе ба ҳукумат таҳдид намекунад. Ба ин ҳукумати
беҷуръат касе кордор нахоҳад шуд. Душанбе ором аст, вале
иддае ба таври сунъй иброз медоранд, ки гӯё шаҳр ноором
аст. Илтимос, ба ман бовар кунед, ки ин 'ҳама шайтониҳо
кори мардуми мо, мардуми муқимй нест. Бори дигар аз шумо
илтиҷо мекунам, ки ба ман бовар кунед.

Лекин илтимосҳо бефоида буд. Қариб касе аз намояндагони
мардум маро намефаҳмид ва ҳатто фаҳмидан намехост. Дар
қатори дигарон Раиси Шӯрои Вазирон Иззатуллоҳ Қаёев аз
ҷо хеста, бо қаҳр иброз намуд:

— Ту худат кистй, ки аз номи давлат кафолат медиҳй?
Як «начальникча»-и идора. Кй ба ту ин ҳуқуқро додааст, ки
кафил шавй? Шин!

Албатта ман ҳам метавонистам бо рӯинтанй ҳар касро ба
ҷояш шинонам ва бигӯям, ки сарриштаи ин асрор дар чист,
вале боз худдорй кардам. Ва афсӯс мехӯрам, ки ТоҷикистоН
имрӯз дар ҷанги бародаркушйЪанд аст, ҳолаш харобу зин-
дагии мардумаш табоҳ гаштааст, аммо дӯсти деринаи маН
ҳоло ҳам «начальник» аст. Он вақт нафаҳмид ва ҳоло ҳаМ
дСДИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуШ

нафаҳмидааст, ки эътироф накардани ақидаи «начальникча»-
ҳо, намояндагони мардумй аз тарафи «начальник»-ҳои калон
камоли бехирадӣ ва аз сиёсат фарсахҳо дур будан асту бас.

Бо Иззатуллоҳ Ҳаёев солҳои тӯлонй шинос ҳастам. Ин
щиносой аз соли 1962, дар айёме, ки ӯ сардори идораи кишо-
варзй-территориявии ноҳияҳои Қумсангиру Панҷ шуда кор
мекард, оғоз ёфта буд. Ин шиносой ба назарам ба дӯстиву
рафоқати тарафайн шабоҳат дошт. Пеш аз ҳодисаҳои феврал
ман ахбороти дақиқ доштам, ки номзадии ӯ ба ҳайеи раиси
Шӯрои Вазирони оянда аз тарафи ҳизби Коммуниста Марказ
ва парлумон дастгирй намеёбад. Ин ахборот мувофиқи
нақшаи пеш аз рӯйдодҳои воқеаҳои февралй сад дар сад
равшан буд. Равшан кардани сарчашмаи ин ахборот аз
эҳтимол дур нест, ки имрӯз ҳам сари даҳҳо каси бегуноҳро
нобуд созад.

У бояд ҳамчун номзад ба намояндаи мардумй аз ҳавзаи
интихоботии колхози ба номи Жданови ноҳияи Ҳисор аз
тарафи хуізби Коммунист пешниҳод мешуд. Аз байни панҷ
номзаде, ки дар ин ҳавза пешниҳод мегашт, Шариф Ёқубов
ва Иззатуллоҳ Ҳаёев бояд мубориза мебурданд. Дар ин ҳавза
ғалабаи Шариф Ёқубов аниқ буд.

Ш.Ёқубов зодаи ин диёр, фарзанди собиқ раиси колхоз,
худ муовини раис буд, дар давраи интихобот ӯро хуб
медонистанд. Ёалаба накардани И.Ҳаёев чунин маъно дошт,
ки дар ҷаласаи парлумон дигар ба вазифаи раиси Шӯрои
Олй тасдиқ намегардад. Ин таҳлил ба мо кифоя буд, ки аз
тақдири ояндааш ба хулосаи аниқ биёем. Ман шодравон
Нуралй Гадоевро, ки олим, муаллими донишгоҳи давлатии
Тоҷикистон буд ва бо И.Ҳаёеву ман дӯстии наздик дошт, ба
назди ӯ фиристода илтамос кардам, ки номзадиашро аз
Ноҳияи Ҳисор гирад ва аз колхози «Ленинград»-и ноҳияи
Кӯлоб пешниҳод намояд. Баробари ин ман шахсан ба Кӯлоб
Рафта, аз раиси колхози «Ленинград» Абдуҷаббор Зардиев
йлтимос намудам, ки ҳамроҳи И. Ҳаёев номзадиашро нагу-
зорад

Ҳамин тавр ӯ дар ин ҳавза ғалаба кард, ҳашт-даҳ рӯз
АСЛИДДИМИ СОҲИБНАЗЛР

сувҳи СИТОРАКуіЦ

қаблтар дар ҷаласаи ҳизби Коммунист иброз намуд, ки гӯё
Б.Каримов мақсади ғасби мансаби ӯро доштааст.

Ин бас буд, ки Б.Каримовро душмани И.Ҳаёев ҳисобанд.
Дар натиҷа Бӯри Каримовро беасос ва ғаразнок аз ҳизбу
вазифа ронданд. Ӯро шарманда карданд. И.Ҳаёев бошад дар
мансаб ба сифати сурат боқӣ монд. Лекин ба дасти кӯлобйҳо
дар симои И.Ҳаёев рӯйрост душ-
ман сохтани қаротегиниҳо рӯи об
баромад. Ҳаёев худро марди зирак
мехдгсобад. Аммо ӯ дарк накард ва
ҳатто надид, ки Б. Каримов дар
саҳна аз кӯча ба амри виҷдон
ворид гашта буд. У нақши «за-
пасной калисо»-ро дошт ва ва-
рианта саҳнаи нав, ки ҳоло таҳия
мешуд, Ғарму Кулоб — «На веч-
ные времена враги» ном гирифта
буд, таваҷҷӯҳи эшонро ба худ
мекашид ва бо ин аз сиёсат дур
будани худро собит намуд.

Рафтори ӯ дар ҷаласаи Шӯрои
Олй нисбати ман аз он шаҳодат
медод, ки дар оянда дар лаҳзаи «зарурй» касеро «қаҳрамон»
нишон диҳад. Бигӯяд, ки ман ҳамаи онро медонам.

Муносибатҳои мо имрӯз ҳам хуб аст, аммо ман наме-
тавонам гӯям, ки И.Ҳаёев миллатгарой аст. Ман мегӯям, ки
И.Ҳаёев маҳалгаро аст. Вай мисли дигарон, ба бузргони мил-
лат намефахрад. У метарсад, ки КГБ дар ҳар қадам аз
дунболаш назорат мебарад. Гуноҳ дар гарданаш бор аст. Аз
бандагони худо метарсад. Мумкин ӯ ҳақ бошад. «Битарс аз
он кас, ки натарсад аз худо». Вай мумкин аз бехудоҳо ҳам
тарсад. Ба ҳар сурат ман бурдаи нони аз дастархонаш хур-
даро умре пос хоҳам дошт.

Рафта аввалин ҷаласаи Шӯрои Олй нишон дод, ки ак-
сарияти намояндагони мардумии ба тарзи демократа интихоб
шуда аз афкорҳои демократия ва эътирофи он бенасибанд
долиддини соҳибназар Q117J)______________сувҳи ситордкущ

Қисме аз онҳо барои гирифтани мансаб ва ё мустаҳкам кар-
дани мавқеи собиқашон кӯшиш ба харҷ медоданд. Вале аз
хаҳаввулоти ояндаи ҷумҳурй фарсахҳо дур буданд. Талошҳои
раиси Шӯрои Олӣ Қ.Маҳкамов низ дар роҳи дигаргунсозии
равандҳои нав дар ҷомеа натиҷае нахоҳад дод. Қ.Маҳкамов
бадбахтона шикасти сохтори коммуниста ва Иттиҳоди Шӯра-
виро дарк намекард. Таҳлили сиёсиаш хато буд. Баробари
ин бовар дошт, ки парлумон мисли ҷаласаи ҳизби Коммунист
хатоҳои ӯро мебахшад, тарафдорӣ мекунад, аммо ҷаласаи
аввалин ин ақидаро ботил кард. Як гурӯҳ намояндагони
мардумй, аз ҷумла ман ҳам, акнун барои ёфтани лидери
навбатӣ изҳори ақида мекардем. Мутаассифона, мо бовар
доштем, ки аз иваз кардани Қ.Маҳкамов рафти ислоҳот
тагйир меёбад ва раиси нав метавонад Тоҷикистонро ба роҳи
созанда пеш барад. Мо гӯё нодида мегирифтем, ки аслан аз
рӯи фаҳмиши дуруст бояд сохтор нав шавад, на раису
мансабдорони атрофи ӯ.

Раҳмон Набиев бештар диққати моро ба худ ҷалб мекард.
Дар вохӯриҳои алоҳида ӯ изҳор менамуд, ки агар ба сари
қудрат ояд, албатта ба мисли Қ. Маҳкамов рафтор нахоҳад
кард.

Набудани Р.Набиев дар ҷаласаи аввали Шӯрои Олй бино-
бар сабаби ғалаба накарданаш дар интахобот бо ҳарифаш
муншии ҳизби Коммуниста ноҳияи Роҳи Оҳан ба фикри ман
сабаби объектавй дошт. Агар Р.Набиев дар ин интахобот
^лаба мекард, бегуфтутӯ ӯ ба тарзи механики, бе ягон шакку
Щубҳа дар қатори се номзад ба ҳайси Раиси Шӯрои Олй
Пайдо мешуд. Яъне Ғ.Паллаев, Қ.Маҳкамов, Қ.Ҷӯраев ва
РНабиев. Пас аз ҳодисаҳои феврали ғалаба албатта насиби
Р-Набиев мешуд. Вале галабаи Р.Набиев барои Марказ ва
^йзби Коммунист, агарчи онҳо ба хархашаҳо банд буданд,
хУб набуд. Онҳо Р.Набиевро хуб медонистанд. Ба ҳамаи
■^мбудиҳои шахсиаш нигоҳ накарда, ӯ боз як афзалият ва
^артарй дошт. Вай аз маҳалгарой ҳам дур буда, хислатҳои
|'0,ЛлатгароИ дошт. Баробари ин Марказ қайсарии Р.Набиевро
|'1еДонист. Вай барои Марказ шахси номувофиқ буд ва соли
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуЦ]

1984 ба осонӣ ӯро аз куреии мансаб дур карда буданд. Ammo
мутаассифона, сабаби аз мансаби муншии аввали ҳизбц
Коммунист, сардори давлати Тоҷикистон, — дар он давра
ҳамин тавр ҳиеоб мешуд, — дур шудани худро Р.Набиев
бештар аз душмании Ғ.Паллаев, Г.Бобосодиқова, Р.Дадабоев
ва В.Воҳидов медид. Ҳатто фикр ҳам намекард, ки агар
ситорааш, раҳу рафтораш ба Марказ маъқул мешуд, ҳамаи
душманони шахсии ӯро дар об мепартофтанду аз сари Р.На-
биев як тори мӯяш кам намешуд. Агар аз майхорагй сухан
гӯем, мисли шодравон Р.Набиев нисфи идораи Марказ, сарва-
рони он, бештари мардуми Русия-СССР шугли дӯст-
доштаашон шаробнӯшӣ буд. Ба ибораи дигар гӯем, ин хиелат
як навъ сифати зотии мардуми Русия ба ҳисоб мерафт. Барои
ин хислаташ вай ба Марказ маъқул буд.

Пас аз пешниҳоди номзадиаш ба ҳайси намояндаи мар-
думй аз ноҳияи Роҳи Оҳан ман шахсан бо хох^іши худи ӯ
ҳамроҳаш мулоқот доштам.

Шодравон фақат доир ба як масъала сухан оғоз карда, аз
ман пурсид:

— Ту киро дар мансаби Раиси Шӯрои Олй дидан мехоҳй?

Ман дар ҷавоб гуфтам:

— Ба ақидаи шахеии ман хуб мешуд, ки Раиси Шӯрои
Олй Қ.Ҷӯраев шавад.

— Ман чй? Магар ман аз ӯҳдаи ин вазифа намебароям?

Худораҳматй аввал асабӣ шуда, баъд ба оҳанги нисбатан

ором пурсид:

— Ту ин масъаларо худат ҳал кардй ё Ғ.Паллаев ба ту
гуфт?

— Не, — гуфтам ман ва боз илова намудам: — Тахмин
дорам, ки Шумо дар интихобот дар ин ҳавза ба ҳарифонИ
худ дастболо намешавед. Аниқтараш намегузоранд, ки шумо
голиб бароед.

— Кй намегузорад?

— Русҳо намехоҳанд. Намедонам шумо номзадии худр0
бо тавсияи кй ба ин ҳавза гузоштед. Ба ҳар ҳол шумо бояД
аз ягон ҳавзаи дигар номзадиатонро мегузоштед. ШахсаЯ
ДСЛИЛДИНИ ООҲИБНАЗАР Ql9j)_____________СуЕҲИ СИТОРАКущ

jjaH тарафдор нестам, ки шумо аз шДушанбе номзадии худро
гузоред. ^

— Ман дар Душанбе истиқомат мекунам. Аввалин шахее
ҳастам, ки дигаргунсозиҳои ин шаҳрро дар Марказ баррасӣ
кардам. Чй, магар ҳақ надорам, ки намояндаи мардумй
бошам?

— Ҳамааш дуруст, аммо ба сари қудрат омадани шуморо
бисёриҳо намехоҳанд. Инро худатон медонед-ку. Чй ҷои ran.

— Ҳа, ҳа. Мефаҳмам. Ғ.Паллаев, Қ.Маҳкамов, Г.Бобосо-
диқова, В.Вох^дов, А.Махсумов, М.Икромов ва дигарон.

— He. Инҳо нафаронеанд, ки аз паи ташвишҳои шахсиашон
мисли ману шумо даву тоз мекунанд, вале ба натиҷаи инти-
хобот таъсири калон расонда наметавонанд. Бештар Марказ,
Руссия, СССР, русҳо намегузоранд, ки шумо галаба кунед.
Ман шахсан боварй надорам, ки интихобот қадре тинҷу ором'
гузарад. Дар он ҷое, ки русҳо номзадиашонро мегузоранд,
шумо ғалаба намекунед, — гуфтам ба ӯ рӯирост ва ба фикрам
ин суханон ба вай таъсир кард, ки пурсид:

— Чй кор бояд кунем?

— Шумо номзадиатонро аз ноҳияи Қумсангир, Туреунзода,
Ҳисор ё Ленин, Колхозобод гузоред. Агар хоҳед ноҳияи Панҷ
барои шумо ҷой ёфта, номзадиатонро мегузорад.

Вай инро шунида ба ман бодиққат чашм дӯхта, баъд илова
намуд:

— Як ӯй кунам.

Пас аз ин сухани вай ман хостам хайру хуш карда,
5а рома да равам, вале ӯ боз аз ман пурсид: ,

— Қандил ва Ғоибназар галаба мекунанд?

— Қандил Ҷӯраев агар номзадиашро аз ноҳияи Ғарм ё
Қабодиён пешниҳод кунад, ҳатман дастболо мешавад. Лекин
аз Дигар ҷо галаба карданаш дар гумон аст. Ғоибназар Пал-
еев бошад ҳатман галаба хоҳад кард. Вай барои худаш
^взаи интихоботии мувофиқро интихоб кардааст.

— Ҳа. Ту мехоҳй, ки ҷӯраат Ғ.Паллаев галаба кунад.

Ман ба ин сухани ӯ чизе нагуфтам.

Танҳо баъди аз наздаш баромадан роҳбароҳ худ ба худ
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКѴШ

хулосаи аниқ баровардам, ки Р.Набиев ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт
гуноҳи касеро намебахшад. Кина дар замири _ӯ ба фикрам
абадӣ ва ба таври фаромӯшношуданй хона мемондааст

Пас аз интихобот ва баромадам дар ҷаласаи Шӯрои Олй
ӯ ба ман занг зада, аҳволпурсй кард ва дар охир илтимос
намуд, ки бо ӯ вохӯрам. Ман розй шудам ва ҳамроҳи Ша-
рифбек Ёқубов ва Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев ба наздащ
рафтем.

Рафтори Набиев ба тамом дигар шуда буд. Пас аз пуреу
пос ба ман рӯ оварда гуфт

— Аслиддин, ту аз ягон асроре бохабар ҳастӣ, ки ҳамаи
пешгӯиҳоят рост мебарояд? Ману Қандил ғалаба накардем.
Ошнои ту Ғ.Паллаев аъзои Парлумон шуд, вале Раис не.
Қ.Маҳкамов чанд вақт боз метарсид, ки ман ғалаба карда
Раис нашавам. Лекин агар Қ.Маҳкамов ягон хатои майдатарин
содир кунад, пас аз ин ҳодисаҳо ӯ мансаби Раисиро бо дасти
худаш ба ман месупорад. Аммо кӣ Раис мешавад, номаълум.
— Маротибаи аввал буд, ки Набиев ақидаашро бепарда баён
мекард ва як навъ афсӯсомез ҳарф мезад.

Баъди ин ман бо Р.Набиев то хеле вақт вонахӯрдам. Ҳан-
гоме ки ӯ номзадиашро дар яке аз ҳавзаҳои ноҳияи Октябри
шаҳи Душанбе гузошт, ман дар кишвари Амрико, дар сафари
хизматй будам. Пас аз бозгапгг аз таассуроти сафар мақолае
таҳти унвони «Болотар аз пиндори мо» 12-апрели соли 1991
дар рӯзномаи «Тоҷикистони шӯравй» пешкаши хонандагон
намудам. Баъди интишори мақола бисёриҳо ба ман занг зада,
аз мӯҳтавои мақола ва ақидаи ман пурсон мешуданд.

Дар қатори онҳо Қ.Маҳамов ва шодравон Р.Набиев низ
буданд. Ҳарду ҳам аз чопи мақола изҳори қаноатмандй карда,
маро дар як вақт ба вохӯрй даъват намуданд.

Қ.Маҳкамов арз намуд, ки фардо маро дар соати даҳИ
пагоҳй дар утоқи кориаш интизор мешавад. Р.Набиев, кИ
чанд дақиқа пештар занг зада буд, айнан дар ҳамин соат бо
ман мулоқот таъин кард.

Ман ба Р.Набиев гуфтам, ки фардо соати даҳ омада наме-
тавонам, зеро ин соат ман маҷлис таъин кардаам. Аз вохӯри**
таъин шуда бо Қ.Маҳкамов чизе нагуфтам.
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗАР

сувҳи ситорлкуш

— Ин тавр бошад, пасфардо соати ҳашти саҳар. Ту ба ин
чӣ мегӯӣ?

— Майлаш, Раҳмон Набиевич. Ман пасфардо соати ҳашт
назди шумо меоям.

Вохӯрии ман бо Қ.Маҳкамов аз таҳлили мақола нисбати
соҳаи кишоварзии Амрико огоз гардид. Дар ин ҷо барои
исботи таҳлил ва андешаҳоям дар боби ислоҳот дар иқтисо-
диёт ва соҳаи кишоварзй лозим медонам он мақоларо бе ягон
таҳлил ба хонандагони гиромй пешкаш бикунам.

«Мо, як гурӯҳ коркунони соҳаи кишоварзй, бо сардории
раиси Кумитаи агросаноатии ҷумҳурй А.Бобоев бо даъвати
калонтарин ширкати Амрикой «Ҷон Дир», ки дар ҷаҳон бу-
зургтарин фирмаи истеҳсоли мошинҳои кишоварзй мебошад,
ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кардем. Бояд тазаккур
диҳам, ки харҷи роҳи дутарафаи сафарро ин фирма ба ӯҳдаи
худ гирифта буд.

Сафари мо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз шаҳри
Синсинати штати Огаё оғоз ёфт. Аввалин таассуроте, ки аз
ин шаҳр ҳосил кардем он буд, ки майдони ҳавоии Синсинати
бо ҳашамату тарзи меъмории худ моро дар ҳайрат гузошт.

Чизи дигаре, ки боиси тасхири дилҳои мо гардид, ин
мехдооннавозии мардуми шаҳр буд. Шаҳрвандон мусофи-
ронро, сарфи назар.аз куҷо буданашон, бисёр самимона, бо
дилнавозй пешвоз мегиранд. Ин меҳрубонию эҳтироми онҳоро
мо ҳатто ҳини аз гумрук гузаштан (бар хилофи коркунони
гумруки мо, ки ба мусофирон бархӯди хуб намекунанд) эҳсос
кардем. Албатта, ин аз тамаддуни баланди мардуми ин киш-
вар дарак медиҳад. Мо дидем, ки амрикоиён мардумони чеҳ-
ракушоду некбинанд. Эҳтироми онҳо нисбат ба мардуми
Шӯравӣ, хоса баъди он, ки давлати мо сиёсати ҳамзистии
осоиштаро пеш гирифтааст, хеле баланд ва муносибаташон

куллй дигаргун шудааст. Мо дар дидаҳои саршори эҳти-
Роми онҳо инчунин тараҳҳуму шафқатро медидем. Охир,
вмрикоиён аз бӯҳрони чуқури иқтисодие, ки кишвари мо ба
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситордкуш

он гирифтор аст, хуб огаҳанд ва ҳар кадоме лаҳзаи мувофиқ
меёфтанд, моро бо суханони гарму рӯҳафзои худ навозиш
мекарданд, ба ин маънӣ, ни бо хости худованд рӯзҳои сахти
шумо низ сипарй хоҳанд шуд.

Мо дар бораи дастовардҳои мардуми Амрико бисёрҳо
шунидаем ва хондаем. Вале он чи ки бо чашми худ дидем,
болотар аз пиндори мо буд. Ин ҷо он чиро, ки пеш аз вуруд
ба Амрико, дар сарзамини Олмони Федерол дидаам, зикр
карданиам. Бояд гуфт, ки ширкати «Ҷон Дир» бо ширкатҳои
«Донован», «Лимус», «Верблес» ҳамкорӣ дорад. Ва ин шир-
кати муқтадир дар саросари ҷаҳон корхонаҳои худро дорад,
ки якеи онҳо дар Олмони Федерол аст. Ин корхона ба
истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои тракторҳо машгул аст. Чӣ
чиз ба ҳайрат овард? Пеш аз ҳама созмондиҳии ҳайратангези
кору дараҷаи баланди истеҳсолот ва усули захираи қисмҳои
эҳтиётӣ. Ин корхонаест, ки саропо компютерй ва ҳамчун як
ҷузъи корхонаи «Ҷон Дир» бо тамоми корхонаи ин ширкат
иртибот дорад. Ҳайратовар ва боиси ибрат дар ин корхона
он буд, ки вай тамоми дархостҳоеро, ки аз дигар корхонаҲо
(хоҳ дар Олмони Федерол бошанд, хоҳ дар дигар қитъаи
ҷаҳон), ирсоД мешаванд, таи 24 соат иҷро мекунад. Агар иҷро
накунад, ҷаримаи калон хоҳад дод ва кор ба ҳамин минвол
идома ёбад, ҳатман ба касодй дучор мегардад. Бинобар ҳамин
дар ин корхона ва ба ин монанд корхонаҳои ширкати Ҷон
Дир процесси истеҳсолй ба дараҷаи олй ташкил шудааст ва
коргарон ягон эҳтиёҷе эҳсос намекунанд.

Мо пас аз шиносой ба шаҳри Синсинати сафари шаҳри
Феникси иёлоти Аризонаро ихтиёр кардем. Ин иёлот ба мисли
иёлоти Калифорниё аз он ҷиҳат шӯҳрат дорад, ки дар
пахтакорию чорводорй ва дигар соҳаҳои кишоварзй комё-
биҳои калоне ба даст овардааст.

Дар ин иёлот мо бо фермерҳо, бо таъбири худамон —
деҳқонон, шинос шудем.

Бояд гӯям, ки фермерҳои амрикой дар интихоби кишти
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

суБҲИ СИТОРАКѴШ

зироат озоданд. Худи фермер ҳал мекунад, ки имсол чи корад
ва ба кадом андоза. Касе ҳақ надорад ӯро маҷбур кунад, ки
он зироате, ки ба вай зарур нест, кишт кунад. Акеари фер-
мерҳои амрикой еоҳиби заминанд. Албатта, дар байни онҳо
иҷоракор ҳам ҳает. Ва дараҷаи баланди механизациям
истеҳсолот ба фермерҳою иҷоракорон даромади калони
иқтисодй медиҳад.

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки кори фермерҳо, чй коштану чӣ
накоштани онҳоро иқтисоди бозаргонй танзим мекунад.
Ахборот дар хусуси вазъи бозори дохилй ва ё ҷаҳониро ба
фермерҳо Вазорати кишоварзии Амрико мерасонад. Инчунин
дар кишвар ширкатҳои хусусие ҳастанд, ки вазифаи миёна-
равиро ба ӯхда гирифта, ба фермерҳо дар фурӯши маҳ-
сулот кӯмак мекунанд.

Чизи аз ҳама аҷибе, ки мо дар ин сарзамини рушду
камолёфта мушоҳида кардем он буд, ки корхонаҳои коркарди
маҳсулот ё худ ширкатҳои миёнарав маҳсулоти хоҷагии
қишлоқро азхуд намекунанд.

Масалан, пахтае, ки фермери амрикой истеҳсол мекунад,
ҳатто баъди дар завод ҳаллоҷй шуда, ба нах табдил ёфтани
он ва ҳама чизе, ки аз нахи пахта ҳосил мешавад, ҳатто
пунбадона ҳам, дар ихтиёри фермер мебошад. Ман, ҳамчун
иқтисоддон, бузургтарин комёбии фермерҳои Амрикоро дар
ҳамин мебинам.

Мо дар иёлоти Аризона бо Ҷон Стейк ном иҷоракори ҷавон
мулоқот кардем. У ба ғайр аз замини худ, тахмин боз чор
Ҳазор гектар замини еоҳибзамини дигареро ба иҷора гириф-
таает. Номбурда ҳамагӣ 7 коргари доимӣ дорад ва дар давоми
сол дар мавриди зарурй боз 23 коргари кироя мегирад. Ин
иҷоракор пахтаи иетеҳсолкардаи худро барои ҳалоҷй ба
завод, ки бо он шартнома дорад, месупорад. Завод бошад,
Ҳаққеро мегирад, ки дар қарордод зикр шудааст. Албатта,
ин чиз бо тартиби кори мо ҳеҷ муқоиса намешавад.

Таҷрибаи ниҳоят ғание, ки деҳқонони Амрико дар тӯли
солҳои дароз дар боби пахтакорӣ ба даст овардаанд, барои
140 судбахш мебошад. Аҷбибот дар он аст, ки маданияти пах-
ЛСЛИДДИНИ СОҲИЕНАЗЛР

сувҳи СИТОРАКуШ

такорй, маҳсулнокии ин зироат дар ин кишвар ба дараҷае
мебошад, ки онро тасаввур ҳам карда наметавонем. Чаро?
Замине, ки дар он пахта кишт мешавад, ҳамвор аст. Дар
байни пахтакорони Амрико истифодаи тухмии луччак ба
ҳукми анъана даромадааст. Мутахассисони ин кишвар ме-
гӯянд, ки дар ибтидо деҳқонон ба чунин усули кишт муқо-
билияти сахт нишон доданд. Ба олимон даҳ-понздаҳ сол лозим
омад, то ба деҳқонон бартарии ин усулро исбот кунанд ва
манфиати онро нишон диҳанд. Як қазоват кунед, деҳқони
амрикой дар як гектар замин аз 20 то 28 кило тухмии лучак
истифода мекунад, деҳқонони мо бошанд, дар як гектар аз
сад то саду панҷоҳ кило пунбадона мепошанд.

Мо изҳор кардем, ки шояд ин усули кишти пахта дар
шароити мо раво набошад. Чунки хоку рутубат ва намнокии
заминҳои мо дигар аст. Гуфтанд, ки фарқ.надорад. Фақат
заминро ба кишт хуб омода кардан даркор.

Дар ин бобат ҳам таҷрибаи деҳқонони амрикой қобили
қабул аст. Онҳо баъди бардоштани ҳосил гӯзапояро решакан
ва реза карда, дар замин пош медиҳанд. Баъд заминро хуш-
сифат шудгор карда, ҷӯяк мекашанд. То фарорасии фасли
кишт замйн дам мехӯрад, гӯё қувва ҷамъ мекунад. Ва вақти
киигг деҳқонон кӯшиш мекунанд, ки тухмии лучакро ба замин
чуқур гӯр накунанд, то ки обҳои зеризаминй решаҳои онро
напӯсонанд.

Тараққиёти саноати Амрико ба хоҷагии қишлоқ чунин
имконият дбд, ки тамоми соҳаҳои он механиконидаю ком-
пютерӣ карда шавад. Боз як мисоли оддӣ аз соҳаи пахтакорӣ.
Ҳосили пахтаро мо ҳам бо мошин мечинем, амрикоиҳо ҳам.
Мошини пахтачинии мо ҳангоми ҳаракат буттаю ниҳоли
пахтаро беҳисоб пахшу поймол мекунад. Мошини деҳқони
амрикой бошад, ин хел нест. Он дар кабинааш видеоком-
пютере дорад, ки ҳаракати чархҳои мошинро танзим мена-
мояд ва механизатор чун дар оина мебинад, ки мошини ӯ чӣ
тавр ҳаракат мекунад. Кабинаи мошина хеле барҳаво буда,
ба як утоқи истироҳатй монанд аст. Деҳқонони иёлоти Ари-
зона ва Калифорниё аниқ ҳисоб кардаанд: замине, ки аз ҳар
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗАР

сувҳи СИТОРАКуш

гектари он 50-55 центнерӣ пахта гирифта нашавад, дар чунин
замин кишт кардани пахта аз манфиат холй аст, чунки даро-
мад харҷи хароҷотро пӯшонда наметавонад.

Дар Амрико пахтаи лалмй ҳам мекоранд ва аз он ҳоеили
зиёде ба даст меоранд. Тарзи обёрии пахтаи обй моро дар
ҳайрат гузошт. Аз каналҳои магистралие, ки сохтаанд ҳатман
ба сари замини деҳқон як қубуре меояд, ки он ранги сабз
дорад. Қубуре, ки аз он заминҳои деҳқонон об мехӯранд,
ранги сафед дорад. Ва рангорангии қубурҳо сирф барои
танзими об аст. Ва деҳқон аз ченакҳое, ки дар ин қубурҳо
насб шудаанд, муайян мекунад, ки ба заминаш чй қадар об
рафтааст ва боз чй қадар оби дигар даркор. Ин усули обёрй
имкон додааут, ки деҳқони амрикой исрофи обро аз 1.0 фоиз
зиёд накунад. Агар деҳқон аз оби дарёҳои калон истифода
кунад, барои об пул медиҳад, вале агар манбаи об дар дохили
замини ӯ бошад, барои об пул намедиҳад, чунки он оби ӯст
ва касе ба ӯ ҳақ надорад ба ҷуз ҳамон деҳқон.

Зимнан дар Амрико низ проблемаи об мавҷуд аст. Ва онҳо
обро бисёр зҳтиёткорона истифода мебаранд. Муносибати
амрикоиҳо ба муҳофизати муҳит, хоса соф кардани об хеле
писанд омад. Пасобҳои заминҳои кишт дар чоҳҳое ҷамъ
мешаванд, ки дар канори заминҳо канда шудаанд. Агар
сифати об хуб бошад, онро бори дигар барои обёрй истифода
мекунанд, агар не, онро ба замине cap медиҳанд, ки дар он
буттаҳои газмонанд мерӯянд. Ин буттаҳо намакҳои оби
ифлооро ба худ кашида, онро хеле соф мекунанд. Баъди ин
°бро дар ҷойҳои махсус тоза карда, пас ба уқёнусҳо равон
Мекунанд. Мақсад аз он тадбир ин аст, ки об ба куҷое, ки
Равад, бояд тоза ва ҳатто ба шакли табииаш бошад, то муҳити
Зист, оби уқёнусҳои Орому Атлантикро ифлос накунад.

Дар Амрико хизмат ба деҳқонон ба дарачаи аъло ба роҳ
Монда ва барои вай шароити хуби истеҳсолӣ муҳайё шудааст.
^ барои ба даст овардани сӯзишворию қисмҳои эҳтиётӣ барои
Мощинолот, ёфтани куди кимиёвй ва дигар воситаи серҳосил
ГаРдонидани зироат ҳаргиз такудав намекунад. Чунки ҳама
ЧИз барои ӯ муҳайё аст ва ширкатҳое, ки бо ӯ қарордод
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

суБҲИ СИТОРАКУШ

доранд, тамоми эҳтиёҷоти деҳқонро дар муддати нишондода
ба ҷо меоранд. Ба ин тартиби хуби кор боз он чиз мусоидат
мекунад, ки дар Амрико иртибот байни фермерҳо ба дараҷаи
аъло ба роҳ монда шудааст. Ҳар як мошине, ки фермер дорад,
бо аппарата кӯчаки мухобиротй мӯҷаҳҳаз мебошад ва ӯ
метавонад аз тариқи ин аппарат бо дигарон алоқа кунад,
эҳтаёҷоти худро гӯяд ва ба талаботи дигарон ҷавоб диҳад

Умуман муносибати давлата Амрико дар соҳаи кишоварзӣ
чунин аст, ки деҳқон худро озод ва масъул xjic мекунад.
Озод аз фармонфармой, масъул ба иетеҳсоли маҳсулот. Дав-
лат бошад ҳуқуқҳои деҳқононро ҳамаҷониба ҳифз мекунад
ва барои онҳоро раҳонидан аз касодӣ чораҳо месозад.
Маеалан, агар дар солҳое, ки истеҳсоли маҳсулот зиёд шавад,
давлат ба деҳқон ҳидоят медиҳад, ки аз кишти баъзе зироат
даст кашад ва нуқси ин корро ҷуброн мекунад.

Дар Амрико соҳаҳои сабзавоткорй, богдориву чорводорй
низ пеш рафтааст. Мо заминҳои сесаду чорсад ва ҳазор гек-
тариро дидем, ки дар онҳо пиёзу сир неш зада буд. Чунин
тасаввур мешуд, ки ҳар донаи ин пиёзу сирро дастй шинон-
даанд. Кишт ниҳоят ҳамвору ботартиб буд. Дар асл чй хеле,
ки ба мо гуфтанд, ҳамаи ин кори мошинҳост.

Дар Амрико эҳтиромй мардум нисбат ба қонун баланд
аст, чунки дар ин кишвар барои мардумон шароити хуби
истеҳсолию истироҳатй муҳайё шудааст. Агар ба одамон
гӯянд, ки ин кори шумо хилофи қонун аст, онҳо дарҳол қонеъ
мешаванд ва аз аъмоли худ даст мекашанд, зеро хуб
медонанд, ки давлат ба ҳуқуқҳои онҳо кафолат додааст ва
ин ҳуқуқҳоро муҳофизат мекунад.

Ammo хонандагони мӯҳтарам чунин эҳсос мекунанд, ки
Амрико проблемаҳои худро надорад. Не, ин мамлакат ҳаМ
проблемаҳои зиёди иқтисодию иҷтимой дорад, вале давлат

ба ҳалли онҳо мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳад...»

* * *

Қ.Маҳкамов бисёр мехост донад, ки чунин тарзи кишо'
варзиро дар ҷумҳурии мо ташкил ва ҷорӣ кардан мумкий
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОНАКуШ

— Бале, Қаҳҳор Маҳкамович, мумкин аст.

Инчунин илова кардам, ки усули ташкили заҳмати ки-
шоварзй дар Тоҷикистон хуб аст, аммо тарзи ҳаваеманд-
гардонӣ, коркарди маҳсулот ва заминаи моликият мутобиқи
ҳам нест. Дар ин ҷода чй корҳоро ба сомон расондан зарур?
Дар навбати аввал тамоми колхозу совхозҳоро ба акционерҳо
табдил додан лозим аст. Заминро ба муддати 40-50 сол ба
мардум дода, барооари ин хоҷагиҳои фермерй таъсис намудан
даркор. Сипае сохтори Вазорати кишоварзиро дигар карда,
тамоми плану ӯҳдадориҳоро бекор карда, танҳо инҳисор аз
болои пахта, тамоку ва пилла бо ташкили самарабахши тарзи
қабули он аз истеҳсолкунанда ба роҳ мондан лозим асту бас.

Идораи заминсозӣ аз вазорати кишоварзй чудо карда
туда, тамоми маъсулияти назорати заминро ба худи он додан
зарур аст.

— Фикрҳои хуб, лекин ин таклифҳоро Иттифоқ чй тавр
қабул мекунад?

Ман дар ҷавоб иброз намудам, ки ба ин чиз Иттифоқ ягон
сэру кор надорад. Мо ин корро бояд худамон ҳаллу фасл
намоем. Ба Иттифоқ пахта зарур аст. Марҳамат, мо онро бо
нархи зарурй месупорем.

— Не, ҳоло ба ин корҳо фурсат нарасидааст, — гуфт
ҚМаҳкамов бо як ноумедй.

Қ.Маҳкамов ҳақ буд. Вай қудрати Марказро медонист.
Лекин баробари ин ӯ ҳис намекард, ки Марказ ҳам зимоми
еарпарастии чунин назоратро аз даст додааст. Аммо худи
идораҳои ҷумҳурй, роҳбарони хоҷагиҳо, муҳосибон ва пар-
лумон қудрати чунин таклифро қабул кардан надоранд. Ба
ибораи дигар гӯем, онҳо имконият намедиҳанд, ки Қ.Махдсамов
ин корро cap кунад. К-Маҳкамов бечора ва дасткӯтоҳ буд.
Агарчи тарафдори ислоҳот бошад ҳам, вале аз дасташ чизе
Намеомад.

Байни мо як навъ хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Пае тахмин
^РДам, ки ӯ дигар дар ин мавзӯъ хоҳиши идома додани
сӮҲбат надорад. Ман бошам мехоетам донам, ки вай барои
Маро ба наздаш даъват кардааст.

Хомӯширо худи Қ.Маҳкамов вайрон карда гуфт:
АСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗАР

сувҳи СИТОРАКуШ

— Аслиддин, шумо чй мегӯед, ки агар Саруправленияи
заминро аз вазорати кишоварзӣ ҷудо карда, онро ба Кумитаи
мустақил табдил диҳем ва шуморо Раиси он пешниҳод
намоем?

— Ба бовариатон ташаккур, — гуфтам ва илова намудам:
— Барой фикр кардан ба ман се рӯз мӯҳлат диҳед.

— Чаро се рӯз?

— Ба хотири он ки рӯзи аввал бо модарам маслиҳат
мекунам, рӯзи дуюм бо завҷаам ва рӯзи сеюм худ ба худ. ,

Вай аз ин шӯхӣ малул нашуда, хандид ва пас «добро>
гуфт.

Ammo ман таклифи Қ.Маҳкамовро аллакай дар дилам рад
карда будам. Маълум буд парламент ӯро дастгирй намекунад,
кунад ҳам, аммо ба шартҳои махдуд.

Рӯзи дигар мувофиқи ваъда ба Р.Набиев вохӯрдам. Ӯ
суханашро ин тавр оғоз кард:

— Дина бо Қ.Маҳкамов вохӯрй доштию ба ман гуфтӣ, ки
маҷлис дорам. Мо ҳарду акаю додар. Туро аз еоли 1960
медонам ва аз тахмини ман ягон бор дурӯғ нагуфта будй

Ба хубӣ пай бурдам, ки Р.Набиев на танҳо аз вохӯрй бо
Қ.Маҳкамов огоҳ буд, ҳатто аз гуфтугузору пешниҳоди
Қ.Маҳкамов пурра хабар дошт.

— Мумкин аз ин вохӯрии мо Қ.Маҳкамов низ ахборот
дошта бошад? — гуфтам ман дар ҷавоб.

Р.Набиев ба таври шӯхиомез фаҳмонд:

— Мо ҳам дар даст ахборот дорем. Қ.Маҳкамов нисбати
ман чй гуфта метавонад?

— Раҳмон Набиевич, шумо нисбати ман чй фикр дошта
бошед, ихтиёратон, лекин ман байни ду нафар ҳеҷ гоҲ
даромаданй нестам. Қ.Маҳкамов аз шахси шумо ягон калима
ба забои наовардааст. Ва агар мегуфт ҳам ба Шумо
намерасондам.

Пае ӯ изҳор кард:

— Ту намедонй Қ.Маҳкамов чй мехоҳад? Вай туро ба
вазифае пешниҳод мекунад ва бо ҳамин ту ба намояндаИ
мардумй хайру хуш мекунй ва бо ин восита як маҳмадоно
дар парлумон кам мешавад. Аллакай ба С.Кенҷаев ва дигар
ДСЛИДДИПИ СОҲИВНАЗАР

сувҳи СИТОІ'АКѴІІІ

тарафдорони мо мансаб дода, даҳонашонро бо ин роҳ баст.
Дкнун навбати ту. У мехоҳад, ки ҳамаи тарафдорони маро
аз парлумон дур кунад ва ман дар интихоботи Раиси ҷумҳурй
ғалаба накунам.

Таҳлили Р.Набиев қисман дуруст буд. Аммо ман хуб
медонистам, ки Қ.Маҳкамов нисбати ман бозиҳои пасипардагй
карданй набуд. Баръакс, Р.Набиев аз ҳиееи қасосгирй ҳамаи
корҳои ниебати шиносҳояш ё дӯетонаш шуда истодаро аз
Қ.Маҳкамов, ҳатто аз Ғ.Паллаев, ки акнун дар сари манеаб
набуд, медид. Ба Қ.Маҳкамов ягон хусумат надоштам ва надо-
рам, танҳо беҷуръатии ӯро дида, ба мансабҳои тавсия кар-
дааш розй намешудам.

Хабари Р.Набиев дойр ба таъсиси идораи Президента ахбо-
роти тозатарин буд ва дар ин бобат ягон таҳлил надоштам.
Барои ҳамин пурсидам:

— Чй тавр ва чй хел Раиси ҷумҳурй дар парлумон интихоб
мешудааст?

— Ту намедонй?

— Не, намедонам.

— Ба наздикй, мумкин дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои Олй
ба мисли М.С.Горбачеву Б.Н.Елсин Қ.Маҳкамов низ худро
Раиси ҷумҳурй эълон мекунад.

— Ин номумкин аст, Раҳмон Набиевич.

У ба ин сухани ман чизе нагуфта, гӯшаки телефонро
бардошт. Баъд чанд рақамро чида, пурсид:

— Нуруллоқ, ту нагз ҳастй?

Ман ба зудй фаҳмидам, ки Р.Набиец ба Н.Ҳувайдуллоев
занг задааст.

Пас аз аҳволпурсй Р.Набиев иброз кард:

— Аслиддин мегӯяд, ки чизе намедонад.

Ба ин суол акаи Нуруллоҳ чй ҷавоб дод, намедонам, вале
Р Набиев ба ман рӯ оварда гуфт

— Нуруллоҳ илтимос дорад, ки бо ӯ вохӯрй.

—' Хуб шудааст, вале ӯ маро барои чй даъват кардааст?

— Мо бо ҳамроҳии Ҷӯрабек, Нуруллоҳ, Сафаралй,
Рзрзуллоҳ ва дигар рафиқон ситод таъсис доданй. Агар ту
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗЛР

сувҳи ОИТОРЛКуіІІ

тарафдори мо боши, ба ин ситод ворид мешави. Ту, Аслиддин,
бо Нуруллоҳ ва ё бо Сафаралй гапзанон кун.

Бояд гуфт, ки Р.Набиев шиносҳояшро фақат номашонро
мегирифт. Бо ашхоси аз худаш хурд, танҳо «ту*, «ту* гуфта
ran мезад. Аз ин рӯ ба ин рафтори ӯ қариб ҳама одат карда
буданд.

Воқеан мехостам бипурсам, ки ин ситод то чӣ андоза
масъул аст ва қудрат дорад, ки Р.Набиевро ба мақсадаш
расонад. У фикри маро дарк кардагй барин ба суоли ман
посух надода, сухан оғоз намуд:

— Ту бовар надорй, ки ман ғалаба мекунам? Агар ман
ғалаба кунам, ваъда якто, ба ту мансаби Раиси Шӯрои Вази-
рон мераеад. Сафаралй Раиси Шӯрои Олй. Нуруллоҳ
прокурор хоҳад шуд.

Ҳар қадар хостам худдорй кунам, вале натавонистам. Та-
биатам ноҳақиро қабул накарда, тарафдор шуда натаво-
нистам. Сипас пурсидам:

— Раҳмон Набиевич, ин дуруст мешавад, ки мансабҳоро
пешакй тақсим мекунед?! Агар мақсад муайян шавад, гурӯҳи
намояндагони Кӯлобу Қаротегин дарк кунанд, ки Шӯрои
Вазирону Шӯрои Олй ба онҳо намерасад, ба тарафдории
шумо асло овоз намедиҳанд. Илова бар ин нисбати ман ҳам
шумо мумкин нодуруст баҳо диҳед. Комилан бовар дорам,
ки аксарияти намояндагони мардумй аз шаҳри Душанбе ва
вилояти Ленинобод, ки зиёда аз 140 нафарро ташкил ме-
диҳанд, ҳеҷ гоҳ номзадии ману Сафаралиро тарафдорй
намекунанд. Ҳар дуй мо дар кори ҳизбй набудем ва зиёда аз
50 муншии аввали ҳизби коммуниста ноҳияву вилоятҳо, ки
дар парлумон дохиланд, бо шогирдонашон хоҳу нохоҳ
муқобили мо овоз медиҳанд. Ҳоло раиси колхозу директорИ
совхозҳо ҳарчанд дилашон ба ман ё Сафаралӣ гарм бошаД,
шуморо эътироф кунанд ҳам, аммо бо супориши мунший
ҳизб а мал мекунанд ва бе гуфтугӯ моро дастгирй нахоҳанД
кард. Илова бар ин маълум нест, ки тарафдорони ИззатуллбЯ
Ҳаёев, Қаҳҳор Маҳкамов, Ғоибназар Паллаев ғалабаи шуморо
мехоҳанд ё не? Пас равшан аст, ки шумо дар ин парлумоН
г

дСЛИДДИМИ СОҲИБНАДАР 03Ѵ СуБҲИ СИТОРАКуШ

.—--------------------------------------------------—

асло ғалаба намекунед.

У аз муҳокимаи ман оахт дар андеша монд. Қаҳру ғазаб
ва кинаву адоватро фурӯ мебурд, вале онро ошкор кардан
намехост. Ҳайрон буд, ки чй гӯяд.

Баробари ин ман бори дуюм буд, ки нисбати ин шахе анде-
ціаамро иброз медорам ва ғалабаи ӯро дар давраи интихобот
дар ноҳияи Роҳи Оҳан номумкин ҳисоб мекунам.

Ман шахсан тарафдори ба таври умумихалқӣ Раиси
ҷумҳурй интихоб шудани Р.Набиев будам. Ба ибораи дигар
рӯем, намехоетам ба даети ҳизби Коммунист дар ин парлумон
ӯ ба сари қудрат ояд, ғуломи парлумон шавад.

Борҳо ба тарафдорони Р.Набиев вохӯрдам. Ба С.Кенҷаев,
Н.Ҳувайдуллоев, Н.Дӯстов, Ҷ.Муродов, М.Олимов ва дигарон
таклиф кардам, ки биёёд аз тарафи парлумон ба сари қудрат
омадани Р.Набиевро дастгирй накунем. Бо ин роҳ ғалабаи
ӯро таъмин карда наметавонем. Баръакс, мо бояд Р.Набиевро
ҳамчун лидер, мустақилона, ба ягон ҳизб побанд накарда,
дар интихоботи умумихалқй тарафдор шавем, дастгирй
кун ем.

Интихоби парлумони касбӣ ва Раиеи ҷумҳурй ягона роҳи
оромии Тоҷикистон буд. Барои ин бояд Қ.Маҳкамовро рақиби
Р.Набиев карда, лекин қонунро дар бораи интихоботи Раиси
Ҷумҳурй ба дастгирии Қ.Маҳкамов тайёр кардан зарур аст.
Мақсади ин қонун интихоби Раиси ҷумҳурй ва парлумони
касбй ба таври умумихалқй бояд бошад.

Қ.Маҳкамов ҳам ба ин ақида аз рӯи ахбороти мавҷуда
тарафдор ҳаст.

Ҳамроҳи Тоҳири Абдуҷаббор, Шариф Ёқубов, Абдуллоҳ
Ҳабибов, Ҳайдаршоҳ Акбаров якҷоя чунин лоиҳаро таҳия
КаРда, онро пешкаши намояндагони мардумӣ гардондем.
Аммо қисми зиёди аъзоёи парлумон аз интихоботи озоди
У**УМихалқй ва парлумони касбӣ метарсиданд. Дар қатори
°НҲо аксарияти тарафдорони Р.Набиев низ дохил буданд.
^Нҳо якҷоя бо дигарон хуб медонистанд, ки дар интихоботи
°яНда ба ин тарз Р.Набиев ҳатман ғал^ба хоҳад кард. Лекин
ат>зои парлумони касбй шудани Н.Дӯстов, М.Олимов, ҳатто
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситоракѵш

С.Кенҷаев, Н.Ҳувайдуллоев, муаллифи ин сатрҳо низ аз
ҳақиқат дур буд.

Лоиҳа дастгирй нашуд. Ҳатто дар рӯзномаҳо мақолаҳо
дарҷ гардиданд. Дар баъзеи онҳо гуфта мешуд: «Як қисми
намояндагони мардумй мехоҳанд музди кадон гиранду бекор
бошанд». Аз рӯи ин фаҳмиш воқиан таклифи Шӯрои Олй
нисбати таъсиси идораи Раиси ҷумҳурӣ ва интихоби Раис
дар парлумони коммуниста амалй гашт. Натиҷаи овоздиҳй
оиди таъсиси идораи Раиси ҷумҳурй ва' интихоби он дар
парлумон чунин буд. Аз 220 намояндаи мардумии дар
овоздиҳӣ ширкат дошта 206 кас ба тарафдории таъсиси
идораи Раиси ҷумҳурй ва интихоби Раис дар ҷаласаи Шӯрои
Олй овоз доданд. Се нафар бетараф ва ёздаҳ нафар муқобил.
Ҳамин тавр 11 нафар ёфт шуд, ки аз зарурияти интихоби
Раиси ҷумҳурй ба тарзи умумихалқй ва таъсиси парлумони
касбй иродаашонро изҳор карданд. Ба тарзи дигар гӯем,
ҳаминҳо қодир буданд иқдом варзанд, ки миллати тоҷик ба
равандҳои созандаи ҷомиаи нав ҳамроҳ шавад.

Барои сиёсатдонон фаҳмидан осон буд, ки парлумони
Тоҷикистон ба чй қодир аст ва тоҷикон бо кадом роҳ қадам
зада метавонанд. Фақат бо роҳи Ленину бас.

«Бо роҳи Ленин меравем,

Шогирди Ленин мешавем».

Р.Набиев ба ҳайси номзад ба вазифаи Раиси ҷумҳурй дар
интихоботи парлумон ҳамагй 96 овоз гирифт. Қ.Маҳкамов
зиёда аз 130 овоз ба даст овард. Парлумон, ки аксарият собик
шогирдони Р.Набиев буданд, ба ӯ бори дигар хиёнат карданд.
Фаҳмиданд, ки ҷаноби Р.Набиев бо демократҳо такя кардааст.

Ин парлумон, бе узвият ба ҳизби Коммунист ба касе мансаб
намедиҳад. “Аз мо дур рафта наметавонй, қудрат дар дасти
мо аст!”

Як бор части, малахак,

Ду бор части, малахак,

Охир ба дастй, малахак!
дСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуШ

Баробари ин ба Қ.Маҳкамов низ фаҳмонданд, ки «ту ҳам
а3 мо дур нарав, дур рафтй, гург мехӯрад, наздик биёй,
чашми дидан надорем». Ғалаба накардани Р.Набиев манфиат
хам дошт. Эътибори ӯ дар байни мардум баланд шуд ва
демократиям навбунёдро хеле пуриқтидор карда, барои
галабаҳои нав роҳи васеъ мекушод. Оянда лидер шудани
р.Набиевро амалӣ мегардонд.

Ман шахсан хурсанд будам, ки Р.Набиев дар интихоби
Раиси ҷумҳурй ба тарзи парлумонй ғалаба накард. Ҳарчанд
ба тарфдории ӯ овоз дода будам.

Маълум, ки Тоҷикистон ба сиёсати Марказ вобастаю
побанд буд ва аз таҳлил муайян мешуд, ки ҷумҳуриҳои
шӯравӣ пош мехӯранд ва хоҳу нохоҳ ба ҷумҳуриҳои мустақил
табдил меёбанд. Дар ин ҳолат интихоби Раиси ҷумҳурй
ногузир хоҳад гашт. Аз ин рӯ ба Р.Набиев сабру тоқат ва
худдорй зарур буд, то ин ки ба ягон гурӯҳ ворид нагашта,
дар интихобот ҳамчун ашхоси мустақил рафтор кунад. Дар
ин ҳолат ба ӯ муяссар мегашт, ки коммунистон ва дигар
нирӯх;ои нав ба арсаи сиёсй омадаро пайванд кунад. Онгоҳ
номзадҳое, ки ҳарифи ӯ мешуданд, шояд хеле кам овоз
мегирифтанд.

Мутаассифона Р.Набиев аз ин имконият истифода бурда
натавонист. Ба иғвое, ки коммунистон нисбати аз по афтон-
Дани ҳайкали Ленин андохтанд, бе ягон мулоҳиза шарик шуд.
Ва пас аз мағлубият дар интихоботи тарзи парлумонии Раиси
ЧУМҳури, басо рӯҳафтодаву сустирода гашта буд. Вай ҳама-

^нро санг мезад. Баъзеҳоро рӯйрост дашном медод ва кӯшиш
МекарД) ки бо кадом роҳе набошад, интиқом ситонад.

У ҳатто боре чунин арз кард: «Ин қадар хизмате, ки ба
^•Икромов ва Р.Дадобоев кардам, пеши назар наоварданд,
ИИҳоят ноҷавонмардона рафтор намуданд. Маро дар назди
МаРДум сиёҳ карданд. Вале вақташ мерасад ва онҳо ба ин
Р в°б хоҳад дод». Ҳатто лаҳзаҳое буд, ки бисёр ҳуҷҷатҳоро
а Ман пешниҳод мекард ва илтимос менамуд, ки дар ҷаласаи

Ӯрои Олӣ баромад кунам. Ин хел рафторҳо аз тарафи ман
•^еҶ гоҳ дастгирӣ карда намешуд. Баръакс, борҳо ҳаракат
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАК\'іи

мекардам, ки Р.Набиевро бо душманони ашаддиаш В.Воҳидов
Ғ.Паллаев, М.Икромов оиггӣ диҳам. В.Воҳидов ва Ғ.Паллаевро
оштӣ кунонидам, аммо М.Икромов рӯйрост исрор мекард, ки
ягон имконияти бо Р.Набиев оштй шудан вуҷуд надорад. Вай
ҳеҷ гоҳ ва дар ягон давра бо ақидаи М.Икромов ва ба касе,
ки як бор гапаш гурехтааст ё худ пишакашро пишт гуфтааст,
розй шуда наметавонад ва ба таври абадй душман мемонад,
Зиёда аз ин И.Ҳаёев иброз намуд, ки бо Р.Набиев кор кардан
ё ӯро тарафдорй намудан иштибоҳи маҳз аст. Сарфи назар
аз ин ақидаю мулоҳизаҳо мо бо гурӯҳи С.Кенҷаев, Ҷ.Муродов,
Н.Дӯстов, Н.Ҳувйдуллоев ва дигарон барои ба сари қудрат
овардани Р.Набиев даву тоз мекардем. Мекӯшидем вай ба
ягон ҷараёни ҳизбй дохил нашавад. Танҳо истисно матбуот
буд, ки ӯро бо демократҳо ҳамроҳ медонист.

Дар рӯзи «ГКЧП»-и Коммуниста Р.Набиев ба ман занг
зада пурсид, ки нисбати он чй андеша дорам. Ман дар ҷавоб
гуфтам, ки агар дар ҷои кор бошед, ҳозир ба наздатон расида
меоям. Инро гуфта, баъд ба сӯи идораи ӯ , ки аз ҷои кори
ман он қадар дур набуд, роҳ пеш гирифтам. Дар идораи ӯ
Н.Дӯстов, Н.Ҳувайдуллоев ва генерал Ф.Ниёзов нишаста
буданд.

Р.Набиев ба сухан оғоз намуда, гуфт.

— Мо як гурӯҳ намояндагони марудумӣ ГКЧП-ро дастгирй
карда, барқия ирсол карданием. Бо рафиқон маслиҳат кардем,
— ба нишастагон ишорат кард ӯ, — онҳо розй.

Ман ба сухани ӯ чунин ҷавоб додам:

— Шахсан ман ба ягон барқия имзо намегузорам. Баръакс,
ГКЧП-ро маҳкум мекунам. Умуман мо бояд аз ин кор худдорй
кунем, танҳо интихоботи ояндаро интазор шавем. Агар маро
парронанд ҳам, мегӯям, ки ГКЧП игвои КГБ ва ҳизби Марказ
аст.

Хушбахтона Н.Ҳувайдуллоев ақидаи маро дастгирӣ намуД
Н.Дӯстов ва генерал Ф.Ниёзов низ мулоҳизаи Н.ҲувайдУ-1'
лоевро дастгирӣ карданд.

Ман ба Р.Набиев рӯ оварда гуфтам:

— Хуб мешуд агар шумо ба Қ.Маҳкамов телефон куне^
Ба ӯ гӯед, ки ГКЧП-ро дастгирй накунад. Ман сад дар сзР
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗЛР

СУБҲИ СИТОРАКуш

бовар дорам, ки ГКЧП шикает мехӯрад.

— Не, — гуфт Р.Набиев. — Ман ба Қ.Маҳкамов телефон
намекунам.

Пас ба Ф.Ниёзов рӯ оварда гуфт:
р — Фикри ту чй?

Генерал ба як қарори қатъӣ наомада буд ва чизе нагуфт.
Танҳо иброз дошт, ки Қ.Маҳкамов имрӯз ба Москва меравад.

Вақте ки мо ҳама хестем, Р.Набиев ба ман гуфг

— Аслиддин, ман ба ту каме кор дорам.

[ — Хуб, — гуфта, ба ҷоям нишастам.

Пас аз хайру хуш бо меҳмонон Р.Набиев аз ман пуреид:

^ — Ту аниқ медонй, ки ГКЧП мағлуб мешавад? Ва чаро ту
коммунистонро ин қадар бад мебинй? Ѳхир, ту ҳам аъзои
КПСС ҳастй-ку.

Ин таҳлили ман, ки дар оянда коммунизм мағлуб мешавад,
аммо дар Душанбе ҳар ҳодиса, ё игвое шавад, он ба хотири
нигоҳ доштани ҳизби мансаб cap мезанад, ӯро ба андеша
оварда буд.

Надоштани таҷрибаи сиёсй ё мумкин соддагй ва зудбо-
вариам буд, ки ба Р.Набиев барқияи аз Москва ду рӯз пеш
ба ман ирсол шударо нишон додам. Р.Набиев ба барқия назар
андохта, хомӯш монд. Дуруеттараш чизе нафаҳмид. Рамзй
будани матни барқияро дарк накард. Ба ӯ фаҳмондам, ки ин
барқия маънои нооромй дорад. Мусаллам аст, ки дар Душанбе
боз ягон игвои наве ба нақша гирифта ш^дааст. Ва мо бояд
ба он шарик нашавем. Имрӯз ГКЧП, пас аз як-ду ҳафта ё
Мумкин дёртар ҳодисаи дигаре ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Ин
ч Дома и ҳамон ҳодисаҳои феврали аст, ки тоҷиконро хеле
бадном карда буд.

Р. Набиев аз ман чашм наканда, ба гуфтаҳоям хеле бо
Дйққат гӯш доду баъд чунин- савол кард:

— Ин тавр бошад, пас чаро ту мехоҳӣ, ки Қ.Маҳкамов ба
ГКЧП ворид нашавад? Агар ГКЧП ғалаба накунад, дар
сУрати Қ.Маҳкамов онро даетгирй карданаш, мумкин худро

Дасти худ тела диҳад ва ҷои ӯ холӣ мемонад.

КР.Набиев ҳеч намехост бифаҳмад, ки Қ.Маҳкамовро тела
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

_ СУБҲИ^СИТОРАКУШ

додан ҳоҷат надорад. Аз ӯ қасос гирифтан ҳам хуб нест
Баръакс, барои Қ.Маҳкамов имтиҳони асосй ҳодисаҳои фев-
рали буд ва ӯ онро бой дод. Имтиҳони дигар, яъне имтиҳони
оянда, ин интихобот ба тарзи умумихалқй тақдири Қ.Маҳ-
камвовро ҳал мекард.

Ман боз маслиҳатомез гуфтам:

— Тинҷию оромй ба манфиати шумо хоҳад буд. Нооромй
бошад, танҳо ба зарари шумо, — гуфта хайрухуш карда
баромадам.

Рафтори Қ.Маҳкамов дар ГКЧП коммуниста мутлақо хато
буд. Бори дигар беҷуръатии ӯ тасдиқ шуд. Сиёсатшинос
набуданашро собит намуд. Шахсан ман бисёр мехостам
Қ.Маҳкамов қудрат пайдо намояд ва ГКЧП-ро дастгирй
накунад.

Ин xoxjmrpo ман на танҳо ба Р.Набиев, балки ба вазири
кишоварзй В.Воҳидов низ иброз кардам. Вале ҳамагон
намехостанд ба Қ.Мах^«амов гӯянд, ки ГКЧП оянда надорад.
Чунки худ ба он боварй надоштанд.

Пас аз муддате ҷаласаи Шӯрои Олй баргузор гашт ва
равшан гардид, ки тақдири Қ.Маҳкамов ҳал мешавад.
Парлумони коммуниста гуноҳи ӯро ҳаргиз намебахшад. На
ба ин хотир, ки Қ.Маҳкамов ГКЧП-ро дастгирй кард, балки
аз он хотир, ки ӯ қариб ҳизбро аз мерос маҳрум сохт, моли-
кияташро давлатй эълон намуд ва худаш бо ҳизби Коммунист
расман хайру хуш кард.

Ман дар ҷаласа сухан гирифта, ақидаамро чунин иброз
кардам:

«Депутатҳои мӯҳтарам! Бузургони олам гуфтаанд: Маҳкум
кардани таърих бехирадист. Биёед дур наравем, ба таърихИ
пас аз инқилоби Октябри ҷумҳуриямон назар андозем.

Шиори инқилоби Октябри соли 1917 пеш аз ҳама ин буд:
замин ба деҳқон, завод ба коргар, озодию баробарию бародарй
Аммо ин шиори бисёр хуб амалй шуд? Не! Сабаб чист? Сабаб
дар он аст, ки инқилобчиён таърихи тамаддуни миллатҳоро.
ки қазорсолаҳо умр дошт, ба инобат нагирифтанд. Гузашта
аз ин, фикру мулоҳизаи фидоиёни ҳақиқии инқилоб, касоне
дСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуШ

ки мехостанд, ба ғайр аз ақидаи болшевикон, боз ақидаи
социал-демократҳо, социал-христианҳо, кадетҳо, ва ғайраҳо
бо ҳам ҷӯш зада, як давлати воқеан демократа ба вуҷуд ояд
ва озодию барбдарию баробарии ҳақиқй таҷассуми он бошад,
амалй нашуд. Ғалабаи якахдізбй ба ҳамаи дастовардҳои
Октябр теша зад ва гурӯҳҳои хурди коммунистон соҳибман-
саб шуданд. Суханони пайағамбаронаи анархист Бакунин,
ки социализмро инкор намекард ва 50 сол пеш аз инқилоби
Октябр гуфта буд, ҳақ баромаданд. У таъкид карда буд, ки
«диктатураи пролетариат ҷамъияти коммунистонро ба
ҷамъияти аҳмақон ва гурӯҳи мансабдорон оварда мерасонад».
Худо шоҳид аст, ки имрӯз иқтисодиёти шикаста дорем, аммо
идеологияеро тарғиб карда истодаем, ки ба муносибатҳои
ҷамъиятй мувофиқ нест ва аз ин рӯ иқтисодиёти хароби
моро пеш бурда наметавонад.

Дар бораи табаддулоти давлатии гурӯҳи ҳаштнафара бояд
бигӯем, ки ин табаддулоти кӯчак набуд, ин табаддулот, пеш
аз ҳама сиёсй ва баъд иқтисодй буд, ки бори дигар ҳамон
ақидаи ҳизби Коммунистиро муҳофизат карда, ҳамон
социализме, ки онро мо шабу рӯз бештар аз 70 сол васф
кардему имрӯз аз душманҳои сиёсии худ ёрии моддӣ мета-
лабем, тарафдорй кардан буд. Ин табаддулоти мансаб буд.
Ин табаддулоте буд, ки мехост ҳизби яккароҳбари комму-
нистиро зинда карда, онро боз соҳиби «лимит», «номенкла-
тура», амру фармон, сиёсат ва соҳиби «империями тавоно
кунад

Агар ин фаҳмиши ман нодуруст бошад, чаро як қисми
Ҳизбиён, хусусан, мансабдорон баланд дойра зада, голибона
«наконец» гуфтанд. Аксари мансабдорони ҷумҳурй аз
Рақсидани коммунистони соҳибмансаб хавф xjic карданд,
пинҳонй чапак заданд. Мардуми бечора бошад, намедонист,
ки чй кунад. Аз чй хурсанд шаваду ба ҳоли кй ашк резад.
Ҳанӯз ҳам мардум дар ҳамин рӯҳия аст. Ва ягон кас аз ман-
сабдорон дар чунин рӯз ба мардум нагуфт, ки табаддулоти
Давлатй нони ӯро дуто намекунад, мағозаҳои холй аз моли
аРзон пур намешавад. Умуман, касе ба мардум намегӯяд ва
АСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗАР

С\'БҲИ СИТОРАКуш

нахоҳад гуфт, ки кисаи давлат холист ва ягона роҳ ин роҳи
бозарғонй аст, роҳест, ки амру фармон ва мансабпараетиро,
ки ҳамаи ин зодаи еоциализми «мутараққӣ» аст, намепи-
сандад.

Нисбати табаддулот Раиси ҷумҳурй Қаҳҳор Маҳкамов
чунин гуфт: «В принципе, да, поддерживаю». Ва пеш аз пода
чанг андохта, акнун қарор баровард, ки дар ҷумҳурй барои
қисми аҳолие, ки аҳволи иҷтимоиаш бад аст, хазинаи ёрй
таъсис дода шавад. Саволе пайдо мешавад: Ҷумҳурие, ки
зиёда аз 70 фоизи мардум аҳволи иҷтимоиаш бад аст, ин
хазина ба вай чй дода метавонад? Ҳеҷ чиз!

Биёед сафсаттаро дар атрофи ҳифзи мансаб бас кунем ва
кушоду равшан гӯем, ки дар заминай имрӯзаи ҳосилнокии
меҳнат чунин хазинаҳо қатрае аз баҳр аст. Беҳтараш кушоду
равшан ба мардум гӯем, ки давлат ба онҳо имкони ёрй додан
надорад. Ва ба ҳар кас, ҳар як шаҳрванд, лозим аст, ки барои
дарёфти ризқу рӯзй, худаш даву тоз кунад, баҳри беҳбудии
зиндагияш кӯшиш ба харҷ дихдд. Ба умеди Раиси ҷумҳурие,
ки ӯ танҳо гами мансаби худро мехӯрад, нашавад. Ва бисёр
хуб мешуд, ки мо ҳам, депутатҲОтгазиз, ба умеди Раиси
ҷумҳуриву интихобкунандаҳои худ нашавем. Далел меора

Вақте ки ман дар яке аз шӯроҳо дар бораи як изҳороти
телевизионии собиқ Раиси Шӯрои Олии РСФСР, ҳоло Раиси
ҷумҳурии халқ интихобкардаи Росия Борис Николаевич
Елсин савол додам, мӯҳтарам Қ.Маҳкамов ба ман гуфтанд:
«Депутат Соҳибназаров, Елсин мардумро ба ҷанги шаҳрвандй
даъват мекунад». Ҳоло мебинем, ки Раиси ҷумҳурии мо чӣ
қадар иштибоҳ карда будааст. Дар рӯзҳои сиёҳе, ки ба сари
мардуми шӯравй омада буд, Раиси ҷумҳурии Росия Борис
Николаевич Елсин ягона шахси ҷасуру нотарсе буд, ки
орзуҳои хунтаро барҳам зада, мамлакатро аз ҷанги шаҳр-
вандй раҳо кард.

Ман бисёр мехостам, ки шумо мисли дигарон хивматҳои
ин шахсро эътироф мекардед.

Вазифа ширин аст, хусусан вазифаи Раиси ҷумқурй. Аммо
аз вазифаи Раиси ҷумҳурй рафтани мӯҲтарам Қ.Маҳкамовро
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи GHTOPAKym

на танҳо ман, балки рӯҳи поки шаҳидони ҳодисаҳои баҳ-
манмоҳ талаб мекунад. Мо медонем, ки дар табаддулоти
давлатии дастаи ҳаштнафара дар Москва се нафар қурбон
шуд ва ба он се нафар унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шуравй
дода шуд. Дар ҳодисаҳои февралии мо бошад, 24 нафар кушта
ва садҳо нафар захмдор шуд. Аммо дар бораи ин ҳодиса
Раиси ҷумҳурй мо на дар маҷлиси Шӯрои Олии Иттиҳоди
Шӯравй ва на дар дигар маҷлису вох5фиҳо як гапи ҳақ
нагуфт. Гузашта аз ин, хомӯширо афзалтар донист.

Ҳоло, баъди ҳодисаҳои Москва, мо гуфта метавонем, ки
бетартибиҳои оммавй дар Литваю Озарбайҷон, Арманистону
Фаргона, Бешкенту Ош ва Душанбе аз тарафи аъзои «хунта»
моҳирона созмон до да туда буданд. Яъне дар шаҳрҳо таҷриба
омӯхта, худро барои мақсади олитарини худ — табаддулоти
давлатй омода сохтаанд. Ва мантиқи гуфтаҳои ин даста ба
мантиқи маҳкумкуниҳои ҳодисаҳои ин шаҳрҳо хеле монанд
буд. Яъне ҳама кори ифротиён аст. Акнун таърих исбот кард,
ки кй ифротист. Ифротй Пуго будааст, ки дар воқеаҳои баҳ-
ман машваратчии Қ.Маҳкамов буд. Ин Пуго буд, ки миллати
бисёр тарифу сарбаландй моро дар тамоми ҷаҳон бадном
кард. Аммо роҳбарони даст бар синаи мо, ба ҷои ӯро маҳкум
кардан мукофот доданд. Коммунистон бошанд, ӯро вакили
худ ба конфронси нуздаҳӯми ҳизб интихоб карданд.

Баъди ҳамаи ин, ҳар касе, ки бо Пуго сару кор дошт, бо
машварату маслиҳати ӯ кор мекард, агар ба қадри арзан
номус дошта бошад, бояд мардона истеъфо диҳад. Ва бо ин
Шояд андаке бошад,бори гуноҳи худро дар назди миллат
сабук гардонад.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон, гуфтаанд. Ҳақиқату
адолат рӯи об хоҳад шуд. Бигзор сад сол гузарад ҳам.

Ҳоло ҳамаи мо дар бораи ҷамъияти демократа бо ҳавас
сухан мегӯем. Аммо ман аз як чиз дар хавотирам. Чаро дар
тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравй демократакунонии иқти-
еодиёт ва сиёсат бо мэром пеш мераваду дар Тоҷикистони
кӯчаки мо занҷирбанд аст? Ин нишонаи надонистани сиёсат
аз ҷониби роқбарон ва дилбастагй ба режими тоталитарй
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКУШ

нест магар? Агар ҳамин тавр бошад, пас чаро дар бораи
демократия ran мезанем? Инро ба назар гирифта пешниҳод
мекунам, ки қабл аз ҳама, нишона ва пояи давлати тоталитарӣ
— идораҳои идеологй ва Кумитаи амнияти давлатӣ барҳам
дода шавад. Мақсади ин идора дасисакорист. Илова ба ин
масъалаи раиси Кумитаи радиошунавонӣ ва телевизиони
тоҷик мондан ва ё намондани Отахон Сайфуллоев ҳал карда
шавад. Чунки маҳз радио ва телевизион бо ҳидояти ин шаехси
аз сиёсат дур, бе эътибор дар байни равшанфикрон, чи хеле,
ки гуфтам лаҳза ба лаҳза фармонҳои Кумитаи фавқулоддаро
шунавонида, шақрвандони моро ба қабули режими тота-
литарии дастаи хуношом тайёр менамуд. Бигзор радиою
телевизион ва ваеоити ахбори оммавй ғайри давлатй бошад,
то ба тавсифи корқои кардаю нокардаи Раиси ҷумҳурй
машғул нашуда, бештар аз он хусус ҳарф зананд, ки боиси
дигаргунии шуури одамон ва пешрафги ҷамъият гардад. Дар
охир гуфтаниам, ки дарахти азиме, ки мо онро социализм
мегӯем, хушк шудааст ва имрӯз ба он ҳамчун ба оянда чашм
дӯхтан бехирадист. Аз фаҳмиши ин ақида ҳолати рӯйдодҳоро
маълум кардан мумкин».

Суханронии эътирозомези ман нисбати Қ.Маҳкамов
бегуфтугу «игво» буд ва ман бо ин рафторам мехостам бори
дигар муттаҳидии ҳизбро бисанҷам. Бидонам, ки ин ҳизб то
чи андоза муттаҳид аст. Вақте ки ман истеъфои Қ.Маҳ-
камовро талаб кардам, ягон кас аз ҳизбиён, ҳатто нафаре
барои ҳимояи ӯ аз ҷояш нахест. Баръакс, ҳамагон гӯё дуздро
нав даст гирифта бошанд, ба гиребонаш часпиданд. Мансаб-
дорони собиқи ҳизб гуноҳҳои «садсола»-и ӯро ба рӯи об меба-
роварданд. Собиқ дӯстонаш, ки дар ҳодисаҳои бақманмоҳ
ӯро «қаҳрамон» меномиданду мо ҳамроҳи шумо мегуфтанд,
ба мисли Ш.Султонов, Р.Мӯсоева ва амсоли инҳо ба ӯ санги
маломат мезаданд. Истеъфои ӯро талаб мекарданд.

ҚМаҳкамвов «гунаҳкор» буд. Вай коммунистонро аз нони
хӯрдан маҳрум кард. Қиссаи шоҳ-қурбоққа ва мори пирро
ба хотир доред? Бале, ҳамон тавр шуд.
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуш

Истеъфои Қ.Маҳкамов аз набудани сардори мутлақ дар
ҳизбу давлат башорат дод, имконияти пайдо гаштани
манфиатҳои ҳизбию маҳалро равшан кард. Ба маҳалгарой
як навъ ҷунбиши нав дод.

Парлумони коммуниста пас аз қабули Қонун дар бораи
интихоботи Раиси ҷумҳурй акнун моҷаро меҷуст, мехост боз
лидере пайдо кунад, ки тавонад манфиати ҳизбро ҳимоя
бикунад. Р.Набиев ягона такягоҳи ояндаи ҳизби Коммунист
шуда метавонист. Аз тарафи дигар, ӯ ба блоки коммунистон
чандон майли ҷазмӣ надопгг. Баръакс, бисёриҳо аз ӯ хавф
мебурданд ва намедонистанд ба кадом васила таваҷҷӯхи ӯро
ба худ ҷалб кунанд, тақдири ҳизбро аз нав ба ӯ бипайванданд.
Ҳатто идоракунии давлати Тоҷикистонро ҳам.

Ғалабаи Қ.Маҳкамов дар интихоботи Раиси ҷумҳурй ба
тарзи парлумонй бисёриҳоро аз номи Р.Набиев дур карда
бошад ҳам, аммо мавқеи Қ.Маҳкамовро чандон мустаҳкам
нагардонд. Шахсан ман дар ин ҷаласа на ба ҷонибдории Р.На-
биев баромад кардам, на ба тарафдории Қ.Маҳкамов. Баро-
мади ман ба дигар кардани идораи давлат ва таъмини сохтори
бозоргонй бахшида шуда буд, ки онро ба маврид медонам
манзури шумо, хонандагони азиз, гардонам.

«Вакилони мӯҳтарам! Мардуми Тоҷикистон пас аз шаш
соли бозсозй худ ба худ савол медиҳанд, ки дар оянда онҳоро
чй интизор аст? Дар назди онҳо чй имтиҳоне дар пеш аст?
Ва ба ин монанд саволҳо зиёданд, ки ба ҳар кадоми онҳо
посух ёфтан амрест маҳол.

Дар тӯли зиёда аз панҷ сол онҳо ҳазорҳо маротиба калимаи
«бозсозй »-ро шунидаанд, вале чй тавре ҳаёт тақозо мекунад,
эътибори он дар назди мардум торафт суст мегардад.

Дар ҷараёни бозсозй бисёр истилоҳҳои наве ба мисоли
«бозор», «моликияти хусусй», «ошкорбаёнй», «демократия»
Ва амсоли ин мавриди истифода ва истеъмол қарор гирифт,
ки онҳо дар замони социализм як чизи бегона ба ҳисоб
Мерафтанд. Вале чи тавре муаллифони онҳо дар наздй худ
**аҚсад гузоштаанд, бояд чй кор кард, ки мардум моли
Яйлхоҳро бе навбат ва бе кӯмаки афроди дигар дастрас
АСЛИДДИНИ СОҲИВНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

намояд. Ба онҳо хизмати беминнат насиб гардад.

Ҳамин тавр шиорҳои бозсозй ба истилоҳҳои «ислоҳоти
пул», «манъи амали пасандозҳо», «мубориза алайҳи корши-
канй», «мусодираи анборҳо» бо тадриҷ иваз шудан гирифтанд.
«Назорати шаҳрҳо», «вазъияти фавқулодда» ва ғайра, ки на
ба бозор, на ба социализм ва на ба капитализм муносибате
надоранд, барои аз даст надодани ҳокимият, абадй гардондани
он, нигоҳ доштани хукумронии гурӯҳи муайян ба ҳукми
анъана медарояд.

Парлумони кунунй ҳоло имконият дорад бисёр чизҳоро
тағйир диҳад ё худ таъмир намояд. Агарчи дар ин ҷо на
таъмиру такмил, балки амалиёти ҷарроҳй лозим меояд. Вале
парлумон барои дигар кардани нуқтаи назари ҳокимият ва
механизми он имконият надорад. Гузашта аз ин, аз хайрхоҳии
қисми намояндагони мардумй истифода карда, ҳокимият
тавонист ҳама чизи даркориро аз мо бигирад. Ва аз калимаҳои
аз олами сармоядорй (капитализм) ба мерос монда: «прези-
дент», «идораи президентй» ҳаё накарда, ҳукмронии худро
мустаҳкам менамуд. Имконият фароҳам овард, ки ба итоати
як шахс додани тамоми ҳокимият метавонад дар як лаҳза
тақдири парлумон ва демократияро комилан ҳал кунад.

Ман бо боварии том гуфта метавонам, ки ҳоло шумо ба
Раиси ҷумҳурй ҳуқуқи бемахдудро фароҳам сохтаед ва дар
натиҷа парлумон ба касе лозим нашуда мемонад. Истифода
бурдани ҳуқуқи нигоҳ доштани вазъияти фавқулодда, ки
Раиси ҷумҳурй аз он даст кашидан намехоҳад, метавонад
парлумонро пароканда кунад.

Яке аз аъзои парлумони Рими Қадим дар давраи ғулом-
дорй, ки ҳамин вазъият ба сараш омада буд, чунин гуфтааст

«Аз худо натарсед, аз халқ тарсед, зеро худованд доимо
бо халқ аст».

Ба ман имрӯз равшан нест, ки мо чй мехоҳем, чй месозем.
Дар сухан социализми инсондӯст, дар асл бошад кӯшиш ба
он мекунем, ки ба социализми казармавй баргардем. Инчунин
мавқеи Раиси ҷумҳурй ба равандҳои мураккабу гуногун, ки
дар мамлакат арзи вуҷуд доранд, низ норавшан аст.
ДСЛИДДИНИ СФҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуш

Магар ин адолат аст, ки танҳо 24 фоизи аҳолй дар хонаҳои
аз сарчашмаҳои марказонидашуда истиқомат доранду қиеми
боқимонда дар манзилгоҳҳои бо маблағи шахсй сохта шуда,
ки барои зиндагй басо ноқулай аст? Бештар аз 70 фоизи
аҳолй гӯшту ширро бо нархи 4-5 баробар зиёд дастрас ме-
кунад. Чаро 2 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ аз имтиёзҳои фондҳои
ҷамъиятии истеъмолй назар ба дигар қисми аҳолй 6-7
маротиба зиёдтар истифода мебаранд?

Оё ин баробарии иҷтимой аст?

Барои ман ҳам идеали адолат арзиши баланд дорад. Ман
ҳам хоҳони онам, ки ҳама баробар ва хушбахт бошанд, баҳри
адолати иҷтимой кӯшиш ба харҷ диҳанд. Вале бояд ба олам
ба тарзи реалй назар кард ва арз намуд, ки имрӯз ин кор
ғайри имкон аст. Барои он ғайри имкон аст, ки имрӯз ҳаҷми
истеъмолот назар ба ҳаҷми болоравии ҳосилнокии меҳнат
хеле боло меиетад. Мутаассифона, мо имрӯз аз ташкили
истеҳсолот, афзоиши ҳоеилнокии меҳнат дар назди мамолики
тараққикунанда ифтихор карда цаметавонем.

Биёед ба мисолҳои воқей рӯ оварем. Дар Ҳуланд як фермер
имрӯз метавонад садҳо одамонро хӯронад, вале дар
Тоҷикистони социалиста бошад ҳамагй 10-12 -нафарро. Барои
ин тафовутро дидан олими иқтисодчй будан ҳам лозим нест.
Бинобар ин бояд мағлубияти худро дар мусобиқа бо капи-
тализм эътароф намуд ва баҳри барҳам задани таркишҳои
иҷтимоии дар пеш истода чораҳои қатъй дид.

Мутаассифона, фармонҳои Раиси ҷумҳурй перомуни
таъини ин ё он фард ба мансаб ва ё фикри ҳалли ин ё он
Масъала, инчунин дигар сохтани идора, ки ба иҷлосия пеш-
Ниҳод шудааст, инчунин дигар талаботҳо аз назари эътибор
ДУр мондаанд. Дар назари аввал сохтор андаке тағйир дода
^Дааст, вале дар асл ва амалан бошад аз сохторе ки Шӯрои
“азирони Ҷумҳурй дошт тафовуте надорад. Гузашта аз ин
^йсёр вазоратҳо боқй монда, дар қатори онҳо вазоратҳои нав
НИз таъсис дода шудааст. Ин ба он хотир карда шудааст, ки
^"Ьби баъзе ашхос ва ҳатто қисман маҳалҳо хира ва коста
^тардад. Яъне ба касоне, ки дар пойдории мақому мартабйи
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкущ

Раиси ҷумҳурЯ кунунй саҳм доранд, мансаб дода шавад. Ин
сохтор ба низоми қӯшуни Доро дар муҳорибаи зидди
Искандари Мақдунй шабоҳат дорад. Ва шумо аз таърих
медонед, ки дар ин муҳориба кй галаба ба даст овард. Албатта
Искандари Мақдунй, ки қӯшуни нам, вале бонизом дошт. Аз
ин рӯ ба Раиси ҷумҳурй лозим аст, ки ситод, сохтори і^укам-
мал ва шогирдони ба гояҳои бозоргонӣ ва демократия содиқ
дошта бошад. Хуллас, ин сохторро аз бунёдаш бояд дигар
кард.

Имрӯз барои мо бозор лозим аст ва бемуболига ин ҳамра-
дифи худро надорад. Худатон қазоват кунед, мо бозор ме-
гӯему вале идораи сохтори зидди бозоргониро пешниҳод
мекунем. Бояд фаромӯш накард, ки бозор фармонфармоёнро
нағз намебинад. Барои он қонунҳое лозим аст, ки баҳри
равнақи он мусоидат кунад. Рақобати соҳибкориро вусьат
диҳад. Ба ширкатҳои сақҳомӣ, хусусй ва давлатй бахри боло-
равӣ имконият фароҳам созад. Ҳифзи иҷтимоии оммаро
таъмин сохта, онҳоро аз муфлисшавй эмин нигоҳ дорад.

Раиси ҷумҳурй бояд ана ҳамин гуна сохторро пешниҳод
мекард, вале афсӯс, ки ин тавр нашуд. Аз ин рӯ гумон ме-
кунам, ки ҷумҳурӣ бояд чунин сохтор дошта бошад:

Аввалан мансаби ноиби Раиси цумҳуриро барҳам дода,
мансаби Сарвазир таъсис дода шавад ва шумораи муовинони
он муайян гардад. Инчунин вазоратҳои зайл таъсис дода
шавад:

1. Вазорати молия ва иҳтисодиёт бо хизмати андоз ва
маълумот. Дар баробари ин барҳам додани Идораи плангирӣ
ва Кумитаи омор.

2. Вазорати корҳои дохилӣ ва таъсис додани Кумитаи
тафтишот аз ҳисоби ВКД, КДБ ва прокуратура. Номи КДБ
ба Кумитаи бехатарии миллӣ иваз карда шавад.

3. Вазорати алоқа ва иттилоот.

4. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ бо Раёсати тайёр
намудани мутахассисон.

5. Вазорати корҳои хорицӣ.

6. Вазорати маориф.
4СЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуш

7. Вазорати тандурустӣ ва спорт.

8. Вазорати ҳифзи муҳити зист.

9. Вазорати кишоварзӣ, бо назардошти ислоҳоти замин.

10. Вазорати саноат ва захираҳои зеризаминӣ. Бояд
идораи назорати давлатии техники ва сохтмону архитек-
тура нигоҳ дошта шавад. Инчунин бояд мансаби вазири
бемансаб таъсис дода шавад ва он бояд ба девони Вазирон
дар ҳалли масоили мухталифи ба миён омада кӯмак кунад.
Чунин сохтор ба сарёазир имкон медиҳад, ки иқтисодиёту
ҳаёти иҷтимоиро зери назорат гирад ва дар навбати худ
6а корҳои танзими хоцагӣ дахолат накунад. Бо ин саҳми
идораи маҳа.члӣ мустаҳкам мегардад.

Девони Вазирон бояд нақшаи аввалиндараҷаи тараққиёти
соҳаҳои хоҷагии халқро таҳия созад. Қисми сохтмонҳои
иншоотҳои нотамом бояд то муддати мусоид хобонда шавад.
Ба ибораи дигар гӯем ин ягона роҳи дарёфт кардани захираҳо
ва ҷалб намудани маблағҳои хориҷй башумор меравад. Маро
имрӯз гузоришоти рӯзномаҳои марказӣ, ки ҷалб намудани
капитали хориҷиро дар Тоҷикистон як амали таваккалй ба
қалам медиҳанд, ба ташвише овардааст.

Гузариш ба иқтиеодиёти бозаргонй эътироф кардани
хусусиятҳои хоси онро талаб мекунад. Ин хусусиятҳо моли-
кияти шахсй, мёҳнати кироя ва фоида мебошанд. Аз ин рӯ
тамоми қонунҳое, ки дар ин роҳ сад мегарданд, бояд бекор
карда туда, дар як вақт қонунҳое қабул карда шавад, ки
ҲУҚуқу манфиатҳои шаҳрвандонро аз қашшоқшавӣ ва
Истисмор ҳимоя карда тавонад.

Дар охир агар мафҳуми «камбағалӣ айб нест»-ро эътироф
кУнем, пае боигарй ва бойҳо, сарвату сарватманд низ дар
^мъият айб нест. Ин ганҷинаҳо танҳо дар шароити демок-
Ратй, ки адолат тантана мекунад, ба даст оварда мешаванд.

Конфуции бузург гуфта буд: «Дар ҷамъияти ноодил бой
^УДан айб аст, вале дар ҷамъияти адолатпарвар камбагалй
аст».

«Охир, мо ба иборае ҷамъияти адолатпарвар бунёд карданӣ
^стем».
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуіц

Мутаассифона, ин гузориш нисбати сохтори идора ва
Шӯрои Вазирон ба давлатдорон маъқул нашуд. Онро ба
муҳокимаи умум пешниҳод накарданд ва дар ягон рӯзнома
ба тарзи пурра ба табъ нарасид. Баръакс, дар рӯзномаҳо
онро ҳамаҷониба танқид мекарданд.

Муаллифон онро наҳ зада, аз ибрози ҳама гуна суханҳои
пасту баланд худдорӣ намекарданд. Як қисми онҳо овоза
карданд, ки гӯё А.Соҳибназаров боз даъвои мансаб карда,
сохтори пешниҳод кардаи Қ.Махдамовро маъқул надонис-
тааст. Дигарон ин баромадро каму беш шарҳ дода, вале аз
кушодани {иақсад худдорй мекарданд. Худдории онҳо азон
буд, ки сохтори пешниҳод карда ба ақидаи Раиси ҷумҳурӣ
рост намеомад. Аз ин лиҳоз вақте, ки рӯзноманигори «То-
ҷикистони шӯравй» ба ман муроҷиат намуд, ба мусоҳиба
розй шудам.

Инак ҳамон сӯҳбат пешкаш мешавад:

«Чанде пеш хабарнигори ғайрирасмии мо бо намояндаи
халқ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон, ҷонишини вазири кишо-
варзии ҷумҳурӣ Аслиддин Соҳибназаров мусохуіб шуда буд,
ки мазмуни онро ба диққати хонандагони мӯҳтарам пешкаш
мекунем:

— Дар иҷлосияи Шӯрои Олй депутатҳо сари бисёр
масъалаҳо изҳори ақида мекунанд. Яке дар бораи камчинии
гӯгирду дигаре дар бораи нарасидани намак. То ҷое, ки ман
маълумот дорам, Шумо дар маҷлиси охирини Шӯрои Олии
ҷумҳурй дар бораи сохтори идораи давлатй маърӯзаи
пурмӯҳтавое карда будед. Ба фикрам ин маърӯза дар матбуот
дарҷ нашуд? Ё ман иштибоҳ мекунам?

Аз ин савол чине дар пешонаи мусоҳиб пайдо мешавад вз
Ӯ бо андеша ба ман дида медӯзад. Маънии нигоҳи ӯро дар£
мекунам. Яъне аз анҷоми маҷлиси охирини Шӯрои Олӣ хеле
вақт гузашта буд. Ҳоло сари ин мавзӯъ ҳарф задан фоидае
дорад? Аммо пас аз лаҳзае чин аз пешонааш нопадиДУ
нигоҳаш бодиққат мешавад.

— Чанд рӯзномаи ҷумҳурй фишурдаи баромади маро дар
Шӯрои Олй дар бораи сохтори идораи давлатй чоп кар?’
Аммо сохтори пешниҳодкардаи ман, таҳлили он дар яг ой
к _

АСДИДДИНИ С0ҲИБНЛЗАР (J47J________сувҳи ситордкущ

рӯзнома чоп нашуд.

— Яъне тариқе чоп карданд, ки аз он қариб ҳеҷ чизро
фаҳмидан мумкин набуд?

— Бале, қариб ҳамин хел. Аз ин сабаб, мардум имконият
пайдо накарданд, ки афзалияти сохтори пешниҳодшударо
пурра дарк кунанд.

— Аз тариқи телевизион ва радио шунавонда шуд?

— Телевизион ва радиои тоҷик ин баромадро бо тарзи
фишурда соати яки шаб, яъне оғози рӯзи нав пахш кард.

— Моҳияти сохтори пешниҳодкардаи шумо дар чист?

— Ман бо ин пешниҳод як мақсад доштам. Яъне бештар
ба муносибати тиҷоратй наздик овардани идоракунии давлат
ва самтҳои аниқи гузариш ба бозор. Инчунин, тазаккур
мерафт, дар сурати мавҷуд будани идораи Президента, ҳам-
замон Раиси Девони Вазирон, таъсиси вазифаи ноиби Раиси
ҷумҳурй ҳеҷ зарурате надорад. Дар акси ҳол ҳукми Девони
Вазирон ва муовинони Девон аз салоҳияти хеш бенасиб
мегарданд.

Инро ба назар шрифта, пешниҳод туда буд, ки Девони
Вазиронро аз идораи Раиси ҷумҳурй чудо карда, вазифаи
Сарвазирй таъсис гардад. Онгоҳ масъулияти Девони Вазирон
бо сардории Сарвазир дар иҷрои қарорҳое, ки Раиси ҷумҳурй
Қабул мекунад, баланд хоҳад шуд.

Ҳоло бошад чунин ҳис карда мешавад, ки худи Раиси
Чумҳурй иҷрокунандаи қарорҳои худ мебошад. Мушовирону
Муовинони бешумори ӯ аниқ намедонанд, ки ба зиммаи онҳо
иҶрои кадом корҳо гузошта шудааст.

Агар пешниҳод қабул мешуд, кори Раиси ҷумҳурӣ хеле

0с°н мегардид ва ӯ танҳо ба иҷрои кори асосии худ машғул
Мещуд

— Чаро пешниҳоди Шумо қабул нашуд?

— Фикру андешаҳои ман албатта бебаҳо набуданд, вале
чУНин эҳсос мекунам, ки аз лоиҳаи пешниҳодкардаи Раиси
<^Гй,Ҳурй афзалият доштанд.

Иқтибос аз баромади рафиқ Соҳибназаров дар Шӯрои
°лии ҷумҳурй:
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуц

«Сохтори Девон ба шакл каме дигар шудааст, аммо дар
асл аз он сохторе, ки Шӯрои Вазирони ҷумҳурй дошт, ҳеҷ
фарқе надорад. Илова ба ин, дар ин сохтор бисёр вазоратҳо
боқй монда, инчунин вазоратҳои нав ташкил шуданд. Ва ин
ба ҳамин маънӣ созмон ёфтааст, ки шахсиятҳои алоҳида
наранҷанд ва манфиати ҳамаи нохушҳо ба назар шрифта
шавад ва ба тамоми касоне, ки дар таъсиси ҳокимияти пре-
зидента имрӯза еаҳм гузоштаанд, вазифа дода шавад...

.. Ба Раиси ҷумҳурй ситод, сохтори зудамал ва ёрдамчиёне
заруранд, ки ба идеалҳои бозору демократия еодиқ бошанд...
Пас чаро дар хусуси бозор ran зада, сохтори зиддибозориро
пешниҳод мекунем! Бозор фармонравоиро намеписандад Ба
бозор қонунҳое даркоранд, ки барои равнақи кори вай
шароитҳои мусоид муҳайё созанд. Ин қонунҳо бояд ба
худсариҳои анъанавии инҳисорота ҳукумат монеъ туда, дар
айни замон ба рақобату корчаллонй мусоидат карда, боиси
равнақи кори ширкатҳои давлатй, саҳҳомию хусусй гардида,
ҳаёта иҷтамоии аҳолиро ҳифз ва одамонро аз қашшоқй,
бенаво шудан хрімоя кунад.

Маҳз чунин сохтор бояд аз тарафи Раиси ҷумҳурй пеш-
ниҳод мешуд. Аммо ин тавр нашуд...»

Аввалан миқдори вазоратҳо қариб ду баробар ва хароҷоти
нигоҳдории хукумат тахмин ба 5 милдирн кам мешуд. Сониян,
ҳуқуқи вазоратҳои навтаъсис маҳдуд, ҳимояи манфиати
мардум, хусусан ҳимояи корчаллонй (бизнес) аз инхуіеороти
идораву вазоратҳои бешумор мутмаинона таъмин мешуД-
Гузашта аз ин, қабули ин сохтор қарорҳои қабул кардаИ
Раиси ҷумҳуриро бекор мекард. Онгоҳ зиёда аз даҳ вазирй
таъиншуда аз мансаб мерафт.

Ин кор, ки ба манфиати як гурӯҳ шахсони мансабдор зарба
мезад, ба Раиси ҷумҳурй, Раёсата Шӯрои Олӣ ва ҳатто ба
як гурӯҳи депутатҳо маъқул набуд.

— Хуб, биёед сари Вазората кишоварзй ҳарф занем. ШуМ°
ба сохтори имрӯзаи вазорат розй ҳастед?

— Ман аз соли 1960 то ҳанӯз, ки дар ин вазорат кор мекУ'
нам ва ин бори ҳаштум аст, ки сохтори ин вазорат дигар
дСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗЛР

оувҳи СИТОРАКУШ

лехпавад. Дар амал, ягон бор ҳам сохтори дурусти вазорат
пайдо нашуд. Дар ҳамин ақидаам, ки Кумитаи агросаноатй,
ки ба ҷои 9 вазорат пайдо шуд, беҳтарин сохтор буд. Агропром
фарзанди нахустини айёми бозсозӣ буд, ки дар худ шакли
хеле хуби идораи соҳаи кишоварзиро таҷассум мекард. Ва
агропромро онҳое, ки аз мансаб маҳрум шуданд, фарзанди
нохалафи бозсозӣ эълон дошта, сари онро хӯрданд.

-— Ёд дорам, Қ.Маҳкамов дар таъсиси ин Кумита гуфта
буд: «Охири охирон мо намуди асосии хоҷагидориро ёфтем!»
Аммо панҷ сол пае гуфт. Гӯё «Кумитаи агросаноатй аз ӯҳдаи
кор набаромад».

— Ман мегӯям, ки Кумитаи агросаноатй на ба ҳамаи
мансабдорон маъқул туда буд, чуноне гуфтем, бисёриҳоро
аз мансаб барканор карда, ба инҳисороти давлатдорй зарба
зад. Ҳоло, ки вақти қасоси Мӯсора аз Исо гирифтан раси-
дааст, шахсони мансабгумкарда аз шавқ қарсак мезананд,
агропромро боз ба ҳафт вазорату Кумита, ширкатҳо ҷудо
карда, соҳиби вазифа мешаванд. Ва ман ҳамчун мутахассиси
соҳаи кишоварзй таъкид мекунам, ки сад дар сад ин хатой
навбатист.

— Ба ҳар ҳол, чаро Кумитаи кишоварзию саноатй бо ҳамаи
он бартариҳои сохти идориаш барҳам хӯрд?

• —Касоне, ки баҳри барҳам додани Агропром кӯшиш
карданд, фақат як далел доштанд, ки гӯё Агропром худро
иищон дода натавонист. Вале холисона бояд бигӯем, ки ба
ЧУз ҳамин ran ягон далели шайъии иқтисодӣ дар дасти
^Укумат мавҷуд набуд.

Як чиз аниқ аст, ки дар собиқ вазоратҳои ба Кумитаи
агросаноатии соли 1985 дохил шуда зиёда аз 50 вазиру муо-
йИнони вазир кор мекард, баъди муттаҳидӣ вазифаҳои оли-
РУтба танҳо ба нӯҳ кас расиду халос. Албатта, чи хеле ки
гУфтем, ин ба мансабдорон маъқул нашуд ва онҳо бо ёрии
^Кумат боз ба мансаби хеш ноил шуданд.

~~~ Ман як нуқтаи назари хеле аҷибро барои худ кашф
^РДам. Чанде пеш ба баромаду пешниҳодоти депутатҳо
еРомуни ташкили Вазорати кишоварзй шинос шудам. Қариб
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКущ

аз се як ҳисеаи депутатҳо дар бораи зарурати ташки ли
Вазорати кишоварзй ва озуқа изҳори ақида кардаанд. Аміѵщ
аз сохтори имрӯзаи вазорат чунин бармеояд, ки фикри
намояндагони халқ ба инобат гирифта нашудааст.

— Бале, ҳамин хел аст. Талаби 70 нафар намояндаи мар-
дум аз соҳаи кишоварзй, ки аксарияти онҳо дар интихоби
Раиси ҷумҳурй саҳми арзанда гузошта буданд, ба инобат
гирифта нашуд.

Мумкин ба ин масъала Раёсати Шӯрои Олй ё Кумитаҳои
он равшанй андозанд. Ва ё Раиси ҷумҳурй шарҳ диҳад, ки
чаро аз ақидаи аввалаи худ дар бораи таъсиси Вазорати
кишоварзию озуқа даст квшидааст. Шояд Раиси ҷумҳурй
дар бораи соҳаи кишоварзй ақидаи махсус дошта бошанд ва
ба рои равнақи ин соҳа, ки бе ҳалли мушкилоти он ба беҳбудии
рӯзгори мардум умед бастан мумкин нест, гамхориҳои
бешоиба зоҳир кунанд?

Дар бораи равнақи соҳаи кишоварзй ҳаминро бояд гуфт,
ки он дар сухан вуҷуд дорад, дар амал не.

— Ташкили идораву вазорати кумитаҳои нав ба бюҷети
бе ин ҳам касоди ҷумҳурй чй қадар гарон меафтад?

— Зарурияти мавҷудияти бисёр вазорату кумитаҳоро
имрӯз дар ҷумҳурй намебинам. Чй зарур, ки Кумитаи
планкашй бо ивази ном аз нав зинда шавад. Ҳол он, ки бархам
додани кумита дар ҳолати вазнини иқтисодй ва вазифаҳои
онро ба дӯши вазорати молия вогузоштан зарур аст.

Умуман, аз рӯи баромади Раиси ҷумҳурй бояд харочоти
нигахдории идораи давлатй 1.7 миллион сӯм кам мешуд

Дар асл бошад, аз рӯи ҳисоби мо, ин хароҷот 6 миллион
сӯм зиёд мешавад. Фақат аз таъсиси идораҳое, ки ба кишо*
варзй машгул мешаванд, хароҷот 3 миллион сӯм зиёд мв'
шавад.

— Дар бораи вазъияти фавқулодда. Маълум аст, ки ДаР
Душанбе соати комендантй барҳам хӯрду вазъияти ф3®'
қулодда то ҳол дар ҳукми амал аст. Дар ин ҷо сухан ой3
собиқ раиси Шӯрои Вазирон, ҳоло ноиби Раиси ҷумхуР**'
мӯҳтарам И.Ҳаёев дар маҷлиси нахустини Шӯрои Олй б*
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

хоТИр меояд, ки гуфта буданд: «Ҳамин вазъияти фавқулодда
ба кӣ халал расонидааст? (мазмунан).» Ҳоло мефаҳмам ва
мардум аз рӯи фаросат дарк мекунанд, ки сарфи маблаги
вазъияти фавқулодда ба миллионҳо сӯм дакка мехӯрад.
Зарари иқтисодиаш мисли рӯз равшан аст. Дар хусуеи
зарарҳои сиёсиаш фақат ҳаминро бояд гуфт Оё мо ҷамъияти
демократиро дар заминай вазъияти фавқулодда бунёд карда
метавонем? Вазъияти фавқулоддаю демократия ду чизи ба
ҳам муқобиланд. Шояд ҳамин сабабҳо бошад, ки дар дигар
ҷумҳуриҳо ба вазъияти фавқулоддае, ки онҳо доштанд аелан
аз вазъияти фавқулоддаи февралии мо мураккабтару
пуршиддаттар буд, зуд хотима гузоштанд.

Аммо чаро намояндагони мардумии мо дар Шӯрои Олй
аз вазъияти фавқулодда дил канда наметавонанд ва каее
ҳам гуфта наметавонад, ки ин вазъият аз рӯи қонун чй қадар
бояд идома ёбад ва кай ба он хотима дода мешавад?

Муеоҳиби ман табассум ва баъд бо ҳазле, ки саропо ҳа-
қиқат аст, гуфт

— Хуб мешуд, ки ин саволатонро ба мӯҳтарам Раиси
ҷумҳурӣ медодед. Аз ҷониби худ ҳаминро мегӯям, ки за-
рурияти вазъияти фавқулоддаро намебинам ва дар ин хусус
борҳо дар Шӯрои Олй мулоҳизоти худро гуфтаам. Аммо
оисёре аз мансабдорон, ҳатто як қисми намояндагони мардум
Ҳам, дар ҳамин ақидаанд: ҳар қадар сахтгирй намоем, нагу-
3°рем, ки шахсе ақидаи худро гӯяд ва ҳатто нагузорем, ки
аз охирин имконияти худ истифода карда, гуруенанишинӣ
^ЛОН кунад, ҳамон қадар беҳтар аст. Дар амал, асло ин хел
йеет. Пае кй кафолат медиҳад, ки маро ҳам маҳкум намеку-
Нанд? Ва мо ҳама мусофирони як киш+ием, ки дар баҳри
^Урталотум шино дорем. Агар нохудои мо, худо накарда,
^амти ҳаракатро гум карда, мрро ба гирдоби бетаг бибарад?
Map чунин ҳолат вой бар ҳоли мою ояндагони мо. Аз ин рӯ,
ҲаР Чй мегӯям, аз дилсӯзй ает, барои ояндаи хуб, на аз ҳасаду
^ансабталошӣ. Ва рафиқоне, ки ному мансаби онҳоро зикр
^РДем, ҳаргиз гумон накунанд, ки мо дар паи пает задани
Т*бори онҳоем. Ҳаргиз ин хел нест. Вале бояд гуфт, ки
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКущ

озодфикрй, ақидаҳои гуногун, ҳам имрӯз зарур аст, ҳам
фардо. Чунки таҳкурсии фардоро имрӯз гузошта истодаем.

Эътибори мардум ба роҳбари оқилу кордон, нотиқу
меҳрубон, бофарҳангу ҷасур, ғамхору дилнавоз ниҳоят бузург
аст. Агар роҳбар ин хислатҳоро дошта бошад, мумкин зару-
рати нигохдории ҳолати фавқулодда намебуд.

Дар бораи маблағе, ки барои нигоҳ доштани ҳолати фав-
қулодда сарф мешавад, рости ran, ин маълумотро ман, на аз
Девони Вазирон ва на аз вазоратҳои дахлдор пайдо карда
натавонистам. Ҳама чиз махфй аст, ончунон махфй, ки айёми
рукуд метавонад ба ин асрорнигохдории замони ошкорбаёнй
ҳасад барад. Тахмин кардам, ки харҷ хеле зиёд аст, ончунон
зиёд, ки бо ин маблағ даҳҳо сағирхонаҲоро обод кардан
мумкин. Ва дар сурати набудани вазъияти фавқулодда ба
сабқати телевизионй, ки ба хотири ҷамъоварии маблағ барои
тифлони бепарастор гузаронида мешавад, ҳоҷат намемонад».

* * *

Пас аз ГКЧП, тахминан миёнаи моҳи август ва ибтидои
моҳи сентябри соли 1991, ки пешниҳоди номзадҳо ба маснади
Раиси ҷумҳурй оғоз ёфта буд, боз чандин рӯзноманигорон
ба ман муроҷиат карда, хоҳиш намуданд, ки нисбати
маъракаи интихоби Раиси ҷумҳурй фикру мулоҳизаҳои
худро ба тариқи саволу ҷавоб таҳия созам. Ман ин хоҳиши
онҳоро рад накардам. Аз ҷумла ба рӯзномакигор Шаҳлой
Абдураҳим аз рӯзномаи «Паёми Душанбе» изҳор доштам,
ки Раиси ҷумҳурй бояд узви ягон ҳизб набошад. Ба дигар
рӯзноманигор аз рӯзномаи «Тоҷикистони шӯравй» Б.ШакароВ
ба саволи «Шумо киро ба ин мансаб арзандатар ҳисоб
мекунед», ман иброз доштам, ки Давлат Худоназар ва ӯ бар Ий
фарзандони содиқу вафодори халқро.

Дар мусоҳибаи чанде аз ин пеш дар рӯзномаи «Саде1*
мардум» ба табъ расида ба ҳамин савол чунин ҷавоб буД-
«Мехоҳам дар мансаби Раиси ҷумҳурй чунин шахсеро бинаМ>
ки синну солаш аз ман ҷавонтар бошад, ба монанди ДавлаТ**,
ДСЛИЛДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКУШ

Худоназар, Сайфиддин Тӯраев, Исмоил Давлатов. Ба
андешаи ман яке аз онҳо метавонад ин мансабро ӯҳда кунад».
Барои тасдиқи андеша аз ин се мусоҳиба якеро пешкаши
хонандагон мекунам ва мехоҳам пас аз сипарй шудани чандин
сол довари ин андешаҳо худи хонандагони гиромй бошанд:

«Суханони таъсирбахшу ҳаяцонангези ӯро дар сессияҳои
Шӯрои Олии Тоҷикистон аз тариқи радио ва телевизион кӣ
нашунидааст! А.Соҳибназаров аз цум.іаи он депутатҳои
фаъолу беқарор ва дардошнои мардум аст, ки дар сессияҳо
масъа.гаҳои баюят ҷиддиро ба миён гузошта, дар ҳаллу фас-
лашон сидҳан мекӯшад. Бахусус сокинони деҳот ба ӯ ҳусни
таваццӯҳ доранд: дар бахши боло бурдани иҳтисодиёти хоҷа
гиҳо, баҳри фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ басе қувваю
дониги ба харц медиҳад. Ба иқтисоди бозоргонӣ низ бо диди
тоза менигарад.

Ҳоло Аслиддин Соҳибназаров ҷоншиини вазири киіиоварзгі,
вѣсили мардумӣ дар Шӯрои Олии ҷумҳурист. Чанде пеги
мухбирамон бо ӯ мусоҳиб шуд.

‘ — Шумо дар еессияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷи-
кистон талаб кардед, ки мубориза ба муқобили корчаллонҳо
ва савдогарон бас карда, амалиёти кормандони вазоратҳои
дохилӣ ва бехатарии давлатӣ боздошта шавад. Оё ин ба
сарватмандии як гурӯҳи аҳолию қашшоқии гурӯҳи дигар ва
нобаробарии ҷомеа оварда намерасонад?

— Таърих гувоҳ ает, ки баъди Ҷанги Бузурги Ватанй бо
савдогарӣ муборизаи беамон бурдем ва имрӯз ба тоҷирон
рӯз намедиҳем. Хӯш, дар натиҷа чӣ ба даст овардем? Ҳеҷ
чиз!

Дар гузашта режими тоталитарии давлатӣ хуб буд ё бад
буд, ба ҳар ҳол кор мекард, дар магозаҳо кам бошад ҳам
чизе ёфт мешуд. Супоришоти давлатй ба иҷро мерасид.
Акнун соли шашум аст, ки ин система ба гирдоби бӯҳронии
сахте афтида ё пой ба ботлоқе ниҳода, ки онро ба оҳистагй,
вале бераҳмона ба коми худ фурӯ мебарад. Ва аниқ нест, ки
ба ҷои режими тоталитарй кадом сохторе меояд?

Дуруст аст, ки имрӯз ҳамагон аз хусуси иқтиеоди бозор-
АСЛИДДИНИ СОҲИВНАЗЛР

сувҳи ситорлкуш

гони ҳарф мезананд. Бозор бошад ноҳаққиҳои худро дорад,
яке сарватманд мешавад, дагаре муфлис. Ин қонуни нона-
виштаи бозоргонист ва аз он чашм пӯшидан норавост. Иқти-
соди бозаргонй бародарию баробариро намеписандат. Охир,
тасаввур кунед, як ландаҳӯри бекорхӯҷаю ноӯҳдабаро даъво
мекунад, ки чаро ман мисли фалонӣ ҳавлӣ ё мошини сабукрав
надорам, костюму туфлии хушсифат намепӯшам? Социализм
ҳам ҳамин ғояро шабу рӯз ба ӯ талқин мекард: ҳама баробар
бошаД ва тамоми маводу неъматро ба ҳар кас муҳайё месозад.
Имрӯз дидем, ки ин ҳама дурӯг будааст ва ба мақоли «Бу-
закам намур, ки баҳор меояд» шабоҳат доштааст.

Тазаккур бояд дод, ки тариқи бозаргонӣ аз одамон сабру
таҳаммулро тақозо дорад. Г ап дар сари он, ки тоқати мардуми
мо басанда мекунад магар? Ба ибораи дигар гӯем, оё халк
мехоҳад, ки боз ӯро истисмор кунанд, пеши заминдор ё
сарватманде, гарчи ӯ назар ба социалист музди бештаре
медиҳад, cap хам кунад? Посухашро ба мардум ҳавола
мекунам. Бигузор, худашон бигӯянд: «Ҳа, розиям, ки маро
истисмор кунанд, вале ҳаққи хуб диҳанд», ё «Не, ба истисмор
муқобилам, ба ман музди кам ҳам кифоя, лекин каму беш
дуздй ҳам мекунам». Агар фикри шахсии маро донистанй
бошед, ин аст «Оре, ман розй, бигузор маро истисмор кунанду
пули ҳалол диҳанд, то зиндагиям хуш гузарад».

— Ҳамин қадар сол идеолоТҳо-мярдумро дилпур карданд,
ки мо ҷамъияти социалистй бунёд намудем, ба марҳалаи
социализми мутараққй расидем, ба сӯи коммунизм бо
қадамҳои калон равонем, имрӯз бошад, рӯ ба иқтисоди
бозаргонй меоварем. Ҳоло роҳи бозорро пешгирифта, теша
ба решай социализм намезанем? Сониян, бархе аз назариёт-
шиносон ва иқтисоддонҳо мегӯянд, ки дарахти социализм
хушкидаасту дигар бор намеорад. Шумо чӣ ақида доред?

— Пеш аз ҳама, бояд иқтисоди бозаргониро дарк кард
Чист он? Кадом хусусиятҳоро дорост? Иқтисоди бозоргонй
бе се чиз арзи вуҷуд карда наметавонад: якум — моликияти
шахсй, дуввум — меҳнати кироя, сеюм — даромади изофа
Инро ҳар иқтисоддон панҷ панҷа барин медонад. Агар ҳар
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКуш

кадоми онро рамзй ифода намоем, пас метавон гуфт, ки
; моликияти шахсй ин модар, меҳнати кироя падар ва даромади
изофа писар аст. Албатта, қудрату тавоноии писар аз падару
модар вобаста аст. Инро набояд фаромӯш кард.

Қариб сесад сол муқаддам Адам Смит навишта буд: «Шах-
се, ки моликият надорад, фақат баҳри бисёр хӯрдану кам
кор кардан мекӯшад». Ҷамъияти социалиста магар чунин
касонро , ба истаснои фидокорон, ки теъдодашон кам шуда
истодааст, ба воя нарасонд?

Саволи таассуфангезе ба миён меояд, ки мо солиён бемо-
’ ликиятиро ба мардум тартаб карда, моликията умумро асоси
ҷамъият дониста, худро соҳиби «ҳақиқии» моликият ҳисоб
карда, чӣ мехостем? Ва ин ҳама сухани бардурӯғу худфиреб
баҳри чй буд? Биёед, аз ин хусус холисона ва бо ақли солим
андеша ронем: оё имрӯз ягон шахс хоҳ вазир бошаду хоҳ
коргар, хоҳ раис бошаду, хоҳ деҳқон, котаби ҳизб бошад ё
сарвари муассиса бо хотари ҷамъ гуфта метавонад: «Ман
мулк дорам!» Ҳаргиз не! Аз ин рӯ, бархе ба бисёр хӯрдану
кам кор кардан майл менамоянд. Охир, мол моли ман нест,
моли ҷамъият аст. Пас он соҳиб надорад. Ин молро беназорат
мондан, дуздидан, ба ёру ошноҳо додан мумкин. Зеро моли
худ, ки нест, ба он дил намесӯзад. Бигзор касе, ки тавонад,
бигирад. Ва яке аз сабабҳои талаву тороҷи моликияти
ҷамъиятй ва қадр накардани ҳалолкорй ҳамин аст. Идеолог-
ҳои мо ин чизи муҳимро надонистанд ва ё донистан нахостанд
ва бо роҳи каҷ рафтанд.

Ба фаҳмиши ман, аз рӯи таъбири ҷамъиятшиносон,
аниқтараш марксистон, агар муносибатҳои истеҳсолй ба
Қувваҳои истеҳсолкунанда мувофиқат накунанд, ҷамъият
хароб мешавад ва ҷамъията дигаре ба вуҷуд меояд. Магар
рӯзҳои ин ҷамъията дигар нарасидааст? Агар не, пас барои
чй нарху наво дар мағозаҳои давлатӣ нисбати музди кор
якҷоя бо ҷубронпулй се-чор баробар, баъзе маводҳо то ҳашт
баробар қимат шуд? Аммо мо бошем, ин воқеията ҳақиқиро
ДУРуст дарк накарда, доду фарёд мезанем, ки чаро давлат
Пеши роҳи корчаллонҳо, соҳибкорон, кооперативҳоро наме-
АОЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗАГ*

сувҳи СИТОРАКуШ

гирад, чаро рафи мағозаҳо холист? Чароҳо ниҳоят биеёранд?
Лекин дар ҷавоб касе, бахусус мансабдорони олимақом,
ҷуръат намекунанд бигӯянд: ҷамъияти социалиста, молики-
яти умумихалқй аслан ва амалан набуд ва пешгӯии К.Маркс
оиди «муносибати истеҳсоли ҷамъиятӣ» дуруст баромад.
Ҳақиқатан, дарахти социализм хушк шудааст, дигар ҳосил
намеандозад ва ба он умед бастан бехирадист. Ягона роҳ
иқтисоди бозаргонӣ асту бас.

.— Ба назари Шумо роҳи аввали аз бӯҳрони иқтисодй
баромадан кадом аст?

— Пеш аз ҳама савдои дохилир' озод бояд к^рд. Зарур
аст, ки мол ва таҷорат аз соҳибияти давлат раҳо ёбад. Ба ин
васила савдо ҷон мегирад, зинда мешавад. Роҳи аввал ва
ҳатмй ҳамин аст. Агар ба ин кор даст назанем, хатои нобах-
шиданӣ мекунем. Иқтасоди бозаргонӣ натаҷае намедиҳад,
гапи хушку холй шуда мемонад, мисли тафли дунёро надида,
дар шиками модараш мемирад.

— Дар сессия бисёр депутатҳо бо дарду алам аз омадани
тобута аскарбачаҳо ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон, бахусус
вилояти Кӯлоб ran заданд. Дар ин бахш чанд пешниҳоди
муфид ҳам карданд. Модарон баумед буданд'. Вале чаро
сессия ба як хулосаи мушаххасе наомад ва аз ин хусус
изҳороте ва ё қароре набаровард?

— Аввал ин, ки сессия анҷом наёфтаааст, нӯх,уми сентябр
корашро давом медиҳад. Дигар ин, ки на ҳамаи пешниҳодотро
фавран амалй кардан мумкин аст. Масалан, мо ҳоло ба
ташкили армияи миллй имконият надорем. Маълум, ки барои
тарбияи аскарон афсарони соху[бтаҷриба даркор. Магар ин
гуна афсарон дар ҷумҳуриамон ҳастанд? Бошанд ҳам,
ангуигтшумор. Яқин, ки бо як фароштурук ё гул баҳор на-
мешавад. Бар замми ин корхонаҳои ҳарбй надорем. Аз ин
рӯ, масъалаи созмони армияи миллй пухта нарасидааст.
Аммо ин маънои онро надорад, ки мо оиди таъсиси арташи
миллй кӯшиш ба харҷ надиҳем. Ин чизи зарур аст.

Дар марказ чунин ақидаи нодурусте ҳаст, ки гӯё аскар-
бачаҳои тоҷику ӯзбек, умуман ҷумҳуриятҳои Осиёи Миёна
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРДКѴШ

ба идораю истифодаи силоҳи нави ҳарбӣ қодир нестанд ва
бо ҳамин «сабаб» аксарияти онҳоро ба кори сохтмон мефи-
ристанд. Фақат ин нобоварй ба мардуми диёрҳои мо мебошаду
халос. Тобути аскарбачаҳо ҳам ба ҳамин марбут аст.

— Дар сесеияи ғайринавбатй, мисли солҳои пешин дар
забони баъзе депутатҳо боз ибораи «халқи кабири рус» садо
дод. Оё ин маънои сағир шуморидани халқи худ, хавфи
татбиқи тарзу усулҳои кӯҳнаро надорад?

— Ҳақиқатан, имрӯз ин халқро бузург гуфтан меарзад.
Вай дар се рӯзи табаддулоти хунтам ҳарбй, корнамоии
бемисле карда, натанҳо Русияро аз ҳалокати демократия на-
ҷот дод, балки музаффарияти бозсозиро дар тамоми Иттифоқ,
дар ҳар як ҷумҳурй қифз намуд ва кулли оламиёнро ба
ваҷд овард. Аз ин лиҳоз, ӯ кабир аст. Аммо ин ҳаргиз маънои
истифодаи усулҳои кӯҳнаи хушомадгӯию худширинкуниро
надорад. Зеро миллатҳои камнуфус маънои кӯдаки майдаро
надоранд. Инро бояд ба назар гирифт.

Ман аз як чиз дар таассуфам ва худ аз худ мепурсам:
барои чй русҳое, ки дар Тоҷикистон умр ба cap мебаранд,
Б.Елсинро дастгирй намекунанд? Ба назарам, онҳо гумон
мебаранд, ки империя шикает хӯрд, аҳволашон кунун табоҳ
мегардад. Вале ин фикр хатост. Онҳо бояд бидонанд, ки
сарварашон, пушту паноҳашон дар Росия нест, балки дар
Тоҷикистон аст. Тақдири онҳо бо тақдири тоҷику ӯзбек
омезиш ёфтааст, риштаи ногусастанй дорад. Имрӯз одамони
русзабон демократияро дар Тоҷикистон ҳифз бояд кунанд.
Охир онҳо ҳам мисли мардуми таҳҷой озодона зистан, кор
кардан ва сухан рондан мехоҳанд.

— Дар хотир дорам, боре дар яке аз сессияҳо шоир, вакили
МаРДумй Бозор Собир аз хусуси ба Файзободи биҳиштии
Хушобу ҳаво аз шаҳрҳои дурдасти шимол оварда гӯронидани
Партовҳои коргаҳҳои атомй ҳарф заду собиқ Раиси ҷумҳурй
*ин ба мавзӯи сессия дахл надорад» гӯён забони ӯро бает.
Аз ҳамон дам ин ҷониб касе ва худи Бозор Собир ҳам аз ин
Масъалаи басо хатарнок лаб накушоданд. Охир як мулох^іза
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

т________ СУБҲИ СИТОРАКуШ

намоед: заминҷунбии.сахте шаваду худо накарда он қабрис-
тони партови атомҳо фурӯ равад, магар Тоҷикистон, бахусус
Файзобод ба Чернобыли дуюм табдил намеёбад? Чи тавре
ки маълум аст, Раиси ҷумҳурй Қазоқистон Н.Назарбоев дар
бораи манъи озмоиши яроқи ядрой дар Семипалатинск
фармон дод. Чаро депутатҳои мо ҳамин корро дар бахши
Файзобод карда наметавонанд?

— Рости ran, ман дар хусуси дар Файзобод гӯрондани
партовҳои атом дар даст маълумот ё ҳуҷҷате надорам ва
аз ин лиҳоз як фикри мушаххас иброз доштан мушкил
аст. Шояд хокистарашро оварда гӯронанд, ки он ҳаргиз
хавфи Чернобылро надорад ва фақат экологияи мавзеъро
каме халалдор сохтанаш мумкин. Ин ҳама гумону тахмин
аст. Аз хонандагони рӯзнома маъзарат мехоҳам, ки дар
ин бора ҳоло ягон гапи аниқ ва боварибахш гуфта наме-
тавонам.

— Шумо киро дар мансаби Раиси ҷумҳурӣ дидан мехоҳед?

— Давлат Худоназаров ва ба ӯ монанд фарзандони содиқу
вафодори халқро.

— Оё Шумо номзадии худро ба мансаби Раиси ҷумҳурй
пешбарй мекунед?

— Не, ман барои ин мансаб мубориза намебарам.

— Агар президентии Шуморо халқ хоҳад-чй?

— Дар он сурат меандешам.

— Албатта, Шумо огоҳ ҳастед, ки коллективи журна-
листони рӯзномаи мо барои муассиси рӯзнома шудан талош
дорад ва номи таърихиаш «Бедории тоҷик»-ро барқарор кар-
данист. Шумо дар ин бахш чй гуфтанй доред ё ба рӯзнома
номи дигаре пешниҳод менамоед?

— Баргардонидани номи аслиаш «Бедории тоҷик» кори
хайр аст. Аз ин ман хушнудам. Иқдоми коллективро, ки тақ-
диру равиши минбаъдаи рӯзномаро ба дасти хеш гириф-
танист, на танҳо табрику таҳният мегӯям, балки ҳамаҷониба
дастгирй менамоям. Кунун шумо аз ғуломии ақидаю дастури
як аппарати махсус раҳо меёбед ва сухани ҳақро озодона,
>ит©рдкуш

дслиддини соҳибндзар (159) сувҳи Cl

_________________________---------------------эрасонам,

бидуни фишори мақомоти боло интишор менамое;ба Шумо
ид аст, иди фирӯзй барои шумо, журналистон рем, сонй
хонандагони рӯзнома...»

Пас аз ин мусоҳиба Р.Набиев ба ман сим зада >а Ҷаббор
изҳор намуд, ки чаро дар ягон ҷо номи ӯро ба забон
даам ш бо як

— Магар ман лоиқи ин ҷумҳурй нестам? Ё ту ягс
навбатй дида, ба ман нобоварӣ изҳор мекунй? М^қа кор
намефаҳмам, ки ба чй сабаб маро ба чашми кам мебрхфиро

Ман ӯро бо диққат гӯш карда, пас лаҷоми сухак
дигар тараф бурдам. онам.

— Пагоҳ соати ҳашти саҳар шуморо ба меҳмонй да'аД°и

мекунам, — гуфтам. дахл

Ин ба тахминам 15-16 моҳи сентябр буд.

— Ба чй муносибат? ст>

— Дар хонаам хурсандй дорам. Писарамро оиладо*е
карданй ҳастам. Агар Шумо биёед, ниҳоят шод мешудам. t

У таклифи маро рад накард. Дигар номзадҳо ба вазифаи'
Раиси ҷумҳурро низ ба меҳмонй даъват кардам.

Рӯзи таъиншуда раео соати ҳашти саҳар Р.Набиев, С.Тӯ-
раев, Д.Худоназаров, ИДавлатов ба хонаи ман омаданд. Қ.Ас-
лонов, Ҳ.Насриддинов, А.Махсумов низ даъват туда буданд,
вале онҳо наомаданд. Аз даъватшудаҳо НДӯстов ва С.Кенҷаев
низ наомаданд.

Чор нафар номзади Раиси ҷумҳуриро ҷудо-ҷудо аз як-
Дигар шинонда, меҳмондорй кардам ва ба ҳар яке ваъда
Додам, ки пас аз ин маърака вомехӯрам. Вале як чиз мусаллам
буд, ки ман ба ҳамон кас ҳамроҳй мекунам, ки ӯ худро аз
Ҳизби Коммунист дур шрифта бошад. Баробари ин аз ҳизб
зарар дида бошад. Ба ин фикри ман Д.Худоназар гуфт:

— Ту, албатта, ба Р.Набиев ҳамроҳ мешавй.

■— Мумкин бо Р.Набиев. Охир, дар айни замон дигар лидери
Ииінохта вуҷуд надорад. Барои оромии диёр имрӯз бояд
лИдери машҳур ба майдон биёяд.

■— Агар харбуза хом барояд, пас чй? — гуфт Д.Худоназар

тарзи шӯхй.
ЛСЛИДДИН

И С0ҲИБНАЗАР

С**»

сувҳи СИТОРАКУШ

ин чизе гуфта наметавонам. Тақдир. Худо худаш

намоед: з

тони п®Р'Іамин маърака С.Тӯраев бе ягон худдорй чунин
Файзобод

-ард:

ки маълу^ ЯКҷОЯ go ман дар ин маъракаи интихобот

ораи мі. номзадИ ноиби Раиси ҷумҳурӣ амал кунем.
фармон шаккур) — гуфтам ва боз илова намудам. — Албатта
файзоб,иро мегӯям.

ба ӯ он чиро, ки ба Давлат иброз доштам, нагуфтам
партоғ[Л давлатов баръакс чунин иброз доигг
аз ин хПуМОі агар розй бошед, ба ҳайси номзад ба мақоми
аст- jи ҷумхурй ва ман ба ҳайси ноиби Раиси ҷумҳурй аҳднома

xaed,

\ем.

камфарой ин пешниҳод ба ӯ низ ташаккур гуфтам ва муво-
аст қи ваъда изҳор намудам, ки пас аз тӯй албатта вомехӯрем.
ин Пас аз хайру хуш бо номзадҳо ба Раиси ҷумхурй ба ҳар
Тккп онҳо рӯзи мулоқотро муайян кардам. Ба Р.Набиев ваъда
додам, ки рӯзи Душанбе, яъне як рӯз баъд дар ҷои кории ӯ,
дар соати даҳи саҳар вомехӯрем. Гузашта аз ин изҳор наму-
дам, ки дар вохӯрӣ С.Кенҷаев, Н.Дӯстов, Ф.Ниёзов, Ҷ.Муро-
дов, умуман қариб ҳамаи аъзои штаби ӯ бояд ҳозир бошанд.

Пас аз гусели меҳмонон, яке аз дӯстонам, ки дар тӯй хиз-
мат мекард ва бо ман хеле наздикй дошт ва ӯро шартан
Ҷаббор ном мегирам, омада нишаст ва айнан чунин пурсид:

— Ин нафари бӯзбала Р.Набиев буд ва ё ман хато мекунам?

— Бале, Шумо хато накардед. Ин кас Р.Набиев буд. Нафари
дуюмаш ҳам Набиев. Яке Набиев Раҳмон ва дигаре Набиев
Нуриддин. Акай Нуриддин дар дастгоҳи Раис мудири корҳои
Шӯрои Вазирон буд. Ҳоло ин мансабро дар вазорати кишо-
варзй ба ӯхда дорад. Ҳардуяшон бародарони наздик ва солҳои
тӯлонй нону намакхӯранд.

— Онҳо ба Шумо чй гуфтанд? — боз пурсид дӯстам.

— Мо ягон чизи ҷиддие нагуфтем, — ва ман ҳаракат
кардам, ки гапро ба тарафи дигар гардонам. Аммо Ҷаббор
гуфт

— Ман душмани Шумо нестам-ку. Ман бо шумо сӯҳбатй
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКуш

ҷиддӣ дорам. Аввало аз Армен ба Шумо салом мерасонам,
илтимоси ӯро мегӯям ва чизе, ки худам медонам, ба Шумо
хабар медиҳам. Хубаш биёед ба ягон ҷои дигар гузарем, сонй
гапамро идома диҳам.

Ба ман шунидани номи Армен басанда буд, ки ба Ҷаббор
бовар кунам.

Вақте ба ҷои хилват гузаштем, Ҷаббор ба ман бо як
ҷиддияти ташвишомез нигоҳ карда, пас гуфт:

— Шумо медонед ё не, лекин ман дар идораи алоқа кор
мекунам ва тамоми хати телефону микрофонҳои махфиро
медонам.

I ■ — Ба ростй, ман аз фаъолияти Шумо чизе намедонам.
Барой ман як чиз равшан аст, ки дар идораи алоқа адои
вазифа доред, аммо чиро медонед, чиро не, ин ба ман дахл
надорад, — гуфтам.

— Хуб. Дахл дорад ё не, ин кори дигар. Лекин аниқ ҳаст,

ки рӯзҳои наздик, балки ҳафтаи оянда дар Душанбе ҳодисае
cap мезанад, ки саросари Тоҷикистонро ба ларза меорад.
Ман шахсан дар майдони «Озодй» бояд якчанд микрофони
иловагй ва суратгиракҳои пинҳониро то рӯзи 19 сентябр ба
кор омода созам. Роста ran чй мешавад намедонам, аммо дар
як занги телефон аз Москва, як калон ба дигараш мегуфт:
«Надо опиратся на сатарую гвардию» ва боз калимае ба гӯшам
расид, ки чунин буд: «Рахмону связать с бунтом «ғармиян».
Дигар чизеро намедонам ва нашунидаам. Алоқаи ман бо
Армен аз айёми кӯдакӣ пойдор аст. Ман, Мӯсо ва Армен
Дар Душанбе дар як ҳавлй калон шудаем ва дар як мактаб
таҳсили илм намудаем. Вале ба шумо шинос буданашро
намедонистам. Худи ӯ имрӯз ба ман телефон карда, илтамос
Намуд: «Генсеку скажи, пусть уедет на неделью на п^лых».
Сабабашро нагуфт. »

Ман ба Ҷаббор гуфтам, ки Армен телеграмма дода буд,
ки меояд. Вале ӯ дигар чизе нагуфт ба гайри ин сухан.

— Ман «генсек» будани шуморо медонистам, аммо хешу
табор будани мо ва «генсек» будани шуморо Армен аз куҷо
Медонад, ҳайронам. Мумкин Мӯсо гуфта бошад.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТФРАКуШ

«Чй ran мешуда бошад? Р.Набиев ба ин ran чй муносибат
дошта метавонад? Бахусу с ба ману «гармиён» ҳам», — худ
ба худ андеша мекардам.

Ҳамаи инро таҳлили бешумор мекардам. Даҳҳо бор муло-
ҳиза намуда, дар тарозуи ақл баркашидам. Ба бисёриҳо дар
тамос будам ва кунҷковона мепурсидам, ки дар ҷумҳурй чй
навигарй ё ҳодисае ба вуқӯъ меомада бошад. Вале ҷавоби
аниқе намегирифтам ва ба як хулосаи солим омада ната-
вонистам.

Рӯзи якшанбе, рӯзи дугами тӯй, мувофиқи анъанаҳои
қабулшу^да тӯи «сурх»-ро оғоз намудам. Имрӯз ҳам умед
доштам, ки С.Кенҷаев ва Н.Дӯстов меоянд ва аз онҳо ягон
ахбороте ба даст меорам. Вале онҳо наомадаяд. Рӯзи Душанбе
мувофиқи одат ба ҷои кор омадам ва дар идораи вазири
киШоварзй В.Вох?ідов, ки огози хдр ҳафта машварат баргузор
мегаигт, ширкат кардам. Пас аз маҷлис ба вазир гуфтам, ки
ман бояд ба вилояти Қӯргонтеппа равам. Якчанд аризаҳои
шикоятй аз Қӯрғонтеппа, Колхозобод, Панҷу Қумсангир дар
даст дорам. Супориши ҳукумат ҳаст, бояд онҳоро санҷида
бароям. Дар ҳақиқат ҳамин хел аризаҳо буд ва ҳамаи онро
ҳукумат ба ман супорида буд.

В.Воҳидов дар ҷавоб пурсид, ки аз он ҷо кай бармегардам.
Ман тахминан охирҳои ҳафта гуфтам. Вазир дигар чизе
напурсид.

Ман аз идораи ӯ ба утоқи кории худ баргашта, ба Р.Набиев
занг задам ва дар аввал аз ӯ узр пурсида, баъд гуфтам, ки
бо супориши И.Ҳаёев бояд ба вилояти Қӯрғонтеппа равам
Бори дигар бахшиш, вале ҳафтаи оянда, дар вақти ваъдагй,
худо хоҳад, дар наздатон ҳозир мешавам.

Р.Набиев аз гуфтаҳои ман норозигй баён кард:

— Чй, боз Армен меояд?

Афсӯс хӯрдам, ки он сирро ба ӯ кушодам, вале чй илоҷ?
Об аз коса рехта буд.

Не, не. Ҳеҷ кас намеояд. Армен ҳам ин як гапи ҳавой.
.ѵіан бо шумо шӯхй карда будам. супориш ҳаст, ки аризаи
шикоятии навбатй аз колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Ком-
мунисгй омадаро ба таври таъҷилй дида бароям. Шумо,
двДИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

раҳмон Набиевич, ин корҳоро хуб медонед-ку.

.— Ин тавр бошад «ладно», — гуфт ва ба хубӣ қис намудам,
0 Р.Набиев аз барпо нашудани вохӯриамон хурсанд аст. Ин
сцрро надонистанаш беҳтар.

Аз бало дур будан хуб аст гуфта, ба Қӯрғонтеппа «барои
цстироҳат» раҳсипор шудам. Аризаҳоро дар муддати се рӯз
тафтиш кардам. Аксарияти онҳо ба таври мусбат роҳи ҳалли
худро ёфт.

Рӯзи ҷумъа ба колхози «Правда »-и ноҳияи Панҷ равон
шудам. Раиси колхози номбурда шодравон Кабуд Сайфид-
динов (соли 1993 аз тарафи қувваҳои ба истилоҳ фронти
халқӣ ба қатл расонда шуд) гӯё маро дар идора интизор буд.

Рӯзи дигар, саҳарии барвақт, ман ҳамроҳи ин шахси наҷиб,
деҳқони асил, оиди баҳсу ҳалли чарогоҳ ба тарафи кӯҳи
Қаратог рафтем. Пас аз ин бо роҳи Фархор меГн ба Душанбе
баргаштам. Шодравон К.Сайфиддинов ба Панҷ баргашт.

Бегоҳии рӯзи шанбе ба Кофарниҳон расида, аз он ҷо ба
Душанбе, ба хона наомада, ба боғи вазорати кишоварзй, ки
дар он ҷо дар қатори дигарон ман ҳам хонае доштам, омадам.
Ва рӯзи шанбе ва якшанберо дар он ҷо гузарондам. Дар ин
Ҷо бо кормандони вазорат вохӯрдам. Аз онҳо пурсон шудам,
ки дар Душанбе чй гапҳои нав аст. Вале оиди нотинҷй ва
иооромй ягон гапи наве арзёбй нагардид.

Рӯзи якшанбе, қарибиҳои бегоҳй ба хона баргаштам.
Ҳангоме ба шаҳр ворид гардидам, дар кӯчаҳои он қариб одаму
Мощцн ба чашм намерасид. Чароғакҳои роҳнамо беист чашмак
мезаданд, низомиён дар ягон ҷой дида намешуд. Ба ростй
Нафаҳмидам, ки чй ran шуда бошад. Ба назар чунин мерасид,
ки гӯё сокинони Душанбе шаҳрро тарк карда, баромада
^фтаанд.

Ба хона омадам. Дар рӯи ҳавли низ касеро надидам ва
^Нгоме, ки дари хонаро кушодам, ҳ^маи аҳли хонавода дар
^ДИ телевизор бо табъи хира нишаста буданд.

Годарам ҳам ҳамин рӯз аз деҳа омада будааст. Нохост
'***1®*ам ба телевизор афтид ва дидам, ки ҳайкали ба замин
^Фтондаи Ленинро гурӯҳи банаворгирони телевизион иҳота


АСЛИДДИНИ СОҲИВНАЗАР

<S>.

СуБҲИ СИТОРАҚуц,

кардаанд. Пас аз салому алейк пурсидам, ки чй ran шудаетоJ(

Модарам ба ҷои ҳама ҷавоб дод:

— Э, бачам. Ҳамин Ленини «бечора»-ро чаппа карданд
Меган, ки ин кори муллоҳо.

— Худо зад, — гуфтам ман дар ҷавоб.

Аммо модарам худдорӣ карда натавониста, гуфг

— Э, бачаме, ин тавр нагӯй. Худо ҳамин Ленина зана. ВаЦ
худо надора. Чува моро худо мезадаст. Худо ҳамин Ленина
задай. Ленин садҳо муллоҳоро кушт. Хайр чй! Суратащро
канданд. Сурат арвоҳ надора.

Ба мулоҳизронии модарам гӯш надода, ба кӯча баромадам
ва ба тарафи хонаи Қ.Аслонов равон шудам. Вале ӯ дар
хонааш набуд. Оилааш арз намуд, ки аз ҷои кор телефон
карда буд. Ба ҷои кораш телефон кардам. Аз он ҷо гуфтанд,
ки ба бӯстонсарои ҳукуматй рафтааст. Пас сӯи бӯстонсаро
роҳ пеш шрифтам. Дар даромадгоҳ гуфтанд, ки ним соат
пеш баромада рафт.

Соат ба даҳи шаб наздик мешуд. Ман аз бӯстонсарои
ҳукуматӣ ба хонаи Р.Набиев телфон кардам. Дар воқеъ ҳам-
сараш Марям Саъдуллоевна маро хуб медонист. Ба ӯ гуфтам,
ки Р.Набиев ба таври таъҷилй ба ман зарур аст. Ӯ дар ҷавоб

иброз дошт, ки акаатон нотоб ва ҳоло хоб рафтаанд.

Гӯшаки телефонро ба ҷояш гузошта, ба сӯи хонаи С.Кен-
ҷаев роҳ пеш шрифтам. Ноомади корро бинед, ки ӯ низ дар
хонааш набудаает. Духтараш арз кард, ки дадом наомадаанд

Пас аз ин бо як ноумедй боз ба хона баргаштам ва ба
хонаи чанд намояндаи мардумии дар Душанбе буда сиМ
задам.

Аз онҳо касе ба ҷуз ахбороти телевизион дигар маълумоте
надошт. Танҳо Валентина Абдусамадова гуфт, ки имрӯз дар
донишкадаи кишоварзй як гурӯҳ намояндагони халк б°
сардории ситоди Шумо дар назди С.Кенҷаев ва шефи шу**°
В.Воҳидов ҷамъ омада, нисбати даъвати ҷаласаи ғайринаВ'
батии Шӯрои Олй маслиҳат карданд.

Ин зани ҳақиқатҷӯ (ёдаш ба хайр) нисбти ман эҳтироМ”
зиёд дошт. Намедонам аз чй бошад шодравон Р.Набиевр0
сувҳи ситорлкуш

^ цвДИДДИНИ СОҲИБНЛЗАР

эътироф намекард. У мегуфт, ки
С.Кенҷаев иғвогар аст. Ба В.Воҳидов
асло боварӣ надошт. «Ту хато кардя,
ки ба доираи Р.Набиев ва С.Кенҷаев
даромадй».

— Ту медонй, ки Р.Набиевро рӯзи
ҷумъа аъзои садорати ҳизби Комму-
нист интихоб кардаанд. Пагоҳ ҷӯра-
ат мумкин иҷрокунандаи мансаби
Раиси ҷумҳурй шавад. Шумо ва Са-
фаралӣ акнун вазифа мегиред.
Демократияи шумо ҳамин қадар умр
дорад. Барои мансаб ҳайкал меши-
кананд. Боз чй корҳое намекунед.
Ҷӯраҳоят акнун ба иғво cap карданд.
Ҳоло ran дар пеш аст...

Аз тамос бо В.Абдусамадова муайян шуд, ки коммунистон
метавонанд Р.Набиеви дар садорати ҳизб ҷой гирифтаро аз
шикасти ҳайкали «доҳии пролетариат» истифода бурда, ӯро
°а ҷои Қ.Аслонов ба вазйфаи Раиси Шӯрои Олй — ицроку-
нандаи мансаби Раиси ҷумҳурй интихоб кунанд.

Ралабаи Р.Набиев дар интихоботи умумихалқй аниқ буд.
ин ғалаба бо ин тарз комилан ҳам коммунистони оддй ва
Ҳам коммунистони дар парлумон бударо пурқудрат мекард.
^ансабҳои аксари онҳоро нигоҳ медонгг. Таваҷҷӯхй мардумро
б°з ба «ояндаи дурахшон» зиёд мегардонд. Ва дар баробари
4Н Ислоҳоти иқтисодиро даҳсолаҳо ба қафо мепартофт. Дар
ҳ°лати зарурй барои нигоҳ доштани идеологияи коммунистй
ДаР Кори давлатдорй, Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандй дар
Шиори мубориза алайҳи давлати исломй бурда мера-

С°8Д.

Максуд Икромов - собик
раиси ш.Душанбе

g Дар ҳолати аз мансаб рафтани Қ.Аслонов, ки зодаи Ғарм
ва дар тӯли 70 сол мансаби дутом дар Тоҷикистон —
ц!Иси Шӯрои Олй аз ҷониби КПСС ба ғармиҳо «никоҳ» карда
^Ла буд> вазъияти сиёсии кишварро ба ҷунбиш меовард.
^ари ин аксарияти мардуми ин диёр аз ҳизби Коммунист
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР



СуБҲИ СИТОРДКуі,

дида, ба Ислом имону ихлос доштанд ва анъанаҳои миллир
риоя ва эҳтиром мекарданд.

Р.Набиев, ки худ зодаи Ленинобод буд, агар то ин инт
хобот ба сари қудрат меомад, имконият пайдо мекард,
яке аз маҳалҳоро ба худ дӯст ва дигиреро душман созад.

Соли 1914 аз рӯи ахбороти омори Русия дар қаламравц|
мирнишини Ғарм 300 ҳазор, дар Дарвоз 50 ҳазор тоҷиь
зиндагй мекарданд. Дар миригарии қаламрави Кӯлоб mj
фиқи ҳамин манбаъ 160 ҳазор ва дар Балҷувон 150 ҳаэ
тоҷик иқомат доигг. Ба таносуби дараҷаи зиёдшавии аҳол
дар Тоҷикистон аз соли 1914 то соли 1990 то Ч9р марот
зиёд гардидааст ва ҳам дар Тоҷикистон 1.4 млн. тоҷикон
зодаи Ғарм, 1.2 млн. тоҷикони зодаи Кӯлоб ва 1.0 млн. то«
кони зодаи дигар ноҳияҳои ҷумҳурй умр ба cap мебаран
Пас равшан аст, ки агар дар галабаи Р.Набиев дВр интихоЕ
оянда ё гармиҳо ба ленинободиҳо ё кӯлобиҳо ба ленинободи
ҳамроҳ шаванд, Р.Набиев бегуфтугӯ галаба мекунад. Агар|
Р.Набиев ин корро карда натавонад, ҷанубиён, ки худ алла
2.6 млн. аҳолиро ташкил медиҳанд, бешак соҳиби мансаб Mfr
гарданд ва барои Марказ, барои ҳизби Коммунист ва сарв
рони тоҷикистонии он ин галаба нодаркор ва басо хавфна
буд. Сипае ягона имконият — ин истифода бурдани рох
идеологии таъсиси алянс — «бародарон»-и коммунист
«бародарон»-и исломй буду бас.

Дар алянси бародарони исломй томил шудани гарми
маълум буд; аммо бародарони Кӯлоб ба ин алянс ҳеҷ гоҲ1
ба ҳеҷ ваҷҳ дохил шуда наметавонистанд. Гузашта аз
аксарияти мардуми ин алянс аз нуфузи исломй диД*|
тасарруфи коммунистиро афзалтар медонистанд. Бар
ленинободиҳо маҳалгарой аз тасарруфи исломй ва ко»
нистй дида болотар меистод. Барои русҳо ва ӯзбекон боі
ин арзиш ба миллатгарой марбут буд.

Шикастани пайка рай Ленин ба сари қудрат овардани РЩ
биев то интихобот ба ҳайси иҷрокунандаи мансаби Patt,
ҷумҳури ба ивази Қ.Аслонов нақшаи хеле хуб ва чи та®”
дар боло арзёбӣ шуд, ақрабаки соат ба кор даромада буД-
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситордкуш

Саҳарии барвақт, тахминан соатҳои 7.30 ман дар назди
идора будам ва аллакай дар болои «мавзолей» — Майдони
Ленин, ҳоло майдони Фирдавсй «Старая гвардия», бо сар-
дории коммунистони вафодору содиқ, аз ҷумла вазири
кишоварзй В. Воҳидов барои пайкараи Ленин оби дида
мерезонданд.

У маро дид ё не намедонам, вале муовини аввали вазир,
яке аз «содиқтаринҳо ба сурати Ленин» Шавкат Муста-
фоқулов, ки худ аз ноҳияи Ленин буд, аз пешам баромада
арз кард:

— Акои Аслиддин, Вазир супориш доданд, ки шумо ба
ҳамаи кормандони соҳаи кишоварзй сим зада, онҳоро ба

fir гирдиҳамой даъват кунед. Омадани кормандони соҳаи мо
ҳатмй аст.

( — Рафта ба вазират гӯй, ки аз сари минбари «бобояш»
пае фарояд, — иброз кардам ман. — Ин гирдиҳамой сари
ӯро, сари туро ва сари ҳамаи тоҷиконро мёхӯрад. Ман касеро
ба гирдиҳамой даъват намекӯнам- ва карданӣ ҳам нестам.
В£охдідов ёру дӯстонаш ва хешу таборашро биёрад ва чи
қадар, ки метавонад, барои Ленин, барои пираш гиря кунад».

Дигар чизе нагуфта ба идора даромадам. Ҳуҷҷатҳои дар
дастам бударо болои миз гузошта, хостам гӯшаки телефонро
Шрифта Р.Набиев ва ё Қ.Аслоновро бо кадом роҳе, ки бошад,
ёбам. Ҳамин дам сардори яке аз раёсатҳои вазорат Азизхуҷа
Мирзохоҷаев ба наздам даромад. Пас аз салому алейк ӯ
Пурсид

— Чаро ба ҷаласаи Шӯрои Олй нарафтй?

— Чй хел ҷаласа? — ҳайрон шуда пур^сидам.

-— Ҳозир Сияршо Шоевро дидам. (Сияршо Шоев ва дода-
ращ 29 июли соли 1993 бо дастони намояндагони ба истилоҳ
Фронти халқй парронда шуданд). — У бо шитоб ба сӯи бинои
Шӯрои Олй мерафт. Ӯ гуфт. ки соати ҳашт ё нӯҳ ҷаласаи
^Йринавбатии Шӯрои Олй оғоз мешавад.

Медонистам, ки аз рӯи ахбороти В Абдусамадова ҷаласаи
^Йринавбатй баргузор мешавад. Вале дар ин соати саҳар?
ffilpfe хилофи қонун буд. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ин корро бе
АСЛИДДИНИ СФҲИБНАЗАР



сувҳи СИТОРАКУШ

ризогии худи Шӯрои Олй кунад.

Ҳангоми ба идораи Шӯрои Олй дохил шудан дидам, ки
байрақи Тоҷикистон поён фароварда шудааст ва дар бараш
латтаи сиёҳ кашида шуда буд.

Ба маҷлисгоҳ даромадам. Он аллакай ба кор омода буд,
вале аз намояндагони мардумй касе наменамуд. Пас сӯи
идораи раис равон шуда, хостам
назди Қ.Аслонов дароям. Вале
котиба гуфт, ки он кас дар
маҷлисгоҳи Шӯрои Вазирон
ҷаласаи Раёсати Шӯрои Олиро
мегузаронанд.

Лаҳзае, ки ман мехостам боло
бароям, дар назди Шӯрои Олй
ду автобус истод ва аз он қариб
60-70 нафар одам берун ома да,
ба тарафи даромадгоҳ равон
шуданд. Онҳо асосан намоян-
дагони вилояти Ленинобод бу-
данд. Ҳамаи онҳо бо сардории
муовини раиси вилоят Маъ-
руфҷон ОрисЬов — хохарзодаи
ДСДИДДИНИ С0ҲИЕНДЗЛР (169J_____________сувҳи ОИТОРАКуш

р.Набиев ба ошёнаи сеюм баромаданд.

Ман ҳам аз паси онҳо боло баромадам. Роҳравон ба М.Ори-
фов наздик шуда- салом додам ва пас пурсидам:

£ — Чаро имрӯз намояндагони мардумИ ин ҷо ҷамъ
щудаанд?

У аз ин суоли ман дар ҳайрат монда гуфт:

— Акои Аслиддин, Шумо намедонед, ки дар Душанбе чй
ҳодисаҳо рӯй дода истодааст? Уволаки Ленин чй гуноҳ дошт,
ки нисбати ӯ чунин рафтор кунанд? Рости ran намедонам,
ки ин муллоҳо чй мехоҳанд. — Ман ба ҳаяҷони ӯ эътибор
надода ва чизе нагуфтам. Мо ба маҷлисгоҳ ворид шудем.

Дар маҷлисгоҳ қариб 50-60 намояндаи мардумӣ буд. Боз
ҳамин қадар вориди маҷлисгоҳ шуд. Аксарият ҷой шрифт
ва ман дар қатори онҳо дар поён нишастам. Дар Раёсат
ҚАслонов, С.Кенҷаев, Усмонова, Назаршоев ва якчанд нафа-
ри дигар буд. Дар қатори онҳо Адолат Раҳмонова, Ш.Шаб-
долов низ буданд.

Ришта и суханро С.Кенҷаев ба даст шрифт. Вай иброз кард,
ки аксарияти ҳайати Раёсати Шӯрои Олй ҳозиранд, бинобар
ин метавонем ба кор cap кунем.

Қадриддин ягон ҳарфе ба забон наовард. Вай гӯё дар ин
ҷамъомад ширкат надошт.

С.Кенҷаев ба суханаш идома дод:

— Шумо медонед, ки дар ҷумҳурй чӣ ҷиноят содир
шудааст? Як гурӯҳ муллоҳо ба номи «муқаддаси» Ленин ис-
нод оварда, пайкараи ӯро аз пой афтондаанд. Ин амал бо
Мадади Раис ва ҳамфикронаш ба иҷро расидааст.

С.Кенҷаев суханашро ба итмом нарасонда, А.Раҳмонова
ба ran даромад.

Ман дар ҳайрат шудам. Чаро А.Раҳмонова ва Ш.Шабдолов,
Н.Дӯстов, Х.Шарифов, ки узви Раёсат нестанд, дар инҷо ни-
Шастаанд? Чаро маҷлисро Раис нею С-Кенҷаев бурда
йстодааст? Раисро ҳоло аз мансаб сабукдӯш накардаанд. Ин
УМуман мувофиқи регламента Шӯрои Олй як навъ қонун-
•Ойканӣ буд. Аз ин рафтори онҳо худдорй карда натавониста
аз Ҷоям хеста, ррст ба минбар рафтам ва аз касе сухан напур-
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

_____ СУБҲИ СИТОРАКуід

сида, иброз намудам, ки аввало курсии Раёсатро ҷанобц
Ш.Шабдолов, А.Раҳмонова, Н.Дӯстов ва нафарони ба он аъзо
набуда, холй кунанд. Сониян С.Кенҷаев ҳоло Раис нест ва
ҳуқуқи маънавии бурдани маҷлиси Раёсати Шӯрои Олиро
надорад. Ин ҳуқуқ фақат мувофиқи қарори парЛумон ба
Қ.Аслонов мансуб аст. Агар Раис мувофиқи ҳамин қарори
парлумон касеро мутасаддй карда бошад, ин дигар ran. Ва
комилан бовар дорам ин ҳуқуқро ба шумо — С.Кенҷаев то
имрӯз касе надодааст. Шумо мутасаддӣ нестед. Ман аз
ҳамагон илтимос дорам, ки барои шикастани пайка рай Ленин
ин қадар фигон накунанд. Дар асл ягон кори ғайримуқаррарй
нашудааст. Гарчанде ман ҳам тарафдори бо ин тарз
шикастани пайкара нестам, аммо ғавғое, ки шумо имрӯз меан-
дозед ва қисман ба он ҳатто шомил гаштаед, сари миллатро
мехӯред. Мардумро ба ошӯбҳои аз ин ҳам калону сангин
оварда мерасонед. Илтимос аз шумо, худдорй кунед.

Депутатҳои мӯҳтарам. Маҷлиси Раёсатро пӯшида эълон
мекунам. Идомаи онро дар қасри Шӯрои Олӣ мегузаронем.

То ин лаҳза А.Рах?ѵюнова, Ш.Шабдолов, Н.Дӯстов, Х.Ша-
рифов Раёсатро тарк карда буданд. Қ.Аслонов пас аз ин
рафтори дағалу ғайриқонунии
ман қадре ба худ омада, аз ҷояш
хест. Пас аз ӯ дигарон низ аз-*щ
хеста аз маҷлисгоҳ берун баро-
мада, ба сӯи маҷлисгоҳи Шӯрои
Олй равон шуданд.

Қисми намояндагони мардумй
аз ин рафтори ман дар мулохуіза
буданд, қисми дигарашон чизе
нафаҳмида, маҷлисгоҳро тарк
мекарданд.

Қ.Аслонов сиркаеро мемонд,
ки рамаи гӯсфандон аз қафояш
ҳаросида пеш мерафтанд. Аз
чапу рост ва аз қафои ӯ ман-
сабдорони коммунист ба сар-

Қадриддин Асланов -
қурбонии досисохои д;изби
коммуниста
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗЛР

сувҳи СИТОРАКуш

варии С.Кенҷаев даву тоз мекарданд. Ин рафтори онҳо подай
қатала задаро мемонд. С.Кенҷаев бо тамоми овоз дод зада
мегуфп

— Ҳоло истед!

Ман ба ӯ наздик шудам ва аз рӯзи шиносоиям бори аввал
ба ӯ гуфтам:

— Ту аблаҳ! Ленин додои ту ҳаст, ки ин қадар фигон
мебардорй?

У ба гуфтаи ман бо таҳдид ҷавоб дод:

— Сонй тӯя ман нишон медиҳам, — гуфту аз қафои
Қ.Аслонов давид.

Ман аз худо илтиҷо мекардам, ки Қ.Аслонов ба ягон бемо-
рие гирифтор шавад, то шӯришгарон натавонанд ба мақса-
дашон расанд. Бо ҳамин андеша ман бегоҳй ва саҳарии бар-
вақт ӯро ҷустуҷӯ кардам. Мехостам ӯро пайдо карда гӯям,
ки худро «касал» кунад, ба маҷлис наояд. Шӯришгарон мета-
вонистанд як-ду рӯз истодагарй кунанд ва албатта ба мақсад
намерабиданд. Ва ба ин васила пеши роҳи табаддулот
шрифта мешуд. МутаассифОна барои ин аллакай дер шуда
буд. Ягона имконият ба Р.Набиев гуфтан лозим буд, ки ӯ аз
мансаби Раиси Шӯрои Олй, иҷрокунандаи вазифаи Раиси
ҷумҳурй то интихоботи умумихалқй даст кашад. Бигузор
касе хоҳад, раис шавад. С.Кенҷаев, Н.Ҳувайдуллоев, А.Ис-
кандаров, вале ба ҳеҷ ваҷҳ Р.Набиев нашавад. Р.Набиев бояд
ба тарзи умумихалқй, бе иштирок дар «делои Ленин» ва ё
демократҳо тоза ба интихоботи Раиси ҷумҳурй равад. Ман
аз маҷлисгоҳ ба даромадгоҳи ошёнаи якум фаромада, аз
дарбон пурсидам, ки Р.Набиев надаромадааст. У дар ҷавоб
гуфт, ки Р.Набиев худи ҳозир аз даҳлези маҷлисгоҳ ба рӯи
ҳавлй баромад.

Дар рӯи ҳавлии қасри Шӯрои Олй ӯ бо Н.Ҳувайдуллоев
Ғ.Орипов, Р.Абдураҳмонов ва чанде дигарон сӯҳбат дошт
Ман ба сӯи онҳо равон шудам. Р.Набиев авзои маро беҷо дпр
ва дасти Н.Ҳувайдуллоевро дошта, аз дигарон дур шуд вг
пас аз салому алейк гуфт:
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

— Аслиддин, тинҷй-мй? Мегӯянд, дар маҷлис ту ҳамаро
дашном додӣ.

Ман худдорй карда натавониста, гуфтам:

— Раҳмон Набиевич, агар Шумо ба таклифи касе розй
шуда, мансаби Қ.Аслоновро ишғол кунед, ҷиноят еодир
мекунед. Ягона илтимоси ман ҳамин, ки ба ин игво розй
нашавед.

— Чй хел иғво? — гуфт Р.Набиев, гӯё дар ҳайрат монда.

— Шикастани пайкараи Ленин иғвои ҳизб, иғвои
коммунистон аст, — гуфта илова намудам ман.

— Чй тавр иғво?'Кандани пайкараро кй мехост? Қ.Аслонов,
Б.Каримов, ҷӯраат И.Ҳаёев ва ё ту? Не. Ба касе халал наме-
расонд. Вале корд аз устухон гузашт.

— Мо гунахдор набошем шуд. Имрӯз барои мо оромии
ҷумҳурй ва ғалабаи Шумо дар интихоботи оянда зарур аст.

— Май чй гуноҳ дорам, ки ту ба ман ин тавр мегӯй?

— Шумо гуноҳ надоред, аммо ҳоло дар ҷаласа даъвои
райей кунед, пас албатта гуноҳ не, балки ҷиноят содир
мекунед.

Ин суханони ман ӯро музтар карданд. Хеле хомӯш монд.
Аз афташ гуфтаҳои маро мулоҳиза мекард. Пас аз фурсате,
гӯё чизе нашуда бошад, ба ман рӯ оварда гуфт:

— Не, Аслиддин, не. Ман чизеро намедонам. Ягон мансаб
ҳам гирифтанй нестам.

Н. Ҳувайдуллоев оҳиста ба тарафи мо омада, пас сухани
ӯро тақвият дод:

— Раҳмон Набиевич, бо ин тарз рӯи мансаб омаданй
нестанд.

— Ҳаёт худаш довар хоҳад гашт, кй ҳақу кй ноҳақ аст, —
гуфта аз онҳо дур шудам.

* * *

Бе ягон тағйирот соати даҳи пагоҳй ҷаласаи Шӯрои Олй
баргузор гашт. Дар кори Шӯрои Олй 189 намояндаи мардумй
ширкат доштанд.

Ҷаласаро Қ.Аслонов оғоз намуда, ҳодиеаҳои дар рӯзҳои
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

охир ба вуқӯъ пайвастаро шарҳ дод. Вале С.Кенҷаев, А.Раҳ-
монова, Б.Усмонова, Ш.Шабдолов, Ҳ.Табаров, Ш.Султонов,
Р.Мӯсоева ва як гурӯҳи «Старая гвардия» дар назди мик-
рофонҳо еаф кашида, мехостанд сухан кунанд. Вале ба гапи
бисёр вақт ҳам нарасид.

Қ.Аслонов, ки Ленинро «падархонд» медонист, ба «гуно-
ҳаш» иқрор шуд. Иброз намуд, ки «кулоҳи мономах ба ӯ
вазнин аст». «У гуноҳ содир кард». Ин гуноҳро ба ӯ ҳизби
Ленин бор карда буд. Ва ӯ чй тавр метавонист не гӯяд, ки
гунаҳкор нест. Аммо ӯ агарчи медонист ҳам, намегуфт, ки
Ленин ба мулло душмани абадист. Ленин ҷинояткори ашад-
дист. Пае шикастани пайкараи ҷинояткор ҷиноят ҳисоб

Інамешавад.

Сардафтари адабиёти шӯравии рус Максим Горкий дар
хотираҳояш чунин овардааст. «... Шакли мугулонаи Ленин...»

Дар ҳақиқат Ленин ба авлоди Чингизхон хешу таборй доигг
ва дар ҳақи миллати мо аз ин хунхор камтар бедодгарй
накардааст.

Чингизхон шаҳру деҳаҳои ободро вайрон кард, ҳазорон
ҳазор мардумро ба қатл расонд, вале маърифат ва маданияти
миллй, алифбои моро дигар накард. Модари тоҷик боз фар-
занд ба дунё овард. Фарзандони ӯ мулкҳои ноободи аҷдодии
худро аз дигар обод карданд. Маънавияти ҷовидонаи миллии
мо боз ин диёрҳоро рушду нуму бахшид.

Ленин деҳотро зоҳиран вайрон накард, гӯё мехост онҳоро
боз ҳам хубтар бисозад, вале ӯ бо тафаккур ва алифбои худ,
ноаён ва сипоҳона алифбо ва тафаккури миллии тоҷиконро
тавонист барбод диҳад. Миллати тоҷикро бефарҳанг сохта,
эътибори онро ба эътибори қабилаҳои кӯчй баробар кард.
Ҳакиме гуфтааст, ки кушандаи тафаккур ва маънавияти
Миллй — гунаҳкор ва ҷинояткори ашаддитарин аст.

Дар таърихи башарийт ҷинояткороне, ки сарвари давлат
Шудаанд, кам набуданд ва имрӯз низ чунин роҳбарони
Ҷинояткор дар сари қудрат ҳастанд. Вале мусаллам буд, ки
то номи «доҳии пролетарҳои ҷаҳон» гирифтанаш, Ленин ва
Ҳизби ӯ як навъ ҷинояткор буданд.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗАР

сувҳи ситорлкуш

«Дар солҳои ҷанги Якуми Ҷаҳон — навишта шудааст дар
тарҷумаи ҳоли Володя Улянов. — Ҳизби болшевикй бо
сардории Ленин ливои интернационализми пролетариро
баланд бардошта, Интернационали II -ро фош карда, шиори
ба ҷанги шаҳрвандй табдил додани ҷанги империалистиро

ба миён гузошт».
Наход шахсе, ки
мехоҳад миллати
худ, русҳоро аз
ҷанги ҷаҳонӣ бе-
рун ораду ин ҷанг-
ро дар байни
қавмҳои худ cap
кунад, доҳй ша-
вад? У чй тавр
доҳй будааст, ки
бародарро бо ба-
родар ҷанг ме-
андозад?

Ин суханонро аксарият медонистанду медонанд, аммо касе
қудрати ибрози онро надошТ. Чунин сохторе, ки Ленин онро
таъсис дода буд, асосаш ҷиноят, таъқиби инсон, алалхусус
инсони доро ва бофарҳанг буду бас.

Имрӯз, ки дар Тоҷикистони азизи мо, ҷанги бародаркушй

Р.Мӯсоева - саодати хаётро 6е нури хиради
В.И.Ленин тасаввур карда натетавонад.
дСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

давом дорад, ин бар асари ҳамон ҷинояти Ленин аст, ки 8G
сол пеш мардумро ба хунрезй даъват карда буд ва пас аз
табаддулоти соли 1917 нияташ амалӣ гашт.

Брри аввал ибораҳои «Терори сафед», «Терори сурх» аз
забони Ленини «дох#» эҷод шуданд. Онро И.Сталин идома
дод. И.Сталин гуноҳ надошт, ки пири ӯ, пири тамоми
коммунистони дунё — Ленин, ҷинояткор буд. Ва яқин, ки ин
суханонро Қ.Аслонов гуфта наметавониет, намедонист ҳам.

Ин Володя, Ленин ҳеҷ гоҳ Илич Улянов ном падар надошт.
Илич бо Володя ливотагарй мекард. Падари Володя то ҳанӯз
маълум нест, ки чй ном дорад. Танҳо як чиз равшан аст, ки
бародари калони ӯ — фарзанди шоҳзода Александри III буд,
аммо дигар хоҳару бародарони вай мисли худи ӯ бе никоҳи
қонунй, яъне ҳаромзода ба дунё омадаанд. Аз зани ғар
фарзанди солим ба дунё нахоҳад омад. Аз зани rap, rap ба
дунё меояд, зеро авлодаш rap аст, мегӯяд халқ.

Қ.Аслонов мисли дигар шогирдони Ленин — В.Воҳидов,
ПШІабдолов, АРаҳмонова, Ҳ.Табаров Ленинро барои он дӯст
медошт, ки сурати Ленин дар кисаи онҳо аз дуздй пур шуда,
шарора медод, хонаю дарашонро обод сохта буд.

Ман ки дар нохуіяи Ленин ба дунё омадам ва монанди
Дигарон пионеру комсомол ва коммуниста ленинй будам, ҳар
Рӯз ба ҷои дуои хайр дар ҳаққи гузаштагону бузургон, «Ленин
зинда бод», — мегуфтам. Ленинро аз муллоҳо аз мадорис,
ки аз Ленину авлодаш, аз шогирдони зиндаи ӯ ҳазорсолаҳо
Кӯҳану воло буданд, авлотар мех^іеобидем. Албатта наме-
Донистанд, надида буданд, ки аз Ленин бузургтару авлотар
Дар дунё шахсиятҳо кам набуданд. Аз ин ваҷҳ дар назди
Дайкари «Доҳии пролетарҳо» — кулоҳи давлата тоҷикро
Дартофтанд, то ки дигар шогирди Ленин — Р.Набиев онро
^ардорад.

Вақте ки Қ.Аслонов истеъфо дод, табаддулота коммуниста

Рохл демократа ба миён омад. Парлумон барои амалй
^Дггани нақшаи кашидаи худ дасту остан барзад.

Камина умед доштам Р.Набиев ҳеҷ гоҳ ба ин игво наме-
*1®ЬаД. «Наход ӯ то ҳол чизеро нафаҳмида бошад? Охир, дар
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ ОИТОРАКуЦ]

муддати ниҳоят кӯтоҳ ҳамин алянси кбммунистон, ҳамин
парлумон ду маротиба номзадии ӯро дастгирй накард. Афсӯс
мехӯрам, ки Р.Набиев табцатан боз беномус ҳам будааст. Мо
ба девори шикаста такя карда будаем ва ин девор аз вазицщ
бод чаппа шуд».

Чун фурсат ба пешниҳоди номзадҳо ба мансаби Раиси
Шӯрои Олй, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ҷумҳурй расид,
аввалин касе, ки сухан пурсид ва номзадии Р.Набиевро
пешниҳод кард, Н.Ҳувайдуллоев буд.

— Ё тавба! Як бому ду ҳаво.

Вақте ки ин сатрҳоро менависам, ҳеҷ гоҳ аз ёдам суханони
шодравон Н.Ҳувайудуллоев намебарояд, ки дар хонаи дӯстам
Шарифзода, дар ноҳияи Кофарниҳон гуфта буд:

— Аслиддин! Мо бояд тамоми корро кунем, то ки қотилони
ҳодисаҳои февралиро ёбем. Дар акси ҳол, Тоҷикистон тинҷ
намешавад.

Дар ҷавоби ин сухан ман ба ӯ иброз намудам:

— Қотилонро ёфтан коре аст осон. Агар мо тавонем, ки
рафтору гуфторамонро як кунем, ин гапи дигар. Имрӯз ӯ
дар қайди ҳаёт нест, вале рӯҳаш зинда аст. Ҷояш ҷаннат
бод! Худораҳматй рафтору гуфторро натавонист як кунад
ва дар натиҷа гирифтори ҳамин дудилагй гашт.

Ман нисбати шодравон Н.Ҳувайдуллоев ҳоло дар ин китоб
чанд сухан хоҳам гуфт. Аммо равшан аст, ки Н.Ҳувай-
дуллоевро ҳеҷ гоҳ «дӯстонаш», ки Р.Набиевро дар бозй
дароварданд, бахшида наметавониетанд. У ба дасти кӣ кушта
шуд? Ин чиз равшану возеҳ аст. Вале ӯ ба кй халал мераеонд
ва чаро ҳизбиён намехостанд он чиро, ки вай медонист,
дигарон ҳам донанд?

* * *

Номзадии Р.Набиевро НДӯстов, Ҷ.Муродов ва чанд вакилй
мардумй тарафдорй карданд. Баробари Р.Набиев номзадйй
ман ҳам ба таклифи намояндаи мардумй Шоҳраҳматуллое»
ба ҳайси Раиси Шӯрои Олй, иҷрокунандаи вазифаи Раисй
ҷумҳурй пешниҳод шуд. Бори дигар надоштани таҷриба*1
АСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗЛР



СуБҲИ СИТОРАКѴШ

Нуруллох Ҳувойдуллоев

сиёсй ва ниҳоят қадр накардани
мансаб дар ин давраи басо ҳассос,
ба фикрам, ба ман даст надод, ки
ин бозиро ба манфиати умум ҳал
кунам. Ба ҷои «не» гуфтан номза-
дии С.Кенҷаевро пешниҳод мекар-
дам. Он гоҳ се номзад довталаб
мешуд. Р.Набиев, С.Кенҷаев ва А.
Соҳибназаров. Ва мусаллам буд,
ки С.Кенҷаев ҳеҷ гоҳ мисли ман
аблаҳй намекард, ки номзадиашро
J пас гирад. Баръакс, ҳамаи даву
^ този ӯ ба рои худаш буд, на ба рои

Р.Набиев. Аз ин лиҳоз қариб 60-
7 0 вакили мардумй ба тарафдории
С.Кенҷаев, 50-60 нафар ба тараф-
дории ман ва қариб ҳамин қадар ё 5-6 нафар зиёдтар ба
тарафдории Р.Набиев овоз медоданд. Даври аввал ба фоидаи
Р.Набиев ва С.Кенҷаев ҳал мешуд. Он гоҳ дар даври дуюм
нафароне, ки ба тарафдории ман овоз дода буданд, аксаран
ба тарафдории С.Кенҷаев овоз медоданд. Ва ҳамин тавр
С.Кенҷаев дар бозй ғалаба ба даст меовард.

Амалан Р.Набиевро кам/касон тарафдор буданд. Баробари
ин С.Кенҷаев, ки дар сари маъракаи ин бозиҳо нишаста буд,
ба зудй ва ба хубй дарк намуд, ки Н.Ҳувайдуллоев ба ӯ
«шӯхӣ» кард. Қартаи С.Кенҷаев бо дасти Н.Ҳувайдуллоев
зада шуд.

Бе шакку шубҳа медонистам, вале ҳиссиёти шахсй нисбати
ӯ гарм буд ва имконият намедод, ки чунин рафтор кунам. Ба
бозиҳои онҳо рангу тоби дигар андозам. Ин калонтарин
Ицггибоҳ буд.

Бояд тазаккур дод, ки дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои Олй,
Вақте ки Қ.Маҳкамов ба мансаби додситони кулли ҷумҳур
Почомуллоевро пешниҳод кард, ману Н.Ҳувайдуллоев ва
С.Кенҷаев қарор додем, ки номзадии С.Кенҷаев ва Н.Ҳу-
Вайдуллоевро баробар бо номзадии Почомуллоев мегузорем.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкущ

Ман ба Н.Ҳувайдуллоев гуфтам:

— Мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ Шумо тахминан 80
овоз ва С.Кенҷаев 70 овоз мегиред. Овозҳои боқимондаро По-
чомуллоев мегирад. Дар ин ҳолат ҳардуи шумо ба даври
дуюм мегузаред. Шарт ҳамин: дар даври дуюм шахсе, ки
кам овоз мегирад, бояд номзадиашро бозхонад.

Дар шоҳидии М. Олимов, НДӯстов ва Мирзоева, С.Кенҷаев
ва Н.Ҳувайдуллоев даст доданд. Дар ҳақиқат дар давраи
якум Н.Ҳувайдуллоев 79 овоз, С.Кенҷаев 63 овоз ва
Почомуллоев 34 овоз гирифтанд. Дар ҳолате, ки даври дуюм
огоз ёфт, С.Кенҷаев бори дигар дурӯягии худро нишон дод
ва аз ахдаш гашт.

Дар даври дуюм Н.Ҳувайдуллоев 110 овозро соҳиб гашт.
С.Кенҷаев 72 овоз гирифт. Барои галаба ба Н.Ҳувайдуллоев
6 овоз нарасид. Ин таҷриба басанда буд, ки аз беаҳдии
С.КенҷаеВ «дӯстон» галаба накунанд.

Барои ҳамин агар Р.Набиев соддалавҳй намекарду то
интихобот ба сари қудрат намеомад, С.Кенҷаев барои вазифа
шуда, оянда ӯро ба гирдобҳои дасисаю иғвоҳои эҷодкардааш
намекашид ва дар Тоҷикистон мумкин чунин фоҷиаҳои
тақдирсӯз ба миён намеомаданд.

* * *

Пешниҳоди номзадии ман ва бо Р.Набиев ҳариф шуданам
барои ӯ ғайричашмдошт буд. Аксарият бовар доштанд, ки
ин иштибоҳе аст. Аз гуфтугузори қаблии ман бо Р.Набиев
кам намояндагони мардумй огоҳй доштанд.

Беҳтар мешуд ман ба намояндагони мардумй бифаҳмонам,
ки имрӯз Р.Набиевро бо ин роҳ тарафдорй накунанд. Ҳамагон
бояд донанд, ки роҳи пешгирифтаи Р.Набиев бо дастгирии
як гурӯҳ намояндагони мардумӣ хатои ҷиддист. Касонеро,
ки чунин рафтор мекунанд, дӯсти Р.Набиев гуфтан хатост.
Онҳо на дӯсти Р.Набиев ҳисоб мешуданду на дӯсти миллати
тоҷик.

Ман дар ҷаласа иброз намудам: "*

— Ба нафароне, ки номзадии маро ба ҳайси Раисц ТТТӯроИ
ДСЛИДДИНИ СОҲИЕНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКУШ

£І2>

Олй ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси ҷумҳурй дар қатори
р.Набиев тавсия карданд, сипосгузорам. Фақат гуфтаниам,
ки пешниҳоди номзадии ман зарурат надорад ва аз он даст
мекашам. Нисбати номзадии Р.Набиев ба ҳамагон, ба шумо
рамояндагони мардумй, мерасонам, ки имрӯз бо чунин роҳ
ба сари қудрат овардани ӯро нодуруст ҳисоб мекунам. Ман
Р.Набиевро хеле хуб медонам. Солҳои тӯлонй бо ӯ шиносой
дорам. Дар бисёр лаҳзаҳое, ки аз мансаб пиёда буд, ӯро даст-
гирй кардам. То имрӯз, то лаҳзае, ки Р.Набиев худро ба ин
ҷанҷолҳо, ба иғвое, ки нисбати кандани пайкараи Ленин
ҳамроҳ накарда буд, ман доимо бо ӯ будам ва розй ҳастам,
ки бо вай дар интихоботи умумихалқй номзадии ӯро барои
дарёфти вазифаи Раиси ҷумҳурй дастгирй кунам. Танҳо ба
шарте, ки имрӯз дар ин ҷаласа номзадиашро аз дарёфти
мансаби Раиси Шӯрои Олй, иҷрокунандаи вазифаи Раиси

зло равшан аст, ки дар ҷумҳурӣ аз Р.Набиев дида, дигар
шахсияте нест, ки тавонад дар муддати нисбатан кӯтоҳ чунин
обурӯ ва эътибор пайдо карда бошад. У ягона шахсест, ки
имконияти дар оянда мардумро муттаҳид кардан ва пеши
роҳи нобаеомониҳоро гирифтан дорад. Барои ҳамин зарурияте
нест, ки бо дасти парлумони коммуниста сари вазифа ояд
ва худро оянда забонкӯтоҳ кунад. То интахобота умумихалқй
Ҳамагӣ ду моҳ мондааст. Ин парлумон мехоҳад Р.Набиевро
барои мақсадҳои сиёҳи худ истафода барад. Р.Набиев санги
азимест, ки ӯро селоб овардааст. Албатта селоб ин сангро ба
Канор хоҳад баровард. Он гоҳ ин санг дар иҳотаи сангрезаву
пасафкандаҳои селоб мемонад. Албатта ин ташбеҳ аст.

Дар асл дигар накардани мавқеи идеологй Тоҷикистонро
Метавонад ба ҳодисаҳои марбут дар Гурҷистон, Югославия,
Ҳатто Афгонистон оварда расонад. Ин ҷо ran дар бораи ҷанги
гаржданй меравад. Аз ин рӯ мо бояд тоҷикон, Р.Набиевро ба
Ин роҳи марговар тела надиҳем. Илтимос, маро дуруст
фаҳмед. Ин роҳи хатост. Мумкин аксарията шумо аз нуқтаи
Иазари сиёсй таҳлил намекунед, ки чаро бисёр давлатҳои
^араққикардаи дунё мехоҳанд ба Русия ёрии амалй расонанд.

[ҳури бозгирад.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкущ

Онро аз роҳи коммунистй берун созанд. Магар ба хотире,‘ки
русҳоро дӯст медоранд? Асло не. Сабаб дар он аст, ки Русия
яке аз давлатҳои бойтарини дунё ба шумор меравад. Инчунин
дорои силоҳи пуриқтидор мебошад, вале мардумаш аксарият
дар ҳолати қашшоқй рӯз ба cap мебарад. Агар зиндагии
мардуми шӯравӣ ба зайли собиқа ҷараён гирад, он гоҳ
сармоядорони кишварҳои мутараққй ҳамеша аз ҳамлаи
қашшоқон дар таҳлука умр ба cap мебаранд.

Давлати Амрико ва сармоядорони он бо дигар давлатҳои
ҷаҳон мехоҳанд ба қашшоқони шӯравй ёрии иқтисодӣ ва
техники расонда, қисме аз онҳоро соҳиби моликият гардонанд
ва ба ин васила хатари ҷангро аз худ дур созанд. Боигарии
худро бо ин роҳ ҳифз намоянд. Мо бошем, баръакс, барои
нигоҳ доштани мавқеи идеологи шикастани пайкараро баҳона
карда, мехоҳем таваҷҷӯҳи мардумро боз ба олами қашшоқон
баргардонем.

Ин хатост. «Коммунизм — ин фашизми қашшоқон аст»,
— навишта буд Габраиел Маркес.

Мутаассифона, аз ин гуфтаҳо аксарияти намояндагони
мардум чизеро дарк накарданд. Дар натиҷа Р.Набиев 124
овоз гирифт. Қариб нисфи намояндагон ӯро дастгирй на-
карданд. Аз ин чунин хулоса баровардан мумкин: бо рафтори
беандешаи худ Р.Набиев ҷамъиятро ба ду гурӯҳ тақеим кард.
Ғалабаи қариб садфоизаи худро пеши по зада, мардумро ба
ДУ ГУРӮҲ — тарафдорон ва муқобилони Ленин ҷудо кард.

Р.Набиев, С.Кенҷаев, Ҷ.Муродов, Н.Дӯстов, Ҳ.Табаров,
Х.Шарифов, ки дар заминаи бозсозиҳо ва равандҳои де-
мократа намояндаи мардумй шуда буданд, аз маҷлисгоҳ
баромада, ба майдони «Озодӣ», ки дар онҷо коммуниетон бо
сарварии ленинчии содиқ В.Воҳидов, «дӯсти дерина»-и
Р.Набиев, гирдиҳамой мекарданд, равон шуданд.

Н.Дӯстов, ҳамсояи ман, бар курсй нанишаста, бисёр хуш-
ҳол аз он буд, ки «ғармиянҳо» — душманони ашаддии Ленин
маглуб гаштанд. Акнун ӯ бо шафоати сарвари партиявй,
ҷаҳду талоши коммунистон дар роҳи «Сохтмони коммунизм»
метавонад бемалол сохтумони хонаи навбунёди худро бэ
ДСЛИДДИНИ С0ҲИБНЛЗАР (івГ)___________СуБҲИ СИТОРАКущ

субут расонад. Ҳамаи додаронашро аз посбони осиёб cap
карда, то сард ори осиёб — агар имконият пайдо шавад, ба
идораи вазири ҳамаи осиёбҳо расонад. С.Кенҷаев бошад худро
дар мансаби раиси Шӯрои Олй, ҳеҷ набошад, прокурори
Генералй медиду дар пеши пайкараи Ленини саршикаста
ҳарзагӯй мекард ва гоҳ-гоҳ гӯё

Ленин ба мо дилдор шуд,

Бар камбағалҳо ёр шуд. —
гӯён марсия мехонд.

«Уволак Ленин, чаро ту барвақт аз дунё рафтй? Туро
ҳамин номардҳо, ҳамин муллоҳо, ҳамин демократҳо куш-
таанд, вагарна ҷамъияти ту абадй буд. Лаънат ба Горбачев,
Елсин ва дигар бозсозҳову демократҳо, ки қадри туро
надонистанд...»

Нолаю фиғон, ҳасрату гам, шиору даъват.:. Дар ибтидо
гирдиҳамой гӯё аз муттахйдии коммунистон шаҳодат медод.
Аммо пас аз ба итмом расидани ҷаласаи Шӯрои Олй аллакай
майдони доҳии пролетарҳо бе соҳиб монд. Шогирдонаш —

«Старая гвардия» ӯро тарк'карда, майдонро ба «душманони
Ленин» дода буданд.

Ин гирдиҳамой зиёда аз 15 рӯз давом карда ва даҳрӯзаи
аввали моҳи октябр ба итмом расид. Р.Набиевро маҷбур сох-
танд, ки аз мансаб равад. Акнун дар майдони «Озодй», дар
Ҷое, ки шӯришгарони коммунист меистоданд, исломиҳо ва
Демократҳо суханронй мекарданд. Рӯзи дуюм буд, ки ҷаноби
Р-Набиев савлат меронд. Лаззати мансаби ҳафт сол пеш аз
Даст додаашро мечашид. Шогирдону хушомадгӯйҳо даву тоз
Мекарданд. Чй коре кунанд, ки майдони «Озодй»-ро аз
Чсломиҳо ва демократҳо озод кунанд. Ба Р.Набиев имконият
Диҳанд, ки ӯ озодона нафас кашад, Раиси ҷумҳури шавад.
Аммо ҳамаи ин бефоида буд. Ҳаракатҳои онҳо фақат барои
аа байн бурдани аҳли майдон буд, на аз байн бурдани
^Хтилофҳо.

Ман ба ин хотир ба идораи иҷрокунандаи мансаби Раиси
^Умҳури Р.Набиев равон шудам. Дар қабулгоҳ С.Кенҷаев ва
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкущ

Ғ.Орифов нишаста буданд. Вақте ки ман вориди қабулгоҳ
гардидам, инҳо намедонам аз чй бошад, зуд баромаданд.

Аз мушовири Р.Набиев пурсидам, ки дар назди Раис кй
ҳаст. "■

У дар ҷавоб гуфт, ки Раис касеро қабул намекунад.

Ман боз гуфтам:

— Даромада ба Раис гӯед, ки Соҳибназаров талаб дорад
ва мехоҳад, ки ҳатман ӯро қабул кунед.

Хоҳиши маро рад накард. У назди раис даромад ва дар
ҳақиқат чанде пас ман ба утоқи кории вай ворид шудам.

Дар утоқи кориаш М.Орифов, муовини Раиси Ҳутсумати
вилояти Ленинобод ва собиқ раиси кумитаи назорати халқии
Тоҷикистон Баширхон Аминов нишаста буданд. Ҳар се аз
ҷо хеста, даст дода бо ман салом карданд. Баъд Р.Набиев ба
ман рӯ оварда, чун ҳамеша пурсид:

— Ҳа, Аслиддин, қалай?

Ман дар ҷавоб ташаккур, — гуфтам. ■

У ба Орифов, ки ҷиянаш буд, рӯ оварда иброз кард:

— Маъруфҷон, дина Аслиддин ким-кадом санги калон
гуфт. Ба ёдат ҳаст-мй?

Маъруфҷон Орифов маро хуб медонист ва мефаҳмид, ки
ин шӯхии Р.Набиев ноҷо аст ва гапро ба дигар тараф тоб
дод.

— Не, ако. Аслиддин Шуморо бисёр эҳтиром мекунад. Ин
кас дигар чизро дар назар доранд.

— Хайр, чй будааст? Ҳамон ҷӯраатон Армен ё арменин
боз ягон хабари нав расонд?

Ман бахубй дарк кардам, ки аз сирри ба Р.Набиев гуфтаам,
худи вай пеш аз ман хабардор будааст. Ва ӯ ба ин игво
бечунучаро шарик аст ва агар хато накунам, ҳатто сарварИ
ин дасисаҳо мебошад.

Вале ман дигар хел тарбия ёфта будам. Барой ман оромии
Тоҷикистон аз ман сабу эътибори хасакии ҳамагон болотар
меистод. Пас Р.Набиев хоҳад ё не, як бори дигар дар рӯ ба
рӯяш масъалаи аз мансаб рафтанро мегузорам ва виҷдонИ
худро дар назди мардум аз азобу шармандагй пок медораМ
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

[ — Раҳмон Набиевич, ана ин ду намояндаи мардумй шоҳид:
ҳардуи онҳоро медонам. Шумо ҳам ману ин ду касро меши-
восед. Бори дигар аз Шумо илтимос дорам. Биёед ҳамроҳи
ман ба майдони «Озодй» равем. Ман кафили бехатарии шумо
хоҳам шуд. Дар майдон шумо ба мардум муроҷиат карда
мегӯед, ки «ман Р.Набиев' аз мансаби Раиси Шӯрои Олй,
■ҷрокунандаи вазифаи Раиси ҷумҳурй ба хотири тинҷй ва
оромй ба истеъфо меравам. Ин ба шарте ки майдонро ҳама
тарк кунанд.» Баробари ин дар майдон Шумо иброз мекунед,
ки дар интихоботи умумихалқии Раиси ҷумҳурй 24 ноябр
дамчун номзад ва А.Соҳибназров ноиби Раиси ҷумҳурй бо
шумо иштирок мекунад. Бори дигар кафилам, ки ин хубтарин
имконият аст. Илтимос, ҳамин. лаҳзаро аз даст надиҳед. Дигар
чунин имконият намешавад. *

Р.Набиев суханамро набурида, ҳамроҳи мехмононаш гӯш
кард, вале сонӣ гуфт

I — Пагоҳ соати нӯҳ биёед, ин масъаларо ҳал мекунем.
р Ман дар ҷавоб чизе нагуфта, аз идора баромадам.

Дар ошёнаи якуми Шӯрои Олйбо президента Академияи
улуми Тоҷикистон С.Неъматуллоев тасодуфан вохӯрдам.

Пас аз салому алейк ӯ иброз кард:

I — Хуб шуд, ки ман шуморо дидам. Роста ran, ман дар
суроғи шумо будам.

Ман бо ин олими намоёни тоҷик чандон шинос набудам,
аммо шахсияташро зиёда эҳтиром мекардам.

Хуб медонистам, ки ӯ чеҳраи шинохтае аст дар олами
Улуми шӯравй ва ҷаҳон. Ман аз ӯ ва ба ӯ монанд олимҳои
тоҷик фахр доштам.

— Аслиддин, ман баромади шуморо дар ҷаласаи Шӯрои
Олй шунидам. Кӯшишҳои шумо арзанда аст. Дар ҳақиқат
Рафтори нодуруста ҳарду тараф хоҳу нохоҳ тоҷиконро ба
Ф°Ҷиаи калоне оварданаш мумкин. Таклифи ман низ ба
Четифодаи ҳамин ақида иборат аст. Шумо бояд ҳатман бо
Р-Набиев ҳамроҳ шавед. Розигии худатонро ба ҳайси номзад
ноиби Раиси ҷумҳурй бо Р.Набиев диҳед.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуіЦ

Ман ба суханони ӯ гӯш дода, баъд гуфтам:

— Устод, худи ҳозир ман аз идораи Р.Набиев баромадам.
Рости ran, бо ҳамин таклиф ба назди он кас даромада будам.
Дар воқеъ ӯ хоҳиш кард, ки пагоҳ соати нӯҳ биёям.

— Чаро пагоҳ? Ин масъала бояд худи ҳозир ҳалли худро
ёбад. Дар акси ҳол дер мешавад. Пагоҳ не. Пагоҳ дер мешавад.

— Намедонам. Мебинам, ки Р.Набиев аз ин галабаи якрӯзаи
худ дар куртааш намеғунҷад.

Вақте ки мо ба ҳавлии Шӯрои Олй баромадем, аз майдони
«Озодй» садои «Набиев ба истеъфо!» ба гӯш мерасид.

Устод ин суханонро шунида, асабй шуданд ва боз иброз
намуданд:

— Ман ягон роҳе ёфта, мақсади шуморо ба Р.Набиев, ло-
ақал ба воситаи одамони шинос мерасонам. Пагоҳ соати нӯҳи
рӯз бо шумо дар ҳамин ҷо вомехӯрам.

Пас аз ин гуфтаҳо мо хайру хуш намуда ҳар кадоме ба
роҳи худ рафтем.

Рӯзи дигар соати нӯҳи саҳар мувофиқи ваъда ба идораи
Р.Набиев омадам. Вале дар он ҷо касе маро интизор набуд.

Ёрдамчии ӯ арз кард, ки дар назди Р.Набиев директорони
заводҳои нони Душанбе нишаетаанд. Сӯҳбати онҳо кай тамом
мешавад, номаълум.

Ноилоҷ мунтазир шудам. Ақрабаки соат ба ёздаҳ наздик
мешуд. Аммо аз идораи Р.Набиев касе берун намеомад.

Аз чунин сурат гирифтани ҳол дилтанг туда, ба ёрдамчии
Р.Набиев гуфтам:

— Даромада гӯед, ки ман аз соати нӯҳ инҷониб интизорам-

Вай сухани маро ду накарда даромад ва пас аз баромадай

гуфт:

— Имконияти сухан кардан нашуд. У бо ВЧ ran мезанаД'

Ман дигар ҳарфе нагуфта, ба остонаи идораи Р.Набиев

наздик туда дарро кушодам ва бе иҷозат ба назди ӯ равоН
шудам.

У маро дида хеле мутаассир шуд. Вай на маҷлис допггУ
на бо телефон ran мезад. Ҳамроҳи раиси Иттиҳодияи заводХ01*
нонпазй ва директори заводи нони рақами яки шаҳр^
АСЛИДДИНИ 00ҲИЕНЛЗАР Ql85j)_______сувҳи ОИТОРАКуш

К Душанбе нишаста дар ким-кадом хусуе сӯҳбат мекарданд.

Ёрдамчии Р.Набиев низ аз паси ман даромад. Вале чун
Р.Набиев:

— Ҳа, Аслиддин, дароед, — гуфт, ӯ ба қафо гашт.

Р.Набиев ба ман таклифи нишастан накард ва ман дар рӯ

ба рӯяш тахминан дар масофаи якуним-ду метр рост
меистодам.

У бе салому алейк аз ман пурсид:

— Ҳа, тинҷӣ-мй?

Ман дар ҷавоб гуфтам:

— Мувофиқи ваъдаи дирӯза ман аз соати нӯҳ дар ин ҷо
нишастаам. Ҳоло соат ёздаҳ.

[ — Кадом ваъда?

Боз ҳамон Р.Набиев. Боз ҳамон рафтор. На чизе зиёд, на
чизе кам.

Ман бо хубй пайхас кардам, ки ӯ худро ба нодонй мезанад.
Р.Набиев одаме буд, ки ягон гапро аз хотираш намебаровард.
Сари ӯ аз гапу гуфтаҳои майда-чӯйда пур буд. Бадбахтона,
шояд ҳамаи ахбороти даркору нодаркор ба мағзи ӯ имконият
намедод, ки онҳоро таҳлил кунад, хулоса барорад.

Аз чунин муносибати Р.Набиев ба хубй ҳис кардам, ки ба
таклифи ман аллакай «не» гуфтааст. Ва маҷбур шудам ба ӯ
Гӯям:

— Ташаккур, Раис. Ҳисоб мекардам, ки Шумо ғалаба ку-
нед. Тоҷикистону тоҷикистониёнро ба оромию осоиштагй
баред. Дӯсту душманро оштй доронед. Мутаассифона хато
кардам. Саломат бошед, — гӯён ба сӯи дар равон шудам. Ба
Дар наздик нашуда, ӯ овоз баровард:

— Аслиддин, ту не гуфтй. Пас киро тавсия мекунй?

Фаҳмо. Гап нисбати мансаби ноиби раис мерафт.

Ба меҳмонҳо нигоҳ карда, «Намедонам» гуфтам.

У боз пурсид:

-—Ба фикри ту ҷӯраат Нарзуллох (ӯ Дӯстовро дар назар
Дощт) чй хел аст?

Ман хостам ба ӯ нафрин гӯям, вале худдорй карда:

-— Беҳтарин номзад. Дар ҷумҳурй аз ӯ «бузургтар» касе
АСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗЛР

сувҳи СИТОРАКУШ

нест, — гуфта баромада рафтам.

Чунин ҳисоб мекунам, ки дар компютери Р.Набиев ин
гуфтаҳои камина «Дӯстов беҳтарин, бузург» ба таври абадӣ
монд. Ба ҷуз ин дигар чизе дар майнааш ҷо намегирифт.

Рӯзи дигар бо президента Академияи улум С.Неъматул-
лоев вохӯрдам ва тафсилота вохӯриро бо Р.Набиев гуфтам

Вай садҳо афсӯс хӯрд, ки Р.Набиев хато содир кардааст.

— Мо бояд роҳи ҳалли дуруста ин корро ёбем, — гӯён бо
ман хайру хуш кард.

Бо ҳамин ман бо ин олим дигар вонахӯрдам. Ва ҳоло ҳам
барои ман равшан нест, ки ӯ дигар чӣ кӯшише кард. Аммо
маълум мешуд, ки ӯ ҳам шикаста миллатро аллакай дарк
карда буд.

Дар майдони «Озодй», дар зери барфу борон ҳазорон одам
шабу рӯз суханронй мекарданд. Кинаву адоват нисбати
сохтори коммуниста, андешаву амалҳои бунёдсӯзи Ленин
чунон баланд буд, ки нотақон соатҳои дароз сухан меронданд.
Ин еуханрониҳо ҳаққонй ва пурмӯэ^гаво буданд.

Ба ман муяссар шуд, ки аз он баромадҳо гузориши Мавлон
Фазлиддинро пешкаши шумо кунам:

«Болшевикон, ки бесавод ва бесалоҳият буданд, дар
бозиҳои сиёсии хеш доиман мардуми аз ҳама ҷиҳат оддй ва
табақаҳои қашшоқтарини онро истафода мебурданд. Ва ҳоло
ҳам, набераву абераҳояшон, ки дар ақидаи онҳо содиқ
мондаанд, ин усули бобоҳояшонро дар қаламрави Тоҷикистон
идома медиҳанд. Системаи қалбакии сохти социалиста»
болшевикҳо, аз ибтадо то интаҳо бе маъниву бемантиқ буда,
бо фоҷиаву хунрезиҳо идома ёфта, то ҳол аз ин каҷрави»
офата сиёсй ҷомеаи ҳазорсолаи мо ба худ омада наметавонаД.
Ин система маҷбур сохт, ки мардум забон, таърих, фарҳанг,
дин, урфу одатҳои қадима, идҳои хешро фаромӯш кунанД-
Онҳо алифборо тағйир доданд. Ба исми шарифи мардум «ов»-
у «евх-тро ҳамроҳ карда, ^рури миллии тоҷикро ба замин
заданд. Онҳо мактабҳоро «кӯҳна» гуфта, вайрон кардаНД.
масҷидҳоро оташ заданд, мадрасаҳоро ба хок яксон намуданД-
ДСЛ И ДД И НИ С0ҲИЕНАЗАР (j87)________СуЕҲИ ОИТОРАКущ

Дар соли 1925 миллионҳо нусха асарҳои Рӯдакй, Фир-
I давей, Ибни Сино, Умари Хайём, Ҳофизу Саъдй ва Камолу
Ҷомиро дар қатори дигар асару рисолаҳо «китобҳои динй»
■ -—гӯён оташ заданд.

Ҳоло баъзе маълумотҳо ҳастанд, ки ин гуна китобҳоро
дар майдони ҳозираи «Озодй» низ сӯзондаанд.

(Аз тарафи дигар дар деҳаҳои баландкӯҳи дурдаст бачаҳо
китобро надидаанд. Мактабу беморхонаҳо сохтанд, аммо
аксари толибилмон бесаводу мактабҳо ва беморхонаҳо то ба
ҳол бе ҷиҳоз мондаанд. Дар натиҷа кор ба он дараҷа расид,
ки Тоҷикистони мо аз ҷиҳати фавти модару кӯдак дар ҷаҳон
ба ҷои аввал баромад.

Занҳоро озод карданд, вале то ҳол бо кӯдакони ширхори
хеш дар саҳро машғули заҳмати зиёданд ва ба ивази ин
меҳнати пурмашаққат як музди ночиз мегиранд. Аксари
занҳои деҳоти Тоҷикистон дар умрашон ягон боре дармон-
■ гоҳҳову санаторияҳоро надидаанд.

Заминҳоро аз дех^онҳои асил шрифта, одамони сармоя-
дору корчаллонҳоро ба Сибир бадарға кардаанд. Богу рог ва
заминҳои онҳоро ба ашхосе доданд, ки як умр на ба замин
сару кор доштанд, на ба чорво ва на ба боғу роғ.

Ин системаи давлатдории Шӯравй дар макотибу дониш-
кадаҳо ба тарбияву одобе овард, ки дар рафти таълим толиб-
илмон муаллимони худро лату кӯб мекунанд, тамоку ва
нашъа мекашанд, майнӯшй мекунанд. Нописандиву беэҳ-
тиромй нисбати муаллимону тарбиятгирон тамоми дониш-
кадаҳо, мактабҳову ҳунаристонҳоро фаро гирифтааст. Ҳамаи
ин рафта-рафта ба як фоҷиаи басо нанговари миллй оварда
Мерасонад.

Давлате, ки масъалаи дониш, ахлоқу одоб ва тарбияти
Ҳамаҷонибаи наели ҷавонашро ба роҳ монда натавонист ва
фаромӯш кард, ки давлат хароб, қашшоқ, бесаводу фалач
аст, дар ниҳоят ҳалок мегардад. Тоҷикистони мо имрӯз айнан
Дар остонаи ҳамин марх^іла қарор дорад.

Системаи социалистй муаллимҳо, духтурҳо, агроному
•Чуҳандисон, ҳуқуқдонҳо ва олимони чаласаводро ба рӯи об
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

баровард. Ва бешак таъсири он дар тамоми соҳаҳо, чй
иқтисодиёту чй иҷтимоиёт ва чй дар фарҳангу чй дар илм
барало ба чашм мераеад. Маҳз натиҷаи ҳамин буд, ки солҳои
50-70 мардуми деҳоти баландкӯҳи Анзоб, Мастчоҳу Ромит
ва Бадахшонро ба водии Вахшу Ёвон ва ба даштҳои
Дилварзин, ки ҳарорати гармиаш дар фасли тобистон ба 40-
50 дараҷа мерасад, маҷбуран муҳоҷир карда, бисёрии онҳо-
ро ба ҳалокат дучор намуданд. Ин кушторҳо ҳоло низ идома
дорад. Ва бо «шарофат»-и сиёсати ҳизби ленинй мардуми
Тоҷикистон аз бисёр чизҳо бенасиб монданд. Мардум де-
қаҳои ободро маҷбуран тарк карданд ва оқибати ин вайрон-
кориро то ҳол барқарор кардан амре гаштааст маҳол. Ин як
навъ зарбаи ҳалокатоваре буд бар зидди кишоварзй, зидди
мардуми Тоҷикистон. Ин буд сиёсати кӯр-кӯронаи роҳбарони
Тоҷикистон. Ин сиёсате, ки дар рагу пайванд ва хуни мо ҷо
гирифтааст ва ҳоло ҳам дар хираду фаҳмиши мо арзи вуҷуд
дорад. Системаи болшевикй дар қаламрави Тоҷикистон
пайравони Исломро ҳам, мисли хеш камсаводу бесалоҳият
гардонд.

Ин сиёсати бефарҳангу камсавод дар тӯли беш аз 70 сол
ба баъзе олиму муаллимҳои донишкадаҳои олии худ, то ҳол
мафҳуми «Растохез» чй мат>нй дорад, тоҷикони асил ки-
ҳояндро нафаҳмондааст. Бо чунин таълимот ҳамеша ҳудро
аз дигарон £офарҳангу бо маърифат мешуморанд ва худро
мутахассисони ҳамаи соҳаҳо мепиндоранд, агарчи худашон
ба чизе сарфаҳм намераванд.

Ҳанӯз аз огози табаддулоти Октябр, комисарони бол-
шевикй ба мухолифони хеш тамга заданро ёд шрифта буданд
ва ин иқдоми «неки» бобоёни худро набераҳояшон то кунун
идома дода истодаанд. Натиҷаи ҳамин буд, ки набераҳои
мансабдорашон ба намояндаҳои нерӯҳои демократй тамғаҳои
«Ваҳҳобиён», «Террористон»-ро часпонда, худашон барои
курсй шуда, вилояти як давлатро ба давлати дигар тақдим
карда, кори бобоёнашонро идома медоданд ва ба ин васила
рӯҳу арвоҳи онҳоро шод мегардонданд.

Инак вақте ки пойдевори пӯсидаи бинои сохти болшевикоН
ба ларза омад, боз
найрангҳои кӯҳнаи
фаромӯш нашуда ба
кор андохта шуд. Мар-
думфиребӣ, овозаҳои
бардурӯғ, тарсондани
мардуми мусулмон аз
таъсиси давлати Ис-
ломй, сиёҳ кардани
роҳбарони нерӯҳои
мардумй аз тариқи
матбуот, фишор овар-
дан ба намояндагони
халқ, табаддулот хос-
тани демократҳо ва
ҳоказо.

Ҳол он ки дар ягон
баромад, дар ягон ҷо,
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи виторАкуш

ҳеҷ кас таъсиси давлати Исломиро дар давраи ҳозира ва
ояндаи наздик ҳамчун тавсия пешниҳод накардааст.

Агар ахлоқу одоб ҳамин бошад, ба мо садсолаҳо лозим
аст, ки ҷомеаи демократии дунявй созем, ба монанди Туркия,
Миср, Малайзия, Индонезия, Покистон, ки дар равиши
сохтори онҳо ҳам„аломатҳои кишвари дунявй ва ҳам диниро
баръало мебинем.

Аз тарафи дигар ин овозаҳо, яъне мардумро аз мафҳуми
«Ҷумҳурии исломй» тарсондану ба ҳарос овардан ба ман-
фиати ҳукуматдорон аст. Зеро онҳо ҳама вақт ҷинояткориҳои
бар зидди мардум кардаашон, хатову бесалоҳиятиашонро
бо ин рӯпӯш мекарданд. Ва чй тавре ки дар соли 1937 гуноҳро
ба дӯши душманон ва дар шароити ҳозира ба гардани мухо-
лифин бор карда, худашон ҳама вақт ва дар ҳар ҳолат аз об
хушк мебароянд. Илова ба ин Акбари Тӯраҷонзода дар
мусоҳибаҳои хеш чанд бор такрор кард, ки кори идораи динӣ
иборат аз таълиму тарбия ва омӯзиши таърихи дин ба мар-
дум, иборат асту бас.

Ба фикри мо, омӯхтани «Қуръон» дар таълимгоҳҳои ҳама-
гонй ва донишкадаҳо, баробари фанҳои дунявй, корест му-
ҳим. Зеро мо мецонем, ки дар тамоми зинаҳои таълимй дар
мамолики Аврупо ва дигар қитъаҳо, толибилмон «Библия »-
ро меомӯзанд. Магар ин кор бар зарари инсон аст? Ҳаргиз.
Не?

Баргаштан ба алифбои ниёгон имконият медиҳад, ки ҷаво-
нон ба таври бояду шояд ба осори гузаштагон ошно шаванд,
таърихи ҳақиқй ва илми асилро омӯзанд.

Ҳамаи он фоҷиаву вайронкориҳо, дуздиву ғоратгариҳо,
кушторҳо нисбати заиону хурдсолон, ки Тоҷикистонро фаро
гирифтааст, маҳз аз ҳамин дуршавии мо аз урфу одатҳоИ
мардумй, аз тарбияи наели оянда, аз одобу ахлоқи нек, динУ
имон cap мезанад. Магар ин ҷинояткориҳо дар ибтидо арз*1
вуҷуд дошт? Магар кӯдаконро куштан раем буд? Магар мар'
думи Осиёи Миёна пеш аз табаддулоти Октябр ба дар*1
хонаву дӯконҳо қуфл меовехт? Ҷавонон нисбати калонсоло#
то ин дараҷа беҳурматй мекарданд?
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситордкуш

Ин набуд. Ин аст сиёсати кӯрсаводонаи роҳбарияти Тоҷи-
кистон, ки ҳоло ҳам бе тағйир мондааст...»

Мумкин андешаҳои нотиқ бештар эҳсосй бошад, аммо нут-
қи ӯро бо баромади каси дигар, ки се рӯз пеш дар гирди-
ҳамоии коммунистов дар ҳамин майдон - бобои Абдураҳим,
иштирокчии Ҷанги Ватанй иброз дошт, муқоиса мекунем.

«Ленин роҳбари мо, падари одамони тамоми дунё буд. Ӯ
ба тоҷикон илму маърифат дод. Ҳамаро босавод кард. Давлати
тоҷиконро барқарор намуд. Маданияти моро баланд бардошт.
Ман еавод надоштам, бо муллоҳо, бойҳо, босмачиҳо мубориза
бурда, онҳоро аз Тоҷикистон рондем, нобуд кардем, соҳиби
мансаб шудем. Бо Гитлер ҷангида Германияро гирифтем.
Акнун муллоҳо мехоҳанд боз моро «Ваҳҳобй» кунанд. Бойҳоро
биёранд. Кооперативҳоро сохта, мардумро қашшоқ кунонанд.
Онҳо байраҚи Ленинро пеши по зада, Ленинро бадном кар-
даанд Мо намегузорем, ки онҳо ин корҳоро кунанд...»

Яке аз бунёдгузории давлати Ленин саропо норозигй,
дигаре, ки пояш ба лаби гӯр расидааст, талхиву ширинии
дунёро дидааст, баръакс, тарафдори сохтори Ленин аст.

Бубинед, ки ду кас дар сари як шахеият ва давлати сохтаи
ӯ чй гуна ақидаронӣ мекунанд. Кадом яке онҳо ҳақ аст?

Суол мумкин беҷо бошад, аммо ман, ки дар сину сол на ба
Фазлиддину на ба бобои Абдураҳим баробарам, яъне аз яке
20 сол калону аз дигаре ҳамин қадар сол хурдам ва аъзои
Ҳизби Ленин будам, қариб 40 сол боз (аз соли 1957) дар
йдораҳои давлатй кор мекардам ва зиёда аз 25 соли он ва
Имрӯз ҳам дар мансабҳои баланд адои вазифа дорам, бояд
Рӯирост гӯям, ки хеле қабл аз ин айём, тарафдори давлати
°°хтаи Ленин набудам ва имрӯз ҳам нестам. Вале касоне, ки
Ин сохторро тарафдоранд, ба мисли бобои Абдураҳим кам
Нестанд. Онҳо қисми ҷудонашавандаи миллати тоҷику
МаРДуми Тоҷикистонанд. Шунидани ақидаи онҳоро, лозим
^ҲИсобам. Аммо ақидаи солим ва тафаккури дуруст ин аст,
Ленин ҳеҷ гоҳ тоҷиконро босаводу соҳиби давлат
Г^КарДааст. Тоҷикон бе Ленин ҳам саводнок буданд. Баръакс,
*Рои талқини ақидаву тафаккур шуда, Ленин ва шогирдони
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТФРАКУШ



ӯ тавонистанд алифбои тоҷикиро бекор кунанд. Тоҷиконро
ҳамчун миллати бесавод дар олам муаррифй намоянд. Ин
амал заминаи таърихии миллатҳои гуногуни собиқ шӯравиро
як кард. Ба ҳамин васила мардуми саводноку бесавод як
шуданд. Бобои Абдураҳим, ки худ ибрози бесаводии миллатро
мекунад, аз «босаводии» худ имкон пайдо накард, ки

сарнавишти тал-
хи тоҷиконро, ки
дар қаламрави
Осиёи Миёна на
камтар аз ду сад
ҳазор донишманд
доштанд, дарк
кунад.

Алифбои нав
таъсисдодаро на
тоҷик медонисту
на турк, на бобои
Абдураҳиму на мулло. Ҳамин тавр тақдири тоҷик ба дасти
турку рус супурда шуд, илму дониши ҳазорсола нодаркор
шуда монд. Зиёиёни идораҳои давлатӣ, муллоҳо, шоирон
бесавод шуданд. Мулло Абдураҳим ва революционер Абду-
раҳим баробар шуданд. Аз ин лиҳоз маҳви бесаводй зарурати
воқей пайдо намуд. Барои тоҷикон ягон навъ давлати дигар
зарур набуд. Зеро ӯ давлат дошт. Бухоро марказаш буд.
Забони тоҷикй - давлати тоҷикон буд. Туркон, муғулҳо ва
ҳазорон аҷнабиён аз сари тоҷик калламанор сохтанд. Зиёда
аз ҳазор сол туркон худро сардори давлати тоҷикон ҳисо-
биданд, аммо онҳо ба забони тоҷикй давлатдорй мекарданД-
Туркони чағатой, Темур бо наберагонаш, муғулҳои кабирі
Бобуру авлодаш нисфи дунёро фатҳ карданд, аммо забой»1
тоҷикиро фатҳ карда натавонистанд. Наберагони ТемурУ
Бобур, Бедил, Амир Хисраву Зебуннисо беҳтарин газаЛ'
сароёни тоҷик буданд.

Наход қимати таъсиси як давлати бе дару дарвоза, бе'
маслак ва дар як деҳот ҷой дода туда ба нархи забони бур »*
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНДЗА^

сувҳи ситорлкуш

даи тоҷик, ки бунёдгарони сохти нав хостанд, баробар бошад?

Вақте ки китоби Р.Маеов «Таджики: история с грифом
«Совершенно секретно» ва гайраро мехонам, бисёр таассуф
мехӯрам, ки олими шинохтаи тоҷик иллати аз дасти тоҷикон
рафтани қисмати асосии ҷумҳурии тоҷиконро ба иғвои
туркгароёну ноӯхдабароии сарварони онвақта ва хатоҳои
сарварони давлат, мансуб медонад. Не, ҷаноби Масов. Шумо
■щггибоҳ мекунед. Гуноҳи туркону тоҷикони туркпараст,
сарварони давлат нест, ки мо сарҳади давлати тоҷиконро
гум кардаем. Мақсади гург гӯсфандро хӯрданаст, мақсади
‘|3урба мушро дарёфтан. Вале гӯсфанд посбон дораду муш-
хона

I Туркон қариб ҳазор сол боз мақсад доштанд, ки моро дар
тасарруфи худ дароранд, аммо посбони боэътимод ва завол-
нопазирамон забони тоҷикй, ҳатто мардуми зери тасарруф
бударо доимо боз ба пеш мебурд, зинда мекард. Уро бузург
нигоҳ медошт.

г Туркон қудратро ба кор мебурданд. Посбони тоҷик-забони
Ӯ зери тасарруфи 'забони туркӣ намедаромад. Туркон аз
ноилоҷй маҷбуран ин забонро эътироф мекарданд.

Арабҳо ҳам йеш аз туркон ва баъдҳо русҳо ҳам ин корро
карда натавонистанд. Қариб сад сол бо ин мақсад қадам за-
Данд, сарзамини моро фатҳ Карданд. Диёрро ба қисматҳо
Ҷудо намуданд. Ба диёри туркон «Туркистанский край» ном
ниҳоданд. Ammo сарҳади забони тоҷикиро гузашта
натавонистанд. «Сарҳади тоҷик, забони тоҷик аст», — ба
Калам додааст устод Бозор Собир, ки ҳақ ба ҷониби ӯст.

Аммо болшевикон ҳиллае пеш гирифтанд, ки ҳатто шайтон
КНйрон монд. Мақсади ҳазорсолаи турконро бо як сухан, «Нест
бод гузашта», «Нест бод алифбои кӯҳна» амалӣ гардонданд.

Ишораи Ленин тоҷиконро ба тасарруфи на танҳо турку
РУе, балки дар зери тасарруфи қалмиқу, дунгану чукчй-
а®лодони асосии Ленин дароварданд.

fe-Комилан бовар дорам, ки шумо, мӯҳтарам Р.Масов, ба
а®Дешаҳои ман розй намешавед. Барой он, ки таҳлили Шумо
3 Рӯи фаҳмиш ва дарки марксиста, амри «Ленини ҷовид»
^ст,
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКѴШ

Маркс ҳарчнд ба шогирдонаш талқин дод, вале қудратащ
нарасид, ки се ҳарфи аҷаму арабро аз худ кунад ва ба ин
ҳарфҳо лаънат хонд: «Дин афюн аст». Чизе нисбати дин бо
ин ҳарф навишташударо шогирдони Ленин амали душманона
меҳисобиданд. Дигар шогирди Марксу Ленин — Сталини
гурҷй, бузургтарин миллатгарои рус буд.

Сталин аз Ленин дида таърихро хубтар медонист. У дарк
мекард, ки агар алифбои тоҷикй-мағзи забони форсӣ дар
Осиёи Миёна роиҷ монад, ягон забон, ягон миллат, ягон давлат
дар ин диёр пойдору пурқудрат нахоҳад буд. Идеологиям
яккаҳизбй, идеологияи Ленин, давлати бедин дар рӯи коғаз
мемонад. Шиори болшевикй ҳатто охирин шоири тоҷик
Нақибхони Тӯгралро мағлуб карда натавонист. Ҳазорҳо
шоири форсу тоҷик дар тӯли зиёда аз даҳ аср аллакай аз
Ленин пештар суханони «доҳиёнаи» ӯро гуфта буданд.

«Хонед, хонед, боз хонед»-ро Ленин аввалин шуда
нагуфтааст. Аз Ленин ҳазору чорсад сол пеш ин суханонро
ҳазрати Муҳаммад Расули Акрам (с) гуфта буданд. Такрор
ба такрор онро Рӯдакй, Саъдй ва садҳо дигар бузургони
гузаштаи мо -гуфтаанд. Онро охирин бор зиёда аз сад сол
пеш аз «дох?ш пролетарҳои ҷаҳон» Наполеон такрор кардааст.

Шогирди Ленин - И.Сталин инҳоро хуб медонист ва баъдҳо
гуфта буд, ки «тоҷикон таърихи кӯҳан доранд» ва гӯё наме-
донист, ки аслан Бухорову Самарқанду Хуҷанд шаҳрҳои то-
ҷиконанд. Агар инро мегуфт, пае ӯ Ленину байрақи сурхашро
дар Осиёи Миёна баланд бардошта наметавонист. Дар машрик
ба «маҳви бесаводй» ва ташвиқи саводи Ленинй зарурат
рамемонд. У ҳаргиз намехост, ки дар ҳеҷ давра пойтахти
тоҷикон — Бухоро қаламрави давлати тоҷик зинда монаД
Забони тоҷикй бо давлаташ ҳатман бо ин «камбудиаш» бояД
бурида шавад. Аз ин рӯ, шахсан ман ҳеҷ гоҳ ҷинояти бол-
шевиконро ба ҳаракати туркигарой ё хатою хиёнати роХ'
барони ҳамондавра марбут намедонам. Ин мисли ду соя аст.
Ман онро дар зери сояи суханони бобои Абдураҳим — «М°
бесавод будем, мансаб гирифтем, муллоҳоро ба Сибир
фиристодем», — мебинам.
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

еувҳи СИТОРАКУШ



ноо

ӯзб

KHL

Як таҳлил бас аст, ки бори дигар хизмати болшевикон —
буррандагони забони тоҷикиро тасдиқ кунам.

Ибораи «қишлоқ» калимаи туркӣ аст.

«Қиш» — зимистон, лоқ—айлоқ, чарогоҳ.

Ин калимаҳоро садҳо сол туркон ба сари адабиёту фар-
ҳанги тоҷик бор карда натавонистанд. Онро тоҷик талаффуз
карда наметавонист ва дар дастхатҳои мо вуҷуд надошт,
аммо вақте, ки болшевикон маркази тоҷиконро ба як деҳаи
нообод— Душанбе кӯчонданд, ин калима дар забони тоҷику
узбек баробар мавриди истеъмол қарор гирифт. Мо, шаҳриҳо,
шлоқй шудем. Чунки ин деҳа маркази давлати тоҷикон
набуд, қишлоқ ё деҳот буд ва он то имрӯз маркази давлати
тоҷикон нест. Агарчи ободу зебо ҳаст, вале дар ин шаҳри
қишлоқй, мо то ҳол Самарқандиву Хуҷандиву Ҳисориву
Ғармй, Бадахшониву Кӯлобй ном дорем. Ва ҳар ҳукуматдоре,
ки ба Душанбе меояд, табиист, ки ақидаи деҳаи худро меорад,
на ақидаи таърихиву тамаддуни бойи тоҷикро. Таърихдонҳои
тоҷик имрӯз забонбуридаанд. «Ҳарки моро сӯхту шамъе ба
мазори хеш бурда», моро обод гуфта, давлатдор эълон карда,
зинда куштанд. Имрӯз боз моро маҳалгаро мегӯянд. Чунин
фахдіиш маҳз эҷоди шахри навбунёди болшевикй — Душанбе
мебошад. Душанбе деҳот аст, на маҳалли тамаддуни тоҷикон
•— мисли Бухоро, Самарканд, Хуҷанд, ҳатто Панҷакенту
Ӯротеппа Мусаллам ает, ки дирӯз гӯё ин пойтахти хуҷандиҳо
ва русҳо буд, баъдтар, соҳиби он ғармиҳову бадахшониҳо
Шуданд. Вале имрӯз аз кӯлобиҳо меҳисобанд. Аммо маълум
нест, ки ин маҳал то кай дар дасти киҳо мемонад. Ин ба

рафти галабаву маглубиятҳои навбатии сарварони «қишлоқ»-
Ҳои чоҳталаб вобаста аст.

Натиҷаи «галабаи» болшевикй, таъсиси давлати «бароба-
Риву бародарии ленинӣ» фикр мекунам, ки хеле тӯлонӣ хоҳад
буд.

«Гермон»-ро Русия бо дасти бобои Абдураҳим шикает дод,
^ле онро дар тасарруфи худ дароварда натавонист. Германия
Дигар нашуд. Немисҳо мағлуб шуданд, аммо забон гум
Накарданд. Забони Лениниро онҳо напазируфтанд, гарчи як
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКуіІІ

қисми ин сарзамин муддате дар зери ақидаи Ленин гирифтор
буд.

Имрӯз Германияи мағлубгашта ба собиқ ғолибон ёрии
иқтисодй мерасонад.

Тоҷикистонро низ давлати мустақил меноманд, вале он
имрӯз ҳам дар тасарруфи турку рус мондааст. Зеро забони
ин давлат забони русй аст. Аз ҳамин лиҳоз онро ба маънои
том мустақил гуфтан нашояд...

Баҳсу мунозираҳо дар майдони «Озодй» пас аз шикастани
пайкараи «доҳӣ» басо тӯлонй буд ва тасаввур мекунам, ки
таҳлили ҳамаҷонибаи он мумкин даҳҳо ҷилд китоб шавад.
Вале аз тафсилоти гуфтугӯи як мулоқоте, ки дар он иштирок
доштам, наметавонам сарфи назар кунам.

Дар рӯзи ҳаштум ё нӯҳуми гирдиҳамой ноиби президента
Академияи улуми СССР, узви вобастаи он Велихов ва раиси
шаҳри Ленинград Собчак бо тақозои барқияи Давлат Худо-
назаров, Бозоралй Сафаров, Гулрухсор, Шодмони Юсу
шоири мардумй Бозор Собир ва дигарон озими Душанбе
'шуданд. Дар ин барқия ман ҳам даст монда будам. Дар вохӯрӣ
ҳамаи онҳое, ки дар барқия имзо гузошта бу^анд, гирд
омаданд. Дар ин мулоқот аз тарафи ҳукумат Приписное ва
дигар аъзои Раёсати Шӯрои Олй, инчунин додситони кулли
ҷумҳурй Н.Ҳувайдуллоев ва мушовири дастгоҳи Раиси
ҷумҳурй оид ба назорати коститутсионй С.Кенҷаев иштирок
доштанд. Раҳмон Набиев чун ҳамеша «бемор» буд.

Дар гузориши худ А.Собчак аз иштирокчиёни мулоқот
пурсид, ки чй ran шудааст ва дар майдон киҳо гирд омадаанд

Дар ёдам нест, ки аз тарафи намояндагони мардумй кадом
нафаре эътирозномаи майдонро хонд. Аз ҷониби ҳукумат
С.Кенҷаев ба ҳимояи Р.Набиев сухан гуфта, иброз намуд, ки
гирдиҳамомадагон асосан исломиҳо буда, онҳо аз ҷараёни
«ваҳҳобизм» тарафдорӣ мекунанд.

Пас Собчак аз ӯ пурсид:

— Тамоми гирдиҳамомадагон ваҳҳобиёнанд?

Дар ҷавоб С.Кенҷаев бори дигар фикрашро тасдиқ кард;

— Бале. Тамоми гирдиҳамомадаго-
АСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗЛР



сувҳи СИТОРАКуш

Чунин изҳороти иғвоангези С.Кенҷаев намояндагони
майдонро ниҳоят асабй кард. Онҳо, алалхусус Ш.Юсуф, ӯро
дашном дода, гуфт, ки С.Кенҷаев намояндаи Ҳукумат неет
ва бо қатъият талаб намуд, ки аз мулоқот баромада равад.
Ин талаби Ш.Юсуфро бисёриҳо дастгирй карданд.
Собчак вазъиятро ба инобат гирифта, С.Кенҷаевро аз
вохӯрй берун кард.

Ин ҳодисаро на барон он ёдовар шудам, ки ба С.Кенҷаев
1 санги маломат занам. Ҳадаф ин нест. Ҳадаф дигар чиз аст.

■ Собчак аз шаҳре, омад ки табаддулоти Ленин пеш аз ҳама
дар он ҷо ба вуқӯъ пайваста буд. Бояд хотирнишон кард, ки
Собчак ба хотири шикасташудани пайкараи Ленин ба
'Душанбе наомада буд. Ба иттилои хонандагон мерасонам, ки
аз чунин пайкараҳо дар Ленингради собиқ даҳҳо ададро
аллакай канда партофта буданд. Вай аслан барои он омада
буд, ки бори дигар ба мардум бигӯяд, ки шикастану кандани
пайкараи Ленин худ як ҳодисаи муқаррарй аст ва он набояд
сабабгори нооромй гардад. Аз ин рӯ Қ.Аслонов бояд бегуноҳ
бошаду Р.Набиев сари вазифа наояд. Умуман ба гуфти
А.Собчак, ба шикастани пайкара бояд касе гунаҳкор дониста
Нашавад. Ин амри таърих аст. «Ленин худаш ҷинояткор аст»,
— бо қатъият фаҳмонд Собчак.

Ин суханонро касе ба забои овард, ки худ бо Ленин каму
беш риштаи авлодй дорад ва ҳамзабону ҳаммазҳабанд. Вале
тоҷик, ки худро фарзанди мусулмон мешуморад, чаро ба
Хотири ин пайкараи «деви сиёҳ» тоҷики худро, ҳаммазҳабу
Хешу табори худро, душман мегирад ва ин қадар шӯру ғавғо
Мебардорад. Мусулмононро ба ваҳҳобиёну гайри ваҳҳобиён
Чудо мекунанд.

Хонандаи азиз, агар дар ёд дошта бошед, ман аз забони
Ҷаббор истилоҳҳои Армен гуфтаро иқтибос оварда будам,
пур аз сиру асроранд: «Раҳмон», «Старая гвардия», «Ғар-
**йянй> ва гайра. Пас равшан аст, ки ҷаноби С.Кенҷаев аз
Рӯй нақшаи тайёре омаду баромад кард. Суханони С.Кен-
Чаев, ки Собчак ӯро аз вохӯрй ронда буд, комилан ҳадаф
Дощт. Мехост, ки марказро гумроҳ кунад ва аз вовчику-гармй
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

суьҳи ситорлкущ

тарсонад. Аммо Собчак хушбахтона, ин шайтониҳоро хуб
пайхас мекард.

Аслан нафароне, ки С.Кенҷаевро ба сари қудрат оварда
буданд, зодагони ноҳияҳои Ғарму гирду атрофи он буданд,
ки онҳо қариб чоряки аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Имрӯз С.Кенҷаев бо нақшаи омодакардаи Марказ ба исми
шарифи ин мардум тамғаи «вовчик», «вахдобй»-ро часпонда
буд. Дар натиҷаи ин бадбинй баъдҳо манзилу макони зисти
ҳазорон мусулмони вахшонзамин ба тамом сӯхтаву вайрону
валангор шуд. Диёри бобоиашон ҳоло ҳам зери боро&и тиру
туфанг қарор дорад. Дахдо ҳазори онҳо, аз ҷумла интихоб-
кунандагони С.Кенҷаев кушта, қариб як миллион тоҷик
фирорӣ шуда, аз ноилоҷӣ тарки Ватан кардаанд.

Ҳоло ҷаноби С.Кенҷаев бо ҳамон дидаву рӯ суханони
Ленинро тақвият дода, дар парлумони аз коммунистон таъсие
ёфта ба «вовчик»-ҳои мухолифин муборизаи оштинопазир
эълон намуда, гоҳо зери лаб суруди

«Айропланҳо дар қаво
Ғармӣ ҳама дар зерн по»-ро

замзама мекунад. Ва умед ба он дорад, ки «вовчикҳо»-ро аз
вахшонзамин берун карда, онҳоро нобуд созад ва сохтори
лениниро дар ҷаҳон, бо ёрии чннояткоронн снлоҳбадаст абадй
пойдор гардонад. Бисёрии онҳо аз рӯи ин дасиса амал
карданд, вале оқибат ноком бимурданд. Иддаи дигаре чун
шаголу чугз, ки дар вайронаҳо маскан доранд, пасмонда
меҷӯянду уллос мекашанд, аз танҳой меноланд. Вале ҳарДУ
ҳам ҳатто аз гурба дар ҳаросанд.

Гирдиҳамоии сентября дар майдони «Озодй» идома доШТ-
Пешниҳоди номзадҳо ба мансаби Раиси ҷумҳурй ҳанӯз ба
итмом нарасида буд. Аксарияти номзадҳо муайян гашта, ба
қайд гирифта шуда буданд.

Ман ҳам пас аз он, ки Р.Набиев таклифро рад кард, баро*1
пешниҳоди номзадиам кӯшиш ба харҷ додам. ОвозХ011
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

даркориро ғун намуда, ба Комиссиям интихоботи супурдам.

Як рӯз пас аз он раиси Комиссиям интихоботӣ Х.Шарифов
маро назди худ хонд ва ҳуҷҷатҳоро бо диққат аз назар
Ігузаронида, пас гуфт:

! — Ҳамааш аъло. Ягон камбудие надорад. Фақат аризаи
щумо ва аризаи он номзадеро, ки Шумо ӯро ноиб гирифтанӣ
ҳастед, лозим, дигар ҳеҷ чиз.

Ман дар ҷавоб изҳор кардам:

I — Исмоил Давлатов чунин майл дорад.

I — Дуруст, вале Исмоил Давлатов ҳам ҷанубиву Шумо
ҳам Агар таклифи маро гиред, аз Ленинобод Бобораҷаб
Бобоевро ноиб интихоб кунед. Уро хуб медонам. Дар
Ленинобод нуфуз дорад. Ман бо Ленинободиҳо маслиҳат
карда метавонам. Илова ба ин Бобоевро шахсан тарафдорй
мекунам. Ҳамчун Раиси Комиреияи интихоботй доир ба
Ѣштихоботи Раиси ҷумҳурй назорати қатъй ба роҳ мемонам.

Як чизро бепарда гӯям, ки Р.Набиев пас аз гирдиҳамоиҳо
ва вохӯриҳо бо кормандони васоити ахбори умум, хусусан
Ясурналистон, симои аслии хешро нищон дод. Обу рӯяш рехт.
Дар Ленинобод ҳам тарафдори бисёр бадорад. Рифъат Ҳоҷиев
ва дигар калонҳои Хуҷанд ба ӯ таваҷҷӯҳи зиёд надоранд.
Кӯлобиҳо шуморо дастгирй мекунанд, ғалаба аниқ аст.

Ман ба таҳлили Х.Шарифов розӣ шудам.

I — Пагоҳ соати даҳ ман меоям, — гуфтам ман.

[ — Корро кашола накунед. Агар худи ҳозир ариза
Ценавиштед, хубтар мешуд. Як рӯз пеш хуб аст. Пагоҳ чй
Иёшавад, номаълум. Охир,»то ба қайдгирӣ панҷ-шаш рӯз
Мондааст, — афзуд Х.Шарифов.

Ҳамин дам занги телефон садо дод. Х.Шарифов гӯшакро
бардошту лаҳзае пае онро ба ҷояш гузошта:

- — Ман ҳозир меоям, — гӯён берун баромад.

Ман ӯро мунтазир нашуда, аз идора баромада ба сӯи май-
Дони «Озодй», ки қариб '50-60 ҳазор одам дар он ҷо гирд
°**ада буданд, роҳ пеш шрифтам. Дар он ҷо бо лидерони
^йдон, ки тарафдори сохти нав, муқобили Р.Набиев буданд,
6охӯрдам. Бисёриҳо розй буданд, ки ман номзадиамро ба
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКѴ1Ц

ҳайси Раиси ҷумҳурй мустақилона гузорам.

Бозор Собир ва як гурӯҳи дигар мехостанд, ки ман Давлатц
Худоназарро ҳамроҳй кунам. Яъне ман раису Давлат ноиб.
Вале Давлат инро мутлақо намехост.

Бисёр ёру рафиқон, дӯстони дерина мегуфтанд, ки
ҳамроҳй Давлати Худоназар будан чандон хуб нест. Агар
номзадиатонро ҷудо мемондед, хуб мешуд. Умуман атрофи
ин масъала гапу калочаи зиёд буд.

Ба хона баргашта, аз ҳамон бегоҳй cap карда, ба бистари
беморй афтидам. Рӯзи охирини ба қайдгирй Давлати
Худоназар ва Шариф Ёқубов ба назди ман омаданд. Давлат
илтимос кард, ки ба аризааш имзо гузорам. Ман хохднни ӯро
иҷро кардам. Ҳақ ба ҷониби Х.Шарифов буд, ки гуфта буд:
«Кй медонад, пагоҳ чй мешавад».

Пагоҳ дар ҳақиқат воқиае шуд, ки онро чашмдор набудам.
Вале бо тақдир наметавон дастбагиребон шуд.

Шиносоии ман бо Давлати Худоназар соли 1990 дар
ҷаласаи аввалини Шӯрои Олӣ, даъвати дувоздаҳум ба вуқӯъ
пайваста буд. Давлат он вақт гузориши маро тарафдорй кард.
Вале кушоду равшан бояд иброз дорам, ки имрӯз ҳам ман
ба симои сиёсии ӯ баҳои аниқ дода наметавонам. Ва чунин
меҳиеобам, ки вай дар содир шудани калонтарин хатоҳо сабаб
шуд. Дар айни гармогармии воқеаҳои Вахшонзамин худро.
миёнарав ва оштиандоз гирифт.

Пас аз бохти мо дар маъракаи интихоботи Раиси ҷумҳурй
роҳи сулҳҷӯёнаро пеш гирифтани ӯ мантиқ надошт. Гузашта
аз ин еабабҳои ҷанг аллакай маълум буд. Ба назарам ӯ мехост
мавқеи идеологии худро мустаҳкам созад.

Дар интихоботи Раиси ҷумҳурй коммунистон «ғалаба»-ба
даст оварданд. Демократҳо зиёда аз 30 фоиз овоз гирифтанД-
Аз рӯи қонуни демократия Р.Набиев ҳангоми таъсиси ҳуку-
мат 69 парлумони коммунистй бояд ин нуқтаи муҳимро ба
назар мегирифт. Аммо дар хуни коммунистон чунин ақида
асло ҷо нахоҳад гирифт. Онҳо аз соли 1917 то ҳол галабаИ
мутлақ мехоҳанд ва ҳеҷ гоҳ розӣ намешаванд, ки дучорй
маглубият гарданд. Агар онҳо чунин равшанбинй медоштанДі
АСЛИДДИНИ СФҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКУШ

шояд сохтори ленинй ин хел шармандавор шикает намехӯрд.
Пас маълум буд, ки агар Р.Набиев бо коммунистов 30 фоиз
овози демократҳоро эътироф намекарданд, он гоҳ пештозони
ҳизбу ҳаракатҳои нави мардумиро ҳам намешинохтанд.

Оштй додани майдони «Озодӣ» ва «Шаҳидон», баровардани
Сангаку шогирдонаш аз майдон дар таъсиси ҳукумати мусо-
, лиҳаи миллй, миёнаравй дар Қӯрғонтеппа ба рейтинги ӯ
,дигар хел таъсир расонд.

Давлат Худоназар пас аз маглубияташ бояд ё тарфдори
коммунистов мешуд ва ё бо демократҳо ҳамроҳ мемонд.

Бетарафии ӯ аслан чунин маъно дошт, ки коммунистон
[ҷангро намехоҳанд, вале иисломиҳо онро ҷонибдоранд. Чунин
хулоса бармеояд: Бинед, агар Давлати Худоназар намешуд,
исломиҳо «коммунистони «Кӯлоб»-ро саросар нобуд мекар-
нд. Давлат фикр намекард ва намедонист, ки коммунистони

Кӯлоб кайҳо муллоҳои
Кӯлобро парронда, ният
доранд, Қӯрғонтеппаро
ҳам ба зери тасарруф
дароварда, баъд мул- j
лоҳои ин водиро қир
кунанд. Умуман Давлат j
боварй дошт, ки ҳамроҳи ;
муллоҳо ва коммунистон І
давлати дунявй сохтан
амри воқеист. Ва хатои
сахти ҷаноби Давлат Ху-
доназаров маҳз дар ҳа-
мин буд. У бо шахсй та-
содуфй Сангак боварй
зоҳир намуд, вале ба|
Акбари Тӯраҷонзода бо-
вар намекард. Акбари
Тӯраҷонзода даҳҳо бор
иброз дошт, ки ҷамъияти
имрӯза, мафкураи мар-
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ GHTOPAKYUI

думи ҷумҳурй барои таъсиси давлати Исломй омода нест.
Вале демократия ва Ислом дар муборизаи идеологй коми-
лан ҳамроҳ шуда метавонанд. Аммо аз чӣ бошад, ки Давлат
ба Сайгак бовар кард. Бовар кард, ки Сангак тарафдори
давлати демократии дунявӣ дар заминай коммуниста аст.
Дар он давлат мусулмонон бе муллоҳо ва Сангак бе
коммунистон метавонанд вуҷуд дошта бошанд. Ҳатто
Сангакро «ака»-гӯён пешаш дуқат мешуд.

Сангак то замони ба ин додараш шинос шудан даҳҳо «до-
дарон»-и худро ба олами дигар роҳхат дода, даҳҳо тифла-
конро ятиму бесаробон карда буд.

***

Дар рафти маъракаи интиХобота Раиси ҷумҳурй ба ҳайси
ноиби Давлати Худоназар ба бисёр муаммоҳо сарфаҳм
рафтам. Ба ибораи дигар гӯем, барои ман ин маърака мисли
мактаб буд.

Бе муболиға, ғалабаи ӯ аз галабаи Р.Набиев ва атрофиёнаш
авлотар меистод. Зеро вай фиребу найранг надошт. Вале
бадбахтона, мисли Р.Набиев аз низоъҳои миллй, нокомиҳои
ба сари халқи тоҷик овардаи сиёсати ленинй чандон дарак
надошт. У тарафдори давлати демократии дунявй дар зери
ливои сурх бо ҳамоҳангии имону ихлоси муллоҳо, ба тарзи
дигар гӯем, як давлати нестдарҷаҳонро орзу мекард.

Айнан мисли кӯшиши коммунистон, ки дар тӯли 70-сол
коммунизм сохтанй буданд, вале орзу муяссарашон нагардид.
ӯ низ мехост дар муддати 4-5 сол давлати нестандарҷаҳон
созад. Ба ибораи дигар, ӯ комилан бовар дошт, ки бо шикасти
сохтори коммунистѣ якбора давлати демократй сохта мета-
вонад. Эътирофи дин шарт аст, аммо иштироки намояндаго-
ни он дар саҳнаи давлатдорй зарурате надорад.

Ҷараёни пеш аз маъракаи интихоботй ниҳоят тезу тунд
мегузашт. Вохӯриҳо дар байни мардум аксаран аз саволҳои
зерин оғоз меёфт «Чаро ҳайкали Ленинро шикастед?»

Баробари ин онҳо Давлатро «номусулмон» гуфта, илова
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

мекарданд, ки шумо мехостед давлати Исломи созед.

То ҳол маълум нест, кй чй хел «номусулмон» давлати
Исломй месозад. Бо баҳонаи ҳайкал, коммунистов мардуми
мусулмонро бадном сохта, онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо карда,
якеро мусулмони «ленинй», дигареро душмани ӯ мехонданд.

: Бадбахтона, ин ба онҳо муяссар гардид.

Даъвоомез гуфтанд, ки ана, қозии мусулмонони Кӯлоб
мулло Ҳайдар мусулмони комил аст, зеро ӯ тарафдори Ленин
буйа, муқобили шикастани пайкараи «доҳй» эътироз намуд.
Вале Акбари Тӯраҷонзода, мусулмон бошад ҳам, душмани
Ленин аст ва тарафдори шикастани пайкара. Амалдн агар
Ленин зинда мебуд, ҳеҷ гоҳ сари мулло Ҳайдару Ҳоҷи
Акбарро сила намекард ва бешубҳа ҳардуро ба Сибир бадарға
месохт.

Дар вилояти собиқи Кӯлоб мо вохӯриро аз дидорбинии
мулло Ҳайдар Шарифзода, ки бо ман ҳамчун намояндаи
мардумй шинос буд, оғоз кардем. Мо бо ӯ дар рӯи даште, ки
дар пешаш як бинои ба шипанг монанд (гӯё масҷиди мувақ-
қатй будааст), дар наздикии шаҳри Кӯлоб вохӯрдем. У моро
хеле сард пешвоз гирифт. Баробари ин иброз кард, ки вақти
хеле кам дорад ва наметавонад бо мо тӯлонӣ мулоқот кунад.
Аз гуфташ, ӯ ба сохтмони масҷиди нав банд будааст ва дар
он ҷо «планёрка» дощтааст.

Мо розй будем, ки бо ӯ рафта масҷиди наэро бубинем.
Хушбахтона, бинои масҷиди нав аз масҷиди муваққатй чан-
Дон дур набуд. Байни онҳо 200-300 метр масофа буд. Сатҳи
масҷид ниҳоят калон. Сутунҳои дароз-дарози бетонй шаҳодат
медод, ки масҷидро дуошёна месозанд. Аз рӯи тахмини ман
барои сохтмони ин иморат тақрибан 50 млн. сӯм масраф
кардан лозим меомад.

Ман пурсидам, ки «бобои мулло» (ман бо ӯ асосан ҳамин
Тавр муроҷиат мекардам) арзиши ин сохтмони пешгирифтаи
Шумо хеле гарон аст?

Мулло дар ҷавоб гуфт

— Не. Ҳамагй 30 млн. сӯм лозим асту бас.

Дар воқеъ соли 1991 ин маблаги хеле калон ба ҳисоб
АСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗАР

сувҳи СИТОРАКуШ

мерафт ва мутаносибан ба 1.5-1.6 млн. доллари амрикоӣ рост
меомад.

Пае Давлат мақсади омаданашро иброз кард.

Ҳа, медонам. Вале мутаассифона, шумо ва Соҳибназаров
ҳоло ҷавон ҳастед. Сиёсатро намедонед. Шумо намедонед,
ки муллоҳо бо сардории баъзеҳо (айнан чунин иброз кард)
чй мехоҳанд. Онҳо шартҳои таъсис додани давлати Исломиро
ба гардани мо бор карданианд. Ман тарафдори Ислом, аммо
на тарафдори давлате, ки Қозии шумо мехоҳад, ғармиҳо
мехоҳанд.

Ман худдорй карда натавониста, ба тарзи шӯхй гуфтам:

— Бобои мулло, ба шумо чй хел давлат зарур бошад, мо
ҳамон тарз месозем. Исломй-коммунистй ва ё агар хоҳед,
Исломй-демократй?

Мулло Ҳайдар ин сухани маро ба тарзи худ фаҳмида,
ранҷишомез гуфт:

— Аслиддин, ту густохй накун. Ҳамин коммунистон бу-
данд, ки барои дар тӯли 70-сол намоз хондану рӯза доиггани
мо сад нашуданд. Ана боз бинед, маеҷиди нав сохта истодаем
Коммунистон ба кй халал мерасонанд? Ба шумо? Ба мулло
Абдураҳим, ба мулло Акбар, ба ваҳҳобиён ва ё ғармиҳо?
Онҳо шахсан ба ман халал намерасонанд.

Давлат ба ran ҳамроҳ шуд:

— Ҷавобҳои ҷанобашон дуруст, аммо ҳоло мавриди ин
суханон нест. Агар мо галаба кунем, ин проблемаро ба таври
мусбй ҳал хоҳем кард, — гуфт.

— Ман ба ғалабаи шумо бовар надорам. Муллоҳо наме-
гузоранд, ки шумо ғалаба ба даст биёред.

Ман ба ДавлаТ рӯ оварда, илова намудам:

— Давлат, бобои мулло ҳақ аст. Ӯ ҳеҷ гоҳ тарафдори мо
нахоҳад шуд.

Мулло Ҳайдар асабонй шуд. Хост чизе гӯяд, аммо худдорй
кард, баъд илова намуд:

— Биёед, муллоҳоро ба сиёсат ҳамроҳ накунем.

Беҳтарин ҷавоб...

* * *
^слиддини соҳибназар (205)_____________сувҳи СИТОРАКуш

Имрӯз ҳам, ки Тоҷикиетон дар зери тиру туфанги тараф-
ҳои ба ҳам даргир муқобил қарор доранд, боз чунин ҷавобҳо
■шунидан мумкин аст. Намояндаи мардум, узви парлумон,
мулло, мулло-вазир, мусулмон, мегӯянд, ки мо ба сиёсат
кор надорем. Касе, ки ба сиёсат сару кор кардан намехоҳад,
пас чаро ба парлумон шомил мешавад?

Чунин фаҳмиш, мулло Ҳайдар ва тарафдорони ӯро (5а
|кучо оварда расонд, ба ҳар яки мо равшану возеҳ аст.

Мусулмон бо мусулмон, тоҷик бо тоҷик дар зери шиори
1 мусулмони коммунист - «юрчик» ва мусулмони ваҳҳобӣ -
«вовчик» бар зидди якдигар сангар гирифта, кӯҳу талу
теппаҳои Ғарм, Тавилдараю Шӯробод, Сагирдашт ва дигар
мавзеъҳоро «фатҳ» мекунанд. Вале ҳамаи мо ба сиёсат кор
надорем мегӯем. Ё парвардигоро, ин чй шӯре аст, ки тоҷик
дар хоки худ андохтааст? «Сиёсат палид аст», навишта буд
«доҳии пролетарҳои дунё» Ленин. Ва ӯ дар ин ҷо ҳақ аст.
Сиёсате, ки Ленин ҳамрохи шогирдонаш пеш гирифта буданд,
чунин буд. Дар ҳеҷ гӯшаи дунё еиёсатмадоре чунин истилоҳро
мавриди истифода қарор надодааст. Онро танҳо Ленин эҷод
кард ва дар амал ҷорй намуд. Ленин сиёсати пешгирифтаи
хешро палид номид. Инсон-мулло, шахси мусалмоне, ки
худой мутаолро яккаву ягона медонад, бояд бо ин тоифа
сару кор надошта бошад. Сиёсати онҳоро эътироф накунад.

«Ҳақ» аст ҷаноби Ленин, «ҳақ»-анд шогирдони ӯ, ҷаноби
Ҳайдари Шарифзода. Мо бошем шахсан бо сиёсатмадорони
Палид кор надорем. Ва хуб мешуд, ки онҳо низ моро осуда
гузоранд. Дигар чй ҳам гуфтан мумкин?

Сарфи назар аз ин, ки рақибон моро ба ҳар роҳ гунаҳкор
Мекарданд, аз мо айб меҷустанд, вохӯриҳо дар вилояти Кӯлоб,
So мардум, басо хуб ва самими мегузашт. Ба осонй х#с карда
Мещуд, ки аксарият ба равандҳои демократа баҳои дуруст
Медоданд, онҳоро эътироф мекарданд. Баробари ин баъзеҳо
Дар ҳарос буданд, ки оянда чй мешуда бошад. Қисми дигар
Дар ҳайрат буданд, суол медоданд, ки чаро ленинободиҳо
*Удро бо кӯлобиҳо бародар эълон карданд? Ин магар дуруст
аст? Дар баробари ин мардум ҳангоми вохӯриҳо аз ман
АСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗАР

вуБҲИ СИТОРАКУШ

мепурсиданд, ки шумо, Соҳибназаров, чаро бо Р.Набиев ҳам-
роҳ нашудед? Ё номзадии худро ба таври мустақилона
нагузоштед. Чаро?

Ҷавоби ин саволҳо вақти бисёрро талаб мекунад ва ё ба
иззати нафси дигар шахсиятҳо мерасад.

Аз ин рӯ гаҳе ҷавобҳои мо низ чандон самимй садо
намедоданд.

Дар як вохӯрй бо интихобкунандагон дар маркази ноҳияи
Данғара Нуралй ном мӯйсафеде чунин суол дод:

— Рафиқ Соҳибназаров, шумо як одами хирадманд, бигӯед,
ки чаро бо Давлати Худоназар ҳамроҳ шудаед? Охир, дар
шахсияти ӯ шубҳа аст.

Дар ин вохӯрй, ки Давлат ҳам иштирок доигг, ба ин савол
ман ҷавоб додам. Гузашта аз ин баҳс нисбати номзад,мерафт.
Сухан аз он буд, ки чаро як вилоятро ба вилояти дигар ба-
родар гуфта, мардуми вилояти сеюмро бегона меҳисобанд0
Аз ин бобат мо дар сах^фаҳои ин китоб баҳсу андешаронии
зиёд доштем, аммо бори дигар иброз медорам: ҳамаи ин иғвоҳо

Намойш ба тарафдории С.Кенҷаев (комиссар Катанӣ)
ва хизби Ленин
АСЛИДДИНИ С0ҲИЫ1АЗЛР

0\'БҲИ СИТОРАКуш

I қануз идомаи ҳамон сиёсати 70-солаи коммуниста аст, ки
дар мағзи шахси диндор ҷо шрифта, ӯро намегузорад ба

ояндаи худ назар афканад.

Надонистани таърихи Ислом ва дар айни замон таргибу
[ тахдиди сиёсати коммунистй, бисёриҳоро аз ифтихори миллй
ва худшиносй маҳрум карда буд.

Мардум таърихи сарварони болшевикиро аз таърихи
I пурғановата гузаштагони худ, авлоди худ, дини худ, беҳтар
медонистанд. Анъанаҳои фарҳангии дини насрониро аз дини
Ислом фарқ намекарданд. Фаҳмондани онҳо дар ин лаҳзаҳо
коре буд басо сангин.

Бояд тазаккур дод, ки дар деҳаи Сангтӯдаи хоҷагии
«Ғайрат»-и ҳамин ноҳия зани 30-35 солае боз чунин суол
дод. Ба суоли ӯ ман ҷавоб дода натавонистам. Танҳо аз ӯ
Гпурсидам: «Шумо мехоҳед, ки ин баҳсро ҳал кунед? Интихоб
кунед. Кй ба шумо зарур? Пири фартут ё ҷавоне, ки дар
атрофаш иғво меангезанд?»

Баробари ин касе ҳам нагуфт, ки эй мардум, шумо дар
тӯли зиёда аз 70 сол ба идораи ҳизбе итоат мекардед, ки
аҷдодаш яҳуду насронй буд, худаш бехудо. Имрӯз, ки як
тоҷики ҳушманд мехоҳад ба ин идора соҳибй кунад, ҳаммил-
латон авлод ва хешу табори ӯро ба бединию бехудой айбдор
мекунанд. Инро фақат гумроҳй, кӯрдилй ва нотавонбинй
мегӯянд, ки заррае фоли нек надорад. Ба истилоҳи
нависандаи маъруфи қирғиз Ч.Айтматов гӯем, ин рӯйдоди
i Манкуртист.

’ Таърих бештар сабақ медиҳад, ки чунин рафтор нисбати
Қариб ҳаКга бузургони олам ҷой дошт. Талабу ҷонбозиҳои
бузургон дар пеш бурдани зиндагии мардум, ғанӣ гардондани
Маданията онҳо, пок нигоҳ доштани ҷамъият аз риёкорй,
Ҳаромӣ бештар аз ҷониби хешу табор, авлод ё дӯстон дастшрй
намешуд. Онҳо дар охир чунин шахсиятҳои бузургро
Метарсонданд, вале ин бефоида буд. Ба ибораи дигар гӯем,
°нҳо дар чунин муборизаҳо худро нобуд мекарданд.

Ман ҳамроҳи Давлат ягон кори бузурге накардаем. Мо
Фақат ҳаминро мехоетем, ки мардум бо роҳе, ки дигарон дар
Тӯли ҳазорсолаҳо тай кардаанд ва онро роҳи дурусти озмуда
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

эътироф кардаанд, қадам занад. Аз роҳи 70-сола, аз он роҳе,
ки моро ба бумбаст бурд ва оқибат ба иғвою ҷанг кашид,
баргарданд.

Бисёр таассуф мехӯрам, ки имрӯз бо бобои Нуралй во-
хӯрда наметавонам. Қоло намедонам дар куҷо бошад. Дар
қайди ҳаёт ҳаст ё не. Инро ҳам намедонам, ки он зани зебои
тоҷик аз деҳаи Сангтӯда ҳоло дар чй аҳвол аст. Худо
нигаҳбонй карда бошад. Мумкин имрӯз фурсат расидаает,
ки боз ба якчанд суолҳои беҷавоби онҳо посух диҳам.

* * *

Вохӯрии дигаре, ки дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти
Кӯлоб доштем, маро бо Сангак Сафаров рӯ ба рӯ карф Рости
ran, мақсадам он нест, ки ин шахси «шинохтаро» ба мардум
муаррифй кунам. Асло. У ба халқи Тоҷикистон чӣ «хизмат»
кард, акнун ҳама медонанд. Аз фурсат истифода карда, мехо-
ҳам ба мардум дигар чизро арзёбй кунам. Пӯшида нест, ки
«командами Р.Набиев ба ӯ такя мекард. Як фарде, ки қариб
нисфи зиёди умри хешро дар маҳбас гузарондааст, шахси
бовариноки номзади Раиси ҷумҳурй Р.Набиев, собиқ сарвари
ҳизби Коммунист гашта буд.

Якчанд сол пеш Р.Набиев ва Сангак ҳатто сари як миз
нишаста наметавонистанд. Яъне ҷамъияти дигари мансабдору
олимартабаи давлатй, ҳизби Коммунист ҳаракат мекард, ки
сафҳои худро доимо тоза нигоҳ дорад. Аммо рӯзе, ки мавқеи
хуізб танг шуд бе ягон шарму ҳаё ба касе, ки манфиати ӯро
ҳимоя мекард, такя намуд. Ҳатто дар Ленинобод, дар
иҷлосияи Шӯрои Олии «таърихй», ки ҳукумат Э.Раҳмоновро
ба сари қудрат овард, садҳо коммунистони собиқадору бесо-
биқа ба бобои худ нигоҳ карда, аз баромадҳои «оташини>'
вай хурсандй намуда, ба завқи-зиед қарсак мезаданд. Касе
намепурсид, ки эй мардум, ин кас чанд сол роҳбари ҳизби
Коммунист буд, ки имрӯз аз ин минбар «шерона» ба дигарон
насиҳат мекунад, ҳамаро ба ҷанги зидди «вовчикҳо»-#
демократҳо даъват менамояд?

Бояд арз кард, ки дар аввали солҳои пас аз табаддулоти
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуш

соли 1917 болшевикон айнан бо чунин усул галабаашонро
нигоҳ медоштанд. Онҳо баҳри мустаҳкам кардани мавқеи
худ ба ҷинояткорон такя карда, ҳазорон одамонро аз дами
теғ гузаронданд. Хонаву дари миллионҳои дигарро горат
карданд, сӯзонданд. Ин усул, низ имрӯз дар Тоҷикиетон
такрор шуд.

***

Фасли тирамоҳ ҳаво басо софу беғубор ва салқин буд.
Дар идораи Ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод одамони зиёд
•ҷамъ омада буданд. Кӯчаҳои маркази ноҳия низ пуродам
буд. Ман хаёл кардам, ки моро ҳамчун номзадҳо пешвоз
шрифта истодаанд. Аз як ҷиҳат хурсанд шудем. Аммо вақте
ки вориди идораи Ҳукумат гардидем, раиси он Исмоил Маҳ-
мудовро берун аз утоқи кориаш вохӯрдем. У моро дида, дар
ҳайрат монд. Салом кардем, аммо ба утоқи кориаш даъват
накард.

Исмоил Маҳмудовро хуб медонистам. Ҳис кардам, ки аз
омадани мо раис хеле норозй аст, бо вуҷуди он чизе нагуфт.
Оромиро ман халалдор карда пурсидам:

— Вохӯрии мо дар куҷо мегузарад?

У дар ҷавоб ба истиҳола гуфт:

— Намедонам. Раисшаванда чунон бисёр, ки ба ҳар кадоми
онҳо чӣ гуфтанамро намедонам.

Аз ин ҷавоб ман худро дошта натавониста, гуфтам:

— Ба мо чизе нагӯед. Чӣ тавре ки қонун мефармояд, хдмон
хел рафтор кунед. Тартиби гузаронидани вохӯриҳоро ҳуку-
мати вилоят тасдиқ кардааст. Мувофиқи ҳамин ҳуҷҷат имрӯз
Дар ин ҷо мо соати 12 рӯз бояд бо мардум мулоқот барпо
кунем.

ИМаҳмудов худро ба нодонӣ зад:

— Чй хел тартиб, ман хабар надорам! Ҳоло мо бояд бо
Р-Набиев вохӯрй дошта бошем, — ӯ инро гуфту ба тарафи
Утоқи кориаш равон шуд. Ман аз дунболи ӯ вориди утоқи
Кориаш шудам ва дидам, ки дар он ҷо Р.Набиев, ноиби ояндаи
Ӯ Н.Дӯстов, мулло Ҳайдар, раиси Ҳукумати вилоят А.Мир-
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКѴШ

зоев (баъдҳо Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурй), Қ.3ардак ва
як шахси сиёҳпӯши сарсафед, дар сари миз нишаста буданд.
Рӯи миз -з тамоми неъматҳо пур буд. Утоқи кории Раис
зебову барҳаво буд. Ба болои ин онро ҳайкали «доҳй»-оро
медод. Аҳволпурсй ба анҷом нарасида, он марди сиёҳпӯш аз
ҷой хеста, бо Н.Дӯстов ким-чй ишорае карду берун баромад.

— Ҳа, Аслиддин, қалай? — гуфт Р.Набиев ва ба Н.Дӯстов
рӯ овард. — Нарзуллоҳ, ҳамон таклиф чй шуд?

Нарзуллоҳ асли мақсадро нафаҳмида, чизе нагуфт. Пае
Набиев иброз намуд:

— Аслиддин одами худй.

Ман ба А.Мирзоев рӯ овардам ва ба оҳанги эътироз
гуфтам, ки чаро шумо тартиби худатон қабул кардаро риоя
намекунед.

— Мувофиқи он дар ин ҷо имрӯз бояд вохӯрии мо баргузор
мегашт. Умуман шумо, Акбар Мирзоевич, набояд аз қафои
ягон номзад даву тоз кунед. Онҳоро дар идораи худ қабул
карда, аз ҳамон ҷо гуселонед. Омадани шумо ба ин ҷо бар
хилофи Қонуни интихобот аст.

Ба суханони ман касе чизе нагуфг. Аз он ҷумла А.Мирзоев
ҳам. Танҳо И.Маҳмудов иброз намуд, ки пас аз вохӯрӣ бо
Р.Набиев, соати шаши бегоҳй дар ин ҷо метавонем вохӯрии
шуморо ташкил намоем.

— Ман ба ҳаминаш ҳам розй, — гӯён бо онҳо хайру хуш
накарда, берун баромадам.

Дар рӯи ҳавлй ҳамон сиёхдӯш бо гурӯх^ одамон сӯҳбат
дошт.

Мардум, ки аксаран аз рӯи баромадҳоям дар иҷлосияи
Шӯрои Олй маро мешинохтанд, ба он шахси сиёҳпӯш чизе
гуфтанд, ки ӯ аввал ба сӯи ман нигоҳ карда, пас наздай»
омад. Ӯ ба ман наздик шуда, тақрибан дар масофаи 2-3 метр
бозистод. Ҳарду ба ҳамдигар нигоҳ кардем. Сурати ӯ ба маН
маъқул наомад. Умуман аз чеҳрааш равшан буд, ки аз хираД
фарсахҳо дур аст. Ба замми ин ниҳоят ҷоҳилу бешарм мена-
мояд. Аз нигоҳи чашмони вай таҳдиду кина ва адоватр0
хондан душвор набуд.
ЛСЛИДДИНИ СОҲИКНЛЗЛР

сувҳи ситорлкуш

Дастони нештарзада, қади на чандон баланду китфони
чорпаҳлӯяш аз шахси ғайратманд ва зоҳиран ҷоҳил будани
ӯ дарак медод. Тахмин мекардам, ки ӯро дар ким-куҷое ди-
даам, вале ба ёд оварда наметавонистам.

У боз қадаме ба пеш монда, бо овози ғайриоддиаш иброз
кард:

[ — Брат, ту мара намешиносй?

— Не. Намешиносам, — гуфтам дар ҷавоб.

" — Ту, брат, Сангака намедонй?

Ман боз «не» гӯён ҷавоб додам. Дар ҳақиқат ман кй будани
ӯро намедонистам. Умуман номи Сангак ба ман чизеро наме-
фаҳмонд. Ин хел номҳо — Сангак, Санг ва ба ин монанд дар
ҳама ҷо пур.

Сангак дар ҳайрат монда буд, ки чй хел ман ӯро намедонам.
I — Р.Набиевро мешиносй?

— Бале!

— Ман одами Набиев, брат.

— Хеле хуб, — гуфтам ва хостам аз ӯ дур шавам, вале
Сангак боз қадаме пеш монда, илова намуд:

— Брат, ту бо ин помирию ғармиҳоят ба мо шӯхй накун.
Зӯратон намерасад. Ваҳҳобиёнра амон намегузорам. Ман уноя
сарбур мекунам, — гӯён бо даст гулӯяшро нишон дод.

— Дастатро ба гулӯят набар, ки боз ягон малоика «омин»
нагӯяд, — гуфтам ман.

У ба маънии ин сухан ҳоло сарфаҳм нарафта буд, ки ман
аз наздаш аллакай дур шуда, бе хайру хуш ба тарафи роҳи
мошингард равон будам.

— Эй, ист! Ту чй гуфтй?

Ман ба вай аҳамият надода, ба мошини сабукрави хизматй
савор шуда сӯи хонаи Бозор'алй Сафаров роҳ пеш гирифтем.
Дар роҳ муовини раиси кадом як хоҷагии ноҳияи Мӯъми-
Нобод, ки (афсӯс номашро ҳоло дар хотир надорам) ҷавони
Ниҳоят боодобу бо фарҳанг буд, иброз.кард:

— Шумо хуб кардед, ки аз назди ӯ дур шудед. Ин сумот
^арои одамкушй ва дигар ҷиноятҳои содир кардааш 23-сол
Дар маҳбас буд. Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб, дар тарабхона май-
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

зоев (баъдҳо Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурй), Қ.3ардак ва
як шахси сиёҳпӯши сарсафед, дар сари миз нишаста буданд
Рӯи миз ^.з тамоми неъматҳо пур буд. Утоқи кории Раис
зебову барҳаво буд. Ба болои ин онро ҳайкали «доҳй»-оро
медод. Аҳволпурсй ба анҷом нарасида, он марди сиёҳпӯш аз
ҷой хеста, бо Н.Дӯстов ким-чй ишорае карду берун баромад.

— Ҳа, Аслиддин, қалай? — гуфт Р.Набиев ва ба Н.Дӯстов
рӯ овард. — Нарзуллоҳ, ҳамон таклиф чй шуд?

Нарзуллоҳ асли мақсадро нафаҳмида, чизе нагуфт. Пае
Набиев иброз намуд:

— Аслиддин одами худй.

Ман ба А.Мирзоев рӯ овардам ва ба оҳанги эътироз
гуфтам, ки чаро шумо тартиби худатон қабул кардаро риоя
намекунед.

— Мувофиқи он дар ин ҷо имрӯз бояд вохӯрии мо баргузор
мегашт. Умуман шумо, Акбар Мирзоевич, набояд аз қафои
ягон номзад даву тоз кунед. Онҳоро дар идораи худ қабул
карда, аз қамон ҷо гуселонед. Омадани шумо ба ин ҷо бар
хилофи Қонуни интихобот аст.

Ба суханони ман касе чизе нагуфт. Аз он ҷумла А.Мирзоев
ҳам. Танҳо ИМаҳмудов иброз намуд, ки пас аз вохӯрй бо
Р.Набиев, соати шаши бегоҳй Дар ин ҷо метавонем вохӯрии
шуморо ташкил намоем.

— Ман ба ҳаминаш ҳам розй, — гӯён бо онҳо хайру хуш
накарда, берун баромадам.

Дар рӯи ҳавлй ҳамон еиёхдӯш бо гурӯҳи одамон сӯҳбат
дошт.

Мардум, ки аксаран аз рӯи баромадҳоям дар иҷлосияи
Шӯрои Олй маро мешинохтанд, ба он шахси сиёҳпӯш чизе
гуфтанд, ки ӯ аввал ба сӯи ман нигоҳ карда, пас наздаМ
омад. У ба ман наздик шуда, тақрибан дар масофаи 2-3 метр
бозистод. Ҳарду ба ҳамдигар нигоҳ кардем. Сурати ӯ ба маН
маъқул наомад. Умуман аз чеҳрааш равшан буд, ки аз хираД
фарсахҳо дур аст. Ба замми ин ниҳоят ҷоҳилу бешарм мена-
мояд. Аз нигоҳи чашмони вай таҳдиду кина ва адоватр0
хондан душвор набуд.
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗЛР

СУБҲИ ОИТОРАКУШ

Дастони нештарзада, қади на чандон баланду китфони
чорпаҳлӯяш аз шахси ғайратманд ва зоҳиран ҷоҳил будани
ӯ дарак медод. Тахмин мекардам, ки ӯро дар ким-куҷое ди-
даам, вале ба ёд оварда наметавонистам.

У боз қадаме ба пеш монда, бо овози ғайриоддиаш иброз
кард:

— Брат, ту мара намешиносй?

— Не. Намешиносам, — гуфтам дар ҷавоб.

— Ту, брат, Сангака намедонй?

Ман боз «не» гӯён ҷавоб додам. Дар ҳақиқат ман кй будани
ӯро намедонистам. Умуман номи Сангак ба ман чизеро наме-
фаҳмонд. Ин хел номҳо — Сангак, Санг ва ба ин монанд дар
ҳама ҷо пур.

Сангак дар ҳайрат монда буд, ки чй хел ман ӯро намедонам.

— Р.Набиевро мешиносй?

— Бале!

— Ман одами Набиев, брат.

— Хеле хуб, — гуфтам ва хостам аз ӯ дур шавам, вале
Сангак боз қадаме пеш монда, илова намуд:

[ — Брат, ту бо ин помирию гармиҳоят ба мо шӯхй накун.
Зӯратон намерасад. Ваҳҳобиёнра амон намегузорам. Ман уноя
сарбур мекунам, — гӯён бо даст гулӯяшро нишон дод.

— Дастатро ба гулӯят набар, ки боз ягон малоика «омин»
нагӯяд, — гуфтам ман.

У ба маънии ин сухан ҳоло сарфаҳм нарафта буд, ки ман
аз наздаш аллакай дур туда, бе хайру хуш ба тарафи роҳи
Мошингард равон будам.

— Эй, ист! Ту чй гуфтй?

Ман ба вай аҳамият надода, ба мошини сабукрави хизматй
савор шуда сӯи хонаи БозорФчй Сафаров роҳ пеііі гирифтем.
Дар роҳ муовини раиси кадом як хоҷагии ноҳияи Мӯъми-
н°бод, ки (афсӯс номашро ҳоло дар хотир надорам) ҷавони
Ниҳоят боодобу бо фарҳанг буд, иброз.кард:

— Шумо хуб кардед, ки аз назди ӯ дур шудед. Ин сумот
барои одамкушй ва дигар ҷиноятҳои содир кардааш 23-сол
Дар маҳбас буд. Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб, дар тарабхона май-
АСЛИДЛИНИ СОҲИБНАЗЛР

сувҳи СИТОРАКУШ

фурӯширо касб кардааст.

Ба камина қамааш равшан гашт.

— Маълум, ки Р.Набиев тамоми Тоҷикиетонро ба ивази
як ҷуръа май хоҳад фурӯхт. Қатто мижааш хам намехӯрад
Ҳама баробар хандиданд.

***

Пас аз вилояти Кӯлоб, вохӯриҳои мо дар водии зарнисори
Вахш, яъне вилояти Қӯрғонтеппа оғоз гардид. Рафти
вохӯриҳо собит мекард, ки дар ин водй аксарияти мардум
моро дастгирӣ мекунанд. Фақат як чиз ба чашм мерасид: он
қисми одамоне, ки нисбати мо майл надоштанд, мавқеи
бетарафиро пеш гирифта буданд. Ба ҳамагон маълум ает,
ки ин водй қариб мардуми таҳҷоӣ надорад. Аксарият муҳо-
ҷирони солҳои 30-50 ҳастанд. Дар байни онҳо собиқ бойҳои
заминдори аз Русия ва Украина ба тарзи зӯрӣ кӯчонда шуда
кам набуд. Қисми дигари мардум аз водии Фарғона, Қаро-
тегину Ҳисор ва Кӯлоб дар ин водй маскун шуда буданд.
Қариб 60-фоизи муҳоҷирони ин водиро, ки акнун муқимй
ҳисоб мешуданд, зодагони диёри Қаротегин ташкил медод.

Мутаассифона, дар бисёр вохӯриҳо мо ба як мушкил рӯ
ба рӯ мешудем. Ин пеш аз ҳама даъвати гурӯҳи Р.Набиев
нисбати «бародардиёр» хондани Кӯлобу Ленинобод буд. Ин
чиз аллакай қисми зиёди мардумро ба таҳлука андохта буд-
Бисёриҳо ба тарзи шӯхй бошад ҳам, мегуфтанд, ки кӯлобиҳо
ва ленинободихри дар ин водй муқим, бародари кӣ хуіеоб
мешаванд? Албатта бародари ленинободию кӯлобй, гармиҳо
бошанд, бародарони бадахшониҳо.

Ман шахсан ба ин ақида ва суолҳо танҳо як ҷавоб доштаМ.
«Ин шайтонй барои коммунистон зарур ает. Онҳо тоҷиконро
ноором мекунанд, ки оқибаташ дахдіат ает. Маълум буд, кй
ин игворо пас аз интихобот дарк карда метавонем ва даХ'
солаҳо мо қувваҳои демократй ҳеҷ гоҳ тоҷиконро бародаР'
шаҳр нахоҳем гуфт. Ин гуноҳ ает, гуноҳи афвнопазир...»

Як чиз мусаллам аст, ки ин шиори нав набуд. Ҳанӯз ДаР
АСЛИДДИНИ СОҲИБИАЗАР

<2*2І

оувҳи оиторлкуш

солҳои 1918-1924 сарварони болшевикон мардуми Осиёи
Миёнаро «бародарони мусулмон» хонданд. Аммо вақте ки
болшевикон вазифаҳоро соҳиб шуданд, болшевизм пурра
ғалаба кард, коммунистон собиқ бародарони муеулмони худро
душман хонда, аксарияти онҳоро бо ҳар роҳ нобуд еохтанд.
Динро душмани ҷамъият эълон доштанд.

Имрӯз ҳам коммунистон, вақте, ки намояндаашон мансаби
Раиси ҷумҳуриро соҳиб шуд, раиси онҳо чӣ кас будани худро
собит кард. Риштаи бародаршаҳрии Ленинобод-Кӯлоб гусаста
ціуд. Вале аз ин аблаҳй албатта мардуми Ленинободу Кӯлоб
ва ё Ғармро душмани якдигар наметавон гуфт. Вале чй
мегӯед, ки мансабдорон дар ин ҷода душмани ашаддии
якдигаранд.

Сафари мо ба вилояти Ленинобод аввалҳои моҳи ноябри
соли 1991 суратгирифт. То интихоботи Раиси ҷумҳурй ҳамагй
15-20 рӯз вақт монда буд.

Дар фурӯдгоҳи Ленинобод ману Давлати Худоназарро
раиси Ҳизби Демократи вилояти Ленинобод Ҷумъабой
Ниёзов, ҳоло раиси хдозби Демократ дар платформаи гурӯҳи
Алмаато ва муовини ӯ профессор Насриддинов пешвоз
гирифтанд. Аз соҳибмансабони расмии вилоят нафаре ба
истиқболи мо набаромад. Ҳавои шаҳри Хуҷанд сард буд. Каму
беш борон меборид. Кас хаёл мекард, ки маҳз ҳамин сардии
Ҳаво таъсири худро расондааст. Инҷо Ҷ.Ниёзов ва Насрид-
Динов истисно буданд.

Мехостем, ки раиси Ҳукумати вилоят моро қабул кунад,
вале афсӯс! Раис аз мулоқот бо мо дар ҳазар буд. У ким-чй
к°реро баҳона карда ба нохдеяи Мастчоҳ рафт. Кӯшиши мо
^аРои вохӯрй бо раиси шаҳри Хуҷанд низ натиҷае надод.
Наноби Абдуллоҷонов аз омадани мо огоҳ гашта, ӯ ҳам ба
кУҶое ғайб зад. Пае кӯшиши бо лидери ғайрирасмии вилоят
^Ҳоҷиев вохӯрданро кардем. У моро хеле хуш қабул кард

Кушоду равшан изҳор дошт, ки моро ҷонибдорй хоҳад
К*РД. Ӯ дар вохурии мо бо истеҳсолотчиёни комбината
«^Шими Хуҷанд ширкат варзид ва иброз дошт, ки агар
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

вилояти Ленинобод Давлату Аслиддинро тарафдорӣ кунад,
бурд хоҳад кард. Қаллобию авомфиребии давлатдорони
гузашта шикает хӯрд. Ва имрӯз нафаре лозим аст, ки ин
шикастро эътироф кунад, мардумро бо роҳи нав, ба роҳи
рост ҳидоят намояд. Аксарияти нафароне, ки номзадии худро
ба ҳайси Раиси ҷумҳурй гузоштаанд, албатта одамони
шинохтаи ҷумҳурӣ мебошанд. Вале қисми онҳо ба идора
кардани Тоҷикиетон тайёр ва қодир нестанд.

Дар рафти сухан Р.Ҳоҷиев номи ягон номзадро ба забон
наовард, ба истиснои Давлати Худоназар. Чунин ҳис карда
мешуд, ки мардуми Хуҷанд ба ягон номзад ба Раиси ҷумҳурй
таваҷҷӯҳи зиёде надоранд. Ҳатто Р.Набиев тарафдори зиёде
надошт. Аммо дар тӯли 30-40 соли охир, ки шахси аввали
ҷумҳурй аз он ҷо буд, алалхусус барои мардуми шаҳр ва
гирду атрофи он фарқе надошт, ки кадоме аз номзадҳои
онҳо ғалаба ба даст меовард. Ана маҳз ҳамин андеша мумкин
қисми мардумро дар атрофи Р.Набиев ҷамъ мекард.

Радио, телевизион, воситаҳои дигари ахбори умум бар
хилофи қонун танҳо як номзадро тарғибу ташвиқ мекарданд.
Ва қисми зиёди онро меҳмононе, ки аз вилояти Кӯлоб ба ин
ҷо меомаданд, ба мисли мулло Ҳайдар, Қурбон Зардак, Қур-
бон Мирзоалиеву Бекматов ва шогирдони вафодори онҳо
ташки л медод.

Ҳамон рӯзҳо яке аз барномаҳои телевизиони вилояти
Ленинобод ба бародаршаҳрҳо — Кӯлобу Ленинобод бахшида
шуда буд, дар он мулло Ҳайдар симои аввал буд. Аз баромади
мулло чунин бармеомад, ки гӯё дар ҷумҳурй ду диёр
Ленинободу Кӯлоб вуҷуд доранду тамом. Ва агар ин ду диёр
Р.Набиевро интихоб кунанд, «зарурати» дастгирии ғармиҳову
бадахшониҳо аз байн меравад.

Аз ин баромади бародарони нобаробар ҳар лаҳза бӯй
ҷудоиандозй ва игвоандозӣ меомад. Фазой маъракаи интихо-
ботиро магшуш мегардонд ва ғалабаи Р.Набиевро дар оянДа
ба нокомиҳову нооромиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегардонд. Идора И
Раиси ояндаро бо бародарони кӯлобй наздик ва бо бародарони
ғармй фарсахҳо дур мекард.
ДСЛИДДИНИ ООҲИБНАЗАР (215)____________СуБҲИ СИТОРАКущ

Кас аз ташвиқоти тарафдорони Р.Набиев ҳис мекард, ки
дар ҷумҳурй ақрабаки соат боз аз сари нав cap дода шудааст
ва мулло Ҳайдар бо ёрй ва дастгирии коммунистони матин
М.Бегматов, Ш.Шабдолов, М.Мирхолиқов, А.Раҳмонова, *си
ҳоло «бикр» буд, дар гирди он тор метаниданд.

Радио ва телевизион, ки дар дасти идораи ҳизби коммунист
буд, боз ҳамон суруди «Ленин бародар раҳнамо»-ро такрор
ба такрор мешунавонд. Ҷӯрабек Муродов дар арафаи соҳиб
шудан ба унвони «артиста балозада» қарор дошт. Ҷаноби
НДӯстов, НХувайдуллоев, С.Кенҷаев ва дигарон бо сарварии
Р.Набиев иғвоҳои навбатиро тайёр мекарданд. Коммунистони
ленинободй дар байни ин бозиҳо истода хурсанд буданд, ки
бародарони кӯлобй бо ға.рмиҳо бародар нашуда, аммо
бародарони онҳо шуданд. Онҳо намедонистанд, ки дар оянда
ин бародарони навашон унвони «бачаҳои боло»-ро гирифта,
оқибат хуҷандиҳоро ҳатто аз Хуҷанд гурезон хоҳанд кард.

Хуҷандиҳо Ленинобод адо гӯён ба майдон баромада, аз
«бародарони интахобй» шла мекарданд.

Мо намедонистем, ки ояндаи «бародаршаҳрй» то чй андоза
ҳузнангез аст. Аммо хдіс мекардем, медидем, таҳлил доштем,
ки дар оянда бародаршаҳрии ду диёру як миллат ин диёрҳоро
ба ду миллат, тоҷикони Кӯлобу тоҷикони Ленинобод ҷудо
мекунад. «Чил қаландар дар болои як қолин ҷо мегирад, вале
барои ду шох як иқлим тангй мекунад». Аз ин лиҳоз мо
Ҳаракат мекардем, ки тавассути телевизиони вилоята Лени-
нобод мардумро аз ақидаҳои шахсии хеш огоҳ созему бигӯем,
ки мо ба ҳама як хел бародарем.

Ба ҳамин мақсад ману Давлати Х^доназар сӯи идораи
телевизиони вилоят роҳ пеш гирифтем. Сарвари ин идора,
зани зебову ситорагарм, ки баҳори умраш дар амал буд, моро
Ниҳоят самимона истиқбол кард. Уро аз мақсад ва нақшаи
Кеш огоҳ сохтем. У бо нақшаи мо ошно гашта, иброз намуд:

-— Хушнудам, ки имконият пайдо шуд Давлати Худона-
зарро бо мардуми Ленинобод шиносонам. Роста гапро гӯям,
^хсан ман тарафдори Шумо ҳастам.

Аз байн вақти зиёде нагузашта, тамоми асбобу анҷомҳои
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуШ

зарурӣ гирд оварда шуда, сабти телевизионии суханронии
ману Давлат Худоназар оғоз ёфт. Дар тӯли 40-дақиқа чизе,
ки зарур буд, ба навор гирифта, инчунин ба якчанд суоли
мухбир низ ҷавоб додем.

Пас аз хайру хуш, вақте ки хостем аз идораи сардор берун
бароем, ман ба Давлат рӯ оварда гуфтам:

— Ҳоло вақт дорем. Агар муқобил набошед (аслан ман
сардорро дар назар доштам), навори гирифтаро аз назар
гузаронем.

Сардор бе ягон мамониат розй шуд. Ва мо ба толори
намоиш фаромадем. Наворбардорон ба зудй чизҳои заруриро
омода сохта, ба нишон додани навор пардохтанд.

Тамошои навор моро ба ҳайрат овард, ки онро асло
чашмдор набудем. Гап дар сари он, ки дар навор симои ману
Давлат ва ҳаракатҳои мо сабт туда буд, вале мо кару гунг
будем. Маълум, ки овоз сабт нашудааст.

'Сардор дарҳол аз паи фаҳмидани иллат камар баст. Мо
низ ҳавасманд будем, ки еабабашро фахдеем.

Ибтидо, ки мо қабл аз сӯҳбат дар идораи сардори
телевизион менишастем, муовини сардори идораи Кумитаи
бехатарии вилоят ба назди сабтгарони овоз рафта фармон
додааст, ки ӯ овози моро нанависад. Ҳатто тахдид карда гуф-
тааст, ки агар сабт кунад, ӯро ба ҳабс мегирад.

Мо ба’ сардори Кумитаи бехатарии вилоят арз намудем,
ки ин амал хилофи қонун аст ва ин бояд шахсан тафтиш
карда шавад. Акт ҳам тартиб додем ва шоҳидон имзо гу-
зоштанд.

Сардори идораи бехатарй пае аз телефони мо ин кирдорро
пурра инкор карданй шуд. Мо бо далелҳо исбот карданй
шудем, вале даву този мо дигар натиҷае надод.

Ҳамин тавр на обкому на горком ва на Ҳукумати вилоят
барои аз сари нав дар телевизион сухан гуфтани мо розигй
намедод. Ҳамагон иброз медоштанд: «Мо кордор нестем, мо
намедонем».

Пае аз ин Давлат, ки намояндаи мардумй дар Парлумонй
Иттиҳоди Шӯравй буд, ба қабулгоҳи М.Горбачев аз ин раф'
АСЛИЛДИНИ ООҲИБНАЗЛР

сувҳи ситорлкуш

тори ҳукуматдорони вилояти Ленинобод занг зад. Аз қабулгоҳ
ба ӯ фаҳмонданд, ки М.Горбачев неет ва арзатонро ба ҷаноби
Бакатин — Раиси Кумитаи бехатарии СССР мерасонанд.
Арзи шумо ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Дар охир рақами телефони
моро пурсид.

Мо пас аз ин дигар намедонистем чй кор кунем. Ноилоҷ
ба меҳмонхона омадем. Тахмин соатҳои ҳашти бегоҳй теле-
фони утоқи мо занг зад, моро ба идораи телевизион даъват
карданд.

Дарҳол роҳи идораи телевизионро пеш гирифтем.

Дар даромадгоҳи идораи телевизион муовини раиеи
Кумитаи бехатарй, муовини раиеи шаҳри Ленинобод ва
муовини ҳокими вилоят истода буданд. Касе аз мо чизе
напурсид ва рост ба идораи телевизион даромадем. Ҳамин
тавр пас аз барномаи ахбор мо мустақиман қариб 45 дақиқа
ба воситаи телевизиони вилояти Ленинобод баромад карда,
ақидаҳои хешро иброз намудем. Ҳамаи онҳое, ки аз ин ҳодиса
огоҳӣ доштанд, ба хубӣ ҳис намуданд, ки агарчи дасти
Бакатин буд, демократия ғалаба кард. Ва ҳама кор на дар
идораи ҳизбу Кумитаи бехатарии вилоят ҳал мегардад, Қонун
ҳукмраво аст ва он КГБ-ро низ ба тартиб медарорад. Дар
назди Қонун сарашро паст мефарорад.

Ногуфта намонад, ки пас аз Раиси ҷумҳурй интихоб
гардидани Р.Набиев сардори идораи телевизиони Ленинобод
аз сари мансаб дур карда шуд.

Ман комилан бовар дорам, ки ин зани боиффат, модари
азизу завҷаи меҳрубони як хонадони тоҷик бо сари баланд
(ба ин бовар дорам) мефахрад, ки ӯро барои ақидааш аз
вазифа сабукдӯш кардаанд. Вале эътироф накардани ақи-
Даҳои ӯ аз ҷониби касе набошад, оянда надорад. Медонам,
ки муаллима ҳақ буд ва ҳақ мемонад.

Онрӯз ману Давлат Худоназар ба воситаи телевизиони
Ленинобод иброз кардем, ки «Бародаршаҳр хондани ду диёри
тоҷик ҷинояте мебошад. Оянда галабаи Р.Набиевро ба
Маглубият мерасонад. Ленинободиҳоро побанди сиёсати
сарбастаи ҳукуматҳо, ҳокимҳои оянда мегардонад. Аксарияти
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуШ

мутахассисони лаёқатаанди ин мулк қурбони игЬо мегарданд.
Бовар кунед, ки шумо, бародарони ленинободӣ, бо иттифоқи
ягона сарбаланд ҳастед, аммо Кӯлобу Ленинободро бародар
хондаед. Пас мо ба шумо кй мешавем? Бародарони утай
магар?

Ин иғво фақат дар мағз андар магзи идораи ҳизб ҷо ги-
рифтааст. Ва касе ба он бовар дорад, хатои кул содир мена-
мояд. Мардум, ба ин шайтонй асло бовар накунед. Худо худаш
шоҳид. Ленин се-чор сол пас шумо меваи талхи ин иғворо
хоҳед чашид. Бо чашмони худ мебинед, ки ин шайтонй ба
Кӯлобу Ленинобод чй бадбахтиҳо меорад. Онҳоро аз ҳам ҷудо
карда, Тоҷикистонро низ пора-пора мекунад.

Ман ба шумо, мардуми шарафманди Ленинобод, кушоду
равшан мегӯям, ки се-чор сол пае худатон ба ин шоҳид
мешавед ва баҳо медиҳед, ки ману Давлати Худоназар ҳақ
ҳастем ва ё мулло Ҳайдару коммунист Мирзоалиев. Ман ба
гуфтаҳои худ дар ҷалаеаи Шӯрои Олӣ бовар дорам ва бори
дигар мегӯям: «Он роҳе, ки Р.Набиев ба сари қудрат ома-
данист, роҳи хатост. Ин як навъ кӯрбинист. Ва оқибати он
мумкин ҷанги шаҳрванд бошад. Ба душманони мо зарур аст,
ки тоҷик аз тоҷик ҷудой ҷӯяд. Худо худаш нигоҳ дорад».

Пас аз суханронй дар телевизиони вилояти Ленинобод
рӯзи дигар муносибат бо мо татйир ёфт. Пагоҳии рӯзи дигар
моро устод Маъруфхӯҷа Баҳодуров пайдо кард ва ҳамроҳи
Бозор Собир, Лоиқ Шералй, Гулрухсору Фарзона қариб дар
аксари вохӯриҳои минбаъда бо мо ҳамроҳ буд. Ҳамроҳии ин
ҳофизи бузург, шеършиноси мӯшикоф, муаллиму у.утоди
мӯътабар сафи тарафдорони моро дар вилояти Ленинобод
ба даҳҳо ҳазор зиёд гардонд. Тарафдорони моро алалхусус
дар Исфара, Ашту Мастчоҳ ва Конибодом хеле муттаҳид
кард. Акнун вохӯриҳо басо серодаму пуршукӯҳ мегузашт.

Дар шаҳри Хуҷанд, дар комбинати абрешим, ки бо
ташаббуси Р.Ҳоҷиев вохӯрй ташкил туда буд, ҳамагй 80-
100 нафар ҷамъ омада буданд. Ҳол он ки дар вохӯрии дар
назди идораи Ҳокими шаҳр барпо туда 8-10 ҳазор одам
ҷамъ омад.
ЛОЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР (219)____________суБҲИ СИТОРАКуш

Таъсири суханони устод Маъруфхӯҷа Баҳодуров, шеър-
ҳои Гулрухсор, Фарзона, забони шевои Лоиқ, ҳақиқати Бозор
назару ақидаи мардумро хоҳ-нохоҳ ба тарафи мо мегардонд.
Комилан бовар доштем, ки агар мӯҳлати интихобот дертар
мешуд, мо аз вилояти Ленинобод зиёда аз 40-фоиз овоз
мегирифтем. Ба ҳамаи ин махдудиятҳо нигоҳ накарда, мо аз
вилояти Ленинобод қариб 27 фоиз овозҳоро сох^іб шудем.
Дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Исфара қариб 40 фоиз, дар Кони-
бодому Ашт 38 фоиз мардум ба тарафдории мо овоз доданд.
Ин дар ҳолати яккаҳизбй, вуҷуд надоштани анъанаҳои
демократӣ ва ахбороти дурусту ҳаққонй ғалабаи калон буд.
Умуман худи интихобот як марҳилаи нав ба шумор мерафт
ва агар сарварони ҳизби коммунист каму беш хох^шш дигар
кардани муносибатҳои ҷамъияти коммуниста медоштанд,
бегуфтугӯ мардумро ба равандҳои нави демократа дар
заминай коммуниста ба мисли Хитой, Ветнаму Ӯзбакистон
ором нигоҳ дошта, пеш мерафтанд. Вале чунин фаҳмиш ба
ақли болшевикон нарасид ва бадбахтона, то ҳол нарасидааст.
Имрӯз гуфтан мумкин аст, ки коммунизм дар шакли
бераҳмонааш дар ҷомеаи мо боқй мондааст.

Вохӯриҳои мо дар вилояти Ленинобод ба охир мерасид.
Р.Ҳоҷиев ба мо тавсия дод, ки хуб мешуд бо раиси колхози
ба номи Ленини ноҳияи Пролетар, ҳоло ноҳияи Ҷаббор
Расулов, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Социалиста Абду-
ғаффор Самадов вохӯрем.

Ман пеш ҳам медонистам, ки дар масъалаҳои ҷобаҷогу-
зории кадрҳо дар вилояти Ленинобод А.Самадов саҳми калон
Дошт. Ӯ шахсе буд, ки ҳамаи сарварони ҷумҳӯрй аз Т.Ӯлҷа-
боев cap карда, то Ҷ.Расулову Р.Набиев, Қ.Маҳкамов бе масли-
Ҳати вай қадам намегузоштанд. Бемуболиға дар байни
ӯзбекзабонҳо ягона шахсе буд, ки мавқеи ӯ нисбата мансаб-
Дорони тоҷик басо устувор буд. Ва ин мавқеъ бегуфтугӯ
аксарияти роҳбарони вилояти Ленинободро барои «маслиҳат»
тарафи дарвозаи А.Самадов мекашид. Дар навбати худ
А.Самадов «маслиҳатҳо»-ро ба сарварони ҷумҳурӣ мерасонд.
Агар маслиҳату илтимоси ӯ нисбати ягон нафаре аз чониби
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАДАР

сувҳи СИТОРАКУШ

мутахассисони лаёқатманди ин мулк қурбони иғЬо мегарданд.
Бовар кунед, ки шумо, бародарони ленинободй, бо иттифоқи
ягона сарбаланд ҳаетед, аммо Кӯлобу Ленинободро бародар
хондаед. Пас мо ба шумо кй мешавем? Бародарони угай
магар?

Ин иғво фақат дар мағз андар мағзи идораи ҳизб ҷо ги-
рифтаает. Ва касе ба он бовар дорад, хатои кул содир мена-
мояд. Мардум, ба ин шайтонй асло бовар накунед. Худо худаш
шохдед. Ленин се-чор сол пас шумо меваи талхи ин иғворо
хоҳед чашид. Бо чашмони худ мебинед, ки ин шайтонй ба
Кӯлобу Ленинобод чй бадбахтиҳо меорад. Онҳоро аз ҳам ҷудо
карда, Тоҷикистонро низ пора-пора мекунад.

Ман ба шумо, мардуми шарафманди Ленинобод, кушоду
равшан мегӯям, ки се-чор сол пае худатон ба ин шоҳид
мешавед ва баҳо медиҳед, ки ману Давлати Худоназар ҳақ
ҳастем ва ё мулло Ҳайдару коммунист Мирзоалиев. Ман ба
гуфтаҳои худ дар ҷаласаи Шӯрои Олй бовар дорам ва бори
дигар мегӯям: «Он роҳе, ки Р.Набиев ба еари қудрат ома-
данист, рохуі хатост. Ин як навъ кӯрбинист. Ва оқибати он
мумкин ҷанги шаҳрванд бошад. Ба душманони мо зарур аст,
ки тоҷик аз тоҷик ҷудой ҷӯяд. Худо худаш нигоҳ дорад».

Пас аз суханронй дар телевизиони вилояти Ленинобод
рӯзи дигар муносибат бо мо татйир ёфт. Пагоҳии рӯзи дигар
моро устод Маъруфхӯҷа Баҳодуров пайдо кард ва ҳамроҳи
Бозор Собир, Лоиқ Шералй, Гулрухсору Фарзона қариб дар
акеари вохӯриҳои минбаъда бо мо ҳамроҳ буд. Ҳамроқии ин
ҳофизи бузург, шеършиноси мӯшикоф, муаллиму у^тоди
мӯътабар сафи тарафдорони моро дар вилояти Ленинобод
ба даҳҳо ҳазор зиёд гардонд. Тарафдорони моро алалхусус
дар Исфара, Ашту Мастчоҳ ва Конибодом хеле муттаҳид
кард. Акнун вохӯриҳо басо серодаму пуршукӯҳ мегузашт.

Дар шаҳри Хуҷанд, дар комбинати абрешим, ки бо
ташаббуси Р.Ҳоҷиев вохӯрй ташкил шуда буд, ҳамагй 80-
100 нафар ҷамъ омада буданд. Ҳол он ки дар вохӯрии дар
назди идораи Ҳокими шаҳр барпо шуда 8-10 ҳазор одам
ҷамъ омад.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

Таъсири суханони устод Маъруфхӯҷа Баҳодуров, шеър-
ҳои Гулрухсор, Фарзона, забони шевои Лоиқ, ҳақиқати Бозор
назару ақидаи мардумро хоҳ-нохоҳ ба тарафи мо мегардонд.
Комилан бовар доштем, ки агар мӯҳлати интихобот дертар
мешуд, мо аз вилояти Ленинобод зиёда аз 40-фоиз овоз
мегирифтем. Ба ҳамаи ин махдудиятҳо нигоҳ накарда, мо аз
вилояти Ленинобод қариб 27 фоиз овозҳоро соҳиб шудем.
Дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Исфара қариб 40 фоиз, дар Кони-
бодому Ашт 38 фоиз мардум ба тарафдории мо овоз доданд.
Ин дар ҳолати яккаҳизбй, вуҷуд надоштани анъанаҳои
демократа ва ахборота дурусту ҳаққонӣ ғалабаи калон буд.
Умуман худи интахобот як марҳилаи нав ба шумор мерафт
ва агар сарварони ҳизби коммунист каму беш хоҳиши дигар
кардани муносибатҳои ҷамъията коммуниста медоштанд,
бегуфтугӯ мардумро ба равандҳои нави демократа дар
заминай коммуниста ба мисли Хитой, Ветнаму Узбекистан
ором нигоҳ дошта, пеш мерафтанд. Вале чунин фаҳмиш ба
ақли болшевикон нарасид ва бадбахтона, то ҳол нарасидааст.
Имрӯз гуфтан мумкин аст, ки коммунизм дар шакли
бераҳмонааш дар ҷомеаи мо боқй мондааст.

Вохӯриҳои мо дар вилояти Ленинобод ба охир мерасид.
Р.Ҳоҷиев ба мо тавсия дод, ки хуб мешуд бо раиси колхози
ба номи Ленини ноҳияи Пролетар, ҳоло ноҳияи Ҷаббор
Расулов, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Социалистй Абду-
ғаффор Самадов вохӯрем.

Ман пеш ҳам медонистам, ки дар масъалаҳои ҷобаҷогу-
зории кадрҳо дар вилояти Ленинобод А.Самадов сахдои калон
Дошт. У шахсе буд, ки ҳамаи сарварони ҷумҳӯрй аз Т.Улҷа-
боев cap карда, то Ҷ.Расулову Р.Набиев, Қ.Махдсамов бе масли-
Ҳати вай қадам намегузоштанд. Бемуболига дар байни
ӯзбекзабонҳо ягона шахсе буд, ки мавқеи ӯ нисбата мансаб-
Дорони тоҷик басо устувор буд. Ва ин мавқеъ бегуфтугӯ
аксарияти роҳбарони вилояти Ленинободро барои «маслиҳат»
тарафи дарвозаи А.Самадов мекашид. Дар навбати худ
А.Самадов «маслиҳатҳо»-ро ба сарварони ҷумҳурй мерасонд.
Агар маслиҳату илтамоси ӯ нисбати ягон нафаре аз чониби
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

роҳбарони Тоҷикиетон пазируфта намешуд (чунин ҳодисаҳо
хеле зиёд буданд), А.Самадов гапи худашро ба воситаи
сарварони Узбакистон, алалхусус ба воситаи Ш.Рашидов ба
сарварони Тоҷикистон мегузаронд. Аз ин рӯ ягон ҳаракату
амали А.Самадов бе натиҷаи дилхоҳ анҷом намеёфт ва мудом
мақсади ӯ амалй мегашт.

Пас аз фавти лидери ӯзбекон Ш.Рашидов дар Осиёи Миёна
ва бе еарпараст мондани тоҷикон баъди аз олам гузаштани
Ҷ.Расулов дар ҳалли баҳеу муноқишаҳои байни тоҷикону
ӯзбекон ва умуман Осиёи Миёна бо саркардаҳои Кремл ва
Москва танҳо А.Самадов монда буд. Аз ин рӯ ҳар як лидере,
ки чй дар Узбекиетон ва чй дар Тоҷикиетон ба сари қудрат
меомад, бе дахолати шодравон А.Самадов мавқеъ пайдо карда
наметавонист. Ҳатто мумкин буд, ки ба сари мансаб ҳам
намерасид. А.Самадов дар авзои сиёсӣ-иқтисодии ду кишвар
— Узбекистану Тоҷикистон, дар ҳалли маеъалаҳои мухталиф
мавқеи асосӣ донгг ва дар бисёр ҳолатҳо нақши ҳалкунандаро
мебозид.

Р.Ҳоҷиев шахси кордону соҳибтаҷриба буд. Ва ӯ ҷониб-
дории худро нисбати мо иброз кард, аммо хуб медонист, ки
тақдири Ленинобод, тақдири сарвари ояндаи тоҷикон аз
муносибати ӯ бо ӯзбекони Нову Пролетар, ба А.Самадов ва
бо И.Каримов ҳал мегардад.

А.Самадов моро дар идорааш интизор буд. Ӯ моро хеле
хуш ва бо чеҳраи кушод истиқбол намуд. Ногуфта намонад,
ки утсқи кории ӯ хеле оддй буд. Гарчанде хоҷагй номи «доҳии
проллетарҳо»-ро дошт, дар саҳни он ба ҷуз ҳайкали таъмир
надидаи «доҳй» ва аз тарафи рости он ҳайкали раис, дигар
ҳатто сурате ва шиоре аз гуфтаҳои «доҳй» ба чашм наме-
расид. Баръакс, ҳайкали хурди раис, ду карат Қаҳрамони
Меҳнати Социалиитӣ, ки аз биринҷй сохта шуда буд, дар
болои мизи кориаш ҳайкали «доҳй»-ро иваз мекард. Агар
хато накунам, тахмин дорам, ки А.Самадов дар ин хоҷагй аз
Ленину ҳизби ӯ дида баэътибортар буд. Ин қадар ҳисобу
китоб ва ташвишҳое, ки раис дошт, ҳатто дар замонаш худи
Ленин надошт. Дар ин хоҷагй тақрибан ҳазор нафар сокинон
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

ба фарзандони хеш Абдуғаффор ном гузоштаанд, вале касе
ба фарзанди худ Ленин ном наниҳодааст. Доҳии ҳақиқии ин
диёр, сарвари ҳизби нох,ия, вилоят, ҳатто ҷумҳурй, шахси
ниҳоят пуртамкину соҳиби хулқу одоби ҳамида 6o6qh
Абдуғаффор Самадов буд. (Барой маълумот: пас аз вафоташ
ба ин колхоз номи ӯро гузоштанд).

У, еарвари колхози калонтарину шахси баэътибортарини
ҷумҳурй, дарк мекард ва медид, ки тоҷикон аз бесалоҳиятии
баъзе сарварони ҳизб, бахуеус муншии аввали ҳизби
Коммунист Қ.Маҳкамов бе сарвари оянда мондаанд. Баробари
ин дар як муддати қӯтоҳ сарвари нав пайдо кардан аз имкон
берун аст. Ҳукумати Шӯравй аз байн рафтааст. Ба ин мансаб
Москва каси дигарро таъин намекунад. Ягона роҳ ин аст, ки
пас аз интихоботи дар пеш истода — А.Самадов метавонад
ба Р.Набиев ва ё ба Д.Худоназаров такя кунад. Дигар номзад
А.Махсумов, ки бо ӯзбекон ҳамхун аст, дар ҷумҳурй мавқеи
муайян надорад. Х.Насриддинов, С.Тӯраев, ҚАслонов, ИДав-
латов ва дигар номзадҳо барои ӯ эътиборе надоранд. Мавқеи
онҳо нисбати ӯзбекон чандон дурандешона нест. Ин чиз барои
А.Самадов норавшан буд. Ва ягона шахсеро, ки А.Самадов
ӯро хуб медонист, ин Р.Набиев буд. А.Самадов баробари ин,
нағз мефаҳмид, ки Р.Набиев ботинан тарафдори мустаҳкам
кардани мавқеи ӯзбекон дар Тоҷикистон набуд.

Солҳое, ки Р.Набиев вазифаи Раиси Совети Вазирони Ҷум-
Ҳуриро ба ӯхда дошт, аввалин кори кардаи ӯ ин буд, ки дар
Чандин ҷамъомадҳои ботантана ба забони тоҷикй сухан ронд.
Ҳатто дар ноҳияи Нов, ки аксарияти мардуми он ӯзбеконанд.

Соли 1980 Р.Набиев дар колхози ба номи Ленини ноҳияи
Пролетар ба забони тоҷикй гузориш дод. А.Самадов баромад
Карда, ҳатто калимаи тоҷикиро ба забои наовард. Р.Набиев
Ҳангоми суханронии раис чандин маротиба гапи ӯро бурида,
бо забони тоҷикй суол кард, вале А.Самадов танҳо бо забони
Ӯзбекй посух дод. Ин «гуноҳ» ва беэътиноии Р.Набиевро
А-Самадов ҳаргиз намебахшид ва маълум, ки агар Ш.Рашидов
70 соли 1982 дар қайди ҳаёт мемонд, намегузошт, ки ӯ дар
Кн мансаб монад ва пас аз фавти Ҷ.Расулов сарвари ҳизби
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

Коммунистии Тоҷикистон гардад. Аз эҳтимол дур набуд, ки
ин мансаб ба Р.Ҳоҷиев мерасид. Вале чй мегӯед, ки тақдиру
насиб дар бисёр давраҳо аз саъю кӯшиш бештар саҳмгузор
аст. Аммо А.Самадов илоҷи дигаре надошт. Дигар ин ки,
муносибати А.Самадов бо лидери нави Узбекистан И.Каримов
хуб буд. Ленин И.Каримов ва Р.Набиев пеш аз дубора ба
сари қудрат омадани Р.Набиев ҳамдигарро чашми дидан
надоштанд. Аз набудани номзади дилхоҳ А.Самадов ноилоҷ
дарвозаи И.Каримовро барои дастгирии Р.Набиев кӯфт.
И.Каримов розй шуд. Вале шарти пешгузоштаи И.Каримов
ба Р.Набиев хеле гарон буд.

Дастгирии Р.Набиев аз ҷониби И.Каримов бояд мавқеи
ғармиҳоро танг мекард. И.Каримов аз ҷунбишҳои намоян-
дагони дин дар вилояти Фарғона, ки бо намояндагони дини
Тоҷикистон, алалхусус бо водии Қаротегину Вахш сахт пай-
васта буд, ҳарос дошт. Агар мавқеи дин дар ин вилоятҳои
Узбекистан мустаҳкам бошад, ҳамоҳангии мусулмонони водии
Фарғона ба водиҳои Қаротегину Вахш метавонист Тошканду
Самарқанд ва дигар мавзеъҳои Узбекистонро ба ҷунбиш орад
ва мавқеи тоҷиконро дар Узбекистан мустаҳкам кунад. Он
гоҳ Ҳукумати коммуниста чй дар Узбекистан ва чй дар Тоҷи-
кистон дар муддата кӯтоҳ қудратро аз даст медиҳад. Аз
ҳамин лиҳоз шиори зидди тоҷикй — бародархонии Ленино-
боду Кӯлоб бо дастгирии ӯзбекҳои Тоҷикистон амалй гашт.

Бисёриҳо дар хотар доранд, ки тамоми воситаҳои ахбори
оммавй, радио ва телевизион ҷор мезаданд, ки 700 ҳазор
ӯзбекзабонҳо ба тарафдории Р.Набиев овоз хоҳанд дод. Ин
ақидаро худи А.Самадов борҳо иброз карда буд. Ва гурӯҳи
ҷорчиҳои Кӯлоб дар вохӯриҳо ин гуфтаҳоро ба А.Самадов
талқин мекарданд.

Бо тавсияи Р.Ҳоҷиев ба назди А.Самадов омадани мо ягоН
мантақ надошт. Ба ибораи дигар гӯем, ин як навъ худр0
тасалло додан буду бас. Маълум буд, ки А.Самадов ҳеҷ гоХ
Давлата Худоназару Аслиддини Соҳибназарро талиб донис-
тан намехост. Дар кадом ҳолате набошад, А.Самадов метаво-
нист Р.Набиевро дар мадди назар гирад, ӯро ба роҳи даркорй
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

барад ва агар зарурат ба миён ояд, ӯро бе ягон мамониат
иваз кунад. Вале агар Давлат галаба кунад, бегуфтугӯ
Тоҷикиетону тоҷикон пурра аз назорати ӯзбекҳои Тошканду
Тоҷикистон дур мешаванд ва имконият даст намедиҳад, ки
онҳо таъсири худро ба сарварони Тоҷикиетон, мисли вилояти
Ленинобод расонанд.

Мутаассифона, А.Самадов на ҳамаи паҳлӯҳои бародар-
шаҳрон — Кӯлобу Ленинобод ва дастгирии ӯзбекҳои Тоҷи-
кистонро дар интихоботи Р.Набиев дуруст дарк кард. Ба таври
дигар гӯем, ӯ оқибати ин иқдоми номатлубро то охир ба хубй
нафаҳмид. Дар охир фаҳмид, ки дар ин роҳ хато кардааст.
Зиддияти як диёри тоҷик бо дигараш — Кӯлобу Ленинобод
— Қаротегину Бадахшон на ба тоҷикон оромй медоду на ба
ӯзбекҳо. Вале сад афсӯс, ки аллакай дер шуда буд.

Р.Набиев аллакай Раиси ҷумхурӣ буд. Дар ин ҷудоии Кӯло-
бу Ғарм риштаи дӯстии Р.Набиеву А.Самадов ва И.Каримов
пӯсида, канда туда буд. Р.Набиев бо ККаримов дӯст намонда,
душман шуданд. А.Самадов бошад мавқеи миёнаравиашро
гум карда монд. Ҳаракатҳои минбаъдаи А.Самадов баҳри
ҷудоии тоҷикон ба хотири оромии ӯзбекон буд. Вале шогирди
кӯлобй чунон асптозй кард, ки А.Самадов ин аламро дар
дилаш зардоб карда, ҳамроҳ бо худ бурд.

Ҳоло дар Тоҷикистон ӯзбекҳо на лидер доранду на мавқеи
сиёсй. Ҷои онҳоро боз русҳо ба хубй иваз кардаанд. Пири
ленинободиҳо нест, пири бузурги кӯлобиҳо — русҳо мавқеи
чй тоҷикону чй ӯзбеконро танг карда, муттаҳидии муеул-
Монони ду диёрро баҳри мустах^сам кардани мавқеи Импе-
рияи Русия аз байн бурдаанд.

Вохӯрии мо бо А.Самадов қариб ду соат идома ёфт.

Давлат дар омади ran ҳатто иброз кард, ки ким-кадом
авлодаш ё модарарӯсаш ӯзбек аст. Вале чй тавре ки арз
Кардем, А.Самадов нисбати Раиси ояндаи ҷумҳурй аллакай
**нтихоби худро дошт. Ва агар ҳамаи авлоди Давлати Ху-
Доназар, тамоми бадахшониҳо, гармиҳо худро авлоди ӯзбекон
Мещумориданд, барои А Самадов манфиати як ӯзбек аз кулли
^Ҷикон баланд меистод. Моро ҳаргиз тарафдорй намекард.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

Аҳсант сад аҳсант ба ӯ. Шодравон маҳалгаро набуд,
миллатгаро буд.

Ман шахсан бо А.Самадов дербоз шиносой доштам. Охир-
ҳои соли 1962 мувофиқи қарори Прокурори Генералии СССР
як гурӯҳи кормандони Сарраёсати Вазорати кишоварзии
Тоҷикистон оид ба кори колхозҳо, фаъолияти молиявии ин
колхозро тафтиш намудем. Дар ин тафтиш зиёда аз даҳ
нафар кормандони дафтари ҳисобу китоби Вазорати
кишоварзӣ ва ҳамин қадар кормандони прокуратурам
Генералии СССР банд буданд.

Ба мардуми Тоҷикистон маълум аст, ки соли 1961 бо
супориши Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди
Шӯравӣ дар Тоҷикистон фаъолияти муншии аввали ҳизби
Коммунисти Тоҷикистон Турсунбой Улҷабоев тафтиш карда
шуд. Тафтиш дар кори ӯ «нуқсонҳои» ҷиддиро ошкор сохт.
Уро ба изофанависии пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзй
айбдор намуда, аз вазифа сабукдӯш карданд. Инчунин Раиси
Совети Вазирон Назаршо Додхудоев, Раиси Президиуми
Совета Олй Мирзо Раҳматов ва даҳҳо муншии х^зби Комму-
нисти ноҳияву вилоят, вазирону роҳбарони хоҷагиҳо аз
вазифа дур карда шуданд. Бисёриҳо бе тах^иқи ҳуҷҷату
гуноҳ ба ҳабс ва ба ҷавобгарй кашида шуданд. Умуман ба ин
«гуноҳ» ҳазорҳо мутахассис айбдор карда шуда, ба тақдири
ҳазорон ҳазор тоҷик, беҳтарин дехдрнон доғи сиёҳ пайвастанд.
Ин амал дар Тоҷикистон як навъ «Чистка»-и соли 1937-ро
мемонд, вале ба тарзи дигар ба вуқӯъ пайваста буд.

Қариб тамоми мардуми шӯравӣ ва ҷаҳони мутамаддин
медонистанд, ки соҳаи кишоварзии СССР дар солҳои 50-60
аз соҳаи кишоварзии Амрико 40-50 сол қафо мёистод, вале
бюрои Сиёсии Ҳизби Коммуниста Иттифоқ бо сарварии
Н.С.Хрушев шиоре ба миён гузопгг

«Мо бояд дар муддата 10-15 сол дар соҳаи истеҳсолотИ
кишоварзй аз Амрико гузарем». Вале бояд иқрор шуд, ки ин
шиор ҳақиқати воқей надошт. Ба тарзи дигар гӯем, заминай
ҳақиқй надошта, иҷрои он имконнопазир буд. АввалаН,
Амрико дар соҳаи кишоварзй дараҷаи баланди технологияр0
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКуш

ташкил ва таъмин карда буд. Сониян, заминаи иқтисодии
кишоварзй дар Амрико ба моликияти хусусй тобеъ гар-
донидани замин буд. Барои деҳқони Амрико кишт кардани
зироате, ки нафъи иқтисодй надошт, аз доираи ақл берун
буд. Ва ё худ чорвои бенаслро хӯронидан маънй надошт.
Дар Иттиҳоди Шӯравй аз ин фаҳмиш деҳотиҳо даҳсолаҳо
дур буданд. Агар дар Амрико манфиати шахсии деҳқон дар
мадди аввал истад, дар Иттиҳоди Шӯравй ин манфиат
номуайяну басо маҳдуд буд.

Сеюм. Амрико сарфи назар аз дараҷаи баланди техникаи
соҳаи кишоварзй соле то 80-90 млрд, доллар ҷудо карда,
барои нигоҳ доштани мавқеи иқтисодии деҳқонони Амрико
дар бозори ҷаҳон кӯмаки амалй мерасонад. Дар СССР бошад
ин маблағ ба андозаи 2-3 фоизи буҷети Иттиҳоди Шӯравй ё
худ ба миқдори 3-6 млрд, доллари амрикой рост меомаду
халос.

Чаҳорум. Дар Амрико аз болои нархи маҳсулоти кишо-
варзй Ҳукумат назорат намекард. Онро бозори ҷаҳонй, худи
харидорони дохилию берунй бе ягон плану ӯҳдадорй муайян
мекарданд. Дар СССР миқдори маҳсулот, нарху наво,
маҳсулоти кишоварзиро давлат муйаян карда, маҳсулоти
колхозу совхозҳо даҳҳо баробар аз нархи бозори ҷаҳонй
арзон, ба нархи маҷбурй аз истеҳсолкунандагон шрифта
мещуд. Пас маълум буд, ки ин шиор низ мисли шиорҳои
Дигари ҳизби болшевикон, ки аз соли 1917 садҳо маротиба
Кабул туда буданд ва амалй нагаштаанд, бебунёд аст.

Чй илоҷ? Шиори ҳизб мисли қонун аст ва иҷрои он
Ҳатмист. Касе, ки онро иҷро намекунад, ҳизб ба ӯ хайру хуш
х°Ҳад кард. Аз ҳизб, ки рафт, аз мансаб ҳам меравад. Аз
мансаб, ки рафт, беҳтарин мутахассис бошад ҳам, ба касе
Даркор намешавад. Вай дар қатори мардуми оддӣ мемонад.

Мардуми оддй дар Иттиҳоди Шӯравӣ «созандагони
^ърих» номида мешуданд, вале амалан аз дасташон чизе
НаМеомад. Ягон масъаларо ҳал карда наметавонистанд. Ва
агар одами оддй кӯшиши таҳлил кардани шиори ҳизб кунад,
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

еувҳи ситорлкуш

ҷои ӯ ё девонахона мешавад ва ё cap ба дор медиҳад. Роҳи
дигар набуд.

Маълум, ягона роҳ ин шиорро бояд иҷро кард. Ин қарори
ҳатмй буд. Вале суол ба миён меояд: Бо кадом роҳ? Роҳҳои
иҷрои он басо осону оддист. Изофанависй! Ва баъд — олам
гулистон.

Аз соли 1958 cap карда, дар саросари Иттиҳоди Шӯравй,
бахусус дар соҳаи кишоварзй изофанависй оғоз ёфт ва
тамоми вилоятҳои Русия, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистонро
фаро гирифт. Аз соли 1958 то соли 1960 аллакай истеҳсоли
пахта, шир, гӯшт, ғалла мутаносибан якуним-ду баробар,
дар баъзе вилоятҳо то чор-панҷ маротиба «зиёд» гардид. Дар
вилояти Рязани Русия истеҳсоли гӯшт соли 1960 назар ба
соли 1956 чор маротиба афзуд. Дар Тоҷикистон дар ин муддат
истеҳсоли пахта қариб 100 ҳазор тонна, дар Узбекистон қариб
500 ҳазор тонна зиёд шуд. Равшан аст, ки ин ҳама дар ҳисобот,
дар коғаз буд. Амалан изофанависй дар Тоҷикистон соле
40-50 ҳазор тонна ва дар Узбекистон 500 ҳазор тоннаро
ташкил медод.

Изофанависй камбудии асосии системаи банақшагириро
ба зудй рӯи об мебаровард. Бисёриҳо медиданд, ки ҳар қадар
дар коғаз зиёд пахта истеҳсол кунанд, ҳамон қадар фоида
мегиранд. Баробари ин қисми зиёди фоида дар кисаи
сардорони хоҷагиҳо мемонд. Онҳо ин фоидаро бо курси-
нишинони аппарати ҳизбиву давлатии ноҳияҳо, вилоятҳо ва
ҷумҳурй, ҳатто Москва бо ҳам медиданд ва ба ивази ин онҳо
аз нақшаҳои фондй зиёд ҳар гуна масолеҳу таҷҳизот
мегирифтанд.

Таърихи башар, чунин ғалабаи сарварони давлат ихтироъ
кардаро то ҳол надидааст ва ҳатто дар ёд ҳам надорад. Ин
шиори болшевикон тамоми захираҳои Иттиҳоди Шӯравиро
масраф кард, ба горат дод. Ва яке аз сабабҳои асосии шикастй
сохти коммунистй гашт.

Алқисса, ин гуноҳи Т.Улҷабоев набуд, ки як қисми заҳмати
мардумро давлат ҷуброн намекард, то ки онро баргардонаД
ва ба ободии диёр масраф намояд.
ДСЛИЛДИНИ СОҲИБНАЗЛР

СУБҲИ СИТОРАКУШ

Шодравон Т.Улҷабоев як ҳақиқатро дарк кард. Ин тарзи
кор, дар ҳолати мутамарказй ба Тоҷикистон даромади муфт
медиҳад. Ва ин кор дар саросари Иттиҳод дар ҳукми амал
аст.

Тоҷикиетон дар тӯли се сол тавониет, ки ҳар сол аз ҳисоби
изофанависй аз буҷети Иттифоқ то даҳҳо млн. доллар
даромад гирад.

Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошад изофанависиро то барҳам
хӯрдани Иттиҳоди шӯравй давом дод. Тавонист аз Ҳукумати
Марказй аз ин ҳисоб ҳар соле садҳо миллион доллари муфт
гирад. Диёрашро ба ин восита обод гардонад.

Мутаассифона агар шодравон Т.Улҷабоевро саркӯб
намекарданд, метавонист бо роҳе, ки Узбекистон ва дигар
ҷумҳуриҳо изофанависй мекарданд, Ҳукумати Марказро
барои ба нақша гирифтани сохтмони садҳо иншоотҳои нав
мисли ГЭС-и Норак маҷбур созад. Баробари ин киеаи
сарварони Марказ-Кремлро низ ба ин восита ғанй гардонад.
Хонандагони арҷманд эҳсос кардагистанд, ки дуздӣ дар
ҷамъияти Коммуниста дар ҳолати мутамарказ будани бу-
дет ба нафъи диёрҳо буду ба зарари давлат.

Т.Улҷабоев барои изофанависй саркӯб шуд. Пас аз ӯ ҳам
изофанависй давом дошт ва имрӯз ҳам идома дорад.

Аслан Т.Улҷабоевро барои он саркӯб карда буданд, ки ӯ
аллакай аз сирру асрори ҳизб бохабар гардида буд. Роҳи аз
Дарди плану ӯхдадорй баромаданро ёфта, усули истифода
бурдани даромади аз ин ҳисоб ба даст омадаро ба манфиати
тоҷикон ёд шрифта буд. Дар баробари ин дар Осиёи Миёна
ДУ сарвар — Ш.Рашидов ва Т.Улҷабоев баробар эътибор
Доштанд илова бар ин Т.Улҷабоев дар як гӯшаи хурдакаки
Империя нуфуз ва манфиати соф тоҷйконро пеш мебурд.
Қудрата ӯро дар назари миллатгароёни ӯзбек равшан мекард.
Собит месохт, ки тоҷикон ҳам қудрат доранд, ки барои
ободонии кишвари худ кӯшанд. Тоҷик ҳам метавонад ба
воеитаи изофанависй узви Бюрои Сиёсй шавад. ГЭС-ҳои
Нораку Даоггиҷум, Роғуну Сангтӯда ва дигар иншоотҳо созад.
Обро бо ченак ба падару модараш — Самарканду Бухоро
АСЛИДДИМИ СОҲИБНЛЗАР

оуъ\н СИТОРАКУШ

танҳо бо илтимос диҳад. Чи тавре, ки Спитомен бо даети
худиҳо кушта шуда буд, Т.Улҷабоев аз дасти худиҳо фурӯхта
шуд. У миёни миллатгароёни ӯзбеку маҳалгароёни тоҷик
андаке соддагй кард. Сирри ӯ сирри ҳизби болшевикй буд.
Изофанависиро ӯ ихтироъ накарда буд, аммо маҳалгароёни
тоҷику миллатгароёни ӯзбек ин еирро ба ӯ мансуб дониета,
хоҳу нохоҳ ба пояш баста, Тоҷикистонро ба дасти тоҷике
доданд, ки ихтирои дасти коммунистони изофанависро ба
тамом инкор кард. Вале рафоқатро аз изофанависони дигар
диёр гусаста нагардонд.

Дар ҳамин давра камина ба ҳайеи тафтишгар ба колхози
ба номи Ленини ноҳияи Пролетар рафта будам ва сарвараш
А.Самадов, ки имрӯз моро насиҳат карда, «Мунча прези-
дентлар кимга керак? Биртаси бас», — мегуфт, тафтиш мегу-
зарондем. Садҳо ҳуҷҷату далелҳо буданд ва шоҳидй
медоданд, ки ҳар соле дар ин хоҷагӣ на камтар аз 600-700
тонна пахта изофанависй мешуд. Аммо ин изофанависи ӯзбек
аз ин амал даст накашид, баръакс ба ин роҳи васеъ кушод.
Ин сирри ӯ фош нагардид, вале ба сари изофанависи тоҷик
бало омад. Уро дарҳол ва бепурсупос маҳкум карданд.

Ман ҳамон солҳо изофанависиро маҳкум намекардам.
Имрӯз пас аз таҳлили зиёде онро шайтонии болшевикй
мегӯям ва сархӯри тоҷикон меҳисобам.

Дар Ӯзбекистон имрӯз сулҳу салоҳ ва оромӣ пойдор аст,
аммо дар Тоҷикистон ҷангу ҷидол. Тоҷикон изофанависро
маҳкум мекунанд, вале ӯзбекон онро ҳамаҷониба эътироф
доранд. Онҳо дар ин ҷода басо зиракӣ карданд. Ба хубй дарк
намуданд, ки фиреби Шайтон, ҳам фарз асту ҳам суннат.

Шиори ҳизби Коммунист «Ба Амрико расида мегирем ва
аз он пеш мегузарем» ин худ як навъ шайтонй буд. Вале
онҳо ин шайтониро амалй карда, худи шайтонро фиреб дода,
ғалаба ба даст оварданд.

Тоҷикон ин шайтониро қабул накарда, боварй мекарданд,
ки бо роҳи ҳақу ҳалол, бо меҳнати босадоқат Амрикоро фатХ
мекунанд. Дар ин ҷо шодравон Т.Улҷабоев истисно аст. Ӯ ба
ин бовар надошт. Зеро агар шайтони асосиро фиреб дихаД
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКуш

ҳам, шайтонҳои дохилй ва берунй дар роҳи ӯ сад мешуданд.
Ҷои ин шахси бохирад илоҳй ҷаннат бошад.

А.Самадов худ медонист, ки собиқ тафтишгари 22-сола
А.Соҳибназаров дар ин колхоз хизмати бебаҳо карда буд.
Бай аввалин касе буд, ки изофанависиро дастгирй карда,
ҳуҷҷат тартиб дода, кормандони Прокуратурам СССР-ро ба
танг овард, ки чунин изофанависй дар саросари Иттиҳоди
Шӯравй як амри воқеист.

Барои тафтиши ин корҳо даҳсолаҳо зарур буд, ки масъала
ҳаллу фасл ёбад. Ин пеш аз ҳама ҷамъ намудани системам
планкаширо талаб мекард. Ҳамин тавр номи А.Самадов бо
як варақ коғази ночизи камина абадан тоза монд ва ӯ аз
тӯҳмати изофанависй халосй ёфт.

Вақте, ки ману Давлати Худоназар дар назди А.Самадов
нишаста будем ва Давлат аз хусуси тарафдорй кардани
номзадиаш ҳарф мезад, бобои Раис ба дигар фикру андеша
банд буд. Аслан мо дар ёдаш ҳам набудем. Ин гувоҳи он буд,
ки ӯ моро заррае тарафдор нест. Тақдири мо мисли тақдири
ҳазорҳо ҳазор тоҷик барои Раисбобо баробари як пули пучак
арзиш надорад. Намедонам чй шуд, ки Раисбобо ба худ омад
ва ба ман рӯ оварда:

— Уғлим Аслиддин, сизга нима ran бӯлди? Охир бу киши,
— ба Давлат ишора карда, — ҳали ёш. Раиси ҷумҳурй булиш
нега керак? — гуфт.

Ман фаҳмидам, ки Раисбобо бо мо хайрухуш карданй аст,
нале матлабро рӯироет гуфта наметавонад. Баъд ба Давлат
иілораи хестан кардам.

— Ташаккур, Раисбобо, — гуфта ҳоло аз ҷой нахеста
будам, ки Самадов иброз кард:

— Ҳали вақт бор ку. Чой ичиб кетасизлар.

— Ташаккур, — гӯён ман аз ҷоям хестам.

Бори охирин А.Самадовро дар Қасри колхози ба номи
^Рунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд дидам, ки дар байни Сангаку
^•Баҳмонов менишаст. Дар он ҷо иҷлосияи ХѴІ-уми Шӯрои
0jl« мегузашт. Дар он иҷлосия Э.Раҳмонов раиси Шӯрои
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКѴШ

Оли, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ҷумҳурй интихоб шуда
буд.

Ба ёдам суханони ӯ омаду аз дил гузаронидам: «Мумкин
Раисбобо, яъне раиси калон, ба раиси ҷавони тоза интихоб
шуда суоли «Нега еизга мансаб. Ҳали сиз ёш ку»-ро надиҳад.
Мумкин ба Э.Раҳмонов ин саволро дода бошад, вале имко-
нияти пурсидани ин чиз набуд. Аз рӯи таҳлили худ ҳисоб
мекунам, ки А.Самадов ин еаволро ба Э.Раҳмонов нахоҳад
дод. Агар А.Самадов ин саволро ба Э.Раҳмонов медод, вай
ҳаргиз дар бараш наменишаст.

/

***

Пас аз вилояти Ленинобод вохӯриҳои мо дар водии Ҳисор
ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурй ва дар шаҳри Душанбе мегузашт.
Даҳҳо ҳазор одам дар ин водй тарафдори мо буданд ва
бегуфтугӯ ба ду гурӯҳ ҷудо кардани тоҷикон—тоҷикони
Кӯлобу Ленинобод ва тоҷикони ғайри кӯлобӣ (Ғарму Ба-
дахшон) таъсири манфй мерасонад. Дар ҳама ҷо вазъи сиёсй
қариб як хел буд. Мардум ҷудоиандозиро хеле хуб дарк
мекарданд. Бисёриҳо аз ин изҳори хавотирӣ мекарданд.

Мардум аз оқибати ин шиор такрор ба такрор мепурсиданд.

Ман қариб дар ҳама ҷо як ҷавоб медодам. Оқибати ин
шиор дар Тоҷикистон оғози ҷанги шаҳрвандиро ногузир
мегардонад. Ман шахсан тарафдори давлати демократии
дунявӣ мебошам. Вале ҳеҷ гоҳ тарафдори ҷудоиандозй набу-
дам. Барои ман фарқ надорад, ки кй Раиси ҷумҳурӣ мешавад
Аммо касе ба бародар хондани як вилоят бо вилояти дигар
ва иетиснои вилояти сеюм муваффақ мешавад, ӯ ба миллати
худ хиёнат мекунад. Онро ба мусибат мерасонад, зиддиятро
ногузир мегардонад. Вале рақибони мо, бахусуе ситоди «ий-
қилобй»-и номзад ба Раиси ҷумҳурй Р.Набиев, ба ҳар гуяа
иғво қодир буд. Ҳар қадар, ки интихобот наздик мешуД»
иғвоҳои навбатии сарварони ин ситод зиёд мегашт.

Дар яке аз рӯзномаҳо мақолае ҷо дода шуд, ки гӯё Давла^
Худоназар бо ёрии Акбари Тӯраҷонзода барои занҳо Д3*3
ЛСЛИДЛИНИ 00ҲИЫ1АЗАР

сувҳи СИТОРАКуш

Эрон як миллион чодар «заказ» кардааст. Худоё, тавба!

Аввалан, худи Акбари Тӯраҷонзода дар маъракаи
интихоботӣ мавқеи бетарафиро пеш гирифта буд ва дар ягон
ҷо ба рои тарафдории Давлати Худоназар баромад накардааст.
На баду на нек гуфтааст. Баръакс, ҳис мекунам, ки ӯ бештар
тарафдори галабаи Р.Набиев буд, на тарафдори галабаи
Давлати Худоназар.

Сониян, Давлати Худоназарро дар рӯзномаҳои дигар,
муллоҳои коммунист, номусулмон эълон карда, изҳор
медоштанд, ки гӯё ӯ давлати Исломй таъсис медиҳад.

Худоё! Ин чй балоест, ки бечора Давлати Худоназарро бо
тамоми гуноҳҳое, ки дар дунё ҳаст, айбдор мекарданд? Аз
кадом мантиқ ӯро номусулмон гуфта, боз ҳамчун таъсис-
диҳандаи давлати Исломй айбдор мекарданд. Айбдор-
кунандагон баробари ин худро мусулмон метарошиданд,
тарафдори масчиду Мадраса мехонданд. Сирру асрори ин
шайтониҳоро худо худаш медонад, бандагони ӯ сарфаҳм
намераванд.

Як ҳафта пеш аз интихоботи Раиси ҷумҳурй бегоҳй ба
Москва, ба шиноси деринаам Армен занг задам. Ҳамсараш
Ирина Василевна, ки мо ӯро ба хонанадагони мӯҳтарам шинос
карда будем, гӯшаки телефонро гирифт. Пас аз ҳолпурсии
Кӯтоҳ аз шавҳараш пурсон шудам. У дар ҷавоб, — «ҳоло
Дар хона нест. Соатҳои ҳашт-нӯҳ меояд», — гуфт. Ман рақами
телефони ҷои корро додам. Ирина изҳор кард, ки вақтҳои
охир телефони мо чандон хуб кор «амекунад. Агар тавонед
худатон телефон кунед, хуб мешавад.

Соатҳои даҳ бори дигар рақами телефони Арменро
гирифтам. Армен гӯшаки телефонро худаш бардошт. Пас аз
салому алейк бе муқаддима гуфт

«Агар тавонй, пагоҳ саҳар ба Москва биё. Сурогаи ҷои
навро аз Ирина мегирй. У дар хона мешавад.»

Саҳар соати панҷ дар утоқи депутатии фурӯдгоҳи
Душанбе ҳозир шудам. Хушбахтона, дар рейси якум як ҷои
Холй ёфт шуд ва ман ба Москва парвоз кардам. Аз ин сафари
Г*ан ба шаҳри Москва ба гайр аз завчаам ва дӯстам Алиҷон
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

касе хабар надошт. Ҳатто Давлати Худоназар ва аъзоёни
ситоди мо, ки дар идораи синамогарони тоҷик ҷой гирифта
буд, касе аз ғайб задани ман огоҳй надошт. Вале дар фуруд-
гоҳи Домодедово тасодуфан шодравон М.Назаршоев ва
О.Оламовро дидам. Онҳо ба Душанбе бармегаштанд.

Ман хостам, ки якбора ба рейси бегоҳй ба Душанбе билет
гирам. Чун онҳоро дар инҷо дидам, аз раъям гаштам.

Онҳо аз ман ҳолу аҳвол пурсида, хостанд донанд. ки аз
куҷо омадаву ба куҷо меравам. Вале ман баҳонае карда, берун
баромада, дигар барнагаштам.

Соати 11-рӯз дар ресторани меҳмонҳонаи «Интер-
национал» бо Армен вохӯрдам. Ҳамрох^! ӯ сӯҳбати мо дар
ин ҷо хеле тӯл кашид. Дар рафти сӯҳбат аз ӯ пурсидам:

— Идораи ҳукумати Марказӣ ба мавқеи Давлати Худо-
назару ман чӣ гуна баҳо медиҳанд?

— Ҳукумати Марказӣ ба кадоми аз номзадҳо таваҷҷӯҳи
ҷазмй дорад, фаҳмост.

Дар охир ман мақсадамро ба Армен фаҳмондам:

— Ҳамин бегохй бояд ба Душанбе баргардам. Агар илоҷаш
бошад, пеш аз рафтанам соате бо Ирина ва Татяна якҷоя
нишинем. Охир, мо дер боз якдигарро надидаем.

Армен ба суханони ман ҷавоб надода, «Ҳозир» гӯён
баромада рафт. Аз байн қариб ним соат гузашт ва боз нохост
пайдо шуд.

— Ҳамаи мушкилҳо хдл. Билет ҳам тайёр. Ирина ва Татяна
интизори шумо. Вале ин ҷои мулоқоти ман аст. Бо завҷаи
худ ба ин ҷо омадан хуб нест. Агар ту муқобил набошӣ, ман
онҳоро соати 14 ба ресторани «Пекин» даъват кардам.

— Бисёр хуб, — гуфтам ва илова кардам: — Дар ресторани
«Пекин» бе фармоишоти қаблй ҷой пайдо мешавад?

— Ҳеҷ ran не. Ирина ин корро ба ӯхдаи худ гирифт. Ту
парво накун. Охир, мо дар пойтахт беҳуда намегардем-кУ'
Ҳоло соат қариб дувоздаҳуним. Як соат вақт дорем, ки дар
ин ҷо баъзе торикиҳоро равшан кунем. Боқимондаро ДаР
«Пекин» идома медиҳем. Аммо илтимос, Ирина ва Татяна
АСЛИДДИНИ бОДИКНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

.дар ин ресторан будани маро бояд надонанд. Ирина медонад,
ки мо дар меҳмонхона бо ҳам вохӯрдем. Фаҳмо?

— Бале, фаҳмо, — гуфтам дар ҷавоб.

— Акнун ба ҷавоби саволҳои ту мегузарем. Ту медонӣ, ки
шиносоии мо тасодуфӣ буд? Вале имрӯз ту моро айбдор карда
наметавонй, ки мо нисбатат тасодуфӣ рафтор кардем ё худ
мекунем.

Тақцири тоҷикону Тоҷикистониён хоҳ бовар кунӣ, хоҳ не,
маро азоб медиҳад. Ман бе ягон шайтонй мегӯям. Миллати
тоҷик, тақдири ӯ дар чорраҳа, дар байни замину осмон, бе
мавқеъ ҷо гирифтааст. Ин сабаб дорад ва онҳо хеле бисёранд.
Вале Инқилоби Октябр тақдири шуморо ба мақсади худ
истифода бурда, тоҷиконро бе давлату бе забои кард. Бе
ватани бобой дар байни кӯҳҳои cap ба фалак ҷой дод. Вале
ин кӯҳҳои сарбаланд имрӯз метавонад мавқеи тоҷиконро
баланд кунад. Албатта ба андозаи пештара не. Ҳоло шумо
мисли еобиқа забон' надоред. Аммо аз мавқеи ҷугрофй
метавонед боз роҳи туркҳоро бандед, мутей худ созед.

Дигар ин ки Русия мисли шумо имрӯз чунин мавқеъ дорад.
Бе шумо низ, тахдиди туркон нисбати Русия кам нест. Чй
илоҷ, русҳо 60-70 сол пеш ин иштибоҳро содир карда буданд.
Имрӯз ба маънои ин хато то ҳол касе дуруст сарфаҳм
нарафтааст ва дар ин бобат чандон талош ҳам намеварзанд.
Пеши роҳи Русия-СССР-ро мушкилҳои дохилй банд
кардааст. Маҳалгароёни рус коммунистонанд, ки мавқеи
Русияро дар Империяи СССР мебинанд. Миллатгароёни рус,
Русияро бе империяи СССР, вале дар манофеи геополитикии
русҳо дар Тоҷикистон ва дигар манотиқ мебинанд.

Шумо имрӯз таҳти таъсири мутақобили ин ду гурӯҳ қарор
Доред. Мутаассифона маҳалгароёни рус ҳоло дар идораҳои
СССР аксариятанд. Онҳо намехоҳанд шумо шахсан ба сари
Қудрат биёед ва бо миллатгароёни рус, ки ба демократҳо
Мансубанд, ҳамфикр шавед. Магар Горбачёв ва ё худ Елсин
Намедонанд?

Елсин ҳоло ба фаъолияти шиддатноки шикастани СССР
банд аст. Зарурати нигоҳ доштан ва таҳлили собиқ диёрҳо,
АСЛИДДИНИ СОҲИВНАЗАР

еувҳи СИТОРАКУШ

зарурати мавқеи онҳо дар ду-ее соли охир мумкин пайдо
шавад. Илова ба ин, ӯро намегузоранд, ки ба ин кор банд
бошад. Нафароне, ки Империяро тарафдоранд, аллакай ба
Горбачёв ва Елсин расондаанд, ки шумо тоҷикон-демократҳо
давлати Исломй сохтаниед. Вале Горбачёв аллакай дар бозӣ
нест. Дурустараш ӯро бозича кардаанд. Ба назарам СССР
барҳам мехӯрад.

Генерали шумо Фаррух Ниёзов бо Шапошников вохӯрд
Натиҷаи вохӯрй маълум. Умуман шуморо, демократҳои
Тоҷикистонро, касе тарафдорй намекунад. Ин чизро аз хотир
набароред.

Ман ба шумо бовар карда чунин суханонро гуфтам, вале
шумо як бор аз ман оиди демократияи Русия-СССР чизе
намепурсед? Бо кадом роҳ меравед, чй чизро мегӯед, кадоы
чизро гуфтан даркор? Дар давраи бесоҳибии СССР киро
пешво мегиред? Хатоҳои шуморо кй ислоҳ мекард ё мекунад?
Ягон бор шахсан суол кардед? Ту аз ман пурсидй? Ба ёдат
биёр. Ман аз меҳру муҳаббати худ ба тоҷикону Тоҷикистониён
ва дӯстонам, ки дар он диёр доштам, бори аввал cap шуданг.
игвои февралиро дар Душанбе қариб як сол пеш ба ту
расондам. Ту чй чора дидй ва ё дида тавонистй?

Шикастани ҳайкали Ленин ва дигар иғвоҳоро гуфтам. Ба
ёдат биёр. Вале боз ҳамон гапи кӯҳна. Ҳоло бошад пас аз
панҷ руз интихобот барпо мегардаду ту аз ман маслиҳат
мепурсй. Мехоҳй мавқеи маро донй. Не, бародар, дер кардй
Шумо демократҳо ба сари қудрат омада наметавонед ва чаро?

1/ Коммунистон тамоми чораҳоро диданд, то, ки шуморо
бадном кунанд: қабули қонуни забои, ҳодисаҳои феврали,
кандани ҳайкали «доҳӣ»', мусулмононро бадном кард, мар-
думро аз шумо дур гардонд, тарсонд.

2. Демократҳо ин хатоҳоро ба ҳиеоб нагирифтанд. Қуввахои
худро тақсим карданд. Онҳо бояд як номзад медоштанд ва
ин номзад бояд на шимолй мешуду на бадахшонй.

Бадахшониҳоро қисми мардуми ҷануб, алалхусус мардуми
вилояти Кӯлоб ва ӯзбекҳо тарафдорй намекунанд. Номзади
шимолро низ қисми ҷануб тарафдор намешуд. Гарчанде
АСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗДР

235

сувҳи ситорлкуш

ӯзбекҳо онро тарафдор мешуданд. Ягона номзаде, ки ҳама
тарафро метавонист дар ақидаҳои демократй муттаҳид созад,
бояд аз маркази Тоҷикистсш — водии Ҳисор мебуд. Пас аз
шикастани ҳайкали Ленин Р.Набиев ҳам лидери мутлақ нест.
Аз набудани лидери намоён метавонист ин водӣ пешво пайдо
кунад. Агар аз ман мепурсидй, шахсан номзадии худатро
тавсия мекардам. Аз рӯи таҳлили мо «тоҷикдонҳо» дар
Марказ, ин хуб мешуд. Амалан ин варианта беҳтарини мо
ба ҳисоб мерафт.

3. Намояндаи Р.Набиев қариб як моҳ пеш бо Марказ-Кремл
маслиҳат карда буд. Кремл ва Тошканд ба ин маслиҳат
«добро» доданд.

Ман шуморо аз вохӯрии генерали тоҷик бо генерали рус
огоҳ кардам. Шартҳои он аз ҷониби Р.Набиев қабул карда

шуд-

Шартҳои он сохтмон ва ба истафода додани неругоҳи
барқии Рогун, танҳо ба дасту ёрии Русия, комбината маъдани
урани тоҷик дар Ленинобод, заводи алюминии тоҷик ва
якчанд иншоотҳои дигари барои Русия зарур, ҳаллу фасл
шуданд. Агар ин шартҳо аз тарафи Р.Набиев вайрон шавад,
ӯ ҳеҷ гоҳ Раиси ҷумҳурй шуда наметавонад. Дар ояндаи
наздик агар онро ба мадди назар нагирад, бегуфтутӯ аз мансаб
хоҳад рафт.

4. Шумо, илова ба ҳама, шахсан ба калонтарин иштабоҳ
роҳ додед. Ташвиқоту тарғибота шумо оиди сохтмони роҳи
мошингарди Душанбе-Қарочй, бояд онро ҳамин тавр ном
тарем, Марказро дар ташвиш андохт. Бо кадом фахдіиш шумо
ва Давлат ин корро кардед? Ман инро то ҳол намефаҳмам
ва намедонам. Ин барои ман муаммоест.

Ман чунин ҳисоб мекунам, ки СССР аллакай вуҷуд надо-
рад. Вале Русия арзи вуҷуд дорад ва мемонад. Ҳамин тавр,
ки бошад, Русия имрӯз намегузорад, ки бозори Тоҷикистон
аз даст равад. Дар уқёнуси Ҳинд оббозй кардан мақсади
садсолаҳои Русия аст ва ҳамин тавр мемонад. Ҷанги Аф-
ғонистон ҳам дар зери ана ҳамин мақсад ниҳон буд. Хуллас
нафароне, ки мегӯянд бозори Тоҷикистону Покистон бе
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуШ

ширкати Русия ривоҷ меёбад, хато мекунанд. Хатои кул.

СССР аз ҷиҳати технология даҳсолаҳо қафо мондааст ва
ба гайр аз чӯбу тахта, металлу тилло, нефт, дигар маҳсулоти
мо ба мисли трактору мошин, либос дар бозори Аврупо ва
дигар минтақаҳо харидор надорад. Онҳоро танҳо дар
ҷумҳуриҳои иттифоқй мехаранд. Агар СССР пош хӯрад, пае
ин молҳоро кй мехарад?

Ҳиеоб кунед, ки Шумо мустақил ҳастед ва мехоҳед ба
Тошканд ва дигар ҷойҳо мол бароред. Пас моли Русия куҷо
меравад? Ин чизро ба ҳисоб гирифтед? Не! Р.Набиев ва
гурӯҳи ӯ ин чизро ба ҳисоб гирифтанд. Барои ҳамин онҳо
калимае аз рафоқат бо дигар кишварҳо, гайри Русия-СССР
намегӯянд ва роҳи Душанбе-Қарочиро ба забон намегиранд.
Ба таври дигар гӯем, тухми ҷудоӣ намепошанд. Шумо бошед,
бо тамоми овоз ҷор мезанед. Барои ҳамин дар барномаи шумо
фақат манфиати Тоҷикистон. ба ҳисоб гирифта шуда, аз
манфиати Русия сарфи назар кардаед. Агар ин маслиҳату
вохӯрй ягон-ду моҳ пеш мешуд, шумо номзадии худро ба
мансаби Раиси ҷумҳурй мегузоштед. Мо инро ба назар
шрифта, шуморо ба роҳи дуруст ҳидоят мекардем, ёрии
ҳамаҷониба расонда метавонистем. Вале ҳоло чй ҷои ran!
Акнун дер шудааст. Рафти интихобот маълум аст. Давлати
Худоназар тақрибан 38 фоиз овоз мегирад. Р.Набиев то 40
фоиз, С.Тӯраев 8 фоиз, Д.Исмоилов 6 фоиз, Қ.Аслонов 5 фоиз
ва гайра.

Вале интихоботро ба даври дуюм асло намегузаронанд.
Зеро даври дуюм бохти Р.Набиев мешавад ва Русия ба ин
роҳ намедиҳад. Аз ин лиҳоз бе ахбороти комиссияи инта-
хоботй, марказҳои иттилооти Русия, тахминан соатҳои 10-
шаб натиҷаи интихоботро ба фоидаи Р.Набиев ба миқдори
58-60 фоиз тавассути воситаҳои ахбори умум эълон мекунанд
Роста ran, дигар ягон илоҷе карда намешавад. Ахбор, ки
пахш шуд, онро садҳо марказҳои итталоотаи ҷаҳон эълон
мекунанд. Худи тоҷикону Тоҷикистон дарак наёфта, Раиси
онро ҷаҳониён мешиносанд.

Тахмин дорам, ки ба Давлата Худоназар дар ин ахбороти
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуШ

бардурӯг ҳамагй 28-30 фоиз овоз мерасад, на зиёда аз ин.

Ба ин таҳлилу танқид ва гузориши ниҳоят соддаву аз
дигар тараф мантиқан дуруст, шахсе ки худро миллатгарои
рус медонад ва маданияту дини миллати дигарро хеле
эҳтирому эътироф мекунад ва дӯсти мо шуда буд, чизе илова
кардан барои ман амре буд муҳол. Танҳо ташаккур — гуфта,
аз ҷо хеста ба тарафи ресторани «Пекин» роҳ пеш гирифтем...

Суханону тахминҳои Армен сад дар сад дуруст баромад.
Шаби 25 ноябри соли 1991 соати яки вақти Душанбе, ки
аксарияти мардуми Тоҷикистон дар хоби ширин буданд,
радиостансияи «Маяк» хабар дод, ки интихоботи Раиси
ҷумҳурй дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Мувофиқи маълу-
моти Комиссияи интихоботй Р.Набиев галаба кард. У 71 фоиз
овозҳои интихобкунандагонро гирифт. Қарифи асосии ӯ
Давлати Худоназар, ки тарафдори асосиаш мусулмонони
ваҳҳобй буданд, 29 фоиз овоз гирифт. Тақрибан ним соат
пас ҳамин радиостанцияи «Маяк» иттилоъ дода, бахшиш
пурсид, ки иштибоҳ шудааст. Дар интихоботи Раиси ҷумҳурӣ
дар Тоҷикистон Р.Набиев 61 фоиз ва Давлати Худоназар 29

fфoиз овоз гирифтанд.

Дар ҳамин лаҳзаҳо намояндаи мо дар идораи маркази
интихоботй нишаста буд. Чунин маълумот на дар дасти раиси
он Х.Шарифов буду на дар дигар манбаъ. Чизе ки Армен
гуфт, ҳамон хел шуд. Ин кори ҳизби Марказу КБД-и Иттифоқ
буд...

Дар ресторани «Пекин» ду зани зебо - Ирина ва Татяна
моро интизор буданд.

Ҳаво софу бегубор, вале шамоли тирамоҳ онро хеле сард
карда буд. Дар Москва барги аксарияти дарахтон рехта,
табиат ранги дигар гирифта буд. Дар шафати майдони Мая-
ковский, ки ресторани «Пекин» ва «София», дар рӯ ба рӯи
Ҳамдигар қомат афрохта буданд, ҳайкали ин шоири давлати
бебунёд ва шиорҳои бахшида ба иди галаба орододашуда ба
таври худ ҷилва мекард.

Татяна аз ҳад зиёд хурсанд шуд, ки ҳамдиёрашро дидааст.
Ҳанӯз мо вориди ресторан нашуда, ӯ аз ҳолу аҳвол, вазъи
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуШ

шаҳри Душанбе, Вазорати кишоварзй, ҳамкорон пурсон шуд.
Ҳар лаҳза мепурсид, ки фалонй чй ҳол дорад? Фалонй дар
куҷо кор мекунад? Имсол плани пахта иҷро мешавад ё не?

Умуман ҳис карда мешуд, ки ин зани тамоми ҳайёташ
дар Тоҷикистон гузашта нисбати тақдири тоҷикон бе тараф
нест. Ба замми ин ниҳоят пазмони ин диёр шудааст.

Мо дар як гӯшаи ресторан ҷо шудем. Барои чор нафар
дастархони хеле хуб ороста шуда буд.

Оркестр аз мо дур ҷо гирифта буд ва мо имкон доштем
бемалол сӯҳбат кунем.

Фурсате нагузашта Армен эълон кард, ки мо метавонем
дар ин ҷо то соати 8-и бегоҳ монем. Пас аз ин меҳмони
Душанбегиро якҷоя то Домодедово гусел мекунем. Ва пас аз
он ҳар кас метавонад ба хонаи худ баргардад.

— Ман ба кадом хона баргардам, — изҳор кард Татяна
шӯхикунон.

— Ба Душанбе, — гуфтам ман дар ҷавоб. Ҳама баробар
хандидем.

Сӯҳбати мо аз ҳар боб торафт қӯр мегирифту идома меёфт.
Қангоми сӯҳбат ба Душанбе бармегаштем, аз интихоботи дар
пеш истода ҳарф мезадем.

Татяна даҳҳо бор такрор ба такрор иброз мекард, ки ин
хел шаҳр, мисли Душанбе, ба хусус оби ҷонбахши он мумкин
дар тамоми дунё набошад. Суханони ӯро Ирина низ
тарафдорӣ карда, тақвият медод:

— Бисёр мехоҳам, ки моҳи май ё июн дар Душанбе бошам.
Қрим хуб аст, вале дараи Варзоб ҳамто надорад.

Ман шӯхимез ба онҳо рӯ оварда, гуфтам:

— Барои ман аз дараи Варзоб дида Қрим хубтар аст.

— Шумо асло ин тавр нагӯед. Гумон мекунам, ки сангҳои
дараи Варзоб аз Қрим беҳтар аст, — гуфт Ирина.

— Дараи Ромитро намегӯӣ. Ҷаннати рӯи замин гӯем, хато
намекунем, — сухани Иринаро об дод Татяна.

— Дуруст, — гуфт Армен, — бахусус ҳамон санге, кй
бори аввал болои он лаззати бӯсаи маҳбубаатро чашида бошй.
Он санг ёдгор аст. Умуман cap то пои ин дара барои ман ҳаМ
азиз аст.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

(239)________сукҳи ситоРАкущ

Ҳамин тавр васфи диёри Тоҷикистон хеле давом кард.
Ҳангоме, ки сӯҳбати мо ба тарафи дигар гашт, Татяна оҳиста
аз ман пурсид:

— Таъбири хоби ман чй шуд?

— Кадом хоб? — пурсидам ман.

— Ба шумо қисса карда будам-ку.

—Ҳа, ба ёдам омад. Фаҳмо. Умуман барфи бисёр аз рӯи
«хобнома» мусибати сахти тӯлонӣ меорад, — гуфтам ман.

— Наход ҳамин тавр бошад? — дар ҳайрат монд Татяна
ва боз илова намуд. — Чй гуна мусибат метавонад мардумро
гуреза кунад? — гуфту гӯё мусибат ба сари худаш омада
бошад, ғамгин шуд.

Ману Армен ӯро тасаллй дода, иброз доштем, ки таъбири
хобро илми имрӯза инкор мекунад.

— Не. Хобҳои ман ҳамааш рост мебарояд. Пеш аз он, ки
Душанберо тарк кунам, хоб дида будам. ҳамааш рост баромад.
Ҳодисаҳои феврали ба вуқӯъ пайваст. Ман хобҳои зиёд
мебинам ва ҳамааш рост мебарояд, — гуфту гиря гулӯгираш
кард.

Ирина сари ӯро сила карда, тасаллй дод:

I — Ҷои ашк рехтан нест. Ту ба хоб бовар дошта бошй, пас
ба тақдир низ бовар кун. Дар қисмат ҳар чй ки навишта
шуда бошад, ҳамон хел хоҳад шуд. Аз он роҳи гурез нест.

— Ҳа, ҳа, дуруст. Тақдир, — илова кард бо овози гиряолуд
Татяна.

Тақрибан соати 8 аз ресторан баромада, баъд ба сӯи Аэ-
ровокзал равон шудем.

Субх^і рӯзи дигар ман аллакай дар фурудгоҳи Душанбе
будам. Аз рафту омади ман аз Душанбе ба Москва як
Шабонарӯз гузашт ва то интихоботи Раиси ҷумҳурй панҷ
Рӯз монда буд.

Қариби бегох^рӯз ман ба Ситоди Давлати Худоназар
°Мадам. Давлат бо як марди рус нишаста сӯҳбат мекард.

Давлат пас аз ҳолпурсй, маро бо мехмон шиносонд. Вай
мисли Давлат намоянда дар парлумони Иттифоқи Шӯравй
будааст.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

Мутаассифона, номаш дар ёдам нест.

Меҳмон пас аз шиносой ба ман рӯ оварда гуфт

— Бо шумо шинос ҳастам. Вале дар ёдам нест, ки дар
куҷо вохӯрда бошем. Ҳа. Ба хотирам омад. Шумо саҳар бо
мо аз Москва омадед. Қа, ба воситаи Оренбург. Ман шуморо
дар фурудгоҳи Оренбург дидам.

Дидам, ки сир фош мешавад Дигар илоҷ набуд.

— Шумо маро ба касе монанд кардаед. Ман чй тавр ба
Москва рафта метавонам? Раиси ман Давлат аст. Ман ноиби
ӯ мебошам.

Давлат ҳам суханони маро тасдиқ кард:

— Мо як рӯз пеш ҳамроҳ будем. Фақат дирӯз бо ҳам
вонахӯрдаем. Дирӯз ман дар нохдои Варзоб будам. У бошад
дар ноҳияи Кофарниҳон. Вақте ки саҳарй ман шуморо пешвоз
гирифтам, ноиби ман дар хонаи депутатҳо набуд, охир вай
намояндаи мардумй дар парлумони ҷумҳурист. Ба болои ин
депутата фаъол аст.

Вале дар ҳақиқат ин марди рус маро дар Оренбург дида
буд. Ҳангоме ки аз як тарафи бинои фурудгоҳ ба тарафи
дигар мегузаштам, як гурӯҳ намояндагони парлумони Ит-
тафоқи Шӯравй нишонҳои депутата доштанд, перомуни ким-
кадом масъалае баҳс мекарданд. Воқеан ман бо онҳо рӯ ба
рӯ шуда будам ва ин мард маро дар ҳақиқат дида будаает.
Дар фурудгоҳи Душанбе ман ба воситаи утоқи депутата
нагузашта, ба кӯча баромадам ва зуд ба такей нишаста, ба
хона омадам. Марди рус бахшиш пурсид ва гуфт.

— Одамҳои ба ҳам монанд дар дунё кам нестанд. Бори
дигар узр мехоҳам.

Давлат, ки ҳоло бо ӯ мулоқот доштам, ҳатто фикр ҳам
накард, ки ман дина дар Москва, дар ресторани «Пекин» бо
дӯстони москвагиам сӯҳбати хоса доштам. Ҳамин тавр
зарурат ба миён омад ва ман бори аввал дурӯг гуфтам. Ва
ин рӯз вақте ки ин сирро ошкор месозам, xjic мекунам, ки аз
касе қарздор будам ва онро баргардондам. Барои ҳамин онро
рӯи когаз овардам.

Меҳмон изҳор кард, ки мо як гурӯҳ рафиқони Давлат,
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуШ

аъзоёни парлумони Иттифоқи Шӯравй аз Москва барои
дасттирии шумо омадем. Мо хоҳони онем, ки шумо ғалаба
кунед.

Ба суханони ӯ гӯш дода, чизе нагуфтам. Ҳол он ки бисёр
мехостам бо ин меҳмони рус, дӯсти Давлат гӯям, ки шумо
аллакай дер кардед. Шумо ба ҷанозаи демократия омадед.

Тантанаи он ҳоло дер аст.

Риштаи фикрамро Давлат бурид:

— Акай Аслиддин. Меҳмон таҳлили хуб овардаанд. Бо он
шинос шавед, хуб мешавад.

Ман дар ҷавоб чизе нагуфтам. Аз рӯи таҳлили онҳо
интихобот бояд дар ду давра мегузашт. Дар давраи аввал
Давлат 36 фоиз ва Р.Набиев 41 фоиз овоз мегиранд. Дар
давраи дуюм аз ҳисоби овозҳои Қ.Аслонов, ИДавлатов, қисми
овозҳои С.Тӯраев мо бояд соҳиби 56 фоизи овозҳо шуда,
ғалаба кунем.

— Бисёр хуб, — гуфтам.

— Мо бояд нисбати хукумати нав фикр кунем. Киро ба
кадом мансаб лоиқ медонем. — гуфт Давлат.

— Ман розй. Лекин пас аз даври якуми интихобот, —
изҳор кардам.

— Дер намешавад? — пурсид Давлат.

— Не, дер намешавад.

— Чаро?

— Аз рӯи таҳлил дидед-ку, интихобот дар ду навбат
мегузарад. Аз даври якум то даври дуюм 15 рӯз ҳаст. Барои
таъсиси хукумат ин вақт басандааст.

Дар асл нахостам табъи ӯро хира кунам ва бигӯям, ки
СУРУДИ галабаи моро Русия ба дасти мафиям коммунистй
мехонад.

* * *

Рӯзи интихобот наздик буд. Радио ва телевизион, тамоми
Рӯзномаҳо, ки дар зери итоати як ҳизб буданд, бо истиснои
Рӯзномаи «Адолат», «Чароғи рӯз» чун пештара чизеро ме-
*останд, мегуфтанд, интишор мекарданд. Таҳқиру тӯҳмат
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

ва дигар рафторҳо нисбати номзадҳо, ки он хилофи қонун
буд, ба таври васеъ идома дошт.

Рӯзи 22 ноябр, як рӯз пеш аз интихобот, рӯзномаи «Сог-
ласие» - собиқ рӯзномаи комсомоли ленинӣ — «Комсомолец
Таджикистана» хабари Маркази матбуоти додситони
ҷумҳуриро дар саҳифаи худ ҷо дод. Дар хабар гуфта мешуд,
ки «Яке аз ашхосе, ки худро демократ мегӯяд ва намояндаи
мардумӣ дар Шӯрои Олй мебошад, Аслиддин Соҳибназаров,
ноиби номзади Раиси ҷумҳурӣ Давлати Худоназар бо даст-
гирии мири шаҳри Душанбе М.Икромов як қасри ҳашт
ҳуҷрадорро соҳиб шудааст. Бинед, — таъкид мекард Маркази
матбуоти додситони ҷумҳурй, — демократҳо чй тавр ғами
халқро мёхӯранд?»

Ин иғво нисбати ман, албатта, ба рафти овоздиҳй таъсири
манфӣ мерасонд.

Дигар ин ки пагоҳ интихобот буд ва тӯҳматро вақти инкор
кардан набуд. Ҳамагон аллакай медонистанд, ки А.Соҳиб-
назаров соҳиби «қаср» аст. Ба ман муяссар шуд, ки пас аз як
моҳи интихобот ба ин тӯҳмат ба додситони кулли ҷумҳурӣ
Н.Ҳувайдуллоев дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти сарлавҳаи
«Пари коҳе аз кафи номард...»ҷавоб диҳам. Инак онро
пешкаши шумо мегардонам.

Ман ҳеҷ намехостам, ки ба касе ҷавоб нависам. Аммо чӣ
илоҷ: — <?Ҳар чи киьитӣ, ҳамон даравӣ*, — мегӯянд. Гумон
надоштам, ки ба ман бӯҳтон мезананд. Андешаам сари ин
навиштаҳо тӯлонӣ буд. Ленин дар он «ҳасре>, ки маркази
матбуоти шумо ба ман «тпӯҳфа* кард, соатҳои дароз ни-
шастану низе навиштан аз имкон берун аст.

Шуморо намедонам, аммо ба ақидаи ман, ба кас рӯ ба ру
нашуда, ҳуцҷатҳоро наомӯхта, айбро дар ҳаққи касе исбогп
накарда, гапҳои дурӯгро паҳн кардан, амалест бароба'ри
ҷиноят.

Аммо дар рӯзномаи «Согласия* (22 ноябри соли 1991) чоП
шудани гузориши маркази матбуоти додситони цумҳурӣ ва
як руз пеш аз интихоби Раиси ҷумҳурӣ ҳамин гузоришро
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

хилофи қонун ба табъ расондани рӯзномаи «Халҳ овозӣ»
(мувофиҳи ҳонун як рӯз пеш аз интихоби Раиси ҷумҳурӣ
ҳама гуна таблту чопи маҳолаҳо марбути довталабон қатъ
меишвад ва шумо ҳанӯз ҳам нисбати ин ҳонуншиканиҳо чорае
надидаед), як мақсад догитп: сиёҳу бадном кардани ман, ки
номзадии худро ба ҳайси ноиби Раиси ч,умҳурӣ ҳамроҳи
Давлат Худоназаров монда будам.

Зоҳиран, ба ин маълумоти бепоя, саропо бӯҳтону тӯҳмат,
мехостед гӯед, ки ҳой мардум, бинед, ба кӣ овоз медиҳед!
Ба касе, ки бо ҷдрабозӣ соҳиби «ҳасри* 163 ҳазорсӯма гиуда-
аст. Маркази матбуоти шумо бо таҳрафи ҳодиса ва поймохи
қонун (зикраш дар боло рафт) сари интихобкунандагон
фигиор овард.

Ҳини шуморо ба ҳайси додсгппонн ҷумҳурӣ интихоб
кардан, ман гумон доштам, ки ниҳоятп додситпони одил,
боандеша, ҳақтпалошу адолатпеша ёфтем. Аҳида доштам,
ки ҳақиҳат барон шумо аз ҳама чиз авлотар аст. Аммо
галат кардам ва имрӯз аз он андешаи ботиле, ки догитам,
умедам ноумедист. Ноумедам ва аз он метарсам, ки додси-
тон то ҳол дарк накардааст, ҳи сарҳади қонун дар куҷост
ва дар куцо бори аввал қонунро шикастааст. Шояд дар баҳ-
манмоҳи хунин бо тақозои ҳокимони давлати тоталитарии
точ,ирӣ на точ,икӣ. Шояд дар ч,аласаи Шӯрои Олӣ (23
сентябри соли 1991), ки бо як боварии кароҳатомез гуфта
буд: «Ба ман ичрзат диҳед Мақсуд Икромовро ба маҳбас
барам». Шояд ҳини эъломи вазъияти фавқулодда, ки ба он
Ҳеҷ зарурате набуд ва он таҳҳире буд ба миллати тоҷик.
Аммо шумо, ба бозиҳои сиёсии як гурӯҳ депутатҳои ком-
мунист кашида туда, манфиати миллатро пеши курси-
нишинони воломақом қурбон карда, эътироз накардед, ки
эъ.гоми вазъи фавҳулодда поймоли ҳонун аст. Ягона касе, ки
аз байни мову шумо ба ин Қарори Шӯрои Олй эътироз кард,
ин Давлати Худоназаров буд. Аҳсан б а ӯ!

Холо ҳамаи инро ба хотир меораму вуч,удамро ларза фаро
мсгирад. Тарсам, аз тафаккури тоталитарна додситонест,
Ки худ дар ҳимояи қонун истода, қонуншиканӣ мекунад. Агар,
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

ҳонун пегии гиумо мӯҳтарам бошад, чаро нисбати ташки
лотчиёни гирдиҳамоии гайриқонунии коммунистие, ки 23
сентябр, то огози ма\\иси Шӯрои Олӣ доир ва ба бе иҷозати
ҳукумат аз тариқи радиою телевизион шунавонида шуд,
чорае надидед? Тарси ман аз он acmy ки рӯзи 23 сентябр дар
Шӯрои Олии ч,умҳурӣ қонуншиканиҳои зиёде шуд, ки дар ин
бора раиси Кумитаи конституционии собиқ ИҶШС,
С.Ачексеев дар изҳороти расмии худ аз 21 октябр ёдовар
шуд, вале аз ҷой хеста нагуфтед, ки қонун шикастааст.

Баръакс, қонуншиканиҳоро тарафдорӣ мекардед. Охир,
хомӯшӣ ало.)шти ризоаст! Ман аз он тарсидам, ки дар
майдони «Озодӣ> 15-20, баъзан то 50 ҳазор одам ч,амъ омада,
нисбати қонуншиканиҳо эътироз мекарданду Шумо чун
додситон боре нагуфтед, ки онҳо барои қонуншиканӣ на
омадаанд, балки барои он омадаанд, ки мо қонунро ши
кастаем.

Инро менависаму як саҳифаи ниҳоят сиёҳи таърихи мил-
лати бадбахтам ба хотир меояд. Мегӯянд, ки моҳи декабри
соли 1937 як нафар аз аьзои бюрои сиёсии ҳизби Коммунистии
Иттиҳоди Шуравӣ ба Душанбе омада, дар хонаи собиқ ко-
тиби аввали ҳизби Коммунисти Точ,икистон, Ашӯрбой Ӯру-
нов як моҳ зиста, дар маҷлиси коммунистони Тоҷикистон
аз ҷой хеста мегӯяд:

— «Рафқон, Ашӯрбой Ӯрунов душмани халҳ аст»! Қис-
мати Ашӯрбой ба чӣ анч,омид, маълум...

Рафтори Шӯро дар Шӯрои Олӣ рӯзи 23 сентябри соли
1991 ҳамон со.гҳои мудҳишро ба хотир меоварад. Ба дунё
амиқтар дида дӯзед: олам дигару аср охир шудааст. Ода-
монро ба маълумоти се нафар тарсондану ҳабс кардан
мумкин нест!

Аммо...

Ҳоло мо давлати мустақиллем ва додситони он шумоед.
Ман қонуншиканиҳои шуморо дида, ё ноилоҷ, дониста хомӯт
монданатонро мушоҳида намуда, аз он метарсам: худо на-
карда агар касе рафтори ношоиста кард, бар хилофи қонун
не, бар хилофи тафаккури Шумо, ё шахси олимартабае,
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

оувҳи СИТОРАКуШ

ӯро бе тафтиш, бе исботи гуноҳ бо поймоли қонун рост ба
маҳкама мекашед.

Меоем сари хонаи сабиле. ки маркази матбуоти додси-
тонӣ дар атрофи он гавго бардошта буд.

Дар ҳақиқат хонае ба ман ба ивази хонае, ки ҳоло дар он
зиндагӣ дорам, тавсия туда буд. Аммо ман аз он хона даст
каишдам ва ордеры хона ба номы ман навишта нашуд. Чунки
хонае, ки онро маркази матбуоти додситонӣ «қаср» меномид,
як хонаи фартутест, ки барон таъмири он ҳамон ҳадар
маблае лозим.

Агар маркази матбуоти додситон, сухан дониста мегуфт
(ҳол он ки сухан дониста гуфтан вазифаи аслии ӯст), пас
мегуфт, ки Соҳибназаров ин хонаро 13 октябр рад карда
буд ва ҳо.ю ӯ бо оилаи калонаги дар хонае иҳомат дорад, ки
барон кор шароити мусоид ва ҳатто мизи хатнависй на-
дорад. Бале, ҳамин хел аст, шароити феълии Манзили ман.
Аммо данистани ин чиз барои маркази матбуоти додситонй
ҳаргиз зарур набуд. Ва онҳо ин хел мақсад ҳам надоштанд.
Мақсади асосии онҳо сиёҳ карданы Соҳибназаров буд, на
касони дигаре, ки номҳояшон дар маълумот зикр шудаанд.

Вагарна гапи мегуфтагй кам аст? Охир, аз давлати як
вақтҳо хеле бои социалисты, ки бо хуну арақи ҷабини мил-
лионҳо одамон ба вуцуд омада буд, ҳо.чо чизе намондааст
ку! Ҳамаро дуздиданд, ба явмо бурданд. Ин маълум ва инро
іиумо хуб медонед. Шумо дар ин иртибот бисёр чиз медонед,
аммо мадори сухан гуфтан надоред. Чунки парвардаи ҳамон
сохти тоталитарӣ ҳастед.

Аз ин хотир ман, ба сБародари дармондагону душманы
Ҳонуншиканонам> гуфтани шумо (нигар ба рӯзномаи «Чум-
%Урият> .Mb 238), бовар намекунам. Чунки табиати давлати
ъоталитарй, ки бунёдгузори он ҳизби Коммунист аст
Чонуншиканист.

Онҳое, ки дар хизмати ин ҳизбанд, аз як чиз тарсиданд.
Агар Давлати Худоназару Аслиддини Соҳибназар дар инти-
хобот яалаба кунанд, бар зарари номенклатурой партиявй
мешавад ва онҳое, ки ҳоло дар курсиҳои мулоим савлат ме
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБИАЗАР

оувҳи СИТОРАКуш

кунанд, нороҳат мегиаванд.

Хизмат кардан ба ҳамин курсинишинҳо шуморо ба
поӣмоли қонун водор кард ва бар хилофи пиндорихуд сиёҳро
сафеду сафедро сиёҳ гуфта, ба мо халал расондед. Аммо мо
аз ма&лубияти худ фахр мекунем, чунки дар атрофи мо
неруҳои солиму поке цамъ омадаанд, ки бо онҳо фацаѵі
ифтихор кардан мумкин аст.

Шумо хуб медонед, ки бисёр галабаҳо бо гузашти аӣём
йолибонро лшлуб сохт. Ва баръакс, бисёр маглубон зафар
карданд.

Дар охир ҳаминро мегӯям, ки ман аз касе тарсе наборам,
ба гайр аз худой таъоло. Ва он сифате, ки аз хислати инсон
пегии ман қадр дорад, ин цавонмардист.

Пари коҳи ноцавонмард ба ман вазнин аст, лекин барои
мард ман таёрам бори кӯҳро бардорам.

Чунонки шоире фармуда:

Пари коҳе аз кафи номард бори олам аст

Кӯҳ агар миннат шавад аз мард, мебояд кашид...

Набиев бо кадом роҳе ки буд, ғалаба кард ва дар рӯзи
дуюми баъди интихобот зиёда аз панҷ ҳазор нафар та-
рафдорони мо дар назди идораи синамогарони тоҷик ҷамъ
омада ва ҳама бо як овоз изҳор мекарданд, ки натиҷаи
интихобот нодуруст ҷамъбаст шудааст. Онҳо ба сӯи қасри
Раиси ҷумҳурӣ равон шуда, мехостанд намоиши эътироз
шурӯъ кунанд. Ману Давлат ба назди онҳо баромада, қариб
се соат фахдоондем, ки чунин эътирозӣ нодуруст аст. Дар
давлате, ки зиёда аз 70 сол ягон нишонаи демократия арзи
вуҷуд надошт ва касе дар ин давра ба тарзи умумихалкй
интихоб нашудааст, 30 фоиз овоз гирифтани мо ин худ ғалаба
аст. Вале мо ҳоло ба Раиси ҷумҳурй нав бо кадом роҳе, ки
бошад, бояд кӯмак расонем. Уро пеш аз ҳама эътироф кунеМ
Ин гирдиҳамой оқибати хуб надорад. Боварй дорем, ки Р.На-
биев ҳамчун ба нишони тантанаи демократия гурӯҳи мор°
дар атрофи худ муттаҳид месозад. Тоҷикистон имрӯз ба
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

оромӣ, сулҳу салоҳ ва якдигарфаҳмӣ мӯҳтоҷ аст.

Ман ба Давлат маслиҳат додам, ки мо бояд барқия равон
кунем. Р.Набиевро ба ғалаба табрик намоем. У аввал розй
шуд, вале пас аз фурсате аз ақидааш гашт. Ман аз номи
худам барқия ирсол карда, галабаашро эътироф кардам.

Аз интихобот 15-20 рӯз гузашта буд, ки ба ҷои корам
занги телефон шуд. Гӯшакро бардоштан баробар мушовири
Раиси ҷумҳурй худро шиносонд ва аз ман талаб кард, ки ба
идораи Раиси ҷумҳурӣ биёям.

Гӯшаки телефонро ба ҷояш гузошта, сӯи идораи Раиси
ҷумҳурй роҳ пеш шрифтам. Дар утоқи кории ӯ Н.Дӯстов ва
Р.Ғафуров буданд. Раис ҳолу аҳвол пурсиду пас иброз кард:

— Ту, Аслиддин ва Раҳимҷон як сохтори нави идораи
Шӯрои Вазиронро тартиб дода, аввал ба Н.Дӯстов нишон
диҳед, пае назди ман биёред.

Ман дар ҷавоб гуфтам:

— Раҳмон Набиевич. Аз ин супориш Иззатуллоҳ Ҳаёев
хабар дорад ё не?

; — Аслиддин, ин супоришро ман ба ту дода истодаам, на
ба Ҳаёев. Вай ошнои ту, на аз ман.

Дигар чизе нагуфта ҳамроҳи Раҳимҷон Ғафуров аз утоқи
кории ӯ баромада, ба Шӯрои Вазирон омадем ва дар он ҷо то
бегоҳӣ нишаста, сохтори нави Шӯрои Вазиронро тартиб
додем. Хушбахтона ман онро азёд медонистам ва дарҳол он
чизе, ки як сол пеш ба ҷаласаи Шӯрои Олй тавсия карда
будам, ҳамонро такмил дода рӯзи дигар ба назди Н.Дӯстов
даромадем.

Н.Дӯстов онро аз назар гузаронда, чизе нагуфт. Ду-
рустараш чизе нафаҳмид ва лоиҳаро ба мо баргардонд.

— Ба он имзо гузоред, — гуфтам ман.

— Имзо барои чй?

— Супориши Раис ба ҳар сеи мо буд.

Вале Н.Дӯстов имзо нагузошт.

— Ман розй, — гуфт ва боз илова кард: — Раис ин сох-
торро барои таҳлил мефиристонад
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

Баъди аз утоқи кории ӯ баромадан Раҳимҷон дашном дода,
гуфт

— Бо ин cap чӣ хел маслиҳат дода метавонад?

Ҳарду боз ба назди Раиси ҷумҳурй омадем. Р.Набиев
сохтори мо тахуія кардаро аз назар гузаронда, гуфт:

— Рахушҷон, инро бурда ба Н.Дӯстов диҳед.

Р.Ғафуров асабӣ шуда гуфт

— Раҳмон Набиевич, Дӯстов чй мефаҳмад?

— Ҳа, ҳа, — гӯён дар ҷавоб Р.Набиев хомӯш монд.

Рахушҷон Ғафуров собиқ Вазири сохтмон ва баъд муови-

ни Раиси Шӯрои Вазирон ва муовини Раиси Кумитаи Агро-
саноатй буд. У соҳаи сохтмонро хуб медонист, ҳамчун инсон
одами хуб ва ҳақҷӯ ва дар ақидаи худ устувор буд. Дар
ҷумҳурй шахси намоён набуд, вале мутахаесисони соҳа ӯро
эътироф мекарданд.

Р.Набиев ӯро бештар аз дигарон эътироф мекард, ба ӯ
муносибати хуб доигг. Сирру асрори ӯ аз вай пӯшида набуд.

Р.Ғафуров ба ин рафтори Раис чизе нагуфта, хомӯш монд.
Раис ҳам дарк кард, ки нодуруст рафтор кардааст.

— Ҳа, лоиҳаро монед, ман худам, — маҷрои суханро ба
тарафи дигар бурд. — Раҳимҷон, ман ба Аслиддин мегӯям,
ки муовини аввали Сарвазир шавад ё Вазорати молияро
гирад. Ту, Раҳимҷон, ба ин чй мегӯй?

— Хеле хуб мешавад. Шахси арзанда. — гуфт Рах^мҷон
Ғафуров.

Ин таклиф барои ман нав буд. Дигар ин, ки Раис қаблан
дар ин хусус боре ҳам ишора накарда буд. Дуюм, ман хуб
медонистам, ки ин мансабҳо ба КДавлатов ва чанд каси дигар
ваъда шудааст. Бо онҳо аллакай вохӯрӣ баргузор гардида,
розигиашонро гирифта буданд.

Сеюм. Муовини аввали Раис ё вазир шудани ман чунин
маъно дошт, ки аз банда қасос мегиранд. Ман бо депутатй
хайру хуш мекунам. Р.Набиев, ки ҳамкории маро бо Давлати
Худоназар медонист, ҳеҷ гоҳ маро бахшида наметавонист.
Ва яқин буд, ки ду-ее моҳ пас аз ман ҳатман қасос мегирифт
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуш

ва маро аз вазифа меронд. Баробари ин кӣ сарвазир мешуд,
қоло маълум набуд. Агар ман муовини сарвазир ё вазир
шавам, бо кй сару кор мекунам? Аз ин рӯ ман ҷавоби аниқ
надодам.

— Ташаккур, - гуфтам. — Боз маелиҳат мекунем.

Ману Раҳимҷон аз утоқи кории раис баромаданӣ шудем.
Раис маро аз роҳ боздошт:

— Аслиддин, ту қоло ист.

Ман пае гаштам.

— Аслиддин, ту дар ҳақиқат намехоҳй, ки муовини
сарвазир ё вазир шавй?

Маълум буд, ки ӯ мехост ман «не» гӯям. Вале ман гуфтам,
ки мехоҳам. Фақат гӯед, ки кӣ Сарвазир мешавад?

. — Ҳоло намедонам.

Пас арз кардам:

— Сарвазир муайян шавад, ман «ҳа» ё «не» мегӯям.

Пас аз ин Раис хеле фикр кард. Ба фикрам ӯ мехост касеро

ном гирад, ки ба ман мақбул набошад.

— Қурбон Мирзоалиев. Раиси вилояти Кӯлоб сарвазир
мешавад.

— Не, Раис, — гуфтам ва боз илова намудам: — Ман бо

fҚ.Mиpзoaлиeв ҳеҷ гоҳ нахоҳам кор кард.

— Ҳа. Медонам. Барой ту И.Ҳаёев бошад — мешавад.

— Гап дар сари он не, ки И.Ҳаёев ба ман маъқул аст ё не.
Шумо мехоҳед шахеи сеюмро аз Кӯлоб гиред. Вале имрӯз
Кӯлоб ба гайр аз ЛҲаёев касе надорад, ки ба ҳамаи ҷумҳурй
маъқул бошад. Гарчанде шахсан ба ман на ҳама ақидаву
рафтори ӯ маъқул аст. Аз тара фи дигар, имрӯз ба Тоҷикистон
сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ зарур. Агар хоҳед ҳама диёрҳоро мут-
таҳид созед, манфиаташонро ба назар гиред. Ин таклиф аст,
Раҳмон Набиевич. Иззатуллоҳ Ҳаёевичро Раиси Шӯрои Олӣ
Пешниҳод кунед, С.Хайруллоевро Раиси Шӯрои Вазирон,
раиси кумитаи бехатарй ва вазири кишоварзиро аз водии
Ҳисор. Шахсияташонро худатон муайян кунед. ВКД-ро низ
ба кӯлобиҳо супоред. Муовини аввали Раиси Шӯрои Олиро
^а бадахшониҳо, Вазорати корҳои хориҷиро ба Давлати
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

Худоназар. Дигар вазоратҳоро низ бо маслиҳат дида бароед.
Ман дар ин ҳолат розӣ ҳастам ба кадом идорае ки гӯед, ба
кор равам.

Раҳмон Набиевич ба ин дархости ман чизе нагуфт. Баъд
иброз кард, ки И.Ҳаёев дар интихобот ӯро дастгирй накард.
Давлат бошад, ӯро писанд намекунад.

Ҳисси қасосгирии Р.Набиев дар ин лаҳза низ ба ӯ имконият
намедод, ки чизеро дарк кунад. Ҳамон Аҳмадаки порина!
Беҳуда халқ нагуфтааст: «Қомати букриро танҳо гӯр рост
мекунад». Ҳамин тавр ягон таклифи ман нагузашт ва умеде
ҳам надоштам, ки онро Р.Набиев меписандад. Худо шоҳид
аст, ман даҳҳо маротиб ба ӯ холисона фаҳмондам: вай бояд
роҳеро пеш гирад, ки Тоҷикистони ба бӯҳрони иқтисодй ва
сиёей дучор омадаро ба ҷанги шаҳрвандй накашад. Зеро дар
ҷумҳурӣ барои cap шудани ҷанги шаҳрвандй заминаи
мӯътамаде пайдо шуда буд. Онро танҳо афрӯхтан лозим буду
бас, аммо шодравон ин чизро дарк намекард. Чунон ки борҳо
гуфтам, имкону лаёқати таҳлил надошт.

Чанд рӯз пеш аз оғози ҷаласаи навбатии Шӯрои. Олй, ки
баъди гузаштани маъракаи интихоботии Раиси ҷумҳурӣ
барпо мешуд, муовини Раиси Шӯрои Олй, иҷрокунандаи
вазифаи Раиси Шӯрои Олй А Йсісандаров ба назди ман омада
иброз намуд:

— Шумо, Аслиддин Соҳибназарович, номзадии худро ба
вазифаи Раиси Шӯрои Олй намегузоред?

Ба ҷои ҷавоб ман кунҷковона аз ӯ пурсидам:

— Ба шумо кй гуфт, ки ман номзадиамро пешниҳод
мекунам?

— Рахдеон Набиевич.

— Комилан гапаш дурӯғ аст. «Ман номзадии шуморо
дастгирй мекунам, аммо Аслиддин номзадиашро муқобили
номзадии шумо мегузорад», — гуфтааст Раиси ҷумҳурй.

— Ё тавба! Магар ӯ кори дигар надорад, ки аз қафои
одамон гапҳои бардурӯғ бофта мегардад?

Ман рузи дигар саҳарии барвақт назди Р.Набиев рафтам.
У дар утоқи кориаш буд. Бе ягон истиҳола ба наздаШ
АСЛИДДИНИ С0ҲИБНАЗАР (25l)____________СуБҲИ СИТОРАКу;

даромадам ва гапро бе муқаддима аз ҳамин дурӯягиаш оғс
намудам.

— Ман ба А.Искандаров чизе нагуфтаам. Ман вайр
дастгирй мекунам, вале Сафаралй муқобил аст. Мумкин ма
номи ӯро гирифтаам, — гуфт Раиси ҷумҳурӣ.

Боз ҳамон нағмаю ҳамон найранг. Ба ӯ рӯйрост ибро
кардам, ки на Сафаралй, на ман, на А.Искандаров дар и
мансаб бонд набошем. Хуб мешуд, ки дар атрофи номи яго
фарди кӯлобй ва ё ғармй ҳарф мезадед.

— Раҳмон Набиевич. Чй тавре ки пештар таклиф кардап
амал кунед, тамоми корҳо ранги дигар мегирад. Бояд мансабх
дуруст тақсим шаванд. Лидерҳое даркор, ки дар ҳар ҳола
ба мардум гапашонро гузаронда тавонанд. Шумо ва Сафарал
аз вилояти Ленинободед, А.Искандаров табиист, ки ово
намегирад ва дар Ғарму Кӯлоб ва ё худ Бадахшон хаі
тарафдори зиёд надорад. Аз ин нигоҳ, Ш5фои Олй ё Шӯро:
Вазиронро ба кӯлобиҳо бояд диҳед. Вале И.Ҳаёев бо шум
кор намекунад. Ман инро аз ӯ напурсидаам, аммо медонаіѵ
хуіс мекунам. Лекин С.Хайруллоев бо шумо дар вазифаі
Раиси Шӯрои Вазирон кор мекунад. Ба замми ин, ӯ да]
ноҳияҳои водии Ғарм обрӯ дорад. Ман бо вай шахсаі
маслиҳат кардам. Ин фикрро ду бор шуд, ки ба шумо мегӯя»
А.Искандаров муовини аввали Раиси Шӯрои Олй, намояндаі
Бадахшон мемонад.

Вале Раис ҳам кар буду ҳам гунг. Маълум ки С.Кенҷаевр<
дар вазифаи Раиси Шӯрои Олй дидан намехоҳад, агарчі
пеш аз интихобот ин мансабро ба ӯ ваъда карда будаасі
Ҳоло аз вай роҳи халосӣ меҷӯяд. Илова ба ин сари мансаі
будани И.Ҳаёёв ва А.Искандаровро ҳам намехост.

Дидам, ки дигар чизе гуфтан фоида надорад, ноилоҷ а
наздаш баромадам. Ба А.Искандаров гуфтам, ки номзадиамр
намегузорам. Хавотир нашав, ба дурӯғ бовар накун. Р.Набие
такдири Раису га л аба ро ба депутатҳо ҳавола кардааст. Худай
бетараф меистад. Пас аз қасам ёд карданаш ягон корро баҳон
карда, аз маҷлис баромада меравад. Усули кори ӯ хамиі
аст.
Аолиддини соҳибнлзар (252J_____________оувҳи ситорлкуш

Дар асл ҳам чунон шуд. Р.Набиев дар маҷлис қасам ёд
карду баромада рафт.

Намояндагони мардумӣ дар маҷлис номзадии се нафарро
пешбарй карданд. С.Кенҷаев, А.Искандаров, М.Каримов. Пае
аз овоздиҳӣ маълум шуд, ки С.Кенҷаев 125 овоз, А.Ис-
кандаров 61 овоз ва М.Каримов 8 овозро соҳиб шудаанд.
Ҳамин тавр С.Кенҷаев дар як мижа задан Раиси Шӯрои Олӣ

шуд.

Демократия, ки аввалин меваи онро С.Кенҷаев чашида
буд, ба тарзи озод ба минбари парламент баромад ва ба ин
мақомоти олй соҳиб шуд ва бе шубҳа ана ҳамин демократия
боз ба С.Кенҷаев халал мерасонд.

Ҷаноби С.Кенҷаев қадамҳои аввалини худро аз амалҳои
зидди демократа оғоз кард. Ман дар иҷлосия баромад карда,
рафтори ӯро зери тозиёнаи танқид шрифтам. Вале ӯ бо як
берӯии хос изҳор кард, ки демократия худ сафсатта аст.

«Магар демократия сафсатта аст», — гӯён ба унвони Раис
номае ирсол кардам, ки чунин мазмун допгг

«Дар сессияи ёздаҳуми Шӯрои Олй ба ташаббуси Раёсати
Шӯрои Олй бо мақсади дохил кардани тағйирот ба Қонуни
асосӣ (Конститутсия) лоиҳаи қарор дар бораи пурзӯр кардани
ҳуқуқи Раиси ҷумҳурй дар таъиц ва озод намудани
роҳбарони врлоятҳою маҳалҳо пешниҳод шуда буд. Аммо
ин пешниҳод қабул нашуд.

Камина мақсад надоштам, ки сари ин лоиҳа изҳори ақида
кунам. Ammo мулоҳизаи гурӯҳи депутатҳо, ки демократияро
«сафсатта» ҳисобиданд, маро водор сохт, ки перомуни ин
масъала ақидаи худро иброз намоям ва бигӯям, ки агар ҳамин
«сафсатта»— демократия намещуд, ҳамон депутат ва ба ӯ
монанд депутатҳо, инчунин муаллифи ин сатрҳо ҳеҷ гоҳ
намояндаи мардумй дар Шӯрои Олй намешуданд, дар ҳеҷ
гоҳ планкаш ё сардори шӯъбаи корҳои дохилй, раиси
иттиҳодияи аГросаноатй ё додситони ноҳия агар ба
номенклатураи ҳизб дохил намешуд, депутат шудани ӯ аз
имкон берун буд. Ғайр аз ин шахсе ки як бор бегуноҳ шатта
хӯрдааст, депутат шудан як тараф истад, ҳеҷ гоҳ номашро
ба некй ба забон намегирифтанд, ҳатто ӯ агар собиқ котиби
аввали ҳизб бошад.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКуШ

Шукри демократия, ки онҳоро сафед кард, ба онҳо
ваколати депутата дод, аммо акнун ба демократия нафрат
мехонанд.

Онҳо фаромӯш кардаанд, ки агар демократия намешуд,
мо ҳаргиз Раиси ҷумҳуриро ба тариқи умумихалқй интихоб
намекардем ва бечуну чаро оиди ину он кафолати Раиси
ҷумҳурй ҳатто андеша ҳам намекардем. Чунки ин фаҳмиш
дар тӯли ҳафтод сол барои мо бегона гардида буд.

Имрӯз, ки Раиси ҷумҳурй ба таври умумихалқӣ интихоб
шудааст, ин ҳодиса дар таърихи давлатдории тоҷикон,
албатта, ҳамчун падидаи беназир абадй нақш мебандад.

Камина ин ғалабаро, ки аксарият ба Раиси ҷумҳурй То-
ҷикистон муносиб донистаанд, эътироф мекунам. Аз ин хотир
ман низ тарафдори пурзӯр кардани ҳуқуқи Раиси ҷумҳурй
мебошам. Аммо на аз ҳисоби он, ки Раиси ҷумҳурй ҳуқуқи
худро бо паст задани ҳуқуқи дигарон, хуқуқи Шӯрои вилояту
ноҳияҳо, ки зимнан мисли ӯ интихоб шудаанд, пурзӯр намояд.

Мо бояд ба таърихи давлати шӯравӣ, ки империяи ка-
лонтарини ҷаҳон буд, назар андозем. Он имрӯз аз байн
рафтааст ва мо пораҳои ҳамон давлати бузургем, ки ҳоло
дасту по зада, роҳи наҷот меҷӯем. Оё медонем, ки чаро ин
давлати бузург шикасту фурӯ рехт? Пеш аз ҳама, ба фикрам,
ин давлат қонунҳои башардӯстона надошт, давлати беадолат
буд. Давлати ҳизбиён, мансабдорони мағрур, давлати тота-
литарй буд, давлате буд, ки пеши он қонун, шарафи одам
арзише надошт.

И.Сталин бо шахсияти худ ва бераҳмии даҳшатангез таво-
нист ин давлатро тавоно кунад. Лекин пас аз марта ӯ вори-
сонаш натавонистанд, ки ин империяро саришта созанд. Агар
Шахсе мисли Сталин пайдо мешуд, мисли ӯ бераҳмию
беадолатӣ мекард, шояд ба қурбониҳои бузург нигоҳ накарда,
ин империя имрӯз ҳам пой бар ҷо мебуд.

Ҳарчанд, ки таълимоти марксиста роли шахсро дар
Чамъият инкор мекунад, аммо бояд гуфт, ки давлатдорӣ ва
Давлат бо шахе вобаста аст. Аммо бузургтарин шахе, агар ӯ
Нобиғаи замон бошад ҳам, давлати хуқуқбунёд насозад, ба
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

қонунҳои инсондӯстона такя накунад, давлаташ нобуд
мешавад. Ба ин давлати бузурги Шӯравй, ки бо як сухани
«бозсозй»-и Горбачёв имрӯз вайрон шудааст, мисоли равшан
шуда метавонад. Ба вазифаи Раиси ҷумхурй мардум шахсеро
интихоб кардааст, ки бояд ҳамаи фазилатҳои давлатдориро
дошта бошад. Аммо Раиси ҷумҳурй агар қонунҳои хос қабул
накунад, қонунҳои демократиро риоя ва амалй нагардонад,
давлати ӯ бебақо хоҳад буд. Ба ин Гурҷистони мустақил, ки
чанде пеш ҷузъи ҷудонопазири Иттиҳоди тавонои Шӯравй
буд, мисол туда метавонад.

Тоҷикистон ҷумҳурии мустақил аст, аммо гуфтору фик-
рамон мустақил нест. Мо ҳамоно андеша дорем ва мехоҳем,
ки касе пайдо шавад ба ин давлати мустақил бигӯяд, ки ин
корро кун ва он корро накун, ба фалон кас итоат бикуну ба
дигар не. Ин касалии бисёр баде мебошад, ки онро ном «итоат»
аст.

Дар таърихи тӯлонии давлати фармонфармой, мо ба ил-
лате гирифтор шудаем, ки қудрати мустақилона фикр
карданро надорем, ба он умед мебандем, ки касе ба касе
бояд ҳатман итоат кунад. Аммо дар замони ҳозира бошад,
касе ёфт намешавад, ки ба каее итоат кунад ва ба давраи
«гуломдорй» баргардад? Ин хел фикр кардан хатост. Он рӯзҳо
дигар бар намегарданд. Чунки мардум фаҳмида аст, ки озодй
чист ва худро дар фармони касе дидан барои ӯ таҳқир аст.
Инсон бояд танҳо ба қонунҳое итоат кунад, ки ҳаёти иқтисодй,
сиёсй, иҷтимой, фарҳангй ва мадании ҷомиаро муназзам ва
мураттаб созад ва рӯз аз рӯз ба боло барад.

Фарз кардем, ки лоиҳаи қонуни фавқулзикр қабул шуд
Раиси шӯрои ноҳияро Раиси ҷумҳурй таъин кард. Оё пай-
ванди раиси ноҳия бо мардуме, ки ӯро дар минтақаи дигар
намоянда интихоб кардааст, канда намешавад? Ва ҷавобан
қонуни нонавиштаи мардум (аксуламал) ба табъи раиси нав
таъиншуда мувофиқ меояд? Асло не! Як чиз мусаллам аст,
ки таъини як кас озод кардани дигарон аст. Яъне агар мо
раиси ноҳияҳоро интихоб нею таъин кунем, амалан дигаронро
аз итоати ӯ мебарорем. Оқибаташ маълум аст. Ӯ дар пеШй
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

255)________сукҳи ситоРАкущ

Раиси ҷумҳурй дар итоат аст, аммо дар итоати ӯ касе нест.
Дар охир мо боз ба ҳамон сохтори тоталитарие бармегардем,
ки гӯё ҳама ба ҳама итоат мекард, аммо дар амал касе ба
касе (ба истиснои мансабдорон) итоат намекард. Беҳтарин
ақида он аст, ки мо ҳама ба як шахе итоат накунем, итоати
мо фақат дар пеши қонун бошад, басанда аст.

Адам Смит, ки ӯро мо социалиста «хаёлй» мегӯем, сесад
сол аз ин қабл навишта буд. «Барои аз зинаи охири қашшоқй
ба арши аъло бардоштани ҷамъият, сулҳ, андози сабук ва
сабру таҳаммул дар давлатдорй зарур аст. Дигар чизҳо худ
ба худ дар равиши табииашон такомул меёбанд».

Биёед сабру таҳаммул кунем ва он рӯз дур нахоҳад буд, 1
ки самараи демократияро ҳамаи мо хоҳем чашид.»

Ман ин мактубро ҷаноби С.Кенҷаев, ба шумо ва рӯзномаи
«Ҷавонони Тоҷикистон» ирсол кардам ва бовар дорам, ки
онро мутолиа намуда, хулосаи даркорӣ мебароред.

Дар мақола як чиз нест, аммо дар мактуб он ҳамроҳ карда
шудааст.

«Шумо, ҷаноби Раис, аз ёд набароред, ки дар дунё чӣ
қадар шоҳон омаданду рафтанд, аммо касоне, ки дар қалби
мардум ҷо шудаанд, шоҳони одил ном гирифтаанд. Дар бораи
шоҳони одил чй қадар қиссаву ривоятҳои зиёд мавҷуд аст.
Бузургон шоҳонро ба адолат, таҳаммулу бурдборй, ҳақи-
қатҷӯй даъват мекарданд. Вазири даста чап ё рост, яке ҳақ
мегӯяд, дигар муқобили ӯ, вале дар охир шоҳ бояд қароре
Қабул кунад, ки ҳам ба вазири дасти чапу ҳам ба вазири
Дасти рост ва ҳам ба ҳамагон мақбул бошад. Гунаҳкор аз
Ҷазо халос нашавад.

Ин як шакли демократия, яъне демократия дар ҳамон
замонҳои қадим ба ҳисоб меравад. Ва бори дигар ба шумо
Изҳор мекунам, беадолатй, ноҳаққй сафсатта аст. Демократия
сафсатта нест, ҷаноби Раис. Ин чизро мудом дар хотар доред.

Сиёсати нави пеш гирифтаи Раиси ҷумҳурӣ Р.Набиев ва
Раиси Шӯрои Олй С.Кенҷаев аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуШ

омаданашон маълум мегашт. Рафторашон онҳоро аз Тоҷи-
кистону тоҷикон ба сабаби бераҳмй, бешафқатй ва беадолатй
дур мекард. Раиси ҷумҳурӣ бепарво мегашту тақдири
Тоҷикистонро ба дасти ноиби худ, собиқ директори базаи
автомобили — Н.Дӯстов ва дӯсти ин дӯст Раиси Шӯрои Олй
С.Кенҷаев ҳавола мекард. Ва гоҳ-гоҳе дар ҳушёриаш,
гарчанде ин лаҳзаҳо кам буданд, Р.Набиев дуруст мулоҳиза
мекард: С.Кенҷаев ҳаракатҳое карда истодааст, кй дар оянда
асрори фориғболии ӯро далел кунад ва мумкин аст сари ӯро
ба фано барад.

С.Кенҷаев ва Н.Дӯстов ба ҳар як сухани Раиси ҷумҳурӣ
хуб гуфта, дар асл ба акси он амал мекарданд. Онҳо гурӯҳеро
дар зери байрақи сурх бар зидди қувваҳои Исломй-
«ваҳҳобиён»-и Ғарму Бадахшон ҷанг меандохтанд ва ё худ
муттаҳид мегардонданд.

Ман рӯзе ҳамроҳи ОЛатифӣ дар арафаи ҷаласаи навбатй
ба идораи С.Кенҷаев рафтем, то ки бо ӯ нисбати ин рафторҳо,
ба тарзи холисона изҳори ақида кунем, фаҳмонем, ки тарзи
қабул ва рафтору гуфтори Раис ба тамом дигар шудааст.
Агар ба ибораи дигар иброз намоем, гарчй чоруқҳои
С.Кенҷаев дигар шуда бошад ҳам, тафаккуру фаҳмиши ӯ
заррае дигар нашудааст. Бисёр чизҳоро мантиқан дидан
намехоҳад. Бештар аз ҳама «зафарҳои» социалиста ва ғалабаи
коммунистону шикасти онҳоро, бо пурзӯр гаштани қувваҳои
Исломй, асосан ба ҳақталошии мардуми Ғарму Бадахшон
марбут медонад.

Мақсади ба назди ӯ рафтани мо ба вай насиҳат кардан
набуд. Чизи асосй он буд, ки агар ин гуна рафторҳо аз ҷониби
Раиси Шӯрои Олй идома ёфтан гирад, дахолата ӯ ба идораи
Раиси ҷумҳурй метавонад Тоҷикистонро ба гирдоби фалокат
рӯ ба рӯ созад.

Вохӯрии мо басо тӯлонй буд. Ба ӯ гӯё бисёр чизҳоро
фаҳмонда тавонистем ва маломатҳои ӯро низ гӯш кардем

Маломата С.Кенҷаев он буд, ки мо, як гурӯҳ намояндагони
мардумй, қарорҳои қабул кардаи ӯро ғайри демократй ҳисоб
карда, ба унвони Раиси Шӯрои Олй эътароз ирсол карД»
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР (257^)_________ суБҲИ ОИТОРАКуШ

будем. Ба фаҳмиши ҷаноби С.Кенҷаев ҳеҷ намераеид, ки
демократия фақат ва фақат иқтисоди бозоргониро талқин
мекунад, мулкро обод мееозад. Кори ҳамаро осон мегардонад.
Мардумро аз ҳама гуна мӯҳтоҷй мераҳонад.

Ҳар гоҳе, ки О.Латифӣ ба ӯ чизе мегуфт, С.Кенҷаев ба
ман рӯ оварда арз мекард;

— Шумо, ако, аз болои ман ариза навиштед. — Ман ба ӯ
фаҳмонда мегуфтам:

— Ариза дигар асту эътирози гурӯҳи намояндагони
мардумй дигар. Мо гурӯҳи намояндагони мардумй мехоетем,
ки Раис кори Шӯрои Олиро ба роҳи дуруст пеш барад. Худат
қазоват кун. Дар эътирози мо равонкарда кадом нуқтааш
нодуруст аст? Канӣ марҳамат, қироат кун.

Ман эътирози гурӯҳи намояндагони мардумиро ба даст
шрифта , илова кардам:

— Ноҳақ будани гуфтаҳои моро инкор карда метавонед?
Марҳамат, ана эътирози мо:

«Мо як гурӯҳ депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон аз
рафтори Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон оиди муҳокима
ва қабули қарорҳо дар парлумон хеле ба ташвиш омадаем.

Бо боварии том гуфта метавонем як қатор қонунҳое, ки
хусусияти зиддидемократй доранд ё хилофи муносибатҳои
бозорй мебошанд, маҳз бо фишор ва худсарона вайрон
кардани регламент аз тарафи Раёсати Шӯрои Олй тасдиқ
гардиданд. Бидуни шубҳа, на танҳо мо як гурӯҳи депутатҳо,
балки дахдо ҳазор одамоне, ки ба фаъолияти парламон
эътибор медиҳанд, имрӯз мебинанд, ки маҳз Раёсати Шӯрои
Олй ба низоми тоталитарию диктаторй рох,и фарох кушода
истодааст.

Мо чунин эҳсос мекунем, ки Раёсати Шӯрои Олй мехо-
Ҳад бо ҳар восита ошкорбаёниро буғй кунад, Қарорҳои
Муҳими давлатиро бо иродаи як гурӯҳи хурд тасдиқ карда,
ба ин тариқа халқро аз сиёсату давлатдорй дур созад.

Тарзи қабули қарор оиди таъини раисони шӯроҳои
ноҳиявию шаҳрию вилоятй аз тарафи Раиси ҷумҳурй аз ин
Шаҳодат медиҳад Бо вуҷуди он, ки лоиҳаи ин қарор панҷ
АСЛИДЛИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКуш

маротиба аз овоздиҳй нагузашт, Раёсат бо роҳи фишороварӣ
тавонист, ки бар хилофи регламент бо овоздиҳии шашум ба
қабули он муваффақ гардад.

Лоиҳаи қарор оиди боздоштани тақсими колхозу совхоз-
ҳо, ки вазири кишоварзии ҷумҳурй В.Воҳидов пешниҳод
намуда буд, низ ба муқобилияти шадиди аксари аъзоёни
парлумон дучор гардид. Аммо ба ин нигоҳ накарда, такрор
ба такрор ба овоз монда шуд ва танҳо дар навбати чорум
қабул шуд. Чунин қарор дар роҳи маҳдуд кардани
демократия дар ҷумҳурй қадами ҷиддй мебошад ва он танҳо
ба амалй гардонидани манфиатҳои номенклатураи аз нав
пойдоршудаи давлатй нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, тамоми
масъулияу дар сурати душвориҳои бо озуқа таъмин намудани
аҳолй дар соли 1992 ва солҳои минбаъда бояд ба дӯши ба-
рорандагони қарор гузошта шавад.

Ҳамин чизро дар бораи қарори марбут ба кооперативҳо
низ гуфтан мумкин аст. Муносибати Раёсати Шӯрои Олй ва
гурӯҳи депутатҳое, ки ба асли масъала сарфаҳм намераванд,
ба қабули қарори моҳияти зидди бозорй дошта асос шуд. Аз
ду ё се мисоли манфй ба хулосаи махдуд кардани ҳаракатҳои
кооперативй омадан, ки ин қадамҳои аввали корчаллонист,
кори оқилона нест. Чунин мисолҳоро дар сектори давлатӣ
ҳазорон ҳазор ёфтан мумкин аст.

Аз ҳама бадтараш он аст, ки парлумон дар таҳти фишори
ашхоси манфиатдор як қатор кумитаҳо, ба мисоли кумитаи
амнияти миллй, мудофиа ва кумитаи радиою телевизионро
аз тобеияти Шӯрои Олй ва ҳукумат бароварда, бевосита ба
Раиси ҷумҳурӣ тобеъ гардонд. Ҳамин тавр, имрӯз воқеияти
воқеии ба амал овардани табаддулоти давлатй, ҷорй намудани
диктатураи сахттарин, бераҳмона пахш кардани мухолифин,
решакан кардани ошкорбаёнй ба миён омадааст. Таҷрибаи
талхи таърих на як бору ду бор исбот кардааст, ки табадду-
лоти ҳарбй ё давлатй тавассути нерӯҳои амният ва ҳарбй ба
амал меояд. Ҳоло баъзе далелҳое ҳастанд, ки ба воситаи
ҷамъияти «Муштариён» ба монополия табдил додани
рӯзномаҳои асосии ҷумҳурй вуҷуд дорад. Ин ҳолат, инчунин
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКуш

ба Раиси ҷумҳурӣ тобеъ кардани ширкати радиою телевизион
маънои онро дорад, ки воситаҳои ахбори оммавӣ гирифтори
назорат (цензура) туда, танҳо ба манфиати як шахс ва му-
қаррабони ӯ хизмат мекунанд ва халқи заҳматкаш аз имко-
нияти озодона баён кардани ақидаи худ маҳрум мегардад.

Раванди ташаккул ёфтани диктатура боиеи гирифтории
қувваҳои демократии ҷумҳурй гардид. Баъзеи онҳо худро
ҳамчун қувваҳои мухолифин эълон карданд ва инро гирди-
ҳамоии неруҳои демократй, ки 12 январ гузашт, тасдиқ намуд.
Нишонаҳои пуршиддат гаштани вазъияти сиёсй пайдо
хпуданд. Мантиқан, хулоса ба миён меояд, ки дар Тоҷикиетон
эҳтимолияти такрор шудани ҳодиеаҳои Гурҷистон вуҷуд
дорад.

Бо масъулият бояд бигӯем, қарорҳое, ки қабул шуданд,
ба обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикиетон зарбаи калон
заданд. Тоҷикиетонро дар кишварҳои озод, имрӯз ҳамчун
кишваре мешиносанд, ки дар он асосҳои демократй пойдор
нагардидаанд, еаромядорон низ меҳаросанд, зеро аллакай
воситаҳои ахбори оммавии Ғарб эълон намуданд, ки дар
Тоҷикистон шароити мусоиди маблағгузорй (инвестиционй)
вуҷуд надорад.

Ҳоло мо заррае шубҳа надорем, ки агар чунин муносибат
минбаъд ҳам давом ёбад, Тоҷикистон ба давлати тоталитарие
табдил мешавад ва сохтори он бештар ба структураҳои
давлатдории еолҳои 30-юм шабоҳат хоҳад доигг. Мо қарзи
худ мешуморем, ки дар ин бобат парлумон ва аҳли ҷомеаро
огоҳ кунем.

А.Соҳибназаров, X. Акбаров, Т.Ҷабборов, Ш.Яъқубов,
О.Яъқубов, М. Каримов, А. Музофиршоев, Р. Каримов,
А.Ятпимов, А.Абдушаҳиров, М.Мирзоев, А.Ҳабибов —
депутатҳои халқи Тоҷикистон>.

Илова ба эътироз ваъда медиҳам, ки агар чунин қонун-
Шиканӣ идома ёбад, ба мардум муроҷиат мекунам, ки пеши
роҳи чунин корҳо гирифта шавад Нисбати шумо ҳам
Нобоварй изҳор хоҳем кард.

Пас аз он ҷаноби С.Кенҷаев ваъдаи қатъй дод, ки минбаъд
АСЛИДЛИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

ба корҳои идораи Р.Набиев дахолат намекунад. Дар рафти
таъсиси ҳутсумат бо қатъият талаб мекунад, ки дар он як
гурӯҳ нафароне, ки ба лагери демократа мансубанд, ҳамроҳ
карда шавад. Инчунин пеши роҳи қонуншиканиро мегирад

Баробари ин С.Кенҷаев ниебати мақолаи ман «Магар
демократая сафсатта аст» ва эътарози намояндагони мардумӣ
илова намуд:

— Агар ман пешакй донам, ки ин рафторамон нодуруст
аст, дарҳол аз ҳамагон узр мепурсам.

Пас аз ҳамаи ин гуфтаҳо мо идораи ӯро тарк кардем.

Матаи эътарози мо дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикиетон»
16 январ пешкаши хонандагон гардид. Бо вуҷуди ҳамаи ин
Раёсата Шӯрои Олй ва Раиси он С.Кенҷаев чй тавре ки дар
вохӯрй ба ману О.Латафй ваъда дода буд, ба ваъдааш вафо
накард. Баръакс, пеш аз оғози иҷлосияи навбатаи Шӯрои
Олй Раёсата Шӯрои Олй 30- шикоят, аз ҷумла эътарози
моро муҳокима карда, ба ҷои эътароф, Раиси Шӯрои Олй
онро маҳкум кард ва иброз дошт, ки ин амал хилофи қонунҳои
мавҷуда аст. Ин рафтори Раиси Шӯрои Олй моро водор кард,
ки ба маҷлиси Шӯрои Олй эътарози навбатй равон кунем.
Ва талаб намоем, ки он дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ барраей
шавад.

Эътироз ба Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумхурии
Тоҷикистон аз 30 январи соли 1992 *Дар бораи *эътироз»-
и гурухи депутатхои халқи ҷумхурии Тоҷикистон, ки
дар рузномаи «Ҷавонони Тоҷикистон# 16 январи соли 1992
чоп шудааст».

Қарори Раёсата Шӯрои Олй аз нигоҳи мо, депутатҳои
халқ, дагалона вайрон кардани талаботҳои ҷомеаи демократй
ва шартҳои давлата ҳуқуқбунёд мебошад, ки ташкили онро
ботантана эълом доштаем. Мазмуни давлата демократй ин
ҳокимията қонун аст, на диктатураи худсаронаи роҳбарони
алохйда.

Аз ин ру мо бояд гӯем, ки Қарори зикршуда хилофи Конс-
татутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар моддаи 108-умИ
Констатутсияи Ҷумҳурии Тоҷюсистон, ки ваколатҳои РаёсатИ
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

_____ СУБҲИ СИТОРАКуш

Шӯрои Олиро пешбинй мекунад, дар бораи пешниҳоду
дархост ё эътирози депутатҳоро баррасй кардани Раёсати
Шӯрои Олй чизе гуфта нащудааст.

Мувофиқи банди дуюми ҳамин модда Раёсати Шӯрои Олй
салоҳияти баррасии танҳо ҳамон масъалаҳоеро дорад, ки
Конун ба зиммаи он вогузор кардааст. Ва чунин қонуне, ки
баррасии пешниҳоду эътирози депутат ё гурӯҳи депутатҳоро
ба ӯҳдаи Раёсати Шӯрои Олй гузошта бошад, на дар Ҷум-
ҳурии Тоҷикистон ва на дар собиқ Иттиҳоди Шӯравй вуҷуд
надошт ва надорад. Пас дар Раёсати Шӯрои Олӣ муҳокима
шудани «эътирози» мо ҷуз қонуншиканӣ дигар чизе нест.

Ҳамаи ин далели он аст, ки Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Сафаралй Кенҷаев бо суиистеъмоли мансаб аз
доираи ваколатҳои худ ва Раёсати Шӯрои Олӣ баромада, ба
поймол кардани қонун роҳ додааст. Ба ақидаи ӯ гӯё
«эътироз»-и депутатҳо нисбати қабули қарор, оиди бе розигии
Шӯроҳои дахлдори депутатҳои халқй аз тарафи Раиси
ҷумҳурй Тоҷикистон таъин ва озод кардани раисони ко-
миҷроияҳои вилоятй, шаҳрй ва ноҳиявй беасос аст. Барои
исботи ин дурӯғ кофист, ки ба стенограммаи маҷлис назар
андозем. Маҳз ҳамин масъала бо баҳонаҳои гуногун ҳашт
маротиба такрор ба такрор ба овоздиҳй гузошта шуда буд.

Эътирози мо дар се рӯзнома чоп шуда буд ва Раиси Шӯрои
Олй метавонист ба Қонуни матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истинод оварда, дурустию нодурустии далелҳои эътирози
Моро аз рӯи адолат ҳал кунад! Мувофиқи моддаи 24-уми
Қонуни матбуот шаҳрванд ва ё ташкилот ҳақ дорад аз идораи
Рӯзнома (редакция): талаб кунад, ки дар бораи мақолае, ки
Дирафи ӯро паст задааст, раддия чоп намояд. Дар сурати
саркашии идораи рӯзнома шаҳрванд ва ё ташкилот боз ҳам
Дар асоси ҳамон қонуни матбуот ҳақ дорад, ки дар муддати
моҳ ба маҳкама (суд) муроҷиат карда, талаби худро бо
Қарори маҳкама қонеъ гардонад.

Ба хотири номзади илми ҳуқуқшиносй, Раиси Шӯрои Олии
^Умҳурии Точикистон рафиқ Сафаралӣ Кенҷаев эҳтиромона
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситорлкуш

мерасонем, ки аз рӯи қонун масъалаҳои баҳсталаби матбуотро
фақат маҳкама (суд) ҳуқуқи ҳал кардан дорад, на Раёсати
Шӯрои Олй.

Ба фикри мо, агар Раиси Шӯрои Олй ақидаҳои демок-
ратиро қадр мекард, эътибори ӯ дар назди мардум баланд
мешуд ва худи мардум риояи қонунро ҳамчун як чизи бу-
зург зарур мешуморид. Депутатҳои мӯҳтарам бошанд, ба
ҳар як масъала бо ҳисеи баланди масъулият муносибат карда,
ба қабули қонунҳои ҳаматарафа таҳлил нашуда роҳ наме-
доданд.

Ба мардуми шарифи Тоҷикистон чунин иброз медорем,
ки мо тарафдори он неетем, ки парлумонро ба парлумони
лӯхтакй табдил диҳанд ва депутатҳо танҳо бо амру фармони
як нафар амал кунанд.

Дар охир ҳаминро гуфтанием, ки эътирози 15 нафар депу-
тата халқ, ки на кам аз 150 ҳазор нафар сокинони Тоҷи-
кистонро намояндагй мекунанд, ҳадди ақал ба хотири
эҳтироми ҳамин интахобкунандагон, Раёсата Шӯрои Олй
мебоист, ки бо иштироки муаллифони он эътирознома
масъаларо мавриди баррасй қарор медод. Мутаассифона, ин
тавр нашуд. Ва ин, бори дигар бесалоҳиятаи Раёсати Шӯрои
Олй ва беҳурматаи онро нисбата вакилони мардумй нишон
дод. Аз ин рӯ бори дигар ба таври қатъй талаб мекунем, ки
эътирози мо дар маҷлиси навбатаи Шӯрои Олй мавриди
баррасй қарор гирад».

***

Маҷлиси Шӯрои Олй дар рӯзи муайяншуда барпо гашт.
Вале эътирози дуюми мо на танҳо баррасй шуд, балки
раванди худи иҷлосия аз қонуншиканй огоз ёфт. Пас аз
муҳокимаи рӯзнома дар маҷлиси Шӯрои Олй ва тасдиқи он
додситони кулл Н.Ҳувайдуллоев таклиф намуд, ки дар
рӯзнома масъалаи беэътабор донистани ваколата намояндай
мардумй М.Икромов гузошта шавад. Таклифро С.КенҷаеВ
бе муҳокима ва таҳлил бар хилофи қонун ба овоз гузоигг ва
ЛСЛИДДИНИ СОҲИКНЛЗЛР (^263)____________сукҳи СИТОРАКуш

ин таклифи додситон бе тағйирот ба рӯзнома дохил карда

шуд.

Бояд хотирнишон кард, ки дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои
Олӣ, вақте ки дар бораи ивази вазифаи Раиси Шӯрои Олй
бо таъсиси идораи Раиси ҷумҳурй ба тарзи парлумонӣ қонун
қабул гардид, ба ин мансаб ду номзад пешниҳод шуд. Р.На-
биев ва Қ.Маҳкамов ва хонандагони гиромй дар ёд доранд,
ки он ба чй натиҷа анҷом ёфт. Р.Набиев бохт. Аммо дар рафти
муҳокимаи барномаи номзадҳо намояндагони зиёд еухан
гуфтанд. Яке Қ.Маҳкамовро дастгирй мекард, дигаре Р.На-
биевро.

Дар ин ҷаласа М.Икромов сухан гирифта, номзадии Қ.Маҳ-
камовро дастгирй намуд. Барномаи Р.Набиевро нисбати тарақ-
қиёти шаҳри Душанбе «авантюра» ҳисоб кард ва худи Р.На-
биевро шахси дурӯя номид.

Пас аз шикасти пайкараи «доҳй» ва гирдиҳамоии тӯлонй
дар майдони «Озодй» моҳи октябри соли 1991, ки истеъфои
Р.Набиевро талаб мекарданд, М.Икромов пурра ба лагери
демократҳо дохил туда, гирдиҳамоиро ҳамчун мири шаҳр
дастгирй кард.

Р.Набиев бошад ба истеъфо рафт. Дар рафти интихоботи
Раиси ҷумҳурй ӯ ба гурӯҳи Давлат Худоназар ҳамроҳ шуд.
Пас аз галабаи Р.Набиев дар интихоботи умумихалқии Раиси
ҷумҳурй, ноябри соли 1991 Р.Набиев ва тарафдорони ӯ
С.Кенҷаев, Н.Ҳувайдуллоев, Н.Дӯстов ва дигарон мехостанд,
мири шаҳри Душанбе одами худй бо^над. Баробари ин
Р.Набиев метавонад қасос гираду ором шавад. Ҳамин тавр
ба онҳо муяссар шуд, ки М.Икромовро айбдор намуда ва пас
мандата депутатиашро гирифта, ӯро ҷавобгар кунанд. Аз
рӯи меъёри ахлоқӣ ин рафтор нодуруст буд ва он маро
маҷбур сохт, ки эътарози сиёсй кунам.

Ина к он эътарози сиёсй:

«Вақте Қаҳҳор Маҳкамов аввал Раиси Шӯрои Олй ва баъ-
Дан Раиси ҷумҳурй интихоб гардид, ӯро тарафдорй накардам,
3еро бо айби ӯ баъди воқеаҳои баҳманмоҳ, вахдата мардум
Хала л ёфта буд.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуШ

Ақидаҳои худро дар ин бобат баъдтар ба Раиси имрӯзаи
ҷумҳурй Раҳмон Набиев гуфта будам, зеро бовар доштам ӯ
ягона фардест, ки метавонад моро муттаҳид созад ва ман-
фиати миллатро дар мадди назар дошта бошад. Мутаас-
сифона, он вақт мо натавонистем ӯро бо роҳи парлумонй ба
вазифаи Раиси ҷумҳурй интихоб намоем.

Ҳодисаҳои моҳи августа Маскав мӯҳлата (процесси) аз
сари қудрат рафтани Қ.Маҳкамовро тезонид ва баъди
истеъфои ӯ ман куллан тарафдори бо роҳи раъйпурсии
ҳамагонй Раиси ҷумҳурй интахоб шудани Р.Набиев будам.
Мутаассифона, умедҳои мо моҳи сентябри соли 1991 барбод
рафтанд. Ашхосе пайдо шуданд, ки ба ҳар васила ба мақсади
гаразнок Раҳмон Набиевро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олй
оварданд. Пас аз он иҷлосия, ҳамроҳи ду нафар намояндаи
мардумй бо Набиев вохӯрдем ва ман аз ӯ хйҳиш намудам ба
хотири ваҳдати миллат аз ин вазифа даст кашад, дар
интихобота мардумй бо ӯ хоҳем буд. Таассуф, ки ин пешниҳод
аз ҷониби Раҳмон Набиев пазируфта нашуд ва имрӯз хуб
мефаҳмам, ки дар ин кор кй саҳм гирифтааст. Онҳое саҳм
гирифтаанд, ки имрӯз соҳиби вазифаҳои воло гаштаанд ва
ваҳдата мардум пеши ишон чун хас қадре надорад.

Ҷои баҳс нест, ки моҳи сентябри ҳамин сол дар Шӯрои
Олй қонуншиканиҳо рух доданд ва ин ҳама боиси паст
гаштани эътабори парлумон дар байни мардум, сабабгори
cap задани низоъҳои маҳалҳо, гурӯҳбозй ва талоши мансаб
гардид.

Қонуну қарорҳои хилофи ҳаёта ҷомеа, ки аксари онҳо бо
ташаббуси Раиси Шӯрои Олй С.Кенҷаев қабул мешуданд,
аҳволи бе ин ҳам тоқатфарсои мардумро вазнинтар, вазъи
сиёсии ҷумҳуриро пуршиддаттар гардонданд, ки ин ҳама ба
обрӯву эътабори Раиси ҷумҳурй бетаъсир намонд. ГумоН
мекунам, ки паси чунин фаъолияти нобасомон эҳтамол,
мақсадҳои дигар пинҳон бошанд.

Бар хилофи қарори Раёсата Шӯрои Олй аз октябри соли
1991, ки табқи он бояд нисбата гирдиҳамомадагони майдони
Озодй ягон чораи маъмурй намеандешиданд, бо истафодаИ
АСЛИДДИІІИ СОҲИБНАЗЛГ*

СуБҲИ СИТОРАКуш

мансаб С.Кенҷаев яке аз зиёиёни маъруфи ҷумҳурй Мирбобои
Мирраҳимро ба маҳкама кашиданй шуд. Аз паси раиси ҳизби
Демократи Тоҷикистон, Шодмони Юсуф таҳдид cap шудааст.
Кй ба ин кор даст мезанад? Вазъи ноороми ҷумҳуриро, кй
нооромтар мекунад? Мақсади ин ҳама қонуншиканиҳо чист?

Бубинед, ки худсарии Раёсати Шӯрои Олй то куҷо раси-
дааст. Ҳангоми муҳокимаи масъалаи беэътибор донистани
ваколати депутати халқ М.Икромов депутатҳо суол карданд,
ки чаро худи ӯ нест ва талаб намуданд, ки дар муҳокима
ширкат варзад. Гуфтанд, ки ӯ худсарона толорро тарк гуф-
тааст. Ҳол он ки чуноне аниқ шуд, М.Икромов мувофиқи
занги телефон бо иҷозати С.Кенҷаев аз иҷлосия берун шу-
дааст ва баъди бозгашт ӯро ба маҷлис даромадан намон-
данд. То ин дам аллакай дафтари кор ва хонаашро кофтукоб
карда будаанд. Вақте ки мо масъалаи Икромовро бе ӯ муҳо-
кима мекардем, Мақсуд Мусоқуловичро дар ҳамин бино, чанд
қадам дуртар аз дафтари кори С.Кенҷаев ба ҳабс гирифта
буданд.

Ман гумон мекардам, ки С.Кенҷаев чун ҳуқуқшинос пеши
роҳи қонуншиканиро мегирад, вале ӯ ин корро накард, зеро
қонуншиканй. услуби кори ӯ гаштааст. Ман ба ҳимояи
М.Икромов чизе гуфтанй нестам, бигузор гунаҳкор ё бегуноҳ
будани ӯро собит намоянд. Ин суханҳоро ман барои ҳимояи
Конститутсияи ҷумҳурй, коста нашудани қадру эътибори
шумо, депутатҳои мӯҳтарам ва мардум мегӯям. Аҷаб нест,
ин рӯзи сиёҳ фардо ба сари садҳо одамони бегуноҳи дигар
ояд, ки чунин воқеаҳоро бисёр дидаему шунидаем.

Раиси Шӯрои Олӣ қонуншиканй мекунаду мардум аз Раи-
си ҷумҳурй домангир аст.

Ман пас аз интихобот гуфтам ва ҳоло ҳам мегӯям, ки
ғалабаи Раиси ҷумҳуриро эътироф менамоям. Лекин бояд
Дар назар дошт, ки дар интихобот (ман дар он чун номзади
ноиби Раиси ҷумҳурй иштирок доштам) мо ей фоизи овозҳоро
гирифтем. Аз ин рӯ, ҳуқуқи маънавй дорам бигӯям, ки бе
Дастгирии ин гурӯҳи мардум ба вахдат расида наметавонем.

Ба он эътирозҳое, ки гурӯҳи депутатҳои халқ пешниҳод
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКУШ

карда буданд, изҳороти имрӯзаи ман илова шавад: қонун-
шиканиро бас кунед!

Пешниҳод ва талаб мекунам, ки аз Конститутсияй ҷумҳурӣ
он нуқта, ки Раиси Шӯрои Олй дар ҳолати набудани Раиси
ҷумҳурӣ ва ноиби ӯ, метавонад вазифаи Раиси ҷумҳуриро
иҷро намояд, бардошта шавад, зеро чунин таҷриба дар ягон
мамлакати дунё нест.

Ва дар охир чун депутата халқ бо тамоми маеъулият
мегӯям, ки ба Раиси Шӯрои Олӣ Сафаралй Кенҷаев эътимод
надорам ва ба ӯ нобоварӣ изҳор менамоям».

Мутаассифона С.Кенҷаев бӯҳтономез ва ноҷавонмардона
рафтор карда, арз намуд, ки А.Соҳибназаров ба идора омада,
талаб кард, ки агар ба ӯ мансаби Раиси Девони Вазиронро
надиҳанд, ором нахоҳад гашт.

Ин аз ҷониби С.Кенҷаев тӯҳмата рӯирост буд ва хонан-
дагон матлабро аз он чй ки ман ба қалам додам, хуб дарк
кардагистанд. Баробари ин, ҳангоми вохӯрии ман бо С.Кен-
ҷаев О.Латифй шоҳид буд ва ӯ бисёр мехост дар иҷлосияи
Шӯрои Олй баромад карда, ин тӯҳматро инкор кунад, вале
ба эшон имконията сухан кардан надоданд. Лекин қалами
тези ин марди ҳақиқатҷӯ то ба итмом расидани ҷаласаи
Шӯрои Олй мақолаеро иншо кард ва ин бӯҳтони С.Кенҷаевро
сад дар сад рад намуд. Он мақоларо пешкаши шумо мекунам,
то ки худ қазоват кунед:

«Зоҳиран дар шуури Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон
Сафаралй Кенҷаев иштабох^і бузург лона гузоштааст, ки
гӯё ҳақиқат ба дараҷаи мансаб вобастагй дорад. Албатта,
ҷиҳати равонй (психологй) вуҷуд дорад, васвасаи шайтон
ҳаст, ки ба ҳукумат даст ёфта, худро тамсоли ҳукумат ва
ҳатто қонун мешуморем. Аммо якбора изҳороти сиёсии
Аслиддин Соҳибназаров — ҳамсафи дирӯзаи С.Кенҷаев дар
гурӯҳи демократии парлумон роҷеъ ба нобовариаш ба Раи-
си Шӯрои Олй чун сатили оби хунук ба сари ӯ фурӯ рехт.

Сиёсатмадори ботаҷриба мекӯшид то ба моҳияти ин
суханон сарфаҳм биравад, меандешид, чаро депутате, ки
душвориҳои созмони давлата ҳуқуқбунёдро бо ӯ ба ҳам
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

(ж) сукқи СИТОРАКуц]

дидаанд, маҷбур шудааст на дар даҳлезу роҳравҳо, балк*
ошкоро барои қонуншиканиҳо айбдораш бикунад. Вале
Сафаралӣ Кенҷаев дафъатан вокуниш зоҳир кард ва ив
вокуниш, мутаассифона, бо таҳрифи воқеият сурат гирифт
Ва чун гуфт, ки гӯё А. Соҳибназаров аз ӯ мансаби Раиси
Девони Вазиронро дархост кардааст, истинод ба иштироки
ман дар ин сӯҳбат намуд.

Барои ман аламовар аст, хеле аламовар. Аммо на барои
он, ки дар сессия ба ман сухан надоданд, то ҳақиқати он
сӯх;батро, ки дар байни С.Кенҷаев ва ман сурат шрифта буд,
арз бикунам. Аламовар аст, зеро он одамоне, ки барои ба
арсаи сиёсат омаданашон ман ба андозае саҳм гирифтаам,
умедамро дар бартараф намудани системаи тоталитарй
барбод медиҳанд. Зиёда аз ин фаъолияти онҳо ба интишори
вабои сурху қаҳваранг («краснокоричневая чума») дар
ҷамъият мусоидат менамояд.

Бо Сафаралй мо вақте шиносу дӯст гардидем, ки ӯ дод-
ситони ноҳия буд. Қатъият ва якрӯии вай дар мубориза ба
муқобили ришвахорй маро писанд омад. Баъд аз додситони
соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ таъин шуданаш ҳам, ӯ аз ин роҳ
барнагашт. Ҳамзамон дар ҳамон солҳо зиндагӣ маро бо
Нарзуллоҳ Дӯстов низ рӯ ба рӯ кард. Онҳое, ки имрӯз дуқат
туда бо ӯ салом мекунанд, хушомадаш мегӯянд, дар он солҳо
бо ҳар васила қобилияти ташкилотчигии ӯро нодида
мегирифтанд, муваффақиятҳои муассисаи автомобилиеро,
ки сарвариашро ӯ ба ӯҳда дошт, сарфи назар мекарданд. Ба
рағми вай ба ронандагон барои сохтмони манзил замин надода
буданд.

Ман афсӯс намехӯрам, ки мусоидат намуда будам, то
Ҳафдуи онҳо ба василаи рӯзномаи «Правда» худро чун шах-
сиятҳои намоён бишиносонанд. Ба воситаи ман онҳо бо
мардони соҳибистеъдод Акбар Турсунов ва Давлат Худо-
назаров шинос шуданд. Акбару Давлат — як ҷаҳони томи
концепцияҳои фалсафй, ахлоқй, эстетикй, фарҳангшиносй
ва муҳимтару қиматтар аз ҳама концепцияи сиёсй доранд.
Ҳамнишинӣ бо эшон, пазириши дуруст ва ростини ақоиди
АСЛИДДИНИ ООҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКуШ

онҳо ба одам им-
кон медиҳад ола-
ми атрофро бо-
шуурона дарк би-
кунад, барои ҳал-
лу фасли проб-
лемаҳои асосии
инкишофи ҷамъ-
ият моҳияти
масъаларо би-
ҷӯяду биёбад.

Вале афсӯсу
сад афсӯс. Агар
таълимоти муаллимони башар — паёмбарон Исои Масеҳ ва
ҳазрати Муҳаммадро (с) баъзе атрофиёнашон ба таври худ
фаҳмиданду ба онҳо хиёнат карданд, пае чй ҷои гила кардан
аст аз одамони муқаррарй. Инсонро иродаи басо бузург
мебояд, то дар дилаш ба шайтон ғолиб ояд. Аз байни азобҳои
таъқибот, табъиду кушторҳо даргузашта, демократияро қабул
кунад, ба ризоияти миллй ва давлати ҳуқуқбунёд расад.
Назорати ощкорои ҷамъиятй, сипареет, ки инсонро, махсусан
ҳукуматдоронро аз васвасаи шайтон эмин нигоҳ медорад,
зеро чунонки таърих нишон медиҳад, аз доираи қонун по
берун ниҳодани ҳукуматдорон боиси қонуншиканиҳои
ҳамагонии мардум мегардад.

Вохӯрие, ки дар сессиям охирин Сафаралй Кенҷаев ба он
ишора намуда буд, бо хоҳиши тарафайн баргузор гардид.
С.Кенҷаев намехост дар байни ӯву демократҳо ихтилоф
бошад, зеро худ аз байни онҳо баромада, дасисаву фитнаҳои
ҳизбию КГБ-ро дар тани худ санҷида буд. Тибқи мантик
бармеояд, ки ӯ наметвонист аз ин усулҳо истифода бикунад
Сӯҳбат аз он оғоз ёфт, ки ба ӯ гуфтем — ба Раиси Шӯрои
Олй лаҳни дағалу баланд, беэҳтиромй нисбат ба депутатҳо
намезебад, агарчи гоҳо онҳо худро дошта натавонанд ҳам.

Сафаралй Кенҷаев ба сухнони ман розй шуд. Баъд Ас-
лиддин бо далелҳо хато будани баъзе ҳуҷҷатҳоро, (аз ҷумла

Отахон Лотифӣ
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

оувҳи ситорлкуш

роҷеъ ба кооперативҳо), ки ӯ чун Раиси Шӯрои Олй имзо
карда буд, исбот намуд. Дар ин ҷо баҳс ба миён омад, вале
баъд қарори кумитаи назорати конститутсионӣ ҳақ будани
гуфтаҳои А.Соҳибназаровро исбот кард.

Азбаски сӯҳбат дар арафаи сессиям Шӯрои Олй (сессиям
пеш аз охирон) мегузашт, табиист, ки аз нутқи Р.Набиев
ҳангоми бо вазифаи Раиси ҷумҳурй шурӯъ намуданаш, аз
даъвати ӯ ба ваҳдату ҳамкорй низ ёд кардем.

Аслиддин гуфт, ки мухолифин, ки сеяки овози интахоб-
кунандагонро гирифтааст, ба ҳамкорй тайёр аст ва одамонеро
ном бурд, ки метавонанд ба гурӯҳи Раиси ҷумҳурй дохил
шаванд, то баром аз бӯҳрони сиёсию иқтиеодӣ берун овардани
ҷумҳурй ёрй расонанд. Ӯ Сайфиддин Тӯраев, Давлат Ху-
доназаров, Абдуллоҳ Ҳабибов, Тоҳири Абдуҷаббор, Ҳайдар-
шоҳ Акбаров ва як қатор рафиқони дигар ва албатта, худашро
низ ном гирифт. Ҳамчунин аз симоҳои фаъоле сухан рафт,
ки онҳо метавонанд донишу таҷрибаашонро истифода кунанд.
Дар бораи вазифаҳои мушаххас, хусусан, роҷеъ ба вазифаи
Раиси Девони Базирон сӯҳбт нашудааст, зеро аллакай
ИҲаёев ариза дода ва номзадии Акбар Мирзоев ба ҷои ӯ
маслиҳат шудааст.

Метавон тахмин зад, ки барои чй Сафаралй Кенҷаев он
сӯҳбатро чун сӯҳбати ултиматумй ва мансабталабй арзёбй
кард. Бисёр депутатҳо ҳамон рӯз ва мардум, ки ахбори
бардурӯг ба самъашон расид, — гуфтаи С.Кенҷаевро мисли
ҳуҷҷатҳои пленумҳои КМ ҳизби Коммунисти Тоҷикистон
(февралу марти соли 1990) оид ба кӯшиши бо рохді ғайри-
конститутсионй иваз намудани Раиси Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурӣ, аз тарафи Б.Каримов, Н. Табаров, Н.Ҳувайдуллоев,
А.Ҳабибов, М.Муҳаббатшоев пазируфтанд.

Он пленумҳо, ба фикри ман, дар таърихи ҳизби Комму-
ниста Тоҷикистон аз ҳама нангин буданд. Аммо онҳо ба он
мащҳуранд, ки рӯҳи охири солҳои 20-ум ва 30-юмро эҳё
Нарданд, он вақт боқимондаҳои демократаяро гӯронида,
террори оммавии маънавию ҷисмониро вусъат бахшида
. буданд. Бӯҳрони имрӯзаи иқтасодию сиёсй низ, ин раванди
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сукҳи ситордкуш

необолшевизмро бо ҳама оқибатҳои ногувораш таҳдид
мекунад».

Эътирози гурӯҳи депутатҳо, арзи сиёсй ва мақолаи тан-
қидии «Магар демократия сафсатта аст», инчунин ҷавоби
Отахон Латифӣ «Шабаҳи необолшевизм», ҳамчунин ҳара-
катҳои ману дигар намояндагони мардумӣ барои дар маҷрои
демократа роҳнамун сохтани идораи Шӯрои Олй ва шахсан
Раиси он С.Кенҷаев натиҷае надод. Баръакс, С.Кенҷаев дар
симои мо танҳо душмани худро медид. У ба тарзи худ хулоса
мебаровард ва ҳаракат ба он мекард, ки бо кадом роҳе ки
бошад, қаеос гирад. Дар натиҷа барои хатоҳои навбатй шароит
фароҳам меовард. Агар қарорҳои қабулкардаи Раёсати
Шӯрои Олй дар январ-марти соли 1992 таҳлил шаванд, кас
ба осонй ин чизро пай мебарад. Онҳо барои маҳдуд кардани
озодфикрй, монополияи давлат дар телевизиону радио,
рӯзномаҳо ва инчунин инкор кардани интихоботи озоди
раисони ҳукуматҳои нохйяҳо, алалхусус водии Вахшу Қа-
ротегин, ки дар интихобот Р.Набиевро дастгирй накарда
буданд, равона карда шуда буд. Аз як тараф мавқеи ӯ дар
байни роҳбарони идораҳои давлатй мустаҳкам мегашт
Дурустараш ин ки, бисёр роҳбарон ба хотири вазифаи ишғол
кардаашон аз ӯ метарсиданд.

Дар байни мардуми нох^яҳо баръакс, эътибори ӯ ва Раиси
ҷумҳурй рӯз ба рӯз паст мешуд.

Рафтори ӯ бо Вазири корҳои дохилй М.Навҷувонов инро
барало равшан сохт. Сирри С.Кенҷаев фош гашт. Вай худро
бо тамоми мардум ҳамчун шахси аз сиёсат фарсахҳо дур
муаррифй намуд. Баробари ин генерал М.Навҷувонов «қаҳ-
рамон»-и Ғарму Бадахшон ва қисми зиёди мардуми Ҷануб
ва агар хато накунам, тамоми Тоҷикистон гардид.

М.Навҷувоновро то он намоиши телевизионй кам касон
медонистанд. Вай шахси намоён набуд. Гарчанде дар воқеаҳои
феврали мавқеаш муайян буд. Вай гирдиҳамоиро тарафдорй
намекард ва дар он кадом нақшро бозид, ҳоло қам равшан
нест.

Дар гирдиҳамоии майдони «Озодй», моҳи октябри солй
АОЛИДДИНИ СОҲИЕНЛЗАР (27?)________суБҲИ СИТОРАКуш

1991, пас аз афтодани ҳайкали Ленин ӯ ниҳоят пуртоқатӣ
кард. Аниқтараш илоҷе надошт, ки мардумро дастгирй
накунад.

Р.Набиев мақсад дошт ба дасти М.Навҷувонов ба гирди-
ҳамомадагон зарба бизанад. М.Навҷувонов ба тарзи механикй
аз вазир ба тамошобин, миёнараву ҷонибдори мухолифин
мубаддал гашт. Аммо Р.Набиев ва С.Кенҷаев пас аз галабаи
худ инро набахшиданд ва таре аз он доштанд, ки агар мин-
баъд боз чунин гирдиҳамой шавад, М.Навҷувонов мумкин
аст онҳоро тарафдорй накунад.

Дар амал М.Навҷувонов мӯҳтоҷи даетгирии Р.Набиев ва
С.Кенҷаев буд. Орзу мекард, ки дар лагери ҳукумат ба таври
абадй монад. Ҳарчанд раисони нав чунин ҳисоб мекарданд,
ки гӯё М.Навҷувонов одами Давлати Худоназар аст, дар
интихобот ӯро дастгирй кард. Вале ман хуб медонам, ки
М.Навҷувонов дар интихоботи Раиси ҷумҳурй бетарафиро
аз даст надод, бештар ғалабаи Набиевро интизор буд.

Шахсан ман, чй дар ҳодисаҳои феврали ва чй дар дигар
ҳодисаҳои баъдан содир шуда, бемавқегии вазирро ҳис
кардам. Дар ҳар гуна ҳолат ӯ ба ҳайси як миёнарав монд.
Ҳатто пас аз ба сари қудрат омадани Ҳукумати Мусолиҳаи
Миллӣ боз бетараф монд ва ин бетарафии ӯ яке аз сабабҳои
шикасти ин ҳукумат гардид.

Вазир бетараф аст. Милиция бетараф. Онҳо ба сиёсат кор
надоранд. Зеро ки бетараф ҳастанд. Ин калонтарин иштибоҳи
М.Навҷувонов буд, ки низомиён, кормандони милиция, ҳатто
ба ҷинояткороне, ки қисман аз номи Ҳукумати Мусолиҳаи
Миллй рафторҳои ношоиста мекарданд, чора дида ната-
вонист.

Вақте ки ба воситаи телевизион рафти ҷаласаи Раёсати
Шӯрои Олй пахш гардид ва тамоми мардуми Тоҷикистон
Дйданд, ки Раиси Шӯрои Олй С.Кенҷаев хилофи қонун ба
вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ М.Навҷувонов, ҳамчун ба
Раиси колхоз ё сардори бригада рафтор мекунад, М.Нав-
Нувонов ба зудй тарафдору ҳомӣ пайдо кард. Бисёриҳо чунин
Меҳисобиданд, ки С.Кенҷаев дар ҳақиқат аз ӯ қасос гирифтан
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКУШ

мехоҳад. Баробари ин мухлисони Р.Набиев, касоне, ки С.Кен-
ҷаевро ҳамроҳи Раиси ҷумҳурй дидан намехостанд, имконият
пайдо карданд саҳлангории Раиси Шӯрои Олиро истифода
бурда ҳам ба С.Кенҷаев ва ҳам ба М.Навҷувонов зарба зананд
ва бо ҳамин роҳ аз ҳарду халос шаванд. Бинед, чй хел роҳи
осон, вале сипоҳона. Ҷаноби С.Кенҷаев мақсад дошт бо ҳамин
роҳ аз М.Навҷувонов ба осонй халос шавад. Ин иштибохй
навбатии ӯ буд. Ҳамин тавр С.Кенҷаев бо ду гурӯҳ душманони
худ рӯ ба рӯ шуд. Гурӯҳи якум қисме аз демократҳо бо
ҳамроҳи мардуми водии Қаротегину Бадахшон, ки рӯйрост
ӯро тарафдор набуданд. Гурӯҳи дуюм — коммунистон
ҳамроҳй дастаи Р.Набиев ва аксар намояндагони Ленинобод,
ки аз Раиси Шӯрои Олй шудани С.Кенҷаев розй набуданд
Уро «асл мастчоҳй» мегуфтанд, аммо зоҳиран тарафдораш
буданд. Дар асл намехостанд, ки С.Кенҷаеви ҷавон, «маккор»,
«сари акоя гиҷ» кунад.

Ҳамин тавр тақдири М.Навҷувонов ба тақдири С.Кенҷаев
як шуд ва муҳорибаҳои оянда метавонист муайян кунад, ки
кй галаба мекунад ва ин ғалаба ба Р.Набиев вобаста буд.
Агар Р.Набиев дар ин муноқиша бетараф меистод, М.Нав-
ҷувонов ғалаба мекард ва С.Кенҷаев мебохт. Р.Набиев чунин
рафтор кард ва ҳис намуд, ки дар ин муҳориба ягона роҳи
ҳам аз С.Кенҷаев, ҳам аз Акбари Тӯраҷонзода ва ҳам аз
М.Навҷувонов, инчунин парлумоне, ки худ аз онҳо ҳарос
дошт, роҳи халосй дар бетарафист.

Дар ҳисоби мушовирони Р.Набиев ва тарафдорони ӯ,
ҳолати воқей ва сиёсии ҷамъият, инчунин маккории С.Кен-
ҷаев ба назар гирифта нашуда буд. Ин хатои асосии о'нҳо ба
шумор мерафт.

Бегоҳирӯзи 24 марти соли 1992-ро хеле хуб дар ёд дорам.
Ҳаво ниҳоят сард буд. Каму беш борон меборид ва гоҳе ба
барф табдил меёфт. Вақте ки телевизиони тоҷик он «на-
моиш»-ро аз қасри Шӯрои Олй cap кард, соат тахминан аз
нӯҳ гузашта буд ва он қариб соати ёздаҳ анҷом ёфт. Яъне
зиёда аз як соат давом карда, бисёриҳоро, ки дар назди оинаИ
нилгун нишаста буданд, аллакай ба ду гурӯҳ ҷудо кард.
лслиддиии соҳикидздр (273}___________сувқи ОИТОРЛҚущ

Яке ин амали С.Кенҷаевро муборизаи ошкорои зидди «ма-
фия»' мегуфт, дигаре мубориза алайҳи кӯҳистониён маънидод
мекард. М.Навҷувонову С.Кенҷаев акнун қаҳрамонҳои
тарафҳо буданд. Танҳо симои ҳақиқии таҳиягари ин драма
Набиев, барои бисёриҳо номуайян буд. «Бетараф» рӯй
надорад.

Аввали соати 12 шаб дӯсти деринаам Шаҳбоз Давлат-
мамадов, ки духтури бемориетони Қаряи Боло буд, ба хонаам
сим зад. Суханро аз ҳамон намоиш оғоз кард ва иброз намуд,
ки С.Кенҷаев нисбати мо, бадахшониҳо, номардй кард. Мо
намегузорем, ки ӯ кӯҳистониёнро ин тавр таҳқир кунад. Дар
рафти ин намоиш ман дар хонаи О.Оламов будам. О.Оламов
ба хонаи Р.Набиев занг зад ва ба оҳанги норизогӣ изҳори
ақида кард. Р.Набиев ба ӯ ҷавоб додааст, ки «Ман хабар на-
дорам. М.Навҷувонов коргари нағз аст. С.Кенҷаев истинтоқро
аз пеши худ оғоз кардааст. Вай гапи маро намегирад».

— Мо ба майдон мебароем, — гуфтааст О.Оламов. «Ба
фикрам мумкин дигар илоҷ набошад. Сафаралй бояд донад.
ки ин кораш хатост» ҷавоб додааст Р.Набиев.

— Мо мардуми Бадахшонро ба майдон даъват карданй
ҳастем. Ва дар ин ҷо шахсан фикри ту ба ман зарур, — гуфт
Шаҳбоз.

— Ман муқобили ташкил кардани гирдиҳамой. Агар вазир
М.Навҷувонов равад, ҷояшро дигар вазир мегирад. Бигузор
вай ҳам бадахшонй бошад. Чӣ тағйир меёбад. Шумо ба хотири
як вазир шуда, мардумро ноором накунед. Ҳаминро донед|
ки ин шайтониҳо ба Р.Набиев даркор аст. Бигузор худаш ба
С.Кенҷаеву М.Навҷувонов ҷанҷолашро ҳал кунад. Фикри мак
ҳамин аст, Шаҳбоз. Гапи дигар надорам.

— Акаи Охунлаъл ran дорад.

Охунлаъл Оламов собиқ мудири шӯъбаи КМ ҲК Тоҷи-
кистон, баъд вазири нақлиёт туда кор карда буд. Ман ӯрс
хуб намедонистам. Вале як-ду боре, ки бо ӯ вохӯрдам, шахсі
хушодобу бофарҳанге менамуд. Соли 1993 аз тарафи даетаҳо»
бо истилоҳ фронти халқӣ дастгир шуда буд ва то ҳоло қис
маташ маълум нест.
сувҳи ситорлкуш

ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗА1*

Охунлаъл низ суханро аз он чй ки Шаҳбоз гуфта буд,
оғоз намуд:

— Ба Р.Набиев ду маротиба телефон кардам. У изҳори
хавотирӣ карда гуфт, ки зӯрам ба С.Кенҷаев ва А.Тӯра-
ҷонзода намерасад. Худатон ҳисоби ҳимояи Навҷувоновро
ёбед. «Мо ба майдон мебароем», — гуфтам. У дар ҷавоб изҳор
кард, ки ҳа, дигар илоҷ нест.

Пае О.Оламов аз ман маслиҳат пурсид, ки чй кор кунем?

— Ягон кор кардан лозим нест. Ба хотири М.Навҷувонов
касеро бедор накунед. Ба майдон набароед. Ин бозии сиёеӣ
аст. Р.Набиев бе ҷанҷолу бе майдон метавонад ин мушкилро
ҳал кунад, — гуфта бо ӯ хайру хуш намудам.

Саҳарй, ҳангоме ки ба кор равон будам, барф меборид.
Дар назди қасри Раиси ҷумҳурй дар зери барф 150-200 одам
ҷамъ омада буданд. Онҳо аз резин гулхан афрӯхта, худро
гарм мекарданд. Дуди ғализи он ба сару рӯяшон мезад, вале
ба он эътибор намедоданд.

Бегоҳии ҳамон рӯз Раиси Ҳизби Демократа Тоҷикистон
Ш.Юеуф сим зада гуфт: «Акай Аслиддин, мо маҷлиси
таъҷилии ҳизбро даъват кардем. Шумо бояд ҳозир шавед».

— Ба кадом муносибат?

— Биёед, мефаҳмед.

— Мебахшед, ҳоло вақтам ниҳоят танг аст. Барой вазир
баромад тайёр карда истодаам ва онро то шаб бояд супорам,
— изҳор кардам ман. — Агар илоҷаш бошад, бо телефон
муддаоятонро гӯед.

— Ин тавр бошад, майлаш. Гап ҳамин: Мо демократҳо,
барои дастгири М.Навҷувонов бояд ба майдони «Шаҳидон»
бароем.

— Ин кори шумо. Вале ман агар намояндаи демократу
бошам, барои мондан ё намондани вазир М.Навҷувонов дар
мансабаш як қадам на пеш меравам, на пас. Бе ин ҳам
Тоҷикистон дар сари варта истодаает, — гуфтам.

— Не, акай Аслиддин. Шумо намедонед, ки ҳизби наҳзата
Исломй — М.Ҳимматзода, ҷамъияти «Лаъли Бадахшон»—
А.Атобек низ чунин қарор баровардаанд, ба майдон меоянд
Онҳо дар майдони «Озодй>> ва дар интихобот бо мо буданд,
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗЛР

суБҲИ СИТОРАКуш

— илова намуд Шодмон.

— Майдони «Озоди» дигар ran буд, имруз гапи дигар аст.
Шумо андеша кунед, таҳлил намоед. Ба он майдон наравед.
Илтимос.

t — Пас шумо муқобил?

Р — Бале. Ман сад дар сад муқобил, - ва пас гӯшаки теле-
фонро ба ҷояш гузоштам.

Маълум буд, ки гирдиҳамой бо хоҳиши кй ба вуқӯъ
пайвастааст ва бо дасти кй қатъ мегардад, моро ба куҷо
мебарад. Аммо сари киро мехӯрад, номуайян буд?

Пагоҳии дигар, яъне рӯзи сеюми гирдиҳамоӣ, аллакай
майдон аз одам пур буд. Аксарияти онҳо мардуми гирду
атрофи Душанбе, ноҳияҳои Ленину Ҳиеор, Кофарниҳон
буданд. Танҳо аз деҳаҳои шӯрои Роҳатӣ, ноҳияи Ленин қариб
ҳазор нафар одам гирд омада буданд. Дар қатори онҳо хешу
табори ман низ буданд. Вақте ки ба онҳо мулоқот намудам,
ҳамаашон иброз доштанд, ки ба воситаи радиои колхоз эълон
карданд, ки баъди аз мансаб дур кардани М.Навҷувонов
ҳамаи тарафдорони ӯро — Акбари Тӯраҷонзода, Аслиддини
Соҳибназар, Тоҳири Абдуҷаббор ҳамроҳи Мақсуд Икромов
ба ҳабсхона бурдаанд.

Пӯшида нест, ки барои мардуми Роҳатй номи Тӯраҷонзода
бузург аст. Хурду калони деҳа падари Ҳоҷй Акбар, эшони
Тӯраҷонро хуб медонанд. Ин пири оқилу фарзона,
муттафаккири дин, дар ин ҷо барои ба роҳи дурусти зиндагй
ҳидоят намудани мардум, ҳалолкорй ва ростгӯй, ҳақҷӯй
хизматҳои зиёд ба харҷ дода буд. Солҳои зиёде ки ӯ
сарпарасти масҷиди Роҳатй буд, мардуми деҳотва маҳаллоти
гирду атроф, боре ҳам аз забони вай ҳарфи носазое нашу-
нидаанд. Хурду калони ин ҷо ба аҳли ин хонадон эътиқоди
комил доранд. Ва ба воситаи paflnq эълон шудани чунин
ахборот хоҳу нохоҳ мардуми ин диёрро бетараф гузошта
Наметавонист. Ин буд, ки пас аз шунидани чунин ахбор сарфи
Назар аз ҳавои сард онҳо ба майдон омадаанд.

Бадхоҳони миллати тоҷик кам нестанд. Онҳо барои
Даетгирии ақидаи ин мафияи бузург зоҳиран тарфдорони
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКѴШ

озодихоҳии мардуми тоҷику Тоҷикиистон мебошанд.

Дар рӯзи панҷум ва ё шашуми гирдиҳамой, сарварони
майдон дарк крданд, ки хато содир шудааст. Майдонро тарк
кардан зарур. Аммо С.Кенҷаев фаросат пайдо накард, ки ба
майдон баромада аз мардум ва М.Навҷувонов бахшиш пурсад.
Баръакс, ба оташ равған рехта, мисли майдони «Озодй»
(октябри соли 1991) сарварони майдонро бо ифодаи «фун-
дамента листони Исломй» айбдор кардан гирифт. Баробари
ин, ҳаракат кард, ки Акбари Тӯраҷонзода ӯро дастгирй кунад.
Аммо дастгирии Сафаралй дар ин ҳолат аз тарафи Акбари
Тӯраҷонзода худ ба худ майдонро ба ҳардуяшон муқобил
карда, мақсади истеъфои ҳам Сафаралй ва ҳам Акбари
Тӯраҷонзодаро амалй мегардонд. Зимнан Р.Набиев мақсад
дошт, ки ин ҳардуро вобаста ба авзои сиёсии майдон истифода
кунад ва галаба ба даст орад. Вале Акбари Тӯраҷонзода
сиёсати кӯтоҳандешонаи Р.Набиевро дарк намуда, С.Кенҷаев-
ро рӯйрост дастгирй накард. Ба талаби майдони «Шахдодон»
дар бобати бозхонди С.Кенҷаев, истеъфои парлумон, гуза-
ронидани интихоботи пеш аз мӯҳлат ва таъсиси парлумони
касбй ҳамовозй изҳор кард. Ин тарзи дастгирии майдон аз
ҷониби Акбари Тӯраҷонзода мақсади нафаронеро, ки
мехостанд аз ӯ халос шаванд, пиёда гардонид. Мавқеи ӯро
дар лагери тарафдорони майдон мустаҳкам кард ва С.Кенҷаев
дар муҳориба бо майдон танҳо монд.

Дар рӯзи шашуми гирдиҳамой ман имконият пайдо
кардам, ки бо Р.Набиев вохӯрам. Дар ин вохӯрй Н.Дӯстов ва
сардори дастгоҳи раис К.Абдулов ва генерал Б.Раҳмонов низ
буданд. Аммо вай ҳар сеи онҳоро ҷавоб дод ва ба ман рӯ
оварда пурсид:

— Ту чй мехоҳй?

У хеле хаста ва таъбаш хира менамуд.

Рӯз наздики пешин буд.

— Ҳозир дору хӯрданам даркор.

— Шуморо мефаҳмам, Раҳмон Набиевич. Аммо талабй
майдонро нисбати интихобот ва истеъфои парлумон ба назар
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗАР

сувҳи оитордкуш

(277)

гирифта, имрӯз хуб мешуд ба майдон бароед. Ба мардум
Гӯш диҳед ва ба саволҳояшон ҷавоб гардонед. Ин галабаи
Ьумо мешавад. Агар С.Кенҷаев муқобили даъвати ҷаласаи
Шӯрои Олй бошад, шумо аз рӯи қонун метавонед ҷаласа
даъват кунед, — гуфтам.
ft Инро шунида, бо қаҳр гуфт:

I — Аслиддин! Ту мана бисёр насиҳат накун. Бас акун. Рав,
ҳамон ҷӯраат Сафаралй ва хеши ӯ Акбару Навҷувоновро
насиҳат кун. Охир, ту худат маро бо С.Кенҷаев шинос карда
w Л будӣ-ку. Рав, ба

вай гӯй, ки ис-
теъфо диҳад.
Ман дигар чизе
карда намета-
вонам. Халқ ме-
донад. Ҳама-
ашон раванд!

«Ҳамаашон»
гуфта, ба фаҳ-
миши ман ӯ
Ҳоҷӣ Акбар,
М.Навҷувонов,
С.Кенҷаевро дар
назар дошт. Р.Набиев ғалабаи мутлақ мехост. Ман аз ин ҷо
“аромада, хостам назди Дӯстов дароям. Вале ӯ серкор буд
ва имконияти маро қабул кардан надошт. Пас ба идораи динй
Равон шудам. Он ҷо аз одам пур, вале худи Қозӣ набуд. Уро
Рурсон шудам. Аммо дар куҷо будани ӯро касе намедонист.
^а танҳо бегоҳии ҳамон рӯз ба ӯ сим задам. Мувофиқи ваъда
Рагоҳии рӯзи дигар дар Қозиёт бо ӯ вохӯрдам. Дар рафти
мУлоқот маълум гашт, ки истеъфои парлумон ва интихоботи
Рарлумони касбиро пурра дастгирй мекунад. Инчунин изҳор
ВМуд, ки агар интихоботи навбатӣ шаш моҳ пае баргузор
ГаРДад, аз манеаб рафтани С.Кенҷаев ҳоҷат надорад. Инти-
ҳ°бот ва парлумони касбӣ худ муайян кунад, ки кй бояд
Раис шавад.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар ҷаласаи
Шӯрои Олй
ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКущ

Ман комилан бовар дорам, ки майдон низ ба ин таклиф
розӣ мешавад. Вале сад таассуф, ки инро С.Кенҷаев наме-
хоҳад. У намегузорад, ки парлумон ба истеъфо равад. Барои
ҳамин намехоҳад, ки ҷаласаи навбатй даъват карда шавад
ва ин ахду паймон ва талаби майдон ба парлумон қонунй
шавад. Афсӯс, сад афсӯс. Вай якравй карда, дар охир сари
худро мехӯрад. Ба мо бовар надорад ва дар баробари ин ба
дурӯягии Р.Набиев эътиқоди комил дорад.

— Шумо бо худи Сафаралй вохӯред. Охир, дар интихобот
ӯро тарафдорй карда будед. Акнун ба вай бифаҳмонед, ки
имкониятро аз даст надиҳад. Беҳтарин лаҳза фаро расидаает.
Истеъфои парлумон ва таъсиси парлумони касбй бузург-
тарин галабаи ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст. Зеро мо ҳам
аз ин кашмакашиҳо халос мешавем. Агар парлумон касбӣ
шавад,ман дар парлумон чӣ кор мекунам? Кор тамоман ранги
дигар мегирад.

Ман бо Қозӣ хайру хуш намуда, сӯи идораи Шӯрои Олй,
ба назди С.Кенҷаев роҳ пеш гирифтам.

С.Кенҷаев дар идорааш буд. Ҳамроҳи ӯ М.Олимов ва
Ҷ.Муродов дар назди утоқи истироҳатии Раиси Шӯрои Олй
истода буданд.

Пас аз пурсу пос Сафаралй як нав гилаомез гуфт:

— Ҳамшаҳриҳоятро боз ба сари ман равон кардй?

Ман ба гапи ӯ чизе нагуфтам. Пае пурсидам:

— Ҷаласаи Шӯрои Олй кай баргузор мегардад?

У бо ситеза ба ман нигариста, гуфт

— Пасфардо!

— Бисёр хуб. Дар ҷаласа вомехӯрем, — гуфтам дар ҷавоб
ва дигар ҳарфе ба забон наоварда аз ӯ дур шудам. ДаР
ҳақиқат се рӯз пае аксарияти намояндаҳои мардумй ҷамъ
омаданд. Дар бинои Шӯрои Олй 176 намоянда ба қайД
гирифта шуд.

Дар рӯзномаи иҷлосия танҳо як масъала «Вазъи сиёсй»
пешниҳод шуда буд. Бо чунин рӯзнома иҷлосияи Шӯрои ОЛЙ
ба кори худ cap кард.

Фурсате нагузашта С.Кенҷаев иброз кард, ки кори ча-*13'

ЛСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗАР (^280)____________суБҲИ СИТОРАКУШ

capo қатъ мекунем. Зеро дар майдони назди Қасри Шӯрои
Олй, майдони «Озодй» гурӯҳи мардум аз майдони «Шаҳидон»
омадаанд. То мардум аз ин майдон нараванд, кори ҷаласаро
давом намедиҳем. Ба ин талаби С.Кенҷаев қариб ҳама розӣ
шуданд. Ман ҳам розй будам. Пае гурӯҳи депутата таъсис
дода, бо сардории ман ба майдон равон карданд.

Муноқишаро ба зудй ҳал кардем. Мардумро аз майдон
баровардем. Вақте ки ба маҷлисгоҳи Шӯрои Олӣ баргаштем,
дар толор касе набуд. Аксарияти намояндагони мардум аз
толор берун шуда, дар саҳни бино мегаштанд. Раис бошад
дар назди идораи кориаш меистод. Ман ба ӯ ахборот додам,
ки мардум аз майдони «Озодй» баромада, ба майдони
«Шаҳидон» рафтанд ва кафолат доданд, ки нафаре сӯи ин
майдон барнамегардад. Мо бояд ҷаласаро давом диҳем.

С.Кенҷавев бе ягон дудилагй гуфт

— Дигар ҷаласа намегузаронем.

— Чаро? — гӯён пурсидам.

— Намехоҳам. Тамом.

То ҳол барои ман аниқ нест, ки чаро С.Кенҷаев аз роҳе,
ки метавонист мардумро ба сулҳу ҳамдигарфаҳмй оварад
ва ӯ то интихоботи парлумони нав сари вазифа бошад, ба
қафо баргашт. Бо кадом умед, чаро? Ин иқдоми С.Кенҷавев
ба кй зарур буд? Ва он ба Р.Набиеву С.Кенҷавев ва майдони
«Шаҳидон» чй медод? Ва дар ин ҷаласа, ки тақдири Сафа-
ралй ва парлумонро ҳал мекард, чаро боз Р.Набиев набуд?
Ба ин саволҳо ҷавоби аниқ наёфтаам ва имрӯз ҳам ин асрор
норавшан аст. Худ ба худ андеша ронда, таҳлил мекунам,
ки ҷаноби С.Кенҷаев ба зудй дарк намуд, ки чаро дар ҷаласа
А.Қаҳҳоров ва Р.Набиев ҳузур надоранд. Дар Сурати ҳозир
будани ин ду нафар парлумон метавонист С.Кенҷаевро та-
рафдорй кунад. Аз тарафи онҳо дар мансаб мондан ва ё
намондани ӯ муайян мешуд. Баробари ин тарафдорони ҳарду,
алалхусус Акбари Тураҷонзода метавонист майдони «ИІа-
ҳидон»-ро ба шӯр оранд ва онро ба муқобили Р.Набиеву
С.Кенҷаев даргиронанд. Ин муноқишаро тӯлонй мекунад.
АСЛИДДИІІИ ООҲИБНЛЗАР

сувҳи ситорлкуш

Ба майдон омадани одамон баҳона туда, С. Кенҷаев фурсат
% ёфт депутатҳоро, ки аксарият дар тарсу ваҳм буданд, фиреб
I дода, ҷаласаи Шӯрои Олиро ба қафо партояд ва ин фурсатро
■ ба манфиати ғаразҳои шахсиаш истифода кунад.

Танҳо баъди 18-рӯз имконият пайдо шуд, ки намояндагони
мардум аз сари нав ҷамъ оянд ва ҳамон рӯзномае, ки муҳо-
I кима карданй буданд, боз мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Дар танаффуси ҷаласа С.Кенҷаев имконият пайдо кард,
ки қисми намояндагони мардумиро ба доми худ кашад,
тарафдори худ гардонад. Ба онҳо фаҳмонд, ки дар сурати
пароканда шудани парлумон, дар гумон аст, ки дар интихо-
1 боти оянда галаба насибашон гардад ва хоҳу нохоҳ бисерин
онҳо аз сари мансаб дур карда мешаванд. Ҳамин тавр ӯ
тақдири худро бо тақдири аъзоёни па-рлумони коммуниста
як кард. Гузашта аз ин истодагарии мардум дар майдони
«Шаҳидон>\ аллакай ҷаҳониёнро ба онҳо душман кард. Дар
он лаҳза хурдтарин рафтор метавонист қисми мардуми
Тоҷикистонро ба майдони дуюм оварад ва зидди «Шаҳидон»
гардонад. Аз тарафи дигар коммунистов аз ҳаракати
озодихоҳии мардум тарсида, қисми иштирокчиёни гирди-
ҳамоиро ба тарафдории миллатгароёни Исломй бадном карда,
намояндагони худро бо сардории Ш.Шабдолов, А.Раҳмонова
ва ҳатто мулло Ҳайдар, мисли маъракаи интихоботи Раиси
ЖҶумҳурй барои ташвиқоту таргибот ба ноҳияҳову вилоятҳо
фиристода буданд. Онҳо дар таблиготи худ исломиҳоро
сабабгори нооромиҳо медонистанд ва ба ҳар васила мардумро
зидди онҳо мешӯронданд. Вале маълум буд, ки дар давраи
интихоботи Раиси ҷумҳурй мардум аллакай ба ду гурӯҳ ҷудо
туда буд. Хуллас, вақт ба фоидаи С.Кенҷаев ва тарафдорони
°нҳо, ба зарари Р.Набиев ва майдони «Шаҳидон» кор мекард.
Танҳо худдории мардуми «Шаҳидон», тартибу низом, одоби
баланди муошират рақибони онҳоро барои саркӯб кардани
Майдон имконият намедод.

Дар рӯзи 28-гирдиҳамоӣ ҷаласаи қатъ гаштаи Шӯрои Олй
аз нав ба кори худ шурӯъ намуд. Рӯзномаи маҷлис ҳамон як
АСЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗЛР

СУ'БҲИ СИТОРАКѴШ

масъала буд. Дар кори
ҷаласа 183 намояндаи
мардум иштирок доштанд.

Вале Раиси ҷумҳурй
Р.Набиев боз ҳозир нашуд.

Ман хулоса баровар-
дам, ки С.Кенҷаев дар
мансаб мемонад. Аммо
Р.Набиев инро намехоҳад.

Умуман Р.Набиев наме-
хост, ки С.Кенҷаев ҳатто
як соат дар мансаб монад.

Балки вай С.Кенҷаевро
дар гирду атрофи худ
чашми дидан надошт. Ана
барои ҳамин дар маҷлис
иштирок кардан нахост.

Аммо аксуламал мекунад.

Ин маълум, Р.Набиев май-
донро дида, бо баҳонаи
талаби онҳоро қонеъ гардондан қарор қабул кард, ки шаш
моҳ баъд интихобот гузаронда, парлумони касбй таъсис дода
шавад. Баробари ин то интихоботи парлумони нав С.Кенҷаев
дар мансаби Раиси Шӯрои Олй Мемвнад.

Инро ба назар гирифта, ба ҳайати Раёсати Шӯрои Олй
боз се депутат, аз ҷумла С.Тӯраев, А.Қаҳҳоров ва А.Соҳиб-
назаров дохил карда шуд. Илова бар ин А.Ҳабибов раиси
Кумитаи қонунгузорй ва аъзои Раёсат интихоб гардид. Ҳамин
тавр ҳамаи масъалаҳои ҷаласа бо аксарияти овозҳо маъқуЛ
дониста шуд. Гӯё ки ақидаҳои мухолиф вуҷуд надошт.Чунин
ба назар мерасид, ки депутатҳо ба ҳамаи талабҳо розй буданД
Танҳо ман, дар соате, ки кори ҷаласа ба анҷом мерасид, так-
лиф пешниҳод кардам, ки мо ҳама, аъзои Раёсати ба тозагй
интихоб шуда, бо сардории С.Кенҷаев ба майдони «ШаҳиДоН”
равем. Ба мардуми ҷамъомада, ки 28 рӯз инҷониб дар он 4°
АСЛИДДИНИ ООҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРДК
:------------
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуБҲИ СИТОРАКУШ

нишастаанд, вомехӯрем. Онҳоро ба оромию осудагй, сулҳу
салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунем. Ғалабаи онҳоро
дар роҳи демократия табрик мегӯем.

Таклиф қабул шуд ва то пагоҳ танаффус эълон карданд.
Пагоҳ бояд дар қонуни интихобот иловаҳо баррасй шуда,
протоколи созиш ба имзо мераеид. Аммо вақте як қисми
депутатҳо аз маҷлисгох^ Шӯрои Олй мебаромаданд, гурӯҳи
мошинсаворон аз майдони «Шаҳидон» иддае аз намояндагони
мардумро бо роҳи зӯрӣ ба майдон бурданд. Онҳоро ба гарав
гирифтанд.

Ин рафтори ғайриқонунй тақдири сулҳу салоҳро якбора
дар хатар гузошт.

Нафароне, ки ба ин иқдом даст заданд, ғалабаи майдонро
ба разолату қонуншиканй рӯ ба рӯ гузошта, бори дигар
Р.Набиевро ба бозй андохтанд. Уро маҷбуран ба идома додани
бозиҳои сиёсй кашиданд. Пас аз ин воқеа, С.Кенҷаев хоҳу
нохоҳ ба иетеъфо рафт, аммо барои мардуме, ки бо гирди-
ҳамомадасони майдони «Шаҳидон» ҳамовоз набуданд, қаҳ-
рамон гашт. Вазъияти мавҷударо истифода бурда, аз «эми-
сарҳо»-и худ даъват кард, ки майдони ҷавобӣ ташкил кунанд.
Аз шаҳру ноҳияҳо аллакай ҳазорон одамони дар тӯли 70
сол аз ифтихори миллию динй фарсахҳо дуршуда тавонис-
танд гумоштагони тайёри С.Кенҷаев шаванд ва бар зидди
идеалҳои Ислом ба майдон бароянд.

Ҳангоме ки С.Кенҷаев ба истеъфо рафт, як рӯз пае, са-
ҳарии барвақт ба ман аз Кӯлоб телефон карда, арз намуданд,
ки дар шаҳр гирдиҳамоӣ cap шуд ва онро мулло Ҳайдар
роҳбарй дорад. Ба мулло Ҳайдар, Рустами Абдураҳим,
Қурбони Зардак ва Сангак Сафаров ҳамрохй мекунанд. Онҳо
мақсади ба Душанбе рафтан доранд.

Дар ин гирдиҳамой нотиқон ба мардум, бахусус ба занҳо
мегуфтанд, ки гӯё дар шаҳри Душанбе кӯлобиҳоро таҳқир
карда истодаанд. Дар майдони «Шаҳидон» ба номуси занҳои
кӯлобӣ расидаанд. Аз ҷумла ба номуси намояндаи мардумй
Адолат Раҳмонова даст задаанд.
лслиддини ооҳибнлзар (285)____________сувҳи СИТОРДІ

Худи Адолат Раҳмонова дар шаҳраки Себистон бароі
карда, бо ашки шашқатор гӯё либосҳои хунолуди худра
мардум нишон дода, иброз кардааст, ки бояд ҳамдиёрон
ба муборизаи зидди эшонҳо ва муллоҳо бархезанд.

Дар ин ҷо аллакай хонаи як чанд муллоро ғорат кард
сӯзонда, худашонро латукӯбкунон ба водии Вахш, ба вод
«муллоҳо» бадарга кардаанд.

Ин ахборот басо ташвишовар буд. Чораҳои таъҷил*
талаб мекард. Мардуми зудбоварро метавонист ба ҳар rj
роҳи бад барад.

Пас аз шунидани ин гуфтугузор шахсан ба иҷрокунанд
вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ А.Искандаров ба таври хат
' муроҷиат намудам ва баробари ин хоҳиш кардам, ки
Р.Набиев занг зада, ӯро аз ин воқеа огоҳ кунад, то ки тадби
I биандешад.

Мутааесифона А.Искандаров, ки мавқеи муайяне надои
ба ин ахборот ва дигар маълумотҳои мавҷуда хунукназароі
!. рафтор кард. Натавонист Р.Набиевро маҷбур созад, ки ӯ барс
J. ба Душанбе омадани мардум сад шавад.

Баробари ин, ман ба Акбари Тураҷонзода сим зада, ӯ{
низ аз ин ахборот огоҳ кардам. У дар ҷавоб арз намуд, к
ман ҳам чунин ахборотро дорам. Р.Набиев ба раиси Ҳукумат
вилояти Кӯлоб Қ.Мирзоалиев гӯё супориш додааст, к
мардум бояд барои дастгирии Раиси ҷумҳурй ба Душанб
оянд. Ман медонам. Ба ин кор коммунистон сардорй кард
истодаанд. Мулло Ҳайдар ба онҳо ҳамроҳ шудааст. Онх
мехоҳанд мардуми мусулмони Кӯлобро бо мусулмонони дига
ноҳияҳо муқобил гардонанд. Онҳоро байни худ ҷан
биандозанд. Мақсади асосии онҳо мубориза бар зидди ди
ва ман аст, гуфт Қозӣ. Бигзор худо худаш моро аз ин шайто
ниҳои коммунистон нигоҳ дорад.

Пас аз ин ман ба И.Ҳаёев, М.Бобоев, А.Табаров ва дига]
Шиносони деринаи худ, ки зодаи водии Кӯлоб буданду да]
Душанбе иқомат доштанд, занг задам. Ҳамаи онҳо инрі
Шунида изҳори хавотирӣ карданд Барои пешгирй кардані
ЛСЛИАДИНИ С0ҲИВНАЗА1*

сувҳи СИТОРАКуШ

он кӯшишҳо ба харҷ доданд, вале мутасеифона дер туда
буд. Мардуми фирефта аллакай ба каее итоат намекард.
Тайёр буданд, ки «душманон»-и худро ҳарчи зудтар маҳв
созанд. Тоҷикиетонро низ чаппаю роста гардонанд.

Бегоҳирӯзи 25-апрел, ду рӯз баъд аз парокандашавии май-
дони «Шаҳидон», дар назди бинои Шӯрои Олӣ, дар атрофи
фаввораҳои майдони «Озодй», тақрибан 2-3 ҳазор одам ҷамъ
омада, майдонро дар зери тасарруфи худ дароварданд. Чанд
соате пас дар майдони «Шаҳидон»низ тахминан ҳамин қадар
одам гирд омад. То пагоҳии рӯзи дигар дар ин ду майдон
қариб 10-12 ҳазор одам ҷамъ омада буд. Шаҳри Душанбе,
тамоми Тоҷикистон ба як ҳиеобе ба ду майдон тақсим шуданд.
Як қисми бародарон дар майдони «Озодй», иддаи дигар дар
майдони «Шаҳидон» хайма заданд.

Худи ҳамон бегоҳй, вақте ки гурӯҳҳои алоҳида ба майдон
дохил мегаштанд, ба ман аз Раёсати Шӯрои Олй сим заданд
ва гуфтанд, ки ба идораи А.Искандаров ҳозир шавам. Тах-
минан соатҳои 8-и бегоҳй ба идораи А.Искандаров омадам.
Дар қабулгоҳ як гурӯҳ намояндагони мардумй, ки акса-
рияташон аз вилояти Кӯлоб дар ҳайати Ҳ.Табаров, Н.Аф-
залов, Н.Назаров, Ҳ.Шарифов, мулло Ҳайдар ва чанд тани
дигар меистоданд. Аз 27 намояндаи мардумии вилояти Кӯлоб
18 нафарашон дар қабулгоҳ ҳозир буданд. Дар байни онҳо
И.Ҳаёев, Ҳ.Насриддинов ва А.Мирзоев наметофтанд.

Ман ба онҳо салом дода, хостам ба назди А.Искандаров
дароям. Вале намояндаи мардумй Н.Назаров аз ҷояш хеста,
ба ман даст дода салом карду пас гуфт

— Биё ака, ба толор гузарем. Гап дорам.

— Хуб, — гӯён ҳамроҳи ӯ ба сӯи толори хурди Шӯрои
Олй равон шудам. Роҳравон ӯ оҳиста вазъиятро ба ман арз
намуда, илова кард, ки ба касе нагӯям.

Ман дар ҷавоб:

— Майлаш, — гуфтам ва пурсидам. — Мардум чй мехо-
ҳанд?

— Мо ҳама як чиз мехоҳем, — гуфт ва бори дигар таъкид
лслиддини соҳибназар_____(^287^)______сувқи ситордкуш

кард, ки ба касе нагӯям ва пас арзи мақсад кард:

— Аввалан С.Кенҷаев дар вазифааш барқарор карда

Ішавад. Ба ҷои А.Мирзоев Ҳ.Насриддинов ё Қ.Мирзоалиев
Раиси Совета Вазирон шавад. Сеюм, Раиси ҷумҳурӣ наме-
шавад. Вай мариз аст. Ба ҷои ӯ муваққатан Н.Дӯстов монад.
Баъд бояд Н.Ҳувайдуллоев Раиси ҷумҳурй шавад.

— Ин нафарон ба гуфтаҳои шумо розй ҳастанд? — гуфта
пурсидам.

— Ҳа. Танҳо Қ.Насриддинов розй нашудааст.

— Ба Нуралишо Назаров кадом мансабро ваъда кардаанд?
— гуфта пурсидам.

— Вазири ғалла. Ба ҷои Абдумалик Абдуллоҷонов.

Роста ran, аз ин гуфтаҳо саргаранг шудам ва боз иброз
намудам:

— Шумо барои ҳимояи «комиссар Катанй» (С.Кенҷаевро
кӯлобиҳо ҳамин тавр ном мегирифтанд) омадед ва ё барои
истеъфои Р.Набиев?

I У дар ҷавоб низе нагуфт.

I — Дигар мансабҳо чй тавр тақсим мешаванд?— боз
Лурсидам.

I — Вазорати кишоварзиро ба шумо тавсия додем, аммо
Қ.Мирзоалиев розй нест. Вазорати корҳои дохиларо ба
А.Қабибов додем, вале Қ.Мирзоалиев А.Раҷабовро тавсия
кард.

1 — Иззатуллоҳ Ҳаёев ба кадом мансаб тавсия шудааст?
— У дар ҳеҷ ҷо номбар нашудааст.

Пас Вазорати корҳои хориҷй ва чанд вазорати дигарро
Пурсидам. Аз рӯи ахбороти Нуралишоҳ қариб ҳамаи вазо-
Ратҳо аллакай тақсим шуда буд.

— Хайр, талаби майдони «Шаҳидон» чй мешавад?

— Ин кори осон. Ин бегоҳй агар Р.Набиев ба истеъфо
Равад, ҳамааш ба хубй ҳал мегардад. Майдони «Озодй» бо
'Шаҳидон» як мешавад ва ягона кас — Қозии мусулмонон
^кбари Тӯраҷонзода мемонад. Ҷои ӯ бояд ба ягон ғармӣ расад.
Вақте ки ин ахборотро таҳлил кардам, ба хулосае омадам,
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАДАР

СуБҲИ СИТОРАКУШ

ки дар асл ин заминаи воқёй дошта метавонад. Вале қабули
он танҳо ба ду нафар, ба Р.Набиев ва Акбари Тӯраҷонзода
вобаста аст. Агар мавқеи ин ду нафар ба назар гирифта
нашавад, ин табаддулот мумкин амалй нагардад.

Илова боз ман аз ӯ пурсидам:

— Интихоботи парлумон мегузарад ё не?

— Не. Интихобот намешавад. Депутатҳо мемонанд.

—Ҳа. Фаҳмо, — гӯён хомӯш мондам.

Маълум, ки шӯришгарони ҳизби Коммунист метаво-
нистанд Р.Набиевро аз сари қудрат дур кунанд, аммо ба
Акбари Тӯраҷонзода қудраташон намерасид. Зеро ӯ шай-
тонии онҳоро ба хубй дарк мекард.

Возеҳ буд, ки парлумони коммуниста баҳри ҳифзи ман-
фиатҳои худ метавонад қафо гардад, Р.Набиевро қурбон
кунад, вале нисбати Акбари Тӯраҷонзода коре карда
наметавонистанд. Агарчй дар дурнамои нақшаи онҳо
тадбирҳое тарҳрезй шуда буд.

Ман ҳамроҳи Нуралишоҳ Назаров гашта ба қабулгоҳ
омадем. Дар ин ҷо моро гурӯҳи Бӯрй Ҷобир ва чанд нафари
дигар иҳота карданд. Бӯрй Ҷобир тахдидкунон ба ман рӯ
оварда гуфт:

— Ту тарафдори Қозии мусулмонон ҳастй. Худи ҳозир
ба майдон рафта, дар назди мардуми Кӯлоб баромад мекунй.
Аз Сафаралӣ бахшиш мепурсй, ки чаро ту ӯро таҳқир кардй?
Чаро гуфтй, ки ба хотири Сафаралй ҳатто як car ҳам
намеояд? Ана бин! Барой Сафаралй Кенҷаев чй қадар одам
омад.

Ман ба Б.Ҷобиров гуфтам:

— Аввал ин, ки аз ҷуссаи бадҳайбати ту наметарсам. Дигар
ин, ки ман ба Сафаралй чйзе нагуфтаам ва гуфтанй низ
нестам. Зеро дарк мекунам, ки ӯ ба қадри касе намерасаД-
Ба гуфта полковники милиса Султон Қувватов, ки дар байнй
ҷавонони шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе эътабори калон дораД-
«Сафаралй язнаи кӯлобиҳо нест, ки шумо, мардуми КӯЛ0^’
ба хотири ӯ ин қадар даву тоз кунед».
ЛСЛИДДИНИ ООҲИБНЛЗЛН (289)____________сувҳи ОИТОРАКущ

— Ба Сафаралӣ Кенҷаев мансаб лозим аст, — илова
кардам ман. — Ӯ моро фиреб дод, шуморо низ фиреб хоҳад
дод. Ғамхории ӯ нисбати мардуми Кӯлоб то галабаи навбатй
хоҳад буд. Хараш аз лой, ки гузашт, «язнаатон» бегуфтугӯ
«апаатон»-ро талоқ медиҳад. Худо шоҳид, шумо Ҷобиров
шоҳид ва боз чанд нафари дигар шоҳид, ман ин суханҳоро
ба шумо мегӯям, С.Кенҷаев щуморо фиреб медиҳад. Агар
«сиркаи» шумо С.Кенҷаев ва мисли ӯ касон бошанд «гӯсфан-
дони» шумо ба ҷар меравад.

Бӯрихон Ҷобиров, ки чанде пас еардори Горди Раиси ҷум-
ҳурӣ шуда буд, соҳиби 1700 силоҳи автоматй гашт. Ӯ ин
миқдор силоҳро аз дасти Раиси ҷумҳурй гирифт ва ҳоло аз
азоби ин силоҳ халосӣ наёфтааст, худро ҳамон лаҳза бисёр
хирадманду доно ва пурқудрат нишон медод. Пас хост ба
[ гиребони ман чанг занад. Маро лату кӯб кунад. Аммо он 20
намояндаи мардумй, ки аксарият аз Кӯлоб буданд, дар
наздаш истода, чизе намегуфтанд. Ҳатто баъзеҳо хурсанд
буданд, ки Бӯрй маро, намояндаи «мухолифин»-ро барои
ибрози ҳақиқати ҳол саркӯб хоҳад кард. Вале кадом андешае
Бӯриро аз ин азми нопок боздошт. Ӯ бо ҳамроҳонаш аз назди
ман дур шуда, — «Хайр, ҳоло мебинем» — гӯён таҳдид карда
рафт.

Ман аз назди намояндаҳои мардумии Кӯлоб гузашта, ба
идораи А.Иекандаров даромадам.

Дар назди ӯ аъзои Раёсати Шӯрои Олй М.Назаршоев,
СТӯраев, Ғ.Усмонов, Ҳ.Насриддинов, А.Ҳабибов нишаста
буданд.

Раис мунтазири омадани дигар аъзои Раёсат буд ва гуфт

— Ба Акбари Тӯраҷонзода телефон кардам. Ӯ изҳор кард,
ки ба ҷаласаи Раёсат намеояд. Чаро намеояд? Сабабашро
намедонам. Худаш бояд ҷавоб диҳад.

Омадани шумо ба ман ишорат кард раис имконият меди-
Ҳад, ки маҷлиси Раёсатро огоз кунем.

— Имрӯз дар Раёсат бояд як масъала барраей шавад.
Гурӯҳе, ки дар майдони «Озодй» гирД омадаанд, талаб доранд,
АСЛИДЛИНИ ООҲИБНАЗАР

оувҳи ситоРАкѵиі

ки ҷаласаи гайринавбатии Шӯрои Олй даъват карда шавад
Мо мехоҳем, ки то омадани дигар аъзои Раёсати Шӯрои Олй
ҳамроҳ фикру ақидаи худро перомуни ин масъала баён созем

Вале ҳама хомӯш буданд. Каее чизе гуфтан намехост.

Дар асл на ҳама аъзои Раёеат ба майдони «Озодй» омадани
мардумро дастгирй карда буданд. Гӯё майдон бо худ мусибате
оварда буд.

Пас аз фурсате хомӯширо Ҳ.Насриддинов вайрон кард. У
иброз намуд, ки чор рӯз пеш ҷалаеа ба итмом расида буд.
Ҳамаи масъалаҳо баррасй шуд ва чй заруриятба миён омад,
ки боз маҷлис гузаронем.

— Раиси ҷумҳурй чй мегӯяд? — боз пурсид Ҳ.Насридди-
нов

— Ду маротиба сим задам, — гуфт А.Искандеров ва боз
илова намуд: — Завҷааш мегӯяд, ки дар зери «копелница>
хоб аст. Умуман мариз аст. Имконияти ran задан надорад.

— Ҳа\ Раиси мо фақат дар ҳолати даркорй бемор мешавад.
Мутаассифона, ба бемории ӯ касе даво бахшида наметавонад,
— гуфт дар ҷавоб Ҳ.Насриддинов ва боз ба суханаш идома
дод: — Аслиддин, хезед, ӯро ёбед. Мо мақсади ӯро фаҳмем.
Ман шахсан муқобили гузарондани ҷаласаи навбатй. Шумо
ҳам. Ҳамин тавр не? — ба С.Тӯраев ва Ғ.Усмонов рӯ овард ӯ.

Ҳардуи онҳо cap ҷунбонданд А. Ҳабибов хомӯш буд.

— Ману Абдуллоҳ низ ба фикри шумо розй, -- гуфта,
мувофиқи тавсияи Ҳ.Насриддинов аз А.Искандаров рақами
телефони «ВЧ»-и Р.Набиевро пурсидам ва ба хонаи ӯ занг
задам. Гӯшаки телефонро посбони Раис, корманди Кумитаи
бехатарй, ки марди озарӣ ё авар буд, бардошт. Ман ӯро хуб
мешинохтам. Номашро гирифта, гуфтам, ки завҷаи Раисро
даъват кунад. Пас аз ҳолу ахволи Раисро пурсидан аз Марям
Саъдуллоевна илтимос кардам, ки гӯшаки телефонро ба Раис
диҳад. Ман аниқ медониетам, ки гӯшаки дигари телефон дар
дасти Р.Набиев аст.

Фурсате нагузашта:

— Ҳа Аслиддин, ту қалай? — гуфт Раис.
АОЛИДДИНИ СОҲИБНЛЗАР (ST)_____________ОуКҲИ СИТОРДқущ

— Ташаккур, Раҳмон Набиевич. Аҳволатон чй тавр? Анча
дуруст шудагистед? Раҳмон Набиевич, Акбаршо ба шумо
гапи таъҷилӣ доштаает, — гуфтаму гӯшакро ба А.Искандаров
додам.

У низ пас аз ҳолу аҳволпурсӣ иброз кард:

— Як гурӯҳ намояндагони мардумӣ мехоҳанд, ки ҷаласаи
Шӯрои Олиро даъват кунем.

А.Искандаров пас аз ин суханон танҳо «хуб», «хуб» ме-
гуфту халос. Пас аз лаҳзае ӯ гӯшаки телефонро ба ҷояш
гузошт, баъд ба мо рӯ оварда гуфт:

— Раҳмон Набиевич тарафдори гуЗарондани ҷаласаи
навбатй нест. У зарурияти ин ҷаласаро намебинад. «Агар
Раёсати Шӯрои Олй хоҳад ҳам, ман дар ин ҷаласа иштирок
намеварзам».

Гап тамом нашуда, Н.Ҳувайдуллоев, С.Кенҷаев ва Н.Дӯс-
тов даромаданд. Онҳо ба ман эътиборе надода, ба А.Ис-
кандаров наздик шуданд ва С.Кенҷаев ба сухани худ оғоз
[ намуд:

— Ман ҳоло Раиси Шӯрои Олй ҳастам ва қарори Шӯрои
Олй даъвати сездаҳумро қабул надорам ва мо бояд ҷаласаи
ғайринавбатй даъват намоем.'

А.Искандаров чизе нагуфт.

Ман ба А.Искандаров рӯ оварда бо шӯхй гуфтам:

— Аз ҷоят хез, Сафаралй ба курсй шинад. Ҳеҷ ran не.
Боз ҳамон Раис. Ту муовини доимии ӯ.

Ҳама бапобар хандиданд 4

Сафаралй ба сӯи ман бо хашм нигоҳе кард ва ҷавоби
муносиб наёфта гуфт:

— Агар шумо нахоҳед, мо метавонем аз ҳуқуқҳои Раиси
Ҷумҳурӣ истифода барем. Аз ӯ илтимос кунем, ки ҷаласаи
гайринавбатй даъват кунад.

— Мо худи ҳозир ҳамроҳи Н.Ҳувайдуллоев аз назди Р.На-
биев омадем, — ба сухан ҳамроҳ шуд Н.Дӯстов ва боз илова
намуд. — Вай барои гузарондани ҷаласаи гайринавбатй розй
Шуд. Танҳо аз пещи Раёсати Шӯрои Олй як бор гузаштан
Даркор, гуфт.
ДСЛИДДИНИ С0ҲИБНЛЗА1'

оунҳи ситоі'лкуш

— Шумо аз худ нара.ед, — гуфт Искандаров. — Мо худи
ҳозир бо Р.Набиев сӯхбат доштем. Вай ба гузарондани ид-
лосияи Шӯрои Олии ғайринавбатӣ розй нест. Марҳамат. Ана
телефон, занг занед

Н.Дӯстов гӯшакро бардошата сим зад, вале телефон ҷавоб
надод. У аз ин асабй шуда гӯшаки телефонро ба зарба ба
ҷояш гузошт ва ба С.Кенҷаев рӯ овард:

— Биё ба хонааш меравем, — ва ҳар сеяшон аз дар берун
баромаданд.

Пас аз ин ман ҳам берун баромадам. Дар қабулгоҳи
А.Искандаров намояндагони мардумй аз вилояти Кӯлоб
аллакай набуданд. Онҳо чун бовар ҳосил намуданд, ки
Раёсати Шӯрои Олй барои гузарондани ҷаласаи гайринавбатй
розӣ нест, ба м;йдон баромада роҳи дигарро дар ҷустуҷӯ
шуданд. Ин роҳи оеон буд Онҳо Р.Набиевро маҷбур
мекарданд, ки ҷаласаи ғайринавбатиро даъват кунад. Агар
рафту ин кор ба онҳо муяссар нашавад, онҳо метавонистанд
А.Иекандаровро маҷбур кунанд. Агар ин амалашон низ барор
нагирад, роҳи сеюм — иетеъфои Р.Набиев ба миён меояд.
Сипае Р.Набиев маҷбур мешавад, ки ба А.Искандаров супо-
риш диҳад ва ё худ ҷаласаро даъват кунад.

Р.Набиев ба зудй дарк кард, ки кор аз ҳад мегузарад ва
«кӯлобиҳо», ки гӯё барои ҳимояи сохти конститутсионӣ
омадаанд, метавонанд иетеъфои ӯро талаб кунанд ва майдони
«Шаҳидон» низ ба ин талаб мумкин розй шавад. Бинобар ин
тез ба майдон омад, то ки ба гузарондани ҷаласаи Шӯрои
Олй, даъвати чордаҳум розигй диҳад ва эътиборашро дар
ҳузури аҳли майдон баланд бардорад.

Ин чаласа аввалҳои моҳи май даъват шуда, пурра таҳти
роҳбарии шӯришгарони сурх, бо дастгирии ҳизби Комму-
нист мегузашт. Ман дар ин ҷалаеа ицггирок надоштам. ҲамоН
бегоҳй аз идораи А.Искандаров баромада, на ба Шӯрои Олй
рафтаму ва на ба ҷои кор омадам.

Телевизиони тодик пурра ба мардуми дар майдони
ЛОЛИДЛИІІИ СОҲИБНАЗАР

(293)________оунҳи оитоРАкуц]

«Озодй>' гирд омада хизмат мекард. Аз мавҷудияти майдони
«Шаҳидон>' ҳарфе ба забон оварда намешуд.

Ман дар хона нишаста, ба навиштани баъзе фикру
мулоҳизаҳо нисбати ин ду майдон машгул будам.

Бегоҳии 5-уми май корманди рӯзномаи навтаъеиси
«Тоҷик-пресс» Варқй сим зада, дар идора ба вохӯрй даъват
намуд. Идораи мо, ки аслан пурра зери тасарруфи майдони
«Озодй» буд, намехостам ба он ҷо равам. Вазири кишоварзй
ҷаноби В.Воҳидов, набераи вафодори Ленин, биеёр мехоет,
ки коммунистҳо галаба кунанд ва Сангак Сафаров сарвари
он бошад. Умуман В.Воҳидов ҷинояткоронро эҳтиром мекард
дӯет ҳам медошт. У бо набераи ҷинояткори Ленин унс ги-
рифта, бо шогирдонаш дар идора дуо мехонданд. Бо қадаҳҳои
пур аз шароб «Зинда бод Ленин»', «Зинда бод, бобои Сангак*
— гӯён даст ба дуо мебардоштанд.

Ман ба идора аз рӯзи ба майдон омадани ленинчиён қадам
нагузоштам ва чй тавре хонандагон иттилоъ доранд рӯзи 5-
уми май омадам. Даруни идора басо ифлосу бадбӯй буд
Қуттиҳои ахлотпарто аз сӯзандоруҳои иетифодашуда ва ши-
шаҳои холӣ пур буд. Хостам ба қаг} о гардам, вале ваъдахи-
лофй нашавад гуфта, вориди утоқи кориам гардидам. Аз
байн дақиқае чанд нагузашта, ба сари ман силоҳбадастони
майдони «Озодй» омаданд.

Дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои Огй, ки ба одисаҳои
февралй бахшида шуда буд, аз натиҷаи тафтиши он изҳори
нобоварй карда иброз доштам, ки «Ин ҳодисаҳоро сарварони
ҳизби Коммуниста Иттаҳоди Шӯравй, бо дасти кор. *андони
Кумитаи бехатарй ва ёрии бевоситаи намояндагони ин
идораҳо / ip ҷумҳурӣ ташкил доданд».

Ин баромад қисми намояндагони парлумони коммунистира
ба ғазаб овард ва як гурӯҳи онҳо талаб карданд, ки комиссия
Таъсис дода, ахбороти «тӯҳматангез»-и намояндаи мардумӣ
АОЛИДЛИНИ СОҲИБНАЗАР

уувҳи ситорлкуш

А.Соҳибназар тафтиш карда шавад. Онҳо талаб карданд, ки
натиҷаи ин тафтиш ба додситон супурда шавад.

Бо талаби онҳо комиссия таъсис дода шуд Вале ҳоло дар
хотирам нест, ки ба кори ин комиссия і.й роҳбарӣ м^кард. Ба
ҳайати ин комиссия собиқ намояндаи Тоҷикистон дар Москва
Сироҷиддин Насриддинов, коменданти шаҳри Душанбе,
генерали рус, ки ин унвонро ба рои кушторҳои дар шаҳри
Душанбе кардааш соҳиб шуда буд, инчунин собиқ мудири
шӯъбаи КМ ҳизби Коммунисти ҷумҳурй Шӯҳрат Султонов
шомил буданд. Онҳо ба тафтиш шурӯъ карданд. Мута-
ассифона, ман барои ҳимояи хеш ягон ҳуҷҷате надоштам, ки
ба онҳо пешниҳод кунам. Ва ҳатто кушоду равшан ҳам гуфта
наметавонам, ки ахбороти ман сад дар сад дуруст аст. Ҳатто
шоҳидҳои зинда дорам ва онҳо аз ҳақиқати ҳол хабар доранд
Номи Армен ё Мӯсоро ман ба забои оварда ҳам намета-
вонистам.

С.Насриддинов чанд бор чизеро-ҳис.карда бошад, ки худро
ба ман дӯст нишон доданй шуда, хоҳиш намуд, ки аз
намояндагони мардумй барои ин ахбори «бардурӯгу игво-
ангезам» маъзарат пурсам. Иброз дорам, ки ин як иштибоҳе
буд. Вале ман ба ӯ гуфтам, ки барои асоснок кардан:; ахбори
додаам ҳуҷҷат пайдо мекунам.

Роста ran, барои ин суханони гуфтаам ҳуҷҷат дар даст
надоштам ва намедонистам ба кадом роҳ ин мушкилро ҳал
кунам.. Ноилоҷ ба Москва телефон кардам ва шиноси деринаи
худро, ки ба хонандаго ӯро пе-ттар муаррифй карда будам,
дар хонааш пайдо намудам. Ман ба ӯ рӯйрост гуфтам, ки
нисбата ҳодисаҳои феврали, ман дар ҷаласаи Шӯрои Олй
ҳақиқати ҳолро гуфтам. Мансабдорони коммунист аз ин
истафода карда, маро тӯҳматай гӯён тафтиш оғоз кардаанд
Акнун чй кор бояд кард.

У ба гапҳои ман бо диққат гӯш дода, пас гуфт

— Ту метавонй бо овози баланд эълон кунй, ки ин як
дасисаи навбатии коммунистон ва Кумита * бехатарй асту
бас. «Это открытый текст...» — гуфт бо забони русй, пас аз
ЛОЛИДДИНИ СОҲИБНАЗЛР

• сувҳи ситордкуш

ГКЧП-и шаҳри Москва ба вуқӯъ омада. Дигар ҷои тарсу
ҳарос нест. Ман шахсан худам ба қа) тбй дар я., рӯзнома
кушоду равшан изҳорот додам, ки сирру асрори ин дасисаро
фош кунад. Рӯзномаҳои марказиро ба диққат хон. Дар рӯзҳои
наздик ин мусоҳибаи ман бояд ба табъ расад. Худат
боқимондаи гапро мефаҳмй Саломат бош, — гуфту гӯшаки
телефонро гузошт.

Аз ҳамон рӯз cap карда ман тамоми рӯзномаҳои марказиро
бо диққат аз назар мегузарондам. г

Охири декабри соли 1991, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои
Олӣ кори худро давом медод, рӯзномаи «Комсомольская
правда», таҳти сарлавҳаи «Мафия и власть» мақолае ба табъ
расонд, ки он нисбати ҳодисаҳои феврали дар Душанбе ва
саҳми ҷавонон дар ин тазоҳурот кушоду равшан қисса мекард.
Муаллиф навиштаает, ки бо супориши Кумита Марказии
Ҳизби Коммунист Марказ ин моҷаро дар шаҳри Душанбе
ташкил карда шудааст.

Ман хостам ин мақоларо дар ҳузури намояндагони
мардумй хонам, вале онҳо ба ман имконият надоданд. Баро-
бари ин онҳо барои тӯҳматчӣ номидани ман бахшиш напур-
сиданд. Сипае ман мақеад гузоштам, ки дойр ба ин ҳодисаҳо
дар ягон рӯзнома гузориш диҳам. Ба зудй матни онро таёр
намудам. Вале ягон рӯзнома барои ба табъ расондани он
розигӣ надод. Чаро? Онҳо метарсиданд. Дурустараш муҳар-
рирони рӯзномаҳо хавф доштанд, ки аз мансаб сабукдӯш
мешаванд. Ҳангоме ки дар майдони «Шаҳидон» ва пас дар
майдони «Озодй» гирдиҳамоиҳо оғоз ёфтанд, муҳаррири
«Тоҷик-пресс» тасодуфан ба ман сим зад ва хоҳиш намуд,
ки ақидаи худро нисбати ин майдонҳо дар шумораи аввали
ин рӯзнома иброз намоям.

Ман хоҳиши ӯро пазируфта, матни ҳамон гузоришро
таҳлил карда, ба ҳарду майдон баҳо дода, хулоса баровардам,
ки ояндаи ин майдонҳо ба чй анҷом меёбад.

Мақола зери сарлавҳаи «Андешаҳо пеш аз фоҷиа» бо
пешгуфтори сармуҳаррир Варқи, ба табъ расид ва онро шумо
АСЛИЛДИНИ СОҲИБНАЗАР

С\'БҲИ СИТОРАКуШ

ҳам метавонед мутолиа кунед, хулоса бароред, бидонед, ки
шоҳидони воқеа ҳоло зинда ва худро пинҳон накардаанд.
Инак мақоларо пешкаш мекунем.

«Рӯзномаи *Тоцик-пресс* бо ҷонишини вазири кшиоварзӣ,
ҷонигиини раиси ҳизби демократіи Тоҷикистон, узви Шӯрои
Олӣ Аслиддин СоҳибНазаров дар арафаи фоциаи хунин субҳи
5-май вохӯрданд. То огози фоҷиа, ки онро «Гвардиячиёни
Раиси цумҳурд> cap карданд, ҳамагй ианд соат вақт монда
буд. Вале ҳавои талхи он дар фазо парвоз догит.

Мо мувофиҳи ҳарордоди пешакӣ соати 8 субҳ ба коргоҳи
Аслиддин Соҳибназаров омада, гиоҳиди бевоситаи аз цониби
намояндагони майдони *Озодӣ» кӯшиши ба зӯрӣ гаравгон
гирифтани ӯ шудем. Аммо Аслиддин Соҳибназаров ба там
кини ба худ хос истодагари менамуд. Мо инчунин шоҳиди
мардонагӣ ва шуҷоати ҳамкорон, дӯстони ӯ шудем, ки
намояндагони миллатҳои мухталиф — ӯзбек, рус, тоҷик
мебошанд. Дар гуфтугӯи баъди ин вдҳеаи нохуги намояндаи
мардумӣ мехост чизҳои зиёдеро гӯяд. Дар соатҳои кӯтоҳи
муқобилат ӯ кӯгииш намуд, ки ҳарду майдонро эҳсос намояд
ва дар айни замон симои худро гум накунад.

Гуфтугӯи ӯ, эҳтимол, берабту бенизом намояд. Вале мо
бояд сахтгир набогием. То огози фоцеа соатҳои бешумор
монда буданд. Вале ӯ фоцеаро пегиакӣ медид, моро аз он
ҳугидор медод. *

***

Ман ҳамеша таърихро дӯст медорам. Ва имрӯз итминон
дорам ва ба хулосае омадаам, ки таърих наметавонад барои
таърих вуҷуд дошта бошад. Таърих барои он лозим аст, ки
гузаштаро донем, имрӯзро бинему ояндаро тасавур кунем
Ба ақидаи ман воқеа ва далелҳои ҳозираро таҳлил намуда,
мо метавонем гӯем, ки Тэҷикистон ва мардуми он бо анъана-
ҳои бисёрасраи миллим худ дар заминаи муносибатҳои фе-
ЛСЛИДДИНИ ООҲИЕНАЗАР (297)_________СуБҲИ СИТОРАКуш

одалӣ ба социализми «мутаррақӣ>' нарасиданд, баръакс, дар
баъзе мавридҳо бӯҳрони ин муносибатҳо амиқтар гашт.
Муносибатҳои феода лй, эҳтиром накардани шахси бомартаба
бемартабаро, беҳурматии ақидаи дигарон ва инкори озодии
фикр, боқй монд. Ин муносибатҳо дар бисёр мавридҳо по ба
пои муносибатҳои социалиста қадам мезаданд. Албатта,
имрӯз дар заминаи ин муносибатҳо баъди пош хӯрдани СССР
маҳалчигй, хешу таборчигй, қавму авлодчигй вусъат меёбад.
Воқеаҳои дар Душанбе ба амаломада ба воқеаҳои Русияи
пешазинқилобй шабоҳат дорад. Дар Руеия капитализми
тозабаамаломада роҳҳои тараққиашро меҷуст ва ба
мушкилота зиёд рӯ ба рӯ меомад. Сабаби ҳамаи воқеаҳо дар
иқтисоди баъдиҷангӣ асос ёфта буд. Ана як мисол. Соли 1914
дар Русия дар баробари як рубл ба 80 тинаш мол рост меомад.
Соли 1917 баъди се соли ҷанг ин рақам ба 27 тин поин омад.
Пастрафтани истеҳсолот, беқурбшавии пул, бекорй ва
ҷинояткорй чунин вазъиятро ба амал овард, ки одамон
дигаргуниҳои ҷиддиро талаб мекарданд. Услуби мубориза
ҳамчун имрӯза буда, табдили ҳукумат. ба истеъфо рафтан-
ҳо ва гайра. Қоло дар Тоҷикистон бошад дар баробари як
сӯм ба 10-12 тинаш мол мавҷуд аст. Ҳаҷми калони пули
бемол дар да ста сохторҳои давлатй ва мафиозй боқист.
Имрӯз, ба фикрам, сабабҳои асосии ба майдонҳо рехтани
одамон нархҳои баланди маҳсулот аст. Ҳоло ин майдонҳо
театреро ба хотир меоранд, ки дар паси пардааш дигаргуниҳо
ба амал меояд. Дар саҳна бошад, намоиши дуюмдараҷа ба
вуқӯъ мепайвалдад, яке истеъфои дигареро талаб мекунад.
Вале мардум сабабҳои асосӣ, решаҳои нокомиҳояшро
намедонад. Намедонад, ки дар тӯли 20 соли охир аз ҳисоби
бемахдуд харҷ кардани боигариҳои табии Русия ва дигар
минтақаҳои империяи бузург, бозори пурбаракат таъмин
мегардид. Дар магазинҳо гӯё ҳама чиз бо нархи арзон мавҷуд
буд. Гӯё дар айёми СССР ва ҳукумати коммунистҳо зиндагй
хуб буд. Аммо имрӯз он империя вуҷуд надорад. Бебозгашт
аз байн рафтааст. Демократҳо омаданду ҳамаро хароб
намуданД.
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

Дар ҳақиқат, чунин нест. Баръакс, демократҳо нерӯи
ҷиддй, дар ҳукумат надоранд. Ман Тоҷикистонро дар назар
дорам. Намояндагони исломй низ чунин ҳокимият надоранд.
Охир, лаҷоми сиёеат ва иқтисодиёт то ҳол дар дасти ҳамон
коммунистон аст, ки бо сохторҳои мафиозй пайвастааст.
Монополияи давлатӣ ҳам, то ҳол дар дасту ихтиёри онҳост.
Ба сабаби озод гаштани нархҳо, аниқаш ба сабаби аз тарафи
давлат расман баланд бардоштани нархҳо ба кисаи онҳо пули
зиёд ворид шудаает. Аммо тамошобинон имкони дидани онро
надоранд. Барои хандондану гирёндан ва ҳаёҳуи тамошобинон
бошад, ҳамин пул пайдо мешавад. Зеро ин пул дар қиёси
фирефтани мардум ва дар хаёли ӯ ба амал овардани зиндагии
хушу хуррамона пули андак аст ва онро чошу пош кардан
осон.

***

Рӯзномаи «Комсомольская правда» аз 24 декабри соли
1991 дар мақолаи «Мафия и власть» навиштааст: «Се моҳ
пеш аз воқеаҳои хунин дар шаҳри Душанбе* ба вуҷуд омада
(феврали соли 1990) маро яке аз роҳбарони гурӯҳҳои мафиозй
пайдо кард. Дар иттиҳодияи журналистон бо иштироки 12
нафар одамони машҳури мамлакат конфронси матбуот
ташкил намуданд. «Меҳмон» (ӯ 27-сола буда, ду маълумоти
олй дорад, бекор, бо номи дигар зиндагй мекунад, дар 23-
солагияш ӯро «гӯронда» буданд) дар бораи воқеаҳое, ки бояд
дар Душанбе рӯй диҳад, нақл менамуд: «Дастаи онҳо, бо
супориши ҳизбиёни олимартабаи коммунист, қарор додааст
ки ӯ дар ин воқеаҳо иштирок кунад». Ин суханонро шунида,
иқтисоддони машҳур, намояндаи мардумй, ҳамон вақт ангуш-
ти ҳайрат газида — гуфта буд: «Сафсатта». Баъди се мох
(давраи соли 1990) фоҷиа аз рӯи нақшаи пешакй омодашуда
ба амал омад.

Комилан аён аст, ки як идда ҳизбиёни мансабдор бо
гурӯҳҳои мафиозй пайвастаанд. Онҳо ҳанӯз пеш аз соли 1989
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сукҳи СИТОРАКуШ

ҳис намуданд, ки ояндаи Тоҷикистон ба ихтиёри парламент
хоҳад буд. Мансабҳоро он гоҳ бюрои КМ тақсим накарда, ин
корро Шӯрои Олй ба ихтиёри худ мегирад. Аз ин рӯ бо ҳар
восита Шӯрои Олиро ишғол кардан лозим. Он гоҳ мутобиқи
сенарияи пешакӣ кор пеш хоҳад рафт. Алайҳи ҳаракати
демократии ҳанӯз камқудрате, ки аз даҳҳо зиёиёни ғояҳои
пешқадами Моекваро қабулкарда иборат буд, бетартибиҳо
ташкил шуданд. Матбуоти расмй ҳамаи бетартибиҳоро ба
зиммаи «Растохез»-е, ки ҳоло яксола нашудааст ва молу
амвол ва заминаи иҷтимоӣ надорад. бор мекунад. Соати
коменданта ва қуюди шабгардй ҷорӣ мешавад ва дар рӯи
хунғ* шаҳидон оҷилан интахоби парлумон барпо мегардад
Ҳизбиён дастболо шудан,: 95 фоизи узви парлумон онҳоанд
Дар байни онҳо тасодуфан 3-4 нафар аз «қабила берун»
меафтад. Рафта воқеаҳо собит намуд, ки Шӯрои Олй, ин
тафли таъҷилан ва мурда таваллудшудааст, ки ба кору амал
қобил нест ва ҷумхуриро ба по гузошта наметавонад. Минбаъл
муваффақиятро одамоне, ки дар симои парлумон, пуштабон
ва нозири иқтасодро дидан мехостанд, умедҳояшон рӯз ба
рӯз аз байн мерафт. Ва роҳи халосиро дар табаддулотғ
давлатӣ медиданд. Нокомии ГКЧП обрӯи ҳизби аристо-
кратиро паст кард. Вале ҳизб ҳанӯз барҳаёт буд. К-Маҳкамоғ
мехост бо ҳар восита вазъиятро дигаргун созад, аз таҳп
назорати ҳизбй барояд ва ҳокимиятро, давлатро нигоҳ дора;
Аммо қабилаи пурқувват ӯро набахшид ва дар як соат а;
сари қудрат дур андохт. Сипас муҷассамаи Ленинрі
шикастанду Аслонов аз вазифа дур шуд. У низ мехост а
зери дасти ҳизб барояд, вале худаш ба чанги нокомі
гирифтор шуд.

Он гоҳ ҳизбиён Набиеви фаромӯшшударо ба хоти
оварданд. Такя ба ӯ бобарор буд. Дар ин кор ба коммунисте
демократҳо кӯмак карданд, ки якҷоя бо Р.Набиев алайҳ
Қ.Маҳкамов мубориза баранд. Кӯшиши демократҳо дар бора
ба урдугоҳи худ моил намудани Р.Набиев ва бо ин роҳ а
лағзиш раҳонидани ӯ бебарор анҷом ёфт. Баъди намоишҳо
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи ситордкуш

15 шабонарӯзаи моҳҳои сентябр ва октябри соли 1991 ӯ ба
тадриҷ ба коммунистом пайваст. Ҳизбиёни баъди ГКЧП шатта
хӯрда то ҳол ба худ наомадаанд. Вале моҳи ноябр Набиев
маҳз бо мадади ҳамин нерӯҳо Раиси ҷумҳурӣ интихоб
мешавад. Аз ҳамин лаҳза оғоз карда, ӯ мехоҳад аз панҷаҳои
гирои онҳое раҳо шавад, ки ба сари қудраташ оварда буданд.
У ҳатто ба демократҳо баъзе гузаштҳо мекунад, ба истиқбола-
шон меравад. Ман аз ҷумла протоколи рӯзи 22 апрели соли
1992 имзокардаи Ҳукумати ҷумхурй ва мухолифинро дар
назар дорам. Аммо ҳамоно 24 апрел намоиши дуюм, вале
дар майдони дигар ба дастгирии ҳукумат пайдо мешавад.
Ман тасаввур карда наметавонам Раиси ҷумҳурй боз ба чӣ
гуна дастгирӣ мӯҳтоҷ аст, вақте ки дар ихтиёри ӯ муво-
фиқатномае буд, ки мухолифин то баргузор шудани
интихобот ба шарте, ки ҳукумат шартномаро вайрон накунад,
ҳеҷ намоиш намегузаронад. Аммо ин ҳуҷҷати имзошударо
сохторҳои мафия ва ҳизбиёни коммунист қабул накарданд
Зеро онҳо фахдеиданд, ки тезондани мӯҳлати интихобот, дар
асоси ислоҳот қабул кардани Конститутсия ба манфиати
онҳое нест, ки аз курсиҳои ҳизбй ба курсиҳои вазорату
идораҳо ва парламент нишастаанд. Онҳо дарк намуданд, ки
дар интихоботи оянда имконияти васеъи сари қудрат буданро
аз даст медиҳанд. Мисли ҳамешагӣ, баҳона ҳам ёфт шуд. Ин
баҳонаро худи мухолифин надониста ба онҳо дод, зеро шабона
иддае аз намояндагони мардумиро ба гарав гирифтанд. Хар-
чанги ҳизбӣ нопухтагии сиёеии омма ва қафомондагии мин-
тақаҳоро истифода бурда, вазъиятро пуршиддат гардонд. Бо
ин роҳ нияти ҷуброн кардани бохти муваққатиашро допгг.
Ҳизбиён пешвояшонро ба тазйиқу фишор маҷбур намуданд,
ки ба сӯяшон нигарад. Ана дар ҳамин лаҳзаҳо пай бурдан
душвор набуд, ки ҳукумат воқеан дар дасти кист. Барои
донистани роҳбарони пасипардагии майдони «Озодй» сиёсат-
мадор ва иқтисодчии бузург будан ҳоҷат нест. Агар мухоли-
фин бой диҳад, сохтори мафиозй пуриқтидор гашта, ҷараёни
дигаргуниҳо дар иқтисодиёт тӯлонӣ мешавад. Зеро моҳиро


АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СуЕҲИ СИТОРАКущ І

дар оби лой доштан осон аст. Дар айни замон намоиши театрие !
ба амал меояд, ки диққату таваҷҷӯҳи ҳамаро ба худ мекашад,
вале намоиши дигаре низ номаълум идома дорад, ки барои
тамошобин аён нест, дар он амалиёт тиҷорати хурду бузург
мегузарад. Ҳукумати Президента ним сол идома кард. Дар
ин давра парламента нав интихоб шуд. Каее ба боло рафту
касе аз байн афтод, ба истироҳати доимӣ рафт. Баъди 2-3
сол онҳое ки дар ин гиру дорҳо киса пур карданд, ба тадриҷ
пулҳояшонро ба гардиши рӯирост мебароранд, корхонаҳо,
дӯконҳо, видеосалонҳо, барҳо месозанд. Дар натиҷа ҳам
сармоя доранду ҳам ҳукумат дар ихтиёрашон. Дар айёми
бозоргонӣ бо чунин шароит бе вазифа ҳам зистану ҳокимият
кардан мумкин аст.

***

Биёед, намоишҳои майдонҳоро таҳлил кунем. Намоиши
майдони «Шаҳидон» талаб дорад, ки ба шартномаи қаблан
имзошуда барнагашта, Кенҷаев дар вазифааш барқарор на-
шавад. Он ҷо инчунин барпо кардани интахобота демократа,
озодии матбуот ва дахлнопазирии идораи диниро талаб ме-
кунанд. Намоиши дуюм дар майдони «Озодӣ» барқарор наму-
дани Кенҷаев, истеъфои қозиро талаб дорад. Талабҳо ба назар
мухолифи якдигар менамоянд. Ҳатто қиёснашавандаанд. Ҳар
ду намоишро ҳам талаботи беҳтар кардани ҳаёт ба миён овар-
дааст. Фарқ дар ин аст, ки аввалиҳо мехоҳанд ба пеш ҳаракат
карда, системаи мардумфиребиро барҳам зананд. Дуввумиҳо
илоҷи воқеаро дар баргаштан ба қафо — ба системаи со-
циалиста мебинанд. Дар майдони «Шаҳидон» андеша доранд,
ки дигаргуниҳои минбаъдаи демократа танҳо бо назардошти
анъанаҳои тӯли асрҳо ғункардаи мардум, боигариҳои
фарҳангй ва динии он имконпазир мегардад. Дар воқеъ,
Давлатҳои мутараққии исломӣ, аз ҷумла Покистон, Малай-
зия, Миср ва бештари кишварҳои арабй, дар давраи гузариш
Маҳз ба х;амин чиз такя намуданд. Мо ба хубӣ мефаҳмем, ки
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

СУБҲИ СИТОРАКуШ

дар 20-30 соли наздик дар Тоҷикистон сохтори «давлати
Исломй» номумкин аст. Дигаргуниҳои демократй дар ҷамъия-
те, ки аксарият мусалмон ҳастанд бе такя ба боигариҳои
маънавии Исломй ғайри имкон мегардад. Ин ягона имко-
ниятест барои қатъиян тагйир додани иқтисодиёт.

Дар айни ҳол пешвоёни майдони «Озодй» ҳам, ба хубй
мефахдианд, ки Қозиро аз саҳнаи сиёсат дур карда, онҳо ҳиз-
биёни коммунистро амалан бе рақиби пурқудрат мегардонанд.
Мухолифони х^ізбро низ, аз сарвари маънавй маҳрум месо-
занд. Намоишчиёни оддии майдони «Озодй» ин ҷиҳатқоро
намефахдианд. Ба адолати иҷтимой бовар доранд ва ба ғайр
аз социализм сохти дигареро тасаввур карда наметавонанд.
Намоишчиёни майдони «Озодй» то ҳол ба ин такя мекунанд.
Дасти пурқудрат маҳз ҳамин ҷиҳатро ба эътибор гирифт.
Бубинед, ҳам дар он майдон ва ҳам дар ин майдон омезиши
ҷомеа мушоҳида мешавад. Коммунизм дар майдони «Озодй»,
демократия ва Ислом дар майдони «Шаҳидон». Ва агар демок-
ратияю Ислом ҳамдигарро пурра намоянд, пас коммунизм
аз байн хоҳад рафт. Ҳизбиёни коммунистй ихтилофҳои
шахсии Қозии Кӯлоб мулло Ҳайдар Шарифзодаро бо Қозика-
лон истифода карда, онҳоро муқобили якдигар мешӯронанд.
Ҷонибдорони якеро бо ҷонибдорони дуюмй ҷанг меандозанд.
Аҷиб ин аст, ки ҳукумат дар муносибати ду қозй мехоҳад
сиёсати «дурандешона»-и давлатиашро пеш гирад. Ман дар
ин ҷо ҳифзи давлати бо ном ҳуқуқбунёд эълоншударо
намебинам.

Хавф дар он аст, ки «сиёсатмадорони калон» инро меафаҳ-
манд, вале чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё бояд ҳамин тавр
бошад. Ҳар амал ҳудуде дорад, ки аз он баромадан мумкин
нест. Ба ҳаёт хатар дорад. Эҳтимол баъзе сиёсатмадорон ин
чизро намефаҳманд ва мехоҳанд бо ҳар роҳе, ки бошад сохтор,
мавқеъ ва боигарии бо горат ба даст овардаашонро нигоҳ
доранд. Мушки л аст пешбинй кардан, ки ду гурӯҳи мухолифи
ҳамдигар чй тавр рафтор мекунанд. Як чиз аён аст, ақидаҳои
АСЛИДДИНИ СОҲИБИАЗАР

303

сувҳи ситордкуш

идеологи, нигоҳ доштан ва идома додани зиддият, ҳароеи аз
даст додани мансаб — чизҳои пурарзиш барои мардум ва
мақомоти идораи давлат аст.

Дар бораи ташкилотчиёни намоиши тарафдорони ҳукумат
ва сохти кӯҳна, ба фикрам, чизе гуфтан ҳоҷат нест. Як чиз
рӯшан аст, ки нофаҳмии Раиси ҷумҳурй нақши асосй дошт.
Вайрон кардани нуқтаҳои шартномае, ки ба Раиси ҷумҳурй
имконияти хуби дар вазъияти осоишта ба амал баровардани
ислоҳотро медод, ӯро пешпо зад. Дӯстов, Шабдолов, Ҳувай-
дуллоев ё Кенҷаев, ки дар бозии зидди демократия қартаи
асосй буданд, акнун аҳамият надоранд.

Ҳамаи воқеаҳо дар замони ҳозира ва гузашта навишта
шудаанд. Зарур аст дар бораи оянда андеша намоем, роҳу
усули чӣ тавр кушодани гиреҳи мушкилро пайдо кунем. На
ба Раиси ҷумҳурй, на ба мухолифин, на ба дигарон ва ба ҳар
касе, ки бевосита ё бавосита бо вазъи баамаломада ало-
қаманданд, ғалаба ҷустан лозим нест. Ғалабаи як ҷониб мағ-
лубияти ҳарду ҷониб аст. Зеро ҳа“р ғалаба бохти оянда аст.
Махсусан дар шароите, ки мубориза ҳамқадами шароитҳои
фавқулодда ва аз эҳтимол дур нест, гирудорҳои азим аст.

Ба ҳар ду ҷониб лозим аст ба нуқтаи ибтидой баргарданд.
Ин нуқта қарорҳои ҷаласаи 13-уми Шӯрои Олй мебошанд.
Дар ин қарорҳо нуқтаи ибтидоиро ҷустуҷӯ намудан лозим.
Онгоҳ, мо якдигарро мефаҳмем. Ҳамдигарро нафаҳмидани
мо ватанро ба воқеаҳои мушобеҳ ба Афгонистон, Югославия,
Гурҷистон бурда мерасонад. Ҳатто ба ҷанги бародаркушй
расонданаш мумкин аст.
ДСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи СИТОРАКУШ

САБАБИ НОМГУЗОРИИ КИТОБ

Нуқтаи охиринро дар китоби аввали худ гузоштам, аммо
хонандагони гиромй шояд суол кунанд, ки чаро ба китоб «Суб-
ҳи ситоракуш» ном ниҳодам ва илов? ба ин, онқо аз тақдири
ҳама қаҳрамонҳо то охир воқиф нагардидаанд. Аз ин лиҳоз
ман мақсад гузоштам, ки дар хотимаи китоби аввал шархуі
кӯтоҳеро пешкаши хонандагон гардонам.

Камина аз айёми ҷавонй ба саёҳати кӯҳистон ва шикор
шуғли беандоза дорам ва ҳар гоҳ, ки имконият даст медод,
ба кӯҳу пушта роҳ пеш мегирифтам. Барои ман аз ин дида
истироҳати хубтаре вуҷуд надорад ва то имрӯз дар ақидаам
устуворам.

Дар тӯли умри хеш ҳамагй ду маротиба ба истироҳатгоҳ
рафтаам. Бори аввал ба дармонгоҳи «ЗуМрад» ва пас ба Хоҷа
Обигарм. Дигар айёми рухсатии ман ҳамеша дар саёҳати
кӯҳсорон ва машгулият ба шикор гузаштааст. Дар ин саёҳатҳо
барои ман шоху барги дарахтон бистар ва санги кӯҳ болин
буд.

Ин усули истироҳат ба ман имконият медод, ки аз тамошои
кӯҳу дараҳои зиёди азизамон, талу теппаҳои дилфиреби он,
ҳаловат барам. Зиёда аз ин, бо дилпурй мегӯям, ки дар бисёр
мавзеъҳо дараву кӯхдо, сангҳо, дарахтони гуногун, чашмаҳо,
талу теппа ва пайраҳаҳо барои ман шинос аст.

Пн дарди маро аз ҳамсарам cap карда, то хешу табор ва
дӯстонам хуб медонанд. Баъзеҳо бо маломат мегуфтанд: кӯҳу
пушта магар барои иетироҳат аст? Хуб нест, ки рухсатии
худро дар ягон истироҳатгоҳ орому осуда, беташвишу бехатар
гузаронй? Бо вуҷуди ин меҳри сайру саёҳати кӯҳсори
диёрамон, тамошои дарақои зебоманзар, шавшуви дарёчаҳои
шӯхи кӯҳиро аз қалбам касе ва чизе дур карда наметавонад.

Дар ин саёҳатҳо борҳо ба нохушӣ ва ҳатто фалокатҳо рӯ
ба рӯ шудаам. Яке аз он ҳодисаҳое, ки ҳангоми шикор ба
ЛОЛИДДИНИ ООҲИБНЛЗЛР (зоб)____________СУБҲИ СИТОРАК'

вуқӯъ пайваста буд, то андозае сабабгори номгузории
китоб гардид.

Тақрибан моҳи ноябри аввали солҳои 80-ум буд. Он сод
рӯзй ғалабаи Октябр ҳамчун рӯзи истироҳат тантана мещ

Рӯзи 6-ӯми ноябр ҳамроҳи дӯсти деринаам Муҳа
мадсолеҳ ба сӯи деҳаи Дараи Яғнобиёни ноҳияи Варзоб р
пеш гирифтем. Шаб дар хонаи амаки Қурбоналӣ меҳм
шуда, қарор додем, ки саҳар барвақт ҳамроҳи писари ӯ
Табаралӣ ва як каси дигар, ки бо соҳибхона ҳамном буд,
кӯҳ мебароем.

Муҳаммадсолеҳ, Табаралӣ, Қурбоналӣ ва камина, ки бор
ба шикор баромадаем ва ҳамдигарро хуб медонистем, қар
додем пас аз баромадани сатораи саҳар ба сӯи кӯҳ роҳ п<
мегирем.

Шомгоҳй, вақте, ки мо ин маслиҳатро мекардем, ҳа
пурғубор буд. Ин гувоҳӣ медод, ки пагоҳ ҳаво ба ҳеҷ ва
софу беғубор нахоҳад шуд.

Барой дар хоб намондан қавл кардем, ки касе ба хон
худ намеравад. Ҳамин тавр мо либосҳоро бадар накарда, д
назди оташдон дароз кашидем.

Намедонам чанд соат гузапгга буд, ки ман бедор шуда,
тирезаи хона ба берун назар андохтам. Ғайри чашмдошт ҳ;
софу бегубор буд ва аз ҷониби Шарқ, аз паси кӯхй Моштег
ситорае нурфишонй мекард ва аз дигар ситораҳои ос»
калонтар ба назар мерасид.

«Ситораи субҳ баромадааст. Субҳ дамидааст)*, — гуф
ҳамроҳонамро бедор кардам. Онҳо чизе нагуфта, аз
хестанд. Мо берун баромадем ва ба сӯи кӯҳ равон шуд
Ҳама хомӯш будем ва тез-тез қадам мемондем. Тахмиі
ягон ду соат роҳ рафтем, вале аз чй бошад, ки субҳ
медамид. Роҳравон аз камаре гузаштем, ки пурбарф б
Баъд ба сари баландие баромадем. Боз камари дигар аз п
баромад, вале ҳамоно аз субҳ нишоне набуд.

Табаралй аз роҳгардй дилбазан шуд, ки аз ҳамнс
падараш Қурбоналӣ пуреид:

— Соат чанд шуда бошад?
АСЛИДДИНИ СОҲИБНАЗАР

сувҳи еиторлкуш

Қурбоналй аввал кисаашро кофту баъд гуфт

— Соат қариб яки шаб аст.

Ман аз ин ҷавоб дар ҳайрат мондам.

— ЧЯ хел яки шаб? — гуфтам.

— Ҳа. Ҳамин хел, ака. Соат яки шаб аст, — ва боз илова
намуд: — Дигар пеш рафтан мумкин вест. Зеро чанд дақиқа
пас аз пеш камаре мебарояд, ки онро шабона гузаштан имкон-
нопазир аст. Ба қафо гаштан ҳам фонда надорад, зеро ба ин
аҳвол аз ағба фаромада наметавонем. Агар то дамидани субҳ
сарпаноҳе пайдо накунем, аҳволамон бад мешавад. То субҳ
бошад, вақт бисёр. Шумо моро барвақт бедор кардед, — гуфт
ӯ дар охир.

Қурбоналй ба гапқои мо гӯш дода, фаҳмонд, ки кори
мешудагй шуд. Акнун бояд илоҷе ёбем, ки то дамидани субҳ
дар ин кӯҳ зинда монем. Ҳезум пайдо кунем ва гулхан
афрӯзем. Роҳи дигар нест. Ситораи саҳар моро фиреб дод.

Ҳама аз паи ҷамъ овардани ҳезум шудем. Болои барф
гулхан афрӯхтем. Ҳаво ниҳоят ^сунук буд ва алангаи оташ
баданро гарм намекард.

Табаралй ва ҚурбоналЯ ҷома доштанд. Сару либоси ман
ҳам каму беш ба ин сардин ҳаво мутобиқ буд. Вале либосҳои
Муҳаммадсолеҳ сабук ва ба сардЯ мувофиқ набуд. Нимтанаи
пашмину калтачаи балонй ва кулоҳи пахтагЯ бадани ӯро
гарм намекард. Аз байн фурсате нагузашта, баданашро ларза
фаро гирифт. Ниҳоят сардй ба ҷнсмаш кора кард, ки ба гиря
даромад. ТабаралЯ ноилоҷ ҷомаашро кашида ба Муҳаммад-
солеҳ дод. Баъд арз намуд, ки навдаҳои арчаи сабзро оварда
болои барф гузорем, зеро навдаҳо пеши хунукиро мегиранд.
Мо ҳамин тавр кардем, бо азияти зиёд ба сари субҳ расидем.

Дар ҳақиқат ҳангоме ки субҳ медамид, аз паси кӯҳи
Моштеппа, баландтарин қуллаи водии Ҳисор, ситораи субҳ
баромад ва он айнан ба ситораи чанд соат пеш дидаамон
шабоҳат дошт. Ситора дақиқа ба дақиқа ба мо наздик мешуд
ва субҳ ба кӯҳу пуштаҳо оҳи ста-охи ста равшанй паҳн мекард.

Мо оташро хомӯш карда, ба тарафи агба роҳ пеш
гирифтем.
лслиддини соҳиенлзар (307)____________сукҳи СИТОРАКУШ

Аз маълумоте, ки ман аз идораи обу ҳавосанҷй дар даст
доштам, ҳарорати ҳаво ҳамон шабонарӯз дар Душанбе -12°,
да