Ёдномаи Маҳмуд Воҳидов Memories of Mahmud Vohidov

Transcription

ЕДНОМАИ
МАҲМУД воҳидов

Обменно-резервный фонд
ГРБ Таджик. CGP игл. Фирдоуси

НАШРИЁТИ «ИРФОН»
ДУШАНБЕ —. 1982

SOAS, University of London

18 0769693 О
ББК 85. 443 (2) 7
792 С

ТАРТИБДИҲАНДАГОН:

Лоиқ Шералӣ, Отахон Латифӣ

МУҲАРРИРИ МАСЪУЛ

Атахон Сайфуллоев

Ё 25 Ёдномаи Маҳмуд Воҳидов (тартиб. Лоиқ Шералй,
Отахон Латифӣ); Муҳар. масъул А. Сайфуллоев. Таҳияи
суратҳо аз М. Олимов.— Душанбе: «Ирфон», 1982.

176 саҳ.

Ин маҷмӯа — ёдномэи шоирон, нависандагон ва дӯстони шодра-
вон Маҳмуд Воҳидов буда, аз ҳаёт ва эҷодиёти ин ҳунарпешаи номии
тоҷик ҳикоят мекунад.

Воспоминания о Махмуде Вахидове.

70303 — 102 _ _ ББК 85. 443 (2) 7

Е М 501 (13) — 8276-82 792 С

© Нашриёти «Ирфон», 1982.
Низом Нурҷонов

Аввали декабри соли 1963 машқҳои намоишномаи «Ромео
ва Ҷульетта» ба охир мерасид, аммо ичрокунандаи роли Ромео
актёри чавон Маҳмудҷон Водидов, ки ҳамагй ду сол инҷониб
дар театри академии драмаи ба номи Лоҳутй кор мекард, аз
образи офаридаи худ норозй буд. Қалби ӯро як ҳисси нохуши
азиятоваре фаро гирифта, талқин мекард, ки паҳлуҳои нави ин
образро мустақилона ҷустуҷӯй кунад ва сайқал диҳад. Ҳунар-
пеша пеш аз репетицияи генералй то нисфи шаб дар саҳна тан-
до монда порчадои роли худро гаштаю баргашта машқ мекард,
василадои нави тасвирро меҷуст ва дар олами андешаю эдсоси
қадрамони худ — Ромео болу пар мезад. Шаби репетицияи
генералй режиссёр Водидовро нашинохт: назди ӯ гӯё актёри
тамоман дигаре бозй мекард ва аз он меднати думода қариб
осоре намонда буд. Байни дарду мунозира cap шуд. Дар ара-
фаи намоиши спектакль якбора тафсири дигар гирифтани роль
ба режиссёр маъқул набуд. Актёри чавон аз оташинй датто
устоди худро ранҷонд. Ба ӯ услуби анъанавии гузориши асари
Шекспир, такрори баъзе бозьёфтдои нусхаи пештараи спек-
такль, ки он бори аввал соли 1947 нишон дода туда буд, пи-
санд наомад. Актёр нохост ба шӯр омада, аз баъзе василадои
забонзадашудаи тасвир даст кашид, хост иавигарие бадасторад
ва нисбат ба иҷрокунандаи пештараи роль—Алиназар Хӯчаев
дар талқини образ сухани нав гӯяд.

3
Саъю кӯшиши актёри навҷӯ бо режиссёр чандон ҷӯр на-
гардид. Саҳнаҳои «нав» ва «кӯҳна» гӯё бо ҳам созиш намекар-
данд. Чуқур кор карда нашудани баъзе норчаҳо аён буд. Ҳу-
нарпеша баъзан аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани қаҳ-
рамонро дарьёфта наметавонист. Дар нимаи дуюми спектакль
бошад дар симои Ромеои ӯ мардонагӣ намерасид, гоҳо нозукии
қиёфа халал мерасонд.

Сарфи назар аз он ки образи томи Ромео офарида нашуд,
ҳунарпеша дар як қатор саҳнаҳо муваффақият пайдо карда буд.
Таровати образ маълум гардид. Ромео ба Воҳидов мезебид. У
дар ҳақиқат мисли қаҳрамони спектакль 17—18 сола менамуд.
Вай дар ин роль бисьёр нозук ва зариф, симои дилрабояш басо
тоза буда, аз кадом як дурахши ботинй илҳом мегирифт.

Ромеои Воҳидов бори аввал саҳарии барвақт гулчанбар ва
дафтарчае дар даст дар саҳна пайдо мешавад. Чеҳраи таруто-
заи ӯ ҳамранги субҳ пуртароват аст. Сару либоси рангаш баланд
ба қадди мавзуну борики ӯ зебида, бо рухсораи сап-сафед, мӯй-
ҳои сиёҳи нағз шонахӯрдааш басо мувофиқ аст. Ромео чаш-
монашро ба як нуқта дӯхта, номи Розалиндаро пайваста ба за-
бои мегирад ва вуҷуди ӯ аз эҳсоси ишқ ҷӯш мезанад. Вай та-
биатан ҷавонмарди зуд мутаассиршаванда аст. У шаби базм
дар хонаи Капуллети рӯбарӯи Ҷульетта чун дар пеши чизи му-
қаддасе бо дили лабрез аз шодию ҳаяҷон меистод. Дар бӯсаи
дилбохтагон як ҷаҳон тозагй ва маъсумӣ ҳувайдост. Ҳаракат-
ҳои то ин дам орому батамкинро чусту чолокии дилчаспу пур аз
шавқ иваз мекунанд. Ҳаёти нав оғоз меёбад. Розалинда тамо-
ман фаромӯш мешавад. Акнун дар гуфторн қаҳрамон эҳтиросу
ҳаяҷон чӯш мезанад.

«Маликаи ман» — мегӯяд Ромеои Воҳидов ба ваҷд омада
ва аз болохонаи Ҷульетта чашм наканда. Агар бол медошт, ҳо-
ло назди ӯ мепарид. Ҷавон ба воқеъ шудани мулоқот бовар
намекунад. Барон ӯ ин афсонаи шоиронаест. Ошиқ аз ин ола-
ми зебо чудо шудан намехоҳад. Вале чи навъе ки худаш ме-
гӯяд «мактаббача равад ба мактаб бо азоб» бо овози шикаста,
ғамангез ва дили нохоҳам бармегардад. Вақте ки Ҷульетта мах-
буби худро даъват мекунад, вай чунон давида меояд, ки гӯё бо-
лу пар бароварда бошад. «Ҷонам» мегӯяд ба Ҷульетта басо
навозишкорона ва ба шавқ омада.

Чи дар ин ва чи дар баъзе саҳнаҳои оянда шеъри Шекспир,
сатрҳои мисли мусиқй хушоҳанги ӯ, фикрҳои баланду гарон-
мояи асар, боигарии овози фораму мулоими Воҳидов ва шеър-
дӯстию шеърхонии ӯро кушод. Мисраъҳо на ба тариқи наср
ва декламация, балки мисли нутқи зинда сабук ва хушоҳанг

4
садо медоданд. Актёр таъсирнокии шеър, пуробурангӣ, ҳаро-
рат ва ҳиддати онро бо лаҳзаҳои психологии роль устокорона
пайваста тавониста буд.

Ромеои ҳунарпешаи тоҷик ҳанӯз вориди калисо нашудааст,
аммо аз берун овози баланди хушнудонаи ӯ ба гӯш мерасад:
«Падар!» Вай Давида медарояд, назди рӯҳонй Лоренцо ба
зону менишинад, ӯро ба оғӯш мекашад, гаи задан намемонад,
навозишкорона илтицо менамояд. Ошик, дар хусуси бахти бу-
зурги худ, ишқи саршори умеду орзуҳои хеш ҳарф мезанад.
«Тоқат тоқ шуд»,— мегӯяд вай бо як ҷаҳон эҳсос.

Дар саҳнае ки Меркуциою Тибальд кушта мешаванду ҳукм
мебарояд, ки Ромео аз Верона бадарға гардад, қаҳрамони Во-
ҳидов на аз ин ҷазо, балки аз ҷудоӣ бо маҳбубаи худ дар танг
аст. У худро ба замин партофта бо эҳтироси бузург арзи ҳол
мекунад. Дояро дида мехезад, тозон ба ӯ мечаспад, ҳарчи тез-
тар аз хусуси маъшуқааш чизе шунидан мехоҳад.

Хабари «марги» Чульетта Ромеои Воҳидовро якбора ба
дарьёи эҳтирос ва изтиробу ҳаяҷони сахт меафканад. Ӯ Балта-
зарро, ки аз вай хабаре интизор буд, дида Давида назди ӯ
меояд ва дар чеҳраи хизматгораш сухани ҳақро меҷӯяд. Фо-
ҷиаро пай бурда, ба хизматгораш омирона супориш медиҳад
ва баъд филҳол ба қароре омада аз доруфурӯш заҳр талаб ме-
кунад. Қаҳрамони Воҳидов бо як қатъият, мардонагии бемисл
заҳр нӯшида, маҳбубаи худро дафъаи охирин мебӯсад ва дар
поёни сари ӯ ҷон медиҳад.

Ақли расо, қиёфаи дилкаш, ҳарорати ҷавонӣ, эҳсос ва иш-
қи баланди ин қаҳрамон дар хотири тамошобин нақш бает.
Маданияти баланд ва бозии пурмазмуни ҳунарпеша, ки ба қа-
рибй, яъне соли 1960 студияи тоҷикии Институти давлатии санъ-
ати театрии ба номи Луначарский Москваро хатм иамуда, ҳам-
роҳи рафиқонаш як сол дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи
Пушкини Ленинобод, баъд дар театри пойтахт ба кор қабул
шуда буд, аллакай диққати тамошобинонро ба худ чалб на-
муд. Тарҷимаи ҳоли ӯ кӯтоҳ, вале пур аз заҳмату талош ва
сарбаландиҳо буд.

Маҳмудҷон Воҳидов 10 октябри соли 1939 дар посёлкаи
Шайдони райони Ашти вилояти Ленинобод дар оилаи колхоз-
чй таваллуд ёфтааст. Вай аз хурдӣ ҳамроҳи падар моли кол-
хозро мечаронд ва дар цатори калонсолон бори рӯзгорро ме-
кашид. Дар 7-солагй аз модар маҳрум монда, чй будани дар-
ду ғамро хеле бармаҳал дарк намуд. Ҳангоми таҳсил дар мак-
таби миёнаи ба номи Ленин вай дар дастаи ҳаваскорон ишти-
рок мекард. Дар рӯзҳои даҳаи адабиёт ва санъати точик дар

5
Москва, ки апрели соли 1957 баргузор гардид, Маҳмудҷони IB
сола дар зали концертии ба коми Чайковский шеъри М. Турсун-
зода «Мамлакати тиллой» ва баъди қарсакзаниҳои дурудароз
шеъри А. Воситзода «Дар сари роҳи калон»-ро хонда муваф-
фақият пайдо кард. Сипае як сол дар филармониям тоҷик кор
карда, баъд бо маслиҳати Артисти Халқии РСС Тоҷикистон
А. Раҳимов ба курси дуюми студияи тоҷикии Института давла-
тии санъати театрии ба номи Луначарский дохил шуд. Ӯ дар
он ҷо аз беҳтарин муаллимони маҳорати актёрӣ, устодони маъ-
руфи саҳнаи рус О. И. Пыжова, Б. В. Бибиков, М. П. Чистя-
ков сабақ омӯхт. Дар порчаҳо аз пьесаҳои «Духтари бебисот»-и
Островский ва «Дар ҷустуҷӯи хурсандии» В. Розов рольҳои Ка-
рандышев ва Геннадийро бозӣ кард. Бо ёрдами муаллим И. П.
Козлянинова ҳар ҳафта як-ду шеър ё порчаи насриеро аз ёд
карда, маҳораташро такмил дод, дар конкурси хонандагони
шеър иштирок намуда грамотаи фахрй гирифт.

Охири солҳои 50 ва аввали 60-ум дар ҳамаи намудҳои санъ-
ати Тоҷикистон қувваҳои нави эчодӣ илова гардиданд. Аз до-
нишкадаҳои бадеии миёна ва олии Душанбе, Москва, Ленин-
град, Тошкент ба ҳайати эҷодии драма, балет, опера, рассо-
мону бастакорон, коркунони киностудиям «Тоҷикфильм» як гу-
рӯҳ чавонмардон ва духтарон дохил гардиданд, ки онҳо баъди
Ҷанги Бузурги Ватанй ба воя расида, маълумот гирифта бу-
данд. Маҳмудҷон аз ҷумлаи онқо буд.

Дар ин давра барон инкишофи иқтисодиёт ва маданият, саб-
зиши шуури одамон ва муносибати фаъолонаи онҳо имконият-
ҳои нав фароҳам омад. Замоне ки ин наели нав ба воя расид, аз
давраи зиндагии наели калонсол тафовути зиёде дошт. Ба зим-
маи наели калонсол тамоми машаққатҳои буньёди маданияти
нав афтод: онҳо ба олами наозмудаи санъати нав ҷасурона ча-
дам гузоштанд, душвориҳои давраи ташкили театрро паси
cap карданд, дар процесс® меҳнати муқаррарии ҳаррӯза, дар
хизмати халқ услуби мураккаби санъати реалистиро аз худ на-
муданд ва азбаски барои таҳсил дар ягон донишкада имкон
набуд, кӯшиш доштанд, ки аққалан мустақилона маълумот ба
даст оранд.

Воҳидов ва чавонони ҳампешаи ӯ актёрҳое буданд, ки дар
асоси программаи чиддии таълимй ва услуби нағз сайкалёф-
таи тарбияи актёр дар студияи миллӣ таҳсил намуда, ба ола-
ми мураккабу рангоранги санъати саҳнавй роҳ мечустанд. Ин
чавонон аз фишори кӯҳна ҳам озод буданд. Наели нав мамо-
ниати падару модарон ва дигар хешу таборонро намедонист, аз
таънаю каҷназариҳои касони кӯҳнапараст ҳам озод буд. Ча-

6
вонон аз бозии устодони саҳнаи тоҷик ба завқ омада, бо ходи-
ши худ, бо умеду орзу ва ҳаваси калон касби артистиро интихоб
менамуданд. Беҳуда мест, ки дар ду даҳсолаи охир шумораи
актёрҳои касбӣ хеле афзуд. Баробари пайдо шудани наели нав
дар санъати актёрӣ, такопӯю ҷустуҷӯйҳои тозаи эҷодй cap шуд.
Услуби санъати саҳнавии миллии имрӯзаи тоҷик дар заминаи
эҷодкорона омӯхтани комьёбиҳои театри ҷаҳон, инкишоф до-
дани беҳтарин анъанаҳои реалистии саромадони театри рус ва
устодони саҳнаи тоҷик, ки онҳо таҳкурсии санъати саҳнавии
касбиро дар охири солҳои сй ва аввали чил ниҳода буданд, та-
шаккул ёфт ва тараққӣ кард.

Актёрҳои ба мисли Воҳидов типи нави саъаткоронебуданд,
ки иа танҳо соҳибмаълумот ва дорои маънавиёти ғанӣ, пурдон
ва соҳибзавқанд, балки ба воқеаҳои ҳаёт ва маданият низ ҳа-
васи чуқур зоҳир мекарданд. Онҳо аз ҷиҳати эҷодй кунҷковтар
буда, дар истифодаи василаҳои нави тасвир шаклҳои нав ба
нав ва образнокро меҷустанд. Беҳтарин актёрҳои солҳои 60—
70-ум олами маънавии қаҳрамонони худро амиқ ҳис карда, ғоя,
фикр ва эҳсосоти онҳоро баръалотар ифода менамуданд. Онҳо
василақои ҳозиразамонро истифода бурда, оҳиста-оҳиста ба пси-
хологизми нозуки интеллектуалӣ, бозии пурмазмун майлу рағ-
бат пайдо мекарданд. Ин сифатҳои нав хусусан дар санъати
Маҳмудҷон Воҳидов равшантар зоҳир шуд.

Солҳои таҳсил дар Москва фардияти актёри ҷавон пурра
кушода нашуда буд. Аммо як роль дар спектаклҳои дипломй аз
истеъдоди лирикии ӯ шаҳодат медод. Воҳидов дар «Камбағалй
айб нест» ном асари Островский, ки бори аввал дар саҳнаи то-
чик гузошта мешуд, роли мудири хоҷагии помещик — Митяро
бозид. Ин асар азбаски дар саҳнаи рус бисьёр гузошта шуда
буд, ҳангоми таҳияи он дар театри тоҷик аз василаҳои шабло-
нӣ ва тафсилоти хурди маишӣ даст кашиданд. Ишқи баланду
пок, муҳаббати беғубор, самимият аз оғоз то интиҳои спектакль
идома ёфт. Мубориза ҳам дар атрофи ҳамин хати ишқ зоҳир
гашт. Қаҳрамони спектакль ба ду нафар дилбохтагон—Митя ва
духтари помещик Любовь Гордеевна ҳамдардӣ баён карда, ҳам-
роҳи онҳо ғам мехӯрданд ва ба ҳаячон меомаданд.

Митяи Воҳидов рамзи покизагӣ ва эҳсоси самимонаи инсо-
нӣ буд. Ин тозагӣ на танҳо аз ботин, балки аз қиёфаи дилкаш
ва пуртаровати ӯ низ маълум буд. Мӯйҳои сиёҳи шонахӯрда,
рӯи борики сап-сафед ба ӯ басо мезебид. Вай мӯза ва шими
снёҳ, куртаи зардчатоб дар бар дошт. Овози мулоими наҷи-
бонаи ӯ мисли қиёфааш дилрабо буд. Ҷавонмард аз хусуси
ишқи худ нисбат ба Любовь Гордеевна бо ифтихор, ҳаяҷон

7
ва зҳтироси баланд ran зада, аз шарм мижгонҳояшро паст ме-
фарорад. Вақте ки модарарӯси ояндааш Пелагея Егоровна ӯро
ба шабнишинй даъват мекунад, чашмони ҷавонмард медурах-
шанд, табассуми нарму латиф қиёфаи ӯро боз ҳам равшантар
мекард. Митя ба Любовь Гордеевна бо илҳоми баланд шеър
мехонад, гӯё дар ҳар як сатр аз ишқи худ самимона, бе парда
ва бо ҳаяҷон нақл карда истода бошад. Люба, ки дар пеши дар
истода майли рафтан дошт, оҳиста-оҳиста ба шеърхонии маҳ-
буби худ мафтун шуда, маҳви ин достони ишқ мегардад. Қаҳ-
рамони Воҳидов хоқсорона ва бо худдорй ҳайсияту эътибори
хешро зоҳир намуда, аз «густохй» чашмонашро ба замни ме-
дӯзад. Ба ин таҳхона нохост омадани Любовь Гордеевна барои
вай бахти бузургест. У ҳатто аз суруру шодии чӯраҳояш хичо-
лат мекашад.

Ҷавонмарди шоирмизоҷ, ки ба одамон басо меҳрубон буда,
табиати нозуке дорад, аз дагалй ва беэътиноии Гордей Кар-
пович рӯҳафтода мешавад.

Митя Давида ба назди Любовь Гордеевна медарояд. Дар ва-
ҷоҳати ӯ хушбахтй ва ҳам таҳайюр ҳувайдост. Маҳбубаи ӯ таъ-
на мезанад, ки Митя ба духтари дигаре, ба Анна Ивановна дил
бохтааст. Симои ҷавонмардро ҳузну андӯҳ фаро мегирад: ин
басо аламовар аст, охир маҳбубааш ба ишқи поку самимонаи ӯ
бовар намекунад. Қаҳрамони Воҳидов сарашро оҳистекак хам
карда ба курсй менишинад ва дарду алами худро пинҳон ме-
кунад. Сухани навозишкоронаи арӯсшавандааш, «Митяҷон»
гуфтани вай боз ӯро шод мегардонад. Ҷавонмард дартоз аз ҷо
хеста, бо чеҳраи тобон илтиҷо менамояд, ки дигар ӯро наран-
ҷонад. Вай маҳбубаашро бо эҳтироси тамом ба оғӯш мекашад.

Вақте ки маҳбубаи азизи ӯро падараш маҷбуран ба пира-
мард Африкан Савич ба шавҳар медиҳад, Митя назди девор
истода, аз ин саҳнаи нанговари савдои духтар дарди пуразоб
мекашад.

Дар пардаи охир Митя ором ба хона медарояд. Ӯ фуражка-
ашро ғиҷим карда дар даст медораду пеш аз тарк кардани ик
хопадон ба Пелагея Егоровна изҳори миннатдорӣ баёи мекунад.
Кӯшиш мекунад, ки меҳрубонона, ором ran занад, нигоҳи маҳ-
зун, чеҳраи андак сурх шудаи худро аён накунад, вале ҳаяҷои,
дарду ҳасрати ӯ аз пайкари пуризтиробаш маълум шуда меис-
тад. Ва танҳо дар интиҳои спектакль, вақте ки тақдирҷунбони
Митя — Любим Торцов ба хушбахтии ҷавонон мадад мерасонад,
боз шодмонӣ дар чеҳраи ин ҷавонмарди баодобу наҷиб барқ
мезанад.

Режиссёри спектаклй «Камбағалй айб нест» М. П. Чистя-
ков дар хуиарнамоші ин актёри як қадар шармгин ва ба худ
нобовар самимияти бои ботиниро дарьёфта тавонист. Дар ин
роль аллакай ҷиҳатҳои асосии истеъдоди Воҳидов зуҳур ёф-
танд: эҷодиёти актёр дорой лиризми амиқе буд ва ҳунарпеша дар
ҳар образ садои хоси мусиқии худро дарьёфта метавонист.

Образи офаридаи актёр суруде дар ситоиши ишқ ва ҷаво-
нй буд. Дар ин суруд артист ҳиссаи худ, эҳсоси ҷавонӣ, тозагй
ва бевоситагии санъати хешро илова намуд. Лиризми санъати
Воҳидов ба бозии ӯ самимият ва ҳисси гарми ботинй бахшид ва
аз ин ҷиҳат актёр тамошобинонро ба худ ҷалб намуд ва он-
ҳоро тасхир карда тавонист.

Ҳунарпеша баъди Митя соли 1962 дар асари дигари Ост-
ровский «Гунаҳкорони бегуноҳ» яке аз рольҳои душвортарини
классикаи рус Незнамовро офарид ва онро дар тӯли даҳ сол
сайқал дод.

Дар спектакли театри ба номи Лоҳутй диққати асосй на ба
зани бадбахт, ки писарашро гум кардааст, балки пеш аз хама
ба актёри ҷавони соҳибистеъдоди рус Незнамов, ки нотавонона
ҳаёт ба cap мебарад, равона шуд. Ин истеъдодро ҳеҷ кас ба на-
зар намегирад, қадр намекунад. Барой ҳамин вай дар чамъия-
ти пур аз риёкорй ва вайрони ҳамонвақта хорузор ва нобуд
шуда истодааст.

Воҳидов дар байни иштироккунандагони спектакль якумин
шуда бо кӯмаки режиссёр В. Я. Ланге чунин тафсири тозаи
ҳозиразамонро ҷустуҷӯ кард. Актёр образе офарид, ки бузург-
ҳаҷм, дорой тарафҳои нозуки психологи ва сурати нафиси саҳ-
навй буд, ифодаи хуши пуршиддат дошт. Қаҳрамони ӯ нозу-
кандом, зариф ва ҷавон буда, чеҳраи ҳузнангези ҷиддӣ, вале
нигоҳи зинда ва меҳрубононае дошт. Ин ҷавонмарди лоғари
ҷингиламӯ ба бахт ва одамгарии ҳақиқй боварй дорад, қалби
пурҷароҳати ӯ интизори навозиш аст. Вақте ки Кручинина ба
қисмати ӯ дахолат мекунад, вай мутаассир гашта, тағьйир меё-
бад.

Незнамови Воҳидов ба меҳмонхонаи Кручинина беилтифо-
тона зада медарояд ва айби худро ҳис карда бо ҷасорати сох-
таю густохй дӯғу пӯписаро пеш мегнрад. Кас дар чеҳраи ло-
ғару ҷафодидаи ӯ, дар дастони ноором.ва оҳанги маҳзуну но-
боваронаи гапзаниаш осори ранҷиш, мусибату азиятро пай ме-
барад. Қаҳрамони артист дар назари аввал марди миёнсоли аз
навозиши зиндагӣ бенасибмонда ва тундмизоч менамояд. Вай
аввал ба раҳмдилиҳои Кручинина бовар намекунад. Вале ҳан-
гоме ки Незнамов дар чеҳраи ин зан дилсӯзӣ ва муҳаббати
самимиро мебинад, як қувваи ғайриоддие ӯро ба сӯи ин ҷавон-

9
зани ҳалим, ростгӯй ва поктинат ҷазб мекунад. Некӯкориҳои ин
зан ба ӯ таъсири амиқе мегузоранд, он қатъият ва дағалиҳо
бартараф шуда, дар вуҷуди ҷавон дигаргуние ба амал меояд.
Дар қиёфаи ӯ як ифодаи равшанй, дар чашмонаш як тобиши
шӯълапоши ларзон, дар лабонаш табассуми хушбахтонаи пур-
ҳаяҷон падидор мегардад. Незнамови Воҳидов ба вазъияти но-
қулай афтода, аз хиҷолат чашмонашро поин меафканад, иаме-
донад дастонашро куҷо гузорад. Акнун ӯ марди миёнсол не,
балки ҷавонмарди наврасест, ки ханӯз вайрон нашудааст, ба
навозиш, меҳрубонй ва муҳаббати одами хуб эҳтиёҷ дорад. Ба-
рон ҳамин Незнамов ба тӯҳмати дар ҳаққи Кручинина бофта-
шуда дурудароз муқобилият нишон медиҳад, ба_ ин буҳтонҳо
ҳаргиз бовар кардан намехоҳад. Дар суханоии ӯ «эҳ, ваҳши-
ҳо!» ҳузну андӯҳи гароне садо медиҳад.

Пас аз ин Кручинина барон ӯ ҳамчун зани наҷиб қимат
пайдо мекунад ва ҳаргоҳ Незнамов дар бораи ӯ бӯҳтони иғ-
вогаронро бишнавад, қад-қад мепарад, оташин мешавад, дар
овозаш ҳисси изтироб ҷӯш мезанад.

Актёр «қаҳрамони боақлу тавоиои худро бо овози мулоими
махмалӣ, бо тобишҳои хушоҳанг оростааст»1. «Ба назар чу-
нин мерасад, ки ин овоз ҳама чиз — аз ғулғулаи баҳр ва ғурри-
ши ҳайвони ваҳшй то оҳанги нозуқу нафистарини баёни рози
дили ошиқу маъшуқро ифода карда метавонад,— қайд карда-
аст мунаққиди москвагй.— Ба ҳар ҳол бори нахуст дар ҳаё-
там, гарчанде бисьёр артистони номдори ватанй ва хориҷиро
дида бошам ҳам, гӯшакҳои радиоро аз гӯшам гирифта, бову-
ҷуди маънои калимаҳоро аниқ надоиистан амалан аз матни
мансур ва оҳанги дилрабои овози артист ҳаловат бурдам»2.

Незнамови Воҳидов ҳар дафъа дар аснои якбора хурӯч
кардани ҳиссиёти пурҷӯшухурӯш чорае ёфта метавонад ва дар
ин сурат худро дар ин ҷамъияти пуртазъиқ ва мунофиқон са-
бук ҳис мекунад. Гоҳо ӯ дар ин ҷамъият бо андешаҳои балан-
ди рольҳои иҷрокарда ё нақшҳои дӯстдоштааш ҳаёт ба cap ме-
барад. Ба замми ин ба рольҳои маънан баланду табиатан ба ӯ
наздик майл дорад. Инак, артист хам шуда, пушташро ба та-
мошобин гардонда, плащро дар замин кашол карда, назди
гримхонаи Коринкина суханони кадом як қаҳрамони дӯстдош-
таашро такрор мекунад. Бай дар ин муҳити хира ва ифлоси

1 Мария Седых. Таджикский театр драмы имени А. Лахути. «Театр»,
1973, № 12, саҳ. 82

2 «Советская культура», 19 июни соли 1973.

10
музофот ташнаи он аст, ки бо тамоми овоз ran занад. Ӯ коса-
хонаи сарро ба даст шрифта монологеро аз фоҷиаи «Ҳамлет»
иҷро мекунад. Дар ин дақиқаҳо истеъдоди Незнамов падид
меояд ва мо ҳис мекунем, ки чй тавр ин ҷавонмарди шоиртабъ
санъати баландро орзу дорад. Ин орзу ҳарчанд дастнорас бо-
шад ҳам, тамоми вуҷуди ӯро фаро мегирад. Ҳангоми бо овози
мулоиму хушоҳанг, тоза ва пурилҳом хондани монологи Ҳамлет
тамошобин пай мебарад, ки Незнамов лаёқати баланд до-
рад, дар паси далертарошии зоҳирии ӯ эҳсоси амиқ ва пур-
зӯре ниҳон аст. Ҳатто Коринкина ва Миловзоров ин хониши
монологро тасодуфан шунида аз ҳайрат карахт мешаванд.

Ҳамин тавр артист дар тасаввури тамошобин тақдири им-
конпазири қаҳрамони худ, боигарии маънавӣ ва лутфу назокати
рӯҳии ӯро мекушояд. Воҳидов дили бузург ва пурҷасорати қаҳ-
рамони худро, ки ҳаёт, сарфи назар аз синну солаш, барвақт
хирадманд кардааст, нишон дод. Дар саҳиае, ки Коринкина
дӯстии «самимонаи» худро таклиф мекунад, вай худро хандао-
вару ноҳинҷор ҳис менамояд. Нёзнамов мехоҳад дар назди ин
хонум иззату эътиборашро нигоҳ дорад, вале боиси мазоҳ ме-
шавад. Ва дақиқае нагузашта, вақте ки маҷбур мешавад аз
«ҷамъият» ноумедй, ранҷиш, дарду ҳасрати худро пинҳон ку-
над, вай оҷизу бадбахт менамояд. Незнамов навакак дар саҳна
беқаророна ҳаракат дошт. Акнун якбора меистад, хомӯш ме-
шавад, ба атрофи худ ниҳонӣ назар меафканад ва дар оғӯши
фикру андешаҳои хеш ғӯтта мезанад.

Воҳидов дар интиҳои спектакль монологи Незнамовро бо
табассуми _аҷибе мехонд. Тарҷимаи матн актёрро қонеъ
намекард. Ӯ назди нависандаи забоншинос Раҳим Ҳошим, ки
нисбат ба он кас эҳтироми зиёде дошт, рафт ва хоҳиш намуд, ки
монологи машҳури Незнамовро аз нав тарҷима кунанд. Ин мо-
нолог дар иҷрои артист нисбат ба чамъияте, ки дар он қаҳра-
мон мезист, эътироз ва даъват набуда, балки ифодаи тааччуб
ва изҳори нофаҳмии маънои ҳамон зисту зиндагиест, ки ин
чамъият ба cap мебарад.

«Оҳанги ороми сухаиони Незнамов беҳудагй ва бемаъногии
хаёти одамон, ҳамаи ин дудукинҳо, миловзоровҳо, коринкина-
ҳоро, ки уро иҳота кардаанд, таъкид мекунад»1,— дуруст қайд
карда буд мунаққид Л. Елисон дар рӯзҳои сафари ҳунарии
театр ба Москва июни соли 1973.

1 Л. Елисон. Возможности коллектива, «Театральная жизнь», 1973, № 18,
саҳ. 26—27.

И
Незнамови Воҳидов дар аввал модараш будани Кручинина-
ро сарфаҳм намеравад, дақиқае чуръат накарда дар ҳайрат
мемонад, ба бахти худ бовар намекунад. Дар ин дам дар си-
мои ӯ ҳиссиёти гуногун барқ мезанад: ваҳм, хиҷолат, ошуфтагй,
ҳасрати навозиши модар. Боз ин ягон хатое набошад! Баъд
қиёфаи вай тағьир меёбад, мавҷи бахт чавони сарсахтро якбо-
ра ба худ мекашад. Чашмонаш медурахшанд, лабонаш аз дая-
чон меларзанд, дар як дам ҳамаи густохию бадомолиҳояш бар-
дам мехӯранд. «Ман акнун кӯдак, ман ҳоло лаззати кӯдакиро
начашидаам»,;— мегӯяд Незнамови Воҳидов бо овози пасту пур
аз муҳаббат ва худро ба оғӯши модар меафканад. Тамоми дас-
тии ҷавонро шодии ҳаяҷономез ва табассуми хушҳолонае фа-
ро мегирад. «Иҷрои ин роль,— менависад театршиноси маъруфи
Москва О. Н. Кайдалова,— аз сифати нави чараёни романтики
дар театри тоҷик, аз санъате шаҳодат медиҳад, ки бо ифодаи
мураккаби ҳиссиёт ва фикрҳои инсон, бо ҳарҷониба кушодани
олами маънавии ӯ бой гардидааст. Акнун мувофиқати изтиро-
бу ҳаяҷони романтики бо ҷустуҷӯи ҳақиқати характерҳо, бо
ифодаи чуқур ва самимонаи олами ботинии қаҳрамонҳо чизи
асосй гардид»1.

Баҳори соли 1973, рӯзҳои сафари ҳунарии театри ба номи
Лоҳутй дар саҳнаи Театри хурди Москва спектакли «Гунадко-
рони бегуноҳ» муваффақият пайдо кард ва дар баъзе лаҳзаҳо
тамошобинонро ба ошӯбу ҳаяҷон овард.. Мунаққидони пойтахт
ин таассуротро пеш аз дама бо нақши Незнамовро бо мадорати
фавқулодда иҷро кардани Водидов алоқаманд намуданд. Ондо
бо қатъият гуфтанд: «Истеъдоди М. Водидов на тандо дар те-
атри тоҷик, балки дар тамоми театри сермиллати совета зу-
дури нодире мебошад»2.

Артист қариб дар дар як спектакли нав мекӯшад, ки та-
рафдои нисбатан тозаю такрорнашудаи характера кадрамон-
доро офарад. Вай соли 1964 дар «Ҳуррият» ном драмаи таъри-
хию инқилобии Ғ. Абдулло роли разведкачии англис полков-
ник Бейлиро иҷро карда, мадорати худро дар офаридани об-
раздои одамони бақувват, доно, доираи кору амалашон васеъ,
одамоне, ки гуфтан мумкин аст, датто бо дузури худ ба рафти
водеадо таъсир карда метавонанд, ошкор сохт. Актёр симои
душманро бо тарзи тамоман нав офарид. Ҳатто бозии Води-
дов аз дигар иштироккунандагон фарк мекард ва ин фарқият

1 О. Н. Кайдалова. В театрах братских республик. Киев, 1977 саҳ. 183.

2 «Советская культура», 19 июни соли 1973.

12
дар чузъиёти нозуктарини рафтори қаҳрамон, тез тағьир ёфта-
ни ифодаи чеҳра ва боигарии тобишҳои овози ӯ зоҳир мегар-
дид. Бейли дар иҷрои Воҳидов душмани кордон, нозуксанд ва
маккор буда, моҳияти идеяҳои худро дониста баён мекунад. Ин
шахси миёнақади қофияаш зиёй чашмони сарду беҷило дошта,
бо ҳаракати вазнину оромаш гӯё фурӯтанй зоҳир месозад. Am-
mo ӯ худро на танҳо хӯҷаини ин Осиёи Миёнаи «ваҳшӣ», балки
тамоми рӯи замин мепиндорад. Гоҳ ӯ бо чашмони тезнигоҳ ва
зеҳни расо вазъиятро тез месанҷад, шаъну эътиборашро нигоҳ
дошта, ғайрату ҳаракати худро бо ақли кунҷков ва истеҳзои
ботинй ифода мекунад. Чеҳраи қаҳрамони Воҳидов гоҳ ранги
мағрурй, гоҳ диққати ҷиддй, гоҳ хашму ғазаб ва гоҳ ифодаи
ҳиллагарона мегирад. Ин чеҳраи одами боақле буд, ки дар
вазъияти душвор ва пуршиддат ниқоби худро устокорона иваз
карда меистад.

Лаҳзаи кульминадионии спектакли «Ҳуррият» вохӯрииМ. В.
Фрунзе бо сардори дастаи калони босмачиён қурбошй Мада-
минбек ба шумор меравад. Дар як тараф, дуртар аз одамон,
Бейли—Воҳидов истодааст. У дар музокира иштирок надорад,
таиҳо баъзан луқма мепартояд ва боз хомӯш мегардад. Ва-
ле Мадаминбек ҳозир будани ин касро ҳис мекунад, ба ӯ
бо гӯшаи чашм менигарад ва аз нигоҳи тезу каме тамас-
хуромези резиденти англис беихтиёр рӯ метобад. Дар нигоҳи
полковник, дар ин пайкаре, ки гӯё ба ҷаҳидан тайёр аст, ким
кадом афсуне ҳис карда мешавад. Бейли дар иҷрои артист
душмани ҷиддй, хавфнок, яке аз онҳоест, ки М. В. Фрунзе ба
муқобилашон мубориза мебарад.

Соли 1965 барои Воҳидов имконият пайдо шуд, ки образи
қаҳрамони муосирро офарад. Вай дар мазҳакаи драманависи
озар М. Иброҳимов «Духтари саҳрой», ки дар саҳнаи театри
академй бѳ номи «Бунафша» гузошта шуд, роли писари эркаи
профессор Воҳидро ичро кард.

Дар ин спектакль духтари шӯхи қишлоқй Бунафша ба худ
мақсад мегузорад, ки моҳияти_ мещании писари худписанди
профессорро масхара намояд. У бо ин мақсад дар назди ҷа-
вонмард ролҳои гуногунро бозй мекунад: гоҳ дар симои деҳ-
қондухтари шармгин, гоҳ тракторчии шӯху хушвақт, гоҳ артист-
каи таниоз пайдо мешавад. Маҳмудҷон Воҳидов дар ин лаҳ-
заҳои табдилшавии Бунафша, ки ба амали саҳна тундутезй,
серҳаракатй ва ҳатто бадеҳагӯй мебахшиданд, образро аз ҷи-
ҳати психологй кушода, фикру андешаи қаҳрамони хешро та-
вассути рафтори ӯ инъикос намуд.

Артист чавонмарди нозукқоматро тасвир кард, ки вай дар

13
тан шиму камзӯлчаи сафед дошта, басо олуфта менамуд, худ-
бовару бекорхӯҷа буд, кайфу сафоро дуст медошт. Дар айни
замон вай болаёқату хушвақт ва мисли бача лоқайд буд, ҳатто
некӯкор менамуд.

Ҳунарпеша образи ҷавонмардро оддию содда, ҳамчун сти-
ляга ё худ шахси вайрон шуда тасвир накардааст. Дар ӯ сабу-
кй, бодигй, ҳатто рафтори лоуболона мушоҳида гардад ҳам,
ақл, маданият, самимияти эҳсос ҳис мешуд. Қаҳрамони Воҳи-
дов одаме буд, ки ҳоло дар ҳаёт роҳи худро наёфтааст, булҳа-
вас, андаке хаёлпараст аст. Беҳуда нест, ки вай сӯи ҳаёт, сӯи
одамон мешитобад ва нисбат ба ҳама чиз ҳавасманду кунчков
аст. Барой ҳамин ҳам серҷастухез буда, ҳамеша дар ҳаракат аст.

Яке аз саҳнаҳои хуби тамошо «Мушқапак» ном дошт. Дар
ин саҳна Бунафша дар иҷрон Т. Абдушукурова худро артистка
Наргис вонамуд карда, Воҳидро маҳву мот мекунад. Духта-
рак чавонмардро номаълумакак ба он меравонад, ки вай си-
фатҳои зиёй, «санъатшиносии» худро таъкид намояд ва баъди
тамошо зуд ба шавқ омада, таассуроти хешро шодиовар изҳор
намояд.

Вақте ки Бунафша мӯи ориятии худро аз сараш мегирад,
қаҳрамони Воҳидов дақиқае карахт ба ӯ менигарад. Дар қиё-
фаи ҷавонмард ҳайрат, ҳисси афсӯсхӯрй аз хатоҳои содиршу-
да, табаддулот дар шуур, фикри минбаъд бо кадом роҳ раф-
тани ӯ хонда мешаванд. Воҳидов дар ин нақш зоҳиран ва бо-
тинан дилкаш ва дилчасп бошад ҳам, дар қаҳрамонаш сифат-
ҳои хандасор шудани ӯро дарьёфта тавонист. Юмори вай му-
лоим ва беозор буд.

Соли 1966 рӯзҳои ҳафтаи адабиёти тоҷик дар Озарбойҷон
Воҳидов ин ролро дар спектакли театри ба номи Азизбекови
шаҳри Боку «Духтари саҳроӣ» бозй кард ва комьёбӣ ба даст
овард. Ичрокунандаи роли Бунафша артисткаи халқии СССР
Окума Қурбона ва шарикони ӯ ба забони озарӣ, аммо санъат-
кори тоҷик ба забони модарии худ ҳарф заданд. Монеъгарии
забон халал нарасонид. Дуэти устоди мумтози саҳнаи озар ва
актёри ҷавони тоҷик хушифода ва мароқангез буд.

Дар ҳашт-нӯҳ соли аввали кор дар театр ба ғайр аз Бейли
аксарияти қаҳрамонони Воҳидов (Митя, Ромео, Незнамов, Қас-
сио, Моцарт) мисли ӯ чавон буда, дар гирдоби ҷовидонии ҳаёт
ғӯта мезаданд. Бежан ҳам («Бежан ва Манижа»-и Ҳ. Хушги-
нобӣ, 1970) аз ҳамин қабил буд. Воҳидов ин рольро сарфи на-
зар аз камни материал, мувофиқи анъанаи романтикӣ бо ҳаро-
рати баланд бозй кард. Ҷияни Рустами достон Бежан дар иҷ-
рои ӯ ҷавонпаҳлавони хуршедсимою хушқадду қомат, беан-

14
доза зебо ва босавлат буд. Бадани артист қаишу печон, эҳсо-
сащ фаровон ва ҳаракатҳояш чусту чолокоиа буд. У бо чашмо-
ни пурнавозиш ба Манижа менигарад, бо овози мулоимй дил-
каш ба ӯ суханони меҳрангез мегӯяд. Дар авҷи роль, дар саҳ-
нае ки Бежан аз хиёнат даст мекашаду ба шоҳ ҷавоби тан-
беҳомез медиҳад, овози пурэҳсоси Воҳидов хурӯҷи пай дар паи
эҳсосоти амиқро ифода мекунад, ки он сифатҳои характери ӯ —■
шаъну эътибор, нафрат, ватандӯстй, поктинатӣ ва комилии ах-
лоқи яке аз беҳтарин фарзандони халқро ииъикос менамояд.
Воҳидов кӯшиш кард, ки дар симои ин паҳлавони ҷавон сифат-
ҳои беҳтарини инсонй ва қаҳрамони ҳақиқии халқро тачассум
намояд.

Агар дар роли Бежан актёр сифатҳо.и наҷиби зоҳирии худро
намоиш дода бошад, дар роли Азиз рӯҳи бузурги инсон, ода-
ми ботинии он ба гуфтор омад. Пайкари ӯ дар роли Бежан ба
назар салобатнок менамуд, дар роли Азиз аз «Дузл» («Ҷанги
тан ба тан»)-и М. Байҷиев борику бемадор ва хурду назарно-
гир буд. Афту андомаш ҳам безеб, эҳтиёткорона қадам мегу-
зорад, гӯё аз қадами қатъй ва дилпурона меҳаросида бошад.

Ҷавонмард ба март маҳкум аст ва аз ин хабар дорад:
чашмонаш аз ин гувоҳй медиҳанд. Онҳо беандоза ҳузновар ва
ҳасратноканд. Ammo тамоми асрори дил, рӯҳ, ҷаҳони ботинй,
ҳаёти вай дар нигоҳҳои оқилонаву навозишкоронааш ифода
мегардад ва кас зиштрӯй будани ӯро ба зудӣ фаромӯш меку-
над. Ин марди лоғари ба ғоят нарму батамкин маънан бой
аст. Бинобар ин дуньёи дилрабой, назари гарми ӯ, ки ҳаме-
ша ба одамони гирду атрофаш афканда шудааст, дили ҳам-
сӯҳбатонашро тез ба худ мекашад.

Азизи Воҳидов умри кӯтоҳе дида бошад ҳам, зиндагии сар-
баландонае гузаронидааст ва ҳоло пеш аз марг афсӯс намехӯ-
рад. Аммо одамон баъди марги ӯ чи хел мезиста бошанд? До-
нистани ин чиз барои ӯ басо мароқангезу муҳим аст. Чунки аз
ин олам бо дили пурҳасрат рафтан намехоҳад, намехоҳад бидо-
над, ки одамон ба қадри қурбон шудани ӯ намерасанд.

Дар «Дуэл» ҳамагй се қаҳрамон амал мекунад. Дар мар-
кази диққат Нозй ва баъд Искандар. Азиз_ ҳамчун насиҳат-
гар, ҳамчун тимсоли некй тасвир ёфтааст. У аслан барои он
даркор аст, ки ба Нозй роҳи зиндагиро фаҳмонад. Ин харак-
тер камҳаракат буда чандон инкишоф намеёбад, ягон асрори
ниҳонӣ ҳам надорад, ки актёр калиди онро ҷӯяду бозьёфти
эҷодй ба даст орад. Аммо ҳунарвари бориксанҷу дурандеш Маҳ-
мудҷон Воҳидов аз роль, ки ба ягон театр муваффақияти дуруст
наовардааст, он чизеро ба даст овард, ки аз имкон берун аст.

15
У ғояи асарро аз будааш амиқтар ифода карда, қаҳрамогш
худро водор месозад, ки дар саҳна чун марди комил ?ян-
дагй ба cap барад, ба изтиробу ҳаяҷон ояд, дилгармшо ма-
тонат, принципнокию рӯҳбаландй зоҳир кунад.

Қаҳрамони Воҳидов зиёии наҷибест, ки бо худдорй ва оро-
мй ran мезанад. Фақат табассуми мулоим, баланд шудани овоз,
ё худ папироскашй дар дақиқаҳои дйлтангй тағйир ёфтани ҳо-
лати ӯро ошкор месозад.

Азиз дар болои кунда химчае ба даст нишаста, суханони
Нозиро, ки дар хусуси чи тавр ба доми Искандар афтодаии
худ ran мезанад, бо диққат гӯш мекунад, мошини сабукрави
онҳоро маънидорона аз назар мегузаронад. Тақдири талх ва
зиндагии бемаънии ин духтар, ки ба роҳи хато даромадааст,
ӯро ба фикру хаёл мебарад. Вай ҷиддитар шуда, химчаро, аса-
бонй давр мезанонад, ба ғазаб меояд.

Дафъаи дигар Азиз бозичаи маймуиро бар дӯш бардошта
бо рӯҳи бардам меояд, онро роҳ мегардонад. Сонй аз як дасти
бозича худаш ва аз дасти дигараш Нозй дошта, алвонҷ меди-
ҳанд. Азиз каме шармида, чашмонашро ба замин дӯхта, аз бах-
ти бадфарҷоми худ паст-паст ва канда-канда ran мезанад. Баъд
чароҳати қалбашро пахш карда, дуди тамокуро чуқур-чуқур
фурӯ мебарад.

Дафъаи охир Азиз назди Нозй дар либоси беморхона меояд.
Ранги рӯи ӯ сап-сафед кандааст. Нохост сараш чарх мезанаду
ба замин менишинад. Нозй дар атрофи вай мисли парвона давр
.зада, дарду ҳасрат мекунад ва рӯи зонуҳояш афтода, аз пищи
худ иисбат ба ӯ ҳарф мезанад. Азиз ӯро оғӯш мекунад. Ҳис
карда мешавад, ки вай хушбахт аст. Вале бахт хеле дер омада
аст, ғаму андӯҳи вай бепоён аст.

Қаҳрамони дигари Воҳидов Мамбет, ки образи ӯро актёр
соли 1974 дар «Қуллаи Фудзияма»-и Ч. Айтматов ва Қ. Муҳам-
мадҷонов офаридааст, аз ҷиҳати боигарии маънавй ба Азиз наз-
дик аст. Дар ин роль ҳам ҳунарпеша шакли тундутези зоҳири-
ро ҷустуҷӯ накарда, дикдати асосиро ба сухан равона кард,
маънои чуқур ва тобишҳои гуногуни оҳанги онро дарьёфт. Мам-
бет дар .иҷрои Воҳидов зиёии миёнсоле буд, ки айнак дораду
ба зонуҳояш такья карда менишинад, ба баҳси дӯстонаш гӯш
андохта, ботамкин фикр меронад. Вай бо баландфикрию озод-
андешй, бо некӯкорию ғамхории худ ба инсон таваҷҷӯҳи та-
мошобинро ҷалб менамояд. Қаҳрамони ҳунарпеша аз иобакорй
ва пастии одамон оташин м.ешавад. Сӯзу гудоз дорад, ки касе
шоир Сабурро фурӯхтааст. «Ман донистан мехоҳам, ки он па-
лид кист ва чаро ин тавр кард»,— баланду қатъй ва тунду тез

16


мегӯяд Мамбети Воҳидов; поктинатй ва принципнокии худро
ошкоро зоҳир мекунад ва тамошобин симои одамеро мебинад,
ки рӯҳ ва фикраш парвози баланде дорад ва аз дигарон фарқ
мекунад.

Дар ролҳои Азиз ва Мамбет як хусусияти хоси санъати Во-
ҳидов равшантар аён гардид. Актёр кам ҳаракат мекунад, ҳат-
то беҳуда ишорае кор намефармояд, зоҳиран сокит менамояд,
аммо ҳамеша амал мекунад, аз ӯ нури диданашавандае сӯи
шариконаш ва тамошобинон равон аст ва ин амалиёту таро-
виши ботинии ӯ касро ба худ ҷалб мекунад. К. С. Станислав-
ский актёрҳоеро орзу дошт ки «онҳо натанҳо бо сухан, овоз,
балки бо чашм, ҳаяҷони рӯҳ, нурҳои эҳсос, рағбати бепоён су-
хан ронда тавонанд»1. Константин Сергеевич актёрҳоеро мепи-
сандид, ки ҳангоми ran задан ва хомӯш истодан амал карда
метавонанд. Агар актёр дар саҳна дақиқаҳо нишаста ё худ рост
истода тавонаду дар ҳамин вақт ҳеҷ кор накунад ва тамоми та-
мошобштон ба ҳаяҷон оянду ба ҳар як ҳаракати хурдтарин,
оҳанги овози ӯ, тағьир ёфтани нигоҳҳои вай бо шиддат чашм
дӯзаид, пае «маҳз ҳамин ҳолат, ҳолати аз ҳама беҳтарии ва
зеботаринест, ки баҳри ҳамин ба саҳна рафтан меарзад»2.

Воҳидов дар роли Мамбет бе ягон ҳаракат, дар якҷо нишас-
та ё рост истода, амалиёти психологии ботинй, амалиёти фикри
қаҳрамон, ниҳоди маънавии ӯро гӯё баён карда тавонист. Ин
тариқ оддӣ, вале пурмаъно, хушифода ранг гирифтани образ
дараҷаи баланди маҳорати актёрӣ буда, техникаи аълои кас-
биро талаб мекунад ва танҳо ба устодони саҳна муяссар ме-
гардад.

Охири солҳои шаст Воҳидов барои иҷрои рольҳои барҷас-
та пурра ба камол мерасад. Мунаққидҳо дар матбуот ва
ҷамъомадҳо қайд кардаанд, ки имконияти фаровони актёр
дар репертуар кам истифода бурда мешавад, ҳол он ки ӯ
аз ӯҳдаи иҷрои нақшҳои барҷастаи классики баромада ме-
тавонад ва театри тоҷикро бе ин рольҳо ва ин хел актёр та-
саввур ҳам карда намешавад. Вале ба ҷои ин Воҳидов дар
рольҳои дуюмдараҷа ва ҳатто саҳнаҳои оммавӣ банд буд. Ӯ аз
ин беэътиноии таассуфовар ғам мехӯрд.

Аммо Воҳидов ҳамчун эҷодкори фаъол рӯҳафтода нашуд. Ӯ
мақсад гузошт, ки театри шоиронаи худро таъсис диҳад. Тав-

1 К. С. Станиславский, собрание сочинений в 8-ми томах, т. 8, саҳ. 212.

2 Архиви К. С. Станиславский, ниг. И. Виноградская, «Путь к созданию
роли», «Театр», 1978, № 10, саҳ. 25.

2— 3961

17
лиди ин театр на танҳо аз мақсади наҷиб ва ниятҳои бои эҷо-
дии ӯ шаҳодат медод, балки як навъ таънае ба роҳбарони те-
атр буд, ки ҳунарпешаи боистеъдодро дам ба дам ба камфаъ-
олиятии эҷодӣ водор мекарданд.

Аз тарафи дигар ба вуҷуд омадани театри шоирона муво-
фиқи талаб ва хоҳиши тамошобинон буд. Ҳунарпеша ба воси-
таи радио баъзан ҳамроҳи Наима Қаҳҳорова ва баъзан худаш
танҳо чорбайтҳои халқй ва рубоиёти Хайёмро мехонд. Талабно-
маи бисьёре меомад.

3 ноябри соли 1967 нахустин намоишномаи театри шоиро-
наи Воҳидов «Гуфтугӯ бо худ» барпо гардид, ки он дар асоси
рубоиёти Умари Хайём таҳия шуда буд. «Чаро ман намоишро
«Гуфтугӯ бо худ» номидам? — гуфт Воҳидов ҳангоми вохӯрй бо
кормандони Института забои ва адабиёти ба номи Рӯдакй 12
май соли 1972.— Натанҳо Ҳамлет «Ҳаёт ё мамот?» -гуфтааст.
Шоир пеш аз ҳама роҳҳои ҳаётро ҷустуҷӯ мекунад. Инсон дар
назди худ вазифа мегузорад. Вай тамоми процессҳои ҳаёти
одамро таҳлил карда баъд ба худ мегӯяд, ки ҳаёт осон нест,
Ҳаёт ё мамот?» *.

Бинобар ин дар нахустин намоишнома интихоб гардидани
рубоиёти Хайём бесабаб набуд. Ашъори ин шоири инсонпарвар
ба ҳама дастрас буд.

Воҳидов бо костюми сиёҳ, галстук ба саҳна мебарояд ва
зиёии маданй, ма'ь.лумотнок ва пешқадами тоҷикро нишон меди-
ҳад. Мана ҳамин одам тасаввур мекунад, ки чи тавр Хайём худ бо=
худ гуфтугӯ дошт. Ҳунарпеша танҳо бо баён намудани мазмуну
маъниҳои бикри ҳаётй ва фалсафии Хайём худро маҳдуд на-
гардонида, кӯшидааст, ки ба воситаи ашъори шоир ӯро ҳам-
чун инсони аз ҳар ҷиҳат қобилиятнок, ҳамчуи шахсе ки дӯст
медорад, азоб мекашад, бо шавқи тамом ҳақиқатро чустучӯ
дорад, нишон диҳад. Артист аз ашъори шоир рубоиҳоерб ин-
тихоб намуд, ки дар онҳо дарду ҳасрати шоири эътирозкору
озодфикр, руҳия ва афкори фалсафии вай ифода ёфта, фикр ва
эҳсоси барои имрӯз заруриро дарбар гирад.

Воҳидов ҳамчун актёри ҳозиразамони ҷаҳонбиниаш. пешқа-
дам, ҳамчун одами асри XX ба руҳи шоир ва фикру андеша-
ҳои ӯ чунон ғӯтавар гашт, ки тамошобин дар бозй ва хониши ӯ
овози Хайёмро шунид ва нигоҳи хирадмандонаи файласуферО'
нисбат ба ҳаёт ҳис кард. Овози актёр дам софу тоза, дам бебо-
конаю истеҳзоомез, дам иарму накӯкорона, дам хашмгинонаю 1

1 Лентаи ёддоштҳо дар магнитофон. Архиви Института забои ва ада-
биёти ба номи Рӯдакй.

18
нафратовар садо дода, симои шоиреро таҷассум мекунад, ки
фикр меронад, ҳис мекунад ва аз неку бади ин олами пурҳаво-
дис дар ҳайрат аст. Аз ин овоз самимият ва наҷобати инсонй,
ба шӯр омадани одам, устувории маънавӣ ва ҳақирию ночизии
шахсони бадкирдор ҳис карда мешавад. Аз ин овоз кас пай ме-
барад, ки шоир аз қувваи ақл ва руҳи инсон ба шавқ омада,
майлу рағбати ӯро ба ҳақиқат ва адолат тараннум мекунад.

Ин овоз дар риоя намудани вазни шеър ва низоми оҳанги
-он мисли мусиқӣ мавзуну гӯшнавоз буд. Маълум аст, ки рубои-
ҳои Хайём дорой шакли рехтаю салис, фикри равшани ҳикмат-
нок ва тарзи оддии ифодаанд.

Ҳунарпеша барои аксарияти онҳо овозҳои пай дар паи бай-
ни авҷ ва аксро мувофиқ ва садодор инти’хоб намуда, рангубо-
ри эмоционалй ёфта тавонист.

Дастони мавзуни актёр ба ин овоз ва фикррониҳо гӯё қув-
ват мебахшанд: ба тарзи ҳаяҷонангезе боло бардошта меша-
ванд, оромона дар ду паҳлӯ мехобанд, бо шиддат ба пеш меё-
занд, беҳолона рӯи пешонй гузошта мешаванд ва ҳоказо. Ин
дастҳо чун асбоби мусиқӣ ба хониши артист ҷӯр мешаванд. Дар
лаҳзаҳои пауза гоҳо нолаи торҳои нафису ҷарангосии танбӯр,
гоҳо садом таъсирбахши ғиҷҷак, даме хониши ороми оркестр,
даме оҳангҳои точикию эронй шунида мешавад. Ин мусиқй му-
ҳити эмоционалй ва обуранги миллии намоишномаро ба ву-
ҷуд меовард. Барои дар лавҳи назар акс ёфтани фикрҳои шоир
расмҳои ба миниатюра монанду образноки рассом Даврон Са-
фоев низ кӯмак расонданд.

Намоишноман Воҳидов аз қувваи эҳсоси инсон, аз ғалабаи
ҳаёт бар март ва азобу укубат, аз рӯҳи исьёнкори одам ва му-
қобилати мардонавори ӯ ба ғаму ғусса ва талхиҳои ҳаёт нақл
мекард. Соли 1974 «Гуфтугӯ бо худ» ба забони русӣ таҳия гар-
дида, шаклу мазмуии нав пайдо кард ва сайқал ёфт.

Ин дафъа Воҳидов мазмуни умумиинсонии назми Хайёмро
васеътар кушод, шоиреро нишон дод, ки оид ба неку бади ҷа-
ҳон бо диққат мулоҳиза меронад ва дар ҷустуҷӯи ҳалли муам-
моҳои печдарпечи ҳаёти инсон ва ҷамъият аст. Ороиши саҳна
манзараи буттазор, тӯрҳои печдарпечро, ки гоҳе ба қамчини
дароз, гоҳе ба гиреҳҳои тозиёна ва гоҳе ба торҳои асаб монан-
дй доранд, ба хотир меорад. Дар партави равшании ноаён, дар
сапедадами беохир ё худ шаби щирмаҳтоби бепоён дар зимни
саҳна симои Мӯсо, Исои Масеҳ, Буддо, Мона Лиза зуҳур кар-
да, ба сӯи тамошобин бо диққат ва чиддият менигаранд. Шоир
бо онҳо гуфтугӯ мекунад. Чорчӯбае, ки дар он матои сафед ка-
ннада шудааст, рамзи сафҳаи-эҷод аст ва ба сӯи худ даъватме-

19
кунад. Кӯзаи май низ аз аломатҳои риндонаи одами назми
Хайём аст. Мадмӯи ваеилаву анҷомҳои «фаъол»-и спектаклро
ҳамин чизҳо ташкил додаанд.

Мусиқии классикии тоҷик бо сурӯшҳои фалакгири муосир
(бастакор Ф. Баҳор) якдоя шуда, обуранги хосе пайдо мекунад.
Дар зимни навои сетор аз торикй пайкари одаме, ки дар даст
шамъ дорад, пайдо мешавад. У дома пӯшидааст; дар қисми ду-
юм ин дома ба костюми Ҳамлет, ки тарзи сохт ва дӯхташ басо
бетакаллуф аст, иваз меёбад. Дар ин қиёфа бо тамоми дуньё
гуфтугӯ кардан осон аст. Инак, ҳунарпеша бо ҳаяҷону изтиро-
би пурзӯре монологи худро cap мекунад:

Эй даҳр, ба зулмҳои худ мӯътарифӣ,

Дар хонақаҳи ҷавру ситам мӯътакифӣ,

Неъмат ба хасон диҳиву нақмат ба касон •—

3-ин ҳар ду бурун нест: харй ё харифй.

Рубоиҳо пай дар пай хонда мешаванд. Дар оҳанги сухано-
ни артист дарду ҳасрати ҷонсӯз, гаму андӯҳи бепоён, изтиробу
ҳаядони зӯр ва даъвати пурҳарорат барон мубориза ба муқо-
били беадолатӣ садо медиҳанд. Намоишномаи «Гуфтугӯ бо худ»
ҳамин тавр ба забони русй cap мешавад.

Актёр дар мавзӯъ ва образҳои печдарпечи назми Хайём
хати муайянеро таъкид намекунад: монолог ҳамин хел инкишоф
меёбад, ки дар он ҳам мақсади ҳаёт ва ҳам сафову кайфияти
один он васф мешавад ва тадридан гиреҳи рӯҳафтодагй ва му-
аммоҳои хушифодаи фалсафй кушода мегарданд.

Азобу машаққати эдодиёт дар тафсири актёр касро ба
ҳайрат мегузорад ва ба вадд меорад.

Қаҳрамони лирикии спектакли Воҳидов «пеш аз он ки ба са-
волҳои мӯшикофи маънии эдодиёт, ки барон ӯ бо мақсади зин-
дагй баробар қиммат аст, давоб диҳад, ҳамаи нӯҳ доираи азо-
би рӯҳиро мегузарад. Аммо ин маънии онро надорад, ки дарки
маънй дар давомоти бевосита инкишоф меёбад. Воҳидов рубо-
иёти Хайёмро аз рӯи принципи «спирали диалектикй» силсила-
бандй мекунад, ки дар айни ҳол ҳар яке аз онон дар навбати
худ ҳам давоб ва хам савол аст. Дар натидаи зиддияти савол-
хо ва давобҳо дар спектакль шиддати андешаҳо ба вудуд меояд.
Амалиёт гоҳ авд мегирад, гоҳ бозмеистад. М. Воҳидов андеша
меронад. Фикри Хайём дар хусуси фонӣ будани ҳаёти инсон ва
устувории абадият, қабули зиндадилонаи ҳастй ва дарки бе-
бақоии умри хеш бо ҳамдигар баҳри устувории ҳақиқат мубо-
ҳиса мекунанд.

Воҳидов барои он ки тамошобинро ба доираи фикрҳои қаҳ-

20
рамон чалб намояд, баромади худро дар шакли монолог бо
шиддати баҳсу мунозираи ботинки қаҳрамон ва гуфтугӯи худ,
бо худ пурра мекунад. Ҳамин тавр, спектакль аз рӯи тамоми
қоида ва қонунҳои амалиёти драматикй сурат мегирад»1.

Ҳунарпеша тақдири санъат.корони асрҳои гузаштаро бо та-
моми драматизм ва бузургии рӯҳи онон таҷассум менамояд, Ӯ
барои он ки роҳи душвори ҳақиқати зиндагии шоирро нишон
диҳад, дар рафти намоиш симои қаҳрамони худро борҳо тағьир
медидад. Вай год аз номи Актёр, ки ба тамошобинон мурочиат
менамояд, год аз номи Рассом тасвире мекашад ва год аз чо-
ниби худи Умари Хайём баромад карда, он фикрдоеро тақвият
медидад, ки дар замири дар яке аз оной ҷӯш мезананд ва мадз
силсилаи дамин фикру андешадо роли чамъбасткунанда дошта,
ғояи гуманистона ва фалсафии рубоиёти Хайёмро мекушоянд.

Артист дар пеши назари тамошобин симои санъаткоронро
офарида, иваз шудани қадрамондоро бо тагйир додани ягон
чузъи либос таъкид мекунад. У гуфтан меходад, ки одамоіт
кӯшиш доранд маънии даётро дарк кунанд. Ҳунарпеша ин хатти
марказиро аз оғоз то интидои спектакль идома дода, муноси-
бати эчодкорро ба дуньё, ки дар он зиндагй ба cap мебарад^
тадқиқ менамояд.

Инак, Водидов дар симои файласуф. Девордои хонаи ӯро
лавдадои рассомони замон ва халқдои гуногун оро додаанд. Ин
суратдо шодиди безабони азоби рудии файласуф мебошанд.
Дар ин до портрета Умари Хайём, сурати муаммоангези «Ҷо-
конда»-и Леонардо да Винчи, тимсоли пайғамбарон овехта шу-
даанд. Мутафаккир ба ондо, ки дар роди пурмашаққати дар-
ки олам бисьёр талхидоро чашидаанд, муроҷиат намуда,.
савол медидад. Ҳар як расм тавассути рӯшной алодида ни-
шон дода мешавад, аммо гуфтугӯи файласуф бо ин лавдадо
чандон тӯл намекашад. Ӯ гаштаю баргашта садифадои саволу
ҷавоби худро варақ мезанад.

Акнун қадрамони спектакль дар симои Хайём ба шодмони-
дои даёт дода мешавад, аз тандой дилтанг шуда май менӯшад
ва боз ба он дамсӯдбатони хомӯши хеш мурочиат мекунад. Баъд
қаҳрамон дар қиёфаи рассом амал мекунад. Суратдо якбора
равшан шуда, ӯро миёнагир мекунанд, наздик мешаванд ва дар
вуҷуди ӯ натандо талхидои азоби эчодй, балки шодмонидои
онро низ меангезанд, тавоноии руди инсон ва иродаю матонати

1 Н. Сорокина. Наедине с нами. «Советская культура», 1-уми июли
с. 1977.

21
одамро, ки дар зери тазъиқи мусибатҳои талхи ҳаёт қомат хам
накардааст, ситоиш мекунанд.

У даъват мекунад, ки одамон бар беадолатиҳои иҷтимоӣ
ва нобаробариҳои сохти ҷамъиятӣ бар пастйю балаидиҳои
ҳаёт ва бебақоии умри кӯтоҳ ғолиб оянд. Ӯ тавассути ан-
дешаю эҳсоси пуршӯри хеш ҳаёти ҷовидониро тараннум меку-
над.

Воҳидов ҳангоми хондани рубоиёти Хайём аз оҳанғҳои му-
тантан ҳазар мекунад: шеъри Хайём барои ӯ пеш аз ҳама шак-
ли фаъоли тафаккур мебошад. Худи рубоиҳо, ки аз ҷиҳати
миқдори ҳиҷо ва мисраъҳо баробаранд, оҳанги пурдавом пай-
до мекунанд, тактеи (пауза) байни онҳо мӯҷаз ва саршори
маънӣ мегарданд ва барои актёр асири мизони рубоиҳо шудан
хавфе намеорад.

«Ҳалқаи асосии рабти композицияи бадеии Воҳидов «Да-
ёт ё мамот»-и Ҳамлет мебошад, ки филҳол муайян мешавад. Ба
замми ии иҷрои фоҷиаи «Ҳамлет» дар асоси як навъ материали
наздики силсилаи афкор ба тарзи сатҳй ва дар танҳоии мағру-
рона нест. Ин ҷо чизи асосй — баробарвазнии афкори шоири
бузург бо ҷаҳонбинии Шекспир ва ҳамрадифии сарчашмаҳои
ғояҳост, ки панҷсад сол пеш то даҳои Шекспир тавлид ёфтаву
шакл гирифтаанд.

ІПояд барои ҳамин актёр дар спектакль тарҷимаи охиринро,
ки ба Герман Плисецкий мутаалиқ аст, истифода бурдааст. Дар
онҳо пеш аз ҳама туғьёни баланди эҳсосот ва тазоди таркиб-
ҳои мухолиф ва ҳамчунин ғиноию хушоҳангии ҳайратангези
ашъор таваччӯҳи касро ба худ ҷалб менамоянд.

«Ҳақнқат чист»? — проблемаи муҳим, масъалаи асосии ҳас-
тӣ барои Умари Хайём дар спектакли Воҳидов мебошад»1.

Идсон барои Хайём дар эҳтиросу орзуву умед, дар зиддият-
дои бепоён бузург ва зебост. Ҳаёти санъатвар, шоир, мутафак-
кир ҳам дар ҳамин олами тазодҳову мухолифат мегузарад. Ин
эчодкорон дар бораи арзиши ҳақиқӣ, ки он барои дар ин дуньёи
сароби умед ва бахти дастнорас зистан қувват мебахшад, ан-
деша ронданро ба худ раво донистаанд. Қаҳрамони Воҳидов
ҳақиқат, диалектикаи ҳаётро беқаророна дарк кардан ме-
хоҳад.

Дар спектакль боз як мавзӯъ бо диққат таҳлил ёфтааст: шо-
ир бо ақлу заковати гӯё баробар, вале дар асл беандоза пур-
қудраташ бо худо мубориза мебарад. Гирдобҳои мавзӯи назми

1 А. Иняхин. На все времена, «Театр», 1976, № 9, саҳ. 52.

22
Хайём, ҷараёнҳои қаъри он ва қабатҳои назми вай дар спек-
такли Воҳидов на ҳамеша ба дараҷаи кофӣ маҷрои асосноки
мантиқӣ пайдо мекунанд ва дар майдони эҳсоси амалиёт чан-
дон падид намеоянд. Аммо ин нуқсони таҳия ба Воҳидови ак-
тёр ғайрат бахшид ва ӯ бо табиати хоси фитрии лирикии худ
лаҳзаҳои зиёдатй, на ҳамеша фаҳмо ва аз ҳад пурмаънои режис-
серии хешро гӯё маъзур дониста, дастҷамъии таҳияву бозиро-
дар амал исбот менамуд. Зиёда аз дусад рубоиро ба забони русн
аз ёд карда, бехатою дуруст талаффуз кардан, мағз андар мағ-
зи маънои ҳар яке аз онҳоро бо сӯзи дил ифода намудан, руҳи
шоирро кушодан, талаботи маънавии тамошобинони нозуксанҷ-
ро қоиеъ гардондан қаҳрамонист.

Баъди «Гуфтугӯ бо худ» соли 1969 моноспектакли «Ватан
ва фарзандон» намоиш дода шуд. Дар ин композиция марҳи-
лаҳои муҳими ҳаёти нимасраи Тоҷикистон дар пеши назари мо
ба ҷилва меояд. Воҳидов гӯё роҳи панҷоҳсолаи адабиёти со-
ветии тоҷикро аз нав .зинда намуд. Худи ӯ гуфта буд: «Панҷоҳ
сол беҳуда нагузаштааст. Падарони мо, фарзандони онҳо баҳри
Ватан хизмат карданд, ба фронт рафтанд, фавтиданд. Дар да-
ма ҷо Ватан садо медод. Дар саҳна роҳи дуру дарозе нишои
дода шудааст. Падарони мо бо ҳамин роҳ пеш мерафтанд. Ман
мехостам, ки ҷавононро ба ҳамин роҳ даъват намоям, бубинам,
ки онҳо ба даъвати Ватан, душворй, тағйиротҳои он ҷавобаи
чй коре карда метавонанд, чи хел мутаассир мешаванд1». Агар
сарзамини тоҷикон мафҳуми васеи Ватамро дар бар гирад, об~
разҳои рехтаи иҷрокунанда рӯҳия ва корнамоии фарзандони
онро инъикос мекунад. Онҳо баробари тағйир ёфтани симои
кишвар тамоми талхию шириниҳои зиндагиро бо ҳам мечашанд..
Ватан ба мисли модариҳақиқй бо фарзандони худ ҳамбастагии
узвй дорад ва ҳастии худро дар ҳастии онҳо мебинад. Меҳри
Ватан фарзандонро ба сӯи сохтмони дуньёи нав даъват меку-
над. Садоқати фарзандон ба ватан, ки таърихи ҳаёти нимасраи
мо шаҳодати он аст, дар ашъори шоирони тоҷик васф гардида-
аст ва маҳз худи ҳамин ғояи асосии композицияи адабии Во-
ҳидовро ташкил медиҳад. Ин садоқат ва меҳру муҳаббати бе-
поён нисбат ба Ватан дар инкишофи диалектикӣ зуҳур ёфта,
ҳам дар ашьори шоироне, ки дар рӯзҳои аввали пойдор наму-
дани ҳокимияти советӣ иштирок кардаанд ва ҳам дар ашъори
онҳое, ки навакак ба шоҳроҳи назм қадам мондаанд, бо навбат

1 Лентаи ёддоштҳо дар магнитофон. Архиви Института забои ва ада-
биёти ба коми Рӯдакй.

23
садо медиҳанд. Инчунин робитаи маънавии падарон ва фар-
зандон дар муҳаббат ба ватан ифода ёфтааст. Ҳунарпеша да-
ман инро бо эҳсоси баланди гражданй ифода намуда, бузургй
ва зебоии қаҳрамонҳои худро, ки дорой қувваи бои маънави-
анд, васф мекунад.

Рольдое, ки Воҳидов охири солҳои шаст офарида буд, ба
мавзӯи шоир ва ватан қаробате доштанд. Ҳунарпеша дар спек-
такли «Қиссаи модар», ки дар асоси «Қиссаҳои Италия»-и
М. Горький офарида шудааст (инсценировкаи М. Қосимов) ро-
ли шоир Кирмониро бо диссиёти баланди лирики идро кард.
Артист марди хуштабъ ва бо ақлу хирадеро «ишон дод, ки нис-
бат ба адолат ҳисси эҳтиром ва меҳри гарме дорад. Ин ода-
ми нуронй кувваеро дороет, ки ҳар як шахеи аз маърифат дур-
ро ба худ тасхир карда метавонад. Сонй дар пьесаи драматур-
ги ӯзбек С. Азимов «Сароби хунин» нақши шоир Фиғониро офа-
рид. Ин шоири аз ватан чудогашта, дар сарзамини бегона сар-
сон аст, ва пайваста дар ёди диёри хеш раму русса мехӯрад.

Композициям «Ватан ва фарзандон», ки дар асоси порчаҳои
устокорона интихоб шудаи шеър ва ҳикояҳои шоирони советии
тоҷик С. Айий, А. Лоҳутй, М. Турсунзода, М. Миршакар, Б. Ра-
ҳимзода, Ҳ. Юсуфӣ, Қ. Киром, Ш. Мастон, Ш. Лойд эчод ёф-
тааст, ин мавзӯъро идома медиҳад. Ҳунарпеша мисли нахустин
шаби адабии худ боз дар роли драматург, режиссёр ва ягона
ичрокунанда баромад карда, чорчӯбаи муқаррарии шаби ада-
биро васеъ намуд ва кӯшиш кард, ки онро ба спектакли
лирикӣ-фалсафӣ табдил диҳад. Воҳидов барои кушодани маз-
муну мундариҷаи ин спектакль на танҳо василаҳои санъати
актёриро, балки ороиш, рӯшноӣ, мусиқй, лавозимоти эдти-
ёткорона интихоб шударо низ истифода бурд.

Саҳна парда надорад. Дар тарафи роста он, дар рӯи матои
сербари сиёҳ, ки аз шифти саҳна кашида шудааст, расми мо-
дари меҳрубон ва андак ғамгини точик намудор аст. Ин раем
рамзи Ватан мебошад. Дар тарафи чап герби республикаро ме-
бинем, ки дар рафти спектакль медурахшад. Аз канори саҳна
то интиҳои он роҳе меравад, ки гӯё якчанд қаторкӯҳҳои балан-
ди бо тумани тунук иҳоташударо бурида мегузарад. Ин род
ба Точикистон мебарад. Род одиста-одиста равшан мешавад.
Рӯшноӣ ва кӯддо, осмон ва офтоб образдои рамзии ба назар на-
моёни спектакль аст. Ҳатто вақте ки садна торик мешавад,
осмон, кӯддо, офтоб бардам намехӯранд, чунки ондо дар
қалби писан, дар чашмон ва суханони он чӯш мезананд. Рави-
ши даёт, ки бо хати мунтазами фикр дамоданг аст, дамеша дис
мешавад. Одаме, ки дар китф борхалта дорад, одиста-одиста

24
аз роҳрави зали тамошо гузашта, ба саҳна мебарояд, меистад,
ба кӯҳҳо назар меафканад, сонй ба мо рӯ мегардонад. Ин фар-
занди тоҷик аз сафар ба ватам баргаштааст ва дар пеши наза-
ри ӯ манзараҳои гузаштаи халки ӯ ҷилвагар аст.

Хониши шеъри М. Турсуизода «Ганҷинаи сурудҳо» бешитоб,
равон, мисли сарахбори оҳиста-оҳиста авҷгиранда cap меша-
вад. Ин шеър дар ҳаққи Рӯдакй, Ибни Сино, Фирдавсй, дар
ҳаққи онҳое, ки ганҷинаи илму маърифатро буньёд сохтаанд,
муҳофизат кардаанд ва аз байни рӯзгори торику вазнини аср-
ҳои миёна гузаронида то рӯзҳои мо оварда расондаанд, нақл
мекунад. Сарнавишти фоҷиавии хирадмандону равшандилони.
пешина актёрро ба ғаму ғусса меандозад.

Ҳунарпеша дар композицияаш порчаҳоеро интихоб карда-
аст, ки дар онҳо садои пурэҳтироси қалби инсон, ҳиссу ҳаяҷони
пуршӯри ӯ, фикру андешаи беқарори вай ба тариқи монологи
яклухт баён меёбад. Марсияи С. Айнӣ ба кушта шудани баро-
дараш Сироҷиддин дар иҷрои артист як лаҳзаи пурфоҷиаи ҳаё-
ти замони гузаштаро ба хотир меорад.

Саҳна торик мешавад. Аз дур овози баланди ҷарангосӣ ва
буррои тиловати қуръон шунида мешавад. Ин овоз касро сеҳру
ҷоду мекунад. Воҳидов ҷома дар бар бандаи фармонбардореро
тасвир менамояд, ки мутеъона каломи пайғамбарро мешунавад.
Овози муаззин паст мешавад, ба ҷои он садои қамчин ба-
ланд мегардад. Бандаеро қамчинкорй мекунанд. Ин дам
абрҳои сиёҳ осмони хираро фаро мегиранд. Садои қамчин
хомӯш мешаваду бандаи ранҷида оҳиста-оҳиста сарашро боло
мебардорад ва аз ҳасбиҳол, дарду аламаш гӯё ба худо, ки ба вай
ин қадар ғам, кулфат ва азоб фиристодааст, шикоят мекунад.
Вале ба ин ҷасорати ӯ боз ҷазоеро раво мебинанд. Боз тилова-
ти қуръон cap мешавад. Садои қамчин ин дафъа сахттар шу-
нида мешавад. Ин садо ҳатто овози хушоҳанги қуръонро пахш
мекунад. Банда базӯр тоб меорад, ба зону меғалтад. Боз сатр-
ҳои марсия садо медиҳанд. Банда дар паноҳи худо ҳақиқат ме-
ҷӯяд, вале умедашро аз шафқату адолати ӯ меканад, оқибати
илтиҷоҳои бесуди худро мефаҳмад. Акнун дар овози банда мо
суханонеро мешунавем, ки ба тамоми қабоҳат ва разолати сох-
ти аморати Бухоро, ҳамчун ҳукм садо медиҳанд.

Ҳар мисраи бо оҳанги қатъӣ хондаистодаи Воҳидов туғьёни
ҳаяҷони одам ва таъсири шикояту эътирози ӯро меафзояд.
Мисраъҳои оташин ин дафъа овози боз баландшудаистодаи
қамчинкориро пахш мекунанд, тавоноӣ ва ҷуръат пайдо карда,,
ба он зулму шиканҷа ва азоби машаққатҳо нафрин мехонанд.
Асири хаста ва маҷрӯҳ, асири дар ин ҷанги нобаробар беҳол

25
ва мағлубгашта рӯ ба замин меафтад. Овози қуръонхонй аз нав
баланд гашта, гӯё фиғони даҳшатангези асирро пахш менамо-
.яд. Аммо ӯ бо як истодагарию азму иродаи мағлубнопазир аз
нав қомат рост мекунад. Мисраъҳои охирини марсия бошиддат
ва қатъӣ садо дода, бо оҳанги драматикии мусиқии симфонй
дамроҳ мешаванд.

Акнун гӯянда аз номи одаме сухан меронад, ки ба мубори-
за бархестааст. Дар пеши назари мо образи ҳамон камбағале
падидор аст, ки барон озодӣ ба даст аслиҳа гирифтааст. «Мо
камбағалонем ба ҳар гуна баҳона, аз дасти замона...» гӯён ар-
тист ба хондани шеъри дигари устод С. Айнй ҷиддй, бурро ва
бо оҳанги қатъӣ шурӯъ мекунад. Дар саҳна овози инсоне, ки
асрдои аср ҳуқуқи худро намефаҳмид ва акнун ба мубориза
бархестааст, бо шиддат ва эҳтироси тамом садо медиҳад. У
рост ба мо менигарад ва мо дар нигоҳи ӯ тавоноию ҷасоратро
дис мекунем. Хонанда лаҳзае ғоиб шуда, аз нав милтиқе бар
китф пайдо мешавад. Акнун ин образи фарзанди Ватан мебо-
шад, ки баҳри озодии диёри хеш раҳсипор аст.

Ин лавҳаи публицистиро лирикаи ҳазин иваз мекунад. Сад-
наро хониши паррандаҳо, садои ҷӯйчаҳои сероб, бӯи табиати
.зиндаи кӯҳсори тоҷик, ки ба монанди баҳор соф ва беғубор аст,
фаро мегирад. Хонанда «Баҳор, боз омадй? Биё! Мардабо!»—
тӯён бо дастони кушод сӯи кӯҳҳо мешитобад. Ҳунарпеша рӯи
сабзадои навхез зону зада, таърихи фочиавии як баҳори қад-
рамони лирикии хешро, ки падари ӯро рабудааст, накл меку-
над. Аз сухаиони ҳузнангез ва оҳангҳои дилхароши нақли ӯ
манзараи фочиавии зиндагии кӯдаки бегуноҳе пеши назар чил-
вагар мешавад. Рӯзҳои ширини айёми бачагии ӯро бои золими
деҳа — мӯйсафеди одамсурати ҳайвонтабиат, шахси дилсахту
бераҳм дуздидааст. Симои қаҳрамонро даме ноумедй ва даме
ғаму русса фаро мегирад, овозаш аз ҳаяҷон меларзад. Аммо,
ин ҳама ёддоштдоянд, ки дигар такрор находанд гашт. Ҳоло
замони нав фаро расидааст, «Биё бадор, дӯстам бадор!» —
навозишкорона хитоб мекунад фарзанди Ватан бо дили кушод
ба сӯи табиати зебо. Мо дар суханони шиддатноку чарангосй
ва қиёфаи пурнури ӯ насими хуши даёти нав, иқтидору таво-
ноии инсонро, ки ӯ модияти зиндагиро дарк намуда, бадри мед-
нати эчодкорона ба илдом меояд, дис мекунем.

Актёр дар санъати тачассум мадорати баланд дошта,
симои фарзанди Ватанро дар даврадои гуногуни таърихй мео-
фарад. Мо ӯро дар қиёфаи ҷавоне мебинем, ки каланд бар китф
дорад ва аз суханронидояш саъйи буньёдкорони солдои 30-юм
бармеояд. Аз дур садои симфонияи дафтуми Д. Шостакович,

26
пойкӯбии немисҳои истилогар хабари нохуши ҷангро меорад..
Каланд бо ярок иваз мешавад. Ҷавони лис оси низомипӯше ав-
томат дар даст бо қадамҳои бардам ба саҳна мебарояд. Ӯ рӯ~
барӯи сурати модар ба зону зада, ба номи Ватан савганд ёд
мекунад ва ба майдони муҳориба мешитобад.

Мо бо ҷанговари собиқ, ки дар даст асо дорад, каме мелан-
гад ва аз афти кор навакак аз госпитал баромада соҳили Днепр
омадааст, вомехӯрем. Нишонҳои сари синаи ӯ аз диловарию
корнамоиҳои ҷангиаш шаҳодат медиҳанд. Ҷанговари тоҷик ан-
дешамандона тамоку мекашад ва бо мавҷҳои Днепри азим, ки,
ба он хотираҳои ҷанги шадиди чанде пеш рӯй дода вобаста
аст, гуфтугӯ мекунад. Ӯ ҳамдиёри худро ба хотир меорад, ки
ҳангоми гузаштан аз дарьё ҳамроҳи дусад нафар ҳамяроқон
буд. Аз онҳо танҳо панҷ кас зинда монд. Ҳамдиёри ӯ ҳам дар
ин муҳорибаи нобаробар ҷон бохт. Воҳидов як порчаи калони
достони М. Қаноат «Мавҷҳои Днепр»-ро бешитоб, нарм мехо-
над. Дар савтият ва фасоҳати шеъргӯии ӯ андешаи вазнини
қаҳрамонй, воқеаҳои пуршиддати рӯзҳои ногувори ҷанг, хотирам.
дӯстони ба чон баробар ҷилвагар мешаванд. Артист ғаму ан-
дӯҳи қаҳрамони худро бо самимияти баланд ва ҳаяҷони пӯр-
изтироб ифода мекунад ва аз чашмонаш қатраҳои ашк мере—
занд. Оҳанги нафис ва дилошӯби як порчаи симфониям 11-умн.
Д. Шостакович маҳин садо медиҳад. Ҷанговар асо дар даст
роҳи Ватанро пеш мегирад.

Ба ҳамин васила саҳнаҳо паи ҳам гузашта, ҳар яке асрорн
дили фарзанди Ватанро ба мо мекушояд. Мо бо ӯ боз вомехӯ-
рем. Фарзанди Ватан аз кишвари дур ба хона баргаштааст. Чеҳ-
раи ӯ аз шодй барқ мезанад, бӯи хоки Ватан ӯро ба илҳом мео-
рад. Ҳамдиёрон бо карнаю сурнай писари кишвари худро пеш-
воз мегиранд.

...Студенте аз кадом донишкадаи дурдаст ба диёри худ боз
омадааст. Дар як дасти ӯ чомадон ва дар дасти дигараш банди:
китобҳо. М. Воҳидов шеъри Шералй Мастонро мехонад. Дар
ин саҳна нисбат ба Ватан чй қадар дилгармӣ, меҳру муҳабба-
ти бепоён ва шавқу эҳтироси пурзӯр изҳор меёбанд. Овози дил-
нишин, форам ва печони артист, ки бо боигарии тобишҳои оҳан-
гй ва бағоят равон будани худ касро мафтун менамояд, дар ин
саҳиа басо мусаффо буда, ғайрати пурҷӯши ҷавонӣ ва некби-
нии наели навраси моро ифода мекунад ва ба дил як ҷаҳон
шавқу сурур мебахшад. Артист дар шеърхонй на танҳо маънои
асарро барчаста ифода мекунад, балки кӯшиш менамояд, ки ин
маъно бо қарзи мукаддаси инсонй ва ҳисси гражданин қаҳра-
мони лирики омезиш ёбад. Аз ин рӯ, дар хониши М. Воҳидов,.

27
теш аз ҳама, олами ботинии қаҳрамонҳои бешумор ва андешаю
эҳсосоти онҳо ҳаматарафа кушода мешавад. Артист дар тачас-
суми симои ҳар як қаҳрамон ду-се ҳаракати хос, тарзи рафтор
ё имею ишораеро ба кор мебарад, ки филҳол шахсе дар лавҳи
тасаввур меояд. Ҳар як образи лаҳзаинаи ҳунарпеша дорой
лиризми амиқ ва шеърияти дилкашест.

Ҳамчун режиссёр М. Воҳидов спектакли худро, кайфияти
қаҳрамонҳояшро бо ёрии рассом М. Мухин ва мураттиби муси-
қӣ Қ. Раҷабов ба вучуд овардааст. Порчаҳо аз асарҳои мӯ-
ҷазу пуртаъсири бастакорон Д. Шостакович, С. Рахманинов,
30. Тер-Осипов, Ф. Одинаев, С. Юдаков, С. Урбах, Е. Сабзанов,
И. Акрамов хеле бамаврид ва мувофиқ афтода, ҷиҳатҳои эмо-
дионалии снектаклро.қувват медиҳанд.

Вақте ки кас як актёрро қариб ду соат дар саҳна дида аз
шеърхонии ӯ дилгир намешавад, баробари ӯ ба ҳаяҷон меояду
дастии хешро фаромӯш мекунад, дар он сурат ба қадру қи-
мати ин ҳунарпеша мерасад. Сеҳру эъҷози санъат ва бузургии
санъаткор ҳам маҳз дар ҳамин аст. Мо шоҳиди чӯши илҳоми
самимона ва хурӯчи эҳтироси пурҳаяҷони Воҳидов мегардем.
Ҷараёни фикр ва изтироби рӯҳи ӯро ҳис мекунем, ки ба воси-
таи сухан ифода меёбад. Суханҳо тӯтивор ҳифз нашудаанд,
балки аз қаъри дил бармеоянд. Шеърҳои кайҳо хонда ё шуни-
даи мо гӯё нахустин бор садо медиҳанд, маънои нав ва шакли
тоза пайдо мекунанд. Воҳидов дар «Ватан ва фарзандон» ман-
зараи аз ҷиҳати эмоционалӣ пуршиддат ва мантиқан инкишоф
ёфтаистодаи ҳаётро меофарад, ки дар он образҳои шоирона
умумияти фалсафй пайдо кардаанд.

Ин хусусиятҳо дар моноспектакли маизуми «Ишқи зиндагӣ»,
ки соли 1971 дар ҷашни 650-солагии рӯ.зи таваллуди шои-
ри бузурги асри XIV Ҳофизи Шерозй таҳия шуда буд, боз
ҳам бештар зоҳир шуданд. Дар ин намоишнома ҳам Воҳидов
чун муаллиф, режиссёр ва ичрокунанда баромад кард. У хан-
гоми таҳияи ин асари саҳнавии манзум ба душвориҳо дучор
омад. Дар бораи шахсият ва ҳаёти шоир маълумоти кофи на-
буд. Ғазалҳои ӯ пояи мустаҳками сюжетӣ надоранд. Бо вуҷуди
ин ҳунарпеша ба ашъори Ҳофиз такья намуда, олами маъна-
вии ӯро дарк намуд. Артист дар зимни истилоҳҳои рамзин
«гул», «булбул», «май» ва ғайра дарди дили шоир, шӯри-
дахотирй ва афкори зиддизамонавии Ҳофизро баръало ҳис-
намуд ва басо устокорона ифода кард. Ҳофиз дар ичрои Воҳи-
дов баъзан ноумед шуда, илоҷи халосиро наёбад ҳам, пайваста
дар ҷустуҷӯи он аст. Шакли театрие, ки артист интихоб намуд,

28
ба ашъори Ҳофиз наздик буд ва ғазалиёти уро ба тамошобини
имрӯза дастрас менамуд.

Баъди эпиграфа спектакль дар иҷрои ҳофизи хушилҳон
Барно Исҳоқова суруде шунавонида мешавад. Ин овоз овози
модарзамин, овози шоир аст. Аз боло пардае мефарояд. Дар
рӯи он сурати паррандаи бахт — симург кашида шудааст. Си-
мурғ парвоз дорад ва дасти инсон сӯи он дароз аст. Парда бо-
ло мешавад. Дар пеши назари мо бинои гунбаздори азиме па-
дидор мегардад, ки се дари танг дорад. Аз паси ин дарҳо роҳ
рафтани Ҳофиз маълум шуда меистад. Аз дунболи ӯ раққосае
равон аст, ки рамзи илҳоми шоир аст.

Тоҷикон дар гузашта одате доштанд: ба қабристон раф-
та, гириста, гӯё ки пок шуда бармегаштанд. Ҳофиз ҳам мувофи-
қи ин анъана ба гӯшаи тамаддуни ба дами нестӣ расида — ба
кӯи харобот ва вайронаҳои сутуну пайкараҳои мӯҳташами Тах-
ти Ҷамшед омада, арзи дил мекунад. Ҷуз сутунҳои қасрҳои вай-
ронгашта дар гӯшае абулҳавл‘сӯи осмон бо ғурур cap афрох-
тааст. Ҳофиз ба ин харобаҳо сари таъзим фуруд меорад. «Со-
қинома» бо ҳарорати том ва эҳсосоти амиқ тавлид меёбад, ки
он абадияти тамаддуни башарй ва қудрату тавоноии инсонро
васф менамояд.

Мисраъҳо ба охир мерасанд ва суруд cap мешавад. Он ҳам
чун акси садои шеърҳо ба гӯш мерасад. Боз шеърҳо садо ме-
диҳанд. Шоир даме дар хусуси ишқи зиндагии хеш сухан ме-
ронад, даме ба зебоии он маҳду сано мехонад, даме назди со-
ҳибҷамоли моҳталъат, ки дар симои ӯ раққоса аз паси сутун
бо ҳаракати нарми андоми зарифи худ пайдо шуда, рӯҳи шеъри
Ҳофизро эҳсос мекунад, ба зону афтода гарму ҷӯшон изҳори
ишқ менамояд.

Пояи яке аз сутунҳои вайрон шуда гӯё ба мизи кории шоир
мубаддал мегардад ва мо Ҳофизро дар дами андешаҳои эҷодӣ
мебинем. Мисраъҳо орому равон, аммо лирика оҳиста-оҳиста
оҳанги истеҳзоомез мегирад. Норизой аз номукаммалию ноба-
робариҳои ҷамъият, носозгориҳои он оҳиста-оҳиста авҷ гирифта
ба эътирозу мазаммат, хашму ғазаб ва тамасхури заҳрдоре
табдил меёбад.

Ҳамин тавр, Воҳидов дар бадалшавии оҳаягҳои лирикӣ ва
гражданин иазмиҲофиз амалиёти спектаклро ба вуҷуд оварда,
процесси эҷодиёти шоирро мекушояд ва инкишофи фикри ӯро ҳас- 1

1 Абулҳавл — ҳайкали сангини шери хобида, ки сараш сари одам барин
-сохта мешуд.

29
сосона дарк менамояд. Дар баробари ин актёр кӯшиш мекунад,
ки танҳо шеъри шоирро ба тамошобин нарасонда, образи худи
ӯро низ офарад. Дар пеши назари мо одами зиндае бо эҳсосот ва
эҳтироси замини ва олии хеш падидор аст. Ин қаҳрамон шодй
мекунад, азоб мекашад, ба ваҷду сурур меояд ва аз носозгори-
ҳои замон ба сӯзу гудоз ва хашму ғазаб меафтад.

Ҳофиз дар яке аз давраҳои ниҳоят ноором ва пурошӯби таъ-
рихӣ зиндаги ба cap бурда буд. Халқ аз истилои ваҳшиёнаи
муғулҳо ҳанӯз ба худ наомада буд, аммо аллакай ҷангу ҷидол
ва кашмакаши байниякдигарии феодалҳо авҷ мегирифт. Ин за-
моне буд, ки аз лашкаркашиҳои пай дар пай ва хунрезиҳои
ҳукмронони худхоҳу пастфитрат дар олам низою нифоқ, қатлу
хунрезй, бародаркушию хиёнатҳо, дурӯягию беадолатй, дуэдию
фиребгарӣ, ранҷу мусибат ҳукмфармо буд.

Авзои ин замони пурошӯб дар саҳиа на ба воситаи таҷҳи-
зоти бутафорй, балки бо сухан ва пластика ба вуҷуд меояд. Мо;
сатрҳои талхеро мешунавем, барон шоир дар ин замони қадр-
шиносон ҳаёт вазнин аст. Ҳофиз аз шиддати дилтангӣ фиғону
фарьёд мебарорад, зидди ҷабру ситам суханони пурошӯб баён
мекунад ва дар айни замон умедвор аст, ки адолат тантана.
хоҳад кард.

Андешаҳои шоир кайфияти ҳузноваре мебахшанд. Аммо»
раққоса-олиҳаи санъат, манбаи илҳом ӯро сӯи хурсандиҳои дунь-
ёвй ҷалб мекунад. Жола Бадеъ дуруст қайд кардааст: «Ин:
нақши рамзолуди шоирона ҳам намудори чеҳраи зани дақиқ-
шавқи зебои заминист, ҳам даричаест ба дуньёи розолуди ор-
зуҳои шоир, ҳам илҳом аст ва ҳам даъват барон шод зистану
офаридан»1.

Роҳи Ҳофиз ба майкада меафтад. Воҳидов образи шоири:
сархушро, ки бо шеърҳои дар бораи ишқ ва май навиштааш
шӯҳрат пайдо кардааст, меофарад. Аммо ҳангоми ин сармастӣ
сатрҳои нешдору хашмолуди ӯ, ки «зоҳидони пок» ва тақво-
дорони риёкору дурӯяро сахт маҳкуму. мазаммат менамоянд,.
чун нишони эътирозу исьён ба гӯш мерасанд.

Сипае мо шоирро дар гӯшаи ороми ҳучраи ӯ, дар канори ми-
зи паст мебинем. Моҳ дар таҳти гунбази азими масчид, ки нишо-
не аз маҳдудиятҳои мазҳабй ва иҷтимоист, танҳо пайкари Ҳо-
физро равшан мекунад. Фикру андешаҳо ӯро ором намегузо-
ранд, хобаш паридааст.

Мисраъҳои шеъри саршори андешаҳои шоирона торафг 1

1 Жола Бадеъ. Ишқи Ҳофиз, «іЧаориф ва маданият», 27 май с. 1971..

30
баландтар садо медиҳанд. Дар дақиқаҳои хомӯшӣ овозе ба гӯш
мерасад, гӯё худи таърих ба санъаткор муроҷиат дорад: «Ту
ғазалро то ба дараҷаи аъло сайқал додӣ. Ғазалҳои ту мисли
суруди рӯҳафзои ишқ ва зебой дар ҷаҳони имрӯза бал„анд са-
до медиҳанд. Мӯҷизаи шеър ба ту ҳаёти ҷовид бахшид».

Сонӣ мо шоирро дар аёми пирии ҳаёти ӯ мебинем. Андешаи
зиндагии сарбаландона, ғаму ғуссаи дӯстони аз дуньёрафта,
қисмати талхи ҳақиқатпарастон ва орзуҳои ба амалнаомада —
хамаи ин дар байтҳое ифода меёбанд, ки бо пафоси исьёномези
фоҷиавӣ иҷро мегардад.

Ҳофизи Воҳидов дастори сафед баста, фаши онро сари си-
на ҳалқа партофта, бо хилъати васеъ ва дарози сафед, ки пай-
кари ӯро мисли ҳайкал бузург ва бошукӯҳ гардонидааст, ба
канори саҳна меояд ва дастонашро ба пеш дароз мекунад.
Ӯ гӯё мекӯшад, ки монеаи замонро бартараф намуда ба насл-
ҳои оянда мурочиат кунад, онҳоро муттаҳид гардонад, даъ-
ват намояд, ки дар бартараф гардондани монеаҳо якҷоя бо-
шанд. Ҳиссиёти вай аз дили оташбораш забона мезанад:

Биё, то гул барафшонему май' дар соғар андозем,

Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.

Шоир нисбат ба беадолатиҳои асри худ эътирози пурҷӯшу
хурӯш изҳор намуда, фаро расидани ҳаёти навро ҳарисона ор-
зу дорад. Ашъори Ҳофиз дар иҷрои Воҳидов чун симфонияи
рӯҳбаландкунанда, ҳатто оҳанги инқилобӣ пайдо мекунад. Дар
нигоҳи артист наҷибӣ, хирадмандӣ, матонат ва шодмонии тан-
тананоке ҳувайдост. Ин қисмат аз беҳтарин қисматҳои намоиш
аст.

Боз садои мусиқй баланд мешавад. Ҳангоми хондани «Со-
қинома» суруде такрор меёбад, ки он дар оғози спектакль хон-
да шуда буд. Акнун мисраъҳои «Соқинома» мисли айёми ҷа-
вонӣ тару тоза, ҷарангосй, пурҷӯшу хурӯш садо намедиҳанд,
ҷои онро ҳасрату алам ва оҳанги нарми ҳузнангезе мегирад.
Ва мо надомати гузаштани айёми ҷавониро ҳис мекунем.

«Ишқи зиндагй» барномаи адабии концерта набуда, спек-
такли лирикӣ-фалсафиест, ки бо як танаффус' қариб ду соат
давом карда, намоишномаҳои пештараи артистро аз бисьёр чи-
ҳатҳо қувват додааст. Ҳунарпеша кӯшидааст, ки ғазалҳои Ҳо-
физро дар ҳудуди як чарху тири мукаммали драматурги гирд
орад, дар бораи эчодиёти шоир ва худи ӯ спектакле офарад.

Образи театрии спектакль таркиби бисьёре дошт: нағмаҳои
мусиқй, ки гоҳ дар шакли вокал, гоҳ сурудхонӣ, гоҳ созу навои

31
инструменталй садо дода, бо ғазалиёти Ҳофиз ҳамоҳангии ко-
мил пайдо карда, шунавандаро хоҳ-нохох ба дуньёи рангоран-
гу беканори шоир мебурданд. Рақс ҳам инкишофи амалиётро
то як андоза тақвият медиҳад. Барой тайёр кардани чунин як
намоишномаи шоиста дӯсти артист шоир Мӯъмин Қаноат кӯ-
маки самимона расонд.

Воҳидов чун режиссёр бо восилаҳои гуногуни бадей руҳияи
замони Ҳофизро ба вучуд овард. Амімо муваффақиятн спек-
такльро пеш аз ҳама истеъдоди актёрии худи ӯ муайян кард.
«Соқинома» ва 29 ғазали Ҳофиз, яъне тахминан 800 мисраъро,
ки мавзӯи муштараку воҳид надоранд, бо ҳам пайваста, маз-
муни обдору пурмаънии онро кушодан кори осой набуд. Овози
актёр мисли тори арғунун садои форам ва таъсирбахше дошт.
Ҳар як оҳанг, ҳар як тобиш, ҳар як интиқоли ин овоз зарга-
рона кор карда шуда буд. Ӯ барои ифодаи тамоми тобишҳои
эҳсосот ва ҳаяҷоии руҳии назми Ҳофиз рангубори муносиб ёф-
та тавонист. Ӯ кӯшид, ки пеш аз ҳама, олами шоир ва зҷодиёти
ӯро ҳамнавом рӯзгори мо гардонад.

Намоишномаи «Ишқи зиндагӣ» шоирона буд. Шонрона на
барои он ки асоси онро назми Ҳофиз ташк'ил медиҳад. Балки
тамоми сохти композиционй ва ҳалли режиссёрии спектакль,
дар тавофук, бо мусиқӣ, пластика, сухан, услуби бозии актёр
барои дарки шоиронаи олам замина гузоштанд.

Қаҳрамони лирикаи назми Ҳофиз режиссёр ва актёр Маҳ-
мудҷон Воҳидов натанҳо зёбой ва фалсафаи эҷодиёти шоирро
бо осонй кушод, балки муносибати пурҳарорат ва фаъолонаи
худро нисбат ба конфликтҳои маънавй ва иҷтимоии замони ӯ
ифода намуда, онро бо проблемаҳои зиндагии имрӯза ҳамоҳанг
намуд.

Намоишномаи «Ишқи зиндагй» умри дароз надид. Бинобар
ин баъзе ҷиҳатҳои он сайқал наёфтанд. Вақте ки артист ғаза-
лиёти Ҳофизро аз лиҳози вазни арӯз ва адои калимот дуруст,
бо ғайрат ва рӯҳбаландона мехонд, хусусиятҳои миллй барк
мезаданд. Гоҳо ин вазн аз паси драматизм барнамеомад ва чои
фасоҳати сухану мавзунии онро тезгӯӣ ва эҳсосоти пуршӯр иш-
ғол меиамуд.

Ҳофиз табиатро дӯст медошт, зебоии ҳаётро ба ҷаннат му-
қобил мегузошт. Дар эҷодиёти ӯ шодмонй зуҳур дошт. Дар
моноспектакли Воҳидов ин шодмонй намерасид.

Бо вучуди ин театри шоиронаи Воҳидов дар саҳнаи тоҷик
шакли тамоман нави санъати драмавй буда, оммаи сершумори
тамошобинонро ба худ чалб намуд. Моноспектакльҳо барои бе-
рун аз худуди республика шӯҳрат пайдо кардани санъати ҳу-

Шеъри ҷавонй (Дар ҷашни
панҷоҳсолагии комсомола

Тоҷикистон)

Шеърн Хусрав дар лабонаш...
Баъди саҳна...
Махмуд Воҳндов — Тулод
(«Рустам ва Сӯҳроб»)

Махмуд Воҳидов — Тулод
нарпеша имкони нав кушоданд. 25-уми апрели соли 1975 «Гуф-
тугӯ бо худ» ба забони русй дар Москва дар саҳнаи филиал и
МХАТ намоиш дода шуд. Сарфи назар аз он ки маъмурияти
қамонвақтаи театр дар лаҳзаҳои масъулиятноки кори актёр
дуруст кӯмак нарасонд, ҳангоми тайёрии техникаи спектакль
дар саҳнаи бетона ӯро ба доли худ гузошт, асабонй ва хаста
кард, Воҳидов аз ин имтиҳони ҷиддӣ бо муваффақият гузашт.

Ҳунарпеша рӯзҳои маданияти Тоҷикистон'дар Қирғизистон,
ки сентябри соли 1976 баргузор гардид, «Гуфтугӯ бо худ»-ро
ду бор дар шаҳри Фрунзе нишон дод ва овоза пайдо кард. Ӯ
ният дошт, ки ин намоишномаҳо ва моноспектаклҳои ба нақша
гирифтаашро дар бисьёр шаҳрҳои Иттифоқ нишон диҳад. Ма-
данияти баланди актёрй ва тоза талаффуз намудани забони ру-
сй доираи шунавандагони ӯро торафт васеъ мекард. Дар ша-
би кушода шудани рӯзҳои маданияти тоҷик дар Белоруссия
дар пойтахти он Минск ҳаҷвияи Фирдавсй дар ҳаққи Махму-
ди 1азнавй чунон таъсирбахш садо дод, ки адибони ин сарза-
мин аз санъати баланду масарратбахш, забони басо ширину
хушсадои артист ва тамошои ин эъҷози илҳом ба ваҷду сурур
омаданд.

Соли 1975 дар Тошкент нахустин бор ораторияи М. Ашрафй
«Достони Рустам» бо иштироки ҳофизон ва хонанда садо дод.
Воҳидов матни Фирдавсиро бо эҳсосоти баланд ва дарду алами
беандоза хонда санъати баланди тачассум нишон дод.

Хониши Воҳидов дар хориҷа ҳам тамошобинонро ба илҳом
овард. Соли 1968 ҳангоми сафари ҳунарии театри ба номи Ло-
ҳутӣ дар Афғонистон артист рубоиёти Хайёмро хонд. Тамошо-
бинони афғон аз хурсандй ба илҳом омада, баъзе мисраъҳои
шеъри ба онҳо шиносро наст-паст такрор мекарданд. Як сол
пеш дар Монреаль канадиҳоро монологи «Ҳамлет» ва рубои-
ҳои Хайём дар ҳайрат гузошт.

Моноспектаклҳои Воҳидов жанри шеърхониро, ки дар санъ-
ати точи к анъанаи кадима дошт, аз нав зинда кард. Дар лавҳи
таърих номи хонандагону донандагони машҳури шеър сабт гар-
дидааст. Дӯст ва ровии вафодори Рӯдакӣ Маҷ яке аз онон
будааст.

Воҳидов ба ғайр аз истеъдод ва ҳарорати гражданин санъ-
аткори ҳақиқй доштан, худро ҳамчун намояндаи пешқадами
халқи худ нишон дод. У ғояҳои инсонпарваронаи беҳтарин фар-
зандони замони гузаштаро, ки дар тамаддуни ҷаҳон ҳиссае гу-
зоштаид, ифода намуд. Намоишномаҳои ӯ ба тамошобинон, ху-
сусан чавонон, меросй будани маданияти гузаштаро талқин на-

3— 3961

33
муданд, ки барон сохтани ҷамъияти нав донистани ин боигари-
ҳои маънавии инсоният зарур аст.

Моноспектаклҳо ҳозиронро кариб ду соат дар вартаи шиддат
ва диққат медоранд. Чунки артист то ба авҷи аълои илҳоми ҳа-
қиқӣ мерасад. Ҳамон дақиқаҳо ба фармони актёр буданд, ки ин
лаҳзаҳо дилҳо дар толори тамошо бо дили актёр ҳамоҳанг ме-
шуданд. Воҳидов чуи санъаткори ҳукмрон на танҳо дикқати
тамошобинро ба худ тез ва ба куллӣ ҷалб намуд, балки идроки
табъи ӯро ҳам ба ҷаҳонбинӣ ва тафаккури худ тобеъ гардонд.
Моноспектаклҳои артист шавқу завқи мардумро ба осори му-
тафаккирони гузашта ва адибони муосири тоҷик хеле афзуд,
сафи мухлисон ва тамошобинони ӯ торафт зиёд мешуданд.

Артист комьёбиҳои маданияти образофарии имрӯзаро исти-
фода бурда, анъанаҳои қадимаи адабиёти классикиро эчодко-
рона равнақ дод, рӯҳи адибони номиро зинда намуд ва санъати
баланди онҳоро дастраси тамошобинони имрӯза гардонд.

Театри шоирона барои Воҳидов бисьёр наздик буд, зеро дар
он олами фикр ва олами сухан бевосита омезиш меёфтанд. Ху-
хусусияти хоси услуби эчодии артист ҳам асосан дар ҳамин
буд: синтези фикр ва ҳиссиёт ба даст оварда шуда, дар он маз-
муни асосӣ аз он ҳама ҷузъиёти хурд ва зудгузар тоза гардида
барҷаста ва баргузида ифода меёбад. Фикру эҳсосоти ӯ осону
бемашаққат не, балки бо дарду алам ва азобу ранҷи бешуморе
даст медиҳад. Фикр ва ҳиссиёт гоҳе пуршиддат, гоҳе пурэҳтирос
ифода меёбад ва дар натиҷаи ҳаёти муттасил бо тамоми қувва
ба вучуд меояд.

Агар ибораи режиссёри англис Питер Брукро кор фармоем,
пас театри шоиронаи Воҳидов ии театри дарду алам («стра-
дающий театр») буда, баробари қаҳрамон ҷафо мекашад, ранҷ
мебинад, ғам мехӯрад. Ин театр баҳри инсон мубориза меба-
рад, ба қувва ва қудрати маънавии ӯ бовар мекунад, инсонпар-
варй ва ҳаётдӯстии ӯро ситоиш менамояд. Ин театр ҳаёти ин-
теллектуалии мутафаккирони соҳибистеъдоди гузашта ва замо-
ни моро бо шеърияти баланд тасвир менамуд.

Дар моноспектаклҳо боз як сифати хоси санъати Ваҳидов
аён гардид. Ҳунарпеша дар саҳна андешаҳои худро дойр ба да-
ёт ва муносибати худро нисбат ба ҳақиқати зиндагй ифода на-
муд. Маҳз бо ҳамин гуна сифатҳо ӯро метавоп бо устодони бу-
зурги саҳнаи ймрӯза дар як қатор гузошт.

Маълум аст, ки Хайёму Ҳофиз ва дигар классикони бузур-
ги адабиёти форсу тоҷик ақидаву афкори зиддизамонавии худ-
ро ошкоро изҳор карда натавониста, ба таъбироту кинояҳои
рамзии туидутези нишонрас муроҷиат менамуданд. Воҳидов

34
ин киноя ва ифодаҳои рамзиро, ки дар адабиёти форсу тоҷик
анъанае буд, истифода бурда фикрҳои дурпарвози умумиинсо-
ниро ба имрӯз ҳамоҳанг намуд. Барой ҳамин ҳам композиция-
хон адабии ӯ мазмуни нави ғоявӣ-бадей пайдо карданд.

Процесси ба вуцуд овардани ин композицияҳо аз артист ан-
дешаҳои дурудароз ва амиқ аз худ кардани ашъори шоирро
талаб менамуданд. Ҳунарпеша кӯшиш мекард, ки бо эҷодиёти
шоир, ғоя ва хусусиятҳои бадеии осори ӯ, бо замони таърихй —
хулоса бо хама чизе, ки барои чуқур фаҳмидани фикру зҳсос,
системаи тафаккур, ҷаҳонбинии вай кӯмак мерасонад, шинос
шавад. Маҳз ҳаматарафа омӯхтани эҷодиёт ба актёр имкондод
дар мағз андар мағзи ашъори шоир одами зиндаро бинад.

Воҳидов шеър хонда истода ҳар як манзараро нағз тасав-
вур мекунад ва онро тобеи амалиёти фаъолонаи мақсаднок
гардонида, бо ҳамин фикр ва ғояи дар назар доштаи худро
мекушояд. Бинобар ин суханони ӯ боварибахш садо медиҳанд
ва аз тарафи шунаванда бо камоли хушнудй пазируфта меша-
ванд.

Агар баъзе декламаторҳоиномӣ, ба мисли устодони саҳнаи
советй И. Ильинский, В. Яхонтов, Д. Журавлев ба истифодаи
зинат, ороиш, мусиқӣ, грим, пӯшок, парик (мӯи сохта) ва дигар
воситаҳои ёридиҳанда зид бошанд (ба фикри онҳо ин чизҳо
днққати тамошобинро аз матн меканад), Воҳидов, баръакс, та-
рафдори ин чизҳо буд. Онҳо ба вай кӯмак мерасонданд, ки му-
ҳити ягон давраи таърихиро офарад ва дар эҷоди образ илҳом
гирад.

Моноспектакльҳои Воҳидов боигарй ва ҳусну адои фавқулод-
да ва имкониятҳои забони тоҷикиро, ки дар байни забонҳои
хушифодаи ҷаҳон мавқеи сазовореро ишғол менамояд, пурра
кушод.

Баъзан ҳофизоне ба дуньё меоянд, ки овозашонро худи та-
биат равону зебо офаридааст ва ба сайқал додани он зарурате
намемонад. Овози Воҳидов ҳам гӯё атои саховатмандонаи та-
биат буд. Ин овоз мисли чашма шаффоф, махмал барин
нарм буд, торҳои нафиси царангосй дошт, ки ҳар як садои но-
зуки он ба кас таъсиру ҳаловат мебахшид ва тамошобин маф-
туни зебоии шеъри точи к мегардид. Овози Маҳмудҷон қудрате
дошт, ки ба торҳои нозуктарини қалби инсон нохун зада, хурд-
тарин нишонаҳои дарду алами одам ва эҳсосу ҳаяҷони боти-
нии уро ифода мекард. Ин овоз тобишҳои гуногуни эҳсосот —
мавҷи ривоҷ гирифта истодаи орзуву умед ва нохост эҳтироси
пурҳарорат, дарду ҳасрати чуқур ва якбора хашму ғазаби адо-

35
нашавандаро дар бар мегирифт. Ин овоз дорой қудрати маи-
тиқӣ, гармй ва самимияти амиқ буд.

Ҳанӯз дар донишкадаи Москва, вақте ки машқҳои кор кар-
дами роль cap шуд, устодони Воҳидов О. И. Пыжова ва Б. В.
Бибиков сохтакорона ё худ сатҳӣ ифода намудани матнро
қатъиян мамъ карданд. Онҳо ҳаракат намуданд, ки донишҷӯ
аз паи тарзи оддй, табий, мисли дар ҳаёт сухан рондан бошаду
мазмунро бурро ва саҳеҳ баён намояд. Воҳидов им сабақро
идома дод. Соатҳои дароз дар хона баланд-баланд шеър ё пор-
чаи насриро хонда, овоз ва талаффузи худро сайқал дод ва дар
моноспектакльҳо маданияти суханвариашро хеле баланд бар-
дошт. Овози ӯ тозатар, аз рӯи тобишҳои оҳангу садо бойтар,
буррову печонтар шуд, вусъат пайдо кард, ибораҳо суфта гар-
диданд, суханҳо вазн ва салиқаи мусиқӣ ҳосил намуданд. Ху-
лоса, оҳиста-оҳиста таносубу шакл ва мазмун, яъне баёни фикр,
ҳиссиёт ва садо мувофиқат, хушоҳангй, пластикам олиҷаноби
нутқ, талаффузи бурро ва бенуқсон ба даст оварда шуд.

Артист ҳангоми хондани монологҳо ё шеърҳо ҳар мисраъро,
фикр карда мебаромад, тобиш, зада, ритми суханро, тарзи ифо-
даи таъсирбахши онро ҷустучӯ мекард. Вай мантиқи суханро
қувват дод. Барой ин ӯ сатрҳои начандон муҳимро тез, сатр-
ҳои мазмунаш чуқурро мад кашида ё ду бор такрор намуда
(бори дуввум пурҳарораттар), ё худ ягон калима ва ибораи
мисраъро таъкид намуда, тафсидани фикр ва эҳсосро ифода
мекард.

Мисраъҳо мусиқавият доранд. Воҳидов ин мусиқавиятро
дарк намуда имкон медиҳад, ки мо ҳам онро пай барем. Дар
баробари ин, артист суханороиро намеписандад, балки мекӯ-
шад, ки фикри томи канда нашаванда ва муттасил инкишоф-
ёфтаистодаро аз мазмун ба даст орад. Баъзан ӯ ягон шеъри ка-
лонро мисли монолог дам нагирифта, фикрро яклухт баён ме-
кунад ва касро бо ифодаи табий ва оҳанги гайри чашмдошт
дар ҳайрат мегузорад.

Театршиноси москвагй А. Иняхин ба таҳияи русии «Гуф-
тугӯ бо худ» баҳои баланд дода, боигарии овоз ва маданияти
нутқи М. Воҳидовро махсус қайд кардааст: «Овози актёр хуш-
оҳанг ва равону дилангез садо медиҳад. Тағьирьёбии мавҷҳои
пардаи он қобили идрок буда, оҳанги муттасили ба худ хосеро
ба вучуд меоранд, ки дар айни замон устувор ва беғаш аст.
Актёр на танҳо тобишҳои хоси камеравиро истифода мебарад.
Матн гоҳ-гоҳ ба забони форсй (тоҷикӣ, Н. Н.) садо медиҳад,
ки ин пурасрории ашъорро мефизояд, печутоби оҳанги онҳоро
мураккаб ва «гаронбаҳо» менамояд. Муҳити хушмизони иншо-

36
ди махсуси забони дигар, ки чандон тӯл накашида, бо ду-се
мавч ба вуҷуд меояд, шунавандаро мафтун мекунад. Воҳидов
накҳату иффат, шохаҳои пуртоби овоз ва оташи ороми онро
оличаноб ифода карда, имкон медиҳад, ки мо ҳам ҳис намоем.
Актёр техникам нутқи иҷрои камеравиро мукаммал аз худ на*
мудааст, ба ӯ талаффузи аз ҳама буррову тез ва нозуктарини
хониш, ки дар ин маврид ҳатман озод будан зарур аст, дастрас
мебошад. Ҳамаи ин. ба мавзӯи асосии композиция тобиши за-
рурии шахсият ва маҳрамонаро эҳдо мекунад.

* Шояд барон ҳамин ҳам баъди спектакль фикре ба вуҷуд
меояд: «Ҳар касе, ки барон ӯ назм бегона нест, Хайёмро дарк
карда, дар бораи худ андеша меронад» ‘.

Навоварии Маҳмудҷон Воҳидов натанҳо дар услуби бозӣ,
мустақилона маънидод намудани образҳои барҷаста, боз дар
он аст, ки ӯ театри андешаву гуфторро буньёд сохт. Таъсир ва
бозьёфтҳои ин театр натанҳо дар моноспектаклҳо, балки дар
рольҳои нави артист, чунончй, Эзоп (с. 1971),’ Рӯдакй (1973)
мушоҳида карда мешуд.

Муборизаи некй ва бадӣ, ҳақиқат ва ноҳақй, бузургии рӯҳ
ва оҷизии ниятҳои паст — ин конфликти марказие буд, ки дар
асари драматурги Бразилия Г. Фигейреду «Рӯбоҳ ва ангур»
(дар таҳияи театри Лоҳутй «Эзоп» ном гирифт) инкишоф ёфт
ва махсусан дар роли Эзопи Воҳидов хеле амиқу барҷаста ифо-
да гардид. Артист характери қаҳрамони худро чукур таҳлил
карда, мағз андар мағзи мураккабиҳои диалектикаи ботини он-
ро кушод ва фоҷиаи қаҳрамононаи Эзопро мувофиқи рӯҳи замон
шарҳ дод.

Эзопи Воҳидов аз дари пурҳашамате ба манзили сутунҳо-
яш бошукӯҳу суфаҳояш мармарӣ оҳиста ва оромона дохил ме-
діа вад.

Уро хочаи ин хонадон Қсанф ба занаш ҳадья овардааст. Хо-
да латтаи дар сари ғулом партофтаро мегирад ва мо марди
хароберо мебинем, ки_дар тан либосҳои дарида дорад ва басо
зиштрӯю баднамост. Ӯ мӯйҳои фах ва ришу мӯйлаби расида,
абрувони ғафс дорад. Чеҳраи пур аз оҷингу яраҳои шахшудааш
иишонаи азобу кулфат ва зарби тозиёнаю шаллоқи хӯҷаинҳост.

Эзопи Воҳидов ба ran медарояд. Вай масалҳои пурмаъно,
нақлҳои аҷибу бамавриди худро бо самимияти хос адо наму-
да, молпарастй, дурӯғгӯй ва тангназарии одамизодро фош мена-
мояд. Дар ин саҳнаҳо оштинопазирии пурҳарорат зоҳир мегар- 1

1 А. Иняхии. На все времена. «Театр», 1976, № 9, сах. 53.

37
дад. Ғулом дар хусуси забои бо ифтихори бузург ва илҳоми ба-
ланд сухан ронда, қудрату тавоноии онро ҳамчун воситаи мад-
ҳу санои ҳаёт исбот мекунад. Баъд бо нафрати бепоён гире-
ҳи бадтарини чизҳо — забонро кушода медиҳад. Артист ин мо-
нологро бевосита ба тамошобинон мурочиат карда мехонад ва
дар суханони каҳрамони ӯ тобишҳои нотиқона садо медиҳанд.

Саҳнаҳо паи ҳам меоянд ва мо чун атрофиёни Эзоп ба до-
ниш ва хирадмандии ӯ қоил мешавем. Аклу заковат ва оламн
зебои ботини ӯ диққати касро чалб мекунад. Воҳидов ин роль-
ро хеле оромоиа ва озод бозӣ карда, қатъияту устувории қаҳ-
рамони худ, ҳиссиёти баланди одамгарии ӯро ифода мекунад.
Ӯ Эзопро шахси соҳибкарам ва некӯкор нишои дода, тафсири
чиҳатҳои халқии образи худро фаромӯш намекунад. Дар ҳас-
тии пулом як ҳисси бартарафнашаванда ва пурзӯри озодй ҷӯш
мезанад. Қаҳрамони артист ин орзую умеди барои ӯ аз ҳама
чиз муқаддасро гоҳ бо зориву тавалло, гоҳ бо истеҳзои номаъ-
лум ва гоҳ бо зҳтироси кушоду равшан ифода мекунад.

Ксанф ба Эзоп ваъдаи қатъй медиҳад, ки ҳар гоҳ дар ос~
мон парвози ду кабӯтарро бинад, ӯро озод хоҳад кард. Эзопи
Воҳидов аз беруни ҳавлӣ бо як шодмонии бузург дартозу пал-
тон меояду ба хоҷааш мегӯяд, ки дар домани уфуқ ду кабӯ-
тари парвозкардаистодаро дидааст. Ин аломати нек аз раси-
дани муждаи озодии ӯ шаҳодат медиҳад. Хӯҷаини дилсард ва
беилтифот баъди базӯр аз ҷояш хестан ба «хаёли ботил»-и
масалгӯй механдад. Эзоп бошад ба дурустии гапи худ қасам
мехӯрад, чашм аз осмон намеканад. Шодию ҳаяҷони ӯ ба маъю-
сй мубаддал мегардад, қоматаш хам мешавад. Ғулом бекаро-
рона ин сӯву, он сӯ қадам мезанад, боз ба осмои, ба ҳамон
ДУ чуфт кабӯтар чашм медӯзад. Дар ин муҳити беадолатй ва
дурӯғгӯӣ рӯзи ӯ сахт аст. Эзоп нишаста, сарашро ба рӯи зина-
пояи суфаи мармар гузошта, зор-зор мегирьяд. «Озодӣ пок
аст»,— мегӯяд ӯ бо овози паст шаллоқу тозиёнаҳоро ба хотир
оварда. Вақте ки ran дар бораи азоби виҷдон меравад, артист
маънои чуқури покии рӯҳи инсон, наҷобати ӯро изҳор мена-
мояд.

Ҳунарпеша дар образи офаридаи худ ҷаҳонбинии гумани-
стонаро бо лиризми амиқ омехт. Олами фавқулодда зебо ва
бои масалгӯй, ақлу фаросати ӯ зани Ксанф — Қлеяи нозанинро
мафтун кардааст. Ӯ ба Эзоп ишқ изҳор карда ба зону меафтад,
дастони мулоими худро ба гардани шахшӯли ғулом меовезад.
Эзоп сари Клеяро ба оғӯш кашида, аз самимият ва ишқу муҳаб-
бати поки ӯ сонияе карахт мегардад ва мӯйҳояшро навозишко-
рона мемолад. Баъд Эзопи шӯрбахт ҳис мекунад, ки.ин «хуш-

38
бахтк» қалби поки ӯро фирефта истодааст. У занеро, ки ишқ
дар дили гармаш роҳ ёфтааст, густохона тела медиҳад. Дар
ин саҳна эҳсоси амик ва беолоиши ғуломи зишт ба хоними со-
ҳибҷамол аён мегардад. Ин муҳаббат пок ва инсонист.

ВоҳиДов саҳнаи Эзоп ва Клеяро бо санъати баланд ҷилва
дода, дарду алами қалби бузурги қаҳрамон, ҳиссиёти поку бео-
лоиш ва вазъияти рӯҳию ботинии ӯро бағоят нозуку боварибахш
меофарад. «Ман танҳоям»,— мегӯяд Эзопи Воҳидов бо изтиробу
ҳаяҷон ва дарди пуразоби рӯҳй. У адолатро интизор аст.

Ғулом хӯҷаини худро аз балое начот дода, роҳи аз даст на-
додани хонаю молумулки ӯро ёд медиҳад. Аммо ин одами бе-
шарафу беномус иисбат ба ғуломи «зархарид, моли шахсии худ»
сахтгир аст. Эзопи ноумедгашта «ман дигар озодй намехоҳам,
ин хеле қабоҳат мешавад»,— мегӯяд маъюс шуда.

Ксанф дар охир ғуломи худро озод кардан мехоҳад. Ана, ӯ
хати озодй навишта истодааст. Эзопи Воҳидов чашм аз кала-
ми ӯ намеканад. «Ту озод»,— мегӯяд ҳӯҷаин. Эзоп хати озоди-
ро гирифта ба коғаз менигарад, бовар намекунад, сипас онро
ба сандуқи дилаш пахш мекунад ва ин коғаз барои ӯ як ҷаҳон
шодй меорад, чеҳрааш кушода мешавад. Ғулом кӯлворашро
саросема ғундошта ба роҳ мешитобад. «Алвидоъ»,— мегӯяд ӯ
навозишкорона бо ҳар як бошандаи ин хонадон хайрухуш
карда.

Бо вучуди он ки ҳаёти Эзоп пур аз зиллату хори, таҳқири
ҳукмдорон ва басо пурмашаққату вазнин буд, вай дар роҳи
озодй наҷобати одами, зебоии маънавй ва бурдбории худро ни-
ток дошта тавонист. Ӯ бо гармии рӯҳ, заковати хирадмандона
ва самимияти худ зиштию бадафтиашро ниҳон медошт. Ин дар-
ду алам, изтиробу ҳаяҷон ва амалиёти бевоситаи қаҳрамон аз
он cap мезад, ки артист ҳамеша нияту мақсади роли худ ва ҳа-
маи порчаҳоро, ки бо хам зич алоқаманданд, ба хубй ҳис ме-
кард. Ва ин ҳиссй муттасили кори эҷодй, инкишофи бошиддати
фикр ва ҳолати рӯҳи баланд аз актёр зебой ва қувваи хирад,
психологизми ифодаи нозук ва чуқури эҳсосотро талаб мекард.
Ин эҳсосот гоҳ мисли лирикам самими аз мағзи дил садо ме-
дод, гоҳ дар шакли эътирози хашмангези ичтимой, ки то ба
дараҷаи фоҷиа мерасид, ифода меёфт.

Дар интиҳои спектакль, вақте ки Эзоп маргро интихоб на-
муда онро нисбат ба асорат ва ҷабри маънавй беҳ мешумора-
ду худро аз болои харсанги баланд мепартояд, эҳсоси ӯ вусъа-
ти бошукӯҳи қаҳрамонй пайдо мекунад. Азму иродаи қавй, ус-
туворй дар роҳи мақсад, зебоии маънавии инсон ва ғалабаи ӯ

39
аз болои ҳама бадбахтию беадолатиҳо мазмуни асосии роли
артистро ташкил медиҳад.

Хотимаи спектакль дар иҷрои Воҳидов ба оҳанги тантанавии
ҷасорату ҳушьёрй ва озодии ботинй, тасдиқи сифатҳои олии
инсонй ва бузургии рӯҳияи босаботи инсон соҳиб мешавад. Ар-
тист гӯё ба инсонпарварии ҳақиқии афроди озодидӯст мадҳу са-
но мехонад.

Ин навъ тафсир ёфтани образи Эзоп олами ночиз ва дар
айни ҳол даҳшатангези ғуломӣ, риёкорй ва ҳатто ваҳшонияти
табақаи ҳукмронро боз ҳам равшантар акс менамуд.

Муваффақияти калони спектакли «Эзоп» на танҳо аз бозии
олиҷаноби Воҳидов, инчунин аз шоирона ва халқй маънидод
ёфтани ҳаёт вобаста буд, ки онҳоро ҳунарпеша нағз медонист
ва ҳис мекард. Тамошобин дар ин спектакль аз имконияту бозь-
ёфтҳои театри шоирона истифода бурда, лирикам боҳарорат,
дарки шоиронаи эҳсос ва драматизми пурқувватро писандид.
Устоди каломи бадеъ Воҳидов ҳангоми нақли масалҳои Эзоп,
ки дар пьеса фаровон истифода шудаанд, мисли ҳикоёти Саъдй
ё рубоиёти Хайём, интиҳои насиҳатомези онро бо овози баланд
ё таъкидкунон хонда, тобиши маъной ва мантиқии онро меаф-
зуд.

Меъёрро ҳис намудан, аз чизҳои зиёдати даст кашидан, қув-
ваи эҳсоси худро дар тамоми равиши бозӣ дуруст тақсим кар-
да таҳлили амали саҳнавй ва таъсирбахшии ролро хеле нозук
кор карда баромадан, бо ним пардаи овоз ифода намудани маъ-
нои чуқур — ин ҳама на танҳо нишонаҳои истеъдод, балки ало-
мати маҳорати баланд буд, ки артист охири солҳои шаст ва ав-
вали ҳафтод ба даст овард. Дар роли Эзоп яке аз хусуси-
ятҳои хоси санъати ӯ намоён шуд: ҳунарпеша бо пауза, тоби-
ши сухан, нигоҳ ё ягон ҳаракат нохост фаввора задани эҳти-
рос, ҳаяҷон, азиятро ифода мекунад ва тамошобинро маҳву
мот мегардонад. Як сония ҳам хомӯш нагардидани ҳаёти
пуршиддати ботинй дар атрофи артист таносубу ансамбли хоси
мутамарказонидашударо ба вуҷуд овард, ки он ҳам шарикон
ва ҳам тамошобинонро ҳукмфармоёна ба худ мекашид.

Иҷрои роли Эзоп боз аз он шаҳодат медиҳад, ки Воҳидов
натанҳо ҳунарпешаи лирикам драматикӣ, балки актёри роман-
тикй буд. Романтикам Воҳидов нисбат ба романтикам актёрҳои
пештараи тоҷик оҳанги нав пайдо кард: басо ҷаззоб, мусаффо,
ором, бо заковат ва лирикӣ буд. Ин хусусиятҳои тоза ҳангоми
офаридани характерҳои барҷастаи қаҳрамонй, ки метавонанд
худро фидо созанд ё корнамоие нишон диҳанд, бараъло мушо-
ҳида мешуд.

40
Ҷиҳатҳои нави романтикаи Воҳидов соли 1973 дар нақши
Рӯдакӣ ҳам зуҳур ёфт. Таҳиягари спектакль А. Бурҳонов спек-
таклро аз нав ба саҳна нагузошта, балки режиссураи Е. И.
Мительманро, ки понздаҳ сол пеш аз ин буд, эҳтиёткорона аз
нав барқарор намуд. Табиист, ки образи Рӯдакй ва тамоми
спектакль бештар дар асоси ёддошт офарида, ба тавассути он
роли асосиро чи тавр бозидани А. Бурҳонов низ ба хотир овар-
да шуд. Аммо Воҳидов ҳам бо шахсияту ҷӯшу хурӯши фав-
қулодда ва ҳам хислатҳои замонавиаш тамоман ҳунарпешаи
дигар буд. Имкониятҳои ӯ аз тарафи режиссёр пурра истифода
нашуда бошанд ҳам, актёр баъди нахустин бор нишон дода
шудани спектакль корро дар болои образ мустақилона идома
дод ва дар чанд саҳна тобишҳои нав ба даст овард.

Ҳунарпеша дар ин роль ба яке аз мавзӯъҳои асосии эҷо-
диёти худ муроҷиат намуд. Ин мавзӯъ аз конфликти одами со-
ҳибистеъдоди бузург бо муҳит, аз конфликти шахсе, ки аз за-
мом ва ҷамъияти худ пеш рафтааст ва дар шароити қафомонӣ
ва ҷаҳолатпарастии ҷамъияти феодалӣ ба ҳалокат маҳкум аст,
иборат мебошад. Ин мавзӯи тасдиқи шахсияти эҷодй, ақли зҷо-
дй, зебоии олами маънавии инсон, ки ибтидои худро аз Ромео,
Незнамов, Э&оп мегирад, дар Рӯдакй идома ёфт.

Нисбат ба Рӯдакии А. Бурҳонов, ки ӯ дар ин роль нахустин
бор соли 1958 баромад карда, симои ҳаётӣ, заминй, эҳсоси сар-
шори шоирро ифода карда буд, қаҳрамони Воҳидов ҷавонтар,
хушқад ва пурилҳом буд. Артист конфликтро дар атрофи
фикр ва эҳсоси қаҳрамон сафарбар намуда, диққати тамо-
шобинро пеш аз ҳама, ба эҷодиёти щоир ҷалб кард. Рӯдакии
Воҳидов оламро бо қалби шоирона дарк намуда ба ҳодисаҳои
атроф бо эҳсоси шоирона назар меафканад ва баъд ба илҳом
омада ашъори ширини худро эчод мекунад.

Шоир дар назди Маликаи тавоно истода ба вай шеъри худ-
ро мехонад. Қаҳрамони Воҳидов нияти ба Малика тавозӯъ кар-
дан надорад, вай ҳатто ҳузур доштани соҳибаи маҳбубааш —
Нигинаи канизакро фаромӯш кардааст. Тамоми вуҷуди шоир
дар ҳукми суханҳост, ки басо ачи-б ба ҳам омехта, олами сеҳ-
рофарини назми олиро ба зуҳур меоранд. Дар саҳнаи вохӯрии
аввал бо амир Наср вай оид ба баҳор чунон осой бадеҳагӯй
мекунад, ки гӯё тамоми табиат дар атроф зинда шудааст. Дар
мавриди дигар Рӯдакй гурӯҳи мазлумонро озод мекунад, ки
онҳо аз сабаби дода натавонистани хироҷ ба корҳои вазнини
чаримавй маҳкум шудаанд. Ӯ ба сардори посбонон ангушта-
рини қимматбаҳоеро медиҳад, ки онро худи Наср ба шоир тақ-
дим карда буд. Дар нигоҳи Рӯдакии Воҳидов нисбат ба ин

41
бандаи ҳарису нотавон чй қадар бадбинӣ ҳис карда мешавад.
Ва баъди он, ки мазлумон озод шуданд, ҳамроҳи онҳо шодмонӣ
мекунад, дар табассумаш тамоми ботини саршор аз нишоташ
зуҳур меёбад.

Дар саҳнаи маҷлиси зиёфат ба шарафи вакилони халифаи
Бағдод, сафирони Фарангистон, Хитой, Киев, Ҳиндустон ва ди-
гар меҳмонони иззатманд, ӯ нимтабассуме карда коғазу даво-
ту қалами ғулом овардаро бо ишораи мулоими даст рад кар-
да бадеҳатан шеър мегӯяд. Аз забони ӯ сухан не, балки му-
сиқй садо медиҳад.

Воҳидов асрори рӯҳи инсонро, ки ба сохти ботини одамони
бузург дастрас аст, кашф намуда, натанҳо мавзӯи шоирона,
балки мавзӯи файласуфона дарк намудани дуньёро низ инки-
шоф дод. Вақте ки аз дӯсташ Маҷ мешунавад, ки ғуломони си-
подсолор дар дашт Нигинаро дастгир кардаанд ва ӯ худро бо
ханҷар ҳалок кардааст, шоир «Эй, хок ба сарам!» — гӯён фиғон
мебардорад. Дар ин фиғон дарди сахти дили пурхуни шоир,
эътирози вай нисбат ба бадӣ ҳис карда мешавад. Шоир ба мис-
ли ҳайкал шах шудааст... Дар пайкар ва тамоми симои ӯ андӯ-
ҳеро мебинем, ки аз замири қалб бар омадааст, трагизми дар
ҳақиқат ҳаросонкунанда падидор аст, ки ифодаи он маҳз ба
истеъдодҳои бузург муяссар мегардад.

Охирин бедоршавии рӯҳии шоир дар айёми аз тарафи душ-
маном кӯр карда шудани ӯ ба вуҷуд меояд. Шоири пиру ноби-
но, ки акнун аз дидани рангҳои дуньё маҳрум аст, қадру қи-
мати эҷодиётро дар ҳаёти мардум, меҳру муҳаббат ба шогирдои
ва дӯстонаш мебинад. Чашмонаш намебинанд, аммо фикраш,
қалбаш, дастонаш гӯё мебинанд, ашъор мехонанд. Ӯ китобҳои
худро ба сари сина пахш карда, бо панҷаҳояш чунон навозит-
корона даст-даст мезанад, ки гӯё ин панҷаҳо ҳамаро мебинанд
ва эҳсос доранд. Дар ин саҳна қувваи фоҷиавии истеъдоди Во-
ҳидов пурра зуҳур ёфт ва образ илҳоми романтики гирифт.
Актёр рӯҳи зебои инсон, рӯҳи мардонагии уро, ки шикастно-
пазир аст, васф намуд. Рӯдакӣ дар иҳотаи шогирдонаш оҳис-
та-оҳиста ба сӯи мо, тамошобинон, қадам мегузорад. Суха-
нони охирини ӯ, ки ба толори тамошо нигаронида шудаанд,
ҳамчун хайрбод ба ояндагои садо медиҳанд: дар онҳо эъти-
қоди шоир ба халқи худ, ба истеъдод ва ояндаи бузурги вай
ифода ёфтаанд.

«Рӯдакй, ба назари май дар иҷрои М. Воҳидов ботаваччӯҳ
ва хушсалиқа, зарифу латиф ва нотарс падид меояд, дар ӯ оҳан-
ги озоди илҳоми «модартй» ва парвози андеша эҳсос мешавад.
Аз ин ҳама ҳувайдост, ки шахсияти шоир ва истеъдоди фитрии

42
вай ба мисли шеърн шоир ва тақдири ӯ аз ҳамдигар ногусаста-
нист»1,— кайд кардааст артисти халқии СССР Г. П. Менглет.

Мунаққид Л. Елисон ин тавр баҳо додааст. Рӯдакӣ дар ич-
рои Воҳидов «образест, ки рӯҳи олии қаҳрамонй дорад. Ҳис ме-
кунед, ки актёр ҳам дигар гашта, дар вуҷуди ӯ табаддулоти ази-
ми ботинй рӯй додааст...

Дастовардҳои Воҳидов дар чунин нақшҳои гуногунрангу
мураккаб, ба мисли Рӯдакй ва Незнамов, ки маҳорати комили
ҳунарнамоиро мехоҳанд, имконият медиҳанд тахмин намоем,
ки ин актёр аз ӯҳдаи таҷассуми ҳам шоҳ Фёдор, ҳам Петруч-
чио, ҳам Уриэл Акоста, ҳам Пирамард, ҳам Ҳамлет, ҳам Ска-
пен... баромада метавонад»2.

Ботинан ошкор сохтани моҳияти маънавии образ аз ҷониби
Воҳидбв ролеро, ки понздаҳ сол боз аз тарафи актёри дигар
офарида мешуд, ба тарзи нав ҷилва дод.

Мавзӯи эҷодиёт дар санъати Воҳидов ба воситаи рольҳои
дигар-низ ифода меёбад. Ҳунарпеша аввали марти соли 1969
дар телеспектакли студиям телевизионии Душанбе «Сахифаи
хаёт» образи Шопенро ба забони русй офарид. Ҳунарпеша асар-
ҳои ин бастакори машҳури Польшаро борҳо шунида кӯшиш
мекунад, ки мусиқии ӯро ҳис кунад, мазмуни онро дарк намояд
ва қувваи ҷараёни лирикаи эҷодиёти ӯро, муҳаббати санъаткор-
ро ба ватан ифода намояд.

Актёр доманаи эчодиётро дар санъати кино ҳам идома ме-
диҳад. Дар фильми «Ситораи шабистон» ба ӯ роли асосй Ах-
мади Доиишро месупоранд. Ҳунарпеша ба қиёфаи ин мутафак-
кир ва маорифпарвари номии асри XIX чандон монанд набуд.
Таҳиягарони фильм ва иҷрокунанда ҳам аз паи ин мақсад на-
афтоданд. Мачмудчбн, пеш аз ҳама, кӯшиш кард, ки дар симои
ин марди закитабъу пурдон, солору донишандӯхта, одами пеш-
қадами Бухорои асри ХІХ-ро нишон диҳад. Баъди ду карат ба
Россия сафар кардан дар замири ин марди бамаънию батамкин
тахайюлоти тоза, орзуҳои нав, як гардиши бузурге ҳувайдост.
У бо хашму ғазаб бар зидди мунофиқию фиску фучури амир
ва ҳомиёни ӯ мебарояд. Қаҳрамони Воҳидов баҳри озодию обо-
дй, хайрияти мамлакат ва сокинони он мубориза мебарад. Ма-
на, ӯ бо амир Музаффар дар масъалаҳои тарз ва сохти давлат-
дорй гуфтугузор дорад, назди ӯ масъалаҳои муҳимми иҷтимоию-
иқтисодиро пеш мегузорад. Аз часорат ва дилсӯзии Аҳмади До-

1 Г. Менглет. Только правда, «Огонёк», 1973, № 28, саҳ. 9.

2 Л. Елисон. Возможности коллектива, «Театральная жизнь», 1973, № 18,
саҳ. 27.

43
ниши Воҳидов ҳомию муборизи ободию амонии мамлакат ва
халқ падидор аст. Мунаққидон қайд карданд, ки актёр дар об-
рази «нависанда хоҳ дар коргоҳи рассоми барҷастаи рус Ве-
рещагин, хоҳ дар лабораторияи астроном ва олими рус Стру-
ве, хоҳ дар сӯҳбат бо бастакори номии рус А. П. Бородин, бо
солорию равшанфикриаш, ҳозирҷавобӣ ва пурдониаш ҳамаро
дар ҳайрат мегузорад»1.

Воҳидов дар Кинофестивали VI умумииттифоқй, ки апрели
1973 дар шаҳри Алмаато баргузор шуд, баро'и иҷрои бедта-
рини роли мардона сазовори мукофоти дуюм гардид.

Киностудияи «Тоҷикфильм» Воҳидовро ҳамеша дар мадди
назар дошт. Нахустин нақши Водидов дар кино (Фильми «Зум-
рад») — образи Шариф, ки дӯсти содиқи Зумрад буд, ба кас
таассуроти нек гузошт. Актёр дар ин роль ҷавони ситорагарми
лоғарпайкар менамояд. Вай бо табассум ва шавқи зиёд девори
кӯҳнаро сарнагун карда, ба одамон сурур мебахшад, нақшҳои
талху номатлуби замони гузаштаро барҳам мезанад.

Дар фильми «Ҳасани аробакаш» актёр дар сурати шоири
ҷавони комсомоли солҳои сиюм Раҷаб, ки дар чеҳрааш та-
бассум медамид, падидор гардид. Ин ҷавонмарди ҳаётдӯст ва
романтик аз ҷониби тамошобин ба сифати прообрази лирикии
муаллифи достой шоир Мирзо Турсунзода қабул шуд.

Дар фильми «Достони Рустам» ба ӯ роли басо мураккаб —
дев Тулод супурда мешавад, ки ӯ дар рафти фильм шаш бор си-
мои худро тағьир медиҳад, яъне ҳунарпеша шаш бор образҳои
гуногун меофарад. Воҳидов, ки санъати таҷассумро нағз ме-
донист, аз ӯҳдаи ин вазифаи душвор бомуваффақият баромад.

Дар фильм тамоми ҳилаву найранги бадй ба воситаи обра-
зи дев Тулод, ки ӯ ҳар сафар аз Рустам зарба хӯрда, дар сурати
нав пайдо мешавад, ифода ёфтааст. Вай год дар қиёфаи дофи-
зи нобино, год дар симои котиб, год дар қиёфаи кампири бад-
афти даллол, год дар намуди абрдои тира, год дар шакли тор-
танак, ки дар устухони косахонаи сари одам нидон шудааст,
пайдо мешавад.

Водидов рангорангии ин қиёфадоро на тандо бо кӯмаки грим,
либос ва усулдои мураккаби банаворгирй ба даст меорад, бал-
ки дар сафар ботини қадрамони худро ба воситаи тамасхури
нозук ва модирона баён намудани нрзми Фирдавсй мекушояд.

Мана, дофизи нобино, ки пайкараш логар, чашмонаш тамо-
ман пӯшида шудаанд, дар тан хирқаи фарсудае дорад, дар

1 Аскарали Рачабов, Иброхим Усмонов. Ҷилои ситора, «Точикистони
совета», 11 январи 1973.

44
миёнбандаш асбоби мусиқй овезон аст, мелангад (Рустам ӯро
маиб кардааст) ба китфи писарбачаи асокаш такья карда,сует
і<адам мегузорад. Вай паст ran мезанад, зоҳиран оҷиз менамояд,
Ammo дар симои ин ҳофиз иблиси зӯртарине ниҳон аст, км худ-
ро орому хирадманд нишон додан мехоҳад. Дар ким-куҷои ҳас-
тии ӯ истеҳзо ниҳон аст: «Ҳақиқат? Хӯш, чӣ маъно дорад? Сӯх-
тор-ана ин сухани ҳақ аст».

Образи Тӯлод, ки аз тарафи ҳунарпеша бо илҳоми саршор,
пурэҳтирос ва истеъдоди нодири таҷассум офарида шуда-
аст, мавзӯи фоҷиавии зарурати некиро ҳамчун ҷанбаи бунь-
ёдкори зиндагӣ дар худ дошт. «Қаҳрамони экрани Воҳидов бо-
вучуди зиштиву бадаъмолй, садамоту хунрезиҳоро пеш оварДа-
ни хеш дар вартаи изтиробу пушаймоиӣ меафтад, хираду виҷ-
донро талқин мекунад: инсон набояд мисли каждум зиндагии
худро барҳам занад! Роҳи зишту сиёҳи Тӯлод бо хастагиву мо-
там бидуни бовариву тантана ва оштй бо худу бо халқ анҷом
меёбад»'. Соли 1972 Воҳидов барои иҷрои ин роль дар қатори
эҷодкорони фильмҳои «Достони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб»
сазовори Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ
гардид.

Нақши охирини Воҳидов дар фильми «Ишқи аввали Нас-
риддин» оҳанги рамзӣ касб кардааст. Дарвеши нобино ҷаҳони
атроф ва мардумро бо чашми дил мешиносад. Вай ақсои ча-
ҳонро тай карда ташвишҳои беҳудаи орзуҳои яклаҳзаинаро
идрок менамояд. Дарвеш, ки ба мароми худ эътиқод дошт,
озодии ботинии хешро аз ҳама авлотар медонист, дар зин-
дон танҳо ба танҳо марги худро интизор буд.

Образи Дарвеш оҳанги ғамангез ва изтиробовар дошта, дар
он ҳашамат ва бузургӣ, ғурури шикастнопазир ва мардонагие
ниҳон буданд, ки онҳо эпизоди начандон калонро ба лавҳаи
пуриқтидори фалсафии зиндагӣ мубаддал сохтаанд.

М. Воҳидов ба арсаи кино бо таҷрибаи ғании актёри драмаи
психологй, маҳорати сайқалёфтаи образофарӣ омад ва типи
махсуси қаҳрамон, фарди ҷасур ва босалиқаро офарид. Эҳсоси
ҷиддии ҳадди эътидол, хирад ва ҷозибаи ҳунарпеша ба қаҳра-
монҳои экрании ӯ махсусиятҳои нотакрор бахшидаанд.

Артист дар санъати кино ҳам мисли театр ролҳои барҷаста
офарида, ботини қахрамони худро заргарона мекушояд. Аммо
ҷустуҷӯю бозьёфтҳо бисьёртар дар театр, ҳангоми иҷрои рол-
ҳои лирикию фалсафй муяссар мешуданд. Роли Хизрхон аз 1

1 Л. Молчанова. Актёр-поэт, актёр-философ, «Коммунист Таджикиста-
на», 26 августа 1979. .
спектакли «Фарьёди ишқ», ки дар асоси маснавим Амир Хус-
рави Деҳлавӣ «Дувалронӣ ва Хизрхон» офарида шудааст, аз
ҳамин қабил ролҳо буд. Ҳунарпеша бо як ҷиддияту ниҳояти
худдорй мазмуни амиқи ботинии образро баён намуд. Рости ran,
ду саҳнаи ишқӣ дар оғози спектакль дар иҷрои ӯ хушку кам-
таъсир буданд. Вале аз саҳнаҳои вохӯрии Хизрхон бо падараш
Алоуддин cap карда артист тамошобинонро бо эҳтироси ба-
ланди фикр ва ҳисси гарму ҷӯшони худ маҳву мот намуд. Қаҳ-
рамони ӯ, аз афти кор, кайҳост мушоҳида дошт: ҳар воқеаро
бармекашид, ба он баҳо медод ва акнун дар дақиқаҳои лозим
ҷасурона амал карда истодааст. Назар ба Хизрхони Амир Хис-
рави Деҳлавй Хизрхони драматург ва актёр на танҳо фаъолтар,
балки маъиан бой буд. Вай гӯё дар худ одамдӯстии шоир ва
сифатҳои наҷиби инсониро таҷассум намудааст. Хизрхони ӯ
рақобати одамон ва беадолатиҳои подшоҳонро боиси бадбах-
тии инсон ва кишвари худ мешуморад. У дар акидааш устувор
истода, тақдири фоҷиаомези худро бо рӯҳи бузург ва шаъну
эътибори баланди инсонй пешвоз мегирад.

Хизрхони нобино ҳамроҳи ҷаллод ба қатлгоҳ раҳсипор аст.
Нохост дар роҳ Дувалронӣ пайдо мешавад, ки мулоқотро инти-
зор буд. Дар ин саҳна Воҳидов на танҳо ҷавонмарди бад-
бахту нобиноро, ки душманон чашмонашро кӯр кардаанд, балки
изтиробу ҳаяҷони ошиқи ҳақиқатгӯй ва муборизро бо эҳсоси
баланд ифода намуд.

Соли 1975 Воҳидов боз як нақши нав офарид, ки он аз Хизр-
хон ба куллӣ фарқ мекард. Ин нақши Усмонхоҷа аз драмаи на-
ви Ҷ. Икромй «Гарнизон таслим намешавад» буд. Дар ин нақш
қаҳрамои, олами маънавии ӯ бо сифатҳои зоҳириаш мувофи-
қати беназир пайдо кард. Артист тамоми аломатҳои мадания-
ти зоҳирии Усмонхоҷаро дарьёфта тавонист: вай айнак, телпа-
ки қарокӯлии кабудчаранг, камзӯли моҳути басо зебодӯхт, дошт.
Аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки ин марди басо олуфта ва бо-
маърифат дар Туркия хондаасту ба зиёиёни он чо тақлид ме-
кунад ва ба ҳозирон бо назарбаландй менигарад. Воҳидов ха-
рактеристикаи пурраи иҷтимоии қаҳрамонро ба вучуд оварда, бо
таҳлили мӯшикофонае образ офарид. Раиси ҳайати Вакили
мухтор Усмонхоҷа дар иҷрои ӯ шахси оқил, сиёсатмадори ҳушь-
ёр ва дурандеш буда, мутаассиби ғояҳои пур аз макру фиреби
ҳуд мебошад. Ӯ дар изҳори ақидаҳояш устувор буда, одамони
ҳамдилу ҳамзабонаш ва ҳатто дудиларо ба шавқ оварда мета-
вонад. Артист боварии комили Усмонхоҷаро дар ташкил додани
давлати миллии туркӣ дар Тоҷикистон бе ҳеҷ дабдаба ва ман-
манй ифода мекунад. Усмонхоча имову ишора ё ҳаракати беҷое

46
кор намефармояд, фикру андешааш ҳамеша дар ҷараёни амал
банд буда, дигаронро низ бо сухан ва фнкр ба ҳаракат меда-
рорад.

Дар ин роль барон Воҳидов барин актёри интеллектуалу
тарзи баёни сухан яке аз василаҳои муҳимми тасвир гардид. У
матни рольро чуқур кор карда тобишҳои гуногун ва нозукта-
рини онро бо паузаҳо, нигоҳҳо ва имову ишораҳои басо ифода-
нок моҳирона пайваст намуд. Ба воситаи характеристика!! нутқ
орзуҳои ниҳонии Усмонҳоҷа, табъи нозуксанҷ ва эҳтиёткории ӯ
аён гардид.

Дар саҳнаи охир вақте ки гарнизон таслим намешаваду Ус-
монхоҷа ва одамони ӯ шикает мехӯранд, қаҳрамони Воҳидов худ-
ро дар ҳолати саргардонӣ ва сонитар дар дами ҳалокат дида,
беқарор мешавад. Он кибру ғурур ва эътимод барҳам мехӯрад,
ҷои онро асабоният ва тарсу ваҳм фаро мегирад. Раиси ҳайати
Вакили мухтор дод мегӯяд, тез-тез қадам мезанад, аз чеҳраи
қатъй ва омиропаи Усто Ҳикмату Занҷира ёрй меҷӯяд...

Усмонхоҷа дар иҷрои Воҳидов рамзи шикает хӯрдани ғояҳои
пуч ва бемаънии миллатчиёни хоин гардид. Ролҳои нисбатан
хурд низ дар иҷрои ҳунарпеша маънои баланд пайдо мекар-
данд. Котиби комитети партиявй Соломахин дар_«Машварат»-и
А. Гельман қаҳрамони асосй ҳисоб намешавад. Ӯ дар кабинета
худ бюро гузаронида, масъалаи аз мукофот рӯ гардондани кор-
гарони бригадаи Потаповро муҳокима мекунад, вале дар ин
муҳокима мисли дигарон фаъолона иштирок надорад. Қариб
ran ҳам намезанад.

Воҳидов дар иҷрои ин роль ҷавонмарди батамкин ва доноро
тасвир карда, серталаб ва принципиалй будани ӯро таъкид на-
муд. Соломахин дар сари миз, рӯ ба рӯи тамошобин ором ни-
шаста, ҳозиронро дар кабинета худ бо чашмони оқилонааш
меомӯзад, ба Толя Жариков барин коргарҷавони ҷасур бо му-
ҳаббат менигарад. Дар мавриди хондани монолог актёр ба лаби
саҳна омада, бо тамоми эҳтирос сухан меронад ва тасдиқ ме-
намояд: бо он чизе ки пеши роҳи прогресси илмию техникиро
мегирад ва ба одамону дигаргунсозиҳои революционӣ халал ме-
расонад бояд мардоиавор зарба дода шавад. Воҳидов ин саҳ-
наи муҳимро, ки дар он тамоми маънои асар ҷамъбаст ёфта-
аст, таъсирбахш ифода мекунад.

Ин роль бори днгар нишон дод, ки Воҳидов ҳамчун санъат-
кори офарандаи рольҳои ҳамзамонони мо ҷолиби диққат аст. У
аз саҳна метавонист дар бораи чизи аз ҳама асосй сухан ро-
над, дар симои қаҳрамони хеш аломатҳои муҳимтарини даврро
ҷамъбаст карда, сифатҳои нави ин шахсро ифода намояд. У ме-

47
тавонист дар як ми со л к чузъй, бо симои як персонажи алоҳида
хусусиятҳои типии наели имрӯза, сифатҳои муҳими онро ку-
шояд.

Воҳидов на танҳо актёри навовари театр ва кино буд, бал-
ки ӯ дар санъати режиссёрй ҳам лаёқат дошт, ки ин истеъдоди
ӯ ҳанӯз дар моноспектаклҳо зуҳур ёфт. Соли 1976 вай драмаи
нави С. Улуғзода «Алломаи Адҳам ва дигарон»-ро таҳия наму-
да, бори аввал дар гузоштани асари калони саҳнавй қувваозмоӣ
менамояд. Таҷрибаи ба дастовардаи ҳунарпеша дар фильми
«Ситораи шабистон» ин до кор дод. Драматург дар симои Ал-
ломаи Адҳам на танҳо образи Аҳмади Дониш, балки тамоми мао-
рифпарварони равшанфикр ва соҳибандешаро ҷамъбаст намуда,
типи гардонидааст. Онҳо ба олами маҳдудият ва дуньёи қафо-
мондаву хароби феодалӣ ҷанг эълон карда, ба маданияти прог-
рессивии халқҳои дигар ва, пеш аз ҳама, мардуми рус меҳр пай-
до мекунанд. Драматург тавлиди ин сарчашмаи дӯстиро дар ша-
роити вазнини ҳукмронии риёкорон ва рӯҳониёни ҷоҳил, дар
вазъияти режими нангини аморат кушода, нишои медиҳад,. ки
чи навъ як дузъиёти назарногир, яъне бӯсидани дасти зани рус
ба Алломаи Адҳам ин кадар ташвиш ва дилсиёҳӣ меорад, чи
навъ русидонии дӯст ва ҳамфикри ӯ Абдусалом то ба фоҷиаи
сангсоршавиаш мерасад. Воҳидов ҳамчун режиссёр барои бар-
ҷаста ифода ёфтани майлу хоҳиши неки ин одамони равшан-
фикр кӯшид. Ӯ дар оғоз ва интиҳои спектакль Алломаи Адҳам
ва пайравони ӯ Абдусалом, Ҳабиба, Раҳим, Неъмат, Пашков ва
Пашковаро ба сурати нақши асосй тасвир мекунад. Баъзе аз
инҳо масалан, хизматгори дари қозикалон Раҳим, ки толибилм
асту дар пьеса характери эпизодй дорад, бо ташаббуси режис-
сёр ба қаҳрамопи фаъол, одами ростгӯю нотарс табдил ёфта-
анд.

Ҳануз дар аввали спектакль, вақте ки саҳиа нимравшан
гашта, қуръонхонии мударрису муллобачаҳо шунида мешавад
ва сони аз радио овози диктор — овози дили маорифпарварои
баланд мешаваду онро хониши Ҷӯрабек Муродов шира ва қув-
ват медиҳад, мисраъҳои Ҳофиз буррову таъкидкунон садо ме-
дик анд:

Биё, то гул барафшонему май дар соғар аидозем,

Фалакро сақф бишкофему тарҳи пав дарандозем.

Алломаи Адҳам ва пайравони ӯ гӯё ки бо даъват пайдо ме-
шаванду дар сгпмои худ буньёдкорони ҷаҳони навро таҷассум
менамоянд. Дар замони тираю тори Бухорои асри гузашта, он-
ҳо касонеанд, ки тағйирот ва дигаргунсозии сохти пӯсидаи фео-

48
далиро орзу кардаанд. Ҳамин тавр режиссёр тамоми имконият-
ҳоро ба кор бурда, бо ҳамроҳии рассом Я- Мамадқулов ва бас-
такбр С. Ҳамроев спектакле офаридааст, ки бо ҳама аломат-
ҳо ба талаботи театри пешқадами имрӯза ҷавоб медиҳаду ғоя
ва руҳаш ҳозиразамон аст.

Воҳидов қисмҳои гуногуни таркибии спектакль, яънс тар-
зи устокорона истифода бурдани сатҳи саҳна ва рӯшноӣ, оданг-
дои халқӣ ва классикй, тарзи хушнамуд ва тундутез сохтани
мизансценаҳо, ба воситаи сухан бархезондани низоъҳои дра-
мавиро хуб фикр карда, ин ҷузъҳои таркибиро ба якдигар
бевосита пайваст намуд. Азбаски ҳамаи саҳнаҳо мантиқан ва
ботинан сахт пайванданд ва рафти инкишофу тағйири воқеаҳои
асар суръат пайдо мекунад, ин спектакли калону мӯҳташам
дилбазаи пест. Сохту суроби он аниқ буда, намоиш тамошобин-
ро бо драматизм ва дараҷаи тафсидани эҳсос ва фикрҳои ба-
ланди шоирона мафтун менамояд.

Дар намоиши «Алломаи Адҳам ва дигарон» ду тенденцияи
асосии моноспектаклҳои ӯ натанҳо ба ҳам пайвастанд, балки
васеъ инкишоф ёфтанд. Романтика ва шеърияти баланд, ки ба-
рон санъати миллии тоҷик хос ва анъанавист, бо сифатҳои те-
атри имрӯзаи советй — бо василаҳои тасвирии образнок, пси-
хологизми ҷиддии таҳлилй, ки вақтхушиҳои зоҳирию тафсилоти
маиширо намепарвараду тарзи табиӣ ва оддӣ бозидани иҷро-
кунандагонро талаб мекунад, пайваст шуд.

Воҳидов дар саҳнаҳои оммавӣ ба характеристикам индиви-
дуалии ҳар як иштироккунанда аҳамият надода бошад ҳам,
онҳоро ҳамеша дар даракат нишон дода, ба воситаи издиҳом
муҳити замонро офаридааст. Дар намоиши аввал як гурӯҳ мул-
лоҳо ва муллобачаҳо пайдо шудани меҳмонони алломаи Ад-
дам—зану шавҳари русро куфру бидъат дониста, бо дасисаву фит-
иа шӯр меангезанд. Балвогарон бо овози баланд шӯру ғавғо бар-
дошта, муттаҳид будани худро зоҳир менамоянд. Аз ваҷоҳати
онҳо қабоҳату ҷаҳолат ҳувайдост. Муллоҳо ва муллобачаҳо ал-
ломаи Адҳамро таъқиб доранд, қариб аст, ки пахш карда, мис-
ли Абдусалом лағадкӯб кунанд. Режиссёр ин издиҳоми бераҳ-
му хунхорро ҳаҷву мазаммат намуда, шаъну эътибори Алло-
маро дар худдорй ва оромию ботамкинии ӯ иишон медиҳад. Сад-
надои хонаи Аддам ва Абдусалом чун гӯшаи ороми илму маъ-
рифат ва тамаддун аз гармӣ ва медру мудаббати инсонй ранг
бардоштанд. Вадшиёни замой ин чоро ҳам пахш мекунанд.

Режиссёр ба иҷрокунандагон кӯмак расонд, ки дуньёи маъ-
навии қадрамононро муфассал тадлил намуда, бо тобишдои
психологи обуранг диданд. Хусусан дамкории режиссёр бо иҷ-

4 — 3961

49
рокунаидаи роли алломаи Адҳам актёрм номии тоник Ато Му-
ҳаммадҷонов самарабахш буд. Дар ин спектакль ду соҳибис-
теъдоди бузург — Воҳидов ва Муҳаммадҷонов натанҳо дӯсти
қарин, балки дар ҳалли вазифаҳои амиқи ғоявию бадей ва бо
шаклҳои гӯёю хушояндаи саҳнавй ифода намудани онҳо, му-
раккаб ва аҷиб талқин додани ҳар як саҳиа ҳамфикр ва ҳам-
маслак будани худро собит намуданд.

Образи алломаи Адҳам хеле барҷаста баромад. Бо воситаи
он яке аз мавзӯъҳои асосии спектакль — дар шароити азобу
машаққат ва пур аз хавфу хатар ҷуръат содир кардани як бу-
зургвор ва дар кори азиму наҷиби худ танҳой кашидани ӯ ба
хубй ҳис мешуд. Худи Воҳидов дар роли дӯсти алломаи Адҳам
Пашков баромад карда, симои як зиёии пешқадами русро тас-
вир кард. Пашков дар иҷрои ӯ марди харобакаки назарногир
намояд ҳам, бо хушмуомилагиаш, маданияти баланд, доногӣ,
мулоимат ва бетакаллуфиаш дилкаш ва хоксор буд. Разолату
бетартибиҳои аморати Бухоро дар ӯ аввал ҳайрат, сонй сар-
гарангй ва дар охир ҳисси эътирози бепоён бедор мекунад.

Нахустин кори мустақилонаи режиссёрии Воҳидов тарафҳои
нави истеъдоди шукуфтаистодаи ӯ, роҳҳои тозаи навҷӯии вайро
кушод ва исбот намуд, ки ии ҳунарпеша дар таҳияи асарҳои
мураккаби саҳнавй лаёқат дорад ва аз ӯҳдаи аҷиб тафсир до-
дани онҳо баромада метавонад.

Роли охирини Воҳидов дар саҳна Ясон аз «Медея»-и Ев-
рипид буд, ки ин шоҳасари драматургияи бостонй нахустин бор
17-уми сентябри соли 1977 нишон дода шуд ва ҳунарпеша дар
ин нақш ҳамагӣ се-чор маротиба баромад кард. Воҳидов, ки дар
болои рольҳои тозаи худ пайваста кор мекард, фурсат наёфт,
ки ин нақши навро сайқал диҳад. Аммо нияту мақсади эҷодии
ӯ бе ин ҳам аҷйб буд. Артист услуби фоҷиаи Юнонро риоя на-
муда, онро бо василаҳои ҳозиразамон оро дод. Ҳунарпеша си-
мои ин қаҳрамонро барҷаста тасвир карда, ошкоро гуфтан ме-
хоҳад, ки худпарастӣ, ҳарисй ва шавқи ҳукмфармоӣ ба инсон
чй балоҳое меорад. Маҳз мана ҳамин эҳтироси Ясон ва па-
дарарӯси нави ӯ Креонт ба одамон зулму ситам ва ҳатто март
меорад. Воҳидов инкишофи фоҷиаи қаҳрамони хеш ва хислатҳои
ӯро нишон дода тавонист. Ясони ӯ ҳангоми бори аввал пайдо
шудаи одами худписанд ва бешарм менамояд. Ин марди хуш-
қадду қомат, олуфта ва чусту чолок суханони Медеяро бо пис-
ханд пешвоз мегирад, занашро тарсонда, ҳатто ба ӯ дӯғ зада,
сабаби хонадор шудани худро маккороиа исбот мекунад. Ban
як дараҷа «бо нармӣ» ran зада, гӯё хиёнати худро рӯпӯш карда,
нафрати заиашро нисбат ба хеш паст карданӣ мешавад. Баъд

50
мо ӯро ҳамчун падари меҳрубон мебинем, ки писаронашро дӯст-
дорн мекунад, ба «пушаймонии» занаш бовар намуда, мулоим
мешавад. Воҳидов кори худро дар болои ин нақш ба нтмом
расонда натавонист. Дар саҳнаҳои аввал ӯ аз ин навҷӯӣ баъ-
зан саргарми додгӯию зӯрзаниҳои нодаркор мешуд.

Аммо дар пардаи охир санъати ӯ ба авҷи аъло расида буд.
Ҳунарпеша фоҷиаи одами бетолеъ ва мусибатзадаро хеле таъ-
сирбахш нишон медиҳад, ки аз чизи аз ҳама азизаш — фарзанд
маҳрум гаштааст. Саҳнаи норизоӣ аз худой Зевс бо як эҳсоси
баланди драмавй иҷро шуда, фиғони пур аз дарду алами оҷизй
ва дасткӯтоҳии Ясонро дар назди зани қавиирода ифода меку-
над.

Аз пуқтаи назари юнониёни қадим шахси бефарзанд ва бе-
насл бадбахттарин одам буд. Воҳидов ин матлабро барҷаста
ифода намуда, ба он обуранги миллӣ бахшид. «Дар Эллада аз
ту бадкирдор одам мест»,— мегӯяд Ясони актёри тоҷик бо як
•ҷаҳон нафрати ошкоро оташин шуда. «Фарзандони азизам»,—
менолад ӯ бо қалби пурхун. Вай дар остонаи хонаи Медея то-
чи сарашро шрифта мепартояд ва ба замин афтода, зор-зор
мегирьяд.

Маҳмудчон Воҳидов ба майдони санъат аввали солҳои 1960-
ум, дар давраи инкишофу болоравии маданияти халқи мо ва
тантанаи сиёсати ленинй қадам ниҳод, ки аз эҷодкорон офари-
дани асарҳои сазовори замой, тарбияи одами нав ва талқин
намудани маданияти баланди маънавиро талаб мекард. Дар
айни замон процесси инқилоби илмию техникӣ cap шуд, ки
-эҷодкории баланди касбй, меҳнати интеллектуалиро талаб ме-
намуд. Ин ҷараёни амиқу доманадор ва болоравандаи замон,
типи актёрҳои нав, ҳунарпешагони зиёиро ба вучуд овард, ки
онҳо фикру андеша ва эҳсоси баланди қаҳрамонони худро ба-
со нозук ва ҳассосона ифода менамуданд.

Дар театри имрӯзаи рус яке аз чунии актёрон И. М. Смок-
туновский буд, ки ӯ дар нимаи дуюми солҳои панҷоҳ ба олами
санъат қадам ниҳод. Ин ҳунарпеша бо наҷобати инсонии хеш,
бо ҳассосй, нозукӣ, чаҳони бои маънавӣ, санъати баландмаз-
мун ва услуби бозии ба худ хосаш дар инкишофи санъати те-
атр ва кинои совехӣ марҳалаи нав кушод. Таваҷҷуҳи Воҳидов-
ро дар байни артистони пурмаҳорати рус пеш аз ҳама Смокту-
новский ба худ ҷалб намуд ва услуби ӯ мӯҷиби диққати ак-
тёри тоҷик гардид. Аммо ҳунарпешаи мо фақат пайрави ӯ нест.
Воҳидов ҳам таҷассуми ҳамон иашъу намой шахсият ва эчод-
кори маданияти интеллектуалӣ мебошад, ки онро замони нав ба
вуҷуд овардааст.

51
Ба ҳама маълум аст, ки санъатро ҳамеша ҳунарвароии дарь-
ёдил, фидокор ва машаққатписанд пеш мебаранд. Воҳидов дар
таърихи театри миллим солҳои 60—70-ум аз қабили чунив ка-
сок буд. Ӯ ба сифати ҳунарманди баиродат ва соҳиби мақсади
пок ҳастиву ҳунари худро ҳамеша сарфи нияти наҷибе мекард,
•ки баҳри он зистан дар олами санъат арзанда аст. Вай шахси
боақлу маданиятнок, дурбину дурандеш буд. Маданиятнокию
бомаърифатй ва ҳамқадаму ҳамнафаси замон буданаш ҳам
дар тарзи фикрронй, ҳам дар худдорию таҳаммул, ҳам дар
услуби бозӣ, ҳам дар баёни фикрҳои наву пешқадам ва бочуръ-
атона, хам дар тарзи либоспӯшии ӯ (пӯшоки Маҳмудҷон доим
мувофиқи мӯд буд) пай бурда мешуд. Санъати касбии ӯ дар
фаъолияти ҷамъиятй ва маданияти ҳақиқии инсониаш заминай
устуворе меёфт.

Воҳидов касро, пеш аз ҳама, бо маҳорати мустақилона фикр-
ронй ва дарккунии худ чалб менамуд. У ба ҳодисаҳои гузаш-
та бо назари тоза нигоҳ мекард, аз тақлид ва'анъанаҳои бар-
дурӯғ ҳазар менамуд. Пайвастагии узвии эҷодиёти ӯ бо ҷаҳони
маънавии имрӯза ҳам дар ҳамин буд. Рӯҳи замон ва шахсия-
ти инсон дар ҳар як образи офаридаи ӯ хонда мешуд. Дар ҳар
як спектакль ба таври индивидуалй дарк намудани образ, дарь-
ёфтани сарриштаи маъно ва мазмуни амиқи роль, суботкорона
шарҳ додани эҳсосу андеша ва кушодани психологияи қаҳра-
мон Воҳидовро ҳамчун актёри ҳозиразамон ва сермасъулият
нишон медод. Аҳамияти иҷтимоии эчодиёти ин санъатвари бар-
ҷастаи тоҷик дар он аст, ки вай ба воситаи характерҳои ҳассос
ва эътимодбахш тарафҳои гуногуни ҳаёт ва қувваи ибратбахши
онро кушода, ба афкори тамошобинон таъсир мерасонд ва дар
ин масъала масъулияти баланд ҳис мекард.

Воҳидов ба маънои пурра актёри муосир буд, зеро кидои
замонашро мешунавид, набзи даврро ҳис мекард ва толори
тамошобинони сершуморро шефтаи санъати баланди худ кар-
да метавонист.

Умри кӯтоҳи Воҳидов дар умри човидонии санъат тачассум
ёфт. Ин санъат санъати оддй набуда, бо заҳмати бешумор ва
парвозн баланди, рӯҳ муяссар гардид. Эҷодиёти ҳақиқй ва
бозьёфтҳои эҷодӣ ҳам маҳз дар натиҷаи ба кор андохтани
тамоми қуввату ғайрат ва фурӯ нишондани ҳамаи мушкилиҳо
ба даст меояд. Воҳидов махсусан услуби эҷодии устоди бузур-
ги санъати театрии тоҷик Муҳаммадҷон Қосимовро омӯхт, идо-
ма дод ва бой гардонид. Ӯ актёре буд, ки қобилияти интеллек-
туалиро бо қувваи эмоционалӣ, овози нодири зеборо бо плас-
тикам хушифода омехта метавонист. Вай ба файласуфона дарк

52
намудани ҳаёт майл дошт. Ин хусусиятҳои санъати f натанҳо
аз истеъдод, балки аз меҳнат низ вобаста буд. Актёр дар наз-
ди худ ва тамошобинон масъулияти бузургеро ҳис мекард. Вай
аз муваффақиятҳо саргарм нашуда, муттасил кор мекард, ғар-
қи ҷустуҷӯҳои эҷодй буд. Ҳунарпеша гоҳо ба қуллаи бахти ду-
рахшон расад ҳам, баъзан маъюс шуда бовариашро нисбат ба
худ гум мекард, рӯҳафтода мешуд, вале меҳнати вазнину фи-
докорона, сарфи назар аз ин душвориҳою монеаҳо, ӯро аз ин
ҳолат дур мекарданд. Дар қалби ӯ туғьени фаъолияти эчодй
лаҳзае қатъ намеёфт.

Воҳидов дар болои роли нав на танҳо дар театр, балки дар
хона ҳам пайваста кор мекард, олами маънавии қаҳрамони
худ, зебой ва бузургии корнамоии ӯро муфассал ва чуқур таҳ-
лил менамуд. У ба машқҳо ҳамеша тайёр меомад. Ақли баланд,
дониши пухта, тасаввури бои эчодй ба вай имкон медод, ки аз
рӯи нияту мақсади худ мустақилона амал кунад, бозьёфтҳояш-
ро ба рафиқонаш фаҳмонад ва баъзан ба онҳо детальҳои аҷиб-
ро ҳам ёфта диҳад. Вай ғояи режиссёрро инкишоф дода, ал-
батта, аз худ низ ягон чиз илова менамуд. Агар режиссёр ё
ҳамкасбонаш ягон таклифи ачиб пешниҳод кунанд, ӯ фавран
ба илҳом омада, онро сайқал медод, бойтар менамуд. Ӯ маҳз
дар натиҷаи шавқу ҳавас нисбат ба роли нав, саъю кӯшиш,
чидду чаҳд, матонат ва сабру тоқат ғалаба ба даст меовард.

Ҳунарпеша ба касбу меҳнати хеш ва меҳнати рафиқонаш
эҳтирому муҳаббати беандоза дошт.

Ин марди хушаидом, ҷингиламӯ, ки доим зарифу хуш-
либос мегашту андак бо табассум ва хиҷолат гаи мезад, на
бо ҳар кас ҳамроҳ мешуд, ба иззати нафси касе ҳам наме-
расид. Баръакс, бо рафиқонаш хайрхоҳона муносибат мекард
ва агар нисбат ба.онҳо эроде гирад, албатта, далел оварда,
исбот менамуд ва фикри худро бо самимияту эҳтиром баён ме-
кард.

Ҳунарпеша ҳангоми бозӣ доим дар ҳолати фаъоли эчодй
буд. Ӯ рӯзи спектакль барвақт ба театр омада, то cap шудани
намоиш ба образ даромада, ҳаяҷони эчодий худро бедор мена-
муд. Бинобар ин ӯ ҳар бори ба саҳна баромадан ҳолату аҳволи
образи худро аз cap мегузаронид, ба изтироб меомад ва инсон-
ро бо.тамоми олами мураккаби интеллектуалй ва эмоционали-
аш нишон медод.

Олами эҳсосоти шахсй ва бадеият бо тасаввури эчодй мут-
таҳид шуда дар амал таҷассум меёфтанд ва ҳақиқати саҳна
ба вуҷуд меомад. Санъати ҳақиқии саҳна бошад, бе ҳиссиёти
самимона вуҷуд надорад. «Ҳақиқати эҳтиросот ва ба ҳақиқат

53
монандии эхсосот дар шароити манзур — ин ҳама он чизест,
ки ақли мо аз драмнавис талаб мекунад»,— навишта будА. С.
Пушкин. Гуфтаҳои ӯ ба бозии актёрҳо низ дахл доранд. Ҳисси
зиндаву асил ва «ҳақиқати эҳтиросҳо» ҳаёти образро дар саҳ-
на ба вучуд меорад.

Шиори 'доимии Воҳидови санъаткор ҳам зебоии рӯҳи инсон
ва «хақиқати эҳтиросҳо» буд, ки аз табиати солим ва ҳассоси
ӯ cap мезад. Ӯ санъати сарду берӯҳро намеписандид. Дҳсоси
хешро баъзан бо худдорӣ ифода намояд ҳам, дар саҳнаҳои
муҳим, хусусан дар нуқтаи авҷи аълои спектакль онро табий,
бо хуни дил ва тамоми ҳастиаш изҳор медошт.

Санъати Воҳидов ҳамеша аз ҳақиқат баландтар буд. Қаҳ-
рамонони ӯ баробари ташвишу тараддуди ҳаррӯзаи зиндагй
дар олами маънавии баланди комил ва пуробуранги хеш зин-
дагй доштанд.

Истеъдоди беназири Воҳидов дорой сифати хосе буд: та-
мошобинро бевосита бо ҷараёни эҷодиёти бадей ошно мекард
ва ба ӯ шодмонй мебахшид. Қувваи истеъдоди Воҳидов чун
кувваи фардияти дурахшони актёрй ва шахсияти хоси санъат-
кор кабул мегардид. Тамошобин ҳам ин сифатҳои хоси санъ-
ати ӯро меписандид. Дар бозии ӯ услуби озод ва бетакаллуф,
маҳорати устокорона ва ифодаи дақиқи пластикй, табъи сар-
шори бадей ва маданияти баланди иҷрокунӣ мушоҳида карда
мешуд.

Йн хусусият пеш аз хама дар шоирона дидани инсон, басо
амиқу моҳирона кушодани олами маънавй ва эҳсоси ӯ, роман-
тикаи серобуранг ва идеалҳои баланди қаҳрамон зуҳур меёфт.
Диққати Воҳидовро ҳам маҳз симои чунин шахсони характе-
рашон комил ва пурқувват ҷалб менамуданд.

Имрӯз ки асри нави жанри драма аз театр василаҳои бо-
варибахши тасвирро талаб мекунад, санъати радио, телевизион
ба инкишофи тадриҷии эҷодиёти актёр таъсир мерасонад, чус-
тучӯи усулҳои тоза ва василаҳои нави тасвир чун амри қону-
ние ба назар мерасад.

Вохддов чун актёри ҳозиразамон ҷозибаи баланди интеллек-
туалй дошт, талаботи давр ва набзи замони хешро ҳис мекард,
баробари он қадам мезад, аз саҳна фикрҳоеро ифода мекард,
ки муосиронро ба ҳаяҷон оварад. Артист нағз медонист, ки эх-
сосот ва ҳаяҷонро аз силсилаи ғояҳо, аз миқьёси умумии та-
факкури инсон чудо кардан мумкин пест. Бинобар он ӯ тамо-
шобинро натанҳо ба доираи эҳсосоти хеш, балки ба олами ан-
дешаҳои худ, ба дуньёи интеллектуалки қаҳрамононаш чалб
менамуд.

54
Ҳар як актёр, бастакор, рассом як идеали олй ё худ ода-
ми хоси маҳрамона ва пурҳарорате доштанаш зарур аст, то ки
дар ин бора аз саҳна ё экран гарму ҷӯшон ran запад, дар ак-
си ҳол санъати ӯ таъсирашро бохта, тамошобинро ба ҳаяҷон
намеорад, ба фикру андеша водор намекунад ва ҳочати ба саҳ-
на баромада, ҳунарнамой кардан ҳам намемонад. Хушбахтона
Воҳидов, ки дили нозук ва начибе дошт, дорой олами хоси маҳ-
рамона ва идеали баланди шахсй буд. Ин чнз алалхусус дар
муносибати ӯ нисбат ба ҳаёт кушода мешуд.

Артист дар ҳар як роли калон ва моноспектакльҳояш вази-
фа мегузошт, ки фикру андешаҳои фалсафиро бо образҳо шои-
рона бипайвандад ва дар ин роҳ ҳастии хеш ва таносуби ин ду
маҷрои мухталифбуньёдро нигоҳ дорад. Ӯ монанди беҳтарин
актёрҳои имрӯзаи рус И. М. Смоктуновский, О. Н. Ефремов,
Е. А. Евстигнеев ва дигар артистони интеллектуалй дорой қув-
ваи калони эмодионалй буда, амалиётро маънидор ва фикрро
амалй ифода мекард. Санъати ӯ саршор аз истеъдод, ақл, ҳаро-
рати гражданӣ, эҳсоси замон ва чуқур фаҳмидани ҷараёни да-
ёт буд. Бинобар ин санъатгари тоҷик омиру фикру эҳсоси
ҷавонон, калонсолон гардид ва тамошобинони нав пайдо
кард.

Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои Воҳидовро дар инкишофи
санъати театрии точик ба назар гирифта 5 декабри соли 1973
ба ӯ унвони Артиста Халқии РСС Тоҷикистон дод. Баъди чахор
сол вай ба унвони Артиста Халқии СССР пешбарй шуда буд,
аммо гирифтани ин унвон ба Воҳидов насиб нагардид. Ӯ дар
осмони ҷовидонии санъат мисли ситорае дурахшиду аз паи
хеш нақши абадй ниҳода ногаҳон хомӯш гашт.

Соли 1977 барои Тоҷикистон вазнин омад. Олими номй Бо-
боҷон Ғафуров, шоири маъруф Мирзо Турсунзода ва актёри но-
дир Маҳмудҷон Воҳидов ба чаҳон падруд гуфтанд. 9 ноябри
соли 1977 аз дуньё гузашт. Хабари шум баъди ду-се рӯз дар
Душанбе паҳн гашт. Хурду калон барои изҳори ҳамдардӣ ба
хонаи ӯ меомаданд. 15 ноябри соли 1977 дар толори театрп ба
номи Лоҳутӣ маросими дафн барпо гардид. Матоъҳои снёҳу
сурх, ки ба деворҳои театр овехта буданд, ба толор намуди
ҳузнангезе мебахшиданд. Ҳофизони дардошнои мо Барно Ис-
ҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Ҷӯрабек Муродов шеърхон на-
вакак эҷодкардаи дӯстони ҳунарпеша — Гулрухсор, Лоиқро бо
нолаҳои осмонгир аз дилу ҷигар сароида, ҳамаро ба гирья
оварданд. Гоҳ-гоҳ овози худи артист аз спектакли «Дуэл» ба
гӯш мерасид. «Ман мемирам»,— мегӯяд Азиз дар иҷрои Мах-

55
мудҷон ва ин суханони қаҳрамон мисли тир дили ҳозиронро
сӯрох мекард.

Барои видоъ тамоми зиёиён ва мухлисони сершумори ин
ҳунарпешаи ҷавонмарг ҷамъ омаданд. Онҳо ин бадбахтиро дар
маданияти рӯ ба тараққии худ зоеаи бузург медоиистанд. Си-
мон гарму пуртабассуми ӯ дар пеши назари ҳама зинда буд. Кй
медонист, ки 19 октябрь ӯ моноспектакли худ «Гуфтугӯ бо
худ»-ро охирин бор нишон медиҳад, 20-ми октябрь бори охир
дар концерта бахшида ба 100-солагии рӯзи таваллуди шоири
форсизабони Ҳинду Покистои Икбол шеър мехонад ва 23-ми
октябрь дар спектакли нав — «Медея» дафъаи охирин роли
Ясонро мебозад. Дар концерта ба Иқбол бахшидашуда ӯ ду
шеъри шоирро хонда рӯҳи инқилобии ашъори ин мутафакирро
хеле моҳирона кушод (29-ми ноябри соли 1969 ҳам дар телеви-
зор баромад карда чанд шеъри Иқболро хонда буд) ва ҳамаро
маҳву мот кард. Баъди қарсакзаниҳои дурудароз ӯ шеъри се-
юмро хонд.

Иштироккунандагони симпозиуми байналхалқй оид ба проб-
лемаҳои этникии таърихи қадими Осиёи Марказӣ олимони Ҳин-
дустон, Покистон, Англия, Франция ва дигар мамлакатҳо, спек-
такли «Гуфтугӯ бо худ»-ро тамошо карданд. Рӯзи дигар оли-
ми ҳинд Б. Б. Лал дар маросими пӯшидашавии симпозиум ба-
ромад карда, ба меҳмоннавозии тоҷикон изҳори миннатдорй
кард, беҳтарин таассуроти худро аз спектакли Воҳидов донист
ва ӯро актёри бузург номид. Ҳама фахр мекардем, ки ба мис-
ли Воҳидов ҳунарпешаи соҳибистеъдоде дорем, лекин баъди
ӯро ногаҳон талаф додан кадру қиммати ин истеъдоди ба худ
хос ва нотакрорро чуқуртар фаҳмидем. У аз қабили онҳоест, ки
ҳеҷ кас ӯро иваз карда наметавонад. Солҳо мегузаранд, аммо
ҳамеша ҷои Воҳидов холист, ӯ намерасад.

Марги бемаҳал барои театр, кино, радио, телевизион, барои
нависандагон, шоирон, мухлисони сершумори ҳунарйеша та-
лафоти бузургест. Мо ӯро дигар дар нақшҳои барчаста намеби-
нем. Фоҷиаи «Ҳамлет», ки Маҳмудҷон солҳои дароз дар орзӯи
ин роли бузург буд, бе иштироки вай гузашт. Воҳидов нақшҳои
Чацкий, Ричарди сеюм, Треплев, Арбенин, Протасов, Штокман,
Сирано де Бержерак, Сид, Рыои Блаз ва дигар ролҳои класси-
киро, ки маҳз ба ӯ мезебиданд, набозида рафт. Бисьёр ғунчаҳои
истеъдоди бузурги Воҳидов ҳанӯз ношукуфта, хазон гардиданд.

Бо вучуди пи вай дар 17 соли ҳунарварй дар театр, дар тӯ-
ли ин умри кӯтоҳ ва дурахшон ба одамон лаҳзаҳои муқаддаси
шодмонию таассуроти некро бахшид, дар вучуди онҳо изтиробу
ҳаячон ангехта, кадру қимати зиндагии инсонро дар назарашон

56
дучанд афзуд ва дар дилу дидаи мардуми санъатписанд абадй
чой гирифт. Дар ҳамин аст маънии ҳаёти артист.

Соли 1978-ум боғи маданият ва истироҳати зодгоҳи артист
ва Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба коми ӯ гузошта
шуд. Хотираи ин санъаткори бузург, ки дуньёи пурнури анде-
шаю эҳсос, ҳарорати дил, заковати фитрй ва истеъдоди бенази-
рашро бе заданҳои набзи замой ва қисмати халқу Ватан тасав-
вур карда наметавонист, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва дар
ёди дӯстони иганосу ношиноси ӯ чун намунаи ибрати ҷавонмардй
ва олиҳимматӣ хоҳад монд.
Маҳмуд Воҳидов

Муҳаммадҷон Қосимов. Артист. Соли 1907 таваллуд шуда,
соли 1972 аз олам чашм пӯшид. Чунин аст кӯтоҳтарин тарҷу-
маи ҳоли инсон.

Аммо ҳамин шарҳи ҳол ҳам кофист, ки бо шунидани ин ном
мо як ҷаҳон маънӣ ва воқеотро пеши назар оварем, ба ан-
деша равем, изҳори эҳтиррм кунем. Ба мо аз қадимулайём ба-
рон он ном мегузоранд, ки худро дарьёбему дигарон моро ҷӯ-
янд. Ҷустуҷӯи инсони нек бошад, расми дерини зиндагист. Му-
таассифона, баъзан дер меҷӯем.

Мо имрӯзҳо, дар остони ҷашии бузурги миллатамон, ба фар-
зандони арзандаи ӯ изҳори миннатдорй мекунем. То ки онҳо
дар рӯзи тантанаи Ватанамон ҳамроҳи мо бошанд. Ман ҳам дар
қатори дигарон имрӯз дар ёди худ симои устоди ҳунар Му-
ҳаммадҷон Қосимовро меҷӯям.

Дар зиндагии мо ҳама касбу ҳунарҳо баробар қадр доранд.
Меҳнати ҳалолу эҷодкорона ба касбҳо ранги нав, эҷоди нав
мебахшад. Ва касб ба номи мо шараф афзуда, ба ҷамъият ошно
мегардонад. К.Й медонад, кадомин беҳтар аст — ҳисобчй будан
ё артист шудан? Лётчик будан ё электрик, ё пахтакори номдор?
Ҳар касбу ҳунар бартарие дорад. Муҳим он аст, ки шахе ба ҷои
худ афтад. Муҳимтар он, ки кас ба меҳнати худ шавқманд
бошад, аз он лаззат барад, зеро замони мо замони меҳнати
пуршараф аст. Вале аз чй бошад, Муҳаммадҷон Қосимов, ки пас
аз хатми техникум дар зодгоҳи худ ҳисобчй шуда буд, якбора
касби худро гузошту майл ба санъат кард. Шавқу хоҳиши дил
ё гардиши иогаҳони зиндагй? Ин ба мо равшан нест ва муҳим

58
ҳам нест. Муҳим он аст, ки ин дафъа назар ба ҳисобчй будан
ҳунари артистии ӯ арзиши баланд гирифт. Шахси пурҳунар, ис-
теъдоди табиӣ _ба ҷои лозима афтод. Ҳунару меҳнати артист
шарафи номи ӯро афзуд ва номи Муҳаммадҷон Қосимов ба
санъати тоҷик шӯҳрати босазое овард.

Соли 1929 Муҳаммадҷон Қосимов техникум и кооперативии
Тошкентро хатм намуда, ба зодгоҳаш райони Рмштон баргашт.
Дере нагузашта комсомоли фаъол, ҷавони серғайрат Муҳам-
мадҷон Қоеимов худро чун ҳаваскори санъат кашф кард. Ӯ дар
бинои чойхонаи сурх ҷавонони лаёқатнокро гирд оварда, дас-
таи ҳаваскорони санъатро ташкил намуд. Худ ки қобилияти
дуторнавозӣ ва сарояндагй дошт, дигаронро тавассути ҳунараш
ба санъат шавқмаид мекард. Саҳначаҳои драмавй ороста, кори
тарғиботй мебурд. Овозаи ҳунармандии Муҳаммадҷон Қоси-
мовро мухбире аз Самарканд мешунавад ва ӯро дида маслиҳат
медиҳад, ки ба Душанбе равад. Зеро ои солҳо дар пойтахти
республикаамон аввалин театри тоҷик барпо мегардид. Баъди
аризаву хоҳишҳо ҳисобчии район аз кор озод шуда, дар Ду-
шанбе ба театри ба номи Лоҳутӣ ҳамчун артист ба кор қабул
мешавад. Аз соли 1931 то соли 1972 дар бадали зиёда аз чиҳил
сол Муҳаммадҷон Қосимов дар театри тоҷик кор карда, пой-
девори санъати касбии онро мегузорад.

Чиҳил соли хизмати садоқатмандона ба санъати театри дра-
мавй, ба санъати нақшофарй. Солҳои зиёди шиносой, малака-
омӯзй, саводбарорй, солҳои эҷодиву шавқу илҳом. Дар ин муддат
фатҳи ному шӯҳрат бо ранҷу ҷустуҷӯйҳои бехобй, хушбахтӣ бо
нокомиҳо, писандидан бо нописандиҳо омехта, ҳаёти як марди
санъаткорро дарбар мегирад ва Муҳаммадҷон Қосимов дар арзи
ин солҳо сабзида, аз ҷавони ҳаваскор ҳунарманди бурузге ме-
шавад. Ӯ худро аз ҷавонй ба касбе мебахшад, ки як дилашро
мебоист ба садҳо тан тақсим кунад. Аз як тани ҷавону зебояш
даҳҳо тани зишту зебо, сиришти поку нопок созад. Зеро ҳунари
шавки ҷавонй саргарми ҳунар буд. Баъдҳо давраи андешаву
иитихобнамудааш инро тақозо мекард. Дар аввал ӯ бо майлу
сарфаҳмравй фаро расид. Воқеан, ин артиста, артиста театри
драма будан чист? Аз куҷо оғоз меёбад ва чаро дар таърихи
халқи мо то ҳол вуҷуд надошт? — андеша мекард ӯ. Ба савол-
ҳои зиёде чавоб мечуст, то роҳи мақсуд равшантар шавад. Ба
омӯхтани таърихи театрҳои русу ғарб шуғл кард. У соли 1933
бори аввал ба Москва рафта, бо устодони санъати рус шинос
шуд. Аз ҳамон давр сафари Москва барои ӯ чун обу ҳаво за-
РУР буд ва ӯ кадри имкон зуд-зуд ба пойтахт мерафт, то ки аз
мактаби ҳунари русй дарси ибрат омӯзад. Он замонҳо дар те-

59
атрҳои Москва як қатор артистони овозадор дар авҷи камоло-
ти эҷодй буданд. Инҳо Станиславский, Остужев, Качалов, Хме-
лёв ва дигарон буданд, ки Муҳаммадҷон Қосимов аз овони ҷа-
вонй ба худ серталаб будан ва бозии табий ва зиндадилии
боварибахшро ба эҷодиёти худ хос гардонд.

Театри точик зодаи инқилоб аст. Ҳоло ҳама медонанд, ки
неш аз тӯфони буньёди нав мо, тоҷикон, чй доштему чй не.
Дини ислом дар қатори дигар халқҳои Осиёи Миёна мардуми
моро ҳам ба доми фиреб андохта, ба нуқтаи охирини гумроҳӣ
расонда буд. Хушбахтона, инқилоб расиду бо як таконе чорде-
ворҳои асрҳо боз фарсуда ва аз фиску фучур мағорбастаро ба
хок яксон кард. Ҳама дӯстон ба сохтмони ҳаёти нав камар бас-
танд. Душманон дар гурезу дар ситез шуданд. Муборизаи зин-
дагии наву кӯҳна cap шуд. Аввалин мактаб, кушода шудани авва-
лин канал, рӯзномаи аввалин, аввалин фабрика, театри аввалин...
Пардаи ин театр соли 1929 нахустин бор кушода шуд. Театр —
ин калимаи сеҳрноку чаззоб, ки дар тамаддуниҳама халқу мил-
латҳои пешқадам ҳамчун ҷузъи аз ҳам ҷудонашавандаи тарақ-
қиёти ҷамъият мавҷуд буд, ниҳоят ба сарзамини мо ҳам расид.
Инқилоб медонист, ки театр ҳамчун оинаи худомӯзй ва худши-
носӣ барои ҳаёти нав мисли мактаби савод зарур аст. Вай мебо-
ист таърихи рӯзгори гузаштаву ояндаи миллатро таҷассум на-
муда, барон камолоти одами нави даврон ҳамчун манбаи тар-
бияи эстетикиву ғоявй хизмат мекард. Аз ин ҷост, ки роҳбария-
ти республикаи чавон кушодани театри касбиро зарур донистанд.
Буньёди театрро артистони ҳаваскор ташкил мекарданд. Онҳо
аз шаҳру деҳоти республика ва аз Бухорову Тошкент даъват
туда буданд.

Таърихи инкишофи театри тоҷик бо роҳи эҷодии Муҳаммад-
ҷон Қосимов сахт пайванд аст.

Инчунин пайваст аст қисмати эҷодии онҳое, ки бо ӯ ҳамкору
ҳамэъҷоз буданд. Ҳар гоҳ, ки эҷодиёти фидокоронаи Муҳаммад-
чон Қосимовро бо эҳтиром қадр мекунем, мо ӯҳдадор ҳастем но-
ми ҳамаи он таҳиягарон ва актёронро, ки бо ӯ якҷоя заҳмат бур-
даанд, низ бо ҳурмат ба забои орем. Зеро санъати театр ҳунари
коллективй аст. Фақат дар иҳотаи артистони моҳир ва меҳнат-
дӯст метавонист ҳунарпешае чун Қосимов ба воя расад. Ша-
рикони содиқ ва илҳомбахши ӯ, ба монанди аввалин ҳунарпе-
шаи саҳнаи тоҷик Гулчеҳра Бақоева, Софья Тӯйбоева, Мирка-
рим Саидов, Абдураҳмон Саидов, Аслй Бурҳонов, Аҳад Сулай-
монов, Тӯҳфа Фозилова, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Бадриддин
Ҳомидов, Ҳайдар Шоҳимардонов, Зоҳир Дӯстматов, Наим Ғиё-
сов, Хайрӣ Назарова, Алиназар Хоҷаев ва дигарон буданд. Дар

60
зоҳир гардидани истеъдод ва маҳорати артистии Муҳаммадҷон
Қосимов хизмати режиссёрон Ҳомид Маҳмудов, Фатҳулло Ума-
ров, Тихонович, Ефим Мительман, В. Ланге, Ф. Александрин
басо арзанда аст.

Санъати театрй аз ҳунарҳои зебоест, ки муваққй ва лаҳзагй
мебошад. Он чун шодй ва хушбахтии бебозгашт, чун хандаҳои
дар лаб шикаста, чун насими форами даргузар аст, ки дар
қалбҳо ҳаяҷони ширине бедор мекуиад. Дар чунин лаҳзаҳои
изҳори афкору эҳсос вучуди артист мисли тори нохунзадаи мут-
риб ба ларза омада садо медиҳад. Маҳорати садобарорй ба то-
ру пуди қалби ӯ пайванд аст. Фақат номи нақшҳо ба ин гу-
воҳанд, ки артист Қосимов онҳоро зинда карда буд. Дигар аз
кучо чуям он сарфи эҳсоси артистиро? Он ҳама ҷӯшиши шавқу
илҳомро? Ҳама он боварии кӯдаконаи артистро, ки ба чӯби пе-
ліи по чун ба сутуни тилло назар мекард? Он нидоҳои ҷонха-
рош ва овози ларзони гирьяолуд бебадал рафтанд, ки дар на-
тачай хаёлоту ҷараёни нозуки фикр ба ҷунбиш меомаданд.

Дар даҳ соли аввал ӯ қариб бист нақш офарид. Етмишбой
ва Арслон дар спектакли «Ду коммунист»-и Абдулҳақ Усмо-
нов, Чадов дар асари Б. Белоцерковский «Даъвати ҳаёт», дар
спектакли «Платон Кречет»-и Корнейчук нақши Берест, Миллер
дар асари Шиллер «Макр ва муҳаббат», Педро Корильо дар
«Алкасар»-и Е. Мдивани, Тоҳиров дар асари С. Саидмуродов
«Тӯҳмат» ва ғайра. Ин асарҳо маҳсули роя ва тафаккури нави-
сандаҳо мебошанд, ки дар оғози чавонии худ Муҳаммадҷон
Қосимов бо шавку ғайрати ҳунаромӯзӣ ба онҳо чон бахшида буд.
Давраи даҳсолаи аввали эҷодиёти Муҳаммадҷон Қосимовро ба
ҷавоне монанд кардан мумкин аст, ки шефтаи омӯзиш, чусту-
ҷӯи роҳи маҳорат ва такомули эҷодист. Ва охири охирон маҳо-
рат ба ӯ таслим мешавад. Оре, чунин буд. Муҳаммадҷон Коси-
мое дар давраи тайёрй ба якумин Даҳаи адабиёт ва санъати
тоҷик дар Москва (соли 1941) устоди ҳунари худ гардида
буд. Театрй драмавй дар рӯзҳои Даҳа дар Москва се спек-
такль намоиш дод. «Калтакдорони Сурх»-и Сотим Улуғзода,
«Рустам ва Сӯҳроб»-и Абдушукур Пирмуҳаммадзода ва Воль-
кенштейн ва асари човидонаи Шекспир «Отелло». Дар ду спек-
такль Муҳаммадҷон Қосимов нақши асосиро бозй мекард. Отел-
ло ва дар драмаи «Калтакдорони Сурх» Раҳимбекро. Дар ху-
суси бозии Муҳаммадҷон Қосимов дар нақши Раҳимбек рӯзно-
маи «Правда» аз 18 апрели соли 1941 чунин навишта буд: «Хиз-
мати артист Муҳаммадҷон Қосимов, ки нақши Раҳимбекро бо-
зй мекунад, пеш аз ҳама, дар он мебошад, ки ӯ тавонистаст си-
мои зинда ва хавфноки душмани халқи точикро нишон диҳад.

61
Бозии ӯ дилчасп, ҳаракат ва ҷуибиши ҳар як ҷузъи баданаш ши-
наму баҷо буда, ботин ва зоҳири душмани ғаддор, феодал ва
ҷоҳили бераҳмро бараъло намоён мекунад».

Аввалин асаре, ки аз драматургиям ҷовидоиии Шекспир дар
саҳнаи тоҷик гузошта шуд, «Отелло» мебошад. «Отелло» бо
мавзӯи хубу банду басти моҳирона яке аз асарҳои беҳтарики
саҳнавӣ ба ҳисоб меравад.

Он дар тарҷумаи бисьёр хуби Абулқосим Лоҳутӣ барои ҳу-
нарпешагони тоҷик имконияти беҳтарини ҳунарнамой буд. Со-
ли 1939 режиссёр Е. Мительман бо заҳмати зиёд ин намоишро
ба вуҷуд меорад, ки барои артистон имтиҳони ҷиддй ва дарси
ҳунар мегардад. Дар рӯзҳои Даҳа Қосимов бо Отеллои офари-
дааш ба таҳсину эҳтироми тамошобинони Москва сазовор ме-
гардад. Дар бораи ин образи офаридааш ба мухбири «Театраль-
ная неделя» (соли 1941, радами 17) ӯ чунин мегӯяд: «Отелло»
шахси некноми замони худ буд. Шахсе, ки ба вай часорат як-
ҷоя бо нармдилии шоирона хос буд. Фоҷиаи ӯ дар он аст, ки
таддир ин марди нек ва зудбоварро дар иҳотаи одамони сияҳ-
кору ҳилагар андохтааст. «Хиёнат»-и Дездемона барои ӯ на
танҳо анҷоми бахт, балки зиёдтар аз он — гум кардани боварй
ба мардум аст. Ба назари ман асоси образи марди некрафтор
бадрашкй не, балки заволи идеалҳост. Ман Шекспирро то ҳол
дар саҳна надидаам. Танҳо як пьесаи ӯро хондаам, ки ин «Отел-
ло» мебошад... Афсӯс, ба русй ҳанӯз бо душворй мехонам. Над-
ши Отеллоро ҳамон тавре ки фаҳмидам ва ҳис мекунам, ичро
кардам».

Артист дуруст мегӯяд: «Ҳамон тавре ки фаҳмидам ва ҳис
мекунам». Ин асари ҷовидонии Шекспири бузург аз зери калам
чунон санъаткорона баромадааст, ки ба хислати ҳар миллату
нажод рост меояд. Ҳар хонанда ва хусусан, ҳар артисте, ки бо-
зидани надше дар он насибаш шуда бошад, даставвал ба таас-
суроти худ такья мекунад. Маҳз ба он ҳиссиёте ки баробари хон-
дан дар вучудаш пайдо мешавад, фаҳми инсониашро бедор
менамояд ва дар ботинаш бо қаҳрамони асар пайвандие ёфта,
дисматашро бо дисмати ӯ ҳамранг мебинад ва чуръаташро
ҳамсадо.

Шекспир драмнависест, ки артисти хомро мепазонад, нота-
вонро тавоно ва шогирдро устод мегардонад. Зеро баробари роҳ
ҷустан ба амалиёти саҳнавй аз чаҳонбинй ва инсоншиносии
драмнавис тафаккури артист низ бой мегардад. Баробари қаҳ-
рамони асар назари ҳунарпеша ҳам ба оламу одам дигар ме-
шавад. Боварй дорам, ҳарчанд, ки Муҳаммадҷон Қосимов он

62
гоҳ фақат «Отелло»-ро хонда буд, худи ҳамин ҳам кифоя ме-
кард, ки дар дилаш ба қисмати Отеллои накӯкор, ба муҳабба-
ти кӯдаконаи поки ӯ, эҳсоси баланду афкори амиқи ӯ, монолог-
ҳои чун дуои хайрбод вирди забоншуда ва самимиву буррои ӯ
изтироби пуртуғьёне ба вуҷуд ояд. Отелло ғалабаи эҷодии ар-
тист буд, ки тамошобини Москва кадр кард.

Нахустин Даҳаи санъати тоҷик дар пойтахти ватанамон бо-
муваффақият гузашт, ки саҳифаҳои зиндаи таърих ба ин шаҳо-
дат медиҳанд. Бо қарори Президиуми Совета Олии СССР ба
Театри давлатии академии-драмавй Тоҷикистон ордени Байрақи
Сурхи Меҳнат супориданд. Ба Муҳаммадҷон Қосимов унвони
олии Артиста Халкии СССР дода шуд.

Дар назди театри драмавӣ акнун вазифаҳои муҳимми эҷо-
дӣ гузошта шуда буд ва он рӯ ба камолот мениҳод, ки якбора
Ҷанги Бузурги Ватанӣ cap шуд. Ин воқеаи мудҳиш нақшаҳои
мардуми Ватанамонро дигар кард. Ба сафи армия беҳтарин фар-
зандони халқ сафарбар шуданд. Қисме аз адибои ва санъатко-
рони тоҷик низ ба дифои Ватан рафтанд.

Акнун дар театр асарҳои доир ба ҷанг ба саҳна гузошта ме-
шуданд. Муҳаммадҷон Қосимов, гарчанде либоси ҳарбй напӯ-
шид, ҳама зҳсосу муҳаббати ба Ватан ва ҳама нафрату адова-
ти ба душман доштаи худро тавассути ҳунари шево ва қалби
пуршӯри худ баён мекард. Дар ин солҳо пьесаи Ёқубҷонов ва
Зелеранский «Ба ҷанг», «Давом дорад»-и Брунштейн, «Дар
оташ»-и Сотим Улуғзода ва ниҳоят асари Лопе де Вега «Чаш-
маи гӯсфандон»-ро ба саҳна мегузоранд. Асари охирин аз ҷум-
лаи асарҳои классики буд, мавзӯи асар ва диловариҳои қаҳра-
мононаш ба талаботи замон мувофиқат мекард. Дар ин спек-
такль, ки писанди тамошобинои гардида буд, махсусан Софья
Тӯйбоева—• Лоуренсия ва Муҳамадҷон Қосимов—'Менко мо-
ҳирона ҳунарнамоӣ карданд.

Соли 1942 Муҳаммадҷон Қосимов бори аввал ба кино
даъват шуда, дар фильми «Писари Тоҷикистон» нақши қаҳра-
мони асосии он Ҳофизро иҷро мекунад. Ин қадами аввалини ӯ
дар санъати кино қадами муборак буд, ки муваффақият овард
ва аз ҳунари санъаткории ӯ акнун тамошобинони сершумори ки-
но ҳам баҳравар мешуданд. Ба толей мо фильми номбурда дар
архив ҳанӯз боқист. Вақте ки кас ин фильмро мебинад, дар пе-
ши назар - ҷавонмарди сивупанҷсола Муҳаммадҷон Қосимов
чилвагар мешавад. Артист бо як ҷаҳон нафрат нисбат ба ҷанг-
ҷӯён қаҳрамони худро фидокор таҷассум мекунад. Дар фильм
саҳнае ҳаст. Ҳофиз — Қосимов болои ҷасади дӯсти қурбоншуда-
аш аз барои интиқоми ӯ касам ёд мекунад. Ин саҳнаи бо ма-

63
f

)

d

I

l

d

),

5

I

ii

и

t

4

I]

n

51

■i

V‘

41

\I

Ц

BC

4

Щ



LU

ҳорат ва самимияти артистӣ офаридаи Қосимов имрӯз ҳам кас-
ро ба ҳаяҷон меоварад. Баъди ҷанг дар саҳнаи театри тоҷик як-
чанд асари драмнависони советии рус умри дубора диданд, ки
инҳо «Ғолибон»-и Чирсков (соли 1947) «Одами милтиқдор»-и
Пагодин (соли 1948), «Садои Америками Б. Лавренёв (соли
1950), «Соли 1919-и фаромӯшнашаванда»-и Вс. Вишневский
(соли 1951) ва дигаронанд. Дар ҳамаи ин спектакльҳо Муҳам-
мадҷон Қосимов накднҳои фаромӯшношуданй офаридааст. Ху-
сусан образи Муравьёвро аз «Ғолибон»-и Чирсков ва образи
Сталинро аз пьесаҳои Погодин ва Вишневский театршиносон ба
диққати эътибор гирифтаанд. Муҳаммадҷон Қосимов дар дра-
мату-ргияи республикаҳои бародарй ҳам истеъдоди худро ба кор
бурдааст. У дар драмаи «Алишер Навоӣ»-и Уйғун ва Из-
зат Султонов, дар «Номуси оила»-и Мухторов, дар асари Са-
мад Вурғун «Хонлар» ва драмаи Шервонзода «Ғ1омус» нақшҳои
гуногун офаридааст. Дучорой бо асарҳои миллатҳои гуногун аз
артист ҷаҳонбинии васеъ, аз бар кардани расму оин ва анъа-
наи ҳамон миллатҳоро металабад. Ин ҳама бар ивази меҳнати
зиёди ҳунарпеша ба даст омадааст.

Ҳунари артиста кори ниҳоят душвор аст, ҳарчанд ки дига-
рон онро бозй, бозии дилхоҳ мегӯянд. Вале пӯшида нест, ки
санъати ҳақиқӣ ба ивази заҳмати фидокорона, ишқи пурчӯш ба
вуҷуд меояд. Аслан, ҳунарманди саҳна бояд хеле доно ва пух-
таву зирак бошад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши те-
атр зикр шудааст, ки намояндаҳои арзандаи санъати артиста
касони зарофатгӯй, латиф ва аҳлифаҳм будаанд. Аз ин ҷост, ки
дар драмаву фоҷиа ва мазҳакаҳои Шекспир образи масхарабо-
зони шоҳ, ширинкорон одамони донову дурандеш ва дилсӯз ме-
бошанд. Оре, дилсӯз. Саиъати нависандагй, артистӣ, рассомй,
хуллас, эҷодкорй аз дилсӯзӣ зоқир мегардад. Барои чӣ ба шоҳу
амирон ширинкорон лозим буданд? Зеро онҳо халал намера-
сонданд. Баръакс, табъашонро аз зарофатҳои беғаразона рав-
шан мегардонданд. Онҳо ягона касоне буданд, ки ҳақиқати талх-
ро ба шаҳди ноб омехта, беозор менӯшонданд. Барои шоҳони
одил ҳамин бас буд, то ки нуқтаи матлабро фаҳманд. Ба шоҳо-
ни нодон бошад... Чй вазифаи душвор аст ҳуиарпешаи асил бу-
дан. Чй устукорие лозим, то' ки драманавису артист ҳазлу бо-
зикунон шавқи тамошобинонро афзуда, мақсади асосиро бе
панди ошкоро фаҳмонанд. Муҳаммадҷон Қосимов тавонист дар
натиҷаи меҳнати пайваста қуллаҳои баланди санъатро фатҳ
намояд. Чӣ дар нақшҳои фоҷиавию қаҳрамонй ва чӣ дар нақ-
шҳои мазҳакавй ӯ ба хубӣ мақсади драмнавис ва режиссёрро
пай мебурд, барои иҷрои моҳиронаи он мекӯшид. Барон мисол,

64
як лаҳзаҳои ҳунарнамоии Қосимов дар нақши колхозҷӣ Карп-
лов аз спектакли «Шодиёна»-и Зокиров (соли 1950) ин тавр
аст. Бо фароғат умр ба cap мебаранд. Дар колхоз обрӯяш иағз.
Духтарн калониаш мудири нонвойхова, духтари дуюмаш трак-
торчӣ, сеюмӣ мактабхон. Бо,з ба ӯ чй намерасад? Оҳ!— мегӯ-
яд Каримов — Қосимов днлашро нишон дода.— Ҳарчанд ки ман
духтаронамро дӯст медорам, илоҳӣ умрашон дароз шавад, ва-
ле ягонтоаш чои писарро гирифта наметавонад. Эҳ кошкй ақал-
лан як писар медоштам. Аз шодӣ ба сэрам осмонро мебардош-
. гам...».

Карнмовҳо боз интизори кӯдах мешаваид. 'У ҳар аамон бо-
/мед фол мебинад. Шояд ин дафъа писар таваллуд шавад. 22
;ол қабл аз ин ӯ ба нияти писар соат харида мондааст. Ҳар ка-
;е ки аввалин шуда хушхабар орад, ин соат ҳамчун шодиёна аз
ши вай мешавад. Афсӯс то ба ҳол ив орзуяш амалй нашудааст.
■Знак, боз умеди нав. Ҳоло бояд аз таваллудхона хабари хуш
>асонанд. Каримов бетоқат шуда, боз фол мебинад. Вай соа-
дшро ба суфачаи айвой гузошт «агар дасти ростам ёбад, писар
іешавад, чаи — духтар»,— мегӯяд худ ба худ. Сипае қафотар
•афта, чашмокашро мепӯшад ва чорзону зада, оҳиста-оҳиста ба
ӯи соат меғеҷад. Наздик омада,' бо дасти рост соатро мекобад.
Іамеёбад. Баъд бо дасти чап мекобад, боз намеёбад. Аз нав бо
,асти росташ таҳдидкунон кофтан мегирад, ки агар ёфта ната-
онад, дасташро хоҳад бурид. Ҳаяҷони фолбинй торафт афзу-
;а, ӯ ба обу арақ меғӯтад. Вале ба дасти чапаш бо хавфи ма-
одо ки он ба соат расад, навбат надода, ҳамоно бо дасти рост
офтан мегирад. Ниҳоят дасти рост ба соат бархӯрд. Каримов
Ефтам! Писар! Писар!» — гӯён мисли он ки фолаш рост баро-
1 ада бошад, соатро мебӯсад. Дар ҳамин дам хабар меоранд,
и занаш ду духтар таваллуд кардааст. Кайфи Каримов якбора
' епарад. Вазнин ба курей нишаста, оҳи чуқуре мекашад ва ме-

• /яд: «ЭК, ман бахт надорам».

Дар мисоли боло кас равшан мебинад, ки Муҳаммадҷон Қо-
1 імов таҷрибан шахсии худро ба кор бурда, ба характери Қа-
" шов — шахси дар таъсири хурофот монда чй гуна обуранги

• аётй медиҳад. Ин чо хунарпеша бо ҳамроҳии тамошобин чун
■ ошкунандаи хислатҳои бад ба камбудиҳои қаҳрамонаш ме-
; андад. Оре, хунарпеша механдад. Вале ӯ мегирьяд хам. Са-
’ ифаҳои бисьёри таърихи башарият лур аз воқеоти хунин, ҷан-
^ У чидол ва ҷаҳолату нодонианд, ки аз тасвири он чашмони на-
' исандагон пуробу қалби санъаткорон реш-реш аст. Гӯё ки
5 Чодкорон маҳз барои тасаллӣ додани ҷамъияти йнсонӣ тавал-
» Уд шудаанд.

3961

65
Соли І957 дар саҳнаи театри тоҷик фоҷиаи «Шоқ Лир»-ро ба
саҳна мегузоранд. Нубузвати абадзиндаи Шекспир сарҳадҳо ва
мамлакатҳоро тай карда, дарьёҳо ва биёбонҳоро гузашта, ба
диёри кӯҳсори тоҷикон мерасад, то аз баландиҳои он Шоҳи бахт-
баргашта Лир бо нидои ҷонхарош аз дилҳои мардуми мо раҳму
адолат ҷӯяд. Қисмати носозгори Лир ба тамошобинони ҳама
халқу миллатҳо фаҳмо буда, ҳар як ҳунарпеша ба ин иақш
мувофқи завқу табиати худ наздик мешавад. Сабаби фоҷиаи
бо Лир: -рӯйдодаро яке аз ғурури салтанат донад, дягаре аз
накӯкорӣ ва сеюмӣ аз ғафлати ӯ меҷӯяд. Муҳаммадчон Қосимов
Лирро чун образи падари дилозурда бозй мекунад, ки ин аз як
ҷиҳат ба психология и мардуми Шарқ наздик аст. Ope, падари
пурмеҳр, вале нодон, ки гавҳарро аз хас фарқ накард, духтари
азизаш ва худашро гирифтори фониа гардонд. Истеъдоди
Муҳаммадҷон Қосимов то ин дам дар нақшҳои гуногун сай-
да л ёфта-ва барои ичрои чунин нақши мураккаби драматургияи
ҷаҳонй омода буд. Муҳаммадчон Қосимов дар Даҳаи дуюми
адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва бори дигар маҳорати ба-
ланди худро аз имтиҳон гузаронд. Бори дигар Шекспири саҳ-
наи точи к аз тарафи тамошобини Москва ба таври бояду шояд
қабул карда шуд. Дар ин намокши ҳунарй. заҳмату ғайрати Қо-
симов ниҳоят бузург буд. Бинобар ик, бозии Муҳаммадчон Ко-
симое дар нақши Лир баҳои сазовор гирифт. Дар таҳлили спек-
такли «Шоҳ Лир» арбоби санъати рус О. Пыжова чунин мена-
висад: «Дар ичрои Муҳаммадчон Қосимов фочиа бо нафосати
амиқ аичом меёбад. Вақте ки Қарделия, духтарн бовафои ӯ
(духтари Лир — М. В.) мемирад, дар сари часади вай Қоси-
мов — Лир бо меҳри оддии инсонӣ истода, падарона ва ҳамчу-
нин шоҳона видоъ мекунад. Ин дам пеши назари мо гӯё на Анг-
лияи қадима, балки афсоиаи зебои тоҷикие чилвагар мешавад,
ки дар он падари чоҳил бо дили кӯри худ муросо карда ната-
вониста, муҳаббатро хор карда ва ниҳоят, гӯё бахти гумкарда-
ашро аз нав дарьёфта бошад, болои насади бечони духтараш
ашки пушаймонй мерезад. Дар ии саҳна маҳорати артистки
ҳунарпеша бағоят баланд гардида, ӯ ба фоҷиаи умумиинсо-
ние, ки Шекспир ифода карда буд, хусусиятҳои тозае меаф-
зояд».

Образи Колесников ҳам аз спектакли «Дохунда»-и Ҷалол
Икромӣ яке аз муваффақиятҳои эҷодии Муҳаммадҷон Қосимов
мебошад. Дар ии бора журнали «Театр» навишта буд ки: «...Дар
спектакли «Дохунда» образи Колесников аҳамияти калон дорад.
Аз тарафи муаллиф ин образ чандон равшан тасзир наёфтааст.
Барои ҳамин қам бояду шояд кушода додани ин образ ба зим-

66
май М. Қосимов афтодааст... Дар образи Колесников — Қоси-
мов дилу ҷони роҳбари партиявй, донишу ташкилотчигии шахси
ҳарбӣ моҳирона таҷассум ёфтааст. Колесников — Қосимов шах-
си содда, накӯкор ва дар айни замон чун одами ҳақиқй еахт-
гиру матинирода аст. Ҳунарпеша тавассути бозии худ аз саҳна
ба мо мегӯяд, ки чй гуна будани халқи русро... мо, точикон, ана
ҳамин тавр мефаҳмем. Маҳз ҳамин гуна русҳое, ки Қосимов
ифода мекуыад, муҳаббат ва боварии халқи тоҷикро сазовор
гардидаанд».

Мо дар симои Артисти Халқии СССР Муҳаммадҷон Қосимов
ҳунарпешаи бошарафи замонро медиДем, ки барои обрӯи санъ-
ати халқаш ҷидду чаҳд кардааст. Ӯ бе таълими махсус, ба ивази
меҳнати садоқатмандона ба пояи баланд расидааст. Устодон ва
омӯзгорони ӯ Рӯдакию ФирдавСӣ, Шекспиру Шиллер,' Гоголу
Бальзак, Островскшо Лопе де Вега, Горькийю Айнй, Лавренё-
ву Икромй, Шервонзодаву Ғанӣ Абдулло буданд. Ниҳоят, 'омӯз-
гори ҳақиқии ӯ ҳаёти социалистам мо буд. Дар солҳои авҷи ка-
молот ӯ мекӯшид, то ки кори зҷодй ҳаматарафа авҷ гирад. Чус-
туҷӯ мекард. Қувваи худро дар навъҳои дигари кори' эчодй ме-
озмуд. Аз ин ҷост, ки ӯ бо якҷоягии нависандагон ва гоҳо ба
танҳой пьесаҳо менавишт, тарчумаҳо мекард. Қувваашро дар
корӣ режиссёрй борҳо санчида спектакльҳо офарида буд. Муҳам-
мадҷон Қосимов ҳосили фаровони умрашро ба халқ, ба ҷамъ-
ият бахшидааст. Билохир, ӯ пойдевори санъати моро устувор
гузоштааст, ки буньёди ин қаср бардавом аст.

* * *

Афзудани шумораи ҳунарпешагони ҷавонро дар театр Му-
ҳаммадҷон Қосимов аз таҳти дил хоҳон буд. Вақте ки хатмку-
нандагони студияҳои Щепкин ва Института театрии шаҳри
Москва ба театр омадем, ӯ аввалин шуда, бо дилгармӣ моро
истиқбол кард. Бо чашмони нармнигоҳи худ ба ҳар яки мо иа-
зар меафканд. Гӯё умеде мечуст, истеъдоде меҷуст. Дар табас-
суми пурмеҳри ӯ ботини софаш акс меёфт. Муҳаммадчои Қо-
симов бо гуфтори хуше, ки ба кирдораш мувофиқат мекард,
муҳаббати ҷавононро ба худ ҷалб менамуд. У ба мо чун чанори
бузурге соябон буд. Мушфиқу некхоҳ буд ба мисли падар. Ба ӯ
раҳмдилй ва гузашт кардан хос буд. Аммо сахтгир буд. Гоҳо
қаҳраш меомад, ки бесабаб набуд. Аз шунидани дурӯғи пурзиён,
даъвои беҷо ва ё ғайриодоб дармегирифт. Дар ин ҳолатҳо мо
хафа намешудем, баръакс хавф мебурдем, ки асабй шуда, боз

G7
саломатидшро накоҳонад. Ҳақгӯиҳои ӯ ба мо хуш меомаданд,
зеро он ҳама бо самимияту некқоҳӣ гуфта мешуданд. Қоснм-акаи
мо (ӯро дар театр хурду калои ҳамии тавр ном мебурданд) ба ҳар
нақшаву бозьёфтҳои эҷодии мо бодиққат ва ғамхорона назар
мекард. Аммо қеҷ гоҳ аз даҳони ӯ таърифи барзиёд намебаро-
мад. Фақат аз нигоҳи гарму гуфтори кӯтоҳи ӯ матлабро пай
бурдаи мумкин буд. Бо Муҳаммадҷон Қоскмов дар саҳна ҳа-
маро пай бурдан мумкин буд. Бо Муҳаммадҷон Қосимов дар
саҳна ҳамроҳ бозӣ кардан ба ман ҳам муяссар шудааст. Дар
«Бунафша»-и Мирзо Иброҳимов ӯ падари ман —- Воҳидро бозй
мекард. Профессор Сафой, марди якраву ҳақиқатхоҳ, аз қа-
дамҳои беҷои гшсараш дар хавф моида, ҳамеша бо занаш хар-
хаша мекунад, орому қарорро аз даст медиҳад. Мазҳакаи нави-
сандаи Озарбойҷон Мирзо Иброҳимов дар саҳнаи мо мавқеи
хубе ёфт. Профессор Сафой — Қосимов аз зери айнак ба ман,
писари ношуди худ чунои иигоҳҳо мекард, ки суханҳои ҳанӯз
нагуфтаи ӯ бараъло хонда мешуданд. Ёд дорам, дар анҷоми
спектакль, вақте ки Воҳид дар назди умум фошу шарманда гар-
дид, вай ба ман наздик шуда: — Ана акнун ҷазоятро каш! —
гуфт. Ииро бо чунин оқанги қаноатмандона гуфт, ки кас худро
аз ханда боздошта наметавонист. Ман ҳар гоҳ, агар дар саҳна
ба Муҳаммадҷон Қосимов нигоҳ мекардам, аз чашмони зинда-
ву нигоқҳои маънидори ӯ ба илҳом меомадам, беихтиёр бозиам
ҷон мегирифт.

Мадаминбек дар «Ҳуррият»-и Ғанӣ Абдулло яке аз иақшҳои
охиринк Қосим-ака буд. Ии нақш ҳаҷман калон набошад ҳам,
мазмуии чуқур дошт. Дар асар ғояи ҳалкунанда мебозид. Аіада-
даминбек аз як тараф ба фишори амири Бухоро, аз дигар тараф
зери таъсири англисҳо ва аз ҷониби сеюм аз дастболоии лашкари
инқилобгари Фрунзе қайрон мондааст. Намедонад, ки бо кадоми
онҳо сулҳ баидад. Мадаминбек, марди нотарсу далер, дар ич-
рои Қосим-ака обуранги зинда гирифт. Тавассути хираду ҷаҳон-
бинӣвадили бузурги инсонии ҳунарпеша Мадаминбек симои
барҷастае шуд. Вай дар рӯ ба рӯи Фрунзе барин сарбози пур.зӯр
меистод. Ман, ки нақши полковники англис Бейлиро бозй ме-
кардам, бо Мадаминбек вохӯрй доштам. Аз рӯи вазифа бояд ба
ӯ фишор оварда, ба тарафи худамон, ба тарафи англисҳо ме-
кашидам. Баъди салому алейк, вақте ки ба сари матлаб омада,
арзи худро баён мекардам, Мадаминбек — Қосимов ба ман бо
нигоҳи шеронаи чашмони пурхун чунон теғ кашида менигарист,
ки аз чунин нигоҳ қаҳрамони ман дар хичолат мемонду худам
оҷиз. Иамедонистам иақшамро чй навъ бо нақши ӯ баробар
кунам. Овоз ва рафтори оромонаи Мадаминбек — Қосимов бо

68
салобати худ ҳамаро мағлуб мекард. Ин салобат ва пурзӯрии
образи ӯ аз ҳар як ҳаракати ӯ зоҳир мегардид.

Муҳаммадҷон Қосимов на фақат дар театр устоди кори худ
буд, балки дар санъати кинои мо ҳам саҳми арзандае гузош-
тааст. Образдои Саҳл бинни Мансур дар «Қисмати шоир». Кова
дар «Ков а и оҳангар», Азимшоҳ дар «Дохунда», Исмоилбек дар
«Сарҳад дар кӯҳсор», Каримов дар фильми «Бо амри дил», Зол
дар «Достони Рустам»... Инчунин дар шунавонидани радиову
намоишҳои телевизион ҳам хизматҳои ӯ босазо буд. Беҳуда
нест, ки партия ва ҳукумат меҳнату истеъдоди артиста маҳбуби
халк Муҳаммадҷон Қосимовро ба эътибор шрифта, бо ордену
медальҳо сарфароз кардааст.

* * *

Маи ҳар гоҳе ки Муҳаммадҷон Қосимовро хаёлан ҷустуҷӯ
мекунам, лаҳзаи гувороеро, ки мо боре ҳамроҳ гузаронда будем,
ба лавҳи хотир меорам. Дар рӯзҳое, ки фильми «Достони Рус-
там»-ро ба навор мегирифтем, мо ҳамроҳ дар шаҳри Исфара
дар як меҳмонхона мезистем. Ман ба вай аксар вақт ҳамроҳӣ
ва дастьёрӣ мекардам. Баъди фильмкашии рӯзона ҳар ду аз
паи истироҳат мешудем. Чақ-чақ мекардем. Риштаи хаёлро ба
орзуҳои ширин мебастем. Ҳар бегоҳирӯзӣ ба лаби руд, ба чой-
хонаи усто Қурбон мерафтем.

Усто Қурбон ғиҷакнавози маъруф ва марди меҳмоннавозс
буд. Ҳар год ки ману Қосим-ака ба чойхонаи ӯ мерафтем, «биё-
ед, муаллим» — гӯён пешвоз мебаромад. Ҳавои бегодирӯзии ла-
би руди Исфараро дар кас ки тобистон ба он чо рафта бошад,
ба хубй тасаввур мекунад. Ачаб дилкашу форам. Баъзан усто
Қурбон барои мо ғиҷак менавохт. Қосим-ака лаззат мебурд ва
дари сӯҳбат кушода мешуд. Ёд дорам, боре аз чойхона хесте-
муто мобайни пули болои руд рафтем. Шамоли серуну форам
беихтиёр моро боздошт. Қосим-ака ба панҷараи лаби пул такья
карда, ба фарози кӯддои барфпӯш, ки оби он аз зери пои мо
чорй буд, нигод мекард. Хомӯш будем. Баъди ладзае, гӯё аз
манзараи дилрабои атроф ба вачд омада бошад, аз ҷавонии худ
ёд кард. Аз шавқу шӯхидо, ғайрату бебокидои овони ҷавонй, аз
шавқ-у рағбати эҷодии солдои баъдина. Нақл мекарду дар год
ба оби равон ва баландидои дуродур назар меафканд. Пай бур-
дан душвор набуд, ки ӯ аз гузашти вақту қулладои фатдношу-
да андеша меронд, роди тайкардаро дар назари хаёл санҷида,
шуду нашуди корро аз ҳисоби зиндагй ихтисор мекунад. Афсӯсу
дареғи тезгузарии вақт фикрро равшан мекард, вале намегу-

69
зошт, ки кас ҳисоби моҳу солҳои баръабасрафтаро ёбад. Бодн
форам мӯйҳои сафеди ӯро парешон ва пешонии аз ҷӯшиши ан-
дешаҳо тафсидаро сила мекард. Вақт ҳамчунон даргузар буд,
чун оби равон...

:Jc * *

Фаррух ва Хуррам Қосимов институти санъатро хатм кар-
данд. Фаррух бо серғайратӣ, санъатдӯстӣ, чустучӯ ва шавқи илм-
омӯзй ҷавонии падараш Муҳаммадчон Қосимовро ба ёд меорад.
Хуррам чй? Хуррам ҷавони асили имрӯза аст.

Мегӯянд, ки писарон бояд аз падарон дида баҳунартар бо-
шанд. Кошкй ҳамин тавр мешуд... Вале ҳар як шахси аз санъ-
ат аидаке бохабар ба хубй медонад, ки номи фарзанди бовафои
халқи тоҷик, санъаткори моҳир Муҳаммадчон Қосимов чун пой-
девори қасри маданияте, ки мо ҳоло дар сохтмонаш ҳастем, дар
сафҳаи таърих пойдор ва дурахшон хоҳад монд.
Маҳмуд Воҳидов

ОШЬЁНИ МЕҲР

Баъд аз панҷ соли хатми институт бори аввал ба самолёте
нишастам, ки ҷониби Москва парвоз мекард. Аз мулоқоти оян-
да дар ҳаяҷон будам. Хаёлам ҳам дар парвоз буд. Замони до-
нишомӯзй, ёди Москва, ки моро тарбият додааст, хотираи дӯс-
тон, кӯчаю истгоҳҳои шинос, хобгоҳ, рӯзҳои серию бепулӣ ва
ниҳоят ёди устодон... Ин дам панду пешгӯии омӯзгорон, таъ-
киду сарзанишҳои меҳрубонона аз лавҳи хотир гузашта, беих-
тиёр лабро ба табассум моил мекард. То ба манзил расидан
хеле вақт буд, бо вуҷуди ин дил метапид, имтиҳоне дар пеш буд.
Баъди панҷ соли хатми донишкада вохӯрдан бо муаллими ази-
зи худ имтиҳони ҷиддиест...

Дар меҳмонхона ҷо гирифта, ба назди телефон омадаму ра-
қамҳои маълумро ёфта, занг задам.

— Бале, гӯш мекунам,— садо баровард овози шинос.

— Ассалому алайкум, мӯҳтарам Ольга Ивановна! Ба шумо...

— Ин кист? — бетоқатона пурсид овози шинос.

— Шумо Маҳмудро дар хотир надоред?

— О-о-о, худоё, Маҳмуд?!

— Ин манам..

— Туро кадом шамол парронд?..

— Ба командировка омадам. Бачаҳо саломи гарму чӯшон
фиристоданд. Бигӯед, саломатии шумо чй тавр?

— Э,, ту саломатии маро ба як сӯ мону беҳтараш гӯй, ки
кай ба хона меой?

— Ҳар вақте ки лозим донед.

7!
— Гуш кун. Мо ҳозир ба даре меравем, беҳтараш бегоҳӣ
биё. Дарвоқеъ, вақтро беҳуда нагузаронда ба ягон театр рав.
Баъди спектакль мунтазир мешавам. Хайр азизам, то бегоҳ.
Ҳа, гуфтагй барин, имшаб дар Таганка «Одами ғамхор»-ро на-
моиш медиҳанд. Ман телефон мекунам, ба ту билет мемонанд.
Албатта рафта бин, баъд фикратро мегӯӣ.

Гӯё ки аз вохӯрии мо панҷ сол не, балки панҷ соат гузашта
бошад. Ман фақат тавонистам, гӯям, ки хуб.. майлаш... ал-
батта...

Душвор аст баён кардани ҳиссиёте, ки баробари пахш кар-
дани занги дари Ольга Ивановна маро фаро гирифт. Онро кас
мавриди рӯ ба рӯ шудан бо шахсони азизи худ ҳис мекунад.
Вақте дасти нарму меҳрубон ва пажмурдаи муаллимаро шриф-
та ба рӯяш назар кардам то тағьироте чӯям, дидам ки ду чаш-
ми омӯзгор чун ду чашми модар аз зери айнак мисли барк ме-
дурахшанд ва аз чеҳраи пираш нур меборад. Даме бесухан гу-
зашт. Сонӣ бо овози ларзон канда-канда «салом, азизам, са-
лом» гуфт. Маро ба курсӣ нишонда худ аз рӯ ба рӯям ҷой ги-
рифт, синча карда ба рӯям нигаристу ба ran даромад.

— Хӯш, зиндагиат чй тавр? Не ист. Ту аввал гӯй, ки ба
спектакль рафтй? Маъқул шуд?

— Ольга Ивановна, ба ин спектакль мунаққидон кайҳо ба-
ҳо додаанд...

Ольга Ивановна як ба як рафиқони ҳамкурси маро мепур-
сид. Аз муваффақияти онҳо беҳад шод мегардид. Агар монеъаи
пешравии шогирдони худро фаҳмад, ба газаб меомад ва хомӯш
мемонд.

—■ Э%, тамоман фаромӯш кардаам. Охир ту меҳмон ҳастӣ.
Канй, ин чо биё,— гӯён маро аз паси худ ба ошхона даровард.

— Ин чо нишин. Чй менӯшй, қаҳва ё чой?

—■ Қаҳва.

Дар хона касе набуд. Борис Владимирович ба коре андар-
мон шуда дер монда будааст. Ғамхорй ва меҳмоннавозии Ольга
Ивановнаро дида, суханони Абдусалом Деҳотиро ба ёд меовар-
дам. Он кас дар яке аз вохӯриҳо ба мо, студентони Институти
театрии Москва дар ҳаққи Ольга Ивановна чунин гуфта бу-
данд: «Агар ин гуна занони бофазилат ва омӯзгори донову дил-
суз дар Тоҷикистони мо ду-се нафар мебуданд, санъати халқи
мо чи кадар пеш мерафт».

Ҳақиқатан ҳам, дар ин сиину сол нисбат ба вазифа ва касби
худ ин гуна серталаб шудан, ақлу дониш ва меҳру мухаббати
инсонии худро ба калби дигарон чой кардан, аз садоқати бу-

72
зурги инсони, аз дили бузурги эчодкории кас шаҳодат ме-
диҳад.

Ҳангоме ки аз бемаҳал вафот кардани Деҳоти лаб кушодам,
Ольга Ивановна хеле маҳзун шуда, муддате ба фикр фурӯ рафт.

Занги дар фикрҳои парешонро дамъ кард.

— Борис Владимирович омад,—• гуфту Ольга Ивановна ба
кушодани дар рафт. Баъди фурсате марди каддарози салобат-
дор вориди хона шуд. Ин кас Борис Владимирович Бибиков.
Профессор, ҳамсар ва ҳамкасби Ольга Ивановна. Муаллими хе-
ле сахтгир. Роста ran, дар ҳузури ин кас мо хеле қобил мешу-
дем. Гарчи аз давраи студента солҳо гузаштааст, бо вучуди ин
вақти вохӯрдан саломам нимгурма баромад. Ленин ӯ маро хе-
ле бо эҳтиром ва меҳрубонй пешвоз гирифт. Маълум шуд, ки
ин панч соли мустақилй маро дар чашми он кас шахси боъэти-
бор нишон дод. Бо диққат менигарам. Мӯйсари сафедаш боз
ҳам сафедтар шудааст. Ба рӯи ӯ хастапш рӯз осори худро
гузоштааст. Ваҷоҳаташ ором. Хаёлаш лаҳзаи гузаштаи умрро
ба пеши назар меорад.

Дар яке аз залҳои хурди институтамон репетицияи спектак-
ли дипломии «Камбағалй айб нест» мерафт. Саҳначаи охирини
пардаи якумро машқ мекардем.

Борис Владимирович, Ольга Ивановна ва муаллими дигара-
мон М. П, Чистяков дар зал нишаста ба мо луқма мепартоф-
танд, то ки дуруст амал кунем. Ҳар қадар зӯр мезадам, иҷ-
рои мақсади режиссёрон муяссар намешуд. Борис Владимирович
бо ҳар роҳ эҳсосӣ маро бедор кардан мехост. Ӯ бо гапҳои тунду
тез (ни яке аз усулҳои ба кор андохтани артист аст) маро шарм
медоронд, аламамро меовард, гулӯгирам шуд. Ба наздам омада
бо оҳанги таъкид гуфт: «Артист шудан мехоҳӣ! Дониста гир,
чандои осой нест, ки ту тасаввур мекунй!»

Ин дам чашм аз мӯйҳои ӯ наканда, мефаҳмам, ки сахтгирии
устод фақат ба фоидаи май будааст.

Борис Владимирович мактуберо ба Ольга Ивановна дароз
кард.— Имрӯз аз Ашқобод гирифтам.

— Аз туркианҳоямон? — бо шодй пурсид Ольга Ивановна.—
Канн бинем, чй навиштаанд, ин шайтончаҳо.

Ӯ мактубро кушода, айнакашро аз чашм гирифта, когазро
ба чашмаш хеле наздик бурду онро бо шавқ хонд. Вақти хон-
дан гоҳ-гоҳ механдид, гоҳ аз хондан боз истода, айнакро ба
чашм мемонду ба тавсифи ин ё он шогирд медаромад.

Мактуб боиси сӯҳбати дуру дароз шуд. Қаҳрамонони сӯҳ-
бати сарзада шогирдон буданд, вале чои воқеаҳо зуд-зуд ди-
гар мешуд. Аз Ашкобод ба Тотористон мегузаштанд ва аз он

73
чо ба Қароқалпоқистон. Хусусиятҳои миллии казоқҳоро бо
бошқирдҳо муқоиса мекарданд, бошқирдҳоро бо доғистониҳо.
Зеро қариб дар тамоми гӯшаи мамлакати мо шогирдони онҳо
хизмат мекунанд.

Ҳангоми нақл Ольга Ивановна гӯё дармегирифт.

Ман ба чеҳраи гарми ин ду нафар омӯзгор, ба рӯи ду инсо-
ни соҳибдил нигариста, фикр мекардам: хушбахт аст шогирде,
ки аз онҳо тарбия дидааст...

Поянда бод устоде, ки бо меҳри худ дар дили шогирд ошьён
дорад!
Маҳмуд Воҳидов

ДУР АЗ БАТАН

Рӯи олам дидан одам дидан аст,

Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст.

Мирзо Турсунзода.

Имрӯз мо ба сафар омадаем. Субҳ медамад^ Мошини сабук-
рав аз хиёбонҳои сабзу хуррам гузашта ба суи фурудгоҳ ме-
шитобад. Баҳор дар шаҳри мо ҷилванамои дорад. Хнёбонҳои
сарсабзи пойтахтро бо ҳавас тамошо мекунем. Мошин аз болои
дарьёи Душанбе мегузарад. Дар тарафи чап бинои боҳашамати
намоишгоҳи хочагии халд намоён аст. Бояд гуфт, ки тамошои
ин намоишгоҳ боиси ифтихори ҳар як тоҷик аст.

Мошини мо аз назди бозор гузашта ба хиёбони Ленин ба-
ромад. Хиёбонро аз ду тараф биноҳои мӯҳташами театру до-
нишкадаҳо, китобхонаву магазин, Академияи Фанҳо ва хонаҳои
сершумори истиқоматй зеб додаанд.

Мошин ба фурудгоҳ расид. Имрӯз ин ҷо хеле серодам ва пур-
шукӯҳ аст. Аҳли шаҳр ҷамъ омадаанд, ки намояндагони худро
ба роҳи дур гусел кунанд.

— Роҳи сафед, азизон!

— Бахт ёратон бод!.. То боздид!..

Рӯз чашм мекушод. Мо аз оғӯши пурмеҳри бародарони худ
чудо шуда, бо гулу гулдастаҳои диёр ба самолёт савор шудем.

«ЗАМИНИ О ДАМОН»

Мо дар айёме зиндагй мекунем, ки мислашро таърих нади-
дааст. Сайёҳон дар тӯли солҳо байни чӯлу биёбон, кӯҳу дарьё-
ҳо, баҳру уқьёнусҳо мусофират мекарданд, то аз як иқлим ба

75
иқлими дигаре расанд. Аксар дар ин роҳ беному нишон мешу-
данд.

Вале имрӯз роҳи солҳо баробари соат шудааст.

Экспо — 67. Ин намоишгоҳ ба муносибати садсолагии дав-
лати Канада дар соҳили уқьёнуси Атлантика, дар шаҳри хуш-
манзараи Монреаль барпо гардидааст. Намоишгоҳ дар байни
ҷазираҳои Еленан Муқаддас, Нотердам ва нимҷазираи Сите де
Гавр ҷой гирифтааст, ки масофаи он ба 500 гектар рост меояд.
Намоишгоҳро дар муддати се сол қариб нӯҳ ҳазор одам буньёд
кардааст.

Аз панҷ се қисми масофаи Экспо — 67-ро павильонҳои мам-
лакатҳои ширкаткунанда шрифта, масофаи боқимондаашро па-
вильонҳои якҷояи байналмилалӣ ва ҷойҳои истироҳатй, тамо-
шогоҳҳон дилкушо банд кардааст. Азбаски павильонҳоаз ҳамди-
гар дур-дур ҷой гирифтаанд, барпокунандагони намоишгоҳ не-
шакй ғами тамошобинонро низ хӯрдаанд. Яъие дар 5—6 метр
баландӣ давродаври Экспо вагончаҳое сохтаанд, ки аз даруни
он набаромада, намоишгоҳи бузургро тамошо кардан мумкин
аст. Хатти навн метрои истгоҳи ҷазираи Елена ҳамеша серо-
дам буд.

Роҳбарони он пешгӯй мекарданд, ки намоишгоҳро қариб сӣ
миллион одам тамошо кардааст. Вале ҳаигоми баста шудани
он маълум гардид, кн 50.306.648 нафар одам тамошо карда бу-
дааст. Соли 1965 дар оғози намоишгоҳи оянда барпокунандаго-
ни он ба давлатҳои ширкаткунанда мавзӯи намоишгоҳро так-
лиф карданд, ки «Одам ва олами ӯ» ном дошт ва сухани яке
аз шахсони мӯътабари асри мо, нависанда ва лётчики санчиш-
гари франсавй Антуан де Сент Экзюпери буд.

«Одам бояд,— навишта буд Экзюпери дар китоби худ,— дар
замине, ки барон одамон аст, ақаллан як хиштро барон сохта-
ни бинои зиндагй ниҳад».

Аз ин чост, ки ба намоишгоҳ «Замини одамон» ном гузош-
таанд.

Ба ман, махсусан, павильонҳои Иттифоқи Советй ва Чехо-
словакия хеле маъкул шуд. Навбатхон беохири муштокони па-
вильони советй ба ин шаҳодат медиҳад.

Дар Экспо-67 зиёда аз 70 павильоны давлатҳои гуногун ва
панҷ павильони байналмилалй мавҷуд буд. Агар павильони ало-
ҳидаи ҳар давлат дар бораи худ нақл кунад, павильонҳби бай-
налмилалй монанди: «Одам-офаридгор», «Одам ва чамъият»,
«Кашфиёт ва одам», «Одам ва истеҳсолот», «Одни — таъмин-
кунаида», мақсади ягона — нишон додани роҳҳои тараққиёти

76
ҷамъияти имрӯза ва муайян кардани роҳҳои ояндаи зиндагии
мардумро ба зимма мегирифт.

Дар намоишгоҳ кор ва маҳсули меҳнати одамро дидан мум-
кин буд. Муборизаи одам бо табиат ва ғолибияти ӯ бар зидди
сармо, касалй, гуруснагиҳо, андешаи одам аз шароити имрӯзаи
зиндагӣ ва фардои он гӯё масъалаҳое буданд, ки намоишгоҳ бо
тамошочиёни худ дар хусуси онҳо мубодилаи афкор менамуд.
Павильони «Одам ва ҷамъият» масъалаи муҳим ва хатарнок
будани афзоиши инсониятро таҳлил менамуд. Дар як муддати
кӯтоҳ, яъне аз вақти расми кушоди намоишгоҳ (28 апрель) то
баста шудани он (27 октябри соли 1967) одами рӯи дуньё сиву
панч миллион зиёдшудааст. Бинобар ин масъалаи аз ҷиҳати иқ-
тисодй таъмин намудани инсоният хеле муҳим аст. Дар намоиш-
гоҳ ҳар миллат мақсадеро ба миён гузошта буд. Мамлакати мо
кашфиёти кайҳонро пешоҳанги худ қарор додааст. Баъди та-
мошои ин намоишгоҳи бузург кас ба хулосае меояд, ки замин
ба куллй симояшро аз нав сохтааст, рӯ ба тараққй мебошад.
Неъмати ин замин барон ҳамаи одамон кофист. Фақат ин за-
мини муқаддасро ба бахти инсоният аз ҳар гуна офати ҷанги
нав бояд ҳифз кард.

Вакте ки аз фурудгоҳи Шереметьевой шаҳри Москва ба са-
молёта ИЛ-86 ниш а ста ба чониби ғарб парвоз намудем, субҳи
босафои 22 май буд. Дар фазо даҳ соат парвоз кардем. Ҳафт
соати он дар болои укьёнуси Атлантика гузашт. Барой аксари
мо, ки бори аввал укьёнусро медидем, тамошои он хеле маро-
қангез буд. Аз тирезаи самолёт ба мавҷхезу талотуми беохири
уқьёнус иазар менамоем. Қанори уқьёнус дида намешавад ва
дар гӯшаи дилҳо як лаҳза изтироби ноаёне пайдо мешавад. Am-
mo ҳамин, ки чашм аз тамошои уқьёиус бардошта ба мусофи-
рони орому бепарво менигарй ва қудрату ҳашамати ин мурғи
фӯлодинро ҳис мекунй, дил ором мешавад. Мар дум и бебок дар
баландии ҳашт ҳазор метр ҳам худро чун дар замин пиндошта,
рақсу бозй мекарданд.

Мусофирон мафтуни созу навоҳои мо гаштанд.

Гар Ватан ин асту кор ин асту давр ин аст мо
Як замон аз паҳлуи шамсу қамар ҳам бигзарем,—

гуфта буд ҳанӯз соли сиву нӯҳум шоири тоҷик Ҳабиб Юсуфй.
Рақсу суруду оҳангҳои дилнишини тоҷикй дар фазо низ дили
тамошобинонро тасхнр мекард.

Аз гӯшаи ҳамеша яхбастаи ҷазираи Гренландия гузаштем.

Баъди ду-се соати дигар соҳил намудор шуд. Самолёт то-

77
рафт нишеб мерафт. Дере нагузашта шаҳри Монреаль ба назар
расид. Гирду аурофи шаҳр қабои сабз дарбар карда буд. Мо
чуй қосидони саҳар дар канори он манзил гузидем.

Шояд мо авзалин намояндагони миллати тоник будем, ки
ба ин сарзамин меомадем. Мо либоеҳои милли дар бар доштем
ва устувор қадам мениҳодем. Чун аз фурудгоҳ баромада ба ав-
тобус нойгир шудем, чизи аввалине, ки моро ба ҳайрат андохт,
шумораи зиёди автомошинаҳо буд. Дар назди фурудгоҳ сарои
калони пур аз автомобиль буд. Шумораи мошинҳо ба шумораи
хизматчиёни аэропорт мувофиқат намекард. Он год савол додем,
то сабабашро донем. Маълум гардид, ки мусофирон ҳангоми
сафар ба мамлакатҳои дигар мошини худро дар фурудгоҳ мон-
да ба саёҳат мерафтаанд ва дар бозгашт музди нигаҳбонии он-
ро дода ба мошини худ ба хона бармегаштаанд. Автобус моро ба
манзилгоҳе овард, ки он дар кӯчаи Бодри буд. Азбаски нақшаи
вақти мо баҳисоб буд, мо ҷомадонҳоро ба меҳмонхона гузошта,
ба тамошои шаҳр баромадем.

Шаҳри Монреаль соли 1942 дар ҷои хушманзараи соҳили
уқьёнуси Атлантика буньёд шудааст. Аз се як қисми аҳолии он
франсавӣ мебошанд. Боқӣ дар шаҳр адглисҳо, америкоиҳо, ито-
лиёиҳо ва дигар миллатҳо умр ба cap мебаранд.

Дар шаҳр зиёда аз панҷ ҳазор корхонаҳои саноатй мавҷуд
аст. Аз ҷумла шаҳр корхонаҳои бофандагӣ, нафткашй ва хӯ-
рокворӣ дорад. Ба шаҳр сайёҳони зиёде меоянд. Кӯчаи калон-
тарини шаҳр Нотердам ном дорад, ки дар гирду атрофи он идо-
раҳои молия ной гирифтааст. Дар Монреаль зиёда аз ҳазору сад
калисо будааст: Шумораи баккҳои. шахсй ва давлатй ба 4 ҳа-
зору даҳ мерасад.

Дар шаҳр ҳашт кинотеатри калон ва чиҳил кинотеатри хурд
кор мекунанд. Ду бинои театр даст, аммо дастаи ҳунарпешаго-
ни муқимй надорад.

— Ана, дар ин маҳалла одамони бой зиндагй мекунанд,—
роҳбалад ба тарафи чап ишора кард.

— Ҳо, дар он хонаҳои чигариранг як хонуми миллионеры
бева иқомат меқунад.

Намуди хокаву ҳавлиҳои зебо диққати сайёҳонро ба худ ме-
кашад.

— Ин гуна хонақоро дар ивази чанд ҳазор доллар сохтан
мумкин аст? — кунҷковӣ кард яке аз мусофирони мо.

Роҳбалади мо, духтари зебои рус Лариса мехост чавоб ди-
ҳад, лекин як инженер и ҷавон, ки худаш аз Свердловск буду
ҳамчун сайёҳ ба Экспо омада буд, гапи ӯро бурид:

78
— Магар ту бо он хонуми миллионер издивоч кардани дас-
ТӢ?

Садои хайда автобусро фаро гирифт. Аз ин аскияи дустона
соҳиби савол як дараҷа дар хичолат монда бошад дам, чизе
гуфта натавонист магар, ки аз дама баландтар механдид. Дере
нагузашта, мо ба телпае баромадем, ки он чоро кӯди Шодй ме-
номидаанд. Чои сабзазор ва деле, душбадра буд. Вақте ки ав-
тобус ба пасти мефаромад, Лариса ба мо хон а и шахси аз дама
бойтарини Монреальро нишон дод.

— Нигод кунед, ин ҷо чаноби Сименс зиндагй мекунад.' Он-
до ду нафаранд, аммо ин бино 42 хона дорад.

— Ҳе, де-е..— хандиданд дама якбора.

— Ондо бисту ду нафар пешхизмат доранд,— суханашро

давом дод Лариса. ■

— Худое! — овоз баровард боз дамон коргари кунчков.—
Охир, ондо дар ин дадар хона чй кор мекунанд?

— Ба фикрам мушу гурбабозй мекунанд,— чавоб дод боз
дамон инженер.

Хандаи хушдолона аз нав баланд шуд. Дар дақиқат аз зин-
дагии ин зану шӯи пир, ки ин кадар чойро банд кардаанд, ода-
мони мо ба дайрат мемонданд.

Баъди сайру гашт ба қадвахонае, ки чои хӯрокхӯрии мо таъ-
ин шуда буд, омадем. Содиби ошхона медмононро бо лутфу мед-
рубонй кабул кард.

Хастагии род аз тамошои шадр дида бештар асар кард. Мо
вориди утоки худ шудем. Ҳарчанд, ки хоб ба чогад мекашид,
худдорй мекардем, то ба шароити иқлими дигар ва манзили
нав, кн аз вақти Москав дафт соат ва аз Душанбе -дад соат
тафовут дошт, одат кунем. Ба дарди мо телевизори дар гӯша
истода даво шуд. Онро нмтидон кардем, ки шаш канал- дорад
ва даман он баробар кор мекунад.

Яке хабар мешунавонд аз дигаре савти чаз меояд, инаш чй?
Асбоби дандоншӯиро таърнф мекунад. Боз чаз ва якбора дан-
доншӯй!

— Ондо ба дам чй алоқа доранд? — пурсидам аз рафики
дамхонаам.

— Ин таргибот аст. Яъне, як навъ усули молфурӯшӣ. Бин,
чй хел таърнф мекунанд,— гуфт дар чавоб Музаффар Бурдонов.

Баъд порчае аз фильм намоиш дод... Баъд ғолибони кадом
як мусобика... боз настаи дандоншӯй... Боз фильм.. Од, аз аф-
таш фильми казбой, мебинем!

Субд хеле барвақт бедор шудем. Дари дутабақаи айвонро
кущода берун баромадем. Ҳавои серуии пагодии моди май ода-

79
ми ішмхобро меҳрубоиона навозит карда, ҳушьёр менамуд. Аз
айвон шаҳрро тамошо кардем. Айнан ҳамон хел хонаҳо, ки дар
шаҳри мо ҳастанд. Одамон ҳам зоҳиран фарқ кадоранд. Аз би-
ном шафат овози гирьяк кӯдак баромад. Гирьяи писарам ба ёд
омад. Садои пошнаи марде дар кӯчаи холӣ баланд шунида шуд.
Он сӯ нигаристам, дар даст портфель, марди миёнсоле бо ши-
тоб мегузарад. Дар ин саҳари солеҳон ӯ ба куҷо мешитобад?
Аҷабо, ба ӯ нигариста баъзе москзагиҳои саросема аз пеши на-
зар гузаштанд...

Баъди наҳорй ба мо тамошои ҷойҳои боқимондаи шаҳро так-
лиф карданд. Вале ба намоишгоҳ рафтанро ихтиёр кардем. Хат-
ти. нави метро сели одамонро беист ба намоишгоҳ меовард. Чу-
нин гуногунии забону миллатҳоро ба фикрам фақат дар роҳи
ин намоишгоҳи бузург дкдан мумкин буду халос. Зеро ба тамо-
шои Экспо-67 аз тамоми гӯшақои дуньё сайёҳон омада буданд.
Азбаски тамошои тамоми намоишгоҳ дар як рӯз ғайри имкон
буд, хоқишмандон ба пазильонҳои дилхоҳашон навбат меги-
рифтанд. Павильонҳо расо дар соати дақ дарҳои худро боз ме-
карданд.

Аз даромадгоҳ на он қадар дуртар, дар чои андаке баланд
ду павильон® бузург меистоданд. Яке гунбазшакл буд, ки ба
ШМА тааллуқ дошт ва дигаре бинои чоркунҷаи азиме буд, ки
бомаш мисли боли мурғи фӯлодии майли парвоз доштваба фа-
лак cap мекашид. Дар назди даромадгоҳаш ҳайкали досу болға
ва тамғаи Иттифоқи Совета мекстод. Дар тарафи рости он бай-
рақҳои 15 республикаи бародарй ҷилва мекард.

Дар соати муайян бо ҳайати ҳукумати Точикистон ва рӯз-
номанигоронй шаҳрӣ конференцияй матбуот барпо шуд. Ба саҳ-
наи толори концертй аъзоёни ҳукмати Точикистон дохил шу-
данд. Раис и Совети Вазирони республика Абдулаҳад Қаҳҳоров,
котиби КМ. ПК Точикистон Ибодат Раҳимова, президента Ака-
демиям Фанҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ, вазири хоҷагик
қишлоқй Точикистон А. Махсумов, Қаҳрамонони Меҳнати Со-
циалиста Имомалиев, Ю. Воронин, инчунин мутарҷимони мо

А. Қамолова ва И. Раҷабова дар президиум чой гирифтанд. Роҳ-
барй павильони советй ҳайати президиумро ба рӯзноманигорон
шиносонид.

Вақте ки сухани муқаддимавиро ба раиси мӯҳтарами мо до-
данд, барқи аккосҳо беяст шӯъла меафрӯхтанд ва рӯзномани-
горои гӯш ба қимор омодаи суха ни раис будайд.

Инак, каломи ширини тоҷикй дар ҳузури рӯзноманигорони
дуньё ба гӯшҳо танинандоз ғарднд. Садо ва маънни он лафзҳо
ба ҳама дилнишин буд. Ахбори муф.ассал дар бораи Точикистон

80
барон аксар рӯзномаигорон тааччубовар менамуд. Оиҳо нобо-
вароиа гаштаву баргашта саволҳо медоданд. Раиси мӯҳтарами
мо ба ҳамаи он саволҳо муфассал чавоб мегардонд. Намояндаи
занони баробарҳуқуқи тоҷик Ибодат Раҳимова аз ҳаётм зано-
ни озоди мо нақл кард.

Ҳозиронро бо натичаҳон шо'ёни кори олимон ва инкишофи
соҳақои гуногуни он президенти Академняи Фанҳон Тоҷикистон
Муҳаммад Осимй ошно намуд.

Баъди анчоми конференцияи матбуот концерт барпо гашт.
Мо се нафар бори аввал ба саҳна баромадем ва бо суханони
ҳазору садсолаи устод Рӯдақӣ концертро оғоз кардем:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз

Мақсади худро бо мисраъҳои Мирзо Турсунзода ифшо на-

мудем:

Дӯстиро ҷустучӯ дорем мо,

Аз амонй гуфтугӯ дорем мо.

Дар байн ду забони маъруфи олам — за бонн англисй ва
франсавй, ки ҳоло забони байналхалқй низ ба шумор мераванд,
забони модарии мо пешоҳанг буд ва баланд садо медод. Оҳан-
гу садои форами ин забони бостонй, ки имрӯз дар саҳнаи бу-
зург, дар баробари забонҳои байналхалқӣ гӯшрас мешуд, ба
шуиавандагон писанд омад.

ҒАРИБОН

Рӯзномаи «Интертейнмент» худи ҳамон рӯз дар саҳифаи худ
аз концерти ҳунарпешагони точнк ахбор дода, навишта буд:
«Ҳеч кас аз ин барномаи концерти ачоиб ғофил намонад». Ҳа-
мин тариқ, қунарнамоии ҳунарнешагони мо аз баромади нахус-
тинашон ба дили тамошобинони гуногунмиллат ва гуногунфикр
роҳ ёфт.

Ба истеъдод ва маҳорати о нон на таиҳо тамошобинони Эке-
по-67 кафкӯбӣ мекарданду аҳсан мехонданд, балки намоянда-
гони ҳукумати худамон ҳам дар ҳайрат буданд. Онҳо баъди
муваффақияти концертҳо бо чеҳраи шод ва ифтихори зиёде
моро ба оғӯш гирифта изҳори хушнудӣ менамуданд. Суруд-
ҳои халқии точикй, оҳангҳои шӯхи шавқангез дар иҷрои Шоис-
та Муллоҷонова мақбули шунавандагон гардид. Баъдн суруд-

6 — 3961

81
ҳои миллй Ҳанифа Мавлонова бо таронаҳои мураккаби опера-
вӣ баромад кард ва ҳамаро мафтун сохт.

Рақсҳои миллим тоҷикӣ дар иҷрон Гавҳар Мирчумъаева,
рақсҳои классикии балет дар ичрои Малика Собирова ва Му~
заффар Бурҳонов хеле дилнишин буданд, аз тараққиёти санъа-
ти миллишаклу социалистмазмуни мо шаҳодат медод. Аҳмад
Бобоқулов ҳам борй дигар исбот кард, ки соҳиби истеъдоди ба-
ланд ва овози хуб мебошад. Май монологи машҳурн Ҳамлетро
аз фоҷиаи Шекспир «Ҳамлет» ба самъи ҳозирон расонидам.
Ҳамлетро кӣ намедонад? Аммо ичрои он ба забони тоҷикй аз
ҳунарпеша басо қуввату маҳоратро металабад.

Агар дар санъат фикр ва мақсади муайян бошад, бе донис-
тапи забои ҳам он фикру максадро дарк кардан мумки-н аст.
Fan дар маҳорати сакъаткор мебошад.

Шояд вақте расад, ки ҳунарпешагони театри драмавии то-
ҷик ин асари Шекспирро бо забони модарии худ дар Англия ё
дар дигар гӯшаҳои замин иҷро карда, баҳои сазовор гиранд!

Баъди концертҳо аксар одамони ношинос аз мамлакатҳои
гуногун изҳори шиносой мекарданд. Рӯзе баъди концерта рӯ-
зона чанд нафар мардони ношинос, ба утоқи артистии мо даро-
маданд. Чеҳраашон ба назар гарм метофт, оиҳо дар ҳаячон бу-
данд.

Мо, аввал гумон кардем, ки онон одамони худи мебошанду
ҳамчун сайёҳ ба ин ҷо омадаапд. Вале дере нагузашта маълум
гардид, ки онон точику ӯзбеконанд, ки дар Америка умр ба cap
мебаранд. Ба Экспо-67 омадани моро аз рӯзномаву радио шу-
нида аз Нью-Йорк омадаанд, то ки савту сози моро шунаванд
ва бо мо вохӯранд.

Ҳамин тавр вохӯрии ҳамватанон оддӣ ва ғайри чашмдошт ба
амал омад.' Онҳо ҳафт-ҳашт нафар буданд. Қисме аз онҳо ба
тоҷикӣ ва қисми дигаре ба забони /ӯзбекӣ ҳарф мезаданд.

Байни мо пурсуҷӯ cap шуд. Ба саволҳои зиёди онҳо муфас-
сал ҷавоб гардонда, дар навбати худ мехостем бо ҳаёти онДо
шинос шавем. Ба саволҳои мо на чандон кушоду пурра чавоб
медоданд. Аз рафтору кнрдори худ шарм мекардаид. Ҳар яки од-
ҳо дар ҳар мавриде аз сарҳадди Иттифоки Совета гузашта-
анд. Падари яке аз тарси инқилоб сарваташро гирифта гурех-
тааст, дигар, солҳои душвори сохтмони чамъияти социалистӣ
дар Тоҷикистон аз душворй рӯ тофтааст. Хуллас, ҳамаашон аз
кирдори худ пушаймон туда, дар ёди ватан месӯхтанд.- «Сар-
навишт ҳамин будааст» гӯён худро таскин медоданд.

Онҳо аз зисту зиндагонй, ободй ва фаровонии Точйкистону
Узбекистан ҳикоятҳо шунида мутаассир мешуданд. Онқо дар

82
ианч-шаш концерта мо ҳузур доштанд. Вақте садои мусиқӣ ба-
ланд мешуд, ё овози Ҷӯрабек форам садо дода манзараи кӯҳис-
тон, дашту води, баҳору тобистони зебои ватанро ба ёд мео-
вард, ащки ҳасрат мерехтанд.

Дар ин лаҳзаи ширин хуб мефаҳмиданд, ки айшу ишрати
мамлакатиғайрро ба гадоии ватани худ иваз кардан нашояд.
Дар ғариби дил ҷароҳатдор мешавад, мегӯянд, рост аст. Вақте
ки «Зиндагиатон чй тавр?» мегуфтем, онҳо чавоб медоданд:

— Ба чуз дидори ватан, ҳама чиз мерасад. Фақат ёди ва-
тан дардест, ки ҳар рӯзу соат азият медиҳад.

Дар байни нишастагон як мӯйсафеди хурдҷуссаи лоғар буд.
Скмои хаста ва чашмони маҳзуни ӯ диққати моро ба худ ҷалб
мекард. Баъди баромади худ аз паҳлуи саҳна ҳамеша симои ӯро
тамошр мекардем... Вақте ки вай суруди ҳофизони моро бодик-
қат мешуниду лаззат мебурд ба ман чунин менамуд, ки ин мар-
ди ҷаҳондида, дар ин дақиқа тамоми ҳаёти барабас рафтаашро
ба хотир меорад, медидам, ки беихтиёр ашк аз рӯи пурочингаш
мечакад. Аммо риштаи хаёлоташ канда намешуд. Чашмонаш
ба рӯи ҳофиз буд: шояд дар ин лаҳза деҳаи назарногири айёми
бачагиашро медид ва ғарибии худро бештар эҳсос мекард.

РУЗИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи миллии мо 28-ум и май қарор шрифта буд. Он субҳ
барвақт ба Экспо-67 омадем. Соатн нӯҳу ним либосҳои милли
дар бар ба ин рӯзи ботантана омода шудем. Вакте ки ба даромад-
гоҳи павильони совета ба назди байрақҳои республикаи Итти-
фоқӣ саф оростем, гирду атрофи павильонро одами бисьёре ико-
та карда буд. Хоҳишмандони павильони советй ба сафи артис-
тони мо нигариста аз воқеа огоҳ шудан мехостанд.

Дере нагузашта ба назди микрофонҳо намояндаи Экспо-67
ва директор!! павильони советй Борисов омада, аз кушода шу-
дани рӯзи миллии Точикистон хабар доданд. Раиси Совета Ва-
зирони республика рафик Абдулаҳад Қаҳҳоров мухтасар сухан
гуфта, рӯзи миллии моро кушода эълон кард.

Гимни Точикистон ба тамоми майдон баланд садо дод. Бай-
раки миллии мо бардошта шуд.

Баъди ин маросими тантанавй мо бояд мехмонони павиль-
они советиро ба тамошо даъват карда, худамон чун соҳибҷашн
пеш мегузаштем. Дар ҳамин вақт тамоми расмияти пешинаро
тағйир додем. Садои мусиқй баланд шуд. Ҳама дар майдон ба

■83
раке даромадем, як лаҳза роҳбарони Экспо-67 ба ҳайрат ва та-
аччуб афтоданд. Чунки ин хилофи одати муқарраршуда буд.
Садои дойра торафт баланд мешуд.

Ачибаш он буд, ки якбора ҳама бе таклифи якдигар ба рақс
даромаданд. Гарчи на хама хуб мерақсид ва ҳаракати баъзеҳо
хандаовар менамуд, лекин ҳама бо шавқу завқ мерақсиданд.

Ҳамин тавр рақскунон ба экскалатори даромадгоҳ омадем.
Соат расо даҳ буд, !ио аввалин шуда ба павильон даромадем,
хоҳишмандони онро низ даъват кардем. Дар павильони совета
байрақчаҳои миллим республикам мо.ҳар чо-ҳар ҷо чилвагар
буданд. Рӯзномаи Экспо-67 саҳифаҳои худро бештар бо ахбо-
роти муфассалу аксҳои мо оро дода, дар бораи республикам;
мо ба се забон маълумоти пурра додааст.

. Аз ҳар чо садои мусиқии точикй ба гӯш мерасид. Дар
толори кино бошад фильмҳои ҳуччатӣ ва бадеии истеҳсоли сту-
диям «Точикфильм» намоиш дода мешуд. Экспонатҳои респуб-
ликаи моро тамошобинони павильони совета бо шавқ тамошо
мекарданд. Имрӯз ба мо, артисток, лозим буд, ки ду концерта
калон намоиш дода, рӯзи миллим худро бо тантана қайд кунем.
Ҳамин тавр дам шуд. Концерта рӯзонаро бомуваффақият гу-
заронида, ба тамошои павильонҳои дигар рафтем — чизи ягонае
ки дар Экспо-67 шахсан ба ман таъсири калон бахшид, тамо-
шои «Лабиринт» буд. Як бинои махсуси сеошьёна сохта будаид,
ки факат фильми ҳуччатин режиссёри Канада Роман Кретерро
намоиш медод. Фильм ҳамагй ним соат мерафт, баробар дар се
чо намоиш дода мешуд, якбора дар ду экран дар шзкли амудй
ва уфукй намоиш медоданд.

Фильм аз таърихи ба вучуд омадани инсон ва зиндагии ӯ
нақл мекард. Лабиринт роҳҳои зиёди сарпечест, ки аз инсон
роҳи худро ёфта, душвориҳои рӯи роҳашро бардам задааст. Хе-
ле фильми хубест, одамро ба андеша водор мекард.

Бегоҳирӯзӣ концерта калонтарин барпо гашт. Ин охирин
концерта мо буд.

МУЪҶИЗАИ ТАБИАТ

Рӯзи дигар, 29 май автобуси мо ба чоииби музофоти Онта-
рио, ба сӯи пойтахти он—шаҳри Торонто род шрифт. Дар назди
шадри Торонто бузургтарии шаршараи дуньё мавчуд аст. Мо
ба тамошои ин мӯъчизан табиат мерафтем.

Торонто яке аз шадрдои калонтарини Канада мебошад, як

84
миллиону ҳафтсаду ҳаштод ҳазор аҳолй дорад, масофааш 250;
мил.

Якунин аврупоие, ки ба Торонто қадам гузоштааст, Этьен
Бреле мебошад. Номи ин шаҳр аз калимаи ҳиндй буда, Торон-
то, яъне вохӯрӣ будааст.

Ҳоло ин шаҳр яке аз шаҳрҳои хеле ободи Канада мебошад.
Бояд гуфт, ки кариб 40 фоизи даромади мамлакати Канадаро
ҳамин музофоти Онтарио медиҳад.

Шаҳри Торонто ҳоло дар истеҳсоли мошинҳои сабукрав,
радиоприёмник ва телевизорҳо дар дуньё ҷои сеюмро ишғол
мекунад.

Вақте ки аз ошьёнаи баланди яке аз меҳмонхонаҳои Торон-
то ба атроф менигаред, як манзараи аҷиберо мебинед: дар бо-
ми хонахон серошьёна мошинҳо меистоданд.

Биноҳои олиҷаноб бо тартиб чой гирифтаанд. Шаҳр наму-
ди идона дошт, ҳар ҷо байрақи миллии давлати Канада ҷилва-
rap буд.

Баъди тамошои шаҳр рӯзи дигар ба шаршараи Ниагара ома-
дем. Ин шаршара дар сарҳадди Америка воқеъ буда, кӯпруки
калоне Америкаро бо Канада мепайваст.

Ин шаршараи баландтарини дуньёро кас бе ҳаячон тамошо
карда наметавонад. Сайёҳони олам баҳору тобистон ба тамо-
шои ин мӯъҷиза меоянд. Наварӯсон моҳи аввали хушбахтии худ-
ро дар гирду атрофи ин манзараи афсонавӣ мегузаронанд.

Ин шаршара хеле воқеаҳои аҷибро аз cap гузаронидааст. Дар
ошхонаву дӯконҳои атрофи он расми одамонеро дидан мумкин
аст, ки бо нияти бой шудан ва ба далерӣ шӯҳрат ёфтан худро
ба шаршара андохта фақат як нафар наҷот ёфтааст. Ҳоло су-
рати ӯро дар маҷаллаҳо, қуттии гӯгирд, сигарет ва банкаҳои
мураббо часпонида, мардумро ба тамошои ин шаршара даъват
мекунанд.

Мо мӯзаву боронӣ пӯшида бо лифт ва нақб ба ҷое расидем,
ки аз он чо манзараи рехтани оби шаршара хеле хуб дида ме-
шавад. Паҳнои шаршара 162 фут аст. Тамошои ин гӯшаи сеҳ-
рангези дуньё яке аз беҳтарин таассуроти сафари мо гардид...

Автобуси мо ба чониби фурудгоҳи шаҳри Монреаль барме-
гашт. Мо гарки таассурот будем, ҳар чизи дидаамонро бо зин-
дагии хеш мукоиса мекардем. Дар ҷои дур ва бегона нащъаи
дидори Ватан хеле азизу гуворо будааст. Вақте ки дар фуруд-
гоҳн Монреаль, шоири маҳбубамон Мирза Турсунзодаро дидем,
ҳама якбора хурсанд шуда, худро гӯё дар Душанбе пиндоштем.
Шоири мӯҳтарам, ки баъди як ҳафтаи сафари мо ба Монреаль.

85
омада буданд, моро ба Ватак мегуселониданд. Ҳама он касро
иҳота карда, аз Ватан пурсуҷӯ мекардем. Гӯё ки мо Ватанро
солқо надида будем.

Ҳамин вақт як хонуми айнакдор маро ба назди худ хост.
Тарчумондухтари мо фаҳмонд, ки хонум Жанна Кастания мебо-
шад, ба ман ҳадьяе овардааст.

Ман ҳайрон шудам.

•— Ба шумо барги сабзе овардам,— гуфт хонум Кастания,—
умедворам, ки ба шумо хуш меояд!

Хонум як картаи «Ҳамлет»-ро ба ман тақдим кард...
Маҳмуд Воҳидов

ШАБҲОИ ТӮф0нй

Он рузҳо аз рузҳое ,

ле зуд мегузаранд. МегУД д’ КИ 3 Ну^рЗТ В3 Д6р ме°ЯВД-’ В3‘
нуре аз дурахши чашмК?3рЗНду меҳре-ба оғуиш кушодн ерон’
қалбу ёди инсон боқӣ хандон ва буе 33 ғулзори дуст°н даР
кас ҳам болу пар мебах^°НанД' Ин нақши меҳри.дуст ба Ҳар
ва далертар парвоз бик^а Д’п° ™ ДЗР 3рСЗН Ҳ36Т баландтаР
бат ва адоват бештар УВад- Дар дплн инсон ду чиз ~ муҳаб"
ро хушбахт мекунад, д!3'^ ^бандад; якеи ин накшхо инсон-

лар бештар бетона шаВаре бадбахт‘ Ба дилдо адоваТ хар ^а-
хушбахт мешаванд. Ан* д’ Ҳам0Н қадар мардумп руи замш1
донам Партиям Комму 3 ®арои хамни хаД1 сие_са™ хирадман-

родарӣ ва дӯстпм халкѵоп ™ ва Давлати Совети баробари’ ба-
Ана бо хамим ният Талқи? мекунад'
гурӯҳ адибон ва санъ’ат аР °Н РузҲОИ тирам0Хи заррин м0: я„к
доним хѵд рафтем. Рафт *°рон’ ба хонаи бародароНіі озароом-

хамтакдирро, ки НизоКЛ ки дустии ин ду халқи 33 қадим
ва панҷ га«ди худро баИв бузург онҳоро маънан васл кардааст

халқро як кардааст, боПи РИ Ф°*РСИ °Р0СТ3’ бл° ИН ҚИСМЗТ АУ
мар ди хирад судуд оварРВ днгар биозмоем ва ба оромгохи ин

Аз ин сафари диёпц „

ва аз он шабҳои тӯфодй УГ ’ 33 он рузҳои тирамоҳи дУРфанз

холо манзури назари Хо»я вд Лаҳзае’-КН дар еди ДИЛ мондааст-
Jr г лунандагони муҳтарам менамоям.

* $ *

Ҳар данд ки ҳаво к * , ~

бо ханда пешвоз гирифт Ъ УД В3 б°Р°Н меборид’ Боку моро
боипи Хячяп пяпвоч Чанд дақиқа пештаР> ҳангоме ки аз.

Р ДоШтем, байни худ баҳс мекардем. Гумон

87
набаред, ки мо аз ҷисмҳои осмонн ва ситораҳои дур баҳс мена-
мудем, ё ки аз тирезан самолёт ба баҳри Хазар нигариста, дар
■байни ду баҳри нилгун мондани худро оҳанги фалсафй медо-
дем. Не, ҳаргиз ин тавр набуд. Гарчи мо намояндагони адабиё-
ту санъат, мардуми эчодкор будем ва эҷодкорон зотан зебои-
парастанд ва дар чунин лаҳзаҳо бояд аз мӯъҷизаҳои сеҳранге-
зи табиат ва қудрати ақлу хиради одам, ки роҳи кишварро, ро-
ди дйлҳоро наздик кардааст, сухан гӯянд; мо бошем, бо вуҷуди
дар осмон будан, баҳсамон заминй буд. Ду кас якеро маломат
мекарданд, ки чаро беҳуда пальто гирифтааст. У исбот мекард,
ки ҳозир ба ҳар ҳол тирамоҳ аст ва обу ҳавои Кавказ аз Осиёи
Миёна хеле фарқ дорад. Он ду нафар, ки яке бо боронии боло-
нки худ фахр мекард ва дигаре онро надошту худро тамоман
беташвиш ҳис менамуд, исбот карданӣ мешуданд, ки ҳоло то-
бистон аст ва имрӯз шаҳрм Боку офтобист. Ҳамик тавр баҳ-
самон то гарав нарасида, самолёта мо ба аэропорт фуромад.
Аз самолёт берун нашуда, ҳама якбора хандидем. Зеро пешвоз-
гирандагон дар cap кулоҳу дар тан пальтои гарм доштанд, ки
аз сардии ҳавои Боку гувоҳӣ медод.

Ҳаво гарчи сард буд, мо дар оғӯши пурмеҳри дӯстони озар-
бойҷонӣ, ки бо дастагулҳои бӯстони худ моро истиқбол наму-
данд, гарм шудем: Ташнагии дидорро аз пиёлаҳои гулобе, ки
духтарони озарй ба мо дароз карданд, шикастем. Шоиру нави-
саидагон, аҳли санъат, коргарон, пешқадамони истеҳсолот ва
студентони Боку ба пешвоз баромада буданд. Дар ин лаҳзаҳо
гӯё ду халқ ба ҳам омехтанд, як тан шуданд ва гӯшу дидаҳо ба
сӯе дӯхта шуд, ки ду Мирзо, ду ҳамкасбу ҳамном, ду снтораи
дурахшони ин халқҳо ҳамоғӯш шуда, муҳаббати халқҳои худ-
ро ба якдигар тақдим менамуданд.

йнак, шаҳри Боку, ватани дӯстони озарй, шақри неъмат ва
санъатро ба мо пешкаш намуданд. Мо бо чеҳраи хандон ва ди-
ли шод дар оғӯшаш ҷой шудем.

* * &

Рӯзҳои маросими кушодашавии ин ё он маърака ҳамеша ҳая-
ҷоновар аст. 16 октябрь аз ҳамин рӯзҳо буд. Қисми тантанавии
маҷлис, баромади шоиру нависандагон гузашту навбат ба мо
расид. Дар ии қисм бояд ҳунарпешагони мо бо якҷоягии ҳофи-
зону раққосони Озарбойҷон баромад мекарданд. Ба ман ҳам
лозим буд, ки ду бор баромад кунам, хеле дар изтироб будам.
Ана дар ҳамин ҳолати обуадошавӣ як воқеаи ногуворе рӯй дод,
ки боиси хиҷолати ман шуд. Баъд аз он ки навбати аввалро бо

88
як азоб гузаронмда, аз саҳна баромадам, чашмамро сиёҳй п'ахш
карда буд, кариб ҳеҷ касро намедидам. Ба ҷавоби суханони таб-
рикии рафиқони дар навбатистода як навъ ғур-ғур кардам. Вак-
ти гузаштан аз даромадгохи саҳна шояд касеро озор додам, ки
«вой» гуфтани махине ба гӯшам расиду ҳушам ба чояш омад.
Баргашта ба паҳлӯям нигоҳ кардам, ки духтари зебое аз
дарди токатфарсо афташро турш карда, пояшро мемолид.
Баъд сарашро бардошту бо нигоҳи шикваомезаш як олам маъ-
ниро фаҳмонданй шуд. Ман бошам ба чои узр хостан дӯғ
задам:

— Охир, шумо гурбача барин дар зери по чй кор мекунед?!

— Шумо часур менамоед, чавон,— гуфт ӯ аз гапи ман ба
ҳайрат омада.— Маро то ин дам касе ба гурбача нисбат надо-
да буд,— илова намуд ӯ бо такаббур.— Аввало, агар чашм до-
ред, ба пеши поятон нигоҳ карда гардед! — хитоб кард злами
дардро фурӯ бурда, ки ба болояш гапҳои ман зиёдатй буданд.—
Баъд, ба фикрам, дар синни шумо одамро аз гурба фарк на-
кардан аломати солимй нест.

Тамоман шах шуда мондам. Авф пурсидан аз ёдам рафта
буд. Ғӯё чашмони фаттоии ӯ маро сеҳр карда бошанд, беҳара-
кат рост меистодам. Шариконаш шояд гуфтанд, ки ман меҳ-
монам, вай якбора аламашро фурӯ бурда, табассум кард. Ни-
гоҳаш гӯё мегуфт: «Наход маро пешпо занед». Ман гуноҳамро
ҳис кардам, вале таъсири меҳри ногаҳониаш узр пурсиданро аз
ёдам рабуда буд. Фақат раҳмхӯрона гуфтам:

— Шумо хам баромад доред?

— Бале,— чавоб дод ӯ.

— Шумо шуғл доред? — боз пурсидам.

— Суруд мехонам.

— Сурудҳои классики, ё эстрадй?

— Ман бештар сурудҳои халкиро меписандам.— Аз афташ,
пай бурд, ки ман на таиҳо дағал, балки кунҷков ҳам кастам,
риштаи гапро канду ба назди ёрдамчии режиссёр рафт.

— Сурудҳои халқй^ ин хеле хуб аст,—• гуфта мондам аз па-
саш. Гӯё ки бо ин чиҳатҳои хуби сурудҳои халқиро ба ӯ мефаҳ-
монда бошам. Афсӯс, вай дигар ба пасаш нигоҳе накард, ки
инаш аз ҳама аламангез буд.

Дуввум навбати баромадамро ҳам гузаронида, озодона на-
фас гирифтам ва аз ложаи тарафи рост чое пайдо намудам, то
ки боқимондаи концертро тамошо кунам. Рақси балетӣ тамом
шуд. Эълон карданд, ки ҳоло баромади ҳофизи филармония
Зайнаб Хонларова. Якбора зал ба чунбиш омад, мардум бо каф-
заниҳо хунарпешаи дӯстдоштаи худро пешвоз мегирифтаид. Каф-

89
занй ба авч расид. Ба саҳна нигаристам, то бубинам, он ҳунар-
пешаи хушбахт кист. Худоё, ин ҳамон аст. Ҳамон духтари зебое,
ки ман чанд дақиқа пештар гурбача номида будам. Чй нисбати
Номуносиб! Садои мусиқй баланд шуд. Пас аз он овози фораме
аз он лаби майгун ва чунбиши чозибадоре, аз он қади мавзун
бурун омада, ҳамаро обу адо кард.

У чанд суруде ки он шаб хонд, ба тамошобинон писанд омад.
Зайнаб сурудҳои ба Озарбойҷон бахшида шударо бо як ҳиссиё-
ти беназире ичро намуда, ҳамаро беихтиёр ба ин мулк ошиқ
мекард ва қувваи сурудҳояш дар қалбҳо эҳсосоти ватанпарва-
риро бедор менамуд, ки ин ҷиҳаташ аз ҳама қимат буд. Овози
сеҳрангези ӯ он шаб ҳамаи адибону санъаткорони моро ҳам
мает карда буд. Фақат ман нимҳушьёр будам. Бале, аз он гус-
тохии худ ҳам шарм мекардам ва ҳам механдидам. Ҷуръате на-
доштам, ки пас аз концерт аз ӯ узр хоҳам. Аллакай дер шуда
буд, чунки санъати олии ӯ маро тасхир карда буд. ёди он шаб,
овози Зайнаб ва нақши ин рӯбарӯшавй дар хотири ман дер хо-
ҳад монд.

Нг :{:

Тамошои Харсангҳои нафти Озарбойчон ба рӯзи дуюми са-
фари мо рост омад. Лангари киштй бардошта шуд, мо рӯ ба
баҳр ҳаракат кардем. Шамоли сахти рӯзҳои аввал гӯё ба шара-
фи меҳмонон бошад, ҳоло пасанда шуда буд. Мавҷбозии баҳр
хеле зебо ва назаррабо буд, чунбиши мавҷҳо чун ҳаракатҳои
зарифи дасти раққосаи мумтоз бо санъати худ дидаҳоро сеҳр
мекард. Аз соҳил то Харсангҳои нафт севуним соат роҳ пайму-
дем. Қиштинишинон ҳар кадом ин вақтро бо майли хеш ме-
гузаронид. Ҳар чо-ҳар чо садои шеърхонӣ ва баҳси шеъри нав
байни шоирон дар авҷ буд. Суруду мусиқии точикиву озарй
ҳам паси ҳам, гӯё мусобиқа мекарда бошанд, аз каноре ба
гӯш мерасид. Дар ин мусобиқа Зафари мо зафар карда буд
ва бо сурудҳои дилкаши худ дӯстони озариро мафтун гардони-
да буд. Дар гӯшаи дигар насрнависон роҳҳои осон намудани
тарҷимаи беҳтарин асарҳои нависандагони ҳамдигарро мечус-
танд, то ки хонандагони харду тарафро бо бозьёфтҳои эҷоди-
ашон шод гардонанд.

Аммо мо, аксар ҷавонон, пас аз пурсупос ва фаҳмидани аҷо-
иботи он шаҳре ки ҳоло ба сӯяш равонем, зудтар расиданро
бесаброна интизор будем. Зеро мо шаҳреро медидем, ки ҳатто
тасаввур карданаш душвор аст. Бале, ҳамин тавр буд. Охир,
агар ба шумо гӯянд, ки дар рӯи баҳр шаҳри зебое буньёд шу-

90
дааст, албатта табассум менамоед ва бо тезй бовар намекунед*
Агар боз ба шумо илова намоянд, ки кӯчаҳои мошингузари ин
шаҳр хокӣ ва асфальтпӯш набуда, балки тахтагину оҳанинанд,
кинотеатру хонаҳои маданияташ бошад, ба зебой аз худи кино-
театру хонаҳои маданияти шаҳри Боку монданй надоранд, шаб-
ҳои ин шаҳр мисли дигар шаҳрҳои муқаррарй чароғои ва зебост,
дар ин шаҳри баҳрӣ ҳам одамон ошиқ мешаванд ва дар ҷойҳои
дилнишин мулоқот мекунанд, шумо, албатта, гиребони ҳайрат
медоред. В а дидан замоно ба буньёдкорони ин шаҳри мӯъҷиза-
вӣ, ба нишондиҳандагони «мӯъҷизаи ҳаштум», ба ҳазрати одам,
одами совета, ба кудрату бузургии он беихтиёр аҳсант хоҳед
гуфт.

Дар байдар одамони бисьёре чамъ омада буданд. Дар рӯи
нафтчиён табассум мавч мезад. Овозҳои меҳмоннавозонаи он-
ҳо дар ҳар қадам садо медод. Аз аввалин кадам дар ин чо мо
ҳарисона ба мардумонаш менигаристем. Дар симои онҳо хис-
латҳои фавқулодда мечустем. Вале соҳибони ин шаҳри баҳрӣ
аз одамони муқаррарй фарқе надоштанд. Дар симояшон низ
қаҳрамониашонро дарк кардан душвор буд, чунки ҳама мар-
думи оддӣ ва хоксор буданд. Фақат вақти синча кардани чашм-
ҳо ва дастҳои коргарй ва бодиққат нигоҳ кардан ба чеҳраҳои
дар тӯфону шамолҳои сахт обутобёфта аломати фидокории ин
мардони майдонро дидан мумкин буд.

Диққати шахси бори аввал ба ин шаҳр омадаро ҳама чиз
ба худ мекашад. Махсусан пойҳои оҳанинаш. Бале, замини ин
шаҳр пойҳое дорад, ки онҳо то қаъри баҳр мерасанд. Дар болои
ин пойҳо—равҳои оҳанин, хонаҳои ду-се ошьёна, майдончаҳои
спорта, клубу кинотеатрҳо, киоскаҳо ва кӯчаҳо сохта шудаанд.
Мо дар кӯчаҳои он савори мошин қариб ним соат гаштем. Дар
ин муддат фақат чоряки шаҳрро давр зада тавонистему бас.
Дар баъзе ҷойҳо харсангҳои калоне аз сатҳи баҳр cap бардош-
та меистоданд. Аз ин аломат номи ин шаҳрро пай бурдем. Дар
айни замон Харсангҳои нафт бо ганҷи худ, бо ҳашамати худ,
ки онро мардумони оддии шучоатманди советӣ буньёд карда-
анд, дар тамоми дуньё овоза дорад ва нахустин шаҳри калони
баҳрй ба шумор меравад.

Пас аз шиносой бо шаҳр ва тамошои насосҳои нафткашӣ
моро ба клуби тобистонаи нафтчиён оварданд. Клуб аз одам
пур буд. Дере нагузашта, вохӯрии иштирокчиёни даҳаи адабиёт
ва санъати Тоҷикистон бо нафтчиён оғоз ёфт. Коргарон барома-
ди С. Улуғзодаро хеле самимона қабул карданд. Суханони хи-
радмандонаи муаллими маҳбуб дар дили ҳар яки онҳо чо гирифт.
Шоири дӯстдоштаи мо Боқӣ Раҳимзода шеърхонй карданд. Де-

91
ре нагузашта, навбат ба ҳунарпешагон расид. Аз баромадҳои
санъаткорони номии мо коргарон хеле шод шуданд. Дар рӯи
саҳнае ки дар сатҳи баҳр вуҷуд дошт ва чанд метр дуртар аз
он оби баҳр мавҷ мезад, Зӯҳраи мо дар ҳавои мавҷҳо печутоб
мехӯрд. Қабои ҳамранги осмонаш дар чарх задан мавҷзании
оби баҳрро мемонд. Моҳихӯракҳо муддате тӯъмаҳои худро фа-
ромӯш карда, мафтуни рақси ӯ шуда, аз болои саҳна пайваста
парвоз мекарданд. Агар касе аз қаъри асрҳо ҳамин лаҳзаро
медид, ҳақиқатро афсона мепиндошт ва гумон мекард, ки Зӯҳ-
раи осмонй ба баҳр фуромадааст. Кафзаниҳои пурмавчи нафт-
чиён Зӯҳраро гаштаю баргашта ба саҳна мекашиданд.

Шояд Артисткам Халқии республика Раъно Ғолибова дар
эҷодиётн чандинсолаи худ бори аввал дар концерти шаҳри баҳ-
рӣ иштирок дошт. Аз ҳамин сабаб сурудҳои шӯхи тоҷикиро бо
илҳоми пурҷӯшу хурӯш месароид. Дар охир вақте ки ӯ як су-
руди зебои озарӣ «Лоладар»-ро ба мардум пешкаш кард,
коргарон бо ӯ ҳамовоз шуданд.

Пас аз вохӯрй бо коргарон сӯҳбат кардем. Бо ин мардони
наҷиб мо аз наздик шинос шудем. Бо камоли майл дар бораи
кору борашон ба мо ҳикоят. мекарданд. Инчунин дар бораи на-
хустин асосгузорони шаҳр — инженерон, бригадирони аввалин
ва коргарони оддие, ки ҳанӯз соли 1949 дар ибтидои сохтмони
ин шаҳр ба ин ҷо роҳ кушода, баъзеашон қурбон шуда буданд
ва хам дар бораи онҳое, ки то ҳол монда нашуда хизмат мекар-
данд, як ба як нақл намуданд.

Вақте ки аз забоин онҳо воқеаҳои аҷиб ва саргузаштҳои
ғарибро мешунидем, аз яхселҳои сахтн зимистон ва тӯфонҳои
тобистон огоҳ мешудем, ба худ савол медодем, ки ин мардумро
чӣ ҳавасманд менамояд, ки ба ин сахтиҳо тоб биёваранд?
Романтика? Не, на танҳо романтика, балки муҳаббат ба меҳнат,
муҳаббат ба касб, ба Ватан.

— Дар ин чо ҷавонон чӣ хел ишқ меварзида бошанд?— гуфт
шоири ҷавон Лоиқ ба ҳамсӯҳбатамон марди тот, ки Наврӯз ном
дошту забони точикиро мефаҳмид ва гурӯҳи коргарони ҷавон
ки хандаву шӯхикунон мерафтанд нишон дод.

— Ба ишқварзй, ба фикрам, хеле ҷои қулай,— гуфтам ҷа-
воби марди тотро интизор нашуда.— Алалхусус, агар ишқат
барор нагирад.

Пас аз пасанда шудани ханда Наврӯз ба ran даромад.

— Ба фикрам, барои ишқи ҳақиқй ҳама чой мувофиқ. Агар
дӯст дорию дӯстдорат наздат ояд, хонаи танг оламн васеъ ме-
шавад, на фақат шаҳри мо, балки рӯи замин тангӣ мекунад.

Ба аломати тасдиқ ҳама cap ҷунбондем, Шоири чавон дар

92
ҳолате ки баҳрро бо завқ тамошо мекард, якбора ба ваҷд ома-
да, манзараҳои тасаввуроташро ба забони ҳол гуфтан гирифт:

— Шаб. Осмони ситоразор. Баҳр ором. Чароғи хонаҳо хо-
мут. Мардум масти хоб. Аз дур садои иасосҳои нафткашӣ ба
гӯш мерасад, смена кор карда истодааст. Ду ҷавон дар равша-
нии маҳтоб болои ана он харак нишастаанд,— гуфт вай хараки
растаро нншон дода, ки чанде дуртар аз он оби баҳр мавҷ ме-
зад ва шалаппоси бархӯрдани мавҷҳо ба сутунҳои оҳанин ба
гӯш мераеид.— Ҷавон тор менавозад. Садои мусиқӣ бо садои
мавҷҳо ҷӯр мешавад. Ба гӯши касоне ки азоби бехобй мека-
шанд, ии оқангн форам расида, онҳоро ба хаёлу орзуҳо меба-
,рад. Маҳбубааш рӯяшро ба осмон бардошта, ситораҳоро тамо-
шо мекунад, аз ширинии оҳанг ё ишқ чашмонашро пӯшнда, маст
мегардад. Ногаҳон,— давом кард шоир, дастонашро ба мисли
.артиста драма, ба ҳаракат дароварда,— садои тор қатъ меша-
вад. Онҳое ки дар бистари худ аз оҳанги тор лаззат мебурданд,
якбора аз чой часта, бо хавотир ба назди тиреза меоянд ва ба
сӯе ки садо меомад, нигоҳ мекунанд. Табаесум дар торикии хо-
на дар лабонашон барк, мезанад. Мебинанд...

— Чиро, ситораи афтодаистодаро? — бетоқатона пурсид
шоири чавон Мастон.

— Не, бӯсаи моҳтобиро,— гуфт шоир ва ҳанӯз хайда па-
санда нашуда, тот ба ӯ кӯмак расонд: — Он вақт маҳбубааш ба
чавон ишваомез хоҳад гуфт, ки «кучо донанД доли мо сабук-
борони соҳилҳо».— Ҳама бо завк хандидем.:—Бояд шеъри нав
эчод кунед,—гуфт коргари дигаре ки Одил Аҳмадов ном дошт.

— Бале, ни шаҳр ва мардуми он арзандаи шеъру достон-
дои олй ҳастанд,— тасдик, кард шоир.

Вақте ки киштии мо аз шаҳри нафтчиён чудо шуд ва мо ба
Боку баргаштем, рӯз аллакай бегох, шуда, торикй афтода буд.
Дар дили қамаи мо, ки бори аввал ин шаҳри гайриоддиро ди-
да будем, як олам таассурот нақш бает. Шоирону нависанда-
гоии мо дар дафтарҳои қайди худ, ба тору пуди шеъру ҳикоя-
дои навашон, аломат мегузоштанд.

То Боку расиданамон қариб се соат вақт буд. Наврӯз ва
Одил Аҳмадов, ки бо мо аллакай дӯст шуда буданд, бо як
коргари дигаре ҳамроҳн моён ба Боку мерафтанд. Сменам ко-
рни нафтчиён 8-рӯзӣ будааст. Онҳо ҳашт рӯз дар Харсангҳои
нафт кор мекунанд ва ҳашт рӯзи дигар дар Боку, ки хонаву чои
аслии оиҳо дар он чо аст, дам мегиранд. Мо ҳама давра шуда
менишастем. Сӯҳбати ин мардони кор хеле аҷиб буд. Гапро ҳар
замой ба дигар сӯ мебурданд ва бештар аз дӯстии қадимии
халқҳои мо ва қаробати забони тотй ба забони точикй ҳарф

93
мезаданд. Ба Боку қариб расида будем, ки Одил бо дилкашо-
лй коғазеро аз дафтарчаи кисагиаш канда, ба рӯи он адресаш-
ро навишту ба Мӯъмин Қаноат дароз карда, бо чиддият гуфт:

— Албатта шеъри дар бораи шаҳри мо менавиштагиатон-
ро ба ман фиристед: шаҳри Боку, хиёбони Рустамов, ҳавлии
36, хонаи 20.

— Бо ҷону дил — гуфт шоир адресро шрифта.

Баргашта ба. паси худ нигоҳ кардем. Барки чароғҳои шаҳ-

ри Харсангҳои нафт торафт аз мо дур мешуд, вале шӯълаи он-
ҳо дар чашмони мо буд. Дар байни равшании ду шаҳр, шаҳри
Боку, шаҳри заминй ва шаҳри баҳрй киштии мо ҳаракат ме-
кард. Даруни киштӣ пур аз одам буд. Даруни дили одамои пур
аз ганҷ.

* * :};

Роҳҳо. Одамро ба куҷоҳо ки намебаранд. Ӯро дар роҳ зе-
боиҳои табиат, воқеаҳои аҷиб ва одамони гуногун дучор мео-
янд. Кас бо сад умед ба сафар мебарояд. Ин хислати хоси одам'
аст. Аз Боку то Ганҷа бо мошини сабукрав ҳаштсоата роҳ
аст. Самолёт дар ним соат мебарад. Мо мошинро интихоб
кардем. Гурӯҳи мо бо роҳбарии раиси Иттифоқи нависандагони
Озарбойҷон Мирзо Иброҳимов ва Мирзо Турсунзода ба шимо-
ли республика ба Ганҷа роҳ шрифта буд. Роҳе ки мошини
моро дар дам кашида буд, тамоми хатти Кавказро бурида ме-
гузашт. Мо аз байни кӯҳу водиҳо, шаҳру деҳаҳо, боғу токзор-
ҳои бепоён гузашта, бо зиндагии серу пури меҳнаткашон шино-
со мешудем ва аз меҳмоннавозии эшон сарфароз мегаштем.

Дар роҳ кас, албатта, ба ягон мазор дучор мешавад. Мах-
сусан дар сари мазори мардуми фозил бозистодан ва эшон-
ро ба некй ёд кардан хеле гуворост.

Қабр аз барои ман чй зарур аст, чун бувад,

Дар синаҳои мардуми ориф мазори ман.

Ҳангоме ки дар сари қабри яке аз намояндагони барчастай;
адабиёти аввали асри ХХ-и Озарбойҷон Мирзо Алиакбар Со-
бир сархам будем, ки мисраъҳо ба ёд меомад. Собир нависан-
даест, ки дар замони мутлақияти подшоҳӣ халқи дар зери асо-
ратмонда ва зору бенавошудаи худро ба роҳи илму дониш раҳ-
намой мекард.

Барои ба онҳо фаҳмондани ғояҳои озодӣ ба мубориза хес-
та буд. Ҳоло ватани вай Шимахӣ яке аз водиҳои зархези Озар-
бойҷон ба ҳисоб меравад. Махсусан токзорҳои нопайдоканорш

94
он хеле.даромади калон медиҳанд. Азлоди Собир имрӯз хуш-
бахту хушиқбол аст. Мошини мо суръатро торафт сует мекард
ва пас ..аз дақиқае бозистод. Овози нақораю сурнай моро
аз мошин берун кашид. Халқ дар сари роҳ ҷамъ омада буд.
Маълум шуд, ки тӯи арӯсӣ будааст. Ҷавонон чобукона ме-
рақсиданд, Азбаски шоирони мо чанд соат дар даруни мо-
шин менишастанд ва аз мошинсаворй дилбазан шуда бу-
данд, қарор доданд, ки ба хушбахтии келину домод бирақ-
санд. Артиста Халқии республика Валаматзода, ки мумто-
зи ин ҳунар мебошад, бо рақси кавказии худ диққати мар-
думро зуд чалб намуд. Соҳибонн тӯй аввал гумон бурданд, ки
ӯ озарбойҷонист. Вақте ки дар байни ҳозирон баҳс cap шуд,
муаллим Мирзо Турсунзода ин «муаммо»-ро зуд кушоданд.
Ҳазл карда гуфтанд, ки дар ҳақиқат Ғаффор аз як тараф
озарбойчонист. У домоди ганчавиён аст. Дар чавониаш, вақте
ки дили ӯро духтари озарй асир карда буд, вай маҳз барон
ба даст даровардани маъшуқааш рақси чобуки озарбойчониро
омӯхта буд. Баъдтар санъати тамоми рақсҳоро азхуд намуд.
Ҳоло вай устоди ин ҳунар аст. Ин ҳикояти муаллим ҳамаро
хушҳол кард. Пас аз ин муаррифй ҳозирон ба домоди худ из-
ҳори миннатдорй карданд ва аз таваччӯҳи меҳмонон хеле шод
шуданд._

Аз руи нақша мо бояд дар шаҳри Мингечаур як шаб хоб
рафта, субҳи дигар ба Ганҷа мерасидем. Ҳамин тавр ҳам шуд.
Бегоҳй дар Мингечаур, ки шаҳри ҷавони саноатй мебошад, ша-
би вохӯрӣ бо чомиаи шаҳр хеле хуб гузашт. Он шаб ҳозирон
хусусан шеърҳои шоири ҷавон Лоиқ ІІІералиро хеле писанди-
данд. Ҳангоме ки пас аз шеър хондани ӯ тамошобинон беист
кафкӯбӣ мекарданд ва шоири чавон дар саҳна хичолатмандо-
на таъзим менамуд, ин ҳолати ӯро Мирзо Иброҳимов пай бур-
да, ба Мирзои мо табассумкунон гуфтанд:—«Лоиқи шумо аз
шоир дида бештар ба деҳқон монанд аст». Сонӣ рӯзҳои охир
он кас фикрашонро дар бораи Лоиқ давом дода, орзу наму-
данд, ки ин шоири умедбахш дар назм «ҳамеша деҳқон би-
монад».

Шаб гузашту рӯз шуд. Боз ба роҳ даромадем. Нигоҳ дош-
тани анъанаҳои хуби миллӣ шоистаи эҳтиром аст. Инро мо ба
дарвозаи шаҳри Ганҷа расидан ҳамоно ҳис кардем. Дар назди
дарвоза саворони бисьёре саф ороста буданд. Як фойтуни пур-
зебу зиннат ҳам он ҷо мунтазири меҳмонон буд. Дарвозабон аз
посбонҳои муқаррарии даромадгоҳи шаҳру қалъаҳо хеле фарқ
дошт. Ӯ посбони боэътимоди ин шаҳри қадим буд ва хоҳад монд.
Эҳтимол бо амри ӯ ин саворон аз шаҳр ба беруни дарвоза ба-

95
ромада, мунтазири амри дигар буданд. Якбора садои мусиқй
баланд шуд. Гулу гулдастаҳо ба сари мо рехтанд. Мо,. ки ҳама
ин дакикаро кайхо мунтазир будем, саросемавор ба сӯи дарво-
забон тохтем ва дар назди ӯ ба зону афтодем. Оромй. Дама
хомӯш. Дарвозабон хомӯш. Атроф ҳама хомӯш аст. Дар қалби
ҳама суханони эҳтиром, миннатдорй печутоб мехӯранд, вале
забонро ёрои сухан нест. Фақат тавонистем гӯем:

— Салом, зй марди хирад, яке аз бузургони замин Низо-
мии Ганҷавй! Салому эҳтироми ворисони худ, тоҷиконро қабул
фармо!

Садои мусикй аз иола ба наво гузашт. Ин гӯё аломати он
буд, ки Низомй сачдаи моро қабул намуд ва шаҳрро ба мо
пешкаш кард. Хурду калон ба рақс даромаданд. Сипае ду меҳ-
.мони олиқадр, ду Мирзо— Мирзо Турсунзода ва Мирзо Ибро-
ҳнмовро ба аломати эҳтнром ба фойтун шинонданд. Дарвоза
кушода шуд. Ба шаҳр даромадем. Ин қисми роҳ аз ду тарафи
мошини мо саворагон мерафтанд. Чй дилписандие дошт ин
гуна пазироии ганчавиҳо. Ба ҳар ҳол дили кас шод мешуд,
аз он ки ҳисси ифтихори анъанаҳои миллиро нигоҳ медоштанд.
Тамошои ин шаҳри кадима, ки ҳоло сохтмонҳои меъмории он
тамоман рангубори дигар ғирифтааст ва бо ободй, зебоию пур-
неъматни худ аз бисьёр шаҳрҳои Ватанамон монданй надорад,
ба бинанда ҳаловат мебахшад. Заводу фабрикаҳои онро дидем.
Вохӯриҳо бо мардуми шеъру санъатдӯсти Ганча хеле ҳам са-
мим он а гузаштанд. Дар шаҳр театри драмавиашонро меписаи-
дидаанд. Мо хоҳиш кардем, ки бо ҳайати театр шиносо шавем
ва ягон намоишро бо забони озарй бубинем ва шунавем. Ходи-
ши моро бачо оварданд. Он шаб, ки ба театри ба номи на~
васиндаи маъруфи Озарбойҷоц Ҷаъфар Ҷаборлй рафтем, асари
Мирзо Иброҳимов «Духтари қишлоқй»-ро намоиш медоданд.
Ҳамон асар дар театри академии драмавии мо ҳам намоиш
дода мешавад, вале бо номи «Бунафша».

Ман бо майли тамом интизори кушодашавии парда будам.
Зеро ин шахсан барон ман хеле аҷиб буд. Чунки дар ҳамин
намоиши театрамон аз иштироккунандагон будам. Баъди он ки
худи муаллиф, мӯҳтарам Мнрзо Иброҳимов донистанд, ки ман
дар «Бунафша» роли қаҳрамонашон Воҳидро бозй мекуиам, хе-
ле шод шуданд ва таклиф намуданд, ки дар концерти хотимавй
ҳамроҳи Артисткам Халқии СССР Ҳакима Қурбонова, ки ӯяке
аз санъаткорони беҳтарин ва дӯстдоштаи халқи Озарбойҷон
мебошад, ҳамроҳ ягон саҳнаро ичро кунем. Ман бо камоли
майл розй шудам.

Баъди баргаштан аз Ганҷа маро бо Ҳакимахонум бо теле-

96
фон шиносо карданд. Мо барон концерта хотимавй аз «Бунаф-
ша» саҳнаи панҷумро йнтихоб намудем. Бояд ин саҳначаро май
бо забони точикиву он кас ба забони озари якҷоя бо ду забои
бозй мекардем. Мушкил буд, вале завқовар. Азбаски ҳар рӯз мо
бо баромаду вохӯриҳо банд будем, натавонистем, ки дуруст
машқ кунем, то порчаи интихобкардаамон пухта шавад.

Фақат пагоҳии рӯзи концерта хотимавй ба мо муяссар шуд,
ки бо ҳам вохӯрем. Соати ёздаҳ шитобон ба театр расидам,
маро мунтазир буданд. Пас аз вохӯрӣ директори театр, ки мар-
ди ҳалим будааст, маро ба гримхонаи Курбонова бурд.

Зани тануманди зебое ки хеле ситораи гарм дошт ва мӯй-
хои тиллорангаш гардами дарозашро панаҳ карда, то кнтфаш
фуромада буданд, сӯҳбат кардем. Ҳар яке аз пешрафти рафи-
ком и санъаткори худ сухан мерондем. Вақти машқ тарсу ҳа-
рос доштам, аммо дилдории он кас маро рӯҳ бахшид. Бо ка-
мин расидани бегоҳии охирини даҳаро мунтазир шудем.

Соати 7 бегоҳ. Аъзоёни ҳукумати Озарбойҷон, намоянда-
гони ташкилотҳои партиявй, аҳли адаб, ҷомйаи шаҳри Боку,
дӯстдорони адабиёту санъати халқи тоник дар бинои Театри
ба номи Азизбеков ҷамъ омаданд. Нависандагон ва ҳунарпе-
шагони мо имшаб боз маротибаи дигар бо назму санъати дил-
пазири худ тамошобинонро мафтун гардонданд. Сомеон шеър-
ҳои М. Турсунзода, Б. Раҳимзода, А. Шукӯҳй, М. Қаноат, ва
Озодро бо кафкӯбиҳои зиёде тақдир карданд. Овозу нафасн
Шоиста Муллоҷонова ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Зафар Но-
зимов, Абдулло Абдурауфов, Орифшо Орифов, Зӯҳро Кари-
мова, Гулзора Ҳасакова низ суруду рақсҳои дилкаши тони-
киро манзури тамошобинон намуда, бо ҳунари худ ҳозиронро
ба ваҷд овардаид.

Дар навбати худ ман қарор додам, аз «Достони Рустам
ва Сӯҳроб» ба забони тоники порчае хонам. Аз шавқи шуна-
вандагон маълум гардид, ки озариҳо забони форсй-тоҷикиро
хуб медонистаанд, ки ин боиси рӯҳбаландии ман гардид. Кариб
дар охирҳои концерт навбати мо омад. Ба Ҳакимахоиум нигоҳ
кардам, то ки аз ҳолаташон огоҳ шавам. Дар баромадгоҳ омо-
да буданд. Зоҳиран хеле ором менамуданд. Нигоҳи ман шояд
тарсу ҳаросамро ошкор менамуд, ки он кас бо табассуми худ
маро таскин доданд. ПІунидани он ки ману Ҳакима Қурбоно-
ва аз намоиши «Духтари қишлоқй» як саҳна бозӣ хоҳем кард,
тамошобинонро хеле дар ҳайрат овард. Онҳо пешакй ба тамо—
шои ин саҳнаи ачибу завқовар тайёр шуданд. Ҳакимахонум
ба саҳна қадам мондан ҳамоно садои кафкӯбиҳои тамошоби-
нон ба ҳурмати ӯ баланд шуд. Аввалин сухане ки баъди аз па-

7—3961

97
саш ба саҳна тохта баромадан бояд ба ӯ мегуфтам, рости ran
ҳеҷ лоиқи ин хонум набуд. Тамошобинон хомӯш шуда, мунта-
зири маколама будаид. Ба Ҳакимахонум иигаристам, ки аз ман
дуртар меистоданд ва бо нигоҳашон мегуфтанд, ки гапро cap
кунам. Ман ҳам бо ҷуръат хитоб намудам:

—- Ба назди ман биё, эй духтари қишлоқии ман, беҳ, беҳ,
беҳ,— Гапам базӯр то охир расида буд, ки садои ханда баланд
шуд. Ман ба иштибоҳ афтодам, ки халқ аз фаҳмидани суханони
ман хандида бошад ё аз ногувории ҳолатам. Баъди ду-се са-
волу ҷавоб маълум гардид, ки бисьёр касон забони тоҷикиро
қариб баробари забони озарбойҷонй мефаҳманд. Завқи хандаи
тамошобинон ба мо илҳом бахшид. Дар баъзе мавридҳо баъ-
зан ману Ҳакимахонум бо забони якдигар ran мезадем. Он кас
ягон калимаро бо инҷиқй гӯянду ман ба озарбойҷонӣ ҷавоб
гардонам, хандаи тамошобинон ба авҷ мерасид.

Мо дар ин порчаи асари мазҳакавй ба тамошобинон ягон
ғояи баланде ташвиқ намекардем ва ин саҳна эҳсосоти чуқури
драматургй ҳам надошт. Бо вучуди ин гуфтугӯи тоҷикиву
озарбойҷонй бо забони санъат дар дили тамошобин, дар дили
халқ ба забони ҳарду миллат меҳре мепарварид. Ҳам наздикию
дӯстии ин забонҳоро бори дигар бо забони ҳол тасдиқ менамуд.

Вақте ки саҳна ба охир расиду мо дар зери ханда аз саҳ-
на баромадем, кафкӯбиҳои пуравҷ моро боз ба саҳна даъват
намуд. Ҳангоме ки гаштаю баргашта ба тамошобин таъзим
менамудем, ба ин манзараи якдилй нигариста фикр мекардем,
ки чй қудрати бузургу асрорангез дорад санъат. Фақат ӯ ме-
тавонад ба дилҳо роҳ ёбад. Адабиёту санъат ягона василаи
муттаҳидкунандаи халқҳо, тарғибкунандаи идеалҳои пешқада-
ми инсоният мебошанд. Барои ҳамин ҳам партияи мо роли ада-
биёту санъатро хеле бузург дониста, онро муҳимтарин аслиҳаи
мубориза ва тарғиботи ғояҳои ленинӣ мешуморад.

* * *

Қонцерти шаби хотимавй ба охир расид. Аз театр берун
омадем. Ҳаво сард буд. Ситораҳои осмон дар зери пардаи абр
пинҳон буданд. Шамоли тунд аз тӯфони омадаистода хабар
медод. Автобус моро ба меҳмонхона расонд. Баъди хӯроки шом
қисме аз дӯстон майли шабзиндадорӣ кардем. Як ҳиссиёти маҳ-
зуне дар дилҳои мо хона карда буд. Ин маҳзунии ширин аз
он буд, ки даҳ рӯзи бо ҳам будан дар хоиаи дӯстон ба охир
мерасид ва мо, ки ба ҳам унс гирифта будем, чудо шуданамон
душвор шуда буд.

98
Аввал мусиқй гӯш кардем. Аз пианинонавози худамон Марк
Григорьевич Ройцман хоҳиш намудем, ки ба мо имшаб ягон
чизи хуб навозад. Бетховен, Моцарт, Шопен, Лист паи ҳам
дар зери аигуштони навозанда ба забои меомаданд.

Оҳангҳои дилчаспу амиқ дар қалбҳо туғьён мехезонд. Тн-
резаи меҳмонхона якбора бо шиддат кушода туда, моро аз тӯ-
фон огоҳ кунонид. Ҳангоме ки тиреза кушода шуд, шамоли
сахт мевазид. Баъди чанд дақиқа борони сел cap шуд. Садои
раъд ҳамаро ба ларза медаровард. Тӯфони ҳақиқӣ. Азбаски бе-
вақтии шаб буд, дар кӯча касе намегашт. Ин тӯфони даҳшато-
варро мардум аз пушти тирезаҳои хонаи гарми худ тамошо
мекарданд ва ин рафтори асрорангези табиатро гӯё дарк кар-
данй мешуданд. Дар кӯча дарахтони ҷавони сарв, ки зебоии
шаҳрро аз зебн худ мепиндоштанд, бо такаббур ба муқобили
тӯфон истодагарӣ менамуданд. Вале шамол сари мағрури он-
ҳоро то дараҷае хам мекард, ки ба замин мерасиданд. Сарв-
ҳои чавон гӯё тавба мекарданд. Тӯфон бо ханда боз сари он-
ҳоро озод мекард. Сарвҳо боз рост мешуданд. Мусиқйи боҳа-
ша-мати Бетховен, зодаи тӯфони дили инсонӣ бо ин симфонияи
асрорангези табиат ҷӯр шуда, дар вуҷуди мо низ тӯфоне бархе-
зонда буд. Баъзан ба табиат ҳам, ба инсон ҳам тӯфон зарур
аст. Тӯфони табиат тамоми чангу ғубори заминро мешӯяд. Рӯи
гиёҳҳоро шуста тароват мебахшад. Тӯфони вуҷуди одам бо-
шад, монеаҳои роҳи зиндагиро дур месозад. Аксар фикру ақи-
даҳои тиран инсон аз барқи ин тӯфон равшан мегарданд ва
одам қадру қарзи аслии худро дар ин равшанӣ якбора дарк
мекуиад.

Мо аз тирезаи ошьёнаи чоруми меҳмонхонаи «Озарбойҷон»
ш-ь манзараи зебо ва даҳшатоварро тамошо мекардем. Чароғ-
ҳои Харсангҳои нафт ба чашм наметофтанд. Дар ҳамин ҳол
талотуми тӯфони баҳрро тасаввур карда истода, онҳоеро кн
ҳозир дар байни баҳр буданд ва дар миёни тӯфонҳо вахтаи
меҳнатиро бошарафона иҷро мекарданд, ёд мекардем. Он мар-
ди тот Наврӯз ва рафиқи озарбойҷониаш Одил Аҳмадовро бо
ҳама хислатҳои шахсй ва эҳсосоти романтикиашон ёдоварй ме-
кардем. Бале, шоирони мо аз онҳо қарздор ҳастанд. Дар ин
лаҳза диловарню корнамоии онҳоро бемислу монанд тасаввур
мекардем. Ope, магар дар ин тӯфони даҳшатовар дар байни
баҳр истода, содиқона баҳри халку Ватан чонбозӣ кардан муъ-
ҷиза нест?

Тамоми шаб хоб накардем. Аз Рӯдакӣ то Турсунзода, аз
Пушкин то Евтушенко, аз Низомй то Самад Вурғун ва Набй
Ҳазрй ҳамиишини мо буданд. Дар ин шаби тӯфонй гӯё руҳи

99
бузургон ҳам нороҳат шуда буд, ки дар қалби моён паноҳ ме-
ҷустанд ва шаб то рӯз мисраъҳои дар муҳнти тӯфонҳо эҷод
кардаашонро такрор ба такрор мехондем.

Субҳ. Вақте ки ба мошинҳо савор шуда, ҷониби аэропорт
раҳсипор шудем, ҳаво соф буд. Замину осмон баъди тӯфони
имшаба ба ҳадде тоза буданд, ки чашмҳоро мерабуд. Абрҳо
пароканда шуда, офтоб чеҳраи оламтоби худро ҷилва медод.

Дар дили мо ҳам акси офтоб буд. Гарчанде ҳаво гарм буд,
дӯстони киромии мо бори дигар ба оғӯшашон кашида, моро
гармтар карданд. Барқи чашмони хандонашон дар чашмони
мо акс меандохт. Мо' ба самолёт савор шудем.

Хайр, шаҳри дилрабои Боку! То боздид, эй арҷманд. Видоъ,
эй шабҳои тӯфонй!

Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест,

Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад.
Маҳмуд Воҳидов

МУОСИРИ МО ШЕКСПИР

Театри драмавиро имрӯзҳо ва дар гузашта низ бе драма-
тургияи В. Шекспир тасаввур кардан душвор аст. Ин нави-
сандаи бузург пояи драматургияи ҷаҳониро, ки асоси таҳкур-
сии онро фоҷианависони давраи қадими Юнон Софокл ва Ев-
рипид гузоштаанд, баланд бардошта онро устувор ва безавол
гардондааст.

Ҳар аср аз нуқтаи назари ба худ хос, ки ба тарзи зисту
зиндагй ва афкори сиёсӣ-иҷтимоии ҷамъиятӣ вобаста аст, ба
ғояҳои Шекспир назар карда, симои онро ба тариқи худ меку-
шояд. Театри асри XX беҳтарин кашшофи драматургияи Шекс-
пир ба!' ҳисоб меравад.

Беҳтарин актёрҳои театри замони мо дар кушодани образ-
ҳои мураккабтарини ин марди бузург қувваозмой намуда ақлу
маҳорат ва ҳаёти худро сарфа кардаанд. Бино ба хизматҳои
шоёии ин санъаткорон образҳои Ҳамлет, Отелло, Шоҳ Лир,
Ромео ва Ҷульетта ва ғайраҳо ба муосирони мо дар симоҳои
ҳақиқии худ зинда гашта, қаҳрамонони дӯстдоштаи онҳо гар-
дидаанд.

Дар қатори театрҳои Англия, Америка ва дигар мамлакат-
ҳо, театри советй яке аз пурзӯртарин таҷассумкунандаи асарҳои
Шекспир ба шумор меравад.

Театри советй бо номҳои чуиин устодони саҳнаи худ Ос-
тужев, Михоэлс, Уланова ва дигарон ифтихор дорад. Образ-
ҳои офаридаи онҳо дар дафтари таърихи театри Шекспирши-
носии дуньё чун саҳифаи дурахшоне сабт гардидааст.

Театри драмавии тоҷик ҳам дар муддати кӯтоҳи роҳи эҷо-

101
дии худ ба гузоштани асарҳои В. Шекспир ҷуръат намуда,
муваффақиятҳои басо намоён ба даст овардааст. Отелло ва
Шоҳ Лири Муҳаммадҷон Қосимов, Ҷульеттаи Софья Тӯйбоева
ва X. Назарова, Ромеои А. Хоҷаев мисолй равшани он аст.

Ин образҳо барои ба воя расидан ва мукаммал гардидани
маҳорати ин артистон кӯмак расонданд. Тарҷумаҳои дилни-
шини А. Лохутй ва Бону, ки ин се асарро аз англисй гардон-
даанд, забони саҳнаи тоҷикро бойтар ва зеботар намуд.

Имрӯз Шекспирро муосири мо мегӯянд. Ope, ҳамин тавр
аст. Гарчанде моро аз давраи ҳаёти ӯ чорсадсола роҳ чудо
мекунад, осори ӯ ба дилҳои муосир чун эҷоди драманависони
имрӯза наздик ва мақбул мебошад. Зеро ки ӯ роҳи мубориза
барои хушбахтй ва фочиаи башариятро бо калами сеҳрангез
бо устодй ба назм даровардааст.

Мунаққиди бузурги рус Белинский асари «Ҳамлет»-ро таҳ-
лил намуда, дар бораи шахсияти ӯ чунин гуфта буд: — «Ҳамлет
ин ман, шумо ва ҳар як шахси дигар аст». Ин рост аст. Он
азобҳои рӯҳй ва маънавии Ҳамлет, ки аз дидани фиску фу-
чури атрофиён мекашад, ба мо фаҳмост. Саволи доимии ҳаёту
мамотро, ки Ҳамлет ба миён мегузорад, ҳар яки мо низ дар як
шакли ба худ мувофиқ ба миён мегузорем. Аз хандаи ӯ ме-
хандем. Аз гирьяаш мегирьем. Ана, барои ҳамин ҳам Шекспир
ба мо азиз ва муосири пешқадами мост.

Дар театр вохӯрдан бо қаҳрамонони Шекспир писанди дӯст-
дорони санъат мебошад. Инчунин симои ҳақиқии театр ва ма-
ҳорати ҳунармандони он, чи тавре ки дар боло гуфтем, фақат
бо асарҳои ин марди бузург метавонад ба куллй зоҳир гар-
дад ва инкишоф ёбад. Аз ин рӯ, имрӯз театри тоник боз ба
осори Шекспир рӯ овард.

«Ду веронй», ки фардо намоиши нахустини ин спектакль
барпо мегардад, яке аз асарҳои давраи аввалини эчоднёти му-
аллиф ба шумор меравад.

Дар маркази асар дӯстии ду ҷавони веронй, ишк ва садо-
қати онҳо инъикос гардидааст.

Хонандагони мӯҳтарам шояд мехоҳанд донанд, ки театри
мо ин дафъа чаро маҳз ин асари драматургро ба репертуари
худ дохил намудааст. «Ду веронй» ба мо — офарандагони ин
спектакль, аз он ҷиҳат муҳим ва азиз аст, ки мехохем ба та-
мошобинони мӯҳтарами худ дар бораи дӯстии ҳақиқй, муҳаб-
бат, садоқат ва меҳру нафрат нақл кунем. Зарурат доштани
ин масъалаи муҳим барои тарбияи'наели чавони мо ҳеч касро
ба ҳайрат намеандозад.

Шекспир дар ин асари (ба қавли баъзе мунаққидон) «но-

102
расида»-и худ бо устодии беназир масъалаи муҳимтарини ча-
вониро ба қалам кашидааст. Рафти воқеа ин тавр тартиб ме-
гирад.

Ду дуст, ду давон аз шаҳри Верона ба ҳам дилбастаги до-
ранд. Яке ишқ меҷӯяд ва аллакай дилбохтаи нозанине ме-
бошад.

Дигаре, ки ба ишқ эътино надорад, ба Милан азми сафар
кардааст, то ки ҷаҳон бинад ва дониш омӯзад.

Онҳо бо ҳазлу шӯхй ва самимияти дӯстона ба ҳам видов
мегӯянд. Валентин ба Милан меравад. Протей назди маъшуқи
худ мемонад. Вале гашти рӯзгор ва хоҳиши падар мачбур ме-
созад, ки Протей ҳам аз маҳбубаи худ Ҷулия, ки бо ӯ савган-
ди вафо ёд кардааст, чудо шуда ба Милан, ба дарбори герцог
раҳсипор шавад.

Дар Милан Протей дӯсташ Валентинро, ки чанде пештар
ба ишқ нафрат дошт, ғарқи муҳаббат ва асири он меёбад.

Аз дидаии маҳбубаи дӯсташ Сильвия, ки духтари герцог
мебошад, Протей дар вучуди худ зоҳиршавии ишқи навро ҳис
мекунад. Ӯ худро дар ҳолати ногузир пиндошта, қарзи дӯстӣ
ва савганди аҳду вафоро, ки ба маҳбубааш Ҷулия дода буд,
фаромӯш сохта, ба Сильвия дил мебандад. Оташи ишқи нав
Протейро савдой намуда, маҷбур месозад, ки виҷдони бедорро
хобонад ва дӯсташ Валентинро душман шумурда барои ба даст
овардани муҳаббати нав роҳ ҷӯяд. Ammo Сильвия, ки ба Ва-
лентин арзи муҳаббат намуда буд, маргро беҳтар мепиндорад.

Ӯ ба маҳбубаш — Валентина аз хиёнати Протей бадарға-
шуда, бевафой намекунад.

Ишқи Сильвия ва ҷавобҳои рад Протейро то дарачае мера-
сонад, ки нишонаҳои инсониашро аз даст дода, ғуломи ҳирси
ҳайвонӣ мегардад. Дар лаҳзаи охирин, ки ӯ мехост Сильвияро
бо зӯри бозу ба худ тобеъ кунад, дӯстони дерин ба хам ру ба
рӯ мешаванд.

Фақат ин дам Протей мефаҳмад, ки ба дӯсти худ чй гуна
хиёнати бемисле кардааст. « — На, бештар аст гуноҳи май аз
ғамам!»—мегӯяд ӯ дар ҳолати' шармандагӣ ва пушаймонй.

Валентини одил ба зудӣ гуноҳи дӯсташро мебахшад. Маз-
ҳака бо оқибати нек анҷом меёбад. Шекспир мегӯяд, ки дар
Ҳаёт боматонат будан зарур аст. Ноустуворй ва аҳдшиканӣ,
ки аксаран ба ҷавонҳо хос аст, касро ба оқибати бад мебарад.
У дар ин асари худ ба мо талқин мекунад, ки ҳам зан ва ҳам
мард сазовори муҳаббати пок бошанд. Вале барои ба даст
овардан ва нигоҳ доштани он бояд ҳарду ҷавобгар ва мубориз
бошанд.

103
Спектакльро Артисти Халқии СССР А. Бурҳонов бо ҳамко-
рии саррежиссёри театр Ф. И. Александрин ба саҳна гузош-
тааст.

Рассом М. М. Мухин, мутарҷими асар шоир М. Фархат ме-
бошанд. Рольҳоро артистони чавони театр Муҳаммадҷонов, Ка-
молова, Завқибеков, Исоева, Раҷабов, Қодиров, Аҳмадҷонов,
Шомансурова ва дигарон мебозанд. Роқими ин сатрҳо ннз дар
ин намоиш роли душворе ба зимма дорад. Дар ин вохурй бо
хонандагони рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ӯҳда гириф-
таам тамошобинони чавон — дӯстдорони театри драмаро ба спек-
такли артистони ҷавои даъват намуда, изҳори орзу намоям, ки
алоқаи театр бо ҷавонон дар оянда боз бештар равнак, меёбад.
Дӯстон, марҳамат ба спектакли асари драматурги муосир —

В. Шекспир.
Маҳмуд Воҳидов

ҲАМҚАДАМИ ТЕАТР

Ҳоло баҳори панҷоҳумин соли
ҷилва дорад. Дар Ватани коргару деҳқони озод имсол ҷашни
бузургтарине хоҳад шуд, ки таърихи башарият мислашро на-
дидааст. Бошараф инсони совета, ки аз байни дуду оташи ҷан-
гу муборизаҳо, ҳарбу зарб роҳ тай намуда обутоб ёфтааст ва
дар ҷаҳон чун халқи қаҳрамон шӯҳратманд гардидааст, панҷоҳ
соли озодиашро дар назди дӯсту душман чаши мегирад.

Дар байни мардуми советӣ чӣ қадар одамони хоксору ди-
ловар, қаҳрамонони меҳнат, зафармандон ҳастанд, ки дар бо-
рам меҳнату фидокории на ҳамаи онҳо китобҳо ва достонҳо
навишта шудааст. На ҳамаашон ордену медаль ва унвонҳои олӣ
доранд. Аммо худи онҳо, кори онҳо, садоқати онҳо ба меқнат,
ба Ватани азиз сазовори эҳтироми баланд мебошад.

Дар ин соли ҷашни бузург шоён аст, ки ҳаёту меҳнати шах-
сони хоксорро ба эътибор гирем ва дар ҳаққи онҳо суханони
сазовор гӯем.

Дар Тоҷикистон аксар соҳаҳои хочагй ва маданй ҳамсинни
инқилобанд. Театр аз ҷумлаи онҳост. Ғалабаи Октябрь ба ман-
зили тоҷикон, ки солҳои сол дар зери бори гарони феодализм буд,
нури озодӣ овард. Мардуми ҳунарманди тоҷик ба пешбарии
маданияти худ камар баст. Аз дастаи ҳаваскорони санъат те-
атрҳои профессионала ба вуҷуд омад, ки дар тарбияи наели
наврас саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳоло номи ходимони намоё-
ни санъат вирди забони халқ мебошад. Мо ин дам дар бораи
санъаткоре нақл хоҳем кард, ки ӯро на ҳама мухлисони театр ба
хубӣ мешиносанд. Аммо меҳнатдӯстй, хоксорй ва садоқати ин

истиқлолияти мардуми совети

105
марди наҷиб ба меҳнат моро ба гуфтан водор мекунад.

Соли 1920 баъди ғалабаи инқилоб дар Бухорои тариф —
шаҳри қадимии тоҷикон ҳаёти нав cap шуд. Халқи боистеъдод
ва маданиятпарасти он ба пешбарии санъату маданияти худ
азм( намуд.

Дар кружокҳои ҳунарии ташкилшуда ҷавонон — шавқман-
дони зиёде ширкат мекарданд. Дар яке аз ин кружокҳо ҷавоне
бо номи Ҳайдар Мардонов ҳам иштирок мекард.

Барпо намудани театри миллй яке аз вазифаҳои муҳимме
буд, ки партия ва ҳукумат ба миён гузошта буданд. Комиссиям
оид ба ҷамъ кардани ҳунарпешагон дар тамоми гӯшаву канор-
ҳои республикам ҷавон соҳибҳунаронро меҷуст. Ҳайдар Мар-
донов соли 1930 ҳамроҳи шаш нафар ҳаваскорони санъат аз
Бухоро ба Душанбе ба кор фиристода мешавад. Соли 1931
бо қувваи ҳаваскорон нахустин маротиба пардаи театри навро
мекушоянд. Ҳамин тавр, дар республикам ҷавон театри ҷавон
ташкил шуд, ки дар он артистони ҷавон ҳунарнамоӣ намудаид.
Аввалин асари ба саҳна гузоштаи театр «Ду коммунистам
К. Яшин буд. Дар ин спектакль артиста чавон Ҳ. Мардонов
аввалин роли худ Тешабойро бомуваффақият бозй кард. Дере
нагузашта, театр асари Ғулом Зафар «Ҳалима»-ро ба саҳна
мегузорад. Дар ин спектакль Мардонов роли Неъматро бозй
мекунад.

Соли 1933 бо фармони Комитета Марказии Партияи Ком-
мунистам Тоҷикистом як бригадаи концерта ташкил шуд, ки
мебоист мардуми кӯҳистонро бо аввалин ғунчаҳои санъат ошно
созад. Ии бригадаи ҳунарпешагон дар давоми се моҳ ба тамо-
ми гӯшаву канорҳои республика сафар карда, чун булбулони
хушнаво муждарасони бахт ва созу навоҳои дилнишин гарди-
данд.

Ҳ. Мардонов ҳам дар сафи пеши ин бригадаи ҳунармандон
буд, ки бо ҳунари худ хизмати босазое мекард.

Азбаски артистони театр маълумоти пурра надоштанд, дере
нагузашта, дар назди худи театр мактабе кушода шуд, ки ба-
рон баланд бардоштани савияи дониши театрии онҳо кӯмак
мерасонд. Ҳ. Мардонов ҳам дар ин мактаб дониши театрй
омӯхта, бо санъати артистй ошно шуд. Он солҳо драманависоии
бомаҳорат кам буданд. Драматургиям касбй қадамҳои аввалин
мегузошт. Бинобар ин дар саҳнаи театр бештар асарҳои тарҷи-
мавй гузошта мешуданд. «Балво»-и Фурманов, «Ғалаба»-и Али-
зода, «Мубориза»-и Усмонов, «Оташ»-и К. Яшин, «Талвоса»-и
Сулаймонй, «Маликаи Турандот»-и К. Гоцци, «Шоҳнома»-и
Ҷонон, «Даъвати ҳаёт»-и Бил-Белоцерковский, «Платон Кре-

106
чет»-и Корнейчук, «Борис Годуновой Пушкин ва ғайра, ин аст
чанд номгӯй асарҳое, ки театри драмавии тоҷик дар давоми со-
ли 1931 то 1937 ба саҳна гузоштааст.

Ҳ. Мардонов он вақтҳо кариб дар ҳамаи ин спектакльҳо иш-
тирок карда, образҳои гуногун офаридааст. Мавсими театрии
солхои 1937—1938 дар репертуари театр асарҳои пурмазмуни
замонавй ва классики пайдо шуданд. Ба монанди «Раъно»-и

С. Саидмуродов, «Восеъ»-и F. Абдулло, «Тӯҳмат»-и С. Саид-
муродов ва Исмоилов, асарҳои тарчимавй — «Макр ва муҳаб-
бат»-и Шиллер, «Алкаср»-и Мдивани. Гузошта шудани ин асар-
ҳо барои инкишофи санъати театрй ва баланд шудани маҳора-
ти артистон хеле кӯмак расонд.

Намокши даҳаи санъат ва адабиёти тоҷик дар Москва кол-
лективи театри драмавиро хеле рӯҳбаланд гардонд. Дар руз-
хои даҳаи ҳунарнамоӣ дар катори дигар артистон Ҳ. Мардонов
ҳам ба иззату эхтироми тамошобинони Москва мушарраф гар-
дид.

Таҷрибаи зиёди эчоди ва пай дар ҳам офаридани образҳои
гуногун артистони ҳаваскорро то ба қуллаи устодй овард. Ак-
сари онҳо бо унвонҳои олӣ тақдир шуданд. Артисти драма дар
меҳнати коллективй месабзад. Арбоби бузурги санъат К. С
Станиславский гуфтааст: «Рольҳои хурд нестанд, артистҳои
хурд ҳастанд». Устод гуфтанист, ки артистони белаёқат агар
роли калонро бозӣ кунанд ҳам, хурд аст, яъне белаёкат мондан
мегиранд. Аммо артистоне ҳам мешаванд, ки дар иҷрои роли
хурд ҳамеша ба назар намоёнанд. Зеро онҳо ба касби худ бо
сидку мухаббат рафтор мекунанд. Бозй кардани рольҳои асосй
на ба ҳамаи артистон мансуб аст. На хама метавонад Отел-
ло ё Рӯдакӣ бишавад. Вале ин чунин маънй надорад, ки фақат
онҳо артистанду халос. Не, ҳеҷгоҳ. Артисти ҳақиқӣ он аст,
ки ба роли муносиби лаёқаташ супурда шуда бо эҳтиром ва
мухаббат назар кунад. Ҳайдар Мардонов аз қабили ҳамин-
гуна артистон ба шумор меравад. У, ки дар ҳаёташ дар да-
воми таърихи театри драмавии тоҷик рольҳои хурду калонро
хеле зиёд ичро кардааст, ба касбаш ҳамеша муҳаббату
садоқат дорад. Ҳаёти эҷодиашро аз аввалин пьесаи театр «Ду
коммунист»-и К. Яшин оғоз карда, имрӯз дар охирин спектакли
нави театр «Ду веронагй» (асари В. Шекспир) иштирок ме-
кунад. Тамоми умр ҳаёт ва эҷодиёти Ҳ. Мардонов бо ҳаёти
театр пайванд буд ва ҳаст. Дар давоми 36—37 соли кори худ
Ҳазорҳо маротиба дар образҳои гуногун ба саҳна қадам ниҳо-
да ба ивази эҳсос ва ашки дида эҳсоси тамошобинонро бедор
карда аст.

107
Касоне, ки «Духтари ноком»-ро дидаанд, Гадойбой — артист
Мардоновро ба лавҳи хотир оварда метавонанд. Ҷуссаи лоғари
артист ба ин образи таъсирбахш хеле мувофиқат мекунад. Га-
дойбой ҳамчун як фарзанди деҳқони оддй, вазнин, ҳалим ва
дилшикаста дар лавҳи хотирҳо нақш бастааст.

Мардонов — саркор, Мардонов — фаррош, Мардонов —
рӯҳонӣ, Мардонов — имом, қозй домулло, деҳқон, мунаҷҷим,
оҳангар, гадо, аскари сурх... Хуллас Мардонов артист аст. Ар-
тиста ҳақиқӣ.

Театри тоҷик, ки яке аз ҷавонтарин театрҳои Иттифоқ ба
шумор меравад, қатъи назар аз муддати кӯтоҳи мавчудияти худ
баробари замон буд ва ҳоло ҳам кӯшиш дорад, ки ҳамқадами
вақт бошад. Ин театр, ки аз дастаи ҳаваскорон то дараҷаи
театри касбй ва академиявӣ расид, бо хизматҳои худ сазовори
таҳсин аст. Беҳуда нест, ки партия ва ҳукумат хизматҳои ин
театрро ба назар гирифта, онро бо ордени Байрақи Сурхи Меҳ-
нат мукофотонидаанд.

Ин инкишоф ва пешравӣ ба меҳнати садоқатмандонаи кол-
лективи ин театр вобаста мебошад, ки Ҳайдар Мардонов яке
аз асосгузорон ва ҳамқадамони ӯ ба шумор меравад.

Дар қатори ходимони маъруфи ин театр, артистони халқии
СССР М. Қосимов, Т. Фозилова, А. Бурҳонов, артистони хал-
қии республика Ҳ. Раҳматуллоев, М. Халилов, С. Тӯйбоева, X.
Назарова, Т. Ғаффорова, П Завқибеков ва дигарон, артистони
қаторӣ ҳам ҳастанд. Ба монанди Ҳайдар Мардонов, Саид Ах-
мадов, Б. Ҳомидов, М. Қосимов ва дигарҳо. Онҳо низ барон
театри точик ҳаёти худро бахшидаанд. Дар бораи фаъолияти
эҷодии онҳо низ суханҳои нек гуфтан меарзад.

Дар ин соли чаши, соли фатҳу нусратҳо ба хизматҳои шоён
ва бисьёрсолаи ин кормандони хоксори соҳаи маданият хам
баҳои сазовор бояд дод.
Маҳмуд Воҳидов

ҶОМИ МУБОРАК

Мо мардуми зафарманди совета ҳама бо нидои қаноатман-
дй мегӯем: — Ана боз Соли Нав омад! Дар ин нидои кӯтоҳ чӣ
қадар фикру эҳсос ба ҳам омехта мебарояд. Ҳисси шодй ва
ифтихор бо афкор амалй шуда ба мо руҳи тоза мебахшанд.
Ба нақшаҳои оянда омода месозанд. Вақт дар табиат яке аз
мӯъчизаҳои баркамол ба ҳисоб меравад. Ақрабаки соати ҳаёти
мо бо гашти он дуруст карда шудааст. Вақт дар ихтиёри ин-
сони бошуур ин буньёди зебой аст. Сохтмони қасрҳои мада-
ният ва иншоотҳои бузург низ ҳосили вақт ва меҳнати фндоко-
рист.

Вақт рӯзн таваллуди шахси бузург, вақт — гардиши чар-
хи таърих, вақт — ғалабаи ғояҳои гуманиста, вақт рӯзи ав-
валин парвози инсон ба кайҳон аст.

Дар даромади Соли Нав мо боз як ҷамъбасти некӯи вақтро
ид кардем. Панҷоҳсолагии ташкилёбии Иттифоқи Республика-
ҳои Советии Социалиста дар таърихи башарият яке аз ҷашнҳои
оламшумул мебошад.

Иттиҳоди баробарй ва дӯстии халқҳо — орзуи чандинас-
раи инсон аст, ки фақат дар замони хушбахтонаи наслҳои мо
дар замони сохти социализм бо ғояи нубуғонаи Ленини бузург-
вор ба амал омадааст. Аз ин ҷост, ки ҷашнгирии ин санаи бу-
зурги таърих масштаби умумиҷаҳонй гирифт, яке аз ғалаба-
Ҳои ленинии партияи мо гардид.

Чй хуб гуфт, Котиби Генералии Комитета Марказии Пар-
тияи Коммунистам Иттифоқӣ Совета Л. И. Брежнев дар мач-
лиси ботантанаи комбинати металлургии Чепели Республикам

109
демократии Венгрия — «Одамро танҳоӣ хеле душвор аст. Мам-
лакатро ҳам бе ёрӣ ва дастгирӣ нашояд. Аз ин ҷост, ки мо
тарафдории иттиҳоди дӯстй, бародариро пеша кардаем».

Оре, тамоми корнамоии мардуми советӣ маҳз бо дӯстӣ ва
бародарии худ фатҳовар аст.

Халқҳои сермиллати мамлакатамон ба истиқболи ин ҷашни
панҷоҳсолагии худ бо ғалабаҳои меҳнатй омадаыд. Соли дуюми
панҷсолаи нӯҳумро бо зафарҳои нав ба нав ҷамъбаст наму-
данд. Ҳар як шахс ба иҷрои супоришҳои давлатӣ ҳиссаи худро
гузошт. Ин аст, ки дар ин рӯзҳои ҷашп мо бо номҳои қаҳрамо-
нони нав ошно мешавем.

Пӯшида нест, ки дар ҷамъбасти солона ҳар кас дар назди
ҷамъият ва дар назди худ ҳисобот медиҳад. Барои ғалабаҳо
шодӣ мекунад, барои зоеъ рафтани вақти гароибаҳо худро сар-
занишҳо менамояд.

Партия ва ҳукумати боадолати мо меҳнати шоёни ҳар як
шахсро ба эътибор мегирад. Мо чй деҳқону коргар, бинокору
санъаткор, олимону шоирон, инженеру духтурон ҳама офаран-
дагони имрӯзи хушбахтй, дар ҷамъбасти солона барои ғамхорй
ва диққату эътибори ҳукумати худ ташаккур мегӯем.

Барои он ташаккур мегӯем, ки меҳнати хоксоронаи моро бо
мукофотҳон шоён тақдир намуд. Гирифтани мукофоти ба номи
устод Рӯдакӣ мо офарандагони фильми васеъэкрани ранга
«Достони Рустам» ва «Рустаму Сӯҳроб»-ро водор мекунад, ки
боз ҳам масъулиятноктар меҳнат карда, асарҳои шоёни замон
эҷод намоем. Барои май соли 1972 боз барои он соли накуст,
ки дар фильми истеҳсоли студияамон «Ситораи шаб» офаридани
нақши яке аз фарзандони намоёни халқи тоҷик Аҳмади Дониш
мушарраф гардид.

Симои Аҳмади Дониш дар таърихи илм ва адабиёти халқа-
мон_мавқеи хосе дорад.

Ӯ сад сол аз ин қабл аввалин шуда, аз маданияти аврупо
аз ҷумла маданияти халқи рус муждаовар шуд. Роҳи ҷангро
баста сулҳ ва дӯстӣ тарғиб кард. Қудрати за’фаровари синфп
муздури русро пешбинй менамуд.

Бинобар ин офарандагони фильм образи Аҳмади Донишро
чун ситорае дар шаби зулмоти аморати Бухоро, чун муждара-
сони рӯзи нав, ҳамчун тарғибкунандаи дӯстӣ ба назар гириф-
танд.

Фильм дар соли нав ба тамошобинон пешкаш мешавад. Офа-
рандагони он бесаброна фикру мулоҳизаи дӯстдорони киноро
мунтазиранд.

Дар Соли Нав мавзӯи Аҳмади Дониш бо калами устод
С. Улуғзода дар саҳнаи Театри академй-драмавй ба коми А. Ло-
ҳутӣ давом меёбад. Драмаи нависанда бо коми «Алломаи Ад-
ҳам ва дигарон» ба саҳна гузошта хоҳад шуд.

Инчунин соли кӯҳна дар гирифтани фильми «Қаҳатй» низ
ширкат кардем, ки анҷоми он дар соли нав ба охир мерасад.
Ин фильм дар бораи барпо кардани Ҳокимияти Совета дар Ху-
чанд нақл мекунад.

Инак соли нав омад. Ҳалли нақшаҳои бузург моро интизор
аст. Соли нав — аҳду паймони нав. Соли нав —■ соли сеюми
панҷсолаи нӯҳум. Барой фатҳи зафари он мардум аз нав камар
мебанданд.

Мо ба ҳамаи онҳое, ки вақтро ситоиш мекунанд, онро дареғ
медоранд ва умрашонро барои ҷамъияти худ сарфа мекунанд,
мадҳ мегӯем ва ҷоми муборак мебардорем.
Дилбар Абдушукурова

СИТОРАИ РАХШОН

Аввалин бор Маҳмудҷонро дар толори концертии ба коми
Чайковский шаҳри Москва соли 1957 дар рӯзҳои Даҳаи адабиёт
ва санъати тоҷик дидаам. Он рӯз ансамбли тарона ва рақс
ҳунарнамой дошт ва хилофи чашмдошт дар ин саҳнаи бузург
бачаи миёнақаде, ки ҷомаи беқасаб, тоқни чоргула пӯшида буд,
пайдо шуду хоксорона, шармгинона табассум карда, ба шеър-
хонй даромад. Овози ширадораш, шавқу завқн бепоёнаш моро
ба хурӯш оварда, моту мабҳут карда буд. Кош дар гурӯҳи мо-
ём хам чунин касе мебуд, ҳасуд мехӯрдем. Ои вақт мо дар кур-
си дуввуми шӯъбаи актёрии ГИТИС таҳсил доштем. Ва вақте
ки моҳи сентябри соли 1957 дар гурӯҳи мо ӯ пайдо шуд, ҳам
ҳайрату ҳам хурсандиамонро интиҳо набуд. Тааҷҷуби май боз
аз он фузуд, ки аз аввалин рӯзҳои таҳсил омӯзгори меҳрубо-
намон О. И. Пыжова маро муттасаддии Маҳмудҷон таъин кард.
Рости гаи, бароям муттасаддигй ба ҷавоне, ки дар чунин саҳнаи
барӯманд ҳунарнамоӣ дошт, лаззате меовард. Зиёда аз он
«шогирдам» ниҳоят гапгиру бофаҳм буд. Ед дорам, вақтҳои
аввал мо порчаеро аз «Ҷангал»-и Леонов машк мекардем, у
дар он роли писарбачаро иҷро мекард. Ҳар гоҳ, ки барои ха-
точае ӯро боздошта, ҳама чизро аз нав cap мекардем, вай басо
ғам мехӯрд.

Курен сеюм барои Маҳмудҷон якбора се курс буд. Вай да-
мой сол тамоми фарқияти ду курси аввалро бомуваффақият
супурд. Дар курси панчум бошад, роли Митяро (аз «Камба-
ғалӣ айб нест»-и А. Островский) хело аҷоиб бозида, дипломро
аъло дифоъ кард. Бегумон, ролҳоеро, ки дар спектакльҳои

112
«Шоҳ Гавазн» (Гоцци) ва «Ҷавонони кӯчац мо» (Симонов) ме-
бозид, хеле хуб иҷро кард, аммо Митяаш такрорнашуданӣ
буд-,

Дар ин спектакль ман роли Плочен Егоровна, модари Лю-
бочкаро, ки ӯро Митя дӯст доштааст, иҷро мекардам ва ба
хубӣ пай мебурдам, ки бо чй душворие Маҳмудҷон роли Ми-
тяро аз бар мекард, худро ба образ табдил медод. Дар Ми-
тяи Маҳмудҷон симои одамони росткору тозазамир, ошиқ, ки
виадонашонро доғдор намекунанд, ба назар мерасид. Сағираи
равшанзамир, «одами хурде», ки барои ҳуқуқи дӯст доштан,
хушбахт будан мубориза мебарад — ҳамин хел хӯй дошт қаҳ-
рамони Маҳмудҷон. «Қамбағалй айб нест» муддати мадиде
дар репертуари Театри ба номи Лоҳутй устувор буд ва ҳамеша
Маҳмудҷон бо шавқу завқи ҷавонй, бо меҳри баланди инсонй
ҳ.унарнамоӣ мекард. Борҳо' шудааст, ки ҳангоми спектакль мав-
ҷи қарсак, чун рамзи эҳтиром баланд мешуд.

«Одамият»_ ба андешаам, хусусияти узвии шахсияти Маҳ-
мудҷон буд. Ӯ ба одамон боварии калои дошт ва ҳар гоҳ ме-
шунид, ки касе ба касе бадиро раво дидааст, ё шахсе ки ӯ бо-
варй дошт, кори ношояме кардааст, хело азоб мекашид, меран-
чид.

Созгоронеро, ки дар санъат пайдо намешуданд, одам наме-
ҳисобид, худаш дар муносибати байниҳамдигарй сипоҳ набуд,
агар чизе маъқулаш нашавад, рӯирост мегуфт.

Кушодагӯиро, ки хусусияти Маҳмудҷон буд, бисьёриҳо
на.фаҳмида ба он чун ҳавобаландй баҳо медоданд ва гумон
доштанд, ки ӯ худро аз дигарон боло мегузорад. Ин хатои маҳз
буд. Махсусаи аз ҳамин хусусият ӯ озод буд. У шахси прин-
ципноке буд ва ин махсусан ҳангоме ба назар мерасид, ки су-
хан аз санъат, аз театри мо, аз репертуари он равад. У ба масъ-
алаи тарбияи актёрҳо бо дили пурмеҳр диққат медод.

Чанд муддат ӯ дар института мо аз нутқи саҳнави лекция
хонд. В ай ба ин кор тамоман мехр бает, барои камолоти сту-
дентонаш мубориза бурд. Ӯ ки одами баландмаърифат, зиёии
ҳақиқй буд, бордо бо афсӯс ба ман мегуфт, ки ба актёрони оян-
даи мо маданияти умумиашон ноқисй мекунад, ташнагии онҳо
ба дониш камтар ба назар мерасад, онҳо намекӯшанд, ки наб-
зи мамлакати худро дурусттар дарк намоянд, донишу малака
ва маҳораташонро мунтазам сайқал намедиҳанд.

— Зарур act, ки тарбияи завқи эстетикиро бармаҳал шу-
руъ кунем, хуб мешуд, ки чунин фанне дар программам макта-
би миёна бошад. Санъат мафкураи одамро ғанӣ мегардонад,
дар ӯ беҳтарин сифати инсониро бедор мекунад, ақоиди нав

8 — 3961

113
ба вуҷуд меоварад, ба корномаҳои хуб ҳидоят месозад,— ме-
гуфт у. Маҳмудҷон ба донишҷӯён бо меҳру муҳаббат ишқеро,.
ки бо шеър дошт, меомӯхт, ба ин васила рӯҳи онҳоро пок ва
ҷаҳони маънавиашонро бой мекард, нисбат ба каломи бадеъ.
гарони муҳаббат меафрӯхт.

Орзуи наҷиби Маҳмудҷон таъсиси студияи калони мавзун
барои ҷавонон буд. Азбаски ӯ дар театр нидоят серкор буд,.
зуд-зуд ба гастрол мебаромад, дар институт дер кор карда
натавонист, вале ба тарбияи актёрони ҷавон мунтазам диқкат
медод, дар санҷишу имтиҳонҳо ширкат меварзид, тез-тез ба
суҳбати донишҷӯён меомад.

Мутаассуф, ҳоло ҳам дар саиъат ашхосе вомехӯранд, ки
чанд асари ҷолиби диққат офарида, аз худ қаноатманд ме-
шаванд, гумон мекунанд, ки ба арши аъло расидаанд ва мин-
баъд мехоҳанд бо самараи меҳнати собиқашон зиндагй кунанд.
Маҳмудҷон аз чунин одамон набуд. Солҳои аввали кор дар
театр ҳар ролеро ки барояш тавсия мекарданд, аксаран онҳо
рольҳои хурди эпизодй буданд, ичро мекард. Новобаста ба даҷ-
му мавқеи роль ӯ ба дар кадомаш пурра тайёрй медид, онро
меомӯхт, сайқал медод, характери қаҳрамонашро, услуби су-
ханрониашро аниқ мекард. Самараи дамин буд, ки датто хурд-
тарин нақши офаридааш аз назар дур намемонд.

Тайёрии Мадмудҷонро ба тадияи пьесаи С. Улуғзода «Ал-
ломаи Аддам ва дигарон» ёд дорам. То ба он ӯ чун режиссёри
композициядои хурд шӯдрат дошт. Акнун мебоист пьесаи бись-
ёрпардагиро ба садна гузорад. Ии кори душвори режиссёри бо
актёрдо, бо рассом, бастакор буд, зарурияти дарьёфтаии хати
ягонаи далли спектакль ба миён меомад. Мадз дар дамин айём
ғамхории беандозаи Мадмудҷон нисбат ба ҷавонон зодир шуд.
Ҳамаи аъзоёни ин даста ҷавонон, актёрони камтачриба буданд..
Режиссёр бо ондо даррӯза, бобардоштона кор мекард.

Боре ба май телефон карда гуфт, ки студентони гурӯҳамро
(ондо дар курси дуввум мехонданд) барои дар саднаи умумии
спектакль иштирок кардан, фиристам. Рости гаи, май аслан ро-
зй набудам. Ин чаид сабаб дошт. Аввало то имтидои вактп
каме монда буд ва машқдои даррӯза дар театр студентонро аз
хониш дур меандохт. Сониян, данӯз намедоннстам, ки оё до-
нишҷӯёни соли дуввум мефадманд, ки дар саднадои умумй низ
образ офаридан лозим, аз ҷараёни умумие, ки режиссёр тал-
қин мекунад, на бояд бароянд ва нидоят фадманд, ки театр пеш
аз дама эчоди коллективй аст.

Ин дама андешае буд, ки ба Мадмудчон иагуфтам. Зеро
«не» гӯям сахт рандиданаш мумкин. Аз ин ру розиги додаму
10 нафар боистеъдодтарини онҳоро чудо карда ба репетиция
овардам. Соати 7 бегоҳӣ буду репетиция пав шуруъ шудааст.
Саҳна равшан, ороиш ҳам дошт. Бачаҳоро ба саҳна балад шу-
дам. Онҳо вазнин-вазнин бо дили пурэҳсос ва пурҳаяҷон қадам
мезаданд, фикр мекарданд, ки ҳамроҳи шахси барояшон «даст-
норас» Маҳмудҷон Воҳидов кор мекунанд. Дар саҳна актёроне
меистоданд, кц дар эпизоди масчид банд ҳастанд. В а ман бо
чашмонам Маҳмудро мечустам, то ки студентонро ба вай су-
пораму барои дар репетиция иштирок кардан рухсат хоҳам. Ба
ногоҳ аз ким-кучои толори торик ӯ тез-тез чаққон кадам гу-
зошта ба саҳна баромад, бо чеҳраи хандон даст дода бо ҳар
як студент вохӯрй кард ва самимона бо ман ташаккур гуфт.
Чун нияти дар репетиция иштирок карданамро фаҳмид, узр
хосту гуфт, ки дафъаи дигар баъди ба андозае сайқал ёфтани
кор иштирок кунам, беҳтар. Розй шудам.

Рӯзи дигар, ҳангоми даре, ман студентонамро нашинохтам.
Чашмонн онҳо аз шодӣ медурахшиданд ва чунин ҳолат ода-
тан вақте рӯй медод, ки кас ба чизи ниҳоят зебое рӯ ба рӯ
шуда бошад. Онҳо гапи якдигарро бурида Маҳмудчонро васф
мекарданд, мегуфтанд, ки ӯ чи хел бо онҳо машқ кардааст, ба
ҳар кадомашои вақту диққат чудо карда мақсад ва мавқея-
шонро дар саҳна фаҳмондааст. Онҳоро бештар аз ҳама меҳнат-
дӯстии Маҳмудҷон мафтун сохтааст. «Маҳз аз ӯ меҳнатдӯстию
серталабиро ба худ бояд омӯхт» мегуфтанд онҳо.

Дар воқеъ, Маҳмудчон як хусусияти пурқимате дошт, ки
мутаассиф на ҳамаи эчодкорони мо ба он соҳибанд. У нисбат
ба худ, нисбат ба эҷодиёташ бағоят серталаб буд.

Ёд дорам, боре ҳангоми дар театр кор карданам, вай хоҳиш
кард, ки ҳамроҳ ба студияи радио рафта, саҳнаеро аз «Бунаф-
ша» сабт кунем. Ин барои намоише, ки оид ба Маҳмудҷон тай-
ёр мекарданд, лозим будааст. Худаш асабй менамуд ва такрор
ба такрор мегуфт, ки барномаи алоҳида ҳеч як зарурият на-
дорад, зиёда аз он барои тайёрй вақт хело кам мондааст ва
гумон аст, ки ӯ корҳоро анҷом диҳад ва ғайраю ҳоказо. Пор-
чаеро, ки дар саҳнаи театр 3—4 дақиқа мерафт, мо дар тӯли
бештар аз 2 соат сабт кардем. Ҳар дафъае, ки аз нав навишта,
гӯш мекардем, чизе ба ӯ маъқул намешуд ва маҷбур будем,
ҳамаро аз нав cap кунем. Ин як саҳиа аз спектаклест, ки мо
даҳҳо бор дар театр бозй кардаем! Ба гумонам оне ки дафъаи
15-ум сабт карданд, Маҳмудро писанд омад. Дар воқеъ вай
хеле ҷозиб, салис ва суханҳо равону часпон буданд. Мутаас-
суф, ҳамон портрети эҷодй пурра тайёр иашуда монд, зеро

115
Маҳмуд ба баъзе сабтҳо, матни муаллиф хеле сахтгирй кард,
онро написандид.

Соли 1967 бо ташаббуси Ҷамъияти театрии Тоҷикистон ва
КМ ЛКСМ Тоҷикистон аввалин конкурси ровиёни касбии рес-
публика баргузор гардид. Шартҳои конкурс бармаҳал ба те-
атрҳо фиристода шуданд. Бидуни он ки ман каломи бадеъро
басе дӯст медорам ва ҳатто борҳо дар кондертҳои гуногун шеър
хондаам, чуръат накардам, ки дар чунин конкурси масъул
ширкат кунам.

Маҳмудҷон чун донистааст, ки ман дар конкурс иштирок
карданӣ нестам, ранҷидааст ва сипас, бо тамоми фусункории
ба худ хос маро талқин намуд, ки ба конкурс тайёрӣ бинам ва
ваъда ба ёрй дод. Ман дӯстии ҳақиқии беминнати Маҳмудҷон-
ро зҳсос карда, ба конкурс тайёрӣ дидам.

Ҳар дақиқаи холигие, ки дар театр пайдо мекард, ӯ ба ман
імебахшид. Вай зеҳн мемонд, ки ҳар як калимаро чи хел талаф-
фуз мекунам, чи хел ибораҳоро чанг меандозам, маънии шеър-
ро муайян мекунам, ба тақтеву вазн ва қофия чи гуна менига-
рам. Ҳар лаҳза маро бо шавқ гӯш мекард, зарур шавад, боз-
дошта ислоҳ менамуд. Азбаски саҳна рӯзона бо репетиция ва
шабона бо спектакль банд буд, машқи мо дери шаб, пас аз ан-
ҷоми спектакльҳо сурат мегирифт. Махмуд ба ҳар як чузъ диқ-
қат медод: ба он ки чи хел ба саҳна мебароям, вазнро чи хел
чудо мекунам, бо ин шеър чи гуфтан мехоҳам. Ҳар як ибораро
15—20 бор такрор кардан зарур меомад. Фақат баъдн он ки
машқи ман ба охир мерасид, вай программам худашро машк,
мекард, аз ман хоҳиш менамуд, ки камбудиашро ошкор карда
пишон диҳам, маслиҳат мекард, ки ин ё он порча лозим ё не.

Ҳамин тавр ба конкурс тайёр шудем. Бндуни ҳеч андеша
Чои аввал насиби Махмуд шуд. Ман ва актёри Театри ба номи
Маяковский Юрий Харламов ҷои дуввумро гирифтем.

Устоди дӯстдоштаи мо, мархум О. И. Пыжова дар «Праз-
воние» ном асараш навиштааст: «Партнёр боигарии актёр аст.
Ҳар кадре, ки ба партнёр такья кунй ҳамон қадар бештар «ақи-
даҳои ниҳонин» ӯро мехонй, ҳар қадар бештар ба вай зеҳн
монӣ, ӯ ҳамон қадар бештар ба ту рӯй меорад. Зуҳуроти парт-
нёр на фақат накӯкорӣ ва фидонгӣ балки маданнятн баланди
актёрй ҳам мебошад».

Тамоми солҳое, ки дар театр кор мекардам, чунин партнёри
олиҷаноб барон ман Махмуд буд. Талаботи беҳамтое, ки ӯ
нисбат ба худ, нисбат ба кори худ дошт, хоҳу нохоҳ ба порт-
нёрҳо низ таъсир мерасонд. Дар ин бобат ман ҳеҷ вақт спек-
такльҳоеро, ки аз рӯи асарҳои М. Иброҳимов «Бунафша» ё



116


худ «Духтари қишлоқй» ва М. Тоҷиев «Дуэль» тайёр кардаем,
фаромӯш намекунам. Ин давраи ҷустуҷӯи доимй, навоварй,
баҳс, репетиция то дери шаб буд. Рости гаи, ҳамроҳн Маҳмуд-
ҷон бозй кардан басе фараҳфазо буд, зеро вай бо илҳоми худ,
ҳаракатҳои сабукаш ва чашмони пурдурахшаш касро мафтун
мекард. У истеъдоди бузурги таҷассумкунӣ дошт ва барои х.ар
як ролаш кувваи зиёде сарф мекард.

Махсусан, дар роли Азиз (аз спектакли «Дуэль») сифати
актёриву инсонии ӯ пурра зоҳир гашт. Зоҳиран, ин образ аз
бисьёр чиҳат ба худи актёр монандие дошт. Қаҳрамони вай
шахси донишманде буд дар ҳар суханаш дилгармй нисбат ба
партнёр, маънии аниқ, зиндадилй ҳис карда мешуд. Маҳз ба
туфайли покдиливу зиндадилии Азиз Нодй аз гузаштаи худ
даст мекашад. Азиз худ аз зиндагй мераваду Нодиро ба ҳаёт
бармегардонад. Ин лаҳзаро ба таври ҳақиқй дар саҳна инъикос
намудан, аз душвортарин корҳо буд, ки Маҳмудҷон бо сарба-
ландй ичро намудааст.

Сарчашмаи илҳоми Махмуд китоб ва мулоқот бо одамони
аҷоиб буд. Дар китобхонаи ӯ на фақат оид ба санъат, балки
ба андозаи зиёд китобҳои оид ба математика, астрономия ва
соҳаҳои дигар ҳастанд. Дар байни дӯстонаш одамони гуногун-
касб — духтурҳо, шоирҳо, муҳандисҳо, академикҳо буданд.

Махмуд аз шиносой бо директори заводи алюминии точик
Салимҷон Маҳкамбоев ниҳоят ба ваҷд омада буд. У аз имко-
ниятҳо ва ояндаи дурахшони завод фахр мекард ва ниҳоят шод
буд, ки ба он мисли Маҳкамбоев як шахси хоксор, бофаросат
ва ниҳоят маданӣ сарварӣ мекунад. «Ин хел ашхос бояд про-
тотипи қаҳрамонҳоямон бошанд» бо шавқ мегуфт Маҳмуд.
Ростигапон хусусияти Маҳмуд ки ҷиҳатҳои беҳтарини одамон-
ро дарьёфта, қадрдонй карда метавонист, маро ба ҳайрат мео-
вард.

Дар таҳияи композицияҳои манзум ба Маҳмудҷон дустони
наздикаш — кормандони техникии театр Самеъҷон Қодиров ва
Женя Радионова ёрии калон мерасонданд. Онҳо мухлисони
ҳақиқии Махмуд ва эчодиёти ӯ буданд. Онҳо то ними шаб ҳам-
роҳи ӯ дар театр нишаста мусиқиву равшаниро муайян мена-
муданд, гаштаю баргашта саҳнаҳоро такроран медиданд. Онҳо
аввалин ёварон, тамошобинон ва мунаққидони актёр буданд.
Махмуд номи онҳоро муқаддас медошт.

Вақте ки композициям «Гуфтугӯ бо худ» тайёр мешуд, Са-
меъҷон ҳис кард, ки дар он эмоция ва романтика бартарй пай-
до намудааст. Фикрашро ба Махмуд гуфт. Ва ӯ ба ҷустуҷӯи
ақидаи аниқ ҷиддй пардохт. Дар натиҷа, чун маънии ҳар кадом

117
рӯбоӣ аник, шуд ва заминаи маънии онҳо бештар ба ҳам «дӯх-
та» шуданд, спектакль маънии яклухте пайдо кард.

Махмуд аз дӯстон пинҳон намедошт, ки ӯ ният дорад аз
шеърҳои дӯсташ Лоиқ Шералй композицияе созад ва туфайли
он нишон диҳад: вақт ниҳоят тез даргузар аст, умри одам ҳам
гузарон асту аксаран мо ба қадри он намерасем ва онро барбод
медиҳем...

Дар умри кӯтоҳ, вале чун ситораи саҳарй рахшони худ ба
одамон хидмат карданро қарзи худ донист. Ин ҳаёти бобаракат
ҳиссиёти амиқи ӯ, ба умум маълум карда тавонистани сӯзу гу-
дозаш, садоқати бепоёнашро ба санъат нишон медиҳад.
Бенсион Кимьёгаров

НУРИ ИСТЕЪДОД

Дар назди май варақи сап-сафед истодааст. Одатан фильми
нав ҳам аз чунин варақ оғоз меёбад. Ин фильм дар бораи Фир-
давсист. Муддати мадидест, ки ман дар хусуси вай андеша до-
рам, аллакай фикран актёрҳоро ҳам интихоб кардаам. Роли
асосй, роли Фирдавсиро мехостам, ки ба Маҳмуд Воҳидов су-
порам...

Ammo ӯ ин рольро бозй намекунад. На фақат ин, балки як
зумра рольҳои дигарро ҳам, ки барояш пешбинй кардаанд,
бозй намекунад. Лекин ҳатто ҳамон коре, ки ӯ дар тӯли'ҳаёти
38-солааш иҷро намудааст, кофист, ки номи вай давраи муай-
яни санъати театрӣ ва кинематографи тоҷикро ифода кунад.

...Ин воқеа соли 1958 рӯй дода буд. Ман барои фильми оян-
даам «Қисмати шоир» актёр интихоб мекардам. Бо ҳамин ни-
ят ба бисьёр шаҳрҳо сафар кардам, бо бисьёр дастаҳои театрӣ
вохӯрдам, аммо барои иҷрои нақши асосй — образи Рӯдакй
ҳунарпешаи дилхоҳ наёфтам. Медонистам, ки дар Москва, таҳ-
ти назорати устодони нуктасанҷ О. И. Пижова ва Б. В. Биби-
ков як зумра ҷавонони тоҷик ҳунари актёрй меомӯзанд. Аз ин
рӯ роҳи пойтахтро пеш шрифтам. Дар он ҷо маро хуб меши-
нохтанд, зеро ҳанӯз то ҷанг, дар айёме, ки дар ВГИК мехондам,
ман ба донишҷӯёни ГИТИС аз забони тоҷикӣ дарс медодам.
Шояд барои ҳамин буд, ки маро хуш қабул карданд. Аммо
чун аз мақсадам огоҳӣ ёфтанд, андаке ба фикр фурӯ раф-
танд. Ин сабаб дошт. Ольга Ивановнаю Борис Владимиро-
вич шогирдони худро дар айни таҳсил барои дар фильме бо-
зй кардан бо дилгармй рухсат намедоданд. Ба андешаи оиҳо

119
нн кор ба ҷузъ фонда, зарар ҳам доштааст ва ба фикрам, ан-
дешаи онҳо чандон ғалат набуд.

Ленин он вақт ман хоҳиш кардам ва бовар кунондам, ки
ин кори зарурист. Онҳо гузашт карданд ва спектакльҳоеро, ки
тоҷикбачаҳо ҳамчун кори курен тайёр намудаанд, нишон до-
данд. Се шаб дар театр — студияи ГИТИС (вай дар бинон
собиқи театри лӯлиҳо воқеъ буд) се спектакли студеитонро
тамошо кардам.

Ман спектакли «Шоҳ-Гавазн»-ро ки дертар дар Тоҷикистон
шӯҳрати сазовор пайдо кард, дар ҳамон ҷо тамошо кардам.
Роли асосиро Ҳабибулло Абдураззоқов иҷро мекард ва иогуфта
намонад, ки ин беҳтарин роли актёрии студентони муассисаҳои
таълими театрии Москва буд.

Шаби дуюм «Ҷавоне аз шаҳри мо»-ро ки Марьям Исоева
дар он роли модарро хеле аҷоиб бозй мекард, тамошо кардам.

Ва шаби охирин «Камбағалй айб иест»-ро нишон доданд.
Май бори аввал Маҳмуд Воҳидовро дидам. У нақши Митяро
ба зимма дошт.

Он се шабро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Зеро ман ҷаво-
нони дар воқеъ ҳам эҷодкорро дарьёфтам. Бовар доштам, ки
онқо анъанаҳои театри тоҷикро, ки бо душвории бепоёне ташак-
кул ёфтааид, бо сарбаландй и дома медиҳанд. Бешубҳа ман
пештар ва бештар аз ҳама дар хусуси кинематограф андеша
доштам ва шод будам, ки як зумра актёрҳои соҳибзавқ ба хид-
матн республика мерасанд.

Ба роли Рӯдакӣ Маҳмудро интихоб кардам. Хостам худи
ҳамон лаҳза ӯро барои санҷиш бо худ барам. Аммо нашуд. На
фақат устодон, балки худи Махмуд ҳам рад кард, зеро кори
дишюмиашро партофта рафта наметавонист.

Ман бе Махмуд баргаштам. Аммо боварии қатъй ва рӯҳ-
бахше доштам, ки ин труппаи актёрони тоҷик — зуҳуроти гу-
ворою хурсаидибахшест ва аз онҳо умеди калоие доштан мум-
кин аст.

Ва дар тахмини худ саҳв накардаам. Дуруст аст, ки онҳо
бо душворӣ ва ботадриҷ кй буданашонро собит карданд. Ав-
вал дар Ленинобод ва сонй дар Театри академии ба номи Ло-
ҳутӣ ҳунарнамой доштанд. Дар театри Лоҳутй ҳам барояшон
осой набуд. Охир, танхо дар театре кор мекарданд, ки кол-
лективи пурқуввати эчодй дошт. Маҳорати худро бо меҳнати пур-
тоқатона, истеъдоди латиф исбот кардан лозим буд. Дар
воқеъ, дар театр монданд: баъзеҳо ба кори педагогй, дигарҳо
ба телевизион ва қисме ба кори маъмурй рӯй оварданд. Онҳое,
ки дар театр монданд, дар он мавқеи хосса ёфтанд.

120
Ва Махмуд Воҳидов бошад, яке аз актёрҳои номин театр
гардид. Аввалин бор ҳамчун режиссёр бо Махмуд дар фильми
«Ҳасани аробакаш» ҳамкорй кардам. Ба вай роли эпизодии
ҷавонеро, ки барои таҳсил меравад ва сипас, муаллим шуда ба
деҳааш бармегардад, таклиф кардам. Ӯ бо хушнудй пази-
руфт ва ёдовар шуд, ки роли тарҷумаиҳолиро ичро мекардааст,
зеро ин ба ҳаёти вай басе монанд будааст.

Дертар, вақте ки ба таҳияи фильмҳои «Достони Рустам» ва
«Рустаму Сӯҳроб» оғоз кардам, Махмуд Воҳидовро ба роли
Тӯлод, дев, ки мехостам вай аз рольҳои асосй бошад, даъват
намудам. Дар фильм Тӯлод образи чамъбастии қувван бадй
буд. Аммо ин бадии кушоду равшан не, ба андозае бадиест, ки
бо некӣ ҳамсоягӣ дорад ва ин қаробат хеле нозук ва дар на-
зари аввал ҳнснашавандаест.

Дар фильм Тӯлод дар шонздаҳ намуд бо Рустам рӯ ба рӯ
мешавад. Вай шоир, мутриб, фозил, тоҷир... Ӯ дам ба дам,
лаҳза ба лаҳза дигар мешавад. Вай бояд ба боварии Рустам
ноил гардад ва фақат он гоҳ баҳси ғайриоддии онҳо кимати
фалсафии худро пайдо мекунад. Ва ин образи беандоза душ-
воре буд. Маҳз дар ҳамин вақт меҳнати бузургу пурмашаққа-
ти мо cap шуд.

Аз вақти таҳияи фильм муддати зисде гузашт ва акнун ман
имкон пайдо кардам, ки дар хусуси тавлиди образ ва душво-
рии меҳнати актёр сухан ронам/ Ба ӯ зарур буд, ки зоҳиран
ва ҳатто ботинан тағйир ёфта истад, вале дар ҳама ҳолат
моҳияти ҳақиқии образро нигоҳ дорад. Дар ин гуна лаҳзаҳо
эҳсоснокии Воҳидов, имконияти беандоза фаровони овози пур-
шираи вай кор медод. Либоси дигар пӯшида, қиёфаро тағйир
додан чандон мушкил нест. Вале дар ҳар зуҳурот Тӯлоди худ-
ро, хусусияти фардии онро дарьёфтан, онро эътимоднок кардан
худи бадиро не, фалсафаи бадиро нишон додан хеле душвор
аст. Душвории дигаре дар матн буд: сценариям фильм манзум
бошад ҳам, муколамаҳоро чун наср ичро кардан зарур меомад.
Ва ин ҳамаро Махмуд устодона ҳал мекард. Душвории чисмо-
ние ҳам пеш меомад. Рустам Тӯлодро поймол мекард, нукта-
банд карда, аз паси асп мекашид, ё ба қоши зин мегирифт,
мекушт, ҳамаи ни дар кадр нншон дода мешуд ва ҳамаи ии
пуртоқатиро тақозо мекард. Новобаста ба ин, такрор мекунам,
ӯ мутлақо ҳаққониятро гум намекард. Охир, бузургии актёр
Воҳидов ҳам дар он буд, ки вай дар кӯшишоти қаҳрамонаш
ҳамеша ҳақиқатро меҷуст.

Май бо Махмуд дар фильми «Як умр кифоя нест» низ хам-
корн кардаем. Ӯ дар он роли роҳбари муосир, шахси дурандеш,

121
коммуниста пурдон, шахси босаводеро бозй кард. Қаҳрамони
ӯ аз зумраи ашхосест, ки агар зарарнокии корро ҳис кунанд,
бо ташкилотчиёни номии сохтмони колхозй ҳам баҳсу муно-
знра карда метавонанд.

Чи тавре ки Воҳидов борҳо ба ман гуфта буд, дар ин об-
раз вай на фақат сифатҳои роҳбари имрӯзаи партиявиро дарь-
ёфтааст, балки унсурҳоеро ҳам пайдо кардааст, ки онҳо ба
фардо дахл доранд. Вай мехост образи шахсеро офарад, ки ба-
рон кори партия ҳеҷ чизро дареғ намедорад. Ва ин гуна образ-
ро офарид.

Ҳар як оғози театрии Воҳидовро бо шавқ тамошо мекар-
дам. Моноспектакльҳои ӯ «Ишқи замин», «Гуфтугӯ бо худ»,
«Ватан ва фарзандон», ки борҳо дидаам, аз маҳорату мада-
нияти баланди режиссёрӣ ва актёрии Маҳмуд, аз ҷӯяндаву
ёбанда буданаш башорат медиҳанд.

Одатан ман ба репетицияҳои генералиаш меомадам ва ӯ
ҳамеша эродҳоро интизор буд, онҳоро пуртоқатона гӯш мекард
ва чӣ тавре ки мегӯянд, «ба назар мегирифт».

Боре, азбаски шабона ҳам кор доштам, натавонистам, ки
роли нави Маҳмуд — Эзопро тамошо кунам. Баъд узр хостам,
камбудиамро ислоҳ кардам ва ин ба ӯ таъсири фавқулодда
бахшид. Вай мехост донад, ҳис кунад, ки эҷоди вай ба тамошо-
бин, ба ҳамкорҳо, ба санъаткорҳо лозим аст.

Ва ҳангоме ки ӯ дар театр образи Рӯдакиро офарид, ман
самимона муборакбодаш кардам. Дар воқеъ ҳам образи оли-
ҷанобе тавлид шуда буд. Шубҳае нест, ки ӯ дар ҳаяҷон буд...

Ба андешаам, образҳое, ки Маҳмуд дар кино офарид, ба-
рон самимй баромадани персонажҳои саҳнавиаш ба андозае
таъсир расонданд.

Вай мехост худро дар режиссура бисанҷад.

Ӯ мехост дар кино образи Фирдавсиро офарад.

Ӯ нақша дошт... Орзуҳояш баландпарвоз буданд.

Барой мо қаҳрамонҳои вай дар кино мерос мондааид. Барой
мо овози пуршираи ӯ, ки дар радио сабт шудааст, хотира ме-
бошад. Дар фильми «Сарояндаи кишвари муқаддас» аз паси
кадр манзумаи М. Турсунзода «Чароғи абадй» ба гӯш мерасад.
Ин овози Махмуд аст.

Ёди Махмуд Воҳидов дар хотираи мо абадист. Ин шояд аз
хама асоситар, азизтар ва муқаддастар бошад.
Марьям Исоева

ҲАМНАВОИ ХАЛҚ

Бештар аз 20 сол 'Маҳмудҷонро мешинохтам. Бештар аз
бист сол бо ӯ ҳамкорй доштам. Ва ин мӯҳлати каме нест, ки
аз ҳоли шахе, афкори ӯ, кирдори вай ғофил монй ва ин мӯҳ-
лате ҳам нест, ки тамоми рӯйдодҳои онро ба зудй дар як дач-
ми кӯчак навией. Ҳамин аст, ки мехоҳам бо нақли чанд лаҳ-
заи вопасини умри Маҳмуд сухан гӯям. Мехоҳам гӯям, гарчи
инро тамоми мухлисони санъат, ҳамаи мухлисони истеъдоди
зебои Воҳидов медонанд, мехоҳам гӯям, такроран гӯям, ӯ актё-
ри оддй, режиссёри оддй хам набуд. У нахустрежиссёри моно-
спектакльҳо дар саҳнаи театри ба номи Лоҳутй, ба маънии
томаш офарандаи «Гуфтугӯ бо худ», «Ҳофиз», «Ватан ва фар-
зандон» буд. Аввалин асаре, ки ҳамчун режиссёр таҳия карду
худаш хам дар он нақше офарид «Алломаи Адҳам ва дигарои»
буд, ки мутаассуф охирин асараш хам буд. Ёд дорам, мо пеш
аз оғози кор дар болои ин асар чанде сӯҳбат доштем. Маҳмуд-
ҷон мехост, ки худаш роли Адҳамро иҷро кунад, мехост Ҳошим:
Гадоевро низ ба ин спектакль ҷалб намояд. Афсӯс, ки хар чй
дар дил аст на ҳамеша амалй мешавад. Ба Маҳмудҷон мас-
лиҳат додам, ки роли Пашковро ичро кунад, зеро Аҳмади До-
ниши нотакрор, он Аҳмадеро, ки мо медонем ва дӯсташ медо-
рем, ӯ дар кино офаридааст.

Спектакль табъи дил, басо завқбахш баромад. Мо аввалин
бор саҳнаҳои умумиро чунин самими, чунин серҳаракат, чунин
зинда дидем. Бегумон ин самараи заҳмати вазнини бобардошт„
нишони шабҳои бехобии актёрон ва сарварашон Маҳмудчоп
буд.

123
Тамоми фаъолияти меҳнатию ҷамъиятии М. Воҳидов, ҳаёти
вай бо театри ба номи Лоҳутй марбут аст. У актёри оддӣ не,
артист-нотиқ буд.

Мо дар институт ҳамроҳ хондаем. Солҳои аввал у ба на-
зарам бачаи хандаоваре менамуд. Ёд дорам, ки этюди авва-
линаш — «Сӯхтор» муваффақият пайдо накард. Чи қадар азоб
кашида буд ӯ. Ҳангоме ки ӯ достони «Садои Осиё»-и устод
Турсунзодаро қироат кард, мо аз ҳаяҷону ҳайронӣ даҳои во
кардем.

Ҳар он чи Маҳмуд дар санъат соҳиб шуд, самараи меҳ-
нати халол, ҷустуҷӯи паёпайаш буд. Шарофати меҳнатдӯстиаш
аст, ки ӯ дар театру кино мавқеи хосае пайдо кард, овози ши-
радорашро на фақат пиру барной Тоҷикистон писандиданд,
балки дар ҳамаи республикаҳои иттифоқӣ эътироф карданд.

Образҳои Тӯлод («Достони Рустам»), Аҳмади Дониш («Си-
торае дар зулмот»), котиби райком («Ҷӯрасаркор»), дарвеш
(дар фильми бисьёрсериягии Т. Собиров аз рӯи асарҳои устод
Айнӣ) ва бисьёр образҳои дигаре, ки Воҳидов дар кино офа-
ридааст, аз истеъдоди гуногунсоҳаи вай далолат медиҳанд.

Мо ҳам дар театру ҳам дар кино бисьёр банд мешудем. Ҳа-
мин аст, ки ӯ боре ба ман суол кард:

— Марьям, туро дар хона мазаммат намекунанд? Охир, ама-
лан мо ба хона барои шабрӯзкунӣ меравем. Саҳар репетиция,
сонӣ дубляжу телевизион, сипас боз театр, спектакли шабона.
Фақат баъди ин ба хона рафтан мумкин. Охир, туро корҳои
оилавӣ, кори хона ҳам нигарон.

Дар воқеъ, ӯ дуруст мегуфт. Аммо ашхосе ҳам ёфт меша-
ванд, ки меҳнати актёрро саҳл медонанд. Ҳа-тто баъзеҳо аз им-
тиҳони донишкадаи техникӣ нагузаранд, қувваи худро дар ин-
ститута актёрӣ санҷидан мехоҳанд. Ҳол он ки кори актёр кори
ниҳоят душвор. Барои он ки туро фаҳманд, ба ту бовар кунанд,
бо ҳаёти дар саҳнарӯйдиҳанда дода шаванд, меҳнати зиёде,
дилбохтагии зиёде лозим аст. Чи ҷои ниҳондорй, ман касбамро
дӯст медорам ва фахр мекунам, ки актриса шудаам. Дар ин
лаҳзаҳо байта устод Турсунзодаро ёд меорам, ки гуфтааст:

Хушдилам аз ин ҳунар, ки дӯстдори санъатам,

3-ин сабаб аз ҷону дил машғули кори санъатам.

Хушдилам аз он ки ҳар рӯз ба одам хушҳолӣ, хурсандй мео-
рам, ба онҳо чизи наве ифшо мекунам.

— Гапат дуруст,— мегӯяд Воҳидов.— Одатан пас аз спек-
такльҳои «Эзоп» ва «Қуллаи Фудзияма», ки дар онҳо дуй моро
бештар меҳнат кардан лозим меояд, ман худро сабук ва хуш-

124
бахт ҳис мекунам. Ту тасаввур кун, агар пас аз ҳар спектакль
чанде аз мухлисон, ҳеҷ набошад як тамошобин аз ҳаёти худ
а идет а ронад, роҳи зиндагиашро пеши назар орад, нақшаи
оянда кашад, чй хушбахтиест. Ин маънии онро дорад, ки мо
қаҳрамонй кардаем.

Ҳар гоҳ ки пеш аз спектакль аз сабаби камшумории тамо-
шобинон ман ғам хӯрам, Махмуд дилдорӣ медод бо шӯхии ҳа-
қиқатмонанд рӯҳ мебахшиду мегуфт:

— Имрӯз мо барон ашаддитарин мухлисон, барои дӯстону
акрабоямон спектакль нишон медиҳем. Сазовори онҳо будан
лозим.

Ин сухан ба мо рӯҳ мебахшид* Ва намоиш зебо, табъи дил
мегузашт. Ӯ ҳамешагй, дар ҳар ҳолат худро ба даст гирифта
метавонист.

Дар он рӯзи мудҳиш, рӯзе ки Махмуд аллакай ҷисман нобуд
шуда буд, рӯзе ки ман ба ҳазорҳо мухлисони каломи бадеъ, ки
ба хайрихӯши вопасин омада буданд, суратҳои шахси азизам-
ро тақсим мекардам, чанде аз ҳамкоронам бо дидаи гирьён зе-
ри лаб пичиррос мекарданд: «Марьям, акнун бе Воҳидов чӣ
навъ ба саҳна мебароӣ?». Ман ҷавобе гуфта наметавонистам,
ба чои ман ашконам посух медоданд.

Махмуд Воҳидов роҳнамуни ҳаёти ман, санъати ман буд.
Вай партнёр ва дӯсти ивазнашавандаам буд. Санъаткорон су-
хане доранд: партнёри нағз дар саҳна обу ҳаво аст. Махмуд
барои ман чунин буд.

Ҳар гоҳ ки кори асари наве шурӯъ мешуд, мо то дер онро
муҳокима мекардем, баҳс доштем, гапҳои пасту баланд мегуф-
тем, охир, гаҳе мешуд, ки чизеро ҳар кадом ба таври худ ме-
фаҳмид ва ғолиб оне мешуд, ки ҳаққонняти худро собит кунад.
Чи чои пинҳон доштан, актёроне ҳам ҳастанд, ки рольро ме-
гиранд, матнро тӯтивор азхуд мекунанд ва тамом. Онҳо акнун
нигарони ёрии режиссёр, мадади партнёр, маслиҳати гримёр.
Махмуд мутлақо хилофи ин ба назар мерасад. Вай на фақат
режиссёри роли худ, партнёрҳои худ, балки режиссёри гурӯҳи
калони партнёрҳо буд. Бозии дигарон барояш бефарқ набуд.
Зеро муваффақияти хешро на фақат дар бозии худаш, балки
дар симои ансамбль медид. Инро аз спектакли аввалинаш
«Алломаи Адҳам ва дигарон» низ пай бурдан мумкин. Аммо Во-
Ҳидов ин спектакльро нотамом медонист, мефаҳмид, ки ҳоло
чизҳои зиёда намерасад, ҳатто пьесаро ҳам пурратар кардан
лозим.

Як чиз хурсандибахш аст, ки дар театри мо актёроне ҳас-
ланд, ки дар болои матни роли худ кор мекунанд ва ба маъно

125
ҳаммуаллифи пьеса мешаванд. Воҳидов низ аз зумраи онҳо
буд. Ёд дорам, вақте ки ба истиқболи ҷашни Амирхусрави Деҳ-
лавӣ «Даъвати ишқ»-и Ғ. Абдуллоро тайёр карданӣ шудем,
баҳои домандоре ба вуқӯъ пайваст. Вақт кам буду материал
сусттар. Ҳар кас диалоги худро такмил медод, пурра мекард.
Аз ҳама бештар Воҳидов, ки мебоист роли асосиро иҷро ку-
над, кор мекард. Боре Ғ. Абдулло омада, машқро дида гуф-
таыд, ки ин асари май нест, шояд худи Воҳидов муаллиф шу-
данй бошад. Воҳидов ниҳоят сахт ранҷид, охир ӯ мутлақо чу-
нин ният надошт, фақат мехост, ки асар саҳназеб, пурмаънитар
гардад.

Воҳидов асло аз муваффақият қоиеъ намешуд, ҳамеша чизи
наве, услуби наве меҷуст. Пас аз ҳар сафараш мо мулоқот ме-
кардему ӯ арзи ҳол меиамуд:

— Ба он чизе меофарем, баъзан нигоҳ кардан хандаовар
аст. Мо хело аз ҳаёт ақиб мондаем ва ҳаёти имрӯзаро ба таври
дилхоҳ таҷассум намекунем. Умр бошад, кӯтоҳ, хеле кӯтоҳ.

Ман дар ин гуна лаҳзаҳо тааҷҷуб мекардаму мепурсидам:

— Наход, ки гапҳои худат бошад? Наход актёре, ки ҳис-
сиёташ, мақсаду маромашро зимни ашъори дилошӯби класси-
кони адабиёти тоҷик изҳор мекунад, актёре ки туфайли шеър
марҳами дилашро ёфтааст, хоҳад чунин гӯяд?

Ӯ фикрашро шарҳ медиҳад, то маро бовар кунонад, ки ман
ноҳақам. Қорҳои карданӣ, мақсаду орзу аз ҳад зиёд ва синну
сол ҳам ба марҳалае расидааст, ки камолоти шахс зуҳур ёбад.
Айёми кӯдакӣ, наврасй ба итмом расида, замони амалй шудани
ақоиди бузург фаро омадааст. Мо дар назди ҷавонон, дар наз-
ди меҳнаткашон қарздорем.

Ӯ мегуфт: агар ҳар касе буридаи нон дар даст сонияе фикр
мекард, ки барои истеҳсолй ин нон чи қадар одамон, чи миқ-
дор заҳмате кашидаанд ва ӯ хурандаи ин нон ба нафъи он
мардум имрӯз чи коре кардааст, то нонаш ҳалол бошад, медо-
нй чи мӯъҷизаҳое намешуд?

Воҳидов ҳамин хел файласуфвор, мутафаккирона сухан ме-
гуфт. Чунин равняй фикрронӣ дар ӯ махсусан баъди «Эзоп»
бештар мушоҳида мешуд. Рости ran ҳамаи онҳое, ки дар ин
спектакль банд буданд, ба ин равия пайравй мекардагй шу-
данд. Режиссёри ин спектакль Ҳошим Гадоев ба актёрҳо озо-
дии комил медоду ҳангоми кор дилу ҷигарро мерезонд. Бозии
Махмуд Воҳидов дар ин спектакль бо нафосати худ, мадания-
ти инсонй ва саҳнавиаш, таъсирнокиаш дил мебурд. Ба анде-
шаам бахти Воҳидов дар театр омад кардааст. Ӯ дар саҳнаи
театр галереяи симоҳои барҷастаи маданияти тоҷик, аз ҷумла,

126
юбразҳои Рудаки, Хайём, Ҳофиз, Ҷоми, Бедил, Айниро ба вуҷуд
■овардааст.

Дар воқеъ, ба кори ҷамъиятӣ Воҳидов бо дилбастагй дода
.мешуд. У ҳамешагӣ дифогари манфиати актёрон ва санъат буд.
Ҳар гоҳ, ки Маҳмудҷон ба сафари хориҷӣ мебаромад, гумои
.мекардам, ки театр холӣ мондааст, баъзан диққатовар мешуд,
зеро спектакльҳои асосии мо, ки аксаран ӯ дар онҳо рольҳои
асосй мебохт, намерафтанд. Ҳамин ки аз хорича меомад, мо
гумон мекардем, ки ҳамроҳи худ шодиву зийдадилиро бозовар-
дааст ва бо дилу ҷон гӯшу ҳуш шуда нақлашро мешунавидем.

Май дурахши чашмони ӯро борҳо дидаам, қувваи ҳаётиаш-
ро хеле зиёд ҳис кардаам ва ҳар гоҳ, ки ба кори асари наве
тиурӯъ мекардем, ин ҳамаро дидан, эҳсос кардан душворие на-
дошт. Зеро ҳар он чизе, ки ӯ дар ҳаёт медид, дар зиндагӣ ме-
■ёфт, ба театр меовард.

Боре аз ӯ пурсидам, ки ту шахси дуньёдидай ва дар куҷо
ба ту бештар маъқул аст. Ӯ ҷавоб дод, ки «дар театр, дар те-
.атри ба номи Лоҳутӣ».

Аксаран сӯҳбати мо ба ноқисиҳои техникии театрамон оид
мешуд, дар хусуси мутахассис набудани кормандони цехҳо
-сухан мегуфтем, афсӯс мехӯрдем, ки бисьёр вақт аз нодонии
онҳо чизҳои беҳтарини ёфтаамон норавшан, хира мемонад.
Симои худи театр ҳам пурра ташаккул наёфтааст, дар хусуси
музее, ки таассуф то ҳол таъсис нашудааст, андеша мерондем.
Вале афсӯс, ки ин ҳама аз мо вобаста набуд. Ва мо худро во-
дор менамудем, ки ин ҳамаро фаромӯш кунем ва тавре образ
■офарем, ки ин ноқисиҳоро тамошобин пай набарад.

Ӯ борҳо гуфтааст, ки маҳз дар театр озод нафас мегирад,
худро осуда ҳис мёкунад, дар ҳалқаи дӯстони ҳамкораш хуш-
бахт аст. Бе ин ҳама намедонист, ки кй асту чй аст.

Ҳар гоҳ ки ӯро таъриф мекарданд, дар хусусаш менавиш-
танд, ӯ норозй мешуд. «Охир ин меҳнати мо, ин ҳама воҳима
чӣ даркор?» мегуфт ӯ.

Борҳо мо якҷоя ба мулоқоти тамошобинон рафтаем. Со-
меъёни мо ашхоси гуногун: донишҷӯёну мактаббачагон, корга-
рону деҳқонон, хизматчиёни ҳарбӣ буданд. Ҳар дафъа Воҳи-
дов вобаста ба завқу ҷаҳонбинии онҳо сухан мегуфт, дили он-
хоро меёфт. Худи он факт, ки ӯ дар саҳна пайдо мешуд, хуш-
ҳолӣ ва зиндадилй бедор мекард. Ӯ суханон мегуфт, ки рӯҳро
мебардоштанд, завқро ба вучуд меоварданд, сомеъёнро ба оян-
да боварӣ мебахшиданд.

Воҳидов устокорона афкори меҳнатдӯстй, ватандӯстӣ, ин-

127
тернационалиро тарғиб карда метавонист. Одатан дар охири
чунин мулоқотҳо ӯ ашъори лирики ва гаҳе шеърҳои ҳачвй ме-
хонд.

У ақидаи баҳснопазире дошт: бе дониши мукаммал, бе мада-
нияти баланд, бе муҳаббат ба халқу миллати худ кас ба қадри
ин ҳама некие, ки дар ҳаққи одами меҳнат мекунанд, намера-
сад. Дар чунин сӯҳбатҳо ӯ бо таассуф мегуфт, ки зиёиёни мо
кам ба театр мераванд, ҳатто чунин тамошобинои ҳам ҳастанд,
ки ҳангоми спектакль луқмаҳои беҷо мепартоянд.

Ман шоҳидам, ки ӯ чй қадар ҳақ мегуфт. Одатан дар чунин
лаҳзаҳо мо муддате хомӯш мемондем ва ба рӯи «мухлиси но-
шуд», ҳеҷ набошад, ба ҳамон тарафе ки овоз баромад, нигоҳ
мекардем, шояд ӯ аз кардааш пушаймон шавад, ба худ ояд,
тартибро риоя кунад. Охир театр қасри санъат аст.

Маҳмудчон дуруст мегуфт, ки фақат коллективи театр ма-
данияти тамошобинро бардошта наметавонад, ба ин кор аҳли
ҷамъиятро сафарбар бояд кард. Ин бояд қарз ва вазифаи ҳар
кадом фарди тоҷик бошад. Охир, театри мо дастаи пурҳунаре
дорад ва инро ҳам дар гастролҳои мамлакат ва ҳам баромадҳои
хориҷй собит намудааст.

Ҳунари Воҳидовро бошад, дар Афғонистон, Канада, Булғо-
рия, Ироқ аз сидки днл пазироӣ кардаанд. Соли 1976 спектак-
ли «Гуфтугӯ бо худ» бо муваффақиятц калон гузашт.

Воҳидов медонист, ки санъат барояш на фақат кор, на фа-
қат қарз, балки хело зиёдтар — корест, ки аҳамиятн калони
чамъиятӣ дорад.

Дар замони мо артиста хуб, актёри боистеъдод будан кам
аст. Балки актёри замонавй, баландзавқ, мубориз будан лозим.
Пеш аз сафари Ирок Маҳмуд Воҳидов нақшаҳои ояндаашро
иброз дошта буд. Солҳост, ки ӯ ба «Ҳамлет» тайёрй медид,
мехост зимни ашъори Лоиқ Шералӣ моноспектакль танёр ку-
над. Мехост бо мадади артистони театрҳои ба номи Лоҳутӣ,
ҷавонон ва дастпарварони института санъат студияи ҷавонон-
ро ташкил днҳад. Ӯ оянда ва орзуи бузург, нақшаи накӯе дошт,
аммо марги бемаҳал ин ҳамаро нотамом монд. Санъати тоҷик
чизе гум кард, касеро гум кард, ки ибораи «актёр Воҳидов»
онро ифода карда наметавонад. Ман меҳнати ӯро дар санъати
тоҷик ба дили сӯзони Данько шабеҳ додан мехоҳам. Ва нури ин
дил, дар воқеъ, роҳи мо дӯстон ва ҳамкорони ӯро равшан ме-
созад ва мо ин машъалро ки бояд ақоид, андеша ва афкори
инсониятро мунаввар кунад, бошарафона даст мегирем.

Дар тӯли умри кӯтоҳ артист Маҳмудчон Воҳидов ба ҳур-

128
Маҳмуд ҳамсафари адибон

Маҳмуд ҳамроҳи санъатварон (Дар
миёна Игорь Моисеев)
Хонае, ки аз остони он Махмуд ба
дуньё кадам гузошт.,.
лату иззат ва муҳаббати халқи азиз сазовар шуд ва сазовори
(.ақиқии унвоии Артиста Халқии республика буд.

Ва мехоҳам суханамро бо назм тамом карда гӯям:

Маёро базм бар соҳил, ки он до
Навои зиндагонй нармхез аст.

Ба дарьё ғалту бо мавҷаш даровез
Ҳаёти ҷовидон андар ситез аст.

Иқбол 9

9 - 3961
Фазлиддин Муҳаммадиев

MAX

(Бобе аз очерки «Нориниёнем мо!»)

Аз ҳамроҳи гурӯҳи мо набудани Маҳмудҷон Воҳидов афсӯс
хӯрдани Лоиқ табиист. Ҳузури Маҳмудҷон даҳа ва ҳафтаҳои
адабиёти тоҷик, дигаргуна сафарҳои шоирону нависакдагонро
ҳамеша обод мекард. Борҳо ба гӯши худ шунидаам, ки Мирзо
Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқй Раҳимзода ҳангоми му-
ҳокимаи масъалаи тайёрй ба ягон даҳа ё ҳафтаи адабиёт ҳат-
ман гуфтаанд:

— Ба Маҳмудҷон сари вақт хабар додам даркор. Ба таъ-
тил ё ягон сафари дигар баромада наравад.

Маҳмудҷон ҳамсафар бошад, амин метавон буд, ки мардум
аз гузаштаву имрӯзаи назми тоҷик ба хубӣ огоҳ хоҳанд шуд.
Қисми зиёдашон ба ин назм якумра дил хоҳанд баст.

Дар баҳри беканори назми тоҷик дурдонаҳо фаровонанд.
Ба назари аввал чунин мерасад, ки фаровон бошад, ёфта ги-
рифтан ва дар кишвари бародарон манзур доштани он кори
саҳлест. Аммо интихоби дурдонаҳои сара аз тӯдаи мунтахаби
ҷавоҳирот ҳаргиз осой мест. Хусусан барои Маҳмудҷон барин
касе, ки дар шеърсанҷй ва шеършиносй гоҳо аз мутахассисони
нн соҳа бештар дақиқкорй, ҳатто инҷиқй зоҳир мекунад.

Ҳоло эътироф шудааст, ки cap то сари мамлакат актёрҳои
дар шеърхонй мисли ӯ завқ ва маҳоратдошта кам андар каманд.

Расми кушоди Ҳафтаи адабиёти тоҷик дар Белоруссия дар
бинои бошукӯҳи филармонияи давлатй, дар Минск барпо ту-
да буд. Мадлис ва концерт баъди он бо телевизион намоиш
дода мешуд.

Баромади Маҳмудҷон оғози концерт буд. Ӯ ба микрофон
наздик шуду ба ҳозирон бо нимтаъзиме рӯй оварда, эълон
кард.

— Асари Абулқосими Фирдавси. Тарҷумаи Илья Сельвин-
ский. Гуфтор андар ҳаҷви Султон Маҳмуд.

Пас аз чанд лаҳзаи таваққуф ба гуфтан шурӯъ кард. Зал
хомӯш шуд. Баъди фосилае гумоы кардан мумкин буд, ки мар-
дум ҳатто нафаскаширо бас карданд. Дар зали калон, гирду
атрофи он, гӯё дар ҳама олам фақат овози боиқтидор, овози
ширадор, овози фораму хушоҳанги дӯсти мо ҳукмфармо буд.
У дар ин асио гӯё як нафар актёри точик не, вориси оддии наз-
ми ҳазорсолаи форсу тоҷик не, балки фиристодаи худи шоири
шаҳйри туей, садои тавонои аз тӯли садсолаҳо гузашта то ба
имрӯз расидаи ӯ буд, ки ҳусни ватан, корномаҳо, сидку вафои
аҳли заҳмат ва аҳли набарди адолатҷӯёнаро ситоиш кардааст
ва бар зулму тааддии дунону бедодгарон нафрин хондааст.

Маҳмудҷон ҳаҷвияро мехонду зимни сатрҳое, ки шоир аз
ниҳоди пасти султон ё аз ройгон рафтани умедҳои худ шиква
мекард, овозаш меларзид. Он чое ки овозаш меларзид, дили
сомеон низ ғайриихтиёр такой мехӯрд. Ҳатто дили мо барин со-
меои, ки ҳаҷвияро борҳо хондаему гӯш кардаем.

Ин, бешак, мӯъҷизаи санъат буд.

Як рӯз пас аз он дар соҳили кӯли нозанини Свитязь будем,
ки яке аз мизбонон телеграммае оварда, ба дасти Воҳидов су-
порид. Коргардухтаре аз як шаҳрчаи канораи Белоруссия ба
адибони точик салом мегуфт ва илтимос мекард: «Ба ҳамон
барнописари зебои ҷингиламӯ, ки шеъри Фирдавсиро хонд, ду-
руди маро расонед. Бигӯед ки ба ҳунар ва истеъдоди ӯ мо кои-
лем. Бигузор хамеша саодатёр бошад».

— Мах, муборак шавад! — хазломез ба ӯ дарафтодем мо.—
Ба чанобатон боз як духтар дил бохтааст. Вагарна мӯйсари
патакча барин мукаррарии шуморо чингила намегуфт.

Дигаре илова кард:

— Чаро як духтар будааст? Шояд, ки даҳта, садта бошад,
аммо яктааш чуръат карда, телеграмма фиристодааст.

— Хайр, ҷингиламӯ гуфтанаш муболига бошад хам, бар-
ною зебо гуфтанаш ҳақ,— изҳор намуд боз яке.

— Ҳақ асту рост! Офарин, Мах! Марҳабо, архизмарес!

— Чй? Чй? «Архизмарес?» Боз ин чй гапи нав? — шӯрид
ниҳоят Маҳмудҷон, ки то ҳол ба ҳазлу шӯхии рафиқонаш ором
иазора карда менишаст.

— Гапи нав не. Унвони расмии худатон, ки ҳукумати То-
ҷикистон додааст, яъне: артисти хизматнишондодаи республи-
ка. Ихтисоран, албатта.

131
— Сад бор аҳд кардаам, ки бо шумо, лақабсозони масха-
рабоз ба чое наравам, аммо чй кунам, ки гапи муаллимҳоя гар-
донда наметавонам,— бо оҳанги сохтаи ранҷишомез гуфт Маҳ-
мудчон ва ба каноре бирафт. Вале мо ӯро чандкаса ба оғӯш
гирифта, ба ин сӯву он сӯ кашолакунон ба таври худ навозиш
кардем ва маҷбураш намудем қавл бидиҳад, ки аз мо заррае
наранҷидаасту то дуньё боқист, нахоҳад ранҷид. Ночор қавл
доду худро раҳо кард.

Як вақтҳо ном и худро нахустин бор ба шакли Мах шунида,
Маҳмудҷон барошуфта буд.

— Номи каса пурра гӯед, ягон чоятон кам намешавад! —
бонг зад ӯ ба сари мо.— Чаро ман шумоя Мум, ё Мух, ё Мул,
ё чизи дигар намегӯям?

— Чунки Воҳид-амакам шумоя ҳамту нармдил, хушодоб,
ширинсухан сохтагй.

— Ба шӯрбо афтед, хушқилиқҳо! — гуфту гӯё сахт ранҷида
ба гӯшае рафт. Аммо пас аз соате дар сари миз боз ба ҳамон
мавзӯъ баргашт:

— Max нагӯед. Илтимос. Ин номи файласуфи австриягӣ
Эрнест Мах аст, ки ба идеалиста бадном шудааст.

— Идеалист бошад ҳам, файласуфи зӯр будааст, дар замо-
наш дуньёро бе об ҷунбонидааст.

— Аммо ман дуньёро чунбоииданӣ нестам. На бо обу на
бе об. Худи дуньё доимо дар ҷуибиш, ҳамин кифоя...

Ҳамаи рӯзҳои ҳафта Маҳмудҷон бо санъати баландаш ба
қавле, «гул мебурид». Ҷамъомаде дар шаҳри Брест, дар наз-
дикии Қалъаи Қаҳрамони Брест ҳеҷ аз 'ёд намеравад. Биное
ки моро пазирой мекарданд, дар сохт қаср ё қалъа ё хонақоҳи
қадимаи машриқзаминро мемонд. Сақфаш аз чанд гунбад ба
хам расида буд, ки ба сутунҳои сафеди мармарй такья мекард.
Дар интиҳои суханрониҳо, ки ба мушоира гузашта рафт,_Маҳ-
мудҷон бо талаби ҳозирон ба шеърхонӣ даромад. Аз Рӯдакй,
Саъдй, Ибни Сино, Ҳофиз, Хайём ва Чалолиддини Румӣ ға-
залҳо, қитъаҳо, рубоиёт мехонд. Мардум бо қӯшқарсак қаноат
накарда, бо овози баланд «Бис!», «Браво!» гӯён талаб менаму-
данд, ки боз хонад. Маҳмудҷон дар саҳни он кох миёни катори
курсиҳо, гоҳо пушт ба сутунҳои сангин такья дода ва гоҳе ба
гунбади нақшнн чашм дӯхта, бар сари бародарони белоруса-
мон дурдонаҳои назми пурлутфу ҳикмат меафшонид. Вале ёрон
ҳамчунон хоҳиш мекарданд, ки боз хонад. Ниқоят, аз мизбонон
яке аз ҷо бархоста гуфт:

— Рафиқон, овозаш хаста мешавад. Инсоф ҳам чиз-и дар-
корй. Овози ӯ, сиҳатии ӯ ҳам ба мо лозим, ҳам ба рафиқони

132
тоҷик, ҳатто ба худаш ҳам. Ман, масалан, намехоҳам, ки рафик,
Воҳидов аз республикам мо бо таассуроте биравад, ки гӯё бе-
лорусҳо мардуми камшафқатанд. Кй мехоҳад, рӯирост бигӯяд...

Ба ҳамин тариқа Маҳмудҷон аз дасти мухлисон сиҳат са-
лом а-т халос шуд.

Актёри соҳибҳунар, аз афти кор, ба ҳар ҷое қадам гузорад,
он ҷоро бо ҳузури худ, бо ҳунари худ ба гӯшаи театр, ба ҷав-
лонгаҳи санъат мубаддал мекунад. Бигузор он ҷо саҳни киш-
тй, гӯшаи чойхона ё купэи вагон барин манзиле бошад, ки аз
шабоҳат ба муҳити хоси театр фарсахҳо дур аст.

Маҳмуд Воҳидов боре ҳуҷраи корвонсароро, масалан, як-
соата ба театр табдил дода буд.

Аммо аввал бояд қиссаи ба он корвонсаро рафтанашро нақл
кард, ки як чузъи табиати ӯро ба хонанда муаррифӣ мекунад.

Ибтидои моҳи октябри соли 1975 дар Озарбойҷон рӯзҳои
адабиёти совета баргузор шуд. Чӣ сабабе баромаду рафиқони
калоисоламон ба он ҷо рафта натавонистанд. Ману шоира Озод
Аминова вазифаи намояндагиро ба қадри тавон ба адо кардан
мекӯшидем. Давраи сафар ба шаҳру вилоятҳо гузашта буд ва
рӯзи хотимавй наздик мерасид, ки аз республикаҳо ансамбль-
до, оркестрҳо, ё ҳеҷ набошад як-ду нафарй артистони номӣ
омадан гирифтанд, то дар концерти дӯстии шаби хотима шир-
кат кунанд. Аз ҳама ҷо ҳофизон, раққосон, мутрибони машҳур
меомаданд. Аз Душанбе Маҳмудҷон Воҳидов омад ва хурсан-
дии моро ҳадде набуд.

Як шаб пештар аз шаби охирин ҳамаи меҳмононро ба «Кор-
вонсаро» ном истироҳатгоҳ таклиф карданд, ки он моли Ҷамъ-
ияти акционерии умумииттифоқии «Интурист» будааст. Мо ба
Маҳмудчон гуфтем, ки ба он чо пагоҳ ҳамроҳ меравем.

—• Не,— гуфт ӯ қатъй,— маро таклиф накардаанд.

— Чиҳо гуфта истодаед? «Таклиф накардаанд». Бо такли-
фи ҳукуматн Озарбойҷон шуморо ба «н ҷо Вазорати мадания-
ти Тоҷикистон фиристодааст. Боз чӣ хел таклиф лозим?

—: Мебахшед. Рафта наметавонам. Дар умрам нохонда ба
ҷое нарафтаам.

Даъватномаи Корвонсаро ба мисли бисьёр дигар корҳое ки
дар зарфи ин даҳ рӯз рафиқопи озарӣ карданд, хеле ачибу
ғариб буд. Дар тарафи дохилии даъватнома ба чои матн су-
рати зарнигори корвони уштурон акс ёфта буд, ки ба дарвозаи
шаҳри бостогши гунбаду манорадоре расидааст. Номи мавзеъ
ва тарзи даъват низ ғайриоддӣ буд ва беихтиёр мароки би-
нандаро бедор мекард.

Маҳмудҷон даъватномаро бо ҳавас аз назар мегузаронид ва

133
аён буд, ки ба рафтап дилаш кашол аст. Аммо бо ваҷоҳати
ҷиддӣ гуфт:

— Нигоҳ кунед, дар рӯи даъватнома бо қалам рақами меҳ-
мон навишта шудааст: 1024. Яъне ки ҳама кор баҳисоб.

— Укаҷон, ran иабофед, 1024 рақами хонаи банда, яъне
ошьёнаи даҳум, хонаи 24. Меҳмон ҳамагӣ дусад нафар.

— Ҳар чӣ ҳам бошад...

— Гап дар сари ҳамин коғазпора бошад, ҳозир ба штаб
рафта мегӯям, навишта медиҳанд.

Инро щунида, Маҳмудҷон часта аз чояш бархост ва тан-
танавор эълон кард:

— Ҳамин корро кунед, ака, нон занад агар дую дубора...—
ва суханашро ба охир нарасонида, ба лифт савор шуда, боло
рафт. Рости гап, май ҳам аз ин гуна рафтор ранчида, ба хона-
ам рафтам.

Рӯзи дигар баъди охирин мулоқот дар корхонаю муассиса-
ҳои Боку боз дар фойэи меҳмонхона се кас вохӯрдем. Ва боз
ҳамон масъала мавзӯи мунозира буд.

— Намеравам гуфтам, вассалом,— ҳамчунон қайсарй ме-
кард Воҳидов.

— Маҳмудҷон, як фикр кунед худатон, аз як республика
базӯр се кас чамъ шудем. Чй хел карда, шуморо партофта ме-
равем? — савол медод Озод.

— Бегоҳй дар театр кор дорам, хоҳарам. Репетиция.

— Дурӯғ! — дӯғ задам ман хам.— Репетиция рӯзона буд.
Бегоҳӣ театри холи канй? Ин ҷоя Боку мегӯянд!

Дақиқае ҳама хомӯш монданд. Маҳмудчон гӯё тадричан
мулоим мешуд. Дар дилам фӯлодро дар гармй нарм кунанд,
гӯён ба ran даромадам:

— Нисфи умратон дар сафар гузаштааст, Маҳмудҷон. Сад-
до бор даъватнома фиристода, ба меҳмонй ҷеғ задаанд. Лекин
оё ягон бор дарѵягон чой аз меҳмон пурсидаанд, ки ҳой рафиқ,
шумо чаро омадед, канй даъватномаатонро бароварда, ҳам-
роҳи паспорт ба мо нишон диҳед?

— Хайр, рафту... фараз кунем, мабодо яке пурсиданд?

— «Рафту фараз кунем, мабодо...». Нахапдонед одама, Маҳ-
мудҷон, сил накунед каса, укаҷон.

Вохидов аз киса рӯихати чопии меҳмононро бароварда хон-
дан гирифт:

— Николай Тихонов, Георгий Марков, Мариэтта Шагинян,
Алексей Сурков, Борис Полевой, Қайсин Қулиев, Мустай Карим,
Вадим Кожевников, Эдуардас Межелайтис, Григол Абашидзе,

134
Карло Каладзе, Серо Ханзадян, Геворк Эмин, Ҳамид Гулом.
Зулфия, Декад Мухтор...

У рӯихатро мехонд, ману Озод ба рӯи ӯ мутаҳайирона чашм
духта будем,ки барон чӣ ни корро карда истодааст.

Ниҳоят, рӯихатхониро бас карду гуфт:

— Дна дар пеши ҳамин хел одамони машҳур рафту аз ман
даъватнома пурсиданд, чӣ мешавад? Боз як олам меҳмонони
хориҷӣ...

— Хайр, шуд. Ман ҳам намеравам,.— гуфт Озод.— Қорвон-
саро будааст будааст-дия.— Ва аз паи кораш бирафт.

«Дод занам мезанано, дод назанам, деги мазора мебарано».
Ба корвонсаро наравем, осмон ба сарамон намеафтад, албатта.
Лекин аз барон якраҳагии бакуллӣ нодаркор ва бемавриди як
рафик, аз ҷамъият канда шуда, лаб-лаби баҳр аз ҳавои оби шӯр
нафас кашида гаштан ҳам ғояти хирадмандй набудагист.

Якраҳагӣ ҳам як навъ аломати соҳибиродагист. Аммо ҳоло
Маҳмудҷон нозуктабъӣ ва бамулоҳизагии табиии худро аз ҳад-
ди ифрот ҳам гузаронида аз кори савоб гардан метофт.

Воқеан, ин бори якум набуд, ки чй гуна ба раъи худ усту-
вор мондани ӯро медидам.

Боре ҳамроҳ ба назди Мӯъмин Қаноат рафта будем. Вай
дар боғи Иттифоқи нависандаҳо дар дараи Варзоб нишаста
кор мекард. Аз пешин то вақти хуфтан бо кор, сӯҳбат, оббозӣ
гузашт. Шамоли дараю насими дарьё иштиҳоро қозгир карда
буд ва се кас ҳар чизе ки дар хонаи Мӯъминшоҳ аз хӯрданиҳо
буд, ба иловаи он ки худамон аз шаҳр бурда будем, пок-поки-
за хӯрда тамом кардем. Бевақт шуда буд, дар роҳи Варзоб—
Душанбе ҳаракати автомобильҳо қатъ гардид ва Қаноат ис-
рор кард, ки дар ҳамон ҷо бихобем.

Тахмин соати дувоздаҳи шаб Маҳмудҷон эълон кард, ки гу-
русна мондааст.

— Ду-се бурида нон ҳаст ҳоло,— гуфт Қаноат бо оҳанги
узромез,— Лекин об, щукр, фаровон. Мана ба шуввоси дарьё

гӯш андозед.

— Шиками ман одатан на об-катӣ сер мешавад, на гап-
катй-,—■ эътироз кард Маҳмудчон.— Ман меҳмон, шумо — соҳи-
би хона. Хоҳиши меҳмон фарзи айн, яъне ки амри воҷиб. Яғон
чизи бамаза ёфта диҳед, рафиқи мизбон.

— Садақаи шиками хмрадманди шумо шавам,— гуфт Муъ-
миншоҳ,— ман аз щиками муборакатон узр мехоҳам ва илти-
мос мекунам, ки ё бо иону чой қаноат фармоянд, ё то субҳ
сабр пеша намоянд. «Қаноат ҳар ки кард, охир ғанӣ шуд»,
фармудаанд уқало ва фузалои пешин.

135
— Қаноатро ба Қаноат бахшидам. Ман нону чормағз мехӯ-
рам,— гуфт Маҳмудҷон ва ба кашидани пойафзолу либоси
рӯяш cap кард.

— Чормағз? Кадом чормағз? Каиӣ чормағз? — баробар
пурсидем мо.

— Эй донишмандони ҳаёт, маълуматон бод, ки дар болои
саратон дарахти бузурги чормағз қомат афрохтааст. Ҳар шо-
хааш як ҷувол мева дорад ва ҳоло охири моҳи сентябрь аст ва
он чормағз пухта, моил ба уфтодан аст.

Чормағзафшонӣ дар ҳамин шаби торик! Боз чунин як да-
рахти азими ғафс, ки ба оғӯши кас ғунҷоиш намедиҳад. Ин
одам шароб нанӯшидааст, ки маст гӯӣ, ҳарза намегӯяд, ки де-
вонааш хонӣ. Ҳанӯз гумон доштем, ки ҳазл мекунад. Аммо ӯ
тозон рафта ба дарахт часпид. Мо низ давон рафта, аз лингҳои
бараҳнааш дошта, ба поён кашола кардем.

— Cap диҳед маро. Э ба шумо чй шуд?

— Ба худатон чй шуд? Кадом одами соғ нимишабй чор-
мағзафшонй кардааст? Худо накарда, лағжида афтед, ба зану
бачаатон чй ҷавоб медиҳем?

— Ба зану бачаам худам ҷавоб медиҳам. Мегӯям, ки дар
боғи нависандаҳо агар шабона чормағз афшонда намехӯрдам,
аз гуруснагй мемурдаму туро ятим мемондам, ҷони дадо... Гу-
мон мекунед, ки ҳар шаҳрие ки ба гардан галстук баста, ба cap
кулоҳ мондааст, аз дарахтбароӣ оҷиз аст? Cap диҳед, гуфтам.

Сар додем. Дар воқеъ чобукона ба дарахт печида баромад.
Тақрибан мисли ҳиндибачае ки ба дарахти норҷил дар як зум
малахвор часпида мебарояд ва ман ин гуна манзараро аз ка-
дом як фильми ҳуҷчатй дидаам. Гӯё дарахт рост наистодаасту
балки хобонда, ё ақаллан нишеб карда монда бошандаш.

Бо вуҷуди он ки гӯгирд зада ё замини сералафро палмоси-
да чормағз мечидем, як доман мева ҷамъ шуд.

Аҷаб хӯроки болаззатест нону чормағз.

Оре, ҳамин.хел хислат ҳам дорад Маҳмудҷон. Бинобар ин
ману Озод илочи дигаре наёфта, бегоҳирӯзй даъватномаҳоя-
монро пеши назари ӯ дарронида партофтем ва гуфтем, ки ак-
нун ҳар сеямон дар як вазъиятем.

Ниҳоят, ба рафтан розй шуд.

Қорвонсаро дар мобайни қалъаи қадимаи Боку, дар Ичари
шаҳар, яъне Шаҳри дарун будааст. Моро дар қатори ҳама бо
иззату икроми том истиқбол гирифтанд. Николай Семенович
Тихонов, Георгий Мокеевич Марков ва Имрон Қосумов то дар-
возаи корвонсаро фойтунсавор омаданд. Маҳмудҷон ин ман-
зараи романтикиро дида, ба вачд омад.

136
Корвонсаро саҳни на он қадар бавусъат ва гирдогирди он
чаҳордаҳ ҳуҷра дошт, ки ҳар кадомаш понздаҳ-бист касро ме-
бурд. Ҳаво торик шуда буд ва дар лаби боми ҳуҷраҳо чароғ-
ҳои шамъшакли электр фурӯзон буд. Ҳуҷраҳо низ фақат аз ну-
ри қандилҳои қадима муиаввар буданд. Нишастгоҳҳои ба рӯя-
шон кӯрпачаю болинҳо густурда, мизҳои паҳну пасти қадаш
ба зону баробар, қолинҳои рӯи девор, зарфҳо, анчоми рӯи миз,
таомҳо — аз нону гулоб то газаку кабоб ва кӯзаҳои нақшини
шароб — ҳама чиҳози ҳуҷраҳо рангу шакли қадимаи миллӣ
доштанд ва бо он тарзе ҷилва мекарданд, ки як замонҳо дар
корвонсароҳои бостонӣ будааст.

Ба ҳуҷра боз ду кас даромад. Ҳар ду шоири совета. Яке рус,
дигаре қалмиқ. Баъд гурӯҳи нависандаҳои Франция бо тарчу-
монашон, сонй немисҳои Германияи демократій ва нависандаҳои
Куба низ бо тарчумонашон даромаданд. Ҳама якдигарро ба
болотар нишастан таклиф мекарданд, кӯшиш менамуданд, ки
ҳар чй кушодатар ва гармтар табассум кунанд, аммо сӯҳбат
қӯр намегирифт. Дар ҳуҷраҳои дигар яке аз мизбонони озарй
инони сӯҳбатро ба даст гирифта сарварй мекард. Садоҳои шеър-
хонӣ, нӯшбод, қаҳқаҳаи ханда дар он чоҳо кайҳо ба сақфи
ҳуҷраҳо печида, ба рӯи ҳавлӣ мебаромад.

Дакиқаҳо паи ҳам мегузаштанд, меҳмонони хориҷӣ ба мо
ва мо ба онон кунҷковона нигоҳҳо меафкандем, ки канй чӣ
мешавад, кй cap мекунад ва чӣ хоҳад гуфт.

Дар ин вақт яке аз тарҷумондухтарон, кн берун рафта буд,
ба ҳучра баргашт ва гуфт, ки сардори сӯҳбат дар ҳучраи мо
рафиқ Ҷабраилов узр мехоҳанд, ки чанд дақиқа дер меоянд
ва лозим аст, ки касе аз мо, советиҳо, сӯҳбатро оғоз кунад.
Инро гуфту аз чй сабабе маҳз ба ман сонияе чашм дӯхт.

Симои муаллими меҳрубон Боқй Раҳимзода, соқии базмо-
рои аксари шабнишиниҳои шаҳри худамонро пеши назар овар-
да, ҳис кардам, ки дилам хеле қувват гирифт. Пас таклиф на-
мудам, ки қадаҳҳоро пур кунанд. Гуфтам, кп дар ин корвон-
сарои зебо ҳоло як қисми корвони бузурги адабиёти социалис-
тй ва тараққипарвари рӯизамин манзил кардааст. Замоне ки
дар ин мавзеъ садои бузургони бостонӣ, шиҳаи аспон на наъ-
раи уштурон баланд буд, корвонҳо аз манзиле бар манзиле
фақат ба дархости афзудани молу зар ва давлату сарвати худ
ба роҳ мебаромаданд. Корвони адибони тараққихоҳ ба ҳар чо
наравад, ғояҳои сулҳ, дӯстӣ ва прогресс мебарад. Бемузд, бе-
миннат, бо камоли самимият мебарад. Меарзад, ки ба сафарҳои
ин корвони наҷиб роҳи сафед, барору баракат талабем.

Инак, дар ҳучраи мо низ сӯҳбат cap шуд ва тадричан ме-

137
тасфид. Шоири москвагй Сергей Поликарпов гуфт, ки «Наъли
заррин» ном шеъри худро хонда медиҳад. У ин шеърро бист сол
кабл аз ин дар Боку навиштааст. Он вақт чун офицери Армияи
Советй хизмат мекард.

Мо, советиҳо, ҳар чӣ нагӯем, тарчумондухтарон ба гурӯҳҳои
худ фаҳмонида медоданд. Шеъри шоири москвагӣ ба ҳама маъ-
қул шуд. Манзараи Бокуи шабонаро, ки аз миллионҳо чароғон
мунаввар аст ва аз боло, аз доманаи кӯҳ чун наъли заррин ба
назар мерасад, хеле мӯъҷаз тасвир карда буд.

Сардори маъракаи мо низ расида омад ва аз меҳмонон бо-
ри дигар узр хост. Ин кас мудири шӯъбаи КМ ПК Озарбойҷон
оид ба муносибат бо хориҷа рафиқ Анвар Фаттоҳ оғлӣ Ҷабраи-
лов буд.

Озод тарҷумаи русии шеърашро дар бораи зани тоҷик хон-
да, ба таҳсини аҳли давра сазовор шуд. Шоири қалмиқ Ми-
хаил Хенииов шеъре хонд, ки ба корномаи аскари советй дар
соҳили дарьёи Березень бахшидааст. Ҳамон дарьёе ки дар со-
ҳили он қӯшунҳои Россия ва аз ҷумла полки савораи калмык-
до таҳти фармондеҳии фельдмаршал Кутузов ба лашкари Напо-
леон зарбаи ҷонкоҳе зада буданд.

Рафик, Ҷабраилов хеле хурсанд шуд, ки дар ҳучраи мо сӯҳ-
бат ин кадар нағз тафсидааст. Аммо вақте ки Маҳмудҷон ба
нӯшбод гуфтан ва шеър хондан шурӯъ кард, хушнудии ӯ ду-
чанд афзуд.

Муҳити романтикии афсонамонанди корвонсаро ба Маҳмуд-
ҷон таъсири ачиб бахшида буд. Ҳеҷ дар ёд надорам, ки ӯ шеър-
ҳои классикой ва шоирони имрӯзаи моро ба он дарача ҳаяҷон-
омез, ба он дараҷа муассир хонда бошад. Баъди ҳар порча
мехмоно ни хориҷӣ ва худй бо шавк кафкӯбиҳо карда, офарин
мегуфтанд. Немисҳо ҳар дафъа «Гут, гут! Зеҳр гут!» гӯён ба-
робар cap меҷунбониданд ва дарҳол гӯш ба наздиктари тар-
ҷумони худ мебурданд, ки мабодо маънои сатри тозаеро нашу-
нида монанд. Нависандаи Куба Альфредо Марселино, ки аз
май дида, бештар аз мушоира сархуш гашта буд, «браво!» гӯён
қариб фарьёд мекашид.

Дар он шабнишинй оид ба дӯстӣ, сулҳ, ҳамкорӣ, комьёби-
ҳои эҷодии адибон ва ғайра хеле суханҳо гуфта шуданд. Дар
бораи миллат ва адабиёту санъати он низ ду бор кадаҳ гуф-
танд ва мавзӯи он гуфтор ҳар ду бор ҳам халқи тоҷик буд ва
ин гуна истиснои барои мо, се нафар тоҷикон, басо гуворо маҳз
ба шарофати ҳунари шеърхонии Маҳмудҷон Воҳидов ба вуқӯъ
пайваста буд.

138
Рафиқ Ҷабраилов ҳангоми хайрухуш моро дақиқае аз роҳ
дошта гуфт:

— Ба шаҳратон ки рафтед, албатта ба Мирзо Турсунович
паёми маро расонед. Номамро гӯед, кифоя. Бо он кас рафиқи
деринаем. Илтимос, фаромӯш нашавад.

Рӯзи дигар пешинӣ ба ҷои одатии хӯрокхӯрӣ мерафтам, ки
Маҳмудҷон аз роҳ дошта, гуфт:

— Ба ягон гӯшаи хилваттар рафта, наҳорӣ хӯрем-чй?..

— Майлатон,— гуфтам ва аз меҳмонхона баромада ба со-
ҳили баҳр рафтем. Ба ошхона-чойхонае даромадем, ки мурғ-
бирьён (табака)-и хеле балаззат ва чои фомилии аз он хуш-
таъмтар тайёр мекардаанд.

— Ҳанӯз чӣ хонданама намедонам,— гуфт Маҳмудҷон.

У ду рӯз инҷониб фикр мекард, ки дар концерта хотимавии
рӯзҳон адабиёти совета ҳаҷви Султон Маҳмудро бихонад, ё
шеъри Мирзо-муаллим «Савгаид»-ро. Аз рӯзе ки аз рубоиёти
Хайём моноспектакль тайёр карда, ба саҳна гузоштааст, дар
баромадҳояш аз он рубоиёт намехонад. Дар ин хусус бо касе
маслиҳат ҳам намекунад.

— Ҳоло боз чанд соати дигар ҳаст. Интихоб мекунед,—
гуфтам.— Лекин унвони намоиш — концерта дӯстй. Худатон
медонед, кадомаш ба м-аврид муносибтар аст.

Маҳмудчон аз ҳарвақта парешонтар менамуд. Аз даъват
карда, ба ин ҷо оварданаш маълум буд, ки дар дил гапе дорад.
Аммо намегӯяд, ба хаёл рафтааст.

Хомӯшона чой менӯшидем.

— Айб накунед, як савол дорам, ака,— ниҳоят садо баро-
вард ӯ.— Шумо одамонро мешиносед?

— Не,— ҷавоб додам бидуни фикру андеша.— Пештар ме-
шинохтам. Дурусттараш, пештар ба назарам чунин менамуд,
ки гӯё мешиносам.

У дигар чизе нагуфт. Саволаш дар ёди май хотираҳои та-
ассуфангезро зинда карда, ба гирдоби хаёлот кашола кард.
Боз соате сокит нишастему пас ба меҳмонхона баргаштем.

Вақтҳои охир Маҳмудҷон ба ёдам ояд, чеҳраи хаёлолуди ӯ
аксаран дар ҳамон ҳолате ки дар Боку, дар соҳилц баҳри Кас-
пй днда будам, пеши назарам меояд.

...Ҳоло, баъди ним соат дар шаҳри Фрунзе, дар зали филар-
монияи ба номи Тохтогул моноспектакли Артисти Халкии То-
чикистон, Лауреати мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба но-
ми Рӯдакй Маҳмудҷон Воҳидов cap мешавад. Дар кӯчаҳои
шаҳри Фрунзе ба ҳар тараф эълонҳои калон-калон часпонида
мондаанд, ки фалону фалон рӯзҳо дар фалон чо «Концерта

139
М. Воҳидов». Кадоме аз муҳаррирон саҳв кардааст. Эҳтимол,
фикр карда бошад, ки модоме ки артист танҳо ба саҳна меба-
рояд, пас ё месарояд ё менавозад, яъне концерт намоиш ме-
диҳад.

Вале Маҳмудҷон спектакль намоиш медиҳад. Ва ҳоло дар
яке аз хонаҳои паси саҳнаи филармония изтироб кашида, ғам
хӯрда ва барои фурӯ нишонидани ҳаяҷони ҳамешагӣ ва абадии
хоси санъаткор ба чаҳор сӯи хона гаронборона қадам зада,
даст ба пешоий бурданҳояш,— ҳамааш бесабаб, беҳуда аст. Дар
саҳнаи театрҳои ба иоми Лоҳутй ва ба номи Маяковский ӯ аз
санҷишҳо гузаштааст. Дар саҳнаҳои Қасри маданияти МГУ ва
Театри академии бадеии Москва (МХАТ) имтиҳони аз он зӯр-
тареро паси cap кардааст.

Мардум интизорат, Маҳмудҷон! Зафар ёрат, Махи меҳру-
бон!
Отахон Латифи

МАҲМУД НАНГИ МО БУД

Агар тирамоҳ охирин баргҳо аз шохсор афтанд, охирин ме-
ваҳсш расида ба заминҳо фурӯ резанд, боке нест, зеро тирамоҳ
аст, зеро вақти видои баргу меваҳо бо дарахтон фаро расидааст.
Ленин агар инсон мисоли мева аз дарахти умр айёми баҳор
канда шавад, сахт аламовар аст. Чунин талаф ҷароҳати хун-
чаконро мемонад. Махмуд Воҳидов хеле бармаҳал ,ин ҷаҳонро
тарк кард ва моро бо гаму шодй, андешаҳои гарон за тоқат-
фарсоямон танҳо гузошт.

Сухане, ки ҳар яки мо, дӯстони ӯ, дер ё зуд ба ёдаш хоҳем
гуфт, набояд танҳо ифодаи хотироти талхи мо бошад. Балки
вазифа ва қарзи ҳар яки мост, ки барои ҳарчи бештар омӯх-
тану пояндатар гардонидани он мақсади бузурге, ки Маҳмуд-
чон ҳастияшро фидои он намуда буд ва метавонист боз беш-
тар дар ин роҳ хидмат кунад, ҳарчи аз дастамон ояд, дарег
надорем.

Хотираи ӯ моро ба кори дигаре низ ҳидоят мекунад. Аник,-
тараш, бигузор роҳи равшан, аммо пурпечухами ӯ то сақнаи
баланд, то саҳнае, ки аз он ҳунарпеша метавонад на танҳо бо
садҳо, балки бо ҳазорон одамон гуфтугӯ кунад, дарси ибрати
тамошобинон, шунавандагон, ҳамкоронаш ва тамоми мардуми
эҷодкор бошад. Мақсади ran дар он аст, ки ба ибораи Маҳмуд-
чон — ба соҳибистеъдоди ҳақиқй хунсард набошем. Биёед ку-
шоду равшан ва аз рӯи вичдон... сухан ронем, зеро ӯ худ чу-
нин буд. Мутаассифона, нисбат ба Маҳмуд Воҳидов на як бо-
ру ду бор хунсардй зоҳир шудааст.

Бо марги ӯ мо илоҷи дастбагиребон шудан надорем. Аммо

141
ин фоҷиа бонд ҳамеша моро ором нагузорад, рӯҳан азоб диҳад,
ақли моро ба кор андозад, зеро соҳибистеъдодон буданд, ҳас-
танд ва боз пайдо хоҳанд шуд. Бояд моро ин андеша ором на-
гузорад, ки Воҳидов мехост нақши Гамлетро бозад, аммо на-
сибаш наніуд. Бо чй ранҷҳое ӯ Умарй Хайёмро ба саҳна баро-
вард. Чашмҳои ғамгину пуралами Маҳмудҷонро дар аснои ка-
бул намудани моноспектакли «Гуфтугӯ б о худ» ҳеҷ гоҳ наме-
тавонам фаромӯш кунам. Он шахсе, ки дар муҳокимаи намо-
ишномаи мазкур сухани қотеъ дошт, норизоии худро ба ин
спектакль чунин шарҳ дод: «Воҳидов аз саҳна бадмастиро тар-
гиб мекунад». Агар ин ақидаи риёкоронаро қабул кунем, пас
бояд «Отелло»-и ІІІекспирро низ аз саҳнаҳо бардорем. Охир
қаҳрамони асосии спектакли Шекспир ба хиёнати занаш гумон-
бар шуда ӯро гулӯгир карда мекушад.

Аммо баъд спектакли Маҳмудҷон дар саҳнаҳои Душанбе,
Москва ва Фрунзе бо тантанаву шукӯҳ намоиш дода шуд. Агар
риштаи ҳаёти ҳунарпешаи бомаҳорат канда намешуд, Хайёмн
ҳақиқии ӯ на танҳо дар кишвари мо, балки берун аз худуди
он низ ҳамаро ба ваҷд меовард ва ба дилҳо роҳ меёфт. У орзу
дошт, ки «Гуфтугӯ бо худ»-ро дар ватами Шекспир ба забони
англисй намоиш диҳад.

Ёдам ҳаст, ки ба яке аз намоишҳо ҳамроҳи ман мухбири
«Правда», журналисти байналхалқй Станислав Петухов ва сар-
муҳаррири собиқи «Работническо дело» ва ҳоло котиби КМ.
Партияи Коммунистии Булғория Петер Дюлгеров иштирок дош-
танд.

Меҳмони булғорй аз бозии нотакрори Маҳмудҷон, овози
фавқулоддаи ӯ, ки метавонист эҳсоси ботинии инсон, тамоми
ҳолатҳои рӯҳии ӯро ифода кунад, моту мабҳут гардид.

— Мумкин аст, ки ман шуморо «ту» гӯям,— муроҷиат кард
Петер Дюлгеров ба Маҳмуд ҳаигоми таомхӯрй.— Ман чун Хай-
ёми ту бепарда сухан мекунам, идома дод меҳмон.— Ту ҳунар-
пешаи бузургӣ ва май мехоҳам, ки ту бо Хайёми худ ба София
биёӣ. Бовар кун, ки ин ҳодиса иди бузурге хоҳад шуд. Санъати
зебо халқҳоро наздик мекунад ва ба ҳама тааллуқ дорад. Ман
бори аввал ба Осиёи Миёна омадам ва бахтам хандид, ки туро
ёфтам. Биё ҷоми дӯстгонӣ бардорем!

Аз минбари Съезди XXV КПСС рафиқ Л. И. Брежнев гуфта
буд: «Истеъдоди ҳақиқй кам вомехӯрад. Асари боистеъдод офа-
ридашудаи адабиёт ё санъат сарвати миллист. Мо нағз медонем,
ки каломи бадеъ, ҷилваи рангҳо, дар санг нақш бастани эҳ-
сосот, еадои форами мусиқй ба муосирон илҳом бахшида, ба

142
наели оянда хотираи дилу руҳи ҳамзамонони мо, даврони мо,
кайфияти корнамоиҳои вайро боқӣ мегузоранд».

Махмуд Воҳидов бо ҳама эҳсоси баландаш ин даъватро ка-
бул намуда буд ва бо тамоми вуҷудаш барои чунин мақсади
начиби санъат хизмат мекард. Аммо ӯ ин корро ба таври ба
худ хос мувофнқи завқи баланди эстетики ва бо қобилияти
пухтаи эҷодкорӣ ичро мекард.

Дар санъати Махмуд Воҳидов беҳтарин намунаҳои мероси
маданияти бостонии тоҷик ва халқҳои гуногунмиллати кишва-
рамон омезиш ёфта буданд. Ба ӯ маҳдудияти миллй бетона
буд. Ӯ Ҳофизро худой шеър номида, дар баробари ин Пушкин-
ро низ дӯст медошт. Композицияи адабй-бадеии ӯ оид ба Пуш-
кин, ки танҳо як маротиба аз телевизион намоиш дода шуд,
гувоҳи он буд, ки Махмуд Воҳидов ба эҷодиёти Пушкин амиқ
сарфаҳм рафтааст.. Дар ин намоиш низ чун дар «Гуфтугӯ бо
худ» ҳунарпеша дар нақши шоир баромад карда, шеърҳои ӯро
мехонд. Ӯ дар андешаи офаридани моноспектакли дигаре оид.
ба Лермонтов буд.

Боре ба рағбати беандозаи ӯ ишора карда бо ҳазл ба ӯ
гуфтам, ки дар адабиёт ва санъат ӯ чизи дастнорасро дастрас
карданист. У мазмунан суханони В. И. Ленинро ба хотир
оварда гуфт, ки фақат бо донистани сарвати маданй ва маъ-
навии андӯхтаи башарият кас коммунист шуда метавонад...

Паҳнои назар ва (бигузор баланд садо диҳад!) дуньёфаҳ-
мии ленинй ба Махмуд кӯмак расониданд, ки аз эчодиёти су-
ханварони дирӯзу имрӯз суханони човидонй, суханони намиран-
даро чӯяду ёбад. Вале аз ҳама муҳимаш он аст, ки ӯ дар ин
кор вазифаи начиби худро медид. У метавонист, хеле хуб
метавонист бозёфти худро ба тамошобинон, шунавандагон
ҳадья орад. Ҳамеша зидди санъати рӯякй ва беранг буд ва ҳеҷ
гоҳ аз ин принцип рӯ наметофт. Бо ғазаб зидди намоишнома-
ҳое мебаромад, ки барои тамошобин манфиате надоштанд. Агар
чунин спектакльҳо дар саҳнаҳо намоиш додашаванд, ӯ азоби
рӯҳӣ мекашид ва бештар ба кор дода мешуд. У хеле корҳоро ба
анҷом расоаид. Аммо хеле корҳояш боз нотамом монд.

Чй суръати тезе дорад вақт. Хусусан дар асри мо, ки ахбо-
роти рӯз бо суръати кайҳонй меафзояд. Аммо хабару воқеоте
мешаванд, ки қимматашон ба назар намоён аст. Онҳо дер дар
хотир мемонанд ва бо ҳамин ба таърихи халқу мамлакат на-
вишта мешаванд.

Хабари пластинкаи шеърҳои Ҳофиз ва Хайём дар ичрои
Махмуд Воҳидов ба Душанбе омада, аз даҳон ба даҳон гу-

143
зашт ва дар як замон ин нишони гаронбаҳои ҳунарманди бе-
ҳамторо ҳама гирифтанд. Онҳое, ки бехабар монданд, ҳанӯз
меҷӯянд...

Оё диққат додаед? Вақте одамон мефаҳманд, ки имрӯз ра-
диоинсценировка, гуфтор, намоиш ё фильме бо иштироки Маҳ-
муд Воҳидов мешавад, зуд сӯи радиову телевизорҳои худ меши-
тобанд.

Ҳарчанд ки дарди талафи ӯ то ҳол мисли захми носуре дар
дили мост, мо бояд хурсандй кунем ва аз такдир миннатдор
бошем, ки дар шафати мо, барои мо ва барои наслҳои оянда
Маҳмуд Воҳидов зиндагй ва эчод кардааст.

Бале, бояд хурсандй кунем! Зеро агар ӯ дигар хел мебуд,
мо ӯро гум намекардем. Хушбахтии мост, ки ӯ ҳамроҳи мо
зиста буд. Хушбахтии мост, ки ӯ зинда аст ва зинда хоҳад
монд! Он касе, ки рӯҳи халқро бедор мекунад, ҳаргиз намеми-
рад!
Камол Айни

САДОИ ФИРДАВСЙ

Як шаби ҳунарнамоӣ бо иштироки Махмуд Воҳидов

Бастакори маъруфи совета Мухтор Ашрафй, ки дар буньёди
мусиқии профессионалки ду республикаи бародар — Узбекистан
ва Точикистон бо тамоми ҳадди имкон ва иқтидораш фидокорона
хидмат кардааст, дар мавзӯи достони «Рустам ва Сӯҳроб» ав-
валин ораторияи тоҷикиро ба вуҷуд оварда дар солҳои тайё-
рии ҷашни 50-солагии Партияи Коммуниста ва давлати РСС
Точикистон ба халқи тоҷик тақдим кард. Ии оратория — асари
мусиқй-драмавие, ки дар саҳнаи театр ҳамчун асари саҳнавӣ,
балки дар концерт аз тарафи хор — гӯянда (ровй-деклама-
тор) ва оркестри симфонй ичро мешавад дар асоси суханони
Ҳакими Тӯсӣ ва шоири муосири тоҷик Лоиқ Шералй танзим
шудааст. Ии асари мусиқй дар тоҷикй «Достони Рустам» ва
ба русй «Сказание о Рустаме» ном дорад. Оратория аз ҳафт
қисм иборат буда мавзӯъҳои зайлро дар бар мегирад: Пень
даромад: Дуэта Таҳмина ва Рустам: Набард, (ҷанг) — речи-
татив ва ариозаи Таҳмина: Дар пиромуни (давраи) ҷанго-
варон — суруди шӯхиомези Рустам ва хори «Зочаи ман», Шу-
боби (чавони) Сӯҳроб, ҳаракати сипоҳ, ариозаи Рустам, на-
барди тан ба тан: Саранчой кушта шудани Сӯҳроб бо дасти
Рустам ва хониши якҷояи тамоми ширкаткунандагон дар маВ'
зӯи орзӯи некй, ободй ва ғайра.

Оҳанги қаҳрамонии оратория аз оғоз то анчом бо риояи
рӯҳи мусиқии мардуми тоҷику форс сохта шудааст, ки вай дар
ичрои хори муттаҳид ва оркестри симфонй саҳнаҳои даҳшат-
ноки ҷангу лаҳзаҳои нарми ҳаёти қаҳрамононро дар назари
ҳозирон ҷилвагар месозад. Бастакор хусуеиятҳои ліанри му*

10— 3961

145
сиқии дозиразамонро комилан риоят намуда бо ин асари худ
дар таъриҳи. мусиқии мо саҳифаи наве ба вуҷуд овардааст.
«Достоин Рустам» нахустин бор дар шаҳри Тошканд ба за-
бони руси иҷро шуд.

Албатта барои ба вуҷуд овардани ин шаби мусиқй кӯшиш-
Ҳои зиёде ба'амал омада буданд ва ҳамон навъе, ки дар рӯз-
йомаҳои маркВзии Узбекистон бордо зикр гардидааст, иҷрои
Оратория ба забони русӣ дар ҳаёти мусиқии пойтахти Узбе-
кистон як воқиаи бузурге буд. Барои ҳамин ҳам он гоҳ ва ҳам-
чунин баъдтар иҷрои ораторияи М. Ашрафӣ ба воситаи телеви-
зиони Узбекистон такроран нишон дода шуд ва ба ин васила
ба шунавандагон ва тамошобинони шаҳрҳои Осиёи Миёна ра-
соиида шуд. Вале бо ин ҳама бояд гуфт, азбаски мусиқии ора-
тория барои шеъри тоҷикии классики навишта шуда буд, ки
дар ин маврид ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳи шеъри мо қонунҳои за-
дай мусиқй ва баланду пастидои оҳангро дар қолаб нигоҳ ме-
доранд, баъзе аз :иҷрокунандагон ва ровӣ, дар натиҷаи надош-
тани малакаи қироати шеъри мо, дар хондани тарҷумаи русин
матн баъзан беихтйёр ба дарозу кӯтоҳи нолозим ва сакта род
доданд. Ин ҷиҳат боиси таассуф аст, зеро иҷрои ораторияро
халалдор накарда наметавонад ва бояд гуфт, ки таъсири кори
хормейстрон, дар ҳамон мавридҳо дида мешавад. Боиси таас-
суф аст хусусан барои он, ки дар ҳайати хормейстрон мисли
С. Шодмонов ҳунарпешаи пухтакори забондон роҳбарй кар-
дааст. Ин ҳама ҳолат бастакорро водор намуд, ки оратория
дубора иҷро шавад ва барои ин мақсад ҳунарпешагони ду
республикаи бародар ҷалб карда шаванд. Чанд годе аз он ша-
би мусиқӣ гузашт ва дамой даста — хордой муттадида ва ор-
кестрдои симфоий якҷоя ораторияи «Достони Рустам»-ро ба
забони тоники тайёр карда 22 сентябри соли 1975 дар зали
концертии «Бадор», шадри Тошканд иҷро ламуд. Ҳамовозӣ ва
мутобиқати хор ва оркестр, ки дастаи хеле бузургеро дарбар
мегирифт, ба дараҷаи олй буд ва шукӯди мусиқиро алдақ ни-
шон дода тавонист. Дуэти ду қадрамони асосии оратория —
Тадмина ва Рустамро Артисткаи Халкии Иттифоқи Советй
Саодат Қобилова ва Артисти Халқии РСС Узбекистон Саттор
Ярашев хонданд, қироати баёни воқеа бар ӯддаи Артисти
Халқии РСС Тоҷикистон, Лауреата мукофоти давлатии ба но-
ми Абӯабдулло Рӯдакӣ М. Водидов вогузор гардид, ки вай
аз тарафи Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон мадсус фи-
ристода шуда буд. Ҳангоме, ки бо ишораи дирижёри он шаб —
Мухтор Ашрафй Мадмуд Водидов бо суханони Фирдавси:

146
Биноҳои обод гардад хароб,

Зи борону аз тобиши офтоб.

ии достони ҳамосии мусиқиро шурӯъ кард, дар зали концертии
«Баҳор» хомушии мутлак ҳукмфармо гардид. Ровй на фақат
баёни суханони шоирро хуб оғоз кард, балки то анчомн орато-
рия бо ҳунари зебояш ва овози бемислу монандаш, ки бо су-
ханони Фирдавсии мӯъҷизакор ва рӯҳи мусиқии балапдвнқор
ҷӯр омада буд, ҳамаи ҳастӣ ва вучуди тамошобинонро ба ҷо-
ниби ҷаҳони хирадмандии Ҳаким Абулқосим бурда буд.

Мусиқии баландпояро ҳис карда тавонистан, оростагй ва
пиростагии шеър ва сухани бузургонро ба қалби шунаванда
расонида тавонистан, мазмуни ҳакимонаи Фирдавсиро бо но-
зукиҳои садояш намоиш дода тавонистан — ҳунари басо нодир
аст. Ин ҳунар баробари истеъдод, қобилият, муҳаббат ва рӯҳи
ҳассос, иродаи қавй, заҳмат ва кӯшиши фаровонеро талаб
мекунад.

Хониши ду иҷрокунандаи дигар — Саодат Қобилова бо лаҳ-
ни нарми форамаш ва Саттор Ярашев бо овози табиии садо-
дораш низ бо хор ва оркестр ҷӯр буд. Ҳар кадом аз ин ҳо-
физон кӯшиданд то ҳадди имкон зебоии шеъри тоҷикиро риоят
кунанд. Оратория бо суханони пур аз дарду эҳсос ва орзӯи
рӯзгори нек ва ба ёди ҷаҳони наве, ки андӯҳу дардро нашносад
ва ҷаҳони осудаву обод аз адлу инсоф, поён меёбад:

Ҷаҳон гарчи бошад пур аз макру фаид,

Ту дил бар ҷаҳони чуноне бубанд,

Ки халқон бо ҳам созгорӣ кунанд,

Бародар бибошанду ёрй кунанд,

Ҷаҳоне, ки созанд мардоии мард,

Ҷаҳоне, ки нашносад андӯҳу дард,

Касеро зи кас ҳеҷ доғе мабод,

Ки осуда бошанду ободу шод!

Ин абьёт, ки аз сурудаҳои Лоиқи Шералй барои танзими он
оратория аст, дар хониши якҷояи Таҳмина, Рустам ва хори
муттаҳид бо ҳамроҳии оркестри симфонй басо хушбинона садо
медиҳанд ва ба ояндаи нек хитоб мекунанд. Ин садо гӯё, ки
туғьёни рӯҳи бузурги халқ бошад, бо як шукӯҳ ва тантанаву
ҳашамат ба фалаки качрафтор дакка мезанад. Чунин тасаввур
меравад, ки ин акси садои осмонкафи орзуҳои инсоипарваро-
наи Фирдавсй ва тапиши қаҳрамононаи қалби бузурги мардуми
шоирпарвари вай буд, ки ин мардум ҳазор сол инчониб бо за-
бони суханваронаш чунин рӯзгореро орзу ва тараннум мекард.

147
Жола Бадеъ

ИІЩИ ҲОФИЗ

Шашсаду панҷоҳ сол аст, ки Хоҷа Ҳофиз дар зодгоҳи таъ-
рихии худ ва дар саросари ҷаҳон дӯстдорони бешумор дорад.

Ин шоистатарин фарзанди ҳунарманди асри чаҳордаҳ бо
гомҳои баланд ва хушоҳанги худ аз миёни асрҳое гоҳ хуфтаю
гоҳ барошуфта гузаштааст ва имрӯз дар сафи бузургтарин
суханварони ҷаҳон дар дуньёи мо зиндагй мекунад ва пас аз
чанд годе наслу асри моро пушти cap гузошта, бо сурудаҳои
ҷовидонии худ ба сӯи наслҳои асрҳои дури оянда пеш хоҳад
рафт.

Рӯҳи ҷовидонии Ҳофиз дар инсондӯстй ва инсоншиносии бе-
монанди ӯст. Ҳофиз як бор барои абад ба аъмоқи пурсояю
равшаноии рӯҳи инсонӣ роҳ ёфт, онро тасхир кард ва ҳазорон
рангу оҳанги ошною ноошноии онро дар оинаи дурахшо-
ни шеъри худ мунъакис сохт. Аз ин рӯст, ки ҳар касе дар ҳар
асру бо ҳар имону эътиқоде, ки дошта бошад, гӯшае аз ҳола-
ти рӯҳию тобнши орзуҳои худро ҳатман дар шеъри Ҳофиз
хоҳад ёфт. Шояд ба ҳамин сабаб аст, ки Ҳофиз аз тарафи
мардуми қарнҳоп гузашта «лисонулғайб» лақаб ёфтааст. Аммо
дар ҳақиқат шеъри Ҳофиз суруди зиндагии замннӣ ва зебои-
ҳои он мусиқии рӯҳи инсон аст.

Дар .ҷашни 650-солагии ин иобиғаи ғазалсаро шоҳиди иди
шукӯҳманде будам, ки саросари Тоҷикистонро фаро гирифта
буд. Аввалии бор чеҳраи малакутии Ҳофиз, шӯру ғазабу ҳай-
рати ӯ, боданӯшй ва дастафшонии вайро рӯи саҳнаи театри
Лоҳутй дидам.

Ду щаб дар.. кӯи харобот дар ҷои сутунҳою маҷмарҳои

148
хаёлангези тахти Ҷамшед, ки азамати даврони шоирро ба ёд
меовард, бо Ҳофиз ба cap бурдам, бо шоире, ки шӯҳраи шаҳри
ишқварзидан аст. Яъне ишқ варзидан бар парвози афсонаомези
симурғи ғазал, ишқ ба покию бепарвоӣ. Ҳофиз доим дар та-
лошу ҳаракат барои ҷустуҷӯи ин ишқи бузурги осмонию за-
минист. Маи сояи чунин шоирро рӯи саҳна дар вуҷуди ҳунар-
пеша Махмуд Воҳидов дидам ва ба ӯ офарин гуфтам. Аммо
аз тарафе дар шигифтам, ки Маҳмудҷон чигуна шодиҳою сар-
хушиҳои даврони чавонии шоирро аз ёд бурд ва ишқи зинда-
гии ӯро бо соқию бода, ки оинаи андешаҳои фалсафии давраи
такомули умр ва шояд пирии вай бошанд, оғоз кард. Ҳамон
чое, ки қисми дугами «Соқинома» иҷро шуд, агар поёни намоиш
хонда мешуд, беҳтар мебуд.

Аз тарафи дигар, пеш аз он ки тамошогарон ба Ҳофиз рӯ
ба рӯ шаванд, шеъри шоири бузург Ҷомиро дар васфи сухан
мешуниданд, беҳтар мебуд ва овардани он хеле баҷо мешуд.
Аммо модом ки чунон шеър дар даст нест, оё беҳтар набуд,
ки намоиш аз аввал бо шеъри худи Ҳофиз оғоз мешуд?

Нағмаҳои мусиқӣ бо ғазалиёти Ҳофиз ҳамоҳангии комил
доранд ва шунавандаро хоҳ нохоҳ ба дуньёи рангорангу бе-
канори шоир мебаранд. Мо медонем, ки тахаллуси Ҳофиз яке
аз сабаби он буд, ки Қуръонро аз ҳифз медонист ва дигар он
ки шоир мусиқидон ва сарояндаи ашъори тавъам бо мусиқй
будааст ва дар асри ӯ овозхон ва касеро, ки шеърро ба оҳан-
ги мусиқӣ месароидааст, ҳофиз меномидаанд (доктор Заррин-
кӯб дар китоби «Аз кӯчаи риндои» ва тадқиқгарони дигар
ба ин матолиб ишора мекунанд).

Чунон ки мебинам, имрӯз ҳам дар Тоҷикистон овозхонон
ва онҳоеро, ки ашъорро бо мусиқй месароянд, ҳофиз мегӯем
ва шояд ин унвони пурифтихор ба ёдгорй бошад аз шоири
барҷастаи Шарқ, ки ҳанӯз боқӣ мондааст.

Ба ҳар ҳолу хати ғазалҳои Ҳофиз ҳамроҳ оҳангҳои мусиқй
ба гӯш мерасид ва ин нуқтаи таърихиро аз саргузашти шоир
ба ёд меовард.

Равшан аст, ки рақс ҳам аз мусиқй чудо нест ва дар шеъри
Ҳофиз рақси соқӣ, рақси моҳу ситораҳо, пойкӯбшо дастафшо-
нии риндон ба ёр дида мешавад.

Гавҳар Мирҷумъаева бо ҳаракати нарми андоми зарифн
худ тавонистааст рӯҳи шеъри Ҳофизро хуб эҳсос кунад ва ба
дигарон нишон бидиҳад.

Ин нақши рамзолуди шоирона ҳам намудори чеҳраи зани
дақиқшавқи зебои заминист, ҳам даричаест ба дуньёи розолу-

149
ди маъшуёту орзуҳои шоир. Ҳам илҳом аст ва ҳам даъват ба-
рон шод зистану офаридан.

Вақте шоир дар зери гунбади азими масҷиде, ки ни нишони
маҳдудиятҳои мазҳабӣ ва идтимоии, қуруни васатист, аз зул-
ми ҳуком, ки зулмати Шаби Ялдост, менолад ва барои ёфтани
роҳи халосй ба ҳар тарафе медавад, он вақт суруши ғайбие
бо сабукболии паррандагон мерасад ва парвоз мекунад, ба
суроғи шоир шитофта ӯро аз муҳити танг озод карда, ба сӯи
ояндаи бузурги башарй пеш мебарад.

Шоир аз тамошои ин эъчози илҳом ба ваҷду сурур меояд
ва ҳайрону маҷзуб ором-ором каф мезанаду шодй мекунад.

Ин қисмату саҳнаи риндонаи Ҳофиз аз беҳтарин қисматҳои
намоиш аст. Дар ин ҷо Махмуд Воҳидов ба авҷи тавфиқ ме-
расад.

Махмуд 29 ғазали Ҳофиз ва «Соқинома»-и ӯро хонд, ки
агар иштибоҳ накунам, каму .беш дар ҳудуди ҳаштсад мисраъ
буд. Аз бар хондани ин ҳама ғазал дар як ҷо ва бозӣ кардани
осоре ки мавзӯи муштараку воҳид надорад, кори осон нест..
Махмуд дар шаби аввал фақат як шеърро аз ёд бурд, ки танҳо
касе, ки ғазалиёти Ҳофизро хуб мешиносаду медонад, тавзеҳи
он мешавад.

Бидуни ин лаҳзаи шеъргӯии шоир чандон табиӣ нест. Ҳофиз;
вақте хост шеър гӯяд, пушти миз нишаст, аввал як ғазалро
тамом хонд ва пас онро дар дафтар навишт. Шоирон медо-
нанд, ки шеър сурудан аз навиштан он кадар осон нест, ки
ҳунарпеша дар назар дорад. Инчунин, гумон меравад, дар за^
мони Ҳофиз ҳам мидод вуҷуд надоштааст ва бояд калами ӯ най
мебуд.

Албатта ин нукот наметавонад мақоми Махмуд Воҳидовро
дар нақши Ҳофиз кам кунад. Ҳунарпешаи боистеъдод ғазалиё-
ти Ҳофизро аз лиҳози вазни арӯзии онҳо ва адои калимот ду-
руст хонд ва дар ин нуқта кӯмаки самимонаи шоир Мӯъмин
Қаноатро, ки барон тайёр кардани чунин як намоиши шо-иста
бо ӯ ҳамкорй кардааст, набояд аз ёд бурд.

«Ишқи зиндагӣ» поёнпазир нест. Пас намоиши он ҳам бояд
пардаи поён надошта бошад.

Замину осмон гардиш мекунанду сайри ҷовидонин худро
идома медиҳанд ва шоири барҷастаи асрҳою наслҳо — Хода
Ҳофизи Шерозй ҳамроҳи ин гардиши азим ба сӯи абадият пеш
меравад.
Александр Арзов

УМАРИ ХАЙЁМ ДАР САҲНАИ МХАТ

Пас аз гузаштани 35 сол бори дигар дар Маскав театри
драмаи ба номи Лоҳутӣ ба саҳнаи МХАТ1 баромад. Сию панд
сол қабл аз ин моди апрели соли 1941 бори нахуст сокинони
пойтахти Ватанамон бо ҳунарнамоии нахустин дунарпешагони
театри тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов (дар нақши Отелло), Ас-
лй Бурдонов ва София Тӯйбоева шинос гардиданд, ки шӯҳрати
минбаъдаи театр вобастагй ба онҳо дошт. Он вақт театр
нахустин гулҳои боғи санъати советии тоҷикро дар Маскав на-
моиш дод.

Ин дафъа на гурӯҳи дунарпешагоне, ки метавонистанд из-
тиробу ҳаяҷони худро бо ҳам бубинанд, балки фақат як на-
фар ба саҳнаи театри маъруф ва машҳур баромад. Ва ин шахе
Артиста Халқии Тоҷикистон Махмуд Водидов буд, ки моно-
спектакли «Умари Хайём»-ро танҳо намоиш медод.

Чунин иқдом барон як нафар ҳамеша душвортар аст. Та-
саввур кунед, ҳунарпеша тани тандо бо як толори бузург рӯ
ба рӯ мемонад ва ин танҳоии ӯ бояд тамошобинонро ба ҳунари
худ ҷалб намояд, ба дили онҳо род ёбад ва тавонад, ки дар
давоми спектакль бо бозии худ ондоро ба даяҷон орад, хур-
санд кунад ва умеду эътиқод бахшад. Ҳол он ки ӯ на пьесаеро
мебозад, ки мундариҷаи муайян дораду ба рафти амалиёти
он назорат кардан аҷиб аст, балки ин композицияест ки аз ру-
боиёти Хайём буньёд ёфтааст ва боз он дам аз рӯи тарҷума
аст, на аз рӯи матни асил.

Бо камоли ифтихор бояд иқрор кард, ки Махмуд Водидов

1 МХАТ — Театри академй-бадеии Москва.

151
кори хеле мушкил ва мураккаберо ба зима гирифта буд. Вале
бисьёр иқдоми шоистаест, ки имрӯз ҳунарпешаи тоҷик бори
дигар театри худро ба саҳнаи МХАТ баровард, махз аз он
ҷиҳат хурсандибахш ва ҷолиб аст, ки гувоҳи инкишофи санъ-
ати милли ва хусусан театри республика мебошад. Маҳмуд
Воҳидов — намунаи профессионализми баланди ҳунармандист,
ки хоси коллективи театри ба номи Лоҳутист ва заминай онро
наслҳои аввали ҳунарпешагони театр гузоштаанд.

Ӯ як худ ба чои се кас кор кард: ҳам танзимкор, ҳам саҳ-
нагузор ва иҷрокунандаи нақш буд. Балки ӯ худ як театр буд,
зеро спектакли ӯ ҳам ороиш, ҳам мусиқй ва ҳам бозии анвор
дошт. Ба роста то Маҳмуд Воҳидов ягон каси дигар ва ҳатто*
ҳунарпешагони бузургтарин ҳам чунин корро анчом надода
буданд. Бисьёр моноспектаклҳои шеърхонони номвар маълу-
манд. Таърихшиносони театр Владимир Яхонтев ва баъзе пай-
равони ӯро асосгузори «театри як актёр» медонанд. Аммо на-
моишномаҳои онҳо бештар ба барномаҳои концертй монандй
доштанд. Намоишномаи Воҳидов бошад спектакли ҳақиқии
театрист, ки як нафар онро мебозад.

Ичрои ин спектакль вазифае буд хеле аҷоиб ва ба роста,
хеле бебокона, ки ҳунарпеша онро бомуваффақият, таъснр-
бахш ва нишонрас анчом дод.

Аммо дар навбати аввал шубҳаҳои зиёде вуҷуд доштанд.

Масалам, тамошобинон меомада бошанд?

Вале МХАТ аз одам ,пур шуд.

Шубҳаи дигар дар он ифода мешуд, ки оё тамошобини мас-
кавӣ рубоиёти Хайёмро, ки ҳазор сол пеш аз ӯ зистааст, чй
гуна қабул мекарда бошад. Тамошобинон гайричашмдошт бо
таваччӯҳ рубоиёти шоири Шарқро қабул доштанд, ин чо бояд
таъкид кард, ки Воҳидов рубоиёти Хайёмро на танҳо манзури
тамошобинон кард, балки тавонист мазмуни рубоиёти шоири
бузургро ба идроку фаҳмиши тамошобин расонад.

Боз як шубҳа ба оҳанги ифодаи ғайримуқаррарии шеърхо-
нии Воҳидов вобаетагй дошт. Дар шеърхонии мукаррарии
имрӯза ба оҳангнокии овоз кам аҳамият дода мешавад, ин
шеърхонй каме якрангу хушк аст.'

Ба тарзи шеърхонии Воҳидов баръакс хушоҳамгй, мадди
овозҳои садонок хос аст, ки ин ҳама хусусиятҳои фарккунандаи
сохти фонетикии назми Шарқ аст. Магар ин услуби шеърхо-
нии Воҳидов ба тамошобинони Маскавӣ кӯҳна ва дилбазан на-
менамояд? Ые! Ба назари тамошобинон чунин нанамуд, зеро
ҳунарпеша на танҳо шеърро мехонд, ӯ бозй мекард, образҳо
меофарид, ҳолатҳо ба вучуд меовард, спектакль месохт.

152
Одина Дошим

13ДАШ БА ХАЙР

Дар бораи дусте, ки саропо дил буду имрӯз дар байни мо
нест, беҳисси алам сухан гуфтан душвор аст. Ҳоло қалам дар
дастам меларзад. Гӯё ӯ дар пеши рӯям нишастаасту:

— Ҳол пурсем, оғои Одина? — мегӯяд. (Маҳмудҷон маро
«оғо» мегуфт).

Чй шарҳи ҳол гӯям ба дӯсте, ки диёри абадиятро ихтиёр
кардааст. Ашкамро пок мекунам, бори дигар аз шиносоии ав-
валин то охирин дидорро ба ёд оварданӣ мешавам. Ҳама он лаҳ-
заҳое, ки бо Маҳмудҷон ҳамсӯҳбат будам, барояім азизанд.
Онҳоро ман ба ҳодисаҳои хурду бузург қисмат карда намета-
вонам. Гӯё дирӯзакак Маҳмуди ҳанӯз бароям ношинос, ҷавони
ҳалиму кушодачеҳра ба як хоксорию тамкини танҳо ба худаш
зебанда дастамро фишурда, маро бо унвони Ҳофизи Халқии
Республика муборакбод мегӯяд. Ҳол он ки аз он рӯз кам не,
15 сол паси cap шудааст. Дар ин 15 сол чӣ қадар бо Маҳмуд-
ҷон ҳамсӯҳбат будем, ҳисоб надорад. Вале як чиз кирои гуф-
тан аст, ки умри одамӣ чи ноайён мегузаштааст. Аз дидан то
он рӯзе, ки дигар Маҳмудҷонро абадан намебинам, дар хаёлам
ҳодисаеро ба хотир меорад, ки гӯё ҳозиракак рӯй дода бошад.
Вале як тасаллои ман ин аст, ки дар ин муддати кӯтоҳ Маҳ-
мудчон корҳоеро ба субут расонд, ки онро каси дигар шояд
дар тӯли умри дароз ҳам карда натавонад. Ин 15 сол, ин як
мижжазании бисьёр кӯтоҳи таърих, шукр, сад шукр, ки барои
бародарам Маҳмуд дар китоби санъати тоҷик саҳифаи ду-
рахшон шуд.

153
— Ку, оғои Одина, як фол дида баро, ки ин дурдонаҳоро
кй суфтааст? — шеърхониро ба поён расонида муроҷиат кард
Маҳмудҷон. Вале ӯ байти охирини шеърро, ки тахаллуси шоир
ҷой дорад, нахонд.

Роста, чанд шеъри Ҳофизро медонистаму вале аз Ҳофиз
будани ин шеърро намедонистам. «Баҳ-баҳ, ачаб суханоне», кй
будани шоирашро ба ибораи Маҳмудчон «фол» надида, аз у
навишта гирифтани шеърро хоҳиш кардам. Маҳмудҷон «худро
агар қарздор шуморй, майлат» ва баъд «хай, навис!» гуфт бо-
адабона. Сипае:

«Ба бӯстон рав, ки аз булбул тариқи ишқ гирй ёд,

Ба маҷлис ой, к-аз Ҳофиз сухан гуфтан биёмӯзӣ»-ро

ба ҳиссиёт ва самимияте хонд, ки ман дар тасвираш очизам.

— Медонй, орои Одина,— гуфт ӯ,— «ин Ҳофиз касро ме~
кушад». Ман ҳоло агар, таъриф нашавад, қариб сад газали Ҳо-
физро аз ёд медонам ва имрӯзҳо дар ҳар ҷое, ки аз ғазалҳои
Ҳофиз мехонам, сухани Маҳмудҷонро ба хотир меорам «Ин
Ҳофиз касро мекушад».

Акнун пай мебарам, ки ғазалҳои зиёди Ҳофизро аз бар до-
нистани дӯсти ҷавону бузургворам Маҳмудҷон нишони завқи
бениҳоят баланда ӯ будааст.

Бо Маҳмудҷон солҳои 1965 ва 1967 дар ҳафтаҳои мадания-
ти РСС Тоҷикистон дар Москва ва соли 1968 дар Даҳаи ада-
биёти советии тоҷик дар республикаи бародари Узбекистан
ва боз бисьёр сафарҳо будам. Меҳри сухан дар байни мо ҳис-
си ҳурмату эҳтиромро танида буд. Чи гӯям, ки маро дар ҳар'
сӯҳбат ва сафарҳои якҷоя фаросати баларіди санъатварӣ ва
нуктафаҳмии Маҳмудҷои мафтун мекард. Агар хато накунам,
моҳи май соли 1977 буд. Ман ба Маҳмудҷон ин рубоиро хон-
дам:

Фарьёд, ки гулрухон кафанпӯш шуданд,

Аз хотири якдигар фаромӯш шуданд.

Онҳо, ки ба сад забои сухан мегуфтанд,

Рафтанд ба даруни хоку хомӯш шуданд.

Маҳмудҷон дубора хондани ин рубоиро аз ман хоҳиш кард
ва баъди каме фикр кардан гуфт:

«— Оғои Одина, миераи охир бояд ин тавр бошад: «Раф-
танд ба зери хоку хомӯш шуданд».

Медонистам, ки Маҳмудчон чизеро надониста эрод наме-
гирад. Дар воқеъ, баъдтар фақмидам, ки миераи «Рафтанд ба
даруни хоку хомӯш шуданд» аз ҷиҳати вазн вайрон будааст,.

154
Дар воқеъ, он сол ҳануз Маҳмудчон ва ки буданаш ба ман
он қадар маълум набуд.

Дар омади ran, санъаткорон агарчи халқ кайҳо шинохта
бошад ҳам, гоҳҳо якдигарро сидқан шинохтан намехоҳанд.
Гӯё эътирофи маҳорати шахси дигар ҳисси иззат ва шаъну
шӯҳраташонро мекоста бошад. Ҳатто дар пешашон каси ди-
тареро ситоиш кардан ҳам ранҷиши онҳоро меорад.

Ammo Маҳмудҷон аз қабили ин хел мардум набуд. Ҳама
рафтори ӯ бо як сухан ҷавонмардона буд. Инро аз аввалин
шиносоиям бо ӯ пай бурдам. Вақте ки маро табрик гуфт, чаш-
моиаш пур аз сидқу самимият буданд. Ин шарораи чашми ин-
сон дар дуньё баҳо надорад ва барои таскини дили дигарон бо
ягон чизи олам иваз намешавад. Ман хостам номашро пур-
сам, вале боз муносиб надонистам. Хушбахтона Ҳабибулло
(Ҳабибулло Абдураззоқов, артисти хизматнишондодаи РСС
Тоҷикистон) ҳангоми дар чойхонаи «Роҳат» нишастакамон, ай-
ни муддаои дили ман рафтор кард. «Ин ҳамсинфи мо — Маҳ-
мудҷон» гуфта моро ба якдигар шиносонд. Вале ин шиносои
ҳанӯз кй будани Маҳмудҷонро равшан намекард. Кӣ буда-
нашро ӯ худ ба худ маълум кард ва як умр дар дили ман ҷой
гирифт. Ин меҳр аз шеърдӯстию шеърхонии ӯ cap зад. Маҳмуд-
ҷон дар ин вохӯрии шояд ҳамагӣ ду-дувунимсоата аз класси-
кони адабиёти тоҷик ва адибони имрӯза чунон шеърхонй ва
давраороӣ кард, ки мислашро то ин дам надида будам. Ин
вохӯрй маро як умр ташнаи гуфтори Маҳмудҷон гардонд ва
нисбат ба ӯ дар дилам ҳисси эҳтироми бародаронаро бедор
кард. Рӯшод бояд гӯям, ки сабабгори ҳофизпарастии ман Маҳ-
мудҷон шудааст.

Аз ёдам намеравад, ки боре Маҳмудҷон ба забони нарми
-фасеҳ ва эҳсосоти ба худаш хос чанд банди шеъри зеринро
хонд:

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзй,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзй.

Маҳмудҷон баъд ба ман рӯ овард. Гӯё ин суханон эҷоди
худи ӯ буданд

Чу гул rap хурдае дорӣ, худоро, сарфи ишрат кун,

Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзй.

гуфту ба дуриҳои гардун чашм андохт:

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз парда берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

Ба уҷбу ҷаҳл натвон шуд зи асбоби тараб маҳрум,

Биё зоҳид, ки ҷоҳилро зиёда мерасад рӯзй...

155
Маҳмудчон гоҳо аз кундфаҳмй ва бефаросатии баъзе шу-
навандаҳо гила мекард. Боре дар ин боб сухан кушода «Оғои
Одина, ту дар ин хусус чй мегӯӣ» — гуфт.

— Роста, май ҳам чунин шунавандаҳоро нам намедонам.
Шеъри Ҳофизи бузургворро мехонию аз зал дод мезанад:
«Ягон талхтараш шавад» (Яъне ягон шеъри батаъсиртарро хон).

Оҳ, чй қадар ганҷҳои бебаҳо аз чашми чунин тамошобин
ниҳон мемонад. Дар саҳна Рустам писари далеру поктинаташ
Сӯҳробро мекушаду онҳо механданд.

— Маҳмудҷон,— гуфтам,— бисьёр дили ҳассос дорй. Дар
ҳаққи шахсоне, ки «иосеҳ»-ро «носй» мефаҳманд, чй гуфта хам
мешавад?

Маҳмудҷон дар ин хусус шояд боз бисьёр чизхо гуфтан
мехост. Аммо шахси ношиносе ӯро чеғ заду сӯҳбати мо нотамом
монд. Вале ман давоми сӯҳбати ӯро медонам.

Маҳмудҷон одоби бузургворона дошт. У дар ҳар хусус кам
мегуфту хуб мегуфт. Дар ҳар боб суханони ӯ панде доштанд.
Ҳама рафтори ӯ беадабонро мазаммат мекард. Ранҷишҳои у
низ аҷиб буданд. Ранҷиши тифлона.

Охирин бор Маҳмудҷонро пеш аз сафараш ба кишвари
Ироқ дида будам, рӯҳияи болидае дошт. Гумон намерафт,
ки ин сафар сафари охирини Маҳмудҷон бошад. Охир кй ба
марги чунин чавонмарди зиндадил бовар мекунад?

Маҳмудҷон чуз хизмати халқу диёр фикри дигаре надошт.
Ҳама вучуди ӯ санъат буд. У як рукни хеле бузурги санъати
халкро обод дошта буд, акнун ин гӯша холй мондааст. Вале
наслҳо ба хотири ӯ ин гӯшаро пур мекунанду ёди ӯро зинда
медоранд. Ман бошам ӯро ҳамеша бо шеърҳои Ҳофиз ёд меку-
наму ёдашро ҳам ба шеърҳои Ҳофиз месупорам.

Ёдат ба хайр, Маҳмудҷон, ки маро бо Ҳофиз шиносондй
ва имрӯз дар ёдбудат ин абьёти Ҳофизи бузургро, ки ҳамеша
худ мехондй, такрор ба такрор мехонам:

Рӯзи васли дӯстдорон ёд бод,
ёд бод он рӯзгорон ёд бод.

Рози Ҳофиз баъд аз он ногуфта монд,

Эй дареғо, аз роздорон ёд бод.
Нурмуҳаммад Табаров

ГАВҲАРПОШ

Баъди яке аз намоишҳои спектакли «Ҷоми Хайём», дар те-
атри студентони Университета Москва, ки муқобили Манеж
воқеъ аст, ман ба утоқи Маҳмудҷон Воҳидов даромадам то
табрикаш бигӯям.

Дарро оҳиста кӯфтам. Маҳмудҷон бо ҳамон овози марғула-
дораш қадре норозиёна «Кист? Дароед!» — гуфт. Дарро кушо-
дам. Дар сари мизи хурде паҳлуи Маҳмудҷон марди тоссари
лоғарандоми свитери сиёҳ ба тан нишаста беист ran мезад.

Маҳмудчон, ки дар тан куртаи рангибараиге дошт ва дар
рӯяш ҳанӯз хол-хол осори грим буд, якбора аз ҷой бархоста,
маро ба он шахе маъруфӣ кард. Он кас санъатшиноси номй
Қомиссаржевский будааст. Ман узр хоста, изҳори хоҳиш кар-
дам, ки гуфтугӯи худро давом диҳанд, ҳамчунон ки гӯё касе дар
ҳузури онҳо набошад. Роста, аз ин якравии ногаҳонии ман
Маҳмудҷон қадре малул шуд магар ки чизе нагуфт, вале ҳам-
сӯҳбаташ баръакс:

— Марҳамат, май бо журналисток дӯстӣ дорам,— гӯён га-
пашро давом дод. Ба хаёлам санъаткор ҳар чи қадар машҳур-
тар шавад, танқид барояш ҳамон қадар талх мешудааст. Ал-
батта, ин ба хислати ҳар шахе вобаста аст, вале бояд бигӯям,
ки Маҳмудҷон азбаски ҳар як ҳаракатро дар саҳна то ба да-
раҷаи одат ва ҳар сухани мегуфтаашро ба дараҷаи сухани худи
ӯ мерасонд, сухани танқидии шахсе ба унвонаш сахт мера-
сид. Ман вазъияти ӯро хуб мефаҳмидам ва аксаран кӯшиш
мекардам, ки агар ягон гапе дошта бошам, ба ӯ бигӯям. Чунон
ки ин дафъа дар Москва шуд. Акнун худатон тасаввур кунед,

157
ки вазъияти Маҳмудҷон чӣ навъ буд — дар ҳузури як рафиқаш
кори ӯро як санъатшинос, бигзор номӣ ҳам бошад, таҳлил
карда, қайдҳои таиқидиашро низ мегуфт.

— Маҳмудҷон,— мегуфт он кас,— спектакль бисьёр аҷиб
аст. Ҳатто барои мо — москвагиҳо, ки на ҳама имконияти му-
толиаи Хайёмро доранд. Ҳазор раҳмат! Ман дар ин бора ал-
батта, менависам. (Зимнан, баъдтар ӯ дар журнали «Огонёк»
як мақолаи зебое дар бораи гастроли москвагии Воҳидов чоп
карда буд).

— Аммо гумон дорам, ки спектакльро боз ҳам равшантар,
еерҳаракаттар, гӯётар кардан мумкии. Воситаҳои тасвирин ис-
тифода бурдаатон, бо вуҷуди маълуму машҳур буданашон
(Сурати Исо, «Монна Лиза»-и да Винчи ва ғ.), бевосита дар
намоиш кам иштирок мекунанд.

Маҳмудҷон, хаёлам, кадре асабй шуда, як сигарете гириф-
та даргиронд. Қуллобе кашид. Баъд оташи онро ба рӯи қут-
тии гӯгирд сахт фишурда, хомӯш кард... Онҳо зиёда аз як соат
ran заданд, на фақат дар бораи спектакли онрӯза, балки дар
бораи нақшаҳои ояндаи Махмуд, ҳатто хаёлам, дар бораи нақ-
ши Гамлет ҳам. Ниҳоят, Комиссаржевский бо кафи дасти рос-
таш мӯйҳои набудаашро пушти cap бурду аз чой хеста гуфт:

— Бори дигар эҳтироми маро қабул фармоед, Маҳмудҷон
ва бубахшед. Он чи ҳис кардам, гуфтам.

— На, на, муаллим, ман хеле миннатдорам, ташаккур,—
гӯён ӯро гуселонд. Ҳар ду берун рафтанд. Ман мондам. Аз он
қуттии «Ту-134» — як дона гирифта, даргирондам. Баъди чанд
дақиқа Маҳмудчон баргашта аввал галстукаш, баъд пиҷакаш-
ро пӯшиду сонй пурсид:

— Фикри шумо чй, рафик мухбир?

Дар овозаш ҳанӯз кадре норозигй аз шоҳиди ин гуфтугу
шудани ман ҳанӯз ҳам буд. Қатъи назар аз ин ман ин дафъа
ҳам ба ӯ иаметавонистам гапи дурӯғ гӯям. Гуфтам ҳар он чи
он рӯз ба дилу дидаам таъсир карда_ буд. _

— Бародари азиз,— гуфтам ба ӯ.— Руҳи Ҳофизу Хайём ба
шарофати ту аз нав бедор шуданд. Ман гоҳо тасаввур меку-
нам, ки онон маҳз ту барин овозу лаҳни гӯёву шево доштанд.
Вале имрӯз дар торикии толор ба саҳнаи нурафшон, ба он
симои иазаррабои марди салладор менигаристаму ба дил ме-
ту фтам:

— Мо ҳама ташнагонем дар биёбони зиндагй. Он мард аз
саҳна истода, сӯи мо — мусофирони ташна қатра-қатра об ме-
пошад. На, об не, гавҳар! Шумо гавҳарпошй кардед. Мо ҳа-
иуз ба кадру кимат, рангу бори як каф гавҳари партофтаатон

158
сарфаҳм нарафта, шумо як кафи дигар мепартофтед ва бо ин
ҳама ҷодугарй ҳамаро тасхир кардед. Раҳм кунед, бародарам,
Маҳмудчон, мо ҳисобро гум кардем!..

Ӯ чашмонашро нимкоф карда, бо нимтабассуме гуфт:

— Ҳа, рафиқ мухбир, ҳамин ҷо ҳам гапатро гуфтй. Хайр
чӣ. Бад не. Вале чунон, ки файласуфе гуфтааст, камолот ҳудуд
надорад.

— Рубоиёти Хайём чи?

У дар ҷавоб рубоии машҳури Хайёмро хонд:

Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,

Гарданда фалак бар сари коре будаст.

Зинҳор қадам ба хок оҳиста ниҳй,

К-он мардумаки чашми нигоре будаст.
Иброҳим У ОМОНОВ

ЗЕБОПАРАСТ

(Очерк)

Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,

Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.

Аз сафо оина бастан хонаи дилро мудом,

Дар муҳити обрӯ худро шиновар доштан.

Вай ин мисраъҳои Асириро хонду даме ба андеша фурӯ
рафт. Ва фикри чанд рӯз пештар гуфтаашро асосноктар карданй
туда пурсид:

— Бовар дори, ни ин намоиш ба тамошобинон завқ ме-
бахшад ва ба дарк карданй зебой мадад мерасонад?

Ин дафъа ҳам чун бори аввал тасдиқ кардам. Охир, теле-
визион силсилаи намоишҳоро ба ин мавзӯъ бахшиданист. Агар
аз ҳар намоиш андаке бошад ҳам, чизи наве фаҳманд, ин му-
ваффақияти калон аст.

— Қатра-қатра дарьё шавад, гӯй,-— бо табассуми латифаш
боз ба ran даромад ӯ. Дар ин табассум муҳаббати бепоёне ҳу-
вайдо буд, фақат инсони ҳақиқй, инсоне, ки дилаш чун осмони кӯ-
ҳистон софу беғубор аст, ин тавр зебо табассум карда метавонад.
Фақат инсоне, ки дилу вучудаш зебост... Дар нигоҳи Маҳмуд-
чон ҳамеша як ҷаҳон маънй, як ҷаҳон ҳиссиёти накӯе ҳувайдо
буд. Шояд аз ҳамин аст, ки аксари образҳои офаридаи у —
образи ашхоси дурандеш, ашхоси закй ва дуньёдидаву дониш-
андӯхта буданд.

Ҳамин вақт Фирӯза Турсунзода омаданду Маҳмудҷон ба
истиқбол чанд қадам гузошт.

— Ҳама ҷамъ шудем. Акнун мавзӯъро аниқ мекунем. Фур-
сат ғанимат, вақт кам. Чй гуфтед, Фирӯза Мирзоевна?

160
Қарор кардем, ки имрӯз фақат аз зебоӣ ва зебошиносӣ сӯҳ-
бат мекунем.

Маҳмудҷон аз Саъдй байте гуфт:

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

— Фирӯзахон, шумо медонед, ки эстетика баҳрест беканор.
Агар мо аз ҷиҳатҳои гуногуни он сухан ронем тамошобин дил-
гир мешавад. Ба тамошобин чизи нав лозим.

Мавзӯи сӯҳбат ки зебой буд, барои гапгирй воқеаро аз як
намоиши «Эзоп» ёд овардам. Рости ran шояд ин ягона ҳолате
буд, ки Маҳмудҷон аз роль берун шудааст. Ин аст шарҳи он
воқеа.

Толори Театри ба номи Лоҳутй пури тамошобин. Саҳнаи
охирини спектакль, ҳамон саҳнае, ки Эзопи ба дуздй айбдор-
шуда сарбаландона ба истиқболи марг мерафт, одаме ки мар-
ги озодонаро аз ҳаёти ғуломӣ авлотар медонист. Ҳамин вақт
яке аз тамошобинон, магар ширакайф буд, бо овози баланд
хандид. Ҳама ба сӯи овоз рӯ овардаид. Чашмони ғазаболуд ба
ин «мухлис»-и санъат бо нафрат менигаристанд. Эзоп бозис-
тод. Маҳмуд ба тарафи толор қадам зад. Режиссёри спектакль
Ҳошим Гадоев, ки дар қатори охирини амфитеатр менишаст,
ҷаҳида аз ҷояш хесту тозон ба назди саҳна расид ва беихтиёр
ба девор такья карда мисли ҳайкал шах шуда монд. Ҳолати
Маҳмудчон хеле вазнин буд: дастонаш меларзидаид, чизе гуф-
тан мехост, аммо лабонаш ба вай итоат намекарданд.

Оқибат бо як душворӣ овоз баровард:

— Боз кй хандидан мехоҳад?

Овози фораму ҷарангдори Маҳмудҷон ҳеч вақт монанди
он шаб аламангезу пурдард садо надода буд. Толор хомӯш
шуд, чунон хомӯш, ки нафасгирии номураттаби Маҳмудчонро
дар амфитеатр ҳам шунидан мумкин буд. Ду-се дақиқа ҳамин
хел гузашт. Ду-се дақиқае, ки ҳам барои ӯ, ҳам барои режис-
сёр, ҳам барои тамошобинон аз як соат тӯлонитар буд. Ҳан-
гоме, ки Маҳмудчон каме таскин ёфту бозиро идома дод, 5—6
дақиқаи охири намоиш гӯё начаспид.

Маҳмудҷон ҳикояи маро бо табассуми латифи ба худ хосаш,
дар ҳолате ки сарашро мечумбонд шуниду мисолеро накл кард,
ки хилофи он воқеа буд. Нақл кард, ки дар Театри драмавии
Таганка (Москва) спектакле мерафт. Он шабу руз Маҳмуд-
ҷон меҳмони Москва будаасту ният доштааст, ки он спектакл-
ро бубинад. Аммо билет наёфтам,— мегӯяд ӯ. Аз ҷавоне хоҳиш

11—3961

161
кардам, кибилеташро фурӯшад. Гуфтам, ки шумо, ки сокинк
Москва мебошед, ин дафъа не, дафъаи дигар тамошо карда,
метавонед.

— Мо меҳмононро иззат мекунем,— гуфт чавон.— Аммо ба-
родар ман ду моҳ боз навбат поида ҳамин билетро ба зӯр ёф-
там. Агар талабгор бошед медиҳам.

Билетро нагирифтам, албатта.— Ин завқи баланди тамошо-
бин аст. Маи мехоҳам дар асоси ҳамин мисолҳо сухан гӯям,—
хулоса кард Маҳмудчон.

Ҳар гоҳ ки Маҳмудҷон дар хусуси театр сухан меронд, як
хусусияти хуби вай дӯстдори ҳақиқии театри ба номи Лоҳутй
будаиаш ҳамеша ошкор буд. Майдатарин чизеро, ки бо ин те-
атр алоқадор буд, дӯст медошт, дар хусуси хамкоронаш, усто-
донаш бо меҳр гаи мезад.

— Ман мехоҳам, ки ҳар бегоҳ дар дари театрамон одамони
билеткобро бинам. Мехоҳам, одамон аз якдигар пурсанд;
«Ягой билети зиёд доред?» — мегуфт ӯ.

Он рӯз, вақте ки Маҳмудҷон сухан мегуфт, сухаишинос бу-
данашро боз як бор пай бурдем. Вай дар хусуси зебоии фикр,
зебоии кор сухан мегуфту чунин далелҳо меовард, ки яке аз
дигаре зеботар, яке аз дигаре дилкаштар, пуртаъсиртар буданд.

Бар ҳадиси ману ҳусни ту наяфзояд кас,

Ҳад ҳамин аст сухандоншо зебоиро,—

гӯё ба васфи Маҳмудҷон гуфтааст шоир.

— Мисоли оддй,— ба тамошобинони оинаи нилгун мурочи-
ат мекард,— устои музадӯз. Чарм ҳамон, дастгоҳ ҳамон, ҳатто
қобилият ҳам ҳамон. Аммо яке аз дигаре мӯзаи зеботару ба-
дошттар медӯзад. Зеро вай зебошинос аст. Қайфияти меҳнаташ-
ро дар зебоии маҳсулоташ мебинад.

Мӯзаи зебо — зебоии мӯзадӯ.з, хонаи зебо — зебоии дуред-
гар, боғи зебо — зебоии боғбон, кӯзаи зебо — зебоии кулол,
Зебоии санъаткор дар санъати ӯст. Ва мо ин гуна зебоии Маҳ-
мудчонро борҳо дидаем.

Тирамоҳи соли 1974 буд. Тоҷикистон тантана дошт. Ҷашни
нимасрии худро истиқбол кард. Як гурӯҳ омӯзгорону аспирант-
ҳои тоҷик, ки дар Москва буданд, ба ин муносибат зиёфате
оростанд. Гап аз гаи cap шуду касе хабар дод, ки ҳафтаи оян-
да ҳунарпешаҳои республика меомадаанд.

— Маҳмудҷон ҳам меомада бошад?

— Меояд! Ин гуна концертҳо, ин гуна тантанаҳоро бе Маҳ-
мудчон тасаввур кардан маҳол аст. Охир, вай на факат актёр,
балки шоир ҳам ҳаст. Бале, бале, шоири ҳақиқӣ. Шахсе, ки

162
шеърро бо тамоми нозукиаш, бо тамоми нафосаташ қироат
мекунад, аз кадом шоир кам аст? Кй мисли вай' шеъри тоҷикро
дар ду забои тоҷикиву русй ин қадар зебо ва пуртаъсир хонда
метавонад?

Дар воқеъ ҳам, ин гуна актёрон бисьёр нестанд. Театри ба
номи Лоҳутӣ — коргоҳи Маҳмудҷон Воҳидов дар асл, маъха-
зи санъати олист. Маҳз дар ҳамин театр актёрҳои баркамоли
мо М. Қосимову Т. Фозилова, А. Бурҳонову С. Тӯйбоева ва
бисьёр дигарон образҳои барҷастаю фаромӯшнашаванда офа-
ридаанд. Дар ин театр бузургтарин асарҳои драматургияи Шар-
қу Ғарб намоиш дода шудаанд. Дар ҳамин театр аввалин бор
дар Осиёи Миёна спектакли манзуме таҳия шуд, ки дар он як
кас ашъори як шоирро мехонд._Муассиси ин гуна театр андар
театр Маҳмудҷон Воҳидов буд. У се спектаклро аз ашъори Хай-
ёму Ҳофиз ва адибони муосири тоҷик таҳия кард. Барой он ки
ҳар як порчаи шеъри ин намоишномаҳо бомавқеъ бошанд, бо
дамдигар занҷирвор пайванданд, ӯ даҳҳо, садҳо ғазалу рубой,
маснавию мухаммасро аз назар гузаронд. Охир, барои аз ға-
зал ё рӯбоӣ драма мураттаб кардан, аввал ашъори он адибро
пурра омӯхтан, нозукии ҳар як мисраъро фаҳмидан лозим аст.
Агар асари аввалинаш «Гуфтугӯ бо худ» ба мадади мӯқалами
пурэъҷози Даврон Сафоев қаҳрамонони образҳои рубоиҳои
оламшумули Хайёмро зинда карда бошад, пас моноспектакле,
ки аз ғазалиёти Ҳофиз таҳия гардид, ба туфайли овози пурта-
ровати ровию таронаҳои дилангези Ҷӯрабек Муродов ва рақс-
ҳои дилпазири Гавҳар Мирҷумъаева боз ҳам рангинтару ҷозиб-
тар баромад. Ниҳоят, «Ватан ва фарзандон» «альманах»-и бе-
ҳамтои ашъори шоирони советии тоҷик буд, ки зебоӣ, ҳаёти
накӯи дуньёи озод, дӯстй, ғояҳои оламшумули марксизмро тар-
ғиб мекунад. Дар ҳамаи ин асарҳои баландғоя драматург, ре-
жиссёр ва актёр Маҳмудҷон Воҳидов ба шеър, шеъри баланду
хассрни тоҷик такья кардааст.

Маҳмудҷон то дар саҳна намоиш додани асарҳои назмй
қариб дар тамоми спектаклҳое баромад мекард, ки ӯро ба ин
ҷуръат омода месохтанд. Образҳои марказй дар «Рӯдакй»,
«Бежан ва Манижа», шоҳасарҳои В. Шекспиру Шиллер ва
бисьёр дигарон зинаҳое буданд, ки актёрро ба қуллаи мақсуд
наздик меоваранд.

— Муваффақияти монологи Ҳамлет дар «Экспо-67» маро
рӯҳбаланд кард. Акнун дар хусуси Хайёму Ҳофиз орзу кардан
муяссар шуд,— ёд овардааст Маҳмудҷон.

Ҳамаи ин сухани шеър буд. Он шаб, дар Москва ҳам ба
туфайли номи Маҳмудҷон бачаҳо шеърхонй мекарданд. Ҳар

163
кас ба вай тақлид кардан мехост, андаке бошадҳамбаӯ ио-
на ндй мечуст.

Рӯзи сешанбеи 15 октябри соли 1974 қасри маданияти Уни-
верситета Давлатии Москва пур аз одам буд. Аввал олимон,
адибони тоҷик сухан гуфтанд. Аз таърихи тамаддуни тоник,
аз роҳи бошарафи Тоҷикистон ҳикоя карданд. Сипае, концерт
оғоз ёфт.

«Мо аз кишвари офтобй, аз кӯҳҳои осмонбӯси Бадахшон, аз
мардуми меҳнатдӯсти тоҷик салом овардем» — овози чаранг-
дор ва маҳмалини Маҳмудҷон аз оғози қисми концерта мужда
расонд. Ҳозирон сурудҳои пуртаровати Ҷӯрабеку Шоиста, рақс-
ҳои Шарофатро бо хурсандй ва кафкӯбй истиқбол карданд.
Он рӯз дар ин қасри бошукӯҳ гӯё тамоми Тоҷикистон ҷой ту-
да буд. Дар толор тоҷикҳо, дар девор ҳатто шиори тоҷикӣ, гу-
лу гулдастаҳои Точикистон. Инак, суруду рақси тоҷикӣ.

— Маҳмудҷон Воҳидов кай шеърхонӣ мекунад, шеър ме-
хонад ё на,— беқарорй мекард, аспиранта афғонистоние, ки чор
шаб муқаддам дар хонаи Советҳо «Савганд»-ро шунида, ба ин
ҳунарвар дил бохта буд. Вай рафиқони дигарашро ҳам ба ин
вохӯрӣ овардааст ва дар толор нафақат тоҷику рус, афғону
араб, балки намояндагони миллатҳои қариб тамоми курраи
замин ҳозир буданд.

— Мебарояд, албатта мебарояд. Магар бе вай мешавад?

Ниҳоят интизорӣ ба охир расид. Маҳмудҷон дар назди мик-
рофон меистоду шеър мехонд, шояд шеър намехонд, балки бо
забони дил суруд мегуфт. Аввал тоҷикӣ cap кард:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, ки андар ӯ нигарй.

Ҳамчу дарьёест в-аз накукорй,

Киштие соз то бад-он гузарӣ.

Ӯ аз Рӯдакй оғоз намуд ва ба ҳамин минвол паёпай аз'.ади-
бонн классик мехонд. Гоҳе овози Фирдавсй ба гӯш мерасиду
гоҳе Ҳофиз, гоҳе Саъдию гоҳе Румй.

Шеърҳо ҳам гуногунмавзӯъ буданд. Гаҳе шикваи шоир аз
бераҳмиву ғазаби шоҳон, гаҳе таронаи ишқи пок, гаҳе шеърҳои
пур аз панду насиҳат ба гӯш мерасид. Дар ҳар шеър, ҳар банд,
ҳар мисраъ рӯҳи ровй тағьир меёфт, мавҷи овозаш дигар ме-
шуд, гаҳе чеҳрааш аз шодӣ мешукуфт, гаҳе гумон мерафт, ки
вай дар оташи адовату ниқор месӯзад. Гаҳе пеши иазар ҷавони
миёнақади гандумгун не, пирамарди нуронии донишандӯхтае
падидор мешуд, ки фарзандони худро насиҳат мегуфт. Мегӯ-
янд, ки шеър ҳамон вақт шеър аст, ки ҳар як мисраи он ран-

164
re, бӯе дошта бошад. Аз қироати Маҳмудҷон ҳам рангро та~
саввур ва ҳам бӯйро эҳсос кардан мумкин аст. У ҳама вақт
ҳамин хел шеър мехонд ва он рӯз ҳам ҳамин тавр буд. Ҳар
дафъа, вақте ки дар поёни шеъри ин ё он шоир ӯ сари таъзим
фурӯд меовард, толорро мавҷи қарсак фаро мегирифт. Ин
дафъа хам пас аз чунин таҳсинҳо cap бардошту гуфт: Акнун
чанд рӯбой аз Хайём.

Толорро хушҳолй фаро гирифту мавҷи қарсак. Маҳмудчон
пештари саҳна омад.

Майлам ба шароби ноб бошад доим,

Гӯшам ба наго рубоб бошад доим.

Гар кӯзагаре хоки маро куза кунад,

Он кӯза пур аз шароб бошад доим.

Маҳмудчон шеър мехонду ба ин васила ҳар касро ба дуньёи
хаёлот, ба олами андешаҳо дар хусуси қадри ҳаёт роҳнамун
месохт. Ҳар мисраъ, ҳар байте ки ӯ мегуфт, ба сомеъ зебоиро
талқин мекард. Бо забони шеър гуфтан мехост: ҳаётро дуст
доред, вай зебост, хело ва хело зебост.

Маҳмудҷон хомӯш шуду хомӯшшавии мавҷӣ қарсакҳоро
интизорй мекашид. Аммо интизорӣ тул кашид. Ниҳоят бо таъ-
зиму ишораҳои зиёде толорро ором карда бо лабони пуртабас-
сум ба ҳозирон рӯй овард.

— Ашъоре, ки шумо шунидед, шаммае аз адабиёти ҳазор-
солаи тоҷик аст, намунае аз он адабиёти ғаниву зебо аст, ки
Гётеи бузург дар наздаш сари таъзим фурӯ овардааст. Адибони
имрӯзаи тоҷик устод Турсунзода, Мӯъмин Қаноатва бисьёр ди-
гарон ин анъанаро бо камоли маҳорат идома медиҳанд. Дар
байни адибони ҷавони тоҷик Лоиқ ҳам ҳаст, ки ашъори зин-
дадилонааш, ашъори шпринаш кайҳо тоҷиконро ба шавқ овар-
дааст. Афсӯс, ки тарҷумаи русин шеърҳои ӯ ҳанӯз кам асту
на ҳама хабардоранд. Ана таваҷҷӯҳ фармоед:

Ман дар ин ҷо посбонам,

Посбони зиндагону рӯҳбони мурдагонам,

Баҳри фардо, баҳри истиқболи нурафшону зебо
Дастовези азизи модаронам...

...Ман намедонам чи мемонед дар охир,

Дӯстон, аз буду аз побуди ман.

3-ин сабаб ман дӯст дорам зиндагиро,

То маро ҳам дӯст дорад зиндагй,

Рӯзи охир'то нахоҳад қарзи худро аз ману тобути ман!

Маҳмудҷон ровии оддӣ набуд, донандаи оддии шеър набуд.
У бо маҳорати беҳамтое, бо услуби хос шеъри тоҷикро тарғиб

165
мекард. Дар дили шунавандаҳо нисбат ба адабиёти тоҷик, нис-
бат ба маданияти ғании тоҷик меҳру муҳаббат меафрӯхт. Пас
аз ҳар баромади ӯ дар дили кас орзуе тавлид мешуд, ки ҳамон
шеърро, ашъори ҳамон шоирро ёфта хонад. Ҳар гоҳ ки шеъре
мехонед ва ба ёд меоред, ки ин шеърро Маҳмудҷон ҳам хонда
буд, маъниҳоеро, ки аз қироати вай дарьёфта будед, пеши на-
вар меоред, ба назар қадри шеър бештар, мазмуни он ғанитар,
нафосаташ баландтар мешавад. Он рӯз Маҳмудҷон шеър ме-
хонду ман дар ин андеша будам.

Шабшинӣ поён ёфту як гурӯҳ донишҷӯёни Университет ни-
гарони Маҳмудҷон шуданд. Зеро ӯ ваъда ба меҳмонӣ карда
буд. Маҳмудҷон қариб аз ҳама охир баромад. Ӯ бо рӯймол-
чае даҳонашро пӯшида буд. Аз дар баромаду бо қадамҳои
тез-тез ба назди гурӯҳи ҷавонон омад ва дар ҳолате, ки рӯй
молчаро бо дасти чапаш дошта меистод, бо ҳозирон вохӯрдӣ
кард.

— Афсус мехурам, ки имшаб мулоқот карда наметавонем.
Дарди дандон азобам медиҳад. Ба концерт ҳам базӯр омадам.
Узр мехоҳам, албатта, илоҷи дигаре надорам. Умед аст, ки мо
дар Москва боз вомехӯрем, сӯҳбат мекунем. Алҳол ба ҳамаатон
дар таҳсил муваффақият мехоҳам...

Кадоме аз ҳамшаҳриҳо дар таътил ба театри Лоҳутӣ раф-
та, спектакли манзуми Маҳмудҷонро, ки бар ғазалиёти Ҳофиз
таҳия шуда буд, тамошо карда, ҳатто ба лентаи магнитофон
сабт намудааст. Вай ҳамон лентаро ба Маскав оварда буду
мо ҷамъ шуда бо ҳаловат гӯш мекардем. Ашъори дилнавози
Ҳофиз — булбули Шероз дилҳоро ба шӯр меовард. Ба даста-
гули бойчечак, ки рамзи баҳори Тоҷикистон рӯи миз меистод
ҳарисона чашм медӯхтем. Гӯё маъние, киМаҳмудҷон аз ашъо-
ри Ҳофиз меҷуст, дар ин дастагул ниҳон бошад. Ин ҳучраи До-
рулфунуни Москва баҳореро монандй дошт, ҳамин дастагул
гулистонеро ва хониши Махмуд хониши булбулеро мемонд.
Шояд ҳамин шефтагӣ буд, ки аз баланд шудани садои маг-
нитофон ғофил мондаем ва овози занги дар моро ба худ овард.
Магнитофонро пасттар карда, ба истиқбол ҳозир шудем. Дар
пазди дар Ҳасан намудор шуд. Ин ҷавони шеърдӯсту шеъргӯи
эрониро ҳама медонистанд ва барои ин дӯст ҳам медоштанд.
Хонаи вай ҳам барои тоҷикҳо боз буду хонаи мо ҳам барон
ӯ. Ҳасан ва рафиқонаш аслан дар Теҳрон факултети филоло-
гияи форсро хатм карданд. Дар Университета Москва ҳам
студент буданд ва филологияи русро меомӯхтанд. Имруз Ха-
сан аз ҳаррӯза дида хушҳолтар менамуд.

— Хабари хуш, рафиқони тоҷик, рӯзи 26 Маҳмудчони Во-

166
ҳид дар филиали МХАТ Хайёмро мехондааст. Аминам, ик
дафъа бенасиб нахоҳам монд.

Ҳасан соли 1974 ба концерти артистони Тоҷикистои раф-
та натавониста буд ва ҳамеша афсӯс мехӯрд, аммо аз рафи-
қонаш дар васфи Маҳмудҷон суханҳои накӯ шунида, ғоибона
ба вай дил баста ва ҳар гоҳе ки плёнка ё пластинкаи овози
Махмуд пайдо мешуд, гаштаву баргашта гӯш мекард ва бо~
варӣ дошт, ки ҳатман ин ҳунармандро гӯш хоҳад кард.

— Онҳо, сияҳгӯш-ку! Аз Тоҷикистон? Баҳор шуд, гӯед.

— Бале, баҳор.

— Дар дилатон баҳори Тоҷикистонро мебинам. Аммо аз ти-
реза як ба кӯча нигоҳ кунед.

Ҳама беихтиёр ба кӯча нигаристем. Барфи лак-лакй мебо-
рид. Замин сап-сафед буд. Зимистони Москав давом дошт.

— Аммо баҳор шудааст,— хитоб кард касе ва магнитофон-
ро ба кор даровард. Пардаи хомӯширо овози дилчаспи Маҳ-
мудчон дарронд.

26 апрели соли 1976 ба филиали театри академии бадеии шаҳ-
ри Москва ба коми М. Горький мухлисони зиёди каломи ба-
деъ ҷамъ омаданд. Ҳанӯз аз кӯчаи Горький ба пасткӯчаи те-
атр нагашта селаи одамонеро дучор омадан мумкин буд, ки
роҳгузаронро дошта, билет мепурсиданд. Оре, он рӯз ҳам ва
ду рӯзи дигар ҳам, ки Маҳмудҷон дар Москав баромад дошт,
толор пур буду мухлисони шеърдӯст бешумор. Албатта, спек-
таклҳои манзуми Маҳмудҷон Воҳидов дар Душанбе ҳам дар
толори серодам мегузашт. Аммо он серодамиҳо як нақли ӯро
ба ёдам овард. Вай бо ҳасрат гуфта буд.

— «Қуллаи фудзияма»-ро дар бисьёр мамлакатҳои хориҷй,
ҳатто дар Штатҳои Муттаҳида бо завқи зиёд пешвоз гириф-
танд, ягон рӯз, дар театр ягон ҷои холӣ намондааст. Аммо
медонй, ки мо баъзан барои 20—25 нафар тамошобин ҳам ин
спектаклро нишон медодем. Ҳол он ки актёрони мо бад нестанд.
Атову Марьям барин ҳунарпешаҳои хушҳунарро ҳатто баъзе
театрҳои калон надоранд.

Дар Москва намоиш дода шудани варианти русии «Гуфту—
гӯ бо худ» дар таърихи тамаддуни тоҷик, бемуболиға, воқеаи
фаромӯшнашудае буд. Санъати мо, нафақат санъат, адабиёти
мо дар шахси Маҳмудҷон ровии арзанда, тарғиботчии беам-
соли худро пайдо карда буд. Дар воқеъ ҳам то Маҳмудҷон
дар санъати мо шахсе набуд, ки дар ду забои чунин нафису
пуртароват шеър хонад. То Маҳмудчон ровие набуд, ки назо-
кати онро дарьёбад, шеърро ба дил ва дилро ба шеър пайваи-
дад. Худи Маҳмудҷон ҳам аз ин гастрол ниҳоят хурсанд буд..

167
—■ Ин зинаи аввалини нияти бузурги май аст,— мегуфт
вай. Ман мехоҳам дар саҳнаҳои Маскав ашъори беҳтарин ади-
бони тоҷик садо диҳад. Шарт нест, ки танҳо ман хонам. Би-
гузор инро дастаи ровиҳо хонанд ва ин гуна даста дар рес-
публикам мо, дар театри мо, албатта, таъсис хоҳад шуд. Ме-
донй, кай бори аввал дар ин хусус андеша кардам? Вақте ки
бори аввал чангали русро дидаму онро ба Надок монанд кар-
дам. Он вақт студент будам.

Бори дуввум буд, ки Маҳмудҷон ба Надок ишора мекард.
Аввалҳои баҳори соли 1973 бо супориши редакция мо ду иа-
фар корманди газета ба Исфара рафта будем. Дар меҳмонхо-
на як гурӯҳ актёрҳо истиқомат доштанд, ки Маҳмудчон ҳам
дар байни онҳо буд. Ҳамон рӯз ба навор гирифтани фильми
«Асрори гузаргоҳ» ба охир расидааст. Саҳар Маҳмудҷон Ду-
шанбе рафтанй буд ва ба ин муносибат зиёфате ороста буд.

Дар поёни сӯҳбат Маҳмудҷон гуфт, ки боз ба район раф-
таму лекин на ба деҳаи Понғоз баромадам на ба Надок. Гар-
чи дилам бисьёр кашол буд. Роста ran метарсам, бисьёр ме-
тарсам. Тарси худро ин тавр шарҳ дод.

Дар солҳои бачагй, баъзан, ҳамроҳи падарам ба Надок ме-
рафтам. Гумон мекардам, ки дар дуньё аз чангали Надок чан-
гали серсоя ва фарроҳтаре нест. Ман дар байни бурсистон бо
камоли завқ қадам мезадам, дар рӯи майсаҳои кӯҳӣ ғел ме-
задам, дар оби сарду мусаффои ҷӯйбори шӯх дастрӯ мешустам.
Ҳоло ман дар байни ду республика истодаам. Қурама Тоҷикис-
тонро аз Узбекистан чудо мекунад. Ман аз баландй ба води-
ҳои сабзу хуррам бо шавқ менигаристаму суханони падарамро
ба хотир меовардам. «Ба тарафи рост нигоҳ кун, дудкашҳои
калонро мебинӣ? Ин шаҳри Оҳангарон. Акнун ба тарафи чап,
ба дуродур нигоҳ кун. Дидй, замин дар шуои офтоб ҷило ме-
диҳад? Ин Тошканд аст. Акнун ба ақиб гарду рост нигоҳ кун.
Дарьёи Сирро мебинй? Он тарафаш Конибодом. Қад-қади
дарьё ба тарафи рост рафтан гирй ба Хӯҷанд мерасй».

— Хуҷанд! Шаҳри Қамол аст, дадаҷон, Қамоли бузург,
шумо шунидаед дадаҷон.

— Шунидаам, аммо бесавод ки ҳастам шеърҳояшро нахон-
даам, одами бесавод кару кӯр барин, писарам. Ту ягон шеъ-
рашро медонй?

— Медонам, дадаҷон, хонам?

— Хон, писарам.

Дил муқими кӯи ҷонон асту ман инҷо ғариб,

J Чун кунад бечораи мискинтан танҳо ғариб? :

168
Чун ту дар ғурбат наафтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо?

Меҳнати ғурбат надонад ҳеч кас илло ғариб.

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш

Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?

Дар ғарибй ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол
Во ғарибо, во ғарибо, во ғарибӣ во ғариб.

Падар бо табассум ба шеърхонии писараш гӯш медод, лзз~
зат мебурд. Аммо падар гумон ҳам надошт, ки шеър барон
Махмуд мисли нону намак чизи зарурии зиндагиаш шудааст.
.Майлаш, хондан гирад, калон шаваду ақлаш дарояд аз пан
зиидагй шуда, ягон касбро соҳиб мешудагист».

Ҳамин хел саҳнаи аввалинам Надок буд. Шунавандагоин
аввалинам дарахтҳо буданд.

Аз ин нақли Маҳмудҷон ҳам зебоишиносии вай падид мсо-
мад. Оре, ӯ зебоидӯст буду дар ҳар чй зебоӣ мечуст. Дили ҳас-
соси ӯ зебой мепарастад, зебой меҷӯяд. Ин зебоидӯстии ӯро
дар муносибаташ ба Ато Муҳаммадҷонов — актёри пурҳунар,
боистеъдод мушоҳида кардан мумкин аст. Онҳо дар бисьёр
фильмҳо, спектаклҳо якҷоя бозй кардаанд, дар аввалин (ва
дареғо охирин) спектакле, ки Маҳмудҷон таҳия кардааст, ба
зиммаи Ато роли асосй — Аҳмади Дониш гузошта шуда буд.
Ин аз он далолат медод, ки Маҳмудҷон ӯро дӯст медорад,
ба вай боварии комил дорад. Моҳи октябри солн 1977 дар
даромадгоҳи идораи «Тоҷикистони советй» бо Маҳмудҷон рӯ
ба рӯ шудаму, пас аз салом алейк пурсид.

— Меҳмон Бахтй ягон чиз гуфта буд?

Андеша кардам, ки чиро дар назар дошта бошад. Худаш
ба мадад расид.

— Дар бораи Ато Муҳаммадҷонов.

Ба ёд овардам, ки ду-се моҳ пештар Меҳмон маслиҳат до-
да буд, ки илоҷам шавад, дар бораи Ато чизе нависам. Худам
ҳам ҳамин хел мақсад доштам. Пас аз суханҳои Меҳмон азмам
қавитар шуд. Аммо азбаски муддате Муҳаммадчонов серташ-
виш буду гоҳо дар Москва, гаҳе дар Тошканд, гаҳе дар ягои
ҷои дигар буд, мақсад амалй намешуд. Он рӯз инро ба Маҳ-
мудҷон гуфтам.

— Ба ҳар ҳол тезондан даркор. Ба театр биё, ман худам
ӯро барон ту пайдо мекунам,—гуфт Маҳмудҷон.

Оре вай закиву ҳассос буд. Ҷавон буд, аммо насиҳатгари
донишандӯхтаеро мемонд. Ҳарчанд ҷавон даргузашт, аммо
санъати ӯ умрашро идома медиҳад. Тамаддуни тоҷик асло
Маҳмудчонро фаромӯш намекунад. Зеро коре, ки ӯ кардааст,.
меросе, ки ӯ гузоштааст, «наёбад аз боду борон газанд».

169
Ҳақназар Ғоиб

НАВҲА

Дар сӯгвории Маҳмудцон Воҳидов

Ба тифлии надида навҷавонй гирьяму гирьям,

Ба ёди рафтагони ормонӣ гирьяму гирьям.

Ба мушкилҳои роҳи зиндагонй гирьяам н-ояд,

Ба роҳе, ки барад бар бенишонй, гирьяму гирьям.

Ба умре, ки тавон аз нотавонӣ ёфт, раҳмат бод,

Ба умре, ки равад бо нотавонй, гирьяму гирьям.
Агар ҷонӣ бувад аҳду вафои ёр, хурсандам,

Агар аҳду вафо бошад забонй, гирьяму гирьям.
Нагирьям бар хазонрезе, ки резад барг ҳамчун ашк,
Хазон резад ба фасли гулфишонӣ, гирьяму гирьям.
Зи пурборй агар шохи дарахте бишканад, гам нест,
Вале чун бишканад шохи ҷавонй, гирьяму гирьям.
Ҷавонмардон чаро ин қадр дар дуньё ҷавонмарганд,
Барои қадри ин ёрони ҷонй, гирьяму гирьям.

Дили дарьё, ки дорам, шодию гамҳои ман кам нест,
•Чу дарьё аз шитоби зиндагонй гирьяму гирьям.

170
Саидали Маъмур

ШАБЕ БО МАҲМУДИ ВОҲИД

Шабе, ки ҳамраҳи Маҳмуд будам, базм тафсон будг
Чароғи маҳфил аз барки нигоҳи ӯ фурӯзон буд.

Гаҳе мехонд аз Ҳофиз, гаҳе мехонд аз Пушкин,

Зи сеҳри санъати ӯ пиру барно моту ҳайрон буд.

Шабе, ки ҳамраҳи Маҳмуд будам, базм тафсон буд,
Набуд он чои ғайбат, дилбарию дилсупорй буд.
Бигуфта нӯшбоду бода нӯшидем бо ёрон
Каломи мо фақат аз дӯстию дӯстдорй буд.

Шабе, ки ҳамраҳи Маҳмуд будам, базм тафсон буд,
Миёни шоирони навқирон Махмуд ҳозир буд.

Агарчи худ накард иншо ба умри кӯтаҳаш шеъре,
Барой дӯстони нуктадон Махмуд шоир буд.

Шабе, ки ҳамраҳи Махмуд будам, базм тафсон буд,.
Чароғи маҳфил аз барқи нигоҳи ӯ фурӯзон буд.
Шабе, ки рафт Маҳмуди сухандон аз миёни мо,
Шаби ҳасрат, шаби худкоҳии дилҳои сӯзон шуд...

171
Лоик, Шерали

ДАР ҶАНОЗАИ ҲАМСОЛАМ

Дӯстам, дӯсти ҷавонмаргам,
Баҳри чӣ, баҳри кӣ, чаро мурдй?
Ман аминам, чу зодаи кӯҳсор,
Ҳар чй ҳам буд, баҳри мо мурдӣ.

Дӯстам, дӯсти ҷавонмардам,

Будй ҳамсоламу ҳамовардам.

Як ту танҳо намурда он ҷо,

Бо ту ман низ гӯиё мурдам.

Дӯстам, дӯстн ҳунармандам,
Оламеро пур аз ҳунар кардӣ.

Эй бас овозҳои хомӯшро,

Ба садоят баландтар кардй.

Дӯстам, дӯсти сухандонам,
Шеърро мисли ту кй медонад?
Баъди ту баҳри ташнагони сухан,
Шеъри моро дигар кӣ мехонад?

Чи ҳунарманди саҳназеб будй,
Дар ту фарҳанги пиру барно буд,
Саҳнаи танги санъати тоҷик,
Баҳри ту гӯй саҳни дуньё буд.

Орзу доштй, ки дар саҳна
Мирӣ дар нақши ошиқи шайдо.

172
Ҳиммат ки баланд буд, имрӯз
Мурдй ногаҳ ба саҳнаи дуньё...

Орзу доштӣ, ки Ҳамлетро
Бинамой барои тоҷикон.

Марги ту худ бузург фоҷиаест,
Баҳри ҳамсарҳот, Маҳмудҷон!

Дӯстам, дӯсти сухангӯям,

Баъди ту ҳам ҷавонӣ хоҳад монд.
Лек шеъри бузурги тоҷикро
Ҳеҷ кас мисли ту нахоҳад хонд.

Дӯстам, номзад ба ҳизби Ленин,
Билетат нонавишта холӣ монд.
Номзад буданаш ба ин фирқа
Номзад бар бузургворй монд.

Филкушу муштпарвар аст ин даҳр,
Ғофиле нестам зи кори ҷаҳон,
Алвидоъ, дӯсти ҷавонмаргам,
Алвидоъ, эй бузургвори ҷавон!

БАРОИ САНГИ МАЗОРИ
МАҲМУД

Дӯстон, вақти гули хор маро ёд кунед,

Чун гули санг зи кӯҳсор маро ёд кунед.

Гар бихоҳед, ки ман хуфта набошам дар хок,
Бо дилу дидаи бедор маро ёд кунед.

Ҳар гаҳе ҷом ба каф масту гаронҷон хонед,
Шеъри Хайём ба такрор, маро ёд кунед.

Ман ҳамонам, ки шумо дидаву каф кӯфтаед,
Бо ҳамон нангу ҳамон ор маро ёд кунед.

Ғаму шодии ҷаҳон дар дили ман хок шудаст,
Сари ҳар шодию тимор маро ёд кунед.

Ҷоми умри мани пуршӯр агар нима шикает,
Сари ҳар мастии саршор маро ёд кунед.

173
Мастон Шералӣ

БА ЁДИ МАҲМУДИ ВОҲИД

Ҳар гаҳе Маҳмуду номаш ёд меояд маро,

Дил даруни сина дар фарьёд меояд маро!

Мисли дарьё мехурӯшад,

шӯр мегирад дилам,
Мекунад туғьёну тӯфон дар ҳисори соҳилам.
Рахна, гӯё, мезанад доим ба девори танам,

«Ёб, мегӯяд, куҷо шуд ровни шеъру фанам?

Ёб, мегӯяд, садои шеърро, Маҳмудро,

Оташи хушсӯзрову гулхани бедудро.

Чашмаи сози суханро, рӯди дарьёгирро,

Аз сухан садҳо нишонзан, бекамоиу тирро;
Минбари девони Ҳофиз, машраби Хайёмро,
Ошики шеъри баланди шоири айёмро.

Ёб мегӯяд,

куҷо шуд он сари миллатпараст,

Он дили пурдарди бедармону армонношикаст?!»
Дастаи гулҳо ба дастам ҳамчу рӯи шоди ӯ,

Роҳ мегирам ба сӯи марқадаш, бо ёди ӯ,

Раҳ ба раҳ овози ӯ дар гӯши ҷонам мерасад,
Шеваи чандин замон то ин замонам мерасад.

Раҳ ба раҳ аз Рӯдакӣ ашъор мехонад маро,
Шеърқои бедилу дилдор мехонад маро.

Рах, ба раҳ Фирдавсии тӯсию Шаҳмаҳмудро
Рӯ ба рӯ орад, ки бин — ин офтоб, о« чудро...
Раҳ ба раҳ ҳайрони марги ногаҳонаш мешавам,

174
Ҳар қадам «садроҳа»

бо чандин гумонаш мешавам,
Лек меояд сурӯше ногаҳон дар гӯщи ман,

Қ-аз умеди диданаш пур мешавад оғӯши ман.

Зиндааст ӯ, мерасад,

сарсабз чуы сарви сиҳист,

Ӯ чу зар гумгаштаву гӯраш

чу ҳамьёне тиҳист!

Зиндааст ӯ то куҷо шеъру сухан гӯем мо,
Шеърдоне, шеърхоне мисли ӯ чӯем мо!

Зиндааст ӯ,

чун ба ӯ аҳли сухан дил додааст,
Зиндааст ӯ, то сухан,

то шеъри Турсунзода аст!
М У 11 Д А Р И Ҷ А

Низом Нурцонов. Дуньёи андешаву эҳсос. 3
Махмуд Воҳидов. Марди ҳунар .... 58
Махмуд Воҳидов. Ошьёни меҳр .... 71
Махмуд Болидов. Дур аз Ватан .... 75
Махмуд Воҳидов. Шабҳои тӯфонӣ ... 87
Маҳмуд Воҳидов. Муосири мо Шекспир . 101
Махмуд Воҳидов. Ҳамқадами театр . .105
Махмуд Воҳидов. Ҷоми муборак . . . .109
Цилбар Абдушукурова. Ситораи рахшон . 112
Бенсион Кимьёгаров. Нури истеъдод . . 119
Марьям Исоева. Ҳамнавои халқ .... 123

Фазлиддин Муҳаммадиев. Max.............130

Отахон Латифӣ. Маҳмуд нанги мо буд . .141

Камол Айнӣ. Садои Фирдавсӣ.............145

Жола Бадеъ. Ишқи Ҳофиз.................148

Александр Арзов. Умарн Хайём дар саҳнаи

MX AT.................................151

Одина Ҳошим. Ёдаш ба хайр!.............153

Нурмущммад Табаров. Гавҳарпош . . . 157

Иброҳим Усмонов. Зебопараст............160

Ҳақназар Ғоиб. Навҳа...................170

Саидалӣ Маъмур. Шабе бо Маҳмуди Воҳид. 171
Лоиқ Шералӣ. Дар ҷанозаи ҳамсолам . .172

Поиқ Шералӣ. Барой санги мазори Махмуд. 173
Мастон Шералӣ. Ба ёди Маҳмуди Воҳид . 174

КОЛЛЕКТИВ

ВОСПОМИНАНИЯ О МАХМУДЕ ВАХИДОВЕ

(па таджикском языке)

Муҳаррирон О. Ҳамроев, М. Сироқева
Ороиши Т. Королёва
Муҳаррири ороиш Г. Красовский
Муҳаррири техники Е. Цынн.
Мусаҳҳеҳ Ш. Гафуров

БИ № 807

Ба матбаа 01.0G.81 супурда шуд. Ба чопаш 24.12.81
имзо шуд. КЛ 00663. Формата 60Х841/ів> Коғази ти-
пографии № 2. Гарнитурааш адаби-бадей. Ҷузъи чопии
шартй 10,23+1.86 вкл. Ҷузъи рангаи шартй 12,78. Чузъи
натрию ҳисобӣ 10,0+2,17 вкл. Адади натр 5000. Супо-
риши № 3961. Нархаш 1 с. 10 тан.

Душанбе, нашриёти «Ирфон», 734030 кӯчаи Айнй, 126.
Матбааи № 1 Комитеты давлатии РСС Тоҷикистон оид
б а корҳои нашриёт, полиграфия в а савдои китоб.
Душанбе, хиёбони Ленин, 37.

Translation