Ёди Ёри Меҳрубон
(Ёдномае аз устоди шаҳир Абдуқодир Маниёзов) Memory of a beloved friend (recollections about the great teacher Abduqodir Maniyozov)

Transcription

Еди ёри меҳрубон

(Ёдномае аз устоди шахир Абдукодир Маниёзов)

Зери назари

Сафири фавкулода ва мухтори
Ҷумҳурии Исломии Эрон
доктор Алиасғари Шеърдӯст

Душанбе - 2008
Маҷмӯи ёддошт ва мехрномахое, ки дар ин сахнфахо
фароха.м омадаанд, ба калами донишмандону фархехтагони тоҷик
тааллук дорад ва онхо ба шинох а м яке аз чехраҳои азиз ва мӯьтабари
Тоҷикистон, фарзанди хирадманд, устоди донишманду ровии
нотакрор, узви вобастаи Академиям илмхои Ҷумҳури Тоҷикистон,
узви пайвасгаи Фарҳангистони забои ва адаби форсим Ҷумхурии
Исломии Эрон, сарвари фахрии Пажӯҳишюхи забои ва адабиёги ба
номи Рӯдакии Академиям илмхои Ҷумхурии Тоҷикистон, раиси
Кумитан иҷроияи «Пайванд» Абдукодир Маниёзов бахшида
шудаанд. Муаллифон зимни хотирот ва аидепгарони аз бехтарин
сифатҳои инсонй ва халокияг, озодкорй ва озодандешии ин
озодмарди ҷомеа, чехраи инсонй ва шарофати азалии устоди зиндаёд.
кобилияти ташкилогчигии илмй ва хислатҳои огмфаи рохбарй ва
шеьршиносиву сухандонии ровии забони тоҷикӣ ёд овардаанд.

Ҳамчунин дар китоб аз хотироту ёддошт, таълифот ва
тарҷумаи бадей, ки аз шуглхои пайвасгаи устод Абдукодир Маниёзов
буданд, ба хонандаи азиз як-ду намуна пешкаш мешавад. «Ёди ёри
мехрубои» бо ташаббус ва сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Исломии
Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикисгон, шахсан бо дасттирии Сафири Кабири
Ҷумхурии Исломии Эрон дар Ҷумхурии Тоҷикистон, ҷаноби окои
доктор Алиасгар Амири Шсърдӯст ба нашр расидаасг.

ЁДИ ЁРИ МЕҲРУБОН

(Едномае (п устоди шаҳир Абдуқодир Маписзов)

Зери надари: доктор Алиасгари Шеърдӯст

Мураггиб. муаллифи диндсидшома ва гавзеҳот: АбдувашДавронов
Ношир : Пажӯҳишгоҳи фарҳапгч форсӣ-тоҷикии

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрой
Муҳаррир : Ann Мирбобоев
Тарроҳии роёнаӣ : Фирӯа Набисв
Аккос: Муҳаммадризо Баҳодур
Чоп, литугрофӣ, саҳҳофӣ : Чопхонаи «Пайванд»

Чопи аввад : Душанбе, 2008
Шуморагон: 1000

ISBN 978-99947-44-05-3
Мундарича

Алиасгари Шеърдуст. Марги чунин хоҷа на корест хурл ....5
Зиндагиномаи Абдукодир Маниёзов........11

1. Дар дили дӯстон ва шогирдон

Хуршеда Опшхоиова. Шамъ чун хомӯш гардад, доги

махфил мешавад................................... 25

Худой Шарифов, Абдушукури Абдусаттор. Дар синахои

мардуми ориф макони ӯст............................37

Абдуманнони Насриддин. Лаҳни ҷонфазою бадеь........48

Пброҳим Усмонов. Сухандону сухансанчу сухангӯ.....56

У смой Каримов. Зиндаву ҷовид монд, хар кй накӯном зиет ...63

Курбои Восеъ. Фарзонвари сухаивар..................68

Рӯш Аҳмад. Хайрандеш............................. 76

Абдухо.шқи Набавй, Шамсиддшш Соле у. Мардеаз

габори хуршед......................................86

Алӣ Бобоҷоп. Мактаби маьрифат......................95

Зафар Зарифй. ГТнри хирад.........................104

Бадриддин Мақсудов. Ҷои бузургон кошонаи дилҳост ...111

Муртазо Заипиддинов. Мучассамаи сидқу вафо........122

Хақиазар Ғоиб. Эй марди нуктасанч.................136
Ҳоҷӣ Мурод. Ёдгор...............................137

Салимшо Ҳалимшо. Бурҷи сухан....................140

Алӣ Бобоҷои. Ситораи ихлос......................142

Сухангустар.........................144

II. Таълифот ва осор

Қисмати ман.....................................147

«Хамсат-ул-мутаҳайирин»....................... 160

III. Аахзаҳои зиндаги ва фаъолият дар суратнигораҳо
МАРГИ ЧУНОН ХОҶА НА КОРЕСТ ХУРД

Марде баландболову фарохсина ва
бузургманишу хушрафтор ва олиму хушсимову
хушсадо. мустаҷмаи хама некихо. як сол аз
ҳиҷрати ӯ ба диёри боки мегузарад. Бо рафтани ӯ
ҷомеаи фарҳангию хунарии Тоҷикистон
бузургмардсро аз даст дод, ки дар тамоми солҳои
ҳаёти пурбораш барои ҷомеаи ин кишвар ман-
шаи хайру баракат буд. Вай аз маъдудмардоне
буд, ки хама фазоилу хислатхои некро бо худ
якҷо дошт. Садои махмалину осмонии ӯ
ривоятгари офаринишҳои адабии ниёконамон
буд. ки вақте аз ҳанҷараи ӯ такрор мешуд, лутфу
гаровате дучандон меёфт. Бо матнхониву
шеърхонии ӯ буд, ки дармеёбсм, ки қудамо чаро
барои баёни офаринишҳои худ аз забони ровиён
бахра мегирифтанд ва бано надоштанд, ки
офаринишхои адабии худро худ ривоят кунанд.
Дар печутоби садояш танаввӯъву рангорангиву
латофату зебоии офаринишхои адабй ранги
дигар мегирифт ва шунавандаро ба дунёи дигар
рахнамун мешуд. Дурустхонй ва иттилоъву
огохии ӯ бар забони порсиву таърихи он зебоии
мутуну офаринишхоеро. ки ӯ ривоят мекард,
__________ Ёди ёри меҳрубон ________________

афзунтар менамуд. Дареғу дард, ки тай и солхои
ҳаёташ бархе аз мутуни арзишманди порей аз
забони ӯ ба сурати комил ривоят нашуданд. то
имрӯз ганҷинае, ки аз осори савтии ӯ дар даст
аст, ғанитару пурмоятар бошад. Он мизон хам.
ки аз мутуни кухан хонда туда, якҷо ҷамъ
нашудаанд, то ҷустуҷӯгари алокаманд имрӯз
битавонад лавҳи фишурдае аз ин садои
махмалину осмонй дар даст дошта бошад ва бо
намунае аз садои ровиёни ростини шеъру адаби
форси дар Фарорӯдон ошно шавад.

Ошноии ман бо ӯ ба солхои кабл аз
фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ
бармегардад, ки барои сафаре фарҳанғӣ ба
даъвати Бунёди фарҳанг ба Тоҷикистон
омадам. Баракоти ин сафар бисёр буд. Дар
куҳандиёри тоҷикон симои маънавии фарханги
муштаракро дар чеҳраи мардону занони бисёре
дар таҷаллӣ дидам, ки дар он солхои сахту сиёх
ба сиёнату посдорй аз фарханги милли
мепардозанд. Шоирону нависандагон ва
муҳаққиқону ҳофизон ва мудироне, ки хар як
саҳме қобили эътино дар пойдориву густариши
фарханги точикй доштаву доранд ва харчи
рӯзгор мегузарад, арчу курбу шаъни онон
бештар аз гузашта ошкор мегардад. Агар набуд
хунари ин чамоати зиндачону бедордил,
парешониву рахват чое барои хаёту пойдории
забону фарханги точикй боқӣ’йамегузошт ва

6
_______ Еди ёри меҳрубон ___________________

соҳибони фарру фарханги дирӯз мебоист бар
бисоти факру масканати фарҳангӣ менишастанд.
Ин посдорони фарҳанг кӯшиданд. ки хуни
хаётро дар рагҳои фарҳанги миллӣ ба ҷараён
андозанд ва бегумон факиди саид устод
Абдукодир Маниёзов яке аз ин бузургон буд.

Дар солҳои нахусти пас аз фурӯпошӣ
рокими ин сутур пешниход кард, ки се нафар аз
устодони тоҷик ба узвияти он дароянд. Устод
дуктур Ғуломалии Ҳаддоди Одил - раиси
донишвари Фархангистон, ки худ алокае
фаровон ба Точикистон ва Фархангистон
дорад, мавзӯъро дар дастури кор қарор дод ва
бо пайгириҳои баамаломада Фарҳангистони
забону адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон
ду тан аз донишварони тоҷикро ба узвият
пазируфт ва интихобу пешниҳоди онхоро хам
муаззамунлах ба хақир вогузор кард ва ман
Худойро шокирам, ки аз ӯҳдаи ин амри мухим
баромадам. Ин ду тан яке устод Мухаммадҷон
Шакурй аст. ки умраш бардавом бод ва дигарӣ
устод Абдукодир Маниёзов. ки ҷояш дар
ҷаннат бо авлиёуллоҳ.

Вуруди ин ду тан дар ҳалқаи донишварони
аронии узви Фархангистони забону адаби порей
даричае тоза бар рӯи ин маркази илмй кушуд ва

7
___________Еды сри меҳрубон ____________

ҷойгоҳи забони тоҷикро дар Фарорӯдон назди
арбоби фарханги Эрон волотар намуд. Аз он рӯз
то имрӯз дар хар хамоишу ҷамъомаде. ки дар
Эрон баргузор мешавад. ҳатман тоҷикон хузур
доранд ва тавонистаанд ҷойгоҳи волои забони
миллиро дар ин сарзамини аҳуроӣ нишон
диҳанд.

Солҳои раёсати ӯ бар Пажӯҳишгоҳи Рӯдакии
Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба унвони
муҳимтарин маркази таҳқиқ дар бораи забони
форсӣ-тоҷикӣ солхои пурборест. Ӯ тавонист
дар он солҳо бо таҳкиқоте. ки дар ин маркази
илмӣ сомон дод, шаъну манзалати забонро
нишон диҳад. Тахкиқоте, ки гоҳ худи ӯ низ дар
бархе аз онхо мушоракат меҷуст ва бо қувваи
даррока ва нерӯманди худ шаъни волои забони
миллиро ба ҳамагон нишон медиҳад.

Аз нигоҳи ман ба хамон андоза, ки китобхо
ва осори ин бузургмардони тоҷик дар
рӯшангарии фарҳангиву бақои ин миллат арзиш
дорад. мудирияти фархангии онон низ муҳим
аст. Агар набуд сояи саёдати илмӣ ва маънавии
инон. чӣ бисёр мушкилоту тангнохо дар арсаи
фарханг худро нишон медод ва арсаро бар
пажӯҳишгарон тангу тангтар мекард. Кордониву
дилбастагии миллии ин мудирон арсас
фаррохдоман барои кор падид овард, ки хосилп
он дар хофизаи фархангии ин миллати сарбаланд
осори иску хумоюн доштаву дорад. Аз пн боб

8
Иди ёри меҳрубон

ҷойгоҳи устоди фақид Маниёзов шоистаи
ёдкарду эҳтиром аст. Фазой илмии бонишоте, ки
ӯ дар Пажӯҳишгоҳи Рӯдакӣ фароҳам овард,
пажӯҳишҳои забоншиносиро пурмояву дақиқ
кард.

Шахсияти ҷомеъулатрофи ӯ вайро дар
арсаҳои мухталиф табдил ба улгӯ карда буд. Дар
арсаи суханварӣ ва сухангӯӣ чеҳрае бебадил буд.
Дар олами тарҷумаву баргардони мутун
мутарҷиме забардаст буд ва дар арсаи таҳқиқи
пажӯҳишгарӣ нуктаёбу тезбин ва дар арсаи
мудирияти фарҳангӣ - мудире лоиқ ва пуртавону
оянданигар. Дар дигар доираҳои фаъолиятҳои
фарҳангӣ ҳам тайи солҳои ҳаёташ ҳузуре доимӣ
дар арсахои мухталиф дошт. Узвият дар
анҷуманҳои мухталиф аъам аз Кумитаи шӯравии
муҳофизати сулҳ, Анҷумани дӯстии шӯравӣ ва
афғон, Анҷумани дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии
Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, Кумитаи
истилоҳоти Академияи улум, Кумитаи ҷоизаҳои
давлатӣ, узви Иттифоки нависандагон, раиси
Ҷамъияти китобдӯстони шаҳри Душанбе ва ғ.
нишон медиҳад, ки ин рӯҳи ҷустуҷӯгар дар
арсаҳои гуногун тавониста ҳузури муфиду
муассир дошта бошад.

Март сарнавишти маҳтуми башарист ва ҳеҷ
кас аз чанголи тези уқоби фано гурезе надорад,
аммо мухим нақши бақоест, ки аз шахс
мемонад.

9
______________Ёди ёри меҳрубон______________

Дуктур Маниёзов назди ҳамаи мо зинда аст.
Номаш то абад бар пешонии фарханг ва
адабиёти муштарак медурахшад.

Ин дафтар ба посдошти хотираи ӯ ва ба
муносибати аввалин солгарди вафоти он зиндаёд
интишор меёбад. Сафорати ҶИЭ дар
Тоҷикистон умедвор аст бо нашри ин китоб томе
фаро пеш нихад, то дигарон битавонанд корхои
ҷиддитару асоситаре дар муаррифии ин
бузургмард ва осори ӯ бардоранд. Дар ҷамъоварӣ
ва нашри ин асар заҳамоту талошхои аслй бар
ӯхдаи хонадони устод ва ба вежа ҷаноби дуктур
Абдувалй Даврон будааст ва дар танзиму
табвиби он ҷаноби Қаҳрамон Сулаймонӣ -
ройзани фарҳангӣ, ҷаноби дуктур Қосимӣ -
раиси Пажӯҳишгоҳи фарханги форсӣ-тоҷикӣ ва
ҳамкоронашон ва ҷаноби Аждарӣ - мудири
чопхонаи «Пайванд»-и Сафорати Ҷумҳурии
Исломии Эрон талоши ҷиддӣ дошгаанд. ки бад-
ин васила маротиби сипоси худро такдими онон
мекунам. Дар нихоят аз Худованди мутаол барои
устод Маниёзов раҳмати восеаи илохиро
масъалат менамоям ва умедворам Худованд ӯро
дар биҳишт бо авлиёи хеш маҳшур фармояд.

Алиасгари Шеърдӯст
Сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон
дар Тоҷикистон

10
Ёди ёри меҳрубон

ЗИНДАГИНОМАИ
АБДУҚОДИР МАНИЁЗОВ

Адабиётшинос. узви Иттифоқи нависандагони
ИҶШС (1963), узви вобастаи Академиям илмҳои
Ҷумқурии Тоҷикистон (1981), Ходими шоистаи
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), узви пайвастаи
Фарҳангистони забои ва адаби форсии Эрон (1996)
Маниёзов Абдукодир 10 августа соли 1930 дар
ҷамоаи Пӯлодони шаҳри Конибодом, дар оилаи
зиёй таваллуд шудааст.

Дар соли 1953 факултаи таъриху филологиям
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозир
Донишгоҳи миллим Тоҷикистон)-ро хатм карда,
соли 1956 баъди таҳсил дар аспирантурам
Академиям илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
Института забои ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ
Тоҷикистон ба сифати ходими илмй ба кор шурӯъ
намуд. Ӯ солҳои 1949-1956 дар баробари таҳсил
хамчунин ба сифати наттоқи шӯъбаи хориҷии
Радиои Тоҷикистон фаъолият карда буд. Байни
солҳои 1956-1961 дар шӯъбаи адабиёти советам
тоҷики Института забои ва адабиёт ба таҳқиқоти
илмӣ машгул шуда, солҳои 1962-1969 вазифаи

11
_______________Ёди ёри меҳрубон______________

муовини илмии директори институтро ба ҷо
меовард.

Аз соли 1969 то соли 1972 ба сифати муовини
сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Тоник ва
тайи солҳои 1972-2000 дар вазифаи директори
Институти забои ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор
мекард.

Соли 1960 дар Институти шарқшиносии
Академияи илмҳои Иттиходи Шӯравӣ дар мавзӯи
«Марҳалаҳои аввали эҷодиёти Садриддин Айнй ва
мақоми он дар адабиёти инкилобии Шарки
Наздик» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Таваҷҷӯҳи ӯро бештар масъалаҳои асосй ва назарии
филологияи тоник ба худ кашида, дар баробари
таҳқиқи баъзе ҷиҳатҳои эҷодиёти шоирони алоҳида,
ба мисли Дақиқӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли
Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомй, Аҳмади Дониш,
Абулқосим Лоҳутй, Мирзо Турсунзода ба
пажӯҳиши эҷодиёти Садриддин Айнӣ машгул
гардида, дар ин мавзӯот асару мақолаҳо таълиф
намудааст.

Нахустин маколаҳои ӯ солҳои 50-уми асри
гузашта ба табъ расидаанд. Ӯ муаллифи рисолаи
«Публитсистика ва назми Садриддин Айнӣ» (1958),
«Луғати имло» (1991, бо ҳаммуаллифии А.Мирзоев),
китобҳои «Назмшиносии тоник» (1993), «Ҳакими
суханвар» (дар бораи рӯзгор ва осори Носири
Хусрав, 2003, бо ҳаммуаллифии Худой Шарифов) ва

12
________________Ёди ёри меҳрубон_______________

зиёда аз 200 асару мақолаи илмй мебошад.
Мухимтарин осори ӯ, ки ба таҳқиқи масъалаҳои
таърих ва назарияи - адабиёт, чехрахои алоҳидаи
адабӣ, накди адабӣ ва таърихи тарҷума, пайвандҳои
адабӣ, паҳлӯхои гуногуни сохти шеъри тоҷикӣ ва ғ.
бахшида шудаанд, инхо мебошанд: «Материалҳо
дойр ба фаъолияти публитсистии С.Айнӣ дар
солҳои револютсия» (Шарқи Сурх, 1956, №7),
«Шеърҳои инқилобии С.Айнӣ» (Ахбори АИ
Тоҷикистон Шӯъбаи фанхои ҷамъиятӣ, 1957, №15),
«Нахустин шеърҳои устод Айнӣ» (Ҳамон нашрия,
1960, №3,) «Публитсистикаи С.Айнӣ» (Гулистон,
1960, №11), «Даҳои адабиёти рус» (Шарқи сурх,
1960, №11), «Садриддин Айнӣ ва адабиёти рус»
(Шарки Сурх, 1960, №10), «Шоири забардасти
советии тоҷик» (Коммуниста Тоҷикистон, 1962,
№11), «Ташаккули насри Садридцин Айнй»
(Ҷашнномаи Айнй, 1963, барориши II),
«Нашъунамои адабиёт ва санъати тоҷик»
(Коммунисти Тоҷикистон, 1964, №11), «Шеъри нав»
ва баъзе масъалаҳои шеърият» (Дар кит:
«Масъалахои адабиёти муосири тоҷик», - Душанбе,
1970), «Адабиётшиносии тоҷик» (Нашри
энсиклопедии «Республикаи Советии Сотсиалистии
Тоҷикистон», 1974, 1984, бо ҳамқаламии

А.Сатторов), «Таҳаввулоти шакли бадей дар
эҷодиёти устод Лоҳутӣ» (дар кит: «Ёдбуди Лоҳутӣ»,
Душанбе, 1974), «Назаре ба таърихи пайвандҳои

13
________________Ёди ёри меҳрубон______________

адабии халқҳои тоҷику афғон» (дар кит: «Ёди
Равшан», Кобул, 1975), «Дақиқӣ - шоири тағаззулӣ
ва ҳамосасарои асри X» (Ахбори Академияи илмҳои
Тоҷикистон. Шӯъбаи фанҳои ҷамъиятӣ, 1976, №4),
«Масъалаҳои асосии омӯзиши эҷодиёти Аҳмади
Дониш» (Ахбори Академияи илмҳои Тоҷикистон.
Шӯъбаи фанҳои ҷамъиятӣ, 1977, №1), «Марҳалаҳои
асосии ташаккул ва инкишофи адабиётшиносии
советии тоҷик» (ҳамон нашрия, 1977, №4), «Назми
Айнӣ дар солҳои инқилоб» (дар кит. «Ҳаёт,
қаҳрамон ва адабиёт», Душанбе, 1977), «Айнӣ -
публитсист» (Ахбори Академияи илмҳои
Тоҷикистон. Шӯъбаи фанҳои ҷамъиятӣ, 1978, №2),
«Донишманди забардаст» (дар бораи В. И. Абаев,
Садои шарқ, 1980, №11, бо ҳамқаламии М. Исоев),
«Масъалаҳои методологии омӯзиши забони русӣ
ҳамчун забони муносибати байни миллатҳо» (дар
кит: «Забони Ленин - забони Октябрро меомӯзем»,
Душанбе, 1984), «Бозсозӣ ва танқиди адабӣ»
(Адабиёт ва санъат, 1990, 26 апрел), «Марҳалаҳои
таҳаввули шеъри С.Айнӣ», (Ҷашнномаи Айнӣ, 2002,
барориши IX).

Абдуқодир Маниёзов ҳамзамон дар таҳия,
таҳрир ва омодаи нашр сохтани як силсила осори
илмӣ, адабӣ ва луғату муҳовараҳо саҳм гирифтааст,
ки китобҳои «Масъалаҳои адабиёти муосири гоҷик»
(1970), «Маҷмӯаи шеърҳои Ибни Сино» (1980),
«Таърихи адабиёти советии тоҷнк» (1980, h.IV),

14
_______________Еды ёри меҳрубон______________

дуҷилдаи мунтахаби осори М. Турсунзода (1981),
силсилаи маҷмӯаи «Ҷашнномаи Айнӣ» (1963 ва
минбаъд), нашри энсиклопедии «Республикам
Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» (1984), «Луғати
русӣ-тоҷикӣ» (Москва, 1985) аз ҷумлаи онҳо
мебошад.

Абдуқодир Маниёзов дар Тоҷикистон ҳамчун
муаллиф ва мураттиби китобҳои дарсии «Адабиёти
советй», «Адабиёти ватан», «Адабиёти тоҷик»
барои мактабҳои миёна шинохта шудааст ва ин
ҷабҳаи фаъолияти ӯ аз солҳои 60-уми асри гузашта
ибтидо гирифта, то поёни умраш идома ёфт.

Диди фарохи илмй ва тафаккури неруманди
таърихиаш ба ӯ имконият доданд, ки дар доираҳои
илмй ва адабии Тоҷикистон ва берун аз марзи он -
Русия, Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон ва
соири мамлакатҳои Шарқ маҳз бо фаъолияти илмй
ва қобилияти ташкилотчигиаш шинохта шавад.
Чанде аз мақолаҳои илмию таҳқиқотии ӯ дар
сахифаҳои матбуот ва нашрияҳои Ӯзбекистон,
Украина, Афғонистон, Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи
Амрико ва ғ. интишор ёфтаанд. Ӯ дар семинар,
симпозиум ва конференсияҳои байналмилалии
«Шеъри форсй» (Душанбе, 1968), 400 - солагии
вафоти Боязиди Ансорй (Пири Равшан) ва
бузургдошти ҳазораи Дақиқӣ (Кобул, январ ва
декабри 1975), устодони забони форсй (Деҳлӣ, 1989),
робитаҳои фархангй (Хитой, Шинҷон, 1989),

15
_______________Ёди ёри меҳрубон_______________

масъалаҳои эроншиносӣ (Теҳрон, 1995), робитахои
адабӣ ва фарҳангии қарни XXI (Вашингтон, 1996),
пажӯхиш дар фарҳанги бостон (Париж, 2002)
ширкат ва суханронӣ кардааст. Солҳои 1980 ва 1985
дар хайати намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ дар
рӯзҳои дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ба шаҳри
Кобул ва соли 2002 ба мақсади ширкат дар таъсиси
намояндагии Анҷумани «Пайванд» ба Брюсел
(Белгия) ва Амстердам (Голландия) сафар
намудааст.

Ӯ солҳои тӯлонӣ дар ҳаёти ҷамъиятии
мамлакат фаъолона ширкат дошт: узви Кумитаи
Шӯравии муҳофизати сулҳ, Узви Раёсати Марказии
Анҷумани дӯстии шӯравию афгон, узви Шӯрои
муассисони Фонди шӯравии маданият, узви Шӯрои
ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмии Шӯъбаи адабиёт
ва забони Академияи илмхои Иттиҳоди Шӯравӣ,
узви раёсати Анҷумани дӯстӣ ва робитаҳои
фархангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ,
муовини раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва
Афғонистон, узви Кумитаи истилоҳоти Академияи
илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Раёсати
Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Ҷумхурии Точикистон
ба номи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва
меъморй ва ба номи Ибни Сино дар соҳаи илм ва
техника дар назди Ҳукумати Ҷумхурӣ, узви Садорат
ва Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
узви Раёсати Ҷамъияти «Дониш»-и Ҷумхурии

16
_______________Ёди ёри меҳрубон_______________

Точикистон. раиси Ҷамъияти китобдӯстони шаҳри
Душанбе, узви ҳайати асосии таҳририяи
Энсиклопедияи советии тоҷик, узви ҳайати
таҳририяи Ахбори Академиям илмҳои Ҷумҳурии
Точикистон (Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятӣ), узви
комиссиям давлагии таҳияи Қонуни забони
Ҷумҳурии Точикистон ва узви гурӯҳи кории он буд.
Чанде аз вазифаҳои илмй ва чамъиятии вай аз
қабили муовини раиси Анҷумани тоҷикон ва
форсизабонони чаҳон, узви Шӯрои Марказй ва
Шӯрои куҳансолони Ҳаракати вахдати миллӣ ва
эҳёи Точикистон, узви Шӯрои чамъиятии Ҷумхурии
Точикистон, узви комиссиям номгузории

Ҳукумати шаҳри Душанбе, вакили Мачлиси
намояндагони халқи шаҳри Душанбе, раиси Шурой
ҳимояи рисолаҳои доктории назди Институти забон
ва адабиёти ба номи Рӯдакй, узви Бунёди Рӯдакӣ ва
кумитаи Айнй то дами вопасинаш давом кардаанд.

Абдуқодир Маниёзов на фақат дар
Точикистон. ҳамчунин берун аз марзҳои он низ ба
ҳайси донанда ва хонандаи шеъри тоҷикӣ шинохта
шудааст. Ӯ аз овони чавонӣ фаъолияти тахкиқоти
илмй ва шеършиносиву сухансанчиву хониши
шеърро тавъам анчом додааст. Ашъори бисёр
шоирон, намунаҳои эчодиёти шифоҳии халқӣ ва
осори нависандагони точикро тавассути овози
маргуладор ва хониши зебо ба самъи миллионҳо
мардумони олам мерасонид. Маҳорати хосаи

17
_______________Ёди ёри меҳрубон_______________

гӯяндагии Абдуқодир Маниёзов ба овози фораму
дилнишин ва маънирасиву адофаҳмии ӯ дар матни
бадей алоқа мегирад. Шахсоне, ки бо ӯ пиромуни
шеър ва шеърият, масоили арӯз ва санъати сухан
ҳамсӯҳбат шудаанд, аз ин давлати бузурги маънавӣ
ва шахсияти ҷозиби ӯ баҳраҳо бурданд.

Як паҳлӯи фаъолияти илмии ӯ ба тадқики
масъалаҳои мубрами забоншиносии тоҷик, ҳусни
сухан ва маҳорати суханварӣ, тарғибу пуштибонӣ аз
забон ва фарҳанг, зарурати таърихии омӯзиш ва
бузургдошти забонҳо алоқа мегирад, ки дар ин
ҷабҳа низ ӯ мақола ва гузоришҳои ҷолиб дар
нашрияҳои Тоҷикистон ва Русияву Эрону
Афғонистон ба табъ расонидааст. Зиёда аз 150
маҷмӯаи осори хурду бузурге, ки тартибу таҳриру
тадвинашон бо ширкати ӯ анҷом ёфтаанд, дар
солҳои гуногун аз тариқи нашрияҳои Тоҷикистон
чоп шудаанд.

Доираи фаъолияти Абдуқодир Маниёзов фақат
ба таҳқиқи масъалаҳои мухталифи адабиёт ва
гӯянда-гӣ, корҳои маъмурй ва созмондиҳӣ махдуд
наме-шавад. Ӯ тадқиқи масъалаҳои тарҷумаи
бадеиро бо амали бевоситаи тарҷумонӣ якҷоя
анҷом дода, дар ин соҳа низ ба ҳайси муҳаррир,
мураттиб ва мутарҷим шинохта шудааст. «Хамсат-
ул-мутахайирин»-и Алишери Навоӣ аз ҷумлаи
намунаи тарҷумаҳоест, ки аз ҷониби Абдуқодир
Маниёзов бо дарки масъулият, маҳорат ва

18
_______________Ёди ёри меҳрубон______________

ниҳояти забондонӣ анҷом додааст ва ду маротиба
(солҳои 1961,1989) бо тавзеҳ ва пешгуфтори ӯ чоп
шуда, дар байни хонандагони Тоҷикистону
Ӯзбекистон шӯҳрат ёфтааст. Абдуқодир Маниёзов
«Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро низ бо

ҳамқаламии Нусур Холмуҳаммадов тарҷума
кардааст, ки он дар ду ҷилд (солҳои 1983,1985) чоп
шуда буд. Аз рӯи нашри мазкур соли 1985 дар
Кобул ба форсии дарӣ ва ба муносибати ҷашни
навадумин зодрӯзи академик Б.Ғафуров соли 1997
ба ҳуруфи форсӣ ва соли 1998 ба тоҷикӣ аз тарафи
нашриёти «Ирфон» интишор ёфт. Ҳамчунин
тарҷумаи як қатор қиссаву романҳои нависандагони
халқҳои гуногун, ба мисли П.Лукнитский

«Тоҷикистон» (1959, бо ҳамқаламии М.Шукуров),
А.Яковлев «Саргузашти Руал Амундсен» (1960, бо
ҳамқаламии Ғ1.Холмуҳаммадов), В.Г.Короленко
«Безабон» (1965), романи Афандӣ Капиев «Шоир»
(дастнавис) ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Тайи солҳои сарварии Абдуқодир Маниёзов
Института забои ва адабиёти ба номи Рӯдакй ва
Шӯрои дифои рисолаҳои доктории он садҳо
олимони соҳаи филологияро тарбия карда ва дар ин
муддат худи Институт ба як маркази бузурги илми
филологияи тоҷик табдил ёфт, ки дар ин ҷабҳа низ ӯ
хизматҳои бедарег барои халк ва маърифати чомеа
анҷом додааст.

19
_______________Ёди ёри меҳрубон_____________

Хизмагҳои шоистаи Абдуқодир Маниёзов дар
рушди илму фарҳанг ва пешбурди ҳаёти чамъиятй
бо орденҳои Шараф, Нишони Истиклол, медали
«Барой меҳнати шуҷоатмандона» кадр ёфтаанд. Ӯ
хамчунин бо медали ҷашни ба шарафи 100-солагии
таваллуди В. И. Ленин, ифтихорномаҳои Раёсати
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон, номаҳои
ифтихории Кумитаи Марказии Хизби Коммунистии
Точикистон, Анҷумани дӯстӣ ва робитаҳои
фарҳангии Иттиҳоди Шӯравӣ бо кишвархои
хориҷӣ, Кумитаи Муҳофизати сулҳ, Вазорати
маорифи ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии
Точикистон сарфароз гардидааст.

Абдуқодир Маниёзов аз соли 2000 то охири
рӯзҳои ҳаёташ сарвари ифтихории Институти забон
ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва раиси Кумитаи
ичроияи Анҷумани «Пайванд» буд. Ӯ ба рагми
дарди бедармон, ки дар солҳои охири зиндагй
чисмашро афгор карда буд, фаъолияти илмию
ҷамъиятии худро идома медод.

26 апрели соли 2008 бо умеди шифо ӯро ба
Ҷумҳурии Исломии Эрон бурда, дар бемористони
«Меҳр»-и шаҳри Теҳрон бистарӣ намуданд, аммо
дар гирудори ҳаёту мамот марги беамон дастболо
шуд. Рӯзи 3 майи соли 2008 дар ин бемористон
қалби инсони шариф, донишманди мумтоз,
суханвари барчаста ва чеҳраи маъруфи илму адаби
точик Абдуқодир Маниёзов аз тапидан боз монд.

20
Ёди ёри меҳрубон

Вай дар роҳи ба ҳам овардани тоҷикони ҷаҳон ва
форсизабонони бурунмарзӣ ва арзишҳои таърихиву
фарҳангии онон хизматҳои бедареғ кардааст. Ин
донишманди фарҳехта ва саршиноси кишвар,
устоди сухан ва яке аз донандагони маъруфу
нотакрори шеьри форсии тоҷикӣ то лаҳзаҳои
вопасини умр дар роҳи пойдориву ҳифзи арзишҳои
таърихй ва фархангии форсизабонони дунё амали
хуб ва эътиқоди сахт ба ёдгор гузошт.

21
, . нрхБР ннфтнсл ннадйюго- \/М во Итон гтвй. fiwl

,т?кьқпь>1 i^qw^o ноХты/н-йс нЬ«о нкШкх^Шр

в,ы Щ?1 Фщҷ^&'•«<#>&*'*»

oq qbr. q>/v кғтэвтюн






Ёди ёри меҳрубон

I

Дар дили дӯстон
ва шогирдон

23



Ёди ёри меҳрубон

Хуршеда Отахонова

ШАМЪ ЧУН ХОМӮШ ГАРДАД,

ДОҒИ МАҲФИЛ МЕШАВАД

Барой ман дар бораи Абдуқодир Маниёзов низе
навиштан ниҳоят душвор аст. Зеро ҷароҳате, ки аз
реҳлати ӯ бардоштаам, ҳанӯз ба ҳам наомадааст.

Ману Абдуқодир қариб тамоми умр аз кору
бори ҳамдигар бохабар будем. Кудакиамон дар як
маҳалла гузаштааст. Падару модари Абдуқодир дар
Истаравшан кору фаъолият мекарданд ва ҳавлие, ки
онҳо дар он зиндагӣ доштанд, ба ҳавлии мо
ҳамдевор буд. Баъд онҳо кӯчида ба Конибодом
рафтанду мо ба Душанбе омадем.

Соли 1948 Донишгохи давлатии Тоҷикистон
таъсис ёфт ва мо боз бо ҳам вохӯрдем. Дар як
факулта таҳсил кардем. Соли 1953 баъди хатми
Донишгоҳ ба Института забон ва адабиёти ба номи
Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон омадем ва
такдири худро ба такдири ҳамин даргоҳи муқаддас
пайвастем.

Абдукодир Маниёзов дар тӯли ин солҳо дар
баробари корманди илмӣ будан ва ба тадқиқ илмй

25
_______________Ёди ёри меҳрубон_______________

машғул шудан, ҳамеша кори ташкилию маъмуриро
бар ӯхда дошт. 28 сол сарвари Институти забои ва
адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд ва май зери роҳбарии ӯ
кор мекардам.

Абдуқодир Маниёзов 10 августа соли 1930 дар
шаҳри Конибодом дар хонаводаи шахсони
сохибмаърифат чашм ба дунё кушода, дар муҳити
барои инкишофи маънавии инсон созгор ба воя
расидааст. Волидайни ӯ дар аввал корманди ҳизб
буда. баъд то охири умр омӯзгор туда кор
кардаанд. Май нахустин нашри мухтасари
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро бо хуруфи
лотинӣ пеш аз ҷанги зидди фашистони Олмон дар
хонаи онҳо дида будам.

Ёдам меояд, дар Донишгоҳи давлатии
Тоҷикистон бори нахуст аз адабиёти классики ба
устод Шарифҷон Ҳусейнзода имтиҳон месупоридем.
Ҳеҷ кас ҷуръат намекард, ки ба назди он кас дарояд.
Муаллим Абдукодир Маниёзов, Ҳамия Исмоилова,
Зоҳир Аҳрорӣ ва Муҳаммадвафо Бақоевро даъват
намуданд. Дигарҳо дар паси дар тарсидаю ларзида
меистоданд. Аз вақти муқарраршуда хеле гузашт,
вале аз синфхона касе намебаромад. Мо гумон
кардем, ки онҳо ба саволҳои билет чавоб дода
натавонистанд ва муаллим саволҳои иловагй дода.
донишашонро санҷида истодаанд. Барои он ки
вазъиятро фаҳманд, духтарҳо дарро оҳиста кушода
маро ба дарун тела доданд. Нигох кунам, Абдукодир

26
________________Ёди ёри меҳрубон_______________

Маниёзов рост истода шеър мехонад ва дигарҳо хама
гӯшу ҳуш шуда нишастаанд. Чеҳраи нуронии устод
Ҳусейнзода ғарқи табассум аст. Маълум шуд, ки
бачаҳо кайҳо ба саволҳо ҷавоб дода баҳо
гирифтаанд, вале ба муаллим шеърхонии Абдукодир
хуш омадааст ва он кас хоҳиш кардаанд, ки чанд
шеъри дигар хонад. Муаллим чунон хурсанд буданд,
ки ҳатто аз бепурсиш даромадани ман наранчиданд.

Абдукодир нафакат шеър, балки порчаҳои
калони насриро аз «Одина» ва «Дохунда»-и С. Айнй
аз ёд медонист ва дар лаҳзаҳои фориг аз даре барои
ҳамкурсон қироат мекард. Ҳанӯз аз солҳои гаҳсил ӯ
ровии шӯъбаи хориҷии Радиои Тоҷикистон буд.

Абдукодир Маниёзов ба фаъолияти илмию
тадқиқию ташкилӣ ва ҷамъиятии худ дар пешрафти
соҳаҳои гуногуни филологияи тоҷик ва умуман илму
фарҳанги ҷумҳурӣ нақши равшане гузоштааст.

Ӯ яке аз айнишиносони намоёни Тоҷикистон
буд. Нахустин ҷустуҷӯҳои худро дар ҷодаи илм аз
гадқиқи эҷодиёти устод Айнӣ шурӯъ намудааст.
Мақолаҳои ӯ доир ба эҷодиёти С. Айнй аз соли 1956
cap карда дар сахифахои рӯзномаву маҷаллаҳои
чумҳурӣ ба табъ расидаанд, ки муҳимтаринашон
инҳоанд: «Материал-ҳо доир ба фаъолияти

публитсистии С. Айнй дар солҳои револютсия»
(1956), «Шеърҳои инқилобии С. Айнӣ» (1957),
«Фаъолияти журналистии С. Айнӣ» (1958),
«Нахустин шеърҳои устод Айнӣ» (1958),

27
________________Ёди ери меҳрубон_______________

«Мулоҳизаҳо дойр ба ташаккули насри С. Айнй»
(1963) ваг.

Соли 1958 Нашриёти давлатии Тоҷикистон
рисолаи А. Маниёзовро таҳти унвони
«Публитсистика ва назми устод С. Айнй» ба табъ
расонид. Дар асари ӯ «Марҳалаҳои аввали эҷодиёти
С. Айнй ва мақоми он дар адабиёти инқилобии
Шарки наздик» (1960) нахустин бор дар
айнишиносии тоҷик эҷодиёти устод Айнй дар
ҳамбастагӣ бо адабиёти муосири Эрону Афғонистон
мавриди баррасй карор шрифта, мақоми ӯ дар ин
адабиёт муайян карда шуд.

А. Маниёзов инчунин дар таҳия ва таҳрири
маҷмӯаҳо ва ҷилдҳои ҷудогонаи Куллиёти устод
Айнй ширкат варзидааст. Дар як қатор мақолаҳояш
ба монанди «Шеъри нав» ва баъзе масъалаҳои
шеърият», «Таҳаввули шакли бадей дар эҷодиёти
устод Лоҳутӣ», «Марҳалаҳои асосии ташаккул ва
инкишофи адабиёти советии тоҷик», «Бозсозй ва
танқиди адабӣ» масъалаҳои назарй ва проблемавии
адабиёти муосири тоҷикро ба тадқиқ гирифта, дойр
ба рохлои ҳалли онҳо андешахои муфид ва судманд
баён намудааст.

А. Маниёзов роҷеъ ба масъалаҳои равобити
адабии тоҷику дигар халқҳо ва намояндагони ин
адабиётҳо як силсила маколахои пурарзише аз
қабили «С. Айнй ва адабиёти рус», «Дӯстии
беназир», «Суханвари бузурги рус», «Мухтор Авезов

28
_______________Ёди ёри меҳрубон_______________

- классики адабиёти советй» таълиф намудааст, ки аз
вуқуфи ӯ аз адабиёти халқҳои дигар дарак медиҳад.
Китоби «Адибони Тоҷикистон», ки бо ҳамқаламии
М. Левин таълиф шудааст, чор даъфа ба забонҳои
тоҷикию русй чоп шудааст.

А. Маниёзов донандаи хуби адабиёти классикии
форсу тоҷик буд, суханрониҳои ӯ дар симпозиумҳои
байналмилалии Ҳиндустону Амрико, Афғонистону
Эрон, Ӯзбекистон ва ҳамчунин маколаҳои ӯ -
«Масъалаҳои омӯзиши эҷодиёти Аҳмади Дониш»,
«Дакиқӣ - шоири тағаззулй ва ҳамосасарои асри X»,
«Назаре ба робитаҳои адабии тоҷику афғон»
масоили гуногуни ин адабиёт ва эҷодиёти чеҳрахои
дурахшони онро фаро гирифта, дар адабиётшиносии
тоҷик аҳамияти хосса пайдо кардаанд.

Соли 2004 ба муносибати ҷашни ҳазораи
зодрӯзи адиб ва мутафаккири бузург Носири Хусрав
китоби ӯ «Ҳакими суханвар» (бо ҳаммуаллифии X.
Шарифов) ба табъ расид. Дар ин китоб сухан аз
рӯзгор ва осори Носири Хусрав ба миён омада, баъзе
пахдӯҳои эчодиёти ин донишманди мумтоз, шоир ва
нависандаи нуктапардоз мавриди баррасӣ қарор
гирифтааст.

Дар аксари таълифоти А. Маниёзов, ҳатто дар
он мақолаҳое ҳам, ки хусусияти таблиғотӣ ва
маърифатӣ доранд, бисёр фикрҳои тоза ва
андешахои ҷолиб ба назар мерасанд. Забони фасеҳ ва
пуробуранг боз як омили муҳиммест, ки мазмуни ин

29
________________Ёди ёри меҳрубон_______________

мақолаҳо ва нияти муаллифи онҳоро ба зеҳну дили
хонандагон менишонад.

Дарвоқеъ, А. Маниёзов суханвари борикбин ва
нуктасанҷе буд. Фасохату балоғати сухани ӯ дар хуб
донистани забони осори классикой, ғановати
захираи лугавии ӯ, истифодаи бамавриди калимаҳо,
гунҷонида тавонистани «маънии бисёр дар каломи
андак» аст. Агар дар китоби Алишер Навой
«Хамсат-ул-мутаҳайирин», ки то имрӯз ба забони
тоҷикӣ ду бор нашр гардид, номи тарчумони он
Абдуқодир Маниёзов сабт намеёфт, хонанда ҳеҷ
гумон намекард, ки ин асар ба забони ӯзбакӣ
навишта шудааст. «Хамсат-ул-мутаҳайирин»
намунаи классикии тарҷу-маи илмиву бадей
мебошад. Инчунин тарҷумаҳои асарҳои «Безабон»-и

В. Г. Короленко, «Саргузашти Руал Амундсен»-и А.
Яковлев, «Тоҷикистон»-и П. Лукнитский (бо
ҳамроҳии М. Шукуров), «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров дар
ду ҷилд (бо ҳамроҳии Н. Холмуҳаммадов) аз
маҳорати сухандонию суханшиносии ӯ дарак
медиҳанд. Аз забони асарҳои Абдукодир Маниёзов
як ҳарфро беҷо кардан, як калимаро иваз намудан
имконнопазир аст. Устод Муҳаммадҷон Шакурй дар
мавриде гуфта буданд: «Ягона китобе, ки ман
муҳаррири он будаму қалам назадаам, китоби
Абдукодир Маниёзов «Публит-систика ва назми С.
Айнй» мебошад».

30
________________Ёди ёри меҳрубон______________

Абдуқодир танҳо адабиётшинос набуд. Ӯ
соҳаҳои гуногуни филологияро хуб медонист, назари
илмиаш вусъатнок ва амиқ буд. Бисёр асарҳои
бунёдии Институти забон ва адабиёти ба номи
Рӯдакӣ, аз қабили «Луғати русӣ-тоҷикӣ»,
«Грамматикам забони адабии тоҷик», «Таърихи
адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо»,
«Куллиёти илмии фолклори тоҷик», маҷмӯаҳои
илмиву адабй, осори зқёди адибони тоҷик нақши
калами таҳрири Абдуқодир Маниёзовро доранд. Ӯ
амалан муассиси идораи таҳияи «Энсикло-педияи
советии тоҷик» буд.

Дар солҳои роҳбарии ӯ Институти забон ва
адабиёт ба бузургтарин маркази тадқиқоти илми
филологиям тоҷик ва макони тарбияи мутахассисони
соҳаҳои гуногуни он табдил ёфт. Осори олимони ин
муассисаи илмӣ нафақат дар Тоҷикистон, балки
берун аз он, дар мамлакатҳои дуру наздики хориҷӣ
интишор ёфта, сазовори баҳои баланди ахли илм
гардиданд.

Абдукодир Маниёзов ҳамчун роҳбари
хирадманд аз як тараф, барои анҷом додани
тадқиқоти муҳим ва таълифи асарҳои барҷастаи
илмӣ ба кормандони Институт шароити мусоид
фароҳам оварда бошад, аз тарафи дигар. дар муайян
намудани проблемахои тадқиқшавандаи риштаҳои
гуногуни забону адабиёт, кашидани нақшаҳои

31
________________Ёди ёри меҳрубон_______________

дурнамои ҳамаи шӯъбаҳои соҳавӣ бевосита саҳм
гирифтааст.

Абдуқодир Маниёзов ба хдйси раиси Шӯрои
дифои рисолахои доктории Института забон ва
адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар тайёр намудани дахҳо
доктору номзадҳои илм барои муассисаҳои илмӣ ва
таълимии Тоҷикистон, инчунин кишварҳои дуру
наздики хориҷӣ - Ӯзбекистон, Украина, Афгонистон,
Эрон, Хитой низ ҳиссаи муҳим гузоштааст.
Фаъолияти илмии ӯ ба соҳаҳои маорифи халқ ҳам
алоқае дорад. Вай яке аз муаллифони китобҳои
дарсии «Адабиёти совета» (барои синфи 8) ва
«Адабиёти Ватан» (барои синфи 4) буд. Муддати
тӯлонӣ устоди адабиёти Дони'шкадаи санъати ба
номи М. Турсунзода буд ва аз фанни назмшиносй
даре гуфтааст.

А. Маниёзов аз соли 1963 узви Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон, аз соли 1981 узви
вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва аз соли 1996 узви пайвастаи Фарҳангистони забон
ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон буд.

Ба хдмагон маълум аст, ки Абдукодир
Маниёзов дар ҷумхурии мо дар баробари олим ва
солҳои тӯлонӣ роҳбари як муассисаи калони илмй
буданаш, хамчун ровии мумтози осори адибони
классикию муосири точик низ машхур аст. Наворхои
сабти хониши шеърхои лирикии Абӯабдулло Рӯдакӣ.
Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хучандӣ, Абдураҳмони

32
_______________Ёди ёри меҳрубон______________

Ҷомӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, намунаҳои насри
классикӣ, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Анвори
Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифй ва пандномаҳои
бузургони адаб бо садои Абдуқодир Маниёзов
захираи тиллоии радиои тоҷикро ташкил медиҳанд.

Ӯ натанҳо ба тавассути овози марғуладор ва
гӯшнавози худ, балки бо суханварию
донишмандиаш, шеърфаҳмию маънирасиаш низ
маҳбуби шунавандагони радио ва маҳфилҳои дӯстон
гардида буд.

Дар ҷумҳурии мо ҳунармандоне ҳастанд, ки
шеър мехонанд, овози хушу форам доранд, вале кам
инсонеро медонам, ки мисли Маниёзов вазни
шеърро хуб донанд, оҳанги онро роия кунанд,
мантиқи суханро дарк карда, задаҳояшро дар ҷои
лозимӣ монда талаффуз намоянд. Устод Маъсумӣ ба
арӯздонии Маниёзов қоил буданд ва ӯро «Арӯзй»
ном мебурданд. Онҳое, ки доир ба вазни арӯз, вазни
шеъри муосир ва классикӣ чизе навиштаанд, аз
масли ҳатҳои ӯ баҳраҳои зиёд бардоштаанд. Ӯ дар
дил орзуи таълифи китобро доир ба арӯз
мепарварид. Сад афсӯс, ки ин орзуяшро ҳамроҳ ба
хок бурд.

Абдуқодир Маниёзов илова бар ҳамаи он
корҳое, ки зикрашон дар боло рафт, вазифаҳои зиёди
ҷамъиятиро дар ӯхда дошт. Ӯ солҳои тӯлонӣ узви
раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо
кишварҳои хориҷӣ. узви раёсат ва раиси бахши

33
_______________Ёди ёри меҳр убон_____________

адабиёти Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Ҷумхурии
Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт,
санъат ва меъморй, узви раёсат ва раиси бахши
илмҳои ҷамъиятшиносии Кумитаи ҷоизаҳои
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ
ибни Сино дар соҳаи илму фан, вакили Маҷлиси
вакилони шахри Душанбе буд.

Барой хидматҳояш дар пешбурди илму фарҳанг
ва тарбияи маънавии мардум ӯ бо чандин ифтихор-
номаву медалҳо ва нишони «Шараф» мукофотонида
шудааст. Ӯ бо унвони ифтихории Арбоби илм ва
техникаи Ҷумхурии Тоҷикистон сарфароз
гардидааст.

Абдуқодир Маниёзов донишманди фозил ва
инсони покзамиру бамулоҳиза, дорой маънавияти
бой ва маданияти баланди ботинию зоҳирӣ буд. Дар
муддати гӯлонии ҳамкориамон дар Института забон
ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ боре надидаам ё
нашунидаам, ки вай овозашро ба касе баланд карда
бошад. Дар ҳама ҳолат ӯ метавонист хашмро фурӯ
барад ва тамкинро аз даст надиҳад, бо ҳамсӯҳбати
худ бо ҳамон нармию меҳрубонӣ муомила кунад. Ӯ
ба худ ҳама чизро раво медид, вале равои озори
дигаронро надошт.

Дар солҳои даргириҳои бемаънӣ ва ҷангҳои
бародаркушй бинои Институти забон ва адабиёти ба
номи Рӯдакӣ бо амри тасодуф ва ё қасди бадхоҳони
миллат ду маротиба оташ гирифт. Ба хар як

34
Ёди ёри меҳрубон

корманди институт, ки ин даргоҳи муқаддасро хонаи
дувуми худ мешуморад, хусусан ба рохбаре, ки як
умри худро ба нашъу нумӯи он бахшидааст, ин
ҳодиса хеле мудхиш. аламовар ва сангин буд. Дар он
солҳои барои ҷумҳурӣ душвор таъмири ин бино ба
назар гайриимкон менамуд. Маниёзов ҳамеша
андешаманд ва хотир-парешон буд ва ташвишу
изтироби ӯ ҷон дошт. Дар институт захираҳои зиёди
илмй мавҷуд буданд, ки солҳои зиёд бо меҳнати як
гурӯҳи кал они кормандони илмй гирд омадаанд.
Инҳо махзанҳои илмии забои, лугат, фолклор ва
архиви адибони муосири тоҷик мебошанд. Ин
ганҷинаи фарҳангии беназирро ба чойхои бехатар
кӯчонидан ва хифз намудан кори осон набуд.

А. Маниёзов ҳар замон ба дӯстонаш мегуфт, ки
агар боре муяссар шавад, ки Институтро ба по
монем, кормандонро сарҷамъ созем, захираҳоямонро
чобаҷо кунем, ман вазифаи роҳбариро ба ягон
чавони донишманд ва кордону сергайрат месупорам.
Он гох бо хотири ҷамъ ба амалӣ сохтани орзуҳоям,
иҷрои нақшаҳои илмиам машгул хоҳам шуд.

Хушбахтона, бо даву този А. Маниёзов ва
гамхорию ёрии бевоситаи сарвари давлатамон
Эмомалй Рахмон, раиси шахри Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар арафаи ҷашни 1100-
солагии Давлати Сомониён бинои Институт аз
таъмир баромад. Кормандон боз соҳиби ҷои кор ва
захирахои илмй дорой макон шуданд. Абдуқодир

35
________________Ёди ёри меҳрубон_______________

Маниёзов «ҷавони дониш-манди кордону сергайрат»
гуфта муовини худ доктори илмҳои филология, узви
вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Додихудо
Саймиддиновро дар назар доштааст, ки чанд сол
баъд аз ӯ Институтро сарварй кард. Худи Маниёзов
то охири умр директори ифтихорӣ ва маслиҳатгари
маъмурияти Институт буд.

Афсӯс, ки мо дигар ӯро дар дафтари кориаш дар
идораи «Пайванд» намебинем, дар кабинета дар
Института забои ва адабиёт будааш ҳангоми
машғулият бо шогирдон ва сӯҳбат бо дӯстонаш
дарнамеёбем. Ӯ дар синаҳо доге гузошту рафт. Вале
ёди ӯ дар дили пайвандон, дӯстон ва ҳамкорон.
онҳое, ки ақаллан як бор бо ӯ ҳамсӯҳбат шудаанд,
садояшро аз радиову телевизион шунидаанд, боки
хоҳад монд.

Марги соҳибдил ҷаҳоиеро дапели кулфат аст,

Шамъ чун хомӯш гардад, доги маҳфил мешавад.

36
Иди ёри меҳрубон

Худой Шарифов
Абдушукури Абдусаттор

ДАР СИНАҲОИ МАРДУМИ ОРИФ МАКОНИ ӮСТ

Ҳар гоҳ ки аз радиои Тоҷикистон ба тавассути
барномаҳои адабӣ шеърҳои намояндагони бузурги
адабиёти тоҷик Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Фирдавсй,
Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва соири онҳо садо медиҳанд,
аҳли завқ тамоми масоили дунёи ҳастиро дар
лаҳзахои гуворо ва фараҳбахш фаромӯш намуда,
сайри олами маънавии шеъри Адам мекунанд ва аз
зебоихои гулбоги адаби гузаштагони каломи ноби
форсй халоват мебаранд. Алалхусус дар айёме, ки
романи нависандаи тавоно Аъзам Сидқӣ «Пайроҳаи
қисмат», ки ба рӯзгори Шайх Камоли Хуҷандӣ
бахшида шуда буд, ба воситаи радиои тоҷик
шунавонида мешуд, ҳазорон нафар мухлисони
шеъри ин шоири бузургвор, дар соатҳои
муқарраршуда гуфтори навбатии радиоро
бетоқатона интизор мешуданд. Ҳатто пас аз он ки
роман аз тарики радио ба пуррагй садо медод,
сомеони зиёде бо номахои худ аз идораи радио
хоҳиш мекарданд. ки он такроран шунавонида
шавад.

37
Ёди ёри меҳрубон

Вале афсӯсу дареғ, ки соҳиби ин садом рӯҳнавоз
ва ҳаловатбахши ҷонҳо Абдуқодир Маниёзов имрӯз
дар миёни мо нест. Чанд моҳ аст, ки ӯ дунёи фониро
падруд гуфтаву ба олами бокӣ пайвастааст. Дигар аз
кӯчаҳои шаҳр солоронаву беозор қадам намезанад,
дигар дар маҷлису маҳфилҳо садом ҳалимонаву
форами ӯ садо намедиҳад, дигар аз забони худи ӯ
шунидани каломи ноби форсӣ муяссар намегардад.
Марг аст, ки ӯро рабуда ва ҳамаро бо навбат
мерабояд. Зеро ба қавли шоир:

Ҷаҳон ҷому фалак - соқӣ, аҷал - май,
Халоиқ боданӯши маҷлиси вай.

Халосӣ нест дар олам касеро,

Азин ҷому аз ин соқӣ, аз ин май.

Вақте ки ба роҳи тайнамудаи зиндагии
Абдуқодир Маниёзов менигарем. хохем гуфт, ки ӯ
шахсиятест нотакрор, ки барояш Худованд чандин
сифоту ҳунарҳоеро арзонй дошта ва муҳити
зиндагонии ӯро аз як ҷавони фазлдӯсту адабпарвар
то шахсияти шоистаи илму адаби замони муосир ба
камол расонидаааст.

Дар ташаккули шахсияти Абдуқодир монанди
ҳар инсони дигар муҳите, ки ӯ ба дунё омада ва ба
камол расида буд, албатта, асари муҳимме гузошт. Ӯ
дар хонаводае ба дунё омад, ки қиблагоҳаш
Орифҷон Маниёзов ва моДараш Рокиябону аз аҳли

38
Ёди ёри меҳрубон

китобу савод буданд ва дар овони тифлй дар дили
фарзанди худ мехри китоб ва илму адабро бедор
карда тавонистанд. Аз ин ҷост, ки ӯ дар овони таҳсил
дар мактаби миёнаи зодгоҳаш - шаҳри Конибодом
ба китобхонӣ ва ҳифзу қироати шеър шавқу рағбати
зиёд пайдо карда буд. Шаҳри Конибодом дар оғози
водии Фаргона, агар рӯ ба Шарқ биравӣ ва ҳавзаҳои
фарҳангии Хуҷанду Истаравшан ва Чоч (Тошканд)
Чой дорад ва аз замони қадим файзи фарҳангу адаби
тоҷикии шарқию гарбй ба ӯ мерасид. Бинобар ин
мадрасаю таълимгоҳҳо, масҷидҳо мавҷуд буданд,
баҳсҳои илмию ахлоқӣ, адабӣ ва маҳфилҳои савту
суруд авҷу мавҷи муносиби замон ва хоҳиши
ниёзмандон ба акду равону қалбҳои наҷиби инсонй
меоварданд. Аз ин чост, ки мардуми Конибодом дар
замони ошӯбҳои солҳои аввали мавҷудияти
Ҳокимияти шӯроҳо ва гирудорҳои миллӣ аз
миллияти тоҷикии худ садо доданд ва ҳувияти
миллию фарҳангии худро нигоҳ доштанд. Ҳамин
суннатҳои деринаи илмию фарҳангӣ буданд, ки
чавонони конибодомӣ дар солҳои бистум ва сиюму
чилуми асри гузашта рӯй ба мактабу маориф
оварданд ва дар миёни онҳо табибони ҳозиқ,
олимони риштаи риёзӣ, забону адабиёт ва дигар
риштаҳои илму дониш ба камол расиданд.
Абдуқодир Маниёзов тарбиятёфтаи мавҷи дуюми
фарзандони обрӯманди Конибодом аст, ки бегумон,
тарбияи хулқу завқу маърифати қадимии миллиро

39
_________ Ёди ёри меҳрубон

гирифга буд. Ҳусни ахлоқ ва тарбияи завку ҳавасҳо
дар айёми кӯдакӣ ва наврасй бунёд гузошта
мешаванд. Ҳангоме ки қадам ба остонаи Донишгоҳи
давлатии Тоҷикистон ниҳод, китобҳои зиёдеро
мутолиа ва ашъори бисёр шуарои гузаштаву
муосири тоҷикро аз ёд дошт.

Муҳити дигаре. ки дар ташаккули шахсияти
Абдукодир Маниёзов муассир афтод, ҳавзаи илмии
Душанбеи солҳои панҷоҳум ва шарафи шогирдиву
ҳамкории ӯ бо устодони варзидаи риштаи суханварй
Ш. Ҳусейнзода, Б. Ниёзмуҳаммадов, Н. Маъсумй,
И.С. Брагинский, Д.Э. Хдйтун, С.Ш. Табаров, М.Ф.
Фозилов. Р. Амонов, Г.С. Михайличенко ва соири
онҳо буд. Ҳамин устодон будайд, ки қобилиятхои
ӯро чун наттоку ровии шеър, олими суханшинос.
мутарҷим ва мунаққид кашф намуданд ва дар
такмилу сайқалёбии ин қобилиятҳо мусоидат
намуданд.

Яке аз шарикдарсони донишгоҳии Абдукодир
Маниёзов - узви пайвастаи АИ Тоҷикисгон Хуршеда
Отахонова воқеаеро нақл намудааст, ки хеле ҷолиб
аст. Тибқи накди ӯ, аз ҷумлаи шарикдарсон Зоҳир
Аҳрорӣ, Муҳаммадвафо Бақоев ва Абдукодир
Маниёзов дар соли аввали донишҷӯӣ барои
супурдани имтиҳони нахустин аз адабиёти классикии
тоҷик вориди синфхона гардиданд. Дониши онхоро
он рӯз аз таърихи адабиёз^и тоҷик профессор
Шарифҷон Ҳусейнзода месанҷиданд. Донишҷӯёни

40
______________ Ёди ёри меҳрубон

дигар паси дар мунтазири баромадани онҳо ва
расидани навбати хеш буданд. Фурсате, ки барои
имтиҳонсупорӣ лозим буд, кайҳо гузашта, вале ягон
нафари онҳо берун наомаданд. Ҳангоме ки
ҳамсабақон барои фаҳмидани вазъи се нафар
имтиҳонсупорандагон Хуршеда Отахоноваро ба
зӯрӣ ба дохили синфхона тела доданд, ӯ шоҳиди
ҳодисаи аҷибе гардид. Ӯ медид, ки Абдуқодир рост
истода шеър мехонад ва устод Хусейнзодаву дигарон
мафтуни садои рӯҳнавозу лаҳни форами шеърхонии
ӯ нишаста ва оламу одамро фаромӯш кардаанд.
Маълум гардид, ки ҳар се шарикдарс ҳам имтиҳон
супоридаанд, вале шеърхонии Абдуқодир ба устод
Хусейнзода хеле хуш омада ва ӯ хоҳиш кардааст, ки
Абдукодир боз шеър хонад. Абдуқодир шеър
мехонду чеҳраи устод аз фараҳ ва қаноатмандӣ чун
гул мешукуфт.

Шояд бар асари ҳамин воқеа буд, ки Абдуқодир
Маниёзов соли 1950 ҳанӯз ҳангоми донишҷӯи соли
дувуми факултаи таъриху филологияи Донишгохл
давлатии Тоҷикистон буданаш бо тавсияи профессор
Шарифҷон Хусейнзода аз идораи радиои
Тоҷикистон ба ҳайси нотиқи шӯъбаи бурунмарзӣ ба
фаъолият пардохт ва то охири умр ҳамин шуғли
наттоқй ва ривояти шеърро тарк накард.

Дар тӯли солҳои шастуму хафтодуми қарни
бистум ташаккули шахсияти Абдуқодир Маниёзов
чун олим, публитсист ва донишманди адабиёти

41
_____Edit ёри меҳрубон

гузаштаву муосири тоҷик сурат гирифт ва дар ин
замина осори зиёди ӯ таълиф ва нашр гардиданд.
Рисолаи номзадиаш дар мавзӯи «Марҳалаҳои аввали
эҷодиёти Садриддин Айнӣ ва мақоми он дар
адабиёти инқилобии Шарқи Наздик» таҳти
роҳнамоии И. С. Брагинский дифоъ карда шуда ва
соли 1958 рисолаи ӯ «Публитсистика ва назми устод
Садриддин Айнӣ» дар шакли монографияи алоҳида
ба табъ расид. Рисолаи ӯ аз зумраи нахустин
тадкикоти илмӣ дар адабиётшиносӣ буд, ки
фаъолияти публитсистии устод Айниро дар давраи
муайян, яъне солҳои 1918-1921 мавриди баҳси илмӣ
қарор дода буд.

Дар баробари ин хдма ' силсилаи мақолоти
Абдуқодир Маниёзов доир ба ҷанбаҳои гуногуни
рӯзгору осори Дақиқӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Аҳмади
Дониш, Зуфархони Ҷавҳарӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода
таълиф ва нашр гардиданд. Навиштаҳояш дар
масъалаҳои равобити адабии халқҳои собик
Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷи он дар мавзӯоти
«Садриддин Айнӣ ва адабиёти рус», «Сардафтари
адабиёти револютсионии Латвия», «Даҳои адабиёти
рус», «Равобити адабии халқҳои тоҷик ва афғон» ба
габъ расиданд.

Дар тӯли солҳои шастум ва ҳафтодум
Абдукодир Маниёзов дар таҳриру нашри Куллиёти
15-ҷилдаи Садриддин Айнй, нашри дуҷилдаи
«Шохнома»-и Абулкосим Фирдавсй, Энсиклопедияи

42
____________ Ёди ёри меҳрубон__________________

Советам Тоҷик ширкати фаъолона дошт. Дар ин
марҳила фаъолияти тарҷумонии ӯ ҳам назаррас буда,
бо сайъи ӯ «Хамсат^ул-мутаҳайирин»-и Алишери
Навой, романҳои «Руал Амундсен»-и А. Яковлев,
«Безабон»-и А. Короленко, «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров
(бо ҳамқаламии Н. Холмуҳаммадов) ба тоҷикӣ
баргардонида шуданд.

Дар тӯли ин солҳо як қобилият ва истеъдоди
фитрӣ ва худододи дигари Абдуқодир Маниёзов
зухур кард ва ба тамоми ҷараёни минбаъдаи умри ӯ
таъсири ҷиддӣ намуд. Ин қобилияти роҳбарӣ ва
муносибат карда тавонистан бо одамони тоифаҳои
гуногун буд, ки ӯро то вазифаи сарвари Пажӯҳишгоҳи
забои ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи
илмҳои Тоҷикистон расонд. Маҳз зуқури ҳамин
қобилият ва истеъдоди роҳбарӣ буд, ки соли 1962 ӯро
ба вазифаи муовини директори Пажӯҳишгоҳи забои
ва адабиёти ба номи Рӯдакй баргузиданд ва аз соли
1972 сарварии ин даргоҳи бонуфузи илми
суханшиносиро ба ӯ бовар карданд. Абдуқодир
Маниёзов то соли 2000, яъне 28 сол вазифаи
директори ин Пажӯҳишгоҳро бар ӯхда дошт ва дар ин
муддат натанхо фаъолияти тадкиқотӣ ва илмии
донишмандони ин даргоҳро дар сатҳи хеле хуб
ташкил карда тавонист, балки ба ҳайси раиси Шӯрои
диссертатсионии ин Пажӯҳишгох дар тарбияи садҳо
номзадҳо ва докторҳои илм саҳми муассир гузошт.

43
Ёди ёри меҳрубон _________

Чунонки медонем, ба ин муддати тӯлонӣ ба
ҳайси сарвари як идора ё муассиса, алалхусус
муассисаи илмӣ, ки аксари кормандонаш олимону
донишмандо-нанд, фаъолият намудан ба кам касон
муяссар мегар-дад. Агар 7 соли фаъолияти
Абдуқодир Маниёзовро ба ҳайси муовини директори
Пажӯҳишгоҳи мазкур ба назари эътибор гирем, пае
дар маҷмӯъ ӯ дар тӯли 35 сол дар мақоми роҳбари як
муассисаи илмй буд ва то нафасҳои охиринаш
унвони директори ифтихории ин даргоҳи илму
адабро дошт.

Ба андешаи мо, сабабҳои мақому манзалати ӯ
чун роҳбар ва ташкилотчигии ӯ дар ниҳоди инсонӣ
ва сифоти шахсии вай ниҳон аст. Ӯ чун шахсияте
тарбият ёфта буд ороста, ба хисоли неке чун ҳалимй,
фурӯтанӣ, хоксорӣ, тадбирандешӣ, сухандонӣ,
накӯхоҳӣ ва ҷавонмардӣ. Аз ин ҷост, ки бо ҳамаи
тоифаи мардум забои ёфта метавонист. Бадгӯён ва
ҳасудону муноқидонашро бо каломи нарму
ҳалимонааш тасхир мекард, хашму ғазаб ва
тундгуфториву бадгӯӣ барояш бетона буд. Аз зумраи
шогирдону ҳамкорон ва дӯстону алоқамандони
Абдуқодир Маниёзов касе ёд надорад, ки ӯ ба касе
кинхоҳӣ карда ё касеро озурда бошад.

Маълум аст, ки фаъолияти роҳбарӣ ва
ташкилотчигӣ фурсату гайрати зиёдро тақозо
менамояд ва ҳар касе, ки вазифаи масъули роҳбариро
бар ӯхда дорад, табиист ки вақти асосии худро сарфи

44
Еди ери меҳрубон _____

он менамояд. Аз ин ҷост, ки дар даҳсолаҳои охири
умри хеш Абдукодир Маниёзов зиндагии хешро
асосан сарфи ташкиди ҷараёни корҳои забои ва
адабиёт ва тарбияи кадрҳои суханшиносй намуд. Ба
замми ин ӯ ба ҳайси раиси кумитаи иҷроияи
«Пайванд» низ фаъолият дошл ва то охири умр дар
густариши муносибот ва равобити тоҷикони даҳон
заҳмат мекашид.

Аз ин дост, ки кисмати бештари умри ӯ барои
рушди илму фарҳанги миллати тодик сарф гардида,
иддае аз осори илмию публитсистии вай, ки дар
нақша дошт, ба андом нарасиданд ва аз ин лиҳоз аст,
ки баъдан иддае аз мухолифону ҳосидонаш, ки
якчанд китоб навиштаву гӯё «олими варзида»
шудаанд, ӯро ба дурми камтар китоб доштан таъна
ҳам мезаданд. Вале аз рӯи инсоф агар қазоват карда
шавад, як нафар инсон бо вудуди ҳама заҳматдӯстиву
тавоноияш имкон надорад, ки дар ҳамаи дабҳаҳо
яксон корхои хешро андом бидиҳад.

Охир, аз рӯи инсоф агар гуфта шавад, ӯ тамоми
умри хешро сарфи риводи илму фарҳанг ва маорифи
миллаташ намуд ва аглаби кулли номзадҳо ва
докторҳои илм, ки аз солҳои ҳафтодуми қарни
гузашта ба баъд ба майдони фаъолият омаданд,
натидаи заҳмату талошҳои ӯ ба ҳайси раиси Шӯрои
диссертатсионии Институти забон ва адабиёти ба
номи Рӯдакӣ мебошад. Аксари донишмандон, ки Дар
ин даргоҳи илм фаъолият доштанд, бар асари

45
Ёди ёри меҳрубон

роҳбарӣ ва дастгирии ӯ ба муваффақиятҳои илмӣ
соҳиб гардиданд ва ному обрӯ пайдо намуданд. Ба
таъбири дигар, Абдуқодир Маниёзов умре аз худ
гузашта, барои дигарон, барои рушду нумӯи илму
адаби миллати хеш зиндагӣ кард ва то нафасҳои
охирини ҳаёташ дар ин ҷода устувор монд.

Вақте тасаввур мешавад, ки имрӯз узви
вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи
Фарҳангистони забои ва адаби форсии Эрон, раиси
кумитаи иҷроияи «Пайванд», профессор Абдукодир
Маниёзов дар миёни мо набудаву оламро падруд
гуфтааст, беихтиёр байти зайл аз марсияи Одамуш-
шуаро Рӯдакӣ, ки ба муносибати вафоти шоир
Муродӣ гуфтааст, ба ёд меояд:

Мурд Муродӣ, на ҳамоно, ки мурд,

Марги чунин хоҷана корест хурд...

Дар ҳақиқат, марги Абдуқодир Маниёзов низ
кори хурде нест. Бо реҳлати ӯ илму фарҳанги тоҷик
як нафар адиби нуктасанҷу ровии беназир, олими
дақикназару роҳбари ботадбир, арӯзидони қавию
тарҷумони хушсалиқаро аз даст додааст. Албатта,
ин талафоти хеле бузург аст, вале боиси тасаллии
хотирҳо ин аст, ки ӯ фақат ҷисман бо мо хузур
надорад. Аъмоли хайри ӯ, осори таълифнамудааш,
шогирдо-наш, садои рӯҳнавози дар радио
сабтшудааш бо мост. Дархури ин маънӣ ва ҳусни

46
Еди ёри меҳрубон

мақтаи ин навиштаи мо байта зайли Хоҷа Ҳофиз аст,
ки гӯё маҳз барои ӯ гуфта шудааст:

Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,
Дар синаҳои мардуми ориф макони мост.

47
Ёди ёри меҳрубон

Абдуманнони Насриддин

ЛАҲНИ ҶОНФАЗОЮ БАДЕЪ

Си сол аст, ки бо Институти забои ва адабиёти
ба номи Рӯдакии Академиям илмҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон иртиботи қавӣ дорам. Дар шӯрои илмии
ҳамин маркази бонуфузи илмй соли 1982 рисолаи
номзадй ва соли 1990 рисолаи докторй дифоъ
кардаам.

Солҳои ҳаштодуми асри бист ба Институти
забои ва адабиёт узви вобастаи Академиям илмхо
устод Абдуқодир Маниёзов роҳбарӣ мекарданд,
муовинати илмй бар ӯхдаи адабпажӯҳи фозил
Абдурахмон Абдуманнонов қарор дошт. Истеъдоди
нодири роҳбарӣ ва ҳилму тамкини онҳо боис
мегардид, ки дар Институт фазой хуби илмй ва
эҳтирому арҷгузорӣ ба хидмати олимони асил эҳсос
шавад. Махз дар хамин давра грамматикам академй,
китоби бисёрчилдаи марбут ба лаҳҷашиносӣ, чандин
ҷилд кутуби таҳқикӣ роҷеъ ба таърихи адабиёти
классикй ва муосир ба табъ расиданд.

Тачрибаи рӯзгор маро ба чунин натича овард,
бояд дар баҳодиҳии падидаҳои фикрй ва шахсиятҳои
ҳунарию андешамандон гаразҳоро канора гузорем ва

48
Ёди ёри меҳрубон ______________

хадди инсофро риоя намоем. Алалхусус, агар
манзури мо ашхосе бошанд, ки масъулияти роҳбарй
ва вазифаҳои идораӣ ба ихтиёри онҳо гузошта
шудааст. Зеро ҳамкорӣ бо аҳли донишу ҳунар ва
танзиму идораи фаъолияти онҳо кори осоне нест.
Роҳбари муассисаи илмй на бо кормандони оддй,
балки бо соҳибназарону фарҳехтагоне ҳамкорӣ
дорад, ки дар риштаи илмии худ маъруф ва машҳур
мебошанд. Табиист, ки сарвари хуб ва мудири
мудаббир барои ҳар яки онҳо шеваи хоси гуфтугӯву
ҳамкорӣ меҷӯяд. Ammo камтар касон дар ин ҷода ба
тавфиқ мерасанд.

Устод А. Маниёзов дар иҷрои вазифаи
роҳбарии худ ҳамчун сарвари яке аз пажӯҳишгоҳҳои
боэътибори Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро бо
тамкину ҳилм ва тадбирандешии оқилона бартараф
карда, барои шукуфоии илми сухансанҷӣ хидматҳои
шоиста анҷом додаанд.

Институти забон ва адабиёт он солҳо шукӯҳу
салобати хос дошт. Дафтари кории устодон
М.Шакурӣ, В.Капранов, Р. Ҳодизода, Ш.Рустамов,
Р.Ғаффоров, Р.Амонов, Х.Отахонова ба ҳайси
ниҳодҳои қудратманди илмӣ шинохта мешуданд.
Ҳар яке аз асотиди номбурда бо гурӯҳи
пажӯҳишгарон ва шогирдони худ дар ҳаллу фасли
масоили забону адабиёт ибтикороти равшан ва
пурсамар зоҳир мекарданд. Махсусан, дар барномаи
рӯзи устодон М.Шакурӣ ва В.А.Капранов, ки

49
^___________Ёди ёри меҳрубон

иртиботи бештар бо онҳо доштам, гӯё аслан соати
фарогат вуҷуд надошт, ҳатто дар соати махсус барои
сарфи гизо ва танаффус ин устодон бо нафаре ё ду-се
нафар аз мо сӯҳбату ҷаласи илмӣ дойр мекарданд.

Солҳои сипаришуда бо ибгикори ин
пажӯҳишгоҳ ҷашнҳои бисёр ҷолиби илмӣ ва
семинару конфронсҳои тахассусй дойр мегаштанд ва
ба ҳамон муносибат теъдоди чашмгире аз китобҳои
таҳқиқӣ ба зевари табъ ороста мешуданд. Ёдам хает,
ки солҳои ҳафтодум бо иштироки ахди тахкик ва
анбӯҳи мухлисони ашъори устоди равоншод Лоик
Шералй махфили накду тахлили шеъри ин шоири
шаҳир бар мабнои ашъори мундариҷ дар китобҳои
аввалини устод Лоиқ - «Сари сабз», «Нӯшбод» ва
«Соҳилҳо» дойр гашта буд. Ин маҷлиси бисёр чолиб
ва гарму пурталош чандин соат идома дошт.

Муаллифи ин сатрҳо бо тарзу шеваҳои
амалкардаи бахшҳои забоншиноей ва
адабиётшиносии пажӯҳишгоҳ аз наздик ошной дошт.
Огози корҳои тадқиқотии мо бо бахши забоншиноей
иртибот пайдо кард. Он солҳо роҳбарии ин гурӯҳро
устоди шодравон Раззоқ Ғаффоров бар ӯхда дошт.
Ин забоншиноей номвар, ки тасаллути комил бар
ҳамаи сесаду шаст банди забои ва суханварй дошт,
бо эҳсоси масъулияг ва дилбастагй ба фаъолияти ин
гурӯх роҳбарӣ мекард. Забоншиносони номвари мо -

В.А.Капранов, Ш. Рустамов, А.Ҷӯраев, М.Фозилов,
Д.Карамшоев, А.Мирзоев, С.Ҷ.Арзуманов,

50
Ед и ёри меҳрубон_______________

С.В.Хуше-нова, Ҷ.Мурув-ватов ва муҳаққиқони
дигар ба ин гурӯҳ дохил мешуданд. Ҳамчунин бархе
аз забоншиносон аз мактабҳои олй ва марказхои
дигари илмӣ аз қабили М.Н.Қосимова, Д.Тоҷиев,
А.Л.Хромов, М.Исматул-лоев дар ҷаласаҳои илмй
ширкат доштанд. Вазифаи ин гурӯҳ зоҳиран накду
таҳлил ва баррасии рисолахои илмии марбут ба
мавзӯоти забоншиносӣ махсуб мешуд. Аммо бо
гузашти солҳо барои нависандаи ин сатрҳо комилан
мушаххас аст. ки он ҷаласаҳои илмй мактаби бузурги
таълиму тарбияи олимони ҷавон буд. Зеро дар
санҷаҳои илмии ҳамин гурӯх пухтаву хом, сараву
носара муайян мегардид. Ба истилоҳи дигар иёри
дониш маълум мекарданд:

Зарандудагонро ба оташ баране),

Падид ояд он га.у, ки мис ё заранд.

Дар ҷаласаҳои илмии ин бахш тараддуду
ташвиши рохбарони илмй ва ҷӯяндагони унвон эхсос
мешуд. Ба назари мо. дар маҷмӯъ ин хама мухити
созгори илмй эҷод мекард. Ёдам мерасад. ки рисолаи
номзадии дар мавзӯи «LUaMC-ул-лугот» ва ахамияти
лексикографии он» навиштаам наздики се соат
барраей гардид. Бардошти чолибе аз он мачлис
дорам. ки пур аз шафкату гамхорй ба пешрафти илм
ва рахнамоихои ҷолиб буд.

Аз соли 1988 ба хайси докторанти Института

51
______________Ёди ёри меҳрубоп ______________

забои ва адабиёт таҳти сарпарастии устоди азизам
Муҳаммадҷон Шакурй дар ин маркази бонуфуз ба
умури пажӯҳишӣ машгул будам. То он сол бо бисере
аз донишмандони ин пажӯхишгоҳ ошной доштам, аз
ин ваҷх давраи тахсил дар докторантура хешро як
ҷузви ин маркази илмй эхсос мекардам. заррае
эҳсоси бегонагӣ ва нороҳатй ба зехни ман хутур
накардааст. Махфилҳои илмии пажӯҳишгох тахти
таъсири бозсозй ва отози хештаншиносй ва аслгарой
ҷозибаву ҳарорати бештаре касб карда буданд.
Отози ин тағйироти азими иҷтимоӣ барои илму
адабиёт бисёр ҷолиб ва пурсамар буд. Ҳамон солҳо
ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба теъдоди сад ҳазор
нусха чоп мешуд ва зуд ҳам ба фурӯш мерафт. На
танҳо ахли илму адаб, хонандагони оддй низ
шуморагони маҷаллаи хуби мо - «Садои Шарқ»-ро
бесаброна интизор мешуданд ва бо шавқ мехонданд.
Дар сафаҳоти нашрияхои мазкур мунтазам маколоти
устодони забардасти мо ва худи мо ба табъ
мерасиданд. Дар ҳамаи шӯъбахои Институт дойр ба
мазмуну мӯхтавои ин нашрияхо баҳсҳои ҷолиб дойр
мегардид. Ёд бод он рӯзгорон, ёд бод! Бисёр вокеъ
мегардид, ки доираи бахсхои илмй вусъате бештар
касб карда, мақолахо ва осори бадеии мундариҷ дар
рӯзномаву маҷаллаҳои «Литературная газета»,
«Вопросы языкознания». «Народы Азии и Африки»,
«Новый мир», «Дружба народов» ва амсоли инҳо ба
табъ расида, таваҷҷӯхи муҳаққикони моро ба худ

52
Ёди ёри меҳрубон

мекашид.

Чун ҳарфе дар бораи гурӯҳи забоншиносй гуфта
омад, имкон надорам лотироти ширини хештанро аз
хамкорӣ бо фузалои гурӯҳи адабиёт сарфи назар
намоям. Зеро хамкории ман бо аъзои ин гурӯх
идомати бештар дошт ва то имрӯз ҷараён дорад. Он
солҳо маъмулан мудирони шӯъбаҳои Институт - яке
аз олимони номвар рохбари гурӯҳи адабиёт
баргузида мешуданд. Ин гурӯҳ низ масъулияти
тахлилу накд ва доварӣ ба рисолаи доктории роқими
ин сатрҳоро бар дӯш гирифт, ки роҳбарии ин
гурӯхро устод Расул Ҳодизода бар ихтиёр доштанд.
Дар ҷаласа донишмандони номвари адабиётшинос
устодон М.Шакурй, Р.Амонов, А.Маниёзов,
Х.Шарифов, А.Сатторов, Р.Мусулмониён, В.Асрорй,
А.Афсахзод, У.Каримов, Қ.Чиллаев, А.Афсаҳов ва
аксари кулли адабиётшиносони дигар иштирок
доштанд. Аз он маҷлисхои ҳақикатан илмӣ ва
саршор аз ишқу алоқа ба сухану суханварй фоидахои
биеёр дидаам. Бахой одилона ва мунсифонаи он
азизон, ки хамрох бо ошкор кардани норасоихо ва
ҳидояту рахнамой. инчунин рӯҳбаландсозиву хидоят
ба корхои боз хам асилтаре буд, дар сафхаҳои
хотирам хамешагй накш бастааст. Он солҳо илми
адабиёт-шиносии мо ҷомабасаркашида. рокид,
камтахаррук набуд, ҷӯшу хурӯш, чозиба ва
тахаррукоте зиндаву умедбахш ва пӯёву гӯё дошт.
Ёди он солхо гиромй бод! Дар чаласоти илмй эхсос

53
Ёди ёри меҳрубон

мешуд, ки донишмандони мо дар махдудаи як рисола
ҳарф намегӯянд, балки эшон муголааи густурда бар
осори наздик ба он мавзӯъ таълифёфта, ҳамчунин ба
бештари навиштахои муаллифи рисолаи илмй
ошной доранд.

Дар таърихи сухансанҷии форсӣ-тоҷикӣ
ровиёни шеър ва воизони сухансанҷ аз ҷойгоҳи
арҷманде бархурдорй доштанд. Бархе аз шуаро, ки
ровиёни ашъори худро доштанд, онхоро бо авсофе
сутуданй ситоиш кардаанд. Чунончи Масъуди Саъди
Салмон дар тавсифи ровии ашъораш Хода Абулфатх
чунин гуфтааст:

Шеьрҳои маро ба айб магир,

Хоҷа Булфатҳ - ровии меҳтар.

Ту ба лаҳни ҷоифазою бадеъ,

Айбҳое, ки андар ӯст, бибар.

Устод А. Маниёзов бо садои хушоҳангу
марғуладор ва лаҳни ҷонфазою бадеъ ашъори
бузургтарин сухансароёни шеъри форсӣ-тоҷикиро
кироат кардаанд, ки имрӯз ҷузви захираи тиллоии
садову симои Тоҷикистон мебошад.

Қироати «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдй ва
«Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода аз шохкориҳои
ҳунари ривояти адабӣ талаққӣ бояд шавад. Садои
дилпазири устод А.Маниёзов парваришёфта бо
маонии муассири шоҳкориҳои адабй боз хам

54
Edit ёри меҳрубон ___________

солиёни зиёд аз садову симо садо хоҳад дод ва мо он
ровии нуктасанҷу донишмандро беҳтару бештар
хоҳем шинохт. Ҳамагон дигарбора дареғ хоҳанд
хӯрд ва воасафо хоханд гуфт, ки он марди
соҳибназару сухансанҷ барои ҳамешагӣ ин ҷахони
сустбунёдро тарк кардааст.

55
Еди ёри меҳрубон

Иброхим Усмонов

СУХАНДОНУ СУХАНСАНҶУ СУХАНГӮ

Устод Абдуқодир Маниёзов сухандон ва
сухангӯи бузурги асри XX тоҷик буданд. Фарханги
нави мо дар асри XX мисли Абдусалом Рахимов,
Михоил Аронбоев, Маҳмудҷон Воҳидов, Наима
Қаҳҳорова, Ҳадя Насибулина, Муким Салим. Ортик
Қодиров хунармандонеро ба олами каломи бадеъ
овард ва онхоро эътироф кард.- Хар кадоми онҳо
сабки хоси худро доштанд; декламатсияи
пуртантанаи Абдусалом Рахимов, овози чун бод
махини Хадя, садои орому дилнавоз ва задай
пурмантиқи Наима, навои дилбар ва маънои
дилкушои алфози Махмудҷон ҳар кадом бахореву
ҷахоне буд. Ин садо ва ин наво барои ҳар тоник,
барои хар форсигӯ зебо. шинам ва дилбар буд.
онхоро дар хамаи мулки хамзабонон хуш
мепазируфтанд. Ва хамаи онхо бо хар тафовут ва
хосияти худиашон як умумият доштанд: тоники
буданд, форсии мовароуннаҳрӣ буданд. ки аз
ширини-ву малохаташ устодон Садриддин Айнй,
Сайид Нафисй, Халилулохи ХалилП. Мирзо
Турсунзода, Нодири Нодирпур, Куханд Ҷовид,

56
Еди ёри меҳрубон

дӯстони миллати мо Вамберии маҷор, Николай
Тихонов. Расул Ғамзатов, Чингиз Айтматов,
Манфред Лоренс, Иржи Бечка бо ифтихор сухан
гуфтаанд.

Ман гумон дорам қофиласолори ин мактаби
шеърхонӣ ва шеъргӯии тоҷикӣ устод Абдуқодир
Маниёзов буданд. Хамаи онҳое, ки ёд кардам, ҳатто
онҳое, ки хамсолашон буданд, аз устод омӯхтанд, ба
устод такдид карданд, аз устод даре гирифтанд. Аз
Маҳмудҷон чандин бор шунидаам, ки ҳам ҳангоми
омода кардани як шеър барои консерт, хам замони
таҳияи «Гуфгугӯ бо худ», «Ватан ва фарзандон» ва
ҳам айёми таҳияи «Фарёди ишқ» борхо ва соатҳо
маслиҳати устод Маниёзовро шунидааст ва аз он кас
дида ва фаҳмидааст, ки фалон калимаро чй гуна
талаффуз кардан беҳтар, фалон шеърро чй гуна
хондан мувофиктар аст. Пардаи овози шеърхонии
онҳо гуногун буд, аммо маъноёбй, маънорасонй ва
таваҷҷӯҳхоҳиашон як манбаъ дошт.

Устод Абдукодир Маниёзов хунармандтарин
шеъргӯёни мо буданд. Аммо ин хунарро пеша
накарда буданд. Пешаашон илм буд. Воқеан, дар ин
равиш Наима ва Хадя хам ба устод монанданд,
махсусан Наима Қахҳорова, ки олими
шаркшиносанд. Барои устод ва ин хампешагонаш он
шеъргӯӣ. шеърхонй татбики овози худодод аст.
Аммо ин худододй мутлако чунин маъно надорад, ки
чизе аз эшон вобаста нест. Балки бузургии эшон дар

57
_______________Еди ёрч меҳрубон

ин аст, ки сарфи назар аз маслаки аслӣ он кас овози
худододро сайқалу такмил карда, онро ҳам барои
инкишофи фарханги ҷахонгирамон равона карданд.
Чунон истнфода карданд, ки дар гуфторашон ҳам
калима ҷон мегирифт, зинда мешуд.

«Ҳар бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд...» устод
ин газалро гаҳе мехонданд, гаҳе месароиданд ва
ҳарду гӯё яке буд: хонданашон чун суруд ва
сароиданашон чун кироати шеър. Гумон мекардӣ, ки
худи Рӯдакӣ мехонад ё месарояд, бо удаш ё бо
чангаш. Гумон мекардӣ, ки боди Бухоро. ки дар он
атри Сомониён рехтааст ва он таъми сугдӣ дорад.
дар машом шамида мешавад, димогро мекушояд -
гузашта нест. балки хамеша ба умеди оянда зинда
медорад. Устод ба ҳамин шева шеърро, шоирро,
адабиётро ва миллатро зинда мекарданд ва зинда
медоштанд. Ё шояд худашон шеър буданд, ки
ширин-ширин ба сари мо мебориданд.

Таъриху такдир умри инсонро нафакат
месозанд, балки ифода мекунанд, шояд барои ҳамин
ҳам бисёр вақт он чизе намешавад, ки Шумо
мехоҳед, балки ҳамон чизе мешавад, ки дар хастии
шумост. Ба дурихо кашидан намехоҳам. биноан бо
ду сарнавишти устод ё ҷузъиёти умрашон ҳамон
максадро гуфтан мехохам: аз он кас шунидаам. ки 60
сол пеш, вақте ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
барои таҳсил омаданд ва ин донишгох аввалин бор
донишҷӯ кабул мекард, пешниҳодашон карданд, ки

58
___ _____Ёди ёри меҳрубон______________

ба факултети биология дохил мешавӣ. Ин
Абдукодири ҷавон ҷавоб доданд, барои ман
мухимаш он ки дар он-ҷо шеьрро ёд диҳанд. Ҳамин
хел он кас филолог шуданд.

Дигар, монографияшон «Публитсистика ва
назми устод Айнӣ» гӯё ифодакунандаи хислати
инсонӣ ва амали имониашон аст. Се унсуре, ки дар
ин таҳқик аст, се ҷузъи зиндагӣ ё ҳастии устод
Маниёзов мебошад: шеър, таблиги адабиёт ва устод
Айнӣ. Яъне устод Маниёзов ҳамеша пайванд ба
адабиёти тоҷик доштанд, ки шеър қисми

муҳимтарини он аст, он кас шеър наменавиштанд,
дурӯғ мегӯям, шеър барои чоп кардан

наменавиштанд, аз чоп кардан шояд метарсиданд,
зеро гумон мекарданд шеърашон, ки рӯдакивор нест,
саъдивор нест, ҳилоливор нест, бедилвор нест...
набояд чоп шавад. Аммо шеъри ин ва даххо
бузургворони гузашта ва ҳамасрҳояшонро
мехонданд, чунон мехонданд, ки аҷаб не худи онҳо
чунин хонда натавонанд ва агар тавонанд хам, шояд
мисли хондани устод Маниёзов муассир намешуд,
Маниёзоввор намебуд. Ҳамин хунари публитсистии
худи устод буд, зеро хадафи публитсистика ба
шунавандагон таъсир расондан, онҳоро ба ҳақиқати
худ бовар кунондан, онхоро аз пайи худ бурдан аст.
Устод ин хунарро доштанд. Устод ин хунарро ба
дараҷаи олй доштанд. Аз садои он кас вуҷуДи
хозиринро як холати фавқуллода аҷибе фаро

59
Ёди ёри .чеҳрубон

мегирифт, тан меларзид, дил меларзид, лаб меларзид,
аммо ин ларзиши гуворо, хеле гуворо, бедоркунанда,
рӯҳбахшанда буд. Кош, хамаи публитсистика чунин
мебуд. Ва ҷузъи сеюм устод Айнй, ки намунаи
тоҷикпарастӣ, точикситоӣ ва тоҷикигӯӣ буданд ва
дар хаёти худ хам Абдуқодир Маниёзов хамин рохро
таъқиб кардаанд. Пас аз забону адабиётдони
маъруфи тоҷик, газалсарову таронахони махфилоро
- Носирчон Маъсумй Маниёзов Института забон ва
адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистонро
роҳбарӣ карданд, пас аз устоди зиндаёд,
ташкилотчии илм ва хати пайванди форсизабонхои
дунё Мухаммад Осимй кори он касро дар густариши
робитаи тоҷикон ва хамнажодони онҳо дар чахон
Маниёзов идома доданд.

Дар шеърхонии устод Абдукодир Маниёзов ман
гаҳе ҳамсадоиро бо устод Шарифчон Ҳусейнзода
мебинам. Ба чизе, ки мегӯянд, гохо чунон дода
мешаванд, ки дунёро фаромӯш мекунанд, ларзише ё
лаппише дар овозашон пайдо мешавад ва мебинй, ки
дар чашмонашон ашк медурахшад. Он кас ба шеър
ҳаммаъно ва ба шоир ҳамрадиф мешаванд. Шояд
аслан таъсири каломашон низ дар хамин бошад.
Ачаб не, барои хамин устоди зиндаёд Вохид Асрорй
мегуфтанд: «Абдукодир шеърхонй кунад, метавонй
гӯш кунй, метавонй тамошо. Ҳардуяш як гап».

Абдукодир Маниёзов ҳар гуна шеър ё матнро
намехонданд ва дар хар кучо намехонданд ва барои

60
Edit ёри мсҳрубон______________

ҳар кас намехонданд. Ба назарам мснамояд, ки
мавзӯи ишк, мавзӯи зебоӣ, мавзӯи ахлоқ, яъне панду
насиҳат асосигарин мавзӯи порчаҳои мансур ё
китъаҳои манзум буданд, ки устод интихоб ва ба
мухлисон пешкаш мекарданд. Дар як хамин равиш
бо итминон гуфтан мехоҳам, ки гуфтори «Гулистон»-
и Саъдӣ. ки устод дар радиои тоҷик доранд, натанхо
бузургтарин эҷодашон аст, балки шояд аз
бузургтарин мероси фархангӣ, адабӣ ва ҳунарии мо
бошад, ки дар бойгонии радиои тоҷик маҳфуз аст.
Аслан, гумон дорам, агар албоми асарҳои сабтшудаи
устодро, шеърхо, достонҳо ва порчаҳои мансури
адабиёти классику шӯравии тоҷикро, ки ба ин овози
ширини маргуладори махмалӣ сабт шудаанд, танзим
карда, дар силсилаалбом интишор диҳем, ин албоми
бисёрҷилда барои мардуми тоҷик ва дигар
форсигӯён, форсидонони дунё тӯҳфаи аҷибе мебуд.
Ман дар ин тӯҳфа накҳати шеъру сухани Ҳилолӣ,
Зебунисо, Турсунзода, Лоҳутӣ, Жола, Фурӯги
Фаррухзод, Иқбол. Лоику Бозор, Сулаймон Лоикро
эхсос мекунам, дар ин албом аҷаб не «Таронаи
Кашмир» - қиссаи ишқи гулу булбул, ки матни
тоҷикиаш ба сабаби нафосату малоҳати фитрии
устод Мирзо Турсунзода аз асл мартабаҳо баландтар
шудааст, низ ворид шавад. Ин тарона ба туфайли
овози ромкунандаю оромбахш, ишкдихандаву
равонбахши устод Маниёзов на як наслро ба иффату
нафосат ба камол расондааст.

61
_______________Ёди ёри меҳрубон______________

Устод Абдукодир Маниёзов дар диду шинохт ва
акду фаросати наели мо бо хамин киёфаи зебо
мондаанд, суханшиносу сухандону сухангӯ
мондаанд, адабиётдону адабомӯз мондаанд, ибрати
хар тоники худшинос мондаанд.

62
Еди ёри меҳрубоч

Усмон Каримов

ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД, ҲАР КӢ
НАКУНОМ ЗИСТ

Дар зиндагӣ одамоне ҳастанд, ки бо суханони
неку корхои накӯ ва одоби писандидаи хеш дар
хотири мардум накши нозудуданӣ мегузоранд ва
минбаъд барои дигарон намунаи ибрат мегарданд.

Ман Абдуқодир Маниёзовро аз зумраи чунин
мардони зиндаёди нуронӣ мешиносам. Махсусан, ба
андешаи банда, хислатҳои ин марди наҷиби
дурандеши зиндаёд пас аз ба ҳайси директори
Пажӯхишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони
улуми Ҷумхурии Тоҷикистон таъин шудани ин шахс
бештар ошкор гардид. Абдуқодир Маниёзов дар
усули кор, муомила бо кормандони илм ва кушодани
гиреххои нозуки муаммоҳо ба мисли директори
собиқи хамин Пажӯҳишгоҳ шодравон Носирҷон
Маъсумӣ хеле оқилона кор мебурданд.

Мо аз январи соли 1972 гурӯҳе аз кормандони
бахши таърихи адабиёти тоҷик ва ёдгорихои хаттӣ
бо қарори Президиуми АИ ҶТ аз Института
шарқшиносӣ ба Пажӯҳишгохи забон ва адабиёти ба
номи Рӯдакй гузаштем. Ба фикрам, корхои илмии мо

63
_______ Ёди ёри меҳрубон

дар ин институт бештару хамвортар пеш мерафт. Ин
пешравй бо усули кору хусни муомилаи сарвари
пажӯхишгох низ вобастагй дошт.

Ман аз аввали соли 1972 то охирхои санаи 1989
касеро аз кормандони илмй ёд надорам, ки барои
иҷрои ин ё он кори мухимми илмй ба сарвари
пажӯхишгох муроҷиат намуда, дар халли мусбати он
аз назди ин шахе ноком баргашта бошад. Аз ҷумла,
худи камина низ барои ба даст овардани маводи
илмй - ин ё он дастнавис ба ганҷинаи дастнависхои
шарқии китобхонаҳои Тошканду Боку ва Ленинград
бидуни ягон душворй борхо роххати сафарй
гирифтаам, ки зарурияти онро ин марди дилогох ба
хубй дарк менамуд.

Камина моҳи марти соли 1978 кори илмии
хешро, ки аз санаи 1961 идома дошт. ба унвони
«Мухимтарин вижагихои адабиёти садаи XVI11 ва
аввали карни XIX» як навъ ҷамъбаст намуда, дар
Шӯрои васеи илмии институт маърӯза намудам. Дар
ин шӯрои илмй мудири бахши таърихи адабиёт бо
сабаби номуайян хузур надошт. Маърӯза расо
ҳафтоду як дакика давом кард. Ба фикрам, маърӯза
ба ахли Шӯро писанд омад. Чунки устод
Мухаммадҷон Шакурӣ изхор намуданд, ки дар асл
кори заруре доштам ва чанд дакиқа баромадро гӯш
кунаму сипас аз пайи кор шавам. лекин
натавонистам ин мачлиеро тарк намоям. Ба фикрам,
маърӯзаи У. Каримовро дар маҷаллаи «Садои шарк»

64
_____ Ёди ёри меҳрубоп

чоп кардан маъқултар аст. Шӯро ба натиҷа омад, ки
ба муаллифи кор ду-се мох вакт муайян кунем,
тартибу низоми корашро тибки талаботи ВАК
танзим намояд. Аммо пас аз ҳафтае инҷониб огоҳ
шудам. ки кори илмиро дар тадқиқи «Сарчашмахои
адабию таърихии садаи XVI» бояд давом бидихам.
Ба ин масъала мудири бахши таърихи адабиёт
маъмурияти институтро бо чандин исрору сурху
сафедихо розй намудааст, Барой он ки дуди моҷаро
болотар наравад, мо низ розй шудем, ки дар тадкики
адабиёги садаи XVI кори навро шурӯъ намоем.
Раванди кор ба ҷое расид, ки аз ман дар ҳар се мох ба
таври хаттӣ ҳисоботи илмӣ мепурсиданд. Бо хамин
раванд кори таҳқиқ чахор сол давом кард. Нихоят
кори илмй шакли муайянро гирифт.

Дар соли 1984 дар бахши таърихи адабиёт
баррасию арзёбй гардид ва ба унвони «Адабиёти
точик дар садаи XVI» ба чоп пешниҳод шуд. Китоб
дар нашриёти «Дониш» интишор ёфт. Сипае, мудири
бахши таърихи адабиёт аз ман хохиш намуд, ки ин
асарро ҳамчун поённомаи докторй ба дифоъ
пешниход намоям. Аммо ман бо катъияти тамом ин
пешниходро рад намудам. Чунки ин китоб на
тадкикоти амиқи илмй, балки ба сифати очерки
таърихи адабиёт таълиф шуда буд. Дар ин масъала
низ сарвари пажӯҳишгох Абдукодир Маниёзов маро
ҷиддан тарафдорй ва мусоидат намуда буданд.

65
______ Ёди ёри меҳрубон

Дар ҷодаи адолати илмӣ чунин раъю накӯкорӣ
ва фазилатхои ин мард кам нест.

Дар моҳи сентябри соли 1979 ба Пажӯҳишгоҳи
Рӯдакӣ аз Институти адабиёти чахонии Горкий
пешниходе омадааст, ки фасли адабиёти садаи XVI11
точикро Усмон Каримов нависад. Ин мактубро
мудири бахши таърихи адабиёт баъди шаш мох дар
рӯзи вазнинтарини банда ба ман супорида, хоҳиш
мскунад, ки ба зудй ин фаслро навишта ба институти
Горкий фиристам. Лекин мудир ба сарвари
пажӯхишгоҳ мерасонад, ки шояд Каримов дар ин
рӯзхои сахташ аз ӯхдаи кор набарояд... Пас аз
навиштаи ӯ ин маводро худи ман нав дуруст карда,
ба институти номбурда равон мекунам. Ин хабар то
гӯши Каримов мерасад ва ӯ фасли номбурдаро
дархол навишта, бо мусоидати сарвари пажӯхишгох
ба унвони Институти Горкий ирсол менамояд. Ин
фасл. дар ҷилди шашуми «Таърихи адабиёти
умумиҷаҳонӣ» интишор меёбад (М.: «Наука», 1988. -
сс. 466-468).

Дар аввали соли 1985 аз поённомаи доктории
банда боз аз нав сухан шурӯъ шуд. Мудири бахш дар
хамин Душанбе нишаста кор кардани маро
пешниход намуд. Аммо банда бо исрор талаб
намудам, ки маро ба Ленинград назди Александр
Болдирев, Олег Акимушкин ва Зинаида
Ворожейкина фиристанд ва бо маелихати онҳо
рисолаи доктории хешро поён хохам расонид.

66
Еди ёри меҳрубон ____

Шӯрои илмии пажӯҳишгоҳ ва раиси шӯро ба карор
омаданд. ки вокеан У. Каримов бо маслиҳати
донишмандони мактаби шарқшиносии Ленинград
кори худро ба поён расонад, беҳтар аст.

Дарвоқеъ, камина дар зарфи анқариб ду сол бо
маелиҳати донишмандони номбурда кори хешро ба
поён расонидам ва пас аз баррасию арзёбии бахши
Шарки Миёна бо нусхаи қарори шӯъбаи
Ленинградии института ховаршиносии АИ ИҶШС
ба Душанбе - Пажӯхишгоҳи ба номи Рӯдакӣ
баргаштам. Дар ин комёбии банда саҳм ва
мусоидати арзандаи зиндаёд устод Абдуқодир
Маниёзов хеле бузург аст.

Зиндаву ҷовидлюпд, ҳар кӣ иакӯном зист...

67
Ёди ёри меҳрубон

Қурбон Восеъ

ФАРЗОНВАРИ СУХАНВАР

Шодравон Абдукодир Маниёзов аз зумраи
фарзонамардони илму ҳунари миллати дардошнои
тоҷиканд, ки бо як зумра хасоили баргузидаи хеш
шӯҳраи сарзамини мутамаддини мо будаанд.

Ин марди мумтози суханвари нуктасанҷ он
кадар оромонаву бовиқор дар бахси илмиву расмй
ширкат варзидаанд. ки гӯё маҳз солиёни дароз ба
ҳамон мавзӯи мавриди сӯҳбат карор гирифтаи
маҷлису маъракаи илмиву фархангй назари ба вижа
хоси илмиеро анҷом дода бошанд. Вокеияти
масъала ин аст, ки устод муддати тӯлонӣ рохбарии
ду ташкилоти бонуфузи илмиву амалиро
(Энсиклопедияву Института забои ва адабиёти
Академияи имлхоро) бар ӯхда доштанд. Шояд
вобаста ба ифои вазифаи рохбарии чунин
ташкилотҳои бонуфузи илмй будани устод Маниёзов
зарурат дошта, ки ӯ ба бисёр муаммохои илму
фарҳанг, таъриху тамаддун, иҷтимоиёту фалсафа ва
забону адабиёт тасаввуроти амиқу дақик ва
ковишҳои дарунмоягй дошта бошанд. Албатта,
солҳои тӯлонӣ. ки устод дар Қомуси аъзами тоник

68
_____________ Ёди ёри меҳрубон_______

ифои вазифа мекарданд. хоҳ ё нохох мутолиаи
самтхои илмии ин ё он соха нақши боҷилои худро
дар тачдиду такмиди илму амали ин чеҳраи
мондагори миллати точик гузоштааст. Баъдан кору
пайкори ин чеҳраи човидона дар Пажӯҳишгоҳи
забои ва адабиёти ба номи устод Рӯдакӣ, ки
мухимтарин маркази бонуфузи фарҳангу адаби
миллати моро фарогир мебошад, басо банур
мондагор аст.

Хидмати шоистаи Устод дар ин боргоҳи хирад,
пеш аз хама, баҳри ба амал пайвастани тадкиқотҳои
мукаммали бисёрчилдаи «Грамматикаи забони
адабии точик», «Куллиёти илмии фолклори точик»,
«Таърихи адабиёти советии точик», «Луғати русй-
точикй» ва силсилаи тадкикотхои мухталифи
олимони ин боргохи хирад басо бузург аст.

Ёдовар мегардем. ки барои рушду нумуи
камолоти А. Маниёзов хидмати самимонаи устод
Ш. Хусейнзода шоистаи тахсин аст. Ин туна
муносибати чонсӯзонаи Шарифчон Ҳусейнзода
нисбат ба Абду-кодир Маниёзов вокеан андарзпазир
мебошад. Ба муносибати садумин солгарди ёдбуди
Ш. Ҳусейнзода, ки банда ба сифати шамъи хотир
китоби «Устоди бузургмехр»-ро барояшон чун
нишони эҳтиром пешкаш доштам. таъкид намуданд:
«Шумо кори хуберо анчом медихед, хамеша дар
навиштахои шумо нисбат ба устодонамон хусни
эхтиром риоя мегардад. Ман хам бисёр чизхои

69
Ёди ёри меҳрубон ______

гуфтание дорам ва як силсила ёддоштҳову ҳикояхоям
мавҷуданд, ки то кунун рӯи чопро надидаанд. Ҳоло
як лаҳзаро ёдовар мегардам: Ин ҷониб дар курси
дуюм ба духтаре шинос гардидам, ки падари он кас
дар хукумати он замон мақоми вазирй дошт. Ба
устод Ш. Ҳусейнзода дар хусуси хонадоршавй
муроҷиат намудам. Он кас комилан зид
буданашонро исрор карданд. Пас аз чанд вақт, ки
холо ҳамагӣ донишҷӯи аълохон будаму халос,
устодро бо илтимосу тазаррӯъ ба хостгорй
фиристодам. Падари духтар ваъдаро танхо пас аз
хатми Донишгоҳ доданд. Билохира, устод бо
илтиҷову тазаррӯи ман бори дигар ба хонаи падари
духтар рафта, маро хонадор намуданд.

Албатта, ин хидмати падарона буд. Он кас
ҳамеша бо ман, мисли Матину Умед (писаронашон)
муносибат ва хатто ба маротиб зиёдтар эхтиром
мегузоштанд. Ин гуна ёрии бегаразро дар зиндагии
ман домулло Ш. Ҳусейнзода хеле зиёд кардаанд, ки
хамеша бо некй ёд меорам.

Дарвокеъ устод Ш. Ҳусейнзода ба хама
шогирдонашон чунин муносибати ғамхоронаву
падаронаро арзонй доштаанд, ки банда низ аз чунин
муносибаташон бархурдор будаам».

Яқинан бо пешниходу хидояти устод Ш.
Ҳусейнзода Абдуқодир Маниёзов масири илмро пеш
гирифт.

70
Ёди ёри меҳр убон

Чунон ки мебинем. устод А. Маниёзов яке аз
нахустин олимони айнишинос аст, ки силсилаи
мақолаҳои ӯ «Шеърхои инқилобии С. Айнй»,
«Фаъолияти журналистии С. Айнй», «Нахустин
шеърхои устод Айнй» ва дигархо ба табъ расида
буданд. Дар шинохти назари публитсистии устод
Айнй захмат кашида, зери назари донишманди
маъруф Брагинский И.С. рисолаи номзадиро дар
мавзӯи «Марҳалаҳои аввали эҷодиёти С. Айнй ва
мавкеи он дар адабиёти инқилобии Шарки наздик»
пешниҳод намуда, бо бахои баланд сазовори унвони
номзади илми филологй гардид.

Ин рисоларо устод дар соли 1958 ба чоп
расониданд, ки нахустин тадқиқоти монографие бо
фаъолияти гуногунсоҳаи устод Айнй ва
фарохназарии ӯ бо далоили боварбахш ба чоп
расида буд. Пас аз он китоби нисбатан ҷомеътареро
устод зимни унвони «Ашъори мунтахаб» ба чоп
расониданд, ки ашъори С. Айнй дар он гирдоварй
гардида, то ба ҳанӯз мавриди истифодаи
айнишиносон мебошад.

Хусусияти дигари тароши калами устод А.
Маниёзовро дар таҳияи китобҳои да рей дидан
мумкин аст. Ӯ барои мактабиён китобҳои дарсии
«Адабиёти советии тоҷик» барои синфи 8 (бо
хамкории М. Шукуров ва Я. Исоев), «Адабиёти
ватан» барои синфи 4 (бо хамкории А. Абдувалиев)-
ро навиштааст. Хусусияти аслии ин китобҳо дар он

71
Ёди ёри меҳрубон_______________

аст, ки муаллиф ба методи таълими адабиёт аз сода
ба мураккаб таваччӯх намуда. синну соли
мактабиёнро ба инобат гирифтааст.

Устод дар баробари дониши фарохи илмиву
назарй мутарчими чирадасти амикназар буданд. ки
шоҳкориҳои «Хамсат-ул-мутахайирин»-и Мир
Алишери Навой (ду нашр) «Саргузашти Руал
Амундсен»-и А. Яковлев, «Точикон»-и Б. Ғафуров
(ду ҷилд) бо хамкории академик М. Шукуров,
«Безабон»-и Б.Г. Короленко ва гайрахоро метавон аз
зумраи самти мутарчимии ӯ пазируфт. Бояд зикр
намуд, ки яке аз хусусиятҳои тарчумахои устод
А.Маниёзов дар содагиву равонй, охангнокиву
бамавридй ва чо ба ҷо гузаронидани калимаву ибора
ва зарбулмасалу мақолаҳост. ки устод ҳамеша хар
нуктаро бамаврид истифода бурда, сабку услуб ва
гарзу тарики забони аслро риоядорй кардаанд. Аз
ҳама мухим ин аст, ки забони классикии асари Мир
Алишери Навой ҳарчанд, ки устод онро аз забони
классикии туркй тарчума кардаанд, хеч пайхас
намебарем, ки он тарчума бошад, балки ҳамон сабку
услуби нигориши адиби номвар ва забони
асримиёнагии он комилан нигахдорй шудааст.

Ин гуна муносибати мутарҷим воқеан қобили
кабул ва барои тарчумонхои чавон як навъи хеле
боарзиши андарзи маслакӣ махсуб мебошад.

Тарафи дигари ин масъала боз хам пахнои
фарох дорад. зеро дар он рӯзгори ҳафтодсолаи

72
Ёди ери меҳр убон

хамқисматии мардумони мамлакати шӯроҳо, ки
акнун иддае он замони шукуфои хамагониро
«барҷомонда», «нобаҷо» ва «коҳишёфта» мегӯянду
менависанд (ва инҷониб истисно нестам),
воқеъбинона назар афканем, мебинем, ки мардумони
гуногунмиллату мухталиф-мазҳаб зимни як ормон -
ормони инсони камолёфта зистан, дасти кӯмаки
бедарег ба пирони барҷомондаву заифу нотавон,
сила намудани сари беваю бечора ва ятимону
бекасон ҳадафи ниҳоии давлати адолати
ичтимоидошта будааст. Аз ин нигоҳ, вобаста ба
чашну маъракахои мухталифи мамолики пахновар
ва масоили равобити адабу фарханги кишвари
Шӯрохо устод Абдукодир Маниёзов сахми
асосгузори адабиёти навини мо - С. Айниро дар
резишгоҳи тамадцуни умумишӯравии адабиёти рус
ёдоварӣ намудаанд. Ин гуна ҳаммаромиро дар
маколахои «Сардафтари адабиёти инкилобии
Латвия», «Дӯстии беназир», «Таронасарои инқилоб»
ва китоби «Адибони Тоҷикистон» бо хамкории М.
Левин ба чоп расонидаанд. Хусусияти боарзиши ин
китоб дар он буд, ки устод А. Маниёзов ба
мухимтарин асархои адибони тоҷик ахамияти ин
вижагиро риоя карда, ба ин маънй вазъи назму наср
ва танқиди адабиву драматургияи кишвари моро ба
мардумони русзабону русихони мамолики дуру
наздики кишвари муштараки Шӯравӣ муаррафй
намудаанд.

73
Ёди ёри меҳрубои

Баргузидатарин хусусияти шахсияти

мондагории устод А. Маниёзовро месазад. ки дар
наттокии ин чеҳраи зиндаёд баршуморид. Овози
марғуладори мутантан, садом махмалини басо
нозуки дилкаш ва лаҳни ҷолибу ҷаззоби ин
суханвари фозил ҳамеша махфилу маҷлисҳои
шох,онаву олимонаро зебу оро медод. Субху
шомгоҳон садову симо аз андарзҳои Рӯдакиву Ибни
Сино, Ҳофизу Камол, Ҷомиву Хусайн Воиз ва
Айниву Лохутй дар гӯиши нозукадои устод А.
Маниёзов ба самъи мардумонамон чун кути ҷон
мерасид.

Лахзае, ки овози ин фозили нозукадоро дар
садову симои ҷумҳурӣ паҳн мешуд, мардум дунё-дунё
андарз, ҷаҳон-ҷаҳон лаззат ва олам-олам хирадро
дар замири хеш эҳсосу фарогир менамуданд.

Ёдовар мегардем, ки бо иштироки бевоситаи ин
суханвари шаҳир бисёр наворҳои шоҳкории фонди
тилоии радиои ҷумҳурӣ, хушбахтона, махфузанд, ки
ба диди инчониб мактаби хосаи тарбиявии
наттоқиро густариш медиҳанд.

Хушбахтона, бо дурандешии собиқ раиси
шаҳри Қӯргонтеппа Қурбонова Рукия Атоевна соли
сипаригардида устодро даъват карда, бо иштироки
ин чехраи зинданом мактаби ҷавонони наттокро
таъсис доданд. Акнун зарур аст, ки тамоми маводи
сабтшудаи фонди тилоии радио мавриди истифода
карор дошта бошанд, зеро мактабу маорифи кишвар

74
_________ Еди ёри меҳрубон

аз гуфторхои М. Воҳидову А. Маниёзов, ки вокеан
мактаби хосаи таблиггарони шеъру адаби миллати
сохибфарханги мо мебошанд ва мондагориву
човидонагии онро низ бидуни шубҳа таҳким
мебахшанд, баҳраи зиёде бардоранд.

Солхои охир, ки устод дар Анҷумани тоҷикон
ва форсизабонони ҷаҳон - «Пайванд» нақши раиси
кумитаи иҷроияи ин ташкилоти мардумиро бар ӯхда
доштанд, дар пайванди маънавии мардумонамон
сахми назаррасро низ гузоштаанд. Ёдашон ба хайр!

75
Еди ёри меҳрубон

Рузи Ахмад

ХАЙРАНДЕШ*

Зиндагй мураккаб аст, пастиву баландихои
зиёде дорад. Инсони некӯ ҳамеша ро\и дурустро
ингихоб менамояд, аз гармиву сардихои рӯзгор
рӯхафтода намешавад, пайваста дар киштзори
зиндагй тухми некӯӣ мекорад.

Мо Абдукодир Маниёзовро дар радифи чунин
инсонхои шариф, дурандеш ва накӯкору хайрхох
мешуморем. Эшон дар тӯли рӯзгори хеш пайваста
ҷиҳати нашъунамои забои, адабиёт, лугату истилох
ва фарханги халкамон талош варзидаанд. Дар
душвортарин ва ҳассостарин лахзахои халки тоник
ин фарзанди арчманди миллат сарварии яке аз
Институтхои сернуфус ва мухими Академияи Улуми
Ҷумхурии Тоҷикистонро бар ӯхда доштанд.
Пажӯхишгохи забои ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ
таҳти сарварии эшон анъанахои неки фарзандони

Маколаи мазкур ва шеърхои Хакназар Ғоиб, Салимшо
Халимшо ва Алй Бобочон аз мачмӯаи «Ситораи ихлос»
(Абдукодир Маниёзов). ки бо эхтимоми шоир Алй Бобочон
(Душанбе, 2000. 108 сах.) тахия ва тадвин гардидааст,
гирифта шудааст.

76
_______________Ёди ери меҳрубон______________

зиндаёди халқамон - устодон Садриддин Айнй,
Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Абдулғанӣ
Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода. Носирҷон
Маъсумй, Холик Мирзозода, Бобоҷон
Ниёзмуҳаммадов, Муллоҷон Фазилов, Раҳим
Ҳошим, Тӯракул Зеҳнй ва дигаронро идома дода, бо
устодони арҷманди мо Муҳаммадҷон Шукуров,
Раҷаб Амонов, Шарофиддин Рустамов, Расулхон
Ҳодизода, Бозор Тилавзод, Додихудо Саймиддинов,
Ҳамроқул Шодиқулов ва дигарон кӯшиш ба харҷ
медоданд, ки дар ҷумҳурй улуми забон ва
адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ ва умуман
филологиям тоҷик дар пояҳои баланди илмӣ қарор
гирифта бошад.

Сахми Абдуқодир Маниёзов дар соҳаи илми
эроншиносӣ назаррас аст. Бо кӯшиш ва ибтикори ин
шахси фозил ва арӯзии нодир як идда
адабиётшиносон рисолаҳои номзадӣ ва духтурӣ
таълиф намуда, соҳиби унвон гардидаанд. Ва дар
соҳаи ташвиқу таргиби адабиёти гузашта, муосир,
лугатсозӣ ва фарҳанги халкамон дар пажӯҳишгохло,
донишгоххои ҷумҳури-хои Тоҷикистон ва Осиёи
Марказй кору пайкор менамоянд. Бо ташаббус ва
гайрату кӯшиши ӯ дар ҷумҳурӣ илми айнишиносӣ ба
пояҳои баланд расида, махсусан фаъолияти
худшиносӣ ва шоирии поягузори адабиёти навини
халқҳои тоҷику ӯзбек устод Айнӣ ҳаллу фасл
гардидааст.

77
_______________Ёди ёри меҳрубон_______________

Хизматҳои Абдукодир Маниёзов дар сохаи
тахкик ва баррасии илми точикшиносй ва
ховаршиносӣ хелс серсоҳа аст. Дар назари аввал сахл
намояд хам. хангоме ки кас бо мақола ва рисолахои
гуногуни устод шинос мешавад, дармеёбад, ки
заҳмату мсхнаташ бехуда сарф нашудааст.

Ёд дорам, го солхои панчоҳ дар сохаи наттокй
шахсоне ҳунарнамоӣ менамуданд. ки мактабхои
олии хунарии Русияро хатм намуда, шеъри точикиро
чун назми адабиёти рус ба самъи шунавандаи точик
хушку беболу пар мерасониданд. Дар натичаи
ноогохй аз табиати шеъри точикй, яъне надонистани
илми арӯз ва робитаи мусикии шеъри форсӣ бо арӯз
хангоми кироати шеър аз чониби чунин ашхос назми
мо чун садои мурги беболу пар. нофорам ва
дилбазан ба гӯш мерасид. Ба чунин падидаи
номатлуб устод Абдукодир Маниёзов хотима
гузоштанд. Ба тавассути он кас ва рохнамоии эшон
чавононе ба радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ҷалб
гардида, матнхои точикии форсиро мувофики
табиати шеъри форсй такаллум мекардагй шуданд.
Дар ин байн як гурӯх чавонони сохибисгеъдод ба
мактаби олии театрии Давлатии Шахри Маскав
(ГИТИС) пазируфта шуданд, онҳо хунари наттокиро
аз устодонашон Абдукодир Маниёзов. Субхон
Рахмат ва Салох Солех омӯхтанд. Аз байни онҳо
шодравон Махмудчон Воҳидов аз нигохи кироати
шеъри тоҷикӣ ба дараҷаи баланд расид. Холи хозир.

78
_______________Еди ёри меҳрубон______________

хушбахтона, такаллуми лафзи форсии тоҷикӣ ва
кироати шеъри мо ба пояҳои баланд карор доранд,
ки дар ин ҷода мавкеиДонишгоҳи ҳунарҳои зебои ба
номи Мирзо Турсунзода, ки устод дар он ҷо низ аз
арӯз даре мегуфтанд. назаррас мебошад. Бояд
тазаккур дод, ки дар фонди тиллоии садо ва симои
тоҷик матнҳои ҳикоя, лавҳа, мақола ва махсусан
шеърҳои шуарои классики ва шоирони муосири
моро дар кироати устод маҳфуз медоранд, ки дар
онҳо ҳунарофаринӣ ва истеъдоди фавқулодаи ровӣ
ва санъатварии ин фарзанди соҳибистеъдоди
халқамон муҷассам гаштааст. Ҳоло, бидуни
муболиға гуфта метавонем, ки дар ҷумҳурии мо
мактаби махсуси арӯзшиносӣ бо ташаббуси устод
Шарифҷон Ҳусейнзода ва шогирди он кас
Абдуқодир Маниёзов арзи ҳастӣ менамояд. Як идда
мутахассисини варзида ба воя расидаанд, ки ин
соҳаи муҳими адабиётшиносиро бомуваффақият пеш
мебаранд,

Устод Маниёзов донишманди қомуснигор ва
луғатсози соҳибтаҷрибае низ мебошанд, ки чандин
сол таҳти сарпарастии эшон Сарредаксияи илмии
Энсиклопедии Шӯравии Тоҷик фаъолият дошт. Ва
ҳайати сарредаксияи илмии ин муассиса, ки дар он
бисёр донишмандон ва олиму адибони номии
ҷумхурй кор кардаанд, аз роҳбарӣ ва кордонии
Абдукодир Маниёзов изҳори ризоят мекунанд ва дар
ҳаққи устод суханҳои нек мегӯянд. Устод Маниёзов

79
________________Ёди ёри меҳрубон_______________

бо онҳо ҳамеша дар робитаи ҳасана будаанд ва ба
ҳар яки онҳо ҳусни таваҷҷӯҳ доштаанд, чихати
пешбурди кори қомуснигорӣ маслиҳатҳои муфид
медоданд ва худи эшон яке аз соҳибкаламони мумтоз
буда, тахрирашон мӯшикофона ва хеле
дақиқназарона сурат мегирифт ва матлабро мӯҷаз ва
дакик ифода менамуданд.

Банда, ки баъди хатми донишгохи Давлатии
Тоҷикистон соли 1958 ба шӯъбаи фолклори
Пажӯҳишгоҳи забои ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба
кор омадаам. устодро аз наздик мешиносам. Устод
аввал дар ин пажӯҳишгоҳ вазифаи чонишини раис
ва, сипас, раисии ин муассисаи барои илму фарханги
ҷумҳурӣ ниҳоят заруриро ба ӯхда доштанд. Аз
рӯзгор ва кору бори устод, аз таҳаввулот ва
дигаргунихои илмй ва рӯйдодҳои фарҳангие, ки дар
ҷумҳурӣ тавассути олимони варзидаи Институти
забои ва адабиёти Рӯдакӣ бо сарпарастии Абдуқодир
Маниёзов рӯй додааст, хотироти зиёдеро овардан
мумкин аст.

Устод Абдукодир Маниёзов барои мо
кормандони пажӯҳишгоҳ роҳбари дурандешу
гамхор, шахси ботахаммул ва инсони солору
маслихатгари ба дилу дида наздик буданд. Эшон бо
хурду бузург ва сохибунвону олимақом яксон
буданд, хамеша ба чавонон падарвор муносибат
доштанд ва эҳтироми бузургсолонро бо одоби
шарқӣ бисёр малеҳ ба ҷо меоварданд. Аммо дар

80
________________Edit ёри меҳрубон_____________

вакти мухокима ва баррасии ин ва ё он масоили
илмӣ ҷонибдори адолати илмӣ буданд. Ҳадафи устод
як буд: кӯмак ба корафтодагон ва дифои манфиатҳои
халқу давлат ва ҷонибдории мероси фарҳангии
халки тоҷик аз диди таърихият ва адолати иҷтимоӣ.

Мавридхое буд, ки дар пажӯхишгоҳи мо баъзе
устодон ва дӯстонамон ба хотири кайк пӯстинро
месӯхтанд. Ба сари устод ба сад бахона санги
маломат мезаданд. Дар чунин мавридҳо низ
Абдукодир Маниёзов худро солор нигоҳ медоштанд,
наме-ранҷиданд ва гилаҳоятон болои дида гӯён бо
онҳо муносибат менамуданд. Ва зиндагӣ собит сохт,
ки хақ бар ҷониби кист.

Баҳори соли 1988 як гурӯҳ олимони ховаршинос
бо сардории ноибраиси Академияи илмҳои ҷумҳурӣ,
шодравон Ҳабибулло Саидмуродов бо даъвати
ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистони бародар чиҳати
таҷлили ҷашни 80-солагии зодрӯзи Арбоби Шоистаи
илми Ҷумҳурихои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон,
шарқшиноси машҳур академик Абдулганӣ Мирзоев
ба зодгоҳашон - ноҳияи Китоби вилояти Қашкадарё
сафар доштем. Дар ҳайати Тоҷикистон академик
Раҷаб Амонов, Абдуғаффор Ашӯров, Акбар
Турсунов, Аълохон Афсахзод, Камол Айнӣ, Зохир
Ахрорӣ, Амрияздон Алимардонов, писари академик
Мирзоев Масрур ва чанд нафар рӯзноманигорон
буданд. Сафарамон субҳи 10 май сурат гирифт. Роҳ
тӯлонӣ буд.

81
________________Ёди ёри меҳрубоп_______________

Чун ҳама ахли фарҳанг буданд, дар pox бештар
шсърхонӣ мекардем. латифаҳои намакин гуфта
шӯхиҳо менамудсм. Моро дар сархади вилояти
Қашкадарё, дар Чакчак ном мавзеъ. ки посгоҳи
боҳашамати нозирони роҳи умури дохилии ноҳияи
Деҳқонободи вилояти Қашқадарё мебошад. котиби
Кумитаи вилоятии хизби коммуниста Узбекистан
хонум Мирова ва котибони ҳизбии кумитаи ноҳияи
Дехконобод ва боз чанд тани расмӣ бо нону намак
гарму ҷӯшон истикбол намуданд. Ҳайати моро ба
меҳмонхонаи нозирони роҳ, ки дар чои хушманзара,
байни гулу гулзор вокеъ буд ва дар он ҷо мизи
дарозеро бо тамоми нозу неъмат оро дода буданд.
даъват намуданд. Дар давоми сафари мо, ки чанд рӯз
идома ёфт, устод Абдуқодир Маниёзов дар даъвагхо
ва сӯхбатҳо шеър мехонданд, шодбошиҳо мегуфтанд.
Аз Академияи улуми Узбекистан бо сарварии
ноибпрезиденти он, ховаршиносони номӣ ва шоиру
нависандахои Ӯзбекистони бародар дар
конференсияи илмии сайёр, ки дар маҷлисгоҳи
ҳукумаги ноҳияи Китоб ва хангоми ифтитоҳи
нимпайкараи устод Абдулғанӣ Мирзоев дар
зодгохашон дехаи Варгонза ва мактаби хушсохти
замонавии ба номи шаркшиноси маъруф баргузор
гардид, дар катори олимони тоҷик ховаршиносони
ӯзбек ва Шоири Халқии Узбекистан Абдулло
Орифов нутк эрод намуд ва аз шеърҳои Мавлоно
Ҷомӣ хонд. Ҷашни 80-солагии академик Мирзоев ба

82
________________Еди ёри меҳрубон______________

маҷмаи дӯстии халкхои ӯзбеку тоҷик табдил гардид.
Нишасте, ки бегоҳии рӯзи аввали сафарамон дар
огӯши табиати тарабхонаи «Ҳазор чанор» сурат
гирифт, хеле бошукӯх ва ба дараҷаи олӣ буд. Аз
ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон рохбари хайат
ноибпрезиденти АИ Тоҷикистон Ҳабибуллоҳ Саид-
муродов, академик Раҷаб Амонов, узвҳои вобастаи
академия устодон Абдуқодир Маниёзов,
Абдугаффор Ашӯров ва дигарон суханони самими аз
дӯстиву бародарӣ гуфта, хизмати академик
Абдулғанӣ Мирзоев-ро дар соҳаи ховаршиносӣ
таъкид намуданд, роҷеъ ба аҳамияти ҷаҳонии
мактаби шаркшиносии тоҷик, ки асосгузори он
Мирзоев мебошад, ибрози назар намуданд. Дар
суханронии олимони ӯзбек хизмати бузурги
академик Мирзоев дар илми шаркшиносии
Ӯзбекистон низ таъкид ёфт. Рӯзи 11 май меҳмононро
сарварони хоҷагии анорпарварии дехаи Варгонза бо
раҳбарии раиси он - шахси кордону инсондӯст Очил
Рӯзиев дар фарогатгохи «Бодомзор» дар назди рӯди
Кешкрӯд (Қашқадарё) даъват кард. Дар ин чо устод
Маниёзов шеърхои бисёр кироат намуданд. Ашъори
оламгири Ҳофиз, Навой ва Мирзо Турсунзодаро бо
маҳорати бузург кироат намуданд. Ахди нишаст аз
истеъдоди худодод ва махорати фавкулода бузурги
устод Маниёзов дар шигифт монданд. Дӯстони узбек
ба устод боз наздиктар ва карин гардиданд. Ба
тавассути ширкати ин шахси начиб сафари ёдбуди

83
_______________Ёди ёри меҳрубон_____________

академик Мирзоев хеле хотирнишин ва муфид
гузашт.

Баъди ба Душанбе баргаштанамон рӯзе устод
Маниёзов маро ба қабулгоҳашон хонда хеле
суханҳои нек гуфтанд. Аз ҷумла таъкид намуданд, ки
тоҷикони вилояти Қашқадарё, хосатан хамватанони
устод Мирзоев аз тоҷикони асл будаанд. Эшон
изхори қаноатмандӣ ва таъкид кард, ки ҷиҳати
омӯзиш, гирдоварӣ ва таҳқиқу ба чоп ҳозир сохтани
эҷодиёти шифоҳии мардуми ин маҳал, гӯиш ва тарзи
зиндагиву шуғли онҳо ҳар чӣ зарурат пеш ояд, ба он
кас муроҷиат намоем, кӯмаки аз дасташон
меомадаро дареғ нахоҳанд дошт. Дар ҳакикат, устод
ба гуфторашон содиқ монданд. Мо ҳамроҳи
Абдурашид Қодиров бо раҳнамоии академик Рачаб
Амонов ва дастгирии бевоситаи устод Маниёзов
намунаҳои фолклори тоҷикони ин вилоятро дар се
ҷилд нашр кунондем.

Хизмати устод Абдуқодир Маниёзовро бояд
дар бобати аз нав тармим гардидани бинои
Института забон ва адабиёти Рӯдакӣ ва ба таври
бояду шояд ҷо ба ҷо шудани шӯъбаҳои пажӯҳишгох
хотирнишон сохт. Мо, ки шоҳиди ин корҳо ҳастем,
медидем, ки устод бо сарвари устоҳои тармимгар ва
ҷонишини директор оид ба корҳои хоҷагӣ чӣ навъ
бархӯрдх.о мекарданд. Қариб ҳар рӯз худашон
корҳои тармимгаронро бо ҳамроҳии ҷонишинашон
Додихудо Саймиддинов зери назорат гирифта.

84
________________Еди ёри меҳрубон______________

маблағҳои заруриро бо бисёр мушкилихо иайдо
мекарданд, сарфа намуда, барои зудтару хушсифат
анҷом пазируфтани таъмири бино саҳми аеосиро
худашон гузоштаанд.

Устод дар садади анҷом додани таҳқиқоти
перомуни арӯзи тоҷик буданд, ки бо маслиҳат ва
хидояти устодони шодравон Шарифҷон Ҳусейнзода
ва Носирҷон Маъсумӣ ба ин кор шурӯъ намуда
гардида буд. Мо - шогирдон ва дӯстонашон аз устод
Арӯзӣ рисолаи арӯзии комилро интизор будем, ки
илми филологияи тоҷик низ ниёзманди он буд. Устод
шояд тадқиқотро дар мавриди шинохти арӯзи тоҷик
анҷом до да бошанд, вале мо намедонем. Агар чунин
амал анҷом ёфта бошад, кори хубест ва он харчӣ
тезтар бояд дастраси хонандагон ва ниёзмандони
шеъри точик гардад.

85
Ёди ёри меҳрубон

Абдухолиқи НАБАВИ
Шамсиддини СОЛЕҲ

МАРДЕ АЗ ТАБОРИ ХУРШЕД

Ҳар яки мо устод Абдуқодир Маниёзовро аз
айёми хурдсолй, пеш аз он ки бо эшон бевосита
ҳамсӯҳбат туда бошем, мешиносем. Инро сабаб он
аст, ки эшон аз афроди пешрави фарҳанги мо буданд,
ки дар шахси худ лаҳну садо, маънавият ва фарҳангу
одоби аслии мардуми тоҷикро таҷассум карда
буданд. Устод Абдукодир Маниёзов аз ҷумлаи он
шахсиятҳое буданд, ки рӯзгори ҷомеаи моро ҳам бо
ҳузурашон, хам бо фаъолияти пайвастаи
ҷамъиятиашон ва ҳам бо садои рӯҳнавозу
дилгармкунандаашон, ки зуд-зуд тарики садову симо
танинандоз мегардид, рангу ҷилои нав медоданд ва
дилхои хастаи моро гармӣ ва рӯҳу ҷонро тавон
бахшида, умеду имонамонро ба оянда кавй
мегардониданд. Агар хар як нафаре, ки даъвои
фарҳангӣ ва зиёй буданро дорад, дар тӯли дах-
понздаҳ соли охир аз сад дах фисади ин хизмати
устодро мекард, шояд кишвари мо имрӯз хеле пеш
мерафт ва рӯзгори мардуми мо аз ин хам ободу
дилработар мегардид. Вале афсӯс, ки чунин бахти

86
________________Ёди ёри меҳрубон____ ^

баланди ба халқу Ватан хизмат намудан на ба хар
кас насиб мешавад.

Абдукодир Маниёзов аз зумраи фарзандони
бузурги миллати тоник будаанд, ки вазифа ва карзи
фарзандии хешро дар назди халқу миллат бо сари
баланд ба анном расонидаанд.

Имрӯз устод Маниёзов ҳамроҳу ҳамсафи мо
нестанд. Мо дар ин рӯзҳое, ки эшонро аз даст додем.
набудани он касро бештару амиқтар дарк менамоем,
ба рӯзгор ва корномаи фарҳангии устод, махсусан ба
он солҳое, ки хушбахтона кисмат насиб гардонид, ки
бо эшон ҳамкорӣ дошта бошем, назар меандозем. Ва
лаҳзаҳои хуш, сӯҳбатҳои дилгармкунанда, насиҳату
рахнамоихои устодонаву гамхоронаашон пеши
назар меояд. Зеро устод дар баробари дониши
комилу фарогир шахсияти рӯшан, устод ва
раҳнамою рахбари окилу доно, некӯкирдор ва
окибатандеш буданд. Дар тӯли солиёни зиёд, ки
устод сарварии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба
номи Рӯдакиро ба ӯхда доштанд, боре надидаем, ки
касе ва ё корафтодае аз ҳузури эшон бо табъи хира ва
ё норохат баромада бошад. Эшон ҳамеша кӯшиш
мекарданд. ки мушкилаҳоро мувофики дили
корафтода ва ба манфиати ӯ ҳаллу фасл намоянд.
Вале, афсӯс. ки моҳияти ин қабил амалу хислатҳои
некро на хама дарку маърифат карда метавонистанд.
Буданд касоне. ки ба эшон борхо густохй намудаанд.
вале бо гузашти айём ва таҷрибаи рӯзгор аксари

87
_______________Ёди ёри меҳрубон______________

онхо аз ин амалҳои нисбат ба устод раводидаашон
пушаймон гардида, рӯ ба рӯ ва ё гоибона аз он кас
узрхохй намудаанд. Бузургии устод дар он зохир
мешуд, ки эшон дар дил нисбат ба касе кина
намегирифтанд ва ҳагто бо бадгӯёну бадхохонашон
аз хеш муносибати гарму самими зохир мекарданд.
Устод Маниёзов дар ниходи хеш аз падару модар. аз
мухити зисту макони тарбиядида, аз устодону
хамкорон пеш аз хама як хислат - некӯкориро ба ирс
гирифта буданд. Ва дар тамоми умри худ дар хар
муассисае, ки кору сарварй карда бошад, ба
кормандони он, мутахассисони чавон. ахли адаб,
бахусус, дар рӯзҳои мушкилашон хамеша дасти
кӯмак дароз кардаанд. Мо хама аз эшон ёрй ва
мехрубонихо дидаем. Устод инсони бузург ва сохиби
фарҳанги баланде буданд.

Ёд дорем, боре эшон бо табъи болида ба
кормандони ҷавони Пажӯҳишгоҳи забои ва адабиёт
дастур дода, онхоро ба бештар навиштани корхои
илмй таргиб менамуданд. Дар аснои сӯхбат аз тангии
вакти хеш шикоят намуда гуфтанд, ки ман дар cap
накшаю андешахои зиёде доштам, вале умри ман
сарфи маъмурияти илм шуд. Шумо медонед, ки мо
донишмандони варзидаи зиёд дорем, вале дар байни
онхо кам каееро метавон пайдо кард, ки илмро,
равандҳои пажӯхиширо идора карда, ба олимон, ки
голибан ашхоси нозук мебошанд, кор карда тавонад.
Намунаи чунин афрод устод Осимй буданд ва мо хам

88
____________ Ёди ёри меҳрубон_______________

кӯшиш кардем. ки ворис ва давомдиҳандаи кори
эшон бошем.

Дар баробари ин ҳама устод Абдукодир
Маниёзов дар ҳама риштаҳои илмии филологиям
тоҷик ворид буданд ва самтҳои рушди пажӯҳиши
аксари сохаҳоро амиқ ва вобаста бо табиат ва талаби
он соҳа дарк менамуданд. Ҳангоми баррасии
мавзӯъҳо ва равишхои тадкиқотӣ эшон ба ҳайси
эксперта (коршиноси) асосӣ изҳори андеша
мекарданд. Дар омади сухан бояд гуфт, ки устод аз
донишмандони тавонои забои ва адаби форсй ба
шумор меомаданд. Ин хикмат, ки донистан гуфта
тавонистан аст, ба фаъолияти Абдуқодир Маниёзов
сад дар сад мувофик меояд. Дар суханрониҳои
бадеҳие, ки дар ҷаласа ва ё дар садо ва симо
менамуданд, ончунон ба мантиқ ва табиати мавзӯъ
мувофик харф мезаданд, ки ягон калимаи беҷое ба он
роҳ намеёфт ва моҳияти масъаларо ба рӯшании том
бармало месохтанд, гӯё дар ин масъала чандин вакт
тайёрй дида бошанд. Ин хусни гуфторро садои
махмалини эшон як бар чанд меафзуд ва пай бурдан
душ вор набуд, ки муҳоварахои устод аз вукуфи
комил ба мохияту табиати илми суханшиносй ва
ворид буданашон ба хунари суханварй сарчашма
мегирад. У мед аст, ки он хама кироату хонишхои
адабии эшон фақат дар архиви садо ва симо махфуз
намонда. тавассути забт дар диску косетҳо ба

89
________________Ёди ёри меҳрубон______________

дӯстдорони забои, адабиёт ва лахни ширинп забону
гуфтори тоҷикӣ пешниҳод карда мешавад.

Мо шохиди он хастем, ки устод дар тадкики
адабиёт низ хеле дакикназар буданд. Аз мутолиаи
тадкиқоти эшон «Публитсистика ва назми устод С.
Айнй» (1958) маълум мешавад, ки бунёди андешаи
муаллиф хеле кавй ва дар заминай далелу аркоми
зиёди таърихй ва илмиву адабй ба миён омада,
ҷанбаи пурқуввати назарй ва дастурй дорад. Дар он
ташаккули устод Айнй ба сифати шоиру публитсист
ва умуман чун як адиби навовар ва ходими ҷамъиятӣ
хеле асоснок ва боэътимод мавриди баррасй карор
гирифтааст. Устод ба мавқеи Садриддин Айнй ба
ҷараёни ҷадидия, иштироки ӯ дар ҷамъият ва
нашрияхои он бахои бегарази илмй додаанд. На
Айниро ба хама ҷабҳаҳои ин нахзат пуриштирок ва
на ӯро аз ин ҷараён берун хондаанд. Масалан, эшон
ба сарохат менависанд. ки устод Айнй дар саҳифаҳои
рӯзномаи «Бухорои шариф» начандон фаъол
будааст. балки хатто чун муаллиф иштирок
накардааст. Аммо баъзе аз ахли тадкик аз рӯйи
эхсосот устодро ба он гунахгор кардаанд, ки эшон
гӯё бо ин амалашон Айниро аз чадидия дур нигох
доштанӣ шудаанд. Аммо ҳакиқати таърихй ва
вокеият чунин асг: устод Айнй агарчи дар фаъолияти
чараёни чадидия бо роҳи ташкили мактаб ва
таълифи китобхои дарсй иштироки фаъол дошт ва
ба нашр огоз кардани рӯзномаи нахустини тоҷикиро

90
________________Ёди ёри меҳрубон______________

ба куллӣ ҷонибдор буд, вале дар онхо бо навиштани
макола ва ё чопи шеъру дигар осори насри иштирок
накардааст ва худ низ дар ин масъала низе намегӯяд.
Ammo, мухимтар аз хама, ин ба мавқеи Айнй дар
ҷараёни рӯшанфикрии тоҷик латмае ворид
намесозад, балки аз покизакории устод Маниёзов
гувоҳӣ медиҳад. Дарвоқеъ, андешаҳои Абдуқодир
Маниёзов дар рисолаи мазкур дар бобати
ибтикороти Айнй дар шеър ва навовариҳои ӯ дар ин
маврид низ хеле мушаххас, муҳокимаҳояш солим ва
забонаш, сарфи назар аз олими чавон буданаш, хеле
гтуртавон мебошад.

Андешаи аҳли назар ва донишмандони воқеӣ
низ дар ин масъала дигар аст. Боре устод
Мухаммадҷон Шакурии Бухорой дар як сӯҳбате ба
хамкорон гуфтанд, ки: «Ман дар тӯли солхои дароз
рисолаву асархои зиёдеро хонда тахрир намудаам,
вале ягона асаре, ки хонда ягон харфашро зиёду кам
накарда бошам, ҳамин рисолаи Абдукодир
Маниёзов «Публитсистика ва назми С. Айнй»
мебошад. Абдукодир асарашро бисёр босаводона
навишта буд».

Хиелати дигари нотакрори ин марди шариф он
буд, ки эшон хар кореро, ки огоз мекарданд, го ба
охир онро поку халол ба анҷом мерасониданд. Устод
дар аксари ҳамоишҳои илмие. ки Пажӯҳишгоҳи
забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дойр менамуд, ба
хайси суханрони асосй баромад карда, хозиринро ба

91
________________Ёди ёри .меҳрубои_____________

навтарин дастовардхои илми филологиям тоҷик
ошно менамуданд. Махсусан, дар ҷаласаҳои илмии
«Солонаи Айнӣ», ки ҳамасола дар рӯзи таваллуди
устод Айнй, 15 апрел. баргузор мегардад. эшон
бидуни бозёфти тоза маърӯза намекарданд. Имрӯз,
агар мо он хама суханронихои устод Абдукодир
Маниёзовро ҷамъоварӣ намоем, як китоби хубу
бузурги илмй фароҳам хоҳад омад ва ин карзи
дӯстону шогирдони устод дар назди рӯхи эшон аст,
ки онҳо дар оянда бояд ин корро анҷом бидиханд.

Ба сифати намуна ба як маколаи илмии устод.
ки соли 1960 дар иҷлоси «Солонаи Айнй» ба хайси
маърӯза пешниҳод намуда буданд, ишора менамоем.
Ин макола «Мулоҳизаҳо дойр ба ташаккули насри

С. Айнй» унвон дошт ва дар он муаллиф вазъи
ҳамонвактаи айнишиносиро баррасй намуда,
тамоюлҳои асосии таҳқики минбаъдаи осори С.
Айниро ба таври илмй мушаххас месозанд. Эшон ба
муҳимтарин вежагиҳои насри устод Айнй ишора
намуда, айнишиносонро даъват менамоянд, ки
асархои нависандаро дар робитаю ҳамбастагӣ бо
ҷараёнҳои адабии замонаш омӯзанд. Устод
Маниёзов дар маколаи мазкур бори нахуст масъалаи
алоқаю пайванди ногусастанй доштани насри
Айниро бо адабиёти гузаштаи форсу тоник ба миён
мегузоранд. Ҳамчунин таъкид менамоянд, ки «С.
Айнй ханӯз дар солхои таҳсили Мадраса дар катори
назми классикой асархои насрии адибон ва

92
_______________Ёди ери меҳрубон_____________

муаррихони гузаштаро меомӯхт». Ва, бешубҳа, ин
ошноию таҷриба дар асархои насрии нависанда
беасар нестанд.

Устод Маниёзов донишманди фарохназар
буданд. Эшон ҳаргуна мавзӯъ ва масоили илмиро аз
чанд пахлӯ ва бо дарки мохияти онҳо мавриди
баррасӣ қарор медоданд, ки ин аз мухимтарин
сифатхои олими воқеист.

Масалан, метавон гуфт, ки эшон яке аз
донандагони хуби арӯзи тоҷикӣ ба шумор
меомаданд. Донистани арӯз вобаста ба талаботи
маънавии устод, ки ба шинохту мутолиа ва баррасии
забои, шеър ва кироати адабй сару кор дошт, бисер
муҳим буда, он ба ин хама риштаҳои фаъолияти он
кас муназзамй ва таровати махсус мебахшид. Устод
Маниёзов ҳатто хангоми сӯҳбати муқаррарӣ вазни
ҳар як вожаро риоя менамуданд. Ва эшон ба таҳқики
вазни арӯз низ аз хеле барвақт сару кор доштаанд.
Борхо изхор дошта буданд, ки хамрох бо устодашон
Шарифҷон Ҳусейнзода дар таълифи бахши арӯзи
китоби таълимии синфи хаштум сахм гирифта
будаанд, бахусус дар сохтани нақшаи ташаккули
баҳрҳои фаръии арӯз. Ба хамин сабаб устод яке аз
нахустин мухаққиқоне буданд, ки дар мавзӯи вазни
шеъри муосири тоник пажӯҳиш анҷом додаанд ва
сурат гирифтани хасоиси вазни шеъри нави
тоҷикиро натиҷаи шикастани вазни маъмулй (вазни
арӯзи озод) ва ба хам омехтани вазнҳои мухталифи

93
_______________Ёди ёри меҳрубон______________

арӯз ба шумор овардаанд. Маколаи эшон тахти
унвони «Шеъри нав» ва баъзе масъалаҳои шеърият»
махз ба ҳамин мавзӯъ бахшида туда, ба казияи сохти
шеъри нави тоҷикӣ рӯшанӣ меандозад. Ба хамин
монанд устод дар масъалахои шакли эчодиёти
Дақиқӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, мусикй дар шеъри
Ҳофиз, мушкилахои омӯзиши эчодиёти Ахмади
Дониш, ҳамосаи мардумии «Гурӯғлӣ», накди адабй,
тарчума ва пайвандҳои адабй, имлои забони тоҷикӣ,
таълифи китобҳои дарсй ва дигар масоили илми
суханшиносии точик асару маколахои бунёдй таълиф
намудаанд.

Ба ин маънй, устод олими комил буданд, аммо
корҳои маъмуриву роҳбарӣ вақти зиёди эшонро
мегирифт. Марти нобахангом имкон надод, ки эшон
ниятҳои зиёди илмиву эҷодиашонро амалй созанд ва
корхои нотамомашонро ба охир расонанд. Аидом
додану ба нашр омода кардани корхои нотамоми
устод вазифаи дӯстону ҳамкорон ва шогирдону
хампешагони эшон аст...

Устод Абдукодир Маниёзов марде буданд аз
табори хуршед. Эшон ба сони хуршед дар фазой
фарханги мо тулӯъ намуданду дурахшиданд,
дурахшон зистанд ва дурахшон моро тарк гуфтанд.
Ёдашон ба хайр!

94
к (ill ёри меҳрубон

Али Бобоҷон

МАКТАБИ МАЪРИФАТ

Охири асри бист ҳангоми дар Институти забои
ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академиям илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карданам рӯзномаи
ҷумҳуриявии «Тоҷикистони совета» (ҳоло
«Ҷумҳурият») ба банда фармуд, ки дар бораи
роҳбарӣ ва услуби сарварии директори ин муассиса
Абдукодир Маниёзов маколае нависам. Филфавр аз
пайи иҷрои супориш шудам. Лозим омад, ки якчанд
вақт бо мудирон ва ходимони илмии шӯъбаҳои
институт сӯҳбат карда, дар мавриди усули роҳбарӣ
ва ранҷу заҳматҳои ин марди тариф мавод андӯзам.
Ба ҳар пажӯҳишгари ин муассисаи бонуфуз рӯ
оварам ва дар бораи сарварашон суоле диҳам,
албатта, суханони саршори самимият ва сипосу
ихлосмандона мешунидам. Ҳангоми ҷамъоварии
мавод маьлумам шуд, ки муаллим Маниёзов нисбат
ба ҳамаи роҳбарони собиқи институт бештар ин
вазифаро ба ҷо овардааст. Хамчунин дарёфтам, ки
чӣ бори гароне бар дӯши ӯ будааст. Ӯ тамоми рӯз аз
сари дастгох дур намерафт, бегоҳ дастнависи
рисолахои олимонро барои мутолиа, мукоиса ва

95
Еди ёри меҳрубон ______

муойина ба хонааш мебурд, хатто рӯзхои
истироҳатро низ ба ин кор мебахшидааст.
Пажӯҳишгарон аз савобдиди (фикру раъйи рост ва
дурусти) ӯ баҳраманд буданд.

Боре дар қабулгоҳи сарвари институт ду-се
нафар хамкоронашро дидам. ки дар паси дари
нимроғ саропо гӯшу ҳуш шуда. ким-чиро
мешуниданд. Чун пурсидам, ки чӣ ran асту чиро гӯш
мекунанд, котиба посух дод:

- Оҳиста, шумо хам гӯш кунед, бинед, ки
муаллим Маниёзов гунаҳгорро чй тавр танбех
медиханд.

Қисси кунҷкобиам галаба карду ба роги дар
гӯш додам ва лахчаи нарму халими муаллим
Маниёзовро шунидам, ки яке аз кормандони илмиро
сарзаниш карда, пандомез мегуфт:

- Ба фикрам, ин коргохи арбоби дониш ба шумо
маъкул не. Росташро гӯед, кадом ҷиҳати он
номакбул? Агар илоҷаш бошад, ба ислохаш
тайёрам...

- Ин хел нагӯед, муаллим. аз чои корам розй
ҳастам. Ё маро мазох мекунед? - мутахайирона посух
медод корманд.

- Мебахшед, ман одати касеро мазох кардан
надорам. Аммо баъзан дар вақти кор май нӯшида,
чанд соат гум шуда меравед. Ин рафторатон чй
маънй дорад: гурури чавонй ё писанд накардани
хам корон.

96
____________ Ёди ёри меҳрубон

Корманд музтар ва сурху сафед гардида, баъди
радду бадали чанд суоли дигар ба гуноҳаш икрор
гашт ва гуфт:

- Маъзарат мехоҳам, муаллим. Беҳтар аст, ки
маро бо хоҳиши худам аз вазифа озод кунед.

- Ман шуморо бо ин мақсад даъват накардаам.
Дигар ин андешаро аз майнаатон дур андозед. Ман
ба виҷдонатон бовар дорам. Шумо аз ӯхдаи кор
мебароед. Ба тадриҷан нест шудани истеъдоде, ки
доред, дилам месӯзад. Мехоҳам аз танқиди ҳакконии
хам корон хулосаи дуруст бароварда, лаёқати худро
бар бод надиҳед. Минбаъд ба майнӯшии бемаврид
дода нашавед. Шукр, шумо дар хонадони омӯзгорон
тарбият дидаед. Ҳукумат барои мехнати сермаҳсули
мо ҳамаи шароит ва муҳити маънавӣ офаридааст,
агар ба кадраш нарасида, фориғболӣ кунем,
носипосӣ мешавад...

Окибати чунин танбеҳҳо ин шуд, ки ходим
хатояшро фаҳмид, иродаашро ба даст гирифт ва
ислох шуд. Бо ду-се нафар рафиқи сабуксар. ки
хамарӯза пеш аз тановули гизои пешин май
менӯшид, ҳамнишиниро бас кард. Минбаъд, пас аз
солҳои тӯлонӣ он корманди танбехдида ҳар чое, ки
бо муаллим Маниёзов рӯ ба рӯ ояд. чун фарзанди
гиромӣ салом дода. эҳтиромашро ба ҷо меовард ва
аз пасаш дуои нек мекард. Дар хотири ӯ Маниёзов
чун рохбари меҳрубоне нақш ёфтааст, ки бисёр
чавононро аз роҳи хато баргардонда, ҳамаи умр

97
________________Ёди ёри меҳрубои_______________

алайҳи дағалию еангдилӣ ва нокасию носипосӣ
мубориза мебурд.

Банда дар хусуси маданияги роҳбарӣ. фаросати
инсонпарварӣ ва низоми корбарии Абдукодир
Маниёзов аз забони хамсафону хампешагони ӯ бисёр
ҳикоёти пандомез ва сухани меҳрангез шунидаам.
Аксари онхо чунин нуктаро ба такрор мегуфтанд. ки
дар тӯли ин кадар солҳои ҳамкориамон харгиз
нашунидаем, ки ӯ ба иззати нафси касе сахт расида.
сухани дуруште гуфта бошад. Борҳо ба мушоҳида
гирифтаем, ки Маниёзов агар гунаҳкореро ҷазо
доданӣ шавад, ӯро ба сӯҳбати якка ба якка даъват
намуда, ба ӯ чун ба писар ва ё бародар маслихат
медиҳад, аз андарзи саромадони адабиёт мисолҳо
меорад, қисса, ё масалеро гӯшрас мекунад, ки
хулосаи хикматомез дорад. Ҳаргиз надидаем, ки ӯ
дар ҳакки касе ҷабр кунад, хатто то сари каҳр хам
лафзи кабехро ба забон намеорад. Ин ҳама аз
сиришти поки эшон, аз табиати нарму одоби
муошираги ӯ гувохӣ медиҳанд. Яъне тундиву дағалӣ
дар сиришти ӯ нест. Ин аст таъсири мухити хонадони
фарҳангӣ.

Дар сӯхбаги хусусие ходими илмии институти
номбурда. шашмақомхони хушсалиқа Темур Шаҳоб
ба камина гуфта буд: «Мардуми тоҷик метавонад
ифтихор кунад. ки ба олами илму фарханг
Абдукодир Маниёзов барин шахси заковатмандро
додааст. Аз чунин инсони сохибмаърифат. ки дар

98
________________Еди ёри меҳрубон _______________

хамаи ҳолатҳо меъёру шафкат ва адолатро нигоҳ
медорад, хатто мӯр ҳам озор намеёбад. Гӯё Саъдии
волохирад байти зеринро аз забони ӯ гуфта бошад:

Маёзор мӯре, ки донакаш аст,

Ки ҷин дораду ҷоки ширин-ш хуш аап».

Яке аз забоншиносон, роҳбари дастгохи кории
комиссиюни татбиқи Қонуни забони тоҷикӣ дар
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, доктори
илмхои филология, профессор Ғаффор Ҷӯраев аз
сабақҳои роҳбарӣ ва некӯхисолии Маниёзов сухан
ронда, ба эҳсоси хушнудӣ мегӯяд, ки барои чунин
фарди сохибдил нармрафторӣ, гармгуфторй ва
тамкину бурдборӣ хос буд. Ягон бор надидаам, ки ба
пурсиши эҳтиёҷманде посухи хушку холӣ дода
бошад. Як сирри рохбариашон ин буд, ки дар ҳар
вазъият инони дурандеширо аз даст надода, ҳар
масъалаи баҳсталабро бо оромию таҳаммул ҳал
карда метавонистанд. Воқеан. роҳбар ба дили
кормандон кадом вакт метавонад бештар роҳ ёбад?
Танхо ҳамон вақте ки гапи онҳоро то охир шунида,
маслиҳати мушаххас дода тавонад...

Узви пайвастаи Академияи улуми Тоҷикистон
Хуршеда Отахонова ин андешаи хампешаашро
тақвият дода. дар ёддошти худ навиштааст: «Чунон
ки медонам, хамсабақам Абдуқодир Маниёзов
донишманди асил ва инсони покизазамиру

99
Ёди ёри меҳрубон _____________

бамулохиза, дорой маънавияти ғанӣ ва маданияти
баланди зоҳиру ботин аст. Дар муддати тӯлонии
ҳамкориамон дар институт боре надидаам ва
нашунидаам, ки вай овозашро ба касе баланд карда,
харфи дуруште туфта бошад. Дар ҳамаи ҳолатҳо ӯ
метавонад хашмро фурӯ барад ва тамкинро аз даст
надиҳад, бо ҳамсӯхбати худ ба хамон нармию
меҳрубонӣ муомила кунад. Ӯ ба худ хама чизро раво
мебинад, вале равои озори дигаронро надорад,
мардумозориро зишттарин хислати инсон
мешуморад...»

Мусаллам аст, ки ба бурду бохти сардор беҳтар
аз ҳамкор касе баҳои хаққонӣ дода наметавонад,
зеро ҳампеша ҳолдон асту воқифи асрор. Аз ҳамин
лихоз баҳои зерини олими зиндаёд Ансор Афеаҳов
хеле диққатангез аст: «Устод Маниёзов марди
хирадманд, ҳалим ва маданию хушзабон аст, дили
мехрубон дорад. Ба хар корманд, ки бо мушкилоти
хеш назди ӯ меояд, то хадди тавон мадад мерасонаду
корашро буд мекунад. Бо масъулияти тамом туфта
метавонам, ки ба ягон хохиши худ аз ӯ чавоби рад
нашунидаам. Ҳатто баъзан корхоеро, ки мебояд
котиб ё муовин иҷро кунанду дар амал иҷро
намекунанд, бо дахолати шахсии ӯ иҷро метардид.
Шунидаву фаҳмида тавонистани хостахои хамкорон,
иштироки мустақим ба гаму шодии онон ӯро аз
бисёр курсинишинони хурду калон бартар медорад,
зеро баъзан як сухани нек беҳтар аз хазор мархам

100
___________ Еди ёри меҳрубон_________________

дардро шифо мебахшад. Охир, дар мо
«бузургманишоне» кам нестанд, ки ҳам бо сухани
нешдорс ба сина захм мезананду бетамизона ханда
ҳам мекунанд. Вақте устод Маниёзовро бо чунин
ашхос муқоиса мекунй, беихтиёр байте ба забон
меояд:

Рафӣқи некрой аз гавҳаре беҳ,

Дили осонгузар аз кишваре беҳ»

Алъон бидуни тардид хоҳам гуфт, ки аз боби
одоби муошират, дурбинию дурандешӣ,
одамшиносию одамгарии сардори беозору ғамгусор
Абдуқодир Маниёзов боз мисолҳои бисёре метавон
овард. Аммо барои он ки домани сухан дароз
нашавад, бо овардани ҳамин чанд мулоҳиза иктифо
мекунам.

Аз забони ҳамкорони собиқадор ва
пажӯҳишгарони дақикафкор шунидани чунин
гуфтори саршори ихлос фараҳбахш аст, ки муаллим
Маниёзов дар тӯли кариб ей соли сарвари Института
забон ва адабиёт буданаш касеро дар ҳузури дигарон
дар хиҷолат намононд. сари танбеҳи гунаҳгоре
алфози қабех ба забон наёвард, ходимеро бо чурми
андак аз кор сабукдӯш накард, то тавонист ба
мардум хайрхохона дасти мадад бидод, ҳатто ба
хасудонаш хам бадиро раво надид, дар рӯзи сахти
хампешагон аз дигарон пештар ба ёрй шитофт.

101
_______________ Ёди ёри меҳрубон _______________

Ҳамаи ин фазилатҳо ҳосили тарбияи мактаби
роҳбарии устодони ӯст. Ин ҳама самараи таъсири
сабақҳоест, ки аз дорулфунуни рӯзгор ва аз осори
бузургони илму адаб мегирифг. Чунин тарзи
роҳбарии олимонаи ӯро ба назар гирифта, дил
мехоҳад ба мураббиёни мустақими ӯ, олимони
маҳбубу мӯҳтарам Шарифҷон Ҳусейнзода, Ҳилол
Каримов ва Носирҷон Маъсумӣ ҳазор аҳсант бигӯяд.
ки чунин шогирди фозилу одилро ба арсаи илму
фарҳанг роҳбаладӣ карда, ба ӯ умдатарин
фазилатҳои худро ато фармуданд.

Абдукодир Маниёзов низ чун устодони
арҷманди худ ба шогирдони сершумораш як умр
сабақи беозорӣ омӯхт ва дар ин чода чароги
маърифат афрӯхт. Дар ҷаҳони маънавият андарзи
зерини Фаридуддини Аттор ҳамеша довар ва
ҳидоятгари ӯбуд:

Эй бародар, гар хирад дорӣ томом.

Норму ширин гӯй бор мордум колом.

Ҳор кӣ боишд талхгӯю тундхӯй,

Дӯстон оз вой бигардоионд рӯй.

Ба ин тариқ, банда фармоиши рӯзномаи
чумҳуриявиро доир ба фаъолияти роҳбарии Арбоби
шоистаи илми Тоҷикистон, узви вобастаи
Академияи илмхои ҷумҳурӣ, узви пайвастаи
Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии

102
____________ Ёди ёри меҳрубоп

Исломии Эрон, сарвари ифтихории Института забои
ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва раиси Анҷумани
равобити фарҳангии Тоҷикистон бо хамватанони
хориҷӣ - «Пайванд» Абдуқодир Маниёзов сари вакт
ба но овардам. ки хеҷ аз ёдам намеравад.

Зиҳӣ устоди мактаби маърифат ва машъали дар
ёдҳо афрӯхта!

103
Ёди ёри меҳрубон

Зафар Зарифи

ПИРИ ХИРАД

Чанде кабл ҳатто аз хаёлам намегузашт, ки рӯзе
фаро мерасаду инҷониб ба инсони барон худ нихоят
азизу гиромй, муовини аввали ранен Анчумани
точикон ва форсизабонони ҷаҳон - «Пайванд»,
ранен Кумитаи ичроияи ин созмони мӯътабари
байналмилалй. директори ифтихории Пажӯхишгохи
забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи
илмхои Ҷумҳурии Точикистон, узви вобастаи
Академияи мазкур ва Иттифоки нависандагони
кишвар Маниёзов Абдукодир Маниёзович, ки 3
майи соли 2008 баъд аз бемории начандон тӯлонӣ
дили пурхарорати саршор аз мехру мухаббаташон аз
тапидан бозмонд. чун ба шахеи таърихй мурочиат
карда, он лаҳзахои ҳамнафасиву хамкориро бо эшон
ба хайси ёддошт ба хаводорони эчодиёт, мухлисони
шахсият ва дӯстону пайвандонашон пешкаш мекарда
бошам. Баръакс, орзу доштам дар 80-умин солгарди
зодрӯзи устод, ки ба 10 августа соли 2010 рост
меомад, чун шогирд ва ҳамкор барои хидматхояшон
дар рушди илму фарханги чумхурй, чун як фарди

104
Ёди ёри меҳрубон

миллат арзи сипос намоям. Вале, афсӯс, ки ин орзӯи
банда ҷомаи амал напӯшид.

Шукрона аз он мекунам, ки дар тӯли фаъолияти
меҳнатиам аксаран бо ашхоси хуби, чи аз лиҳози
ахлоқ ва чи мавқеву манзалати дар ҷомеа бо захмати
халоли хеш бадастоварда қамкорӣ доштам ва аз кору
ибтикор ва ҳаёти пурбаракату ибратомӯзи эшон дар
ин фосилаи муайян аз наздик шинос будам.

Устоди арчманд Абдукодир Маниёзов аз
зумраи он шахсиятҳои бузурги майдони илму сиёсат
буданд. ки миёни олимон бо дастовардхои илмии
нотакрор, дар байни ҳамкорон бо ҳалимиву
ғамхории беназир, дӯстону пайвандон бо самимияти
ба худ хос ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзй
бо меҳнатқаринӣ, хоксориву фурӯтанӣ махбубият
пайдо намуда буданд. Устод бо хама: хурду калон,
мансабдору бемансаб. дорову нодор, диндору бедин
ва амсоли инҳо як навъ муносибат доштанд. Ба хама
меҳрубон буданд. Саъй менамуданд ба ҳар ниёзманд
хаддалимкон дасти кӯмак дароз кунанд. Кӯмакашон
беғараз буд. Ватану миллати хешро самимона дӯст
медоштанд. Аз муваффақиятҳои кишвару миллат
болида, аз душворихои ногузири рохи истиклол гохе
ғамгин мегаштанд. Забони модарии худро азизу
мукаддас медонистанду барои рушду тозагии он
ҳамеша заҳмат мекашиданд. Андешахояшонро устод
роҷеъ ба ин ё он паҳлӯи масъалахои забои, мақола,
мусохиба, суханронй. тафсир ва ғайра дар расонахои

105
______Ёди ёри меҳрубон ______________

ахбори умум. алалхусус. суханронихои наттокону
муфассирони садову симои ҷумҳурӣ. на бо тарики
худнамоиву хангомаҷӯӣ бо чопи маколае ва ё
такризе аз тарики матбуоти давр, балки бо ирсоли
номае ба муаллифон мекӯшиданд он иштибоҳотро
ислох намоянд. Борхо шохид будам, ки баъзе аз
муаллифон и маколахои дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба
нашр расида ва наттокону муфассирони садову симо
ба назди уетод омада, барои эродхои омӯзандаву
бегаразашон изхорй миннатдорй намудаанд.

Устод хамеша чонибдори хифзи расму русум ва
анъаноти ниёгонамон дар хама сохоги хаётамон
буданд. Вале дар хама кор, аз ҷумла дар ин амал низ
ботахаммул буданд. Вақте Президенти кишвар
аввалин туда икдоми ба анъаноти аҷдодӣ мувофик
намудани номи хонаводагии хешро намуд, устод шод
гардиданд ва онро амри саривактй донистанд. Вале
худ. қи солхо орзӯи амалй гардидани ин икдоми
Сарвари давлатро дар дил мепарвариданд, дар
тагйири номи хеш шитоб ва рӯзи дигар, ба монанди
бисёрихо. тагйири исми хонаводагй накарданд. Зеро
гумон доштанд. ки бо ин кори хеш гӯё диккати
чомеаро ба худ бештар чалб мекарда бошанд.
Хоксориву фурӯтании беандоза ба эшон имкон
намедод, ки ин орзуи деринаашон фавран чомаи
амал пӯшад.

Борхо мушохида кардаам. ки зимни баргузории
чорабиниҳои мухталиф баъзе аз соҳибмансабон ва

106
____________ Еди ёри меҳрубон__________________

намояндагони илму адаб хангоми гузаштани
роҳбарон аз наздашон саъй менамуданд садоқати
хешро ба эшон сохтакорона, бо нишон додани
хузури худ дар маърака, карсакзанихои бохарорати
бардавом, табассумхои сунъии хунармандона ва
гайра нишон диханд. Устод хамеша ва дар чунин
ҳолатҳо ҳам самимӣ, ботавозӯъ буданд, ҳеч гох
хоксориву фурӯтаниро аз даст намедоданд ва худро,
кафотар аз чунин афрод нигох медоштанд. Устод
воқеан миллатдӯст буданд. Монанди баъзеҳо даст ба
сина бардошта, ашки шашқатори хунармандона
рехта, лофу газофи миллатдӯстӣ намезаданд. Бо
меҳнати ҳалол ва бо хунари волои худ ба миллат
хоксорона хизмат мекарданд (хизмате, ки назирашро
садхо нафар наметавонистанд, ҳатто ҳиммат кунанд,
хам анҷом диханд).

Бо устод шарафи ҳамсафарӣ борҳо бароям
муяссар гардидааст. Боре дар Порис, дар бинои
ЮНЕСКО рӯзноманигоре ба назди мову устод
омада, суоли иғвоангезонае роҷеъ ба вазъи солҳои
навадуми Тоҷикистон намуд. Ман дар изтироб
будам. ки устод чӣ ҷавобе ба ин суоли игвогарона
медода бошанд. Ҷавоб чунон мохирона ва мантикй
буд, ки банда аз махорати дипломатии эшон дар
хайрат монда, рӯзноманигор бошад, барои суоли
густохонаи муғризонааш аз устод узр пурсид.
Дафъаи дигар пас аз суханронии устод дар махфили
хамватанону хамзабонони бурунмарзй дар Брусел
хонуме аз чой бархоста (чунон ки баъдан маълум

107
Еди ёри меҳрубон _______

гардид ӯ шоираи эронитабори кишвари Белгия
будааст), ба назди устод омада, дасти эшонро бӯса
карда, чунин иброз намуд, ки онро айнан иктибос
меорам: «Устод Маниёзуф, ман суханронии шевои
Шуморо шунида, ба хулосае омадам, ки то миллати
тоҷик побарҷост, забони форсй хор ва аз байн
нахохад рафт». Устод аз ин амал дар хинолат монда,
аз хонуми шоира узр пурсиданд (бояд ёдовар шавам.
ки агар устод аз амале ва ҳарфе дар хиҷолат
меуфтоданд, фавран киёфаи зебои нурониашон
гулгун мегардид). Ин дафъа хам чунин шуд ва он
шоира (аз исмашонро дар зехн нигох надоштан аз
хонум маъзарат мехоҳам) рӯзи дигар шеъре дар
бораи эшон эҷод карда, онро барояшон хадя намуд.
Ба гумонам, агар устод онро, боз хам, ба иллати
фурӯтанӣ ҷое нагузошта бошанд, бояд онро аз
бойгониашон ҷуст. Бори дигар бо устод ба шахри
Челябински Федератсияи Русия сафар доштем. Бо
хоҳиши сарвари ҳамонвақтаи тоҷикони ин вилоят
Бадавлат Маҳмадназаров барои густариши ҳамкорӣ
бо хадамоти муҳоҷирати Челябинск (он вақт
хадамоти муҳоҷират дар сохтори Сарраёсати умури
дохилй фаъолият менамуд) ба сардори Сарраёсати
умури дохилии вилоят мулокот намудем. Генерал-
лейтенанта милитсия Григорев моро на он кадар
хуш пазируфт ва асосан пиромуни камбудиҳо ва
баъзе хукуквайрон-кунихои мухоҷирони мехнатии
ин минтақа сӯхбат намуд. Устод бо забони шевои
русй ва махорати волою мантики баланди суханварй
роҷеъ ба таърихи бисёрхазорсолаи миллати худ.

108
________________Еди ери меҳрубоп____________

дӯстии халклои тонику рус. ҳамкориҳои судманди
миёни ду кишвари дӯсту бародар, нақши
муҳоҷирони мехнатир тоник дар рушду нумӯи
иқтисодиёти Русия. хадафхои Аннумани тоникон ва
форсизабонони нахон - «Пайванд» дар мустахкам
намудани дӯстиву ҳамкории судманд миёни
мардумону давлатҳоямон сухан ронда. дар охир ба
сардори Сарраёсати умури дохилии вилоят номаю
токии тоҷикӣ пӯшонданд. Ҳамчунин иброз доштанд,
ки банда кунун ба хулосае омадам, ки тоникону
русҳо натанҳо бо ватанпарастиву инсондӯстиву
шуҷоату кахрамонй ва меҳнатқаринй. балки аз
лиҳози қаду қомат ва симо низ якеанд ва такроран
чанд мисоли дигар оид ба наздикии ин ду миллат
оварданд. Григорев бо ҳаяҷони махсус устодро ба
огӯш гирифта, ба эшон ваъда дод, ки Сарраёсати
умури дохилии вилоят ва хадамоти муҳоҷирати он
дар доираи салохияти хеш дар ташкили шароити
кории зарурӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тоник
ҳаманониба мусоидат хоҳад намуд. Рӯзи дигар, шояд
бо ҳидоят ва муаррифии ӯ бошад, муовини аввали
губернатори вилоят Дятлов моро ба хузури худ
хонда, барон ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо
истифодаи неруи мухонирони мехнатии тоник ва
накши Аннумани тоникон ва форсизабонони нахон
дар тахкими дӯстӣ ва амалӣ гардидани ин ҳадафҳо
пешниходҳои ҷолиб намуд. Ӯ таассуф хӯрд, ки
губернатори вилоят аз сабаби дар сафари кори берун
аз вилоят буданаш дар сӯхбат иштирок карда
натавонист. Мулокот такроран чандин маротиб аз

109
______Еди ери меҳрубон________________

тариқи телевизиони вилоятӣ пахш гардид. Аз
сафарҳои дигари чи гарбу чи шарк бо устод
таассуроти аҷиб андӯхтаам, ки ҳар яке аз бузургиву
солории эшон чун олим. сиёсатмадор ва дипломат
шаҳодат медиханд ва агар имкон шавад, шояд то 80-
солагии ҷашни устод ба нашр хоҳанд расид.

Чунон ки дар боло ишора гардид, устод солҳои
охири ҳаёги худ ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроия ва
муовини аввали Раиси Анҷумани тоҷикон ва
форсизабонони ҷаҳон - «Пайванд» адои вазифа
намуда, ба синну сол ва бемории худ нигоҳ накарда,
дар тавсеа ва рушди муносиботи ҳамаҷонибаи
фарҳангӣ, илмӣ ва иқтисодй бо ҳамватанону
ҳамзабонони бурунмарзӣ нақши муҳим бозиданд.
Махз бо кӯшишу гайрати устод дар аксари мамолики
чаҳон (макони зисти доимии ҳамватанону ҳамзабонон)
намояндагиҳои Анҷуман боз гардиданд, ки кунун дар
таҳким ва ривоҷи муносибатҳои дӯстона миёни
ҳамватанону ҳамзабонон бо ватани ачдодиашон
хидмати босазое менамоянд. Устод ба анҷом
расонидани накдиахои зиёдеро дар дил мепарвариданд,
вале, афсӯс, ки умри эшон бако накард.

Зиндаву ҷовидмонд, ҳар ки накупай зист,
К-аз ақнбаш зикри хаӣр зинда кунад номро.
Edit ёри меҳрубон

Бадриддин Максудов

ҶОИ БУЗУРГОН КОШОНАИ ДИЛҲОСТ

Абдукодир Маниёзов - узви вобастаи
Академиям Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
профессор, яке аз чеҳраҳои пурнуру шинохтаи
фарҳанги халқи тоҷик дар нимаи дуюми садаи XX ва
оғози қарни XXI мебошад. Номи ӯ барои кулли
хурду бузурги мардуми тоҷик ошно ва азиз аст. Ӯ
шахсияте буд баркамол, хирадманд, ботамкин ва
зиёӣ ба маънии фарогири он. Суханшиносе буд
донишманд, бамулоҳиза, пурмутолиа, нуктадон ва
захматкаш. Марде буд тарбиятдида, некӯхисол,
ростқавлу якнахлӯ, санҷидагӯ ва дар бархӯрд бо
атрофиён хеле хоксор, меҳрубону ғамхор ва ниҳоят
хушодоб. Аз гирумон ва муносиботаш бо одамон ҳис
карда мешуд, ки саъй мекард дигаронро бубинаду
худро не. Бо ин хама сифатҳо салобату виқори
наҷибе дошт.

Аслан, зиндагии якнавохт, вале пуртазоди
ҷомеаи шӯравӣ. ки дар пешрафти инсон, дар
бароварда сохтани омолаш сарфи назар аз дараҷаи
дониш ва истеъдоду кобилиятҳояш монеаҳои
зиёдеро пеши рӯ меовард. ногузир авсофи нохамвору
__________ Ёди ёри меҳрубои ____________________

ноҳинҷор амсоли замонасозӣ. дуруштгӯӣ. рӯдавй,
бепарвой нисбат ба фарҷоми кори дигарон ва
ғайраро бор меовард. Биноан, як фарди пурталоши
равандаи рохи илмро хеле душвор буд, ки дар ҳама
ҳолат ва дар ҳама ҷо бурдбориву хисоли неке аз худ
нишон дода битавонад. Аз ҳамин ҷост. ки бисёр
олимони номдореро хам дидаем. ки на ҳама вақт
хайсияту шараф ва эътибори як зиёии комилро ба
пуррагӣ соҳиб буда бошанд. Аммо Абдукодир
Маниёзов ба таъбире мевае буд аз боги дигар. Фикр
мекунам, сифатҳои ҳамидаи ӯ зодаи ниҳоди поку
ҷавҳари асили одамияти ӯ буданд, ки баъдан ба
тарбияту парвариш суфта гардидаанд. Ӯ марде буд
бутун, дар акида устувор, ҳамеша бо як маром сухан
мегуфг, солор-солор роҳ мегашт. Ба хеҷ ваҷҳ аз худ
саросемагию шитобзадагӣ зохир намекард.
Шахсияте буд бидуни даъвиву дагдага. Дар назари
хар б.инанда мисли бахри азими пургуҳар орому
сокит маълум мешуд. Албатта, ин гуфта бар ин
маъно нест, ки мавсуф дарду гаме надошт. Он ба ин
мафхум аст, ки талотуму исён ва инқилоботи
дарунии худро ҳеҷ ифшо намекард ва аз афташ ба
ҳайси як инсони бохирад намехост бори хотири
дигарон бошад. Фикр мекунам, яке аз ҷанбаҳои
фазилат ва ҳунари ӯ ҳамин буд.

Банда аз тафсилоти зиндагонии Абдукодир
Маниёзов огоҳии комил надорам. Қамин кадар
медонам, ки дар гузари Пӯлодони шаҳри Конибодом
________ Ёди ёри меҳрубон

ба дунё омадааст. Бо вучуди сахтиҳои рӯзгор, ки дар
айёми бачагй дошт, дар мактаб таҳсили хуб
кардааст.

Ӯ аз аввалин фориғуттахсилини Донишгохи
давлатии Тоҷикистон (хозира ДДМТ) мебошад. Дар
даврони толибилмӣ бо дониши зиёду зеҳни гиро ва
пуштикор будан дар байни хамсабақон нишонаманд
гардида буд. Чунин шогирди кӯшо аз назари омӯзго-
рон С. Ш. Табаров, А. М. Баховаддинов, Д.
Т.Точиев, С. Арзуманов аз чумла устоди сахтгиру
донои он замон Шарифчон Ҳусейнзода дар канор
намондааст.

Гуфтан лозим аст, ки устодони соҳибтаҷриба ва
маърифатпарвари донишгох чавхари шариф будани
илмро дар дили ҳассоси Абдукодир талқин карда
тавонистаанд. Ӯ имони комил хосил карда буд. ки
илм сохибашро метавонад ба авчи иззату рафъат
бирасонад ва ба мақсадҳои бузург восил гардонад.
Дар ин хусус фармудаи хаким Носири Хусрави
Қубодиёнӣ «Дарахти ту тар бори дониш бигирад,- Ба
зер оварӣ чархи нилуфариро» ҳамешагӣ дар ёд дошт.
Инро хам нек идрок карда буд, ки лаззоти хамаи
осоишхои дунё нопойдоранд. Бисёр чизҳое хастанд,
ки акд аз онҳо розй бошаду нафс не. Танхо илм аст,
ки аз он хам акд розй бошаду хам нафс, зеро касе ки
дорой илм аст, метавонад ба туфайли он нафси худро
хам розй гардонад, яъне онро шиносаду махор зада
тавонад. Азбаски акди инсон азалию касби дониш
___________Ёди ёри меҳрубон _______________

таҷрибӣ аст, инсони солим фитратан ба андӯхти он
иродат дорад. Аммо косил кардани илму маориф
бидуни ранҷу заҳмати зиёд муяссар нагардад. Бо ин
дарёфт Абдукодир Маниёзов ба камоли касби дониш
камари ҳиммат бает ва пайваста дар талоши он шуд.

А.Маниёзов хднгоми донишҷӯӣ бо максади
таъмини ҳолати мусоиди таҳсил бо бахши хоричии
Радиои Точикистон дар сифати ровӣ ҳамкорӣ огоз
ниход. Ӯро Худованд аз даврони чавониаш савту
садои беназир арзонй доштааст. Хушёрй ва заковати
мавсуф дар он аст, ки ин неъмати бузургро дар худ
сайкал додаву тарбият карда тавонистааст.

А.Маниёзов пас аз хатми донишгох ба
Пажӯҳишгоҳи забои ва адабиёти ба номи Рӯдакии
АУ Точикистон ба сифати ходими илмй ба кор
шурӯъ кард. Ӯ аз соли 1956 шурӯъ карда чиддан ба
таълифи маколахои танкидй ва илмӣ-тахкиқотӣ
машгул туда, дар раванди ташаккулёбии
адабиётшиносии муосири тоҷик сахми баарзиш
гузошт.

Асарҳои тадқикотии ӯ дар ибтидо ба эчодиёти
С.Айнй бахшида туда, баъдтар масъалахои назми
шӯравии точик, фолклор. адабиёти классикии тоник
ва чанбахои гуногуни равобити адабии точику рус ва
дигар халкхоро фаро гирифтаанд. Аз корхои илмии
анҷомдодаи ӯ «Публитсистика ва назми устод
С.Айнй», «Мулохизахо дойр ба ташаккули насри
Айнй», «С.Айнй ва адабиёти рус». «Шеъри нав» ва
_______Ёди ёри меҳрубон_______________________

баъзе масъалаҳои шеърият», «Ҳофиз ва мусиқй»,
«Равобити адабии халқҳои тоҷик ва афғон»,
«Ҳакими суханвар» (китоби ахир бо ҳамкории
Х.Шарифов) ва гайраро ном бурдан мумкин аст.
Бояд тазаккур дод, ки барои таъин намудани
ҷойгоҳи донишманди мазкур дар илми
адабиётшиносии тоҷик фаъолияти илмии ӯро бо
диққати тамом омӯхтан лозим меояд, ки ҷиҳати як
чунин кор вақти бисёр лозим буда, ҳоло аз имкон ва
ҳавсалаи ин макола берун мебошад. Ҳоло кофист
бигӯем, ки мавсуф адабиёту фарҳанги моро аз нуқтаи
назари миллӣ ва ба ҳайси дастоварду сарвати миллӣ
тахлилу баррасӣ менамуд, зеро ӯ ба насле мансуб аст,
ки чунин мавқеъгирӣ аллакай дар зеҳнашон бедору
устувор гардида буд.

Гузашти замон нишон медиҳад, ки
А.Маниёзовро мо бояд ба ҳайси ташкилотчии
матиниродаи илми филология дар Тоҷикистон
шинохта бошем. Ӯ муддати мадид, аз соли 1972 то
соли 2000 дар вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи
забои ва адабиёти ба номи Рӯдакии АУ Тоҷикистон
фаъолият кардааст. Ӯ чун соҳиби донишу маърифати
сиёсии дархури замон буд ва дар маҳофили
фарҳангии кишвар асолату салоҳияти шоён дошт,
бидуни вакфа 28 сол дар макоми рахбарии ин
муассисаи илмй бокй монд. Дар ин давра института
илмӣ-таҳқикотии мазкур яке аз мӯътабар-тарин
муассисаҳои илмии таркиби Академияи Улум буд.
_______________Ёди ёри меҳрубон_______________

Бахшҳои гуногуни илми филологиям тоник аз кабили
адабиёти муосири тоник, адабиёти классикии тоник,
фолклор, таърихи забои, забони муосири тоник,
шевашиносй ва тайра мунтазам кор мекарданд. Дар
институт бо сарварии Абдуқодир Маниёзов Шӯрои
махсуси диссертатсионй муттасил амал мекард. Дар
Шӯрои мазкур на танхо ходимони илмии коргоҳи
зикршуда, балки аз муассисоти илмии дигари
марбутаи чумҳурӣ даҳҳо олимон дар масъалаҳои
мубрами забон ва адабиёти тоник расман рисолаҳои
номзадй ва докторй дифоъ намудаанд. Дар натиҷа
сафи кадрҳои илмии неруманди унвондор хам дар
худи институт ва хам дар соири коргоҳҳои илмии
кишвар хеле афзуд. Садҳо номгӯй китобҳои илмӣ-
тадкиқотӣ аз чоп бароварда ва асарҳои манзуму
мансури адибони классикии тоник ба хати ҳозираи
тоникӣ баргардон ва бо мукаддимаву тавзехоти
лозим ба дасти чоп супорида шуданд. Дар института
мазкур таҳти роҳбарии мавсуф ба таври мунтазам
конфронс-ҳои илмӣ дар сатҳҳои гуногун гузаронида
мешуданд.

Бо кӯшишу талошҳои А. Маниёзов даҳҳо
кормандони институт бо манзил таъмин гардидаанд
ва ё шароити зисти хонаводаи худро беҳтар
кардаанд.

А.Маниёзов чамоатчии фаъол низ буд. Ба
такозои вазифа ба бисёр мавзеъхои дуру наздик
сафар ва дар ҳама ҷо ба ҳайси намояндаи маъруфи

116
________________Еди ёри меҳрубон________________

илми филологиям тоник суханрониҳо мекард. Ӯ дар
габлигу тарвиҷи забои ва адабиёти тоник ва
муаррифии осори симоҳои барозандаи адабиёти
тоник пайваста заҳмат мекашид.

Дар садо ва симои тоник бо овози дилнишину
нотакрори худ асархои адибони точикро кироат
мекард. Ӯ донандаи забардасти забони тоникй буд.
Борҳо дар сӯҳбатҳо мегуфт, ки кабл аз дар радио
кироат намудани ин ё он асари адибони муосири
тоник онро гаштаю баргашта мехонда ва тасҳеҳ
мекардааст. Махсусан мутуни филмҳои мустанади
таърихӣ ва ҳокӣ аз дастовардҳои хоҷагии халқи
Тоникистонро бо садои ширадори мутантан ва лаҳни
бағоят гуворою дилрабо кироат мекард. Аз
шунидани садои суханронии А.Маниёзов касро
ҳисси ифтихор ва ватандӯстӣ фаро мегирифт. Фикр
мекунам, зебой ва ширинии забони тоҷикӣ бо
тамоми нилову назокатҳояш ҳангоми сухангӯии
А.Маниёзов ба сомеон ошкору мубарҳан мегашт.
Ваҷҳи чунин сифатро дар он бояд донист, ки мавеуф
дар ин иода мутахассиси нотакрор буд. Банда боре
дар омади гаи нуръат намуда сирри зебой ва
наззобии гакаллуми эшонро суол карда будам. Дар
навоб такрибан чунин гуфта буданд: «Аз солҳои
донишнӯӣ бо ровигй машгул шудаам ва минбаъд низ
аз ин пеша даст накашидаам. Аввалхо бисёр машк
мекардам. Рӯ ба рӯи оина истода ба худам нигох,
карда сухан мекардам ва ин ҳангом таваннӯх

117
___________ Ёди ёри меҳрубоп__________________

мекардам, ки ҳини ran задан оё сарам такой
мехӯрад, абрувонам меҷунбанд, суръати мижазаниам
ба чй минвол аст ва гайра.

Агар хоста бошед, ки дар забонатон лакнат ё
сакта набошад, онро аз унсурхои шеваю лаҳҷа пок
сохтан лозим аст. Кӯшиш бояд кард, ки ҳамаи
ҳарфҳои калимаҳо пурра талаффуз карда шаванд. Ба
пастию баландӣ, шебу фароз ва оҳанги сухан низ
диққат додан даркор аст...»

Аҷаб овози ширину дилангезе дошт
А.Маниёзов. Ҳатто гапҳои оддӣ аз забони ӯ хеле
муассир вокеъ мешуданд...

Ёд дорам маркази шахри Душанберо дар айёми
пурошӯби соли 1992. Дар майдони назди Қасри
президентӣ анбӯҳи бузурги одамон ҷамъ туда
митинги шабонарӯзӣ барпо карда буданд. Дар
кӯчаҳои он минтақа мардум раҳпаймоиҳо ба роҳ
андохта буданд. Гапҳои ҳукуматиён барои тарки
майдон кардани онҳо натиҷае намедод. Ҳамон рӯзҳо
боре А.Маниёзовро он ҷо оварда буданд, ки бо
мардум сухан гӯяд. Мавсуф хунари воизии худро ба
кор андохта тарзе сухан ронда буд, ки ба қавли
мушоҳидон дар як он майдонро сукут фаро гирифт.
Ҳама гӯшу ҳуш туда суханони нотиқро мешуниданд.
Нутки пурмазмун ва гуворандаву форами ӯ дилу
зехни ҳозиронро тасхир кард ва боиси он шуд, ки
онҳо майдонро барои муддате тарк кунанд. Ин буд
ҷозибаву нуфузи суханронии Абдуқодир Маниёзов.
_______________Ёди ёри меҳрубон

Номбурда махсусан дар қироати шеър сиёку
услуби хосе дошт. Гуфтан мумкин аст, ки дар ин
равиш ӯ сохибмактаб буд. Бисер қориёни шеър аз ӯ
тарбият гирифтаанд ва хоҳу нохоҳ ӯро тақлид
мекунанд. Ammo бадехист, ки ҷойи аслро ҳеҷ кас
гирифта наметавонад.

Охири солҳои 90-ум устод Абдукодир Маниёзов
дар Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои
Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода аз фанҳои арӯз ва
маҳорати суханварй ба шогирдон даре мегуфтанд.
Банда ба ҳунаромӯзони соли дуюми он донишкада
дар тадриси фанҳои таърихи адабиёти тоҷик ва
назарияи адабиёт ҳамкорӣ мекардам. Гах-гоҳ ба ман
муяссар мешуд, ки ё дар саҳни таълимгоҳ ё дар
даҳлези бино ин марди бузургро мулоқот намоям.
Рӯзе дар сӯҳбати дуй мо сухан аз боби тарзи
шеърхонй рафт. Дар иртиботи ин мавзӯъ устод
сухани зайлро гуфтанд, ки дар хотирам ҳамешагӣ
накш бастааст: «Баъзехо бо овози ниҳоят баланд
шеър мехонанд. Ақида доранд, ки бо ин наҳваи
кироат шеърро тасхир менамоянд. Аммо шеър
тасхирнашаванда аст. Бояд бар он кӯшид, ки ба
воситаи шеър дили сомеонро тасхир намой».

Гуфтании дигар ин ки алъон ба зехнам расид,
муносибати шогирдонаи Абдукодир Маниёзов бо
устоди бузурги адабиёт - профессори зиндаёд
Шарифҷон Ҳусейнзода мебошад. А. Маниёзов бо
устод Ш.Ҳусейнзода робитаи наздик доштанд. Аз

119
_______________Ёди ёри меҳрубон_______________

гоҳи бознишаста шудани устод Ҳусейнзода бо
вуҷуди доштани масруфиятхои зиёд зуд-зуд ба
аёдаташон мерасиданд. Мсдидам. ки А.Маниёзов
сарфи назар аз раиси пажӯҳишгохи мӯътабар ва
шахси маъруф будан дар назди устоди хеш хурд
мешуданд. Суханони устодро бо диккати тамом гӯш
мекарданд. Банда низ. ки шарафи шогирдии устод
Ш.Ҳусейнзодаро доштам ва дар рохи илм гомхои
нахустин мегузоштам. дар каноре ором нишаста аз
сӯхбатхои ҷонпарвари ин ду фаҳӯли сухан хаззи
фаровон мебурдам ва машоми ҷон хуш мекардам.
Гуфтугӯи онҳо ҳамеша дар бобати миллат, забои,
адабиёт, таърих ва хунар буд. Медидам, ки
Абдуқодир Маниёзов ҳаргиз сухани устодро
намебуриданд ё эроде намегирифтанд. Хама вакт
дар тақвияти фикри эшон иловаҳои ҷолибу
шуниданй мекарданд. Агар аз тарафи устод хохише ё
дархосте мешуд. саъй мекарданд, ки ба зуди ба иҷро
расонанд. Ин зухури эъзози сидқӣ ва ҳақиқии устод
аз тарафи шогирди ба камолрасида буд. Устод
Шарифчон Хусейнзода низ ба шогирди бузургашон
Абдукодир Маниёзов бовар ва эхтироми гамом
доштанд. Чй рохате дошт дидан ва шунидани
мусохибати ин ду марди хирад.

Устод Абдукодир Маниёзов чанд соли ахир
раёсати чамъияти «Пайванд»-ро бар ӯхда доштанд.
Эшон дар ин вазифа низ хеле босамар кор карданд.
Бо саъю талошхои пайгиронаи он кас робитаи

120
______________ Еды ёры меҳрубон_______________

ҷамъияти мазкур бо ҳамаи тоҷикони бурунмарзӣ
баркарор карда шуд. Бо ҷадалҳои эшон
намояндагони аксарияти тоҷикон борҳо дар Форуми
тоҷикони ҷаҳон, ки дар пойтахти Тоҷикистон барпо
мегардид, ширкат ҷустаанд.

Имрӯз устод Абдукодир Маниёзов
пайвандгари дилҳою наслҳо ҷисман дар байни мо
нестанд. Аммо садои меҳрофарину ҳидоятҳои
пайвандгаронаи эшон ҳанӯз дар гӯши ҷонҳо
танинандоз аст. Ёдашон ба хайр.

121
Edit ёри меҳрубоп

Муртазо Зайниддинов

МУҶАССАМАИ СИДҚУ ВАФО*

Абдукодир Маниёзов дастпарвари Донишгоҳи
давлатии Тоҷикистон буда, соли 1948 ба ин
муассисаи олии навтаъсис ба хотири амиқ омӯхтани
адабиёт омад ва тавассути дарсҳои устодони
донишманд А.Мирзоев. Ш.Қусейнзода, В.Асрорӣ,
С.Табаров, Д.Тоҷиев ва дигарон мехри адабиёт дар
дили ӯ абадан маъво гирифт. Агар ба санаҳои умри
эшон назар андозем, ҳатто соати ҷудоӣ аз адабиётро
наметавонем пайдо кунем. Дар камолоти маънавии
А.Маниёзов ду муас-сиса - Донишгоҳи давлатии
Тоҷиқистон ва Института забон ва адабиёти ба номи
Рӯдакй сахм гузоштааст. Ҳарчанд фаъолияти илмии
А.Маниёзов дар Институти забон ва адабиёт бор
овардааст, вале огози фаъолияти илмии эшон
таълифи рисолаи дипломие буд, ки бо роҳбарии

* Маколаи мазкур аз мачмӯаи «Ҷустуҷӯхои адабӣ. Китоби V
(Душанбе. 2000. 94 с.), ки ба муносибати 70-солагии узви
вобастаи АИ ҶТ. Арбоби илм ва техника Абдукодир
Маниёзов ба табъ расидааст. гирифта шуд. Макола тачдиди
назар шудааст.

122
________________Ёди ёри меҳруоон______________

профессор Ш.Ҳусейнзода навишта туда, бо тақризи
муфассали М.Шукуров дифоъ гардидааст.

Оид ба ҳамкории А.Маниёзов ва Ш.Ҳусейнзода
ба сифати шогирду устод дар асару мақолаҳои
донишмандон ишораҳои ҷолиб ҷой дорад. Ибтидои
чунин ҳамкории пурсудро 10 апрели соли 1997 дар
Конфренсияи илмии бахшида ба 90-солагии ёдбуди
профессор Ш.Ҳусейнзода А.Маниёзов чунин ёдовар
шуда буданд: «Мохи октябри соли 1951 баъди даре
домулло Ш.Ҳусейнзода ба ман гуфтанд, ки маро
гусел кун, то хонаашон сӯҳбати мо давом кард.
Иброз намуданд, ки нияти таълифи монографияи
«Камоли Хуҷандӣ»-ро доранд. Ҳамкории мо шурӯъ
гардид ва тайн як сол эшон дикта мекарданду ман
менавиштам.

...Баъдан тахти роҳбариашон рисолаи дипломй
навиштам. Ба ман мавзӯи «Хамсат-ул-мутахайирин»-
и Алишери Навой чун рамзи дӯстии халқҳои тоҷику
ӯзбек»-ро доданд. Кори таълифи рисола бо
мушкилихо пеш мерафт. Боре вохӯрда таъкид
карданд, ки тахмин рӯзҳои 20-22 апрел рисолаи
дипломиро биёр. Ман дер кардам ва аввали моҳи
май рисолаи дипломиро гирифта ба хонаашон
рафтам. Нав аз кор омада буданд, маро дида биёед,
биёед гуфтанд. Ҳис кардам, ки муаллим ранҷидаанд.
Пурсиданд, ки чй хизмат? Гуфтам. ки кори
дипломиро овардам. Гуфтанд, ки кори дипломии ту

123
_______________Ёди ёри меҳрубон_____________

ба кй даркор, марш! Ман бо дили ранҷур аз
хонаашон берун шудам.

Баъди як ҳафта ба воситаи Хуршеда Отахонова
маро сурог карданд ва корро бардошта наздашон
рафтам. Ғайричашмдошт маро хуш қабул карданд ва
«боз биё, писарам» гуфтанд. (Агар рӯҳияи хуб дошта
бошанд, «писарам» гӯён ва агар муносибат расмй
бошад, номи касро гирифта, агар рӯҳияи хуб
надошта бошанд бе ному навозиш сухан мегуфтанд).
Корро гирифта гуфтанд, ки пагох бегоҳирӯзӣ биё,
ман хонда мемонам. Ба хонаашон рафта корро
гирифтам, гуфтанд, ки пагох ҳимоя мекунӣ, ҳозир
назди Муҳаммадҷон Шукуров рав, он кас оппонент
мешаванд. Хонаи М.Шукуров дар ошёнаи 3-юми
бинои истиқоматии назди театри Опера ва балети ба
номи С.Айнй будааст. М.Шукуров корро гирифта
пурсиданд. ки кай ҳимоя, гуфтам: пагох. Шукуров
низ ҳайрон монданд ва ночор розй шуданд.

Рӯзи дигар дар Институти забои ва адабиёт, ки
М.Шукуров он чо дар шӯъбаи домулло Ҳусейнзода
кор мекарданд, шаш саҳифаи дастнависи тақризи
навиштаи М.Шукуров ба дастам расид ва ба химояи
рисолаи дипломй рафтам. Ҳайати комиссия аз
Абдулғанй Мирзоев, Ш.Ҳусейнзода, М.Занд, Сохиб
Табаров ва дигарон иборат буд. Ҳангоми
супоридани имтиҳони давлатй дар равиши сухан аз
Пайрав Сулаймонй шеъре хондам. А.Мирзоев суол
карданд, ки вазни ин шеърро медонй? Гуфтам: не!

124
________________Ёди ери меҳрубон______________

Гуфтанд: поэтика нахондед-мй? Гуфтам: хондем,
гуфтанд: кй даре дод? Гуфтам: Шарифчон

Ҳусейнзода.

А.Мирзоев коҳиш карданд, ки вазнро, арӯзро
надониста чй тавр ба таҳқиқи адабиёт машғул
мешавӣ. Ба ҳамкурсон баҳои «аъло» ва ба май бахои
«хуб» гузоштанд. Табиист, ки ранчидам ва баъди
имтихон назди А.Мирзоев рафта гуфтам, ки устод
Шумо огохед, ки май вазнро намедонам, боз чаро
суол карда маро дар ин холи ноҳинчор монондед.
Ман аз он хичил будам, ки арӯзро намедонаму номи
Ш.Ҳусейнзодаро ба забон гирифтам.

А.Мирзоев гуфтанд, ки ин суханҳо ба ту таъсир
кард, бовар дорам, ки ту арӯзро меомӯзӣ. Вокеан,
хамин еаҳнаи ибратомӯз маро водор намуд, ки
арӯзро ба тамоми нозукихояш омӯзам, баъд бо
тавсияи устодам Ш.Ҳусейнзода ба донишҷӯён аз ин
соҳаи мураккаби адабиёт дарси амалй низ гузаштам»

Фотиҳаи неки устодони донишгоҳӣ А.
Маниёзовро ба шоҳрохи илм хидоят намуд ва ӯ
баъди хатми Донишгох соли 1953 ба аспирантураи
Института забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии
Академиям илмхои Точикистон дохил шуда. аз
хамон вақт такдири худро ба такдири ин муассисаи
илмй пайваст намуд. Замоне, ки А.Маниёзов ва
хамнаслони ӯ ба пажӯҳишҳои илмй шурӯъ намуданд,
дар адабиётшиносии точик ва умуман ҳаёти
фархангии Точикистон пахлӯхои тахкиқталаб зиёд

125
________________Ёди ёри меҳрубон______________

буданд. Аз ин рӯ, олимони ин давр баробари таҳкиқи
соҳаҳои мушаххаси илм дар пешбурди пахлӯҳои
мухталифи хаёти маънавй, кори мактабу маориф,
таълифи китобхои дарсӣ ва тарҷумаи асарҳои
зарурии адабиёти халкхои дигар низ сахм
гузоштаанд.

Ҷӯстуҷӯҳои А.Маниёзов дар ҷодаи илм аз
тахқиқи эҷодиёти устод Айнӣ шурӯъ гардида,
тадриҷан хусусиятҳои эҷодии адибони зиёди муосиру
классики тоҷик аз ҷониби ӯ мавриди таҳқик қарор
гирифтааст. Мақолаҳои ӯ доир ба эҷодиёти С.Айнӣ
аз соли 1956 cap карда дар саҳифаҳои рӯзномаву
маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд. Маколаҳои
«Материалҳо доир ба фаъолияти публитсистии
С.Айнӣ», «Фаъолияти журналистии С.Айнӣ»,
«Мулоҳизаҳо доир ба ташаккули насри С.Айнӣ»
барои муайян намудани паҳлӯҳои гуногуни хаёту
эҷодиёти устод С.Айнӣ нақши боризе доранд. Соли
1958 натиҷаи ҷустуҷӯҳои чандинсолаи А.Маниёзов
дар амри таҳкиқи осори С.Айнӣ рисолаи муфассали
ӯ таҳти унвони «Публитсистика ва назми устод
Айнӣ» ба табъ расид, ки дар айнишиносий тоҷик
саҳифаи тоза буд.

Соли 1960 дар мавзӯи «Марҳалаҳои аввали
эчодиёти С.Айнӣ ва мақоми он дар адабиёти
инқилобии Шарқи Наздик» таҳти рахбарии И. С.
Брагинский дар института шарқшиносии АИ
иҷшс рисолаи номзади химоя намуд ва ҳамчун

126
_______________Ёди ёри меҳрубон_______________

ходими калони илмии Институти забои ва адабиёти
ба номи Рӯдакӣ фаъолияти илмии худро идома дод.

А.Маниёзов аз соли 1962 чун ҷонишини
директори Институти забои ва адабиёти ба номи
Рӯдакӣ ва аз соли 1972 то соли 2000 чун директори ин
муассисаи бузурги илмй адои вазифа намуд. Дар
солҳои рохбарии эшон Институти забои ва адабиёт
ба бузургтарин маркази тадқиқоти илми филология
ва макони тарбияи мутахассисони соҳаҳои гуногуни
илм табдил ёфт. Аз ҳамин сабаб, ҳангоми баррасии
фаъолияти илмии А.Маниёзов танҳо бо зикри
асархои таълифнамудаи ӯ махдуд мондан галат аст.
Дар муддати 28 соли сарварии ӯ асархои зиёди илмй,
лугатҳо, осори адибон, асархои мунтахаб ва
куллиёти гузаштагон, асархои таърихй ва

тарҷумахои зиёде ба табъ расиданд, ки дар анҷоми
хар кадоме сахми бедареғи ин фидоии сохаи илм
баръало ба назар мерасад.

А.Маниёзов аз зумраи шахсиятхое махсуб
мегардад, ки адабиёт аз файзашон таҷаллӣ меёбад,
дорой киммати бештар мешавад, забони ширину
гуворои тоҷикӣ ба воситаашон сехр пайдо мекунад.

Дар талаффузи А.Маниёзов ягон садо ё овози
изофӣ вучуд надорад, вожаву ибораҳо оҳанг пайдо
мекунанд. шунавандаро ба худ мекашанд ва шукӯҳу
шахомати воқеии ин забони аҳли биҳишт намоён
мегардад. А.Маниёзов дар хама холат, дар хама чо
як хел сухан меронад, бо як забои ва бо як маром - бо

127
_______________Ёди ёри меҳр убон____________

забони адабии тоҷикӣ. Ашъори адибон дар қироати
А.Маниёзов кимати дигар пайдо мекунад. Хама
ашъори Турсунзодаро хондаанд ва дилбастагони
шеъри ин шоир кам нестанд, вале хар кас аз кироати
А.Маниёзов шеърро, адабиётрову ҳунарро дубора
кашф мекунад. Ӯро на танхо дар Точикистон, балки
дар чумхуриву давлатхои дигар низ ба сифати
донандаи илми шеър ва ровии камназир эътироф
намудаанд.

Санъати баланди шеърхонии А.Маниёзов бар
замми овози маргуладору дилнишинаш ба
маънирасиву нозукбинии хосаи ӯ сахт пайвастагй
дорад. Ӯ адабиётро бо се тарзи умда - тарики
пажӯҳиши пайвастаи илмӣ, бо роҳи кироат тарики
радиову телевизион ва бо воситаи тадрис дар
мактабхои олй таргиб намудааст. Дониш ва малакаи
шеърдониву шеърхониашро тайи солҳое, ки ба
донишҷӯёни Донишкадаи ҳунарҳои зебои
Точикистон таълим додаву барои онҳо ва
толибилмони мактабхои таҳсилоти ҳамагонӣ
барнома ва китобхои дарсй низ таълиф кардааст, ба
дигарон омӯзондааст. Дар пешгуфтори «Барномаи
таълими фанни назмшиносии точик», ки барои
донишчӯёни хамин донишкада таълиф гардидааст,
омада, ки «Сухан силохи асосии хунарманд аст. Ба
ин вачх. касе. ки касби актёриро ихтиёр менамояд.
дар баробари донистани мохият ва конуниятхои
драматургия ва кашфи асрори амалиёту ҳаракатхои

128
______________ Ёди ёри меҳрубон_______________

саҳнавй бояд аз ҳунари суханварй низ хеле хуб огох
бошад. Барой ин, муттасил мутолиа намудани осори
бадей, хусусан хифз кардан ва хондани шеър
аҳамияти калоне дорад. Зеро вазну оханги шеър
тарзи гуфторро зеботар намуда, ба такаллуми бурро
ва шево кӯмак мерасонад. Барой хонда тавонистани
шеър, ки худ низ як хунар аст, илми шеър, конуну
қоидаҳои назмро омӯхтан ва аз хусусиятҳои каломи
мавзун вокиф будан лозим меояд»

Вокеан шеършиносй аз пахлӯхои хосаи адабиёт
буда, мушкилот ва қонуниятҳои худро дорад.
Тадриси ин фан бо саъй ва талошҳои устоди сухан
профессор Шарифҷон Ҳусейнзода чун курси алоҳида
ва асосӣ ба барномаҳои таълимии мактабхои олй ва
миёна ворид гардид. Ш.Ҳусейнзода тадриси ин
курсро ба каме аз шогирдонашон, он хам баъди
солҳо санҷидану аз имтихон гузаронидан бовар
мекарданд. Мояи ифтихор ва бахти наку аст, ки А.
Маниёзов аз имтихони ин марди шариф гузашта,
фотиҳаи тадриси курси назмшиносиро гирифтааст.

Мураттибони феҳристи осори А.Маниёзов
дуруст ба мушоҳида гирифтаанд, ки доираи
фаъолияти илмии ӯ танхо ба тадқиқи адабиёт махдуд
нест. Ӯ хамчун суханшиноси борикбину нозукандеш
инчунин дар таҳрири бисёр асархои илмй ва адабй
хидмати шоистае анчом додаст. «Лугати русй-
точикй», нашри энсиклопедияи «Республикаи
Советии Сотсиалистии Тоҷикистон», ҷузъхои

129
________________Еди ёри меҳрубон______________

нашршудаи «Ҷашнномаи Айнӣ», аксари чилдхои
«Таърихи адабиёти советии тоник. Инкишофи
жанрхо», «Грамматикам забони адабии хозираи
тоник» ва бисер дигар осори бунёдие, ки дар соҳаҳои
гуногуни илми филология ба табъ расидаанд. нақши
калами тахрири А.Маниёзовро дар худ танассум
намудаанд.

Замони сарвари Институти забои ва адабиёти
ба номи Рӯдакй будани А.Маниёзов дар қатори
пахлӯхои мухталифи забоншиносиву адабиётшиносй
тахкиқи алокахои адабии адабиёти тоник ба
адабиёти соири халку кишвархо ба рох монда шуд.
Бо марказҳои илмии Маскав, Санкт-Петербург.
Арманистон. Гурнистон, Озарбойҷон, Қазон ва
нумхурихои Осиёи Миёнаву Қазокистон ҳамкориҳои
судманд суръат гирифт ва дар мавриди алокахои
тарафайн ва таъсири муттақобилаи адабиётхо асару
маколахо ва рисолаҳои номзадиву докторй таълиф
гардиданд. Зери сарпарастии эшон як идда навонони
сохибистеъдод ба омӯзиши адабиётхои дигар ва
тарчумаи намунахои зарурй ва ахамиятноки осори
адибони халкхои гуногунзабон камар бастанд. Худи
А.Маниёзов низ ба ин пахлӯи адабиётшиносй
ахамият до да, мустақилона ва бо хамкории олимони
институт оид ба алокахои адабиёти тоник ба
адабиёти рус, ӯзбек, озар, казок ва соири халкхо
асару маколахо таълиф намудаву дар тарчумаи
асархои адибони гуногунзабон хисса гузоштааст.
________________Ёди ёри мсҳрубои_______________

Фаъолияти мутарҷимии А.Маниёзов арзандаи
баррасии алоҳида аст. Тарҷумаи «Хамсат-ул-
мутахайирин»-и А.Навой, ки намунаи классики»
тарҷумаи осори илмиву адабӣ аст ва тарҷумаи асари
безаволи Б.Ғафуров «Тоҷикон» гувоҳи равшани
махорати суханшиносй ва забондонии А.Маниёзов
ба хисоб меравад.

Шиносоии А.Маниёзов бо аллома Бобоҷон
Ғафуров, ҷалб гардидани эшон ба кори тарчумаи
«Точикон», анчоми тарчума ва нашри он таърихи
ҷолиб ва соярӯшаниҳои вижа дорад, ки дар мавриди
дигар ба ин масъала таваккуф хохем кард.

А. Маниёзов яке аз омилхои пешрафти соҳаҳои
гуногуни илмро дар тарбияи чавонони лаёкатманд
дониста, хан гоми адои вазифа дар идораи ЭСТ,
Института забои ва адабиёт ва ҳангоми масъули
бахши танқиди адабии Иттифоқи Нависандагон
будан ба ин паҳлӯи масъала эътибори ҷиддӣ додааст.
Дар маърӯзаи дар пленум» иттифоқи нависандагон
кироат гардида (1990), ки вазъи танқид ва
адабиётшиносии тоҷик таҳлил шудааст, дар қатори
омилхои дигар пешрафти танқиди адабиро бидуни
тарбияи мунаққидони ҷавон тасаввурнопазир
дониста, афзудааст, ки «чавононро саривақт
дастгирй карда, барои пешрафти эчодии онхо
тамоми шароитхои моддй ва маънавиро фарохам
сохтан лозим аст. Шояд аз хамин сабаби бепарвой ва
беэътиноист. ки мо то ин дам мунаккиди касбй
________________Ёди ёри меҳрубои_________________

надорем... Мунақкиди ҷавон он вакт ба хотирамон
мерасад, ки дар дили вай он шавқу завк ва шӯри
ҷавонӣ кайҳо хомӯш шудааст».

Тавассути ҳамин ғамхорӣ ва дилсӯзии
А.Маниёзов дахло ҷавонон ба майдони идм ворид
шуда, паҳдӯҳои тозаи онро таҳкик намуданд ва худ
имрӯз ба дараҷаи камодоту устодӣ расидаанд.
Вуҷуди А.Маниёзовро гӯё аз торҳои меҳру вафо
танидаанд. Муносибати самими, ғамхорӣ ва тамкину
тавозӯъ барои эшон як амади мукаррарй ва рукни
побарҷои кору рӯзгорашон гардида буд.

Ҳарчанд ки ҳамин тамкину тавозӯъ ба эшон
ташвишҳои зиёд оварда, боиси озори диду рӯҳаш низ
гардидааст, вале симои А.Маниёзов. ҳамон марди
солор, ҳамон донишманди устоддида ва дар корзори
зиндагӣ обутоб хӯрдааст, ки аз ҳар ҷониб чун олами
меҳр намудор мегардад.

Болигназарон роҳ ба манзил доранд,

Кӯрони замена пой дир гил дорапд.

Дар пой бувад обила номардоиро,

Мардони замон обила дар дил дораид.

Қаблан ишора гардид, ки тамоми дониш, қувва
ва малакаи ҷамоатчигии А.Маниёзов барои ободӣ ва
пешрафти кори Института забои ва адабиёт равона
гардидааст. Носолимӣ ва ноҷурии фазой чанд соли
охир ба ин боргохи илм ва макони табаррук низ асар

132
_______________Ёди ёри меҳрубон______________

кард. Бином таърихӣ ва кадамҷои бузургони миллат
кисман ба коми оташ рафт. Кормандон бо мизу
курсиашон ба хонадояшон фиристода шуданду
директори Институт аз пайи таъмиру тармим. Дар
арафахои анҷоми ин ташвишҳои шабонарӯзӣ боз
ҳам харобй аз таъсири оташ. Ҳар бор, ки дар ин бора
сухан ба миён меомад, дардҳои ниҳонии А.Маниёзов
тоза мегардид.

Ӯ аз бемаърифатӣ, аз ҷохилӣ. аз нотавонбинй,
аз ношукрии гурӯҳе, ки сабабгори нооромии
кишвари азиз гардидааст, азият мекашид. Он айём ба
дӯши директори пажӯҳишгоҳи илмй сарварй ба кори
сохтмончиён низ зам гардида буд.

Натиҷаи ҷадалҳои ӯву ғамхории сарони
кишварамон буд, ки Института забону адабиёт бо
симои тоза дигарбора кормандонашро ба оғӯш
гирифт.

А.Маниёзов илова ба корҳои зикргардида тайи
чанд соли охир дар чораҷӯиҳои фарҳангии
кишварамон фаъолона ширкат намуда, бо маърӯзаву
гузоришхои пурарзиш саҳифаҳои тозаи илмро
равшан намуда буд. Иштироки эшон дар
гузаронидани Анҷумани тоҷикони ҷаҳон, таҷлили
ҷашни хазораи «Шоҳнома», таҷлили чашни Хоҷа
Камол хамин гуна хусусият дошта, аз дониши амиқи
таърихӣ ва амаливу назариявии ӯ шаҳодат медоданд.

А.Маниёзов ба сифати фарзанди фарзонаи
миллат ин ҳама дониш ва тачрибаро мехост барои

133
_______________Ёди ёри меҳрубон _____________

ободии кишвар, рушди фарханги милли, таҳкими
дӯстии халқҳо, бештар ба хам овардани точикони
ҷахон ва пиёда гардидани сиёсати сулховари
рохбарияти мамлакат истифода барад. Ранчурии
чанд соли охир барои амалй гардидани чунин
ниятҳои башарпарастонаи ин пири хирад ва
мучассамаи сидку вафо халал расонид.

А.Маниёзов бо ин густурдагии фаъолият азизи
хамзабонони бурунмарзиамон низ гардида буд ва
онхо низ нисбат ба сиҳатмандии ин чеҳраи шинохтаи
фарханги форсизабон бефарк набуданд. Бародарони
эронӣ ӯро бо нияти табобат ва сиҳатмандӣ ба ватани
бузургону алломагон, ватани шеъру шоирй - Эрони
азиз бурданд. вале сад дарег, ки ба Тоҷикистон тани
беҷони ӯ баргашт ва ҷисми ӯро хоки нарми Лучоб ба
оғӯши гармаш гирифт...

Мусаллам аст, ки дар хачми як макола хамаи
ҷанбаҳои кору рӯзгори чунин як чехраи намоёни
фарханг, узви вобастаи Академияи илмхои
Ҷумҳурии Точикистон, Арбоби илм ва техника, узви
пайвастаи Фархангистони забои ва адаби форсим
Ҷумҳурии Исломии Эрон. узви Иттифоки
нависандагон ва аз хама муҳимаш, ин мучассамаи
сидку вафоро муаррифй ва арзёбй намудан аз имкон
берун аст.

Дар мулокоти таърихие, ки дар огоз зикраш
рафт. А.Маниёзов дар ёдкарди профессор
Шарифчон Ҳусейнзода матлаберо гӯшгузор карда

134
_______________Ёди ёри меҳрубон_______________

буд, ки бо овардани он ба ин навишта хотима
мебахшам.

Дар «Илоҳинома»-и Аттор омадааст, ки
мардеро бародараш фавтидааст, вақте ҷанозаи ӯро
мебардош-танд, даст ба дуо бардошта ба Худо
хитобан гуфтааст: «Ту, ки бародар надорй, гами
бародаргумкардаро намедонй».
Ед и i’pu меҳрубчп

Ҳақназар ҒОИБ

ЭЙ МАРДИ НУКТАСАНҶ

Сипосномае баустод Абдуқодир Маниёзов

Қурбон шавам ба ҳарфи хушат, марди

хушсиришт,

Лахнат, ки бар замини дили ман сухан бикишт.
Сӣ сол пеш дар нигаҳи ман намуда буд
Аз чехраи суханвариат чеҳраи биҳишт.

Бинам, ки нахли қомати ту хам намешавад,

Аз бори рӯзгори пур аз ғуссаю ғубор.

Ёбам, ки нахли сабзи хирад хам намешавад.
Дар пеши тундбоди балохези рӯзгор.

Ёбам, ки боз дар дили ман сабз мешавад.

Нахле дигар зи меҳри Шумо бо фурӯтанӣ.

Бор оварад дарахти фазилат паси ба пае
Дар боги Ориёни сухан бо каламзанӣ.

Эй марди нуктасанҷу бахурмат, чӣ гӯяме,
Пешат, ки лахни хурмати ман лол мондааст.
Панҷохи ман ба пеши бузургии фазли ту,
Шармида хамчу тифлаки як сол мондааст.

1993

136
Ёди ёри меҳрубон

Ҳоҷи Мурод

ЁДГОР

Баустод Абдуқодир Маниёзов

Зиҳӣ кисмат, ки бо фархундагй дар чорсӯи бахт
Туро овард рӯёрӯй бо сарвакти нуронй.

Гуморидам назар бар чеҳраи гармат масарратбор,
Сафой лутф бар наззора меафшонд арзонй,

Хушо рӯзи сууду рӯзии дидор...

Сабақ озода бикшодӣ ба пешорӯи шогирдон,

Ки меомад. хаёлам, вазъат аз ангораи гардун.
Ҳудуди дарсхона чун чаман гӯё, ки меболид
Зи файзи бениёзи хилкати шерозаи мавзун,
Сафоват бо ҷилои хоса меполид.

Сафи рукне, ки мебастӣ ба авзон аз пайи тақтеъ,
Ғизо бар самъ мебахшид сози фоилотунат.
Ҳазоровои табъам дошт бо савтат ҳамовозӣ,
Фарах пар мекашид аз назми оҳанги ҳумоюнат,
Фасохат мавч мезад аз сарафрозй.

Баёнат хотирамро бо камоли вусъат аз рагбат
Чу тифли ширбӯ бар каъбаи рози калам мехонд.
Тарабандуд овоят, гуворо атри мазмунат
Низоми шавкро бар ҷодаи шеъри Аҷам мехонд,
Саной чуди истеьдоду афсунат!

137
Edit ёрн меҳруоон

Фарохо медамид андешаам аз бодай лаҳнат,

Ки медодаш ҳамора ҷилва аз юмни фурӯзонй.

Ба унвонам ҳади манзумаи шаъшаъ рисолат буд,
Рисолат бо дуруди Зӯҳраву илхони субхонӣ,

Ки мамлӯ бахш дар бахш аз салосат буд...

Шукуфо анҷуман мехест, бо манзурияш пурнур.
Ҳакими Тӯс меафрохт қад дар базми аҳбобаш.
Вале бо доругири фикрат ӯ дар пойи ғам месӯхт.
Ба сад ҳасрат алам афрошта аз марги Сӯҳробаш.
Шикебо, мӯхр бар лаб бо алам месӯхт.

Руҷӯи Анварӣ аз лобалои зулмати сангин
Шихобосо дамодам тарх меафганд ақсоро.
Дчрегогӯ Низомӣ бар сари такфизи Хоқонӣ.

Ба дӯши дил, вале мебурд ӯ тобути Лайлоро.

Зи дида монда мекард ашк армонӣ...

Тулӯи даъвати Ҳофиз муҳити нолахезамро
Ба ранги дигар аз хикмат муборакфол меперост.
Ҳамефармуд: «... Аз нав сохт бояд сақфи миной!»
Ки «Омин!»-и малак бо арҷи ин тадбир бармехост,
Латофат ҷӯш мехӯрд аз мучаллоӣ.
Еди сри меҳрубои

Насими сабки Бедил бо вузӯи нур мепечид.

Ки гӯё мерасид аз курсии фирдавс овозаш.

Зи лавнолавнии шодобияш барқи ҳавас меҷаст,
Ки меафрӯхт аз зикри ҳакиқат ҳусни эъчозаш.
Шукӯхи манзалат бар арш мепайваст...

Бигустурд аз раҳи фурсат танин зангӯлаи тафреҳ,
Ба таъҷил омад аз меъроҷи улвӣ нозил афкорам.
Нигоҳам хамзамон лағзид аз авҷи тамошоӣ,
Сукут афтод дар ойинаи бедори пиндорам,

Фазо бе фарқ мепардохт равной?!

Аё устод! Ҳар чӣ ёфтам аз зевари маънӣ,

Насиб афтодааст аз ояти ойини ирфонат.
Сабақгирам ҳанӯз аз сурати дарсе, ки тахрир аст
Ба лавхи зеҳн ҳамчун ёдгор аз нашъи эҳсонат,
Дуогӯям ба ҳукми вақт такдир аст.

24 сентябри соли 2004
Ёди ёри меҳрубон

Салимшо Ҳалимшо

БУРҶИ СУХАН

Барой дӯсти суханшиносам Абдуқодир Маниёюв

Я кин, ки алами ғайб аст дар бахори сухан.

Ки муждаат бидиҳад ишк аз диёри сухан.
Фурӯд омада ин ҷо фариштаи илҳом.

Ба сози мӯъҷизабахше зи обшори сухан.

Касе ба ҳар ду ҷаҳон умри ҷовидона биёфт,

Ки хӯрд қатраи обе зи чашмасори сухан.

Ба гӯши боди сабо лола гуфт аз сари сидқ,
Биҳишти адн диҳад бӯи лолазори сухан.

Ба саҷда сӯи замин аст хафт бурчи фалак,

Ки рафт бар дари хуршсд иктидори сухан.

Ба хокиён зи даме нуриён баранд хасад,

Ки Офаранда сахар гашт дар хумори сухан.
Бибурдаем зи боғи биҳишт чун бахра,

Ду чашми мост аз он сӯи шохсори сухан.

Аҷал ба куллаи Симург низ ёбад рох.

Валек ҷон бидихад пеши чоннисори сухан.
Кадом об бишӯяд гуноҳи мо дар даҳр,

Якин ки боз хамон абри ашкбори сухан.

140
Ёди ёри .меҳруооп

Ба бод ҳамнафарӣ ин ҷахон ба дӯши ӯст,
Ҷаҳонбадӯш бувад ёри шаҳриёри сухан.

Зи лутфи табъ, ки маншои мурги илхом аст,
Ҳазор сина чу оина шуд зи кори сухан.

Ту нақши лавху қаламро ба чашми ошиқ бин,
Ки кард номаи такдирро нигори сухан.
Насими субх занад бӯса бар дахони касе,

Ки ояд аз нафасаш бӯи мушкбори сухан.

Ту бар мазори шаҳидони ишқсаҷда намо,

Ки сӯзи синаи онҳост ифтихори сухан.

Ба хок ашк чу борони бахманй орад,

Дихад ба булбули худ гул зи нав мадори сухан.
Ба мулки мост магар ҷони одамй аз санг,

Ки лаъл шуд ба дили санг чонсупори сухан.

Ба гӯши ман бирасид ин хабар зи олами кудс,
Ки хает кишвари ту бурчи устувори сухан.

Ба роз Боми Ҷаҳон бар ҷаҳон дихад ово,

Ки гӯши чарх бувад аз ту интизори сухан.

141
Еди ёри меҳрубон

Али Бобоҷон

СИТОРАИ ИХЛОС

Эҳдо ба устод Абдуқодир Маниёзов

Эй ровии нуктадони тоҷик,

Хезад суханат зи ҷони точик.

Аз лафзи фасеҳи ту бирезад
Шахдоби гули забони тоҷик.

Ояд зи садои ту ба парвоз
Шеъри сараву равони тоҷик.

Гӯяндаи камназири шеърӣ,

Донандаи сахтгири шеърӣ.

Қодир ба ҳазор кашфи маънӣ,

Дар доди сухан асири шеърй.
Рангафкани ҷилваи фасоҳат,

Пири каламу дабири шеърӣ.

Аз рӯи ту гоҳи нуктаронӣ,

Пайдост фурӯғи зиндагонӣ.

Пиндори туро нигоҳи гармат,

Гӯяд ба камоли хушзабонй.

Алҳак, ки ба силки мӯшикофӣ,
Хуршеди сари суханваронӣ.

142
Еди ёри меҳрубон

Табъат. ки мунаввару зариф аст,
Чун хандаи барги гул латиф аст.
Шогирди ту молики маонй,
Устоди ту фитрати тариф аст.
Дар шебу фарози нуктасанҷӣ
Зеҳни азалй туро радиф аст.

Афрӯхта базмро чу машъал
Бо ҳусни газал диҳӣ ту сайқал.
Ҳар базм, ки соқиаш ту бошй,
Рангин дамад охираш аз аввал.
Дар саҳни фазой лоязолй
Аз меҳр ниҳодаӣ ту хайкал.

Ҳарфат, ки мубораку писанд аст,
Дарёи суруру рӯди панд аст.
Фазли ту чароги дидаи мо,

Чун пояи ҳимматат баланд аст.
Бар маҳфили мо карам бифармо,
Дидори туро ниёзманд аст.

143
Ёди ёри меҳрубоп

СУХАНГУСТАР

На фақат як дили ман волаи алфози шумост,
Малаки арши сухан ошики овози шумост.

Сурату сирати ҳар кас зи каломаш пайдост.
Сухан ифшогари пиндори маму рози шумост.

Чамани маҳфилам аз лафзи вафо гулбез аст,
Бозсозии дили ман зи рухи бози шумост.

Кохи санъат, ки чу гулгашт тароватхез аст.
Ламъаи лахни ба дил гултулаандози шумост.

Ин хама шеваи шево. ки зи хусни азалист,

Аз Худованди сухан мояи дамсози шумост.

Рӯхи Ҳофиз бидамад аз нафаси ошики шеър.
Шеъри рангини Аҷам аз гили Шерози шумост.

Чу хумо бол кушодед ба авҷи дили мо,

Завки илхоми Алӣ зодаи эъҷози шумост.

144
Еди ёри меҳрубоп

II

Намунаи таълифот
ва осор

145






.




Ёди ёри меҳрубон

ҚИСМАТИ MAH*

Давраи бачагӣ ва наврасии ман ба душвортарин
солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Борхо
дидаам, ки тангии маишати хонавода падари
азизамро малул гардонида, ба дарёи андешаҳои
сарбаста ғарқ менамуд. Таъми нони онвақта ҳеҷ аз
машомам намеравад, кас ба хӯрдан сер намешуд ва
аксар вақт ёфтани чизи хӯрданӣ амри маҳол буд.
Рӯзгори ошуфта маро аз хурдсолӣ ба вартаи худ
гирифта, аз санчишҳои сахти худ гузаронид. Майли
андаке бошад хам кӯмак кардан ба падар ва сабуктар
намудани боре, ки зиндагӣ ба дӯшашон партофта
буд, маро ба хар кор омил сохт. Дар синни
хаштсолагӣ дар примус аввалин бор хӯрок пухтам.
Номаш аҷоиб, ғайри оддӣ. Онро «кӯноқбӯтка»
мегуфтанд (номи туркӣ). Баъд шӯлаи зардолугӣ хам

* Ин пора аз ёддоштҳоест, ки ягон вакт навишта шуданашро
муаллим гох-гох дар ҷараёни сӯхбат ва ё дар мавридхои
дигар орзу мекарданд. Ин қисми ёддоштхо низ чун кисмхо
ва пораҳои дигари ёддошти нотамом мондааст. Серкорӣ ва
як-ду соли охир вазъи саломатии муаллим имкон надод, ки
навиштани хотиротро анчом бидиханд. Санаи таълифи
порам манзур хам маълум нест. Ин пора чун бо риоя ва
хифзи имлои пешин навишта шудааст (масалан цех, цемент
ва...) хис кардан душвор нест. ки он то соли 1999, то соли
кабули имлои нави забони тоники ба рӯи коғаз омадааст.

147
________________Ёди ёри меҳрубои_______________

пухтам. Дар ёздахсолагй дар танӯрчаи сари оташдон.
ки падарам аз хумчае сохта буданд, нон пухтам. Хар
чй мекардам, хушмаза мешуд ва таъриф мешунидам.
Намедонам, аз ростй буд, ё барон шавқманд
гардонидани ман. Ба хар ход ман аз ин бахои хуби
«хунарҳоям» конеъ будам. Соли 1943 бо зимистони
кахратун ва қаҳтии худ мардумро мушавваш сохта,
сари калобаи бисёрихоро гум намуд. Дар чунин
айёми сахтӣ дидани чехраи коҳидаи падар, чашмони
ба каър кашида. комати аз бори тарой хамида ва
чабини пурчини он зоти бароям мукаддас ва аз чон
азизтар диламро мефушурд ва гӯё чакра-чакра хун аз
ҷигар мечакид. Он вақт 13 сол доштам. Синфи
шашро тамом карда, дар вақти таътил ба заводи
консерв хамчун шогирдпеша ба кори мавсимй дохил
шудан хостам. Аммо аз 14-солагй мегирифтаанд.
Кафши маро пеш гузоштанд. Ғамгин шудам, чй кор
карданамро намедонистам. Бисёр мехостам. ки то ба
кор даромаданам падарам аз ниятам огох нашаванд.
Зохиран, он касро дар хайрат гузоштанй будам. Хеле
фикр кардам. Нихоят, тадбире ба хотирам расид ва
пешакй дилам шод гардид. Аз завод рост ба совета
кишлок рафтам ва аз раиси он амаки Дадабоев
(номашонро фаромӯш кардам) справка хостам. Хуш
кабул карданд ва фавран дастй справка навишта
доданд. Аз хурсандй справкаро гирифта, тозон ба
завод омадам. Соли таваллудам аз рӯи хоҳиши худам
1929 сабт шуда буд, яьне дигар шӯъбаи кадрҳо лом

148
________Ёди ёри меҳрубон_________________

гуфта наметавонист. Справкаро ба зане, ки чанде
пеш шаходатномаро ба ман пас дода, ба кор кабул
накарда буд, дароз кардам ва худро паси дарима
гирифтам; кӯшидам, ки маро набинад. Баъди
фурсате касони пеш аз ман бударо ҷавоб дода,
«Орифов» гӯён овоз баровард. Аз эҳтиёт бо кирраи
чашм нигаристам. ки ба ман муроҷиат дорад. «Ман»
гуфтам ба зӯр ва беҷуръатона назди панчара рафтам.
Ҳуҷҷатеро ба ман дода, «фардо, соати 7 пагохй ба
цехи баргак меравй» гуфт ва дигар ба ман эътиборе
надода ба кори худ машгул шуд. Аз чй сабаб бошад,
ки ман карахт туда, дар ҷоям истода мондам - ё
боварам намеомад, ки маро ба кор кабул карданд, ё
аз тагйири фамилияам як эхсоси бегонагй ба худ дар
ман пайдо туда, маро ба олами хаёлоти ноаён
даровард. Бо шунидани садои «Чаро истодай?
Бирав!» якбора ба худ омада, бо тезй худро ба берун
гирифтам. Сӯи хона мерафтам, поям роҳ мегашт,
аммо хушам парешон буд ва ба дунёи рангини
афсонавй сайр мекард. Зудтар кадам мезадам, то
хамин холо ба хона расида, аз падарам муждагонй
гирам. Аввалин бор хис кардам, ки масофаи байни
заводу хонаи мо хеле дур будааст. Вакте ки аз
дарвоза ба хавлиамон ворид шудам, хис кардам, ки
кадам баланд шудааст ва ман беихтиёр аз остонаи
дарвоза коматамро хам карда гузаштам. Падарам
дар богча барои гӯсфандчаи дирӯз харидаамон алаф

149
________________Ёди ери меҳрубоп________________

медаравиданд. Нафасам мегашт ва ман онро хеч рост
карда наметавонистам. Нихоят нимгӯрма гуфтам:

- Дада. ман фардо ба кор меравам.

- Чй гуфтй?

- Ман пагоҳ ба кор меравам.

- Чй хел кор?

- Ба завод.

Падарам низе нагуфтанд ва хомӯшона ба
алафдаравии худ давом доданд. Ба назарам чинҳои
ҷабинашон бештар ва амиқтар шуданд. Ман хайрон
дар чоям шах шуда мондам. Гумон доштам. ки
падарам хурсанд шуда, «бале, писарам» мегӯянд.
Ammo холо намедонистам, ки чй баҳое икдоми маро
насиб хохад шуд. Падарам нихоят досро ба сари
марза гузошта. аз ҷо бархостанд ва дилсӯзона ба ман
нигариста, гуфтанд:

- Чаро ин тавр кардй, як дахон ба ман нагуфтй.
Кори завод осон не, ту холо худсолй, вазнинй
мекунад.

Вале оханги суханони падарам сарзанишомез
набуд. Бинобар ин шердилтар шуда, бо шавқ ба ran
даромадам:

- Бачахои махалла, кариб хамаи хамсинфонам,
хатто онхое, ки аз ман хурдтаранд, ба завод ба кор
даромаданд. Мсгӯянд. ки се мох мавсими зардолу
будааст. Мо факат барои баргак тахта мекашондаем.
Ман кори хонаро хам мекунам.

150
_________________Еды ёры меҳрубон________________

- Хайр, майлаш. Лекин эҳтиёт кун. Ба бачаҳои
безорП ошно нашав. - Дидам, ки ранги рӯи падарам
тагйир ёфта, дар чашмонашон нами гшйдо шуд. -
Дар дег шӯрбо ҳаст. Худат кашида хӯр, аз сандукча
нон гир. Сони харду чалакро бо об пур карда мону аз
хонаи бобои Туракулат як банд шивоқ биёр. Дар
қуттии ҷевон пул ҳаст. Бисту панҷ сӯмашро гир,
мерасидагист.

Дарун-дарун шодй мекардам. Хостам ба ивази
иҷозат доданашон ба падарам изҳори миннатдорй
намоям, гапи мувофик ёфта натавонистам. «Хуб
шудаает» гуфтаму дар оҳанг ва маънии ин сухан
ҳамаи эҳсоси ондаминаи худро ифода намудам ва
шояд дар чеҳра ва чашмонам ин эҳсос хувайдо
гардиданд.

Бобои Тӯракул як банд шивок дода, бисту панҷ
сӯмро гирифтанд ва чизе нагуфта ба хонаашон
даромада рафтанд.

Хеле интизор кашидам. Гӯё ягон соат гузашта
буд, ки аз хона баромада, маро дида хайрон шуданд:

- Барой чй истодай? Шивокро гирифта рафтан

гир.

- Ҳамин шивок бисту панч меистад.

- Ҳа.

Марди пири касалнамо. ки гайр аз хамин кораш
дигар воситаи таъмини хонадонашро надошт,
зоҳиран аз гаронфурӯшиаш хиҷолат кашида, бо сари
хам сулфида-сулфида ба ҳавлии дарун равон шуд.

151
_______________Ёди ёри меҳрубон_______________

Дилам ба ҳоли пирмард сӯхт, вале алами ба як
бандча ши вок, ки танӯр бо оташи он базӯр сурх
мешуд, б',юту панҷ сӯм доданам ба оташи дилсӯзиам
об мепошид. Шивокро ба хона оварда, ахд кардам,
ки дигар барои хезум як тин сарф кардан намемонам.



Субҳи барвақт аз хоб бедор шудам. Нав сапеда
медамид. Миёнаҳои моҳи июн бошад ҳам, ҳавои
субҳгохон серун ва салки н буд. Кайҳо ман хоби
ширини бачагиро фаромӯш карда будам. Барои об
кушодан нимаҳои шаб ба сари ҷӯ мерафтам, то ки
андак замини кишткардаи мо аз беобй накохад.
Масъалаи об онвақтҳо ба ҳаёту мамоти мардум
алоқаманд буд ва аксар вакт ҷанҷолу занозанй хам
вокеъ мешуд. Бинобар ин падарам соатҳои се ё чор
маро бедор карда, ба сари об мефиристоданд.
Кӯчаҳо торик ва бадвоҳима буданд, сагони дайду
аккосзанон касони бегонаро пайгирй мекарданд ва
гохо тала ҳам менамуданд. Тарсону ҳаросон каланд
дар китф чандин кӯчаву тангкӯчаҳоро гузашта,
ниҳоят ба сари ҷӯ, ки аз наздики осиёб ҷорӣ мешуд,
мерасидам. Ба ҷӯи тарафи худамон обро cap дода. ин
бор далертар роҳи хонаро пеш мегирифтам. Аз он
сабаб далертар, ки ҳам вазифа иҷро шуда буд ва хам
ба хона, ба сарпанохи худ мерафтам...

152
________________Ёди ёри меҳрубон________________

Бедор туда, якбора ба хотирам расид, ки аз
ҳамин рӯз эътиборан шогирдпеша бошам хам,
коргари завод ҳастам. Барой мехнатам музд
мегирам. Мехнати ман чун як зарраи ноаён ба
меҳнати бузурги халкамон ҳамроҳ шуда, дар роҳи
ҳифзи Ватани маҳбуб истифода мешавад ва андешае
чунин дили маро аз ифтихор саршор месохт. Дар як
гӯшаи дилам орзӯе падид омад, ки то ҳастаму ҳаст
дар ман қуввате, коре кунам аз дилу ҷон, бо ҳавсалаи
тамом, аз рӯи вичдон ва аз он ҳакки ҳалол ба даст
оварам, то файзу баракати хонаи мо зиёда гардад.
Ҳамин тавр, ба падари бузургворам мададгор шудан
мехостам.

Ҷогахамро гундошта, дастурӯ шуста,
либосамро пӯшидам ва назди падарам, ки хеле
пештар аз ман хеста, дар богча пали пиёзу кабудиро
хишова мекарданд, рафта, салом додам ва иҷозати
ба кор рафтан кардам. Падарам аз ҷо бархоста, як
дасташонро ба миёнашон бурда, кадре нимхам
истоданд ва ба ман рӯ оварданд:

- Хайр, писархон. ба корат барака металабам.
Ҳалол кор кун, то ки хар касу нокас эрод нагирад.
Кор, ки тамом шуд, зуд ба хона биё. То соати чанд
кор мекунй?

- Сменаи якум - то соати 7 бегоҳӣ.

- Дувоздах соат?

- Ҳа.

153
________________Ёди ёри меҳрубон _______________

- Бояд шумо - бачахоро барвақттар чавоб
диханд.

- Намедонам. Кай ки чавоб диханд, ба хона
мебиёям. Пас аз хайру хуш бо падарам, як пора
нонро ба когаз печонида ва ду кисаамро бо зардолуи
хушк пур карда, ба сӯи нахустин коргоҳам кадам
задам.

Ба назди даромадгоҳи завод омада, рафикони
хаммактабам Дадохон Ғиёсиддинов, Абдугаффор
Сатторов ва амакзодаам Мӯъминҷон Фаёзовро
дидам. Моро дарбон барон иҷозатнома гирифтан
назди посдорон фиристод. Дар назди гурфача
такрибан бист нафар ҷамъ омада буданд ва навишта
додани рухсатномаро интизорй мекашиданд. Ба мо
мактабиён рухсатномаи мувакқатӣ доданд, ки аз як
порча когази ба даст навишташудаи мӯхрдор иборат
буд. Мӯхлати рухсатномаи мо то 31 август, яъне то
огози соли нави тахсил буд. Бо ин рухсатнома моро
ба даруни завод рох доданд. Аввалин бор саҳни
заводро медидам. То ин дам аз дарвозаи кушбда ба
сахни завод, дурусттараш ба ҳавлии назди
даромадгохи он нигох карда, ба касони дар он чо
равуокунанда хасад мебурдам. Ба назари ман онхо
хама одамони хуштолеъ менамудам. Зеро мегуфтанд,
ки дар он солхои сахти ҷанг, солҳои кахтию
гуруснагй завод тамоми анвои хӯрданӣ: зардолуоб.
чем, павидло, шиннй, халво, парварда, помадка,
консервахои гӯштӣ, шӯла, қиёми помидор, томат ҳар

154
_______________Ед и ёри меҳрубоп______________

гуна витаминҳо ва гайра тайёр карда, ба фронт
мефиристод ва ягон намунаи ин гизохоро дар хеч як
дӯкон ёфта намешуд. Бинобар ин ҳар бор, ки
озодона ба завод даромада-баромадани касеро
медидам. ба он ҳавасам меомад ва ин гуна касон, ба
назари ман одамони махсус менамуданд. Имрӯз ман
дар катори «одамони махсус» бе хеҷ мамониат ба
даруни завод даромадам. Аз хавлии назди дарвоза
гузашта, ба тарафи чап гаштам. Сахни фарохе дар
пешрӯям кушода шуд. Он но се бинои бузурги
якошёнаи баланде мавҷуд буд, ки яке анбори
зардолуи ҳар рӯз кабулшаванда, дигаре цехи баргак
ва сеюмӣ коргохи хушконидан ва ба элеватор додани
он маҳсуб меёфт. Мо, бачахои нав ба кор
дохилшударо ба хамин бинои сеюм оварданд. Ба
даруни иморат даромадан ҳамоно ба димог бӯи
шиноси зардолу ва рутубати фарши цементи бинои
дамоварда зад. Элеваторҳо таракку туруккунон
чарххояшонро давр мезанониданд ва дар куттии
калон дунафарй пахлӯи хам истода, баргакхои
хушкидаи ба тахта часпидаро бо белчаи чӯбӣ зада
кӯчонида, ба даруни қуттӣ мерехтанд ва тасмаи
мухаррики даруни куттӣ онро ба қуттичаҳои тунукаи
ба боло раванда меандохт ва он куттичахо баргакро
ба халтаҳои калони когазӣ но карда мемонданд ва
чанд нафар он халтахоро баста, ба назди дар бурда
болоихам мечиданд. Баъд мошинхо омада, он
халтахоро бор карда мебурданд. Даруни бино хеле

155
_______________Ёдч ёри меҳрубои______________

васеъ буд. Дар гӯшае се дарвоза ба назар менамуд, ки
агар онро кушоянд мисли гаражи мошин хонае
намудор мешуд. Фарқаш аз гараж ин, ки хонаҳои ин
ҷо бисер калон буданд ва ҳар як хона то хазор тахта
баргакро мегунҷонид. Вақте ин хонаҳоро ба тахтаи
баргак пур карданд, мошинҳои шамол ба кор
медаромаданд ва дар зарфи як шабонарӯз баргак
тамоман хушк мегардид, гӯё ки як мох дар зери боду
офтоб монда бошад. Се хона се хазор тахтаро
мехушконид ва нормаи кори мо хам дар дувоздах
элеватор 250 тахтагӣ барои хар як бригада буд.
Бригада аз шаш нафар ташкил ёфта, ду кас баргакро
аз тахта меканд ва чор нафар халтаҳои пуршударо
мекашонид. Бригадири мо як зани тануманди рус
буд, ки вайро тётя-Оля мегуфтем. Ҳоло хам
намедонам, ки номи падару фамилияш чй буд. Зани
шаддод ва баландовозе бошад хам, дили нарме дошт.
Ман ҳамрохи Дадохон, ки аз ман дар синну чусса
калонтар ва қавитар буд, кор мекардам ва медидам,
ки ӯ чй тавр ба осонӣ баргакхоро аз тахтаи тарафи
худ канда. ба ман хам ёрй мерасонид. Мани ба кори
ҷисмонӣ кам машгулшуда зуд аз по меафтодам. Он
гоҳ тётя-Оля омада, аз дастам белчаро мегирифту бо
суръат баргакхоро канда ба элеватор мерехт. Чунон
дар ин кор омил туда буд, ки аз Дадохон хам пештар
тахтаи тарафи худро тоза карда, ба хамроҳаш
ёрмандй менамуд. Акнун Дадохон ба холати ман
афтода, ба сабаби аз зан ақиб монданаш хам хичолат

156
________________Ед и ёри меҳрубон______________

мекашид, хам хашмгин мсшуд. Рӯзи аввал мо хамагй
152 тахтаро тоза кардем. Вақте гуфтанд, ки 98 тахта
кам кардаем, маро вохима зер кард. Ҳеҷ боварам
намеомад, ки чунин нормаро мо иҷро карда
метавониста бошем.

Нихоят, соати кори мо тамом шуд. Мо
тахтахоро ба як тартиби муайян назди девори хона
чидем ва чои кори худро рӯбучин карда ва қуттӣ-
элеваторро бо латтаи тар хуб тоза намуда, ба рафтан
тайёр шудем. Ҳамин вакт аз дар марди кадпасти гул,
ки дар тан либоси нимдошги хушдӯхте дошт,
даромада омад. Ҳамаи моро назди худ чамъ карда ва
аз натиҷаи кор пурсон шуд. Он рӯз фақат ду бригада
нормаашро иҷро карда, дигар бригадахо аз ӯхдаи ин
кор набаромада буданд. Аз хама бад вазъи бригадаи
мо буд. Тётя-Оля аз кори мо хисобот дода, сабаби
акибмониро ба навкор будани мо хавола кард. Он
шахе ба тарафи ман нигох карда:

- Ҳамин хам коргар-мй, аз даханаш буи шир
меояд. Кӣ ӯро ба кор кабул кардааст? Мо бо чунин
бачачахо корро пеш бурда наметавонем, - гуфт ва ба
тётя-Оля мурочиат кард. Вайро пагоҳ ба дӯхгани
дахани халтахо монед. Худатон ба чои вай кор
мекунед. Агар аз ӯхдаи ин кор хам набарояд, аз кор
пеш мекунам.

Марди ношинос. ки бо як дидан ин кадар одами
тундмизоч буданаш маълум набуд, ба назарам хеле
берахм ва бадфеъл намуд. Диламро гаш фаро

157
_______________Еди ёри меҳрубоп_______________

гирифт. Шодмонии пагоҳирӯзӣ ба гамолудагии
бегоҳирӯзӣ табдил ёфт. Ман, ки аз кори
пурмашаққати имрӯза бисер монда туда будам. боз
ҳам бехолтар шудам ва маъюсу гамгин аз дарвозаи
завод берун омадам. Ба рафиқонам хам мунтазир
нашуда, ба сӯи хона равон гардидам. Ба худ
меандешидам, ки ҳамроҳонам хама ба сардорон
маъқул шуданду факат ман аз насиби кор махрум
мешудагй будам. Одат карда будам, ки ҳар коре
кунам, падарам таҳсин мекарданд ва агар чизе
нагӯянд хам, аз чеҳраашон осори хушнудй намоён
мешуд. Ман ҳеҷ гох чунин кори вазнинро, ки имрӯз
рост омад, анҷом надода будам, бо сидк кор кардам,
тамоми қувватамро сарф кардам. Аммо...

Бо чунин андешахои нохуш ва яъсомез ба хона
расиданамро надониста мондам. Падарам ба рӯи
ҳавлӣ об пошида ба кат кӯрпачаҳои нав андохта
буданд. Ман салом карда, аз падарам пурсидам:

- Ба хонаи мо меҳмон меояд?

-Ҳа.

-Кй?

- Як одами бисёр нагз.

- Ман мешиносам?

- Ҳа, мешиносй.

Дигар харфе назада, ба хона даромада,
либосамро иваз карда баромадам. Аз дасти падарам
чорӯбро гирифта, роҳравро то дари кӯча рӯфтам.
Агар мехмон меомада бошад, бигузор донад. ки мо

158
________________Edit ёри меҳрубон______________

аз озодагонем ва дар хона набудани зан ҳис карда
нашавад.

Падарам пиёзу помидор ва корду коса
бароварда, шакароб карданро фармуданд ва аз хона
дастархон бароварда, ба миёни кат гузоштанд. Бӯи
хуши таом, ки ба оши палав шабоҳат дошт, ба
машомам расид. Медонистам, ки биринҷ надоштем,
сабзӣ хам набуд. Вале бӯи он меомад. Аз падарам
пурсидам. ки ин чӣ гуна таом аст. Падарам бо чеҳраи
шукуфон гуфтанд:

- Ин файзи кадами мубораки меҳмон аст.

Ман чизе нафаҳмидам. Лекин дигар чизе
напурсидам. Нофаҳмиамро ба хаста шуданам ҳавола
карда, лаб фурӯ бастам.

Дидам, ки падарам ба рӯи кӯрпача нишаста,
омодаи кушодани дастурхон шуданд. Ман ҳам
шакаробро тамом карда, намак пошида, бо корд
пиёзу помидорро омехта ба назди дастурхон
ниходам. Падарам:

- Дастатро шуста биё. Хӯрок хунук шудагист, -
гуфтанд.

Дастамро шуста, ба кат баромада, ба як лаби
кӯрпача чо гирифтам ва бо тааҷчуб пурсидам:

- Канӣ мехмон? Кай меояд?

- Мехмони ман имрӯз туй, писархон. Ту имрӯз
аз синни бачагӣ ба овони чавонӣ қадам гузоштӣ ва
мисли одами комилҳуқук кору зиндагӣ мекунӣ.

1 J У
Еди ёри меҳрубон

АЛИШЕРИ НАВОИ*

«Хамсат-ул-мутаҳайирин»

Тарҷума, гавчеҳ ва пешгуфтори Абдукодир Маниёзов.
Таҳрири Рахим Ҳошим.

«Хамсат-ул-мутахайирин» бори аввал дар шакли
китобчаи алохида соли 1961 дар тарчумаи Абдукодир
Маниёзов чоп шуда буд. Он соли 1989 азтарики интишороти
«Адиб» бори дувум ба нашр расидааст. Тарҷума аз ӯзбекист
ва он дар адабиётшииосии точику ӯзбек хусусан ба сифати
мухтасоти нусхаи асл, начокати ифода ва забони баён бахои
баланд гирифтааст. Зарур дониста шуд. ки дар мачмуаи
мачкур истифода шавад. Тавзсхоти мутарчим дар повараки
сахифахои марбута оварда мешавад.

160
Ёди ёри мехрубон

ДУСТИИ БЕНАЗИР

Муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои
ҳамаҷонибаи халкхои тоҷик ва ӯзбек таърихи қадима
дорад, Ин ду халқ асрхо дар як сарзамин зиста аз як
обу хок бахра бурдаанд, талхиву шириниҳои
рӯзгорро бо ҳам чашидаанд, ба мукобили золимони
маҳаллй ва истилогарони аҷнабӣ якҷоя cap
бардошта, баҳри озодӣ ва саодати худ дӯш ба дӯш
истода мубориза бурдаанд. Онҳо ба хамдастӣ ва
ҳамкорӣ осори ҳайратангези моддӣ ва маънавӣ
офаридаанд, ки ба тамоми ҷахон машҳуранд.
Набардҳои инқилобӣ дар зери ливои Октябри
Кабир, сохтмони хаёти нави советӣ бо раҳнамоии
Партияи Коммунистии ленинӣ, барпо шудани
иттифоқи халалнопазири ҳамаи қавму миллатҳои
социалиста дӯстии ин ду халқи бародарро устувору
мустахкамтар намуд, маънӣ ва мазмуни нав бахшид.
Ва ин дӯстии таърихан қадим ва мохиятан бузург
падида ва намунаи дурахшони дӯстии халқҳои
Ватани сермиллати мо гардид.

Дар ташаккул ва тахкими ин дӯстӣ илму адаб
ва арбобони барҷастаи он мақоми шоистае доранд.
Адибону олимон, намояндагони пешраву пешбари
зиёиёни эҷодкор хамеша - дар ҳамаи давру замонхо

161
_______________Еди ёри меҳрубон______________

барои хусни тафоҳум саъй мекарданд ва ба рох
ёфтани беҳтарин суннатҳову дастовардхои мадании
халқи дигар ба маданияти халки худ ва хамчунин
барои дастраси дигарон намудани комёбихои
маданияти худ мусоидат менамуданд. Ин амри
шарофатмандона ва боифтихоре буд, ки боиси
мутақобилан афзудани дороии маънавии халкхои
бародар мешуд.

Ҳамрангии маишат ва урфу одат тоҷикону
ӯзбеконро ба якдигар на факат наздик, балки хешу
акрабо хам намудааст. Чунин муносибат ва
робитаҳои хасана барои каробати маданият, адабиёт
ва санъати хар ду халк заминай мусоид ва мувофик
фарохам сохта. дар байни бехтарин намояндагони
онхо дӯстию рафоқат ва хамкорию хамфикрй ба
вуҷуд овардааст, ки тимсоли барҷастаи он дӯстии
ҳаяҷонбахш ва хамкории пурфайзи адабию илмии ду
шахсияти номвари таърих - адибон ва мутафак-
кирони асри XV Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер
Навой мебошад.

Ҷомй ва Навой дар замони истибдоди
феодалй, ки мардуми заҳматкаш ба махрумияту
нокомихо дучор ва ба машаққату сахтиҳои зиндагӣ
гирифтор буд, барои осоиши халк ва ободии
мамлакат кӯшида, ба тавассути асархои худ бисёр
фикру ақидахои тараққипарваронаро таблиғ
мекарданд. Онҳо хамчун шахсонн пешқадаму
соҳибмаърифати замони худ ба гурӯххои

162
________________Ед и ёри меҳрубон______________

равшанфикр сарварй карда, дар роҳи равнақи
маданият ва адабиёти хар ду халк хизматҳои шоиста
намудаанд. Ғояҳои один адолатпарварӣ. инсондӯстӣ,
маърифатхохй ва ғайра, ки онҳо ваъз мекарданд. аз
шароити зиндагии оммаи меҳнаткаш ва вазъияти
замона ба миён омада, манфиатҳои ҳаётии ахли
мехнатро ифода менамуданд ва аз беҳтарин орзуҳои
он ба шумор мерафтанд. Ҷомӣ ва Навой дар таргиби
ақидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсй якдигарро пуштибонй
карда, дар фаъолияти адабӣ, илмӣ ва ҷамъиятӣ ба
хамдигар мададгор буданд. Чунин наздикии нуктаи
назар нисбат ба ҳаёти халк, ҷамъият ва мамлакат
дӯстии самимӣ ва ҷонии ин ду марди бузургро ба
вучуд овардааст.

Муносибатхои байниҳамдигарии Ҷомӣ ва
Навой, хамкории эҷодӣ ва хамфикрии онхо нисбат
ба масъалаҳои мухталифи умури сиёсй ва иҷтимоӣ,
алалхусус ҳимоя кардани манфиати халк. кӯшидан
ба ободиву умронии кишвар, гамхорй ва парастории
аҳли илму адаб ва фарҳангу хунар, ки аз хизматхои
барозандаи таърихии онҳост, саҳифаҳои бошукӯхи
таърихи дӯстии ду халки бародар - тоҷикон ва
ӯзбеконро фароҳам намуд. Ба шарофати онхо
муносибатхои дӯстонаву робитаҳои қадимаи
халқҳои тонику узбек нируи тоза пайдо намуд,
ганитар ва пурмаънитар гардид. Ин аст, ки хар гох
сухан аз боби дӯстии ин ду халк равад, беихтиёр
________________Ёди ёри меҳрубои_______________

номи Ҷомӣ ва Навой ба забон меояд ва симои
шарифи онҳо дар пеши назар ҷилвагар мешавад.

Накши пурҷилои ин дӯстии беназирро дар
ёдгориҳои мӯҳташами фархангу ҳунар, осори
безаволи илму адаб, зухури зумраи одамони
соҳибқареҳа ва боҳунар, шахсиятҳои номдори
таърих метавон дид. Инъикоси онро дар асарҳои
худашон низ мумкин аст мушоҳида намуд. Қариб
дар ҳамаи таълифоти онхо ишорахои возеҳу латиф
ба ин дӯстии бузург ба назар мерасад, ки бо як олам
эхтиром ва меҳру муҳаббат нисбат ба якдигар сухан
рондаанд.

Ҷомӣ ва Навой аксари таълифоти худро ба
хамдигар бахшидаанд. Чунончи, Навоӣ бузургтарин
асари худ «Хамса» ва қасидаи «Тӯхфат-ул-афкор»-ро
ба Ҷомӣ ва Ҷомй панҷ достой: «Хафт авранг» -
«Тӯҳфат-ул-аҳрор», «Сабҳат-ул-аброр», «Лайлӣ ва
Маҷнун», «Юсуф ва Зулайхо» ва «Хирадномаи
Искандарӣ»-ро ба Навоӣ бахшида таълиф
намудаанд.

Навой пас аз вафоти Ҷомӣ ба хотири хамин
навъ дӯстӣ асареро бо унвони «Хамсат-ул-
мутахайирин» навиштаасг, ки мухимтарин лахзаҳои
дӯстӣ ва ҳамкории эҷодии онхоро баён мекунад. Ин
асар такрибан дар солҳои 1494-1495 ба забони ӯзбекӣ
таълиф ёфта, чанд нусхаи дастнависи он то давраи
мо расидааст.

164
_______________Еды ёри меҳрубон_______________

Чунонки аз гуфтаҳои Навой дар ин асар
маълум мешавад, нахустин мулокоти ӯ бо
Абдураҳмони Ҷомӣ тахминан дар синни 17 ё 18-
солагиаш дар маҳалли Хиёбони Ҳирот ба вукӯъ
пайваста, муносибати устодиву шогирдии онхо аз
сабақи «Рисолаи қофия» шурӯъ гардидааст. Аз
ҳамин вақт то охири умри Ҷомӣ, яъне дар зарфи беш
аз 35 сол онхо ҳамеша бо ҳам будаанд, дойр ба
масъалаҳои эҷоди бадей як хел фикр мекардаанд, дар
офариниши осори адабӣ ва илмӣ мақсаду мароми
ягона доштаанд. Самимияти муносибат ва
ҳамфикриву ҳамкории эҷодӣ тадриҷан онҳоро чун
падару писар ба ҳам хеле наздик, мушфиқу меҳрубон
ва гамхору парастор мегардонад. Ҷомӣ дар тасвири
Навой шахси бузургвор ва мукаддас аст. Обрӯ ва
нуфузи ӯ ба андозаест, ки ҳатто хукмрони замон хам
наметавонад онро ба эътибор нагирад.

Бисёр лавҳаҳои ин асар, хусусан кисмати
мукотибаи онхо нихоятдарача таъсирбахш буда,
хамчун суруди дилнишини дӯстӣ садо медиҳад.
Марсияи Навой ба вафоти Ҷомӣ, ки дар охири асар
дарч ёфтааст, ба кавли устод Айнй, яке аз
чонсӯзтарин марсияҳои адабиётамон ба шумор
меравад.

«Хамсат-ул-мутахайирин» асари хотиротй
буда. муҳимтарин лаҳзаҳои ҳаёт ва фаъолияти
адабиву илмии Ҷомиро дар бар мегирад. Хамчунин

165
_______________Edit ёри меҳрубон______________

аз ин асар роҷеъ ба хаёт ва эҷодиёти худи муаллиф
низ маълумоти пурбахо ба даст овардан мумкин аст.

Мо ин асарро ба тоҷикП гардонида, дар айни
замон. барон нигох доштани услуби ба худ хоси
Навоӣ саъй намудем.

Ин китоб. ки ба муносибати ҷашни 575-умин
зодрӯзи Абдурахмони Ҷомӣ нашр мешавад, бо
суханони меҳрангез аз дӯстӣ, аз мехру эхтироми
саршори фарзандони арҷманди халқҳои тоҷик ва
ӯзбек хикоят мекунад. Ҳар кас, ки онро бихонад,
бидонад, ки ин дӯстӣ рамзи дӯстии ҷовидонии ду
халки бародар. балки хамаи халқҳост; ин дӯстӣ
мероси ниёгон аст ва вазифаи муқаддаси мо онро чун
гавхараки чашм эхтиёт кардан ва ба сарваташ
афзудан аст.

166
Ёди ёри мсхруГюн

ДЕБОЧА

Худраъйи умури тасаввуру аноният1 ва
даштпаймони одами ғурури нафсоният Алишери
мутахаллис ба Навой... дар хилватҳои ашрофу хоси
бани одам хусусан ва соир анҷуманҳои авоми ахли
олам умуман чунин арз мекунад ва ин навъ баён
менамояд. ки... шайхано ва мавлоно Абдураҳмони
Ҷомӣ... - он соҳибдавлати бузургвор ва сохибкамоли
нубувваткирдор ин ҳоксори парешонрӯзгорро бо
ил гифотхои азим сарбаланд ва бо навозишхои гариб
арчманд карда, дар байни абнои чинсам сарафроз,
балки аз ҷинси башар мумтоз менамуданд. Чун
тоири кудсошёни рӯҳи покашон аз қафаси бадан ба
чониби гулшани боги фирдавс дар парвоз шуд ва
пайкари олимакони ҷисми муборакашон аз мачлиси
дорулфано ба анҷумани дорулбақо майл намуд,
мотам ба ахли олам рӯй дод, аммо соҳиби мотам
мани номуроди сӯгвор будам ва ба соири авлоди
одам азо вокеъ гардид, валекин сохиби азо мани
ношоди таъзиятшиор будам.

Чун дар ин мотам озори лили маҷрӯх ва
изтирору2 изтироби хотири маҳзун аз ҳад гузашт.

1 Аноният худписандй, манмани.

: Итшрор парешонй. беихтиёрй.

167
________________Ёди ёри меҳрубои_______________

барои таскини ин ранҷ ва ором намудани ин ошуб
чунин ба хаёл овардам, ки аз ҳолатҳои дар миёни он
осмони иззу иқбол ва ин хокваши фурӯмоя, он мехри
авҷи камол ва ин зарраи камсармоя рӯйдода якчанд
варақ нигориш кунам ва аз мақолот якчанд
муқаддима гузориш диҳам, ки ин умур ба зохиру
ботинам мӯҷиби мубоҳоту сурур ва ба дунёву
охиратам боиси ифтихору гурур хохад буд. Ва агар
халоик ин навъ илтифотҳоро аз маҳбуб ва ба мухиб
бовар накунанд, дар мусаннафоти он хазрат мазкур
аст ва агар он тариқа хусусиятҳоро аз мурод ба
мурид ҷуз маҳолот напиндоранд, дар куллиёташон
мастур, ки ба ин даъво ду далели мувофик, балки ду
гувоҳи содиқ мебошад.

Чун ин рисола ба хаёл расид. бинояшро як
мукаддима, се мақола ва як хотима бапо кард ва ин
панҷ қисмат гуфтор, ки ба хонандагон хеле мӯҷиби
таҳайюр хоҳад буд, «Хамсат-ул-мутаҳайирин»
номида шуд.

МУҚАДДИМА - оид ба вилодат ва насабҳои
он кас ва сулуки1 соир вақтҳояшон ва кай ба хизмати
он кас мушарраф гардидани ин факир.

МАҚОЛАИ ЯКУМ - дар бораи умури
иттифоқ2 ва сӯҳбатхои гароиби дар миёни он кас ва

1 С у лук - тариқа, одат, тарзи зиндагии ахли тасаввуф.

2 Умури иттифоқ - корхои мувофикафтода, тасодуфот.

168
________________Ёди ери меҳрубои________________

ин факир баамаломада. ки аз онҳо хусусият ва
илтифотҳои он кас ба ин факир маълум мешавад.

МАҚОЛАИ ДУЮМ - дар боби рукъахои1 дар
байни он кас ва ин фақир вокеъшуда, ки он рукъаҳо
ҳоло дар куллиёти он кас мазкур ва дар
муншаоташон2 мастур аст, ки факир чавоб
навиштаам ё акс.

МАҚОЛАИ СЕЮМ - дар боби китоб ва
рисолахоест, ки мусаннафоти он кас буда, ин факир
ба таълифи онҳо боне ва ба таснифашон сабаб
гардидаам ва ин маънй хам дар аксари он китобҳо
зоҳир аст.

ХОТИМА - дар боби он китоб ва рисолахоест,
ки ин факир дар хидмати он кас аз рӯи таълим ва
истифода хондаам ва таърихи охирин лахзахои
хаёташон ва кайфияти он ҳолатҳо.

1 Рукъа нома, мактуб.

; Мушиаот - навиштаҷот

169
Ёди ёри меҳрубон

МУҚАДДИМА

Вилодати шарифи он кас, чунонки аз назми
муборакашон маълум мешавад, дар соли хаштсаду
ҳафдаҳ1 будааст. Он кас тамоми ҳолатҳои аз замони
вилодат то соли ҳаштсаду наваду се2 ба cap бурдаи
худро ба назм даровардаанд ва он касидаи гарибест,
ки «Сунӯҳ-ул-бол»3 ном гузоштаанд. Матлааш ин
аст:

Манам чу гӯй ба майдони фусхати маху сол,

Ба савлаҷони4 қазо мунқалиб5 зи ҳол ба ҳол.

Ба соли ҳаштсаду ҳафдаҳ зи хичрати набавй,6

Ки зад зи Макка7 ба Ясриб1 сародикоти2 ҷалол.

1 Ҳаштсаду ҳафдаҳ - соли хичрй, ки ба соли мелодии 1414 рост
меояд.

2 Ҳаштсаду наваду се - соли хичрй. ки ба соли мелодии 1487
рост меояд.

3 Сунӯҳулбол - хар чти ба хотиррасида.

4 Савлаҷон - чавгон.

5 Мункалиб - гарданда (аз холе ба холе).

6 Ҳиҷрати навабй - кӯчидани Мухаммад-пайгамбар ва
пайравони вай аз Макка ба Мадина, ки 16 июли соли 622
мелодй вокеъ гардида, ба солшумории хичрии камарй
ибтидо гузоштааст.

7 Макка шахрест дар кисми гарбии Арабистони Саудй.
маркази вилояти Ҳичоз.

170
Еди ёри меҳрубон

Зи авҷи қуллаи парвозгоҳи иззу кидам

Бад-ин ҳазизи1 2 3 ҳаво сует кардаам пару бол.

Ба ҳаштсаду наваду се4 кашидаам имрӯз.

Зимоми умр дар ин тангнои ҳиссу хаёл.

Ва он кас панҷ сол пас аз гуфтани ин касида
ҳам аз гулзори умр баҳраёб ва аз чашмасори ҳаёт
сероб буданд. Дар соли ҳаштсаду наваду ҳашт, ки
синнашон аз ҳаштоду ду гузашта буд, булбули
кудсошёни рӯҳи покашон навои реҳлат оғоз карда,
ба ҳавои гулистони фирдавс парвоз намуд, ки
кайфияти он бо шарҳаш, иншооллоҳ, дар чои худ
сабт хоҳад шуд.

Насаби олии он кас ба имомулмуҷтаҳиддин5
Ҳасан бинни Абдулл ox бинни Товус бинни Ҳурмузи
Шайбонӣ рафта мерасад, ки Ҳурмуз малики кабилаи
бани Шайбон6 буда, дар Бағдод7 салтанат рондааст

1 Ясриб номи кадими шахри Мадина, ки дар кисми шимоли
гарбии Арабистони Саудй дар вилояти Ҳиҷоз, 400 км.
дуртар аз Макка вокеъ шудааст.

2 Сародиқ - чодар. хайма.

’ Ҳазиз пастӣ, мукобили авҷ.

4 Ҳаиткаду наваду ҳашт - соли хичрӣ, ки ба соли мелодии
1492 мутобиқ аст.

5 Имомулмуҷтаҳид пешвои донишманди дин.

6 Бани Шайбой - номи яке аз кабилахои араб.

7 Багдад шахрест дар шимоли Арабистон. ки соли 762
бунёд шуда, маркази сиёсй ва мадании хилофат ба шумор
мерафт. Х,оло пойтахти Ирок.

171
_______________Еди ёри меҳрубои_____________

ва дар замени ҷоҳилият1 * *, дар ахди амирулмӯъминин
Умар: ба шарафи ислом мушарраф гардидааст...
Падару бобои худашон дар зӯхду тақво машҳур ва ба
қазову фатво доимо машгул буда. дар вилояти Ҷом
муким будаанд. Ин китъаи он кас ба хамин маънй
далолат мекунад:

Қитьа

Мавлидам Ҷому рашхаи’’ каламам
Ҷуръаи номи шайхулисломист.4
Лоҷарам, дар чаридаи ашъор
Ба ду маънй тахаллусам Ҷомист.

Аз он кас ҳанӯз дар хурдсолиашон фахми хеле
баланд ва осори табъ зоҳир мешудааст. Аз он чумла
ин аст: орифи комил ва муршиди мукаммил мавлоно
Фахриддини Луристонй, ки ягонаи замони худ ва
дурри якдонаи бахри хакикат буд, дар вилояти Ҷом
ба хавлии падари он кас таваққуф намудааст. Он кас
дар синни чор ё панчсолагй буда, дар он вахт акнун
нав ба мактаб мерафтаанд. Хдзрати Мавлоно он
касро дар назди худ нишонда. бо ишорати ангушт

1 Ҷоҳи.тят ахди пеш аз ислом дар чомеаи араб.

- Умар Спит Хапююб (581-644) халифа ва яке аз хамсафони
Мухаммад-пайгамбар.

’’ Ртиҳа чакра, катра.

4 Шай.хулислом - лакаби фахрии пешвои тасаввуф. пири
ходими ислом.

172
_________________Еди ёри меҳрубон__________________

номхои машҳурро, чун «Умар» ва «Алй»1, ба хаво
менавиштаанд ва он кас бо тааммул мехондаанд. Ва
ҳазрати Мавлоно аз чунин зеҳну закон дар синни
кӯдакй доштаи он кас мутабассим, балки мутааҷиб
мешудаанд; чунонки ин маънй дар «Нафахот-ул-
унс»2 низ мазкур аст.

Ин навь осору аломот дар айёми кӯдакии он
кас бисер рух додааст. Агар ба сабт кардани ҳамаи
он машғул шавем, сухан тӯл мекашад.

Он кас аз синни кӯдакӣ то аввалҳои ахди
шабоб3 дар вилояти Ҷом зиста, сипас ба сабаби он ки
дар он чо шахси фоидарасонанда (яъне омӯзгор) хеле
кам будааст... мисли он ки пайғамбар ба Ясриб майл
карда буд, он кас ба шаҳр (яъне Ҳирот) азимат
намудаанд ва дар вурудгохи Ирок4 дар мадрасаи
«Низомия»5 маскан карда, машғули таҳсил
гардидаанд. Мегӯянд, ки дар он чо замоне мавлоно
Зайнуддин Абӯбакри Тойбодй ва мавлоно
Саъдуддини Тафтозонӣ ва баъзеҳо мегӯянд, ки Амир

1 Алй - нахустин имоми шиа ва чорумин халифаи целом.

2 «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ул-қудс» - асарест дар шархи
холи ахди тасаввуф ва тавсифи осори сӯфиён, ки
Абдурахмони Ҷомӣ солҳои 1457-1476 таълиф намудааст.

' Аҳди шабоб - давраи чавонй.

4 Ирок, мамлакатест дар Осиёи Ғарбӣ, ки масохати он
Байнаннахрайни кадимаро фаро гирифта, яке аз марказхои
тамаддуни Шарки куҳан махсуб меёбад. Ҳоло давлати
чумхурист.

5 «Низомия» мадрасаест дар Багдод, ки соли 1065 аз номи
Низомулмулки вазири Маликшохи Салчукй бино ёфтааст.

173
__________________Ед и ёри меҳрубон__________________

Хисрави Дехлавӣ' хам сокин будаанд. Он кас ба зуди
дар тахсил аз абнои ҷинс пеш гузашта, балки илму
фазлро аз уламои мутабаҳҳири2 он шахр бештар касб
кардаанд. ки дар фунун ва улум ба ягон касе аз аҳли
замон эхтиёч намондааст...

Агарчи аз рӯи зарурат якчанд вакг ба касби
улум иштиғол намудаанд, аммо ҳеч гох аз оини назм
холи набудаанд. Ба он кас биззот машраби тавхид3
воқсъ гардида ва дар айни мушохадаи тазохури мачоз
чамоли ҳақиқатро муояна намуда, барояшон
беихтиёрихо даст медодааст. Ба чуз он ки ин маъниро
дар назм адо кунанд, гузир надоштаанд, зеро ба ин
восита сӯзи сина таскин ёфта, оташи дил фурӯ
менишастааст. Ба ин чиҳат аз назм ҳаргиз фориг буда
наметавонистаанд; ба ин сабаб ба назм тадвин4 ва ба
девон тазйин5 воқеъ туда, бо мурури айём назми он
кас аз хар синф шеър гӯш ва бозувони золи6 оламро
бо дуррхои самин7 музайян ва чайбу домани онро бо
лаъли оташин мамлув8 ва мулавван1 кардааст. Ва

1 Амир Хисрави Деҳлавӣ - Яминуддин Абулхасан (1253-1325)
шоир ва мутафаккири машхури форсизабони Ҳиндустон, ки
дар таърихи адабиёти тоҷик чуи шоири хамсасаро макоми
шоиста дорад.

: Мутабаҳҳир - допои гузаро, аллома.

3 Машраби тавҳш) - гояи вахдат.

4 Тадвин - тартиб додани девон.

5 Тазйин зинат додан.

6 Зол - пир.кухансол, дерин.

7 Самин гаронбахо.

s Мамлув фаровон.

174
________________Ёди ёри меҳрубоп______________

гариб аст, ки дар вақти такмили улуми зоҳир
барояшон анҷом додани он кадар корхое муяссар
шудааст, ки дар ин уммат ба ҳеҷ яке аз аксари
акобиру еоҳибкамолони гузашта воқеъ гардидани он
маълум нест.

Аз он ҷумла яке шеър аст, ки бештарин
аснофи1 2 он ба навьест, ки дар ҳар синф касе саромад
ва мусаллам3 бошад, он кас ҳам мисли ҳамон, балки
бартар аз он ҳаққу мулки худ кардаанд.

Дигаре: такмили истилоҳоти масоили

тасаввуф4 аст. Аз ғояти иҳоми рисолаву китобхои
машоиху авлиёҳои гузашта аксари толибони
номурод аз идроки ин илми тариф маҳрум, балки
орӣ буданд. Он кас дар рисола ва китобҳояшон ин
илмро бо адову алфози хубтар чунон таснифҳо
карданд, ки бисёр фақирон аз мутолааи онхо халоват
бурда, бахраманд шудаанд.

Боз дигаре: дар сулуки одоби тарикат бо чунон
равиши дақиқ тариқҳо сохтанд ки, хеч кас ба амри
ниҳонии шарифтар аз улуми зохир ва шеър ва
муаммо ва иншо ва ҳамин гунахо машғул буданашро
надониетанд ва фахм хам накарданд ва дар ин кор ба

1 Мулавваи рангба ранг, рангоранг.

: Асноф синфхо, хелхо, навъхо.

1 Мусагпам лоик, муносиб; таслим кардан.

4 Тасаввуф сӯфигарӣ; чараёне. ки пайравонаш аз хохишхон
нафсонӣ пархез карда, ашёи олам ва табиатро мазхари хак
медонистанд, ба зӯхду тақво машгул мешуданд.

175
_______________Ёди ёри меҳрубон_____________

хеч мутанаффис1 2 аз мулозимат ва иродати муршиди-
комил гузир нест, сӯхбат ва мулозимати хазрати
қутби тариқат ва ғавси3 хақиқат мавлоно
Саъдуддини Кошгариро, ки дар он замон муршид ва
халифаи комил ва мукаммили силсилаи хочагони
«Накшбандия»4 буд, ихтиёр карда, ба хизмати соир
муршидон ва комилони замон, аз чумла ба сухбати
Шайх Бахо удлини Умар ва мавлоно Боязиди
Пуронй ва мавлоно Муҳаммади Асад барин
бузургон низ мушарраф гадидаанд. Аммо дар сурати
толибилмй ва шоирй, ки ба сатру нихони ин илми
шариф мисли ин ду кор ёфтани парда мухолест,
чунки дарвешй5 касби фаност, балки фанои маҳз аст
ва ин ду кор махз даъвову чадал ва анонияту
худписандӣ хоҳад буд.

Касоне, ки овозаи камолоти он касро шунида,
роххои дурро тай карда, ба сӯхбати муборакашон
меомаданд, он касро дар байни асҳоб6 аз гояти

1 Мутанаффис - нафаскашанда; зинда, чондор.

2 Мураше) - пир, шайх.

3 Ганс - фарёдрас. мададгор.

4 «Накшбандия» - аз машхуртарин тарикатхои тасаввуф, ки
дар асри XIV пайдо шуда, асосгузори он Бахоуддин
Мухаммади Бухорист. Чун касби асосии ӯ накш бастан ба
матоъ будааст, худ бо номи Бахоуддини Накшбанд ва
тарикати бунёдгузоштаи вай бо номи «тарикати
накшбандия» шӯхрат ёфтааст.

5 Дарвешй - каландарй, зохидй: чараёни таргибкунандаи
гӯшанишинй.

6 А су о 6 - ёрон, хамсӯхбатон.

176
________________Ёди ёри меҳрубон __________

ноаёнй мутлако намешинохтанд; дар нишасту хез,
гуфту шунуфт, дар хӯроку пӯшок дар миёни он кас ва
соир мулозимон тафовуте набуд. То касе аз улуми
зоҳирӣ ва маънавй масъалаеро ба миён наандозад,
ҳаргиз сафедро аз сиёҳ фарқ карданашон маълум
намегардид. Аммо пас аз ба миён гузошта шудани
масъала маҳорат ва огоҳиашон ба хамаи илмхо дар
чунон мартабае буд, ки ҳаргиз эҳтиёҷ ба дидани
китобе надоштанд.

Дар зимни ин қадар корҳо тариқи ишқи зоҳир,
ки «алмаҷозу кантаратулҳакиқат»1 иборат аз он аст.
бар он кас чунон ғолиб омада буд, ки ҳусну малоҳати
ҳар мазҳари мулоим2, ки бо тачаллии ҷамоли ҳақ
зухур менамояд, ё офати ҷавру бедод, ки бо сифаги
ҷалолият ба чилва меояд, аз ин сифатҳо зоти айният
мушоҳада карда, сабабро мутлако аз миён
бартарафшуда дида, аз он ки ғайри мусаббиб чизе ба
чашмонашон наёмадааст, бетокат гардида, ҳар гох
дар холи изтироб аз шиддати ишқ суубати3 шавқ ба
он кас рух менамуд, бо иштиғоли шеърҳои ҷонсӯз ва
ғазалхои дилафрӯз ба он бетоқатиҳо итминон
медоданд. Ва ин ҳолат ба он кас дар одоби тариқат,
ки дар тасаввуф боиси фаност, хеле мадад менамуд.
Чун фанои вуҷуди мавхум ҳосил шуда, оташи ишк ва
шавқ ба забона задан даромад. ҳар оина аз

1 «Аллшҷозу қанпшратглҳакикат» - маҷоз гузаргохи ҳакиқат аст.

л Мазҳари мулоим - маҳалли зуҳури мувофик.

’ Суубат еахтй, гаронӣ.

177
________________Ёди ёри меҳрубон_______________

беихтиёриҳо каландарвашию сарупобарах-нагӣ. кӯху
даштпаймоиву ба ҷуз максади аслӣ ҳамаро
фаромӯшсозӣ даст медиҳад. Ахли зоҳир ин шеваи он
касро ба ишқи зоҳири маҳз ҳамл намуда, аз асли
мақсудашон ғофил ва отил1 мемонданд. Аммо он кас
гайри мақсуди аслӣ дар ҳар навъ сурате, ки
худашонро намудор мекарданд. ҳама пардаву
рӯпӯши ҳолатҳо-яшон буд.

Чанд соле, ки бо хамин хол гузашт, дар
фазоили улуми зоҳир бар уламо ва фузалои давр
фоиқ омада, ҳамчунин дар ҳоли ботин маротиби
баланд ҳосил карда, бо китобу рисолаҳои оид ба
илми тасаввуф авроқи рӯзгорро музайян намуданд.
истилоҳоту масоили дакики ин илми шарифро ба
аҳли даврон равшан ва мубарҳан2 сохтанд. чунонки
иншооллоҳ дар теъдоди мусаннафоташон навишта
хоҳад шуд.

Аз миёнаҳои замони Шоҳрух-султон3 то
аввалхои замони султон Абӯсаид-мирзо4 он кас дар
шаҳр сокин буданд. Пас аз ин дар Хиёбон, дар сари
мазори ҳазрати пир ва махдум мавлоно
Саъдулмиллат ваддин ал-Қошгарӣ расми иқомат

1 Опии махрум.бебахра.

2 Мубарҳап - ошкор. хувайдо. исботи бурхонӣ.

3 Шоҳрух-султон (1377-1447) писари Темур, аз соли 1397
хокими Хуросон ва аз соли 1409 хукмрони давлати темуриён.

4 Апусаид-мирк) - абераи Темур, набераи Мироншох. хокими
Хуросону Мовароуннахр (1451-1469).

178
________________Ёди ёри меҳрубон______________

зоҳир намуданд. Ва ҷамеи уламо ва акобир ва
ашрофи шахр ба он кас мулозамат ва тараддуд бунёд
карданд, то ҳадде, ки аркони давлат ва аьёни ҳазрат,
умарои олишон ва судуру вузарои рафеъмакон,
хатто подшохи аср ба остони он кас, ки киблаи
максуд буд, гашриф меоварданд, балки худро
мушарраф менамуданд. Ба навъе, ки арҷмандони
давр ва сарбаландони ахд ба остони олишони он
хазрат рӯ мениходанд ва илтиҷо меоварданд ва соир
ниёзмандон ва оммаи бехешу пайвандон хам
чашмони худро аз хоки он дар мунаввар мекарданд.
Ин факири ҳақир дар зумраи ҷамоати ахир дар сари
Хиёбон он касро дидам ва хамон замон ба
гирифтани сабақ аз мухтасари «Рисолаи кофия»1
мумтоз гардидам.

1 «Рисо.юи қофия» - асари Абдурахмони Ҷомӣ, ки дар ҳашт
фасли мухтасар мухимтарин масъалахои кофияи назми
форсу тоҷикро баён месозад.

179
Ёди ери меҳрубон

МАҚОЛАИ Я КУМ

Умури иттифоқӣ ва
сӯҳбатҳои гароиби дар
байт фақир во он ҳазрат
гузашта, ки аз онҳо
илтифот ва хусусиятҳои он
кас ба фақир зоҳир мегардад.

Рӯзе мавлоно Шайх Абдуллоҳи котиб рисолаи
муноҷоти мавсум ба «Илоҳинома»-и муқарраби
ҳазрати борӣ Хоҷа Абдуллоҳи Ансориро1 ба назди
фақир овард. Мавлонои мазкур ба байъу широи
кутуб муносибат ва ба ҳазрати Хоҷа нисбати авлодӣ
дорад. Фақир сафҳаи аввали он рисоларо кушода, ба
хондани қисмати ҳамди он огоз кардам, бо чунин
хаёл, ки як саҳифа ё ғояташ як варақ хоҳам хонд,
чунонки мардумро маъҳуд2 аст, аз хубӣ ва равонии
сухан дар ҳеҷ ҷо бас карда натавонистам. то рисола
ба итмом расид. Ҳуззори мачлис воқиф шуда,
тааччуб намуданд, ки рисолаеро, ки тақрибан ду
ҷузъ, балки бештар аст, бо як таваҷчӯх аз cap то по

1 Хона А вду.июхи А т ори Абӯисмоил Абдуллох ибни

Абумансур (1006-1088) шоир ва нависанлаи мутасаввифи
форсу тоҷик, назариётчй ва муаррихи тасаввуф.

: Маь.ҳуд - бо аҳду паймон мукарраршуда.

180
________________Ёди ёри меҳрубон________________

хондан холи аз гароиб нест. Фардои он рӯз хазрати
махдум ба бандахона ташриф оварданд. Он рисола
хозир буд. Гирифта кушоданд ва назари
муборакашонро андохтанд. Ҳамон хамсӯҳ-батон,
чунонки оин ва одоби аҳли рӯзгор аст, воқеаи рӯзи
гузаштаро аз рӯи тааҷҷуб ба хидмати он ҳазрат арз
карданд. Он кас табассум карда, гуфтанд. ки:

- Аҷаб иттифоқи амр дар байни мову ту воқеъ
гардидааст. Ду-се рӯз пештар мавлоно Шайх
Абдуллох хамин рисоларо ба назди мо оварда буд.
Мо хам аз кисмати аввал cap кардем ва то охир дар
хеҷ но наистода ба итмом расонидем.

Фардои он рӯз мавлоно Шайх Абдуллох омад,
то китобаш ё баҳояшро бигирад. Баъзеҳо ба вай
гуфтанд, ки «фалонй (яъне банда) аз кисмати аввали
ин китоб хондан бунёд намуд ва то тамом шуданаш
аз даст наниҳод».

Ӯ низ аз рӯи тааҷҷуб гуфт, ки;

- Ба хизмати хазрати махдум хам бурда будам,
ба он кас низ чунин ҳолат рӯй дод.

***

Рӯзе дар хизмати он хазрат ҳамсӯхбатон хозир
буданд ва аз хар бобат сухан мерафт. Пештар факир
дойр ба касидаи шайбаи1 он кас, ки матлааш ин аст:

Касидаи шайба - касидаи мири.

181
Ёди При меҳрубон

Сафед шуд чу дарахти шукуфадор сарам

Ва з-ин шукуфа хамин меваи гам аст барам.

чунин изҳори ақида карда будам, ки агарчанде
қасидагӯйҳо муқаддаманду факир қасидаҳояшонро
бисер мутолиа намудаам, ин навь шеъри гариб-
маънову пурбахраву нозукхаёлонаву салисибораву
латифадоро надидаам. Баъзе аз асхоб мусаллам
доштанд ва баъзе мусаллам доштанро карех
донистанд ва дар мачлиси он ҳазрат сӯҳбат ба сари
услуби қасидаҳо майл намуд. Чун ҳар навъ сухан
гуфта шуд. фақир васфи шайбаро ба миён андохтам
ва аз таърифаш беихтиёр гардидам, то калом ба чое
расид, ки арз кардам:

- Факир аз ҳеҷ як маликулкаломони1 мутақад-
димин инчунин қасидаро нашунидаам.

Он хазрат табассум карда, гуфтанд, ки:

- Аз мутааххирин мо низ ин тарика шеър
нагуфтаем.

Ҳама сокит шуданд. Фақир дар ин боб чанде
шарху бает карда, абёт хондам. Он кас хушхол
гардида, ба аломати тасдик талаккй2 мекарданд. Ба
ахди маҷлис сидки суханони факир зохир шуд ва

1 Маликулкалом - соҳибсухан, сахундони мумтоз.

2 Талаққӣ - cap чунбондан, кабул кардан, пазируфтан.

182
_______________Ёди ёри меҳрубон_______________

хама аз акидаҳои худ гашта, ба ақидаи фақир
омаданд.

Дар вақти сохтани богчаи «Фаноия» он ҳазрат
иноят намуда, аз даруни ҳавлиашон ной дода буданд.
ки факир барои худ манзили мухтасаре бино кунам.
Факир ҳангоми ба Марв1 барои гузаронидани
зимистон азимат намудани подшоҳ Дарвеш Ҳоҷии
иркбандро. ки аз чобукдасттарин боғбонони замони
худ буд, таъйин кардам, ки дар аввали баҳор ба он
боғча ниҳол нишонад ва раёҳин бикорад. Баҳор
расида, Дарвеши мазкур ба кори он боғча
пардохтааст. Он ҳазрат гоҳо ба он чо омада, андаке
сайр мекардаанд ва илтифот намуда, барои баъзе
нихолҳо ҷой нишон медодаанд, ки фоидаовар бошад.
Дарвеш Ҳоҷӣ, ки як марди девонаи тундмизоҷе буд,
баъзан мунокиша мекардааст ва он ҳазрат аз ин хол
ба завк омада, хушнуд мешудаанд.

Як рӯз он кас ба ниҳоле чой таъин кардаанд.
аммо девонаи богбон аз рӯи инод гуфтааст, ки:

- Дар ин чо намешинонам.

1 Марв - яке аз шахрхои кадими Осиёи Миёна. ки дар сохили
Мургоб вокеъ гардидааст. Дар тӯли асрхо чандин мартаба
ба маркази илму адаб табдил ёфта, ба пешрафти илму
маданияти халкхои Осиёи Миёна сахм гузоштааст. Х,оло дар
чои он шахри Мари дар Туркманистон вокеъ аст.

183
________________Ёди сри меҳрубоп_________________

Он кас табассум карда, пурсидаанд:

- Чаро наменишонй?

Вай гуфтааст:

- Аз рачҷа берун асг. Фардо чарик1 биёяд,
Мири Шайхам. ки дар боғбонӣ шахси вокиф
мебошанд. инро дида, эътироз хоханд кард.

Он кас гуфтаанд:

- Богча аз они Шайхам не, аз они Алишер аст.
Ӯэътироз нахохад кард.

Пас аз омадани чарик ба шахр асхоб аз
тундиҳои Дарвеш Ҳочӣ хикоят мекарданд. Он хазрат
хам аз рӯи завк ва нишот он нихолро нишон дода,
хикояти гузаштаро, ки дар байни он кас ва Дарвеш
Ҳочӣ вокеъ шуда буд. накл менамуданд.

=f=

Шабе дар маҷлиси як шахси бузургвор ба
хидмати чамоати азизон афтодам. Мутаххари Удй.
ки дар хушнавозӣ падари Зухра ва дар хушхонй
фарзанди рӯҳафзои он шуда метавонад, дар вакти
таганнй як шеъри Хоча Ҳасани Дехлавй:2 «Зихй
дарунаи дилро замон-замон ба ту майле»-ро мехонд,
то ба ин байт расид:

1 Чарик лашкар, кувваи мусаллахи ёрирасон.

2 Хоҷа Ҳасаии Деҳлавӣ (1253-1337) шоири форсизабони
Ҳиндусгон, ки дар таърихи адабисти форсу тоник хамчун
газалсаро маком дорад.

184
Едч ёри меҳрубон

Мисоли қатраи борон сиришки ман хама дурр шуд,
Чунин асар диҳад, ope, тӯлӯи чун ту Суҳайле!

Аҳли маҷлис одамони мӯътабари хуштабъ
буданд ва мири маҷлис ҳам хуштабъу подшоҳнишон.
Баъзе аз рӯи эътироз ва баъзе аз рӯи танбеҳ ба
муғаннӣ гуфтанд, ки «сиришки май ҳама дурр шуд»
нахон, ба ҷои «хама дурр шуд» бояд «ҳама хун шуд»
хонд, ки «дурр шуд» маънӣ надорад.

Мири маҷлис ҳам ба аҳли мачлис муттафиқ
шуд. Ин факир ҳеҷ чиз нагуфтам. Хрзирони маҷлис
ба фақир рӯ оварданд, ки «чаро ту дар ин фикр ба
асҳоб мувофик нестй?

Фақир гуфтам, ки:

- Ман дар ҷониби гӯяндаам, ки қоил адо кард,
яъне «мисоли қатраи борон сиришки ман хама дурр
шуд» дуруст аст, балки ҳамин тавр бояд шавад.

Аксар ба факир хучум карда, гулув1 намуданд.
Факир гуфтам, ки:

- Чун ҳамаи шумо якҷониб шудед, ман
муддаои худро ба шумохо наметавонам собит кунам.
Агар касеро ба ҳакамӣ мусаллам доред, гарав
мебандем.

1 Гулув - инод; хучуми якбораи хама.

185
________________Ёди ёри меҳрубоп_______________

Ҳама ба иттифок гуфтанд, ки «ҳазрати махдум
хакам. балки хокими афозили олам мебошанд. Касс
нест, ки он касро мусаллам надорад».

Факир бо онхо гарав баста, кайфияти мачлис
ва сабаби он бахс ва дар он байт лафзи «хун»
муносиб ё лафзи «дурр» мувофик будан, яъне исноди
максудро хамон замон навишта ба хизмати он хазрат
фирисгодам.

Пас аз андак вакт шахси фиристода бозомада
ҷавоб овард ва он ҳазрат ин мисраъро навишта
буданд:

«Сухан дурр аст, тааллук ба туши шах дорад».

Он чамоат мулзам шуданд. Тарбият ва мадади
он кас ба фақир ҳамин тариқа расид.

Маълум нест, ки касе ба ягон суол чунин
чавоби мухтасари муфид туфта бошад. Фардои он
рӯз ин ran дар миёни мардум шӯхрат ёфта, хама дар
мачлисхо нақл мекарданд.

=!==Т==И

Ҳамон соле, ки подшох. тахти Хуросонро
гирифтанд. тархи боги «Ҷаҳоноро»-ро андохтанд.

Дар яке аз рӯзхои панҷшанбе дар хузури он
хазрат аз Гозургоҳ бо рохи дашт ба сӯи Хиёбон

186
________________Еди ёри меҳрубои________________

мерафтам. Дар рох Саид Ғиёс, ки богбонй ва иморат
кардани он бог ба ӯ супурда шуда буд, вохӯрд. Вай аз
богхо ниҳолхои калони сарвро харида ва ба аробахо
бор карда, ба боги «Ҷаҳоноро» мекашонид. Ӯ ба он
хазрат салом дод. Он кас илтифот намуда, ба тарики
мутоиба гуфтанд:

- Оё боз ягон нихоли сарв бокй монд? Чаро ин
қадар нихоли сарв бор кардӣ, чанд нихол аст ин ҷо?

Ӯ гуфт. ки:

- Шумурдем. саду чор адад аст.

Он кас гуфтанд:

- Аҷаб ададе.

Факир гуфтам, ки:

- Адади муносиб аст, чунки бо адади «қад»1
мувофиқ мебошад.

Он кас гуфтанд, ки:

- Рост аст.: - Ва хам фақирро тахсин карданд.

***

Рӯзе он кас ба чое мерафтанд. Махмуд Ҳабиб
ном як девонаи хаммории абтарй маету ошуфта аз
пеши рохи он кас баромада, суханони беадабона

1 «Қ.ад» - ба хисоб абҷад (коф - 100 ва дол - 4) мутобики
адади 104 мебошад.

: Дар ин чо ибораи «Рост аст» ба ду маьнй омадааст: яке ин
ки ростии кадди нихолро мефахмонад; дигаре ин ки ба рост
будани гуфтаи Навой ишора мекунад.

187
________________Ёди ёри меҳрубон_________________

гуфтааст, балки сафохат1 намудааст. Аммо он кас
мутлако эътино накарда ва ба ҷониби ӯ назаре хам
наяндохтаанд.

Боз як рӯзи дигар, ки фақир дар хизмати он
кас раҳсипор будам, хамон девона ҳамрох рафта
истодани факирро дида, чун хаёлоти ахли ҷунун ва
хайли абтар фосид мешавад, ба гумони ин ки он кас
шояд дар хусуси беадабии дирӯзаи ӯ ба факир
шаммае изҳор карда бошанд, ба он кас суханони
номарбут гуфта, ба узрхоҳӣ шурӯъ намуд.

Фақир тааҷҷуб карда, аз он кас пурсидам, ки:

- Узрхохии парешони ин девона аз чй чихат
аст? Он кас болои гапро пӯшида, аз вокеаи рӯзи
гузашта чизе изхор накарданд. Аммо аз асхоб
суханони дирӯзаи он девона маълум гардид.

Ҳар гоҳ он девона беэътидолй кунад, ба вай
таъзир ва адаб дода мешуд. Фақир хохиш намудам,
ки адаб фармоям. Вале он кас гуфтанд, ки:

* Чизе магӯ, адаб худ ба ӯ хоҳад расид.

Чанд рӯз нагузашт, ки вай ба дасти девонаи
дигар кушта шуд.

Ахмад Ҳусайн-мирзо ном фарзанди
қурратулайни сал ганат Музаффар Ҳусейн-мирзо2 ба
рахмати Парвардигор рафт. Он кас барои изхори
таъзия ба «Боги Сафед» омаданд. Факир дар

1 Сафоҳат аблаҳи.

: Музаффар X\'сайн-мирзо писари султон Ҳусайн Бойкаро
(1438-1506).

188
________________Иди При меҳрубои______________

марсияи он фарзанди азиз ва дар боби дуои падар ин
байтро гуфтам:

Гар шамъ мурд, меҳри фалакро мадор бод!

Гар катра рехт, оби бақоро қарор бод!

Ва охиста дар хизмати он хазрат хондам. Он
кас дар маҷлиси султонзода давот ва калам
талабида. боз ин байтро навиштанд:

Фарзанд меваест зи шохи дарахти умр,

Гар з-он ки мева рехт, шаҷар пойдор бод!

Султонзода ниёзмандихо намуда, мусаввадаи
ин байтро гирифтанд ва он ҳазратро бо таъзимхои
азим гусел карданд.

***

Дар вакти аз сафари Макка ба шахр
баргаштани он кас, подшоқ бо иқтизои ҳаводиси
рӯзгор ба юруши Балх рафта буданд. Чун
хумоюнраъят аз Балх бозгашт намуда, ба тахт озим
шуданд. он кас ба расми истикбол то вилояти
Мургоб омаданд. Пас аз мулокот бо подшох. ба
бандахона ташриф оварда, шаб дар ин ҷо таваккуф
карданд. Барой истироҳат як хаймаи тозаи сафед
мавҷуд буд. Ин хайма рост карда шуд, то он хазрат

189
________________Еди ёри меҳрубон_______________

дар андаруни он машғули осоиш гарданд.
Иттифоқан он шаб тундбоди ғарибе бархост. ки
аксари хайма ва чодарҳои ӯрдуро вайрон карда, дар
байни мардум аҷаб ошӯбе андохт. Хайман барон он
кас дуруст кардашуда ҳам ғалтида, хароб гардид.
Асхоби дар хизмати он кас буда гуфтаанд:

- Хайф ба ин хайма, ки хаймаи хубе буд. аҷаб
пора-пора шуд. Фаррошоне, ки инро сохтаанд, оё чй
мегуфта бошанд?

Он кас гуфтаанд, ки:

- Фаррошон чй ҳам мегуфтанд; мегӯянд, ки
«кошкй ин муллохои шумқадам ба хонаи мо
намеомаданд».

* * *

Дар ҳамин вақтҳо буд, ки аз сипохият
мутанаффир гардида. мансабҳоро тарк карда, худро
аз мулозимат канор кашида будам. Он кас аз рӯи
танбеҳ ва насиҳаг пурсиданд, ки;

- Чунин хабаре ба гӯши мо расид, ҷиҳати он чй
бошад?

Факир гуфтам, ки;

- Аз ҷинси инсон ва сӯҳбату ихтилоти1 он
малул гардидам ва ба ин кор ҳамин боис шуд.

Он кас гуфтанд, ки;

1 Ихтилот - хамнишйнй.

190
_______________Ед и ёри меҳрубон____________

- Инсонро чй хаёл карда буди?

Тарсида будам. ки танъам хоҳанд кард, вале аз
ин ҷавоб донистам. ки ин кор ба хотири
муборакашон чандон нохуш наёмада будааст.
Хотирам чамъ шуд.

Он кас бо мавлоно Согарй бисёр мутоиба
мекарданд. Рузе мавлоно Согарй дар хизмати он кас
ҳозир буд. Он кас ба ранги таърифи шеъри ӯ ба
мутоиба пардохтанд ва мавлоно Согарй шеърҳои
худро ба карру фарр хондан гирифт. Агар дар назди
каси андак бевуқуфтар мехонд, дар ниҳояти хубй
мегузаронид. Факир хонданашро низ таъриф
кардам,ки:

- Бо вучуди хуб гуфтанашон хуб хам мехонанд.
Он кас бо хушхолй гуфтанд;

- Моро ин тавр бозй медихад.

Он кас ин қитъаро гуфта буданд:

Қитьа

Согарй мегуфт: дуздони маонй бурдаанд

Ҳар куҷо дар шеъри ман як маънии хуш дидаанд.

Дидам аксар шеърхояшро. яке маънй надошт.

Рост гуфтаст ин ки маънихошро дуздидаанд.



191
Ёди ёри мсҳрубон

Дар он вақте. ки факир ба «Хамса» татаббӯъ1
кардам, дар як достон дар мадҳи Шайх Низомй2 ва
Амир Хисрави Дехдавй ва он хазрат, ки худро аз рӯи
ихлос ва ниёзмандй тобеь ва пайрави он кас
медонистам, сухангузорие вокеъ шудааст. ки:

Байт

Каҳфи фано иҷра алар ӯлди гум,

Мен хам ӯлай робеъхум қалбуҳум.

Он вакт мавлоно Соғарй низ ба маснавй
якчанд байт татаббӯъ карда ва ин факирро мухотаб
намуда, дар адои максуде ин навъ як байтро гуфта
буд;

Байт

Мир ки гуфт: робеъхум калбухум,

Ёфта файзи сухан аз калбухум.

Вақте ки навиштахояшро ба факир хонда, ба
ин байт расид, факир аз рӯи мутоиба гуфтам;

1 Тапшббуъ пайравй.

: Шайх Ниюмӣ - Абӯмухаммад Плёс ибни Юсуф (I 141-1209)
шоир ва мутафаккири Озарбойчон. ки дар таърихи адабиёти
форсу гоҷик хамчун огозкунандаи анъанаи хамсасарой
макоми босазо дорад.

192
_______________Еды ёри меҳрубон ______________

- Дар таркиби «аз қалбуҳум» «аз» маънои
«мин»-ро дорад ва «мин» ҳуруфи чорра аст ва
мадхулаш мачрур ва дар ин таркиб амали худро
иҷро кунад, кофия галат мешавад.

Мавлоно Соғарӣ чунин ҷавоб дод;

- Боке нест, хазрати махдум низ хамин
эътирозро кардаанд.

Аз тахрири ин сухан факирро чанд гараз аст.
Яке: номавзунии мавлоно дар мисраи аввали ҳамин
як байт ва дигаре: галат гуфтани қофия, агар дар як
байта маснавӣ ин гуна галатҳои фоҳиш кунад, чй
навъ ба ин тариқа мартабаҳои бузург даст да роз
мекунад ва боз яке: гаробати чавоби ӯ ба эътирози
факир ва куллитараш воқеъ шудани таворуд дар
эътирози мутоибаомези он ҳазрат ва фақир аст.

***

Дар як маврид факир китобати девони
кадимии он касро ба мавлоно Абдусамад, ки аз
хушнависони замон ҳисоб ёфта, хуштабъ хам буд,
фармудам ва ӯ харчи такаллуфи макдур буд, кард.
Пас аз анчом ёфтани девон ба хидмати он кас бурда,
хоҳиши мукобала намудам. Он кас гуфтанд, ки;

- Як-ду рӯз дар ин чо бошад, як микдор
мулохиза кунам. Котибро шахси хуштабъ мегӯянд,
шояд эҳтиёт карда бошад, (он гох) ба мукобала
эхтиёҷ намемонад.

193
________________Ёди ёри меҳрубон_______________

Фардояш факир ба хизмати он кас расидам.
Гуфтанд. ки;

- Ин китобро ба навъи гариб китобат
кардааст, гӯё ки ба он илтизом1 карда бошад. мисрае
бегалат надорад. Дар баъзе чойхо як-ду, балки
зиёдтар абётро хам тарк намудааст. Агар хамин тавр
бошад, вай, ки шахси хушнавис аст, аз ҷиҳати
эҳтиёти зиёд шояд хеле рӯзгораш зоеъ шавад.

Гуфту шунуфт бисёр давом кард. Охир факир
туфтам, ки;

- Агар бо калами мубораки Шумо ислоҳ ёбад.
мӯҷиби мубохот ва зебу зинат хохад гардид.

Окибат мукаррар шуд, ки бо калами
муборакашон ислоҳ хоҳанд кард.

Ғалатхо, ки берун аз хадду хисоб буд, хам хак:
ва хам ислоҳ ёфт, то ба итмом расид.

Дар охири девон ин қитъаро навиштаанд;

Қигьа

Хушнависе чу орази хубон
Суханамро ба хатти хуб орост.

Лек хар чо дар ӯ зи еахви калам
Гох чизе фузуд, гохе кост.

Кардам ислоҳи он бо хати хеш,

Гарчи н-омад чунончи дил мехост.

1 Илтизом - л озим шумурдани коре ё чизе.
; Хак сутурдан, махв кардан, рад кардан.

194
________________Ёди ери меҳр убон______________

Ҳарчи ӯ карда буд бо суханам,

Ба хати ӯ кусур кардам рост.

Вақте ки Султон Яъқуб аз факир китоб
талабид, аз ин нафистар китоб надоштам. Дар ҳар
мисраъ калами мубораки он ҳазрат cap дароварда,
анфоси муқаддасосорашон ҳувайдо буд. Ин китобро
фиристодам ва хамин кайфияти зикршударо бо
шарҳаш навиштам. Хонда хушвактиҳо кардаанд ва
китъаро ба ёд дошта, дар мактуб изҳори миннатдорӣ
намуданд.

***

Я к сабоҳ он хазрат ба бандахона ташриф
оварда буданд. Дар ин ҳавлӣ як-ду ҷуфт товус буд.
Чунонки бо дастур ҳар сабоҳ аз катак баровардани
мурғ маъмул аст, дар аснои сӯҳбат нигахбони
товусҳо онҳоро аз хонаҳояшон берун баровард.
Ҳамон замон товусҳо ба ҷилва даромада, думашонро
чатр карданд. Он кас аз ғаробати накшбандии
наккоши санъат мутааҷҷиб гардиданд ва дар боби
товус як навъ гуфтугӯ cap шуд. Нихоят сухан ба ҷое
расид, ки дар миёни баъзе мардум чунин акидае ҳаст,
ки товус ҷуфт нашуда байза мемонад ва ба фикри
баъзе мардуми дигар аз чашми товуси нар дар вақти
мастияш як катра об ба чашми товуси мода мечакад

195
________________Ёди ёри меҳрубоп________________

ва он моддаи тухм мегардад. Он кас ба чониби факир
нигариста, гуфтанд, ки:

- Эҳтимол ин гапхо эътиборе дошта бошанд.
Чунонки машхур аст. Мир Хисрав низ дар баъзе
рисолахояш ин маъниро изҳор мекунад ва ӯ шахсест.
ки дар Ҳиндустон зистааст. То ба вай тахкик
намешуд, наменавишт.

Фақир агарчи дурӯги маҳз будани ин
ривоятҳоро медонистам, аммо дар хузури он кас
суханони Мир Хисравро на тасдик кардам ва на
такзиб1, ки ҳеч ҷавоб надо дам. Он кас сабаби чавоб
надоданамро иурсиданд. Факир аз рӯи зарурат
гуфтам, ки:

- Шояд дар Ҳиндустон ба товус ин холат рӯй

диҳад.

Он кас мутааҷҷиб шуданд. На дар исботи
гуфтаҳои Мир Хисрав муболига карданд ва на дар
радди суханони факир чизе гуфтанд. зеро хеч чониб
ба он кас наздик набуд. Аммо ба факир ачаб намуд,
ки ҳамчун он кас як шахси бузургвор суханони Мир
Хисрав барин касеро мегӯянду ман онхоро тасдик
намекунам. Ба фикр фурӯ рафтам, ки муддаои худро
чй навь исбот намоям. Дар хамин холат товуси нари
мает тохта, товуси модаро ба зери худ гирифт ва
хуфт. Он кас хандида, гуфтанд:

' Такзиб - инкор кардан, рад кардан.

196
________________Еди ёри меҳрубоп________________

Ин навь амри иттифоқӣ кам воқеъ
гардидааст, ки шубҳа рафъ туда, исботи муддао
зоҳир шавад.

***

Рӯзе хазрати подшох дар бандахона буданд.
Гуфтанд, ки:

- Аз таоми кашидаистода ба он хазрат нишона
фиристодан муносиб аст.

Мукаррар шуд. ки (онро) Хода Дехдор барад.
Дар байни чизхои фиристоданй ҳамоно зиёдтар аз як
эътидол дунбаи фарбех хам буд. Аз он ҷо ки Хода
иштихои аз ҳад афзун дошт, дар таърифи он дунба
дунон муболига кардааст, ки аз ҳамин ҳам рагбати
Хода, балки бештар тамаи ӯ ба он кас маълум
шудааст. Гуфтаанд. ки:

- Бишин ва машгул бишав.

Ин Хода дар хӯрдани таом дунон шахкорхое
нишон додааст. ки боиси дунин рубой гуфтани он
кас гардидааст:

Рубой

Эй Хода, маро ба лутфи худ парвардй.
3-овардани пушти дунба фарбех кардй,
Биншастию дунбаро ба рағбат хӯрдӣ,
Бурдй ба шикам, он дй ба пушт овардй

197
________________Еди ёри меҳрубон________________

Як дафъаи дигар боз ба воситаи Хоҷа Дехдор
таомҳои гуногун ба хизмати он кас фиристода шуд,
ки аз ҷумла дунбаи як гӯсфанд ва баррае ҳам буд. Аз
афташ Хоҷа Дехдор ин дафъа низ он ҳадоёро1 ба худ
нисбат дода, мубоҳот намудааст. Он кас дар ин боб
хамин қитъаро гуфтаанд:

Қитъа

Хоча овард баҳри суфраи мо
Пушти он як-ду гӯсфанд, ки куш г.

Лекин аз дасти нахвати ҷудаш
Нашуд олудаам бад-он ангушт.

Ҳаст аз он ба худаш тасаввури он.

Ки ба Ҳотам ҳамерасад ба ду пушт.

Фақир бисёр вақтҳо агар аз рӯи ниёзмандӣ ба
хидмати он кас аз накл ё ҷинс тӯҳфаву табрик
фиристоданӣ шавам, ба воситаи Хоҷа
мефиристодам. Зоҳиран дар шумурдани баъзе вуҷӯх
хилоф воқеъ мешудааст. Он кас (дар ин хусус) китъаи
зеринро гуфтаанд:

Қитьа

Хоча Дехдор аз атийяи2 мир
Ҳар чй орад зи дирхаму3 динор1,

1 Ҳадоё ҳадяхо.

2 Атийн - бахшиш, тӯхфа, ато.

2 Дирхам - пули нукра.

198
Музди по баргирифта, мегӯяд:
Ношумурда, ки понсад асту ҳазор.

Ҳеҷ дар хотираш намегардад
Фикри шармандагии рӯзи шумор.

Боз як вакт дар хамин бобат чунин китъаро
низ гуфта буданд:

Қигьа

Ба Дехдор гуфтам, ки бардор бахш!

Аз он суфра, к-аз вай cap афроштам.

Зи инсоф дам зад, к-аз он бахши худ
Ҳамон бас, ки дар рох бардоштам.

***

Вақте ки фарзандашон Сафиуддин Мухаммад
ба рахмати Парвардигор рафт, барои ба чо овардани
расми азоҷӯӣ ба хизмати он кас раҳсипор шудам.
Дар рох ёри азиз шайхам Суҳайлӣ1 2 вохӯрд. Ҷои
рафтаниамро дониста, ҳамроҳ шуд. Пас аз ин
мавлоно Соней вохӯрда. вай ҳам (ба мо) ҳамроҳ
гардид. То ба хизмати он кас расиданамон чамъи
зиёди ашроф ва акобир дар хизматашон хозир

1 Динар - пули тилло.

2 Шайх Суҳайпӣ - Низомиддин Ахмад (1444-1502) шоири
форсу точик. ба узбеки хам шеър гуфта ва девон хам дорад.

199
________________Еди ёри меҳруоон_______________

буданд. Факир баробари дар маҷлис нишастан аз
ш а вкати рутбаи он кас ва аз савлати мачлис хаср
гардида1 хеч як суханеро, ки ба азоҷӯӣ далолат
мекарда бошад, гуфта натавонистам. Ҳамроҳонам
бошанд худхошонро ба май тобеъ карда буданд.

Пас аз чанде, дигар вакти сухан гуфтан гузашт.
Ин факир багоят хичолатзада гардида. ба хаёли
алфози таьрих афтодам. Тасодуфи хубе даст дода.
бори аввал алфози «бақои хаёти Шумо бод» (ба
хотир расид) ва хисоб кардам, ки рост омад. Барой
эхтиёт боз як маротиба хисоб кардам. Баъд аз рафъ
шудани шубха давот гирифта, камин алфозро
навиштам ва ракамашро ба болои он сабт намуда, аз
рӯи эътизор2 ба он кас дароз кардам. Он кас тахсин
карда, гуфтанд, ки:

- Мо ҳамин таърихро мегӯем.

Ва ин навь ба риштаи назм оварданд:

Қитъа

Гули бӯстони латофат - Сафи
Чу шуд сӯи чаннат зи боги фано,

Азизе пайи пурси таърих гуфт,

Ки «бодо бакои хаёти Шумо».

1 Ҳаср гардидан иҳота шудан; дасту по гум кардан.

: Эьпшроз - узрхохй. узрталабй.

200
Еди ёри меҳрубон

Рӯзе фақир дар хизмати он кас будам ва дигар
касе набуд. Дар боби қасоиди Анварӣ1 сухан мерафт.
Он кас чунин таъриф мекарданд:

- Мо ашъор ва хусусан касоиди ӯро кам дида
будем, дар хдмин наздикй як девони кӯҳнааш ба
дасти мо афтод, гоҳе бо он машғул мешавем, дар
баъзе ҷойҳо, мумкин аст гуфт, ки аз маротиби
каломи башар гузашта, ба ҳадди эъҷоз расидааст,
таркибҳои гариб ва адоҳои аҷиб ба назар мерасад.

Чун дар миёни асҳоб маро ҳам аз мӯътакидони
Анварӣ ва бисёр мутолиакунандагони шеърҳои ӯ
медонанд ва ин дарвоқеъ ҳамин тавр аст, багоят
хушвақт шуда, гуфтам:

- Илтимос дорам, ки он касидаашро:

Байт

Г ар дилу даст баҳру кон бошад,

Дилу дасти худоягон бошад.

даме хонда, мулоҳиза намоянд.

Он кас мутабассим2 шуда:

! Анварӣ - Авхадуддин Алӣ ибни Мухаммад ибни Исхоки
Абевардй (1126-1190) яке аз шоирони касидасарои бузурги
форсу тоҷик буда. дар инкишофи рубоӣ, китъа ва газал низ
сахми арзанда дорад.

: Мутабассим - табассумкунанда.

201
_______________Ёди ёри меҳрубон_______________

- Аҷаб сухане гуфтй. ки мо дар ин се-чор рӯз
ин қасидаи ӯро хонда хушхол шуда, аз гояти шавқ
ҷавоб хам гуфтаем, - г ӯён мусаввадаро дар як варақи
худранг бароварда ба дасти факир доданд. ки «хонда
бин». Матлааш ин аст:

Матлаъ

Ҳар киро дар даҳон забои бошад.

Дар санои шахи ҷаҳон бошад.

***

Хушо он замон. ки бо вучуди шарифи ин гуна
бузургворон ороста ва даврон бо ин кабил
хилкатҳои азизи рафеулмикдор1 пероста буд! Ҳайф
ва сад ҳазор ҳайф, дарег ва сад хазорон хазор дарег,
ки он офтобхо гуруб карда, якчанд хаффошони2
тирарӯзгор пару бол кушода, дар хавои назарбозй ва
баландпарвозй чилва мекунанд. Ва он дарёхои азим
хушкида. якчанд (мурдобхои) кудуратосори ба
ифлосй номбароварда аз боди нахват3 нақшхои
тахарруки4 зулолосор ва тамаввучи5 бахркирдор
вонамуд месозанд.

1 Рафеьулмиқдор бала ндмартаба

: Хаффош кӯршабпарак.

' Нахват худпарастй. такаббур.

4 Тиҳаррук харакат, чунбиш.

5 Тамаввуҷ - мавчзанй. талотум.

202
Еди ёри меҳрубоп

МАҚОЛАИ ДУЮМ

Дар боба руқъаҳои дар
байт он кос ва ин факир
воқеыиуда, ки он рукаьахо
ҳоло дар купивши он кос
мазкур ист ва дар муншаота-
шоп мастур, ки фақир ҷавоб
иавиштаам с икс.

Ин руқъаро аз Марв арзадошт карда будам.
Аз ҷиҳати ихтисор бо (овардани) рубоии дар он но
гуфташуда мухтасар гардид:

Рубой

То дур фитода сарам аз хоки дарат,

Ҳар рӯз дихдм ба номае дарди сарат.
Бехуд гардам чу нома ояд зи барат,

Ман бехабар аз нома, чй донам хабарат?

Он кас ин руқъаро навишта буданд:

203
Ёди ёри меҳрубон

Рубой

3-он дам, ки фитод иттифоқи сафарат.

То бу, ки1 кунам гахе ба хотир гузарат,
Гар мург парад сӯи ту ё бод вазад.
Хоҳам, кй диҳам ба номае дарди сарат.

Чун калам бардоштам ва андеша гумоштам.
ҷуз эътизори мутатобеъ, ки дар ин чанд рӯз вокеъ
шуда, маъние дар дил нагашт ва сурате ба хотир
нагузашт, агарчи холй аз дагдагаи тасдеъ2 нест,
авқоти шариф шоибаи тазйеъ3 на.

Байт

Гар бинолам пеши ту, он нола дарди cap бувад
В-ар бихоҳам узр, он дарди сари дигар бувад.

Пас аз чанд рӯз дар Марв ин руқъа аз хазрати
он кас омад, ки:

Маснавй

Таҳийёте, ки чун аз дил барояд,

Ҳама рӯҳониёнро чон фазояд.

Шамими4 он дар ин фирӯзаманзар
Димоги кудсиён дорад муаттар.

1 То бу, ки - то бувад, ки.

2 Тасдеъ дарди cap додан, ташвиш.

3 Тазисъ - зоеъ кардан, нобуд кардан.

4 Шамим - бӯи хуш.

204
Иди ёри меҳрубон

Дар охири руқъа ин ду байт буд, ки:

Маснавй

Ҷуз ин коре мабодат гоҳу бегоҳ,

Ки дар зилли залили1 давлати шоҳ,

Хати хаззи2 худ аз дил бартарошй,

Барой хак паноҳи халк бошй!

Факир дар чавоб дар таърифи руқъаи он кас
ҳамин руқъаро арз карда будам:

Маснавй

Саломе, к-аш чу мурги чон сарояд,

Чу рӯхуллаҳ равонбахшй намояд.

Х,ама алфозаш аз айни мувосо,

Чу нутқи Аҳмади мурсал дилосо.

Дар охир ин ду байтро навишта будам, ки:

Умедам он ки аз иршоди Махдум
Ба рӯи нома гардад харчи маркум,

Ба тавқеи вукӯаш бахра ёбам,

Зи амраш чун калам cap барнатобам.

1 Зилли залил сояи доими.

2 Ҳазз хушй, хуррамй.

205
Ёди ёри меҳрубон



Вақте ки подшоҳ дар кишлоқи Марв буданд.
аз Ироқ хабари фавти устод Ҳасан расид. Факир аз
ҷиҳати муносибат байти аввали маснавии хазрати
Мавлавиро1 тазмин карда будам. Чунонки:

Тазмин

Шарҳи ҳаҷри шоҳи устодон Ҳасан
«Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад».
Банд-банди ӯ чудо гашта зи гам
«Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад».

Инро навишта ба шахр ба хизмати хазрати
Махдум фиристодам. Он кас низ хамин байтро
тазмин карда ба воситаи косид ин рукъаро
фиристоданд, ки:

Шуд найи хома диламро тарчумон,

«Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад».

Бо забони тезу чашми ашкрез

«Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад».

1 Хазрати Мавлавй - шоир ва мутафаккири бузурги форсу
точик Ҷалолиддин Балхии маъруф ба Румй (1207-1273) дар
назар дошта шудааст.

206
_______________Ёди ёри меҳрубон______________

Хикояти тамодии1 айёми фироқ ва шикояти
таволии2 оломи иштиёқ беш аз он аст. ки ба
мададгории давоти даханбаста ва ба дастёрии хомаи
забоншикаста дар тӯли ин нома арзи он макдур
бошад ва дар тайн ин саҳифа нашри он маншур,
лоҷарам3 садди ин боб карда илтимос меравад, ки:

Маснавй

Дар он соат. ки бе ташвиши агёр,

Дар он фархундамаҷлис бошадат бор.
Замин бӯсӣ ба таъзиме, ки донй
Заминбӯси дуогӯён расонӣ.

***

Давлате аз интиҳо масун4 ва саодате аз
инқитоъ маъмун5 бод...»

Боз дар аснои хамон сафар ин рукъаро
навишта фиристода будам. ки:

Қитъа

«Найи килкат шакари маъниро
Карда чун найшакар аз ҷавф бурун.

1 Тамодӣ тӯлонӣ, дуру дароз.

: Таволй - пайпай.

1 Лоҷарам бинобар ин.

4 Масун - махфуз, хифзшуда.

5 Маъмун - эмин

207
_______________Еди ёри меҳрубон_______________

Хати ӯро хати мушкинсурат
Дар тахи хат рухи зебо мазмун.

Балки хар донае аз нуктаи у
Точи маънй шуда дурири макнун.

Руқъае, ки аз рӯи илтифот фиристода буданд,
расид, балки гухаре, ки аз табъи Уммонсумот1 берун
овардаанд. расид. Ба хар такдир бар тони торак2
дӯхта шуд ва хонаи чашму дил бад-он афрухта гашт.
Офтоби иршод бар сари толибони рубъи маскун3 ва
бар сарвакти4 кобилони ҷавфи гардун тобанда бод.
Вассалом».

Он ҳазрат дар чавоб ин рукъаро фиристода
буданд, ки:

Қигъа

Найи килки ту тифли маъниро
Ба наботи хасан5 бипарварда.
Ғурраи субхро зи турраи том
Рашки рухсори навхатон карда.
Қисса кӯтах. шаби дарози маро
Пора-пора ба рӯз оварда.

1 Уммонсумот мисли Уммон. дарёсон.

2 Торак фарки cap.

' Рабьи маскун моряки сокиндори рӯи замин.

4 Сарвақт - хона, кулба.

5 Наботи хасан - бехтарин набот.

208
________________Еди ёри меҳрубон_______________

Сахифаи тарифам машхун1 2 ба маонй ва
ибороти латифи мамлув аз нукот ва хурдадонй
наздикони дур ва дурони наздик ба хузурро
мушарраф сохт. Дар сурати (дидани) хар хате хаззе
рӯй намуд ва аз акси ҳар ҳарфе фарахе партав
андохт. Аз шавкати3 шиква гунчахои шукру сано
дамонид ва аз хори гила гулҳои махмадату3 дуо
шукуфонид.

Байт

Г ар лутфи ту бигзарад ба хористонҳо,
Хористонҳо шавад баҳористонҳо.

Гила ва шикоят бинобар он вокеъ шуд, ки
эшон аз рукъаи ин факир тасаввур кардаанд ва дар
таҳти тақрир ва таҳрир овардаанд ва илло.

Маснавй

Н-омад аз ту чунин муомилае,

Ки касеро расад аз он гилае.

Нест аз ту ба чуз гила, гиламанд
3-он ки лутфи туаш зи бех биканд...

1 Машҳун - пур.

2 Шавкат - бузургй: хайбат.

•’ Маҳмадат - ситоиш. таъриф.

209
________________Ёди ёри меҳрубон________________

Ҳак су б хан а ҳу хамвора дар назар рофати
худашон дорад ва офати назар ба худашон бигзорад.
Вассалом.

***

Рӯзе дар хизмати он хазрат будам ва аз хар
навъи назм сухан мерафт ва дар аснои сӯхбат аз
қасидаи «Дарён аброр»-и Амир Хисрав... ном бурда
шуд. Ин факир гӯё дар таърифи он муболига кардам
ва хақ хам доштам. Зеро аз худи Мир Хисрав барин
шахсе чунин машҳур аст, ки гӯё ӯ гуфтааст:

«Агар аз хаводиси афлок ва аз офатхои рӯзгор
гамоми назми ман аз саҳифаи замона махв шаваду
хамин қасидаам монад, бароям бас аст. Чунки хар
кас агар онро бихонад, хохад донист, ки дар мулки
назм тасарруф ва иктидори ман дар чй мартабас
будааст».

Аммо гарчанде чунин бошад хам, аз тарафи
факир дар маҷлиси он хазрат ин тарика ифрот ба
таъриф муносиб набуд. Он хазрат чизе нагуфтанд ва
мачлис пароканда шуд.

Дар хамон вактхо подшох чихати
гузаронидани фасли зимистон озими Марв буданд.
Иттифоко пас аз чанд рӯзи дигар азимат ба вукӯъ
пайваст. Факир барон ичозат пурсидан аз он хазрат
ба хизматашон рафтам. Баъд аз ичозат фотиха
хонда, рухсат доданд ва аз багалашон чузве

210
________________Edit ёри меҳрубон_______________

бароварда ба факир иноят намуданд. Гирифта
кушодам, ки ҷавоби «Дарёи аброр» касидаи
«Луҷҷат-ул-асрор» будааст, ки дар ҳамон рӯзҳо
гуфта будаанд. Ҳар касе хонад, медонад, ки аз
«Дарёи аброр» макбултар ва рангинтар вокеъ
шудааст. Ниёзмандӣ карда, савора ба роҳ
даромадам. Манзил нӯҳ работ буд. Дар болои асп
касидаро хонда, бо хушхолӣ мерафтам. ки матлаи
касидаи «Тӯхфат-ул-афкор» ба хаёл омад. Пас аз
фуромадан ба манзили аввал (ин матлаъро) навишта,
ба воситаи як бек ба хизмати он ҳазрат фиристодам,
ки агар лоики анҷом додан бошад, машгулӣ кунам,
вагарна хайр.

Он ҳазрат дар руқъаашон таърифҳо карда,
муболигахо навишта фиристоданд, ки хатман ба
итмом расонам.

Факир то расидан ба Марв касидаро ба номи
он ҳазрат бахшида тамом кардам ва дар Марв ба рӯи
коғаз оварда, ба хизмати он ҳазрат равона намудам.

Матлаи «Дарёи аброр» ин аст:

Кӯси шаҳ холиву бонги ғул-гулаш дарди cap аст,
Ҳар ки конеъ шуд ба хушку тар. шахи баҳру бар аст.

Матлаи «Луҷҷат-ул-асрор» ин аст:

Кунгури айвони шах, к-аз кохи кайвон бартар аст,

Рахнаҳо дон. к-аш ба девори хисори дин дар аст.
Ёди ёри меҳрубои

Матлаи «Тухфат-ул-афкор» ин аст:

Оташин лаъле, ки точи хусравонро зевар аст,

Ахгаре баҳри хаёли хом пухтан дар cap аст.

(Буд явми ҷумъаи шаҳри раҷаб1 таърихи он,

Турфатар к-ин рӯзу моҳ итмоми онро мазҳар аст).

Дар ин таърих гароибе хает, ки дар зикри
таърихи моху рӯз ҳисоби сол «бо қоидаи думал»
хосил мешавад.

Он хазрат ин рукъаро навишта фиристода
буданд: «Баъд аз адои вазоифи дуо макрун ба
иҷобати самеаллоҳу лиман дуо марфӯъ2 он ки ба
тозагй косиде расид ва касидаи тозае расонид.

Рубой

Чу ҳарфе чанд хондам з-он қасида,

Дили хосонш андар кайд дидам.

Дар он асно чу шуд чашми басират
Кушода, чумла дилхо сайд дидам.

1 «Явми ҷумъаи шаҳри раҷаб» (Рӯзи ҷумъаи моҳи раҷаб) -
моддаи таърих буда. ба ҳисоби абчад соли 884 бармеояд, ки
ба соли 1479 мелодӣ мутобик аст. Дар ин моддаи таърих
вақти ба итмом расидани қасида низ ишора мешавад.

2 Марфӯъ - кабулшуда.

212
_______________Еди ёри меҳрубои_______________

Ҳарчанд аз матлаъ то мактаъ дар хар байт ва
мисраъ хотири суръатнуфузи мубоҳӣ1 ба хар ҳарфе
фурӯ шуд чун сиёҳӣ. ҳеҷ нуксон ҷуз он ки дафъи
айнулкамолро2 дар хусни калом ва лутфи макол
кӯшида буданд ва аз хеч чиз сохтаи ин ноқисро
либоси авсофи камол пӯшида, ба назари андеша
дарнаёмад. Оре:

Байт

Машшота чу чеҳраи бутон орояд.

Аз нил хате кашад пайи дафъи газанд.

Аз фахвои3 он чунон маълум, ки хизмати
эшонро иродати иқбол бар киблаи мақсуд ва эъроз4
аз намудхои бебуд мутааккид5 туда... Аммо агар
чунончи дар тагйири умури суварй6 ва тарки
иштиголи гайризарурӣ чун мулоими мизоҷи шарифи
азизон нест, муболиға аз ӯ дур наменамояд, хеҷ чо
нест, ки максуд зоҳир ва ҷамоли зухураш чуз камоли
зухур сотир (не)...

1 Мубо.хй боифтихор. сарафроз.

2 Аинулкамол - чашмрасонП.

’ Фаҳво мазмун, маънй.

4 Эъроз хазар намудан. дури чустан

5 Мутааккид сахт таъкидшуда.

Суварй зохирй,берунй.

213
Ёди ёри меҳрубоп

Маснавӣ

Моҳӣ андар оби ҷӯяст обҷӯй,

Мезанад бо чашми гӯшаш оби ҷӯй.

Гар шавад аз об огаҳ хдм ба об

Вораҳад ҷонаш зи банду аз ҳиҷоб.

Ҳақ субҳонаҳу таоло ҳамгинонро аз ҳакикати
қурб ба мақсуд огоҳ гардонад. дасти ҳиммат аз
намудҳои бебуд кӯтоҳ. (Вассалом)»

Ва дар ҳошияи руқъа (чун) силаи касида бо як
тоқӣ сарфароз карда ва як рӯймол мӯҷиби обрӯй
намуда, чунин навишта буданд, ки: «Токияи фарқи
тарки тоҷ такаллуф кардаро ва порам карбоси
нашфи рутубати дасти аз ҷаҳон шустаро фиристода
шуд».

Чун қасидаи «Тӯҳфат-ул-афкор» шӯҳрат ёфт,
ба гӯши ҳазрати подшоҳ расид. Амир Хисрав ва он
кас, балки ҳар касе ки гуфтааст, дар тарики салтанат
нафй' воқеъ шудааст. Факир, ки ба азизон татаббӯъ
карда будам, ҳамон тариқ, маръӣ1 2 гардид. Подшоҳ
хонда таҳсин намуданд. Ин фақир аз камоли вусъати
машраб ва ниҳояти ҳусни хулки подшоҳ маҳҷуб3
шуда, ба хаёл овардам, ки ба ин касида боз як бори
дигар татаббӯъ намуда, маддоҳии дарвешонро ба ҷо

1 Нафй - инкор. рад.

: Маръӣ муроотшуда, риоятшуда.

3 Маҳҷуб - пинҳон. пасипарда.

214
________________Ёди ёри меҳрубон_______________

орам. аммо таври хукуматро таъйин накарда, ба
номи мубораки подшоҳ анчом диҳам. Ин матлаъ ба
хотирам расид:

Хирқаи' пурбахя, к-ахди фақрро, к-он дар бар аст,

Бар фарози одами маънй сипехру ахтар аст.

Вакте ки матлаи боло туфта шуд, аз рӯи ниёз
ба хузури он кас арз карда, барои татаббӯъ иҷозат
доданашонро илтимос намудам ва пас аз ишорат
шудан (ин амрро) адо кардам. Ин матлаъро низ дар
Марв навишта, ба шахр ба хизмати он кас
фиристодам. Дар таърифи он руқъаи рангине
навишта, тахсинхо туфта, фиристода буданд. Ин ду
байт аз хамин руқъа аст:

Зихй, карда аз шавки шахбози табъат

Ҳумоёни қудсӣ ҳавои тазарвй.

Зи мардум фиристода як матлаи хуш,

К-аз аҳли сухан мисли ӯ нест марвй.

***

Факир дар он вактхо, ки ба мулозимат маштул
будам, доим аз он хазрат дар боби махласи1 2 худам

1 Хирқа чомаи курок, либоси дарвешон.

: Ма.хлас - халосй, рахой.

215
________________Ёди ёри меҳрубон_______________

илтимос менамудам. Он кас бо як навь сухан
факирро таскин медоданд.

Як рӯз, ки дар тарафхои Мургоб будам.
ҳангоми рӯй додани изтирор аз машаккати
мулозимат ва касрати машгулият, шахсеро ба
хизмати он кас роҳӣ карда, дар рукъа ин рубоиро адо
намудам, ки:

Рубой

То кай чу сабо ҳар тарафам чилвагарй?

Хоҳам сӯи сарви худ кунам пайсипарй.
Фарёдкунону хок бар cap фиканон
Гӯям, ки халосам дех аз ин дарбадарй!

Он кас аз рӯи насиҳат як руқъаи ваъзомез
навишта ва ин рубоиро сабт карда буданд, ки:

Рубой

Аз дидаи ҷон агар ба ҷонон нигарй.

Аз тафрикаи ҷаҳон кучо гусса хӯрӣ?

Ин тафрика харгиз чу нагардад сипарй,

Бо тафрика ҷамъ бош, то баҳра барй!

5}С 5fC

Он кас дар вакти ба сафари Макка
рафтанашон аз Багдод номаи багоят рангин навишта

216
________________Еди ёри меҳрубон_______________

буданд. Дар аввали он нома газале буд, ки матлааш
ин аст:

Бар канори Дачла1 дур аз ёру маҳрум аз диёр,
Дорам аз ашки шафақгун даҷлаи хун бар канор.

Ба ин газал пайравй карда, бо як шахси равона
номае фиристода будам. Матлааш ин аст:

Шоми ҳиҷрон, к-ӯ ба магриб шуд нихон хуршедвор,
Ё рабаш, субҳи висол аз ҷониби машриқ барор!

Дар охири руқъа ин рубоиро низ навишта

будам:

Рубой

Ин нома на нома, дофеи дарди ман аст,

Ороми даруни ранҷпарварди ман аст.

Таскини дили гарму дами сарди ман аст,

Яъне хабар аз моҳи чаҳонгарди ман аст.

Он кас дар ҳангоми бозгашти сафари Макка аз
Ҳалаб2 як рукъа навишта, чунин чавоб дода буданд,
ки:

1 Даҷла номи дарёест дар Ирок.

: Ҳалаб шахрест дар Сурия.

217
Ёди ёри меҳрубон

Рубоӣ

Ин рукъа на руқъа. мояи ҳар тарабест,
Таҳсили нишоту айшро хуш сабабест.

3-ин сон, ки бувад мухтасару пурмаънй,

Гӯё зи «Ҷавоҳир-ул-калим» мунтахабест.

***

Вакте ки он кас аз сафари Макка бозомаданд.
подшох дар Балх буданд. Факир косиде ба шахр
фиристодам, ки он касро дида, хабари
саломатиашон-ро биёварад ва рукъаи тахниятомезе
хам навишта будам. Дар он (руқъа) ин рубой
навишта шуда буд:

Рубой

Инсоф бидех, эй фалаки минофом!

То з-ин ду кадом хубтар кардй хиром:
Хуршеди ҷаҳонтоби ту аз ҷониби субх.

Ё мохи ҷахонгарди ман аз ҷониби Шом?

Он кас дар мукобалаи ин рукъа як рукъаи
багоят рангин навишта фиристода, ба он рубой
чунин ҷавоб дода буданд:

218
Ёди ёри меҳрубоп

Рубоӣ

Бо килки ту гуфт номае гоҳи хиром,

Сад тӯҳфаи хуш ба Рум1 оварда зи Шом2.

Г ар пои ту дар миён набошад, нарасад
Маҳҷуронро зи ҷониби дуст паем.

Он вактҳо шаҳзодаи беҳамто Кичик-мирзо
тоба сароҳу золли музилли хатокӯш аз девонаи
сияҳрӯи сияҳпӯш худро дур кашида, ба тариқи
бидьат носи»3 ва ба қоидаи ахди суннат ва ҷамоат
росих4. ба роҳу равиши тавозӯъ ва ниёз хурсанд ва ба
ахли факру фано мухлис ва ниёзманд буд. Аз касидаи
«Тӯҳфат-ул-афкор»-и фақир. ки ба номи он кас туфта
туда ва дар боло зикр гардид, аз он ҷое, ки бо
илтимоси назари кабулашон арзу ниёз изхор
шудааст. ин байтро:

Як назар фармо, ки мустасно шавам з-абнои чине.

Саг чу шуд манзури Начмиддин. сагонро сарвар аст.

1 Рум номи дар шарк маълуми Рим ва давлати
императории Рим. Осиёи Хурд дар осори муаррихони
аерхои миёнаи машрикзамин.

: Шом Сурия.

3 Носил бекоркунанда; нусхабардор.

4 Росих кавй,устувор.

219
Еди ёри меҳрубон

навишта, бо хамин истидъо1 ба Самарканд ба
хизмати ҳазрати малози аҳлуллоҳ Хоҷа
Носириддини Абдуллоҳ фиристода буд. Мардум аз
Кичик-мирзо ин тариқро мустаҳсан дошта, ӯро дуо
мекарданд. Баъзеҳо аз он тоифа ин байтро низ
таъриф менамуданд, ки «дар ин мазмун хуб воқеъ
шудааст».

Мири Сарбараҳна, ки хуштабъу зарифи
мутаайини аҳли замон буд, фақирро мухотаб қарор
дода, ба он байт эътироз кард, ки:

- Агарчи ту дар ин байт изҳори касри нафе
карда, худатро ба саг нисбат додай, аммо ба абнои
чине хам чунин нисбат воқеъ гардидааст. Шояд
абнои ҷинс аз ин нисбат ор намуда, кабул накунанд.
Нисбате, ки ҳар кас аз ҷихати касри нафеи худ
мекунад, агар ба ҷамоате таҳқир расонад, нагз
намешавад.

Факир гуфтам, ки:

- Худро ба саг нисбат доданам на аз ҷиҳати
касри нафс, балки аз тугёни нафсоният вокеъ
шудааст ва «абнои чине», ки навиштаам, шуморо дар
назар надоштам, соир сагонеро гуфтаам. ки дар кӯю
кӯча мегарданд.

1 Истидъо - илтимос, дархост.

220
________________Еди ёри мсҳрубон_______________

Мири мазкур аз ин суханон мутаассир шуда,
бо чашми гирён дуову таҳсин намуд ва суоли ваю
чавоби фақир шӯҳрат сфт.

Он кас дар вақти ба гӯши муборакашон
расидани ин баҳс таҳсин карда, гуфтаанд. ки «худ он
байт байти хуб асг, аммо ин ҷавоб аз он байт х,ам
хубтар вокеъ шудааст». Ва факирро ғоибона бо
фотиҳа баҳраманд ва арҷманд намудаанд.

Фақир шунидам ва ин мӯҷиби нишоту
хушҳолӣ ва боиси инбисоту1 фориғболӣ гардид.

***

Факир аз даромадгохи Тахти Сулаймон2 дар
роҳи Астаробод3 ба хизмати он кас ин рубоиро
навишта будам:

Рубоӣ

Эй бод, дилам бишуд дигар ҷониби ёр,
Ҷон хам бибару ба пои ӯ соз нисор!
В-он гах кадаре зи хоки пояш бардор,
Бахри ивази ҷони мани дилшуда ор!

1 Инбисот шодиву хурсандӣ. бетакаллуфй.

- Та.хти Сулаймон - маҳалли маъбадҳо ва касрҳои мансуб ба
асрхои 2 то м. - 14 м., ки дар наздикии дехаи Нуератободи
Озарбойчони Эрон вокеъ аст.

’’ Астаробод шахрсст дар шимоли шаркии Эрон, дар
музофоти Мозандарон вокеъ гардида, холо номи Гургонро
дорад.

221
________________Ёди ёри меҳрубон________________

Он кас дар ҷавоб ин рубоиро навишта буданд:

Рубой

Эй бод, чу омадй зи сарманзили ёр,

Омад ба дилам з-омаданат сабру карор.

Н-омад ба карор аз ин кадар чон зинҳор,

Ӯро бибару бад-он, ки донй, биспор!

Дар айёми (гули) чечак аз он кас ин рукъа
расида буд:

Маснавй

«Саломе карда аз «син» тездандон,
Кушода укдаҳо аз риштаи ҷон.

Саломе аз каманди турраи «лом»

Дили соҳибдилон оварда дар дом.
Саломе хуштар аз фирдавси аъло,
«Алиф» дар вай кашида кад чу Тубо1 *.

Ба зери он алиф сарчашмаи «мим».

Аён дар пои Тубо айни Тасним-.

Тӯҳфаи сӯҳбати тариф ва ҳадяи мачлиси
муниф3 гардонида, маърӯз он ки чун хизмати
мавлавиро шавки рикоббӯсӣ инонгир туда буд,
худро ба фитроки ӯ бастан воҷиб намуд. Лоҷарам ин

1 Тубо - дарахти серсояи афсонавй дар бихишт.

- Тасним - номи чашмаи афсонавй дар бихишт.

3 Муниф - олй, бошукӯҳ.

222
_______________Еди ёри меҳрубон _______________

руқъа масҳуби1 рисолае, ки ба тачдид ва гаҳрир
пайваста ба хузур фиристода шуд. Агар маслиҳат
бошад ба арзи ҳумоюн. расонанд ва илло ло2.

Байт

Ҳар чӣ на мақбули дили поки туст,

Боядаш аз сафхаи аврок шуст.

Давлати оҷил муфзӣ ва саодати оҷил ба ваҷхи
акмал муяссар ва муҳассал3. (Вассалом).

Дар вақти расидани ин руқъа ба мизоҷи
муборакашон ориза4 рӯй дода, якчанд рӯз беҳузур
шудаанд. Боз хабари сиҳатияшон омад. Факир ин
руқъаро навишта фиристодам:

Маснавӣ

«Ниёзе, ки аз сачдаи аз ҳад афзун
Шуда ҷабҳааш доғ аз нуқтаи «нун».

Пас он гаҳ зи «ё» аз пайи шавқи дидор,

Зи рӯи ракам оҳи дил карда изҳор.

Ва гар аз «алиф» дар вафо буда якто
Чу сарви чаман омада пой бар ҷо.

Зи «зо» то кунад шоми ғамро мунаввар,
Аён сохта моҳи болояш ахтар.

1 Масҳуб ҳамрох.

: Ва илло ло вагарна на.

Муҳсисал - хосилшуда.

4 Ориза ранч, дард, беморй.

223
Еды ёри меҳрубон

Баъд аз арзи чунин ниёзе, ки марқум гашт ва
рафъи ихлосе. ки бар забони хома гузашт. маърузи
ройи бандагон остони қудсошён он ки чунин
истимоъ афтод, ки даҳ-понзцаҳ рӯз оризае даст до да
суда, моҳи тамоми сипеҳри маънӣ рӯ ба заъф нихода.
Мухлисонро аз ин хабар сипехрвор саргардонй ва
зарракирдор парешонй даст дод. Бихамдиллохи
валминна, ки баъд аз ду хафта хамон пайкари
улвихиром ру ба бурчи сиҳҳат ва чамол оварда ва
майл ба авчи куввату камол карда, сачдаву шукр ба
чо оварда. фалонро ба чихаги тахкики ин хол ва
тасдики ин макол фиристода шуд. Илтимос он ки ба
зуди бозаш гардонанд ва фақиронро аз хушии он
хабар ба хушхолии гамом расонанд.

Кайфияти рисолаи аз нуқот мамлув ва машхун
ва гузаштани он дар маҷлиси хумоюн ба зуди
маърӯзи ройи олй хохад шуд. Сояи иршод бар сари
бандаву озод абадй бод. Вассалом».

Ҳангоме ки подшоҳ ба вилояти Қундуз1
азимат карданй ва лашкар кашиданй шуданд. ин
юруш ба он кас ва ба хеч кас дилхох набуд. Ба факир
туфта буданд, ки:

1 Қупдуз вилоятестдар шимоли Афгонистон.

224
________________Едч ери меҳрубон________________

- То мумкин аст ба манъи ин юруш саъй намо
ва агар ин матлуб сурат нагирифта, азимат чазм
шавад, ба мо навишта фиристон!

Он чй мумкин ва макдур буд, саъй кардам, чун
такдир рафтан будааст, аз Тахти Хотун ном ҷой
азимат мукаррар гардид. Факир ба хизмати он кас
ин кайфиятро навишта рукъа фиристодам ва дар
аввали он рукъа он рубой буд:

Рубой

Гуфтам: фалакам ба ҳар тараф ронандаст.

Саргаштагй орандаву гирёнандаст.

Не. не, донад ҳар он ки донандаст,

К-ӯ низ асири дасти гардонандаст.

Он кас рукъаи чавобй навишта ба рубой ин
навъ чавоб илтифот карда буданд:

Рубой

Эзид. ки ба ҳарфи мо қаламронандаст.

Бар мову ту асрори кидам хонандаст,

Бо ӯ дили мо ба он паре монанд аст,

К-аш бод ба пушту рӯй гардонандаст.

Дар навохии Шибиргон1 аз он кас ба фақир ин
нома расид:

1 Шибиргон - шахрест дар шимоли Афгонистон.

225
________________Ёди ёри меҳрубон________________

Рубой

«Хонда ба сарири1 килки ту давронро.

Дардода салон2 васл маҳҷуронро.

Қонуни шифо навишта ранҷуронро,

Биншонда ба оташ дили маҳруронро!3

Чун вуруди руқъаи шариф аз ҳудуди он буқъаи
муниф бар мухлисони хароратзада чун об ба
ташнагон расид, ҳар як аз дидаи рамадрасида4 ва
синаи камадкашида5 аз қалақи ҳиддат6 марорати7
фироку изтироб ва шиддати ҳарорати иштиёқ ба
мавтини улфат ва нишимани зулфи вуслат биёромид.

Байт

Ба роҳат карин бод он дасту панна.

Ки худро бад-ин макрамат8 сохт ранҷа.

Фақир дар ҷавоб нн рукъаро арзадошт карда
будам:

1 Сарир овози найкалам. ки хангоми навиштан мебарояд.

2 Сало нидо, ҷег.

3 Маҳрур - гармшуда. ҳароратнок, сӯзон.

4 Ролик) дарди чашм.

5 Комадкошида догдида.

6 Коло ко ҳчддот - изтироби шадид.

7 Моророт талхй: азоб, машакхат.

s Макрамат лутфу карам.

226
Ед и ёри меҳрубон

Рубоӣ

«Наздик шуд аз давлати дидори ту дур,

К-аз хам гусиланд ҷисму ҷони ранҷур.

К-ӯ аз гайбат бирасад бад-ин ҳар ду футур,

То ман шавам аз ҳузури васлат масрур.

Рукъае, ки назмаш ҷону дили парешонро дар
силки интизом кашид ва насраш гавҳару дурри
дидаи ашкафшонро ба рӯи кахрабофом пошид, дар
ин вило1 ба мухлисони давру даврон аз давлати
висол ба маҳҷур расид, пайи таскини изтироби дилу
ҷони ғамандӯз бар синааш ниходам ва ба ҷихати
ороми гиряҳои ҷонсӯз болои чашми гирёнаш ҷо
додам. Умедворӣ он ки сӯхтагони фироқро гоҳе ба
хамин сиёк ёд оранд ва дили афрӯхтагони оташи
иштиёқро ба навозиши руқъа шод доранд».

***

Аз хизмати он кас дар навохии Андху ин руқъа
омада буд;

«Дуое ки бидояти он мазмум маашшавқ вал-
изом ва ниҳояти он мамдуд ило явмилқиём вал-айни
мафтуҳатун илал-иҷобати минал маликил-аллом ба
сурати ниёз нисори бисоти бехҷат ва инбисот

1 Вило муддат.

227
________________Ёди ёри меҳрубон________________

мегардад. Ва майлу шааф ба найду шарафи мулокот
беш аз он аст. ки тасарруфи ашийёт ва гадавот дар
эъмоли адавоти каламу давот адои шаммае аз он
тавонад кард. Лодарам инони касду ният дар савби
он умният маътуф дошла, бо ин ду байт масруф
мегардад;

Қитъа

Зирак он кас, ки дар харобаи даҳр
Дари ганҷинаҳои роз занад,

Ҷоҳи кӯтоҳ зери пой ниҳад.

Даст дар давлати дароз занад.

Лоязол1 равзаи уммед баруманд бод ва шохи
давҳаи2 саодати ҷовид ба он пайванд».

Факир дар чавобаш ин рукьаро арз кардам;

«Номае, ки аз ҳарфи аввал рӯи ниёз зохир
карда бошад ва аз дувум шӯълаи оташи шавк аз дил
бароварда ва аз дуй дигар ғами дил намуда ва аз
печи сафҳаи навардаш хамон тарик паймуда ба
мавкифи арз расонида, маърӯз мегардад. ки дар ин
вило, ки рукъаи шариф омад.

1 Лоязол - безавол.

2 Давҳа - дарахти бузург

228
Еди ёри меҳрубоп

Маснавӣ

Бӯсида ба чашми худ ниҳодам,

Болои сараш маком додам.

Ҳам боиси нури чашми ман гашт,

Ҳам фарки сарам зи чарх бигзашт.

Қосид, ки ба суханҳои забонӣ навохт, ба
иреоли китоби «Муҳаббатнома» ва шароби сандал1
мушарраф сохт, ҳар ду ба хизматаш дода шуд ва ӯро
ба шарафи хизмат фиристода шуд. Умед он ки
сирати меҳнати фироқ аз мутолиаи он тасаввур
намоянд ва дарду ранҷи иштиёқро аз шарбати висол
муолиҷа фармоянд. Зилли олӣ бар мафорики аҳли
иродат лоязолӣ бод. Вассалом».

Подшох ин фақирро барои баъзе хизматҳо
батаъҷил аз Мургоб ба Машхад фиристода буданд.
Ҳукм ин буд, ки ба шахр надаромада гузашта равам.
Иттифоко дар маҳалли расидан ба навоҳии шахр
тавоҷй2 нишон оварда, ба ҷониби ӯрду гардонд. Аз
хамин сабаб ба хизмати он кас мушарраф шудан
муяссар нагардид.

1 Сандал дарахти ҳамешасабзи минтакан гарм. ки чӯбаш
хушбӯй ва хосияти давоӣ дорад.

2 Тавоҷӣ - сардор. хоким.

229
________________Ёди ёри меҳрубон_______________

Он кас ин рукъаро навишта фиристода буданд;

Рубой

Бинмуд абре зи ҷониби дашту бирафт.

Аз ташналабон зи дур бигзашту бирафт.

Баргашт умеди мо ҷигарсӯхтагон,

Норехта нам, зи роҳ баргашту бирафт.

Ҳарчанд умеди ноумедон ба хусул нарасид ва
муроди номуродон ба вусул наанҷомид, умед аст. ки
ҳар чи маслиҳати динй ва дунявии ходимони он
остон ба он манут1 бошад ва саодати суварй ва
маънавии мулозимони он давлатхона ба он марбут,
бар ваҷҳи аҳсан ва тарики акмал муяссар гардид...
Вассалом».

Факир дар ҷавобашон ин рукъаро фиристода
будам:

Рубой

Дил чун алами давлати васлат афрошт,
Ҷон низ хаёли худ бад-он азм гумошт.
Ҳар як чу бад-ин мурод наздик расид,
Гардун ба муроди номуродон нагзошт.

1 Манут - вобаста. марбут.

230
____________ Edit ёри меҳрубон__________________

Арзадошт он ки ахтари толеъ агарчи аз матлаи
икбол ломеъ1, аммо чӣ суд. ки аз гардиши фалаки
қасуд ба бурчи шараф норасида роҷеъ гашт. Ёроне,
ки по ба роҳ ниҳода, эхроми2 давлати мулозимат
бастанд ва ба силки давлатмандоне, ки ба мулозимат
хастанд, пайвастанд; дидаи маҳрумӣ бар кафи
пояшон молида ба ҷониби ӯрду маовадат намуд.
(Золика фаз-лиллоҳи ютиҳӣ ман яшоъ - ин эҳсони
Худованд аст, ба шахсе, ки хохад, медихад).

Байт

Гарчи хуршед бувад толеи рӯзафзунам,
Нарасонад ба масехонафасе гардунам.

Агар хотири анвар ва ҳиммати олӣ бад-он
гуморанд, ки раъяти ҳумоюн майли шахр намоянд ва
аркони давлати рӯзафзун ба хамроҳӣ азимат
фармоянд, шояд ки ба туфайли азизон ин хори
ашкрезон низ бад-он саодат ва иқбол, яъне ба
шарафи давлати висол мушарраф ва мустафид3
тавонад шуд. Вассалом».

1 Ломеъ - тобон, дурахшон.

: Эҳром - муддате пеш аз чиёрати Каъба барон худ харом
донистани баъзе чизҳои халол ва хангоми хаҷ ба тан
гирифтани порчаи сафеди нодӯхта; ният.

3 Мустафид - истифодакунанда, бахраманд.

231
Еды ёри меҳрубон

МАҚОЛАИ СЕЮМ

Дар бобы он китоб во
рисолаҳоест, ки

мусаннафоти он кис мебошад
ва ин фақир ба пшснифи онҳо
сабаб ва ба таьлифашон боис
гардидаам ва ин маънй дар
аксари кутуб ва рисолал
мазкур аст.

Аз он ҷумла яке «Нафахот-ул-унс мин хазарот-
ул-кудс» мебошад. ки ҳаргиз касе инчунин китоберо
нанавиштааст ва имкони навиштан ҳам нест.

Шарҳи он чунин аст: доим дар хаёли факир
чавлон мекард, ки ҳазрати муқарраби борӣ Хоча
Абдуллоҳи Ансорӣ... дар зикри асҳоби тариқат ва
арбоби ҳакикат, ки иборат аз машоихи сӯфия
мебошанд. китобе навиштаанд ва онро ба панҷ
табака даровардаанд, ки маҷмӯан аз зикри сад нафар
иборат гардидааст ва ин китобро «Табақоти
машоихи сӯфия» меноманд.

232
_________________Ёди ёрч меҳрубои________________

Пас аз он кас Шайх Фаридаддини Ат юр1...
низ як навъ китобе таълиф намудаанд, ки ба
«Тазкират-ул-авлиё» машҳур аст. Ва ҳазрати Шайх
Абӯ-Абдураҳмони Суламй2 хам дар зикри ин азизон
китобе навиштаанд. ки «Табақоти Суламй» мегӯянд.
Ammo (ин муаллифон) хамаи машоихи гузашта ва
муосирро зикр накардаанд ва ҳатто худашонро низ
дохил нанамудаанд. Ва зикри машоихи изом ва
авлиёи киром, ки дар мобайни чорсад-панҷсад сол
кабл аз онхо зухур кардаанд. низ дар ин кутуб
нестанд. Агарчи макомоти баъзеҳоро ҷуста, пайдо
кардан мумкин шавад хам, аммо кам (аст) ва хеҷ кас
он бузургворонро дар як китоб ҷамъ наовардааст, ки
аз он ба ахли замон нафъи куллй расад ва шояд аз
изтироби сайри фалак ва инқилоби ҳаводиси замон
ин аврок нобуд шавад ва хайф аст, ки номҳои
мубораки ин тоифаи бузургвор ва сифату ахволи
фархундаи эшон, ки максуд аз офариниш вучуди
шарифи онхост, аз байн равад.

Оё аз акобири замон кист, ки ин кори
шарифро ба ҷо оварад, гӯён аз дил мегузаронидам...

1 Шайх Фаридуддини Аттор Абӯхомид Мухаммад ибни
Абӯбакри Иброхими Нишопурй (1148-1221) яке аз
намояндагони барчастаи адабиёти сӯфия ва афкори
ча.мъиятии форсу точик.

- Абӯавдураҳмоии Суламй (936-1012) яке аз мухаккикони
машхури гасаввуф.

ZJ>J
________________Ёди ёри меҳрубон________________

(ва) ба густохй дар дили худ ба хазрати махдум карор
медодам, аммо ҷасорат карда наметавонистам.

Рӯзе ба ин хаёл омадам, ки «ба умр эътимод
нест мабод, ки ин орзӯямро ба гӯр бибарам. Бехтар
ин ки ба он кас арз кунам». Инак мавқеъ ёфта дар
хизмати он кас муддаои мазкурро изхор намудам.
Ҳоли ғарибе рӯй дод, ки дар хотири мубораки он кас
низ айнан ҳамин навъ хаёл мегузашта, вале ба сабаби
баъзе монеаҳо дар тавкиф ва таъвик меафтодааст.
Чунонки дар феҳристи «Нафахот-ул-унс»
навиштаанд, ҳар кас агар хонад, баёни ин хол бо
шарҳаш маълум хоҳад шуд.

Он кас такриби таълифи ин китобро чунин
баён кардаанд:

«Дар таърихи санаи эхдо ва самонина ва
самона миа1 муҳибби дарвешон ва мӯътақиди эшон,
аз хамаи шугл сер ва дар факр далер Амир
Низомиддин Алишер..., ки ба тавъ2 ва ихтиёр аз аъло
маротиби ҷоҳ ва эътибор эъроз намуда ва ба кадами
таслим ва ризо сулуки ҷодаи фақру фано иқбол
фармуда аз ин факир мисли он сурате, ки бар дил
гузашта буд ва дар хотир мутамаккин3 гашта,
истидъо кард ва доияи4 кадим сурати таҷдид ёфт ва
дагдагаи собик самти таквият ва таъкид пазируфт.

1 Э.\()о ва самонина ва самона миа - хаштсаду хаштоду як.

2 Тавъ - майл, хохиш. хавас.

3 Мутамаккин дойгир.

4 Дойн - касд, иддао.

234
________________Еди ёри меҳрубои______________

Лоҷарам ба сидқи ҳиммат ва хулуси тавият1 дар
иқзои он ният ва истиқзои он умният2 шурӯъ афтод.
Маълум аз собики макорими ахлоқ ва маросими
ишфоки3 мутолиакунандагон он, ки чун эшонро аз
юмни анфоси таибаи авлиёуллоҳ ва файзи арвоҳи
муқаддасаи эшон вақт хуш гардад, мутасаддӣ ва
боиси ин ҷамъ ва таълифро, ки ба ҷаҳати иштимол
ва бар нафаҳоти анфоси таибаи машоих, ки аз
ҳуззори қудс расид ва бар машоми муштоқони
махозир унс варзида, мусаммо мегардад бар
«Нафаҳот-ул-унс мин қазарот-ул-қудс», аз гӯшаи
хотир фурӯ нагзоранд ва ба дуои хайр ёд оранд».

Он кас ин илтимосро бо хушнудӣ кабул
карданд ва китобхои оид ба шарҳи ҳоли машоихро
ҷамъ намуда, ба ин кор машғул гардиданд ва ҳар
кисматеро, ки менавиштанд, илтифот карда, ба
фақир медоданд ва ҳам дар пахлӯяшон нишонда
мехононданд.

Дар як фурсати кӯтох китоби «Нафахот-ул-
унс» ба анҷом расид ва бо саъйи он соҳибдавлат
исми ҳамон бузургворон дар саҳифаи олам сабт
гардид. Умед аст, чунонки он кас аз хонандагон
истидъо кардаанд ба ҳар касе, ки аз зикру маноқиби
ин азизон вақтхушӣ рух диҳад, мутасаддиро бо дуои
хайр ёд кунанд... Х,ар касе, ки ба хондани он китоб

1 Тавият - андеша.

- Умиият - максад, орзӯ.

Ишфоқ шафкат.

235
________________Ёди ери меҳрубон________________

тавфик ёбад. пас аз хутбаи ин суханони зикршуда
мулохаза хохад кард.

Пас аз анчом ёфтани ин китоби тариф чунин
ба хотир расид, ки азизон дар боби мӯъчизоти
ҳазраги рисолат1... китобхо ва рисолаҳо таълиф
намудаанд, ба нубуввати2 он ҳазрат умматхоро
мӯҷиби издиёд наздик ояд, он кадар истефо вокеъ
намешавад. ки табъ хурсанд гардад. Аз аввали
офариниш то инқирози он дар аксари аҳволе, ки
воқеъ шудаасту мешавад, мӯъҷизоти он хазраг
мавчуд аст. Муаллифон бо зикри баъзеҳо мухтасар
кардаанд.

Рузе дар хизмати он кас ҳамин гуна сухан ба
миён омад. Факир ин таманноро зохир кардам:

- Багоят мавриди инбисоти сухан аст ва хамон
навъе, ки хак аст, кас наметавонад адо кунад, замири
шарифатон чй хаёле парварданист, ки аз ин
шоистатар бошад ва калами дурборатон чй нуктае
ба тахрир оварданист, ки аз ин боистатар бошад?

Иттифоко аз хаёли он кас хам хамин чиз
мегузаштааст. Гуфтанд:

- Дар хаёли мо хам чунин муддао мавчуд буд,
акнун ки ту мухаррик шудй. он хаёл тоза гардид.
иншооллох таоло ба он машгул мешавем.

1 Ҳазрипш рисолат пайгамбар.

2 Нубумшт пайгамбарй; эьчоз

236
________________Еды ёри меҳрубон_______________

Ин факир хушҳол шуда аз мулозимати он кас
баромадам. Он кас худи ҳамон рӯз ба ҷамъи
китобҳои муносиби ин амр машғул шудаанд ва ба
тахрири китоби «Шавоҳид-ун-нубувват ли таквияти
якини аҳл-ил-футувват» шурӯъ намудаанд. Вақте ки
ман дафъаи дигар ба хизмати он кас мушарраф
шудам, (инро) зохир карданд. Факир хушхол шуда.
ҳар рӯз хабар мегирифтам. Дар як фурсати кӯтоҳ ба
анҷомаш муваффак шуданд. Ва дар феҳристи китоб
ин факирро аз рӯи илтифот ин тавр мазкур кардаанд:

«Чун мушоҳадаи оёт ва мӯъҷизот ба истимои
он удул1 ва сикот2, чунонки донистй, баъзе дигар
мӯҷиби зиёдатии икон3 ва изъон4 мегардад. Лоҷарам
уламои дин ва мутанаввиёни осори
саидулмурсалин... дар зикри шавоҳидуннубувва ва
далолати рисолати вай кутуб сохтаанд ва дар баёни
чудо аз соири аҳвол ва осор мусаннафот
пардохтаанд.

Чун ба мутолиаи баъзе аз онҳо мушарраф шуд.
мутобаат дар худ бозёфта, хост, ки аз он фонда соир
мусулмонон мунтафеъ5 шаванд, ба тахсис азизоне. ки
ин факирро нисбат ба эшон сидку мухаббате ва
хулуси акидате каст, бештар аз ин, ки истидъои

1 Удул аз хад гузашта.

2 Сиқот - мӯътамад.

3 Иқон якин кардан.

4 Азъон - эътироф кардан.

5 Мунтафеъ нафъёбанда.

237
________________Еди ёри меҳрубон_________________

ҷамъи китоби «Нафаҳот-ул-унс мин хазарот-ул-
кудс», ки дар баёни сирри аҳволи сӯфия аст, карда
буданд. Лоҷарам он чи дар он китоб пароканда буд,
тасхилан лимаун-натихй дар як ҷой ҷамъ карда
шуда, тафхиман лифо-идатихй ба иборати форси
эрод афтод, мултафитан ли ихтисори хазфи тарики
мухталифа асотиди мутанаввеа карда ва чун камол
мутобеонро ба воситаи мутобеат хосил мешавад ва
мушохидаи камол мутанавъист ва каромоту
фазилате, ки аз уммат зохир мегардад, аз кабили
мӯъҷизоти пайгамбари эшон аст, зикри баъзе ахволу
осор ва олу асхоби он хазрат ва тобеини табақаи
суфия, ки дар баёни эшон, чунончи гузашт, ба он
манзум гардонида омад, чун нубуввати он хазрат ба
воситаи тавотири1 мутанаввеаи мӯъҷиза ба чое
расидааст, ки ҳеҷ саодатмандеро дар он дагдагаи
ишгибох намондааст. Чун коидаи азиме таквияти
якини рохнавардони тарикат ва ҷавонмардони ахли
ҳақиқат тавонад буд, агар онро ба «Шавохид-ун-
нубувваг ли таквияти якини аҳл-ил-футувват» тасмия
кунанд, дур наменамояд.

Ва дар «Бахористон»2 дар зайли исмхои ахли
назм ин навь зикр кардаанд:

«Сохибдавлате, ки замони мо бо вучуди ӯ
мушарраф аст, харчанд пояи кадри вай назар ба

1 Тавотир - пайдархамй.

: «Бахористон» - асари Абдураҳмони Ҷомӣ, ки соли 1487 дар
пайравии «Гулистон»-и Саъдй навишта шудааст.

238
________________Edit ёри меҳрубон_______________

маротиби чоху ҳашмат ва курби подшоҳи
сохибшавкат фӣ мо байн ба манокибати маънавӣ аз
фазлу адаб ва фазоили мавҳиб1 ва муктасаб2
баландтар аст, ки вайро ба шеър таъриф кунанд ва
ба ҷавдати3 назм тавсиф намоянд. Аммо чун хотири
шарифаш ба воситаи касби фазилат ва тавозӯъ ва
касри нафс ба он фуруд омадааст, ки худро дар силки
ин тоифа мунҳарит4 гардонидааст, дигаронро
ҳиҷоби тахошй5 аз он маънӣ, ки вайро аз табақаи
эшон доранд ва зумраи эшон шуморанд. Аммо
инсоф он аст, ки ҳар ҷое, ки номи ин тоифа бошад,
вай cap бошад ва ҳар гох номи ин табақа нависанд,
вай сардафгар бошад.

Чунончи, ин муаммо ба исми шарифаш мабнй
аз ин маънист:

Алишер ул-афозил сирту дахран
Ва ахрадатил фазоила билфавосити
Ва ба исмика кағису ахл ал-фазли таро,

Казо суратиҳӣ фавк ал-афзоилй.

Ва чун гавхари номаш бузургтар аз он аст, ки
хар махал аз назм садафи он тавонад шуд ва хар

1 Мавҳиб - атошуда.

: Муктасаб - касбшуда.

Ҷавдат - хубй, бартарй.

4 Муиҳарит - дароянда, чогиршаванда.

5 Таҳоит пархез, ибо.

239
________________Еди ёри меҳрубон_______________

маком аз шеър шарафи он тавонад ёфт. Тахаллуси
ашъораш ба он чй аз ин муаммои дигар мафхум
мегардад, номзад гашта:

Муаммо

Кунҳи номаш дар тахаллусҳо наёбад ҳеҷ кас.

Бар лаби ёбандагон аз вай навое дону бас.

Агарчи вайро ба ҳасби куввати табиат ва
вусъати қобилият хар ду навъ шеър - турки ва форой
муяссар аст, аммо майли табъи вай ба туркй аз форс
бештар аст ва газалиёт ба он забои аз даҳ хазор зиёда
хоҳад буд ва маснавиёте, ки дар мукобилаи «Хамса»-
и Шайх Низомӣ вуқӯъ ёфта ба ей ҳазор наздик ва
хамоно ки ба он забои пеш аз вай касе шеър
нагуфтааст ва гавҳари назм насуфтааст ва аз чумлаи
ашъори форсии вай касидаест, ки дар ҷавоби
қасидаи Хисрави Деҳлавй, ки мусаммост ба «Дарёи
аброр», вокеъ шуда ва муштамил бар бисёре аз
маонии дакика ва хаёлоти латифа. Матлааш ин аст:

Оташин лаъле, ки точи хусравонро зевар аст,

Ахгаре бахри хаёли хом пухтан дар cap аст.

240
________________Liди ёри меҳрубон______________

Ba ин рубоист, ки дар таҳнияти қудуми баъзе
ояндагон аз сафари Ҳиҷоз1 дар руқъа навишта буд:

Рубоӣ

Инсоф бидеҳ, эй фалаки минофом!

То з-ин ду кадомӣ хубтар кард хиром:

Хуршеди ҷаҳонтоби ту аз матлаи субҳ,

Ё моҳи ҷаҳонгарди ман аз ҷониби Шом?

Ва ин рубоии дигар дар руқъаи дигар:

Рубоӣ

Ин нома на нома, дофеи дарди ман аст,

Ороми даруни ранҷпарварди ман аст.

Таскини дили гарму дами сарди ман аст.

Яъне хабар аз мохи ҷаҳонгарди ман аст.

Ва ин рубоии дигар ба тачдид дар руқъаи дигар:

Рубоӣ

Тар дар ҳазарам,2 ба гуфтугӯят бошам,

В-ар дар сафарам, ба ҷустуҷӯят бошам.

Дар вақти ҳузур рӯбарӯят бошам,

Дар гайбати рӯй дил ба сӯят бошам.

1 Ҳиҷоз - вилоятест дар Арабистони Саудӣ, ки дар гузашта
яке аз марказхои сиёсй ва мадании хилофат ва давлатҳои
мухталифи араб ба шумор мерафт.

- / ар дар ҳазарам - агар дар маскани худ бошам.

241
Ёди ёри меҳрубоп

***

Ин факир дар «Мачолис-ун-нафоис»1 2 ном
китоб, ки дар зикри ҳалли назми замони султони
соҳибқирон навиштаам, дар аввали маҷлиси сеюм
васфи манокиби:он касро чунин нигоштаам:

«Офтобе, ки бо раъйи оламорояш ба ин
замона ифтихор ва ба ахди замона шарафи беинтихо
муяссар аст, ва дарёе, ки бо табъи гухарзояш чайби
ин даврон аз гуҳар ва багалу домони ахли даврон аз
ҷавохир пур гардидааст, хазрати махдуми
шайхулисломй Мавлоно Нуриддин Абдурахмони
Ҷомӣ... мебошанд, ки то чаҳон ҳаст, натопчи хотири
маъруфашон аз ахли чаҳон, ва то сипеҳр гардон аст,
фавоиди дили кушодашон аз ҳалоиқи даврон кам
мабод.

Чун раъс ва раиси ҷамоати дар ин мухтасар
мазкур он зоти нафисанд, ва пешвою муктадои3
гурӯхи дар ин рисола мастур он гавҳари яктоянд, дар
ин аврок аз навиштани исми муборакашон гузир ва

1 «Маҷо.шс-уп-пафоис» - тазкираи машхур, ки Навои соли
1441 таълиф ва соли 1498 такмил намудааст. Дар ин асар
номи 459 нафар ахли адаб ва илму фарханг зикр ёфта. ба
таври хеле мухтасар шархи хол ва намунаи осори онхо
оварда мсшавад. Дар ибтидои асри XVI ба точикй тарчима
шудааст.

2 Маноқиб хунархо, фазилатхо. корхои нек.

3 Муқтадо рахнамо.

242
________________Ед и ёри меҳрубоп_____________

навишта нашуданаш дилпазир намебуд, ҷуръат шуд.
Назми латифи он кас чунон зиёд аст, ки барон ҳочат
факат баъзеро метавон зикр кард ва чунон машҳур
аст, ки аз рӯи эҳтиёҷ факат чандеро мешавад сабт
намуд. Ҳатто номи китобҳояшон дарч шавад, ба ин
аврок намегунчад ва агар дуррҳои мусаннафоташон
зикр гардад, баҳри гардун ба тугён меояд. Лоҷарам
чун ин маънй маълум аст, бо дуо хатм карда шуд.

Рубой

Ё раб, бу маонй дуррининг уммонй,

Бу донишу фазл гавҳарининг конй.

Ким айладинг онӣ олам ахдӣ ҷонӣ,

Олам элита бу ҷонни тут арзонй».

***

Вакте ки он кас «Арбаин \адис»-ро ба назми
форсӣ тарчима намуданд, аз рӯи одати ахдшуда
пештар аз дигар асҳоб илтифот карда,
мусаввадаашро ба факир доданд. Чун ба мутолиа
машгул шудам, аз алфозаш шукуфахои хадоики
номутанохӣ1 ба назар ҷилва намуд ва аз маънояш
анвори ҳакоики илохӣ зоҳир шуд.

Дар дил орзӯи ба забони туркй тарчима
кардани хамин «Арбаин» пайдо гардид. Пас аз он ки

1 Но.мупюноҳӣ - бепоён. беинтихо.

243
________________Ёди ёри меҳрубон________________

ба шарафи рухсат мушарраф шудам, худи хамон рӯз
он ҷавоҳири самин ба риштаи назм даромад ва он
гухархо ба гӯши он нас расид. Аз рӯи шафқат дуои
хайр карданд ва таҳсин намуданд. Байти аввали
хутбааш ин аст:

Ҳамд ангаким каломи хайрмаол
Қилди элга расулидин ирсол.

Номи он кас чунин манзум шудааст:

Маснавй

Ул сафо аҳли покфарҷомӣ,

Пок фарҷом покфар Ҷомӣ.

Ул яқин сори дастгир манга,

Қиблаву устоду пир манга.

Дар ин байти охир изҳори шогирдй ва нисбати
иродат хам ифода ёфтааст».

***

Он вақтҳо, ки факир дар хизмати он кас
истилоҳи алфозу иборот ва рамузу ишороти сӯфияро
меомӯхтам, орзӯи «Ламаот»-и ҳазрати қутбуссоликин

244
_______________Ёди ёри меҳрубон_______________

шайх Фахриддини Ирокй...1 дар хаёлам бисер ҷавлон
мезад. Рӯзе ин маъниро изҳор намудам. Он кас
гуфтанд, ки:

- Китоб ва рисолаҳои машоихи тарикатро кам
мутолиа кардаӣ. Аммо чун ҳавасат ин аст, бошад.

Сипае ба еабак гуфтани он китоб барои факир
шурӯъ карданд. Ҳар рӯз сари ҳар еабак хушҳол шуда,
таърифам мекарданд.

Пас аз якчанд машғулият сухан мушкилтар
шуда ва он кас ба шарҳ эҳтиёҷ пайдо намуда, шархи
шайх Ёралӣ ва боз баъзе шарҳҳоро ба пеши назари
муборакашон гузошта еабак гуфтанд. Вале ба бисёр
мавзӯъҳо ва шарххо таъна кардан гирифтанд.

- Ҳамоне ба маънои ин ва ё он калима дуруст
сарфахм нарафта шарҳ додааст, - мегуфтанд.

Бинобар ин вакте ки ин навь сухан такрор
шудан гирифт, арз кардам:

- Факире агар аз чунин китоби нафис ва
мушкил баҳра бурданӣ шаваду шарҳҳо ин тарика
бошанд, оё чй чора бояд кард? Магар хам ҳазрати
Махдумӣ аз рӯи шафкат ба толибон ин мушкилро
осон карда диҳанд.

Ин буд, ки он кас «Ашъат-ул-ламаот»-ро
бунёд карданд. Маълум нест, ки дар байни ин гуна

1 Шайх Фахриддини Ироқй - Иброҳим ибни Бузургмехр ибни
Абдулгаффори Ҷаволиқии Ҳамадонӣ (1213-1289) шоир.
мутасаввифи форсу тоник, рочеъ ба тасаввуф дар наср
рисолаи «Ламаот»-ро таълиф намудааст.

245
________________Ёди ёри меҳрубон______________

китоб ва рисолаҳо ҳаргиз чунин як шарх ба калам
омада бошад... Дар вакти навиштани ин шарх
«Фусус» ва «Футӯҳот» ва «Нусус» ва «Фукук» ва
китобҳои умдаи аксар қавмҳо дар пеши назари
муборакашон меомад, агарчи ба ҳеҷ яке аз онҳо
эҳтиёҷ надоштанд.

Факир ба василаи ҳамин шарх дар назди он
кас «Ламаот»-ро ба поён расонидам. Ҳар касе, ки он
китобро хонад, аз суханони дар ин варақ навиштаи
факир нишонае метавонад пайдо кунад. Ба ин давлат
кам кас аз абнои замон мушарраф мешавад.

***

Рӯзе фикри муаммо факирро ба ин водй андохт.
Устоди фан мавлоно Шарафиддин Алии Яздй1 ин
фанро тадвин намуда, номи ахли онро баланд
гардонид. То ин замон хам китоб ва рисолаҳо
навиштаанд ва ин фан зебу зинати гарибе ёфта, турфа
коидаву истилохот пайдо шудааст. Аммо истилохотро
бо тартиб адо намекунанд. Масалан, дар аввали
кавоид хангоми баён карданн коидаи интикод ба
тарики мисол муаммое овардаанд. Агарчи интикоди
муаддй2 шудааст, аммо таркиб ё тахдил ё гайра. ки

1 Шарафиддин Алии Яздй (ваф. 1454) ~ муаррих ва шоири
форсу тоҷик, устоди муаммо, чун шахси порсо низ шӯхрат
дорад.

: Муаддй - боне, сабаб.

246
________________Ёди ёри меҳрубон_________________

мубтадӣ' ба онҳо ҳанӯз вукуф надорад, дар мисоли ин
муаммо мундариҷ аст. Шарт ин буд, ки дар муаммои
овардашуда ғайр аз ҳамин коида (чизе) мазкур
нагардад. Ленин пас аз он ки ба ин коида вукуф ҳосил
шуд, дар мавриди адои қоидаи дигар, агар қоидаи
мазкур боз мегузашт, боке набуд.

Факир дар чунин хаёл будам, ки ҳазрати
махдум ташриф оварданд. Фақир бо хушҳолй
истиқбол намудам. Он кас таскин ёфта гуфтанд, ки:

- Дар андомат инбисоте зоҳир аст, чй ҳол
дорӣ?

Гуфтам, ки:

- Мақдами шарифи ҳазрати махдум мӯҷиби
инбисот аст. Аммо ин навь хаёле хам доштам, - гӯён
мақолоти гузаштаро арз кардам.

Он кас бениҳоят хушҳол туда, таҳсин
намуданд ва гуфтанд:

- Ҳақку шарташ ин аст, ки ту хаёл кардаӣ.

Вақге ки он касро чунин хушҳол дидам, гуфтам, ки:

- Агар ҳиммат пазиранд, бо хамин дастур дар
коидаи ин фан мухтасаре нависам.

Он кас гуфтанд:

- Ту ин ташвишро накаш, мо менависем.

Дар худи ҳамон ду-се рӯз манзуми мухтасареро
ба зевари табъ оростанд. Азбаски ба ихтисор бисёр
кӯшидаанд, хеле дақиқ ва тор вокеъ шудааст, ба 1

1 Мубтадй - огозкунанда, ибтидои

247
________________Ёди ёри меҳрубоп_______________

андозас. ки ба мубтадй бо андак идрок даст
намедиҳад. Факир боз истидъо намудам, ки:

- Агар амр шавад, аз ин хам осонтар кардан
мумкии аст.

Ва пас аз маъмур шудан мухтасареро мавсум
ба «Муфрадот» навиштам ва ба хизмати он кас
расонидам. Нашъаи кабул беш аз ин нахохад шуд, ки
бо вуҷуди ин кадар рисолахои дар миён буда
махдумзодаро ба хондани ин мухтасар ишорат
карданд ва ӯ ба ин восита ба фанни муаммо вукуф
пайдо намуд.

***

Он кас дар «Хафт авранг», ки хар лафзаш ба
хафт иклим сармоя ва ҳар ҳарфаш ба хафт кавкаб
пироя аст, (маснавии) «Сабҳат-ул-аброр»-ро
ихтироъ, кардаанд, ки (касе) дар ин бахр на маснавй
гуфтааст ва на бо ин зобита1 ва адо китоби манзуме
тартиб додааст. Дар «хатми китоб ва хотимаи хитоб»
он маъшукаи зебо ва махдураи оламороро ҷилва
дода, таманнои кабули хотир ва истидъои назари
кабул намудаанд ва дар ин байт мазкур аст, ки: 1

1 Забита - конун, коида.

248
Ёди ёри меҳрубон

Маснавӣ

Ё раб, ин ғайрати ҳурулинро,1
Шоҳиди равзаи иллийнро,2
Аз дилу дидаи ҳар дидаваре
Бахш тавфиқи кабули назаре!

Хоса он дар равиши фазл далер,

3-он далериш шуда ном ду шер.

Он яке аз раҳи дин шери Худой
В-ин дигар панҷа ба ҳар сайдкушой.

Ин бесомони камбизоат ва ин нотавони
беиститоат дар мукобилаи ин алфоз чй метавонист
бигӯяд. Ammo ба расми тӯҳфаи факири ҳақир дар
дафтари аввали «Хамса» дар «Ҳайрат-ул-аброр» дар
васфи он кас достоне ниёзмандй кардаам, ки ин абёт
аз ҳамон ҷост:

Маснавӣ

Улки букун кутби тарикат дур ул
Кошифи асрори ҳақиқат дур ул.

Кӯкси ҳакоиқ дури ганҷинасӣ,

Кӯнгли маоний юзи ойинасй.

Олй анга етти фалакдин махал,

Етти фалак мушкили олдида хал.

1 Ҳурунлин - (ҳури ин) -- занони сафедпусти шахлочашм.

: Иллийин - баландтарин дараҷаи бихишт.

249
________________Ёди ёри меҳрубон_______________

Мадрасаи кудс анинг масканй.

Хонакахи унс анинг маъманй.

Ҷилвагахӣ гулшани чархи барин,

Обхурӣ чашмаи айнуляқин.

Назми биноси чикиб андок баланд,

Ким анга гардун сола олмас каманд.

Анда шаётин чинсига йӯк сабот,

Баски уруб хайли малоик канот.

Ин достон аз шаст байт иборат буда, кайфияти
дар маҷлиси он кас гузаштани сухани хамсатайн ва
шарҳи «Тӯҳфат-ул-аҳрор»-ро бунёд намуда, ба он
такриб тамом кардан ва кабл аз дигарон ба факир
нишон доданашон ва такриби «Ҳайрат-ул-аброр»-ро
ба риштаи назм кашидани факир дар ин достон мазкур
гардидааст.

Дар китоби «Ҳафт авранг», дар поёни достони
«Юсуф ва Зулайхо», ки ба «Ошику Маъшук» мавсум
аст ва он китоб ба назири ҳусни Юсуф ва ишқи
Зулайхо маълум, дар зайли дуои подшох ин навъ
банданавозй кардаанд, ки:

Маснавй

Муборак бар шаху аркони давлат,
Ғазанфархдйбатони шерсавлат.

Ба тахсис он чавонмарде, к-аш аз дер
Насаб чун ном бошад шер бар шер.

250
_________Ёди ёри меҳрубон_________

Зи бас дар шеваи мардй далер аст,

Зи мардони ҷаҳон номаш ду шер аст:
Яке - дар аз дижи даврон кананда,

Яке - сарпанҷа бо гӯрон зананда.

Ба расми таъмия1 з-он бурдамаш ном,
Ки монад дур аз он андешаи ом.
Вагарна кай тавон з-он фаҳми даррок
Ба сад ҳуқка нуҳуфт ин гавҳари пок?
Кунад дар шеър табъаш мӯшикофӣ
Ва з-он мӯ нӯги килкаш шеърбофй.
Ниҳад з-ин шеъри мушкин доми дилҳо,
Диҳад з-ин шеъри ширин коми дилҳо.
Дили ушшоқ аз он як монда дар банд.
Лаби хубон в-аз ин як дар шакарханд
Ба зикраш хатм шуд ин равшан анфос,
Ба сони нури мунзал хатми барное2.
Бале, дар боргоҳи одамият
Ҷуз ӯ кам ёфт роҳи маҳрамият.

Ҳамеша то атои даври олам
Кунад табъи лаимон шоду хуррам,
Чунон дил бо Худой оламаш бод,

Ки н-ояд аз атои оламаш ёд!

Суханро аздуо додй тамомй,

Ба омурзиш забон бикшой. Ҷомӣ!

1 Таъ мия - муаммогуи.

2 Барное - гофил, дил ба гафлатдода.

251
_______________Ёди ёри меҳрубон______________

Дар «Хамса»-и фақир «Фарҳод ва Ширин» дар
баҳри ин маснавӣ воқеъ шуда ва дар мадҳи он кас
турфа достоне гузориш ёфтааст. Агар ҳамаи он дар
ин мухтасар сабт гардад, боиси дароз кашидани
риштаи сухан хоҳад шуд. Аммо аз (овардани) якчанд
байт гурез нест. Дар ситоиши сухан чанд сухане
гуфта, маддоҳии ҳазрати шайх Низомй ва Мир
Хисравро карда, ба ин тақриб ба мадхи он кас
гузашта, ин навъ адо ёфтааст:

Маснавй

Кел, эй соқӣ, ки тушмиш ҷонима ҷӯш,

Кетур бу иккй ёди бирла бир қӯш.

Тутой Ҷомӣ май мадҳин саранҷом,

Улар ишқида нӯш айлаб ики ҷом.

Ики пил ӯлса Хисрав ё Низомй,

Эрур юз пил чоқлиқ пили Ҷомӣ.

Муҳаббат ҷомӣ дурдошоми улдур,

Ҳамоно Зиндапили Ҷомӣ1 улдур.

Кӯруб сармаст ҷоми сармаст они,

Демишлар Зинда пили ҳазрат они.

Чу ул май дурдидин бӯлмиш хурӯши,

Сафо аҳлидур онинг дурднӯшӣ.

Маи таҳқиқ этар холатда ошом,

Чекиб лоҷуръа rap гардун бӯлуб чом.

1 Зиндапил Ҷоми - шоири мутасаввифи форсу тоҷик Ахмади
Ҷомй (1049-1141) дар назар дошта шудааст.

252
________________Edit ёри меҳрубон______________

Бӯлиб зоҳир фано тимсоли андин
Тутуб оламни олам холӣ андин.

Фано ул навъ этиб нафъи вуҷудй,

Ки ер топиб набуд ӯрнига будӣ.

Бӯлуб андоқ фано даштида маъдум,

Ки сайри шоҳроҳӣ хатти мавҳум.

Бу хатқа нуктаким мавҷуд эмасдур.

Хирад олинда ҷуз нобуд эмасдур.

Фано мулкида ҷисми ӯйла фонӣ,

Ки фахм айлаб саводи аъзам онӣ.

Ҷаҳонни ким кила олғай таваҳҳум.

Ки бӯлгай нуктаи мавҳум аро гум.

Ӯзин худ бир ҷахони бегарон бил,

Камолотин ӯзидек бир ҷаҳон бил.

Ҷахон иҷра ҷаҳонким топтӣ шӯхрат,

Солиб икки ҷаҳон хайлига ҳайрат.

Ҷаҳон йӯқ. олами кубро де онӣ,

Ҷахонда мақсади аксо де онӣ.

Неким бу олами сугрода мавҷуд,

Барӣ ул олами куброда мавҷуд.

Ин достон тавилуззайл1 аст. Ҳамин қадар абёт
ба истишҳод оварда шуд.

Он кас дар китоби «Лайлӣ ва Маҷнун» дар
сарсухани достон «Зикри баъзе берунрафтагон аз
доираи моху сол ва дуои баъзе марказнишинони

1 Тавилуззайл дароздоман.

253
________________Ёди ёри меҳрубон_______________

нуқтаи ҳол» бо рамуз ва ишорат тахаллусро зикр
карда, ин факирро бо ёриашон баҳраманд ва бо
муҳаббаташон арҷманд намудаанд. Чунончи:

Маснавӣ

Соқӣ, бидех. он майи куҳансол,

Ёқути музобу1 2 лаъли сайёл:.

Он май, ки чу дӯстон бинӯшанд,

Бо ҳам ба вафову меҳр кӯшанд.

Ором шавад рамидагонро,

Пайванд диҳад буридагонро.

Ёре, ки кунад ба ёр пайванд,

Нахли амалаш шавад баруманд.

Ёр аст калиди ганчи уммед,

Ёр аст навиди айши ҷовид.

Мақсуди вуҷуд кист, ҷуз ёр?

3-ин савдо суд чист, ҷуз ёр?

То хотимати вуҷуд аз оғоз
Мурғе накунад чу ёр парвоз.

Хосса, ки ба боғи ошноӣ
Бар шохи вафо бувад Навоӣ.

Яъне ки навои лутф созад,

Дилҳои шикастагон навозад.

Коре набувад ба ҷои ин кор.

Ёрони ҷаҳон фидои ин ёр!

1 Музоб - обкардашуда, гудохташуда.

2 Сайёл равон

254
Еди сри меҳрубон

Факир хам дар дафтари аввали «Хамса» дар
мадхи он кас достоне оростаам, ки ин абёт аз он аст:

Маснавй

Сӯз гулшанининг шукуфта вардй,

Илм оятининг варақнавардӣ.

Қадриға ул авч узра поя,

Ким мехр тутуб тубида соя.

Наьлайнидин айлабон малак хал,
Суртарға судоъ бӯлса сандал.

Ҳамдинки асоси бошида тоб,

Тортарға икки ҷахон қуллоб.

Нӯгида синон айлагач кин.

Кӯр айлаб дев ила шаётин.

Юз дона ки сабҳаси аро кайд,

Минг файз кушини айлабон сайд.

Ул ёр, ки сабҳаси белига,

Бил ҳабли матин ҷаҳон элига.

Ибриқи вузуси баҳри гардун,

Ҳар қатра ки томса дурри макнун.

Тӯла анга файз новадонй,

Андин окиб оби зиндагонй.

Каъби ёри давраи иродат,

Давр ахдига ҳалкал саодат.

Он кас дар «Хирадномаи Искандарй», ки
хафтумин дафтари «Ҳафт авранг» аст, достони хатми

255
________________Ёди сри меҳрубон_______________

китобро гуфта, хотимаи суханро ба ин ҷо
расонидаанд:

Маснавй

Биё. Ҷомӣ, эй умрҳо бурда ранҷ.

Зи хотир бурун дода он панҷ ганҷ.

Шуд ин панҷат он панҷаи зӯрёб,

К-аз ӯ дасти дарёкафон дида тоб.

Аҷаб аждаҳоест килки дусар,

Ки резад бурун ганҷҳои гуҳар!

Кунад аждаҳо бар дари ганҷ ҷой.

Вале кам бувад аждаҳо ганҷзой.

Шуд он аждаҳо ганҷ дар мушти ту,

Бар ӯ ҳалка зад мори ангушти ту.

Чӣ гавхарфишонанд ин ганҷу мор,

Ки шуд пургухар домани рӯзгор!

Вале бинам аз килки ҳар ганҷсанҷ.

Пур аз панҷганҷ ин сарои сипанҷ.

Ба он панҷҳо кай расад панҷи ту?!

Ки як ганҷашон беҳ зи сад ганҷи ту.

Ба тахсис панҷе, ки сарпанҷа зад,

Ба Шере, ки сарпанча аз Ганҷа зад.

Ба туркизабон накше омад аҷаб,

Ки ҷодудамонро бувад мӯҳри лаб.

Зи чарх офаринхо бар он килк бод,

Ки ин нақши матбӯъ аз он килк зод!
Бибахшид бар форсӣ гавхар он.

Ба лафзи дарӣ дурри назмоварон.

256
_________Ёди ёри меҳрубон_________

Ки rap буди ин хам ба лафзи дарй,
Намондй мачоли сухангустарй.

Ба мизони он назми мӯъчизнизом,
Низомй кй будию Хисрав кадом?

Чу ӯ бар забони дигар нукта ронд,
Хирадро ба тамйизашон рах намонд.
Зихй табъи ту, устоди сухан,

Зи мифтохи килкат кушодй сухан.
Суханро, ки аз равнак афтода буд,

Ба кунҷи ҳавон рахт бинҳода буд,

Ту додй дигар бора ин обрӯй,
Кашидӣ ба ҷавлонгахӣ гуфтугӯй.
Сафоёб аз нури рои ту шуд,

Ҳамин гуфтаи ман барои ту шуд.

Бар ин нахли назме, ки парвардаам,
Ба хуни дилаш дур баровардаам.
Нашуд боисам ҷуз сухандоният,

Ба дастури дониш суханроният.
Вагарна ман инро чу оростам.

На эхсон, на таҳсин зи кас хостам.

Чй хезад зи мудхил, ки эхсон кунад,
Чй ояд зи таҳсин, ки нодон кунад.

Ба лутфи сухан тар сутудам туро,
Ҳадди дониши худ намудам туро.

Ки ин молу чон арчи чонпарвар аст.
Камоли сухан аз хама бартар аст.
Равад як cap аз сайри чархи кухан,
Вале то ҷахон ҳаст, монад сухан.

257
_______________Ёди ёри меҳрубон ______________

Сухан низ. агарчанд донам, бакост,

Хамӯшӣ ачаб дилкашу ҷонфазост.

Биё, сокиё, ҷоми дилкаш биёр,

Майи гарму равшан чу оташ биёр!

Ки го лаб бар он чоми дилкаш нихем.

Ҳама килку дафтар бар оташ ниҳем.

Биё. мутрибо, тез кун чангро,

Баландӣ деҳ аз захма оҳангро!

Ки то пунба аз гӯши дил баркашем.

Хдма гӯш гардему дам даркашем.

Фақир хам дар аввали ин китоб («Хамса») дар
мадхи он кас (достоне) гуфтаам, ки аз он хамин чанд
байт ихтисор мешавад:

МаснавП

Бир у олдй сӯз кишварин яккалам,

Ки килди каламни сутуни алам.

Қӯлига олиб найза ӯрнига килк.

Сӯз иклимини сарбасар қилдӣ милк.

Билик авҷининг мехри тобони ул,

Қаю мехр, сӯз ҷисмининг ҷони ул.

Ҳам ул ӯтға ким назм шамъин тутуб,

Маонй шабистонини ёрутуб.

Чу табъидин окиб маонй суйи.

Келиб чашмаи зиндагонй суйи.

Хам ул чашмадин чун су бермак тузуб.
Суханварлик ӯлган танин тиргузуб.

258
________________Ёди ёри меҳрубон_______________

Чу истаб тараб табъи озодасӣ,

Қуюб назм ҷомига сӯз бодасӣ.

Анинг ҷуръаси элни маст айлабон.

Демай мастким. майпараст айлабон.

Не ҷоме ки май ҷуръасидин нами,

Тарашшӯҳ килиб, маст улуб олами.

Бу янгилғ ки ҷоми маонй тӯлуб,

Малак хайлиға дӯстгонӣ тулуб.

Бӯлуб чун анинг ҷомидин чурьачаш,

Бӯлуб чарх сӯфийлари чуръакаш,

Ки машъуф ӯлуб чоми мастонаға,

Гарав айлабон хирқа майхонаға.

Янги ойни чом ҳилолӣ қилиб.

Нечаким тӯла бӯса холӣ килиб.

Ҷонохайн ӯлуб сукрдин хокрӯб,

Гахе дастафшон, гаҳе пойкӯб.

Бу навъ ӯлсалар арши аъзам элӣ,

Не бӯлғай, хаёл айла олам элӣ?

Ин достон хам аз панҷоҳ-шаст байт иборат аст
ва азбаски дарч намудани тамоми он боиси дароз
кашидани риштаи сухан мсгардад. бо ҳамин каноат
карда шуд.

259
_______________Ёди ери меҳрубон_______________

Ин факир ҳамон соле, ки он кас накл карданд.
аз зиёрати Имом Алӣ Мӯсо ар-Ризо омадам. Аз рӯи
одат аввал ба хизмати он кас фуромадам. Он кас
девони сеюми худро тартиб дода будаанд. Девони бо
хати мубораки худ навиштаашонро ба факир иноят
фармуданд. Ман илтимос карда гуфтам, ки:

- Ба чуз Мир Хисрав аз ахди назм шунида
нашудааст, ки девони мутааддид тартиб дода
бошанд. Аммо онҳое, ки девонҳои мутааддид тартиб
додаанд, ба ҳар яки онҳо номи муносибе гузоштаанд.
Шумо ҳам ба ин девонҳо номи муносибе гузоред.

Он кас кабул карданд,

Баъд аз ду рӯз ба хизматашон рафтам. Аз
бағалашон чузве бароварда ба факир доданд, ба хар
кадом исме гузошта ва ба ин кор боисшударо низ ёд
карда буданд, ки ҳоло дар куллиёт ва ибтидои
девонхояшон сабт шудааст. Дар он феҳрист пас аз
ҳамду наът навиштаанд:

«Намуда меояд, ки чун ин камина ба хасби
фитрати аслӣ ва қобилияти ҷибиллӣ ҳадафи сиҳоми
чистафарчоми сафваткалом1 афтода буд ва садафи
ҷавоҳири исми бузургвор сифати мутакаллим омад
ва ҳаргиз натавонист, ки авкоти худро билкуллия аз
ибдои назмй ё ихтирои насрй фориг ёбад ва холй
гардонад. Лоҷарам аз таволии аъвом ва шуҳур ва
тамодии аъсор ва дуҳур рисоил ва кутуби

1 Сафват показа.

260
________________Ёди ёри мсҳрубон______________

мутааддида аз маншурот ва дафотири мутанаввеа аз
маснавиёт ва давонини мутафаррика аз касоид ва
ғазалиёт ҷамъ омада буд. Дар ин вило, ки аз таърихи
ҳиҷрати нубувват то такмили миата тосиа се сол пеш
боқӣ намондааст, муҳиб ва мӯътакиди дарвешон.
балки маҳбуб ва мусаддики эшон

Байт

Он тофта вай бар дили ӯ зуд надир,

Рози фардо чӣ ҷои вай. балки барир.

Низомуддавлат ваддин Амир Алишер... ҳиммати
шариф бар он овардааст, ки давонини қасоид ва
ғазалиётро, ки адади он ба се расидааст, дар як ҷилд
фароҳам оварад ва чун се мағзи тоза дар як пӯст
бипарварад ва аз ин факир истидъои он кард, ки ҳар
як ба иеми хос самти ихтисос тирад ва аз васмати
ибхом1 ва иштирок сурати истихлос пазирад.
Лоҷарам ба мулоҳизаи авқоти вукӯашон девони
аввалро, ки дар овони чавонй ва авоили замони
амонӣ ба вукӯъ пайваста, ба «Фотихат-уш-шубоб»
иттисом мебояд; ва девони сониро, ки дар авосити
укуди айёми зиндагонй интизом ёфта, ба «Воеитат-
ул-икд» номзад мешавад; ва девони солисро, ки дар
авохири хаёт огози тартиби он шудааст, ба
«Хотимаг-ул-хаёт» мавсум мегардад.

1 Васмати ибхом - айби норавшани.

261
________________Ёди ёри меҳрубон________________

Умедворй ба карами хазрати бори азза
шаънаҳу восик аст, ки номи ҳамаи азизон ба
саволехи аъмол ва латоифи аквол ба сафаҳоти рӯзгор
бимонда, онро воситаи дуои хайр ва василаи саодат
ва охират гардонад.

Рубои

Хдргиз накунад ин фалаки пуршутулум1

Номи онро аз номаи ҳастӣ гум.

Зеро ки бакои ин пас аз марги нахуст

Гӯянд ҳакимон, ки хаётест дувум».

Вахте ки дар хизмати он кас ин феҳристро
хондам, ба ин факир хам амр карданд, ки:

- Чун назми ту хам дар алфози туркй
мутааддид шудааст, ту низ хар якеро бо исме аз
якдигар мумтоз кун ва хар кадомеро бо лакабе
ҷилвасоз намо!

Итоати амри он кас воҷиб буд. Факир хам ба
девони аввал, ки дар туфулият назми рангинро
ғаробатест, «Ғароиб-ус-сиғар» ном ниҳодам; ба
девони дуюм, ки нодираи маонй дар айёми шубоб ба
силки назм даромадааст, «Наводир-уш-шубоб»
лақаб додам; ва девони сеюм, нукоти бадеъ, ки дар
авосити умр воқеъ гардидааст, ба «Бадоеъ-ул-васат»

1 Шутулум - ситам, таади.

262
________________Edit ёри меҳрубон______________

м а вс ум шуд; ва девони чаҳорум, ки фавоиди синни
шайхухат аст, ба «Фавоид-ул-кибар» иттисом ёфт.
Умед ин аст, ки ба хотири сатиру кабир ва шайху
шоб дилпазир ва ба дилхошон ногузир гардад.

***

Устод Қулмуҳаммад ҳанӯз дар туфулият
машғули омӯхтани мусикй буд. Чун дар зуд омӯхтан
ва оростани иншоҳои хуб шӯҳрат ёфт, ба факир
хохишманд шуд, ки илми ин фанро низ бидонам.

Ба мавлоно Алии Шоҳбука, ки дар ин фан аз
устодони бебадали асри худ мебошад, супориш дода
шуд, агарчи холо касрати истеъмоли афюн аз хуляи
акл маҳрум намудааст, дар он вакт оид ба ин фан
китоби «Асл-ул-васл»-ро тасниф карда буд. Инчунин
Мир Муртоз ва Хоҷа Шахобиддин Абдуллохи
Марворид ва мавлоно Виной1 низ дар ин фан
рисолаҳо навишта буданд. Аммо чун ҳамаи онҳо
изхори истеъдод намудаанд, (аз ин таълифот) зуд
бахраманд шудани каси навёдгир душвор аст.

Аз он чо, ки он кас нисбат ба факир иноят ва
илтифотхо доштанд, рисолаи «Мусикй ва адвор»-ро
таълиф намуданд, ки дар ин фан чунин асари нафъ ва
фоидарасонанда мавчуд нест.

1 Мавлоно Виной - Камолиддин Али ибни Мухаммади Сабз
(1453-1512) шоир, донишманди таърих ва мусикй.

263
Ёди ёри меҳрубон



Дар он вақте ки факир ба «Дарён аброр»-и
Мир Хисрав дар Марв татаббӯъ намуда ва ба номи
он кас хатм карда, ба ша\р фиристодам, чунонки дар
боло зикр шуд, дар ин касида бештар аз бист байт ба
тарику истилоҳи муаммо максуд ва муаддй гардида
буд. Он кас дар мукобалаи он ба тарики муаммо
касидае туфта, дар он басе маънихои дакик ва
таркибҳои гариб дарч намуда. фиристода буданд. Ин
аст матлаи он шеър:

Ҷох дорӣ ҷоҳилосо дар cap, эй комил. мудом
Ҷохилат хонам на комил, чун туро чох аст ном.

Боре ин матлаи туркии факир:

Очмагай эрдинг чамоли оламоро, кошки,
Солмагай эрдинг бари оламга гавго. кошки.

дар миёни мардум шӯҳрат ёфта, дар сӯхбатҳои
хазрати подшох низ бисёр мазкур мегардид. Шуюъ
ва шӯхрати он ба чое расид, ки хазрати махдум хам
шунида. ба он кас хам дагдага ин ки дар ин бахр ва
кофияву радиф шеър гуфтаанд. И н до и я пай до шуда.

264
________________Ёди ёри меҳрубон ______________

чун ба алфози турки назм илтифот намекарданд, як
газали форсй навиштанд, ки матлааш ин аст:

Дидаме дидори он дилдори равно, кошки.

Дида равшан кардаме аз хоки он по, кошкй.

Вакте ки (ин шеърро) навишта ба хизмати
подшоҳ фиристоданд, мақбул ва матбӯъ афтода,
ҳазрати подшох хукм карданд, ки ба ин газали он кас
мусаддас бандам. Чун маъмур ва маҳкум будам, аҷаб
нест, ки маоф ва маъзур бошам. Пас аз мусаддасро
гуфтанам, подшох эҳсон ва таҳсинҳо карда,
мусаввадаро ба хизмати он кас фиристоданд ва он
кас низ аз рӯи банданавозӣ илтифотҳо намуданд.
Матлаашро чунин баста будам:

Банд

Кардаме дар хоки кӯи дуст маъво, кошкй,

Судаме рухсори худ бар хоки он по, кошкй.

Омадӣ берун зи кӯй он сарвболо, кошкй.

Буркав афкандӣ зи рӯи оламоро, кошкй.

«Дидаме дидори он дилдори равно, кошкй,

Дида равшан кардаме аз хоки он по, кошкй».

265
Ёди ёри меҳрубон

ХОТИМА

Дар теъдоди он китоб
во рисолаҳое, ки фақир дар хиз-
мати он кае аз рут иепшфода
хондаам ва таърихи охири
ҳаёпшшон ва кайфияти он.

Аввал «Рисолаи кофия», ки аз таълифоти он
кас буда, дар ин фан чунин рисолаи мухтасари
муфидро касе нанавиштааст.

Дигар «Рисолаи дуюми муаммо», ки баъдтар
аз «Хуш и ят-ул-хул а л » навиштаанд.

Дигар «Рисолаи арӯз»-и он кас.

Дигар «Лавоеҳ», ки дар истилоҳоти машоихи
сӯфия гуфтаанд ва ин гуна рисола аз қалами ҳеҷ
роким ва аз раками ҳеҷ калам тахрир наёфтааст.

Дигар «Лавомеъ», ки партави ҳар ламъаи он
ба солик дар хирмони зулмоти шабистон осори
шамъи ҳидоят, балки анвори машъали иноят
мебошад.

Дигар «Шарҳи рубоиёт» низ дар хамин
истилох аст, ки дар тариқи фано ба азои мосиво
такбир задан аз мутолиаи он муяссар мегардад.

Дигар боз дар хамин истилоҳ «Ашиъа»
мебошад, ки аз ҷилои барки он ба хирачашмон

266
_______________Еди ёри меҳрубон_______________

биноӣ ва аз шаъшааи офтоби он ба тирадилҳо
рӯшноӣ мерасад.

Дигар «Нафаҳот-ул-унс», ки аз равзаи унс ба
машоми ҷон насимҳои ошноӣ меорад ва аз гулшани
қудс ба димоғи рӯҳ шамимҳои улфат мерасонад.

Дигаре «Шавоҳид-ун-нубувват» муқобала
шудааст, ки алфозаш аз анҳори яқин ашҷори
ҷӯйбори имонро сероб месозад ва маонияш аз
имтори саҳоби таҳқик асмори ашҷори иконро шахди
ноб мерасонад.

Дигар аз рисолаҳои асрори машоих «Қудсия»-
и ҳазрати Хоҷамуҳаммади Порсо аст, ки дар
маҷлисҳои фирдавсоини ҳазрати кутбилавлиё Хоҷа
Баҳоуддини Нақшбанд... баъзе хулафо ҳакоиқ ва
маонии аз забони мӯъҷизбаёни он ҳазрат
беруномадаро ҷамъ кардаанд. Ҳазрати
Хоҷамуҳаммади мазкур ба вай маонӣ навишта,
барои толибон ибҳомҳои онро возеҳ сохтаанд,

Дигар «Ламаот»-и ҳазрати шайхулмашоих
Фахрулмиллат ваддин Ироқӣ, ки хазрати махдум
хангоми аз он китоб ба факир сабак доданашон
мегуфтанд. ки:

Мардуми нодони беандомтавр ва
ноҳамворравиш ин китобро гӯё бештар машгулӣ
карда дар назди аҳли хавос бадном кардаанд, ки
баъзеҳо аз хондан худдорӣ менамуданд. Ба ин ҷиҳат
хубихои ин китоб аз назарҳо пинҳон мондааст.

267
________________Ёди ёри меҳрубон________________

Изҳори хушҳолӣ ва сурур мекарданд. ки ин
кор боиси шарх навиштани он кас гардидааст.

Ҳамин қадар дар таърифи он бас аст.

Дигар рисолаи Хоҷа Убайдуллох, ки бо
ишорати падарашон навиштаанд, ки низ дар тариқи
фақру фаност. Ин давлат ба кам писаре муяссар
шудаст. ки бо амри падар ин тариқа хизмати шоиста
карда ва чунин амри писандидаеро баҷо оварда
бошад.

Дигар «Илоҳинома»-и муқарраби ҳазрати
борӣ хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, ки дар васфи он
забони қалам оҷизу лол ва хомаи қаламзан алкан ва
шикастамақол аст. Дигар «Хамса», балки «Ҳафт
авранг», ки бештар бо дастури муқобала дар вакти
хондани он кас гӯш кардаам ва ё барои мадади
шунавандагон дар маҷлисашон хондаам.

Дигар боз баъзе рисолаҳоест, ки агарчи бо
дастури сабақ ва ё конуни мукобала дар хизматашон
мутолиа накардаам, аммо ҷойҳои мушкилашро аз он
кас пурсида ва таҳқиқ намудаам.

***

Агарчи бо амри Ҳақ таоло ба изхори хорики
одат маъмур набуданд ва холатҳои noKH3aaujoHpo бо

268
_________________Edit сри ме.ҳрубон________________

тариқи «маломатия»1 дар тариқи шоирӣ ва муллой
пиндон медоштанд. Аммо гохо баъзе (ҳолатҳои)
гариб аз он кас зоҳир мегардид. Аз он ҷумла чанде
айнуляқин хам вокеъ шудааст, ки зикри он лозим
дониста шуд:

Саидам Ирокӣ ном ҷавоне навкари ободон,
балки сари дарбонони Музаффари барлос буд. Аз
нодонӣ ба он кас мункир шуда, аз ғояти инкор як-як
варақи девони он касро канда, ба оташ партофта
сӯзондааст. Дар давоми се-чор рӯз ба як узваш
сӯхтанӣ баромада ва ҷароҳаташ обият пайдо карда,
окибат мурдааст.

Мачдаддин Муҳаммад, ки машҳури олам аст,
ба таъриф эҳтиёҷ надорад. Подшоҳ дар вақти ӯро
гунаҳкор донистан барои дастгириаш зомин
хостааст. Вай аз он кас (замонат) илтимос кардааст.
Ҳамин ки он кас ваъда додаанд, гурехтааст. Дар як
фурсати кӯгоҳ, дах-понздаҳ рӯз нагузашта, ба даст
афтод ва азобҳои азим кашид, ҷиҳатҳои буду
набудашро девонӣ кардаанд. Сарашро аз шаҳр
гирифта, сарсону саргардон шуд ва дар ҳамин
оворагихо фано гардид.

1 «Маломатия» - аз силсилаи таълимоти тасаввуф аст, ахли
он бояд барои ҳифзи маърифат саъй намояд. Маломатиён ба
мақсади пӯшида нигах доштани нияти аслии худ ва ифшо
нашудани беҳтарин фазилатхояшон дар назди мардум чунон
рафтор мекарданд, ки накӯхиш мешуниданд ва ба зери
маломат мемонданд. Аз ин чост, ки онхоро «маломатӣ»
гуфтаанд.

269
________________Ёди ёри меҳрубои_______________

Дар яке аз рӯзҳои панҷшанбе ҳамроҳи он кас
аз Гозургоҳ баргашта меомадем. Дар шахр Махмуд
Ҳабиб ном девонаи фосиқи абтарй буд, ки доим мает
мегашт ва ба ҳар каси ростомада ташнеъ ва
сафоҳатҳо мекард. Чун ин фақирро дар хизмати он
кас дид, ба он кас аз рӯи девонагии абтар хикоятхои
узромез гуфтан оғоз намуд, ки ин хилофи одати вай
буд. Факир дар тааҷҷуб мондам, ки девонаро чй ба
ин водор кардааст, ки суханони одамиёна ва
ҳушмандона аз ӯ зоҳир мешавад. Баъзе мулозимон
асли гапро баён карданд, ки дирӯз девонаи абтарии
мает ба он кас дучор шуда, харзаҳои беадабона
гуфта, сафоҳатро ба ҳадди охир расонидааст. Имрӯз,
ки факирро дар хизмати он кас дидааст, бо хаёли ин
ки ногох он кас ҳоли дирӯзаро ба факир изхор
кунанду факир девонаи абтарро изо намоям, аз таре
мулоиматӣ мекардааст. Факир ин гапро шунидан
ҳамон беихтиёр бар он шудам, ки ба девонаи абтар
изо дихам. Он кас манъ карда, гуфтанд:

- Ӯ худ чазояшро меёбад, ту ҳеҷ чиз нагӯй.

Дар хамон панҷ-шаш рӯз девонаи абтарро дар
бӯзахона боз як худаш барин абтар бо шамшер cap
бурида, куштааст.

Дар миёнаи толибони илм Ноҳикӣ ном ҷавоне
буд, ки ӯро зодаи деву шайтон гӯянд, мешуд.
Нохамворй ва беандомияш хеле бисёр буд, ба шарх
додан меарзад.

270
________________Ёди_ ёри меҳрубон______________

Аз он ҷумла яке ин аст, ки ба он кас мункир
буд ва бисёр хазёнот мегуфт. Рӯзе толибилмони
мадрасаи Гавҳаршодбегим дар як бог сӯҳбат ороста,
багро1 мепухтаанд. Баъзеашон дар таърифи он кас
муболигаомез суханхо гуфтаанд. Ноҳиқӣ аз рӯи
инкор ҳашвҳои бемаънй ба забои овардааст. Ахли
иродат девони он касро кушода, диданй шудаанд, ки
он хазрат дар боби нохиқӣ чиҳо гуфта бошанд. Дар
сафхаи аввал ин байт омадааст:

Пур аст гӯши ман аз сабхаи малак чу Масех,

Куҷо мушавваши хотир шавад нахиқи2 ҳарам!

Сию панч сол пештар аз вокеаи фавташон,
хамон соле ки Султон Абӯсаид-мирзо дафъаи аввал
ба муҳосираи қӯрғони Шоҳрухия рафт, дар он юруш
Хоҷа Дехдор ҳамроҳӣ мекард ва мавлоно
Қутбиддини Мухлис мулозимаш буд. Шабе (Хода
Дехдор) он касро дар хоб дидааст, ки ба сӯяш
нигариста, «Қуръон бихон, Қуръон бихон» гуфтаанд.
Замони он подшоҳ гузашта, тахти салтанат ба
султони соҳибкирон Абулгозй султон Ҳусайн
Баходурхон... мукаррар шуд. Пас аз гузаштани хафт
ё хашт сол аз таърихи он вокеа Хода Дехдор бо ин
фақир мусохиб туда, он хобро изхор кард. Фақир

1 Багро - номи як навъ таоми хамирист, ки бо гӯшту нахӯд
тайёр мекунанд.

2 Наҳиқ - хангоси хар.

271
________________Ёди ёри меҳрубон_______________

сой1 ва боне шудам, ки Қурьонро хонда хифз кард ва
хуб хофизи муҷаввид гардид.

Соле, ки он кас вафот карданд, аз он таърих
тахминан сию чор сол гузашта буд. Хода Дехдорро
барои баъзе мухим ба вилояти Астаробод фиристода
будам. Ӯ мухимро саранҷом карда, вақти бозгашт ба
як манзили шахр расид ва ахмолу асколашро
партофта, бе ҷиҳат ба сӯи шахр раҳсипор шуд. (Дар
ин хангом) он кас дар холати назъ ва сакароти мавт
буданд. Ҳеҷ хофиз хозир набуд. ки дар сари он кас
Қуръон бихонад. Дар ин махал Хоҷа Дехдор расида
омад, ба дидори видои он кас мушарраф туда, ба
хондани Қуръон cap кард. Хамин ки кироат хатм
ёфт. он кас вадеаи рӯҳро ба ҷонофарин супурданд.

Ин навъ каромот аз камтарин авлиё ба вукӯъ
омадааст, ки як карн пеш аз фавташон фикри сафари
охирро кардаанду баъди зиёда аз ей сол натиҷаи он
зохир гардидааст.

Дойр ба чунин холот ва камолот ва
каромоташон азизоне. мисли мавлоно Абдулвосеъ.
ки бо басе фазилатхои хамида ороста мебошад ва
мавлоно Ахмад Пири Шаме, ки бо басе хислатхои
писандида пироста аст. китобу рисолахо
офаридаанд. Х,ар кас, ки маълум кардан хохад. аз
китобхо маълум карда метавонад. Ин факир агар
хамаи он чиро. ки дидаам, бинависам, сухан тӯл

1 Сой сайъкунанда.

272
________________Еди ёри меҳрубон_______________

мекашад. Ба ин ҷиҳат бо зикри чанде мухтасар
кардам.

Ҳоло ба шархи воқеаи фавти он ҳазраг шурӯъ
менамоям.

Таърихи вилодати он кас ва таърихи замони
хаёташон дар боло зикр гардид. Аммо реҳлаташон
аз дори фано ба гулзори бақо рӯзи ҷумъаи
хафдаҳуми моҳи муҳаррами соли ҳаштсаду наваду
ҳашт воқеъ шудааст ва шарҳи он чунин аст:

Аз асари ҳаво ба ҷисми шарифашон заъф рӯй
до да буд. Рӯзе соҳиби фирош шуданд. Ин факир дам
ба дам хабар гирифта меистодам. Рӯзи панҷшанбе аз
ҷиҳати заъфи он кас хотирам бағоят парешон
гардид. Шаби ҷумъа аз беқарорӣ хобам набурд ва аз
шидцати изтироб нисфи шаб бархоста, аспсавор ба
хизмат ва аёдаташон рафтам. Баъзе асҳоб ва азизон
дар сари он кас ҷамъ омада ва он кас гоҳ беҳол ва гоҳ
дар ҳоли худ буданд. Фақир аз рӯи густохӣ барои
итминони хотир ҳолашонро пурсидам, илтифот
карданд. Ҳазрати қутбиссоликин хоҷа Абдулазизи
Ҷомӣ ҳам дар сарашон ҳозир буданд.

То субхдам дар як ҳол буданд. Чун халоик аз
намози бомдод фориғ шуданд, холи он кас
дигаргунтар гардид. Ҳазрати хоҷа Абдулазиз чун
диданд, ки ҳол навъи дигар аст, худашон мадад
расонида, сари он касро аз ҷониби машрик ба
ҷониби шимол ниходанд ва рӯяшонро ба сӯи қибла
карданд. Мавлоно Зиёуддин Юсуф, ки фарзанди

273
________________Edit ёри меҳрубон_______________

арҷманди он кас аст, дар тарафи пояшон ба
чашмонашон чашм дӯхта менишаст. Ҳар вакте ки
чашм кушоянд, аз рӯи илтифот ба вай
менигаристанд. Ин факир густохӣ карда, илтимос
намудам, ки махдумзода аз ҷои нишасташон
бархестанд. Пас аз ин он кас аз рӯи тарики хоҷагони
накшбандия ба зикри хафӣ машгул шуда, ба
таваҷҷӯхашон иштигол зоҳир карданд, то салоти
ҷумъа баромад. Чунонки дар боло зикр ёфт. хочаи
хофиз Ғиёсиддин Муҳаммади Дехдор омада, дар
сари он кас ба хатми Қуръон машғул шуд, то он
замон. ки ханӯз мардум аз намоз фориг нашуда, он
кас аз анҷумани касрат чашм пӯшиданд ва ба
хилватхонаи вахдат нузул карданд. Рӯхи мутаҳҳари
он кас чун азимати малоилаъло намуд ва мурги ҳаёти
асхоб аз тойири кудсӣ чудо шуд, фазой акбар ба
малой аъло расид. Чун он мухибби пок худро ба
висоли махбуби пок андохт, олам гӯё мисли бадани
беҷоне холӣ монд.

Байт

Кӯкга мотамзадалар навхаси чун ёвушгӣ.

Мани мотамзадаға лек котиг иш туштӣ.

На аз доду бедод кардан ба худ фоидае ва на аз
куштани худ натиҷае! Чун шарҳ додани он суубате,
ки бар сари ин факир афтод, амри махол аст ва

274
________________Еди ёри меҳрубон________________

шурӯи он ғайр аз тахайюр ва таассур фоидае
намебахшад, ба сари максад омадан авлост.

Алкисса, баробари паҳн шудани ин хабари
мудҳиш аз атрофу ҷавониб акобиру ашроф расида
омаданд. Ҳама дар либоси сӯгворӣ, балки дар балои
мотаму азо. Султони сохибқирон ташриф оварданд
ва ҳой-ҳой гириста, талх-талх шӯробаҳо рехта, ҳар
замон нишаста мавлоно Зиёуддин Юсуфро аз рӯи
шафқат ба огӯш гирифта, муддате сарашро ба сина
пахш намуда гиря мекарданд, ба соир асхоб дилдорӣ
медоданд. ин фақирро соҳибазо дошта, ба холам
ашкҳои дилсӯзона мерехтанд... Чун дар мизоҷашон
заъф буд, султонзодаҳо ва тамоми аркони давлатро
ба кори бардоштани ҷанозаи он кас гузошта, худ ба
маснади салтанат... рафтанд.

Султонзода ва подшоҳзодаҳо ба сардории
султон Аҳмад-мирзо ва Музаффар Ҳусайн-мирзо ба
якдигар навбат надода, тобути он касро ба китфашон
бардошта, ба Мусалло бурданд. Халоиқ ҷамъ омада
буданд ва гавгои онон ба дараҷае буд, ки чандин сад
хазор халкро тасаввур мерафт. Дар Намозгоҳ ҳазрати
Хоҷа Азизуллоҳ бо соир ашроф намоз хонданд ва он
хазратро бардошта боз ба равзаи мутаҳҳарашон
баргаштанд. Аз гавгои мардум тобутро бо душворӣ
мебурданд, подшоҳзодаҳо ясавулй карда, аз байни
издиҳом роҳ мекушоданд ва наъш ба мадфан расид ва
дар пахлӯи ҳазрати мавлоно Саъдуддини Кошгарй, ки
зоҳиран дар адои тариқат пири он кас буданд, дафн

275
_________________Ёди ёри меҳрубон________________

карданд... ва махдиулё Олиябика-бегим, ки бо фазлу
камолоти ҳамидаашон аз дигар хамчинсони худ
мумтоз буда, ба он кас иродат ва ихлоси бениҳоят
доштанд, дар сурати сӯгворӣ ва мотамзадагй омада,
қоидаи азоҷӯиро баҷо оварданд ва ба факир
навозишхо карда, тамоми асҳоб ва махдумзодаро бо
илтифотҳо мушарраф намуданд. Ғайр аз ин соир
азизон низ аз вилоятҳои агроф барои азои он кас
омаданд, чун дар ҳакиқат ин фақир соҳибазо будам,
фақирро соҳибазо дониста расми ҳолпурсиро баҷо
оварданд. Ҳатто султон Бадеуззамон-мирзо аз мулки
Мозандарон1 касеро фиристода, барои азои он кас
баъзе либосхо илтифот карда буданд, ки дар ин
маврид хам мухотаб ман будам.

Он ҳазрат ба ҳазрати салтанатшиор гӯшаи
хотир ва химмат доштанд ва иродату ихлоси ҳазрати
салтанатшиор хам нисбат ба он кас бениҳоят буд.

Қариб як сол умуман ба ахди олам ва хусусан
ба ахли Хуросон2 мотам давом кард. Пас аз пур
шудани сол ҳазрати султони сохибкирон оши
солиёнаи он касро басе бо эхтиром доданд. Баъзе аз
мухлисони он ҳазрат дар сари қабрашон иморати

1 Мозандарон - вилояти таърихй дар Эрон, ки дар байни
Гелон ва Хуросон вокеъ гардидааст.

2 Хуросон дар кадим ва асрхои миёна вилояти калони
таърихие буда, кисми шимоли шаркни Эрон, шимоли гарбии
Афгонистон ва марказу ҷануби Туркманистони хозираро
дар бар мегирифт. Холо Музофоти маъмуриест дар Эрон.
Марказаш шахри Машхад.

276
_________________Еди ёри .чеҳрубон_______________

олӣ андохта, ҳофиз, имом, кори ва ходимхо таъйин
намуданд.

Аҳли назм бисер таърих ва мареияхо гуфтанд
ва хонданд. Аз он ҷумла рокими хуруф марсия ва
таърихе гуфтам, ки дар вакти кашидани оши сол
мавлоно Ҳусайни Воиз1 ба минбар баромада хонд.
Таърих ин аст:

Таърих

Гавхари кони ҳақикат, дурри бахри маърифат,

К-ӯ ба хак восил шуду дар дил набудаш мосивох.
Кошифи сирри илоҳӣ буд, бешак, з-он сабаб
Гашт таърихи вафоташ: «Кошифи сирри илоҳ».2

Марсия

Ҳар дам аз анҷумани чарх ҷафои дигар аст,
Ҳар як аз анҷуми ӯ доги балои дигар аст.

Рӯзу шабро, ки кабуд асту сиях дома дар ӯ,
Шаб азои дигару рӯз азои дигар аст.

Балки ҳар лаҳза азоест, ки аз дашти адам
Ҳар дам аз хайли аҷал гарди балои дигар аст.
Ҳаст мотамкадае даҳр, ки аз хар тарафаш
Дуди охи дигару нолаву вой дигар аст.

1 Мавлоно Хусаин Вот - Камолиддин Ҳусайн Вонзи Кошифи
(ваф. 1505) адиб ва олими маъруфи форсу точик.

2 «Кошифи сирри илоҳ» - ба хисоби адчад 898 мсшавад, ки
баробари соли 1492 мебошад.

277
_________Ёди ёри меҳрубон________________

Оҳи ӯ ҳаст ба дил тирагӣ афзоянда,

Вои ӯ низ ба чон яъсфизои дигар аст.

Гули ин бог, ки садпора зи мотамзадагист,
Ҳар яке сӯхтаи ҷомақабои дигар аст.

Оби ӯ заҳру ҳавояш мутааффин1, чӣ аҷаб,

Ки дар ин марҳала ҳар лахза вабои дигар аст.
Аҳли дил майл сӯи гулшани қудс оварданд,
Ҳаст аз он рӯ, ки дар ӯ обу ҳавои дигар аст.
Назди арбоби яқин дори фано ҷое нест.
Ватани аслии ин тоифа ҷои дигар аст.

3-он сабаб масти май чоми азал орифи Ҷом
Сархуш аз дори фано сӯи ватан кард хиром.

1 Мупишффин - гандида.

278
Еди с pit меҳрубон

Зи харими ҳарами қурби илоҳй ҷоят,

Тарафи ҷаннату фирдавс куҷо парвоят?!

Чун шудӣ аз харами мулк ба сӯи малакут,
Буд дар анчумани хайли малак гавгоят.
Тӯтиёни харами кудс ба дил муштокат,
Булбулони чамани унс ба дил шайдоят.
Кимиёкори қазо меҳри дигар дод тулӯъ
Чархро аз асари равшании симоят.

Нӯҳ фалак чархзанон омада бар атрофат,
Буда гӯё ба сари ҳар як аз он савдоят.

Шӯр дар олами арвоҳ бияфтод аз он,

Ки ниюшанд ба чон нуқтаи рӯҳафзоят.

Рӯҳи актоб расиданд ба истиқболат,

Ҷони автод фитоданд ба хоки поят.

Даст бар даст бибурданд туро то ҷое,

Ки дар ин гамкада хам хостй онро роят.

Ту шудӣ восили мақсуди ҳақикию бимонд
То киёмат ба чахон шевану вовайлоят.

Дар фироки ту гамин монд дили гамзадагон,
Тира з-ин гӯшаи мотамкада мотамзадагон.

279
Ёди ёри меҳрубон



Ту бирафтию дили халки ҷаҳон зор бимонд.

То киёмат ба фироки ту гирифтор бимонд.
3-оташи охи дили сӯхтагон то ба абад
Дудхо дар хами ин гунбази даввор бимонд.

Ахли тавҳид, ки бе муршиди комил гаштанд.
Садашон мушкили халношуда дар кор бимонд.
Соликонро, ки камоли ту расидй ба сулук,

Аҷзҳо дар равишу нукс дар атвор бимонд.
Уламоро, ки шудӣ машъали меҳр аз ту мунир.
Тира шуд машъалу то хашр шаби тор бимонд.
Сад халал рох ба дин ёфт, ки диндоронро
Сабҳа бишкасту ба каф риштаи зуннор бимонд.
Сирри Ҳак рафт паси пардаи китмон1. ки зи ашк
Ба гил андуда дури махзани асрор бимонд.

На ки сад хори алам дар дили ахрор халид,

Ки дусад хори ситам бар тани аброр бимонд.
Толибонро равиши рохи фано рафт зи даст,

Ҳар яке дар паси сад пардаи пиндор бимонд.

Чй газалзул, ки зи фавти ту дар айём афтод,

3-он тазалзул чй халалҳо. ки дар ислом афтод.

Китмон махфи доштан, пинхон кардан.

280

I
Ёди ёри меҳрубон

3-ин азо дар ҳама олам на гадо монду на шоҳ,

Ки кашиданд ба сӯги ту дусад нолаву оҳ.

Абрсон гирякунон, наъразанон соя фиганд
Ба сари наъши ту хуршеди карам - зилли Илоҳ.

Г ар муяссар шудияш наъш кашидй бар дӯш,

Чун мани сӯхтадил ҷониби мадфан ҳамроҳ.
Шаҳриёрони ҷаҳон чок зада ҷома ба тан,

Пеши тобути ту пӯянда ба ахволи табоҳ.
Сарбаландони чаҳон дар таҳи наъшат шуда паст,
Ҳама гирёну кашон бори ту бо пушти дутоҳ.
Шуда ҳар пояи наъши ту ба дӯши як қутб,

Лек ҳар чор шуда нудбагару вовайлоҳ.

Оламеро ба сӯи олами дигар бурдан
Натавон ҷуз ба чунин боркашони огоҳ.

Ҷазаъи акбаре афтод, ки бо ин ҳама чашм.

Чархи гардун натавонист ба он сӯй нигоҳ.

Г арчи шоми ту шуд аз нур чу маҳтоб сафед,

Ҳеҷ кас лек надидаст чунин рӯзи сиёҳ.

Ба намозат, ки ҳазорон зи башар пайвастанд,

Сад ҳазорон зи малоик ба ҳаво саф бастанд.

281
Ёди ёри меҳрубон

***

Ҳама бурданд ба афғону дили чок туро,

Ҷой карданд чу ганҷе ба дили хок туро.
Хайди арбоби иродат ҳамаро чок ба дил,

Ҳар яке хост кашидан ба дили чок туро.

Пири покони ҷаҳон будй, аз он Эзиди пок
Пок оварду дигар бурд ҳамон пок туро.
Ғарқаи баҳри висолй, ки ба чашми ҳиммат
Равза чун гулхану тубист чу хошок туро.

Рӯҳи покат чу ба болои нуҳум чарх шитофт,
3-ин ки дар зери замин рафт, куҷо бок туро.
Ҳама покони ҷаҳонро ба тани пок расид,

Он чй омад ба танй пок зи афлок туро.

Сайри афлокат аз он шуд, ки зи Эзид дархост
Баҳри ҳамрозии худ соҳиби лавлок туро.
Акди кул будй зи идроки маонӣ, з-он рӯ
Натавонад, ки тааққул кунад идрок туро.
Қисми ёрони ту тар зорею тамноке шуд,

Лек зоре набувад чун мани гамнок туро.

Зада саф хайли акобир, ки барояд Махдум,
Мухлисонро макун аз дидани рӯят маҳрум!

282
Ёди ёри меҳрубон

***

Дӯстон, дар ҳама фан нодираи одам ку?

Афзалу афсаҳи аҷноси бани одам ку?

Дар биёбони таманнош халоиқ мурданд,

Ба давои ҳама он Хизри масеҳодам ку?

Дили асҳоб шуд аз теғи фироқаш сад захм,

Он ки будӣ ба ҳама хулқи хушаш марҳам ку?
Хома рӯ карда сияҳ, ҷомаи худро зада чок,

Ки худованди ман, он бар уламо аълам ку?
Х,уҷра холию парешон шуда авроқу кутуб,
Соҳиби ҳуҷра куҷо, нозими онҳо ҳам ку?

Дар capo нест ба ҷуз худкушии ғамзадагон,

Он ки таскин диҳад ин ҳурвашон аз гам, ку?
Дар Хуросон натавон гуфт, ки кас хуррам нест,
Он ки дар рӯи замин ёфт шавад хуррам, ку?

На ки дар хонақаҳи зӯхд фитод ин мотам,

Дар хароботи фано низ ба ҷуз мотам ку?

Эй, ки будан ба фано аҳд кунӣ боқии умр,
Андар ин дайри фано ахди бақо маҳкам ку?
Ишқбозон зи ғам оташ ба дил афрӯхтаанд,
Ҷонгудозон ҳама з-ин оташи ғам сӯхтаанд.

283
Ёди ёри меҳрубон

***

Эй, ки дар пеш гирифтй сафари дуру дароз,

Ки бад-ин навъ сафар ҳар кй бишуд, н-омад боз.
На ки аз нӯги қалам боз бубастӣ раҳи сеҳр,
Балки аз банди забои бурд зи офоқ эъҷоз.
Шоҳро монд ба ҷон з-оташи ҳиҷрони ту сӯз,
Бандаро дар дили садпора зи доги ту гудоз.

На шаҳу банда, ки то рӯзи қиёмат дар даҳр
Ҳар кӣ бошад, бувад аз мотами ту навҳатироз.

Гарчи рӯ дар тутуқи васл нуҳуфтӣ, ки шавӣ
То абад ҷилвакунон дар ҳарами иззату ноз.
Мадад аз рӯҳи пуранвори худат низ расой!

Ки харобанд зи ҳиҷри ту басе ахли ниёз.

Эй рафиқон, ҳамаро оқибати кор ин аст,

Фикри анҷом касе бех, ки кунад аз огоз.

Ҳар кй сад кари бимонад ба ҷаҳон ҳам ба фусун,
Бирабояд зи ҷаҳонаш фалаки шӯъбадабоз.
Шоҳро сурате афтод агар маънй чунин,

Бод то ҳашр шаҳи сурати маънй. Омин!

284
Ёди ёри меҳрубон

III

Лаҳзаҳои зиндагӣ ва
фаъолият дар
суратнигораҳо

285
Ёди ёри мехрубон

Абдуқодир Маниёзов

286
Ёди ёри меҳрубон
1-0

00

00

9 сентябри 2001 бо ҷамъе аз аьзои раёсати «Пайванд». Дар қатори аввал
аз чап ба рост: М.Илолов, А. Маниёзов, А. Шеърдӯст, М. Миршохй
дар катори дувум аз чап ба рост: П. Ҷамшедов, С.Сафаров,

М. Фарҳангӣ, М.Бобохонов, С.Бадахшонй, Д.Карамшоев, 3.Зарипов.
Абдуқодир Маниёзов бо меҳмони Анҷумани
тоҷикони ҷаҳон аз Арабистони Саудӣ ҳангоми сӯҳбат
дар осорхонаи адабии Мирзо Турсунзода. Моҳи
сентябри соли 1992

289
Ёди ёри меҳрубон

Пайванди наслҳо: бо наберахо Искандар ва Ҷамшед

290
Ёди ёри меҳрубон

Абдуқодир Маниёзов ва Муҳаммадҷон Шакурии Бухорои

291
Ёди ёри меҳрубон

Сарвари ифтихории Пажуҳишгоҳи забои ва адабиёти ба
номи Рӯдакии АИ ҶТ Абдукодир Маниёзов дар утоки кори.

Абдуқодир Маниёзов бо ҷамъе аз меҳмонони хориҷи -
аъзои ҷамъияти «Пайванд» дар пештоки Кохи Вахдат

292
Ёди ёри меҳрубон

Абдуқодир Маниёзов бо шоири хал кии Тоҷикистон
Абдуҷаббор Қаҳҳорй ва Ваҳҳоб Воҳидов

293
Ёди ёри меҳрубон

Семинари бузургдошти Шаҳриёр ва Нимо Юшиҷ: бо
устод Муҳаммад Осимй. Январи соли 1990, Ҳиндустон

Суханронй дар конфронси байналмилалии «Адабиёти
форсу тоҷик: дирӯз, имрӯз ва фардо». 24 апрели соли
1997, Вашингтон.

294
Дар яке аз ҷаласаҳо...

Ҳангоми суханрони

295
Ёди ёри меҳрубон

Суханронии сафири кабири ҶИЭ, доктор Алиасгари
Шеърдӯст дар маросими дафни устод. 10 майи соли 2008.

296

Translation